javononi tojikiston/#13/2015

Page 1

Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо

№13 (9387), 2 апрели соли 2015

e-mail: javonontj@mail.ru

Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 85 СОЛИ МАВҶУДИЯТ МУБОРАК, ҶАВОНОН!

ҲАФТ РӮЗ 26.03.2015 Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб мақоми Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии Вазорати саноат ва технологияҳои навро касб намуд. 27.03.2015 Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» барои нишондод ва дастовардҳо дар соҳаи идоракунӣ, баланд бардоштани сифати кору маҳсулот ва ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои ҷадид ба дарёфти Ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» сазовор гардид. Ҷоиза аз ҷониби Ширкати байналхалқии “Би-Ай-ДиБизнес Инишиатив Дайрекшинз” (Business Initiative Directions) созмон дода шудааст. 28.03.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони кишвар дар давлатҳои арабӣ, аз ҷумла, Арабистони Саудӣ, Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кувайт ва Миср дастур дод, ки барои аз қаламрави Ямани ба ҷангу хунрезӣ фарогирифташуда хориҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз тамоми тадбирҳо кор гиранд. 29.03.2015 Бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон - Садриддин Айнӣ ва Рӯзи байналмилалии театр дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов драмаи «Гирдбод»-и Нур Табаров дар таҳияи Шавкат Халилов ба намоиш гузошта шуд. 30.03.2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 6 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин намуд. 31.03.2015 Бозии рафиқона миёни тими миллии кишвар оид ба футбол ва тими миллии Сурия, ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ доир гардид, бо ҳисоби 2:3 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт.

Саҳифаҳои

3, 7-10

01.04.2015 Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин созмон ба Душанбе омаданд.

ЭЪЛОН

Ба таваҷҷуҳи расонаҳои хабарӣ! Бар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10-14 апрели соли равон бахшида ба 85-солагии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мусобиқаи кушод оид ба волейбол миёни кормандони васоити ахбори омма доир мегардад. Дар мусобиқа расонаҳои хабарӣ (ТВ, радио, матбуот, агентиҳои иттилоотӣ) метавонанд иштирок кунанд. Ҳар даста бояд аз 13 нафар иборат бошад. Ба ғолиби мусобиқа Ҷом ва ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ дода мешавад. Дархост барои иштирок рӯзҳои 7-9 апрел қабул карда мешавад. Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ.: 238 51 09, 236 3166, 918 678213 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №13 (9387), 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

1


ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

ФАРҲАНГ

Эҳёи либосҳои миллӣ 25 марти соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати фарҳанг, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва мактаби рақсии «Новая эра» намоиши либосҳои тарроҳ Хуршед Сатторов доир гардид.

Аҳтам Абдуллозода: “Ояндаи ҷавонони бедониш норӯшан аст”

Он аз чор қисм иборат буд: «Арӯсак», «Атлас», «Чакан» ва «Шаҳризод». Тарроҳи ҷавон кӯшидааст, ки бо омӯзиши адабиёти рангину пурғановати классикӣ ба эҳёи либосҳои замони эҷоди «Шоҳнома» машғул гардад. Ба гуфтаи бинандагон дар ин самт то андозае муваффақ низ гардидааст. Маҳфилро сурудҳои дилангези сарояндагони ҷавон Муҳаммадрофеи Кароматулло, Шабнами Собирӣ, Анисаи Азиз, Сарвиноз Юсуфӣ, Шаҳзоди Даврон ва дигарон таровати дигар бахшиданд. Дар охир Аббосиддин Саймуддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ба Хуршед Сатторов дар ин ҷода комёбиҳо таманно намуд ва иброз дошт, ки рушди санъати тарроҳӣ талаботи замон буда, барои завқи зебоипарастии ҷавонон ва эҳёи суннатхои миллӣ мусоидат менамояд. Насрулло ТӮЙЧИЗОДА

27 март Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила бо донишҷӯёну омӯзгорон ва ҷавонони фаъоли Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мулоқот карданд. Масъулин ҳадаф аз баргузории чорабиниро суҳбати озоду ошкоро бо донишҷӯён арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки дар марҳалаи кунунӣ давлат ва ҷомеа ба ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст ниёз дорад. Зеро, ба таъкиди онҳо, кишвар дар давраи мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ қарор дошта, ҷавонони масъулиятшинос ва мутахассисони дорои ифтихори миллӣ метавонанд дар он саҳм гузоранд. Ҳамчунин, зимни мулоқот иштирокдорон ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, ба бегонапарастӣ роҳ надодан ва нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дахл намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки

аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, ба найрангу фиреби гурӯҳҳои ифротӣ дода нашаванд. Аҳтам Абдуллозода вобаста ба маърифати сиёсӣ ва ахлоқи ҷавонон таъкид дошт, ки “ҳангоми барпо намудани оила бомулоҳиза бошанд”. Зеро вайрон гардидани оилаҳои ҷавон боиси ташвишу нигаронӣ мебошад. Изҳор шуд, ки ҷавонон дар маркази сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар қарор дошта, марҳила ба марҳила тамоми мушкилиҳо дар ин самт аз байн бардошта мешаванд. Аз ин рӯ, ба ҷавонон тавсия шуд, ки бештар ба китобхонӣ ва аз бар намудани илмҳои замонавию забонҳои хориҷӣ рӯ биоранд. Зеро ояндаи ҷавонони бедониш норушан боқӣ мемонад.

КИТОБИ НАВ

ОЗМУН

Озмуни қироати шеър миёни хонандагон Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Ҷамъияти таълимии “Шалола” чанде пеш бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Соли оила озмуни қироати шеър байни хонандагони литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ ва мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар он шоирони шинохтаи ҷумурӣ Бозор Собир, Низом Қосим, Шаҳрия, Меҳринисо ва рӯзноманигорон иштирок доштанд. Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Абдусаттор Наҷмиддининов, мудири кулли ЛИМТТ иштирокдоронро ба муносибати Наврӯзи байналхалқӣ таҳният гуфта, иброз дошт, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии мардуми ориёӣ, оғози соли нав, мавсими кишту кори баҳорӣ ва баробаршавии шабу рӯз буда, истиқболи гарми ин ҷашн,

2

ки рамзи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватапарастӣ, ифтихори миллии мардуми шарифи азизамон мебошад, меҳри Модар ва Ватанро дар дили ҳамагон бедор месозад. Ӯ, инчунин, иброз дошт: “16 сол мешавад, ки бо ибтикори мудирияти кул ва иштироки хонандагони литсейинтернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ ва мактаби байналмилалии пойтахт дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯз як қатор чорабиниҳои фарҳангию бадеӣ, аз ҷумла, озмуни қироати шеър

бо забони тоҷикӣ, фестивал-озмуни қироати шеър бо забони русӣ, озмуни саҳначаҳои бадеӣ бо забони англисӣ, озмуни сурудхонӣ бо забони туркӣ ва мусобиқаҳои варзишии волейбол, баскетбол, шоҳмот ва тенниси рӯйи миз баргузор мешаванд. Чорабиниҳои имсола ба Соли оила бахшида шуданд. Дар ҳақиқат, оила ниҳоди муқаддас буда, дар ташаккули равонию ҷисмонии ҳар фард нақши муҳим мебозад. Бигзор Соли оила дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ саҳми муносиб гузошта, нишонаи равшани болоравии фарҳанги таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмии ҳар оила гардад”. Сипас, хонандагон дар васфи Модар-Ватан ва баҳору Наврӯз шеърҳо қироат карданд. Ҷойи аввал насиби Шоҳанвар Шоҳёқубов, хонандаи ЛИМТТ-и Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе гашт. Ҷойи дуюмро Шаҳдухт Тапеш, хонандаи Мактаби байналмилалии пойтахт ва ҷойи сеюмро Исмоилшоҳ Икромӣ, хонандаи ЛИМТТ-и шаҳри Турсунзода сазовор гардиданд. Ғолибон бо “Ифтихорнома”-ву тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Нашри “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ Дар остонаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ аз тариқи нашриёти «Хуросон»-и шаҳри Хуҷанд “Девон”-и Шайх Камоли Хуҷандӣ дар таҳия, тасҳеҳ ва бо муқаддимаи шоири соҳибноми тоҷик Абдуҷаббори Суруш бо хатҳои кирилӣ ва форсӣ ба чоп расид.

Он ба муносибати ифтитоҳи маҷмааи Камоли Хуҷандӣ, бунёди мақбараи намодини ин шоири бузург дар шаҳри Хуҷанд, ки бо ибтикори Президанти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон анҷом пазируфт, нашр шуд. Девон бар асоси муқобалаи беш аз даҳ нусхаи хаттӣ ва чопии “Девон”-и шоир сурат гирифта, аз нашрҳои муҳими матни осори шоири шаҳир маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, «Фарҳанги

ашъори Шайх Камоли Хуҷандӣ» низ ба дасти дӯстдорону ҳаводорони каломи бадеъ расид, ки маҳсули заҳмати беш аз бистсолаи шоир ва фарҳангнигор Абдуҷаббори Суруш буда, дар маҷмуъ, вожа ва таркибҳои шеърии ашъори Камоли Хуҷандиро шарҳу тафсир намудааст. Ҳар ду китоб бо дастгирии Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ба чоп расидаанд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №13 (9387), 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


БА ИФТИХОРИ 85-СОЛАГИИ “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”

Ҳамқадами ҳаёт

Рӯҳбахши нерӯи бузург

Вақт ноаён даргузар аст ва дар ҳар марҳилае аз худ из мегузорад. Изи нек ё бад. Бо гузашти вақт дар лавҳи хотири одамон санаҳо ба ёд мемонанд. Қариб як аср, дақиқтараш, 85 сол пеш санаест хотирмон ва басо азиз, барои дӯстдорону алоқамандони рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” (собиқ «Комсомоли Тоҷикистон»). Маҳз дар ин рӯз, яъне, 5 апрели 1930 шумораи нахустини рӯзнома ба дасти ҳаводорони хеш расидааст. Кас агар ба Китобхонаи миллӣ қадам ранҷа намояд, дар шуъбаи матбуоти даврии он шумораҳои нахустини бо мурури вақт зард, судаю фарсудшудаи рӯзномаро дастрас хоҳад кард. Он замон нахустин ҳайати эҷодӣ таҳти роҳбарии Ғуломризо Ализода аввалин шумораи рӯзномаро пешкаши хонанда гардонд. Онҳо кӯшиши зиёд ба харҷ доданд, то алоқамандони рӯзномаро аз навгонию рӯйдодҳои замон ба таври бояду шояд огоҳ созанд. Саҳме дар ташаккули маънавии ҷавонони тоҷики солҳои сиюми қарни пешин гузошта ва ба ин васила мақбулашон гардад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Рӯзнома аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ рисолати дар наздаш гузошташударо сарбаландона то имрӯз ба ҷо меорад. Тараннуми меҳнати бунёдкоронаю созанда, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ, ҳидоят намудани онҳо ба ватанпарастию инсондӯстӣ ва дигар мавзуъҳои муҳим пайваста дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дарҷ мегарданд. Тӯли 85 сол аҳли эҷоди рӯзнома ноаён тайғир ёфтааст. Дар ин муддат эҷодкорони рӯзнома баҳри бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷомеа бо ғайрати ҷавонӣ заҳмат кашида, дар ҳалли мушкилоти гуногуни ҷомеа саҳми босазо доранд. Хушбахтона, ин анъанаи нек бо гузашти солҳо имрӯз ҳам идома дорад. Мактаби эҷодии «Ҷавонони Тоҷикистон» кӯраест, ки дар он шахсиятҳои маъруфи кишвар, бахусус, адибони номдор камол ёфта, ба воя расидаанд. Маҳз бо талошу заҳмати онҳо «Ҷавонони Тоҷикистон» рӯзномаи дӯстдошта байни хонандагон гардида, нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта адади нашри он қариб ба 250 ҳазор нусха расид. Ин гувоҳ аз маҳбубияти рӯзнома миёни хонандагон буд. Бо чунин теъдод дигар ягон рӯзномаи ҷумҳурӣ ба нашр намерасид. Нафарони аз таърихи матбуоти тоҷик огоҳ медонанд, ки то нимаҳои аввали солҳои 80-ум рӯзномае бо номи «Маориф ва маданият» нашр мегардид. Сардабирии рӯзномаро зани шуҷои тоҷик Бӯринисо Бердиева бар уҳда дошт. Он замон «Маориф ва маданият» ягона рӯзномае маҳсуб меёфт, ки ба минбари баҳсу мунозираҳо табдил ёфта буд. Маҳз ташкили баҳсу мунозираҳо ва фошгӯиҳо боис гашт, ин зани мардсиришт бо амри ҳокимони вақт аз мансаб дур карда шавад. Аз ин пеш охирҳои солҳои 60-ум чопи мақолаҳо дар мавзуъҳои худшиносии миллӣ «сар»-и сардабири «Тоҷикистони советӣ»-ро ҳам «хурда» буд. Чунин ҳолат бо сардабири «куҳансолтарин»-и рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (он вақт «Комсомоли Тоҷикистон») Ато Ҳамдам дар нимаи дуюми солҳои ҳаштодум низ рух дод. Азбаски он солҳо дар кишвари паҳновари шӯроҳо «бозсозии горбачёвӣ» идома дошт, ҳисси худшиносии миллии мардуми бешумори шӯравӣ, аз ҷумла, тоҷикон боло гирифт. Дар саҳифаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон» он замон вобаста ба ин мавзуъ силсилаи мақолаҳое ба табъ расид, ки ба ҳокимони вақт намефорид. Аз ҷумла, мақолаи олими он вақт ҷавон Мирбобо Мирраҳимов «То ба кай об аз таги ях меравад?». Лек маҳз чопи чунин мақолаҳо боиси маҳбубият, афзоиши обрӯ ва нуфузи рӯзнома миёни хонандагони бешумор гашта, нашри он хеле афзуд. Ҳокимони вақт нашри ин гуна матолибро «нишони миллатчигӣ ва кинаву адоват барангехтан миёни миллатҳои шӯравӣ» номиданд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аҳли эҷоди рӯзномаи ҷавонон рисолати таърихии хешро сарбаландона то имрӯз ба сомон мерасонад. Оғози истиқлолият, пас аз ҷанги хонумонсузи шаҳрвандӣ солҳое буданд, ки рӯзнома аз нашр мувақатан бозмонд. Бо сабаби нарасидани маблағ. Баъдан бо дастгирии роҳбарияти кишвар имкон даст дод, нашри рӯзнома аз нав ба роҳ монда шавад. «Ҷавонони Тоҷикистон» барҳақ ба мактаби тарбияи рӯзноманигорони ҷавон табдил ёфтааст. Ҳар сол даҳҳо донишҷӯ аз факултаҳои рӯзноманигории макотиби олии кишвар ба ин даргоҳ барои таҷрибаомӯзӣ қадам ранҷа мениҳанд. Муҳити гуворо, аҳли тифоқи эҷоди рӯзнома ҳар бинандаро ба ваҷд меорад. Ин аст, ки бештари таҷрибаомӯзон аз ин даргоҳ бо хотираю таассуроти нек берун мешаванд. Дар дил орзу доранд, баъдан чун рӯзноманигор дар ин даргоҳ фаъолият намоянд. Ҳоло рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо аҳли эҷоди хеш ба минбари розу ниёзи ҷавонони кишвар табдил ёфта, бо нашри матолиб ҷолибу хонданбоб байни ҳаводорони худ ҳамоно маҳбубият дорад. Аҳли эҷоди имрӯза чун давомдиҳандагони анъанаҳои пеши рӯзнома саъй доранд, аз худ ҷасорату устуворӣ нишон дода, дар ҳалли масоили мубрами рӯз, бахусус, вобаста ба рӯзгор ва мушкилоти ҷавонон ҳиссагузор бошанд. Аз мутолиаи матолиб ҳар шумора пай бурдан душвор нест, ки кормандони рӯзнома дар ин ҷода комёбиҳоро муваффақ гашта, устуворона гом ба пеш мениҳанд.

