Ҷавонони Тоҷикистон, №11 (9437), 2016

Page 1

Эмомалӣ Раҳмон - узви «Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об»

ITB Berlin: 50 соли баҳамоӣ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №11 (9437), 17 марти соли 2016

1

 НАВРӮЗ - 2016

Наврӯз муборак, Тоҷикистон!

 ҲАФТ РӮЗ 10.03.2016 Дар пойтахти Шоҳигарии Тайланд шаҳри Бангкок нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов роҳбарӣ намуда, дар мавриди роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ ва рушди инфрасохтори минтақавӣ дар чаҳорчӯби ин ҳамоиши байналмилалӣ сухан кард. 11.03.2016 Дар театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо баргузории ҷаласаи тантанавӣ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда шуд. 12.03.2016 Клуби футболи “Регар ТадАЗ” маротибаи дуюм соҳиби Ҷоми ФФТ гардид. Дар бозии ниҳоӣ футболбозони шаҳри Турсунзода

“Хуҷанд”-ро бо натиҷаи 1:0 мағлуб намуданд.

агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд.

13.03.2016 Бо ташаббуси вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода тӯйи хонадоршавии ду фарзанди кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ, ки курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мебошанд, барпо шуд.

16.03.2016 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб сафар кард. Дар ин сафар Президенти кишварро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

14.03.2016 Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ як гурӯҳ рӯзноманигорони ҷавон барои ошноӣ бо мавзеъҳои сайёҳӣ ба вилояти Хатлон сафар карданд. Ин сафар то 23 март идома ёфта, хабарнигорон, ҳамчунин, дар базми наврӯзии шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат мекунанд. 15.03.2016 Дар шаҳри Душанбе нишасти роҳбарони

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№11, (9437), 17 марти соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 ТУРИЗМ

е-mail: javonontj@mail.ru

 АХБОРИ ҲАФТА


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

2

АХБОРИ ҲАФТА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №11 (9437), 17 марти соли 2016

Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти «Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об» пазируфта шуд

Чанде пеш тибқи номаи Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ёнг Ким Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти «Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об» интихоб ва пазируфта шуд. Боиси ифтихор аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ, кардан ӯро аз миёни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба панели сатҳи баланди 150-нафара, ки ҳама роҳбарони кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, интихоб намуд. Ба узвияти сатҳи баланд пазируфта шудани Президенти кишварамон боз як далели пешсафии давлати мо ҳаллу фасли масоили ҷаҳонии об ва дар таҳкими эътибори байналмилалии Тоҷикистон аст. - Дар асри XXI ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти зиёди экологӣ рӯ ба рӯ гаштааст, ки яке аз онҳо норасоии об мебошад,- мегӯяд муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Шамс Назаров - Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2000-ум дар яке аз ҷаласаҳои СММ масъалаи норасоии обро ба миён гузошт. Ассамблеяи Генералии СММ дар ҷаласаи 55-уми худ ташаббуси Президенти Тоҷикистонро дар мавриди эълон доштани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» дастгирӣ намуд. Бори аввал пойтахти давлати тоҷикон - шаҳри Душанбе 29 август-1 сентябри соли 2003 макони баргузории Форуми ҷаҳонии «Оби тоза» гардид. Дар ин чорабинии байналмилалӣ аз 50 мамлакат ва созмонҳои гуногун меҳмонон ташриф оварданд. Аз ҳамин сол инҷониб пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба макони баргузории бисёр ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои глоба-

лии экологӣ табдил ёфт. Соли гузашта дар иҷлосияи 70уми Маҷмаи умумии СММ роҳбари маъмурияти Барномаи рушди СММ, хонум Ҳелен Кларк иброз дошт, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз пешсафон ва асосгузорони баррасии масоили оид ба об дар сатҳи байналмилалӣ буда, ташаббусҳои Тоҷикистон барои пешрафти сиёсати оби СММ дар барномаи Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об то соли 2030 калидӣ мебошад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин чорабинии бонуфуз маърӯза карда, таъкид намуд, ки имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 750 миллон нафар ба оби тозаи ошомиданӣ ва 2,5 миллард нафар ба шароити асосии беҳдошт дастрасӣ надоранд. Тақрибан 1,3 миллиард нафар аз истифодаи барқ маҳруманд. Ба ҳисоби миёна ҳар сол офатҳои табии марбут ба об ба андозаи зиёда аз 60 миллиард доллари амрикоӣ хисороти иқтисодӣ ворид сохта, хушксолӣ ва биёбоншавӣ манбаи воситаҳои зиндагии зиёда аз 1,2 миллиард нафарро дар тамоми ҷаҳон зери хавфу хатар қарор медиҳад. Ба ин хотир, Президенти кишвар пешниҳоди худро, ки дар чаҳорчӯбаи Форуми VII умумиҷаҳонии об садо дода буд, бори дигар ба миён гузошта, изҳори итминон намуд, ки эълон кардани даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» ва симои муҳими дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об хоҳад гашт. - Боиси хушнудист, ки аз ҷаниби СММ пазируфтани даъвату ташаббусҳои Президенти мамлакат обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам баландтар бардошт ва мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун абармарди дунёи

сиёсат дар ҳалли проблемаҳои экологии об дар арсаи байналмилалӣ маъруфу маҳбуби оламиён гардонид,- мегӯяд декани факултети биологияи ДМТ, номзади илмҳои биологӣ Акобир Каримов,- Вақте аз ҷониби Президенти мамлакат соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» пешниҳод шуд қисман мардуми олам кишвари моро беобу лабташна гумон мекарданд. Ҳол он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об буда, дар ҷаҳон ҷойи 8-ум, дар ИДМ ҷойи 2-юм ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад. Дар радифи ҳаллу фасли маъалаҳои марбут ба об ҳадафи асосии Сарвари давлат он аст, ки дар доираи муносибатҳои интегратсионӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мушкилоти таъмини оби тоза ва ҳифзи муҳити зист, ба масъалаи зарурати шадиди ҳифзи захираҳои об, истифода ва танзими оқилонаи онҳо муваффақ шавем. Роҷеъ ба истифодаи об танҳо дар зарфи 50 соли охир ҷаҳон шоҳиди 37 ҳодисаю муноқишаҳо шудааст. Муҳаққиқи ҷавон Маъмурҷон Шарифов хабари узвияти «Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об» интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ истиқбол намуда, чунин мегӯяд: - Ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтаанд, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасиву изҳори мақсад ва эълони уҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ равона карданд. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Соли ҳамкориҳо дар соҳаи об» эълон шудани соли 2013 мафҳуми дипломатияи обро ба сатҳи амалӣ боло баровард. Ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии чунин технологияҳои нави гуфтушунидро тақозо мекунад, ки онҳо тавонанд ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат кунад. Қобили зикр аст, ки тайи 5 соли охир Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба захираҳои об зиёда аз 15 стратегия ва барномаву нақшаҳои корӣ қабул намудааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша олимону коршиносон сармоягузорони ҷаҳонро бо иштирок ва саҳмгузорӣ дар истифодаи босамари захираҳои фаровони обии Тоҷикистон ба нафъи тамоми мардуми минтақа даъват мекунад. С. СУННАТӢ, “ҶТ”

Даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шуруъ мешавад Фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ба имзо расид. Тибқи ин фармон хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2016 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд. Дар ҳамин муҳлат шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шудааст, ки барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.

Боздиди журналистон аз тамрингоҳи “Марғоб” Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ, як гурӯҳ журналистон барои аз наздик шинос шудан ба машқгоҳи таълимиии “Марғоб”-и вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат сафар намуданд. Журналистон бо роҳбаладии роҳбари Дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ Анварҷон Ализода ва муовини Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Мансур Бухоризода, синфхонаҳои таълимӣ, хобгоҳи сарбозон, нуқтаи тиббӣ, ошхонаи тобистонаву зимистона, майдончаҳои варзишӣ, нуқтаи идоракунии амалиётро тамошо карда, бо бошишгоҳи саҳроӣ ва таълимии Воҳидоти махсуси ВКД ва кору фаъолияти он аз назидик шинос шуданд. Зикр шуд, ки масоҳати машқгоҳи таълимӣ 500 гектарро ташкил медиҳад. Инчунин, дар водии Рашт, вилояти Суғд ва Хатлон низ намунаи чунин машқгоҳ вуҷуд дорад. Ҳамзамон барои болидаруҳии ва хотирмон гузаронидани сайёҳати рӯзноманигорон Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи варзишӣ, аз намуди шоҳмот, шашка домино ва озмуни ҳозирҷавобон вобаста ба тамомои мавзӯи дохилию ҷаҳонӣ саволу ҷавоб ташкил шуд. Пас аз анҷоми мусобиқа ва озмуни мазкур ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии вазорат сарфароз шуданд. Роҳбари Дастгоҳи ВКД, Анварҷон Ализода рӯзноманигоронро ба муносибати иди касбиашон таҳният гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуд.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


МАВЗӮИ РӮЗ ҳамлаҳои террористӣ аз тарафи чор гурӯҳи террористӣ: “Толибон”, “Боко ҳарам”, “ДИИШ” ва “Алқоида” сурат гирифтаанд. Онҳо бештари ҳамлаҳои террористии худро тариқи моддаҳои тарканда, аз қабили мина, граната ва ғаёра анҷом дода, риштаи умри инсонҳои зиёдеро бо шумули пиронсолон ва занону кӯдакон баркандаанд. Дар назарсанҷӣ се омили асосии хуҷумҳои террористӣ ёдрас карда шудаанд: 1) Адовату бадбинии гурӯҳи этникӣ, динӣ ва забонии аҳолӣ нисбати ҳамдигар, ҳамкории мутақобилаи нокифояи ин гурӯҳҳо миёни ҳамдигар, шумораи зиёди задухурду муноқишаҳои байнигуруҳӣ; 2) Аз ҷониби давлатҳое, ки онҳоро сармоягузорӣ мекунанд, зоҳир гардидани тахди-

роҳбарони ин гуна кишварҳо аз маслиҳати абарқудратҳо саркашӣ мекунанд. Дуруст аст, ки дар ҷаҳон давлатҳои тартиботи худкома ва томраво хеле зиёданд, ҳуқуқи инсон дар ҳамаи онҳо кам ё зиёд вайрон карда мешаванд, вале, ҳатто давлатҳои мустақилияти том, ки хоси талаботи замони муосир нестанд, аммо чунин давлатҳо вуҷуд доранд, азбаски бо маслиҳати абарқудрати тавоно амал мекунанд, дар бораи вайрон кардани ҳукуқи инсон дар онҳо касе чизе намегӯяд. Лекин давлатҳои тартиботи худкомаи дигар, ки сиёсати мустақил гузаронидани мешаванд, маслиҳати абарқудратҳоро намегиранд, бо ҳар баҳона мавриди таҷовуз қарор мегиранд ва ба харобот табдил дода мешаванд. Ироқ, Либия ва

куллӣ нест шуданаш мумкин аст. Бояд гуфт, ки ҳама гуна ҳаракат ва созмонҳои террористӣ ва махсусан, терроризми байналмилалӣ аз тазод ва набарди байниҳамдигарии иштирокчиёни абарқударти муносибатҳои байналхалқӣ истифода мекунад ва бо аслиҳаи муосир муҷаҳаз мешаванд. Абарқудратҳо барои амалӣ намудани манфиатҳои худ аз ҳаракатҳову созмонҳои террористӣ истифода мебаранд. Онҳоро ба таври пинҳонӣ сарпарастӣ мекунанд, то тавонанд фишорро алайҳи рақибонашон пурзӯр кунанд ва дар чашми шаҳрвандони худашон тарсро ба вуҷуд биёранд. Чаро ки ҷомеаи пайваста дар ҳолати тарсу ваҳомат қарордоштаро осон идора кардан мумкин

Таҳдиди “зуҳуроти харобиовар”

Ҳасан АЗИЗОВ

иҷтимоӣ сурат гирифта, панҷ кишвари дунёро ном бурдааст, ки дар онҳо терроризм ва амалҳои террористӣ бештар будаанд. “Дар натиҷаҳои ҳамлаҳои террористии соли 2013 наздики 17 ҳазору 958 нафар фавтидаанд, ки 88 фоизи он шаҳрвандони давлатҳои Ироқ, Афғонистон, Покистон, Нигерия ва Сурия мебошад. – омадааст дар пажуҳиши Институти иқтисодиёт ва сулҳ. Бештар ҳамлаҳои террористӣ соли 2013 дар давлати Ироқ ба вуқӯъ пайвастаанд. Соли 2013 2 ҳазору 492 ҳамлаи террористӣ рух додааст, ки дар натиҷаи он 6 ҳазору 362 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Дар маҷмӯъ соли 2013, дар кишварҳои Ироқ, Афғонистон, Покистон, Нигерия ва Сурия наздики 15 ҳазор нафар одамон аз ҳамлаи террористӣ ҳалок шудаанд. Аксарияти

ду зуроварӣ, аз ҷумла ҷазоҳои бемурофиа, террорҳои сиёсӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиддӣ; 3) Сатҳи баланди истифода аз навъҳои дигари зуроварӣ, аз қабили марг дар натиҷаи бархурди муташаккилона, эҳтимоли тазоҳуроти ба зуроварӣ мусоидаткунанда, ҷиноят бо истифодаи зуроварӣ, ҳамчунин сатҳи баланди ҷинояткорӣ. Ба ақидаи Ғуломҷон Мирзоев, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон яке аз сабабҳои пайдоиш ва ташаккули терроризми байналхалқӣ таҷовузи қудратҳо ба давлатҳои мустақил мебошад. “Чунин таҷовузро бо он асоснок карданӣ мешаванд, ки гӯё дар кишвари мавриди таҷовуз тартиботи худкома ё томраво амал мекунад, ҳуқуқи инсон поймол карда мешавад,

ҳоло Сурия аз ҳамин қабил давлатҳо ба шумор мераванд, ки ба харобазор табдил ёфтаанд, мардумашон бехонумон, фирорӣ,тифлон, занону пиронсолон дар шароити тоқатфарсо умр ба сар мебаранд. Вайрон шудани Ироқу Либия ба он оварда расонидааст, ки аскарону афсарони тартиботи сиёсии пешинаи онҳо ба Давлати исломӣ пайваста, қувваи меҳварии ин созмони террористии байналмилалиро ташкил кардаанд”,- таъкид мекунад номбурда. Гуфта мешавад, ки СММ ҷиҳати мубориза бо терроризм беш аз 10 конвенсияи байналхалқӣ қабул кардааст, вале онҳо берангу камтаъсиранд. Иллати самаранок набудани муборизаҳо низ аз тафовут дар манфиатҳо иборат аст, вагарна на танҳо нест кардани терроризм, балки заминаи ба вуҷуд омадани он низ ба

аст. Агар он садҳо миллиард доллари амрикоӣ, ки барои ҷангидан дар Афғонистон, Ироқ, Сирия ва дигар манотиқи олам сарф шудаву мешаванд, ба амали мубориза бар зидди терроризм сарф карда шаванд, дар рӯйи замин аз терроризм осоре ҳам намемонад. Вале ҳайҳот мубориза бо ин вабои аср аслан рӯякӣ ва начандон пурзӯр сурат мегирад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон ҳам ба шумули қурбониҳои аслии терроризм ворид шуда истодаанд. Онҳоро бо ҳар роҳу васила ба қаъри ин ботлоқ мекашанд. Аз нерӯяшон истифода мебаранд ва дар сурати ба дардашон нахурдан мисли чизи нолозиме мепартоянд. Яъне қатл мекунанд. Ҷавонҳо низ аксаран вақте ба дарки ин макру найранг мерасанд, ки аллакай кор аз кор гузаштааст. Ба гуфтаи Сарвари давлат, бо назардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масоили тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва хурофотпарастӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар сурати иҷрои ин ҳидояти Президент ва якдилу яктан будани сокинони мамлакат пеши роҳи ҳар гуна хатар гирифта мешавад ва Тоҷикистони ободу зебои мо шукуфотар мегардад.

www.javonon.tj

Дар бештари тадқиқот оид ба терроризм ҳамеша таъкид мешавад, ки ин зуҳурот табиати бисёрҷанба дорад ва ин коркарди таърифи мафҳуми ягонаи терроризмро дар сатҳи байналмилалӣ мушкил месозад. Нусратулло Собиров, омӯзгори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ мегӯяд, ки бисёриҳо дар бораи терроризм ва моҳияти он фаҳмиши дуруст надоранд, ин зуҳуротро вобаста ба ҷаҳонбинии худ арзёбӣ мекунанд. “Яке онро ҷанги муқаддас, дигаре боло гузоштани ғурури халқу миллати хеш, сеюмӣ афзалтар донистани нажоди худ аз болои дигар нажодҳо иборат медонад. Аммо ҳақиқати ҳол тамоман дигар аст. Ба ин гурӯҳҳо бештар киҳо шомил мешаванд? Аввал, гурӯҳе, ки мақсадаш ба даст овардани сарват ва ҳокимият аст. Дуюм, гурӯҳи одамоне, ки дар зери парчами душмани ғоявӣ, мисли динӣ, мазҳабӣ гирд омадаанд. Ҳадафи гурӯҳи сеюм нажодпарастӣ мебошад. Гурӯҳи чорумро масоили сиёсӣ ба ҳам гирд овардааст”. Воқеан, терроризм имрӯз яке аз таҳдидҳои асосӣ ба амнияти кишварҳо ва мардуми сайёра гаштааст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ Тоҷикистон низ аз таҳдиду хатари ин вабои аср истисно нест. Тибқи маълумоти коршиносони муътамад дар ҷаҳон тақрибан 500 созмони террористии пинҳонкор амал мекунад. ИМА ҳар сол барои мубориза бо терроризм аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф мекардааст. Ба гуфтаи

таҳлилгарони амрикоӣ солҳои охир ҳамлаҳои даҳшатноки террористӣ дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо, кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ бештар шудааст. Чунончи, Пажуҳҳшгоҳи иқтисодиёт ва сулҳ (Institute for Economics & Peace, IEP) дар бораи хатари умумиҷаҳонии террористӣ ҳисобот ба табъ расонда, терроризмро “чун хатари истифодабарии амалии қувваи ҷисмонӣ ва яроқи сарди пинҳонӣ ба воситаи ашхоси ғайридавлатӣ, бобати муваффақ шудан ба мақсадҳои сиёсӣ, иқтисодию динӣ ва иҷтимоӣ” маънидод кардааст. Таҳқиқоти IEP 99,6 фоизи аҳолии оламро дар 162 кишвар фаро гирифтааст. Он дар асоси таҳқиқи амалҳои террористӣ ва омилҳои

