Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо
№11 (9385), 11 марти соли 2015
e-mail: javonontj@mail.ru
Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТУРИЗМ
ҲАФТ РӮЗ 05.03.2015 Дар шаҳри Хуҷанд намоишфурӯши маҳсулоти ширкатҳои Ҳиндустон оғоз гардид. Дар он 20 ширкати Ҳиндустон маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. 06.03.2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳ барои донишҷӯёни ДМТ оғоз бахшид. 07.03.2015 Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи модар занон-кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои навоҳӣ ва фаъолзанони пойтахтро бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонд. Бо ин мақсад аз буҷаи шаҳр 1,7 млн. сомонӣ ҷудо шуд. 08.03.2015 Дар ҷумҳурӣ Рӯзи модар таҷлил шуд. 09.03.2015 Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, зимни як ҷаласа аз Хайрулло Саидзода, прокурори нави пойтахт хостааст, фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Бозори деҳқон” ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Шанхай-бозор”-ро ба таври касбӣ таҳқиқ кунад.
Тоҷикистон: дӯстиро эҳсос намо
Гузориш аз Намоишгоҳи байналмилалии туристии “ITB-Berlin-2015”
10.03.2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави 5 давлат эътимоднома қабул намуд. Сафирони фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир Ҳю Стэнли Филпотт, Ҷумҳурии Исломии Покистон Тариқ Иқбол Сумро, Салтанати Уммон Саид ибн Аҳмад ибн Холид АлБарованӣ, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Фан Ван Фао ва Эфиопия Айалев Гобезие Воркенеҳ эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои худ тақдим намуданд. 11.03.2015 Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ 103-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гашт.
11 МАРТ - РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №11 (9385), 11 МАРТИ СОЛИ 2015
1
ҶАШН
6 март бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” ба истиқболи Рӯзи модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Сарвари давлат Рӯзи модарро ба кулли мардуми Тоҷикистон, бахусус, модарону хоҳарон самимона шодбош гуфта, таъкид дошт: “Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд аст”. Изҳори бовар карда шуд, ки “дар ин соли хотирмон ҳар фарди бонангу номуси Ватан ибтикороти шоистаро амалӣ карда, дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ саҳми муносиб мегузорад ва ба ин восита мақоми зан-модарро, ки нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишоти зиндагӣ мебошад, боз ҳам баланд мебардорад”. Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла, занони шарофатманд, ҷавонони ватандӯст, ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин, ҳизбҳои сиёсии кишвар “барои ширкати фаъолонаашон дар интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ки чанд рӯз пештар баргузор шуда, нишонаи равшани болоравии фарҳанги сиёсии ҷомеа, масъулияти ватандорӣ ва рамзи возеҳи суннати таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвари маҳбубамон ба хотири сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва осоиши ҳар як оила гардид”, сидқан изҳори миннатдорӣ намуд. Президенти кишвар бо ишора ба болоравии нақшу мақом ва фаъолнокии занон дар ҷомеа, ки натиҷаи сиёсати боровари гендерии Ҳукумати ҷумҳурӣ аст, тазаккур дод: “Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад”. Хотиррасон карда шуд, дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон беш аз 120 ҳазор нафар духтар, аз ҷумла, 6 ҳазорашон тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намудаанд, ки ҳоло дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ бомуваффақият кору фаъолият доранд. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ беш аз 83 ҳазор духтар, аз ҷумла, дар хориҷи кишвар қариб сеюним ҳазор нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Зимнан зикр гардид, ки солҳои
2
аввали истиқлолият дар кишвар ҳамагӣ 64 зани соҳибкор мавҷуд буд, ҳоло танҳо шумораи корхонаҳои хурду миёна, ки роҳбарашон занону духтарон мебошанд, ба 2220 расидааст ва беш аз 126 ҳазор намояндаи ҷинси латиф ба соҳибкории инфиродӣ машғуланд. Танҳо соли 2014 аз тарафи бонкҳои кишвар ва дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ ба занони соҳибкор қариб дуюним миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Дар мақомоти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявии идоракунии давлатӣ ҳоло беш аз 8 ҳазор зану духтар фаъолият мекунанд, ки 500 нафарашон вазифаҳои роҳбариро бар уҳда доранд. Аз шаш ҳазор духтари тибқи квотаи президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таълимгирифта, 125 нафар дар мансабҳои роҳбарӣ кор мекунанд.
Таъкид гардид, ки нақши тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 дар ин раванд басо муҳим аст. Бо вуҷуди ин, Сарвари давлат ин нишондодҳоро ҳам нокифоя хонда, таъкид дошт, ки барои боз ҳам афзун намудани шумораи занону духтарони соҳибмаърифату донишманд ва дар ҷомеа фаъол тадбирҳои иловагӣ бояд амалӣ шаванд. Ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки барномаи нави тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳоро барои солҳои 2016 - 2020 таҳия ва пешниҳод намояд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки барои муайян намудани шумора ва ҳаҷми грантҳои нави Президенти кишвар барои пешбурди фаъоли-
хусусан, либосҳои сиёҳ рӯй овардани иддае аз занону духтарони Тоҷикистон аст. Чунонки таъкид гардид, “ҳатто либоси мотамии за-
яти соҳибкории занону духтарон барои солҳои 2016-2020 то охири соли равон хулосаҳо пешниҳод карда шаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз сабабҳои Соли оила эълон намудани соли 2015, аз ҷумла, таъкид дошт: “Беназоратӣ, дуруст тарбия наёфтан, аз мактаб дур мондан ва аз муҳити тарбияи хонавода ва ҷамъият берун шудан боис гардидааст, ки иддае аз наврасону ҷавонон ва занону духтарон ба амалҳои номатлуб даст зада, мақому манзалати оиларо паст мезананд. Қисми дигари фарзандон бо ҳамин сабабҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ҳамроҳ шуда, дар давлати ба ном исломии Ироқу Шом ба муқобили мусулмонони дигар меҷанганд ва аллакай даҳҳо нафари онҳо дар хоки бегона ба ҳалокат расидаанд”. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ояти 93-и сураи “Нисо”-и “Қуръон”-и карим, ки дар он омадааст: “Ҳар кӣ муъминро бар қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дузах аст”, пурсон шуд: “Оё модарон ва худи ин афроди гумроҳ намедонанд, ки ҷойи чунин ҷавонон дузах аст? Намедонанд, ки Сурияву Ироқ кишварҳои мусулмонӣ мебошанд ва аксари одамоне, ки ҳар рӯз қурбон мешаванд, мусулмонанд”? Таъкид гардид, ки мардуми кишвар, бахусус, падару модарон ва касони соҳибэътибору обрӯманд дар муқобили хатари ин гурӯҳҳои ифротиву террористӣ бетараф набошанд, аз ин равандҳо пешгирӣ намоянд ва насли ҷавони Тоҷикистонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва некию накукорӣ тарбия кунанд. Мавзӯи дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегонаи либоспӯшӣ,
нони тоҷик сиёҳ нест”. Аз ин хотир, аз Шӯрои уламо, Маркази исломшиносӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавон, варзиш ва сайёҳӣ оид ба масъалаҳои дин, танзими анъана ва маросимҳои миллӣ, телевизион ва радио ва роҳбарони мақомоти иҷроияи давлатӣ дар маҳалҳо талаб карда шуд, ки барои пешгирӣ аз ин тамоюли номатлуб дар ҷомеа тадбирҳои муассир амалӣ намоянд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода кунанд. Президенти кишвар бори дигар ба мушкили хонадоршавии хешу табори наздик таваҷҷуҳ намуда, ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва адлия супориш дод, ки оқибатҳои ин корро ба мардум дуруст шарҳ диҳанд ва доир ба ворид намудани тағйирот ба қонунҳои дахлдор барои пешгирӣ аз никоҳи хешутабории наздик пешниҳодҳо манзур намоянд. Ба хотири ҳифзи шоистаи арзишҳои оиладорӣ дастур дода шуд, ки лоиҳаи “Консепсияи оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва пешниҳод карда шавад. Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки дар шаҳри Душанбе “Муҷассамаи модар” ва як маҷмааи кӯдакон бо номи “Меҳри модар” бо шароити намунавии ҳозиразамон бунёд карда шаванд. Изҳори умед карда шуд, ки дар Соли оила мардуми кишвар боз ҳам фаъолтар гардида, тамоми нерӯ ва заковати хешро барои солимии ҷомеа ва оила сафарбар мекунанд ва дар рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳои ҷавон саҳми арзанда мегузоранд.
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе Муҷассамаи модар сохта шавад”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №11 (9385), 11 МАРТИ СОЛИ 2015
ҚОНУН ВА ҶОМЕА Қонун «Дар бораи афв», ки моҳи октябри соли гузашта, ба муносибати 20-солагии Конститутсияи кишвар қабул гардид, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ шонздаҳумин ба шумор меравад. Рӯзҳои аввали татбиқи қонуни нав зиёда аз 800 нафар, аз ҷумла, 175 нафар зан аз муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак озод шуданд. Шумори нафароне, ки танҳо бар асоси қонуни нав ба озодӣ хоҳанд баромад, то 10 ҳазор нафарро дар бар хоҳанд гирифт. Ба ин қатор, ҳамчунин, нафароне дохил мешаванд, ки бо ҷурми содир намудани ҷинояте аз болояшон дафтари аъмоли ҷиноӣ кушода шудааст. Илова бар ин, муҳлати иҷрои ҷазои 2 ҳазор нафар маҳкумшуда кӯтоҳ карда мешавад. Мутобиқи қонуни мазкур баробари шаҳрвандони кишвар, ҳамчунин, 340 нафар шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон қарор доранд, пеш аз муҳлат озод мегарданд. Албатта, барои ашхосе, ки муддати тӯлонӣ аз наздикону пайвандон дур ва дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доштанд, дар озодӣ, ба ҳаёти берун аз панҷара мутобиқ шудан чандон кори саҳл нест. Барои ин вақт ва фурсат лозим. Аз ҳама муҳим, кӣ ва кадом сохтор ба эшон дар ин масъала кӯмак хоҳад кард? Корманди шуъбаи қайдҳои махсуси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи кишвар Илҳомҷон Латифов зимни суҳбат ба ин масъала дахл намуда, чунин гуфт: - Ҳоло дар тобеияти сарраёсат 19 муассисаи ислоҳӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла, як муассисаи занона ва як муассисаи тарбиявии ноболиғон. Айни замон қонуни мазкур нисбат ба 9201 нафар маҳкумшуда татбиқ шудааст. Нафароне, ки бар асоси Қонун «Дар бораи афв» ба озодӣ мебароянд, бевосита аз худи муассисаҳои ислоҳӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии макони зисташон мактуб фиристода мешавад. Дар мактуби ирсолшуда, аз мақомот хоҳиш мешавад, ки ба онҳо, яъне, ашхоси ба озодӣ баромада кӯмак расонанд. То ҷойи имкон онҳоро бо ҷойи кор таъмин намоянд. Баҳри ба ҳаёти осоишта мутобиқ шудан, ёрии худро дареғ надоранд. Ин нукта, яъне, кӯмакрасонӣ пас аз адои муҳлати ҳукм ё бар асоси афв озод шудан дар моддаҳои 211, 212 ва 213и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ зикр шудааст. Пас, мақомот вазифадоранд, дар асоси ин моддаҳои кодекси мазкур ёрии ҳарҷонибаи худро расонанд. То ин ки нафари ба озодӣ баромада худро аз ҷамъият дур ва танҳо ҳис накунад. Илова бар ин, онҳо то як муддати муайян зери назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор мегиранд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус, нозирони минтақавӣ дар маҳалҳо вазифа-
доранд бо озодшудагон алоқаи доимӣ барқарор намоянд. Бо онҳо пайваста вохӯрда, корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, суҳбатҳо гузаронанд. Кӯшидан лозим, ки онҳо минбаъд ҳаргиз ба хатоӣ роҳ надиҳанд ва дубора паси панҷара наафтанд. Тавре аз навиштаҳои расонаҳои хабарӣ бармеояд, ал-
ки дар муассисаи тарбиявии ноболиғон 61 нафар наврас барои ислоҳшавӣ нигоҳ дошта мешуд. Бар асоси афви мазкур 58 нафари онҳо озод гардиданд. Танҳо се нафарашон, бинобар содир намудани ҷинояти вазнин аз ин муассиса раҳо нашудаанд. Онҳоро лозим аст, муҳлати ҳукми худро то охир ба анҷом расонанд.
нав боздошт шуданд. Тавре Гулнора Тайгуншоева зикр намуд, нафароне ҳам ёфт мешаванд, ки бо ҷурми содир намудани ҷинояти вазнин дубора боздошт мешаванд. - Масалан, як сокини ноҳияи Айнӣ аз муассисаи ислоҳии Ёвон бар асоси афв раҳо шуда, назди волидон бармегардад, - гуфт
Сазои сахт бар ивази хато
ва зиндаятим шудани фарзанди ягона
лакай 35 нафар аз афвшудагон бо сабаби содир намудани ҷиноятҳои гуногун дубора ба маҳкама кашида шудаанд. Ин нуктаро мусоҳиби мо Илҳомҷон Латифов низ тасдиқ кард. Пас чӣ гуна омилҳост, ки онҳо дар озодӣ ба ҷойи ислоҳ шудан, тартиботи мавҷударо халалдор, аз нав ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд? Оё дар муассисаҳои ислоҳӣ тарбия дуруст ба роҳ монда нашудааст? - Дар ҳамаи муассисаҳои ислоҳии сарраёсат муовини сардор фаъолият дорад, ки маҳз ба масъалаи тарбия машғул аст, дар идомаи суҳбат гуфт Илҳомҷон Латифов. - Маҳкумшудагон ба дастаҳо ҷудо шуда, пайваста суҳбату чорабиниҳои ислоҳӣ доир мегардад. Китоб дар тарбияи маънавии инсон нақши муҳим дорад. Аз ин хотир, дар ин муассисот китобхонаҳо вуҷуд дошта, дар масъалаи ислоҳи маҳкумшудагон саҳми арзанда мегузоранд. Бубинед, дар ягон муассисаю корхона ҷойи ибодатгоҳ дида намешавад. Лек дар ҳамаи муассисаҳои ислоҳӣ ибодатгоҳҳо фаъолият доранд. Аз ҳисоби худи маҳкумшудагон, афроди аз дини мубини ислом хуб огаҳ, бо истифода аз оятҳои “Қуръон”-и карим ва аҳодиси Паёмбари гиромӣ (с) баҳри ислоҳи дигарон сафарбар мешаванд. Ҳамаи ин боис мегардад, баъди ба озодӣ баромадан ин гуна ашхос дубора ба роҳи хато нарафта, қонуну тартиботи мавҷударо халадор насозанд. Мусоҳиби мо изҳор намуд,
Ба он нигоҳ накарда, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ корҳои тарбиявӣ, мувофиқи гуфтаи масъулин, ба таври бояду шояд ба роҳ монда шудааст, лек тавре дар боло ишора рафт, аллакай 35 нафари афвшудагон бо ҷурми аз нав содир намудани ҷиноят дубора боздошт гардиданд. Оё онҳо аз зумраи нафароне маҳсуб меёбанд, ки ислоҳ нахоҳанд шуд? - Набояд фаромӯш кард, ҳар нафаре, ки бо сабаби содир намудани ҷинояте ба ҷавобгарӣ кашида шуда, азодӣ маҳрум мегардад, узви ҷомеаи мост, - гуфт зимни суҳбат сардори шуъбаи қайдҳои махсуси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Гулнора Тайгуншоева. – Агар гӯем, ки онҳо барои ҷомеа нолозиманд, албатта, хато мешавад. Кӯшидан лозим, ки ислоҳ ёбанд. Дар ин ҷода ҳама масъулем. Пас, саъйи якҷоя лозим. Бовар аст, аксари афвшудагон кӯшиш хоҳанд кард, ки минбаъд ба хато роҳ надиҳанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ёфт мешаванд нафароне, ки чун ба озодӣ мебароянд, дубора даст ба ҷиноят мезананд. Аксар аз 35 нафари боздоштшуда, афроде мебошанд, ки асосан бо ҷурми дуздӣ муттаҳам шудаанд. Дар шароити имрӯза, ки ҷойи кор ёфтан чандон осон нест, дуздӣ барои ин гуна ашхос воситаи рӯзгузаронист. Онро гӯё ба як касб, пеша табдил додаанд. Масалан, ду нафар баъди ба озодӣ баромадан дар бозори шаҳри Кӯлоб дарҳол ба дуздӣ пардохта, ҷиноят содир карданд ва аз