“Ҷавонони Тоҷикистон”. Рӯзномае бо чунин унвони зебову бошукӯҳ ва ниҳоят пурмасъулият тавониста, ки рисолати хешро дар тӯли таърихи 85-сола сарбаландона ба сомон расонад ва имрӯзҳо низ устуворона баҳри иҷрои он гом ниҳад. Агар мо ба саҳифаи таърихи нашрияи ҷавонони мамлакат назар афканем, хоҳем дид, ки он чун ҳамқадам ва рӯҳбахши нерӯи бузурги созандаву бунёдкори кишвар ниҳоят ҷолиб ва рангину ибратомӯз аст. “Ҷавонон...”-и 85-сола аз замони таъсис то имрӯз Хушбахтона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо эътимоду ифтихори бузурге дорад, ки чун майдоне барои вусъ- боварӣ ба ҷавонон аз сатҳи олӣ сарчашма мегирад. ат пайдо намудани парвози шахсиятҳои барҷастаи Заковату хиради азалии Сарвари давлат, эътимоди ӯ илму адаб ва журналистикаи тоҷик хидмат кардааст. ба ҷавонон ин нерӯи бузурги ояндасозро рӯҳбаланд Дар ин баробар, идораи рӯзномаи ҷавонон, ки замо- намудаву баҳри иҷрои корҳои бузургтаре раҳнамун ни шӯравӣ номи дигар дошт, мактаби бузурги тарби- гардидааст. яи журналистони соҳибмактаби имрӯз буд. Ин аст, ки Пайгирии ташаббусҳои созандаи Сарвари давимрӯз бо чунин ифтихори бузург фаъолияти густурда лат, фаъолияти пурсамари Кумитаи ҷавонон, вардорад. зиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, таваҷҷуҳи Имрӯз “Ҷавонони Тоҷикистон” нашрияи Куми- хос ва талош баҳри муаррифии дастовардҳои бенатаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати зири Тоҷикистони соҳибистиқлол ва рӯҳбаландии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳарчанд бо густурдагии ҷавонони муваффақ, саҳмгузорӣ дар рушди варзидоманаи фаъолияти кумита фазои фарогирии мато- шу туризм, кӯшиши роҳнамоии ҷавонони соҳибзавқу либи рӯзнома низ васеъ гардидааст, вале мушоҳида эҷодкор маҳаки фаъолияти рӯзмарраи ҳайати эҷодии ва мутолиаи саҳифаҳои он гувоҳ аст, рӯзнома кӯшиши рӯзнома аст. фаротар рафтан аз таъиноти хешро дорад. Ҳамин таИмрӯз “Ҷавонони Тоҷикистон” симои хос ва дар лошу кӯшишҳо боис гардидааст, ки рӯзнома симои майдони матбуоти тоҷик мавқеи устувор дорад. Яке хешро пайдо намояд ва маҳбуби дилу дидаи ҷавонони аз махсусиятҳои он талоши кор гирифтан ба эҳсосот кишвар гардад. Шиори он - “Шишаи номуси мил- тавассути пораҳо ва ҳикояҳои воқеии таъсирнокест, лат дар бағал дорем мо” ба назари мо, баробари он ки гумон мекунам, имкони бештари муваффақ гардики ифодагари мазмун ва муаррифгари симои он аст, данро дорад. Бовар дорам, ки “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамзамон, нишони эътирофи масъулияти бузургу пу- солҳои сол анъанаи неки гузаштаро идома дода, рифтихорест. рӯҳбахши нерӯи бузург ва ояндасози миллат боқӣ Ҷавонон нерӯи бузург ҳастанд, ки қодиранд оян- хоҳад монд. даи дурахшонеро таъмин кунанд. Барои ин танҳо эътимод ба ин нерӯ, роҳнамоии дурусту воқеӣ, Хушдил РАҲИМҶОНОВ, ҳавасмандгардонии наслҳои бузургтар зарур аст. хонандаи доимии рӯзнома

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»

ҶАМЪИЯТ

Сураташ бигзору дар маънӣ нигар Тоҷикистон барои расидан ба натиҷаҳои назаррас ва бартараф сохтани ин ё он норасоиву камбудиҳо дар бахшҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ба хотири комёб шудан ба манфиатҳои муҳими муштарак шароити мусоид фароҳам меоварад. Вале ҳолатҳое мешаванд, ки нафарони алоҳида қонунҳои кишварро нодида мегиранд. Махсусан, дингароён ва рӯҳониён ақидаҳои динии хешро боло гузошта, ба раванди муносибатҳои мардум бо давлату миллат ва ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Аз раванди ҷомеа дарк кардан мумкин аст, ки бархе аз шахсиятҳои рӯҳонӣ чӣ нақши нангине дар ҳаёти имрӯза доранд. Онҳо, ки ҳамчун қувваҳои динӣ ба воқеаҳои ҳаётӣ сарсарӣ муносибат мекунанд, ба кору фаъолияти занони кишвар розӣ нестанд ва ба рафти муносибати занон бо олами атроф баштар назари интиқодӣ доранд. Яъне, занро бо олами атрофаш ночизу ҳақир нишон медиҳанд ва бо таъсир расонидан ба сохторҳои қудратӣ ва ба тавозуни фаъолияти занон хатча ворид карда, фоидаи ҷониби худро ҳамеша дар ҷои аввал мегузоранд, махсусан, кӯшиш мекунанд, чизеро ба манфиати худ анҷом диҳанд. Ба ақидаи эшон занон бояд ҳиҷобу сатр дошта бошанду дар хона нишинанд ва дар ҷое кор накунанд. Табиист, ки бегуфтугӯ, ҳатман занон зарари маънавӣ мебинанд ва таъсири он мустақиман ба давлату миллат мерасад. Мутаассифона, ҷомеаи динии мо имрӯз сари ин дар андешаанд, ки чи гуна бечорагону бенавоёнро танҳо ба хотири он ки зананд, зери ҳиҷоб андозанд. Гӯё ҳиҷоб посбони иффат бошад. Ҳам онҳое, ки ҳиҷобро моли миллии мо мешумо-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №13 (9387), 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

ранд, ғалат мекунанд, зеро он ихтирои ислом нест ва аз ашрофзанони Византиё ба мерос мондааст. Ҳадаф аз пӯшиши ҳиҷоб дар он замон бештар ангезиши шаҳвати мардон буд, на пӯшиши боэҳтиёти занон. Бисёре аз мардони рӯҳонии тоҷик дар симои зан нафари хонакору сархаму гапшунаву гапгир ва ба таъбири дигар, як хидматгор ва ё ғуломи ҳалқабаргӯши хонадонро мебинанд. Чунин оилаҳоро намунавӣ мегӯянду меситоянд. Дар ниҳоят, зан ҳуқуқҳои худро ҳифз карда наметавонад. Аз лиҳози шаръӣ низ ҳеҷ марде ҳақ надорад маҳз барои кори хонаводагӣ издивоҷ кунад ва ё зани худро хидматгор бигардонад. Аз сӯи дигар, чигунагии ҳолати рӯҳии зан аз вазъият ва имконият, дараҷаи фаҳмиш ва хаёлоти ӯ вобаста аст ва насли солим ба дунё оварда, тарбият мекунад. Агар зане мехоҳад, воқеан ҳам, дар ягон муассисаи давлатӣ ва ё корхонаи саноативу тиҷоратӣ фаъолият кунад, рӯҳониён дар муқобили хостаҳояш қарор мегиранд ва ҳуқуқҳояшро поймол мекунанд. Ҳарчанд зан кореро ба анҷом расонида метавонад ва ё на-

метавонад, набояд ғуломи оила бошад. Чунки қонун барои зану мард ҳуқуқҳои баробар додааст. Ин кор бо таълимоти дини мубини ислом ҳамхонӣ надорад. Ҳар як зан шахсияти мустақили соҳиби ҳуқуқ аст, на ғуломи ҳалқабаргӯши беҳуқуқ. Дингароёни имрӯза дар симои зан хизматгорро мебинанду бас. Аз бенавоӣ берун овардани зани тоҷик вазифаи ҷомеа ва пеш аз ҳама мардон аст. Агар мард шарту шартгузориҳо бикунад, ки ҳатман ҳамсар дар хона нишинад, вале зан инро нахоҳаду аз шавҳараш талаби кор кардан кунад, ба ӯ иҷозат дода шавад, зеро дар чунин сурат аз лиҳози шаръӣ мард бояд гапи занашро бигирад. Зеро ин ҳаққи зан бар гардани шавҳараш воҷиби шаръӣ аст. Аммо, аксаран, ҳамеша нафарони сиёсикунандаи дин зидди чунин иқдомот ҳастанд ва иҷозати кор намедиҳанд. Дар фароварди сухан бори дигар ёдовар мешавам, ки ҳадаф аз нигоштани ин сатрҳо танҳо пешниҳоди як роҳи ҳал барои мушкилоту нофаҳмиҳое аст, ки бо сабаби тангӣ ва камбуди зиндагии занон дар оила ба вуҷуд меояд. Рустам РАҲИМОВ

3


НАВРӮЗ-2015 Наврӯз дар таърихи мавҷудияти хеш чун суннати ваҳдатофарин ва баҳамовари мардуми гуногун бо оину русуми хосаи таҷлил муҷассам гардида, ҳамеша дар ҳидояти ҷомеаҳо ба сӯи ормонҳои олии инсонӣ, шукуфоиву нусрат нақши пурфайз гузоштааст. Ба иттилои сарчашмаҳои таърихӣ ҳанӯз дар замони Куруши Кабир паҳнои бузургдошти Наврӯзи миллии мо то қаламрави кишварҳои мухталифи ҳавзаи он рӯзгор доман кашида, мардуми зиёдро аз баракоти хеш баҳравар гардонидааст. Ҳанӯз аз қадимтарин айём дар вусъати чунин шукӯҳу ҷалоли Наврӯз оинҳое рӯнамоӣ мекарданд, ки махсуси ин ё он қаламрави ҷуғрофии мардуми форсизабон буда, дар матну батни худ андешаҳои шукуфоӣ, рустан, ободонӣ, тоза нигоҳ доштан ва дар маҷмӯъ, фазилатҳои ҳасанаро ҷойгузин намуда, бо ҳамин муҳассаноти хеш мардумро берун аз ҳама қайду маҳдудҳои забониву фикрӣ, маҳзабиву динӣ ба ҳам меоваранд. Аз ин лиҳоз, дар сарчашма ва осори таърихӣ ёд шудан аз мафоҳим ва суннатҳои барҷастаи таҷлили Наврӯз бар пояи ҷуғрофиёи хоси нуфузи ин ҷашни миллӣ чун Наврӯзи Суғд, Наврӯзи Хатлон, Наврӯзи Кӯлоб, Наврӯзи Бохтар, Наврӯзи Зарафшон, Наврӯзи Ҳисор, Наврӯзи Бадахшон ва амсоли ин аз ҳузури густардаи оинҳои наврӯзӣ дар манотиқи ҷуғрофии имрӯзаи Тоҷикистон паём мерасонад, ки ба таври шоён баргузор мешуданд. Мардуми манотиқи гуногун бо иҷрои беҳтарин оинҳои наврӯзии – иди додан ва рӯйбусӣ – яъне, ба таъбири мардумӣ, дидор тоза кардан дар айёми таҷлили Наврӯз ба марзҳои ҳамдигар мерафтанду ба ҳам идиҳо медоданду аз дидори ҳамдигар файз мегирифтанд. Наврӯзро бо ҳам дар наврӯзгоҳҳои хоса таҷлил намуда, оинҳои наврӯзии ҳамдигарро табодул мекаранд, то меҳру иродат бештар гардида, суннатҳои хоси ахлоқии фарҳанги Наврӯз ба ҳам омезиш пайдо кунад.

4

намуда, яке аз гӯшаҳои санглоху ноободи кишварро аз баракати раҳнамоиҳои Роҳбари давлат ба боғистони биҳиштосо табдил додаанд, ки воқеан дидор ва файзгирӣ аз фазои зебои он ба кас рӯҳу равони тоза мебахшад. Роҳбари давлат бо қаноатмандӣ аз ин иқдоми мардум ва ин маҳсули дастони заҳматқарини деҳқонони суғдӣ ҳамроҳ бо масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми аҳли зиё фосилаи беш аз ду килеметраи роҳи миёни боғистонро пиёда тай намуда, бо илҳом аз ин паёмоварони баҳор сӯҳбатҳои самимона орост, ки воқеан барои ҳама қаноатмандии фаровонеро чун беҳтарин ҳадяи наврӯзӣ ато намуд. Ҳамин гуна, сафари наврӯзии мо ба вилояти Суғд бо истиқболи гарму самимонаи мардум, ки ҳамеша бо худ баҳору Наврӯзро

майдони марказии шаҳри Хуҷанд муҷассамаи зардолуи шукуфо чун рамзи ҳузури баҳору Наврӯз бо ҳамон шаҳомати хосаи худ қомат афрохта буд, ки аз дидани он воқеан дар вуҷуди кас ҳузури эҳсоси баҳор ҷилва мерехт. Гурӯҳи мо ҳамроҳ бо чанд ҳайати дигар нахуст дар чорабиниҳои наврӯзии маҳаллаи Сари Санги шаҳри Хуҷанд, ки дар бинои Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, ҳузур пайдо намуда, аз растаҳои хосаи наврӯзии мардуми ин маҳал ороста дидан ба амал оварданд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳонаш меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр бо нону намак ва муҳаббату ихлоси наврӯзӣ истиқбол намуда, баъдан ба наврӯзгоҳи мазкур даъват намуданд. Зимнан бояд ёдовар шуд, ки бо ибтикори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ айёми Наврӯз

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки гӯӣ пироҳани гулрези сапедарангро ба сар гирифтаанд, паёми баҳорро ба мо мерасониданд. Воқеан, ак-

бароямон пайғом мерасониданд, оғоз ёфт. Рӯзи аввал пас аз ҷойгир шудан дар Осоишгоҳи шукуҳманду нусратёри «Баҳористон» ба 20

дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят озмуни «Наврӯзгоҳи беҳтарин» ҷараён мегирад, ки он рӯз баробари ҳузури меҳмонон ҳакамони

сари ин боғистонро, ки маҳсули татбиқи муваффақонаи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар самти бунёди боғу токзорҳо ва дар ин замина мусоидат ба рушди соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мешаванд, солҳои охир мардуми меҳнатқарини вилояти Суғд бунёд намудаанд, ки намунаи беҳтарини он «Боғи миллӣ» ба шумор меравад, ки аз фазои беканори осмони Хуҷанд шукуфазори беканори ин боғ бо ҷалолу шукӯҳи хосаи худ ҳувайдо буд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вақте дар яке аз рӯзҳои таҷлили Наврӯз бевосита худ аҳли зиёро ба тамошои ин боғистон даъват намуда, баъдан, бисёр бамаврид таъкид намуданд, ки воқеан биҳишти рӯи замин бояд ҳамин гуна бошад. Дар воқеъ, дар ин боғи биҳиштосо намояндагони тамоми минтақаҳои вилояти Суғд дарахту рустаниҳои хоси худро дар давоми чанд соли охир парвариш

гурӯҳ тақсим шудем ва аз рӯи барномаи таҳиянамудаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба табрики аҳолии шаҳру навоҳии вилоят дар таҷлили ҷашну маросимҳои Наврӯзии маҳаллаҳо ва манотиқи мухталиф шитофтем. Барои гурӯҳҳои аз намояндагони гуногуни аҳли зиё таркибёфта микроавтобусҳои махсус ва роҳбалад аз ҷониби масъулин вогузор шуд, ки ҳамеша ва сари вақт дар хидмати меҳмонон буданд. Корвони мошинҳои меҳмонон бо шиорҳои наврӯзӣ оро ёфта, пештоқи ҳар яке аз онҳоро таманниёти наврӯзӣ зеб медоданд. Шаҳри Хуҷанд он рӯзҳо қабои идона ба бар намуда, дар хиёбону пештоқи биноҳои шоҳроҳи марказӣ, болои пули рӯди Сайҳун дар канори шиорҳои пур аз таманниёти Наврӯзӣ беҳтарин байту қитъаҳои наврӯзиву баҳорона насб шуда буданд. Имсол ҳам дар

озмун низ аз ҷараёни омодагиву оростагиҳои наврӯзгоҳҳо дидан намуданд. Зимни боздид аз растаҳои наврӯзии мардум беҳтарин падидаҳои наврӯзӣ чӣ дар хони наврӯзӣ ва чӣ дар сару либоси идонаи аҳолӣ муҷассам буд. Бозиҳои беҳтарини наврӯзӣ, суруду рақсу таронаҳои идона шукӯҳи наврӯзро бештар мегардониданд. Аз номи ҳайати меҳмонон дар ин чорабинӣ шоирон Муъмин Қаноат ва Бозор Собир аҳолии маҳаллаҳои мазкур ва донишҷӯёни коллеҷро табрику таҳният гуфтанд. Ҳамзамон, бо чорабинии мазкур хатнасури чанд нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ва ятим низ баргузор гардид, ки аҳли сухан, адибон Мӯъмин Қаноат, Меҳмон Бахтӣ, Бозор Собир, Гулназар, Ҳақназар Ғоиб тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро ба ин тифлакони дӯстрӯ

Тоҷикистон Ватани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои эҳёи дубораи беҳтарин суннатҳои паси гарду ғубори таърих фурӯмондаву фаромӯшшудаи Наврӯз заминаҳои шоиста фароҳам овард. Пеш аз ҳама, бо ибтикори Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари барқарор намудани беҳтарин падидаҳои фарҳанги қадимаи Наврӯзи тоҷикон, чун бунёди Наврӯзгоҳҳо, талош барои ҷаҳонӣ шудани ин ҷашни миллии мардуми форсизабон ва мероси бузурги фарҳангии мо падидаи наҷиби баргузории Наврӯз дубора бо сурати нав роиҷ гардид. Роҳбари давлат ба фарҳанг ва фалсафаи Наврӯз ҳамчун унсури муҳими ваҳдатсоз ва ваҳдатофарин назар афканда, барои баргузории Наврӯз дар минтақаҳои гуногуни мамлакат бо ҳузури намояндагони тамоми манотиқи кишвар иқдом намуданд. То кунун чанд маротиба тантанаҳои Наврӯзи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он, Хатлону Раштонзамин, ноҳияи Данғара, ҳамзамон, бо ифтитоҳи яке аз бузургтарин Наврӯзгоҳҳо баргузор гардид. Инчунин, бори дуюм аст, ки тантанаҳои идонаи Наврӯз дар вилояти Суғд доир мешаванд. Бо ҳадафи таҷлили бошукуҳи Наврӯзи ҷаҳонишудаи миллӣ мо як гурӯҳи калони намояндагони аҳли зиё ба шумули шоирону нависандагон, рӯзноманигорон, олимону пажӯҳишгарон аз тамоми манотиқи кишвар бо раҳнамоии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айёми Наврӯз ба вилояти Суғд сафар намудем. Вақте ҳавопаймои мо ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд наздик мешуд, аз оинаи он ҳузури арӯси нозанин ва зебои сол – баҳори муборакқадам дар сурати шукуфаҳои сапедандоми зардолузори Суғд равшан ҳувайдо буд. Боғистонҳои тозанбунёди мавҷуд дар канори шаҳри Хуҷанд ва

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №13 (9387), 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


НАВРӮЗ-2015 супориданд. Дар канори барномаҳои ҷаззоби наврӯзии маҳаллаи Сари Санг, меҳмонон дар чорабиниҳои наврӯзии мактаби хусусии Иршод низ ширкат намуда, муҳассилини ин дабистонро бо ҷашни Наврӯз муборакбод гуфтанд. Боздид аз чойхона ва қасри таърихии Арбоб хотироте мондагор барои меҳмонон аз табдирҳои сиёсати созандаи Сарвари давлат боқӣ гузошт. Беҳтарин намунаи ҳунармандии миллии тоҷикон дар сутуну сақфу девораҳои чойхонаи миллии назди Қасри Арбоб таҷассум ёфтаанд, ки бинандаро мафтун мегардонанд. Рӯзи дигар аз ҳузур дар чорабиниҳои наврӯзии донишгоҳу донишкадаҳои олии мавҷуд дар қаламрави вилояти Суғд оғоз ёфт. Ҳайати мо ва чанд гурӯҳи дигар суҳби барвақт ба дидори усто-

