Рушди футбол боиси муттаҳидии ҷавонон мегардад
Онҳо тасаввуфро дуруст маърифат накардаанд...
№13 (9439), 31 марти соли 2016
1
МАВЗӮИ РӮЗ
10 000 сайт ба мағзшӯӣ машғул аст
ҲАФТ РӮЗ 24.03.2016 Бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Конибодом ҶДММ “Нафтрасон”, ки нахустин корхонаи коркарди ниҳоии нафт мебошад, ба фаъолият шуруъ кард. 25.03.2016 Дар ноҳияи Ашт Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Кохи фарҳангро ба истифода дод. 26.03.2016 Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Пешвои миллат дар майдони “Авесто”-и шаҳри Хуҷанд дар чорабиниҳои идонаи “Корвони Наврӯзӣ” ва “Сайри гули лола” иштирок кард.
27.03.2016 Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуд. Ба роҳбарияти он баҳри ҷалби ҳарчи бештари истироҳаткунандагон аз дохил ва хориҷи мамлакат дастур дод, ки корҳои ободониро вусъат бахшанд ва бо завқи баланди зебоипарастию шинонидани гулҳои зебову хушбӯй, дарахтони ба саломатии инсон фоидаовар ин маконро ба як мавзеи дилнишин табдил диҳанд.
29.03.2016 Бо мақсади боло бардоштани завқи зебоипарастии ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб озмуни минтақавии «Зебосанам-2016» баргузор гардид. Ҷойи аввал насиби донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб Меҳрангез Обидова шуд. Ҷойи дуюмро корманди беморхонаи ноҳияи Данғара Таҳмина Мадалиева ва ҷойи сеюмро хонандаи синфи 11-и гимназияи «Боғи Ҳабиб»-и ноҳияи Муъминобод Сабоҳат Холматова сазовор гаштанд.
28.03.2016 Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф дар робита ба марги даҳҳо нафар ва ҷароҳат бардоштани садҳо кас дар пайи таркиш дар шаҳри Лоҳур барқияи тасаллият ирсол намуд.
30.03.2016 Бо фармони президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Нурлан Сейтимов сафири нави Қазоқистон дар Тоҷикистон таъин шудааст. То ин замон вазифаи сафирии ин кишвар дар Тоҷикистонро Смагулов Агибай Динкенович ба уҳда дошт.
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№13, (9439), 31 марти соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» СУҲБАТИ “ҶАВОНОН...”
е-mail: javonontj@mail.ru
ВАРЗИШ
е-mail: javonontj@mail.ru
2
АХБОРИ ҲАФТА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №13 (9439), 31 марти соли 2016
Иқдоми хайрхоҳона дар шаҳри Норак Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ икдоми хайрхоҳонаеро роҳандозӣ намуд. Бо тасмими мудири бахш Баҳодур Ятимов як қатор хонандагони камбизоат ва ятимони кулли муассисаи таълимии №4-и деҳаи Тутқавул бо тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд. Баҳодур Ятимов ҳозиринро ба ҷашни Наврӯз табрик намуда, онро яке аз ҷашнҳои асосии тоҷикон ном бурд: “Ҷашни Нарӯз яке идҳои асосии миллат ва ниёкони мо ба ҳисоб меравад. Мо ва шуморо зарур аст, ки барои ҳифз ва зинда нигоҳ доштани он аз тамоми имкониятҳо истифода барем”. Инчунин дар анҷоми чорабинӣ 12 нафар омӯзгор, ки дар соҳаи маориф саҳми босазо гузоштаанд ва 20 нафар хонандаи фаъол, ки дар озмуну олимпиадаҳо соҳиби ҷоиза гардидаанд, бо ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Хуршед МАВЛОНОВ “ҶТ”
Тантанаи наврӯзӣ дар деҳаи Пушинг 26 март дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Наврӯзи оламафрӯз таҷлил шуд. Чун ба деҳаи Пушинг наздик мешудем, ҳама ҷо ҳавои идона дошт, насими гулбези баҳорӣ атрофро муаттар месохт. Таҷлили Наврӯз бараъло ҳувайдо буд. Гулдухтарон либоси баҳорӣ ба бар карда, хеле зебову дилрабо менамуданд. Чеҳраҳои мардум гарму самимӣ ва рӯҳияи наврӯзӣ доштанд. Барои таҷлили ҷашн дар наврӯзгоҳи деҳ мардуми сершумори шаҳру навоҳии вилоят ва меҳмонон аз шаҳри Душанбе ҳузур доштанд. Зимни боздид аз растаҳои наврӯзии мардум беҳтарин падидаҳои наврӯзӣ, чӣ дар хони наврӯзӣ ва чӣ дар сару либоси идона муҷассам буд. Бозиҳои наврӯзӣ, суруду рақсу таронаҳои идона шукӯҳи наврӯзро бештар мегардониданд. Рӯзи ид дар гирду атрофи Наврӯзгоҳ дар дегҳои калон шӯрбову оши палов, илова ба ин навъҳои дигари таомҳои миллӣ, аз қабили ширбиринҷ, далда, оши бурида, мастоба ва ғайра ба алафҳои баҳорӣ омода шуда буд. Пас аз тановули таомҳои гуногун аҳли санъат бо созу сурудҳои дилнишин табъи ҳозиринро шод гардониданд. Муовини раиси ноҳияи Данғара Маҳбуба Амиршоева меҳмонон ва сокинони деҳаро табрику таҳният гуфта, зикр кард, ки Наврӯз зеботарин, волотарин ид аст. Иде, ки дар он садои қалби ҳар як тоҷик инъикос ёфтааст. Наврӯзе, ки бо худ рӯзи нав, зиндагии навро меорад,
Шукуҳи Наврӯз дар Рашт Дар ноҳияи Рашт иди Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил гашт. Дар чорабинӣ, ки бошукӯҳ баргузор шуд, аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ меҳмонон ва ихлосмандони гуштии миллӣ иштирок доштанд. гузаштаро ба имрӯз ва имрӯзро ба оянда мепайвандад. Наврӯзе, ки онро оғози сари сол ҷашни бузурги бедории табиат, ҷашни пирӯзӣ бар торикӣ, ҷашни ориёи ва миллӣ мегӯянд. Наврӯзе, ки ҷаҳонӣ гашта, омад-омади онро ҳама бесаброна интизор аст: “Ин Наврӯзи ҷаҳонӣ ва навбахтию пирӯзиро барои шумо муборак мегӯям, азизон! Қудуми
Наврӯзӣ фархундапай муборак бошад”, - дар охири сухани худ иброз намуд Маҳбуба Амиршоева. Баъди намоиши фарҳангӣ туйи суннатии 190 кӯдак ва се ҷуфти оилаи ҷавонон аз хонаводаҳои эҳтиёҷманд баргузор шуд. Ин иқдом ҳар Наврӯз роҳандозӣ мешавад. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Дастовардҳои ташкилоту муассисаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба маъраз гузошта шуд. Мусобиқаи гуштии миллӣ чорабинии асосии иди аҷдодӣ буд. Дар он паҳлавонони номии кишвар ва аз ҷумҳурии Узбекистон иштирок карданд. Барои тамошои ҳунари паҳлавонон 20 000 нафар ҷамъ омада буданд. Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Рашт ба 45 нафар собиқадори ин риштаи варзиш туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
ҲАМКОРӢ
Мулоқоти соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон
www.javonon.tj
28 марти соли равон дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт мулоқоти соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон доир гардид. Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Сайраҳмон Назризода дар ифтитоҳи чорабинӣ изҳор дошт, ки миёни Тоҷикистону Ҳиндустон то ин дам 36 созишнома ба имзо расидааст. Соли 2015 ҳаҷми мубодилаи мол миёни ду кишвар ба 16,9 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки 80,1 дарсади соли 2014-ро ташкил медиҳад. - Ҳоло дар ҷумҳурӣ 21 корхонаи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон фаъолият мекунанд, - гуфт Сайраҳмон Назризода. - Соли 2015 ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон ба Ҳиндустон ҳамагӣ 200 000 долларро ташкил дод, ки ин ҷавобгӯи талабот
нест. Умед мекунем, ки вохӯрии имрӯза дари ҳамкориҳои навро ба рӯи соҳбкорони ду кишвар боз хоҳад кард”. Иҷрокунандаи вазифаи сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Митҳун Рагавант аз баргузории мулоқоти мазкур изҳори хушнудӣ карда, иброз дошт, ки Ҳиндустон шарики стратегии Тоҷикистон мебошад. Ӯ зимни ибрози андеша оид ба ҳамкориҳои дуҷониба гуфт, ки яке аз мушкилиҳои мавҷуда набудани роҳ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад. Дигар ин ки соҳибкорони ду кишвар доир ба имкониятҳои ҳамдигар маълумоти кофӣ надоранд. Ҳукумати ҳар ду кишвар
дар андешаи таъсиси «Долони байналмилалӣ» ҳастанд, ки ин мушкилоти деринаро ҳал хоҳад кард. Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид иброз дошт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро санадҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои гуногуни ҳамкорӣ,
аз ҷумла иқтисод ва тиҷорат, тиб (дорусозӣ), тандурустӣ, кишоварзӣ, варзиш ва сайёҳӣ, фарҳанг, маориф ва илму технология ба танзим медарорад. Ӯ соҳаҳои гидроэнергетика, кӯҳканӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, металҳои ранга, саноати сабук, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, сохтмони
роҳҳо, пулу нақбҳо, иморатҳои баландошёна, тандурустӣ, инфрасохтори сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо номид. Роҳбари ҳайати соҳибкорони Ҳиндустон Киран Васант Калбаг кӯҳу пиряхҳо ва кӯлу чашмаҳои шифобахши Тоҷикистонро васф намуда гуфт: “Шояд то имрӯз аксар филмбардорони Ҳиндустон дар бораи манзараҳои Тоҷикистон тасаввурот надошта бошанд. Хуб мешуд, ки онҳо зимни филмбардорӣ аз манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон истифода баранд”. Ба меҳмонони Ҳиндустон инчунин дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» маълумот пешкаш карда шуд. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
МАВЗӮИ РӮЗ Мутобиқати иҷтимоӣ мутобиқати фардро ба муносибатҳои иҷтимоӣ, талабот, меъёрҳои сохти иҷтимоӣ муайян менамояд. Маҳз мутобиқати иҷтимоӣ фардро водор месозад, ки механизми зарурии фаъолиятро дар давраҳои муайяни ҳаёт интихоб намуда, онҳоро дуруст истифода барад. Мутобиқати иҷтимоӣ дар натиҷаи муносибатҳои иҷтимоию равонӣ ва ахлоқӣ миёни одамон ба вуҷуд омада, мутобиқшавӣ ба муҳити иҷтимоиро ифода мекунад. Номуваффақи дар мутобиқати иҷтимоӣ равандест, ки дар ҷараёни он шахс наметавонад худро ба муҳити мавҷудаи
наврасӣ ва ҷавонӣ зери таъсири омилҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раванди номутобиқатӣ метавонад пурзӯр шавад. Бинобар ин, мусоидат комили ҷомеа дар самти муаррифии дурусти арзишҳо ва анъанаҳо, роҳнамоӣ намудан дар самти воридшавии ҷавонон ба муҳити иҷтмоӣ, кам намудани таъсирҳои манфии ғоявӣ ба онҳо, пурзур намудани муқовиматнокии онҳо ба таҳоҷуми гуногуни фарҳангию мафкуравӣ зарур мебошад”. Бино ба иттилоӣ хабаргузориҳо ҳоло дар сафҳои созмонҳои террористӣ дар хориҷ 1 ҳазору 94 шаҳрванди Тоҷикистон дар даргириҳо шир-
шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва хусусан тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад. Омӯзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳанд. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбат ба терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуб бедор намоянд. Ташкил намудани конференсияҳои тематикӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар
10 000 сайт ба мағзшӯӣ машғул аст Ҳасан АЗИЗОВ
Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ба гузориши расонаҳои русӣ дар шабакаи интернет айни замон 200 сайт ба забони русӣ фаъолият мебарад, ки мақсади мағзшӯии ҷавононро доранд. Интернет имрӯз воситаи пуриқтидори таъсиррасонӣ ба шуур ва рафтори ҷавонон арзёбӣ мегардад. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки асосан сомонаҳои иҷтимоии «Одноклассники», «Вконтакте» ва “Фейсбук» барои ҷалби ҷавонони тоҷик истифода мешаванд. Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон гуфта буд: “Яке аз сабабҳои асосии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ номуваффақӣ дар мутобиқати иҷтимоии онҳо мебошад. Ногуфта намонад, ки дар раванди иҷтимоишавии инсон мутобиқати иҷтимоӣ ҷузъи асосӣ ба шумор меравад.
ҷомеа тавассути қабули меъёрҳо, арзишҳо, идеалҳо ва доираи муайяншудаи муносибат мутобиқ намояд. Эҳсоси бегонагӣ, напазируфтани меъёрҳои умумиэътирофшудаи иҷтимоию маънавӣ, ворид шуда натавонистан ба муҳити ахлоқию маънавӣ ва сиёсии иҷтимоии ҷомеа нишонаҳо ва мушкилиҳое мебошанд, ки шахсро дар раванди иҷтимоишавии он ҳомроҳӣ менамоянд. Таҳлилҳо нишон дода истодаанд, ки яке аз сабабҳои рӯ овардани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ маҳз мавҷудияти ҳамин мушкилӣ мебошад. Зеро аз нуқтаи назари физиологӣ ва синнусолӣ маҳз дар синну соли
кат мекунанд. Соли гузашта 147 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз сафи гурӯҳҳои мусаллаҳ ба кишвар баргаштанд. 780 нафари дигар, ки як ҷо бо тундравҳои “Давлати исломӣ” меҷанганд, дар ҷустуҷӯ қарор доранд. 85 дарсади ононе, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд, аз муҳоҷирати корӣ ба тундгароён пайвастаанд ва бештари онҳо ҷавонанд. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи
доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатҳои мамнуъ дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад. Зеро мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандӯсту гуманист, ҳар шахси комилҳуқуқӣ ҷомеа аст. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ бояд кори созмонҳои талабагӣ ва созмони ҷавонон ҷоннок ба роҳ монда шавад, чунки гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористиро имрӯз ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ мавқеи махсус дорад, зеро амният ва оромии кишвар ба ҳамдастии давлату ҷомеа сахт марбут аст.
www.javonon.tj
Таҳлилгарон ҳам пайи дарёфти омилу сабабҳои ифротишавии ҷавонон пажуҳишҳо мегузаронанд. Зимнан, муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Маҳбуба Камолова мегӯяд, омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию ифротӣ зиёданд: “Таҳлилҳои анҷомдодаи мо нишон доданд, ки сатҳи пасти иҷтимоӣ-иқтисодӣ яке аз авомили аслии ин зуҳурот аст, - иброз дошт М. Камолова. - Сатҳи пасти иқтисодӣ ҷавононро водор мекунад ба ваъдаҳои пулии ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бовар кунанд. Омили дигари пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ паст будани дониши динии онҳост. Агар ҷавонро мактаб ва падару модар дар оила дониши дурусти динӣ дода натавонанд, он гоҳ онҳо ҳадафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мегарданд. Имрӯз мо дар даст ягон маълумоте надорем, ки фарзанди ягон мулло ба ҳизбу ҳаракати ифротӣ шомил гардида бошад”. Ба ақидаи муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии МТС имрӯз дар ҷаҳон яке аз сабаби асосии пайвастани ҷавонон, хусусан бонувон ба гурӯҳҳои ифротӣ он аст, ки анъанаҳои издивоҷ хароб шудаанд. Дар бештари давлатҳои Ғарб никоҳи ҳамҷинсҳо рӯ задааст. Бинобар ин, духтари ғарбӣ намехоҳад паҳлуи худ ҷавонеро бинад, ки дар сар андешаи ҷинсгароӣ дорад. Баракс духтарҳо дар тафаккури худ он ҷавонеро идеал ҳисоб мекунанд, ки комилан хӯву хислати мардӣ доранд. Онҳо ин қабил ҷавонҳоро дар мисоли “муҷоҳид” мебинанд ва аксарашон аз тариқи расонаҳои интернетӣ роҳи “ҷиҳод”-ро пеш мегиранд. - Барои бартараф кардани омилҳои дар боло зикршуда имрӯз мо бояд беш аз пеш идеологияи мустаҳкамеро ба роҳ монем, то ки ҷавононро аз ин роҳи бад баргардонад. Инчунин, имомхатибон, уламои дин мафҳум ва моҳияти дурусти донишҳои диниро ба ҷавонон расонанд ва моҳияти ватандӯстию худшиносии миллиро дар шуури ҳар яки онҳо ҷо кунад. Он вақт метавонем сари роҳи гаравидани ҷавонон ба
гурӯҳҳои террористию экстремистиро бигирем, - таъкид мекунад М. Камолова. Коршиносон таъсири сомонаҳои интернетиро ҳам ба шуури ҷавонон ёдрас мешаванд. Мегӯянд, пайвастан ё шиносоӣ пайдо кардани ҷавонон бо “ҷиҳодиён” аз тариқи интернет бештар будааст. Тибқи таҳқиқоти дастгоҳи таҳлилии Кумитаи миллии зиддитеррористии Руссия, соли 1998 сохторҳои террористӣ ҳамагӣ 12 сайти хусусияти террористидоштаро дастгирию инкишоф медоданд. Соли 2005 теъдоди чунин сомонаҳо ба 4800 адад расид. Айни ҳол аз мавҷудияти 10 ҳазор чунин сайтҳо сухан меравад. Бино
3 е-mail: javonontj@mail.ru
Ба гурӯҳҳои экстремистӣ майл кардани ҷавонон ҳоло боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳон гаштааст, аз ҷумла кишвари мо низ аз ин тамоюли манфӣ нигарон аст. Ҳарчанд Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбир меандешад, вале пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳанӯз мушоҳида мешавад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №13 (9439), 31 марти соли 2016
ВАРЗИШ Рушди футбол боиси муттаҳидии ҷавонон мегардад
е-mail: javonontj@mail.ru
4
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №13 (9439), 31 марти соли 2016
Изҳори сипос ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон
Ду майдони нави футболи хурд дар Кӯлоб Дар шаҳри Кӯлоб майдончаҳои нави футболи хурд, ки аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон сохта шуд, мавриди истифода қарор гирифт. Сохтмони ин майдончаҳо августи соли гузашта бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд. Маросими ифтитоҳои майдончаҳои футбол 22 март бо иштироки Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Хуршед Файзуллозода, ноиби аввали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон сурат гирифт. Аҳтам Абдуллозода аҳолӣ, хусусан ҷавонони шаҳри Кӯлобро табрик гуфта, зикр кард, ки Федератсияи футболи мамлакат
ба рушди футбол дар кишвар таваҷҷуҳи хоса дорад. Ҳамин аст, ки солҳои охир чандин майдони варзишии дорои алафи сунъӣ сохта ба истифода дода шуд. Ҷавонони Кӯлоб дар навбати худ ба ФФТ миннатдорӣ баён карда, ба роҳбарияти федератсия Сипсонома ва туҳфаи хотиравӣ бо акси рамзи ФФТ тақдим намуданд. Ду майдони нави футболи хурд бо алафи сунъӣ дар назди ҳавзи шиноварии шаҳри Кӯлоб ҷой гирифтаанд. Он дорои 300 ҷои нишаст барои мухлисон мебошад.
