Ҷавонони Тоҷикистон, №11 (9489), 2017

Page 1

 ДУНЁИ ВАРЗИШ

Интихоб

Пирӯзии “Истиқлол” дар даври аввали Ҷоми КФО-2017

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№11 (9489), 16 марти соли 2017/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Барои ҷавонписарон ҳамсари соҳибмаълумот беҳтар ё хонашин?

1

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №11 (9489), 16.03.2017

 ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН

Кормандони “Ҷавонони Тоҷикистон” қадрдонӣ шуданд

 ТОҶИКИСТОН - БИҲИШТИ КАШФНОШУДА

ШАҲРИ ХУҶАНД


2

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №11 (9489), 16.03.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

14 март - Рӯзи байналмилалии дарё 14 март дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии дарё ҷашн гирифта мешавад. Пешниҳоди таҷлили Рӯзи байналмилалии дарё дар аввалин конфронси байналхалқӣ бар зидди сохтани сарбандҳои калон, ки моҳи марти соли 1997 дар Бразилия баргузор гардида буд, ба миён омадааст. Қаблан ин рӯзро ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сарбанди об, дарё, об ва ҳаёт арзёбӣ намуда, ҷашн мегирифтанд. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки аввалин маротиба 14 марти соли 1998 Рӯзи байналмилалии дарёро ҷашн гирифтанд ва бахшида ба он дар зиёда аз 50 кишвари олам ҳамоишҳо барпо намуданд.

Таъиноти кадрӣ 15 марти соли ҷорӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки нав ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ таъин гардиданд, мулоқот намуданд.

Тағироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳии Вазорати мудофиа, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин, Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи илмҳо, Кумитаи телевизион ва радиоро дарбар гирифт. Бо Қарорҳои Ҳукумати кишвар вобаста ба таҷдиди сохтор Раҳматуллозода Сахидод -Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Ниёзӣ Ёрмуҳаммад – Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Қудрат ба вазифаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Шарифзода Мумин Машокир – Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Фақеров Ҳамидуллохон – Ректори Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Ҷӯрабоев Ҷамшед – Ректори

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Идиев Хайриддин- Ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таъин гардида, Латифзода Диловар аз вазифаи Ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод карда шуд. Давлатзода Зевар аз вазифаи Директори муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" озод ва бо Қарори Ҳукумати мамлакат муовини Вазири фарҳанг таъин гардид. Бо Қарорҳои дигари Ҳукумати кишвар Давлатзода Музаффар - муовини Вазири фарҳанг, Саидов Носир – Дирекори муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина", Шамсуддинзода Садриддин – Директори муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо" ва Шамсиддинзода Субҳиддин – Директори телевизиони "Тоҷикистон" таъин гардиданд. Бо Амри Президенти ҷумҳурӣ аъзои ҳайати Раёсати Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардиданд.

Ба вазифаи Сардорони раёсатҳои маорифи вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба тавсия шуда, барои рафъи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, гузаронидани ислоҳоти соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ки нав таъин гардиданд, дастур доданд, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро беҳтар намуда, барои аз байн бурдани кирдорҳои дорои характери коррупсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, шаффофият ва назорати дурусти маблағҳои буҷети давлатӣ ва таъмини фазои солеҳ дар муассисаҳои мазкур чораҳои зарурӣ андешанд . Дар мувофиқа бо Президенти кишвар Комиссарони ҳарбии комиссариятҳои ҳарбии ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин командирони қисмҳои ҳарбии ҷузъу томҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз ҳисоби кадрҳои ҷавон, таълимгирифтагони ду-се муассисаи олии таҳсилоти низомӣ дар дохил ва хориҷи кишвар таъин гардиданд. Президенти кишвар кадрҳои таъингардидаро ба хизмати софдилона ва садоқат ба давлату миллат даъват намуда, таъкид доштанд, дар иҷрои вазифаҳои базиммадошта бо ҳисси баланди масъулият муносибат намоянд.

Наврӯз – омили ҳамзистии осишта

Чанд андешаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси азамати Нарӯзи байналмилалӣ Наврӯз бо ин ҳама ойинҳои неку ибратбахши худ ҳамчун паёми ҳикматомӯзи ниёгони шарофатманди мо ба мардум накӯиву зебоӣ ва хушиву хурсандӣ ато мекунад. Дар сиришти ин ҷашни куҳанбунёд, эҳёи назму низом дар ҳамаи корҳои зиндагӣ эҳсос шуда, ваҳдату ягонагӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамбастагиву ҳамоҳангии инсон ва ҷамъияту табиат дар тору пуди он таҷассум ёфтааст. *** Ҷаҳонишавии Наврӯз дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳимми ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат кунанд. Далели равшани ин дар давоми солҳои охир баргузор шудани ҷашнвораҳои ҷаҳонии Наврӯз дар чанд кишвари ҳавзаи фарҳанги Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо мебошад, ки боиси гирди ҳам омадани аҳолии зиёде аз меросбарони ин падидаи тамаддуни куҳани башарӣ гардида, дар таҳкими дӯстии онҳо нақши босазое гузошт. *** Таҷлили бошукӯҳу дастаҷамъонаи Наврӯз ҳамаи моро ба он ҳидоят месозад, ки ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани биҳиштосоямон, нерӯманду пешрафта сохтани давлати соҳибистиқлоламон ва аз имрӯза беҳтару осудатар намудани зиндагии мардуми шарифи кишвари маҳбубамон ҳарчи бештар заҳмат кашем ва сарҷамъу муттаҳид бошем. *** Ба орзӯи он, ки ҳамаи ниятҳои неки шумо... дар ин соли ҳумоюнӣ ва то Наврӯзи дигар амалӣ гарданд, бори дигар Наврӯзи ҷаҳониро бароятон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо ва тамоми мардуми шарифи тоҷик бахту саодат, хайру баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот, ваҳдати миллии ҷовидона ва дастовардҳои бузург мехоҳам.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам: 1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2017 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Баталиони ҳарбии кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд. 2. Моҳҳои апрел-майи соли 2017 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Баталиони ҳарбии кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд. 4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд. 5. Раисони шаҳру ноҳияҳо бо дарки масъулият якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ барои амалӣ намудани муқаррароти моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» даъвати мутташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд. 6. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд. 7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ш. Душанбе,14 марти соли 2017, №852


3

Ҷавонони Хатлон наздики 3000 ниҳол шинонданд Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз ҷониби ҷавонон наздики 3000 ниҳолу бутта ва гулҳои ороишӣ шинонда шуд. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят Аксияи ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ - «Дарахти дӯстӣ бишнон, ки коми дил ба бор орад» ва ҳашари оммавӣ баҳри беҳдошти фазои экологӣ баргузор гаштаистодааст. Дар доираи ин аксия дар шаҳри Қӯрғонтеппа 600 нафар наврасону ҷавонон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бехи дарахтонро нарм намуда, беш аз 100 бех ниҳолҳои сояафкан шинониданд. Ба гуфтаи Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар шаҳру навоҳии минтақа беш аз 4000 нафар наврасону ҷавонон дар ин аксия иштирок намудааст.

√ ПУРСИШИ

ГУЛБАҲОР РАҲМОНОВА

Нигина Алиева, сокини ноҳияи Файзобод:

“ҶТ”

Чаро кӯдакон дурӯғ мегӯянд? - Барои он, ки ба ин савол посух ёбам, аз кӯдаконам пурсидам, ки чаро ҳамсолони онҳо дурӯғ мегӯянд? Писари 12-солаам ҷавоб дод, ки аз рӯи тарс. Баъзан касе ба онҳо таҳдид мекунад ва онҳо метарсанд, ки агар гапи ростро гӯянд, ҷазо мебинанд ва метарсанд, ки волидон ё муаллимон онҳоро ё сарзаниш мекунанд. Духтарчаи 8-солаам ҷавоб дод, ки барои он дурӯғ мегӯяд, ки ба онҳо бовар кунанд. Кӯдакон хеле ҳассосанд. Онҳо метарсанд, ки падару модар, муаллимон, калонсолон онҳоро сарзаниш накунанд, кӯшиш мекунанд, ки ба воситаи дурӯғ гуноҳҳояшонро рӯпӯш кунанд. Ба бузургтарҳо лозим аст, ки ба фарзандонҳояшон бовар кунанд. Бо онҳо бисёртар вақт гузаронанд. Суҳбат намоянд. Онҳоро дӯст доранд, меҳр бахшанд. Зеро кӯдак хеле дили нозуку ҳасос дорад. Бо кӯдакон наздик бояд буд. Он гаҳ онҳо дар шахсияти калонсолон дӯст, рафиқ ва мададгорро ёфта, дурӯғ намегӯянд.

- Дурӯғ гуфтан аз мушкилоте мебошад, ки дар байни кӯдакон вуҷуд дорад. Омилҳое, вуҷуд доранд, ки кӯдаконро барои дурӯғ гуфтан водор мекунанд. Масалан, кӯдак дар ҳолате дурӯғ мегӯяд ки аз ҷазо гирифтан метарсад. Ҳангоме, ки кӯдак дар тан либоси нав дорад ва ҳангоми бозӣ дар кӯча либосашро медаронад, либоси даридаашро оварда, дар хона пинҳон Дидавар Бекзода, мекунад. Вақте ки модараш мепурсад, либоси равоншинос: ту куҷост кӯдак метарсад ва мегӯяд, ки ман намедонам. Чунин ҳолатҳо дар оилаҳое дида мешавад, ки зуд–зуд волидайн фарзандро ҷазо медиҳанд. Ҷазоҳо 2 хел мешаванд: 1) Ҷазои маънавӣ яъне таҳқир кардани кӯдак, тавҳин кардан, паст задан, таҳдид кардан, тарсондан, фишори рӯҳӣ ворид кардан ба кӯдак ва ғайра. 2) Ҷазои ҷисмонӣ яъне кӯдакро шаллоқ задан, танбеҳ кардан, кӯдакро бо тасма задан, бо зарби мушт задан ва ғайра. Дар баъзе мавридҳо ба рафтори падару модарашонро тақлид намудани кӯдакон онҳоро водор месозад, ки дурӯғ гӯянд. Барои мисол, ҳангоме, ки модари кӯдак дар шоҳидии фарзанд бо дугонааш бо телефон сӯҳбат мекунад. Дугонааш бо телефон ба модари кӯдак мегӯяд, ки имрӯз биё ҳамроҳ ба бозор меравем ва модари кӯдак мегӯяд, ки ман беморам ва ҳавсалаи роҳ рафтан надорам. Кӯдак ҳамин ҳолатро дида, ба дурӯғ гуфтан одат мекунад. Дурусташ ин аст, ки падару модар бояд ба кӯдак воқеиятро фаҳмонанд. Бояд ба кӯдак омӯзанд, ки кори бад кадом аст ва кори нек кадом. Хулоса, дурӯғ гуфтани кӯдак инстинкт ё ғаризаи худмуҳофизаткунӣ мебошад. Аз ин роҳ кӯдак мехоҳад, ки мақсадҳои кӯдаконаи худро амалӣ гардонад. Вале калонсолон ба кори ӯ монеъ мешаванд. Пас, кӯдак маҷбур мешавад, ки дурӯғ гӯяд. Чаро ки кӯдак намедонад, ки мақсад ва рафтори вай дуруст аст ё нодуруст. Дар ин ҳолат, падару модар бояд аз мақсади ӯ пай баранд ва ба ӯ фаҳмонанд, ки мақсади вай дар ин шакл дуруст аст ва дар шакли дигар дуруст нест. Дар ин маврид кӯдак бадӣ ва некиро аз якдигар фарқ мекунад ва аз дурӯғ гуфтан даст мекашад.

√ ИХТИРОИ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №11 (9489), 16.03.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

ҶАВОНОН

“Мехоҳам ихтироотам дар амал татбиқ шаванд” Барои он ки тамоми андешаву мушоҳида ва ҷустуҷӯҳои доимӣ дар амал татбиқ гарданд, роҳи зиёдеро тай намудан ва дониши комилеро аз бар кардан лозим аст. Чун ин нуктаро Шуҳратҷон Назаров медонист, талош мекард, то дониши худро васеъ созаду дар роҳи илм ба дастоварде ноил гардад. Чунин мақсадаш буд, ки ниҳоят тавонист, дар соҳаи металлургия чанд ихтирое анҷом диҳад. Шуҳратҷон Назаров 3 августи соли 1984 таваллуд шудааст. Соли 2002 мактаби миёнаи №49 шаҳри Ваҳдатро хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2007 бо сарбаландӣ хатм намудааст. Солҳои 2014-2015 аспиранти Донишгоҳи илмӣ – технологии шаҳри Лилли Ҷумҳурии Фаронса ва солҳои 2015-2016 - унвонҷӯи Донишгоҳи Падуя дар Ҷумҳурии Италия будааст. Аз 1 сентябри соли 2016 омӯзгори калони кафедраи "Мошин ва дастгоҳҳои истеҳсоли хӯрока” – и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад. Аз замони донишҷӯӣ сар карда, ба ихтироъкорӣ оғоз намуда, дар соли чоруми таҳсил соҳиби нахустпатент гардид. Дар ибтидо ихтиро-

оти ӯ бештар марбут ба дастгоҳҳои саноати хӯрокворӣ буд. Ихтирои аввалинаш дар бораи “Хушккунаки индуксионӣ барои ҳосил намудани шири хушк” буд. Ихтирооти ӯ дар соҳаи металлургия мебошад. Ихтирооте, ки то ин дам дар соҳаи мазкур пешниҳод намудаву дорои патент гардидаанд, инҳоянд: 1.Хушккунии индуксионӣ барои ҳосил намудани шири хушк, (соли 2007); 2.Тарзи хушккунии партовҳои маҳсулоти ширӣ барои истифодабарӣ дар маҳсулоти нонӣ, (соли 2010). 3.Тарзи паст намудани оксидшавии хӯлаҳои алюминий бо литий, (соли 2013); 4.Тарзи баланд бардоштани устувории хӯлаи алюминий-литий ба коррозия, (соли 2013); 5.Тарзи ҳосил намудани гилхок ва консентрати криолит аз тахтасангҳои мусковитӣ, (соли 2014); 6.Тарзи беҳтар намудани устуворӣ ба зангзании хӯлаи алюминий бо оҳан, ки бо литий ҷавҳаронида шудааст, (соли 2014). – Имрӯз таваҷҷуҳ ба ихтирои олимони ҷавон хеле хуб мебошад.

Чунки дастгириҳо дар ин раванд мавҷуданд. Махсусан аз ҷониби донишгоҳ ба мо кӯмак мерасонанд. Мақсади тамоми ихтироъ ин аст, ки он дар амал татбиқ карда шавад. Ман низ мехоҳам, ҳамаи ихтироъҳоям татбиқи худро дар амал ёбанд. Чуноне, ки мегӯяд: Илме, ки дар он амал набошад, Ҷуз арбадаю ҷадал набошад. Яъне илм бе амал намешавад. Мехоҳам ихтироотамро дар корхонаҳои саноатии кишвар пешниҳоду амалӣ гардонему он фоидае биёрад”,- гуфт ҳамсуҳбати мо. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

Кормандони “ҶТ” қадрдонӣ шуданд 10 марти соли равон дар Театри давлатиии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бо иштироки аҳли зиёи кишвар Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд. Ҳамзамон барандагони ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон - Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ барои донишҷӯёни риштаи журналистикаи кишвар эълон гардид. Бахтовар Каримов, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо мукофоти Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон мушарраф шуда, Умаралӣ Сафаралӣ, муовини сармуҳаррири рӯзнома Ҷоизаи ба номи А. Лоҳутӣ ва Шодихони Назар, муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ, Саодат Исмоилӣ, собиқ хабарнигори ҳафтанома Ҷоизаи ба номи В. Асрорӣ”- ро соҳиб шуданд. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун анъана даҳҳо рӯзноманигоронро бо ифтихорномаю сипоснома ва мукофотҳои пулӣ кадрдонӣ намуданд.

Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ имсол ба 9 нафар қаламкашон ва устодони соҳа тақдим гардид. Чуноночи, дар соҳаи тадқиқоти илмӣ устодони соҳа Абдусаттор Нуралиев, Сангини Гулов ва Абдумаҷид Ҳакимзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе, Ёқубҷон Абдуманнонзода, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Халқ овози”, Набиҷон Набизода, директори телевизиони “Синамо”, Бобоҷон Икромов, сардабири ҳафтаномаи "Варорӯд", Носирҷон Маъмурзода, муовини сардабири рӯзномаи “Хатлон” ва Ҳабиб Мақбулов, корманди радио ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гаштанд. Рӯзи матбуоти тоҷик ҳар сол 11 март, ба муносибати таъсиси аввалин рӯзномаи тоҷикӣ - “Бухорои шариф”, ки 11 марти соли 1912 ба нашр оғоз карда буд, таҷлил карда мешавад. Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “ҶТ”


4

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №11 (9489), 16.03.2017

ПАЁМИ ПЕШВО ВА ҶАВОНОН

“Маликаи Нарвӯз”-и Хатлон эълон шуд 11 март муборизаи зебодухтарони вилояти Хатлон барои соҳиб шудан ба мақоми “Маликаи Наврӯз” ба анҷом расид ва Бунафша Маҳмадиева ғолиби озмун дониста шуд. Озмун аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ роҳандозӣ шуда, дар шаҳру навоҳии вилоят тӯли як моҳ идома ёфт. Озмун аз рӯи панҷ шарт - суруд, намоиши либоси миллӣ, санҷиши зеҳнӣ, саволу ҷавоб оид ба суннатҳо ва анънаҳои Наврӯз ва қироати шеър дар васфи «Баҳор» ва «Наврӯз» сурат гирифт . Дар охир ғолибони озмун бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд

ҶАВОНОН - ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Агар ба таърихи гузаштаи миллати тоҷик назар афканем мебинем, ки тоҷикон дар тӯли таърих чи саргузашти сангину душвореро паси сар намудаанд. Вале миллати тамаддунофари тоҷик дар масири таърих тавонист, бо аклу заковат ва шахсиятҳои шинохтааш обрую нуфуз ва ваҳдати худро нигоҳ дорад. Ин миллати соҳибтамаддун бо нобиғагони илму ҳунараш, ки барои аз байн нарафтани фарҳангу забон асарҳои нодиреро эҷод намудааст, то ба имрӯз ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад. Тоҷикон аз дуриҳои таърих хислати ваҳдатпарастию, ваҳдатҷӯйи худро гум накардаанд ва то ба имрӯз низ ин хислати накӯро дар қалби худ мепарваранд.

Маълум аст, ки дар аввали солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон хоҷагони аҷнабӣ ба сари миллати тоҷик ҷанги бародаркушро бор намуданд ва ҳамон шабу рӯз ҳадафи ба порчаҳо тақсим намудани ин мулки ободро доштанд. Ҳамин тавр, таърих ба миллати тоҷик дар оғози солҳои 90-ӯми қарни ХХ боз як имтиҳони сахту сангини дигарро пеш овард. Дар ҳамон шабу рӯз миллат дар оғӯши ҷанги хонамонсӯз буд, касе ё чизе пеши ин ваборо гирифта наметавонист, миллат дар вазъияти нестшавӣ қарор дошт. Аммо Худованди бузург раҳми миллатро хӯрд ва шахсеро бо номи Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои тоҷикони ҷаҳон вориди арсаи сиёсат намуд, ки ин миллату ин сарзаминро аз парокандагӣ ва аз ғарқаи хун раҳо кард ва сулҳи комилро насиби онҳо гардонд. Хушбахтона, ҳамон хиради воло, ақлу заковати устувор ва ҷавонони бо нангу номусаш буданд, ки миллати тоҷик бо талошҳои пайгиронаву сулҳҷуёнаи Пешвои худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нестшавӣ раҳо ёфта, бо қадамҳои устувор ба сӯи ваҳдату ягонагӣ равон шуд. Касе бовар надошт, ки тоҷику тоҷикистониён баъди ҷанги шаҳрвандӣ муттаҳид шуда, давлати миллӣ бунёд мекунанд. Яъне, бори дигар хиради азалии миллати тоҷик боло гирифт ва давлат дигарбора эҳё шуда тири душманон хато хӯрд. Баъди азму талошҳои зиёди фарзандони шоистаи миллат мо-тоҷикон сулҳ ва ваҳдати комили миллиро ба

беҳамто номид. Раиси Донишгоҳи сулҳи СММ Мартин Лиз - мизбони конфронси мазкур, иброз дошт, ки истифодаи таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон на танҳо барои кишварҳои алоҳида, балки барои СММ низ намунаи корбарӣ мебошад. Бо вуҷуди сарнавишти талх тоҷикон боз мисли қатраҳои об ба ҳам омаданд, ки дар ин хусус кишваршиноси рус Н. Павлов чунин мегӯяд: «Мо акнун шоҳиди эҳёи ин миллати ҷонсахт, боистеъдод, яъне тоҷик ҳастем.... Дар дунё кам миллате пайдо мешавад, ки чунин зарбаҳоро таҳаммул карда бошад. Тоҷикон аз ҳама ақвоми дигар ҷонсахттаранд. Қадре фурсат кофӣ буд, ки онҳо дубора ҷон бигиранд ва эҳё шаванд...». Бояд зикр кард, ки маҳз аз замони ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмин гардидани ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи тозаистиқлоли тоҷикон шинохти

Ҳар як ҷавони бонангу номуси диёр бояд дарк намояд, ки миллати тоҷик дар масири таърих чи сарнавиште дошт. Таърих исбот намудааст, ки инсоният дар ҳолате ояндаи худро обод мекунад, ки гузаштаашро донад, яъне, агар чунин рисолатро дарк намояд, ҳатман ояндаро бунёд карда метавонад. Миллати мо имрӯз ҳамчун халқи сулҳдӯсту адолатхоҳ дар ҷаҳони мутамаддин соҳиби мақому манзалати худ аст. Имрӯзҳо миллати тоҷикро дар ҳама гӯшаву канори дунё ҳамчун соҳибтамаддун ва фарҳангӣ мешиносанду давлатдориашро расман эътироф намудаанд ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ мепазиранд ва дастгирӣ мекунанд. Ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,

арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳисси худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ дар ҳоли густариш мебошанд. Дар ин раванд бузургдошти шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ ва илмии сарзамини куҳанбунёду тамаддунофари тоҷикон пуршукуҳ таҷлил гардида, осори гаронбаҳои онҳо мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода шуданд. Миллати тоҷик аз азал то ба имрӯз ҳамчун миллати созанда ва тамаддунофар арзи ҳастӣ карда, марҳилаҳои душвори таърихро паси сар намуд ва бо иродаи қавӣ, дониши устувор ва саҳми бузургмардонаш тавонист тамаддуну фарҳанги худро ҳифз намояд. Имсол дар фазои ободу созандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мардуми сулҳдӯсту сулҳофари тоҷик 20-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҷашн мегиранд. Мавриди қайд аст, ки 20-сол муқаддам, яъне 27-июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз тарафи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба имзо расид. Омӯзиши амиқи саҳифаҳои пурошӯби таърихи тоҷикон, дарки пастию баландиҳо, қаҳрамонию нокомиҳои гузаштагони халқи тоҷик барои ташаккули шахсияти ҳар як ҷавони имрӯза дар рӯҳияи ватанпарастӣ аҳамияти махсус дорад.

