Ҷавонони Тоҷикистон, №10 (9488), 2017

Page 1

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№10 (9488), 9 марти соли 2017/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

 ҲАМКОРӢ

Оғози сохтмони роҳи мошингарди ДушанбеҚӯрғонтеппа

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Элизабет Миллард

1

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №10 (9488), 09.03.2017

 11-МАРТ - РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

Шохаи сабзи пургул

Ба ифтихори Рӯзи матбуот ва 100-солагии устоди журналистон Воҳид Асрорӣ  ТОҶИКИСТОН - БИҲИШТИ КАШФНОШУДА

ШАҲРИ ХОРУҒ


2

Туҳфаҳои Пешвои миллат ба занони Қӯрғонтеппа

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №10 (9488), 09.03.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Зиёда аз 200 нафар занони фаъол аз шаҳри Қӯрғонтеппа дар остонаи Рӯзи Модар соҳиби туҳфаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуданд. Туҳфаҳо зимни як ҳамоиш дар мавзӯи “Бонувон - ҳамқадами замон”, ки аз тарафи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа ва МИҲД шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид, супорида шуд. Солеҳа Қосимзода, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа зимни суханронӣ чунин гуфт: “Ифтихор дорам, ки тамоми қувва ва нерӯи созандаатонро ҷиҳати таълиму тарбияи насли ҷавон ва хосатан духтарону бонувон сарф намуда, бо маслиҳатҳои модаронаатон пеши роҳашонро пурнуру пурзиё мегардонед”. Шоир Офоқ Қодириён гуфт: "Барои мо - бонувон ҷашни чорякасраи истиқлолият воқеан давраи қадамҳои устувор барои ҳифзи ҳуқуқ ва болобарии нақшу мақоми занону духтарон маҳсуб ёфта, ҳамин мартабаи олӣ ва бовари ақлу заковат, неруи созандагиву бунёдкорӣ имкон дод, ки дар тамоми самтҳои ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ фаъолияти густурда намоем".

Оғози сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа 4-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон рафт.

Боздиди кории Сарвари давлат аз мавзеи Фахробод оғоз гардида, дар ин ҷо ба Пешвои миллат лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди “Душанбе - Қӯрғонтеппа” муаррифӣ карда шуд. Тибқи лоиҳа марҳилаи якуми азнавсозии роҳ, ки 33,2 километрро ташкил медиҳад, бо харҷи 96 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзи Бонки осиёии Рушд бояд бунёд шавад. Тибқи нақша дар рафти азнавсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор адад расонида мешавад. Ҳамчунин, дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст. Президенти мамлакат ба масъулини Вазорати нақлиёт ду-

стур дод, ки дар вақти таҳияи лоиҳа ва татбиқи он мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти махсус диҳанд. Роҳ бояд ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шуда, тамоми қоидаҳои роҳсозӣ риоя карда шавад. Дастури дигар ҳангоми иҷрои корҳо, инчунин ба масъалаи ободонии канори шоҳроҳ дода шуд. Шоҳроҳи ДушанбеҚӯрғонтеппа аз ҷамоати Фахробод мегузарад ва дар ду тарафи шоҳроҳ боғҳои Хоҷагии фермерии Асадулло доман паҳн кардааст. Бинобар зарурати авнавсозии роҳи мазкур як қисми боғоти хоҷагӣ дар нақшаи сохтмон меафтад, аз ин рӯ, роҳбарияти хоҷагӣ тасмим гирифтанд, ки бештар аз 4 ҳазор адад ниҳолҳои гуногуни

ороишию мевадиҳанда, аз қабили бодом, писта, арча, ар-ар, каштан, сосна, мажевелник ва дубро ба боғҳои пойтахти кишвар тақдим намоянд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо мақсади иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ба Хоҷагии фермерии “Асадулло” ташриф оварда, бо коргарони ин хоҷагии намунавӣ ҳамчун рамзи баҳору наврӯз дарахт шинониданд. Маъракаи ниҳолшинонӣ дар Боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”, ки соли 2016 дар майдони 160 гектар бунёд шуда буд, сурат гирифта, дар 6 гектар 3000 ниҳоли олу шинонида шуд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо коргарону мутахассисони ин хоҷагии пешқадам суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва идҳои баҳорӣ табрик намуд. Бино ба таъкиди Президенти кишвар, бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020” амалӣ шуда, ин тадбир яке аз роҳҳои асосии расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад. Тавре маълум гардид, имсол меҳнаткашони Хоҷагии фермерии “Асадулло” нақша доранд, дар майдони 200 гектар боғи нав бунёд карда, дар 100 гектари он барои содирот олу шинонанд. Айни ҳол хоҷагӣ дар ихтиёри худ беш аз 2000 гектар замини боғи дарахтони гуногун дорад, ки ҳосили аксари он ба содирот нигаронида шудааст.

Баҳси “Бухорои Шариф” ва сабақҳои он” 4-уми март ба хотири 105-солагии нахустин нашрияи тоҷикӣ “Бухорои Шариф” дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи матбуот таҳти унвони “Бухорои Шариф” ва сабақҳои он” семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Мудири кафедраи матбуот Наргис Усмонова зимни суханронӣ оид ба нақши Фармони Президенти ҷумҳурӣ дар хусуси вокуниши мансабдорон ба мақолаҳои интиқодӣ маърӯза карда, саҳми фармони мазкурро ҷиҳати масъулиятнок шудани мақомот барои ислоҳи камбудиву норасоиҳое, ки аз ҷониби матбуот инъикос мешавад, махсус қайд намуд. Ӯ гуфт: “Вокуниши баъзе аз нафарони мансабдор ба маводи таҳлилию танқидии ВАО ба ҷуз худсафедкунию ва бо чанд ҷумла аз сар соқит кардани масъала чизи бештаре нест”. Қироншоҳ Шарифзода, устоди факултет ва яке аз аввалин муҳаққиқони нашрияи “Бухорои Шариф” дар хусуси заминаҳои пайдоиш ва ҷавоб ёфтан ба саволҳои “Чаро“Бухорои Шариф” маҳз дар Бухоро пайдо шуд?”, “Чаро маҳз бо номи “Бухорои Шариф” аз чоп баромад?” ва даврияти чопи рӯзномаи зикршуда суханронӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки: “Ин масъалаҳое ҳастанд, ки то имрӯз ба таври мушаххас аниқу равшан нашудаанд ва муҳаққиқон дар ин бора фикрҳои мухталиф доранд”. Хуршед Атовулло, раиси Шӯрои ВАО ва муассиси ҳафтаномаи “Фараж”, ки дар мавзӯи “Вазъи имрӯза ва дурнамои нашрияҳои мустақили Тоҷикистон” суҳбат кард гуфт, матбуоти мустақил бо буҳрони иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст ва бо мушикилоти зиёд чоп мешавад. Ба гуфтаи ӯ, андози зиёд, кам шудани аудиторияи матбуоти мустақил, қимат шудани коғаз омилҳое ҳастанд, ки нашрияҳои мустақилро ба нестӣ бурда истодаанд. Хуршед Атовулло ҳамчунин дар хусуси касбияти журналистони ҷавон андешаронӣ карда пешниҳод кард, ки донишҷӯёни факултет бояд дар баробари навиштан дигар паҳлӯҳои кори журналистӣ, бахусус кор дар сомонаҳоро аз худ кунанд. Ба андешаи ӯ, аксари идораҳои ВАО имрӯз ба журналистоне ниёз доранд, ки онҳо ҳам кор дар интернет ва ҳам дар матбуотро донанд. Профессор Мурод Муродӣ оид ба заминагузории “Бухорои Шариф” барои ташаккули минбаъдаи матбуоти тоинқилобии тоҷик ва баъди инқилобии тоҷик суханронӣ намуда, саҳми нахустрӯзномаи тоҷикиро дар таҳаввул ва ташаккули матбуоти тоҷик муҳим арзёбӣ намуд.

Ҷавонон аз хатари ВИЧ/СПИД огоҳ карда шуданд Аз рӯи нақшаи муштараки Вазоранти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сарраёсати тандурустии шаҳри Душанбе 4-уми март дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баҳри пешгирии бемории вируси масунияти одам ё ВИЧ/СПИД аксия баргузор шуд. Сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Шоҳзод Раҳимов аксияро ғамхории дигари Ҳукумати кишвар баҳри беҳбуди саломатии ҷавонон хонд. Ӯ гуфт: “Мо дар якҷоягӣ метавонем баҳри пешгирии ин бемории сироятӣ, ки шумораи гирифторонаш рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст, мубориза барем ва таъсири онро кам намоем. Барои мубориза бар зидди он бошад, мо бояд аз роҳҳои оддитарини пешгирӣ тариқи варақаҳои иттилоотӣ огоҳ шавем. Зарурати баргузории аксияи мазкур низ маҳз огоҳонидани ҷавонон мебошад”. Намоянда аз Маркази ҷумуҳривии

силшиносӣ Дилшод Сайбурҳонов ва директри Маркази ташаккули тарзи ҳаёти соли Мадина Мухторова доир ба пайдоиш, ташаккул, роҳҳои пешгирӣ, хавфу хатари бемории ВИЧ/ СПИД суханронӣ намуданд. Дар рафти чорабинӣ намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии силшиносӣ ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим варақаҳои иттилоотӣ доир ба хавф ва роҳҳои бемории вируси масунияти одам омодагардидаро миёни мардум тақсим намуданд. Ҳамчунин, табибон ташхиси ройгони тиббиро пешкаш карданд.


Зан бомаърифат бошад, ҷомеа устувор мегардад 4 март бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар - Алла» баргузор гардид. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки занону модарон инъикосгари симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар як давлату миллат ба шумор мераванд. «Ҳар қадаре зан бомаърифат бошад, ҳамон қадар оила ва ҷомеаву давлат ободу зебо ва устувор мегардад. Заҳматҳои беназири зан - модар дар ҳаққи фарзанд моро водор месозад, ки қадру қимат ва эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо оварем ва барои ӯ шароити мусоид муҳайё кунем, то тавонад дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони солиму соҳибмаърифатро тарбия намояд», - гуфт А. Абдуллозода. Дар фестивал ҳунармандону ҷавондухтарони боистеъдод аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар васфи модар, аллаи модар, навозиши модар ба фарзанд сурудҳо сароиданд.

√ МУШОҲИДАИ

“ҶТ”

Дурӯғгӯӣ

Чанде пеш ба хонаи яке аз дӯстонам деҳа меҳмонӣ рафтам. Деҳаи онҳо дар байни қаторкуҳҳо ҷойгир аст. Аз он ки дар ГУЛБАҲОР баландист, ҳавояш бениҳоят сард мебоРАҲМОНОВА шад. Барф тамоми талу теппаҳои деҳаро пӯшонида буд. Танҳо баъзе хонаҳо намоён буданду халос. Аҳли хонаводаи онҳо маро бо хушҳолӣ пешвоз гирифтанд. Баробари ворид шудан ба хона садои тифлакони хона маро хушҳол кард. Дуруст гуфтаанд, ки дар хонаи кӯдакдор ба ғайбат ҷой намемонад. Аҳли хонаводаи дӯсти ман низ бо хандаю шодии тифлонашон меболиданд. Танҳо шодӣ буд дар хонадонашон. Кӯдакон шавқункунон ба ҳар тарафи хона медавиданд. Ҳамдигарро ҷанг мекарданд, гоҳ механдиданду гоҳи дигар мегиристанд. Умуман, аз қаҳ-қаҳаву нағмаҳои кӯдакони шӯхи беқарор хона ором набуд. Ногоҳ аз паси дар садои яке аз онҳо баланд шуд. Маълум буд, ки ӯро касе задааст. Кӯдак бо овози гиряолуд мегуфт: “Очаҷон, ба Худо қасам мехурам, ки ман инро нашикастам. Худаш шикастагӣ буд...” Кӯдак пайи ҳам аз тарси зиёд қасам ёд мекард, то танбеҳаш надиҳанд. Баъди ин ҳодиса суханронии кӯдак, ки новобаста аз ҳолату вазъият савганд мехурд, маро ба фикр кардан водор намуд: “Чаро ин кӯдак дар ҳар сухани мегуфтааш “Худо занад, нон занад...” гуфта қасам мехурад?”. Аз дӯстам пурсидам, ки чаро ин кӯдак қасами беҳуда мехӯрад? - Ӯ Эҳсон ном дорад. Писари калонии бародарам аст. 7-сола. Аз хурдиаш агар ягон гуноҳ мекард, модараш ӯро сахт мезад. Аз куҷое ҳаминро фиҳмидааст, ки вақте қасам хурда гӯӣ, ки инро ман накардам, ба ту бовар карда, гуноҳат сабук мешудудааст. Ӯ ҳар гапи гуфтаашро бо қасам оғоз мекунад. Эҳсон кӯдак ҳам бошад, бисёр дурӯғ мегӯяд. Ҳоло ҳам барои он ки ба гапҳояш бовар кунем, қасам мехурад, - гуфт дӯстам. Баъди ба хона омадан ҳамоно қасамхуриҳои Эҳсон дар гӯшам садо медод. Саволҳое, ба монанди чаро модарон ин тарв ба кӯдакҳояшон муомила мекунанд? Чаро дидаю дониста дуруғгӯиро дар фарзандонашон талқин мекунанд? Акнун фаҳмидам, ки яке аз сарчашмаҳои дурӯғгӯӣ фишори бузургтарҳо ба хурдсолон будааст. Таҳти фишор қарор додани кӯдакон онҳоро маҷбур ба дурӯғ гуфтан мекардааст. Эҳсону модараш далели ин гуфтаанд.

√ ҶАВОНОН

ВА ОБОДОНӢ

Корҳои ободонӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” 4-5 марти соли 2017 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари Дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил намудани корҳои сохтмонию ободонӣ, таъмири биною иншоот, тоза намудани гирду атрофи идораҳо, объектҳои иҷтимоию маишӣ, маҳали зист, кӯчаю хиёбонҳо, ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ, обод намудани гулгаштҳо ва боғҳои истироҳатию фароғатӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламраи кишвар ҳашарҳои умумии тозагиву ободонӣ ва кабудизоркунӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 30214 нафар ҷавон фаъолона иштирок намуда, 6110 ниҳоли сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шуд. Ҳамзамон, дар асоси Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, №9-ф, вобаста ба корҳои ободонӣ, бунёди гулгаштҳо ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, мавзеи ободонии кумита дар суроғаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Гагарин-15 ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар мавзеъҳои гардиши кӯчаи Карамов бо кӯчаи Низомӣ Ганҷавӣ корҳои тозагиву ободонӣ бо теъдоди 1870 нафар ҷавон таъмин гардида, айни замон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, аз ҷониби КВД “Лоиҳакаш”, тарҳи ороишоти мавзеъҳо дар ҷараёни анҷомёбӣ қарор дорад. Шералӣ АЗИМӢ, “ҶТ”

√ ИХТИРОИ

3

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №10 (9488), 09.03.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

ҶАВОНОН

Барномаҳои компютерӣ Илм бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст. Хушбахтона, инро дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ҷавонон низ ба хубӣ дарк намуда, бо иродаи қавӣ пайи донишандӯзӣ буда, дар баробари ин малакаю дониши хешро дар амал татбиқ намуда истодаанд. Ҳамдам Назаров дар мактаби миёна доим мекӯшид, то бештар ба фанҳои дақиқ таваҷҷуҳ намояду донишҳои нав ба навро аз худ намояд. Ба тағйироти ахири олами техника ва технологияҳои навин назар карда, дар вуҷудаш эҳсосе тӯғён мезад, то мисли дигар ихтироъкорони ҷавони дохиливу хориҷӣ бошаду монанди онҳо дар олами илму техника чизе ихтироъ намудаву ба номи худ сабт кунад. Ӯ имрӯз дар факултети энергетикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ таҳсил дорад. Донишҷӯ шудан пас ҳамон одати хуби илмомӯзиашро идома дода, лоиҳаи чанд барномаи навро тарҳрезӣ намуд. – Тайи чанд муддат аст, ки пайи таҳия сохтани “Маҷмӯи барномаҳои муҳандисӣ” машғул мебошам. Ин барномаи ихтироъшуда, дорои якчанд вазифа мебошад. Он бештар дар самти соҳаи энергетика, барои ҳисобу китоб бениҳоят манфиатнок аст. Барои ҳисоби баъзе аз шумораҳо дар соҳаи мазкур бисёр асбобҳо - аз канкулятор сар карда, то дигар воситаҳо лозим мегарданд. Ман кӯшиш кардам, то дар

барномаи худ ҳамаи ин чизҳоро ҷой диҳам ва хушбахтам, ки ин кӯшишам беҳуда нарафту як барномаи хуберо ихтироъ намудам, мегӯяд ӯ. То имрӯз ӯ барномаҳои “Маҷмӯи тест”, “Луғати электронии техникӣ”, “Маҷмӯи барномаҳои муҳандисӣ” ва “Реҷаи кори муҳаррики асинхронӣ”-ро ихтироъ намудааст. Барномаи аввалини ихтироънамудааш “Маҷмӯи тест” саволҳои тестиро дарбар мегирад. “Луғати электронии техникӣ” бошад, дарбаргирандаи тарҷумаи терминҳои техникист. Ба назари ӯ, барои ихтироъкор шудан аввалан шавқу рағбат ва баъдан донишҳои назараиявии соҳаи техникӣ меистад. Чунки бе дониш ягон пешравӣ ба вуҷуд на-

меояд. Дар баробари ин, донистани забонҳои англисӣ ва русӣ барои ихтироъкор муҳим мебошад. Зеро барои сохтани барнома моро лозим аст, ба ғайр аз донишҳои доштаи худ боз аз донишҳои интернетӣ истифода намоем. Ҳамаи корҳои ба сомон расонидаашро маҳз кӯшиши худомӯзӣ медонад. Чунин мепиндорад, ки гарчанде устодон низ дар ин роҳ кӯмак намудаву тавсияҳо доданд, вале бидуни таваҷҷуҳу худомӯзии худ ҳеҷ гоҳ наметавонист ба дастоварде ноил гардад. Бо омӯзиши пайваста мехоҳад, дар оянда низ ба навоварӣ машғул гардида, баҳри рушди илму техникаи муосир саҳм гузорад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


4

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №10 (9488), 09.03.2017

ҶАВОНОНИ МАҲАЛ

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Элизабет Миллард 6 март раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Элизабет Миллард, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд. Тарафҳо дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо доир ба самту уфуқҳои нави ҳамкории мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати таҳкиму густариши додани робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои бародаршаҳрии байни шаҳри Душанбе ва шаҳри Боулдери иёлати Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳавасмандии махсус зоҳир намуданд.

