ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №12 (9542), 21.03.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №12 (9542), 21/03/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Зиёиён равшангарони роҳи миллатанд Ба вуҷуди он ки аввали солҳои навади садаи бист кишварро буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаро гирифта буд, мардуми баъзе минтақаҳо Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Ба сайргоҳҳо, боғҳо, даштҳо, кӯҳҳо баромада шодмонӣ мекарданд. Хурду калон либосҳои зебо бар тан намуда, хушҳолӣ менамуданд. Дар ҳамин солҳои навади садаи бист дар матбуот низ мақолаҳо, шеърҳо, гуфтугӯҳо дар бораи Наврӯз зиёд шуд. Аз навиштаҳо бармеояд, ки орзуҳои деринаи мардум амалӣ шудааст. Касе мамоният ба Наврӯз надорад. Вале бо таассуф дар ҳамин сол баъзе шахсони мазҳабие, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба кишври мо ворид шуданд, бар зидди Наврӯз таблиғҳо намуда, мегуфтанд, ки «Наврӯз исломӣ нест, ид кардани он раво нест». Ин гуфтаи онҳоро баъзеҳо пазируфта, ба ҷашн гирифтани Наврӯз мамоният нишон диҳанд ҳам, зиёиёни кишвар тавассути воситаҳои ахбор, то сухани муҳаббатомези хешро дар бораи Наврӯз мегуфтанд.
2 19 марти соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд. Баъди суханронии Пешвои миллат як қатор иштирокчиёни мулоқот баромад карда, оид ба дастгириҳои амиқи Пешвои миллат аз рушди бахшҳои иҷтимоӣ, ҷонибдории ташаббусҳои аҳли зиёи мамлакат, эълони соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дигар тадбирҳои созандаи Ҳукумати кишвар ибрози назар намуданд. Дар зер матни суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат манзуратон мегардад. Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аҳли зиёи кишвар! Дар остонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ нахуст, кулли мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни бостонӣ табрик мегӯям. Дар Соли нави аҷдодӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон бахту нишот, сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва ба ҳар яки шумо зиёиёни муҳтарам нерӯи тоза ва илҳоми эҷодӣ орзу менамоям. Дар ҷараёни омодагӣ ба ин ҷашни бостонӣ моро зарур аст, ки анъанаҳои деринаи миллиамонро густариш бахшем, мардумро ҳарчи бештар муттаҳид созем ва онҳоро ба ободу зебо гардонидани диёрамон сафарбар намоем. Бовар дорам, ки аҳли зиёи мамлакат, олимону донишмандони ҷомеашиноси мо, аз ҷумла муаррихону мардумшиносон минбаъд ба омӯзиш ва таҳқиқи асолати таърихии ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, аҳли эҷод беҳтарин асарҳои худро ба ин мавзӯъ мебахшанд ва нақши ҷаҳонии онро дар таҳкими сулҳу субот, дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити судманди тамаддунҳо боз ҳам равшану возеҳ месозанд. Дар даврони соҳибистиқлолии давлатамон зиёиёни кишвар ба як нерӯи тавоно табдил ёфта, дар таҳкими маънавиёти ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллиамон иштироки фаъолона доранд. Онҳо бо дарки масъулияти баланди ватандӯстӣ барои ташаккули андеша ва тафаккури пешрафта, тарғиби дастовардҳои истиқлолият, ҳифзи манфиатҳои
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №12 (9542), 21.03.2018
ПАЙКИ НАВРӮЗ 2900 ёдгории таърихиву меъморӣ мавҷуд аст. Вале то ба имрӯз дар 695 ёдгории таърихиву меъморӣ корҳои илмиву бостоншиносӣ ва навсозиву барқарорсозӣ оғоз нагардида, онҳо дар ҳолати ниҳоят хароб қарор доранд. Ҳарчанд ки доир ба баъзеи ин ёдгориҳо дар сарчашмаҳои таърихӣ ишораҳо мавҷуданд, вале дар замони истиқлолият дар ин самт маълумоти иловагӣ кам ҷамъоварӣ шуда, дар баъзе аз ин мавзеъҳо корҳои ҷустуҷӯиву ҳафриётӣ ҳанӯз шурӯъ нашудаанд. То имрӯз мо барои таъмиму барқарорсозии ёдгориҳои зикршуда, аз ҷумла қалъаи Ҳисор даҳҳо миллион сомонӣ сарф кардем. Вале натиҷаи корҳо қаноатбахш нест. Масъулон ба ин масъала муносибати ҷиддӣ намекунанд, чунки завқ надоранд. Дигарҳо дар ҷойи холӣ аз ҳеҷ чиз як чиз месозанд ва ба маърази тамошои мардуми худ ва сайёҳон мегузоранд, миллаташонро муаррифӣ мекунанд ва даромад
Зиёиён равшангарони роҳи миллатанд давлатӣ ва тавсеаву густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа саъю талош карда истодаанд. Дар баробари ин, таъкид месозам, ки мо бояд ҳамкории эҷодиро пеш аз ҳама, дар миёни зиёиёну фарҳангиёни кишвар тақвият бахшем. Моро зарур аст, ки дар шароити кунунӣ таҷрибаи талхи гузаштаи хешро аз мадди назар дур насозем ва нерӯи тавонои илмиву эҷодии аҳли зиёро ба таҳкими ваҳдат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона созем. Вобаста ба ин, зиёиёни кишвар бояд бо мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон мунтазам вохӯриҳо гузаронида, ғояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва арзишҳои фарҳанги миллиро фаъолона тарғиб намоянд. Дар шароити феълӣ, ки бархӯрди тамаддунҳо дар ҷаҳон торафт тезутунд мешавад, омӯхтан ва таҳқиқ кардани мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар мебошад. Дарвоқеъ, таърих ойинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд. Ҳар кадоми мо хуб медонем, ки халқи фарҳангиву тамаддун-
сози тоҷик дар тӯли таърихи худ воқеаҳои зиёдеро пушти сар кардааст, ки онҳо ҳамчун сабақи зиндагӣ имрӯз низ хизмат карда метавонанд. Нақши рӯйдодҳои гузашта дар ҳар як ёдгории таърихӣ, осори қадима, катибаву сангнигораҳо, деворнигораву пештоқҳои қалъаҳои бостонӣ ва дигар сарчашмаҳои таърихиву фарҳангии миллатамон ҳифз шуда, то замони мо расидааст. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз карда, барои эҳё ва барқарор сохтани онҳо саъю кӯшиш намоем ва онҳоро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузорем. Ҳукумати мамлакат бо дарки аҳаммияти ин масъала аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ба нигоҳдории мероси моддиву маънавии халқи тоҷик таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, бо вуҷуди имконоти маҳдуди молиявӣ ба барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ оғоз намуд. Тайи ду даҳсолаи охир як қатор иншооти таърихиву фарҳангӣ ва ёдгориҳои меъморӣ таъмиру тармим гардида, ба макони сайру саёҳати сокинони кишвар ва сайёҳони хориҷӣ табдил дода шуданд. Дар баробари ин, Ҳукумат “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020” - ро қабул намуд, ки дар асоси он барои таъмиру барқарорсозӣ, корҳои бостоншиносӣ ва тарғиби мероси моддиву маънавии халқамон маблағҳои муайян пешбинӣ гардидаанд. Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанг ҳоло дар кишвар зиёда аз
мегиранд. Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ се маротиба мақбараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар шаҳри Панҷакент, оромгоҳҳои Мир Саид Алии Ҳамадониро дар шаҳри Кӯлоб сечор маротиба, Туғрали Аҳрориро дар ноҳияи Айнӣ ва Камоли Хуҷандиро дар шаҳри Хуҷанд таъмиру барқарор намудем. Инчунин, чанде аз мақбараҳои мутафаккирони пешин, аз ҷумла Ҳазрати Султон, Муҳаммад Шақиқи Балхӣ, Ҳазрати Бурхи Валӣ, Муҳаммади Башоро ва биноҳои қадимаро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар обод кардем. Аз Фонди Президенти мамлакат биноҳои асосӣ ва гирду атрофи қалъаҳои Ҳисор, Ҳулбук ва Ҳуҷанд барқарор гардида, ҷиҳати идома додани корҳои илмиву бостоншиносӣ, ба тартиб даровардани деворҳо ва сохтмони манораву кушкҳо маблағҳои иловагӣ равона шуда истодаанд. Барои барқарор кардан ва таъмиру таҷдиди қалъаҳои Муъминобод ва Балҷувони вилояти Хатлон, Муғтеппаи Истаравшан, Санҷаршоҳи Панҷакент ва Вомари Рӯшон дар доираи барнома маблағ ҷудо шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. Бояд гуфт, ки аз ҷониби мутахассисони соҳаи фарҳанг корҳои лоиҳакашии ёдгориҳои таърихӣ низ суст ба роҳ монда шуда, то ба ҳол лоиҳаи мақбараҳои олимону мутафаккирони ислому ирфон Хоҷа Аюби Ансорӣ, Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Мавлоно Фатҳуллоҳи Чустӣ ва Хоҷа Нақшрон омода нашудааст. Лоиҳаи қалъаҳои Кӯлоб, Шаҳритус, Исфара, дайри буд-
доии Аҷинатеппаи Вахш ва сангнигораҳои ноҳияи Айнӣ то ҳол ба анҷом нарасидааст. Ғайр аз ин, ёдгориҳои Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш дар ҳолати ногувор қарор дошта, таъмирталаб мебошанд ва дар даврони истиқлолият кам таҳқиқ шудаанд. Ёдгории Тахти Сангин то ҳол роҳи дуруст надорад ва сайёҳон бо мушкилӣ ба ин мавзеъ мерасанд. Бояд гуфт, ки корҳои муваққатан пӯшонидан ва обод кардани шаҳраки Саразм низ ба таъхир афтода, омӯзишу таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ин мавзеъ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад. Ҳукумат аз соли дуҳазорум ба ёдгории Саразм ҳамчун намунаи барҷастаи осори таърих таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо қарори худ Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон - “Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм” - ро таъсис дод ва барои корҳои ҷустуҷӯиву бостоншиносӣ ва ободу барқарор кардани он ҳамасола маблағ ҷудо мекунад. Дар баробари ин, бо дастури Ҳукумат маводи зарурӣ ҷиҳати пешниҳод кардани Саразм ба рӯйхати мероси таърихии халқи тоҷик ба ЮНЕСКО омода ва ирсол гардида, Саразм ҳамчун намунаи шаҳри қадим аз тарафи ин созмони ҷаҳонӣ эътироф ва моҳи июни соли 2010 ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид гардид. Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки корҳо дар самти ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани дигар ёдгориҳои таърихии кишвар назаррас нестанд. То ба ҳол ёдгориҳои Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Ҳулбук, қалъаҳои Ҳисор, Кӯлоб, Хоҷамашҳад дар ноҳияи Шаҳритус, Панҷакенти қадима, Бунҷекати ноҳияи Шаҳристон ва Ямчун воқеъ дар ноҳияи Ишкошим ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид нашудаанд. Аз шумораи умумии ёдгориҳои таърихие, ки дар мамлакат вуҷуд доранд, мо то имрӯз номгӯйи ками онҳоро ба рӯйхати созмонҳои байналмилалӣ ворид кардаем. Бинобар ин, зарур аст, ки дар ин самт корҳои омӯзишӣ ва ташкилӣ вусъат бахшида шаванд. Ман дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштам, ки ”дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло бардоранд”. >>>8
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №12 (9542), 21.03.2018
АХБОРИ ҲАФТА
3
Тоҷикистон ҳамсояҳои худро беоб намемонад 14 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷиҳати иштирок дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Остона - пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Остона намояндагони воломақоми ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри “ОқОрда” сурат гирифт. Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом Сарвари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони истиқболи расмӣ бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта, горд ва оркестри фахрӣ саф кашида буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев самимона пешвоз гирифт.
Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайрамақдам гуфта, барои саҳми муносиб гузоштан дар рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар вазъияти тантанавӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ордени давлатии “Парасат” (Фаросат)-ро тақдим намуданд. Баргузории мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказиро дар шаҳри Остона шакли нави ҳамкориҳои минтақавӣ номида, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки ҳамаи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва бо итминон иброз дошт, ки ҷониби Қазоқистон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба оғози татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Тоҷикистон фаъолона иштирок менамояд. Пас аз анҷоми мулоқоту музоки-
роти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сурат гирифт. Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба “Маркази Назарбоев” ташриф оварданд. Сарони давлатҳоро дар даромадгоҳи бино роҳбарияти ин маркази калони илмию маърифатӣ самимона истиқбол гирифтанд. Иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмаа ҳамчун маркази муосири илмӣ, маърифатию фарҳангӣ соли 2014 таъсис ёфта, ҳадаф аз бунёди он омӯзиши нақш ва мақоми аввалин Президенти Қазоқистон дар таърихи миллӣ ва ҷаҳонӣ, саҳми он дар муаррифии тарҳи роҳбарӣ баҳри бунёди давлатдории навин, ҳифз ва ба насли оянда мерос мондани анъанаву муқаддасот мебошад. Баъди тамошои “Маркази Назарбоев” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву ниятҳои нек баҳри шукуфоии кишвари дӯст ва
саодату пешрафти халқи дӯсти қазоқ, соядаст гузоштанд. Рӯзи дигар дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаев мулоқот карда, маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд. Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ ҷонибҳо раванди рушди бонизоми муносибатҳои шарикию стратегии кишварҳоро, ки ба манфиати мардумони Тоҷикистону Қазоқистон равона гардидааст, махсус қайд намуданд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати муносибатҳои шарикӣ давоми 25 - соли истиқрори муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноат намуда, 12 санади нави зимни сафари расмӣ баимзорасидаро қадами устувор дар самти татбиқу густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ва баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи робитаҳои дуҷониба, маънидод карданд. Ҳамчунин дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Барои ширкат дар ин ҳамоиш Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва раиси Парлумони Туркманистон Оқҷа Нурбердиева дар шаҳри Остона ҷамъ омаданд. Меҳмононро Сарвари кишвари мизбон Нурсултон Назарбоев истиқбол гирифт. Дар толори Қасри “Оқ Орда” дар ҳошияи кори ҳамоиш маросими аксбардории сарони давлатҳо баргузор шуд. Дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ миёни онҳо табодули озод ва судманди афкор оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории минтақавӣ дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт. Таъкид гардид, ки Осиёи Марказӣ - ин минтақаи дорои захираҳои васеи табиӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва нерӯи зиёди инсонӣ мебошад ва изҳори умед карда шуд, ки ин имкониятҳо бояд ба
манфиати халқҳои тамоми минтақа самаранок ва оқилона истифода карда шаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи тамоми имкониятҳо баҳри таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт изҳори омодагӣ карданд. Зикр гардид, ки яке аз бахшҳои муҳими ҳамкории минтақавӣ истифодаи дуруст ва самараноки захираҳои обию энергетикӣ бо дарназардошти манфиати ҳамаи тарафҳо мебошад. Ин яке аз омилҳои асосии пешрафт ва рушди устувори минтақа хоҳад буд. Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: “Ман чандин маротиба аз минбарҳои баланд, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, инчунин дар Паёмҳои худ ба Парлумони мамлакат зикр намуда будам, ки Тоҷикистон барои кишварҳои ҳамсояи худ дар масъалаи об ҳеҷ гоҳ мушкил эҷод накарда буд ва нахоҳад кард”. Дар бораи натиҷаҳои Мулоқоти кории Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ орост.
Туҳфаи наврӯзӣ ба ҷавонон 19-уми марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангӣ – фароғатии "Ҷавонон"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ – фароғатии "Ҷавонон" шумораи зиёди соҳибкорони пойтахт, фаъолон ва аҳли зиёи кишвар иштирок карданд. Баъди ифтитоҳи маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомдодашудаи сохтмонӣ шинос шуданд. Корҳои ободонӣ ва таъмиру барқарорсозии боғи мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо заҳмати якҷояи мутахассисону бинокорони пойтахт дар сатҳи хеле баланд анҷом ёфтааст. Президенти мамлакат зимни шиносоӣ ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон, муаллифони тарҳи нав ва ҳамаи мутахассисону бинокороне, ки барои ободии ин гӯшаи пойтахтамон заҳмат кашида, онро ба як фароғатгоҳи воқеан зебову замонавӣ табдил додаанд, баҳои баланд дода, аз номи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос карданд. Ин иқдоми ватандӯстона нишонаи эҳтиром ва самимияти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври шоиста қадр кардани кулли ҷавонони кишвар амалӣ гардид. Дар доираи корҳои таҷдид дар боғ бинову иншооти зиёд, аз ҷумла бинои маъмурӣ, "Картодром", қаҳвахонаҳои "Азия", "Австралия", обанборҳо ва айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра таъмир гардидааст. Боғи фарҳангию фароғатии "Ҷавонон" аз ду даромадгоҳ, аз ҷумла асосӣ ва ҷанубӣ иборат аст. Ороиши даромадгоҳи боғ бо сутунпояҳои бошукӯҳу ороиши гулҳои мавсимӣ бунёд шудааст, ки таваҷҷуҳи ҳар як бинандаро ҷалб месозад. Ба хотири ташкилу ба роҳ мондани фароғати хуби ҷавонон дар баробари қаҳвахонаҳои бошукӯҳи хос, майдончаи футболи хурд, баскетбол, волейбол ва дар гӯшаи дигари боғ барои машқу тамрини сокинон, аз ҷумла ҷавонон ва наврасони пойтахт шароит муҳаё карда шудааст. Иншооти мазкур дар масоҳати 130 ҳазору 170 метри мураббаъ сохта шуда, дорои 116 нишастгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла утоқҳои кории кормандон, маҷлисгоҳ ва сайру саёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахт мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо шароити фароғату дилхушии кӯдакони хуштолеи замони истиқлол дар боғ шинос шуданд. Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонии майдонча, ки дар масоҳати 553 метри мураббаъ бунёд гардидааст, баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида ва ҷалби кӯдакону наврасон ба бозиҳои гуногун дастур доданд. Боғ аз лиҳози бехатарӣ ҳам ба талабот ҷавобгӯ буда, дар гӯшаву канори он камераҳои назоратӣ насб карда шудааст. Дар ҳудуди боғ ҳамчунин 13 дастгоҳи радиошунавонӣ насб шудааст. Акнун Боғи фарҳангию фароғатии "Ҷавонон" ба як мавзеи дилнишини сайру саёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахти азизамон табдил ёфт.
4
АХБОРИ ҲАФТА Муаррифгарони фарҳангу эҳёгарони ҳунар Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» 17 марти соли ҷорӣ чорабинии фарҳангӣфароғатии «Ҷавонон – муаррифгари фарҳанги миллӣ ва эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид. Дар он баргузории аксияҳо, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ташкили гӯшаҳои сайёҳӣ, озмуни расмкашӣ, намоиши фарҳанги миллӣ, пухтани таомҳои миллӣ, намоиши бозиҳои миллии варзишӣ, ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ, ярмаркаи фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ ва чорабинии сатҳи баланди фарҳангӣ доир гашт. Дар қисмати аввали чорабинӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Ҳабибулло Амирбекзода, муоивини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳо аз намоишгоҳи маҳсули дастии ҷавонони кишвар дидан намуданд. Чорабинӣ ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” бахшида шуда, инчунин, варзишгарону ҷавонони шаҳри Душанбе бозиҳои миллии варзиширо пешкаши ҳозирин гардонданд. Қисмати дуюми чорабинӣ бо суханронии Аҳтам Абдуллозода оиди Наврӯзи байналмилалӣ ва саҳми ҷавонон дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардида, бо барномаи консертии аҳли ҳунар ба анҷом расид. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №12 (9542), 21.03.2018
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №12 (9542), 21.03.2018 Мардуми ориёитабор Наврӯзро дар тӯли чандин ҳазор сол аз гузаштаҳо ба мерос гирифта, то рӯзгори мо оварданд. Агарчӣ мардум онро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он камтаваҷҷуҳӣ ё бетаваҷҷуҳи сурат мегирифт. Хушбахтона пас аз Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзе, ки таҷлили он заиф гардида буд, тадриҷан ба таври пурра, дар кишварамон ҷашни давлатӣ ва мардумӣ гардид. Ҳоло дар тамоми ноҳияҳо наврӯзгоҳҳо сохта шуд. Акнун Наврӯзро дар мактабҳо, донишгоҳҳо, муассисаҳо, деҳаҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо бо шаъну шукуҳ ҷашн мегиранд. Дар ҳама ҷо худи давлату ҳукумат ташаббускори он аст. Ба вуҷуди он ки аввали солҳои навади садаи бист кишварро буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаро гирифта буд, мардуми баъзе минтақаҳо Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Ба сайргоҳҳо, боғҳо, даштҳо, кӯҳҳо баромада шодмонӣ мекарданд. Хурду калон либосҳои зебо бар тан намуда, хушҳолӣ менамуданд. Дар ҳамин солҳои навади садаи бист дар матбуот низ мақолаҳо, шеърҳо, гуфтугӯҳо дар бораи Наврӯз зиёд шуд. Аз навиштаҳо бармеояд, ки орзуҳои деринаи мардум амалӣ шудааст. Касе мамоният ба Наврӯз надорад. Вале бо таассуф дар ҳамин сол баъзе шахсони мазҳабие, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба кишври мо ворид шуданд, бар зидди Наврӯз таблиғҳо намуда, мегуфтанд, ки «Наврӯз исломӣ нест, ид кардани он раво нест». Ин гуфтаи онҳоро баъзеҳо пазируфта, ба ҷашн гирифтани Наврӯз мамоният нишон диҳанд ҳам, зиёиёни кишвар тавассути воситаҳои ахбор, то сухани муҳаббатомези хешро дар бораи Наврӯз мегуфтанд. Солҳои 1992 ва 1993 вазъият дар кишвар бад буд. Пас аз иҷлосияи шонздаҳумини Шӯрои олӣ умед ба ояндаи орому сулҳовар ва пешрафти тоҷикон ва Тоҷикистон пайдо шуд. Ҳамин умед буд, ки соли 1993, зиндагӣ ранги дигар гирифт. Худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳр мардуми ҷабрдидаро аз тариқи воситаҳои ахбор бо Наврӯз табрик намуда гуфтанд: «Имрӯз ба сарзамини зиндагисози баҳори нозанин – Наврӯзи дилнишин фаро расидааст. Ин рӯзи саид ба ҳамаи мову шумо муборак бошад. Ба диёри куҳансоли мо, ба кӯҳу водиҳои мо нафаси тозае омадааст. Худо кунад, ки ин нафаси ободӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ ва бахту саодат ба мулкамон бошад».
