Ҷавонони Тоҷикистон, №11, 2018

Page 1

ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №11 (9541), 15.03.2018

javonon.tj

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН

Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо

№11 (9541), 15/03/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

Сафари расмӣ ва истиқболи гарм саҳифаи

3

Тоҷикистон – Швейтсарияи дуюм саҳифаи

Танини оҳанги дӯстӣ саҳифаи

Чаро ноболиғон ҷиноят содир мекунанд?

4

5

саҳифаи

6

саҳифаи

8

Чорабиниҳо баҳри дарёфти Ҷоми “Пойтахт-2018” “Ман”-и Сайф “мо”-и миллат буд саҳифаи

13

Ҷомеа новобаста аз шакли идорияшон ба шахсиятҳое, ки дорои хусусиятҳои таслимнашавандагӣ, фошгӯӣ, ҷасорати эҷодию зеҳнӣ дошта бошанд, ниёз дорад. Ҳарчанд ин ашхос дар бештари маврид ба сохти ҳокимият созгор буда наметавонанд ва зери фишору табъиз қарор мегиранд. Ё ҳадди ақал монеаву маҳдудиятҳо дар ибрози афкору андешаи онҳо ва чакидаҳои хомаву нигоштаҳои онҳо эҷод мекунанд. Яке аз ин ашхоси пурҳунар ва камназири миллати точик Сайф Раҳмизоди Афардӣ буд.


2 СОЛНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – 2017 (Идома аз шумораҳои гузашта)

2 ноябри соли 2017 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлуи ду кишвар дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмӣ баррасӣ гардида, аз рӯи натиҷаи он 13 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон ба имзо расид. Мавриди зикр аст, ки то имрӯз заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро зиёда аз 60 санад ташкил медод. Акнун бо имзои санадҳои нав, ки бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сохтмону саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд, шумораи он ба беш аз 70 адад расид. Татбиқи самараноки санадҳо барои Тоҷикистону Туркманистон боманфиату судовар хоҳад буд ва баҳри таҳкиму густариши муносибатҳои деринаи дӯстӣ заминаи боэътимод мегузорад. Аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ бештар аз 190 давлати олам соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф карда, бо ҷумҳурии мо муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст. Аксари кишварҳо ба хотири рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дар Душанбе сафоратхонаҳои худро ифтитоҳ намуданд. Соли 2017 дар доираи сиёсати дарҳои кушода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 сафири нав эътимоднома қабул намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи сиёсати бобарори дарҳои кушода, бо доираи васеи ҷомеаи олам ҳамкории судманду баробарҳуқуқро дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба роҳ монда, густариш медиҳад. Бо итминон гуфта метавонем, ки сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои худ метавонанд мусоидати ҷиддӣ намоянд. Давоми соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо сарони ҳукуматҳо, вазирони кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва ҳайатҳои парлумонӣ 44 мулоқоти судманд доир карда, зимни вохӯриҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, чунин вохӯриҳои барои ҷонибҳо манфиатовар 10 январ бо роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Пол Росс, 18 январ бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер, 24 январ бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Буриан, 27 январ бо муовини аввали раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор

Эмомалӣ Раҳмон ва “Соли ҷавонон”

Шувалов, 10 феврал бо раиси Палатаи намояндагони Парламенти Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек, 18 феврал бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ, 17 март бо вазири федералии обу энергетика ва мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Асиф, 28 март бо ноиби якуми президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Филипп Беннетт, 11 апрел бо ҳамоҳангсози доимӣ, роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта, 10 май бо роҳбари Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия Рамазон Абдулатипов, 17 май бо директори кишварҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук, 25 май бо вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бинни Зойид оли Наҳён, 11 июн бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш, 6 июл бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, 14 июл бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов, 12 сентябр бо президенти Бонки исломии рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар, 26 октябр бо президенти Бонки осиёии рушд Такехико Накао ва 30 октябр бо раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян баргузор шуд. Соли 2017 дар Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун баргузор гардиданд, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар онҳо ҳамчун роҳбари ташаббускор иштирок ва суханронӣ намуданд. Баргузории ин ҳамоишҳо бори дигар нуфузи Тоҷикистонро дар олам ҳамчун давлати ташаббускор ва дар Осиёи Марказӣ чун давлати калидӣ боло бардошт. 6 июл дар ноҳияи Варзоб мулоқоти марони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA – 1000 баргузор гашт, ки дар кори он сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори лоиҳаи CASA – 1000, аз ҷумла ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистон,

Покистон, Афғонистон ва Қирғизистон бо роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков, намояндагони як қатор ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ, ҳамчунин, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ иштирок доштанд. Тарҳи CASA – 1000 аз ҷумлаи лоиҳаҳои бузурги минтақавии энергетикӣ мебошад, ки Тоҷикистон дар татбиқи саривақтии он баробари дигар кишварҳои иштирокдори лоиҳа манфиатдор аст. Дар интиҳои кори ҳамоиш Эъломияи муштарак оид ба натиҷаҳои мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои иштирокдори лоиҳаи CASA – 1000 қабул гардид, ки нишона аз ҷамъбасти бобарори ин чорабинии сатҳи минтақавӣ мебошад. Ҳанӯз 12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA– 1000 асос гузошта шуда буд. 16 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид, ки ҳадаф аз таъсис ёфтани форум воситаи муҳими ҳамкорӣ, эҳёи пайвандҳо, густариши муносибатҳо ва ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногун мебошад. Ҳамоиши навбатии оғозбахши фикру андешаҳои ҷадид ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар ҷодаи минбаъд ҳам густариш додани ҳамкорӣ ба

нафъи мардумони кишварҳо гашт. Дар кори форум Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абдулғайт ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ – раиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф суханронӣ карда, пеш аз ҳама, ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сиёсати дарҳои кушода, фазои мусоиди ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ ва рушди муносибатҳои мутақобилан судманди дорои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ изҳори сипосу қадрдонӣ карданд. Баъди анҷоми кори иҷлосияи дуюми форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Эъломияи Душанбе қабул карда шуд. Соли 2017, дар маҷмӯъ, ба шарофати сиёсати неку бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ, болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, стратегияҳои миллии рушд, бунёди коргоҳу корхонаҳои калони саноатӣ, таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва таҷлили санаҳои муҳими сиёсӣ соли бобарору таърихӣ маҳсуб меёбад. Дар ин давра мардуми шарафманди кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии шоиста тадбирҳои муҳиму мушаххасро амалӣ карданд. Месазад бори дигар аз дастовардҳои соли 2017 ёдовар шуд. Бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардум ба дастовардҳои бузург дар роҳи саноатикунонии кишвар ва расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шуданд. Соли 2017 барои саноатикунонии мамлакат корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлоли вилояти

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №11 (9541), 15.03.2018 Суғд бунёд шуд, ки қадами муҳим дар ин самт мебошад. Дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ бо дастури бевоситаи Пешвои миллат шурӯъ аз соли 2017 маҳдудияти неруи барқ дар саросари мамлакат пурра бардошта шуд. Соли 2017 бо ташаббуси Президенти мамлакат “Соли ҷавонон” эълон гардид ва вобаста ба ин тадбир дар саросари кишвар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ доир гардиданд. Дастоварди бузурги Соли ҷавонон соҳиби унвони чемпиони ҷаҳон шудани варзишгари тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода мебошад, ки 11 ноябр дар мусобиқоти самбои ҷаҳон дар шаҳри Сочи дар вазни 74 кило ғолиб омад. Ин паҳлавони тоҷик бо гирифтани ҷои якум ва медали тилло дар чемпионати ҷаҳон, пас аз 42 сол қаҳрамонии ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимовро такрор кард. Соли 2018 барои мардуми шарифи тоҷик низ соли таърихӣ маҳсуб меёбад, зеро дар ин сол ҳам Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ мизбони якчанд чорабинии сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мешавад. Соли 2018 дар айёми таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии ҷумҳурии мо – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» расман оғоз мегардад. Дар робита ба ин, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 – 2028” дар назар аст. Инчунин, моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст. Соли 2018 Тоҷикистон раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба дӯш гирифтааст. Мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзо соли 2018 дар Тоҷикистон аз муҳимтарин чорабиниҳои раёсати давлати мо мебошад. Дар Тоҷикистон ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегардад, ки мақоми муҳим дорад. Дар сатҳи баланд баргузор кардани ин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар боиси болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи олам мегардад. Умед аст, ки соли 2018 низ чун солҳои пешин мардуми шарафманди мамлакат бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бобарору созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои татбиқи нишондодҳои дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат, дар амал қарор додани нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аз ҳарвақта дида бештар талош меварзанд ва Тоҷикистонро ба давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта мубаддал мегардонанд. Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА, Самариддин АЙНИДДИН


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №11 (9541), 15.03.2018

АХБОРИ ҲАФТА

3

Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо Табрикномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи модар, шаҳри Душанбе, 07.03.2018 Модарон ва хоҳарони азиз! Фарорасии фасли зебои сол - баҳори оламафрӯз ва ҷашни модаронро ба ҳамаи занону модарони мушфиқ ва бонувони меҳрубони Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва саодати ҳамешагӣ орзу менамоям. Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад. Модар аввалин шахсест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад. Маҳз ба ҳамин хотир ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд. Зан-модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, бо нияту орзуҳои нек фарзанди худро ба камол мерасонад ва ӯро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоятгару насиҳатгар мебошад. Шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад. Бинобар ин, аввалин омӯзгори беминнати инсон модар буда, ба фарзанд на танҳо сухан гуфтанро меомӯзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои ҳамидаро дар зеҳну шуури ӯ тарбия мекунад. Аз ин лиҳоз, аксари мутафаккирони барҷастаи гузаштаву муосири олам, аз ҷумла адибони мо хислатҳои ҳамида, бузургӣ ва қудрати азалии модарро ситоиш карда, дар назди мақому мартаба ва нақши беназири ӯ дар зиндагӣ сари таъзим фуруд овардаанд. Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад. Ин масъулияти бузург модарону бонувони моро водор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти ҷисмонии фарзандон, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоянд. Зеро нақши модар, махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан - модар вобаста аст. Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик дар тӯли тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда будааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад. Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву

фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад. Модарони арҷманди мо дар ҳифзу нигоҳдошти расму ойинҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои ниёгон нақши муҳим доранд. Ин аст, ки дар ҳамаи суханрониҳои худ ман ба нерӯи занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, онҳоро борҳо «нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаам. Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани онҳо мебошад. Дар баробари ин, масъалаву мушкилоти вобаста ба ҳаёту фаъолияти бонувон низ вуҷуд доранд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳалли онҳо чораҷӯӣ карда истодааст. Бовар дорам, ки модарону бонувони хирадманди мо бо қалби ҳассоси худ набзи ҷомеаи имрӯзаро хуб дарк менамоянд ва бо истифода аз рисолати пурмасъули хеш барои таҳкими сулҳу субот, тарбияи фарзандони худогоҳу хештаншинос ва ватандӯсту ватанпараст, инчунин, риояи муқаррароти қонунҳои миллиамон – “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” саҳми арзандаи худро мегузоранд. Модарону бонувони муҳтарам! Фарзандони азиз! Густариш додани соҳибкории хурду миёна барои бонувон яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба дастгирии занону духтарон мебошад. Барои амалӣ сохтани ин ҳадаф ва дастгирии занону модарони соҳибкор грантҳои президентӣ ва дигар имтиёзҳои зарурӣ ба роҳ монда шудаанд, ки бонувони мо бо истифода аз чунин ғамхориҳои давлату Ҳукумат ба соҳибкорӣ машғул гардида, дар ин самт ба пешрафту дастовардҳои назаррас ноил шуда истодаанд. Мо соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудем. Ҳадафи асосии ин иқдом эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонавода, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини ҷойҳои кории нав, алалхусус, барои бонувону ҷавондухтарон мебошад. Мо хуб медонем, ки нигоҳдоранда ва тараққидиҳандаи ҳунарҳои милливу мардумӣ маҳз модарону занону бонувони соҳибмаърифатамон мебошанд. Итминони комил дорам, ки модарону хоҳарони азизи мо минбаъд низ дар амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои пешбиникардаи давлату Ҳукумати мамлакат ва тарбияи фарзандони солеҳу соҳибмаърифат, ободии Ватан ва пешрафти давлат саҳми худро мегузоранд. Бори дигар тамоми занону модарон ва хоҳарону бонувони арҷманди кишварро ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳи Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандам. Ҷашн муборак бошад, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!

Сафари расмӣ ва истиқболи гарм

9 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олимақом бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта буд, баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд. Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт. Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузор гаштанд. Дар фарҷоми музокирот маросими баимзорасонии бастаи калонҳаҷми санадҳои дуҷониба, ки аз 27 созишнома иборат буда, аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои ду кишварро дар бар мегиранд, сурат гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Изҳороти муштараки ҷонибҳоро дар хусуси таҳкими дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ва Шартномаи байнидавлатӣ оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба имзо расониданд. Дар рафти мулоқот ва музокироти самарабахш, ки дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифт, сарони давлатҳо масъалаҳои калидии вазъи имрўзаи муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дурнамои тавсеаи минбаъда ва таъмиқи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалии қобили таваҷҷуҳи тарафайнро муҳокима намуданд. Нимаи дуюми рӯзи 9 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд. Намоишгоҳ баъди буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шуруъ кард. Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти беш аз 100 корхонаи узбекистонӣ ба намоиш гузошта шуда буд. Рӯзи 9 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамчунин дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, ки дар кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд. Чорабинии мазкур бо суханронии сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз гардид. Шоми рӯзи 9 март сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кохи боҳашамати Наврӯз ташриф оварда, толорҳои барҳавову зебо ва бо санъати асили миллӣ ороёфтаи онро тамошо карданд. Рӯзи 10 март дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом сарвари ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Варзоб”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд. Нимаи дуюми рӯзи 10 марти соли 2018 пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Тошкент баргашт. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.


4 Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) ва зери таъсири манфии расонаҳои хориҷӣ қарор гирифт. Дар ин раванд то ҷое маълум аст, кишвари мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби кишварҳои “дӯст” ҳамчун давлати ҷангзада ва ноором шиносонида шуд. Албатта ҳеҷ кас инкор карда наметавонад, ки дар давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар ба буҳронҳои зиёде мувоҷеҳ шуда буд, аммо бо гузашти ҳамагӣ як даҳсола бо талошҳои халқи муаззами кишвар ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камбудӣ ва буҳронҳо бартараф шуда буданд. Тоҷикистон сар карда аз он давра ба як кишвари аз лиҳози амниятӣ ором ва мусоид бадал ёфта буду метавонист сайёҳони хориҷиро бидуни мамоният қабул ва пазироӣ кунад. Аммо... Бо гузашти қариб се даҳсола аз соҳибистиқлолии кишвар вуруди сайёҳони хориҷӣ ҳанӯз ҳам қонеъкунанда несту мушкилоти соҳаи мазкур нигаронкунандаву ҳалталаб аст. Ҳамин боис шуда, ки Ҳукумати кишвар низ тасмимеро дар бораи рушди сайҳӣ ба даст гирад ва ин соҳаи сердаромаду муаррификунандаи кишварро то қадри имкон рушд диҳад. Ва ҳамин буд, ки ниҳоди махсус –Кумитаи рушди сайёҳӣ дар кишвар таъсис дода шуд. Пушида нест, ки як самти асосии даромади аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба сайёҳӣ вобастагии зич дорад. Зимни таҳқиқоти вижае

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №11 (9541), 15.03.2018

РУШДИ САЙЁҲӢ

Тоҷикистон – Швейтсарияи дуюм ё чаро кишвари мо аз ҷониби расонаҳои дохиливу хориҷӣ ба таври бояду шояд тарғиб намешавад? соҳаи туризмро баъд аз саноати нафт ва автомобилсозӣ дар ҷои саввум қарор доданд. Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ ва дорои захираву мавзеъҳои зиёди сайёҳии экологӣ, табиӣ ва саргузаштӣ метавонад дар радифи дигар давлатҳо ҳамчун минтақаи сайёҳӣ мақому ҷойгоҳе дошта бошад. Аммо як суоле пешорӯи мо қарор мегирад, ки чаро бо вуҷуди доштани хатсайрҳо ва маконҳои зиёди сайёҳӣ кишвари мо дар миқёси ҷаҳон ба таври бояду шояд ҳамчун минтақаи сайёҳӣ шинохта нашудааст? Кор то ҷое буд, ки дар мафкураи аксари хориҷиён мутаасифона чунин андеша нақш баста буд. “Если я собираюс пойти в Таджикистан, мне нужно одевать бронежелет, или прокинут танком” (Агар ман ба Тоҷикистон рафтан хоҳам бояд ҳатман зиреҳ пушам ё бо танк вориди он шавам). Ин андешаи шахсиву фардии ҳеҷ кадоми эшон набуд, балки ононро тариқи расонаҳо пайваста талқин мекарданд, ки вазъи Тоҷикистон ҳамин аст. Ва онҳо дар асари бархурдҳои расонаӣ ба чунин хулоса омада буданд. Нимаи дуюми солҳои 90-ум дар рӯзномаи “Комсомолская правда” бо чунин ном “В Таджикистане русских расстреливает” ( Дар Тоҷикистон русҳоро мепаронанд) мақолаеро нашр кард, ки муаллиф Наталия Лескова аз марги тасодуфии як русзабон ҳангома сохта буд. Муаллифи мақола аз сокинони ғайри тоҷики кишвар даъват ба амал меовард, ки тарки Тоҷикистон кунанд ва хориҷиёнро аз вуруд ба ин кишвар манъ мекард. Ба ин монанд ҳангомаҳо дар дигар расонаҳои русиву ғайри тоҷикӣ пайваста ба табъ мерасиданд. Ва ин кор мутаассифона то кунун идома дорад. Расонаи sputnik-tj.com дар охирҳои моҳи январи соли равон

таҳти унвони “Гузоришгари Sputnik дар шаҳри Душанбе кушта шуд” гузориши ҳангомабореро нашр кард, ки аз марги нобаҳангоми Галим Фасҳутдинов қисса мекунад. Гузориш ба сарлавҳа ҳеҷ мутобиқат намекунад, зеро Галим Фасҳутдинов кушта нашуда, балки тасодуфан зери чархи автомобил мондаву дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ин сад дар сад иғвогариеро мемонад, ки ба рушди сайёҳӣ ва вуруди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар халал ворид мекунад. Дар баробари инҳо расонаҳое низ амал мекунанд, ки пурра ба таблиғи идеологияи ғайр ва пур аз ғараз машғуланд. Дар мисоли расонаҳои хабарии payom.net, akhbor.com, ozodandishon.com, KSAADAT.COМ, саҳифаҳои фейсбукии “Гуруҳи 24” ва саҳифаҳои аъзоёни ТЭТ ҲНИТ инро метавон равшан дид. Дар як таҳқиқоти вижаи мо аз болои расонаҳои номбаршуда аён гардид, ки дар ин расонаҳо хабару гузоришҳои манфиатҷуёна ҳудуду марзҳоро убур мекунанд ва аксар вақт аз доираи меъёрҳои ахлоқии журналистиву ҳатто инсонӣ берун мераванд. Дар онҳо чунин маводҳое перомуни сиёсати давлатии кишвар ва амнияти он ба нашр мерасанд, ки хонандаи ноогоҳ аз Тоҷикистон ҳаргиз таваҷҷуҳе ба ин кишвари офтобии мо нахоҳад кард. Хеле таассуфовар аст, ки баъзан хабарҳои подарҳавоеро, ки умуман ба воқеият рост намеоянд паҳн карда, мафкураи дигаронро тағйир медиҳанд. Ҳатто аз рӯи баъзе хабарҳои akhbor. com Марказҳои таҳқиқотии кишвар ва журналистони алоҳида таҳқиқотҳо бурдаву бе появу асос будани онҳоро исбот карда буданд, вале то ҳанӯз ин расонаҳо фаъолият доранду дар пайи амалии амалҳои муғризонаи хешанд. Ин натанҳо ба рушди туризми

хориҷӣ балки метавонад ба туризми дохилӣ низ латма занад. Толиб Рифоӣ, Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ, дар як баромади вижаи хеш дар соли 2016 Тоҷикистонро Швейтсарияи дуввум дар Осиёи Марказӣ унвон карда аст, аммо то ҳанӯз ба назар мерасад, ки ин “Швейтсария” ба ҷаҳониён ба андозаи бояду шояд ошно нест. Ин ҳама аз таблиғи ношоистаи кишвар аз ҷониби расонаҳои дихиливу хориҷист. Бо гузашти қариб се моҳ аз эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ягон расонаи дохилӣ ин ибораи Толиб Рифоӣ “Тоҷикистон Шветсарияи дуввум аст” таблиғ нашудаву гуё фаромуш гашта аст. Ва ҳамон як ролики видеоии 30 сониягие, ки дар бораи кишвари сайҳӣ будани Тоҷикистон маълумот медоду замоне дар шабакаи “евро нюс” нашр мегардид, ба ғайр аз чанд шабакаи телевизионии давлативу сомонаи traveltajikistan.tj дар ҳеҷ ҷои дигар ба чашм намехӯрад. Бархе то ҳанӯз ҳадс мезананд, ки мушкилоти соҳаи мазкур ҷои дигар аст. Ва иддае аз коршиносон мушкилоти фаннии соҳаи туризмро дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои ҳалли онро ҷустуҷӯ менамоянд. Ва баъзеҳо мушкилоти асосии соҳаро ба иқтисоди нокифоя

Ҳунар хурсандию ҷузъи саодат аст инсонро... Эълони “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар заминаи хушку холӣ ба миён наомадааст. Як солро маҳз ҳам ба сайёҳӣ ва ҳам ба ҳунарҳои мардумӣ бахшидан ба он хотир аст, ки яке ба рушди дигаре тақвияту кӯмак мебахшад. Яъне, дар ҳолати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва истеҳсоли маҳсулоти мардумӣ бо тарҳу қолабҳои диққатҷалбкунанда, сайёҳӣ низ рушд хоҳад кард. Дар ҳоле, ки сайёҳӣ рӯ ба рушд орад, ҳунарҳои мурдумии мо низ нуфузи ҷаҳонӣ пайдо карда, пойдор боқӣ мемонанд. Аммо дар ин раванд барои шиносоии миллати тамаддунофари мо тарғиби ҳунарҳои мардумӣ асоси рушди сайёҳӣ дар кишвар мегардад. Чун агар ба ҳар кишваре, ки назар кунем, дар баробари тарғиби мавзеъҳои сайёҳии худ, ҳамчунин молу колои миллиашонро низ ба маърази сайёҳон мегузоранд.