3 е-mail: javonontj@mail.ru

Терроризм ки ба унвони даҳшатафканӣ ва ё ҳаросафканӣ аст, ба ҳар гуна амал ё таҳдид барои тарсонидан, осеб расонидан ба шаҳрвандон, гурӯҳҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ ёд мешавад. Имрӯз терроризм хусусияти глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст. “Терроризм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст”,таъкид карда буд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмаш ба Маҷлиси Олӣ.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №11 (9437), 17 марти соли 2016


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

4

МУШКИЛИ РӮЗ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №11 (9437), 17 марти соли 2016

Манзумаи ФИРӮЗ Чун имрӯз дар арафаи ҷашни “Наврӯз” қарор дорем, ҳар бонуи тоҷик ба бар намудани куртаи миллии атласро орзу мекунад. Аз чӣ бошад, ки нархи “дандоншикан”-и дӯхт ба онҳо имконияти пӯшидани онро намедиҳад ва дӯзандаҳо низ ин шабу рӯз хеле “банд” мебошанд. Аммо занҳои оқил ҳанӯз аз моҳи феврал матои харидаашонро ба назди дӯзанда бурда, баҳри худ пироҳани зебо фармоиш бидиҳанд. Барои он ки моҳи март дӯзанда фармоиши зиёд дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши дӯхтани як пироҳан аз матои он гаронтар аст ва худи муштариён низ инро хуб медонанд. Ҳамчунин дӯзандаҳо сабаби асосии гарон дӯхтани пироҳанро дар боло рафтани нархи доллар ва гарон харидорӣ намудани сӯзани мошинаи дарздӯзиву ришта медонанд. Маълум аст, ки касби дӯзандагӣ хеле мушкил ва заҳматталаб буда, ба саломатии дӯзанда ё тарроҳ зарар мерасонад, вале дар баробари мушкил будани касб, дӯзандаҳо бояд аз муштариёни худ боинсофона маблағ талаб кунанд. Вале мутаассифона онҳо аз матоъ дида барои дӯхти пироҳан маблағи бештар талаб мекунанд. Худ қазоват кунед, дӯзанда айни ҳол барои дӯхтани як либоси пахтагин, ки арзишаш дар бозор 30 сомонро ташкил медиҳад, 60-80 сомонӣ мегирад. Магар ин беинсофӣ нест? Бар замми ин онҳо куртаи фармудашударо агар дар муҳлати зудтар омода бикунанд маблағи корашонро ду баробар зиёд мегиранд. Бо ин маблағ наметавонад имрӯз ҳар бонуе барои худ пироҳан фармоиш диҳад. Пас маҷбур мешаванд, ки аз либосҳои оддии аврупоӣ ё куртаҳои дӯхташуда дар бозор истифода бикунанд, ки бо маблағи камтар ба даст меояд. Боз, баробари рӯз аз рӯз афзудани дӯзандаҳо ҳаққи хизматрасонии онҳо гаронтар мешавад. Пайдо карданашон ҳам чандон осон нест, балки

ба таври “через” метавонед куртаатонро дӯзонед. Ҳамсуҳбати мо Гулҷаҳон Сафарзода низ бар он аст, ки баъди харидани матоъ барои пироҳани миллӣ ба назди кадом дӯзанда рафтанашро намедонад. Мавсуф иқрор мешавад, ки ба касби дӯзандагӣ ҳар нафар наметавонад тоб орад, чун нозуку ҳассос аст ва бо ҳар муштарӣ тарзи муносибатро хуб бояд донист. “Вале имрӯз баъзан ин тоифа мардумро вохӯрдан мумкин аст, ки агар ба наздашон бори аввал биравӣ на худат ва на матоатро нигоҳ мекунанд. Маҷбур мешавӣ ба назди чанд дӯзанда матои харидаат дар даст овора шавӣ. Дӯзандаҳо ҳам ноз мекунанд, яъне матоатро қабул намекунанд. Баъдан ноилоҷ ҳамонеро интихоб мекунам, ки нархи гаронро талаб мекунад.

роит нигоҳ карда матои пахтагин, ки нархи дастрас дорад харидорӣ мекунанд, вале нархи дӯхт онҳоро водор месозад, ки аз дӯхтани ва пӯшидани куртаи тоҷикӣ дурӣ ҷӯянд. Ҳамчунин мушоҳида мешавад, ки дӯзандаҳо гӯё як тиҷорате мекарда бошанд, ки ҳаққи хизматрасонии худро ба боло ва поин шудани асъори хориҷӣ рабт медиҳанд. Аммо ин “дӯзандаҳои моҳир” андеша намекунанд, ки бо чунин нархи аз ҳаво гирифтаашон дили чандин ҷавондухтарро аз пӯшидани либоси миллии тоҷикӣ сард мекунанд. Ин ҷойи таассуф нест ва чунин духтарон имрӯз зиёд ба чашм мерасанд, ки аз пӯшидани либоси тоҷикӣ, ҳамон либоси шинам ва оддии аврупоиро барои худ интихоб кардаанд ва чунин назар низ доранд,

ҳамсуҳбатамон мегӯяд, “маҷбур мешавем, ки ба дӯзандаҳои хонашин муроҷиат намоем. Аксари онҳо низ, ки дар чунин мавсим бозорашон хеле гарм мешавад, аз ноилоҷии муштарӣ истифода намуда, арзиши дӯхтани як пироҳани одии миллиро аз 50 то 100 сомонӣ нарх мемонанд. Ин дар ҳолест, ки он матоъро бо нархи ҳамагӣ 35-40 сомонӣ харидорӣ мекунем. Бисёр иттифоқ меафтад, ки онҳо серкориро баҳона карда муддати тӯлонӣ матоъро дар назди худ нигоҳ медоранд. Масалан, соли гузашта ман куртаеро барои дӯхтан ба дӯзандаи шинос бурда, муддати дурудароз интизор шудам ва вақте омода шуд, мавсими гармӣ аллакай гузашта буду вақти пӯшидани либос гузашта”,- илова кард ҳамсуҳбатамон.

рон будани пардохти кироя то ҳадде ҳаққи хизмат барои омода шудани пироҳан аз муштарӣ маблағи зиёд талаб мекунанд. Яъне куртадӯз сабабшро дар пӯшондани хароҷот медонанд, ки аз ин маблағ онҳо пули барқ, ҳаққи андоз, роҳкиро, хӯроки нисфирӯзӣ, ришта, зар ва дигар лавозимоти зарурӣ мехаранд. Вале сабаб дар чи бошад, ки дӯзандаҳои хонашин танҳо барои лавозимоти зарурии дарздӯзӣ маблағ масраф мекунанду халос. Аммо ҳаққи хизматрасонии онҳо баъзан аз коргоҳҳои дӯзандагӣ дида гаронтар аст. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дӯзандаҳоро ягон мақомоти дахлдор назорат ва маблағи ситонидаи онҳоро танзим намекунанд. Чун онҳо барои ҳаққи хизмат маблағи муайя-

Дӯзандаҳо ҷои либоси миллиро танг мекунанд

Ё чаро касе онҳоро назорат намекунад?! Маторо ба ҳар тараф тоб дода, дӯхташ мушкил аст мегӯянд ва баъди як моҳ куртаатро омода мекунанд”. Вале хушбахтона, мегӯяд, Гулҷаҳон, муддати чанд сол аст, ки дӯзандаи мувофиқи таъбашро дорост, ки аз нозукиҳои дарздӯзӣ бохабар буда, дар вақти муайян вале гарон либоси фармудаашро медӯзад. Бархе дигари бонувон андеша доранд, ки чунин нархи гарон талаб намудани дӯзанда онҳо дигар имконияти ба бар намудани пироҳани миллиро надоранд. Гарчанде бештари занон имрӯз б а ша-

ки “агар пироҳани тоҷикӣ бипӯшӣ маҷбур мешавӣ пойафзол, ҷавоҳирот ва ҳатто рӯймолро низ иваз кунӣ. Аммо ба вазъи иқтисодӣ нигарем хуб мешуд ҳамон либоси шинам ва оддии аврупоиро истифода барем”. Ҳамсуҳбати дигарамон, Мавҷӣ Исматова, сокини пойтахт бо нигаронӣ гуфт, ки пӯшидани либоси миллиро дӯст медорад. Вале

вақте матои дилхоҳро баъди такудав ва ҷустуҷӯҳои зиёд аз бозор бо нархи гарон харидорӣ мекунад, мушкили асосиаш оғоз меёбад. Яъне моли харидкардаашро дар куҷо дӯзонад, то шинаму мувофиқ ва бо нархи дастрас бошад? Тавре ба ҳама маълум аст, ки дӯкону ателеҳои дӯзандагӣ нархи дандоншикане доранд, ки на ҳар кас имкони дар он ҷо дӯзондани либосашро дорад. Барои ин

Баъди суҳбат бо бонувон маълум гардид, ки ҳамаи онҳо аз ин мушкил буғзе дар дил доранд, вале касеро парвои мушкилашон нест. Ҳатто берхеи онҳо андеша доранд, ки “санг ҳамеша ба сари фақир мерасад”. Яъне ин масъалаи “назарногир” танҳо ба хонаводаи ашхоси камбизоат мушкилӣ меорад. Дороён матои фармудаи худро метавонанд дар як рӯз ва ё чанд соате аз дӯзанда бигиранд, аммо бонуи одӣ танҳо баъди ду ҳафта ва ё як моҳ метавонад аз дӯзанда пироҳанашро дастрас кунад. Имрӯз дар шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ тарғиби либоси миллӣ ба авҷи аъло расидааст, то занони тоҷик бештар ба он майл дошта бошанд. Чунин ҳам ҳаст, ки нисбат ба солҳои қаблӣ бонувон бештар кӯшиш мекунанд либоси миллӣ ба бар намоянд. Ҳамчунин соли ҷорӣ дар кишвар чапон ва камзулҳои занона бо матои миллӣ байни бонувону ҷавонон муд гардидааст, ки аз нархи дастрас буданаш онро зиёд ба бар менамоянд. Чун ин камзул ва чапонҳо дар Хитой омода гардида, сипас ба Тоҷикистон ворид мешаванд. Агар онҳоро ба дӯзандаҳои мо фармоиш диҳем ду баробар маблағи зиёдтар талаб мекунанд. Тавре маълум аст имрӯз дар коргоҳои дӯзандагӣ га-

не надоранд ва ҳар нафар ба хости худ арзиши дӯхташро муайян мекунад. Пӯшидани либоси миллӣ хеле хуб аст, ифтихори миллиро бештар мегардонад, ҳисси дӯстдории Ватанро меафзояд. Вале гап дар он аст, ки нархи дӯхти либос мувофиқ ба нархи матоъ нест, чанд баробар гарон аст. Ин аҳвол агар идома ёбад, яъне агар аз болои дӯзандаҳо, ки бо хосту салоҳи дилашон нарху наво мегузоранд, назорати ҷиддӣ сурат нагирад, таваҷҷуҳ ва майл ба либоси миллӣ аз будааш коҳиш меёбад. Ин бояд масъалаи мавриди диққат бошад чун таҳти он ҳиссу ифтихори миллӣ қарор дорад. Шабакаҳои телевизионӣ, ки таблиғи либоси миллиро дар барномаҳо ҷой медиҳанд, ҳатман бояд ба маблағи хизматрасонӣ низ таваҷҷуҳ намоянд. Агар кор бо ҳамин сурат идома ёбад, эҳтиром нисбат ба либоси миллӣ коҳиш ёфтанаш мумкин. Вобаста ба мушкилот вазорат ва ташкилотҳои дахлдор боре ҳам дар байни аҳолӣ ягон семенари махсус намегузаронанд, то ки аз ҳуқуқи истеъмокунандагон ҳимоят кунанд. Пас, сари ин масъала бояд ҷиддӣ андешида шавад, то кор аз кор нагузарад. Агар гӯем ташкилотҳои марбута дар ин маврид “хоболуданд” ғалат намекунем. Вале суол ин аст: Кӣ ва кай бояд ин тоифаи мардуми “пурҳунар”-ро назорат кунад?


ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №11 (9437), 17 марти соли 2016

Гулбаҳор РАҲМОНОВА

Наврӯзро чӣ гуна ҷашн мегиред?

Аъзам Аҳруллоев, сокини вилояти Суғд:

Умед Ҷайҳонӣ, сокини пойтахт:

Фурқати Низом, донишҷӯй:

Ман кӯшиш мекунам, ки дар ҳалкаи наздикону ёру пайвандон бошам. Ҳамчунин “Наврӯз”-ро бояд чун чашни оилавӣ тарғиб кунем. Вақте бо аҳли оила ин ҷашн мегузарад мукаддас аст. Эҳтимол ояндаи наздик Наврӯз чун "Соли нав" ба иди оилавӣ мубаддал гардад. Аз фурсат истифода бурда, ба ҳамаи ҳамватанаонам Наврӯзро муборакбод мегӯям!

Наврӯзро бо хонаводаам ҷашн хоҳам гирифт. Хони наврӯзиро бо ҳафтсину палов ороста хоҳам кард. Хешу табору назидкону дӯстонро табрик хоҳам гуфт. Ин гуна ҷашн хоҳам гирифт Наврӯзи имсоларо. Аз ин фурсат ҳар як ҳамватанамро бо ин иди бузурги байналмилалӣ табрик ва муборакбод мегӯям. Хоҳони онам, ки ҳамеша дастархонашон мисли хони Наврӯзӣ бошад.

Ман ҳар сол Наврӯзро дар зодгоҳам ҷашн мегирам, дар гирди хони модар. Модари ман дар арафаи иди Наврӯз кӯшиш мекунад, ки хони худро бо хӯрокҳои миллӣ оро диҳад. Суманакпазии модарам бароям писанд аст. Дар хӯрдиям то пӯхта шудани суманак дар наздаш менишастам. Чун суманак омода мешуд аксарияти онро ба ҳамсоягон тақсим менамудем. Боз як анъанаи дигаре дар деҳи мо роиҷ аст: ҳар як кӯча дар алоҳидагӣ Наврӯзро ҷашн мегиранд. Ин амалро бештар занҳои деҳ анҷом медиҳанд.

Мавҷуда Соҳибназарова, корманди ташкилоти “Истиқбол”: Чун мардуми Бадахшон бо омад - омади Наврӯз маросими хонабаророн мекунанд, аҳли хонадони мо ҳам ин анъанаро ба ҷо меорем. Хонабаророн мекунему баъд аз он дастурхони наврӯзӣ меороем. Дӯстонамонро ба меҳмонӣ даъват мекунему сари хони Наврӯзи аз ину он суҳбат мекунем. Суҳбат аслан атрофи он меравад, ки аз Наврӯз то Наврӯз чӣ хотироти неке дорем.

е-mail: javonontj@mail.ru

Наврӯз яке аз маҳбубтарин ва дӯстдоштатарин ҷашнҳои мардуми тоҷик буда, онро ҳар сол мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷашн мегирад. Аз ин рӯ аз мусоҳибон пурсидем:

5

Бузургмеҳри Баҳодур, шоири ҷавон: Беҳтар аст, ки Наврӯзро бо ҳамон расму оини бобоӣ ҷашн бигирем. Ба вижа, дар хонатаконӣ, ханабаророн, ҷуфтбаророн мехоҳам ҳамчу кӯдак иштирок намоям ва ботинан омадани Наврӯзро эҳсос бикунам. Мо имрӯз баъзе унсурҳо ва оинҳои Наврӯзии худро бояд эҳё намоем. Масалан, чавгонбозӣ, гӯштин, дастхобонӣ, арғамчинкашӣ ва чанде дигар, ки имрӯз миллатҳои дигар онҳоро соҳибӣ кардан мехоханд. Мо бояд соҳибону пуштибони анъанаҳои аҷдодиамон бошем. Аммо пеш аз ҳам барои ин бояд худро аз нав созем, дилу дида ва нигоҳи худро ба атроф нав кунем.

 ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Солимӣ хоҳед, ниҳол шинонед Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш тибқи анъана маъракаи имсолаи ниҳолшинониро дар мамлакат оғоз намуданд. Қобили қайд аст, ки Сарвари давлат аз нахустин баҳори роҳбари Тоҷикистон шуданашон ба ин ташаббуси хайр иқдом намуда, ҳамасола сокинони мамлакатро баҳри сабзу хуррам шудани диёрамон ба ниҳолшинонӣ даъват менамоянд. Ниҳолшинонӣ ва зиёд намудани масоҳати дарахтзор фоидаҳои бешумор дорад, ки чанде аз онҳоро дар зер ёдовар мешавем.