вилояти Суғд дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров студияи таълимии телевизонии «Фурӯғ» амал мекунад, ки ҳамзамон, бо ташкили дарсҳои донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигорӣ кормандони он барои шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ гузоришу барномаҳои ҷолиб таҳия ва манзур мекунанд. Он рӯз низ хабарнигорони ин студия аз фурсати муносиб истифода бурда, таассуроти аксари меҳмононро аз ҳузури Наврӯзи хуҷастапай ва истиқболи мардум сабт намуданд. Дар ҷараёни баргузории барномаҳои наврӯзии донишгоҳ ба мушоҳида мерасид, ки аксари меҳмонони ҷашнвора, аз ҷумла, шоирони маҳбуб Муҳаммад Ғоиб, Давлати Раҳмониён, журналистон Сайёфи Мизроб, Сафаралӣ Бозорзода ва дигарон таассуроти рангини хешро аз истиқболи гар-

рона ва фарҳангсолоронаи Сарвари давлат амалӣ шуд. Роҳбари

дону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шитофтем. Дар даромадгоҳи он устодону донишҷӯён меҳмононро бо нону намак ва чеҳраҳои гарму самимиву идона истиқбол намуданд. Барномаи наврӯзии донишҷӯёни донишгоҳ бо суханронии ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов оғоз ёфт. Бо таваҷҷӯҳ бар ин ки дар донишгоҳ донишҷӯён дар риштаҳои гуногуни забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, инглисӣ, олмонӣ, арабӣ, чинӣ, русӣ ва амсоли ин таҳсил мекунанд, донишҷӯён меҳмононро бо ин забонҳо ба ҷашни Наврӯз табрику таҳният гуфтанд. Устодону донишҷӯёни факултаи санъати донишгоҳ бо сурудҳои наврӯзӣ базми идонаро шукуҳи дигар бахшиданд. Аз номи ҳайати меҳмонон Муҳаммад Ғоиб, шоир ва сардабири нашрияи расмии Ҳукумати ҷумҳурӣ «Ҷумҳурият» ҳозиринро ба ҷашни Наврӯз табрик намуда, бо қироати як шеъри ҷаззоби хеш ба маҳфили идона боз ҳам нусрати наврӯзӣ ато намуд. Баъдан, ректори донишгоҳ меҳмононро ба хаймаҳои наврӯзии факултаҳои донишгоҳ, ки дар майдони шафати Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд ба ҳукми наврӯзгоҳи маҳаллаи бистуми шаҳри Хуҷанд доман паҳн карда буданд, даъват намуд. Меҳмонон дар ҷараёни ошноӣ бо хаймаҳои наврӯзии факултаҳои донишгоҳ бо ҳайати устодону донишҷӯён Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сӯҳбатҳои самимӣ ороста, аз дастовардҳои солҳои охири ин махзани илму маърифат огаҳии бештар пайдо карданд. Дар канори растаҳои ҷудогонаи факултаҳои донишгоҳ низ барномаҳои ҷолиби наврӯзии ҳар гурӯҳ аз устодону шогирдони донишгоҳ бо вежагиҳои хоси худ манзури аҳли ҳузур, хоса, меҳмонони наврӯзи Суғд гардид. Ёдовар бояд шуд, ки тайи як сол мешавад, бо дастгирии Абдураҳмон Қодирӣ, раиси

му самимонаи мардум ва ҳузури ҳумоюнии Наврӯз бо шӯру шавқ баён менамуданд. Муҳимтарин рӯйдоде, ки дар нимаи дуюми он рӯз иттифоқ афтод, бо ҳузури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи чаҳорбоғи Камоли Хуҷандӣ дар маркази вилоят ба ҳисоб меравад. Бояд тазаккур дод, ки чанде қабл мутобиқ ба дастури Роҳбари давлат ҳайати зиёиёни вилояти Суғд бо сарварии Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ба шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуданд, то муште аз хоки мазори шоири соҳибноми форсу тоҷик Шайх Камоли Хуҷандиро интиқол диҳанд то мақбараи ин суханвар дар ватани хеш чун зиёратгоҳи аҳли дил қомат афрозад. Ҳамин тавр, дар остонаи

таҷлили Наврӯзи Аҷам, чун рамзи пос доштани хотири гузаштагон ин чаҳорбоғ бо фарогирии мақбараи рамзии шоир ва хона-музейи Шайх Камоли Хуҷандӣ бунёд гардида, орзуи деринаи мухлисони суханвар аз баракоти сиёсати дурнига-

давлат нахуст парда аз рӯи муҷассамаи Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки дар шафати мақбараи намодин қарор гирифтааст, бардошта, баъдан, хоки муқаддаси шоирро, ки аз мазори мубораки вай аз шаҳри Табрез ба Хуҷанд интиқол дода шуда буд, ба ҷойгоҳи аслии худ – даруни мақбараи намодин гузошт. Дар сари мақбараи Шайх Камоли Хуҷандӣ аз тарафи Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба Президенти кишвар чун рамзи тӯҳфаи идона Девони Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки аз тарафи шоир Абдуҷаббори Суруш бо ду хат – форсӣ ва кириллӣ таҳия шудааст, тақдим гардид. Баъдан, Сарвари давлат ба хона-музейи Шайх Камоли Хуҷандӣ низ ҳузур пайдо намуд, ки мутобиқ ба шеваҳои зин-

дастуру раҳнамоиҳои мушаххас дода, аз бостоншиносон даъват ба амал овард, то дар такмили он ба хотири боз ҳам бонуфуз гардидани он маслиҳат ва раҳнамоиҳои муфид арза доранд. Сарвари давлат, инчунин, аз олимону донишварон даъват ба амал овард, то баҳри омодагӣ ба 700 - солагии ин шоири бузург, ки қарор аст, соли 2020 дар сатҳи байналмилалӣ сурат бигирад, омодагии комил гиранд. Ва пешниҳод намуданд, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими боз ҳам бештари ифтихори ватандорӣ, рӯҳияи баланди хештаншиносӣ, тарбияи завқи зебоипарастӣ, шинохти нақш ва хизматҳои шоистаи Шайх Камол дар ташаккули маданият ва фарҳанги ҷаҳонӣ доир ба масъалаи дар соли 2020 ҷашн гирифтани 700-солагии зодрӯзи ин суханвари камназир ва омода намудани санадҳои зарурӣ ба Кумитаи оид ба илм, маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, яъне, ЮНЕСКО тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд». Тантанаҳои бошукуҳи идонаи Наврӯз шоми 22 март дар Варзишгоҳи ба номи 20 - солагии

ҳузури аҳли ҳунар истиқбол намуданд. Нахуст, Паёми табрикотии Сарвари давлат ба мардуми кишвар дар ин варзишгоҳи бонуфуз садо дод. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки: «Дар яке аз шаҳрҳои қадимаи мамлакатамон - Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани чорабиниҳои Наврӯзи имсола беҳикмат нест, зеро дар асоси манбаъҳои таърихӣ ниёгони шарафманди мо Наврӯзро ҳанӯз дар давраҳои мавҷудияти давлатҳои нахустини худ дар гӯшаҳои гуногуни қаламрави хеш таҷлил мекардаанд ва ин айёмро барои ободии диёр истифода мебурдаанд. Бо мақсади баҳрагирӣ аз ин таҷрибаи ниёгон мо низ тасмим гирифтем, ки Наврӯзро ҳар сол дар яке аз манотиқи Тоҷикистон ҳамчун рамзи ваҳдати ҷовидонаи миллӣ таҷлил намоем ва суннатҳои деринаи аҷдоди сарбаланди хешро барқарору устувор созем». Ҳозирин шодбодии наврӯзии Сарвари давлатро бо рӯҳияи баланд ва самимияти тамом истиқбол намуда, қаноатмандӣ аз он доштанд, ки шукӯҳи наврӯзи имсола аз шарофати ҳузури Роҳбари дав-

дагонии мардуми қадимаи Хуҷанд дар замони зиндагонии шоир таҳия шудааст. Сарвари давлат зимни суханронии хеш дар маросими ифтитоҳи ин маҷмааи бонуфуз барои боз ҳам тақвият касб намудани ҷанбаҳои таърихии хона-музей

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бо ҳузури густардаи меҳмонону мардуми сарзамини Суғд баргузор шуданд. Барои тамошои барномаҳои идона беш аз 25 ҳазор нафар ташриф оварда, бо рӯҳияи баланд аз

лат ва меҳмонон аз тамоми гушаву канори кишвар боз ҳам дурахшону мунаввар ҷилварезӣ дорад. Барномаҳои наврӯзӣ низ, ки бо ширкати густардаи аҳли ҳунар, хоса, донишҷӯёни донишгоҳҳои (Давомаш дар саҳ. 6)

Наврӯз аст

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №13 (9387), 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

5


НАВРӮЗ-2015 (Идома аз саҳ. 4-5) олии қаламрави шаҳр, ки бо таҷаммуи шукуҳманд ва рӯҳангез суннатҳои ҷолиби наврӯзи Аҷамро чун рамзи ваҳдату ҳамдилӣ дар сурати рақсҳову намоишҳо, бозиҳои наврӯзӣ ва амсоли ин ба иҷро расониданд, барои аҳли нишаст файзу нусрати хос ато намуд. Ҷаҳонишавии Наврӯз дар оинаи ин барномаҳо аз он ҷиҳат муҷассам буд, ки дар вусъати барнома сурудҳои наврӯзӣ дар баробари бо шеваҳои ҷаззоби аҳолии форсизабон садо доданд, бо лаҳни гуворои кишварҳои дигари ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, аз ҷумла, забони ақвоми ҳамсояи мо танин андохта, воқеияти ҷаҳонишавии Наврӯзро ба унвони падидаи ваҳдатофарин ва мардумсолор шарҳу тафсир менамуд. Баробари ин, беҳтарин падидаҳои наврӯзӣ, сурудҳои хоси маҳалу манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ, оинҳои инсонсоз, навъу намудҳои мгуногуни бозиҳои варзишӣ барномаи наврӯзиро рангину гуворо гардонид. Имсол бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст муҳимтарин бозии варзишии миллии пайванд ба Наврӯз доштаи ниёкони мо - чавгонбозӣ эҳё гардида, дар заминаи ҳамкориҳо бо Федератсияи чавгони Ҷумҳурии Исломии Эрон як гурӯҳи чавгонбозон аз вилояти Суғд курси кутоҳмуддати чавгонбозиро дар ин кишвар гузашта, дастаи аввалини чавгонбозиро дар кишвар ба вуҷуд оварданд. Ин ҳам аз шарофати Наврӯз ва Истиқлолияти миллии кишвар мо буд, ки дар канори дигар тадбирҳои муҳим боз як навъи варзиши миллии наврӯзӣ эҳё шуд. Дар баробари ин, дар яке аз барномаҳои хосаи наврӯзӣ, ки ба гӯштини тарзи миллӣ чун анъанаи наврӯзӣ бахшида шуд, низ паҳлавонон аз манотиқи гуногуни кишвар ва ҳатто ҷумҳуриҳои ҳамсоя даъват шуда буданд. Ин чорабинӣ бо як рӯйдоди бисёр муҳим мувофиқ омад, яъне, бо ҳузури Сарвари давлат, қабл аз баргузории ин мусобиқа дар шафати Қасри Арбоб як бинои зебои амфитеатр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба гуфтаи мутахассисон ва масъулин амфитеатри Маҷмааи Арбоб, ки шакли нимдоира дорад, дар масоҳати умумиии 3,5 гектар ҷойгир шуда, дорои 7000 ҷойи нишаст мебошад. Андозаи саҳнаи он 80х54-метр буда, барои чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва бозию дилхушӣ пешбинӣ шудааст. Атрофи саҳна ва дигар гӯшаҳои амфитеатр бо сутунҳои зебо ва нақшу нигор оро ёфтааст. Даромадгоҳи амфитеатрро, ҳамчунин, фаввораи даврашакл ҳусни дилкаш мебахшад. Атрофи биноро дарахтони ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо зебу зиннат додаанд. Дар ҳамин бинои мӯҳташаму зебо мусобиқаи гӯштини миллӣ доир шуд ва ширкати бевоситаи Сарвари давлат ба он шукӯҳи тоза ато намуда, дар фаровард бевосита аз тарафи худи Роҳбари давлат ба ғолиби мусобиқа Комроншоҳи Устопириён тӯҳфаи асосии мусобиқаи Наврӯз – мошини сабу-

6

крави тамғаи Hyundai тақдим шуд. Субҳи наврӯзии дигар тантанаҳои шукӯҳманди идона бо ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд идома ёфтанд. Чеҳраҳои мардум ҳамеша гарму самимӣ буданд ва рӯҳияи наврӯзӣ доштанд. Барои таҷлили ҷашни бошукӯҳи Наврӯз ба наврӯзгоҳи зебо низ, мардуми сершумори

наврӯзии ҳовии анъана ва расму оинҳои миллӣ ороста шуд, ки нишони 20-солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зеббахши он буд. Бо тавсияи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи охирини ҳузури мо дар қасри навбунёди фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов барномаи ҳунарии наврӯзии аҳли ҳунари ноҳия намоиш дода шуд.

муҷассам намуданд. Бегоҳии он рӯз мо, ҳайати меҳмонон ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд равон шудем. Ростӣ, он қадар хотираҳое аз ин Наврӯз дар кӯлбори худ бардоштем, ки шояд натавонем ҳамаи онро шарҳу тафсир намоем. Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд бо якояки меҳмонон худоҳофизӣ

рои тамоми мардуми кишвар, зеро анъанаи шаҳрсозӣ низ дар айёми Наврӯз барои миллати мо аз ниёкони шарафманд ба мерос монда ва сохтмони шаҳри Сиёвушгирд, ки ба номи қаҳрамони беназири миллии мо Сиёвуш марбут аст, қадимияти ин анъанаи шарифро бозгӯӣ мекунад. Акнун Наврӯзи имсол бо ҳиммати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон боз як

Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст

анъанаи нек ва қадимаи наврӯзӣ - шаҳрсозӣ эҳё гардид ва мо аз бунёди наврӯзгоҳҳову эҳёи Наврӯзи аҷдодии Суғду Хатлону Бадахшону Ҳисор ба падидаи неку наҷиби он - сохтану офаридану бунёд кардан дар рӯзи Наврӯз расидем, ки он ҳам дар сурати шаҳрсозӣ муҷассам мешавад. Иншоаллоҳ, умедворем, ки ин шаҳри наврӯзии Сайҳун чун Наврӯзи ҷаҳонии мо умри тӯлонӣ бубинаду чун мақоми он оламгир шавад... Чун ба шаҳри Душанбе расидем, ҳайати мо бо шавқ аз рӯзҳои наврӯзии Суғдзамин, аз он айёми пурнишот ва фурсатҳои ваҳдатоин ва нурофарин ҳарф мезаданд, ҳанӯз ёду дилу ҳуши мо дар Хуҷанд

шаҳру навоҳии вилоят ҳузур пайдо намуда, рӯзҳои сабзу офтобии баҳориро бо ҳам истиқбол мекарданд. Мо гурӯҳи зиёиён ва меҳмонони ҷашнвора ҳамроҳ бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин базмгоҳи наврӯзӣ ворид гардидем ва аз баракоти хони наврӯзии мардум файз бардоштем. Мардум аз он изҳори қаноатмандӣ доштанд, ки ба шодии наврӯзии онҳо Роҳбари давлат ҳамроҳ шудааст ва ин ифтихор барои онҳо ҳамеша хотирмон хоҳад буд. Дар наврӯзгоҳи назди Қасри Арбоб намоишгоҳи

Воқеан, мӯҳтавои барнома ҳам Наврӯзи ваҳдат ва ваҳдатофаринии Наврӯзро таҷассум мекард, зеро бори аввал дар он мо шоҳиди суроиши як суруди мукаммали наврӯзии гурӯҳӣ бо забони яғнобӣ шудем, ки яке аз охирин осори гаронмояи Суғди бостон ва забони суғдӣ ба шумор меравад. Сурудҳои ҳунармандон дар забонҳои қирғизиву қазоқиву ӯзбекӣ, ки ҳама баёнгари наврӯзияҳои ин мардум буданд, Наврӯзро бо беҳтарин ваҷҳ ҳамчун падидаи ваҳдатсоз ва ҷашни воқеан ҷаҳонӣ

намуда, аз ташрифи онҳо изҳори қаноатмандӣ намуд. Меҳмонон низ дар навбати худ аз ин пазироии гарму самимонаи сипосгузорӣ намуда, наврӯзи зебои Суғдро васфу ситоиш мекарданд. Дар фурудгоҳ мо иттилоъ гирифтем, ки субҳи он рӯз Сарвари давлат ба маросими оғози бунёди шаҳраки нав дар мавзеи Сомғор ташриф овардаанд, ки бо ҳидояти Роҳбари давлат Сайҳун ном гирифта, дар масоҳати беш аз 1000 гектар сохта мешавад. Ин ҳам як падидаи нодир ва пайки беҳтарини наврӯзӣ буд ба-

дар сояи гулрези зардолузори Боғи миллӣ, дар чорроҳи Чорбоғи Шайх Камоли Хуҷандӣ ва боғистони сапедаранги назди Қасри Арбоб қарор дошт ва мо ҳама баробар гӯё такрор мекардем: Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст, Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст... Самариддин АСОЗОДА, Душанбе - Суғд - Душанбе

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №13 (9387), 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


ШОДБОШӢ

Минбари розу ниёзи ҷавонон

Табрикоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бахшида ба 85-солагии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Ҳамкорони гиромӣ! Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикиcтон”! Бароям мояи ифтихор аст, ки дар баҳори нозанин Шуморо бахшида ба 85-умин солгарди таъсисиёбии рӯзномаи маҳбуби ҷавонон - “Ҷавонони Тоҷикистон” табрик менамоям. Таъсисёбии чунин як рӯзнома аз рӯзҳои аввал барои қишри фаъоли ҷомеа - ҷавонон дастоварди муҳим ба ҳисоб мерафт. Зеро тавре аз таърихи рӯзнома бармеояд, он аз нахустин рӯзҳои таъсисёбӣ ба дилу дидаи ҷавонон роҳ ёфта, дар бедорсозӣ ва саводнок гардонидани онҳо нақши бағоят калон гузоштааст. Рӯзнома дар тӯли фаъолият пайваста аз ҳаёти ҷавонон матолиби гуногуну хонданибоб ба табъ расонда, минбари розу ниёзи онҳо гардидааст. Ҷавонони саодатманди кишвар тавассути ин минбар бурду бохт ва муваффақияту мушкилоти худро

мавриди баррасӣ қарор дода, дар бештари ҳолат ба ҳадафҳои ниҳоии худ расиданд. Яъне, рӯзнома тавонистааст барои ҳалли мушкилоти онҳо саҳми беандоза гузорад. Гарчанде рӯзнома дар ҳаёти 85-солаи худ чанд маротиба номи худро иваз намуда бошад ҳам, аммо ҳадаф ва вазифаи худро тағйир надодааст. Рисолати аслии худ - тарбия намудани ҷавононро ҳамеша дар мадди аввал қарор дода, талаботи маънавии онҳоро қонеъ сохтааст. Бояд қайд намоям, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо сабабҳои муайян як муддат нашрия аз фаъолият бозмонд. Аммо бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста нисбат ба ҷавонон ғамхории беандоза доранд, нашри дубораи он ба роҳ монда шуд. Рӯзнома дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сатҳу сифати худро ба маротиб боло бурда, дар бедорсозии ҳувияти миллӣ, иф-

тихор аз соҳибистиқлолию ватандорӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи меҳанпарастӣ нақши калон гузошт. Имрӯз низ аҳли эҷоди нашрия ин вазифаи басо муҳимро бар дӯш гирифта, аз рӯзгори ҷавонони давраи соҳибистиқлолии мамлакат матолиби гуногуну хонданибоб ба табъ мерасонанд. Барои дар сатҳи сифатан нав иҷро кардани вазифаҳои дар назди рӯзнома гузошташуда фаъолияти дурусти сомонаи интернетии он, ки ба зудӣ фаъол гардид, амри зарурӣ мебошад. Қаламбадастони арҷманд! Бори дигар Шуморо ба муносибати 85-солагии рӯзнома табрику таҳният гуфта, ба Шумо, қабл аз ҳама, қалами буррою созанда ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору муваффақият хоҳонам. Бигзор ин минбари розу ниёзи ҷавонон барои садсолаҳои дигар боқӣ монад.