САЙРИ НАВРӮЗӢ «Наврӯзи дилафрӯз идест, ки дар фасли гулшукуфти зиндагӣ омада, одаму оламро ҷавон месозад, пироҳани куҳанро дур андохта, либоси нав ба бар мекунад, инсонҳоро ба ҳам дӯсту дилҳоро ба дилҳо пайванд месозад.» Эмомалӣ Раҳмон
Ҷашни мардумӣ
Аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат, ки соли 1993 садо дод, маълум буд, ки Тоҷикистон роҳи дурустро интихоб намудааст. Умед ба ояндаи дурахшон ва эҳёи бештари Наврӯз зиёд шуд. Ҳамин тавр сол ба сол Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи Наврӯзро, ки ҷашни беназире барои пайванди табиат ва инсон, иртиботи мардумони гуногуни олам, инсондӯстию башардӯстӣ аст, дар кишвари Тоҷикистон, ба сатҳи баланд гузоштанд. Соли 1994 гуфта буданд: «Наврӯзи дилафрӯз идест, ки дар фасли гулшукуфти зиндагӣ омада, одаму оламро ҷавон месозад, пироҳани куҳанро дур андохта, либоси нав ба бар мекунад, инсонҳоро ба ҳам дӯсту дилҳоро ба дилҳо пайванд месозад». Солҳои 1995 – 2000, ҳар сол Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Наврӯз ҳатман мардумро табрик намуда, гаштаву баргашта таъкид менамуданд, ки ин иди ваҳдати табиат ва инсон аст ба ҳеҷ гуна дину мазҳаб тааллуқ надорад. Ҳар сол пас аз Истиқлолияти Тоҷикистон Наврӯз марҳала ба марҳала азамату шаъну шукуҳи худро нишон медод. Хушбахтона, дар солҳои навади садаи бист ҷашнгирии Наврӯз ба ҳукми анъана даромад. Мардуми тамоми кишвар Наврӯзро берун аз хона ҷашн мегирифтанд. Агарчи чоршанбеи охири сол ва ё чоршанбесурӣ чун оини бостони мардумӣ дар кишвар, дар баъзе деҳот, хеле кам баргузор шавад ҳам, вале мардум дар ҳар минтақа дар шаби Наврӯз ва ё дар ҷашнгоҳҳо оташафрӯзӣ намуда, аз болои он мепариданд ва дар гирди оташ суруду рақсу бозӣ мекарданд. Ҷолиб ин буд, ки дар тамоми ноҳияҳо дар наврӯзгоҳҳо дастархони идонаро бо рамзу розаш оро медоданд.
Пас аз Истиқлолият дар солҳои навадуми садаи бист адибон, таърихнигорон, рӯзноманигорон ҳар касе, ки дар бораи Наврӯз чизе медонист ва ё ба мушоҳида мегирифт ё аз сарчашмаҳо мутоила мекард, дар шакли мақола, шеър, намоишнома, дастур, китоб Наврӯзро ситоиш менамуд, то мардум аз бузургии ин ҷашни ниёгон бештар огоҳ шаванд. Маҳз пас Истиқлолият марҳалаи нави Наврӯз расид. Онро нисбат ба ҳамаи ҷашнҳо бошукуҳтар ҷашн мегирифтанд. Акнун азамати Наврӯз бештар гардид. Эҷодкорони ҳамаи соҳаҳои ҳунарӣ ҷиҳатҳои нав ба нави онро кашф намуда, пешкаши мардум менамуданд. Мардум низ оинҳои наврӯзиро ба намоишгоҳҳо мебароварданд ва аз зебу зинати он лаззат мебурданд. Солҳои 90 асри ХХ дар рӯзҳои Наврӯз мардуми тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба наврӯзгоҳҳо рафта шодмонӣ менамуданд. То соли 2000 мақолаҳо, шеърҳо, мусоҳибаҳо, намоишномаҳо тавассути воситаҳои ахбор пешкаши мардум гардиданд, ки он асарҳои чопшударо метавон ба чанд даста ҷудо кард. Дастаи аввал роҷеъ ба таърихи Наврӯз буд, ки пажӯҳандагон дар бораи таърихи он баҳс менамуданд. Аз замонҳои бостон то имрӯз ҳар гуфтае, ки дар бораи Наврӯз буд онро такрор ба такрор, бо назарҳои гуногун, бо шарҳу тафсирҳо ба нашр мерасониданд. Дар ин навиштаҳо аз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Наршахӣ, Берунӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва даҳҳо адибон ва таърихнигорони гузашта, ки дар осори онҳо оид ба Наврӯз ва баҳор ишорат шудааст, ёдовар мешуданд. Зоҳиран ин навъ навиштаҳо такрорӣ бошад ҳам, вале аз ҳар кадоме як диди тозаи муносиб ба замонро пайдо кардан мумкин аст. Дастаи дигари асарҳо эҳсосотӣ
буда, бо муҳаббат дар ситоиши Наврӯз ва баҳор аст. Ин навъ асарҳо бадеияти махсуси худро доранд, ки бештар асари адабиро ба ёд меоранд. Дар онҳо зебоиҳо ва таровату дилнишиниҳои Наврӯзу баҳор инъикос ёфтаанд. Дастаи дигар асарҳое буданд, ки дар онҳо расму оинҳо ва суннатҳои вобаста ба Наврӯз ташреҳ ёфтаанд. Дар ин гуна асарҳо низ такрорҳо зиёд аст. Вале боз ҳам муқоиса намоед ҳар муаллиф ҳангоми таълифи асари худ, як ё чанд нуктаи ҷолиби тозаерео низ баён кардааст. Масалан, дар бораи тарзи пухтании суманак, гӯштин, гулгардонӣ чандин мақолаҳо дар матбуоти ҳам ҷумҳуриявӣ ва ҳам ноҳиявӣ ба нашр расидаанд. Дар баъзе аз онҳо оид ба пухтупаз, оинҳои наврӯзии минтақаи худ, иттилоъ дода шудааст, ки аз ҷойҳои дигар то ҳадде тафовут доранд. Ин барои омӯзиш ва пажӯҳиши Наврӯз муҳим аст Дар аввали садаи бисту як таваҷҷуҳ ба Наврӯз ҳамчун бедории табиат, ҳамбастагӣ, дӯстӣ, муҳаббат, ваҳдат, пайванди мардумони гуногуни олам бештар гардид. Бале, Наврӯз – рамзи бедории табиат, оғози кишту кор ва тавлиду таҷдиди ҳамаи ҷони зинда мебошад. Мардумони ҳавзаи Наврӯз ва дигар халқҳои олам дар симои Наврӯз ягонагии мероси фарҳангиву анъанаҳои бисёрасраро мебинанд. Наврӯз дар ҳамбастагӣ, ҳамзистӣ, рушд ва пайванди бештари муносибатҳои байни мардумони олам, таблиғи ғояҳои сулҳ ва ҳамҷаворӣ нақши арзишманд мебозад. Аз соли 2000 то 2010 асарҳои зиёди илмӣ ва оммавӣ дар шаклӣ мақола, шеър, китоб, оҳанг, наққошӣ, филмномаҳои мустанад ва ғайра ба чоп расиданд. Дар даҳ соли аввали садаи бисту як аз тариқи воситаҳои ахбор, радио, телевизион маводи зиёд пешкаши мардум мегаштанд. Дар кӯчаву хиёбонҳо, муассисаҳо, донишгоҳҳо, мактабҳо шиорҳои зебо дар бораи Наврӯз овезон мешуданд. Дар ин марҳила адибон низ хомӯш набуданд. Онҳо дар ситоиши баҳор ва Наврӯз шеърҳое суруданд, ки ҳар кадоме зебоиҳои Наврӯзро ба пеши назар ҷилвагар месозад. Маҷмӯаҳои шеърӣ бахшида ба баҳору Наврӯз ба нашр расиданд. Мақолаҳо ва шеърҳо дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз низ ба вуҷуд омаданд. Он мардумоне, ки дар домани фарҳанги мардуми ориёитабор парвариш ёфтаанд ва баъдҳо Наврӯзро ҳамчун мероси фарҳангии худ пазируфтаанд низ дар кишварҳои худ Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Ҳаин тавр, дар даҳсолаи аввали садаи бисту якум ваҳдати фарҳангии Наврӯз дар байни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба вуҷуд омад, ки онҳо хостанд дар якҷоягӣ ба таври расмӣ ҷашн гирифтани онро ба СММ пешниҳод намоянд. Ҳамаи ин таблиғоту талошҳо чунин натиҷа дод, ки кишварҳои ҳавзаи Наврӯз кӯшиш намуданд, ки ин иди пайванди табиат ва инсонро вориди рӯихати
5 фарҳанги ғайримоддии СММ намоянд. Дар ин кор ташаббускори асосӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Ин талошҳо боиси он шуд, ки дар таърихи 30 сентябри соли 2009 Наврӯз ба рӯихати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО бо 76 унсури ғайримоддии худ аз кишварҳои гуногуни дунё ворид гардид. Қарори ворид намудани 76 унсури мероси ғайримоддӣ аз ҷониби 24 давлати иштирокчии кумитаи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддӣ пазируфта шуд. Баъдан 23 феврали соли 2010, дар 64-умин сессияи Генералии Ассамбелияи СММ, дар чаҳорчӯби моддаи 49-и рӯзномаи ҷаласа, таҳти унвони «Фарҳанги ҷаҳон», дар бораи ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз», 21 март ҷашн гирифтани Наврӯз, қарор қабул гардид. Лоиҳаи қарори мазкур аз ҷониби ҳайатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия ва Туркманистон муштаракан таҳия, баррасӣ ва пешниҳод шуд. Бино ба матни қатънома, Маҷмаи Умумии СММ ба чунин қарор омад, ки 21 март рӯзи байналмилалии Наврӯз дониста шавад. Худи ҳамон соли 2010 бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Наврӯз”, рӯзҳои 21 – 24 мартро иди байналмилаии Наврӯз эълон намудааст Кишвари мо кӯҳсор аст. Барф зиёд меборад. Ҳар сол дар ҳар минтақаи Тоҷикистон ҷашни Наврӯз баробари шукуфтани нахустин гулҳои баҳорӣ шурӯъ мешавад. Бо сар задании нахустин нурҳои офтоби баҳорӣ аввалин гулҳои наврӯзӣ аз замин сар мебароранд ва мардумро хушнуд месозанд. Ин гулҳои зебои нозукро касоне, ки мебинанд, мечинанду ба мардум ҳадя менамоянд ва аз омадани баҳору Наврӯз мужда медиҳанд. Дар гузашта ин навъ оинҳо дар байни тоҷикон маъмул буданд. Дар садаи бистум кам-кам аз байн мерафтанд. Акнун пас аз Истиқолият дубора эҳё мешаванд. Ҳамчунин аз тариқи телевизион саҳнасозӣ шуда пешкаши мардум мегарданд. Ҳоло оинҳои «гулгардонӣ» (дар Хатлон, Бадхашон, Раштонзамин), «бойчечак» (дар вилояти Суғд) маҳз дар рӯзҳои Наврӯз саҳнасозӣ шуда, баргузор мешаванд ва аз ҷониби хурдсолон ва навҷавонон густариш меёбанд. Кӯдакон ва навҷавонон дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе, Хатлон, Бадахшон, Суғду Зарафону Раштонзамин ва ҳамаи ноҳияҳо дастаҳои гули наврӯзию сияҳгӯшро, ки хеле зебо аст, дастабандӣ карда, пешкаши мардум ва роҳагузарон менамоянд. Баробари дастрас намудани ҳадяи наврӯзӣ гирандаҳои гулҳо онро ба абрӯи худ молида, ба гулдиҳанда ҳадяҳо медиҳанд. Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, академики АИ ҶТ Равшан РАҲМОНӢ, профессори ДМТ (Давом дорад)
6 Фалсафаи инсонгароёнаи Наврӯз дар худ беҳтарин орзуи аҳли башар, сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамбастагии инсониятро дорад, ки дар чакомаи омиёнаи мардумӣ баёну тараннум шудааст:
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №12 (9542), 21.03.2018
ПАЙКИ НАВРӮЗ
Наврӯз рамзи оромӣ ва ваҳдат
Наврӯза ба навбаҳор кай мебинам? Гулҳора ба як қатор кай мебинам? Гулҳора ба як қатор дар фасли баҳор, Дунёра ба як қарор кай мебинам? Бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии дигар давлатҳои ҷашнгирандаи Наврӯз ба мартабаи ҷашни ҷаҳонӣ эътироф гардидани Наврӯз, ҳамчун мероси маънавии инсоният аз ҷониби маҷмаи умумии СММ (29.02.2010) ин ҳақиқати таърихӣ ва зурурияти ваҳдатофарро баҳри инсоният ниҳоят ошкор ва бар мақоми шоистаи он расонид. Имрӯз аҳли зиёро рисолат он аст, то ба тамоми арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ, умумиинсонӣ, ваҳдатсоз ва поку табиии Наврӯз тадқиқотҳои илмӣ намуда, ба ҷаҳониён фарҳанги рангину пурҷалоли Наврӯзро муаррифӣ намоянд. Аз давлати асотирии Пешдодиён, ки пешаашон дод ва адл буд, бисёр унсурҳои ақли даррок ва хиради кашшофу созандаро дарёфтан имкон дорад. Гар Каюмарс нахуст ваҳдатофару давлатсоз ва шоҳ будию ба гирд кардани мардум кӯшидӣ, сипас наслҳои он Хушанг кашшофи оташу оҳан, Таҳмурас мубориз ва ба банд оварандаи деви бадӣ (дурӯғ) буданд. Шоҳ Ҷамшед пайвандгари арзишҳои халлоқонаи хирад буд. Зеро Ҷамшед мизони гардиши хуршед, замин ва дигар сайёрагонро бо хирад дарёфт, эътидол ва ба ҳам омадан, баробар шудани шабу рӯзро омӯхт ва онро рӯзи нав, яъне Наврӯз хонду бо мардумон ид намуд Бар зиндагиномаи шоҳ Ҷамшеди Пешдодӣ, хираду заковати ӯ, ихтирооти ҷоми ҷаҳоннамояш, санъати давлатдорӣ, оини маздоясоноӣ ва меҳрситоишии ӯ, инчунин қиссаи си малак (фаришта)-и боронӣ ва аз фар-пар (перия) тоҷ бар сар ниҳодану русуми бар тахт нишастани ӯ таваҷҷуҳ намоем бисёр саҳфаҳои нокушудаи таърихи ниёгон рӯшан мегардад. Агар Наврӯз пеш
аз замони Ҷамшед дар вақт ва рӯзҳои гуногун дар байни ақвоми Ориён ҷашнгирифта мешуд, Ҷамшед низоми баробар шудани шабонарӯзро ва нав шудани солро дарёфт, ки баробар бо якуми моҳи фарвардин ва мутобиқ ба 21-22-юми март аст. Ин ид чун ҷашни пирӯзии хирад ва ҷилои нури он будӣ, то оғози фасли шукуфтану рустанҳоро дақиқан бо тамоми кишоварзони қаламрави давлат муждагонӣ медод. Дар болои дувоздаҳ шоҳсутуни мармарини пештоқи тахти Ҷамшед дар Истарх донаҳои гандуму ҷав, нахуду лубиё, наску мош, арзану кунҷид, зағиру моҳсар ва дигар донагиҳоро алоҳида бо оби борони нахустин тар намуда мегузоштанд ва нешзадану сабзиши онро санҷида фоли ҳосили навро мегирифтанд. Ин нахуст донишномаи илми кишоварзӣ, растанипарварӣ ва назарияи иқтисодиёт будӣ, то такаммул ёфтӣ ва ба дараҷаи имрӯзӣ расидӣ. Фалсафаи Наврӯз маниши некӣ, покӣ, озодагӣ ва ободиву ваҳдатовар дорад. Наврӯз, ки худ инқилоби тамоми рукнҳои табиат, булуғи он ва раҳоӣ
аз сардӣ, сиёҳӣ ва ранҷи фасли дай аст, зодаи маниши нек аст. Аҳкомҳои Оини Маздоясно (мабдаи рӯшноӣ) Меҳрпарастию, Зарвония сипас Зардуштия, ки маншаъ аз маниши некӣ (пиндор, гуфтор, кирдори нек)-ро доранд ва дар парастиши ростӣ, рӯшноӣ, покӣ, озодагӣ, об, оташ, хуршед ва дигар унсурҳои ин хусусият доштаро дар таълимоту таблиғоти хеш муққадас медоштанд. Дар Наврӯз ҳамаи ин арзишҳои бузург ва муқаддасоти умумиинсонӣ дошта, нишонаҳои хешро муаррифӣ сохтаанд. Гар ба нақш, ранг, ангеза ва нигораҳои расму оини Наврӯзӣ мӯшикофона назар афканем, ҳамаро пайванд бо рӯшноӣ ва покӣ аст. Чун маъракаи хонатаконӣ ва сафед намудани хонаҳо, обпошӣ ва оташафрӯзию, оташпарак, орд задан ба пешонию китфон инчунин либоси нав ба бар намудан ва дигар маросимҳое, ки хусусияти хушҳолсозандаву зебоиро доранд. Бунёди фалсафаи Наврӯз, адл ба ҳам омадан, баробарӣ, дӯстӣ, бахшиш, нияти нек ва сулҳу салоҳ, сарсабзиҳо дар байни инсон ва табиат аст.
