Ҷавонони Тоҷикистон, №12 (9438), 2016

Page 1

Ҳадаф аз тавлиди тифл чист?

Худшиносии ҷавонон масъалаи муҳими рӯз аст

№12 (9438), 24 марти соли 2016

1

 НАВРӮЗ - 2016

Наврӯз барои мо мероси таърихӣ ба шумор меравад

17.03.2016 Дар ноҳияи Ёвон 10 иншооти ҷашнӣ, аз қабили корхонаи истеҳсоли гаҷкартони ҶДММ “Хуаҷиан Ғаюр индустриал”, МТМУ рақами 16, коргоҳи дӯзандагӣ ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, бунгоҳи саломатӣ, терминали ноҳия, корхонаи рангубори риштаи ҶДММ “Ваҳдат” ва бинои маъмурии Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби Элок ба истифода дода шуданд. 18.03.2016 Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг бахшида ба Наврӯзи байналмиллалӣ конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст» баргузор гардид. 19.03.2016 Китоби нави Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Забони миллат - ҳастии миллат» дар Душанбе бо ҳузури олимону донишмандони тоҷик ва кишварҳои форсизабон рӯнамоӣ гардид. Зикр шуд, ки китоб доир ба сарнавишти таъ-

рихии забони тоҷикӣ, шебу фарозҳои он дар масири зуҳуру густариш ва зарфиятҳои фарроху фарогири забони тоҷикӣ маълумот медиҳад. 20.03.2016 Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ телефонӣ суҳбат кард. Сарони ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя ҳамдигар ва мардумони кишварҳояшонро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай табрику муборакбод намуда, ҳолати имрӯзаву дурнамои робитаҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин масоили мубрами минтақавию байналмилалиро низ мавриди баррасӣ қарор доданд. 21.03.2016 Бо ташаббуси Вазорати ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар қасри «Crystal hall»-и шаҳри Боку чорабинии идо-

на баргузор гардид. Дар чорабинӣ бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон хаймаи Тоҷикистон бо намоиши мусаввараи рамзии Наврӯзи кишвар, китобҳо, тасвирҳо аз табиати дилкушои Тоҷикистон ва дастовардҳои он, асбобҳои гуногуни мусиқии мардумӣ, либосҳои миллӣ, чакан, кундалҳову заркӯбиҳои тоҷикӣ ба маъраз гузошта шуд. 22.03.2016 Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт мусобиқаи гӯштии миллӣ доир шуд, ки дар он 50 нафар паҳлавонони беҳтарини ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Шоҳҷоиза - мошини сабукрави тамғаи «Hyundai Sonata» насиби паҳлавони маъруф Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (вазни 100 кило) гардид.

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№12, (9438), 24 марти соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

«ҶАВОНОНИИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОН»  БА ИФТИХОРИ 25-СОЛАГИИ

е-mail: javonontj@mail.ru

 МАВЗӮИ МУҲИМ

23.03.2016 Бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи сементи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент» ба истифода дода шуд.


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

2

НАВРӮЗ - 2016

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №12 (9438), 24 марти соли 2016

Ҳамватанони азиз! Меҳмонони гиромӣ! Дар ибтидо фарорасии баҳори файзбор ва Наврӯзи байналмилалиро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳар яки шумо, меҳмонони гиромӣ, ҳозирини арҷманд ва ҳамаи онҳоеро, ки Наврӯзи оламафрӯзро таҷлил мекунанд, самимона табрик менамоям. Ҳамчунин, меҳмонони бисёр гиромиро, ки бо хеш муждаи фасли баҳор ва насими накҳатовари наврӯзиро овардаанд, аз номи мардуми Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ин мисраъҳои баҳоронаи яке аз паёмбарони шеъри оламгири Аҷам - Анвариро тақдими шумо медорам: Навбаҳор омаду ҳангоми тараб гашта бапо, Чи баҳоре, ки зи дилҳо бибарад сабру қарор. Боди Наврӯз саҳаргаҳ чу ба бустон бигзашт, Гули садбарг бурун раст зи пироҳани хор. Дар кишвари мо ин ҷашни ҷаҳонӣ бо Симпозиуми байналмилалии илмии “Наврӯз дар адабу ҳунари ҷаҳон” оғоз ёфт ва дар он донишмандону адибони маъруф аз кишварҳои мухталифи дунё ширкат карда, доир ба масъалаҳои муҳимтарини ташаккулу таҳаввули Наврӯзи байналмилалӣ, аҳамияти он дар замони муосир, таҷассуми Наврӯз дар адабиёти ҷаҳон, нақши «Роҳи абрешим» дар густариши арзишҳои фарҳангию ҳунарии Наврӯз ҳамчун падидаи басо нодири зиндагии башар изҳори назар намуданд. Дар солҳои охир олимону донишмандон ва адибону фарҳангиёни олам бо эътиқод ва эҳтироме, ки ба ин ойини башарӣ доранд, аҳамияти инсондӯстона ва сулҳпарваронаи онро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам васеъ тарғиб карда, мақом ва манзалати ин ҷашни хусравониро баландтар бардоштанд. Воқеан, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои писандидаи оламиён мебошад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои писандидааш, ки некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст. Мардумон ҷиҳатҳои писандидаи Наврӯзро, ки беш аз шаш ҳазор сол таърих дошта, барои инсон ва зиндагии хушу хуррами инсоният хизмат мекунанд, бо илова намудани ойину рамзҳои нави ҳаётдӯстона ба рӯзҳои мо расонидаанд. Ҷашни Наврӯз, дар ҳақиқат, як ҷузъи хотираи тобноки маънавии одамон мебошад, ки наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамёриву ҳамкориро боз ҳам қавӣ ме-

дани он саъю талош намуданд ва бо кӯшишҳои муштарак Наврӯзро ба ҷашни байналмилалӣ табдил доданд. Имсол ба санае, ки Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардид, панҷ сол пур шуд. Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хотири мақоми ҷаҳонӣ гирифтани ин ҷашн яке аз кишварҳои ташаббускор буд ва дар ҳифзу нигаҳдошти ормонҳои умумиинсонӣ ва умумифарҳангии ин ойини хусравонӣ саҳм гузошт. Дар Тоҷикистон ин ҷашни мубораки ниёгон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардида, мардум дар тантанаҳои он дастаҷамъона ширкат менамоянд, зеро барои мо Наврӯз на суннати хонаводагӣ, балки ҷашни воқеан мардумист. Бо ҳамин мақсад мо дар пойтах-

зебоипарастиву меҳмоннавозӣ ва накӯкориву хайрхоҳиро дар қалби инсонҳо ҷо намуда, табиатро бедор месозад, равшаниро бар зулмот, гармиро бар сардӣ пирӯз мегардонад ва шодиву сурури мардумро ба зиндагӣ бештар месозад. Дар ин айём мардуми мо ба тозаву озода намудани хонаву кошонаи худ машғул шуда, гулгашту хиёбон ва боғу майдонҳоро ободу хуррам мегардонанд, либоси нав ба бар менамоянд ва ҳамдигарро бо дилу нияти нек ва орзуи зиндагии осудаву хайру баракати хонадон бо фарорасии соли нав, омадани баҳор ва оғози мавсими киштукор табрик менамоянд. Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки таърих ва анъанаву суннатҳои Наврӯзро ҳарчи бештар ва амиқтар омӯзем, таҷассум ва тараннуми онро дар адабиёти ҷаҳон густа-

Наврӯз – пайвандгари

Суханронии Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни мамлакат. 20.03.2016, шаҳри Душанбе гардонад. Доир ба ҳамин хусусияти мардумӣ доштани Наврӯз яке аз шарқшиносони маъруф Артур Кристенсен, ки таърихи даврони Сосониёнро таҳқиқ кардааст, менависад, ки “дар байни идҳо он, ки бештар мавриди қабули ом аст, Наврӯз мебошад”. Наврӯз, воқеан, бо ҷанбаи фарҳангиву мардумии худ миёни хосу ом маҳбубият пайдо кардааст. Ин хусусияти Наврӯзро устод Айнӣ таъкид карда, менависад: “Иди Наврӯз, ки чун сари соли шамсӣ дар аввали ҳамал сар мешуд, яке аз идҳои пеш аз исломият аст. Бинобар ин, халқи тоҷик, дар ҳолате ки иди Рамазон ва иди Қурбонро як рӯз барпо медошт, иди Наврӯзро ҳафтаҳо давом

медод. Бо сабаби дар аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми растаниҳо ва мавҷудоти зинда рост омадани ин иди табиат инсон ҳам ба ҳаракат меомад, тоҷикон “ҳамал – ҳама чиз дар амал” мегӯянд”. Маҳз ҳамин ҷиҳатҳои хоса аст, ки хурду бузург омадани Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашанд, барои бошукӯҳ таҷлил намудани он омодагӣ мегиранд ва ин ҷашни фарҳангиву ойини мардумиро дар сатҳи баланд истиқбол карда, хушҳоливу хушнудӣ менамоянд. Бешак, сифатҳои некбинонаи ҷашни воқеан мардумӣ асос шуд, ки аксарияти кишварҳо барои ҷаҳонӣ шу-

ти мамлакат “Кохи Наврӯз” ва “Наврӯзгоҳ” бунёд намудем, ки имрӯз ба макони баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ табдил ёфтаанд. Қобили таъкид аст, ки Наврӯз бо ягон дину мазҳаб робитае надорад, балки ҷашни фарҳангиест, ки аз суннату ойинҳои инсондӯстона ва ваҳдатсозу сулҳпарварона иборат буда, маҳз бо ҳамин мушаххасоташ ба ҷашни оммавӣ табдил гардидааст. Ин ойини фархунда бо ҳама сифатҳои некбинонааш ба хонадони мардум, сарфи назар аз нажоду миллат ва дину мазҳаб, ворид гардида, ба ҳар як фард паёми хуррамиву шодмонӣ ва хушбахтиву хонаободӣ меорад. Наврӯз хислатҳои бузурги

риш бахшем ва паҳлуҳои неки инсонгароёнаву умумибашарии ин ойини фархундаро дар олам тарғиб намоем. Бовар дорам, ки ҳамоиши байналмилалии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ки имрӯз бо иштироки аҳли зиёи мамлакат ва меҳмонони олиқадр доир шуда истодааст, барои баланд рафтани мақоми Наврӯзи ҷаҳонӣ мусоидат карда, ҳамкориҳои адабиву ҳунариро боз ҳам таҳким мебахшад. Зеро Наврӯзи ҷаҳонӣ мисли адабиёту фарҳанг хусусият ва сиришти инсонгароёна дошта, ба кас нерӯву шодмонӣ, хушиву хушбахтӣ мебахшад. Тавре ки таъкид доштам, Наврӯз хусусияти сирф фарҳангӣ ва инсониву мардумӣ


НАВРӮЗ - 2016 ҷалоли рамзҳои ҷовидонаи Наврӯз васф шудаанд. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи адабиёт тарбияи маънавии инсон, тарғиби ахлоқи ҳамида, ситоиши ҳамдиливу ҳамкорӣ, суботу осоиш, ба роҳи рост ва ба муҳити солими маънавӣ ҳидоят намудани инсон мебошад. Адабиёт одамонро ба ободониву бунёдкорӣ, сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ роҳнамоӣ мекунад ва дӯстиву ҳамкории байни халқҳову кишварҳоро тарғиб менамояд. Ҳамоиши байналмилалии мазкур низ ба таҳкими робитаҳои дӯстиву адабӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам меорад, ки ширкаткунандагони он масъалаҳои муҳими адабиётро баррасӣ намоянд ва барои рушди минбаъдаи он заминаи устувор муҳайё созанд. Мо низ бо мақсади ба нас-

сулҳ ба оламиён ташвиқ намоем. Бовар дорам, ки ширкаткунандагони чорабинии имрӯза воситаи тавонои гуфтугӯи тамаддунҳо ва қосиди сулҳ будани Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро ба сокинони сайёра мерасонанд ва ҷанбаҳои бузурги фарҳангпарваронаи ин ойини ростинро фаъолона ташвиқ менамоянд. Яке аз рамзҳои неку фараҳбахши Наврӯзи ҷаҳонӣ аз рӯзгори куҳан то ба имрӯз барпо намудани базмҳои шеър мебошад, ки боиси шуҳрат пайдо кардани адабиёт, бахусус шеър дар саросари олам гардидааст. Фардо, ки бо қарори ЮНЕСКО «Рӯзи ҷаҳонии шеър» таҷлил мегардад, бо истифода аз минбари ин ҳамоиш ҳамаи адибону шоирон, аз ҷумла онҳоеро, ки дар ин толор ҳузур доранд, ба ин муносибат табрик гуфта, ба онҳо табъи саршор ва илҳоми тозаи эҷодӣ орзу менамоям. Воқеан, ба таъбири устод Рӯдакӣ “бо сад ҳазор накҳат омадани баҳори хуррам ва бо рангу бӯи аҷиб” ороиш ёфтани олам, пеш аз ҳама, эҳсоси шоирон ва аҳли эҷодро ба шӯр оварда, онҳоро водор месозад, ки аз нишоту шодмонӣ, хушиву хушҳолӣ сухан гӯянд ва занги кудуратро мисли сардиҳои зимистон аз дилҳои хонандаву шунавандагони худ берун андозанд. Дар васфи Наврӯз аз замонҳои қадим шеъру тарона, байту чакома, ривояту афсона ва масалу мақоли зиёд эҷод гардида, мақому манзалат ва арзишу аҳамияти инсондӯстонаи ин ойини мардумӣ ба таври шоиста тавсиф шудааст. Бо таъсири суннатҳои адабиёти гузашта дар шеъри муосир низ васфи Наврӯз ҷойгоҳи хоса пайдо карда, сифатҳои арзандатарини он дар осори шоирону адибон таҷассум гардидаанд ва шукӯҳу

ли имрӯза расонидани афкору ашъори бузургони адабиёт аз ҳисоби Фонди захираи Президент нашри панҷоҳҷилдаи «Ахтарони адаб»-ро ба роҳ мондем ва намунаҳои беҳтарини осори адибонро интишор кардем. Зеро нек медонем, ки китоб махзани илму дониш, сарчашмаи завқу хирад ва фурӯғи субҳи доноӣ мебошад. Чун аксари меҳмонони азизи мо аҳли эҷод мебошанд, фикр мекунам, ки ҳамеша дар андешаи суботу оромии зиндагии башар ҳастанд ва барои таълифи осори инсонпарварона саъю талош менамоянд. Бахусус дар шароити кунунӣ каломи васлгару созанда нақши ниҳоят муҳим дорад ва ба андешаи ман, инсоният ба сухани созандаву пайвандгар имрӯз беш аз ҳар вақти дигар ниёз дорад. Бо ибрози беҳтарин ниятҳои наврӯзӣ бори дигар кулли ҳамватанони азиз, шумо, зиёиёни мамлакат, меҳмонони гиромӣ ва ҳамаи ширкаткунандагони Ҳамоиши байналмилалиро ба ифтихори ин ҷашни фархунда табрик гуфта, орзумандам, ки насими зиндагибахши Наврӯзи ҷаҳонӣ ба ҳар хонадон сарсабзӣ ва саодату хушбахтиро ба армуғон меорад. Бигзор, Соли нав пурфайзу пурбаракат омада, ба одамон рӯҳи болида, ба табиат зебоӣ ва ба хурду бузург шодмониву саодат бахшад. Дар фарҷом аз забони падари шеъри аҷам – устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мегӯям, ки: Ҳон Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ! Бо хотири хурраму дили шод бизӣ! Хотиратон ҳамеша хурраму қалбҳоятон пур аз нишоту шодӣ бошад, ҳамватанони азиз ва меҳмонони гиромӣ!