Тоҷикон дорои фарҳанги ғанӣ ва ҳунарҳои хоси худ мебошанд. Албатта, ғанӣ гардидани фарҳанг низ аз васеъ будани ҳунарҳои мардумӣ ҳамбастагӣ дорад. Вақте ки дар миёни омма ҳунарҳои мардумӣ рушд кунанд, фарҳанг низ бадин васила бою ғанӣ мегардад. Бешак барои ҳар фард, махсусан дар замони кунунӣ ҳунар сарчашмаи зиндагӣ, хушбахтӣ, асоси таъминоти рӯзгор, обру ва шаъну шараф ба шумор меравад. Чун раванди рӯзгузаронӣ низ ҳаминро ба мо нишон медиҳад, ки инсон бо ҳунар зиндааст, чун он касро мехӯронаду мепӯшонад. Аз рӯзи азал, замоне, ки инсоният по ба арсаи ҳастӣ ниҳод паи рӯзии худ бо тақозои ҳаёт, барои зинда мондан ба омӯзиш пардохт ва баробари сайқал додани тафаккур, даст ба омӯзиши ҳунар зад. Албатта, дар аввал ҳунару

ҳунармандӣ дар шакли махсус ва самтҳои гуногун мавҷуд набуд. Аммо одамон мувофиқи фаҳмиш ва шуурашон чизе меофариданд, ки заминаи аслии ба миён омадани як ҳунар ба шумор меравад. Масалан, сохтани аввалин ашёҳои рӯзгор ба монанди кордча, найза, либос, кӯза, коса, табар, шамшер, ки аз аввалин ихтирооти инсонӣ ба шумор мераванд, дар бадали касб кардани ҳунар ба худ, ба вуҷуд омадаанд. Дар аввал ин ашёҳо аз пӯстлохи дарахт, устухони ҳайвон, санг, чӯб, қамиш, лой буд, аммо фаҳмишу биниш ва шуури инсон рушд карду ихтирои онҳоро аз оҳан ба роҳ монд. Ҳамин тавр ҳунарҳои нав ба нав ба миён меомаданд. Ва маҳз он касб ва ё ҳунаре, ки одамон офариданд, ҳунарҳои мардумӣ унвон гирифт. Таърихи бойи халқи тоҷик нишон медиҳад, ки онҳо низ аз қадим дар баробари дигар халқу

ва низоми номукаммали соҳаи сайёҳии кишвар рабт медиҳанд, ки ин албатта кори дуввумдараҷа аст. Дар аввали кор сайёҳон бояд ҷалб шаванд. Чун сайёҳон ба кишвар бештар ҷалб гарданд, метавон аз пайи бартараф кардани мушкилоти дигар шуд. Бояд ба ин бовар бошем, ки фақат донистан ва пахш кардани иттилоот метавонад боиси пешрафт гардад. Ҳамин аст, ки бо нархҳои ҳангуфт ширкатҳо ва мамолики гуногун худро тарғиб мекунанд. Нархи як дақиқаи реклама дар баъзе шабакаҳои телевизионии Русия, ки нисбат ба телевизионҳои аврупоиву амрикоӣ хеле арзон аст, ҳудуди 2 миллион рубли русиро ташкил мекунад. Пас дар ин раванд ҳар соҳибрасонаро мебояд, ки ба қадри имкон мавзеъҳои сайёҳии кишвари хешро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ созад ва заррае ҳам бошад дар пешрафти ин соҳа саҳм гузорад. Дар партави ин гуфтаҳо аз масъулини соҳаи сайёҳии кишвар даъват ба амал меорем, ки тарғиби ҳарчӣ бештари маконҳои сайёҳиро дар расонаҳои хориҷӣ ба роҳ монанд, зеро аз ҳар нигоҳ ба манфиати кор хоҳад буд. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”

миллатҳо ҳунарҳои мардумии хоси худро доштанд. Кулолӣ, чармгарӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, сабадбофӣ, бофандагӣ, зардӯзӣ, оҳангарӣ, камонсозӣ, сикка задани танга, ҷӯроббофӣ, заргарӣ, васлгарӣ, челонгарӣ, рассомӣ, наққошӣ, ҳайкалтарошӣ, гаҳворасозӣ, танурсозӣ ва даҳҳо ҳунари мардумии хоси тоҷикон дар тамоми давраҳои давлатдорӣ барои беҳбуди зиндагии омма кӯмак намуданду дар рушди ҷомеа ва иқтисодиёти онҳо нақши нек гузоштанд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои амалӣ сохтан, инкишоф додан, маҳорати ҳунармандиро сайқал додан, барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилавӣ ва бо ҳунару офаридаҳои зебо халқи азизамонро муаррифӣ намудан имконияти бебаҳо мебошад.

З. АЛИМОВА, омӯзгори МТМУ № 42, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №11 (9541), 15.03.2018

Таърихи куҳан эҳё шуд Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек аз қаъри таърих сарчашма мегирад. Ҳамин аст, ки фарҳангу тамаддуни ҳар ду миллат ба ҳамдигар пайвастагии ногусастанӣ ва шабоҳатгари якдигаранд. Иқдоми шоистаи навбатии сарони давлатҳо бошад, эҳёгари дӯстиву рафоқат аст. Мардуми тоҷику узбек дар охири моҳи феврал ва авали моҳи март, ки оғози баҳор аст, шоҳиди боз як рӯйдоди таърихӣ, кушодашавии гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Узбекистон гаштанд. Дар ин муддати кутоҳ дар сарҳади ин ду кишвари дӯсту бародар зиёда аз даҳ гузаргоҳ кушода шуд. Дар он лаҳзаҳои фараҳбахш мардуми ҳар ду ҷониб ҷамъ омада, бо дидани чеҳраҳои якдигар ҳамдигаро оғуш мекарданду ашки шодӣ мерехтанд. Воқеан, мардуми тоҷику узбек муштоқи дидори ҳам буданд. Зеро солҳо боз бо сабабҳои гуногун роҳои сарҳадӣ баста ва мардуми ҳар ду ҷониб, ки бо ҳамдигар робитаҳои хешутаборӣ доранд, бо душворӣ ба дидори ҳам мерасиданд. Акнун бо иқдоми сарони ҳар ду давлат президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рафоқату дӯстӣ мустаҳкам гардида, равобити ҳар ду кишвар дар соҳаҳои муфид, бо сафари нахустини президенти ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расиданд. Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро метавон дар робитаҳои дӯстонаи шоирони гузаштаи ин ду халқ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, ки бо ҳам робитаҳои неки дӯстӣ ва устодиву шогирдӣ даштанд, низ хуб эҳсос кард. Дар ҳақиқат акнун таърихи куҳан эҳё шуд, зеро мо метавонем дар муносибатҳои неки дуҷониба ва рафтуои байниҳамӣ боз ҳам зиёдтар занҷири дӯстиву рафоқатро мустаҳкамтар намоем ва фарҳанг як халқу ду миллатро ки бо ҳам монанданд, устувортар гардонем. Баргузор гардидани рӯзҳи фарҳангии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон нишона аз равобити дӯстонаи ду ҷониб мебошад. Кушодашавии роҳи оҳани "Ғалаба Амузан" бо зер кардани тугмача аз тарафи сарони давлатҳои дӯст президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки вилояти Сурхондарёи Узбекистонро бо вилоятӣ Хатлони Тоҷикистон мепайвандад, қадами уствор дар соҳаи иқтисодии ҳар ду ҷониб хоҳад буд. Дарвоқеъ, ин руйдодҳои таърихӣ, ки пайвандгари ду халқи бо ҳам дӯсту бародародаранд, дар оянда барои миллати тоҷик ва узбек зарур ва муҳим аст. Нусратулло ҲАСАНОВ, донишҷӯи ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

5

ДАР МАСИРИ ДӮСТӢ Таърих, фарҳанг ва адабиёти мо –тоҷикон, ки аз ҷумлаи халқҳои қадимтарин ба шумор меравем, гувоҳ аст, ки халқи тоҷик пайваста бо роҳи оштӣ, сулҳу салоҳ ва дӯстӣ барои пешбурди давлати худ замина мегузошт. Ин хислатҳо дар осори шифоҳиву хаттӣ, ёдгориҳои бузурги таърихӣ ва катибаҳои нодир ба мо мерос мондаанд. Маҳаки асосии ҳама осори гузаштагони моро дӯстию рафоқат, хайрхоҳӣ, некию накукорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ки халқи тоҷик баробари рушди тамоми соҳаҳо аз давраҳои бостон бо мардумони гуногун робитаҳои зичи дӯстона барқарор менамуданду ҳамеша паи он мекӯшиданд, ки дар фазои дӯстиву якдилӣ умр ба сар баранд. Хуш аст, ки ин хислатҳои ҳамидаро давра ба давра гузаштагони мо аз ҷанбаҳои асосии ҳаёти худ қарор дода, ин пиндори башардӯстонаро минбаъд идома доданд.

Танини оҳанги дӯстӣ

Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност Тоҷикону ӯзбекон аз халқҳое мебошанд, ки дар лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобаробарӣ, нокомию пирӯзиҳо бо ҳам буданд. Дар ҳама ҳолат таъбири “Ҳамсояи наздик аз хеши дур”ро ба кор бурда, дӯстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ менамуданд. Ҳанӯз аз дӯстии Ҷомиву Навоӣ барои мо ошкор аст, ки тоҷику ӯзбек халқҳои ба ҳам қарину бародаранд. Адибони зуллисонайн ин дӯстиҳову равобитро дар мафкураҳо пайваста талқину тавсиф мекарданд. Хушбахтона, ин раванд аз нав бо шаклу самимияти хос оғоз гаштааст ва риштаҳои гусаста аз нав пайванд мешаванд. Ин дӯстию бародарӣ дар давраи ба истиқлолияту озодӣ расидани ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сатҳи сифатан нав ва ҷанбаҳои тоза касб намуд. Дар давоми чоряк аср муносибатҳои дӯстонаи ду тарафро хеле хуб мушоҳида кардан мумкин буд. Фарҳанг, ки аввалин қосиди сулҳу тавсиадиҳандаи муносибатҳои некӯи халқҳо ба ҳисоб меравад, солҳо миёни мардуми тоҷику ӯзбек ҳамчун унсури муттаҳидсоз ба ҳисоб мерафт. Рафтуомади адибону санъаткорон дар замони Шӯравӣ дар ин кишварҳо як амри маъмул буд. Қабл аз инқилоби Октябр низ ин тамоюл садсолаҳо вуҷуд дошт. Танҳо замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва даврони истиқлолияти ин кишварҳо баъзе монеаҳо бунёд гаштанд, ки манфӣ будани онро халқҳои тоҷику ӯзбек дарк намуданд. Бо вуҷуди ин дар ин давра сафарҳои фарҳангии ҳунармандони тоҷик дар саҳнаву театрҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва баръакс сафарҳои фарҳангии овозхонони машҳури Ӯзбекистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвари мо ба назар мерасид, ки садои дӯстӣ ва оҳангҳои бародариро танинандоз менамуданд. Дар ин давра бар касе пушида нест, ки агарчанде фазои фарҳангии миёни ин ду кишвар орому осуда буд, аммо фазои сиёсиро гарду ғубори ғаразолуде, ки аз ҷониби баъзе кишварҳои манфиатҷӯи дигар мевазид каме хира менамуд. Дар ҷаҳони сиёсӣ миёни ин ду

халқ мехостанд кинаву нифоқро ба миён оранд. Ду халқи бародар донист, ки он ҳама ҷузъиёти нолозим сохтаву муваққатист. Аз ахбори гуногун шоҳид мегардем, ки дар Ӯзбекистон хонамузейи С. Айнӣ аз нав таҷдид меёбад. Ё аз рӯи хабари “Самаркандский вестник”, дар шаҳри Самарқанд пайкараи Ҷомиву Навоӣ, ки тимсоли дӯстии ду халқ буд, аз нав барқарор мешавад. Сарояндагони тоҷику ӯзбек дар сарзаминҳои ҳамдигар акнун на бо ҳаросу сохтакорӣ, балки бо меҳру самимият ҳунарнамоӣ мекунанд. Баргузории рӯзҳои фарҳангии ин халқҳо дар хонаи якдигар беҳтарин омили дӯстӣ рафоқати ин халқҳо гашта истодаанд. Дар доираи адабиёту забон низ ин ду халқ монеаву сарҳади бегона надоштанд. Ҳамагон шоҳиди он гаштем, ки хиради азалӣ ва дарки амиқу сулҳпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист чӣ гунае, ки ҷанги шаҳрвандиро ба гушаи фаромушӣ бурда буд, ин нифоқро аз миён бардорад. Дубора оҳанги дӯстиву бародариро миёни ин ду кишвар танинадоз намояду кабутарони дӯстиро боли парвоз бахшад. Ба гуфтаи Бахтиёр Қутбиддинов, устоди ДМТ ҳар як муносибат ва ҳатто мухолифат дар байни кишварҳо ба худ омилҳову заминаҳо дошта метавонад. Баъди таваққуфҳо сифати мусбат ёфтани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон низ заминаҳову сарчашмаҳо доранд. Заковату фаросати баланди инсонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки баъзе гузаштаҳои тираи муносибатҳои ҳамсоядориро фаромӯш намуданду дар байни дигар роҳбарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, дар маросими дафни Ислом Каримов нахуст чун як мусалмон ва баъдан чун як ҳамсояву бародар ширкат намуданд. - Ин омилро халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ миннат намеҳисобад, - мегуяд ӯ. - Балки он оини ҳамсоядориву бародарӣ аст. Рӯзи нанги ҳамсояву бародари ҳамдину ҳамоин ҳамин аст. Роҳбари халқи тоҷик дар ҷанозаи ҳамтои ӯзбеки худ холисона иштирок намуд ва нисба-

ти дарду мусибати халқи ӯзбек бетафовут набудани халқи тоҷикро нишон дода тавонист. Ин амали ҷавонмардонае буд, ки касе дар ҷаҳон ҷиҳати манфии онро бозгӯ карда наметавонист ва наметавонад. Ин амал нишони инсондӯстии халқи тоҷик ва муҷиби муҳаббати халқи ӯзбек гардид. Ҳол он ки, ҷаҳони сиёсат аз садҳо паҳлуе иборат мебошад, ки бо кинаву адоват роҳбарон мухолифати давомдори худро нигоҳ медоранд. Баъзан дар таҷрибаи давлатдориҳои ҷаҳонӣ мебинем, ки роҳбари як кишвар аз фавти як ҳамтои ихтилофназари худ намоишкорона худро ҳатто аз изҳори як ҳамдардӣ канор мегирад. Гузаштаҳоро сиёҳ менамоянд ва кинаҳоро дар дил нигоҳ медоранд. Аммо халқи тоҷик дар симои роҳбари худ боз ҳам дар такя ба оини сулҳдӯстонаву бародаронаи худ ҳеҷ гоҳ чунин аъмол надошт ва барои халқи ӯзбеки ҳамоину ҳамсоя низ ин сифат бегона нест. Танҳо дар ин байн монеаи сохтае бо таъсири берун вуҷуд дошт, ки доим дар пайи тафриқаҳову фосиласозиҳо манфиат меҷӯянд ва ин аввалин қадами инсондӯстонаи Роҳбари давлати мо дар роҳи суфта сохтани муносибатҳои Тоҷикистон Ӯзбекистон ба ҳисоб мерафт. Бар ҳақ иқдому ташаббусҳои ин марди наҷиб буд, ки билохира халқи тоҷику ӯзбек дигарбора ба ҳам омаданд ва чӣ гунае, ки аксарият шоҳиди ҳолем ҳамагон оҳангу табли шодӣ мезананд. Дигарбора дар ҳавои суруди якдигар мерақсанд ва ҳамовозӣ мекунанд. Оғӯшкушоии самимонаи роҳбарони ду давлат нишонаи волои ин гуфтаҳост. Дар ин радиф гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни ин ду кишвар, ки халқҳои ин ду минтақаро ба ҳам мепайванданд дубора боз гардид. Ва фавҷ-фавҷи сокинони минтақаҳои ҳамсарҳад ба дидорбинии якдигар меоянд. Ба ҳам оғуш мекушоянду бори дигар собит мекунанд, ки дӯстию бародарии тоҷику ӯзбек азалист ва он абадан боқӣ мемонад. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”


6

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №11 (9541), 15.03.2018

АНДЕША

Чаро ноболиғон ҷиноят содир мекунанд? Ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ноболиғон зуҳуротест, ки дар оянда хатарзо ва хавфнок мебошад. Бо вуҷуди андешидани чораҳои судманд дар ин самт, ҳамоно ин мушкилӣ зиёд ба назар мерасад. Дар 11 моҳи соли 2017 аз тарафи ноболиғон дар ҳудуди кишвар 602 ҷиноят содир гардидааст. Ин ҳолат нисбат ба соли 2016 45 ҳолат ё 7% кам аст. Тибқи таҳлилҳо зиёдшавии ҷиноят миёни ноболиғон дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 181 ҳолат расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 55 ҷиноят ё 43, 7% зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ ҷинояткорӣ дар ВМКБ вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе кам шуда бошад ҳам, аммо дар баъзе шаҳру навоҳии кишвар зиёд шудаасту кам не. Омилҳои гуногун сабаби даст ба ҷиноят задани ноболиғон мегардад. Яке аз омилҳо, ки борҳо таъкид шудааст, ин тарбияи нодурусти волидон мебошад. Дар соли қаблӣ дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 15624 адад протоколи маъмурӣ нисбати падару модарон тартиб дода шуда аст. Аз ин шумор 10035 нафарашон уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ва ба маблағи 1млн. 300 ҳазору 274 сомонӣ ҷарима шуданд. Бояд гуфт, ки протокол тартиб додану ба ҷавобгарӣ кашидани волидоне, ки дар ин самт бемасъулиятӣ мекунанд, роҳи аслии ҳалли масъала намебошад. Дар ин бора пеш аз ҳама бояд омилҳоро дақиқ намуду чораҳои судманде андешид, ки ҳам ба нафъи волидон бошад, ҳам фарзандон. Ҳамчунин барои нест кардани ҷинояткории ноболиғон ва баланд бардоштани масъулияти волидон мусоидат намояд. Равоншинос Мадина Шарипова ба ин назар аст, ки падару модар ва аъзои оила, ки муомилаҳои равонӣ ва муносибати дурустро ба роҳ монда наметавонанд, боиси он мешавад, ки наврас аз аъзоёни оила дури ҷуста бо ёру рафиқон рафту омад мекунад. - Дар урфият мегӯянд, “Бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ”. Яъне агар рафиқе, ки феълу рафтори бад дорад, хоҳу нохоҳ ба фарзанди мо таъсираш мерасад. Ба таъкиди ин равоншинос сабаби дигари ба ҷинояткорӣ рӯ овардани ноболиғон ин кинофилмҳо мебошанд: “Масалан ягон персонажи муайян, ки нақши манфиро дар кинофилмҳо мебозад, кӯдакон ба он тақлид кардан мехоҳанд. Тақрибан якчанд сол пеш филми бисёрсериягии русии “Бригада” дар муд буд. Ин филм на танҳо дар Русия, балки берун аз он, аз ҷумла дар кишвари мо низ таъсири худро гузошт. Чанд нафар бо рафторҳои ҷиноии худ дар ҷомеа як шакли “намуна” барои ноболиғон гардид”-таъкид намуд ӯ. Дар ҳоли ҳозир дигар аз воситаҳои таъсирасон ин сомонаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Он дараҷаи бадхашмӣ ва изтиробро дар кӯдакон бедор мекунад. Шабакаҳои интернетӣ бояд меъёри то ба кадом сину сол истифодабариро дошта бошанд. Наврас ки ҳоло аз нуқтаи назари таҷрибаи иҷтимоӣ омада нашудааст, боиси инкишофёбии рафтори