манзараҳои сердарахт ва сайр намудан дар мавзеъҳои сергулу дарахтзор зудтар шифо меёбад. Кӯдакони дорои иллати зеҳнӣ ва заъфи масуният (иммунитет) баъди сайругашти давомнок дар табиат вазъи саломатиашон беҳтар мегардад. МУҲОФИЗИ ОБУ ЗАМИН Дарахтонро «муҳофизи замин» мегӯянд. Пешгирӣ ва рафъи эрозияи замин ҳамеша бо шинондани дарахту буттаҳо оғоз меёбад. Решаҳои дарахтон қабати болои заминро мустаҳкам нигоҳ медоранд. Шохаву барги дарахтон бошад хокро аз шусташавӣ эмин дошта, фарсудашавии заминро пешгирӣ мекунад. Аз ин рӯ дар ҷангал ва мавзеҳои сердолу дарахт селу ярчфуроӣ, ҷаршавии замин рӯй намедиҳад. Дарахтон инчунин пасоб ва моддаҳои химиявии истифодашударо тасфия (филтр) ва безарар мекунанд. Дар маҷмӯъ дарахтон тавассути фитонсидҳое, ки аз худ хориҷ месозанд, ҳаворо безарар намуда, таъсири манфии партовҳоро коҳиш дода, ҷӯю обҳои зеризаминӣ ва дар маҷмуъ муҳити зисти моро аз ифлосшавӣ муҳофизат менамоянд. Дарахтон инчунин шусташавии соҳили дарёҳоро пешгирӣ мекунанд. Дар он ҷое, ки дарахтон зиёданд, хатари обхезию лағжиши замин паст мешавад. Дарахтон хусусияти ба худ кашидани садоҳои баландро доранд. Имрӯз бинобар зиёд шудани теъдоди нақлиёти автомобилӣ шаҳру деҳот хело сермағал гаштаанд. Шинонидани дарахтон дар атрофи хона, роҳҳои мошингузар, бозор

Шамс НАЗАРОВ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ

www.javonon.tj

МАНБАИ ҲАВОИ ТОЗА Дарахтон манбаи ҳавои тоза буда, гази карбогидратро фурӯ мебаранд ва гази оксигенро хориҷ мекунанд. Як дарахт ба ҳисоби миёна метавонад талаботи яксолаи 10 нафарро бо оксиген таъмин кунад. Аз ин рӯ дар он ҷое, ки дарахтон зиёданд, ҳаво нисбатан тоза буда, нафаскашӣ сабуктар аст. Дар мавсими гармо дарахтон ба мо соя дода, шиддати ҳарорати баланди хаворо то андозае

паст менамоянд. Бинобар ин дарахтонро «кондитсионери табиӣ» меноманд. Сайругашт дар сояи дарахтон ба кас ҳаловат бахшида, асабро ором месозад. Ниҳолшинонӣ ба тараққӣ кардани соҳаи боғу токпарварӣ мусоидат намуда, боиси баланд шудани сатҳи некӯаҳволии мардум мегардад. Чанде пеш бо иштироки Сарвари давлат дар майдони беш аз 200 гектар ниҳоли гелос, 67 гектар олу, 13 гектар себ, 27 гектар зинабоғ ва 33 гектар чарогоҳи ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор гелос шинонида шуд. То соли 2020 дар ноҳия дар майдони 2966 боғу токзор бунёд мегардад. Дар ҷумҳурӣ Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020 қабул шудааст. Амалишавии ин барнома боиси фароҳам омадани ҷойҳои нави корӣ, фаровонии мева, афзуншавии содирот ва баландшавии даромади аҳолӣ мегардад. Меваи дарахтон барои инсон манбаи витамину минералҳо мебошад. Аз дарахтон на танҳо мева, балки масолеҳи сохтмонӣ ва ҷиҳози хонаву коргоҳ низ тайёр намудан мумкин аст. Дар заминҳои солҳо бекорхобидаю камсамар метавон ниҳоли дарахтони сафедору ар-ар, сӯзанбаргу санавбар ва ғайра шинонида, баъди 15-20 сол аз онҳо масолеҳи бинокорӣ гирифта, ҳезуме, ки аз токбурӣ ва буришҳои санитарии боғу токзор ҷамъоварӣ мешавад, сӯзишвории барқароршаванда маҳсуб меёбад. Олимони соҳаи тиб муайян карданд, ки беморон ба тамошои

ва дигар ҷойҳои сермағал боиси коҳиш ёфтани садоҳои баланд мегардад. Инчунин дарахтон дар ҷойҳои сершамол шиддати онро паст намуда, садди роҳи серчангии ҳаво ва бодхӯрдашавии заминҳо мешаванд. Солҳои охир аз сабаби торафат зиёд шудани газҳои парникӣ нишонаҳои тағйирёбии иқлим, аз қабили бармаҳал омадани сардӣ, гарму камбориш омадани зимистон, кӯтоҳу зудгузар шудани фасли баҳор ва ғайра ба мушоҳида мерасад. Афзудани майдони дарахтзор таъсири газҳои парникиро кам карда, боиси зиёд шудани гази оксиген мегардад. Имрӯз марғубу дилкаш будани шаҳрҳоро аз рӯи то чӣ андоза сердолу дарахт ва гулзор буданашон баҳо медиҳанд. Тайи 20-25 соли охир дар мавсими ниҳолшинонӣ дар шаҳрҳо ва атрофи роҳҳои мошингард ҳамасола ниҳоли дарахтони зиёд шинонида мешаванд. Дар он ҷойҳое, ки баъди шинонидан ба навниҳолон нигоҳубину ғамхорӣ зоҳир мекунанд, дарахтон зуд ба воя мерасанд. Аммо дар заминҳои сахту беоб аксари навниҳолон аз бепарвоии атрофиён хушк мешаванд. Дар натиҷаи маблағу заҳмати сарфшуда барбод меравад. Гулу дарахтон, ки ба мо нерӯю саломатӣ мебахшанд, ба ғамхориву нигоҳубин ниёз доранд. Пас бояд барои ояндаи солими худ ҳар чӣ бештар ниҳол шинонида, масоҳати дарахтзорро афзун намоем.


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

6

МИНБАРИ АНДЕША

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №11 (9437), 17 марти соли 2016

Бузургтарин беақлии одам тарс аст. Тарс аз ягон кирдору амал, сухан гуфтан, иқрор шудан ва монанди инҳо. Мо ҳамеша аз чизе метарсем ва ин аст, ки зуд-зуд ба шикаст мувоҷеҳ мешавем. Бернард Шоу Инсон аз лаҳзаи таваллуд то дами марг ҳамеша дар вуҷуди худ тарсро эҳсос мекунад. Он дар баъзе одамон бештар, дар бархе камтар ба назар мерасад. Дар дунё нафареро вохӯрдан мумкин нест, ки тамоман аз чизе ҳарос надошта бошад. Ҳама одамон дар тӯли ҳаёт албатта аз чизе метарсанд. Ҳатто шахси шердилу ҷасуртарин низ аз чизе метарсад. Масалан, нафаре аз баландӣ метарсад, дуюмӣ аз ҳайвонҳову ҳашарот, сеюмӣ аз торикӣ, чорумӣ аз раъду барқ ва ё офатҳои табиӣ. Дар баъзе ҳолатҳо сарчашмаи тарсу ҳарос маълум аст, аммо дар баъзе ҳолатҳо он мисли муаммост. Тарс чист? Он асосан аз чӣ маншаъ мегирад ва аз он чӣ гуна бояд раҳо шуд? Тарс гарчанде ки барқвор ба вуҷуди шахс ворид мешавад, аммо метавонад солиёни зиёд аз вуҷуди ӯ берун нашавад. Аксар вақт кӯдакон гирифтори тарс мешаванд, чунки онҳо мавҷуди хеле нозук ва ҳассосанд. Нишонаҳои асосии тарси кӯдакон гиряи ногаҳонӣ дар хоб, тарсида аз хоб бедор шудан, дамдузду сокит будан ва амсоли инҳост. Аксаран сабаби тарсончакии аз ҳад зиёди кӯдакон худи волидонанд. Беист таъкид намудани ин ки “Ба ин даст нарасон, ки месӯзӣ”, “Ба он ҷо набаро, меафтӣ” дар зеҳни кӯдак эҳсоси тарсро ҷой намуда, ӯро хеле эҳтиёткор месозад. Модар вақте мебинад, ки кӯдакон саркашу гапногиранд, дарҳол аз усули тарсондан истифода мекунад. Масалан, «Хап шин, бетартибӣ накун, ки бачабарак туро мебарад» ва ё «Хоб кун, ки аҷина туро мехӯрад», гӯён онҳоро метарсонад. Равоншиносон мегӯянд, чунин амалҳо ба ҳолати равонии кӯдакон таъсири манфӣ расонда, ба пешрафти ақлониву зеҳнии онҳо монеъ мегардад ва ин эҳсос дар давраи балоғату камолот низ дар ниҳоди онҳо боқӣ мемонад. Инсон вақте аз кӯдакӣ ба тарс рӯ ба рӯ мешавад, он муддатҳои тӯлонӣ аз хотири ӯ намеравад ва метавонад дар ниҳоди кас хаёлоти ваҳмангезро ба вуҷуд биёрад. Нафароне ҳастанд, ки тамошои филмҳои даҳшатнокро дӯст медоранд. Яъне онҳо мехоҳанд, бад ин васила тарсро аз вуҷуди худ рафъ созанду ба ин одат кунанд. Вале равоншиносон бар он назаранд, ки чунин усул онҳоро ба бемориҳои руҳӣ гирифтор карда метавонад. Масалан, кӯдак баъди тамошои чунин филмҳо ҳамон ҳодисаву воқеаҳои ваҳмангезро дар хоб мебинаду бо тарсу ҳарос бедор мешавад. Ҳангоми тарс таппиши дил зиёд шуда, бадан арақ меку-

над. Аммо барои баъзеҳо ин аломатҳо ҷиддитар аён мегарданд. Равоншиносон чанд намуди тарс ва омилҳои онҳоро шарҳ дода, аз ҷумла иброз медоранд, ки яке онҳо тарси вуҷудӣ аст. Омилҳои асосие, ки инсон аз онҳо эҳсоси тарс мекунад, ин марг, танҳоӣ, оҷизиву нотавонӣ ва амсоли инҳоянд. Инсоне, ки ҳамеша аз чизе метарсад ё ҳиссиёти тарс ҳамеша ӯро думболагир мегардад, мубталои бемориҳои гуногун гаш-

ро нерӯ мебахшанд. Яке аз ин омилҳо ногаҳонӣ будани воқеа мебошад. Чӣ қадар ки воқеа ногаҳонӣ рух диҳад, таъсираш низ ҳамон андоза бештар мегардад. Аз садои ногаҳон сахт пӯшида шудани дар ё кафидани пуфаки дамшуда одам аз ҷой якқад мепарад, аз воқеаҳои даҳшатноктар бошад, карахтӣ, сардшавии дасту пойҳо ва монанди инҳо ба амал меоянд. Омили дигар тарс аз ҳодисаи даҳшатноки гузашта мебо-

«Ин корро накун, убол аст», мегӯем ба якдигар… Аммо бе дарки маънои “убол” танҳо аз шунидани ин калима дар ниҳоди мо тарс ҷо мешавад. Собиқадори соҳаи маориф Ҷамолиддин Саидзода ин усулро яке аз усулҳои аз роҳи хато баргардондани наврасон мешуморад. Тарс баъзан моро дар ҳолате қарор медиҳад, ки вокуниш нишон дода наметавонем. Одамоне ҳастанд, ки тарсонда-

та метавонад. Табибон иброз медоранд, ки қариб 50 фоизи бемориҳои инсон аз тарс маншаъ мегиранд. Онҳо мегӯянд, дар ҳолати тарс организм метавонад фалаҷ шавад, яъне дар ҳолате ки асаб тақсимоти функсияи худашро ба роҳ монда наметавонад, ин ба ҳаракати хун, таппиши қалб ва дигар узвҳо низ таъсир расонида метавонад. Вақте нафаре ногаҳон аз пушт пинҳонӣ наздик шуда, нохост садо мебарорад, кас беихтиёр ин суханҳоро ба забон меорад: “Аз тарс қариб мемурдам”, “Маро талхакаф кардӣ”. Вале дар асл ин суханҳои хушку холӣ нестанд. Одамон и суханҳоро барои ифодаи тарс ва даҳшате, ки он лаҳзаҳо эҳсос мекунанд, ба забон меоранд. Тарс дар ҳақиқат метавонад ба оқибатҳои нохуш ва ҳатто ба марг оварда расонад. Масалан пиразани 76-солаи рус дар натиҷаи ногаҳон дар хонааш ба ғоратгарон дучор омадан аз тарс гирифтори сактаи дил шуда фавтид. Ва ё чанд сол қабл дар натиҷаи заминларзаи 6,6 балла дар Калифорния 20 нафар мубталои сактаи шадиди қалб шуданд. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки тарсу ҳароси ҳамешагӣ низ оқибат ба марг мерасонад. Мутахассисон бар он назаранд, ки тарс ҳиссиёт не, балки аксуламали беихтиёронаи ҷисм ба ҳодисаву воқеоти атроф мебошад. Вақте он дар ниҳоди шахс ҷой мегирад, инсон дар ҳолати ҳассосияти ҳамешагӣ зиндагӣ мекунад. Якчанд омилҳое мавҷуданд, ки тарс-

шад. Масалан, вақте шахс ба садамаи автомобил дучор мегардад, ё аз болои асп ба замин меафтад, ҳатто ҳангоми ба ёд овардани ин манзараҳо вуҷудашро як ҳиссиёти нофорам фаро мегирад. Вақте одам асабонӣ ва дар ҳаяҷон аст, тарс ҳамеша ӯро думболагир буда метавонад. Тавре мутахассисон иброз медоранд, тарс аз тавлиди инсон пайдо мешавад. Он на ҳиссиёти яклаҳзаина, балки эҳсос ё хислати бади инсон буда, манбаъҳои пайдоишаш мухталифанд. Тарс вобаста аз вазъияти бавуҷудоварандаи он метавонад таъсири гуногун дошта бошад. Масалан, сарчашмаи тарс аз баландӣ метавонад ҳамон афтидани синни хурдсолӣ бошад, ки солиёни зиёд дар зеҳни кӯдак нақш баставу то охири умр боқӣ мемонад. Тарси аз ҳама ваҳшатфизо тарс аз марг ва тарс аз пирӣ аст. Бо вуҷуди он ки одамон фанопазир будани худро ба хубӣ медонанд, боз ҳам аз марг сахт метарсанд ва ё аксаран дар мавриди ислоҳсозии одамон аз фарҳангҳо истифода менамоянд. Фарҳанги диниро истифода бурда, ислоҳи шуури ҷомеаро аз роҳи тарс ба роҳ мондан одати дерини мардуми мост. Масалан,

ни атрофиёнро ниҳоят меписанданд. Аз чунин рафторашон онҳо дилхуш гашта, оқибати онро намеандешанд, ки чунин амал метавонад ба солимии дигарон зиёновар бошад. Шахсоне, ки ногаҳон аз садои даҳшатнок метарсанд, ҳолати руҳии онҳо ноором мешавад Дар чунин мавридҳо инсон ҷисми худро идора карда наметавонад. Тарс давра ба давра ба дили одамон роҳ меёбад, омилҳои тарс низ дар одамон гуногун аст. Аз ин рӯ роҳҳои халосӣ аз ин ҳиссиёти нохуш низ якхела ва ягона нестанд. Табибон мегӯянд, барои муолиҷа ва бартарафсозии ин беморӣ қаблан сарчашмаи тарсро пайдо кардан лозим аст. Онҳо иқрор мешаванд, ки ин амалест душвору мураккаб, чунки ҳиссиёти тарс аз ин ё он чиз дар тасаввуроти шахс нуҳуфтааст. Ин ақидаро равоншинос М. Кабирӣ низ тасдиқ намуда, чунин мегӯяд: “Тарс аксуламали равон ба омили иҷтимоист, ки ҳолати кории мағзи сарро ба реҷаи пуршиддат ворид месозад. Дар ҳолати кӯтоҳ будани вақти таъсир тарс мавридӣ, ё муваққатист, вале дар ҳолати давомнок шудани асарот метавонад ба бемории эҳсосии “фобия” оварда расонад. Духтурони асабшинос табобати ин бемориро мушкил мешуморанд, чунки дигаргунии

Шаҳло ЭШОНОВА ҳуҷайравӣ надорад ва ба равонпизишкон (психиатрҳо) ҳавола мекунанд. Бинобар ин, аксари беморони тарсдор аз дорухӯрӣ худдорӣ намуда, ба табибони руҳшинос муроҷиат мекунанд. Асосан ба чунин беморон мутахас-

Тарс: ҳиссиёт, аксуламал ё беморӣ?

сисони равоншифоӣ кӯмак расонда метавонанд. Дар ҳолати нодуруст табобат кардани бемориҳои бар асари тарс пайдошуда замина барои бемориҳои дил, ҷоғар, фишорбаландӣ, аллергия, захми меъда, бехобӣ, нафастангӣ, хоббинии даҳшатнок ва ғайраҳо муҳайё мешавад”. Мутахассисон мегӯянд усулҳои раҳоӣ ёфтан аз ин ҳиссиёти ногувор вуҷуд доранд. Яке аз чунин усулҳо худталқинкунӣ ва эътимод ба нерӯи зеҳнии худ мебошад. Назар кардан ба манзараҳои табиат ва суҳбати соҳибдилону аҳли адабу завқ низ касро болидаруҳ ва аз ҳар гуна ҳиссиёти ногувор дур месозад. Баъзе ҳамсуҳбатони мо даму дуохониро низ аз роҳҳои муолиҷаи тарс унвон намуданд, ки дар миёни мардуми зиёд роиҷ асту натиҷа низ медиҳад. Зеро дар чунин мавридҳо бо ихлосу эътиқоди онҳо кор гирифта мешавад. Моро мебояд, ки тарсро мағлуб созем, на ин ки ба он пойбанд шавем. Одатан тарсро чун ҳиссиёти кӯтоҳмуддат шуморем ва муътакид бар он бошем, ки он муборизаи махсусро тақозо намекунад. Тавре гуфтем, усули худталқинкунӣ аз беҳтарин усулҳои муолиҷаи ҳар гуна бемориҳои вобаста ба асабу асабоният аст. Агар шахс имкони бо ин ҳиссиёти худ мубориза бурданро надошта бошад, аз кӯмаки равоншиносон истифода намудан аз манфиат холӣ нест. Дар ҳар сурат қавиирода бошеду тарсро аз худ дур созед ва ғайри худ аз чизе натарсед.


НАБЗИ ҶОМЕА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №11 (9437), 17 марти соли 2016

е-mail: javonontj@mail.ru

Мусоҳибаи Кабирӣ бо «Deutsche Welle»:

7

саг меҷакаду корвон мегузарад Ахиран дар саҳифаҳои иҷтимоӣ зери сарлавҳаи «Ҳукумати Тоҷикистон бо оташ бозӣ мекунад» суҳбати раиси ҳизби террористӣ эълоншудаи наҳзати Тоҷикистон Мухиддин Кабирӣ бо хабаргузории олмонӣ «Deutsche Welle» интишор шудааст. Ин сухбатро метавон бо тани рӯ ба марг ниҳодае баробар кард, ки баҳри охирин нафасҳо ҷонканӣ дорад, вале боз ҳам як гӯшаи қалби нимҷонаш умед бар эҳё дорад, дақиқтараш ба умеди онҳоест, ки ӯро ба вартаи марг тела кардаанд. Аслан чунин хабарҳо ҳеҷ аҳамияте ҳам надоранд, вале таваҷҷуҳ накардан ба онҳо низ намешавад, зеро онҳо метавонанд асли воқеаро барои ашхоси бехабар таҳриф созанд.

