ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №14 (9544), 05.04.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №14 (9544), 05/04/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Шиносоӣ аз рафти корҳо дар Душанбе ... Аммо инҷо мехоҳам перомуни як модару тарбиятгар ва фаротар аз он мактабе гӯям, ки воқеан ҳам дар тарбия ва ба камолрасонии натанҳо як алломаву академик, як нависандаву шоир, як рӯзноманигору коршинос ва як филмсозу санъаткор, балки бисёре аз шахсиятҳои бузурги фарҳангии кишвар нақши бориз дорад. Он мактабест, ки чанд насли адибону рӯзноманигорони кишварро ба пояи камолот расонидаву ба қавли бисёре аз устодон ному нон додааст. Ба бисёри эшон аввалин маротиба чӣ будани лавҳу қаламро омӯхтааст. Чӣ будани касб ва касбиятро таълим додааст. Ва пешқадамиву собитқадам буданро дар ҳар пешае ба эшон шиор кардааст. Чун таърихи онро варақгардон мекунем, ба хубӣ дармеёбем, ки рисолати аслии он низ ҳамин аст. Ва ин мактаби бузург, бешак рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аст, ки дар давраҳои мухталиф бо номҳои гуногун ба нашр расидаву мураббӣ ва таълимдиҳандаи чандин насли ҷавони кишвар гардидааст...
2
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №14 (9544), 05.04.2018
ҲАФТАИ ПЕШВО
Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд 28 март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои Иди байналмилалии Наврӯз, расми кушодашавии як қатор иншооти ҷашнӣ ва шиносоӣ бо вазъи рӯзгори мардум ба шаҳри бостонии Панҷакенти вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ Пешвои миллат дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хати интиқоли барқи 220 киловолтаи “Айнӣ-Рӯдакӣ” ва зеристгоҳи барқии “Рӯдакӣ”-ро баъди таҷдиду навсозӣ дар доираи лоиҳаи “Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази идоракунии зеристгоҳ бо пахши тугмаи рамзӣ ин иншооти энергетикиро расман ифтитоҳ намуданд. Дар ин рӯз дар шаҳри Панҷакент Президенти кишвар Маҷмааи бузурги фарҳангию эҷодиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Нахуст Пешвои миллат дар саҳни ин маҷмаа аз рӯи муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ парда бардошта, дар пояи он гулчанбар гузоштанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент Боғчаи бачагонаи “Наврӯз”-ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 6300 метри мураббаъ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд. Дар маркази хизматрасонии “Ҳумо” дастовардҳо ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин, таомҳои миллӣ низ омода карда шуда буданд. Аз тарафи занони ҳунарманд дар дегҳои алоҳида намудҳои гуногуни анвои ширинӣ ва таом, аз қабили нишоло, ҳалво, хӯроки ҳадиса, оши куча, оши бурида, қурутоб, манту, омоч, атолаи кунҷӣ ва дигар намуди таомҳои қадима омода карда шуданд. Ҳамчунин, дар ҳамин
ҷо барои 150 кӯдаки ятими кул аз шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ хони идонаи наврӯзӣ ташкил карда шуд. Пешвои миллат ба 150 нафар ятимони кул туҳфаҳои идона тақдим карданд. 28 март дар шаҳри Панҷакент Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи корҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи “Абу Дониёров” ва “Саъдулло Рӯзиев” - и ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент шинос шуданд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар майдони 4 гектар ба кишти картошкаи барвақтӣ дар Хоҷагии деҳконии ба номи “Абу Дониёров” оғоз бахшида, бо фаъолияти гармхонаҳо дар хоҷагии ба номи “Саъдулло Рӯзиев” ва намоиши дастовардҳои меҳнатии аҳли заҳмати шаҳри Панҷакент шинос шуданд. Шоми рӯзи 28 март Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Нахуст Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми меҳнатқарини мамлакат ва шаҳри Панҷакентро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд. 29 март Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд. Дар ин ҷо Сарвари давлат аз фаъолияти пойгоҳҳои обкашии мавзеи ”Қизилӣ” ва “Сексарӣ”, ки баъди таҷдид ва азнавсозӣ ба фаъолият шуруъ кард, шинос шуданд. Баъди шиносӣ бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ дар як мавзеи хушбоду ҳавои байни шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Сарвари дав-
лат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳол ба бунёди боғи интенсивӣ дар майдони 20 гектар асос гузоштанд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, бастабандии маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, содироти он ва дар ин замина саҳм гузоштан дар яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ ба кишоварзону боғдорон маслиҳатҳои муфид дода, ин мавзеи зебоманзарро “Зарнисор” номгузорӣ карданд. Дар ин рӯз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашни ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба 150 нафар ятими кул туҳфаҳои идона тақдим намуданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин бо бардоштани парда аз болои лавҳа ба фаъолияти Маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии “Парламент” расман оғоз бахшиданд. Ин меҳмонхонаи замонавӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар мавзеи хушманзараи шаҳр кӯчаи Сирдарё, дар соҳили дарё, бо тарҳи зебою замонавӣ дар ҳудуди як гектар замин қомат афрохтааст. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти Қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” оғози расмӣ бахшиданд.
Шиносоӣ аз рафти корҳо дар Душанбе 2 апрел Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз рафти корҳои сохтмонӣ дар гулгашти қисми ғарбии хиёбони Рӯдакӣ шинос шуданд. Дар ин ҷо нахуст ба Сарвари давлат лоиҳаи бунёди гулгашти хиёбони Рӯдакӣ, ки дар қисми ғарбии Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати кишвар воқеъ аст, муаррифӣ карда шуд. Баъди муаррифии лоиҳа Президенти мамлакат бо раиси шаҳри Душанбе дар ҳамин ҷо дарахти каштан шинониданд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои давлатӣ бо истифода аз рӯзҳои мусоиди баҳорӣ дастур доданд, ки дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва маркази шаҳру ноҳияҳои пойтахт барои боз ҳам зебо шудани муҳити атроф гулу буттаҳо ва дарахтони зебои ороишӣ шинонанд.
Ҳамчунин Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев аз наздик ошно гардиданд. Тавре маълум гашт, ҷамъияти мазкур ба фаъолияти кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буда, аз калонтарин муассисаҳои кишоварзии ҳудуди ноҳия ба шумор меравад. Шоми 29 март дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Пешвои миллат бо корҳои ободонию созандагӣ дар Осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуда, ду иншоот - меҳмонхонаҳои наву муосири бо тарҳи замонавӣ бунёдшударо ифтитоҳ карданд. Шоми ин рӯз Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди осоишгоҳ ҳамчунин иншооти дигар - котеджи чӯбини бо тарҳи нодир бунёдшударо ба истифода доданд. Меҳмонсарой аз 2 ошёна, утоқҳои гуногун, аз ҷумла ошхона, меҳмонхона, ҷои хоб ва дигар ҳуҷраҳои истироҳатӣ иборат мебошад. 30 март дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарвар шинос шуданд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавзи махсус, ки дар он парвариши моҳиҳои хушзот ба роҳ монда шудааст, беш аз 10 ҳазор адад моҳии
навъи “амури сафед”-ро барои афзоиши ин зоти фоидаовар сар доданд. Масоҳати кӯли сунъӣ қариб 5 гектарро ташкил дода, аз рӯи маълумоти мутахассисони соҳа дар ин ҷо барои нигоҳдории даҳҳо ҳазор моҳиҳои навъи “амури сафед”, “пешонағафси сафед” ва моҳии “карп” имконият фароҳам оварда шудааст. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди сар додани моҳиҳои “амури сафед” ва шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии моҳипарвар мутахассисони соҳаро баҳри боз ҳам рушд бахшидан ба ин бахши сердаромад ҳидоят намуданд. 31 март дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд “Маркази таъминоти техникии рушноидиҳии парвозҳо”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд барои анҷоми корҳои ободонӣ ва дастгирии иқдомҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд. Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд анҷом ёфт. Таҳияи Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
1 апрели соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварда, дар ҶДММ “Хуталон” бо вазъи ин мамнуъгоҳ шинос шуданд.
Боздид аз мамнуъгоҳи “Хуталон”-и Данғара Масоҳати заминҳои мамнуъгоҳи “Хуталон” 6 ҳазор гектарро ташкил дода, бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин ҷо паррандагону чорвои нодир, аз қабили “оҳуи холдор”, “уреал-гусфанди кӯҳии бухороӣ”, “муфлон” ва аз паррандагон бошад, асосан “тазарв” парвариш меёбад. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат оянда бо дарназардошти имкониятҳои фаррох, боду ҳавои мусоид ва замини зархез барои парвариши ҳайвонҳои нодир мувофиқ, дар ҳудуди ноҳияи Данғара боз ду мамнуъгоҳ дар майдони 22 ҳазор гектар таъсис дода мешавад. Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки барқарорсозии муҳити экологӣ, набототу ҳайвонот ва парандагони он хуб ба роҳ монда шудааст. Баъди шиносоӣ Сарвари давлат доир ба масъалаи вусъати парвариши паррандаҳо, зиёд намудани саршумори чорвои нодир, инчунин ҷоннок намудани корҳои ободонӣ, ба тартиб даровардани ҳудуди мамнуъгоҳ, таъмини хурок ба ҳайвонот дар фасли сармо, дигар ҳайвоноту наботот ва тавассути ин муҳайё намудани заминаи рушди туризм ба кормандони мамнуъгоҳ ва роҳбарияти ноҳия супоришҳо доданд.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №14 (9544), 05.04.2018
АХБОРИ ҲАФТА
3
Истиқлол: Гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ
2-юми апрел, дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол маросими гусели ҷавонони шаҳр ба сафи Артиши миллии кишвар доир гардид. Дар ин чорабинӣ раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода ширкат варзида, зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ вазифаи ҳар як ҷавони бонангу ор аст ва имрӯз ҷавонони мо сарбаландона адои хизмат намуда истодаанд. Ҳамчунин раиси шаҳр миннатдории хешро ба волидайне, ки фарзандашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмати Модар –Ватан намуда истодаанд ва ба падару модароне, ки фарзандашонро ба ин мактаби ҷасорат фиристонида истодаанд, баён намуданд. Чун рамзи таваҷҷуҳ ба ҷавонони ватандӯст аз ҷониби раиси шаҳр ба даъватшавандагон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, баҳри болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”
Теъдоди занони роҳбар меафзояд 31 март, дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи "Занон дар идоракунии давлатӣ" доир гардид. Дар конференсия Лутфия Абдухолиқзода, ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ, Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон ва Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Лутфия Абдухолиқзода, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш иброз дошт, ки ҳамасола донишкада барои баланд бардоштани донишҳои назариявию амалии заноне, ки дар мансабҳои хизмати давлатӣ фаъолият менамоянд, шароит фароҳам оварда шудааст. Гуфта шуд, ки дастгирии давлату ҳукумат дар самти баробарҳуқуқии занон, қабули як қатор стратегияҳо, барномаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо қобили таваҷҷуҳ мебошад. Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 %-ро занон ташкил дода, 19% онҳо дар мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ кор мекунанд. Роҷеъ ба масъалаҳои баробарҳуқуқии мардону занон, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷараёни субъектҳои сиёсӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, татбиқи амалии Кодекси оила, рафти иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", пешгирии зуроварӣ дар оила, нақши занон дар идоракунии давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, дурнамои рушди қонунгузорӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занон дар кишвар бо зикри далелҳои илмӣ муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода андешаронӣ кард. Қайд карда шуд, ки соли ҷорӣ барои баланд бардоштани такмили ихтисоси заноне, ки дар мақомоти давлатӣ кор мекунанд, курсҳои такмили ихтисос ташкил ва гузаронида шуд, ки натиҷаи курсҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва мукаммал гардидани сатҳу сифати ҳайати кадрӣ мусоидат хоҳад кард. Аҳмадзода Дилноза, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз натиҷаи ҷараёни барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Стратегияи фаъолгардонии нақши занон дар идоракунии давлатӣ, мавқеи онҳо дар таълиму тарбияи фарзанд, ҷалби онҳо ба корҳои хонагӣ ва касбомузӣ суханронӣ намуда, афзуд, ки бояд занони мо донишманд, соҳибмаърифат ва тарбиятдиҳандаи насли худшиносу соҳибтамаддун бошанд. Дар интиҳои конфронси илмӣ-амалӣ аз тарафи донишҷӯёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рангини фарҳангӣ ва намоиши либосҳои миллӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд. Хуррамзода МУМИНШО, магистранти Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президент
Гуселонидани наваскарони Мурғоб 2-юми апрел бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Мурғоб дар ҳамкорӣ бо сохторҳои маҳаллӣ аз шаш ҷамоати ноҳия наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сафарбар гаштанд. Дар маросими гусел волидон, ҷавонони фаъолу зиёиён ширкату баромад намуда, баҳри содиқона хизмат кардан ба Ватан – модар ба ҷавонон барору комёбиҳо орзу намуданд. Жанпулод Қамчибеков, мудири бахш иброз дошт, ки имсол ҳам теъдоди ихтиёриён зиёд буда, нақшаи даъват дар ноҳия пеш аз мӯҳлат иҷро хохад шуд. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
Машқҳои пагоҳирӯзӣ дар вилояти Хатлон 31 март бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар 60 нуқтагулгашту хиёбонҳои 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гардид. Машқҳои мазкур бо мақсади таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш миёни аҳолӣ ба роҳ монда шуда, дар ин машқҳо 13990 шаҳрвандони синну соли гуногун иштирок намуданд, ки аз он 3050 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар шаҳри Бохтар дар вақти баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ тавассути асбобҳои садобаландкунӣ (динамикҳо) мусиқиҳо садо дода шуданд. Ин ҳолат баҳри ҷалби бештари сокинон ба машқҳо заминаи мусоид фароҳам овард. Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”
Озмуни вилоятӣ дар Суғд 31 март, бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд озмуни вилоятӣ оид ба омода намудани таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ байни волонтёрон бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид. Мадина Ҳомидова, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд чорабиниро ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки бонувону духтарон тарбиятгари насли оянда буда, баҳри посдории фарҳанг ва расму оинҳои миллӣ саҳми арзанда доранд ва бояд ҳар яке аз онҳо анъанаҳои миллиро донанд. Таъкид гардид, ки озмуни мазкур бо мақсади тарғиби расму оинҳои миллӣ, эҳёи ҳунару анъанаҳои мардумӣ ва омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад. Иштирокчиёни озмун таому хӯришҳо ва маҳсули дасти хешро, ки ҳунарҳои гуногуни мардумиро дар бар мегирифт, пешкаши ҳайати ҳакамон намуда, дар фарҷом ғолибон аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”
4
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №14 (9544), 05.04.2018
САЙРИ НАВРӮЗӢ
Инак, боз аз дуриҳои дур пайки суруру шодмонӣ, пайки орзуҳои ширин, пайки руҳбахшу дилнавозе расид. Ин пайк пайки ҷашни қудсиён, иди миллии тоҷикон, пайки Наврӯзи ҳуҷаставу фархундапай аст. Ва инак, боз диёри моро Наврӯзи навбаҳорон бо ҳазор рангу ороиш, ҳусну таровати тоза бахшид. Замин, ин модари муқаддас пероҳани идона ба бар кардаву интизори корнамоиҳои наву пурэъҷози фарзандони хеш аст. Ва инак боз насими мушкбези Наврӯз, нарм- нармак вазида, димоғро муаттар сохт. Ба руҳу равон қуввату қудрати дучанд бахшид. Баҳори имсола баҳори таърихӣ, баҳори деринтизор, баҳори барқарории дӯстӣ ва умеди дубораи мардум барои дидори дӯст, бародар, ҳамтақдир ва пайвандон гардид. Бо шарофати сиёсати сулҳпарварона, эҳёгаронаву бунёдкорона ва пайвандофарини дирӯзу имрӯзу фардои Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ҳамсояву бародар барқарор гардиданд. Ин тадбири нек низ аз оғози фасли баҳор ҳамчун пайки сарсабзиву сарбаландӣ, пойдориву тифоқӣ, дурбинии ояндаи Ватани маҳбуб аст. Баҳори имсола баҳори дӯстист. Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба имзо расидани як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими танзимкунандаи муносибатҳои давлатӣ ва баргузории чорабинии бошукуҳи идонаи “Шоми дӯстӣ” бо иштироки ду марди оқилу фозил, дурандешу ғамхори миллатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар саҳфаи таърихи миллат бо хатҳои заррин ва дар қалбу ёди ҳар як сокини шарафманди миллати тоҷик ҷовидон сабт хоҳанд гашт. Баҳори имсола баҳори таърихист. Бо қадами мубораки баҳори дилфиреб дар ҳар кӯчаву хиёбон майсаву гул мерезад. Суруру шодмонӣ мехезад, суруду тарона баланд танинандоз мегардад. Ин ҳама нишонаи пойдории сулҳу озодӣ ва шукргузории мардум барои таъмини ягонагӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ аст. Ҳамасола дар рӯзҳои аввали баҳорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як муҳаббати
Таманнои дил
беандоза, бо дилу нияти нек муждаи баҳорро бо шинонидани ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба кулли мардуми меҳнатқарину заҳматкаши тоҷик мерасонанд. Нақл мекунанд, ки ҳар як инсони шариф бояд дар зиндагӣ ақаллан як ниҳолакеро бишнонад, то ки нафаре аз меваи он ком тар намояд, ё аз сояи он истифода бурда, барои амали неку хайрхоҳона як каф дасти дуо бардорад. Ин амали некро тамоми мардум дар тамоми сатҳи ҷумҳурӣ идома мебахшанд, ки ин аз мактаби созандагиву ободкорӣ ва ватандӯстии Пешвои миллат сарчашма мегирад. Баҳори имсола баҳори шукуфтанҳову рустанҳост. Боз бӯи гарми суманак аз ҳар хонадон ба машом расид. Хони Наврӯзӣ густурда шуд. Мардум имсол ҳам, Наврӯзи дилафрӯзро бо беқарорӣ интизорӣ кашиданд. Ва сад шукр, ки насими форам аз дашту доман, аз куҳҳои сарбаланд бӯи хуши нахустин гулҳои наврӯзӣ-бойчечаку сияҳгӯшро ба машом расонид. Паррандаҳои хушхон, низ аз шохе ба шохе нишаста, ба лаҳни худ гӯё, якзайл месароянд: Наврӯз шуд, наврӯз шуд. Наврӯз аз қадим бо шукуҳу шаҳомати худ фарқ мекард, зеро, ки он аз омад-омади соли наву баҳори нав, рӯзгори нав мужда меовард. Мардум ин идро чун рӯзи пирӯзӣ бар торикӣ, рӯзи поёни сармову оғози гармо, чун рӯзи нав истиқбол мегирифтанд. Имрӯз дили кас, аз дидани муғчаҳои дарахтони қад -қади роҳ, ки майли шукуфтан