Мероси гузаштагон
Ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дорад ва аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, дорои арзишу сифатҳои нек аст. Аз ҷумла, ваҳдату ҳамраъйӣ ва дӯстиву рафоқат аз муҳимтарин оинҳои ин ҷашни фархунда дониста мешавад, ки мардуми мо ба он арҷ мегузоранд. Ин мероси пурарзиши ҳастӣ тавлиди нахустшодии башар аст, яъне расидан ба остонаи рӯзгори нав, равзанаи кушоишу ҷӯёишҳои тозаи ормонҳост. Наврӯз бо фарорасии баҳор кошонаҳои моро нуру зиё мебахшад ва дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи Таҷлили ҷашни Наврӯз дар нахустин, аввали рӯзҳои сол, даврони ҳукуматдории Сомояъне, ки соли нав аз он оғоз ниён бо шукӯҳи тоза идома мегардад омадааст. ёфтааст, ки дар ин бора до-
нишмандон дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ ёдовар шудаанд. Ҳангоми гузаронидани ин ҷашн амирони сомонӣ
Анъанаҳои либоси сафеду пок, бо нақшҳои хуршеду моҳ, гулҳои сурху сафед бо рамзи чаҳор бурҷӣ (сластикӣ) ба бар намудани пиру барно ва ба оғӯши табиат, дашту даман рафтану тараб сохтан беҳин арзиши фарҳангию зиндагиофарии ориёист. Зеро сафедию сурхӣ рамзи эзиди пок Ҳурмузд, ё худ Аҳурамаздо аст, ки оғози Наврӯзро бо эътиқод моҳи Урдубиҳишт хондаанд. Дигар анъанаи нек хонатаконию сафед сохтани он асту хонаи дил аз кина пок сохтан ва сари хони Наврӯзӣ ба ҳам овардани душманон аст, ки дӯстона бархезанд. Ҳамчунон ҳафт неъмати ҳафтсину ҳафтшини хони наврӯзӣ рамз, маъно ва хосияте дорад, ки дар тӯли таърихи кӯҳан дар зеҳнияти Ориён сайқал хӯрдаву муқаддасу пок ва нишоне аз мероси ақлонию фарҳангӣ гардидааст. Дар хони “Ҳафтсин” сабзаи сималак чун рамзи шукуфоиву ҳаёт, сипанд чун давои ҳазордард, себ чун дарвозакушои ақл, сирпиёз чун ҷорӯби тану ҷон, сирко чун поксозандаву рафъсозанда, санҷид чун рамзи қудрат (сурхию сафедӣ сиёҳиро пӯшидаанд) ва суманак (сумалак) чун рамзи ҳамбастагии инсон ва табиату оғозбахши ҳаёт шинохта шудаанд. Дар дастархони “Ҳафшин”, шамъ рамзи рӯшноӣ, шароб оғозбахши шодию тараб, шир рамзи ҳаёт ва сапедӣ, шакар рамзи ширинӣ ва висол, шаҳд (асал) мӯъҷизаи офаринишу ширинии ҳаёт, шолӣ рамзи фаровонҳосилӣ бо меҳр гузошта мешуд, ки беҳтарин падида ва дастоварди хиради Ориёӣ аст. Наврӯз арзишмандтарин ҷашни иттиҳоду ҳамбастагӣ, ваҳдатофар, зебоӣ, рӯшноӣ, покӣ, дӯстиву амну осоиш аст, ки ба фарҳанги кулли инсоният ворид шуда буду имрӯз ҳукми қонунӣ гирифт. Ин арзишро бояд, гиромӣ дошт ва рисолати фарҳангофарии Ориёиро бо тамоми салосату нафосати хуҷаста ва накҳати урдубиҳиштияш ба машоми аҳли башар бояд расонид.
дар қасрҳои хеш базмҳо меоростанд ва беҳтарин шоирони қасидагӯй дар васфи Наврӯз ғазалу қасидаҳо месуруданд. Дар бораи Наврӯз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хисрав ва дигарон ашъори дилписанде ба ёдгор мондаанд. Дар замони Сосониён Наврӯз ҳамчун иди расмии давлатӣ пешвоз гирифта мешуд ва шоҳони сосонӣ онро шаш рӯз ҷашн мегирифтанд. Наврӯз дар замони Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва ҳатто баъди истилои муғул аз тарафи халқи меҳнаткаш ботантана ид карда мешуд, мардум ба пешвози Наврӯз тайёрӣ медиданд, хонаҳоро рӯбучин карда тоза нигоҳ медоштанд ва оро медоданд. Ҳафриёти бостоншиносӣ дар Панҷакенти қадим, хоса деворнигораҳои бозёфтшуда, исбот менамоянд, ки ин ҷо ҷашни оғози сол ва бедоршавии табиат Наврӯзро аз қадим
Аминҷон ЗАРИФӢ, омӯзгори Коллеҷи политехникии н. Зафаробод таҷлил менамуданд ва бесабаб саҳнаҳои ҷашнро рассомони суғдзамин рӯи деворҳо акс намекарданд. Ҳоло дар осорхонаи миллӣ деворнигорае, ки аз Панҷакенти қадим бозёфт шуда буд, нигоҳдорӣ мешавад, ки он ҷо саҳнае аз иди Наврӯз тасвир гардидааст. Наврӯз ҳамчун нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигаҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих мебошад. Боиси ифтихор аст, ки имсол Наврӯзи аҷам дар Панҷакенти бостон, ки таърихи 6000 сола дорад бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Бигузор ҳар яке аз мо низ мисли ин ҷашни зебову фасли эҳё афкору ният ва ҳадафҳои созанда дошта бошем. Зебинисо ОТАБОЕВА, китобдори осорхонаи таърихию кишваршиносии ба номи А. Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №12 (9542), 21.03.2018 Сухан гуфтан дар бораи ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми тоҷик – Наврӯз ва “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 20182028” як фоли нек ва амали савобу гуворост. Зеро обу Наврӯз бо ҳамдигар пайвастагии наздик дошта, бе об ҳам ҳаёт ва ҳам Наврӯз тасаввурнопазиранд. Ҳазорсолаҳо пеш гузаштагони мо боварӣ доштанд, ки ҳама файзу баракат, аз ҷумла об низ аз осмон ба замин нозил мешавад. Фариштаи Аноҳито тавассути борони найсон обро ба заминҳои ташналаб, дашту даманҳои фарохдоман, боғзорҳову гулгаштҳо фаровон созад. Аз ин рӯ, боришҳои баҳорӣ табаррукӣ ва пурфайзу баракат маҳсуб мешуданд. Воқеан ҳам, маҳз ҳамин боришҳои осмонӣ кишвари моро ба саргаҳи оби софу мусаффо, мавзеи дилрабову сабзазор ва оби зулол табдил додаанд. Олимони қадим нисбати об ақидаҳои ҷолиб доранд. Файласуфи Юнони қадим Фалес обро оғози ҳама оғозҳо эълон карда буд. Таърихнависони қадим ҳаёти тоҷиконро вобаста ба дарёҳо ва қӯҳҳои осмонбӯси ин сарзамини куҳанбунёд шарҳу тафсир намудаанд. Масалан, олими юнонӣ Страбон, ки 17 китоби ҷуғрофиё таълиф намудааст ва ин китобҳо то рӯзгори мо боқӣ мондаанд, арзишҳои бузурги маънавии гузаштагони моро вобаста ба фарорасии баҳору зиёдшавии об зикр карда, навишта буд, ки мардумони муқимии байни дарёҳои Ому ва Сир дар айёми Наврӯз бо меҳрубониҳои зиёд ба ҳамдигар туҳфаҳо ато менамуданд. Сайёҳи машҳури итолиёвӣ Марко Поло бошад, кӯҳҳои баланди Помирро, ки махзани лаълу марворид ва пиряхҳои бузург мебошанд, “Боми ҷаҳон” номидааст ва асрҳои зиёдест, сайёҳону кӯҳнавардони кишварҳои ҷаҳон дар дили худ орзуи тамошои ин кӯҳсори сар ба афлоккашидаро мепарваранд. Дар дини ислом низ об мавқеи хоссае дорад. Дар сураи «Фурқон», ояти 54, «Қуръони маҷид» чунин омадааст: «Ва Ӯ он Худо аст, ки аз об одамӣ офарид… Ва Парвардигори ту тавоно аст». Об на танҳо асоси мавҷудияти сайёраи замин, балки асоси ҳастии инсон мебошад. Олимон исбот кардаанд, ки агар аз се ду ҳиссаи рӯи замин аз об аст, пас, аз се ду ҳиссаи организми инсон низ аз об таркиб ёфтааст. Ин мисолҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки мушкилоти об, новобаста ба давру замон, чун мавзӯи муҳими ҷаҳонӣ арзёбӣ гардидааст. Дар ҷаҳони муосир сол то сол масъалаи таъмини об мушкилтар ва печидатар мегар-
ПАЙКИ НАВРӮЗ дад. Шаҳрнишинӣ, афзоиши аҳолӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ, тағйири иқлим ва зиёд гардидани эҳтиёҷоти мардум ҷиҳати дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ба норасоии об оварда мерасонад. Ба навиштаи коршинос Мари Масиа, қариб якуним миллиард нафар дар мамлакатҳои Осиёву Африқо ва Амрикои Лотинӣ норасоии оби ошомиданиро аз сар мегузаронанд. Ин ҳам дар ҳоле мебошад, ки СММ соли 2009 дар Форуми панҷуми байналмилалии об иттилоъ додааст, ки истеъмоли оби тоза дар давоми 50 соли
масъалаи об мебошад, собит намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва ҷонибдори сиёсати дарҳои боз ҳамеша ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, хусусан таъмини сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳамкорӣ дар ин самт даъват менамояд. Ҳоло бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки аврупоии таҷдид ва рушди кишварҳои Олмон ва Ҷопон дар ин замина бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
аз рӯи нишондиҳандаи калидӣ - истеҳсоли 98 фоизи “энергияи сабз”, яъне тавлидоти нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардидааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рӯзҳои сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баррасии масъалаи ҳамкорӣ дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва истифодаи оби кӯли Сарез сухан ронд. Солҳои охир дар ҷаҳон хоҷагидории бесамар, таҳияи бемақсад, афзоиши номуайяниҳо
7 гектар сарсабзу хуррам мегардонанд. Наврӯз истифодаи оқилонаи обу замин, обёрӣ ва парвариши зироату боғотро талқин менамояд. Дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ 3895 гектар боғҳои нав, 417 гектар токзорҳои нав бунёд карда шудаанд ва ин тамоюл минбаъд ҳам идома хоҳад ёфт. Мардуми мо ба пеши пои кӯдаконе, ки нав роҳравиро меомӯзанд, об пошида дуо мекунанд, ки бигзор ин кӯдаки маъсум чун оби равон дар зиндагӣ барои ободкорӣ дар ҳаракат бошад ва ҳаёташ, дили покаш мисли оби
Наврӯз - пайки дӯстӣ
Ё мақоми обу Наврӯз дар рӯзгори тоҷикон
охир 3 баробар зиёд шуда, дар минтақаҳои васеи ҷаҳони рушдёбанда то ҳол ба оби нӯшокии безарар дастрасӣ надоранд. Бояд қайд кард, ки тайи ду даҳсолаи охир Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат- Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи об ҳамчун неъмати бебаҳо дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муассир дорад. То имрӯз чор пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба об аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтааст. Санаи 21 декабри соли 2016 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028-ро қабул намуд, ки он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид. Эълон гардидани даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти унвони “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028, ки ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
Раҳмон моҳи сентябри соли 2017 дар ҷаласаи СММ дар масоили рушд ва истифодаи оқилонаву устувори захираҳои об изҳор доштанд: “Тағйирёбии глобалии иқлим, ки ба захираҳои об таъсири манфӣ мерасонад, саъю кӯшишҳои моро ҷиҳати ноилшавӣ ба рушди устувор заиф мегардонад. Тайи солҳои охир масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон, ки сарчашмаи муҳими захираҳои оби минтақа мебошанд, ба андозаи сеяк кам шудааст ва аз 13 ҳазор пирях қариб як ҳазораш тамоман завол ёфтааст”. Мавриди зикр аст, ки 16 сол мешавад дар ҷаҳон масъалаи ташкили “иқтисоди сабз” дар маркази таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа аст. Тоҷикистон бо бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтӯда1”, “Сангтӯда-2”, бунёди нерӯгоҳи бузурги барқи обии “Роғун”, оғози корҳои муқаддамотӣ дар иншооти минтақавии “CASA-1000”, таъмиру тармими нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва бо тасмимҳову мавқеи густаришёбандаи байналхалқии худ шуҳрати тоза пайдо намуд. Ҷумҳурии мо дар асоси арзёбии созмонҳои байналмилалӣ
ва хатарҳое, ки бар асари тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳо ба амал меоянд, бисёре аз низомҳои экологиро (экосистемаҳоро) зери хатар қарор медиҳанд. Бо дарназардошти муҳиммияти ҳамкорӣ ва шарокати амиқ дар ҳамаи сатҳҳо барои расидан ба ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба таъмини об ва беҳдошт, аз ҷумла дар Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 дарҷгардида, гузаронидани чорабиниҳои муҳим ба нақша гирифта шудаанд. Тибқи маълумот дар сурати наандешидани тадбирҳои фаврӣ қариб 5 миллиард одам, ки тахминан 67 фоизи аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аллакай то соли 2030 аз оби тоза маҳрум хоҳанд шуд. Чунин тадбир, пеш аз ҳама, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо мекунад, ки дар масъалаи таъмини об ва безараргардонии он аз ифлосшавӣ тасмимҳои ҷиддӣ гирифта шаванд. Ҳоло бештар аз 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистони мо ибтидо мегиранд ва минтақаи бузургеро бо масоҳати миллионҳо
мусаффо ва доимо поку тоза бошад. Соли равон воқеаи хурсандибахшеро ҷумҳурӣ ба нақша гирифтааст, ки он ба баҳрабардорӣ супурдани турбинаи якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” мебошад. Ин чорабинии муҳим имконият медиҳад, минтақа аз нерӯи барқ мунаввар гардад ва заминҳои зиёде мавриди кишту кор қарор бигиранд. Рӯзи 22 марти соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Созмони Милали Муттаҳид ширкат меварзанд ва дар он ҷо татбиқи пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 дар ин созмони бонуфуз расман оғоз мегардад. Дар доираи ин ташаббуси наҷиб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон чорабиниҳои муҳим баргузор хоҳанд гардид. Аз ҷумла, моҳи июни соли равон дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе конфронси байналхалқӣ доир ба об баргузор мегардад, ки дар он намояндагони кишварҳои мухталиф оиди таъминоти об дар қисматҳои гуногуни сайёра ба хотири дастрасӣ ба оби соф изҳори назар менамояд. Кишвари мо ҳамчун кишвари мизбон барои банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳои даҳсолаи об масъулияти зиёдеро ба зимма гирифтааст. Итминони комил дорем, ки кӯшишҳои Ватани биҳиштосоямон - Тоҷикистон хамчун кишвари ташаббускор дар раванди ҳамгироӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои таъминоти сарвати бебаҳо – оби ҳаётбахш ва наҷотбахш самараи дилхоҳ хоҳад дод ва мушкилоти мардуми сайёра осон мегардад. Манучеҳр РАСУЛОВ, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
8 2<<< Вобаста ба ин, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Академияи илмҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки бо ихтисоси таърих ва бостоншиносӣ мутахассис тайёр мекунанд, вазифадор карда мешаванд, ки корҳои бостоншиносиро дар ёдгориҳои таърихиву фарҳангии мамлакат вусъат бахшанд ва ҷустуҷӯҳои илмиро дар ин мавзеъҳо мунтазам идома дода, ҷиҳати таъмиру тармим, зиёд кардани нигораҳо ва ба тартиб даровардани онҳо чораҷӯӣ кунанд ва ёдгориҳои таърихиро бо мақсади ворид намудан ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, мо бояд дар назди ёдгориҳои зикршуда инфрасохтори зарурӣ бунёд намоем ва мавзеъҳои таърихии Ҳулбук, Кӯлоб, Хуҷанд, Балҷувон, Муғ, Ямчун, Кангурттут, Хушдилон (Торбулоқ), Карон, Тахти Сангин, Хоҷамашҳад, Саразм, Аҷинатеппа, Панҷакенти қадим ва дигар ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро пурра барқарор карда, онҳоро ба макони сайру саёҳат табдил диҳем. Дар робита ба ин, бо дарназардошти аҳаммияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод менамоям, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад. Ҳозирини арҷманд! Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018, ки ҳадафи асосии он муаррифии шоистаи миллати тоҷик мебошад, дар навбати аввал, ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва афзоиши дастранҷи шахсони эҷодкору соҳибистеъдоди кишварамон мусоидат хоҳад намуд. Ниёгони мо аз замонҳои хеле қадим ба ҳунармандӣ ва косибӣ рӯ оварда, дар тӯли асрҳои зиёд ҷиҳати эҷоди садҳо навъи ҳунар роҳ кушодаанд. Намунаҳои ҳунари гузаштагони мо дар рӯйи санг, деворнигораҳо, тангаҳои тиллоӣ ва мисиву нуқрагӣ ва пӯсти ҳайвоноту дарахтон ҳифз шуда, аз насл ба насл то замони мо расидаанд. Вале бо мурури замон баъзеи онҳо аз байн рафта, қисми дигарашон дар маҳалҳои гуногуни диёрамон дар миёни аҳолӣ то ба имрӯз боқӣ мондааст, ки ҳар кадоми он намунаи барҷастаи мероси моддиву маънавии халқи тоҷик ба шумор меравад. Дар осори ҳунарии мардуми тоҷик аз қадим нақшу нигори нафис мавқеи асосӣ дошта, таассуроти ғании онҳо, ки асосашро табиати зебои Тоҷикистони биҳиштосо ва завқи баланди фарзандони ҳунармандаш ташкил медиҳад, дар чӯб, санг, гаҷ, деворнигора, матоъ ва монанди инҳо бо маҳорати хос ифода шудаанд. Дар маҳсули дасти мисгарон, заргарон, кулолгарон, читгарон, бофандагон, чеварон, созтарошон ва дигар ҳунарҳои роиҷ намунаҳои
ПАЙКИ НАВРӮЗ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №12 (9542), 21.03.2018 Дӯстони азиз! Солҳои охир мо ба рушди сайёҳӣ афзалият дода, барои бунёди инфрасохтори муосир тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодаем. Бунёди меҳмонхонаҳои ҳозиразамон дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо, марказҳои фароғату истироҳат боиси боло рафтани мавқеи кишварамон дар соҳаи сайёҳӣ гардида, шумораи сайёҳон ба мамлакат торафт меафзояд. Дар ин кори хайр баробари сохторҳои давлатӣ бахши хусусӣ низ фаъол мебошад. Дар муддати кӯтоҳ ба фаъолият оғоз кардани осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои “Баҳористон”, “Сафеддара”, “Шоҳамбарӣ”, “Зумрад”, “Хоҷа Обигарм”, “Оби гарм”, “Чаҳорчаман”, “Гармчашма”,” Са-
Зиёиён равшангарони рангу бор ва нақшу нигореро дидан мумкин аст, ки ҷанбаи қадимаи таърихиву фарҳангӣ дошта, дар айни замон бо осори маънавии шифоҳиву хаттии халқ пайванди мустаҳкам доранд. Танҳо дар мисоли як ҳунари нодир – кундалкашӣ ё кундалсозӣ садҳо рангу нақшу нигор мушоҳида мегардад ва хушбахтона, ин ҳунари нафису дилкаш дар кишвари мо хеле инкишоф ёфтааст. Лекин бояд гуфт, ки баъзе ҳунарҳо, аз қабили кулолгарӣ, заргарӣ, матоъбофӣ, читгарӣ, намадбофӣ, бурёбофӣ, алочабофӣ, истеҳсоли маҳсулоти дастии гаҷкорӣ ё сафоливу шишагӣ ва аз сангҳои нимқимату ороишӣ кам рушд карда, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба фаромӯшӣ рафтаанд. Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки яке аз роҳҳои ба шуғл ҷалб кардани аҳолӣ мебошад, мо имсолро соли рушди ҳунармандӣ эълон кардем ва аллакай барои фурӯши маснуоти дар хона истеҳсолшаванда ва навъҳои зиёди ҳунарҳои мардумӣ имтиёзҳо муқаррар карда, онҳоро аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод намудем. Гузашта аз ин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, рушди сайёҳӣ, чавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш додем, ки барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои амалӣ андешанд. Ҳунари навозандагӣ ва сарояндагӣ низ ҳамчун мероси маънавӣ як ҷузъи муҳимми фарҳанг мебошад. Мақомхонӣ ва фалаксароӣ намунаи маҳсули эҷоди гузаштагони дури мо, аз ҷумла Борбади Марвазӣ буда, дар тӯли таърих таҳаввулу ташаккул ёфтааст ва дертар дар шакли дувоздаҳмақому шашмақом маъмул гардидааст.