кардаи имрӯза он Тоҷикистони заифу бесоҳибе нест, ки дар натиҷаи суқути нобаҳангоми давлати Шӯравӣ якбора зимомашро ба дасти худаш доданду ба майдони муқовимати давлатҳои беруна баҳри зери таъсири хеш гирифтани он, табдилаш доданд. Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ки «Мо қарор кардем, ки дигар дар дохил фаъолият накунем, вале идораҳои минтақавии ҳизб дар тамоми ҷаҳон дорем - аврупоӣ, ИДМ-ӣ, шарқиназдикӣ ва дар Истанбули Туркия. Як маҷлиси Раёсати ҳизбро дар моҳи ноябр доштем». На, Шумо қарор накардед. Шумо маҷбур шудед, мардуми тоҷик шуморо маҷбур кард. Ҳеҷ намояндае ҳам надоред. Оё зану фарзанд ҳам метавонад намоянда бошад? Маҷлиси Раёсатро бо кӣ гузаронидед? Бо онҳое, ки дар маҳбас ҷурми террорист буданашон собит шуду мунтазири ҳукми додгоҳ ҳастанд? Ё бо чанд охунде, ки бори дуюм ҳизбатон ва шахсан худатонро ба ин пайроҳаи ҷиноят бурданд? Акнун мунтазири тасмимгирии навед? Тасмиматон маълум аст. Бо ҳамадастони тозаатон – душманону хоини миллат Дадаҷони Атовулло ва «наҳанги ҷумҳурӣ» аккосзанию тавҳину ҳақоратфиристӣ ҷониби Ватани аҷдодиатон. Танҳо додатонро касе нахоҳад шунид. Чуноне, ки то имрӯз нашуниданд. Кабирӣ тарсониданист, ки «Баъди ҳаводисе, ки бо мо рух дод аксари тарафдорони мо метавонанд ба сафи ифротгароён пайванданд». Кадом тарафдоронатон? Чанд ҳазор зану духтаре, ки шумо ҳамчун узви ҳизб номнавис карда будед, дар Ватан қарор доранд баъди ҳодисаҳои сентябрӣ аз шумову ҳизбатон безоранд. Онҳое, ки аз пайвастанашон бо ифротиҳо ҳушёр медиҳед, аллакай дар ҳамон моҳи сентябр пайвастанд ва ҳоло пушти панҷараи маҳбас мунтазири ҷазоянд. Бигузор Кабирӣ даҳҳо ва садҳо бори дигар мусоҳиба кунад. Бо бегонагон. Бо бегонагоне, ки ҳизбашро сохта буданд, онро роҳнамоӣ ва маблағгузорӣ мекарданд. Бигузор онҳо ба суханҳояш ҳам бовар кунанд. Вале барои мардуми тоҷик мусаллам шуд. Ин ҳизб ва сарваронаш аз оғоз то анҷом барои миллати мо бегона буданд ва бегона боқӣ хоҳанд монд. Мусоҳибаю баромадҳояшон бошад, сари мӯйе аҳамият надоранд. Саг мечакаду корвон мегузарад.

Салимҷони ҚУВВАТ

Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик мебошад. Ҳар сол ин ҷашни хуҷастапайро мардуми тоҷик бо анъанаҳои хоси худ пешвоз мегиранд. Агарчи Наврӯз дар ҳама минтақаҳои кишвар таҷлил мешавад, вале мардуми ҳар минтақаи кишвар онро бо таомули хоси минтақаи худ ҷашн мегиранд. Масалан, дар минтақаи Бадахшон ҳар сол Наврӯз ва ё «Шогун» бо садои даф, хонатаконӣ тибқи одат ҳангоме, ки офтоб ба бурҷи ҳамал наздик ва рӯзи чаҳоршанбе бошад, анҷом мегардад.

МАРОСИМИ ХОНАТАКОНӢ

Хонаводаҳо ҷиҳози хонаҳояшонро ба берун мебароранд (ҳатто ба нам-нами борон нигоҳ накарда Н. М.) ва бонувон ба тоза кардани хона пардохта, ба умеди хушбахтӣ ва пурии рӯзгор кафи орд ба рӯи сутунҳои хона мемоланд. Хонаводаҳое, ки наздиконашон ба кор дар идораву муассисот банд ҳастанд, ин маросимро рӯзи истироҳат ба ҷо меоранд. Ба хотири огоҳӣ ёфтан аз омад-омади Наврӯзи имсола ба яке аз сокинони вилояти Бадахшон ҳамсуҳбат шудем. Вай Арамбегим Ҷафариева, директори МТМУ №7-и ноҳияи Рӯшон аст. Муаллима мегӯяд: “Мо аллакай ҷорӯбҳоро бастем, болиштҳои сурхро аз хона ба зери офтоб баровардем... Азбаски рӯзи корӣ аст, тоза кардани хонаро ба рӯзи истироҳат гузоштем”. Сокини дигари вилоят хабарнигори рӯзномаи «Паёми Рӯшон» Мамадалӣ Бахтиёровро низ пурсидем. Номбурда дар мавриди маросими хонатаконӣ андеша дорад, ки инсон бояд ба истиқболи рӯзи нав ва соли нав бо зоҳиру ботини пок ворид шавад. Хонатаконӣ бо ду ҷорӯб, ки якеро пиёдаҷорӯб, дигареро савораҷоруб меноманду бо яке сақф ва дигаре фарши хонаро тоза мекунанд, анҷом дода мешавад. “Дар рӯзҳои Наврӯз одатан зану мард либоси нав ба бар мекунанд ва ҷанбаи рамзии хонатаконӣ дар тоза намудани манзил аз офатҳои соли рафта ба истиқболи соли нав аст. Бахшидани гуноҳҳои ҳамдигар низ ба ҳамин маънист”,- афзуд М Бахтиёров.

“КИЛОҒУЗҒУЗ” - ПАЙКИ БАҲОР

Пас аз тамиз шудани манзил, аъзои хонавода як-як бо нидои «Шогун баҳор муборак» ва қофурчак -ғунчаи гулкоришудаи бед ва ё ғулғула, ки онро арчаи наврузӣ ҳам меноманд, вориди хона мешаванд. Кадбону бо ҷавоби «Бар рӯи Шумо муборак» ба китфи рости воридшудагон кафи орд мепошад ва қофурчак ё ғулғулаи наврӯзиро аз дасти онҳо гирифта, дар васати болои хона ҷой медиҳад. Ин нишонаҳои наврӯзӣ то наврӯзи дигар дар хона мемонанд. Бачагон дар рӯзи оғози Наврӯз бо адои маросими шоландозӣ ва ё килоғузғуз аз худ дарак медиҳанд ва савғотиҳои наврӯзӣ ба каф мекунанд. Килоғузғуз номи паррандаест, ки нахустин шуда аз

Наҷиба МУРОДБЕКОВА кишварҳои гарм ба Помир меояд ва онро пайки баҳор низ меноманд. Бачагон бетоқатона ғуруби офтобро интизор мешаванд ва чун селаи паррандагони пайки баҳор болои бомҳо мешаванд ва нахустин шуда расми оини хонаводагии пеш аз соли навро, ки якчанд соат давом мекунад ва «пичиромч» меноманд, мешикананд. Бо андохтани шол аз равзани хона ба дарун ва бо қироати шеъри наврӯзӣ аз соҳибхона кулча, анвои шириниҳо ҳадя мегиранд. Ба гуфтаи бархе аз мутафаккирон дар деҳоти Вахони Бадахшон расм аст, ки рӯзи Наврӯз бо кафидани чашми рӯз ҳар кас талош меварзад, ки пештар аз дигарон аз чашма бо кӯза ва ё сатил об биёрад, зеро ба ақидаи мардум ба хонаи чунин шахс ризқу рӯзии бештаре ворид мегардад ва хайру баракати хонадон афзун мешавад. Чун дар аксари деҳаҳои ноҳия чашмаҳои гарм мавҷуд ҳастанд, мардум дар ин рӯз худро дар оби чашмаҳо пок мекунанд. “САРИҶУФТӢ” - СУННАТИ РОИҶИ НАВРӮЗ “Сариҷуфтӣ”, яке аз маросимҳои роиҷи наврӯзӣ дар деҳоти Бадахшон буда, тибқи он ҷуфти барзагов бо созу суруд сари замин бурда мешавад ва кишоварзон ба умеди «як дона ҳазору аз ҳазор бешумор» ҷӯяки нахустин мекашанд. Аммо дар бархе аз маҳаллоти дигар ба мисли Вахон, дар рӯзи Наврӯз бо дуо гӯсфанд, буз, барзагов ва ё моли дигарро ба хона дароварда пас аз ба рӯяшон молидани кафи орд онро бо шошп-таоми махсусе, ки аз омехтаи мағзи зардолу, ях ва шир тайёр мегардад, сер мекунанд. Хушқадам Хосабеков корманди ММДСП-и ноҳияи Рӯшон изҳор дошт: “Тибқи ин русум аз анъанаи кишоварзии мардум онҳо молро асоси зиндагӣ ва ҷузъи хонавода ҳисоб мекарданд”.

АРЧАИ НАВРӮЗӢ - ШОХАИ БЕД

Сокинони Бадахшон муътақиданд, ки оини бостонии Наврӯз бештар аз ҳама дар Бадахшон боқӣ мондаанд. Дар ин ҷо ба хотири ороиши хона дар соли нав ҳатто арчаи наврӯзиро фикр кардаанд. Арчаи сафеди наврӯзӣ аз шохаи навбуридаи бед тайёр мешавад. Ҳарчанд дар Бадахшон устоҳои чирадаст зиёданд, аммо тайёр намудани арчаи наврӯзӣ маҳорати махсус талаб мекунад ва чунин устоҳо ангуштшуморанд. Ёрмамад Раҳимбеков, сокини деҳаи Дерушон мегӯяд, ки ба истиқболи баҳор ва Наврӯз усто бо истифодаи қайчии тез ва нохунаки чӯбин, ки дар нӯги қайчӣ насб мешавад, аз чӯби бед арчаи наврӯзӣ тайёр мекунад. Арчаи наврӯзӣ сафед аст ва он хӯшаҳои сербори гандумро ба ёд меорад. Он рамзи ҳосили фаровон ва саодату хушбахтӣ аст. Оғози Наврӯз ва ё Шогун-иди саид, хуҷаста ва бузург бо маросими хонатаконӣ ва арчаи сафеди наврузӣ барои ҳамаи хонаводаҳо муборак бошад! Шогун баҳор муборак!

www.javonon.tj

Пешниҳоди ин хабар нахуст аз таҳриф оғоз мегардад. Онҳо менависанд: «…Аммо роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ тавонист бо хориҷ шудан аз кишвар, аз боздошт шудан наҷот ёбад. Алъон, ӯ дар яке аз кишварҳои Аврупо қарор дорад». Барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки Кабирӣ шаш моҳ қабл аз хиёнату балвои сентябрии наҳзатиҳо бо сарварии Назарзода аз Тоҷикистон дум хода кард, то зери ҳидояту роҳнамоии хоҷагони эрониаш Тоҷикистонро мисли роҳбарони аввалаи ин ҳизби террористӣ ба хоку хун кашад. Ӯ худу фарзандонашро берун бурду ҳамҳизбонашро ба содир кардани ин ҷинояти вазнин дастур дод. Хушбахтона ин ҷиноят бо дастгирию кӯмаки худи мардуми Тоҷикистон пешгирӣ гардид. Аммо офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Худ мардуми шарифи Тоҷикистон дигар сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонад, бо бозиҳои Кабирию хоҷагонаш кайҳо ошноянд. Бо ин нолаву шевани сохтае, ки Кабирӣ дар назди аврупоиҳои ба қавли худашон «ҳомии ҳуқуқи башар» баромад мекунад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависаду ҳамарӯза паҳн мекунад, танҳо як-ду террористе мисли худу ҳамдастонаш бовар мекунанду онҳое, ки мехоҳанд ба ин васила бар сари Тоҷикистони соҳибистиқлол борони туҳмату сиёҳӣ сарозер созанд. Бароям аҷиб аст, ҳаводорон ё хоҷагони ғарбии Кабирӣ то ин ҳад содалавҳ бошанд, ё ӯро танҳо мешунаванду ба суханонаш эътимоде надоранд. Зеро тадриҷан дар ҳар як баромадаш дурӯғи наве зам мекунад. Масалан, дар мусоҳиба мегӯяд, ки «Вазорати адлия ба мо даҳ рӯз фурсат дод, то мо худамон ҳизбро бандем. Муҳлати ин ултиматум 5-уми сентябр ба охир мерасид». Чаро дар ҳамон шабу рӯз Кабирӣ дар ин хусус баромад накард? Зеро чунин ултиматум бофтаи худи ӯст ва дар он шабу рӯз онҳо банди тарҳрезӣ ва амалӣ кардани нақшаи террористиашон будаанд, ки оғозаш ба 4-уми сентябр рост омад. Онҳо боварӣ ҳам доштанд, ки вазъиятро дар Тоҷикистон метавонанд ноором созанд. Сухангӯ ва масъули сомонаи наҳзатиҳо Ҳикматулло Сайфуллозодаро ин нақша ончунон ба ваҷд оварда буд, ки чанд рӯз қабл аз ҳаводиси сентябрӣ изҳор дошт: «рӯзе мерасаду боз аз сари нав, мисле, ки соли 1992 агар ҲНИТ-ро бастанд, боз соли 1997 онро кушоданд». Наҳзатиҳо танҳо як ҳақиқатро пазируфта натавонистанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол, қавӣ, ором ва рушд-

Рангорангиҳои Наврӯзи Бадахшон


е-mail: javonontj@mail.ru

8

ТУРИЗМ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №11 (9437), 17 марти соли 2016

Умаралӣ САФАРАЛӢ 9-13 марти соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Федеролии Олмон 50-умин Намоишигоҳи байналмилалии туристии ITB Berlin доир гашт. Тоҷикистон низ дар ин чорабинии муҳими туристии сатҳи ҷаҳонӣ ширкат кард. Ширкатҳои туристии “Ҷавоҳир”, “Сайру саёҳати кӯҳии Тоҷикистон”, “Помир саёҳат”, “Ором саёҳат”, “Боми ҷаҳон тур” ва ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” захираҳои туристии кишварро муаррифӣ карда, бо ширкатҳои туристии давлатҳои дигар гуфтушунид анҷом доданд.

ITB Berlin: 50 соли Беш аз 10000 ширкати туристӣ, ҳавопаймоӣ ва меҳмонхонаҳо ҳар сол дар Берлини Олмон ҷамъ омада, хизматрасониҳояшонро пешкаши ҳаводорони соҳаи туризм мегардонанд

“Ҳар касе Малдивро надидааст, гӯё ба дунё наомадааст”

Ин сухани Толиб Рифоӣ, котиби генералии Ташкилоти ҷаҳонии туристии СММ, мебошад, ки дар расми ифтитоҳи Намоишгоҳи ITB Berlin садо дод. Номбурда гуфт, Малдив табиати нотакрор дорад, вале мутаассифона 30 сол баъд зери об хоҳад монд. “Мо бояд нисбат ба офатҳои табиӣ бетараф набошем. Дар пешгирии онҳо бояд якҷо камари ҳиммат бубандем, - гуфт Толиб Рифоӣ. – Мо бо кишварҳо, хусусан ИМА дар бобати ҷойгир кардани аҳолии Малдив мулоқот доштем”.

Ҷазираҳои Малдив шарики баргузории намоишгоҳи ITB Berlin буд. Зимни маросими ифтитоҳи намоишгоҳ аз ҷониби ҳунармандони ин кишвар шоу-барномаи ҳунарӣ пешкаш гардид. Кристиан Гук, раиси толори намоишии Берлин, зимни сухани табрикӣ аз ҷумла гуфт, 50 сол мешавад, ки ITB Berlin ширкатҳои туристии тамоми ҷаҳонро ба ҳам меорад. “Дар соли аввали намоишгоҳ (1966) 15 ширкати туристӣ аз 5 давлат ширкат карда буданд. Имрӯз беш аз 100 000 ширкати туристӣ аз 187 давлат дар Берлин ҷамъ меоянд ва дар 1069 гӯша хизматрасониҳои худро дар самти туризм пешкаш мекунанд”. Ба гуфтаи Толиб Рифоӣ даромад аз туризм дар соли 2015 ба сатҳи рекордӣ расид. Кишварҳои ҷаҳон давоми сол аз соҳаи туризм 1 миллиарду 18 миллион доллари ИМА фоида диданд, ки нисбат ба соли 2014 4,4 дарсад бештар аст. Ин дар ҳолест, ки вазъи сиёсии ҷаҳон он қадар хуб набуд. - Фишор овардан ба соҳаи туризм маънои боз дошта-

ни рушди иқтисод ва таъсиси ҷойҳои кориро дорад. Аз ҳамин лиҳоз ман мехоҳам, ки давлатҳо сиёсати худро нисбат ба туризм ва масоили дигари вобаста ба ҷаҳонгардӣ бозбинӣ кунанд, - гуфт ӯ. Толиб Рифоӣ аз ҳаводиси ҷаҳони имрӯз ёдовар шуда, аз ҷумла терроризму экстремизмро монеи асосӣ ба рушди соҳа ном бурд: “Ин омилҳо боис гаштанд, ки сайёҳони хориҷӣ ба кишварҳои дилхоҳашон рафта натавонистанд. Мо нек мефаҳмем, ки масъалаи амният муҳим аст, вале набояд он барои сайёҳон маҳдудият пеш орад”. Ба гуфтаи Толиб Рифоӣ рафтуо дар сарҳадҳо бояд содда карда шавад. Ӯ минтақаи Шенгенро беҳтарин намуна барои аз байн бардоштани сарҳадҳо номид. Минтақаи Шенген 26 давлати Аврупоро дар бар мегирад, ки шаҳрвандонашон бемамониат миёни ҳам рафтуомад мекунанд. “Сиёсатмадорон аз хотир набароранд, ки бо маҳдуд кардани омаду рафти сайёҳони хориҷӣ онҳо ба шаҳрвандонашон на фоида, балки бештар зиён мерасонанд”.

www.javonon.tj

Тоҷикистон дар ду гӯша муаррифӣ шуд Гӯшаи Тоҷикистон субҳи 9 март бо ширкати Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбари гурӯҳ, Маликшо Неъматов, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, намояндагони ширкатҳои туристӣ кушода шуд. Ба гуфтаи Ҳ. Амирбекзода, Тоҷикистон 9 сол мешавад, ки дар ин чорабинии бонуфуз ширкат мекунад. Мақсад бо муаррифии захираҳои туристии кишвар роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонии туризм, пайдо кардани ҳамкорони нав аз ҷумлаи ширкатҳои туристии дигар давлатҳо ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мебошад. Дар гӯшаи дигар Ассотсиатсияи туристиву экофарҳангии “Помир” Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.