Наврӯз барои мо мероси таърихӣ ба шумор меравад

3

Суханронии Президенти кишвар ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе. 21.03.2016

е-mail: javonontj@mail.ru

дорад ва ҳеҷ зарурате ба сиёсӣ кардан надорад. Наврӯз инчунин нифоқу низоъ ва бераҳмиву бешафқатиро аз қалби одамон дур месозад ва дар вуҷуди инсонҳо эҳсоси дӯстиву бародарӣ, меҳру шафқат, эҳтирому садоқат ва ҳамёриву ҳамзистиро зиёдтар намуда, ба ҳар фард аз рӯзи неку зиндагии беҳин мужда мерасонад. Хони ҳафт сину ҳафт шини наврӯзӣ ба ин суру шодмонӣ ҷилои бештар бахшида, аз хайру баракат ва фаровониву хушбахтӣ башорат медиҳад. Аз ин лиҳоз, мо тавассути баргузории чунин ҳамоишҳои адабиву ҳунарӣ бояд аҳамияти фарҳангпарваронаи ин ҷашни ҷаҳониро ҳарчи бештар тарғиб созем, маросимҳои ин ойини башардӯстонаро густариш диҳем ва онро ҳамчун воситаи муассири таҳкими фарҳанги

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №12 (9438), 24 марти соли 2016

наслҳо

айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд. Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин ойини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд. Имрӯзҳо пойтахти Ватани азизи мо - шаҳри Душанбе ба шарафи Наврӯз либоси идона ба бар карда, боз ҳам зебову дилработар гаштааст. Боиси шодмонӣ ва ифтихори зиёд аст, ки ҷашни Наврӯз дар кишвари азизи мо сол то сол дар фазои хурраму ободтар баргузор мегардад. Яке аз намунаҳои ободии наврӯзӣ ҳамин Наврӯзгоҳи чанд сол пеш бунёдшуда аст, ки

таҷассуми орзу ва иродаи неки Ҳукумат ва миллати сарбаланду бунёдкори тоҷик дар роҳи эъмори ояндаи осудаву ободи худ мебошад. Бояд гуфт, ки ҳар ҷашну маросим ҳикмат ва баракате дорад. Хусусан Наврӯз, ки маҷмӯае аз андӯхтаҳои ҳакимонаи халқу миллатҳои куҳанбунёд мебошад, ҷашнест, ки зиндагиву рӯшноӣ, некиву накӯкорӣ, сулҳу созандагиро меситояд ва мақоми инсонро азизу гиромӣ медорад. Мо бисёр хушҳолу сарбаланд ҳастем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашни воқеан мардумиро чун дастоварди бузурги хиради башар пазируфтааст ва итминон дорем, ки он воситаи пуртаъсире барои таҳкими сулҳу субот ва оромиву ободӣ дар дунёи муосир хоҳад буд. Бори дигар кулли ҳамватанони азиз, сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба муносибати ҷашни бузург - Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, орзу менамоям, ки хонадони ҳар як оилаи тоҷик аз офтоби наврӯзӣ ҳамеша гарму нуронӣ бошад. Наврӯзатон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

www.javonon.tj

Ҳамватанони азиз! Меҳмонони арҷманд! Ҳозирини гиромӣ! Бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ кулли мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони пойтахти мамлакат ва меҳмонони гиромиро ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, дар Соли нав барои сокинони пойтахт, халқи Тоҷикистон ва тамоми аҳолии сайёра соли неку бобарор орзу менамоям. Дар фарҳанги мардуми мо ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан ба шарофати соҳибистиқлолӣ ба таври оммавӣ, бо иштироки хурду бузурги мардум доир мегардад. Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад. Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

4

МАВЗӮИ МУҲИМ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №12 (9438), 24 марти соли 2016

Манзумаи ФИРӮЗ Бештари оилаҳо дар Тоҷикистон хушбахтии худро дар тавлиди тифли зиёд медонанд. Онҳо тавлиди бармаҳали тифлро доди Худо гуфта, вазъи иқтисодии худ аҳамият намедиҳанд. Ҳатто андеша доранд, ки ризқи ҳар кӯдаки таваллудшударо Худованд худаш медиҳад. Вале тавре маълум аст бештар афроде, ки чунин андеша доранд дар оилаи фақир ба сар мебаранд. Ин тоифа мардум андешаи онро намекунанд, ки таваллуди бармаҳали атфол ҳам ба саломатии зан ва ҳам ба равони ӯ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Гарчанде маълум аст, вале саробони хонадон бояд аз ояндаи фарзандаш андеша кунад. Мутаассифона, онҳоро тарбия ва таҳсил накардани фарзандонашон нороҳат намесозад. Чун бештари ин оилаҳо бар онанд, ки “бузург шаванд, худашон аробаашонро мекашанд”. Ҳамаи ин мушкилии ҷисмониву равонӣ аст. Ҳодисаи охир тамоми ҷомеаро нигарон намуда буд, ки сокини 25-солаи шаҳри Норак Зӯҳро Маҳмуродова худ ва чаҳор фарзандашро ба дарё андохт. Сабаби худкушии ин модари ҷавонро то ҳол касе муайян накардааст. Пайвандони зани фавтида низ гуфтаанд, ки Зӯҳро гарчанде зиндагии серу пур надошт, аммо рӯзаш бо хушӣ мегузашт ва ягона келини хонадон буд. Пас, ба хулосае омадан мумкин аст, ки вақте зиндагиаш хуш буд, пас равони бемораш ӯро водор намуд ба ин амал даст занад. Бубинед, вақте зани ҷавон 25 сол дорад ва дар ин синну сол аллакай соҳиби чор фарзанд аст, бечуну чаро ба бемории равонӣ гирифтор мешавад. Шабеҳ ба ин ҳодиса ду худкушии модару фаразнд, ки тақрибан ду моҳ пайи ҳам рух доданд. Вале дар натиҷа ҳар ду модар зинда вале фарзандонашон ба ҳалокат расиданд. Вале занону мардони мо то имрӯз ин бемориро ҷиддӣ қабул намекунанд. Чун мушкилтарин беморӣ ва ба бемории равонӣ гирифтор шудан ин тарбияи фарзанд низ ҳаст. Ба ҳамагон маълум аст, ки барои ба дунё овардани тифл нафаре садди роҳи волидон намешавад, аммо худ бояд ан-

деша кард. Ба гуфтаи таҳлилгарон бунёди оила барои таваллуди шумораи дилхоҳи фарзандон набуда, бояд волидон ба шароити иҷтимоиву иқтисодии худ ҳам диққат диҳанд, то тифл низ дар ин муҳит ранҷу азоб накашад. Ба танзими фосилаи байни таваллуди кӯдакон, роҳ надодан ба ҳомиладории ғайридилхоҳу бармаҳал низ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Агар ин аломатҳо риоя гарданд, паст шудани сатҳи фавти кӯдакон ва модарон низ коҳиш меёбад. Аммо

шавҳараш барои беҳ намудани вазъи иқтисодии хонавода ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Чун хӯрондан ва пӯшондани панҷ фарзанд барояш мушкилӣ овардааст. Аммо тарбияи кӯдакон бар дӯши зан аст, ки бо ҳар иштибоҳи кӯдаконаашон онҳоро дашном ва лату кӯб низ мекунад. Асаби хаста ва равонаш наметавонад ҳатто шӯхиҳои кӯдаконаи тифлонашро тоқат кунад. Вале баъдан пушаймон мешавад. Ӯ мегӯяд: “Баъди таваллуди тифли сеюм хеле асабӣ шудам.

хотири таваллуди писар фосиларо риоя намекунанду зоишро идома медиҳанд. Аз нигоҳи тиб зан баъди се соли таваллуди тифл метавонад дубора ҳомиладор шавад ва фарзанди солим ба дунё орад. Чун ба гуфтаи хонум Наргис организми зан дар ин муддат мустаҳкам гардида, саломатиашро пурра барқарор мекунад. Вале номбурда бо таассуф изҳор дошт, ки бештари маврид занон ин суханони табибонро саҳл гирифта, амали худро такрор мекунанд. Аз рӯи

Ҳадаф аз тавлиди тифл чист? Ё таваллуди фарзанд бояд бо назардошти шароит роҳандозӣ шавад ин аломатҳо то ҳол дар бештари манотиқи кишвар ба чашм мерасад. Ҳамсуҳбатамон Нодира Авезоваи 24-сола яке аз нафаронест, ки бе фосилаи муайян тифл ба дунё меораду аз мушкилоташ шиква мекунад. Мавсуф дар ин синну сол аллакай соҳиби 5 фарзанд аст. Ба гуфтаи ӯ гарчанде барояш зудзуд таваллуд кардан осон нест, аммо шавҳараш ӯро барои зоиши атфол ҳамеша маҷбур мекардааст. Ин зан, ки на ҷое кор мекунаду на маълумоти оливу миёна дорад, дар мавриди зиёну бармаҳал таваллуд намудани тифл чизеро намедонад. Худ иқрор мешавад, фарзандонаш аз якдигар 1 солу 2 ё 4 моҳ фарқ мекунанд ва барояш хеле мушкил аст. Ӯ ҳатто фосилаи байни таваллуди кӯдак ва роҳ надодан ба ҳомиладориро намедонад. Гарчанде зиндагии оилавиашон дар сатҳи паст қарор дорад, имсол низ дар интизори тифланд. Тавре аз суханони зан маълум гашт,

Гоҳе мешавад онҳоро ҳақорат мекунаму мезанам. Охир, дар танҳоӣ ҳам тарбия намудани кӯдакон ва ҳам кору бори хона мушкил аст. Ба он хотир якчанд кӯдак пайи ҳам таваллуд кардам, ки якбора калон шаванд ва худ рӯзгорашонро дар зиндагӣ ёбанд. Шавҳарам мегӯяд, вақте ҳомила шудӣ, пас ҳатман бояд таваллуд кунӣ, вагарна исқоти ҳамл гуноҳи азим аст. Ҳамеша дар хона таваллуд мекунам ва аз маслиҳати духтурон низ бенасибам”. Коршиносон бар онанд, ки ҳудуди 25 дар сади занон дар Тоҷикистон фосилаи байни таваллудро риоя намекунанд, ки баъзан барои исқоти ҳамл муроҷиат мекунанд ва баъзан ҳангоми таваллуд ба марг рӯ ба рӯ мешаванд. Табибон мегӯянд на ҳамаи занони ҳомила аз муоинаи тиббӣ мегузаранд, чун ҳомиладории худро тасодуфӣ унвон мекунанд. Наргис Лачкарова, духтури амрози занона, мегӯяд, бештари модарону занон ба

мушоҳида бештари ин занон ба амрози занона дучор мешаванд, ки солиёни зиёд табобат мегиранд. Ҳақиқати ҳаёт нишон медиҳад, ки зиндагӣ дар оилаи хурд ва аз нигоҳи иқтисодӣ осуда беҳтар аз оилаи бузургу фақир аст. Пӯшида нест оилаҳое, ки дар синну соли ҷавонӣ дорои фарзандони зиёд ҳастанд, фарзандашон тарбияи хуб ва таҳсили дурустро намебинад. Пас, оилаи хурд ва солим хубтар аст. Ҷомеашинос Мавҷуда Комилова бар он аст, ки сабаби асосии ба чунин кор даст задани занон дониши кофӣ надоштани онҳо мебошад. - Аз рӯи фарҳанги ҷамъияти мо аксари ҷавондухтарон ба муассисаҳои махсусе, ки оид ба ҳамин мавзуъ кор мебаранд, муроҷиат намекунанд. Мушкили дигар дониши кам доштани занон дар мавриди муносибатҳои маҳрамона мебошад. Падару модар дар хусуси ин амал пеш аз издивоҷ бо

фарзандони худ масъалагузорӣ намекунанд, ки оқибат ба хонавайронӣ, дилсардӣ, хушунат ва ғайра оварда мерасонад. Яъне, аз тавлиди зиёди атфол равони занон коста мешавад. Масъала доғи рӯз буда, мардон низ бояд онро ҷиддӣ бигиранд, то фарзанди ботарбияву ҳамсари солим дошта бошад. Гарчанде доштани фарзанди зиёд аз қадим дар мардуми мо дида мешуд, аммо имрӯз ба шароит нигоҳ карда бояд нақшаи таваллуди кӯдакро бикашем. Маҳмуд Кабирӣ, таваллуди зиёди кӯдакро ба манфиати зан ва давлат медонад. Кабирӣ назар дорад, ки зан дер пир мешавад ва равони зан аз ҳомиладорӣ фоида мебинад, чунки ҳомиладорӣ меҳрро мефизояд. Занон танҳо аз доштани маълумоти пешгирӣ намудан аз ҳомиладорӣ (предохранения) азият мекашанд. Аммо гуфт, ки “баъзан қади кӯдакон паст мемонад ва асабу ҷисм дар камбудиҳои зиёд хароб мешавад”. Пас, андеша бояд кард, ки барои тавлиди тифли бардам модар бояд рӯҳану ҷисман солим бошад. Барои пешгирӣ намудани ин проблема бояд барномаҳо ва видеороликҳои телевизионӣ таҳия карда, ба падарон ва модарони имрӯзу оянда фаҳмонд, ки бо назардошти шароит ва вазъи саломатии хеш фарзанд ба дунё биёранд. Дар вақти ҳомиладорӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштан ҳатман аз занон талаб карда шавад, ки бо ҳамсаронашон ба назди духтур бираванд, то мардон низ аз мушкили занон ва таваллуди вазнини онҳо бохабар бошанд. Шояд баъдан тавлиди тифл дар хонавода танзим гардаду занон низ дигарбора анедашаи андохтани худ ва фарзандонашонро ба дарё накунанд. Ҳадаф аз таваллуди тифл на танҳо афзоиши аъзои оила, балки тарбияи дуруст ва зиндагии осуда бахшидан ба тифлакон аст.


КИТОБИЁТ

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар сарсухани китоб чунин навиштааст: “Воқеан Эмомалӣ Раҳмон халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашид, ҷинояткоронро афв кард, зиёда аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонида, ба миллати мотамзада сулҳу ваҳдат ва суботу амният овард. Ӯ пояи давлатдориро дубора аз сифр бунёд намуда, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ кард, низоми молияро аз хазинаи холии тороҷшуда, лашкарро бо фармондеҳони кироя бунёд намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун садои модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонида, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид кард. Мақоми Пешвои миллат, ки бо амри дили мардуми шарифи тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон дода шудааст, нишонаи эҳтироми хоса ба хидматҳои Сарвари давлат ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳиягари пояҳои ҳуқуқи миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зин-

дакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат мебошад”. Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро асосгузори мактаби нави сиёсати хориҷӣ номида, чунин нигоштааст: “Сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбари ҷавони

фи Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ қарор гирифт ва ин заминаи хубе шуд барои ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани давлати тоҷикон. Аз ин ҷост, ки нуфуз ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сол то сол боло меравад ва кишварҳои олам тамоюли худро барои барқарорӣ

андешаҳояшро дар хусуси нақши таърихии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди фарҳанги миллӣ баён намуда, таъкид кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон кори давлатдории худро бо фарҳанг оғоз кард: «Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо бо фарҳанги баланди худ тавонист, ки дар дили садҳо

ва густариши равобит бо мо эълом медоранд”. Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода

ҳамватанони муҳоҷир шуълаи умед бахшад. Дар ваҳдати миллати тоҷик на молу амвол, на тиру туфанг ва на таҳдиду фишор, балки фарҳанг нақш дошт». Соҳаи моариф бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардидааст. Дар ин китоб Лутфия Раҷабова, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, Идигул Қосимзода раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Латофат Назирова, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, профессор Ғуломқодир Бобизода президенти Академияи таҳсилоти ҷумҳурӣ дар бораи нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи маориф андешаҳояшонро баён кардаанд. - Дар таърихи навини халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳёи падидаҳои неки писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёконамон хизматҳои барҷаста кардааст, - навиштааст Аҳтам

Меҳрнома ба Пешвои миллат

давлати навтаъсис аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданаш мавриди дастгирии на танҳо мардуми шари-

5

Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшид, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузошт, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуд. Аҳтам Абдуллозода таъкид намудааст, ки ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатӣ дучанд мекунад. Дар китоб суханони раиси Маҷмааи «Ориёно» (Кумитаи муҳоҷирони афғон) дар Тоҷикистон Асадулло Ваҳҳоҷ низ оварда шудааст, ки гуфтааст: «Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳаёти пурбаҳояшонро дар роҳи хидмат на танҳо ба пешрафт, тараққиёт ва шукуфоии Тоҷикистон, балки ба сулҳу ваҳдати саросари ҷаҳон бахшидаанд. Бахусус дар душвортарин шароит ба мамлакати ранҷдидаи афғон ёриҳои моддӣ ва маънавӣ расондаанд». Ба ин мазмун эътирофи ҳамзабонон зиёд аст. Хуб мешуд, ки китоби «Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат» бо ҳуруфи форсӣ баргардон шуда, пешкаши ҳамзабонони бурунмарзӣ гардад. Китоби мазкур як навъ меҳрномаи зиёиёни мамлакат ба Асосгузори сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

е-mail: javonontj@mail.ru

Ба наздикӣ нашриёти «Маориф» китоберо зери унвони «Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат» аз чоп баровард. Китоби мазкур бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятӣ-байналмилалии Фонди «Диалоги Авруосиё» нашр гардида, силсилаи мақолаҳои арзишманди олимон, сиёсатмадорон, вакилони мардумӣ ва аҳли фарҳанги ҷумҳуриро дар бораи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар мегирад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №12 (9438), 24 марти соли 2016

