Ҳар кас иродаи эътирофи ҷавононро надорад
“Варзиш ба ман ҳам ном доду ҳам нон”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №10 (9436), 10 марти соли 2016
1
11 МАРТ - РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК
Сухани чопӣ ҳама вақт қимат дошт
ҲАФТ РӮЗ 03.03.2016 Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии мамлакат ва Такашӣ Камада, сарпарасти сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизот барои нигоҳдории роҳҳо дар вилояти Суғд ва қисмати шарқии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро имзо намуданд. 04.03.2016 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маҷмааи нави тандурустии Истиқлолро бо 3500 ҷойи нави корӣ ифтитоҳ намуд. Муассиса дорои 38 бинои аз як то нуҳошёна буда, дар онҳо шароити зарурӣ барои қабул, муоинаю ташхис, табобат ва фароғату тавонбахшӣ муҳайё шудааст. 05.03.2016 Сарвари давлат
ҷиҳати
баргузо-
рии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ дар кишвар фармон дод. 06.03.2016 Қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дастаи футболи «Истиқлол» дар доираи мусобиқаи даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 ба Лубнон рафт. Футболбозони тоҷик дар ин сафар бидуни ду бозингари асосиашон ҳимоятгари марказӣ Давронҷон Эргашев ва нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев рафтаанд.
07.03.2016 Ба муносибати Рӯзи Модар Паёми телевизионии табрикии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пахш гардид. 08.03.2016 Дар доираи ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз дар толори Иттифоқи нависандагони кишвар маҳфили шеъру суруди шоир Хайрандеш бо ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон доир гардид.
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№10, (9436), 10 марти соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
ВАРЗИШ
е-mail: javonontj@mail.ru
РАЙЪПУРСӢ - 2016
09.03.2016 Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи муассисаҳои фарҳангӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ рафта, ҳамзамон дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар назди Осорхонаи таърихӣкишвариносӣ ва Китобхонаи марказии ноҳия иштирок намуд.
е-mail: javonontj@mail.ru
2
АХБОРИ ҲАФТА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №10 (9436), 10 марти соли 2016
А. Абдуллозода нақши зани тоҷикро дар таъмини сулҳу субот аввалиндараҷа донист 7-уми март дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар Аҳтам Абдуллозода баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси Кумитаро ректори ДДТТ Мумин Шарифов, сардори Раёсати ҷавонон Аҳмадзода Дилноза ҳамарҳӣ намуданд.
Чорабнӣ дар ду бахш доир гардид. Дар қисми аввали чорабинӣ А. Абдуллозода бо олимони ҷавон, магистрантҳо ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ вохӯрӣ намуда, дар бораи пешрафти соҳаи маориф дар кишвар сухан ронда ёдовар шуд, ки: - Дар тамоми давраи шӯравӣ дар миқёси Тоҷикистон 13 муассисаи олӣ ва касбӣ мавҷуд буд. Онҳо
фарогирӣ танҳо 70 ҳазор донишҷӯ буданд. Дар давраи Истиқлолият бошад шумораи муассисаҳои олӣ ва касбӣ ба 38 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расонида шуд”. А. Абдуллозода дар давоми суханрониаш аз ҳамкории донишгоҳ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ изҳори қаноатмандӣ намуда иброз дошт, ки: “Донишҷӯёни ДДТТ дар ҳама чорабиниҳои муҳими си-
ёсию давлатӣ фаъолона ширкат меварзад, ки мо шоҳиди он ҳастем. Ҳоло ҳамкории мо бо ДДТТ дар сатҳи аъло қарор дорад. Мо умед дорем, ки дар раъйпурсии дарпешистода низ ҷавонони донишгоҳ фаолона ширкат меварзанд ва тағйиру иловаҳои Каниститутсияро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд”. Бахши дуввуми чорабинӣ дар толори фарҳангии муассиса бо иштироки дастаи ҳунарии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Модар гузаронида шуд. Сараввал раиси Кумита ҳамаи модарони тоҷикро ба муносибати ин рӯз табрик намуда, нақши зани тоҷикро дар пешрафт ва сулҳу суботи кишвар аввалиндараҷа донист. Дар охири чорабинӣ фаъолони донишгоҳ бо сипосномаҳои Кумита қадрдонӣ шуданд. Хуршед МАВЛОНОВ “ҶТ”
Донишҷӯдухтарони ДДОТ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба С. Айнӣ бахшида ба Рӯзи Модар мизи мудаввар доир гардид, ки дар он муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Мавсума Муинӣ , сардори Раёсати ҷавонон Аҳмадзода Дилноза, муовни ректори ДДОТ Рано Бобокалонова ва устодону донишҷӯдухтарони донишгоҳи мазкур ширкат варзиданд. М. Муинӣ ҳозиринро ба Рӯзи Модар табрик намуда, аз саҳми занон дар пешрафти мамлакат ёдовар шуд: - Имрӯз занон дар ҳама соҳа баробари мардон кору фаолият доранд. Ин пеш аз ҳама ғамхории Сарвари давлат мебошад, ки имрӯз ба занон чунин имкониятҳоро
фароҳам овардааст. Ҳамин буд, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат қайд намудаанд, ки дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад”. Дар чорабинӣ ҳамчунин донишҷӯдухтарон дар васфи модар шеъру тарона хонданд. Дар охири нишаст донишҷӯдухтарони ДДОТ ба муносибати Рӯзи Модар аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Хуршед МАВЛОНОВ “ҶТ”
Машъалафрӯзи хирад
www.javonon.tj
Дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳурияии ба номи Мирсаид Миршакар семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои кишвар, дар мавзӯи «Машъалафрӯзи хирад» бахшида ба баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», ки 2 апрел ба нақша гирифта шудааст, доир гардид.
Дар ифтитоҳи он директори Китобхонаи давлатии бачагона беҷода Гуленова сухан карда, иброз намуд, ки ҳамасола аз 2 то 9 апрел дар саросари ҷумҳурӣ таҳти унвони Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон” таҷлил мегардад. Фестивал чорабиниест, ки хурду калон онро бесаброна интизорӣ мекашанд. Интизорӣ аз он доранд, ки аз фестивал то фестивал бо беҳтарин ва ҷолибтарин китобҳо, ба маҳбубтарин олимон, адибон
ошно мешаванду дар он дӯстони зиёде пайдо менамоянд. Воқеан, кӯдакон ояндаи моянд. Ин тақозо менамояд, ки ба усули тарбия ва муттасил пеш бурдани сатҳи дониши онҳо машғул шавем, аммо на бо сухан, балки бо амал ва фаъолияти ҳамарӯза. Ин кори басо мураккаб ҳамбастагию кӯшиши волидайн, мураббиён, омӯзгорон ва мо китобдоронро талаб менамояд. Мо бо гузаронидани ин гуна фестивалҳо бояд шуурнокӣ ва завқи онҳоро ба китоб ва китобхона баланд бардорем. Онҳо тавассути мутолиаи зиёди китоб ашхоси босавод ва бомаърифат ба воя расанд,то дар оянда дар ҳама ҷанбаҳое, ки ба кору фаъолият мепардозанд, масъулиятро эҳсос кунанд, ба пурсишҳои зиндагӣ посух дарёбанд ва дарк намоянд, ки воқеан китоб дар зиндагию рӯзгори инсон нақши боризе дорад. Дар рафти семинар гуфта шуд, ки дар баробари ноил шудан ба комёбиҳои зиёд дар муқоиса бо фестивалҳои пешин фестивали имсола бо азми муассисон,
созмондиҳандагон ва иштирокчиёни ин чорабинии муҳими фарҳангӣ доир гардида, дар ҷараёни баргузории он таваҷҷӯҳи мақомоти дахлдори давлатӣ, аҳли ҷомеа бахусус падару модарон, омӯзгорону мураббиён, олимону адибон, китобдорон ба мушкилоти раванди хониши кӯдакону наврасон ва эҳтиёҷоти китобхонаҳои бачагон ва мактабии мамлакат, фароҳамоварии шароитҳои боз ҳам мусоид барои мутолиаи китоб ҷалб хоҳад шуд. Сипас, Қурбон Ғуломзода, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг, Мубашир Акбарзод, мудири шуъбаи адабиёти кӯдаконаи Иттифоқи нависандагон, Маҳмудов Гадобек, муовини директори Китобхонаи миллӣ, Муаззама Расулова, директори Китобхонаи вилоятии бачагонаи вилояти Суғд ва дигарон сухан намуда, нисбати моҳияти баргузории фестивали мазкур ибрози андеша карданд. Ҳасан АЗИЗОВ “ҶТ”
Асри наву мушкилоти нав Вобаста ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, инчунин пешгирии ҷинояткории наврасону ҷавонон дар МТМУ№34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрии Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатӣ бо наврасону ҷавонон доир гардид. Зикр шуд, ки дар оғози қарни нав инсоният ба марҳилаи ҷаҳонишвӣ, ки омили муҳими баҳамназдикшавии халқҳои сайёра, рушди илму технология мебошад, ворид гардидааст. Аммо ин равандҳо ба пайдоиши таҳдиду хатарҳои нав низ боис гашта, терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ, кӯч бастани садҳо шаҳрвандони давлатҳои ҷангзада ба дигар кишварҳо, дар ин замина мураккаб гардидани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар минтақаҳои гуногуни оламро ба бор овардааст. Азизахон Мирзозода, ёрдамчии прокурори ноҳия, ки дар вохӯрӣ ширкат дошт, гуфт: - Яке аз роҳҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ шарҳу тавзеҳи нодурусти дини мубини Ислом, ояҳои Қурон ва ҳадисҳои Паёмбар (с) мебошад. Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандони мо барои ёфтани посух ба масъалаҳои норавшани динӣ ба рӯҳониёни алоҳида ва шабакаҳои интернетӣ рӯ оварда, ба доми таблиғчиёни созмонҳои террористиву экстремистӣ меафтанд. Бо ин мақсад айни ҳол дар шабакаҳои интернетӣ беш аз ҳафт ҳазор сомонаҳои дорои маводи террористиву экстреместӣ ба забонҳои гуногуни олам, аз ҷумла, ба забони тоҷикӣ амал карда, тавассути онҳо ҳамлаҳои пайвастаи иттилоотӣ ба тафаккур ва ҷаҳонбинии мардум сурат мегирад. Наврӯз Маҳмадалиев бо намояндагӣ аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия дар вохӯрӣ ҳузур дошта, бо нигаронӣ зикр кард, ки ду моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ 10 ҷиноят аз тарафи ноболиғону ҷавонон ба қайд гирифта шудааст. “Ҳамаи даҳ ҷиноятҳои содиршуда дуздиву ғоратгарӣ буда, нисбати дастандаркорон парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Синну соли нафарони ҷиноятсодиркарда аз 14 то 18-сола мебошад. – афзуд Н. Маҳмадалиев. - Сабаби даст задании ноболиғону ҷавонон ба ҷиноят беназорат мондани онҳо аз ҷониби волидон ва заъфи тарбия дар мактаб мебошад”. Комрон Азимов хонандаи МТМУ№34 аз кирдори ҳамсоллони худ изҳори таассуф карда, гуфт: “Вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус прокуратура зуд-зуд доир мешавад. Агар ин аз як тараф таъкид ба мо дар бораи хатари терроризм бошад, аз сӯи дигар баррасии амалҳои ноҷои ҳамсолони мост”. Дар вохӯрӣ инчунин Сайдалӣ Шаҳобиддинов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Хушнуда Буриева, намояндаи шуъбаи Кор бо занон ва оилаи назди мақомоти давлатии ноҳия иштирок ва сӯханронӣ карданд. Номбурдаҳо ҷавононро ба ватандӯстию худогоҳӣ даъват намуданд. Инчунин дар хусуси зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия сухан рафта, ҳозирин изҳор доштанд, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бо Конститутсия мутобиқат карда, ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон тавсеа ёбанд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
РАЙЪПУРСӢ - 2016
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №10 (9436), 10 марти соли 2016
22 майи соли равон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат раъйпурсӣ доир мегардад. Иштироки фаъоли ҷавонон дар ин маъракаи сиёсӣ муҳим аст. Бинобар ин андешаи ҷавононро дар робита ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсия пурсон шудем.
Хушдил РАҲИМҶОНОВ: - Қисмати муҳими лоиҳаи тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Тоҷикистон пешниҳод шудааст, идомаи мантиқии пиёдашавии ҳидоятҳои бузургу стратегии Пешвои миллат муҳтарам Э м о м а л ӣ Раҳмон дар самти дастгирии давлатии ҷавонон аст, зеро дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мо шоҳидем, ки чӣ гуна ба ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги созандаву бунёдкор аввалан бовар карда мешавад ва баъдан, дар асоси ин бовар дастгириҳои беназир сурат мегиранд. Ин нукта аз он ҷиҳат аҳамиятнок ва шоистаи таъкиду тавсиф аст, ки замоне ба иқтидори ин нерӯ чандон таваҷҷуҳ зоҳир намешуд ва ба хуни гарми ҷавонӣ бовар набуд. Вале аз солҳои аввали Истиқлол ба ҷавонон – ояндасозони давлати миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, барои тарбияи дурусти онҳо, истифодаи самараноки нерӯи ҷавонӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд, ки имрӯзҳо мо натиҷаҳои онро мебинем. Дар баробари ин, он гуна озодӣ худ низ масъулият ҳаст, ин боварҳо низ дар пай масъулияти бузурге доранд; мо ҷавонон бояд ба қадри ин дастгириҳо бирасем ва барои ободу шукуфоии боз ҳам бештари давлати миллии хеш бо истифода аз чунин имкониятҳо талош варзида, дар амалигардии ҳадафҳои бузургу стратегии давлатӣ саҳми муносиб гузорем.
Убайдулло Абдуллоев: - Яке аз муҳимтарин рукни тағйирот манъ кардани душаҳрвандӣ барои шахсони мансабдори давлатӣ мебошад. Тибқи тағйиру иловаҳои воридшаванда минбаъд ҳар шаҳванде, ки дар баробари Тоҷикистон шаҳрвандии дигар кишварро соҳиб аст, наметавонад дар вазифаҳои давлатӣ фаъолият намояд. Ин талабот ба бисёр муҳим будани вазифаи давлатӣ ва амнияти давлат вобаста аст. Ин меъёрҳо талаб менамояд, ки ҳар як нафар бояд шарафу номуси миллат ва давлати худро ҳифз намояд. Чуноне, ки мо шоҳид ҳастем, собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода ба умеди хоҷагони хориҷиаш шуда, номусу шарафи ватандориашро фурӯхт, ба давлат хиёнат намуд, вале хушбахтона ба ҳадаф нарасид. Ин натанҳо барои дигарон ибрат шуд, балки зарурат пеш овард, то аз ҳар мансабдор талаб карда шавад, ки дар назди давлату миллат софдилонаву содиқона хизмат намуда, шарафу номуси давлатдориву миллиро фаромӯш накунад. Файзулло Маҳмадалиев: - Рушди устувори Тоҷикистони азиз тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Тағйирот ба Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад. Тавре медонем, ҳадафи асосии Ҳукмати кишвар таъмини рушди устувору муттасили ҷомеа ва инкишофи бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он мебошад. Ин имкон медиҳад, ки мунтазам сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад. Пешвои миллат пайваста талош менамоянд, ки ҳар чӣ зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷумла, соли 2016 дар
Паём ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки «муҳайё намудани шароити ҳар чӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад». Тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид мешаванд, ин мақсади олии Пешвои миллатро таҳким мебахшад. Сафарбек Саидов: - Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадаф аз тағйиру иловаҳо боз ҳам таҳкиму такмил ёфтани ҷомеа ва давлати Тоҷикистон, пеш рафтан ва ноил гардидани миллат ба мақсадҳои олии худ мебошад. Ҷавононро зарур аст, ки дар раъйпурсӣ фаъолона иштирок намуда, мавқеи худро нишон диҳанд ва саҳмашонро дар таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, мукаммалу самаранок гардонидани рушди демократия бигузоранд. Саид Ризо: - Ба назари ман он тағйиру иловаҳое, ки барои ворид кардан ба Конститутсияи кишвар пешниҳод шудааст, ягонтоаш бесабаб ва беаҳамият нест. Тағйироти аз ҳама муҳим барои мо – ҷавонон ин аз синни 35 ба 30–солагӣ поён фаровардани синнусоли номзадӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе мебошад. Имрӯз беш аз 70 фисади аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Яъне, тасмими ворид кардани ин тағйирот бесабаб нест. Барои эътирофи ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа иродаи на ҳар нафар имкон медиҳад. Аммо Пешвои мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо ҷавононро ҳамчун нерӯи муқтадир эътироф менамоянд, балки бо онҳо ифтихор дошта, дар такя ба ҷавонон ҳадафҳои бузурги давлатдории миллиамонро амалӣ кардаистодаанд. Имрӯз бо шарофати Пешвоямон барои мо – ҷавонон тамоми шароит фароҳам аст. Пас аз қабули ин тағйирот минбаъд ҳар ҷавони фаъолу донишманди кишвар метавонад номзадии худро ба президентӣ, вакили парлумон пешноҳод кунад, узви Маҷлиси миллӣ бошад ва ё ба дигар мансабҳои баланди давлатӣ интихоб шавад. Дигар барои мо – ҷавонон ягон маҳдудият намемонад. Танҳо аз мо талаб карда мешавад, ки ҳамеша ҳушёр бошем, дониш андӯзем, шарафу номуси шахсӣ, миллӣ
Шарифзода Саъдӣ: - Зарурати ворид намуднаи тағйиру иловаҳо ба Ко н с т и т у т с и я пеш аз ҳама ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ аст. Муносибат ки нав шуд, он бояд ба танзим дароварда шавад . Ба танзимдарории онҳо тариқи лоиҳаҳои қонунӣ пешбинӣ мешавад. Он меъёрҳое, ки ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад, аз нигоҳи забонию мантиқӣ мазмуни худашонро каме дигар кардаанд. Дар маҷмуъ ҳама он тағйироти пешниҳодшуда аз ҷиҳати қонунгузорӣ саривақтӣ мебошанд. Аз ин хотир пеш аз ҳама дар моддаи якуми Каниститутсия шакли идоракунии президентӣ ворид карда шуд. Дар аввал ин меъёр мавҷуд набуд. Лекин тамоми ҳуқуқшиносон ва аҳолии кишвар медонанд, ки шакли идоракунӣ дар мо президентӣ аст. Лекин он ба тариқи расмӣ дар қонун мавҷуд набуд. Ҳамин зарурат пеш омад, ки он мақоми ҳуқуқиро дар худ касб намояд. Ҳоло ин дар ҳоли пешниҳод аст ва дар рӯзи раъйпурсӣ ман бовар дорам, ки қабул мешавад. Кароматулло Қаландаров: - Ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз шароит имрӯза вобастагӣ дорад. Яъне марҳилае, ки мо қарор дорем, тақозо менамояд, то мо барои рушди минбаъдаи давлатдориамон чунин тағйиротҳоро ворид созем. Мақсади асосии тағйиру иловаҳои пешниҳодгашта ҳам аз ҳамин иборат аст, ки барои рушду инкишофи минбаъдаи ҷомеа шароити зарурии қонунӣ фароҳам бошад. Яке аз ин тағйиру иловаҳо аз Конститутсия пурра бардоштани калимаи “Сарқонун” ва ба ҷои он гузоштани худи мафҳуми конститутсия мебошад, ки албатта мафҳуми умумиэътирофшудаи байналхалқӣ буда, ба ҳама фаҳмову маълум аст. Рушди устувору пойдории ҷомеа, хусусан ҷомеае, ки дар марҳилаи пешрафт қарор дорад тақозо мекунад, ки меъёрҳои конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Яке аз тағйиротҳои муҳиму саривақтӣ дар Конститутсия тағйир ёфтани яке аз меъёрҳои он, яъне ба моддаи якуми Конститутсия қисми дуюм илова карда мешавад, ки тибқи он шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ ифода мегардад. Бинобар ин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ки ин маърака 22 май баргузор мегардад, аз шаҳрвандони кишвар талаб менамояд, ки барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва инкишофи дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим ҷонибдорӣ намоянд. “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН“
www.javonon.tj
Сулаймон Қурбонов: - Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро хатарҳои зиёде таҳдид мекунанд, ки терроризму экстремизм аз пурзуртарини онҳост. Зимнан, кишварҳои алоҳидае аз дини Ислом суиистифода намуда ҳадафҳои нопоки худро амалӣ кардан мехоҳанд. Чуноне ки собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мехост чунин ҳадафҳоро дар Тоҷикистони азизамон амалӣ намояд. Барои асоси қонунӣ ёфтани ин
андеша ва исботи мавқеи устувори Тоҷикистон дар ростои дини Ислом, ки гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, аз ҷумла ҲНИТ аз он истифода мекунанд, ба Конститутсияи кишвар ворид кардани тағйирот пешниҳод мешавад, ки тибқи он минбаъд дар кишвар таъсиси ҳизби характери динидошта қатъиян ман аст. Тоҷикистон, мардуми тоҷик ва хусусан Пешвои мо минбаъд имкон нахоҳад дод, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯву ҷоҳталаб, хунхору ҷаллод аз дини поки Ислом ба манфиати хеш суйиистифода намоянд.