Истеъфои ҳайати мураббиёни тими миллӣ оид ба футбол Раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати мураббиёни тими миллии кишварро аз мақомашон барканор кард.
www.javonon.tj
Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, дар пайи нокомии тими мунтахаби футболи кишвар дар бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллӣ ва ёрдамчиҳояш аз вазифа барканор шуданд. Ба иттилои манбаъ, тими милли кишварро дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳайати мураббиёни нав омода месозанд. Манбаъ мегӯяд, ҳайти мураббиёнро сармураббии мунтахаби кишвар, ки ба наздикӣ исмаш эълон мешавад, интихоб мекунад.
Муҳтарам Рустам Эмомалӣ, Мо - наврасону ҷавонони шаҳри Кӯлоб ба Шумо барои дастгириатон дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим, фароҳам овардани шароити мусоид ва ҳидояти мо ҷиҳати машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш миннатдории бепоёни худро баён менамоем. Қобили зикр аст, ки ҳар як сафари Пешвои миллат ба мисли анъанаи нек ба мардум рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва бо дастуру ҳидоятҳояшон гӯшаҳои ноҳамвори мулк обод мегарданд. Ҳанӯз чанде қабл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯлоб сафар доштанд ва нерӯи ватандӯстии Шуморо баҳогузорӣ карда, баҳри сохтмони майдонҳои нави варзишӣ санги аввал гузошта буданд. Баъд аз суханрониҳои пурмуҳтаво ва саршор аз меҳру самимияти Пешвои миллат бо боварии том ҷараёни корҳои сохтмонии майдонҳои зикршударо мушоҳида мекардем ва бо умеду орзу фурсати ба фаъолият оғоз кардани онҳоро интизор будем.
Мо ватандорем, хурду бузург бо самимияти хос Пешвои миллатро дар асл дӯст медорем ва дар доираи сиёсати Ҳукумати мамлакат таҳсил карда, ба тарзи ҳаёти солим машғул мешавем. Поквиҷдонӣ, хусусияти хоси роҳбарӣ ва нерӯи қавии ҷавонмардонаи Шумо, муҳтарам Рустам Эмомалӣ, моро дер интизор накард ва дар лаҳзаҳои аввали ҷашни Наврӯз мо соҳиби майдонҳои нав, имконияти нав, бахту саодат ва орзуҳои нав гардидем. Рушди футболи тоҷик зери роҳбарии Шумо ва имкониятҳои фароҳамовардаи Федератсия дар Кӯлоб боиси муттаҳид намудани нерӯи
ҷавонону наврасон дар атрофи ақидаҳои солим мегардад. Мо ҷавонону наврасони Кӯлоб бо хушҳолӣ, эҳсоси гарми инсонӣ, масъулияти баланди ватандорӣ ва рукнҳои муҳими ҷавонмардӣ ҳамеша муҳофизи асили сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошем ва бори дигар аз дастгириҳои пайвастаи Шумо изҳори сипос менамоем. Ба Шумо дар анҷоми корҳои неку созанда ва мақсадҳои наҷибу ҷавонмардонаатон барори кор ва муваффақият орзумендем. Бо эҳтироми самимӣ, ҷавонону наврасони шаҳри Кӯлоб
Мактаби камонварӣ соҳиби камонҳои замонавӣ шуд Бо дастгирии бевоситаи роҳбари КВД “Тоҷиксемент”, ҷавонмарди ватандӯст Зайнулло Соҳибов чор камони таълимии замонавӣ харидорӣ шуда, ба варзишгарон ва мактаби камонварӣ ҳамчун туҳфа тақдим гардид. Камонҳо истиеҳсоли ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ буда, имрӯз дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ истифода мешаванд. Гуфта мешавад, ки мактаби камонварии кишвар то ин дам бо камонҳои таълимии замонавӣ муҷаҳҳаз набуд. Акнун шогирдони мактаби камонварии тоҷик бо таҷҳизоти замонвӣ тамрин намуда, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бемамониат баромад хоҳанд кард. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Ду медали паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо Паҳлавонони кишвар дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Ана- дар вазни -82 кило ва Раҳимардон Раҳимов толий Харлампиев, поягузори гӯштии самбо дар вазни -90 кило ноком шуда, аз медалҳо 26-уми март ба анҷом расид. Тоҷикистонро бенасиб монданд. дар ин мусобиқаи пурнуфуз чор варзишгар Дар ин мусобиқаи анъанавии намояндагӣ карданд. Хушқадам Хусравов байналмилалӣ беш аз 160 варзишгар аз 26 дар вазни -62 кило ва Аҳтам Ҳусейнов дар кишвари ҷаҳон ширкат карданд. Мусобиқа вазни +100 кило ҷойҳои сеюмро ишғол кар- дар 9 вазн миёни мардону занон дар риштаи да, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шу- самбои варзишӣ ва байни мардон дар намуданд. Ду паҳлавони дигар - Зафар Олимшоев ди самбои размӣ баргузор шуд.
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №13 (9439), 31 марти соли 2016
5
Дар рӯзи ханда бо кӣ механдед?
Ибодуллоҳи Тоҳир, хабарнигор: - Ман одатан хандаву шӯхиро дӯст медорам, бо дӯстону наздиконам зиёд шӯхӣ мекунему механдем. Намедонам аз чӣ бошад, ки бисёр вақтҳо дӯстонам нимшӯхиву нимҷиддӣ ба ман мегӯяд, ҳар вақте туро мебинем дар лабонат ханда ҳаст. Аз эродгириҳои устодонам ҳам хулоса кардаам, ки ман худ ба худ низ механдидаам. Умедворам, ки дар рӯзи ханда на худ ба худ балки, бо дӯстону пайвандон мегӯяму механдам.
Фариддун Хайруллозода, корманди радио: - Ман албатта бо шунавандагон дар эфири радиои "Ватан" механдам. Чун ҳамон рӯз ба графики кории ман рост меояду аз соати 19:00 то нимашаб дар эфирам. Кӯшиш мекунам на танҳо худам хандам, балки ба шунавандагон низ фароғату роҳат бахшам. Зеро мо барои ҳувайдо будани табассуми онҳо кор мекунем. Мегӯянд, шахси ҳатто ҷиддӣ дар як рӯз то 15 бор механдад ё писханд мезанад. “Биханд, то умрат дароз бошад!” гуфтаанд.
Маҳинбону Хоҷаева, донишҷӯ: - Ман ҳар рӯз бо дӯстонам латифаҳо гуфта ҳазлу шӯхӣ мекунем ва бо ҳамин таъбамонро болида мегардонем. Дар рӯзи ханда низ чунин аст. Умуман ҳар рӯз дар назди худ мақсад гузоштаам бо як табассуми зебо ва бо ягон чиз инсонро хурсанд намоям. Ин беҳтарин кор барои ман аст.
Хусрав Шоҳсаидов, рӯзноманигор: - Ман хандаро дӯст медорам ва бо одамоне, ки шӯхӣ мекунанду касро механдонанд, зуд унс мегирам. Албатта хандаро дӯст доштани ман маънои онро надорад, ки ман мехоҳам ҳар куҷо ва ҳама ҷо ханда бошад. Ханда мавқеъ ва ҷою макони худро дорад. Одоб ва чаҳорчӯбаи хоси худро дорад.
е-mail: javonontj@mail.ru
1 апрел рӯзи ханда аст. Дар ин рӯз ҳар нафар бо дӯстону ҳамсабақонаш ҳазлу шӯхӣ намуда, таъби якдигарро болида мегардонанд. Беҳуда намегӯянд “Ханда ҳам доруст, инсонро табобат мекунад”. Аз ин рӯ аз мусоҳибон пурсидем:
Нур Неъматуллоев, донишҷӯ: - Дар рӯзи якуми апрел ба касе чеҳраи бе табассум ва ҷиддӣ зебанда нест. Ин рӯз бо модари азизам, ки омили ҳастиам дар дунёст механдам. Бо бародарон ва хоҳароне, ки ҳаррӯз бо ман ҳастанд механдам. Тақрибан 1 солу 2 моҳ пеш дар Facebook гурӯҳе таҳти унвони "Ханда - ONLINE" боз шуда буд. Айни ҳол шумораи аъзои ин гурӯҳ ба 8000 расидааст. Бо 8000 аъзои “Ханда-ONLINE” механдам.
ДАЪВАТ-2016
Чанде пеш Фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати навбатии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба тасвиб расид. Боиси хушнудист, ки сол то сол шумораи бештари ҷавонони баору номуси мамлакат бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иродаи матин довталабона ба хизмати Модар-Ватан мераванд.
вилояти Суғд фиристодем. Онҳо бо шароити будубош ва машқу тамрини фарзандонашон аз наздик ошно шуданд. Аз ин иқдоми нек, ҳомиёни ватану волидони онҳо хеле хушнуд шуданд. Албатта онҳо хотираҳои неки худро аз ҷараёни боздиду мулоқот ба ҳамсояву ҳаммаҳаллаҳои худ нақл хоҳанд кард. Бо мақсади пешакӣ омода намудани ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, инчунин соҳибкасб намудани онҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳри Ҳисор 49 нафар ба курси омӯзиши ронандагӣ фаро гирифта шуданд. Касби ронандагӣ чӣ дар вақти хизмати ҳарбӣ ва чӣ баъди он муфид аст. Аз ин рӯ, аксари муҳассилини гурӯҳи мазкур баъди гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ довталабона ба хизмат мераванд. - Ҳар сол тибқи нақшаи таълимӣ бояд
хатмкунандагони макотиби таҳсилоти умумӣ ба машқҳои панҷрӯзаи омодагии дифоӣ фаро гирифта шаванд, мегӯяд полковник Мирзо Ғоибов. - Мо тасмим гирифтем, ки соли равон як гурӯҳ хатмкунандагонро ба қисмҳои низомӣ бурда, бо шароити хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ошно созем. Имрӯз шароити хизмат дар қисмҳои низомии мамлакат нисбат ба 15-20 соли пеш хеле беҳтар шудааст. Боварӣ дорем, ки ин боздид дар дили ҷавонон меҳри хизмат ба ватанро бештар мекунад. Ин иқдоми Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор шоистаи дастгирист. Боздиди мактаббачагон аз қисмҳои низомӣ ва ошноӣ бо шароити хизмат боиси аз байн рафтани ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ гашта, майли ҷавононро ба ҳифзи марзу буми Ватан бештар хоҳад намуд.
Ҳифзи марзу буми кишвар яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як сокини мамлакат маҳсуб меёбад. Дар ин хусус Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Мо бояд Ватани худро сидқан, баробари ҷони худ дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем». Ҳадаф аз даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии кишвар, ҳимояи марзу буми Ватан ва баланд бардоштани донишу малакаи низомии ҷавонон мебошад. - Алҳол мо баҳри дар сатҳи баланд доир намудани «Рӯзи даъватшаванда», ки 1 апрели соли равон баргузор мегардад, омодагӣ мебинем, - мегӯяд полковник Мирзо Ғоибов. - Бо дастгирии МИҲД шаҳри Ҳисор ба даъватшавандагон пойафзолу либоси махсуси варзишӣ туҳфа карда мешавад. Дар ин чорабинӣ намояндагони ҳама ҷамоатҳо, волидони даъватшудагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ширкат хоҳанд кард. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар мавсими имсолаи даъвати баҳорӣ бо ширкати масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисору ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Умед аст, ки соли равон сафи довталабон боз ҳам бештар мешавад. С. СУННАТӢ, «ҶТ»
www.javonon.tj
Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Ҳисор бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Комиссариати ҳарбӣ то ин дам як қатор тадбирҳо андешида шуданд. Комиссияи тиббӣ барои муоинаи даъватшавандагон пурра омада буда, ба ҷавонони синни 19-27-сола даъватнома фиристода шудааст. - Тибқи нақшаи корӣ аз 14 марти соли равон мо дар ҳамкорӣ бо ШВКД, прокуратура, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба тамоми ҷамоатҳо рафта, бо падару модарон, омӯзгорон ҷавонони синни хизматӣ мулоқот доир намудем, - мегӯяд комиссари ҳарбии шаҳри Ҳисор, полковник Мирзо Ғоибов. - Ғайр аз ин аввалҳои моҳи март мо як гурӯҳи калони волидон ва масъулони мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иборат аз 92 нафарро барои аёдат ба қисмҳои низомии
Сафи довталабон зиёд мешавад
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
6
СУҲБАТИ “ҶАВОНОН...”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №13 (9439), 31 марти соли 2016
Хуршед МАВЛОНОВ - Фарҳанги динӣ гуфта пеш аз ҳама мо бояд чиро дар назар дошта бошем? - Ба номи Худованди бениҳоят бахшанда ва бениҳоят меҳрубон. Зери мафҳуми фарҳанги динӣ тамоми рафтору гуфторе фаҳмида мешавад, Худову Расулаш барои дар зиндагӣ амалӣ кардани мо фармудаанд. Фарҳанги диниро метавон ба ду қисми асосӣ ҷудо намуд: Яке ибодатҳои аслӣ, ки аркони панҷгонаи дини Исломро дар бар мегирад. Дувум, ибодатҳои муомилавӣ ва муоширатӣ, ки эҳтироми волидайн, эҳтироми солхӯрдагон, тарбияи фарзандон, кӯмак ба ятимону камбизоатон, эҳтиром ба сарварону роҳбарон ва дигар паҳлуҳои ҳаёти инсонро дар бар мегирад. Ба таври мисол, Пайғамбари акрам (с) дар ҳадисе фармудаанд: «Касе, ки ба калонсолони мо эҳтиром намегузорад ва ба хурдсолони мо шафқат надорад, аз мо нест». Пас, маълум мешавад, ки фарҳанги динӣ тамоми муомилаву муоширатеро, ки аз тарафи Худо ва Расулаш, ҳамзамон тибқи Қуръону ҳадис имом Абӯҳанифа ба он тавсия ва роҳнамоӣ шудааст, фаро гирифта, муносибати неки инсонро дар ҷомеа ифода мекунад. Дар маҷмуъ ҳамаи инҳо дар фарҳанги динӣ дохил аст. - Имрӯз миёни хосу ом ақидае мавҷуд аст, ки фарҳанги миллӣ аз фарҳанги динӣ ҷудост. Оё фарҳанг дарбаргирандаи ин ду мафҳум аст ва ё ҳар кадом дар алоҳидагӣ шарҳ меёбанд? - Фарҳанги диниро аз фарҳанги миллӣ ҷудо кардан ба фикри ман хатои маҳз аст. Чунонки маълум аст, мо 1400 сол мешавад, ки пайравӣ аз дини мубини Ислом ва баъдтар аз мазҳаби Имом Абӯҳанифа дорем, ҳоло тамоми муомилаву муоширати динии мо дар фарҳанги миллӣ омезиш ёфтаанд ва онҳо аз ҳамдигар рангу обу тоб мегиранд. Ҳоло мо эҳтироми падару модар, раҳму шафқат ба хурдсолонро гуфтем,
Парлумони Иттиҳодияи Аврупо бо интишори баёнияе дар расонаҳои иттилоотӣ таҳти унвони «Раъйпурсӣ дар Тоҷикистон ва вокуниши Иттиҳодияи Аврупо» масоили марбут ба раъйпурсӣ дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, дар он хостаҳои худи Иттиҳод ва гурӯҳҳои наздик ба онро бароварда гардониданӣ шудааст.