доранд, сабзаҳои махмалини лаби ҳавзу ҷӯйбор ва боғу гулгаштҳо, ки гӯё аз шодиву тараб ба рақс меоянд, лабрези фараҳ мегардад ва дил беихтиёр майли сайри дашту куҳсор мекунад. Ва ҳамагӣ дар баҳори нав, дар соли нав орзуҳо мекунему ниятҳои нек дар дил мепарварем. Худо кунад, ки соли нав аз баҳораш нек бошад. Зеро, ки гуфтаанд: “Соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост”. Баҳори имсола низ чун мӯъҷизакори беҳамто дилҳоро тасхир намудаву деҳқони пухтакор ба ҳусни замин ҳусни дигар зам месозад. Ҳастӣ ва вуҷуди деҳқон ин замин аст. Ӯ заминро сарвати гаронбаҳо ва мояи рӯзгори пурнуру сафо мешуморад. Инро ҳам медонад, ки агар бо замин муомилаи оқилона, навозиш ва меҳрубониҳо кунад, он файзу таровати тоза пайдо месозад ва аз саховаташ куҳҳои пахта, ғалла, гӯшту шири фаровон ва дигар анвои неъмат мебахшад. Имрӯз деҳқон камари ҳиммат баста, бо умеди рӯёнидани хирмани тиллоӣ, ба замин донаи умед мепошад, чӯпон рама ба пуштаҳо меронад, ки ранҷи дар зимистгон кашидааш самар бахшад, боғбон ниҳол мешинонад, ки боғи ояндааш сербор гардаду ҳосили дилхоҳ ба даст орад. Бошад, ки ҳар нияти нек ҷомаи амал пӯшад. Бошад, ки ин баҳор бо ҳусни беназиру нуру саховати оламгираш ҷаҳонро биафрӯзад, ба дилҳои сардгашта ҳарорати худро бедареғ нисор созад. Таҷлили мутантани ҷашни Наврӯзи имсола бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бори дигар собит сохт, ки ин ҷашни таърихӣ, ҷашни бузурги муаррификунандаи давлату миллат, таърихи фарҳанги қадимаи тоҷикон, ҷашни мансуб ба табиату инсон аст. Таъкидҳои Роҳбари давлат зимни суханҳои табрикотии наврӯзӣ, зикр гардидани насиҳатҳои муфид ба ҷавонон вобаста ба гиромидошти ин ҷашни муқаддас, ҷашне, ки бо худ сабзишу рӯйишро меоварад, покизагию гармӣ ва меҳрубонию самимиятро дучанд месозад, қалби ҳар як ҷавони бонангу номусро тасхир сохт, хусусан даъвати Роҳбари давлат ҷиҳати рафъи бадбиниву хусумат, торикию сардӣ ва ғубору қудурату бадиҳо дар айёми фархунда ва камари ҳиммат бастан ба хотири ободиву шукуфоии Ватани маҳбуб аз ғамхориву таваҷҷуҳи беназир нисбати қишри пуриқтидору бунёдкори ҷомеа шаҳодат медиҳад. Ҳарчанд, ки табиат, осмон, куҳу дарё, офтоб, моҳу ситорагон, гулу дарахтон-ҳама дар ин рӯзҳои фирӯз ҳусни наве ба худ мегиранд, боз ҳам ниёз аз одамон дигар аст. Моро низ бояд, ки зоҳиру ботини худ зебо гардонем. Тозагиву ободиро аз хонаҳои худ оғоз намоем ва сипас ба озодию ободии Тоҷикистон, Ватани азизи худ бикӯшем. Аз қадим, ҳам тоҷикон Наврӯзро бо дилу ботини соф пазироӣ мекарданд, хонаҳояшонро танзим намуда, назди ононе, ки озурдагӣ доштанд мерафтанд, дасти оштӣ дароз мекарданд ва ба ин тариқ рӯҳи гузаштагони худ шод менамуданд, зеро хуб медонистанд, ки танҳо дар мазраи дилҳои пок метавонад донаи бегазанд қомат афрозаду бишкуфад ва самар диҳад. Наврӯз, ки афрӯзандаи дунё аст, бигзор дилҳои мардумонро ҳам бияфрӯзад то, ки онҳо ҳаётро дӯст доранд ба ҳам дӯсту бародар бошанд ва дар ободиву пешрафти ин Ватани маҳбуб кӯшиш намоянд. Ва бигзор, ки дар анҷоми ҳама корҳои нек ақли солим ҳидоятгар бошад. Мужда, эй ҳамватанон, фасли баҳор омад боз, Рангу бӯи тару тоза ба диёр омад боз, То ба Наврӯзи дигар рӯзи шумо хуррам бод, Рӯзи хуш сарфи хушиҳои бани одам бод! Дилноза АҲМАДЗОДА, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Наврӯз ҷашни дилҳост Вақте ба табиат назар мекунем, аз гулу бутта ва дарахту майсаҳо бӯи хушу накҳати форам ба машом мерасад. Кош дили инсон низ шабеҳи ин табиати зебо поку беғам бошад. Ин ҳама зебоӣ марбути фасли баҳор аст. Имрӯзҳо мо дар арафаи Наврӯзи аҷам қарор дорем. Агар таърихи ҷашни Наврӯзро варақ гардонем, шоҳид мегардем, ки мутафаккирону шоирони бузурги мо ин ҷашнро тавлид кардаанд, яъне бунёдгарони ҷашни Наврӯз аҷододони тоҷику форс мебошанд. Мо ҳамагон медонем,
ки яке аз шахсони намоёни ин ҷашни бузург шоҳ Ҷамшед аст. Зеро Шоҳ Ҷамшед ба тахт нишастани хешро Наврӯз хонд. Мутафаккири барҷаста, Абурайҳони Берунӣ дар асари худ “Осор ул боқӣ” чунин овардааст: “Ва оини Сосониён чунин буд, ки подшоҳ ба рӯзи Навӯз шуруъ мекард ва мардумро эълон менамуд, ки барои эшон омадааст, то ба эшон некӣ кунад, рӯзи дуюмро барои деҳқонон, рӯзи сеюмро барои сипоҳиён ва бузургону мубадиён ва рӯзи панҷумро барои хонавода ва ходимони худ
ҳар кадомро мустаҳақи рутба ва икром будан ҷудо мекард ва он чи сазовори эҳсону инъом будан, мерасонид ва чун рӯзи шашум мешуд, аз қазои ҳуқуқи мардум фориғу осуда шуда буд ва барои худ Наврӯз мегирифт”. Имсол ҷашни Наврӯз дар кишвар бо тамоми ҷузъиёташ ҷашн гирифта шуд. Дар ин ҷашни ниёгон тамоми мардум бо хурсандӣ ҳамдигарро табрик гуфта кину адоватро аз қалбҳо дур месозанд. Аз ин рӯ, бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин ҷашн на
танҳо ҷашни табиат, балки ҷашни сулҳу дӯстист. Зеро бо қадами хуҷастаи иди Наврӯз шодиву сурури хурду бузурги мардуми сарфарози ин меҳани биҳиштосо то
ба фалак мерасаду онро дар тамоми ҷаҳон ҷашн мегиранд, ки ин боиси ифтихори мост. Фарзонаи ҚУРБОНАЛӢ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №14 (9544), 05.04.2018 (Идома аз шумораҳои гузашта) Соли 2013 бо корҳои нек ва шодиву нишоти зиёд Наврӯзи ҷаҳониро дар тамоми кишвар истиқбол гирифтанд. Дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат созандагиҳои нав ба нав оғоз гардид. Яке аз оинҳои наврӯзӣ, ин аз тариқи ҳашар анҷом додани корҳост. Дар гузашта ва ҳоло низ дар деҳаҳо пеш аз Наврӯз ҷӯйҳо, кӯчаҳо, сайргоҳҳо ва ҷойҳои муҳимро тоза менамуданд. Ба тариқи ҳашар ниҳол мешинониданд, боғҳоро ба тариб медароварданд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои қадим дар рӯзи сеюми Наврӯз мардум ба ҳашари ободии муҳити зист баромада, деҳқонон корҳои кишоварзиро вусъат мебахшиданд. Аз ин рӯ, бо ташаббусу пешкории Сарвари давлат 23 марти соли 2013 мардуми шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар ба ҳашари умумӣ баромаданд. Таи чанд сол аст, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сартосари кишвар ҳашари ниҳошинонӣ пеш аз Наврӯз ва гоҳе пас аз он баргузор мегардад ва дар баъзе аз онҳо худи эшон бевосиста ширкат менамоянд. Мардум бо сарварии Ҷаноби Олӣ 23 марти соли 2013 ба ҳашари умумӣ баромада, ба монанди оини ниёгон ба поксозию ободонии муҳити зист ва ниҳолшинонию кабудизорсозии атроф шурӯъ намуданд. Соли 2013 Сарвари кишвар дар ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз, дар кишвари Туркманистон иштрок намуданд. Ин тантанаҳои наврӯзи байналмилалӣ дар Ашқобод бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, намояндагони воломақоми Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистону Қирғизистон, Тотористони Русия, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари шуъбаи ин созмон дар Женева ва ҳайатҳои илмию фарҳангӣ аз кишварҳо ва созмонҳои дигар баргузор гардид. Дар Ашқобод ба муносибати таҷлили Наврӯз конфронси байналмилалии “Наврӯз ҷашни инсондӯстӣ ва рифоъ” доир шуд. Дар ин конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба чанд нуктаи муҳими Наврӯз ишорат намуда аз ҷумла гуфтанд: “Ин сарзамини меҳмоннавоз дар гузашта ва имрӯз ба фазои ягонаи тамаддуние дохил мешавад, ки ватани Наврӯзи оламафрӯз ба шумор меравад”. Ба монанди солҳои пешин дар ин сол низ аз тариқи воситаҳои ахбор дар бораи Наврӯз асарҳои зиёди хурду калон чоп шуданд. Китоби Р. Раҳмонӣ «Наврӯзи ориёии тоҷикон» (2013) яке аз онҳост. Дар ин китоб дар бораи Наврӯз, ба таври муқоисавӣ, бо андешаҳои дигар оинҳои наврӯзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифаст. Соли 2014 низ дар таърихи кишварамон Наврӯз хотираҳои нек дошт. Ҳама сола дар кишвар пеш аз ҷашни Наврӯз ва баъд аз он иншоотҳои муҳими давлатӣ ба истифода дода мешавад. Ҳар сол корхонаҳо, мактабҳо, биноҳои
МУЛОҲИЗА истиқоматӣ, роҳҳо ва муассисаҳои муҳимро шахсан худи Пешвои миллат ифтитоҳ менамоянд ва таҳкурсии сохтмонҳои минбаъдаи муҳимро мегузоранд. Хеле хотирмон буд, ки 19 марти соли 2014 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, бегоҳӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, мавриди баҳрабардории умум қарор гирифт. Маълум шуд, ки боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам кардааст. Дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар овардаанд, аз ороишоти асосии
Наврӯз бар ҷавҳари инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва парастиши некиву накукорӣ асос ёфтани он аст”. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки “ин ҷашни пурифтихор ба ягон дину мазҳаб робита надорад, тобеи ягон мафкура ё ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ нест ва аз ҷумлаи ҷашнҳои камназири башарият аст, ки онро хурду бузурги мардумони мухталифи сайёра истиқбол мегиранд”. Ҷаноби Олӣ бо муҳаббат ба идомаи суханони худ дар ҷашни Наврӯзи соли 2014 гуфта буданд: “Ба ин маънӣ метавон дилпурона изҳор намуд, ки Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, ойини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват аст.” Тибқи анъана дар айёми наврӯзи хуҷастапай ва зимни мулоқот бо зиёиёни мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, иртибтот ёдовар шуда, тасмимҳои ояндаи давлату ҳукуматро эълом медоранд.
гузор гардид. Қобили ёдоварист, ки дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара, ки дорои 12 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, ба муносибати таҷлили Наврӯз беш аз 15 ҳазор нафар ҷамъ омаданд. Ин майдони варзишии ноҳияи Данғара якҷо бо маҷмааи фарҳангии “Хуррамшаҳр” ба ифтихори нахустин ҷашни байналмилалии Наврӯз соли 2010 бунёд шуда буд ва имрӯз ба як мавзеи зебову дилписанди истироҳату фароғат ва сайру гашти сокинону меҳмонони ноҳия табдил ёфтааст. Он рӯз дар варзишгоҳ тамошобинон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Зимни суханронӣ Президенти кишвар мардуми ноҳияи Данғара ва кулли вилояти Хатлонро бори дигар бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз шодбош гуфта, ба ҳамагон хонаи обод, бахту иқболи баланд ва ба кишоварзони заҳматкаш файзу нусрати баҳорӣ орзу намуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз авҷи тозаи бунёдкорию
ин боғи гуворои наврӯзӣ ба шумор меравад. Яке аз ороишоти дигари боғи Наврӯзгоҳ шаршара ва фаввораҳои назди он аст. Баландии ин шаршараи бошукӯҳ 22 метр буда, фаввораҳои сершумори он Наврӯзгоҳро шабонгоҳон бо рангҳои гуногун ҷило медиҳанд. Ҳар сол Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чун анъана дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз бо намояндагони зиёи кишвар мулоқот менамоянд. 20 марти соли 2014 мулоқоти навбатии Сарвари давлат бо зиёиён дар толори театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд. Дар ин мулоқот Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро “аз ҷумлаи муҳимтарин ва муқаддастарин ойинҳои миллии мо” номида, гуфтанд, ки “Наврӯз дар худ тамоми шукӯҳу азамати таъриху тамаддуни куҳани моро таҷассум менамояд”. Ба гуфти пешвои миллат “тамаддуни ориёӣ ба инсоният ҷашнеро пешкаш намудааст, ки бар пояи меҳру садоқат ва хираду заковат бунёд шуда, рамзи пирӯзии ақлу хирад бар ҷаҳлу зулмат ба шумор меравад”. Ишорат шуд, ки “яке аз сабабҳои асосии мақоми байналмилалӣ пайдо кардани
Соли 2014 низ баробраи наздик шудани Наврӯз дар тамоми кишвар омодагӣ ба он шурӯъ шуд. Ҳар деҳ, ноҳия, шаҳр ҷашнро бо шодмонӣ ва хушиҳо пешвоз гирифтанд. Дар рӯзҳои наврӯзӣ на фақат табиат, балки мардум низ либосҳои рангоранги нав дар бар карда буданд. Раисони маҳалла, ноҳияҳо, вилоятҳо дар минтақаи худ ба истиқболи Наврӯз шароити мусоидро дар наврӯзгоҳҳо ва сайргоҳҳо фароҳам оварданд. Дар Душанбе ҳам берун ва ҳам даруни Наврӯзгоҳи пойтахт ба мисли ҳар сол хеле зебо оро дода шуда буд. Дар рӯзи 21 март 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони аҳли ҷамоати пойтахт бо шодию сурур ва самимияти баланд истиқбол гирифтанд. Дар он рӯз тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ бо намоиши барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ идома ёфт, ки дар он ҳазорон мардум ва меҳмонони хориҷӣ ширкат варзиданд. Рӯзи дигар 22 марти соли 2014 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд. Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ бар-
созандагӣ дар ноҳияи Данғара ва ҳамаи қаламрави вилояти Хатлон изҳори хушӣ кард ва бо ёдоварӣ аз имконоти фаровони табиӣ кишоварзони ноҳияи мазкурро ба рушди бештари ғаллакорӣ, боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ раҳнамун кард. Таъкид гардид, ки “ноҳияи Данғара метавонад бо роҳи боз ҳам зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии миллии Тоҷикистон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ нақши бисёр муҳим бозад”. Соли 2014 ҷашни байналмилаии Наврӯз дар кишвари Афғонистон доир гардид. 27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кобул, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 5-умин Наврӯзи байналмилалӣ ва ҳамоишҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон иштирок намуданд. Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Кобул, ки яке аз гаҳвораҳои ин ҷашни бостонӣ ба шумор меравад, бо шукӯҳи хоса ҷараён гирифт. Аввал конфронси
Ҷашни мардумӣ
5 байналмилалии Наврӯз ба шаҳри Кобул баргузор шуд. Дар суханронии худ дар конфронси байналмилалии Наврӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи шукуҳи Наврӯз суханҳои нек гуфтанд. Аз ҷумла ишорат намуданд: “Муҳимтарин хусусияти Наврӯз ин аст, ки ин ҷашн ба ягон воқеаи сирф қавмӣ, миллӣ ё минтақавӣ бахшида нашудааст ва як падидаи фаромилливу фаромазҳабӣ буда, заминаҳои ҷаҳонишавиаш ҳанӯз то милод гузошта шуда буд”. Тавре ки Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: “фарҳанги наврӯзӣ метавонад дар ҳалли мушкилоти муосири умумибашрӣ, аз ҷумла дар рафъи бӯҳрони сахти экологӣ ва маънавӣ раҳнамо бошад”. Тантанаҳои наврӯзӣ дар Наврӯзгоҳи Кобул, ки дар саҳни Арки раёсати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ороста шуда буд, зебову дилнишин гузашт. Дар ин лаҳзаҳои шодмонӣ аз аксари минтақаҳои Афғонистон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯзи ҷаҳонӣ ҳунармандони мардумӣ ҳунарҳои зебои худро ба намоиш гузоштанд. Дар бегоҳии 27 марти соли 2014 базми тарабу шодии наврӯзӣ дар наврӯзгоҳи Кобул зебою хотирмон буд. Соли 2015 Наврӯз бо ҳамон шаъну шукуҳи худ вориди зиндагии мардуми тоҷик гардид. Тамоми Тоҷикистон ба ҷашни Наврӯз омода аст. Аз кишварҳои ҳамзабон Афғонистону Эрон сайёҳони зиёд маҳз барои дидани наврӯзи тоҷикон ташриф оварданд. Аз кишварҳои арабӣ, аврупоӣ, Ҳиндустону Чин ва ҳатто Амрико низ сайёҳон ва фарҳангиён барои дидани ҷашни наврӯз омаданд. Сартосари кишвар ба ҷашни Наврӯз омода гардид. Рӯзи 20 марти соли 2015 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи наврӯзӣ, ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Барои таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар ду тарафи роҳи канори Наврӯзгоҳ сокинони ноҳияҳои пойтахт намоиши дастовардҳо, анъанаҳои наврӯзӣ, расму оинҳои миллӣ, маҳсули дасти кадбонуҳо, ҳунари устоҳои чирадастро ба базмгоҳ гузоштанд. Пешвои миллат пас аз табрики ҳозирин бо иди Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза, дар бораи хусусиятҳои хоси Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ будани он мебошад андешаронӣ карда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин ойини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд. (Давом дорад)
6
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №14 (9544), 05.04.2018
Вабои аср «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ингуна нерӯҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд». Эмомалӣ РАҲМОН Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати кишварамон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016– 2020»-ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зӯроварӣ пурзӯр карда мешавад. Ҳар фарди кишвар, аз ҷумла ҷавонон бояд ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр намуда, ба чунин арзишҳои муқаддас арҷ гузоранд. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистои оид ба муковимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016- 2020 ҳамчун санади хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муковимат ба экстремизм ва терроризм муайяи менамояд. Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар шароити кунунӣ терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифта, ба масъалаи доғи рӯзизамони муосир табдил ёфтааст. Омӯзиши ин масъала дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон,
олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ шудааст ва масъалаи мазкур тақозо мекунад, ки ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шавад. Сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи он муайян гарданд. Дар маҳфилҳои гуногуни сиёсӣ, конфронсу нишастҳои сатҳи баланд эътироф мекунанд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз минбарҳои баланд ҷомеаи ҷаҳонро ба муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ даъват намуда, аз пайомадҳои фоҷеабори он ҳушдор медиҳад. Сарвари давлат замоне аз даҳшат ва таҳдиди терроризм ба ҳаёти аҳли башар ҳушдор дод, ки ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 дар Амрико ҷаҳонро ба ларза наоварда, баъзе кишварҳои Ховари миёна ба хоку хун оғӯшта нагашта, воқеаҳои хунини Париж рух надода буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба хатари сӯиистифодаи дини мубини ислом аз ҷониби гурӯҳу ҷараёнҳои мухталиф ишора карда, таъкид дошт, ки таълимоти исломӣ аз барномаҳои ҷараёнҳои ифротӣ фарсахҳо дур аст. Қарор аст, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ки мавқеи оштинопазири Тоҷикистонро дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ бори дигар нишон медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ танҳо ба манфиати як гурӯҳи алоҳида ва бо мақсади расидан ба ҳадафҳои муайяни сиёсӣ содир шуда, ғарази асосии онҳо ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳост.