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №11 (9385), 11 МАРТИ СОЛИ 2015
дар идома Гулнора Тайгуншоева. – Бо сабаби он ки ҳангоми аз озодӣ маҳрум будан, падар аз ҳолаш хабар нагирифтааст, бо вай муноқиша барпо месозад. Билохира, падарро мекушад. Танҳо нафаре ба ин гуна амал қодир аст, ки беҳис буда, сангдил аст. Ҳатто дил надорад. Ана, ин гуна одамон барои ҷомеа хавфнок буда метавонанд. Қурбон ном ҷавоне, ки бар асоси афв ба озодӣ баромадааст, мегӯяд, кӯшиш хоҳад кард, тартиботи мавҷударо дигарбора вайрон насозад то дубора паси панҷара наафтад. - Дуздӣ карда, ба даст афтодам, - нақл кард Қурбон. – Чанд соли ҳаёти ҷавониам паси панҷара гузашт. Хушбахтона, бо шарофати қонуни афв ба озодӣ баромадам. Минбаъд дигар ба ин роҳи хато намеравам. Чунки сазоямро дидам. Аз зану фарзанд ҳам маҳрум шудам. Волидони Қурбон изҳор намуданд, ки баъди содир намудани ҷиноят ва аз озодӣ маҳрум шудани фарзандашон келини хонадон ягона писарчаашро гирифта, назди волидон бармегардаду шавҳари дигар мекунад. Маҳз бо айби Қурбон писарчаи дӯстрӯякаш зиндаятим гардид. Аз ин рӯ, Қурбон аҳд кардааст, ки минбаъд дар зиндагӣ ҳаргиз по ба кӯйи хато наниҳад. Зеро сазояшро сахт дидааст. Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»
Тарбия аз батни модар шуруъ мешавад Олимони соҳаи тиб ҳанӯз аз давраҳои қадим гуфтаанд, ки «оғози тарбия аз батни модар шуруъ мешавад, минбаъд дар муҳити зист ташаккул меёбад». Пас, модарону падаронро мебояд таълиму тарбияро аз замоне, ки фарзанддор мешаванд, оғоз кунанд. Кӯдакон ҳанӯз аз батни модар эҳсосоти модарро ҳис мекунанд. Ҷомеаи имрӯза бояд дар тарбияи фарзанд кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд. Унсурулмаолии Кайковус «Қобуснома»ро навишт, ки ҳам дар тарбияи фарзанди худ саҳм гузошту ҳам фарзандони дигаронро бо китоби пур аз панду ҳикмат ба роҳи рост ҳидоят намуд. Дар ҷумҳурӣ аз августи соли 2011 Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал мекунад. Марому мақсади қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад. Пеш аз ба имзо расидани қонуни мазкур кам медидем волидонеро, ки бо мактабу омӯзгорон робита доштанду аз савияи донишу ахлоқи фарзандашон пурсон мешуданд, ҳатто баъзан ба маҷлиси падару модарон намеомаданд. Имрӯзҳо ба ғайр аз он ки дар маҷлисҳои падару модарон меоянд, боз дар дарсҳо иштирок мекунанд, аз роҳбарони синф ва муаллиму муаллимаҳо рафтору кирдор ва дониши фарзандонашонро пурсон мешаванд. Ин робитаи волидон ва омӯзгорон масъулият ва шавқи кӯдаконро ба дониш ва рафтори намунавӣ доштан зиёд месозад. Яъне, агар оғози тарбия аз оила ифтитоҳ ёбад, минъбад дар боғча ва мактаб рушд мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир имрӯз волидон бо боғчаю мактаб робита доранд, то аз муҳите, ки фарзандашонро давоми умр интизор аст, огаҳӣ пайдо намоянд. Тарбияи фарзанд барои ҳар фарди ҷомеа, хоҳ ҷавону хоҳ пир муҳим аст. Хулқу атвори ҳамидаи инсонӣ метавонад одамро ба қуллаҳои баланди шарафмандии инсонӣ бирасонад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем нисбат ба тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи ҷиддӣ намоем, то тавонем насли хубу ба ҷомеа лозимиро тарбия карда, ба зиндагӣ раҳнамун созем. Ҷумагул ДАВЛАТОВА, омӯзгори мактабинтернати №1-и ноҳияи Рӯдакӣ
3
ТУРИЗМ 3-9 марти соли равон дар Маҷмааи намоишгоҳии “Messe Berlin”-и пойтахти Ҷумҳурии Федералии Олмон – шаҳри Берлин бо ҳузури намояндагони беш аз 200 давлати дунё чилунуҳумин Намоишгоҳи байналмилалии туристии “ITBBerlin-2015” баргузор гардид. Кишвари моро дар он роҳбарону коршиносони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ассотсиатсияҳои экофарҳангию рушди туризми “Хатлон”, “Зарафшон”, “Бадахшон”, “Рашт”, 13 ширкати туристии мамлакат, меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик эйр” таҳти роҳбарии Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ муаррифӣ карданд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ, ки шоми 3 март сурат гирифт, кишвари ҳамшарики “ITB Берлин” ва масъули ифтитоҳи намоишгоҳ – Ҷумҳурии Муғулистон (ин масъулиятро соли гузашта Мексика, соли 2013 - Индонезия, соли 2012 - Египет, 2011 - Лаҳистон ва соли 2010 Туркия ба ӯҳда доштанд), дар баробари муаррифии имконоти туристӣ, ба ҳозирин гулдастаи тару тозаи мусиқӣ пешкаш ва дастархони идона бо анвои хӯрокҳои миллӣ густурд. Субҳи 4 март дар доираи баргузории намоишгоҳ мулоқоти панҷуми вазирони соҳаи туризми кишварҳои Роҳи абрешим доир гардид. Дар он, инчунин, муовинони вазирони соҳаи туризми кишварҳои Роҳи абрешим, намояндагони Комиссияи Аврупо, Шӯрои ҷаҳонии саёҳат ва туризм, ЮНЕСКО, Созмони умумиҷаҳонии туризм ва сафирони фавқулодда ва мухтори як қатор давлатҳои иштирокчӣ ширкат варзиданд. Машваратро Алла Пересолова, роҳбари Барномаи Созмони умумиҷаҳоии туристӣ оид ба Роҳи абрешим ифтитоҳ бахшид. Сипас, Толиб Рифоӣ, котиби генералии СУТ, Давид Руетс, роҳбари Маҷмааи Намоишгоҳи байналмилалии “ITB Berlin GmbH”, Кристофер Дойл, роҳбари Ассотсиатсияи туризми сайругаштӣ, Тим Вилямс, роҳбари Барномаи Марви қадим баромад намуда, роҷеъ ба паҳлуҳои мухталифи туризм ва рушди бемайлони он, ки барои баланд бардоштани
4
иқтисоди давлатҳо мусоидат менамояд, изҳори андеша карданд. Аз ҷумла, Толиб Рифоӣ изҳор дошт, ки туризм солҳои охир ба яке аз соҳаҳои рӯ ба инкишоф табдил ёфтаст. Толиб Рифоӣ таъкид намуд, ки
дар ривоҷу равнақ ёфтани соҳаи туризм ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ соддакунии реҷаи раводид нақши муҳим мебозад. Инчунин, зикр шуд, Роҳи абрешим, ки ҳамчун бузургтарин хатсайр дар таърих машҳур
аст, нахустин пули васлкунанда миёни Шарқу Ғарб ба шумор меравад. Ин роҳ муҳимтарин восита барои ба роҳ мондани тиҷорат миёни империяҳои кадимаи Чин, Ҳинд, Форс ва Рим буд. Аз соли 200 то солшумории мелодӣ ин
шабака роҳи муҳим барои робита миёни одамон, тамаддунҳо, табодули идеяву технологияҳо, интишори мазҳаб, рушди санъат ва ғайра маҳсуб меёфт. Он 12000 километрро дар бар гирифта, имрӯз ба сайёҳон имкони дидани
Тоҷикистон: дӯстиро
Гузориш аз Намоишгоҳи байналмилалии хатсайрҳои нодирро фароҳам меорад. Кишварҳои Роҳи Абрешим имконияти хуби ба ҳамдигар мусоидат кардан дар роҳи гирифтани манфиатҳои иқтисодиро доранд. Ин тавассути ҳамкорӣ дар бахшҳои маркетинг, коркарди муштараки маҳсулоти туристӣ, ривоҷу равнақи хатсайрҳои туристӣ, соддакунии гирифтани раводид ба даст меояд. Алҳол 31 кишваре, ки узви Барномаи Созмони умумиҷаҳонии туристӣ оид ба Роҳи абрешим мебошанд, инҳоянд: Озарбойҷон, Албания, Арманистон, Бангладеш, Булғористон, Юнон, Гурҷистон, Миср, Исроил, Индонезия, Ироқ, Эрон, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея, Муғулистон, Покистон, Ҷумҳурии Корея, Федератсияи Русия, Сан-Марино, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Сурияи Араб, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Ӯзбекистон, Украина, Хорватия, Ҷопон. Зуҳри 4 март ба Гӯшаи тарғиботии кишвари мо Толиб Рифоӣ, котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ ташриф оварда, бо Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар мавриди роҳҳои рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳиву ҷаҳонгардӣ мулоқот кард. Толиб Рифоӣ нисбат ба ғамхориҳои Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҷодаи рушди бемайлони соҳаи туризм баҳои баланд дода, ризоияти худро барои ҳамкориҳои
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №11 (9385), 11 МАРТИ СОЛИ 2015
ТУРИЗМ ҳарчи бештари Тоҷикистону Созмони умумиҷаҳонии туристӣ дар оянда иброз дошт. Аҳтам Абдуллозода, котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристиро барои иштирок дар Фестивали фарҳангию сайёҳии мероси Роҳи
ва муколамаву тиҷорат дар сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ кард. Ба андешаи ӯ, ҳама самтҳои туризм, чӣ осоишгоҳи маъруфи соҳили баҳр, чӣ экотур ё ширкат дар карнавал ҳам барои туристони фаъол ва ҳам барои афроди имконота-
ихтисосмандӣ ва забономӯзӣ ҳидоят намуда, барои дар оянда хизмат намудан ба халқу миллат ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол даъват кард. Аҳтам Абдуллозода аз ғамхориҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, дастовардҳои мардуми кишвар ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо дар солҳои соҳибистиқлоли мамлакат ёдовар шуда, роҷеъ ба рушди туризми дохилию беруна, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва амсоли инҳо таклифу пешниҳодҳои судманд баён дошт. Ёдовар мешавем, ки намояндагони ҷумҳурӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Berlin», яке аз ҳамоишҳои бузурги туристӣ, баъди ба узвияти Ташкилоти умумиҷаҳонии туристии Созмони Милали Муттаҳид шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2007) бори ҳаштум иштирок карданд. Агар соли 2008 дар ин намоишгоҳ гӯшаи тарғиботии
эҳсос намо
туристии “ITB-Berlin-2015” абрешим «Рангоранг» ва конфронси байналмилалии туристӣ, ки августи соли ҷорӣ дар мамлакат баргузор мегарданд, даъват намуд. Зимни Намоишгоҳи ҳунарҳои миллии туристии Тоҷикистон – кишвари туризм, ки бегоҳи 4 март дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳию Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон баргузор шуд, дӯстдорони аврупоии Тоҷикистон ва намояндагони як қатор ширкатҳои туристии мамлакат ҳузур доштанд. Ҳангоми ифтитоҳи он Маликшо Неъматов, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир ба имконият ва захираҳои туристии мамлакат маълумоти мухтасар дода, муҳимтарин масоили соҳаи туризмро баррасӣ ва таҷрибаи беҳтарин ширкатҳои сайёҳии кишварро дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷиашон бозгӯ намуданд. Аз ҷумла, Маликшо Неъматов иброз дошт, ки соҳаи сайёҳии мамлакат бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ рӯз то рӯз ҷанбаҳои тоза пайдову рушд менамояд. Маликшо Неъматов Намоишгоҳи байналмилалии “ITB Берлин”-ро воситаи хуби бо ҳам омезиш ёфтани фарҳангу анъана
шон маҳдуд истироҳати хотирмон аст. Аз ин рӯ, боистӣ, он ҳама садду монеаҳое, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои тарафайн ба миён меоянд, ба таври бояду шояд ва дар муҳлати кутоҳ ҳалли худро пайдо намоянд, то дар нишастҳои сатҳи байналмилалӣ аз навгонию омилҳои гуногуни пешрафти соҳа бештар ҳарф занем. Баъдан, дӯстдорони аврупоии кишвар Саша Брок, мудири Бонки тиҷоратии Олмон ва Дагмар Шрайбер, муаллифи “Роҳнамои Тоҷикистон” таассуроти худро аз тамошои манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон иброз дошта, дар назди худ мақсад гузоштанд, ки баҳри пайдо намудани заминаҳои нави ҳамкорӣ ва ҳавасмандии дӯстдорони аврупоии кишвари мо барои саёҳат ва истироҳат мусоидат менамояд. Дар хотима, ҳозирин аз тамошои видеоролики имкониятҳои туристии Тоҷикистон ва тановули ҳар гуна анвои хӯрокҳои миллии тоҷикӣ баҳра бардоштанд. Шоми 4 март дар толори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат ва Маликшо Неъматов, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон бо ҷавонону донишҷӯёни тоҷик дар Олмон мулоқот анҷом доданд. Сарвари ҷавонони мамлакат ҳозиринро, пеш аз ҳама, барои аз худ кардани дониш, малака, истеъдод,
Тоҷикистон 5 метри мураббаъ масоҳат дошт, соли 2009 он дар масоҳати 24 метри квадратӣ соз-мон ёфт ва баъд аз ду соли иштирок сафи сайёҳон аз Аврупо афзуд, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳию Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон то кунун гӯшаи тарғиботии мамлакати мо дар масоҳати 40 метри квадратӣ доман паҳн мекунад. Самариддин АСОЗОДА, “ҶТ”, шаҳри Берлин
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №11 (9385), 11 МАРТИ СОЛИ 2015
5
ДИН ВА ҶОМЕА Мардуми тоҷик соҳиби урфу одат ва расму оинҳоест, ки аксари онҳо дар шакли асилу инҳирофнашуда, бисёр зебову пурмазмун ва дорои маънавияти баланданд. Ин расму оинҳо, ки ҳамаи бахшҳои рӯзгори мардумро фаро гирифтаанд, аз насл ба насл гузашта, ҳастӣ ва ҳофизаи таърихиву фарҳангии миллати моро ташкил медиҳанд. Мутаассифона, имрӯз шоҳиди онем, ки бисёриҳо ба қадри расму оинҳои асили милливу исломиамон нарасида, бо омехтани унсуру пиндорҳои ҷоҳилонаву хурофотӣ онҳоро ба инҳирофи комил кашидаанд. Дар натиҷа, асолат ва паёми маънавии онҳо аз байн рафта, расму оинҳои миллӣ ба мусобиқаву худнамоии ҷоҳилонаи моддӣ, ба маъракаҳои исрофкоронае табдил ёфтанд. Онҳо на нақши маънавию тарбиявӣ, балки нақши манфӣ гирифтанду зиндагии мушкили мардумро боз ҳам мушкилтар, ахлоқи заифи ҷомеаро боз ҳам харобтар, ҷаҳолату хурофотро боз ҳам васеътар гардониданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (08.06.2007) боиси кам гардидани исрофкориҳои беҳуда, хароҷоти миёншикан шуда, барои ба танзим даровардани муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ кӯмак расонд. Муаллифони аксари мақолаҳо дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо бисёр расму оинҳоро бо сабаби маҳдуд будани маърифати динӣ ва аз дин иттилои дуруст надоштанашон, онҳоро дар шаклҳои инҳирофшуда ба ислом мансуб дониста, динро сабабгори чунин сангиниҳо дар рӯзгори мардум эълон карда буданд. Ба тартиб даровардани расму оинҳои динии мо, махсусан, маросими азодорӣ дар доираи мазҳаби Имоми Аъзам (р), ки мардуми шарифи мо пайрави ин мазҳабанд, бояд сурат бигирад. Зеро ҳар гуна талоши берун аз меъёрҳои мазҳаби ҳанафӣ тағйир додани расму оинҳои мавҷудаи мардуми мусулмони кишвар на танҳо инҳирофи мазҳабист, балки сабаби пеш омадани ихтилофҳои васеъ дар ҷомеа хоҳад гардид. Бешак, урфу одатҳои вобаста ба маргу азодорӣ ва ёдбуди гузаштагон то ҳадде мураккаб гашта буд, ки даргузашти як аъзои оила барои бозмондагонаш на танҳо талафоти маънавӣ, балки хароҷоти хонахаробкунандаи миёншикани моддӣ гардида буд. Оё ҳамаи ин маъракаҳои серхарҷу сершумор, чун оши сартахта, серӯзагӣ, душанбегиҳо, ҷумъагӣ, ҳафту бисту чилу солу солгард ва ғайра
6