айнан дар мо Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» вуҷуд дорад, гарчанде қонуни амалкунанда ҳам бошад, як гӯшаи фарҳанги миллии мо ҳам ҳаст. Агар дар фарҳнги миллии мо таълиму тарбияи фарзанд намебуд, мо инро дар шакли қонун намедаровардем. Илова бар ин, мо арзише дорем, ки инсон аз худ бояд фарзанди олим, мутахассис ва инсони манфиатнок боқӣ гузорад, ин аз якдигар ранг мегиранд ва бо ҳам омезиш ёфтаанд. Фарҳанги миллии мо бо фарҳанги динӣ аз қадим бо ҳам дар омезиш аст ва инро ҳеҷ кас ҷудо карда наметавонад. Ҷудо кардани ин инкор кардани
марбут ба масъулияти волидон дар тарбияи фарзандон ва танзими расму анъанаҳо ба шуури динии мардум таъсири ҷиддӣ расонд ва Худоро шукр, ки имрӯз мардум аз бисёр одатҳои хурофотии замони пеш, аз сарфу харҷи барзиёд дар баргузории маъракаҳо даст кашида истодаанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои динӣ барои маърифатнок кардани ҷавонон ва саводнокии мардуми кишвар саъю талош доранд. Шуури динии мардум баробар бо тағйироту дигаргуниҳо дар зиндагии иҷтимоӣ таҳаввул меёбад ва ин як равиши муқаррарист. Ман боварии комил дорам агар ҷавонони мо маърифати диниа-
Онҳо тасаввуфро дуруст
Суҳбат бо Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои воқеият аст. Доир ба ҳамин соли 2013 Пешвои миллат низ қайд карда буданд, ки фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динӣ дар тӯли 1400 сол ташаккул ёфтааст. Давлати дунявии мо дар таърих ба ин ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллӣ муносибат мекунад. Фарз кардем дар мо фарҳанги салом додан аст, ки “Ассалому алайкум” мегӯем. Оё ин фарҳанги динӣ нест? Албатта динӣ аст, аммо дар муомилаву муошират онро ҳамчун фарҳанги миллӣ истифода мекунем. - Мутафаккири рус Л. Н. Толстой мегӯяд: «Муҳимтарин асоси ҳаёти ҷомеаи одамият шуури динии онҳост”. Имрӯз мо то кадом андоза аз ҳамин шуур кор гирифта истодаем? - Дар ҳақиқат Толстой воқеиятро гуфтааст. Ман гуфтам, ки фарҳанги диниро бо фарҳанги миллӣ дар якҷоягӣ агар мо мақсаднок истифода карда тавонем, кишвару миллатро аз хатарҳо эмин нигоҳ медорем. Гумон мекунам, ки замони соҳибистиқлолӣ имконоти фарохе барои корбурди шуури динӣ дар амалия фароҳам овард ва бисёре аз нуқсу камбудиҳои ҷомеаро бартараф сохт. Махсусан, қабули қонунҳои миллии
шон баланд шавад, шуурнокию савод, фарҳангу маърифат бештар шавад, ҳеҷ вақт ба гуфтаҳои бадхоҳон, равияҳои тундрав ва гурӯҳҳои экстремистӣ шомил намешаванд. - Фарҳанг барои пойдор ва мустаҳкам монданаш ба зиндакунандаҳо эҳтиёҷ дорад. Ба фикри шумо имрӯз киҳоянд нигоҳдорандагони фарҳанги динии мо? - Нигоҳдорандаи фарҳанги динии мо пеш аз ҳама Пешвои миллат мебошанд. Дар дини мубини ислом ҳар сухане гуфта шавад, агар беасос бошад, он рад аст. Ҳар сухане гуфта мешавад, бояд далел дошта бошад. Далели гуфтаи ман ин аст, ки соли 2009 “Соли бузургдошти Имом Абӯҳанифа” эълон гардид. Ин ба хотири он буд, ки мардум аз фарҳанги динии худ, аз асли дину мазҳаб ва Имоми худ бештару беҳтар шиносоӣ пайдо кунанд. Бубинед, дар ҳамин сол дар давлатҳои Араб куштор ва ҷангҳо қариб ки набуд? Буд, аммо кам. Ба ҷуз Ироқ дигар дар ҳеҷ куҷо ҷанг дида намешуд. Ин давлатҳо дар навбати аввал давлатҳои пешрафта буданд. Содирот доштанд. Аммо аз сабаби муқобил будани ақидаҳо, низоъҳои мазҳабӣ, бо нифоқу
душман гузоштани ҳамдигар имрӯз ба харобазор табдил ёфтанд. Шиносонидани Имоми худ ба мардум ин худ дифоъ аз дин ва мазҳаб аст. Дигар ин ки китобҳои зиёде бо хатти кириллӣ ва забони тоҷикӣ баргардонида шудаанд, ки ҳама барои дифоъ аз фарҳанг истифода мешаванд. Дар баробари ин, ниҳодҳое чун Маркази исломӣ, Шӯрои уламо, Кумитаи дин, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва худи ҷомеаи шаҳрвандӣ масъулияти сарварӣ ба равандҳои фарҳангиро доранд, нерӯи ҷомеаи муслиминро ба фаъолиятҳои созанда дар заминаи дину диндорӣ равона мекунанд. - Бешак фарҳанги исломии мо бисёр ҷиҳатҳои арзишманд ва зиндагисоз дорад. Истифодаи дурусту оқилонаи он метавонад барои пешрафти ҷомеаи адолатпарвар, сулҳу амнияти миллӣ ва суботи сиёсии мамлакат хизмат намояд... - Дуруст аст, ҳар чизеро инсон мақсаднок истифода кунад, он cap то cap баракат ва манфиат мебошад. Лекин он агар аз рӯи ғapaз ва ба хотири ба ҳадаф расидан муғризона истифода карда шавад, ба як хатари ҷиддӣ табдил меёбад. Соддатар карда гӯям, агар инсон дини Ис-
ломро бо нияти неку қалби софу пок истифода кунад, ин дин инсонро як малоикаи рӯйи замин месозад. Сар то cap як инсони манфиатнок. Аммо агар инро ба як ғараз истифода кард, дар ин ҷо ба як заҳри қотил табдил меёбад. Феълан дида истодаем, ки гурӯҳҳои терористии такфирию салафӣ ва дигар равияҳои тундрави бадхоҳ болои уммати исломӣ чӣ офатҳоеро оварда истодаанд. Барои ҳамин агар мо динро ҳамчун эътиқод ба Парвардигори яккаву ягона, амали солеҳ, некию накӯкорӣ, муомилаи хуб, муоширати нек, раҳму шафқат, меҳру муҳаббат ва тибқи гуфтаи Худову Расул ва Имоми Аъзам анҷом диҳем, дар зиндагӣ комёб мешавем. Истифодаи ғapaзноки дин инсонро ба бадбахтӣ мебарад. Ислом дар ҳақиқат ҳамчун дин, эътиқод, амали солеҳ ба кор бурда шавад, дар ин ҳолат албатта ба рӯйи инсон некбахтӣ ва комёбӣ меорад. Ислом дини пешрафт, дини инсонпарвар ва такондиҳанда ба як ҷомеаи адолатпарвар аст. Махсусан дар мазҳаби поку мубаррои Имом Абӯҳанифа ҳама принсипу омилҳо ва шароит барои зиндагии осуда муҳайёст. На танҳо тарҳи зиндагии шоистаи як мусалмон, балки як
Баёнияи ғаразолуда Дар баёния гуфта мешавад: «Тоҷикистон моҳи майи 2016 барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии кишвар раъйпурсӣ баргузор мекунад…» Чунин баёнияҳо миёни мардум тухми кинаву адоват мекоранд. Ҳарчанд, маълум аст, ки ташкилотҳои хориҷӣ ҳар изҳороту баёнияеро асосу беасос омода мекунанд ва аз чизи будаву набуда ҳангома сохтанӣ мешаванд. Вобаста ба раъйпурсии дарпешистодаи Тоҷикистон муроҷиатнома, баёния ва изҳороти пай дар пайи шахсиятҳо ва
созмону гурӯҳҳои алоҳидаи хориҷ аз кишвар фаъолияткунанда рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Дар он танҳо Ҳукумати Тоҷикистонро зери интиқод мегиранд, ки «Фазои саркубгароёнаи сиёсӣ ба ҳамроҳи як иқтисоди заиф яке аз асбоби ноумедии шаҳрвандони Тоҷикистон буда, онҳоро ба домани таблиғоти гурӯҳҳои ифротгаро тела медиҳад». Вале парлумони Аврупо бо коршиносони дурӯғин зидди раъйпурсии моҳи май дар Тоҷикистон баромад мекунад. Дар баробари ин, ҳафтае қабл Девид
Кэй, гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар Тоҷикистон қарор дошт, ин мавзӯро пайгирӣ карда, дар мавриди раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонун, ки 22 май дар назар аст, вокуниш нишон медиҳад, то ин маърака баргузор нашавад. Ба ақидаи ӯ, «ба эҳтимоли зиёд ин маърака бидуни баҳсу баррасии озод сурат мегирад ва ҳукуматдорони тоҷик дар баргузории ин раъйпурсӣ ҳадафҳои худро доранд». Бояд тазаккур дод, бахшида ба раъй-
СУҲБАТИ “ҶАВОНОН...” олӣ, пирони рӯзгордида самти омӯзишии ҷавононро метавон дигар кард. Фикр мекунам, ки бояд миқдори сомонаҳои омӯзиширо дар заминаи мазҳаби ҳанафӣ бештар кардан лозим аст. Шакли электронии китобҳоро дар он сомонаҳо ҷой карда ва сипас онҳоро таблиғ кардан ба манифати кор аст. Аз ин ҷиҳат сомонаи Маркази исломӣ shuroiulamo.tj хеле фаъол аст. - Имрӯз нафароне пайдо шудаанд, ки санг ба суйи тасаввуф мезананд. Мегӯянд, ки он ба мову миллати мо дахлаш нест. Мегуфтед, ки ҷойгоҳи тасаввуф дар диндории мо ва гузаштагони мо чӣ гуна аст?
ва тасаввуф мутолиа кардааст ва худ бедарак дар ғафлат мондааст. Дар маҷмуъ, тасаввуф як роҳи расидан ба висоли Худованд аст, як воситаи расидан ба камолоти маънавист. Онҳое, ки санг ба чеҳраи поки тасаввуф мезананд, онро дуруст маърифат накардаанд, нахондаанд ва тасаввуроти комил дар бораи он надоранд. Хидмате, ки тасаввуф барои рушди башарият кардааст, баҳо надорад, хазинаи илму маърифат ва адабиёти оламшумули мо пур аз осори тасаввуфист, ки мавриди омӯзиш ва таблиғи садҳо олимони Ғарб шудааст. - Ҳатто нафаре дар матбуот тасаввуфро, агар гуфтан ҷоиз
бошанд. Пирҳое дорем, ки мардум чандин асру солҳо аз осори онҳо мутолиа мекунанду бардошти маъно мегиранд ва маънавиёти худро комил мекунанд. Худо накунад, агар онҳо ба ин бадкирдорӣ мерафтанд, натанҳо ҳоло, балки дар зинда буданашон мардум дар рӯяшон туф мекарданд. Нисбаташон нафрат мекарданд, на эҳтиром. Онҳо аз ин чизҳо мубарро буданд ва зери танқид додани онҳо беинсофист. Ба ливотаву дигару дигар дашном додани онҳо ман фикр мекунам, ки инсонро ҳам дар ин дунё ва ҳам охират ба хорию зорӣ бурда мерасонад. - Ҷаҳолат, фақру зарурат ва ихтилофро се омили аслие ном
маърифат накардаанд... уламои Маркази исломии Тоҷикистон
мо ҳавсалаи китобхониро аз даст додаанд? - Мушкилии нахондани китоб имрӯз хоси мардуми тоҷик нест. Чаро ки имрӯз ин вабои ҷаҳонӣ аст, ки тамоми мардумро фаро гирифтааст. Мардум аз китоб варақ задан ба сомонаву шабакаҳои интернетӣ гузаштаанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки китобхонӣ аз байн рафтааст. Чанд рӯз қабл ман як барномаро дидам, ки мардуми Чин бо вуҷуди пешрафти технологияи муосир таваҷҷуҳашон ба китобхонаву китобхонӣ ҳанӯз зиёд аст. Аммо рӯ наовардани мардум ба китоб танҳо масъалаи тоҷику тоҷикистонӣ нест, балки ин мушкилӣ алаккай тамоми оламро фаро гирифтааст. Дар асл беҳтарин бойигарии инсон, миллату давлат ин боигарии зеҳнӣ аст. Бояд тамоми қишри давлат барои ин саъю талош кунанд. Чаро ки боигариҳои моддӣ поёншавӣ доранд, аммо бойигарии зеҳнӣ, агар кӯшиш сурат бигирад, ҳамеша афзуданаш мумкин аст. Ман инро масъулияти тамоми иттиҳодияҳои динӣ, масҷидҳо, мактабҳо ва маорифу фарҳанг медонам. Тавассути панду насиҳат аз ҷониби рӯҳониён, мутахассисони дин, устодони макотиби миёнаву
- Ин як мусибате буд, ки то ҳол нашунида будем ва ҳоло садои ин ҳам баланд шуд. Мисли офтоб равшан аст, ки ҳоло тамоми мардуми кишвар медонанд, ки аксарияти ходимони дин ва пайравони дину миллат пайравӣ аз тасаввуф мекарданд. Хусусан тасаввуфи “Нақшбандия”, ки тамоми олами ислом инро эътироф доранд. Магар баъзе гурӯҳҳо инро эътироф намекунанд. Ҳол он ки шиори асосии ҳамин равия “Дил ба ёру даст ба кор” буд. Меҳнати ҳалол, қалби софу пок, хайрхоҳӣ ба мардум ҳадафи асосии он аст. Дар баробари ин иртиботат ҳамеша ба Парвардигор бошад. Лекин дар зиндагӣ ҳамеша дастат ба кору касбу ҳунару некию хайрхоҳӣ... Мутаассифона, нафароне, ки тасаввуфро зери танқид қарор додаанд, бисёр хатои маҳз кардаанд. Ин сухан аз душманони ислом ва мусалмонон сарчашма мегирад. Касе инро гуфтааст, мутолиаи ғофилона дорад, аз ҳамин доира мебошад. Он нафаре, ки ин чизро гуфтааст, ҳам аз назари хориҷ ва ҳам дохил агар ин мавзӯро хуб аз худ мекард, ин гуна тасаввуфро санг намезад. Ман сад дар сад боварӣ дорам, ки ин мавзӯро аз нуқтаи назари душманӣ ба дин
мебаранд, ки имрӯз домангири мусулмонон дар тамоми дунёст. Барои рафъи ин омилҳо ва ба эътидол овардани ҳаёти мусулмонҳо чи пешниҳод мекардед? Ҷаҳолат, фақру зарурат ва ихтилоф дар ҳақиқат омили ҳамаи бадбахтиҳост. Паёмбар ҳам ҳар вақте дуо мекарданд, мегуфтанд: «Худовандо, ман ба сӯйи ту аз куфру фақр паноҳ талаб мекунам». Бубинед, ки фақрро дар баробари куфр зикр кардааст. Ҳоло фақр инсонро ба куфр мебарад. Худо ҳеҷ инсонро ба беҳбудӣ намерасонад, магар он нафарро, ки барои беҳбудии худ меҳнат кунаду заҳмат бикашад. Чунонки Худованд мегӯяд: «Ба дурустӣ, Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо [худ] он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир диҳанд». (Сураи «Раъд», ояти 11) Ҳоло дар мо ҳамин оятро мухтасар карда мегӯянд, ки «аз ту ҳаракат, аз ман баракат». Бо ҳамин мазмун Аллома Иқбол фармудааст: Ҳарфи «иқраъ» Ҳақ ба мо таълим кард, Ризқи мо аз дасти мо тақсим кард. Барои ҳамин ҷавонони мо бояд илм омӯзанд, рӯ ба илму
дониш ва фарҳангу маърифат оранд. То агар ба илм рӯ наорем, ин се омил дар мо боқӣ мемонад. Пешниҳоди банда ин аст, ки хусусан дар кишвари мо мардум зиракии сиёсӣ дошта бошанд ва аз барномаҳои муғризонаи хориҷиён боэҳтиёт бошанд ва таърихи талхи гузаштаи худро ба дасти фаромӯшӣ насупоранд. Барои ин, танҳо илму дониш ва маърифат ба кор меояду халос. Аслиҳаи мубориза барои барҳам додани ҷаҳолату гумроҳӣ, фақру ихтилоф танҳо дониш аст. - Пешвои миллат барои баланд бардоштани маърифати динии ҷавонон зарурати ҷорӣ кардани дарсҳои маърифати диниро таъкид карданд. Вале масъулини Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ки ин дарси таърихи динҳост аслан, на сирф ба таълими нозукиҳои дини Ислом. Пас то куҷо метавонад ин дархӯр бошад ва мушкили умдаи “бефарҳангии динӣ”-и ҷамъиятро ҳал созад. - Дуруст аст, ки Пешвои миллат борҳо дар суҳбатҳояш дар бораи дарси маърифати динӣ ишораҳо карданд. Лекин ҳама чиз қадам ба қадам мешавад. Фикри ман ҳамин аст, ки ин яку якбора ҷорӣ шуда наметавонад. Зеро дар сатҳи давлатдорӣ ҳар кор қадам ба қадам ва санҷида амалӣ мегардад. Вақте мебинем дарси таърихи динҳо дар мактабҳо аз тарафи вазорати маориф ҷорӣ шудааст, маърифати динӣ низ шояд баъдтар ҷорӣ шавад. Фикр мекунам, агар дарси маърифати динӣ дар мактабҳо ҷорӣ шавад, он ҳеҷ вақт ба зарари миллат ва давлат нахоҳад буд, баръакс ба манфиати миллат ва ҷавонони мо мебошад. Агар ин кор сурат гирад, он гоҳ теъдоди ҷавонони бадхоҳи гумроҳ хеле кам хоҳад шуд ва ҳамчунин гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи ифротии терористӣ маҳдуд хоҳад гашт. Ҳамчунин пешниҳоди дигари Сарвари давлат оид ба ҷорӣ намудани дарси «Маърифати оиладорӣ» таклифи бениҳоят муфид дар тарбияи ахлоқии ҷавонон аст. - Ташаккур, барои чунин як суҳбати самимӣ. - Саломат бошед, Худо хайру баракататон диҳад!