ТУРИЗМ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №11 (9437), 17 марти соли 2016

9

баҳамоӣ Роҳи Абрешим – намуна барои ҳамкориҳои байналмилалӣ

Дар доираи намоишгоҳи ITB Berlin ҳамоиши вазирони туризми кишварҳои ҳавзаи Роҳи Абрешим ва ширкатҳои туристии ин ҳавза доир гашт. Дар ҷаласаи вазирони туризм бурду бохти соҳаи туризм дар кишварҳо баррасӣ шуд. Намояндагони чанд давлат туризми кишварашонро муаррифӣ карданд. Гуфта шуд, бозаргонон тавассути Роҳи Абрешим дар замони қадим даҳҳо ҳазор километрро тай карда, миёни ҳам робитаи тиҷоратӣ доштанд. Имрӯз ин таҷрибаро барои рушди туризм мешавад татбиқ кард.

е-mail: javonontj@mail.ru

Толиб Рифоӣ ба Тоҷикистон меояд

Моҳи июни имсол Толиб Рифоӣ, котиби генералии Ташкилоти ҷаҳонии туристӣ бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омаданист. Ин нукта зимни мулоқоти Амирбекзода Ҳабибулло, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо Толиб Рифоӣ дар гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи ITB Berlin зикр шуд. Дар мулоқот, ҳамчунин Маликшо Неъматов, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ширкат дошт. Толиб Рифоӣ зимни мулоқот барои рушди туризм дар Тоҷикистон тавсияҳо дода, барномаи сафараш ба Тоҷикистон баррасӣ шуд. Зимни ин сафар котиби генералии ТҶТ ба ғайр аз мулоқоти расмӣ, бо донишҷӯёни донишгоҳҳо вохӯрда, бо тарзи кори ширкатҳои туристӣ ошно хоҳад шуд. Ҳ. Амирбекзода гуфт, мо аз он ки Ташкилоти ҷаҳонии туристӣ ба кишвари мо таваҷҷуҳ дорад, хурсандем. Умед мекунем, ки сафари ҷаноби котиби генералӣ боиси рушди бештари соҳаи сайёҳӣ мегардад. Дар анҷом аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон ба Толиб Рифоӣ туҳфаи хотиравӣ тақдим шуд.

Муаррифии китоби “Тоҷикистон” бо забони олмонӣ Дар рафти намоишгоҳ китоби сайёҳи олмонӣ Дагмар Шрейбер бо номи “Тоҷикистон” муаррифӣ шуд. Китоб бо забони олмонӣ навишта шуда, роҳнамоест барои сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд. Дар китоб омадааст, “Тоҷикистон кишвари дорои баландтарин, бузургтарин ва ҷолибтарин диданиҳо ба ҳисоб меравад. Кӯҳҳои сарбафалаки барфпӯш, обанборҳои бузурги ба мисли парӣ хуфта, пиряхҳои дарозтарин ва либосҳои рангоранги хонумони қашанги ин сарзамин аз ҷумлаи ормонҳои як нафар сайёҳи мағрибӣ ба ҳисоб меравад. Шилдироси дарёчаҳо дар қаъри дараҳои сабзу зебо ва кӯлҳои сокит, кӯҳҳои сабзпӯшу теппаҳои гулафшон ё биёбонҳои сарди бе долу дарахт, шаҳрҳои сабзу бозорҳои серодам ва баландиҳои пурасрору аз панҷаи саноатикунонӣ дурмонда хоси Тоҷикистон буда, ба кас оромии рӯҳу равон ва қуввати ҷисму ҷон ато менамояд. Кофист, то кас борхалтаро ба пушт партофта, озими Тоҷикистон гардад. Табиати ин кишвар бе-

мислу монанд буда, мафҳуми вақт дигаргуна фаҳмида мешавад. Кишваре, ки чи табиати он ва чи ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодиаш ҳар лаҳза ва ҳар соат дар ҳоли тағйирёбӣ буда, вохӯрӣ бо одамони наҷибу мухталиф ва ба кас эҳсоси худӣ ва фаромушношуданӣ ато мекунад. Cайёҳе боре дар ёддоштҳои худ чунин нигошта буд: «Ҳар гуна роҳнамо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ чун Тоҷикистон ҳанӯз қабл аз роҳ ёфтанаш ба бозорҳо

кӯҳна мегардад, зеро ҳаёт дар кишварҳои ин минтақа тағйирёбанда ва дар ҳоли рушд аст». Китоби мазкур дар ҳаҷми 448 саҳифа омода гардида, дар он 282 расми ранга ва 20 харитаи ҷуғрофӣ ҷой дода шудаанд. Дар изҳороти матбуотии нашриёт, аз ҷумла чунин гуфта шудааст: «Тоҷикистон бо кӯҳҳои баланди худ дар доираҳои сайёҳии Аврупо ҳамчун “Швейтсарияи Осиёи Марказӣ” ҳисобида мешавад.

Ботсвана – шарики расмии ITB Berlin дар соли 2017

Ширкатҳои туристии кишвар дар намоишгоҳ ба боздидкунандагон маводҳои туристӣ, аз қабили буклету руқъа, аксу дискҳои манзараҳои зебои кишварро тақдим карда, бо ширкатҳои туристии хориҷӣ гуфтушунидҳо анҷом доданд.

www.javonon.tj

Ҳамкориҳо тақвият меёбанд

Дар ин бора 9 март зимни як конфронси матбуотӣ миёни директори генералии Ширкати Messe Berlin GmbH Кристиан Гук ва вазири туризми Ботсвана Тшекедӣ Хамаи II созишнома ба имзо расид. Ба гуфтаи Тшекеди Хамаи дуюм, ширкатҳои туристии Ботсвана тамоми имконотро барои дар соли 2017 кишвари шарики ITB Berlin шудан истифода кард, то дастовардҳо дар мавриди ҳифзи табиатро бо кишварҳои ҷаҳон дар миён бигзорем ва огоҳии аҳолии ҷаҳонро нисбат ба ин кишвар бештар кунем. Дар ITB Berlin-2017 Ботсвана ба ҳайси шарики расмии намоишгоҳ 7 март дар маросими ифтитоҳи чорабини шоу-барномаи ҳунарӣ ва 8-12 март дар рафти намоишгоҳ бо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ хотири боздидкунангонро шод хоҳад кард.


е-mail: javonontj@mail.ru

10

 СОҲИБКАСБ Хилъати сафед ба бар кардану аз ҳоли дардмандон хабар гирифтан кори ҳар кас нест. Нафароне ба ин тоб меоранд, ки қавииродаанду аз муҳаббат ва суханони пандомези пайвандон бархурдор. Сарчашмаи ҳамаи комёбиҳои минбаъда низ аз ҳамин чиз ибтидо мегирад. Чунки бе доштани чунин хислатҳо наметавон табиби ҳозиқу мушфиқи мардум гашт. Роҳи муайянеро ҳам тай кардан мебояд, то донишҳои зарурӣ андӯхта бо қаноатмандӣ гуфта тавонӣ: “Ман табиби мардумам”.

Сухани хуб нисфи давост! Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ

www.javonon.tj

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №11 (9437), 17 марти соли 2016

Саёҳат дар мактаби миёна таҳсил мекарду орзуи дармонбахши дарди мардум шуданро дар сар мепарварид. Ҳамин ки касе аз пайвандонаш бемор мешуд ва ё хабари бемор будани ягон дӯсташро мешунид ҳаяҷони ҳарчи зудтар ноил шудан ба ин мақсади наҷиб дар дилаш туғён мекард. Ин таваҷҷуҳи зиёд ба пешаи табибӣ баробари хатми мактаби миёна роҳи ӯро ба сӯйи колеҷи тиббӣ бурд. Албатта, оне, ки бо азми қавӣ ва иродатмандӣ ба коре майл мекунад, муваффақ мешавад. Саёҳат ҳам муваффақ шуд, ки донишҷӯи колеҷи тиббӣ шавад. Ибтидо, мисли ҳар навомӯзу навроҳи пешаи табибӣ ӯ низ тарсу ҳаяҷон дошт. Охир, чи гуна натарсид, ки ҳаёти инсон, саломат мондан ё намонданаш ба ту вобаста аст! Вале муҳаббат ва шавқи беандоза доштан ба табобати мардум бар ҳаросу тардиди табиби оянда ғолиб омад. Бале, муҳаббат бар тарс ғолиб омад ва имкон дод, ки Саёҳат Исоева бо тахассуси ҳамшираи шафқат колеҷи тиббиро хатм карда, бо қадамҳои устувор вориди соҳаи тандурустӣ шавад. Саёҳат Исоева соли 1986 дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Шаҳринав ба дунё омада, соли 1992 ба мактаби миёнаи №20 рафтааст. Солҳои 2003 - 2007 колеҷи тиббии шаҳри Душанберо таҳсил кардааст. Пас аз хатми колеҷ ҳоло 9 сол мешавад, ки дар Маркази саломатии ноҳияи Шаҳринав ба ҳайси ҳамшираи шафқати тибби оилавӣ фаъолият дошта, дар ҳифзи сиҳатии аҳолии ноҳия саҳмгузор аст. “Баъзан як хато метавонад ҳамаи корҳои хуби шуморо, ки солҳои зиёд барои анҷомашон заҳмат кашидаед, барбод диҳад. Чунки табиб ба саломатӣ ва ҷони инсонҳо сару кор дорад. Як камбуди кӯчаки табиб метавонад беморро аз ҳаёт маҳрум созад. Чун ҳар инсон дар дил ҳазорҳо орзу дорад ва ҳатто нафароне, ки ба синну соли муайян расида низ умеду хоҳиши шифо доранд. Яъне табиб дар ин ҳолат бароварандаи охирин қарор аст, то инсон барои амалӣ сохтани орзуҳои минбаъдааш ҷаҳд менамояд ё на. Аз ин лиҳоз ҳар табибро зарур аст, ки дақиқкор бошаду ҳангоми фаъолият ба иштибоҳ роҳ надиҳад”,- мегӯяд Саёҳат Исоева. Ҳолатҳое ҳам мешуд, ки табиби ҷавон дар назди бистари

бемор худро оҷизу нотавон ҳис мекард, чун дард зӯр буду тадбир бетаъсир. Боре қарор дод, касби хешро тарк гӯяд ва пешаи дигар биҷӯяд. Муддате андеша кард, чашмони имдодталаби беморон пеши назараш омад... Саёҳат худро сарзаниш кард, ки чаро ба осонӣ таслими ночорӣ мешаваду сар ба кӯи нотавонӣ мениҳад. Сипас, нерӯву ҷасораташро ҷамъ оварда, боз пайи кор шуд. “Сари вақт хизмат расондан ба мардум яке аз вазифаҳои асосии мо табибон мебошад. Вақте дар сатҳи зарурӣ ба мардум хизмат мерасонед ва ба бовари онҳо ноил мегардед, ҳаётатон арзиш паёдо мекунад. Мефаҳмед, ки барабас зиндагӣ накардаеду аз шумо ба дигарон нафъе мерасад. Чи чиз метавонад қиматтар аз он бошад, ки бемореро воситаи шифо ёфтанаш бишаведу дар чеҳраи ҳазини нафаре осори табассумро падид оред? Шахсан барои ман ин мояи фахру хушбахтист”,- мегӯяд Саёҳат. Ба назари ӯ ҳамшираи шафқат бояд ширингуфтору мушфиқ ва нармдилу меҳрубон бошад. Чунки инсонро на ҳама вақт танҳо дору даво мебахшад, балки сухани хуб низ метавонад василае барои шифоёбии бемор бошад. Чун ӯ ба ҳайси ҳамшираи тибби минтақавӣ кору фаъолият дораду ба 1500 нафар аҳолӣ хизмат мерасонад, дар фаъолияти кориаш бисёр ҳолатҳое рӯй додаанд, ки пас аз муолиҷа нафарони шифоёфта, ба наздаш омада, аз ӯ изҳори миннатдорӣ намудаанд, ки маҳз бо тавсияву табобати ӯ шифо ёфтаанд. Масъалаи пас аз хатм ба кор нарафтани баъзе аз ҷавонон - мутахассисони соҳаи тиббро яке аз мушкилоти ҷиддӣ хонда, таъкид менамояд, ки ин мушкил

ду сабаби асосӣ дорад ва бояд ҷавонон ҳангоми интихоби касб ба назар гиранд: “Баъзе ҷавонон пешаи тиббиро ғайри ихтиёри худ интихоб мекунанд. Онҳоро волидон ё нафарони дигар маҷбур мекунанд, ки ба колеҷи тиббӣ ё Донишгоҳи давлатии тибии кишвар дохил шаванд. Омили дигар ҳам пайвандӣ ба омили аввал дорад: иддае аз ҷавонон агарчи донишгоҳро ҳам тамом кардаанд, ба худ бовар надоранд. Яъне онҳо донише, ки дар муддати солҳои тӯлонӣ ба даст овардаанд, баҳри дар амал татбиқ намуданаш коре карда наметавонад, ки ин бешубҳа аввал бохти ҳамон ҷавон аст, дуюм зарар ба ҷамъият”. Андешаҳои Саёҳат дар хусуси ояндаи соҳа низ ҷолиби диққатанд. Ӯ мегӯяд, тиб дар дунё босуръат рушд меёбад. Ояндаи соҳа дар кишвари мо ҳам дурахшон аст. Рӯз ба рӯз таҷҳизоти соҳаи тандурастӣ дар кишвар наву навтар мешавад. “Маркази мо низ бо техникаҳои наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ки аз ҳар як табиб тақозо мекунад, то онро омӯзаду дар фаъолияти минбаъдааш истифода намояд. Таваҷҷуҳи ҳаррӯзаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ дар баробари дигар соҳаҳо баёнгари он аст, ки дар воқеъ ин соҳа яке аз соҳаҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. Чунки ягона ниҳодест, ки баҳри ҳифзу барқарор намудани саломатии аҳолӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст”,- афзуд С. Исоева. Ба назари ӯ бояд ҳар як ҷавондухтар касберо омӯзад. Чунки замоне фаро расидааст, ки бояд онҳо соҳиби касбе бошанду баҳри пешбурди зиндагии хеш саҳим. Соҳибҳунарии духтарон аз он сабаб бештар лозим аст, ки онҳо дар оянда модар мешаванд ва дар тарбияи фарзанд бештар масъуланд. Агар ки модар дониши хуб надошта бошад, пас чӣ гуна метавонад, ки фарзанди хешро таълим диҳад. Аз ин рӯ ҳӯнаромӯзии онҳо хеле зарур аст. Ҳунареро омӯхтан ҳеҷ вақт зарар надорад, балки он ҳамеша ба инсон саодатмандӣ меорад. Ҳамеша кӯшиш мекунад, то дар сиҳатии аҳли ҷомеа ва рушди соҳаи тандурустӣ саҳми арзанда дошта бошад. Дар оянда ҳамшираи калони маркази саломатии ноҳия шудан орзуи ӯст. Умед дорем, ки имсол барои ин бонуи мушфиқ соли барору комёбиҳои нав ҳам дар зиндагӣ, ҳам дар ҳаёти шахсиаш хоҳад буд.

Садоқат ба касб Дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ духтаре ба дунё омад ва падару модар аз хурсандӣ ба ӯ Ҷаннат ном гузоштанд. Ҷаннат аз айёми кӯдакӣ чолоку нотарс буд ва зеҳни хуб дошт. Ҳанӯз вақте дар МТМУ №31-и шаҳри Душанбе таҳсил менамуд, омӯзгоронаш дар дили ӯ тухми меҳру садоқат ба касби омӯзгориро коштанд. Ҷаннат дар айёми талабагӣ дар маҳфилҳо, чорабиниҳои мактабӣ, олимпиадаҳои фаннӣ пайваста иштирок менамуд. Пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №31, соли 1966 бо ризоияти падару модар ва устодонаш донишҷӯи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ба номи Садриддин Айнӣ) гардид ва соли 1970 донишгоҳро хатм намуд. Фаъолияти омӯзгориашро аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 64-и ноҳияи Ленин (Рӯдакӣ) оғоз намуд. Шабурова Ҷаннат Холматовна аз оғози фаъолияти кориаш пайваста дар ҷустуҷӯ буда, баҳри рушду такомули фаъолияти педагогиаш бо омӯзгорони собиқадор ҳамкорӣ намуда, маҳорату малакаи касбии худро сайқал медод. Шабурова Ҷаннат Холматовна аз соли 2010 дар МТД литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус фаъолият дорад. Мавсуф дараҷаи тахассуси олӣ дошта, собиқаи 45-солаи корӣ дорад. Муаллифи 30 мақоллаю дастурҳои методӣ мебошад, ки дар маҷалаю рӯзномаҳои соҳаи маориф ба табъ расидаанд. Муаллифи китобҳои дарсии забони русӣ дар синфҳои 7 ва 9 мебошад. Соли 2003 барандаи ҷоизаи озмуни байналмилалии «Пушкин» гардидааст. Чор сол аст, ки Шабурова Ҷаннат Холматовна вазифаи мудири кафедраи забон ва адабиёти русро ба дӯш дорад. Ҳамасола дар машваратҳои августӣ, январии омӯзгорони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолона ширкат варзида бо маърӯзаҳои таълимию методӣ, роҳҳои навиштани нақшаи дарсҳои кушод, тарзи омода намудани нақшаи тақвимӣ мавзӯӣ, ёрӣ ба омӯзгорони ҷавон, иваз намудани таҷрибаи пешқадам, омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баромад мекунад. Ҳамкории ӯ бо омӯзгорони Донишгоҳи славянии Руссию Тоҷикистон Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле мустаҳкам буда, ҳамасола намояндагони онҳоро дар баргузории «Ҳафтаи фаннӣ» ва ҷамъомадҳои фарҳангӣ ба литсей таклиф менамояд. Чун анъана ҳафтаи фанни забон ва адабиёти рус ба ҳаёт ва фаъолияти яке аз шоирону нависандагони адабиёти рус бахшида мешавад. Соли равон аз Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба омӯзиши забони русӣ» рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ҳафтаи фанниро зери унвони «Биёед, бо забони русӣ ҳарф мезанем» ташкил намуд ва олимони ин соҳаро аз Донишгоҳи давлатии забонҳо, Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Синоро даъват намуд. Шабурова Ҷаннат Холматовна, ки худ бо технологияи муосир кор карда, аз маводи шабакаи интернетӣ дар дарсҳо самаранок истифода менамояд, омӯзгорони ҷавонро пайваста даъват менамояд, ки ба омӯзиши технологияи муосир рӯ биёранд. Меҳнати пурсамари омӯзгор буд, ки шогирдонаш дар олимпиадаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Худи ӯро Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ соли 2013 бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ намуд. Муҳаммадӣ НАРЗИҚУЛОВ, омӯзгори Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе


НАВРӮЗ - 2016

Омад-омади баҳору Наврӯзро аз ҳама бештар мо бачагон интизорӣ мекашидем. Зеро маҳз ҳамин фаслу ҳамин ҷашн ба мо шодию сурури бештар мебахшид. Маҳз тавассути омадани ҳамин фаслу ҳамин ҷашн аз сардиҳои зимистони қаҳратун халос мешудем. Маҳз ҳамин фаслу ҳамин ҷашн дашту теппаю кӯҳҳои атрофи деҳаамонро қабои сабз мепӯшонид, гул ба сар мекард ва аз будаш зиёдтар зебою дилангезтар мегардонд. Маҳз ҳамин фаслу ҳамин ҷашн бо ҳар баҳонае одамонро бо ҳам меоварду қаринтар мегардонд. Мо бачагон маросимҳои гулгардониро бисёр дӯст медоштем. На барои он, ки одамон ҳар гуна инъому туҳфаҳо медоданд, балки барои он, ки бештар суруд мехондем, рақсу бозӣ карда, шодию хурсандӣ менамудем. Ана, яке аз он сурудҳое, ки дар маросимҳои гулгардонӣ гурӯҳ-гурӯҳ шуда месурудем. Якахон: Баҳорон шуд, баҳорон шуд, Ба рӯйи сабза борон шуд. Ҳама гулҳо қаторон шуд, Ҳама: Баҳори нав муборак бод! Якахон: Гули сияҳгӯш ҳафтранг аст, Хӯроки кабки дилтанг аст, Ҳамеша дар сараш ҷанг аст, Ҳама: Баҳори нав муборак бод! Якахон: Гули сияҳгӯш лабгардон, Табақ пур куну даст гардон, Бидеҳ бар дасти гулгардон, Ҳама: Баҳори нав муборак бод!