маросимҳои исломӣ ҳастанд ва оё шариати исломӣ баргузории ҳамаи инро аз бандаи мусулмон талаб мекунад? Дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ анъанаи оши сартахта ё дар рӯзи вафоти шахс аз тарафи бозмондагонаш дар хонаи ӯ забҳ кардани чорво ва додани хӯроку зиёфат ба ҳозирин одат мебошад. Дар шариати исломӣ ин амал макрӯҳ (инкоршуда, радшуда) ва ё макрӯҳи таҳримӣ (инкоршудаи манъкардашуда) аст, вале агар майит фарзандони ноболиғ дошта бошад ва харҷи таоми оши сартахта пеш аз тақсими мерос аз моли ӯ гирифта шавад, ҳукми ин амал аз назари шариати исломӣ на танҳо макрӯҳ, балки ҳаром аст. Мувофиқи дастури ислом, дар ин рӯз беҳтар аст, ҳамсоя ва хешовандон аз ҳисоби худашон таоме пухта барои хонаводаи мусибатзада биоранд. Паёмбари акрам (с) дар як ҳадисаш фармудаанд: «Абдулло ибни Ҷаъфар (р) мегӯяд, ки чун хабари марги Ҷаъфар ибни Абутолиб расид, Паёмбари Худо (с) фар-
нохтаи ҳанафӣ Мулло Алӣ Қорӣ дар «Фатҳи бобул иноя ли шарҳи китоби-н-ниқоя» тасдиқ намудаанд. Аллома Фахриддин Зайлаии Ҳанафӣ дар «Табйин-ул-ҳақоиқ фи шарҳи канзу-л-дақоиқ» чунин меорад: «Барои азодорӣ то се рӯз нишастан иҷозат аст, ба шарте ки ин амал бо корҳои номашруъ, мисли густурдани дастурхон ва омодасозии таом аз ҷониби хонаводаи майит ҳамроҳ набошад». Дар китобҳои фиқҳӣ чун «Фатҳ-ул-қадир»-и Имом ибни Ҳумом, «Алфатово-ил-кубро-илфиқҳия»-и Аллома ибни Ҳаҷари Ҳайтамии Шофеӣ, «Ал-мадхал»-и Ибнул Ҳоҷӣ Моликӣ, «Ал-муғнӣ»-и Ибни Қудомаи Ҳанбалӣ ва ғайра дар рӯзи ҷаноза дар хонаи майит пухтани таом ва оростани зиёфат макрӯҳ ва ғайришаръӣ эълон шудааст. Ашхосе, ки маросимро ҳамчун маросим ва вазифаи динӣ ба ҷо меоранд, бар хилофи фармудаи шариат амал мекунанд. Ононе, ки ин анъанаро ба шариати исломӣ нисбат доданӣ мешаванд,
гардад. Ба шарте, ки шахс аъмоли мазкурро бидуни ахзи уҷр ва ҳаққи заҳмат анҷом диҳад. Савоби аъмоли мазкурро ба майит ҳадя кунад». Имоми Аъзам дар боби қироати оятҳои “Қуръон” дар назди қавм гуфтааст: «Иҷозат аст, макрӯҳ нест нишастани қориёни “Қуръон” дар назди қабр ва хондани оятҳо (ба арвоҳи майит)». ШАКЛ ВА ТӮЛИ АЗОДОРӢ БАР ГУЗАШТАГОН Дар масъалаи шакл ва тӯли азодорӣ бар гузаштагон шариати исломӣ чигунагии азодорӣ ва ёдоварии гузаштагонро ба танзим даровардааст, ки пайравони дини ислом дар доираи он рафтор намоянд. Мувофиқи таълимоти исломӣ, шаклу одоби азодорӣ чунин аст, ки наздикони майит бояд дар он рӯз аз навҳасароӣ, ки онро Паёмбари акрам (с) сароҳан «расми ҷоҳилия» номидаанд, худдорӣ намуда, дар рӯзи азо аз фиғонҳои зиёд, пора кардани гиребон, хок
ризоият дошта бошад» (Матлаби муҳим он аст, ки инсон ба ҳангоми гиря чизе мухолифи ризои Парвардигораш ба забон наёварад). Аммо агар шахс дар асари мусибат ба рухсорааш бизанад ва гиребони пироҳан ва синаашро бидарад, ба монанди давраи ҷоҳилия гиря ва зорӣ кунад, ошӯб барпо кунад, тамоми ин корҳо мамнӯъ ва ҳаром аст, Паёмбари Худо (с) аз он шахс безор аст. Аммо гиря ҳаром нест, чаро ки баъзе мардум дар асари отифаи шадид зудтар мегирянд ва барои хурдтарин ҳодисае ашк аз чашмонашон беихтиёр ҷорӣ мегардад. Аммо лозим аст, ки ба ҳангоми гиря бигӯяд: “Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун” (Мо бандаи Худо ҳастем ва ба сӯи ӯ бозмегардем). Дар ҳадиси дигари Паёмбари акрам (с) омадааст, ки гиряву навҳаи бозмондагон боиси азоби мурдагон хоҳад буд. Вақте Ҳазрати Умар (р) маҷрӯҳ гардид, бародараш Суҳайб «Во, бародарам» гуфта, фиғон баланд намуд. Ҳазрати Умар (р) ба
Оши “сартахта” макрӯҳ аст Баргузории маросимҳои азодорӣ аз дидгоҳи Имоми Аъзам
муданд: “Барои хонаводаи Ҷаъфар таом омода бикунед, зеро ки ба онҳо мусибате расидаасту онҳо ба он машғуланд». Дар рӯзи ҷаноза забҳи чорво ва додани таом дар хонаи майит (маъракаи сартахта)-ро фақеҳону муҷтаҳидони аҳли суннат ва ҷамоат, хусусан, мазҳаби ҳанафӣ ба таври муфассал баррасӣ карда, дар мавриди макрӯҳ ва нораво будани ин амал хулосаву фатвоҳои мушаххас содир кардаанд. Фақеҳи муътабари ҳанафӣ Аллома ибни Обидини Шомӣ дар китобаш «Радд-ул-муҳтор», ки бо номи «Ҳошияи ибни Обиддин» низ машҳур аст, дар рӯзи ҷаноза аз тарафи аҳли хонаводаи майит пухтану ба ҳозирон пешниҳод кардани таомро макрӯҳ ва бидъати қабеҳ ҳукм кардааст: «... ва мустаҳаб аст, ки ҳамсояҳо ва хешу табори аҳли майит дар ин рӯз барои аҳли майит ба миқдоре, ки онҳоро як шабонарӯз сер доранд, таом таҳия намоянд ва аз тарафи худи аҳли майит ташкил кардани таому зиёфат макрӯҳ аст, зеро он (зиёфат) хоси рӯзҳои хушист, на рӯзҳои ғам ва ин (ташкили таому зиёфат дар рӯзи ҷаноза) бидъати зишт аст». Фикри мазкурро донишманди бузурги ҳанафӣ Камолиддини Сивосӣ, ки бештар чун Имом ибни Ҳумом машҳур аст, дар «Фатҳ-ул-қадир» ва фақеҳи ши-
нисбат ба шариати исломӣ тӯҳмати ошкоро менамоянд. Яке аз ҳадафҳои олии ислом низ ҳамин аст, ки мусулмонон аз ғаму дарду андӯҳи якдигар ошно ва дар он шарик ва саҳмгузор бошанд. Мутаассифона, бо мурури замон ва ҳамроҳ бо пешрафти иқтисодӣ мусулмонон аз як сӯ ва бе таваҷҷуҳии онҳо ба масоили шаръӣ аз сӯи дигар ингуна маъракаҳои сода ва бериёе, ки фaқат ба хотири ҳамдардӣ ва сабук кардани андӯҳи бозмондагони майит дорои арзиши бисёр зиёде буд, ҷои худро ба маъракаҳои сангин ва пурхарҷ дод. Кор ба ҷое расид, ки рафта-рафта чеҳраи мазҳабӣ ба худ гирифт. Ҳолате ёфт, ки аз воҷибот воҷибтар менамуд. Ҳар кас саъй дошт, то дар харҷ кардан аз дигаре ақиб намонад. Дар ниҳоят, бисёр шоду хурсанд аз он ки тавонистанд барои мурдаи худ савобе пайдо кунанд. Шукргузори даргоҳи Худо буданд, ки рӯсафед шудаанду ба таънаи касе гирифтор намегарданд. Дар бораи савоб ё адами қироати “Қуръон”, дуо ва садақа барои шахси майит дар китоби «Ал-фатово-ал-исломия» чунин омадааст: «Имом Абӯҳанифа (р) ва Имом Аҳмад (р) қоил ба онанд, ки савоби тоъот, монанди намоз, рӯза, қироати “Қуръон”, дуо ва садақа оид ба шахси майит ме-
бар сар кардан, рӯканию мӯканӣ ва амалҳое мисли он бипарҳезанд. Паёмбар (с) чунин аъмолро ба пайравони худ манъ намудаанд. Чуноне ки дар ҳадиси зерин омада: «Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки Паёмбари акрам (с) фармудаанд: «Касе, ки (ҳангоми мусибату азодорӣ) ба рӯи худ бизанад ва гиребони худро пора кунад ва ба монанди давраҳои ҷоҳилия гиряву фиғон андозад, ӯ аз (уммати) мо нест». Дар «Фиқҳи татбиқӣ»-и Мустафо Зулфиқор Талаб доир ба гиряи рӯзи мотам чунин омада: «Гиря бар ду навъ аст: гиряи раҳмат ва шафқат. Ин гиря аз рӯи шиддати отифа, эҳсосот ва дилсӯзӣ аст ва касеро ҷуз аз рӯи қасовати қалб гурезе аз он нест». Паёмбари Худо (с) он гоҳ ки набераи духтариашон даргузашт, гиря карданд. Баъзе аз саҳобагон тааҷҷуб карданд ва дар бораи он аз Паёмбари Худо (с) суол карданд: “Ё Расулуллоҳ, дар ҳоле ки шумо моро аз гиря кардан наҳй кардаед, оё худ гиря мекунед?” Он Ҳазрат фармуданд: «Ҳамоно Худованд бандагони меҳрубон ва бо отифаро дӯст дорад. Яъне, қалби одамӣ порае аз тахтаи санг нест. Балки он қалби инсон аст ва қалби одамӣ мутаассир мешавад. Он гоҳ ки инсон тифлашро муқобили чашмонаш дар ҳоли иҳтисор ва марг мебинад, оё ба гиря намеафтад? Вай модоме, ки дорои қалб ва отифа аст, мегиряд ва гуноҳе низ бар ӯ нест». Паёмбари Худо (с) ба ҳангоми фавти писараш Иброҳим (а) чунин фармуд: «Ҳамоно (ашк) аз чашмонаш ҷорӣ мешавад, қалб андӯҳгин мегардад ва чизеро намегӯянд, магар он ки Парвардигорамон ба он
Суҳайб хитоб намуда, гуфт: “Оё нашунидӣ, ки Ҳазрати Паёмбар (с) гуфтаанд: Майит бо сабаби гиряву фиғони баланди зиндаҳо азоб мекашад”. Дар шариати исломӣ муддати азодорӣ бар майит ҳадди аксар се рӯз мебошад, на ҳафт рӯзу чил рӯзу шаш моҳу як сол. Паёмбари акрам (с) дар ҳадиси саҳеҳ чунин фармудааст: “Зайнаб духтари Ҷаҳш (р) мегӯяд, ки ман аз Расули Худо шунидам, ки аз болои минбар мегуфт: “Барои заноне, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, барои мурда беш аз се рӯз азодорӣ кардан дуруст нест, магар барои ҳамсаронашон, ки метавонанд чаҳор моҳу даҳ рӯз азодорӣ кунанд”. Сабаби дар шариати исломӣ барои занон дар сурати вафоти шавҳарашон ба таври истисноӣ муайян шудани чунин муддати азодорӣ (чор моҳу даҳ рӯз) дар он аст, ки маҳз дар ҳамин муддат ҳомила будан ва ё набудани зан ба таври дақиқ муайян мешавад. Мӯҳлати иддаи зан ба поён расида, ӯ метавонад ба шавҳар барояд. Модоме ки дар ягон маъхаз дар хусуси ҳатмӣ будани таоми “ҳафт”, “бист”, “чил”, “сол” ва ғайра ишорае нашудааст, намешавад, ки маросими азодориро бетаом, танҳо бо дуою фотиҳа анҷом диҳем? Диловари МУҲАММАДРАҲИМ, мутахассиси пешбари Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №11 (9385), 11 МАРТИ СОЛИ 2015
ХУДШИНОСӢ
Ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон ва дигар қавмҳои Осиёи Марказӣ аз давраи Шоҳигарии Рус дар охири асри 19 аз тарафи шарқшиносони рус оғоз шуда, тавассути ҳукуматҳои шӯравӣ ва пасошӯравӣ идома ёфт. Ҳадаф тақвият додани Империяи Рус дар Осиёи Марказӣ дар муқобили густариши нуфузи Британияи Кабир аз ҷануб буд. Таърихи навини ташаккули ҳувияти миллӣ ва динии мардуми тоҷик нишонаи он аст, ки ин лоиҳаҳои “давлатӣ” барои ташаккули ҳувияти қавмӣ бисёр маврид ноком гардиданд. Забон ва адабиёти тоҷик ҷузъи муҳими ин чорабинии сиёсӣ ба шумор мерафт. Дар натиҷа, як ҳувияти забонасос ба вуҷуд омад. Яъне, касе бо тоҷикӣ гап занад, ӯ тоҷик ва касе узбекӣ такаллум кунад, узбек аст. Аммо воқеияти таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳувияти қавмии забонасос натавонист бар ҳувиятҳои маҳаллии мардуми минтақа, аз ҷумла, тоҷикон бартар гардад. Дигар ҷанбаи ҳувиятсозии Империяи Рус ҷудо кардани ҳувияти қавмӣ аз ҳувияти динӣ-мазҳабии мардуми Осиёи Марказӣ буд. Ин лоиҳа низ натавонист то охир муваффақ гардад, балки мо вазъияти баръаксро мушоҳида мекунем: бисёриҳо ҷараёни ҳувиятсозии миллии тоҷикиро бе дини ислом ва мазҳаби хоси он – фиқҳи суннии ҳанафия тасаввур карда наметавонанд. Даъвоҳои охири элитаи сиёсӣ ва равшанфикрон он аст, ки “тоҷик будан”, пеш аз ҳама, мусулмони суннии ҳанафӣ будан мебошад. Саволе пайдо мешавад, онҳое, ки дар дигар мазҳабҳо ҳастанд ва ё аз рӯи боварӣ пайрави мазҳабу дин нестанд, магар тоҷик нестанд? Ин ҷустори якҷояи элитаи сиёсӣ ва интеллектуалӣ ҳувияти тоҷикиро бештар бунбастӣ ва истисногар кард. Он ҳолатҳои алоҳидаи исломи суннатиро маҳдуд ва дигар унсурҳо ва зуҳуроти мавҷудаи ҷомеаро сарфи назар кард. Ҳамин гуна, то ба имрӯз давлат натавонист вазифаи худро чун механизми констурктивистӣ пурра иҷро намояд. Ин гуна вазифаи давлат фақат хоси давлатҳои пасошӯравӣ нест. Балки он хоси давлати шӯравӣ низ буд. Мавҷи дарунии ҷустуҷӯ ва азнавсозии ҳувияти миллии тоҷикӣ ба солҳои 1960-ум рост меояд. Он замон Хрушев рӯи саҳна омада, барои мардум озодиҳои нисбӣ фароҳам сохт. То андозае робитаҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Афғонистон ва Эрон тақвият ёфтанд. Шоирони тоҷик рӯ оварданд ба ҷустуҷӯи муштаракоти фарҳангӣ бо ин кишварҳо. Онҳо зери таъсири шоирони афғон ва эронӣ эҷод мекарданд. Маҳз дар ҳамин давра мавзӯъҳои ғайриҳизбӣ ва миллӣ, чун забон ва марзҳои муштараки фарҳангии эронӣ тоҷикӣ дар навиштаҳои Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарон ба миён омаданд. Ҷустуҷӯ дар давраи бозсозии солҳои 1980 - ум ба авҷи аъло расид ва бо қабули Қонуни забон анҷомид. Оҳиста - оҳиста мавзӯи дини ислом низ ба доираи баҳсҳои ҳувияти миллӣ ворид шуд. Ислом, чун забон ва фарҳанги форсӣ, ҷузъи ҷудонопазири ҳувияти тоҷикӣ дониста шуд. Шахсиятҳои ғайридиние чун
Ҷустуҷӯи ноком дар ҳувияти миллӣ Мазҳаби ҳанафӣ наметавонад дар баробари салафия рақобатпазир бошад? Тоҳири Абдуҷаббор, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Бозор Собир ва Лоиқ Шералӣ ба пешвоёни ин андеша пайвастанд. Дар ин марҳила баҳси ислом чун ҷузъи ҳувияти миллии тоҷикон хусусияти фарҳангӣ дошт. Аммо таъсиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ баҳси исломро бештар тақвият бахшид ва чеҳраи сиёсии онро ба намоиш гузошт. Дигар гуфта мешуд, ки ислом асл ва миллат фаръ аст. Тоҷикро бояд бо ислом шинохт, на баръакс. Мавзӯи сохтмони ҷомеа ва давлати исломӣ матраҳ гардид. Ин баҳсҳо ва даргириҳо ҷомеаи ҷаҳониро низ бетараф нагузошт: Узбеки-
эътиқодии худро аз ин равияҳои исломӣ ба Тоҷикистон оварда, дар сатҳҳои маҳаллу марказ паҳн мекарданд. Дар баробари ин, яке аз сабабҳои муҳими ташаккул ва густариши ҳувияти исломӣ ва исломи сиёсӣ муҳоҷирати тадрисӣ ба кишварҳои исломии Эрон, Покистон, Арабистон ва ғайра мебошанд. Сабаби дигари густариши исломи сиёсӣ ва баҳси ҳувият дар атрофи миллат ва дин афзоиши номуайяниҳо ва хатарҳо дар дохили ҷомеаи тоҷик мебошад. Бекорӣ, мушкилот ва хатарҳои иҷтимоӣ, пешгӯинопазирии оянда мардумро ба тақдирпарастӣ ҳидоят
стон ва Русия тарафдори ташаккули давлати исломӣ набуданд. Аммо Эрон, Афғонистон ва Арабистон ба раванди исломишавӣ кӯмак мекарданд. Билохира, ҷанги шаҳрвандӣ сар зад ва дар муддати кӯтоҳ ҳазорҳо касро нобуд ва сохтмонҳои бисёрро хароб кард. Баъди ҷанги шаҳрвандӣ, ба истилоҳ, «ҷустуҷӯи ҳувияти миллӣ» идома ёфт. Ҳукумати нав мекӯшид, ки мардумро аз ислом дур бигирад. Аз ин рӯ, ҷашнҳои Сомониён ва Тамаддуни ориёиро дар муддати қариб 10 сол (1997-2007) рӯи саҳна оварданд. Новобаста ба ин, ҷомеаи тоҷик бештар исломӣ мешуд. Дар ин ҷараён, бахусус, саҳми муҳоҷирати корӣ назаррас буд. Ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия зимни адои фарзҳои динии худ дар масҷиду марказҳои динӣ ба равияҳои муосир ва бунёдгарои исломӣ ошно мешуданд. Онҳо бардоштҳои
карданд. Тақдирпарастӣ бошад, дар навбати худ, мардумро бештар ба исломи сиёсӣ наздик кард. Дар натиҷа, мардум фавҷ-фавҷ ба масҷиду мадраса ва дигар марказҳои динӣ ҷалб шуданд. Хусусан, иштироки ҷавонон ва занон дар ин раванд даҳчанд афзоиш ёфт. Ҳаракатҳои дохилӣ ва хориҷии исломӣ қувват гирифта, ба неруҳои воқеии сиёсӣ табдил ёфтанд. Мо аллакай дар байни онҳо рақобату муҷодилаҳои хатарнок низ мушоҳида мекардем. Мисоли равшан ҳаракати салафӣ буд, ки бо ақида ва даъвоҳои худ мехост ба истилоҳ “исломи анъанавӣ”-ро аз байн барад. Исломи анъанавиро аз байн бурдан маънои аз байн бурдани суннатҳо ва пешвоёни диние мебошад, ки дар ҳаёти сиёсӣ фаъол нестанд ва одатан дар хизмати элитаи сиёсӣ қарор доранд. Ба ин тоифа, пеш аз ҳама, пешвоёни тариқаҳои
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №11 (9385), 11 МАРТИ СОЛИ 2015
