ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №13 (9543), 29.03.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №13 (9543), 29/03/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Наврӯз ҳастии мост Дар рафти амалиёт як афсари ҳиндутабор дар пешорӯи афсари покистонӣ ба ҳалокат мерасад ва аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми муваффақ шудан парчами Ҳиндустонро баланд бардорад. Дар охир вақте амалиёт ба анҷом мерасаду тамоми асиронро озод месозанд, он афсари покистонӣ байрақи Ҳиндустонро баланд мебардорад ва дар болои автобус насб мекунад. Дар навбати худ як сарбози ҳиндустонӣ низ парчами Покистонро дар бари он мегузорад.
2 22 март дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 20182028” Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш мулоқот карданд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Антониу Гутерреш барои дастгирии доимӣ аз ташаббусҳои марбут ба оби Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид миннатдорӣ карда, бо итминон иброз доштанд, ки даҳсолаи “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” ҷиҳати ҳалли масъалаҳои об ва пешбарии ҳадафи шашуми рушди устувори марбут ба он дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ мусоидат хоҳад кард. Дар мулоқот масъалаҳо вобаста ба татбиқи Рӯзномаи 2030, ислоҳоти низоми Созмони Милали Муттаҳид дар самтҳои сулҳу амният, низоми рушд ва мудирият, инчунин, Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар доираи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид таҳия гардида, ба хотири ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор татбиқ мегарданд, баррасӣ карда шуданд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар доираи роҳандозии рӯзномаи оби Созмони Милал, 20-22-юми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалиро оид ба масъалаҳои об баргузор менамояд. Пешвои миллат зимни ин сафар ҳамчунин намояндагони ширкати “Боинг”-ро ба ҳузур пазируфта буданд. Дар мулоқот оид ба имкони рушди ҳамкориҳои судманд бо ин ширкати ҷаҳонӣ дар соҳаи нақлиёт, мусофиркашонӣ, беҳбудии парки нақлиётӣ дар Тоҷикистон ва бо ин роҳ беҳтар кардани сатҳи хизматрасонии ширкатҳои мусофиркашонии ҳавоӣ табодули андеша карда шуд. Тавре маълум аст, якчанд ширкати Тоҷикистон, бахусус ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” аз тайёраҳои муосири “Боинг” истифода мебаранд. Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба барои дар амал татбиқ кардани нақшаву ниятҳо баҳри беҳсозии сатҳи хизматрасонии мусофиркашонӣ ва дигар ҳадафҳо дар ин самт мусоидат мекунанд. 22 март дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри НюЙорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд. Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб гардид. Дар идомаи рӯз иҷлосияи 72юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 20182028” аз рӯи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар иҷлосия Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №13 (9543), 29.03.2018
САФАРИ КОРӢ
Ташрифи Пешвои миллат ба Ню-Йорк 20 март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорк рафтанд. Антониу Гутерреш, ноиби президенти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Маҳмуд Сайкал, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони махсуси кишварҳои олам дар Созмони Милали Муттаҳид иштирок карданд. Дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” нахустин шуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи нави байналмилалӣ суханронӣ намуданд. Нимаи дуюми рӯзи 22 март Пешвои миллат раиси ниҳоди “СММ-Об”, президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгборо ба ҳузур пазируфтанд. Сарвари давлат зимни мулоқот изҳор доштанд, ки мо бояд аҳамияти об - захираи муҳими инсониро барои рушди соҳаҳои гуногуни кишварҳо ва ҳифзи онро барои наслҳои оянда хуб дарк намоем ва Тоҷикистон кишвари фаъол дар пешбурди масъалаҳои об ва муаллифи аксари ташаббусҳои байналмилалӣ дар ин соҳа мебошад. Ҷонибҳо эълон намудани соли 2003 – “Соли оби тоза”, солҳои 20052015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 ба ҳайси “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”-ро аз тарафи Тоҷикистон аз ҷумлаи ташаббусҳои бобарор арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳадафу вазифаҳои Даҳсола аз рушди устувор, мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор, тавсеаи ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳҳо иборат мебошад ва бо итминон метавон гуфт, ки ин даҳсола низ барои расидан ба ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард. Дар идомаи рӯз Пешвои миллат дар чорабинии Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Об ва энергия: дарёфти алоқамандии байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми Рушди Устувор” иштирок ва суханронӣ карданд. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки гидроэнергетика омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳо боқӣ мемонад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги об ва иқтидори гидроэнергетикӣ мебошад, ҳамеша омодагии хешро барои ҳамкорӣ бо ҳама ҷонибҳои алоқаманд, пеш аз ҳама, бо кишварҳои ҳамсоя, дар самти истифодаи самаранок, мутақобилан судманд ва оқилонаи захираҳои обу энергетика ба манфиати кулли кишварҳои минтақа изҳор медорад. Нимаи дуюми рӯзи 22 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии муштараки Тоҷикистон
бо кишварҳои фаъол таҳти унвони “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки мо бояд ҳамеша саъю талошамонро дар самтҳои гуногун ҷиҳати таъмини саривақтии ноилшавӣ ба вазифаву ҳадафҳо дар соҳаи захираҳои об ҷоннок намоем. Аз пурзӯршавии таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ изҳори нигаронию ташвиш намуда, Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид доштанд, ки офатҳои табиӣ, ба монанди обхезӣ, сел, тармафароӣ ва ярч, ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид мекунанд. Дар ҳодисаҳои табиӣ талафоти ҷонию молӣ ва иқтисодӣ ба мушоҳида мерасанд, ки бисёр нигаронкунанда мебошад. Инчунин, дар паи ин сафар Пешвои миллат бо хабарнигори телевизиони СММ мусоҳиба анҷом доданд. Зимни мусоҳиба Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои асосии эълони ташаббуси навбатии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли мушкилоти марбут ба об, аз ҷумла қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, натиҷаҳои бобарору муваффақи ташаббусҳои қаблии кишвари мо, аз ҷумла “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, андешаронӣ карданд. Дар ҳошияи ин иҷлосия мақолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development) ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардид. Дар ин мақола Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳо ва зарурати пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028”, таҳияи тадбирҳо ва натиҷаҳои ташаббусҳои қаблии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ бар нафъи аҳли башар, маълумоти дақиқу пурмуҳтаво ва таклифу пешниҳодҳои асосноку созандаро ба миён гузоштаанд. Ҳамин тариқ, боиси хушнудии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти марбут ба об саҳми арзандае гузоштааст. Ва натиҷаҳои ин сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Ню-Йорк дар афзудани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон марҳилаи нав хоҳад буд. Таҳияи Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №13 (9543), 29.03.2018
АХБОРИ ҲАФТА
Наврӯз ҳастии мост 25 март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи наврӯзӣ, ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Дар маҳалли баргузории чорабинии идона шумораи зиёди мардум ва меҳмонони хориҷӣ иштирок карданд. Тантанаҳои наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи рангину пурмуҳтавои консертии устодони санъат ва ҳунармандон, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ буд, идома ёфт. Дар зер матни суханронии Пешвои миллат ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе манзуратон мешавад. Ҳамватанони азиз! Меҳмонони арҷманд! Ҳозирини гиромӣ! Ҷашни байналмилалии Наврӯз – Соли нави мардумони ориёиро, ки якҷо бо фасли баҳор, яъне айёми эҳёи табиат сарзамини мо, аз ҷумла пойтахти азизамон – шаҳри Душанберо боз ҳам дилкашу зебо гардонидааст, ба кулли мардуми мамлакат ва ҳамаи сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон табрик мегӯям. Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст. Наврӯз, дарвоқеъ яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Таҷлили Наврӯз аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳувияти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб меравад. Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад. Дигар ин, ки Наврӯз айёми тавозуни байни табиат ва инсон буда, баробари дигаргунии куллӣ дар табиат рӯҳи инсонро низ ба куллӣ тағйир медиҳад ва ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод умедвор месозад. Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки яке аз ҷанбаҳои асосии фалсафаи Наврӯз ба сифати ҷашни моҳиятан оммавию мардумӣ дар баробарӣ миёни одамон зоҳир мегардад. Яъне Наврӯзро хурду бузург озодона ҷашн мегиранд ва баробар хурсандӣ мекунанд. Наврӯзи имсола барои мо ҷашни таърихӣ мебошад.
Дар рӯзи ин ҷашни бостонӣ ва рӯзи ҷаҳонии об Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи махсуси худ Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 20182028”-ро расман оғоз бахшид. Ин рӯйдод дар ҳақиқат мояи ифтихори кулли мардуми Тоҷикистон аст. Зеро ташаббуси чоруми кишвари мо дар сатҳи глобалӣ ва ба хотири ҳалли яке аз мушкилоти асосии зиндагии аҳли башар – дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар муддати даҳ соли оянда дар миқёси сайёра амалӣ мегардад. Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки ҳарчанд мо дар саргаҳи обҳои мусаффо қарор дорем, бояд ба шукронаи ин неъмати бузурги табиат ҳамеша сариштакор бошем ва аз захираҳои об оқилонаву сарфакорона истифода намоем. Ҳамдиёрони азиз! Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази сиёсии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар рушди фарҳанги миллӣ ва таҳкими маънавиёти ҷомеа нақши калидӣ дорад. Ҳамзамон бо ин, сокинони пойтахти кишвари азизамон дар таҳкими давлатдории миллӣ нақши арзишманд бозида, дастовардҳои Ватани маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ мекунанд. Итминон дорам, ки сокинони пойтахт минбаъд низ барои татбиқи барномаҳои қабулкардаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла ба хотири амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» саҳми арзишманду ватандӯстонаи худро мегузоранд. Имрӯз пойтахти кишварамон ба маркази тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дастгириву рушди суннату ойинҳои бостонии халқамон табдил ёфтааст. Дар ин шаҳри зебо мунтазам озмунҳои гуногун ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо намунаҳои ҳунарҳои мухталифи халқӣ аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба намоиш гузошта мешаванд. Мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки ин иқдоми хуб, хусусан, дар давраи омодагӣ ба наврӯзи имсола ва рӯзҳои таҷлили он густаришу вусъати бештар пайдо кард. Итминон дорам, ки кулли мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони бонангу номуси шаҳри Душанбе бо шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар оянда низ ба хотири таҳкими иқтидори иқтисодии давлатамон, ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон, рӯзгори боз ҳам осудаи ҳар як оилаи Тоҷикистони азизамон бо ҳисси баланди милливу ватандорӣ саъю талош хоҳанд кард. Дар ин лаҳзаҳои бисёр фараҳбахши идона бори дигар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи сокинони пойтахтро ба ифтихори Наврӯз ҷашни бузурги миллӣ ва Соли нави аҷдодиамон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз орзу менамоям. Наврӯзи фархундапай муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
3
4
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №13 (9543), 29.03.2018
БАРДОШТ
Идомаи «Шоми дӯстӣ» Як гурӯҳ зиёиёни вилояти Суғд дар тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Самарқанд ширкат намуданд. Ин тантанаҳо 21 март бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуданд. Консерти «Шоми дӯстӣ»-ро, ки ба шарафи меҳмонони тоҷик дар тарабхонаи «Хонатлас»-и шаҳри Самарқанд баргузор гардид, муовини раиси вилояти Самарқанд оид ба туризм, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Мӯнис Восиев оғоз бахшида, меҳмонони тоҷикро аз номи Шавкат Мирзиёев табрик гуфтааст. «Мардуми Самарқанд чун тамоми аҳолии Ӯзбекистон «Шоми дӯстӣ»-и Душанберо тамошо карданд ва ба ин воқеаи таърихӣ баҳои баланд дода, то ҳанӯз таҳти таъсири ин шодию нишот қарор доранд», - гуфтааст Мӯнис Восиев. Аз номи намояндагони ҷониби Тоҷикистон ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба сухан баромада, мардуми Самарқандро ва кулли сокинони Ӯзбекистони бародарро бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз шодбош гуфт. «Наврӯзи имсола Наврӯзи таърихӣ ва созанда ба ҳисоб меравад, зеро бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев таҳкими равобит байни халқҳои мо аз нав барқарор гардид. Ин тадбир имконият медиҳад, ки муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо боз ҳам тақвият пазируфта, ба хотири таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни илму маърифат мо бо аҳли зиё ҳамкории судмандро ба роҳ монем», - изҳор дошт ӯ. Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод аз таърихи пайвандҳои маънавии байни ду халқ, аз ҷумла хизматҳои қофиласолори назми классикии тоҷик, устоди шоирони форсигӯ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар рушди фарҳангу адабиёти тоҷикӣ ва мақоми давлатӣ касб намудани забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро хизматҳои беназир анҷом додааст, сухан гуфт.
Шеърхонии Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, ҳунарнамоии аҳли фарҳангу ҳунари тоҷик сокинони Самарқанд ва меҳмонони ин шаҳри бостониро тасхир намуд. 21 март тантанаҳои Наврӯзӣ бо иштироки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Алишери Навоӣ ҷараён гирифт. Ҳайати намояндагони вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо ҳайати зиёиёни узбек нахуст ҳамчун рамзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи шоири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ва сардафтари адабиёти узбек Алишер Навоӣ гулдастаи тару тоза гузоштанд. Шавкат Мирзиёев зимни суханронии худ дар бораи хизматҳои Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муносибатҳои дуҷониба, ташаббусҳои чаҳонӣ, истиқболи бародарона ва гарми Сарвари давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик бо меҳри зиёд сухан гуфт. Намояндаи вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода паёми табрикии ҷониби Тоҷикистонро ба мардуми кишвари Ӯзбекистон расонида, аз номи аҳли зиёи Тоҷикистон ба сарвари ҳар ду давлат барои сиёсати созанда изҳори сипос намуд. Хотиррасон менамоем, ки моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълом дошта, аз тамоми давлатҳои узви Созмон даъват ба амал овард, ки ҳама кӯшиши худро баҳри густариши ин ҷашни бостонӣ дар кулли олам ба харҷ диҳанд. АМИТ “Ховар”
Дидори шариф
Имсол ҳам дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай ба намояндагони аҳли зиёи ҷумҳурӣ, аз ҷумла адибони тоҷик, муяссар шуд, ки ба дидори шарифи Пешвои миллат аз наздик шарафёб ва аз суҳбати хеле гарму самимӣ ва озоду гуворо баҳравар гарданд. Ин дидору суҳбат бори дигар собит сохт, ки Сарвари давлат ба аҳли зиёи кишвар эътимоди самимӣ доранд ва дар симои онҳо воқеан ҳам посдорони нангу номуси миллӣ ва равшангарони роҳи фардои миллатро мебинанд. Ин буд, ки имсол ҳам Соли нави аҷдодӣ барои Пешвои миллат аз дидору суҳбат бо аҳли зиё оғоз ёфт ва ин дидору суҳбат сарсухани китоби амалу фаъолияти аксари адибони тоҷик дар Соли нави аҷдодӣ хоҳад гашт. Мулоқот озод, кушоду равшан ва гарму самимӣ буд. Маълум мешуд, ки суҳбат бо ин ҳозирин ба Сарвари давлат низ хеле гуворост; ҳар чизе дар дил доштанд, гуфтанд ва бори дигар таъкид доштанд, ки «Дар даврони соҳибистиқлолии давлатамон зиёиёни кишвар ба як нерӯи тавоно табдил ёфта, дар таҳкими маънавиёти ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллиамон иштироки фаъолона доранд». Дар ин мулоқот ҳар таъкидҳои Сарвари давлат ба дарки худогоҳиву худшиносӣ, масъулияти баланди дӯст доштани Ватан ва ҳифзу гиромидошти мероси гузаштагон, арзишу суннатҳои миллӣ ва огоҳии амиқ аз таърих вобаста буданд. Яъне, агар ҳар эҷодкори тоҷик дар асари офаридааш ғояи дӯст доштани Ватан, пос доштани обрӯи миллат ва соҳибӣ кардан ба ин тамаддун, ин фарҳанг ва ин кишварро тараннум намояд, ин албатта ба манфиати имрӯзу фардои ҷомеа ва кишвари мост. Пешвои миллат хеле орифона ва хеле шоирона изҳор доштанд, ки «Дар воқеъ, таърих ойинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд». Таъкиди муҳими Пешвои миллат дарки худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ буд, ки ин барои ҳар сокини кишвар хеле муҳим аст. Воқеан