Баробар бо ривоҷи мақомхонӣ тавассути ҳунармандон асбобҳои нодири мусиқӣ барои ин навъи санъат пайдо шуданд, ки асрҳост ба қалби одамон шодиву сурур ва рӯҳу илҳом мебахшанд. Ба ҳамин монанд дар сарзамини тоҷикон намунаҳои зиёди касбу ҳунарҳо пайдо шудаанд, ки қисме аз онҳо то замони мо расидаанд ва баъзеяшон бояд эҳё карда шаванд. Созтарошиву наққошӣ, мисгариву заргарӣ, чевариву гулдӯзӣ, читгариву алочабофӣ, шоҳиву адрасбофӣ, гилему қолинбофӣ ва монанди инҳо аз ҳамин қабил ҳунарҳо мебошанд. Хушбахтона, ҳоло атласу адрасбофӣ торафт тараққӣ карда, чевариву чакандӯзӣ низ миёни мардум маҳбубият пайдо карда истодааст. Ҳоло зарур аст, ки барои ҳунармандон шароит фароҳам оварем ва доираи истифодаву фурӯши маҳсулоту маснуоти онҳоро на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ тавсеа бахшем. Ин як роҳи беҳтарини эҳёи фарҳангу ҳунарҳои миллӣ ва дар айни замон ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани миллат ва давлат мебошад. Вале хотирнишон месозам, ки навъҳои зикршудаи ҳунар то ҳанӯз ба ҷаҳониён кам муаррифӣ шудаанд. Мувофиқи маълумоти Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз аз мероси ғайримоддии халқи тоҷик “Шашмақом”, “Оши палав” ва “Наврӯз” ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардида, “Фалак” ва “Чакан” пешниҳод шудааст. Мо на танҳо Наврӯз, балки ҷашнҳои Меҳргон ва Садаро эҳё кардем. Вале омӯзиши ин ҷашнҳои миллӣ васеъ ба роҳ монда нашуда, ҷанбаҳои мардумии онҳо пурра таҳқиқ ва муаррифӣ нагардидаанд ва ҷашнҳои Меҳргону Сада то ҳанӯз ба таври шоиста муаррифӣ нашудаанд.
Вақти он расидааст, ки муҳаққиқон доир ба ин се ҷашн ва дигар маросиму ойинҳои миллиамон “Донишномаи ҷашнҳои миллии тоҷикон” - ро таҳия карда, ба нашр расонанд ва суннату арзишҳои мардуми моро ба оламиён муаррифӣ намоянд. Вобаста ба ин, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, корҳои хориҷӣ, Академияи илмҳо ва Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик вазифадоранд, ки ҷиҳати муаррифии ҳарчи бештари мероси ғайримоддии халқи тоҷик чораҷӯӣ карда, сарчашмаҳои таърихиеро, ки оид ба ҷашну маросим ва ҳунарҳои қадимаи мо маълумот медиҳанд, таҳияву чоп намоянд ва онҳоро ба хонандагони дохиливу хориҷӣ пешниҳод созанд. Дар баробари ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо вазоратҳои фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, кумитаҳои рушди сайёҳӣ, оид ба корҳои занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, иттифоқҳои эҷодӣ, инчунин, олимони мардумшиносу бостоншинос ба масъалаи эҳё кардану тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Аз ҷумла, озмунҳои мухталиф доир карда, дар маркази шаҳру ноҳияҳо мағозаву растаҳои махсуси фурӯши маснуоту ашёи истеҳсолкардаи ҳунармандонро барои аҳолӣ ва сайёҳон ташкил намоянд ва барои шахсони бешуғл курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ таъсис диҳанд. Зиёиёни кишвар, аз ҷумла адибону рӯзноманигорон ва умуман, аҳли эҷодро лозим аст, ки дар ташвиқу тарғиби фарҳанги миллӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ ва мероси моддиву ғайримоддии халқамон фаъолона иштирок намоянд.
роб”, “Зайрон” ва дигар марказҳои муосири истироҳату табобат ба зиёд шудани шумораи меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳон мусоидат менамояд. Мо доираи минтақаҳои сайёҳии кишварамонро васеъ карда, баробари дараҳои Варзобу Ромит ва ноҳияи Балҷувон дар дигар мавзеъҳои Ватани маҳбубамон ҷойҳои сайру саёҳат бунёд мекунем ва онҳоро ба макони истироҳату фароғати шаҳрвандон ва сайёҳон табдил медиҳем. Имрӯзҳо сайёҳони зиёд хоҳиши саёҳат тавассути хатсайри “Роҳи бузурги абрешим”-ро доранд. Дар ин ҷода масир ё хатсайри “Харгӯш” метавонад воситаи хуби ҷалби сайёҳон шавад, зеро аз қадим бо ин роҳ корвонҳо ба шаҳрҳои соҳили Амударё ворид шуда, Чинро бо Осиёву Аврупо мепайвастанд. Дар масири ин роҳ то пойтахти мамлакат пайраҳаҳои махсус, қалъаҳои “Ямчун”, “Вранг”, “Зонг”, чашмаҳои “Авҷ”, “Ҷелондӣ”, “Фотимаву Заҳро”, “Гармчашма”, шаҳраки “Карон”, қалъаҳои “Кӯлоб”-у “Ҳулбук”, чашмасору обшорони Сари Хосор, мақбараҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Тоҷиддин, Шақиқи Балхӣ ва даҳҳо чашмаҳои шифобахшу обҳои мусаффо ҷойгиранд, ки сайёҳон ва шаҳрвандони мо имкон доранд ҳам саломатиашонро барқарор кунанд ва ҳам аз ин ёдгориҳо дидан намоянд. Яъне мо имконият дорем, ки бо истифода аз онҳо сайёҳии табобатиро хеле тараққӣ диҳем. Бовар дорам, ки эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ба ободу зебо гардидани ин мавзеъҳои сайру саёҳат мусоидат мекунад ва барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба кишварамон заминаи хуб фароҳам меорад. Дар ин раванд, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва омодаву эҳё намудан, пешниҳод кардани беҳтарин таомҳои
ПАЙКИ НАВРӮЗ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №12 (9542), 21.03.2018 миллӣ дар мавзеъҳои сайёҳиву меҳмонхонаҳо, ки метавонад боиси беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ гардад, инчунин, тавсеа бахшидани маърифати экологии мардум ниҳоят зарур мебошад. Вобаста ба ин, олимони моро зарур аст, ки заминаҳои таърихии ташаккули арзишҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар мисоли ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ, ки яке аз василаҳои муҳимми пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад, ҳаматарафа таҳқиқ намоянд. Дар ин замина, ҷалби васеи аҳолӣ ба китобхонӣ ва оммавигардонии мутолиаи китоб, гузаронидани озмунҳои шеърхониву байтбарак, инчунин, донистани забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад. Зеро сайёҳон бо мардум муошират менамоянд, аз таъриху
Бузургони миллати тоҷик дар тӯли таърих бо ин забони ҷаззоб осори арзишманди адабӣ, бадеӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба мерос гузоштаанд. Таърихи забони миллии мо шоҳиди он аст, ки маҳз забон бо иқтидор ва тавонмандиҳои худ миллати тоҷикро дар арсаи муборизаҳои сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ муқовиматпазир сохтааст. Мо ифтихор мекунем, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Бедил ва ҳазорон нафари дигар қалби ҷаҳониёнро бо ин забони ноб, яъне забони модариву давлатии мову шумо тасхир кардаанд. Бинобар ин, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рукни муҳимми фарҳангсозу миллатсоз - забони давлатӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи зиёиёни мамла-
кунем ва рукнҳои пойдории миллат ва кишварро тавассути забон таҳким бахшида, онҳоро ҳарчи бештар устувор гардонем. Дар замоне, ки мо ба сӯйи истиқлолияти миллӣ ва фарҳангӣ роҳ кушодаем, лозим аст, ки забони худро ба дараҷаи як забони шево тақвият бахшем, то ба корвони фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамсафарӣ карда тавонем. Дар робита ба ин масъала, бори дигар шумо - зиёиён ва олимони кишварро даъват мекунам, ки дар бобати дуруст истифода бурдани мафҳуми “забони тоҷикӣ” бетараф набошед ва назару мавқеи худро равшану боҷуръатона баён намоед. Андешаву назари онҳоеро, ки дину мазҳаб ва имону миллати худро ба бегонагон фурӯхтааанду
барои тозагии баён, ифодаи соддаву равон ва саҳеҳии фикру андеша талош намоем. Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки назорати қатъии риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ро дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла забони китобҳои илмиву таълимӣ ва маводи иттилоотӣ таъмин намоянд. Иҷрои талаботи қонуни зикршуда, дар навбати аввал, вазифаи зиёиён мебошад. Шумо тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳед, ки чанд рӯз пештар дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон мо тамоми масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ кардем ва ҳамаи монеаҳоеро, ки дар тӯли беш аз 26 сол садди роҳи муносибатҳои ҳасанаи халқҳоямон буданд, аз байн бардоштем. Аз ҷумла эълон доштем, ки мо
фарҳанг ва осори гаронбаҳои халқ пурсон мешаванд. Агар мо аз таъриху фарҳанги халқамон хуб огоҳӣ дошта бошем, забондон бошем, мероси халқамонро метавонем ҳарчи бештар муаррифӣ намоем. Интишори “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” дар ду ҷилд вобаста ба омӯзиши урфу одат, анъана, расму ойин, маросими хурсандиву азодорӣ ва касбу ҳунарҳои мардумӣ иқдоми хубест, ки бояд идома дода шавад. Академияи илмҳо ва Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик” бояд ҷилдҳои боқимондаи онро низ сари вақт ва бо сифати хуб аз нашр бароварда, дастраси хонандагони дохиливу хориҷӣ гардонанд. Зиёиёни арҷманд! Бояд тазаккур дод, ки забони миллӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани миллат нақши калидӣ дорад. Гузашта аз ин, забони тоҷикӣ ба сифати яке аз забонҳои ширину шоирона ва шевотарини дунё аз ҷониби бузургтарин шарқшиносони ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
кат дар шароити кунунӣ маҳсуб меёбад. Бояд ёдовар шуд, ки забони тоҷикӣ давраҳои мухталифи таърихиро паси сар карда, дар аҳди Сомониён забони расмии давлатӣ эълон гардида буд. Бо талошу заҳмати фарзандони маърифатпарвари халқ забони тоҷикӣ давра ба давра ташаккул ва таҳаввул ёфта, қаламрави истифодаи он аз Мовароуннаҳру Хуросон фаротар рафта, ба Қафқозу Осиёи Хурд, Ироқу нимҷазираи Ҳинд доман паҳн кард ва садсолаҳо нақши забони байналмилалиро иҷро намуд. Саҳми тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросон дар зинда нигоҳ доштани забон беназир аст. Зеро макони пайдоиши ин забон маҳз Мовароуннаҳру Хуросон мебошад. Барои насли имрӯзаи мо омӯхтани таърихи забони тоҷикӣ муҳим буда, донистани равандҳои таҳаввул ва ташаккули рушди он шарти зарурӣ мебошад. Мо бояд кӯшиш намоем, ки дар замони ҷаҳонишавӣ истиқлоли фарҳангӣ ва забонии худро ҳифз
ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд, қотеъона маҳкум кунед. Бори дигар хотирнишон месозам, ки зиёиён, аз ҷумла аҳли қалам дар назди забон, адабиёт ва завқи мардум масъулияти зиёд доранд. Мо тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст, забони давлатиамонро - “забони тоҷикӣ” ва номи давлатамонро “Тоҷикистон” эълон намудем. Аз ин лиҳоз, ҳар як шахси баору номус ва ватандӯст вазифадор аст, ки номи забону давлаташро бо дарки масъулият муаррифӣ намояд ва онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз созад. Мо бояд мафҳумҳои “миллати тоҷик”, “забони тоҷикӣ”, “таърихи тоҷикон”, “фарҳанги тоҷикӣ” ва “адабиёти тоҷикӣ”-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони худ дӯст дорем ва онҳоро бо ифтихор ба забон оварем. Мо бояд ба омӯзиши забони адабӣ ё забони меъёрии тоҷикӣ пайваста саъю кӯшиш кунем ва
бояд барои истифодаи озодона ва рушди забонҳои модарии тоҷикон дар Ӯзбекистон ва ӯзбекҳо дар Тоҷикистон, пешрафти илму маориф, фарҳанг ва риояи расму ойин ва маросиму суннатҳои миллӣ шароит фароҳам оварем. Акнун вазифаи зиёиён аст, ки ин масъалаҳоро тавассути баргузор намудани ҳамоишу конфронс, суҳбату машваратҳои илмиву фарҳангӣ ва омӯзишу таҳқиқи якҷоя баррасӣ намоянд. Басо рамзист, ки имсол мо 140-солагии зодрӯзи поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айниро ҷашн мегирем. Саҳми устод Айнӣ дар пешрафти назму насри нави тоҷикӣ, илми адабиётшиносӣ, таърихнигорӣ, ҳунаршиносӣ, рӯзноманигорӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, мақолаҳои публитсистӣ, фарҳангнигорӣ ва монанди инҳо хеле бузург мебошад. Барҳақ, устод Айнӣ дар тафаккури адабиву фарҳангии халқи тоҷик инқилоб ба вуҷуд оварда, онро ба шоҳроҳи нав ворид кардааст.
роҳи миллатанд
9 Махсусан, муборизаҳои ӯро дар мавриди тоза нигоҳ доштани забони адабӣ ё меъёрии тоҷикӣ ва оммафаҳму равон сохтани он зикр кардан зарур аст. Мехоҳам таъкид кунам, ки мо дар сиёсати забон, қабл аз ҳама, дар мавриди забони тоҷикии меъёрӣ аз мерос ва андешаҳои устод Садриддин Айнӣ истифода мекунем. Зеро ба қавли устод Айнӣ “ барои васеъ кардани забони илмӣ ва адабии тоҷик беҳтар аст, ки ба адабиёти классикӣ ва хазинаи забони зиндаи тоҷикӣ роҳ ёбем”. Ҳоло бори дигар хотиррасон месозам, ки иҷрои ин вазифаҳо, яъне таъмин намудани пешрафт ва тавсеаи доираи истифодаи забон, тараққиёти минбаъдаи илм, маориф, фарҳанг ва дигар масъалаҳои зиндагии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба дӯши аҳли зиё ҳамчун нерӯи пешсафу пешбаранда вогузор мегардад. Давлати мо наздик ба бисту ҳафт сол аст, ки дар роҳи истиқлолияти сиёсӣ ва низоми дунявӣ устуворона қадам ниҳода, ба дастовардҳои хеле назаррас ноил шудааст. Моро зарур аст, ки ин комёбиҳои миллати тоҷикро васеъ тарғиб намоем ва ҷиҳати ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолият аҳлона саъю талош карда, Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Дар ин амри хайр ва корҳои созанда шумо - зиёиёни мамлакат бояд фаъол бошед ва аҳли ҷомеаро ҳидояту раҳнамоӣ намоед. Имрӯз аксари иттифоқҳои эҷодӣ, аз ҷумла адибон, рассомон, меъморон, оҳангсозон, рӯзноманигорон, синамогарон, намояндагони соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, омӯзгорон, олимон, табибон ва аҳли фарҳанг дар таҳкими давлатдории миллӣ ва муаррифӣ кардани Тоҷикистони азиз фаъолона иштирок дошта, аз манфиатҳои давлату миллат пуштибонӣ менамоянд. Мо ба нерӯи созандаи шумо - зиёиёни Ватан бовару эътимод дорем ва минбаъд низ пайваста ба ин нерӯ такя карда, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ давлат ва ҷомеаро ба сӯйи пешрафту тараққиёт раҳнамоӣ хоҳем кард. Дар ин кори пуршараф ва дар айни замон, заҳматталаб ба ҳамаи шумо – зиёиёни муҳтарам барору комёбӣ орзумандам. Бо итминони комил ба имконияту иқтидори зеҳнӣ ва донишу хиради шумо изҳор медорам, ки зиёиён ҳамеша нерӯи пешбаранда ва раҳнамои имрӯзу фардои неки миллати тоҷик хоҳанд буд. Бори дигар Наврӯзи байналмилалиро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва аҳли зиёи кишвар самимона табрик гуфта, ба шумо саломативу сарбаландӣ ва ба Ватани маҳбубамон Наврӯзи ҷовидона орзу менамоям. Ҷашни Наврӯзи Аҷам ба хурду бузурги Тоҷикистон ва ҳамаи шумо - зиёиёни муҳтарам муборак бошад!