С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

 ВАТАНПАРВАР

Аёдати сарбозон дар вилояти Суғд

мил дорем, ки баҳри пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ оянда низ ин иқдоми нек идома хоҳад ёфт. Фаррух АЛОВИДДИНОВ, раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Иттиҳоди ветеранҳои амалиётҳои ҳарбӣ - ОКСВА”

www.javonon.tj

Чанде пеш бо ташаббусу мусоидати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода баҳри аёдати сарбозоне, ки аз шаҳри Ҳисор ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сафарбар шуда буданд, гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд. Ба гурӯҳи корӣ муовини раиси шаҳри Ҳисор У. Абдуллозода ва намояндагони ҷамоатҳо, комиссариати ҳарбӣ, шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Бахши кор бо занон ва оила, Бахши фарҳанг, рӯзномаи «Ҳисори Шодмон» шомил буданд. Гурӯҳи корӣ баҳри сафарбар ва мусоидат омодагии худро изҳор намуданд. Баҳри оромӣ кору фаъолият намуда, фарзандонамон намудан барои дидорбинии волидони сарбо- ҳамкориҳои судманд дар тарбияи ҳарбӣ- дар шароити беҳтарин хизмати Модар - Вазон, ки 60 нафарро ташкил менамуд, омодагӣ ватанпарварии ҷавонон комиссари ҳарбии танро баҳри таъмини амнияти мардум адо надида, ба вилояти Суғд сафар намуд. Ин иқдоми вилояти Суғд, полковник Н. Назарзода, коман- муда истодаанд. Омодабошии ҷангӣ ва зиранекро волидайн хуб пазируфта, ба мақомоти дири қисми низомии 01972, генерал-майор кии сиёсии сарбозон яке аз омилҳои асосии иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Б. Рузмоншоев, раиси шӯрои ҷанговарони бехатарии марзу буми кишвар буда, сатҳи башаҳри Ҳисор изҳори сипос намуданд. Бо башардӯсти вилояти Суғд К. Содиқов ва се ланди корбариро дар қисмҳои низомӣ нишон кӯмаки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва нафар ҷанговари башардӯст аз тарафи Таш- медиҳанд. Мо итминони комил дорем, ки дар шахсони саховатманд, барои дастархони идо- килоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Иттиҳоди оянда чунин гурӯҳҳои корӣ бо волидайн бешнаи сарбозон ба қисмҳои низомии 01972 ва ветеранҳои амалиётҳои ҳарбӣ - ОКСВА» бо тар таъсис дода шуда, ба тамоми қисматҳои 2042 хӯрокворӣ фиристода шуд. Гурӯҳи корӣ медали «23 феврал - Рӯзи ҳомиёни Ватан» кишвар барои шиносоӣ ва дидорбинӣ сафар ва волидайнро дар шаҳри Хуҷанд, дар комис- сарфароз гардонида шуданд. Баҳри дар сатҳи менамоянд. Ин иқдоми нек рӯҳияи сарбозонсариати ҳарбии вилоят масъулин бо нону на- баланди ташкилӣ гузаштани чорабинӣ кӯмаки ро баланд бардошта, дар оянда сафи ихтиёмак ва дастархони идона пешвоз гирифтанд. амалии роҳбарияти мақомоти иҷроияи риёнро зиёд намуда, боиси бартараф шудани Сипас дар қисми низомии 01972 бо сар- маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳар гуна овозаҳои беасос мегардад. бозони ҳисории ҷузъу томҳои Вазорати му- басо назаррас буд. Ҳамин гуна чорабинӣ дар Мо - ҳайати гурӯҳи корӣ ва волидайни дофиаи ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд мулоқот қисми низомии 2042 ҚС КДАМ ҶТ дар ноҳияи сарбозон ба МИМҲД вилояти Суғд, Комиссадоир гашт. Волидайн бо шароити зисту хизма- Ғончӣ баргузор гашт. риати ҳарбӣ, Гарнизони вилоятӣ ва Шӯрои ти ҳарбии фарзандонашон аз наздик шинос Волидайни сарбозон иброз доштанд, ки ҷанговарони башардӯсти вилояти Суғд баҳри шуда, баҳри дар маҳалҳои зисташон бурдани маҳз бо саъю кӯшиш ва талошҳои ҳамарӯзаи дар сатҳи баланд қабул намудани гурӯҳи корӣ ташвиқот барои хизмати ихтиёрии ҷавонон Пешвои миллат мо ҳама дар фазои сулҳу миннатдории худро мерасонем. Боварии ко-


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

6

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №12 (9438), 24 марти соли 2016

Истиқлолият, ба андешаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, рукни меҳварии фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо аст. Ин неъмати бебаҳо ва дигар арзишҳои волоро дар ҳар давлате пеш аз ҳама ҷавонони бедору бофарҳанг, хештаншинос ва баномусу ватандӯст ҳифзу қадрдонӣ мекунанду пойдору устувор медоранд. Дар робита ба ин мавзуъ суҳбати рӯзноманигор Валиҷон Баёниро бо шоир ва файласуфи шинохта Назри Яздон пешкаш мекунем. - Устод, имсол Истиқлолияти кишвари мо 25-сола мешавад. Ин неъмати бебаҳо дар зарфи 25 сол ба насли ҷавони мо чӣ дод? - Аз назари ман, аввалин дастоварде, ки 25 соли мубораки Истиқлолияти сиёсӣ ба ҷавонон додааст, эҳсоси дилпур будан, хештанро дар арсаи сиёсат, иқтидору фарҳанги чаҳонӣ шинохтан ва дар пойи худ устувор истодан аст. Дигар ин ки бо шарофати сиёсати бисёр ғамхоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон, сатҳи салоҳиятмандӣ (профессионализм)-и ҷавонон ба ҷараёни рушду баркамолӣ қавитар шуд. Саҳми шахсии Пешвои муҳтарами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷавонон хеле калон аст. Президенти арҷманди кишвар сарфи назар аз мушкилоти молиявии ҷумҳурӣ лоиҳаи «Дурахшандагон»-ро таъсис додаанд, ки тибқи он шумораи зиёди ҷавонон дар беҳтарин донишкадаҳои олии ҷаҳон таҳсил мекунанд. Соли 2015 3000 донишҷӯву аспиранту докторант таҳсили худро дар хориҷи кишвар анҷом доданд. Нуктае ки бисёр муҳим буду дар замони истиқлолият бештар муваффақият пайдо кард, тибқи квотаи Президент ба таҳсили олии касбӣ фаро гирифтани духтарони маҳаллаҳои рустову кӯҳистон буд. Ба ин масъала дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам зиёд диққат дода мешуд, вале муваффақият пайдо накард. Имрӯз ин иқдом дар минтақаҳо самараи нек ба бор овардааст. Аз байни ин духтарон аллакай номзадҳои илм баромадаанд. Бештараш дар мақомоти маҳаллӣ, муассисаҳои тиббиву таълимӣ кору фаъолият мекунанд. Дар соҳаи варзиш дастовардҳо нисбатан хеле ва-

БА ИФТИХОРИ 25-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ сеъ ҳастанд. Истиқлолият барои варзишгарон шароити бисёр хуб фароҳам овард. Имрӯз баргузор гардидани мусобиқаҳои махсуси Ҷоми Президент дар риштаҳои гуногуни варзиш, ба мисли теннис, дзюдо, футбол ва таъсис додани академияҳои варзишӣ аз қабили тадбиру ғамхориҳо дар ин самт мебошанд. Дар ин давра, боз омӯхтани забонҳои хориҷӣ маъмулӣ шуд. Имрӯз ҷавононе ҳастанд, ки забонҳои хориҷиро хуб медонанд. Дигар чизе ки дар назари ман бисёр муҳим менамояд, соҳибкории хурду миёна аст, ки барои ҳар давлату кишвар аҳамияти муҳим дорад. Имрӯз дар ин соҳа ҳам ҷавонон бештар фаъолу муваффақ ҳастанд. Сарфи назар аз он ки мушкилиҳои зиёд дар кредит, муносибатҳояшон бо ташкилотҳои назоратӣ ва ғайра доранд. Чор соли охир Ҳукумат ва Маҷлиси Олии кишвар барои ба тартибу танзим

- Мутаассифона, имрӯз бархе аз ҷавонон ба қадри Истиқлолият ва кишвари ободу ҳаёти озоду осуда намерасанд. Фирефтаи суханҳои сиёҳу даъватҳои сӯзандаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мешаванд. Ба фикри Шумо, барои ҷилавгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо ва роҳҳои хато бояд чӣ гуна чораву тадбирҳоро пиёда кунем? - Агар дар қиёси дигар давлатҳо, масалан Афғонистону Русия ин таъсир дар Тоҷикистон хеле кам бошад ҳам, барои мо бонги хатар аст. Мо, албатта якчанд сабаби объективӣ дорем, ки аввали он бекорӣ аст. Ҳарчанд, ки соли гузашта дар самти корофаринӣ, яъне дуруст кардани ҷойҳои нави корӣ муваффақиятҳо зиёд буданд. Масалан, чандин фабрикаву комбинат ва корхонаҳои хурд таъсис ёфтанд ва дар онҳо бештар ҷавонон ба кор фаро гирифта шуданд. Бархе аз ҷавонон бо сабаби бекорӣ ва

тариқи қонунҳо ҷорӣ мекунем, бояд бисёр пайгирона ва суботкорона анҷом дода шаванд. Имрӯз, дар шароити зиёд будани бекорӣ ва паст будани савияи ҷаҳонбинӣ таъсири манфии қудратҳои ташвиқотӣ аз тариқи интернету телефонҳои мобилӣ авҷ гирифтааст ва бархе аз ҷавонон ба онҳо дилбастагии зиёд доранд, ки ин дилбастагии ноогоҳона буда, дар он шинохти ҳақ аз ботил, манфиат аз зарар вуҷуд надорад. Чунин ҷавонон намедонанд, ки кадоме аз ин иттилоот ба манфиат аст, кадомаш бар зарар. Дар самти пешгирӣ ва тарбияи чаҳонбинии ҷавонон мо бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳем. Аз ҷумла, дар тамоми маҳаллаҳо ва минтақаҳои кишвар бо ҷавонон, падару модар ва дигар сокинон суҳбату вохӯриҳо гузаронем. Аз ҳодисаҳои рухдода мисолҳо оварда, оқибатҳои пайвастани ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистиро барои онҳо рӯшан

дар Тоҷикистон аст. Дар дигар ҷо ҷӯстани он камоли беандешагист. Ворисони ҳақиқии содиқонаву ҳалоле, ки Ислом дорад, дар Тоҷикистонанд. Албатта, ин кору маъсулияти танҳо як шахс ё як ниҳод нест. Кори пурмашаққат аст. Бояд якҷоя ҳамасоата ва босаброна анҷом шавад, ки гумон мекунам як рукни саҳми Ваҳдати миллии мост. - Албатта, дар шароите, ки баъзе қудратҳо ва ҳизбу ҳаракатҳо таҳоҷуму таъсир ба мафкураи ҷавононро василаи муҳими расидан ба нақшаву ниятҳои худ қарор медиҳанд, матбуот метавонад муҳофизи тавоно ва аслиҳаи асосӣ алайҳи онҳо бошад. Ба фикри Шумо, рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» имрӯз барои ҳифзу ҳидояти ҷавонони кишвар чӣ гуна тадбиру чораҳои муҳимро метавонад ба роҳ монад? - Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар ин самт хеле пайгирона ва босубот кор

кунем. Масалан, як ҷавони фиребхӯрда дар ҷанги Сурия вафот мекунад ва фардо зани ӯро маҷбур мекунанд, ки бо никоҳ аст ё беникоҳ ҳамсари марди дигар шавад… Ё ҷавони дигаре модари худро ваҳшиёна ба қатл расонд… Ин ҳодисаҳову оқибатҳои сахту сангину нангинро мардум бояд донанд. Ташкилотҳое, ки ба дин сару кор доранд, бояд ба мардум рӯшану саҳеҳ фаҳмонанд, ки он мусулмонии сиҳат, он исломе, ки дар Қуръону ҳадису суннат зикр шудааст, танҳо

мекунад. Шояд зарур бошад, ки барои ҳайати эҷодии ин рӯзномаи умумиҷумҳуриявӣ бештар имконият фароҳам оранд, то ин фаъолият ё масъулиятро рӯ ба рӯ анҷом диҳад. Зеро ин рӯзнома медонад, ки дар ин боб аз кадом сайту самтҳо ва қудратҳо истифода бурдан даркор аст. Имрӯз хилофати бардурӯғи исломӣ дар шабакаҳои ҷаҳонии интернет ва телефонҳои дастӣ 35 000 сайтро вобаста ба ҳар як қишри ҷомеа роҳандозӣ кардааст, ки мутахассисонашон тавассути онҳо корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда, ҷавононро гулу гумроҳ мекунанд. Дили ман бештар барои он ҷавононе месӯзад, ки «ҷиҳод барои Худо ва Ислом» гуфта мераванду намедонанд, ки бадтарин фиребро мехӯранд. Хештаншиносии ҷавонон масъалаи муҳими рӯз аст. Фарз кардем, агар як ҷавон шинохта бошад, ки имрӯз дар тамоми кураи Замин, аз он ҷумла дар давлатҳои исломӣ он исломи нобе, ки тибқи Қуръону ҳадису суннат амал мекунад, танҳо дар Тоҷикистон аст, мумкин андешаи хом накунаду ба чунин роҳи хато наравад. Имрӯз дар муқобили ин ҳама зарбаву сахтиҳо бедору устувор бояд буд, зеро ин хатари даҳшатнок аст. Ин масъулияти ҳар як шаҳрванд бояд бошад. «Ҷавонони Тоҷикистон», ки бештари хонандаҳояш ҷавононанд, бояд дар ин самт фаъолтар бошад. Зеро ин масъалаи амнияти давлат, беҳдошти асолат ва нангу ори миллӣ аст.

Худшиносии ҷавонон масъалаи муҳими рӯз аст

даровардани ин муносибатҳо чораву тадбирҳои зиёд анҷом доданд. Чандин қонунҳо ба тасвиб расонида, меъёрҳои ҳуқуқиро дуруст карданд. Аслан, ҳар коре ки дар зарфи 25 сол дар ҳама самтҳо анҷом додем ва ҳар дастоварде, ки ба бор овардем, барои ҷавонон аст. Акнун, эҳсоси шинохтану эҳтиром кардан ва тақвият додану ғамхориву муҳофизат намудани ин дастоварҳо ба зиммаи онҳост. Ин насл нисбат ба насли мо толеи баландтар доштааст, ки насибу муборакашон бод!

беҳ карда натавонистани шароити иқтисодиашон, имконияти пеш бурдани ҷаҳонбинии хешро надоранд. Яъне, сабабҳои объективии бекориву камбизоатӣ як халои бисёр хатарнокро ба вуҷуд меоранд, ки ин холигии иттилоотӣ, холигии ақидатӣ ва дар маҷмуъ халои идеологӣ аст. Бо ин сабабҳо, тадбирҳои тарбияи идеологӣ таъсири кам расонида, суди дилхоҳ намедиҳад. Аз ин лиҳоз, ҳар тадбире, ки мо дар боби масъулияти падару модар, мактабу муаллим ва Кумитаи ҷавонону дигар ниҳодҳо аз


НАВРӮЗ - 2016

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №12 (9438), 24 марти соли 2016

23 март дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ва намояндагони ҷавонон аз 25 шаҳру ноҳияи вилоят Наврӯзи хуҷастапай бо шукуҳ таҷлил шуд.

е-mail: javonontj@mail.ru

Таҷлили Наврӯзи ҷавонони Хатлон дар Шаҳритус

7

Масъулин намоиши идонаи сокинони ноҳия, аз ҷумла кӯчаву маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ, толору майдонҳои варизшӣ дидан карда, бо анъаноти мардуми ин гӯшаи диёр аз наздик шиносоӣ пайдо карданд. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода бо ҷавонони варзишгар суҳбат намуда, барои бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба риштаҳои гуногуни варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид дар ин самт маслиҳатҳо дод. Ҳамчунин, бо иштироки Аҳтам Абдуллозода, рӯзноманигорон ва намояндагони ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар шафати варзишгоҳи марказии ноҳия боғи дарахтони мевадиҳанда бунёд гардид, ки он "Боғи дӯстии ҷавонони вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус” номгузорӣ гардид. Дар рафти чорабинӣ ҷавонон аз гӯшаҳои таърихии ноҳия, аз қабили мавзеи табииву таърихии Чилучорчашма, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва мақбараи Хоҷа Дурбод дидан карда, бо таърихи пйдоиш ва ҳолати имрӯзаи ин ёдгориҳои пурарзиши бостонии Ватан шинос гардиданд. Дар қисмати тантанавии Наврӯзи ҷавонони вилояти Хатлон, ки таҳти унвони «Наврӯз - рамзи баҳор ва муҳаббат» дар Қасри фарҳанги ноҳия барпо гардид, масъулин суханронӣ карданд. Баробари табрикоти идона ҳамзамон аз дастоварду фаъолияти ҷавонон сухан гуфта, ҷавононро ба касбу ҳунаромӯзӣ ва саҳм гузоштан дар рушду гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз даъват карданд. Санъаткорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ, ки аз зебоиву нафосати баҳори диёр бозгӯ буд, хотири аҳли ҷамъомадро болида гардонданд. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”

Наврӯз арҷманд аст

Дар Китобхонаи давлатии бачагона ба номи Мирсаид Миршакар

маҳфили адабӣ-бадеӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони “Наврӯз азизу арҷманд аст” баргузор гардид. монда, арҷгузорӣ ба ин ҷашни миллӣ, арҷгузорӣ ба расму русуми гузашта мебошад. Моро мебояд, ки бо ин мероси аҷдодони худ бифахрем, чунки дар тӯли асрҳо ин миллати ватандӯст новобаста аз ҳама гуна офатҳою газандҳо, фишороварию ғасбнамоии душманони аҷнабӣ, ки пай дар пай бо хоку марзи ин Ватан ҳуҷум мекарданд, боқӣ мондаaст. Насли ҷавони даврони нав аз ин падидаҳои умедбахш орзую умедҳои зиёд доранд, чунки зинда ва ҷовидон мондани анъанаи ниёкони хеш бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад”. Муродалӣ Собир, шоири бачагона наврасонро бо фарорасии фасли зебои сол - баҳори нозанин ва Иди ниёгон ҷашни Наврӯз шодбошу табрик намуда, ҳама хушбахтиҳо, сарбаландиҳо ва дастурхони пурнозу неъматро баҳри онҳо таманно намуд ва шеърҳои эҷодкардаи худро, ки ба фасли Баҳор ва Наврӯз бах-

ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад. Ин ҷашни кӯҳану ҳамешаҷавон барои мардуми кишвари мо бигузор тинҷию осоиштагӣ, хуррамию некрӯзӣ, сулҳу амният ва неъматҳои фаровон ато намояд, орзу ва ормонҳои насли имрӯза низ ҷомаи амал пушанд. Шодиву сурур ва хурсандию нишоти кӯдакон дар осмони сафобахши рӯзгор танинандоз бошад, - иброз дошт шоир Шаҳрия Атҳамзод. Дар охир хонандагони муассисаи таълмии рақами 28-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт доир ба Наврӯз шеъру суруд хонда, ба иштирокчиён рӯҳияи хушҳолӣ бахшиданд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

www.javonon.tj

Беҷода Гуленова, директори китобхона қайд намуд, ки дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз «Рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъанаҳои ниёкон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардуми эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре, ки аз номи он бармеояд, Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дустию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Наврӯз иди аҷдодони гузаштаи мо мебошад, ки ба мо ҳамчун мерос боқӣ

шида шуда буд, ба хонандагон қироат кард. - Дар ҳақиқат Наврӯз иди мардумӣ ва миллӣ аст, ки ба ҳукми таърих зери нуфузи тамаддуни халқҳои қадимаи ориёӣ қарор гирифта буд, зеро дар он як силсила рамзу розҳои ниёкони ориёии мо нигоҳ дошта мешаванд. Ҳар сол дар тамоми ҷаҳон Наврӯзи нозанинро бо шукӯҳу азамат, бо расму суннати ниёкон тоҷикона ҷашн мегиранд. Иди Наврӯзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукӯҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврӯз давраест, ки замин ба меҳвари хуршед баромада, рӯзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рӯҳу равони тоза бахшида,


е-mail: javonontj@mail.ru

8

Наврӯз назди мардум ва фарҳанги ориёитабор то андозае арҷманд ва муқаддас аст, ки басо рӯйдодҳои бузурги таърихӣ ва рӯзгори симоҳои бузургу алломаҳои давру замон ва паямбаронро бо он алоқаманд медонанд. Яке хост ин ҷашнро аз байн бардораду дигаре пайи эҳё ва рушду такомули он талош варзид. Чун Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадист, душманонаш ҳамеша мағлубу дӯстдоронаш ғолиб омаданд ва бо гузашти ҳазорсолаҳо бо суннатҳои наҷибаш ба имрӯзиён ба мерос расид. Аҷдодони пурифтихори мо Наврӯзро, ки чун ҷашни ҳамагон аст ва баробар меҳмони кулбаҳои бечорагон ва қасрҳову кӯшкҳои шоҳон мегардад, тантанаи адолати комил медонистанд. Қудуми он дар ҳар манзил равшанбахшу фархундаву нишотовар аст. Аз ин рӯ, Наврӯзро аз хурд то бузург дӯст медорем. Наврӯзи оламафрӯз дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон дар баробари умумиятҳо вижагиҳои худро дорад, вале дар умум дар доираи урфу одат ва фарҳанги ба мардуми тоҷик хос ҷашн гирифта мешавад. Мардум пеш аз фарорасии Наврӯз курпаву палосҳоро аз хона берун бароварда, хонаро руфтаю тамиз мекунанд, курпаҳову пардаҳоро мешӯянд ва хушбӯӣ мезананд. Тамоми лавозимоти манзилашонро офтоб дода метаконанд. Девори хонаҳоро сафед карда, тозаву озода месозанд. Дегу зарфҳоро шуста тоза мекунанд. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву иқболи нав аст. Дар байни мардум чунин андеша ҳаст, ки агар соли навро дар хонаи тозаву ороста пешвоз бигирӣ, ҳамон солро то охир хушу хурсанд мегузаронӣ. Баъд чи ҳунаре, ки дар пухтупаз доранд, нишон медиҳанд.

www.javonon.tj

НАВРӮЗ - 2016

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №12 (9438), 24 марти соли 2016

НАВРӮЗИ БАДАХШОН Мардуми Бадахшон ҳангоми таҳният ва шодбошии ҳамдигар «Шогун баҳор муборак!» мегӯянд. Дар рӯзи аввали Наврӯз мардуми минтақа ба «ҷоруббандон» ва «хонатаконӣ» ҷоруб баста, ба тамиз кардани манзилҳову ҳаётаҳои худ мепардозанд. Суманак, кочӣ, бат ё ҳалво, ширрӯған, боч ё далда маъмултарин ғизоҳои наврӯзии мардуми Бадахшонанд. Бештари ғизоҳо аз гандум, орд ва шир таҳия карда мешаванд. Яке аз бозиҳои наврӯзии кӯдакон дар Бадахшон килоғузғуз ё талаб-талаб аст. Кӯдакон рӯймолҳоро ба даст гирифта, ба бомҳои хонаҳо мебароянд ва аз равзана онро ба даруни хона меандозанд. Онҳо суруд мехонанд ва соҳибхона бо шунидани он бояд дар рӯймоли ин кӯдакон шириние бибандад. Ҳамчунин, дар Бадахшон бозиҳои наврӯзие ба мисли лаш, алвончак, буҷулбозӣ, санчак ё қолбозӣ, кабкҷанг, хурӯсҷанг, тухмбозӣ ва амсоли инҳо маъмуланд, ки дар рӯзҳои Наврӯз баргузор мешаванд. Дар ин мантақа як русуми дигар ба мисли оташафрӯзӣ ва аловпарак роиҷ аст. Ҳангоми оташафрӯзӣ ашёи нодаркори хонаро ҷамъоварӣ карда, дар оташ месӯзанд. Аловпарак расмест, ки пас аз афрӯхтани оташ, бархе аз мардум як порча ё нахе аз

пироҳани худро ба оташ меандозанд ва аз болои оташ ҷаҳида чунин мегӯянд: «Сурхии ту аз ман, зардии ман аз ту». Ҳатто агар дар ин рӯз дар як хонаводаи бадахшонӣ тифле ба дунё биёяд, волидайн ба ӯ Наврӯз ном мениҳанд. Мардум ба таҳнияти онҳо меоянд ва мегӯянд: «Шогун баҳор муборак!» НАВРӮЗИ ХАТЛОН Мардуми Хатлон худ як табиати баҳорона доранд. Касе, ки бо чашмони чеварони Кӯлоб ба сӯзаниҳои хушгул ва пероҳани чакан нигарад, дар онҳо Наврӯзро бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш мебинад. Гулдӯзии кӯлобӣ марғзорони сабзу хуррам, чаману гулистон, бӯстону чаҳ-чаҳи мурғони хушилҳонро дар худ

кӯдакон мебошад. Инро низ аз гузаштагон омӯхтаанд. Насиҳати гузаштагон аст, ки агар кӯдаконро хурсанд намоӣ, Худованд аз ту хурсанд хоҳад шуд. НАВРӮЗИ СУҒД Дар Суғди бостон иди миллӣ Наврӯзи оламафрӯз бо як шодии беандоза ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷо ҷашну шодмониҳоро аз аввали март - оғози баҳори нозанин сар мекунанд. Мардуми ин вилоят “Иди арӯсон” гуфтанӣ анъана доранд. Наварӯсоне, ки нав ба ҳаёти мустақил қадам ниҳодаанд, ба талу теппаҳои сабзазор баромада, сайр мекунанд ва мардум бошанд ба тарзи либоспӯшию ороиш, роҳгардию салом додан ва ҳусну ҷамоли онҳо

Тарзи таҳияи сабза ва пухтани суманак дар байни мардуми тоҷик чунин аст: гандумро 3 рӯз дар оби ҷӯй ё оби борон тар карда мемонанд. Гандум неш баровард, онро гирифта дар табақе тунук ҳамвор мекунанд ва рӯяшро бо докаи тоза мепӯшонанд. Рӯзе, ки борон меборад, ба берун мебароранд ва пас аз борон оби зиёдатиашро полида, боз бурда ба хонае мегузоранд, ки каси бегона ба он ҷо надарояд. Вақте ки гандум сабз шуд, бояд ҳеҷ кас онро набинад, зеро ки «пай» меафтад. Ё худ дар вақти пухтан кӯшиш мекунанд, ки ягон каси нопок ба болои дег наояд, зеро пай меғалтад. Ҳар касе аз дӯстон ё ҳамсояҳо агар дар вақти пухтан ба назди суманакпа-

Наврӯз – мелоди ҳастӣ

таҷассум мекунад. Мардони хатлонӣ Наврӯзро бо мусобиқаҳои бузкашӣ ва гуштингирӣ оғоз мекунанду занонаш бошанд бо тоза намудани атрофи ҳотаву хонаю дари худ. Бо омадани баҳор шаҳру деҳаҳо ба чаман монанд мешаванд, зеро бонувони зебо бо куртаҳои чакану докаҳои гулбасти худ як даста гули тару тозаро мемонанд. Занону духтарон субҳи барвақт пеш аз он ки суманаки пухтаашонро кашида, ба ҳамсояҳо тақсим намоянд, ба абрӯвонашон албатта ӯсмаи тар мекашанд, зеро аз гузаштагон ривоят аст, ки об додани абрӯвон дар субҳи наврӯзӣ хеле савоб аст. Маъракаи Наврӯз барои бонувони Хатлон чун озмуни кадбонугӣ аст. Маҳз дар ҳамон ҷо маълум мешавад, ки бонувони кадом хонадон дар пухтупаз моҳиранд. НАВРӮЗИ РАШТ “Наврӯзи Раштон - зеби гулистон” – гуфтаанд. Анъанаҳои наврӯзӣ дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон якхелаанд, танҳо вобаста ба иқлиму тарзи зиндагии мардуми ин ё он минтақа каме дигаргун гаштаанд. Дар асл мо ҳама меросхӯрони Наврӯз онро бо ҳамон сабзаҳои наврӯиду суманак, ширинию анвои хӯришҳои мардумӣ пешвоз мегирем. Занҳои бузургсоли ин водӣ субҳи барвақти наврӯзӣ аз хобашон хеста, аввал испанд дуд мекарданд. Ин маънои аз хонадон рондани қувваҳои бадиро дошт, баъд ширбат ё ширбиринҷ пухта, ба ҳамсояҳо тақсим мекарданд. Он рӯз занон суманаки кулчагӣ ё дегӣ мепухтанду то нимаҳои шаб хурсандӣ мекарданд. Як расми дигари наврӯзӣ, ки барои мардуми ин ҷо ҳам одати азалист бо тухмҳои рангоранг хурсанд кардани

баҳо медиҳанд. Ин манзараи зеборо ба қалам тасвир намудан душвор аст, онро танҳо дидану баҳра бурдан лозим. Дар рӯзи Наврӯз бошад, имтиҳони асосии арӯсон баргузор мегардад, зеро занону духтарони атроф ба он хонадонҳое, ки келини нав доранд, меҳмон шуда, санъати пазандагию кадбонугии келини навро дида, хулосаи худро мебароранд. Арӯсон дар шабу рӯзи Наврӯз серкоранд, вале баъд аз ба анҷом расонидани корҳои асосиашон либосҳои зеборо пӯшидаю назди дастархони орододаашон нишаста, меҳмон-ҳакамонҳоро қабул мекунанд. Ин як ҷанбаи хуби тарбиявӣ ҳам дорад, яъне духтарон аз хурдӣ кӯшиш мекунанд, то кадбонуи хуб ба воя расанд. Кӯдакон гулгардонӣ мекунанду мардон бошанд ба мусобиқаҳои гуногуни паҳлавонӣ машғул мешаванд. Наврӯз барои сокинони ин вилоят аз қадим санҷиши маҳорат ва нишон додани ҳунармандӣ буд. Бонувони ин ҷо низ мисли дигар бонувони тоҷик суманак ва дигар шириниҳои лазизи наврӯзӣ мепазанд. СУМАНАК - РАМЗИ АСОСИИ НАВРӮЗ Наврӯз хӯрокҳои хос дорад. Яке аз хӯрокҳои маъмулу асосии наврӯзӣ суманак мебошад ва агар нишонаи Наврӯзу баҳор гӯем ҳам, хато намекунем. Суманак асосан аз гандум тайёр мешавад. Он заҳмати зиёдро талаб мекунад. Аз вақти гузоштан то ба тайёр шуданаш ҳатто ҳафтаҳо зарур аст. Суманакро қариб дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон тайёр мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳо суманак бо номҳои суманаки чанголӣ, кулчасуманак, атолласуманак маълум аст, ки бо баъзе хусусиятҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

зон ояд, бояд то пухтани суманак, яъне то саҳар ҳамроҳи суманакпазҳо сари деги суманак бошад. Омадану рафтан иҷозат нест. Сабзаҳои гандумро пора мекунанд ва онро мекубанду обашро ҷабида, дар зарфи калон мерезанд. Баъдан онро боз бо орд омехта карда, ба дег мерезанд. Ба деги суманак ҳафт дона чормағз ё баъзан ҳафт сангча меандозанд, ки ин рақам маънои ҳафт фариштаи ҳафт табақи осмонро дорад. Дар вақти кашидани суманак, ба зарфи касе сангча ё чормағз афтад, орзуҳояш амалӣ мешавад. Хӯрокҳои наврӯзӣ ниҳоят зиёд аст. Масалан, оши туппа, оши бурида, атоллаи наск, ки асосан аз наск ва алафҳои баҳорӣ тайёр мешавад; далда бо шир, гандумоб, фатирмаска ва ғайра. Дар умум, ҷашни оламафрӯзи Наврӯз барои мардуми ориёнажод ва махсусан барои тоҷикон рамзи эҳёи олами хуфта ва бедории табиат аст. Ин ҷашн барои мардуми мо пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, хубӣ бар бадӣ, ҷавонӣ бар пирӣ ва накӯӣ бар бадист. Наврӯз ҷашни омадомади баҳор, такопӯи ҳаёт, зоишу рӯиши дубораи табиат аст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нафаронест, ки эҳёи ин ҷашни оламафрӯзро рисолати миллии худ донист ва барои он талош варзид: «Наврӯз дар таърихи тоҷикон мисли китоби муқаддасест, ки он дар бадали ҳазорсолаҳо суннатҳои неку волои гузаштагони ориёии моро дар саҳифаҳои худ маҳфуз дошта, бо вуҷуди тохтутозу истилои аҷнабиён ва ҳангомаҳои мазҳабу минбар аз насл ба насл то замони мо расидааст. Наврӯз – оини кӯҳани аҷдодӣ дар низоми давлатдориҳои ниёкони мо мақому манзалати басо арзандаву арҷманде доштааст. Ҷашни Наврӯз дар аҳди давлатдории Пешдодиён ба ҳукми анъана даромада, чун ҷашни эҳёи табиат ва бузургдошти пешаи кишоварзӣ, истиқболи баробарии рӯзу шаб ва фарорасии нахустин рӯзи соли нав, айёми бахшоишу адлу додгустарӣ ва шодмонии мардум таҷлил мегардад». Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад! Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад! Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам! Чеҳраи поку дилафрӯз муборак бошад! “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”


НАВРӮЗ - 2016

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №12 (9438), 24 марти соли 2016