ҳам, зиёии тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ баҳри ҳифз намудани истиқлоли фарҳангӣ ва забонии миллати худ, ки аз рукнҳои муҳими пойдории миллат ва кишвар мебошанд, бояд чун нерӯи тавоно амал намояд. Дар ин овон ҳар як шахси баору номус ва ватандӯст вазифадор аст, ки забону давлаташро бо дарки масъулият дар арсаи олам муаррифӣ намояд ва онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз созад. «Мо бояд мафҳумҳои “миллати тоҷик”, “забони тоҷикӣ”, “таърихи тоҷикон”, “фарҳанги тоҷикӣ” ва “адабиёти тоҷикӣ”-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони худ дӯст дорем ва онҳоро бо ифтихор ба забон оварем» — изҳор доштанд Пешвои миллат. Мавзӯи аз ҳама муҳими мулоқоти имсолаи Пешвои миллат дӯст доштани Ватан ва ифтихор намудан аз тоҷик будани мо буд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 низ бешак ба ин алоқаманд аст. Ин иқдом ба ободу зебо гардидани кишвари мо, баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ, беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва тавсеаи маърифати экологии мардум мусоидат менамояд. Дар баробари ин, имконият фароҳам меояд, ки мо кишвари худро ҳарчӣ бештар ба хориҷиён муаррифӣ намоем ва онҳо аз зебоиҳои табиати кишвари биҳиштосоямон ва аз таъриху фарҳанг ва осори гаронбаҳои халқамон огоҳӣ пайдо намоянд, ки ин барои обрӯву нуфузи миллати мо дар арсаи байналмилалӣ муҳим аст. Тавре аз таҷрибаҳои як қатор давлатҳои ҷолиби сайру саёҳат маълум мегардад, ин яке аз василаҳои муҳими пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ низ мебошад. Дар ин масъала маърифати мардум низ нақши калидӣ дорад. Пешвои миллат қайд намуданд: «Дар ин замина, ҷалби васеи аҳолӣ ба китобхонӣ ва оммавӣ гардонидани мутолиаи китоб, гу-
заронидани озмунҳои шеърхониву байтбарак, инчунин, донистани забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад. Зеро сайёҳон бо мардум муошират менамоянд, аз таъриху фарҳанг ва осори гаронбаҳои халқ пурсон мешаванд. Агар мо аз таъриху фарҳанги халқамон хуб огоҳӣ дошта бошем, забондон бошем, мероси халқамонро метавонем ҳарчи бештар муаррифӣ намоем». Тавре аз худ қиёс менамоям, ин дидори шариф ва ин суҳбати самимӣ дили аҳли зиёро гармтар кард, боварияшонро ба фардои дурахшон таҳким бахшид ва ба аксари онҳо барои офаридани асарҳои нав сарчашмаи илҳом гардид. Ман, ки бо тақозои вазифа ба соҳаи энергетика алоқамандам ва бобати печутобҳои бунёди нерӯгоҳи Роғун дар оғози бунёди ин нерӯгоҳи бузург бо унвони «Роғун — ҳамкори офтоб» рисолае нашр намуда будам, баъди вохӯрии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар нияти эҷоди асари мукаммалтари публитсистӣ дар мавзӯи бунёд ва манфиати нерӯгоҳи Роғун барои Тоҷикистон ва тамоми минтақа шудам. Ҳамзамон, суханони Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, ки дар фуроварди суҳбат сурат гирифт, воқеан маҷмӯи орзу ва шукру миннатдории аксарияти эҷодкорони кишвар бобати барори кору ривоҷи амали Сарвари муаззами мо дар дар боби заҳматҳои рӯзафзунашон дар таъмини рушди муназзами кишвар ва афзоиши обрӯву нуфузи тоҷик ва Тоҷикистон буданд. Ин дидори шариф ва ин суҳбати гарму самимӣ аҳли зиёро бо Пешвои миллат наздиктар намуд ва як бори дигар гувоҳӣ дод, ки Сарвари давлати мо ҳар соату ҳар лаҳза дар нияту талоши таъмини зиндагии шоистаи ҳар сокини кишвар мебошанд. Нозир ЁДГОРӢ, нависанда.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №13 (9543), 29.03.2018 (Идома аз шумораи гузашта) Таи солҳои 2010-2011 ва баъд шаҳомати Наврӯз хеле баланд гардид. Наврӯз дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳамчун рӯзи нав, рӯзгори нав, рӯзи шодмонӣ, рӯзи инсофу адолат, рӯзи баробарию бародарӣ, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи созиш ва бахшиш мебошад. Табиат ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯз чун падидаи нодиру бузурги табиат таҷассумгари рамзи рӯшноӣ ва тантанаи адолату накӯкорӣ, тимсоли рӯзи наву оғози соли нав дар тамоми кишвар маъракаҳо баргузор мегарданд. Акнун ҳар сол, дар моҳи март, дар фазои мусаффо, бо сулҳу салоҳ дар сарзамини куҳанбунёд ва муҳити созандаю бунёдгари Ватани маҳбубамон накҳати бостонитарин ва зеботарин ҷашни ниёгонамон – Наврӯзи оламафрӯз танинандоз мегардад. Имрӯзҳо дар зиндагии тоҷикон Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои инсондӯстӣ, ҳунарпарварӣ, зебоидӯстӣ аст. Он дар рондану зудудани ғаразҳо, кинаҳо, бахшиши гуноҳҳо роҳнамои инсонҳост. Баъд аз он ки Наврӯз аз ҷониби СММ ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд, аз соли 2010 ба ин тараф дар тамоми кишвар таҳти унвони «Тоҷикистон – ватани Наврӯз аст» маърака ва маҳфилҳои бошукӯҳ доир мегардад. Дар аксари наврӯзгоҳҳо, сайргоҳҳо ва дашту даману сайру гашт, маҳфилҳо, дилхушиҳо, шодмониҳо ва ҳамчунин бозиҳои варзишӣ, мулоқот бо собиқадорон, шахсиятҳои маъруф баргузор мешавад. Намояндагони давлат, созмонҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳи ҷавонон ба хонаҳои пиронсолон, маҷруҳон, беморон, бечорагон рафта, онҳоро бо иди Наврӯз табрик менамоянд ва аз ҷониби муаассисаи худ ҳадяҳо мебаранд. Соли 2010 дар саросари Тоҷикистон Наврӯз бо шаҳомати бузург ҷашн гирифта шуд. Баъд аз он ҳар сол баробари наздик шудани ҷашн тамоми корхонаҳо ва муассисаҳо дар ташвиши баргузор намудани ҷашн мешаванд. Акнун ҳар сол дар шаҳру ноҳияҳои кишвар наврӯздӯстон амалҳои нав ба нав пешниҳод менамоянд. Соли 2010 Наврӯз ин қадар зебо баргузор шуд, ки шодии мардумро ҳадде набуд. Пас аз он ки Наврӯз ба таври расмӣ ҷаҳонӣ шуд сарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз тасмим гирифтанд, ки ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳо онро таҷлил намоянд. Рӯзҳои 26 ва 27 соли 2010 нахустин таҷлили байналмилалии иди Наврӯз дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар шаҳри Теҳрон, баргузор гардид. Дар ин тантанаҳо, дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сарони давлатҳои Афғонистон, Ироқ ва Туркманистон ва намояндагони Бегоҳии рӯзи 27 – уми мар-
МУЛОҲИЗА
Ҷашни мардумӣ
ти соли 2010 дар толори бузурги қасри Ваҳдати шаҳри Теҳрон чорабиниҳои дилнишини фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни ҷаҳонии Наврӯз баргузор гардид, ки он як маҳфили зебои илмию амалӣ ва намоиши ҳунарҳои волои мардумони ориёитаборро мемонд. Барномаи рангини ин маҳфили фарҳангӣ фарогири намоиши ҳунарҳои мардумӣ, мусиқӣ, шоҳномахонӣ, ойини паҳлавонӣ ва ҳикоятҳои ҷолиб аз фархундагиҳои ҷашни пурифтихори наврӯз буд. Дар ин ҳамоиш Пешвои миллат пешниҳод намуда буданд, ки соли 2011 Наврӯз дар зодгоҳаш Тахти Ҷамшеди Эрон баргузор гардад. Ин пешниҳод пазируфта шуд. Соли 2011 бо пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дуюм сарони кишварҳо дар Эрон аз Наврӯзи байнанлмилалӣ таҷлил намуданд. Бо таассуф, на дар зодгоҳаш Тахти Ҷамшед, балки дар пойтахти кишвар дар Теҳрон. Рӯзҳои 26 ва 27 марти 2011 Иҷлосияи дуюми ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар шаҳри Теҳрони Эрон баргузор гардид. Барои иштирок дар таҷлили байналмилалии Наврӯз ба Эрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Ироқ, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Туркия, Салтанати Уммон, Давлати Кувайт, Танзания ва ғайра ташриф оварданд. Соли 2011 низ дар таърихи наврӯзшиносии кишварамон хотирмон буд. Дар он сол низ дар тамоми кишвар Наврӯз хеле бошукуҳ баргузор гардид. Мардум чандин рӯз дар сайргоҳҳо ва дар майдонҳои назди муассисаҳои худ Наврӯзро бо шодмонӣ ҷашн гирифта, яке ба дигаре Наврӯзро табрик менамуданд. Дар ин рӯзҳои фараҳбахш Сарвари кишвар дар паёми табрикии худ ба муносибати ҷашни Наврӯз суханони нек гуфтанд: «Инак, ба сарзамини
куҳанбунёди мо боз бузургтарин ва зеботарин ҷашни мардуми ориёинажод – Наврӯзи хуҷастапай бо қадамҳои сабзу насими ҷонбахш ва бо паёми тозаи рӯзу рӯзгори нав фаро расид. Ва имрӯз мову шумо фарорасии ин рӯзи муборак, яъне Наврӯзи 20-солагии истиқлоли давлатиамонро дар ин майдони бо заҳмати дастони мардуми ободгарамон зебову ороста, дар пойтахти давлати соҳибихтиёри худ истиқбол мегирем… Мо аз рисолаву осори бахшида ба Наврӯз ва наврӯзномаҳои сершумори гузаштагонамон хуб медонем, ки ниёгони мо ҳанӯз аз замони шоҳ ҷамшеди бузургу хирадманд ин ҷашнро ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ, эҳсону сахо ва бахшоишу самимият бо шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил мекардаанд. Зеро он тибқи илми ситорашиносӣ ба нахустрӯзи офаринишу баҳор, рӯидани сабзаву ҷон гирифтани рӯдҳо, шукуфтани гулҳо ва зинда шудани умеду орзу дар қалби инсонҳо ва муҳимтар аз ҳама, ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу рӯз рост меояд... Мо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз тантанаи воқеии шиори абадзиндаи ниёгони хирадмандамон – «Гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек»-ро мушоҳида мекунем. Вобаста ба ин, мехоҳам ба тамоми мардуми фарҳангиву шарифи Тоҷикистон хотирнишон созам, ки ин шиори пурфазилату пурманфиати гузаштагонамонро, ки пояи ҷовидонии суботу оромии ҷомеа, дӯстиву ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллии мо ва умуман иттиҳоди байни инсонҳо мебошад, дастури амали ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд». Муҳим он буд, соли 2011 Наврӯзгоҳ, ки дар пойтахти кишварамон бузургтарин ҷашнгоҳ аст, пешкаши мардум шуд, ки онро Ҷаноби Олӣ «Наврӯзгоҳ» номида, гуфта буданд: «Ин майдон ва иншооти гирду атрофи он, ки масоҳати 28 гектарро дарбар мегирад, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо сарфи
қариб 32 миллион сомонӣ имрӯз дар хизмати мардуми пойтахт ва меҳмонони он омода шудааст ва дар он барои гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангиву фароғатӣ тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла тамошогоҳ бо 8000 ҷои нишаст, толори варзишӣ, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, қаҳвахона ва дигар утоқу биноҳои ёрирасон дар сатҳи баланд пешбинӣ шудаанд. Бо истифода аз фурсати муносиб ба ташаббускорон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин маҷмааи мӯҳташам саҳм гузоштаанд, изҳори сипос карда, ба хотири бузургдошти зеботарин ҷашни миллиамон – Наврӯз пешниҳод менамоям, ки он Наврӯзгоҳ номгузорӣ гардад». Соли 2012 омодагӣ ва тантанаҳои наврӯзӣ як моҳ пеш шурӯъ гардид. Чунки он сол меҳмонони олиқадри кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бояд ба Тоҷикистон ташриф меоварданд. Як ҳафта пеш, таҷлили ҷашн тамоми кишварро фаро гирифт. Дар баробари шодмониҳои наврӯзӣ 17 марти соли 2012 ба муносибати ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе «Дави Наврӯз» бургузор шуд. Соли 2012 дар таърихи кишвари мо барои ҷашнгирии Наврӯзи байналимилалӣ ёдмон буд. Дар ин сол сарони давлатҳо ва меҳмонони азиз, беш аз 40 кишвар ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ташриф оварданд. Дар раванди ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ 25 марти соли 2012 бо сарони давлатҳои Афғонистону Покистону Эрон ва дигар меҳмонони олимақом Конфронси байналмилалии Наврӯз-2012 дар Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Рӯзи 25 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе сеюмин таҷлили рӯзи байналмилалии Наврӯз бо ширкати сарони кишварҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, муовини Раиси Маҷлиси парлумони Қазоқистон, муовини сарвазири Туркманистон, муовини сарвазири Ҷумҳурии
5 Озарбойҷон, муовини раиси ноҳияи мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии мардумии Хитой, Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон, Котиби Генералии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Намояндаи махсуси Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон, фиристодаи махсуси Сарвазири Ҳиндустон, сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндагони дигар кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд. Тантанаҳои таҷлили рӯзи байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе дар фазои дӯстиву ҳамдилӣ ва дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои башардӯстона бо паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони он, ифтитоҳ гардид. Дар ин рӯзҳои сеюмин ҷашни рӯзи байналмилалии Наврӯз дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе барномаҳои гуногуни фарҳангӣ таҳти шиори «Наврӯз – ҳамбастагии маънавии халқҳо ба хотири фардои дурахшон» баргузор шуданд. Соли 2012 Наврӯзгоҳи пойтахт чунон зебову дилоро гардида буд, ки дар ёдҳо хеле боқӣ монд. Ба пешвози ҷашни соли сеюми Наврӯзи байнанлмилалӣ дар чанд километр дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба таври густурда оро дода шуд. Намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, анвои хӯрковориҳо, неъматҳои табии кишвари азизамон, ҳатто намунаҳои дарахтҳои гулкардаи бодом, зардолу ва гулҳои навшукуфтаи баҳорӣ аз шоҳроҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ то даромадгоҳи Наврӯзгоҳ чунон мақбул оро дода шуда буданд, ки аз тамошояш кас сер намешуд. Бо Сарварии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои Эрону Покистон – Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осиф Алӣ Зардорӣ аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзони кишвар, ки ҳама бо рамзу нишон ва ороишоти наврӯзӣ оро ёфта буданд, дидан карда, аз базму тараби идонаи ҳунармадон ба завқ омаданд. Баъдан барномаи идонаи Наврӯз-2012 дар Наврӯзгоҳ бо ворид шудани сарони давлатҳои мазкур ва меҳмонон шурӯъ гардид. Ин ҷашн хеле бошукӯҳ буд. Бори нахуст наврӯзгоҳ баъди навсозӣ дорои 14 ҳазор ҷойи нишаст гаридидааст. Наврӯзи ҷаҳонӣ бо барномаи рангини ҳунарии устодони санъату фарҳанги Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон баргузор шуд. Ҳунармандони кишварҳои ташрифоварда ва мизбонон бо базми ҷамшедии суруду рақс, оинҳои ниёгон Наврӯзро пешвоз гирифтанд. Барои меҳмонон ҷаззоб буд, ки Наврӯзгоҳи Тоҷикистон ба истиқболи Наврӯзи байналмилалии 2012 бо ҳунари волои меъморону наққошон зоҳиран шакли зодгоҳи Наврӯз – Тахти Ҷамшедро ба ёд меовард. (Давом дорад)
6 Се рӯз пайдарҳам борон борид. Тангкӯчае, ки аз миёни биноҳои баланди истиқоматӣ ба роҳи калон мебурд, аз сабаби ноҳамвор буданаш пур аз кӯлмак шуда буд. Сари ҳар қадам як кӯлмак мебаромад. Ва ин одамонро водор мекард, ки гоҳ ин тарафи роҳ раванду гоҳ он тараф. Зани миёнасол, аз афташ ба кор дер карда буд, ки зуд-зуд қадам мемонд, то суръати роҳгардиашро тезтар кунад. Ҳарчанд кӯлмакчаҳо монеи роҳравӣ мешуданд, аммо ӯ боэҳтиёт аз онҳо гузашта шитоб мекард. Он субҳ баъди борон ҳаво софу офтобӣ шуда буд. Ба назар мерасид, ки ҳама роҳравон либосҳои нисбатан тунук ва ба фасли баҳор мувофиқ ба бар кардаанд. Аз ҷумла зане, ки бо шитоб роҳ мерафт. Ҳини роҳравӣ мошине бо суръат ҷониби мо омад. Фикр кардам, ки шояд ронанда вақти ба роҳравон наздик шуданаш суръати ҳаракатро паст мекунад. Зеро ҳаракати тези мошин сабаби ба ҳар тараф пош хурдани оби лойолуд мегашт. Бар хилофи фикри ман мошин бо суръати баланд обҳои пур аз лойро ба ҳар тараф паронда омаду ҳамагӣ либосҳои занро бо он олуда сохт. Ман бошам худро канори роҳ гирифтам, то ки либосҳои ман ҳам лойолуд нашаванд. Гумон кардам аз беэҳтиётии ронанда ин ҳодиса рух доду ҳозир нақлиёташро манъ карда, узр мехоҳад. Аммо гӯё ҳеҷ чиз нашуда бошад, мошин бо ҳамон суръат аз пешамон гузашта рафт. Зан бошад, аз ахлоқи бади ронанда гилакунон гашта ҷониби хонааш барои тағйири либос рафт... Ахлоқ мӯъҷизаи аҷиб аст. Инсонҳо будани онро дар ҳаёти худ ҳис карда наметавонанд. Аммо набудани онро дар дигарон
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №13 (9543), 29.03.2018
ДИДГОҲ дарҳол мефаҳманд. Ба назар чунин мерасад, ки гӯё аз ахлоқ ва риояи он чизе вобастагӣ надорад ва мулоҳиза накардани меъёрҳои он беаҳамият аст. Муҳимияти он замоне дақиқ мегардад, ки инсон ва ҷомеа ба роҳи бадахлоқӣ мераванд. Дарҳол ҳис карда мешавад, ки ин роҳ чӣ гуна фалокатовар ва фоҷиабор мебошад ва зарари он бемаҳдуд аст. Эҳсос мешавад, ки тамоми пешравиҳои иқтисодӣ, оромии иҷтимоӣ, сулҳу субот, муоширати байниҳамӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳама корҳои нек дар маҷмуъ ба вазъи ахлоқ пайвастагии ногусастанӣ доранд.
ни мошини гаронарзишу муди нав то андозае фахр буд. Чаро ки нақлиёт кам буду соҳиб шудан ба ҳуҷҷати ронандагӣ ба ҳар кас муяссар намегашт. Ин ҳам аз он, ки мардум кам дида буданд ва бо ҳавас ба автомобилҳои гаронарзишу хориҷӣ менигаристанд. Аз ҳамин сабаб, ҳатто дар овони мактабхонӣ толибаҳо “ронанда мешавам” гуфта интихоби касб мекарданд. Аммо бо мурури давр ин раванд анқариб аз миён рафтан дорад. Ба тадриҷ кор то ҷое расид, ки акнун дар аксарияти оилаҳо як нақлиёт мавҷуд асту яке аз аъзои он ронанда. Ронанда на
масъалаи ахлоқи ронандагӣ мавзӯи баҳси бисёриҳо шудааст. Ва мантиқан ин мавзуъ то андозае доғ ва ҳалталаб, ҳатто дар миёни ҷомеаҳои мутараққӣ гардидааст. Дар шароити кунунӣ кӣ бо кадом тарз соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ мешавад, мавзӯи алоҳида аст. Аммо аз асоситарин мушкилиҳои замони мо ҳаракати воситаҳои нақлиёт шудааст. Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё бевосита шоҳиди баҳсу ҷанҷолҳои мусофирону ронандаҳо мешавем. Ба ғайр аз ин тарзи мошинронӣ ва садамаҳои барзиёди ҳамарӯза бо-
Дар ҷомеа касбу ихтисосҳое мавҷуд аст, ки аз инсонҳо пеш аз омӯзишу азхуд кардани он ахлоқу одоби намунавиро талаб мекунад. Ба монанди ин ки як омӯзгор пеш аз оне, ки ба таълими дигарон машғул шавад, ӯ худ аз ҳама ҷиҳат, одобу ахлоқ, тинат, хулқ, хислат одат, бояд намунавӣ бошад. Дар ин радиф ҳар нафаре, ки дар миёни оммаву бо ҷомеа аст, дар мадди аввал ахлоқро гузорад, баъд донишро. Таъбири “Олим шудан осон, одам шудан мушкил” низ маҳз аз ҳамин нуқта сарчашма мегирад. Замоне ронандагӣ касби алоҳида ҳисоб мешуд ва дошта-
ба он маъно ки мусофиркашонӣ мекунад, балки бо зарурате аз мошин истифода мекунад. Дигар гӯё касе ба касе аҳамият намедиҳад, ки кӣ кадом намуди нақлиёт дораду бо он чӣ кор мекунад. Чун мардум низ рӯз то рӯз пешрафтҳои иқтисодӣ - техникиро ба даст меоранд. Ва мантиқан ин мавзуъ аз байн хоҳад рафт. Дар ин радиф ва васоити нақлиёт ба инсонҳо чунин дар қаробату наздикӣ қарор гирифтааст, ки баъзеҳо агар то мағозаи наздиктарини маҳалли худ рафтан хоҳанд, ҳатман мошинсавор хоҳанд рафт. Дигар масъалаи доштану надоштани нақлиёт не, балки
иси нигаронии ҷомеа шудааст. Аз ин ҳолатҳо метавон чунин хулоса кард, ки аксари ронандаҳои мо тамоми қоидаҳои роҳро танҳо дар доштани як ҳуҷҷати ронандагӣ медонанд. Ҳол он ки зарур аст, ки ҳар як ронанда пеш аз қоидаву қонуни нақлиётронӣ қоидаҳои рафтору одоб, хислатҳои рӯҳиву маънавӣ ва фарҳангӣ мошинрониро аз худ кунад. Бешак ронандагӣ ва дилхоҳ касби дигар дар натиҷаи омӯзиш ва таҷриба такмил меёбад, аммо риоя ва масрафи таҷриба танҳо ба ахлоқ бастагӣ дорад. Ин ба он далел аст, ки имрӯзҳо дар баробари ҷавонон, ки навомӯзанду шояд
Ронандагӣ ахлоқ аст!