Наврӯзу баҳори як деҳаи кӯҳистони тоҷик дили кӯҳҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи М. Турсунзодаи ш. Ҳисор воқеъ аст, хеле ҷолибу хотирмон буд. Мардуми деҳа чанд рӯз пеш аз ҷашн гилему курпаҳои худро берун бароварда офтоб медоданд. Бо сафедхок девори хонаҳояшонро аз даруну берун «сафед», яъне пок мекарданд, ки баъди ин аз ҳар хона як накҳати бисёр хуш ва форам ба машом меомад. Рӯзи таҷлили ҷашн мардум либоси идона ба бар карда, аз пагоҳӣ дар ҳамвории болои деҳа ҷамъ меомаданд. Кадбонуҳои пуртаҷриба дар дегҳои калон ба пухтани хӯрокҳои асосан алафӣ мепардохтанд. То лаҳзаи пухтани хӯрок қисме аз пиру барно дар талу теппаҳо сайру гашт мекарданд, қисме аз бачаҳою ҷавонон гӯштин мегирифтанд, қисми дигарашон ликакбозӣ (чиликдангал, лику қаҳрибозӣ) мекарданд ё сабқати «зӯгӯяк» (бо як нафас ҳар чи қадар, ки имкон аст ба масофаи дуртар давидан) менамуданд. Ҳамзамон бо инҳо ё баъдтар дар гӯшаҳои дигари майдон хурусҷанг, кабкҷанг, тухмбозӣ, қолбозӣ, дастхобкунӣ, бандкашӣ ва монанди инҳо ҷараён мегирифт. Занону духтарон ва ҳатто кампиракон низ ором наменишастанд. Онҳо таҳти садои доираю чанқуз (чангқовуз, лабчанг), рӯйи қолини махмалини сабза месуруданду мерақсиданд. Қисми дигарашон сангчиқилбозӣ мекарданд ё рӯйи матое гулдӯзӣ менамуданд. Махсусан, занону духтарони куртаҳои гулдӯзипӯш ва хилъату камзулчаҳои зардӯзипӯш бо рақсҳои мавзуну зебои худ гӯё, ки то кунун пеши назарам ҷилва мекунанд. Ҳамчунин хаёл дорам, ки таъсири ҷаҳиданҳоям аз болои гулхани наврӯзӣ ва тавасути оташи он гӯё халос шуданам аз тамоми камбудию норасоиҳо ва пок гаштанам аз ҳамаи гуноҳҳои соли пешин, то кунун дар вуҷудам боқи мондааст… Чун хӯроки гарм ба пухтан наздик мешуд, садри базм масъулинро ба ородиҳии дастурхонҳои идона даъват мекард. Ин замон ҳар кас ҳар гуна хӯрокии овардаашро ба ихтиёри ородиҳандагони дастурхонҳо мегузошт. Дастурхонҳоро аз рӯйи синну сол

ва ҷинси иштирокчиён ҷудо-ҷудо ороиш медоданд, вале на чандон дур аз ҳамдигар. Масъулин хӯрокиҳоро рӯйи дастурхонҳо тарзе ҷо ба ҷо мекарданд, ки нафаре чӣ овардани нафари дигарро сарфаҳм намерафт. Зиёда аз ин одамон чизҳои овардаи худро ҳам шинохта наметавонистанд, чунки онҳоро дар ҳар ҷойи дастурхонҳо байни хӯрокиҳои овардаи дигарон тақсим менамуданд ё пора-пора карда, дар ҳар ҷойи он мегузоштанд. Мақсади чунин амали дастурхонороён он буд, ки шахси хӯрокиҳои хоксорона оварда, худро ноҳинҷор ҳис накунад. Баъди пура оро ёфтани дастурхонҳо одамон мувофиқи ҷинс ва синну соли хеш гирди онҳо менишастанд. Албатта, пирони рӯзгор новобаста аз ҷинсашон ҷойҳои ифтихорӣ доштанд. Одамони камбизоат, бевазанон ва кӯдакони бепадару модари махсус даъватшуда низ баробари ҳама ҷой мегирифтанд ва худро озоду роҳат ҳис мекарданд. Зеро ҳамин хел таомулу одат буд ва ҳар он чи ки рӯзи Наврӯз харҷ мегардид, чун хайрия дониста мешуд. Ашё ва хӯрокҳои номашон бо ҳарфҳои «С» (син) ва «Ш» (шин) оғозшаванда, масалан суманак, рӯйи дастурхонҳо ҷойи махсус доштанд. Бо вуҷуди ин, кулчаҳои гуногуншакли қаймоқию ширмол, нонҳои махсус барои тантанаи Наврӯз омодашудаи фатир, чапотӣ, фатирхамир, қотурма, кумоч (ноне ки рӯйи лахча, зери қӯри оташ ё реги тафсон пухта мешавад) меваҳои хушк ва гандуму нахуди бо кунҷит бирёншуда ородиҳандаи асосии рӯйи дастурхонҳо буданд. Хӯрокиҳои қуюқ (яъне камоб) мисли туппа, атола, шӯла, ялама, тухмбирён, кашк, шакароб, таҳмол, чанголӣ ва хӯрокиҳои суюқ (сероб) - мисли угро, мастоба ҳам ғизоҳои дилкаштарини рӯйи дастурхонҳои наврӯзӣ ҳисоб мешуданд. Вале, мардум бештар аз ҳама майли хӯрдани далдаю гунгиниро мекарданд, ки даруни кӯзаҳои гилин пазонида мешуданд. (Далда аз гандумест, ки пӯсташро дар уғур ҷудо ва мағзашро пора-пора мекунанд. Гунгинӣ бошад, гандуми пӯсташ

тозанакардаю ба пораҳо ҷудонашуда аст дар омехтагии нахуду лубиё. Ҳар ду ҳам бисёр пурқувватанд). Гирди чунин дастурхонҳо бо ҳам нишастану хӯрок хӯрдан ҷиҳатҳои рамзии бисёр дошт. Масалан, ҳамеша сарҷамъу бо ҳам будан, бародару баробар будан. Ба ҷуз ин, нишастан гирди чунин дастурхонҳо аҳамияти бузурги тарбиявиро доро буд: Солмандон панду ҳикмат мегуфтанд, талқин мекарданд, ки одамон, махсусан ҷавонон қадри умрро бидонанд ва ягон лаҳзаи онро беҳуда нагузаронанд, аз он ки ба баҳору Наврӯз мерасанд шукургузор бошанд. Баъдан, дар гӯшае, ки нақши саҳнаро мебозид базми рақсу суруд барпо мегашт. Вале, ҳофизону раққосон фармоишӣ набуданд. Балки ҳар он касе завқ дошт мебаромаду ҳунари худро нишон медод. Дар ин базми ҳунар асосан сурудҳои хусусияти рамзӣ доштаи ба баҳору Наврӯз, ба гулу булбул, ба ишқу муҳаббату вафодорӣ бахшидашударо месароиданд. Ҳоло ҳам тақрибан ҳамин тавр аст. Таҷлили ҷашни баҳору Наврӯз на танҳо дар ин деҳаи кӯҳистони ман, балки дар саросари ҷумҳурии азизамон намоиши ҳақиқии ҳаёти гуворо, тинҷию осоиштагӣ, дӯстию рафоқат ва шодию сурури мардум аст. Баҳору Наврӯзи даврони мо, баҳору Наврӯзи ҷавонӣ, баҳору Наврӯзи меҳнат, табассуми зебои занону Модарон, хандаи озод ва ҷасту хези кӯдакони соҳибиқбол аст, ки тавассути соҳибтстиқлолии Ватан муяссар гаштааст. Дар ин Наврӯзу баҳори накӯ ба ҳамаи заҳматпешагони шаҳру деҳот, аз ҷумла ба хонандагони ҷарида бахту барор ва дастоварду шаъну шуҳрат орзу мекунам. Таманно дорам, ки ҷиҳати тинҷию осоиштагӣ ва хуррамию сарсабзии кишвар, мардуми шарифамон ҳамеша дар руҳу ҷони худ эҳсоси баҳору Наврӯзро дошта бошанд. Хоҳони онам, ки дар тамоми курраи арз чунин Наврӯзу баҳори даврони мо ҳукумрон гардад. Ҳасан Юсуфи Файзбахш, нависанда.

www.javonon.tj

Ба ҳар хонаю ҳавлие, ки сурудаю рақсида меомадем, соҳибхонаҳо - хурду бузург, зану мард пешвозамон мебаромаданд. Гулҳои аввалини баҳориро аз дастонамон гирифта бо навбат мебӯиданду ба чашму абрувонашон мемолиданд. Ҳангоми ин амал «Ту барин беғам шавем», «Поку озода бошам», «Ба солу моҳҳои бисёр бирасам» гуфта орзу мекарданд. Инчунин дуо менамуданд, ки Худованд ҳамаи бандагонашро ба баҳору Наврӯзи нав бирасонад, умри дарозу бобаракат дода, рисқи фаровону иқболи накӯ бидиҳад. Баъд дар ҳар хонаю ҳавлӣ - мувофиқи имконияту дороиашон ба мо тухмҳои рангкардашудаи мурғ, гандумбирёну нахудбирёни кунҷитдор, пистаю чормағз ва ҳар гуна шириниҳо медоданд. Вақти гулгардонӣ кӯдакони зиёд моро думболгирӣ менамуданд ва ҳангоми аз ҳавлие ба ҳавлии дигар гузаштан сафи онҳо зиёдтар шудан мегирифт. Ҳамин тавр дар кӯчаю гузарҳои қишлоқ рӯҳияи шодию хурсандӣ танинандоз мегашт, ҳатто то андозае, ки калонсолон ҳам баъзан ҳангоми сурудхониамон ба мо ҳамовоз мешуданд ва ё мерақсиданд. Тайёрӣ ба таҷлили ҷашни баҳору Наврӯз дар деҳаи мо - Авзикент, ки дар

11 е-mail: javonontj@mail.ru

Деҳаи ман мисли дигар мавзеъҳои Тоҷикистони азиз манзараҳои зебою дилкаш бисёр дорад. Алалхусус, дар баҳорон зебою назаррабо мешавад. Мардумаш ҳама одиаанд, вале меҳнатқарин. Камина маҳз дар ҳамин ҷо ба оламӣ ҳастӣ омадаю ба воя расидаам. Табиист, ки чун як фарзанд нисбати деҳаи азизи худ хотираҳои бисёр аҷиб ва фаромӯшнашуданӣ дорам.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №11 (9437), 17 марти соли 2016


е-mail: javonontj@mail.ru

12

ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №11 (9437), 17 марти соли 2016

Шодихони НАЗАР “Модарам ҳамеша мегуфт, ки дар кӯдакиям шӯх будам, аз ин сабаб ҳамсояҳо зиёд шикоят мекардаанд. Эҳтимол ба онҳо халал мерасондам. Ин “қайсарӣ” то вақте тӯл кашид, ки ба варзиш машғул шудам. Варзиш роҳест, ки касро аз ҳар гуна кирдорҳои бад боз медорад”,- ба ёд меовард Фаррухи Салим. Ӯ бо ҳамин андеша ба хона вориди шуда, аз падар пурсид: - Чаро дар гузашта маро ҳамроҳатон ба толори варзиш мебурдеду ҳоло не? Ба модарат бигӯ либосҳоятро омода кунад, ба тамрингоҳ меравем,- гуфт падар дар ҷавоби суоли писараш. Сипас, акаи Салим дасти писарашро дошта, насиҳаткунон ба толори варзишӣ бурда, ба намуди гӯштини ҷудо супорид. Фаррух, ки писари бисёр шӯх буду даву този зиёд дошт ва бо писарон дар кӯчаю мактаб гӯштингирӣ мекард, ин боиси нороҳатии ҳамсояҳо мешуд. Зеро аз ҳамсабақонаш дида, чолоку бузургҷусса буд ва ин рафтораш боиси нороҳатии ҳамсинфонаш мешуд. Баъди ба варзиш машғул шудан Фаррух тамоман хислаташро дигар кард. Дигар акнун барои “беодобӣ” вақт намеёфт. Ҳушу хаёлаш ба тамрин буд. Писари 11-сола қадамҳои нахустини худро ба толори варзишӣ мондан баробар бо ҷасорату чолокии худ диққати мураббиёнро ба худ ҷалб намуд. Баъди тамрин назди варзишгарони

аз худ калон рафта, тамрини онҳоро тамошо карда, усулҳои нав меомӯхт. Варзишгари тоҷик Шералӣ Бозоров дар тамрин як усули махсусро нисбати ҳарифаш истифода намуд, ки истифодаи чунин усул барои хурдсолон мушкил буд. Фаррух пагоҳ ҳамон усулро дар тамрин истифода намуда, ҳамсабақонашро дар ҳайрат гузошт. Ӯ дар ҷодаи варзиш ба Шералӣ Бозоров пайравӣ мекард. Баъди аз худ намудани нозукиҳои варзиш дар мусобиқаҳо дар вазни 42 кило ҳунарнамоӣ мекард. Дар

шуд. Соли 2013 мусобиқаи Осиё дар шаҳри Нанҷини Хитой барои роҳхат ба бозиҳои олимпӣ миёни наврасон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа Фаррух кишварамонро дар вазни 81 кило муаррифӣ намуда, сазовори медали биринҷӣ ва роҳхат ба бозиҳои олимпиро ба даст овард. Ин варзишгар дар Олимпиадаи байни наврасон ҳунарнамоӣ намуда, мақоми ҳафтумро соҳиб шуд. Соли 2014 дар шаҳри Хайнан мусобиқаи Осиё доир гардид ва Фаррух байни ҷавонон ҳунарнамоӣ на-

нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ шикаст хурд ва як навъ яъсу ноумедиаш фаро гирифт. Баъди тавсияҳои устоди нахустинаш Зайдулло Зикаев дуюмбора тамринро барои набард дар мусобиқаҳо оғоз намуд. Фаррух дигар варзишгари касбӣ буд ва эҳсос кард, ки варзиш бе бохту ҷароҳат намешавад. Аз ин рӯ, дар ҳолати бурду бохт бо иродаи қавӣ тамринро идома медод. Соли 2011 Шералӣ Бозоров паҳлавони номдори кишвар кариераи варзишии худро ҷамбаст намуд ва барои тайёр намудани варзишгарони касбӣ толори варзишии “Паҳлавон”ро таъсис дод ва ба тарбияи шогирдон машғул шуд. Фаррух, ки шефтаю мафтуни ҳунари гӯштингирии ин варзишгар буд бо тавсияи мураббии нахустинаш тамринро дар варзишгоҳи “Паҳлавон” идома дод. Аз соли 2011 то ҳол дар вазнҳои гуногун қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Баъдан Фаррух муарифгари кишвар дар арсаи ҷаҳон гардид. Соли 2012 байни наврасон дар мусобиқаи Осиё бо ҳама ҳарифон дастболо гардида, парчами кишварро дар зинаи якум парафшон намуд, ки ин дастовард дар таърихи ҷудои наврасони кишвар беҳтарин ҳисобида

муда, баъди пирӯзӣ бо варзишгарони Эстония ва Бразилия мақоми сеюмро касб намуд. Соли 2015 барои ин варзишгар хотирмон буд. Баъди таъсис ёфтани Ҷоизаи президент барои варзишгарон Фаррух дар чемпионати Осиё миёни ҷавонон, ки дар Тайланд баргузор гардид, мақоми аввалро касб намуда, шомили аввалин гирандагони Ҷоизаи президентӣ шуд. Ин дастовард дар кариераи варзишияш баландтарин ба ҳисоб меравад. Варзиш ягона роҳи муаррифии кишвар барои ин ҷавон гардид. Баъди ба гардан овехтани медали тиллои Қаҳрамони Осиё ва парафшон намудани парчами кишвару танинандоз шудани Суруди миллӣ дар баробари мардуми кишвар ҳамсояҳои акаи Салим бо ифтихор миёни якдигар мегуфтанд.- Ин Фаррухи худамон. Бо гуштобаки мо бин чиқадар писари оромтабиат шудааст, ки дар минбарҳои фахрӣ мебинемаш. Худо нигоҳаш дорад. Аз хурдӣ бисёр ин касбро дӯст медошт, ҳамеша бо писарони азх худ калон ҳам дастогиребон гӯштингирӣ мекард. Касбашро ки хор накард бин, ки ба куҷоҳо расид. Тули 9 соли ба варзиш