10
ВАРЗИШ
Як ҳафтаи варзиши кишвар Давоми якуним ҳафтаи сипаригардида,(9.03 то 19. 03) дар варзиши тоҷик як қатор навигариҳои чашмрас ба амал омад. Аввали ҳафта дар ҷумҳурӣ марҳилаи чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ оғоз гардид. Инчунин бахшида ба Рӯзи модар дар шаҳру ноҳияҳои кишвар миёни бонувон мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуд. Дар самти футбол. 14 март тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе, бозии дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО (Конфедератсия футболи Осиё) 2018-ро бо дастаи “Алтин Асир”-и шаҳри Ашқобод дар варзишгоҳи “Спорт топлумӣ”-и шаҳри Балканободи Туркманистон баргузор намуда, бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод. Футболбозони “Истиқлол” то дақиқаи 90-уми бозӣ бо ҳисоби 2:0 пешсаф буданд ва имкони хуби бо се имтиёз ба ватан баргаштану мавқеи худро дар гурӯҳ пурра мустаҳакам намуданро доштанд. Аммо давоми 3 дақиқаи иловагӣ футболбозони ҳариф тавонистанд ду гол ба дарвозаи Никола Стошич ворид намоянд. Дар се дақиқа ду гол ба дарвоза сар додани бозингарони “Истиқлол” дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни мухлисони футбол каме норозигиҳоро ба миён овард. Дастаи “Истиқлол” бо ин нишондод баъди хотимаи даври дуюми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “D” бо 4 имтиёз ҳамроҳи “Алтин Асир” пешсафи гурӯҳанд. Дастаи “Аҳал” бо се имтиёз дар мавқеи сеюм қарор дорад. Тими “Олой” қаҳрамони Қирғизистон бошад, дар зинаи охир ҷойгир шудааст. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозии даври сеюмашро бо “Олой”- и Қирғизистон 11 апрел доир мекунад. Тими мунтахаби миллии кишвар оид ба футбол бошад, дар ҷадвали нави Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) як зина боло рафт. Федератсияи футболи байналмилалӣ (ФИФА) 15 март руйхати нави тимҳои мунтахабро нашр намуд. Дар он дастаи яккачини кишвар бо касби 255 имтиёз дар мавқеи 124 ҷой гирифт. Тибқи рӯйхат дастаи миллии Олмон бо касби 1609 садрнишини ҷадвал аст. Дар зинаҳои дуюм ва сеюм Бразилия (1489) ва Португалия (1360) қарор гирифтаанд. Миёни дастаҳои яккачини Осиё тими Эрон бо касби 792 дар зинаи аввал қарор дорад. Австралия (740) ва Ҷопон (593) ҷойҳои дуюм ва сеюмро касб намуданд. Дастаи миллии Тоҷикистон дар миёни мунтахабҳои Осиё мавқеи 22-юмро соҳиб шуд. Бо ин нишондодҳо ҳафтаи сипаригардида барои футболи тоҷик то ҷое бобарор буд. Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии махсуси варзишӣ оид ба намудҳои варзиши обӣ”, ки солҳои зиёд ба таҷдиду навсозӣ ниёз дошт, баъди таъмиру тармим 16 март ба истифда дода шуд. Зимни ифтитоҳи он нахуст мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ доир гардид. Дар ифтитоҳи он Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ, вазири корҳои дохилии кишвар, ки ҳамзамон
роҳбарии Федератсияи шиноварии Тоҷикистонро ба уҳда дорад иштирок намуд. Зимни баромад дар назди варзишгарон Раҳимзода Рамазон ва Аҳтам Абдуллозода таъкид намуданд, ки дар як муддати кӯтоҳ дар вилояти Суғд аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ мусобиқаи минтақавӣ бо иштироки дастаҳо аз кишварҳои Осиёи Миёна, аз рӯи намуди шиновариро мегузаронанд. Ин иқдом метавонад дар оммавият ва тарғиби варзиши шиноварӣ саҳмгузор бошад. Ҳафтаи мазкур қатори Тоҷикистон барои 49 давлати ҷаҳон ҳафтаи варзиш буд. Зеро Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ, ки 9 март дар шаҳри Пйончанги Ҷумҳурии Корея оғоз гардида буд, 18 март ба анҷом расид.Тоҷикистонро дар ин олимпиада Сиёвуш Илёсов намояндагӣ кард. Сиёвуш 14 март дар сабқати лижаронӣ миёни нобиноён дар масофаи 1,5 километр бо натиҷаи 9:31:34 ба марра расида, миёни 32 варзишгар аз 27 давлат мақоми 20 ишғол кард. Дар ин қувваозмоӣ намояндаи Канада Бриан Мкеевер бо натиҷаи 4:03:2 сазовори ҷои аввал шуд. Ҷои дуюмро варзишгари Шведсия Себастиан Модин бо натиҷаи 4:05:7 ва ҷои сеюмро варзишгари Норвегия Эрик Бийе бо натиҷаи 4:32:7 ишғол намуданд. Сиёвуш Илёсов, варзишгари тоҷик ҳарчанд аз медал бенасиб монд, вале бо иштирокаш дар Олимпиада саҳифаи наверо дар варзиши тоҷик боз намуд. Варзишгарони тоҷик маротибаи аввал дар ин мусобиқаи бонуфуз иштирок намуданд. Дар бозиҳои зимистонаи паралимпӣ 570 варзишгар аз 49 кишвар иштирок намуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 17уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпӣ зимни суханронии хеш аз кори федератсияҳои миллии варзишӣ дар кишвар интиқод намуд. Дар асоси суханронии Пешвои миллат масъулин нақшаи чорабиниҳо баҳри бартарафнамудани мушкилоти ҷойдошта тартиб доданд, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ тасдиқ гардид. Дар асоси нақша миёнаи ҳафта 10-14 март Курси техникӣ дар шаҳри Душанбе барои мураббиёни гӯштини ҷудо аз рӯи Барномаи Ҳамбастагии олимпӣ гузаронида шуд. Ба 25 нафар мураббии ҷудо, ки аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷамъ омада буданд, коршиноси дараҷаи байналмилалӣ Ҳоҷиюсуфзода Муҳаммадризои эронӣ ҳам тариқи назариявӣ ва ҳам ба тарзи амалӣ нозукиҳои гӯштини ҷудоро омӯхт, ки дар охир ба онҳо сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ супорида шуд. Дар асоси баромади Пешвои миллат дар ҷаласаи 17-уми Ассамблеяи генералии КМО инчунин нимаи дуюми 17 март дар бинои Кумитаи миллии олимпии кишвар суҳбати Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо раисони Федератсияҳои миллии варзишӣ доир гардид. Зимни суҳбат кори федератсияҳо мавриди таҳлил
қарор гирифта, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гардид, ки мушкилот оиди ҳуҷҷатгузароии федератсияҳо то ҳол ҳал нашудааст ва баҳри омода ва дастгирию сафарбар намудани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ федератсияҳоро зарур аст, ки бо сарпарастони ватанӣ ҳамкорӣ намоянд. Тибқи супориш федератсияҳо муваззаф шуданд, ки то охири сол аз акредитатсияи давлатӣ гузаранд. Паҳлавонони тоҷик давоми ҳафта бо бохт ва ғолибияти худ дар сархати хабарҳои расонаҳо қарор доштанд. 10 паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи Гранд Слам, ки 17 - 18 март дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия баргузор гардид иштирок намуданд. Дар мусобиқаи мазкур варзишгари мо миёни мардону бонувон дар 7 вазн муҳориба намуданд: Суҳроб Боқиев, Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Мулораҷаб Халифаев (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳаммад Мирзоев (-73 кг), Мирзошариф Исматов, Хушвахт Идиев (-81 кг), Ёқубҷон Назиров, Талабуддин Файзов (-90 кг), Оишабону Қурбоналиева (-52 кг) ва Шоҳида Қаландарова (-57). Мутаассифона паҳлавонони тоҷик ба ҷуз Хоҷазода Беҳрӯз дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд. Хоҷазода Беҳрӯз баъди пирӯзӣ бар паҳлавони Австрия дар даври дуюм аз варзишгари муғл шикаст хурд. Дар Ҷоми ҷудои ҷавонони Аврупо, ки 17 март дар давлати Португалия баргузор гардид, Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кило медали нуқра гирифт. Шанбеи ҳафта, 17 март дар ҷумҳуриямон воқеан рӯзи варзиш буд. Танҳо дар ин рӯз 154680 нафар дар чорабиниҳои варзишии рӯзи шанбе иштирок намуданд. Бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Мусобиқаҳои мазкур ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ гузаронида шуда, дар дави наврӯзӣ 112615 нафар иштирок намуданд, ки 84770 нафарашро писарон ва 27845 нафарашро бонувон ташкил медиҳад. Дар мусобиқаи марафони велосипедронӣ бошад, дар саросари ҷумҳурӣ 8147 нафар иштирок намуданд, ки 7783 нафар писар ва 364 нафар бонувонро дар бар мегирифт. Инчунин, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2018, се ҳафта боз рӯзҳои шанбе дар саросари ҷумҳурӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо гузаронида мешавад. Субҳи 17 март низ дар ҷумҳурӣ бо иштироки 33918 нафар машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд, ки аз ин шумора 25768 нафарро писарон ва 8140 нафарро занон ташкил медоданд. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №12 (9542), 21.03.2018
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №12 (9542), 21.03.2018 Гулбаҳор Мирзошарифова, аз зумраи нафароне мебошад, ки ба бемории сил гирифтор шудааст. Гулбаҳор мисли дигарон пайи зиндагонӣ буду ҳаётро бо тамоми накҳат ва зебоиҳояш дӯст медошт. Ӯ аз ҳар нафаси гирифтааш шукрона мекарду пайи ба воя расонидани ду тифлаш андармон буд. Бисёр талош меварзид, то фарзандонашро бо меҳру муҳаббати самимӣ ба воя расонад. Зеро ӯ низ монанди дигар модарон орзуи онро дошт, то тифлонаш бузург гардида, дар ҷомеа ҷойгоҳи худро пайдо намоянду саҳмгузор дар пешрафти меҳан бошанд. Ӯро чанд муддат бемадорӣ, мондашавӣ, камшавии иштиҳо, сулфаи давомнок ва баландшавии ҳарорати бадан азият медод. Дигар мадоре барояш намонда буд. Аз ин ҳолати ба миён омада, бисёр нигарон буд. Зеро ӯ ҳеҷ гоҳ чунин бемор шуданашро дар ёд надошт. Як пагоҳӣ барои фаҳмидани саломатии хеш ба мутахассисони соҳаи тиб муроҷиат намуд. Пас аз ташхиси табибон муайян гардид, ки ӯ бемори шакли мутобиқгаштаи сил мебошад. Вақте бори аввал шунид, ки гирифтори бемории сил гардидааст, бисёр ғамгин гардид. Зеро миёни мардум доир ба ин беморӣ суханони зиёде буданд ва яке аз онҳо ин буд, ки бемории мазкур табобатнашаванда аст. Ӯ ин суханони шунидаашро ба табибон гуфт. Табибон дар ҷавоб қатъӣ барояш иброз доштанд, ки бемории сил табобатшаванда аст ва имрӯз дар кишвар тамоми шароиту имконоти муолиҷаи саривақтии ин беморӣ мавҷуд мебошад. Ба шарте ки
Миҷгона Занҷирова орзу дошт забонҳои хориҷӣ, бахусус англисиро хуб аз бар намояд. Ин орзу ӯро пас аз хатми мактаб ба остонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ овард. Ӯ донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, айни замон чун магистрант дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия таҳсил дорад. Интихоби дурусту мустақилона ва озоди касб шахсро ба қуллаҳои баланди мурод мерасонаду бемасъулиятона ва нодуруст пеша кардани он боиси
Раҳоӣ аз сил иродаи матин мехоҳад бемор ҳамаи табобатро саривақт бигирад. “Ба ман панҷуми ноябри соли 2016 гуфтанд, ки гирифтори бемории сил ҳастам. Дар ибтидо ба ин чиз бовар накардам. Баъдан ба ман мутахассисони соҳаи тиб фаҳмониданд, ки ин беморӣ табобатшаванда аст. Ба шарте, ки табобати онро дуруст ба роҳ монда, доруҳояшро дар вақташ истеъмол намоед, шифо меёбед. Сипас ба табобат оғоз намудем. Хушбахтона, дар соли 2017 дар ҷумҳурии мо реҷаи кутоҳмуддатро ворид намуданд, ки табобати ман аввал аз 24 моҳ иборат буд. Дар ин реҷаи кутоҳмуддат аз моҳи январи соли 2017 ворид шудам ва хушбахтона дар муддати даҳ моҳ ин табобатро ба анҷом расонидам”, - мегӯяд Гулбаҳор Мирзошарифова. Аз он ки пеш аз Гулбаҳор барадораш ба ин беморӣ гирифтор шуда буд, доир ба он каму беш маълумот дошт: - Дар аввали гирифтор шудан ба он, гарчанде мушкил аст, ба воҳима наафтидам. Чунки доир ба он каму беш маълумот доштам, - мегӯяд ӯ. - Ҳолатҳое мешуд, ки рӯҳафтода мегардидам, худ ба худ суол медодам, ки чаро гирифтори ин беморӣ гардидам. Хушбахтона, модари ду фарзанд ҳастам. Чизе, ки бароям ҷиҳати мубориза бурдан бар зидди ин беморӣ нерӯи тоза медод, ҳамин ду фарзанди ман буданд, то ман муқобили ин беморӣ мубориза бараму шифо ёбам. Ин мақсадам дар охир амалӣ гардид, ки аз ин бениҳоят хушҳолам. Чизи дигар агар дастгириву суҳбати дӯстону дилбардорӣ набошад, пас бемор дар танҳоӣ аз уҳдаи бартараф намудани ин беморӣ баромада наметавонад. Гулбаҳор мегӯяд, нафароне, ки гирифтори ин бемориянд бояд ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода нашаванд. Бояд қавӣ бошанду боварӣ до-
шта бошанд, ки албатта шифо меёбанд. Беморе, ки рӯҳафтодаву дилшикаста шуд ва гӯяд, ки оё шифо меёбам ё не, табобат ёфтанаш боз ҳам мушкилтар мешавад. Беморе, ки ба худ боварӣ дорад, ҳатман сиҳат мешавад... Мутахассисони соҳаи тиб сулфаи давомнокиаш 2 ҳафта ва зиёда аз ин ва аксар вақт бо хориҷ кардани балғам, бемадорӣ ва мондашавӣ, камшавии иштиҳо ва вазни бадан, баландшавии ҳарорати бадан, арақкунии шабона ва дарди қафаси синаро нишонаҳои аслии бемории сил меҳисобанд. Сил яке аз бемориҳои сирояткунанда ба ҳисоб рафта, он аз шахси бемор ба одами солим бо роҳи ҳавоӣ мегузарад. Аз 13 то 15 – уми марти соли равон сафари гурӯҳе аз рӯзноманигорони ҷумҳурӣ ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд дар доираи Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил доир гардида, дар доираи сафар ҳайати гурӯҳ аз Маркази мубориза бар зидди бемории сил дар ноҳияи Спитамен, Маркази саломатии ноҳияи Спитамен, Маркази саломатии №2 ноҳияи Спитамен, Маркази саломатии шаҳрии шаҳри Конибодом ва Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили ноҳияи Мастчоҳ дидан намуданд. Дар Маркази саломатии шаҳрии шаҳри Конибодом ба рӯзноманигорон гуфта шуд, ки баҳри аҳолии шаҳр, ки беш аз 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, 2211 кормандони тиб дар 51 муассисаҳои табобатӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар шаҳр айни ҳол 3 мутахассиси силшинос фаъолият дошта, соли 2017 дар шаҳр 81 нафар беморони сил маълум гардида, ба табобат фаро гирифта шудаанд.
Гурӯҳи рӯзноманигорон дар ноҳияи Мастчоҳ бо Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ноҳияи мазкур шинос шуда, аз ҳуҷраҳои қабули беморон, озмоишгоҳи клиникӣ, ҳуҷраи ташхиси нурӣ, озмоишгоҳи бактериологӣ, қисми тоза ва минтақаи хавфи миёнаи сироятии маркази мазкур диданд намуданд. Пас аз шиносоӣ зимни суҳбат гуфта шуд, ки дар Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ноҳияи Мастчоҳ 25 кати беморӣ барои табобати беморони сил мавҷуд буда, соли 2017 дар ноҳия 112 нафарони гирифтори бемории
Интихоби пеша бояд дуруст бошад
дилмондагию пушаймонӣ шуда, оянда касро ба ташвишҳои зиёд рӯ ба рӯ месозад, - нақл кард зимни суҳбат Миҷгона Занҷирова. - Баъди хатми магистратура на фақат омӯзгор, балки бо равияи забоншиносӣ метавонам машғул шавам. Аз хурдӣ ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ шавқи зиёд до-
штам. Чунки бароям донистани зиндагию фарҳанги дигар халқҳо хело аҷиб буд. Баъдан вақти мулоқот бо мардуми хориҷа ва муаррифии Тоҷикистон бо онҳо, яъне фарҳангу анъанаҳои тоҷикӣ эҳсосоте ҳис мекунам. Шояд ин сабабҳо боис гардид, ки шавқам ба омӯзиши забонҳо зиёд гардад. - Чун зинаи магистатураро хатм мекунед, албатта сатҳи донистани забони англисӣ бароятон боз ҳам беҳтар мегардад. Оянда кӣ шудан мехоҳед, мутахассиси забоншинос ё тарҷумон? -Ҳар ду ришта ҳам бароям шавқовар аст. Аммо ду сол аст, ки ба соҳаи забоншиносӣ бештар машғулам. Аз ин хотир, рӯз то рӯз шавқам ба ин соҳа зиёд шуда истодааст. Шояд оянда дар ҳамин равия кор кунам. -Майлу рағбати наврасону
ҷавонон ба омӯхтани забонҳои хориҷи чӣ гуна аст? - Забондонӣ шарти асосии ҷаҳондонӣ ва ҷаҳонишавии шахс аст. Мо – ҷавонон созандагони имрӯзу ояндаи миллат бояд аз дурнамои рушди давлатдории худ ба хубӣ огоҳ бошем ва бояд донем, ки яке аз шартҳои он аз худ кардани забонҳои хориҷист. Донистани забонҳои хориҷӣ роҳи моро барои расидан ба комёбиву муваффақиятҳо кушода месозад. Зарурати дигари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ин муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалист. Ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ бе тафовут нестанд. Аммо ҳангоми таҳсил ба мушкилоти зиёд дучор мешаванд. Яке аз мушкилот вазъи иқтисодии ҷавонон аст. Албатта, ягон кор бе душворӣ намешавад. Касоне, ки ба омӯзиш мепардо-
11 сил дарёфт шуда, айни ҳол ба табобат машғул мебошанд. Гуфта шуд, ки ба ин беморӣ бисёртар одамони шароити зисташон паст, муҳоҷирони меҳнатӣ, иммунитеташон паст гирифтор мешаванд. Табобати ин гуна беморон каме мушкил аст. Барои он ки табобати он дуру дароз ва барои қабули доруворӣ ба беморон каме мушкилӣ дорад. Беморон бояд доруро дар вақташ бетанаффус истеъмол кунанд. Ба беморон ғайр аз оне, ки ёрии тиббӣ расонида мешавад, барои баланд бардоштани рӯҳияи бемор ба ҳаёт рафтори нек лозим аст. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
занд бояд заҳмати зиёд кашанд, ва аз душвориҳо наҳаросанд. То ин ки ба қуллаҳои мақсуд бирасанд. - Ба ҷавонон чӣ гуфтанӣ доред? - Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд. Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
12
E - MAIL: JAVONONTJ@MAIL.RU
Аз миёни ҷашну сур ва идҳои марғуб ва хеле дилпазири қавмҳои тоҷику форс ва халқу миллатҳои ҳамҷавор Наврӯз яке аз қадимтарин, бузургтарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳон аст. Худи вожаи “наврӯз” – калимаи мураккаби форсии –дарӣ, калимаи тоҷикист, ки аз ду ҷузъ “нав” ва “рӯз” иборат аст. Дар ин ҳангом офтоб ба бурҷи ҳамал мерасад ва ин ба рӯзи 31 моҳи фарвардини авестоӣ ва ҳамали аҷамӣ рост меояд. Манбаъҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳамон давраҳо Наврӯзро 13-рӯз ҷашн мегирифтанд ва онро ба 2 ҳиссам- Наврӯзи омма (Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи сағир) ва Наврӯзи хосса (Наврӯзи бузург, ки рӯзи шашуми Фарвардинмоҳ оғоз меёфт), тақсим мекарданд. Ҷашни Наврӯз дар ҳақиқат як ҷузъи хотираи тобноки маънавии одамон мебошад, ки наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамёриву ҳамкориро боз ҳам қавӣ мегардонад. Дар боби Наврӯз бисёр навиштаанду гуфтанд ва сухан аз он ҳамвора муқаррар аст, аммо дар илму адаб такрор малоловар аст, вале ақл такрорро дӯст дорад, табиати офаридгор такрор-
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №12 (9542), 21.03.2018
Наврӯз – эҳёгари анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ро дӯст дорад, эҳсос такрорро дӯст дорад, зеро ҳама аз такрор ҷон мегирад ва аз ин хотир Наврӯз достони зебоист: табиат, ҷомеа, ақл, эҳсос ва амсоли ин аз такрор нерӯманд мешавад. Наврӯз ҷашни бедоршавии табиат буда, ҳангомест, ки рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад ва замона ва он чи дар ӯст, нав мешавад. Мавҷудоти олам ҳаёти нав меёбанд ва соли ҳақиқӣ даврае аз адвори хешро ба поён расонида, вориди марҳилаи тозае мегарад. Баъзе муҳаққиқон таърихи Наврӯзро панҷҳазорсола ва баъзе шашҳазорсолаю ҳафтҳазорсола мегӯянд. Албатта, онҳо ба устураву ривоятҳо такя кардаанд ё онҳоро асос гирифтаанд. Аммо ҷашни Наврӯз қадимтар аз инҳост. Ин ҷашн аз ҳамон даврае шурӯъ мешавад, ки инсонҳои ибтидоӣ дар ғорҳо зиндагӣ мекарданд ва зимистонро дар он ҷо мегузарониданд. Вақте ки зимистон поён меёфт ва давраи яхбандӣ ба анҷом мерасид, баҳор шурӯъ мешуд ва рӯзҳо гарм мешуданд. Онҳо хурсанд мешуданд,
медиданд, ки дарахтон барг мекунанду гулҳо мешукуфанд. Паррандагону чарандагон ҳама дар фазову табиат сурудхонону нағмакунон суйру гашт мекунанд. Одамони қадим, аз ҷумла ниёгони мо ин манзараҳоро дида, хурсандӣ мекарданд. Мегуфтанд, ки гармӣ бар сардӣ ғалаба кард, офтоб бар деви зимистон пирӯз шуд. Ҳамин тавр оғози ҷашни Наврӯз аз ҳамон давраҳо сарчашма мегирад. Онҳо ҳар баҳор хурсандӣ мекарданд ва оҳистаоҳиста он шакли муайяни ҷашнро гирифтааст. Масалан дар сарчашмаҳо гуфта мешавад, ки шоҳ Ҷамшед ин ҷашнро асос гузошт, вале он қадимтар аз давраи ӯ низ будааст ва шоҳ Ҷамшед онро танҳо ба шакли мукаммалтар даровардааст. Мардуми ориёӣ дар тӯли қарнҳо бо тамоми роҳу воситаҳо тавонистанд, ки ин мероси фарҳангии худ, аз ҷумла анъанаҳои ҷашни Наврӯзро нигоҳ доранд. Онро аз манъкунию хурофот эълон намуданҳо дифоъ карданд ва ин анъанаро то ба насли имрӯз расониданд. Айни
Паём ва чанд ҷанбаи ҳуқуқӣ Чун анъана ва рукни муҳим дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанбаи ҳуқуқӣ як қисмати меҳвариро ташкил медод. Барои мо ҳам дар Паём ва ҳам дар дигар нутқу муроҷиатҳои Пешвои миллат масъалаи «таъмини волоияти қонун ва ҳифзи хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» чун як шиори пайваста барои тамоми сокинони кишвар ба ҳисоб рафта метавонад. Зикр кардан бамаврид аст, ки маҳз қонунписандии Роҳбари давлат муҷиби он гаштааст, ки дар кишвар суботи иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуҷуд ояд. Пояҳои қонунии ҳокимияти имрӯзаи кишварамон муҷиби он аст, ки мо дар як фазои осоиштаву ором муносибатҳои башардӯстонаву адолатро пайваста тақвият бахшида тавонем.