таҷрибаи беҳтари ронандагӣ ҳам надоранд, насли миёнсолу таҷрибадор низ сабабгори садамаҳои мудҳиши нақлиётӣ мешаванд. Ва касе гуфта наметавонад, ки онҳо қоидаҳои ронандагиро намедонистанд, балки шояд иддае аз эшон, ки мувоҷеҳ ва сабабгори ин фоҷеаҳо гардидаанд аз баъзе омӯзгорони макотиби ронандагӣ қоидаҳои роҳро беҳтар донанд. Вале аксаран бо такаббур, ситеза, камбинӣ ва дигар сабабҳо, ки хосса ба ахлоқ ва ҷаҳонбинии маънавии инсон марбутанд ба ин фоҷеаҳо дучор мегарданд. Шояд, он ронандаи ҷавон, ки перомуни амали дар роҳ анҷом додааш гуфтем, аз рӯи қоидаҳои роҳ ба ягон ҳуқуқвайронкунӣ роҳ надода бошад, ва мувофиқи асноди мавҷудбудаи ҳуқуқӣ сарзанишеро ҳам сазовор нагардад, чун дар роҳи худ мерафт. Ин ҳолат аз ронандаҳо танҳо ахлоқи хуб доштанро талаб мекунад. Дигар ронандаҳои мусофиркаш бояд аз ахлоқи хубу намунавӣ бархурдор бошанд. Зеро дар як рӯз ҳудуди сад ва аз он зиёд ба мошини худ мусофир мекашонанд ва ҳар кадоме аз онҳо дорои хулқу хӯи ҷудогонаанд. Маҳз ҳамин водор мекунад, ронандаи мусофиркаш дар савияи ҳар нафари онҳо муносибату муоширатро ба роҳ монад. Аммо мутаассифона имрӯзҳо сари ҳар қадам ҷангу ҷидоли ронандаҳои мусофиркаш бо мусофирон ба чашм мерасад, ки далели паст будани ахлоқи баъзе ронандаҳо мебошад. Ин самт ба ислоҳоти калон ниёз дорад. Бояд дар мактабҳои ронандагӣ дар баробари таълими қоидаҳои мошинронӣ, ахлоқу одоби он ҳам омӯзонида шавад. Ҳамчунин масъулини соҳаи роҳу нақлиётро зарур аст, ки дар баробари қоидаҳои ҳуқуқӣ дастурҳои ахлоқиро низ барои ронандагон тартиб диҳанд. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
Муаррифии Ватан ҳадафи мост Далер Самадов, хатмкардаи мактаби миёнаи №8-и ноҳияи Данғара мебошад. Аз хурди орзуи дар хориҷи кишвар таҳсил карданро дошт. Вақте ӯ дар синфи 11 таҳсил мекард, бо пешниҳоди устодонаш, моҳи майи соли 2016 ба шаҳри Душанбе омад ва барои гирифтани квотаи президентӣ дар озмун иштирок намуд. Баҳри ба даст овардани квота дар озмуни мазкур аз тамоми манотиқи кишвар зиёда аз 200 нафар довталабон иштирок доштанд. Баъди ҷамъбасти озмун Далер барандаи квотаи президентӣ эълон гардиду роҳхати таҳсил дар хориҷаро ба даст овард. Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии Алтайски шаҳри Барнаул факултети физика – техналогия, ихтисоси физика дар курси 2 таҳсил карда истодааст. Нахустин рӯзҳои ба кишвари бегона омаданаш, дурӣ аз Ватан, падару модар, ёру дӯстон, надонистани забони бегона
душвориҳои зиёдеро рӯ ба рӯяш гузошт. Аммо бо мурури замон, дар рафти таҳсил, бо хониши хубу аъло ба урфу одати давлати бегона одат карда, забони эшонро аз худ намуд. Ӯ аз он мефахрад, ки дар хориҷи кишвар тибқи квотаи президентӣ таҳсил карда истодааст. - Ҳармоҳа ба мо 1700 рубли русӣ аз ҷониби донишгоҳ кӯмакпулӣ медиҳанд, -мегӯяд Далер. - Беҳтарин шароити зист дар хобгоҳ бароямон муҳайёст. Дар донишгоҳ бо мо беҳтарин муоширати устодону омӯзгор ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ман дар ин донишгоҳ зиёда аз 150 ҷавонони тоҷик низ барои таҳсил омаданд, ки аксарияти онҳоро духтарон ташкил медиҳад. Аз он ки Далер донандаи хуби забони кареягист ва бо он озодона гуфтугӯ карда метавонад, тасмим дорад, ки баъди хатми донишгоҳ магистратураро дар Ҷумҳурии
Корея идома диҳад: “Мо ҷавонони тоҷики дар хориҷи кишвар таҳсил кардаистода кӯшиш ба харҷ медиҳем, то ки ба хориҷиён фарҳанги волои худро шиносонем. Ба онҳо нишон диҳем, ки мо – тоҷикон миллатӣ бузург, дорандаи таъриху фарҳанги ғанӣ, ҳунарҳои миллӣ ва тамаддуни бой мебошем. Мо – гурӯҳи донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар донишгоҳ аксарияти ҷашнҳои миллиро, ба монанди ҷашни Наврӯз, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Конститутсия ва ғайраро бо тантана ҷашн мегирем. Дар мусобиқаҳои варзишӣ, дар ин кишвар фаъолона иштирок карда, тоҷик будани худ ва Тоҷикистонро муаррифӣ менамоем”-мегӯяд Далер. Далер аз ҷавонони имрӯзаи тоҷик даъват ба амал меорад, ки донандаи хуби забонҳои хориҷӣ бошанду дар хориҷи кишвар таҳсил карда, муаррифгари кишвари худ бошанд. Ӯ аз он миннатдор аст, ки
имрӯзҳо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонони тоҷик тамоми шароитҳоро баҳри таҳсил ва кору фаъолият муҳайё намудааст. Тасмим дорад, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо баъди таҳсил бо донишҳои ғанӣ ва замонавӣ ба Ватан баргашта содиқона ба халқу миллат хизмат намояд. Малоҳат ХОЛМУРОДОВА, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №13 (9543), 29.03.2018
Чанде пеш филми бадеии “Паланг зинда аст” (Tiger Zinda Hai)-и киносозони Ҳиндро, ки ширкати филмсозии “Yash Raj Films” ба навор гирифтааст, тамошо кардам. Филм аз воқеаҳое қисса мекунад, ки дар сарзамини Ироқ рӯй додаанд. Мазмуни мухтасари он чунин аст: ҷангиёни гурӯҳи террористие дар сарзамини Ироқ ба автобусе, ки дар он ҳудуди 40 нафар ҳамшираҳои ҳиндиву покистонӣ буданд, ҳамла мекунанд ва ҳамаро асир мегиранд. Аз ин ҳодиса ҳукуматдорони Ҳинд бохабар шуда, барои наҷоти 25 ҳамшира - шаҳрвандони Ҳиндустон ҳарбиёни махсусро равон мекунанд. Қаҳрамони филм, ки роҳбари ин гурӯҳи хурди ҳарбиён аст, аввал бо далели бознишаста будану нигоҳубини оилааш барои иҷрои амалиёт розӣ намешавад, вале бо маслиҳати ҳамсараш, ки покистонисту дар артиши Покистон адои вазифа кардааст, розӣ мешаваду ба хоки Ироқ сафар мекунад. Сипас, ҳамсари ӯ аз ҳодиса пурра огоҳ шуда мефаҳмад, ки дар миёни асирон 15 ҳамшира – шаҳрвандони Покистон низ ҳастанд. Ва гурӯҳи хурдеро аз миёни ҳамхизматони собиқи хеш таъсис дода, ба Ироқ сафар мекунад. Онҳо дар задухӯрде миёни гурӯҳҳои террористӣ ва низомиёни ҳиндӣ бо ҳам вомехӯранд. Бо пофишориҳои зиёди ҳарду тараф аввал мехоҳанд, ки амалиёти ҷудогона гузаронанд, вале баъдан қаҳрамони марказӣ онҳоро бовар мекунонад, ки бо вуҷуди мухолифатҳои дурударози байнидавлатии Ҳиндустону
НИГАРОНӢ
“Паланг зинда аст” ё чанд андеша перомуни фаъолияти филмсозони кишвар Покистон, онҳо дар якҷоягӣ метавонанд алайҳи гурӯҳи террористӣ муваффақ шаванд. Ва ҳамин гуна як амалиёти муштарак доир сохта, гурӯҳи террористиро маҳв месозанд. Дар рафти амалиёт як афсари ҳиндутабор дар пешорӯи афсари покистонӣ ба ҳалокат мерасад ва аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми муваффақ шудан парчами Ҳиндустонро баланд бардорад. Дар охир вақте амалиёт ба анҷом мерасаду тамоми асиронро озод месозанд, он афсари покистонӣ байрақи Ҳиндустонро баланд мебардорад ва дар болои автобус насб мекунад. Дар навбати худ як сарбози ҳиндустонӣ низ парчами Покистонро дар бари он мегузорад. Ин лаҳзаҳо чунон таъсирбахш офарида шуда буданд, ки ашк дар чашмонам ҳалқа зад. Ва бехудона гиристам. Агар аз як ҷониб филм бо санъати волои филмсозӣ офарида шуда бошад, аз ҷониби дигар, дар он дӯстиву бародариеро, ки ҳеҷ гоҳ миёни ин ду давлати ҳамсоя пойдор нест, тарғиб менамуданд. Инчунин, роҳбарони баландпояи давлатҳо ҷонибдори амалиёти муштараки нерӯҳояшон набуданд, лекин хоҳиши зиёди наҷотгарон ҷиҳати анҷоми амалиёти якҷоя онҳоро музаффар гардонд. Тавре медонем, миёни Покистону Ҳиндустон аз соли 1947 инҷониб нофаҳмиҳову кашмакашиҳо идома доранд. На Покистон мехоҳад таслим шаваду на Ҳиндустон хостори аз даст додани нуфузи хеш аст. Хулоса, ҳар ду давлат нақшаҳои ба ҳам зид доранд ва пайваста пархошҳо дар миён аст. Аммо тавре намудор мегардад, дар аксари филмҳо эшон миёни ин ду давлат дӯстиву бародариро
тарғиб мекунанд. Ва то ҷое метавон гуфт, ки кино ҳамчун як ҷузъи фарҳанг дар хизмати халқи ин ду кишвар аст ва ормонҳои онҳоро ифода мекунад... Пӯшида нест, ки тӯли солҳои зиёд миёни мову ҳамсоякишварамон Ӯзбекистон робитаҳо сард буданд. Умуман, дар ҳеҷ соҳае робитаҳо ва муносибатҳои дӯстона пойдор набуд, ҳатто дар соҳаи фарҳанг ҳам. Ҳамин буд, ки аз ҷониби Ӯзбекистон қариб тамоми гузаргоҳҳои гумрукӣ баста буданду роҳҳои оҳан валангор гардида. Робитаҳо миёни ин ду халқи аз қарнҳои қарн дӯсту бародар беш аз 20 сол канда гардида буд. Дар ин радиф дар матбуоти даврӣ андакандак мақолаҳову нигоштаҳое рӯи чоп меомаданд ва назару андешаи шахсони зиёде нашр мегардид, вале санъаткорону филмофарон ва масъулони театру фарҳанг ҳамагӣ муҳри хомӯшӣ ба лаб зада буданд. Гӯё ин масъала барои онҳо умуман дахл надошт. Ҳеҷ нафаре аз аҳли фарҳангу ҳунар барои барқарор кардани робитаҳои ҳасана миёни ин ду халқи бародар кӯшиш намекарданд. Ҳатто филми кӯтоҳи чанддақиқагие ба навор наомад. Чунки тавассути ин амал ақалан муносибатҳои фарҳангии кишварамонро бо ҳамсояҳо метавонистем хуб нигаҳ дорем. Аммо... Муносибатҳо ҳамин гуна сарду тира боқӣ монданд, то лаҳзае, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон тасмимеро барои барқарор кардани робитаҳо рӯи кор гирифтанд. Ва дар муддати андак робитаҳо акнун ба таври хеле хуб, ҳатто беҳтар аз давраҳои аввал барқарор
шуданд. Аксари гузаргоҳҳои гумрукӣ навсозӣ шудаву роҳҳои оҳан барқарор гардид ва ташрифи чандрӯзаи Президенти Ӯзбекистон ба кишвари мо идомабахи ин дӯстиву ҳамгироист. Бепарвоии масъулини соҳаи кинои кишвар дар ҳолест, ки таъсири филмро мутахассисони соҳаи кино аз китобу расонаҳо бештар медонанд. Ба андешаи Абдурофеъ Рабизода, филмноманавис ва нависандаи тоҷик таъсири филм аз матбуоти давриву китоб бештар аст. Он аввалан вақтро сарфа менамояд ва баъдан шахс дар он то андозае ҳаёти реалиро мебинад. Ва хубии дигари филм дар он аст, ки аксаран марзҳоро убур мекунад ва дар ҷаҳони имрӯз имкон аст, ки бинандаҳои зиёди дохиливу хориҷиро фарогир бошад... Масъулини соҳаи кинои мо гӯё ин паҳлӯи муҳимро эҳсос намекунанд ё як амри ночиз меҳисобанд. Ҷои шубҳа нест, ки бо офаридани чунин филмҳо перомуни дӯстиву ҳамдилӣ ҳам метавонем миллатро ба ҷаҳониён шиносонем ва ҳам бародариро миёни ҳамсоякишварҳо тақвият бахшем. Зеро мо китобҳоро ё тарҷума намекунем ё теъдоди зиёде ҳам ба нашр намерасонем, ки хонандаи хориҷии худро пайдо кунаду ба ин васила халқи худро муаррифӣ кунем. Агар ба таърих жарфтар назар афканем, хизмати аҳли фарҳангу ҳунарро дар роҳи расидан ба ормонҳои мардум бисёртар хоҳем дид. Ҳамон “Бӯи ҷӯи Мӯлиён”-и устод Рӯдакӣ басанда хоҳад буд, ки ба дарки ин маънӣ бирасем. Вале фарҳангиёни мо дар ин росто мақоли “Даҳони пӯшида сад тилло”-ро ба кор мебаранд. Чунин ба назар мерасад, ки аҳли фарҳангу ҳунари мо
7 мустақилона ва бидуни супориш наметавонанд гом бардоранд. Ҳатман бояд дар хурдтарин кор супориши роҳбарони мақомоти баландпояро бигиранд. Дар ҳоле ки аҳли эҷод (филмсозон низ аз ҳамин қабиланд) бояд озод бошанд ва тавонанд мустақилона фикру эҷод кунанд. Муҳри хамӯшӣ бар лаб задану бар ҳар амале ҷомаи сиёсӣ пӯшондан низ аз рӯи инсоф нахоҳад буд. Чун муносиботи сиёсӣ беҳтар гардид, дар матбуоти даврӣ, телевизиону радио ва сомонаҳои интернетӣ аз ин ба хубӣ истиқбол карданд. Кор то ҷоест, ки ҳатто мухолифони Ҳукумати кишвар низ ошкору ниҳон ин иқдоми башардӯстонаи роҳбарони ду кишварро хуш пазируфтанду қоил ҳам шуданд. Аммо филмофарон ва аҳли кинои кишвар то ҳанӯз хомӯшанд ва гӯё ҳанӯз ҳам баҳри офаридани чунин як филм ният надоранд. Ин ба он далел аст, ки ҳанӯз ҳам перомуни таҳияи филмнома, асар ё ба истилоҳ сенарияе миёни адибону аҳли қалам озмунеро эълон надодаанд ё ба нақша ҳам нагирифтаанд. Шояд, ин корнома, ки дар таърих мисолаш нест, барои аҳли фарҳанги мо чандон аҳамияте надорад?! Дар замоне ки гумномтарин халқу кишварҳоро дар арсаи ҷаҳон маҳз бо филмҳояшон мешиносанд, ағлаби арзишҳои миллию фарҳангӣ маҳз ба воситаи филмҳо тарғиб мешаванд, кинои тоҷик низ бояд сари ин масъала тааммул кунад. Зеро агар кор ба ҳамин минвол ҷараён гирад, соҳаи кинои кишварро ҳамчун як ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ ва посдорандаву тарғибгари ормонҳои мардум зери суол мебарад. Ба назар чунин менамояд, ки масъулин то ҳол муҳимияти филмофариро дарк накардаанд ва ё барои эшон кино ҳамчун тарғибкунандаву муаррифгари фарҳанги кишвар номафҳуму нодаркор аст... Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №13 (9543), 29.03.2018
Наврӯз бо бозиҳои миллӣ зебост Бошукуҳтарин марҳилаи варзишии сол - Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ оғоз ёфт. Давраи фароғату истироҳат, шодию нишот, барқарорсозии солимии бадан, оммавияти варзиш, муаррифии бозиҳои мардуми тоҷик баҳри оламиён, эҳёи анъанаҳову варзиши гузаштагон дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” фаро расид.