номусоид дар ӯ мегардад. Лекин ин маънои онро надорад, ки интернет танҳо боиси инкишофёбии рафтори манфӣ мегардад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба воситаи интернет нисбатан осонтар аст. Аммо гап дар он аст, ки кӯдак то чи андоза ба он сарфаҳм рафта, мусбатро аз манфӣ фарқ мекунад. Муҳите ки кӯдак зиндаги мекунад бояд солим бошад, муҳити солим бошад, оғоз мешавад аз оилаи солим. Барои наврас намунаи асосии рафтор падару модар мебошад. Агар муносибати падару модар дар оила дуруст ба роҳ монда шуда бошад, фарзанд ҳам солим ба воя мерасад. Аз ҳамин сабаб фазо метавонанд боиси ташаккулёбии ин ё он хусусият барои кӯдак гардад. Ба зиёдшавии ҷиноят вазъи иқтисодии оила низ таъсир мерасонад. Кӯчактарин хаттоҳо низ аз ҳамин сабаб сарчашма мегирад. Кӯдак бо шуури худ барои таъмини рӯзгор ба хона чизе меорад. Оҳиста – оҳиста ин раванд ташаккул ёфта, ба ҷинояткор шудани кӯдак сабаб мешавад. Дар ин самт бояд чораҳоеро андешид, ки ҷинояту ҷинояткориро дар миёни ноболиғон ба кулли аз байн бибарад. Зеро ин давра бояд авзоеро ба бор орад, ки ноболиғон ба ҷуз саргарми хондану ба варзиш машғул шудан, фикри чизи дигареро накунанд. Малоҳат ХОЛМУРОДОВА, “ҶТ”

Косташавии ахлоқи ҷавонон Ахлоқи нек асоси хушбахтии инсон аст. Инсон бо чи гуна рафторе бо атрофиён муомила кунад, дигарон низ ба ӯ чунин посух медиҳанд. Мутаассифона, ҳоло як қисм ҷавонон рафтору гуфтор ва кирдоре содир месозанд, ки чандон қобили қабул нест. Кимиё Сафарова, омӯзгоре, ки беш аз сӣ соли умри хешро сарфи тарбияи насли наврас намудааст, доир ба ин масъала чунин ақида дорад: "Сарчашмаи ахлоқ ибтидояш аз оила вобаста аст. Ҷавони ҳақиқӣ бо рафтору кирдор ва одобу ахлоқи хеш аз ҷавонони кӯчагард бояд ба куллӣ фарқ кунад. Аммо ман танҳо ҷавонону наврасонро гунаҳкор намеҳисобам, чунки пеш аз ҳама дар таълиму тарбияи фарзандон волидон гунаҳгор ҳастанд. Танҳо як роҳ дорем, худамонро ислоҳ кунем ва соҳиби ақлу хирад, одобу ахлоқи накӯ гардем, то дар зиндагӣ танҳо намонему ҳамеша дӯстони хуб пайдо кунем. Зеро баъзе ҷавонон имрӯз бо забоне муошират мекунанд, ки кас аз шуниданаш шарм мекунад. Насли ҷавон бояд бо забони ноби тоҷикӣ сухан гӯянд, на бо алфози қабеҳ. Чунки забон шиносномаи миллат аст." Воқеан ҳам шахсе, ки соҳиби одобу ахлоқ аст метавонад дар ҷомеа дӯстони зиёд пайдо кунад ва дар байни мардум соҳиби иззату эҳтиром ва обру гардад. Мутасифона, дар ҷомеаи мо ҷавононеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки одобу ахлоқашон коста гаштааст. Мавҷуда Комилова, ҷомеашиноси тоҷик омили косташавии ахлоқ миёни баъзе ҷавонон чунин гуфт: " Сабабҳои косташавии ахлоқи ҷавонони имрӯза, ин, якум зиёд шудани оилаҳои камбизоат мебошад. Аз рӯи таҳқиқотҳои сотсиологӣ имрӯз аксарият ҷавонони каҷрафтор ё аз оилаи сарватманд, аз оилаи камби-

зоат ё носолим, яъне фарзандони модарони якка, ё ин ки шавҳарҳояшон дар муҳоҷират ба ҳисоб меравад. Дар соли 2017 аз рӯи омор табақаи миёна қариб ба 57% расидааст. Вале бояд қайд кард ки ҷавонони имрӯза дар соли 2000-ум ба дунё омадаанд, ки дар он вақт камбизоатӣ 82%и аҳолиро ташкил медод. Он вақтҳо волидайн асосан аз паси луқмаи нон буданду тарбияи фарзандон дар зинаи дуюм қарор дошт. Ҳоло бошад, мо натиҷаи ин зуҳуроти номатлубро дида истодаем". Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки олим шудан осон, одам шудан мушкил. Дониши хуб доштану таҳсил кардан дар донишгоҳу донишкадаҳо ва ё соҳиби диплом шудан ин нишонаи боодобию некахлоқӣ нест. Дилбар Ризоева, давоми 6 сол аст, ки дар мактаб - интернати №4-и ноҳияи Сино ба ҳайси омӯзгор наврасони душвортарбияро таълим медиҳад. Ӯ зимни суҳбат таъкид намуд: "Таълиму тарбия ба зиммаи се нафар шахси муътабар, падар, модар ва омӯзгор вогузин шудааст. Вале таълиму тарбияи насли наврас кори саҳл нест. Падару модарон вазифадоранд, то фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, зебоипарастӣ, бунёдкорию ободкорӣ ҳидоят намоянд. Мактаб ва ҷомеа бошад, дар таълиму тарбия мададгори волидон мебошад. Мутаассифона, падару модароне ҳастанд, ки боре ҳам ба суроғи фарзандони худ ба таълимгоҳ намеоянд. Аз сатҳи дони-

ши фарзандони худ пурсон намешаванд. Ман ҳамчун омӯзгор аз падару модарон хоҳиш мекунам, ки бо мактаб ҳамкорӣ дошта бошанд, то ин ки дар якҷоягӣ мо шахсонеро тарбия намоем, ки оянда аз онҳо ифтихор дошта бошем". Ба ақидаи Мавҷуда Комилова барои пешгирии косташавии ахлоқи ҷавонон аз тарафи ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба таври ройгон дар мактабҳо таблиғотҳои ҳуқуқии шаҳрвандон ва чораҳои гуногуни иҷтимоӣ бурда шавад. -Албатта, ин чораҳо бештар бояд бо табъу хоҳиши ҷавонон бошад. Мисол, аксарият волидайн имрӯз ба ҷавонон дониши хубро таъмин мекунанд. Аммо арзишҳои иҷтимоиро ташаккул намедиҳанд, зеро ин ҳадафи волидайн нест. Ва воқеан имрӯз ба дӯши оила тамоми вазифаҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ афтодааст. Масалан, волидайн бояд ба фарзанд дониш, саломатӣ, ахлоқро таъмин намоянду талаботи иқтисодии фарзандро бояд таъмин созанд. Аксарият волидайн аз уҳдаи ин талабот намебароянд, зеро вақт ва имкон надоранд, - иброз дошт Мавҷуда Комилова. Бо ин ҳама гуфтаҳо метавон хулоса кард, ки косташавии ахлоқи ҷавонон мушкили ҷомеа буда, бояд дар якҷоягӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани ин зуҳурот чораҳои мушаххас андешида шаванд. Зеро вақт, ки қимматтарин дороии инсон аст, мебояд онро босамар истифода бурд. Мӯниса ДОДОВА, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №11 (9541), 15.03.2018 Наврӯз иди миллии тоҷик, китоби сарнавишти ниёгон, ҷашни муқаддас, ҷавҳари тобанда, нишонаи ҷовидонаи тамаддун нигоҳдорандаи миллат, забон, урфу одат, фарҳангу таърих ва Ватан мебошад. Бо дастури Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 64 он аз 18 феврали соли 2010 бо назардошти пешниҳодҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Туркия, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷашни Наврӯз ҳамчун иди байналмилалӣ қабул карда шуда, ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шуд. Ҷашни Наврӯз айёми баробар шудани шабу рӯз, ҳангоми бедоршавии табиат, оғози мавсими киштукори деҳқон буда, нисбати дигар ҷашнҳо ба миллати тоҷик эътибору нуфӯзи бештарро дорост. Наврӯз қариб панҷ ҳазор сол пештар пайдо шуда, бо мурури замон такмилу ривоҷ ёфтааст ва ин ҷашнро бо номҳои “Иди сари сол” ва “Иди соли нав” низ ном мебаранд. Агар ба саҳифа ва сарчашмаҳои таърих назар кунем, яке аз қадимтарин иди форсизбонони олам Наврӯз - иди баҳор ба ҳисоб меравад. Ҷашни ин ид хоси мардуми Мовароуннаҳру Хуросон мебошад. Ин иди фархундапай ҳанӯз дар давраи ҳукмронии Ҳахоманишҳо, ки давлати аз ҳама бузурги аҳди бостон ба шумор мерафт, дар бист шаҳри давлатҳои қаламрави он бо шукуҳи хоса ҷашн гирифта мешуд, ки намунаи он мусаввараи намояндагони ин шаҳр - давлатҳо дар рӯи девори тахти Ҷамшед мебошанд, ки барои қабул дар боргоҳи шоҳӣ саф кашидаанд. Бинобар ин гумон меравад, ки ҳанӯз дар аҳди бостон иди Наврӯз нисбати дигар ҷашнҳои қавмию қабилавӣ нуфузи зиёде доштааст. Аз ин сабаб ба иди байналмилалӣ табдил додани ҷашни Наврӯз, аз як тараф барқарор намудани ҳақиқати таърихӣ ҳисобида шавад, аз тарафи дигар, талаби давру замон ҳисобидан мувофиқи мақсад аст. Зеро ҳар сол дар вақти табодули баҳорӣ, фаро расидани насими баҳорӣ, либоси сабз ба бар кардани табиат, гулпӯш шудани дашту даман, тағйирёбии табиати инсон ва рӯҳи созандаи ӯ барои ҳамаи халқу миллатҳои ҷаҳон як падидаи раднашаванда аст. Дар бораи ҷашни табиат будани иди Наврӯз, ба монанди табиат

БА ИСТИҚБОЛИ НАВРӮЗ “Тамоми оинҳои неки наврӯзӣ, ки сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ мебошанд, имрӯз ҳам барои мардуми мо муътабар ва ибратомӯзанд.” Эмомалӣ РАҲМОН ҷовидона будани ин иди фархунда ва асоси динӣ надоштани он далелҳои зиёд вуҷуд доранд. Ин ид, ки таърихи ҳазорсоларо дорад, дар бораи пайдоиш ва тарзи гузаронидани он дар байни олимон фикрҳои гуногун вуҷуд дорад. Аз рӯи омӯзиши сарчашмаҳо ва тадқиқоти тадқиқотчиён асосгу-

шуд. Баъди истилои Искандари мақдунӣ ва давраи ҳукмронии Ашкониён ҷашни иди Наврӯз як қадар заиф мегардад. Аммо дар давраи ҳукмронии Сосониён ҷашнгирии Наврӯз боз ҳашамати худро пайдо мекунад. Баъди истилои арабҳо бо ҳукмрон шудани дини ислом аз рӯи ақидаҳои мутафаккири эронӣ Саид Нафисӣ (ХХ) дар асри IХ ба Наврӯз қабои исломи пӯшонида, боз ҷашнгирии он оғоз мегардад. Ҳазрати Алӣ ҷашни Наврӯзро ҳамчун иди халқӣ таърифу тарафдорӣ кардааст. Халифаҳои Аббосӣ иди Наврӯзро ҳамчун суннати Ҷамшед бо тантана ҷашн мегирифтанд. Дар аҳди Сосониён иди Наврӯзро мӯбади мӯбадон сар мекард. Ӯ ба назди шоҳ бо ҷомҳои заррини шаробу шир, ангуштарин, дираму динор, дастаи ҷави сабзшуда, шамшер, тиру камон, дафтару қалам омада, шоҳро таърифу табрик мекард. Ҷомро ба шоҳ дода, ӯро бо саршавии рӯзи аввали соли нав табрик мекард ва бо

маросими дар се бегоҳ оташ афрӯхтанро ба ҷо оварда, базми бошукӯҳ барпо мекарданд, аз болои он ҷаҳида дар атрофаш то субҳ рақсу бозиҳо мекарданд. Аз гуфтаҳои ниёгон бармеояд, ки оташ намояндаи покист, вай зишту палидҳоро дар алангаи худ сӯзонда, ҷаҳону инсонро пок месозад. Аз ҳамин сабаб оташ муқаддас хонда шудааст. Ба ҳамдигар обпошидан низ яке аз суннатҳои Наврӯз мебошад, барои аз гуноҳ пок шудан, дур кардани офатҳо мардум ба муносибатиин рӯз ғусл мекарданд, ки дар асарҳои Абурайҳони Берунӣ дар ин бобат хеле васеъ оварда шудааст. Хонаҳоро тозаю озода кардан, либосҳои нав ба бар кардан аз анъанаҳои қадимист. Хони наврӯзиро бо таомҳои ҳафтсину ҳафтшину ҳафтсалом ва ҳафт навдаи дарахти боровар оростан аз оинҳои хоси ин ҷашн ба ҳисоб меравад. Гандумро сабзонида суманак пухтан ва ҳангоми пухтани

7

мегирифтанд. Рӯзи шашуми моҳи фарвардин, номи хурдод дорад, ки онро Наврӯзи бузург меноманд. Баъдтар Наврӯзро дар Осиёи Миёна, Эрон, Озарбойҷон сенздаҳ рӯз қайд мекардагӣ шуданд. Барои мардуми эронинажод рақами ҳафт муътабар аст, бинобар он дар хони наврӯзӣ ҳафт таомҳое мегузоштанд, ки бо ҳарфи шин сар мешуд. Ба монанди шакар, шамъ, шарбат, шароб, шинӣ, шона ва шир, ки ҳар яки ин номбурдаҳо рамз ва маънои худро доранд. Пас аз истилои арабҳо дар дастархони идона ҳафт таоми бо ҳарфи син сармешуда ба монанди санҷид, сабзӣ, сирко, сир, суманак, самбуса, сипанд мегузоштанд. Номи таомҳо дар ҳар маҳал гуногун аст. Баъзе оину расмҳои иди Наврӯз чун ранг кардани тухм, ба осмон сар додани бози сафед, ташкил кардани бозорҳо ва намоиши идонаи одамон дар байни дигар халқҳои ҷаҳон паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон чунин анъанаҳои наврӯзӣ дар байни мардум аз

Ҷашни миллӣ ва мардумӣ

зори ин ҷашнвора шоҳ Фаридун мебошад. Ақидаи дигар ҳаст, ки гӯё Ҷамшед шоҳи пешдодиён баъд аз Каюмарс дар баландие тахти бошукӯҳ сохта тоҷи зарринро ба сар мемонад, чун офтоб аз шарқ баромад ва он тоҷу тахт ҷило дод, мардум хеле хурсанд шуда, ин рӯзро Наврӯз номиданд. Абулқосим Фирдавсӣ дар ин бора чунин гуфтааст: Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯ, Фурӯмонда аз фару бахти ӯ. Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд, Мар он рӯзро Рӯзи нав хонданд. Дар давраи ҳукмронии Ҳахоманишҳо иди Наврӯз бошукӯҳу тантана қайд карда ме-

ҳамин ҷашнгирии иди Наврӯз сар мешуд. Дар шаҳру деҳотҳо махсус ҷойҳои гузаронидани ҷашнҳо мавҷуд буданд. Дар он ҷойҳо ҳар гуна расму русуми ҷашнвора, рақсу сурудҳо, гӯштингирию бузкашӣ ва дигар ҷашнвораҳои идона гузаронида мешуданд, ки ба мардум шодию фараҳ мебахшид. Наврӯз дар давоми таърихи худ диққати мардумро ба худ ҷалб карда дар талоши давру замон фаромӯш нашуда, балки ҷашнгирии он боз ҳам бошукӯҳтар гардидааст. Пеш аз Наврӯз дар моҳи исфанд деҳқонон ҳангоми тайёрӣ ба кишту кори баҳорӣ

он рақс, суруду таронахонӣ, аз суманак даҳон ширин кардан, рамзи оғози пурфайзу бобаракати соли нав, фаровонию серҳосилӣ ва хушбахтии мардум аст. Шаклу русуми ҷашнгирии ин ҷашн аз давраи пайдоишаш то имрӯз борҳо такмил ёфтааст ва мардуми ҳар маҳал онро то андозае бо тарзи худ ҷашн мегирифтанд. Дар бораи чанд рӯз ҷашн гирифтани Наврӯз дар байни олимон андешаҳои гуногун вуҷуд доранд. Абурайҳони Берунӣ дар асари безаволи худ “Осорулбоқия” қайд кардааст, ки дар аҳди Сосониён Наврӯзро аввал сӣ рӯз ва баъд шаш рӯз ҷашн

сари нав эҳё гардидаанд, хонабаророн, атру упо, суманак, рамзҳои Наврӯз, ҷанбаҳои он (тақвим, таърих, иҷтимоӣ), муколама, арӯсбинон, бахткушоён, озмун, сари мазор, обпошон, ҳойравӣ (арғунчак), рақсу суруд, либоси наврӯзӣ, ороишот, ҳамоишҳо. Аксарияти шоирони гузаштаю муосири мо дар бораи иди Наврӯз ва дигаргуншавии табиат шеъру сурудҳо эҷод карда онро сароидаанд. Сурудҳои зиёди наврӯзи дар давраи ҳукмронии Сосониён дар Суғду Тахористон мавҷуд буданд. Оиди ин ҷашнвора Борбади Марвазӣ сурудҳои Наврӯз, Наврӯзи Аҷам, Наврӯзи бузург, Наврӯзи сабо, Наврӯзи хоро, нози Наврӯз ва ғайраҳоро офаридааст, ки онҳо то ҳол дар ҷашни Наврӯз суруда мешаванд. Дар бораи ҷашни Наврӯз олимони даврони гузашта ва муосири халқи тоҷик ба монанди Муҳаммади Табарӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Рӯзи Аҳмадов, Мирбобо Мирраҳим, Дилшод Раҳимов, Қаҳҳори Расулиён ва дигарон асару мақолаҳо навиштаанд. Ҳамин тавр, Наврӯз дар омӯхтани ҳақиқати таърихи миллат ва расму ойинҳои миллӣ нақши асосиро мебозад. Наврӯз аз он идҳое мебошад, ки соҳиби ҳикмати бузург буда, мардумро ба созандагӣ, зебоишиносӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ҳидоят менамояд. Аз ин сабаб он бояд бештар омӯхта шуда, беҳтару бошукӯҳтар ҷашн гирифта шавад. Зеро пос доштани анъанаҳои ниёгон қарзи ҳар яки мо мебошад. Раъно ИМОМАЛИЕВА, омӯзгори ДДФСТ ба номи М. Турсунзода


8

НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №11 (9541), 15.03.2018

Лигаи олӣ: “Истиқлол” ва “Кӯктош” пешсафанд Даври 27 чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол, миёни дастаҳои лигаи олӣ, 10 март бо рақобати дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Хатлон”-и шаҳри Бохтар оғоз шуд. Ин дидор дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардида, дастаи “Истиқлол” ҳарифашро бо ҳисоби 3-1 мағлуб намуд. Шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев аз оғози бозӣ бартариро ба даст гирифта, дар қисми аввали рақобат се гол вориди дарвозаи ҳариф намуданд. Шериддин Бобоев, ҳамлагари ҷавони “Истиқлол” дар дақиқаи 10 ҳисобро боз намуда, дар дақиқаи 37 голи дуюмашро ба ба самар расонд. Дар дақиқаи охирини нимаи аввали бозӣ Комрон Турсунов голи сеюми дастаашро вориди дарвозаи Фатҳулло Бобоев намуд. Дар дақиқаи 85 қисми дуюм довари бозӣ ба дарвозаи мизбонон зарбаи 11- метра таъин намуд ва Навруз Рустамов, ҳамлагари дастаи “Хатлон” зарбаи 11- метраро ба ҳадаф расонида, ҳисобро 3-1 намуд. Қаҳрамони феълии лигаи олии кишвар, дастаи “Истиқлол” дидори аввалинашро бо пирӯзӣ анҷом дод. Ду бозии дигари ин давр рӯзи якшанбе 11 март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир шуд. Дар ин дидор дастаи мизбон “Барқчӣ” – шаҳри Ҳисор тими “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзодаро қабул намуд ва рақобат бо натиҷаи мусовӣ 0-0 ба анҷом расид. Бозии марказии даври аввал миёни дорандагони медалҳои биринҷӣ ва нуқраӣ чемпионати Тоҷикистон -2017 доир шуд. Дастаи ССКА “Помир”-и шаҳри Душанбе 11 март, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро пазируфта, дидорро бо ҳисоби мусовӣ 3:3 анҷом дод. Голҳои дастаи ССКА “Помир”-ро Шодибек Ғаффоров, (11) Абдухалил Боронов (75) ва Шарафҷон Солеҳов (79) ба сомон расониданд. Голҳои “Хуҷанд”-ро Ҷаҳонгир Эргашев, (22) Манучеҳр Аҳмадов (35)- (аз зарбаи 11-метра) ва Агблей Ҷонс (38) ба вориди дарвозаи ҳариф намуданд. Бозии финалии даври аввали мусобиқаи мазкур миёни дастаҳои “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дастаи навкори лигаи олӣ - тими “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи душанбе, 12 март барпо гардид. Ин дидор бо ғалабаи навкорони лигаи олӣ тими “Кӯктош”, бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Голҳои дастаи “Кӯктош”-ро легионерҳои ганагӣ Принс Артур (27) ва Идан Окран (28) ба самар расониданд. Голи ягонаи “Панҷшер”-ро дар дақиқаи 69 Хайриддин Турахонов ба номаш сабт намуд. Баъди хотимаи бозиҳои даври аввал, дастаҳои “Истиқлол” ва “Кӯктош” бо 3-холӣ дар гурӯҳ пешсафанд.