Дурахши Фаррух дар варзиш машғул буданаш тавонист ин ҷавон дар ду зина байни наврасону ҷавонон Қаҳрамони Осиё гардад ва дар олимпиадаи наврасон кишварро муаррифӣ намуд. Аз ибтидои соли 2016 Фаррух тамринро дар ду баст ба роҳ мондааст, то миёни калонсолон дар мусобиқаҳо баромад кунад. Баъди дар вазни 90 кило қаҳрамони Осиё гардидан, роҳ ба сӯи мусобиқаҳои байналмилалӣ барои ин варзишгар боз шуд. Фаррух барои иштирок дар бозиҳои олипӣ миёни калонсолонро ҳадаф қарор дода, бо мураббиён ва мутахассисони соҳаи варзиш нақшаи чорсола тартиб додаанд, барои олимпиадаи баъдина. Миёни ҳамсолон ва варзишгарон бо хислатҳои наҷиби худ Фаррух фарқкунанда аст. Далерию шуҷоат асоси пешрафти варзишгар аст. Ин хислатҳоро Шералӣ Бозоров, мураббии Мактаби маҳорати олии намудҳои гӯштини ҷумҳурӣ аз рӯи намуди гӯштини ҷудо дар симои шогирдаш эҳсос намудааст: “Вақте аъзои мунтахаби ҷудокорони кишвар будаму барои мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ омодагӣ мегирифтем ва машқҳои дастаҷамъӣ мегузаронидем, як кӯдак

ҳамеша дар кунҷе нишаста моро тамошо мекард. Ҳамон вақтҳо маълум буд, ки дар ниҳоди ин кӯдак ҳавасҳои зиёд нуҳуфтааст. Баъди тамрин бисёр вақт омада, “ака, як усул ёд диҳед” гуфта мепурсид. Баъди мураббӣ шуданам дар толори “Паҳлавон” ман ӯро даъват кардам. Зеро бовар доштам, ки аз ин тайёр намудани варзишгари касбӣ осон аст. Зеро ҷасораташ зиёд аст. Тӯли 6 сол мешавад, ки ба ӯ ҳамроҳи падарам Носир Бозор тамрин медиҳем ва мушоҳида намудем, ки дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ҳунарнамоияш нисбат ба тамринҳо тамоман дигар аст. Ҳисси баланди ватандӯстӣ дорад. Дар мусобиқаҳои берун миёни майдон мешукуфад. Сабаби пирӯзиҳояш ҳамин аст. Дар охирин мусобиқаи Осиёӣ ки сазовори медали тилло гардид, тамоми мураббиёни ҳузурдошта таъкид карданд, ки ин ҷавон техникаи баланд дорад ва метавонад бо ин ҳунар натиҷаҳои аз ин ҳам баландро соҳиб шавад”... Чун ин ҷавон бардоштани парчами кишварро дар олимпиада ҳадафи кори хеш қарор додааст, мо низ фатҳи қуллаҳои баланди варзиширо барояш таманно дорем.

www.javonon.tj

 ЭЪЛОН КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД Вилояти Хатлон 1. Мудири Бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 854 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак – 1 ҷой, маоши мансабӣ 738 сомонӣ. 3. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён – 1 ҷой, маоши мансабӣ 702 сомонӣ. 4. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. 5. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. 6. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. 7. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хусрав – 1 ҷой, маоши мансабӣ 472.50 сомонӣ. Вилояти Суғд 1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истиқлол – 1 ҷой, маоши мансабӣ 738 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш

ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 702 сомонӣ. 3. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 702 сомонӣ. 4. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Б. Ғафуров – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯшон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 702 сомонӣ. 2. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ишкошим - 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ Шаҳри Душанбе 1. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур – 1 ҷой, маоши мансабӣ 603 сомонӣ. Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: - ариза ба унвони роҳбари мақомот; - варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо; - шарҳи ҳол; - нусхаи диплом; - 2 дона расми 3х4; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома; - маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ; - нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда); - маълумотнома аз ҷои истиқомат; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086УЕ); - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН); - маълумотнома (справка-объективка). Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ Барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар: - таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис: - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бахши кор бо кадрҳо). Телефон: 236-41-87, 235-10-23. Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.


НАВРӮЗ - 2016 Фарвардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хоса барпо мегашт. Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзии омма, табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, руҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашрофон) ба дидори шоҳ меомаданд ва шоҳ онҳоро мешунид ва барои ҳалли мушкилот ва ё дархости онҳо дастур медод. Дар рӯзи шашум ба назди шоҳ танҳо наздиконаш меомаданд. Рӯзи аввали фарвардинмоҳ шоҳон ба тахт дар сар тоҷи ҳафтситорадор нишаста, тайи панҷ рӯз мардумро қабул карда, ҳоҷати онҳоро мебароварданд ва ҳадяҳо мебахшиданд. Нахустин касе, ки ба ҳузури шоҳ меомад, мубади мубадон ва пас

ана даромада буд». Бо вуҷуди таъқибу тасаллути араб дар Эрону Осиёи Миёна Наврӯз на ин ки завол наёфт, балки бо тамоми оину анъанаҳояш густариш ёфта, ҳатто дар давраи хилофати фотимиёни Миср ҷашни Наврӯз ҳамчун Соли Нав ба ҳукми анъана даромад. Шодбошгӯиҳои мардум дар кӯчаҳо ва ба рӯи ҳамдигар обпошиданҳову ҳазлу шӯхиву хушҳолиҳои мисриён то соли 946-и мелодӣ давом кард. Ҳарчанд дар ин сол ҳокимон об пошиданро расман мамнуъ эълон карда бошанд ҳам, лекин пеши роҳи ин анъанаро гирифта натавонистанд. Бо вуҷуди соли 974 аз ҷониби халифаи Миср

аз он дигарон, ҳар кадом дар гурӯҳи пешаи хеш пеш меомад ва раҳовард пешкаш мекарданд. Рӯзи шашум Наврӯзи Бузург буд ва хонадони шоҳӣ ва дарбориён бор меёфтанд. Ҷашни Наврӯз, ки пас аз ин баргузор мешуд, ҳамин панҷ рӯзро дар бар мегирифт. Вобаста ба ин ишораи Хоҷаи Шероз Ҳофизи лисонулғайб хеле ба маврид аст: Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой, Ки беш аз панҷ рӯзе нест, ҳукми мири наврӯзӣ. Вобаста ба ин қайдҳои олими амрикоӣ В.Эберхардро дар бораи он ки ду анъанаи наврӯзӣ- яке ба ҳамдигар об пошидан ва дигари таъсису истиқболи корвони наврӯзӣ (метавон онро карнавал гуфт), ки дертар ба ҷашни солинавии хитоиҳо ва як қатор халқиятҳои дигар ворид шуд, мисол овардан мумкин аст. Эберхард зикр мекунад, ки «Хусусияти характерноки ҷашни мазкур ин буд, ки мардҳо аз кӯчаҳо гузашта ба ҳамдигар ва ҳамаи тамошобинон об мепошиданд, раққосон дар намоишҳо ширкат меварзиданд ва баъзеи онҳо ҳамроҳи савдогарон ба Хитой мерафтанд. Ҷашни Наврӯз дар Осиёи Марказӣ ва Хитой ба ҳукми анъ-

расман мамнуъ эълон шудани ҷашни солинавии Наврӯз халқ баръакс онро на ин ки як, балки се рӯз ҷашн мегирифтагӣ шуданд. Бо мурури замон таҷлили Наврӯз ва анъанаҳои он на ин ки ба насрониёну мисриён, балки ба идҳои мусулмонӣ низ ворид шуд. Арабҳо, вақте ба Аҷам исломро оварданд, чи будани Наврӯзро намедонистанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осорул-боқия» аз қавли яке аз Аббосиён меорад, ки форсе дар Наврӯз ба Пайғомбари ислом (с) ҳалво овард. Пайғомбар пурсид: «Ин чист?», гуфт: «Наврӯзӣ овардам». Пурсид: «Наврӯз чист?», гуфт: «Ҷашни калони порсиён аст. Ҷашн якчанд рӯз давом мекарда ва дар он рӯзҳо сайри саҳрою боғу бустонҳо, зиёфат, туҳфаҳои идона бурдан ба дӯстон ва ҳамсоягон ба амал меомадааст ва бад-ин равиш марду занҳо, бачаҳо аз нашъаи ҷонбахш ва рангу бӯи диловези баҳорон баҳравар мешудаанд». Арабҳо баъди истилои Осиёи Миёнаю Эрон, кӯшиши аз байн бурдани ин ҷашни қадимию анъанавии халқҳои маҳаллиро карданд. Вале халқ новобаста ба тазйиқу мамониати аҷнабиён Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Арабҳо ноилоҷ иҷозат доданд, ки халқи маҳаллӣ Наврӯзро бо номи «Суннати Ҷамшед» ҷашн гиранд. Ҳамин тавр, ба ивази ҳафт шин (шакар, шамъ, шарбат, шароб, шиннӣ, шир, шона), дастурхони наврӯзиро бо ҳафт син (сирко, сабзӣ, сумоқ, санҷит, сир, себ ва сипанд, баъзан ба ҷойи сумоқ ва сипанд сабза, суманак ё самбӯса) меороянд. Саид Нафисӣ дар ин хусус қайд кардааст, ки: «Дар Эрони қадим одат шуда буд, ки дар иди Наврӯз ҳар касе ба дӯстони худ ширинӣ ҳадя менамуд ва ё ширинӣ мефиристод ва ин одат на ин ки танҳо дар Эрон боқӣ

Наврӯз ва оину анъанаҳои он

Онро бо барги сабз ва ё сабза пӯшонида хомӯш мекарданд. Бо мурури замон ва гузашти айём доира ва доманаи Наврӯз фарохтар шуд. Роҳи Абрешим омили густариши Наврӯз гардид. Савдогароне, ки тавассути Роҳи Абрешим дар арафаи Наврӯз ва ё рӯзҳои наврӯзӣ, махсусан ба сарзамини ниёгонамон ба сафар мебаромаданд, аз оинҳои наврӯзӣ огаҳӣ меёфтанд ва ин омили ба тамаддуни дигар халқиятҳо роҳ ёфтани Наврӯз шуд. Ардашери Бобакон- асосгузори сулолаи Сосониён соли 230-и мелодӣ аз давлати Рум, ки аз ӯ шикаст хурда буд, хост ки Наврӯзро дар ин кишвар ба расмият бишносанд. Ин дархост мавриди пазириши қайсари Рум қарор гирифт ва Наврӯз дар қаламрави Рум бо номи Lupercal ҷашн гирифта шуд. Дар ин даврон расм шуда буд, ки дар Наврӯз бомдодон мардум ба якдигар об мепошиданд. Наврӯз дар замони Сосониён на камтар аз шаш рӯз ва дар ду давра ҷашн гирифта мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма ва Наврӯзи бузург, ки бо номи Наврӯзи хоса низ машҳур буд. Наврӯзи омма панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи фарвардин гиромӣ дошта мешуд ва рӯзи шашуми

монд, балки дар байни туркони усмонӣ низ роҳ ёфтааст ва онҳо дар иди фитр барои дӯстони худ ширинӣ мефиристоданду ин идро «шакарбайрамӣ» - яъне иди шакар меномиданд». Ин ки ҳамасола дар идҳои мусулмонии Рамазону Қурбон хони идона ороста, бо ғизову анвои хушлаззат оро медиҳанд ва ба ҳамдигар, махсусан ба кӯдакон шириниву туҳфаҳо ҳадя мекунанд, беибо давоми анъанаҳои ҷашнгирии Наврӯзи бостон аст. Ҳарчанд, арабҳо ба ҷойи анъанаи бостонии эрониёни қадиморостани хони идонаи наврӯзӣ бо «ҳафт шин» ба иллати яке аз унсури номақбули онҳо- «шароб»- хони наврӯзиро иборат аз «ҳафт син» эълон карда, минбаъд оростани хони наврӯзӣ бо «ҳафт син»-ро талқин ва талаб намуданд, лекин он шакли анъанаи қаблии худро бегазанд нигоҳ дошт ва бо истифода аз анъанаҳои баъдан ворид шуда (амсоли «ҳафт син»- Р.С.) боз ҳам мукаммалтару гиромитар ва ҷаҳонӣ гашт. Наврӯзро дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Эрону Туркия, Чину Русия, Ҳиндустону Афғонистон, Покистону Озорбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон, Ӯзбекистону Туркманистон ва дигар кишварҳо аксар бо номи шабеҳи як мафҳум; тоҷикон-«Наврӯз», озарҳо«Novruz», туркҳо«Nevruz», бошқирду тоторҳо«Неуруз», қазоқҳо- «Наурыз», қирғизҳо- «Нооруз», тоторҳои Қрим«Navrez», ӯзбекҳо«Navroz», туркменҳо- «Nowruz», курдҳо- «Newroz», ки маънои ҳамаи ин Рӯзи Нав аст, ҷашн мегиранд. Муҳиммият ва асолати ҷашни Наврӯз он аст, ки дар давоми мавҷудияти беш аз сеҳазорсола, дар баробари пурра нигоҳ доштани оину анъанаҳои худ, номи таърихию мантиқии худро низ нигоҳ дошт. Имрӯз халқҳои гуногуни дунё ҷашни Наврӯзро чун Рӯзи Нав аз Соли Нав, бедоршавии табиати хуфта ва аз хоби тӯлонии пирию карахтӣ ҷавону нарм ва сабзпӯшу гулафшон бархостани он, ҳамчунин дилкашу назаррабо ва тозаву озода гардидани замину замон ҷашн мегиранд. Инак, баҳори шашум аст, ки ҷашни Наврӯз ҳукми байналмилалиро гирифта, дар аксари кишварҳо онро мардум новобаста аз дину мазҳабашон таҷлил мекунанд ва ин ҷашн омили муттаҳидкунандаи халқиятҳо ба шумор меравад. Боиси хушнудӣ аст, ки бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид ҷашни Наврӯз ба феҳристи арзишмандтарин мероси гаронбаҳои фарҳангии башарият- ЮНЕСКО ворид карда шуд ва ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Ифтихори мо тоҷикон он аст, ки дар мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯзи Оламафрӯз нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Раҷабалӣ САНГОВ

www.javonon.tj

Наврӯз ҳамчун Иди фархундаву фараҳбахше, ки табиат аз хоби тӯлонии пирӣ ҷавон бархоста, сарсабзу гулафшону муаттар мегардад, чеҳраи сероби дилрабояшро ба ҷилва оварда, ба дилҳо эҳсоси умеду хуррамӣ, ба машом тозагию накҳати сабзаю майса, гулу себарга ва ба ҷисму руҳ сабукӣ эҳдо мекунад, албатта тасхиргари дилу хотири ҳар фард буда, беасар намемонад. Наврӯз ва оину анъанаҳои он барои ҳамаи халқҳои ориёӣ ба истиснои баъзе аз маъракаву маросим умумияти ягона дорад. Масалан, Абӯрайҳони Берунӣ доир ба ин мавзуъ қайд мекунад, ки «Аҳли Суғдро дар моҳҳои худ идҳои бисёре дар рӯзҳои маълум ва рӯзҳои гаронмиқдоре аст, ки монанди идҳо ва айёми форсиён аст». Агар ба ҷашни Наврӯз ва мақоми он дар ҷомеа чашмандозӣ кунем, равшан хоҳад шуд, ки равобити зиёдеро дар таркиби маросим ва анъанаҳои фарҳанги ҷашнии бисёр халқҳои ҷаҳон дорад. Масалан, умумияти байни ҷашни миллии форсизабонон Наврӯз ва идҳои бузурги мисриён- Осирис ва юнониён- Адонис мавҷуд аст. Дар ҷашнҳои мисриёну юнониён тантанаҳо бахшида ба бедоршавии табиат, эҳёи олами пир, оғози ҳамагуна кор буд, ки дар Наврӯзи мо низ чунин аст. Густариши Наврӯз дар Машриқу Мағриб хеле барвақт оғоз ёфта, ҳанӯз дар қарнҳои то пайдоишу инкишофи зардуштия шакл гирифтааст. Наврӯз дар замони Ҳахоманишиҳо ва Сосониҳо болу пари истиқлол кушод ва дар фарҳанги ҷашнии башариён бисёр оинҳои некро ворид сохт. Танҳо ёдовар шудани анъанаи дар Соли Нави аврупоиён афрӯхтани шамъ таърихан аз фарҳанги ҷашнии ниёкони мо ғизо гирифтааст, кофист. Ба ҳукми анъана даромада

буд, ки ниёконамон дар ҷашни Наврӯз хони идонае бо «ҳафт шин» меоростанд. Рубоии зерини мардуми Хуросон гувоҳи ин аст: Ҷашни Наврӯз аз замони каён, Мениҳоданд мардуми Эрон. Шаҳду ширу шаробу шакари ноб, Шамъу шамшоду шоя андар хон. Шамъи «ҳафт шин»-и хони наврӯзӣ рамзи ғолибияти нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва равшанӣ бар торикиро дошт. Мувофиқи таомулоти расмӣ шамъро вобаста ба аъзои ҳар оила мегузоштанд. Хомӯш кардани шамъ ҳам рамзӣ буд.

13 е-mail: javonontj@mail.ru

Наврӯз ҳамчун ҷашни бузурги Ориёиҳои бостон, махсусан дар солҳои соҳибистиқлолии миллии кишварамон шукӯҳу шаҳомати хоси идона пайдо кардааст. Вобаста ба маросим, анъана ва оини мардумии Наврӯзи оламафрӯз дар гузашта (бо забонҳои паҳлавӣ, форсии нав ва арабӣ) ва дар ин айём бо забонҳои гуногун асарҳои зиёде, тадқиқотҳои муфассале ба субут расидаанд. Имсол шашумин ҷашни байналмилалии он дар Тоҷикистон ва қисме аз минтақаҳои олам ботантана ҷашн гирифта мешавад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №11 (9437), 17 марти соли 2016


е-mail: javonontj@mail.ru

14

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №11 (9437), 17 марти соли 2016

Нуруллоҳ ОРИФ

Наврӯз ҷаҳонист Наврӯзи мо ҷаҳонист, Меҳр асту меҳрабонист. Сер аз рухаш нагардем, Майлаш ба шодмонист. Аз хоби ноз бедор, Дил дар талоши дидор, Монем по саҳаргоҳ Гулзор то ба гулзор. Булбул ба дашту ёла, Оварда рӯ ба нола. Гӯяд ба гӯши соқӣ Ку ҷому ку пиёла? Дар боғҳо чу кафтар Якчанд села духтар, Хонанд шеъри ишқӣ, Бо кокулони пар-пар. Бахшад зи ғӯза борон Чашме ба обшорон. Оянд, агар вазад бод, Дар рақс шохсорон.