Шоҳҷоизаи Ҷоми “Пойтахт -2018” -ро Саидҷалол гирифт 26 март дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе мусобиқаи кушод барои дарёфти Ҷоми “Пойтахт-2018” аз рӯи намуди гӯштини миллӣ баргузор гардид. Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ гузаронида шуд, ки дар он паҳлавонони номдори кишварамон иштирок намуданд. Пеш аз оғози мусобиқаи мазкур даври аввали марҳилаи якуми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид, ки иштирокчиён баҳри мухлисони зиёди ҷамъомада намудҳои варзиши миллӣ: гӯштингирӣ ё гӯштини миллии суннатӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнабардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200, 400 ва 800 метр), шоҳмот, бандкашӣ, хурӯсҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, биҷилбозӣ, камонварӣ, шамшерзанӣ, камолғӯлак, фалағмолпартоӣ, ҳойталак ва бандпаракро, ки хоси ҷашни Наврӯз мебошанд, намоиш доданд. Баъди Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ мусобиқаи гӯштини миллӣ барои ба даст овардани Ҷоми “Пойтахт-2018” дар сатҳи олӣ баргузор гардида, паҳлавонон дар шаш вазн (60, 70, 80, 90, 100, +100) миёни ҳам рақобат намуда, дар охир вазнҳои мутлақ (90, 100, +100) барои шоҳҷоизаи мусобиқа – автомашинаи тамғаи “Мерседес – Бенс” рақобат намуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар як пирӯзии паҳлавононро бо мукофоти пулӣ қадр намуд. Инчунин, барои паҳлавононе, ки дар шаш вазн мақомҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд, дар ҳаҷми 5500 сомонӣ (ҷои якум 3000, зинаи дуюм 1500, мақоми сеюм 1000) маблағ ҷудо намуда буд. Рақобатҳо барои Шоҳҷоиза миёни паҳлавонони ҷоизадори вазнҳои мутлақи мусобиқаи мазкур пуршиддат сурат гирифт. Махсусан рақобати ниманиҳоӣ миёни Саидҷалол Саидов ва паҳлавони ҷавону умедбахши кишвар Ҳоҷимашраб Раҳмонов хотирмон сипарӣ гардид. Дар сонияҳои охири рақобат бо бартарии як бадан Саидҷалол Саидов ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вохӯрии даври ниҳоиро низ Саидҷалол Саидов бо як бадан бар муқобили Абӯбакр Раҳмонов бо пирӯзӣ анҷом дода, соҳиби шоҳҷоиза шуд. Зинаҳои дуюму сеюм насиби бародарон Абӯбакр ва Ҳоҷимашраб Раҳмоновҳо гардида, мақоми дуюм бо маблағи 6000 ва мақоми сеюм 4000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд. Ҷоизадорони Ҷоми “Пойтахт – 2018” Вазни 60 кг: 1. Сорбон Латипов; 2. Хушқадам Хусравов; 3. Ҷомии Ҳасан. Вазни 70 кг: 1. Ориф Додов; 2. Наврӯзи Каримзод; 3. Муҳаммад Мирзоев. Вазни 80 кг: 1. Акмал Муродов; 2. Мирзоҷамил Рамазонов; 3. Фарҳод Раҳматуллоев.
Вазни 90 кг: 1. Ҳоҷимашраб Раҳмонов; 2. Олимов Зафар; 3. Хуршед Шарифов. Вазни 100 кг: 1. Саидҷалол Саидов; 2. Ҷумахон Назриев; 3. Довуд Соҳибназаров. Вазни +100 кг: 1. Абӯбакр Раҳмонов; 2. Додохон Қурбоналиев; 3. Одил Сафаров.
Мақсад: эҳё, рушд ва амалии бозиҳои миллии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг, расму оин ва анъанаву суннатҳои тоҷикона баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, ҳамзамон таҳкими тарзи ҳаёти солим, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни насли наврас роҳандозӣ мегардад. Вазифаҳо: 1.Муайян ва ҷамъоварӣ намудани маълумотномаи муфассал оид ба таърих ва тартиби баргузории Бозиҳои миллии варзишӣ вобаста ба минтақаҳо дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ (ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ); 2.Омода намудани дастурамали корӣ барои истифодаи масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш вобаста ба таърих ва тартиби намудҳои миллии варзишӣ; 3.Тасдиқи номгӯи бозиҳо барои ворид намудан ба Низомномаи бозиҳои миллии варзишӣ дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллии Фестивал; 4.Омода ва чопи маводҳои иттилоотӣ дар ВАО вобаста ба шиносоии мардум аз бозиҳои миллии варзишӣ, махсусан насли наврас ва ҷавонон ва таҳияи барномаҳои телевизионӣ аз ҷараёни эҳё ва тартиби баргузории онҳо; 5.Таҳияи нишон, суруди ягона, оҳанги мусиқӣ ва Ҷоми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ. Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, зери роҳбарии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузаронида мешавад. . Дар он наврасону ҷавонони аз 14 то 30-сола дар се марҳила: маҳаллӣ (қишлоқ, деҳа, ҷамоату
деҳот ва шаҳру ноҳияҳо), минтақавӣ (вилоятӣ) ва миллӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар остонаи таҷлили иди байналмилалии Наврӯз (марҳилаи якум), Ваҳдати миллӣ (марҳилаи дуюм) ва ҷашни Истиқлолияти давлатӣ (марҳилаи сеюм) иштирок карда метавонанд. Бозиҳо бинобар махсусияти минтақавӣ, расму оин ва анъанаву суннатҳо доштан аз рўи ду талабот баргузор мегарданд: 1. Бозиҳое, ки танҳо хоси як маҳал ё минтақа мебошанд, танҳо дар марҳилаи якум ва дуюм яъне маҳаллӣ ва минтақавӣ баргузор мешаванд; 2. Бозиҳое, ки характери миллӣ дошта, новобаста аз хусусиятҳои хоси мардум истифода ё иҷро мегарданд, дар сатҳи миллӣ ё ҷумҳуриявӣ ташкил ва баргузор мегарданд. Вақт ва рӯзҳои баргузорӣ: 1. Бозиҳои миллии варзишӣ дар сатҳи маҳал – аз 20 то 30 марти соли 2018; 2. Бозиҳои миллии варзишӣ дар сатҳи минтақавӣ – аз 20 то 30 июни соли 2018; 3.Бозиҳои миллии варзишӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ аз 7 то 10 сентябри соли 2018 Тибқи нақшаи Фестивали бозиҳо, ки бо таҳлили коршиносон ва пешниҳоди мутахассисони соҳа тартиб дода шудааст, иштирокчиён аз рӯи 2 намуди бозиҳо: намудҳои сабқат, рақобати даставӣ ва намудҳои бозиҳои намоишӣ, ки бо чунин тартиб тақсимбандӣ шудааст, дар Фестивал иштирок мекунанд.
Намудҳои миллии варзишие, ки аз рӯи онҳо мусобиқаҳои даставӣ баргузор карда мешаванд: Гӯштингирӣ ё гӯштини миллии суннатӣ; Чавгонбозӣ; Шиноварӣ; Вазнбардорӣ (сангбардорӣ); Дастхобонӣ; Пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200,400,800 метр) Шоҳмот; Бандкашӣ; Намудҳои миллии варзишие, ки ҳамчун намудҳои намоишӣ дар ҷараёни оғози Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ намоиш дода мешаванд: Хурусҷанг; Чиликдангал; Ланкабозӣ; Буҷулбозӣ; Камонварӣ; Шамшерзанӣ; Камолғулак; Фалағмолпартоӣ; Ҳойталак; Бандпарак. Баррасию баҳогузорӣ ва муайян намудани ғолибони бошукуҳтарин чорабинии сол - Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бар дӯши ҳайати Комиссияи салоҳиятдори тасдиқшудаи Кумитаи тадорукот буда, кори Комиссия ба таври ошкоро ва равшан сурат мегирад. Ба ҳар як иштирокчӣ барои ифоданок ва саҳеҳ иҷро намудани бозии миллӣ аз 1 то 5 хол дар ду самт, даставӣ ва шахсӣ баҳо дода мешавад. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъолро Ҷом, диплом, сипоснома ва туҳфаҳо интизор аст. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №13 (9543), 29.03.2018 Ҷашни Наврӯз, ки таърихи беш аз ҳафтҳазорсола дорад, ба худ бозиҳои миллиро ҳамчун ҳамтақдири хеш бо гузашти асру солҳо то замони мо ҳамчун тамаддуни халқи тоҷик оварда расонд. Бозиҳои миллӣ ва Наврӯз дар замони ҷангҳо, кишваркушоиҳо, пайдоиши динҳои ҳукмрон борҳо ба нокомиҳо, ноадолатиҳо, ба хорию коҳишҳо рӯ ба рӯ шуда, тағйири ном ва маънӣ кардаанд, аммо асли Наврӯз ва бозиҳои миллӣ дар таърих беному нишон намондаанд. Ҷашни Наврӯз ва бозиҳои миллӣ ба шаш қисмати таърихӣ ҷудо карда мешаванд: давраи аввал: рушди Наврӯз ва бозиҳои миллӣ пеш аз замони Ҷамшед; давраи дуюм: инкишофи он дар замони подшоҳии Ҷамшед ва сулолаи каёниён; давраи сеюм: дучори шикаст ва нокомиҳо шудан ҳангоми зуҳури дини зардуштӣ ва ҳукми он; давраи чорум: таваққуф ва пастравӣ бо зуҳури дини мубини Ислом ва давраи хилофатҳо; давраи панҷум: ҳамчун оини динӣ шинохтани Наврӯз ва бозиҳои миллӣ дар замони ҳукмронии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ; давраи шашум: Тоҷикистон макони Наврӯз -чун ҷашни байналмилалӣ эътироф гаштани Наврӯз . Агар ба таърихи Наврӯз назар афканем, тантанаи Наврӯз 4–5 ҳазор сол қабл аз ин дар Осиёи Марказӣ ва давлатҳои Машриқзамин ба миён омадааст. Наврӯз ин баробар шудани шабу рӯз ва оғози соли нав ба ҳисоб меравад. Аксари кулли мардумони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва соири кишварҳои Машриқзамин ҷашни Наврӯзро бо беқарорӣ интизор мешуданд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим инсоният ҷашни Наврӯзро бе сабқату тадбирҳои мардумӣ, мусобиқаҳои паҳлавонию човандозӣ, роҳнавардию пойга, аспдавонӣ, гурӯғлисароӣ, шатранҷбозию чавгони болои алаф ва дигар намудҳои дилтасхиркунанда тасаввур карда наметавонистанд. Аз рӯи анъанаҳои асотири қадима дар Наврӯз паҳлавони сари сол - ғолиби майдон муайян карда мешуд. Аз ҳамин сабаб дар ҷашни Наврӯз беҳтарин паҳлавонон аз кишварҳои ҳамҷавори бо мо дӯсту ҳамсояи Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Эрон ва соири кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дарёфти унвони ифтихории ғолиби якка ва тавонои сари сол ба Тоҷикистони ҳамешабаҳор ташриф меоварданд. Бо назардошти қавоиди тарзи сабқатҳои ҳамонвақта паҳлавонон аслан ба 3 гурӯҳ раддабандӣ мешуданд: паҳлавонони вазнҳои хурд; паҳлавонони вазнҳои миёна ва паҳлавонони вазнҳои вазнин (калон). Тибқи одоби майдондорӣ аз як ҷониб соҳибони майдон – ашхосе, ки таҷлилгари мусобиқоти ҷашнӣ махсуб мегарданд ва аз ҷониби дигар меҳмонон - паҳлавонони даъватшуда саф меоростанд. Теъдоди умумии паҳлавонон то 200–300 нафарро дар бар мегирифт. Дар нахустин дидорбиниҳо сабқати паҳлавонони вазнҳои хурд доир мегардид, рӯзи дигар маҳоратсанҷӣ миёни паҳлавонони вазнҳои миёна ва рӯзи анҷоми сабқат паҳлавонони вазнашон вазнин (калон) бо
ҳам қувваозмоӣ мекарданд. Қайд кардан зарур аст, ки кулли паҳлавонон: мизбонону меҳмонон тақрибан 20–25 рӯз қабл аз оғози мусобиқа, ҷиҳати ташриф дар сабқат даъват мешуданд. Онҳо дар асоси реҷаи муайянгардида бо хӯрок, манзил ва шароитҳои машқварзӣ таъмин карда мешуданд. Аз нуқтаи назари доктори илми таърих, профессор Анвар Бобоҷонов ҷашни Наврӯз ин тадбири оммавии варзишӣ ва чусту чолокӣ ба ҳисоб рафта, теъдоди хеле зиёди тамошобинонро ба худ ҷалб месохт. Махсусан, намудҳои нави мусобиқоти мардумӣ, аз қабили гӯштингирӣ, пиёдапойга, аспдавонӣ, тирандозӣ, бузкашӣ, шатранҷбозӣ чавгони болои алаф асоси мусобиқаҳои оммавиро ташкил медоданд. Нисбат ба дигар навъи мусобиқаҳо намуди давидан бештар дар байни аҳолӣ маълум ва
хонае, ки ягон хурсандию чорабинӣ ва тадбирҳои мардумӣ барпо мегардиданд, ҳиссаи (ҳаққи) подоши паҳлавонро албатта мефиристоданд. Зикр бояд кард, ки мӯҳлати баргузории чорабиниҳои варзишии Наврӯз аз 3 рӯз то 2 ҳафта давом мекард. Аз рӯи анъанаи асотирии санъати волои мардумӣ одамони сарватманди деҳа ва ё маҳалла қабл аз баргузории ҷашни Наврӯз бо ҳам омада, роҷеъ ба таъсиси тӯҳфаҳои молию пулӣ барои ғолибон маслиҳат ба амал меоварданд. Тӯҳфаҳо барои ғолибони тадбири ҷашнӣ аз уштур, асп, барзагов, гӯсфанд, буз иборат буданд ва дар баъзе ҳолатҳо соҳибмаърака хоҳарон ва ё духтарони ба балоғат расидаи арӯсиро низ чун подоши заҳмати аз ҳама паҳлавони нерӯманд пешниҳод мекарданд. Аз рӯи анъана шахсеро ба сифати «ҷорчӣ» та-
9 болои асп, дар сари дав камонкашӣ аз ғулак баргузор мешуд. Дар шаҳри бостонии Самарқанд ин ҷашни миллӣ то ҳафт шабонарӯз давом мекард. Тавре ки аз тазкираи таърихшиноси Чин Вен Қзе дар бораи ҷашни “Наврӯз»–и халқҳои Самарқанд ёдоварӣ мешавад, рӯзи аввали моҳи шаш дар онҳо рӯзи аввали сол ҳисобида мешуд. Дар ин рӯз шоҳ ва дигар мардумон либосҳои нав ба бар карда, мӯйи сару ришҳояшонро ба тартиб дароварда, дар назди яке аз ҷангалҳои зеботарин аз болои асп 7 рӯз аз камонғулак тиркашӣ мекарданд. Рӯзи 7–ум тангаи тиллоиро дар болои қоғаз часпонида ба ҳадаф мегузоштанд. Мергане, ки пайконро бехато ба тангаи тиллоӣ мерасонд, аз рӯи таъомул ва қоидаи асотирии бозиҳои мардумӣ як рӯзи тамом ба худ ҳукми шоҳӣ мегирифт. Тамоми амру фармоиш ва супоришҳои
Наврӯз ҷашни паҳлавонию ҷавонмардӣ
маъмул буд. Мардум аз қадимулайём ба бозиҳои қадимаи мардумӣ, қиссагӯиҳо, ба мисли лаклакбозӣ, аспсаворӣ, хирсбозӣ, ҷайрабозӣ фасонагӯӣ, гурӯғлисароӣ, нақлу қисса, ривоятҳои аҷоиб доир ба хусусиятҳои родмардони асил ва паҳлавониҳои Рустаму Сӯҳроб, Исфандиёр ва Сиёвуш оммаи васеи сомеъон ва тамошобинонро ҷамъ меоварданд. Агар мо барпо намудани тадбиру чорабиниҳои Наврӯзро ба бозиҳои қадимаи олимпӣ қиёс намоем, пас он аз ҷиҳати теъдоди иштирокчиён ва ҳатто дар навъ ва намудҳои варзишӣ, як монандие дорад. Тавре ки ғолибони Бозиҳои олимпии қадим дар байни давлатҳои иштироккунанда ва ҳамсояҳо эътироф мегарданд, ғолибони чорабиниҳои ҷашни Наврӯз ҳам ба мисли онҳо бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ ва байни дигар давлатҳои иштироккунанда маъруф ва шинохта дониста мешуданд. Аз қадим инсоният ба паҳлавонон, хосса мардуми варзишкор, муносибати ҳайрхоҳона дошта, онҳоро чун як навъ пешво, роҳнамо ва азизи халқи худ эҳтиром менамуд. Байни мардум одатҳои аҷоибе эҳсос мегардид, ки агар паҳлавони таҳамтане меҳмони ин ё он манзилу макон мешуд, ба хотири дидори ӯ ва ҳунари волои азалиаш як сар чорворо қурбон карда, беҳтарин ашхоси аҳли назар, одамони рӯзгордида, пирони барнодили нуқтасанҷро дар як радиф бо ҳамсояҳо даъват карда, он маърака боиси ифтихори соҳиби манзил мегардид. Дар деҳкадаву маҳаллаҳое, ки паҳлавонон ба сар мебурданд, дар кадом
ъин намуда, як ҳафта қабл аз ифтитоҳи чорабинии ҷашни Наврӯз дар бозор, масҷиду ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам мардумро барои иштирок дар ин тадбири авлодӣ даъват мекарданд. Бо ҳамин васила аз тамоми қаламрави шаҳру ноҳияҳо беҳтарин паҳлавонон, човандозон, аспдавонон, ғижжакнавозон, дуторчиён, масхарабозон, дойрабадастон, фалаксароён ва гурӯғлигӯён бо ҳам меомаданд. Ҳар кадоми мухлисони созу наво ва паҳлавононии суннатӣ бо худ дар қафасҳо бо кабкони дарӣ бару паҳнои тамошоҷойро ба базмгоҳи Наврӯзӣ зебу оро мебахшиданд. То айёми саршавии мусобиқаҳо духтарони қадрасу кабкхиром худро бо пероҳани миллӣ зебу оро бахшида, муйҳои парпечу кокулони то ба зону ҳамоилро бо гулҳои тозаи арӯси нозанини сол––фасли баҳор гулкорӣ карда, аз гӯшаҳои майдонҷои паҳлавонон гашту гузор менамуданд. Пирони намозгузор ба зиёрати мазорҳо, мадфангоҳҳо мерафтанд. Ҷиҳати ёдбуди гузаштагон аз оёти Қуръони маҷид каломе суфта, гусфанд ё буз кушта, мардумро муроот медоданд. Аз ҳама муҳимаш ҳамин буд, ки паҳлавонон аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб канораҷӯӣ мекарданд. Дар оғози ҷашни Наврӯз рӯзи нахуст шуғли мардумии бузкашӣ бо тамоми рукну салосат ва санъати волои мардумӣ фораму хотирмон сипарӣ мегардид. Рӯзҳои дуюму сеюм машғулиятҳои аспдавонӣ, пиёдапойга, рӯзҳои чаҳорум ва панҷум сабқати суннатии гӯштингирӣ, рӯзҳои шашуму ҳафтум камонкашӣ аз ғулак ба таври росто, аз ҷой истода ва баъд аз
шоҳи якрӯза бе чуну чаро иҷро карда мешуданд. Дар байни мардум шоҳи якрӯза эҳтироми хосса пайдо мекард. Шоҳи аслӣ бошад, ба супоришҳои ғолиби маърака, яъне шоҳи якрӯза, диққати ҷиддӣ дода, аз мушкилиҳои ба сари халқи худ замгардида бохабар мегашт . Ҷашни Наврӯз асоси рушди бозиҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Ин ҷо бояд хотирнишон намуд, ки имрӯз махсусан дар тӯли 26 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон қадру манзалати варзишгарони маҳораташон хеле баланд нисбати солҳои зимомдории давлати абарқудрати Шӯравӣ даҳчанд боло рафтааст. Агар солиёни пешин пирӯзии як нафар паҳлавони пилтанро бо як ҷуфт калуш ва ё як ҷома қадршиносӣ менамуданд, пас ҳоло барои ғолибияти маъракаҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон то се, ё чор мошини гаронарзиш таъсис дода шудааст. Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷашни байналмилалӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамаҷониба ба расмият пазируфта шуд. Акнун ҷашни Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21–уми март шурӯъ гардида, расо 45 рӯз давом мекунад. Яъне як соли тӯлонӣ паҳлавонони ҳузарб ва майдондида барои истиқболи ин ҷашни фархунда ва ҷаҳонии Наврӯз омодагӣ мегиранд. Роҳбари хирадманди мо барои поси суннатҳои аҷдодиамон, ки асоси ҳама намуди варзишҳои ҷаҳониро ташкил медиҳанд, ба ҷашни Наврӯз қабои ҷаҳонӣ пӯшонида, бо ҳамин васила он ҳама санъати ба худ хоси миллии тоҷик–Наврӯзи навбаҳоронро пешкаши оламиён намуд. Шодӣ САФАРОВ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзобоқӣ ШАРИПОВ, ёвари ректори ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавлон ШАРИФОВ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