Фазои солими ҳуқуқӣ барои ҳар як давлат ин кафолати бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Тавре дар Паёми имсола зикр гардидааст, «фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ вазифаи аввалини давлати ҳуқуқбунёд мебошад». Дар ҳошияи ин фарзияву ҳукм гуфтан мумкин аст, ки ин вазифаҳо дар сатҳи байналхалқиву минтақа аллакай Тоҷикистонро тавонистааанд, ки чун кишвари ҳуқуқбунёд муаррифӣ намоянд. Ин ҷараёни эътироф зиёда аз ду даҳсола боз давом дорад ва сарфи назар аз баъзе паҳлуҳои ҷузъӣ Тоҷикистон дар арсаҳои баланд дар ин ҷабҳа намунаи ибрати кишварҳои дар буҳронҳои маънавию ҳуқуқӣ қароргирифта мебошад. Маҳз ин ҷиҳат аст, ки кишвари моро созмонҳову ташкилотҳои мухталифи байналхалқӣ, махсусан баландтарин созмони ҷаҳонӣ – СММ ба сифати як кишвари дар пояи қонун таҳкимёбанда эътироф кардаанд. Ин қонуниятҳои устувори замони истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳи оламиён қарор мегирад ва дар заминаи он муносибатҳои густурдаи дуҷонибаву чандҷониба ба роҳ гузошта мешаванд. Аз назари Пешвои миллат «ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад» ва дар ин самт масъулияту фаъолияти содиқонаи намояндаи ҳифзи ҳуқуқ омили мусоидаткунандаи бақои давлат дониста мешавад. Ҷаҳони имрӯза мувоҷеҳи равандҳои мураккаб мебошад ва он ҷомеаҳое ба гирудорҳо ва таҳдидҳои алоҳида дучор мешаванд, ки агар дар онҳо ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар пояи заиф қарор дошта бошад. Аз ин рӯ бояд ифтихори ҳар як сокини кишвар бошад, ки ҳифзи амният ва суботи ҳуқуқӣ омили аслии дар фазои осоишта зиндагӣ кардани мо гаштааст. Ишораҳои Роҳбари давлат дар мавриди терроризму экстремизми ҷаҳони муосир ба он робита дошт, ки намояндагони ҳифзи қонуну тартибот вазифаҳои худро ҷонноктар намоянд. Хеле хуб аст, ки имрӯз суботу оромии дохилии мо таъмин аст ва ҳар чизе ки ба он таҳдиду халал ворид карда метавонад, ин пеш аз ҳама аз хориҷи кишвар мебошад. Ҳифзи қонуну тар-
тибот дар таъкиди Роҳбари давлат масъалаи амнияти кишвари мо ва минтақаро бозгӯ мекард. Пешгирии хатарҳои афзояндаи терроризму экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ин пеш аз ҳама ба фаъолияти намояндагони ҳифзи ҳуқуқу тартибот иртибот дорад. Дар Паёми имсола масъалаҳои ҳуқуқиву низому тартибот ба масъалаҳои амнияти байналхалқӣ робитаи зич дошт. Чунончи дар Паём омадааст: «…Дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст». Дар иртибот ба чунин вазъ бетафовут набудани ҷомеаи Тоҷикистон ба ин масъала дар Паём махсус таъкид карда шуд, ки он пеш аз ҳама масъулияту садоқатмандии намояндагони қонуну ҳифзи тартибот мебошад. Дар ҳамбастагӣ ба андешаи боло Пешвои миллат вазифаи мушаххаси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбиро чунин баён карданд: «Дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи суботи сиёсӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ доим омода бошанд». Дар Паёми имсола масъалаи коррупсия махсус зикр карда шуд ва он ҷиҳат нигаронкунанда аст, ки дар фаъолияти баъзе намояндагони соҳаи ҳуқуқ ин дарду доғ ба назар мерасад. Дар ин самт даст ба тақаллубу фасод задани афроди алоҳида аз назари Пешвои миллат дур намонда буд. Бахшҳои алоҳидае ки дар онҳо масъалаҳои коррупсионӣ бештар ба назар мерасанд, таъкид гардид, ки яке аз онҳо хариду фурӯши замин мебошад: «Танҳо дар давоми 10 соли охир қариб 1300 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионии вобаста ба замин содир шудааст». Дар ин самт низ даъват ва дастурҳои Роҳбари давлат барои намояндагони ҳифзи ҳуқуқ махсус буданд. Мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб аз ҷониби мақомоти алоҳида махсус зикр гардиданд. Андешаи мо чунин аст, ки дар ин самт бояд ҳар як шаҳраванд саҳми худро гузорад ва танҳо муборизаи якдилона ин ҷинояти инкишофёбандаро барҳам зада метавонад. Масъалаҳои марбут ба ҳуқуқ, ки дар Паёми имсола зикр карда шуданд, ифодагари мушкилоти пешравиҳои соҳа ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯза мебошад. Масъалаҳои ҳуқуқӣ дар Паёми имсола ба авзои байналхалқӣ робитаи мантиқии амиқ дошт. Муҳимтарин ҷиҳат он аст, ки таъкидҳои Пешвои миллат бештар дурнаморо фаро мегиранду бозгӯ менамояд. Аз ин ҷиҳат фаъолияти садоқатмандонаи намояндаи ҳифзи ҳуқуқ дар тамоми ҳолатҳо, ин кафили суботу бақои ҷомеа мебошад, ки онро як қисмати муайяни Паёми имсола ифода карда метавонад. Ф. ҚУТБИДДИНОВ, судиҷрочии ноҳияи Файзобод
ҳол ҷашни Наврӯзро ғайр аз кишвари мо боз дар бисёр манотиқи олам, ба мисли Эрону Озарбойҷон, Ӯзбекистону Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон, Афғонистону Албания, Туркияву Македония, Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин (ҷамъ беш аз 300 миллион нафар аҳолии курраи замин) ҳамчун иди миллӣ ҷашн мегиранд. Наврӯз воқеан бо ҷанбаи фарҳангиву мардумии худ миёни хосу ом маҳбубият пайдо кардааст. Ин хусусияти Наврӯзро устод Айнӣ таъкид карда, менависад: “Иди Наврӯз, ки чун сари соли шамсӣ дар аввали ҳамал сар мешуд, яке аз идҳои пеш аз исломият аст. Бинобар ин, халқи тоҷик дар ҳолате, ки иди рамазон ва иди қурбонро як рӯз барпо медошт, иди Наврӯзро ҳафтаҳо давом медод. Бо сабаби дар аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми растаниҳо ва мавҷудоти зинда рост омадани ин иди табиат инсон ҳам ба ҳаракат меомад, тоҷикон “ҳамал – ҳама чиз дар амал” мегӯянд”.
Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд. Дар айёми Наврӯз табиат эҳё мегардад, инсон нерӯи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накӯкорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд. Ҷашни Наврӯз таърихи бисёр дерина дошта, ойини бедориву хушҳолӣ барои инсоният мебошад. Маҳз бо ҳамин сабаб арзишҳои онро, ки ба нафъи ҷомеа мебошанд, худи ҷомеа, яъне халқ пос медорад. Дар айёми наврӯзӣ ҳаёт бар марг, садо бар сукунат ва гармӣ бар сардӣ ғалаба мекунад, ки ин ҳама боиси дилгармии инсон, пеш аз ҳама, марди деҳқон ба зиндагӣ мегардад. Ҳокимҷон ҲАБИБОВ, курсанти Академияи ВКД ҶТ
Иди Наврӯз таърихи зиёд дошта, куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравд. Яке аз қадимтарин идҳои ориёӣ мебошад, ки то ҳанӯз ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз дар луғат ба маънои “рӯзи нав”, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст. Поягузори ҷашни Наврӯз шоҳ Ҷамшед мебошад. Наврӯз дар моҳи аввали баҳор, ки фарвардин ном дорад, ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи якуми фарвардин, рузи якуми баҳор, саршавии киштукор, бедоршавии табиат, бедоршавии олами наботот, такмили дунёи нав мебошад, ки зиндагии инсоният низ дар ин рӯз дигаргун мешавад.
Наврӯзи гулрези Ватан Бо омад - омади Наврӯз қабл аз ҳама кӯдакон бо баргузории маросими гулгардонӣ ба дигарон пайғом мерасонанд. Маросими гулгардонӣ аз тарафи гурӯҳи кӯдакон, ки дар даст гулҳои сияҳгӯш, бойчечак ё дигар гулҳои наврӯзӣ доранд, иҷро мешавад. Гурӯҳи кӯдакон дар даст гулҳо бо қироъати шеъру таронаҳо ва сурудхонон ба ҳар манзил наздик шуда фаро расидани фасли баҳоронро ба соҳибхонаҳо шодбош мегуянд. Бо омадани Наврӯз дар тамоми гӯшаю канори Ватани азизамон бозиҳои миллӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ аз қабили бузкашӣ, дастхобонию бандкашӣ, хурусҷангу кабкҷанг, гӯштингирӣ ва монанди инҳо гузаронида мешавад. Инчунин мусобиқаҳои шашкабозӣ, нарду шоҳмот ва сангпартоию сангбардорӣ низ ташкил ва гузаронида мешаванд. Мардон кишту корро о ғоз намуда, дарахтшинонӣ мекунанд. Бонувон хонаҳои худро тозаю озода намуда, курпаю курпачаҳоро ба саҳни ҳавлӣ мебароранд. Ҷумлагӣ кинаву андуҳро аз дил дур намуда, ёру бародар мешаванд ва якдилона рӯзи Наврӯзро бо хушнудӣ ҷашн мегиранд. Чӯпонбачаҳо дар ёлаҳо найнавозӣ ва духтарон дар лаби чашма лабчангнавозӣ мекунанд. Ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ба сайри гули лола, ба кӯҳу саҳро ба тамошои сабзаҳою гулҳои баҳорӣ баромада, мусобиқаҳои шеърхонӣ ва рақсу сурудро ташкил менамоянд. Хулоса ҳама пиру ҷавон шодию хурсандӣ мекунанд ва то ба Наврӯзи дигар шоду хурсанд буданро орзу менамоянд. Наврӯз маросимҳои зиёде дорад, ки ба ҷо овардани онҳо дар давраи таҷлили ҷашн, ҳатмӣ шуморида мешаванд. Аз ҷумла оро додани дастархони маъмулии “ҳафтсин” ва “ҳафтшин.” Яъне аввалан дастархонро бо ҳафт адад анвои хӯрданӣ, ки ҳарфи аввали исми онҳо “син” ё “шин” бошад, оро додан шарт мебошад ва ҳар як маводи “ҳафтсин” ва “ҳафтшин” рамзи хосеро ифода менамояд, ки орзуи неки зиндагиро нишон медиҳад. Дар рӯи дастархони идона сабза нишонаи табиати сабзпӯши баҳор, хушахлоқию хуррамӣ ва шодобист. Сабза рамзи зиндагӣ, рушду нумӯ ва хурамии инсонро дар соли нав ифода мекунад. Аз сабза инчунин суманак омода мекунанд, ки он як навъ ғизои маъруфи гиёҳии наврӯзист, ки аз оби гандуми сабзонидашуда тайёр карда мешавад. Суманакро ҳамчун ғизои «мардофарин» медонанд. Он нишони маводи тамаддунии зироаткорӣ, рамзи зиндагии пурбаракат, ба даст овардани маҳсулоти хӯшагӣ ва аломати қудрату нерӯмандист. Хӯрдани суманак шахсро нерӯю тавоноӣ мебахшад ва аз лиҳози тиббӣ низ аз чанд ҷиҳат муфиду судманд мебошад. Дар саросари ҷаҳони фарҳанги ориёӣ, ки имрӯз дар сарзамини халқҳои эронитабор зиндагӣ ва бархе аз онҳо дар кишварҳои мухталиф паҳну парешон шудаанд, суманак тайёр ва онро ба навъи хӯрокҳои муқаддас ва судбахш дохил намудаанд. Ин суннати дерини ниёгонамон, рамзи файзу баракати баҳор ва серҳосилист. Баҳрулло САЛИМЗОДА, мудири бахши тарбиявӣ ва кор бо ҷавонони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №12 (9542), 21.03.2018
E - MAIL: JAVONONTJ@MAIL.RU
Ин воқеиятест, ки масъулину аъзои фирории ТЭТ ҲНИТ дар робита ба “ғамхорӣ”-и хоҷаҳояшон бояд дарк намоянд Чанде пеш дар расонаҳо иттилоъ пайдо шуд, ки мақомоти муҳоҷирати Полша аввали моҳи марти соли равон дархости паноҳандагии Қаландар Садурдинов, яке аз асосгузорони ТЭТ ҲНИТ-ро рад кардааст. Тибқи иттилои мазкур, ин “ҷаноб” мисли амирон бо “аҳли рикоб” зану 6 фарзанд ва 13 набера моҳи сентябри соли 2017 вориди Полша шудааст. Расонаҳо аз қавли “як манбаи огоҳ” навиштанд, ки Қаландар Садурдинов, ки 70 сол дорад, моҳи сентябри соли 2017 аз тариқи гузаргоҳи Брести Беларус вориди Полша шуда, аз ин кишвар паноҳандагӣ хоста буд.
Як гул бидиҳанду сад баҳорат бибаранд Чун дигар “аллома”-ҳои ТЭТ ҲНИТ номбурда низ афсонапардозӣ намуда, мавриди “таъқиботи сиёсӣ” қарор гирифтани худу наздиконаш дар Тоҷикистон баъди манъи фаъолияти ТЭТ ҲНИТ-ро далели паноҳ ҷустан дар Аврупо арзёбӣ карда буд. Сарфи назар аз шармандавор рад шудани дархост “обсофкунак”-ҳои ТЭТ ҲНИТ тутивор гуфтаанд, ки “дар ҳоли ҳозир вакили мудофеи Қаландар Садурдинов машғули таҳияи аснод бо талаби бознигарии қарори радди дархости паноҳандагии ӯст. Ҳоло адвокат машғули қазияи Қаландар Садурдинов аст, вале чун ин вакили мудофеъ аз як созмони ғайридавлатист, тибқи муқаррароташон, ҳаққи расонаӣ кардани маълумот дар бораи зерҳимояашро надорад”. Ин “обсофкунак”-ҳо далелҳое овардаанд, ки ин шармандаҳоро иловатан хандахариш кард. Барои мисол, гуфтаанд, ки “азбаски домулло пиру ранҷур аст, шояд дар мусоҳиба бо намояндаи идораи муҳоҷирати Полша мушкилоташро дуруст баён карда натавонистааст. Ё шояд тарҷумон ғайриҳирфаӣ буд. Инҷо аксари тарҷумонҳо аз форсиву дарӣ мебошанд ва барои паноҳҷӯёни тоҷик тавассути онҳо расондани мушкилоти худ ба мақомоти муҳоҷирати Полша як андоза мушкил аст”. Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар соли 2017 Полша дархости 153 ба ном паноҳҷӯи тоҷикро рад кардааст. Ин омил аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мақомоти ин кишвар ба тозагӣ дарк кардаанд, ки аксарияти ба ном паноҳҷӯён аслан ҷинояткору террористанд ва ҳиҷраташон рабте ба фаъолияти сиёсӣ надошту надорад. Иддаи дигар, ки онҳо низ ба сиёсат ҳеҷ дахл надоранд бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳанд зери чатри паноҳанда дар Аврупо маскун шаванд. Ба таъбири дигар, онҳо барои кору зиндагӣ ба Аврупо мераванд, паноҳандаи сиёсӣ нестанд ва дар Тоҷикистон ҳам нисбат ба онҳо фишор ё парвандае нест. Доир ба ин масъла ҳақ ба ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода аст, ки гуфта буд: “Аксари онҳое, ки аз Аврупо дархости паноҳандагӣ мекунанд, муҳоҷирони кории тоҷиканд, ки дар гузашта ё дар Русия ё Украина кор мекарданд. Тибқи қоидаҳои нави муҳоҷират дар Русия агар патенти яксола надошта бошӣ, аз 3 моҳ зиёд истода наметавонӣ. Бинобар ин, аз фурсат истифода бурда бисёриҳо аз чунин механизм кор гирифта ба Аврупо гузашта истодаанд”. Омили мазкур дарси ибратест барои “бузургон”-и ТЭТ ҲНИТ. Онҳо бояд донанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ аврупоиҳо ба ин қабил одамон бовар надоштанду надоранд. Зеро аврупоиҳо хуб медонанд, ки дини ба сиёсат омезишёфта паёмади ногувор дорад. Хосса, дар шароити кунунӣ ки бар асари содалавҳии як идда мусалмонон дини мубини ислом қариб ки синоними вожаи терроризм шудааст. Ба ибораи дигар, онҳо як гул дода сад баҳорро мебаранд. Аз ҷониби дигар, гумроҳони ТЭТ ҲНИТ хуб медонанд, вале нодида вонамуд мекунанд, ки ҷомеаи Аврупо ҳанӯз сесад сол пеш зарурати бунёди давлати дунявиро ба таври бояду шояд дарк намудаву то имрӯз ба он устувор аст. Вале дар ҳамин ҳол, давлатҳои Аврупо гӯё ба арзишҳои динии давлатҳои ақибмондае, ки қисми аъзами сокинонашонро мусулмонон ташкил медиҳанд, “арҷгузорӣ” намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ “роҳ намедиҳанд”, ки онҳо дар ҷодаи эъмори давлати воқеан ҳам дунявӣ собитқадам бошанд, зеро замоне, ки чунин кишварҳо рӯй ба дунявият оварданд, аз муноқишаву низоъҳои динӣ дур мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки: “Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳиму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем, зеро аз таъсири манфии ҳодисаву таҳаввулоти охир, ки дар онҳо намояндагони даҳҳо кишварҳои дунё иштирок доранд, ягон мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ, эмин буда наметавонад. Аз ин лиҳоз, ҳар чӣ бештар таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва ҳатто сарнавиштсоз пайдо кардааст”. Аслиддин МИРЗОЗОДА
13
Андешаҳои фармоишии “озодандешон” Мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз ба рӯз аз моҳияти гурӯҳ, созмон, анҷуман ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои бадтинат, ки сафҳои созмонҳои тахрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст. Ҳамагон аз ҳодисаҳои нангини солҳои 1992-1997, ки бо талош ва кӯшишҳои саркардагони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва сарпарастии хоҷагони хориҷии он сурат гирифт бохабарем. Мушоҳида мешуд, ки барои ба даст овардани ҳокимият ва барқарор намудани тимсоли ҳукмронии хоҷа дар Тоҷикистон наҳзатиҳо чи нақшаву ниятҳои разилонаро ба сари миллати тоҷик бор накарданд. Онҳо барои иҷрои супориши хоҷагонашон ба Ватан – модаре, ки дар канор ва оғӯши гармаш ба камол расиданд ҷанг эълон карданд. Байни мардум дар замони маҳдуд будани дастрасии аҳолӣ ба арзишҳои динӣ, мавҷуд набудани шакли тарҷумавии адабиёти динӣ, бахусус китоби муқаддаси Қуръон фитнаҳо эҷод намуда, барои тарғибу ташвиқ ва ҷорӣ намудани шеваи эътиқод ба дин бо усули мазҳаби бегона як қатор корҳоро ба сомон расониданд. Маҳз бо шуруъ намудани бесарусомониҳо наҳзатиҳои гумроҳ гумон карданд, ки то абад бо супориш ва дастгирии хоҷагонашон дар Тоҷикистон ба қатлу хунрезӣ идома медиҳанд. Ҳадафи аслии ба низоъ кашидани падару писар ва духтару модар, ки яке аз нақшаҳои пасипардагии фаъолияти ТЭТ ҲНИТ буд ва бо дастури хоҷагонашон роҳандозӣ мегардад, мардумро ба низоъҳо банд намуда, моликияти онҳоро муфт соҳиб шудани наҳзатиҳо буд. Ҳамагон аз амалҳои разилонаву манфури наҳзатиҳо дар амри барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ дар Тоҷикистон бахубӣ огаҳӣ дорем. Инчунин, ноуҳдабароиҳои террорист Муҳиддин Кабириро дар мавриди тарки Ватан низ хуб дарк мекунем. Мардуми Тоҷикистон бо дарки рисолати бузурги ватандорӣ ва