солҳои 2018-2028” мебошад, ки он аз ҷониби СММ қабул шуд ва обрӯю нуфузи миллати тоҷикро бо Пешвои худ дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд бардошт. Амалӣ гардидани ҳамаи ин ниятҳои неки миллати тоҷик боиси боз ҳам шукуфон шудани кишвари соҳибистиқлоли мо мегардад. Ҷиҳати ҳар чӣ зудтар амалӣ гардидани ин мақсадҳои наҷиб ҳар як ҷавони баору номуси мамлакат бояд саҳми ватандӯстонаи хешро дареғ надорад. Бояд ҳар як фарди кишвар аз худ бипурсад, ки ӯ барои рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз чӣ ҳисса гузоштааст? Дарки дурусти ин мақсад ҷавононро ба дастовардҳои навин ҳидоят мекунад, зеро тақдири миллат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дасти ҷавонон аст. Бо дар назардошти саҳми ҷавонон барои ободии Ватан бо ташаббуси Пешвои миллат имсол “Соли ҷавонон” эълон шуд, далолат аз он аст, ки Сарвари Давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса доранд. Дар фарҷом бояд ёдовар шуд, ки ваҳдату ҳамбастагӣ ва истиқлолияти комили Тоҷикистони азиз имконият медиҳад, ки мо сарҷамьу иттифоқ бошем, шукрона аз давлату миллат ва Сарвари ғамхор намоем. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷаҳду талоши ҳамарӯзаи ҷавонони ваҳдатпарасту ваҳдатҷӯяш боз ҳам шукуфону пешрафта мешавад.

Ваҳдати миллӣ- шоҳсутуни устувори давлат даст овардем, ки бешубҳа меъмори асосии он Сарвари давлат, Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сулҳу ваҳдати бадастомада имконият дод, ки бо ташаббусу кӯшишҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосҳои бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон гузошта шавад, аркони давлатдории тоҷикон мустаҳкам гардад, фирориёну гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуда, сулҳу суботи ҷомеа ба даст ояд. Дар ин раванди тақдирсоз хизмати таърихӣ ва бузурги Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки фарҳанги сулҳофариро пеша карда оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуд ва бо эҳсоси гарми ватандорӣ тақдири ояндаву бақои миллатро ба дасти худ гирифт. Натиҷаи чунин ҷонфидоиҳо ва қаҳрамониҳо буданд, ки имрӯз дар Тоҷикистон амнияти сартосарӣ пойдор буда, корҳои ободониву бунёдкорӣ авҷ гирифтааст. Сулҳи тоҷикон қутбнамои роҳи ояндаи дурахшон ва шаҳодатномаи таърихии давлату миллат гардид. Бо мақсади пойдор нигоҳ доштани чунин дастоварди таърихӣ ҳанӯз 18 июли соли 1997 «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ин созмони ҷамъиятӣ интихоб гардида, то кунун барои мустаҳкам намудани асосҳои ваҳдати миллӣ хизматҳои босазо анҷом дода истодааст.

Ба итмом расидани ҷанги шаҳрвандӣ ва ноил гардидан ба Ваҳдати миллӣ аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он на танҳо давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро аз поракандагӣ раҳо бахшида, миллатро аз нестшавӣ наҷот дод, балки собит намуд, ки ҳангоми дар мадди аввал гузоштани манфиати миллат паси сар кардани ҳар гуна душворӣ осон мегардад. Имрӯз аксари созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро омӯхта, онро дар ҳалли муноқишаҳои дохилии дигар гӯшаҳои даргири ҷаҳон истифода мекунанд ва дар ин асос сулҳу осоишро дар олам тарғиб менамоянд. Таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба сулҳи тоҷикон аз он далолат мекунад, ки миллати тоҷик дар масири таърих сулҳофар буд ва чунин мемонад. Дар ин хусус собиқ котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан чунин иброз дошта буд: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар роҳи эҷоди сулҳ беназир мебошад». Ин аст, ки таваҷҷуҳи давлатҳои дунё рӯз аз рӯз ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон меафзояд. Собиқ муншии умумии САҲА Ян Кубиш дар конфронси байналмилалӣ, ки 17 июни соли 2002 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Намунаи ибрати ҷараёни истиқрори сулҳ барои Афғонистон” баргузор гардид, имзои созишномаи сулҳи тоҷиконро комёбии бузург ва таҷрибаи сулҳи тоҷиконро

Нахустин бизнес-коннекти соҳибкорони Тоҷикистону Чин 11 март дар спорт-бари “Истиқлол”, воқеъ дар ш. Душанбе, бо ташаббуси КВД “Клуби соҳибкорони ҷавон”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон нахустин бизнес-конекти соҳибкорони Тоҷикистону Чин баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти клуб, аз ҷониби Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Президенти кишвар, имкониятҳои сармоягузорӣ соҳибкорону тоҷирон, намояндагони ширкатҳои Раҳмон эълон гардидааст, як қадами устувор дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, дар хусуси бонуфузи Тоҷикистон ва Чин иштирок намданд. баҳри рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонони тоҷик имтиёзҳои пешбинишуда ба сармоягузорони Дилшод Ҷураев - директори Клуб ҳозиринро унвон кард. хориҷӣ маълумоти муфид пешниҳод кард. ба 25-солагии муносиботи дипломатии Ҳамчунин дар чорабинии мазкур Илҳом Зимни ин ҳамоиш ширкати миллии «55 Тоҷикистону Чин шодбош гуфта, ташаббуси бар- Маҳкамбоев, мушовири Шӯрои машваратӣ оид Group» бо ҶДММ «Вера», ки соҳибкорони чинӣ гузории бизнес-конектро дар “Соли ҷавонон”, ки ба беҳтар намудани фазои сармоягузории назди онро роҳбарӣ мекунанд, ёддошти ҳусни тафоҳум

Завқибек ПӮЛОДЗОДА

ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда ба тасвиб расониданд. Ҳамчунин намояндаи ширкати чинии “ИЖУЙ” – Тиҷорати байналмилалии электронӣ оид ба хариду фурӯши маҳсулот тариқи сомонаи худ маълумоти ҷолиби диққатро пешниҳод намуд. Дар охири чорабинӣ муколамаи озод байни иштирокчиён баргузор гардид, ки барои шиносоӣ ва минбаъд ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд баҳри амалисозии лоиҳаҳои муштаракӣ инвеститсионӣ хеле муҳим хоҳад буд.


5

Ҳамоиши ҷавонон дар ноҳияи Рӯдакӣ Ба ифтихори “Соли ҷавонон” эълон шудани соли 2017 дар бинои Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид. Директори корхона Баҳодур Пираҳмадов зикр намуд, ки ҷавонони ҷумҳурӣ бояд ҳисси баланди миллӣ дошта, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол, Пешво ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянду барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд: “Ҷавонони тоҷик бояд тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан ва рушди илму техника равона созанд”.

√ НИГОҲИ

√ МУШКИЛИ

ДИГАР

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №11 (9489), 16.03.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

ҶАВОНОН

Интихоб

Барои ҷавонписарон ҳамсари соҳибмаълумот беҳтар ва ё хонашин?

Ҳама аз файзи Истиқлол аст Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ баҳри рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ободии мамлакат ва беҳдошти рӯзгори аҳли диёр амалҳои зиёд ва назаррас анҷом дода шуд. Дар ин давра таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумати кишвар ба наврасону ҷавонон хеле чашмрас мебошад. Тули солҳои соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф афзалияти бештар дода шуд, ки боиси болоравии тарбияи ҳамаҷонибаи наврасону ҷавонон дар қаламрави кишвар гардид. Сол аз сол барои донишандӯзии онҳо шароиту имкониятҳои хубу васеъ фароҳам оварда шуд. Имрӯз яке аз чунин шароити мувофиқ ин имконияти дар хориҷи кишвар таҳсил кардани ҷавонон мебошад. Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда онҳо метавонанд, дар хориҷи кишвар илму дониш омӯхта, аз касбу ихтисосҳои зарурии замони муосир баҳраманд гарданд. Аз ҷумла дар ин давра шумораи зиёди ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Русия таҳсил карда, аксари онҳо кӯшиш доранд, хуб таҳсил намуда, ҳамчун мутахассиси хуб ба Ватан баргарданд ва оянда саҳми арзанда дар рушду инкишофи Тоҷикистони азиз гузоранд. Дар шаҳри Пензаи Федератсияи Русия зиёда аз 500 нафар ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфӯзи ин шаҳр таҳсил мекунанд. Дар ин ҷо шумораи донишҷӯёни пешқадам хеле зиёданд. Яке аз онҳо Муҳаммад Қодиров мебошад, ки дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Пенза, дар факултаи шифобахшии бахши тиббӣ дар курси сеюм таҳсил мекунад. Баробари хониши аъло Муҳаммадҷон яке аз фаъолони донишгоҳ мебошад. Ҳамчунин ӯ узви Ассотсиатсияи донишҷӯёни хориҷии вилояти Пенза аст. Дар рафти таҳсилаш дар конфронсу фестивалҳои гуногун ширкат карда, дар баргузории онҳо саҳми шоиста мегузорад ва ба ин васила Тоҷикистони азизро байни донишҷӯён шарафмандона муаррифӣ менамояд. Дигар аз чунин ҳамватанони фаъоли мо Шамшод Бобокалонов аст, ки дар Донишгоҳи давлатии сохтмон ва меъмории шаҳри Пенза таҳсили худро идома дода истодааст. Ӯ иштирокчии форуми умумирусиягии таълими байналхалқии донишҷӯён - "Донишҷӯи Русия-2016", ҳамчунин форуми байналмиллалии таълимии ҷавонон-"Евразия", ки дар шаҳри Оренбург бо иштироки намояндагони 80 кишвари ҷаҳон баргузор шуда буд, ширкат дошт. Дар чорабиниҳои донишгоҳ низ ӯ ҳамеша фаъолона иштирок намудааст. Ин аст, ки Шамшод барои таҳсили хуб ва фаъолияти намунавӣ борҳо аз маъмурияти донишгоҳ бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ шудааст. Донишҷӯёни тоҷик баробари таҳсили хубу аъло аксарият ҳамчун варзишгар низ шинохта шудаанд. Онҳо дар намудҳои гуногуни варзиш Тоҷикистонро борҳо муаррифӣ намудаанд. Масалан, муҳассили Донишгоҳи давлатии сохтмон ва меъмории шаҳр Ҳусниддин Ғафуров, ки пайваста дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ оид ба бокс ширкат мекунад, соли 2014 дар мусобиқаи байналмилалии варзишӣ оид ба бокс, ки дар шаҳри Новосибирск баргузор гардид, ба гирифтани мақоми аввал сазовор дониста шуда буд. Дар мусобиқаи дигаре, ки дар шаҳри Пенза доир шуд, сазовори ҷои ифтихории сеюм гардид. Ӯ номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс мебошад. Ҳамчунин гурӯҳи алоҳидаи рақсии донишҷӯёни тоҷик амал мекунад, ки дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок намуда, аз санъати волои тоҷик дигаронро хабардор мекунанд. Ҷавонони тоҷике, ки дар донишгоҳҳои шаҳри Пенза таҳсил мекунанд, бо ҳам хеле аҳлу муттаҳиданд. Онҳо дар якҷоягӣ кӯшиш мекунанд, бо иҷрои амалҳои нек ва сутуданӣ номбардори кишвар бошанд. Сунатулло МУЛЛОҶОНОВ, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии сохтмон ва меъмории шаҳри Пензаи Русия

- Писарам, дар интихоби ҳамсар ҳеҷ гоҳ саросема нашав. Иҷозат надеҳ, ки падару модарат ба ту зани бемаълумот диҳанд. Албатта, мефаҳмам, ту ҳам волидонатро иэҳтиром мекунӣ, “калонтарҳо” мегӯию сари итоат ба замин мегузорӣ. Аммо интихоби ҳамсар кори саҳлу бозӣ нест. Зеро, зане, ки ту интихоб мекунӣ ва ё бароят интихоб мекунанд, ояндаи туро месозад. Аз ин рӯ, интихоби ҳамсар худию бегонагӣ надорад. Насиҳат ва маслиҳати мани рӯзгордида ба ту ҳамин аст, ки ҳатман ҳамсари соҳибмаълумот гир,- гуфт бобои Ҳаким ба набераи дӯстдораш Ҷамшед. Ҷамшедро ин шабу рӯз ҳамин фикр хеле саргардон карда буд. Меандешид, ки: “Агар духтари ҳамсояро, ки волидонам маҷбур доранд, ба занӣ гирам, ҷое нахондааст, шояд гуфтаи бобоям дуруст бошаду ба ояндаи фарзандонам таъсири манфӣ гузорад. Агар рад кунам, беҳурматӣ нисбати волидон мешавад. Бобоям пайваста таъкид мекунад, ки зани соҳибмаълумот гирам. Беҳтараш гапи падару модарамро мегираму бобоямро бо ягон гап розӣ мекунам”. Ҷамшед ба хотири он ки бобояшро аз фикраш гардонад, гуфт: - Аммо бобоҷон, дар ана ин китоб ман хондам, ки зани соҳибмаълумот дар баробари он ки мардро ҳурмату эҳтиром намекунад, ба тарбияи фарзандон низ вақт намеёбад. Ҳозир ман як иқтибосашро бароят мехонам: “Зани соҳибмаълумот ва дар ҷомеа фаъол, албатта одами бад нест, лекин бо сабаби серкорӣ барои таъмини роҳату фароғати шавҳар фурсати кам пайдо мекунад. Ғайр аз ин, зани дар ҷомеа фаъол ҳамеша талош ба он мекунад, ки бо зинаҳои силсилаи мартаба боло равад. Вай, ки дар ҷомеа сар ба сари мардҳо мезанад, чаро ин корро дар хона барои шавҳар накунад?”. - Писарам, ман ин гапро ба хотири хубии ту мегӯям. Ба навиштаҳои китоб шак надорам. Шояд ин тоифа занҳо низ

бошанд. Аммо ман аз таҷрибаи рӯзгор гап мезанам. Он чиро ки дар ҳаёт дидам, аз он хулоса мекунам. Соли 1999, вақте ки амакат ба садамаи нақлиёт дучор шуда, ҳалок гардид, панҷ фарзанди ӯ дар оила мисли ангушти ша-

шум шуданд. Дар аввал касе ба онҳо озоре намерасонд. Чун падараш бисёр хайрхоҳу дасткушод буд, ҳама ӯ ва кӯдаконашро дӯст медошт. Аммо баъди сари ӯ ин дӯстдорӣ чандон тӯл накашид. На танҳо ҳамсояҳо, ҳатто дар хона зан ва фарзандони амакатро касе рӯи хуш намедод. Ҷои ранҷиш нест, ин ҳақиқати мутлақ аст, ки одамҳо нафарони тайёрхӯр ва бекорро бад мебинанд. Баъди як соли ин ҳодиса ҳамсари амакат, ки соҳибмаълумот буд, аз мо ҷудо шуд. Бо фарзандонаш ба шаҳр рафт. Барои худ кор пайдо кард. Соҳиби хонаю дар шуд. Панҷ фарзандашро хононда, соҳибмаълумот намуд. Имрӯз худ шоҳид ҳастӣ, ки ҳамаи фарзандонаш кор мекунанду обрӯи ҳамаи мо ҳастанд. Агар зани амакат як нафари нохонда ва хонашин мебуд, шояд имрӯз фарзандонаш ҳама думболи муҳоҷирату мардикорӣ буданд... Бисёр масъалаҳои гиреҳхӯрда аст, ки имрӯзҳо ҷавонписарони моро зимни интихоби ҳамсар ба мушкил мувоҷеҳ месозад. Зани соҳибмаълумот ё хонашин гирифтан, аз ҷумлаи он мушкилҳост. Одатан, ҳамин тавр мешавад, ки худи ҷавонон зани соҳибмаълумот хоҳанд, волидон хонашин мехоҳанд ва ё баръакс. Ин гуна таззодҳо миёни фарзандону волидон зиёд ба чашм мерасад. Тоҷиддин Рӯзиев, донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар аввал бо чанд сабаб тасмим гирифта будам, ки зани бемаълумот ва хонашин мегирам ва волидонам низ ҳаминро мехостанд: “Фикр мекардам, ки ҳеҷ гоҳ як зани соҳибмаълумот дар саҳро кор карданро бар уҳда намегирад. Ин зани хонашин ва бемаълумот аст, ки ба ҳама вазнинӣ тоб меорад. Шояд чунин ҳам бошад, ки он корҳое, ки дар хоҷагидорӣ як зани бемаълумот мекунад, зани соҳибмаълумот ҳеҷ гоҳ накунад. Аз ҳамин рӯ, вақте дар деҳа будам, ба модарам ҳамеша мегуфтам, ки барои осон кардани корҳои саҳроӣ як зани “бо дасту панҷа”-ро аз духтарони деҳа ин-

ХУРШЕД МАВЛОНОВ

тихоб мекунам. Аз рӯзе, ки ба донишгоҳ шомил шудам, аз ин фикрам гаштам. Зеро, акнун дарк кардам, ки ҷамъият рӯ ба пешравӣ дорад. Қадру манзалатро низ илму савод ва маълумот муайян мекунад. Тарбияи фарзандон дар ҳаёт чизи аз ҳама асосист ва он аз зани соҳибмаълумот вобастагии калон дорад”. Маҳмадшариф Каримов низ ба он фикр аст, ки солимии оила ва тарбияи хуби фарзандон аз зани соҳибмаълумот сарчашма мегирад: “Падару модарам интихобро ба худи ман гузоштаанд. Ният дорам, ки зани соҳибкасбдухтур ё муаллима мегирам”. Раҷабалӣ Маҳмудов инак ду сол мешавад, ки оила барпо кардааст. Ӯ мегӯяд: “Дар бисёр ҳолатҳо феълу рафтор ва суханронии ҳамсарам аз он гувоҳӣ медиҳад, ки маҳз таҳсилаш фикру мулоҳиза ва диди ӯро ба зиндагӣ дигар кардааст. Бо вуҷуди он ки ҳамсарам дар беморхонаи ноҳиявӣ ҳамшираи шафқат аст, дар кору бори хона низ ба модарам ёрӣ мерасонад. Волидонам, хусусан модарам, аз он ки ман ҳамсари таҳсилдида гирифтаам, бениҳоят қаноатманданд”. Аммо дар баробари ин аксари волидон, хоса модарон, хостори он ҳастанд, ки келини интихоб намудаашон хонашин ва ҳамеша дар корҳои хона банд бошад. Зарина Маҷидова зани хонашин аст. Ӯ мегӯяд, ки аз он ки ман нахондам, ҳеҷ чиз дар зиндагиам тағйир наёфт: “Чаро ман чанд соли худро беҳуда гузаронам. Барои зан чӣ фарқ дорад, ки ӯ мактаби олӣ хонад ё нахонад?” Дар умум метавон гуфт, ки мувофиқ ба талаботи замон таҳсили духтарон ва соҳибмаълумот шудани онҳо, амри зарурист. Имрӯзҳо давлату ҳукумат ҳам ба занҳои маълумотнок таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онҳоро ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ ва таъин мекунанд. Бешубҳа, зани соҳибмаълумот ва бомаърифат ба буҷаи мард фоида, ба оила солимӣ ва ба ҷамъият мояи кӯмаку ёрмандӣ мегардад.


6

“Навниҳолони боғи санъат” – фестивали кӯдакони боистеъдод

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №11 (9489), 16.03.2017

БАРОИ ҶАВОНОН

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали ҷумҳуриявии эҷодиёти бадеии наврасон «Навниҳолони боғи санъат» баргузор гардид. Дар фестивал наврасон ва кӯдакони боистеъдод аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ва хонандагони Мактабинтернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев ва мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ ҳунарнамоӣ карданд. Барномаи консертии «Навниҳолони боғи санъат» аз ҷониби аҳли толор бо кафкӯбиҳои бардавом ва гулу гулдастаҳо истиқбол гардид. Ба санъаткорони хурдсол ва наврас, ки дар сатҳи баланд ҳунарнамоӣ намуданд, Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати фарҳанг супорида шуданд.

√ ГУЗАШТИ

АЙЁМ

Қиммати ҷавонӣ дар нерӯи ҷавонист

ХУРШЕД ХОВАРӢ

Ато Мирхоҷаи Нерӯ ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода буда, хизматҳои ӯ бо медали “Барои хизмати шоиста”, нишонҳои “10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон”, “100-солагии матбуоти тоҷик”, унвони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр гаштааст.

Ато Мирхоҷа мегӯяд, ки айёми тифлии ӯ дар деҳаи Вужи ноҳияи Шуғнон, дар водии хеле ҳам хушманзара ва хушбоду ҳавои Ғунд паси сар шудааст. Падараш фелдшер ва ягона табиб дар водии қариб 200 километраи Ғунд буд ва маълумоти миёнаи тиббӣ дошт. Дар замони тифлӣ мисли дигар бачаҳои деҳотӣ аз пушти подаву мол мерафт ва дар айёми дарав мисли ҳама мардуми кӯҳистон даравгарӣ мекард. Аз овони мактабхонӣ ки ба кори эҷодӣ шавқу ҳаваси беандоза дошт, нахустин чакидаҳои хома ва шеърҳояш дар ҳамин овон бо дастгирии Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар рӯзномаи «Бадахшони советӣ» ба хонандагон муаррифӣ шудаанд. “Як хубии даврони мо дар ҳамин буд, ки,мегӯяд шоир, - мо коллективона тарбия меёфтем. Як ҷавонписар на танҳо писари як нафар, балки фарзанди ҳама буд. Дастаҷамъона кор мекардем”. - Ҷавониро чӣ гуна дарёфтед? - Ҷавониро дар оғӯши гарми Душанбе дарёфтам. Солҳое, ки ман мактаби миёнаро ба итмом расонида будам аз Душанбе ба Хоруғ дар як шабонарӯз 15 маротиба ҳавопаймо рафтуо мекард, аммо бо вуҷуди ин ёфтани чипта душвор буд. Махсусан дар фасли тобистон, ки довталабони мактабҳои олӣ омаду рафти зиёд доштанд. Ман аз сабаби он ки барои бо ҳавопаймо омадан чипта наёфтам, савори бағоҷ (куз)-и мошини боркаш барои таҳсил намудан омадам.