интиқод қарор додааст, ки талошҳояш барои мулоқот бо наҳзатиҳои боздоштшуда натиҷа надодааст. «Ман аз намояндагони мақомот барои мулоқот бо аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дархост кардам, аммо иҷозат надоданд». Вай бемантиқона дар изҳороташ хостори раҳоии аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-и террорист мешавад. Ҳизби ифротгарои наҳзати исломии Тоҷикистон, ки роҳбарону аъзои хиёнаткору ҷинояткор дорад, ба ҳамагон маълум аст, вале гузоришгарони хориҷӣ аз он ҳимоят мекунанд, маънои ҷонибдорӣ аз терроризмро мефаҳмонад. То имрӯз садҳо ҷинояткорони ҳизб ошкор гардиданд, ки ба ҳаёти халқи одӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Мутаассифона, баёнияи Иттиҳоди Аврупо ва гузоришгари СММ Девид Кэй нисбат ба ҷинояткорони ифротӣ бемаврид аст. Рустам РАҲИМОВ
www.javonon.tj
пурсии умумихалқӣ созмонҳои гуногуни аврупоиву амрикоӣ ҳарчанд баёнияву вокунишҳо нишон диҳанд ҳам, мардуми тоҷик ҳамеша ҷонибдори ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии кишвар мебошанд, ки ба таври демократӣ ва озод баргузор гардад. Девид Кэй нигаронӣ аз он мекунад, ки ироаи ҳаққи бемаҳдуд барои пешниҳоди номзадӣ ба раисиҷумҳури Тоҷикистонро хилофи меъёрҳои демократӣ буда, раъйпурсӣ барои тағйири Сарқонун баргузор нашавад. Ҳамаи ин зид баромаданҳо аз он сарчашма мегирад, ки гузоришгар бо боздоштшудагони ҳизби террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ мулоқот анҷом надодааст. Дар мавриди ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон изҳор медорад, бастани ҳизб, боздошти аъзои он мояи нигаронӣ аст. Инчунин вай махфӣ сурат гирифтани таҳқиқоти парванда алайҳи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро мавриди
бошад, рӯирост луттигарӣ хонд. Табиист, ки ин андеша саҳеҳият надорад, вале ба назари Шумо вокуниш ба ин бояд чӣ гуна сурат бигирад? Яъне вақте нафароне дониста ё надониста тасаввуфро ба ҳеҷ маънидод мекунанд, мо бояд хомӯш бошем ва ё бархӯрде карданамон даркор? - Ман хондам, ки Фахриддин Холбек дар посух бо сарлавҳаи “Тасаввуф биҳишти гумшудаи тоҷикон” маводе навиштааст. Дар ҳақиқат хеле талош кардааст ва ҳақиқату воқеиятро нишон ҳам додааст. Бояд тамоми ниҳодҳои расмӣ ҷавоби илмӣ ба он нафари мунтақид медоданд. Чаро ки ин бисёр як эроди вазнину сангинест. Тасаввуф тазкияи нафс, пок нигоҳ доштани қалбу амали солеҳ ва безарар доштани инсонро ҳамеша тарғибу ташвиқ мекунад. Ҳоло инро нисбат додан ба он корҳои бад ягон асоси воқеӣ, илмию таърихӣ ва мантиқӣ надорад. Ин як туҳмати маҳз аст. Агар ягон нафаре дар он гурӯҳ бошад, ки ба коми ҳамон шаҳвату залолат рафта бошад, ин маънои онро надорад, ки тамоми аҳли тасаввуф, шайхҳо, сӯфиҳо ва тамоми пирони тариқат ба ин роҳ рафта бошанд ва ин корро анҷом дода
7 е-mail: javonontj@mail.ru
ҷомеаи мутараққӣ дар низоми ақоиди Имоми Аъзам асрҳо боз бунёд шудааст. Танҳо як таҳаммулпазирие, ки ин мазҳаб дар батни худ дорад, боиси он шудааст, ки дунёи муосир аз бисёр хатарҳо муҳофизат шуда истодааст. - Яке аз паҳлуҳои коста гардидани маърифати динии мо имрӯз нахондани китобхои динӣ мебошад. Шумораи китобҳои динӣ кам нестанд, ба монанди “Саҳеҳ”-и Имом Бухорӣ, “Муснад”-и Имоми Аъзам, “Эҳёи улуми дин” ва “Кимиёи саодат”-и Имом Ғазолӣ ва ғайра, ки бевосита бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ чоп гардидаанд. Суоли ин аст, ки чаро имрӯз мардуми
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №13 (9439), 31 марти соли 2016
Девид Кэй
е-mail: javonontj@mail.ru
8
“Тайи панҷ моҳи охир ду шаҳри бузурги Туркия – Анқара ва Истанбул бар асари ҳамлаҳои террористӣ такони ҷиддӣ хурданд. Омилони ҳамлаҳои ваҳшиёна, ки маҷруҳ ва фавтидагони зиёде боқӣ гузошт, то ҳол дастгир нашудаанд. Баъд аз ҳар ҳамла сохтори амнияти Туркия ва кобинаи ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон иқрор мешуд, ки террористонро чанд моҳи охир пайгирӣ кардаанд, аммо барои пешгирии амали ваҳшиёнаи онҳо коре аз дасташон наомадааст. Ҳарчанд солҳои қаблӣ президент Эрдуғон иддао дошт, ки барои барқарор кардани амну осоиштагӣ дар минтақа ба сарзамини Сурия қувваи низомӣ ворид мекунад, аммо ҳоло худ фаҳмида ва ё на, вазъи Ховари Миёнаро дар кишвараш «фароҳам» овардааст. Гузашта аз ин, рӯз то рӯз озодии баён ва эҳтиром ба сохтори ҳуқуқӣсудии кишвар коста гашта, ҳар ки бо сиёсати Эрдуғон ҳамфикр нест, бе ягон исботу далел бо ҷурм ва иттиҳоми даст доштан ба терроризм маҳбасӣ мегардад. Ҳоло касе худро дар Туркия дар амон эҳсос намекунаду шаҳрвандон бо ваҳми таркишҳои навбатӣ рӯз мегузаронанд”. Муҳтавои матолиби моҳҳои охири Туркияро метавон чунин хулоса кард.
Бо сар задани ҳодисоти «баҳори араб» дар Ховари Миёна аксар кишварҳои нуфузи зиёдашон мусулмон умед доштанд, ки акнун дар минтақа ҳузур барпо гашта, кишварҳо бо усули демократӣ ва одилона идора мешаванд. Аз ибтидои ҳодисаҳои кишварҳои араб панҷ сол гузашта бошад ҳам, истиқроре, ки интизораш буданд, ҳанӯз намоён нест. Мегӯянд, азбаски то он муддат дар кишварҳои араб ягон ҳокимият ва ё гурӯҳи алтернативии созанда тарбия наёфта буд, вазъи кишварҳои «баҳорӣ» бадтар шуду беҳ не. Илова ба ин, чунин ҳолат дар минтақа гурӯҳи террористии ДИИШ-ро ба воя расониду террористони мавҷударо қувват бахшид, ки вазъи феълии минтақаро печидатар кардааст. Дар ин миён баъзе аз кишварҳои арабӣ сохтори сиёсии Ҷумҳурии Туркияро маъқул карда, умед доштанд, ки бад-ин васила истиқрори худро ба роҳ хоҳанд монд.
www.javonon.tj
НАБЗИ ҶАҲОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №13 (9439), 31 марти соли 2016
ТУРКИЯ ВА СИЁСАТИ “МУТАДАЙИН”- И ОН Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар таърихи ҷумҳуриятдории ин кишвар яке аз сиёсатмадорони фаъол ба ҳисоб меравад. Пештар дар баромадҳояш доим ҳамовози табақаи поёни ҷомеа буд. Ҳамзамон ӯ худро миёни мардум ҳамчун шахси мутадайин муаррифӣ намуда, аз исломи сиёсӣ ва ё демократияи исломӣ пуштибонӣ ме-
Вақте ислом олоти
ё исломи сиёсӣ теша ба решаи
кард. Мегӯянд, вақте Эрдуғон ба арсаи сиёсии Туркия по монд, бо эътирофи худи ӯ, беш аз ангуштарии никоҳияш сарвати дигаре надошт. Ин махсусияташ ӯро назди ҷомеаи Туркия маҳбуб гардонд. Ин буд, ки дар интихоботи парлумонии соли 2002 ҳизби ӯ - Ҳизби адолат ва рушд (ҲАР) ғолиб баромада, соли 2003 худи Эрдуғон сарвазири Туркия таъин гашт. Солҳои аввали роҳбарияти ҲАР давлати Туркия ба дастовардҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсати дохилаву хориҷа ноил гашт. Ҳарчанд аз замони таъсис сохтори давлатдории Туркия демократӣ эълон шуда буд, аммо то охири асри XX қудрат дар ин кишвар доим дар тасарруфи нерӯҳои низомӣ, ки аз ҷониби қувваҳои алоҳида идора мешуданд, қарор дошт. Ҳукумати Эрдуғон тавонист, кишварро аз зери таъсири он қудратҳо раҳо карда, низоми усутувори давлатиро барпо кунад. Илова бар ин, вақте соли 2008 давлатҳои мутараққӣ аз буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ сахт ранҷ мебурданд, иқтисоди Туркия баръакс рушд карда, аллакай дар даҳаи аввали асри XXI дар мақоми дуюм пас аз иқтисоди Чин ҷой мегирифт. Дар замони ҳокимияти ҳизби Эрдуғон мушкилоти иҷтимоӣ-миллие, ки аз замони таъсисёбии Ҷумҳурии Туркия ҷой доштанд, тадриҷан ҳал мегашт. Чунончӣ, яке аз масъалаҳои мубрами миллӣ барои Туркия - риояи ҳақу ҳуқуқ, низоми таълим ва дигар ҷанбаъҳои ҳаёти иҷтимоии
миллати курд тадриҷан ба низом дароварда шуд. Курдҳо бештар дар қисмати шарқии Туркия маскунанд. То замони ҳукумати Эрдуғон сокинони минтақаи курднишин аз дастовардҳои маданӣ маҳрум монда, аз ҷониби ҳукуматҳои қаблӣ махсус сарфи назар карда мешуданд. Чунин ҳолати сунъӣ норозигии мардумро сол то сол зиёд мекарду гурӯҳи ифротии Ҳизби коргарони Курдистонро бо сардории Абдуллоҳ Ӯҷалан ба миён овард. Курдҳои минтақа дар лагерҳои ҳизби ифротии ҲКК таълимоти низомӣ дида, баъдан ҳамчун нишони эътироз дар Туркия даст ба амалҳои террористӣ мезаданд. Солҳои аввали ҳокимият, Ҳизби адолат ва рушд тавонист минтақаи шарқии Туркияро бо хизматрасониҳои лозимаи иҷтимоӣ таъмин намуда, сафи ҷавононеро, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайвастанд, коҳиш диҳад. Чунин иқдомот эътибори ӯро миёни кишварҳои ҳамсояаш низ баланд мебурд. Хусусан муносибатҳои иқтисодӣдипломатӣ бо давлатҳои Сурия, Эрон, Русия ва Арманистон дар ин даврон нисбат ба солҳои қаблии равобити хориҷаи Туркия муваффақтар арзёбӣ мешавад. Интихоботи умумимиллии байни ҳизбҳои сиёсии Туркия, ки соли 2011 сурат гирифта буду ҲАР дар он 49,95%-и овозҳоро ба даст овард, натиҷаи сиёсати босамари он даврон буд. Чунин нишондод аз он дарак ме-
дод, ки шаҳрвандони Туркия, новобаста ба эътиқод, миллияту халқият, ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон боварии комил дошта, розӣ буданд, ки зимоми сиёсии Туркия дар дасти ҳокимияти исломгаро қарор гирад. Сиёсати «бидуни мушкилот бо ҳамсоякишварҳо» тавонист Туркияро дар арсаи дипломатияи байналмилалӣ соҳиби эътибор кунад. Ба андешаи таҳлилгарон ҳамин сиёсати муваффақи солҳои аввали роҳбарии Эрдуғон таваҷҷуҳи парлумони Иттиҳоди Аврупо ро ҷиҳати пазируфтани аъзогии Туркия бештар намуд. Аммо мутахассиси масоили иҷтимоии халқиятҳои турк, дотсенти Донишгоҳи Санкт-Петеребурги Русия Александр Сотниченко сабаби муваффақшавии Эрдуғон ва ҳизби ӯро дигаргуна шарҳ додааст: «Муваффақ шудани Эрдуғон дар майдони сиёсии кишвараш ба маърифати ӯ рабте надорад. Қудратҳои сиёсие, ки то асри XXI зимоми кишварро дар даст доштанд, аз уҳдаи танзими масоили давлатӣ баромада натавонистанд. Чун нуфузи бештари кишварро мусулмонон ташкил медиҳанд, Эрдуғон ба мардуми турк он самти сиёсиеро пешкаш намуда буд, ки аксарият солҳо боз хоҳони он буданд». Зоҳиран солҳои аввал сиёсати пешгирифтаи Ҳизби адолат ва рушд самараи хуб дода, ҳамчун намунаи хуби исломи сиёсӣ шинохта мешуд. Як қатор кишварҳои ваҳҳобӣ-салафии олами
НАБЗИ ҶАҲОН фасодкорӣ гузаронда шавад, аммо бо дахолати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки дар он замон дар мақоми сарвазирӣ қарор дошт, пешгирӣ шуд. Зеро дар натиҷаи амалиёти дуюм фарзанди Раҷаб Тайиб Эрдуғон - Билол Эрдуғон ба зиндон мерафт. Аммо дере нагузашта тамоми боздоштшудагон озод ва кормандони амният аз кор ронда шуданд ва ё ба мақомҳои пасттар таъин гардиданд. Минбаъд корманди ҳар сохоторе, ки қазияи мазкурро пайгирӣ мекард, аз ҷониби ҳукумат бо ҷурми даст доштан ба терроризм муттаҳам шуда, бе ягон далел ба ҳабс гирифта мешуд. Ҳамзамон 30-юми декабри ҳамон сол Бобак Занҷонӣ дар Эрон маҳбас гашта, инак соли 2016 бо иттиҳоми «фасодкорӣ дар рӯи замин» ба эъдом маҳкум шудааст. Ризо Зарроб бошад алҳол аз ҷониби Бюрои Федеролии Амрико (ФБР) дар ИМА боздошт шудаву қарор аст барои ҷиноятҳои пулшӯияш ҷавоб гӯяд. Сабаби бо пулшӯиву фасодкорӣ ёдрас шудани чунин кишварҳои аксари нуфузаш ҳанафимазҳаб бесабаб нест. Эҳтимол, ба ин тариқ душманони арзишҳои маънавии башарият исломи сунниро ҳамчун олудаи фисқу фасод ба оламиён шиносоӣ намуда, исломи шиаро ҳамчун мазҳаби ҳақ муаррифӣ кардан мехоҳанд. Илова бар ин, амалу рафторҳои ҳаракатҳои террористии ваҳҳобӣ-салафие, ки худро суннӣ муаррифӣ мекунанд, ба оташи мавҷуда равған мерезанд. Хусусан ҳодисоти солҳои охири Ховари Миёна нишон дод, ки ҳоло ҳукумати кишварҳои минтақа
овард, баҳси зиёдро барангехт. Аммо ин маврид ҳам Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба муфаттишон ва сохтори судии кишвараш амр дод, ки қазияро рӯпӯш намоянд. Илова бар ин, кормандони суду амният ва аскароне, ки барои пешгирии интиқоли аслиҳа ба террористон амалиёти мазкурро гузарониданд, маҳбасӣ гаштанду сармуҳаррири нашрияи «Ҷумҳурият» Ҷан Дундор барои ифшои «сирри давлатӣ» дастгир шуд. Он замон роҳбари Ассотсиатсияи адвокатҳои Туркия Матин Файзиоғлу изҳороти расмӣ дод, ки сипас онро расонаҳо нашр карданд: «Мо далели онро дорем, ки мошинҳои пур аз аслиҳа ва маводи доруворӣ ба дасти гурӯҳҳои террористии “Ҷабҳат-ун-Нусра” ва ДИИШ бурда расонида шуд». Баъди ин баёния таҳлилгарон гуфтанд, аллакай худи ҷурми кӯмак ба терроризм ва рӯпӯш намудани қазияи он барои ба Суди байналмилалии Гаага кашидани Эрдуғон кифоя аст. Зеро Маҳмад Аскарӣ, яке аз гумонбарони аслии узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ зимни як мурофиаи додгоҳӣ дар Теҳрон гуфтааст, ки Ташкилоти истихбороти миллии Туркия дар нооромиҳои дохилии Сурия даст дорад ва ба террористон барои қочоқи силоҳ кӯмак мекунад. Дар ин миён бояд ҷиҳати дигари қазияи мошинҳои боркаши пур аз силоҳро зикр намуд. Дар парвандаи қазияи мазкур номи
Маҳмуд УСМОНОВ
сиёсат мешавад...
ислом мезанад
аз ҳокимони суннимазҳаб тадриҷан ба дасти шиамазҳабон гузаштан дорад. Аз нав шаклёбии сиёсати Эрони ҷадид худ гувоҳи ин иддао буда метавонад. Бобак Занҷонӣ ва Ризо Зарроб барин ашхосро дар кишварҳои суннимазҳаб барои пиёда намудани бозиҳои сиёсии худ бараъло истофода бурда, баъд аз итмоми «миссия»-ашон онҳоро ба дор мефиристанд. Ҳамин тавр ҳукумати ҷадиди шиа нишон додан мехоҳад, ки «мо ба фасодкорӣ дасте надорем» ва «роҳи сиёсати пешгирифтаи мо созанда аст». Ҳамчунин бо таъсису идораи ҳизбҳои сиёсӣ ва ё тариқи тақия ҷо кардани ашхоси лозима дар ниҳодҳои қудратӣ, диёнату қозиёт, маориф ва илми давлатҳои суннимазҳаби минтақа ва кишварҳои ҳамфарҳанг зимоми давлатҳоро дар даст доштан мехоҳанд. Хусусан воқеаҳои чанд моҳи охир, ки ҳузури ҷомеаи моро халалдор мекунад, ба ин гувоҳ буда метавонад. ВАҚТЕ ТЕРРОРИСТОН ДАСТГИРӢ МЕЁФТАНД... Доир ба дастгирӣ ва таъмини гурӯҳҳои террористии минтақа бо силоҳу маводи лозима аз ҷониби ҳукумати Эрдуғон расонаҳои олам зиёд хабар доданд. Хусусан интиқоли силоҳ ва маводи доруворӣ аз ҷониби Ташкилоти истихбороти миллии Туркия (MIT) ба террористон моҳи январи соли 2014, ки баъдан бо аксу далелҳо ҳафтаномаи «Ҷумҳурият»-и он кишвар рӯйи чоп
гурӯҳи «Салом тавҳид» мавҷуд аст, ки баъдан маълум мегардад, он номи яке аз шуъбаҳои гурӯҳи махфии «Сипоҳи Қудс» дар ҳудуди Туркия аст. «Сипоҳи Қудс» яке аз гурӯҳҳои махфӣ ва муассири Ховари Миёна ба ҳисоб рафта, ҳамчун шохаи ҷосусии бурунмарзии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон шинохта мешавад. Таълимоташ идеологияи мазҳаби шиа буда, ба кор бурдани усули «тақия» меъёри фаъолияташро ташкил медиҳад. Дар Туркия салоҳияти бештар дар дасти сарвазир аст. Ҳоло ки Эрдуғон президент аст, аз ин вазъ хушнуд нест ва мехоҳад, дар масоили дохилии кишвараш салоҳияти бештар дошта бошад. Аз ин ҷост, ки ҳар монеаеро пеши роҳаш мебинад, бо иттиҳоми терроризм бартараф кардан мехоҳад. Ҳатто воқеаҳои террористии дар Туркия рухдодаро низ ҷузъе аз ҳамин нақшаи президент дониста, мегӯянд, панҷ моҳи охир, ки дар Туркия ҳамлаҳои террористӣ рӯй додаву то ҳол омилониашдастгир нашудаанд, амлиёти тарҳрезишуда буд. РАДДИЯИ ИНТЕРПОЛ Яке аз мухолифони сиёсати Эрдуғон, ки бо иттиҳоми даст доштан ба терроризм айбдор мешавад, мутафаккири шинохта, ки ҳоло дар ИМА қарор дорад, Фатҳуллоҳ Гюлен ва ҷонибдорони таълимоти ӯ – ҳаракати ҷамъиятии «Хизмат» мебошанд. Исми Гюлен дар Тоҷикистон ҳам бегона нест. Доир ба
афкор ва таълимоти ӯ, ҳам дар нашриёти хусусӣ ва ҳам дар нашриёти давлатӣ матлабҳои зиёде рӯи чоп оварда шудаанд. Ҳарчанд замоне Фатҳуллоҳ Гюлен ҷонибдори сиёсати Раҷаб Тайиб Эрдуғон буд, ҳоло миёни онҳо сардӣ ба вуқуъ омадааст. Раисҷумҳур Эрдуғон оғоз аз таърихи 17-уми декабри соли 2013 Гюлен ва ҷонибдоронашро бо ҷурми таъсиси давлат дар даруни давлат ва даст доштан ба терроризм айбдор мекунад. ВАО-и ин кишвар, ки аллакай беш аз 85%-и он иҷборӣ ба манфиати Эрдуғон фаъолият мекунанд, зери таъқиб қарор доранд. Ҳафтаҳои гузашта бо фармони ҳукумат фаъолияти яке аз рӯзномаҳои пурхонандатарини Туркия – «ZAMAN» маҳдуд карда шуд. Зеро нашрияи мазкур яке аз охирин нашрияҳое буд, ки зери тасарруфи ҳукумати Туркия қарор надошт. Созмонҳои байналмилалӣ чунин рафтори ҳукуматро берун аз меъёрҳои демократӣ номида, талаб намудаанд, ки ҳарчи зудтар ба озодии баёни нашрияҳо арҷ гузорад. Илова бар ин, охири моҳи декабри соли 2014 ҳукумати Эрдуғон ба Созмони байналмилалии Интерпол дархост фиристодааст, ки Гюленро ба рӯйхати ҷинояткорони байналмилалӣ ворид намояд. Аммо моҳи марти соли равон пас аз тафтишоти куллӣ, Интерпол дархости ҳукумати Туркияро рад карда, сабаби онро ба таври хаттӣ эълом дошт: «Дархости фиристодаро беасос хонда, иддаои он, ки Фатҳуллоҳ Гюлен ҳамчун сардори Ҳаракати ҷамъиятии «Хизмат» гурӯҳи террористиеро таъсис дода, кӯшиш намудааст, ки режими мавҷудаи Туркияро барҳам диҳад, сохта мебошад. Ба назари Интерпол, террорист эълон кардани Фатҳуллоҳ Гюлен ва ҷамоати ӯ аз ҷониби Раҷаб Тайиб Эрдуғон вижагии шахсӣ дошта, сирф барои пиёда намудани аҳдофи сиёсии ҳукумат тарҳрезӣ шудааст». Бинобар андешаи мухолифони Эрдуғон аз табақаҳои гуногуни ҷомеаи башарии ҳам дохила ва ҳам хориҷа, ҳукумати кунунии кишвар торафт аз меъёрҳои асосии демократӣ дур мешавад. Ҳоло рафторҳои худсаронаи президенти турк то рафт ҳамсоякишварҳо ва шарикони стратегии Туркияро аз он дур мекунад. Бахусус афтонидани тайёраи ҳарбии русии СУ-24 на фақат давлати Русияро, балки худи ИМА-ро ҳам нороҳат кардааст. Бинобар иддаои хабарнигори турк Илҳон Танир, садорати Пентагон аз чунин рафторҳои ҳукумати Туркия нороҳат аст. Дар яке аз маҷлисҳои ғайрирасмӣ, яке аз сарфармондеҳони амрикоӣ ҳолати мазкурро чунин ба забон овардааст: «Мо ҳеҷ гоҳ бо ҳамдастӣ бо Эрдуғон алайҳи гурӯҳи террористии ДИИШ зафар ёфта наметавонем. Туркҳо тамоми нақшаҳоямонро барбод додаанд!». Сиёсати давлатдории ҳукумати Эрдуғон баёнгари он аст, ки исломи сиёсӣ ба пуррагӣ рӯҳияи дини мубинро кушта, меъёри суннатҳои Паёмбари исломро хушк карда, усули динро ҳамчун қолаби зоҳиран на он қадар муҳим муаррифӣ намуд. Сиёсати исломӣ меъёрҳои динӣ ва арзишҳои маънавиро танҳо барои пиёда сохтани ҳадафҳои ғализи худ истифода карда, мавзӯҳои барои ҷомеа умдаро ба сатҳи суханҳои хушку холӣ, демагогия ва диалектикаи ҳарзагӯӣ табдил медиҳад. Чунин шеваи сиёсатдорӣ ба инқирози фаврии ҷомеа оварда расонида, сутунҳои давлату давлатдориро хароб мекунад.