10
РАНГОРАНГ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №13 (9543), 29.03.2018
Густариши муносибатҳои иқтисодӣ Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ хостори муносибати дӯстона гардид, дар баробари дигар соҳот муносибатҳои иқтисодии ду кишвар ба тадриҷ боло рафта истодааст. Дар ин муддат гурӯҳи тоҷирону соҳибкорони фарғонагӣ ба вилояти Суғд сафар намуда, бо фаъолияти чандин корхонаву пешравиҳои ин вилоят ошно гардиданд. Сутуданист, ки бо хуб шудани муносибатҳои иқтисодӣ акнун дар бозорҳои Қаршию Бухоро себи Ғармро хоҳем диду дар ошхонаи тоҷикистонӣ гази Газлии Зарафшон хоҳад сӯхт. Дар як муддати кӯтоҳ баргузор гаштани ҳамоишҳои иқтисодиву саноатӣ барои ин ду кишвар аз суботи ояндаи иқтисодӣ дарак медиҳад. Проблемаҳои НОБ-ҳо, корхонаи арзиз (қалъагӣ) ва масъалаи таранзитии роҳҳо ҳалли худро бомаром ёфта истодаанд. Роҳҳои оҳани аз нигоҳи стратегӣ муҳим аз нав барқарор мегарданд. Бо аввалин ташаббусҳои роҳбарони воломақоми ин кишварҳо гузаргоҳи Саразм Ҷартеппа аз нав кушода шуд ва умедҳои фаношудаи ду халқи ҳамсояву хешу дӯст аз нав зинда гашта истодаанд. Пайдо шудани маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва ҳолати баръакси он - ин шодиву хурсандии тамоми сокинони ин ду кишвар аст. Як соли охир ба назар расидани автобусҳои истеҳсоли Ӯзбекистон дар Душанбешаҳр нишони эҳтирому дӯстии халқи тоҷик бо халқи ӯзбек аст. Пайваст гаштани хатҳои интиқоли барқи миёни ин ду кишвар манфиати ҳарду ҷониб мебошад. Хатҳои интиқоли лӯлаҳои гази Ӯзбекистон низ дар пайи аз нав эҳё шудан қарор доранд. Хатсайрҳои фаъоли ҳавоии ин кишвари ҳамсоя акнун як чизи муқаррарӣ гаштаанд. Даҳҳо гузаргоҳҳои дигари наздисарҳадӣ дар ояндаҳои наздик кушода мешаванд ва равуои шаҳрвандони ҳарду кишвар содаву осон мегардад. Аллакай аз навоҳиву минтақаҳои ҳаммарз хабарҳо мерасанд, ки нархи маҳсулоти ғизоии аввалия барои ҳарду кишвар муносибу арзон шуда истодааст. Ба имзо расидани 27 созишномаи нави ҳамкорӣ танҳо дар як сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон далели гуфтаҳои болост. Таҳлили табодули савдои дуҷониба нишон медиҳад, ки ду кишвари ҳамсоя барои ҳамкории муфид иқтидори кофии дорои имкониятҳои фарохи истифоданашуда мебошанд. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дорои фазои бузурги фарҳангӣ – гуманитарӣ, сарҳади умумӣ ва робитаҳои инкишофёфта буда, метавонанд рафтуомади озоди аҳолӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳоро фароҳам оранду барои инкишофи таъсирбахши соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҳарду давлат мусоидат намоянд ва иқтидори транзитии якдигарро барои баромадан ба дигар бозорҳо истифода баранд. Дар сурати сиёсати муваффақу дӯстонаи роҳбарони ин ду кишвар авзои иқтисодӣ барои тоҷикону ӯзбекҳо дар наздиктарин фурсатҳо тағйир хоҳад ёфт. Хуршед ДАВЛАТОВ, декани факултети иқтисоди молия ва андозбандии ДМИТ
Гулдӯзӣ ва истифодаи он дар Хатлонзамин Фарҳанги либосдории тоҷикон аз нигоҳи олимони таърихшинос, махсусияти худро дорад. Мо имрӯз куртаҳои занонаи замонавиро мебинем, ки занони тоҷик онро бо диди худ оро дода, гулдӯзӣ кардаву ба бар менамоянд. Чакан ҳамчун навъи кашидадӯзӣ дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб маъмул аст. Болои шоҳии сафед, сурх, зард, сабз, сатини сурх, сабз ва сафед бо риштаҳои муякии рангин гӯлдӯзӣ мекунанд. Ҳунари кашидадӯзӣ ниҳоят қадима аст. Замонҳои қадим барои чакандӯзӣ карбосро истифода мебурданд. Солҳои 80-уми асри ХХ дар ноҳияи Фархор қабри духтарчаи 6-7 сола ёфт шуд, ки камзӯлчаи беостини карбосӣ дошта, дар тахтапушташ бо симҳои нуқрагин дарахти ҳаёт ва дар шохаҳои дарахт ду бул-бул гӯлдӯзӣ шуда буд. Ҷуғрофидони асри Х Муқаддасӣ дар бораи Хатлон навиштааст, ки “Аз Хатлонзамин гӯлдӯзиҳои беҳтарин, зарбофтҳои зебо ба бозори ҷаҳонӣ мебаранд”. Ин шаҳодати он аст, ки дар замони Сомониён дар Хатлонзамин марказҳои чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва гулдӯзӣ амал мекарданд. Нақшҳои чакан мавзӯъҳои алоҳидаро дар бар мегирифт. Нақши себарга дар чакандӯзӣ мавқеи асосиро ишғол мекунад ва инчунин нақши шерози поҷома ва остинро ороиш медиҳад. Истифодаи рангу бор дар ҳунари чакандӯзӣ ба табиати макони зисти ҳунармандон вобаста аст. Чакандӯз кӯшиш менамояд, ки ба воситаи риштаҳои рангоранг тароват ва зебоии маҳалли худро рӯи матоъ орад. Одатан дар ноҳияҳои кӯҳсори Кӯлоб курта, болишт, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯш, чойхалта, руймоли мардона ва ғайра чакандӯзӣ карда мешавад. Ҳар нақши болои матоъ ном дорад, чунончи косагул, барги бед, бодом, каҷак, лола, думи товус, моҳу ситора, паи гунҷишк, коса ва ғайра. Занону духтарони Хатлон аз пилла ё пахта ришта тайёр намуда, онро бо рангҳои ҳархела ранг карда, аз ин риштаҳои ранга куртаи чакан, тоқии мардона, даврӣ, рӯймолҳои миёни мардона, руйҷо, зардеворӣ, болишт, пардаи тиреза медӯхтанд. Духтароне, ки арӯс мешуданд, бе ин гуна сӯзанию гулдӯзӣ ё куртаҳои чакан тӯйи худро тасаввур намекарданд. Либосҳои мил-
лии мардонаи Хатлонзамин, яъне ҷома, салла, миёнбанд, куртаҳои духти мардонаро ҳоло ҳам мардон ба бар мекунанд. Мардони тоҷик ҳамеша дар ҳама либосҳои худ миёнбандро истифода мекарданд. Ҳунари гулдӯзии тоҷикони кӯҳсор аз гулдӯзии водинишинон бо хосиятҳои хоси худ фарқ мекунад. Вақте ки шумо ба ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон сафар кардед, беихтиёр ҳукмрон будани як рӯҳияи ҷашнворамонандро дар кӯчаҳои деҳот ҳис хоҳед кард. Ин гуна эҳсосот аз дидани сару либоси рангину гулдӯзишудаи занону бачагон ва мардон ба кас пайдо мешавад. Пироҳанҳои занонаи гуногундӯхти миллӣ ва гулдӯзии зебо худ бинандаро ба ҳайрат меоваранд. Пироҳанҳои маҳалҳои кӯҳистон дароз буда, бурриши озоду соддае доранд. Пероҳанҳое ҳастанд, ки гулдӯзиашон дар атрофи гиребон ҷой гирифта, то миён мерасад. Навъи дигари гулдӯзии курта доман ва остин мебошад. Остинҳои васеъдӯхт ҳатман гулдӯзӣ мешаванд, ки бо гулдӯзии бақияи пироҳан омехтаи ягонаи ҳунариро ба вуҷуд меоваранд. Ороиши пероҳанҳои гулдӯзӣ бо гулдӯзии сӯзанӣ, борпуш ва рӯйҷо умумияти зиёде дорад. Гулдӯзии пурҷило бо шукӯҳу мукаммали бадеии худ ҳайратовар аст. Баъзан кас бовараш намеояд, ки чӣ гуна дӯзанда дар як пероҳан ин қадар рангу бори зиёду шаклҳои наққоширо ҷой медиҳад. Дар Кӯлоб ва атрофи он косагулҳои майда, бештар навъи гирдбод маъмул буда, шерозаи доман аксар вуҷуд надорад. Дар Қаротегину Дарвоз баръакс, доман шерозаи васеи зебо дошта, ба гулдӯзии қисми пеши пероҳан васл мегардад. Баъзеи онҳо аз айёми бостон то ба имрӯз
расидаанд. Пероҳанро бештар аз сатини зард, ҷигариранг, сурх ва карбоси сафеди зардчатоб медӯзанд. Тарзи маъмултарини гулдӯзии пероҳан як навъи босмадӯзӣ аст, ки дар тамоми гӯшаву канори Осиёи Миёна машҳур мебошад. Гулдӯзиҳои ороиширо асосан барои ҷашнҳои калони оилавӣ, махсусан барои тӯйҳо, ки дар ҳаёти халқ мақоми хосе доранд, тайёр менамоянд. Гулдӯзӣ ҳатман ба маҳри арӯсу домод дохил мешавад. Бинобар ин ҳар як зани тоҷик ҳанӯз аз айёми кӯдакии фарзандаш барои ӯ тайёрӣ мебинад. Муддатҳои пеш аз тӯй дар хонаи арӯсу домод ташвиши зиёд авҷ мегирад. Модар ва модаркалон гулдӯзиҳои қадимиро аз сандуқҳои худ, берун меоранд ва албатта ин дам шаби арусиаш низ ба хотир меояд, ки он вақт ин ашё ба деворҳо овехта шуда буданд. Албатта, онҳо мехоҳанд, ки барои писар ё духтарашон ашёи наве дӯхта шавад. Дар вақти ин буру дӯз худи арусшаванда ҳам ширкат меварзад. Бинобар ин духтаронро ба кори гулдӯзӣ аз синни 10-12 солагӣ ҷалб менамоянд. Дар замони гузашта дӯзандагӣ қариб машғулияти ягонаи занон буд ва омӯхтани ин ҳунар барои духтарон ҳатмӣ ба ҳисоб мерафт. Дар замони ҳозира аз ин қоида аксаран (махсусан дар шаҳрҳо) сарфи назар карда мешавад. Ҳарчанд гулдӯзӣ аз рӯи нусхаи тайёр духта шавад ҳам, ҳар як дӯзанда бо тарзи иҷрои амал ва рангу бори истифодакардаи худ ба он чизи тозае илова мекунад. Бинобар ин, ин гуна гулдӯзиҳо хеле ҳаётӣ ба назар расида, гӯё аз қиссаҳои зиёди шавқангез ҷамъоварӣ шудаанд. Муниса ДОДОВА, “ҶТ”
ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №13 (9543), 29.03.2018 Барои шинохти ҳар миллат ва давлат дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ ҳунарҳои мардумӣ хеле муҳим ва зарурӣ мебошанд. Имрӯзҳо дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷиҳати таҳким бахшидани ҳунарҳои мардумӣ, ки ҷузъи муҳим ва аҳамиятноки фарҳанги миллӣ дониста мешавад, корҳои назаррасе анҷом дода мешаванд. Чунончи, аз рӯзҳои аввали “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018 силсилачорабиниҳои фарҳангӣ ва эҳёкунандаи ҳунарҳои миллӣ ташкил шуданд. Аз ҷумла бо ташаббуси мақомоти шаҳр 30 январи соли ҷорӣ дар боғи фарҳангӣфароғатии шаҳр ба номи устод Садриддин Айнӣ чорабинии ҷашни “Сада” бо фарогирии зиёда аз ҳазор нафар сокинони шаҳр ва ҷавонони касбу кори гуногун доир гардида, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ярмаркаи фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, инчунин, намоиши ҳунарҳои гуногуни дастӣ, ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифта, иштирокчиёни чорабинӣ маҳсули дасти ҳунармандони шаҳрро тамошо намуданд. Ҳунармандон бо намоиш додани маҳсули ҳунари дастии хеш исбот намуданд, ки миллати тоҷик миёни дигар халқҳои ҷаҳон бо ҳунару фарҳанги пурғановаташ ҷойгоҳи махсус дорад. Имрӯз дар шаҳри Бӯстон ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ, муҳрабофӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ, рассомӣ ва кандакорӣ идома дода мешаванд. Мунаввар Ҳусейнова яке аз ҳунармандони адрасбоф мебошад, ки то имрӯз дар самти адрасбофӣ фаъолияти босамар намуда, дар рушди ин навъи ҳунар саҳми арзанда гузоштааст. Тоҷибахт Шакархоҷаева бошад, дар ҳунари бофандагӣ аз ҳунармандони шинохта дар шаҳри Бӯстон аст. Ӯ то ин дам дар риштаи бофандагӣ кор карда, бо маҳсули
11
БӮСТОН: Таваҷҷуҳи бештар ба ҳунармандон дасти хеш дар чорабиниҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ иштирок намудааст. Бояд зикр намуд, ки яке аз роҳҳои тарғиб ва таҳкиму инкишоф ёфтани ҳунарҳои бадеӣхалқӣ ташкили чорабиниҳои гуногун мебошад. Дар шаҳри Бӯстон бо дарки ин нукта давоми се моҳи соли ҷорӣ намоишҳои зиёде доир гардидаанд. Аз ҷумла 24 феврали соли 2018 аз тарафи шуъбаву бахшҳои мақомоти шаҳр дар саҳни Мактаби президентии шаҳри Бӯстон намоиши калони ҳунарҳои миллӣ-мардумии корхонаву муассисаҳои шаҳр баргузор гардида, дар чорабинии мазкур бо истифода аз усулҳои гуногун нозукиҳои ҳунарҳои таърихиву анъанавии тамоми сокинони шаҳр, ки намояндагони тамоми маҳалҳои ҷумҳурӣ мебошанд, ба намоиш гузошта шуданд. Дар байни занон ва ҷавондухтарон сӯзанидӯзҳо, бофандаҳо, муҳрабофҳо, ҷӯроббофҳо, атласу адрасбофҳо, қолинбофҳо, пазандаҳои таомҳои миллӣ, қаннодҳо, рассомҳо, навозандаҳои асбобҳои мусиқии халқӣ, сарояндаҳои сурудҳои халқӣ ва дар байни мардон ва ҷавонписарон дуредгарон, кафшдӯзҳо, кандакорон, заргарҳо ва рассомон ҳунарҳои дастии худро муаррифӣ намуда, ба маърази тамошо гузоштанд. Инчунин, 7 марти соли ҷорӣ тибқи нақша-чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон дар ҳамбастагӣ бо дигар шуъбаву бахшҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи модар дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги шаҳр дастовардҳои ҳунарҳои мардумии ҷавонони шаҳр ба намоиш гузошта шуда, дар он рангорангии фарҳанги миллати
куҳанбунёди тоҷик дар маҳсули дасти ҳунармандон баръало намоён гардида, тамошобинон ба ҳунари волои ҳунармандон аҳсану офарин хонданд. Ба таъкиди масъулин гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣфароғатӣ ва намоишҳои гуногуни ҳунарҳои халқӣ яке аз роҳҳои аз нав зинда намудани ҳунарҳои мардумӣ буда, инчунин, имконияти хуби муаррифӣ намудани он миёни аҳолӣ мебошад. Махсусан дар паи баргузор намудани чунин чорабиниҳо ҳисси ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон зиёд гардида, таваҷҷуҳи эшон ҷиҳати аз бар намудани ҳунарҳои миллӣ меафзояд. Бо мақсади тарбия намудани хонандагон ва наврасон дар руҳияи ватандӯстиву зебоипарастӣ ва барои баланд бардоштани сифати дониши хонандагон ва наврасон ва омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ ба онҳо дар шаҳри Бӯстон Маркази таҳсилоти иловагии шуъбаи маорифи шаҳр фаъолият дорад, ки дар он 14 маҳфил - “Забонро биомӯз”, “Табиатдӯстон”, “Дӯзандагӣ”, “Сӯзанидӯзӣ”, “Бофандагӣ”, “Русское слово”, “Қолинбофӣ” “Адрасбофӣ”, “Табиатдӯстон”, “Шоҳмот” ва “Рассомӣ” амал менамояд. То имрӯз чандин нафар наврасону ҷавонон дар онҳо иштирок намуда, соҳиби ҳунарҳои гуногун шудаанд. Бо ташаббуси бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Бӯстон сокинон ва ҷавонони шаҳр аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагӣ, заргарӣ ва адрасу атласбофӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуда, соли 2017 130 нафар курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзиро хатм намудаанд, ки аз ин шумор 48-нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз аввали соли 2018
бошад, 31 нафар аз намудҳои гуногуни ҳунарҳои миллӣ ва мардумӣ соҳибкасб гардидаанд, ки аз ин шумор 15 нафарашон ҳунари дӯзандагиро аз бар намуда, имрӯз ҳар яке дар алоҳидагӣ ба истеҳсол машғуланд. Дар умум, масъулину ҳунармандони шаҳри Бӯстон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди эълон намудани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин,
Донистани забонҳо танҳо ба манфиати ҳар шахс аст
Яке аз самтҳои фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дар асоси созишномаҳои дуҷониба, ба кишварҳои хориҷа, барои таҳсил фиристодани ҷавонони тоҷик аст. Афзалшо Шукуров аз ҷумлаи нафаронест, ки дар асоси чунин созишнома пас аз таҳсили дусола дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, барои идомаи донишандӯзӣ ба Ҷумҳурии Белорус фиристода шуд. Айни замон ӯ дар Академияи давлатии авиатсияи ин кишвар таҳсил дорад. Зимни суҳбат ӯ ба якчанд суоли мо посух гуфт. - Албатта, дар академия баробари шумо
донишҷӯён аз дигар кишварҳо низ таҳсил мекунанд. Муошират байнатон бо кадом забон сурат мегирад ва бартарият бештар ба кадом забон дода мешавад? - Бале, дар ин ҷо қатори ман аз Туркманистон, Озарбойҷон, Венесуэла ва дигар давлатҳо донишҷӯёни зиёд таҳсил доранд. Муошират байнамон асосан бо забони русӣ сурат мегирад. Дар ибтидо шахсан худам ҳангоми муошират каме душворӣ мекашидам. Пас ҷиддан ба омӯзиши забони русӣ машғул шудам. Акнун бе душворӣ бо дигар ҳамсабақон гуфтугӯ мекунам. Ба он ҷавонони тоҷик, ки мехоҳанд дар хориҷи кишвар таҳсилро идома диҳанд, маслиҳати ман чунин аст, ки ҳарчи бештар забонҳоро омӯхта, забондон шаванд. Бахусус, забони русиро, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ муошират маҳз бо ин забон сурат мегирад. Умуман донистани забонҳо танҳо ба манфиати ҳар шахс аст. Кас дар мулки бегона бо атрофиён муошират намуда, душворӣ нахоҳад кашид.