√ АКСИ
масъулияти томи ватанхоҳӣ наҳзатиҳоро аз сафҳо худ берун намуданд ва худи касоне, ки бо роҳҳои гуногун ба наҳзат аъзо гардида буданд, аз сафҳои он баромаданд. Бар зами ин ҳама рӯйгардониҳои мардум аз наҳзат боз Муҳиддин Кабирӣ бо ҷалби иддае аз гумроҳони миллати тоҷик барои худ сипар сохта, анҷумани озодандешонро таъсис дода, мехоҳад нуфузи худро боз ҳам баландтар бардорад. Мо дарк мекунем ва исбот ҳам гардида истодааст, ки паси анҷумани озодандешони тоҷик Кабирӣ ва паси Кабирӣ ва наҳзати наҳсаш хоҷагонашон қарор доранд. Кабирӣ террористест, ки бо дастгирии хоҷагонаш ба камол расида, дигар террористонро барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои хоҷагонаш омода намуда истодааст. Дар маҷмуъ ҳадафу нияти наҳзату анҷумани озодандешону дигарон ин мубориза бо ҳукумати қонунии кишвар буда, ҳеҷ гоҳ ба ин нақшаву ниятҳои разилонаашон нахоҳанд расид. Зеро дигарбора мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин тангназарон бовар ва эътимод надоранд, зеро мардум аллакай сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Фарҳод ВОҲИДОВ
САДО
Партов мушкилоти асри мост! Ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” торафт хонданибобу пурмуҳтаво шуда, масъалаҳои муҳиму рӯзмарраро инъикос менамояд. Дар шумораи №6-и ҳафтанома аз 8 феврали соли равон мақолае зери унвони “Табиат хонаи мост, аммо” ба табъ расида буд, ки масъалаи ниҳоят муҳим, яъне муносибат бо партовҳоро дар бар мегирифт. Муаллиф Зиёратбегим Шогунбекова навиштааст: “Сокинон баъзан ба ҷои партовгоҳ оби ҷӯйборҳоро истифода менамоянду ҳама ашёи нолозим, аз қабили қуттиҳои холишудаву коғаз, баклашкаву пасмондаи хӯрокҳоро ба он мепартоянд ва бо ин гӯё кори худро осон мекунанд”. Дар хақиқат партов ба мушкилоти асри мо табдил ёфтааст. Таркиби партови маишии сокинони шаҳру деҳоти имрӯза аз таркиби партовҳои маишии 50 соли пеш ба куллӣ фарқ мекунад. Зеро дар замони мо истифодаи ашёи пластикию сунъӣ зиёд гаштааст. Дар табиат наботот ва ҳайвоноти фавтида бо ёрии бактерияҳо зуд вайрон гашта, ба зарраҳои хок табдил меёбанд. Аммо бактерияҳо ашёи синтетикиро хӯрда наметавонанд. Мувофиқи ҳисоби олимон коғази ба замин афтода баъди 2 – 10 сол пурра таҷзия мешавад. Қуттии консерва тақрибан баъди 90 сол, тамокуполо (филтри сигор) баъди 100 сол, халтаи полиэтиленӣ баъди 20 сол, пластмасса баъди 500 сол, шиша
баъди 1000 сол таҷзия мешавад. Аз нуқтаи назари олимони соҳаи экология ва ақли солим бояд маҳсулоте тавлид шавад, ки аз масолеҳи табиӣ бошаду баъди истифода бурдан мавриди коркарди такрорӣ қарор гирад. Масалан, дар кишварҳои пешрафта дар қатори коғазпораю оҳанпора шишапораро низ барои коркарди такрорӣ мехаранд. Ё ин ки партовҳои биологиро ҷамъ намуда, аз он биогаз ҳосил менамоянд ва ё барои баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳо компост тайёр мекунанд. Хуб мешуд, ки дар ҷумҳурии мо низ чунин корхонаҳои коркарди партов бунёд меёфтанд. Дар он сурат ҳам чандин касон соҳиби кор мешуданду ҳам муҳити зист солим мемонд. Муаллиф дар хусуси ба манбаъҳои об партофтани партовҳо дуруст эрод гирифтааст. Об унсури муқаддас аст. Инсон ба дунё омад, ӯро бо об мешӯянд. Вақте инсон аз дунё гузашт, пеш аз супурдан ба хок низ ӯро бо об шустушӯ медиҳанд. Пас чаро баъзеҳо бо об чунин беэҳтиромӣ мекунанд? Иддае аз бефаросатон ҳатто уребчаҳои истифодашударо ба об мепартоянд, ки ин ҷиноят ва гуноҳи бузург аст. Дар ҳамон шумораи нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” Ҳабибулло Қутбиддинов аз ноҳияи Файзобод дар мақолаи “Ҷавонон ва маърифати ронандагӣ” навиштааст: “Ҳатто автомобилҳои чандсад ҳазор доллар
арзиш дошта низ дар назди камераҳои “Шаҳри бехатар” боодоб мешаванд”. Чаро ин иқдомро дар мавриди тозагии шаҳр истифода набарем? Бигузор масъулони “Шаҳри бехатар” тасвири ашхосеро, ки партовро дар роҳраву ҷӯйҳо мепартоянд, сабт намуда, дар ягон барномаи телевизионӣ нишон диҳанд. Ин барномаро метавон “Доғҳои шаҳри мо” ном кард. Дар Таиланд бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги экологӣ ва муносибати дуруст бо партовҳо чунин барномаи телевизиониеро таҳия намуданд. Наворбардорон савори мотосикл дар кӯчаҳои шаҳр гашта, касонеро, ки партовро дар ҷои мамнуъ мепартоянд ба навор мегирифтанд. Ин барнома ҳар шомгоҳон дар вақти муайян нишон дода мешуд. Баъзеҳо бо дидани наворбардори сайёр мегурехтанд, ки ин боиси истеҳзои тамошобинон мегардид. Ин барнома ба яке аз сербинандатарин барномаҳо табдил ёфт ва шаҳри Бангкок (пойтахти Таиланд) аз партов хеле тоза шуд. Агар чунин барнома дар шабакаҳои телевизионии “Душанбе”, “Сафина” ва “Тоҷикистон” низ таҳия шавад, боварӣ дорам, ки дигар касе аз тарси ба навор афтидан партовро ба ҳар ҷои ростомада намепартояд. Алишер СУЮНОВ, омӯзгори МТМУ №91 шаҳри Душанбе
14
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №12 (9542), 21.03.2018
КИТОБХОНАИ “ҶТ”
Одами хуб ҳаҷвия
– Эҳ-ҳ, одам шири хомхӯрда мегӯянд, дуруст будааст. Охир, одами хуб шудан бисёр осон будаасту мо бехабар. На ҳуш дорӣ на гӯш! Ҳароина ин гапи падар нисбати духтараш Нилу ҳақ буд. Ҳарчанд ки шиносномаашро ҷӯст, наёфт. – Охир, дар куҷо монда будӣ?! – Ана, дар ҳамин ҷо буд. – Пас, куҷо шуд?! – моҷаро бардошт падар. – Пой бароварда гурехт ё гург хурд?! Нилу сар ба зер афканда, базӯр гуфт: – Намедонам… Ниҳоят бобо ба моҷаро нуқта гузошт. – Хайр, ҳеҷ гап не, навашро мегирем. Ва бо нахустнаберааш ба идораи шиносномадиҳӣ рафт. Духтараки либоси низомипӯш онҳоро хеле самимона истиқбол гирифт. Пас аз шунидани арзи бобо хушнудона гуфт: – Э, бобо, бобо. Барои ҳамин ҳам ғам хӯрдед. Ҳеҷ гап не, ба ин хушрӯйча наппа-навашро медиҳем. – Илоҳо ба камоли пирӣ бирасӣ, духтарам, – дуо дод бобо. – Раҳмат. Ва пас аз омода кардани ҳуҷҷатҳо, хушҳолона ба бобо гуфт: – Ана, тамом. Расо баъди як моҳ меоеду шиносномаро гирифта меравед. – Як моҳ?!. – дили бобо ҷиғғӣ карду гӯё аз ҳаракат монд, ранги рӯяш чун пахта сап-сафед шуд. Наберааш Нилу зери обу арақ монда, лолу ҳайрон ҳарфе намезад. Бобо ба худ омада, ба набераш нигарист ва беихтиёр фиғон кашид: – Худоё, акнун чӣ мешавад?! – Э, чӣ гап шуд, бобо? – бепарво пурсид духтарак. – Набераам бояд ба донишгоҳ ҳуҷҷат супорад, бе шиноснома қабул намекунанд. Муҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо пас ду рӯз ба анҷом мерасад. – Афсӯс, – сар ҷунбонд духтарак. – Сад афсӯс. Лекин инаш ба дасти мо нест, бобо. – Ҳа-а, – мад кашид бобо ва бо тааҷҷуб пурсид: – Охир, чаро ин қадар дер тайёр мекунед? – Чӣ-ӣ? Де-ер? Ё тавба! Магар як моҳ дер аст? Ин ҳуҷҷати одӣ нест, бобо. Ҳо, ҳуҷҷатест, ки шахсияти одамро муайян мекунад. Ҳо, бе ин ҳуҷҷат одам одам нест! Аз ин рӯ, мебинанд, месанҷанд, баъд сурат мечаспонанд, менависанд… имзо… муҳр… эҳ, як олам кор дорад. – Мефаҳмам, – розӣ шуд бобо. – Ягон илоҷ кунед, духтарам. – Агар мешуд, наход рӯи хотири мӯйи сафедатон намекардам. Бобо гардан каҷ кард, зора намуд: – Хайр, як бало кунед, духтарам. – Ман балогардон нестам, бобо, – ба ҷайби ӯ нигариста гуфт духтарак. – Хайр… – Гуфтам-ку, қонун аст, қонун! Вайрон кардани қонун чӣ аст.
Ҷиноят. – Ҷиноят?.. – Бале! Шумо маро ба ҷиноят тела медиҳед. Тавба бояд кард… Бобо ба исрор зора мекард. Духтарак лаб намекушод, хомӯш буд. Магар дигар ҳавсалаи гуфтан надошт. Ниҳоят бедимоғ гуфт: – Бобо, бароед, ба кори ман халал нарасонед. Об дар чашмони Нилу ҳалқа зад. Дили бобо якбора ба шӯр омад. Хун дар шараёнаш биҷӯшид. «Астағфуриллоҳ!» гуфту дар ашки набера акси Ҷаъфар падид омад. Бори аввал дар суҳбати ин марди оворагард нишасту ангушти ҳайрат газид. Вай онҳоеро «одами хуб» гуфта таъриф мекард, ки аз кӯчаи одамгарӣ нагузаштаанд. – Ана, фалонӣ, бисёр одами хуб аст. Ҳар боре маро бинад ба дастам бист сомонӣ медиҳад. Фалонӣ одам не, тилло. Чун рӯ ба рӯ шавем, ба кисаам панҷоҳ сомонӣ метиқад. Ба ҳамин тариқ даҳ-дувоздаҳ нафарро ном бурд. – Чаро ин ҳамаро ба мо нақл кард? – пурсид аз рафиқаш. – Мехоҳад, ки мо ҳам ба қатори одамони хуб дароем. – Чӣ хел? – Бисёр осон, – дар посух гуфт ӯ. –Ба ӯ пул медиҳӣ, тамом вассалом! Шак дар дили бобо афтод: «Ана барои чӣ ба ҷайбам менигаристааст?» «Аҳа, балогардон дар киса!», андешид бобо ва баргашт. Духтарак абрӯвонашро дар ҳам оварда, бо хушунат гуфт: – Боз чӣ мехоҳед?! Бобо ҷуръат пайдо карда, ба дасти ӯ бист сомонӣ дод. – Эээээ… Ин чӣ?«Ин чӣ» ба назари бобо «кам» гуфтанӣ барин намуд. Андешид, ки шояд аз ҳамин сабаб гиреҳи абрӯвонаш кушода нашуд. «Ҳар чӣ бодо бод!» - гӯён боз ба дасти духтарак сӣ сомонӣ қапонд. – Ош шавад! Якбора гиреҳи абрӯвонаш кушода шуду дар рӯяш табассум гул кард. – Э, бобо, бобо. Хайр… майлаш, баъди як ҳафта биёед. Бобо «сарата хӯрад» гуфту боз як панҷоҳ сомонаро наздаш гузошт. – Аз шири модарат ҳалол! – Эээээ… – Гуфтам-ку, аз шири модарат ҳалол! – Э, бобоҷон-е! Шумо ин қадар одами хуб будаеду ман нафаҳмидам. Ин аз серкорӣ. Бахшиш, бобоҷон. – Ҳеҷ гап не… – Пагоҳ биёед, шиносноима бо сифати аъло тайёр мешавад. Бобо як оҳи сабуке кашида, нидо намуд: – Э, хайрият-е! – Чаро «хайрият», бобоҷон? – бо табассум пурсид духтарак. – Чаро? – пурсид бобо ва бо завқ афзуд: – Ба номи Худо қасам, ки ин қадар осон одами хуб шуданро намедонистам. Шералӣ МӮСО, нависанда
Муҳтарам ҲОТАМ
ИН БАҲОРОН Ин баҳорон гар биёяд, дилкашонам, гулнишонам, Мекушоям барги дастам, сабз гардад нахли ҷонам. Ин баҳорон гар биёяд, абр бошам, об бошам, То саропо хештанро бар нисори боғ ронам. Ин баҳорон гар биёяд, лаҳн гардам, соз гардам, То шаванд андар чаманҳо булбулон ҳамдостонам. Ин баҳорон гар биёяд, ғунча бошам, муғча бошам, Мекушоям, мешукуфам, сабзу сурху арғувонам. Ин баҳорон гар биёяд, кун маро бедор, эй ёр, Кош, ту ғофил намонӣ, то ки ман ғофил намонам. Ё ки нахли гулфишонам, ё ки мавҷи саркашонам, Ё ки мӯри каҳкашонам, нури Роҳи каҳкашонам, Зарра бошам низ бигзор, қатра бошам низ бигзор, Санг бошам низ бигзор, бехабар танҳо намонам… Гурез САФАР
ГУЛ КУНАД Ханда дар лабҳои ёрам гул кунад, Ҳарфҳои гул ба корам гул кунад.
Нуруллоҳи ОРИФ
АЁ ТОҶИК, АЁ ӮЗБЕК Дубора зинда гашт, ин ошноӣ Ба азми рӯҳи Ҷомиву Навоӣ. Аё тоҷик, аё ӯзбек, зинҳор Нагардад шод қалбе аз ҷудоӣ. Ба ҳам садсолаҳо пайванд будед, Сарафрозу саодатманд будед. Сари хони пур аз неъмат, пур аз файз Шакар дар кому дар лаб қанд будед. Чӣ пеш омад, ки аз ҳам дур гаштед, Ба чӣ хотир каме ранҷур гаштед? Ҷудо аз савту сози беш дар беш Ду тори васли як танбур гаштед. Ҳазорон шукри аз нав аҳд бастан, Зи банди фанду макри беш растан. Ба ду дасти адаб якҷо зану мард Дару дарвозаи ғамро шикастан. Дубора зинда гашт, ин ошноӣ Ба азми рӯҳи Ҷомиву Навоӣ. Аё тоҷик, аё ӯзбек, зинҳор Нагардад шод қалбе аз ҷудоӣ.
Ончунон дастам диҳад авҷу барор , К-обрӯву эътиборам гул кунад. Чун бирезад шаҳду шаккар аз лабаш, Хорҳои рӯзгорам гул кунад. Ҳар гаҳе бинам рухи хандони ӯ, Дидаи умедворам гул кунад. Чун бигирам танг ӯро дар канор, Сад чаман андар канорам гул кунад.
НАВРӮЗ РАСИД Ёр бо куртаи гулдӯз расид, Дар кафаш бодаи ҷонсӯз расид. Дидамаш ханда ба лаб, гуфтам ана, Ана, бо дағдаға Наврӯз расид. Ана, ҷонам, ана, Наврӯза бубин, Ана, Наврӯзи аламсӯза бубин. Ана, Наврӯз, ту ҳам дар бари ман Ана, ин моҳи шабафрӯза бубин.
Боди ғам аз чеҳраи гул дур бод, То саропои баҳорам гул кунад.
Ёр бо куртаи гулдӯз расид, Дар кафаш бодаи ҷонсӯз расид. Дидамаш ханда ба лаб, гуфтам ана, Ана, бо дағдаға Наврӯз расид. Ана, ёрам, ана, арғушт бирав, Ана, раҳ сар-сари ангушт бирав. Ана, бар сайри гули савсану ёс, Ана, кокул ба хами пушт бирав. Сафар АМИРХОН
БАЗМИ БАҲОР Насими субҳидам сармасту покӯбон Ба базми гуларӯси сол мерақсад. Ба сар қарси сафеди оҳарии хеш Гули дӯғӣ аҷаб хушҳол мерақсад.
Ёр бо куртаи гулдӯз расид, Дар кафаш бодаи ҷонсӯз расид. Дидамаш ханда ба лаб, гуфтам ана, Ана, бо дағдаға Наврӯз расид.
Нуралӣ АВАЗ
ЧОР РУБОӢ
Ба сози боди рав сурху сафеду сабз Чаман дорад ба бар пироҳани шоҳӣ. Табиат ҳамчунон қавси қузаҳ рангин, Чӣ зебо гаштааст аз моҳ то моҳӣ.
Хушҳол шавам даме, ки армон шиканам, Лабташнагиро ба оби Хатлон шиканам. Шукрона кунам даме, ки дар хонаи хеш, Осуда нишинаму лаби нон шиканам.
Зи савти булбулон ояд навои хуш, Парасту лона месозад таги долон. Ба зери пар биград ҷуфти ҳамболаш, Қанотак мезанад дилҳои саргардон.
Наврӯз шуду саҳна баро, куртачакан, Бо ҳусну ҷамолат бишавӣ зеби чаман. Аз ёд мабар, дилбари кӯлобии ман, Ман ёри туям, ёри туям, ёри ту ман.
Зи шохе мекунад посурхаке тақ-тақ, Чу навдилдодаи шайдо ба ҳусни ёр. Навопардоз бо пероҳани шабранг, Садо бармедиҳад бо чаҳ-чаҳи худ сор.
Эй духтари кӯлобӣ, чакан бар тани ту, Равшан бишавад чашми дил аз дидани ту. Ту чарх занӣ, бо ту сарам чарх занад, Рақсидани ту базеб, рақсидани ту.
Саҳаргоҳон зи савти нағмаи мурғон Чаман саршори оҳангу наво гардад. Зи хандоханди гулҳои баҳори нав Тамоми дардҳои мо даво гардад.
Эй куртачакан, куртачакан, кавгаки маст, Афсун шуда, ошуфта дилам сӯи ту ҷаст. Гар ту набудӣ, соҳири моҳир, аҷабо, Дилро ба сари зулфи ту бебанд кӣ баст?
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №12 (9542), 21.03.2018
Об аст ободии давру замон... “Обу ободонӣ”-гуфтани мардум бе сабаб нест. Дар ҳақиқат об неъмати бебаҳову ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ва сокинони он мебошад. Зисту зиндагии одамон аз замони пайдоиш то кунун ба об вобастагӣ дорад. Дар ҳама давру замон барои дастрасии об омма талош мекарданд ва то ҳол халқу миллатҳои гуногун барои ба даст овардани об ранҷу азият мекашиданд. Тибқи маълумоти оморӣ ҳар сол дар ҷаҳон 2 миллион нафар одамон аз норасоии оби нӯшомиданӣ азият мекашанд. Аз ҳисоби нӯшидани оби ҷавобгӯ набуда ба меъёрҳои санитарию гигиенӣ беш аз 5 миллион нафар одамон мефавтанд ва 3 миллион оламиён ба бемориҳои мухталиф гирифтор мешаванд. Омори мазкур собитсозандаи гуфтаҳои болоянд. Кишвари мо дар зарфи 26 соли соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳо ноил гардида, мақоми шоистаро дар радифи кишварҳои мутараққии олам касб намудааст. Ва дар саргаҳи ҳамаи ин пешравию муваффақиятҳо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд. Пешвои миллат дар Анҷумани ҷаҳонӣ бахшида ба проблемаҳои истифодаи оқилонаи об, ки дар Ҷумҳурии Ҷопон 17¬-уми марти соли 2003 баргузор гардида буд, маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, бори дигар манбаи ҳаёт ва беҳтарин мӯъҷизаи табиат будани обро ёдовар шуданд. Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2005 – 2015 даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт” эълон шавад. Ҳамчунин боиси фараҳу сарфарозӣ ва саодати мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки санаи 22 декабри соли 2016 Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллаи Муттаҳид оид ба масълаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” қабул ва дар матбуоти ҷаҳон ба тасвиб расид. Мояи ифтихори тоҷикон ҳаст, ки амалӣ гаштани ин ҳуҷҷати муҳим ба иқдоми пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвандӣ дошта, мавқеи устувор касб менамояд. Зеро онро зиёда аз 190 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Чуноне мегӯянд: Ташнагонро об додан баски мебошад савоб, Лутфу эҳсони ҳақиқӣ ихтиёрӣ мешавад. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба хотири раҳоии инсоният ва табиат аз ин буҳрони азим ба Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди судманд намуданд, ки дар тамоми дунё ҷонибдорӣ ва ҳамовозии худро пайдо кард.