“Пири ҷавон” минбари озоди ҷавонон боқӣ монад! Табрикоти раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ба муносибати 85-солагии таъсисёбии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»

Матбуот ва дар маҷмӯъ, васоити ахбори омма дар тамоми давру замон, новобаста аз муҳит ва шароити мавҷуда, чун манбаи асосии ташаккули тафаккур ва рушди ҷамъият эътироф гардидаанд ва дар ҳамин замина қимат ва рисолату манзалати худро нигоҳ медоранд. Ҷои шакку шубҳа нест, ки нақш ва ҷойгоҳи воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти рӯзмарраи аҳли ҷомеа эҳсоси амиқтар касб менамояд. Зеро матбуот ва воситаҳои ахбори омма то кунун манбаи асосии таъсиррасонанда ва ташаккулдиҳандаи афкори ҷомеа боқӣ мондааст. Яке аз саромадони матбуоти тоҷик, устод Садриддин Айнӣ дар вақташ беҳуда нагуфта буд: «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад». Бо назардошти ин рисолати матбуот Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханони табрикотии хеш ба муносибати 100-солагии таъсисёбии матбуоти тоҷик иброз дошта буд, ки: «Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне, хизмати содиқона

ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад». Ҷойи хушнудист, ки рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») аз оғози таъсисёбӣ, 5 апрели соли 1930 то кунун ҳамин рисолатро пайгиронаву ҳадафмандона ба сомон мерасонад. Зеро, чуноне аз таърихи таъсисёбии ин ҷаридаи хоси ҷавонон бармеояд, аз аввал дар садри он фарзандони равшанзамиру маърифатпарваре чун Ғуломризо Ализода, Мирсаид Миршакар, Мирзо Турсунзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев ва даҳҳо нафари дигар қарор доштанд, ки бо фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангӣ дар он замон эътибори баланд доштанд ва дар шаклгириву эътибор пайдо кардани он саҳм гирифтаанд. Минбаъд низ ин мактаб пайваста такмил ёфт ва тӯли 85 соли мавҷудият «Ҷавонони Тоҷикистон» дар роҳи тарбияи на танҳо насли наврас ва ҷавон, балки аҳли ҷомеаи замони худ масъулият ва рисолаташро афзун намуд. Ҷойи пӯшида нест, ки аксари журналистони соҳибноми матбуоти имрӯз низ маҳз дастпарварони ҳамин рӯзномаанд… Албатта, тӯли солҳои мадид

рӯйи чоп овардану ба дасти хонанда расондани як рӯзнома ё як нашрия кори саҳл нест. Он азхудгузаштагиҳо ва талошу матонат ва бархӯрду сарсупурдагиҳои зиёд мехоҳад. Бо вуҷуди ноҳамвории роҳ «Ҷавонони Тоҷикистон» пайваста пайи расидан ба манзили мурод – расондани иттилои дақиқу саҳеҳ ба хонанда ва дар баробари ин, гум накардани сифат ва теъдоди нашр такопӯ меварзад. Ин талоши кормандони кунунии рӯзнома дар шароити нави иқтисоди бозорӣ шоистаи таҳсин аст. Дар замони истиқлолият низ «Ҷавонони Тоҷикистон» чеҳраи хоси худро нигоҳ дошт: бо ҳамон нерӯи ҷавонӣ чун рисолати азалиаш дар ҳалли бисёр мушкилоти мубрами ҷомеа саҳми босазо мегузорад, ҳаёти ҷавонони лаёқатманду навоварро равшан ба қалам медиҳад ва дар баробари ин, нигоштан аз ҳаёту рӯзгори пуршебу фарози ҳамсолони худро аз мадди назар дур намемонад. Бо умеди идомаи ҳамин омилҳои анъанавӣ 85-солагии таъсисёбии рӯзномаи бисёр ҳам хондании «Ҷавонони Тоҷикистон»-ро, қабл аз ҳама, барои ҳамкасбон, ҳамқаламон ва ҳаводорони матбуот муборакбод намуда, хоҳони пирӯзиҳои касбӣ, сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва эҷоди созанда дар роҳи иҷрои рисолат ва масъулияти бар дӯш гирифтаашон ҳастам. Бигзор, ин «пири ҷавон» минбаъд низ ҳамчун минбари озоди ҷавонон боқӣ монад ва дар инъикоси вазъи воқеии ҷомеа хидмати беғарази худро «чун пири ботадбир» ба сомон расонад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №13 (9387), 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

Нуруллоҳи ОРИФ

Ҳаштоду панҷ Мо ҷавононем дар ҳаштоду панҷ, Кони меҳрему садоқат, кони ганҷ. Дар диёре, ки зи Ваҳдат ёфт хеш, Мо намехоҳем дидан дарду ранҷ. Мо дар ин кишвар ба майдон омадем, Рустамона рӯ ба ҷавлон омадем. Зиндагиро то зи худ бахшем ранг, Гулгуландом, гулгулафшон омадем. Бол аз ин ҷо мо ба гардун во кунем, Хешро аз хештан пайдо кунем. Рӯдакивор аз сари сидқу вафо Шукри давлат гуфта, шеър иншо кунем. Шукри Яздон, к-ӯ ба мо ин бахт дод, Ин Ватан, ин шаъну шон, ин тахт дод. То ба рақс оем чун гулҳои боғ, Баҳри ҳар кӣ ҷомаи наврахт дод.

7


БА ИФТИХОРИ 85-СОЛАГИИ “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН” Оре! Маҳз ҳамин таъбири профессор Иброҳим Усмоновро лоиқи сарлавҳа донистам, ки он дӯстии маро бо «Ҷавонони Тоҷикистон» – «ин ҷавони ҳаштодупанҷсолаи «зебову солхӯрда», ки барои ман арзиши бузург дорад, бештар ифода мекунад. Инчунин, лоиқи зикр аст, ки олам ба қонуниятҳои худ зиндаву побарҷо мебошад. Замоне ҳар рӯз, бе муболиға, дари субҳи сафоро бо мутолиаи рӯзнома мекушодам. Инак, замона дигар шудааст. Кунун ҳар рӯзи панҷшанбе ҳанӯз равшанӣ доман ба замин нагустурда, дар оғӯши боди сабо сӯи маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» мешитобам. Шиносҳое, ки рӯ ба рӯ меоянд, бо хушҳолӣ нидо мекунанд: – Барои ғизои маънавӣ? Ҷавоби ман низ бо ҳамчунон оҳанг кӯтоҳ аст: – Бале! Воқеан, ин бархӯрди басо кӯтоҳ хеле гуворову лаззатбахш аст. Муҳаббат ва рӯҳияи шикастанопазири моро ба мутолиаи рӯзномаҳо таҷассум мекунад. Бо ташнаҷонӣ аз байни мардуми зиёде, ки рӯзномаҳоро барои фурӯш қабул мекунанд, гузашта ба назди Гулчеҳра Фозилова меравам. Нахуст рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо рӯи лоларанг бӯса ба чашмонам мезанад. Маро нур дар дида ва сурур дар сина ба ҷилва меояд. Зеро, ба фармудаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ: Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон. Рӯзе сармуҳаррири «Ҷавонони Тоҷикистон» Самариддин Асозода маро дида гуфт: – Устод, то ҳамин ҷо-ку меоед. Ба ошёнаи чорум бароед, «Ҷавонони Тоҷикистон»-ро бепул ба шумо медиҳам. Дар ҷавоб табассум намудам. – Бовар кунед, – гуфт ӯ. – Ба ман мушкилие намеорад. Гуфтам: – Хариданаш ба ман ҳам мушкилие намеорад. Боре ки рӯзномаро ба даст мегирифтам, як марди хушлибос бо кибру ғурур ба ман рӯ овард: – Э, ҳа-а! Бо ҳамин сари сафед ҳоло ҳам «Ҷавонони Тоҷикистон» мехонӣ? – Оре, чунин аст, – ҷавоб додам ба ӯ. – Мехондам, мехонам ва хоҳам хонд! Хушлибос бо киноя нешханд зад: – Аҷаб?! – Агар мутолиаи «Ҷавонони Тоҷикистон» гуноҳ бошад, дар

8

ҷаҳон аз ман гунаҳкортарин одам нахоҳӣ ёфт. Хушлибос бо заҳрханда китф дарҳам кашиду Гулчеҳра, ки мӯйи қиррангашро дар ин рӯзнома сафед кардаасту ҳама – хурду калон бо меҳру муҳаббат, эҳтиром ва сарфарозӣ «модари ҷавонон» ном мебарандаш, гуфт: – Охир, Шералӣ бе ҷавонон наметавонад. – Магар наметавонистагиҳо каманд? – Ҳастанд, вале аз Шералӣ вафодортар нест. Алҳақ чунин аст! Оре, наметавонам! Зеро ин рӯзнома бароям хеле азизу муқаддас аст! Аслан, зиндагӣ бе мутолиа, бе талаби дониш чӣ маънӣ дорад?! Ҳарки аз мутолиа ва дониш дур монд, гумон накунад, ки бурдааст, балки комилан бохтааст. Шакку шубҳае надорам, ки аз кӯчаи шу-

қабул мекарданд) ба он узв шудам. Моҳи октябри соли дигар маро котиби ташкилоти комсомолии мактаби ҳаштсолаи ба номи Аҳмади Дониш интихоб намуданд. Чеҳраи хушҳоли директорро хуб дар хотир дорам. Ҳамчунон дар ёдам ҳаст, ки ногаҳон ба изтироб омадам ва панҷаи гирои шубҳа диламро фишурду сурху сафед шуда, гуфтам: – Аз уҳдааш намебароям. – Мебароӣ! – ҷиддӣ гуфт директори мактаб ва рӯзномаеро ба ман дода, афзуд: – Ин ба ту мадад мекунад. Пурсидам: – Ин чист? Посух дод: – Рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон». Боз пурсидам: – Чӣ кор мекунам? Гуфт: – Мехонӣ.

«Комсомоли Тоҷикистон»-ро дӯст доштам. «Комсомоли Тоҷикистон» дар дилу дидаам ҷойгузин гашт. Рӯзнома ҳафтае се шумора – рӯзҳои чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе мунташир мешуд ва ҳар шумораашро ба бетоқатӣ интизорӣ мекашидам. Инак, расо панҷоҳ сол мешавад, ки мо аз ҳамдигар ҷудо нестем! Панҷоҳ сол – ним аср ҳамрозу ҳамнафас будан ба гуфтан осон аст! Бино бар ин, гумон мекунам дар баён кардани эҳсоси худ ҳаққу ҳуқуқу қонуниро доро мебошам. Пеш аз ҳама изҳор медорам, ки ин рӯзнома рӯзномаи фавқулоддаест, дар бораи шуҳрати он ҳоҷати ҳарф ҳам нест. Рӯзнома имрӯз ҳам пойдору маҳбуб боқӣ мондааст. Ҳадафу ниятҳояш басо равшан аст, мақсади марказӣ дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии

рости гапро гӯям, ҳамин «Мешавад!» гоҳе маро оташин мекард. Мехостам як бор «Намешавад!» гӯянд. Бо ин баҳона як чи - ним чи фаҳмонанд ва шояд боз ягон сирре бароям ошкор гардад. Аммо не, ки не! “Мешавад”, тамом вассалом! Боре ба Низомидин Аъзамбоев, ки вазифаи котиби масъули рӯзномаро ба уҳда дошт, гуфтам: – Як бор гӯед, ки намешавад. Низомиддин худро ба нодонӣ зада, гӯё нашунида бошад, ҷавоб надод. Ман ҳарфамро такрор кардам. Вай ба рӯям хайрхоҳона нигоҳ карда, табассум намуд ва баъд гуфт: – Мешавад. – Чӣ? – Сафар. – Чӣ хел сафар? – боз кунҷковона савол додам ман. – Ба шаҳри Ростови лаби Дон. – Э, шумо чӣ гуфта истодаед?

миллӣ тарбия намудани ҷавонон мебошад. Ин нуктаро мо аз шиораш «Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо» бармало эҳсос мекунем. Матолибе, ки рӯи чоп меояд, бо забони содаву фасеҳу равону лабрези илҳому самимият ва саршор аз меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан аст. Аз тарафи дигар, ҷолиб он аст, ки матолиб ҳаргиз аз марзҳои ахлоқи неки инсонӣ берун намебарояд. Дар он нафаси тоза, қудрати ҷавонӣ таҷассум ёфтааст. Бино бар ин, «Ҷавонони Тоҷикистон» бароям ганҷ аст, ганҷи бебаҳо. Шукуҳи субҳдамон медиҳад ба ман, фараҳу шодии беинтиҳо ва тавони болу пари уқоб мебахшад. Ҳамкории ман бо «Ҷавонони Тоҷикистон» ҳамчун мухбири коргару деҳқон соли 1972 оғоз гардид. Он замон ман дар заводи «Тоҷикгидроагрегат» ба ҳайси муҳандис фаъолият мекардам, асосан, аз кору пайкори заҳматкашони корхона хабару мақола менавиштам. Идораи рӯзнома дар бинои якошёнаи фарсудаи назарногире воқеъ дар кӯчаи Свириденко-66 (ҳоло Бухоро) ҷойгир буд. Аммо ман ба он чун ба як қасри муқаддас қадам мемондам. Ба назарам аз дару девори он нур меборид. Бо вуҷуди он ки кор дар рӯзнома чун дег меҷӯшид, кормандони он маро бо чеҳраи латифу меҳрубон хеле хуш мепазируфтанд. Воқеан, ҳусни таваҷҷуҳ ба ман хеле зиёд мушоҳида мешуд. Шояд бо он сабаб буд, ки ман дар истеҳсолот заҳмат кашида, мактаби комсомолро низ гузашта будам. Ҳарчи менавиштам, «Мешавад!» гӯён чоп мекарданд. Ҳар матлаб чопшуда, хоҳ хабар бошад, хоҳ мақола ба ман болу пар мебахшид. Ҳар вохӯрӣ бо кормандони рӯзнома дарси ҳаёту зиндагӣ буд. Аммо,

– Ҳақиқатро… Воқеан, баъди чанде ману Низомиддин ба шаҳри Ростови лаби Дон рафтем, дар маҷлиси умумииттифоқии журналистон иштирок намудем ва таассуроти зиёд бардоштем. Соли 1976 ман котиби дуюм ва соли 1978 котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Октябр (ҳоло Исмоили Сомонӣ) интихоб шудам. Робитаи ман бо рӯзнома қавитар гардид, зеро рӯзнома дар ҳудуди ноҳияи мо қарор дошт. Бояд ёдовар шавам, ки он замон корҳои комсомолӣ дар рӯзнома, ба маънии васеи калима, вазъи ризоятбахше дошт. Маҷлисҳои комсомолӣ бо забони тоҷикӣ баргузор мешуд, маълумотномаҳо низ ба забони тоҷикӣ пешниҳод мегардид. Хушбахтам, ки дар ҳамин рӯзнома бо адиби шуҳратманд Кароматуллоҳ Мирзо шинос шудам. Устод мудири шуъбаи ҳаёти комсомолиро ба уҳда доштанд. Чанд бор, рӯ ба рӯ нишаста, як ба як суҳбат кардем. – Шумо дар ҷӯши ҳаёти комсомолӣ ҳастед, – хеле ҷиддӣ гуфтанд устод. – Чаро дар ин бора наменависед? Рӯзномаи мо ба матолиб ҳаёти комсомолӣ ниёзи бештар дорад. – Шояд... – Шояд не, бояд мо ҳамкорӣ кунем. Ва манфиати ин ҳамкориро бо эҳсосот ва ҷаззобияти хос фаҳмонданд. Аз он пас ошноии мо ба дӯстӣ бадал шуд. Бояд иқрор кунам, ки аввалин сабақи ба забони модарӣ сухан ронданро аз «Комсомолии Тоҷикистон» гирифтам. Он замон дар ҳама ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз он ки рус ҳаст ё не, ҳама маҷлису ҷамъомадҳо бо забони русӣ доир мешуданд. Ҳама корбарӣ низ, асосан, бо забони русӣ буд. Боре дар маҷлиси