- Дӯстӣ миёни донишҷӯён чӣ тавр ифода меёбад? - Муомила ва муносибат байнамон хеле хуб аст. Вақтҳои фароғат аз урфу одат, рӯзгори мардумҳои кишварҳои якдигар пурсон шуда, бо ин васила ҷаҳонбинии худро васеъ месозем. Ҳамчунин дар ташкил ва гузарондани чорабиниҳои гуногун якҷоя ширкат меварзем. Чанде пеш дар чорабинӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз тамоми донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд. Онҳо фаҳмиданд, ки Наврӯз ҷашни мардуми форсзабон буда, таърихи қадима дорад. Дар чорабинӣ нахуст аз анъанахои миллии рӯбучини хонаҳо дар арафаи Наврӯз, пухтани таомҳои миллии тоҷикӣ сурат гирифт. Баъдан хондани сурудҳои наврӯзӣ, фалак, рақсҳои гуногун ва ғайра идома ёфт, ки ба донишҷӯёни кишварҳои дигар таассуроти зиёд бахшид. - Донишҷӯёни кишварҳои дигар дар бораи Тоҷикистону тоҷикон чӣ гуна тасаввурот доранд?
дар эҳё ва таҳкиму рушд бахшидани ҳунарҳои миллии мардумӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ин самт ташкил ва баргузории силсилачорабиниҳо, гузаронидани суҳбат байни ҷавонони бекор оиди ҷалби онҳо ба курсҳои ройгони омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили атласу адрасбофӣ, дӯзандагӣ ва дуредгариро дар давоми соли ҷорӣ ба нақша гирифта, дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми худро хоҳанд гузошт. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
- Тавассути васоити ахбори омма, бахусус интернет дар бораи Тоҷикистон то андозае тасаввурот ва маълумот доранд Онҳо Тоҷикистонро чун кишвари офтобрӯя ва мардуми онро чун мардуми меҳмоннавоз медонанд. Бештар аз ҷойҳои таърихӣ ва чашмаҳои шифобахши кишварамон огоҳанд. Чунончи, дар бораи қалъаҳои Ҳисор, Ҳулбук, осоишгоҳҳои Гармчашма, Хоҷа оби гарм, Чилучорчашма ва ғайра маълумоти муфассал доранд. - Оё донишҷӯён тайёранд ба зодгоҳи ҳамкурсон барои меҳмонӣ сафар кунанд? - Ман ба ҳамкурсонам дар бораи зодгоҳам ҳамеша нақлҳои шавқовар мекунам. Тавассути гуфтаҳоям ва маводҳои хондаашон, аллакай дар бораи Тоҷикистон ва мардуми он таассуроти хуб доранд. Аз ин хотир, гоҳо дар рафти суҳбатҳо вақте онҳоро ба Тоҷикистон ба меҳмонӣ таклиф мекунам, бе дудилагӣ мепазиранд. Дар оянда нақша дорам, ки донишгоҳро хатм намуда, таҳсилро дар бахши магистратура идома диҳам ва чун мутахассиси соҳибмаълумот ба зодгоҳ баргашта, баҳри пешрафти диёри азизи худ саҳмгузор бошам. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
12 Манораи Эйфел аз беҳтарин ва маъмултарин намунаҳои санъати меъморӣ дар Париж буда, дар ҷаҳон ҳамчун рамзи Фаронса эътироф гардидааст. Он ба шарафи нахустин тарҳкашу бунёдгузораш Густав Эйфел номгузорӣ шуда, макони дӯстдоштаи сайёҳон мебошад. Худи Эйфел онро манораи 300-метра номида буд. МАНОРАИ ЭЙФЕЛ – РАМЗИ ФАРОНСА Дар як сол то 7 миллион сайёҳ, баъзан то 30 000 нафар дар як рӯз ба тамошои манораи Эйфел меоянд. Соли 2006 зиёда аз 6 миллиону 719 ҳазору 200 нафар одамон аз ин манора дидан намуданд. Дар тамоми таърихи мавҷудияти он бошад, ба ин мавзеъ зиёда аз 250 миллион нафар ташриф овардаанд, ки ин далел ин мавзеъро ба яке аз мавзеъҳои тамошобобу диданитарини олам табдил додааст. Манораи Эйфел дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии соли 1889 муваққатан ба ҳайси даромадгоҳи асосӣ истифода карда шуд. Баъди 20 соли баргузории ин намоишгоҳ тасмим гирифта шуд, ки манораро вайрон мекунанд, вале антеннаҳои радиоии дар қуллаи он насбгардида ба ин монеъ шуданд. МАНОРАИ БАЛАНДТАРИН Баландии манораи Эйфел 324 метрро ташкил медиҳад.
МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №13 (9543), 29.03.2018
Дар давоми зиёда аз 40 сол манораи Эйфел иншооти баландтарини дунё ба шумор мерафт. Он аз иморатҳои баландтарини дунё - аҳромҳои Хеопс, (137 м), калисои ҷомеи Кёлнский (156 м) ва калисои Улмский (161 м) қариб 2 маротиба баландтар буд. То замоне ки соли 1930
намуданд. Соли 1983 ин борбардорҳо, ки дар фасли зимистон кор намекарданд, ба лифти барқӣ иваз карда шуд. Дар рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ ягон воқеаи нохуш рӯй надода буд, ки дар он замон ин падидаи хубу фараҳбахш буд. Корҳо оҳиста, вале муттасил
тифодашуда 7 300 тонна (вазни умумӣ 10 000 тонна)-ро ташкил дод. Имрӯз аз ин миқдор металл се адад чунин манора сохтан мумкин аст. Пойдевор аз бетон сохта шуда, ҷунбиши манора ҳангоми боду бӯронҳо аз 15 см. зиёд нест. Ошёнаи поёнии манора шак-
пайваст карда шудаанд, иборат мебошад. Манора, ки ҳамарӯза одамони хеле зиёд ба он ташриф меоранд, бояд ҳамеша тозаву озода бошад. Ин аст, ки ҳамасола барои тоза кардани он садҳо литр маводҳои шустушӯӣ ва тақрибан 25 000 халтаҳо барои партов ис-
Крейслер Билдинг дар Ню-Йорк бунёд гардид.
пеш мерафт. Оқибат 31 марти соли 1889, баъди тақрибан 26 моҳи кофтани нахустин чоҳбунҳо, Эйфел якчанд ҷавонони ҷисман обутобёфтаро тавассути 1792 зинаҳо ба болои манора раҳнамун сохт.
ли аҳромро дорад ва аз 4 сутуне иборат мебошад, ки дар баландии 57,63 метр бо гунбазҳои равоқдор ба ҳам пайваст мешаванд. Манора дорои зиёда аз 1792 зина мебошад. Ранги чароғи минои манора аз масофаи 10 км. мушоҳида мешавад. Эйфел ва муҳандисонаш, ки мутахассисон оид ба сохтмони кӯпрукҳо буданд, ҳини сохтмони манора онро бо дарназардошти нерӯи бод, хеле тобовару устувор бунёд намуданд. Зери балкони аввал аз чор тарафи панҷараҳо номи 72 нафар олимону муҳандисон ва нафароне, ки дар амалисозии ин лоиҳа саҳм гузошта буданд, ҳаккокӣ шудааст. То соли 1930 ин манора иншооти баландтарин дар рӯи дунё ҳисобида мешуд. Манораи Эйфелево аз 4 қисм: поёнӣ (рӯизаминӣ), ошёнаи 1 (57 метр), ошёнаи 2 (115 метр) ва ошёнаи 3 (276 метр) иборат аст. Барои чопи чиптаҳои воридшавӣ ба манора дар як рӯз на камтар аз 2 тонна қоғаз сарф мешавад. Манора аз 18038 таркиботе, ки бо 2,5 миллион мехпарчинҳо
тифода мешаванд. Дар радифи далелҳои аҷибу хушҳолкунанда далелҳои риққатовар низ вуҷуд доранд. Масалан, бо вуҷуди он ки тамоми сатҳи берунии манора бо панҷараҳои мустаҳкам девора гирифта шудааст, қариб 400 нафар бо қасди худкушӣ аз баландии он худро ба поён ҳаво додаанд. Чунин ҳодисаҳо бори нахуст 15 июни соли 1898 ва маротибаи охирин 25 июни соли 2012 ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи рейтинги Палатаи савдову саноати Италия Манораи Эйфел 435 миллион евро нархгузорӣ шудааст, ки аз мавзеъҳои гаронбаҳотарин дар Аврупо эътироф мегардад. Тамошобини аз ҳама гаронвазни манора ин фили 85сола мебошад, ки соли 1948 бо роҳбаладии директори сирк ба ошёнаи якуми бино ворид гардида буд. Эйфел қариб тамоми хароҷоти сохтмони манораро (7,8 миллион франк) аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш амалӣ намуд ва баъди як соли кушодашавии он подоши онро пас гирифт.
Манораи Эйфел – беҳтарин намунаи санъати меъморӣ
СОХТМОНИ МАНОРА Корҳои сохтмонӣ дар манора зиёда аз ду сол давом намуда, аз ҷониби 300 нафар коргарон анҷом дода шуданд. Барои сохтани он аз кранҳои калони борбардори сайёр ва масолеҳи қаблан аз ҷониби Эйфел омодашуда истифода шуданд. Кранҳои сайёр тавассути релсҳо, ки минбаъд барои лифтҳо пешбинӣ шуда буданд, ҳаракат мекарданд. Ошёнаҳои дуюм ва сеюми манораро лифти амудӣ ба ҳам мепайваст. Дар нимароҳ, дар баландии 175 метр аз замин мусофирон бояд ба лифти дигар менишастанд. Зарфҳои пур аз об, ки дар ҳар як ошёна гузошта шуда буданд, фишори зарурии гидравликиро таъм и н м е -
Чашмаи Воғаланг дар деҳаи Сияҳгилаки ҷамоати Ҳакимӣ ҷойгир буда, мавзеи басо тамошобобу истироҳатист. Ривоят мекунанд, ки дар болои ин чашма дарахти бузурги сафедоре қомат афрохта будааст. Оби ин чашма аз баландии сафедор гўё болотар фаввора зада ва ҳатто садои баланде ҳам доштааст. Шояд, ки Воғаланг аз ҳамин ном гирифта шуда, «Во» ба маънои кушодашавӣ ва «ғаланг» ба маънои овоз ё садои баланд омадааст. Аз оби ин чашма мардуми деҳаҳои Сияҳгулак, Сари закоб, Лайрон, дараи Тутак ва қисми сокинони Ҳасандара истифода бурда, зироаткорӣ мекунанд.