Аҷдоди тоҷикону эрониён Наврӯзро ҳанӯз бист қарн пеш аз милод хайрамақдам гуфтаанд. Аз таърихи таҷлили модари ҳамаи ҷашну сурҳо, яъне Наврӯзи хуҷастапай боз садҳо қарн сипарӣ шавад ҳам, гузаштаи ифтихорофарини он ҳаргиз аз оинаи хотирҳо пок нахоҳад шуд. Зеро ҳастии мо, бунёди фарҳанг ва тамаддуни мо бо таърихи пайдоиш ва такомули Наврӯз сахт марбут аст. Пас, пурсише ба миён меояд, ки рамзу рози мондагории Наврӯз чист, ки барои ҳеҷ ориётаборе он ноошно, нопазиро ва носутуда нест. Абурайҳони Берунӣ дар “Аттафҳим” овардааст: “Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат рӯзи нав ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст, он чи аз паси ӯст, ҳама ҷашнҳо ва шодмониҳост”. Дар бораи ангезаҳои пайдоиши ин ҷашни хуҷаставу муборак ҳикояту ривоятҳои гуногун вуҷуд дорад. Гурӯҳе бар онанд, ки Наврӯз дорои решаест заминӣ ва онро ба подшоҳии Ҷамшеди Таҳмураси Пешдодӣ, аз шаҳрёрони пуриқтидори аҳди куҳан нисбат медиҳанд. Ба таъкиди Берунӣ, аҳли таърих дар сабаби ниҳодани ин рӯз ихтилоф кардаанд. Аз он ҷумла гуфта шуда, ки чун Ҷамшед дар ин рӯз ба салтанат нишаст, онро Наврӯз номиданд. Дигарон гуфтаанд, дар айёми Таҳмурас фирқаи соиба зуҳур карданд ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ нишаст, дини пешинро зинда кард ва аз ин рӯ оғози подшоҳии ӯро ҷашн гирифтанд. Ин ривоятро ба сурати дигартар дар Фарҳанги Деҳхудо, ки маъхази он маълум нест, мехонем: “Ҷамшед, ки сайри олам мекард, чун ба Озарбойҷон расид, тахти гавҳарнишоне бар сар ниҳода, бар он тахт бинишаст. Ҳамин ки офтоб рух намуд ва партаваш ба он тоҷу тахт афтод, фурӯғе дар ниҳояти рӯшаноӣ падид омад, мардум аз он шод шуданду гуфтанд “Ин рӯзи нав аст”. Чун ба забони паҳлавӣ шуоъро шед гӯянд, ӯро Ҷамшед хонданд ва ҷашни азим карданд ва ин расм пайдо шуд”. Таърихи Балъамӣ таҷлили Наврӯзро ба додварзиву некигустарии Ҷамшед иртибот медиҳад: “Ҷамшед донишваронро гирд кард ва гуфт: - Чист, ки мулкро боқӣ ва поянда дорад?. Гуфтанд: - Дод кардан ва дар миёни халқ некӣ кардан. Пас Ҷамшед бифармуд: - Ҳарчи дар ӯ дод бошад, маро бинамоед, то ман он кунам. Ва нахустин рӯз, ки Ҷамшед ба додрасӣ бинишаст, Ҳурмуздрӯз буд аз моҳи Фарвардин… Пас он рӯзро Наврӯз ном карданд. Умари Хайём дар Наврӯзнома агарчи ҷашн гирифтани Наврӯзро аз Ҷамшед медонад, мабдаъ ва маншаи онро таҷдиду бозоиши табиат ва баробарии рӯзу шаб меангорад: “Сабаби ном ниҳодани Наврӯз аз он будааст, ки Офтоб дар 365 шабонарӯзе рубъе ба аввали дақиқа ба бурҷи Ҳамал ояд ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард”. Ривоятҳое низ вуҷуд доштаанд, ки тибқи онҳо Худованди ягона маҳз ҷаҳонро аз ҳеҷ дар Наврӯз халқ фармуд, осмонрову ситораҳоро ба ҷунбиш овард, офтобро дурахшониду заминро устувор сохт. Аз ин рӯ, эрониён Наврӯзро рӯзи офариниши ҷаҳон донистаанд. Дар ояти 3-и сураи Юнуси Қуръони Карим мехонем: “Парвардигори шумо Аллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз биёфарид, сипас ба Арш пардохт, тартиби корҳоро аз рӯи тадбир бидод”. Ин калом дар ояти 54-и сураи Аъроф такрор мешавад. Аммо ин шаш рӯз на шаш рӯзи заминӣ, балки шаш рӯзи осмонист, ки бо рӯзҳои заминӣ қиёспазир нест ва аз марҳилаҳои офариниши олам ҳикоят мекунанд. Наврӯз бостонитарин ҷашн дар саропои таърихи башар ба шумор меравад ва ҷашне бо ин пешинаро дар соири қавмҳо наметавон пайдо кард. Беваҷҳ нест, ки доктор Алии Шариатӣ, ки шӯромезтарин гуфторро дар қаламрави Ориёно дар бораи Наврӯз навиштааст, мегӯяд: “Агар рӯзе Худованд ҷаҳонро оғоз кардааст, мусалламан он рӯз Наврӯз будааст. Мусалламан баҳор нахустин фасл ва фарвардин нахустин моҳ ва Наврӯз нахустин рӯзи офариниш аст”. Ин суханест мантиқӣ, зеро Худованд ҷаҳонро бар пояи ақл, мантиқ ва илми комили худ халқ фармудааст ва аз рӯи мантиқ на бо торикиву гармову сармо, балки бо рӯшаниву анвори хуршед, боди зояндаву гулу сабзаҳои атрафшони баҳорӣ, рӯишҳову шигифтиҳои бепоён оғоз бахшидааст. Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

е-mail: javonontj@mail.ru

Наврӯз - сархати офариниши ҷаҳон

9

Биё, Наврӯз, пазмони туем! Бо омадани Наврӯзи оламафрӯз, бо қудуми файзбахши ӯ табиат ҷомаи рангин ба бар карда, олами пир дигарбора ҷавон мегардад. Файзу баракати истиқлолият, соҳибдавлатӣ, сиёсати худшиносии миллӣ, рӯ овардан ба таъриху тамаддуни пурғановати миллат имкон фароҳам овард, ки мо ворисони миллат ҳама расму оини аҷдодиро ба ҷо оварда, асли худро бишносем ва Тоҷикистони биҳиштосоро боз ҳам ободу зеботар гардонем.

www.javonon.tj

Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавиштсоз буд. Ниёкони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ, дар давраҳои ҷангу ҷидолҳо, гуруснагию офатҳо, азобу кулфатҳо ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаро истиқбол ва ҳимоя мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Маҳз асолати фарҳангдӯстӣ, хирадписандӣ ва ваҳдатгароиву сулҳпарварии миллати шарафманди тоҷик ва фарзандони бо нангу номуси он, инчунин азму иродаи матини халқ ва пуштибонии мардум аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо ба чунин рӯзҳои нек ва рӯзгори осуда расидем. Маҳбубтарин, писандидатарин ва дӯстдоштатарин ҷашн Наврӯз аст, ки мардуми ориёитабор ва минбаъд дигар халқияту миллатҳо низ онро чун ҷашни фархундаю фирӯз таҷлил мекунанд. Наврӯзи ҳумоюнқадам бо чанд хусусияти худ аз дигар ҷашнҳо фарқ мекунад. Бо омадани Наврӯз айёми кишту кор, донапошии деҳқон, пухтани суманак, баргузории маъракаҳои бузкашӣ, гӯштингирӣ, хатнасурҳои дастаҷамъона, ки бештар хоси Наврӯзанд, оғоз меёбанд. Аз аҳди қадим то замони мо мардуми ориёитабор дар ҷашни Наврӯз ҳатман суфраи «ҳафтсин»-у «ҳафтшин» меороянд. Ҷашни Наврӯз дар замони Каён, Мениҳоданд мардуми Эрон. Шаҳду ширу шаробу шакари ноб, Шамъу шамшоду моя андар хон. Мусаллам аст, ки насли имрӯза ҳам ин маъниҳоро ба хубӣ бояд дарк намояд. Шаҳд – ширинии зиндагӣ, шир – покиву назокат, шароб – кайфияти латифу рӯҳияи хуш, шакари ноб, ки аз найшакар гирифта мешуд, сарбаландӣ, шамъ – гармии рӯзгор, шамшод – абадияту бақои зиндагӣ ва хуррамии одаму олам ва моя – ҳафт мева фаровонии рӯзиро ифода менамоянд. Ба суфраи «ҳафсин» бошад, сипанд, сабзаи суманак, санҷид, себ, сирко, сир, сумоқ (сумоқро дар баъзе маҳаллаҳо қат, зелол ва зиршин низ мегӯянд) ворид мешаванд. Маҳфилҳои «Гулгардон» ва «Гулбазм» ҳам хоси баҳору Наврӯзанд, ки яке дар оғози баҳор аз омад – омади ин фасли зебо дарак медиҳад, дигаре дар баҳор ва фаслҳои дигар низ идома меёбад. Имрӯз борон резон аст. Аммо, бо амри Худо рӯзҳои офтобӣ дар пешанд. Ба Тоҷикистони азизи мо пайки шодмонӣ, пайки баҳор, пайки гармиву зебоиро гули сияҳгӯш, ки аз хок сар бурун кардааст, меоварад. Гӯё сияҳгӯш гуфтанист: Ай мардум, маро ба чашму абрӯи худ бимолед! Ман муждаи баҳорам! Ба дилҳо нур, ба дидаҳо зиё, ба хонадон файзу баракат ва гармӣ мебахшам! Омода бошед ба истиқболи баҳор, ба пазироии Наврӯз, ки қудумашон файзу баракат меоранд! Мо ҳам бо пазмонии зиёд, дилгир аз сардию хунукӣ мегӯем: «Биё, баҳор! Биё, Наврӯз! Зери қадамҳоят гул мерезем. Ба кишвари мо нуру зиё, гармию рӯшноӣ, файзу баракат ато намо. Биё, баҳор! Биё, Наврӯз! Пазмони туем…». Басгул САФАРЗОДА, «ҶТ»


е-mail: javonontj@mail.ru

10

СОҲИБКАСБ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №12 (9438), 24 марти соли 2016

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ Пас аз он ки дар ҳаёт зарурат ба зарфҳо пеш омад, инсон дар ҷустуҷӯи чӣ хел сохтани он афтод. Ҷаҳду талошҳои тӯлонӣ ва дар пайи чандин маротиба гузаронидани таҷриба ба натиҷаи зарурӣ дастёб гардид. Ахиран ба натиҷае расид, ки аз гил метавон чизҳои заруриро сохт. Сохта шудани чандин навъи зарфҳои гилин ҳунари кулолгариро ба вуҷуд овард. Ин аст, ки он то ҳол ҳамчун яке аз ҳунарҳои мардумӣ боқӣ монда, ҷавонон идомадиҳандаи ин ҳунаранд. Шояд барои баъзе нафарон аҷиб бошад, ки дар асри рушди илму техника инсон чӣ гуна метавонад, ки ба чунин ҳунар машғул шаваду онро ҳамчун касб интихоб намояд. Бо вуҷуди андешаҳои мухталиф нафароне ёфт мешаванд, ки бо тамоми ҳастӣ дар ин роҳ қадам мегузоранду онро меомӯзанд, то аз байн наравад. Муҳаббат ба он ки аз гил чизе сохта бошаду тавассути

Ҳунар давлатест поянда он номи худро ҷовидона боқӣ гузорад, аз овони мактабхонӣ дар қалби Хушдил ҷӯш мезад ва доим пас аз машғулиятҳо ба офаридани ҳар гуна ҳайкалчаҳои гилин машғул мегардид. Хушдил Худоёрбеков соли 2013 роҳи муассисаи навтаъсис - Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро пеш гирифт. Баробари дохил шудан ба донишкада дарк кард, ки макони мусоидро барои равнақи ҳунараш дарёфт. Вақте ба суроғаш рафтем, ӯро ҳангоми офаридани нимпайкарае ёфтем. - Доим ба худ меандешидам, ки бояд аз худ чизе боқӣ гузорам. Ҳамин чиз маро водор сохт ба эҷод рӯ орам. Ёд дорам, лаҳзаеро ки бори аввал ду ҳайкалчаи хурдакакеро бо чӣ қадар ҳаяҷону хушҳолӣ офаридаму аз нигоҳашон сер намешудам. Он пайкараи писару духтар буд, ки то ҳол онро чун аввалин маҳсули дасти хеш дар хона нигоҳ медорам, зеро аз он фаъолияти эҷодиам оғоз гардидааст, - мегӯяд Хушдил Худоёрбеков. Пайвандони Хушдил ҳам кулолгаранд. Азмаш барои рушди ин ҳунари меросӣ аз ҳамин ҷиҳат ҳам ҳаст. Дар гузашта чанде аз пайвандонаш ба ин ҳунар шуғл меварзидаанд. Мояи ифтихори худ медонад, ки чанде аз онҳо бо ин пеша

умр ба сар бурдаанд. Хушдил ҳоло донишҷӯ аст. Дар байни дигар ҳамсабақон ҳамеша дурандешу мушоҳидакор аст. Дар мавриди ҳар гуна ҷузъҳои ин ҳунар бо дӯстон баҳс менамояду барои он ки чизҳои донистаашро дигарон низ донанд, мефаҳмонад. Дилшод Раҷабов ҳамсабақ ва дӯсти ӯ ин хислати Хушдилро маъқул медонад. - Ману Хушдил дӯстем. Дар дарсҳо зиёд кунҷков аст, доим кӯшиш дорад, ки чизи нафаҳмидаашро аз устодон пурсад, - иброз дошт Дилшод. Хушдил як сол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат низ кардааст ва хизмат намудани ҳар як ҷавонро қарзи ҷавонмардӣ меҳисобад ва таъкид менамояд, ки бояд ҳар нафар ин қарзро адо намояд. “Вақте шахс хизмат менамояд, ҳам рӯҳану ҳам ҷисман обу тоб меёбад. Пас аз хизмат ҳурмату эҳтиром нисбат ба шахсони наздик зиёдтар мегардад ва аз ҳама асосӣ ҳисси ватандӯстиву хештаншиносиаш баланд мегардад”, - мегӯяд Хушдил. Дар тӯли се соли таҳсил дар донишгоҳ чандин асарҳои худро эҷод намудаву омода сохтааст, ки ин гуна ҳунари ғайриоддии ӯ устодонашро низ ба ҳайрат овардааст. То имрӯз беш аз даҳ пайкараву нимпайкара сохтааст, ки ҳар яке аз онҳоро барои худ чун гавҳар меҳисобад.

 ҶОМЕА

– Ин касб нозукиҳои бисёр дорад. Пеш аз он ки пайкараи як нафарро меофаред, бояд ки анатомияи онро бо диққат омӯзед ва тамоми шакли зоҳирӣ ва ботинии онро аз бар намоед. Пас аз омӯхтани ҳамаи ин баъдан бо диққати махсус месозем. Як нимпайкараро дар як ҳафта месозем, агар ки тамоми таваҷҷуҳ ба он равона карда шавад. Дар ҳоли баръакс вақти тӯлониро дар бар мегирад. Ҳар вақте барои сохтани нимпайкараҳо азм намуданӣ мешавам, ибтидо онро рӯйи варақ тасвир намуда, баъдан ба сохтанаш шуруъ мекунам, ки ин гуна зинаҳо барои ба ҳадафи аслӣ расидан мусоидат мекунанд, - гуфт дар идомаи суҳбат Хушдил. Бо нияти он ки ӯро дар оян-

да чун як нафари ҳунарманд шиносанду бо дидани заҳмати дастонаш аз ҳунараш ёд кунанд, нозукӣ ва тамоми талаботи онро омӯхта, бар замми ин донишҳои андӯхтаашро дар амал татбиқ намуда истодааст. Ин гуна ҷараён гирифтани корро ӯ сайқали ҳунараш медонад. Бо ҳунар будани ҳар ҷавонро яке аз бурдҳои асосӣ ҳисобида, таъкид менамояд, ки ҷавонон бояд ҳунареро омӯзанд ва айёми ҷавонии худро самаранок истифода баранд. Зеро ҳунар беҳтарин ганҷина ва гиреҳкушои тамоми мушкилоти инсон аст. Ният дорад, ки пас аз хатми донишгоҳ дар зодгоҳаш - ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ дӯкон таъсис диҳад. Мо ба Хушдил тозакориҳо хоҳонем.