www.javonon.tj
варро дар даст дорад, соҳиби минтақа аст. Аз ин ду яке пешвои мусулмонони шиаи дунёсту дигарӣ намунаи хуби давлатдорӣ барои кишварҳои мусулмонони суннӣ арзёбӣ мешуд. Ёдовар бояд шуд, ки бинобар таҳримҳои иқтисодии Ғарб алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳукумати собиқ расиҷумҳур Маҳмуд Аҳмадинажод як қатор фаъолиятҳоеро ба ҷо оварда буд, то кишварашро каме ҳам бошад «нафаси озод» бахшад. Бобак Занҷонӣ ва Ризо Зарроб барин тоҷирони бовариноки ҳукумати вақти Эронро имкон дода шуд, ки нафтро ба таври ғайрирасмӣ аз кишвар бароварда фурӯшанду маблағи бадастомадаро тариқи бонкҳои як қатор давлатҳо тасфия карда, боз ба Эрон баргардонанд. Яке аз чунин бонкҳо «Halkbank»-и Туркия буд, ки мегӯянд, барои пулшӯии маблағҳои бадастомадаи ҳукумати Эрон хизмат мекард. Ҳамчунин миёни собиқ вазирони ҳукумати ҲАР ва Ризо Зарроб ришвадиҳиву ришваситонӣ ба ҳадде расида буд, ки 17-уми декабри соли 2013 дар ҷараёни гузаронидани амалиёт алайҳи фасодкориву ришваситонӣ аз ҷониби кормандони амнияти Туркия 52 нафар бо шумули мансабдорону вазирон, тоҷири эронӣ Ризо Зарроб, раиси Бонки давлатӣ ва хешу пайвандони тоифаи мазкур боздошт шуданд. Ҳамчунин интизор мерафт, 25-уми декабри ҳамон сол амалиёти дуюм алайҳи ришваситонӣ ва
9 е-mail: javonontj@mail.ru
араб ва ҳоло ҳизби мамнуъи ҲНИТ дар Тоҷикистон самти сиёсии Ҳизби адолат ва рушди Эрдуғонро дар фаъолияти хеш мақсуд пиндошта, ҳаматарафа бо он робитаҳои сиёсии хешро тавсеа мебахшиданд. Аммо ҳодисаҳои моҳи декабри соли 2013 сиёсати Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва атрофиёни ӯро зери шубҳа гузошта, нишон дод, ки қудратҳо паси ниқоби арзишҳои маънавӣ симои аслии худро пинҳон намуда, аз пайи амалигардонии нақшаҳои шахсии хеш шудаанд. Ҳоло сиёсатмадорони ба ном мутадайин бо ҳамин баҳона боварии мардумро ба даст оварда, кӯшиш доранд бунияи исломи асилро хароб кунанд. ХОҲИШИ АБАРҚУДРАТОН: “САМТИ ИҶБОРӢ БА СӮИ ИДЕОЛОГИЯИ ШИА!” Ҳамзамон бо қадам задан ба асри XXI дар рӯйи замин пайдошавии як қатор гурӯҳҳои ба ном исломие, ки худро ҳомии дини мубин эълон мекарданд, авҷ гирифт. Терактҳои ваҳшиёнаи онҳо, ки алайҳи «кофирони ғарбӣ» равона карда мешавад, чеҳраи поки дини исломро олуда мекунад. Гуфтан мумкин аст, баъд аз ҳамлаи «Ал-қоида» ба шаҳри Ню-Йорки ИМА дар соли 2001, марҳилаи нави амалиёт алайҳи «сиёҳкунӣ»-и дини ислом оғоз гардид. Абарқудратон бо баҳонаи аз байн бурдани терроризм ба Афғонистон ва Ховари Миёна сар дароварданд, ки нуқтаҳои номбаршуда то ҳол хуншору сокинонаш дарбадаранд. Шубҳа нест, ки кишварҳои стратегии Ховари Миёна Эрон ва Туркия мебошанд ва ҳар ки зимоми ин ду киш-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №13 (9439), 31 марти соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
10
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №13 (9439), 31 марти соли 2016
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ Баҳор буд. Осмон софу табиат сабзу дилкаш. Духтараки ҷавоне дар кӯча қадам мезаду рангорангиҳои табиат дилашро тасхир карда буд. Вай роҳравро қадамзанон мегузашт ва аз гулгашти зебову накҳатомез чашм намеканд. Омада рӯи курсии зери дарахте нишаст. Аз насими баҳорӣ чуқур нафас кашид. Диққат дод, ки ин фазои атргунро нағмасароии парандаи назаррабое рангинтар месозад. Ба ҷонварак дида дӯхт. Аҷаб зебо буд он. “Наққош чи беҳамто маҳорате дорад, ки парандаро дар беҳтарин сурат офаридаву боз садои фораме ҳам додааст...” аз дил гузаронд. Бо дидани ин манзараи баҳорӣ ва хониши паранда дар қалби Муниса хоҳиши ба атрофиён тақдим кардани зебоӣ зинда шуд. Қарор дод, ки ягон ҳунаре меомӯзад, ки асосаш зебу зиннат бошад. Ҳамин тариқ, мақсад гузошт, ки дар баробари таҳсил ба омӯхтани ҳунари дӯзандагӣ ҳам машғул мешавад. Муниса Ҳабибуллоева танҳо баъд аз ворид шудан ба олами ҳунар дарк намуд, ки он инсонро руҳбаланд мегардонад, илҳом мебахшад, серҳаракатӣ ато мекунад. Мунисаро ҳам шавқи ҳунарманд шудан ва мақсади пеши худ гузоштааш ба ҷодаи зардӯзӣ равона сохт. Имрӯз дар баробари таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пас аз дарс дар хона ба корҳои дӯзандагӣ, махсусан зардӯзӣ машғул мегардад. Ин кори худро аз он ҷиҳат дӯст медорад, ки бо ин амалаш суннати ниёконро идома дода, баҳри пойдор мондан ва рушду инки-
Истеъдод - гавҳари асосии муваффақият шофи он саҳм мегузорад. Саодатмандии инсонро низ дар ҳамин чиз маънидод карда, меафзояд, ки ҳар нафар бояд мероси гузаштагони худро ҳифз намояду бо нумуъ бахшидан онро ба наслҳои оянда бегазанд расонад. Дӯзандагиро Муниса аз модараш омӯхтааст. Аввалин чизи дӯхтааш ҷузвдони хурдакаке буд, ки ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил намуданаш офарид. Гарчанде аз ин офаридаи ӯ солҳои тӯлонӣ сипарӣ шуда бошанд ҳам, аммо то ҳол он дар зоҳиру ботинаш ҳамчун мусаввараи нодире нақш бастааст. Ҳар бори машғул гардидан ба корҳои зардӯзӣ пеши назараш ҳамон нақши аввал ҷилвагар шуда, ҳиссиёту ҳаяҷон ва меҳри самимӣ нисбат ба ҳунар зинда гардида, ӯро водор месозад, ки дар кори худ тозакору навовар ва ботамкин бошад. Аз ҳунарҳои дастӣ чакандӯзӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва дигар навъҳои дӯзандагиро бо маҳорати махсус аз уҳдаашон баромада метавонад. Дар баробари ин, ба дӯхтани либосҳои миллӣ низ завқи беандоза дошта, ҳамеша либосҳои миллиро, ки худ нақшу нигорҳои зебоеро дар онҳо тасвир намудааст, ба бар менамояд ва аз ин чиз ифтихор дорад. Ҳангоми ба донишгоҳ ва дилхоҳ ҷой рафтан низ аз либосҳои миллӣ истифода менамояд, ки ин амалашро ҷавоб ба анъанаҳои неки ниёкон маънидод менамояд. - Бисёриҳоро дидаам, ки пеши дӯзандаҳои моҳир шогирд истодаанд, устодони зиёд доранд, ки ин чиз ҳам бешубҳа дар ин раванд лозим аст. Аммо ҳамеша мушоҳида менамоям, ки он қадар маҳсули дастонашон сифатноку мақбули ҳар бинанда намегардад. Ба назари ман, ҳамон вақт шахс ба натиҷаи зарурӣ мерасад, ки дорои истеъдод бошад. Чунки бе истеъдод дар ин роҳ на-
метавон коре кард. Агар пеши даҳ нафар рафта тавсия гиред ҳам, истеъдод, ки гавҳари асосии муваффақиятҳост, дар шумо набошад, бенатиҷа аст, - бо итминон мегӯяд Муниса. Хеҷ гоҳ иштибоҳҳои ӯро нафаре аз мутахассисони соҳа ислоҳ накардаву баҳри ривоҷи ҳунараш маслиҳатҳо надодааст. Ҳамаи онро дар натиҷаи худомӯзӣ ёд гирифтааст. Ба назари ӯ дар санъати зардӯзии имрӯза бештар навъи гулдӯзӣ маъмул буда, онро барои зиннат додани ҳар навъ ашёи савғотӣ, костюмҳо, сару либоси арӯс ва умуман сару либоси занон истифода менамоянд. Хусусан дар кишвари мо тӯпиҳои зардӯзишудаи занона - зартӯппӣ машҳуранд. Бино ба таъкиди ӯ зардӯзии ҳозира аз зардӯзиҳои солҳои пеш фарқ кунад ҳам, вале он ҳамон асту бо тарҳу диди нав рӯйи матоъ омадааст. “Зардӯзони ҳозира нозукиҳои ҳунари гузаштаро такмил дода, нақшҳои нави зебову пурмазмун эҷод менамоянд, ки бешубҳа ин дар рушди ҳунари мазкур мусоидат хоҳад кард. Нафаре ки дар ин ҷода кору фаъолият намуда истодааст, бояд ки навовар бошаду чизи тозае пайдо кунад”, - гуфт дар идомаи суҳбат Муниса Ҳабибуллоева. Чун имрӯз баъзе аз ҷавондухтарон ба либосҳои миллӣ таваҷҷуҳи кам доранду ба либосҳои ғарб майл менамоянд, сабаби асосияшро дар огоҳ набудани онҳо аз фарҳангу маданияти гузаштагони хеш маънидод менамояд. То кадом андоза қадр кардану пос нигоҳ доштани фарҳанги ниёкони хешро ӯ эҳтиром нисбат ба маданияту фарҳанги худ меҳисобад. Ба гуфти ӯ нафаре, ки ҳисси миллӣ ва ба анъанаҳои миллати худ таваҷҷуҳи махсус дорад, ҳаргиз ба либосҳои ғайри миллӣ майл наменамояд. Ба ин бовар аст, ки ин чиз
СОҲИБКАСБ аз худи шахс вобаста аст, ки ӯ то кадом андоза таърихи ниёгони хешро қадр менамояду аз фарҳанги гузаштагони худ бархурдор аст. Чун як насли замони истиқлол дар дил орзуҳои бисёр дораду барои амалӣ намудани онҳо ба истеъдоди худ эътимод мекунад ва дар баробари он ҳаракат. Бар он муътакид аст, ки
инсони соҳиби касбу ҳунар ҳамеша ба мақсадҳои накуи хеш мерасад. Аз ин рӯ дар вақташ омӯхтани ҳунар ва бар замми ин баҳри худ сохтани зиндагии шоистаеро зарур медонад. Зеро ҳар шахс ба зиндагии хубу саршор аз муҳаббат арзанда аст. Дар оянда нақша дорад, ки ҳунари худро боз ҳам сайқал дода, дӯкони махсус таъсис диҳад. Мақсад аз таъсис додани коргоҳро ӯ тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ ҳисобида, ба ин тарз мехоҳад, ки дар побарҷо мондани ҳунари мазкур ва дар баробари он баҳри рушду нумуи ин гуна ҳунарҳои мардумӣ саҳим бошад. Пеши худ ҳадаф гузоштааст, то рӯзе, ки ҳаст дар ин ҷода фаъолият намуда, либосҳои миллиро дар шаклу навъҳои тоза биофарад ва дар олами зардӯзӣ низ тағйирот ворид созад.
www.javonon.tj
Баҳори шастуми муаллима Муаллима Қутбия ин бегоҳ низ хаста ба хона баргашт. Рӯи мизи назди оина акси даврони донишҷӯияшро дид. Акс чанд рӯз боз пеши оина меистод, аммо аз чӣ бошад, ки танҳо ҳамин рӯз муаллима ба он бо диққат дод. Чеҳраи зебои Қутбияи ҷавон моили табассум буд, дар акс. Аҷаб давроне буд айёми ҷавонияш. Парвои дунё надошт. Он рӯз баъд аз пахтачинӣ назди аккос рафта “аз пахтачинӣ омадаам, сару рӯям пур аз чанг аст, илтимос хушрӯй сурат гиред” гуфта буд. Ин акс хотирае бузургеро дар худ ҷо дода буд. Оғози як зиндагии ширин, ибтидои як достони муҳаббатро асос гузошт...
...Соли 1973 буд. Ҳарчанд фасли тамуз навбатро ба поиз месупурд, офтоб сару гардани донишҷӯёнро месӯзонд. Аммо онҳоро аз меҳнат боз намедошт. Бо шавқ кор пахта мечиданд донишҷӯён. Аз миёни гулдухтарони пахтачин духтари абрӯсиёҳе, ки бештар вақт хомӯш буду ба суҳбати дугонаҳо танҳо табассум мекард, диққати ҳар бинандаро мерабуд. Абрӯвони сиёҳи бо ҳам пайванд, ба чашмони шаҳлои ӯ мос афтода буд. Гӯё дар он чашмон ҷаҳони дигаре тавлид мегашт, ки тамошобинро ба дуриҳои дури фикру андеша мебурд. Ин духтараки дӯстрӯй дар таҳсил низ қафо монданӣ набуд. Бадхӯтарин ҳамсабақашро ҳам оромона ба сухан дароварда метавонист, ки дигарон дар ин кор оҷиз буданд. Ҳамин хислати ӯро ҳамдарсон бештар дӯст медоштанд. Зеро ӯ Валӣ ном ҳамсабақашро, ки ҳамчун «мири ғазаб» шинохта шуда буд, мафтун кунонд. Дили нарм, эҳсоси гарм ҳадя кард. Баъд аз ин Валиро ҳамсабақон гӯё намешинохтанд, зеро то ба он дараҷа нармхӯву гапдаро шуда буд, ки ҳатто баланд сухан гуфта наме-
тавонист. Қутбия зиндагии аслӣ, ҳаёти воқеиро дар назараш рӯшан кард. Аз он ки ҳар ду дар як факулта ва дар як донишгоҳ таҳсил мекарданд, ҳеҷ як монеае барои дар оянда зану шавҳар шудани ҳамдигар набуд. Афсӯс, ки зиндагии якҷояи Қутбия бо Валӣ барвақт поён ёфт. Риштаи умри Валӣ бо амри тақдир канда шуд. Ин ҳодиса наздиконро хеле афсурдахотир кард. Зеро баъдан Қутбияро дар донишгоҳ, ки риштаи илмии ихтисосро пеш гирифта буд, танҳо медиданд. Баъд аз марги нобаҳангоми Валӣ Қутбия дар дунёи пурталотуми зиндагӣ танҳо монд ва саробонии панҷ фарзанди хӯрдсол бар дӯши ӯ буд. Имрӯз ҳама дарду ғамҳо паси сар шудаву шодиву хурсандиҳо пеш омадаанд, ки бо онҳо Қутбияи дар зиндагӣ музаффар меболад. Кунун фикру андешаҳои ранҷбор паси сар гаштаву соатҳои роҳат фаро расиданд. Зеро фарзандони камолёфта дар роҳи дурусти зиндагӣ қадам ниҳодаанду аз ҳамин роҳ ризқу рӯзии хонадонро пайдо мекунанд. Зеро ҳамагӣ бо дили гарм, гирди модар пар-
вона аз хушбахтӣ ҳарф мезананд… Чашмони муаллима ҳанӯз ба акси ҷавониаш дӯхта шуда буд, ки садои кушода шудани дар баромад. Ин фарзанди хурдияш Нодир буд. Дар даст дастагул ба хона даромаду модарро ба муносибати баҳори шастумини умр муборакбод гуфт. Фарзандони дигар низ яке паси ҳам ба муборакбодии модари азиз ба хона омаданд. Ҳама панҷ фарзанди муаллима гирдаш парвонавор шодӣ мекарданд. Модар низ аз хушнуд буд, ки зодрӯзи шастумашро бо ҷамъи ҷигаргӯшаҳояш ҷашн мегирад. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН
Мусиқӣ як соҳаи санъат ва ҷузъи фарҳанг аст. Бузургон кӯшидаанд асолати худро ба ҷо оранд, то ин соҳаи санъат ба мо - ҷавонон поку беолоиш боқӣ монад. Мо низ кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ҳама бахшҳои фарҳанги аз аҷдодон ба мо расидаро ба насли оянда бе махлути фарҳанги бегона гузорем. Суҳбати мо бо Баҳодур Яхшиев, директори Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дар хусуси вазъи омодашавии толибилмони макотиби мусиқавӣ сурат гирифт.