МАКОНИ НАСБИ СТАНСИЯҲОИ РАДИОӢ Аз соли 1906 инҷониб дар ин манора пайваста стансияҳои радиоӣ насб карда мешаванд. Соли 1921 нахустин барномаи мустақими радиоӣ аз Манораи Эйфел баргузор гардид. Баъдан мунтазам барномаҳои радиоии мухталиф тариқи антеннаҳои дар ин манора насбгардида ба эфир мебаромаданд. Пахши барномаҳои телевизионӣ бошад, аз соли 1935 оғоз гардид. ДАЛЕЛҲОИ АҶИБ Тамоми таркиботи металлии д а р бино ис-
Чашмаи Воғаланг Дар бораи чашмаи Воғаланг ривоятҳои бисёр аст. Аз ҷумла, мегӯянд, ки мардуми бисёре сангҳои зиёдро аз дигар мавзеъ оварда, ба болои ин чашма партофтаанд, то ки садои ин чашма паст шавад. Оби ин чаш-
ма бисёр софу зулол аст. Касе ба тамошои ин чашма биёяд як ҷаҳон фараҳ ва хурсандӣ гирифта, аз тамъи оби чашма лаззати зиёд мебарад. Дар тобистон, ки фасли гармтарини сол аст кас дасти худро ба оби ин
Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
чашма расонад, гумон мекунад, ки дасташ ях кардааст. Дар ҳавзи чашма гулмоҳиҳои зиёде зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз одамон намеҳаросанд. Агар шумо ба онҳо нонреза ё дигар хуриш партоед, онро дошта мехӯранд. Касе аз ин чашма моҳӣ намедорад. Дар пушти ин чашма мазори аҳли деҳа мавҷуд аст. Шояд ба хотири гиромидошти аҳли ин мазор бошад, ки касе аз ин ҷо ёрои гирифтани моҳиро надорад. Баъди гузаштанашон аз ҷойи муқаррарӣ баъд моҳии онро медоранд. Пешвои мардуми аҳли деҳ домулло Ёқуб маҳсуб меёфтааст. Домулло Ёқуб чил сол дар Бухоро таҳсили илм карда, касе дар масоили фиқҳ бо ӯ баробар шуда наметавонист. Вай дар мазори наздики чашма ба хок супорида шудааст. Фаслҳои баҳору тобистон ва тирамоҳ мардуми зиёд ба тамошо ва сайри ин чашма омада, мазори домулло Ёқубро зиёрат мекунанд ва дар кӯлворҳои худ оби софи зулол гирифта мебаранд. Албатта, мисли чашмаи Воғаланг дар Тоҷикистон мавзеъҳои саёҳатию истироҳатӣ хеле зиёданд ва мебояд онҳоро таъмиру обод ва бобати ҷалби бештари сайёҳон дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳамаҷониба омода кард. Шариф ҶАМОЛОВ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №13 (9543), 29.03.2018
E - MAIL: javonontj@mail.ru
13
Имкониятҳои истифоданашуда зиёданд
Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар инъикоси мавзуъҳои вобаста ба рушди сайёҳӣ нисбат ба дигар нашрияҳо фаъол буда, дар ҳар шумораи он дар ин хусус мақолаҳои хонданибоб ба табъ мерасад. Чунончӣ, дар шумораи №9 аз якуми марти соли равон дар мавзӯи сайёҳӣ 7 мақола чоп шудааст, ки ҳар муаллиф нигоҳи хоси худро доир ба ин мавзӯи муҳим баён кардааст. Чунончӣ, устоди Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, номзади илмҳои сиёсӣ Раҳмоналӣ Сафаров дар мақолаи «Омили муҳими пешрафти иқтисоди миллӣ навиштааст: «Дар Тоҷикистон имкони мушоҳидаи иқлим ва табиати мухталиф вуҷуд дорад, ки танҳо хоси ин кишвар аст. Сайёҳон имкон доранд, ки дар як замон ҳам аз табиати зебои водӣ, ҳам аз манзараҳои дилнишини доманакӯҳҳо ва ҳам аз қуллаҳои барфпӯши иқлими кӯҳистон баҳравар бошанд». Воқеан, моҳи май дар ноҳияҳои Носири Хусраву Шаҳритус ва Қубодиён аллакай тобистон меояд. Дар он вақт дар водии Ҳисор баҳор ҳукмфармост. Агар моҳи май ба самти ағбаи Анзоб равед, ҳанӯз зимистон аст. Дар як рӯз дидани нишонаҳои се фасл на дар ҳама кишварҳо муяс-
сар мешавад. Ин муъҷизаи иқлими Тоҷикистонро мо бояд ба ҷаҳониён дуруст ва ҷолиб муаррифӣ кунем. Масалан, бо ҷалби мутахассисони соҳа барномаи муаррифии мавзеъҳои дидании ноҳияи зикршударо ба забонҳои англисию арабӣ, олмонию хитоӣ таҳия бояд кард. Ин барномаҳоро тавассути сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ паҳн намудан лозим аст. Алалхусус манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон барои сокинони мамолики арабӣ, ки теъдодашон ба 22 давлат мерасад, ҷолиб хоҳад буд. Дар аксари ин кишварҳо тамоми сол тобистон аст. Завқи дидани баҳор сарватмандони ин кишварҳоро ба мамолики Аврупо мебарад. Зеро дар бораи Тоҷикистон маълумоти кам доранд. Агар тавассути интернет манзараҳои зебои кишварамон ва тӯли се моҳ дар гӯшаҳои гуногуни диёри бостониамон бо навбат фарорасии баҳорро бубинанд, ҳатман дар дилашон шавқи саёҳат кардан ба Тоҷикистон бедор мешавад. Ҳоло инфрасохтори туризм дар мамлакат нисбат ба 5-10 соли қабл хеле пеш рафтааст. Тайи ин солҳо дар ҷумҳуриамон як қатор роҳҳои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ ва меҳмонхонаҳои замонавӣ сохта шуда,
осоишгоҳҳои мамлакат хушсифат таъмир гардиданд. Акнун ба мо лозим аст, ки сифати хизматрасониро ба сатҳи байналмилалӣ бароварда, дар ин ҷода мутахассисони варзидаи забондон ва дорои маданияти баландро омода намоем. Ҳамчунин барои хизматрасонии босифат ба сайёҳон дар минтақаҳои кӯҳӣ меҳмонхонаҳои хурд сохтан мувофиқи мақсад аст. Дар ноҳияи Ашт лойқаи шифобахшест, ки Оқсукон ном дорад. Таркиби лойқаи мазкур дорои элементҳои нодир буда, дар ҷаҳон мисли буғу оби родондори Хоҷаобигарм беҳамтост. Вале барои расидан ба сатҳи дараҷаи баланди хизматрасонӣ дар Оқсукон сармоягузорӣ кардан лозим аст. Роҳи замонавӣ сохтану иншооти истироҳатию табобатӣ ва меҳмонхонаи муосир бунёд кардан шумораи мизоҷони ин табобатгоҳро садҳо маротиба зиёд хоҳад кард. Ба ҳамин монанд ҳоло чашмаҳои маъданӣ, гармоба ва конҳои намаки зиёде дар ҷумҳурӣ мавҷуданд, ки бо андаке сармоягузорӣ сайёҳони зиёдеро ҷалб намуда, боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ мегарданд. Абдулҳай ҲАБИБОВ, омӯзгори Мактаб- интернати №1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе
Чанбараки ҲНИТ дар дасти кист? Тавре таҳлилҳо собит месозанд, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки соли 2015 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти экстремистӣтеррористӣ эълон гардид, пурра фаъолияти пасипардагии худро бо роҳнамоӣ ва пуштибонии хоҷагони хориҷии худ идома дода, мехоҳад дар Тоҷикистон барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои разилонаи хоҷагонаш саҳм гузорад. Ва чунин ҳам шуд. Таърих ҳеҷ гоҳ хиёнаткориҳои чунин ташкилоти ифротӣ ва фарзандони нохалафи миллатро нахоҳад бахшид. Амалҳои нангини наҳзатиён бо роҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва иддае аз чалласаводони зархарид, ки мусалмониро танҳо бо доштани ришу ба бар намудани яктаҳи сафед ва ё сиёҳ дарк мекарданд, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро ба мотамкада табдил дода буд. Ин нохалафон бо дастури хоҷагони хориҷии хеш даст ба оташ задани хонаи худ зада, кишвари тозаистиқлолро ба гирдоби хуну бало кашиданд. Дар қалби мардум тарсу ваҳм ва ваҳшониятро бор карда, моликияти онҳоро зӯран соҳиб шуданд. Амалҳои ноҷавонмандонаро дар кишвар содир намуда, мисли мусичаи бегуноҳ дар паноҳи хоҷагонашон панаҳ бурданд. Он замон Нурӣ ва ҳайати ҳамроҳони хоинаш бо супориши ҷониби Эрон барои ошкор нагардидани асрори пуштибонии Эрон аз ТЭТ ҲНИТ ба Афғонистон паноҳ бурданд. Ҳамагон медонем, ки хисороти ин ҷанги хонумонсӯз чӣ қадар ба Тоҷикистон мусибат овард. Бо барқарор шудани вазъ дар Тоҷикистон ва ғалаба намудани ақли солим ба андешаву ниятҳои аҳримании гурӯҳҳои тахрибкори наҳзатӣ, барқарор гардидани сулҳу субот дар Тоҷикистон, баъдан маълум гардид, ки пуштибони асосии ҲНИТ кӣ будааст. Ошкор шуд, ки маҳз барои куштани шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба наҳзат Эрон чӣ супоришҳо медодааст. Ҳамзамон, пас аз ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон гардидани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бори аввал дар сатҳи давлатӣ роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳиддин Кабириро дар конфронси сатҳи баланд ҳамҷоя бо намояндагони Ҳукумати кишвар даъват намуда, бо Кабирӣ дидор ва мулоқоти ошкоро анҷом дод. Аз ин рӯ, бешак маълум мегардад, ки чамбараки Кабирӣ ва наҳзаташ дар дасти хоҷагони хориҷиаш буда, наҳзатро хоҷагонаш ба кадом самте, ки хоҳанд, равон месозанд. Бо дарки ин нукта бояд фамида бошем, ки наҳзати наҳс аз ҷониби хоҷагонаш идора шуда, пурра бар зидди арзишҳои миллӣ ва давлатии кишвари Тоҷикистон равона гардидааст. Барои ҳамин, моро зарур аст, ки дар мубориза бар зидди ҲНИТ ва дигар созмону гурӯҳҳои тахрибкори тозатаъсис, ки ҳамагӣ фарзандони ҲНИТ мебошанд, зираку ҳушёр буда, дар сафҳои худ ба ин нохалафон роҳ надиҳем. Зеро аъзои ҲНИТ дигар Ватан, миллат ва дину мазҳаб надоранд. Фарҳод ВОҲИДОВ
Ободонӣ мароми мост Тамоми гӯшаву канори кишварамон рӯз аз рӯз хурраму зебо гашта истодааст. Ва ин гуфта, албатта бе далел нест. Чун имрӯзҳо ба ҳар нуқтаи кишвар сафар кунем ба назар мерасад, ки ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ дар дараҷаи аъло идома дорад. Масъалаи ободонӣ дар баробари дигар соҳаҳо яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумату давлат ба ҳисоб меравад. Ин раванд аз замоне ба мо даст дод, ки Истиқлолияти сартосарӣ дар кишвари азизи мо ҳукмфармо гардид ва маҳз дар заминаи он барои амалӣ гаштани
ормонҳои миллӣ шароити мусоид баҳри ободонӣ фароҳам омад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои рӯзҳои ба сари қудрат омадан дар баробари ба даст овардани сулҳу субот, баргардонидани тоҷикони бурунмарзӣ, ҳамчунин рӯ ба бунёдкориву созандагӣ овард. Ва минбаъд Пешвои миллат эътимоду боварии хешро ба ҷавонон бахшида, дар ҳар вохӯрию суханрониҳои хеш, пайваста ин қишри ҷомеаро ба ободонию бунёдкорӣ даъват менамояд.
Чуноне дар Паёми имсола гуфта шудааст: “Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва бо иродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд”. Ҷавонони моро месазад, ки ба эътимоди Сарвари давлат сазовор гашта, дар ободонии Ватани маҳбуб саҳмгузор бошанд. Албатта, ободкорию ободонӣ маънои онро надорад, ки як нафар бояд бино, роҳ ё пул бисозад. Балки ин мафҳум аз ҳар як шаҳрванди
кишвар, хусусан ҷавонон даъват мекунад, ки дар шанбегиҳо, бардоштани партовҳо, тоза намудани ҷӯйборон, ободонии кӯчаву хиёбонҳо, буридани қисмати халалрасон ва зиёдатии дарахтон, сарсабзгардониву ниҳолшинонӣ, тоза нигоҳ доштани назди дармонгоҳҳо, чи дар шаҳр ва чи дар деҳот, тозагиву ободонӣ дар атрофи муассисаҳои таълимӣ, тозаву озода намудани ҳудуди маҳаллу ҷамоатҳои деҳот ва ғайра бетараф набошанд. Дар ин самт низ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст: “Дар ин раванд, зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт
муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.” Ҳоло, ки рӯзҳои баҳорӣ, аз ҷумла Наврӯзи оламафарӯз фаро расидааст, шинондани дарахту гулубуттаҳо хеле бамаврид аст. Сарсабзу кабудизоркунии ҳар як гӯшаи диёр, қарзи ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла ҷавонон аст. Саёҳатбону РАҶАБОВА, омӯзгори МТМУ № 42, ноҳияи Фирдавсӣ
14
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №13 (9543), 29.03.2018
КИТОБХОНАИ “ҶТ” ҲИҶОБИ БОРОН
АЁ ӮЗБЕК, АЁ ТОҶИК
Зи ду шоҳи адолатхоҳ Адолат боз пеш омад. Амак, ё хола, ё додар Пайи дидори хеш омад. Намехоҳем як лаҳза Ҷудо аз ҳамдигар бошем. Ба ҷои ёсу нилуфар Ба марзе дони ғам пошем. Азизон, дӯстон, чун мо Шавед аз пушти ҳар як кор. Гули меҳру ҳавас чинед, Аз ин гулзору он гулзор.
Эй суманак, ҷон суманак, Дар тафи чагдон суманак. Гардад агар соз пазӣ, Хӯрданат осон суманак.
Рақсем гоҳ якҷо Дар гирд-гирди гулҳо. Тундар ғазал чу Маҷнун Хонад ба гӯши Лайло.
Бирақседу ба ҳам хандед, Ба ҳар як маърака, ҳар тӯй. Шаби ялдои зулматзо Шавад аз ҳуснатон хушрӯй.
Мани тоҷику як ӯзбек Ба ҳам сахт ошно ҳастем. Ба ду дасти адаб ҳарду Дари дарду алам бастем.
Аз нами борон суманак, Ашк ба мижгон суманак. Пухта шавӣ, қанд шавӣ, Дар таги дандон суманак.
Аз завқи печутобаш Кардам ба бар ҳичобаш. Вақти шумурданаш ҳайф, Гум гашт сарҳисобаш.
Чу булбул аз сари ҳар шох Ба оҳанги маҳин хонед. Бародаркафтаре ҳастед, Ба гардун бол афшонед.
ҲАМДИЛӢ
СУМАНАК
Рақсад ба роҳравҳо Гесӯ танида борон. Худро шинос карда Дида ба дида борон.
Аё ӯзбек, аё тоҷик, Ду тори ҷӯри як танбур. Бас аст ин пешпо хурдан, Набояд гашт аз нав дур.
Чунин асту чунин бояд Ба олам шод монданҳо. Ба ҳам шишта сари як хон Ғам аз дил дур ронданҳо.
Нуруллоҳи ОРИФ
БЕВАФО Маро дар чанги ғам монда, Зи гулзори ҳавас рафтӣ. Ба тан пироҳани атлас, Ба сар рӯмоли лас рафтӣ.
Духтаракон, каф бизанед, Ҳам суманак, ҳам шакароб. Шишта ба ҳам бо дили шод Хӯрданашон ҳаст савоб.
Кокулпареш, борон, Дил реш-реш, борон. Рақсида по ниҳад,по, Ҳар дам ба пеш борон.
Соли нав ояд ба Ватан, Пиру ҷавон саф ба сафанд. Пиру ҷавон рақскунон, Гӯш ба карнайу дафанд.
МУШТИ БОРОН
Аз нами борон суманак, Ашк ба мижгон суманак. Пухта шавӣ, қанд шавӣ, Дар таги дандон суманак.
Шикастӣ дастҳоямро, Ки аз дастат нахоҳам дошт. Шикастӣ банди поямро, Наоям диданат ҳар чошт.
Бесарҳисоб резад Дар дашту пушта борон. Кӯбад дари диламро Гоҳе думушта борон.
Мазан гуфтам, мазан гуфтам, Задӣ сангам, задӣ тирам. Басо кори хато кардӣ, Ба уммеде, ки ман мирам.
Валлаҳ,ки дӯст дорам Думушта куфтанашро. Ҳар лаҳза мепазирам Афсона гуфтанашро.
Зи ҷаврат кош, мемурдам, Азизам мурд, мегуфтӣ. Ба мижгон то сари қабрам Раҳам чун бод меруфтӣ.
Мисли қатора тобад Дар марзи дида борон. Дар рӯи об гардад По чида,чида борон.
Хатокоре ба ман харфи хато гуфт, Гурез аз иттиҳоди ошно гуфт. Тани танҳо биё рафтем з-ин ҷо, Бишав пайрав, бишав ҳамкори мо гуфт.
Маро аз даст додӣ, ҳайф, Пушаймон мешавӣ рӯзе. Чу ман дар ҳеч як гӯша Наёбӣ ёри дилсӯзе.
Дар кунҷи дил надорад Аз кас ҳарос борон. Истад,агар,ки худ хост, Беилтимос борон.
Чи хуш бошад, ки аз нав дӯст монем, Ба роҳи рост якҷо асп ронем. Фишурда дастҳои якдигар боз, Зи боби ошноӣ қисса хонем.
ПАЙВАНДИ НАВ (Барои се нафар, нақарот бо ҳам)
Пушаймонам зи ҳар коре, ки кардам, Зи нодонӣ ба зери бори дардам. Ҳар он ҷо, ки қадам мондам, аён гашт, Ҷудо аз дӯстон бо ранги зардам.
НАВБАҲОРОН ОМАДА
Чи хуш бошад, ки аз нав дӯст монем, Ба роҳи рост якҷо асп ронем. Фишурда дастҳои якдигар боз, Зи боби ошноӣ қисса хонем.
Мужда деҳ, эй дӯст, моро навбаҳорон омада, Резаборон бар нумуъи сабзазорон омада. Хандаи гул чеҳраи касро дурахшон мекунад, Чаҳ-чаҳи булбул ба гӯш аз лолазорон омада. Абри найсон ашкрезон бигзарад, аз пушти вай Бо дурахши хештан хуршеди тобон омада. Ошиқон гарданд муштоқи ҷамоли ҳамдигар, Соҳибӣ бар дидани ёраш ғазалхон омада.
Бале, ман ҳам дигар тобе надорам, Ҷудо аз дӯстон хобе надорам. Дар ин дурӯза дунё бо сари қоқ, Шабони тор маҳтобе надорам. Чи хуш бошад, ки аз нав дӯст монем, Ба роҳи рост якҷо асп ронем. Фишурда дастҳои якдигар боз, Зи боби ошноӣ қисса хонем.
Нусратулло СОҲИБОВ, омӯзгори Коллеҷи тиббии ш. Ҳисор
МАКТАБАМ
Ҷавон бо духтаре ҳамагӣ чанд рӯз пеш шинос шуда буд. Пас ба маҳбубааш туҳфа харидан хост. Мактабам, эй мунису ғамхори ман, Тасмим гирифт, ҳадяи мегирифтаБоиси равнақ ба ҳар як кори ман. аш ҳар чи сода, лек аҷоиб бошад. Меҳри ту ҷо гашта андар қалби ман, Ба ёдаш расид, ки шаби гузашта Эй макони донишу ирфони ман. вақте ҳамроҳ дар кӯчаи пурбарф Аз ту ман омӯхтам ҳар илму фан, қадам мезаданд, дастони духҲам садоқат, ҳам муҳаббат бар Ватан. тар хунук хӯрда, ҷавон дастҳои Пой монанд аз дарат хонандаҳо, нарм ва хурду наҳифи ӯро миёни Ҳар саҳар бишкуфта гардӣ чун чаман. дастҳои худ гарм карда буд. Ният Мактабам, эй манбаи илҳоми ман, кард ки барои духтар як ҷуфт Пухт дар оғӯши гармат хоми ман. дастпӯшак бихарад. Хоҳараш, ки Ман Анора, месароям васфи ту, дар чунин корҳои устухон надошт, К-аз сухан ширин бикардӣ коми ман. пас ӯро барои интихоби дуруст ҳамроҳ гирифт. Анораи ШАРИФЗОДА, Аз мағоза як ҷуфт дастпӯшаки хонандаи синфи 9, МТМУ дарунаш пашмин интихоб кар№29-и ноҳияи Айнӣ
Иштибоҳ данд. Хоҳараш барои худ як ҷуфт либоси таҳпӯши турӣ харид. Аммо фурӯшанда ҳангоми ҷобаҷогузории молҳои харидаашон дар мағоза иштибоҳ кард. Дастпӯшакҳо ба дасти хоҳари ҷавон афтоду либоси таҳпӯши вай дар қуттии махсусе тавассути хизматрасонии махсуси фурӯшгоҳ ба суроғаи маҳбубаи ҷавон бурда шуд. Дохилаш ҷавон ба номи маҳбуба хатчае ҳам навишта буд. “Азизам! Шаби гузашта вақте ҳамроҳ гаштугузор мекардем, пай
бурдам, ки аз инҳо напӯшидаӣ. Агар хоҳарам бо ман намебуд, ҳатман аз навъи дарози тугмадораш интихоб мекардам. Вале хоҳарам аз навъи кӯтоҳу бетугмаи он истифода мебарад. Ба гуфтаи вай бадар карданаш осонтар аст. Лек зани фурӯшанда ба ман азони худашро нишон дод. Аз он зан як хоҳиши дигар ҳам кардам. Гуфтам, туҳфаи бароят харидаамро як бор пӯшад, то ман бинам. Вай ҳам зуд пӯшид. Бисёр зебо намуд. Дастамро дароз карда, палмосидам. Нар-
му форам буд. Кошки ҳангоми бори аввал пӯшиданат дар паҳлӯят мебудам ва барои пӯшиданат ёрӣ мерасондам. Ба ман сахт мерасад, ки то ба ту расиданаш дасти якчанд нафар ба он расидааст. Вақти бадар кардан дарунаш каме нам мешудааст. Камтар пуф кардан даркор. Андешаи ин ки дар вохӯрии навбатиамон ман онҳоро ба даст гирифта пай ҳам мебӯсам, маро ором намегузорад... Бо муҳаббат ва эҳтиром...” ҚАЙД: Баъд аз он ҷавон дигар маҳбубаашро надид. Таҳияи М. УСМОН, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №13 (9543), 29.03.2018 Бояд ҷавонон ресмони ифтихору эътимоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо дастони худ мустаҳкам ва амсоли гавҳараки чашм нигоҳ доранд, зеро эътимоди як Пешво нисбати ҳифзи асолати ҷавонони миллаташ дар масири зиндагӣ, дар муқобили ханҷару найзаҳои афроди сироятшуда, аз ақидаҳои террористиву ифротгароӣ сипари устувореро мемонад.