Наврӯзи нав Наврӯзи наву баҳори хандон омад, Бар сайри диёри Тоҷикистон омад. Аз шабнами пошхурдае чун алмос Дар гардани гул ҳамели марҷон омад. Гул кард, қабои Тоҷикистон гул кард, Нахле, ки зи хоб хест, ҳайрон гул кард. Дар мижа задан, чу барқ дар мижа задан Сар то сари боғу роғу бустон гул кард. Наврӯзи наву баҳори хандон омад, Бар сайри диёри Тоҷикистон омад. Аз шабнами пошхурдае чун алмос Дар гардани гул ҳамели марҷон омад Хуршед ба шавқ роҳи худро тай кард, Чӯпон бари ёла рӯ ба чангу най кард. Дил дар қафаси сина чу Хайёми замон То маст шавад, пиёларо пурмай кард. Наврӯзи наву баҳори хандон омад, Бар сайри диёри Тоҷикистон омад. Аз шабнами пошхурдае чун алмос Дар гардани гул ҳамели марҷон омад

Дар кишвари ободем, Дар кишвари ободем.

www.javonon.tj

Модар

Дил соғари борон аст, Боронаки найсон аст. Хезед ба дидораш, Наврӯзи гулафшон аст, Наврӯзи гулафшон аст. Мо миллати озодем,

Модар, азизи қалби манӣ, ғамгусори ман, Зеботарни ин чаману лолазори ман. Аз нури дидагони ту олам шарорабор, Модар, ҷилои бофараҳӣ дар баҳори ман. Модар, китоби меҳри манӣ, меҳрубони ман, Модар, бақои умри накӯӣ, ҷаҳони ман. Дурри сухан ту дода ба мо аз забони хеш , Модар, сафои ҳар сухану достони ман.

Мо халқи Худододем. Бо шамсу қамар пайванд Дар кишвари ободем, Дар кишвари ободем.

Модар, сароби чашмаи баҳри дамон туӣ, Рамзи тулӯъи шеди ҳама одамон туӣ. Бахшидаӣ барои ҳама бахти зиндагӣ, Модар, ҳабибу нобиғаи ин ҷаҳон туӣ.

3.Тоҷикистони ҷавон, эй Ватанам, Мулки Наврӯзи ҷаҳон, эй Ватанам. Мо чи сон дар қадамат сар наниҳем, Дилситон, қиблаи ҷон, эй Ватанам.

Модар, ту моҳи пуршарари осмони ман, Волотарин калом туӣ дар забони ман. Олиҳаи замин будаӣ дар ҳама замон, Модар, Худои офияти ҷисму ҷони ман.

Ҳама Наврӯз, ҳама гулназар аст, Ҳама кас гул ба бару гул ба сар аст. Хез, биштоб ба майдони ҳунар, Умр чун рӯди равон даргузар аст.

Ҷӯрабек МУЪМИН

Тоҷикистони ҷавон, эй Ватанам, Мулки Наврӯзи ҷаҳон, эй Ватанам. Мо чи сон дар қадамат сар наниҳем, Дилситон, қиблаи ҷон, эй Ватанам.

Хирмани маҳтоб Ҳоҷӣ Шарофи АКОБИР, Файзобод

Истиқлол Аз истиқлол бар гӯшам чӣ хуш овоз меояд, Ҳамово бо насими субҳдам дамсоз меояд. Агарчанде ба чашми мардуми олам ҷавон бошад, Вале бо ҳуҷҷати зоҳир1, калиди роз меояд. Ба бахти навҷавонону ҳама халқи Ватан зебад, Фурӯғи шуълаи хуршедро оғоз меояд. Ҳар он касро бувад нанге, бидонад қиммати онро, Ки мурғи бахт бар мулкам чӣ хушпарвоз меояд. Ба қадри шуълаи нураш, наарзад сарвати дунё, Савори Рахши миллат Сарвари мумтоз меояд. Худовандо, нигаҳ дорӣ зи нокомӣ ҳама олам, Зи ободӣ ҷаҳони мо чӣ хушпарвоз меояд. Чу як Хулди Барин обод ин дам Тоҷикистон аст, Зи боғи булбулон бар гӯши мо овоз меояд. Сабақ мегир, ай Ҳоҷӣ Шароф, аз гардиши гардун, Бикардӣ хайри беминнат, ба ҷояш боз меояд. 1. Зоҳир - конститутсия.

Наврӯзи ҷаҳонӣ (Cеқисма) 1. Наврӯз ҷаҳонист, Наврӯз ҷаҳонист. Дар кишвари тоҷик Амн асту амонист. Наврӯз ҷаҳонист, Наврӯз ҷаҳонист.

Саидмаҳмуд САИДҲОМИД

Дониёр САНГИНӢ

Бадахшони ман Қуллаҳои ту баланду осмонат босафо, Мардумат меҳмоннавозу бовиқору хушсимо.

Гулзор пур аз гул, Аз лолаву сунбул. Гулдухтаракон, гул Бандед ба кокул, Бандед ба кокул.

Пешрафти ту аён аст, ифтихори кишварӣ, Таърифат дар баҳру бар, кӯҳи баландат пурҷило.

Наврӯз ҷаҳонист, Наврӯз ҷаҳонист. Дар кишвари тоҷик Амн асту амонист. Наврӯз ҷаҳонист, Наврӯз ҷаҳонист.

Хоруғат тоҷи сару ҳам Роштқалъа дилписанд, Ишкошим, Гармчашма баҳри беморон даво.

2.Мо миллати озодем, Мо халқи Худододем. Бо шамсу қамар пайванд

Во дари Дарвозу Ванҷат доимо пурганҷ буд, Манбаи фарҳанг Рӯшон, Шуғн обод доимо!

Хатти сарҳад бин, ки бо Мурғоб дорад банду баст, Он ки як борат бубинад, аз ту натвон шуд ҷудо. Гарчи ҳамсарҳад туӣ, бо давлати дигар басе, Аз ту зеботар ва хушбоду ҳавое нест ҷо. Дониёро, аз Бадахшон кардаӣ ту ифтихор, Баҳри ободии ин мулк аз Худо кун илтиҷо!

Наврӯз ҷаҳонгир шуда аз Ватани мо, Атри нафасаш паҳн шуда аз чамани мо. Машъал шуда дашту даман аз лолаи сурхаш, Ҷамшед фуруд омада дар анҷумани мо. Аз чеҳраи Наврӯзи Ватан бӯйи хуш омад, Чун аз даҳани пистадаҳан бӯйи хуш омад. Имрӯз, ки Наврӯз фарогири ҷаҳон аст, Аз ҳар тарафи боғу чаман бӯйи хуш омад. Наврӯз шуду ҷилвагаҳи ёр дигар шуд, Аз ҷилваи ӯ накҳати гулзор дигар шуд. Пироҳани идона ба тан ёсуман омад, Бӯйи хуши гулзор ба сад бор дигар шуд. Наврӯз, биё, омаданат, омаданат хуш, Гулчанбари мӯҳои дарози баданат хуш. Дар пистаи лабҳои тарат бӯйи баҳор аст, Бӯйи бадану пираҳану ҳам даҳанат хуш. Сармояи мо кӯзаи пур аз майи ноб аст, Ҷоми лаби мо аз ғарази коми шубоб аст. Сармояи ту дар ғанаби чашми ҳубоб аст, Ҳоли ту хароб аст, хароб аст, хароб аст. Наврӯз, биё, дар қадамат гул бифишонем, Бо боди сабо турраи кокул бифишонем. Бигзор Ватан гул кунад аз омадани ту, Мо рақскунон лолаю сунбул бифишонем. Наврӯз, ба гулпайки баҳорон фараҳ андоз, Бо лутфу карам сӯи гулистон нигаҳ андоз. Мо гӯшанишини тараби фасли зимистон, Дар маҳфили мо ҷому сабую қадаҳ андоз. Аз хандаи Наврӯз фалак дар табу тоб аст, Хуршеди само пардадари абру ҳиҷоб аст. Гул масту сабо масту сабу масту наво маст, Наврӯз биё, айни шабоб аст, шабоб аст! Садбарг ба сар чодари худ то саҳар андохт, Булбул ба саҳар нолаи садбарг дарандохт. Нодида бурун омадан аз пираҳанашро Оҳ аз дили бечораи хуни ҷигар андохт. Наврӯз фурӯ рехт гулу лолаю райҳон, Хуршеди ҷаҳон ҷилва намуд бо рухи хандон. Тутӣ ба наво омаду омад ба гулистон Ҷононаи ман дар қафаси мӯи гулафшон. Наврӯз шуду айни шароб асту кабоб аст, Ҳар кас, ки надидаст, хароб асту хароб аст. Ҷони ману ту дар шакароб аст, чи боб аст! Айёми шабоб асту шабоб асту шабоб аст. Наврӯз, ки аз омаданат гул сари по хест, Оҳи дили шӯридаи булбул ба ҳаво хест. Абри саҳар аз хирмани маҳтоб бурун шуд, Аз кӯҳи фалак чашмаи сероб бурун шуд.


САЙҚАЛИ ХОТИРА «Справедливость» ба тољикї

Фанни мактабї

… Капур, актёри њиндї

"... ва Љерри"

Буѓу бухор дар њаво

Н (лотинї) Љонишини саволї

«Орбит», «Дирол», «Стиморол»

Моњи шашуми сол

Холї, мањрум

Миллати комиссар Йигит

…мат, яроќи оташфишон

«... он турки шерозї ба даст орад дили моро»

Њоло, акнун

Лайлии аврупоињо – Љулйетта, Маљнун -?

…-повар – сарошпаз

Калима оѓози сўњбати телефонї

Фикру мулоњиза

Абуалї …и Сино

Дарёю бањр аз он иборатанд Наќлиёти љамъиятї

Асбоби устои барќ ё дуредгар

Хонуми ќарта

Эътиќод ба дин

Камбудии мол (русї)

… Рао, актрисаи њиндї

Металли радиоактив барои бомбаи атомї

Истироњати шахсии ќонунї

Асбоби чўбтарошї

Яке аз Рўзно«з»маро њои аз он алифмесобои занд форсї

Дар об фурў рафтан «ИМА» ба русї

Пойтахташ Вашингтон (ихтисора)

Ситам

Сабаб барои бахшиши гуноњ

Воњиди пули Япония

Тортанак

Алафи обии баланд, най

… Сайнаков овозхон

www.javonon.tj

Оњани тез барои васлкунии чўбњо

Номи шоир Навої

Сарояндаи эронї

Падар (лањља)

Духтари калонї барои хурдињо

Зиндагонї

Коргоњи ...Онро дар танўр дорбозо- Анљелес, мепану акрошањр занд батњо дар ИМА

Осор, пай Ќисми китоб

... Љалилов, ровии радиои «Ватан»

Шикоят, баён

Њам, инчунин

Њокими пешазинќилобии Бухоро Чашмдошт, орзу

Гуноњ, камбудї

Шуур, хирад

Сози мусиќии нафасї

Номи аслии Маљнуни ошиќ Шиноварї

Вобаста, Судоир рат

… -деЖанейро, шањр дар Бразилия

"... дасти фитодае бигирї, мардї" (Рўдакї)

Меваи хориљии калон

Вилояти шимолии Тољикистон

Њаќиќї

Антоними «мураккаб»

Дониш, Матои маърифат сафед

Мотам Шањри 4-уми вил Суѓд (45 њаз. ањолї)

Нафар, одам

Суруди модарон

Ѓалаба дар шоњмот

Санљиши дониш

Тухми моњї (русї)

Санги ќиматбањо

Кайфу сафо …у ишрат

Миллати Уэйн Руни ва малика Елизавета

Момоњаввои насронї

Дузд (русї)

Моддаи сахту шаффоф

Реша, бунёд

Кавкаб, ситора … Гуртская, сарояндаи нобино аз Русия

Љеки …, актёркунгфучии машњур

Суруд (лањљ.)

Оѓуш, баѓал

Соли равон Футболбози рус Андрей …

Тамѓаи маргарин

... -и Аъзам Абру

Мавлоно Љалолиддини …ї

Майдони теннис

Фасли сол

Њикоя

Дафтари муаллим барои бањоњои талабањо

Зебу зинат

Ќутби шимол

Паррандаи мурѓобимонанд

КорВозењ, Таъм, куни лаззат равгазета шан

Китоб бисёр дорад

Ланг (лањља)

Бозии бурднок

15 е-mail: javonontj@mail.ru

ХанЌишлоќ даи бесадо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №11 (9437), 17 марти соли 2016


е-mail: javonontj@mail.ru

16

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №11 (9437), 17 марти соли 2016

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Афандиро медузданд. Ӯро лаби баҳр бурда сарашро зери об мекунанд ва берун карда мепурсанд: - Доллар ҳаст? Ҷавоб медиҳад: - Не. Дубора сарашро зери об намуда, берун карда, мепурсанд: - Евро ҳаст? Посух медиҳад: - Не. Ин навбат ӯро аз об бароварда мепурсанд: - Сомонӣ ҳаст? - Не. Се бор шуд, дар ҳамин як ҷо маро зери об мебаред, камтар онтарафтар баред шояд он ҷо бошад...

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.  АНДАРЗ

Дар замони ба Либия сарварӣ намудани сиёсатмадори машҳур Муаммар Қаззофӣ: - Нархи бензин 0,14 $ ҳатто аз об ҳам арзон буд. - Ба навхонадорон 64 000 $ туҳфа барои хариди хона дода мешуд. - Таҳсил дар донишгоҳ ва табобат дар тамоми беморхонаҳо ройгон буд. - Ба номи ҳар як тифле, ки ба дунё меомад 7000 $ ҷудо мешуд. - Шахсоне, ки бори аввал тиҷорати хусусиро ба роҳ мемонданд, аз тарафи давлат 20 000 $ кӯмакпулӣ мегирифтанд. - Таҳсил дар хориҷи кишвар бо ҳама хароҷоташ аз ҷониби давлат буд. Агар доруҳои

қалбакиеро мақомоти дахлдор аз дорухонаҳо дарёфт мекарданд, воридкунандагони доруҳои қалбакӣ ба қатл маҳкум мешуданд. - Тамоми аҳолии давлати “Либия” барои истифодаи қувваи барқ маблағ пардохт намекарданд. - Фурӯш ва истеъмоли нушокиҳои спиртӣ тамоман манъ карда шуда буд. - Барои хариди хона ва автомобил қарзҳои бефоиз дода мешуд. - Шахсе, ки автомобил мехарид 50% маблағашро давлат медод. Агар кормандони мақомоти амниятӣ мехостанд, ки автомобил харанд ба онҳо 65%-и маблағ аз ҷониби давлат пардохт мешуд. Маоши ҳамшираи

шафқат 1000 $ буд. - Танҳо дар вақти давлатдории Муаммар Қаззофӣ аҳолии сиёҳпӯстони давлати Либия ҳуқуқҳои инсониро ба даст оварда буданд. Дар 40 соли ҳукмрониаш аҳолии Либия 3 баробар афзуд ва давомнокии умр ба ҳисоби миёна аз 51 то 74 сол расид. Магар ҳамин бошад “гуноҳ”-ҳои Муаммар Қаззофӣ, ки боиси қатлаш шуд? Таҳияи Алишери САЙФИДДИН, “ҶТ”

 АРЗИ СИПОС

Аҳсан ба шумо, табибони ҳозиқ! Октябри соли 2015 бо бемории системаи асаб дар Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи А. Нурматови шаҳри Хуҷанд бистарӣ шудам. Аз муомилаи хуб ва ғамхориву парастории ҳамешагии табибони ҳозиқи беморхона - сардухтур Тӯйчӣ Иброҳимов, мудири шуъбаи асаб Заррина Неъматова ва дигар табибони ин даргоҳ вазъи саломатиям беҳ гашт. Мехоҳам арзи сипоси худро ба ин табибони ҳозиқ ва дармонбахш, инчунин ба кулли кормандони Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи А. Нурматов баён намуда, ҳамаашонро бо фарорассии иди Наврӯз табрик намоям. Абдунасим БОЕВ, сокини шаҳри Душанбе, маъюби гурӯҳи сеюм. Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

***

***

Суҳбати Афандӣ ва дӯсташ. Аввалӣ: - Қасри туро кӣ месозад? Дуюмӣ: - Қирғизҳо. Аз туро кӣ? Аввалӣ: - Швейтсариягиҳо. Дуюмӣ: - Чаро қирғизҳоро киро накардӣ? Аввалӣ: - Охир, ба Швейтсария бурдани қирғизҳо қимат меафтад...

Зани марди камбизоате барои пешбурди зиндагии фақиронаашон дар хона равғани маска омода мекард (истеҳсол) ва онро ба дӯкони тоҷири сарватманде бурда мефурӯхт. Зан миқдори чандрӯзаро ҷамъ оварда, ҳамин ки як кило шуд онро ба дӯкон мебурд. Рӯзе тоҷир ба як кило будани ҳаҷми равған шубҳа карда, онро санҷидан мехоҳад. Ҳаҷми равған 900 грам мебарояд. Дафъаи дигар вақте зан равғанро оварда, ба дӯкон супориданӣ мешавад, тоҷир бо қаҳр ба ӯ мегӯяд: - Минбаъд аз ту равған намехарам, барои он ки то имрӯз маро фиреб дода, 900 грам равғанро як кило гуфта мефурӯхтӣ. Зан хиҷолатмандона мегӯяд: - Хуҷаини муҳтарам, маро санг назанед. Охир, ман аз дӯкони шумо як кило шакар харида будам ва равғанро бо он баробарвазн карда ба шумо меовардам. Ман аз куҷо медонистам, ки шакари ба ман як кило гуфта додаи шумо 900 грам аст.

***

Афандӣ ба дӯсташ: - Ман ошиқ шудам. Аммо вай 25сола асту ман 65-сола ва ман хеле сарватмандам. Чӣ фикр дорӣ, агар ба ӯ гӯям, ки 55-сола ҳастам, шонсам барои хонадоршавӣ меафзояд? Дӯсташ: - Агар ту гӯӣ, ки 75-солаӣ шонсат хеле зиёд мешавад... ҲАМДАРДӢ Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба собиқ корманди рӯзнома Муҳаммадиқбол Атоев нисбат ба марги ПАДАР ВА МОДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли хонаводааш сабри ҷамил мехоҳанд. Аҳли эҷоди Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ба рӯзноманигор Моҳсафар Яҳёзод нисбат ба марги ПАДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил мехоҳанд.

Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Афандӣ ба камбағалон ҳамеша пули зиёд тақсим мекунад, аммо ба одамони илм як танга ҳам намедиҳад. Аз ӯ мепурсанд, ки чаро чунин мекунад. Ҷавоб медиҳад: - Шояд ягон вақт ман камбағал мешавам, аммо бовар дорам, ҳеҷ вақт олим намешавам.

Вазн

Аҷаб дунёе

www.javonon.tj

Лутфи ҷавонӣ

 ОБУНА - 2016

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7023 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.