ва давлатиамонро ҳифзу эҳтиром намоем, нисбат ба ояндаи он бетараф набошем.
е-mail: javonontj@mail.ru
Ҳар кас иродаи эътирофи ҷавононро надорад
3
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
4
МУСОҲИБАИ “ҶАВОНОН...”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №10 (9436), 10 марти соли 2016
Манзумаи ФИРӮЗ 15-уми март рӯзи байналмилалии муҳофизати истеъмолгарон аст. Ин сана аз ҷониби президенти 35-уми Амрико Ҷон Кеннедӣ соли 1961 расман рӯзи ҷашни байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон эълон гардид. Ӯ дар яке аз баромадҳои худ дар ин бора гуфта буд: «Мо ҳама истеъмолкунандагон ҳастем… истеъмолкунандагон – бахши аъзами ҳаёти иқтисодии мардуманд, ки тақрибан ба тамоми қарорҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъсир мегузоранд. Ин ягона садоест, ки тақрибан ба он расидагӣ намешавад». Тавре маълум аст, дар Тоҷикистон низ ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар бештари маврид поймол мегардад. Балки бештар маврид худи истеъмолкунандагон аз ҳуқуқҳояшон огоҳӣ надоранд ва ба кадом ташкилот муроҷиат намуданро низ намедонанд. Роҷеъ ба масъалаи мазкур бо Илҳом Абидов, раиси иҷроияи Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, суҳбат намудем. - Муҳтарам Илҳом Абиров, метавонед ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ёдрас кунед ва бигӯед то куҷо онҳо дар Тоҷикистон риоя мешаванд? Дар меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон муқаррар карда шудаанд, вале имрӯзҳо поймолшавии ин ҳуқуқҳо ба назар мерасад, ки омили асосии ин паст будани маърифати истеъмолкунанда мебошад. Мувофиқи қонунгузории ҷорӣ, истеъмолкунандагон дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд: Маърифатнокӣ –тибқи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи ҳимояи истеъмолкунандагон” давлат ба ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ додааст, ки аз ҳуқуқҳои худ ҳамчун истеъмолкунанда бархурдор бошад. Агар шахс дар бораи ҳуқуқҳои худ маълумоти пурра надошта бошад, метавонад бевосита ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунанда муроҷиат намояд ва маълумоти лозимаро ба худ бигирад. Ҳуқуқ ба маълумот – ҳангоме ки истеъмолкунанда аз мол ва дигар хизматрасонӣ истифода мебарад, ҳуқуқ дорад маълумоти пурраро дар бораи мол дониста бошад, яъне санаи истеҳсол, мӯҳлати истифода, таркиби мол. Инчунин истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, ки дар бораи худи фурӯшанда (иҷрокунанда) ё ташкилоте, ки вазифаи фурӯшандаро низ, ба уҳда дорад, маълумоти пурра бигирад. Ҳуқуқ ба бехатарӣ - Ҳангоми харидорӣ намудани мол (кор, хизматрасонӣ) истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, бидонад, ки маҳсулоти харидоринамудааш ба ҳаёт, саломатӣ ва амволаш
бехатар ҳаст ё не. Ҳуқуқи интихоби озод – яъне шахс дар вақти харидорӣ намудани мол ҳуқуқ дорад моли дилхоҳро баҳри худ интихоб бикунад. Фурӯшанда уҳдадор аст барои интихоби дурусти мол ба истеъмолкунанда мусоидат кунад. Ҳуқуқ ба сифат – ҳар моле, ки истеъмолкунанда харидорӣ мекунад, бояд ба сифат ва стандартҳои муқарраркардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат кунад. Ҳуқуқ ба ҷуброни зарар – зараре, ки бинобар нуқсони
коят оид ба пешниҳоди хизматрасонии нигоҳдорӣ ва идораи биноҳои истиқоматӣ, ки аз ҷониби Минтақаҳои истифодабарии манзил (собиқ ЖЭУ-ҳо) пешниҳод мешавад, зиёд шудаанд. Мардум мегӯянд, ки маблағи хизматрасонии набударо аз онҳо талаб мекунанд. Умуман аксари муроҷиаткунандагон намедонанд, ки барои чӣ ба (ЖЭУ) Минтақаи истифодабарии манзил маблағ мепардозанд. Ҳатто нафароне пайдо мешаванд, ки маблағи ба ин хизматрасонӣ пардохтаро «квартплата» -
Вазъи ҳуқуқи
истеъмолкунандагон беҳбудӣ мехоҳад мол (кор, хизматрасонӣ) ба саломатии (ҳаёт, амвол) истеъмолкунанда расидааст, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ҷуброни онро аз фурӯшанда (иҷрокунанда) талаб намояд. Ҳуқуқ ба ҳимояи ҳуқуқи худ –давлат ба ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ додааст, ки ҳангоми поймол гардидани ҳуқуқҳояш ҳамчун истеъмолкунанда аз ҳифзи давлатӣ, ё ҳифзи сохторҳои ҷамъиятӣ истифода барад. Ҳуқуқ ба таклифу пешниҳод –ҳар як истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад нисбати мол (кор, хизматрасонӣ) ба фурӯшанда таклифу дархостҳои худро пешниҳод бикунад. Ҳуқуқи талаб намудани чеки назоратӣ – ҳар як истеъмолкунанда ҳангоми харидорӣ намудани мол (кор хизматрасонӣ) ҳуқуқ дорад аз фурӯшанда чеки назоратиро талаб намояд. Фурӯшанда низ дар навбати худ уҳдадор аст чеки назоратиро ба харидор пешниҳод бикунад. - Мавридҳои ба ташкилоти Шумо муроҷиат кардани шаҳрвандон вуҷуд дорад? - Ҳамасола ба Иттифоқи истеъмолкунандагон зиёда аз 300 арзу шикоят аз ҷониби шаҳрвандон ворид мешавад. Шумораи чунин муроҷиатҳо дар як моҳ аз 20 то 40 ададро ташкил медиҳад. - Сабабҳои муроҷиат чист? - Сабабҳои муроҷиат гуногунанд. Баъзеҳо аз молҳои аз бозорҳо харидаашон шикоят мекунанд. Баъзеҳо аз молҳои мағозаҳои бонуфуз ва муносибати фурӯшандагони он бо харидорон, дигарон аз хизматрасонии бесифат шикоят мекунанд. Вақтҳои охир ши-
иҷорапулӣ меноманд. Соли 2009 қонуни нави ҷумҳурӣ “Дар бораи нигоҳдории биноҳои истиқоматӣ ва ШСМ” ба шаҳрвандоне, ки дар биноҳои бисёрхонагӣ истиқомат мекунанд, ҳуқуқ додааст, ки аз се тарзи нави идоракунии бинои бисёрхонагӣ якеашро интихоб намуда, нигоҳдории бинои худро ба роҳ монанд. Тибқи меъёрҳои қонуни қайдшуда ба шаҳрвандоне, ки дар биноҳои бисёрхонагӣ истиқомат мекунанд се тарзи нави идоракунӣ пешниҳод шудааст: идоракунии бевоситаи бинои бисёрхонагӣ, идоракунӣ тариқи таъсиси Ширкати соҳибмулкони манзил ва идоракунӣ тариқи ташкилоти идоракунанда. Моҳияти пешниҳоди тарзи нави идоракунӣ таъмини нигоҳдорӣ ва идоракунии муассири биноҳои истиқоматӣ мебошад. Илова бар ин, мутобиқи меъёрҳои қайдшуда ҳар як ташкилоте, ки хизматрасонии худро оид ба нигоҳдории бинои бисёрхонагӣ пешниҳод мекунад, уҳдадор аст, ки аввал розигии аз се ду ҳиссаи соҳибмулкони бинои истиқоматиро гирифта, баъдан бо ҳар як соҳибмулки ин бино шартномаи мутобиқ бандад. - Дар сурати риоя нашудани ҳуқуқи истеъмолкунанда, онҳо бояд ба куҷо муроҷиат бикунанд? - Шаҳрвандон метавонанд ба мақомотҳои махсуси давлатӣ муроҷиат бикунанд. Аз ҷумла ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Агентии “Тоҷикстандарт” ва агар дар мавриди хӯрокҳои истеъмолӣ
шикояте дошта бошанд, метавонанд ба Хадамоти стандартию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд. Ҳамчунин қонунгузорӣ ба шаҳрвандон ҳуқуқ додааст, ки аз ҳимояи сохторҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ташкилоти Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон муроҷиат намоянд ва намояндагони ташкилоти мо бевосита ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро то марҳилаи судӣ ва ҳатто дар суд низ ҳимоя мекунанд. Тавре медонем, на ҳамаи шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ бархурдор ҳастанд ва дар ҳолати поймол гаштани он метавонанд ба сохторҳои марбута ва суд шикоят кунанд. - Дар сурати риоя нагаштани ҳуқуқи истеъмолкунанда ва муроҷиат ба ташкилоти Шумо кадом чораҳо андешида мешавад? - Аз муроҷиатҳое, ки ба ташкилоти мо ворид мешаванд 90 фисади онҳо дар марҳилаи то судӣ ҳал мешаванд. Танҳо 1015 фоизи муроҷиатҳо тариқи додгоҳ ҳалли худро меёбанд ва ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон барқарор мегарданд. Яъне вақте аризаи шикоятӣ ворид мешавад, дар ин ҳолатҳо одатан ташкилоти мо бо иддао ба суроғаи мағоза ё бозор муроҷиат менамояд. Дар ин иддао ҳамаи он меъёрҳое, ки аз тарафи мағоза ё бозор вайрон шудаанд, дарҷ карда мешаванд. Баъд ҷавобашонро интизор мешавем. Агар дар муҳлати 7 рӯз (агар хизматрасонӣ бошад 10 рӯз) талабот қонеъ нашавад, барои ҳалли мушкил ба додгоҳ бо аризаи даъвоӣ муроҷиат менамоем, ки одатан маблағи
шикояткунанда баргардонида мешавад. - То имрӯз чӣ миқдор маблағи истеъмокунандагон баргардонида шудааст? - Аз рӯзи таъсисшавӣ то имрӯз аз ҷониби ташкилоти мо ба истеъмолкунандагон беш аз 800 000 (ҳаштсад ҳазор) сомонӣ маблағҳои онҳо баргардонида шудааст. - Муроҷиати шаҳрвандон аз кадом минтақаҳои кишвар бештар ба қайд гирифта мешавад? - Идораи мо дар се минтақаи Тоҷикистон, шаҳри Душанде, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа фаъолият мекунад. Бештари шикоятҳо дар шаҳри Хуҷанд, баъдан Душанбе ва хеле шикояти кам дар Қӯрғонтеппа ба назар мерасад. - Хизматрасонӣ имрӯз ба шаҳрвандон дар кадом сатҳ қарор дорад? - Нисбат ба солҳои қаблӣ сатҳи хизматрасонӣ дар ҳолати хубтар қарор дорад. Вале то ҳол камбудиҳо дида мешавад. Истеъмолкунандагон низ бояд фаъол бошанд, чун тамоми мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд. Инчунин барои ҳимояи онҳо омода ҳастанд. Вале танҳо ин ташкилотҳо наметавонанд сатҳи хизматрасониро дар танҳоӣ беҳтар намуда бошанд. Зарур аст, ки истеъмолкунанда бояд бомаърифат бошад ва риояи ҳуқуқҳои хешро талаб бикунад. - Яъне акнун то андозае фарҳанги ҳимоя аз ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон шакл мегирад? - Бале, акнун шакл мегирад. Мо ҳам барои ин ҷадал мекунем.
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №10 (9436), 10 марти соли 2016
Гулбаҳор РАҲМОНОВА
Матбуот минбари муқаддас аст
Мурод Муродӣ, профессор: - Минбари матбуот майдони муқаддас аст. Мутаассифона, солҳои охир эҳсос мешавад, ки баъзе нашрияҳо матолибро ба хотири пур кардани саҳифаашон ҷой медиҳанд. Ҳол он ки ҳар як нашрия бояд аудиторияи худро ба инобат гирад. Матолибе, ки таҳлилианд ва мавзӯҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои фарҳангиро баррасӣ мекунанд, қобили мутолиаанд. Имрӯз матбуот бояд таъиноташро дигар кунад, ба матолибе эътибор диҳад, ки аз ҷиҳати андеша, проблемагузорӣ мардумро ба фикр кардан водор созад. Корманди матбуот бояд ба ақлҳо, ба маърифати иҷтимоии ҷомеа сарукор гирад.
- Бале. Зеро дар матбуоти даврии мо ҳам иттилоъ ҳасту ҳам таҳлил. Матбуот барои тамоми қишрҳои ҷомеа мавод пешкаш мекунад. Гузашта аз ин, Давлат ва Ҳукумати кишвар дар асоси сиёсати созандаи Пешвои миллат тамоми заминаҳоро барои фаъолияти расонаҳо, аз ҷумла матбуот фароҳам сохтааст. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҷомеаи мо нақши ВАО, аз ҷумла матбуот боло меравад. Албатта, на ҳамаи навиштаҳои матбуот ба тамоми мардум писанд аст. Барои ман ҳам хуш намеояд, вақте хабарнигор ба хотири ҳангома воқеиятро таҳриф месозад. Меъёрҳои касбӣ, ахлоқиро нодида гирифтан обрӯро намеафзояд.
Умеда Ахмедова, ҷомеашинос: - Ман аз матолибе, ки имрӯз дар матбуоти даврӣ ба нашр мерасад, то андозае қаноатманд нестам. Вазифаи асосии матбуоти даврӣ инъикоси вазъи ҳаёти иҷтимоӣ, инкишофи шуури ҷамвият, тарғиби ақидаи солим ва ҳадафҳои созанда бояд бошад. Аммо нигаронкунанда имрӯз он аст, ки зебобаёнӣ кам ба назар мерасад. Вожаҳои душворфаҳм бисёр истифода мешавад. Ҳангоми баргардон аз забони ғайр калимаҳои таҳтуллафзӣ истифода менамоянд. Рӯзноманигорон мехостам беҳтарин ғизои маънавиро ба ҷавонон дода тавонанд.
Ғалатмоҳ Мирова, муаллима: - Маводе, ки дар нашрияҳои имрӯза рӯйи чоп меоянд маро қаноатманд мекунанд. Махсусан нашрияҳои “Ҷавонони Тоҷикистон” ва “Садои мардум”. Ба инҳо обуна ҳастам. Матолиберо чоп мекунанд, ки воқеан дархӯрди замонанд. Ман барои мустаҳкам кардани дарсҳоям ба мавзуъҳои иҷтимоию фарҳангии ин нашрияҳо такя мекунам.
Фаррух Қурбониев, донишҷӯ: - Ҳар як маводе, ки дар рӯзномаҳо чоп мешавад, барои ҷомеа албатта аҳамият дорад. Аммо на ҳар яки он моро қонеъ мекунад. Дар ҳафтаномаҳо такрор зиёдтар аст. Дар нашрияҳо маводе ҳам дарҷ мешаванд, ки куҳна шудаанд. Бо вуҷуди ин матбуот сифати худро гум накардааст ва ҷойгоҳи худро дорад.
«Давои Сино» дармони дарди ранҷурон аст
- Шумо чанд муддат аст, ки ба фаъолияти фарматсевтӣ машғулед? - Ширкати «Давои Сино» 7 сол боз дар Тоҷикистон фаъолият менамояд. Мо асосан 10 намуди доруҳои истеҳсоли Покистонро ворид мекунем, ки антибиотику витамин ва спазмолетикҳоро дар бар мегирад. Доруҳое, ки мо ворид мекунем ҷавобгӯи стандарт буда, дорои сертификатсия мебошанд. Мо тибқи иҷозатномаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии
ҷумҳурӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаем. - Баҳои табибон ба доруҳои вориднамудаи ширкати «Давои Сино» чӣ гуна аст? - Шукри Худо, то ин дам ягон шикоят аз ҷониби табибону мизоҷон нашудааст. Доруҳои воридкардаи ширкати мо 7 сол боз дармонбахши дарди ранҷурони зиёде гаштааст. Кӯшиш мекунем, ки минбаъд низ сазовори боварию эътимоди мизоҷон бошем. - Покистон боз ба кадом кишварҳо дору содир мекунад? - Ҷумҳурии Исломии Покистон ба ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои Халиҷи Форс, мамолики африқоӣ ва Осиё дору содир мекунад. Ширкатҳои машҳури «Ҳербион ва Марҳабо лабараторис» асосан аз гиёҳҳои шифобахш дору тайёр менамоянд. Ҳоло фарматсевтӣ дар қатори маҳсулоти нассоҷӣ, лавозимоти варзишӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ, яъне аз бахшҳои муҳими содироти Покистонро ташкил медиҳанд. Аз 20 то 22 сентябри соли равон дар
шаҳри Қарочии Покистон 12умин конфронси ҷаҳонии индустрияи тандурустии ба номи «Health Asia-2016» баргузор мегардад. Дар он тақрибан 40 000 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ва фарматсевтҳо аз Арабистони Саудӣ Баҳрайн, АМА, Швейтсария, Британия, Олмон, Италия, Фаронса, ИМА, Чин ва ғайра иштирок хоҳанд кард. Дар доираи конфронс намоишгоҳи байналмилалии Pharma Asia низ баргузор мегардад. - Шумо таҳсилкардаи кадом донишгоҳ мебошед?