Вохӯрӣ бо хабарнигорони соҳаи варзиш - Хабарнигорон дар ҷомеа рисолати бузург доранд. Хусусан, дар соҳаи варзиш. Маҳз намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳастанд, ки дастоварди варзишгаронро сари вақт ба ҷомеа мерасонанд ва ифтихору ғурури миллии варзишгаронро миёни ҷомеа қисса мекунанд ва ба ин восита ҳисси қаҳрамон будан, ҳисси ғалабаро дар ниҳоди насли наврас ва мухлисону ҳаводорони варзиш бедор менамоянд. Ин нуқтаро Аҳтам Абдуллозода 11 март зимни як чорабинии идона бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баён дошт. Аҳтам Абдуллозода, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабарнигоронро бо иди касбиашон табрик гуфта, аз саҳми журналистон дар оммавӣ гардонидани соҳаи варзиш ёдовар шуд. А. Абдуллозода аз камбудию норасиҳо ва дастовардҳои солҳои охир дар самти варзиш суҳбат намуда, иброз дошт, ки дар асоси суханронии Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 17-уми Ассамблеяи генералии кумита нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи

Президенти ҷумҳурӣ тасдиқ гардид. Умед аст, ки бо иҷро шудани бандҳои нақшаи чорабиниҳо бисёре аз мушкилоти соҳа дар мудати кӯтоҳ бартараф мешаванд. Давоми суҳбати ошкоро бо хабарнигорони риштаи варзиш гуфта шуд, ки бо супориши Пешвои миллат дар таърихи Тоҷикистон бори аввал дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим гурӯҳи корӣ ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои Осиё ва Бозиҳои олимпӣ таъсис ёфт. Ҳамчунин, варзишгарони беҳтарин ва мураббиёну довароне, ки дар нафақа ҳастанд, аз ҳисоби буҷаи давлат стипендияи ҳармоҳа дарёфт хоҳанд кард. Бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соли 2017 дар пойтахт 75 май-

дончаи варзишӣ сохта шуда, сохтмони 92 майдончаи дигар ҷараён дорад. Ин нуқта дар чорабинии мазкур яке аз иқдомҳои назаррас дар самти варзиш таи солҳои охир арзёбӣ шуд. Дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон, Абдулозодда Аҳтам таъкид намуд, ки тибқи супориши Роҳбари давлат бо истифода аз таҷрибаи шаҳри Душанбе то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ майдончаҳои варзишӣ сохта хоҳанд шуд. Дар охири чорабинии мазкур хабарнигорон бо шароити нави Кумитаи миллии олимпӣ шинос шуда, осорхонаи “Шарафи олимпӣ”-ро тамошо карданд. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”

Чорабиниҳо баҳри дарёфти Ҷоми “Пойтахт-2018” Дар шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми “Пойтахт-2018” мусобиқаҳои кушоди варзишии гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ ва теннис миёни наврасону духтарон баргузор мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ 1 2 3 4 5 6 7 8

ДАСТАҲО «Истиқлол» (Душанбе) «Кӯктош» (Рӯдакӣ) «Хуҷанд» (Хуҷанд) ССКА «Помир» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Барқчӣ» (Ҳисор)

Б 1 1 1 1 1 1 «Панҷшер»(Ҷалолиддини Балхӣ) 1 «Хатлон» (Бохтар) 1

Ғ 1 1 0 0 0 0 0 0

М 0 0 1 1 1 1 0 0

Нишонзан: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 2 тӯб. Даври 2-юми лигаи олии кишвар 16 март (ҷумъа) “Хуҷанд” – “Хатлон” 17 март (шанбе) “Панҷшер” – ССКА “Помир” 18 март (якшанбе) “Кӯктош” – “Регар-ТадАЗ” Оғози бозҳо– соати 14:30

Б 0 0 0 0 0 0 1 1

Т 3-1 2-1 3-3 3-3 0-0 0-0 1-2 1-3

И 3 3 1 1 1 1 0 0

Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз доир мегардад. Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мусобиқаи гуштини миллӣ 26 март, соати 14:00, мусобиқаи пойгаи

аспдавонӣ 31 март, соати 14:00 дар Наврӯзгоҳ ва мусобиқаи теннис миёни наврасону духтарон дар Қасри теннис, Корти тенниси Роҳи оҳан ва “Тоҷварз” аз 21 то 24 март доир мегарданд. Тибқи иттилои сомонаи Ку-

митаи миллии олимпии кишвар ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор шудани мусобиқаҳо аз буҷаи шаҳри Душанбе 178825 сомонӣ ҷудо гардидааст. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”


ПАҲЛАВОНӢ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №11 (9541), 15.03.2018 Тандурустӣ кори хеле хуб аст, вале аз давраи Куруши кабир анъанае буд, ки ҷавонмардони ҳақиқӣ камаш аз се имтиҳони ҳаёт гузашта, баъд номи ҷавонмардиро соҳиб мешуданд. Имтиҳони аввал тандурустӣ ва паҳлавонӣ, имтиҳони дуюм ақлу дониши расо ва ниҳоят имтиҳони сеюм одобу фаросати ҳамида буд. Ин хислатҳо дар ҳикмати “рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек” таҷассум меёфт. Худи ибораи “варзиш” нерӯмандию паҳлавонӣ, адабу ҷавонмардӣ ва рӯҳи солим аст. Варзиш иффату некӣ, фурутаниву шикастанафсӣ, шаффофию тозакориҳоро талаб менамояд. Бешубҳа, мо зери калимаи варзиш ҳамзамон варзишҳои суннатии миллии хеш, таровату нафосат ва салосату инкишофи соҳаҳои мухталифи онро эҳсос менамоем. Ҳанӯз аз даврони қадим пайдост, ки баъзе намудҳои варзиши бостонии халқи тоҷик, аз ҷумла зӯроварӣ (дар мубориза алайҳи ҳайвонони дарранда), гӯштини паҳлавонӣ, чавгони болои алаф, пойгатозии аспӣ, чархзадану давидану ҳаво додани олотҳои шикорӣ имрӯз дар шакли дигар боқӣ мондаанд. Бевосита, онҳо ба варзишии суннатҳои миллии мо ворид гардида, мақоми устувор пайдо кардаанд. Омӯзиши шаклҳои қадимаи варзиш нишон медиҳад, ки он ҳамчун қисми ҷудонашавандаи фаъолияти меҳнатӣ ва талаботи худмуҳофизаткунии халқ тараққӣ кардааст. Яъне халқ дар натиҷаи меҳнат, худмуҳофизаткунӣ ва муҳориба бо душман сифатҳои ҷисмонӣ ва маҳорати худро дар давидан, ҳаво додани яроқ, ҷаҳидан, шиноварӣ ва дигар ҳаракатҳо такмил медиҳад. Дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ ва таҳқиқоти этнографӣ дар Помир, Кӯлоб ва қалъаи Ҳисор маълум мешавад, ки мардуми мо аз давраҳои қадим ба варзиш машғул буданд. Ҳуҷҷатҳои бисёри таърихие, ки дар осорхонаи таърихии кишваршиносии ҷумҳурӣ ҷой доранд, аз он ҷумла яроқҳои ҷанговарони қадими тоҷик ва мавҷуд будани гурӯҳҳои одамони мусаллаҳ. Дар бораи кадом яроқи мусаллаҳ будани он замон аз сурати ҷанговари болои асп, ки аз кӯҳи Муғ ёфта шудааст, маълум мегардад. Дар он сурат ҷанговари савораи бо зиреҳ пӯшида, шамшер дар миён, камон бо тирҳояш ва бо гурз мусаллаҳ акс ёфтааст. Аз сурат маълум мешавад, ки ҷанговарони аспсавор дар давраи худ хеле хуб мусаллаҳ будаанду барои ҳимояи ватан ва номуси худ тайёр. Таърихшиноси тоҷик Б. Ғафуров дар китобҳои илмии худ ҷисман боқувват будани халқи тоҷик, ҷасурии онҳоро дар ҷангҳо ба муқобили истилогарони юнону макдунӣ (асри IV-III то мелод) нишон медиҳад. Барои тасдиқи ин фикри олим шуриши Искандари Макдунӣ ба Осиёи Миёна мисоли хубе мебошад. Масалан, дар бисёр мамлакатҳое, ки аз тарафи ин истилогар ишғол шудаанд, халқ муқобилият нишон надод, аммо

дар қисми шарқии Эрон ва Осиёи Миёна аскарони макдунӣ ба бисёр задухӯрдҳо дучор шуданд. Барои таслим кардани мардуми Осиёи Миёна қариб се сол ҷангидан лозим шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки халқи тоҷик аз қадим нангу номуси ватандории худро нигоҳ медорад. Дар замони подшоҳии Ҷамшед одамон риштабофӣ, матоъбофӣ, либосдӯзӣ, ҳамчунин сохтани афзори ҷангӣ, варзишӣ ва киштирониро аз худ намуданд. Метавон гуфт, ки оинҳои истиқболи Наврӯз, Меҳргон ва Сада чун дастовардҳои маънавию варзишии подшоҳҳои аҳди қадим аст, ки барои гузаронидани ин идҳо мардум моҳҳо тайёрии

сар бурдаанд. Аз китобҳои қадим аён аст, ки аз ҳама варзиши маъмул ин “муштзанӣ” буд, ки Диагор чемпиони аввалини он буда, устоди Пиндор ёд мешавад. Диагор фарзандонашро ҳунари муштзанӣ таълим медод. Як замон мураббӣ оид ба варзиш духтари Диагор буд. Ӯ шогирдашро машқ дода, ба бозии Олимп тайёр мекард. Азбаски ба майдони Олимп рафтани занон манъ буд, вай либоси мардона пӯшида барои дидани ҳунари шогирдонаш ба майдони Олимп меояд. Инро фаҳмида, вайро дастгир намуда, ҳукми қатл медиҳанд. Вале бо сабаби хизматҳои бузурги падараш Диагор ӯро мебахшад.

барои идеали тарбияи ҷамъият, барои пешрафти афкори эстетикӣ ва фалсафаи инсондӯстии ҷаҳон нақши калон дорад. Тимсоли Рустам ҳамчун паҳлавони нотакрор рамзи бузургию эътиқод, шукӯҳу тавоноӣ, ифтихори халқ гардид, ки алҳол халқҳои Эрон, Афғонистон, хулоса Осиёи Марказӣ бо номи вай набарду паҳлавонӣ мекунанд. Бозии пойга бо асп ва шутур, бузкашӣ, бозии чавгон бо асп, бозии шамшерзанӣ, найза, дар дави асп аз ду тараф мондани химча ё қамиш ё дар този асп қалам кардани онҳо аз бозиҳои миллии қадимаи тоҷикон аст. Аспсаворҳои моҳир дар дави асп

Дастнависи якуме ёфт шуд, ки оид ба варзиш, махсусан “Гӯштин” дарак медиҳад. Он аз тарафи Ганс Бурм соли 1511 иншо шуда аст. Дар адабиёти форсу тоҷик оиди варзиш китоби “Шоҳнома”-и А. Фирдавсӣ, “Ҳамзанома”, “Абӯмуслимнома”, “Қобуснома”, “Сиёсатнома” аз давраи шоҳаншоҳии каёниён, ҳахоманишиҳо, сосониён, сомониён оиди варзиши аспсаворӣ, шамшербозӣ, гӯштингирӣ, шиноварӣ, найзапартоӣ, камонварӣ, гурзпартоӣ, бандкашӣ, паридан, давидан ҳанӯз асрҳои 1Х-Х офарида шудааст, ки аз қадимӣ будани бозиҳои миллии халқи тоҷик ва соҳиби нангу номус ва матонату шарафи ватандорӣ будани онҳо дарак медиҳад. “Сафарнома”-и Носири Хусрав илм, тафаккур ва тамаддуни бузурги тоҷиконро ба мерос гузоштааст. Носири Хусрав тӯли 7 сол сафари таърихию ҷуғрофӣ карда, ҷаҳонро пиёда тай мезанад. Ӯро метавон бузургтарин варзишгар дар пиёдароҳгардӣ номид. Дар таърих номи далерону гурдони ашкониён Шопур, Гударз, Бежан, Нарсию Урдмузд, Ораш, Ардавон, Баҳром, Ардашери Бобакон ёд мешавад, ки онҳо тарафдори некӣ, адолат, хулқи хуб, мардумнавозию додрасӣ будаанд ва инсонро ба нигаҳдошт ва пазироии роҳи рост, хислатҳои олӣ тарғиб менамуданд. Дар баробари ҳамаи ин, онҳо аз ҷумлаи варзишгарони номии халқи форсзабон буданд, ки паҳлавонӣ ва корнамоиҳояшон

аз таги шиками асп гузашта, бо як чолокии махсус дар болои зин рост истода, асп медавонанд. Ё худ дар асп чаппа савор шуда, дар давидан ба нишонҳо аз пайкон тир мезаданд. Бозии қадимаи дигар бузкашӣ аст, ки човандози моҳир бузи сарбуридае, тайлоқро аз почааш дошта, аз анбӯҳи саворон гузаронида, ба марра мепартояд. Дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ё “Аз Ориён то Сомониён”-и Эмомалӣ Раҳмон дар бахши “Қаноати мард ва сутуни пойдори давлат” дар васфи асп, аспбоз ва асппарвар бисёр санадҳои таърихӣ оварда шуда, аз ҷумла зикр гаштааст: “Ногуфта намонад, ки подшоҳону шаҳриёрон ва сипаҳбудону лашкаркашони Балху Бохтар, Хатлону Қубодиён, Вашгирду Чағониён, Аҳоруну Шумон, Суғду Самарқанд, Бухорову Марв ва садҳо шаҳрҳои хурду бузурги қаламрави ниёгони тоҷик аз қадим ба асп меҳру ихлоси хоса дошта, ғайри сафарҳои дуру наздик ва корзори майдони ҷанг боз маҳорати худро дар қувваозмоиҳо ва дилхушии айёми иду ҷашнҳо намоиш медоданд. Чавгонбозӣ, пойгаҳ, набардҳои тан ба тан, гардунсаворӣ, камандандозӣ, ҳангомаҳои сайду шикор ва дигар русумҳои озмудани маҳорату чобукии яккасаворон водор мекард, ки пайваста ба беҳ кардани насл, зоту зуриёт, тарҳу намуд, қаду қомат ва рангу ҷилои асп диққати хосае бидиҳанд. Албатта, тавсеаи варзишҳои бостонӣ, ки ёдгоре аз арзишмандтарин мероси фарҳангии ниёгонанд, барои имрӯзу фардои миллати тоҷик ва халқҳои Осиёи Марказӣ нақши муассир хоҳад гузошт. Бодо, ки тавсеа ва густариши варзиши бостонӣ, бахусус дар ҳавзаҳои ҳамфарҳанг беш аз пеш бошад. Ифтитоҳи нахустзӯрхонаи тавоноию ҷавонмардӣ маркази маърифату ҳунар ва тадбирҳои хотирмони варзишҳои бостонӣ далели арзишманд мебошад. Ҷавонмардӣ дар замони пеш аз ислом мактаби ахлоқӣ, маънавӣ буд, ки дар он паҳлавонӣ, дониш, ҷасурӣ,

Таъсири оини ҷавонмардӣ дар варзишҳои бостонӣ

варзишӣ дида, бозиҳои варзишӣ, ба монанди гӯштингирӣ, давидан, ҷаҳиданро барпо менамуданд. Дар бозиҳои пешиниён аз рӯи ҷасорат ва нотарсӣ шабона аз деҳаи дур рафта овардани “бори шартӣ”, кафондани “ғӯлачӯбҳои сахт», бо шарт пушт кардани “асп”, “хар”, тоб додану хам кардани фулуз (оҳан), бо мушт кӯфтани мех, бо дандон кашидани мех аз тани чӯб, бо буққаҳои маст муҳориба кардан, аспҳои носареро ром карда, зин зада савор шудан, дар дави асп ҳалқа партофтан, доштани асп ва ғайраҳо аз бозиҳое буданд, ки онҳо аз иҷрокунандагон далерӣ, устуворӣ ва матиниродагиро талаб мекарданд. Дар бораи варзиш кӣ аввалин шуда китоб навиштааст? Ин суол тадқиқотчиёнро ба андеша овардааст. Баъзеҳо Ҳеродот, падари таърихро ном мегиранд. Баъзеҳо Гомерро. Дар манзума (баллада)-и “Одиссей” чунин сатрҳо аст: “Яке тӯбро ба осмон ҳаво дод, ки то абрҳои торику равшан расид, дигаре давиду ба сӯи осмон парид ва тӯбро ҳангоми “парвоз” паррон даррабуд ва пояш ба замин нарасида, муаллақ истод.” Ин ҷо мубориза бошад ҳам, омили амри воқеъ он аст, ки дар замони қаҳрамонии Одисей мардум ба варзиш шуғл доштаанду Гомер дар манзумаи худ тубро мисол овардааст. Ёдгориҳои антиқаи адабиёт то замони мо номи бисёр варзишгарони олимпиро оварда расондааст, ки дуюним ҳазор сол пеш умр ба

9 покӣ, саховатмандӣ, ҳалолкорӣ, меҳнатдӯстӣ ва дигар сифатҳои беҳтарини инсонро меомӯхтанд. Дар замони ислом ҷавонмардиро футувват меномиданд, ки онро Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба се бахш: футувватномаи Султонӣ, Ахлоқи Муҳсинӣ ва рисолаи Ҳотамия тақсим кардааст. Дар асли ин се хислати ҷавонмардии пеш аз исломӣ-хирадмандӣ, олиҳимматӣ ва дасткушодӣ дида мешавад. Далерӣ дар урфияти ориёиҳо яке аз хислатҳои бузурги шахс дар муқобили тарсончакӣ, номар мебошад. Ноҷавонмардӣ аз тарсончак пайдо шуда, тарсончакҳо ҳатто ба модар, падар, бародар, дӯстон ва Ватану миллат хиёнат мекунанд. “Гузаштагони мо, – ба ифодаи муҳаққиқ, олими забардаст Ю. Яъқубов, – гуфтаанд, ки шуҷоъ гумони нек дорад ва марди далери дилдор дар корзор қуввати дили дигарон аст, зеро ӯ аз корзор намегурезад”. Варзишгари солим, оне ки аз таълими тарбияи бадан гузаштааст ва дар ӯ хислати ҷавонмардӣ, далерӣ, паҳлавонӣ мавҷуд аст, ҳангоми набард ба ҳариф, иҷрои машқҳои вазнин ва сабук ҳаргиз аз майдон намеҳаросад. Майдони мусобиқа, издиҳоми калони мардум ин худ “воҳима”, “ҳарос” ва ҷои “шарму ҳаё” аст. Бисёр варзишгарони номӣ баъзан аз таърифи ҳакам, ки ҳарифи ӯро тавсифи “болохонадор” мекунад, меҳаросанд. Беҷуръатонро “ваҳм” зер мекунад. Ин ваҳм ба мағлубияти ӯ оварда расонданаш мумкин аст. Варзиш ин таълимотест, ки ҷиҳатҳои тарбиявии зиёд дорад. Варзиш арсаи нангу номус, ифтихори халқияту миллат мебошад. Барои ба ин зинаи ифтихорӣ расидан пайваста омӯхтан, машқ кардан, дар интихоби варзиш дурахшидан зарур аст. Варзиш аз инсон эҷодкорӣ, таҳаммулкорӣ, зебопарастиро талабида, варзишгарро дар байни халқ соҳиби обрӯю эътибори баланд мегардонад. Варзишгар ба пешрафту дастовардҳои ҷаҳони муосир бо чашми хираду ифтихори миллӣ бояд назар андозад ва ояндасоз бошад. Шодӣ САФАРОВ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон; Мирзобоқӣ ШАРИПОВ, дотсент, ноиби ректори ДТҶТ ба номи С. Раҳимов оид ба тарбия, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон; Мавлон ШАРИФОВ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


10

ОДАМОНИ САРБАЛАНД

Устод Абдулҳақ Файзиев нафарест, ки умри бобаракати хешро баҳри таълиму тарбияи геологҳои ҷавон бахшида, ба омӯзиш ва таҳқиқи канданиҳои фоиданоки кишвар равон намуда, имрӯзҳо низ пайи кору заҳматҳои зиёд пайваста талош меварзад. Вай 15 марти соли 1938 дар деҳаи зебоманзари Ёрии Панҷакент ба дунё омада, пас аз хатми мактаби ҳафтсолаи деҳа барои давом додани таҳсил ба интернати рақами 1-и шаҳри Панҷакент меояд. Пас аз хатми интернат бо медали нуқра ҳуҷҷатҳои худро ба шуъбаи геологияи факултети табиатшиносии Университети Давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) месупорад. Баъди хатми донишгоҳ мувофиқи тақсимот ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор меояд. Боиси ифтихор аст, ки тӯли як соли кор дар ин ҷо се зина, аз коллектор оғоз намуда, то ба вазифаи коллектори калон ва пас аз он то ба геолог расидааст. Ин дараҷаи сабзиш хусусан барои тоҷиконе, ки дар он солҳо чун мутахассиси ҷавон дар истеҳсолот ба кор меомаданд, осон набуд. Зеро барои ин фосиларо тай намудан ҳадди ақал се сол заҳмат кашидан лозим меомад.