Шодмони АБДУРАҲИМ, донишҷӯи соли сеюми ДМТ
Дар бораи махлуту вайрон шудани забони муоширати насли ҷавон, хусусан дар бораи истифодаи калимаву ибораҳое, ки ҷавонон дар муоширати ҳаррӯзаашон ба забон меоранд, зиёд гуфта шудааст. Ин масъала нав нест ва ин дарди бедаво ҳам нест, чунки бо мурури замон фаромӯш мешавад. Яъне он чи ки имрӯз бархе аз ҷавонони мо ба забон меоранду дар гуфтугӯяшон истифода мекунанд, хос ба як давраи муайян аст ва бо гузашти вақт фаромӯш ё камистеъмол мешавад. Ба ҳар сурат хостем дар мавриди шарҳи чанде аз он калимаву ибораҳо сухан гӯем. Калимаҳои хар (хари бадӣ), ҳайвон, девонашай, калимаҳое мебошанд, ки имрӯз аз забони аксар ҷавонон бештар ба гӯш мерасанд. Масалан, раваду касе ягон чизи нав харад ва аз рафиқи худ чи гуна будани онро (сифаташро) пурсад, ҷавобдиҳанда «хари бадай» гуфта посух медиҳад. Шояд ин гуна калимаҳо байни ҷавонони имрӯза муд шуда бошанд? Не, инҳо калимаҳое ҳастанд, ки дар солҳои пешин истифода бурда мешуданд. Агар ба таърихи ин калимаҳо назар кунем, онҳо калимаҳои оммафаҳм буда, хеле серистеъмол буданд. Агар аз нигоҳи илми забоншиносӣ нигоҳ кунем, ин калимаҳо ба гурӯҳи калимаҳои умумиистеъмол дохил мешаванд. Вале маънои китобиашон аз маънои гуфтугӯиашон тафовут доранд. Калимаи «хар» аслан калимаи тоҷикӣ буда , маънои калон, бузург ва азимро ифода мекунад. Масалан, харсанг, харгӯш. Инчунин ба маънои ҳайвони боркаш, яъне маркаб низ
истифода бурда мешавад. Дар меъёри забони адабии тоҷикӣ ба ҳамин маъно бисёртар дар истеъмол аст. Калимаи «ҳайвон» калимаи хоси арабӣ буда, маънои зиндаро дорад. Яъне тамоми мавҷудоти зиндаро дар назар дорад. Дар забони тоҷикӣ бошад, ба маънои чорпоён фаҳмида мешавад. Дар лаҳҷаи шевагӣ одами бадахлоқу бадсуханро низ ҳайвон мегӯянд. Ҳадаф аз ин гуфтаҳо он аст, ки ин калимаҳо бояд дар истифода бошанд ва дар фонди луғавии забон нигоҳ дошта шаванд. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки каси дигарро аз истифода бурдани ин калимаҳо манъ кунад. Модоме ки ин калимаҳо дар забони модариамон вуҷуд доранд, пас набояд аз истифодаашон худдорӣ кунем. Аммо бояд бо маънои хуб ва дар ҷояш истифода бурда шаванд. Манижа НИЁЗОВА, донишҷӯи ДМТ
Меҳри бузурги модарон Ҳар бор, ки сухан дар бораи Модар ва Тоҷикистон меравад, шахсро эҳсоси аҷибе фаро мегирад. Аз рӯзе, ки инсон худро мешиносад, ҳис мекунад, ки дар вуҷуди ӯ ду маҷмӯаи эҳсосоти мухталиф ҷогузин шудаю дарк мекунад, ки ӯ соҳиби ду модари бузургу меҳрубон аст. Яъне эҳсосоте, ки дар тӯли умр ҳамрадифу ҳамқадами вай ҳаст, инҳо ҳам бошанд яке Модар ва дигаре Тоҷикистони азиз ба ҳисоб мераванд. Наҷибтарину муқаддастарин эҳсос барои ҳар як шахс эҳсоси ватанпарастӣ, дӯст доштани модар ва зодгоҳи аслияшу домани хонаводааш аст. Шояд суоле пайдо шавад, ки ин эҳсосот ва ин дӯстдорӣ аз куҷо ба вуҷуди вай ҷо шуда бошад?- Посухаш ин аст, ки ин меҳри беандозаи модарони мост, ки дар вуҷуди ҳар яки мо аз хӯрди ҷо шудааст. Яъне аввалин модаре, ки моро ба дунё овардаасту бо навозиш ва ситоиши меҳрубонона калон кардааст. Дувумин эҳсос ин модаре ҳаст, ки моро дар бағали худ бо табиати дилфиребу кӯҳҳои сар ба фалакафтодааш ба оғӯш гирифтаю баъди даргузашти умр моро ба абади дар оғӯши худ мегирад. Инҳо модароне ҳастанд, ки барои аз дарду ранҷ наҷот ёфтанамон ҷони худ ва муҳаббати худро дареғ намедоранд. Пас чаро мо ба қадри ин модарони азизу меҳрубон нарасем. Мо ҷавонону наврасо, хулас пиру ҷавон бояд ҷон ба ҷонашон ниҳему аз самими қалб дӯсташон дорем. Барои ҳимоя ва ҳифзи онҳо аз душманону шахсони бадтинат доимо камари ҳимат бандему омода бошем, то қарзи фарзандиамонро иҷро намоем. Мову шумо - ҷавонон ва наврасон бояд ин модарони азизу маҳбубро қадр намуда, нисбаташон азизу меҳрубон, шахсони ватандӯсту ғамхори Ватан бошем. Муҳаббату садоқатӣ худро барояшон дареғ надошта, ҳар ҷо ки бошем бо ёди Ватан. Чуноне ки Бозор Собир ин гуфтаҳоро ба риштаи назм кашидааст: Бе Ватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан, Дар ватанбудаи бе ёди Ватан беватанаст. Ватан ишқ аст, муҳаббат аст, садоқат аст, дӯстдории хоку сарзамини кишвари худ аст. Аз ҳамин лиҳоз мо - ҷавонон бояд ҳар як қатраи обу хоки ин сарзаминро бо меҳри модарӣ баробар карда, ҷон ба ҷонашон ниҳему онҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, бо тамоми ҳастии худ ва то он даме, ки ҷон дар бадан метапад, аз самими қалб дӯсташон дорем: Ватан чун нури имонам ту бошӣ, Ватан ҳам ҷисму ҳам ҷонам ту бошӣ. Агар то авҷи кайҳон модаре ҳаст, Ватан ҳам авҷи кайҳонам ту бошӣ. Фармони КАРИМЗОД, донишҷӯ
www.javonon.tj
- Ҷавонони довталаб бештар ба кадом риштаи санъат майл доранд? - Имрӯз бештари ҷавонон ба равияи сарояндагӣ рағбат доранд. Онҳо мехоҳанд зудтар байни мардум маҳбуб шаванд. Вазифаи мо омӯзгорон, санъаткорон аз он иборат аст, ки ҳарчи бештар соҳаи фарҳанги ҷумҳуриро бо сарояндаҳо ва саъаткорони касбӣ таъмин намоем. Мо онҳоеро бештар ба коллеҷ қабул мекунем, ки маълумоти ибтидоии мусиқӣ дошта бошанд. Мутаассифона, солҳои охир теъдоди мактабҳое, ки ҷавононро аз хурдӣ омода мекунанд, кам гаштааст. Аз ин рӯ маҷбур мешавем ҷавононеро, ки каму беш шавқ доранд, ҷалб намоем. Зеро имрӯз соҳаи мусиқии касбӣ бисёр ба мутахассисони касбӣ эҳтиёҷ дорад. Алалхусус дар оркестрҳои синфонӣ, оркесторҳои халқӣ сафи навозандагони касбӣ кам шудааст. Онҳое, ки дар ин оркестрҳо фаъолият доштанд, синну солашон ба ҷое расидааст. Имрӯз бояд ҷавонон дар оркестрҳо фаъолият дошта бошанд. Аз ин рӯ Вазорати фарҳанг як иқдоми хубе пеша кардааст, ки як оркестри синфонӣ аз ҳисоби ҷавонон таъсис диҳанд. Агар ин иқдом амалӣ гардад, фикр мекунам, барои пешрафти мусиқии касбии тоҷик такони хубе мебошад. - Сабаби касбияти пасти сарояндаҳои имрӯзаро аз он медонанд, ки муассисаҳои омодакунандаи кадрҳои сарояндагӣ фаъолияти чандон хуб надоранд. Сабаби аз уҳдаи кор набаромадани мактабҳои мусиқиро дар чӣ мебинед? - Пеш аз ҳама тамоми мактабҳои мусиқӣ бояд дар зери назорат ва салоҳияти Вазорати фарҳанг қарор дошта бошанд. Имрӯз ин мактабҳо таҳти назорати мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо қарор доранд, ки бар зарари кор аст. Дар омӯзиши санъати мусиқӣ, ҳатман, зинаи таҳсилоти сезинагӣ ба низом дароварда шавад. Яъне зинаҳои ибтидоии мусиқӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ. Агар таҳсилоти сезинагӣ ба роҳ монда шавад, барои рушди мусиқии касбӣ дар Тоҷикистон заминаи хубе мегузорад. - Пайравӣ ба мусиқии бегона ба санъати халқӣ чӣ суд ва зиён дорад? - Гӯш кардани мусиқии бегона ягон зарар надорад ва аз он омӯхтан ба манфиати кор аст. Вале набояд фаромӯш кард, ки барои рушди ин соҳа мо мусиқии халқии тоҷикро бештар тарғибу ташвиқ намоем. Бештар ҷавононро дар ин руҳия тарбия намуда ба воя расонем. Мусиқии халқиву миллии мо тавасути ВАО зиёдтар пахш гардад, ба манфиати кор аст. Зеро имрӯз дар радиоҳои хусусии мо мусиқиҳои миллӣ кам пахш мегарданд. Мусиқӣ забон надорад, алифбои мусиқӣ дар ҳама ҷо як аст. Метавонанд мусиқиҳои моро дар тамоми ҷаҳон истифода баранд ва мо низ метавонем мусиқиҳои дигар қавму миллатҳоро истифода барем. Ба як мусиқии миллии худ маҳдуд шудан ҳам натиҷаи хуб надорад. Композиторонро дар солҳои шуравӣ дар Тоҷикистон тайёр намекарданд, ҳама бастакороне, ки то имрӯз дар ҷумҳурии мо фаъолият доранд, хатмкардагони кишварҳои хориҷ, хусусан Русия мебошанд. Имрӯз, ки давлати мо соҳибистиқлол аст, бояд дар ватани худ композиторонро тарбия кунем. - Оё муҳассилини Коллеҷ барои идомаи таҳсил ба хориҷа фиристода мешаванд? - Мо ҳамасола ду-се нафар хатмкунандаи коллеҷро барои идомаи таҳсил ба консерваторияҳои хориҷ аз кишвар равон мекунем. Ин хуб аст, ки ҷавонони мо дар хориҷи кишвар таҳсил карда сатҳи мусиқидонии худро баланд мебардоранд. - Барои рушди бештари мусиқии касбӣ чи пешниҳод мекардед? - Дар бисёр ҷумҳуриҳо озмун гузаронида мешавад. Солҳои пеш озмунҳои ҷумҳуриявӣ гузаронида мешуданд, ба монанди навозандагони созҳои миллӣ. Ин озмунҳо то соли 2006 идома ёфтаанд, мутаассифона 10 сол мешавад, ки озмунҳои касбӣ гузаронида намешавад. Бисёр хуб аст, ки фестивалҳои зиёде гузаронида мешавад ва ҷавонон ба онҳо ҷалб мегарданд. Дар баробари ин агар озмунҳои касбӣ баргузор шавад хеле хуб аст. Дар коллеҷ ҳар ду сол озмунҳоро дар байни донишҷӯён мегузаронем. Соли 2014 ба ифтихори устод Зиёдулло Шаҳидӣ озмун гузарондем. Имсол ният дорем бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти кишвар, байни донишҷӯён баргузор намоем. Хуб мешуд, ки ғолибони ин озмунҳо дар озмунҳои байналхалқӣ ҳам роҳ меёфтанд. Ин яке аз анъанаҳо дар соҳаи санъати тоҷик бардавом боқӣ бимонад, то мусиқии касбии тоҷик боз ҳам рушд кунад.
Калимаҳо дар муоширати ҷавонони имрӯза
11 е-mail: javonontj@mail.ru
Баҳодур Яхшиев: Мактабҳои мусиқӣ рисолати худро гум кардаанд
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №13 (9439), 31 марти соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
12
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №13 (9439), 31 марти соли 2016
Баъди таъсиси Ҷоизаи Президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аксар варзишгароне, ки аз варзиш дур шуда буданд, дубора тамринро барои набард дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ оғоз бахшиданд. Далер Тураев, варзишгари тоҷик, аз намуди таэквандо (ИТФ) таъсиси Ҷоизаи Президентро барои варзишгарони тоҷик иқдоми нек арзёбӣ намуда, таъкид мекунад: “Миннатдории тамоми варзишгаронеро, ки бо мо тамрин мекунанд, ба Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам. Баъди ин иқдом бори дигар мо эҳсос намудем, ки меҳнати мо варзишгаронро Ҳукумати кишвар қадр мекунад. Аз ин пас мо варзишгарони касбӣ зиндагии худро аз рӯи варзиш пеш мебарем. То ин замон буданд қаҳрамонҳои ҷаҳон ба монанди Шаҳоб Баҳромов, Далер Сайфиддинов, Дилшод Сайфиддинов, Икром Ғафуров, Шаҳло Муҳаммадраҳимова, аммо дар замони онҳо чунин шароиту имкониятҳо набуд. Шукронаи истиқлолияти кишвар, ки имрӯз тамоми шароит барои мо муҳайёст ва дар баробари ин ҳар дастоварде, ки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба даст меоранд, аз ҷониби Ҳукумати кишвар қадр карда мешавад”. Далер Тураев аз даҳсолагӣ тамринро оғоз намуда, то ин замон 12 маротиба қаҳрамони Осиё, 10 маротиба соҳиби Ҷоми Аврупо ва чор маротиба қаҳрамони ҷаҳон гардидааст. Бо Далер оид ба фаъолияти варзишиаш суҳбат оростем.
- Натоиҷе, ки то ин замон ба даст овардед, Шуморо қаноатманд мекунад? Соли 2009 баъди қаҳрамони ҷаҳон шудан тасмим гирифтам, ки карйераи варзишии худро анҷом бахшам. Зеро ҷароҳат бардошта будаму имкони ширкат дар мусобиқаҳо набуд. Аз соли 2009 дар баробари тамрин ба тарбияи шогирдон машғул шудам. Вақте ки варзишгарон ба
данд, зиёдтар аз кадомашон розиед? - Ин фурсатро истифода намуда, дар баробари устодонам ба падарам зиёд миннатдорӣ мекунам, ки замони хурдсолӣ ба футбол ҳам машғул будам ва падарам ҳарчанд футболбоз буд, маро фаҳмонд, ки аз футбол дида, дар таэквандо муввафақ шуданам наздиктар аст. Падарам сабаб шуд, ки ман таэквандоро интихоб на-
Далер ТӮРАЕВ:
Бунёдгузори оилаамон варзиш аст
мусобиқаҳо мерафтанд, худро ҳамчун мураббӣ тасаввур карда наметавонистам ва зиёд мехостам, ки дубора вориди майдон шавам. Ҳамин тавр ҳам шуд ва ман боз тамринро барои иштирок дар мусобиқаҳо оғоз намудам. Ҳанӯз аз натиҷаи кори худ қаноатманд нестам. - Онҳое ки Шуморо дар ҷодаи варзиш роҳнамоӣ кар-
мудам. - Идеал доред? Замони хурдсолӣ филмҳои Брюс Лиро тамошо карда, худро дар ҷои қаҳрамони филм тасаввур мекардам. Вақте ба таэквандо қадам ниҳодам, фарқ карда наметавонистам каратеро аз таэквандо ва усулҳои каратеро истифода мебурдам. Зеро идеали ман зиёдтар усулҳои каратеро истифода мебурд. Баъди пурра огаҳ шудан аз нозукиҳои таэквандо ҳам Брюс Ли ҳамчун идаел бароям боқӣ монд. - Бо варзишгардухтар оила барпо кардан дар нақша буд ё баъди шиносоӣ бо Сабина Ҷураева ин идея пайдо шуд? - Сабинаро пеш мешинохтам. Ӯ аз хурдӣ зери роҳбарии Фурқат Урунов тамрин мекард. Боре мо якҷо ба мусобиқаи Осиё омодагӣ мегирифтем. Азбаски синну соли Сабина барои шиноснома гирифтан хурд буд, тасмим ҳамин хел шуд, ки акси ӯро пушти шиносномаи ман насб мекунем ва ман ҳамчун “опикун” ӯро бо худ мебарам. Сабина бо шиноснома ва насаби оилаи мо ба мусобиқа рафт. Гоҳо шӯхиомез ба Сабина мегӯям: “Он вақт сурати туро дар шиносномаи ман насб карданд ва он абадан насб шуд... ” Мо ҳар ду дар он мусобиқа бо дастгирии якдигар қаҳрамони Осиё гардидем ва нисбат ба якдигар меҳр
пайдо шуд. Шукри Худо айни ҳол соҳиби як писар бо номи Амир ҳастем. - Барои варзишгар шудани фарзандатон чӣ корҳоро анҷом медиҳед? - Интихоби касбро ба худи ӯ мегузорем. Агар роҳи варзишро интихоб кунад, тамоми шароитро барояш муҳайё месозем. Бисёр мехоҳам, ки таэквандоро интихоб кунад, зеро ману Сабинаро таэквандо ба ҳам пайваст. - Вақте бо Сабина суҳбат намудем, сабаби дуюмбора ба варзиш баргаштанашро пешниҳоди Шумо арзёбӣ намуд. Шумо барои оянда ҳам дар варзиш монданаш розӣ ҳастед? - Дар аввал Сабинаро барои саломатиаш ба тамрин маҷбур намудам. Зеро баъди тавлиди тифл 10 кило вазни худро аз даст дод, хӯрокхӯриаш ҳам суст буд. Вақте тамринро оғоз кард, мисли пештара барқарор шуд. Баъдан Мирсаид Яҳёев, устодамон пешниҳод кард, ки агар зид набошӣ, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ Сабина иштрок кунад. Ҳамин тавр ӯ баъди чор соли аз варзиш дур шудан қаҳрамони ҷумҳурӣ ва ҳам қаҳрамони ҷаҳон шуд. Кӯшиш мекунам, ки Сабина аз варзиш дур нашавад, зеро бунёдгузори оилаамон варзиш аст. Варзишгар будани ҳамсаратон дар корҳои хона мушкил эҷод намекунад?