- Ман фориғуттаҳсили Донишгоҳи Панҷоби Лоҳурам. Ин донишгоҳ қадимтарин мактаби олии Покистон буда, дар асри XIX ба фаъолият оғоз кардааст. Лоҳур шаҳри саноатӣ ва маркази фарҳангии Покистон ба шумор рафта, бародаршаҳри Душанбе мебошад. Умед дорем, ки миёни Душанбеву Лоҳур хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ ёфта, робитаҳои иқтисодиву фарҳангии ду халқи ба ҳам дӯст боз ҳам густариш меёбанд. Мусоҳиб С. АМИНИЁН, “ҶТ”
www.javonon.tj
Соли равон Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии ҷумҳурӣ 20 - сола мешавад. Бо таъсисёбии ниҳоди мазкур фаъолияти фарматсевтӣ дар мамлакат беҳтар ба роҳ монда шуда, сифати дорую давоҳо беҳтар гардид. Ҳоло дар кишвар дар қатори корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ширкатҳое фаъолият мекунанд, ки ба воридоти доруҳои баландсифат машғуланд. Яке аз онҳо ширкати «Давои Сино» мебошад. Дар бораи фаъолияти ширкати мазкур мо бо роҳбари он Носир Салим мусоҳиб шудем.
Сангин Гулов, устоди ДМТ:
е-mail: javonontj@mail.ru
Рӯзнома ойинаи ҳар як миллат аст. Маҳз ҳар як давлату миллатро аз васоити ахбори оммааш ҳам мешиносанд. Аз ин рӯ аз мусоҳибон пурсидем: Оё матолиби матбуоти даврии имрӯза талаботи шуморо қонеъ мегардонад?
5
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
6
МАВҚЕИ “ҶАВОНОН...”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №10 (9436), 10 марти соли 2016
Миллати тоҷик аз азал миллати фарҳангсолору омӯзанда ва дорои ифтихори баланди миллӣ буд. Аммо табиати инсон ҳамеша боз ҳам ба омӯзиш ва дар радифи ин ба таълиму тарбия ниёз дорад. Таълиму тарбия низ вобаста ба пешрафти замона тағйир мехӯраду ислоҳ металабад. Бо дарназардошти ин чанд сол қабл Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар» ба тасвиб расид, ки дар тамоми қишрҳои ҷомеа хуш пазируфта шуда, мувофиқ ба талаботи замон арзёбӣ гардид. Ин қонун яке аз дастовардҳои бузурги замони истиқлолият буда, ба баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ, таълиму тарбияи фарзанд ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мусоидат менамояд. Уҳдадории волидон дар тарбияи фарзанд ва ҳамзамон нигоҳубини волидон аз ҷониби фарзандон дар пиронсолӣ аз меъёрҳои муҳими ахлоқии мо маҳсуб меёбад. Ин масъалаест, ки аз Конститутсияи мамлакат маншаъ мегирад ва дар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод гардидааст, такмил шуда, чунин ифода ёфтааст: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд». Воридшавии техникаву технологияи нав ба ҳаёти муосир тақозо мекунад, ки тарзу усули истифодаи самараноки он низ ба наврасону ҷавонон омӯзонда шавад, то он ҳамчун роҳнамо тавонад насли навро ҳидоятгари роҳи рост бошад. Масалан, тавассути ин раванд дар радифи иттилооти зарурӣ ба мардум иттилоъ ва маводе низ дастрас мегарданд, ки ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии мо бегона буда, заминаи паст шудани ахлоқу одоб ва маънавиёти насли ҷавон ва паст шудани шавқу рағбати онҳо ба донишандӯзӣ мегарданд. Ин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ таълиму тарбияро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон намудааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқоту вохӯриҳояш пайваста таъкид менамояд, ки волидон қабл аз ҳама бояд дар таълиму тарбияи фарзандон саҳлангорӣ накунанд. Дар миёни мардуми мо ақидае роиҷ аст, ки ба тарбияи фарзанд бояд бештар модарон машғул шаванд. Ин бар он далел
аст, ки модарон бештар дар хона ва дар бари фарзандонанд. Аммо ин ақидаи ғалат аст. Дар тарбияи фарзанд нақши падару модар баробар мебошад. Яке аз омилҳои асосии ташаккули шахсияти фарзанд мавқеи тарбиявии волидон аст. Фарзанд агар дар оила хислатҳои таҳаммулпазириву муҳаббат ба наздикон ва низому тартибро аз модар омӯзад, пас, далериву шуҷоат, худшиносиву ватандӯстӣ ва устувориву суботро аз падар ба мерос мегирад. Бесабаб нест, ки оиларо оинаи кӯдак номидаанд. Ҳама рафтору муносибати калонсолон барои кӯдак намунаи ибрат мебошанд. Падару модар ҳамеша дар саргаҳи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии фарзандон қарор доранд. Фарзандон муносибати худро ба олами атроф аз дидгоҳи волидон му-
карда тавонем. Шаҳодат, модари ҷавон аз ноҳияи Ваҳдат, ки 2 фарзанд дорад, дар мавриди тарбияи кӯдакон ақидаҳои худро чунин баён намуд: “Кӯдаконро тарбия мекунем гуфта онҳоро ба амале маҷбур кардан лозим нест. Онҳо ки калон шуданд, худашон ҳама баду некро фарқ мекунанд ва боз моро тарбия низ мекунанд”. Чунин бетафовутӣ нисбат ба тарбияи фарзандон ба рӯҳияи онҳо низ таъсир гузошта, дар натиҷа кӯдакон низ худбину бетафовут ба воя мерасанд. Зеро падару модар оинаи фарзандонанд ва онҳо дар симо ва рафтору кирдори волидон ояндаи худро мебинанд. Зиёданд оилаҳое, ки солиёни зиёд падар дар муҳоҷират қарор дораду модар рӯзҳои дароз паи дарёфти ризқу рӯзӣ дар бозор мешинад ва ё ба кори дигаре машғул мешавад. Ҳамсуҳбати ди-
айян месозанд. На ҳама падару модар бо таъсиррасонӣ ба фарзанд онҳоро тарбия карда метавонад. Тарбия омӯзондану талқин намудани донишу малакаҳое мебошад, ки кӯдакро ба инсон табдил медиҳанд. Барои ин қабл аз ҳама худи волидон бояд аз чунин таълиму тарбия бархурдор ва бофаҳму идрок бошанд. Баъзе падару модарони нисбатан ҷавон ба таълиму тарбияи кӯдакон ба таври бояду шояд эътибор намедиҳанду танҳо барои худ зистан мехоҳанд. Онҳо фарзандонро таълиму тарбия намедиҳанд, балки танҳо дар паҳлуи фарзандон буданро масъулият мешуморанд. Вале онҳо намедонанд, ки ин на таълиму тарбия, балки худмуҳофизаткунӣ аст. Агар мо фарзандро тарбия карда натавонем, бояд ақаллан бо ӯ дӯстӣ
гари мо Салтанат модари панҷ фарзанди ноболиғ асту аз субҳ то шом бе истироҳат дар бозор ба тиҷорат машғул аст. Фарзанди калониаш 11-сола ва хурдиаш 3-сола буда, чор кӯдаки ноболиғи ӯ дар хона танҳо ва дар нигоҳубини фарзанди калониаш, гузошта шудаанд. Ӯ мегӯяд маблағе, ки падари фарзандонаш мефиристад, ба эҳтиёҷи оила намерасад ва ба замми ин онҳо дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунанд. Агар бигӯем, ки фарзандон симои падарро тамоман аз ёд баровардаанду модарро низ қариб ки намебинанд, хато намекунем. Зеро модар субҳи солеҳон, вақти хоб будани онҳо аз хона берун мешаваду баъди шом, аксар вақт ҳангоми хоб будани фарзандони хурдӣ, ба хона бармегардад. Дар чунин ҳолат чӣ гуна метавон аз таълиму тарбияи кӯдакон ҳарф зад? Бояд вобаста ба синну соли кӯдак бо ӯ рафтору муомила намуд. Масалан, дар хурдсолӣ ҳатман бо кӯдак бозӣ кардану ҳангоми мактабхонӣ бо ӯ дарс тайёр намудан, вақти ба машқу тамрин машғул шуданаш ҳамроҳаш тамрин кардани падар ё модар ҳатмӣ аст. Коршинос ва рӯзноманигор Бобоҷони Шафеъ робитаи волидонро бо мактаб ва дигар таълимгоҳҳо ҳатмӣ мешуморад. - Одоб дар таълимгоҳҳо нигаронкунанда аст, - мегӯяд ӯ. – Таълим дар макотиб ҳамоно ба мушкил рӯ ба рӯст. Ман бо мактабе, ки фарзандонам таълим мегиранд, ҳамеша дар иртиботам ва ба он ҷо
Биомӯзем, то омӯзонем
Шаҳло ЭШОНОВА бе даъват меравам, чун ба тақдири минбаъдаи фарзандонам бетафовут нестам ва мехоҳам дар ҳама ҷо аз ҷараёни ахлоқи онҳо огаҳ бошам. Робитаи волидон бо таълимгоҳҳо ҳарчи зичтар бошад, таълиму тарбия ҳамон андоза самари бештар медиҳад. Илова бар ин волидон уҳдадоранд, ки ҳамарӯза рӯзномаи фарзандро аз назар гузаронанд ва агар мушкиле пеш ояд, ҳатман кӯмак кунанд. Дар урфият гуфтаанд, ки агар се рӯз аз ҳоли фарзанд ғофил монед, як сол аз роҳи тарбия дур мешавад, ки ҳақиқат аст. Ба фарзандон аз ҳад зиёд фишор овардану фармонравоии барзиёд низ самараи хуб намедиҳад. Бо фарзанд на чун зердаст, балки ҳамчун рафиқи худ муомила бояд кард. Вақте падару модар бо фарзандони худ дар бораи шавқу рағбати онҳо суҳбат мекунанд, онҳо худро узви ҷамъият ва одамони солимфикру зарурӣ эҳсос мекунанд ва кӯшиш мекунанд, то ҳама амалу рафтори худро дар машварату мувофиқа бо волидон анҷом диҳанд. Илова бар ин аз фарзанд он кору амалеро тақозо намудан лозим аст, ки иҷрои онҳо барояш имконпазир аст. Ҳамзамон хоҳишҳои ӯро низ бояд ба эътибор гирифт, зеро тарбияи зӯракӣ ва таҳмилӣ самара намедиҳад. Наполеон ба лашкаркашонаш чунин таълим медод: “Танҳо амрҳое диҳед, ки иҷрошаванда бошанд”. Волидоне ҳастанд, ки ба ивази талаботи худ ба фарзандон подош доданро ваъда медиҳанд. Масалан “Агар якто баҳои панҷ гирӣ, як сомонӣ медиҳам, дуто гирӣ, ду сомонӣ медиҳам” ва ё “Агар ба мағоза равӣ, бароят куртаи нав мехарам” ва монанди инҳо... Чунин тарзи тарбия дар кӯдакон хислатҳои тамаъҷӯиву чизпарастиро инкишоф медиҳад. Ба кӯдак бояд ҳамеша ҳаминро талқин намуд, ки хоҳишу талаботи волидонро бе ягон тамаъҷӯӣ ва бидуни подоше иҷро намоянд. Нозукии масъалаи тарбия низ дар ҳамин ҷост. Таълиму тарбияро набояд кори саҳл пиндошт ва бояд ҳамеша дар хотир дошт, ки насли солим танҳо дар натиҷаи таълиму тарбияи дуруст ба воя мерасад. Насли солим бошад, бунёдгари ҷомеаи солим аст.
СУҲБАТИ “ҶАВОНОН...” эҷодро дарк намекунанд. Ҳеҷ вақте ман гуфтанӣ нестам ва умуман дар илми эҷод ҳам як қонунияте нест, ки бояд ба касе пайравӣ надошта бошеду ба касе тақлид накунед. Баъзеҳо аз рӯйи сохтор ва як низоми муайяне, ки дар эҷоди дигарон ҳаст, эҷод мекунанд. Тақлид ё як навъ пайравӣ мавриди қабул буда метавонад, агар ба ҳамон шакле, ки шумо дар партави ҳамон илҳом эҷоди худро самт бахшеду ба вуҷуд оред. Мо гуфта наметавонем, ки ба асарҳои баландмазмуне, ки нависандагони мо ба монанди устод Садриддин Айнӣ ва дигарон эҷод кардаанд, пайравӣ надошта бошем. Бигзор эҷодкори ҷавон орзу дошта бошад ва барои худ идеал созад. Аммо касе қолаби ди-
шуъла хомӯш мешавад. Ба ашхосе, ки мехоҳанд навиштанро ёд гиранд, чӣ маслиҳат медодед: Талош варзанд, ё сари вақт канор раванд? - Аввалан навиштан истеъдод аст. Агар ҳамон истеъдод набошад, хеле мушкил аст. Боз ҳам мегӯям, ки шояд як мухбире ба воя расад. Як нафаре, ки танҳо хабар нависад. Аммо эҷодкоре, ки зина ба зина тай карда, аз журналистикаи оддӣ сар карда, то ба олами публитсистика ва баъдан ба нависандагӣ мерасад, бо итминон мегӯям, ки истеъдодмандест, ки бо тай кардани зинаҳо ба як минбари баланд рафта мерасад. Аммо оне, ки илҳом намеояд ё ин ки ҳавасе нест, ки рӯйи варақ чизе резад, аз таҷрибаи худ ва умуман
- Ҳамчун як муҳаққиқи соҳаи журналистика вазъи имрӯзаи матбуоти давриро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Матбуоти мо имрӯз, баъд аз он ки як навъ буҳрони молиявӣ тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, ба андаке мушкилот мувоҷеҳ гаштааст. Пойдории рӯзнома ҳама вақт вобаста ба масъалаҳои молиявист. Дар маҷмуъ матбуоти имрӯзаи мо рисолати худро иҷро намуда истодааст. Ба истилоҳ ҳам матбуоти давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ хонандаи худро соҳиб аст. Албатта баъзе мушкилот вуҷуд доранд. Масалан, имрӯз аҳолии деҳот андаке аз мутолиа дур аст. Ин ҷои пӯшида нест. Вақте ки ба нуқтаҳои гуногуни кишвар сафар мекунед, аз мавҷудияти
- Имрӯз дастрасӣ ба васоити электронӣ васеъ шудааст. Ин омил боис шудааст, ки матбуот кам мавриди назар қарор гирад. Аз ҷониби дигар имрӯз мубориза барои вақти холии аудитория торафт шадид шуда истодааст. Бубинед, ки ҳар рӯз як шабакаи ба забони мо наздик ва бо дигар забонҳо тариқи моҳвораҳо пахш мегарданд. Албатта рӯзнома, ки шакли классикии ВАО аст, ҳеҷ гоҳе набояд ҷойгоҳи худро аз даст диҳад. Андешае вуҷуд дорад, ки дар даҳсолаҳои наздик шояд коғаз аз байн равад. Бигзор аз ҳозир рӯзномаву маҷаллаи электронӣ рушд намояд. Ҳамон бардошту завқе, ки хонандаро қонеъ кунонида метавонад, бо назардошти ҳамин рӯзнома агар амал
гарро бо пуррагӣ такрор карда наметавонад, агар кӯшишу талоши ин такрорро дошта бошад ҳам. Тақлиду пайравӣ кардан танҳо ба он шарту мазмун аст, ки бояд дар асоси он худро созед. - “Шабҳои бедорхобӣ ва чашмҳои аз мутолиа варамида то ҳадде ба саволи “Чӣ кор кунам, ки навишта тавонам!” посух дода метавонад”. Ин фикрро каме тавзеҳ медодед? - Аҷиб аст вақте аз баъзе рӯзноманигори ҷавон ё донишҷӯёни факултети журналистика мепурсам, ки рӯзнома ва ё китоб мехонӣ, шарм надошта ҷавоби рад медиҳанд. Пас ин таассуфовар аст, вақте ки бидуни мутолиа шумо даъвои эҷодкор буданро доред. Адибе мегӯяд, ки сад асарро мехонам ва шояд дар асоси бардошти ин сад асар як қисса навишта тавонам. Ин ҳама вақтро мехоҳад. Асоси илҳому бунёди пояи эҷодии эҷодкор ҳамон шабҳои бедорхобӣ аст. Шаб, ки ором асту як асрори нуҳуфта дорад, кас метавонад аз мутолиаи асарҳову варақгардон кардану муқоиса намудан, таҳлилҳо, нигоҳ ба сарчашмаҳо эҷод карда тавонаду чизе нависад. Дар акси ҳол худ тасаввур кунед, шиновареро, ки маротибае шино накардааст, аммо як умр даъвои шиноварӣ мекунад. Ва аввалин маротибае, ки ӯ ба об медарояд, ғарқ мешавад. - Мегӯянд, шавқи навиштани чизе дар ҳар кас пайдо мешавад. Вале вақте қалам ба даст мегирем, чизи мехостаамон ба рӯи коғаз намерезад. Ёд гирифтани навиштан, ки баъдан тавонем чизи дилхоҳеро эҷод кунем, кори осон нест. Аз ин лиҳоз, бештари маврид
аз он мутолиаҳое, ки дорам, мегӯям, ки эҷодкор барои ворид шудан ба ҳамон лаҳзаҳои эҷод бояд таҳаммулеро дар вуҷуди худ дошта бошад. Дар китобҳои вобаста ба эҷод таъкид мегардад, ки 20 дақиқаи аввал, вақте коғазу компютеру дигару дигар паҳну парешон рӯ ба рӯи эҷодкор аст, бисёр мушкил аст, ки худашро ба ҳамон олам ворид созад. Дар дил гӯё як завқе ва орзуе дорад, аммо барои рӯйи авроқ рехтани он азоб мекашад. Ин бист дақиқа воридшавӣ аст, ки бигзор эҷодкор инро таҷриба кунад. Аввалин ибораҳое, ки месозад, сангин ба назар мерасад. Аммо вақте ки ба ҷараён ворид мешавад, бояд аз ин роҳ ақиб нагардад. Эҷодкоре, ки дар худ як навъ озодиро эҳсос мекунад, ӯ бояд дар лаҳзаи воридшавӣ иродатманд бошад. Он нафаре, ки даъвои эҷодкорӣ дорад, бояд дар лаҳзаи воридшавӣ устувор бошад. Пас ӯ ба ҳадафҳояш мерасад. - Вақт ва нақша қиматанд. Тақсимбандии вақт барои эҷодкори муваффақ шудан аҳамият дорад ё эҷодкор бояд озод бошад? - Ягон вақт кор ё амале бидуни нақша нест. Беҳтарин эҷодкор ҳамон аст, ки агар дар тақсими дурусти вақт муваффақ бошад. Вақт ҳам як навъ озодиест барои эҷодкор, ки ҳамон вақтро риоя кунад, худро озод эҳсос менамояд. Агар ӯ барои худ вақту нақша надошта бошад, пас як нороҳатие дар вуҷуди ӯ ҳаст. Барои эҷодкоре, ки аллакай ба ин роҳ ворид шудааст, тақсими вақт дуруст аст. Дунёи эҷодкор дунёи махсусе аст, ки танҳо худи ӯ инро дарк мекунад.