Президенти кишвар дар яке аз мулоқотҳояш бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат чунин изҳор намуд: «Мо бояд дини мубини Исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Терроризм ва экстремизм ба ягон дин, алалхусус ба дини мубини Ислом ҳеҷ рабте надорад». Бешак, дини мубини Ислом ҳар гуна хушунат ва ифротгароиро, сарфи назар аз он ки ифроти сӯиистифодашуда аз дин бошад ё ғайри динӣ, маҳкум менамояд. Бояд хуб дарк кунем, ки терроризм ба маънии ба даҳшат овардани аҳолии осоишта, афроди ғайринизомӣ, кӯдакон, занон, пиронсолон, ибодаткунандагон, новобаста аз он ки аз кадом тоифаанд, ягон вобастагие ба Ислом надорад. Мутаассифона, тайи солҳои охир гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи тоҷикистониро низ хеле ба ташвиш овардааст. Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳи террористӣ аз надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ, нодуруст истифода намудани шабакаҳои иттилоотӣ, бахусус интернет, нодида гирифтани самараи истиқлолият, сулҳу субот ва оромӣ дар мамлакат, бепарвоӣ ва бетарафии бархе аз аъзои ҷомеа, алалхусус ҷавонон истифода намуда, дар байни онҳо тарғиботу ташвиқот анҷом дода мехоҳанд, ки мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ созанд. Ба пешгирии чунин ниятҳои нопоки ифротгароён танҳо дар муттаҳидӣ, якдигарфаҳмӣ ва сулҳу салоҳ метавон комёб шуд. Муҳаммад САЛОҲИДДИНОВ, котиби матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар
Мактаби суханварони бузург ё чанд сухан ба муносибати 88-солагии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Дар воқеъ барои муваффақияти нафаре чандҳои дигарро лозим меояд, ки ба по истанду дар тарбияи он талош созанд. Ҷои дигар хонда будам, ки пушти ҳар марди муваффақ як бонуи муваффақ меистад. Ин ҷои баҳс надорад, зеро дар гардишҳои рӯзгори бисёре аз шахсиятҳо ин суханон ҷойгоҳи худро ёфтаанд. Ҳамин аст, ки мегӯянд модаре чун Розия лозим аст, ки Бобоҷон Ғафурови дигар тарбия созад. Аммо... Аммо инҷо мехоҳам перомуни як модару тарбиятгар ва фаротар аз он мактабе гӯям, ки воқеан ҳам дар тарбия ва ба камолрасонии натанҳо як алломаву академик, як нависандаву шоир, як рӯзноманигору коршинос ва як филмсозу санъаткор, балки бисёре аз шахсиятҳои бузурги фарҳангии кишвар нақши бориз дорад. Он мактабест, ки чанд насли адибону рӯзноманигорони кишварро ба пояи камолот расонидаву ба қавли бисёре аз устодон ному нон додааст. Ба бисёри эшон аввалин маротиба чӣ будани лавҳу қаламро омӯхтааст. Чӣ будани касб ва касбиятро таълим додааст. Ва пешқадамиву собитқадам буданро дар ҳар пешае ба эшон шиор кардааст. Чун таърихи онро варақгардон мекунем, ба хубӣ дармеёбем, ки рисолати аслии он низ ҳамин аст. Ва ин мактаби бузург, бешак рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аст, ки дар давраҳои мухталиф бо номҳои гуногун ба нашр расидаву мураббӣ ва таълимдиҳандаи чандин насли ҷавони кишвар гардидааст. Ин рӯзнома аз давраҳои аввали пайдоиш роҳи бас ноҳамвору пуршебу фарозеро тай намудаву аз они нахустин то ба ҳол пешгӯ будану пешсаф истодан ва аз ин ҳам амиқтар пештозиро маслаки хеш қарор дода буд. Чун ба саҳифаҳои таърихи наздик ба як асраи он нигарем, дар ҷое омадааст, ки мувофиқи қарори бюрои иҷроияи КМ ЛКСМ Тоҷикистон бояд аз 15-уми апрели соли 1930 рӯзномаи махсусе барои ҷавонони кишвар ба табъ расонида шавад. Ва ин қарорро КМ ПК Тоҷикистон маъқул дониста, ба ин рӯзнома номи “Комсомоли Тоҷикистон”-ро доданд. Аммо рӯзнома на 15-ум балки 5-уми апрели ҳамон сол ба табъ расида минбари волои ҷавонони суханвари давр гардид. Пеш аз муҳлат ҳам маҳз ба он хотир чоп шуд, ки ҷавонони давр ташнаи илму дониш буданду будани чунин як нашрияро чун обу ҳаво барои худ муҳим медонистанд. Маҳз рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон ” буд, ки дар ҳама гуна шароит ба навқаламон ва ояндагони аҳли зиё ва фарҳанги кишвар ҳамеша минбар медод. Сар карда аз устод Турсунзодаву Улуғзода ва Лоиқу Гулназар ҳамагон дастпарварони ин мактаби бузурганд. Ва ҷои баҳс ҳам нест, ки аввалин нигоштаҳо ва чакидаҳои қалами эшон маҳз дар ин рӯзнома ба нашр расидааст. Дар ба камолрасонии кадрҳо нақши рӯзнома то ҷоест, ки ҳатто Турсун Улҷабоев роҳбари даври Тоҷикистон низ аз ин мактаб гузашта буданд, ки бо гумони ғолиб ҳеҷ нашрияи дигар чунин таърихро ёд надорад. Дар чанд суҳбату ҳамнишиниҳо аз устодон Гулназар Келдӣ, Кароматулло Мирзоев, Ато Мирхоҷа, Низом Қосим ва бисёри дигар адибону аҳли қалами кишвар чунин дарёфтам, ки эшон аз давраҳои кор дар ин рӯзнома ба хубӣ ёд меоварданд ва даврони кор дар ин нашрияи бонуфузро барои хеш давраи тиллоии умр низ унвон мекунанд. Ато Ҳамдам сармуҳаррири даври рӯзнома дар яке аз мусоҳибаҳояшон қайд мекунанд, ки ба ман барои аз вазифаи сармуҳарририи “Комсомоли Тоҷикистон” рафтан, чанд мансаб ва кор дар ниҳодҳои гуногуни сохтори давлатиро пешниҳод карданд, аммо ман гуфтам, ки рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”-ро бо ягон мансаби дигар иваз намекунам. Бисёре аз собиқадорони матбуоти тоҷик менигоранд, ки ин рӯзнома барои эшон майдонеро мемонд, ки дар он ҳам қаламфарсоӣ кунанд ва ҳам дар соҳаи рӯзноманигорӣ соҳиби мақоми волотаре гарданд. То ба ҳол ин рисолати хешро рӯзнома ба таври мукаммал ба иҷро мерасонад ва ҳамин аст, ки имрӯз бисёре аз рӯзномаҳои кишварро дастпарварони ин мактаб роҳбарӣ мекунанд. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №14 (9544), 05.04.2018 Ҳадафи аслии қабули қатъномаи маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» ташкили ҳамкориҳои судманди байни кишварҳо дар сатҳи байналмилалӣ барои кам кардани хатарҳои бамиёномада мебошад. Маълум аст, ки дар даҳсолаҳои охир инсоният ба таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ, аз ҷумла, тағйирёбии иқлими сайёра ва бар асари он зиёдшавии фалокатҳои табиӣ, обхезӣ, ярчу тармафароӣ, обшавии пиряхҳо, проблемаҳо оид ба таъминоти об бинобар зиёдшавии босуръати аҳолӣ, хурӯҷи бемориҳои сирояткунанда ва ғайра дучор гардид. Баъд аз қабули қатъномаи маҷмааи умумии СММ оид ба даҳсолаи байналмилалии амал
7
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ
Манбаи рушди устувор «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» як сол сипарӣ гардид. Дар ин давра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор иқдомоти муассиреро дар доираи чорабинии мазкур ба нақша гирифт. Ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки масъалаҳои вобаста ба обро омӯхта, чорабиниҳои мушаххас созмон диҳанд. Вобаста ба ин дар сатҳҳои гуногун ҷаласаҳои коршиносону олимон гузаронида шуданд. Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи бузурги захираҳои обӣ буда, дар даҳсолаҳои охир раванди обшавии пиряхҳо зиёд шудааст, ҷиҳати омӯзиши амиқи ин масъалаи муҳим дар ҷумҳурӣ Маркази пиряхшиносӣ ташкил гардид. Маркази мазкур тасмим гирифтааст, ки дар баробари пешбурди тадқиқот, омӯзиши захираҳои обӣ, инчунин харитаи пиряхҳои Тоҷикистонро низ омода намояд. Дар факултаҳои ҷуғрофиёи мактабҳои олӣ таълими ихтисоси омӯзиши пиряхҳо ба роҳ монда шуда, мутахассисони соҳаи мазкур тайёр карда мешаванд, то ки онҳо дар давоми даҳсола пажӯҳишҳои тахассусиро ба анҷом расонанд.
Рӯзи истироҳатӣ ба хотири иштирок дар як маърака ҳамроҳ бо чанд дӯстам аз шаҳр берун рафтем. Дар хонаи маъракадор чандон банд нашуда, боз ба шаҳр баргаштем. Он рӯз, ки ба якуми апрел рост меомад, баъди ба шаҳр баргаштан аз кӯфти роҳ хеле монда шуда будам. Вақте ба шаҳр расидем ба мусофиркаш савор шудему хостем ба хона равем. Тақрибан баъди 15-20 метр рафтани мусофиркаш занги телефонам баланд шуд: - Салом. Хуб ҳастӣ? Дар дохили таксӣ пулҳоямро афтондам. Пул надорам, ки хона равам. То хона роҳ дароз аст. Чӣ мешавад, ки омада маро каме маблағ диҳӣ то ба хона равам, - ва боз чанд илтимосу тазаруи шахси шинос маро нагузошт, ки ҷавоби рад диҳам: - Суроғаатро гӯй, каме баъд дар наздат мешавам,- гуфтаму аз ронандаи мусофиркаш хоҳиш кардам, ки ҷое манъ кунад. Дар асл суроғаи додаи шиносам дар он тарафи шаҳр буду ман дар ин тарафи шаҳр. Дар ҷое, ки ман қарор доштам, ягон хатсайр ба самти даркорӣ намерафт. Ҳамаи ин монеъ нашуду эҳтирому эътимоде, ки ба он шинос доштам, маро ба тараддуди рафтан ба назди ӯ водошт. Маҷбур шудам, ки аз роҳам гардаму ҷониби мусофиркашҳо равам. Баъди тақрибан бист дақиқаи интизорӣ ба мошин нишастам. Дар ин миён шиносам чанд бори дигар барои дер карданам занг заду
Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, рӯзи 22 марти соли 2018 дар СММ ҷаласа баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Таъкид карда шуд, ки дар қатори чорабиниҳои муҳим моҳи июли соли равон дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ доир мегардад ва дар он намояндагони кишварҳои мухталифи ҷаҳон оиди вазифаҳои даҳсола изҳори назар хоҳанд кард. Аз ҷумла, мутахассисону олимони тоҷик низ барои дар сатҳи баланд гузаронидани конфронс ҳамаҷониба омода мешаванд. Албатта, даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», 2005-2015» самараи хуб дод ва дар кори наҷиби таъминоти саривақтии мардум бо оби нӯшокӣ, иҷрои лоиҳаҳои мухталиф дар кишварҳои ҷаҳон, истифодаи босарфа ва самараноки об аз худ осори шоистае боқӣ гузошт. Дар ин давра садҳои миллион нафар одамон ба оби нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намуда, ҳолати тансиҳатӣ ва санитарии худро беҳтар гардониданд. Дар Тоҷикистон низ даҳҳо лоиҳаҳо тарҳрезӣ ва амалӣ шуданд. Дар кишварҳои мухталиф конфронсу симпозиумҳо ва ҷамъомадҳо
Ин пурсиш ҳамеша бароям вуҷуд дорад,ки чӣ гуна инсонҳо метавонанд бо таҳқири дигарон эҳсоси бузургӣ кунанд?