тасаввуфӣ, мисли нақшбандия дохил мешаванд. Ин хатари муштарак ҳам барои ҳукумат ва ҳам барои пешвоёни суннатӣ ва маҳаллии ислом ва ҳатто ҳам барои ҲНИТ буданд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, давлатдорони тоҷик ба марҳилаи нави ҷустуҷӯи ҳувияти миллӣ ворид шуданд. Онҳо аз методи коммунистии дур кардани ислом аз мардум даст кашиданд. Балки барои тобеъ ва итоаткор кардани ҳаракатҳо ва пешвоёни динӣ пардохтанд. Онҳое, ки даъвои ошкору ниҳони сиёсӣ доштанд, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд ва ё зери назорат гирифта шуданд. Гурӯҳи дигари саркаш барои “шиагарӣ” шармсор карда шуд. Аз солҳои 2006-2007 дар Тоҷикистон монополияи дини ислом аз тарафи ҳукумат ба мушоҳида мерасад. Барои ҳамин, масҷидҳои сершумор баста ва аз нав кушода шуданд. Бо ин роҳ, шахсият ва фаъолияти пешвоёни ин масҷидҳо ба қайд гирифта мешаванд, то ки назорат осонтар гардад. Дар аксари маврид, ин пешвоёни маҳаллӣ, махсусан, имомхатибҳоро худи мақомоти давлатӣ таъйин мекунанд. Барои систематикӣ ва ҳамафарогир кардани ин раванд, табақабандии намояндагии мақомоти динӣ тартиб дода шуд. Дар маҳалҳо намояндаи расмии дин имомхатибон мебошанд, ки аз тарафи сархатиби ноҳиявӣ ва пешвои суннатии минтақавӣ – эшон баргузида мешавад. Дар айни ҳол, бо санҷиши дониши имомхатиб аз тарафи Шӯрои уламои дин ва Кумитаи дин дараҷаи муътамадӣ ва вафодории ӯ низ санҷида мешавад. Ҳамчунин, эшон – пешвои суннатӣ ва тариқатӣ дар маҳал шахси муътабаре мебошад, ки бар ивази вафодории худ ба элитаи сиёсӣ доираи васеи фаъолияти динӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дар маҳал дорад. Овози ӯ дар таъини пешвоёни маҳаллӣ эътибор дорад ва дар амалишавии барномаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз ҳисоби тақвияти дини ислом мусоидат мекунад. Ҳамчунин, элитаи сиёсӣ бо пешвоёни динӣ дар ҳамаи минтақаҳо робитаҳои шахсӣ барпо мекунанд, ба истилоҳ, муриди ин пирҳо мешаванд. Ин низ як чораи муҳими идора ва монополияи дин дар ҳамаи сатҳҳо мебошад. Омили дигаре, ки махсусан ба тақвияти ҳувияти мазҳабии тоҷикон боис шудааст, ҷашни бузургдошти пешвои мазҳаби ҳанафия – Имом Абуҳанифа дар сатҳи баланди расмӣ буд. Ин чорабинӣ ба хотири беэътибор кардани дигар мазҳабҳои ақидатӣ ва фиқҳӣ ва аз ин рӯ, пешгирии равияҳои хориҷии дини ислом буд. Аммо таҳаввулоти солҳои охири Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон нишон медиҳад, ки мазҳабсозӣ на фақат ҳувияти динию мазҳабии тоҷиконро боло бурдааст ва ҷойгоҳи онро ба ҳувияти миллӣ бартар гузоштааст, балки он боиси шиддат гирифтани ифротгароии динӣ низ гардидааст. Мазҳаби ҳанафия мазҳаби фиқҳӣ, яъне маҳдуд ба чорчӯбаи фаръиёти ҳуқуқии ислом мебошад. Аз ин рӯ, он наметавонад усули диниро баҳс кунад ва дар муқоибили мазҳабҳои ақидатие чун салафия рақобатпазир бошад. Ҳафиз ХОЛИҚЗОДА, доктори илми фалсафа
7
11 МАРТ - РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК 11 март дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи матбуот таҷлил мешавад. Дар ин рӯз аввалин нашрияи тоҷикӣ дар Осиёи Миёна «Бухорои Шариф» ба нашр расидааст. Ин рӯзнома сарчашмаи матбуоти тоҷикзабон ба шумор меравад, ки бо мушкилоти зиёд таъсис дода шуд. Дар ташаккул ва инкишофи матбуоти тоҷик шахсиятҳои зиёде саҳм гузоштаанд, ки номашон дар саҳифаи таърихи матбуоти тоҷик абадӣ боқӣ мондааст. Имрӯз матбуоти тоҷик аз ниҳодҳоест, ки мушкилоти ҷомеа ва ҷаҳонро возеҳу равшан инъикос менамояд. Аз ин хотир, мо тасмим гирифтем, ки бо яке аз муҳаққиқон ва устодони соҳаи рӯзноманигорӣ, профессор Мурод Муродов, ки дар бораи таърихи матбуоти тоҷик рисолаву мақолаҳои илмии зиёд таълиф намудаанд, суҳбат намоем. - Устоди азиз, иди матбуотро ба шумо таҳният мегӯем. Мехостем аз пайдоиши матбуоти тоҷик, ки акнун таърихи 103сола дорад, чанд сухан мегуфтед... - Матбуот дар ҷаҳон умри беш аз 500-сола дорад, аммо барои мо - тоҷикон умраш чунон, ки ишора шуд, беш аз 100 сол аст. Барои ба вуҷуд омадани нахустин рӯзномаи тоҷикӣ - «Бухорои Шариф» заминаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мусоидат кардаанд. Пеш аз он ки дар бораи «Бухорои Шариф», нахустин рӯзномаи тоҷикӣ ҳарф занем, бояд биандешем, ки чӣ гуна заминаҳо ва пояҳо буданд, барои ба вуҷуд омадани он. Чаро ин нашрия дар ибтидои асри ХХ маҳз дар Бухоро ба вуҷуд омад? Чаро дар Самарқанд ва шаҳрҳои дигар ин чиз рух надод? Воқеан, агар ба таърихи пайдоиш ва ташаккули матбуоти тоҷик назар афканем, решаи он ба Аврупо иртибот мегирад, яъне, он моли Ғарб аст, ки аввалан дар мамлакатҳои Олмону Англия ва Фаронса ба вуҷуд омад ва баъдтар дар кишварҳои дигар зуҳур ёфт. Барои мамолики Шарқ, аз ҷумла, тоҷикон ҳам бо таъсири авомили беруна матбуот ба вуҷуд омада будааст. Агар миёни мардуми Шарқ ва мусулмон қадимтарин матбуот, матбуоти форсизабони Ҳинд бошад, он зери таъсири англисҳо, ки Ҳиндустонро мустамлика карда буданд, ба вуҷуд омад ва ҳамин матбуоти форсизабони Ҳинд барои ташаккули матбуоти ҳавзаҳои дигари форсизабон, аз ҷумла, Бухорову Самарқанд таъсири нек расонд. Аммо барои таъсиси матбуот ба забони тоҷикӣ то ибтидои асри ХХ, яъне, то солҳои 1912 имкон
8
набуд. Набудани имкон сабабҳои гуногун дошт, ки асоситаринаш омили сиёсӣ буд. Яъне, дар ин давр як навъ, ба ибораи равияҳои ғосибгарӣ, муборизаҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои ҷадидӣ барои пайдоиши нахустин рӯзномаи тоҷикӣ монеаҳо ба вуҷуд овард. Бинобар ин, як идда равшанфикрони тоҷик барои ташкили нахустин рӯзномаи тоҷикӣ чораҳо андешида, оқибат комёб гаштанд. Онҳо аз Сафорати Русия дар Бухоро иҷозати чопи рӯзномаро гирифтанд ва барои сармуҳаррирӣ Мирзоҷалол Юсуфзодаро аз Боку даъват намуданд. Ҳамчунин, Левини яҳудиро, ки мудири матбааи Когон буд, бовар кунониданд, ки аз нашри рӯзнома манфиат хоҳанд дид. Ҳамин тавр, нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Бухорои Шариф” 11 марти соли 1912 ба нашр расид. Баъдтар нашрия байни ҷавонбухориён, ки муштариёни асосии он буданд, маҳбубият пайдо кард. Каме пас
рӯбарӯ буд. Аз ҷумла, интихоби сармуҳаррир. Дастандаркорони «Бухорои шариф» барои ин вазифа Мирзоҷалол Юсуфзодаро аз Боку даъват карданд. Мирзо Мансур - падари Абдуқодир Муҳиддинов яке аз сарватмандони хеле машҳури Бухоро дар ташкили рӯзнома саҳми бузург гузоштааст. Мирзосироҷи Ҳаким ва Абдурауфи Фитрат дар ин ҷо мақолаҳои зиёде чоп карданд. Мирзосироҷи Ҳаким ва Мирзоҷалоли Юсуфзода муаллифони хеле фаъоли ин нашрия буданд. Баъдтар, ки чопи «Бухорои Шариф» қатъ гардид, зиёиён ва равшанфикрони Бухорову Самарқанд, умуман, тоҷикон аллакай аз мактаби рӯзнома баҳравар гардида буданд, моҳияти рӯзномаро хуб дарк намуданд. Онҳо ҳамеша дар андешаи идомаи ин иқдом буданд. Метавонем Маҳмудхоҷа Беҳбудиро ном барем, ки пас аз «Бухорои шариф» дар Самарқанд нашри
замони шӯравӣ аст ва давраи сеюм - давраи баъд аз истиқлол. Дар хусуси матбуоти мустақил, агар ҳарф занем, давраи аввали матбуоти мо, яъне «Бухорои Шариф» ҳамчунин,
хусусияти мустақилӣ дошт. Аммо дар замони шӯравӣ нашрияҳо, аслан ҳизбӣ буданд, нашрияҳои соҳавӣ ҳам хусусияти ҳизбӣ доштанду, умумиҷумҳуриявӣ низ,
дар заминаи «Бухорои Шариф» замимаи он - «Турон» бо забони ӯзбекӣ нашр гардид. Рузномаи «Бухорои Шариф», мутаассифона, умри дароз надид ва ҳамагӣ 153 шумора чоп шуд, аммо бо ин теъдод дар бедории фикрии мардум нақши муҳим бозид ва дар ташаккули минбаъдаи матбуоти тоҷик заминаи хуб гузошт, ки имрӯз сабақҳои он ҳанӯз ҳам мавриди истифода қарор мегиранд. - Дар таъсиси ин нашрия бештар киҳо саҳм доштанд ва чӣ хизматҳо карданд? - Равшанфикрони тоҷик, аз ҷумла, Мирзо Мансур, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Мир Ҳайдар ва чанде дигар ҳамеша дар фикри тавлиди рӯзнома буданд. Андешаҳое низ вуҷуд дорад, ки таъсиси рӯзнома дар Бухоро ҳанӯз дар давраи Аҳмади Дониш шурӯъ шудааст ва ин чизро гӯё ҳаммаслакони Аҳмади Дониш баъдтар думболагирӣ карда, дар амал татбиқ намудаанд. Дар умум, пайдоиши матбуоти тоҷик бо мушкилоти зиёд
маҷаллаи «Оина» ва рӯзномаи «Самарқанд»-ро ба роҳ монд. Бо шарофати ин нашрияҳо Саидризо Ализода ба майдони матбуот ворид гардид ва таҷрибаи хеле қавӣ пайдо карда, дар ташаккули матбуоти тоҷик, аз ҷумла, ба вуҷуд омадани ҳафтаномаи «Шуълаи инқилоб», ки аввалин ҳафтаномаи шӯравӣ аст, нақши муҳим гузошт. Бо ҳамин, шахсиятҳои мазкур тавонистанд, ки барои ташаккули минбаъдаи матбуоти тоҷик заминаи касбӣ фароҳам оваранд ва дар пайдоиши низоми матбуоти тоҷик нақш бозанд. - Ақидаи «Мо дар даврони истиқлол соҳиби матбуоти мустақил шудем» то куҷо дуруст аст? - Агар ба таърихи матбуоти тоҷик назар афканем, онро ба се давраи асосӣ ҷудо намудан мумкин аст. Давраи якум то инқилоби садаи ХХ, ки дар Русия ва Бухоро сурат гирифт ва боиси ба вуҷуд омадани Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Давраи дуюм давраи хеле тӯлонии
«Оина» ва «Самарқанд»-и Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ нашрияҳои ҳукуматӣ-расмӣ набуданд. Инҳо нашрияҳое ба фаҳмиши имрӯза мустақил буданд ва дар ин онҳо андешаҳои озоди маорифпарварона дар ҷойи аввал қарор дошт. Муносибат ба воқеаҳои давру замон, муносибат ба масъалаҳои доғи рӯз, тарзи таҳлилу баррасии онҳо озод ва интиқодона сурат мегирифт. Давраи дуюми таърихи матбуоти мо аз рӯи чоп омадани «Шӯълаи Инқилоб» шурӯъ мешавад. Ин нашрияи ҳукуматӣ буд ва дар Самарқанд нашр мешуд, аммо он барои тоҷикон буд. Дар замони шӯравӣ матбуоти мустақили мо аз байн рафт ва тамоми матбуоти мо хусусияти ҳизбӣ пайдо кард. Сохти шӯравӣ барои ба вуҷуд омадани матбуоти мустақил замина фароҳам намеовард. Аммо ман бо он андешае, ки таъсиси матбуоти мустақили мо танҳо дар замони истиқлол муяссар гардид, чандон мувофиқ нестам, зеро ибтидои матбуоти мо, яъне, пайдоиши он
ҳатто бисёртиражаҳо ҳам хусусияти ҳизбӣ доштанд. Аммо дар замони истиқлол мо имконияти рушди намудҳои гуногуни матбуотро пайдо кардем, аз ҷумла, матбуоти мустақил ва ё матбуоти хусусии мо бештар тараққӣ кард. Ин чиз пӯшида нест. Барои тараққии ин намуди матбуот, пеш аз ҳама, ҳадафҳои асосии давлат, ки бунёди ҷомеаи демократӣ аст, имкон фароҳам овард. Ба вуҷуд омадани фазои озоди баёни андешаву ақида, албатта, ба таъмини заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ВАО низ вобаста аст, ки боиси ривоҷи матбуоти мустақил гардид. Бинобар ин, агар гӯем, ки замони истиқлол барои ривоҷ ва ташаккули минбаъдаи матбуоти мустақил шароит ба вуҷуд овард, ин андеша ба назарам саҳеҳтар мешавад. - Ташаккур барои суҳбати самимӣ. Ба журналистон ва қаламбадастони ҷавон чӣ таманниёт доред? Рӯзноманигорон ва қаламбадастон, ки рисолати хеле муътабар ва азимро бар дӯш доранд, дар пешрафти ҷомеа, ташаккули маърифати иҷтимоии мардум, боло бурдани сатҳи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии халқ нақши хеле бориз мебозанд. Бинобар ин, таманно мекунам, ки пеш аз ҳама, танашон сиҳат бошаду қаламашон ҳамеша бурро, кайфияти эҷодӣ мудом ҳамсафар ва маҳсули қаламашон танҳо созандаву бунёдкорона.
Матбуоти мустақил зодаи истиқлол нест
Мусоҳиб Сайёра ДАВЛАТМАМАДОВА, донишҷӯи ДМТ, коромӯзи “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №11 (9385), 11 МАРТИ СОЛИ 2015
11 МАРТ - РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК
Қаламаш саҳеҳ асту забонаш фасеҳ Дар ҷамъият аҳёнан шахсоне вомехӯранд, ки дар ягон соҳа (санъат, варзиш, театр, илм, маориф) мумтозанд, истеъдоди худод доранд, вале, мутаассифона, дар муомила дағал ва аз одамгарӣ дуранд. Мардуми мо дар ҳаққи чунин касон мегӯянд: «Олим шудан осон, одам шудан мушкил». Алҳол ман дар бораи шахсе гуфтаниам, ки ҳам олим асту ҳам рӯзноманигор, ҳам роҳбар асту ҳам инсони комилу олӣ. Соли 2008, ҳангоми дар рӯзномаи «Минбари халқ» фаъолият доштанам, намояндаи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ба идора омада, Бахтиёр Ҳамдамовро ҳамчун сардабир ба аҳли эҷод муаррифӣ намуд. То ин дам Бахтиёр Ҳамдамов вазифаи муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳуриро ба зима дошт. Аз рӯзи аввал бо ҳар корманди рӯзнома ошно шуда, эълон дошт, ки ҳама якҷо мисли афроди як оила фаъолияти нашрияро пеш мебарем. Марди қавлу амал будани худро исбот намуд. Ҳамчун роҳбари мушфиқ фаъолияташро, пеш аз ҳама, барои беҳтар кардани шароити кории аҳли қалам оғоз кард. Барои таҷҳизонидани ҳуҷраҳо бо компютеру принтер, дастгоҳи нусхабардорӣ, диктафон кӯшиши зиёд намуд. Барои таҳияи мақолаҳои ҷолибу проблемавӣ, мусоҳиба дар мавзӯъҳои муҳиму доғи рӯз ба кормандон тавсияҳои ҷолиб медод. Кӯшиш мекард, ки «Минбари халқ» ҳамчун нашрияи марказии ҲХДТ аз ҳар ҷиҳат хонданбоб бошад. Аксар вақт, ҳатто рӯзҳои истироҳат, ба идора омада, то бегоҳ эҷод мекард. Дар натиҷаи ташкили дурусти кор рӯзномаи мазкур ба минбари таҳлилу баррасии фарогири мушкилоти рӯз табдил ёфт. Аксар корафтодагон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ барои ҳалли мушкилоташон маҳз ба «Минбари халқ» муроҷиат мекарданд. Дар натиҷаи пешниҳоди факту рақамҳои асосноки рӯзнома мушкилот ҳалли худро ёфта,
аз ҷониби сохтору мақооти гуногуни давлатӣ ба идораи нашрия ҷавоб меомад. На ҳама танқиди асоснокро дуруст қабул мекунанд. Иддае, ба қавли мардум, «аз асп фароянд ҳам, аз узангу намефаромаданд». Мехостанд бо дӯғу даранг худро ҳақ бароранд. Аммо дар ҳама ҳолат Бахтиёр Ҳамдамов бо тамкину сабурии ба худ хос, шуҷоатмандӣ ва дипломатия ба онҳо ҷавоби қонеъкунанда медод. Ҳеҷ гоҳ аҳли эҷоди рӯзномаро дар муқобили чунин даъвогарон танҳо намегузошт. Нофаҳмии ҷойдоштаро худаш ҳал мекард. Намехост, ки хотири рӯзноманигор парешон шавад. Инро дар мисоли худам низ пайхас кардам. Чанд маротиба «қаҳрамонҳои мақолаҳои танқидие, ки ба қалами банда мансуб буд, барои худро ҳақ баровардан ба идора омада буданд. Бахтиёр Ҳамдамов, ки маърифати баланди ҳуқуқӣ дорад, бе даъват кардан мани рӯзноманигорро ҳимоя намуда, ноҳаққии даъвогаронро бо мисолҳои мушахас исбот мекард. Дар хусуси омадани «даъвогарон» бошад, ман аз даҳони дигарон мешунидам. - Бахтиёр Ҳамдамов бо ашхоси дорои хулқу атволи гуногун забон ёфта метавонад, - мегӯяд котиби масъули ҳафтаномаи «Минбари халқ»
Маъруфи Бобораҷаб. – Ӯ, ки дар оилаи зиёӣ ба воя расидааст, аз дипломатияи муошират ба хубӣ огоҳ аст. Ҳамчун олими соҳаи суханшиносӣ ба маврид, фасеҳ, пурмаъно ва таъсирбахш сухан мегӯяд. Дар мисоли Ҳамдамов борҳо мушоҳида кардаем, ки таҳаммулу бурдборӣ (сабр) аз тундиву дағалӣ дида, натиҷаи беҳтар медиҳад. Гуфтаҳои ӯро ҳамкоронаш Алиҷон Ҷураев ва Ҷумъа Қудус низ тасдиқ мекунанд. Оре, доғи ҳарфи беҷо гуфташуда солҳо дар дили кас мемонад. Инчунин, дағаливу сахтгӯӣ боиси кинаву муноқиша мешавад. Аз ин рӯ, ҳадди худу дигаронро донистану бо сеҳри сухан ба ҳадаф расидани шахс фазилати баланди инсонӣ аст. Корҳо рост кунад оқили комил ба сухан, Ки ба сад лашкари ҷаррор муяссар нашавад. Имрӯз баъзе қаламбадастон дар матбуот оддитарин қоидаҳои имлои забони тоҷикиро риоя намекунанд. Калимаҳоро бо хато, бемаврид истифода мебаранд. Аз ин рӯ, иддае аз хонандагон барҳақ эрод мегиранд, ки «навиштаи беъзе рӯзномаҳоро мо намефаҳмем».