баъзе рӯзномаҳо ҳатто дарак надоранд. Аммо гумон мекунам, ки ин ҳолат ҳам гузаранда аст. Аз оне, ки телевизион, радио, интернет журналистика ҳаст, матбуоти мо як навъ костагиро дар худ эҳсос мекунад. Аммо вақте дар шаҳри Душанбе дар дӯконҳо фурӯхтани рӯзномаҳоро мебинем, дар худ осудагиву фараҳмандиро эҳсос мекунам. Зиёда аз панҷсад нашрияе, ки сабти ном шудаанд, гарчанде ҳамаи онҳо фаъол ҳам набошанд, нисбат ба ҳамсоякишварҳо дар қиёс бо шумораи аҳолӣ дар дараҷаи нисбатан хуб қарор дорад. Аз ҳама хубаш он аст, ки ягон навъи сензураи расмӣ вуҷуд надорад. Ва аз ин шароите, ки фароҳам омадааст, бояд рӯзноманигорони мо истифода баранд. Фақат ҳамон костагие мемонад, ки хонандаи мо камзавқ гашта истодааст. Вақте ки рӯзномаро суроғ намекунанд, ин албатта боз як масъалаи ҷиддии дигарест. Ҷомеаи дур аз мутолиа, ҷомеае, ки ҷаҳонбинии маҳдуд дорад, ҷомеае, ки хабардор нест, хоҳ - нохоҳ ба монеаҳои зиёд дучор мешавад. - Роҷеъ ба масъалаи таваҷҷуҳи кам доштани хонандагон ба матбуот чӣ андеша доред?
кунад, шояд дар ин сабқат ғолиб ояд. Вақте ки ҷавони имрӯза пешорӯи ин қадар имконот қарор дорад ва агар дар ниҳодаш шавқи мутолиа бошад, мутолиа мекунад. Гумон мекунам, хонандаи кам доштани рӯзномаҳо ин як ҳолати гузариш аст. Ин гузариш агар ба хубӣ анҷом ёбад, боз рӯ меорем ба мутолиаи васеи рӯзномаҳо. Чунки асли мо, гузаштаи мо ҳама дар пояи маънавиёту фарҳанги баланд ба камол расидаанд. Мо низ бояд идомадиҳандаи ин роҳ бошем. - Ба фаъолияти эҷодкорони ҷавон чӣ гуна баҳо медиҳед? - Боиси хушнудист, ки чанд соли охир мо як навъ гардиши навро дар ҳаёти эҷодкорони ҷавон дида метавонем. Ман дар ботини аксари онҳо завқу танишҳои эҷодиро эҳсос мекунам. Албатта вазифаи мо, устодон, он аст, ки завқу шавқи онҳоро бедор созему роҳнамоӣ кунем. Аксари ҷавонони мо мехоҳанд, ки пойбанд ба васоити электронӣ бошанд. Аммо сухани чопӣ ҳама вақт қимат дошту дорад. Он нафаре, ки дар рӯзнома навишта метавонад, дар ҳама соҳаи васоити ахбори омма кору фаъолият карда метавонад.
Сухани чопӣ ҳама вақт қимат дошт
www.javonon.tj
11-уми март Рӯзи матбуоти тоҷик аст. Мо ба ин муносибат бо муҳаққиқи соҳаи журналистика, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Абдулмумин Қутбиддинов, ки муаллифи чандин китобҳои илмию публитсистӣ мебошад, суҳбат оростем. - Устоди гиромӣ, рӯзи матбуоти тоҷикро ба Шумо табрик мегӯем! - Ташаккур. Рӯзи матбуот ба шумо ва аҳли қалам низ муборак бошад! - Китоби Шумо – “Роҳ ба сӯи эҷод” дастури муфиде барои навқаламони ҷавон аст. Вале дар ҳамин шабу рӯз, ки ҷомеа худро аз мутолиаи китобу рӯзнома канор гирифтааст ва матбуотамон ҳам бо теъдоди хеле кам нашр мешавад, зарурати ҷалби ҷавонон ба эҷод ва нигориш дар чист? - Он ки дар шароити имрӯза мутолиа хеле коста шудааст боиси нигаронӣ мебошад. Аммо бовар дорам, ки оддитарин сатре, ки имрӯз дар саҳифаи электронии ахбор ҳам ба табъ мерасад, аз муаллифи худ ҳунари эҷодкорӣ талаб мекунад. Ин ишораро онҳое пештару бештар мефаҳманд, ки ба эҷод сару кор доранд. Гумони ман он аст, ки ҷомеа аз таҳаввулоти баланд, аз оне, ки ба дараҷаҳои баланди инкишоф мерасад, боз як рӯзе ба қадру манзалати ҳамон мутолиа бармегардад. Ҷомеае, ки пояи маънавии устувор дорад, дар асоси ҳамон мутолиаест, ки гузаштагон таблиғ мекарданд. Ба оғози асри гузашта нигарем, мебинем, ки рӯзномаву маҷалла чӣ гуна қурбу манзалат дошт. Ҳатто гардиши куллӣ дар ҷараёни ҳаводису равандҳои сиёсӣ ба вуҷуд меовард. Имрӯз ҳам ҳамин рисолат ҳаст, аммо як чизро бояд қоил бошем, ки дар ҳақиқат он рақобате, ки байни васоити электронӣ ва сухани рӯзнома қарор дорад, шадид аст. Ана ҳамин боис шудааст, ки мутолиа ва теъдод нашри рӯзномаву китоб кам шавад. Имрӯз ҳамон ҷомеаи пешрафтаи ғарбӣ, ки як вақт муаллими ҷаҳонаш мегуфтем, акнун хуб дарк карданд, ки ҷомеаи бидуни мутолиа рӯзе ба мушкилоти ниҳоят ҷиддӣ дучор мешавад. Аз ин рӯ, эҷод ҳеҷ вақт барканор намешавад ва он як чизи фарсуда нест. - Дар яке аз қисматҳои ин китоб зикр мекунед, ки ҳеҷ кас бояд аз думболи касе наравад. Ҳар нафар бояд роҳи худро дошта бошад ва худро созад. Чӣ гуна мумкин аст ба касе тақлид ё пайравӣ накарда роҳи худро дошт? - Албатта ишора бештар ба он эҷодкорони шахшудае нигаронида мешавад, ки асрори
7 е-mail: javonontj@mail.ru
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №10 (9436), 10 марти соли 2016
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
8
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №10 (9436), 10 марти соли 2016
Ҳамасола, вақте ки моҳи март мерасад, моро хурсандии рӯҳбахш фаро мегирад. Зеро моҳи март оғози фасли баҳор аст, фаслест, ки аз хурд то бузург онро дӯст медоранд. Фасли фараҳ аст баҳор. Дар сароғози ин моҳ иди бонувони Тоҷикистон қарор дорад, иде, ки дар даврони шӯравӣ «Рӯзи байналхалқии занон» ном дошт. Пас аз ду рӯзи таҷлили Иди бонувон 11 март- рӯзи тавлиди матбуоти тоҷик – рӯзи касбии журналистон аз омаданаш мужда мерасонад. Ёздаҳуми март ба ифтихори аз чоп баромадани шумораи нахустини газетаи «Бухорои шариф» (11.03.1912) иди матбуоти тоҷик муқаррар шудааст. «Бухорои шариф», ки дар ибтидо ҳафтае шаш маротиба, баъзан чор бор нашр мешуд, умри зиёд надид: чопи ин ҷаридаи рӯшанфикрони Бухоро баъди даҳ моҳ, пас аз чопи 153 шумора 2 январи соли 1913 бо фармони консулгарии рус ва амри амири Бухоро манъ шуд. Барои рӯзноманигорони тоҷик азиз аст ҳар сатри чопии «Бухорои шариф», зеро бо аҳамияти худ ба таърихи матбуоти тоҷик оғоз бахшид. Дар даврони истиқлолият рӯзи чопи «Бухорои шариф» дар Тоҷикистон бо тантана қайд карда мешавад. Ба ин муносибат дар пойтахти Ватани азизамон – Душанбе ҷамъомадҳои шукӯҳманд барпо мегарданд. Рӯзноманигорони Файзобод низ дар доираи имкониятҳои хеш ёздаҳуми мартро истиқбол мегиранд. Нишастҳои орифона, вохӯриҳои самимона, суҳбатҳои оқилона ва маҳфили рӯзноманигорони маҳаллиро рӯшан мекунанд. Воқеан, ёдҳои талху ширини рӯзҳои аввали таъсисёбии газетаи ноҳия («Меҳнати коммунистӣ») таъсирбахшанд. Соли 1969, пас аз он ки Файзобод аз нав ба ноҳияи мустақил табдил ёфт, ташкили идораи нашрияи маҳаллӣ ба миён омад ва шумораи нахустини «Меҳнати коммунистӣ» якуми январи соли 1970 бо имзои муҳаррир Раҷабалӣ Аҳмадов аз чоп баромад. Ин кас дар газетаи бонуфузи ҷумҳурӣ «Тоҷикистони советӣ» (имрӯза «Ҷумҳурият») ходим буданду бо супориши Комитети марказии партияи коммунистии Тоҷикистон инҷо омада, ҳайати эҷодии редаксия (идораи нашрия)-ро созмон доданд. Маводи шумораи нахустини «Меҳнати коммунистӣ» асосан аз маҳсули қалами муҳаррир Раҷабалӣ Аҳмадов, котиби масъул Мирзо Файзалӣ, ҳоло раиси бахши Иттифоқи нависандагон дар ш.Ваҳдат, Шоири халқии Тоҷикистон, баран-
11 МАРТ - РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК даи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ, мухбир – ташкилотчии радиои маҳаллӣ Ҷӯрабек Муъмин иборат буд. Чаро пинҳон монад, ки идораи нашрия ҳамин қадар, се нафар рӯзноманигори касбӣ дошт. Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқ Нуралӣ Шоев, шахси бемаълумот Худойбердӣ Шоазизов – яке мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқ, дигаре ба сифати ходими адабӣ ба кор даъват шуданд. Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Ҳомид Ҷомиев мудири шуъбаи маорифу маданият таъин шуд. Вале онҳо дер напоиданд. Яке ду моҳ, дигаре шаш моҳ, сеюмӣ сари яксолагӣ пайи корҳои худ баргаштанд. «Меҳнати коммунистӣ» дар ибтидо бо мушкилӣ аз чоп ме-
зиёд ба харҷ дода, тадриҷан матбааро бо таҷҳизоти чопӣ ва мутахассисони соҳа таъмин намуд. Ҳар ҳафта чопи седафъаинаи «Меҳнати коммунистӣ» бо маром давом мекард. Ҳеҷ мумкин набуд, ки шумораи навбатӣ ба таъхир афтад. Райком дар ин бобат талаботи сахт дошт. Роҳбари аввали ноҳия ба чопи газета таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекард. Матолиби танқидиро ба инобат мегирифт, ба муҳокимаи бюрои райком мегузошт, танқидшудагонро таъкид мекард, муаллифони мақолаҳоро дастгирӣ менамуд. Барои эҷодкорон шароити кору истироҳат фароҳам меовард. Идораи нашрияро бо мошини хизматӣ таъмин мекард, ба як
сатҳи болоию поёнии ноҳия шикоят меоварданд. Газета мудом аз паи мактубҳо мерафт, ба қавле «мухбирро аз дар зананд, аз тиреза» медаромад. Ходимон барои амалӣ шудани розу ниёзи мардум «монда нашуда» шабу рӯз кор мекарданд. Соли 1980, ҳини муҳарририи Фирдавсӣ Қурбонов вақте шаҳри Роғун дар ҳайати ноҳияи Файзобод буд, ба хотири инъикоси ҳамаҷонибаи ҳаёти бунёдкорони нерӯгоҳ як саҳифаи «Меҳнати коммунистӣ» ба русӣ табдил дода шуд. Нахустин корманди саҳифаи русӣ Чистапрудова Ольга Матвеевна журналисти дипломдор буд. Ин саҳифа ҳашт сол фаъолият кард. Дар ин миён Неъматулло Гадоев (рӯҳаш
Вақти навиштани ин мақола саҳифаҳои таърихи «Меҳнати комунистӣ»-ро варақгардон карда дидем, ки аз соли таъсисёбии он (1970) то инҷониб ҳафт муҳаррирро аз сар гузаронида, даҳ нафар ҷонишин ва котиби масъули газета буданд. 42 нафар дар вазифаҳои мухбир – ташкилотчии радиои маҳаллӣ, ходим ва мудири шуъба кор кардаанд. 21 нафар ба сифати мусаҳҳеҳ ифои вазифа доштанд. «Набзи Файзобод» айни ҳол панҷ нафар ходими эҷодӣ дорад, ки дар як моҳ чопи секаратаи онро таъмин менамоянд. Як нафар Корманди шоистаи Тоҷикистон, чори дигар Аълочии матбуоти Тоҷикистон мебошанд. Ҳамаи ходимони
баромад. Аз кори эҷодӣ дида корҳои техникӣ, яъне ба чоп расонидани газета сангинтар буд. Газета чанд моҳи аввали соли 1970 дар матбааи ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҳозира ш. Ваҳдат ба чоп мерасид. Роҳбари ноҳия Мирзохӯҷа Шоев директори Хонаи маданият Шукрулло Комиловро директори матбаа таъин карда, бино ҷудо намуд ва ташкили чопхонаро пурра ба зимаи ӯ гузошт. Марди хеле боғайрат буд Шукрулло Комилов, рӯҳаш шод бод, даводав карда асбобу ускунаи чопхонаро муҳайё намуд, аз Душанбе мутахассис оварду бо ҷои хобу се вақт хӯрок таъмин намуд. Бо вуҷуди ҳамаи кӯшишу ғайрати Шукрулло ходимони редаксия дар баровардани газета азоб мекашиданд, сад мушкилӣ пеш меомад. Мешуд, ки ҳарфчини шаҳрӣ қаҳр мекарду бо зорию таваллои роҳбар ва «пишим-лолои» эҷодкорон аз роҳ мегашт. Шукрулло Комилов маҷбур шуд, худаш ҳарфчиниро ёд гирад. Ӯ акаи Насриддинро аз Ҷонварсӯз барои саҳифабандӣ овард. Акаи Насриддин Қурбонов дар солҳои қаблӣ «Меҳнати сотсиалистӣ» (газетаи соли 1933 таъсисёфтаи ноҳия)-ро аз чоп мебаровардааст. Ӯ фидоии касб буд. Вақтҳое мешуд, ки то дамидани субҳ ҳамроҳи ходими навбатдори шумора дар ду по рост андармони саҳифабандию чопи газета меистод. Мо, ходимони рӯзнома, ба нерӯи хастанашавандаи ин мард тан дода будем. Ӯ ҳар саҳар пеш аз ҳама ба кор ҳозир мешуд. Аз ҷойи зисташ деҳаи Ҷонварсӯз то маркази ноҳия ҳамеша пиёда омада мерафт. Шукрулло Комилов кӯшиши
ифода, ба қадри сухани чопӣ мерасид. Ҳамин буд, ки обрӯи газета, ходимони он хеле баланд буд. Дар солҳои дуюму сеюми таъсиси идораи нашрия ҳайати эҷодӣ аз ҳисоби дастпарварони асосан Университети давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) мукамал шудан гирифт. Соли 1971 Хурсанд Азимов ба кор омад. Ӯ дар шуъбаи шабонаи факултаи филологияи Донишкадаи мазкур таҳсил намуда, ҳамзамон ходими рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон») буд. Бояд зикр кунем, ки Хурсанд Азимов ба ҷумлаи соҳибқаламони идораи нашрия дохил мешуд. Вай дар ин идора понздаҳ сол кор карда аз мухбир – ташкилотчии радиои маҳаллӣ то ба мансаби котиби масъули газета сабзид. Баъд дар вазифаҳои мудири шуъбаи ҳукумати ноҳия, раиси ҷамоати шаҳраки Файзобод кор кард. Чаро нагӯем, ки «Меҳнати коммунистӣ» ҳамон солҳо аз ҷониби сокинони ноҳия хеле хуш қабул мешуд? Газета аввалҳо се ҳазор, баъдтар чор ҳазор обуначӣ дошт. Ин шумора то ба шаш ҳазор расид. Идораи нашрия шуъбаи мактубҳо дошт, ки рӯзе ками кам 10 нома мегирифт. Аз соли 1971 то соли 1981 мудири ин шуъба Абдуҷаббор Абдуллоев буд. Ҳарчанд маълумоти олии нопурраи соҳаи математика дошт, бад наменавишт. Мавзӯи кишоварзиро хуб таҳлил мекард. Хонандаҳои мо аз ҳар хусус хабару мақола мефиристоданд. Боварии сокинони ноҳия ба газета, ходимони он қавӣ буд. Аз кори милитсия, прокуратура, суд, аз ноадолатиҳои роҳбарони
шод бод), Л. Байко Т. Д. Жуковский ва О. Суровкина, Нурулло Тошев ходимони ҳамин саҳифа буданд. Банда, ки аз ибтидои таъсисёбӣ то ба имрӯз дар ҳамин идора фаъолият дорам, солҳои 1980-1991-ро беҳтарин давраи кору эҷод меҳисобам. Байни ин солҳо як гурӯҳи ҷавонони серғайрату хушқалам ҳайати эҷодии нашрияро пурра гардониданд. Навиштаҳояшон обрӯи газетаро ба маротиб боло бардошт. Саид Ашӯров пас аз хатми бахши журналистии Донишгоҳи миллӣ ба кор омада, аввал мухбир – ташкилотчии радио, баъд котиби масъул шуд ва чанд сол дар вазифаи ҷойнишини муҳаррир низ кор кард; Мунаввара Тағоева дар Файзобод аввалин бонуи риштаи журналистӣ номнавис шуд; Тӯрабек Ҷобиров корро аз ходими адабӣ оғоз намуда, солҳои 1984-1986 котиби масъул буд; Нурмаҳмад Абдураҳмонов бо дипломи рӯзноманигорӣ ба кор омад; Шарофиддин Воҳидов, Маҳмадсиддиқ Толибов, Савлатшоҳ Хоркашов, Мизробшоҳ Ҳакимов, Маҳмадалӣ Ҷалилов, Файзалӣ Аминов, Саъдӣ Мирзоев бо хабару мақолаҳои ҷолиби хеш ба донишу маърифати муштариёни «Меҳнати коммунистӣ» таъсири амиқ гузоштанд. Маҳз ҷамъи ҳамин ҷавонони пурғайрат нуфузи сухани чопиро дар миқёси диёр боз ва боз баланд бардошта, идораи нашрияро ҳамчун «Макони муқаддас» шуҳратёр гардониданд. Бо тақозои замон соли 1990 «Меҳнати коммунистӣ» бо унвони нави «Набзи Файзобод» номнавис шуд.
имрӯза ба узвияти Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон пазируфта шудаанд. «Набзи Файзобод» сомонаи худро дошта, ба интернет пайваст аст. Дар давоми камтар аз ду соли мавҷудияти сомонаи интернетӣ беш аз 120 ҳазор ба маводи газета ошноӣ пайдо намуданд. Идораи нашрия дар тӯли мавҷудияташ ҳамчун донишкадаи ҳақиқии эҷодӣ, мактаби обутоби сиёсию маънавӣ эътироф гардид. Аксари кулли ходимони он ба мансабҳои баланд рафтанд, дар донишгоҳу донишкадаҳои олии пойтахт омӯзгор шуданду ба унвонҳои илмӣ соҳиб гардиданд. Ҳайати имрӯзаи эҷодии идораи нашрия бо ҳамкорони собиқадори худ ифтихор менамояд. Воқеан, хабарнигори «Ҷавонони Тоҷикистон» Гулбаҳор Раҳмонова аз айёми талабагӣ дар мактаби эҷодии «Набзи Файзобод» обутоб ёфту қалам рост кард. Бахтиёр Қутбиддинов, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Нигина Мӯминова, барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Моҳсафари Яҳёзод (ҳарду кормандони телевизион) шогирдони ҳамин мактаб ҳастанд. Имрӯз ҳам «Набзи Файзобод» миёни «нашрияҳои хурд»-и ҷумҳурӣ аз беҳтаринҳо маҳсуб мешавад. Далелаш ҳамин аст, ки дар бисёр озмунҳо ғолиб меояд ва ходимонаш журналистони касбианд.