- Барои Сабина камтар мушкил аст, ду вақт тамрин, нигоҳубини кӯдак ва корҳои хона. Аз ин рӯ, ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба корҳояш ёрӣ расонам. Вақтҳои тамрини ӯ ман бо кӯдак машғул мешавам. - Таомпазиро баъди дубора ба варзиш машғул шудани ҳамсаратон омӯхтед? - Танҳо оши палав омода намуданро ҳамсарам худаш омӯзонида буд. Ҳар вақте аз тамрин дер ояд маҷбур аст, ки оши палав хӯрад. Аз ин рӯ, кӯшиш мекунад, ки пеш аз ҳама хӯрок омода намояд. - Ҳолатҳое шудааст, ки бо ҳамсаратон муҳориба карда бошед? - Ин саволро бисёриҳо медиҳанд ва мепурсанд, ки Сабина ғолиб меояд ё ман. Мо якҷо тамрин мекунем, вале муҳориба накардаем. Зеро миёни вазнҳои мо фарқияти зиёд аст. - Дар оянда ҳар ду дар варзиш мемонед ё касби дигарро пеша мекунед? - Ҳар ду ҳам маълумоти ҳуқуқшинос ва муҳосиб дорем, вале берун аз варзиш худро тасаввур карда наметавонам. Айни ҳол якҷо ба мусобиқаҳои Осиёву ҷаҳон омодагӣ гирифта истодаем. Барои парчами кишварро дар арсаи ҷаҳон парафшон намудан то охир дар варзиш монданиам.
Футбол: Шикасти Ҷаҳон Қурбонов ба даври нимфинал роҳ ёфт Тоҷикистон аз Қирғизистон www.javonon.tj
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар минтақаи Осиё ва Уқёнус, ки 25 март шурӯъ шуд, то 2 апрел идома меёбад.
Тими мунтахаби кишвар оид ба футбол дар бозиҳои интихобии Чемипионати ҷаҳон-2018 аз тими миллии Қирғизистон дар варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд. Ҳамин тариқ, тими миллии кишвар бо гирифтани 5 хол аз 8 бозӣ дар гурӯҳи “В” дар ҷои чорум қарор гирифт. Рақибони дигари Тоҷикистон тимҳои мунтахаби Австралия, Урдун ва Бангладеш буданд. Дар гурӯҳи мазкур Австралия бо гирифтани 21 хол пешсаф мебошад. Дар ҷойи дуюм Урдун, сеюм Қирғизистон ва охирон Бангладеш қарор дорад.
Варзишгарони кишвар Мавзуна Чориева, Шоира Зулқарнаева, Наврӯз Ҷафоев ва Анвар Юнусов дар даври чаҳорякниҳоӣ шикаст хӯрданд. Танҳо Ҷаҳон Қурбонов дар вазни 91 кило ба даври нимфинал роҳ ёфт. Дар мусобиқа 46 зан ва 180 мард аз 35 кишвар барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд. Дар сабқати мардон 30 квота ва дар сабқати занон 6 квота ихтисос дода шудааст. Муштзанҳое, ки дар ин
мусобиқа ҷойҳои аз 1-ум то 3-юмро мегиранд, соҳибони роҳхати олимпӣ мешаванд. Фардо - 31 март даври нимниҳоӣ барпо мегардад. Рӯзи 1 апрел қувваозмоиҳои ниҳоӣ байни мардон дар вазнҳои -49, -52, -56, -69, -75, -81 кг ва рӯзи 2 апрел қувваозмоиҳои ниҳоӣ байни мардон дар вазнҳои -60, -64, -91, +91 кг ва миёни занон дар вазнҳои -51, -60, -75 кг сурат мегирад.
ПОЧТАИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №13 (9439), 31 марти соли 2016
13
Огоҳномаи №1-и Вазорати ишқу муҳаббати сайёраи замин Таърихи рӯз: 5-уми моҳи ишқварзон. Сол: Як ҳазору нӯҳсаду пеш.
е-mail: javonontj@mail.ru
БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ХАНДА – ЯКУМИ АПРЕЛ
Ба мақсади пешгирии камбудию норасоиҳо дар ҷабҳаи ишқу муҳаббат, ҳамчунин пойдору мустаҳкам гардондани оилаҳо ОГОҲ МЕКУНАМ:
Ҷавонони созандаи фардо бошем Ҳар яки мо хуб медонем, ки ояндаи ҳар халқу миллат ба ҷавонони он вобаста аст, зеро ҷавонон нерӯе ҳастанд, ки метавонанд фардои моро дурахшон бисозанд. Ин воқеъиятро пай бурда, солҳо қабл Сарвари давлат гуфта буд: «Ҷавонон ояндаи миллатанд». Вақте ки бузургони миллат ба мо - ҷавонон чунин эътимод доранд, пас моро мебояд то масъулиятеро, ки бар дӯши мо гузошта шудааст, содиқона анҷом бидиҳем. Албатта бадхоҳу дилсиёҳон дар ҳар давру замон вуҷуд доштанд. Имрӯз ҳам онҳо ҳастанд ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлати моро чашми дидан надоранд. Мехоҳанд ояндаи давлати моро барҳам бизананд ва барои расидан ба ин ҳадафи нопоки худ аз бесаводиву ҷаҳли
Таваккал дар оилае ба дунё омадааст, ки аксаран санъатдӯстанд. Бобояш Ширинбек яке аз ҳофизони халқии водии Ишкошим буд, ки дар доирабазм касе ба ӯ баробар шуда наметавонист.
Аз пайи халқи данӣ рафтан нишони ғафлат аст, Шермардонро набояд бо тариқи меш рафт. Парвиз РАУФОВ, омӯзгори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
кашида мешаванд. 9. Занҳое, ки шавҳарашонро барои истиқомат дар хонаи хушдоманашон маҷбур месозанд, чун ҷойкунандагони одамони солим дар девонахона ба ҷавобгарии қатъӣ кашида мешаванд. 10. Мардҳое, ки то синни 25 хонадор нашудаанд, чун шахси коргурезу муфтхӯр ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 11. Мардҳое, ки бо баҳонаи коркунӣ аз занҳои худ гурехта, ба хориҷи кишвар мераванд, чун сарбозони постҳои муҳимтарини сарҳади давлатиро бе назорат монда, ба ҷавобгарии сахтарин кашида мешаванд. 12. Занҳое, ки дар ҷойгоҳ бо сару либос мехобанд, чун қасдан пинҳонкунандагони молҳои камёб ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 13. Ин Огоҳнома қатъиян махфӣ нигоҳ дошта нашавад ва дар маъракаҳои туйи арӯсӣ, дар бозору варзишгоҳҳо, терминалҳои қатораю автобусҳо, портҳои киштию тайёраҳо, хулоса дар ҳамаи ҷойҳое, ки дар як соат на камтар аз 1000 кас ҷамъ мешаванд, бо овози баланд, ба воситаи баландгӯякҳои пуриқтидор ва бо радиою телевизион шунавонида шавад. 14. Огоҳномаи мазкур аз лаҳзаи эълон шуданаш мавриди амал қарор мегирад ва то қоимшавии қиёмат эътиборашро гум намекунад. Вазири ишқу муҳаббати сайёраи Замин Файзбахши Оташишқ. PS: Мазмун соли 1981 аз кадом як нашрияи русӣ гирифта шудааст. Номаш дар ёдам нест.
Хушдилам аз ин ҳунар… ба факултети суруду мусиқии Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода супурда, донишҷӯи ин макони ҳунар гардид. Панҷ соли таҳсил дар Донишгоҳ ноаён паси сар шуду вай ба зодгоҳаш баргашт. Азбаски ноҳияи Ишкошим он вақт ба мутахассисисони соҳаи санъату мусиқӣ ниёз дошт, ӯро ба мактаби мусиқии бачагонаи маркази ноҳия ба кор даъват намуданду фаъолияти меҳнатиаш аз даргоҳи ҳамин муассиса шуруъ гардид. Дар баробари ҳунаромӯзӣ ба шогирдони ин мактаб вай маҳорати эҷодии худро сайқал дода, сурудҳои тоза ба тоза меофарид. Таваккал Ширинбеков бо сабку услуби хосаи худ ва овози ширадору форамаш дар андак вақт ба дили мухлисони созу наво роҳ ёфт. Чун санъаткори асил вай дар ҳайати ансамбли «Лаъли Бадах-
шон» ва дастаи ҳаваскорони ноҳия дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мунтазам ширкат мекунад. Ғайр аз ин вай зиёда аз 20 оҳанг эҷод намудааст. Тӯли 30 соли фаъолияти корӣ ва эҷодиаш борҳо назди мухлисонаш ҳисобот дода, шабҳои эҷодии хешро баргузор намудааст. Сурудҳои Таваккал Ширинбеков «Ҳамин кофист» (сухани Мирзо Турсунзода), «Муаллим» (сухани Боқӣ Раҳимзода), «Хонаи санои Ваҳдат» (сухани Куйбек Шарифзода), ҳамчунин ғазалиёти Ҳофизу Саъдӣ, Ҷомию Навоӣ, Ҳилолию Бедил ва Хусрави Деҳлавию Ҷалолиддини Балхиро худ оҳанг бастаю бо лаҳни ширину гуворо тақдими ҳаводорони созу наво гардондааст. Моҳи июни соли 2013 вай бахшида ба зодрӯзи сарояндаи зиндаёд ва мумтози Шарқ Аҳмад Зоҳир дар Кохи “Тоҷикистон”-и пойтахт ҳунари хешро манзури
тамошобинони маркази кишвармон гардонд. Дар ин консерт ӯ бештар сурудҳои Аҳмад Зоҳирро манзури ҳозирон гардонд. Ба ҳунари баланди сарояндагии Таваккал Ширинбеков рӯзноманигорони шинохтаи ҷумҳурӣ Султони Ҳамад, Бек Раҳмонӣ, устодони Донишгоҳи санъати ба номи Мирзо Турсунзода баҳои баланд доданд. Чун аз ҳунарманди ҷавон Таваккал Ширинбеков сирри
муваффақиятҳояшро пурсидем, ӯ лабханде карду чунин посух дод: - Ман ягон сирру асрори ниҳоние надорам. Танҳо касбу ҳунари интихобкардаамро дӯст медорам. Тақлид кардан ва бо фонограмма хонданро намеписандам”. Оре, маҳз ҳамин хислатҳои хубаш ӯро соҳибэҳтиром гардондаанд. Айни ҳол сарояндаи хушсадо, мутриби чирдаст ва оҳангсози мумтоз Таваккал Ширинбеков дар ансамбли тарона ва рақси «Лаъли Бадахшон»-и ноҳияи Ишкошим ба ҳайси роҳбари мусиқӣ фаъолият дораду ҳунари хешро ба ҷавонон меомӯзонад. Чизе ки ӯро азизу маҳбуби ҳамагон гардондааст, ин хоксорию фурӯтанӣ ва ҳалимию меҳрубониаш мебошад. Хушдилам аз ин ҳунар, ман дӯстдори санъатам, З-ин сабаб бо ҷону дил машғули кори санъатам. Куйбек ШАРИФЗОДА, рӯзноманигор
www.javonon.tj
Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёнаи зодгоҳаш деҳаи Рин вай яке аз аъзои фаъоли маҳфили ҳаваскорони санъат буду дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявии «Ғунчаҳои санъат» фаъолона иштирок мекард. Рӯз аз рӯз меҳру муҳаббаташ ба санъат бештар мегардиду оташаки дар ниҳодаш пайдошуда аланга мегирифт. Ниҳоятан мактаби миёнаи рақами 20 ба номи Шариф Раҳматов воқеъ дар деҳаи Рини ноҳияи Ишкошимро бо баҳои хубу аъло хатм намуд. Шавқу ҳаваси ҳунарпеша шудан Таваккалро озими пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбеи дилоро гардонд. Ҳуҷатҳояшро
бархе аз ҷавонони мо истифода менамоянд. Пас, мо - ҷавононро мебояд, ки ҳушёриро аз даст надода пайваста пайи омӯзиш бошем, то ки ба доми гурӯҳҳои манфиатталаб гирифтор нашавем ва ояндаи худро насӯзем. Мо бояд пайрави гузаштаҳои худ, пайрави аҷдоди бузурги худ бошем, ки пайваста ба ростӣ ва ба хизмат барои мардум даъват кардаанд ва накӯиву рафтори ҳамидаро талқин намудаанд. Чунончи, ҳазрати Бедил фармудааст:
1. Занону духтароне, ки аз чашмони ошиқонаи худ мардҳоро ҳадафи тири нигоҳ мегардонанд, чун қасдан истифодабарандагони яроқи девонакунанда ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. 2. Занону духтароне, ки қошу мижаҳои худро ранг мекунанд ва инчунин абрӯвонашонро чида, ба рӯяшон ҳар гуна рангҳои кимиёӣ мемоланд, чун вайронкунандагони тарҳи берунии бинои махсус ҳимояшавандаи фарҳангӣ ба ҷавобгарии сахти маъмурӣ кашида мешаванд. 3. Мардҳое, ки ба занони бегона хушомад зада, онҳоро ба худ моил месозанд, чун вайронкунандагони қоидаҳои шикор дар мавзеи мамнуъ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. 4. Зану шавҳарҳое, ки зиёда аз 5 сол бо ҳам зиста, фарзанддор нашудаанд, чун одамони хунукназар нисбат ба вазифаи асосии худ ба ҷавобгарии сахт кашида мешаванд. 5. Духтароне, ки синнашон ба 25 расидаасту то ин дам бе сабаби узрнок ба шавҳар набаромадаанд, чун саркашон аз меҳнати фоиданок ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 6. Мардҳое, ки бо занҳои бегона зиндагӣ мекунанд, чун истифодабарандагони моли мардум бе розигии соҳибонашон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. 7. Занҳое, ки баъзе шабҳояшонро бо мардҳои бегона рӯз мекунанд, чун дуздони қувваи мардони корӣ ба ҷавобгарии сахт кашида мешаванд. 8. Занҳое, ки аз ҳисоби ҳамсояашон кӯдакдор мешаванд, чун орандагони моли бегона ба оилаи худ ба ҷавобгарии қатъӣ
е-mail: javonontj@mail.ru
14
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №13 (9439), 31 марти соли 2016
Шоири таронасарои Ватан
Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон 100-солагии шоири маҳбуб, ватандӯст, тарҷумон, ҷанговар Ҳабиб Юсуфиро ҷашн гирифт. Ҳабиб Юсуфӣ (Юсуфов Ҳабибулло) 22 феврали соли 1916 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи мударрис ба дунё омада, яке аз шоири намоёни ҷавон ва тарҷумони соҳибистеъдоди тоҷик мебошад. Соли 1940 факултаи филологияи Университети давлатии Узбекистонро хатм карда, ходими илмии Институти таърих, забон ва адабиёти филиали Тоҷикистонии АУ Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Соли 1942 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд. Соли 1943 омӯзишгоҳи ҳарбиро хатм кард ва ӯро ба ҷабҳаи Ленинград фиристоданд. Ҳ. Юсуфӣ дар озод кардани ҷумҳуриҳои назди Балтика ва Лаҳистон иштирок кардааст. Шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ дар 17-солагиаш навишта шудаанд. Дар роҳи эҷод бошад, адиби шаҳид ҳамагӣ ҳашт сол қалам рондааст. Дар ин муддати хеле кӯтоҳ ӯ беш аз 150 шеър, 2 достону 8 мақола навиштааст. 12 достони адибони рус ва беш аз 200 шеърро тарҷума кардааст. Офаридаҳои Ҳабиб Юсуфӣ аз ҷиҳати мавзуъ бой аст, вале Ватан аз муҳимтарин мавзуъҳои эҷодиёти ӯ мебошад. Баъди мутолиаи ашъори Юсуфӣ хонанда иқрор мешавад, ки эҷодиёти ӯро тавсифу тараннуми Ватан ташкил додааст. Тасвири образи Ватанро тамоми эҷодиёти Юсуфӣ гуфта метавонем. Шоири ватандӯст бо тамоми ҳастиаш меҳру муҳаббати худро ба Ватан ифода кардааст. Ӯ меҳри Ватанро аз ҳама чиз болотар ва муқаддастар меҳисобад. Ҳабиб Юсуфӣ бовари комил дошт, ки Ватанаш дар оянда қуллаҳои илми замонро фатҳ карда, комрон мешавад. Юсуфӣ ошиқи
Нуруллоҳи ОРИФ
Вохӯрӣ
www.javonon.tj
(Дар кӯчаи Пушинги ноҳияи Данғара пас аз анҷоми наврӯзӣ) Гулдухтаре мерафт роҳ Андар Пушинги Данғара. Мехурд пош аз тахтапушт Мӯяш ба қад чун шаршара. Дил хост аз ҷо хеста, Пешаш равам, сар хам кунам. Дар рӯди мӯяш шуста рӯ, Куфти раҳамро кам кунам. Афсӯс рафт ӯ, монд, монд Раҳро ба гесӯ руфтанош. Чун мум обам кард, кард Бар ман «Кӣ ҳастӣ», гуфтанош. Рафт ӯ, вале дар шаршара Сар то ба пояш ғарқ монд. Айбаш ҳамин, к-он моҳрӯ Моро ба меҳмонӣ нахонд.