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №11 (9385), 11 МАРТИ СОЛИ 2015
Бахтиёр Ҳамдамов ҳамеша таъкид мекунад, ки рӯзнома оинаи рӯз, инъикоскунандаи ҳаёти ҷомеа аст. Аз ин рӯ, забони рӯзнома бояд барои омма фаҳмо бошад. - Рисолати касбии мо рӯзноманигорон аз он иборат аст, ки бояд дар масъалаи риояи қонуни забон намуна бошем. Зеро ҳар шумораи рӯзнома мисли ҳуҷҷат дар дафтари таърих мемонаду наслҳои оянда аз рӯи он ба вазъи замон баҳо хоҳанд дод. Аз тарафи дигар, воситаи ахбори омма ба афкори ҷомеа таъсири бузург мерасонад. Бахтиёр Ҳамдамов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Солҳои 1997-1998 ба ҳайси устоди кафедраи адабиёти классикии факултаи забон ва адабиёти тоҷики ДДХ фаъолият дошт. Қобилияти хуби сарварӣ доштани ӯро ба инобат гирифта, соли 1998 сармутахассиси Идораи кор ба ҷавонони вилояти Суғд таъинаш карданд. Солҳои 2000-2002 муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ҳамзамон, мухбири махсуси рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар вилояти Суғд буд. Номзади илмҳои филология мебошад. Силсилаи мақолаҳои илмиаш дар маҷмӯаҳои «Шамъи анҷуман» (Хуҷанд, соли 1996), «Таблаи аттор» (Хуҷанд, соли 1997), «Маҷмӯаи мақолоти олимони ҷавон» (соли 2000), китоби «Савмааи маърифат» (Хуҷанд, соли 1999) ва «Захираҳои туристии Тоҷикистон» (бо забони русӣ, Душанбе, соли 2014) ба табъ расидаанд. Мутафаккире гуфтааст: «Накӯтарини чизҳо қалами фасеҳ асту забони фасеҳ». Хушо ба ҳоли Бахтиёр Ҳамдамов, ки ин ҳар дуро дорост. Илова бар ин ҳама фазилатҳои зикршуда рӯзноманигори мумтоз, хеле хоксору ботавозуъ ва дидадарост. Аз ин рӯ, касоне, ки ӯро мешиносанд, маҳз барои ин хислатҳои ҳамидааш дӯсташ медоранд. Тавре Аттори Нишопурӣ фармудааст:
Оинаи рӯз Мудири шуъбаи рӯзнома башаст вориди идора шуда, ҷуз хабарнигори ҷавон, ки ҳоло коромӯз аст, дигар касеро намебинад. Асабӣ мешавад. Зеро каме пештар хабар ёфт, ки ба кадом маҳаллае сел омадааст. Аммо намедонист дар куҷо. Азбаски барои инъикоси ин хабари муҳим дигар нафаре набуд, ки сафарбар шавад, ба ҷавон рӯ оварда мегӯяд:
Гар тавозуъ пеша гирӣ, эй ҷавон, Дӯст дорандат ҳама халқи ҷаҳон.
- Зуд рафта, ронандаро пайдо карда, худатро дар ҷойи ҳодиса бигир! Хабарро бо факс равон кун. Хабарнигори ҷавон, аз он ки ба чунин як вазифаи муҳим сафарбар мешавад, болу пар баровард. Ба ҷойи ҳодиса гӯё парвозкунон расид. Дид, ки фоҷиаи сахтест, модар писарро намеёфту писар модарро. Хонаҳои зиёде туъмаи сел шуда, одамони зиёде талаф ёфтаанд... Ҷавон зуд худро ба почта, ки дуртар аз ҷойи ҳодиса воқеъ буд, расонд. Ба навиштан сар кард: “Ба ҷойи ҳодиса омадам. Фоҷиа! Ҳама ҷо торик аст. Бачаҳо падар меҷӯянду занҳо шавҳар ва модарҳо писар... Фиғон ба осмон мепечад. Ҳама бечора мондаанд. Аз дасти касе коре намеояд. Ҳаво оҳистаоҳиста рӯшан мешавад. Офтоб мебарояд. Офаридгор шояд дар кӯҳи баланде, ки ба осмон мерасад, нишаста, инсонҳоро имтиҳон мекунад... Ҳама ҷоро ваҳшат фаро гирифтааст...” Мудири шуъба матни фиристодаи корманди ҷавонашро дастрас мекунад. Дар он ягон унсури хабарӣ намебинад. Маълум нест, аз фоҷиа чанд кас раҳо ёфтааст. Хонаи чанд нафар зарар дид, оё қаблан чунин фоҷиа рух дода буд? Гурӯҳҳои наҷотдиҳандагон ба ёрӣ омаданд ё не? Аз хондани матн мудири шуъба ба ғазаб омада, менависад: “Зинҳор аз ҷойи ҳодиса дур нарав. Ба қуллаи кӯҳ баро ва ба Офаридгор ҳамсуҳбат шав. Имкон ёбӣ, ҳамроҳ акс гирифта, фирист.” Бале, ин як латифа аст, аммо ҳанӯз баъзе навиштаҳои нашрияҳо рафтори ҳамон хабарнигори ҷавонро ба ёд меоранд. Дарвоқеъ, рӯзноманигорӣ маслаки пурзаҳмат, вале пуршараф аст. Ин касб калимоти ҷасорат, тарс, ҳақиқат, дурӯғ, манфиат, бениёзӣ, виҷдону бевиҷдониро дар худ ғунҷондааст. Рӯзноманигор гӯяндаи ҳарфи ҳақ аст. Яъне, бояд чунон бошад, ки аз гуфтани ҳақиқат, ҳатто зери теғ дар канор наистад. Як вазифаи муҳими рӯзноманигор таъсир расондан ба фикри мардум, нақш доштан дар бедории фикрии ҷомеа мебошад. Ҳидоят ба роҳи рост вазифаи дигари ин касб аст. Аз ин рӯ, ҳарфи рӯзноманигор бояд муътамад ва дар навбати худ муассир бошад. Ҷиддӣ, соф ва қатъӣ. Саҳафоти матбуот бояд оина бошанд, акси ҷамъият, акси зиндагиро намоянд. Хонанда ба он нигариста, худро, ҳусну қубҳи ҳаёти худро, атрофиёни худро бубинад. Мутаассифона, имрӯз саҳифаҳои матбуот рисолати оина будани худро камтар ё умуман иҷро намекунад. Матбуотро ба даст гирифта, гоҳо гумон мекунӣ, ки вориди кадом ғайбатхона шудаӣ. Минбари одоб, тарбия ва бедорсозӣ ба минбари бадгӯӣ бадал шудааст. Санг задан дар ҳаққи якдигар, бадномсозиву дашном ба матбуот раҳ ёфта, гӯё аз вазифаҳои нави он гаштааст... Лек ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, матбуот бояд рисолати аслии хешро иҷро намояд. Аз ин хотир, бахшида ба Рӯзи матбуот ҳамаи ҳамкоронро табрику таҳният гуфта, ба эшон комёбиҳо таманно дорем. Хоҳони онем, ки рисолати хешро назди ҷомеа сарбаландона иҷро намоянд...
С. АМИНИЁН, “ҶТ”
Б. УСМОН, “ҶТ”
9
БАРОИ ҶАВОНОН
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН
Таъкид ба ҷавонон Замон, эй бародар, замони нав аст, Ба хиргоҳи гандум мақоми ҷав аст. Зи инсоф дигар намонда навид, Ки дунё чӣ дорад зи рӯзи Саид. Ҳама дар талотум бубинанд рӯз, Ҳама оҳу воҳу ҳама дарду сӯз. Куҷо қадри ҷону куҷо қадри коҳ, Савоб аз ҳамин рӯ ба доми гуноҳ. Ба хоки Ироқу ба паҳнои Шом, Чӣ бошад ҳалолу чӣ бошад ҳаром? Намонанд духте, ки модар шавад, Ба як тир ҷонаш баробар шавад. Ҳамон қавми кину ҳамон қавми «дин» Набинанд худро ба рӯи замин. Ҷадиданд гӯё зи паймони Ҳақ, Зи ислом гӯё диҳандат сабақ. На исломиянду на паймони нав, Табиатзаҳоки зи қавми махав. Ҳадаф қатли ому ҳадаф фикри хом, Надоранд аз ин ба давре мақом. Дар онҳо муҳаббат ба инсоф нест, Ба ҷуз хуни ноҳақ дигар лоф нест. Агар роҳи ислом бувад роҳи нек, Ба ислом рабте надоранд лек. Ягон тори мӯ ҳам на пайванди дин, Гирифтанд худро ба кин дар камин. Надоранд реша ба хоки вафо, Шиносанд худро зи роҳи ҷафо. Куҷо дин бигӯяд ҳидоят ба хун, Ки тифлони маъсум бисозӣ забун? Куҷо дин бигӯяд силоҳ бо ҷиҳод, Ҷиҳодаш чӣ бошад, чӣ дорад ниҳод. Шуморанд худро Амиру вакил, Набошанд беш аз харе банди гил. Ба пешоварони мусалмоншинос, Чӣ карданд онон, надорад қиёс. Ба Лубнону Шому ба мисри Араб, Хати нақша буда, басе булаҷаб. Ҳамин дарк гӯё, ки исломӣ аст, Вале асл бинӣ, ки бадномӣ аст. Касе ранҷ дида зи кишту дарав, Ба ин қавми бехун насозад гарав. Ба сеҳру ба ҷоду гарангат кунанд, Чу бикшоӣ чашмат наёбӣ газанд. Касе ҳуш дорад бифаҳмад баён, Ки аз чанги онон наёбӣ амон. Ба ин Ваҳдате, ки бувад дар Ватан, Ба васфу сифоташ набошад сухан. Касе даст гирад зи терори нафс, Шавад чун гадое ба бозори нафс. Давлат САФАР
10
Ғарм обод шудааст Аз Кабудҷар, ки хеле метарсидам, ному нишон нест Вақте дар мактаби миёна таҳсил мекардаму боре аз ноҳия берун нарафта будам, дар мавсими сармо мардумеро, ки ба самти Душанбе мерафтанд, бим мегирифт, ки роҳ банд асту дар Кабудҷар сангу тарма фуромадааст. Кабудҷар дар назари кӯдаконаи ман ҳамчун дараи махуфу маргбор пайдо мешуд ва сахт метарсидам, ки пас аз хатми мактаб, ҳангоми ба Душанбе барои таҳсил рафтан ин роҳро чӣ гуна убур мекарда бошам? Мактабро хатм кардаму донишҷӯи ДМТ шудам. Ҳангоме ки ба Душанбе равон гардидам, бисёр мехостам, Кабудҷарро бинам. Ба шаҳр расидаму аз он
нишоне набуд. Ботааҷҷуб аз ронанда пурсидам, ки магар мо аз роҳи дигар гузаштем, ки Кабудҷарро надидам? Ӯ бо табассум посух дод, ки ба самти Душанбе танҳо як роҳ аст. Кабудҷарро кайҳо гузаштем. Аз нигоҳи кунҷковонаи ман магар ронанда мақсадамро пай бурд, ки гуфт: - Воқеан, солҳои пеш ин роҳ бисёр валангор ва душворгузар буд, аммо ҳоло бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат роҳ ободу хеле ҳамвор шудааст. Чанде пеш бо раиси нави ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқов суҳбат доштам. Раис зимни баёни нақшаҳои минбаъдаи фаъолияташ гуфт, ки ободсозии роҳҳо яке аз ҳадафҳои аслии ӯ мебошад. Толибҷон САЙҶАЛОЛОВ, донишҷӯи ДМТ
РУБРИКА
Кайфаш оромат кунад, заҳраш мекушад Зиндагӣ инсонро дар давоми умраш ба бисёр мушкилиҳо рӯ ба рӯ месозад. Бори зиндагӣ басо вазнин аст, ба дӯш бардоштанаш боз ҳам вазнинтар. Иддае аз одамон агар гирифтори мушкиле шаванд, рӯ ба нос ё сигор меоранд, ки хато аст. Мутаассифона, аксари онҳо ҷавонон мебошанд. Гӯё бо истифодаи тамоку асабҳои хешро ором намуда, аз бори гарони ғаму андӯҳ халос мешаванд. Бехабар аз он ки дуди тамоку ба майнаи сар, шуш ва дил зарари ҷиддӣ мерасонад. Дар қуттиҳои сигор кушоду равшан таъкид шудааст: “Кашидани сигор шуморо ба марг мерасонад”. Бо вуҷуд, онро истифода мебаранд. Хушбахтона, чанд сол пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку” ба тасвиб расид. Мувофиқи он дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, мисли ҷои кор, ошхонаҳо, дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, вокзал, фурудгоҳ кашидани сигор манъ аст. Иҷрои талаботи ин қонун то андозае риоя ме-
шавад, аммо назоратро ҳоло ҳам пурзӯр кардан даркор. Бояд дар мағозаҳое, ки сигор мефурӯшанд, навиштаҷоти “Фурӯши маҳсулоти тамоку ба шахсони то 18-сола манъ аст” бошад. Шояд баъзе ҷавонон барои худнамоишдиҳӣ ё ҳавою ҳавас ба кашидани сигор даст мезананд. Бехабар аз он ки аз он халос шуда наметавонанд ва дар натиҷа, аксари онҳое, ки ба сигоркашӣ одат мекунанд, мубталои бемориҳои саратони шуш, дил ва хун мегарданд. Охир, тамоку дар таркибаш никотин дорад. Ба гуфтаи табибон, агар як қатра заҳри нико-
тинро ба даҳони асп чаконем, ин ҳайвон бо ҳамин бузургиаш фавран мемурад. Месазад, ки умри бачагию ҷавониро хушу гуворо, бо хондани китобу аз бар кардани касбу ҳунар сарф кунем. Фаромӯш накунем, ки сарҳади хоҳишҳои инсон охир надорад. Оқилу доно касест, ки аз ҳар гуна рафтору аъмоли бад худдорӣ намояд. Биёед, ба қадри саломатии хеш бирасем, зеро табиби ҳар шахс худи ӯст. Раҳматулло КАРИМОВ, донишҷӯи факултаи журналистикаи ДМТ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №11 (9385), 11 МАРТИ СОЛИ 2015
САНЪАТ
Мусиқӣ дар ҳаёти ҳар фард мақоми хос дорад. Он бо ҳаёти ҳаррӯзаи инсон алоқаи мустаҳкам дошта, дар ҳар давру замон ҳаёти иҷтимоии инсонро ҳамрадиф аст. Тавассути мусиқӣ, кас маърифати зиндагӣ ва зебошиносӣ, шинохти худ ва атрофиён, олами зоҳирӣ ва ботинии якдигар, хулоса, равиши зиндагиро дарк мекунад. Мусиқии тоҷик бунёди куҳане дар умқи фарҳанги миллӣ дорад, ки асрҳо боз арзи вуҷуд дошта, ҳамеша таскиндиҳандаю тасаллибахш, ҳамрозу ҳамнафас ва аз ҳама муҳим, ифодакунандаи ормону орзуҳои миллат мебошад. Хушбахтона, санъати безаволи мардуми тоҷик дар замони истиқлол болу пари нав кушода, бисёр қисматҳои он, ки дар ҳоли азбайнравӣ қарор доштанд, аз нав эҳё гардиданд. Бунёди муассисаҳои гуногуни илмию таълимӣ ва фарҳангӣ маҳз дар замони истиқлол ба роҳ монда шуд, ки он иқдоми бузурги Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушд ва тараққӣ додани фарҳанги мардумӣ, бахусус, мусиқӣ ва соҳаҳои мусиқишиносӣ маҳсуб ме-
Мусиқии миллӣ ва ҷавонони муосир ёбад. Ин муассисаҳои таълимию илмӣ барои инкишоф ва такомули мусиқии суннатӣ ва касбии халқи тоҷик саҳми босазо доранд ва бешак, ҷавонон меҳвари асосӣ ва такондиҳандаи он гардиданд. Ҳар сол Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи устод Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов ҷавонони зиёди болаёқату ҳунармандро ба оғӯш гирифта, суннатҳои мусиқии миллиро барояшон меомӯзонад. Жанрҳои суннатие, ки аҷдодони мо дар тӯли қарнҳо эҷод намуданд, имрӯз дар ин муассисаҳо таълим дода мешаванд ва насли оянда, бахусус, ҷавононро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, миллатшиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия менамоянд. Жанрҳои мусиқии гуногун ва бойи мардуми тоҷик, ба мисли, шашмақом, фалак, наътхонӣ, мадҳияхонӣ, қасидахонӣ, ҳамосасароӣ ва шоҳномахониву дигар намудҳои жанри мусиқӣ, баёнгари таъриху фарҳанги бойи мардуми тоҷик буда, барои рушди тафаккури миллӣ ва хештаншиносии ҷавонон басо муҳим мебошанд. Аз ин рӯ, дар Консеваторияи миллии Тоҷикистон имрӯз бахшҳое, ба
мисли мутрибони анъанавӣ, овозхони анъанавӣ ва созҳои миллӣ дар факултети мусиқии тоҷик амал мекунад, ки бевосита ба таълим додани анъанаҳои мусиқии суннатӣ ва хоси мардуми бумӣ ва кӯҳистони тоҷик машғуланд. Шашмақом, фалак, мадҳия, услуб ва тарзи сароидани онҳо саршор аз ғояҳои хештаншиносист. Дар онҳо ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар паҳлӯҳои зиндагӣ инъикос ёфтаанд. Ин жанрҳо, ҳамчун пуле мебошанд, ки моро бо гузашта, имрӯз ва ояндаи миллат пайваст месозанд. Боиси хушнудист, ки ҷавонон имрӯз ба ин жанрҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Албатта, ин ҳама самимият ва бедориро бе дастгирии давлату ҳукумат наметавон пеш бурд. Бо дастгирии ҳукумат ба жанрҳои мусиқии суннатии тоҷикон таваҷҷуҳи хос зоҳир шуда, ба жанрҳое ба мисли шашмақом ва фалак мақоми махсус дода шудааст ва ҳар сол рӯзҳои “Шашмақом”-у “Фалак” дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешаванд, ки боиси баландравии маърифати фарҳанги тоҷик ва худшиносии ҷавонон мегардад. Илова бар ин, замони шӯравӣ
гарчанде барои рушди соҳаи мусиқӣ саҳми босазо дошт ва ҷавононро дар рӯҳияи сиёсати шуравӣ тарбия месохт, вале баъзе паҳлӯҳои ҳаёти мусиқии суннатии мардуми тоҷикро нодида гирифт ва дар натиҷа баъзе жанрҳои мусиқии мо аз байн рафтанд ва ё дар ҳоли нобудшавӣ қарор доштанд. Барои мисол, бо шинос намудани системаи нота ва ё хати мусиқӣ, яке аз системаи таълимии суннатии мусиқии тоҷик, ки “устод-шогирд” ном дошта, на танҳо дар мусиқӣ, балки дар дигар соҳаҳои суннатӣкасбӣ истифода мешуд, қариб аз байн рафт. Жанри мусиқӣ-овозии қасидахонӣ, жанри мусиқӣ-рақсӣтеатрии муғулбозӣ, рақси пойи амал, баъзе асбобҳои мусиқӣ ва амсоли инҳо ба муассисаҳои таълимии касбии мусиқӣ роҳ наёфта, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтанд. Агар имрӯз муассисаҳои фарҳангии давлатӣ ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намекард, аз байн рафтани онҳо бегумон буд. Хушбахтона, баъзе маросимҳои иҷтимоӣ, ки аз тарсу ҳароси режими атеистӣ ва коммунистӣ дар шакли махфӣ ва ё пардапӯшона дар замони шуравӣ иҷро мешуданд, сабабгори зинда монда-
ни баъзе аз ин жанрҳо гаштанд. Наслҳои ҷавон дар назди устодони ғайрикасбӣ, ба мисли падару бобоён ва дигар хешу таборашон нозукиҳои ин жанрҳоро омӯхта, то имрӯз расондаанд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, мусиқичиён ва мусиқишиносон рӯ ба омӯзиш, тадрис ва тадқиқи мусиқии суннатӣ оварданд. Дар илми мусиқии тоҷик як ҷунбиши нав пайдо шуд ва таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиш, сароиш ва шунидани мусиқии миллӣ зиёд гардид. Имрӯз, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин жанрҳои суннатӣ таваҷҷуҳи хос дорад, бо ибтикор ва дастгирӣ мактабҳои гуногун таъсис дода шуданд, ки дар онҳо ҷавонон нозукиҳои мусиқии халқи тоҷикро дар қатори жанрҳои мусиқии аврупоӣ, дар шакли касбӣ омӯхта истодаанд. Чоршанбе ҒОИБНАЗАРОВ, муаллими кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов
КИТОБИЁТ Бо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 600-солагии мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Абдуаҳмони Ҷомӣ ҷашн гирифта шуд. Бузургии олимону орифони маъруф, чун Мавлоно Ҷомӣ дар он аст, ки бо гузашти шаш аср навиштаҳояш барои насли имрӯза фаҳмо буда, аҳамияти тарбиявии худро нигоҳ доштаанд. Чанде пеш бо ташаббус ва маблағгузории Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии “Фонди диалоги Авруосиё» нашриёти «Адиб» китоберо зери унвони «Сайри маънӣ» ба табъ расонд, ки дар он мақолаҳои аҳли илму адаби тоҷик дар хусуси эҷодиёти Ҷомии ширинсухан гирд оварда шудааст. Мураттиб ва муҳаррири китоб Абдурауф Муродӣ дар пешгуфтори китоб чунин нигоштааст: «Ҳар фарди соҳибдиле, ки назар ба паҳнои осори ин шоир, ориф ва мутафаккири беназир меафканад, андарзи фаровон меандӯзаду ба дунёи маънавии хеш ғановат мебахшад». Олими шинохтаи тоҷик, профессор Нодир Одилов дар муқаддимаи китоб навиштааст, ки Мавлоно Ҷомӣ умри худро ба хидмати башарият бахшида, атрофиёнашро низ ба он даъват мекард: Роҳату ранҷ чун бувад гузарон, Ранҷ каш баҳри роҳати дигарон. Дар давраи Ҷомӣ шахспарастӣ аз рӯи шаҷараҳо (насаб, авлод) маъмул буд. Яъне, ҳар шахсро аз рӯи мансубият ба ин ё он авлоди бонуфуз эҳтиром мегузоштанд. Ҷомӣ ин равияро қабул накарда, таъкид менамояд, ки инсон бояд на аз рӯи мақому маснади падар, балки аз рӯи ҳунару амалаш баҳо дода шавад: Гирди номи падар чӣ мегардӣ,
Вассофи оини ҷавонмардӣ Падари хеш шав, агар мардӣ.