 ТУРИЗМ

Ярмаркаи ҷойҳои холии кор дар ВМКБ

www.javonon.tj

Бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, Вазорати фарҳанг, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ дар шаҳри Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод доир гашт. Дар он бошандагон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба хотири пайдо кардани фаъолияти муносиб ва машғулиятҳои мавсимӣ худро номнавис намуданд. Мувофиқи тавзеҳоти масъулин мақсад аз баргузории ярмарка паст кардани сатҳи бекорӣ миёни мардуми вилоят, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ҳамзамон ҷалб намудани аҳолӣ, бахусус ҷавонон ба курсҳои бозомӯзии тайёрии касбӣ, тақвияти ихтисос ва лоиҳаомӯзӣ дар самти пешбарии тиҷорат ва соҳибкорӣ аст. Тавре Абдулло Худобердиев, муовини мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят иброз дошт, дар ҳамбастагии ниҳодҳои мазкур ва идораҳои марбут 20 нафар ҷавон дар соҳаи фарҳанг соҳиби кори доимӣ шуданд. Дар ояндаи наздик ташкилкунандагони барномаҳои кастингӣ чорабиниҳои дигареро низ роҳандозӣ мекунанд. Бо дарёфти чеҳраҳои нав аз рӯи маҳоратҳои нақшофарӣ дар филмҳои бадеӣ, санъати рақс ва рақсҳои халқӣ, савту навои миллӣ ва ғайра имконият аст, ки шумораи бештари ҷавонону наврасон ба машғулиятҳои писандида ҷалб мешаванд. Зикр гардид, ки тавассути барномаи «Дар бораи мусоидат ба шуғлӣ аҳолӣ» феълан беш аз 250 нафар ба касбомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои қаннодӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, ҷуроббофӣ, барномасози компютер ва дигар курсҳо ҳавасманд гардиданд. Бар замми ин, нафароне, ки муваққатан бекор ҳастанду расман дар қайди идораи мазкур қарор доранд, ба онҳо аз тарафи давлат курсҳои омӯзишии ройгон ва зиёда аз 40 сомонӣ стипендия пешбинӣ шудааст. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”

Гаронтарин шаҳрҳои ҷаҳон кадомҳоянд? Аз рӯи баҳодиҳии ширкати илмӣ-тадқиқотии бритонии “Economist Intelligence Unit” (EIU) Сингапур соли сеюм аст, ки пайиҳам дар рӯйхати қимматтарин шаҳрҳои ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад. Сюрих (Швейтсария) ва Ҳонконг ҷойҳои дуюму сеюмро мегиранд. Ҷойҳои минбаъдаро дар ин рӯйхат Женева, Париж, Лондон, НюЙорк, Копенгаген, Сеул ва Лос-Анҷелес ишғол кардаанд. Мутахассисони EIU ҳангоми тартиб додани рӯйхат арзиши 160 номгӯи маҳсулоту хизматрасониҳо, аз қабили маҳсулоти хӯрокворӣ, либосворӣ, ашёи рӯзгор, косметика, иҷораи манзил, хароҷоти

нақлиёт, маблағи таҳсил ва ғайраро ба инобат гирифтаанд. Тибқи рейтинги мазкур хароҷоти нақлиёт барои сокинони Сингапур нисбат ба сокинони Ню-Йорк 2,5 маротиба қимматтар будааст. Воқеан, Ню-Йорк дар рейтинги шаҳрҳои қимматтарин 42 зина боло рафт. Яъне, дар он маҳсулоти асосӣ ва хизматрасонӣ қиммат шуд. Шаҳрҳои Сидней (Австралия), Мелбурн ва Осло (Норвегия) аз рӯйхати даҳгонаи

шаҳрҳои қимматтарин берун шуданд. Арзонтарин шаҳр барои зиндагонӣ пойтахти Замбия - шаҳри Лусака мебошад. Воқеан, Лусака бародаршаҳри Душанбе аст. Шаҳрҳои Бангалору Мумбай (Ҳиндустон), Алмаато, Алҷазоир, Ченнай, Деҳлӣ (Ҳиндустон), Димишқ ва Каракас шаҳрҳои арзонтарин маҳсуб меёбанд. Алишери САЙФИДДИН, “ҶТ”


МИНБАРИ АНДЕША

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №12 (9438), 24 марти соли 2016

11

Маъмулан, тамоми одамони сайёра дар натиҷаи таъсири омилҳои гуногун ва беэҳтиётӣ мубталои бемориҳое мешаванд, ки минбаъд муолиҷаи онҳо метавонад ҳам барои шахсиятҳои алоҳида ва ҳам барои ҷомеа мушкилоти зиёд эҷод намояд. Масалан, гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ, қариб ки дар ҳама давраҳои ҳаёти инсон ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, нафароне ҳастанд, ки ба чунин бемориҳо хеле назари сатҳӣ доранду барои пешгирӣ ва муолиҷаи онҳо ё бо баҳонаи серкорӣ фурсат намеёбанд ё дар бораи хатарнокии онҳо маълумоти кофӣ надоранд ё аз ҳад зиёд беҳавсала ва муғамбиранд ва ё вазъи иқтисодиашон имкон намедиҳад. Ҳол он ки дараҷаи хатарнокии бемориҳои сироятӣ нисбат ба дигар навъи бемориҳо зиёдтар буда, муолиҷаи онҳо таҳаммулпазирии хосаро тақозо менамояд. Мушкили дигар дар он аст, ки мардум бо сабаби ноогоҳии худ аз нишона ва оқибатҳои чунин бемориҳо ба паҳншавии он мусоидат менамоянду барои шифоёбии маризон монеа эҷод мекунанд.

Беш аз ҳама ба бемории сил шушҳо сироятпазиранд. Намудҳои дигари сили ғайришушӣ, аз қабили сили сутунмуҳра, устухон ва буғумҳо, пардаҳои майнаи сар, гурда, чашм ва ғайраҳо низ мавҷуданд, ки ҳар кадоме усулҳои хоси табобат доранд. Нишонаҳои асосии бемории сил сулфаи давомнокиаш беш аз ду ҳафта, дарди қафаси сина, нафастангӣ, хунпартоӣ, лоғаршавӣ, арақкунии шабона, камшавии иштиҳо, бемадорӣ, баландшавии тӯлонии ҳарорат мебошанд. Махсус таъкид гардид, ки беҳтарин василаи пешгирии паҳншавии ин беморӣ ва кафолати шифои комил аз он, сари вақт шуруъ намудани табобат ва бетанаффус анҷом додани он мебошад.

низ вазъиятро дар ин самт мураккаб мегардонанд. Ҳамчунин, сатҳи зиндагии аҳолӣ, норасоии ғизо, бекорӣ, майзадагиву нашъамандӣ, яъне омилҳои иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд. Таҳлилгарон вазъи сироятёбии мардуми моро дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсон шарҳ дода, аз коҳишёбии пайвастаи он изҳори хушнудӣ намуданд. - Тибқи нишондодҳои Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон аз се як ҳиссаи аҳолӣ ба бемории сил сиро-

Чизи дигари муҳиме, ки аз ҷониби мутахассисон таъкид гардид, ба тариқи ройгон ба роҳ мондани ташхис ва табобати бемории сил дар ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамзамон қайд гардид, ки табобати бетанаффус ва давомнок ҳатмӣ буда, бемор дар тамоми давраи табобат бояд ҳатман зери назорати ҷиддии табибон қарор дошта бошад, чунки муолиҷаи сарсарӣ ва ё анҷомнаёфта метавонад ба дигаршавии шакли беморӣ оварда расонад, яъне агар беморӣ дар давраи аввали инкишоф қарор дошта бошад, дар сурати муолиҷаро пурра ба анҷом нарасондан, он ба шакли мутобиқгаштаи сил табдил ёфта, муолиҷааш мураккабу тулонӣ мегардад. Агар бемори сари вақт ба табобат шуруъ намуда баъд аз 2-4 ҳафта барои атрофиёнаш безарар гардад, пас, табобати шакли мутобиқгаштаи сил метавонад аз 20 то 24 моҳ ва аз ин ҳам зиёдтар идома ёбад. Омилҳое ҳастанд, ки ба инкишоф ёфтани бемории сил дар ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд. Бо сабаби он ки 93 фоизи ҳудуди кишвари моро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ин дастрасиро барои хизматрасонии тиббӣ душвор мегардонад. Миқдори зиёди муҳоҷирон

ятёфта ҳастанд, ки ин 2 млрд нафарро ташкил медиҳад, - гуфт Қурбонгул Зокирова, мутахассиси силшиноси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. - Аммо аз тамоми ин сироятёфтагон танҳо 5-10 фоизи онҳо дар тамоми давраи ҳаёташон ба бемории сил гирифтор мешаванд. Шахсони мубталои бемории ВНМО бошанд, дар як сол 5-10 фоизашон ба бемории сил гирифтор мешаванд. Дар ҷаҳон 12 млн аҳолӣ дар як вақт, ҳам гирифтори бемории ВНМО ва ҳам гирифтори бемории сил ҳастанд”. Қ. Зокирова афзуд, ки дар ҷаҳон дар як рӯз 7 ҳазор нафар ба бемории сил гирифтор мешаванд, ки дар байни онҳо кӯдакони то 15сола ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Аз 6 ҳазор нафар сироятёфтагони боқимонда 51 фоизашон занҳо ва 41 фоизашон ҷавонони аз 15 то 24-сола мебошанд. Бо назардошти ҳамаи ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти коҳиш додани сатҳи сироятёбии аҳолӣ аз бемории сил чораҳои амалӣ меандешад. Бо ин мақсад якчанд барномаҳо оид ба мубориза ба муқобили бемории сил ва ҳимоя аз ин беморӣ таҳия ва тасдиқ гардидаанд. Дар соли 2006 108 нафар гирифторони бемории сил дар шаҳри Душанбе аз ташхиси мутахассисони силшинос гузаронида шуданд, ки дар байни онҳо 17 нафари сироятёфтагони ВНМО ошкор гардид. Соли 2010 бошад, дар байни 5356 нафар беморони сил, ки аз ташхис гузаронида шуданд, 64 нафар гирифторони ВНМО ба қайд гирифта шуд. Мақсад аз ташхису таҳлили чунин беморон дар он аст, ки усули табобати онҳо фарққунанда ва душвор хоҳад буд. 54 фоизи гирифторони бемориҳои сироятӣ истеъмолкунандагони маводи мухаддир мебошанд. Ба гуфтаи мутахассисон барои пешгирии паҳншавии бемории сил, ҳатман ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намудан, мунтазам тоза кардани ҳавои хона, ҳангоми сулфа бо даст пӯшондани даҳон, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ туф накардани балғам ва ташкили тарзи ҳаёти солим зарур мебошад. Мутахассисон борҳо дар таҷрибаҳо тасдиқ намудаанд, ки сил бемории ирсӣ набуда, танҳо бемории сироятиест, ки бо муолиҷаи саривақтӣ дар муассисаҳои махсуси тиббӣ ва иродаи қавии бемор аз он раҳо ёфтан имконпазир аст.

Шаҳло ЭШОНОВА

Бемории сил ирсӣ нест

ри онҳо фавтиданд. Тибқи нишондоди мутахассисон дар ҷумҳурии мо низ шумораи мубталошудагон ба ин беморӣ сол то сол коҳиш ёфта истодааст. Имрӯз барои табобати бемории сил дар Тоҷикистон шароити лозима фароҳам аст ва шахси ба ин беморӣ гирифтор метавонад бо риояи реҷаи муайяншуда пурра табобат гирад. Марказ бо тамоми ташхисгоҳҳову лабораторияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дар муддати кутоҳтарин натиҷаи ташхисҳоро муайян мекунад, - илова намуд Қадриддин Пиров. Дар баробари ин, мутахассисон бо таассуф изҳор доштанд, ки паст будани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба бемории сил боиси он гардидааст, ки имрӯз одамон онро чун дарди бедаво ва ирсӣ арзёбӣ менамоянд. Чунин тамғагузорӣ беморро аз зиндагӣ дилсард карда, боиси аз табобат даст кашиданаш мегардад. Тибқи иттилои коршиносон як бемори сили хориҷкунандаи МБС дар сурати табобат нагирифтанаш метавонад дар як сол 10-15 нафарро сироят кунад. Вале танҳо 10 фоизи сироятёфтагон дар давоми ҳаёти худ ба бемории сил гирифтор мешаванд.

www.javonon.tj

«Бемории сил бемории сироятӣ буда, он табобатшаванда аст», чунин буд ҳадафу муҳтавои Барномаи омӯзишии амалӣ барои рӯзноманигорон, ки дар мавзӯи «Бемории сил ва коҳиши доғгузорӣ дар ВАО» аз 15 то 17 март дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ҷалби мутахассисони силшиноси ҷумҳурӣ ва намояндагони ташкилоти байналмилалии дар ҷумҳурӣ фаъолияткунанда доир гардида, мақсади он баланд бардоштани сатҳи огоҳии рӯзноманигорон дар самти ба омма расонидани масоили пешгирию табобати шаклҳои гуногуни бемории сил, ҳамчунин мусоидат ба коҳиши табъиз ва доғгузории беморон дар матолиби ВАО-и Тоҷикистон иборат буд. Ин хулосаи мутахассисон, ки дар таҷриба санҷида шудааст, андешаву гумонҳои шубҳаноки дар миёни мардум роиҷро дар хусуси ирсӣ ва ё табобатнашаванда будани бемории сил аз байн мебарад. Тавре мутахассисон иброз медоранд, сил бемории сироятиест, ки аз бемори мубталои сили хориҷкунандаи МБС (микобактерияи сил) бо роҳи ҳавоӣ ба атрофиён ҳангоми атсазанӣ, сулфа, суҳбати тулонӣ дар ҳавои маҳкам мегузарад. Барангезандаи ин беморӣ микобактерияи сил (чӯбчамикроби Кох) мебошад, ки 24 марти соли 1882 аз ҷониби олими олмонӣ Роберт Кох кашф гардидааст.

Муовини сардори Маркази ҷумҳуриявии ҳимоя аз бемориҳои сил Қадриддин Пиров иброз дошт, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ барои паст кардани сатҳи осебпазирии омма ба ин беморӣ аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода карда мешавад. Бо ин мақсад дар ҳар як минтақаҳои ҷумҳурӣ беморхонаҳои зиддисилӣ фаъолият мекунанд, ки мутахассисони силшинос дар ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва бо дарназардошти хусусиятҳои маҳал ва дараҷаи дастрасӣ ба муолиҷа ба ташхису табобати ин беморӣ машғуланд. Қадридддин Пиров мегӯяд, соли 2013 дар ҷаҳон тақрибан 13 миллион одам гирифтори бемории сил шуд ва тахминан 1,5 миллион нафа-

е-mail: javonontj@mail.ru

 24 МАРТ - РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ СИЛ


12

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №12 (9438), 24 марти соли 2016

е-mail: javonontj@mail.ru

- Барои варзишгар на мактаб, на мураббӣ, балки пеш аз ҳама шавқ ба варзиш муҳимтар аст, - мегӯяд қаҳрамони мо Забеҳулло Ашуров, узви бахши бокси Мактаби варзишии бачагону наврасони рақами 1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

ВАРЗИШ

Соли 2015 барои Забеҳулло Ашӯров соли комёбӣ буд, зеро ӯ сазовори унвони чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Ин унвонро Забеҳулло дар чемпионати ҷумҳуриявӣ, ки моҳи августи соли 2015 дар шаҳри Кӯлоб байни наврасони соли таваллудашон 1999-2000 баргузор гардид, дар вазни 50 кило ба даст овард. Ин муваффақияти охирини Забеҳулло набуд, зеро дар пеш мусобиқаҳои зиёде мунтазири вай буданд. Ба ӯ муяссар гардид, ки давоми соли сипаригардида дар як қатор мусобиқаҳои бонуфуз оид ба муштзанӣ иштирок намуда, ба натиҷаҳои шоён ноил гардад. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли 2015 дар чемпионати ҷаҳон оид ба муштзанӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Руссия баргузор шуд, ширкат варзид. Моҳи октябри соли 2015 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Екатеринбурги Руссия дар вазни 52 кило сазовори ҷойи 2-юм гардид. Ғайр аз ин, ӯ соли 2015 дар чемпионати ҷумҳуриявӣ миёни ҷавонони синну солашон 19981999 дар шаҳри Душанбе ҷойи сеюмро ишғол намуда, дараҷаи номзад ба Устоди варзишро шарафёб шуд. Дар мусобиқаи кушоди вилоятӣ, ки бахшида ба гиромидошти хотираи қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Ҳодӣ Кенҷаев дар варзишгоҳи ҷамаоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шуд, ҷойи аввалро ишғол намуда, «Муштзани беҳтарин»-и мусобиқа дониста шуд. Айни замон ӯ ба мусобиқаи ҷумҳуриявии байни наврасон оид ба муштзанӣ омодагӣ дида истодааст, ҳамзамон мехоҳад бо тайёрии

ҳаматарафа дар мусобиқаи Осиё, ки моҳи майи соли равон баргузор мегардад, иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Забеҳулло Ашӯров 20 декабри соли 1999 дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров дар оилаи варзишгар ба дунё омадааст. Соли 2007 ба гимназияи рақами 1-и ноҳия ба синфи 1-ум рафта, ҳоло муҳассили мактаби номбурда мебошад. Ба гуфти ӯ се сол мешавад, ки дар мактаби варзишии бачагону наврасони рақами 1-и ноҳия

тихори Ватан, ифтихор аз давлату миллат табдил меёбад. Шукрона, ки имрӯз дар фазои осуда зиндагӣ мекунем ва барои омӯзиши мо - ҷавонон шароити хуб муҳайё карда шудааст. Аз ҷониби давлату ҳукумат ва махсусан Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон ғамхориҳои зиёд зоҳир карда мешавад. Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ ифтихор аз ҷавонони созанда намуда, таъкид намуданд, ки «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд». Ин гуфтаҳо мо - ҷавононро водор мекунад, ки барои омӯзиш ва такмили малака ва маҳорати худ дучанд заҳмат кашем ва ҷавобгӯи ин ифтихор ва ғамхориҳо бошем, - мегӯяд Забеҳулло Ашӯров. Меҳрангез МУРОДОВА

Дар ноҳияи Фархор шуруъ аз замонҳои пешин варзиш аз ҷумлаи шуғлҳои дӯстдоштании мардуми ин гӯшаи бостонии диёр пазируфта шудааст. Аз ин миён, футбол дар байни дигар намудҳои варзиш мақоми хосаро ишғол менамояд. Бо фаро расидани фасли баҳор ва тараддудҳои наврӯзӣ мусобиқаҳои варзишӣ дар сар то сари ноҳия шакли оммавӣ касб менамояд.

www.javonon.tj

вам. Падарам ки варзишгар аст, маро дастгирӣ мекунад. Умуман волидонам дар ҳама ҷода маро дастгирӣ намуда, кӯмак менамоянд ва як сабаби комёбиҳои ман дастгирии онҳост. Ҳар муваффақияте, ки варзишгар, умуман инсон ба даст меорад, бе машаққат ва мушкилӣ ба даст намеояд. Варзишгар вақте ки дар мусобиқае ғолиб меояд, хусусан мусобиқаҳои берун аз кишвар, парчами кишвар парафшон мегардад, тамоми машаққат ва мушкилиҳо ба иф-