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №11 (9541), 15.03.2018

Маскав рисолаи докториро дифоъ намудааст. Сипас, аз соли 1982 комиссияи аттестатсионии ИҶШС ба вай унвони профессориро муносиб донистааст. Аз моҳи марти соли 1985 то моҳи сентябри соли 1996 вазифаи декани факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва сипас аз соли 1996 то соли 2002 мудири кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ва дар як вақт аз соли 1997 то соли 2011 вазифаи директори Институти геологияи Академияи

олими нуктасанҷ ва закӣ фарогири паҳлуҳои асосии масоили замонавист. Самтҳои омӯзишу пажуҳиши устод паҳлуҳои гуногуни илми геологияро фаро мегирад, ки ҳам аҳамияти бунёди доранду ҳам амалӣ ва дар истеҳсолот васеъ истифода мегарданд. Масалан, як мисоли мушаххас меорем, ки усули арзону дастрас дар чандин кишварҳои дунё имрӯзҳо мавриди истифода қарор гирифта, миллионҳо маблағҳо сарфа карда мешавад. Конҳои флю-

илмҳои Тоҷикистонро бар дӯш доштанд. Имрӯзҳо Абдулҳақ Файзиев мудири лабораторияи конҳои канданиҳои фоиданоки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои ҶТ буда, дар як вақт профессори кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки ДМТ мебошад. Устод Файзиев дар даврони фаъолият мактаби таҳқиқии худро ташкил дода, ҳоло 17 нафар зери роҳбарии эшон рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд. Абдулҳақ Файзиев қариб дар ҳар як конфронсу симпозиумҳо ва конгрессҳои байналмилаливу ҷумҳуриявии, ки бо илми геология ва шохаҳои мансуб аст, бо мақолаҳои пурмазмуну баландғояи худ баромад намуда, илми геологияи тоҷикро тавонист ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Ҳама маърӯзаву гузоришҳои ин

орити Тоҷикистони марказиро устод амиқу дақиқ омӯхта, дигаргуншавии шакли кристаллҳои флюоритро вобаста аз мавқеи ҷойгиршавии онҳо дар рагҳои маъданӣ, ҳамчун мисоли хусусияти типоморфи - морфологии минералҳо ошкор намуд, ки аз рӯи шакл онҳоро баҳо дода, пешакӣ муайян кардан мумкин аст, ки рагҳои маъдании кон дар жарф дурнамо доранд ё не? Бояд тазаккур дод, ки хизматҳои шоистаи ин олими варзида ва фидоии илмро дар омӯзиши геология ба инобат гирифта, Комиссияи байналхалқӣ оид ба номгузории минералҳои тозападид, як минерали навро ба шарафи ӯ – «Файзиевит» ва номи як организми палеонтологии сангшударо Polygnatus Faizievy номгузорӣ намудаанд. М а в суф муаллифи беш аз 500 асару

Муҳаққиқи ганҷҳо Абдулҳақ Файзиев пас аз як соли заҳмат дар истеҳсолот бо таклифи бевоситаи академикзан Сороҷон Юсупова ба факултети геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кор меояд. Сипас аз соли 1960 инҷониб ӯ бо факултети геология робитаи ногусастанӣ дошта, ба донишҷӯён аз фанҳои минералогия, кристаллография, сохторҳои геологии майдонҳои маъданӣ ва меъёрҳои геологии ҷустуҷӯи конҳои маъдани сабақ меомӯзонад. Абдулҳақ Файзиев соли 1966 дар мавзӯи «Минералогия ва шароитҳои пайдоиши конҳои флюорити Қаротегини ҷанубу ғарби (Тёншони ҷанубӣ)» дар шаҳри Алмаато рисолаи номзадӣ ва соли 1981 дар мавзӯи «Минералогия, пайдоиш ва қонуниятҳои паҳншавии конҳои флюорити Тоҷикистони марказӣ» дар шаҳри

Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад,пас барои ҳарҷониба инкишоф ёфтани инсон, устод рамзи баҳор аст. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Аз қадимулайём бузургони илму адаб ба устод эҳтироми бепоён дошта, дар мавриди зарурӣ ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ба чунин шахсони хирадманду фозил устоди кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Данғара Саидқул Тағоев дохил шуда метавонад. Худованд одамро ба қобилиятҳои тайёр ба дунёи равшан тавлид намесозад, балки ба ӯ ҷанинҳои инкишофро медиҳад. Дар зери таъсири тарбия ва муҳити ӯро иҳота карда, ин нишонаҳо рӯ ба инкишоф меоранд. Вале инкишоф ёфтани қобилият, маҳорат ва малака ба худи шахс низ вобастагӣ дорад. Устод Саидқул Тағоев низ аз зумраи чунин шахсони нотакрор буда, пастию баландиҳои ҳаётро аз сар гузаронида, ба мушкилиҳо бархӯрда, ба сӯи маҳорат қадамҳои устувор гузоштааст. Пушинг деҳаи зебоманзараест, ки табиати фораму дилкаши он диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Ва аз ин деҳа бисёр ходимони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, сиёсат, маориф, фарҳанг, ҳарбӣ ва ғайраҳо ба воя расидаанд, ки имрӯз дар пешрафти кишвар саҳмгузоранд. Тағоев Саидқул соли 1946 дар ҳамин деҳаи ноҳияи Данғара дар оилаи хизматчӣ

мақола ва корҳои илмист. Аз он ҷумла 7 рисолаи илмӣ ва 7 китоби дарсӣ оид ба минералогия ва кристаллография ва чандин васоити таълимиву методии устод аз чоп баромадаанд. Маҳз дар давраи соҳибистиқлолии кишвар 5 асари пурарзиши илмӣ ва 5 китоби дарсии устод ба мутахассисону ҳаводорони илми геология тақдим гардидааст, ки ин ҳам бошад, як дастоварди хубест дар рушду нумӯи илми геологияи тоҷик. Нигоштаҳои илмии ин олими забардаст ва фидоии илм дар маҷаллаву журналҳои беш аз бист давлатҳои хориҷ, аз ҷумла Булғористон, Амрико, Италия, Канада, Олмон, Хитой, Россия, Украина, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Непал, Испания, Исландия, Бразилия ва ғайра рӯи чоп омадаанд, ки ин аз маънии баланд ва арзиши олии онҳо шаҳодат медиҳад. Устоди азизу гиромиқадри мо Абдулҳақ Файзиев имрӯзҳо ҷашни зодрӯз дошта ва ба синни мубораки 80 қадам мениҳанд. Мо шогирдон устодро аз самими қалб табрику муборакбод намуда, барояшон саломатӣ ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно мекунем. Бо эҳтироми самимӣ, шогирдон М. ФОЗИЛОВ, Ш. ХУДОБАХШ, И. ОЙМУҲАММАДЗОДА, Ф. МАЛАХОВ, М. ГАДОЕВ, Ф. ФАЙЗИЕВ, С. ЭЛНАЗАРОВ, Н. САФАРАЛИЕВ, Н. НАБИЕВ, С. ЯТИМОВ

Ҳаққи устод аз падар беш аст ба дунё омадааст. Ӯ соли 1965 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5 деҳаашро хатм намуда, аз соли 1965 то соли 1970 чун донишҷӯи факултети филолигияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ ) таҳсил намудааст. Сипас дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии рақами 5 ва 9-и ноҳияи Данғара ба ҳайси омӯзгор ва муовини директор оид ба қисми илмӣ фаъолият кардааст. Тағоев Саидқул солҳои 1972-1974 инструктори кумитаи комсомоли ноҳия ва солҳои 1976-2008 чун муовини директори мактаби миёнаи №5-и ноҳияи Данғара фаъолият намудааст. Баъди таъсиси филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара устод Саидқул Тағоевро барои идомаи фаъолияти омӯзгорӣ ба кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ин таълимгоҳ даъват карданд,ки то соли 2013 устоди ҳамин кафедра буд. Инак, аз моҳи майи соли 2013 то инҷониб Тағоев Саидқул ҳамчун саромӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолият дорад. Аълочии маорифи Тоҷикистон Саидқул Тағоев тӯли 47 соли фаъолияташ дар соҳаи пуршарафи омӯзгори ба масъалаи тозагии забон, маҳорати суханварӣ қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, муошират ва муносибатҳои некхоҳона бо одамон ва якдигар, эҷоди шеъру таронаҳо ва дигар масъалаҳои муҳими таълим, тарбия ва илм ба шогир-

дон тавсияҳо ва дониши мукаммалу амиқ додааст. Ҳама муваффақиятҳои устод дар натиҷаи заҳмат ва машаққатҳои зиёд ба даст меомаданд. Ӯ ҳақиқатан мекӯшад, ки ба шогирдон дарси меҳру муҳаббат, садоқати мардонагӣ омӯхта, ба онҳо дониш диҳаду ба ин восита дар тайёр намудани шогирдон ба фаъолияти омӯзгорӣ саҳми муносиб гузорад. Махсусан, устод Саидқул Тағоев ба омӯзгорони ҷавон дар роҳи амалӣ намудани марому мақсадҳои некашон ҷиҳати баланд бардоштани ихтисос ва усулҳои таълиму тарбия мунтазам ёрии амалӣ мерасонад. Мақолаҳои илмию методии устод мунтазам дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ чоп шудаанд. Бо қалами ӯ 16 дастуру мақолаҳо дастраси хонандагон гардидааст. Устод Саидқул Тағоев дар баробари фаъолияти пуршарафи омӯзгорӣ ҳамчун деҳқони асил баҳри руёнидани ҳосили дилхоҳи зироатҳои кишоварзӣ, аз қабили ангур, ғалла, сабзавот, себ ва ғайраҳо ҷидду ҷаҳд менамояд. Ӯ ҳар сол бо аҳли оилааш аз заминҳои иҷоравии саҳмияашон аз ин зироатҳо ва сабзавоту меваҳо ҳосили дилхоҳ ба даст меоварад, зеро нозукиҳои касби деҳқониро низ панҷ панҷабарин ба хубӣ аз бар намудааст. - Муаллим бояд дар баробари омӯзгорӣ якчанд ҳунарҳои дигар ҳам дошта бошадмегӯяд ӯ. - Ин имкон медиҳад, ки ҳам кори таълиму тарбия пеш равад ва ҳам сатҳи

зиндагии омӯзгор баланд гардад. Устод Саидқул Тағоев бисёр ҳам инсони пухта, баркамол буда, дили софу бекина дорад ва кас дар суҳбати ин марди оқил ҳаловат мебарад. Гуё шоир ин мисраҳоро барои чунин устодон гуфтааст: Суҳбати мардон бувад ҷонпарварӣ, Чун дар ин суҳбат равӣ ҷон парварӣ. Асомуддин АЗИЗОВ, мудири китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Данғара


СУҲБАТ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №11 (9541), 15.03.2018 Амиршоҳ Сиддиқов дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, соли 2000 ба остонаи мактаб қадам ниҳод. Пас аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ супорид. Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда барои такмили дониш ба зинаи магистратураи Донишгоҳи омӯзгории ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия дохил гардид.

намояд. Дар ин роҳ инсон бояд танҳо худаш кӯшиш кунад. Инсон вобаста ба соҳаи худ, бахусус омӯзгор яку якбора худро муваффақ шумурда наметавонад. Омӯзгор ҳамон вақт худро муваффақ меҳисобад, ки хонандааш дар таълим пешсаф бошаду дар озмунҳои гуногун ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардад. Дар ин маврид омӯзгор ҳис хоҳад кард, ки заҳматҳояш самар додааст. - Ба андешаатон, ҳангоми таҳсил дар хориҷа барои донишҷӯёни тоҷик бештар ка-

Ҳоло бошад Амиршоҳ дар арафаи хатми зинаи магистратура қарор дошта, ҳамчунин ба навиштани рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Муносибатҳои Тоҷикистону Русия таии солҳои 1992– 2017 ва инъикоси он дар китобҳои ҳозираи таълимӣ доир ба таърих” машғул аст. - Ҳар кас дар зиндагӣ бояд ҳунаре дошта бошад, - гуфт зимни суҳбат Амиршоҳ Сиддиқов. – Ба ман бошад, пешаи омӯзгорӣ хеле писанд аст. Соҳибҳунарӣ ба инсон доим кӯмак мерасонад. Бахусус дар шароити имрӯза. Бе соҳиби ягон касб наметавон рӯзгорро пеш бурд. Ҳар нафаре дар зиндагӣ мехоҳад, ки соҳиби обрӯ ва мавқеъ бошад, пас бояд дар роҳи андӯхтани пеша азм

дом душвориҳо пеш меояд? - Мушкили асосии мо донишҷӯён пеш аз ҳама дар он аст, ки забонҳои хориҷӣ, бахусус русиро хуб аз бар намекунем. То омӯхтани забон мо азият мекашем. Пас мо бояд кӯшиш намоем, ки дар ватани худамон забони дигар давлатҳоро омӯзем ва баъдан ба донишгоҳҳои хориҷа бо сари баланд дохил гашта, илм омӯзем. - Ҷавонон вақти худро чӣ гуна бояд сарф намоянд? - Вақт аслан мисли маблағ аст. Агар онро дар ҷойҳои беҳуда сарф накунӣ, барои ҳамаи чиз басанда аст. Баъзе аз ҷавонони имрӯз инро фикр накарда, вақти қимати хешро ба корҳои беҳуда сарф мекунанд. Вақт, бахусус дар айёми ҷавонӣ гавҳари қиматтарин

аст. Ҷавонон имрӯз бояд хонанд, илм омӯзанд ва вақти қимати худро самаранок истифода баранд. - Шумо, ки дар мавзӯи муносибатҳои кишварамон бо Русия рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунед, пас имрӯз онро чӣ гуна мебинед? - Русия яке аз шарикони аввалиндараҷаи кишварамон мебошад. Шукр, ки муносибатҳои ҳар ду ҷониб хеле хуб аст. Русия дар ҳама соҳа ба кишварамон ҳамкорӣ дошта, ҳар ду давлат бо робитаҳои наздики дӯстона ва мероси фарҳангӣ алоқаманданд.

Амиршоҳ Сиддиқов:

“Дар пешрафти диёр мехоҳам саҳмгузор бошам” Русия яке аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро эътироф карда, моҳи апрели соли 1992 дар Душанбе, дар бораи таъсиси муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар созишнома ба имзо расид. Тайи солҳои 1992 2014 Тоҷикистону Русия зиёда аз 230 созишномаҳои байни давлатию ҳукуматӣ ва байни идоравӣ ба имзо расонидаанд. Федератсияи Русия яке аз шарикони муҳими стратегии Тоҷикистон мебошад. Кишварҳо дар соҳаи сиёсӣ иқтисоди, низомӣ, башардӯстӣ, муҳоҷират, маориф, фарҳанг ва ғайра ҳамкорӣ мекунанд. Муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба принсипҳои боварӣ, фаҳмиши ҳамдигар ва эҳтиром,

Воситаи хуби баландбардории дараҷаи дониш

Корҳои берун аз синфӣ аз математика Вазифаи таълими математика дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба хонандагон пешниҳод кардани имконияти баҳодиҳӣ ба назарияи математикӣ ва ҳангоми ҳалли масъалаҳои матнии математикӣ лаззати кашфро чашидан аст. Дар иҷрои муваффақиятнокии ин вазифаҳо кори беруназсинфӣ нақши муҳим бозида, ба муаллим барои дар хонандагон ҳосил кардани майлу рағбати омӯзиши фанни математика, васеъ намудани ҷаҳонбинии математикии онҳо, маҳорати эҷодкорӣ, пурдонӣ, тарбия ва инкишофи тафаккури мантиқии математикӣ кӯмаки калон мерасонад. Таҳти мафҳуми кори беруназсинфӣ машғулиятҳои ғайриҳатмии системанокии хонандагон бо муаллим дар вақти холигӣ фаҳмида мешавад. Кори беруназсинфӣ оид ба математика қисми таркибии ҷараёни таълимию тарбиявӣ мебошад. Он қобилият ва шахсияти мактаббачагонро ташаккул ва инкишоф медиҳад. Идоракунии ин ҷараён, ин на фақат инкишоф додан ва мукаммал намудани маводи ба

11

инсон аз табиат дода шуда, балки дар он пайдо кунонидани талабот ба худинкишофдиҳии доимӣ ва худамалигардонӣ мебошад. Зеро ҳар як шахс пеш аз ҳама худро тарбия мекунад. Таҳти кори беруназсинфӣ машғулиятҳои системаноки ҳатмӣ бо хонандагон дар вақти холӣ фаҳмида намешавад. Дар дарсҳои математика имкониятҳои зиёди бо мазмун ва мундариҷаи ин фан ҳавасманд намудани хонандагон мавҷуданд. Айни замон мақсади асосии машғулиятҳо омӯзонидани маҷмӯи муайяни қоидаҳои дорои характери математикӣ будан диққат ҷалбкунандагии шарҳи маводи таълимӣ ба ин мақсад мувофиқ аст. Аксар вақт ширкат дар кори беруназсинфӣ марҳилаи аввали омӯзиши чуқури математика гардида, ба интихоби факултативии математикӣ, дохилшавӣ ба мактаби математикӣ, ба омӯзиши мустақилонаи маводи ҷолиби диққат оварда мерасонад. Дар натиҷаи пешравии ҷамъият ва тараққиёти илму техника, омӯзиши фанҳо, аз он ҷумла фан-

ни математика мушкил гардид. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки таълим ва тарбия аз тарафи муаллим бештар дар ҷараёни дарс гузаронида мешавад. Ҳар як дарс мақсад ва вазифаи муайян дорад. Аз ҳамин сабаб имконият маҳдуд мебошад. Таълим ва тарбияро берун аз дарс низ ба таври васеъ гузаронидан мумкин аст. Гарчанде гузаронидани корҳои беруназсинфӣ, аз муаллим вақти бисёрро талаб мекунад, мақсаднок гузаронидани онҳо ба инкишофи тафаккури математикии хонандагон, шавқу ҳавас ва аз худ кардани мавод дарсҳои ҳар рӯза ёрии калон мерасонад. Пас, гузаронидани кори берун аз дарсии мунтазам аз математика воситаи муҳими баландбардории дараҷаи дониши хонандагон ва омӯзгорон мебошад. Метавон гуфт, ки баробари гуфтаҳои болоро пурра риоя кардан, барои омӯзиши математика ҳар як муаллим худ низ соҳиби дастовардҳои хуб мегардад.