Мирзо Муллоаҳмад. - Таҷаллии ин андешаву ин эҳсосотро ҳам дар ашъори ғиноии шоир, амсоли ғазалу қасида, таркиббанду тарҷеъбанд, рубоию қитъа ва ҳам дар маснавиҳои бузурги «Ҳафт авранг», осори мансури «Баҳористон» метавон мушоҳида кард. Ҷомӣ монанди дигар суханварони маъруф ҳадафи асосии инсонро дар зиндагӣ анҷоми кори нек, аз худ боқӣ гузоштани осори худ медонад:
Ӯ аз рӯи ҳамин принсипи ахлоқӣ ба шаҷараи тартибдодаи яке аз ашрофони замон, ки дигар ашрофони Ҳирот дар хусуси саидзода буданашон имзо ниҳода буданд, имзо накарда, ин шеърро навишт: Гар ҳаст туро нури набӣ дар башара, Ҳоҷат набувад ба тӯлу арзи шаҷара. Гар нест туро ба сар ин нури сара, Шаҷра надиҳад ба ғайри лаънат самара. Яъне, агар ту саидзода бошӣ, бо рафтору кирдору аъмолат кӣ буданатро исбот кун. Вагарна, ин шаҷара дар сурате, ки рафтори ношоиста дошта бошӣ, ба ғайри лаънат самарае намебахшад. Дар китоб суханронии Сардори давлат ба муносибати ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ пурра ҷой дода шудааст. Президенти мамлакат зимни суханронӣ таъкид намуд, ки пас аз гузаштани 600 сол офаридаҳои ин мутафаккир на танҳо моҳияти худро гум накардаанд, балки чун марҳам то имрӯз дардҳои маънавии халқҳову миллатҳои дунёро дармон мебахшанд: «Мову шумо, ки фарзанди ҳамин миллатем, бояд, пеш аз ҳама, аз бузургоне чун Ҷомӣ дарси ибрат гирем, сабақ омӯзем ва шабу рӯз кӯшиш намоем, то ҳамеша бо халқ ва дар хизмати халқ бошем. Мавлоно Ҷомӣ низ бо таъкид обрӯю эътибори одамонро дар зиндагӣ, илму дониш ва ҳунармандию бомаърифатӣ медонад, на дар соҳиби симу зар будани онҳо. Ба таъбири ӯ шахсе, ки соҳиби илму ҳунар аст, ҳеҷ гоҳ пеши ҷоҳилону золимон сар хам нахоҳад кард”. Академик Маҳмадулло Лутфуллоев дар мақолаи хеш, ки ба мавзӯи тарбия дар осори
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №11 (9385), 11 МАРТИ СОЛИ 2015
Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ, Инчунин гуфт хирадманд, ки андеша гумошт. Хурам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф, Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.
Ҷомӣ бахшида шудааст, чунин менигорад: “Абдураҳмони Ҷомӣ ҷомеаро ба ду гурӯҳ золиму мазлум ҷудо мекунад ва аз золимон даъват ба амал меорад, ки адлу инсофро пеша кунанд, зеро бо адл ҷаҳон обод гардида, бо ҷабр вайрон шавад. Адл аз ниҳояти хеш ба ҳазор фарсах равшанӣ бахшад: Ба адл кӯш, ки чун субҳи он тулӯъ кунад, Фурӯғи ӯ биравад то ҳазор фарсанге. - Яке аз он суннатҳо, ки дар осори Ҷомӣ чун хатти зарин ба назар мерасад, андешаву эҳсосоти бошардӯстӣ мебошад, – навиштааст муовини саркотиби илмии АИ ҶТ
Дар мақолаи раиси Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии “Фонди диалоги Авруосиё» дар Тоҷикистон Эмсал Коч, ки «Дар хидмати аҳли башар» ном дорад, чунин омадааст: «Орзуву ормонҳои адабии Мавлоно Ҷомӣ мутобиқ ба арзишҳои волои башарианд. Шоир дар ҳама ҳолат дӯстиву рафоқат, ҳамдиливу сулҳу салоҳ, зиндагии осоиштаву саодатмандонаи мардуми некрою хушхилқатро ситоиш мекунад. Ӯ маънии зиндагиро ба дастгири ҳам будан, барои саодати ҳамдигар ҷидду ҷаҳд намудан мебинад. Зеро худбиниву худпарастӣ хислати одами оқил набувад». Китоби «Сайри маънӣ” барои доираи васеи хонандагон, алалхусус, донишҷӯёну омӯзгорон пешбинӣ шудааст. С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”
11
ВАРЗИШ
ЭЪЛОН
Диққат, озмун! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд: №
“Ласточка” - ғолиби мусобиқаи футболи бонувон Бо пирӯзии дастаи “Ласточка” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ мусобиқаи футбол миёни бонувон бахшида ба Рӯзи модар – 8 март анҷом ёфт. Дар мусобиқа 5 даста – “Ласточка” (Душанбе), «Зебо» (Ҷиликул), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Барқ» (Норак) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ширкат доштанд. “Ласточка” дар ҳар чор бозӣ ғалаба ба даст оварда «Зебо» (3:0), «Вахш» (6:0), «Барқ» (4:0) ва «Регар-Та-
дАЗ» (5:0), ғолиби мусобиқа шуд. Медалҳои нуқра насиби дастаи “Барқ” гардид. Ин даста аз чор бозӣ бар сетоаш ғолиб омад: «Вахш» (1:0), «Регар-ТадАЗ» (2:0) ва «Зебо» (1:0). Дастаи “Зебо” медалҳои биринҷии мусобиқаро ба даст овард. Ҳамчунин, беҳтаринҳои
мусобиқа бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Нигора Ҳайдаралиева (“Ласточка”) беҳтарин дарвозабон, Саҳина Саидова (“Зебо”) беҳтарин ҳимоятгар, Насиба Олимова (“Барқ”) беҳтарин нимҳимоятгар ва Гулсунбӣ Шарифова (“Ласточка”) беҳтарин нишонзан (5 гол) дониста шуданд.
Ҷоми ФФТ: иштирокчиёни нимфинал маълум шуданд Дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аз гурӯҳи “Б” ва “Хайр”-и Ваҳдат, КМВА “Помир”-и Душанбе аз гурӯҳи “А” ба нимфинали Ҷоми ФФТ2015 баромаданд. “Истиқлол” бо нуҳ хол дар гурӯҳи “Б” дар ҷои аввал аст. Шогирдони Мубин Эргашев ҳар се бозиашонро бо ғалаба анҷом доданд. Дар бозии аввал “Регар-ТадАЗ”ро бо ҳисоби 2:0, сипас, “Равшан”-ро бо ҳисоби 5:2 ва ахиран дастаи лигаи аввал – “Қайроққум”-ро бо ҳисоби калони 13:1 шикаст доданд. “Регар-ТадАЗ” бо шаш хол дар ҷои дуюм мавқеъ ёфт. Ин даста баъди бохт аз “Истиқлол” бар тимҳои “Қайроққум” (2:1)
ва “Равшан” (3:0) ғалаба кард. Дар гурӯҳи “А” тими “Хайр”-и Ваҳдат бо 6 хол дар садри ҷадвал аст. Ин даста “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 2:1 ва “Данғара”-ро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. КМВА “Помир” низ 6 хол дорад. Артишиҳо тимҳои “Данғара” ва “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби якхелаи 1:0 мағлуб карданд. Бозӣ миёни “Хайр” бо КМВА “Помир”, ки имрӯз 11 март доир мегардад, ғолиби гурӯҳро муайян мекунад.
Аввалин ғалабаи тими ҷавонон дар бозиҳои санҷишӣ Тими ҷавонони кишвар (U-19) бозии аввали санҷишиашро дар Туркия бо ғалаба анҷом дод. Футболбозони ҷавони мамлакат бар тими ҷавонони дастаи “Сённерйюск”-и Дания бо ҳисоби 3:1 ғалаба карданд. Ҳар се голи тими мунтахаби ҷавонони моро нимҳимоятгари дастаи “Равшан”-и Кӯлоб Муҳаммадҷони Ҳасан зад. Бозии навбатии санҷишии тими ҷавонони кишвар 13 март доир мегардад. Ҳариф ҳоло маълум нест.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36
Номгӯи мансабҳо Сардори Раёсати рушди туризми Дастгоҳи марказӣ Мудири Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Сармутахассиси Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Дастгоҳи марказӣ Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истаравшан Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Чкалов Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ғончӣ Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ишкошим Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тавилдара Мутахассиси пешбари Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Дастгоҳи марказӣ Мутахассиси пешбари Шӯъбаи муносибатҳои байналмилалии Дастгоҳи марказӣ Мутахассиси пешбари Шӯъбаи молия ва ҳисобдории Дастгоҳи марказӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ғончӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷиргатол Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ёвон
Маоши вазифавӣ 1709.1 854.55 855 738 738 738 738 702 702 702 702 702 702 702 697,5 697,5 697,5 603 603 603 576 576 576 576 576 576 576 576 576 522 495 495 495 495 472.50 472.50
Талабот аз довталабон: - таҳсилоти олии касбӣ, собиқаи корӣ (барои мансаби сардори раёсат, муовини сардори раёсат, мудир, сармутахассис ва мутахассиси пешбар); - таҳсилоти олӣ, олии нопурра ва миёнаи махсус (барои мутахассис); - доштани маълумоти соҳавӣ (варзиш); - донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад. Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда: - ариза ба номи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (анкета); - 2 дона расм (4х6); - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ): - нусхаи шиноснома; - нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва эъломия аз вазъи мол: - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ); - маълумотнома аз ҷои истиқомат. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс: 734026, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6, (рӯ ба рӯи “Кохи Борбад”). Тел: 236-41-87, 235-10-23 (Бахши кор бо кадрҳо).
12
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №11 (9385), 11 МАРТИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ МИЛЛӢ (Идома аз шумораи гузашта) Ҳанӯз дар замони юришҳои хеш Искандари Мақдунӣ аз ин намуди варзиш пуштибонӣ мекард ва ҳамчун амали ҷавонмардӣ дар сарзамини Бохтару Суғд, Хутану Чағон дар байни ҷанговарони хеш мусобиқаи чавгонбозии савораву пиёда баргузор намуда, худ ҳаловат мебурд. Дар ҳақиқат, бисёр аз шоҳаншоҳону ҷаҳонгирони дунё дар вақтҳои мувофиқ ба ин намуди варзиш шуғл меварзиданд. Маълум аст, ки саркардаҳои давлати Саффориён Амру ва Яъқуб ибни Лайс ҷавонмардоне буданд, ки ин намуди варзишро шуғли дӯстдоштаи хеш меҳисобиданд. Амру ибни Лайс, ки дар набардҳо ба муқобили лашкари хилофати Араб аз як чашм маҳрум шуда буд, дар майдони чавгонбозӣ далеру чақон бозӣ мекард. Ба хотири аз даст надодани чашми дигараш ва бе сарвар мондани давлати тозаистиқлоли Саффориён наздиконаш ӯро ба чавгонбозӣ иҷозат намедоданд, ки аз ин хеле маъюс буд.
лам аст, ки пайдоиши ин ё он намуди бозӣ ҷанбаъҳои таърихӣ доранд. Дар бозии чавгонбозӣ се вожаи тоҷикӣ ба мушоҳида мерасад. Инҳо дар алоҳидагӣ маънои томро ифода мекунанд: чавгон, гуй, ва бозӣ. Чавгон – чуби каҷе, ки андоза ва шакли махсус дорад. Гуй – гирдае, ки аз пашминаи гов, ки маънои говӣ ва баъдан гуйро гирифтааст, дар баъзе ҳолатҳо аз чӯб низ сохта мешуд. Бозӣ – амали шахс, ки василаи он маҳорат, малака ва ҳолат ифода
ЧАВГОНБОЗӢ АЗ ДИДИ ОЛИМОНИ ШӮРАВӢ Мувофиқи маълумоти таърихӣ чавгонбозӣ ҳамчун як намуди варзиш дар ҷавонон ҷавонмардӣ, матонат, қавииродагӣ, устуворӣ, қобилияти дарки ҳаводис ва амал, интихоби мавқеъ, ирода, дарк, далерӣ ва эҳсоси ғалабаро тарбия менамояд, диққати бисёре аз муаррихони русро ҷалб намуда буд. Яке аз олимони шӯравӣ, таърихшинос Н.И. Торопов ба чавгонбозӣ ҳамчун бозии дилрабою ҷасоратпарвар диққати махсус медод. Ӯ дар китоби хеш «Национальные виды спорта игр в Таджикистане» (Москва, 1944) қайд мекунад, ки чавгонбозӣ дар шакли пешин танҳо дар деҳоти кӯҳдоманҳои Помир боқӣ мондааст. Маҳз тариқи қаторкӯҳҳои Помир ба Ҳиндустон ва аз Ҳиндустон ба Англия ворид шудааст. Аз ин ҷост, ки ин намуди варзиши миллии тоҷикӣ тавассути тоҷикон ба Ҳиндустон паҳн шуда, аз ҷониби ҳиндуҳо низ ҳамчун намуди варзиши тарбиятдиҳандаи ҷавонмардӣ, қавииродагӣ ва далерию шуҷоатмандӣ пазируфта шуда, намуди варзиши рақами як гардидааст. Якуб Абрамов дар китобаш «Чавгонбозӣ» (“Ирфон”, Душанбе-1968) овардааст: «Таджикиская национальная игра чавгонбози так же как индийская национальная игра имеет сходство с игрой хоккей на траве». (Бозии миллии тоҷикии чавгонбозӣ, инчунин бозии миллии ҳиндуҳо ба бозии хокейи болои алаф монандӣ дорад.) Тантанаи инсофу адолат мебуд, агар мавсуф қайд мекард, ки бозии «Хоккейи болои алаф», ки дар Аврупо (Англия, Ҳолланд, Чех, Олмон, Иттиҳоди Шӯравӣ) ва мамлакатҳои Америкаи Шимолӣ ва Америкаи Ҷанубӣ мавҷуд аст, ба монанди бозии миллии ҳиндуҳо аз чавгонбозии тоҷикон ибтидо мегирад. Мусал-
мешавад.