СОЛИ 2017 - “СОЛИ ҶАВОНОН” √ ШАЪМИ

ХОТИРА

Ғӯрамарг №8, гандумранг, миёнақад, хушрӯй

354 духтари раштӣ тариқи квота соҳибкасб шуданд 4-уми март дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи назди Вазорати маориф ва илм вохӯрии роҳбарияти ноҳияи Рашт бо донишҷӯдухтарони ноҳия, ки тибқи квотаи Президенти ҷумҳурӣ дар донишкадаю донишгоҳҳои олии Душанбе таҳсил менамоянд, доир гашт. Мақсад аз вохӯрӣ огоҳӣ аз вазъи таҳсил ва шароити зисти донишҷӯдухтарон дар пойтахт, инчунин расонидани кӯмакҳои моддӣ ба онҳо ба муносибати Рӯзи Модар арзёбӣ шуд. Зикр гардид, квотаи Президенти кишвар, ки ҳар сол барои ҷавонони навоҳии дурдасти мамлакат ҷудо мегардад, имкон фароҳам овардааст, то ҷавонони лаёқатманди ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон ба таҳсил ва шароити зисти мувофиқ таъмин бошанд. Муовини раиси ноҳия Зумрат Лоиқова бо қаноатмандӣ аз иқдоми неки Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати “Соли ҷавонон” эълон намудани соли 2017 зикр намуд, ки аз ҷониби роҳбарияти ноҳияи Рашт барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва фаъолияти самараноки ҷавонон аз ҳама имконоти мавҷуда истифода мегардад. Мавсуф ба ҷавонони ноҳия муроҷиат намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар таъкид намуда буданд, ки ҷавонон бояд ҳамаи нозукиҳои идораи давлатӣ ва қудратиро омӯхта, бо ғайрати ҷавонӣ ислоҳоти ҳамаҷонибаи иқтисодиро амалӣ созанд. Бо иштироки ҷавонон дар татбиқи ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ ба ягон дастоварду муваффақиятҳои назаррас соҳиб гаштан имкон надорад, маҳз дар ҳамон чорабинӣ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мақсади ба таҳсил фаро гирифтани духтарони минтақаҳои кӯҳистон пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги онҳо мебошад”. - Ғамхории падаронаи Президенти мамлакат буд, ки садҳо нафар ҷавон, аз ҷумла духтарони ноҳияҳои дурдаст имкон ёфтанд, ки тариқи квота ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дохил ва соҳиби касб гарданд, –

иброз дошт Зумрат Лоиқова. - Ташкили Донишкадаи омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт низ алоқаманд ба дастуру супоришҳои Роҳбари давлат буда, имконият фароҳам овардааст, ки духтарони маҳаллӣ бе ягон мушкилот соҳиби касб шаванд. Дар баробари дигар донишҷӯён айни замон 20 нафар сокини ноҳия дар ин муассиса тибқи квотаи Президент таҳсил доранд. Дар давоми солҳои охир 354 нафар духтарони ноҳия тариқи квотаи Президенти ҷумҳурӣ ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил шуда, соҳиби касбу кори гуногун гаштаанд. Ба таъкиди муовини раиси ноҳия айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 72 нафар духтарони балаёқат тариқи квота таҳсил менамоянд. “Вобаста ба ин ғамҳориҳои бевоситаи Пешвои миллат шумо – донишҷӯдухтарон бояд нерӯи ақлию ҷисмонии хешро танҳо барои рушду нумӯи давлату миллат равона созед”, - таъкид намуд З. Лоиқова. Зикр шуд, ки ноҳия ҳанӯз аз набудани омӯзгорони соҳибтахассус, мутахасисони варзида танқисӣ мекашад. Бинобар ин, донишҷӯдухтарони ноҳияро лозим аст, ки ҷиҳати рафъи ин мушкили мавҷуда саҳм гузоранд. Донишҷӯдухтарон аз ин иқдоми неки роҳбарияти ноҳия изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда, бо боварӣ изҳор доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар ободонии ноҳия саҳми арзанда мегузоранд. Дар охир бо мақсади ҳавасмандгардонии донишҷӯдухтарон ба онҳо маводи хӯрока ва кӯмаки яквақтаинаи пулӣ супорида шуда, барои онҳо хӯроки нисфирӯзӣ ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ ташкил гардид. Марҳабои ИСМОНҶОН, донишҷӯи ДМТ, коромӯзи “ҶТ”

«Рӯзнома аз нигоҳи ҷавонон» Таҳти чунин ном дар Коллеҷи технологии шаҳри Конибодом ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров мизи мудаввар доир гардид. Дар он ҷавонони лаёқатманду фаъол, донишҷӯёни коллеҷҳои омӯзгорӣ, технологӣ ва тиббии шаҳр ширкат карданд. Дар он котиби матбуотии ҷумла, бо ҳайати эҷодии рӯзномаи «Роҳи Сталин» ва «Машъали Комдастгоҳи раиси шаҳр Парви- «Садои Конибодом» дар «Соли мунизм» рӯи чоп омадаанд. на Абдуллоева, раиси созмони ҷавонон» лозиму саривақтӣ шуРӯзноманигор Зайниддин шаҳрии Иттифоқи журналисто- морида, таъкид намуд, ки чунин Орифӣ, муовини раиси шӯрои ни Тоҷикистон, сармуҳаррири имконият на ҳама вақт ба ҷавонон собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр рӯзномаи маҳаллии «Са- даст медиҳад ва бояд аз ин фурсат Исмоилҷон Юсупов, собиқадори дои Конибодом» Абдусаттор пурсамар истифода баранд. матбуот Қумриҷон Ғаниева аз Содиқов, муовини раиси шӯрои Сипас сармуҳаррири вижагиҳои фаъолият дар соҳаи собиқадорони шаҳр Исмоилҷон рӯзномаи маҳаллии «Садои Кони- матбуот, ҳамкорӣ бо идораи Юсупов, рӯзноманигори озод, бодом» Абдусаттор Содиқов перо- рӯзномаи «Садои Конибодом», узви Иттифоқи журналистони муни таърихи 85-солаи рӯзнома инъикоси ҳаёти халқ, бахусус, Тоҷикистон Зайниддин Орифӣ ҳарф зад. Аз давраҳои таърихӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат дар ширкат варзиданд. ҳаёти рӯзнома, дастовардҳо шумораҳои рӯзнома ҳарф заданд. Чорабиниро намояндаи ва нақшаҳои ҳайати эҷодӣ баҶавонон дар доираи мавзӯи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти рои минбаъд суханронӣ намуда, «Рӯзнома аз нигоҳи ҷавонон» давлатии шаҳри Конибодом ҷавононро ба ҳамкорӣ даъват андешаронӣ намуда, ҷиҳати боз Парвина Абдуллоева оғоз бах- кард. Ӯ ҳамзамон ҷавононро бо ҳам беҳтар намудани сифати шида, вохӯриву мулоқоти озоди чанд нусха шумораҳои авва- рӯзнома пешниҳодҳо карданд, ки ҷавононро бо кормандони васо- ли рӯзнома ошно кард, ки таҳти аксарият аз ҷониби сармуҳаррири ити ахбори оммаи маҳаллӣ, аз номҳои «Болшевики Конибодом», рӯзнома пазируфта шуд.

Наргис Мирзои бешкандӣ, замоне қурбони ҷанги шаҳрвандӣ гашт, ки ҳамагӣ 18 сол дошт. Ӯ ҳанӯз пай аз остонаи дабистон берун накарда, қисмат ҷоми заҳрогине барояш нӯшонд. Падари меҳрубону такягоҳаш, ки муаллими фанни химия-биология буд, ба садамаи автомобилӣ дучор шуда, ба таври фоҷиавӣ ҳалок гашт. Наргис ба мушкилиҳои рӯзгор тан надода, ҷадал мекард, то мақсади қалби кӯчакаш амалӣ гардад. Пайраҳаи душвореро интихоб карда буд. Мехост рӯзноманигор бошад, ормону омоли дилро рӯи коғаз биёрад, ба мардум сухани зебо, андешаҳо оид ба рӯзгори имрӯзу фардо тақдим кунад. Бо ҳамин мақсад мактаби миёнаро бо медали тилло хатм кард. Дар роҳи қаламкашӣ навоворе буд, ки метавонист ояндаи наздик ба чобуксавори саманди сухан табдил ёбад, пастию баландиҳои ин водии душворгузарро тай созад. Орзуҳои зиёд ва талоши беандоза дошт дар ин роҳ. Барои ҳамин ҳам донишҷӯи шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуд. Мехост хушбахтии миллаташро бубинад, ҳамроҳи он сарфарозиҳо кунад, баҳри ваҳдату толеи саодатманди он то охир мубориз бошад. Тоҷикистон барояш пораи дил, балки тамоми ҳастиву зиндагиаш буд. Бисёр орзу дошт, ки кишвари азизаш аз гирдоби балоҳо раҳоӣ ёбад, шоми тираи ин сарзамини азияткашида поён пазирад. Дареғо, сад дареғ, ки ҷанги манҳус Наргису садҳо ӯ барин духтарону писарони соҳибистеъдодро, ки ҳанӯз гуле аз гулзори ҷавонӣ начида, накҳате аз гулбуни ормонҳо начашида буданд, ба водии хомӯшон бурд. Умри Наргиси Мирзо ҳаёти лаҳзаинаи барқеро мемонд, ки медурахшиду атрофу акнофро равшанӣ мебахшид. Наргис дурахшиду дунёро дид, мардумро, андешаҳои онҳоро фаҳмид ва акнун мехост он ҳамаро рӯи сафҳа орад. Вале марги нобаҳангом имконаш надоду саманди орзуҳои Наргис имрӯз бесавор монд. Савораи худро меҷӯяду намеёбад. Вале бо бовари кул метавон гуфт, ки дар байни мо боистеъдодҳое сабзида ба камол мерасанд ва пайраҳаҳои Наргисро идома медиҳанду рӯҳи ноороми ӯро шод месозанд. Халқи саховатманди мо ба дунё чи қадар олиму фозилон, шоиру нависандагонро инъом кардааст. Халқи мо ба замин-модар танҳо ва фақат тухми некиро коридаасту халос. Меваи тухми ин гули тоза ва соф дар дасти одамони ҷоҳил нобуд гашт. Аз гулшани маънавиёти мо боз як гули хос решакан шуд. Аз осмони маънавиёти мо боз як ситораи дурахшон канда шуд. Бояд ҳусну таровати ин гул, нурҳои гарми ин ситораи кандашуда дар лавҳаи хотирамон чун муҳри абадӣ боқӣ монанд. Руҳат шод бошад, Наргиси Мирзо! Чун дарахти навниҳоли олами зебо, дар хотирамон абадзиндаӣ. Аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар дили халқи мо дарду алам, ҳасрат ва надомати бепоён гузошт, бист сол гузашт. Солҳо гузашта, ин воқеаҳои мудҳиш аз мо дур шуда, акси ин воқеаҳои нанговар аз оинаи хотираи мо пок гашта истодааст. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ дарёҳо равон гашта, хору хасу хошок, ки дар соҳилҳои ӯ часпида буд, тоза шуда ба водиҳо гилеми лолаҳо пояндоз гашта, кишвари мо ба тӯйхона табдил ёфт. Ҳоло дар пеш орзуҳои хурду калон, ки дар дил бастаем, истодааст ва ниятҳои нек ҷомаи амал мепӯшад. Дар дилҳо шаббодаи тоза ва ҳаётбахш давида, ҳамчун меҳмони арзанда боқӣ мегардад. Вале ба он ҷароҳатҳои дил, ки аз ҷанг мондааст, як чиз малҳам шуда метавонад. Номи ин марҳам Ваҳдат аст, тинҷӣ, амонӣ аст, дӯстию рафоқат аст. Ин маънӣ, шукри Худо, ки ба халқи мо бегона нест. Ман ин воқеаи нохушро барои он рӯи коғаз овардам, ки ҷавонҳои имрӯзаи мо ба қадри ваҳдат, осудагӣ расанд. Чи тавре ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ҷавонон бояд аз оқибатҳои ҷанги шаҳарвандӣ хабардор бошанд. Бинед, ки ҷасади Наргис як моҳ дар беморхонаи “Қаряи боло”-и Душанбе нигоҳ дошта шуд. Ҳамон рӯзҳо ваҳшоният то дараҷае расида буд, ки дар пойтахт ҳатто пашша парад, мекуштанд. Барои ҳамин, илоҷ нашуд, ки ҷасадро гиранд. Бисёриҳо ҷасади дилбандашонро гирифта натавониста, сарсону саргардон шуда буданд. Бо сабаби он ки илоҷи ҷасадро бисёр нигоҳ доштан набуд, нишонаҳои зоҳирии ӯ навишта шуда, ба онҳо рақам мегузоштанд. Ба ҷасади ғӯрамарг Наргис рақами 8 навишта шуда, нишонаҳои ӯ чунин буд: гандумранг, миёнақад, хушрӯй, ба афғондухтар монанд… Ин сатрҳоро навиштан басо вазнин буд барои банда. Дилам, тамоми вуҷудамро сиёҳдон барин сип-сиёҳ зулмат ишғол карда буд он маҳал. Кошкӣ, мегуфтам худ ба худ, ту духтарам, Наргис, ситора барин дурахшида ба хонаи дилҳо рӯшноӣ меандохтӣ, кош аз суханҳои ҷонпарвари ту баҳра мегирифтем. Кош… Сулаймон ЭРМАТОВ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи А. Лоҳутӣ


Аксияи “Салом, модар....” дар Ваҳдат 5-уми март дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат Аксияи тарбиявии "Салом модар, ман туро дӯст медорам" баргузор шуд. Аксияро 50 нафар ҷавони фаъол дар чор гурӯҳ гузарониданд. Чорабинии мазкур, ки ба Рӯзи Модар бахшида шуд, аз назди муҷассамаи «Модар» ифтитоҳ ёфт. Сипас, гурӯҳҳо ба самти кӯчаҳои Рӯдакӣ, Сомониён, Хуросон, 20-солагии Истиқлолият, Фирдавсӣ ва Ватан раҳсипар шуда, бо ҳар нафаре, ки дар роҳ вомехӯрданд, бо пешниҳоди телефони ройгон хоҳиш карданд, ба модарашон занг зада, изҳори муҳаббат кунанд. Баъзе шаҳрвандон, хусусан, насли ҷавон иқдомро дастгирӣ карда, иқрор шуданд, ки бори аввал нисбат ба модарашон муҳаббат изҳор мекунанд. Аксияи тарбиявии "Салом модар, ман туро дӯст медорам" дар назди бинои Кохи “Маърифат” ба охир расид.

√ БАХШИДА

БА РӮЗИ МАТБУОТ

√ МУШКИЛИ

Дар саргаҳи матбуоти тоҷик афроде чун устод Лоҳутӣ ба пойтахти кишвари тозабунёди тоҷикон дар ҳайати давлати шӯроҳо шаҳри Душанбе пойи пиёда, аз қафои ароба, бо роҳи Тирмиз аз миёни найзору регзорон ҳуруфҳоро баҳри матбаа дар бағал гирифта оварда бошанд, баъдан рӯзноманигорон чун Алӣ Хуш ва бисёр дигарон он солҳо баҳри рушду инкишофи матбуот саҳми босазо гузоштаанд. Анъанаи неки онҳоро баъдан бонуи ғаюри мардсират Бӯринисо Бердиева солҳои шастуму ҳафтодуми қарни пешин идома дода, рӯзномаи «Маориф ва маданият»ро ба яке аз нашрияҳои пурхонандатарин он солҳо табдил дод. Лек дар ташкили мактаби омӯзиши журналистика, тарбия ва ба камол расондани хабарнигорони тоҷик саҳми профессор, шодравон Воҳид Асрорӣ хеле калон ва назаррас аст. Маҳз бо саъю кӯшиш ва талошҳои ин марди шариф солҳои шастум дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ), дар факултаи филологияи тоҷик, дақиқтараш назди кафедраи фолклор ва эҷоди халқҳои шӯравӣ, ки худ муддатҳои тӯлонӣ роҳбараш маҳсуб меёфт, шуъбаи журналистика таъсис ёфт. Пасон шуъба баста ва ба ҷояш гурӯҳи махсус ташкил шуд. Зеро ҳокимони давр ба тарбияи мутахассисони касбӣ дар соҳаи журналистикаи тоҷик чандон таваҷҷуҳ надоштанд. Қабули хоҳишмандон ба гурӯҳи махсуси журналистика пас аз хатми курси якум сурат мегирифт. Зикр намудан ба маврид аст, ки қабул ба гурӯҳ шарт, талаботи худро дошт ва дар асоси озмун сурат мегирифт. Хоҳишмандонро лозим меомад, аз идораи рӯзномаи ҳамкорӣ доштаашон маълумотнома ва намунаи навиштаҳои ба табъ расондаи хешро пешкаш намоянд. Сипас озмун оғоз меёфт. Ҳар довталаб дар ин ё он мавзӯъ мавод менавишт. Ҳамин тавр, беҳтаринҳо дар ҳайати 25 нафар ба гурӯҳи махсус шомил мегардиданд. Муддати чор соли баъдина, дар машғулиятҳои ҷудогона хабарнигорони оянда, асосҳои журналистика, жанрҳои он ва ғайраро меомӯхтанд. Профессор Воҳид Асрорӣ тавонист баҳри таълиму тарбияи журналистони оянда мутахассисони варзида, ҳамчунин журналистони собиқадорро ҷалб намояд. Юсуф Нуралиевро аз ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон таклиф намуд. Иброҳим Усмон донишгоҳро дар Русия хатм намуда, ба ҳайати устодон пайваст. Асадулло Саъдуллоев ва Набиҷон Каримов дар котиботи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») фаъолият доштанд, ҳамзамон ба донишҷӯён кори саҳифабандии рӯзномаро меомӯхтанд. Пасон ба сафи устодон Пайванди Гулмурод ва бисёр дигарон шомил гардиданд. Ҳама якҷоя дар тарбия ва камолоти журналистони оянда саҳми босазо гузоштаанд. Онҳоро профессор Воҳид Асрорӣ сарварӣ мекард. Солҳои аввали соҳибистиулолии Тоҷикистон бошад, факултаи журналистика таъсис ёфт. Барои қаламкашони тоҷик ин рӯйдоди фараҳбахш маҳсуб мешуд. Профессор аз зумраи нафароне ба ҳисоб мерафт, ки дар тарбияи насли ҷавон, мутахассисони оянда сидқан ва ҷиддан заҳмат ба харҷ медод. Нақл мекунанд, ки ҳангоми роҳбари факултаи филологияи тоҷик будан, қатори донишҷӯён барои мухлисии дастаи футболи факулта меравад. Он вақтҳо байни факултаҳои университет бозиҳои гуногуни варзишӣ тез-тез сурат меирифт. Аз ҷумла, мусобиқаи футбол барои ба даст овардани ҷоми университет. Дар яке аз бозиҳо донишҷӯе ба дарвозаи ҳарифон гол мезанад, ки боиси пирӯзии дастаи футболи факулта мегардад. Пас аз анҷоми вохӯрӣ профессор пурсон мешавад, ки донишҷӯи голзада стипендия мегирад ё не? Ба ӯ хабар медиҳанд, ки ин донишҷӯ дар рӯйхати гирандагони стипендия нест. Дарҳол фармони бо стипендия таъмин намудани он донишҷӯро мебарорад. Ин амали профессор гувоҳ аз хайрхоҳияш нисбат ба донишҷӯён буд. Соли равон ба зодрӯзи профессор Воҳид Асрорӣ, устоди журналистони тоҷик сад сол пур мешавад. Хушбахтона, имрӯз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷоизаеро барои донишҷӯёни факултаҳои журналистика ба номи устод таъсис додааст. Ин натиҷаи заҳмату талоши ӯ дар тарбияи мутахассисони соҳа аст. Яъне шохаи мактаби журналистикаи тоҷик сабзу пургул аст. Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №10 (9488), 09.03.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

ҶАВОНОН

Бетаваҷҷуҳӣ

Чаро ҷавонон аз мутолиаи нашрияҳои даврӣ дур мондаанд?

Шохаи сабзу пургул

5

- Ҷамшед, як савол диҳам мумкин? – гуфт Раҳим ба ҳамсабақаш. Ҷамшед ҳушаш ба телефонаш банд буд. Ӯ дар барномаи “Viber” бо касе суҳбат дошт. Аз ҳамин хотир беаҳамиятона сарашро боло накарда, посух дод: - Марҳамат, чӣ мехостӣ? - Ҳамин рӯз ҳангоми аз хона баромаданам, диққатамро газетафурӯши назди хонаамон ҷалб кард. Вақте дар мактаби миёна мехондам, ин чизро чандон зарур намешуморидам. Ману ту панҷ сол мешавад, ки дар донишгоҳ таҳсил мекунем. Барои нашрияи донишгоҳ моро ҳар сол маҷбур обуна мекунанд. Дақиқан, агар ин ба ихтиёри худи мо - донишҷӯён бошад, асло обуна намешавем. Баҳона пеш меорем, ки: “Дар газета маводи хонданӣ нест”. Ин як тараф. Ҳар рӯз мо аз ҳамин роҳ мегузарем. Он газетафурӯшро мебинем. Пурсиданӣ будам, ки дар тули панҷ соли донишҷӯӣ оё боре аз ҳамин ҷо, ё умуман ягон бор барои мутолиа газета харидаӣ? – гуфт Раҳим. - Ягон маводи хуб барои мутолиа надоранд. Чаро гирам? - боз чун пештара беаҳамиятона посух дод Ҷамшед. - Чи хел хулоса кардӣ, ки ягон маводи хуб барои хондан надоранд, дар ҳоле ки боре газетаро ба даст нагирифтаӣ, - гуфт Раҳим. Ҷамшед боз дар пайи кофтани баҳонаи дигар шуд. Ӯ барои дурӯғи гуфтаашро ислоҳ кардан телефонашро дар ҷайбаш монду ба сухан гуфтан шуруъ кард: - Бале, воқеан ман боре газета нахарадаам. Аммо охир ман аз куҷо барои ҳар як газетаи мехаридаам пул меёбам. Шояд боз савол диҳӣ, ки барои интернети телефонат аз куҷо меёбӣ? Интернет майдони васеъ аст. Дар он ҷо ҳамаи чизро пайдо мекунам. Танҳо дар як матн банд намешавам. Бар замми ин, бо дӯстону пайвандон суҳбат мекунам. Аз ҳамин рӯ пули дар он масраф мекардаамро бефоида намеҳисобам. Раҳим дид, ки Ҷамшед дар ақидаи худ мустаҳкам аст. Аз ҳамин рӯ, ба Ҷамшед хитоб кард: - Ту ҳамин ҷо ист, ман ҳозир меоям. Раҳим рафта аз дукони назди донишгоҳ як газета гирифта омад. Чизе ба Ҷамшед нагуфта, ба варақгардонии он машғул шуд. Бар қасди он ки овозашро Ҷамшед шунавад, хабару гузоришҳо ва мақолаҳои газетаро баланд-баланд мехонд. Дар як саҳифа аз боби дастовардҳои миллӣ, дар дигар аз пешравиҳои давлат, дигар аз боби дӯстӣ, саҳифаи баъди дар бораи ватандӯстӣ талқин менамуд, баъди аз мушкилиҳои ҷойдошта, хуллас ҳама матолиби нашрия ҳар нафарро барои хабар ёфтан аз ҳодисаҳои вақт ва худшиносию худогоҳӣ ҳидоят мекард: - Ана он саҳифаи дар бораи дастовардҳои миллӣ хондаатро ба ман деҳ. Канӣ ман ҳам хонам, - Ҷамшед телефонашро як сӯ гузошту аз Раҳим хоҳиш кард. Ҳамсабақон матолиби дар газета бударо хонда байни ҳам саргарми баҳс шуданд. Онҳо ба ин муътақид шуданд, ки ҳеҷ вақт чунин лаззати маънавӣ нагирифта буданд. Раҳиму Ҷамшед азм карданд, ки аз ин ба баъд ҳатман нашрияҳоро гирифта мутолиа мекунанд... Яке аз мушкилиҳои асосӣ ва мубрам имрӯзҳо мутолиа накардани нашрияҳои даврӣ дар ҷомеаи мо мебошад. Бо вуҷуди он ки назар ба солҳои қабл имконият ва шароит барои дастрас намудани газетаҳо хеле осон шудааст, аммо чунин ба назар мерасад, ки омма, хусусан ҷавонон ба хондани нашрияҳо чандон таваҷҷуҳ надоранд. Ба истиснои баъзе аз нашрияҳо, имрӯз аксарият бо теъдоди аз 1000 то 5000 нусха аз нашр мебароянд, ки барои аҳолии 8-миллионнафара хеле кам мебошад. Дар кишвари мо ҷавононро қувваи асосии пешбарандаи давлату миллат меҳисобанд, зеро шумораи онҳо зиёда аз 3 млн. нафар мебошад. Аммо ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, ки хоси ҷавонон ва барои онҳост, дар ҳаҷми 5 ҳазор нусха аз чоп мебарояд. Сангин Гулов, мудири кафедраи телевизион