«Тарҷумаи ҳоли Ҷ. Расулов ба байрақи рӯзнома Ордени фахрӣ меовезад

ури инсони бемутолиаву бедониш ҳатман шайтон гузар хоҳад кард. Пардаи зулмат аз замин бардошта мешаваду иқрор мекунам, ки бе ягон муҳобот ҳамеша ниёзманди рӯзномаҳо будаму ҳастам. Бешак, ин ба як ҷузъи ҷудоинопазири вуҷуди ман табдил ёфтааст. Агар гӯям, ки рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бародарам аст, хато намекунам, зеро ин рӯзнома панҷоҳ сол мешавад, ки ҳамрозу ҳамнафаси ман мебошад. Албатта, қонуни зиндагӣ ҳамин аст, ки ҳеҷ ягон амалу коре тасодуф рух намедиҳад, ҳатман сабабе дорад. Вале ман самимона арз мекунам, ки ба рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» пайвастанамро туҳфаи қисмат меҳисобам. Хушбахтона, ин воқеаи фараҳбахш дар фасли заррин, тирамоҳи соли 1965, замони аз «Доимо тайёр!» ба «Ёрдамчии партия!» гузаштан, ба вуқуъ пайваст. Яъне, 50 соли роҳи пур аз шебу фарози зиндагиро ҳамроҳи «Ҷавонони Тоҷикистон» паймудам. Он замон ду шиор роиҷ буд: «Хонед, хонед, боз хонед!» ва «Бо роҳи Ленин меравем, шогирди Ленин мешавем!» Завқу шавқи ман ба комсомоли ленинӣ чунон пурзӯр буд, ки қалбам чун дарёи Вахш меҷӯшиду мехурӯшид. Ин буд, ки соли 1964, дар 13-солагӣ (мувофиқи Оиннома аз 14-солагӣ

Гуфтам: – Китобҳои дарсӣ бас нест? Гуфт: – Акнун кам аст. - Ва афзуд: – Аз дигарон бояд як сару гардан боло бошӣ. Рӯзномаро нисфи шаб, пас аз саҳро баргаштану тайёр кардани дарсҳоям ба даст гирифтам. Зеро он рӯз баъди дарс, як тика нон гирифта, ба саҳро барои пахтачинӣ шитофта будам. Он замон шиор ҳамин буд: «Ҳама ба саҳро!» Инак, ман хостам рӯзномаро як аз назар гузаронаму монам. Рӯзнома, ки дар даст доштам 8-уми октябри соли 1965 чоп шуда буд. Дар васати пешонии рӯзнома бо ҳарфҳо калон чунин нигошта шуда буд: «300 000 тонна пахтаи тоҷик тайёр!» Дар ҳамин саҳифаи якум мақолаи «Ба хирманатон баракат!»-и нависанда Абдумалик Баҳорӣ таваҷҷуҳамро ҷалб кард. Он замон пахта «тиллои сафед» номида мешуду шаъну шараф, сари боло ва рӯи сурхи ҳар яки мо ба шумор мерафт. Аз рӯзнома таассуроти басо ғаниву рангин ва хотироти амиқу фаромӯшношудание бардоштам. Ҳамзамон, эҳсос кардам, ки ганҷи бебаҳое насибам гардид. Баътар шиори «Эй даст, ба кор кӯш, эй дил, ба кор ҷӯш!»-ро хондам, ки ба ман хеле писанд омад. Қисса кӯтоҳ, аз шумораи аввал рӯзномаи

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №13 (9387), 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


БА ИФТИХОРИ 85-СОЛАГИИ “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН” ҳисоботӣ-интихоботии рӯзнома ба ҳайси намояндаи ноҳия иштирок намудам. Қоида ҳамин буд, ки дар охири маҷлис намояндаи ноҳия бояд сухан карда, рафти маҷлисро ҷамъбаст мекард ва вазифа мегузошт. Ман аз рӯи вазифа дар садҳо маҷлис иштирок карда, сухан кардаам. Танҳо бо забони русӣ, албатта. Бо забони русӣ озоду равон сухан мекардам. Он рӯз маҷлис бо забони тоҷикӣ ҷараён гирифт. Ман, албатта, метавонистам бо забони русӣ сухан кунам. Шояд касе чизе гуфта наметавонист. Аммо инро ба худ эб надидам. Рости гап, озоду равон сухан ронда натавонистам. Бо забони тоҷикӣ сухан рондан душвор буд. Сухане, ки мехостам бигӯям, дар майна буд, вале ба забон бо душворӣ меомад. Зеро дар майна бо забони русӣ нақш баста буд. Нахуст онро бояд ба забони тоҷикӣ тарҷума карда,

медиҳам. – Рӯзномаро чӣ кор мекунед? – Мехонам. – Дар беморхона? О, шумо бемор-ку? – Бемор ҳам бошем, се бор хӯрок мехӯрем-ку! Чаро рӯзнома нахонем? Ин ҳам ғизо аст! – Чӣ хел ғизо? – Маънавӣ. – Ҳа-а... – Акрам пушти сар хорид ва ин супоришро ба гардан гирифт.

дил»

баъд ба забон меовардам. Ҳамин тавр, ба нороҳатӣ, ба қавле, «як бало» карда, вазифаамро иҷро кардам. Вале баъд хеле шарм доштам, алам ҳам кашидам. Хулоса, ин маҷлис таъсири амиқе дар дили ман гузошт. Чун ба ҷойи кор омадам, ба худ гуфтам: «Не, ин хел намешавад!» Сипас, аз худ пурсидам: «Чӣ кор кунам?» Ба андеша мондам. Наҷотро дар адабиёти бадеӣ дидам ва хато накардам. Акнун адабиёти бадеӣ ба ман забон ёд медод. Тани гарм бе дард намешавад, гуфтаанд, ки рост будааст. Тирамоҳи соли 1980 банда бемор шудам ва дар беморхонаи рақами панҷум, машҳур бо номи Шаҳраки тиббӣ бистарӣ шудам. Муҳлати муолиҷаи маро 12 рӯз таъин карданд. Ҳарчанд ба рӯзномаҳо обуна будам, ба хона меоварданд, тоқати интизорӣ надоштам, тезтар, чун одат сари субҳ мехостам мутолиа кунам. Аз ин рӯ, аз Акрам (дар палата панҷ нафар будем), ки ҷавони қадбаланду тануманд, ростӣ ба бемор ҳам монанд набуд, пурсидам: – Рӯзнома мехонӣ? – Э... Ростӣ не... – забон хоид Акрам. Боз аз ӯ пурсидам: – Узви комсомол ҳастӣ? – Албатта! – сина дамонд ӯ. – Ман аз кӣ кам? – Ба ту ҳамчун котиби якуми комитети комсомолии шаҳри Душанбе супориши комсомолӣ медиҳам. Вай боодобона дасти рост рӯи сина гузошта, гуфт: – Диҳед! Ба иҷрояш тайёрам! – Ҳар субҳ барои ман рӯзнома меорӣ. – Аз куҷо? – Аз дӯкони даромадгоҳи беморхона. – Медиҳанд? – Не, мехарӣ. Пулашро ман

Шералӣ МӮСО

Ҳар субҳ Акрам ҳамаи рӯзномаҳоеро ки чоп мешуд, аз дӯкон харида меовард. Пас аз мутолиа ба ҳампалатаҳоям медодам, ки хонанд. Аввал бо рӯи турш, дилу бедилону норозӣ рӯзномаро ба даст гирифта, варақ мезаданду сар-сари чашм медавонданд. Бештар суратҳояшро тамошо мекарданд. Оҳиста-оҳиста ба хондани рӯзнома шавқу завқ пайдо карданд ва худашон талаб мекарданд, ки ба онҳо рӯзнома диҳам. Баъд Акрам иқрор кард: – Аҷиб будааст-ку! – Чӣ? – Газит. – Кадомаш? – “Комсомоли Тоҷикистон”. Замоне ки ҳама «зинда бод!» мегуфтанд, рӯзнома воқеан ҳам заминӣ буд. Розу ниёзи ҷавононро ба табъ мерасонд, ки ба дарди мардум мехӯрд. Шоёни зикр аст, ки рӯзнома, аслан, ба тарғиби мо ниёз надошт. Шуҳраташ ба дараҷае расида буд, ки ҷавонон гурӯҳ-гурӯҳ омада, бо хоҳиши худ обуна мешуданд. Кор то ҷое расид, ки аз Комитети марказии комсомоли ҷумҳурӣ расман амр шуд: «Обуна қатъ карда шавад!» Замони сармуҳарририи Ато Ҳамдамро (солҳои 80-уми қарни XX) бе муболиға давраи тиллоии ҳамкориам мешуморам. Зеро дар ҳамин давра бо дастгирии ӯ мақолаю очеркҳои бисёре рӯи чоп омад. Инчунин, бо ҳидояти Ато Ҳамдам ба сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун сафарҳо анҷом додам, ки дар натиҷа очеркҳои “Ошёни уқобон”, «Ситораи Роғун», «Кӯҳнавард», «Ҳусни зиндагӣ», «Ташвишҳои ширин», «Вахшро хоб мебинам», «Лола, ки шукуфт», «Як рӯз бо котиб» ва «Дасти дӯст» тавлид ёфтанд. Очерки «Кӯҳнавард» соли 1984 ғолиби озмуни «Республикаи ман” гашт. Соли 1985 дар озмуни «Исми ман – комсомол»

ширкат варзида, ду очерк - «Нону намак» ва «Мукофот»-ро ба чоп расондам, ки очерки «Нону намак» ғолиб гардид. Соли 1987 дар озмуни «Зодагони инқилобем» очерки «Ҷӯянда ёбанда бувад» чоп шуд. Ин дафъа ғолиб наомадам, вале муҳим иштирок буд. Хонандагон аз рӯи чопи очерку мақолаҳо натиҷа мегирифтанд, ки ман дар рӯзнома фаъолият мекунам. Гоҳе мепурсиданд: «Шумо дар «Комсомолии Тоҷикистон» кор мекунед-а?» Вақте ҷавоби рад мегирифтанд, «Чӣ хел?» - гӯён ҳайрон мемонданд. Соли 1985 воқеаи аҷибе рӯй дод, ки наметавонам нагӯям. Моҳи феврал дар бораи коргари фабрикаи трикотажи Ӯротеппа, депутати Совети Олии СССР Карим Азимов, ки ба Мукофоти давлатии СССР мушараф шуда буд, очерки «Мукофот»-ро навишта, ба рӯзнома супоридам. Пас аз чанд рӯз гуфтанд, ки очерк нест, гум шудааст. Аҷабам омад, ки чӣ хел мавод гум мешудааст? Ходими рӯзнома китф дарҳам кашиду тасалло дод, ки ғам нахӯр, нусхаашро биёр, об ба лаби ҷӯй баробар мешавад. – Намешавад, – гуфтам бо зарда. – И-и, чаро? – Дастнавис буд, нусха надорад. – Ҳа-а, ин хел гӯй, – оҳ кашид ходими рӯзнома. – Кори хуб нашудааст. Хайр, чӣ илоҷ? Ба хона омадаму оташи алам аланга зад. Паси миз нишастаму очеркро аз сари нав навиштам. Бозии қисматро бинед, ки очерк боз гум шуд. Табиист, ки боз чӣ хел шудааст, касе хабар надорад. Бори сеюм очеркро навиштам ва хушбахтона он 17 апрел дар рӯзнома чоп шуд. Ин ҷо лозим донистам таъкид кунам, ки солҳои 80-уми қарни XX ману рӯзнома ба як мукофот – Ордени «Нишони фахрӣ», рӯзнома 31 январи соли 1980 ва ман пас аз 45 рӯз – 17 марти соли 1981 мукофотонида шудем. Ин на танҳо рамзист, балки пайванди ногусастание дар ниҳод дорад. Басо ҷолиби диққат аст, ки аҳли завқу сухан рӯзномаро ҳамчун мактаби эҷодӣ эътироф карда, муҳаббату садоқати хешро арза доштаанд. Оре, ин айни ҳақиқат аст! Бисёре аз адибони маъруфи мо фаъолияти худро аз ин рӯзнома оғоз кардаанд ва баъдан дар руши адабиёти тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд. Рӯзнома на танҳо устод, балки муҳаққиқи одилу мӯшикоф низ ҳаст. Инчунин, зикр кардан ба маврид аст, ки «Ҷавонони Тоҷикистон» шоҳпули дӯстии адибон мебошад. Банда низ ифтихори онро дорам, ки ба шарофати ин рӯзнома бо Ато Ҳамдам, Кароматуллоҳ Мирзо, Низом Қосим, Исматулло Ибодов, Сайдалии Сидиқ, Муҳаммадҷон Мирзошоев, Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ, Гулчеҳра Фозилова, Раҷабалӣ Исматуллоев, Нарзулло Латифов, Талъат Нигорӣ, Абдуфаттоҳ Воҳидов, Салими Аюбзод, Саидқосим Қиёмпур, Хушвахт Ҳайдаршо, Мавлон Раҷаб,

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №13 (9387), 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

Оқилхӯҷа Фахриев, Давлат Назриев, Сайёфи Мизроб, Салими Зарафшонфар, Нуралӣ Давлатов, Азизи Азиз, Раҷабалӣ Рустамов, Раҳим Сайдалиев, Самариддин Асоев, Қурбон Мадалиев, Шодмон Каримов, Қироншо Шарифзода, Хуршед Ниёзов, Эмоми Назариён, Низомиддин Аъзамбоев, Имомназари Холназар, Ҳалима Хушқадамова, Иззатулло Ҳусейнов, Назокат Олимова, Додохон Эгамов, Амрулло Забиров, Бобо Расулзода, Умаралӣ Сафаралӣ, Сайфиддин Суннатӣ, Мирзо Рустамзода, Муҳаммадиқболи Эмомиддин, Раҳими Рафеъзод ва дигарон шиносу дӯст шудам. Аз файзи суҳбати онҳо баҳраҳои зиёд бардошта, аз одоб, рафтор ва кирдорашон низ сабақҳои зиёд омӯхтаам. Барои ин кор ман аз «Ҷавонони Тоҷикистон» сипосгузорам. Аммо... Солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҳама вазнин омад. Махсусан, вазъияти рӯзномаву маҷаллаҳо хеле ногувор буд. Соли 1992 Ҳукумати Тоҷикистон ба як қатор нашрияҳо маблағ ҷудо кард, вале барои рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ҷудо накард. Ман, шахсан, ба қароре омадам, ки он 11 апрели соли 1992 таҳти унвони «ҚАРОР БО АМРИ ВИҶДОН» дар рӯзнома чоп шуд: «Ҷавонон ояндаи мо! Бале! Ва на танҳо оянда, балки имрӯз ҳам. ГЭС-и Норак, корхонаи арзиз (алюминзавод), заводи кимиёи Ёвонро киҳо сохтанд? Ҷавонон! Водии Вахшу Бешкентро киҳо гулпӯш карданд? Ҷавонон! Ва дар давоми иҷрои ҳамаи ин корҳо ҳамрозу ҳамнафаси ҷавонон рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” буд. Ба онҳо рӯҳу қувва мебахшид, шарики ғаму шодиашон буд. Имрӯз дӯсти содиқу беғарази ҷавонони ҷумҳурӣ “Ҷавонони Тоҷикистон”, на бо айби худ фитода аст. Ман умеди комил доштам, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дасти фитода мегирад. Вале, вақте фаҳмидам, ки ҳукумат ба “ҶТ” 0 млн. сӯм ёрӣ додааст, бо амри дил қарор кардам: 1. Аз 566 сӯму 87 тини пасандозам, ки дар ҳисоби кассаи амонатгузории ноҳияи Октябр ҳаст, 400 сӯмашро (166 сӯмашро барои рӯзи мабодо мемонам) ба хазинаи рӯзномаи “ҶТ” гузаронида шавад; 2. Ҳаққи қалами ҳамаи навиштаҳоям, ки то 1 январи соли 1993 дар рӯзномаи “ҶТ”, чоп мешаванд, ба хазинаи рӯзномаи “ҶТ” ирсол гардад. Шояд ин кӯмаки ман ночиз, вале онро қабул фармоед, сарам ба осмон мерасад. Худо мададгоратон бод! Бо эҳтиром, дӯстатон Шералӣ Мӯсоев». Сад афсӯс, ки «Ҷавонони Тоҷикистон» аз 7 июли соли 1995 то 23 октябри соли 1998 нашр нашуд. Ин танаффуси сесола бори дуюм буд. Бори аввал рӯзнома аз 24 августи соли 1941 то 1 сентябри соли 1945 нашр нашуда буд. Он солҳо маълум, Ҷанги Бузурги Ватанӣ мерафт. Солҳои 1995-1998 низ солҳои одӣ набуданд. Солҳои азму талош барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ буданд. Бемуҳобо эҳсос мекардем, ки «Ҷавонони

Тоҷикистон» намерасад. Бале, «Ҷавонони Тоҷикистон» чун обу ҳаво зарур буд! Аммо чӣ илоҷ, замин сахт буду осмон баланд. Ба ҷуз интизорӣ дигар чора набуд. Ин интизорӣ тӯл мекашид, агар Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита ёрӣ намерасонд. Ҷаноби Олӣ бо амри худ аз 14 августи соли 1998 барои нашри рӯзнома 8 миллион рубли тоҷикӣ ҷудо кард ва таъмини онро бо маблағ аз оғози соли 1999 ба буҷаи давлат дохил намуд. Ниҳоят, 23 октябри соли 1998 «Ҷавонони Тоҷикистон» ба кор сар кард. Бе муҳобо, ин бароям ид буд! Болу пар бароварда, ба дӯкон шитофтам. Рӯзномаро пайдо кардаму ба идораи нашрия рафта, ҳамаи кормандони онро табрик кардам. Барои хотира аз сармуҳаррири рӯзнома Давлат Назриев соядаст гирифтам: “Боз омадан зи рафтани хуршед дур нест, Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад! 23 октябри соли 1998”. Инчунин, дар ҳамин шумора ҳамаи кормандони рӯзнома имзо гузоштанд. Ҳамин тариқ, ин шумора бароям на танҳо азиз, балки таърихӣ ҳам гардид. Имрӯз ҳам «Ҷавонони Тоҷикистон» ҳамқадаму ҳамнафаси замон буда, руҳияи замонаро таҷассум мекунад. Дар ҷодаи ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими Ваҳдати миллӣ содиқона хизмат карда, корҳои шоистаро ба ҷо меорад. Рӯзнома яке аз вазифаҳои асосии худ – «бо забони соддаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ»-ро сарбаландона иҷро менамояд. Ва чун як манбаи нур дили ҷавоноро рӯшан месозад. Дӯсти қадрдонам, «Ҷавонони Тоҷикистон»! Рости гапро гӯям, ту яктоӣ ба мисли Тоҷикистон ва ҳар қадар вақт бисёртар мегузарад, барои мо азизтару бузургтар мегардӣ. Расо панҷоҳ сол аст, ки мо ҳамнафасу ҳамрозем, забони якдигарро нағз меёбем ва ҳоли ҳамдигарро хуб мефаҳмем. Бегумон, ҳар саҳифаи пур аз ганҷат ҷӯест, ки ба қавли шоир меравад «аз боғ ба роғ, аз роғ ба боғ» ва дилҳоро шодоб мегардонад. Ҷавонони давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар руҳияи баланди ҳувияту худшиносии миллӣ, бунёдкориву созандагӣ тарбия мекунад. Ба ҳамаи шумо кормандони «Ҷавонони Тоҷикистон» таҳсину таҳният изҳор медорам, ки бо сухани нек дили ҷавононро гарм намуда, ба водии сабзи бовар ва умеду орзу раҳнамун месозед. Онҳо худро ворису ҳомии Ватан хонда, бо сӯзи дил, ошиқона месароянд: Дар хуни ман ғурури ниёгон нуҳуфтааст, Меҳру ситези Рустами Дастон нуҳуфтааст. Ҳаштодупанҷумин баҳори шукуфоиат муборак бод, «Ҷавонони Тоҷиктистон»!