Динора ҶАББОРОВА, волонтёри КВД “Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе”
Қиматтар аз пул «Агар вақти зиндагониро шиноседу дӯст доред, бисёр чизро дониста метавонед», - гуфтааст Суқрот. Як донишманде гуфта: «Як соат аз умри гузаштаро ба ҳеҷ қиммате наметавон боз гардонд, аммо бо додани як миқдор пули ночиз, метавон тамоми умру таҷрибаҳои бузургтарин хирадмандону донишмандони ҷаҳонро аз худ кард. Китоб умри дубора аст. Дар дунё лаззате, ки бо лаззати мутолиа баробарӣ кунад, нест. Ман ҳеҷ ғаме надоштаам, ки хондани як саҳифа китоб аз байн набурда бошад. Мутолиаи китоб, яъне табдили соатҳои малолатбор ба соатҳои лаззатбахш» Имрӯз бикун чу метавонӣ коре, Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеҷ натвонӣ кард. Оре, имрӯз, ки мо тавоноӣ дорем ва ҳамаи шароитҳо барои мо муҳайёст, бояд талош варзем, илм омӯзем ва кӯшиш кунем, ки ояндаро бо дастони худ созем. Акнун суоле ба миён меояд, ки дар кадом ҳолат мо метавонем ояндасози давлату миллати худ бошем? Роҳҳо гуногунанд, аммо шоҳроҳи асосӣ барои расидан ба қуллаи мурод омӯхтани илму дониш аст. Бидуни илму дониш шуури мо инкишоф намеёбад ва мо наметавонем дорои нерӯе шавем, ки воқеан барои сохтан қодир бошем. Мо-ҷавонон бояд вақти худро аз даст надода, ҳамеша дар талоши илм омӯхтан бошем ва барои пешрафти кишварамон саҳмгузорӣ намоем. Пас, биёед, хамсолони азиз, вақти худро зоеъ нагузаронем. Зикрулло РАҶАБОВ, донишҷӯи ДМТ
15
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН Дар ноҳияи Ванҷ, дар дараи зебоманзари Зинг чашмае бо номи ҳазрати Хизр воқеъ аст. Он хеле машҳур буда, 35 километр дуртар аз маркази ноҳия ҷой гирифтааст. Ин чашма таърихан қадима буда, оби он ба чандин дардҳо шифо мебахшад. Ҳар сол бо фарорасии баҳор мардуми зиёд ба сайру тамошои он дараи зебоманзара мераванд. Аз оби шифобахши он нӯши ҷон намуда, ба чандин дардҳо даво меёбанд.
Чашмаи ҳазрати Хизр ва ҷалби бештари сайёҳон Чашмаи ҳазрати Хизр диққати сайёҳони хориҷиро низ ба худ ҷалб намудааст. Ин аст, ки ҳар сол аз кишварҳои олам сайёҳони бешумор ба тамошои ин макони зебоманзар ташриф меоранд. Табиати рангорангу хушманзара, сабзаю себаргаҳо, гулу буттаҳои зебову хушбӯй, хониши паррандагон, садои дарёи пурҷӯшу хурӯши равон, ки ба дара ҳусни дигар мебахшад, ҳавои софу дилкаш ва кӯҳҳои сар ба фалак кашидаро дида, сайёҳон худро дар дунёи дигар ҳис мекунанд. Ва бо таассуроти басо рангин ин макони биҳиштосоро тарк мекунанд. Имсол дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Хуб мебуд агар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба Ҳукумати кишвар дархост ё таклифе бобати ба макони сайёҳӣ табдил додани ин мавзеи дар ҳақиқат зебою рангин пешниҳод мекард, нуран алонур мегардид. Зеро бо бунёди иншоотҳои гуногуни сайёҳӣ, муҷаҳҳаз бо шароитҳои лозима, сайёҳон ҳар чи бештар ҷалб мешуданд. Бовар аст, ин танҳо ба пешрафти маҳал, ворид гардидани маблағҳои иловагӣ ба буҷаи маҳаллӣ ва кишвар мусодат хоҳад кард.
Ҳунарҳои мардумӣ кадомҳоянд? Ҳунар сармояе ба шумор меравад, ки онро бо ягон сарват ва симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Зеро он инсонро болидарӯҳ ва дар зиндагӣ қувват мебахшад. Ҳунар танҳо заҳмат ва сабрро талаб мекунад ва инсони ҳунармандро ба ҷое мерасонад. Иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон соли 2018ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд ва он туҳфаи хеле арзишмандест барои мардуми ҳунарманди тоҷик. Аз ин иқдоми хирадмандонаи Сарвари давлат бармеояд, ки вақти он расидааст, то мо-тоҷикон ҳунарҳои мардумиамонро ҳифз кунему ривоҷ бахшем ва ба арсаи байналхалқӣ муаррифӣ карда тавонем. Ҳунарҳои мардумии мо-тоҷикон зиёданд, аммо онҳоро зинда бояд кард. Барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ набояд аз заҳмат кашидан худдорӣ намуд, чунки ҳунарҳои мардумии мо бисёр ҳам заҳматталабанд, аммо самараи хуберо ба бор меоранд. Агар имрӯз мо чашм ба ҷаҳони муосир кушоем, ба назар хуб мерасад, ки аксарияти давлатҳо дар ҳоли рушд ҳастанд. Аз ҷумла, Ватани азизи мо. Пас, агар хоҳем, ки дар ҳоли рушд қарор дошта бошем, бояд ҳунарҳои хешро рушд бахшем. Мегӯянд «ба як мард чил ҳунар кам аст». Агар мо ба номгӯйи ҳунарҳои мардуми худ назар кунем, зиёда аз 135 номгӯи онро ошкор мекунем, ки ин барои мо ифтихор аст. Номгӯй ками он чунин аст: абрбандӣ, абрешимбофӣ, адрасбофӣ, атласбофӣ, алочабофӣ, арғушт, аскиягӯӣ, аспакбозӣ, байтбаракбозӣ, баққолӣ, беқасаббофӣ, бозиҳои мардумӣ (хеле зиёд), бофандагӣ, гачкорӣ, гаҳворасозӣ, гулдӯзӣ, гилембофӣ, гулобкашӣ, гӯрғулихонӣ, гӯшворасозӣ, дегдонсозӣ, дуредгарӣ, дӯғкашӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, зулфороӣ, ислимӣ, калобаресӣ, канаббофӣ, кандакорӣ, кафшдӯзӣ, китобдорӣ, коғазгарӣ, кордсозӣ, кошикорӣ, кулолӣ, қадоқгарӣ, қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, латифагӯӣ, мисгарӣ, мӯйбофӣ, наботпазӣ, найрангбозӣ, наққошӣ, налъгарӣ, оҳангарӣ, паловпазӣ, пойафзолдӯзӣ, пӯстиндӯзӣ, рехтагарӣ, сабадбофӣ, собунпазӣ, созтарошӣ, суманакпазӣ, сӯзанидӯзӣ, табақтарошӣ, танӯрсозӣ, хаймадӯзӣ, хотамкорӣ, ҳалвогарӣ, чармагарӣ, чӯянгарӣ, ҷомадӯзӣ, ҷувозкашӣ, ҷӯроббофӣ, шамшерсозӣ, шишагарӣ, шонасозӣ ва ғайраҳо. Аз ин номгӯи ҳунарҳо бармеояд, ки дар ҳақиқат тоҷикон мардуми ҳунардӯсту ҳунарманданд. Агар дар соли равон барои равнақи ин ҳунарҳо кӯшиши бештар сурат бигирад, бешубҳа ба ғановати фарҳангии миллат меафзояд.
Манижаи МАҲМАДУЛЛО, коромӯзи “ҶТ”
Насимҷон МИРЗОЕВ, донишҷӯи ДМТ
Дар каммутолиагии ҷавонон кӣ ганаҳгор? Мактаб ё... Имрӯзҳо аз нахондани китоб ва ба илму маърифат кам рӯй овардани ҷавонон насли калонсол садо баланд мекунанд. Ҷавонони имрӯзро бо насли солҳои 70-ум муқоиса карда, аксаран инонро барои кам мутолиагӣ ба қавле гунаҳкор мезозанд. Боре ҳам намеандешем, ки ҳамаи ин аз куҷо сарчашма мегирад. Чаро насли нав ба китобу китобхонӣ камтаваҷҷуҳанд? Чаро аз илму маърифат то андозае канор мондаанд? Саволҳо дар ин маврид хело зиёданд. Дар воқеъ андак-андак ҷомеаи имрӯзаи моро сатҳи пасти маърифатнокии ҷавонон ва рӯ наовардани эшон ба китобу китобхонаҳо фарогир гашта истодааст. Фарҳанги бойи мо, ки ҳама дар асарҳои бузургони мо таҷассум ёфтаанд, андак-андак аз мутолиа канор мемонад. Китобхонаҳои бузург дорем. Дар ҳама муассисаҳо таълимӣ китобхонаҳо мавҷуданд. Сабаб дар чӣ бошад, ки китобхон кам аст? Китоб нест ё китобдор? Бо ин мақсад хостем аз якчанд катобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дидан намоем. Ҳангоми боздиди яке аз муассисаҳо (номашро намеорем) ба ҷуз дарҳои бастаи китобхонаҳо чизи дигаре надидем. Дар ин муассиса моро муҳофизон пешвоз гирифта, назди директори муассиса бурданд. Ҳангоми суҳбат аз чӣ бошад, ки китобдори мактабро дар беморхона бистарианд гуфт. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки ӯ сиҳату саломат дар китобхонаи мактаб менишаст ва мо ҳангоми суҳбат бо толибилмон инро дақиқ карда будем. Дигар роҳбари муассиса перомуни ҳеҷ суоле хоҳиши бо мо ҳамсуҳбат шуданро надошт. Бо он кас худохофизи намуда, рӯй ҷониби китобхона кардем. Ҳангоми ба китобхона наздик шудан манзараи
аҷиберо мушоҳида кардем. Нафаре дари китобхонаро мебаст. Аз ӯ дар мавриди китобдори муассиса пурсон шудам ва ӯ худро китобдор муаррифӣ карда, гуфт, ки наметавонад бо мо дар суҳбат бошад, зеро ӯро директор барои кори таъҷилие мехонад. Ҳамин тавр он кас ба назди рохбарашон рафту ман бошам ба муассисаи дигар. Дар муассисаи дигар роҳбари муасисаву китобдор дар вақти корӣ дар ҷои кор ҳозир набуданд. Ба китобдор дар тамос шудем. Ӯ гуфт, ки берун аз шаҳр қарор дораду наметавонад бо мо суҳбат кунад, зеро беморе доранду то сиҳатшавии он бояд онҷо бимонад. Малика, ки хонандаи яке аз ин муассисаҳо буд, бо мо дар суҳбат шуд. Аз ӯ дар мавриди китобхониаш суҳбат кардаву пурсидем, ки оё ягон китоби бадеиро хонадааст? Гуфт, ки фақат китобҳои дарсиашро мутолиа мекунаду касе то ба ҳол ӯро барои хондани адабиёти бадеӣ ҷалб накардааст. Дар мавриди китобдори мактаб, ки вазифаи ҷониаш тафтиши ҳолати китоби толибилмон аст вақте аз ин хонанда пурсон шудем, ӯ гуфт, ки дар муассисаи онҳо чунин шахс ҳеҷ гоҳ набуд ва намедонад, ки чунин шахс низ бояд дар мактаб фаъолият дошта бошад.
Боз дари чанд муассисаи дигаро низ куфтем, аммо бе натиҷа. Ҳеҷ кадом намехостанд барои мо дари китобхонаҳоро боз намоянд. Дари китобхонаҳои муассисаҳо дар рӯзи корӣ баставу дар паси дари хеҷ кадоми онҳо реҷаи корӣ нишон дода нашуда буд. Вақте дар китобхонаҳои мактабии пойтахт ҳолат чунин аст, пас аминем, ки дар минтақаву деҳотҳо ҳол аз ин бадтар аст, ки беҳ не. Дар ҳоле ки дари китобхонаҳои мактаб дар як сол ду маротиба кушода мешаванд. Дар ҳоле, ки китобдорони муассисаҳои таълимӣ фақат барои тақсими китобҳои дарси дар як сол ду маротиба, яке барои тақсим ва дигаре барои ҷамъ кардани китобҳо ба мактаб меоянд, набояд ҳеҷ гоҳе аз каммутолиа будани наврасон гила кунем. Бояд аввал поккориро аз худ шуруъ кунем, ва баъд ба муҳокимаи насли наврас гузарем. Бояд худи масъулин китобхон бошанд, шавқи китобхониро дар дили наврасон бедор намоянду онҳоро дилгарм созанд ва чӣ будани китобу аз он чи гирифтанро фаҳмонанд. Дар он ҳолат метавон гиламанд шуд. Фарзона ТОШЕВА, донишҷӯи ДМТ, коромӯзи “ҶТ”
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №12 (9542), 21.03.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
√ АНДАРЗ
Амири ҳезумкаш Чанде пеш дар ҳалқаи як гурӯҳи одамон зани калонсоле гуфт: «Чаро муаммоҳои оилавӣ авҷ гирифта истодаанд, сабабашро медонед? Мо занҳо мавқеи падарро дар оила аз даст дода истодаем». Сухани ҳақ. Чунки мавқеи падар дар оила махсус, балки бузург аст. Дар кӯча ҳезумкаш, дар хона султон Дар замони қадим марди ҳезумкаше зиндагӣ мекард. Ӯ аз кӯҳҳо ҳезум чида оварда, дар шаҳр фурӯхта, маишати оилаашро таъмин менамуд. Лек писаронаш аз фарзанди ҳезумкаш будани худ ор мекарданд. Ба касе «Падарамон ҳезумкаш аст», гуфта наметавонистанд. Дар давраи шиносу дӯстонашон аз онҳо чикора будани падарашонро пурсанд, ба гуфтан шарм медоштанд, бештар дурӯғ ме-
√ ЗОДРӮЗ
НАВРӮЗ РАСИД
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Мушкилтарин кор худшиносист. Осонтарин кор бошад, ба дигарон маслиҳат додану фалсафафурӯшӣ кардан аст. ******** Қавитарин чиз эҳтиёҷмандист, зеро он ҳукмрони мутлақ аст. ******** Дӯстонро на танҳо дар ҳузурашон, балки дар ғайбашон низ ёд кунед. ******** Туҳматгару ғайбатчиро аз хонаат рон. ******** Ба ҳеҷ ваҷҳ касонеро, ки ба ту эътимод доранд, аз худ дур накун. ******** Ба волидайнат ҳарчи кардӣ, аз фарзандон ҳамон мебинӣ. ******** Сергапӣ ҳанӯз нишонаи боақлӣ нест. ******** На ба ҳусни зоҳирӣ, балки ба зебогии ботиниат таваҷҷуҳ кун. ******** Орзу моли умум аст, зеро инсон чизе надошта бошад ҳам, ҳамнафасаш орзуву умед мебошад. Фалес Нагузор, ки забонат аз андешаат пешдастӣ кунад. ******** Чу дар маҳфил ҳузур дорӣ, забонатро нигаҳ дор. ******** Бо санги маҳак тиллоро месанҷанд, бо тилло бошад, инсонро. ******** Кафолат додӣ, ҳисобро баробар намо. ******** Аз бадбахтии дигарон хушҳол мабош. Хилон Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
гуфтанд. Дар кӯча ҳезум бардошта рафта истодани падарашонро бинанд ба ҷои ёрӣ расондан: «Моро писарони ҳезумкаш нагӯянд» гуфта аз падарашон дурӣ меҷустанд. Аммо ҳезумкаш зани оқилаю итоаткор дошт. Ҳамеша ба хона омадани шавҳарашро бесаброна интизор мешуд. Вақти хаста шуда омаданаш бо суханҳои ширин пешвоз мегирифт, зуд ба дасташ об рехта, сачоқ медод. Асбобҳои ҳезумкашии шавҳарашро шуста, ба ҷояшон мегузошт. Дастархон густурда, то якду пиёла чой нӯшидани шавҳараш хӯрок меовард. Пули ёфта овардаашро як ҳамён тилло ёфтагӣ барин бо хушҳолӣ гирифта, дилбардорӣ карда мегуфт: «Наранҷед, баракаташро диҳад. Имрӯз пули камтар ёфта бошед, шояд Аллоҳ пагоҳ зиёдтар диҳад».
50-УМИН БАҲОРИ УМР МУБОРАК! Модари мушфиқу меҳрубон Исмоилова Ҷиёнгул ҷашни мавлуд дораду ба синни мубораки 50 қадам мениҳад. Ӯро ба ин муносибат писараш Беҳрӯз Каримзода табрик гуфта, барояш хушбахтӣ, тансиҳатӣ, сарбаландӣ ва қалби саршор аз меҳру муҳаббатро таманно намуда, орзуи онро дорад, ки доим хандон бошаду ба орзую мақсадҳои накӯе, ки дар қалби хеш дорад, бирасад. Эй модари дар панҷоҳ, Эй ғарқи гули ханда. Дар рӯзи таваллудат Ғам аз дилакат канда. Шукронаи Ҳақ, додӣ Бар ман раҳи оянда. Бо қалби пур аз шодӣ Дар даҳр бимон, зинда.
√ САТРҲОИ
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
МИННАТДОРӢ
ТАМАННОИ МОДАР
Таппиши дил ва набзи бемор оҳиста-оҳиста суст мегардид. Дарди таваллуд ва камхунӣ Сурайёро тамоман бемадор гардонда буд. Андак монда буд, ки умеди ҳамагон аз ин ҷавондухтар канда шавад. Ӯро зуд ба таваллудхонаи ноҳиявӣ расонданд. Табибони беморхона чун диданд, ки вақти каме мондааст, то беморро аз даст диҳанд, зуд амалиёти ҷарроҳӣ гузаронданд. Ҷарроҳӣ бомуваффақият пушти сар шуд. Сурайё ҳамроҳи тифли навзодаш баъдан аз беморхона ҷавоб шуданд. Аз ин ҳодиса аллакай ду сол сипарӣ шуд. Тӯли ин ду сол модари дилсӯзи Сурайё дари чандин рӯзномаву маҷалларо кӯфт, то тавонад ба кормандони тибби ноҳия миннатдорӣ баён кунад. Билохира ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ташриф овард. Аз кормандони рӯзнома хоҳиш намуд, ки ба табибону ҳамшираҳои шафқати беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус, махсусан кормандони таваллудхонаи он шахсан аз номи худи ӯ миннатдорӣ баён намоем. Ин модари мушфиқу меҳрубон хушрӯзии аҳли кормандони беморхонаро таманно дорад. “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”
√ ЭЪЛОН Шиносномаи гумшуда бо силсилаи А ва рақами 8115123, ки онро ШВКД-и ноҳияи Ҷ. Румӣ соли 2014 ба Исмоил Қурбанов додааст, эътибор надорад. Шиносномаи гумшудаи Грезов Меҳроҷиддин Гулович, соли таваллудаш 1993, ки ШКД шаҳри Норак додааст, эътибор надорад. 2008.
Дафтарчаи имтиҳонии гумшуда, ки онро Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ба донишҷӯ Касирова Норис Сулеймановна додааст, эътибор надорад.
Аттестати гумшудаи Яқинов Комрон Гадоалиевич, ки онро соли 2005 МТМУ №14-и ноҳияи Дарвоз таҳти рақами 0026066 додааст, эътибор надорад.
Аттестат дар бораи хатми синфи 8, таҳти рақами А-312082, ки онро мактаби миёнаи рақами 203 ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) соли 1988 ба Тошпулотов Раймкул Абдуназарович додааст, эътибор надорад.
Дафтарчаи имтиҳонии гумшуда бо силсилаи Д, рақами 71133, ки онро Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур соли 2017 ба донишҷӯи курси дуюми факултаи иқтисодӣ Сайфулло Сироҷов додааст, эътибор надорад.
Номаи камоли гумшуда таҳти силсилаи Т-АТУ, рақами 0016442, ки онро муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 76-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе соли 2014 ба Хоҷаева Дилрабо Зикрхӯҷаевна додааст, эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Рӯзе писарон аз модарашон пурсиданд: - Модарҷон, падарамон як ҳезумкаши одӣ аст, чаро вақти ба хона омаданаш ин қадар парвона мешавед? - Дуруст, баробари омадани падарамон ба хизмат тайёред,- гуфт писари мобайнӣ. - Ҳатто сабаби пойҳои падарамонро шустанатонро намефаҳмем,гуфт писари хурдӣ. - Мо аз ҳезумкаш будани падарамон шарм медорем,- гуфтанд бо як овоз писарон. Модар дар ҷавоб гуфт: - Эҳ, писаракони содаи ман, падаратон дар кӯча ҳезумкаш, дар хона бошад, султон аст, султон!..
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4137 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»