ХУРШЕД МАВЛОНОВ

ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ, масъалаи кам таваҷҷуҳ доштани ҷавононро ба нашрияҳо ба пайдоиши технологияи нав ва интернет вобаста медонад. Ба гуфтаи ӯ: “Дар шароити муосир масъалагузорӣ кардан, ки чаро ҷавонон газета намехонанд, чандон мантиқӣ нест. Зеро ки дар замони пешрафти технология дастрасии ҷавонон ба технологияҳое, ки барои расонидани иттилоот сари кор дорад, бештар шудааст. Агар мо ба 30-40 сол қабл муқоиса кунем, албатта, ҷавонон ба нашрияҳову китобҳо бештар таваҷҷуҳ доштанд. Зеро ки шароит дигаргуна буд. Имрӯз бошад, дар шароити пайдоиши интернет дастрасии ҷавонон ба усулҳои осони дарёфти иттилоъ аз сомонаҳо ва дастрасӣ ба китобхонаҳои электронӣ боиси он гардидааст, ки ҷавонон бештар ба расонаҳои электронӣ майл дошта бошанд”. Аммо чунин ба назар мерасад, ки аксарияти ҷавонони мо интернетро танҳо барои тамошову гӯш кардани навору мусиқиҳо ё суҳбатҳои беҳуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ истифода менамоянд. Устоди дигари ҳамин факултет Дӯстмурод Бобоев барои дур будани ҷавонон аз матбуоти даврӣ чанд омилро марбут медонад. Ба гуфтаи ӯ, омили аввал бехабар будани ҷавонон аз аҳамият ва мавҷудияти рӯзномаҳост. Дуюм, ба талабот ҷавобгӯ набудани маводи чопии баъзе нашрияҳост. Сеюм, масъалаи иқтисодӣ. “Сабаби дигар мактабҳои миёна мебошад, ки дар онҳо тарғибу ташвиқи рӯзномахонӣ нест. Масалан, вақте мо ба синфи якум рафтем, рӯзи аввали дарс муаллим даромада эълон намуд, ки мо ду маҷалла дорем - “Пионери Тоҷикистон” ва “Машъал”. Онҳоро ба мо нишон дода, чанд мавзӯашро ба мо хонд. Аммо имрӯзҳо ҳамин чиз дар мактабҳои миёна ҷорӣ нест”. Раҷаб Мирзо, рӯзноманигори шинохта, ба он муътақид аст, ки имрӯз доираи дастрасии иттилоот васеъ шудааст. Аз ҳамин рӯ, на ҳама эҳтиёҷ ба рӯзнома доранд. Ӯ мегӯяд: “Дар замони шӯравӣ шумораи нашрияҳо нисбатан кам буд. Барои омма имкониятҳои дигар барои дастрас намудани иттилоъ набуд. Ҳамин буд, ки ҳама чопи чанд нашрияи мавҷудбударо интизор мешуданд. Дар замони ҷаҳонишавӣ бошад, дигар ба ин чиз эҳтиёҷ нест. Имкониятҳо васеъ шудаанд. Муътамадии мавод ҳам чандон нақш надорад. Бубинед, ки нафарони синнашон аз чил боло мехоҳанд он чизеро, ки дар коғаз ба чоп расидааст, мутолиа намоянд. Аммо барои насли нав ин чиз аҳамият надорад. Як сол қабл ба он бовар будам, ки ҳеҷ гоҳ матолиби чопӣ аз байн намеравад. Ҳоло бошад, аз ин фикр даст кашидам. Агар ҳамин раванд идома ёбад, шояд нашрияҳои чопӣ аз байн раванд”.


6

Маҳфили «Ҷавонони асри ХХI» бахшида ба “Соли ҷавонон”

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №10 (9488), 09.03.2017

БАРОИ ҶАВОНОН

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба “Соли ҷавонон” машғулияти навбатии маҳфили «Ҷавонони асри ХХI» дар мавзӯи «Хатарҳои ҷаҳони муосир аз нигоҳи ҷавонон» баргузор гардид. Дар маҳфил намояндагони ҷавонони Маркази ташхису табобатии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва беш аз 100 нафар донишҷӯ ва аъзои вобастаи Шуъбаи кор бо ҷавонон иштирок намуданд. Иштирокдорон оид ба бемориҳои гуногуни сироятӣ ва амалҳои номатлуб, ки хатари муҳими таҳдидкунанда ба ҳаёти ҷавонон доранд, сухан гуфта, нуктаҳои муҳими онро шарҳу тавзеҳ доданд.

√ ГУЗАШТИ

АЙЁМ

Ҳуринисо Ализода:

маънии онеро дошт, ки ту дар назди дигар хоҳару бародарон шармандаӣ. Миёни мо анъана ҳамин буд, ки баҳои “4” боиси таъна мешуд. Дар бораи баҳои “3” ва “2” ҷои гап набуд. Бародарони калонам, ки ба ҷои падарам буданд, ҳар рӯз рӯзномаи мактабии моро тафтиш мекарданд. Яъне муҳити оила нисбатан фарҳангӣ ва дар айёми худ пешрафта буд. Ҳамин ки ба мактаб пой мегузоштем, як чизро ба мо талқин менамуданд, ки бояд дар ҷои аввал бошем, яъне нахустин нафар будан то андозае шарт буд. Мактаби лидерии ман аз мактаби миёна оғоз гардидааст. Ҳангоме ки ба синфи як рафтам, бо сабаби он ки хондану навиштанро метавонистам, маро сардори синф гузоштанд ва то поёни мактаб, яъне тӯли 10 сол сардори синф будам. Аз синфи 7 сар карда раиси шурои духтарон интихоб гардидам, пас аз хатми синфи 8, яъне аз синфи 9 маро комсорги мактаб таъин карданд. - Ҷавониро чӣ гуна дарёфтед? - Ман аслан ба маънои томаш ҷавонӣ надоштам. Ҷавониҳои ман дар як доираи муайян сипарӣ мегардид. Ҳангоми таҳсили дар донишгоҳ ман фақат се ҷойро медидам ва ҳамеша бо он ҷойҳо побанд будам - донишгоҳ, китобхона ва хобгоҳ. Ин секунҷае буд, ки дар давоми

- Аз рӯзгори тифлии хеш қисса мекардед? - Тифлии ман дар як муҳити нисбатан фарҳангӣ паси сар шуд. Зеро дар хонадони мо ҳамеша илму дониш ва ахлоқи накӯро дар ҷои аввал мегузоштанд. Падари ман яке аз нафарони фарҳангии замони баъди инқилоб буданд. Ҳамин буд, ки ӯро дар солҳои ҶБВ ба хотири донишу малакаи хуб доштанаш ба ҷанг сафарбар накарданд. Модарам таҳсилоти олӣ надошт, вале зани бисёр хирадманд буд. Онҳо то замони таваллуди ман дар кӯҳистони Даштиҷум иқомат менамуданд, вале чун ман таваллуд шудам, оилаи моро ба ноҳияи Москва (Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) муҳоҷир карданд. Падари ман дар ин ҷо умри зиёд надид ва ҳангоми 9-солагии ман аз олам даргузашт. Ин барои мани ҳанӯз норасида ва оилаи мо як шикасти бузург буд. Модарам он қадар зани боҷасорат буд, ки вақте 8 фарзанд дар пеши ӯ монду шавҳараш даргузашт, тарбия ва танҳо бузург намудани фарзандон хастааш намекард. Ба ҷои он ки як зани бо 8 фарзанд аз шавҳар ҷудогашта гиряву нола намояд ва роҳашро гум кунад, баръакс роҳашро ёфт. Ҳарчанд на маъумот дошт ва на ҷое кор мекард. Як зани одии деҳотии хонашин буд. - Пас, чӣ гуна тавонистед, дар муҳити деҳот аз пайи таҳсил шавед ва дар он замоне, ки барои занон дар донишгоҳ таҳсил кардан афсона буд, Шумо донишҷӯи донишгоҳи №1-и ҷумҳурӣ гардидед? - Дар хонадони мо китоб хондан ба маънии таом хӯрдан буд, ки агар рӯзе чанд маротиба хӯрок нахӯрӣ зистан имкон надорад. Миёни бародарону хоҳарони ман пайваста мусобиқаи китобхонӣ ва шеъразбарнамоӣ ташкил мешуд. Кӣ чӣ қадар дониш дорад, кӣ чиро бештар медонад, баҳсҳои апаву хоҳарӣ ва акаву додарии мо буданд. Мо доири масъалаи дигар суҳбат намекардем. Суҳбати мо аз боби дониш буд. Агар чизеро намедонистӣ,

таҳсил аз ин доира берун намеомадам. Бароям он қадар муҳити тангеро созмон дода будам, ки кино рафтану сайругашт намудан ва гаштугузори беҳударо аслан раво намедидам. Барои ман аз ҳама муҳим он буд, ки бояд аъло мехондам, зеро мо аввалин нафароне будем, ки аз деҳа ба Душанбе барои таҳсил омада будем. Агар мо рафтори ноҷо ва амалҳои зишт анҷом медодему аз таҳсил канор мемондем, муҷиби он мегардид, ки дигар духтарони деҳот бо гуноҳи мо аз таҳсил канор мемонданд. Яъне мо нафарони раҳкушо будем. Вақте ҷавонон ба ман изҳори муҳаббат мекарданд, ягона ҷавоби ман ин буд, ки ман барои шавҳар не, балки барои таҳсил омадаам. Меъёрҳои хеле танг ва маҳдудае барои хеш сохта будам, ки агар яке талаботи замон буд, дигари талаботи деҳа ва сеюмиро ҳатман худ эҷод карда будам. Баъзан аз инҳо пушаймонӣ ҳам мекунам, зеро ман давраи ҷавониро аз сар гузаронидаам, аммо ҷавонӣ надидаам. Ҷавонии ман аз таҳсил иборат буд. - Дар мавриди ахлоқи ҷавонон чӣ андеша доред? - Дар даврони ҷавонии мо, агар нафаре дар кӯча баланд механдид, тамоми мардуми атроф ба ӯ бо нигоҳи тамасхур менигарист ё як нигоҳе мекард, ки он нигоҳ инсонро тарбия менамуд. Ҳар кас ҳақ дошт каси дигарро тарбия кунад. Имрӯз ҷавон то андозае ҷомеаро гӯш намекунад, балки худаш мустақилона меъёр месозад. Дар хусуси фарҳанги либоспушӣ агар назар кунем, ҷавонон ҳар либосеро хоҳанд ба бар мекунанд, вале он даврон ҳар кас либосҳои хешро дар доираи қабули ҷомеа мепӯшид. Ҳар амалу рафтори хешро дар доираи қабули ҷомеа танзим мекард. Мутаассифона, имрӯз меъёрҳо то андозае коста шудаанд. Ҷавони имрӯза агар худ ҷомеасоз набошад ва ҷомеаро ба роҳи нек раҳнамун насозад, ҷомеа рӯ ба косташавӣ хоҳад овард. Ҳамин чиз боис гардид, ки

ХУРШЕД ХОВАРӢ

Боиси ифтихор аст, ки 105 сол боз халқи тоҷик дорои матбуоти чопист ва ҳар сол 11-уми мартро дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи матбуот ҷашн мегиранд. Тасмим гирифтем дар арафаи ин ҷашн бо рӯзноманигори варзида, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҳуринисо Ализода перомуни гузашти ҷавонӣ ва дирӯзу имрӯзи журналистикаи тоҷик суҳбат анҷом диҳем.

√ СОЛҲОЕ,

“...Ҷавонӣ надоштам”

билохира Ҳукумат тасмим гирад, ки солеро ҳамчун “Соли ҷавонон” эълон намояду пурра ба тармиму бозсозии насли ҷавон пардозад ва ҷавононро дар руҳия эҳтироми байниҳамдигарӣ ва ахлоқи намунавӣ тарбият созад. - Ҷавонӣ аз нигоҳи Шумо чӣ гуна бояд бошад? - Аз нигоҳи ман бояд ҷавонон ҳам таҳсил дошта бошанд, ҳам ҷавониро тарзе гузаронанд, ки дар оянда тавонанд бо ба ёд овардани лаҳзаҳои ҷавонӣ болидахотир гарданд. Ман ифтихор менамоям, ки дар айёми ҷавонӣ таҳсил кардаам, вале боз афсӯс мехӯрам, ки ҷавонӣ накардаам. Айёми ҷавониро тарзе гузаронидан лозим аст, ки ҳам тавонӣ таҳсилро фаро гирӣ ва ҳам аз хушиҳои ин давр лаззат барӣ. - Чӣ чиз Шуморо ба ҷодаи журналистика овард? - Маро аслан маҳорату истеъдоди худовандӣ ба кӯчаи журналистика кашонд. Ман аслан донишгоҳро бо ихтисоси мунаққиди адабӣ ба итмом расонидаам, вале чун оташак ва шавқи журналист будан дар ниҳодам ҳамеша ҷавлон мезад, билохира ман рӯй ба журналистика овардам. - Чун Шумо яке нафароне ҳастед, ки ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ фаъолият кардаед мегуфтед, ки журналистика дар даврони шӯравӣ чӣ гуна буд ва имрӯз чӣ рангорангие дар ин пеша ба назар мерасад? - Журналистика дар даврони шӯравӣ низ ҳамин журналистика буд, яъне рисолати таърихӣ-сиёсии хешро бозӣ мекард. Фарқ дар он аст, ки он вақт журналистика дар хизмати як ҳизб ва як идеология буд. Журналистикаи шӯравӣ талаботи ҳамон замонро пурра риоя мекард ва дар он сензура дар сатҳи олӣ буд, яъне аз болои тамоми ВАО давлат назорат мебурд. Журналистика дар замони соҳибистиқлолӣ аз назорати давлатӣ берун бароварда шуд, яъне дар баробари ВАО-и расмӣ ВАО-и мустақил низ рӯи кор омад ва сензура пурра бардошта шуд. Агар дар он замон аксари мавзуҳо ва проблемаҳоро давлат намегузошт инъикос шавад ва мавриди баррасӣ қарор гирад, имрӯз метавон ҳам дар ВАО-и давлатӣ ва ҳам мустақил дилхоҳ масъалаҳоро ҳаллу фасл кард, ки ин далели пойдор будани озодии баён ва демократия мебошад. Яъне метавон гуфт, ки дасту пойи журналист дар овони соҳибистиқлолӣ кушода шуд ва журналистика ба мафҳуми васеаш рӯи кор омад. - Инъикоси мушкилоти занон ва баробарии гендерӣ дар кадом давра бештар матраҳ мегардид (дар қиёс бо замони шуравӣ)? - Агар аз дидгоҳи сиёсӣ назар афканем, ин масъала дар даврони кунунӣ беҳтар ба назар мерасад. Зане, ки дар он даврон расонаӣ мешуд, говҷӯш ё ягон механизатору деҳқонзан буд, вале имрӯз садҳо касбу коре ҳастанд, ки ба воситаи онҳо занону бонувон расонаӣ мегарданд. Хушбахтона, яке аз самтҳои сиёсати давлатии мо низ боло бурдани нақши занон дар ҷомеа маҳсуб мегардад. Ёд дорам солҳое, ки дар рӯзномаи вилояти “Роҳи Ленинӣ” фаъолият мекардам, дар идора ба ғайр аз ман зане фаъолият наменамуд. Агар дар Душанбе таҳсил намудани мо дар он айём барои ҳамдеҳагони ман сенсатсия (ҳангома) буд, аммо имрӯз қариб аз ҳар оила духтарон ба таҳсили олӣ фаро гирифта мешаванд, ҳатто барои гирифтани квотаҳои Президенти ҷумҳурӣ дар миёни духтарон рақобат ба миён меояд. Ин маънои онро дорад, ки дар ин самт журналистика ва сиёсат корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.

КИ МАН ҶАВОН БУДАМ...

Тиллои Некқадам, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон: - Аввали солҳои 90-и асри гузашта рӯзномаи “Паёми Душанбе” таъсис ёфт ва Додохон Эгамовро аввалин сармуҳарри он таъин карданд. Д. Эгамов, ки журналисти варзида буд, ҷавононро ба кор ҷалб кард. Ман низ яке аз аввалин нафароне будам, ки дар рӯзҳои аввали таъсиси ин рӯзнома ба кор ҷалб шудам. Пас аз се моҳи корӣ перомуни масъалаи занони фаррош ва кӯчаруб маводе бо номи “Ман танҳо шикоят дорам” ба нашр расонидам. Ҳадаф аз навишта чунин буд, ки чаро ҳама занони тоҷик кӯчарӯбанду рӯз то бегоҳ гармову сармо дар кӯчаанд ва занони русу дигар миллатҳое, ки мардуми таҳҷоӣ нестанд, дар дохили биноҳо ва ҷойҳои нисбатан роҳаттар фаъолияти фаррошӣ менамоянд? Дар воқеъ он давр ҳукуматдорон ба миллати тоҷик ё бовар надоштанд ё писандашон намеомад. Пас аз як рӯзи нашри рӯзнома аз мақомоти прокуратура ба номи ман даъватнома омад. Худи ҳамон рӯз ману сармуҳаррир ба прокуратураи шаҳр рафтем. Саломиддин Шаропов, ки он давр прокурори шаҳри Душанбе буд, маро аввал бисёр сарзаниш кард ва баъд бо мулоимат илова намуд, ки чунин мақолаҳои танқидӣ нанависам ва миёни халқу миллатҳо фарқгузорӣ нанамоям. Аммо ин ҳақиқати ҳол буд. Пас аз хотимаи суҳбат дар назди мо ба Шодӣ Шабдолов, ки он давр котиби дуюми ҲКТ буд, занг зада хотиррасон намуд, ки бо ману сармуҳаррир суҳбат кардааст ва онҳо хавотир нашаванд. Пасон моро аз наздаш ҷавоб дод. Дар редаксия, ки аксарият журналистони ҷавон фаъолият мекарданд ва аз оне, ки маро ба прокуратура даъват кардаанд, дар ҳарос афтода буданд. Чун ба дари редаксия наздик шудему бо ҳамкорон вохӯрӣ кардем, аз чеҳраи ҳар кадоми онҳо маълум буд, ки бозгаши моро беқаророна интизорӣ доранд ва бо ҳайрат пурсиданд, ки чӣ шуд? Додохон Эгамов бо хушҳолӣ гуфт: “Тиллои Некқадам танбеҳе гирифт, ки аз сад сипоснома барояш гаронарзиштар аст”.


Озмуни «Авто-Бону-2017» ҷамъбаст гардид Дар арафаи Рӯзи Модар ва бахшида ба “Соли ҷавонон” бо ташаббуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохил дар Автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А. Турсунов, воқеъ дар хиёбони Садриддин Айнии пойтахт озмуни «Авто-Бону-2017» доир шуд. Зикр гардид, ки озмуни «Авто-Бону-2017» барои баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии занону духтарони ронанда, таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва таблиғи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ равона шудааст. Озмун аз даврҳои «Ман ва автомобилам» (муаррифӣ ва ороиши автомобил), «Донандагони қоидаҳои ҳаракати роҳ», «Саволу ҷавоб дар самти расонидани ёрии аввалини тиббӣ» ва «Маҳорати кадбону» иборат буд. Зарина Магомедова ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби мукофоти асосӣ — сертификат бо маблағи 3000 сомонӣ гардид. Ҷойи дуюм насиби Парвина Зайдуллоева (2500 сомонӣ) ва ҷойи сеюм насиби Таҳмина Рабиева (2000 сомонӣ) шуд.