баргузор гашта, иҷрои вазифаҳои пешбинишуда ба таври васеъ матраҳ гардиданд. Вале бояд зикр намуд, ки ҳоло ҳам масъалаҳои мухталифи вобаста ба об роҳи ҳалли худро пурра наёфта, аз имконоти истифодаи «нерӯи сабз» ҳамаҷониба истифода бурда нашудааст. Дар ин замина, ҳанӯз дар байни кишварҳо ва минтақаҳо якдигарфаҳмӣ ҷиҳати эҳтиёт намудани муҳити зист ба назар намерасад, ки ин бар зарари аҳли башар мебошад. Сабабҳои норасоии об дар кишварҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама ҷойгиршавии нобаробари захираҳои табиӣ, аз ҷумла об мебошад. Дар баъзе кишварҳо об фаровон, вале дар кишварҳои дигар норасоии об ба проблемаи муҳими рӯз табдил ёфтааст. Албатта, пешрафти илму техникаи муосир, ҳамкории кишварҳо барои ҳалли ин масъала метавонад кумак расонад. Ҳоло дар ҷаҳон бештар аз 1,2 миллиард одамон аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Бо вуҷуди он ки дар кишвари мо захираҳои зиёди обӣ мавҷуданд, то ҳол дар бисёр мавзеъҳо ба оби софи нӯшокӣ эҳтиёҷ доранд ва манбаъҳои дохилӣ имконият намедиҳанд, ки дар муддати кӯтоҳ камбудиҳо
Маҳатма ГАНДӢ
ҷои гуфтаат омадам. Ӯ бошад, дар ҷавоб ба ман гуфт, ки имрӯз якуми апрел асту набояд бовараш мекардам... Дар аввал хеле сахтам расид. Чун бо вуҷуди хеле хаста буданам, боз ду соати дигар беҳуда саргардон шуда, аз як тарафи шаҳр ба тарафи дигараш рафтам. Нек мешуд, агар кӯмакам воқеӣ мебуд. Дардовар он ки ин ҳама вақт гӯл хурдам. Аммо тадриҷан пои ин андеша нишастам, ки хӯву хислати баъзе инсонҳо ба ҳамин одат со-
гила кард. Ман ҳам барои таъхирам узр пурсидам. Хуллас бо як ранҷу машаққат дар миёни якуним соат ба ҷои гуфтаи шиносам рафтам. Ба ӯ занг задам, ки ман ба
згор шудаасту саргардон намудани як нафар барояшон ягон аҳамият надорад. Дигар якуми апрелро, ки Рӯзи ҷаҳонии ханда аст, ба “Рӯзи фиреб” тарҷеҳ додаанд. Аз нақлу
ЭЪТИМОД
бартараф карда шаванд. Дар ин замина дар ҷумҳурӣ бисёр лоиҳаҳо бо ҳамкории созмонҳои байналмилалӣ барои таъминот бо оби нӯшокӣ роҳандозӣ мешаванд. Вале бо вуҷуди ин ҳоло ҳам таъминоти мардум бо оби нӯшокӣ дар сатҳи камтар аз шаст фоиз қарор дорад. Ташаббусҳои Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳон баҳои баланд гирифтааст. Талошҳо дар ҷаҳорчӯбаи ташаббусҳое чун “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт, 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” хеле муассир маҳсуб меёбанд. Моро зарур аст, ки ҳамчун мардуми кишвари ташаббускор тамоми чорабиниҳои банақшагирифтаро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем, то ки онҳо баҳри рушди устувор самараи дилхоҳ диҳанд. Манучеҳр РАСУЛОВ, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
қиссаҳо зиёд шунидаем, ки аз рӯи баъзе фиребу дурӯғгӯиҳои ин рӯз инсонҳо то ба фишору сактаи қалб расидаанд. Ҳол он ки аз шӯхӣ то ба фиреб фарсахҳо роҳ асту ба ҳам ҳеҷ алоқамандие надоранд. Аммо инсон аз эътимоди дӯсту рафиқ ва наздиконашон истифода карда, барои хушҳол кардани таъби худ онҳоро дурӯғ гуфта, фиреб медиҳанд. Бояд донист, ки эътимод мафҳумест, ки дар пояи он тамоми хостаҳои инсон амалӣ мешавад. Маҳз эътимод аст, ки одамон ба ҳам дӯсту рафиқ мешаванд, ишқ меварзанду муҳаббат мекунанд. Оила бунёд месозанд. Эътимод аст, ки робитаҳо ба миён меоянд. Додугирифт ва рафтуомад мешавад. Аммо баръакси ҳол агар эътимод набошад, ҳар амале, ки ба миён ояд, сатҳӣ ва беоқибат аст. Зеро эътимод сутуни асосии бузургтарин арзишҳо, мисли ишқ, муҳаббат, дӯстдорӣ, ғамхорӣ, эҳтиром ва монанди ин аст. Миёни ду рафиқ, зану шавҳар, гурӯҳе аз ҳамкорон ва маҷмуан дар ҳар намуд робита, агар эътимод набошад, он монанди хонаест, ки бе таҳкурсӣ сохта шудааст ва дар камтарин боду борон вайрону валангор мегардад. Ё вақте эътимод набошад ҳеҷ як амал сидқан ба сомон намерасад. Балки сохтакорию фиребгарӣ ба кор бурда шуда, ҳамеша якдигарро гӯл мезанем. Дар эътимоди як нафар будан паҳлӯи дигари масъалаи мазкур аст. Он аз кас масъулияту виҷдон мехоҳад. Вақте ки мо дар боварии як нафар медароем, набояд аз он сӯиистифода кунем. Дар такя ба он ба дурӯғгӯию фиреб набояд роҳ дод. Зеро ба таъбири нависандаи рус А.Чехон “як қатра дурӯғ баҳри эътимодро хушк мекунад”. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №14 (9544), 05.04.2018
ЛИГАИ ОЛӢ: Пешсафии Хуҷанд Аз сабаби ширкати мунтахаби кишвар дар даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019, дастаҳои лигаи олии кишвар тӯли ду ҳафта ба танаффус баромада буданд. Даври сеюми чемпионати Тоҷикистон оид ба футболи миёни дастаҳои лигаи олӣ рузи 31 март оғоз шуда, 1 апрел ба поён расид. Дидори нахустини ин давр байни дастаҳои ССКА «Помир”-и шаҳри Душанбе ва “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ доир гардид. Ин рақобат 31 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, бо ҳисоби мусовӣ 0:0 хотима ёфт. Сеюмин рақобати мусовии дастпарварони Тоҳир Муминов, сармураббии дастаи ССКА “Помир” дар мусобиқаи имсола ба шумор меравад. Навкорони лигаи олии кишвар, дастаи “Кӯктош”-и ноҳия Рӯдакӣ, бо як ғалабаву ду мусовӣ зинаи сеюмро ишғол намуданд. Бозии дигари мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир гардид. Дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар дар майдони худ тими “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро қабул намуда, бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид. Голи ягонаи дидорро Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 65 ба самар расонид. Бозиҳои дигари даври сеюми мусобиқа рӯзи якшанбе, 1 апрел, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Дар аввал соҳибони майдон “Барқчӣ” – и шаҳри Ҳисор тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро қабул намуда, бо ҳисоби 0:1 шикаст хурданд. Голи ҳалталабро ҳимоятгари хуҷандиҳо Хуршед Бекназаров дар дақиқаи 69 вориди дарвозаи мизбобон намуд. Бозии марказии ин давр шоми 31 дар варзишгоҳи мазкур миёни дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ҷараён гирифт. Рақобати ҳарду даста ҷолибу дидани баргузор гардид. Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ҳамчун мизбон ҳарифи сарсахти худ тими “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Ҳарду голҳои “Истиқлол” дар қисми аввали бозӣ вориди дарвозаи Рустам Ризоев шуд. Ҳамлагари ҷавони душанбегиҳо Шериддин Бобоев дар дақиқаи 15-ум ҳисоби бозиро боз намуда, пас аз 18 дақиқа Эҳсони Панҷшанбе голи дуюми тимашро сабти номи худ кард. Дастпарварони Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев сармураббии тими “Регар-ТадАЗ” голи ягонашонро, дар дақиқаи 69 ба самар расонда, ҳисобро 2-1 намуданд. Муаллифи гол нимҳимоятгар Хайрулло Азизов шуд. Хуллас, баъди хотимаи бозиҳои даври сеюми чемпионати кишвар оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ дар ҷадвал тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо 7 имтиёз садрнишин гардид. Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо 6 хол аз ду бозӣ дар мақоми дуюм ҷой гирифт. Тими “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо гирифтани 5 хол дар зинаи сеюм қарор гирифтааст. Бозиҳои даври чоруми чемпионати кишвар рӯзҳои 4 - 7 ва 8 апрел баргузор мегардад. Рӯзи чоршанбе, 4 апрел тими “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанберо қабул мекунад. Рӯзи 7 апрел дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо “Барқчӣ”-и шаҳри Ҳисор қувва меозмоянд. Рузи якшанбе, 8 апрел дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ва ССКА “Помир”-и шаҳри Душанбе бо “Хатлон”-и шаҳри Бохтар сабқат менамоянд. Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ Ҷ 1 2 3 4 5 6 7 8
ДАСТАҲО Б “Хуҷанд” (Хуҷанд) 3 “Истиқлол” (Душанбе) 2 “Кӯктош” (Рӯдакӣ) 3 “Хатлон” (Бохтар) 3 ССКА “Помир” (Душанбе) 3 “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) 3 “Барқчӣ” (Ҳисор) 2 “Панҷшер” (Ҷалолиддини Балхӣ) 3
Ғ 2 2 1 1 0 0 0 0
М 1 0 2 0 3 2 1 1
Б 0 0 0 2 0 1 1 2
Т 6-4 5-2 3-2 3-5 4-4 2-3 0-1 2-4
И 7 6 5 3 3 2 1 1
Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев (“Истиқлол”), Наврӯз Рустамов (“Хатлон”) – 3-тӯбӣ, Агблей Ҷонс, Манучеҳр Аҳмадов (ҳарду – “Хуҷанд”), Абдухалил Боронов (ССКА “Помир”) – 2-тӯбӣ. Даври 4-ум: 4 апрел (чоршанбе) “Кӯктош” – “Истиқлол” 7 апрел (шанбе) “Панҷшер” – “Барқчӣ” 8 апрел (якшанбе) “Хуҷанд” – “Регар-ТадАЗ” ССКА “Помир” – “Хатлон” Оғози бозиҳо – соати 16:00 Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
ОРИФҶОН: Тамринҳои паҳлавонони тоҷик аз хориҷ камӣ надорад Писараки ҳаштсола дар дил орзуи паҳлавон шуданро мепарварид ва пайваста тамринҳову муборизаҳои бародарро тамошо намуда, шавқу рағбаташ нисбати гӯштин бештар мегардид. Аммо бародари паҳлавонаш садди роҳи ин наврас шуда, намехост Орифҷон пайроҳаи ӯро интихоб намояд. Падар талошҳо ва дилгаримии писарчаашро дар риштаи гӯштин дида, хост Орифҷони ҳаштсоларо бародараш бо худ ба толори варзишӣ бурда, усулҳо ва нозукиҳои ин намуди варзишро омӯзонад. Ин навраси ҳаштсола ба боду ҳавои сарди ноҳияи Сангвор нигоҳ накарда, ҳар рӯз роҳи дарозро тай намуда, ба варзишгоҳ меомад ва билохир яке аз ҷавонпаҳлавонони муваффақи Тоҷикистон шуд. Соли дуюм аст, (2017-2018), Орифҷон Додов дар мусобиқаи “Ҷоми Пойтахт”, ки бахшида ба Наврузи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе аз рӯи намуди гӯштини миллӣ баргузор гардид, ширкат намуда, дар вазни 65 кило сазовори ҷойи аввал шуд. Оид ба ҳаёт ва фаъолияти варзишии Орифҷон Додов сӯҳбате оростем. - Киро дар ҷодаи варзиш идеали худ мешуморед? -Албатта ҳар шахс дар ҷодае, ки ӯ фаъолият менамояд барои худ як қаҳрамони касбашро дорад. Расул Боқиев яке аз беҳтарин паҳлавонони тоҷик аз намуди гӯштини ҷудо аст. Ҳар боре, ки баромадҳои ӯро дар мусобиқаҳои дохиливу берунӣ тамошо менамудам фахр мекардам, ки ин паҳлавони тоҷик аст. Расул бо доштани маҳорати баланди паҳлавонӣ ҳамеша парчами миллатро боло мебардошт ва ин шахсро барои худ идеал қабул намудам. Зеро Боқиев шоистаи пайравӣ аст. - Лаҳзаҳое будан, ки худро дилшикаста ҳис менамудед? Соли 2016 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди гӯштини ҷудо, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, дар вазни 65 кило сазовори ҷойи аввал гардида, роҳхат ба Чемпионати Осиёро ба даст овардам, ки дар Ҳиндустон баргузор мешуд. Аз сабаби набудани маблағ натавонистам дар мусобиқаи мазкур ширкат варзам. Он рӯзҳо бароям душвортарин лаҳзаҳои зиндагӣ буд, зеро шахсоне, ки бо ман роҳхат доштанд ба мусобиқа рафтанд ва ман танҳо дар кишвар мондам. - Лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда аз ҳаёти варзишиятон? - Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни наврасон буд, ки соли 2010 баргузор шуд ва бори на-
хуст дар вазни 46 кило миёни ҳамсолонам ба набард баромада, дар даври финалӣ аз сабаби лат бардоштан, соҳиби медали нуқра гардидам. Новобаста аз бохт он лаҳзаҳо бароям фаромӯшнашаванда аст. Рӯйдоди дигаре, ки то абад дар хотирам боқӣ мемонад ин мусобиқаи “Ҷоми Пойтахт” мебошад, ки бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамасола бо иқдоми раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз рӯи намуди гӯштини миллӣ баргузор мегардад ва хушбахтона маротибаи дуюм аст, ки дар ин мусобиқа мақоми аввалро ишғол мекунам. - Шумо дар берун аз кишвар тамрин намудаед. Ба андешаи шумо бартарияти варзишгарони хориҷ аз варзишгарони мо дар чист? -Барои тамрин ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафта будам. Он ҷо бо паҳлавонони зиёд, ки аз хориҷ ҷамъ омада буданд, тамрин намуда, қувваҳои якдигарро санҷидем. Ба андешаи ман тамрин дар берун аз кишвар ягон бартарият надорад. Аз худи шахс вобаста аст, ки чигуна талош мекунад. Ҳар варзишгаре, ки аз сидқи дил тамрин менамояд, метавонад ба қуллаҳои баланди варзишӣ расад. Чи усуле, ки дар дигар кишварҳо истифода мешавад, устодони тоҷик низ ҳамонро меомӯзонанд. - Ҳоло ба кадом мусобиқа тайёрӣ дида истодаед? - Айни ҳол ба чемпионати ҷумҳурӣ оид ба гӯштини ҷудо омодагии ҳамаҷониба дида истодаам ва талош менамоям то дар оянда роҳхат ба бозиҳои олимпиро ба даст орам. - Ба андешаи Шумо имрӯз паҳлавонони тоҷик дар кадом сатҳ қарор доранд? - Нисбат ба дигар солҳо дар самти варзиш пешравиҳои назаррас шуда истодааст, ин низ аз кӯшишу ғайрати паҳлавонони мо дарак медиҳад. Ба андешаи ман сатҳи паҳлавонони тоҷик дар рейтингҳои байналмилалӣ сол ба сол боло рафта истодааст, ки ин аз заҳмати бепоёни эшон дарак медиҳад. -Ба ҷавонон чӣ гуфтаниед? Ба кулли ҷавонон гуфтаниям, ки ба варзиш машғул шаванд, ин яке аз беҳтарин роҳест, ки саломатиашонро бардам нигоҳ медорад ва бо ширкат намудан дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ номбардори парчами давлати хеш мешаванд. Варзиш ин тани солим аст. Муваффақ шудан осон нест, душвориҳо пеш меояд, вале ҳамааш гузаранда аст. Марҷона ШАРИФОВА, коромӯзи “ҶТ”
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №14 (9544), 05.04.2018 Дар асрҳои миёна олимону донишмандони гуногун тарзу роҳҳои ба камоли фазилат расидани инсонро нишон дода, қайд мекунанд, ки таълиму тарбияи насли наврас вазифаи аввалин мебошад. Нисбати таълиму тарбияи ҷисмонӣ бошад фалсафаи мухталиф дошта, ин ё он намуди варзиш, моҳият ва зарурияти онҳоро ба шаклҳои гуногун шарҳу баён намудаанд. Аз мутафаккирони тоҷику форс Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Абӯалӣ Ибни Сино дар соҳаи фалсафаи тибу варзиш нақши хеле барҷаста доранд. Тибқи ифодаи Алиасғари Ҳалабӣ «Пизишкӣ» набуд, Буқрот онро ба вуҷуд овард; мурда набуд, Ҷолинус онро зинда кард; пароканда буд, Розӣ онро фароҳам овард; ноқис буд, Ибни Сино онро комил кард». Ба ишораи Розӣ: «дар назари аҳли фалсафа касе, ки шартҳои қонуни бурҳони мантиқро бидонад ва аз улуми табиӣ, риёзиёт ва илоҳиёт то ҳадди қудрати инсон дарёфт бикунад, онро ҳаким мешуморанд». Худи ин гуфтаҳо ба он далолат менамоянд, ки Розӣ дар қатори илмҳои замонаш чун ҳакими донишманд ба масъалаҳои машқварзию риёзат намудан низ рӯ овардааст. Чуноне ки қайд менамоянд: «Марди оқил бояд нуқсони чизҳои дӯстдоштаашро дар нафсу хаёли худ ҳамеша тасаввур намояд, бидонад, ки онҳо чизҳое ҳастанд, ки бақои доимӣ надоранд, бинобар ин ҳамеша бояд он ҳолатро ба хотир оварда, ҳодис шудани онро собитқадамона пешвоз гирад. Пас, чунин амал касро аз нуқсони он чизҳо наҷот медиҳад, зеро ки он шахсе дар ин бобат ба каси машқдидаву таҷрибагузаронида ё риёзатнамуда монанд шуда, нафсро аз камини ғаму андӯҳ огоҳонида, дар вақти ба вуҷуд омадани муносибатҳо кӯмак мерасонад». Мутафаккир маълумотнокии худро дар ошкор сохтани хислатҳои пурихтилофи нафси инсонӣ ҳис намуда, аз забони Афлотуни ҳаким чунин меоварад: «Афлотун изҳор мекунад, ки он бояд дар тибби ҷисмонӣ, ки он тибби машҳур аст, низ кӯшиш бикунад, аммо тибби рӯҳонӣ бояд бо далелу бурҳон нафсро барои мӯътадил намудани афғони нафсҳо қонеъ ва инчунин тарбия кунад». Ҳамин тавр, барои тарзи ҳаёти солим мақому манзалати машқҳои варзишӣ калон аст. Умуман, Сино нахустин мутафаккирест, ки таърихи машқҳои ҷисмониро илман ба оламиён пешниҳод намудааст. Аҳамият ва мавзӯи машқҳои ҷисмониро ҳаматарафа таҳлил намуда менависад: «варзиш ҳаракати иродиест, ки ба зарурат боиси сахт ва думодум нафас гирифтан бигардад. Ҳар ки мувофиқ шавад то варзишро ба эътидол ва андар вақти худ ба кор барад, аз ҳар гуна муолиҷае бениёз хоҳад шуд, ки ба тақозои бемориҳои моддӣ ва бемориҳои мизоҷии аз паси онҳо оянда лозим гардад». Ибни Сино нисбати моҳияти варзиш чунин мулоҳиза меронад: «варзиш
Таълимоти Сино перомуни тибби варзиш Хизматҳои Сино дар ривоҷу равнақи соҳаи маърифати инсонӣ, мин ҷумла дар илми тиб ва фалсафаи варзиш бағоят калон аст. Танҳо асарҳои ба илми тиб бахшидаи мутафаккир зиёда аз 40 номгӯйро дар бар мегиранд. Комёбӣ ва муваффақиятҳои гуногуни назариявӣ ва амалие, ки ӯ дар илми тиб ба даст овардааст, олимону табибони дунёро дар тӯли асрҳо дар ҳайрат гузошта аст. Бе шакку шубҳа, Сино поягузори асосҳои тибби варзиш мебошад. Албатта, алоқамандии тарбияи ҷисмонӣ ва тиб дар сарчашмаҳои қадима ёдрас мегарданд ва табибони дунёи қадим Гиппократ, Гиродику Галкн ва дигарон машқҳои ҷисмонӣ, молиш, ҳамом, парҳез ва муолиҷаи иқлимиро
Сино – асосгузори илми варзиш гармии модарзодиро болиш бидиҳад, пайвандгоҳро сахт кунад, бар корҳо тавоноӣ бахшад ва аз мутаассир шудан эмин дорад. Варзиш ва роҳи аз андомҳо берун кардани фазлаҳо, онҳоро барои пазируфтани ғизо омода созад, қувваи кашандаро биҷунбонад, гиреҳзадаҳои андомҳоро бикушояд, рутубатҳоро тунук кунад ва масомҳоро фароҳтар созад. Бисёр бошад, ки каси бо варзиш машғул набуда ба (бемории) диққ гирифтор ояд, зеро қувваҳои андомҳо аз сабаби тарки ҳаракате нотавон ом, ки он ҷалбкунандаи рӯҳи модарзодӣ ба сӯи (андомҳост) ва (рӯҳи модарзодӣ) бошад, ягона афзори зиндагии ҳар як аз андом бувад». Ҷолиби диққат аст, ки Ибни Сино дар баёни варзиш вазифаи ин илмро дар такмили рӯҳу ҷисми инсон ба шакли дигар дар таҳзиб ва боломақомии он мебинад. Бисёр масъалаҳое, ки ӯ барои татбиқу риоя намудани шакл ва усулҳои зиёди аз худ намудан, иҷро кардан ва дуруст истифода намудан пешниҳод менамояд, то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. Масалан, варзишгаронро таъқид менамояд, ки «Варзишгар бояд эҳтиёт бикунад, то гармии варзиш ба андоме, ки нотавон аст, нарасад, балки бояд (варзиш) бар сабили татаббуъ бошад. Бидон, ки ҳар андоме ба худи худ варзиши хосе дорад». Дар ҳақиқат варзиши ҷисму рӯҳи инсон пеш аз ҳама ба покии зоҳирию ботинӣ ниёзманд аст. Тозагии бадани варзишгар аз ҳама суннатҳои варзишӣ болотар аст. Дар натиҷаи ҳаракатҳои гуногун аз организм намак ва дигар элементҳои зиёдатӣ бухор мегардад, ки пок накардани онҳо ба табиати варзишгар таъсири манфӣ мерасонад. Бисёр бемориҳои пӯст низ аз риоя накардани тозагӣ сар мезананд. Сино чунин таъкид мекунад. «Баъди бо шиками пур варзиш кардан беҳтар он аст, ки бо шиками холӣ варзиш кунанд, бо тани гарм ва ё тар варзиш кардан беҳтар он аст, ки бо тани сард ва хунук варзиш кунед. Беҳтарин вақти варзиш ҳангоми мӯътадилист. Бисёр бошад, ки варзиш каси миҷозаш гарми хушкро ба бемориҳо гирифтор кунад ва чун тарк карда шавад, тандуруст гардад.»