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст…

Мусобиқаи футболбозони деҳот

Чанде пеш дар ҷамоати деҳоти «Ватан» мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми ҷамоат сурат гирифт, ки дар он 28 даста аз тамоми ноҳия ба 7 гурӯҳ тақсим шуда, байни ҳам рақобат намуданд. Аз ин ҳисоб ду даста ба 1\7 бозии ниҳоӣ баромада, ду дастаи дигар аз ҳуқуқи идома додани бозӣ маҳрум шуданд. Ҷойҳои ифтихориро футболбозони дастаҳои ҷамоати деҳоти «Ғайрат», «Куҳандиёри боло», «Куҳандиёри поён» ва «Баҳристон» бо нишон додани маҳорати баланд соҳиб гардиданд. Худойдод Абдуллоев, Руҳулло Рустамов, Маҳмадзоир

аз рӯи намуди варзиши муштзанӣ машқ мекунад ва дар ин роҳ ӯро устоди варзиш Ҳасанҷон Мӯсоев роҳнамоӣ мекунад. Вақте аз ӯ пурсидем, ки барои ҳам таҳсил дар мактаб ва ҳам машқу тамрин вақт кифоягӣ мекунад ва мушкилие пеш намоерад, чунин посух дод: - Албатта, ҳоло ки ман хонандаи мактаб ҳастам, ба ман дарси мактаб муҳимтар аст. Ман асосан ба мактаби варзишӣ баъд аз анҷоми дарс мера-

Разоқов аз Ҷамоати деҳоти «Ғайрат» ҳамчун сармураббии беҳтарин, дарвозабони беҳтарин, муҳофизатгари беҳтарин ва Абӯбакри Ҷумъахон, Некбахти Маҷнун, Беҳрӯз Ҳимматов, аз дастаҳои «Куҳандиёри боло» ва «Куҳандиёри поён» ҳамчун ҳуҷумкунандаи беҳтарин, бозингари беҳтарин, нишонзани беҳтарин пазируфта шуданд. Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, ифтихорнома ва мукофотҳои таъсиснамудаи Ҷамоати деҳоти «Ватан» ва собиқадорони футбол, фаъолони хоҷагӣ, мухлисони фаъол сарфароз гардонида шуданд. Мирзо РУСТАМЗОДА

Пирӯзии ҷавонони кишвар бар ҳамсолонашон аз Қазоқистон Тими мунтахаби ҷавонони то 16-солаи кишвар оид ба футбол дар як бозии дӯстона бар тими ҷавонони Қазоқистон ғолиб шуданд. Бозӣ дар варзишгоҳи "Хистеварз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гашта, бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Голҳои тими ҷавонони кишварро Фаридун Неъматов ва Тоҳир Мулодӯстов заданд. Як голи меҳмононро Денис Красноперов ба ҳадаф расонд. Фардо - 18 март -дастаҳо дар варзишгоҳи номбурда боз бо ҳам қувва месанҷанд.

Гуштии озод: хонандагони Мактаби Президентӣ дар ҷои аввал Дар мактаби Президентии ноҳияи Данғара мусобиқаи кушоди вилояти Хатлон оид ба гуштии озод миёни наврасони соли таваллудашон 1998-2004 доир гардид. Тавре Дустмурод Қаҳҳоров, сармураббии гуштии озоди Мактаби Президентии ноҳияи Данғара иттилоъ дод, дар мусобиқа зиёда аз 100 варзишгар дар 14 вазн байни ҳам рақобат карданд. Варзишгарони Мактаби Президентӣ бо гирифтани 7 ҷои аввал дар ҳисоби даставӣ мақоми аввалро ишғол намуданд. Бозиҳои дигари варзишӣ ба истиқболи Наврӯз дар Мактаби Президентии Данғара идома дорад.


МАСЛИҲАТИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №12 (9438), 24 марти соли 2016

е-mail: javonontj@mail.ru

Агар саҳархезӣ душвор бошад...

13

Ҳамаи мо медонем, ки аз хоб сер шудан чӣ манфиат дорад. Лекин шароити зиндагии босуръату шитобкоронаи имрӯза водор кардааст, ки бисёриҳо ба ҷои 8-9 соат 6-7 соат хоб раванд. Рӯзи дароз мо дар такудав ҳастем. Аз ин рӯ, ҷисми мо ниёз ба истироҳат дорад, то нерӯяшро барқарор карда, захираашро пурра намояд. Агар аз хоб сер нашавем, худро хаставу афсурда ҳис мекунем. Иддае чунин меҳисобанд, ки бо ёрии як пиёла қаҳваи гарм метавонанд вазъиятро дигар кунанд. Аммо ин танҳо наҷот барои як муддати муайян аст. Омилҳои зиёде ҳастанд, ки ба сифати хоб таъсири манфӣ мерасонад: стресс дар давоми рӯз дуру дароз истифода бурдани компютер, ноутбук ва ғайра. Вақте одамон аз хоб сер намешаванд, ба дорухона барои дастрас кардани доруи хоб мераванд. Мутаассифона, дар аксар ҳолат кас ба доруҳои мазкур одат карда, чунон мешавад, ки бе дору дигар хобаш намебарад. Ҳол он ки бо роҳи табиӣ метавон сифати хобро беҳтар намуд. 5 қошуқ асал ва як қошуқ намаки ҳимолоиро гирифта, бо

ҳам омехта созеду дар зарфи шишагӣ нигоҳ доред. Каме аз ин даворо зери забон гирифта, оҳиста-оҳиста фурӯ баред. Намаки ҳимолоӣ дар таркибаш зиёда аз 80 минерал ва элементҳои гуногун, ки барои барқароршавии ҷисм баъди рӯзи вазнини корӣ заруранд, дорад. Асал глюкоза дорад, ки ҳуҷайраҳои организми моро бо нерӯ таъмин мекунад.

Омехтаи намаки ҳимолоӣ ва асал сатҳи серотонинро, ки бо сабаби стрессҳои эмотсионалӣ аён мешаванд, зиёд мекунанд. Бо ёрии он метавон бо усули табиӣ сифати хобро беҳ намуд. Ин воситаи табииро барои беҳтар кардани сифати хоб истифода бурда, оромона истироҳат кунед ва эҳсос хоҳед кард, ки субҳ табъатон болида мешавад.

Лаблабу афсурдаҳолиро рафъ мекунад Имрӯз аксар наврасону ҷавонон картошкабирён, чипс, хот-дог ва дигар маҳсулоти камғизоро бештар мехӯранд, вале ба сабзавоти сервитамин, мисли лаблабу, шалғам, турб майл надоранд. Аз ин рӯ, дар бисёр маврид инҷиқу асабонӣ ва руҳафтода ба назар мерасад. Лаблабу манбаи бойи кислотаи фолӣ (витамине, ки ба организм барои барқарор кардани ҳуҷайраҳои нав мусоидат мекунад) мебошад. Ин сабзавоти хушмазза аз карбогидратҳо бой буда, ба ҷисм нерӯ мебахшад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки истеъмоли лаблабу ҷисмро

аз бисёр намуди саратон, масалан саратони рӯдаи ғафс эмин нигоҳ медорад. Дар таркиби лаблабу миқдори зиёди витамини “С”, элементҳои магний, натрий ва калий мавҷуд аст. Барги лаблабу низ хӯрданибоб буда, аз витамину антиоксидантҳо бой мебошад. Онро тару тоза истеъмол намудан бӯйи сир (чеснок)ро дур мекунад. Илман асоснок шудааст, ки истеъмоли бардавоми лаблабу боиси пурқувват гаштани дил мешавад. Ин дар ҳолест ки бемориҳои дил дар занони мо сабаби асосии марги бармаҳал гаштааст. Лаблабу ба покшавии хун ва организм мусоидат мекунад. Ғизои набототи лаблабу ба фаъолияти рӯдаҳо таъсири мусбат дорад. Лаблабу афсурдаҳолиро (депресия)-ро, ки имрӯзҳо хеле зиёд ба назар мерасад, рафъ мекунад. Онро метавонад ҳамчун хӯриш (салат) истеъмол кунед. Лаблабу шӯрбову карамшӯрбо ва дигар ғизоҳоро болаззат мегардонад. Аз ин рӯ, зимни пухтани таом ҳамагӣ ним ё як дона лаблабуро истифода баред.

Агар оина арақ кунад Бисёр вақт бо сабаби буғ ва арақ кардан ба оина дуруст нигоҳ карда намешавад. Дар сурати тоза кардани он низ муддате оина тира мемонад. Барои фавран тоза намудани оина аз собун метавон истифода бурд.

Муҳаққиқон баъди пурсиши ҳазорон нафар шахси аз 60-сола боло ба хулоса омаданд, ки 20 маслиҳати беҳтаринро барои ҷавонон таҳия намоянд. Онҳое, ки тибқи ин тавсияҳо амал мекунанд, дар пирӣ пушаймон нахоҳанд шуд. 1. Кори хуб. Яъне коре, ки тамоми ҳафтаи корӣ ба он тоқат мекунед ва ҳақуззаҳмат хароҷоти шуморо мепӯшонад. 2. Сайру саёҳат. Солҳо дар як мижжа задан мегузаранд. Ба хонадоршавӣ шитоб накарда, сайру саёҳат намоед. Ҳоло ки масъулияти хонадоршавӣ ба зимаатон несту кӯдак надоред, сайри ҷаҳон намоед. Бо дучарха ва ҳатто пиёда ба саёҳат баромадан мумкин. 3. Ҳама чизро ба дил нагиред. Ҳатто агар баъзе лаҳзаҳои ҳаёт ноумедкунанда бошанд ҳам, ба ҳоли он бихандед. 4. Дӯст ин ҳамон касест, ки агар ӯро соати дуи шаб ҳам даъват кунед, ба ёрӣ расида ояд. Яъне дӯсте интихоб кунед, ки қадратонро донаду намакшинос бошад. 5. Дар интихоби ҳамсар шитобкорӣ накунед. На ҳусну ҷамол, балки шарму ҳаё ва одоби ҳамсари интихобнамудаатонро дар мадди аввал гузоред. 6. Бо кӯдаконатон бештар машғул шавед. Кор гуфта, тарбияи онҳоро фаромӯш накунед. Зеро вақт бошитоб меравад. 7. Меҳнатро дӯст доред, вале ҳеҷ вақт корро аз оилаву дӯсти наздик боло нашуморед. 8. Ҳеҷ кас чӣ қадар умр диданашро намедонад. Аз ин рӯ ғами саломатиатонро дар ҷавонӣ бихуред. 9. Агар аз кору ташвишҳои сершумор хаста шудед, худро ором гиред ва пеши назар оред, ки чӣ қадар хубиву зебоиҳо низ дар атрофатон зиёданд. Мушкилиҳо гузарандаанд. 10. Ба пурхӯрӣ одат накунед. Ғизои кам, вале сервитамину муфид бихӯред. Агар парҳезро риоя намуда, варзиш кунед, ҳеҷ гоҳ гирифтори бемориҳои дилу қанд намешавед. 11. Ҳеҷ гоҳ тасаввур накунед, ки фалон кор аз дастатон намеояд. Ин байтро шиори худ созед: То ҷавонию тандурустӣ ҳаст, Ояд ҳар асбоби мурод ба даст. 12. Ба солимии дандон эътибор диҳед. Ҳамарӯза мисвок намудани дандонҳо гарави солимии дандон ва рафъи бадбӯии даҳон аст. 13. Аз гирифтани маслиҳати пиронсолон шарм накунед. Маслиҳатро гӯш андохта, бо ақл баркашеду баъд ба он амал намоед. Роҳи равшан зи бузургони куҳансол талаб, Обҳо соф дар айёми хазон мегардад. 14. Чизпараст набошед. Қаноат карданро ёд гиред. 15. Бемориеро, ки дар ҷавонӣ пурра муолиҷа накардед, дар пирӣ метавонад шуморо аз пой афтонад. Нисбат ба саломатӣ бепарво набошед. 16. Дар ҷавонӣ ҳар кас мехоҳад, ки ба зудӣ соҳиби ҳама чиз шавад. Шитобкор набошед. Он чӣ зуд ояд, дер напояд. 17. Худро гирифтори қарз насозед. Ба нони хушк қаноат кунед. Вале қарз нагиред. Қарздорӣ касро бармаҳал пир мекунад. 18. Бадрашк набошед. Бо рашки беҳуда ҳаёти худу ҳамсаратонро талх насозед. 19. Агар орзуе доред. Барои амалӣ шуданаш дар ҷавонӣ бикӯшед. Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал, Мева бенуқсон бувад чун аз ниҳоли навбар аст. 20. Кинаву ҳасад ва бадбинӣ дилро бемор месозад. Ба кирдору гуфтори дигарон пайравӣ кунед, вале ҳасад набаред. Фароҳамсоз С. АМИНИЁН, “ҶТ”

www.javonon.tj

Бо ин мақсад пораи собунро гирифта, дар оинаи хушк якчанд квадратҳои начандон калон бикашед. Ягон ҷои оина аз квадрат холӣ намонад. Сипас, бо латтаи хушк ҳама ҷои оинаро саросар пок кунед. Дар натиҷа оина ҷило дода, арақ намекунад. Ин усулро барои пешгирии арақкунии оина дар фасли зимистон низ истифода бурдан мумкин аст. Яъне каме собунро ба шишаи оина молида, бо латта пок намоед. Ҳатто ниқоби ғаввосонро, ки барои дар зери об шино кардан истифода мебарад, бо ёрии ин усул метавон аз арақкунӣ пешгирӣ намуд.

Дар ҷавонӣ саъй кун...


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

14

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №12 (9438), 24 марти соли 2016

Табиат ранги дигар дошт. Баъди сардиҳо ҳаво гармтар шуда, дар шохаҳои навдаи ниҳолон як села гунҷишкакон нағмасароӣ доштанд. Хуршеди панҷатилло аз миёнаи шоху навдаи сабзу пургул гузашта ба тану ҷони парандаҳои беқарор гармӣ ато мекард. Духтур Ҳикматулло Файзуллоев ҳамоно саргарми тамошои беруни беморхона буд, ӯ аз тиреза ба табиат нигоҳ дошт, вале ҳушу ёдаш ба бемори нав оварда банд буд, то омода намудани утоқи муолиҷавӣ мехост фикру нақшаҳояшро пурра созад. Охир дар ҳаёти инсон лаҳзаҳое ба вуқуъ меоянд, ки тақдирсозанд, ҳатто як хаттоии хурди табиб метавонад, риштаи умри беморро барканад, аз дил гузаронд ӯ. Ҳар дафъа пеш аз муолиҷа Ҳикматулло бо бемор ҳамсуҳбат мешавад, ӯро дилбардорӣ мекунад, дар қалбаш умеду бовар бедор месозад. Боз духтури дил Ҳикматулло Файзуллоев аз рози дили бемор огоҳ мешавад, сабаби беморияшро пурсида, дардҳои дигари беморро мефаҳмад. “Охир, тани инсон бедард нест-ку?” - меандешад вай. Ҳини суҳбат бемор марди тахминан панҷоҳсола ба худ мепечиду ашк мерехт ва базӯр бо овози хаста мегуфт: “Духтур, ҳамаи умедам ба шумо. Даҳ сол боз азоб дорам, борҳо диламро табобат кардам, нашуд, фишорам баланд, то ба шаҳри Москва ҳам рафтам, ҳамааш бенатиҷа, аз ин дард гуё халосӣ нест…” Ӯ бо ҳасрату дард нолиш карду дилашро зер кард ва якбора ғиҷова гулӯгираш карду музтар монд. Ҳикматулло оромона бори дигар беморо ташхис карда, афзуд: - Ғам нахӯр, иншоаллоҳ, шифо меёбӣ, ана мебинӣ, боз хурсанду шод назди хонаводаат бармегардӣ. Маро овозаи дастони сабуки шумо ин ҷо овард, аз худи шаҳри Қӯлоб бо умед назди шумо омадаам, охир тамоми нафаронеро, ки шумо муолиҷа кардаед, комилан шифо ёфтаанд, гуфт бо ҳасрат марди бемор. Утоқи ҷарроҳӣ тозаю озода буд. Ӯ либосҳои махсусашро пӯшида, дар партави чароғҳои равшан аввал дастонашро то оринҷ шуст. Сипас, бо докаи пок ангуштону банди дастонашро тоза карда, ба мизи ҷарроҳӣ нигоҳи рамузгиронае кард. Пай бурд, ки бемор ҳамоно нигоҳи имдодхоҳонаашро аз ӯ намеканад, ин дам Ҳикматуллоро эҳсосоти боварию садоқат ба касби худ фаро гирифт ва ӯ аз рӯи одати ҳамешагӣ ба духтури навбатдор амр дод, ки сузандорӯ гузаронад. Духтури ҷавон даррав ба бадани бемор пайи ҳам чанд сӯзандорӯи карахткунӣ гузаронду ба ҷарроҳ дастпӯшак ва ниқоби махсус пушонд. - Акнун шуруъ мекунем, - амр кард ӯ. Дақиқаҳо ноаён сипарӣ мешуданду Ҳикматулло ҳамоно бо марг дастбагиребон буд. Ӯ бо сабру таҳаммул ҷарроҳӣ дошт. Шогирдонаш медиданд, ки чи тавр аз сару рӯи вай арақи сард мерезад. Аммо ӯ мондашавиро ҳис намекард, балки ин амалиёти нозукро моҳирона анҷом медод… - Набзаш чӣ хел аст? - пурсид ҷарроҳ аз ҳамкори худ. - Хуб аст, метавонед амалиётро давом диҳед, - бо дилпурӣ ба устодаш назар афканд духтур… Ҳикматулло боз як соати дигар заҳмат кашид, охир ба раги хунгард гузоштани пружина осон набуд. Оқибат ӯ ҷои иллатро ёфта, оҳи сабук кашид ва дар чеҳрааш нишонаи қаноатмандӣ паӣдо шуд. Баъди ҷарроҳӣ беморро ба утоқи эҳёгарӣ бурданду та-