9


МЕҲРНОМАИ ХОНАНДА

Ҳар шуморааш мисли китобест Ман ҳамсоли «Ҷавонон...»-ам Айёми наврасию ҷавонии мо ба солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва барқароркунии баъдиҷангӣ рост омад. Бо вуҷуди синну сол ва шиками нимсер доштанамон дар қатори калонсолон дар саҳро кор мекардем. Илова бар кори саҳро баъди шом бонавбат хонаҳои навсохти деҳаро тавассути ҳашар андова мекардем. Нимаи солҳои панҷоҳуми асри гузашта, ҳамчун сардори звенои пешқадам маро, ки аз ноҳия берун нарафта будам, ба Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС фиристоданд. Аз соли 1966 то 1996 дар шуъбаи алоқаи Ҷавонони ноҳияи Ҳисор ба ҳайси хаткашон адои вазифа намудаам. Аз шуъбаи алоқаи Ҷавонон то деҳаи Муъминобод ду километр зиёдтар масофа буд. Рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ҳар рӯз (ғайр аз душанбе) ба табъ мерасиданд. Бинобар ин, қариб 20 сол рӯзи душанбе рӯзи истироҳатии мо буд. Сокинони деҳа аз ҳама бештар ба «Тоҷикистони Советӣ», «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон») ва рӯзномаи ноҳиявии “Ҳисори Шодмон” обуна буданд. Хонандагони синфҳои болоии мактаби №70 (ҳоло 30), ҷавонони ду бригадаи хоҷагӣ, донишҷӯёни деҳа ҳама «Ҷавонони Тоҷикистон» мехонданд. Рӯзнома ҳафтае се маротиба (чоршанбе, ҷумъа, якшанбе) ба табъ мерасид. Ҳатто баъзе аскарбачаҳо, ки дар ҷумҳуриҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ адои хизмат мекарданд, ба «Ҷавонони Тоҷикистон» обуна шуда, дар қисмҳои низомӣ онро дастрас мекарданд. Бинобар ба мавзуъҳои ҷолиб даст заданаш «Ҷавонони Тоҷикистон» сертиражтарин нашрияи ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳоло ба синни 85 расидаам. Яъне, ман ҳамсоли «Ҷавонони Тоҷикистон»ам. Сӣ соли умрамро сарфи хаткашонӣ намудаам. Дар қатори дигар нашрияҳо «Ҷавонони Тоҷикистон»-ро низ ба муштариён мерасондам. Имрӯз ҳам шукри Худо ин ҳафтаномаи пурмазмунро бе айнак мехонам. Ба тамоми кормандони нашрия умри дарозу бобаракат, тандурустӣ ва бахту саодат таманно карда, хоҳони онам, ки ҳар навиштаашон минбаъд низ ҷавононро ба созандагӣ, ватанпарастӣ, илму ҳунаромӯзӣ ва хизмат ба ҷомеа роҳнамоӣ мекунад.

Ҷомеаи мутамаддинро имрӯз бе рӯзномаву маҷалла тасаввур кардан номумкин аст. Бисёриҳо гумон доштанд, ки бо дастрас шудани телевизорҳои рангаи рақамиву моҳвораӣ ва интернет эҳтиёҷ ба рӯзномаву маҷалла намемонад. Аммо вақт нишон дод, ки матбуот чун оинаи рӯз ва саҳфае аз китоби таърих боз солҳои зиёд боқӣ хоҳад монд. Чунончи, дар Ҷопону ИМА, Олмону Малайзия ва дигар кишварҳои дар соҳаи энергетика пешрафта ҳанӯз теъдоди нашри рӯзномаву маҷаллаҳо миллионҳо нусхаро ташкил медиҳад. Хурсандиовар аст, ки сафи муштариёни ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» торафт меафзояд. Агар солҳои навадуми асри гузашта нашрияи ҷавонони кишвар ҳамчун гоҳнома дар ҳаҷми 8 саҳифа бо теъдоди кам чоп мешуд, аз соли 2006 ҳар ҳафта дар ҳаҷми 16 саҳифа ба дасти хонандагон мерасад. Соли равон адади нашри он аз 8000 нусха зиёд шуд. Ҳар шумораи «Ҷавонони Тоҷикистон» чун китоби пурмуҳтаво анису муниси хонандагон мегардад. Дар он роҷеъ ба мавзуъҳои ҳаёти ҷавонони мамлакату сайёра, масъалаҳои туризм, тарғиби ахлоқи ҳамида, сарфаю сариштакорӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, навгониҳои олами варзиш, оиладорӣ, манфиати экологӣ мақолаҳои ҷолиб ба табъ мера-

санд. Бинобар мазмуни баланд доштанашон аксар навиштаҳои муаллифон, бо гузашти солҳо аҳамияти худро гум намекунанд. Зеро барои ҳама давру замон навишта шудаанд. Масалан, навиштаҳои Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, нависандагон Ато Ҳамдам, Бахтиёр Муртазоев, Нур Табаров ва дигарон, ки ҷавононро ба мубориза баҳри сулҳ, дӯст доштани Ватан, инсондӯстӣ, илмомӯзӣ даъват кардаанд, имрӯз низ ҷавобгӯи давру замон аст. Ман ба чанд рӯзномаву маҷалла обунаам, вале аз ҳама бештар мутолиаи «Ҷавонони Тоҷикистон»-ро дӯст медорам. Ба андешаи ман, аҳли эҷоди «Ҷавонони Тоҷикистон» аз завқи хонандагон ба хубӣ огоҳ буда, фаҳмову ҷолиб менави-

санд. Тарзи баёни муаллифони нашрия оммафаҳм аст. Аз ҳар як шумораи ҳафтанома хонанда ҳатман як мавзӯи барояш муҳимро пайдо карда метавонад. Аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»ро бо 85-солагии нашрияи дӯстдоштаамон табрик гуфта, барояшон қалами бурро, осмони мусаффо, муҳити солим ва руҳияи баланд таманно мекунам. Хоҳони онам, ки то 100-солагии «Ҷавонони Тоҷикистон» теъдоди нашри ҳар шумораи он аз 100 000 ҳам бештар гардад. Ҳасан ДАВЛАТОВ, мудири Бахш оид ба корҳои дин , танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Ҳисор

Ҳоҷӣ Наҷмиддини СУННАТУЛЛОҲ, сокини деҳаи Муъминободи ноҳияи Ҳисор

Ҳанӯз мухлиси «Ҷавонони Тоҷикистон»-ам Бисёриҳо ба худ шуғли писандида доранд. Иддае як умр ба ягон дастаи варзишӣ ва ё варзишгари алоҳида мухлисӣ мекунанд. Ман аз замони шӯравӣ мухлиси рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ҳастам. Ман дар пойтахт, дар ои- тири аъло ханданам ба лагери фиристоданд. Соли 1971 мактабро дам. Азбаски физикаву математи- муҳандиси соҳаи нақлиёт мешалаи омӯзгор таваллуд шудаам. умумииттифоқии «Артек» (Русия) бо медали тилло (аъло) хатм наму- каро хуб медонистам, падару мо- вам. Падарам Абдурашид Саидов як дарам тавсия доданд, ки муҳандис Ҳамин тавр, 5 соли донишҷӯӣ, умр омӯзгор буданд. Ҳар сол ба шавам. Аз ин рӯ, ҳуҷҷатҳоямро ба 20 соли фаъолияти муҳандисӣ дар рӯзномаҳои «Маориф ва маданиДонишкадакаи политехникӣ (ҳоло бахшҳои нақлиёти соҳаи маишӣ ят», «Комсомоли Тоҷикистон» ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи ҷумҳурӣ маҷаллаи “Мактаби советӣ” обба номи Осимӣ) супурдам. Касоне, рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» уна мешуданд. Барои мани макки мактабро бо медали тилло хатм аз дӯстдоштатарин нашрияҳои табхон навиштаҳои “Комсомоли карда буданд, як имтиҳон месупо- ман буд. Ҳоло низ ин нашрияро Тоҷикистон” фаҳмотар ва ба дил риданд. Ман дар имтиҳони қабул бо завқ мутолиа мекунам. Ҳарчанд наздиктар буд. Аз ҳама бештар баҳои «аъло» гирифтам. Бо вуҷуди «Ҷавонони Тоҷикистон» ба синдар ҳамин рӯзнома оид ба варин, бо ихтиёри худ дар имтиҳони ни 85 расида бошад ҳам, нерӯи зиш мақолаҳои ҷолиб чоп мешуд. иншонависӣ низ довталабона иш- ҷавонии он эҳсос мешавад. Аз Ман, ки футболбоз будаму ба тими тирок кардам. Дар мавзӯи «Меҳри мутолиаи ҳафтанома дар дили «Энергетик» мухлисӣ мекардам, модар» 12 варақ иншо навишта, хонанда чароғи умеду боварӣ ба бо хотири огоҳӣ аз навигариҳои баҳои «аъло» гирифтам. Муалли- фардои нек дурахшон мегардад. футбол «Комсомоли Тоҷикистон»маи имтиҳонгиранда маро ба на- Доимо пур аз нерӯю пешрафт ро пайваста мутолиа менамудам. здаш даъват карда, гуфт, ки биё, бошӣ, «Ҷавонони Тоҷикистон»! Мутолиаи рӯзнома шавқи ба дибо ҳамин иншо туро ба факултаи лам рӯзноманигор шуданро бедор филологияи Донишгоҳи давлаАбдуҷалол РАШИДОВ, кард. Аз забону адабиёти тоҷик тии Тоҷикстон қабул кунем. Аммо муҳандис, сокини ҳамеша баҳои «5» мегирифтам. ман хоҳиши падару бародаронамТобистони соли 1967 маро ба хоро пеши назар оварда гуфтам, ки пойтахт

10

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №13 (9387), 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


ОДАМОНИ НАҶИБ

ХОТИРА

Ҳамеша ёди Тоҷикистон мекунам

Айём туро бикушту ман месӯзам Бастакори маъруфи тоҷик Фирӯз Баҳор 19 сол боз дар Олмон зиндагӣ намуда, санъати тоҷикро дар Аврупо муаррифӣ мекунад. Зимни ширкат дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии “ITB-Берлин” мо бо ин бастакори шинохта мусоҳиб шудем. - Мехоҳем, ки дар оғоз доир ба зиндагиву эҷодиётатон дар Олмон маълумот диҳед. Ҳаёти эҷодиатон дур аз Ватан чӣ гуна мегузарад? - Ман дар Олмон аз соли 1996 зиндагӣ мекунам. Азбаски ҳамсарам Эрна Робертовна Гайзер олмонӣ буд, моро ба Олмон даъват карданд. Дар ин ҷо забони олмониро ёд гирифтам. Ҳарчанд ман имкони ҳиҷрат ба Англия-

МАЪЛУМОТИ “ҶТ” Фирӯз Баҳор (Аҳмадов Фирӯз Ҳоҷиевич) 19 ноябри соли 1942 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 1963-1966 дар бахши фортепианои Донишкадаи педагогию мусиқии шаҳри Маскав таҳсил намудааст. Хатмкардаи факултаи бастакории Консерваторияи давлатии Тошканд (соли 1971) мебошад. Аз соли 1971 устоди Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) ва соли 1976 котиби Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон гардид. Узви Иттифоқи киноматографони ИҶШС. Солҳои 1986-1996 дар шаҳрҳои Душанбе, Маскав, Киев, Новосибирск, кишварҳои Англия, Италия ва ғайра ҳунари хешро пешкаши дӯстдорони мусиқӣ гардонидааст. Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, дорандаи ордени «Дӯстӣ», барандаи Ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (1977) мебошад.

ро доштам, лекин мо Олмонро интихоб кардем. Шукр мегӯям, ки дар интихоб хато накардам. Шаҳри Берлин тамоми шароити зиндагии хубро дорост. Дар ин ҷо минтақаҳои сарсабз хеле зиёданд. Берлин чор театри опера дорад. Дар ин шаҳри бузург ҳам барои эҷодиёт ва ҳам барои шиносоӣ бо фарҳанги кишварҳои гуногун имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Чунончи, тайи қариб 19 сол ман бо эҷодиёти намояндагони фарҳанги ҷаҳонӣ ошно шуда, табодули таҷриба кардам. Бо пайдо шудани имконият тавонистам то андозае эҷодиёти худро низ муаррифӣ намоям. Масалан, ман дар Фестивали санъати мусиқӣ дар Лондон консерти муаррифӣ додам, чанд консерти ман дар шаҳри Ганбург низ доир гардид. Консертҳо дар беҳтарин толорҳо баргузор шуданд. Хурсандам, ки тавонистам то андозае мусиқии тоҷикро дар Аврупо муаррифӣ намоям. - Аз охирин сафаратон ба Тоҷикистон чӣ хотирот доред? Яъне, тӯли солҳое, ки дур аз Ватан будед, Тоҷикистонро чи гуна дарёфтед? - Ман аз нисф зиёди умрамро дар Тоҷикистон гузаронидаам. Маро ҳамчун бастакори тоҷик шинохтанд. Ҳамчун эҷодкор мегӯям, ки бе ёди Ватан эҷод кардан мушкил аст. Дигар хел гӯем, Ватан оғозу асоси ҳар гуна эҷодиёт мебошад. Дар Тоҷикистон дӯстону хешу таборонам зиёданд. Бо даъвати Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ба Тоҷикистон рафта, чанд консерт доир намудам. Тоҷикистон, алалхусус, шаҳри Душанбе хеле зебо шудааст. Биноҳои баландошёна, гулгаштҳои назаррабо касро мафтун месозад. Сардори давлат ба аҳли фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд дошта, эҷодкоронро дастгирӣ менамоянд. Ҳамеша ёди Тоҷикистон мекунам. Ман бисёр асарҳои барои фортепиано, скрипка ва виолончели ва оркестри симфониро маҳз дар Тоҷикистон эҷод намудам. Ба асарҳои эҷодкардаам беҳтарин

пианинанавозони Тоҷикистон, Маскав, Санкт-Петербург ва дигар шаҳрҳои собиқ Шӯравӣ навозандагӣ кардаанд. - Дар Олмон бо ҳамватанон вомехӯред? - Ташаккур ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федералии Олмон, ки дар ҳар чорабинӣ маро даъват мекунанд. Алалхусус, дар ҷашни байналмилалии Наврӯз ва таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамватанони зиёд ҷамъ меоянд. Вақте дар маҳфилҳои олмониён даъват мешавам, дар бораи Тоҷикистон, фарҳанги ғании мардуми тоҷик, расму оини тоҷикон маълумот медиҳам. Мо бисёр вақт бо ифтихор мегӯем, ки Рӯдакӣ, Сино, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Ҷомӣ, Румӣ ва дигар адибону мутаффакирони машҳур дорем. Акнун бояд кӯшиш кунем, ки аз худи мо ба миллат чизе боқӣ монад. Ман дар пойтахти қариб тамоми кишварҳои Аврупо будам. Дар он ҷо осори гузаштагонро хуб қадрдонӣ мекунанд. Барои ба насли наврасу ҷавон имконияти муаррифию сайқал додани эҷодиёташон шароит фароҳам меоранд. Хурсандам, ки ҷавонони Тоҷикистон маро мешиносанд. Дар кишварамон ҷавонони соҳибистеъдод зиёданд. Бояд ба онҳо имкон диҳем, ки маҳорату истеъдодҳояшонро берун аз ҷумҳурӣ низ муаррифӣ кунанд. Соли 2012 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Ҷамъияти дӯстии Олмону Тоҷикистон 70-солагии маро дар шаҳри Берлин ҷашн гирифтанд, ки дар он зиёда аз 200 нафар меҳмон ширкат варзиданд. Ман аз чунин қадрдонӣ изҳори сипос мекунам ва боварӣ дорам, ки ҷавонони саодатманди тоҷик анъанаи ниёкони худро идома дода, дар муаррифии фарҳангу ҳунари ғанию волои миллат ҳисса мегузоранд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №13 (9387), 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