Хомаи мо ифтихори мост
Ҷӯрабек МУЪМИН, ходими «Набзи Файзобод», Корманди шоистаи Тоҷикистон.
11 МАРТ - РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК Танҳо нимаҳои дуюми солҳои ҳафтодум таваҷҷуҳи мансабдорон ба Наврӯз беш гардида, дар матбуоти даврӣ каму беш мавод ба табъ мерасид. Дар ин ҷода бешубҳа саҳми Бӯринисо Бердиева басо калон аст. Дорои Дӯст муддати тӯлонӣ бо ин зани сарсупурдаи миллат якҷоя дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» фаъолият намудааст. Дар мақолааш «Он, ки заминасози бедорӣ буд» ва дар китоби «Бузургбонуи матбуоти тоҷик», ки ба хотири Бӯринисо Бердиева ба табъ расидааст, чунин менигорад: «Кушодани як мактаби сирф тоҷикӣ, як кӯдакистони сирф тоҷикӣ дар пойтахт, ба роҳ мондани омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар мактабҳо, дарёфти наврасону ҷавонони боистеъдод ва қадршиносӣ аз устодони мумтоз, авзои мактабҳои тоҷикии кишварҳои ҳамсоя, фиристодани китобҳои тоҷикӣ ба онҳо, нашинохтани марзбандиҳои сиёсии солҳои бистум, ки бар асари он аксарияти мутлақи тоҷикон берун аз Тоҷикистони кунунӣ монданд, устувор сох-
да Ҷумъа Одина рух медиҳад. Ҷумъа Одинае, ки пас аз чопи романи «Гузашти айём» бекор мондаю ба сактаи дил гирифтор мегардад. Паси мизи корияш, дар рӯзномаи овозадор оламро падруд гуфтааст. Адибон Сарвари Аминҷон ва Мустафо Шарқиро низ ба кор мегирад. Ҳар ду ба кӯйи ноумедиҳо афтода ба шароб дил мебанданд. Моҳҳо бекор монда, маҳз бо шарофати ин зани нексиришт соҳиби ҷойи кор мегарданд. Бо шарофати ин зани матинирода навиштаҳои адиби мумтоз Сотим Улуғзода, ки аз сафи ҳизб хориҷ ва чопи асарҳояш мамнуъ шуда буд, дар саҳифаҳои рӯзномаи «Мароиф ва маданият» рӯйи чопро диданд. Ба ҳар ҳол кӯрдилон ба мақсади худ расиданд. Нимаи аввали солҳои ҳаштодум вай аз вазифа сабукдӯш гардид. Рӯзномаи овозадор акнун на мисли пешина матолиби хон-
тани пайвандҳои фарҳангии тоҷикон, қад барафрохтан дар баробари ғоратгарони мероси илмию фарҳангии тоҷикон ва дигару дигар масъалаҳои доғи сарнавиштсози миллати тоҷик дар рӯзнома бозтоб меёфтанд». Кӯрбинон дигар айбе наёфта, Бӯринисоро мехостанд бо маҳалгароӣ муттаҳам намоянд. Ҳол он ки ҳамкорони ӯро намояндагони ҳар минтақа ташкил медоданд. Ба ӯ нафарони болаёқату кордон лозим буданд, на ҳамшаҳрию наздиконе, ки аз уҳдаи кор баромада натавонанд. Ҳамшаҳрии ӯ танҳо адиби шинохта Ӯрун Кӯҳзод буд, дигарон аз ҳар минтақа. Бозор Собир (Файзобод), Ҳабилуллоҳи Файзуллоҳ (Кӯлоб), Дорои Дӯст (Шаҳрисабзи Узбакистон), Ҳоҷӣ Мурод (Рашт), Асадуллоҳ Саъдуллоҳ (Кофарниҳон), Раҷабалии Имом (Ёвон), Мирзои Боқӣ (Мастчоҳ), Муҳаммадалишоҳи Ҳайдаршо, Султон Шоҳзода, Ҳайрат Шанбезода, Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ (Бадахшон). Шоир Ҳақназар Ғоиб, ки аз дасти ҳокимони замона дар диёри хеш - Кӯлоб бекор монда буд, ноилоҷ роҳи Душанберо пеш мегирад. Ба бахташ бо Бӯринисо Бердиева вохӯрда мемонад. Аз вазъаш огоҳ ёфта, дарҳол ба кор мегирад. Айнан чунин ҳолат бо нависан-
данбоб ба табъ расонда метавонист. Дигар ҳаводоранаш бесаброна чопи ҳар шумораи онро интизорӣ намекашиданд. Чунки саҳифаҳои рӯзномаро аксаран мақолаҳои якрангу қолабӣ «оро» медод. Як - ду сол пас дар заминаи «Маориф ва маданият» ду рӯзномаи мустақил таъсис дода шуд. Лек шуҳрате, ки «Маориф ва маданият» замони сарварии Бӯринисо Бердиева дошт, дигар барқарор нагардид. Солҳои охири ҳаёти худро дар манзили истиқоматӣ, дар шаҳраки Лучоб мегузаронд. Саломатияш чандон хуб набуд. Духтараш Сулҳиябону ҳамроҳи аҳли байт дар Амрико зист дошт. Барои модар пайваста пул мефирист, то ин ки саломатии худро эҳтиёт намояд. Лек ӯ пулҳои фиристодаи ҷигарбандро на барои саломатии хеш, балки барои ҳамсоягон сарф мекард. Чун медид аксар рӯзгори душвор доранд, пулҳои фиристодаи духтарашоро ба эшон тақсим мекард. Парвои саломатии хеш надошт, ғами мардумро мехӯрд… …Дар саргаҳи манзили охирати аҳли адабу фарҳанг ғарқи андеша меистодам. Аз он хусус ки чаро аҳли илму адаб кӯшише накарданд, ки ин зани ба қавле говҷигар дар ин макон, паҳлуи дигар бузургону ифтихори миллат ҷо ёбад?..
Толибшоҳ ДАВЛАТ
Наврӯзи куҳан аз лангари турнаи муҳоҷир поин омад қафои он пои пиёда аз миёни найистону регзор бо роҳи Тирмиз ба пойтахти кишвари навташкили тоҷикон омадааст. Барои ташкил ва ба роҳ мондани чопи матбуоти даврӣ. Баъдан дар ҷодаи рушди матбуоти тоҷик, чун давомдиҳандагони кори ин ҳар ду устод, нафарони зиёд саҳми арзанда гузоштаанд. Аз зумраи эшон метавон Бӯринисо Бердиеваро ёдовар шуд. Зане, ки бархе аз мардон, ҳатто кормандони кумитаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз вохӯрдан бо ӯ ҳарос доштанд. Шиносии муаллифи ин сатрҳо бо Бӯринисо Бердиева нимаи солҳои дуюми асри пешин, ҳангоми донишҷӯӣ сурат гирифт. Он замон ӯ сардабири рӯзномаи овозадори «Маориф ва маданият» буд. Рӯзномае, ки ба минбари баёни андешаи равшанфикрон ва баҳсу мунозираҳо табдил ёфта буд. Дар рӯзнома навиштаи адиби зиндаёд, шодравон Ҷумъа Одина бо номи «Гандумнамои ҷавфурӯш» дарҷ гардид. Ҳамчун посухи адиб бар навиштаи яке аз адабиётшиносони давр, ки асари машҳури ӯ «Гузашти айём» – ро беасос зери тозиёнаи танқид гирифта буд. Мақола байни аҳли эҷод, ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён муддати тӯлонӣ муҳокима гар-
дид. Аён буд, ки адиб ноҳақ танқид шудааст. Минбаъд мо, донишҷӯён мекӯшидем, ҳар як шумораи рӯзномаро дастрас ва сари вақт мутолиа намоем. Дар аксар шумораи рӯзнома чунин мақолаҳои баҳсангезу хонданибоб ба назар мерасид. Ин ҳам бошад, бо саъю кӯшиш ва талошҳои сарвари он – Бӯринисо Бердиева. Зане, ки бисёр мардони давр ҷуръати амалкардаҳои ӯро надоштанд. Бебокона масоиле рӯи сафҳаи рӯзнома меовард, ки баёнгари аҳволи миллат, эҳёи оинҳои қадимаи ниёкон маҳсуб меёфтанд. Аз ҷумла, эҳёи ҷашни Наврӯз, ки мамнуъ буд. Солҳои шастуми асри гузашта ёд овардан аз ин ҷашни аҷдодӣ ҳамчун ҷиноят маънидод мегардид. Наврӯзро ба дин пайваста, тамоман аз он даст кашида буданд. Пас касе ғайрат надошт аз ин боб ҳарф занад. Танҳо дар муҳити хонаводагӣ бо пухтани суманак ва дигар таомҳои наврӯзӣ аз он ёдовар мешуданд. Нафарони ғаюр, чун Бӯринисо Бердиева ба ин масъалаи басо ҷиддию муҳим ва миллӣ даст зада метавонистанд. Пайваста дар саҳифаҳои рӯзнома мавод ба табъ расонда, ба курсинишон мерасонд, ки ин ҷашни мардуми форсзабон, аз ҷумла тоҷикон буда, ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад.
www.javonon.tj
Умуман ҳар гоҳ иттифоқ меафтод ин ҷо барои зиёрат меомадам. Ба хотири бузургони адабу фарҳанги тоҷик. Дар саргаҳи оромгоҳ ба хотири рӯҳи эшон фотиҳа хонда боспас мегаштам. Ин дафъа хостам манзили охирати ӯро аз наздик бинам. Ҳеҷ умед надоштам, ки макони охираташро дар ин ҷо намеёбам. Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки дар саргаҳи матбуоти тоҷик устодони бузург Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ меистоданд. Маҳз устод Айнӣ дар ибтидои ташкилёбии давлати шӯроҳо бо навиштани чандин мақолаҳои илмию публитсистии хеш исбот намуд, ки тоҷикон мардуми қадима маҳсуб ёфта, чун дигар сокинони минтақа ба доштани ҷумҳурии худ ҳақ доранд. Пофишории устод Айнӣ ва бархе аз фарзандони фарзонаи миллат боис гашт, он солҳои душвор тоҷикон дар ибтидо чун худмухтор, пасон соҳиби ҷумҳурии мустақил шаванд. Устод Лоҳутӣ бошад, аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро болои ароба дастгоҳи чопӣ ва ҳуруфҳоро гузошта, худ аз
9 е-mail: javonontj@mail.ru
Бо шарофати зане мардсиришт, ки пироҳани нангу ор медӯхт… Соли гузашта рӯзи дуюми иди Фитр буд. Ба зиёрати адибон ба оромгоҳи шаҳраки Лучоб сафар намудам. Ҳарчанд моҳи август буд, гулҳои худрӯй зиёд ба чашм мерасид. Як қабза гулро чида болои мазори устод Мирзо Турсунзода гузошта, даст ба фотиҳа бардоштам. Пасон ба мазори умумии удабо ва фарҳангиён баромада, он ҷо низ дуо гуфтам. Аз паҳлуи манзили охирати аҳли адабу фарҳанг қадамзанон дар ҷустуҷӯи оромгоҳи нафаре афтодам, ки маҳз хотири ӯ маро ба ин кӯй оварда буд. Лек ҳарчанд ҷӯстам, наёфтам. Ҳайратам афзуд…
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №10 (9436), 10 марти соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
10
СОҲИБКАСБ
Шитобкорӣ корро мекушад!
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ
Ба синфхонаи пур аз расмҳои овезон ворид шудам. Дар ин утоқи барҳаво рассомони ҷавон машғули коранд. Духтараки рассоме, ки ба ман даркор буд, дар кунҷе нишаста, дар даст рангу мӯқалам манзараеро тасвир мекард. Ӯ хеле ботаваҷҷуҳу эҳтиёткор менамуд. Аз чеҳрааш пайдост, ки пешаи рассомиро таваккалӣ интихоб накардааст.
www.javonon.tj
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №10 (9436), 10 марти соли 2016
Ин ҷавондухтари ошиқи рангҳо Манижаи Изатуллост. Вай дар чандин озмунҳои рассомӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. Пас аз хатми синфи 9-уми мактаби миёна ва Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов дохил шудааст. Ҳангоми таҳсил дар коллеҷ бо устодон муомилаи хуби шогирдона намуда, барои аз худ намудани нозукиҳои касби рассомӣ доим аз устодон чизҳои нофаҳморо пурсон мешуд. Ана ҳамин ҳисси кунҷковияш буд, ки дар кутоҳтарин фурсат тавонистааст, ки ҳунари рассомиро аз худ кунад. Рассоми ҷавон баъди хатми коллеҷи баҳри сайқали ҳунари рассомияш ба факултети мусаввирӣ-дастгоҳии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дохил мешавад. - Рассом шудан орзуи кӯдакии ман аст. Ҳанӯз вақте хонандаи мактаб будам, расм мекашидам. Он вақт расму манзараҳои кӯдакона тасвир мекардаму онҳоро дида, меболидам. Чун падарам ба ин пеша завқмандии зиёд дорад, пайваста барои рассом шуданам кӯмак мерасонад. Ман низ аз ин илҳом гирифта, мекӯшидам, то расмҳои дилнишину назаррабо биофарам, - ёдовар мешавад Манижаи Изатулло. Бале, завқи баланди рассомӣ аз хурдӣ дар қалбаш ҷо гирифта, зина ба зина онро бо дастгирии устодонаш такмил дода, баҳри расидан ба мақсади асосияш - рассоми муваффақ шудан пайваста дар талош аст. Лаҳзаҳои фориғ аз дарс дар хона низ баҳри равнақи ҳунараш расмкашӣ намуда, китобҳои расмкаширо мутолиа менамояд. Баъзан субҳгоҳӣ илҳоми эҷодияш омада, манзараеро ки дар ботини худ тасвир кардааст дарҳол ба рӯйи коғаз меорад ва аз ин чиз худро рӯҳбаланд мешавад. - Рассомӣ касби мураккаб аст, чунки заҳмат металабад, пуртаваҷҷуҳӣ ва дақиқшиносиро талаб менамояд. Шахс ҳарчанд кӯшиш намояд, ки дар ҷодаи хеш муваффақ гардад, вале он бидуни машварат ва маслиҳатҳои устодон ба даст намеояд, зеро дар танҳоӣ бо шитоб кор кардан, ғайриимкон аст, чунки шитобкорӣ корро мекушад. Аз ин лиҳоз ман худро хеле хушбахт меҳисобам, ки устодони соҳибҳунару воқеан ҳунарманд нозукиҳои ин касбро ба ман омӯзониданд ва то ҳол омӯхта истодаанд, - бо хушнудӣ меафзояд Манижа. Гулнисо Зармастова, муаллими Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизай-
ни Тоҷикистон дар бораи лаёқати Манижа чунин ибрози андеша кард: “Фаъолмандӣ ва кунҷковии Манижа аз рӯзи аввал маълум буд. Донишҷӯёни мо дар дарсҳои амалӣ ба расмкашӣ машғул мешаванд, вале он чи ки Манижа мекашад, фарқ мекунад. Ӯро танҳо иродаи қавияш дар ин роҳ комёб гардонидааст. Бо ин хусусияташ дар оянда рассомӣ хуб хоҳад шуд”. Манижа бар он бовар аст, ки ҳар як ҷавондухтари дорои ҳунар дар зиндагӣ хушбахт мегардад. Чунки вақте соҳибҳунар мешаванду аз уҳдаи он баромада метавонанд, ҳаргиз ба душворие рӯ ба рӯ намешаванд. Мабодо мушкиле пеш ояд, тавассути донишҳои хеш онро бартараф сохта метавонанд. - Ҳамеша бар он мекӯшам, ки манзараи наверо ба рӯйи коғаз бирезам намуда, дар рушди ҳунарам қадамҳои навбатиро гузорам. Ҳоло ки дар олами рассомӣ навгониҳои зиёде рӯйи кор омадааст, доим дар талоши он ҳастам, ки онҳоро омӯхта, дар фаъолияти хеш аз онҳо истифода барам. Гарчанде имрӯз ба ин ҳунар кам нафарон таваҷҷуҳ доранд, вале мо кӯшиш мекунем, ки онро бо тамоми нозукиҳояш омӯзему баҳри идома додани ин ҳунари мардумӣ ва инкишофи он хизмат кунем, афзуд Манижа. Рассоми ҷавон дар дил орзуҳои зиёд дорад. Пеш аз ҳама мехоҳад дар роҳи интихобкардааш мувафақ шавад. Инчунин, ният дорад, ки мусавараҳои зебову дилкаш офарида, намоиши рассомии худро баргузор намояд. Албатта, қалам ба даст гирифта, рӯйи авроқи сафедро бо як ҳисси аҷиби нотакроре рангпошӣ намудану дар он акси нафаре ва ё манзараеро тасвир кардан, кори саҳл нест. Ашхосе ба ин чиз дастёб мегарданд, ки дорои истеъдоди махсусанду дар ниҳоди хеш ҷаҳони зебоанд. Шояд ғайр аз ҳунари мазкур дигар пешае ин гуна муъҷиза надошта бошад. Дар воқеъ, ин ҳунар тавонистааст, ки олами саросар аз муҳаббату зебоиро дар рӯйи авроқи холие тасвир намояду ба зиндагӣ накҳати тоза зам намояд. Ин ҳунари рассомист, ки дорои таърихи худ буда, дар баробари ин яке аз ҳунарҳои писандидаи мардумист.