Хубӣ ва бузургии ҷавонӣ дар он аст, ки дар ин давра инсон соҳиби имкониятҳои васеъ ҷиҳати аз худ кардани дониш, малака ва ҷаҳонбинӣ аст. Худованд низ умри инсонро марҳила ба марҳила ҷудо кардааст. Қиммати ҷавонӣ дар нерӯи ҷавонӣ аст.

√ СОЛҲОЕ,

Чун талоши хондан дар ниҳодамон буд, ҳар роҳу воситае, ки меёфтем барои муваффақ шудан тай мекардем. - Ҷавонӣ назди Шумо чӣ қиммате дорад? - Хубӣ ва бузургии ҷавонӣ дар он аст, ки дар ин давра инсон соҳиби имкониятҳои васеъ ҷиҳати аз худ кардани дониш, малака ва ҷаҳонбинӣ аст. Худованд низ умри инсонро марҳила ба марҳила ҷудо кардааст. Қиммати ҷавонӣ дар нерӯи ҷавонӣ аст. - Устод, аз нигоҳи Шумо муваффақият чист? - Муваффақият мубориза аст. Барои муваффақ шудан пайваста талош бояд кард. Ман барои муваффақ шудан тамоми вуҷудамро сарф кардаам. Барои муваффақ гардидан, ҷавонон дар дилхоҳ соҳа бояд пайваста дар такопӯ бошанд, зеро гуфтаанд: Нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад, Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард. - Эълон шудани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” аз ҷониби Пешвои миллатро ҷомеаи Тоҷикистон ба як хушиву дилгармӣ истиқбол гирифтанд. Ба андешаи Шумо, “Соли ҷавонон” бояд чӣ гуна бошад? - Дар воқеъ, ин як иқдоми бениҳоят арзишноке барои ояндаи ҷавонон ва ҷомеаи мост. Чун ҷавонон ояндаи миллатанд, ғамхорӣ намудан ба насли ҷавон ғамхорӣ ба ояндаи миллат аст. Солҳои пеш баъзан чунин як эҳсосе буд, ки бояд як соли ҷавонӣ дошта бошем. “Соли ҷавонон” тарзе бошад, ки дар зеҳни ҳар ҷавон то солҳои сол ҷилвагар гардад ва бояд ифтихори ҳар ҷавон ин бошад, ки солеро маҳз соли ҷавонон таъсис додаанд. Ин ғамхории арзишманди роҳбарияти Олии кишвар ба ояндаи ҷавонон аст. - Чӣ зарурат пеш омад, ки солеро ҳамчун “Соли ҷавонон” эълон дорем? - Ҷанги шаҳрвандие, ки солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон сар зад, мутаассифона бисёр нафаронеро, ки имрӯз бояд ба синни ҷавонӣ мерасиданд, аз байн бурд ва қисми дигари ин наслро

сағир кард. Дар ин баробар барои миллат як холигие ба вуҷуд омад. Баъзе нафарон имрӯзҳо бо тавасуф ёд мекунанд, ки бо вуҷуди фароҳам будани тамоми шароити моддиву маишӣ ҷавононе, ки бо ҷӯшу хурӯш бошанд, надорем. Сабабаш ин аст, ки 5-10 соли ҷанги шаҳрванӣ ҳамин қувваро аз мо рабуд. Ҷамъият ба сутунмуҳраву устухони ҷавонон қоим аст. Агарчӣ пирон раҳнамову раҳкушоянд, вале корро ҷавонон мекунанд ва ҳеҷ гоҳ як инсони солманд наметавонад кореро ба анҷом расонад, ки як ҷавонсол мекунад. Ҷавонон ғайрат доранд, мехоҳанд корхонаву коргоҳҳо кушоянд, худро дар миёни ҷамъият намоён кунанд Баъзеҳо тасмим мегиранд, ки дар адабиёт инқилоб намоянд. Ҷавонӣ давраест, ки хун меҷӯшад. Ҳамон ҷавононе, ки хунашон бояд меҷӯшид, хунашон рехт. Вақте ки аз ман мепурсанд, ки дар Иттифоқи нависандагон чанд нафар аъзои ҷавон доред, ман ҷавоб дода наметавонам, зеро дар иттифоқ ҳамагӣ чанд нафар аъзои ҷавон дорем, ки ба таври дастаҷамъӣ наметавонем аз онҳо муаррифӣ карда бошем. Вазифаи мо дар ин аст, ки ҳамон халое, ки дар он солҳо ба вуҷуд омада буд, агар чӣ ба таври комил пур карда наметавонем, вале ҷавонҳоро тавре тарбия кунем, ки тавонанд бори он нафаронеро, ки дар солҳои ҷанг маҳв гашта буданд бар душ гиранд ва барои миллат ҳамин холигоҳро ҷуброн кунанд. - Аз нигоҳи Шумо, кадом омилҳо метавонад ҷавононро ба нокомӣ кашад?

- Дар замони имрӯз аслан хурофотпарастӣ ва пайравии куркурона ба дину мазҳаб ва гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҷавононро роҳгумзадаву номуваффақ мекунад. Ҷавонони мо пеш аз ҳама бояд хурофотпараст набошанд. Вақте ки инсон ба як чиз аз ҳад зиёд бовар мекунад, он чиз олитарин ҳам бошад инсонро ба роҳи нодуруст мебарад. Вақте шириниро аз меъёр зиёд истеъмол намоем, дар охир ба бемории диабети қанд гирифтор хоҳем гашт. Аслан инсон бо дин зиндааст. Агар мо фикр надошта бошем, ки дар дунёи дигар аз аъмоли мо пурсида мешавад, тамоми гуноҳҳоро содир хоҳем кард. Дин аз инсон покиро талаб менамояд ва он ахлоқ аст, на чизи дигар. Мақсади дин он аст, ки инсонро ҳамчун инсони воқеӣ тарбия кунад. Мақсад аз намоз хондану рӯза доштан пок нигоҳ доштани тан ва забон аст. Ҷалолиддини Румӣ мефармояд: Онон ки талабгори Худоед, худ оед, Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед. Дар хона нишинед, магардед ба ҳар сӯ, Зеро ки шумо хонаву худ хонахудоед. - Баҳри ҷавонон чӣ таманниёт доред?

- Таманнои ман ин аст, ки ҷавонон ҷавониашонро самаранок гузаронанд. Агар умри инсонро 100 сол гирем ва ба чор марҳила ҷудо кунем, аз ин 25 сол давраи ҷавонӣ аст. Яъне 25 сол ҷавон ҳастем ва дар ин 25 сол бояд барои сад соли умр дониш захира кунем, кори нек намоем ва аз худ осоре боқӣ гузорем.

КИ МАН ҶАВОН БУДАМ...

Ҳуринисо Ализода, аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон: - Аввалҳои солҳои 90 -ум буд. Гурӯҳе аз хонандагони мактаби миёнаи рақами 17-и ноҳияи Ҳамадонӣ ба хонаам омада, аз ҷабру ситами директори мактабашон шикоят карданд. Пештар ҳам аз муаллимони ин мактаб борҳо шунида будам, ки директорашон як шахси худхоҳу ҳавобаланд аст, ҳамаро ба дод овардааст, касе лаҷомашро намекашад… Баъди чопи мақолаи ман дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» «ҳокими мутлақ»-и мактабро дар бюрои ҳизбӣ муҳокима намуда, аз вазифа сабукдӯш карданд. Ӯ хеле аз пушти ман ба ин рӯзнома навишту ба райком “даводав” кард, вале чун факту рақамҳо тасдиқ шуда буданд, «ҳеҷ об сарашро нашуст». Қариб се моҳ гапи ин мақола дар тамоми маҳфилу маъракаҳои ноҳия вирди забон буд. Ҳама шодӣ доштанд, ки ҳақиқат ғалаба кард. Ин ҳама ба асаби «қаҳрамон»-и акнун «машҳуртарин»-и ман расида буд. Он замон ним баст ровии радиои маҳаллӣ будам ва барои барномаи мустақим соати ҳашти бегоҳ ба кор мерафтам. Азбаски фарзандонам Манучеҳру Манижа хурдсол буданд, онҳоро ҳамроҳам мебурдам. Як бегоҳ, аз канори роҳи мошингузар ба хона бармегаштем, ки аз дур садои муҳаррики сабукраве ба гӯшам расиду дилам кимчизеро ҳис кардагӣ барин сиёҳ шуд. Ҳанӯз ба қафо нигоҳ накарда эҳсос намудам, ки сабукрав башаст наздик мешавад ва ҳар ду кӯдакамро бағал карда, бо як чолокӣ аз ҷӯйбор ба роҳи пиёдагард паридам. Худо раҳми моро хӯрд. Ҳамагӣ сонияе моро аз зарби сабукрави он «қаҳрамонам» ҷудо карду зинда мондем. Писараку духтаракам сахт тарсиданд. Ман чизеро дигар ҳис намекардам. Сабукрав дар як лаҳза бо ҳамон шаст ба кӯчаи дигар тоб хӯрд. Муҳаррику чархҳояш аз шиддати сахти тормоз садои даҳшатноке бароварданд. Чунин саҳна, ки қаблан дар филмҳо дида будам, ба сари худам омад.


7

“Ҷавонони ҷаҳони ҷовидонем” 14 – уми марти соли 2017 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Маҳфили стипендиатҳои ҷавони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” дар Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Ҷавонони ҷаҳони ҷовидонем” ташаббуси аъзои Маҳфил, гирандаи стипендияи Президентӣ Маҳваш Қурбонова ташкил ва баргузор гардид. Дар он намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Дилошӯб Розиқов, Директори Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе инчунин Роҳбари Клуби волонтёрон Самандар Абдуллоев, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино Роҳбари Маҳфили стипендиатҳои ҷавони Кумита Саъдулло Юсупов, ширкат доштанд.

√ ХОСИЯТҲОИ

√ АСРОРИ

ЯК ҶАВОН

Руҳафтодагӣ бечорагӣ нест! Дар асари машғулиятҳои ҳаррӯза ва фишору тазйиқи хоставу нохостаи атрофиён инсон гоҳо ба ҳолати аҷибе гирифтор мешавад. Камгап мешавад, дамдузд мешавад, худаш сарфаҳм намеравад, ки ба вай чи шуда истодааст. Чаро як ҳузне рӯи дилаш соя ниҳодааст, намефаҳмад. Мисле ки дасте омада руҳашро мефишорад ва ҳолашро ба танг меорад. Ҳар яки мо ба ин ҳолат гирифтор мешавем. Яъне гоҳо ба мо ҳолате рух медиҳад, ки худамон сабабашро ташхис карда наметавонем. Ва ё агар дар худи мо камтар рух диҳад дар атрофиёнамон, дар наздиконамон ва нафарони барои мо наздик чунин ҳолатро мушоҳида мекунем. Агар дар наздикон ин ҳолатро дида, сабаб пурсед, ҳатман ҷавобашро намедонанд. Ин ҳолати руҳафтодагист, яъне депрессия! Дар гуфтор мо таъбири “Руҳафтода набош!” дорем, ки одатан ба маънои “ноумед нашав, ғам махур, дилатро шикаста магир, ҳавосатро ҷамъ дор...” истифода мешавад. Яъне агар шахси руҳафтодашуда кадом нокомиеро аз сар гузаронида бошад, ибораи болоро ба кор бурда, мо гуфтан мехоҳем, ки “Ноумед машав, ту ҳатман комёб мешавӣ!”, “Дилозурда мабош, муваффақият ҳатман ба суроғи ту мерасад!”, “Аз ҳолати ночорӣ баро, вазъатро муътадил дор!” Мутаассифона, таслияти мо ҳам ба онҳое, ки дар ҳолати руҳафтодагӣ қарор доранд, на ҳама вақт коргар шуда метавонад. Хоса, агар шахс гирифтори ҳолати руҳафтодагии навъи шадид бошад. (Ду навъи аввали руҳафтодагӣ навъҳои сабук ва миёнаи он мебошад). Дар ҷомеаи ғарбӣ вақте ҳолати депрессивӣ, яъне руҳафтодагиро, хоса руҳафтодагии шадидро дар инсонҳо ташхис мекунанд, ӯро ҳатман тавсия медиҳанд, ки ба назди равоншинос ё духтури асаб (психотерпаевт) равад. Вале дар ҷомеаи мо рафтан ба назди психолог чандон маъмул нест. Шояд аз он ҷиҳат, ки хадамоти равоншиносӣ ҳам дар мо чандон рушд наёфтааст. Агар аҳён-аҳён бошад ҳам, сатҳи тахсссусии равоншинсон чанод қонеъкунанда нест. Зимнан, тибқи пажуҳиши солҳои охир ҳолати руҳафтодагӣ дар ҷавонон ва занҳо бештар ба мушоҳида мерасад. Ин аз он боис аст, ки ҷавонон ҳанӯз таҷрибаи кофӣ надоранд, бинобар ин дар муқобили талотум ва ҳамлаҳои равониву фишорҳои маънавии ҷомеа зуд руҳафтода мешаванд ва худро шикастхурда мепиндоранд. Ба руҳафтодагии занҳо бошад, яке аз омилҳои маъмуле, ки боис гаштааст, тамошои барномаву филмҳои гуногун аз тариқи телевизору шабакаи интернет ва васоити дигари визуалӣ мебошад. Азбаски занҳо бештар дар хонаанд, ба тамошои телевизор вақти зиёд сарф мекунанд ва таҳти таъсиру ҳамалоти психологии филмҳо бештар қарор мегиранд. Вале аз ин ду қишр, яъне ҷавонон ва занҳо оне, ки бештар ночор мемонанд, ҷавонҳоянд. Бинобар ин, роҳи наҷот кофта, ба корҳое даст мезананд, ки оқибати талофинашаванда дорад. Агар як зумраашон рӯ ба тамоку, машрубот ва анвои гуногуни мадҳушкунандаи он биёранд, бархе чораро дар худкушӣ мебинанд. Даст ба худкушӣ мезананд ва ҳолати руҳафтодагии худро ба пайвандон гузошта мераванд. Яъне, падару модарро умре мотамдор мекунанд. Ҳол он ки вазъият ҳарчанд мураккаб бошад, руҳафтодагӣ ҳар қадар моро фаро гирифта бошад ҳам, ҳатман роҳи наҷот ёфт мешавад. Инсон чунонки тавони бардошти мушкилиҳоро дорад, тавони рафъи онҳоро низ соҳиб аст. Масалан, бигирем рафтан ба назди равоншиносро. Ғамдорҳо ё руҳафтодагон дар Ғарб барои чи ба назди равоншинос мераванд? Барои он ки мушкилиашонро баён кунанд, то равоншинос дарди онҳоро шунида, сипас чорае нишон диҳад. Ба ибораи дигар, мераванду дилашонро пеши равоншинос холӣ мекунанд. Вақте аз ҳузури равоншинос берун меоянд, ҳис мекунанд, ки як андоза сабук шудаанд. Чаро чунин аст? Чунки аз он вазнинӣ ва ранҷу кулфате, ки дар дил, шояд дер боз, нигоҳ медоштанд, халос шуданд. Вале ҷомеаи мо ки ғарбӣ нест ва дар мо рафтан ба назди психолог ҳанӯз маъмул нашуда, пас вобаста ба урфи худамон, вобаста ба менталитети худамон чи бояд кард, то ҳолати руҳафтодагӣ бартараф шавад? Бояд гуфт, инсон пайравӣ аз кадом эътиқоду дине надошта бошад, ба ниёиш ва муноҷот ба парвардигораш эҳтиёҷ дорад. Муноҷот ва дуо кардан бошад, навъе холӣ кардани дили худ аст, роз гуфтан ба Холиқи худ аст. Аз он ки касе моро беҳтар аз Парвардгорамон намедонад, мо ниёз ба он дорем, ки дардҳоямонро пеши он Зоти Бино ва Шунаво арз кунем... Манзур ин ки ҷавонон дар ҳолати руҳафтодагӣ набояд, худро бечора бинанд ва даст ба амалҳое зананд, ки оқибаташ ҷубронношуданист! Ниҳояти калом, ҷавонон бояд зебобин ва зебонигоҳ бошанд, то фикрашон зебо шавад. Зебо бидонанд ва зебо андеша намоянд, то лаззати ҳаётро дарёбанд. Зеро зиндагӣ бо хушбинӣ ва амалҳои дуруст маъно дорад. Бадгумонӣ ва бадандешӣ маншаи яъсу навмедист, тахрибгари саодати инсон ва қотили зиндагонист! Башир УСМОН, “ҶТ”

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №11 (9489), 16.03.2017

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

ҲУНАР

Шавқу завқ, хоҳиш, ҷустуҷӯ ва омӯзиши пайвастаро тамоми соҳибфикрон нишонаи ягонаи расидан ба ҳадафҳо маънидод менамоянд. Агар яке аз инҳо ҳангоми фаъолияти кориву эҷодӣ ба инобат гирифта нашавад, пас ҳосил шудани муроду мақсуд ғайриимкон аст.

БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ

Рушди ҳунар ба истеъдод вобаста аст Шодигул, пас аз дарк намудани хоҳишу шавқи беандозааш нисбати ҳунаре, ки он метавонад ба тамоми инсонҳо фараҳу шодӣ бубахшад, сидқан пайи омӯзиши он гардид. Гарчанде ки доштани чунин ҳунар махсусан барои бонувон хеле душвор буд, вале ӯ бо ҳамон тасмими ниҳоияш тавонист, ки дар роҳи ҳунари навозандагӣ раҳсипор бошаду дар баробари ин муваффақ низ гардад. Пешаи навозандагӣ, махсусан навохтани рубоб, ки хеле мушкилу заҳматталаб аст, имрӯз дар баробари мардон таваҷҷуҳи бонувонро низ ҷалб намудааст. Ба вижа таваҷҷуҳи Шодигул Накубоваро. Шодигул Накубова имрӯз чун рубобнавоз дар ансамбли рубобнавозони “Чаман” фаъолият дорад. Чун омили ба роҳи мазкур равон гардиданашро пурсон гардидем, гуфт: “ – Аз хурсолӣ бештар ба рубобнавозӣ майлу рағбати зиёд доштам. Ҳар гоҳ ки тавассути оинаи нилгун ҳунармандон дар даст ин асбоби мусиқиро гирифта, ҳунарнамоӣ мекарданду ҳар гуна замзамаҳои ҷаззобу шуниданиро пешкаш месохтанд, бароям бисёр хушоянд буд. Чунин манзараҳоро дида, ботинамро меҳру муҳаббати ҳунарманд ва ё дуторнавоз шудан фаро мегирифт. Имрӯз аз он меболаму худро хушбахт медонам, ки ба мақсади ягонаам расидаму дар ин роҳи пурасрор, ки саросар ҳама меҳр аст, то қадри имкон тавонистам, то баҳри рушди ҳунарам саъю талош намоям. Беш аз 30 сол аст, ки асбоб ба даст гирифта, рӯйи саҳна баҳри шунаванда ва шавқмандон ҳунарнамоӣ мекунам”. Ӯ аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки баъзан ҳангоми баромадҳо асбобе, ки онҳо менавозанд, ба баъзе ҷавонон писанд намеояд. – Рубоб асбоби қадимаи миллии тоҷикии мост ва моро лозим аст, то онро эҳтиром намоем. Сабаби қабул нашудани он аз ҷониби баъзе ҷавонон ин аст, ки аз таъриху фарҳанги ниёгони хеш ба хубӣ огаҳ нестанд. Баъзеашон аз оинаи нилгун тамошо карда, ба санъати бегона майл менамоянд. Аммо бояд мо дар мадди аввал санъати миллии худро ҳифз намоему баҳри рушди он саҳм гирем. Дар баробари ин, имрӯз ҷавононе ҳастанд, ки ба чунин асбобҳо машғуланду бо хоҳиши беандоза онро аз бар намуда истодаанд,- мегӯяд Шодигул Накубова. Ба андешаи ӯ бар замми оне, ки рубобнавозиро ҳар нафар омӯхта метавонад, вале он аз доштани истеъдод рушд меёбад. Зеро имрӯз дар ин ҷода нафарони зиёде машғули фаъолиятанд. Аммо бештар ҳамоне муваффақ

аст, ки дар ботини хеш ҷавҳари ноёби офаринандагиро доро бошад. Вақте дар вуҷуди инсон истеъдод ҳаст, ӯ метавонад, ҳар рӯз чизе офарад. Махсусан, дар соҳаи навозандагӣ ин чиз аҳамияти бениҳоят калон дорад. - Чун бонуи ҳунарманд дар роҳи хеш яке а з

муваффақҳо дониста мешавед. Мегуфтед, ки Шумо чӣ гуна тавонистед комёб бошед? - Тамоми муваффақиятҳое, ки ба даст меояд, танҳо дар пайи заҳматҳои шабонарӯзӣ имконпазир аст. Аз соле, ки ба ансамбл шомил гардидам, аввал асбоби афғонӣ менавохтам. Пас аз гузаштани вақти корӣ ҳамроҳи чанде аз ҳунармандон истода, машқу тамрин менамудем, то тамоми нозукиҳои ҳунари мазкурро аз бар намуда бошему дар пайи комилан аз худ намудан ва ё эҷоди оҳанг бошем. Ҳамеша машқ мекардем, то дилхоҳ оҳангро ба таври зарурӣ иҷро намуда бошем. Солиёни зиёдест, ки бо ин асбоб сару кор дораму то андозае комёб гардидаам. Чунки тӯли ин солҳо дар чандин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, баҳри болидарӯҳии мардум ҳунарнамоӣ кардаам. Фикр мекунам, асрори муваффақ гардиданам маҳз натиҷаи заҳмату меҳнати пайваста аст. - Оне, ки дар роҳи мазкур равона аст, кай худро соҳибҳунари комил ва комёб меҳисобад? - Навозанда ҳамон вақт худашро муваффақ гуфта метавонад, ки ба касби интихобнамудааш муҳаббати зиёд дораду ӯро бо ҳунараш мешиносанд. Ҳар навозише, ки ҳунарманд иҷро менамояду он писанди шунаванда мегардад, пас метавон гуфт, ки ӯ то ҷое комёб гардидааст. Навозанда доим бояд пайи тамрин бошад. Вақте ки дар рӯйи саҳна баромад менамоеду онро бо кафкӯбиҳо истиқбол мегиранд, ҳамон лаҳза аз ҳунари хеш меболед. - Роҷеъ ба вазъи имрӯзаи санъати навозандагӣ чи назар доред? - Вазъи санъати навозандагӣ чанд сол қабл каме коста гардида буд. Аммо имрӯз ба асбобҳои

мусиқӣ таваҷҷуҳ бештар гардидааст. Ҷавонон низ ба ин асбобҳо ҷалб шуда истодаанд. Чун имрӯз таваҷҷуҳ менамоям, дар роҳи санъат, бахусус дар навъи санъати навозандагӣ ҷавонони бомаҳорат саъю талош карда и сто д а а н д . Ҳунару малакаи

онҳо боиси таҳсину офарин аст. Яъне таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин навъи санъат низ хеле хуб аст. - Навозандагӣ кадом талаботу нозукиҳои хоса дорад? - Навохтани рубоб хеле душвор аст. Онро омода намудану ҷур сохтан маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд. Вақте ки мусиқиро нағз менавозед, аввалан худ ҳаловат мебаред. То он даме, ки шахс аз мусиқии навохтааш худаш фараҳ набарад, пас он наметавонад, ки дагаронро ба худ ҷалб намуда, барояшон ҳаловате бубахшад. Дар баробари ин, вақте ангуштон ҳангоми навохтани рубоб дуруст кор намекунанд, ин хеле нигаронкунанда аст. Аммо вақте дар вуҷудат ишқи ҳақиқии ҳунар ҷӯш мезанад, бовар кунед, ҳеҷ гоҳ ба мушкилие дучор намегардед. Мақсад аз ҳар оҳангу замзамае, ки ҳунарманд эҷод месозад, ин ба шунаванда фараҳу фароғат бахшидан аст. Ҳар чизеро ки ҳунарманд пешкаш месозад, бояд шунаванда аз ҳамон мусиқӣ ҳаловат барад. Ҳамчунин, он бояд ғизои маънавӣ бахшад. - Фаъолияти ҳунарии худро чи гуна арзёбӣ мекунед? - Бисёр мутаассиркунанда аст, вақте мухлисон ҳунари шуморо нағз қабул мекунанд. Дар роҳи тайнамудаи ҳунар хотираҳои рангине маро фаро гирифтаву ҳар яке аз он гӯшае аз фаъолиятамро инъикос менамоянд. Имрӯз низ чун дар ансамбли рубобнавозон андармони фаъолияти эҷодӣ ҳастам, доим саъй ба он менамоям, ки мувофиқ ба талаботи рӯзмарра оҳангу таронаҳои хубро омода сохта, пешкаши шунавандаи хушзавқ гардонам ва бо хотираҳои арзишманд саҳифае аз фаъолияти эҷодии худро нақшбандӣ намоям.