Меҳрубон АБДУЛЛОЕВА, омӯзгори МТМУ-и № 94, шаҳри Душанбе

шарики тиҷоратӣ асос меёбад. Роҳбарони ду давлат мунтазам дар доираи сафарҳои давлатӣ, форумҳои гуногуни байналмилалӣ вомехӯранд. Зимни вохӯриҳо мавзӯъҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба баррасӣ мешаванд. - Дар боло зикр намудед, ки мушкили ҷавонони тоҷик дар хориҷа бештар надонистани забонҳои хориҷист. Пас чӣ бояд кард, ки таваҷҷуҳи ҷавонон ба донишандӯзӣ бештар гардад? - Имрӯз аз имконоте, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дониш андӯхтану соҳибилм шудани мо фароҳам овардааст, истифода накунем, носипосӣ хоҳад буд. Пас аз имконоти мавҷуда самаранок истифода бояд бурд. Тавре мегӯянд, забон

донӣ, ҷаҳон донӣ. Мутаассифона, як қисм наврасону ҷавонони мо вақти пурқимати худро аксаран дар ҷойҳои дилхушӣ, ҳуҷраҳои интернетӣ беҳуда сарф мекунанд. Ҷавони айёмест тезгузар. Онро самаранок бояд истифода бурд. Пас афсӯс мехӯрем, ки онро зоеъ гузарондаем. -Дар оянда чӣ нақшаҳо доред? -Мехоҳам, ки дар ҷодаи хеш ба дастовардҳо ноил гардам. Ман тайёр ҳастам, ки тамоми кӯшишу маҳорати худро баҳри ободии Ватани азизамон Тоҷикистон равона карда, дар пешрафти он каме ҳам бошад саҳмгузор бошам. Меҳрубон ИМОМОВА “ҶТ”

√ ТАРИҚИ РЕКЛАМА Ҳунар омӯз ка-з ҳунармандӣ... Донишгоҳи миллии Қазоқистон яке аз макотиби олии беҳтарин аст Имрӯз таҳсил дар макотиби олӣ хеле бонуфуз аст. Лек ҳар як дохилшавандаро имконот вобаста ба ихтисоси оянда, музди меҳнати баланд бешиар ҷалб месозад. Аз ин хотир, ҳар сол шумораи дохилшавандагон торафт меафзояд. Аммо насли ҷавон натанҳо мехоҳад дар макотиби олӣ таҳсил дошта бошад, балки ихтисоси оянда ва ҷои таҳсилро мекӯшад дуруст интихоб намояд. Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Форобӣ, яке аз макотиби олии беҳтарини Қазоқистон маҳсуб меёбад. Ин донишгоҳ дар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҳуқуқ, иқтисодиёт, шарқшиносӣ, рӯзноманигорӣ, биология, биотехнология, муносибатҳои байналмилалӣ ва ғайра мутахассисони соҳибҳунарро омода месозад. Ҳайати омӯзгорони донишманд барои донишандӯзии донишҷӯён маҳорати хешро дареғ намедоранд. Дар донишгоҳ маркази хизматрасонии “Керемет” “Al-Farabi university smart citi” фаъолият мекунад, ки он нотакрор аст. Марказ барои донишҷӯён хизматрасониҳои гуногуни таълимӣ, тиббию ҳуқуқӣ, молиявию фарҳангӣ ва дилхушӣ пешниҳод месозад. Дар бахши ташхиси тиббии марказ бошад, барои донишҷӯён ҳама гуна хизматрасониҳо тариқи ройгон сурат мегирад. Дар марказ бахши ҷавонон фаъолият дорад, ки ба масъалаи дӯстию рафоқати донишҷӯён диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Дар ин ҷо толорҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гуногуни замонавӣ дар ихтиёри донишҷӯён буда, онҳо имкони хуш гузаронидани вақти холии худро доранд. Ҳамин тавр, дар донишгоҳ барои таҳсил ва истироҳати донишҷӯён шароитҳои зарурӣ хуб муҳайё гардидааст. Р. ЭРЕЖЕПКИЗИ, омӯзгори калони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Форобӣ, М. ҚАҲҲОРОВ, донишҷӯи курси дуюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳии миллии Қазоқистон ба номи Форобӣ


12 Маҷаллаи “McClure”-и чопи Амрико соли 1902 ба нашри як фелетони бисёр аҷиб оғоз бахшид. Ин нигошта, ки аз 19 қисм иборат буда, давоми ду сол чоп шуд, “Таърихи ширкати Стандарт Оил” ном дошт. “Стандарт Оил” яке аз ширкатҳои бузурги ИМА ва аввалин ширкати байналмилалии сӯзишворӣ маҳсуб мешуд. Соҳибаш Ҷон Д. Рокфеллер бошад, шахси аз ҳама сарватманди Амрико буд. Факту далелҳои матлаби номбурда ончунон таъсирбахш буданд, ки давоми панҷшаш соли оянда ширкат ба қисматҳои ҷудогона тақсим гардид. Ва Рокфеллер рамзи тиҷорати ифлос дар тамоми ИМА шинохта шуд. Албатта, нигоштае бо ин давомнокӣ ва тӯли омӯзиш аслан таҳқиқот аст. Ва Таҳқиқоти “Таърихи ширкати Стандарт Оил”, ки каме пас аз нашраш ба шакли китоб ҳам чоп шуд, дар рейтинги маводи таъсирбахши матбуоти ИМА, ки рӯзномаи маъруфи “New York Times” таҳия намуд, мавқеи панҷумро ишғол кард. Илова бар ин, ҳамчун аввалини таҳқиқоти журналистӣ дар таърихи матбуоти ИМА шинохта шуд. Лек аз ин муҳимтар он аст, ки асосгузори таҳқиқоти журналистӣ дар ИМА, ки бо Ҷон Д. Рокфеллер барин сарватманд сар ба сар шудааст, як зан буд. Номаш Айда Тарбелл. Тарбелл бори аввал номи Рокфеллерро дар синнӣ чордаҳсолагӣ шунид. Он вақт падараш Франклин Тарбелл дар вилояти Пенсилвания як истеҳсолгари хурди нефт буд. Ӯ чун дигар истеҳсолгарон истеҳсолоташро аз тариқи роҳи оҳан ба муштариён мерасонд. Дар он замон ба минтақа як тоҷири 32-сола бо номи Ҷон Д. Рокфеллер омад, ки ширкати “Стандарт Оил”-ро таъсис дода буд. Тоҷири ҷавон ба истеҳсолгарони нефт дар вилоятҳои Огайо ва Пенсилванияи Ғарбӣ, ки аз роҳи оҳани Клевлэнд истифода мебурданд, як пешиниҳод кард: Биёед, тиҷорати худро ба ман фурӯшед ва дар ширкатам соҳиби ҳисса гардед. Албатта, ин як пешниҳоди

РӮЗНОМАНИГОРӢ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №11 (9541), 15.03.2018

Айда Тарбелл ба журналистикаи таҳқиқотӣ чӣ гуна асос гузошт?

ғайриодӣ буд. Рокфеллер бо ширкатҳои боркашонии роҳи оҳан қарордоде имзо карда, нархи боркашонии онҳоро боло бурд. Худаш бошад, барои он ки дар як дафъа миқдори зиёди нефт интиқол медод, мунтазам тахфиф мегирифт. Азбаски “Стандарт Оил” нефти зиёдеро интиқол медод, дар баробари он ягон ширкати майдаи нефтистеҳсолкунӣ тоб намеовард... Миёни майдаистеҳсолгарони нефт, ки шабҳо барои муҳокимаи пешниҳоди Рокфеллер ҷамъ меомаданд, Франклин Тарбелл низ буд. Духтараш Айда низ он суҳбатҳоро мешунид. Дар он суҳбатҳо бисёре аз тоҷирон ҷонибдори фурӯхтани тиҷорати худ буданд, вале Франклин Тарбелл пойфишорӣ карда, мустақил мондан мехост. Бинобарин ба пешниҳоди Рокфеллер ду нафаре, ки овози рад доданд, ӯ ва шарикаш буданд. Бо вуҷуди ин Рокфеллер аз он минтақа бо дасти холӣ барнагшт, балки аллакай 85 дарсади майдаширкатҳои нефтистеҳсолкунандаи Клевлэндро харида буд. Кори Франклин Тарбелл ва шарикаш бошад, рӯз ба рӯз бадтар мегашт, барои он ки молиёташонро пӯшонида наметавонистанд. Ин ҳолат сабабгори ба худкушӣ даст задани шарики Тарбелл гардид. НАВИСАНДАГӢ БА ҶОИ МУАЛЛИМӢ Айда Тарбелл ин рӯйдодҳоро паси сар карда таҳсилашро идома дод. Вақте синнаш ба 19 расид, дар яке аз коллеҷҳои Пенсилвания ба омӯзиши фанни биология машғул шуд. Бо хатми коллеҷ бошад, ба кори омӯзгорӣ

Баъд аз хатми мактаби миёна тасмим гирифтам барои омӯхтани касби интихобнамудаам (иқтисодчӣ) ба ягон донишгоҳи олӣ дохил шавам. Хушбахтона ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, сазовори номи пуршарафи донишҷӯ гардидам. Даврони донишҷӯӣ чун аспи даванд сипарӣ мешуд. Сонияҳо андак-андак мегузаштанду ба дақиқаҳо бадал меёфтанд ва дақиқаҳо соату соатҳо рӯзро ташкил медоданд. Ҳамин тариқ сонияву дақиқаву соату рӯзу ҳафтаву моҳу сол оҳиста-оҳиста паси якдигар оҳанги рафтанро месуруданд ва таҳсили мо низ дар партави ин ба анҷом мерасид. Лаҳзаҳои беғамиву фориғболии зиёдеро дар бари ҳам пушти сар мекардем. Ҷавониро бо меҳри бепоёни ҳамсабақҳои даврони донишҷӯиям дарёфта, шарики ғаму шодии якдигар будем. Доимо аз ҳоли якдигар

шуруъ кард. Вале нисбат ба омӯзгорӣ ба чизи дигар шавқ дошт: ба таҳқиқу омӯзиш ва навиштан. Вай хондани рӯзномаи мақомоти милисаи шаҳрро хеле дӯст медошт. Зеро ба ақидаи вай ин рӯзнома манзараи ҳақиқии шаҳрро инъикос карда, аз рӯйдодҳо хабарҳои дуруст пешниҳод менамояд. Агарчи медонист, мухбири адлияву суд шудан барои зан кори душвор аст, лек дар ин самт, алалхусус дар самти инъикоси таърихи воқеаҳо навиштанро меписандид. Сипас, тавассути як муҳаррири шиносаш ба як рӯзномаи хурд, ки масоили диниро инъикос мекард, ба кор даромад. Хабару гузоришҳое, ки дар ин нашрия омода менамуд, ба қалами хуб ва сухани таъсирбахш доштани вай далолат мекарданд. Соли 1890 Айда Тарбелл ҷиҳати анҷом додани як пажуҳиш ба шаҳри Париж рафт. Ин пажуҳиш дар бораи Мадам Роланд ном бонуе буд, ки дар инқилоби Фаронса нақши бузург доштааст. Дар пойтахти Фаронса бо ношири амрикоӣ Samuel McClure шинос шуда, барои кор дар маҷаллаи ҳармоҳаи McClure’s Magazine даъват мешавад. Воқеан, агарчи умри дарозе надида бошад ҳам, McClure’s аз маҷаллаҳое маҳсуб мешуд, ки дар ИМА хабарҳои ҷанҷолиро ифшо мекард. Ба замми ин осори адибони бузургро дар саҳифаҳояш ба нашр мерасонд, ки муаллифи ҳикояҳо дар бораи Шерлок Холмс – Артур Конан Дойл, Ҷек Лондон, Марк Твейн барин нависандаҳои машҳур миёни онҳо буданд. ТАҲҚИҚОТЕ, КИ ТИРАЖИ МАҶАЛЛАРО АФЗУД Айда Тарбелл пас аз чанде ба

ИМА баргашта дар дафтари Вашингтонии маҷалла фаъолияташро идома дод. Дар ин ҷо ба фелетонҳои дар бораи Наполеон Бонапарте ва Абраҳам Линколн навиштаи ӯ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Тарбелл зодгоҳ ва маҳаллаҳоеро, ки Линколн ба воя расидааст, як ба як гашта, бо инсонҳое, ки Линколнро мешинохтанду ҳоло ҳам дар қайди ҳаёт буданд, суҳбатҳо гузаронид. Суҳбатҳои анҷомдодаи ӯ адади нашри маҷалларо хеле баланд бардошт. Ин нигоштаҳо баъдтар дар шакли китоб чоп шуданд ва нишон доданд, ки Тарбелл дар соҳаи таърих низ як муҳаққиқ варзида аст. Вақте соли 1898 ба шуъбаи дар Ню-Йоркбудаи маҷалла гузашт, дид, ки яке аз номҳои вирди забони мардум Ҷон Д. Рокфеллер аст ва хотироти гузаштаи ҳаёташро ба ёд овард. Дар муддати кӯтоҳ ба омӯзиш дар бораи Рокфеллер шуруъ намуд. Дар натиҷаи маълумоти бадастоварда қарор дод, ки ба яке аз мудирони ширкати “Стандарт Оил” Ҳенри Ҳ. Роҷерс мулоқот анҷом диҳад. Роҷерс низ ба монанди падари ӯ як тоҷири майда буда, баъд аз ширкаташро ба Рокфеллер фурӯхтан дар “Стандарт Оил” ба кор медарояд. Ин мулоқотро барои Айда Тарбелл нависанда Марк Твейн муҳайё сохт. Роҷерс, ки бо навиштаҳои Тарбелл шинос буд, интизор буд, ки журналист дар бораи муваффақиятҳояш силсиламақолаҳо менависад. Бинобар ин як суҳбати ошкор намуд. ТАҲҚИҚЕ, КИ ДУ СОЛ ДАВОМ КАРД Рӯзноманигории ҷанҷол-барангез барои матбуоти ИМА як чизи муқаррарӣ маҳсуб шавад ҳам, лек Айда Тарбелл мехост, ки таҳқиқоти ӯ аз як ҳангома ё ҷанҷоли муқаррарӣ фарқ дошта бошад. Маълумоти ба дастовардааш, мусоҳибаву суҳбатҳои анҷомдодааш дар бораи яке аз ширкатҳои калони давр – “Стандарт Оил” баёнгари он буд, ки Тарбеллро таҳқиқи бузургу доманадоре дар пеш аст. Аз ҷониби дигар нигоштаҳои ӯ дар бораи ширкати “Стандарт Оил” ҳамзамон бар дӯши журналист вазифаи асосгузори журналистикаи таҳқиқотӣ шуданро низ вогузошта буд. Ва ин барои матбуоти Амрико чизи

Дидор баъд аз 10 соли таҳсил бохабар ва ба хонаи ҳамдигар меҳмон мешудаем. Ва ҳамин минвол панҷ соли донишҷӯӣ сипарӣ гардид. Инак аз хатми донишгоҳ даҳ сол сипарӣ шуд. Ҳамсабақҳо якдигарро бисёр пазмон мешудему вале барои вохӯрӣ ҳеҷ фурсат намешуд. Дафъае як нафар дар хориҷ буду дафъаи дигар ҳамкурси дигар пайи супориши муҳими давлатие наметавонист барои ҷамъомад тасмим бигирад. Аз зангҳои телефониву суҳбатҳои кутоҳи сарироҳӣ муайян мегардид, ки ҳама пазмони якдигар шудаем. Рӯзе занги телефони шуду садои шиносе худро Ятимов (ҳамкурсам) муаррифӣ карда, баъд аз ҳолпурсӣ хабари хуше бароям расонид. У гуфт, ки ҳамкурсон ҳама дар ватан

сарҷамъ шудаанду нияти вохӯрӣ доранд. Аз шунидани ин хабари хуш хело хурсанд шудаму ҳама корро ба яксӯ гузошта, аз фарти хурсандӣ дар пайи ҷустуҷӯи ҳакурсон гардидам. Ба ҳар нафар занг зада ин хабарро мерасондам ва дар якҷоягӣ макони вохӯриву вақти онро муайян намудем. Яъне худи фардои ҳамон рӯз ҷамъомадро дар назди донишгоҳ баргузор кардем. Аҳли ҳамкурсон дар макони зикршуда ҷамъомада, аз ҳолу аҳволи устодон хабар гирифта, барои заҳматҳояшон миннатдорӣ намудем. Дар чеҳраи ҳар нафар гуиё ханда гул мекард ва аз дидору вохӯрӣ ба тамом хурсанд буданд. Ба чеҳраи ҳамдигарӣ бо нигоҳҳои маънидоронаву мармуз менигари-

нав ҳисоб меёфт. Бо чопи қисмати аввали таҳқиқоташ Тарбелл дар соли 1902 таваҷҷуҳи зиёд ба даст овард. Таҳқиқи “Таърихи ширкати Стандарт Оил”, ки дар маҷмуъ аз 19 қисмат иборат буд, то соли 1904 нашр шуд. Вай “тиҷорати Макиавелистӣ” ном системаеро ифшо кард. Нишон дод, ки Рокфеллер, ки акнун ба тиҷорати нефт сарукор надошт, сарвати бузургашро бо роҳи қаллобию ифлос ба даст овардааст. Бино ба маълумоти китобҳое, ки рӯйдодҳои он шабу рӯзи Амрикоро нақл мекунанд, баъд аз нашри таҳқиқоти Тарбелл нигоҳи мардум ба Рокфеллер тамоман дигар шуд. Тарбелл дар охири таҳқиқоташ дар ду қисм тарҷумаи ҳоли Рокфеллерро низ ба қалам дода, ӯро “мумяи зинда” ном бурдааст. Ва таъкид кардааст, ки усули пешгирифтаи Рокфеллер зиндагии амрикоиро ба фақр, ифлосӣ ва дағалӣ гирифтор мекунад. ИНТИҚОМ ТАВАССУТИ ЭҶОД То чопи таҳқиқоти журналист Рокфеллер як тоҷири саховатпеша шинохта мешуд. Ба вилояти Ню-Йорк сармоягузорӣ мекард. Аз тиҷорати нефт канор рафта буд. Лекин пас аз дар борааш нашр шудани фелетонҳои пай дар ҳами Айда Тарбелл сахт асабӣ шуд. Ва дар муқобили моҷарои ба миёномада, тасмим гирифт, ки хомӯш истад. Ба атрофиёнаш низ гуфт, дар ин хусус чизе ба забон наоранд. Аммо дар суҳбатҳои махсус ҳатман ғазаб доштанашро нисбат ба Айда Тарбелл баён мекард. Силсиланигоштаҳои “Таърихи ширкати Стандарт Оил” соли 1904 ба поён расид. Соли 1911 дар Суди олии Амрико парвандааш баррасӣ шуда, дар натиҷа “Стандарт Оил”, ки аз аввалин ширкатҳои байналмилалии сӯзишвории ИМА маҳсуб мешуд, ба қисматҳои алоҳида ҷудо шуд. Танҳо ду қисмати он ширкати бузург ҳоло ширкатҳои Exxon ve Chevron аз бонуфузтарин ширкатҳои Амрикои имрӯза мебошанд. Аз ҳамон замон сар карда монополия яке аз мавзӯҳои баҳсбарангези тиҷорат дар Амрико мебошад. Айда Тарбелл ҳарчанд медонист, ки ба монанди як адиб қалами равон надорад, лекин барои вай нигоштаи хуб ҳамоне ба ҳисоб мерафт, ки ягон таззод надошта, танҳо ҳақиқатро баёнгар бошад. Ин зани ниҳоят борикбин ва заковатманд интиқоми падарашро бо ҳамин “силоҳ” гирифт. Бо нигоштаҳое, ки ба ҳақиқат такя мекунанд. Таҳияи М. УСМОН, “ҶТ”

стему ёди солҳои гузашта мекардем. Нафаре пас аз гузашти солҳо дӯсти ба ҷон баробар, нафаре ёри қадрдон ва нафари дигар ишқи аз даст рафтаашро медид. Яке ҷуссааш бузург гаштаву дигарӣ аз гардишҳои рӯзгор бараъкс харобу фартут менамуд. Як фарқияти куллие дар рӯйхати рақамҳои телефонҳои ҳар як дида мешуд. Дар онҳо номҳое ба амсоли писарҷон, азизи дил, духтарчаам ва бонуи хонадон илова шуда буданд, ки аз хушбахтии оилавӣ доштани ҳар як хабар медод. Хуллас дар симову сират ва зиндигии тамоми эшон дигаргунии чашмрасе дида мешуд. Зиндаву ҷовид бошед ҳамкурсони ба ҷон баробарам. Дидори шумо – азизонро ҳамеша пазмон хоҳам буд. Воҳидҷон РАҲИМОВ, сармуҳосиби КТН “Шарқи озод”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №11 (9541), 15.03.2018

Ҷаҳони мутамаддин барои расидан ба саодати комил аз мо идроку афкор, андешаву маҳорат, заҳмату зеҳниятро тақозо менамояд ва ҳамагуна саодати инсонӣ дар ин шарту шурут нуҳуфтааст. Ҷомеа новобаста аз шакли идорияшон ба шахсиятҳое, ки дорои хусусиятҳои таслимнашавандагӣ, фошгӯӣ, ҷасорати эҷодию зеҳнӣ дошта бошанд, ниёз дорад. Ҳарчанд ин ашхос дар бештари маврид ба сохти ҳокимият созгор буда наметавонанд ва зери фишору табъиз қарор мегиранд. Ё ҳадди ақал монеаву маҳдудиятҳо дар ибрози афкору андешаи онҳо ва чакидаҳои хомаву нигоштаҳои онҳо эҷод мекунанд. Яке аз ин ашхоси пурҳунар ва камназири миллати тоҷик Сайф Раҳмизоди Афардӣ буд. Сайф Раҳмизоди Афардӣ, шахсияте, ки дар замони карахтиҳои идеологӣ фикри бикр, андешаи ҷадид, афкори рангин, инқилоби фикрию ботинӣ дар зеҳну калому андешаш ҷуш мезад. Ӯ мисли нобиғаҳои Аврупо литсею академияҳои хосаи илмию фалсиро хатм накарда, аз рӯзгори мардум набуридаву дар ҷаҳони дигар зиндагӣ ихтиёр накардааст. Ӯ як баччаи рустоии мутаваллиди деҳаи Афарди ноҳияи Балҷувон (20.11.1953) ва таълимгирифтаи макотиби ҳамагонии ноҳияи Фархори Тоҷикистон мебошад. Зиндагиаш бо калому ҳунар пайваста буд ва асоси ҳунару эҷодиёти ӯро ҳам зиндагии халқ ташкил медод. Ӯ нобиғаи мардумии кишвари худ буд. Соли 1975 Университети давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1981 кор мекунад. Аз соли 1981 то соли 1982 дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба ҳайси тарҷумон фаъолият

E - MAIL: javonontj@mail.ru

13

“Ман”-и Сайф “мо”-и миллат буд Аммо чаро ТЭТ ҲНИТ тафаккури ҷаҳонии ӯро дида натавонист?