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“ бибон танҳо монданд. Ҷарроҳи ҷавон бо меҳр ба Ҳикматулло чашм дӯхта гуфт: - Устод, ман ба қобилияту маҳорати шумо қоил шудам. Охир ин гуна амалиёти бемории дилро дар клиникаҳои калон ба уҳда намегиранд. Ҳикматулло бо шодию фараҳ ба шогирди содиқаш назар афканда афзуд: - Мо вазифаамонро иҷро кардем... Ҳикматулло баъди анҷоми муолиҷа боз ба утоқи кории худ баргашт, хост каме дам гирад, аммо варақаҳои беморони нав қабулшударо дида, боз аз пайи кор шуд. Ӯ варақаҳои беморонро омӯхта, дору ва ташхисҳои лозимаро таъин мекард. Охир баробари муолиҷаи беморон роҳбарии шуъбаи аритмия ва нуқсонҳои дили Маркази ҷумҳуриявии

Ҳикматулло ҳанӯз айёми наврасӣ дар зодгоҳаш - ноҳияи Ҳисор ягонягон бо ҳавас духтурони хилъати сафедпӯшро медид, мушоҳида мекард, ки мардум ба табиби шифокор ниёз дорад. Солҳои мактабхонӣ аз падараш, директори мактаби миёнаи рақами 11-и ноҳияи Ҳисор Тоҳир Файзуллоев дар бораи муъҷизаҳои Ибни Сино, сактаи дил, маргу тавлид нақлу ривоятҳои зиёде мешунид. Акнун ӯ ғарқи орзуҳои хеш пайваста аз китобхонаи мактаб китоб гирифта мутолиа мекард. Ҳангоме ки шомили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон гардид, аллакай тамоми асарҳои Ибни

Маҷид САЛИМ

Оинаи шафақ очерк

клиникаи бемориҳои дилро бар уҳда дорад ва ҳамзамон ҳамчун олими ҷавон машғули корҳои илмӣ-пажуҳишӣ низ мебошад. Духтури дил, номзади илмҳои тиб Ҳикматулло Файзуллоев барҳақ номбардори касби худ аст. Хаёле худованд ӯро маҳз барои табобату муолиҷаи маризон ва накукорӣ офаридааст. Охир, маҳз бо ҳидояти вай дар бахши аритмия ва нуқсонҳои дил навигариҳои муолиҷаи қалб амалӣ гаштанд. Солҳои охир натиҷаҳои бадастовардаи ӯ атрофи сабабҳои пайдоиши бемориҳои тангшавии роҳҳои рагҳои хунгард ва муолиҷаи он аз ҷониби табибони Федератсияи Русия баҳои сазовор гирифтааст. Устодаш, доктори илмҳои тиб Шуҳрат Одинаев амалиёти анҷомдодаи Ҳикматуллоро дар муолиҷаи қалб навоварӣ шумурда бо ифтихор мегӯяд: - Дар ҳақиқат, Ҳикматулло ҷавони боистеъдод аст, ӯ аллакай дар ин самт роҳу равиши худро пайдо кард ва амалиёти анҷомдодааш дар Тоҷикистон натиҷаҳои хуб додаанд. Маҳз навоварию донистани навигариҳои илми тиб ва муҳимаш истеъдоди худод имконият додааст, ки вай аз уҳдаи муолиҷаи беморони нуқсони дил барояд”.

Сино, Закариёи Розӣ, Имом Ғазолӣ барин бузургонро хонда буд. Ӯ бо як қувваи ҳайратовар таҳсил дошту мавриди тавваҷуҳи устодон буд. Давраи таҳсил бештар ба пайдоиши бемориҳои ишемиявии дил, нуқсонҳои дил, диабети қанд, фишорбаландии шараёнӣ, бемориҳои рагу дил таваҷҷуҳ пайдо мекард ва дар ин самт бештар китоб мехонд. Ҳамин тавр, ӯ донишгоҳро бо дипломи аъло, соли 2007 ба итмом расонд. Баъди таҳсил дар ординатураи клиникӣ фаъолияти илмӣ бурда, дар мавзӯи «Муолиҷаи рагҳои хунгард ва натиҷаҳои мусбату манфӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Номзади илмҳои тиб Ҳикматулло Файзуллоев муаллифи як силсила мақолаҳои илмӣ-оммавӣ мебошад. Ҳоло шуъбае ки вай роҳбарӣ дорад, дорои утоқҳои муолиҷавӣ, дарсӣ ҷарроҳии муосир, ташхисӣ-лабараторӣ мебошад. Бешубҳа духтури дил будан кори осон нест. Танҳо истеъдод, матонату иродаи мустаҳкам кам аст, зеро духтури қалб ҷанговареро мемонад, ки ҳамеша дар майдони набард бо марг қарор дорад. Бисёр шудааст, ки Ҳикматулло ҳафтаҳои дароз дар беморхона мемонад. Беморони шуъбаро хабар гирифта, бо ҳар кадом суҳбат мекунад ва мехоҳад, ки онҳо саривақт шифо ёбанду ба хона баргарданд. Охир онҳоро наздикону пайвандонашон интизоранд. Албатта, мурдан амри ҳақ аст, лекин умеди зиндагӣ ва ба орзуи худ расидан амали ниҳоят мушкил мебошад. Ба ақидаи табиби ҷавон Ҳикматулло Файзуллоев маҳз духтури дил метавонад, ба қалбҳои шикастаи бемор умеду боварӣ бахшад. Зеро ба таъбири Абдулқодири Бедил ҳаёти бемор дами ҷарроҳӣ ҳамчун ашк дар сари мижгон мебошад. Аммо инсон аз санг сахту аз гул нозук аст. Ҳатто ҷисми инсон дар мавридҳои барояш хатарноку вазнин аз худ ҳар хел моддаҳое мебарорад, ки ӯро аз

хунравӣ дифоъ мекунад… Cолҳои охир шуъбаи аритмия ва нуқсонҳои дил маҳз бо иқдоми Ҳикматулло Файзуллоев ба як пажуҳишгоҳи илмӣ-ташхисӣ табдил ёфт. Ҳоло дар шуъба табибони варзида кору фаъолияти шоиста доранд. Олими ҷавон Ҳ. Файзуллоев ба ҷуз табобату муолиҷаи беморон боз дилдодаи фарҳангу ҳунар ва билхоса варзиш мебошад. Ба ақидаи вай фарҳанг метавонад, дар солимии шахс нақши муҳим дошта бошад. Вай баробари ин пешаи мушкил вақт ёфта, забон меомӯзад. Ҳар гоҳе ки вориди утоқи кориаш шавам, ӯро машғули мутолиа мебинам. Ин дам Ҳикматулло рисолаи «Захират-ул-мулук»-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро бо шавқ мехонд. Ӯ лаҳзае сӯям нигариста, рамузгирона афзуд: “Ҳамадонӣ на танҳо шоиру файласуф ва мутафаккир, балки табиби руҳу қалби одамист. Ҳамаи осораш аз панду ҳикмат иборат аст, ки сарчашмааш «Қуръон» мебошад”. Ӯ беихтиёр бо қалби саршор аз меҳру муҳаббати ниёкон ин мисраҳоро такрор кард: Ё раб, зи карам бар мани дарвеш нигар, Бар ҳоли мани хастаи дилреш нигар. Ҳарчанд наям лоиқи бахшоиши ту, Бар ман манигар, бар карами хеш нигар. Ҳикматулло меболад, ки осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ инсонро ба покӣ, тандурустӣ ҳидоят месозад. Дар ин роҳ ӯ пайваста корҳои илмиашро идома дода, мехоҳад маҷмуаи асарҳои илмиашро ба табъ расонад... Ин бегоҳӣ Ҳикматулло Файзуллоев охирин корҳояшро анҷом дода, хост барвақттар хонааш равад. Дар берун насими баҳорӣ мевазид ва гулҳо мешукуфтанд. Ӯ медонист, ки утоқи беморон бӯйи баҳор дораду духтури навбатдор пайи назорати маризон аст. Аз ин ҷиҳат дилпурона коғазҳояшро ғундоштан хост, ки табибе вориди утоқи корӣ шуд. Аз рангу рӯи ташвишомези вай зуд пай бурд, ки воқеае рух додааст ва суоломез сӯяш нигоҳ кард. - Бемори вазнинеро аз ноҳияи дурдаст овардаанд. - Сабаби бемориаш муайян аст? пурсид Ҳикматулло. - Ҳанӯз не, лекин аз рӯи ташхиси пешакии духтурони ноҳия дилаш иллат пайдо кардааст, - гуфт навбатдор. - Ин тавр бошад, рафта мебинем ва фаврӣ муолиҷа мекунем. Ҳикматулло боз либосҳояшро иваз карда, ҷониби бемори вазнин шитофт ва ӯро дар ҳолати хеле бад, ночору беқарор дарёфт. Мариз, марди тахминан панҷоҳсола ба худ печида ҳазён мегуфт. Ҳикматулло зуд пай бурд, ки марди бемор мубталои илтиҳоби шадиди қалб шудааст. Ӯ ҳар дақиқаро ғанимат шумурда дастур дод, ки вайро фавран дору гузаронда, ба ҷарроҳӣ омода кунанд... Ҳоло Ҳикматулло фориғ аз кор гашта, ба ҳавлии беморхона баромад. Дар берун баҳор ва Наврӯз ҳукмфармоӣ дошт. Аз чеҳраи одамон гул мерехт ва табассум ҷавононро зеб медод. Ӯ боғу дарахтони атрофро тамошокунон завқ мебурд. Акнун Ҳикматулло оромона ба одамон чашм духта, аз манзараҳои баҳор лаззат мебурд. Ин дам касе гумон намекард, ки ин ҷавони оддии хилъати сафедпӯш чанд лаҳза пештар инсонеро аз панҷаи марг наҷот додааст.


САЙҚАЛИ ХОТИРА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №12 (9438), 24 марти соли 2016

15 е-mail: javonontj@mail.ru www.javonon.tj


е-mail: javonontj@mail.ru

16

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №12 (9438), 24 марти соли 2016

Лутфи ҷавонӣ

 ОБУНА - 2016

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Аз бонк ду миллион долларро медузданд. Директори бонк ба журналистон: - Нависед, ки се миллионро дуздидаанд. Ҳеҷ набошад дар хонааш он палидро ҷангу ҷидол интизор аст.

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои нуҳ моҳ - 48,75 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

***

Зане дар рӯзи таваллуди духтараш ба ӯ бозичаи зебое туҳфа карда, мегӯяд: - Хуш, акнун чӣ бояд бигӯӣ? Духтарак: - .... Зан: - Вақте падарат ба хона ягон чӣ меорад, ман чӣ мегӯям? Духтарак: - Ҳамааш ҳамин?

***

Писар: - Падар, ба ман 100 сомонӣ диҳед. Духтар: - Ба ман 200 сомонӣ. Ҳамсараш: - Ба ман 500 сомонӣ. Мард: - Имрӯз ба шумо чӣ шудааст? Ҳама бо як овоз: - Фаромӯш кардӣ, имрӯз зодрӯзат аст.

 АНДАРЗ

Модар ва ҷигарбанд

www.javonon.tj

Ҷавонеро падараш вафот карду сарпарастии оилаи онҳо ба дӯши модараш бор шуд. Модари бечора ба ивази музди ночиз дар хонаҳои ҳамсояҳо кор мекард, то фарзандаш гурусна намонаду азоб накашад. Солҳо сипарӣ шуданду ҷавон мактабро хатм кард. Хеле ҷавони хушахлоқу боодоб буд. Барои таҳсил аз кишвараш берун рафт. Айёми таҳсилаш ҳам дар хориҷ зуд сипарӣ шуд. Ҷавон ба хонааш баргашт, аммо аз он ахлоқу хушрафторие, ки ӯро зиннат медод, осоре набуд. Модар хост ӯро ба духтари шоистае хонадор кунад, ҷавон қабул накард, гуфт: “Ман аз хонадони сарватмандон зан мегирам ва касеро мегирам, ки пешрафта бошад”. Чунин ҳам кард ва зане бо хости дилаш гирифт. Баъди гузаштани чанд моҳе рӯзе занашро дид, ки гиря мекард. Пурсидаш, ки чӣ воқеа шудааст? Зан бошадшикоят кард: “Ман аз ин бештар тоқати онро надорам, ки бо модари ту дар як хона зиндагӣ кунам”. Ҷавон бо ғазаб модарашро аз хона ронд. Модари зору ҳайрон ба фарзандаш нигоҳ карда гуфт: “Писарам, Худо туро некбахт кунад!” Бале, модар ба ҷигарбандаш дуо дода, аз хона бадар рафт. Баъди чанде чун ғазаби ҷавон пасанда шуд ва хидматҳои модар ёдаш расид, ба суроғаш баромад, вале ҳайҳот. Ӯро дигар наёфт. Аммо ҳамсараш аз ин амали шавҳар бисёр хушнуд буд, фикру зикраш бештар мафтун кардани шавҳар ба худ ва бо ин роҳ дур андохтани муҳаббати модар аз қалби вай буд. Ҷавон бо гузашти вақт бемор ва дар Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

шифохона бистарӣ гашт. Модар аз бемории писар хабардор шуда, аёдаташ омад. Чун мехост ба назди писараш дарояд, келинаш сари роҳи ӯро гирифту гуфт: “Бирав, писарат ин ҷо нест! Ту аз мо чӣ мехоҳӣ? Аз наздамон дур шав! Мо туро дидан намехоҳем!” Модар ноумеду гирён пас рафт. Ҷавон ҳам пас аз чанде шифо ёфта, ба хона омад, вале аз нав боз бемор шуда, ба шифохона афтод. Ин дафъа бемориаш тӯл кашид. Корхонааш муфлис гашта, дӯстонаш ва онҳое, ки дар атрофаш парвона буданд, аз ӯ рӯ гардонданд. Ҳамсараш ҳам таркаш кард: “Бо ту ман дигар барои чӣ зиндагӣ кунам? Не вазифаат монду не пулу пайсаат. Обрӯят ҳам намонд”. Ин барои ҷавон бисёр зарбаи сахт

буд, вале ӯро ба худ овард ва донист, ки сазои модарро аз хонааш пеш карданаш аст ин ҳама. Ба ҷустуҷӯи модар баромада, бо кӯшишҳои зиёд ӯро дар яке аз хонаҳои бепарасторон пайдо кард. Аз гиряи бисёр рангу рӯяш тағйир ёфта, қоматаш хамида буд. Вақте ки ҷавон модарашро дид, худашро ба пеши пояш партофт ва бо овози баланд гирист. Модар низ ба гиря даромад. Чанде бо ҳам гиристанд. Сипас, ӯро ба хона оварду қасам хурд, ки ҳаргиз нофармониаш накунад. Акнун якҷоя бо модараш рӯзҳои беҳтарини ҳаётро ба сар мебаранд.

Аз суҳбати ду рафиқ. Аввалӣ: - Дар хона ба занат ёрӣ мерасонӣ? Дуюмӣ: - Не. Ҳамаашро худам мекунам.

***

Зане ба дугонааш ҳасрат мекунад: - Дар даҳ соли зиндагии якҷоя, ҳамагӣ як бор аз хона якҷоя берун баромадем. Дугонааш: - Ба театр рафтед? Зан: - Не, хонаамон оташ гирифт.

ИБРАТ: Ҳуқуқи падару модарро поймол кардан касро расвои дунё ва охират хоҳад кард. Расулуллоҳ (с.а.в) мефармояд, ки бар падару модари худ чи навъ муомила карда бошӣ, аз писари худ ҳамонро чашмдор бош.

***

Таҳияи Беҳрӯз КАРИМЗОДА, “ҶТ”

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

***

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).

Журналист аз марде, ки дар лоторея 100 000 доллар бурд кардааст, мепурсад: - Бо ин қадар пул чӣ мекунӣ? Мард: - Қарзҳоямро медиҳам. Журналист: - Боқимондааш? Мард: Боқимондаашон интизор мешаванд-да.

 ЭЪЛОН

ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ

Соҳибкори инфиродӣ Аловиддинов Фаррух Уроқович (РМА 095116477, РЯМ 0930005505), ки бо шаҳодатномаи № 0020030 аз 2.12.2009 фаъолияти соҳибкорӣ дошт, фаъолияташро қатъ мекунад. •

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар ҶДММ «Аниса-95» бо теъдоди 7129 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.