Дилангез, аввалин «Маликаи хушхиром» Қасри фарҳанги ноҳияи Фархор пур аз одам буд. Маҳфили «Шири шакар» бахшида ба 58-умин солгарди раиси занони ноҳия шоираи соҳибкитоб Фариштамоҳ Абдуллоева (Фариштаи Фархорӣ) идома дошт. Лаҳзаи мусиқӣ фаро расид. Дар ҳавои мусиқии рӯҳновоз, раққосаи резапайкар рӯи саҳна омад. Мардум бо кафкӯби истиқболаш карданд. Ин пазирои гӯё ба ӯ болу пар бахшида буд, ба қавле рӯи саҳна парвоз мекарду хиромон мечархид. Ӯро шинохтам, «Маликаи хушхиром» - Дилангез Латифова буд. Озмуни «Маликаи хушхиром» бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав дар ҷодаи рақси миллӣ дар Муассисаи телевизони “Сафина” баргузор шуд. Дар он аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ хоҳишмандон, дӯстдорони ин санъати волои мардуми тоҷик иштирок карданд. Дилангез ҳам барои иштирок дар ин озмун ба шаҳри Душанбе омад. Ӯро модараш Маҳбубабону, ки худ таҷрибаи бойи раққосагӣ дорад, ҳамроҳӣ ва ба даври навбатии озмун омода мекард. Давраи аввали озмун пуршиддат ва хотирмон буд. Ровии намоиши «Маликаи хушхиром» Орзу Исоев ин саҳнаро саҳнаи нанг, саҳнаи ҳунари воло, саҳнаи ҷанг миёни раққосадухтарон номид ва баъд гуфт: - Дар давраи охир 3 гулдухтар, ки раққосаҳои бомаҳоратманд барои ба даст овардани шоҳҷоизаи «Маликаи хушхиром», ки 20 ҳазор сомонӣ арзиш дорад, мубориза хоҳанд бурд. Дилангез рақси бадахшониро бо маҳорати баланд иҷро намуду дили ҳамагонро тасхир кард. - Ту рақсатро ба ханда сар кардӣ ва онро бо ханда анҷом додӣ. Чунон моҳирона рақсидӣ, ки ҳатто баъзан раққосаҳои касбӣ рақси бадахшониро дар чунин сатҳ рақсида наметавонанд. Аҳсан, Дилангез, - иброз намуд сардовари озмуни «Маликаи хушхиром», устоди рақси тоҷик Амонулло Мусоев. Ҳамин буд, ки баъди гузаронидани давраи иловагӣ ҷамъи ҳакамон бе ягон дудилагӣ ӯро ғолиби озмуни «Маликаи хушхиром» ва барандаи шоҳҷоиза дар соли 2015 эълон доштанд. Бояд гуфт, Дилангез Латифова дар ҷодаи рақс бори дуюм ғолиби озмун дар сатҳи ҷумҳурӣ мегардад. Ӯ дар озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2014» низ ба комёбӣ ноил шуда буд. Саида Файзалиева, устоди рақси тоҷик, узви ҳакамони «Андалеб-2014», баъд аз баромади дастаи ноҳияи Фархор рӯи саҳна баромада гуфта буд: - Худо хоҳад дар осмони саҳнаи рақси тоҷик, ситорае ба номи Дилангез дурахшид, ки дили ҳазорон ҳазор бинандаро бо рақсҳои дилошӯб тасхир месозад. Чунин буд фотиҳа ва кушоише ба Дилангез, дар ҷодаи рақс аз ҷониби устоди рақс - Саида Файзалиева. Дилангез ҳанӯз хонанда аст. Ӯ зодаи деҳаи «Наврӯз»-и деҳоти «20 солагии Истиқлол» буда, дар оилаи санъаткор ба воя расида, мактаби мусиқии ноҳияро хатм намудааст. Дар баробари раққосаи нозукадо буданаш асбобҳои мусиқии миллиро низ ба як маҳорати хуб менавозад. Суруд мехонаду бо овози ширадори гӯшнавозаш ба дилҳо сурур мебахшад. - Пеш аз ҳама аз бибии азизам ва модари мушфиқу ғамхорам, ки нозукиҳои ин касбро ба ман омӯхтаанд, инчунин аз раиси ноҳия, Раъно Раҳимзода ва мудири маорифи ноҳия Ғазалшоҳ Сафарзода миннатдорам. Маҳз роҳнамоӣ ва дастгирии бевоситаи онҳо буд, ки ман дар як қатор озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок ва соҳиби ҷоиза гаштаам. Дилангезро ояндаи дурахшон интизор аст. Ӯ орзу дорад баъди хатми мактаби миёна, бахри сайқал додани маҳорати худ ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон дохил шаваду рақси тоҷикиро оламшумул гардонад. А. МУТАЛЗОДА
ПОЧТАИ “ҶАВОНОН...“
Мақсад аз ин нуқтаро зикр намудан дар он аст, ки яке аз чунин афзалиятҳо ин ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Баъди соҳибистиқлолиро ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон низ ба вуҷуд омад, зеро он дар баробари дигар арзишҳо дар мадди аввал инсон ва арзишҳои инсониро қарор додааст. Аз нигоҳи демографӣ бошад, беш аз 70%и аҳолии Тоҷикистонро насли
Ҷавонон ояндаи давлатанд ҷавон ташкил додаву амалӣ намудани ин сиёсат аҳамияти бузург дорад. Бо ин мақсад қонун ва барномаҳои гуногун қабул ва роҳандозӣ шудаанд. Мисоли ин шуда метавонанд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, таҳия ва амалигардонии муттасил ва пайвастаи сиёсати давлатии ҷавонони Тоҷикистон, ки охирин чунин барнома барои солҳои 2013-2015 қабул карда шудааст, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даҳҳо чунин барномаҳои дигар. Ҳадафи асосии ҳамаи ин фароҳам овардани шароити мусоид ва имконияти пурра ҷиҳати худташаккулёбӣ, худамалигардонӣ, тарбия ва маърифатнокии комили ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таъминоти ҳуқуқӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишу талошҳои зиёд барои бартараф сохтани мушкилоти ҳаётии ҷавонон ба харҷ дода, баҳри рушду такомули онҳо мусоидат менамояд. Дигар масъалае, ки боиси ташвиши аҳолии сайёра ва кишварҳои зиёди олам гаштааст, ин ҳамарӯза афзоиш ёфтани омилҳои номатлуб дар байни насли ҷавон, аз
ифротгарову терористӣ меоваранд. Ҷавонони аз ақл коста бо ҳар роҳу восита ба доми одамрабоён афтидаву ба кирдорҳои ниҳоят зишт ва ба тамаддуну фарҳанги тоҷик дур даст мезананд. Ин ҷавонони ғафлатзада дар зери дини мубини ислом баромад намудаву дини поки Яздониро бадном менамоянд. Ба қавле онҳо муҷоҳидони роҳи исломанд, вале бехабар аз он, ки онҳо бо амалҳои зиддиисломӣ ва зиддиинсонии худ кайҳо аз ислом баромадаанд. Баъзе аз инҳо таълимгирифтагони мактабҳои динии хориҷа буда, бар ивази омӯхтани дини мубини ислом амалҳои терорристиро меомӯхтанд, ки имрӯз чанде аз онҳо, мутаассифона дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок мекунанд. Таҷрибаҳо собит намуданд, ки аксарияти ҷавононе, ки дар ин қабил амалиётҳо иштирок намудаанд ва алъон иштирок доранд бо мақсади муҳоҷират ба Россия сафар намудаву фирефта ва ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтодаанд. Дини ислом ҳеҷ гоҳ иҷозат надодааст ва намедиҳад, ки муъмин бародари муъмин гӯяду ба қатл расонад, зеро Расули Худо (с) мефармояд: «Мусулмон бародари мусулмон аст ва бар ӯ зулм намекунад». Ин нишонаи паст будани худшиносӣ ва шуури ҷавононеро нишон медиҳад, ки ба гурӯҳҳои тундрав моил шудаанд. Духтарон дар шакли ҳиҷоб либосҳои тангу муҷассамавиро ба бар кардаву ҷавонон бо ришҳои бетартибу дидахарош табъи атрофиёнро хира месозанд. Маълум аст, ки риш мондани ҷавонон аз пайравӣ
Ибрати шахсӣ
нақши муҳими он дар тарбияи солим гузории фарзандонро ба падар бовар кунанд. Устод Муҳаммадносир аз ин бовари фарзандон рӯҳбаланд гардида, пешниҳод намуданд, ки ба тифли навзоди фарзанди калонӣ Ваҳдат ном гузошта шавад. Ин пешниҳод бо хушнудӣ аз ҷониби аҳли хонадон пазируфта шуд ва имрӯз Ваҳдат дар литсейи президентии шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) бо баҳои аъло таҳсил мекунаду аз номи худ ифтихор дорад. Ин барои ҳар як нафар дар зиндагӣ ниҳоят муҳим аст, зеро номи нек афзункунандаи ҳусн ва ибтидои камолоти солими инсон аст. Фарзанди дуюми устод низ вақте соҳиби “меваи умр” гардид, аз падар хоҳиш намуд, то ба тифли навзод ном гузоранд ва устод бо боварӣ
ном гузоштанд: Миллат. Имрӯз Миллат дар гимназияи рақами 74-и шаҳри Душанбе бо баҳои аъло таҳсил дорад. Устод нақл мекунанд, ки ҳангоме Ваҳдат ба шаҳри Душанбе меҳмонӣ омад, ман ҳам бо масъалаҳои корӣ ин ҷо будам ва ҳамроҳи набераҳо ба сайри пойтахт баромадем. Хушбахтона, имрӯз пойтахти азизи мо ниҳоят зебову дилрабо ва мавзеъҳои тамошобобу истироҳатии он бениҳоят зиёд гардидаанд. Чун аз назди пайкараи устод Рӯдакӣ гузаштем, набераҳо ба сӯйи Қасри Миллат бодиққат назар карданд ва Миллат бо як ҳисси ифтихор гуфт: дидед, ба номи ман қаср вуҷуд дорад... Ваҳдат ки нисбатан бузургсолтар аст, гӯё дар
ба суннат дида, тақлиди куркурона ва ноогоҳона аст. Ҳар шахсе, ки лоақал заррае дар вуҷуди худ ҳисси хештаншиносиву худогоҳӣ дорад ба худ савол медиҳад, либоси миллии тоҷикӣ чӣ айб дорад? Магар модару модаркалонҳоямон, аз дин дур буданд? Баръакс, фикр мекунам, диндории онҳо поку беолоиш буду намозу рӯзаашон самимию беғаразона ва бетамаъ буд. Дини мубини ислом дини покиву озодагӣ буда, бояд сурату сирати инсон низ ба он мувофиқат намояд. Мавриди зикр аст, ки пайравони азҳоби ифротгаро ҳатман барои бурдани таблиғоту ташвиқот ва зиёд намудани аъзои ҳизби худ аз хоҷагонашон маблағҳои ниҳоят калонро мегиранд. Ояндаи ин миллати куҳанбунёд ва гулгуншукуфон дар дасти мову шумост. Мо қувваи бузург ҳастем, ки қодирем давлатро ба пеш барем. Пирони ин меҳан аз мову шумо умеди нек доранд ва дуогӯи моянд, то мо Тоҷикистони якпорчаро ба кишвари абарқудрату пешрафтаи олам табдил диҳем. Мо шоҳсутуни Тоҷикистони ҷавонем, ки метавонем бо ин мустаҳкамӣ бинои боҳашаматеро бино кунем. Мо наслҳои худшиносу худогоҳи ин ватанем ва қодирем наслҳои ватанпарвару ватандӯстро ба камол расонем. Мо наслем, ки кибру ғурур ва кинаву адоват дар қалб надорем. Мо наслем ориёӣ. Мо наслем, ки бар сар тоҷи заррини худро дорем. Мо метавонем давлатеро ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки назирашро надида бошанд. Моро лозим аст дар якҷоягӣ ва ҳамоҳангӣ ба сӯи пеш, ба сӯи ҳадафҳои дар наздамон гузошташуда, ба сӯи орзуву ормони ҳазорсолаи мардуми куҳанбунёди тоҷик қадам ниҳем ва дар атрофи Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем. Шарофиддин МАҲМАДАЛИЕВ, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ш.Турсунзода
омади сухан гуфт: Мо ҳангоми омадан аз назди кохи Ваҳдат гузаштем... Вақте Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” қабул гардид, шодиву фараҳ ва ҳисси ифтихори набераҳои маро интиҳо набуд... чун номи ҳардуи онҳо дар унвони ин қонун вуҷуд дорад. Бо як ҳисси қаноатмандӣ зикр мекунанд: Набераҳои ман аз номи худ ифтихор доранд, ман аз ин хеле шодам. Таманно мекунем, набераҳои устод ифтихори миллат ва таҳкимбахши Ваҳдати миллӣ гарданд. Иди матбуотро барояшон таҳният мегӯем ва барору комёбии ҳамешагиро ба устод ва аҳли оилаашон хоҳонем. Х. РАҲИМҶОН
www.javonon.tj
Муҳаммадносири Насрулло, сармуҳаррири рӯз-номаи “Меҳнат” – нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ баробари он ки ҳамчун рӯзноманигор ҷараёни татбиқи ҳама ҷабҳаҳои сиёсати давлати соҳибистиқлол ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ноҳия пайгирӣ ва дар амалишавии онҳо саҳми муносиб доранд, ҳамзамон, тавониста, ки дар муҳити хонаводагӣ низ фазои солиму устувореро ба вуҷуд оранд. Фарзандони устод имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ содиқона заҳмат мекашанд. Устод ки синни мубораки 63-ро убур мекунанд, соҳиби набераҳои дӯстрӯяке ҳастанд. Тарбияи солими фарзандон боис гардид, ки онҳо ҳуқуқи хеш – ном-
қабили ҳолатҳои терористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурӯши инсон, танфурӯшӣ ва ғайра мебошад. Боиси нигаронӣ аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин ҳолати воридшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳарактҳои ифротгаро ба назар мерасад ва ин масъала дар мадди аввали давлату ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифтааст. Масалан, аз рӯи маълумотҳои мавҷудбуда дар солҳои 2010 ва 2011 сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон то 21,6% ва дар байни ноболиғон 2,8%, ҳолатҳои нашъаҷалобӣ 10,6%, фоҳишагӣ дар байни духтарон 4,9% ва дар байни ноболиғон 31,6% афзоиш ёфтааст, ки нисбат ба ин солҳо дар соли 20132014 сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон чандин маротиба боло рафтааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолият борҳо бо ҷавонони кишвар мулоқотҳои судманд анҷом дода, дарки моҳияти истиқлолияти давлатӣ, гиромидошт ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз қабили арзишҳои давлатӣ, забони модарӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, огоҳ будан аз таъриху фарҳанги миллат ва аз даст надодани зиракии сиёсиро ба ҷавонон талқин менамоянд. Ин мулоқотҳо сатҳи шуур ва худшиносии ҷавононро баланд бардоштаву дар ободонии кишвар азми матини онҳоро зоҳир мегардонад. Чуноне ки қаблан қайд намудем, рӯз то рӯз сатҳи ақлӣ ва худшиносии ҷавонон коста гардида, рӯ ба ҳар гуна гурӯҳҳои
11 е-mail: javonontj@mail.ru
Дар шароити дигаргунсозиҳои ҷаҳонӣ муқаррар кардани чаҳорчӯбаҳо ва меъёрикунонии муносибат нисбати қишрҳои гуногун ва муайяни ҷомеа, бахусус ҷавонон, ки оянда аз онҳо вобаста мебошад ва онҳо қодиранд ояндаро созанд, тақозои давру замон мебошад. Бо дарназардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавон аст ва қувваи ҷисмонии онро ҷавонон ташкил медиҳанд муайян намудани ҷабҳаҳои фаъолият ва дурнамо нисбати ин насл мувофиқи мақсад мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариш қарор дошта, онро зарур аст соҳаҳои афзалиятноки ҷамъиятиро муайян намояд ва баҳри пешравии кишвар фаъолияти афзалиятнокро дар чаҳорчӯбаи он амалӣ кунад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №10 (9436), 10 марти соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
12
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №10 (9436), 10 марти соли 2016
Шодихони НАЗАР Рӯзҳои панҷум ва шашуми марти соли равон аз рӯи намуди гӯштини самбо мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ доир гашт, ки дар он бо вазни 100 кило паҳлавони номдори кишвар Набимуҳаммад Хоркашов ғолиб шуд. Набимуҳаммад бори даҳум аст, ки қаҳрамони Тоҷикистон мегардад... ...Соли 2004 Раҳим Давлат, мураббии гӯштини самбо барои дарёфт ва омода намудани варзишгарони асили риштаи самбо барои мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷавонони зиёдро ба толори варзишӣ даъват намуд. Миёни онҳо Набимуҳаммад Хоркашови 16сола бо вазни 90 кило низ буд. Нахустини қувваозмоиҳои ӯ дар мусобиқаҳои гӯштингирӣ бахшида ба иди Наврӯз сурат гирифтааст. Ба мусобиқаҳо одатан бародарон Алимуҳаммад, Набимуҳаммад, Эраҷ ва Шамшод Хоркашовҳо якҷо омода мешуданд. Бародарон барои шавқу ҳавас ва саломатии худ варзишро интихоб намуданд. Вале баъдтар Набимуҳаммад маҳорати варзишии худро барои муаррифии давлату миллат низ ба кор бурд. Инак 12 сол мешавад, ки ба варзиш машғул аст. Тайи ин солҳо ба хотири ӯ борҳо дар арсаи ҷаҳон парчами кишвар парафшон шудаву суруди миллӣ садо додааст То имрӯз нуҳ маротиба қаҳрамони Осиё, 7 маротиба ҷоизадори Ҷоми ҷаҳон, чор маротиба дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон аст. Мо бо Набимуҳаммад Хор-
кашов суҳбат оростем. - Варзиш ба шумо чӣ дод? - Пеш аз ҳама саломатӣ, роҳи рости зиндагӣ. Вақте ба варзиш қадам мондам, зиндагиям тағйир ёфт. Фикру хаёлам аз корҳои ғайр ба варзиш банд шуд. Дар аввалин мусобиқа, ки сазовори медал гаштам, рағбатам афзуд. Баъди муваффақ шудан дар якчанд мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ варзиш ба ман ҳам ном доду ҳам нон. Варзиш зиндагиям шуд. Варзиш ба ман имкон дод, ки миллату давлатамро дар арсаи ҷаҳонӣ барои дигарон муаррифӣ намоям. Варзишро касби худ интихоб
мусобиқаҳои берун зиёд иштирок мекунем ва мебинем, ки дастовардҳои варзишгарони мо рӯз аз рӯз зиёд меафояд. Баъди мулоқоти Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон мо эҳсос кардем, ки Ҳукумати кишвар ба мо - варзишгарон диққати ҷиддӣ медиҳад ва моро зарур аст, ки ба ин ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ҷавоби арзанда диҳем. Дар ҳолати зиёд гузаронидани машқҳои дастаҷамъӣ варзишгарони мо метавонанд, ки дар кӯтоҳтарин муддат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парчмбардор шаванд. - Кадом лаҳза дар хотира-
намудам, ҳоло дигар рӯзи ман бо варзиш оғоз мешавад бо он анҷом меёбад. - Аз фаъолияти худ қаноатманд ҳастед? - Шукри Худо то ин замон ба ҷуз қаҳрамони ҷаҳон миёни калонсолон ба ҳама дастовардҳое, ки дар гӯштини самбо ҳаст, сазовор гаштаам. Ин дастоварде мебошад, ки то ин замон танҳо ба устод Сайидмуъмин Раҳимов муяссар гардидааст. Мо давомдиҳандаи мактаби меросгузоштаи Ӯ мебошем, то он вақте, ки ба унвони идеали интихобнамудаам сазовор нашавам, вазифаи худро назди миллату давлат нотамом меҳисобам. - Аз нигоҳи Шумо ҳамчун варзишгари касбӣ, барои бештар рушд намудани гӯштини самбо шароит дар кишвар чӣ гуна аст? - Нисбати солҳои пешин барои варзишгарон мо шароити хуб муҳайёст. Дар
тон мондааст? - Хотирмонтарин лаҳза барои ман он буд, ки пеш аз мулоқоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар ман баъди мағлубияти давраи ниҳоӣ дар чемпионати ҷаҳон як навъ дилмонда будам. Вақте сарвари кишвар бо ман аз наздик суҳбат кард, лаҳзае буд, ки ман дуюмбора мисли оне, ки бо шавқу ҳавасӣ кӯдакӣ ба толор қадам мемондам тамринро зиёд намудам. Баъди ин мулоқот аҳи оила ҳам маро гаштаю баргашта таъкид мекарданд:- “Бубин аз пушти варзиш то куҷо расидӣ? Сарвари кишвар ҳунари туро қадр кард”. Ин ҳодиса дар ҳаёти варзишии ман хотирмон аст, зеро он замон ба дастгирию роҳнамоӣ ниёз доштам ва ин роҳнамоию дилбардориро ман аз ҷониби Сарвари кишвар дарёфтам. - Ҳарифи асосии худ дар мусобиқаи ҷаҳонӣ киро меҳисобед?