зишгарони мо новобаста ба он ки дар он замон қоидаҳои ягона ва аз ҷониби ҳамагон эътирофшудаи ин намуди варзиш мавҷуд набуд, маҳорату малакаи хуби варзишӣ ва асолати ҷавонмардӣ нишон доданд. Бо гузашти солҳо ҳунарнамоии дастаи чавонбозони шаҳри Душанбе ба ихлосмандону ҳаводорони ин намуди варзиш рӯҳияи баланди варзишӣ эҳдо намуда, тақвият бахшидани ин намуди варзиш дар онҳо пайдо шуд. Натиҷаи ҳамин буд, ки худи ҳамон сол дар Донишгоҳи
он ҷавонону наврасон шуғл меварзиданд. Ҳамзамон, дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб низ донишҷӯёни факултаи математика ва физика зери роҳбарии устоди донишгоҳ Давлаталӣ Файзалиев нозукиҳои ин намуди варзишро меомӯхтанду маҳорату малакаи варзишии хешро сайқал медоданд. Дар рушд ва пешрафти чавгонбозӣ заҳмату талошҳои Т. Суярқулов, З. Ортиқов, Ф. Тошмуҳаммадов, А. Сафаров (дар шаҳри Душанбе), Акбар Дадаҷонов ва Қувондиқ Бердиев (дар вилояти
он ба ФЧТ лавозимоти варзишӣ, аз қабили чавгон, гуй ва либосҳои дарвозабон ворид гардида, инчунин, семинар-машваратҳои омӯзишии назариявӣ ва амалӣ барои мураббиён ва доварон баргузор гардид. Ҳамкории Федератсияи байналмилалии чавгонбозиро бо Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон намояндаи FIH Зоҳид Али Хан амалӣ менамуд, ки дар рушду оммавӣ гардидани чавгонбозӣ дар Тоҷикистон саҳми намоён дорад. Дар ин самт моҳҳои
Чавгонбозӣ офаридаи озодагон аст
Озариҳо бозии миллии ориёиҳо - чавгонбозиро моли миллати хеш шуморида, дастоварди миллатҳои дигари ориёнажодро нодида мегиранд ЭҲЁИ ЧАВГОНБОЗӢ ДАР ЗАМОНИ ШӮРАВӢ Чи тавре ки дар боло қайд намудем, чавгонбозӣ солҳои 40-50и асри XX дар деҳоти кӯҳистони Помир боқӣ монда буд ва дар манотиқи дигари Тоҷикистон ба ин намуди варзиш ҷиддӣ касе машғул набуд. Дар қисмати манотиқи Кӯлоб, Рашт ва Суғд низ ҷавонон ба ин намуди варзиш шуғл меварзиданд, лекин аз рӯи ҳавас. Дар минтақаҳои кӯҳистони Рашт, хусусан, деҳаи Шкев майдони ҳамвору калоне мавҷуд буд, ки дар он чавгонбозӣ мекарданд. Он то ҳоло боқӣ мондааст. Ҷавонмардони хатлонӣ низ дар майдонҳои варзишӣ ба ин намуд шуғл меварзиданд. Дар рисолаҳои таърихӣ омадааст, ки Шерони хатлонӣ (паҳлавонони хатлониро чунин меномиданд) чавгонбозиро бозии родмардон меҳисобиданд ва ҳам савору ҳам пиёда шуғл меварзиданд. Бо густариш ёфтани чавгонбозӣ дар Англия он дар Аврупо шуғли ашрофзодагон гардид ва соли 1924 аввалин бор Федератсияи байналмилалии чавгонбозӣ (FIH) таъсис ёфт, ки яке аз федератсияҳои бонуфузи ҷаҳон ба ҳисоб рафта, 137 мамлакати дунё узви он мебошанд. Чавгонбозӣ аз соли 1908 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил гардид. Аз соли 1970 чемпионатҳои Аврупо ва соли 1971 чемпионати ҷаҳон оид ба чавгонбозӣ баргузор мешаванд. Нахустин иштироки чавгонбозони тоҷик дар ҳайати дастаи яккачини шаҳри Душанбе соли 1955 дар мусобиқаи байни шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (Москва, Жуковский, Ленинград, Таллин ва ғайраҳо) барои бисёриҳо ғайричашмдошт буд. Ин аввалин қувваозмоии чавгонбозони тоҷик бо устодони варзиши чавгонбозӣ буд ва вар-
омӯзгорӣ 6 даста асосан аз ҳисоби ҷавонони бадахшонӣ таъсис ёфт. Ҳамзамон, як даста дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва як даста дар Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар эҳё ва тарғиби чавгонбозӣ дар Тоҷикистон саҳми Тоҷимат Суярқулов калон аст. Завқи баланди эҳёи варзиши миллӣ, ки дар қалби ин марди майдон ҷойгузин буд, ба рушд ва ташаккули чавгонбозӣ сабаб шуд. Аз солҳои 70-уми асри гузашта ба ин намуди варзиш диққати ҷиддӣ дода шуд. Аввалин шуда дар шаҳри Душанбе ва баъдан дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ маҳфилҳои чавгонбозӣ аввал дар шакли фаъолияти ҷамъиятии мураббиён ва баъдан дар мактабҳои варзишӣ ба кор шурӯъ намуданд. Бо оммавӣ гардидани чавгонбозӣ дар пойтахт ин намуд дар вилоятҳои Суғд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаводорон пайдо намуд. Ҳамон солҳо дар вилояти Суғд (Хуҷанд, Конибодом ва Ашт), дар вилояти Кӯлоб (шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Ҳамадонӣ ва Фархор), вилояти Қӯрғонтеппа (ноҳияи Вахш) ва ноҳияҳои тобеи марказ (ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Файзобод) маҳфилҳои чавгонбозӣ амал мекарданд, ки дар
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №11 (9385), 11 МАРТИ СОЛИ 2015
Суғд), Абдулло Мусоев, Давлаталӣ Файзалиев ва Мирзо Мавлавиев (дар вилояти Кӯлоб) бениҳоят калон аст. Ин устодони накӯном тавонистанд ҷавонону наврасонро ба намуди миллии варзиш ҷалб намуда, ривоҷу равнақ бахшанд. Ҳамин тавр, маҳорату малака, ифтихори миллӣ ва меҳри беандоза ба варзиш сабаб шуд, ки устодон дар солҳои 80-уми асри гузашта шогирдони шоиста ва шоёнро оид ба чавгонбозӣ тарбия намоянд. Мисоли ин гуфтаҳо дастоварди дастаҳои чавгонбозони ҷумҳурӣ, дастаи занонаи “Суғдиён” ва дастаи мардонаи “Агрегат”-и Душанбе мебошанд, ки дар Чемпионати Иттиҳоди Шӯравӣ бомуваффақият иштирок намудаанд. ЧАВГОНБОЗӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва шах шудани муносибатҳои байни ташкилотҳои варзишии иттифоқӣ ба соҳаи варзиш бе таъсир намонд. Муносибатҳои байни ҷумҳуриҳо гусаста гардида, дастаҳои футбол, волейбол, хоккей бо шайба, гандбол, ки дар чемпионати муштарак қувваозмоӣ мекарданд, дур аз ҳамдигар дар давлатҳои алоҳида монданд. Ибтидои соли 1992 Тоҷикистон узви Федератсияи ҷаҳонии чавгонбозӣ гардид, вале чавгонбозӣ низ бо пош хӯрдани иттиҳод фалаҷ гардид ва қариб куллан дар Тоҷикистон ба нестӣ рафт. Аз соли 2006 бо дастгирии Кумитаи варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, сарпарастии Кумитаи миллии олимпӣ ва бо ибтикори Федератсияи байналмилалии чавгонбозӣ (FIH) дар шаҳри Душанбе чанд семинари байналхалқӣ зери омӯзиши Зоҳид Алӣ Хан доир гашт. Дар тӯли 12 сол аз ҷониби FIH ба Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон чор маротиба ёрии амалӣ расонида шуд. Дар ин давра ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ба воситаи
декабри соли 2013 ва январи 2014 семенари машваратӣ-омӯзишӣ аз силсилаи “Ҳамбастагии олимпӣ” дар мавзӯӣ “Рушди сохтори варзиши миллии чавгонбозӣ дар соли 2013” доир гардид. Ин семинар ба омӯзиши қоидаҳои нави чавгонбозӣ сохтори федератсияи чавгонбозӣ ва дар сатҳи байналхалқӣ омода намудани мураббиён, доварон ва варзишгарон роҳнамо буд. Айни замон дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ, наврасону ҷавонон ба чавгонбозӣ фаро гирифта шудаанд. Гурӯҳҳои писарона ва духтарона дар мактабҳои варзишии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, ноҳияҳои Мастчоҳ (Бӯстон), Ашт, Ҳамадонӣ ва Муъминобод амал мекунанд. Аз ин ҷост, ки дар мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дастаҳои духтарона ва писарона бомуваффақият ширкат меварзанд. Дар омода намудани чавгонбозони шоиста ва рушду пешрафти чавгонбозӣ саҳми мураббиёни кордону бомаҳорат Е.П. Юсупова, Наим Аюбов, Холмурод Асоев, Шералӣ Сафаров, Дилшод Лоиқов, Қувондиқ Бердиев, Раҳмат Акрамов, Марина Баскакова, Тӯтинисо Султонова, Раҳимҷон Ахмедов, Ҳабибулло Қурбонов ва Мирзо Мавлавиев калон аст. Садоқату меҳри беандозаи устодони ҳалиму меҳрубон аст, ки чавгонбозӣ дар ватани аслии хеш фаъол аст ва садоқати эшонро ба чавгонбозӣ бо ҳикмати зерин шарҳ додан меарзад: Зи дастони ту кори нодир ояд, Гуноҳе ҳам агар бошад, савоб аст. Ҳабибуллоҳ ҚУРБОНОВ, Сарвари гимназияи давлатии “Боғиҳабиб”-и ноҳияи Муъминобод
13
НОМА БА РӮЗНОМА
Инсон ба дунё барои абадӣ зистан намеояд, балки мисли меҳмон муддате дар ин саро иқомат мекунад ва рахт мебандад. Иқомати яке дароз аст дар ин меҳмонсарову аз дигаре кӯтоҳ. Ҳар яке дар ин дунё рисолатеро иҷро мекунад, балки бояд иҷро кунад, то зиндагиаш бефоида нагузарад. Ҷигарбандам Тоҷиддин Шарифов аз зумраи нафаронест, ки умри кӯтоҳ дид, аммо корҳоеро ба сомон расонд. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи олии сарҳадӣ дохил шуда, онро соли 2007 хатм намуд. Ҳамон сол бо роҳхат ба ноҳияи Мурғоби ВМКБ рафт. Ҷонишини сардори дидбонгоҳ (застава) ва баъди шаш моҳ сардори он таъин шуд. Панҷ сол он ҷо ифои вазифа кард. Сипас, ба ноҳияи Панҷакент ҳамчун афсари калон оид ба корҳои сафарбаркунӣ ба кор фиристода шуд. То соли 2013 дар он ҷо адои вазифа намуд. Аммо чунин қисмат насиби ҷигарбанди ормонии ман будааст, ки моҳи апрели соли 2013 бо сабаби бемории сафедшавии хун дар шуъбаи бемориҳои хуни беморхонаи «Қарияи боло» бистарӣ гардид. Баъди муолиҷаи думоҳа, ки худам ӯро ҳамроҳӣ мекардам, гӯё аз ин беморӣ шифо ёфт ва духтур маро ҷавоб доду «Тоҷиддин 3-4 рӯз таҳти назорати мо мемонад», - гуфта ӯро нигоҳ дошт. Баъди 4 рӯз ба ман занг зада, гуфтанд, ки писарам дар ҳолати вазнин қарор дорад. Зуд ба бемор-
Аз зиндагӣ умедҳо дошт...
хона рафта, ӯро дар ҳолати ногувор дидам. Базӯр нафас мегирифт. Давоми 3 рӯз писарам дар ҳолати вазнин бе табобат монда, ҳатто бемории ӯро муайян накардаанд. Ба саволи ман, ки «Чаро чунин ҳолат рӯй дод?» духтури молиҷавӣ Саидов чунин ҷавоб дод: «Писари шумо туберкулёз аст, ӯро ба беморхонаи Мачитон бурдан лозим». Ҳайрон шудам, ки дар шаш рӯз «туберкулёз» аз куҷо пайдо шудааст? Бо вуҷуди ин, вақте Тоҷиддинро ба ноҳияи Ёвон, ки беҳтарин лабораторияи ташхискунандаи бемориҳои сил он ҷост, бурда, аз ташхис гузарондам, маълум шуд бемори сил набудааст. Бемории писарамро илтиҳоби шуш гуфта, муайян карданд. Ин беморӣ, яъне, сил дар 4 рӯзи на-
будани ман чӣ тавр пайдо шуд? Мутаассифона, ба ин саволи ман касе ҷавоб надод. Бо таку дави мудири шуъбаи касалиҳои хун писари маро ба бинои 5-уми беморхона, ба шуъбаи бемориҳои вазнин бурданд. Баъди чор рӯзи муолиҷа ҳарораташ аз 41 ба 36 дараҷа фуромад, дар роҳравҳо гашту гузор мекард. Ҳатто ба ман гуфтанд, ки фардо ӯро ба ҷои аввалааш, бинои 6-уми шуъбаи бемориҳои хуни беморхонаи «Қарияи боло» мегузаранем. Мо хеле хурсанд шудем. Бегоҳӣ хӯрок гирифта, ба аёдаташ омадем. Чун шуъбаи эҳё буд, моро иҷозати даромадан надоданд. Танҳо духтарам хӯрокро гирифта, ба назди бародараш бурд. Ҳангоми хайрухуш писарам ба ман гуфт, ки пагоҳ ӯро ба ҷои пешинааш мебаранд ва мо боз бо ҳам хоҳем буд. «Бояд имшаб истироҳат кунам, чунки чанд шаби гузашта хоб накардаам», - гуфт ҳини хайрухуш писарам. Ман хушҳолу бо хотири осуда ба ҷои хобам рафтам. Соати 12-и шаб духтури навбатдор маро бедор карда, гуфт, ки “аз корпуси 5 шуморо мепурсанд.” Вақте ба он ҷо рафтам, ҷигарбандам бо чашмони пӯшида базӯр нафас мекашид. Аз духтури навбатдор ҳоли Тоҷиддинро пурсидам. Бо сар ишора кард, ки «намедонам». Ҳангоми суҳбати мо духтури навбатдор, ҳатто аз ҷои нишасташ наҷунбид. Дафтари бемории писарамро аз назар гузарондам. Дар он таъини доруву дармони духтуре, ки худам
саҳарӣ оварда будам, қайд шуда буду халос. Духтури навбатдор барои раҳоии бемор аз чанголи марг коре накардааст. Дар дафтари беморӣ дар бораи қабули доруҳо ягон чиз навишта нашудааст. Ҳамин тавр, писари ман на аз бемории сафедшавии хун, тавре табибон муайян карданд, балки аз бемории илтиҳоби шуш фавтид. Писари ман муддати панҷ соли кориаш дар Мурғоби иқлимаш сарди Бадахшон касали сил нашуду дар чор рӯзи дар беморхона набудани ман назди духтурон ба ин беморӣ «гирифтор» шуд. Табибони муҳтарам, наход шуморо виҷдонатон азоб надиҳад? Охир, шумо ҳам фарзанд доред! Чаро духтури навбатдор дар ҳолати вазнин шудани аҳволи писари ман ягон чора надид, табибони дигарро даъват накард? Агар мекард, аллакай то омадани ман дар атрофи писарам бояд табибон ҷамъ шуда, бо марг даст ба гиребон мешуданд. Вале ҳайҳот, он ҷо танҳо ду ҳамшираи шафқат ҳузур дошту халос... Ҳеҷ кас дар ин дунё абадӣ намемонад. Писари ҷавони ман орзуву умедҳояшро бо худ бурд. Бо вуҷуди умри кӯтоҳ дар дилу дидаи ҳамкорон, дӯстонаш, мардумони одие, ки бо онҳо қарин буд, ҷо гирифт. Дар беморхона шахсони ба ман ношинос, ки сини баъзеашон аз 60 ҳам гузашта буд, аз Мурғоб ва Панҷакент ба аёдати писарам меомаданд. Онҳо барои тарбияи чунин фарзанд ба ман арзи сипосу миннатдорӣ менамуданд. Аз ин
муносибати одамон бармеояд, ки писари ман дар умри кӯтоҳи худ каме ҳам бошад, ба онҳо дасти ёрӣ дароз кардааст. Бо феълу атвор ва амалҳои неки худ дар дилу дидаи онҳо ҷо гирифтааст. Ӯ ҳамчун як дастпарвари мактаби олии сарҳадӣ бо тамоми эҳсосоту вуҷуд ба хизмати халқу Ватан бо меҳру садоқати ватанпарварона камар баста буд. Писари ман соҳиби ду фарзанд аст. Писараш Ҷасур дар Мурғоб ва духтараш дар Панҷакент ба дунё омадаанд. Халқу Ватан садоқати фарзандони ҷонсупори худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Комиссариати ҳарбии ноҳия, намояндагони қисми ҳарбии дар ноҳия буда дар рӯзҳои таърихӣ, идҳо аз ҳоли мо пурсон шуда, ёрию мадади хешро дареғ намедоранд. Шукронаи тинҷиву оромӣ, серию пурӣ. Мо аз ҳеҷ чиз танқисӣ намекашем. Фақат ёди фарзанди ормониам хотири маро мушавваш мегардонад. Тоҷиддини ман ҳар сол як маротиба ба аёдати аҳли хонавода меомад. Бо омадани вай нишоту сурур дар хонадон афзун мегардид. Вале афсӯс, аз ин лаззати ҳаёт маҳрум шудем, наберагонам аз навозишу меҳрубонии падар бенасиб гаштанд... Баҳриддин ШАРИФОВ, омӯзгор, падари афсари марҳум, ноҳияи Ҳамадонӣ
ДУ ҲИКОЯ
Пули ҳалол Вақти таътил буд. Олими дувоздаҳсола дар мағоза асари Садриддин Айнӣ «Марги судхур»ро варақ зад. Баъд ба нархаш нигарист. Пӯлаш камӣ мекард. Китобро ба ҷояш гузошту ба хона баргашт. Хост аз модараш пул бигирад. Дар хона модарашро наёфт. Худаш аз сандуқи дутабақа, ки беқуфл буду тирезааш бешиша ва модараш дар он ҷо чойник, пиёла ва лаъличаҳои навро нигоҳ медошт, наздик шуд. Чойники калони гулдорро берун кашид. Тагу рӯ кард, пӯли майда наёфт. Аз даруни чойник бастаи пули панҷсомонаю даҳсомонаро берун баровард. Дар байнаш як сесомонаи рангпарида ва гӯшаки болояш андаке даридаро пайдо кард. Онро дар ҷайби сари сина гузошт ва аз хона берун шуд. Ногоҳ падараш харсавор дар рӯи ҳавлӣ пайдо гашт. Ба писараш гуфт: - Ман рамаро ба дасти писари ҳамсоя супоридам. Рав ту ҳам нигоҳубин кун. Олим, ки ба мағоза рафтанӣ буд, аз раъйаш гашт. Ба саҳро рафт. То бегоҳ рамаро нигоҳубин
14
кард. Вақти баргашт ба кисааш даст бурд. Сесомонӣ набуд. Дилаш зиқ шуд. Баъд бо худ андешид: акнун ба модарам чӣ гуна фаҳмонам? Ва худ хулоса кард: хомӯш будан беҳтар. Аз ин воқеа як ҳафта сипарӣ шуд. Олим инро фаромӯш кард. Рӯзе ҳамроҳи падараш рамабонӣ рафт. Дар баландие падараш аз хар фуромад ва хам шуда, аз замин чизеро бардошт. Олим наздик шуд.