Мусоҳиб С. АСОЗОДА, “ҶТ“, Берлин

Ҳабибулло шоири назаркардаи устод Сотим Улуғзода буд. Аз ҳамон рӯзҳое, ки устод дар Ховалингу Сарихосор Восеъҷӯӣ мекард. Алалхусус, вақте ки китобчааш бо сарсухани Улуғзода нашр шуд. Яъне, устод китобча не, сарбанди селеро кушода, насими гирдбодеро вазонид. Дигар Ҳабибулло буду рӯзнома ба рӯзнома ва китоб ба китоб ҷорӣ шудану нашриёт ба нашриёт вазидану нашр шудан. Аз ҷумлаи навқаламони ҳамнаслаш, пеш аз ҳама, ӯ шоир шуд. Шоире ба зоти худ нотакрор, шоире ба зоти худ аз даруну берун моломоли ҳаракату шиддат ва саршори ваҷду ҳаяҷону ҷасорат. Вақташ ҳам ба ишқварзию шеърнависӣ мерасид ва ҳам ба кашталкашию арбада. Кораш низ Ҳабибуллоӣ. Яъне, мудири Бюрои тарғибу ташвиқи адабиёт. Яъне, ба маҳалу ноҳияҳо бурдани адибон ва ташкил кардани вохӯриҳо. Майдони фаъолияташ ҳамчун майдони магнитии қутбҳои замин, асосан, Кӯлобу водии Вахш буд. Бинобар ин, ҳафтае набуд, ки Убайд Раҷабу Басир Расо ва Қутбиву Раҳмон Сафарро меҳмони нохондаи Ашӯр Сафару Ҳақназар Ғоиб ва Муродиву Сатторӣ накунад. Моҳе набуд, ки устод Икромиро як бору ду бор ба зиёрати раиси номдори вақт Миралӣ Маҳмадалӣ набарад, хусусан, дар айни ҷамъоварии ҳосилот. Рафта-рафта ин зиёратҳо чунон бисёр шуд, ки на сабӯ-сабӯ оби анор монд ва на фалаги асалу гӯшти кабку оҳӯи дараи Мухтор. Тарбузи лалмӣ, кадуи ошӣ, қутӣ-қутӣ картошкаю пиёз ва халта-халта наску нахуду кунҷиташ беҳисоб. Охир, раис аз устод Икромию Ҳабибулло гурезон шуда, қароргоҳашро ҳамчун гурезгоҳу оромгоҳ абадан ба Сарихосор кӯчонд. Вале он ҳама харҷу хароҷот барҳадар нарафт, тадриҷан ҳамчун ҷуброн романи «Хатлон» низ навишта шуд. Дар омади гап, боре устод Улуғзода ва маро ҳам ҳамчун асокаш ба зиёфати наврӯзии Себистони Данғара бурда буд, дар ҷӯши баҳор. Дар як тараф баҳри Норак мурғак мерафту дар як тараф баҳри бепоёни кокӯли гандум. Устод, ки ҳатто дар анбӯҳи лолазори Файзобод ҳам мехобид, ҳамон рӯз пинак ҳам нарафт. Баъди умочу далдаву қаламаю таҳмол ва кӯрбазми наврӯзӣ ба гардиш баромадем. Роҳбалади мо марди лоғарандоми нуроние буд, бо чашмони калони ғизолӣ. Ба ҳар қитъае мерасидем, дақиқан маълумот медод, ки чӣ киштаест. Ахиран устод беихтиёр, бо ҳамон шеваю овози ғафси хоси худашон пурсиданд, ки воқеан шумо кистед? Гуфт, ман Маҳмудов, котиби райком. Устод фаврӣ намуди хушки ҷиддию расмӣ гирифт, вале Маҳмудов (сад бор узр мепурсам, ки номашро фаромӯш кардам) ҳамон хел хоксору самимӣ дар хотири ман монд, ки монд. Ҳар вақт низ мешунидам, ки авлоди падарии мо аслан аз Сарихосор аст, вале аз дарёчаи Элок он тарафро надида будам. Касе, ки бори аввал маро аз ағбаи Шаршар гузаронд, Ҳабибулло буд. Касе, ки маро ба Хуҷамӯмину Чилдухтарону мазори Ҳазрати Султон бурд, Ҳабибулло буд. Касе, ки маро ба анористони Даштиҷум бурд, боз ҳам Ҳабибулло буд ва касе, ки дар айни туту ширинӣ маро ба Шаршараи Восеъ бурд, боз ҳам Ҳабибулло буд. Инак, дар бораи он ҳама бе оби чашм навишта намешавад. Хоса дар бораи Ҳабибуллои азиз, ки дар авҷи хубии умру истеъдод аз дасти мо рафт. Дар марги ӯ ҳатто Ғаффор Мирзо гирист, шахсе, ки аз шаттаву шалоқи сағерагӣ то ба каберагӣ сахт шуда, санг баста буд, гуфторе, ҳеҷ чизро ҳис намекард. Аммо гирист, ман шахсан чашми тару қатраҳои ашки сӯзонашро дида будам. Аз баъди ту эй ҳамқадами дилсӯзам, Наврӯз шуду вале нашуд нав рӯзам, Шоме ману ту ду шамъ будем баҳам, Айём туро бикушту ман месӯзам. Бозор СОБИР

11


ВАРЗИШ

Ду бохти тими ҷавонон дар даври интихобии ЧО-2016 Тими ҷавонони кишвар оид ба футбол (U-23) 29 март бозии дуюмашро дар даври интихобии Чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи «D» бо тими Аморати Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 3:0 бохт. Бозӣ дар варзишгоҳи ҷавонони кишвар Муъминҷон Га- роҳбарии сармураббӣ Алишер “Калба”-и Фуҷайра баргузор дойбоев корти сурх нишон дода, Тухтаев бозии аввалашро бо шуд. Вохӯриро рефери 43-солаи ӯро аз майдон ронд ва то охир 10 тими Яман низ бо ҳисоби 1:2 FIFA аз Баҳрайн Ҷамил Ҷумъа нафар бозӣ карданд. бохта буд. Дар даври дуюм Яман Абдулҳусайн Муҳаммад доварӣ Дар дақиқаи 15 Юсуф Саид Шри-Ланкаро бо ҳисоби 5:0 шикард. Ӯро дар ду кунҷи май- аз тими АМА бо задани зарбаи каст дод. дон ҳамватанонаш Муҳаммад ёздаҳметра ҳисобро кушод. Дар Ҳамин тариқ, тими ҷавонони Ҷаъфар Муҳаммад Салмон ва дақиқаи 22 ҳамдастаи Юсуф кишвар аз идомаи мусобиқа Аҳмад Ҷобир Муборак Рашид Аҳмад Барман ҳисобро афзуд – маҳрум шуд. кӯмак карданд. 2:0. Голи сеюми АМА-ро Аҳмад Дар даври сеюм ҷавонони Дар дақиқаи 11 довари Рабӣ дар дақиқаи 60 зад. кишвар бо тими Шри-Ланка майдон ба дарвозабони тими Тими ҷавонони кишвар таҳти вомехӯранд.

Хушқадам дар Маскав қаҳрамон шуд Хушқадам Хусравов, паҳлавони кишвар дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ба ёдбуди А. Харлампиев, асосгузори самбо, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия доир гашт, дар вазни 62 кило соҳиби медали тилло гардид. Мусобиқа 29 март ба анҷом расид. Тоҷикистонро дар он танҳо Хушқадам Хусравов намояндагӣ кард. Вай дар сабқати самбои варзишӣ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар варзишгари Қазоқистон Йес-

сет Куанов бо ҳисоби 6:3 ғалаба кард. Дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ беш аз 300 варзишгар аз 35 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Мусобиқаи теннис миёни кӯдакону наврасон

Чемпионати Тоҷикистон: Бори аввал дар се марҳила 27 март дар Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии ҷадвали чемпионати 24-уми мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ доир гашт. Тибқи қуръакашӣ бори аввал мусобиқа дар се марҳила доир мегардад.

18-21 марти соли равон бо ибтикори Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси кӯдакон ва наврасон оид ба теннис” дар Қасри тобистонаи тенниси шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди теннис миёни кӯдакону наврасони синнашон 7-12 ва 13-18 баргузор гардид. Дар он 60 варзишгар дар 10 гурӯҳ қувваозмоӣ карданд. Дар натиҷа, ғолибон ба тариқи зайл муайян гардиданд: Бачаҳои соли таваллудашон 1998-2001 1. Шодмон Қурбонов 2. Темур Нозимов 3. Темур Каримов Духтарони соли таваллудашон 1998-2001 1. Анастасия Турсунова 2. Насиба Назирмадова 3. Комила Муллоева Бачаҳои соли таваллудашон 2002 ва хурдсолон 1. Исам Шарифов 2. Мансур Мирзоев 3. Аминҷон Абдуллоев Духтарони соли таваллудашон 2002 ва хурдсолон 1. Наргиса Яҳёева 2. Юля Макашина 3. Ромина Муллоева Дар ин бора Дилнавоз Баротов, директори Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси кӯдакон ва наврасон оид ба теннис”-и назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Ғалабаи Тоҷикистон бар Малдив Тими миллии кишвар оид ба футбол аввалин бозии рафиқонаашро дар соли 2015 бо тими миллии Малдив бо ғалаба анҷом дод.

Дар мавсими нав дар лигаи олӣ 9 даста ширкат хоҳанд кард: “Истиқлол”, КМВА “Помир”-и Душанбе, “РегарТадАЗ”-и Турсунзода, “Хуҷанд”-и Хуҷанд, “Хайр”-и Ваҳдат, “Далерон Уротеппа”-и Истаравшан, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров. Мусобиқаи қаҳрамонии мавсими 2015-и мамлакат 9 апрел шуруъ мешавад. Дар бозии аввал “Истиқлол” дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ тими “Хуҷанд”-ро қабул мекунад. Оғози бозӣ

– 17:00. Се бозии дигари даври аввал 11 апрел баргузор мешаванд. “Регар” дар майдони худ бо “Равшан” бозӣ мекунанд, “Хайр” бо КМВА “Помир” вомехӯранд, “Вахш” бо “Парвоз” қувва месанҷанд. Ин бозиҳо соати 16:00 сар мешаванд. Бо сабаби тоқ будани дастаҳои иштирокчӣ барандаи медалҳои биринҷии мавсими гузашта – “Далерон” аз даври аввал озод аст. Дар мавсими нав ҳар даста 24 бозӣ анҷом хоҳад дод.

Бозӣ дар шаҳри Мале – пойтахти Малдив доир гардида, тими миллии кишвар бо ҳисоби 0:2 пирӯз шуд. Голҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев ва Манучеҳр Ҷалилов заданд.

Наврасони кишвар дар Ҷопон соҳиби ҷои дуюм шуданд Тими мунтахаби наврасони кишвар (U-15) дар мусобиқаи байналмилалии «Sport for Tomorrow Japan-Central Asia U-15 Football Exchange Programme», ки 29 март дар шаҳри Осакаи Ҷопон анҷом ёфт, сазовори ҷои дуюм шуданд. Дар вохӯрии ниҳоии мусобиқа шогирдони ЗайнидНатиҷаи бозиҳои дигар: дин Раҳимов бо ҳамсолонашон аз Ирон вохӯрданд. Бозӣ барои ҷойҳои 9-10 Вақти асосӣ ғолибро муайян накард – 0:0. Баъди заТуркманистон – Афғонистон – 0:1 дани зарбаҳои ёздаҳметра бахт ба рӯи ирониҳо ханБозӣ барои ҷойҳои 7-8 дид – 8:7. КФ «Токио» – Узбекистон – 3:3 Дар бозӣ барои ҷои сеюм тими наврасони Ҷопон Бозӣ барои ҷойҳои 5-6 бар Қирғизистон бо ҳисоби 7:0 ғолиб омад. «Киото Санга» – Академияи JFA – 1:2

12

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №13 (9387), 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


ДАСТОВАРД Дар арафаи Иди Наврӯзи хуҷастапай ва 85-солагии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» пайғоми хуш расид. Дафтари ашъори Нуралӣ Нурзод, хабарнигори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар вилояти Суғд ба Ҷоизаи «Китоби соли шеъри хабарнигорон» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон тақдир шуд. Чун тантанаҳои Наврӯзи имсол дар шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт ва рӯзҳои таҷлили он дар сарзамини Суғди бостон қарор доштем, бо истифода аз фурсат бо ҳамкорам дар робита ба ин мавзӯъ суҳбат оростам. - Ҷоиза муборак, Нуралӣ! Таманно мекунем, ки чунин муваффақиятҳо бештар насибатон гардад. - Сипосгузорам аз Шумо ва ҳамкорон, ки ҳамеша аз дастовардҳо изҳори хушҳолӣ мекунед ва аз аввалинҳо бо истиқболи самимона табрик месозед. - Кунун дар бораи ҷоиза ва чигунагии интихоби осор бар он иттилоъ медодед. - Ҷоизаи «Китоби соли шеъри хабарнигорон» ҳар сол дар арафаи иди Наврӯз ҷамъбаст мегардад. Имсол нуҳумин давраи он доир шуд, яъне, давоми нуҳ сол аст, ки онро бо ҳадафи тақдири шоирони наслҳои мухталиф аз кишварҳои форсизабон ва ҳар шоире аз нуқоти гуногуни дунё доир менамоянд. Он аз чанд бахш иборат аст. Нахустин бахши он “Як умр дар хидмати шеър” унвон дорад ва ба шоире, ки солҳои тӯлонӣ дар соҳаи адабиёт хизмати арзанда кардааст, тақдим мегардад. Дар бахши дигар китобе пешниҳод ва тақдир мешавад, ки дар давоми як соли рафта ба чоп расидааст. Бахши сеюм “Бахши вежаи шоирони бидуни китоб” номгузорӣ шуда, дар он дафтари ашъори чопнашудаи суханварон баррасӣ мешавад. Тартиби пешниҳоди осор дар ин бахш ба он сурат аст, ки ҳарчанд довталабон бидуни китоб ҳастанд, аммо ба андозаи як маҷмӯаи шеърии сад саҳифагиро бояд соҳиб бошанд. Меъёри дигар он аст, ки бояд муддаиён то оғози озмун дар Ҷумҳурии Исломии Эрон китоб чоп накарда бошанд. - Маҷмӯаи Шумо дар кадом бахш тақдир шуд? - Ман дар “Бахши вежаи шоирони бидуни китоб” ширкат доштам ва тибқи эълони фарохони ҷоиза, ки чанд моҳ пеш тавассути дӯсти донишмандам, шоири номвари эронӣ ва мудири равобити умумии Фарҳангистони забон ва адабиёти форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Қарибӣ ба ман расид, мунтахабе аз ашъори то ҳанӯз нашрнашудаи худро барои баррасӣ ба дабирхонаи ҷоиза ирсол намудам. Баъд аз баррасиҳо чанд рӯз қабл аз Наврӯз аз даби-

ри ҷоиза, шоири соҳибноми эронӣ Алиризо Баҳромӣ нома гирифтам. Дар он, аз ҷумла, навишта шудааст, ки “... Шумо шоистаи тақдир ба ҷоиза шинохта шудед”. Инчунин, аз тарафи дабири ҷоиза дархост шудааст, ки паём ба ҷаласаи ниҳоӣ ирсол кунам. Ҳарчанд худам натавонистам дар ҷаласаи тақдими он ширкат намоям, аммо паём ирсол кардам, ки он дар аксар сомонаҳои хабарии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони «Паёми шоири тоҷик ба Ҷоизаи “Китоби соли шеъри

машғул буданд ва аз оғоз ба ҳамин ном маъруфият касб кард. Ҳайати доварони ҷоиза ҳам аслан аз ҳисоби шоирон-рӯзноманигорон мунтахаб мешаванд. Ҳарчанд имрӯз пешниҳоди осор, новобаста ба пайванд ба матбуоту расонаҳо озод аст, аммо ҳамин унвон барои ҷоиза боқӣ мондааст. Ба таъкиди дабири ҷоиза дафтари ашъори онҳое, ки баргузида мешаванд, мунтахабе аз он ба сурати китоб дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо хати форсӣ нашр хоҳад шуд.

фаъолиятҳои сурудаҳои Симини Беҳбаҳонӣ, Ядуллоҳи Руъёӣ, Ҳушанг Ибтиҳоҷ, Соя ва дигарон тақдир шудаанд. - Ба андешаи Шумо ин ҷоиза, ки ба тақдир аз шоирони кишварҳои форсизабон ихтисос ёфтааст, чӣ нақше метавонад дар тақвияти пайвандҳои адабии кишварҳои форсизабон ва шоирони форсизабони дунё гузорад? - Нахуст мехоҳам таъкид намоям, ки даъвати шоирони кишвари

- То кунун ин ҷоизаро кадом суханварон соҳиб шудаанд, аз ҷумла, аз шоирони кишвари мо ҳам ба он мушарраф гардиданд ё…? - Давраҳои аввал ин ҷоиза бештар ба шоирони эронӣ тақдир мешуд, албатта, новобаста аз он ки суханварон дар кадом гӯшаи олам зиндагӣ мекарданд. Муҳим нашри дафтари ашъор бо хати форсӣ ва форсӣ сурудан буд. Чанд сол пеш доираи шоирони форсизабони Афғонистон ва ҳамзабонони афғонро аз ақсоли олам низ фаро гирифт. Имсол аввалин бор буд, ки шоирони кишвари мо ҳам тавассути саҳифаи махсуси интернетӣ даъват намуданд, ки ҳузур пайдо намоянд. Аз ин ҷиҳат, банда нафари аввалин ҳастам, ки бо ин ҷоиза сарфароз шудам. Дар гузашта шоирони зиёд аз кишварҳои Эрону Афғонистон шоистаи ин ҷоиза гардидаанд. Бахусус, дар бахши “Як умр дар хидмати шеър”

мо барои дарёфти ин ҷоиза маънои онро дорад, ки воқеан, имрӯз шеъри тоҷик мавриди эътирофи ҳамзабонони мост. Албатта, нашри зиёда аз 50 маҷмӯаи ашъори шоирони тоҷик дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин, нашри китоби шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бо хати форсӣ дар яке аз нашриётҳои Амрико ва тарҷумаву интишори як маҷмӯаи дигари ӯ бо забони англисӣ ва амсоли ин исботи маъруфият ва шинохтаи шеъри муосири тоҷик дар ҷаҳон аст. Аз сӯи дигар, дар мавридҳои зиёд метавон бо итминон гуфт, ки шеъри муосири тоҷик авлавиятҳои фаровонеро нисбат ба шеъри дигар ҳамзабонон соҳиб аст ва ин андешаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ намояндагони адабиёт ва нақди адабии ин кишварҳо изҳор медоранд ва ҳатто чанд рисолаи пажӯҳишӣ низ дар ин замина дар Эрону Афғонистон ба чоп расидааст. Ба ин хотир, ширкати фаъоли шоирони мо барои дарёфти чунин ҷоизаҳо метавонад барои тақвияти бештари робитаҳо, гузашта аз ин, муаррифии дастовардҳои тозаи шеъри имрӯз нақши муассир гузорад. Ман дар паёме, ки ба ҷаласаи хатм ва тақдири ҷоиза ирсол намудам, нигоштаам, ки имрӯз ниёз барои тақвияти ҳамкориҳои адабӣ бештар ба миён омадааст. Аз ҷумла, таъкиди ман бар он буд, ки ҳоло ки дар мақоми ниёзмандии бештар ба тақвияти равобити адабӣ, хоса, изҳори бештари ҳамдилӣ ва ҳамраъйӣ дар қаламрави шеър бо ҳамзабонони дигар дорем, мутмаинам, ки дабирхонаи ҷоиза ин роҳро ҳам барои мо ҳам азизонамон аз кишварҳои дигари ҳамзабони худ аз Ҷумҳуриҳои Исломии Эрон ва Афғонистон, инчунин, форсизабонони олам, ки шумораашон дар ҳоли афзоиш қарор дорад, ҳамеша чароғонӣ ва ҳамвору бефароз нигоҳ хоҳад дошт. Чун имрӯз мо, воқеан, дар марҳилае қарор дорем, ки бояд бештар аз пайвандҳои адабии миёни ҳамдигар бо ҳадиси сидқу хулус сухан бигӯем ва ҳарфи иродату эътиқоди хешро бо шеър барои ҳамдигар ни-