8

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №11 (9489), 16.03.2017

ДУНЁИ ВАРЗИШ

Хуҷанд тими қаиқронҳояшро муайян кард Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва “Соли ҷавонон” 11-12 март дар тамрингоҳи «Сирдарё»-и маркази вилояти Суғд мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба қаиқронӣ миёни ҷавонон доир гардид. Ҳадафи баргузории мусобиқаи мазкур ривоҷ додани ин намуди варзиш дар кишвар ва ҳамзамон муайян намудани дастаи яккачини шаҳри Хуҷанд барои мусобиқаҳои вилоятию ҷумҳурӣ мебошад. Дар мусобиқаи мазкур беш аз 60 нафар варзишгарон аз рӯи 6 намуд дар масофаҳои 1100, 1200 ва 1500 метр байни писарон ва 2 намуд дар масофаи 1200 ва 1500 метр миёни духтарон дар намудҳои каноэ ва қаиқ кувваозмоӣ намуданд. Ғолибони мусобиқа бо ифтихорнома, медал ва туҳфаҳои хотиравии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардиданд.

Ӯ мекӯшад, ки варзишгари муваффақ ва дар арсаи ҷаҳон номбардори давлату миллати хеш бошад. Маҳз заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ буд, ки ӯ дар якчанд мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ дастболо гардид. Шиораш дар зиндагӣ ҳамеша ғолиб шудан аст. Назокат Сафарова. Ӯ зодаи деҳаи хушбоду ҳавои Харангони ноҳияи Варзоб аст, ки аз хурдӣ орзуи варзишгар шуданро дошт. Бо ҳамин умед ҳар рӯз пинҳонӣ аз волидон ҳамроҳи писарамакаш дар толори варзишии деҳаашон тамрин мекард. Шавқу рағбати беандозаи Назокат нисбат ба намуди карате-до Маҳмадулло Мирзоев - мураббияшро қоил кард. Аз Назокат хоҳиш намуд, ки ӯро бо падару модараш шинос намояд, то Назокатро ба дастаи наврасон ҷалб намоянду ҳамарӯза барои тамрин иҷозаташ диҳанд. Падар ба ин пешниҳод розӣ шуд ва фарзандашро ҳамаҷониба дастгирӣ мекард. Аз синфи 6-ум Назокат ҷиддан ба тамрин шуруъ намуд ва дар чандин мусобиқаҳо ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол кард. Пас аз хатми мактаби миёна соли

Дастгирии падар муваффақам кард 2013 ҳуҷҷатҳяшро ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмумин Раҳимов супорид. Акнун Назокат донишҷӯи курси 4-уми факултети варзиши донишкадаи мазкур мебошад. Дар як қатор мусобиқаҳо иштирок намуда, соҳиби медалу ифтихорномаҳо шудааст. Назокат то ин дам 14 медал ба даст овардааст, ки аз он 6-то тилло, 4 нуқра ва 4-тои дигараш биринҷӣ буда, дорандаи камарбанди сиёҳ дани I аст. Аайни ҳол ба ҳайси мурраббӣ дар риштаи карате-до дар баробари омода шудан ба мусобиқаҳо шогирдонро ҳам тамрин медиҳад. - Падарам дар қатори бародаронам маро “писарам” гуфа муроҷиъат мекард. Дастгирии падар маро муваффақ гардонд. Аввал саъю талоши худам ва баъдан дастгирии падарам маро ба ин ҷода расонд. Ман аввал ба падар, баъдан ба мураббиям Маҳмадулло Мирзоев ва роҳбарияти Донишкада миннатдорӣ байён мекунам. Ҳукумати кишвар имрӯз барои мо - варзишгарон тамоми шароитро муҳайё намудааст ва мо дастгириҳои Ҳукумати кишварро қадр

карда кӯшиш мекунем, ки ба ин боварӣ сазовор бошем,- мегӯяд қаҳрамони мо Назокат Сафарова. Моҳи апрел дар Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ баргузор мегардад, ки дар он варзишгарони 8 давлат миёни ҳам рақобат мекунанд. Нозокат барои ғолиб шудан дар ин мусобиқа омодагии ҳамаҷониба дидааст: “Мо ба ин мусобиқа шабу рӯз тайёрӣ дидаистодаем ва умедворам, ки заҳматҳои мо натиҷаи хуб медиҳанд”. Назокат ҳоло оиладор нест. Вале мегӯяд, “ягон масъалаи дигар наметавонад монеи кариераи варзишиям гардад, зеро тамоми обрӯям аз руйи варзиш аст”. Муваффақ шудан дар варзиш, хусусан, дар намуди интихобнамудаи қаҳрамони мо кори осон нест, вале Назокат бо азми қавӣ ин роҳро интихоб намуд ва дастовардҳои назаррасро соҳиб гашт. Барои ҳамин, дар фатҳи қуллаҳои аз ин ҳам баландтар ба ӯ барор хоҳонем. Гулсара МАҲМАДНОСИРОВА, донишҷӯи ДМТ, коромӯзи “ҶТ”

Раддабандии ФИФА: Тоҷикистон мавқеъ иваз накард Тибқи раддабандии нави ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 9-уми март нашр шудааст, Тоҷикистон мавқеашро дар байни 211 кишвар бо 231 имтиёз дар ҷойи 133-юм қарор додааст.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи варзиш

Тибқи раддабандии қаблӣ низ Тоҷикистон дар ҳамин мавқеъ қарор дошт. Мунтахаби Аргентина дар феҳристи нави ФИФА бо 1644 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Дастаи Бразилия (1534 имтиёз) дар ҷойи дуюм ва тими Олмон (1443 имтиёз) дар ҷойи сеюм қарор гирифтаанд. Дар минтақаи Осиё бошад, Эрон дар ҷойи аввал (дар ҷаҳон 33-юм), Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи дуюм (дар ҷаҳон 40-ум) ва Ҷопон дар ҷойи сеюм (дар ҷаҳон 51-ум) қарор доранд. Тоҷикистон дар байни 46 дастаи КФО (Конфедератсияи футболи Осиё) мақоми 20-умро касб кардааст.

13 март дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия мулоқоти Ризо Назарзода - муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон бо Борис Гришин - директори департаменти сиёсати давлатии соҳаи варзиш ва муносибатҳои байналмилалии Вазорати варзиши Русия доир гардид.

Се шоҳҷоиза барои паҳлавонони гӯштини миллӣ

Мулоқоти мазкур дар заминаи ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Русия дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш доир гардид. Ҷонибҳо доир ба ҳалли масъалаҳо, ки дар доираи сафари расмии Президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар моҳи феврали соли ҷорӣ сурат гирифта буд, ба мувофиқа расиданд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, аз ҷумла рушди оммавияти варзиш ва таҳкими муносибатҳои сифатан нави ҳамкориро баррасӣ намуданд. Баъд аз мулоқот Ризо Назарзода аз Осорхонаи давлатии варзиши Русия дидан намуд.

24 марти соли ҷорӣ ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Рашт мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мешавад, ки ғолибон се шоҳҷоизаи наврӯзӣ муқаррар шудааст. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт мусобиқаро дар се вазн барпо мекунанд. Он бо иштироки беҳтарин паҳлавонони кишвар сурат мегирад. Мусобиқаи имсолаи гӯштини мллӣ ба “Соли ҷавонон” бахшида мешавад. Паҳлавононро дар баробари шоҳҷоизаҳо туҳфаҳои арзанда интизор аст.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993 инҷониб тартиб дода мешавад, ки, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаи дастаи мунтахаби миллиашон дода мешавад. Тоҷикистон дар ин раддабандиҳо натиҷаи баландро моҳи июни соли 2013(106-ум) ва соли 2003 (180-ум) касб намудааст. Бояд гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон моҳи март таҳти раҳбарии Ҳаким Фузайлов ду бозии расмӣ анҷом медиҳад. Футболбозони тоҷик 23-юми март дар сафар бо мунтахаби Баҳрайн бозии дӯстона барпо мекунад. Баъдан тими миллии Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» 28 март дар пойтахти Қатар - Доҳа - муқобили мунтахаби Яман мегузаронад.


9

Алишер Урунов ноиби президенти ФФТ интихоб шуд Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Алишер Урунов ба ҳайси ноиби президенти ФФТ интихоб шуд. Урунов аз ин пеш директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон буд. Ӯ солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни ФФТ ифои вазифа кардааст. Тавре аз дафтари матбуотии ФФТ хабар медиҳанд, Алишер Урунов барои интихоб ба ин вазифа изҳори миннатдорӣ карда ваъда додааст, ки барои рушду нумӯи футболи кишвар дар оянда ҳама имкониятҳоро истифода мебарад. Алишер Урунов ба ҳайси ноиби сеюми президенти ФФТ интихоб шудааст. Ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Мирзо ва ноиби президент Дилшод Ҷӯраев аст.

√ МАЙДОНИ

САБЗ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №11 (9489), 16.03.2017

ДУНЁИ ВАРЗИШ

Амирҷон Сафаров: бозӣ дар мунтахаби ҷавонон орзуи кӯдакиам буд

Пирӯзии “Истиқлол” дар даври аввали Ҷоми КФО-2017 Тими "Истиқлол"-и Душанбе дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё) - 2017 дар гурӯҳи “D” дастаи «Дордой»-и Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд. Ин дидор шоми 14 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардид. Ҳарду голҳоро шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев дар қисми аввали бозӣ ба ҳадаф расониданд. Девид Мавутор, легионери ганагӣ дар дақиқаи 17 ва Ҷаҳонгир Алиев дар дақиқаи 22-юм тубро вориди дарвозаи рақиб намуданд. “Дордой” барои баромадан аз даври плей-офф дар ду бозӣ (1:0, 1:1) тими “Ҳосилот”-и Фархорро мағлуб намуда, ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 роҳ ёфта буд. Даври дуюми мусобиқаи гурӯҳи “D” 4 апрел баргузор мегардад, ки дастаи «Истиқлол» дар меҳмонӣ бо тими «Олтин Асир»-и Туркманистон рақобат мекунад. “Дордой” бошад, дар ин рӯз дар майдони худ бо тими «Олой»-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон, рӯ ба рӯ хоҳад шуд. ҶОМИ КФО-2017 Гурӯҳи "D": Даври 1-ум, 14 март (сешанбе) «Истиқлол» (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон) - 2:0 «Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 1:2 Даври 2-юм, 4 апрел (сешанбе) «Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) “Дордой” (Қирғизистон) – «Олой» (Қирғизистон) Даври 3-юм, 18 апрел (сешанбе) «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон) “Дордой” (Қирғизистон) – «Олтин Асир»

(Туркманистон) Даври 4-ум, 3 май (чоршанбе) «Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) «Олтин Асир» (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон) Даври 5-ум, 17 май (чоршанбе) “Дордой” (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) «Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон) Даври 6-ум, 31 май (чоршанбе) «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) «Олой» (Қирғизистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

“Ҳосилот” дар зинаи аввал 13 март тими “Ҳосилот”-и н. Фархор баъди пирӯзӣ бар дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар даври дуюми чемпионати мамлакат бо 6 имтиёз ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқот баромад. Вохӯрии ин ду даста дар Варзишгоҳи марБо сабаби иштироки тими “Истиқлол”-и казии ш. Ҳисор бо натиҷаи 0:3, бо ғалабаи ш.Душанбе дар бозии Ҷоми Конфедератсияи “Ҳосилот” анҷом ёфт. Голҳоро Муҳаммадҷони футболи Осиё бо дастаи «Дордой» бозии даври Ҳасан (дар дақиқаи 33) , Агблей Ҷонс ( 82) ва дуюми «Истиқлол» бо КМВА «Помир» ба рӯзи Наврӯз Рустамов (84) ба ҳадаф расонданд. эҳтиётӣ гузошта шуд. Чемпионати Точикистон, Лигаи олӣ, даври II:

№ 1 2 3 4 5 6 7 8

«Ҳосилот» (Фархор) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Истиқлол» (Душанбе) «Хуҷанд» (Хуҷанд) КМВА «Помир» (Душанбе) «Вахш» (Қӯрғонтеппа) «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) «Барқчӣ» (Ҳисор)

Чемпионати Точикистон, Лигаи олӣ, даври III:

18 март (шанбе) «Регар-ТадАЗ» - «Истиқлол» «Ҳосилот» - «Барқчӣ» «Вахш» - «Панҷшер» КМВА «Помир» - «Хуҷанд»

Б 2 2 1 2 1 2 2 2

Ғ 2 1 1 1 0 0 0 0

М 0 1 0 0 1 1 1 0

Б 0 0 0 1 0 1 1 2

Т/Т 5-1 2-1 6-0 3-2 0-0 0-2 1-4 0-7

Х 6 4 3 3 1 1 1 0

-Вақте ки хурдсол будам дар дилам шавқу ҳаваси футболбоз шудан ҷӯш мезад, аммо падарам намехост ба ин роҳ равам. Бо ҳамсолонам ҳар рӯз футболбозӣ мекардем. Шодӣ Холбобоев -сармураббии дастаи кӯдаконаи “Далер”-и н. Данғара бозиамро дида, хост маро шомили тими кӯдаконаи ноҳия кунад. Ҳамин хел, роҳ пеш гирифтам ба дастаи кӯдаконаи “Далер”,мегӯяд Аримҷон Сафаров, қаҳрамони навбатии мо. Амирҷон соли 2008 ба дастаи “Далер”-и ноҳия Данғара ба ҳайси дарвозабон пайваст. Баъди мушоҳидаҳои мураббияш минбаъд дар хати ҳуҷум бозиро идома дод. Шодӣ Холбобоев сабаби аз дарвозабонӣ оғоз намудани футболбозии Амирҷонро чунин ёдовар гашт: “Ман медидам, ки Амирҷон қувваи ҷисмониаш хуб буд ва, ҳатто, дар даста ягон нафар мисли вай тез давида наметавонист. Дар аввал аз сабаби он ки бозиаш на онқадар хуб буд, ба ҳайси дарвозабон бозӣ менамуд. Зеро мо бозии Амирҷонро дар кӯча дида, ӯро ба даста даъват кардем ва фикр мекунам, хато накардем. Баъди аз худ намудани нозукиҳои футбол оҳиста-оҳиста ӯ ба хати ҳамла гузашт”. Амирҷон чор сол дар мактаби Шодӣ Холбобоев тарин менамояд ва соли 2012, пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯмин Раҳимов месупорад. Сентябри соли 2012 ҳамчун донишҷӯ ба таҳсил шуруъ мекунад. Вазъи оилавӣ Амирҷонро маҷбур мекунад, ки давоми як сол аз футбол дур шавад. Соли 2013 ӯ дубора ба футбол баргашт ва ба дастаи ҷавонони “Истиқлол” пайваст. Дар мавсими соли 2014 ӯ ҳамчун ҳамлагари асосии тими ҷавонони “Истиқлол” ба майдон мебарояд. Худи ҳамон сол Амирҷон дар Чемпионати Тоҷикистон ҳамчун узви дастаи ҷавонони “Истиқлол” 27 гол ба дарвозаи рақибон мезанад ва беҳтарин нишонзан байни ҷавонони Тоҷикистон дониста мешавад. Федератсияи Футболи Тоҷикистон Амирҷонро соли 2014 беҳтарин фуболбози ҷавон эълон намуд. Маҳорати баланди Амирҷонро мушоҳида карда Аслиддин Ҳабибуллоев, собиқ сармураббии тими мунтахаби ҷавонони кишвар соли 2015 ӯро ба дастааш даъват намуд. Амирҷон дар ин сол дар ҳайати дастаи м у н тахаб и ҷавонони кишвар голи на- хустинашро ба дарвозаи тими ҷавонони Эрон зад. Дар мавсими футболи соли 2015 Амирҷон аз тими ҷавонони “Истиқлол”

ШАҲБОЗИ АСОМИДДИН

ба ҳайати асосии даста гузашт ва як сол ҳамчун бозингари захиравӣ дар ин даста бозӣ кард. Худи ҳамин сол тими мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон барои роҳхат ба бозиҳои финалии Ҷоми Осиё дар гурӯҳи “F” бо тимҳои Ироқ, Баҳрайн ва Малдив рақобат намуд. Дар бозиҳои марҳилавии Ҷоми Осиё саҳми Амирҷон бузург буд, зеро ӯ дар рақобат бо мунтахаби Баҳрайн 2 тӯби ҷавонони кишварро вориди дарвозаи рақибон намуд, бо вуҷуди он ки ҳисоби бозӣ 3-2, бар фоидаи Баҳрайн ба анҷом расид. Футболбозони тоҷик дар гурӯҳ бо ду мағлубият ва як ғалаба соҳиби 3 хол гаштанд. Аммо тими ҷавонони кишвари мо бо зиёд будани голҳояшон дар бозиҳои гурӯҳӣ тавонистанд бо 3 хол роҳхати Ҷоми Осиёро ба даст оранд. Соли 2016 дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар бо роҳбарии Виталий Левченко дар Чемпионати Осиё, ки 13-30 октябр дар Баҳрайн баргузор гардид, ширкат намуданд. Дар ин чемпионат тими ҷавонони кишвар дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Узбекистон, Чин ва Австралия қувва озмуда, тавонистанд аз гурӯҳ бо 4 хол ба даври чорякфинали Чемпионати Осиё-2016 роҳ ёбанд. Вале дар чорякфинал футболбозони ҷавони кишвар аз дастаи Ҷопон шикаст хурданд . - Вақте мо ба чорякфинал роҳ ёфтем, рақобат бо тимҳои пурқувват моро интизор буд. Мо бо тими ҷавонони Ҷопон ба майдон баромадем ва ин даста яке аз тимҳои пурқуввати Осиё аст. Дар ин вохӯрӣ мо бозиро бо ҳисоби 4-0 бохтем. Баъдан тими Ҷопон қаҳрамони Осиё-2016 гардид,мегӯяд Амирҷон Сафаров

Соли 2016 тими “Истиқлол” Амирҷонро ба дастаи “Барқчӣ” ба иҷора дод ва то ҳол Амирҷон дар ҳайати дастаи “Барқчӣ” бозӣ мекунад. Амирҷон бо дастаи “Истиқлол” солҳои 2015-2016 чемпионати Тоҷикистонро ба даст овардааст.


10

«Иди сухан» баргузор шуд 14-уми марти соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шоми эҷодии шоира Бибиҷамоли Самандар таҳти унвони «Иди сухан» баргузор шуд. Дар он ҳаводорони ашъори шоира ва алоқамандони каломи манзум ширкат ва шеърхонӣ намуданд. Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Гулмурод Боев, ходими Академияи илмҳо Мавҷуда Хуҷова ва ҷонишини директори Китобхонаи миллӣ Сафаргул Раҷабова ба эҷодиёти шоира баҳои баланд дода, қуллаҳои баланди эҷодиро барояш таманно карданд.