барои пешгирӣ намудани бисёр бемориҳо истифода намудаанд. Лекин чун Сино бо чунин шаклу маъно онҳоро ба доираи илм дохил накардаанд. Ӯ дар муқоиса бо дигар олимону табибони дунё ва таҷрибаи ҷаҳонӣ яке аз аввалинҳо шуда таҳкурсии илми тибби варзишро бо масъалаҳои пешгирӣ намудани бемориҳо пешгӯӣ намудааст. Дар асрҳои 1Х-Х ба ғайр аз Сино дигар донишмандону табибон оид ба масъалаҳои муолиҷаи беморон асарҳои зиёде таълиф кардаанд. Лекин Сино дар байни ин олимону табибон мақоми хосаеро ишғол менамояд. Мутафаккир дар асарҳояш сабабҳои беморӣ ва саломатиро тадқиқ намуда, навъи онҳоро нишон медиҳад: 1. Сабаби моддӣ: ҳолат ва тағйироти узвҳои бадан, руҳ, шира ва ғайра; 2. Сабаби фоил: таъсироти омилҳои ботинӣ ва хориҷӣ; 3. Сабаби суварӣ: тағйир ёфтани вазифаи қувваи руҳонӣ ва ҷисмонӣ. ҳолат ва тағйироти узвҳои бадан, руҳ, шира ва ғайра; 4. Сабаби ғоӣ: ҳолати вазифаҳои он узвҳое, ки ба руҳ вобастаанд. Сино аҳамият ва мақсади асосии варзишро дар муҳофизати саломатии инсон мебинад: “Риёзат” (варзиши бадан) дар ҳифзи саломатӣ амри ҷалил аст. Зарари ба риёзат кам машғул шуданро аз зарари хӯрдани таъом болои таъом бештар медонад. Ӯ қайд менамояд, ки он чӣ ки ба воситаи риёзат аз организм хориҷ мешавад, фазолате мебошад, ки бутун ба андаруни узвҳо даромада рафтаанд». Сино масъалаи омода намудани варзишгарро ба варзиш арзёбӣ намуда, гарм намудани андомҳоро ба воситаи ҳаракат ва молиш пеш аз сар кардани варзиш таъкид менамояд. Сино хусусиятҳои хоси варзиш, мақому аҳамияти онро дар системаи илмҳо нишон дода, дар баёни молиш (массаж), гармоба, дар бораи хостаҳое, ки баъди варзишҳо падид меоянд, дар бораи ҳолати варзишӣ таҳлилҳои илман асоснокро пешниҳод менамояд. Масалан, қайд менамояд, ки «Варзишгарон то пурра истироҳат накунанд, ба гармоба набояд шитобанд». Ё ин ки агар вар-
зишгар вазнашро сабук карданӣ шавад «бояд бо шиками гурусна гармоба кунад ва андар он бисёр бимонад». Дар баёни истифодаи об баъди варзиш, Сино таъкид менамояд, ки варзишгарон оби хунукро барои қавӣ гардонидани пуст ва нигоҳ доштани гармӣ аз паси оби гарм бояд ба кор баранд. Об бояд сард набошад, балки миёна бошад. Ин донишманди бузурги соҳаи фалсафаи тибби варзиш дар бораи навъҳои варзиши сахт, қавӣ, оҳиста, суст, мураккаб ва варзишҳои латифи нарм дар «Ал-қонун» ахбори саҳеҳ дода, аксарияти онҳоро шарҳ додааст. Ба ақидаи ӯ, мақсад аз иҷро намудани машқҳои ҷисмонӣ тоза, зебо ва саломат нигоҳ доштани ҷисму ҷон ва рӯҳи инсон мебошад. Сино менависад: «Ба ҳамдигар ҳамла кардан бар чанд навъ аст. Аз ҷумла, ҳар яке аз ду мард дасташро андар миёни якдигар андохта бидоранд ва ҳар кадом кӯшиш кунад, ки бо зӯрӣ аз якдигар раҳо ёбад, вале дигарӣ ӯро нагузорад, низ (навъи дигар) ин аст, ки мард дасташро бар гирди ёраш бипечонад. Яъне дасти росташро аз сӯи рост ва дасти чапашро аз сӯи чапи он дароварда, ба сӯи худ бикашад ва бардошта бихобонад. Андар ин миён гоҳе хам шавад ва гоҳе рост». Чунин тасвири машқҳои варзишӣ ба мураббӣ ё ин ки паҳлавон маълум менамояд, ки сухан дар бораи гӯштини навъи тоҷикии бухороӣ меравад, ки то имрӯз дар қисми шимолии Тоҷикистон машҳур мебошад. Дар бораи варзишҳои сахту тез менависад, ки «…варзишҳо инҳоянд: ҷои якдигарро ба чолокӣ иваз кардани ду ҳариф; думодум ба пушт ҷастан, ки андар миён бонизом ва бенизом ба сӯи пеш низ ҷаҳида шавад». Варзиши сина ва андомҳои нафасгирӣ бошанд, чунинанд, ки гоҳе бо садои вазнину бузург баровардан, гоҳе бо садои борик баровардан ва гоҳе омехта аз ҳарду варзиш дода шаванд. Ин андар айни ҳол ҳам варзиши даҳон, забонча, забон ва гулӯ буда, ранг беҳтару сина поктар бигарданд. Инчунин, бо дамидан ва дам фурӯ бастан варзиш бидиҳанд, ки ин то андозае варзиши тамоми тан ва фарох сохтани гузаргоҳҳои он бувад. Намудҳои варзишие, ки ба об вобастагӣ доранд, на танҳо барои нерӯманд гаштану ғолиб омадан, балки барои эмин нигоҳ доштан аз бисёр бемориҳое, ки дар натиҷаи таъсири гармо ба вуҷуд меоянд, нақши калон доранд. Дар ин марҳила аз ҳама бештар якҷояшавии пайвастагиҳои кислород ва водород барои барқароршавии низоми нафаскашии варзишгарон кӯмак мерасонад. Ҳамзамон, ҳаракат дар заврақ ё киштӣ мисли аспсаворӣ, ба бисёр узвҳои дохилии инсон таъсири мусбӣ расонида, раванди ғизои истеъмолшуда ва оромии асабро мӯътадил мегардонад. «…Биноиро ба таҳаммул намудан андар чизҳои реза ва гоҳе ба оҳистагӣ ва тадриҷан назар кардан андар чизҳои тобанда варзиш диҳанд. Шунавоиро бо шунидани садоҳои паст ва гоҳе бо шунидани садоҳои баланд варзиш медиҳанд, яъне ҳар андомеро варзиш хос аст, тани нотавонро варзиши оҳиста ва тани қавиро варзиши қавӣ бояд». Ба ақидаи ӯ, агар қувваҳои бадан аз ақл ғолиб ояд, мувозинати инкишофи характери инсон вайрон мешавад. Яъне тарақкӣ ва такомули ҷисму маънавиёти инсон на танҳо ба дониш ва
9 сифатҳои нек, балки ба риёзат (варзиш) алоқаманд мебошад. Агар ҷисм солим бошад, рӯҳ низ солим аст, инро шарти асосии тарақкиёти инсон мешуморад. Ба ақидаи Сино исми риёзат таъсири машқҳои варзиширо ба организми инсон меомӯзад ва назорати тиббиро барои пешгирӣ намудани беморӣ ва дигар ҳолати варзишгарон ҳатмӣ мешуморад. Бояд гуфт, ки омӯзиши низоми тарбияи ҷисмонии Абӯалӣ Сино ба он далолат менамояд, ки ӯ асосгузори низоми тарбияи ҷисмонӣ буда, чунин раванду ҳиссагузориҳои шахсиро дар эҷоди тарбияи ҷисмонӣ ва тибби варзиш пешниҳод намудааст: 1. Бо далелҳои илмию амалӣ инъикоси пурраи мақсаду мароми саломатии инсон дар раванди таълиму тарбияи ҷисмонӣ; 2. Дар ташкили тарбияи ҷисмонӣ муайян намудани мақоми анъанаҳои миллӣ ва урфу одатҳои варзишӣ; 3. Инъикоси шароит, ҷойгиршавии макон ва хусусиятҳои хосу тавсифи умумии варзиш; 4. Эҷод намудани низоми ягонаи тарбияи ҷисмонӣ дар асоси корҳои назариявию амалии донишмандоне, ки то замони Сино умр ба сар бурдаанд; 5. Сино оид ба тағйироти физиологии гуногуни дохилӣ, ки ба организми шахс дар натиҷаи машқҳои ҷисмонӣ таъсир мерасонанд, пешгӯиҳои зиёде намудааст; 6. Аввалин шуда дар Шарқ таснифи машқҳои ҷисмониро эҷод намуда, панҷ намуди қаблии машқҳои ҷисмониро пешкаш намудааст; 7. Аввалин шуда дар таърихи тарбияи ҷисмонӣ қоидаи варзишро ба чорчӯбаи илм даровардааст; 8. Ба таври пурра баъзе намудҳои варзиши миллӣ, ба монанди ду намуди гӯштини тоҷикӣ, муштзанӣ, камонварӣ, чавгонбозӣ, вазнбардорӣ ва ҷуфтакпариро бо таснифоташон дида баромадааст; 9. Илми варзишро аз нуқтаи назари амалию назариявӣ асоснок намуда, тибби варзишро пешниҳод намудааст; 10. Дар бунёди низоми тарбияи ҷисмониаш бештар ба синну сол, хусусиятҳои шахсӣ ва ҳолати саломатии машқварзон такя намудааст, ки то ҳол низоми эҷоднамудааш ҳаматарафа истифода бурда мешавад. Умуман, Сино дар қиёс ба дигар олимону табибони замонааш ҳолатҳои гуногуни вазъи инсониро таҳлил намуда, вобаста ба ҳар яке аз онҳо андешаҳои худро пешниҳод намудааст. Шодӣ САФАРОВ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзобоқӣ ШАРИПОВ, ёвари ректори ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавлон ШАРИФОВ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
10
РАНГОРАНГ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №14 (9544), 05.04.2018
Ҳунарҳои мардумӣ – муаррифгари миллат Тарбияи экологии хонандагон Инсон зодаи табиат аст. Рӯзгори инсонро зебогиҳои табиат хушу хуррам мегардонад. Табиат барои инсон сарчашмаи нахустини неъматҳост. Аз ин рӯ инсон ҳаёти ҳаррӯзаи хешро бе табиат тасаввур карда наметавонад. Таъсиррасонии инсон ба табиат дар шароити кунунӣ пурзӯр гашта, тамоми дунёро ба ташвиш овардааст. Тоҷикистон низ чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи муҳити зист, ҳифзи захираҳои обӣ талош варзида, пайваста ин масъаларо таҳти назар қарор дода, баҳри рафъи оқибатҳои номатлуби бӯҳрони экологӣ тадбирҳои судманд меандешад. Ҳавои пур аз чангу ғубор бемориҳоро ба вуҷуд меорад. Воситаҳои нақлиёт, корхонаҳои бузурги саноатии бунёд шуда, ҳавоеро, ки одамон нафас мекашанд, ифлос мекунанд. Аммо табиати зебоямон ҳамин ҳавоеро, ки мо инсонҳо ифлос кардаем, тоза карда боз ба мо медиҳад. Ин корро дарахтон ва сабзазорҳои табиати зебои ватанамон иҷро мекунанд. Аз ин рӯ, тарбияи экологӣ муносибати дурусти байни хонандагон ва табиатро ба роҳ монда, ҳифзи муҳити зистро, ки гузаштагонамон бо ранҷу меҳнати зиёд обод карда буданд, боз барои наслҳои оянда обод намуданро ба онҳо одат кунонем. Дар баробари ин тарбияи экологӣ аз несту нобуд кардани наботот, ҳайвоноту паррандагон, ифлос кардани обу замин дар табиат, худдорӣ намуданро ба хонандагон меомӯзонад. Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои охир дар натиҷаи инкишофи босуръати илму техника ва тағирёбии табиат ба масъалаҳои тарбияи экологии хонандагон ва аҳли ҷомеа аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Чунки ба инкишофи ҳаматарафаи кӯдак натанҳо муносибатҳои инсонӣ, балки муҳити зист низ таъсири калон мерасонад. Аз ин рӯ имрӯзҳо барои баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон дар мактабҳои маълумоти умумӣ фанни “Экология” ҷорӣ шудааст. Мақсади он дар вуҷуди насли наврас тарбия намудани меъёрҳои муайяни муносибатҳои оқилона ба табиат, парваридани ҳисси масъулият нисбат ба он ва сарфакорона истифода бурдани сарватҳои табиат мебошад. Дар назди омӯзгорони фанни экологияи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ вазифа гузошта шудааст, ки насли наврасро дар рӯҳияи муносибати дуруст ба табиат, покиза нигоҳ доштани обу ҳавои диёри худ тарбия намоянд. Минбаъд ӯ насле гардад, ки ба қадри боигариҳои табиат расида, дар ҳифзи он саҳм гузорад. Зеро табиат манбаи ҳаёт аст, солим нигаҳдории онро бояд тамоми башарият андешад. Барои ноил шудан ба ин мақсад омӯзгорони соҳа бояд тамоми имкониятҳоро моҳирона истифода карда, мавзӯъҳои фанни экологияро ба хонандагон тарзе фаҳмонанд, ки ҳисси табиатдӯстии онҳо такмил ёбад. Ва ҳар як хонанда дарк намояд, ки ҳалли мушкилиҳои экологӣ бе муҳофизати табиат ва эҳтиёткорона истифода бурдани сарватҳои он номумкин аст. Зеро ҳалли мушкилиҳои экологӣ на фақат дар ҷумҳурии мо, балки дар тамоми ҷаҳон дар мадди аввал меистад.
Ташаккули шуурнокии экологии хонандагон дар як фанни алоҳида инъикос намегардад. Онро дар алоқамандӣ бо фанҳои дигар физика, химия, география ва ғайра омухта муносибати нодуруст ва ваҳшигарии инсон ба табиатро ба амал овардан лозим аст. Маълум аст, ки солҳои охир шумораи аҳолӣ дар сайёраи замин хеле афзудааст. Аз ин рӯ самаранок ва оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ, хусусан об дар айни ҳол яке аз мушкилоти экологӣ буда, ҳар як шахси бошуурро водор месозад, ки сари ин масъала фикр намуда, роҳу воситаҳои самарабахшро ҷустуҷӯ ва баҳри рафъи оқибатҳои номатлуби он чора андешад. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ҳаёти тамоми мавҷудоти зинда, набототу ҳайвонот ва инсоният ба об вобаста аст. Мутаассифона, солҳои охир дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани сарватҳои табиӣ натанҳо об, балки хок, олами набототу ҳайвонот низ харобу коста гардидаанд. Ифлосшавии об яке аз мушкилоти муҳимтарини муҳити зист буда, қариб ба тамоми ҷанбаъҳои фаъолияти мардуми сайёра таъсир расонида истодааст. Зеро солҳои охир ҷиддияти масъалаи ифлосшавӣ, ғайри мақсаднок истифодабарии об ва оқибатҳои номатлуби он барои наслҳои оянда ба таври возеъ эҳсос мешавад. Тарбия намудани хонандагон дар руҳияи табиатдӯстӣ, тоза нигоҳ доштани муҳит яке аз талабҳои муҳими тарбияи экологии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар шароити имрӯза саривақтӣ мебошад. Бояд дар вуҷуди кӯдакон аз овони хурдсолӣ, дар муҳити оила, боғча нисбат ба табиат муносибати оқилона намуданро тарбия кард. Дар мактаб бошад хонандагон бояд дар рафти дарс ва дар корҳои беруназсинфӣ дар бораи мушкилиҳои ҳозираи экологӣ, ободу сарсабз ва муҳофизат намудани табиат донишҳои ҳамаҷониба пайдо намоянд. Хусусан амалӣ шудани ин мақсадҳо аз омӯзгорони фанни экология вобастагии калон дорад. Онҳо бояд ба хонандагон оид ба муҳофизати олами наботот ва растаниҳои ватанамон маълумоти пурра диҳанд. Хулоса тарбияи экологӣ муносибати дурусти байни хонандагон ва ҷамъияту табиатро ба роҳ монда, ҳифзи муҳити зистро, ки гузаштагонамон яке аз вазифаҳои муқаддас медонистанд, меомӯзонад. Бибираҷаб ФАЙЗИЕВА, омӯзгори Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев
Дар замони муосири раванди ҷаҳонишавӣ ҳар кишварро мебояд мероси фарҳангии худро ҳифз намояд. Зеро дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ фарҳангҳои бузург дигар фарҳангҳоро чун баҳри беохире ба коми хеш кашида, нобуд хоҳанд сохт. Бо дарназардошти оқибатҳои раванди мазкур имрӯз дар қатори дигар кишварҳо дар ватани азизамон ҳар сол ҷиҳати таҳкими фарҳанги миллӣ чораҳои муассир андешида мешаванд. Эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои ҳифз, рушд бахшидан ва дар баробари ин, муаррифӣ намудани фарҳанги хеш ба ҷаҳониён заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” хеле ба маврид буда, он ба инкишофу ташаккули соҳаҳои мазкур мусоидат менамояд. Дарвоқеъ, соҳаи сайёҳӣ имрӯз дар саросари дунё яке аз воситаҳои хуби муаррифӣ намудани ҳар як сарзамин ва соҳаи даромадноки иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар дунё кишварҳое мавҷуд мебо-
шанд, ки тавассути рушди соҳаи сайёҳии хеш ҳар сол фоидаи зиёд ба даст оварда, дар ин замина иқтисодиёти онҳо рӯ ба тараққист. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мавзеъҳои гуногуни сайёҳист. Танҳо ёдовар шудани кӯҳҳои осмонбус, кӯлу дарё ва обҳои мусаффои он ки дар саросари олам беназир аст, кофӣ мебошад. Ҳамин неъматҳои бебаҳо яке аз нишонаҳои кишвари сайёҳӣ будани ҷумҳурии азизамон ба шумор меравад. Тайи чанд соли охир беш аз садҳо ҳазор нафар сайёҳон ба ҷумҳурии мо ташриф овардаанд ва тибқи нақшаи дурнамо шумораи эшон дар соли 2020 ба як миллион нафар хоҳад расид. Имрӯз дар кишвари мо ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, аз қабили кандакорӣ, дузандагӣ, бофандагӣ, чакандӯзӣ, ҷуроббофӣ, сандуқсозӣ, зардӯзӣ, кордсозӣ, кулолгарӣ, наққошӣ, қолинбофӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, сабадбофӣ ва ғайра мавҷуд буда, бо таърихи куҳан ва нақшу нигори дилкаш таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳар яке аз ин ҳунарҳо дар ҳоли рушд буда, баҳри поянда ва мерос мондан ба наслҳои оянда, ҷавонону наврасон онҳоро имрӯз меомӯзанд. Дар дунё имрӯз ба ҳунарҳои мардумӣ, ки арзиши қимматбаҳо
ва ҷузъи муҳими фарҳанги миллист диққати махсус равона гардида, баҳри ҳифзу гиромидошт ва рушд ёфтани он пайваста корҳои судманд анҷом дода мешаванд. Ҳунарҳои мардумӣ чун неъмати бебаҳост, ки тӯли қарнҳо бо талошу заҳмат ва муҳаббати самимӣ ниёгони мо онро зинда нигоҳ дошта, имрӯз ба мо расидаанд. Пас, вазифаи имрӯзаи якояки мо шаҳрвандон аз он иборат аст, то ин ҳама мероси фарҳангиро хуб нигоҳ дорему бо таҳкиму рушд бахшидан, онро ба наслҳои минбаъда мерос гузорем. Чунки яке аз нишонаҳои ҳастии фарҳанги миллӣ ҳунарҳои мардумӣ ба шумор меравад. Баҳри он ки ҳунарҳои мардумӣ пой бар ҷо бошаду фарҳанги миллии мо дар саросари олам мавриди таваҷҷуҳи пайваста қарор гирифта бошад, пас мо бояд таблиғгару таҳкимбахши фарҳанги миллӣ бошему баҳри боз ҳам хубтару беҳтар муаррифӣ намудани он ба оламиён фаъолияти хешро ба роҳ монем. Зеро гузаштагон онро ҳифз намуда, ба мо ба ёдгор монданду вазифаи имрӯзаи мо низ аз он иборат аст, то онро хуб ҳифз намоему ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. Фарзона ЗУЛФИҚОРОВА, омӯзгори МТМУ № 47, ноҳияи Сино
Оилаи солим шарти муҳимтарини тарбияи оилавист Аз қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” чанд сол сипарӣ гардид. Қабули қонуни мазкур бешубҳа тақозои замон буд ва иҷрои босифату саривақтии он аз ҳар падару модар ва мактабу аҳли ҷомеа масъулияти баландро тақозо менамояд. Агар мо ба таълимотҳои пешқадами педагогӣ ру орем, дар таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи насли наврас ҳамкорию робитаи волидон бо мактаб нақши асосӣ мебозад. Мактаб ва оила иттифоқчиёни табиӣ, ду қувваи тавонои тарбия ба ҳисоб мераванд. Педагоги бузург А. С. Макаренко дар бисёре аз асарҳояш ба ҳамин маънӣ зикр менамояд, ки маҳз дар оила таҳкурсии тарбияи шахсият гузошта мешавад. Ба андешаи ӯ оила коллективи нахустин буда, тарбияи муваффақонаи кӯдакро таъмин менамояд. Мактаб дар тарбияи фарзанд бояд роҳбарӣ намояд. Ӯ тарбияи
оилавиро ба ду ҳисса ҷудо намуда, дар китобаш менависад, ки “Тарбияи дурусти бачаҳо ин пирии хушбахтонаи мо ва тарбияи бади онҳо бошад, ғаму андуҳи оянда, оби дида ва гуноҳи азим аст”. Мавҷуд будани оилаи солим, шарти муҳимтарини тарбияи оилавист. Дар воқеъ, кӯдакро аз аввал ба роҳи дуруст тарбия намудан нисбат ба азнавтарбиякунӣ хеле содаву осон аст. Мутаассифона, на ҳамаи падару модарон барои тарбияи шоистаи фарзандон дар назди ҷамъият ва қонунгузории давлат масъул будани худро ҳис мекунанд. Имрӯз давлат дар санадҳои зи-
ёди меъёрию ҳуқуқии худ вазифаву уҳдадориҳои волидонро ба таври возеҳу дақиқ муайян намуда бошад ҳам, мутаассифона, ҳанӯз оилаҳое кам нестанд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон саҳлангорӣ мекунанд. Ба андешаи ин олими тавоно таҳкурсии асосии тарбияи кудак то синни 5 солагӣ гузошта мешавад. Ва бачаҳо гулҳои зиндагӣ буда, дар танаи зиндаи ҳаёти мо мешукуфанд. Бинобар он нисбати тарбия бояд бепарво набошем. Қурбоналӣ САИДОВ, омӯзгори Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
Замони сидқан хушҳол будани худро ӯ дергоҳ боз дар ёд надорад. Чӣ шуд, ки аз ҳаёти ширин ва саршор аз муҳаббаташ бенасиб гардид. Дигар на хандаеву на шодӣ, на хушҳолиеву на хурсандӣ. Доим бо ду чашми пурнам ва чеҳраи ғамнок дар кунҷи хона нишаста, сар ба оғӯши ғам ниҳодааст. Ӯ низ мисли садҳо ҷавондухтарони дигар бо сад умеду орзу ба шавҳар баромада, орзуи ягонаи волидони хешро, ки барпо намудани оилаи хушбахт буд, амалӣ намуд. Зиндагии бисёр хубу ибратбахше дошт, то он лаҳзае, ки борони андуҳи ҷудоӣ болои бомашон ба боридан оғоз кард. Муноқиша ва нофаҳмии андаке боис гардиду оилаи ба тозагӣ барпонамудаашон вайрон гардид. Ӯ ҳарчанд кӯшид, то тифли хурдсолаш дар муҳити оилавӣ дар оғӯши гарми падару модар ба воя расаду аз муҳаббати волидон баҳраманд гардад, аммо ҳеҷ натиҷае надоду дар охир хонавайрон гардид. Инак беш аз се сол аст, ки зиндагиро бо тифли хурдсолаш дар хонаи модар паси сар менамояду аз лаззати зиндагӣ, ки хушбахтист, бенасиб аст. Ҳар рӯзи ҳаёташ чун моҳеву моҳаш ба мисли сол мегузарад. Чун ҳар вақте ба кӯдаки ятиммондааш менигарад, гиря гулӯгираш менамояду аз тақдири талхаш менолад. Ин ҳамсуҳбати мо, ки нахост номашро баён намоем, таъкид мекунад, ки ҳар шахс пеш аз он ки
11
НИГОҲИ ДИГАР
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №14 (9544), 05.04.2018 оила бунёд менамояд, бояд пеш аз ҳама доир ба мустаҳкамии оила биандешаду ҳеҷ гоҳ нагузорад, то ба муҳити оилавӣ чизе зарар расонаду боиси парешонии оилаҳо ва ятим мондани фарзандон гардад. Зеро зиндагӣ зебост ва бо муҳити солими оилавӣ боз ҳам хубу гуворотар. Солҳои охир мушкилии пошхӯрии оилаҳо хеле зиёд ба назар мерасад, ки боиси нигаронист. Дар ин маврид хомӯш будан номумкин аст. Зеро оила маконест, ки тамоми инсоният дарси аввалини зиндагиро аз он меомӯзаду баҳри ояндаи хеш пеши худ мақсадҳои бузург мегузорад.