Шеъри тоҷик мавриди эътирофи ҳамзабонон аст

хабарнигорон» мунташир гардид. Хабари тақдири дафтари ашъор ҳам дар аксар расонаҳои хабарии Эрон дар остонаи Наврӯз пахш гардид, ки воқеан, барои ман ҳадяи беҳтарини наврӯзӣ буд. - Ҷолиб низ ҳаст, ки ҷоиза “Китоби соли шеъри хабарнигорон» унвон гирифтааст, яъне, рабте ба фаъолияти хабарнигорӣ дорад? - Аввал ин ки ҷоизаи мазкур бо ҳиммати як гурӯҳ аз рӯзноманигорон таъсис ёфтааст, ки бо такя бар авлавият додан ба нашри ашъор дар саҳифаи матбуот ба ин иқдом даст задаанд. Чун маълум аст, ки бештари ашъори шоирон қабл аз ин ки ба сурати маҷмӯа ба чоп бирасад, аввал дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷалла ва сомонаҳо ба чоп мерасанд. Аз сӯи дигар, дар аввали таъсис ҷоиза бештар ба шоироне тақдим мешуд, ки баробари сурудани ашъор ба фаъолияти хабарнигорӣ низ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №13 (9387), 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

сор намоем, чунки беш аз ҳама, барои ҳамдигар ниёз дорем, то муштаракоти ҳазорсолаамонро чун Рӯдакиву Фирдавсиву Носири Хусраву Хайём, Мавлонову Ҳофизу Саъдиву Ҷомиву Бедил дар марзи ягонаи забони форсӣ, чӣ дар Эрону чӣ Афғонистон, чӣ Тоҷикистону Ҳинду Покистон ва чӣ дар олам ҳифз намоем. Агар имрӯз мо – форсизабонон, ба таъбири Мавлонои Балхӣ, «гоҳо аз асли худ дур афтодаем» ва дар ин роҳ гоҳо бар фарози ҳамдилиҳоямон дар тафаҳҳус ва маърифати вожагону таобири миёни шояд «пойдаргилем», аммо бо ҳам ҳалқаи пайванди шеъри форсизабонон ва нуфузи иртибототи рӯзафзуни шоирони форсигӯ дар ақсои олам, хоса, кишварҳои ҳамзабон метавонад, боз ҳам ба таъбири Мавлоно, моро ба ҷустуҷӯи “рӯзгори васли хеш” бирасонад. Ҳадаф аз ин таъкиди ман он буд, ки имрӯз, агарчӣ суханварони пешинаи мо дар манотиқи мухталиф мезистанд, аммо забони ягона ва воҳид онҳоро ба ҳам наздик менамуд. Шеъри устодон Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Бедилро новобаста ба маҳдудаҳои ҷуғрофии истиқомат дар соири кишварҳои форсизабон ҳама мефаҳманд. Аммо имрӯз ҳолатҳое мешаванд, ки дар маърифати бархе аз вожагони хоси каломи ҳамдигар шоирони имрӯзи кишварҳои форсизабон мушкилот доранд. Аз ин рӯ, ман андеша мекунам, ки танҳо адабиёт, аз ҷумла, шеър метавонад ин муаммоҳоро бартараф намояд ва Ҷоизаи “Китоби соли шеъри хабарнигорон» яке аз рисолатмандони иҷрои ин вазифаи муҳим аз тариқи тавсеаи ҳузури шоирони форсизабон дар ин ҷоиза ҳаст ва хоҳад монд. Иқдомоти имсолаи он ки аз шоирони форсизабони ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон даъват барои ҳузур кардаанд, метавонад моро имтинон бахшад, ки ин ҷоиза метавонад ин рисолати бузургро ба иҷро расонад. Сӯҳбаторо А. САМАРИДДИН, “ҶТ”

13


КОРМАНДОНИ ИМРӮЗИ “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”

Ҳазлнюши ҷашнии Нуруллоҳ Ориф (Дар пояи сурудҳои халқӣ)

САМАРИДДИН АСОЕВ, САРМУҲАРРИРИ РӮЗНОМА

Самариддин Асоюф Хеле солай шефи мост. То ки по каҷ намонем, Қапида аз тефи мост.

МАҲМУДҶОН УСМОНОВ, ХАБАРНИГОР

Маҳмуди додари мо, Мезияд дар иҷора. Бечора чӣ кор кунад? Дигар надорад чора.

УМАРАЛӢ САФАРАЛӢ, КОТИБИ МАСЪУЛ

Умаралӣ ҳам дора, Як утоқи иҷора. Пул дода, мегирад дам, Баҳри кори идора.

СВЕТЛАНА КУЛБАТСКАЯ, САРМУҲОСИБ

Светаҷон, Света, Ведомостора нав кун. Аз маошакат ба мо, Як ошаки палав кун.

ТОЛИБШОҲ ДАВЛАТ, МУҲАРРИРИ ШУЪБА

Ҳуҷҷатой акаи Толиб Дар Иттифоқ гум шуданд. Бе узвият шуд бузург, Ҳама дар сум-сум шуданд.

14

САЙФИДДИН СУННАТӢ, МУҲАРРИРИ ШУЪБА

Сайфиддини Суннатист Як муҳаррири чаққон. Дар ҳамаи маҳфил ҳаст, Кас аз ин кораш ҳайрон.

НУРУЛЛОҲ ОРИФ, МАСЪУЛИ БАХШИ ФАРҲАНГ

Баҳри “Меҳан, эй Меҳан” Се раиса дар задум. Ягон кас чопуш накард, Уф, ай пову пар задум.

РУХСОРА КАРИМОВА, ХАЗИНАДОР

Аз нигоҳи мо кам-кам Рухсора таҳ мезана. Шояд ӯ ҳам ҳамин сол Дар қапи шаҳ мезана.

МИРЗО РУСТАМЗОДА, ХАБАРНИГОР

НАВРӮЗ ҚУРБОНОВ, ХАБАРНИГОР

Акаи Мирзо дорем, Як муҳаррири дигар. Ҳам нозимай, ҳам носир, Дафтараш дар таги сар.

Наврӯзи братишка Дар Кумита ҷо ёфтаст. Медавад иҷа-уҷа, Мегӯй, ки тилло ёфтаст.

АШРАФИ АФЗАЛ, МУДИРИ ШУЪБА

БАСГУЛ ИБРОҲИМОВА, МУДИРИ ШУЪБА

РАҲИМИ РАФЕЪЗОД, ХАБАРНИГОР ДАР ХАТЛОН

Худо хоҳад ҳамин сол Басгул шавҳар мекунад. Нақшаи зиндагиша, Кам-кам дигар мекунад.

Ховакта мон, Раҳимбой, Пиҷакта аз банот кун. Пиёда ҳам, ки тонӣ Ба Душанбера ҳот кун.

ШЕРАФГАН ХУРСАНДҚУЛОВ, САҲИФАБАНД

КУЙБЕК ШАРИФЗОДА, ХАБАРНИГОР ДАР ВМКБ

Ашраф қафо ягон бор Аз кор монданӣ нест. Ёру бародароша, Аз хеш ронданӣ нест.

ГУЛЧЕҲРА ФОЗИЛОВА, МАСЪУЛИ ТАҚСИМОТИ РӮЗНОМА

Апаи Гулчеҳрара Ҳамаи одам медонад. Ин хел одама ҳеҷ кас, Аз ёдаш намеронад.

ҲАСАН АЗИЗОВ, ХАБАРНИГОР

Ҳасани Азиз дирӯз Майда буд, калон шудаст. Муҳаррири блатной Дар Тоҷикистон шудаст.

Вирусора, Шерафган, Аз компутеро барор. Агар не баҳоят, дӯст, Аз панҷ мешавад чор.

БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА, ҲУРУФЧИН

Бахтиҷамол, хез аз ҷо, Мақолаҳора чоп кун. Ҳарсола газитора Алоҳида китоб кун.

МАТЛУБА ҶАББОРОВА, ФАРРОШ

Апаи Матлубахон Тоза кунад утоқа. Мефармояд ба мардум Напартоед пучоқа.

Шояд, ки ба рӯзи ҷашн Кӯйбек аз Помир ояд. Бо парашут оҳиста, Дар ГЖК фарояд.

НУРАЛӢ НУРЗОД, ХАБАРНИГОР ДАР СУҒД

Аз Душанбе то Хуҷанд Нуралира ёд кардем. Мо ӯра ба рӯзи ҷашн, Тилфонӣ фарёд кардем.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №13 (9387), 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ АҚЛ -

Дўкони нонпазї Нопухтагї, норасидагї, камтаљрибагї

... и Шодиев, овозхон

Майдони шолї

Воњиди масоњати англисї, 0,4 гектар ;

Нохун барои дуторзанї

Молу матоъ, сарват Пашми нарм

Зоти мори печон Бародари Шиам

... и Сурайё, овозхон

Осебдида

Номи занона, «садбарг» ба русї

Сиёњбахтї

Номи падари Иосиф Сталин

Шањри истироњатї дар Ќрим

Боумед Жанри Баха84

Одам, башар

Собиќ роњбари Чин … Тзедун

Давлат дар нимљазираи Њиндухитой

Яке аз «з»-њои алифбои форсї

Маънояшон як

Бародар (лањља)

... и никоњ, ањднома

Фароѓат

Зоти тўтї

"... дар кишвари мўъљизањо" (афсона)

Асбоби ченкунандаи муќовимати љараёни барќ

Онро дар танўр мепазанд

Гиёњ барои ранг кардани даст

Шишаи оптикї

Мулк

Адади сераќамаи хурдтарин

Тамѓаи сигор

Калимањои навишташон якхела

Њиндуе, ки соатњо бењаракат мешинад

Шоњи давраи Кушониён

... Љўраева, овозхон Тайёр, омода

«Укол» ба забони тољикї

Љои нигањдории њезум

СНГ

Бахт, некбахтї

Асбоби челонгар

Шинос, дўст Покизагї

Таскиндињанда

Иёлат дар ИМА ... Новикова, артисти ширинкор

Пойтахти Бошќирдистони ФР

Кўтоњумрї … ибни Лодан

Ширкати алоќаи мобилї

Ќатори нињолњо ё дўконњо

Якка Майдон, њавлї

Гирду пеш Намози моњи Рамазон

... Нињолова, овозхон, раќќоса

Атомњои заряднок Иёлот дар ИМА

Яккасарої

Давлат дар маркази Африќо

Ашё барои мебелсозї … Сафина, овозхони рус

Ба назар гирифтан – ба … гирифтан

Йошкар-...

"... бубинед, љорўб дар дастам"

Назар афкандан

Водї дар љумњурї

Ќисми пой

… хўрдан, муфт хўрдан Даромадгоњи хона

… Пулодова, овозхон

Њам лото, њам домино Њаракат дар балет

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №13 (9387), 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

... Љоли, актрисаи амрикої

15


АКСИ РӮЗ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

АЗ ҲАЁТИ КОРМАНДОНИ ИМРӮЗ ВА СОБИҚИ РӮЗНОМА

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии як гурӯҳ ҷавонони фаъоли кишвар бо ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» баргузор гардида, баҳси тӯлоние ба миён меояд. Чун навбати сухангӯӣ ба Сайёфи Мизроб мерасад, ӯ ба ояндагони ҷамъият барор хоста, таманно мекунад: Хуршедсифат басо ҷаҳонгир шавед, Обуна шаведу баъд аз он пир шавед.

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралӣ САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

***

Толибшоҳи ДАВЛАТ

Як тан аз ҳамкасбон журналист Қироншоҳ Шарифзодаро дар сари фармони автомошинаи «Запорожетс» дида, мазоҳ кард. Ҳатто хандида гуфт, ки мошини аз мӯд кайҳо боз баромада харидааст. Вале, ҳамин ки ба ӯ навиштаҷоти пушти мошинро нишон додем, лабу лунҷи бефарозашро якбора ҷамъ карда монд. Нигошта чунин буд: «Зато ни пешком!».

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Сайфиддин СУННАТӢ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),

Маҳмудҷон УСМОНОВ, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон, Душанбе),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),

ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА

(муовинони котиби масъул)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 8500 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

16

БОҒИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ АНДАРЗ

Маълумоти олӣ - Дар донишгоҳ мо танҳо шимҳоямонро фарсудаю сурох мекардему халос, - гуфт Ҷенинг, ки дастони ифлосшудаашро мешуст. - Баъди ин ҳама коҳишёбии буҷа онҳо бароятон чизи зиёд таълим намедиҳанд. Танҳо баҳо мегузоштанду халос. Ҳама кор бо тартиби худ мерафт.

* * рӯзномаи Солҳои * дар «Ҷавонони Тоҷикистон» кор кардан журналист Камоли Қурбониён нигоштаи хабарнигори ҷамоатиеро омодаи чоп карда, ба муҳаррири шӯъба пешниҳод мекунад. Мудир Ҷумъаи Мирзо қабл аз хондан мебинад, ки дар саҳифаи аввал чашмрас навишта шудааст: Сурат дорад! Поёни он менависад: Сират чӣ? Ва имзо мегузорад.

- Пас, шумо чӣ меомӯхтед? - Мо чизе ҳам намеомӯхтем. Вале шумо метавонед дид, ки ман чӣ тавр кор мекунам. Ҳамшираи шафқат дарро кушода арз кард: - Духтур Ҷенинг, шумо дар ҳуҷраи ҷарроҳӣ лозимед.

***

Боварӣ ба шавҳар Охири солҳои 90-уми асри гузашта дар ширкати барқии Детройт механики ҷавон бар ивази 11 доллар дар як ҳафта кор мекард. Дар як рӯз даҳ соат меҳнат мекард, баъди кор ба хона баргашта, то нисфи шаб дар ҳезумхона меҳнаташро давом медод ва кӯшиш мекард, ки муҳаррики наве ихтироъ кунад.

дандонҳояш аз ғояти сардии бисёр меларзиданд. Аммо ӯ шавҳарашро бовар мекард. Баъди гузаштани як сол аз ҳезумхонаи онҳо садои баланд шунида шуд. Ҳамсояҳо ҳайрон шуданд. Чунки дар роҳ ягон аспароба наменамуд, балки вагончае беасп ҳаракат дошт ва дохили он ҷавони “девона” бо ҳамсараш нишаста буданд. Ин шахси сода ва “девона” Ҳенри Форд – ихтироъкори автомо-

били тамғаи Форд буд… Хабарнигоре зимни мусоҳиба, аз Форд мепурсад, ки агар имкони ба ақиб баргаштан ёбад, кӣ шудан мехоҳад? Нобиға бо содагии ба худ хос ҷавоб медиҳад: - Кӣ шуданам муҳим нест, муҳим он аст, ки ҳамсарам дар паҳлӯи ман бошад. Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Падараш фикр мекард, ки писараш ба ин корҳо вақташро беҳуда мегузаронад, ҳамсояҳо бошанд, ӯро девона мехонданд. Бовар надоштанд, ки заҳмати зиёди “девона” натиҷа медиҳад. Танҳо ҳамсараш буд, ки ба талошҳои ҷавон умед ва боварии тамом дошт. Зани бовафо шабҳои дароз болои сари шавҳараш лампаи керосиниро дар даст гирифта, меистод, то шавҳараш дар торикӣ азоб накашад. Гоҳо дастонаш аз хунукӣ кабуд мешуданд,

Журналист Хуршеди Атовулло нотоб шуду ҳамкорон аз рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" ба аёдати ӯ рафтанд. Дар роҳ Ҷумъахон Сайдалиев аз бозор тарбузи калонеро арзон карда, ба 1 сомониву 20 дирам мехараду бо ҳамин қазияи дасти холӣ нарафтан ҳал мегардад. Вале сардабири рӯзнома Раҳим Сайдалиев тарбузро даст-даст карда, мегӯяд: – Охир, ин хом аст-ку?! – Фарқаш чӣ, мо намехӯрем, Хуршед мехӯрад, – мегӯяд Нуралӣ Давлат.

***

Журналистон Барот Юсуфӣ, Ҳотами Ҳомид ва Ҷумъаи Мирзо дар роҳ бо духтаре вомехӯранд, ки бо ҳар се шинос буд. Вақте хонум хайрухушкунон меравад, Ҳотам мегӯяд: – Дар вақташ ман ба ӯ ғоибона ошиқ будам. Барот: – Ман рӯзона. Ҷумъа як парда садо баланд карда: – Вале ман шабона ошиқ будам.

ЭЪЛОН ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ

ЗОДРӮЗ МУБОРАК! Рашид Ҳамидовичи барои ҳамаи мо азиз! Шуморо бо рӯзи мавлудатон аз самими дил шодбош гуфта, бароятон аз Худованди меҳрубон тани сиҳату хотири ҷамъ ва дили беғам хоҳонем. Худованд сояи давлати Шуморо бар сари мо зиёда гардонад. Бо эҳтиром ҳамсар, фарзандон, наберагон ва дӯстдорони Шумо.

ҶДММ “Нақлиёти Осиё Балтика” (РЯМ 0410025303), ки 28 марти соли 2014 дар Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Номаи камоли гумшудаи БТ №949325, ки МТМУ рақами 47-и ноҳияи Қубодиён соли 1982 ба Садридинов Абдураҳмон додааст, эътибор надорад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №13 (9387), 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.