- Пул ёфтам, - гуфт падараш, ки бо панҷаҳо гирди сесомониро тоза мекард. Олим аз гӯшаи дарида пулашро шинохт. Боз дар поёнаш чени нохун шикоф дошт. - Муш хӯрдааст, - гуфт падараш. - Шояд ба кор наояд? - пурсид Олим. - Не-е, рақами пул дар ҷояш. Табассуми нарме дар лаби Олим давид. Рӯзи дигар падараш чоқу харид. Чоқуе, ки теғ, қайчӣ, сӯян, шишакушояк ва дар ду паҳлӯ мӯчинаку дандонковак дошт.
Кабутак Фирӯзи ҳаштсола гирифтори бемории по шуд. Хусусан, зери панҷаи кӯчаки пойи росташ дард мекард. Бо пошна роҳ мерафт. Интизор буд, ки падараш меояду илоҷи дардашро меёбад. Падари Фирӯз чӯпонӣ мекард. Аксар вақт дар саҳро мемонд. Ҳар сари се рӯз ба хона меомад. Тӯшаро бо худ мегирифт. Боз ба саҳро мерафт. Оқибат падари Фирӯз пайдо гашт. Ӯ писарашро шинонида панҷаашро даст-даст кард. - Оббозӣ рафта будӣ? - пурсид падараш. - Раф-та бу-да-ам, - бо пушти панҷа ашкашро тоза намуда, ҷавоб дод Фирӯз. - Ба санги дарё бархӯрда, лат бардоштааст. Баъд ӯ писарашро ба хар шинонида, назди устои шикастабанд бурд. Усто марди тақрибан 60-65-сола, ки як давра подабонӣ менамуд, пойи Фирӯзро аз назар гузаронд. - Устухони по беҷо шудааст, - гуфт. Аввал нарм-нарм, баъд якбора сахт кашид. Аз шиддати дард Фирӯз дод зада, худро ба қафо партофт. Аз ҷо хесту гурехт. Шаб наздик мешуд. Дарди по паст намегашт. Рӯзи дигар духтур бо даъват ба хонаи ҳамсоя омад. Баъди муроҷиати модари Фирӯз духтур гуфтааст: “Як медидамаш”. Фирӯз аз модар номи «духтур»-ро шунида, роҳи гурезро пеш гирифт. Ҳанӯз шиканҷаи устои шикастабанд аз хаёлаш нарафта буд. Дертар модараш боз пайдо гашт. Писарашро шинонда, зери панҷаи хурд малҳам молид ва гуфт: - Духтур дод, гуфт, ки шояд кабутак бошад. Кӯдакон тез-тез гирифтори ин беморӣ мешаванд. Баъди ин дард паст шуд. Обилаи по рӯ зад ва рӯзи дигар кафид. Фирӯз тамоман сиҳат шуд. Ҳамроҳи АВЛИЁПУР
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №11 (9385), 11 МАРТИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ Давлати Уго Чавес
Сарфармондењ (китобї)
«Бе пир марав, ки дар бимонї, … Сикандари замонї»
Шабакаи ТВ "... -Планета"
Дарёе, ки ба Арал мерезад
Номи Ибн Сино
Ноњия дар Бадахшон
Хел, тарз
Мустањкам, пойдор
Зебун… Рустамова, варзишгари тољик
Рафтори такроршаванда
Навъ, гуна
Хориљшавї
Зарфи атр
Мумкин, шояд
Муќобили «астар»
Автобуси венгерї
…-84 – репсарои тољик
Жигули- мошини …
Мўсафед
Торти хурдакак
Синк Zn, элементи кимиёвї
Забони мардуми Исроил
Асбоб барои дарав
... -Франсиско, шањр дар ИМА
Варами ѓадуди простат
…-у фурўш
Моњи иди бонувон
Худро нишон додан
Роњбари њукмрониаш номањдуд
Охир, анљом
Ширеш
Башар Љазира дар бањри Миёназамин
Хамидаќомат
Ширкати либосњои варзишї
Кўзапушт
Охири номи њамаи давлатњои Осиёи Миёна
Гўшаи хона
Хунукбашара
Ќадам … кардан
Тан, љисм
Абдусалом ..., нависанда
Занбўр
Шаб њамаро мебарад
Нимљазираи калонтарини Осиё
«… Лиза», расми Л. да Винчи
Ба чашм намудор
Санги ќиматбањои осмониранг, бирюза
Варзиши муштзанї
Паррандаи шабгард, чуѓз
Касе, ки хун месупорад
Зарф барои хўроки чорво
Шуриш, балво
Нуќтаи олии сотсиализм
Дуруст, ња
Оварда додан, бурда додан
Њашарот
Зеби абрў
Чашмаш каљ
Сигнали нохушї
Сад ва чор ноли дигар
... аз тору ... аз пуд задан
"... аз дўстї ёбанд бахт"
Забонаи оташ
Доимї, љовидонї
Хизмати ВатанМодарро … кардан
Некнињод
Садаќа Панљаи даст ченаки дарозї
Хокаи либосшўии дар гузашта маъруф
Тарз
Тамѓаи атр ва кафки ришгирї
Пойтахти Замбия
Давлатљазира дар Амрикои Шимолї
Боми гирдшакли масљид Корхонаи полиграфї
Олат барои баркашї Вилоят дар Афѓонистон
Номи ќадимаи Волга
Оѓоз, аввал
Шоњи рус, ки СанктПетербургро сохтааст
Худои Юнони Ќадим
Гази асил Халќи адиб Расул Ѓамзатов
Маркази вилоят дар Русия Махлуќи оташфишони афсонавї
Њайвони тоќасуми хонагї
Падар ба арабї
... Назрї, шоири тољик
Як намуди варзиши сабук
Яке аз чор амали арифметикї
Моеи бањр
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №11 (9385), 11 МАРТИ СОЛИ 2015
Муќобили мода
Асбоби скрипкамонанд
15
АКСИ РӮЗ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
- Ту пулро аз куҷо мегирӣ? - Аз ҷевон. - Пулро дар ҷевон кӣ мегузорад? - Занам. - Ӯ пулро аз куҷо мегирад? - Ман ба ӯ медиҳам. - Ту аз куҷо пул мегирӣ? - Аз ҷевон.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
***
- О-о, Қурбонҷон, хубӣ? Мегӯянд зан гирифтӣ? Кӣ туро бо занат шинос кард? - Ман касеро дар ин кор гунаҳкор намекунам...
Умаралӣ САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
***
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
- Очаҷон, харҳо дар чандсолагӣ мемиранд? - Барои чӣ, бачам. Касал шудӣ?
Сайфиддин СУННАТӢ
***
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),
Маҳмудҷон УСМОНОВ, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон, Душанбе),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),
ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА
(муовинони котиби масъул)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 8193 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
16
ЖУРНАЛИСТИКА
Хабарнигори ҳақиқатгӯ ҳамеша зери фишор аст Хабарнигори чинӣ Сӣ Чунхуай, ки муборизи фасод низ номаш мебаранд, 28 моҳ боз зиндонист. Дар ин муддат шиканҷаву хушунати зиёде дид. Сии 46-сола 14 соли умрашро сарфи кор дар ВАО намудааст, аз ҷумла, 7 сол муҳаррири рӯзнома будааст. Вақтҳои охир ба ҳайси корманди масъул дар рӯзномаи ҳуқуқии «Фачжи Жибао»-и вилояти Шандуни Чин адои вазифа мекард. Баъд аз он ки соли 2007 матлабе дар бораи коргоҳи бузургу боҳашамати кумитаи шаҳрӣ ва ҳукумати шаҳри Тенчжоу матлаб навишт, ӯро боздошт ва ба чор соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум карданд. Ба хотири “мушкил” эҷод накарданаш ба роҳбарият ва рӯзномае, ки фаъолият мекард, бештари мақолаю гузоришҳои ҳассос ва интиқодиашро ба рӯзномаҳои дигар мефиристод. Вале бо вуҷуди он ки мақолаю гузоришҳояш бо факту далел ва дараҷаи баланди касбӣ навишта шуда буданд, ягон рӯзнома чопашонро ба зимма намегирифт. Чунки дар онҳо танқиди мансабдорон ва масъалаҳои барои ҳизби коммунист «ҳассос» инъикос меёфтанд. Ҳанӯз пеш аз боздошти ӯ шуъбаи таблиғотии ҳизби коммунисти Чин ба тамоми ВАО рӯйхатеро фиристодааст, ки дар он номгӯи 27 мавзӯи барои чоп мамнуъ дарҷ ёфта буд. Дар миёни онҳо, аз ҷумла, эътирози густурдаи миллӣ, паёми мусбат дар бораи Фалунгун, норозигии коргарон барои аз кор озод карданашон, маҳдудияти таваллуд ва ғайра ҷой доштанд. Майи соли 2007 гузоришу мақолаҳои интиқодии Сиро рӯзномаи “The Eposh Times” ба чоп расонд. Ба воситаи ин паёмҳо шаҳрвандон дар бораи даст доштани мақомоти маҳаллӣ ба фасод ва ҳамроҳ будани онҳо бо гурӯҳҳои мафиозӣ ва ғайра огаҳӣ пайдо намуданд. Бинобар ин, шоми 25 июни соли 2007, намояндаго-
ни Кумитаи амнияти шаҳр ӯро аз хонааш боздошта, ба Кумитаи амният мебаранд. Қариб як сол созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва намояндагони ВАО аз мақомоти Чин даъват мекунанд, ки журналистро озод кунанд, вале талошашон натиҷа намедиҳад. Мақолаю гузоришҳои журналист алайҳи фасод дар мақомоти маҳаллӣ дар муддати кӯтоҳ сомонаҳои интернетии Чинро фаро мегирад. Вақте ВАО-и Чин оид ба ҳабс шудани Сӣ хабар медиҳанд, даҳҳо ҳазор блогнавис ӯро дастгирӣ ва ҳукумати маҳаллиро маҳкум мекунанд. Дар натиҷа, ҳизби коммунист фармон медиҳад, ки аз интернет тамоми маълумот дар бораи Сӣ ва мақолаю гузоришҳои ӯро тоза кунанд. Ин фармон хеле зуд амалӣ мешавад. 13 майи соли 2008 суди шаҳрӣ Чунхуайро ба муддати чор сол аз озодӣ маҳрум мекунад. Суди ӯ 15 соат давом мекунад. Гирду атрофи суди шаҳриро кормандони амният ва кормандони зиёди полис дар либоси ғайринизомӣ муҳофизат мекарданд. Журналист 408 рӯз дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳр нигоҳ дошта, қариб ҳар рӯз мавриди лату кӯб қарор мегирад. Ниҳоят 8 август дар рӯзи аввали кушодашавии Бозиҳои олимпии Пекин, Сиро ба зиндон равон мекунанд. Дар рӯзи аввал вайро ҳамҳуҷрагонаш, ки дар як хона менишастанд, зери лату кӯб қарор медиҳанд, ки дар натиҷа, қабурғааш мешиканад, аммо посбонон ба он аҳамият намедиҳанд. Дар рӯзҳои аввали маҳбас Сӣ сахт азоб мекашид, чунки бо қабурғаи шикаста, дар кони ангишт 20 соат бе истироҳат кор мекард. Дар натиҷаи чунин азобҳо кафи пойи чапаш ва миёнаш варам мекунад... Дар гурӯҳи вай 170 нафар маҳбусе, ки ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, буданд. Онҳо на камтар аз 10 соат дар кон бе рӯзҳои истироҳат ва обу хӯрок заҳмат мекашиданд. Сӣ баъди чанде ба кони роҳи оҳан барои кор кардан интиқол меёбад. Ӯ ба китфи худ ду хати роҳи оҳан, ки ҳар яки он 15 кило меистод, ба масофаи 500 метр роҳ мекашонд. Дар охири кор пойҳояш қариб аз кор мемонданд. Китфонаш бошад, то бегоҳ пур аз хун мешуданд. Дар
чунин ҳолат Сӣ 80 рӯз кор кард. 1 январи соли 2009 ӯро ба дигар кон, ки он ҷо қатораи ангиштдори вазнинро аз як гӯша ба гӯшаи дигар тела дода, бурдан лозим буд, мефиристанд. Ӯ дар он ҷо қатораи пур аз ангиштро ба масофаи зиёда аз 30 километр аз як ҷо ба ҷойи дигар мекашонд. Пойҳои журналисти маҳбус чунон афгор шуданд, ки баъзе аз ангуштонаш дигар ҳаракат намекарданд. Ҳарчанд кормандони зиндон медиданд, ки Сӣ захму ҷароҳати зиёд бардоштааст, вале ягон хел ёрии тиббӣ намерасониданд. Ба ҳамаи азобҳо нигоҳ накарда, Сӣ аз гуфтани ҳақиқат боз намеистод. Сӣ Чунхуай дар бораи зулми кормандони зиндон чанд ҳикоя навишт. Яке аз зиндониён дар бораи ҳикояҳои ӯ ба роҳбарияти зиндон хабар медиҳад. Роҳбари муҳофизони зиндон Лю Хуанюн ҳуҷраи ӯро ҷустуҷӯ мекунад ва навиштаҳоро меёбад. Лю дар ғазаб шуда, Сиро чунон лату кӯб мекунад, ки ҳама ҷойи баданаш захмӣ мегардад. Бо ин қаноат накарда, Лю мехоҳад, ки аз журналист тамоман халос шавад. 3 май ҳини ба поёни кон, ки дарозиаш 130 метр аст, фаромадани Сӣ яке аз зиндониён бо фармони Лю зарбаи сахте ба сараш зада, ӯро ба поён тела медиҳад. Бо вуҷуди ин, Сӣ зинда мемонад. Ӯро маҳбусон берун меоранд. Се рӯз беҳушу ёд мемонад. Вақте ба худ меояд, чизеро ба ёд оварда наметавонад. Ҳатто номи худашро намедонад. Тадриҷан аҳволаш беҳтар мешавад. Оҳиста-оҳиста ҳама чизро ба хотир овардан мегирад. Баъди ба худ омадан ӯро боз ба кони ангишт мефиристанд. Дар як моҳ ба прокуратура ду ариза навишта, хоҳиши бо прокурор вохӯрдан менамояд, вале касе барои вохӯрӣ намеояд. Чун аризаҳо ба прокуратура намерасанд. 16 июн ба дасту пойи Сӣ завлона баста, ба зиндони Тсаочжуан мебаранд, ки то ҳол дар он ҷост. Бо вуҷуди ин ҳама ранҷу машаққат Сӣ аз ақидаи худ «Мубориза бо фасод» ва ҳақиқатгӯӣ даст намекашад. Ӯ мегӯяд журналист сарфи назар аз шиканҷаву машаққатҳои вазнин бояд ҳақиқатро баён созад, зеро ин қарзи касбии ӯст!
Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Модар бо ғазаб ба писари шашсолааш: - Дар даруни об бо шими нават ғалтидӣ? - Охир, очаҷон, тез ғалтидум, натавонистум шимамро барорам.
***
- Мефорам гурбача дошта бошам. - Ба гурба хӯрок додан даркор, об додан даркор, ҳамроҳаш бозӣ кадан даркор. - Ин хел бошад, мефорам гурба бошам.
***
- 7 нафар 1 каса интизор намешаванд гуфта, ҳамшираҳо бе сардухтур ҷарроҳиро оғоз карданд.
***
- Рафиқ, сардор! Ҳамсарам гуфт, аз Шумо хоҳиш кунам, ки маошамро зиёд кунед. - Хуб. Ман бо занам маслиҳат мекунам.
***
Ҷаҳон нобиғаҳояшро аз даст дод! Эйнштейн мурд. Бетховен кар шуд. Акнун, ман ҳам бемор шудаам...
***
Корманди БДА ба ронанда: - Дар шиша чист? - Об. - О, арақай-ку? - Оооо, муъҷизара бинед!
***
- Дӯстам, дар пушти дом бачаҳомона зада истодаанд. - Эҳ бача, телефони ман камера надорад.
***
- Намедонам кадомаш бад аст. Оне, ки навишт “Биё, ҷудо мешавем” ё баъди 2 дақиқа боз навишт “Бахшиш, ин барои ту набуд”?
***
- Салом, ин радио? - Бале. - Маро дар ҳам ҷо мешунаванд? - Бале. - Дар бозору мағозаҳо ҳам? - Дар тамоми шаҳр! - Ҷамолиддин, шир нахар, очам харидаст.
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД Номаи камоли гумшудаи №263796, ки онро МТМУ рақами 47-и ноҳияи Қубодиён соли 1996 ба Ғиёсов Ҷамшед додааст, эътибор надорад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №11 (9385), 11 МАРТИ СОЛИ 2015