оилаҳо дар соли сипаригардида 8200 фарзандони оилаҳои вайроншуда ба қайд гирифта шудаанд. Таассуфовар аст, вақте оила пош мехӯрад, кӯдакон ятим мемонанду зиндагиро бидуни меҳри падару модар паси сар месозанд. Зеро муҳаббати волидон баҳри фарзанд бузургтарин омили амалигардии орзуҳо буда, он чун шамъе роҳи ояндаи фарзандро мунаввар мегардонад. Мусаллам аст, ки ҳаёт бидуни мушкилот ва монеаҳо нахоҳад буд. Зеро зиндагӣ худ роҳи мушкилгузареро мемонад, ки танҳо инсонҳои соҳибирода метавонанд, онро бе
пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Ба таъкиди мутахассисону коршиносони соҳа пош хӯрдани оилаҳо аз нофаҳмиҳо сарчашма мегирад. Ба андешаи онҳо омилҳои сарзадани хушунат ва нофаҳмиҳо дар оила гуногунанд. Вайроншавии оила дар ибтидои оиладорӣ омили равонӣ дорад, чун давраи аввали оиладоршавӣ давраи мушкил аст. Аслан, ҳар як оила вазифаҳо ва талаботҳои муайяни худро дорад ва ҳангоми иҷро нагардидан ва қонеъ нагаштани яке аз онҳо нофаҳмиҳо, ихтилофҳо ва рафтори номусоид ба амал меояд. Аз он ҷумла, сатҳи пасти зиндагӣ,
Аз муҳити гарми оилавӣ маҳрум сохтани кӯдакон гуноҳ аст ё чаро вайроншавии оилаҳо ба ҷои коҳиш дар ҳоли афзоиш аст?!
Тибқи иттилои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 дар кишвар 10100 далели бекор кардани ақди никоҳи шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1239 адад зиёд мебошад. Инчунин, дар натиҷаи пошхӯрии
ягон душворӣ паси сар намоянду хушбахт бошанд. Масъалаи мустаҳкамии оилаҳо ва пош нахӯрдани онҳо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар буда, дар ин замина баҳри пешгирӣ аз вайроншавии оилаҳо дар ҷумҳурӣ
бемориҳои гуногун, номувофиқатии навъҳои мизоҷ, эҳтироми якдигарро ба ҷо наовардан ва гузашт карда натавонистан, боиси нофаҳмӣ дар оилаҳо мегарданд. Ба таъкиди равоншинос Мадина Шарипова баҳри пойдории оила таҳаммулпазириро бояд дар худ ташаккул дод. Баланд бардоштани маърифатнокии оиладорӣ хеле муҳим аст. Мувофиқи маъхазҳои психологӣ дар давраҳои муайяни ҳаёти оилавӣ буҳронҳо ҷой доранд. Агар инро дарк намоем,пас метавон баъзе ҷиҳатҳои баамалоии ихтилофҳои оилавиро пешгирӣ намуд. Воқеан, оила яке аз муқаддастарин муҳитест, ки дар он тамоми шахсиятҳо ташаккул ёфта, он зинаи аввали шинохти худ ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки аз
ибтидои офариниш онро муҳити дармонбахши рӯҳу равон унвон кардаанд. Модари чор фарзанд Моҳбибӣ Қаюмова андешаҳои хешро дар ин хусус чунин баён намуд:“Оила ва ҳаёти оилавӣ беҳтарин муҳит баҳри хуб ба воя расидани фарзандон мебошад. Падар ва модар маншаи асосии хушбахтиҳои оилаанд. Вақте ин ҳарду дорои хислатҳои ҳамидаанд, ҳатман фарзандон онро аз волидонашон меомӯзанд ва дар оянда кӯшиш менамоянд, ки онро дар зиндагии мустақили хеш таҷриба намоянд. Яъне, дар баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги оиладории ҷавонон волидон нақши муассиру ҳалкунанда доранд. Вақте ҷавон дар муҳити хуб ба воя мерасад ва одобу ахлоқи накӯро аз муҳити хонавода меомӯзад, метавон гуфт, ки дар оянда оилаи хуб барпо менамояду баҳри пойдории он талош хоҳад кард”. Ҳаёти шоиставу арзанда бар асоси омилҳои гуногун бунёд меёбад, ки яке аз ин омилҳо муҳити солими оилавист. Аз ин рӯ, барои соҳиби зиндагии арзанда шудан инсонро зарур аст, ки дар пайи бунёди муҳити солими оилавӣ бошад. Хуллас, роҳи ягонаи солиму мустаҳкам нигоҳ доштани оила ин маърифатнокӣ ва фарҳанги баланд буда, танҳо ба ин васила мо метавонем дар таҳкими ҳаёти оилавӣ саҳмгузор бошем. Зеро ҳар инсон ба зиндагии шоиставу орӣ аз ҳама гуна зиддиятҳо арзандааст. Пеш аз ҳама фарзандон бояд дар муҳити солими оилавӣ, дар оғӯши меҳри падару модар ба воя расанд. Пас, бояд талош кард, то маърифатноку соҳибирода бошему дар солимии оилаи худ саҳмгузор.
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
Таҳсил дар Душанбе бароям гуворост Гулалека Хонҷонова баъди хатми мактаби миёна дар зодгоҳаш кишвари Туркманистон тасмим гирифт, ки барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон меояд. Ҳоло бошад, ӯ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таҳсил дорад. Зимни суҳбат ба якчанд суолҳои мо посух гуфт. -Барои таҳсил чаро маҳз Тоҷикистонро интихоб намудед? - Ман дар бораи Тоҷикистон бисёр шунида будам ва дар дил бисёр орзу мекардам, ки ба Тоҷикистон омада ва дар ин ҷо таҳсилро идома бахшам. Аз аз урфу одат, фарҳанги дигар халқҳо мехостам огоҳ бошам. Ва имрӯз бошад, орзуҳои деринаи ман амалӣ гардид. Ҳоло дар курси дуюми факултети фарҳангшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таҳсил дорам. - Мардуми тоҷикро чун меҳмоннавоз медонанд. Оё инро ҳис кардед? - Бале, дар ҳақиқат мардуми Тоҷикистон меҳмоннавоз аст. Инро медонистам ва айни замон, ки ман дар Тоҷикистонам чунин ҳолатро бо чашми сар дида, аз меҳмоннавозии мардуми шумо хеле мамнунам. Зеро худ меҳмони мардуми шумоям. - Муоширати шумо бо ҳамкурсон бо кадом забон сурат мегирад? Барои омӯхтани забони тоҷикӣ оё ҷаҳд доред? - Муошират миёни мо, ҳамкурсон бештар
бо забони русӣ сурат мегирад. Ман пайвваста мекушам, ки бо ҳамсабақонам бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ намоям. Ҳамчунин, китобҳои тоҷикиро мутолеа мекунам, то ҳар чи зудтар забони тоҷикиро аз худ кунам. - Ҷараёни таълими мактаби олии Тоҷикистон, ки шумо таҳсил доред, бароятон писанд аст? - Бале, писанд аст. Донишкада бо тамоми шароити хубу замонавӣ таъмин ва машғулиятҳо дар сатҳи баланд сурат мегирад. Синфхонаҳо бо тахтаҳои электронӣ, компютерҳо ва дигар таҷҳизот муҷаҳҳаз буда, устодони ботаҷриба машғулиятҳоро мегузаронанд. Аз мо танҳо як талаб аст, ҳар чи бештар машғулиятҳро аз худ намуда, чун мутахассиси болаёқат тайёр шавем. Соли аввали таҳсил то андозае душворӣ дошт. Вале бо мурури вақт, бо дастгирии устодон ва ҳамсабақон аз худ намудани дарсҳо батадриҷ осон гардид. Ҳангоми дарс устодон бо ҳамшариконам дарс мегуяд боз барои ман такроран бо забони руси ё тоҷики мефаҳмонад то, ки ман фаҳмам ва аз худ кунам дарсҳоро ин бароям осон гаш . -Шояд дӯстони тоҷикӣ ҳам пайдо карда бошед. Ва агар ба манзили онҳо ташриф оварда бошед, пас рӯзгори тоҷиконаро чӣ гуна дидед? - Аз рӯзи аввали ба Тоҷикистон ташриф оварданам дӯстони зиёде пайдо кардаам, ки ҳар яки
онҳо бароям азизанд. Мисли бародару хоҳаранд, дар ҳама ҳолат маро дасгирӣ мекунанд. Бисёр ҳалиму меҳрубонанд. Ба манзили дӯстонам бисёр рафтаам дар тӯйҳову маъракаҳои тоҷикӣ иштирок кардаам. Бисёр расму оинҳои мардуми тоҷик мисли расму оинҳои миллии мост. - Ҷавонони тоҷикро чӣ тавр баҳо медиҳед? - Ҷавонони тоҷик чун як қишри фаъоли ҷомеа дар ҳама соҳаҳо кору фаолияти худро давом дода, дар ободу зебо гардидани кишвари азизи худ саҳми арзанда мегузоранд. Ҷавонҳони тоҷик ба назари ман, хеле фаъолу баномусанд. - Пойтахти тоҷиконро, ки солҳои охир симояш хеле тағйир ёфтааст, чӣ гуна дарёфтед? - Пойтахти тоҷикон сол то сол зеботар гашта, ҳамарӯза мардумаш барои боз ҳам ободу зебо гардониданаш кӯшишу заҳмат мекунанд. Доимо дар ҳар гӯшаву канори пойтахт гашугузор мекунам. Мебинам, ки тамоми хиёбону кӯчаҳои шаҳрро гулҳои зебо, сабзаҳои тару тоза, ҳавои софу беғубори баҳорӣ боз ҳам пойтахти тоҷиконро зеботар гардонидааст. - Дар кӯчаҳои шаҳр гаштугузоркунон рафтори одамонро мушоҳида карда, чӣ бароятон маъқул афтоду чӣ не? - Вақтҳои холӣ ҳамроҳи дустонам ба тамошои боғҳои фарҳангии пойтахт мебароем ва ҳангоми дар нақлиётҳои мусофирбари ворид
шудан мебинем ки мардуми тоҷик нисбати якдигар чи гуна ҳурмату эҳтиром доранд. Ҷавонон аз ҷой хеста ба калонсолон ҷои нишаст медиҳанд. Дар бозорҳо ба одамони дар дасташон борхалта буда, ёрӣ мерасонанд. Ин хислатҳои наҷиби ҷавонони тоҷик ба ман хеле писанд афтодааст. - Пас аз анҷоми таҳсил агар дар Душанбе таклифи фаъолият шавад, онро қабул мекунед? - Албата, қабул мекардам. Лек аз сабаби оиладор буданам баъди хатми донишкада ба ватани худ баргашта дар китобхонаи марказии шаҳрамон ба кор хоҳам даромад. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
12 Муҷассамаи Исои бахшоянда, ки дар Рио-де-Жанейро воқеъ гардидааст, яке аз машҳуртарин ёдгориҳои таърихии дунё маҳсуб меёбад. Ҳамасола миллионҳо сайёҳон ба таҳкурсии он қадам гузошта, гирду атрофро назора менамоянд, чун аз он ҷо манзараи мафтункунандаеро мушоҳида кардан мумкин аст. Аз он баландӣ намои шаҳрҳо ва халиҷҳо, кӯҳҳо, баҳрҳо, пляжҳои машҳури Копакабана ва Ипанема, варзишгоҳи бузурги Маракана хеле ҷолибу ҳайратангез ба назар мерасанд. Муҷассамаи Исои бахшоянда шӯҳрати ҷаҳонӣ дошта, дар Бразилия, дар кӯҳи Корковадо, дар баландии зиёда аз 700 метр ҷойгир шудааст. Он бо ду дасти кушода ва сари хамида, дар ҳолате ки гӯё дуо ва фотеҳа медиҳад, ба шаҳри бузурге, ки зери пояш доман паҳн кардааст, дида дӯхтааст.
МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №14 (9544), 05.04.2018
Муҷассамаи Исои бахшоянда 2,2 миллион реал ҷамъоварӣ намуд. Дар пуррагардонии ин фонд ҳама соҳаҳо, аз ҷумла масҷиду ибодатгоҳҳо низ фаъолона ширкат намуданд. Идеяи бо дастони кушода тасвир намудани ин муҷассамаро, ки ба салиб шабоҳат дорад, рассом Карлос Освалдо пешниҳод намуд. Ғайр аз ин, амсилаҳои (намунаҳои) зиёде барои сохтани ин ҳайкал сохта ва пешниҳод гардиданд, ки беҳтаринашро Эйтор да Силва Коста омода намуд. Тибқи лоиҳаи ӯ муҷассама 38 метр баландӣ дошт, ки аз ин 8 метр пойдевор, ё таҳкурсӣ буду дарозии қулоч (дастҳои ёзида) 30 метрро ташкил медод. Бо чунин ҳаҷми ҳайратангез вазни умумии муҷассама 1145 тоннаро ташкил дод.