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №11 (9489), 16.03.2017

МЕҲРНОМА

ЗАРИФ ҒУЛОМ, НАВИСАНДА

Беҳамто

Санъатшинос нестам. Аввали солҳои 70-уми қарни гузашта аз кору бори саҳроӣ монда шуда, мо як гурӯҳ ба хонаи ҳамсояамон Гулмирзо мерафтем. Ӯ нахустин шахсе дар деҳа буд, ки телевизор дошт. Ҳамаи мо бо бетоқатӣ намоишҳои “Чойхонаи дилкушо” ва “Лабханд”-ро интизорӣ мекашидем. Ба хотири тамошои маҳорати ҳунарманди писандидаамон Убайдулло Раҷабов соатҳо чашм аз симо намекандем. Бо пайдо шуданаш ва бо нахустин вожаи ба забон гирифтаашу бо чеҳраи нурониаш қалбҳои мо аз шодию фараҳ лабрез мешуду хастагиамонро фаромӯш мекардем. Гӯё ин санъаткори беҳамто бо ҳунарнамоии худ моро ба дунёи зебоӣ, ба олами афсонавӣ мебурд. Пас аз анҷоми баромадаш ҳар яки мо ба таври худ сухану ҷумлаву ибора, имову ишора ва хандаву табассумҳояшро тақлид мекардем. Ҳар ки аз мо кӯшиш ба харҷ медод, ки ӯ аз дигарон ин артистро беҳтару хубтар фаҳмидаасту бештар дӯсташ медорад. Ва сар мешуд муҳокимаву мунозира. Аввалҳои соли 90-уми асри гузашта ба дафтари кориам ҷавонмарди тахминан 25-30-сола даромада, пас аз вохӯрӣ бо чунин суханон муроҷиат кард: - Мо фаҳмидем,ки зодаи Кангурт ҳастед? - Бале, зодаи Кангуртам,- посух додам. – Вале дар Кангурт танҳо таваллуд шудаам. Кӯдакию наврасию ҷавониям дар водии Вахш, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (Калхозобод) гузаштааст. Акнун, ҷавони нағз бигӯед, ки “мо” гуфта киро дар назар доред? - “Мо” гуфта кангуртиҳоро мегӯям,бо сароҳат ҷавоб гардонд ҷавонмард, - ва мо ҳар рӯзи шанбе дар тарабхонаи “Фароғат” ҷамъ ва аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бохабар мешавем. Шуморо низ ба ин маҳфил даъват мекунем. - Агар хато накунам, роҳбар ва ё сарваре ҳам доштагистет?- боз савол додам. - Албатта,- бо табассум тасдиқ кард ҳамсуҳбат.- Роҳбарамон акаи Убайдулло Раҷабов ҳастанд. - Магар ин ҳунарманди мумтоз зодаи Кангурт аст?- тааҷҷубам афзуд ва баҳсҳои ҳамсолонамро ба хотир овардам. - Бешубҳа,- дар симои ҷавонмард ҳисси ифтихор нақш баст.- Ӯ зодаи Кангурт аст. Ба ҳамсуҳбатам ваъда додам, ки ба ин ҷамъомад албатта мепайвандам. Пас аз рафтанаш андеша кардам, ки нахуст бо устоди ҳунар вохӯрда, фикру андешаашро фаҳмам. Хушбахтона, ӯро дар назди мағозаи “Туҳфаҳо” дида, арзи матлаб кардам. - Не, ман дигар ба он ҷо намеравам,- бо ҳамон лаҳни ширин ҷавоб

дод устод.- Меоянду аз ҳар хусус баҳсу мунозира мекунанду мераванд. Одатан, ҷамъомади онҳо хусусияти иҷтимоӣ дорад. Ба мо ҷамъиятҳои фарҳангию маърифатӣ зарур аст. Ҳамин ҷавоби Убайдулло Раҷабов сабаб шуду муносибати дӯстонаю бародаронаи мо бештар гардид ва он то ҳол давом дорад. Дар арафаи ҷашни 75-солагии зодрӯзашон қарор додам, ки дар бораи фаъолияти эҷодиашон мақолае интишор намоям. Вале навиштан дар бораи ин ҳунарпешаи соҳибзавқ кори осон нест. Чунки санъатшинос нестам. Бо боварии қавӣ мегӯям, ки ӯ яке аз аввалинҳоест, ки дар санъат ғалаён (ревалютсия) бардошт. Гумон мекунам, ки агар Маҳмудҷон Воҳидов ба таври фоҷиавӣ ин дунёро тарк намекард, ҳамин рисолатро иҷро менамуд. Ғалаёни Убайдулло Раҷабов ин се маротиба дар назди мардуми шарифи Тоҷикистон ҳисобот доданаш мебошад. Дар ёд надорам, ки дигар санъаткорони тоҷик ба чунин амал даст зада бошанд. Ҳисоботи якуми ӯ намоиши нави “УРБШДМ”-аш дар толори Қасри Иттифоқҳои касаба (ҳоло Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷураев) аст. Пас аз ҳисоботи дуюмаш моҳи декабри соли 1993, замоне, ки кишвар дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт, ба маънои ибораи “Оламро танҳо зебоӣ аз вартаи марг мераҳонад, оламро танҳо зебоӣ наҷот медиҳад” сарфаҳм рафтам. Бо ҷуръату ҷасорат, қудрати бузурги кордониву роҳбарӣ ва санъати волояш дар ҳамон рӯзҳои пурдаҳшат ба дилҳои мо - тамошобинон шодию фараҳ ва умед ба ояндаи неки дурахшонро ҷо кард. Ҳамин ҷасораташ буд, ки моҳи марти соли 1993 ба вилояти Суғд (Ленинобод) ба сафари ҳунарӣ рафта, бо барномаҳои пандомӯзу ҳаҷвангезаш ба мардуми диёр фаҳмонд, ки мо бояд якпорчагии сарзамини худро ҳифз намоем. Санъатшинос нестам. Вале ҳаёти эҷодии ин ҳунарманди асилро ба се пора тақсим менамоям: театр, кино ва телевизион. Ин се самти санъатро бо ҳам хатти сурх пайвастааст. Хатти сурх ин маҳорати актёрӣ, муаллифӣ, режисёрӣ ва, аз ҳама асосӣ, таҳлилгари донаҳои заррини санъат: ҳикоя, интермедия, инсенировка дар назар аст. Ҳамзамон, роҳи эҷодии Убайдулло Раҷабовро ба ду давраи асосӣ тақсим менамоям. Давраи аввал то Истиқлолияти давлатӣ. Дар ин давра ӯ тавонист аз маҳорати Аркадий Райкин, Юрий Никулин, Михаил Задорнов ва А. Иванов эҷодкорона истифода бурда, сутуни ҳаҷвнигории худро барқарор намояд. Маҳз дар ҳамин давра (1982-1986) бо гузаронидани “Бӯстонҳо”-и 2 ва 3 маҳорати

ҳаҷвнигориаш сайқал ёфт. Илова бар ин, дар солҳои 1982-1985 дар шаҳру ноҳияҳои Вахшу Восеъ, Қӯрғонтеппаву Нуробод (Комсомолобод), Зафарободу Айнӣ, Темурмалику (Совет) Данғара, Ваҳдату (Орҷоникидзеобод) Бохтар (Коммунистӣ) ва шаҳри Душанбе бо барномаҳои махсуси рангину пурмазмун баромад карда, санъати ҳаҷви тоҷикро ба мардум аз наздик муаррифӣ намуд, ки ин иқдом шуҳрату маҳбубияти ӯро дар дили халқ боз ҳам қавитар гардонд. Нахустин ҳаҷвнигоре буд, ки ба камбудию норасоиҳои ҷамъиятӣ либоси ҳаҷв пӯшонида, пешкаши мардум намуд. Чунин услуби қолабшикании акаи Убайдулло ва навоварию афзоиши маҳаббати мардум нисбати ҳунару истеъдоди модарзодиаш ба пустини курсинишинон, мансабдорон ва карахтшудагони дар намуд санъаткорони хизматнишондода “кайк ҷо гирифт” ва сар шуд маъракаи туҳмату буҳтонҳо. Ҳасудони камхираду тангназар ва душманони пушти саҳнаро эҷодкории акаи Убайдулло ба хашм меовард ва ба идораҳои ҳизбию давлатӣ шикояту туҳматномаҳо ирсол менамуданд. Танҳо ду фарди покзамир ба ҳимояи маҳорату истеъдоди худододи Убайдулло Раҷабов - асосгузори ҳаҷви тоҷик бархестанд. Яке, Г. Б. Бобосодиқова буд, ки намегузошт Раёсати Комитети марказии ҳизб ба ин санъаткори нотакрор ҷазо диҳад. Дуюмин, фолклоршиноси маъруф Раҷаб Амонов ба ҳамон сияҳдилон мефаҳмонд, ки танҳо Убайдулло Раҷабов метавонад санъати ҳаҷви тоҷикро ба пояи баланди шуҳрат бардорад. Давраи дуюм пас аз Истиқлолиятро дар бар мегирад. Дар ин давра таҷрибаи гузаронидани “Бӯстон”-ҳоро ба асос гирифта, ӯ, пеш аз ҳама, мактаби ҳаҷви худро таъсис дод. Дар охири асри ХХ ва аввали асри ХХI Убайдуллоҳи Раҷаб дар сифати дигар - режисёри консертҳо ва намоишҳои оммавӣ зуҳур ёфт. Ин ҳунар барои санъаткорони мо нав буд. Нав барои он буд, ки дар замони Шӯравӣ дар ин ҷода ба ҳунармандони мо роҳ намедоданд. Дар замони истиқлолият ин паҳлӯи санъатро бо ҷуръати шахсӣ ва қобилияти роҳбарӣ Убайдулло Раҷаб бар души худ гирифт. Ҳамеша ба худ савол медиҳам: сирри муваффақият ва обрӯи баланди Убайдуллои Раҷаб дар чист? Баъди муҳокимаҳои тӯлонӣ бо худ танҳо ба як хулоса мерасам: сирри муваффақияти ӯ дар истеъдоди худодод, меҳнатдӯстӣ, эҳтироми касб ва зиндагии мардумаш аст. Истеъдодаш дар саҳна зоҳир мегардад, дорои фарҳанги воло, маънавиёти баланд буда, маҳораташ аз одоби хушсалиқа ва муносибати самимӣ, хоксорӣ,

Адиба НАЗАРХУДОЕВА, донишҷӯи ДМТ, коромӯзи “ҶТ”

поксириштӣ маншаъ мегирад. Ҳамин хислатҳои некаш боис гардид, ки нуқтаи баландтарини фаъолияти эҷодии ин ҳунарманди мумтоз ҳисоботи сеюмаш, ки бахшида ба 75- солагии зодрӯзаш ва 55-солагии фаъолияти эҷодии ин шахсияти маъруфу маҳбуб, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи ордени “Ситораи Президент” ба шумор равад. Ба ин муносибат шумораи нахустину махсуси рӯзномаи “Оина” аз чоп баромад. Дар он ходимони давлативу ҷамъиятӣ, вазирону кабирон, шоирону нависандагони халқӣ, рӯзноманигорони варзида, соҳибкорони муваффақ, санъаткорону ходимони театру кино, ҳамкорону дӯстону хешу ақрабо хотираҳои худро дарҷ намуданд. Ҳамаи онҳо нисбати ҳунари волои акаи Убайдулло ҳамду сано хонданд. Аммо...гуфтанд фасонаву дар хоб шуданд. Сатрҳои ифшо намудаи онҳоро қироат намуда, дар шигифт мондам. Дарёфтам, ки ба ғайр аз як-ду нафараш ягон каси онҳо ба бинои театри миниатюраи “Оина” қадам намондаанд. Агар онҳо боре ба ин макони маҳорату санъати ҳаҷвнигорӣ меомаданд, аҳволи зори ин фидоиёни санъат, сарсупурдагони ҳаҷви тоҷикро бо чашми сар медиданд. Аз ҳамин сабаб дар баромади онҳо на дархосте, на таклифе, на пешниҳоде дида намешавад. Ҳамаи онҳо бо як забон қайд менамоянд, ки Убайдуллоҳи қолабшикан нахустин ҳунармандест, ки мактаби ҳунари худро дар тимсоли театри миниатюраи “Оина” кушодааст. Вале ман азобҳову машаққатҳои ӯро медидам, ки бо хуни дил хӯрдану бо чи қадар пеши мансабдорон давиданҳо кушодани театр муяссараш гашт. Театрро аввалҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар ошёнаи якуми бинои панҷошёнаи гардиши Фурӯдгоҳи ҳавоӣ кушоданд. Акнун тасаввур кунед, ки ҳунармандон дар чи гуна шароит машқу тамрин мекарданд. Пас аз муроҷиатҳои чандинкарата Ҳукумати шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мирсаид Миршакар (Парвин) як порча замин ҷудо кард ва таи 25 соли Истиқлолият сохтмони бинои театр ба анҷом нарасидааст. Ба ҳамин соҳибкорони муваффақ ҳайронам. Биноҳои би-

сёрошёнаву пурдабдаба месозанду зӯрашон ба сохтани як бинои театр намерасад. Даст ба кундаи сина мезананд ва аз маҳорати волои ин ҳунарманди тозакор сухан меронанду дар расондани ёрии моддӣ барои сохтмони театр ҳазар мекунанд. Ё ба он мардоне, ки аз ҳунари беҳамтои акаи Убайдулло ба ваҷд омада, аз ханда дар чашмонашон ашк пайдо мешавад, гуфтаниам, ки як бор ба зиёрати театри миниатюраи “Оина” биёянд. Санъатшинос нестам. Аммо ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон гуфтаниам, ки шумо барои акаи Убайдулло бинои театр намесозед, балки барои санъати ҳаҷви тоҷик, барои баланд бардоштани маданияти халқи тоҷик бояд саҳмгузор бошед. Муддате пеш хомӯшона, бо лабҳои баста, ду даст пеши бар барои Фонди сулҳ, барои Ветнаму Кубаву Ангола маблағ месупоридем. Магар зӯрамон барои сохтани як театр намерасад? Мо одат кардаем, ки касе моро аз хоби гарон хезонад. Ҳеҷ таърихи талхамонро ба хотир овардан намехоҳем. Дарҳол фаромӯш кардем, ки бо фавти Малика Собирова Театри опера ва балет соҳиби Маликаи дигар нашуд. Бо марги фоҷиабори Маҳмудҷон Воҳидов Театри ба номи Лоҳутӣ Маҳмудҷони дигар наёфт. Бо ҳиҷрати Малика Қаландарова Филармонияи тоҷик Маликаи дигарро пайдо накард. Манзур аз ин андеша он аст, ки мо бо дасти акаи Убайдулло Убайдуллоҳи дигарро рӯи саҳнаи ҳаҷви тоҷик биоварем. Баъзеҳо дар чунин ақида ҳастанд, ки барои Убайдулло Раҷабов театр сохтан чӣ лозим? Амфитеатр ҳаст-ку, бигузор артистони театри миниатюраи “Оина” дар он ҳунарнамоӣ кунанд? Ва он “мутахассисон” фаромӯш кардаанд, ки Амфитеатр кушода буда, дар он танҳо ду моҳ намоиш додан мумкин асту халос. Аз ин хотир, пешниҳод мекунам, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисоби махсус бо номи “Оина” кушода шуда, ҳар фарди фарҳангдӯсти тоҷик бояд саҳми худро гузорад, то ки ин ҳунарманди дар ҳақиқат асили мардумӣ соҳиби театр гардад ва мо – мухлисон, тавонем аққалан моҳе як бор аз ҳунарнамоии артисти маҳбубамон баҳра бурда, аз таҳти дил, бо завқ хандем.


11

Озмуни “Бале, духтарон” ҷамъбаст шуд Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва “Соли ҷавонон” озмуни «Бале, духтарон» байни кормандони соҳаи тандурустии минтақаи Кӯлоб доир гардид. Озмун аз рӯи шартҳои оростани дастархони наврӯзӣ, қироати шеър дар васфи Наврӯз, намоиши либосҳои миллӣ ва тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ сурат гирифт. Дар озмун ҷои аввал ба Маркази вилоятии бемориҳои чашми минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Темурмалик, ҷои дуюм ба дастаи Маркази вилоятии бемориҳои дили шаҳри Кӯлоб, беморхонаи кӯдакона ва ҷои сеюм ба дастаи Маркази бемориҳои нашъамандии Кӯлоб ва ноҳияи Фархор сазовор дониста шуд.

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №11 (9489), 16.03.2017

САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН

Сарвари як оила «Ҳарчанд дар ҷомеаи мо Зан – Модар мақоми арзанда дорад, бо вуҷуди ин мо дар назди ӯ ҳанӯз қарздорем». Э. Раҳмон Алҳол дар кишвари мо занҳо дар ҳамаи соҳаҳо фаъолият мекунанд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёт мавқеи зан чашмрас буда, сазовори ҳурмату эҳтиром ва дастгирии махсуси давлату Ҳукумат гардидааст. Дар ин радиф занҳо низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ободонию пешрафти ватнамон саҳим бошанд. Ширинмоҳ Аслонова 11 сол мешавад, ки сарвари хобгоҳи №7-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Вай дар ин муддат барои духтарон на танҳо роҳбар, инчунин модари мушфиқу ғамхор низ гаштааст. Ҳар сол 170 донишҷӯдухтарро аз манотиқи гуногуни кишвар модарвор нигоҳубин мекунад. Зисту зиндагии хобгоҳро тавре ба роҳ мондааст, ки бошандагон мисли пайвандони як оила тифоқу дӯстона иқомат доранд. Инро ҳар нафаре, ки ба хобгоҳ меравад, шоҳид мегардад. Духтарони хобгоҳ дар симои ин зан як муттакою дастпарварро мебинанд. Ӯро дар хобгоҳ ҳамагӣ “апаи Ширин” - гуфта фарёд мекунанд. Апаи Ширин шабу рӯз мекӯшад, ки мабодо яке аз духтарон бемор шавад, кори бад кунад, новақт ба хобгоҳ ҳозир гардад, дар умум ҳама он нигарониҳое, ки як модар ба фарзандонаш дорад, дар ӯ дида мешавад. Ҳамин аст, ки ӯ барои ҳар як духтари ин хобгоҳ чун модар шудаасту дар ҳама вазъияту мушкилот наздаш барои маслиҳату кӯмак мераванд. Шояд барои бисёриҳои роҳбарӣ кардан дар нигоҳи аввал осон намояд. Аммо тасаввур нокарданист, ки як зан дар баробари модар будан, чӣ гуна аз уҳдаи роҳбарии як муассиса ба пуррагӣ мебарояд? Апаи Ширин ҳамчун роҳбар, дар тозагии хобгоҳ, чорабиниҳо, тарбияи духтарон ва умуман чӣ масъалае, ки марбут ба вазифаи ӯст, хеле фаъол мебошад. Ҳамин аст, ки бо ташаббус ва кордонии ӯ хобгоҳи мазкур дар солҳои 2011- 2012 ҳамчун хобгоҳи намунавӣ ва беҳтарин дар байни дигар хобгоҳҳои ҷумҳурӣ ҷойи намоёнро гирифт. Ӯ кумак ба мардумро аз овони наврасӣ ҳадафи ягонаи худ қарор дода буд. Пас аз хатми мактаби миёна дар омӯзишгоҳи тиббӣ таҳсил намуд. Баъдан ҳамчун ҳамшираи шафқат ба мардум хизмат мекард. Орзуи ягонаи Ширинмоҳ ин аст, ки занону духтарон бештар ба хондан рӯ оварда, ниёзҳои хонаводагиро бе мушкилӣ ҳаллу фасл намоянд. Ӯ ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар такмил додани арзишҳои волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва тарбияи духтаронро бо камоли масъулият адо менамояд ва сазовори эҳтироми ҳамагон мебошад. Бигузор ҳар як зани тоҷик мисли апаи Ширин бо самимияту меҳрубонӣ ва эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ба касбу кораш дилбастагӣ дошта бошад, то хонааш ободу зебо бошад ва манфиаташ ба ватан бирасад. Бегим МАБАТШОЕВА, донишҷӯи ДМТ, коромӯзи “ҶТ”

Ҷавонон ва зӯри мушти онҳо Вақте ки хурд будам, мунтазам падару бобоям ва дигар насли калонсол мегуфтанд: ҷавонони тоҷикро мебояд дар шароити имрӯза барои ояндаи миллати худ талош кунанд, зеро онҳо пояи устувори давлат ҳастанд. Он вақт чандон ба моҳияти ин суханон сарфаҳм намерафтам. Ҳоло ки бузург шудаму бори зиндагиро қисман мекашам, хуб дарк мекунам, ки ҳадафи волидайни мо чӣ будааст. Онҳо мехостанд, ки мо бихонему забондон шавем, истифодаи технологияи навро омӯзем ва дар минбарҳои баланд аз номи Тоҷикистон ҳарф занем ва бо ифтихор гӯем, ки «Ман тоҷикам!». Дар ин бора ҳамеша зимни мулоқотҳояшон бо ҷавонон Пешвои миллат таъкид мекунанд. Дар замони имрӯза барои аз бар намудани илму дониш ва омӯзиши технологияҳои муосир шароит фароҳам аст. Бисёр афсӯс мехӯрем, ки бархе аз ҳамсолони мо аз нодониву бедонишӣ фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои нохалаф мешаванд. Ин тоифа ҷавононро бо мақсадҳои нопок истифода намуда, мехоҳанд порчае аз ин ё он давлати ободу осударо валангору парешон созанд. Ин тамоюл барои моҷавонони ояндасози давлат, албатта, боиси нигаронист, зеро акнун замона дигар шуд. Ҷаҳон бошиддат пеш меравад, тағйир меёбад ва барои аз ин қатора ақиб намондан моро зарур аст, ки бештар мутолиа намоему аз навгонии илму техника ақиб намонем. Имрӯз ҳамқадами замон бояд буд. Дар замони муосири набардҳои идеологӣ эътимоди қавӣ доштан ба ҷавонон ҳамчун нерӯи бунёдкор сарчашмаи муваффақиятҳо хоҳад буд. Ҷавонони соҳибкасбу ихтисосманд нерӯи тавоно ва

иқтидори пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Пешвои миллат дуруст ишора мекунанд, ки бигзор, истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллати тоҷик абадан поянда бошад ва дар қалби ҳар як фарди ватандӯст оташи меҳру ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад. Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардид. Дар шарҳи фармони мазкур зикр мегардад, ки он бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон, саҳми онҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таҳким бахшидани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба тасвиб расидааст. Бешубҳа, ҷавонони Тоҷикистон ҳама талошу кӯшишҳои Пешвои муаззами худро ба хубӣ дарк мекунанд. Ҷавонон хеле хуб мефаҳманд, ки бояд дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа фаъолияти хуб нишон дода, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб гузоранд. Мебояд на танҳо дар доираи як сол, балки мунтазам барои ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбуб софдилона хизмат кард, марзу буми кишвар ва амнияту оромии давлатро ҳифз намуд ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд гузошт, зеро гуфтаанд: зӯри мушт аз ваҳдати ангуштон ояд ба даст! Насимҷон МИРЗОЕВ, донишҷӯи факултаи журналистикаи ДМТ