√ ХОСИЯТҲОИ

√ АСРОРИ

ЯК ҶАВОН

МАСЪУЛИЯТДОРӢ Масъулият аз решаи суъол аст ва ахлоқи масъулиятдорӣ ва худро масъул шумурдан аз омилҳои асосии осоиши ҷамъият ва инсонҳост. Хоса дар ҳамин шароит ва шабу рӯзе, ки дар ҷамъият як қатор нороҳатиҳои фардиву оилавӣ ба назар мерасанд. Масалан, дар баъзе оилаҳо миёни ҳамсарон ва ё миёни фарзанд ва падару модар мушкилиҳои ҷиддӣ, аз қабили якдигарнофаҳмӣ, беэҳтиромӣ ба якдигар вуҷуд доранд. Ин мушкилиҳо, ки маншаашон фард ва оила мебошанд, мебинед, ки тадриҷан ба институтҳои дигари иҷтимоӣ акс ёфта, дар ҷомеа ба шикасту тахриботи ҷиддӣ боис мегарданд. Ҳол он ки ҷомеаеро, ки ҷузъҳояш бо накуиву ахлоқ ба вуҷуд омада, афродаш бо хулқи ҳамидаву корҳои шоиста машғул аст, ориза доштанаш ками андар кам дучор меояд. Аз ин лиҳоз, агар дар ҷомеае мушкилиҳо ба вуҷуд омадааст, сабаби онро метавон дар молекулаҳои он ҷамъият, яъне дар афрод ва оила ҷӯё шуд. Бинобар ин, агар мо дар оила ва фаротар аз он дар ҷамъият ҳузуру осоиш ва роҳатро мехоста бошем, пас бояд, ки ҳамчун фардҳои алоҳидаи ҷомеа худамонро масъул бидонем. Аввалтар аз ҳама худро бипурсем, ки барои таъмин кардани ин осоиш чӣ кор карда метавонем. Яъне барои бартараф кардани хатову камбудӣ худамон бояд ҷиддӣ иқдом бигирем. Масалан, яке аз роҳҳои асосии ҳалли проблемаҳои мавҷудаи ҷомеа он аст, ки сар карда аз мудирон тамоми нафарони муаррифгари як идора ё сохтор тибқи меъёри “раҳбари ҳар қавм ходими он аст” амал намояд. Зеро бо зӯру амр ба натиҷае расидан номумкин аст. Бинобар ин, ҳар мудир, яъне идоракунанда бояд пеш аз ҳама худ вазифаи ба уҳдааш бударо бо садоқат иҷро карда, пасон нафарони тобеъ ё худ кормандонашро барои иҷрои вазифаҳояшон ташвиқ намояд. Вале, мутаассифона, имрӯз ин масъалаи ниҳоят муҳимро бинобар омили ахлоқие, ки дар ҷамъияти мо мавҷуд аст, татбиқ намудан чандон имконпазир нест. Чаро ки имрӯз зеҳну эҳсоси аксарияти афроди ҷомеаро худбиниву худпарастӣ фаро гирифтааст. Аксарият танҳо дар андешаи худ мебошанд, то дар фикри ҷомеа. Ҳамин аст, ки баъзе афроде, ки дар зинаҳои гуногуни ҳаёт мавқеву мақомеро ифода мекунанд, худро аз дигарон дар фарқ ва боло меҳисобанд ва муносибаташонро бо атрофиён ҳам бо ҳамин фаҳмиш шакл додаанд. Албатта, чунин одату таомули умумиро, ки дар ҷомеа реша давондааст, ба якборагӣ дигар кардан ва ба ҷои он фаҳмиши тозаро ҷо ба ҷо намудан мисли он аст, ки инсон якчанд мутатсияро (тағйироти табиӣ ва ё сунъии хусусияти ирсии организм, ки дар натиҷаи дигаргуншавӣ ва ё вайроншавии хромосомаҳо ва генҳо ба вуҷуд меояд) аз сар гузаронад. Ин дар ҳолест, мавҷуде, ки якчанд мутатсияро аз сар мегузаронад, зинда монданаш амри маҳол, балки номумкин аст. Бале, бар дӯши як ҷамъият, ки бори аз тавонаш бештар бор карда шуд, он ҷамъият зери он бор монда нобуд мешавад. Пас, ҳар кас, чунонки дар боло зикр кардем, бояд худашро масъул дониста, шеваи дурусти зисту зиндагӣ, ахлоқи наку ва баҳри осоиши ҷамъият мададрасон буданро пеша кунад. Ба ҷои рафторҳои омиронаву ҳокимона, салоҳ он аст, ки чи кор карданашонро ба инсонҳо нишон дода, онҳоро раҳнамоӣ кардан лозим меояд. Агар ки чунин тарзи муносибатро пеш гирем, бо мурури замон он ба ахлоқи ҷамъият асар карда, ба як анъана ё одати умумӣ табдил меёбад ва аз ҷониби ҷамъият низ пазируфта мешавад. Инчунин, оне ки худро дар алоҳидагӣ суолуҷавоб намекунад, барои хатову камбудиҳои бавуҷудомада худро масъул намедонад, хатокор ва масъули камбудиҳоро пайваста аз ҷои дигар меҷӯяд. Вале дар натиҷа не хатокорро меёбаду не аз хатову камбудиҳо халос шуда метавонад. Баракс, оне ки “Ман дар куҷо ба хато роҳ додам, ки ҳама чиз ба низом пеш мерафт, вале яку якбора ба мушкил дучор шудам?” гуфта аз худ мепурсад, бо мадади Худованд аз мушкилиҳо раста, муваффақ хоҳад шуд. Зимнан, ҷавононро лозим аст, ки ҳисси масъулиятдорӣ ва масъулиятшиносиро дар худ ташаккул диҳанд, аз суолу ҷавоб кардани худ ҳарос накунанд. Зеро инсоне, ки аз овони ҷавонӣ, айни ташаккули шахсияташ ба хислати муҳиме чун масъулиятшиносӣ бетаваҷҷуҳӣ мекунад, барои хатоҳои содиркардааш худро пурсуҷӯ наменамояд, бо эҳтимоли калон рафта-рафта ба як худхоҳ табдил меёбад. Минбаъд чунин як нафар дар тамоми зинаҳои ҳаёт кадом вазифаеро бар дӯш дошта бошад, кадом идораеро муаррифӣ кунад, ҳеҷ гоҳ дар камбуду иштибоҳи бавуҷудомада худро айбдор намедонад. Не дар оила, не дар ҷои кор ва не дар ҷамъият... Ин равиш бошад, осоишу ҳузури ҷамъиятро халалдор мекунад. Ҷавонон, агар осоишу роҳати ҷамъиятро бихоҳанд, бояд ки масъулиятдор бошанд. Башир УСМОН, “ҶТ”

7

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №10 (9488), 09.03.2017

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

ҲУНАР

Матбуоти тоҷик таърихи беш аз садсола дорад. Ҳар сол 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. 11 марти соли 1912 нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи “Бухорои Шариф” чоп шудааст.

БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ

Сухани чопӣ эътибор дорад То имрӯз дар майдони матбуот нафарони зиёде кору фаъолият намуда, бо маҳорат ва малакаи махсус тавонистаанд дар таърихи матбуот номи худро ба таври ҳамешагӣ сабт созанд. Дарвоқеъ на ҳар кас метавонад дар ин роҳи пурмасъулият муваффақ шавад. Ҳотам Ҳомидов, рӯзноманигор, Аълочии матбуоти Тоҷикистон дар ин соҳа таҷрибаи хуб дорад. Бахшида ба Рӯзи матбуот бо ӯ суҳбат намудем. Дар ибтидо аз ӯ пурсидем, ки матбуот чист? - Бузургон дар ин бора бисёр гуфтаанд, ки матбуот чашму гӯши халқ ва оинаи зиндагист. Яъне ҳодисаҳое, ки мо ҳар рӯз мебинем, мардум мебинад ва мушоҳида мекунад, аммо чашми нозукбини рӯзноманигор даркор, ки онро дар матбуот инъикос намояд. Аз ин нигоҳ мо мегӯем, ки матбуот оина асту роҳнамо. Бинобар ин, мо бештар мавзуъҳои мубрами зиндагиро инъикос мекунему хонанда худашро ва камбудиҳоро дар ҳамин навиштаҳо мебинад. Матбуот инъикосгари мавзуҳои рӯз аст. Ҳам дар соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имрӯз матбуот мисли як шоҳраге мебошад, ки ҷомеаро бо тамоми пешрафт инъикос месозад. Дар баробари ин, мардум андешаҳояшро тавассути матбуот баён менамояд. Матбуот тарбиятгари маънавии мардум аст. - Мегуфтед, ки Шумо чӣ гуна тавонистед дар ин роҳ то ҷое комёб бошед? - Ба назарам ин комёбӣ бояд набошад. Аз замони дар синфи панҷум хонданам бо нашрияҳои “Пионери Тоҷикистон” ва “Машъал” ҳамкорӣ мекардам. Як суҳбати ғоибонаи “Машъал” чоп мешуд бо навиштаҳои Иброҳим Усмонов. Онро дида дар ман шавқи навиштан пайдо шуд. Устоди аввалини маънавию фарҳангу китоб падарам ҳастанд ва вақте ба донишгоҳ омадам, устоди донишгоҳиям Иброҳим Усмонов шуданд. Яъне завқ буд. Чун як китобхонаи хубе ҳаст дар хона, ҳамеша аз луғату энсиклопедияҳо истифода мебарем. Ҳангоми соли панҷуми таҳсил ба рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” ба кор омадам ва баъдан дар рӯзномаи “Чархи гардун” қариб 15 сол фаъолият намудам. Имрӯз дар ҳафтаномаи “Омӯзгор” кор мекунам. Чун рӯзноманигор бо қалам сару кор дорад, бояд гуфт ки мардум ба умеди мост. Агар мо хато намоем, онҳо мегӯянд, ки дар рӯзнома чунин аст. Яъне сухани чопӣ эътибор дорад ва ба ҳамин чиз мардум бовар мекунанд. - Вазъи имрӯзаи матбуотро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Матбуоти имрӯза нисбат ба даҳ соли пеш хеле рушд намудааст. Ҳам аз

нигоҳи сифати мавод, ҳам аз нигоҳи дарбаргирии мавзуҳое, ки ба ҷомеаи имрӯзаи мо даркоранд. Дар баробари ин, дар чанд соли охир як идда рӯзноманигорон аз ҳисоби ҷавонон ба майдони матбуот дохил шуданд. Онҳо нисбат ба касби интихобкардаашон хеле дасту дили гарм доранду соҳаро хуб омӯхтаанд. Яъне дар замони пешрафти технологиву ҷаҳонишавӣ онҳо тавониста истодаанд, ки худро ба ҳамин маҷрои пурталотуми журналистика ва матбуот ворид созанд. - Роҷеъ ба масъалаи таваҷҷуҳи кам доштани хонандагон ба матбуот чӣ андеша доред? - Ба назари ман ин мушкилот ду омил дорад. Ба ақидаи баъзеҳо маош кам асту онҳо наметавонанд, ки рӯзнома харидорӣ намоянд ва баъзеҳо, ки ҳоло рӯзнома намехонанду мегӯянд, ки рӯзномаҳо ҳеҷ чиз барои хондан надоранд. Омили дуюм он аст, ки ҳамин чиз ба мардум дастрас намешавад. Чаро таваҷҷуҳи хонанда имрӯз ба рӯзнома кам шудааст, ин ба хонавода вобастааст. Имрӯз дар матбуот тамоми масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст ва хонанда бояд онро хонад. Зеро дар пайи хондан аз матбуот ҳатман як чизе меомӯзад. - Ба назари Шумо, тақсимбандии вақт барои эҷодкори муваффақ шудан аҳамият дорад ё эҷодкор бояд озод бошад? - Вақтро тақсим кардан ҳунар аст. Ман бисёр аз вақт шикоят дорам, ки кам аст. Тақрибан панҷ-шаш сол пеш ба онҳое мегуфтанд, ки вақт надорем, бовар намекардам. Меандешидам, ки онҳо дурӯғ мегӯянд. Аммо ҳоло мебинам, ки дар ҳақиқат ҳамин тавр аст. Вақт бисёр муҳим будааст. Як гуфтаи мардумӣ низ ҳаст – “вақт рафт нақд рафт”. Ман кӯшиш менамоям, ки ҳамеша вақтро ба маврид истифода намоям. Кореро, ки дар ҷавонӣ мекунед, ба таъбири устод Лоиқ, нақш бастан дар санг аст. Вақтро ҳамон тавре истифода бурдан даркор аст, ки дар оянда пушаймон нашавем. Вақтро ғанимат донем. - Ба назари Шумо, фаъолияти рӯзноманигорони ҷавон чӣ тавр асту зинаҳои расидан ба қуллаи эҷод кадом аст? - Рӯзноманигорони хуб аз ҳисоби ҷавонон дорем. Ғайрат доранд. Мехоҳанд, ки проблемаҳоро ҳал кунанд. Мутаассифона, баъзе рӯзноманигорони ҷавоне ҳам дорем, ки масалан дар нишасти матбуотӣ вақте суол медиҳанд, мавзуъро худашон намедонанд. Вақте ки рӯзноманигор чизи гуфтан надорад, хубтараш ки нагӯяд.

Пеш аз суҳбат кардан бояд мавзуъро хуб омӯхта бошаду донад. Замоне ки рӯзноманигор аз мавзуъ хуб огоҳ аст, метавонад, як маводи хуб нависад. Ҳамон чизе, ки дар замони пеш дар ин соҳа буд, мо онро идома дода истодаем. Лекин мо бояд бештар омӯзем. Вақте инсон мехоҳад, ки то ба фатҳи қуллаи мақсуд расад, пайваста омӯхтанаш лозим. Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯз дар ВАО-и мо як равияи аврупоиро пеш гирифтаанд. Масалан, мегӯянд, ки ин нафар ин хел гуфт, аммо нафари дигар мегӯяд, ки ин тавр аст. Бо ҳамин тамом. Он мешавад мақолаи таҳлилӣ. Вале фикри рӯзноманигор куҷо мемонаду таҳлилаш куҷост. Аз ин рӯ, бояд рӯзноманигор ақидаи худашро дошта бошад. - Рӯзноманигор кадом вақт худро муваффақ медонад ва оне, ки дар ин роҳ равона аст бояд чӣ гуна шахс бошад? - Рӯзноманигор бояд худашро муваффақ наҳисобад. Балки ҳамеша кӯшиш намояд. Омӯзад. Дар баробари ин, бояд навиштаҳои мо оммафаҳм бошад. Як мақоли халқӣ аст, ки гуфтаанд, дидадаро шав – ба дида ҷо шав. Рӯзноманигор бояд пеш аз ҳама одӣ, хоксор бошаду аз пушти пулу мол надавад. Соҳиби дониши мукаммал бошад. Дар бораи тамоми соҳаҳо дониш доштан лозим ва вақте барои инъикоси масъалае шуруъ менамоем, бояд мавзуъро хуб донем. - Ояндаи матбуотро чӣ гуна дидан мехоҳед? - Ояндаи матбуоти мо хеле хуб хоҳад шуд. Чунки таваҷҷуҳ ба он зиёд мебошад. Имрӯз дар ин соҳа рӯзноманигорони донишманд хеле зиёданд ва ҳамаи он рисолатеро, ки матбуот дар таърихи беш аз садсолаи хеш дошт, идома дода, дар баробари ин инкишоф дода истодаанд.


8

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №10 (9488), 09.03.2017

ДУНЁИ ВАРЗИШ

Мусобиқаи волейбол ҷамъбаст шуд Бо дастгирии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, бахшида ба «Соли ҷавонон» байни бонувони минтақаи Қӯрғонтеппа мусобиқаи волейбол баргузор шуд. Дар мусобиқа 10 даста аз шаҳру ноҳияҳои Норак, Сарбанд, Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Қӯбодиён, Қӯрғонтеппа, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Хатлон ширкат карданд. Аз байни 10 даста 4 даста - Бохтар, Қӯрғонтеппа, Ҷайҳун ва Ҷалолиддини Балхӣ ба даври ниҳоӣ баромаданд. Ҷои аввал насиби дастаи волейболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шуд. Ҷойи дуюмро ноҳияи Бохтар ва ҷойи сеюмро дастаи шаҳри Қӯрғонтеппа соҳиб шуданд.

Медали нуқраи Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо

ШОДИХОНИ НАЗАР

Кашфи панҷ чеҳраи нав дар гӯштини озод 4-5 март дар Макатаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод баргузор гардид. Ин мусобиқа аввалин чемпионати ҷумҳурӣ дар соли 2017 буд. Дар расми ифтитоҳи он роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Масъулини варзиши кишвар дар назди омма таъкид намуданд, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ тасмим гирифтем, ки Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳз аз ҳамин намуд оғоз намоем, зеро мо аз варзишгарони ин намуди гӯштин натиҷаҳои назаррас интизорем.

Тоҷикистон аз намуди гӯштини тарзи озод ду медали нуқраи олимпӣ (Олимпиадаи Пекин-2008 - Юсуф Абдусаломов, аввалин Олимпиадаи наврасон дар Сингапур - 2010 Баҳодур Қодиров) дорад. Чемпионати имсола дар ин намуди гӯштин нисбат ба солҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекард. Имсол чеҳраҳои нави варзиш вориди майдон шуда, барои ҷойҳои ифтихорӣ мубориза бурданд. Фарқияти назарраси Чемпионати Тоҷикистон-2017 дар он буд, ки иштироки легионерҳо дида намешуд. Аз соли 2003, баъди зери Парчами Тоҷикистон баромад намудани варзишгари доғистонӣ Юсуф Абдусаломов, миёни варзишгарони Доғистон ва Якутия як навъ муд шуда буд, ки онҳое дар кишварҳои худ барои мақоми аввал мубориза бурда наметавонистанд, дар чемпионати Тоҷикистон иштирок намуда, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зери Парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекарданд. Инҳо Юсуф Абдусаломов, Никалай Ноев, Зелимхон Юсупов, Тимур Тунир, Гамид Ҷалилов ва дигарон буданд. Абдурозиқ Олимов, сармураббии гӯштини тарзи озоди кишвар, иштирок накардани легионерҳоро дар чемпионати имсола чунин шарҳ дод: “Солҳое, ки варзишгарони хориҷ зери Парчами Тоҷикистон дар намуди гӯштини тарзи озод баромад мекарданд, мо ба онҳо эҳтиёҷ доштем ва онҳо низ дастовардҳои назаррасро ба Тоҷикистон оварданд. Баъд аз

он ки варзишгарони даврони истиқлоли кишвар зинаҳои заруриро барои омода шудан баҳри иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ омухтанду нангу номус ва ҳисси миллиашон боло гирифт, бо варзишгарони берунӣ, ки аз номи Тоҷикистон баромад мекарданд, рақобати хуб нишон доданд. Дар чемпионати соли охир легионерҳо аз варзишгаронамон дар чемпионати ҷумҳурӣ шикаст хурданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки варзишгарони мо омода шудаанд”. Дар чемпионати имсола 138 варзишгар баъди гузаштани давраҳои вилоятию шаҳрӣ аз сартосари кишвар миёни ҳам рақобат намуданд. Бартарият дар он буд, ки аз миёни онҳо аксариятро варзишгарони ҷавоне, ки нав зинаҳои мусобиқаҳои наврасиро гузаштаанд, баромад намуда, мақомҳои аввал ва унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро дар номи худ муҳр заданд. Тайи 5-6 соли охир буданд варзишгароне, ки дар вазнҳои худ пайиҳам қаҳрамони Тоҷикистон мешуданд. Аз қаҳрамонҳои қаблӣ имсол танҳо Баҳодур Қодиров (вазни 86 кило) ва Фарҳод Анақулов (вазни 125 кило) тавонистанд мавқеи худашонро устувор нигоҳ доранд. Дар шаш вазни дигар қаҳрамонҳои нав Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муаррифӣ хоҳанд кард. - Мо панҷ қаҳрамони ҷавон ва навро дидем, ки бо маҳорати баланди худ ҳам

мутасаддиёни соҳаи варзиш ва ҳам мухлисонро дар ҳайрат гузоштанд. Барои мисол, ҷавони 18-сола Ҳалимзода Салимҷон, ки бори аввал дар чемпионати Тоҷикистон миёни калонсолон иштирок намуд ва дар вазни -74 кило қаҳрамон шуд. Иштирок ва рақобати варзишгарони вилоятҳо низ имсол фарқкунанда буд. Онҳо низ бо тайёрии ҳамаҷониба омада буданд. Варзишгарони моро моҳи май чемпионати Осиё, ки дар Ҳиндустон баргузор мегардад, интизор аст. Тибқи нақша то ин мусобиқа мо бояд дар як тамрини дастаҷамъӣ ва дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намоем, - мегӯяд А. Олимов. Ҷоизаи Президенти кишвар барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аксари варзишгарони ботаҷрибаро, ки бо сабабҳои гуногун аз варзиш канор рафта буданд, дубора ба майдон овард. Паҳлавони номдори кишвар, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломҷон Шарипов, ки соли 2008 аз варзиш канор рафта буд, дубора ба майдон баромада, дар вазни -70 кило унвони Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овард. Носир Бозор, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз чемпионати имсола ва чеҳраҳои ҷавон қаноатмандӣ намуда, гуфт: “Мақсади баргузории ин чорабинӣ муайян намудани тими мунтахаб барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалие, ки давоми сол баргузор мегарданд, мебошад. Соли 2020 Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токиои Ҷопон баргузор мегардад. Мақсади мо он аст, ки аз ҳамин рӯз сар карда, варзишгаронро ба мусобиқаҳои байналмилалӣ сафарбар намоем, то маҳорату малакаи худро сайқал дода, холҳои заруриро ба даст оранд. Мо аз ин чеҳраҳои ҷавон натиҷа интизорем”. Қаҳрамонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 аз намуди гӯштини тарзи озод: 1. Ҷамшед Шарипов (-57 кило); 2. Абдулқосим Файзиев (-61 кило); 3. Амирҷони Сайидҷон (-65 кило); 4. Ғуломҷон Шарипов (-70 кило); 5. Ҳалимзода Салимҷон (-74 кило); 6. Баҳодур Қодиров (-86 кило); 7. Фирӯз Ёқубов (-97 кило); 8. Фарҳод Анақуллов (125 кило).

Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони навраси кишвар, дар Ҷоми ҷудои Аврупо байни наврасони то 18-сола (Cadet European Judo Cup Antalya 2017), ки 4-5-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард. Ҷаҳонгир дар вазни -81 кило баъди се пирӯзӣ бар Амонтур Зумалӣ Уулу (Қирғизистон), Избассар Ералиев (Қазоқистон) ва Иван Юрескул (Украина) ба финал баромад. Дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Мерт Сисманлар (Туркия) мағлуб шуд. Ҷоми Аврупо барои гӯштигирони навраси тоҷик аввалин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола маҳсуб мешуд. Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон се варзишгар дохил буданд. Ду нафари дигар – Саидшо Ёқубов ва Ҷамолиддин Абдуллоев, ки ҳар ду дар вазни -66 кг ширкат доштанд, дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд. Дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон (кадетҳо) дар Туркия 362 варзишгар (218 писар ва 144 духтар) аз 18 кишвар иштирок доштанд. Дар ҳисоби даставӣ мунтахаби Бразилия бо касби 14 медал (4 тилло, 2 нуқра, 8 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Озарбойҷон (4-23) ҷойи дуюм ва мунтахаби Туркия (3-510) ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Дастаи Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ҷойи 8-умро соҳиб шуд. Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони 17-солаи тоҷик, дар рейтинги нави ҷаҳонии ҷудо дар вазни -81 кг миёни наврасон (кадетҳо), ки дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, бо 282 хол мақоми аввалро ишғол кардааст. Гоча Гвачлиани аз Гурҷистон бо 112 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Саид Гаҷиев аз Русия бо 100 хол дар ҷойи сеюм қарор доранд.


Балхӣ: мусобиқаи футбол байни маҳаллаҳо Бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” байни ҷавонони маҳаллаҳо мусобиқаи футбол баргузор шуд. Ба гуфтаи Хуршед Қурбонов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, мусобиқа байни 74 даста аз ҷамоатҳои деҳоти Фрунзе, Навобод, Гулистон ва Калелин сурат гирифта, аз ҳар ҷамоат як даста ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Даври дуюми мусобиқа дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъбаст мегардад.

√ МАЙДОНИ

9

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №10 (9488), 09.03.2017

ДУНЁИ ВАРЗИШ

САБЗ

"Ҳосилот" барандаи Абарҷом шуд Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор, ки дар бозӣ барои Абарҷоми Тоҷикистон тими «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, аввалин бор соҳиби Ҷоми олии футболи Тоҷикистон гардид. Бозӣ барои Абарҷоми Тоҷикистон миёни "Истиқлол", қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2016 ва "Ҳосилот", ҷоизадори нуқраи мусобиқаи порсолаи чемпионати кишвар 4-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури 14 ҳазор мухлис баргузор шуд. Агблей Ҷонс, легионери африқоии “Ҳосилот”, дар дақиқаи 9-ум бо дарвозабони “Истиқлол” Никола Стошич як ба як баромад, вале дарвозабон тӯби задаи ӯро баргардонд. Дар ин лаҳза зарбаи такрории Хайрулло Азизов Стошичро маҷбур сохт, ки тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад. Голи дуюмро Агблей Ҷонс дар дақиқаи 30-юм ба самар расонд. Дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба нафъи “Ҳосилот” ба танаффус баромаданд. Дар нимаи дуюми дидор бозингарони ҳар ду даста барои голзанӣ имкониятҳои хуб доштанд, вале танҳо аз як вазъият Дмитрий Барков, легионери “Истиқлол”, дар дақиқаи 89-ум истифода карда, ҳисобро тағйир дод. Ба ин тартиб, ин бозии пуршиддат бо пирӯзии “Ҳосилот” бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Футболбозони “Ҳосилот” Абарҷоми Тоҷикистонро ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бурданд. Ҳайатҳои дастаҳо: «Истиқлол» (Душанбе): 1. Никола Стошич. 5. Артём Барановский. 4. Дэвид Мавутор. 26. Соҳиб Саванқулов. 19. Аҳтам Назаров. 62. Ҷаҳонгир Эргашев. 18. Фатҳулло Фатҳуллоев. 20. Амирбек Ҷӯрабоев. 8. Нуриддин Давронов. 17. Дилшод Восиев. 10. Дмитрий Барков. Бозигарони эҳтиётӣ: 35. Қурбоналӣ Бобоев. 2. Сиёвуш Асроров. 23. Эҳсони Панҷшанбе. 63. Манучеҳр Ҷалилов. 21. Ромиш Ҷалилов. 9. Ҷаҳонгир Алиев. 3. Табрези Давлатмир. Дар дақиқаи 34-ум дар ҳайати “Истиқлол” якбора се бозингар иваз карда шуд. Дилшод Восиев, Соҳиб Саванқулов ва Ҷаҳонгир Эргашев майдонро тарк карданд. Ба майдон Ромиш Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов ва Ҷаҳонгир Алиев омаданд. Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев. «Ҳосилот» (Фархор): 25. Рустам Ризоев. 14. Ойбек Абдуғаффоров. 3. Мӯсо Содиқ. 2. Сафаралӣ Каримов. 24. Ҳасан Рустамов. 7. Иброҳим Рабимов. 8. Хайрулло Азизов. 21. Абдурасул Раҳмонов. 19. Муҳаммадҷони

Ду бозии аввали чемпионати имсола мусовӣ шуд Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 5-уми март бо ду бозӣ миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - КМВА «Помир» (Душанбе) шуруъ шуд. Ҳар ду бозӣ, ки бо сабаби омода набудани варзишгоҳҳои шаҳрҳои Турсунзодаву Вахш дар Душанбе, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, барпо гардид, мусовӣ хотима ёфт. Бозии “Регар-ТадАЗ” бо “Панҷшер” бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Ҳисобро дар дақиқаи аввали дидор Ҳусейн Умаров, нимҳимоятгари “Панҷшер” кушод. Ин голи аввалини чемпионати имсола ба шумор меравад. Голи ҷавобиро баъди шонздаҳ дақиқа Фирӯз Раҳматов ба ҳадаф расонд. Бозӣ миёни дастаҳои “Вахш” - КМВА “Помир” бе гол (0:0) поён ёфт. Имсол мусобиқоти лигаи олӣ бо ширкати ҳашт даста дар се марҳила доир хоҳад шуд. Ҳар даста 21 бозӣ анҷом медиҳад. Мувофиқи тасмими Лигаи футболи Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ тасдиқ шудааст, дастаи дар мусобиқа ҷойи охиринро ишғолнамуда лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки дар мусобиқаи лигаи олӣ ҷойи пешазохирро мегирад, барои дар ин лига мондан бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал рақобат мекунад.

Ҳасан. 11. Шодибек Ғаффоров. 20. Агблей Ҷонс. Бозингарони эҳтиётӣ: 16. Фатҳулло Бобоев. 26. Шаҳзод Давлатов. 9. Сайдалии Сафаралӣ. 18. Гершон Акуффо. 17. Наврӯз Рустамов. Сармураббӣ: Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев. Дар дақиқаи 12-ум ба ҷойи Шодибек Ғаффоров, ки пояш лат хӯрд, ба майдон Гершон Акуффо баромад. Дар дақиқаи 84ум Наврӯз Рустамов ҳамдастааш Хайрулло Азизовро иваз кард. Огоҳӣ гирифтанд: Мӯсо Содиқ (“Ҳосилот”), 24, Артём Барановский (“Истиқлол”), 50, Гершон Акуффо (Ҳосилот”), 90, Ойбек Абдуғаффоров (“Ҳосилот”, 90+2), Ҳасан Рустамов (“Ҳосилот”), 90+3. Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд). Бояд гуфт, ки Абарҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 маротибаи ҳаштум баргузор шуд. Аввалин бозӣ соли 2010 дар шаҳри Турсунзода барпо гардид. Баъдан беҳтарин дастаҳои кишвар барои Абарҷом дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа (2011), Ваҳдат (2012), Кӯлоб (2013), Душанбе (2014, 2015), Турсунзода (2016) ва Ҳисор (2017) мубориза бурданд. Қаҳрамони феълии Тоҷикистон «Истиқлол» - шаш бор – солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015 ва 2016 Абарҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудааст. «Равшан»-и Кӯлоб (2013) ва “Ҳосилот” (2017) якборӣ Абарҷомро ба даста овардаанд. Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Абарҷоми Тоҷикистон (2010-2017): 2010. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2 2011. «Истиқлол» (Душанбе) – «РегарТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0 2012. «Истиқлол» (Душанбе) – «РегарТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1 2013. «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1 2014. «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5 2015. «Истиқлол» (Душанбе) – “Хайр” (Ваҳдат) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ – 4:3 2016. «Истиқлол» (Душанбе) – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 3:2 2017. «Истиқлол» (Душанбе) – “Ҳосилот” (Фархор) – 1:2


10

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №10 (9488), 09.03.2017

ПАЁМИ ПЕШВО ВА ҶАВОНОН

Бонувон дӯзандагӣ меомӯзанд Дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳр Сарбанд бо дастгирии Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр барои бонувони бешуғли деҳот давраҳои омӯзиши кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ташкил шуд. Ба ин давраи омӯзишӣ зиёда аз 20 духтари ҷавони хонанишин фаро гирифта шуда, онҳо тайи ду моҳ ба омӯзиши касби дузандагӣ фаро гирифта мешаванд. Барои хубтару беҳтар аз худ намудани касби дӯзандагӣ шароитҳои хубӣ корӣ фароҳам оварда шудааст ва дар нақша аст, ки ба ин духтарони ҷавон ва бонувони деҳотӣ шаҳодатномаи тасдиқкунандаи таҳсил ва омӯзиш дода мешавад, ки барои пайдо кардани ҷойи кор мусоид аст.

Об - асоси стратегияи миллии рушд Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам буда, захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагиро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву обод ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳар сол дар ҷаҳон аз истеъмоли оби нопок беш аз панҷ миллион одам, ки аксари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд, талаф ёфта, зиёда аз се миллион нафар ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои одию маъданӣ ва обанборҳо дорад. Захираҳои оби тозае, ки дар пиряхҳо ва кӯлҳои кишвар маҳфузанд, ба зиёда аз 800 миллиард километри кубӣ мерасад. Тақрибан 64 миллиард метри кубӣ оби дарёҳои минтақа, ки 56 фоиз захираҳои оби Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд, аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Аз обҳои дарёҳои кишвар танҳо 15 фоиз дар дохили кишвар ва боқимонда пурра аз ҷониби кишварҳои поёноб ва асосан барои обёрии заминҳо истифода мешавад. Ҳамзамон зиёда аз 40 фоизи аҳолии

Яке аз дастовардҳои муҳими Истиқлолияти давлатӣ барои ҷавонон таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи падаронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли наврас ва ҷавон мебошад. Дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ Сарвари давлат чандин маротиба бо ҷавонон мулоқоту вохӯриҳо намуданд, ки дар рафти онҳо масъалаҳои зиёде мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор гирифтанд. Ин муносибат бори дигар ғамхориҳои Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳуриро нисбат ба насли ҷавон ва татбиқи сиёсати давлатии онҳо инъикос менамояд.

кишвар аз дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ маҳрум аст ва дар ноҳияҳои дурдаст таъмини оби нӯшокӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Айни замон бо мақсади беҳтар намудани таъмини оби нӯшокӣ ба аҳолӣ бо дастгирии ҷонибҳои мададрасон як қатор лоиҳаҳо мавриди татбиқ қарор доранд. Ин ҳадаф ҷузъи ҷудонашавандаи Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Таърихи навини ташаккулёбии давлати соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки Тоҷикистон яке аз пешсафони фаъол дар истифодаи оқилона ва идораи муштараки захираҳои обӣ

дар сатҳи ҷаҳонӣ буд ва мемонад. Ташаббусҳои Ҳукумати кишвар дар сатҳи минтақавӣ тасдиқи гуфтаҳои болост. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи 54уми Маҷмааи умумии СММ 1 октябри соли 1999 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, то соли 2003 соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Соли 2003 соле буд, ки СММ аввалин бор баррасии фарогири дастовардҳои даҳсоларо пас аз саммити таърихии соли 1992, ки дар Рио-де-Женейро баргузор гардида буд, шуруъ намуд. Масъалаи оби тоза яке аз масъалаҳои

калидии баррасии соли 2002 ба ҳисоб рафта, дар маркази таваҷҷуҳи чорабиниҳои гуногуни тайёрӣ ва ташаббусҳои байналмилалӣ қарор дорад. Ҳамин тариқ, 20 декабри соли 2000-ум дар ҷаласаи 55-уми Маҷмааи умумии СММ ва дар асоси розигии тарафайн Қатъномаи «Соли байналмилалии оби тоза - 2003» қабул гардид. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015 низ ташаббуси Тоҷикистон буд. Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Соли байналмилалии оби тоза ва Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ чорабиниҳои зеринро амалӣ намуд: Форуми байналмилалии оби тоза (29 август – 1 сентябри соли 2003, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ (30 май - 1 июни соли 2005, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиш додани сатҳи офатҳои табиии мардум ва об (27-29 июни соли 2008, ш. Душанбе). Чорабинии охирин дар раванди амалисозии Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 ва талошҳои минбаъда ҷиҳати дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, 9-11 июни 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он Дабири кулли СММ Пан Ги Мун, сарвазирони кишварҳои Покистон, Афғонистон, Қирғизистон,

Габон ва намояндаҳои зиёда аз 100 кишвар ва 80 созмони байналмилалӣ ширкат намуданд. Қобили қайд аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суханронӣ дар конфронси мазкур иқдоми нави Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро пешниҳод намуд. Тоҷикистон ба ҳайси ташаббускори эъломи Соли байналмилалии оби тоза ва даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», ҳамчунин эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» ба он назар аст, ки татбиқи рӯзномаи СММ оид ба об бояд ҷоннок ва ба мазмуни амалӣ бой гардонида шавад. Татбиқи бомуваффақияти чорабиниҳои даҳсола, ки ба нақша гирифта шудаанд, метавонад на танҳо ба дастрасии беҳтари аҳолӣ ва оби ошомидании бехавф ва беҳдошт, балки ҳамчунин ба ҳалли масъалаҳои дигари ҳаётан муҳим, аз ҷумла ҳифзи сиҳатии кӯдак ва модар, амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, муҳити зист, тағирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мусоидат намояд. Аз рӯйи тадқиқоти оморӣ соли 2025 шумораи аҳолие, ки дар кишварҳои аз об камбуддошта ҳаёт ба сар мебаранд, ба се миллиард хоҳад расид, вале аксари чунин кишварҳо зербинои зарурӣ ва низоми идораи нигоҳдории самаранок ва истифодаи обро надоранд. Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем ва онро тозаву озода нигоҳ дорем. Камолиддин ШАРИФОВ, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДМИТ

Ҷавонон дар партави дастурҳои Пешвои миллат Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдории милливу ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи соҳаҳои гуногун дар ҳаёти онҳо як силсила санадҳои муҳим, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» ва дигар барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд, ки барои амалӣ намудани онҳо то инҷониб маблағҳои зиёд ҷудо гардидааст. Ҳамчунин бо пешниҳоди Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне мутобиқи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани мақоми ҷавонон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории Рӯзи ҷавонон (ҳар сол 23-юми май) ба имзо расиданд, бе муболиға рӯи кор омадани онҳо идомаи дастовардҳои сиёсии ҷавонони кишвар аст. Таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироту иловаҳое, ки 22-юми майи соли 2016 ба Ко-

ниститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, низ ба манфиати ҷавонон буд. Яъне барои наслҳои имрӯзу фардо имконияте пайдо гашт, ки аз 30-солагӣ дар сатҳи вазифаҳои олии роҳбарикунандаи Ҳукумати мамлакат кору фаъолият намоянд. Барои дастгирии ҷавонон дар тӯли 25 соли Истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияи Президенти ҷумҳурӣ, квотаи Президенти ҷумҳурӣ, стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилоти ҷамъиятӣ дар ҷодаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи «Исмоили Сомонӣ» барои олимони ҷавон, дастгирии давлатӣ дар робита ба ҷудо кардани манзил ва қитъаи замини наздиҳавлигии муқарраршуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба фаъолият дар идораҳои давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда аз ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавонон аст. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, инчунин зикр шудааст, ки истифодаи имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии ҷавонон яке аз шартҳои ноилшавӣ ба рушду инкишофи устувори давлатдорӣ ва таҳкими ҷомеа мебошад. Сарвари давлат қайд карданд, ки «ҷавонони соҳибкасбу соҳибмаърифат идомадиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи давлату миллат мебошанд». Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун неруи бузург, бунёдкору созандаи мамлакат маҳсуб меёбанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ

дар ҳоли рушд карор дошта, аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бидуни иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии давлатро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ба ҳамин хотир, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро “Соли чавонон” эълон намуданд. Яъне ин шаҳодати он аст, ки мо - ҷавонон аз мадди назари Сарвари давлат дур нестем ва шукрона аз он дорем, ки чунин Сарвари ғамхору дилсӯз, оқилу доно ва меҳрубон дорем. Мо - ҷавонони ноҳияи Рӯшон сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҳамеша дастгирӣ намуда, ваъда медиҳем, ки бар ивази ин ҳама ғамхориҳояшон бо ақлу хиради азалӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, донишомӯзиву касбомӯзӣ, ғайрату меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ баҳри пешрафти Ватани азизамон - Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳему аз анъанаҳои неки ниёгонамон пайваста пайравӣ мекунем. Барои амалӣ гардидани орзуву ормонҳои миллӣ, аз ҷумла ба мамлакати пешрафтаву мутараққии демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд табдил додани кишвар донишу таҷриба, неруву ғайрат ва ҳатто ҷони хешро дареғ нахоҳем дошт. Холисамо САИДХОНОВА, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯшон


Мулоқоти раиси шаҳри Гулистон бо донишҷӯён Бахшида ба “Соли ҷавонон” раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо донишҷуёне ки аз шаҳри Гулистон дар макотиби олии шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд мулоқот кард. Раиси шаҳр зимни суханронӣ донишҷӯёнро ба хониши хубу аъло, созандагӣ ва саҳм гузоштан дар обидии Ватани азизамон - Тоҷикистон ҳидоят кард. Аз тарафи МИҲД шаҳри Гулистон ба донишҷӯён кӯмакпулии яквақта расонида, дастархони идона ороста шуд. Инчунин, аҳли фарҳанги шаҳри Гулистон бо таронаву намоишҳои театрӣ хотири донишҷӯёни гулистониро шод намуданд. Абдулҳақ ҲОҶИМАТОВ, донишҷӯи ДМТ

11

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №10 (9488), 09.03.2017

САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН

Ваҳдати миллӣ: омодагиҳо ҷиддианд Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №383 аз 23 августи соли 2016 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат таҷлил мегардад.

Сано гӯям туро пайваста, модар… Модар маҳбубтарин шахсест, ки дар тамоми офоқ меҳрро парвариш мекунад. Модар ситораи ҳаёт, дунёи мунаввар, ҷаҳони нуру ҷилост. Лаҳзаи дар оғӯши гарми модар будан фараҳест беканор. Модар шоистаи парастиш, навозишу меҳрубонӣ ва арҷгузорист. Ганҷи ноёбтарину пурарзиштарини ҳар яки мост. Ман фидои мӯйҳои сафед, чашмони хирагашта ва дастони ларзонат мебошам, модарҷон. Аё модар, ба мӯйҳои сафеди ту бимирам, Дуоям деҳ, то дуоятро бигирам. Гарчи имрӯз аз бари модарам дурам, доимо чеҳрааш пеши назарам аст, ҳарфҳои ширину навозишҳояш ҳамеша бо ман аст. Чунки модар ягона шахсест, ки дар рӯи ҷаҳон мислу монандаш касеро ёфтан наметавон! Қалби модар эҳсоскунандааст, ҳар хушиву нохушиҳои зиндагии моро, агарчи аз бараш дурем, эҳсос мекунад. Зиндагии мо бо аллаҳои руҳпарвари модар оғоз ёфта, аз ӯ сарчашма мегирад. Сано гӯям туро пайваста, модар, Биёрам баҳри ту гулдаста, модар. Ба ҷон омодаам баҳрат шабу рӯз, Миён аз баҳри хидмат баста, модар. Модар, боарзиштарин, поктарин ва олитарин офаридаи Худованд! Модар, эй дунёи таманноҳои сабзи ман! Ҳар лаҳза, ҳар соат, ҳар рӯз будан дар канори ризвонии ту баҳри ман ҳадяи Раббонист. Пас, ҳар лаҳза ниёзи ман зи Эзид ин аст: Худоё, азизтарин шахс баҳри ман - модари маро дар канорам нигоҳ дор, ҳар субҳ нури хеш дар роҳи ӯ таҷҷалӣ бинмо, то нури муҳаббати ӯ бар сари ман, пайроҳаи зиндагиам биборад, лутфу шавқати хешро ба модари ман арзонӣ бидор, то меҳри бепоёни ӯ бар вуҷуди ман бирезад. Муборак рӯзи идат, модари ҷон, Шуда ҳамвора баҳри ту ғазалхон. Ҳамеша аз Худо дорам талаб ман, Ки бошӣ шоду бинӣ ҷумла армон. Саидбек САИДБЕКЗОДА, донишҷӯи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Ҳайфи забондорӣ! Соли гузашта дар яке аз марказҳои забономӯзии шаҳри Душанбе бо номи "Шафақ" ба омӯзиши забони туркӣ машғул шудам. Омӯзиш 6 моҳ тӯл кашид ва агар иброз намоям, ки бахтам баландӣ карду ба ман устоди беҳтарин рост омад, шояд иштибоҳ нашавад. Зеро дар муддати муқарраршуда ба хатту алифбои забони туркӣ ошноӣ пайдо карда, то андозае хониши ин забонро омӯхтам. Гурӯҳи мо аз 13 нафар иборат буд. Аз ин теъдод танҳо 3 нафар донишҷӯ будем, 2 нафар толибилм ва боқимонда одамони дорои маълумоти олӣ ва соҳиби касбу кор. Мутаассифона, як бадбахтие дошт гурӯҳи мо: аксарият забони тоҷикиро, забони модарии худро хуб намедонистанд. Ман ҳамеша ҳисси бади надонистани имлои забони тоҷикиро дар ниҳодам мепарваридам, аммо таҷрибаю мушоҳидаҳоям маро ба хулосае оварданд, ки ягона нафари бо ин мушкилӣ рӯ ба рӯ ман будаам. Рӯзи якуми хониш чун одат ҳар кас бояд худро муаррифӣ мекард, вале ҳаштод фисади гурӯҳ худро бо забони тоҷикӣ муаррифӣ карда натавонистанд. Вой бар ҳоли мо! Дар ҷумлаҳои баъзе аз ҳамсабақонам баъд аз ҳар ду калимаи

тоҷикӣ як калимаи русӣ садо медод ва баъзе аз онҳо рӯи рост қоил мешуданд, ки забонро намедонанд. Аламовар танҳо ин набуд, балки он буд, ки ҳамсабақҳоям ин камбуди ҷиддии худро бо фахру ғурур ва суханҳои русӣ ба забон меоварданд. Вой бар ҳоли мо, вой бар соҳибзабониамон! Ин ҳолат аз назари яке аз ҳамсабақҳои хориҷии мо дур намонд. “Теъдоди туркзабонҳо дар дунё ҳафтод миллион, аз форсзабонҳо бошад, беш аз сад миллион арзёбӣ мешавад. Чаро тоҷикон тоҷикӣ гап намезананд, дар ҳоле ки туркҳо туркӣ гап мезананд? - гуфт Вениамин Твечени лаҳистонӣ. - Ҳол он ки то асри 19 забони расмии коргузории туркҳо забони форсӣ ба ҳисоб мерафт...” Омезиш ва махлут кардани забони тоҷикӣ бо русӣ ва дилхоҳ забони дигар бисёр амали бад аст. На ин ки бад, балки нафратовару шармовар низ ҳаст. Агар чунин аст, пас ғурур аз он чаро?