“Варзиш ба ман ҳам ном доду ҳам нон” - Бори чорум аст, ки аз варзишгари рус Артём Осипенко бо тафовути холҳо дар давраи ниҳоӣ шикаст мехурам ва аз медали тилло бенасиб мешавам. Баъд аз он ки 5-6 марти соли равон бори дигар қаҳрамони Тоҷикистон шудам, имкони ширкат ба чемпионати Ҷаҳон-2016-ро, ки дар Болгария мегузарад, пайдо намудам. Ба розигии Худо ваъда медиҳам, ки аз чемпионати ҷаҳон бо медали тилло хоҳам баргашт. - Ба ҷавонони Тоҷикистон, ки шояд, аксар дар ҷодаи варзиш Шуморо идеал интихоб намуда бошанд, чӣ гуфтанӣ доред? - Ояндаи варзиш ва муаррифии миллат дар дасти ҷавонон аст. Хоҳиш мекунам аз ҳар яки онҳо, ки ҷавонии худро самаранок истифода намояд. Имрӯз, ки шароит муҳайёст, ба варзиш машғул шаванд. Зиёда 10 сол мешавад, ки ба ин касб
машғулам. Аз ин ҷодаи пеша намудаам розӣ ҳастам ва онҳо ҳам биёянду обрӯи миллату давлат ва падару модари худ бошанд. - Ҳукумати кишвар барои варзишгарон Ҷоизаи президентро ташкил намуд. Ба фикри шумо ин иқдом барои пешрафти соҳаи варзиш чӣ саҳм мегузорад? - Ба Сарвари ғакмхорамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорам, ки ин ҷоизаро ба хотири варзишгарон таъсис доданд. Ин иқдом сабаб гардид, ки чандин варзишгарони мо, ки бо сабабҳои гуногун тарки пеша карда буданд, дубора ба варзиш баргаштанд. Ин имкон медиҳад, ки варзишгарони касбӣ ба воя мерасанд. Хушбахтии мо буд, ки баъди ҷоизадор шудан дар чемпионати ҷаҳон гирандагони аввалин ҷоиза мо шудем. Ин ҳам дар ҳаёти варзишии мо як хотираи нек боқӣ мемонад.
Дастаи шаҳри Хуҷанд - ғолиби мусобиқа Бахшида ба Рӯзи Модар ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар толори “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятии баскетбол байни бонувон доир шуд, ки дар он 9 даста иштирок доштанд.
www.javonon.tj
Медали тиллои паҳлавони тоҷик дар Туркия 5-6 март дар шаҳри Анталияи Туркия мусобиқаи Ҷоми Аврупо аз рӯи намуди ҷудо байни наврасони 18-сола доир гардид. Дар он 321 варзишгар аз 15 давлат байни ҳам рақобат карданд. Дастаи наврасони тоҷикро дар ин мусобиқа 10 нафар варзишгар дар вазнҳои гуногун намояндагӣ намуданд. Ёқубҷон Назиров, паҳлавони навраси тоҷик дар вазни 81 кило ба ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, сазовори медали тилло гардид. Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсола барои наврасони кишвар ин якумин мусобиқа мебошад. Шодихони Назар
Сардовари мусобиқа Толиб Шамсиев иброз дошт, ки “мақсади баргузории мусобиқа оммавӣ намудани баскетбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни бонувон мебошад”. Дар нитаҷаи бозиҳои дӯстона ҷои аввалро дастаи шаҳри Хуҷанд ишғол намуд ва ғолиби мусобиқа дониста шуд. Дастаи н.Спитамен ҷои дуюм ва дастаи н.Зафаробод ба гирифтани ҷои сеюми мусобиқа сазовор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиротӣ қадрдонӣ шуданд. Мусобиқа аз тарафи Мактаби маҳораташ олии варзишии вилояти Суғд доир шуда, дар он беш 100 нафар бонувони варзишгар иштирок доштанд. Саодат ИСМОИЛӢ
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №10 (9436), 10 марти соли 2016
Барои ҳар як падару модар таълиму тарбияи фарзанд кори басо душвор ва заҳматталаб аст. Аз ин рӯ, волидайнро мебояд мувофиқ ба шароити зиндагӣ фарзанд ба дунё биёранд, то аз уҳдаи тарбияи онҳо бароянд. Бояд фарзанд дар муҳити осоишта ва шароити хуби таълимӣ ба воя расад, зеро фарзанде ки дар оилаҳояшон ҳамеша ҷангу зӯроварӣ ҳасту дар шароити на он қадар хуби рӯзгор ба воя мерасанд, дар ҷомеа ва байни мардум ҳамеша асабонӣ буда, нисбат ба зиндагӣ ва илмомӯзӣ шавқу рағбати кам доранд.
Санъат дар фаҳмиши ҷавонон “Санъат яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, қисми таркибии маданияти маънавии инсоният ва як навъ дарки маънавии олам мебошад. Ҳама гуна фаъолият ва маҳсули дасти инсон, ки бо завқи баланд, моҳиронаву мумтозона иҷро шуда бошад, санъат ном дорад”, омадааст дар адабиёте, ки барои омӯзиш тавсия шудаанд. Фарҳанг ва санъат таҷассумгари миллат ва ифтихори он ва санъаткорону ҳунармандон нигоҳдорандаи ин рисолат мебошанд. Хушназар Майбалиев, Ато Муҳаммадҷонов, Маҳмудҷон Воҳидов, Фаррух Қосимов, София Туйбоева, Сайрам Исоева мавқеи худро дар соҳаи кино ва театр дар арсаи ҷаҳонӣ ёфтаанд. Азиза Азимова, Зебо Нурова, Малика Қаландарова, Шарофат Рашидова ҳунармандоне мебошанд, ки дар ин соҳа саҳми назаррас доранд. Инчунин донишкадаи ДДФСТ аз рӯи ихтисосҳои рӯзноманигори телевизион ва радио, китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, туризм ва сайёҳӣ, осорхона ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, менеҷменти фарҳангӣ, режисура, фарҳангшиносӣ кадрҳои болаёқат тайёр менамояд, ки саҳми хешро дар рушди ҷомеа мегузоранд. Агар дар ҷомеа барои табобати башар духтур лозим бошад, пас ҳар оиларо мебояд нафари фарҳангиро дар оила тарбия намояд. Нигоҳи ашхоси бузург ба ин соҳа бамаврид аст. Чунончи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст: «Фарҳанг дар ҷомеа яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, бахусус ҷавонон ба ҳисоб рафта, метавонад дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидӣ дошта бошад». Чун ман дар риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил мекунам, аз баъзе мусоҳибонам суол менамоям, ки фарҳанг чист ва шахси фарҳангӣ кист? Яке аз ҳамсуҳбатонам Наргис мегӯяд, дунёи бе фарҳанг ваҳшигарист, Нурия, донишҷӯи ДДФСТ чунин меандешад, ки ҳар миллатро бо фарҳанг ва санъаташ мешиносанд. Сафарбегим санъатро як ҷузъи бақои миллат мешуморад. Фарзона аз он таассуф мехӯрад, ки бештари ҷавонон аз санъати асил дуранд ва ҳатто майли гӯш кардани сурудҳои халқиро надоранд. Албатта ҳамаи ҳунару истеъдодҳо фарогири фазои маънавиёти мо мегарданд. Пас, биёед ба санъат аз ботину зоҳири худ назар афканем, бештар мутолиа кунем, омӯзем, зеро санъат ин зебоист ва дунёро зебоӣ наҷот медиҳад, на фикру ақидаҳои хому носанҷида. Нигоҳи худро ба ҷаҳону дунёи зебои ҳунар равшан бояд кард, зеро зиндагӣ зебост. Фарангис НАВШОДОВА, донишҷӯи ДДФСТ
Албатта ҷомеа гуфта аввал оиларо дар назар дорем, яъне оилае, ки ӯ ба дунё омадааст. Бисёр занҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки шароити хуби зиндагӣ надоранд, вале фарзанди зиёд ба дунё оварда, ҳам саломатии худро аз даст медиҳанду ҳам дар таълиму тарбия ва ба воя расонидани онҳо душворӣ мекашанд. Тасаввур кунед, ки тарбияи 2-3 фарзанд осон аст ё 6-7? Бархе аз мардум бар он ақидаанд, ки Худованд чанд фарзанде диҳад, ризқашро низ медиҳад. Агар инсон кор накунад, чӣ гуна соҳиби пул мешавад? Имрӯз дар ҷомеаи мо ашхосеро вохӯрдан мункин аст, ки аз таълиму тарбияи фарзанд дур мондаанд. Баъзеҳо рӯз то шом кор мекунанд, баъзеи дигар, яъне бештари мардон ба муҳоҷират ба хориҷи кишвар мераванд ва фарзандони эшон бе падар танҳо бо модар калон мешаванд. Волидон бояд кӯшиш намоянд таълиму тарбияи фарзандро танҳо ба мактаб вогузор накунанд. Дар маҷлисҳои мактаб ва дарсҳои фарзанди хеш иштирок намоянд, агар вақти ба мактаб рафтан надошта бошанд, дар хона сатҳи дониши фарзандонро санҷанд. Чизҳои намедонистагиашро фаҳмонда, инчунин шароити хуби таълимро барояш муҳайё созанд. Дар хонаи ҳамаи мо бояд лоақал 10 китоби хуби бадеӣ аз осори ниёконамон мавҷуд бошад. Дар ин ҳолат фарзанд китобдӯст мешавад. Дар баъзе хонаҳо ҳатто як китоби бадеӣ нест. Баёнов Абдуллоҷон, донишҷӯи соли чоруми ДМТ
Театри тоҷик дар ҳоли рушд аст Имрӯзҳо театри тоҷик дар ҳоли рушд аст. Намоишҳои ҷолибу дилангези пайдарҳам пешниҳодшаванда гувоҳи онанд, ки театри тоҷик дар ҳақиқат мустаҳакаму устувор аст. Аслан имрӯзҳо қисми зиёди нақшофарандагони театр ҷавононанд. Театр маконест, ки бо саҳнаҳои ҷолибу диданибобаш ҷаҳонбинӣ ва мафкураи шахсро васеъ мекунад. Беҳуда қайд накардаанд, ки театр оинаи зиндагист! Ҷавонони насли наврас имрӯзҳо шавқу раѓбати зиёде нисбат ба театр пайдо кардаанд, ки ин ҳама аз моҳирона ва самимона нақш бозидани ҳунармандони театр ба ҳисоб меравад. Мо як гурӯҳ донишҷӯёни курси якуми факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таърихи 12 феврал ба театри давлати драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ташриф овардем. Намоиши таҳиякардаи ҳунармандони ҷавон аз рӯи асари драманависи рус Нина Фамилиант, ки дар тарҷумаи нависандаи тоҷик Ҷумъа Қуддус бо номи «Ойоро» пешкаши тамошобинон гашт, зуд дар дили ҳамагон маскан гирифт. «Ойоро» саҳнаи мазҳакавии ҷолиб буд, ки аз истифодаи васоити техникаи муосир дар таҳияи коргардонҳои ҷавон Хушдили Хушнуд ва На-
сриддин Асадуллоев пешкаши тамошобинон гардид. Гарчанде мисли шоу – барномае барои ҷавонон таҳия карда шуда бошад ҳам, аммо бо муҳтавову шакли ҷолибаш ба ҳамаи тамошобинон писанд омад. Иҷрокунандагони нақшҳо ҳама ҷавонон буданд, ки бо шӯру завқ ва нерую ҳарорати ҷавонӣ намоишро бисёр ҳам рангину зебо пешкаши ҳамагон карданд. Рассоми хушсалиқаи театр Нина Панова ороишдиҳандаи ин саҳна дар театр ба ҳисоб меравад. Нақши муфаттишро Умеди Султонмурод ба уҳда дошт, ки хеле равшан ва ҷаззоб нақш бозид. Нақши Ҳабаш Ойороро Насриддин Асадулоев бозид. Дар нақши котиба Савлатмо Ҳақназарзода ва дар нақши тарҷумон ҳунарпешаи ҷавону умедбахши театр Таҳмина Салимова, ки аз худ маҳорат ва истеъдоди хоса нишон доданд, ҳунарнамоӣ карданд. Дар ҳақиқат воқеаҳои асар хеле ҷолиб ва хандаовар буданд, ки ба тамошобин фараҳу шодӣ бахшиданд. Фаъолияти ҷавонони эҷодкор аз ояндаи неку ифтихорангези театр дарак медиҳад ва воқеан ҳам шоистаи таҳсину дастгирӣ аст. Шарафҷони Кароматулло, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ
www.javonon.tj
Шояд хонанда суол мекунад, ки овардани чунин таъриф дар як мақола чӣ зарурат дорад? Шунидани ҳар гуна ақидаҳо дар бораи донишкадае мисли Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва ихтисосҳои вобаста ба он маро, ки як донишҷӯи ин донишкада ҳастам, бетараф нагузошт. Ба суҳбати ману дугонаам ворид шудани зани ҳампаҳлӯям дар дохили нақлиёти мусофиркаш ба ин боис гардид, ки писхандомез пурсид: раққосаӣ ё ҳофиза? Ду ҷавони дохили мусофирбар суханони ӯро тақвият дода ба донишкада иштирок мекунад: Ин ҷо ҳама раққосаю ҳофизаҳо мехонанд. Боварам намеояд, дар чунин давроне, ки айни ҳол мо, мардуми тоҷик зиндагӣ мекунем ва онро замони истиқлолият меномем, ашхосе ба назар мерасанд, ки чӣ будани санъату фарҳангро намедонанд ва ба санъату фарҳанг, ки муаррифгари ҳар як халқу миллат аст, бо чашми кам менигаранд ва ба қадраш намерасанд. Агар он зани ҳампаҳлӯям ва он ду ҷавон аз маърифат ва фарҳанг хабар медоштанд, ба донишкадае, ки кадрҳои соҳаи фарҳангро тарбия менамояд, бо чунин назари бад наменигаристанд. Ин суханҳо мисли хор ба чашми ман халида водорам сохт то андешаҳоямро дар хусуси мафҳуми фарҳангу маънавиёт рӯи коғаз биёрам. Мутаассифона, дар ҷомеа чунин ашхосеро вомехӯрем, ки аз дунёи зебои ҳунар, фарҳанг ва санъат бехабаранд. Рақсидан танҳо маънои дилхушкуниро надорад ва ҳар кас низ аз ин ҳунар воқиф нест ва аз уҳдаи иҷрои он намебарояд. Рақси дилчасп ба инсон як ҷаҳон ҳаловат мебахшад ва аз сару либос, пойафзол, ҷавоҳирот ва умуман нигоҳи раққосон ашхоси бохабар пай мебаранд, ки ин ҷо дунёи дигар аст, яъне дунёи зебоӣ. Театр тараннумгари ҳунар ва макони ғанӣ гардонидани маънавиёти инсонист. Театр оинаи зиндагист, албатта фарде, ки боре ба ин макон рафтааст, ин маъниро хеле хуб дарк менамояд ва ба ҳунару маҳорати ҳунармандон эҳтиром мегузорад. Мусиқӣ ба дилҳо сурур ва нишот меоварад, дунёи бе мусиқӣ мотамсароро мемонад. Нафароне, ки бо писханд ба мусиқӣ менигаранд, гӯё аз ҳисси шунавоӣ маҳруманд. Танҳо мусиқӣ метавонад ба инсон шодиву сурури ҳаққонӣ бахшад.