Сигоркашии духтарон Он бисёр нафратовар аст! Инсонҳо аз ҳама бештар нисбат ба саломатиашон беаҳамиятанд. Ман ҳар боре, ки сигоркашии одамон, алалхусус ҷавононро мебинам, ин андеша дар зеҳнам боз ҳам қувват мегирад. Вақте аз истеъмолкунандагони сигор мепурсед, ки чаро сигор мекашанд, бегуфтугӯ аввалин ҷавобе, ки мешунавед ин аст: “Сигор ғамро аз дил мебарад”. Мо доир ба ин масъала бо равоншинос ҳамсуҳбат шуда, фаҳмидан хостем, ки дар ҳақиқат сигор барои рафъи ғаму андуҳ кӯмак мерасонад. Андешаи худро равоншинос Шаҳодат Тоҷибоева чунин баён дошт: - Ин ақида, ки “сигарет ғамро кам мекунад” саҳеҳ нест. Шояд онҳое, ки ба дил ғусса доранд, як муддати хеле кӯтоҳ бо сигарет кашидан ғамашонро фаромӯш кунанд. Вале пурра фаромӯш карда наметавонанд. Зеро инсон мавҷуди зинда аст. Фикр мекунад, гузаштаи дуру наздик ва ҳатто ҳодисаҳои чанд соати пеш бо ӯ рухдодаро ба ёд меорад. Аз ин лиҳоз наметавонад истеъмоли машрубот, анвои гуногуни тамоку, хоса сигарет ғами ӯро маҳв созад. Ба ақидаи равоншинос иддае ба истеъмоли сигарет аз овони наврасӣ, ҳанӯз замоне, ки мактаби миёна мехонанд, шуруъ мекунанд. Дар ин синну сол на барои кам кардани ғуссаашон сигарет истеъмол мекунанд, балки майл кардани наврасон ба сигор дар ин давра аз рӯи тақлид аст. “Наврасон мехоҳанд ҳар чи зудтар калон шаванд, аз ин рӯ ба баъзе одатҳое, ки калонсолон доранд, тақлид мекунанд ва маъмултарини ин одатҳо тамоку ё си-

горкашист. Бо ин амалаш наврас ба атрофиён нишон додан ва фаҳмондан мехоҳад, ки ӯ акнун калон шудааст ва бинобар ин носу сигор кашиданаш амали маъмулист. Ҳамин тавр, амале, ки дар ибтидо ҳамчун тақлид шуруъ шуд рафта – рафта ба одат бадал мешавад ва тарк карданаш мушкил мегардад”,мегӯяд Ш. Тоҷибоева. Мутаассифона, ин шабу рӯз дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрамон сигоркашии духтарон ҳам ба мушоҳида мерасад, ки хеле нафратовар аст. Равоншинос Шаҳодат Тоҷибоева муътақид аст, ки “сабаби ин пайравӣ ба духтарони ҷомеаи русӣ ва аврупоист. Яъне як нав тақлид ба духтарони хориҷӣ аст. Худ як мушоҳида кунед, он духтарҳое, ки сигор мекашанд чи афту андом доранд? Тарзи либоспушӣ, муошират, рафтору одобу ахлоқашонро як нигаред. Аксари онҳо духтарҳоеанд, ки аз дискотекаву маконҳои гуногуни саргармкунанда бархурдоранд. Ин маконҳо бошад, бе сигору машрубот намешаванд”,- таъкид мекунад вай. Дар ҳақиқат сигор кашидани занҳо дар ҷомеаи мо рафтори зебанда нест. Вале, мутаассифона, сигор кашидан, ки тасмими шахсии ҳар нафар аст, касе дар ҷомеаи мо ба зани сигоркаш гуфта наметавонад, ки: аз ин амали ба шаъни зани тоҷик нанговар худдорӣ кунад. Беҳтар мебуд, зан таровату зиннати худро нигоҳ дорад. Салима ХОЛОВА, донишҷӯи ДМТ, коромӯзи “ҶТ”

Қадри зар заргар бидонад Ҳиссаи фаромӯшнашавандаи нотакрори ҳаёт, пур аз меҳру муҳаббат, ишқу садоқат, талошу муборизаҳои тӯлонӣ, ҳассосияту ҷаҳду талоши ҳамарӯза баҳри боз ҳам хуб муаррифӣ намудани хеш, умедворию ноумедӣ, бунёду шикастанҳо, роҳи тӯлониву росту ҳамзамон ноҳамвор, айёми бебозгашти зудгузар… - ин ҳама айёми тиллоии умр – ҷавонию донишҷӯист. Айёми донишҷӯӣ фосилаи муайяну бебозгаштест дар ҳаёти мо, ки мудом дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсили илм намуда, дониши хешро мукаммал мегардонем. Мақсади аввалиндараҷаамон дар зиндагӣ он мегардад, ки таҳсилро хубу бошуурона ба итмом расонем ва соҳиби касб гардем. Ба қавли шоирон, ин айёми шукуфтанҳост, ки мо аз зону ба по рост истода, қадамҳои мустақилона мегузорем. Дар ин айём ҳамеша бояд мубориз буд, то ба мақсад бирасӣ. Ин мубориза бо худ аст – бо нафсу ҳавас ва хоҳишу имконият. Мо ҳамарӯза дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо ҳазорон донишҷӯён рӯ ба рӯ мегардем. Ин аз он далолат медиҳад, ки

ояндаи нек моро интизор аст, зеро бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо сафи донишҷӯён зиёд мегардад. Ба мо имконият додаанд, ки берун аз кишвар таҳсил намуда, соҳибкасб шавем ва барои рушди Ватани худ саҳим бошем. Бевосита шоҳиди он ҳастам, ки чанде аз ҷавонон донишҷӯ будани хешро як амри маъмулӣ дониста, намефахранду намеболанд. Пас, донишҷӯ кист ва мақсади ӯ чист? Донишҷӯ дар байни ҷомеа шахсияте шинохта мешавад, ки мақсадаш ҷустани дониш ва мукаммал гардонидану омӯхтани он, ҳамчунин соҳибкасб гаштан мебошад. Давраи донишҷӯиро бояд ончунон гузаронид, ки пушаймон нагардӣ. Ҳамарӯза мебояд навигарӣ омӯхт, донишу фикрронии худро такмил дод, то ояндаи нек моро интизор бошад. Самимона ва аз сидқи дил дӯст доштани касби худ сарчашмаи комёбиҳост. Шуури комил зарур аст, ки ин ҳамаро бидонем. Масалан, ман донишҷӯйи курси 2-юми факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастам. Аз пешаи ин-

тихобкардаам мефахрам. Мудом кӯшиш менамоям пешсаф бошам ва ба қуллаи мақсуд бирасам. Натанҳо худ, балки мехоҳам ҳамаи донишҷӯён ба қуллаҳои баланд расанду орзуҳояшонро дар амал татбиқ намоянд. Бигзор соҳибкасб, баландмартаба, эҷодкор, мубориз, пешсаф ва ҳамзамон, инсони накукору қавиирода бошем. Ҳамарӯза мекӯшам чизе омӯзам, ҳар дақиқаи айёми донишҷӯиро мақсаднок истифода барам ва ба қадбри имкон, ба дигарон низ омӯзонида бошам. Донишҷӯро зарур аст вақти холигиашро ба мутолиаи китобҳои бадеӣ ва эҷодкорӣ гузаронад. Ҳамсолони азиз. Дар охир мехоҳам бигӯям: қадр бинмо ҳар чӣ дорӣ, сазовори номи донишҷӯ бош ва пешсафиро аз даст мадеҳ. Кӯшиш кунем Ватани биҳиштосоямонро ободу зебо намоему кадри бозоргир шавем ва манфиати Тоҷикистонро ҳамеша болотар аз дигар манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ донем. Шаҳодат АДИЛОВА, доништҷӯи факултаи журналистикаи ДМТ


12

√ МАЪЛУМОТИ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №11 (9489), 16.03.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

“ҶТ”

Шӯрбо аз лонаи фароштурук Фароштурукҳо лонаи худро аз луоби даҳонашон месозанд ва ҳангоми сохтмон аз ҳеҷ гуна растаниву иловагиҳо истифода намекунанд. Маҳз барои ҳамин лонаи ин парандаҳо барои пухтупази шӯрбо дар хитоиҳо арзиши хоса дорад. Азбаски фароштурукҳо лонаҳояшонро дар деворҳои ҷариҳои баланд месозанд, ҷамъ кардани онҳо хатарнок мебошад. Аз ин ҷо арзиши онҳо бисёр гарон аст. Дар Хитой 1 кг лонаи фароштурук то 3000$ арзиш дорад.

√ РОҲ

www.oftob.org

БА СӮИ МУВАФФАҚИЯТ

Наврасе, ки зебоиро дӯст медорад

ШАҲЛО ЭШОНОВА

Леанна аз хурдсолӣ мӯйҳои дарозу ҷилодоре дошту оро додани онҳоро хеле дӯст медошт. Ҳанӯз, вақте ки 8-сола буд, боре яке аз хешовандони онҳо мӯйи ӯро таърифу тавсиф намуд ва ин дар қалби духтарча андешаи таъсис додани ширкати хусусии истеҳсоли маводи косметикиро ба вуҷуд овард. Айни ҳол даромади солонаи ширкати хусусии Леанна Арчер Leanna's Inc. зиёда аз 180 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

√ ПУРСЕД,

Некрӯз Ҷӯраев, сокини шаҳри Панҷакент:

- Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз мебошад. Мехоҳам доир ба таърихи фарҳанги ҷашнгирии Наврӯз маълумоти мушаххас ёбам. Бигӯед, ки он аз куҷо сарчашма мегирад?

ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ НАВРАС Вақте ҳамсолони ӯ бозичаҳо дар бағал дар кӯчаҳо давутоз мекарданд, Леанна, ин духтарчаи боҳавсала ва хушсалиқа аллакай дар синни 9-солагӣ тиҷорати хусусии худро оғоз намуд. Модаркалони Леанна, ки дар яке аз деҳоти Гаити мезист, барояш ҳар гуна маҳсулоти фоиданокро барои нигоҳубини мӯйи сар мефиристод. Тобиш ва ранги ҷилодори мӯйҳояш диққати атрофиёнро ҷалб намуду онҳо ба тарзу усули нигоҳубини онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Ҳамарӯза ба ӯ барои дастрас намудани ҳамин гуна маводи муолиҷавӣ муроҷиат менамуданд, чун истифодаи чунин маҳлулҳои табииро аз истифодаи маводи кимиёвии хатарнок афзалтару фоиданоктар мешумориданд. Ин буд, ки Леанна бо истифода аз маҳсулоти тару тозаи хонагӣ ба истеҳсоли чунин маводи косметикии безарар камар баст. Ӯ таҳхонаи хонаи истиқоматиашонро барои кор мувофиқ донист. Ширкати Leanna's Inc ва директори генералии он Леанна Арчер дар як муддати кутоҳ маъруфият ва шуҳрати беназир пайдо намуда, шумораи муштариёнаш рӯ ба афзоиш ниҳод. Муштариёни асосии ширкат асосан сартарошхонаҳо ва толорҳои косметикӣ буда, маводҳои онро бо ҳавсалаи том ва маблағи хуб харидорӣ менамоянд. Ҳамчунин, фурӯши он тавассути Интернет низ хеле миуваффақона ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти косметикии ширкати Leanna's Inc аз маҳлулҳои хонагии табиӣ омода гардида, барои мӯйи сар ва пӯсти инсон безарар мебошанд ва дар истеҳсоли онҳо аз ягон навъи маводи кимиёвӣ истифода намешавад. “АЗ МУШКИЛӢ НАМЕҲАРОСАМ” Ҳама гуна иқдом барору нобарорӣ ва мушкилоти зиёде дар пай дорад. Дар

фаъолияти Леанна низ мушкилиҳо зиёд буданд. Дар миёни тоҷирони маҳаллӣ ҳасудону бадхоҳоне пайдо гардиданд, ки ӯро ба ҷавониву нотавонӣ мутаҳҳам сохта, барояш монеаҳо пеш меоварданд. Аммо суботкориву матонат ва ҷасорати бемисли ин духтари қавиирода барои ба ҳама гуна мушкилот тоб овардану муваффақ гаштанаш мусоидат намуд. Суботкор асту ба неруи худ эътимоди комил дорад ва ҳаргиз монеаҳои сохтаи рақибонаш ӯро заифу нотавон ва руҳафтода намесозанд. “Орзуҳо ғайритабииянд ва амалӣ шудани онҳо дучанд ғайритабиист” – ин аст андешаи Леанна Арчер. ДАСТОВАРДҲО Леанна ғайр аз он ки империяи худро созмон додаасту онро пуштибонӣ ва ҳимоя мекунад, ҳамчунин суханвари хуб буда, донишу таҷрибаи худро тавассути сӯҳбату вохӯриҳо бо ҳамсолонаш бо онҳо қисмат мекунад. Ӯ бори нахуст дар синни 11-солагӣ дар назди мардум суханронӣ намуда, минбаъд иштирокчӣ ва маърӯзачии доимии суҳбату вохӯриҳо, конфронсу семинарҳои маҳалливу байналмилалӣ гардид. Ӯ борҳо бо донишҷӯёни Донишгоҳи бонуфузи Алабамаи ғарб, Донишгоҳи Колумбияи Нюҷерси суҳбату мулоқотҳо доир намуда, доир ба роҳу усулҳои ташкили дурусти кор, такмил додани донишҳои молиявӣ ва комёб шудан маърӯзаҳо намудааст. Доир ба кору фаъолияти ин тоҷири наврас ҳамрӯза рӯзномаву маҷалла ва дигар воситаҳои ахбори оммаи чанде аз кишварҳои мутараққии олам маводи ҷолибу хонданӣ нашр мекунанд. Ӯ дар рейтинги маҷаллаи номдори Forbes низ ҳамчун тоҷири навраси муваффақ мавқеи намоёнро ишғол намуда буд. Соҳиби чандин ҷоизаву мукофотҳои кишварҳои олам гардидааст, ки шуҳрати ҷаҳонии ӯро боз ҳам боло бурдаанд.

“МАҚСАДИ МАН БА ДИГАРОН КӮМАК РАСОНДАН АСТ” Дар суҳбату мулоқотҳо борҳо аз Леанна дар хусуси комёб шудан дар наврасӣ ва роҳу усули он пурсон мешаванд. Ӯ бо намояндагони ҳама синну сол ва ҷинсу нажод бо шавқ мубодилаи афкор мекунад ва ҳам ба волидон, ҳам ба ҳамсолонаш тавсия медиҳад, ки барои ба коре иқдом намудан қабл аз ҳама хоҳишу завқ лозим асту баъдан истифодаи самараноки вақт. Ӯ роҳу усули истифодаи оқилонаи маблағ ва баланд бардоштани донишҳои молиявиро ба ҳамсуҳбатонаш меомӯзонаду ягон маслиҳату машварати муфидро аз дигарон дареғ намедорад, чун инро вазифаи асосии худ ва як навъ кӯмак ба мардум мешуморад. “Мақсади ман на танҳо пул кор кардан, балки ба дигарон кӯмак расондан аст, - мегӯяд Леанна. АРЧЕР - СИЁСАТШИНОС Ихтисоси директори генералии ширкати Leanna's Inc Леанна Арчер, ки алҳол 19 сол дорад, сиёсатшинос аст. Ба андешаи ӯ алҳол ҳукумати кишвари ӯ дар чунин мавқее қарор дорад, ки метавон вазъи иқтисодиву иҷтимоии онро ба самти мусбат тағйир дод. Ҳамчунин, ҳамеша изҳор медорад, ки барои нафароне, ки мехоҳанд, тиҷорати хусусии худро таъсис диҳанд, метавонад бедареғ кӯмак расонад. “МЕХОҲАМ ҲАМАРО ЗЕБО БУБИНАМ” Бо вуҷуди он ки маҳсулоти ширкати Leanna's Inc харидорони зиёд дораду ҳамасола ба соҳибаш фоидаи калон меорад, ҳамчунин он тарғибгари зебоист. Леанна зебоиро шарти муҳим барои ҳама мешуморад. Ба андешаи ӯ агар зоҳири инсон зебо бошад, ҳатман ботини ӯ низ зебо хоҳад буд. Албатта нафаре, ки зебоиро дарк ва талқин мекунад, соҳиби қалби бузург буда, бешак маҳбуби ҳамагон мегардад.

ФОНДИ ХАЙРИЯИ “ЛЕАННА AРЧЕР” Леанна бори нахуст дар соли 2008 ба яке аз музофотҳои Гаити сафар намуд ва кӯдакони зиёде, ки сарсону овора, бе хонаву бе сарпаноҳ, гуруснаву нимбараҳна дар кӯчаҳо мегаштанд, қалби ӯро ба риққат овард. Ӯ тасмим гирифт, ки лоиҳаи минбаъдаи ӯ бояд ҳатман фонди хайрия барои чунин кӯдакони бесарпаноҳу гурусна бошад. Имрӯз ин фонди хайрия чунин кӯдаконро зери сарпарастии худ гирифта, ба онҳо кӯмаки моддиву молиявӣ мерасонад. Айни ҳол аз ҳисоби фонди мазкур зиёда аз 200 нафар кӯдакони бесаробон бо се вақт хӯроки гарм таъмин гардида, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, мувофиқи майлу рағбат ва қобилияту истеъдоди ин кӯдакон барои онҳо шароити таҳсилу кор муҳайё шудааст, то дар оянда роҳи дурусти зиндагиро интихоб карда тавонанд. Саргузашти ин духтари бебок, ки дар синни наврасӣ бо матонати хоса барои муваффақ шудану дар ҷомеа мавқеъ ёфтан гомҳои устувор гузоштааст, хеле ибратомӯз буда, моро ба андешае водор месозад: модоме ки ӯ тавонист, пас чаро мо низ натавонем, ки чунин шахсияти ҳадафҷӯ, устувор ва рушдкарда бошем? Дар ҳоле, ки сармояи бебаҳо – ВАҚТро дар ихтиёр дорем.

ҶАВОБ МЕДИҲЕМ

Фарҳанги ҷашнгирии Наврӯз аз куҷо сарчашма мегирад? Қутбия ҲОМИДОВА, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон: - Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоии зиёдеро паси cap карда, то ба имрӯз расидааст. Дар тӯли садсолаҳо Наврӯз ва ойину маросими марбут ба он вобаста ба идеологияи давлатҳои ҳукмрон борҳо ба тағйиру дигаргуниҳо мувоҷеҳ гашта бошад ҳам, мардуми тоҷику халқҳои дигари эронитабор аз таҷлили он худдорӣ накарданд. Таърихи таҷлили ин ҷашн низ аз ривояту устураҳои гуногун иборат мебошад. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Наврӯз асосан ба зиндашавии табиату олам вобастагӣ дорад. Дар аҳди Ҳахоманишиҳо, дар натиҷаи пешрафти тараққиёти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми ориёӣ, ки истифодабарии мероси гузаштагон такомул ёфта буд, Наврӯз ба ҳукми анъана даромада, чун иди расмӣ қабул гардид. Дар ин хусус шарқшиноси асри ХIХ Нёлдеке гуфтааст: «Наврӯз бо таърихи хеле қадим, ҳамчун иди бостонии форсҳои қадим пеш аз аҳди Сосониён вуҷуд доштааст. Шоҳони Сосонӣ бошанд, ҳамчун ворисони форсҳои қадим, Наврӯзро дар замони худашон бо обуранги нав, мувофиқи тараққиёти кишварашон, дар айёми баробаршавии шабу рӯз, баъди анҷом дода шудани корҳои деҳқонӣ ҷашн мегирифтаанд». Страбон мегӯяд: «Форсҳои қадим мекӯшиданд, ки тӯйи ақди никоҳ ва дигар маросимашонро дар Наврӯз, ки шабу рӯзҳо баробар мешаванд, гузаронанд». Дар бораи пайдоиши

иди Наврӯз, тарзи ҷашнгирии он фикру ақидаҳои гуногун мавҷуд аст, ки ҷавҳари ҳақиқат доранд. Олими шинохтаи тамаддуни башарӣ Умари Хайём дар асари таърихӣбадеии худ «Наврӯзнома» Наврӯзро ҳамчун падидаи неку муқаддас шуморида, дар хусуси кашфи ҳақиқати асрори Наврӯз, хусусиятҳои он, сабаби ном ниҳодани Наврӯз, ному маънии рӯзу моҳҳои эронӣ, тақвими солшумории эрониёни қадим, дар бораи чӣ тавр ҷашн гирифтани расму ойини пешини ҳукуматдорону шоҳони эрони бостонӣ Каюмарс, Хушанг, Таҳмурас, Ҷамшед маъмулоти муфассал додаст. Муаллифи китоби «Анҷуманоро» Алиакбари Деҳхудо дар бораи оғозшавии ҷашни Наврӯз чунин мегӯяд: «25 рӯз пеш аз омадани Наврӯз дар саҳни қасри Ҷамшед 12 сутунро аз хишти хом месохтанд. Дар яке дони ҷав, дар дигаре дони гандум, дар сутунҳои дигар шолӣ, боқула, арзан, ҷуворӣ, лубиё, нахуд, кунҷид, мошу наск мекориданд. Баъд аз шаш рӯз мечинданду то рӯзи 13-и рӯзи меҳри моҳи Фарвардин сабза мехобонданд». Чӣ тавре, ки муаррихон қайд кардаанд, подшоҳони қадими аҷамӣ аз аввали баҳори ҳар сол, аз оғози бурҷи Ҳамал, шаш рӯз аз рӯзи Наврӯзи омма то Наврӯзи хосса Наврӯзро ҷашн гирифта, корҳои хубу бошарафро ба анҷом мерасониданд. Дар рӯзи аввал шоҳ бо омма суҳбат ороста аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон мешуд, баъзе гузашту инъомҳо мекард. Дар рӯзи дуюм шоҳ бо касони аз омма баландтар, аҳли оташкада, заминдорони калон маҷлис меорост. Рӯзи сеюм шоҳ бо мубадони бузург маҷлис ороста, суҳбат мегузаронид. Рӯзи чорум шоҳ барои

наздикону шахсони хоссаи худ, рӯзи панҷум шоҳ бо аҳли оила, фарзандон маҷлис ороста, ба ҳар яке мақому инъом медод. Аз байни рӯзҳо рӯзи шашуми моҳи Фарвардин, ки Хурдодрӯз ном дошт, минбаъд номи Наврӯзи Бузургро гирифт, аҳамияти хеле калон дошт, зеро ки ин рӯз ба иди шоҳ бахшида шуда буд. Қисме аз муҳаққиқон Наврӯзро оғози барқароршавии ҳокимияту давлат медонанд, ки дертар ба расму оин табдил ёфтааст. Кисравӣ ва Фирдавсӣ чунин ақидаро пешкаш кардаанд: «Аввалин касе, ки подшоҳиро бунёд ва рамзи давлатиро барқарор намуда, Наврӯзро оин гузошт, Ҷамшеди каёнӣ буд. Ӯ дар ин рӯз оламро ба даст дароварда, кишвари бузурги Эронро, замини муқаддаси Бобулро барқарор кард ва тоҷи шоҳӣ ба сар ниҳода, ҳаёти навинро барои одамон асос гузошт». Дуруду сано бод ба Наврӯз, ки миллату таърих, фарҳангу тамаддуни моро поянда нигоҳ дошта, бо ҳама арзишҳояш бегазанд ба мо оварда расонид! Агар Шумо ҳам вобаста ба масъалаҳои гуногун саволе доред, ба мо муроҷиат кунед. Мо бо ҷалби мутахассисон кӯшиш мекунем ба пурсиши Шумо посух диҳем. ТАМОС: 2385109, 988687608, e-mail: javonontj@mail.ru Масъули бахш Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”


13

Ҳашари умумии ҷавонону варзишгарони пойтахт Рӯзҳои 11 – 12 марти соли ҷорӣ бо мақсади корҳои сохтмонию ободонӣ, таъмири биною иншоот, тоза намудани гирду атрофи идораҳо, объектҳои иҷтимоию маишӣ, маҳали зист, кӯчаю хиёбонҳо, ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ, обод намудани гулгаштҳо ва боғҳои истироҳатию фароғатӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар дар шаҳри Душанбе ҳашари умумии тозагиву ободонӣ ва кабудизоркунӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 1785 нафар ҷавон фаъолона иштирок намуданд. Ҳамзамон, вобаста ба корҳои ободонӣ, бунёди гулгаштҳо ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, рӯзи 11март 1000 нафар ҷавонони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба ҳашари умумӣ ва кабудизоркунии маҳаллаву гулгаштҳо баромаданд.