Таманно ШОМУРАТОВА, донишҷӯи факултаи журналистикаи ДМТ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат баҳри сазовор таҷлил кардани ин санаи муқаддас силсилаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Дар ин самт қарори раиси шаҳри Ваҳдат, №1385 аз 13 сентябри соли 2016 қабул гардид, ки нақшаи чорабиниҳоро дар 29 банд дар бар мегирад. Дар ҳудуди шаҳр баҳри амалӣ намудани ин тадбирҳо ва ба таври сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ корҳои ободонӣ ва созандагию бунёдкорӣ бомуваффақият идома доранд. Хусусан, имрӯзҳо корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ бомаром ҷараён дорад. Дар назар аст, ки дар мавсими имсола дар саросари шаҳр беш аз 50 ҳазор бех ниҳолҳои ороишиву соядиҳанда шинонида шавад. То имрӯз дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, назди ташкилоту муассиса ва корхонаву хоҷагиҳо, ду тарафи роҳҳои мошингард беш аз 2 ҳазор бех ниҳол шинонида шудааст. Дар нақшаи чорабиниҳо бунёди иншооти истиқоматию маъмурӣ, таълимию варзишӣ ва истеҳсолӣ яке аз бандҳои асосиро ташкил медиҳад. «Мо баҳри саривақт амалӣ гардонидани ин банд тамоми чораву тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаем», - иброз дошт муовини раиси шаҳри Ваҳдат Фарзона Хоҷазода. Айни замон сохтмони бинои ҳафтошёнаи истиқоматӣ бо заҳмати ҶДММ «Аҳмадсоз» дар кӯчаи Сомониён пурра ба анҷом расонида шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар бинои сеошёнаи маъмурии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат дар кӯчаи Сомониён ба андозаи 60 фоиз иҷро гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои истиқоматии панҷошёна дар кӯчаи Рӯдакӣ (соҳибмулк Ҳ. Қучқоров) 95 фоиз, дар бинои сенздаҳошёна дар хиёбони Рӯдакӣ (соҳибмулк ҶДММ «Ёқут») 60 фоиз, дар бинои панҷошёна дар кӯчаи 20-солагии Истиқлолият (Г. Ғуломов) 40 фоиз, дар бинои панҷошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи Роҳатӣ (соҳибмулк ҶДММ «Феникс») 70 фоиз, дар бинои истиқоматӣ бо маркази савдо дар кӯчаи Туғрал (соҳибмулк М. Файзалиев) 100 фоиз, дар бинои истиқоматии 26-ошёна (соҳибмулк ҶДММ «Комил-2010» 75 фоиз ба анҷом расонида шудааст. Инчунин бунёди корхонаҳои истеҳcоли афшурдаи мева дар деҳаи Зарнисор, корхонаи коркарди сабзавот, корхонаи маҳсулоти қаннодӣ дар маҳаллаи Истиқлолияти Ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов, корхонаи истеҳсоли мебел ва пенаблок дар ҳамин маҳалла идома доранд. 28 августи соли 2014 Президенти мамлакат дар шаҳри Ваҳдат санги аввали сохтмони яке аз калонтарин варзишгоҳҳои кишварро дар масоҳати 7,5 га бо 25 ҳазор ҷойи нишаст гузошт. Варзишгоҳ макони баргузории тантанаҳои ҷашнӣ хоҳад буд. «Дар корҳои сохтмони варзишгоҳ ҷамоатҳои деҳоти А. Абдулвосиев, Б. Бурунов, К. Исмоилов, Чӯянгарон, Р. Исмоилов, Чорсӯ, Гулистон, шаҳраки Нуъмон Розиқ, Раёсати кишоварзӣ ҳамроҳ бо хоҷагиҳои ҷамоавӣ, Хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои маориф, ҳифзи иҷтимии аҳолӣ, омор, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, «Тоҷикматлубот», Маркази санитарию эпидемиологӣ, Литсейи касбӣ-техникии №45, кормандонаи соҳаи тиб, муаллимон ва корхонаи таъмири механикӣ, Кумитаи идораи замин ва аҳолӣ саҳми бениҳоят бузург доранд, - гуфт директори варзишгоҳ Фотима Табарова. - Зери роҳбарии бевоситаи раиси шаҳр ва фаъолияти пурсамари ҷамоатҳову идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо рӯзҳои шанбеву якшанбе ҳазорон нафар дар корҳои сохтмонию ободонӣ ба таври ҳашар иштирок намуда, барои боз ҳам ободу зеботар гардондани як гӯшаи диёри маҳбуб саҳми сазовор мегузоранд”. Бояд қайд намуд ки сохтмони варзишгоҳ, махсусан блокҳои А, Б, Г ва «ВИП» (ҷой барои қабули меҳмонҳои олиқадр) ба зиммаи ширкати «Авлиёхӯҷа» аст, ки роҳбариашро ҷавонмарди боирода Ҷунайдулло Расулов бар уҳда дорад. Ширкати «Алянс» бо роҳбарии марди наҷиб Ҳоҷӣ Ислом Амонов дар қисмати дигари варзишгоҳ фаъолона машғули бунёдкорӣ буда, барои дар муҳлати муқараргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо талош меварзад. То имрӯз барои бунёди варзишгоҳ зиёда аз 30 миллион сомонӣ сарф гардидааст, ки 24 миллиони он аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ буда, 6 миллион маблағҳои ҷумҳуриявӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ифтитоҳи ду иншооти бузурги ҷашнӣ – варзишгоҳ ва муассисаи таълимӣ барои 640 нафар хонанда дар маҳаллаи 20-ум бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегиранд. Бунёди ин ду иншоот ба андозаи 80 фоиз ба иҷро расонида шудааст. Дар канори варзишгоҳ бунёди боғи фароғатӣ-фарҳангӣ дар майдони 3,5 гектар ба нақша гирифта шудааст ва умед аст, ки қисмати аввали он то ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ чароғонкунӣ, ҳамвору мумфаршкунии кӯчаву растаҳои маркази шаҳр бомуваффақият идома дорад, ки намунаи онҳо хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Сомониён, 20-солагии Истиқлолият, маҳаллаи Роҳатӣ ва ғайраҳо мебошад. Дар нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳия ва насби шиору овезаҳо, нашри маводҳои тарғиботӣ, баргузории конференсияҳои илмӣадабӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ дарҷ гардидаанд. Дар китобхонаи марказии шаҳр ва осорхонаи 10-солагии Истиқлолият гӯшаҳо таҳти унвони «Ваҳдат зӯри мо тавони мост» созмон ёфтааст, ки дастовардҳои кишварро баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ (27.06.1997) бозгӯ менамояд. Маърифат САЙФУЛЛОЗОДА, донишҷӯи ДМТ, коромӯзи «ҶТ»


12

√ МАЪЛУМОТИ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №10 (9488), 09.03.2017

ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН

“ҶТ”

Муҳлати зиндонӣ шудани маҳбусони бразилиягӣ бар ивази як китоби хондаашон 4-рӯзӣ кам карда мешавад.

√ РОҲ

www.oftob.org

БА СӮИ МУВАФФАҚИЯТ

Ҷон Рокфеллер – рамзи сарвату боигарӣ “Касе, ки тамоми рӯз кор мекунад, барои пул кор кардан вақт на-

ШАҲЛО ЭШОНОВА

Ин дафъа мо доир ба асрори муваффақияти яке аз сарватмандтарин шахсиятҳои олам дар таърихи инсоният қисса хоҳем кард. То имрӯз номи ӯ дар ҷаҳон ҳамчун рамзи сарвату боигарӣ эътироф гардидааст. Ҷон Рокфеллер дар охири асри 19 ва аввали асри 20 умр ба сар бурдааст ва то имрӯз номи ӯ дар сархати номгӯи ашхоси сарватмандтарини олам қарор дорад. Моликияти Билл Гейтс, ки маҷаллаи “Форбс” ӯро ба ҳайси сарватмандтарин шахси олам ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст, аз моликияти Ҷон Рокфеллер 4 маротиба камтар аст.

√ ПУРСЕД,

меёбад” (Ҷон Рокфеллер) ДАВРОНИ КӮДАКӢ Ҷон Девисон Рокфеллер (баъдтар писари ӯ ҳамин номро гирифт) дар шаҳри Ричфорди штати Ню-Йорки ИМА ба дунё омадааст. Оилаи онҳо аз 6 нафар иборат ва Ҷон фарзанди дуюми оила буд. Падар, ягона рӯзирасони оила, ба тиҷорати хурд машғул буду зуд-зуд ба сафарҳои тӯлонӣ мерафт ва дар ин муддат модар ҳамроҳи фарзандон азобу машаққати зиёде дошт. Ин буд, ки модар аз хурдӣ ба фарзандон меҳнат кардан, тарзи муомила бо пул ва сарфаю сариштакориро меомӯхт. Ҷон ҳанӯз аз хурдӣ қанд ва ҳар гуна шириниҳо харида, сипас онҳоро ба навъҳо ҷудо мекард ва ба хоҳаронаш бо нархи гаронтар мефурӯхт. Дар ҳафтсолагӣ дар ғундоштани ҳосили сабзавоти ҳамсояҳо ёрӣ мерасонд ва музд мегирифт. Баъдтар ба парвариш ва фурӯши мурғҳои марҷон шуруъ намуд. Аз хурдӣ одате дошт, ки ҳама даромад ва хароҷоти худро дар дафтарчае сабт ва маблағи бар илова кор кардаашро дар ҷои муайяне пасандоз мекард. Ҷон Рокфеллер дар 13-солагӣ 50 доллар пасандоз кард ва онро ба як тоҷири шиносаш бо 7,5 фоиз солона қарз дод. ПУЛРО ҒУЛОМИ ХУД БИСОЗ Аз хотираҳои Ҷон Рокфеллер: “Вақте 12-сола будам, ману бародаронам дар замини картошкаи ҳамсояамон, ки заминдори калоне буд, кор мекардем. Кори мо хеле вазнин буд ва ману бародаронам, ки нимбараҳнаву гурусна будем, хеле хаставу бемадор мешудем. Ҳамсоя ба мо музди хеле ночиз медод ва ман ҳама маблағе, ки дар охири рӯз ба даст меовардам, дар даруни қуттие андохтаву пасандоз мекардам. Ҳар бегоҳ ба ин боигарии нокифо-

яи худ нигариста, ба андеша мерафтам, ки одам бо чӣ азобу машаққате онҳоро пайдо мекунад. Ба назарам чунин менамуд, ки ман тадриҷан ғулому пойбанди ин тангаҳои кӯчак гашта истодаам. Баъди чанде ман доир ба ҳисобҳои бонкӣ ва фоизҳои он маълумот пайдо кардам ва ба хулосае омадам, ки агар ҳамин 50 доллари ҷамъовардаамро ба бонк гузорам, пас метавонам баъди чанд муддат ду баробари худи ҳамин пулро пас бигираму ҳамзамон коре накунам. Аз он рӯз эътиборан ман қарор додам, ки набояд ғуломи пул шавам, балки бояд пулро ғуломи худ кунам”. БОЛОРАВИИ МАНСАБӢ ВА СОҲИБКОРӢ Ҷон мактабро бомуваффақият хатм намуда, ба коллеҷ дохил шуд, ки он ҷо дарси асосҳои пешбурди муҳосибот ва тиҷоратро аз худ намуд. Баъди чанде эҳсос кард, ки ин ҷо вақти худро беҳуда сарф хоҳад кард. Таҳсилро тарк карду ба ҷойи он курси семоҳаи муҳосибиро хонд. Пайи дарёфти ҷойи кор шуд. Вақте Ҷон Рокфеллер баъди 6 ҳафтаи ҷустуҷӯ дар як ширкати тиҷоратӣ ба ҳайси ёрдамчии муҳосиб ба кор даромад, ҳамагӣ 16 сол дошт. Музди моҳонааш 17 долларро ташкил медод. Баъди чанд муддат ӯ то мансаби муҳосибӣ боло рафт, ки музди моҳонааш 25 доллар буд. Ҷон бо шавқу завқи зиёд ва фидокорона кор мекард ва баъди ба истеъфо рафтани роҳбари ширкат ӯро ба ин вазифа бо музди моҳонаи 600 доллар пешбарӣ намуданд. Аммо баъди чанде фаҳмид, ки музди роҳбари пешина 2000 доллар будаву барои ӯ ҳамагӣ 600 доллар музди маош таъин намудаанд, он корро тарк кард. Ин ягона ҷои кори музднок дар тамоми ҳаёти Ҷон Рокфеллер буд. Боре Ҷон фаҳмид, ки соҳибкоре аз Англия бо номи Морис Кларк шарики тиҷоратӣ бо сармояи 2000 доллар меҷӯяд. Он замон ӯ танҳо 800 доллар дошт ва чун шавқи ҳамкорӣ бо ин соҳибкор дар қалбаш ҷӯш мезад, аз падараш бо 10%-и солона қарз гирифта, муассиси хурди ширкати муштараки “Кларк ва Рочестер” гашт, ки ба фурӯши ғалла, гӯшт ва дигар молҳо машғул буд. Вақте барои ширкат бо мақсади гардиши молу ашё зарурати гирифтани қарз ба миён меомад, гуфтушунидҳоро Ҷон Рокфеллер анҷом медод. Ӯ бо шарофати садоқату ростқавлӣ ва истеъдоди хоса

шарикони тиҷоратиро розӣ мекунонд, ки барои ширкати ҷадиди онҳо маблағи зарурии қарзӣ ҷудо намоянд. ТИҶОРАТИ НАФТ Дар ИМА талабот ба нафт афзоиш ёфт. Ин замон Ҷон Рокфеллер бо мутахассиси соҳаи кимиё Самуэл Эндрюс, ки ба коркарди нафт сару кор дошт, шинос шуда, бо ширкати ӯ равобити ҳамкорӣ барқарор намуд. Онҳо ширкати муштараки истеҳсол ва коркарди нафтро бо номи “Эндрюс ва Кларк” таъсис доданд. Баъдан Ҷон Рокфеллер ширкати хусусии худро оид ба истеҳсоли нафт бо номи “Standard Oil” таъсис дод. Минбаъд ӯ аз ин ширкат даромади калоне ба даст овард. Ҷон Рокфеллер низоми ғайриодиеро ҷорӣ намуда буд: ӯ ба ҷои маоши моҳона ба кормандонаш саҳмияҳои ширкатро медод, ки мунтазам арзиши онҳо баланд мешуду даромади хубе меоварданд. Ин буд, ки кормандон содиқона меҳнат мекарданду вазифаҳои базимадоштаро бо сифати баланд иҷро менамуданд. Ширкати “Standard Oil” дар як муддати кутоҳ шуҳратманд гардид ва роҳбари он Ҷон Рокфеллер аллакай маблағгузориро ба дигар ширкатҳои нафтӣ шуруъ намуд. Ӯ бо ширкатҳои роҳи оҳан забон ёфтаву роҳу усули ҳамлу нақли молу ашёро бо нархҳои арзон пайдо намуд. Ин дар ҳоле буд, ки рақибони ӯ чунин имконро надоштанд. Оқибат Рокфеллер рақибони худро водор месохт, ки аз ду якеро интихоб кунанд: ё бо ӯ муттаҳид мешаванд, ё муфлис. Ҳамин тариқ аксари онҳо муттасил ба ҳайати ширкати “Standard Oil” шомил гардиданд. Дар муддати 10 сол ширкати Ҷон Рокфеллер қариб ки монополисти асили ИМА гардид. 95 %-и истихроҷи нафти кишвар ба он тааллуқ дошт. Сипас Рокфеллер нархи маҳсулоти худро боло бардошт ва “Standard Oil” чун яке аз ширкатҳои калонтарини истеҳсоли нафт дар ҷаҳон эътироф гардид. Ширкати “Standard Oil” ҳамасола ба Рокфеллер 3 миллион доллар фоида меовард. Ширкат дар ихтиёри худ зиёда аз 400 муассиса, зиёда аз 90 мил роҳи оҳан, 60 танкер (киштиҳои нафткашонӣ), зиёда аз 10 ҳазор систернаҳои роҳи оҳан ва 150 пароход дошт. Саҳми ширкат дар гардиши нафти ҷаҳонӣ зиёда аз 70%-ро ташкил медод.

ҶАВОБ МЕДИҲЕМ

Улуғбек Раҷабов, сокини шаҳри Истаравшан: - Бешубҳа, дар айни замон бо истифода аз технологияҳои нав кору фаъолияти тамоми корхонаҳо ба таври даҳчанд пеш рафта истодааст. Табиист, ки тайи чанд даҳсолаи охир он ба васоити ахбори омма (ВАО), хусусан матбуот низ бетаъсир намонд. Яъне, аксарияти онҳоро маҷбур кард, ки аз шакли чопӣ ба электронӣ гузаранд. Имрӯзҳо чунин ба назар мерасад, ки ВАО-и электронӣ як навъ ҷои ВАО-и чопиро маҳдуд карда истодааст. Агар ҳамин раванд идома ёбад, оё ВАО-и электронӣ ҷои ВАО-и чопиро мегирад?

ВАО-и электронӣ ҷои ВАО-и чопиро мегирад?