зиндагии озодона буд. Муваффақиятҳо, хушбахтиҳо, комёбиҳо, суруру нишот ба шодии ӯ фараҳи тоза зам менамоянд ва нест кардани монеаҳо ва душвориҳо дар дили ӯ ҷӯши мубориза бармеангезад, аз нокомиҳо ғам мехӯрад ва дар рӯзҳои барои Ватан душвор рафиқи муборизи вай аст. Ватан ва тараннуми он ба лирикаи ишқии шоир низ таъсири калон расонидааст. Дар эҷодиёти ӯ духтари тоҷик дигар мутеву нотавон нест ва ҳар корро чун сарнавишти тақдир қабул намекунад. Вай барои бахту саодат ва фирӯзмандии ҳаёти хеш мубориза мебарад. Аз муваффақиятҳои Ватани азизаш дили шоир ба ҷӯш меояд ва шоир тайёр аст, ки ба Ватан содиқона хизмат карда, тамоми ҳастиашро ба он бахшида, ҳатто агар лозим шавад, ҷони худро дар ин роҳ нисор кунад. Барои ҳар яки мо боиси ифтихор аст, ки ашъори чунин шоири баландистеъдоди бузурги тоҷик ва ҳимоятгари Ватан дили хонандагонро ба ваҷд меорад. Бинобар ин омӯхтани таърихи эҷодиёти шоир диққати ҳар шахси бошуурро ҷалб мекунад. Мақолаҳои илҳомбахши ин шоири соҳибистеъдоди тоҷик, шаҳиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба мавзӯъҳои қаҳрамонӣ, фидокорӣ, ҳимояи Ватан ва ҷоннисориҳо дар роҳи Ватан бахшида шудаанд. Шеъру достон ва мақолаҳое, ки ба қалами ӯ тааллуқ доранд, хонандаро ба ҳисси муҳаббат нисбат ба халқу Ватан даъват мекунад ва хонанда Ҳабиб Юсуфиро чун як нафар фидокори роҳи Ватан, ҳимоятгар ва таронасарои кишвари ба ҷону дил баробар ҷилвагар месозад. Баъди мутолиаи шеърҳо ва мақолаҳои ӯ хонанда як илҳоми тоза ва фараҳи беандозае мегирад. Шоир дар ашъораш на танҳо имрӯзи Ватанро ба хубӣ мебинад, балки ояндаи дурахшони онро низ пеши назар меорад. Шоири ватандӯст тамоми меҳри худро ба
Рӯзи Наврӯз Ид, эй ёрон, муборак, рӯзи Наврӯз омада, Ошиқони зорро чун ёри дилсӯз омада. Риштаборонро ба сӯзаннурҳои худ кашон, Чевари меҳру баҳорон сӯзанидӯз омада. Дар шукуфтанҳо замин аз ашкрезиҳои абр, Осмони гирярӯро хандаомӯз омада. Гуларӯси сол, то чашми чароғи олам аст, Чеҳраафрӯзии ӯ моро дилафрӯз омада. Тирарӯзиро паси сар карда равшанрӯзгор, Аҳди Аҳреман гузашта, ҳадди Ҳурмӯз омада. Гар ҷаҳонӣ гашт ҷашнаш, эй азизон муждае, Бар куҳанрӯзи замон Наврӯз фирӯз омада! Файзимади Назар муаллими МТМУ №56-и шаҳри Ваҳдат
Ватан ифода кардааст. Ӯ меҳри Ватанро аз ҳама чиз болотар ва муқаддастар медонист ва барои Ватан қурбон шуданро хушбахтӣ ҳисоб мекард. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ватандӯстии шоир бо меҳри нав зуҳур кардааст. Ӯ дар роҳи муҳофизати Ватан қаламро бо шамшер иваз кардааст, ки ин қаҳрамонии бемисл мебошад:
Вақти он аст, эй қалам буррандатар гардӣ зи теғ, Вақти он аст, эй сухан ғуррандатар гардӣ зи барқ. То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи бех, То расӣ Манҳус анчарро кунӣ бешоху барг! Ин аст, ки шоир бо қаҳрамонӣ ва фидокориҳо то сарзамини Варшава расида, дар яке аз муҳорибаҳо, ҳамагӣ ду моҳ қабл аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ 4 феврали соли 1945, дар 29-солагӣ ҷонашро дар роҳи Ватан нисор кардааст. Бузургии эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ дар адабиёт асосан дар се самт равона шудааст: лирика, танқиди адабӣ ва тарҷумаи бадеӣ. Лирикаи шоир гуногунмавзуъ ва рангоранг аст. Дар он бахту саодати занони озод, пешравиҳои коргари тоҷик, мубориза барои сулҳу амнияти умумибашарӣ, дӯстии халқҳо, мақоми партияи коммунистӣ тасвир гардидаанд. «Ба духтари тоҷик», «Зи ту қаҳрамонию аз мо мадад», «Ишқи Ватан», «Ба пешвози Октябр», «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар», «Муҳаббат ва ҳақиқат», «Лаҳзаи хурсандии ман» ва ғайра дар мавзуъҳои гуногун навишта шудаанд. Юсуфӣ яке аз асосгузорони мактаби тарҷумаи бадеӣ мебошад. Бисёр асарҳои русиро ба тоҷикӣ гардондааст. Минбаъд тарҷума ва омӯзиши эҷодиёти адибони рус кори асосии ӯ, мавзӯи доимии
Абдурауф МУРОДӢ
Пазмонӣ Ба фарвардин бигӯ, пазмони ӯем, Ба хоби хеш «фарвардин» бигӯем.
суҳбат, мақолаву тақризҳо гардидаанд. Тарҷумаи бадеӣ як ҷузъи калонтарини эҷодиёти Юсуфӣ ва гузориши бузурги ганҷинаи мадании миллӣ ба шумор меравад. Шоир як силсила достон ва садҳо шеъри А. Пушкин, Ю. Лермонтов, Н. Некрасов, И. Крилов, В. Маяковский, Т. Шевченко ва дигаронро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Хизматҳои ҷангии Ҳабиб Юсуфӣ дар ғалаба бар фашизм ва озод кардани мамлакат аз истилогарони немис бо ордени Ситораи Сурх, медали «Барои мудофиаи Ленинград» қадр шудаанд. Шеърҳои аз дилу ҷон навиштаи шоир нотамом ва бисёр суханони мутаассири вай ногуфта монданд. Аммо фашизми лаъин натавонист, ки хизмати ӯро дар назди адабиёт ва халқ нобуд созад. Ҳабиб Юсуфӣ чун шоир ва муборизи ҳамешаҷавон барои ифодаи музаффариятҳои замон сарбаландона қадам зада, номи неки худро дар таърих боқӣ гузошт. Гулбаҳор ҲОМИДОВА, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Ба фарвардин бигӯ, эй манбаи фар, Таҷаллӣ бахш бар озодакишвар. Ба фарвардин бигӯ, ки бо баҳораш Биёяд зудтар, мо интизораш…
Сурур
Ба фарвардин бигӯ, мо беқарорем, Таҳаммул фасли сарморо надорем.
Тоза механданд мардум, ҳаббазо, Ҷумла хурсанданд мардум, ҳаббазо!
Ба фарвардин бигӯ, гар дер созӣ, Дили моро зи ҳастӣ сер созӣ!
Кинаи деринаро аз синаҳо Дур афканданд мардум, ҳаббазо!
Ба фарвардин бигӯ, таъхир манмой, Дари пурнақши худ бар халқ бикшой.
Рӯҳҳо осудаву болидаанд, Рӯҳпайванданд мардум, ҳаббазо!
Ба фарвардин бигӯ, осори сардӣ Гузашт аз устухонҳо, дер кардӣ!
Бандҳо бигсаставу ворастаанд, Берун аз банданд мардум, ҳаббазо!
Ба фарвардин бигӯ, эй ҳамдами мо, Биёву тоза кун аз дил ғами мо.
Ёди дунёи ниёгон мекунанд, Дар Самарқанданд мардум, ҳаббазо!
Ба фарвардин бигӯ, эй манбаи нур, Сиёҳиро бикун аз мулки мо дур.
Эй баҳорон, бехазонии туро Орзуманданд мардум, ҳаббазо!
САЙҚАЛИ ХОТИРА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №13 (9439), 31 марти соли 2016
«Кунад … бо … парвоз»
… Рай, актрисаи њиндї
Нишона, хусусият
Љойи майда кардани гандум
Давлати Голливуддор (ихтисора)
Асбоби мусиќии миллии зарбї
Хеши наздик
Зарф мукофоти варзишгар
Сол Љуфт чорто барои дорад мард
«… љамъ шавад, дарё мешавад»
Анљоми дуо
Меваи нопухта
"... Ќонун", асари Сино
Кушоду равшан
«Кавказ» ба тољикї
Њокими аморат
Нангу номус
Гулоб, одеколон
Мушак (русї)
Дарозї зарби бар = ? «Оружие» ба тољикї
Баба … аз афсонањои рус
Адади тољикї ва «ња» ба испанї
Шарм
Шўрбо таоми чандум аст?
Асбоби челонгар
Н (лотинї)
е-mail: javonontj@mail.ru
Анзоб, Шаршар, Фахробод
Фамилияи аслии Шабнами Сурайё
15
Тими футболи Рим (Италия)
Бародар
Ѓурур
Сардори муаллимон
Яке аз занњои бињиштї
Дарёи дарозтарини олам (Африќо)
Давлати араб, пойтахташ Санъо
Суњроби …, сароянда
Њарфи аввали алифбои арабї
... и никоњ, ањднома
Биринљ дар сањро
Номи истењзоомез
Офати табиии бањорї
«…и арљманди мо» (гимн)
Љомаи миллии љопонї
Асосгузори коммунизми илмї Карл ...
Навъи андоз
Барои навиштан дар тахтаи синф
"Ёр ... бошад, кор сањл аст"
Њайвони дарёии калонљусса
Додар (лањљ.)
Пешоянд
«Дўзах» ба русї
Ќатораи зеризаминї
Њунарпешаи театр
Њаё, ор Абру
Миллати сокини Вашингтон
Асъори Литва
Раќам барои кушодани ќулф
Тамѓаи яроќи Калашников
Дидор
Љўрабек ..., њофиз ва оњангсози тољик
www.javonon.tj
Барањна, урён
Узви биної
Одами хурдсол
ба ... орад рўзгор» (шеър)
Нўшокии спиртии 40-дараљадор
Пойтахти Бошќирдистон
Дўкон
Духтари калонї барои «Чу хурдињо узверо
Мавлоно Љалолиддини …ї
Овозњои халалрасонанда
Бозичаи духтарон
Гандум баъди осиёб
... ато, шањр дар Ќазоќистон
Масъаларо чї кор мекунанд?
Сарояндаи эронї
Нињоли ангур
Ќош
Номи имрўзаи ноњ. Куйбишев
Вале, лекин
Аз рўбоњ калон, аз гург хурд
Ќаланфур
Сањар, пагоњї
«Њоло …», филми тасвирї
Номи аслии Маљнуни ошиќ
Автомашинаи љопонї
Кассетаи магнитофон
Барги ..., гиёњи табобатї … кардан – изњор кардан
Муќобили шаб
Чароѓ
Пойтахташ Ќохира
Сарбоз дар сарњад
Пойтахти Италия ... и Шодиев, сароянда
Сабр
Миён
Чорпои бор- Домоди Расукаши хонагї ли Акрам (с)
Муњаббат, мењр
Иисус ба тољикї
Расиши лабњо
е-mail: javonontj@mail.ru
16
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №13 (9439), 31 марти соли 2016
Лутфи ҷавонӣ
ОБУНА - 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Беҳрӯз аз падараш мепурсад: - Падарҷон, камон аз автомат чӣ фарқ дорад? - Камон монанди гапзании ман аст, автомат монанди гапзании модарат.
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои нуҳ моҳ - 48,75 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
***
Раис: - Беҳрӯз, дигар кор надорӣ, ки доим дар идора сканворд пур мекунӣ? - Хайр, дигар чӣ кор кунам, раис? Ҳамин қадар даро баро бисёр ки, хоб рафтан намешавад.
***
Пӯлодбойро диданд, ки болои бед баромадааст. Аз ӯ пурсиданд: - Чӣ кор мекунӣ, дар болои бед? Гуфт: - Тут мехӯрам. Гуфтанд: - Эй аҳмақ, охир ин дарахтӣ бед аст. Гуфт: - Аҳмақ шумоед, ман дар ҷайбам тут овардаам.
АНДАРЗ Дар мамлакате ҳар кӣ ба дуздӣ айбдор мешуд, мувофиқи амри подшоҳ дастонашро мебуриданд. Боре яке аз хизматгорони дӯстдори подшоҳ ба дуздӣ муттаҳам мешавад. Шоҳ, ҳарчанд ғамгин буд, аммо наметавонист амри худро пас гардонад, чун ин анъана солҳо боз идома дошт ва тавассути он сокинони мамлакат аз ғорат шудани молу амволашон дар амон буданд.
Муҳаббати духтар
www.javonon.tj
Вақте мардро ба ҷойи дастбурӣ овардани мешаванд, гиряи баланди духтараки хурдсоле ба гӯш мерасад. Кӯдак хоҳиш мекунад, ки ба ӯ иҷозати бо подшоҳ вохӯрдан диҳанд. Ӯ фарзанди ҳамон хизматгори айбдоршуда буд. Иҷозаташ медиҳанд. Ба назди подшоҳ ҳозир шуда, ҳар ду пои ӯро сахт оғӯш гирифта бо овози ларзон мегӯяд: - Фармонравои бузург, падарам баъди ин амри шумо бе даст хоҳад монд. Хоҳиш мекунам ӯро озод кунед ва дастони маро бибуред! Шоҳ аз муҳаббати кӯдак нисбат ба падараш сахт мутаассир шуда, мегӯяд: - Хоҳишат қабул, духтарам. Вале метавонӣ то лаҳзаи охирин фикратро иваз кунӣ. Духтаракро ба макони дастбурӣ меоранд. Ҳавлии пури хун ва ҷаллоди бераҳм дар дили вай тарс афканда буд. Аз манзараи даҳшатангез ранги духтарак сафед шуда, хоҳиши аз мақсади худ гаштан намуд. Вале боз ҳам шуҷоат ва меҳри падар ӯро водор намуд, ки дастони хурдакаки худро рӯи тахРӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Табассуми пеш аз марг
та гузорад. Ҷаллод дастонашро мустаҳкам бубаст, аммо духтарак ҳарфе ба забон наовард, чун ҳама интизор буданд, ки аз фикраш мегардад. Ҷаллод шамшерро баланд бардошту духтарак чашмонашро сахт пӯшид. Аммо шамшер ба кунҷи ангуштони кабудшуда гузашт. Подшоҳ наметавонист дар ин манзараи мудҳиш ширкат варзад. Сафираш фармонеро қироат кард: “Подшоҳ гуноҳи падаратро барои меҳри беандозаи ту бахшид”. Сипас, падар давида ба назди ҷигарбандаш омад, ӯро ба оғӯш гирифт. Мард дастони хурди духтарашро мебусиду ашк рӯяшро мешуст. Рӯзи дигар бо фармони шоҳ анъанаи мудҳиши дастбурӣ бекор шуда, ба ҷойи тахтаи хунолуду шамшер дар макони дастбурӣ сутуни мармарин ниҳоданд. Дар он қиссаи муҳаббати духтарак нисбат ба падараш бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ гардида, гуфта мешуд: “Хушбахт он падаре, ки чунин фарзанд дорад!”
Сарбозеро барои аёдати падараш, ки дар ҳолати марг қарор дошт, аз хати фронт ҷавоб медиҳанд, чунки ӯ дар оила фарзанди ягона буд. Сарбоз вақте ба беморхона барои аёдати падари бемораш меояд ва дар вазнинхона мӯйсафедеро мебинад, ки ба даҳонаш нафаси сунъӣ часпонида шуда буду беҳуш мехобид, падараш набудааст. Касе хато карда, шахси тамоман дигарро аз хати фронт даъват кардааст. - Мӯйсафед чанд рӯзи дигар умр мебинад? - мепурсад сарбоз аз табиб. - Аз ҳама зиёд ду-се соат. Хуб кардед, ки ба вақташ расида омадед, - ҷавоб медиҳад духтур. Сарбоз баъди шунидани суханони табиб худ ба худ андешида мегӯяд: - Писари мӯйсафеди бечора ҳазор километр дур аз ватани худ ҷангида истодааст. Мӯйсафед бошад, бо умеди охирин маротиба дидор дидан бо фарзандаш бо марг даст ба гиребон аст. Сарбоз баъди андеши зиёд ба худ омада, ба назди болини мӯйсафед рафта менишинад ва дасти ӯро дошта, оромона мегӯяд: - Падарҷон, ман аз фронт баргаштам. Мӯйсафеди мубталои марг ғайриихтиёр дасти сарбозро медорад ва чашмони то ин дам пӯшидааш кушода мешаванд. Табассуми ризоятмандӣ дар чеҳрааш ҳувайдо гашта, то дами марг боқӣ мемонад...
Таҳияи Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”
Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
***
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).
Аз Пӯлодбой пурсиданд: - Духтаратро ба кӣ ба шавҳар додӣ? Гуфт: - Бегона нест, домодам аст.
Таҳияи Беҳрӯз КАРИМЗОДА , “ҶТ“
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД Шаҳодатномаи гумшудаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун (хонаи истиқоматӣ), ки 11.03.2009 Идораи нотариалии ноҳияи Ҳисор бо суроғаи ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, деҳаи Бағалак ба номи Миралиев Комилҷон ва Миралиев Ҷалолиддин Сулаймонович, таҳти феҳристи 4Н-17 к/м 12/2009 додааст, эътибор надорад.
ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ Соҳибкори инфиродӣ Назруллоев Саиднуриддин Сайҳомуддинович (РЯМ 0430068100), ки аз 13.12.2010 дар Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. Соҳибкори инфиродӣ Холмуродов Қурбоналӣ Раҷабович (РЯМ 0230002722), ки аз 9.02.2007 дар Нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. •
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6980 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»