Модар - тоҷи офариниш

Модар бо як даст гавҳора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад (Напалеон). Оре, модар вақте гавҳора меҷунбонад, ояндаи дунё дар даруни гаҳвора аст. Модар вақте суруди “Алла” мехонад, бо садои руҳнавоз ҳамаи орзуву ормонҳояшро ба тифлаш таманно мекунад. Модар вақте ки соҳиби номи мубораки модарӣ мегардад, дигар на барои худ, балки барои фарзандаш зиндагӣ мекунад. Шабу рӯз ва хуру хобро фаромӯш намуда, ба он мекӯшад, ки тифлаш солиму бардам, чаққону далеру паҳлавон ба воя расад ва ояндааш дурахшон шавад. Бинобар ин модар шахси азизу муътабар ва муқаддас аз ҳар як мавҷудоти олам аст. Аз ин рӯ, ҳамаи мо бояд ба қадри ин мавҷуди муқаддас бирасем, сари таъзим назди бузургии ӯ фуруд орем, чунки олимону донишмандон, орифону фозилон, косибону санъатофарон ва бузургону қаҳрамонон - ҳама парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра-қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад. Чӣ хуш ривоятест, ки дар ҳақиқат ҷаҳон аз меҳру муҳаббати модар равшан аст ва модар ҳама сифатҳои болоро дорост. Муҳаммад Ҳиҷозӣ гуфтааст: “Ягона доваре, ки гуноҳи фарзандро мебахшад, модар аст”. Бале, фарзанд хоҳ кори нек мекунад ё ба кори бад даст мезанад, дили модар ба ӯ месӯзад, қалбаш аз рафтори ношоистаи фарзанд ба дард меояд, лекин меҳру шафқати модарӣ пеши рӯйи ӯ ҳувайдо мегардаду гуноҳи фарзандашро мебахшад ва аз яздони пок илтиҷо менамояд, ки

дар дили фарзандаш раҳму шафқатро нисбати инсонҳо ато намояд. Биёед ба қадри модар, ки назди бузургон гиромӣ буд, бирасем ва дар зиндагӣ дастгиру мададгораш бошем. Замоне буд, Саодат НАСРИДДИНОВА, ки Зан-Модар омӯзгори МТМУ №94, зери таъсири ҳар ш.Душанбе гуна хурофот дар хона побанд буду назди ҷомеа қадре надошт. Хушбахтона, имрӯз дар ҷомеаи ободу озод ва соҳибистиқлоли мо занҳо баробари мардон ҳуқуқ доранд ва дар ҳамаи соҳаҳо кор мекунанд. Мо - омӯзгорон дар баробари модар будану ба тарбияи фарзандон машғул будан, ба тарбия ва таълими насли наврас камар бастаем. Дар фазои озоди Истиқлолият фаъолият дорем ва аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорем. Бошад, ки иқдоми суботкоронаи ин родмарди миллат солҳои зиёде Ватани моро сарсабзу хуррам гардонад ва мо - модарон зери сояи боми пур аз хираду заковати ӯ сарафроз бошем. Ҳамду сано ба зан, ба модар - ба сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар!

Ҷавонон, имкониятҳоро истифода баред! Дар давоми умри хеш инсон ба фурсат, шароит ва имкониятҳои зиёде рӯ ба рӯ мешавад. Бисёр вақт ин имкониятҳоро ё рӯякӣ истифода мебарад ё дар истифодаашон оҷиз мемонад ва ё дар ғафлат монда тамоман истифода набурда аз даст медиҳад. Мо дар рӯзгорамон ба ду навъи охир (дуруст истифода набурдан ва тамоман истифода набурдан) бештар гирифторем. Ин аз он ҷиҳат аст, ки дар зиндагӣ ва барои ояндаи хеш ҳадафи муайян ва мушаххасе надорем. Ҳамин беҳадафӣ моро аз пешрафту камол маҳрум кардааст. Баракс агар мо доим ҳадафе муайян дошта бошем, агарчи имконияту фурсати татбиқи онро надошта бошем ҳам, дар давоми умр ҳатман лаҳзаҳое мешаванд, ки мо бо фурсат рӯ ба рӯ меоем. Ана дар ҳамон лаҳзаҳои бо фурсат рӯ ба рӯ омадан метавонем ҳадафҳо ва нақшаҳоямонро татбиқ созем.

Инро барои чи мегӯям? Барои он ки имсол бо пешниҳоди Президенти муҳтарами мо, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “Соли ҷавонон” эълон шудааст. Яъне як соли дароз, як муҳлати тӯлонӣ ҷавонон метавонанд аз фурсатҳои барояшон ҷудогашта самаранок истифода баранд. Албатта, агар ки ҳадафи мушаххас дошта бошанд ва дарк карда бошанд, ки набояд бемақсад зиндагӣ кард. Худи бемақсад зистан барои инсон бисёр зиёновар аст. Чунки чи кор карданашро надониста, оқибат ба корҳое даст мезанад, ки ношоиставу нанговар аст. Масалан, ҳамин як солеро, ки дар ҷумҳуриамон “Соли ҷавонон” эълон кардаем, агар ҳар як ҷавон пеши худ як ҳадаф гузораду пурра ба омӯзиши як касб ё ҳунар, ҳадди ақал ба омӯзиши як забони хориҷӣ сарф намояд, нуран алонур мешавад. Тасаввур кунед, ки дар интиҳои сол вай чанд зиннае, ки барои аз худ кардани як забон лозим аст, тай мекунад. Агар аз аввали сол, омӯзишро сар кунад, яъне то охири сол ҳадди ақал муоширатро бо он забони хориҷӣ балад хоҳад гашт. Албатта, ба шарте, ки ҷиддӣ ба омӯзиш пардозад. Вале ман бовар надорам, ки кадоме аз ҷавонон дар соле, ки маҳз барои эшон ихтисос

Зевар МУЛЛОҶОНОВА, омӯзгори МТМУ №101, ш.Душанбе шудааст, чунин иқдом гирифта, барои равнақ ёфтани зиндагиву фаъолияти худ нақшаи мушаххасе кашида бошад. Ҳоло моҳи сеюм ҳам аз соли 2017 сипарӣ шуд, моҳҳои дигар ҳам паси ҳам сипарӣ мешаванд, вале ҷавонони мо боз ҳам беҳудагарду фориғбол хоҳанд монд. Чунонки ин ҳолатро мову шумо ҳамарӯза шоҳид мегардем. Манзурам ин аст, ки мутаассифона, ҷавонони мо барои пешрафти худ, барои такмил додани донишу салиқаву ҷаҳонбиниву маҳорати худ хеле кам кӯшиш мекунанд. Ҳол он ки имконияту фурсату шароите, ки барои эшон ҷудо мешавад, хусусан дар “Соли ҷавонон” кам нест!

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №11 (9489), 16.03.2017

ПОЧТАИ “ҶТ”

Нест бод ҳамҷинсгароӣ!

Ё гомосексуализм хатар ба миллат аст! Бо вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, ривоҷу равнақи технологияи муосир дар баробари ба даст овардани манфиат ҳар гуна омилҳои ба суннатҳои миллии мо бегона ва ҳатто хатарзо низ таъсиргузор шудаанд. Яке аз чунин хатарҳо ба ахлоқи ҷомеа гомосексуализм аст, яъне ҳамҷинсгароӣ ё ливотагрӣ. Пӯшида нест, ки аксарияти давлатҳои Ғарб бо мақсади “демократикунонӣ”-и кишварҳои дигар манотиқи сайёра маблағҳои ҳангуфтро сарф карда, сари чандин лоиҳа-барномаҳои махсус кор мекунанд. Аммо дар асл ин барномаҳо ба хотири коста гардондани ахлоқу маърифати чунин кишварҳо нигаронида шудааст. Яке аз барномаҳои онҳо шароити мусоид фароҳам овардан ба ҳамҷинсгароён, қонунӣ гардонидани ақди никоҳи онҳо ва ҳимояи онҳо аз фишору таъсиррасонии дигарон мебошад. Барномае, ки зидди ахлоқу фарҳанги миллии мост. Ин ба менталитети мо нафақат бегона, балки фалокатбор аст. Бо амалӣ намудани ин барномаҳо гӯё онҳо ҳуқуқҳои ҳамҷинсгароёнро пеш аз ҳама эътироф, риоя ва ҳифз менамоянд. Ба ақидаи баъзе давлатҳои Ғарб инсон дар дунё чи тавре, ки худ мехоҳад, бояд зиндагӣ кунад ва талаботи худро чунонки барояш қуллай аст, қонеъ гардонад. Аммо дар асл зери ин коса нимкосае ҳаст. ИМА ҳам ин зуҳуроти барои ҷамъият хавфнокро эътироф намуд. Инак, тайи чанд соли охир дар аксар кишварҳои Ғарб ҳамҷинсгароён низ оила барпо карда, аз тамоми ҳуқуқҳо бархурдоранд. Дар ҳоле ки ҳама динҳои ҷаҳонӣ ва махсусан дини мубини Ислом онро шадидан маҳкум намудааст. Вақтҳои охир тариқи воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва сомонаҳои гуногуни иҷтимоӣ равоншиносони ба қавле «баландихтисос» маводу маълумот паҳн карда кӯшиш доранд, то ба инсоният исбот созанд, ки “гомосексуализм” низ “падида”-и муқаррарист. Гӯё “ҳамҷинсгароён ҳамин гуна таваллуд шуда бошанду барои рафъи ин мушкилӣ дар ҷомеа коре карда намешавад”. Аммо хушбахтона, ин ақидаи носолим тарафдорони зиёд надорад. Аслан, тиб гомосексуализмро ҳамчун беморӣ ва ҳамҷинсгароёнро бемор эътироф мекунад. Ҳамҷинсгароӣ ба чандин навъҳои дигар низ ҷудо мешавад, ки инҳо бо хусусиятҳо ва аломатҳояшон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Нишонаи умумии ин беморӣ як аст: майлу рағбат ба ҳамҷинси худ. Ба ғайр аз гомосексуализм хатарҳои дигар, чун бисексуализм ва транссексуализм дар дунё доман паҳн кардаанд, ки онҳо низ хусусиятҳои худро дошта, ба насли инсонӣ зараровар мебошанд. Дар ҳоле, ки тарзи бурдани ҳаёти солим ва қонеъ намудани талаботи шаҳвонӣ бояд бо ҷинси муқобили худ (мард бо зан) бошад, ки онро гетеросексуалност меноманд. Ба ақидаи равоншинос Людмила Гридковец гомосексуализм потологияе мебошад, ки табобат мешавад. “Моро фиреб медиҳанд, вақте исбот карданӣ мешаванд, ки гомосексуализм мавҷудоти муқаррарӣ аст. Агар мо доираи иттилоотиямонро васеъ кунем, дарҳол пай хоҳем бурд, ки назарияи баъзе “олимон” дурӯғи маҳз мебошад”,– мегӯяд вай. Сабабҳои ҳамҷинсгароии мардонаву занонаро Л. Гридковец дар муҳити оилавӣ, ҷарроҳатҳои вазнини равонӣ бардоштани шахс, тарғибу ташвиқот тариқи воситаҳои ахбори омма ва аз даст додани арзишҳои руҳонӣ мебинад. Ин равоншинос қисса мекунад, ки дар таҷрибаи кориаш одамони ба ин беморӣ гирифторбударо дидааст, ки аслан аз депрессия ва галютсинатсия азият мекашиданд ё аз машруботи спиртӣ ва дигар маводи мадҳушкунанда вобастагӣ доштанд. Онҳо воқеан хоҳиши сиҳат шуданро дошта, пайваста табобат мегирифтанд ва аз ин дард комилан шифо ёфтанд. Акнун саволе ба миён меояд, ки агар ин зуҳурот беморӣ бошад, пас чаро сафи чунин беморон зиёд шуда истодааст? Ё барои чӣ давлатҳои Ғарб ин нафаронро табобат неву барои зиёд шудани шумораашон дастгирӣ мекунанд? Хубтар нест, ки ба ҷои қонунӣ кардани муносибати маҳрамонаи ҳамҷинсгароён онҳоро ба табобат фаро мегирифтанд? Аммо ... азбаски мақсадашон дигар аст, барои табобаташ ҳеҷ гоҳ кӯмак намекунанд. Яке аз ҳадафҳои асосии маблағгузорони ин гуна гуруҳҳо кам кардани аҳолии кураи замин аст. Бо зи-

ёдшавии чунин афрод, албатта, афзоиши насли одам кам гашта, оҳиста-оҳиста таваллуди инсон аз байн меравад. Бо ҳамин мақсадҳо аксар кишварҳои Ғарб аз тамоми роҳу усул: барномаҳои равонӣ, доруҳои махсус, маводҳои таблиғотӣ истифода бурда, паси пардаи демократия ва гуманизм чунин барномаҳои палидонаи худро дар ҳар гӯшаву канори дунё амалӣ менамоянд. Имрӯзҳо шумораи ашхоси мубталои ҳамҷинсгароӣ дар Амрикову Аврупо аллакай ба садҳо ҳазор расидааст. Бо ин вуҷуд ин кишварҳои “мутамаддин” дар ҷомеаи ҷаҳонӣ худро ончунон ба намоиш мегузоранд, ки гӯё дар кишварҳояшон одам аз тамоми ҳуқуқҳои инсонӣ озодона истифода мебарад. Магар байни ду мард ё ду зан оилаву ҳаёти солим вуҷуд дошта метавонад? Тоҷикистон низ аз чунин хатарҳо эмин нест. Чунки шаҳрвандони мо ҳам аз ҳама намуди дастовардҳои асри навин бархурдоранд ва тарғиботи гурӯҳҳои манфиатдор зиёд ба мушоҳида мерасад. Бадбахтона, омилҳои берунӣ, аз қабили маълумоти «равоншиносон»-и ғарбӣ, маводу видеороликҳои тарғибкунандаи фасоди ахлоқӣ, интернет ва монанди инҳо барои зиёдшавии чунин афрод дар ҷомеаи мо низ таъсири худро аллакай расонидааст. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ шумораи ҳамҷинсгароёне, ки саҳифа кушодаанд, хело зиёд шудааст. Бо мусоидати донишҷӯён, намояндагони соҳаи тиб нақшаи махсус тарҳрезӣ карда, бо чанде аз ҳамҷинсгароён тамос гирифта, тариқи интернет ва телефон суҳбат намудем. Ҳар яки онҳо аз ҳамдигар фарқ доштанд. Умумияти ягонаи онҳо дар он буд, ки ягон нафарашон ба зан рағбат надошт. Баъзеашон аз зиндагии вазнину мураккаби худ шикоят карданд, ки ягон кас онҳоро фаҳмидан намехоҳад. Боиси таассуф аст, ки аз миёни ҳамсуҳбатонамон ягон нафараш нагуфт, ки мехоҳад табобат кунад, ё аз ин роҳ баргардад, ё шояд беморӣ будани онро намедонистанд. Аммо дар байн буданд касоне, ки бо матраҳ кардани масъалаи нангу номуси мардӣ худро беҳад бадбахт ҳис карда, аз ноилоҷии худ ҳарф заданд. Дар миён чандин гапҳои дигар ҳам буд, ки бо риояи этика аз навиштани он худорӣ мекунем. Маврид ба зикр аст, ки Худованд дар Қуръон низ ҳамҷинсгароиро гуноҳи азим дониста, барои он азоби дарднок муқаррар намудааст. Меъёрҳои ҷомеаи шарқиёна ва тоҷикона низ пурра мухолифи ин зуҳуроти номатлуб буда, он мавриди муҳокима ва танқиду ҷазо қарор дода мешавад. Мувофиқи моддаи 139 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бачабозӣ, ҷимои зан бо зан (лесбиянство) ё дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонидошта, тибқи моддаи 140 КҶ ҶТ бошад маҷбур намудани шахс ба чунин кирдорҳо ҷиноят эътироф гардида, бо таҳдиди татбиқи ҷазои ҷиноятӣ манъ карда шудаанд. Вале чунин кирдор дар сурате ҷиноят ҳисобида мешавад, ки агар бо истифодаи зӯроварӣ, маҷбурӣ, иръоб, таҳдид, заифӣ, ё дигар вобастагии ҷабрдида содир шуда бошанд. Яъне, дар ҳолатҳои ихтиёрӣ ва розигии тарафҳо ҷиноят будани ин кирдор истисно мегардад. Аз ин лиҳоз, пешниҳод доштам, ки даст задан ба чунин кирдорҳо, новобаста аз розигии тарафҳо ҷиноят эътироф карда шуда, шахсони ба ин амали нангин дастзананда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Чунки ин хатар ба генофонди миллӣ, фарҳангу оин, одобу ахлоқ ва менталитети мост. Бо мубориза бурдан бар зидди гомосексуализм ҳуқуқи инсонии касе маҳдуд ва ё поймол намешавад. Баръакс, ин иқдом аз чанд ҷиҳат манфиатбахш буда метавонад. Марди тоҷик ҳамеша бо нанг ва шарафу номуси худ ифтихор дошт ва ифтихор дорад. Барои ҳифзу ҳимояи давлату миллат, фарҳангу анъана, суннатҳои неки аҷдодон ва муқаддасоти миллӣ падарону бобоёни мо мардонавор мубориза бурда, ҷоннисориҳо карданд ва мардонавор ҷон додаанд. Вақте ки гузаштагони мо чунин бошанд, пас, дар ҷомеаи мо реша давонидани чунин мавҷудоти расво ва фасод шармандагӣ нест? Мақомоти дахлдор, аз қабили ҳифзи ҳуқуқ, тартибот ва тандурустии кишварро зарур аст, ки барои ҳалли ин масъала ҷиддан тадбир андешанд. Манучеҳр ҲАМИДОВ, ҳуқуқшинос


14

√ КИТОБИ НАВ “Амри Тақдир”-и Табарзода Муҳаммадӣ ба табъ расид

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №11 (9489), 16.03.2017

Маҷмуа дар КВД “Комбинати полиграфии ш. Душанбе” нашр шуд. “Амри тақдир” китоби чаҳоруми Табарзода Муҳаммадӣ буда, дар он қиссаҳо аз рӯзгори мо таҳти унвонҳои “Ошиёни орзуҳо”, “Хазон дар баҳорон” ва “Сукути бахт” муратаб гаштааст. Қаблан чакидаҳои назми адиб бо номҳои “Тӯшаи роҳ”, “Ману шабҳои моҳтобӣ” ва “Пандреза” ба табъ расидааст, ки аз ҷониби хонандагон хуб пазируфта шудаанд. Мутолиаи қиссаҳои маҷмӯаи “Амри тақдир”, бешубҳа ба хонандаи хушзавқ як кайфияти тоза бахшида, ӯро ба ҷаҳони ботини муаллиф ва қаҳрамонони асар ошно месозад.

КИТОБХОНАИ “ҶТ”

√ КӢ

√ НАЗМ ҲИҶОБИ БОРОН Рақсад ба роҳравҳо Гесӯ танида борон. Худро шинос карда Дида ба дида борон. НУРУЛЛОҲИ ОРИФ НАВРӮЗ ШУД

Аз завқи печутобаш Кардам ба бар ҳичобаш. Вақти шумурданаш ҳайф, Гум гашт сарҳисобаш.

Наврӯз шуд, парасту Омад ба лонааш боз. Булбул ба гӯши гул кард Абёти ишқ оғоз.

Рақсем гоҳ якҷо Дар гирд-гирди гулҳо. Тундар ғазал чу Маҷнун Хонад ба гӯши Лайло.

Дар боғу дашту ёла Дил ғарқи ханда лола. Зинҳор ҷои модар Натвон гирифт хола.

Кокулпареш, борон, Дил реш-реш, борон. Рақсида по ниҳад,по, Ҳар дам ба пеш борон.