Ояти шукрона Пешвои миллат дар тамоми суҳбату вохӯриҳояш бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, алалхусус бо ҷавонон бо ин нидои саршор аз ифтихор ишора мекунад, ки ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд. Бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянду барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Дар воқеъ ғамхор, пуштибон, дастгир ва парастор будани Сарвари кишварро нисбат ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба хубӣ дарк кардан мумкин аст. Пас аз силсилаи мулоқоту вохӯриҳо аз ибтидо то имрӯз барои таъмини фазои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷавонон ба хотири расидан ба ин ҳадафи олӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул карда шудаанд, ки ҳар кадоме аз санадҳо дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим бозидаанд. Дар шароити дигаргунсозиҳои ҷаҳонӣ муқаррар кардани чаҳорчӯбаҳо ва меъёрнокии муносибат ба қишрҳои муайяни ҷомеа, ба хусус ҷавонон, ки ояндаро месозанд, тақозои замон мебошад. Фаромуш набояд кард, ки Тоҷикистон ҷавони 25 соларо мемонад ва қувваи асосии меҳнатиро низ ҷавонон ташкил медиҳанд, барои он муайян намудани ҷабҳаҳои фаъолият ва дурнамо нисбат ба ҷавонон мувофиқи мақсад арзёбӣ мегардад. Мо варзишгарон хушбахт аз онем, ки чунин сарвари оқилу доно дорем ва аз ҳар сухани ӯ нисбати ҷавонон сарфарозем. Дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат ваъда медиҳем, ки парчамбардори миллат бошем ва барои ҳимояи арзишҳои миллӣ саъю кӯшиш намоем. Саъдиҷон ОЙМУҲАММАДОВ, донишҷӯи ДТҶТ ба номи С. Раҳимов
15
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН
Ҳар чӣ дорад ин ҷамоат, аз дуои модар аст Модар. Ин олиҳаи зебо беҳтарин мӯъҷизаи Парвардигор аст. Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борандагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳор ва хушилҳомӣ аз андалебро қатрақатра ҷамъ оварду занро офарид. Худованд ба зан зебоӣ, иффату дилрабоӣ ва муҳаббату садоқатро эҳдо намудааст. Зан фариштаи замин буда, ситораи дурахшонест, ки роҳи ояндаи зиндагии фарзандонашро равшан менамояд. Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Модар олиҳаи зиндагӣ, чаш-
маи меҳру муҳаббат ва бахшояндаву қабулкунандаи ҳама гуна нозҳои фарзандон мебошад. Меҳри беҳамтои ӯ ба мисли хуршеди ҷаҳонгир аст, ки ба тамоми олам нур мепошад. Ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад. Тамоми ҳастию вуҷуди мо аз модар аст. Модарро ситоиши зиёде мекунанд ва ба ҳар андозае, ки бо калимаҳои зеботарини дунё васфаш намоем, боз ҳам кам аст. Бузургии модар дар он аст, ки аз лаҳзаи дар батнаш пайдо шудани фарзанд то нафаси охирин ҳамаи ҳастӣ ва дунёи худро барои фарзандаш мебахшад. Тавоноии модар касро зиннату самар, симу зар, болу пар ва
шаҳду армон мебахшад. Модар бо як ҷаҳон умеду орзу фарзандро ба воя мерасонад, вале афсӯс ки баъзеҳо эҳтироми модарро ба ҷо наоварда, дағалона бо ӯ рафтор мекунанд. Моро мебояд эҳтироми модарро ба ҷо биёрем, дар зиндагӣ дастгир ва асои пириашон бошему дуои некашонро гирем. Зеро бузурге фармудаанд, ки: Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст, Ҳар чӣ дорад ин ҷамоат, аз дуои модар аст. Заррина ИСМОИЛОВА, донишҷӯи ДМТ, коромӯзи “ҶТ”
Аз рафтори ҷавонон хушҳол шудам Барои акс гирифтани чанд навиштае, бароям телефон лозим шуд. Аз он ки телефони ҳамсабақам бо сифати баланд акс мегирифт, бо исрор телефонашро барои чанд соат ба орият гирифтаму ба китобхона рафтам. Баъди ба анҷом расидани корҳоям, бо хотири ҷамъ аз китобхона берун шудаму ҷониби мусофирбарҳо роҳ пеш гирифтам. Ба мошин савор шуда каме роҳ рафтам, дар ҷузвдонам телефони ҳамсабақамро пайдо накардам. Ба андешаи он ки шояд дар китобхона аз ёдам бароварда бошам, аз нақлиёт поин шудаму зуд сӯи китобхона рафтам. Раҳораҳ ба ин фикрҳо банд шудам, ки “Оё ман телефони гум кардаамро меёфта бошам? Аз худам мебуд боке не, ориятӣ буд”. Тарсону ҳаросон, аммо зуд-зуд қадам мезадам. Охирин умедам ҷевони ашёмонии китобхона буд. Чун дар роҳ аз кофтукоби зиёд хаста шудам, аммо телефон ёфт нашуд. Бо сад фикру хаёл вориди китобхона шудаму баробари дидани донишҷӯёну хонандагон дар аввал яқин кардам, ки ба амонат хиёнат кардам. Зуд ба назди ҷевоне, ки дар муддати як соат садҳо нафар донишҷӯёну хонандагон ашёи худро мегузоранду мегиранд, рафтам. Дидам, ки навбатдор ҳам иваз шудааст: - Холаҷон мумкин аст, ана вай ҷевонро як бор аз назар гузаронам?- бо андоми тарсзада, илтиҷоомез пурсон шу-
Фариштаи хушсиришти ман Чеҳрааш бароям хуршедро мемонад, ки баробари тулуъ намудан ба садҳо сардии дунё гармӣ мебахшад. Зеро ин чеҳра воқеан гарм асту ҷӯшон. Чашмони сиёҳу оҳумонандаш чун ду нуре аз он хуршеди тобонанд ки бо назар дӯхтан ба сӯям, ҳатто яхи аз ғояти кадом дайи пешин дар дил боқӣ монда низ об мегардаду аз худ нармӣ боқӣ мегузорад. Ин чашмон чашмони ғизолеаст, ки бо вуҷуди ҳар лаҳза ҳамлаи ногаҳоние ба ҷонашон таҳдид кардан ба ҷониби наздикони худ бо меҳр менигарад. Абрӯвонаш ҳилолеро мемонад, ки равшанибахши ҷумла торикию тирагиҳост ва ба он чеҳраи шабеҳи осмонаш гармию зебогии дигар зам мекунад. Табассумаш сеҳрофарин аст. Ғамҳоро бадар ва ғуссаҳоро пушти дар мекунад. Ҳангоме, ки аз лабони чун барги гули лола нозуку сурхаш бароям табассуме эҳдо месозад, худро чун тифлаке эҳсос мекунам, ки бо гирифтани ҳадяе аз ҷониби касе бағоят хушҳол мегардаду меболад. Мӯйҳои мушкину чун хӯшаи гандумбофтааш шабеҳи шаршараест, ки аз дили куҳсорон ҷорӣ асту маҳин-маҳин ба замин мешорад. Дар хаёлам меояд ё воқеан касе аз ғайб нидоам мекунад. - Пас ин олиҳа кист? Магар Модар? - Оре, ин симо танҳо симои модар аст. Модари зебову нозанин, ғамбару шодиофарин ва модаре, ки шабеҳи фаришта аст дар рӯйи замин. Пас ӯ фариштаи бемислу бемисоли ман, фариштаи яктову ягонаи ман, фариштаи наҷоти ҳаёти ман аст. Сайёра ШУКУРЗОДА, донишҷӯи ДМТ
дам. Аз он ки ғавғои донишҷӯён дар авҷ буд, ба гумон зани навбатдор овози маро нашунид. Бори дигар овозамро баландтар намудам, ки зан ба наздам омаду чӣ хостанамро фаҳмиданӣ шуд. Иҷоза гирифта зуд ба назди ҷевон рафта дарашро кушодам. Ҷевон пур аз ҷузвдон буд. Бо дастони ларзон як- як онҳоро бардошта бо тарсу ҳарос амонати гумшударо меҷустам. Оқибат аз ҷевон телефонро ёфтам. Аз ғояти хушҳолӣ гиря гулӯгирам кард. Дари ҷевонро бастаму хушҳолона аз китобхона берун шудам. “Баъди аз китобхона рафтани ман чанд нафар дари ҷевонро кушода, ашёҳои худро мондаю гирифтаанд, аммо касе ба телефон даст нарасонидааст. Дар воқеъ он ҷавононе, ки роҳи илму хонишро пеш гирифтаанд, бо хулқу хӯи намунавиашон ба фарқ аз дигарон меистанд. Аз ин рафтори ҷавонон ниҳоят хушҳол шудам. Фаҳмидам, ки ҷинояту бадкориҳо дар ҷомеа маҳз аз сӯи ҷавононе ба вуҷуъ мепайвандад, ки аз китобу китобдӯстдорӣ ва мутолиа дуранд,” – бо ин фикрҳо ҷониби нақлиётҳои мусофиркаш равон шудам. Марҷона ШАРИФОВА, донишҷӯи ДМТ, коромӯзи “ҶТ”
Наврӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ Субҳи 21 март мардуми ноҳияи Рӯдакӣ бо шодию нишот ба самти маркази ноҳия – шаҳраки Сомониён шитоб мекарданд. Хурду бузургро таҷлили ҷашни аҷдодӣ – Наврӯз ба як ҷо ҷамъ мекард. Онҳо либосҳои идона ба бар карда, дар даст овезаҳои ифодагари иди Наврӯз, дар лабонашон табассум ба даромадгоҳи шаҳраки Сомониён ҷамъ мешуданд. Дар Наврӯзи имсола ид болои ид шуд. Зеро дар ин рӯзи хуҷастапай Маҷмаи “Давлати Зафар” кушода шуд. Ин бинои муҳташам аз ҷониби марди саховатманд Давлати Зафар бунёд карда шуда, ба ихтиёри сокинон барои истифода дода шуд. Дар оғози ҷашн раиси ноҳия Муҳаммадраҳим Юсуфӣ тамоми меҳмонон ва иштирокдоронро ба ҷашни Наврӯз муборакбод гуфт: “Шоистаи таҳсин ва ифтихор аст, ки мо дорои чунин як ҷашни бузург ҳастем. Аз ин майдону минбари идона тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан мардуми ноҳияи Рӯдакиро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ - Наврӯзи муборакқадам ва хуҷастапай самимона табрик мегӯям”. Сипас, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Олимзода На-
сим Хоҷа, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Сатторӣ, мутахассиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Фирӯза Камолзода дар бораи файзу футуҳ ва фазилатҳои Наврӯз суханронӣ намуданд. Дар ин ҳамоиши ба ҷашни Наврӯз бахшида шуда 5 ҳазор нафар аҳли ҳунар, 10 нафар сайёҳи хориҷӣ, вакилони раёсати кишоварзӣ, Тоҷикматлубот, кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ, СЭС, беморхонаи марказӣ, Коллеҷи “Нури тиб”, дар маҷмӯъ зиёда аз 12 ҳазор сокинони 16 ҷамоатҳои деҳоти ноҳия иштирок намуда, дар он беҳтарин намунаҳои меҳнати дастӣ ва касбӣ, дастархони идонаи ҳафтсину ҳафтшин пешкаши мардум гардонида шуд. Муҳаммад САИДОВ
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №13 (9543), 29.03.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома
√ АНДАРЗ
Доғи сиёҳ
АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ” Боре устод вориди синф шуда, ба шогирдонаш супориш дод, ки барои иҷрои вазифаи хеле мураккаб омодагӣ бигиранд. Талабаҳо бо ҳаяҷону изтироби зиёд вазифаи дар пешистодаро интизорӣ мекашиданд. Вақте онҳо варақҳои супориширо ба даст гирифтанд, хеле тааҷҷуб карданд, чунки он варақҳо холӣ буданд. Устод ҳайронии онҳоро дида хоҳиш кард, ки варақҳоро чаппа гардонида, ҳарчи ки мебинанд, муфассал дар ин варақҳо нависанд. Дар пушти варақҳо чӣ буд? Доғи калони сиёҳ! Дигар ҳеҷ чиз. Талабаҳо муддати зиёд майна об карданд. Дар охири дарс устод ҳамаи варақҳоро ҷамъ карда гирифт ва бо овози баланд ба хондани онҳо пардохт. Ҳамаи шогирдон кӯшиш намуда буданд, ки ҳарчи муфассалтар дар бораи он доғи сиёҳи болои варақ чизе иншо намоянд. Масалан, андозаи он чӣ қадар аст, рангаш чӣ гуна аст, бо кадом шакл: дар боло,
АЛИМУҲАММАД МУРОДӢ
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
******** Дар паҳлӯи дӯстон аз рӯзҳои пурсаодаташон дида, дар рӯзҳои нокомияшон бештар бошед. ******** Дар ҷавоби саволи аблаҳона бузургтарин файласуф ҳам душворӣ мекашад. Хилон Бо як парасту баҳор намешавад. ******** Ганҷи ҳақиқӣ барои инсон меҳнат аст. ******** Кор барои одамон роҳат аст. ******** Шукргузорӣ нишонаи дили бузург доштан аст. ******** Вақте ки ба ғам гирифтор шудӣ, ба атрофат назар афкану ором шав. Зеро касоне ҳастанд, ки аз ту дида ғамбортаранд. ******** Инсони ҳавобаланду якрав танҳо ба андешаҳои худ такя намуда, маслиҳати дигаронро намеписандад ва оқибат қурбони раҳгумиҳои худ мешавад. ******** Агар аз марг халосӣ надорӣ, ақалан шарафмандона бимир. ******** Худписанд аз тирагии ақл хатароти ба сараш меомадаро эҳсос намекунад. Эзоп Хирадманд ба худ дусти хушҳолу хушгапро интихоб мекунад. ******** Ширинтарин меваи адолат осудагист. Эпикур
Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Шер рӯзе аз танҳоӣ дилгир шуда мегӯяд: - Ман шоҳи ҳайвонотам, аммо на ҳамаи ҳайвонҳои ҷангалро мешиносам. Бояд як ҷамъомад орост ва бошандагони ҷангалро даъват кард. Ҳамин тавр фармон медиҳад, ки ҳамаи ҳайвонҳо ба ҳузури шоҳ ҷамъ шаванд. Аввал хирс ҳозир мешавад. Лек ороиши қасри шоҳ ба вай хуш намеояд. - Чи ҷои беназму тартибест ин ҷо... – шикояташро ба забон меорад хирс. Шер инро ҳақорат шуморида, бо як зарба хирсро аз пой афтонда ба ҳалокат мерасонад. Меҳмони дуюм ҳозир мешавад. Маймун. - Баҳ, баҳ, баҳ, - нидо мекунад маймун. – Ин ҷо чи ҷои зебову мунаққашест. Мисли кӯшкҳои Биҳишт. Ин тамаллуқ ба шоҳи ҳайвонот хуш намеояд. Бо як зарби дигар маймунро низ ба замин меафканад. Меҳмони сеюми дарбори шоҳ рӯбоҳ аст. Вақте ба ҳузури шер медарояд, мебинад, ки хирсу маймун кайҳо пояшонро рост кардаанд. Ҳайвони маккор ва найрангбоз ки ҳаст, дам намезанад. Шоҳ мепурсад: - Ку бигӯ ороиши дарбори маро чи гуна ёфтӣ? - Шоҳам, - мегӯяд бо ҳамон маккорие, ки хоси вай
АНДАРЗ: доғҳои сиёҳ дар муқоиса бо неъматҳои дигаре, ки Худованд барои мо ато намудааст – ишқу муҳаббат, ғамхорӣ, эҳтиром, кор ва монанди инҳо хеле ночизанд. Аз ҳар як лаҳзаи умри хеш лаззат баред!
аст, - ман бе ин ҳам нобиноям. Намебинам, ки дарборатон чи ороише дорад... ҚАЙД: Ҳақиқатро гуфтан баъзан ба сари мо бало меорад. Аз ҳақиқат чашм пӯшида, тамаллуқкориву хушомадгӯӣ кардан ҳам оқибати ваҳим дорад. Таҳияи М. УСМОН, “ҶТ”
√ ЭЪЛОН Шаҳодатномаи гумшудаи Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ бо фармоиш таҳти рақами 127-в, ки 15 июни соли 2012 ба Назаров Собирҷон Иззатуллоевич дода шудааст, эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии гумшуда, ки онро Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ соли 2008 ба Юнусов Нуриддин Тоирович додааст, эътибор надорад. ҶДММ “Лоиқ Р”, ки дар Раёсати бақайдгирии андозсупорандагони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин соли 2017 ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. Дафтарчаи чеки гумшудаи ҶДММ “Жасмин”, ки соли 2015 аз тарафи бонки “Имон интернешнл” дода шудааст, эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
рем, ки аз хушиҳои зиндагӣ лаззат барем, аммо ҳамеша ҳамон доғҳои сиёҳро мебинему халос. Зиндагии мо ин туҳфаест аз ҷониби Худованд, ки бо муҳаббати зиёд бароямон ато намудааст ва мо барои хушбахт будану аз ин рӯзгори осудаи хеш: дӯстони ҳамдил, оилаи солим, ҷои кори мувофиқ ва монанди инҳо лаззат бурдан вақти зиёд дар ихтиёр дорем... Вале мо танҳо душвориву мушкилотро, аз қабили мушкилоти саломатӣ, нофаҳмиҳо дар оила, ҷои кор ва ғайраҳоро, ки ҳаёти моро берангу бемаъно мегардонанд мушоҳида мекунему халос.
Ростгӯӣ
Роҳбариро дар хонаат омӯз.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
дар байн ва ё дар поёни варақ ҷойгир шудааст, он ба чӣ шабоҳат дорад. Нафаре онро ба ҳайвоне монанд карда буду дигаре ба иморати куҳна, сеюмӣ ҳатто дар ин доғи сиёҳ чеҳраи духтари зебоеро мушоҳида намуда буд. Вақте ҳамаи ҷавобҳо қироат карда шуданд, устод ба талабаҳо, ки оромона ба ӯ менигаристанд, рӯ оварда гуфт: - Мақсади ман баҳо додани чизи мушоҳиданамудаи шумо набуд, балки ман донистан мехостам, ки оё ягон нафари шумо ғайр аз ин доғи сиёҳ дар болои варақ чизи дигареро дида метавонед ё не? Маълум шуд, ки чунин шахс дар ин ҷо набудааст. Ягон нафари шумо доир ба қисмати сафеду бедоғи варақ чизе нанавиштааст. Ҳама танҳо доғи сиёҳро мушоҳида намудаанд. Зиндагии мо, инсонҳо низ ба ҳамин монанд аст. Мо имкон до-
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4277 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»