Ин муҷассама бо намуди аҷибу ғайриодияш диққати тамоми сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. ТАЪРИХИ МУҶАССАМА ВА НАҚЛУ РИВОЯТҲО Соли 1994 дар кӯҳ роҳи оҳани хурде сохта шуд, ки минбаъд тавассути он масолеҳи сохтмонӣ
Мардуми тоҷик миллатест, ки ҳамеша дар ҳама давру замон ҳунарҳои ба худ хоси миллиро доро буд. Дар замони бархурдҳои таърихӣ кӯшиш мекарданд, то доимо нигаҳдорандаи ҳама ҳунарҳо ва суннатҳои аҷдодӣ бошанд. Солҳои охир ҳунарҳои мардумӣ танҳо дар деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба чашм мерасиду халос. Аз ин рӯ, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ баҳри аз сари нав зинда гардонидани ҳунарҳои дастии мардумӣ дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Яке аз ҳунарҳои таърихие, ки аз қадим то имрӯз боқӣ мондааст, ҳунари чакандӯзӣ мебошад. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки чакан ва чакандӯзӣ таърихи қадима дорад. Сарчашмаҳо ва маъхазҳои таърихие, ки роҷеъ ба пайдоиши чакан ва чакандӯзӣ аз қаъри асрҳо то ба замони мо омада расидааст, аз он далолат мекунад, нахустин нафаре, ки либоси чаканро ба бар кардааст, дар сарзамини ориёиҳо сукунат дошт. Ҳунармандон дар ҳар давру замон кӯшиш мекарданд, ки зебоӣ ва рангорангии табиати замину офтоби ҷои зисти худро ба риштаи тасвир кашанд. Чакан дар матоъ бо нақшу нигори гуногун оро дода шуда, баробари дидани он шахс мафтун мегардад. Аз сабаби он ки дар рӯи матоъ ҳар ҷо-ҳар ҷо дар шакли доғ нақшу нигорҳо дӯхта мешаванд, аҳолии ҷануби Осиёи Миёна калимаи “чакан”-ро ба маънои “доғ” ном мебаранд. Ақидаи дигаре ҳаст, ки дар гузашта болои чӯбу зарфҳо бо асбобҳои нугтез гул мегузоштанд ва гӯё
ҳамлу нақл мегардид. Сабаби асосии бунёди муҷассамаи Исои бахшоянда дар ин мавзеъ ин омодагӣ ба таҷлили садсолагии истиқлолияти пойтахти Бразилия буд. Бо ин мақсад барои ҷамъоварии маблағ озмун эълон карда шуд. Масалан, маҷаллаи “О Круйзеро” аз ҳисоби обуна қариб
номи чакан аз ҳамин ҷо ибтидо ёфтааст. Сарчашмаҳои бостоншиносӣ ва маъхазҳои таърихӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки чакандӯзӣ, гулдӯзӣ ҳунари бисёр қадима буда, таърихи ҳазорсолаҳоро доро мебошад. Ба андешаи донишмандони соҳаи санъатшиносӣ ду ҳунар- чакандӯзӣ ва фалаксароӣ ба сабки хоси диёри Кӯлоби бостонӣ ки он дар ҷануби Тоҷикистон, дар вилоти Хатлон ҷойгир аст, тааллуқ доранд.
ЯКЕ АЗ 7 МУЪҶИЗАҲОИ ОЛАМ Чун он замон технологияи Бразилия имкони анҷом додани қисми зиёди амалисозии чунин лоиҳаҳоро надошт, тамоми ҷузъиёти муҷассамаи Исои бахшоянда дар Фаронса сохта шуда, сипас тавассути роҳи оҳан ба Бразилия интиқол дода шуд. Аз охири роҳи оҳан то пойдевори муҷассама роҳе сохта шуд бо номи “Каракол”,
нави чакан, ганҷинаи ин ҳунари волои миллати тоҷик маҳсуб мешавад. Дар минтақаи Кӯлоб куртаи чакан яке аз либосҳои муҳим барои ҷашни арӯсӣ ба ҳисоб меравад ва ҳар як арус бояд ин ҳунари аҷдодиро аз худ кунад ва то барпо шудани ҷашни арусияш бо дастони худ барои худаш чодари нақшини чаканӣ омода намояд. Дар ин минтақа мардон бошанд дар ҳама ҷашнҳои маишиву динӣ ва
ки аз 220 зина иборат буд. Аҷиб ин аст, ки дар дохили бинои пойдевори ин муҷассама калисои хурд воқеъ гардидааст, ки аз мармар сохта шудааст. Барои сохтмони муҷассама қариб 9 сол сарф шудааст. Он 12 октябри соли 1931 кушода шуд ва дарҳол мақоми рамзи Риоде-Жанейро ва тамоми Бразилияро соҳиб шуд. Муҷассама аз масолеҳи оҳану бетонӣ ва сангҳои собунӣ сохта шудааст. Ба майдони муоинавии муҷассама бо ёрии эскалаторҳо (зинаҳои равон), ки соли 2003 сохта шудаанд, баромадан мумкин аст. Соли 2007 бошад, муҷассама ба рӯйхати 7 муъҷизаи нави олам шомил гардид. МАШҲУРТАРИН ЁДГОРИИ ТАЪРИХӢ Муҷассама дар тӯли 75 сол ду маротиба таъмиру таҷдид карда шудааст. Мутаассифона, соли 2010 он дучори вандализм (харобкории осори пурқиммати маданият ва санъат) гардид. Рӯи онро бо ранги сиёҳ доғдор намуданд, ки баъдан бартараф карда шуданд. Айни ҳол мавзеи ҷойгиршавии ин ёдгории таърихӣ макони баргузории ҳама гуна чорабиниҳои маданиву маърифатӣ ва аз мавзеъҳои тамошобоб барои сайёҳон ба шумор меравад. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
худро бо бардевории пурнақшу нигори чаканӣ ва тирезаҳоро бошад, бо пардаҳои дастдӯхти пур аз зебоиҳои табиат инъикосёфтаи чаканӣ, оро дода, хонаҳои худро бо ин ҳунари аҷдодӣ зебу зиннати дучанд меофаранд. Одатан бо усули гулдузии чакан курта, чодар ё сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, сардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯш, парда, чойхалта, сачоқ, рӯмол, ҷойнамоз ва ғайра
Ҳунарҳои мардумӣ посдорандаи фарҳанги миллӣ
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шаҳри Кӯлоб на танҳо ватани тарғиботи чакан аст, балки дорандаи мактаби ин ҳунари зебо ва офарандаи навъҳои
аз ҳама мароқовараш ин ки домодҳо дар ҷашни домодияшон ба сар тоқии чакан мегузоранд. Мардум, ки ба ин ҳунари аҷдодӣ, бо назари нек менигаранд, ҳатто хонаҳои
истифода мешавад. Дар гулдузии чакан тасвирҳои рамзнок ва мазмунҳои мифологӣ (афсонавӣ) оид ба табиати атроф, кайҳон, орзуву омоли мардум истифода мешаванд. Нақши чакан дар сӯзаниҳои Самарқанду Бухоро, Истаравшан, Дарвозу Ванҷ, Вахёву Ғарм ва дар нақшҳои лаби остину лаби домони тоҷикони Шуғнону Рӯшон низ акс ёфтааст. Барои чакан аслан матоъҳои сафед, зард ва сурх истифода мегардиданд. Дар интихоби пилла ва ё худ абрешими матоъ низ аҳамияти хосса медоданд. Дар воқеъ, мардуми тоҷик аз азал мардуми фарҳангсолору фарҳангофар буда, дар ҳама давру замон офарандаи ҳунарҳои бузург, нафис ва нодир ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро мебояд ҳамеша посдорандаи ҳунарҳои мардумӣ ва суннатҳои ниёгонамон бошему дар таҳким ва рушди он саҳми худро гузорем. Исфандиёр БАДАЛОВ, ассистенти ДДК ба номи А. Рӯдакӣ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №14 (9544), 05.04.2018
E - MAIL: javonontj@mail.ru
Бӯи “баҳори хунин” ҳанӯз дар машомам ҳаст Аз вуқуи фоҷиаи баҳманмоҳи соли 1990 бисту ҳашт сол гузашт. Дар атрофи он ҳодисаҳои мудҳиш бисёр навиштанду гуфтанд. Вале ҳанӯз ҳам касе натавонистааст ба саволҳои аслӣ посух гӯяд: Ин рӯзро ба сари миллати тоҷик кӣ таҳмил дод? Чаро одамони бегуноҳ қурбон шуданд? Чаро омилони аслии ин фоҷиаи миллаткуш то ҳанӯз дар паси пардаанд? Ва ғайраву ҳоказо... Матолибе, ки дар тӯли солҳои сипаришуда нашр шудаанд, то ҷое манзараи умумии фоҷиаи рухдодаи давраи ҷанг ва дидгоҳҳои мухталифи аҳли ҷомеаро нисбат ба ин ҳодиса ифода мекунанд. Аммо то ба ҳол бисёр паҳлӯҳои ин манзараи манфури таърихи навини тоҷик норӯшан боқӣ мондаанд. Бахусус, қотилони рӯзноманигорон, олимон ва донишманди солҳои 1992-1993 қурбоншуда, ки бо кадом ҷурму гуноҳ ба марг маҳкум шуданашон то ҳол маълум нест, паси парда мондаанд. Ҳоло вақти он расида, ки бо такя ба далоили таърихӣ ва ақлу мантиқ симоҳои миллаткушро ба аҳли ҷомеа ошно созем. Дар гармогармии фоҷеаи баҳманмоҳ Президиуми Шӯрои Олии онвақтаи Тоҷикистон комиссияеро оид ба тафтиши воқеаҳои 12-14 феврали соли 1990 таъсис дод, ки муовинии раиси ин коммиссияро намояндаи мардумӣ, муовини Додситони онвақтаи нақлиёти Осиёи Миёна Сафаралӣ Кенҷаев ба уҳда дошт. Дар арафаи солрӯзи ин фоҷиа гузориши комиссия оид ба тафтиши воқеаҳо нашр гардид. Ҳарчанд дар ибтидо дар гузориши комиссияи зикршуда ба марги одамони бегуноҳ "… ҳарбиён ва кормандони милиса" айбдор дониста шуда буданд, вале баъди чанд муддат ҳамон С. Кенҷаев хулосаи худ ва комиссияро дигар карда, "нерӯҳои навпайдои динӣ – сиёсии ҷомеа"-ро масъули баҳманмоҳи хунин донистааст: “Баъзеҳо мегӯянд, ки ба миён омадани гурӯҳҳои динии оппозитсионӣ падидаҳои нав буду як намуди демократия, аммо ба фикри мо, ягон намуди зуҳуроти демократӣ наметавонад ба хунрезӣ сабаб шавад. Ва он чӣ агар оқибат ба хунрезӣ ва ҷангу ҷидол барад, ягон хел падидаи демократӣ буда наметавонад. Ба ақидаи ман, ин воқеаҳо шахсони тарроҳу ташкилкунанда ва шахсони иҷрокунандаи худро доштанд". Чунонки мебинем бо гузашти вақт ва бо тағйир ёфтани мавқеи сиёсиаш С. Кенҷаев на фақат хулосаи комиссияи тафтишотиро, ки худаш муовини он буд, инкор мекунад, балки тадриҷан онҳоеро гунаҳкор медонад, ки бо қувваи беруна ва аз рӯи нақшаву тарҳи пешакӣ ин қадар бадбахтиро ба сари давлат ва халқи тоҷик
оварданд. Ба қавли ин сиёсатмарди авохири қарни ХХ, ҳар воқеаву ҳодисаи сиёсӣ, ки қатлу куштор, хуни ноҳақ рехтан ва барафрӯхтани оташи ҷангро дар пай дорад, ҳатман аз ҷониби нерӯҳои хориҷӣ – ташкилкунандагони нооромӣ аз рӯи тарҳи пешакӣ созмон дода мешавад ва тамоми нақшаву супоришҳои беруна дар дохил бо дасти иҷрокунандагон амалӣ мешавад. Вале афсӯс, ки бо ҳамин андешаҳои воқеъгаро ва ҳамин фошгӯиҳо ӯ бо тири дасти нобакоре аз гурӯҳи мухолифини сиёсӣ дар назди манзили истиқоматияш ҳамроҳ бо ронандааш кушта мешавад. Ҳақиқат ин аст, ки дар тӯли таърих тоҷик “дар сарояш аз бахти нагун бо габру мусулмон ҳамсаро буд". Ҳеч халқе мисли тоҷик ба қотилонаш, ки аз сари фарзандони ӯ калламанораҳо сохтаанд, дилу дидаашро накушодааст, ҳеҷ миллате мисли тоҷик дар канораш душманони хоназод напарвардааст. Аммо тоҷик дар оғӯши худ чанд тан аз нокасеро, хоинеро, модарбахатоеро, нагунбахтеро, ки дертар бо номи ҲНИТ зуҳур кард, парварид, ки дар мушкилтарин вазъият ба ҷои он ки барои беҳрӯзии мардумашон ва ободии кишварашон бикӯшанд, даст ба қатли миллати хеш зада ва ватанашонро ба коми оташи ҷанг гирифтор карданд. Омили асосии ҳодисаҳои хунини моҳи феврали соли 1990, қотили асосии рӯзноманигорон ва олимону донишмандони бегуноҳ, ки солҳои 1992-93 аз дасти ноҷавонмардони миллаткуш ба қатл расиданд, бешак ТЭТ ҲНИТ аст. Агар ба сарнавишт ва таърихи зиндагии тамоми қурбониёни он солҳо назар афканем, аз рӯи шаҳодати дил ва ақлу мантиқ маълум кардан мумкин аст, ки гурӯҳҳои динӣ – сиёсии замон бо мақсади нобуд сохтани нерӯи сухан ва ба даст гирифтани идеологияи мардум куштори тамоми бедорфикрони ин давр, бахусус рӯзноманигоронро, ба нақша гирифта, манзараи қатлу кушторро як навъе ба назари мардум вонамуд кунонидаанд, ки то ҳол ҷомеа ба кори дасти мухолифин будани он шубҳа доранд. Аммо дигар вақти он расида, ки тамоми шубҳаҳо аз дил бурун оварда шавад ва дар саргаҳи қотилони маъруф-
тарин чеҳраҳои илму журналистикаи тоҷик, мисли академик Муҳаммадҷон Осимӣ, профессорон Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, аксбардони номвари тоҷик Муҳиддини Олимпур, рӯзноманигорони мубориз Муродуллоҳ Шерализода, Отахон Латифӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Олими Заробек, Искандари Хатлонӣ, Мухтор Буғдизода, Давлаталии Раҳмон, Абдухолиқи Содиқ, Аҳрори Шариф, Зикруллоҳи Валӣ, Махсум Олимӣ, Искандари Карим, Ширинҷони Амирҷон, Мақсудшо Имматшоев, Олимҷони Абдул, Аюбҷони Неъмат, Ҷумахон Ҳотамӣ, Саидшо Саидов, Шарифамоҳи Кишвардухт, Абдулқаҳҳори Нозим, Эътибори Элмурод, Сайвалии Насиб, Хушвахтшоҳи Муборакшо ва даҳҳо дигарон чеҳраи манфури ТЭТ ҲНИТ дида шавад. Ин баҳор, ки аз рӯзи таваллуди рӯзноманигори зиндаёди тоҷик Хушвахтшоҳи Муборакшо 61 сол пур мешавад, оинаи хотироти азизону наздикони ин марди қурбонии роҳи суханро бо тамоми покиву зебогиҳояш тира мегардонад, зеро ёди марги ӯ ваҳшонияти мудҳишеро пеши чашми азизонаш ба хотир меорад. Рӯзноманигор Хушвахтшоҳи Муборакшо 4 апрели соли 1957 чашм ба олами ҳастӣ кушода, факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст ва муддате чанд дар Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикисон кор кардааст. Аз моҳи январи соли 1991 дар рӯзномаи “Садои мардум” фаъолият мебурд ва бо тахаллуси Анбаркӯҳӣ мақолаҳои ҷолиб менавишт. Рӯзноманигори воқеъбину ҳақиқатнигор Хушвахтшоҳи Муборакшо 28 октябри соли 1992 (аз рӯи баъзе маълумотҳо 11 декабри ҳамин сол) бо ҷурми “бадахшонӣ” будан аз тарафи “гурӯҳи номаълум”, ки имрӯз бо итминон аз ин гурӯҳ ТЭТ ҲНИТ метавон ном бурд, аз троллейбус бо зӯрӣ берун оварда, паронданд. Бо ба ёд овардани рӯҳи ин рӯзноманигори бегуноҳ кушташуда дар айёми баҳорӣ оромиши рӯҳи тамоми қурбониёни солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро орзу дорам. Саидалӣ НАЗАРОВ
13
КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУНИ КУШОД ЭЪЛОН МЕНАМОЯД Дастгоҳи марказӣ: 1. Сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон - 1 ҷо, маоши мансабӣ 830 сомонӣ. Вилояти Хатлон: 1. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Сарбанд - 1 ҷо, маоши мансабӣ 811,20 сомонӣ; 2. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фархор - 1 ҷо, маоши мансабӣ 811,20 сомонӣ; 3. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Вахш - 1 ҷо, маоши мансабӣ 852,80 сомонӣ; 4. Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳритус - 1 ҷо, маоши мансабӣ 665,60 сомонӣ; 5. Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷ. Балхӣ - 1 ҷо, маоши мансабӣ 572 сомонӣ; 6. Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кулоби вилояти Хатлон - 1 ҷо, маоши мансабӣ 572 сомонӣ. Вилояти Суғд: 1. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом - 1 ҷо, маоши мансабӣ 811,20 сомонӣ; 2. Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Айнӣ - 1 ҷо, маоши мансабӣ 665,60 сомонӣ; 3. Мутахассиси пешбари Бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят - 1 ҷо, маоши мансабӣ 665,60 сомонӣ; 4. Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Б. Ғафуров - 1 ҷо, маоши мансабӣ 665,60 сомонӣ; 5. Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Б. Ғафуров - 1 ҷо, маоши мансабӣ 572 сомонӣ. ВМКБ: 1. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шуғнон - 1 ҷо, маоши мансабӣ 811,20 сомонӣ. ШНТҶ: 1. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Лахш - 1 ҷо, маоши мансабӣ 852,80 сомонӣ; 2. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Тоҷикобод - 1 ҷо, маоши мансабӣ 852,80 сомонӣ; 3. Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Роғун - 1 ҷо, маоши мансабӣ 665,60 сомонӣ; 4. Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат - 1 ҷо, маоши
мансабӣ 665,60 сомонӣ; 5. Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Роғун -1 ҷо, маоши мансабӣ 665,60 сомонӣ. Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: - ариза ба унвони роҳбари мақомот; варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо; - шарҳи ҳол; - нусхаи диплом; - 2 дона расми 3х4; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - нусхаи шиноснома; - маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ; - нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда); - маълумотнома аз ҷои истиқомат; - маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 036 УЕ муқарраргардида; - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН) - маълумотнома (справкаобъективка). ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар: - таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис: - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бахши кор бо кадрҳо). Телефон: 236-41-87, 235-10-23. Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
14 Санавбар ба дари дафтари корӣ наздик шуда, садои телефони дохили идоравиро шунид. Ӯ зуд қулфро кушода, ба сӯи дастгоҳ давида, гӯширо бардошт: - Алло, гӯш мекунам. - Салом, - овози Авазбек Қурбонович ҳалимона садо дод. - Во - аллайкум, - Санавбар садои сахт - сахт нафаскашиашро ба зӯр пинҳон кард. - Ба назди ман ҳозир шавед, - илтимос намуд раиси суд. - Ҳозир, - Санавбар гӯширо ба ҷояш гузошта, дафтару қаламашро гирифта, ба ошёнаи дуюм баромад. Наҷмиддинов бо чеҳраи кушод ӯро пешвоз гирифт ва ба нишастан таклиф намуда, аз дил гузаронд: “Оё ин судяи ҷавон аз уҳдаи баррасии парвандаи ҷиноятии мураккаб мебаромада бошад?” Вазъи дар суди шаҳрӣ ба миёномадаро бо ду ҷумла фаҳмонида, дар охир мақсадашро баён кард: - Ба шумо лозим меояд, ки баррасии ин корро ба зимма гиред, - Авазбек Қурбонович бо ишораи даст парвандаи ҷиноятии иборат аз ҳашт ҷилдаро нишон дод. - Ҷинояткор басо шахси хавфнок ва маккору айёр мебошад. Ду куштор, се авбошӣ, як ғоратгарӣ ва чор роҳзанӣ содир намудааст. - Ин ҳеҷ мумкин нест, - қатори чидашудаи ҷилдҳои парвандаро дида, Санавбар сабук эътироз кард. - Охир, ман ҳоло ҷавонам. Таҷрибаи кофӣ надорам. Магар мумкин аст, ки яку якбора баррасии чунин парвандаи бисёрҷилдаю мураккабу бисёрлаҳзаро ба ман супоред? - Дигар илоҷ надорам, - раис китф боло кашид. - Айни ҳол ҳамаи судяҳо дар баррасии парвандаҳо банд мебошанд. Баъдан, мо донишу малакаи дар давлати ҳамсоя бардоштаатро ба назар гирифтем. - Дар хориҷа ман ҳамчун мушовири ҳуқуқии сафоратхона хизмат кардам, Санавбар гӯё ба чизе умед мебаст. - Ба ҳар ҳол аз байни обу оташ гузаштед, - Наҷмиддинов чунин вонамуд кард, ки ҳолати руҳии судяи ҷавонро ҳис намекунад. - Бо ҳар гуна ҳодисаҳо, фоҷиаҳо ва задухӯрдҳои мудҳишу даҳшатангез рӯ ба рӯ шудед. Санавбар ҷилди якуми парвандаро ба даст гирифта, чашм ба муқоваи он давонд. Ному насаби собиқ дилбохтаашро хонда, гӯё ӯро ору нештар зада бошад, ки парвандаро як тараф тела дод. - Не, ин корро ман дида наметавонам. - Чи, магар ҷинояткор хешу таборат мешавад? - ҳайрон савол дод Авазбек Қурбонович. - Солҳои донишҷӯиям ба ӯ.., - ва Санавбар он лаҳзаи ҳаяҷоноварро ба хотир овард… - Ба куҷо? - модар пеши роҳи Санавбари ба кӯча дар шитобро гирифт. - Ин қадар саросема. Ҳозиракак аз донишгоҳ омадӣ. Дар кору бори хона ёрии ту даркор. Ҳа нагуфта падарат аз кор меояд. Духтарамон куҷост гуфта пурсад чи мегӯям? - Модарҷон! - Санавбар худро ба оғӯши модараш ҳаво дод. - Ҷавониатро ба хотир биёред. Ман бо дугонаҳоям маслиҳат кардам, ки ба кинотеатри Ҷомӣ рафта, филми ҳунарии «Рустам ва Суҳроб» - ро тамошо кунем. -Эҳ, ҷону ҷигарам, - оҳи ҳасрат кашид холаи Ситам. - Ҷавонии ман дар майдони пахтазори водии Вахш гузашт. Падаратро, ки донишҷӯйи донишкадаи кишоварзӣ буд, дар мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта ба хоҷагии мо сафарбар карданд. Маро дидан замон ошиқи шайдо шуд ва ҳамин тариқ тақдир маро сокини шаҳр намуд. - Очаҷон, аз чунин қисмат бояд хурсанд бошед, - Санавбар ба сӯи дар равон шуд. - Аз ситаму азоби пахтачинӣ озод шудед. Пас аз тамошои филм зуд ба хона бармегардам. - Ҳаял накун, ҷони очаш, - холаи Ситам бо меҳр аз қафои духтари дартозаш овоз баланд кард.