Наврӯз шуд, парасту Омад ба лонааш боз. Булбул ба гӯши гул кард Абёти ишқ оғоз. Наврӯз агар намебуд, Гул ёри ман намегашт. Месохтам чу Маҷнун Ман ошёна дар дашт. Наврӯз шуд, парасту Омад ба лонааш боз. Булбул ба гӯши гул кард Абёти ишқ оғоз НАВРӮЗ МУБОРАК! Наврӯз муборак, Наврӯз муборак. Сар дар бағали дӯст Ҳар рӯз муборак, Ҳар рӯз муборак. Дар кӯчаву дар боғ Борони маҳин аст. Ин қиссасаро кист, Кокул ба замин аст. Наврӯз муборак, Наврӯз муборак. Сар дар бағали дӯст Ҳар рӯз муборак, Ҳар рӯз муборак.

МУШТИ БОРОН Бесарҳисоб резад Дар дашту пушта борон. Кӯбад дари диламро Гоҳе думушта борон. Валлаҳ,ки дӯст дорам Думушта куфтанашро. Ҳар лаҳза мепазирам Афсона гуфтанашро. Мисли қатора тобад Дар марзи дида борон. Дар рӯи об гардад По чида,чида борон. Дар кунҷи дил надорад Аз кас ҳарос борон. Истад,агар,ки худ хост, Беилтимос борон. СУМАНАК Аз нами борон суманак, Ашк ба мижгон суманак. Пухта шавӣ, қанд шавӣ, Дар таги дандон суманак. Эй суманак, ҷон суманак, Дар тафи чагдон суманак. Гардад агар соз пазӣ, Хӯрданат осон суманак.

Поянда бувад ишқ, То ҳаст тарона. Мон пой ниҳад, пой Гул хона ба хона.

Духтаракон, каф бизанед, Ҳам суманак, ҳам шакароб. Шишта ба ҳам бо дили шод Хӯрданашон ҳаст савоб.

Наврӯз муборак, Наврӯз муборак. Сар дар бағали дӯст Ҳар рӯз муборак, Ҳар рӯз муборак.

Соли нав ояд ба Ватан, Пиру ҷавон саф ба сафанд. Пиру ҷавон рақскунон, Гӯш ба карною дафанд.

Нуриддини АМРИДДИН ДАР БОҒИ ДИЛ БАҲОР АСТ

Дар боғи дил баҳор аст, ай дӯстон, биёед, Гул чашми интизор аст, ай дӯстон, биёед. Дар тарфи боғу бустон фасли тараб расида, Базми хуши ҳазор аст, ай дӯстон, биёед. Наврӯз гул нишонад бар кӯҳу дашту саҳро, Гул бар ҷаҳон нисор аст, ай дӯстон, биёед. Хушрӯст чун арӯсак дар ёла лоласурхак Ҳамранги рӯи ёр аст, ай дӯстон, биёед. Бар рӯйи майса шабнам дурру гуҳар намояд, Хуршед зарнисор аст, ай дӯстон, биёед. Ҳар ғунчаи шукуфта атри хумор дорад, Ҳар бутта мушкбор аст, ай дӯстон, биёед. Дар ҷисми зиндагонӣ ҷони дигар дамида, Пурфайз рӯзгор аст, ай дӯстон, биёед. МУЖДАИ АЙЁМИ ФАРВАРДИН Ай хушо, фасли зимистон рафт, рафт, Бо ҳавои барфу борон рафт, рафт. Чанд муддат пеши чашми мо буд он, Монд аз худ файзу эҳсон, рафт рафт. Муждаи айёми фарвардин расид, Накҳате аз боди атрогин расид. Гуларӯси навбаҳори нозанин Хушгилу хушрӯю меҳроин расид. Лаб кушуда ғунчаи армони мо, Дар бари дашту даман, бустони мо. Омада Наврӯз бо ҳусни дигар Бар канори дидаи пазмони мо. Бахти бас фирӯзи мо фархунда бод, Пурфараҳ ҳар рӯзи мо фархунда бод. Дар канори зиндагии ҷовидон Гулбасар Наврӯзи мо фархунда бод. Мирзоюсуф ШАРИФЗОДА ҚАСИДАИ ҶАВОНӢ Ҷавонӣ – «Ҷ»-и он бошад ҷасорат, Ҷавонӣ – «А»-и он бошад асолат. Ҷавонӣ – «В»-и он варзишу вусъат, Ҷавонӣ – «О»-и он одобу нузҳат. Ҷавонӣ - «Н»-и он нанг асту номус, Ҷавонӣ - «И»-и он икрому иззат!

НАВӮЗӢ ХУШПАЙ

Ҳар он кас, ки ба ин маънӣ амал кард, Ба нафъи зиндагӣ ҷаҳду ҷадал кард. Ҳама ҳастии худро бемуҳобо, Ба дурру ганҷу бар тилло бадал кард. Ҷавониро ғанимат баршумурда, Раҳи амни ҳаёташ бехалал кард.

Наврӯзи хушпайро бубин, гул дар бағал дар боми ман. Ангушти даъват мезанад пушти дари илҳоми ман. Эй барги гул, омад ба сар бо офтоб айёми ту, Гулбезу гулрез омада, айёми ман, айёми ман. Дил мезанад бар сина сар, мастонатар, девонатар, Мехоҳад ӯ, гардад бадар аз ихтиёр ороми ман. Фасли тараб меҳмони мо, мутриб дуторат гиру о, Ширин бихон, ширин шавад ҳар қатра май дар коми ман.

Ҷавонӣ меравад ҳар лаҳза аз мо, Зи рухсораш сафо бояд бимонад, Нишон аз вай ба ҳар як фарди комил Басо меҳру вафо бояд бимонад. Намонад ҳеҷ кас ҷовид, аммо, «Ҷавонмардии мо бояд бимонад»*. ____________ *Мисра аз Лоиқ Шералӣ

Низомиддин ДАВЛАТЗОДА

ЧӢ МЕХОНАД?

Ҳикматулло Хоҷаев, сиёсатшинос

“25 қадам дар паҳнои олам” Муаллиф: Сӯҳроб Шарипов, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ “Китоби мазкур кӯшишест бар бозгӯии нақши Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарҳрезӣ ва татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистони мустақил, гузарест аз пайроҳаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар паҳнои бузурги сиёсати чаҳонӣ, мурурест бар фаъолияти 25-солаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва умуман равобити байналмилалии Тоҷикистон. Бахшҳои алоҳидаи китоб баёнгари муносибот ва ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои гуногуни ҷаҳон буда, ҳар боби он инъикосгари дастовардҳои сиёсати хориҷии кишварамон дар партави ҳамкориҳои самарабахш бо кишварҳои дуру наздик аст. Китоб соли 2016 аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии мамлакат ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нашр шуда, ба таваҷҷуҳи алоқамандони олами сиёсат ва доираи васеи хонандагон тақдим мегардад”

√ СЕРФУРӮШТАРИН

КИТОБИ ТОҶИКИСТОН

Дар мағозаи “Олами китоб”, воқеъ дар хиёбони Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе китоби “Чор қулла” (тарҷумаи чор драммаи классики ҷаҳон) серхаридор аст.

Адабиёти ҷаҳон силсилакӯҳи муҳташами бе оғозу бе анҷомеро мемонад, ки қуллаҳои бешумораш ба баландиву пурганҷӣ асрҳост кӯҳнавардону ганҷвардони маънавиро ҷалбу мафтуни хеш медоранд. Сафокл, Шекспир, Готси ва Брехт, бешак, чунин қуллаҳоянд. Китоб аз тариқи нашриёти “Адиб” соли 2012, дар ҳаҷми 432 саҳифа бо теъдоди 1000 нусха ба чоп расидааст. Онро Низом Қосим аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст .

√ ОНҲО ХОМӮШИРО АВЛО ДОНИСТАНД Бартлбиҳои адабиёти ҷаҳон Ҳерман Мелвилле (1819 - 1891) “ПАДАР”-И БАРТЛБИҲО Вақте нависанда Ҳерман Мелвилле асараш “Бартлбии муншӣ”-ро таълиф намуд, асосгузор ё “падар”-и “Синдроми Бартлбӣ” шинохта шуд. Ӯ як шахси пайваста безобита, аҷиб ва мудом ғамгину руҳафтода будааст. Баъд аз он, ки ҳикояҳои аз саёҳати баҳру уқёнус навиштааш баҳои баланд гирифт, нависанда ба эҷоди романи наваш бо номи “Марди ва саёҳат ба он” (Mardi and a Voyage Thither) шуруъ кард. Аз он сабаб, ки ин роман мураккаб ва барои хонанда душворфаҳм буд, гӯё аз оғози нобарории нависанда паём медод. Сипас, романи дигари Ҳ. Мелвилле – “Моби Дик” ба нашр расид. Хонанда ҳарчанд дар “Моби Дик” дурахшеро дар эҷодиёти нависанда пай бурда бошад ҳам, вале худи ӯ, ки ҳоло 34 сол дошт, ба нокомиаш тан дода буд. Солҳои охири умраш дар Ню-Йорк дар як бюро ба иҷрои корҳои дилгиркунанда машғул буд. Соли 1891 бошад ҳамчун як нависандаи аз ёдҳо рафта зиндагиро падруд гуфт. Эҳтимол меравад, ки Ҳерман Мелвилле бо навиштани асараш “Бартлбии муншӣ” синдроми худашро тамсил кардааст ва дар симои қаҳрамони асар – Бартлби характери худро нишон додааст. Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”


15

Дар Наврӯз Ҷоми “Пойтахт-2017” баргузор мешавад Бо қарори шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе 23 март дар мусобиқаҳои кушоди варзишии гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ, волейбол дар байни бонувон ва теннис дар байни наврасону духтарон барои дарёфти ҷоми «Пойтахт -2017» баргузор мегардад. Барои гузаронидани мусобиқаҳо ва дарёфти ҷоми «Пойтахт — 2017» аз ҳисоби маблағҳое, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ, тариқи эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсуси шаҳрдории Душанбе ворид гаштаанд, 155300 (яксаду панҷоҳу панҷ ҳазору сесад) сомонӣ ҷудо гардидааст.

Мардҳое, ки дер пир мешаванд, бо хирадмандию фарзонагӣ ҳадафи зиндагӣ карданро дарк намуда, ҳар сонияи умрро бо хушию хурсандӣ паси сар менамоянд. Ин тоифа мардон хушбахтӣ ва саодати дунёро дар чаҳор неъмат - забони зикркунанда, қалби шукркунанда, бадани сабркунанда ва ҳамсари донишманду меҳрубон мебинанд. Домани пайваста барфпуши кӯҳи Фурӯшро ҳама медонанд. Манзараҳои дилфиребу диданӣ, чашмаҳои шаффофу яхини ин макон ҳар фардро дилбохтаю мафтун мекунад. Дар талу теппаҳои ҳосилхези наздики ин кӯҳи сарбафалак сокинони деҳаҳои Яхшор, Вағлелу Сафедоб, Сарирег гандум кишт мекунанду зимни дарави он марду зан, ба таъбири худашон, ҳама ба “айлоқ” мераванд. Ин ҷо зиндагӣ лаззати дигар дорад, рӯи ғаму нишони дард нест. Ҳама зинда аст. Аз дур ҳар нафар овози “мандоғ” ё суруди “майда, майда, майдаё...”-и мардони ин мазраро мешунавад. Бо себу анор, анҷиру шафтолу, бодому чормағз, гелосу олу, шилдир-шилдири чашмаҳои машҳури шифобахши Марғобу Ғамоюн, хулас ин макон нусхаи ҷаннатро мемонад. Магар аҷиб нест, ки домани кӯҳ ҷомаи сафеди барф ба бар кардаасту поёни он бо гулу бутта, чукриву торон ва сад ранг манзараҳои ғайриоддӣ оро ёфтааст... Дараи Дашти Ҷум. Аз дур ҳар ҷо-ҳар ҷо, дар тани теппаҳо рустоҳо хурд-хурд ба назар мерасанд. Маконе аз тақартуқури мошинҳо ва

Пири хирад

ғуввоси заводу корхонаҳо озод аст. Бо чаҳ-чаҳи булбулу кабкҳои хиром зиндагӣ бомаром ҷараён дорад. Чун дигар сокинони баландкуҳи кишвари азизамон мардуми ин ҷо низ расму одатҳои худро доранд. Бозор, молу колоро намебинӣ, чунки ҳама чиз маҳсули дасти худи хонадон аст. Ишқу ошиқӣ ин ҷо қиммат дорад. Интихоб арзишро муйян мекунад. Агар ҷавоне ба ҷавони дигар дил бохт, то таслими ҷон сар аз болини ҳамдигар намебардоранду умрбод бо ҳам содиқ мемонанд. Зимистон ҳама аҳли деҳ чун як оила бо ҳам ва дар канори ҳам мемонанд. Барф дар дараи Дашти Ҷум зимистон аз як метр ҳам баланд мешаваду мавсими хӯроки дӯстдоштаи мардум - қурутоб оғоз мегардад. Ҳамарӯза бо навбат дар хонаҳои ҳамдигар қурутоб мехӯранду аз зиндагии хубашон кӯдаквор меболанд... Давоми солҳои 50-уми қарни гузашта, ки муҳоҷиркунонии мардум ба водиҳои навкорам сар шуд, сокинони ин мулкҳои бобаракату зархезро низ ба ноҳияҳои имрӯзаи Фархору Восеъ, Муминободу Ҳамадонӣ кӯчонданд. Гӯё зиндагӣ

√ ТАБРИКОТ

√ ОШХОНАИ Зодрӯз муборак! Духтараки хушсурату хушсират Иродабону 16-уми март зодрӯз дорад. Ӯро ба ин муносибат апааш Басгул таҳният гуфта, ба соҳибҷашн тансиҳативу бахту толеи баланду саодати ҳамешагӣ таманно карда, аз забони шоир мегӯяд:

САФАРБЕК АЛИМАРДОНОВ!

Бо як ҷаҳон орзую умед 58-умин солгарди мавлудатонро муборакбод гуфта, аз яздони пок баҳратон сиҳатӣ, саломатӣ рӯзгори хушу пур аз нишотро таманно дорем. Орзӯи ҳамешагии мо ин аст, ки Худованд умри дарозу саломатии бардавом насибатон кунад ва ҳамеша такягоҳи мо фарзандону наберагон бошед. Эй падар, эй давлати сар, ҷони мо, Ин туӣ бар дарди мо дармони мо. Аз ҷамоли пур зи нурат як ҳаёт, Файз меборад ба дастархони мо. Бо таманнои сарсабзии ҳамешагии Шумо ҳамсаратон Моҳсафар, писаронатон Саидбеку Суҳроб ва аҳли оилаи Алимардоновҳо.

аз сари нав оғоз ёфт. Аммо мардум ҳеҷ аз ватани бобоиашон дил канда наметавонистанд. Ҳамин буд, ки дар давраи табаддулоти сиёсии кишвар, давраи бозсозию азнавсозии солҳои навадум, қисмати калонсоли мардум майли ватани бобоии худ намуда, ба хотири ободонии хоку хокдони гузаштагон боз ба ватан баргаштанд. Мирзоалӣ Мавлонов аз ҷумлаи онҳое буд, ки бобою бобокалонаш дар рустои Яхшор зиндагию фаъолият доштанд. Ӯ барои шод гардонидани арвоҳи гузаштагони худ ва қарзашро дар назди гузаштагон адо намудан, ба ватани бобоияш баргашта, хонаи барҳавои дуошёнаи замонавиеро ба тарзи мардуми Қафқоз сохта, бо обод намудани ин ҷо, орому осуда гашт. Баъди бозгашти дубора бобои Мирзоалиро ҳама ҳамчун як нафаре, ки барои эҳёи ин макон аввалин шуда иқдом кардааст, мешиносанд. Натанҳо дар деҳ, балки дар дараи Дашти Ҷум, ин пири корро, ки ҳоло синни мубораки навадсолагӣ насибаш гаштааст, ҳамагӣ ба уновни як марди ботамкину хирадманд, донишманду солор мешиносанд. Ҳамин аст, ки бо-

Мавлуди накӯи умр бодо табрик, Ин як зи ҳазори умр бодо табрик. Дар авҷу барор бахту толеи ту бод Ин авҷу барори умр бодо табрик.

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №11 (9489), 16.03.2017

РАНГОРАНГИИ “ҶТ” бои Мирзоалӣ дар ҳама ҳамнишиниҳо роҳбари маърака буда, аз ӯ маърифату маданият ва одамгарию қадршиносӣ меомӯзанд. Воқеан ҳаёти ин пири хирад паҳлуҳои зиёди ибратбахш дорад. Бобои Мирзоалӣ тули 90-соли умри хеш бо завҷаи меҳрубонаш Бибиробиямоҳ бисёр пастию баландиҳои ҳаётро дидаанд. Чунонки бобои Мирзоалӣ қисса мекунад, пас аз хатми техникуми хоҷагии қишлоқи шаҳри Қурғонтеппа солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногун ва дар охир ҳамчун бригадири колхоз фаъолият намудааст. Дар тамоми давраи фаъолияти худ дар вазифаи бригадирӣ ба ӯ лозим меомад, ки шабу рӯз ба кори саҳро банд шуда, дар ҳама хурсандӣ ва мусибати мардум ҳамроҳ бошад. Ҳамин рисолат буд, ки ӯ ба мардум наздик ва ҳамрозу ҳамдам гашта буд, ки то ҳол бемаслиҳати он кас кореро анҷом намедиҳанд. Ӯро чун нафаре, ки ба дарди ҳама мерасад, барои ҳама падарвор маслиҳату машварат медиҳад, дар байни мардум иззатманду соҳибэҳтиром мебошад. Хушбахтона, фарзандони бобои Мирзоалӣ, ки худ ҳоло бибию бобо шудаанд, ва дар туғёни пурталотуми зиндагӣ истодаанд, ба қадри хизматҳои беминнати ин пири хирад - бобои Мирзоалӣ мерасанд. Дар ин рӯзҳои баҳорӣ, ҳама фарзандон дар тараддуди таҷлили 90-солагии бобои Мирзоалӣ ва 85-солагии бибии Робиямоҳ ҳастанд. Бобои 90-сола ба фарзандон мудом ин насиҳатро менамуд: “Беҳтарини ҳадяҳо, ки фарзандон ба падару модар тақдим мекунанд, ин аст, ки якҷо сарҷамъ шаванд ва меҳру муҳаббаташонро бо ҳам бубинанд”. Вақте пайвандон аз бобои Мирзоалӣ сабаби инро пурсанд, мегуяд: “Падару модар аз дидори фарзандҳошон болидаруҳ гашта, аз суҳбатҳои онҳо лаззат мебаранд”. Табрикоти мо низ он аст, ки бигузор онҳо ҳамеша соябони 7 нафар фарзанд 40 набера, 37 абера бошанду бо маслиҳатҳои муфид онҳонро ҳамеша ба роҳи рост ҳидоят намоянд! Қутбия ҲОМИДОВА, Хуршеди МАВЛОН, “ҶТ”

“ҶТ”

Суманак – рамзи Наврӯз Суманак яке аз хӯрокҳои қадимаи мардуми тоҷик ба шумор меравад, ки аслан онро дар фасли баҳор, таҷлили Наврӯзи хуҷастапай омода мекунанд. Ин навбат “Ошхонаи “ҶТ” тасмим гирифтааст, ки дар бораи тарзи омода кардани ин хӯроки миллӣ ба хонандагон маълумот диҳад. Маҳсулоти асосӣ: гандум. Барои омода кардани ин хуроки наврӯзӣ нахуст гандумро тоза карда, дар оби хунук мешӯянд. Сипас гандуми тарро дар зарфи сирдор ё алюминии болопӯшдор тақрибан се рӯз нигоҳ медоранд. Баъди неш задани гандум онро бо ғафсии 1-1,5 см ба рӯи тахтаи тоза рехта, дар ҷои соя мегузоранд ва то сабзидан ҳар пагоҳӣ ба рӯи об мепошанд. Баъди сабзидани гандум (тақрибан баъди 3-4 рӯз) майсагандумро қима ё дар ҳован мекӯбан. Аз болои қимаи гандум об рехта, се маротиба бо докаи тоза полонида, шираашро дар зарфи алоҳида нигоҳ медоранд. Равғани пахтаро дар дег доғ ва хунук карда, ба он орд, шираи сабзаи гандум рехта, омехта мекунанд ва дар оташи баланд меҷӯшонанд. Сипас шираи дуюм ва сеюмро рехта, пухтанро давом медиҳанд. Суманакро дар оташи баланд, то 10-12 соат мепазанд ва барои насӯхтани таги он ба дег 15-20 дона чормағз ё дар ҳамон ҳаҷми сангча андохта, бо белчаи чӯбин мунтазам кофта меистанд. Баъди пухтан оташи таги дегро гирифта, суманакро 2-3 соат дам медиҳанд. Тарзи дигари тайёр кардани суманак низ мавҷуд аст: ба хамир ба ҷои об шираи гандум ҳамроҳ карда, дар таги хокистари оташдон ё дар тобасанг мепазанд. Барои 1 кг равғани пахта 0,5 кг гандум, 2 кг орди гандуми баҳорӣ, 15-20 дона чормағз (ё сангча) зарур аст.

Иштиҳои том!


16

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №11 (9489), 16.03.2017

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Модар - нерубахши руҳу ҷон

Андешаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи бузургии Зан - Модар Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

Сеҳри хома МЕҲРОБ АЗИМОВ

Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам...

Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст. Ҳар кадоми шумо, модарону хоҳарони гиромӣ, тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагонамон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳед ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоед. Суруди аввалине, ки ба гӯши фарзанд расида, ӯро хоби роҳат мебахшад, аллаи рӯҳнавози модар аст. Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Яъне бӯи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз зудуда намегардад. Зан – модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор хазина аст... Занону модарони мо хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо сарф месозанд.

РАҲМОН ОЗОДА ЭМОМАЛӢ

Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст. Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад.

√ ОБУНА-2017

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

√ ЭЪЛОН ЭЪТИБОР НАДОРАД Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, таҳти №0108539, ки Кумитаи замини н. Варзоб (рақами қайд 674) ба хоҷагии деҳқонии “Нур” додааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Патенти соҳибкории гумшуда, ки 02.10.2014 Нозироти андози н. Рӯдакӣ ба шаҳрванд Ятимова Маҳбуба Табаровна додааст, беэътибор аст.

Мо – ҷавонону варзишгарони кишвар аз суханронии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар як ҷаҳон таассурот ва маънӣ бардошта, ба кулли модарону бонувони мамлакат ин ҷашни бисёр мубораку фараҳбахшро бори дигар самимона шодбош мегӯем.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 5482 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ, Хуршед ХОВАРӢ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шералӣ ҶАЛОЛОВ (хабарнигор, Суғд).


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.