е-mail: javonontj@mail.ru
Тарбияи фарзанд масъулият мехоҳад
13
е-mail: javonontj@mail.ru
14
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №10 (9436), 10 марти соли 2016
Синни холаи Соҷида ба 90 расиду ҳаракати дасту пойҳояш тамоман суст, чашмҳояш хира, суханҳои аз наздикгуфтаро намешунидагӣ шуд. Дарк кард, ки аз умраш рӯзҳои бошумор боқӣ мондаанду ҳар даму ҳар нафасаш ғанимат аст. Ҳар рӯз рӯйи ҷойгаҳ дароз кашидаву худ ба худ пичиррос зада, мехост, саҳифаҳои китоби умрашро варақгардон кунад. Афсӯс, хотирааш ки суст гашта буд, ба ин имкон намедод. Як лаҳзаро барои ёд овардан лозим меомад, гоҳо соатҳо фикр кунад. Ҳа, ҳамааш гузашт. Нодорӣ, муҳтоҷӣ, бекасӣ, хорию зориҳо бебозгашт паси сар шуданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин душвориҳо Офаридагор ба кампир умри дарозро муносиб дид. Бахти панҷ нафар фарзандонро, ки ҳанӯз айёми наврасию кӯдакӣ аз падар маҳрум гашта буданд, дидан насибаш гашт. Баъди фавти ҳамсар шароити оила ниҳоят вазнин гашт. Лозим омад, ки холаи Соҷида айёми ҷавонӣ шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта меҳнат кунад. Рӯзҳои вазнинеро аз сар гузаронад. Касе чӣ коре фармояд, аз сидқи дил иҷро мекард. Дар ҷомашӯйӣ, нонпазӣ, нигоҳубини мол, порукашонӣ ва ғайра усто шуд. Ба пули гирифтааш кам ё зиёд нагуфта розӣ мешуд. Бегоҳон бо илоҷе шиками бачаҳоро сер карда мехобониду мегирист. Ба даргоҳи Худованд пайваста муноҷот мекард, ки кӯдаконашро аз офату балоҳо эмин нигоҳ дорад, ба умрашон барака диҳад, аз хазинааш ризқу рӯзиашонро ато намояд. Кош, онҳо донову олим шаванд давлати пирӣ насибаш гардад. Бо ҳамин минвол рӯзу ҳафта, моҳу солҳо паси ҳам гузаштанд. Бо кӯмаки чанд нафар мардони саховатманди деҳа ва дастгирии хешону
ҳамсояҳо се писарро хононд, соҳиби маълумоти олӣ ва оила гардонд. Ду духтар низ дар ҳаёт мавқеи худро ёфтанд. Имрӯз ҳар кадом ду-се фарзанд доранду соҳиби набера ҳам шудаанд. Пиразан рӯйи ҷойгаҳ бо лелаҳояш шумораи набераву абераҳояшро ҳисоб карданӣ мешуд. Лек ҳар дафъа ҳисобаш дар нимароҳ мемонд. Ҳаминро медонист, ки агар ҳамаи онҳо ба наздаш гирд оянд, дар хона барои рост истодан ҳам ҷой намемонад. Намефаҳмид, ки
ду “Бисёр монда шудам, дам мегирам”,-гӯён баромада меравад. Аз чӣ бошад, рӯзҳои охир набераҳояш тамоман камнамо шудаанд. Аз ҳамсояҳо фаҳмид, ки модарашон онҳоро ба хонаи падараш гусел кардааст. Кам рӯй диҳад ҳам, суҳбат бо онҳо барои хола давлати калон буд. Аз он ғамаш камтар мегардид. Одам дар ду ҳолат: айёми кӯдакӣ ва пирӣ ба меҳрубонию навозиш ва дидорбинӣ муҳтоҷ мешудааст. Кампир мехост ба наздиконаш ақаллан рӯзе як
Фиғони модар Ҳикоя
чаро онҳо ба дидорбинияш намеоянд. Меандешиду қатрақатра ашк беихтиёр аз чашмонаш ҷорӣ мегашт. Баъзан аз пок кардани онҳо остинҳояш нам мегирифтанд. - Онҳо наоянд, майлаш, - худ ба худ мегуфт кампир. – Ба фарзандони худам чӣ шуда бошад? Дар ду ҳафта як борак ҳам дидорашонро нишон медиҳанду ғайб мезананд. Ду даҳон гап мезананд ё не “Вақт танг, модарҷон, корамон бисёр”-гӯён аз дар мебароянд. Ҳар субҳ келини хурдӣ, ки холаи Соҷида ду сол инҷониб дар хонаи ӯ истиқомат дорад, назди кампир даромада ҳолпурсӣ мекунад. Дар як термос чой, якто пиёла, ду нон ва қандро наздаш мегузораду “Ба кор меравам”-гӯён ғайб мезанад. Кампир мефаҳмад, ки вай ҳисобдор аст, тезтар ба идора рафтанаш лозим. Фурсат надорад, ки бо кампир гап зада шинад. Бегоҳӣ ҳамин ҳол аз нав такрор мешавад. Келин таому чойро назди хола мегузора-
бор дарди дил кунад. Аз рӯзҳои гузаштаи умраш лаҳзаҳои гуногунро ҳикоят намояд, то ба онҳо дарси ибрат шаваду аз душвориҳо наҳаросанд. Вале, ҳайҳот, ҳеҷ нафаре аз наздикон барои шунидани суханҳои модари рӯзгордида фурсат надоштанд. Ғаму ғусса, танҳоӣ, бекасӣ, ниҳоят кори худро карданд. Пиразан ду рӯз сахт нотоб шуд. Даставвал дасту пойҳояш меларзидагӣ гаштанд. Забонаш якбора лакнат пайдо карду баъди соате овозаш тамоман хаста гардид. Ӯ ба Худованд фиғон дошт, мехост чанд васияти худро ба наздикон гӯяд, лек он ҷо касе набуд ва фаҳмидани суханонаш низ аз имкон берун буд. Субҳи рӯзи дуюм келин назди кампир даромада тағйиротро дар вуҷуди ӯ баръало эҳсос кард. Ба фарзандҳо занг зада гуфт, ки вақт ёфта зудтар ба дидорбинии модар биёянд, ки ҳолаш вазнин аст. Сипас берун баромада зани ҳамсояро фарёд карда гуфт:
Модари ҳақиқӣ www.javonon.tj
- Ояҷон, боз як бор некӣ кунед, имрӯз ман кори зарур дорам, ҳуҷҷатҳои музди меҳнатро бояд омода намоям. Тоби очакалон андаке гурехтааст, илтимос, як даромада бинед. Ҷони он кас аз санг ҳам сахт, ҳеҷ бало ҳам намезанаду ба ҳар ҳол... Ман баъди ду-се соат бармегардам. Зани ҳамсоя ки на як бору ду бор бо чунин вазъ рӯ ба рӯ гашта буд, ҳарфе ба забон наоварда, бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд. Баъди рафтани келин сӯйи хонае, ки холаи Соҷида
- Ало, бубахшед бюрои кофтукоб аст? - Бале, писарчаи хуб, чиро гум кардӣ? - Бубахшед, ман модарамро мекобам. - Бигӯ азизам, модаратро мешиносӣ? - Бале, модарам хеле меҳрубон ва зебост... - Фаҳмо, ҷони ман, дирӯз як зани зеборо пайдо намудем. Шояд модари ту бошад. Бигӯ, ки аз куҷо ба мо занг мезанӣ? - Аз хона-интернати кӯдакон. - Хуб, азизам, модаратро ба наздат мефиристем интизор шав... Ба ҳуҷраи хоби писарак модараш дар даст гурбача ворид шуд. Ӯ “модар” гӯён фарёд кард ва бо дастони кӯчакаш бо тамоми қувват занро ба оғӯш гирифт. “Модарҷон” боз нидо дардод писарак... Сиёвуш аз хоб бо ҳарос бедор шуд. Ӯ тақрибан ҳар рӯз чунин хоб медид. Ӯ аз зери болин аксеро гирифта, рӯи дилаш пахш кард. Акси зане буд он. Сиёвуш аксро як сол қабл аз кӯча ёфт ва бо худ нигоҳ медошт.
Ҳар пагоҳӣ мудири хонаи кӯдакон ба хонаи хоби бачаҳо омада, барояшон субҳи пурфайз таманно мекард. Ин зани меҳрубон сари ҳар яке аз ятимонро сила мекард. Боре ба назди рахти Сиёвуш омада, дар замин аксро дид. Эҳтимол он вақти хоби писарак аз зери болинаш афтида буд. Зан, ки Сиёвушро хеле дӯст медошт бо меҳр пурсид: - Азизам, ин аксро аз куҷо гирифтӣ? - Аз кӯча... ёфтам онро. - Ин зан кист? - Модари ман,- қатъӣ гуфт писарак, ки чашмонаш медурахшид. Мудири хонаи кӯдакон занеро, ки аксаш дар дасти Сиёвуш буд, шинохт. Номи вай Лола буд, ки соли гузашта ба ин даргоҳ омада мақсади ба фарзандхон гирифтани кӯдакеро дошт. Азбаски оиладор набуд, ба хостааш ноил нашуд. Мудири хонаи кӯдакон ба утоқи кориаш даромад. Касеро гӯё мунтазир буд, ки ногаҳон тақ-тақи дар баланд шуд. Ба утоқи
мехобид, роҳ гирифт. Кампир ҳуш надошт, нафасҳои охиринро аз даҳон берун мекард. Лабҳояш парсинг баставу теғи бинияш тез гашта буд. Зани бечора чӣ кор кардан, чӣ тадбир андешиданро надониста, кафи дасти худро болои қафаси синаи кампир гузошт. Ду карат оҳиста, дафъаи сеюм сахт задани дилу якбора аз кор мондани онро баръало эҳсос кард. Аз ҳоли зори майит дилаш ба риққат омад. Гиря гулӯгираш кард. - Ҳайфи умри одамӣ, зери лаб гуфт вай, - баччу кач мегӯйиву намедонӣ, ки оқибати корат бо чӣ меанҷомад. Агар ба фарзанд инсоф надиҳад, айёми пирӣ рӯзат сиёҳ мешудааст. Баъди бастани манаҳу пойҳои майит зан ба берун баромада, ҳамсояҳои дигарро аз воқеа огоҳ намуд. Хабар то ба хешовандону фарзандон низ расид. Соате пас рӯйи ҳавлӣ пур аз зану мард гашту овози гиряи ҳузнангез оромии маҳалларо халалдор сохт. Хурду калон нола доштанд. Аз
корӣ ҳамон зан – Лола даромад. Вай дар назди мудир ҳуҷҷатҳои лозимаро гузошта гуфт: - Ҳуҷҷатҳои фармудаатонро омода кардам. Мудир бо хушҳолӣ ба чеҳраи ӯ нигариста гуфт: - Лолаҷон магар ту омодаӣ кӯдакро ба фарзандӣ қабул кунӣ? Охир, парастории кӯдак масъулият металабад. - Маро бовар кунед, муаллима, вақте медонам кӯдаке ба ман эҳтиёҷ дорад, осуда зиста наметавонам. Аз ин рӯ тамоми масъулиятро бар дӯш мегирам. - Ин тавр бошад,- гуфт мудир. - Кай мехоҳӣ кӯдаконро бубинӣ ва интихоб кунӣ? - Ман интихоб кардан намехоҳам. Ҳамонеро мегирам, ки шумо тавсия диҳед.гуфт Лола ба чашмони зан нигариста. Ӯ ба мудир афзуд, ки волидони ҳақиқӣ барои худ тифлро интихоб накунанд. Тифл барояшон доди Худост. Аз ин рӯ, вай ҳам мехоҳад модари ҳақиқӣ бошад. Мудир, ки дар таҷрибаи корияш чунин фарзандхонро бори аввал медид, гуфт: - Ман медонам ту бояд модари кӣ бошӣ! Вай Сиёвуш аст. Модараш дар таваллудхона аз ӯ даст кашида буд. Вале имрғз аллакай ӯ панҷсола мебошад.
забони фарзандони навомада суханони “Қуввати дилу мадорамон будед, модарҷон”, “Ба маслиҳатҳои некатон муҳтоҷ будем”, “Моро партофта ба куҷо рафтед, бе шумо чӣ тавр зиндагӣ мекунем?” ва ғайраҳо паси ҳам садо додан гирифтанд. Дилбардории якдигар беист давом мекард... Фарзандони пиразан барои обрӯ гирифтан чизеро дареғ надоштанд. Тамоми маводи лозимӣ дар як они воҳид муҳайё гашт. Гӯё замин кафиду одам рӯид. Тобути майит, ки болояш бо чанд қабат матоъҳои қимат пӯшонида шуда буд, аз даст ба даст гӯё шино мекард. Вақти аз дар баровардани тобут духтарон ҳай мӯканиву рӯканӣ карданд. Яке аз онҳо ҳатто аз ҳуш рафт ва лозим омад, табибро даъват кунанд. Маросими дафну фотеҳа анҷом пазируфту маъракаҳои хайру худоӣ ва хатмшикан доир гаштанд. Як гӯсфанд, чандин кило гӯшту равғану биринҷ, ҳазорҳо дона нон, қанду қурси зиёдро фарзандон садақаи сари майит карданд. “Коре карда, мардум гап назананд”-гӯён қариб ду ҳафта дар хонае, ки умре модари бечора чашминтизори дидорашон буд, нишастанд. Ҳамин ки маъракаи чил гузашт, ҳама аз пайи ташвишҳои худ шуданд. Ба хонае, ки кампир он ҷо ҷон ба ҷонофарин таслим карда буд, дигар касе аз наздикон намедаромаданд. Намехостанд, ки бо дидани хона ҷуссаи нотавону ҳоли зори модар пеши назарашон ояд. Хайрият, ҳамон зани ҳамсоя дили бузург доштааст. Ба фавти холаи Соҷида ду сол шуда бошад ҳам, ҳар бегоҳии ҷумъаю душанбе оятеро чанд аз Қуръони Карим тиловат карда, ба рӯҳу арвоҳи майит мебахшад. Илтиҷо мекунад, ки Худованд охираташро обод гардонад... Б. САИДШОЕВ
Лола ҳаяҷонашро фурӯ нишонда наметавонист. Мудир баромад ва баъди панҷ дақиқа бо писараки дӯстрӯе вориди утоқи корӣ шуд. Ӯ мехост писаракро бо зан шинос бикунад, аммо Сиёвуш якбора худро ба оғӯши Лола андохт ва бо овоз ва лаҳҷаи ширини кӯдакӣ “модарҷон, модарҷони ман” мегуфт. Лола кӯдакро ба оғӯш гирифта навозиш мекард. “Писарҷони ман, азизам... Акнун ман бо туям дигар мо ҷудо нахоҳем шуд”. Сиёвуш аз оғӯши модар намефаромад. Ӯ хеле шод буд. Занҳое, ки дар хона-интернат Сиёвушро нигоҳубин мекарданд, яке ба ғундоштани либосҳояш машғул буду дигаре ашк мерехт. Тамоми кормандони хона-интернат ба гусели Сиёвуш баромада буданд. Вақте Модару кӯдак берун шуданд, Сиёвуш аз Лола пурсид: - Модарҷон, ту маро дӯст медорӣ? Дигар аз ҳам ҷудо намешавем, ҳамин тавр не? Лола пеши писарак ба зону нишаст аз сару рӯяш мебӯсид. - Ҷони модар, албатта дӯстат медорам. Дигар ҷудо нахоҳем шуд... Таҳияи Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”
САЙҚАЛИ ХОТИРА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №10 (9436), 10 марти соли 2016
15 е-mail: javonontj@mail.ru www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
16
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №10 (9436), 10 марти соли 2016
Лутфи ҷавонӣ
ОБУНА - 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Писар: - Дар куҷо зиндагӣ кардан мехоҳӣ? Духтар: - Дар куҷо не, бо кӣ? Писар: - Ин тавр бошад, бо кӣ зиндагӣ кардан мехоҳӣ? Духтар: - Гап сари ин ки дар куҷо?
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
***
Салим ба падараш: - Дар мактаб ҳама ба ман мегӯянд, ки падару модарат одамони нохондаву бесаводанд... Падар: - Мактаб худаш чӣ аст, писарам?
***
Дарси биология. Муаллима: - Салим, кирми лойхӯрак чӣ гуна зиёд мешавад? - Бо роҳи тақмис кардан, муаллима. - Ботафсилтар... - Ба воситаи бел.
АНДАРЗ
Шодиҳои ҳаёт
www.javonon.tj
Кӯдакон дар ҳавлӣ машғули бозӣ буданд. - Ман имрӯз хеле шоду хурсандам, чунки модарам барои ман куртаи нав харид! Он хеле зебо аст, ранги сафеду гулҳои сурх онро тамоман ғайриоддиву нотакрор гардонидаанд,- бо хушҳолии зиёд гуфт Аниса. Воҳид баъди каме андеша кардан ба сухан даромада, гуфт: - Ман бошам, куртаи нав дорам, он чунон зебо аст, ки… - ва дастонашро васеъ кушод, то ҳама арзиши баланди куртаи навашро дарк карда тавонанд. - Барои ман қалам туҳфа карданд,- саросемавор гуфт Луъбат,- як қуттии калон! Қаламҳои рангаву зебо! - Қалам ҳам кирои гап шуд! – ба сухан ҳамроҳ шуд Комрон. - Ана ман шасти моҳигирӣ дорам! Шасти ҳаққонӣ! Ман ҳамроҳи падарам ба моҳигирӣ меравем ва ман моҳии зиёд медорам! Бо қалам танҳо каме расм мекашиву халос… Бачаҳо сухани якдигарро бурида, ҳар яке туҳфаҳои худро таърифу тавсиф мекард: ба ман велосипед туҳфа карданд! Ба ман бошад, компютер! Ман дар хона гурбачаи зебо дорам! – нидо мебароварданд онҳо аз ҳар тараф. Танҳо дар байни онҳо як писарбачае буд, хомӯш нишаста танҳо табассум мекард. - Абдулло, чаро ту хомӯш нишастаӣ?мароқ зоҳир намуд Аниса. – Чӣ, магар ту чизе надорӣ, ки шоbстаи таърифу тавсиф бошад? - Дорам! – хоксорона ҷавоб дод писарбача. - Ман дар ҷангал гулҳоро дидаам! - Чӣ хел гулҳо? - ҳайратомез гуфт Комрон. - Гулҳои сафед! Ман ҳамроҳи падаРӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
рам дар ҷангал сайругашт мекардем, вақте ҳаво торик шуд, дар марғзор гулҳои cафеди тару тозаро дидем. Онҳо хеле зебо буданд! Медурахшиданду ба гирду атроф нур мепошиданд! - Ҳамин ҳам хурсандӣ шуду,- хандида гуфт Комрон. - Рост,- Луъбат низ хандид,- гулҳоро кӣ надидааст!? - Ман боз бомҳои ялаққосиву дурахшандаро дидаам! – гуфт Абдулло. – Зимистон ба болои ин бомҳо барф мебораду он дар зери нури офтоб медурахшад. Тамоми бомҳои шаҳр чунин ялаққосианд. Ба ростӣ, ман бо чашми худ онҳоро аз айвон дидаам. - Ман ин ҷо хурсандиеро намебинам! – баланд хандида гуфт Ворис,- ҳамаи мо барфро дидаем, он ҳар зимистон меборад. - Абдулло, шояд ту ягон чизи хушҳолкунандаи дигаре низ дорӣ?- ӯро тарафдорӣ ва руҳбаланд кардан хост Аниса. - Албатта дорам! Ман моҳичаҳои тиллоиро дидаам,- оромона гуфт писарбача. - Чӣ хел моҳичаҳо? – мароқангез пурсид Комрон. – Дар куҷо? - Дар кулмак. Аввал борон борид, сипас офтоб баромад. Оби кулмак дурахшиду ман дидам, ки дар он моҳичаҳои тилло шино мекунанд. - Ту дурӯғ мегӯӣ! – гуфт Комрон. – Ту ягон чизро надидаӣ. Ҳамаи инро бофта баровардӣ! Ва ҳамаи бачаҳо бо садои баланд хандиданд. Танҳо Аниса оромона гуфт: - Сабр кунед, бачаҳо! Шояд ин лаҳзаҳои хурсандибахши ӯ аз ҳама туҳфаҳои мо арзишмандтар бошанд, охир ӯ ин ҳамаро дар ҳама ҷо меёбаду эҳсос мекунад! Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
Зан ба шавҳараш: - Туро ба мактаб даъват карданд Мард: - Тинҷист? - Зан: - Писарамон боз як тирезаи мактабро шикастааст.
Соле пеш фалокате рӯй доду поям шикаст. Се моҳ дар бинои чоруми Беморхонаи ҷумҳуриявии “Қаряи Боло” бистарӣ шудам. Саҳлу сабук набуд ин се моҳи беморӣ. Шукр, ки дунё аз одамонинек холӣ нест. Духтури асабшиноси беморхонаи мазкур Муҳсиддин Ҳалимов давоми ин се моҳи бистарӣ буданам чун падар дилсӯзу мушфиқ буд. Бинобар бекасию камбизоатӣ барои харидани дору маблағ надоштам. Муҳсиддин Ҳалимов вазъияти маро дарк намуда, тамоми маблағи дорую дармонро аз ҳисоби худашон пардохт намуданд. Гӯё бар асоси ин дастури Носири Хисрави Қубодиёнӣ амал мекард:
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Ҳуҷҷатҳои гумшуда (шиносномаи А№5610611, ки ШКД-2-и ноҳияи Сино соли 2009, номаи камоли Т-ШТУ №0094332, ки МТМУ №1-и шаҳри Душанбе, хатти никоҳи III-ЕЖ 483967, ки БСАҲШ-и ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе аз 31.05.2002) ба Нигора Умаровна Раҳимова додаанд, эътибор надорад.
БАРҲАМ МЕХӮРАД
ҶДММ “Модильяни» (РМА 010018514) воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барҳам мехӯрад.
Чу марҳам хастаро роҳатрасон бош, Ба сахтӣ чораи бечорагон бош,
СӮГВОРӢ Роҳбарият ва кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» нисбати даргузашти фоҷиабори кормандашон Атавуллоев Илҳомиддин Исломуддинович сахт андуҳгин буда, ба аҳли оилаи марҳум изҳори ҳамдардӣ менамоянд. Худованд ба марҳум охирати обод, ба пайвандонаш сабри ҷамил ато фармояд.
Воқеан ҳам Муҳсиддин Ҳалимов чун табиби ҳозиқ роҳатрасони хастагон ва чораҷӯи бечорагон аст.Тавссути рӯзнома ба Муҳсиддин Ҳалимов барои ғамхориҳояш изҳори сипос намуда, ба эшон аз даргоҳи илоҳӣ тани сиҳату хотири ҷамъ, ризқи фароху умри дароз таманно мекунам. Мақсуда ҶУМЪАЕВА, сокини шаҳри Душанбе
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
***
Чу марҳам хастаро роҳатрасон бош
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7073 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»