Бахтиёр Қутбиддинов, устоди факултети журналистикаи ДМТ: - Оғози асри XXI ва охири асри XX як навъ оғоз гардидани раванди ҷаҳонишавӣ ҳисоб меёбад. Агар ба ҳама паҳлуҳо ва акнофи он нигарем, ба чунин хулосае меоем, ки ин пеш аз ҳама журналистика аст. Дар ҳақиқат, ҷаҳонишавӣ ба воситаи журналистика муаррифию амалӣ шуда, шохаҳо ва самтҳои навро соҳиб мегардад. Аз ин ҷиҳат гумон мекунам, ки нуқтаи меҳварии ҷаҳонишавӣ ахбор, иттилоот, маълумот ва таблиғу ташвиқ аст. Дуруст ишора мекунанд, ки ВАО-и электронӣ ҷои ВАО-и классикӣ ё чопиро мегирад. Алаккай падидаҳои бавуҷудомада ба мо хулосаҳоеро дода истодаанд, ки агар дар ҷомеаи пешрафтаи ғарбӣ ба монанди Олмон, Британияи Кабир, ИМА, Ҷопон, Чин то як муддати муайян газета ва рӯзномаву маҷаллаҳо дар мавқеи баланди нашр қарор дошта бошанд, имрӯз як навъ коҳиш ёфтани тиражи онҳо ба назар мерасад. Ин омилро ба чанд ҷиҳат вобаста медонанд. Якум он ки, тавре маълум аст, соли 2008 аввалин мавҷҳои буҳрони молиявии

ҷаҳон боис гашт, ки махсусан дар ИМА теъдоди нашри рӯзномаҳо кам гарданд. Ҳамчунин ба тариқи онлайн ё нашри электронии худро ба роҳ монданд. Ин як навъ шуру валвалаеро низ ба бор овард. Ин гуна буҳрон солҳои 60-70-и асри гузашта дар Аврупо айнан вуҷуд дошт. Вақте ки телевизону радио мавҷи доманадори худро барои тамоми ҷомеа паҳн намуд, номгӯ ва теъдоди нашрияҳо хеле поён рафт. Албатта, дар он давра чораандешӣ карда шуду кӯмакпулиҳои зиёд ба матбуот (махсусан дар Британияи Кабиру Фаронаса) ҷудо шуд, ки бештари нашрияҳо тавонистанд дар майдони рақобат фаъол бошанд. Фикр мекунам имрӯз айнан ҳамон ҳолат аст. Интернет пайдо шуд. Агар амиқан ба ин масъала назар афканем, дар Тоҷикистон баъд аз соли 2005 як навъ шиддат ёфтани истифодаи он дар байни тамоми қишри ҷомеа ба назар мерасад. Ин оҳиста-оҳиста ба он оварда расонид, ки интернет ба як манбаи муътамади ахбор барои аҳолии мо низ табдил ёбад. Пӯшида нест, ки имрӯз аз боду ҳаво сар карда, то хабарҳои муҳимтарин паҳн мешаванд, ки ангезаҳои

мусбату манфӣ доранд. Аммо як андешаи боэътимод нисбат ба мавҷудият ва бақои рӯзномаҳои чопӣ он аст, ки он ҳамчун як анъана ва василаи классикии сухани мардум боқӣ мемонаду устувор хоҳад буд. Зеро он кайфияту бардоште, ки аз коғаз ё рӯзнома барои худ ҳосил мекунем, тариқи ВЭА пайдо намесозем. ВАО-и чопӣ дар хотираи инсон бештар нақш мебандад. Дар ВАО-и чопӣ мо ба манбаи энергия, ба мавҷ эҳтиёҷ надорем. Дар як лаҳза ё чанд сония қатъ шудани барқ ба он оварда мерасонад, ки тамоми ВЭА аз кор монад. Аммо ин мушкил барои матбуот бегона мебошад. Ҷаҳонишавӣ фарҳангҳоро нест карда метавонад. Агар дар ин сабқат ба ВЭА тавваҷҷуҳ зиёду мавқеи матбуот ноустувор бошад, фикр мекунам, барои миллату халқиятҳои алоҳида фоҷиа ба миён меояд. Аз гузаштаҳо маълум аст, ки дар худшиносии мардум, баланд бардоштани риштаи маънавиёти ом, бештар аз матбуот чизе нақш надошт. Китоб, матбуот ва варақаҳои табъу нашр дар Аврупо ё ин ки дар кишварҳои мутамаддин ба чоп мерасиданд. Баъдтар ба Осиёи Марказӣ,

МОЛИКИЯТ Молу сарвати Ҷон Рокфеллер 1,4 миллиард долларро ташкил медод, ки бо арзиши имрӯзаи асъори ИМА 318 миллиард доллар мебошад. Ҷон Рокфеллер ғайр аз ширкати “Standard Oil” боз 16 ширкати роҳи оҳан, 6 ширкати истеҳсоли пӯлод, 9 ширкати фурӯши амволи ғайриманқул, 6 ширкати истеҳсоли пароходҳо, 3 чакалаки афлесунҳоро дар ихтиёр дошт. Соҳиби якчанд хонаи боҳашамат дар штатҳои гуногун, зиёда аз 273 га қитъаҳои замин, майдони хусусӣ барои голф буд. Рокфеллер бо вуҷуди он ки хеле сарватманд буд, ҳаргиз худнамоӣ намекард. ХАЙРУ ЭҲСОН Ҷон Рокфеллер ҳанӯз аз хурдсолӣ 10%-и даромади худро барои корҳои хайр масраф мекард. Ӯ дар тули ҳаёти худ танҳо ба масҷиди Баптинский зиёда аз 100 миллион доллар кӯмак расондааст. Ӯ ғайр аз ин, ба донишгоҳи Чикаго тақрибан 80 миллион доллар интиқол дода, сарпарастии Донишкадаи тадқиқоти тиббии Ню-Йоркро бар дӯш дошт ва баъди чанде фонди хайрияи Рокфеллерро таъсис дод. РОКФЕЛЛЕРИ ХУРДӢ Ҷон Девисон Рокфеллер писари ягонаи Ҷон Рокфеллер буд. Падар ба ӯ 460 миллион доллар ба мерос гузошт ва ӯ низ дар тӯли ҳаёти худ қариб ҳамин миқдор маблағро ба корҳои хайр сарф намудааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси ӯ дар шаҳри Ню-Йорк штаб-квартираи СММ ва бинои машҳури Эмпайр-билдинг сохта шудааст. Ҷон Рокфеллери хурдӣ ҳамеша орзуи онро мекард, ки 100 сол умр дида, 100 ҳазор доллар пул кор кунад, аммо ӯ танҳо 97 сол умр дид ва 1,4 миллиард доллар пул кор кард. Ҷон Рокфеллер дар 96-солагӣ ҳамчун шахси дарозумр соҳиби 5 миллион доллари суғуртавӣ гардид.

“ЁДДОШТҲО”

Ҷон Рокфеллер муаллифи китоби “Ёддоштҳо” мебошад, ки дар он ҳаёту фаъолият ва таърихи муваффақ гаштани худро ба қалам додааст. Ин китоб, ки то имрӯз маълуму машҳур буда, борҳо бо миқдори зиёд нашр шудааст, сазовори баҳои баланди хонандагону мунаққидон гардидааст. “Муваффақияти шумо аз қарор ва хулосаи худи шумо вобаста аст, – мегӯяд Ҷон Рокфеллер. – Агар мақсади ягонаи шумо сарватманд шудан аст, пас шумо ҳаргиз ба он ноил нахоҳед шуд”.

(собиқ аморати Бухоро) меомад, ҷавонон ба воситаи он соҳибақидагию худшиносиро меомӯхтанд. Ин рисолат имрӯз ҳам пойбарҷост. Матбуоти мо дар тавозуни фарҳангӣ сангар сохтан мехоҳад. Худшиносии миллии ҷавононро баланд намудан мехоҳад. Мо ба он андеша бояд муътақид набошем, ки имрӯз хонандаи мо ҳама ба ВЭА такя менамоянд. Балки ин як рақобате аст, ки матбуот агар тавонад, бо фаврият, мазмуну муҳтаво, маъниҳои матолиби худ метавонад, ки аудиторияро соҳибӣ кунад. Дар асл вақте ки матбуот қолабӣ шаваду он дар як шакли шахшуда боқӣ мемонад, такрори мавзӯӣ ба назар расад, як навъ обшустагии масоили гуногун ба чашм хуранд, ин боис мешавад, ки ВЭА дар сабқат ғолиб ояд. Агар Шумо ҳам вобаста ба масъалаҳои гуногун саволе доред, ба мо муроҷиат кунед. Мо бо ҷалби мутахассисон кӯшиш мекунем ба пурсиши Шумо посух диҳем. ТАМОС: 2385109, 988687608, e-mail: javonontj@mail.ru Масъули бахш Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”


Навқаламони ҷавон дастгирӣ меёбанд Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли ҷавонон” озмуни “Навқаламон”-ро байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор намуд. Маҳинбону Шарипова, як масъули ин бахш гуфт, ки “Мақсад аз гузаронидани чунин озмун ҳавасмандгардонӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав байни навқаламони ҷавон мебошад ва дар оянда нақша дорем, ки барои ҳамкорӣ ва дастгирии онҳо барномаҳои махсусеро амалӣ созем”. Гуфта шуд, ки озмун аз рӯи чор шарт - пешниҳоди порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти худ, мазмуни шеър, истифодаи санъатҳои шеърӣ, донистани порчаҳои шеърӣ аз шоирони классику муосир доир гашт. Азои ҳакамон ҷойи якумро ба хонандаи МТМУ №2 Омина Рустамова созовор донистанд. Ҷойи дуюм ба хонандаи МТМУ №22 Бунёди Алишер ва ҷойи сеюм ба хонандаи МТМУ №20 Шералӣ Шарифов насиб гашт. Ғолибон бо туҳфаҳои таъсиснамудаи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардида, инчунин 6 нафар иштирокчии фаъол, ки дар вақти озмун ҳунари эҷодкорӣ ва шеърхониашонро ба ҳакамон нишон доданд, қадрдонӣ шуданд.

КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД .

ДАСТГОҲИ МАРКАЗӢ 1. Сармутахассиси Раёсати рушди туризм - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 988 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Шуъбаи умумӣ ва назорат - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 988 сомонӣ. 3. Мутахассиси пешбари Шуъбаи молия ва ҳисобдорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 806 сомонӣ. 4. Мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилоот – 1 ҷой, маоши мансабӣ 806 сомонӣ. 5. Мутахассиси Шуъбаи умумӣ ва назорат - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 665.60 сомонӣ.

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

1. Мудири бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 991.70 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811.20 сомонӣ. 3. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811.20 сомонӣ. 4. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811.2 сомонӣ. 5. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ёвон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811.20 сомонӣ. 6. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Восеъ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811.20 сомонӣ. 7. Мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 733.20 сомонӣ. 8. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 665.60 сомонӣ. 9. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 665.60 сомонӣ. 10. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 665.60 сомонӣ. 11. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 696.80 сомонӣ. 12. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 665.60 сомонӣ. 13. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 572 сомонӣ. 14. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 572 сомонӣ.

ВИЛОЯТИ СУҒД

1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 852.80 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Деваштич – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811.20 сомонӣ. 3. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истиқлол – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 696.80 сомонӣ. 4. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 1 ҷой, маоши мансабӣ 665.60 сомонӣ. 5. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Зафаробод – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 572 сомонӣ. 6. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 572 сомонӣ.

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

1. Мутахассиси пешбари бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, вар-

зиш ва сайёҳӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 733.20 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811.20 сомонӣ.

ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ

1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Лахш - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811.20 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сангвор - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811.20 сомонӣ. 3. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Нуробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811.20 сомонӣ. 4. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ҳисор - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 696.80 сомонӣ. 5. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Нуробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 665.60 сомонӣ. Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: - ариза ба унвони роҳбари мақомот; - варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо; - шарҳи ҳол; - нусхаи диплом; - 2 дона расми 3х4; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - нусхаи шиноснома; - маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ; - нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда); - маълумотнома аз ҷои истиқомат; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ); - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН); - маълумотнома (справка-объективка). Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ Барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар: - таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис: - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бахши кор бо кадрҳо). Тамос: 236-41-87, 235-10-23 Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

13

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №10 (9488), 09.03.2017

ПОЧТАИ “ҶТ”

Ислом дини ваҳдату созандагист Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди тундгароӣ, ифротгарроию даҳшатафканӣ ба ҳисоб меравад ва амалан ба назар мерасад, ки дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аммо мутаассифона аксари ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд. Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Сабабу омилҳои гаравиши шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифроти зиёданд, аммо беш аз ҳама ноогоҳӣ аз авзои сиёсии ҷаҳон, дарк накардани хатари ифротгароӣ, зудбоварӣ, ба доми фиреб ва таъсири одамони тасодуфӣ афтидан, соҳиби пули муфт гаштан ва аз ҳама асосӣ надоштани донишҳои кофии диниву дунявӣ мебошад. Яке аз проблемаҳои доғи рӯз гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо бештар ҷавононе, ки дониши кофии динӣ надоранд, шомил мегарданд. Як сабаби пайвастани ҷавонон ба равияҳои ҷанбаҳои динӣ- экстремистӣ дошта аз назорати волидайн дур мондани фарзандон мебошад. Бояд ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз ин хулоса барорад. Ваҳдат шиори халқи тоҷик бояд бошад. Падару модарон, ҷомеа ва мактаб, ки се ниҳоди бузург мебошанд, ба тарбияи насли наврас уҳдадор бошанд, то ҷавонон, ба ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ

шомил нашаванд. Ҷавонон бояд ба ҳар гуна ақидаҳои хурофотпарастӣ дода нашаванд ва шукрона аз ватани ободу тинҷу осоишта намоянд. Тероризм ва ифротгароӣ, воқеан имрӯз ба хатари бузург барои инсоният ва тамоми кишварҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Ҳамин аст, ки ҷиҳати гирифтани пеши роҳи ин раванди номатлубу хатарзо пайваста талошҳо сурат мегираду барои ҳарчи зудтар решакан намудани он тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегардад, зеро табиист, ки амали ифротгароён оқибати фоҷиаборе дар пай хоҳад дошт. Масъалаи ифротгароию тундгароӣ ва хатарҳои он ба ҳувияти миллӣ пайваста мавриди тавваҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат ин масъаларо чандин маротиба зимни маърӯзаҳо дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ ба риштаи таҳлил кашидаанд. Талошҳои доимии Сарвари давлат ҷиҳати аз байн бурдани амалҳои ба амнияти ҷаҳон таъсиргузор ва амалҳои хатарноки гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем. Бархе абарқудратҳо ва давлатҳои хос мехоҳанд, терроризмро барои пи-

ёда сохтани ниятҳои зишти худ ва аз байн бурдани ҳувияти миллӣ ва дини ислом истифода баранд. Аммо табиист, ки зуд онҳо дар ин роҳ шикаст мехӯранд, зеро дини мубини ислом дини ваҳдату созандагӣ, дини сулҳу инсонпарвар аст. Масъалаи ҷалби бархе аз ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои терористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ яке аз он масъалаҳои доғи ҷомеа аст, ки наметавонад ҳеҷ фарди солимфикрро бетараф гузорад. Ҳамин аст, ки мақомти дахлдори кишвар барои аз байн бурдани чунин ҳолати ногувор бо андешидани тадбирҳои судманд фаъолияти худро ба роҳ монда, корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро боз ҳам бештар кардаанд. Ҳар яки моро зарур аст, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ботил, бахусус ба даъватҳои пардапӯшонаи тафриқаангез фирефта нагардем ва ватани худро тинҷу осоишта нигоҳ дорем. Нагузорем, ки фазои сулҳу субот ва ваҳдатофари мо, ки аз нури хуршеди истиқлол мунаввар гаштааст, тира гардад. Некрӯз КЕНҶАЕВ, сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент

Исломие, ки аз мусулмонӣ дур аст Вазъияти кунунии ҷаҳони муосир аз он дарак медиҳад, ки гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ исломро ҳамчун фишанг дар тамоми гӯшаҳои дунё барои амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсии худ пайваста истифода бурда истодаанд. Агар террористу экстремистҳо дину мазҳаб медоштанд, ин қадар амалҳои даҳшатнокро, ки инсони боақлу боидрок ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолат ҳатто ба душмани ашадии худ раво намедид, онро аз номи ислом ба муқобли мусулмонон роҳандозӣ намекарданд. Аъмоли тундгароёни исломӣ дар мамолики исломӣ бо ин ҳама даҳшатафканиҳо ба ақли инсон рост намеояд, вале онҳо пайваста чунин рафторро анҷом медиҳанд. Одамонро сар бурида, рӯи рост оташ мезананд, зинда ба зинда мегӯронанд. Ин амалҳо ба дину мазҳаб рост намеояд, аммо онҳо худро исломӣ меҳисобанд. Чӣ хеле ба мушоҳида мерасад, қувваҳои бунёдгарои исломӣ на кӯдак мегӯянду на муйсафед, на ҷавон мегӯянду на наврас, ҳамаро як ба як сар мебуранд. Аслан, терроризм ва экстремизми динӣ яке аз ҷиноятҳои махсусан вазнини замони муосир буда, дар бисёр маврид аз меҳвари як минтақа баромада, хусусияти байналмилалиро касб намудааст. Амалиётҳои террористӣ барои ноустовор сохтани ҳокимияти давлатӣ ва ба вуҷуд овардани ҳисси тарс, оҷизӣ, ки таҳти таъсири зӯроварии муташаккилонаю бераҳмонаи террористон ба амал меоянд, бо истифода аз номи ислом дар кишварҳои низоми исломӣ ба роҳ монда мешавад. Тундгароии динӣ ҷинояте мебошад, ки ба чанд самт равона карда шудааст. Терроризм аз рӯи хусусияташ гуногунҷабҳа буда, дар содир намудани чунин кирдорҳо ифода меёбад: таркиш, оташ задан, тирпаронӣ аз яроқи оташфишон, вайрону валангор кардани объектҳои ҳаётан муҳим, несту нобуд кардани амвол, содир кардани куштор ва қасдан расонидани зарар ба саломатии шахсони алоҳида, рабудани одамон, ба гаравгон гирифтан, таҳдиди куштан ва нобуд кардан, ҳамчунин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ташвиқоти терроризм, созмон додани ташкилотҳои террористӣ, кӯмак кардан ба ташкилотҳои террористӣ ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнокро дар бар мегирад. Ин аст, ки санаи 1-уми марти соли ҷорӣ ба думболи таркиши пурсарусадо дар қисмати ғарбии пой-

тахти Афғонистон, шаҳри Кобул аз ҷониби созмони ба ном исломии «Толибон» наздик ба 15 нафар кушта шуда, зиёда за 30 нафари дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд. Бар замми ин, гурӯҳи исломии тундгарои «Толибон» масъулияти хушунатҳои ҷориро бар дӯш гирифта, даъво мекуад, ки ҷангиёни ин гурӯҳ ба се ҳадаф дар Кобул ҳамла карданд ва талафоти зиёд ба бор оварданд. Баъзе афрод ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил шуда, бо тавсияи гурӯҳҳои ифротии исломӣ ба оғӯши ҳизбу ҳаракатҳои номатбули ҷомеа мепайванданд. Мақсади асосии террористони исломӣ ва ҳар гуна ҳизбу ҳаркатҳои наздик ба он халалдор сохтани ороми ҷомеа, низоъ андохтан дар байни табақаҳои мухталиф, қатлу ғорати бегуноҳон аст. Мутаассифона, кирдорҳои ваҳшиёнаву разилонаи онҳо дар зери ниқоби дини мубини ислом сурат мегирад. Ҳар амали бадашонро ҷиҳод муаррифӣ мекунанд. Гӯё мақсаду маромашон на ҷангу хунрезӣ, балки овардани саодат ба мардум бошад. Аммо, дар асл, ин тавр нест. Аз ҷумлаи равшани он аъмоли Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, ки баъзе афроди гумроҳро бероҳа карда, онҳоро, гӯё дар рӯҳияи содиқ будан ба идеологияи худ тарбия менамоянд. Лекин чунон тарбия менамоянд, ки танҳо ба хотири пулу чизи бисёри ваъдагӣ аз баҳри ҳастии худ мегузаранд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани ҷумҳурӣ то ҳол ашхоси сустиродае таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва доираву нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ карор гирифтаанд. Маълум мегардад, ки аксари роҳбарони исломгароёни ифротӣ мардумро бо таҳдиди туфангу шамшер зери ҳукумати худ қарор медиҳанд. Рустам РАҲИМОВ


14

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №10 (9488), 09.03.2017

КИТОБХОНАИ “ҶТ”

√ КИТОБИ НАВ “Эҷод чист? Эҷодгар кист?” Эҷод низ илм бошад ва эҷодгарӣ низ, аммо ин илмро на ҳама бидонад. Китоби «Эҷод чист? Эҷодгар кист?» доири асрори эҷод, саргузашти эҷодкорон, ҷаҳони ботинии онҳо, маҳсули офаридаи онҳо буда, барои чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон китоби таълимӣ ва дарсӣ ё дастури омӯзишӣ қарор гирифтааст. Китоб ҳолномаи ғайриодии эҷодгарон ва умуман доири бисёр тарафҳои то ҳанӯз номуайяни эҷоду эҷодгарӣ мебошад. Китобест барои журналистону адибон, навогару мусаввирон, олимону синамогарон, лоиҳакашу меъморон ва ҳама гуна пешаҳои дигари ҳунармандӣ ва эҷодӣ ва ҳаводорони ин пешаҳо. Муаллифи он Шераки Ориён китоби «Эҷод чист? Эҷодгар кист?»-ро аз нав ба чоп расонид, яъне бо таҳлилу такмили хеле зиёд ва ҳаҷми он нисбат ба китоби аввала қариб ду баробар афзун гардид. Чопи китоби «Эҷод чист? Эҷодгар кист?» барои муҳити фарҳангиву омӯзишии Тоҷикистон ва хоса барои ба такон овардани ҷавонон дар “Соли ҷавонон” ба самти эҷодгарӣ ва талошу пешравӣ ва худёбиву худсозӣ басо зарур мебошад.

√ КӢ

√ НАЗМ

ЧӢ МЕХОНАД?

Музаффар Муҳаммадӣ,

Собир СУЛТОН

СУРУДИ ҶАВОНӢ Бо садои фораму савти маҳин, Бо навои рӯҳбахшу дилнишин. Бо садои ҷонфизои чангу танбӯру дутор, Мешавад ҳар сӯ танинандоз чун савти ҳазор Созу овози ҷавонони замон.

сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия

Мекунад парвоз оҳанги суруд, Карда ғулғул савти садранги суруд. Меравад дар қолаби мазмуни рангин рехта, Мешавад бо мавҷи дарёи сафо омехта. Бо суруду гимни байналмилалӣ. Як ҷаҳон шавқу сурур ангехта, Ин суруди навҷавонӣ, Дӯсти ҷовидонӣ, Васфи кишвар, Васфи дилбар, Васфи сулҳу комронӣ.

«Шоҳи наботӣ» Муалиф: доктор Муҳаммадризо Барзгарӣ

Месарояд офтоби зиндагиро, Нағмаи чангу рубоби зиндагиро, Мерасад овозааш бар гӯши ҳар пиру ҷавон, Мешавад ҳамрози аҳли сулҳҷӯёни ҷаҳон Мениҳад ҳам ошёни ҷовидон, Дар замири дӯстдорони замину осмон. Ин суруди навҷавонӣ, Дӯстии ҷовидонӣ, Васфи кишвар, Васфи дилбар, Васфи сулҳу комронӣ.