намудааст. Баъд аз бозгашт ба Ватан ба ҳайси хабарнигор ва баъдан ба сифати мудири Шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” то соли 1987 фаъолият намудааст. Таҷрибаи васеъ ва ҷаҳонбинии баланди Сайф боис мешавад, ки ӯро бори дигар ба Афғонистон даъват мекунанд ва то соли 1988 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон ифои вазифа мекунад. Ӯ дар ин муддати тулонии омӯзиш ва фаъолият навтарин ва мудернтарин услуби кори хабарнигорӣ, таҳиягарӣ, коргардонӣ, сенариянависӣ ва эҷоди осори бадеиро аз худ намуда, хизмат дар Афғонистон ин малакаву омодагии ӯро боз ҳам такмил намуд. Ӯ дар Афғонистон усулҳои пешниҳоди маълумот, ҷудо намудани ахбори саҳеҳро аз носаҳеҳ, бархӯрд бо набардҳои иттилоотӣ, пешгирӣ аз пахши дезинформатсия ва усулҳои ҷадиди коргардониро таҷриба намуд. Ӯ ба маънои томаш мутахассиси соҳаи афкори умум ва санъату публитсистика буд. Баъд аз бозгашт ба кишвар то соли 1995 дар зинаҳои гуногуни идораи “Тоҷиккино” фаъолият намуда, аз соли 1995 то соли 1997 раиси киновидеокомпанияи миллии “Тоҷиккино” буд. Аз соли 1997 то охири умр дар масъулияти раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд. Дар ин муддат бузургтарин ва зеботарин лавҳаву намоишҳоро аз зиндагии мардуми рустои кишвар ба навор бардошт. Асоси намоишоти ӯро пайванди зиндагии мардуми тоҷик бо табиати кишвари худаш буд. Ӯ бо фалсафаи ботинӣ, бо диди эҷодӣ ва навгониҳои зеҳнии худ нишон дод, ки мардуми рустои Тоҷикистон табиатро чун фарзанд дӯст медоранд ва атфоли худро ба оғӯши табиат месупоранд. Ин фалсафа дар лавҳаи Чоре ва Пете бисёр гуворо нишон дода шудааст. Зеро ӯ дар ин намоишҳо нишон медиҳад, ки чӣ гуна аз сафедори баланд гаҳвора метарошанд ва тифли навзодро ба оғӯши гаҳвора мегузоранд. Сайф Раҳимзод дар ҳама давру замон каломи дили худро буғӣ накард. Ноадолатиҳои дидаашро ҳаргиз пинҳон надошт. Мушкили миллаташ ва кишварашро чун мушкили фарзандони худ қабул ва ҳазм мекард. Нагузошт, ки сарнавишти миллаташ пушти парда бимонад ва афкору андешаву ҳайсияташ гулӯгираш кунанд. Ӯ дар назди виҷдону ғуруру нанги худ пок шуд. Зеро дар замони шиддатнокии режими комунистӣ, дар эҷодиёти хеш аз ҳаққи мардум дифоъ кард. Фиғон кашид, даст афшонд, кулаҳ фаво дод, дод гуфт, ки “боздоред”, “ИС-

ТЕД!!! Тайёраҳоятон ба ҷойи пахтазоратон, ки манбаи сарвати шумост, болои фарзандони мардуми заҳматкашу мазлум доруҳои кимиёӣ мепошад”. “Истед. Баччаҳои мардумро чаро барои манофеи сиёсии худ ба майдони куштори инсонҳо дар Афғонистон мепартоед?” Ӯ хомӯш набуд. Садо мекашид. Дам фурӯ намебаст. Ӯ фарзанди меҳани худ буд. Бо расидани пайки Истиқлолият, худро ба сафи созандагони Ватан зад. Истиқлолияти кишварашро бо баҳои ҷонаш пазируфт. Зидди ҷангу хушунату хунрезӣ буд. Ҳамеша аз иттиҳоду ҳамдилии миллат мегуфт. То замони устод Сайф, телевизиони тоҷик на фалсафаи созандагӣ, балки майдони намоиши “чеҳра”-ҳо буд. Ҳар силоҳдору маснаднишин ҳам имкони намоиши худро дар телевизиони давлатӣ дошт. Ҳатто аз телевизиони давлатӣ, таваллуди тифле аз хонадони кадом як силоҳдор намоиш мешуд. Ё афкору таблиғоти бепардаи кишварҳои дигар аз телевизиони кишвари мо дар намоиш буд. Вале Сайф, сайфона ин афкору аъмолро бурид. Ин мафҳумро шикаст. Ин андешаро барбод дод, ки “телевизион аз зур аст”. Ӯ телевизиони тоҷикро моли миллат кард. Ӯ телевизионро оинаи миллат кард ва афкори миллии тоҷикиро ба ҷойи сухану калому лаҳҷаҳои бегона

ба мардуми кишвар таблиғ намуд. Ӯ намегузошт, ки телевизиони тоҷик қуттии таблиғоти охундӣ ва идиологияи террористӣ бошад. Ӯ мехост, ки телевизиони тоҷик, барои миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон хизмат кунад. Аммо ин аъмолу афкори Сайф барои иддае аз фирефташудаву фурӯхташудаҳои кишвар созгору писандида набуд. Ӯро ба дом афтонда ҳам нашуд. На бо афкор, на атвор ва на бо сарвату савлат. Сайф мани худро дошт. Мани ӯ, мои миллат буд. Вале душманони миллат, хоинони миллат ва ғосибони миллат, чун ӯро рӯҳам мутеъ ва бартараф карда натавонистанд, шаби 20 ноябари соли 2000 дар даромадгоҳи манзили истиқоматияш ӯро ҳадафи тири разилонаи хеш қарор доданд. Марги Сайф барои солҳои тулонӣ чун муаммо боқӣ монд. Вале дар соли 2017 натиҷаи таҳқиқоту таҳлилҳо ва корҳои аперативию ҷустуҷӯӣ нишон дод, ки Сайф Раҳимзоди Афардӣ ҳадафи тири идеологӣ ва геополитикӣ шудаву аз ҷониби ТЭТ ҲНИТ бо супориши махсус кушта шудааст. Суоли аслӣ ин аст, ки чаро ТЭТ ҲНИТ Сайф Раҳимзодро, ки як чеҳраи миллӣ – дунявӣ ва тафаккури ҷаҳонӣ дошт, дида натавонист? Сайф силоҳ надошт, сарват надошт, бустонсарову корхонаҳои азим надошт. Сайф Раҳимзоди Афардӣ чӣ дошт, ки мояи нигаронии наҳзатиён шуду онҳоро ором намонд? Зиёд андеша кардаву ба чунин хулоса омадам, ки Сайф андеша дошт. Андешае, ки он дар мағзи 99 фисади аҳолӣ буда наметавонад. Маълум мешавад, ки наҳзати қотилон дарк намуданд, ки Сайф аз он нафароне буд, ки ӯ метавонист бо ин иддаи фурӯхташуда муборизаи идеологӣ барад ва онҳоро дар набардҳои зеҳнӣ шикаст бидиҳад. ТЭТ ҲНИТ Сайфро барои кори худашон ва барои аҳдофи худашон монеа медиданд. Девора медиданд. Деворае, ки бо зарбаву фишор фурӯ намеравад. Пас Сайфро қотилон аз нотавонии худ ва аз нодонии худ ба қатл расониданд. Акнун суоли дигарро матраҳ мекунем, ки то имрӯз аз Сайф дунёи афкори рангину андешаҳои ҷолиб ба мерос мондаву моли миллат маҳсуб мешаванд, вале аз наҳзатиёни хоин чӣ ба мерос мондааст, ҷуз қатлу куштору ғорату даҳшату нафрат?! Искандари АЙЮБ


14

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №11 (9541), 15.03.2018

КИТОБХОНАИ “ҶТ” Абдурауф МУРОДӢ

Ҷӯрабек МӮМИН

САБЗМАРЗИ ДАФТАРИ МАН

ЧОРБОҒ

Нуруллоҳи ОРИФ

АЛО МОДАР!

Равам, аз кӯҳсорон гул бичинам, Ба рамзи аҳду паймон гул бичинам. Бувад чун модари ҷон Тоҷикистон, Барои модари ҷон гул бичинам!

Бародар, каф бизан, Наврӯз омад! Дар оғӯши Ватан Наврӯз омад! Тамоми даҳрро гашта фарогир Нидои анҷуман: - Наврӯз омад!

Он лоларухе, ки ҳар саҳар мебинӣ, Дар лаъли лабони ӯ шакар мебинӣ, Наврӯз бувад, ки рӯйи хандон дорад, Дар синаи ӯ шӯру шарар мебинӣ.

Маро модар, ба фармони Илоҳӣ Аз он шодам, ки шоир офаридӣ. Барои шеърро парвоз додан Каме ҳам ҳаст, қодир офаридӣ.

Баҳороғӯш гашта меҳани ман, Фитода инқилобе бар тани ман. Дигар доротар аз ман нест фарде; Бувад ҳар пуштаи гул махзани ман!

Баҳор омад, баҳори тозаву тар, Замин сарсабз гардида саросар. Баҳорон нусхае гар аз биҳишт аст, Бувад ин нусха бо аслаш баробар.

Себаргаю сабза дар лаби ҷӯи баҳор, Алвонҷ зананд аз фараҳи рӯи баҳор. Бо рағбату шавқ рақсу бозӣ доранд Чун дилбари нозанини бешӯи баҳор.

Ба дастам дафтару ҳам хома дода, Бирав гуфтӣ ба мактаб, то бихонӣ. Илоҷе соз, эй ҷон, эй ҷигарбанд, Канор аз ошноҳоят намонӣ.

Тамоми мардумонат комрон бод! Бароят меҳри дилҳо армуғон бод! Аё, эй кишвари фархундабахтам, Баҳорат ҷовидонӣ бехазон бод!

Баҳоро, ҷуръатам аз ту фузун гашт, Дилам бар кӯи ёрам раҳнамун гашт. Сарам бишкаст фахри қуллаҳоро, Ту гӯӣ, ғолиби сад озмун гашт.

Дебои ҳарири сабза аз Наврӯз аст, Гулбуттаи қабза-қабза аз Наврӯз аст. Лабҳои шукуфтаи гуле мебинӣ, – Ҳалвои тари бамазза аз Наврӯз аст.

Гаҳи хондан, навиштан дасти манро Ба дастонат гирифта, роҳ бурдӣ. Пайи бар орзуҳоям расидан Маро дунболи шеду моҳ бурдӣ.

Баҳор аз ҳусни гул пайдост, медон, Ҷаҳони хосае бар мост, медон. Бикун некиву мӯреро маёзор, Баҳор айёми некиҳост, медон.

Баҳоро, фасли илҳомовари ман, Ту ҳастӣ сабзмарзи дафтари ман. Фурӯзон аз ту бошад хонаи дил, Бимон чун муттакое дар бари ман.

Сарчашма маро ба ҷӯи худ мехонад, Гулбоғ маро ба сӯи худ мехонад. Маъшуқаи нозанини Наврӯзи Ватан Дудаста маро ба кӯи худ мехонад.

Ало модар, ало ғамхор модар, Расидам бар муродам бо дуоят. Ба сози дилнишин ҳар рӯз, ҳар рӯз Бимон, монам сарамро пеши поят.

Баҳори гул ба каф бояд намудан, Ғам аз дил бартараф бояд намудан. Ба даст овардани дасти нигоре, Чунин некуҳадаф бояд намудан.

Баҳор омад, бирав, дарвоза во кун, Нишоту комронӣ муддао кун. Зи хони пургиёҳи навбаҳорӣ Тамоми дардҳоятро даво кун.

Бар кӯҳ нигар, карашма дорад Наврӯз, Бар баҳр нигар, ҳамҳама дорад Наврӯз, Бар абр нигар, зи ханда гирён шудааст, Оҳангу навои чашма дорад Наврӯз.

(Бидуни вазн, ба хотири оҳанг)

Баҳорон олами некусиришт аст, Бидонам, нусха аз боғи биҳишт аст. Ҳама андар назар фархунда тобад, Ки ҳатто рӯи Аҳриман на зишт аст!

Дилам гулҷӯшию хушрӯзӣ ҷӯяд, Ба ёди фасли шодиҳо бимӯяд. Чӣ ҷои зар! Кунам ҷонро нисораш Ба он кас, ки «Баҳор омад!» бигӯяд.

Наврӯз, биё, биё, ки пазмони туем, Ту подшаҳиву мо гулафшони туем. Эй зиндаю ҷовидонии мулки Аҷам, Мо ҷони туем, умеду армони туем.

Ман калон гаштам, калон Бо аллаҳои модарам. Рӯзу шаб сар мениҳам, Сар пеши пои модарам.

Баҳор омад, ту худро ҳамчу шаҳ гир, Бихезу ҷониби гулзор раҳ гир. Хаёлат дур аз тарсу гунаҳ гир, Қадаҳ гиру қадаҳ гиру қадаҳ гир!

Баҳор омад, дилам аз ғам раҳо кард, Тамоми ҳастиямро пурсафо кард. Ба оғӯшам гирифт олиҳаи бахт, Хаёлам, модарам мушкилкушо кард.

МОДАРАМ

Модари хуршедрӯям, Хандаҳоят субҳи ноб аст. Баҳри ман дилсӯз модар, Хизматат бас беҳисоб аст.

ПАЙКИ БАҲОР Боз имрӯз баҳор омаду ман, Сари танҳоии худ дилгирам. Боз як рӯзи нави боронист, Ман ба сар чатри алам мегирам.

Рустами ял ҳам, ки бошӣ, Қадри модарро бидон. Ҳаст модар беҳтар аз ҷон, Эй ҷавони паҳлавон.

Боз Наврӯзи наву пайки наве, Дари ҳар кулба бикубад ба ҳавас. Ёри дилдода ба дилдор расад, Булбуле хеш раҳонад зи қафас. Боз ҳам пираҳани сурхи чакан, Ҳусни гулдухтаракон афзояд. Боз ҳам лоларухе бар-бари ёр, Дастҳо ҳалқа ба гардан ояд.

БАРОИ МОДАР Рои равшанат агар беҳ, гӯш деҳ ба рои модар, Бишунав садои ҷонро бурда сар фарои модар. Гаҳи пурсу ҷӯйӣ бешаш кам магир нуктаашро, Чӣ базеб посух ояд ба чуну чарои модар. Паи ҳифзи баччаҳояш ҳама шӯриши ҷаҳонӣ, Ними арзане наарзад назди моҷарои модар. Фалакӣ ба авҷи қудрат ҳеч, ки зи бунгаки ӯст, Паст гӯи коинот аст аз дари сарои модар. Воқифи саромади мо, зи чаҳор самти дунё, Ба ғами замон гарояд дили ғамгарои модар. Интизорияш ба фарзанд аз дарони зор мепурс, Ба кушоду баст донанд аз даробарои модар. Чу қабули васф омад чор пиру чор такбир, Дил аз ин чаҳоргона шуд ғазалсарои модар. Ба ҳақиқат одамӣ гар баҳри ҳар киву чӣ мирад, Даст ар расад бимирам фақат аз барои модар... Файзимади НАЗАР, Омӯзгори МТМУ №56-и ш.Ваҳдат

МОДАРҶОНАМ Модарҷонам, ҷони ман, Нури дидагони ман. Давлату дунёи ман, Сарвату тиллои ман. Бар тани ман ҷон туӣ, Қуввату дармон туӣ. Сапедмӯ, модарам, Афсонагӯ, модарам. Кони панду насиҳат, Шеъру суруду ҳикмат. Умрат дароз бодо, Нигоҳат дорад Худо. Муҳаммадюсуфи ДАВЛАТ

Боз ҳам байти муҳаббат ба лабаш, Дилбаре хандаи мастона кунад. Гузарад аз ғаму андӯҳи ҷаҳон, Шӯки Ҳақ, дар бари ҷонона кунад. Боз бар тарфи чаман пар бизанад, Андалебе, ки раҳо шуд зи қафас. Боз ман монаму ин танҳоӣ, Тарсам аз ҳарфи бади нокасу кас. Хуршед ХОВАРӢ

БАҲОР Омад фасли баҳорон, Бо қоқую бо торон. Мужда овард аз Наврӯз, Наврӯзи ҷаҳонафрӯз. Тундар заду борон шуд, Ҳар дашт гулистон шуд. Абдураҳмон АВЕЗОВ хонандаи синфи 10, МТМУ рақами 47-и шаҳри Исфара, деҳаи Чоркӯҳ.

САРВАР Эй сарвари олимақом, Эй раҳбари бо нангу ном, Шодем мо, шод аз Шумо, Эй Пешво, эй раҳнамо. Сулҳу салоҳ овардаӣ, Бар кишвари зебои мо.

МОДАРАМ Эй чароғи хонадонам, модарам, Эй сафои қалбу ҷонам, модарам. Дастгири ман ту ҳастӣ аз нахуст, Эй умеду ормонам, модрам. Абдуллоева Шафоат хонандаи синфи 8-уми МТМУ № 11-и ш. Кўлоб


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №11 (9541), 15.03.2018 Ноҳияи Ишкошим бо мавқеи ҷуғрофӣ, манзараҳои зебою дилфиреб, обҳои маъдании шифобахш ва таърихи қадимааш аз давраҳои бостон маълуму машҳур гаштааст. Истилоҳи Ишкошим аз “Сакошим” буда, маънояш ватани Сакоиҳо мебошад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин диёр таърихи хеле қадима дорад. Ишкошим ё худ Сакошим қадимтарин маҳали истиқомати тоифаҳои мухталифи ориёист, ки мансуб ба гурӯҳи скифу сакоиҳо будаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” роҷеъ ба аввалин ёдгориҳои хаттии ниёгонамон дар катибаи Бесутун, ки дар аҳди Ҳахоманишиҳои форс бо амри Доро сабт шудаанд, дар бораи сакҳои хаумаварга – яъне сакҳои ситоишкунандаи хаома ёдовар шудааст.