АВСОФИ ҶАВОНӢ Дар паси ин гунбади чархи кабуд, Қадри инсонро ҳамебояд фузуд. Ҳар ҷавонмарди баномӯси Ватан Шерафкан гар шавад, аз мо дуруд! Зиндагониро тараннум мекунем, Ба садои шеъру оҳангу суруд. Нағма аз сози фараҳмандӣ занем, Бо навои дафу чангу ӯду рӯд. Навҷавонӣ ҷӯши дарёи сафост, Шаъни онро васф мебояд намуд. Менамоям бар назар симои он, Мисли фасли навбаҳори хушнамуд. Нахли умраш сабз бошад арчасон, То ки бахшад бар Ватан ҳамвора суд. Рушди фарҳанг аз ҷавонӣ сар бикун, Хуш бувад гар шуҳрати онро фузуд. Соҳиби оянадаи ин марзу бумВорисони ганҷҳои беҳудуд. Қисмати Модар-Ватан дар дасти тустПешвои миллат ин сон гуфта буд. Дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ Пешоҳанге бишав бо зӯри худ. Бештар омӯз асрори ҷаҳон, Илму фанро ҷо бидеҳ андар вуҷуд. Метавонӣ кӯҳро талқон кунӣ, Зӯри бозуят бувад гар беҳудуд. Хидмати модар, падар орӣ баҷо, Мешавӣ хушбахти дунёи вуҷуд. Гар бидонӣ қадри устодони хеш Меҳрашонро дар дилат бояд фузуд. Баҳри ҳифзи Тоҷикистони азиз, Боядо омода бошӣ зуд, зуд!

Китоби тафсири ашъори Ҳофиз бо номи “Шоҳи наботӣ” дар Эрон борҳо чоп шудааст. Шарҳи ғазалҳо ҳамроҳ бо муқаддима, талаффузи вожагони душвор, дурустхонии абёт ва фарҳанги истилоҳоти ирфонӣ 1145 саҳифаро дар бар мегирад.

√ СЕРФУРӮШТАРИН

Дар мағозаи «Олами китоб», воқеъ дар хиёбони Садриддин Айнии шаҳри Душанбе китоби «Девони ғарбӣшарқӣ»-и Йоҳанн Волфганг Гёте серхаридор аст.

Солеҳ БОБИЗОДА

БА ДИЛШОД НАЗАРОВ Яке разму яке ҷазми ту дидам, Зи шодӣ домани ҳайрат даридам. Ба каф Парчам, аё Дилшод, ман ҳам Қаторат хестам аз ҷо, давидам. Шудӣ ғолиб, бо як лаҳни зебо Садо кардӣ, садоят бас дилоро. Зи дида пок кардам ашки шодӣ, Бигуфтам: - Офарин! Дилшоди бобо! Фаридунитанӣ, гурзат гарон аст, Чунин як гурз аз Рустам нишон аст. Ба кишвар ҳадя ин бурди калонат, Ба пиндорам, ки аз ҷадди Каён аст. Ту, эй тоҷикписар, Дилшоди доно, Парафшон кардӣ Парчамро ба дунё. Ба мисли шамсу моҳу ҷамъи ахтар, Ба даври гарданат рахшид тилло.

ШОҲИ ДАВРОН (Мувашшаҳ) Эй Пешвои миллат, ҳам раҳнамои миллат, Марде, ки мекашӣ ранҷ умре барои миллат. Осудаем бо ту, эй шоҳи Тоҷикистон, Меҳри ту дар дили мост, ақли расои миллат. Арбоби давлат астӣ, дар арсаи ҷаҳонӣ, Лаб бар сухан кушоӣ, дар лаб навои миллат. Исми ту меҳрбор аст, рӯи ту нурбор аст, Раҳмон мададрасонат, ҳаст ошнои миллат. Аз халқи худ ризоӣ, дилсӯзу раҳнамоӣ, Ҳар ҷо, ки пой мондӣ, кардӣ дифои миллат. Меҳри Ватан ба қалбат умре макон гирифта, Обод созӣ кишвар, эй ҳамнавои миллат. Номат азизи дилҳо, ҷо дар китоби шуҳрат, Номе, ки зарҳалин аст, эй ҷонфидои миллат. Баҳрулло САЛИМЗОДА, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душнбе

КИТОБИ ТОҶИКИСТОН

Китоб тариқи нашриёти «Адиб» соли 2011 дар ҳаҷми 384 саҳифа бо теъдоди 1000 нусха ба чоп расидааст. Онро Маҳмуд Ҳаддодӣ соли 2011 аз забони англисӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

√ ОНҲО

ХОМӮШИРО АВЛО ДОНИСТАНД

Бартлбиҳои адабиёти ҷаҳон Феррер Лерин (таваллудаш 1942) КОРШИНОСИ ПАРАНДАҲО ШУД Феррер Лерин, ки ҷавониаш дар шаҳри Барселона сипарӣ шудааст, бо ашъори инқилобиаш таваҷҷуҳи оммаро ҷалб карда буд. Ӯ дар охири солҳои шастум ҳама корро канор гузошта, дар Яка ном деҳае ҷой гирифт ва дар шароити бисёр сангини деҳа ҳамроҳи дигар мӯйсафедон бо парандаҳо ҳамдард гашт. Касбашро аз шоирӣ ба мутахассиси парандаҳо иваз намуд. Жозеф Жубер (1754-1824) НАШЪАИ САНЪАТИ ГУМШУДА Жубер тамоми умр худро барои навиштани ягона китоб омода кард, сипас ин ҳадафашро ҳам фаромӯш сохт. Ҳатто то охири умраш як китоб ҳам нанавишт. Ҳол он ки диққати ӯро танҳо нависандагӣ ба худ ҷалб мекард. Дӯстонаш нависандагони машҳур буданд. Дар ёддоштҳои ӯ чунин қайде дарҷ шудааст: “Навиштан маънои онро дорад, ки туро хонанд. Ҳама инро мехоҳад! Вале он чи ки ман мехоҳам оё ҳамин аст?” Жозеф Жубер ҳарчанд наменавишт, вале худро ҳамеша дар як қитъаи поку ноолудаи санъати нигорандагӣ медид ва ӯ бо ин нашъа аз дунё даргузашт. Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”


Озмун: “Душанбе - оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик”

Ба ифтихори «Соли ҷавонон», 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангӣ, дӯстиву якдилӣ, муҳаббату ҳамбастагӣ, маданияти шаҳрнишиниву ифтихор аз сокини пойтахт доштан, мусоидат ва тавсеа бахшидани эҳсоси худшиносӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият ва ба ин васила муаррифии дастовардҳои ҷавонони соҳибистеъдод Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Душанбе - оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик» озмуни мақолаи беҳтарин эълон кардааст. Дар озмун ҷавонони 14–30-сола иштирок карда, вобаста ба мавзуъ ва инъикоси дастоварҳои даврони истиқлолият, муҳимияти сулҳу ваҳдат, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳадафҳои эълони соли 2017 “Соли ҷавонон”, метавонанд маводҳои худро омода намоянд. Озмун дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон натиҷагирӣ карда шуда, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ мегарданд. Маводҳои аз ҷиҳати мазмун мувофиқ ба таври маҷмуа ба нашр мерасанд. Муҳлати охирини қабули маводҳо то соати 17:00-и 10 майи соли 2017.

15

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №10 (9488), 09.03.2017

РАНГОРАНГИИ “ҶТ”

Кроссворди “Таҳмурас” Аз чап ба рост: 1. Рӯзи ҳашар дар кишвар 4. Каримӣ, карам, саховат, олиҳимматӣ 10. Сарояндаи маъруфи ансамбли “Дарё” 11. Пеш Тавилдара буд 13. Бадан 14. САҲШ бо русӣ 15. Сокини шаҳр 16. Хӯроки камкалория барои харобшавӣ 18. Фариштаи марг 20. Сокини Бангола 22. Чашмандоз, назар ба атроф 23. Муқобили дастӣ 24. Моддаи нарму чарби сафедранги даруни сутунмӯҳра 27. Томирис дар гӯйиши эронӣ 30. Пайғамбар, падари ҳазрати Исмоил 32. Доду фарёд, ҷанҷолу хархаша 34. Вазъият, аҳвол, вазъ 35. Муқобили афрӯхта 36. Наққоши машҳури замони Шопури 1 38. Роҳнамо, ҳидояткунанда 39. Романи нависандаи амрикоӣ Дэн Браун 40. Саҳар, пеш аз фаромадани офтоб 41. Харобкорӣ бо забони русӣ 42. Касе ё чизе, ки оромиро аз байн мебарад

√ БАХШИДА

Аз боло ба поён: 1. Мева 2. Пойгоҳ (русӣ) 3. Асоси замони гузаштаи феъли “Гузаштан” 5. Гулӯдард 6. Садо 7. Ҳикояе, ки қаҳрамононаш ҳайвонот аст 8. Гуногунранг 9. Ба кор бурда 10. Давлат дар Аврупо 12. Дӯстӣ 17. Пойтахти Покистон 19. Захмишуда, ярадор 20. Филми машҳури русӣ (“Бародарон”) 21. Туҳмат, бадгумонӣ 25. Асабӣ, хашмгин, ғазабнок 26. Қаторкӯҳ ва водӣ дар шимоли кишвар 27. Поя, асос 28. Мутахассиси соҳаи кишоварзӣ 29. Намоён 31. Ахз кардан, гирифтан 33. Фикр, хаёл 34. Ҳамсари зан 37. Муқобили “Он ҷо” 38. Ҳал шудани таом дар меъда

БА РӮЗИ МАТБУОТ

Баҳор аҷаб наъшае дорад. Табиат боз саросар ғарқи гулу шона мегардад. Ҳавои тозаву гуворо ба димоғ бӯи буттаҳои наврустаро меорад. Аммо имсол зимистон гӯё ҳеҷ майли омадани баҳори хуҷастаро надорад, ки сардиҳои пай дар пай ба тану ҷони ниҳолакон ҳамла дорад.

Ҷамолиддин чун посдори табиату дилдодаи зебоиҳои диёри нозанин дер боз интизории баҳорро дорад. Ӯ ҳоло баъди анҷоми хунукиҳои рӯзҳои охир ба сайри кӯча баромад. Мушоҳида намуд, ки одамон низ дар пайраҳаву хиёбонҳо гаштугузор доранд. Онҳоро ҳам пайғоми баҳор ба ин ҷо овардааст. Ин дам ба гӯшаш хониши парандагон расид. Дар шохаи урёни дарахте, ки акнун муғча мебаст, гурӯҳи парандагон нағмасароӣ мекарданд. Хониши мурғон мисли оҳанги дилнавозе танинандоз гашт, хаёле онҳо ҳам аз омадани баҳор хурсандӣ менамуданд. Писараки гулфӯруше ҷор мезад: “Гулҳои баҳорӣ, муждаи Наврӯз, марҳамат харед, арзонакак медиҳам”. Ҷамолиддин назди писарак омаду чашмаш ба гулҳои бо коғаз печондаву гулдастасохтаи вай афтид. Гулҳои сиёҳгӯшу зардакро гирифта бӯсиду ба рӯяш молид ва зери лаб гуфт: “Шукр, ки ба баҳори нав расидем”. Хона баргашта, писараки ранҷурашро меҳрубонӣ намуда, аз пайи шуғли дӯстдоштааш шуд. Ӯ мебоист, шумораи навбатии рӯзномаи «Инсон ва табиат»-ро ба омадани баҳори хуҷастапай бахшад. Паси мизи кориаш нишаста саҳифаҳои навба-

Пазмони баҳор очерк

тии нашрияро омода мекард. Боз беихтиёр манзараҳои кӯча, хушҳолии бачаҳо ва бедории табиат пеши рӯяш ба ҷилва омад. Аз дил гузаронд, ки барҳақ баҳору Наврӯз бузургтарин идҳои мардуми тоҷик мебошанд. Охир дар ягон кишвари дунё баҳорро мисли тоҷикон дӯст надоштаанд. Зеро баҳор фасли зебоӣ, сабзишу ниёиш мебошад. Дар рӯзҳои Наврӯзу баҳор озор додани ягон ҷондору паранда, хун рехтан ё буридани дарахт гуноҳи азим ба шумор меравад. Ҷамолиддин Яқубов аз айёми мактабхонӣ ошиқу дилдодаи табиат ва муҳити зист буд. Доир ба ҳаёти набототу ҳайвонот қиссаву ҳикояҳои зиёд медонист. Соли 1984 баъди хатми мактаби миёна бе ҳеҷ дудилагӣ ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи тоҷики Унверситети давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) супурд. Баъди хатми донишгоҳ чанд муддат дар идораҳои ҷавонӣ, мусиқӣ ва студияи «Фурӯғи Ориёно»-и Радиои Тоҷикистон, телевизиони ҷамъиятии «Пойтахт» фаъолияти пурсамар намуд. Ишқу муҳаббати беандозааш ба илми журналистика ва матбуоти экологӣ буд, ки тақдири минбаъдаашро ба омӯзишу пажӯҳиши экология ва паҳлуҳои нозуки зистшиносӣ бахшид. Роҳи ояндаашро дар пайраҳаи зиндагӣ муайян кард. Ошноӣ ва дӯстӣ бо инсони соҳибдил, доктори илмҳои филология, профессори зиндаёд Асадулло Саъдуллоев дари илму донишро ба рӯяш кушод.

Устод Саъдуллоев ба ӯ тавсия дод, ки аз пайи омӯзиши ҳамин соҳаи нав, яъне журналистикаи экологӣ шавад. Ҷамолиддин Яқубов бо маслиҳату машварати ҳамсабақаш, устоди ДМТ Сангин Гулов соли 1998 ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи аспирантураи факултаи журналистикаи ДМТ супурда, онро соли 2001 бомуваффақият хатм намуд. Соли 2003 фаъолияти худро ба ҳайси ассистенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистика оғоз намуд. Албатта мавзӯи рисолаи номзадии Ҷамолиддин он солҳо тамоман нав буд. Таҳти сарпарастии устоди мактабдор, профессор Саъдуллоев дар ин самт заҳмат кашид. Ошноӣ бо журналисти шинохта, зиндаёд Муҳаммадҷон Мирзошоев, ки он солҳо сармуҳарририи нашрияи «Наврӯзи Ватан»-ро бар уҳда дошт, ба Ҷамолиддин имконият дод, ки ба омӯзишу таҳияи маводҳои экологӣ амиқтар рӯй биёрад. Аз соли 2003 Ҷамолиддин ҳамзамон дар рӯзнома ба ҳайси ҷонишини сармуҳаррир фаъолият менамуд. Дар ин давра пайваста дар матбуоти даврӣ мақолаҳои ба мавзуҳои экология ва табиат бахшидаи Ҷамолиддин ба табъ мерасиданд. Вай тайи солҳои гуногун, аз ҷумла соли 2003 дар фестивал-озмуни журналистикаи экологӣ дар шаҳри Душанбе, соли 2004 дар шаҳри Тошканд, соли 2005 дар Ҷумҳурии Чехия, конфронсҳои байналмилалӣ бахшида ба мавзуҳои

мубрами экологӣ соли 2013 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон, соли 2016 дар шаҳри Батумии Гурҷистон ба сифати хабарнигор-эколог ширкат намудааст. Солҳои 2003-2004 иштирокчӣ ва яке аз ғолибони озмуни умумиҷумҳуриявӣ оид ба журналистикаи экологӣ дар ҳайати аъзои ҳакамони фестивал-озмуни журналистикаи экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ - шаҳри Алмаато ва шаҳри Бишкек шомил буд. Ҷамолиддин Яқубов натиҷаи корҳои илмӣ-пажуҳишиашро ҷамъбаст намуда, соли 2009 зери роҳбарии профессор Асадулло Саъдуллоев дар мавзӯи «Журналистика ва экология: муаммо ва дурнамо дар мисоли ВАО-и Тоҷикистон” (дар замони соҳибистиқлолӣ) рисолаи номзадиашро бомувафаққият дифоъ намуд. Ҷамолиддин Яқубов аз соли 2004 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 2006 Аълочии матбуоти Тоҷикистон, аз соли 2012 Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Ба қалами Ҷ. Яқубов зиёда аз сӣ мақолаи илмӣ дар бахши журналистикаи экологӣ ва китоби дарсии «Журналистикаи экологӣ» тааллуқ дорад. Дар китобҳои «Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ» ва «Новое поколение журналистов за экологизацию СМИ» ҳаммуаллиф мебошад. Тайи чанд соли охир дар ҷамъомаду конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзуҳои «Фаҳмиш, дастрасӣ ва ҳуқуқи дарёфти иттилооти экологӣ дар Тоҷикистон», “Баррасии муаммои тағийрёбии иқлим дар ВАО-и тоҷик», «Экологияи сиёсӣ ва матбуоти

мустақили Тоҷикистон», «Необходимости освещение экологических проблем в СМИ», «Нақши экожурналистон дар ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ» ва ғайраҳо маърӯзаҳои илмӣ намудааст. Ҳамчунин чанде аз мақолаҳои илмиаш дар маҷмӯаҳои илмии хориҷи кишвар ба забонҳои русӣ, англисӣ низ табъу нашр шудаанд. Ҷамолиддин Яқубов баробари чун олими пуркори соҳа дар Донишгоҳи миллӣ фаъолият намуданаш, ҳамзамон сардабирии нашрияи соҳавии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон ва табиат» ва маҷаллаи «Ҳифзи табиат»-ро низ бар уҳда дорад... Аз дами саҳарӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҷамолиддин Яқубов серташвиш аст. Нашрияро то иди Наврӯз ба хонанда расондан лозим, меандешид вай ва аз ин андешаҳои баҳорӣ қалби нозукаш ба ваҷд меомад. Ҳамаи ин аз баракати сухан аст. Аз сухани созандае, ки қаламкашонро ба хотири ояндаи миллат, ватандорӣ, сулҳу ваҳдат рӯи коғаз меорад. Аз ин орзуву хаёлҳои ширин дар лабони вай табассуму ифтихор аз касбаш гул мекунад ва Ҷамолиддин дилпурона ҷониби коргоҳаш мешитобад. Маҷид САЛИМ, нависанда


16

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №10 (9488), 09.03.2017

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Лутфи ҷавонӣ Дар як маҷлиси меҳмонӣ писари хурдии соҳибхона бо палтои пӯстии модараш бозӣ мекард. Хонуме аз ӯ пурсид: - Ин палтои пӯстӣ моли модари туст? Ҷавоб дод: - Бале, бале, хонум!

Пурсид: - Метавонӣ бигӯӣ, кадом ҳайвони бечора пӯсташ канда шуда, то модари ту дорои чунин палтои пӯстии зебое шавад? Писар каме фикр карду гуфт: - Бале, хонум, падарам.

Сеҳри хома

√ АНДАРЗИ

Муаллим: “Аҳмад, бигӯ, чаро мо забони модарӣ мегӯему забони падарӣ намегӯем? Аҳмад: “Барои он ки модар бештар ҳарф мезанад”.

Яке аз донишҷӯёни донишгоҳ одате дошт, ки ҳар ҳарфе аз даҳони устод хориҷ мешуд, билофосила бигӯяд: “чаро?” Як рӯз билохира устод асабонӣ шуду гуфт: - Аҷаб шогирди бетарбияӣ, агар як дафъаи дигар бигӯӣ “чаро”, дастур медиҳам, аз донишгоҳ ихроҷат кунанд! Шогирд билофосила гуфт: - Чаро?

√ ЭЪЛОН

“ҶТ”

ЭЪТИБОР НАДОРАД Аттестати гумшудаи №235638, ки мактаб-интернати №1-и шаҳри Ҳисор аз 13.06.1981 ба Давлатов Шомаҳмад Тоирович додааст, эътибор надорад.

МЕҲРОБ АЗИМОВ

Ҳаёти баъд аз марг

Ҳар рӯз ба назди устод шогирдони зиёде меомаданду ҳар яке мехост ба суоли худ посухи мувофиқ пайдо намояд. Боре аксари шогирдонро як суол нигарон карда буд: “Баъди марг онҳоро чӣ интизор аст, оё ҳаёти баъди марг вуҷуд дорад ё не?” Устод айёрона ба шогирдон назаре андохту ноаён табассум кард, аммо ҷавобе надод. Бегоҳ шогирдон бо тааҷҷуб аз ӯ пурсиданд: - Ин хомӯшии шумо чӣ маъно дорад? Чаро шумо аз посухи ин суол саркашӣ намудед? Устод ба ҳозирин рӯ оварда гуфт: - Оё шумо ба он нафароне, ки ин суолро доданд, таваҷҷуҳ намудед? Танҳо онҳое ба охират таваҷҷуҳ мекунанд, ки ҳаёт барояшон муаммоест ва ба маънои ҳаёти имрӯзаи худ сарфаҳм намераванд. Онҳо гумон мекунанд, ки як ҳаёти дигар барои дарки ин муаммо ба онҳо кӯмак мерасонад. - Вале ба ҳар ҳол шумо нагуфтед, ки ҳаёти баъди марг вуҷуд дорад ё не? – боз суолро такрор кард яке аз шогирдон. - Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки ҳаёти пеш аз марг вуҷуд дорад ё не, - гуфт устод.

ҚУРБОН СОБИР

Таҳияи Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”

√ ОБУНА-2017

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.

Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

Патенти фаъолияти соҳибкории соҳибкори инфиродӣ Умаров Зафар (РЯМ 2130009200), ки Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ соли 2010 додааст, эътибор надорад.

Рӯзнома дар шакли ранга ва ҳаррӯза хабарҳои соҳа дар

JAVONON.TJ

Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.

Патенти фаъолияти соҳибкории соҳибкори инфиродӣ Шарипов Шоҳрух Гаврошович (РЯМ 2130017487), ки Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ соли 2011 додааст, эътибор надорад.

БО МО ПИР НАМЕШАВЕД!

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 5342 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ, Хуршед ХОВАРӢ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шералӣ ҶАЛОЛОВ (хабарнигор, Суғд).


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.