Чанд ҷумла аз таърихи Ишкошим Сакошим дар асри 7 – 6 – и пеш аз мелод маркази маъмурии қабилаҳои гуногуни ориёӣ тоифаҳои ҳиндуэронӣ буд. Маҳз аз ҳамин маҳал ориёиҳо тавассути кӯҳҳои Ҳиндукуш ба Ҳиндустон ва аз сарҳади Афғонистон ба Эрон ва аз он ҷо ба баъзе қисматҳои Аврупо ҳиҷрат карда, дар ин минтақаҳо маскан гирифтаанд. Аз ин роҳи тиҷорат на танҳон тоҷирон, балки сайёҳону ҷаҳонгардон, донишмандону зоирон ва дигар намоядагони қишри ҷомеаи даврони бостон низ равон буданд ва дар баробари коло ва маҳсулоти мухталиф аз ин роҳ дастовардҳои фарҳангию тамаддуни халқҳо ба нуқтаҳои мухталиф интиқол меёфт. Мардумоне, ки дар канори ин шоҳрои бузург мезистанд, дар воқеъ мардуми башаргарою инсонпарвар буданд ва таҳамулпазирӣ ба ҳар тамаддун ва миллат аз қадим дар шараёни онҳо ҷорӣ буд. Онҳо дар воқеъ пайвандгари асолати фарҳангии мардуми гуногун буданд ва дар ташаккули тамаддуни умумибашарӣ нақши калон доранд. Дар чунин шароит бисёре аз қавму халқҳо ба таъсири забон, фарҳанг ва тамаддуни бегона дучор мешуданд, аммо қитъаи роҳи абрешим тавонистанд дар тули қарнҳо ҳувияти миллӣ ва ориёии худро маҳфуз доранд ва маҳз ҳамин омил боис гардид, ки ин мардум дар ташаккули миллати тоҷик ҷойгоҳи намоёне дошта бошанд. Шоҳрои овозадори кулли Осиё, яъне “Шоҳрои Абрешим” аз ҳамон замон аз ҳудуди ноҳияи Ишкошим мегузашт ва он қалъаҳои қадимие, ки имрӯз танҳо вайронаҳои онҳо дар ҳудуди ноҳия боқӣ мондаанд, дар он замон бехатарии шоҳрои абреши мо кафолат медоданд. Боиси ифтихор аст, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат яке аз ин қалъаҳо – қалъаи Ямчун, қалъаи Қаҳқаҳа дар баробари дигар осори таърихии дунё вориди феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО гардид. Қалъаи Қаҳқаҳа яке аз қадимтарин қалъаҳо буда, дар баландии соҳили рости дарёи Панҷ 1км дуртар аз тарафи шарқии деҳаи Намадгути поён, ки водии Вахон аз он ба тарафи саргаҳ ибтидо меёбад, байни ду шах бо номи Қаҳқаҳа қалъаи маъруф сохта шудааст. Он аз толори андозааш 8,5х5,9м ва як дар хонаи андозааш 5,8х3,8м иборат аст. Ғавсии девораш 1м буда аз хишти хом бунёд ёфтаст. Тиркашҳо аз сатҳи фарш дар баландии 0,25-0,35м воқеанд. Масофаи байни тиркашҳо низ мухталиф буда аз 1 то 2,7 м аст. Дар баробари қалъаҳо боз чашмаҳои бисёри шифобахш низ мавҷуд аст. Аз қабили чашмаи Ширгин, чашмаи Шоҳмубораки Марди Валӣ ва чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳро. Чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳро яке аз чашмаҳои зеботарин ва шифобахш мебошад, ки аз тамоми олам меҳмонону сайёҳон барои табобат ба ин ҷо меоянд. Иддае мегӯянд, ки дар ин ҷо аввал шахҳои зиёде будааст. Бибӣ Фотимаи Заҳро ангуштонашро ба ҳамон шах задаасту об баромадааст. Оби ин чашмаи машҳур ба ҳазорон дард даво мебахшад, ки ҳазорон занҳои безурёти ба муроду мақсад расидаи соҳиби фарзандшуда, аз ҷумлаи онанд. Умуман ноҳияи Ишкошим бо ҳама он осору ёдгориҳои таърихиаш худ як осорхонаи бузурги бостоншиносии кишвар аст. Дар замини ин диёри зебоманзар сарватҳои зиёди зеризаминӣ ҷойгир аст. Давлатнисо ОШУРОВА, коромӯзи “ҶТ”

САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН

15

Бузургии падару модар Ҳаёт бо ҳама пастиву баландияш хуш аст. Ҳар ҳамворию ноҳамвории онро метавон дер ё зуд паси сар намуд. Аммо гузашти ҳаёт собит намудааст, ки агар дар зиндагӣ падару модарро надошта бошем, ба мушкилиҳои зиёд мувоҷеҳ мегардему дар роҳи пурталотуми он дар мемонем. Падар ва модар барои хушбахтии фарзандони хеш тамоми ҳаёти худро мебахшанд ва чун Худо то абад бо мо - фарзандон содиқу мушфиқ мемонанд. Ҳамеша дар такопу ва сахтиҳои зиндагӣ баҳри мо – ҷигарбандонашон чун сипар дар муқобили ҳама офатҳо меистанд. Бо вуҷуди меҳнатҳои зиёд барои мо, асло оҳ намекашанд. Танҳо мекӯшанд, ки фарзандонашон хурсанд бошанд. Маҳз бо заҳматҳои падару модар фарзандон бо нерӯ ва тавоно шуда, ба воя мерасанд. Дар

душвориҳои ҳаёт бошад, панди волидон раҳнамову роҳбар шуда, роҳи дурусти зиндагиро нишон медиҳад. Ҷомеаи имрӯза бо ҳама пешравиаш боз ҳам моро маҷбур месозад, ки барои беҳтару хубтар кардани сатҳи зиндагии хеш, таъмини оила, бартараф кардани мушкилиҳои рӯзгор ҳарчи бештар заҳмат кашем. Ба ин хотир аксари падарони мо имрӯз дур аз зану фарзандони худ барои пайдо кардани луқмаи нон дар шаҳрҳои бегона азият мекашанд. Онҳо та-

лош мекунанд, то фарзандонашон гурӯснагиву бечорагиро ҳис накунанд. Дар сардиҳо ташнаю гурӯсна кор мекунанд, аммо мо аз ин ҳама бехабарем ва ҳеҷ гоҳ тасаввур намекунем, ки падаронамон дар ғарибиҳо чӣ азобу машаққат доранд. Аз бузургии эшон аст, ки ин ҳама ранҷу азобро бо як лабханди фарзандонашон таслим мекунанд. Умедҷони КАРИМХОН, донишҷӯи ДМТ

Мактаби зиндагӣ

Вақте пуфакҳои пиразанро бод бурд... Ҳавои абрноки он рӯз шабеҳи касе буд, ки аз фарти қаҳру ғазаб бо қавоқ аз касе қасд гирифтанист. Шамол бошад, гӯё баръакс мехост қавоқи гирёндаи осмонро рахна созад, ба сахтӣ мевазид. Сард набуд. Чун аллакай чанд рӯз буд, ки баҳор ҳукм меронд. Дар ҳамин вазъ қадамзанон паи коре равон будам. Шояд ҳолати ба вуҷуд омада сабаб шуда буд, ки бе ихтиёр ба ину он аҳамият дода мегузаштам. Чун рӯзи ид буд, шиносу ношинос якдигарро табрик мегуфтанд. Ҳамагӣ ба назар шоду масрур менамуд. Он рӯз фурӯшандагон дар лаби роҳ машғули савдо буданд. Ба боғи фарҳангӣ ва фароғатии "Дӯстии халқҳо" наздик шудам. Давутози кӯдакон, бозори гарми фурӯшандагон ҳар дам садоҳои гуногунро ба гӯш мерасонд. Дар ин қатор пиразане, ки бо дастони ларзон, бо ранҷу машақати зиёд пуфакҳоро дам кардаву мефурӯхт, аз назарам дур намонд. Ӯ дар танаш куртаю камзулчаи фарсуда, дар сар рӯймоли калони рангпарида машғули савдо буд. Асное, ки ман ба ӯ зеҳн монда будам, хост аз миёни пуфакҳо якеро гирифта ба писарчаи дар наздаш буда диҳад. Нохост шиддати шамол сабаб шуду ҳама пуфакҳо ба ҳар ҷониб ғелон-ғелон парешон шуданд. Пиразан ба зур аз ҷояш баланд шуда, ба дунболи пуфакҳои парешоншуда равон шуд. Заъфи пирӣ сабаб шуду дарҳол мондагӣ ба ӯ ғалаба кард. Кӯдакон бошанд, гӯё ҳаминро интизор буданд, ки тозон давида қисме аз пуфакҳоро кафонданду боқимондаро гирифта гурехтанд. Ман танҳо сетои онҳоро дошта ба назди пиразан омадам. Модар оҳи ҷигарсӯзе кашиду донаи ашки ба рӯяш шоридаро бо рӯймолаш пок кард. Аз дасташ доштаму ба ҷояш бурдам ва наздаш сари дузону нишастам: - Зиқ нашавед, холаҷон. Кӯдак – дия. Меҳнатро аз куҷо медонанд? - гӯён тасаллияш додам. Зани солхӯрда бо чашмони гирёну овози ларзон гуфт: - Нағз медонам, духтарам, нағз. Кӯдакон ҳеҷ гуноҳ надоранд. Гуноҳ он нафароне доранд, ки солҳо бо машаққат калон кардам, нон додаму пушонидам ва дар охир танҳоям гузоштанд. Ин сабаб шуду барои ризқу рӯзӣ ба чунин як кори вазнин даст занам... Марҷона ШАРИФОВА, коромӯзи “ҶТ”

Моҳи октябри соли гузашта аввалин бор бо маслиҳати бобоям ба хобгоҳи донишгоҳ омадам. Саҳни хобгоҳ тоза, аз ду тарафи даромадгоҳ гулҳои садбарг ва рӯ ба рӯи бино якчанд дарахти тут буд. Вақте вориди хобгоҳ шудам, бисёр як фазои хуб дошт. Чӣ тавр дар хобгоҳ зиндагӣ карданро намедонистам. Аз шунидаҳоям хобгоҳ барои духтарон ҷои хуб нест. Аз сабабе, ки ман ба ҷойи зист ниёз доштам, таваккал карда, хобгоҳро интихоб намудам. Дар назди дар аз дохил ду роҳаткурсӣ гузошта шуда буд. Ба яке аз онҳо ним соат зиёдтар нишастам. Духтарҳо медаромаданду мебаромаданду касе кӣ буданамро намепурсид. Ногаҳ зане омада кӣ буданамро пурсон шуд. Ба ӯ вазъиятамро фаҳмонидам ва ӯ маро ба утоқаш бурда ҳуҷҷатҳоямро гирифту дар бораи шарту шароити хобгоҳ ба ман маълумот дод. Баробари аз он ҷо баромаданам ба модарам занг зада, дар бораи хобгоҳ гуфтам. Ҳамин тавр дар хобгоҳ чанд моҳ зиндагӣ кардам. Бо нафарони ҳамроҳам буда унс гирифтам. Бо ҳам дарс мерафтем, баъди дарс ба хона омада ҳама ҷоро тоза мекардем, хӯрок пухта якҷоя мехӯрдем. Айнан ба мисли як оила мо – чор нафар мисли апаву хоҳар шудем. Рӯзе бобоям барои аз аҳволам хабар гирифтан ба хобгоҳ омад. Дар роҳаткурсиҳо назди дари даромад нишаста, дар бораи хонаамон нақлҳо кард. Бобоям аз ман хоҳиш кард, то ӯро утоқамонро нишон диҳем. Аз он ки ман хобгоҳро пайваста таъриф мекардам, фаҳмидан хост, ки оё дар ҳақиқат гапҳоям рост аст. Ман бошам аз холаи муҳофиз иҷозат гирифта бобоямро ба ҳуҷраамон бурдам. Бо ҳамроҳии духтарҳо ва бобоям якҷоя нишаста хӯрок хӯрдем. Бобоям ба мо насиҳат карда гуфтанд, ки: “Духтаронам, хобгоҳ мактаби зиндагист. Ин ҷо инсонҳо обутоб меёбанд. Барои пешбурди минбаъдаи ҳаёт омода мешаванд. Шумо, ки ҳоло ин ҷо зиндагӣ доред, вақтатонро беҳуда сарф накунед. Хонеду зиндагии ояндаатонро заминагузорӣ кунед”. Аз он рӯз ба баъд хобгоҳро мо чун мактбаи зиндагӣ медонему ҳар дақиқаи худро босамар мегузаронем. Назокат СОЛЕҲОВА, донишҷӯи ДМТ


16

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №11 (9541), 15.03.2018

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”

√ АНДАРЗ

Асрори марг дар ҳуҷраи 311 ТАҲИЯИ М. УСМОН, “ҶТ” Дар шаҳри Кэйптауни кишвари Африкаи Ҷанубӣ, дар яке аз беморхонаҳо одамон зуд-зуд ва ба таври асрорангез ба ҳалокат мерасиданд. Ҳамшираҳо чандин ҳафта буд, ки ҳар рӯзи ҷумъа аз ҳуҷраи рақами 311-и вазнинхона беморонро мурда меёфтанд. Сабаби ин маргҳои ногаҳониву ғароиб муддати зиёд маълум нагашт. Ниҳоят тамоми соҳаи тандурустӣ ба ин кор сафарбар карда шуд. Мутахассисон ҳавои ҳуҷраро аз ҷиҳати

бактериологӣ санҷиданд. Олимони варзидаи Африкаи Ҷанубӣ давоми як ҳафта бо пайвандони нафарони фавида мулоқотҳо гузаронданд. Ба масъала ҳатто пулис ҳамроҳ шуда, ҳар як хурдтарин ҷузъиётро тафтиш намуд. Вале ин ҳама санҷишу тафтишот бенатиҷа тамом шуд. Ҳалокати бесабаби одамон бошад, дар ҳуҷраи 311 ҳамчунон идома дошт. Ҳамин тавр, ба сифати тадбири охирин ҳуҷраи 311 мунтазам таҳти на-

зорат гирифта шуд ва ниҳоят сабаби ҳалокати беморон маълум гардид. Ва сабаб ҳам хандаовар буду ҳам фоҷиаангез: Фарроше, ки ҳар рӯзи ҷумъа соати 6 субҳ масъу-

ли тозагии ҳуҷраи 311 буд, муддати чанд дақиқа сими ҷиҳозеро, ки аз он ба беморон нафас дода мешуд, аз “розетка” канда, ба ҷои он сими дастгоҳи чангкашиашро сахт мекардааст.

√ ЭЪЛОН ХОЛМАҲМАДИ ХАСТА

√ САЙҚАЛИ

АНДЕША

Хирад модари ҳақиқии хушбахтиҳост. ******** Ақл, бешак, шарти аввалини саодатмандист. ******** Соддагию ҳақбинӣ беҳтар аст, аз доноию дуруғгӯӣ. ******** Худованд агар бар касе ғазаб намояд, пеш аз ҳама ақлашро мегирад. ******** Корҳои бузург фавран сурат намегиранд. ******** Нисбат ба касе, ки фавқулодда иштибоҳ кардааст, сахт хашм намегиранд. ******** Хушбахтӣ ҳамқадами далерон аст. ******** Мудҳишу хатарнок аст он ақле, ки дар хидмати инсоният қарор надошта бошад. ******** Бахт ба рӯи танбал намехандад. Софокл Агар ту тарбиянадидаию хомӯшӣ, пас, ботарбияӣ. Агар тарбиядидаию хомӯшӣ, бисёр хуб тарбиятдидаӣ. ******** Агар бесаводию хомӯшӣ, боақлӣ ва агар босаводию хомӯшӣ, аблаҳӣ. ******** Агар аз дигарон шарм надорӣ, ақаллан аз худат шарм дор. ******** Такаббур нафратовар аст, ғайр аз худи кас ба дигарон. ******** Шарафро на бо шӯҳрату либосҳои зебову аспҳои хуб ва зару зевар дарёб, балки бо мардонагию хирадмандӣ соҳиб шав. Тофераст Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

Шартномаи хариду фурӯши гумшуда, бо суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Навобод 50, ки аз тарафи идораи нотариалии 3-юми шаҳри Душанбе, соли 1968 таҳти рақами 2445 ба қайд гирифта шуда ва ба Акрам Файзуллоев тааллуқ дорад, эътибор надорад. Аттестати гумшуда дар бораи хатми синфи 9, таҳти рақами 0399028, ки онро муассисаи таҳсилоти миёнаи нопурраи рақами 76-и шаҳри Ҳисор соли 2009 ба Ҷумъаев Шукрулло Абдулвоҳидович додааст, эътибор надорад. Шиносномаи гумшуда бо силсилаи А ва рақами 8115123, ки онро ШВКД-и ноҳияи Ҷ. Румӣ соли 2014 ба Исмоил Қурбанов додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии гумшуда, ки онро Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемуров соли 2013 ба донишҷӯи курси чоруми факултаи агрономӣ Фарҳод Шарипов додааст, эътибор надорад. Ширкати истеҳсоли дорувории гурҷистонӣ ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ “Аверси - расионал” барои дарёфти ҷойи холии кор, роҳбари гурӯҳи намояндагии тиббӣ дар Тоҷикистон

ЭЪЛОН МЕКУНАД Талабот: - Маълумоти олии тибӣ ё дорусозӣ. Доштани маълумоти иловагии NBA ё бозор (боз беҳтар); - Таҷрибаи кории намояндагии тибӣ (боз беҳтар); - Таҷрибаи кории роҳбарӣ ба кормандон (боз беҳтар); - Дарки хуб ва таҷрибаи амалисозии зинаҳои камолоти тибӣ; - Истеъдоди фурӯхта тавонистан, ташкил ва гузарондани чорабиниҳо, бо ашхоси баландмақоми ширкат муносибат карда тавонистан ва муносибатҳои дарозмуддати ҳамкориро идома бахшидан; - Таҷрибаи тайёр намудани таклифҳои тиҷоратӣ ва муаррифиҳо; - Фаъолиятнокӣ, мавқеи худро асоснок намудан ва тавонистани барқароркунии робита, бодиққатӣ, фазилатнокӣ, нутқи бурро, саъю кӯшиш, хоҳиши дар тиҷорат пешрав шудан; - Маҳорати баланди ташкилотчигӣ, пешгузории мақсад ва ба натиҷаҳо ноил шудан;

Маҳорати гузарондани гуфтушунидҳо, нуқтаи назари худро асоснок намудан ва муваффақ шудан ба мақсади гузошташу дар гуфтушунидҳо; - Мутобиқшавии тез ба шароити нав, азхудкунии иттилооти нав; - Бофаросатӣ, бо рақамҳо кор карда тавонистан; - Мавқеи фаъоли ҳаётӣ, бодиқққатӣ, бо одамон дар тамос будан; - Намуди зоҳирии диққатрабо (расм ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ҳатмист). Вазифаҳо: - Таъмини иҷрои нақшаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, ки аз ҷониби роҳбарияти ширкат пешниҳод мегардад; - Идоракунӣ, рушди касбӣ ва назорати фаъолияти кормандони тиббии ширкат ва назорати воридшавии дорувориҳо ба муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо; - Ташриф ба назди табибон, гузарондани суҳбатҳо доир ба дорувориҳои ширкат ва бартарияти онҳо; - Ташриф ба дорухонаҳо доир ба пешрафти маҳсулоти ширкат;

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

- Гузарондани семинарҳо ва муаррифиҳо барои табибон ва дорусозон оиди маҳсулоти ширкат; - Тартиб додани ҳисобот доир ба пешрафти маҳсулот аз рӯи тартиби муайнгардида. Ширкат пешинҳод мекунад: - фаъолият дар ширкати байналмилалии муътадил; - имконоти ноил шудан ба мартабаҳои баланди касбӣ; - омӯзиш доир ба техникаи самараноки фурӯш; - музди меҳнат ҳангоми суҳбати ҷудогона муҳокима мегардад (қисмати ба қайдгирифташуда + имтиёзҳо); - Пардохти хароҷоти роҳкиро. Ҳуҷҷатҳо то 30 март қабул карда мешаванд. Ҳуҷҷатҳоро бо суроғаи электронии зер фиристед: marika. lomtadze@aversi.ge ё ин ки kakha. genelidze@aversi.ge Тамос бо ашхоси зер: Мариам Ломтадзе ё Каха Генелидзе. Телефонҳо: +992 777 161 799, +995 555 517 362, +995 577 760 092

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4187 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.