КИТОБХОНАИ “ҶТ” Санавбар шитоб дошт. Ба боғи марказии шаҳр. Ба мулоқоти нахустин ҷавоне, ки ба қавли дугонааш Малоҳат бо як дидан дил бохта буд. Ба кунҷи боғ расида, Маҷнунашро дид. Абдулхайр бо қади баландаш тамоку дар кунҷи лаб бо қадамҳои калон бетоқатона байни пайраҳаи гулгашт сайр дошт ва ба ҳар як духтару ҷавонзан бо ҳавас менигарист. Санавбарро дидан за-
- Кӣ ҳангию бангӣ? - Мухтор духтарро дағалона ба тарафи худ кашид. Санавбар ҷавонро тела дод. Ӯ болои рафиқаш афтид. Ҳанӯз тоб нахӯрда, ба сӯи дугонааш қадам нагузошта, Мухтор аз мӯйи сараш дошт. Малоҳат бо кулвори дасташ ба сари Мухтор зад. Пакана вой гуфта, пешонаашро қапид. Ҷавони қадбаландаш ба Малоҳат часпид. Ду милисае, ки ин ҳолатро тамошо доштанд,
Судяи ҷавон ҳикоя
мон дарҳол қошу қавоқ андохт. - Чаро қафо мондӣ? - Сими троллейбус чор маротиба аз хати барқ парид, - ва чунин муомилаи дурушт каме ҷаҳлашро оварда бошад ҳам худро ба даст гирифт. Ҳеҷ гумон надошт, ки Абдулхайр ӯро ин тавр пешвоз мегирад. Ҳатто дар аввалин вохӯрӣ ба ӯ дастагуле тақдим накард. Ва зуд дарк намуд, ки байни онҳо ҷарии бетаге пайдо шуд. - Ба такси менишастӣ, - норозигиашро давом дод Абдулхайр. - Ним соат боз туро пойида истодаам. - Ҳушат дар ҷояш. Ман донишҷӯям, - сухани ҷавон ба дили духтар сахт расид. - Модарам хонашин. Падарам танҳо заҳмат мекашад. Боз ду додарам мактабхон… - Шарҳи ҳолат ба ман лозим нест, Абдулхайр дағалона сухани духтарро бурид. - Агар боз ба мулоқот қафо монӣ, бо дигар лафз гап мезанам. - Хушбахтона дигар вохӯрӣ сурат намегирад, - Санавбар бо шаст тоб хӯрда ҷониби истгоҳи автобус давид. Худро болои нишастгоҳ партофта, бо чашмони ашколуд ҷониби Абдулхайр нигарист ва он ду ҷавонро дид, ки Абдулхайрро гирд карда, дастакзанон чизе мегуфтанд. Пас, он саҳнаро онҳо пешакӣ тарҳрезӣ карда будаанд… Санавбар мисраи охирини шеърро бо овози ҷарангосӣ қироат карда, бо чеҳраи шукуфону рухсораҳои лолагун дар зери қарсакзании тамошобинон аз минбар пойин шуд. Аз шиддати ҳаяҷони ботинӣ хушҳолона худро ба оғӯши дугонааш Малоҳат партофт. - Офарин, - Малоҳат ба таърифу тавсифи дугонааш гузашт. - Ҳамаро қоил кардӣ. Хеле бурро ва бо эҳсосот шеърро хондӣ. Ту бояд ровии радио шуда, ҷойи Маҳмудҷон Воҳидовро бигирӣ. - О, ман куҷою он ровии тавонову шуҳратманд куҷо, - Санавбар худро аз оғӯши дугонааш қафо кашид. - Баъдан, ман кайҳо орзу дорам, ки ҳуқуқшинос шавам. Ба гурӯҳи духтарон ду ҷавони ношиноси ширакайф наздик шуданд ва қадбаланди харобаш бо даст Санавбарро нишон дода гуфт: - Ҳозиракак ана ҳамин булбулак аз минбар ғазалсароӣ кард. - Агар ба дасти ман афтад ба қафаси оҳанин меандозам, ки минбаъд овозашро танҳо худам шунаваму халос, хи-хи -хи, - оби даҳонашро ба чор тараф паронда гуфт қадпасти ишкамкалонаш. - Ту аввал ин оҳуро ба даст ор, - хандид ҳамроҳаш ва оташи ҳаваси рафиқашро бод дод. - Чунин кабутари хушхон албатта соҳибе доштагист. - Дошта бошад чи? - пакана ба духтарон наздик шуд. - Ҳазрати Азроил бошад ҳам аз дасташ кашида мегирам, хи - хи - хи. - Ку як озмуда бин, - рафиқаш ӯро шердил кард. - Чи, наметавонам? - Албатта, не. - Нигаҳ кун! - пакана аз дасти Санавбар гирифт. - Биё, шинос шавем. Номи ман Мухтор. - Ман бо ҳар гуна масту аласту ҳангию бангӣ шинос шуданӣ нестам, - Санавбар ҳаракат кард, ки дасташро раҳо кунад.
аз ҷойи ҳодиса гурехтанд. Ногоҳ ҷавонмарди қоматбаланде дарафтодагонро ба ду қисм ҷудо карда, аз гиребони Мухтор гирифта, ба як тараф ҳаво дод. Авбоши дуюмро аз гарданаш дошта, ба замин партофт. Авбошон ҷаҳида аз ҷойҳои худ хеста, ҳаросон ба кунҷи дигари боғ гурехтанд. Ҳодиса ҳамагӣ як лаҳза давом кард. Вале дар назари Санавбар чунин намуд, ки он аз як соат зиёд рафт. Духтарон ба ҷавонмард миннатдорӣ баён карданд. Ӯ бо табассуми мафтуномез ба Санавбар муроҷиат кард: - Иҷозат медиҳед, ки ман шуморо то истгоҳ гусел намоям. - Марҳамат, - Санавбар бо дугонааш хайрухуш кард. - Номи ман Абдулхайр, - ҷавон худро шиносонд. - Дар маҳаллаи Қаротегин зиндагӣ дорам ва дар корхонаи коркарди чӯбу тахта кор мекунам. Санавбар низ худро шиносонд ва қарор доданд, ки соати 14 - и рӯзи шанбеи оянда дар ҳамин ҷо вомехӯранд… - Аз эҳтимол дур нест, ки ӯ ба шумо радия пешниҳод намояд, - хомӯшии кӯтоҳро раиси суд бо ин саволааш шикаст. - Аз ин хотир, аз рӯйхати машваратчиёни халқӣ як собиқадори меҳнат ва як ҳуқуқшиноси дар нафақа бударо ба кор ҷалб бикун. Аз рӯи эҳтиёт. Ва натарсида мурофиаи судиро сар кунед… Рӯзи нахустини мурофиаи судӣ. Дар толори маҷлисгоҳ ба қавле ҷойи сӯзанзанӣ набуд. Хешу табор, ёру дӯстони судшаванда, тарафдорони ҷабрдидаҳо ва ҳавасмандон дар байни гузаргоҳҳо ва ҳатто дар роҳрави толор рост меистоданд. Баррасии парвандаи ҷиноятии Каримов Абдулхайр дар шаҳр ҳангомаеро ба миён оварда буд. Раисикунандаи мурофиа маҷбур шуд, ки дастаи иловагии нозирони тартиботи ҷамъиятиро ҷеғ занад. Қариб се сол ин ном соҳибони мағозаҳо, ошхонаву тарабхонаҳо, дӯкону қаҳвахонаҳои қисми шарқии шаҳр, минтақаи комбинати чӯбу тахтаро ба ларза меовард. Каримов барои онҳо авбоши гузаро, ғоратгар ва шоҳи ҷинояткорони ин мавзеъ маҳсуб меёфт… - Марҳамат, хезед, суд меояд! - овози ҷарангосии котиба ҳамаро ба по хезонд. Ба толори маҷлисгоҳ нахуст зани миёнсол, ресандаи иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик, аз қафои ӯ судя ҷавондухтари мавзунқомати зебочеҳра ва дар охир марди қоматбаланди солори айнакӣ ворид гардиданд. Абдулхайр Санавбарро шинохта, аз ҳайрат лолу карахт монд. Посбон ӯро тунгӣ зада, аз ҷояш хезонд. Ӯ акнун ба худ омада, беихтиёр нидо баровард. Чунин расм гирифтани корро чашмдор набудам. - Марҳамат, шинед, - судя ба толор чашм давонд ва худро маҷбур кунонд, ки ҷониби судшаванда нигоҳ накунад. Санавбар мурофиаи судиро кушода, ҳайати суд ва шунидани парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Каримов Абдулхайр эълон намуд. Ва бори нахуст ҷониби қафаси оҳанин нигариста, бо овози омирона амр кард: - Судшаванда Каримов аз ҷоятон хезед! - Оҳ - ҳо, - Абдулхайр табассуми
писхандомезашро пинҳон накарда, қоматашро бардошт. - И дӯғу даранг ва ҳайбату пӯписаро бин-е. - Шумо ба ҳайати суд боварӣ доред, то ки парвандаи ҷиноятиро мавриди муҳокима қарор диҳад? - Не, боварӣ надорам, - ва ба тарафи толор гардан тофт, то ки таъсири суханашро ҳис намояд. Ва ӯ гумон дошт, ки бо ин амалаш Санавбарро дар ҳолати ногувор мемононад. - Ман ба раисикунандаи мурофиа раддия пешниҳод менамоям. - Далелҳои пешниҳоди раддия дар қонун мушаххас нишон дода шудааст, - Санавбар худро гум накард. - Суд мехоҳад муайян кунад, ки далели раддияи шумо аз чи иборат аст? - Ҳафт сол пеш шумо ба ман дил бохта будед, - судшаванда бешармона дурӯғ мегуфт. - Туро ба занӣ нагирифтам. Ҳоло аз аламу аз фурсат истифода бурда, парвандаро беғаразона баррасӣ накарда, аз ман қасд мегирӣ. Дар толор миш - миш сар шуд. Баъзеҳо овоз баланд карданд, ки корро судяи дигар бинад. Ба ӯ бовар надоранд, яъне маъшуқааш будааст. - Раддияи шумо қабул карда мешавад, - раисикунанда аз ҷой хест. Машваратчиён низ қомат бардоштанд. - Суд ба хонаи машваратӣ меравад. Санавбар дар роҳрави идора ба машваратчии мард ҳодисаро кӯтоҳ нақл кард ва худаш ба дафтари кориаш даромад. Ним соат пас ҳар ду машваратчӣ ба толори суд даромаданд. Машваратчии мард таъинотро хонда, далели судшавандаро бе асос шуморид. Санавбар аз нав ба ҷойи худ гузашта, акнун ба иҷрои уҳдадориҳои худ шурӯъ карданӣ буд, ки адвокат парида аз ҷой хест. - Шикоят меорем. Бигзор суди болоӣ бо қарор қонунӣ будани таъинотро тасдиқ намояд. Санавбар бо машваратчиён маслиҳат карда, аз ҷой хест. - Шикояти адвокат дастгирӣ карда мешавад. Ба мурофиаи судӣ танаффус эълон мекунам. - Қандата зан, Кони! Офарин! - Абдулхайр меболид. - Дур меравӣ! Пагоҳӣ Вафоев шикоятро ба дасти Холова супорида пурсид: - Мурофиаро кай давом медиҳем? - Мутаассифона, мурофиа баргузор намегардад, - адвокат пай бурд, ки судя худро ноҳинҷор ҳис мекунад. Дина ҷинояткор гурехтааст. То дастгир шуданаш мурофиаро боз доштем. - Ана гапу мана гап, - тарбузи умеди Вафоев аз бағалаш афтид. Дар баррасии парвандаи пурсару садо иштирок карда, мартабаи худро баланд бардошта, бо ин амалаш ба курсии раиси коллегия нишастанӣ буд. Наҷмиддиновро ба истироҳат гусел карданду ба ҷояш Шоеви майзадаву мағруру мансабпарастро таъин намуданд. Ӯ дар ҳар маҷлис Санавбарро зери бори таънаю маломат мегирифт. - Ана, бо бе салоҳиятӣ, бе масъулиятӣ ва хунукназарии ин судяи ҷавон ҷинояткор аз тирезаи ҳоҷатхонаи бинои суд гурехтааст ва се сол боз ин парвандаи сабилмонда дарди сари ман аст. Ҳар бор ҳини супоридани ҳисобот вазир аз ман талаб мекунад, ки аз ин парванда кай халос мешавем. То ҳол ин бепарвофалак на илоҷе мекобад, на чорае меҷӯяд ва на тадбире меандешад. Ман пурсиданиям, ки то кай ин муносибати бетарафиро давом медиҳед. То кай? Ва Санавбар илоҷашро ёфт. Ӯ боз як бори дигар маводи парвандаро ҷиддӣ омӯхт ва муайян кард, ки Каримов дар кӯчи Бадахшон маъшуқае доштааст. Ӯ субҳи барвақт ба қабули Ҷонов ҳозир шуд. - Ташрифи судяи ҷавонро хайра мақдам мегӯем, - ҷонишини вазири корҳои дохилӣ дарҳол ба шиква гузашт. - Мо дар назди шумо гунаҳкорем. Ҳамаи чораҳоро истифода бурда исто-
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №14 (9544), 05.04.2018 даем. Вале бе натиҷа. Каримов гӯё ба таги замин даромада бошад. - Маро ба гурӯҳи фаврӣ - ҷустуҷӯи ҳамроҳ кунед, - хоҳиш намуд Санавбар. - Дар собиқаи сӣ солаи кориам бори нахуст мебинам, ки судя ёрии худро ба милиса пешниҳод мекунад, Ҷонов аз ғояти тааҷҷуб аз ҷояш хест. - Дар боло моро мефаҳманд. Ва баъдан, роҳбарияти суди шаҳр ба ин амалатон чи баҳо медиҳад? - Фақат ман қаду қомат ва роҳгардии Каримовро медонам, - Санавбар дар хоҳиши худ истодагарӣ намуд. - Ва аз ҳама асосӣ ин сир бояд байни мо махфӣ монад. - Ин тавр, ки бошад ман шуморо ба гурӯҳи Абдусалом ҳамроҳ менамоям, - Ҷонов бо табъи болида судяи ҷавонро гусел намуд… Аз хонаи охирини кӯчаи Бадахшон, ки дар паҳлуи қабристони шаҳрӣ вокеъ аст зани қоматбаланде баромада, ба тарафи маркази пойтахт бо қадамҳои устувор равон гашт. Сару рӯи зан бо рӯймол печонида буд. - Ин занро чандин маротиба мебинам, ки аз ҳамин хона мебарояд, гуфт Абдусалом дар дохили мошини сабукрав. - Ва боре ба худ савол надодед, ки магар зан бошитобу бо қадамҳои калон роҳ мегардад? - савол дод Санавбар ва ба Абдусалом амр кард. - Ана, ҳамин зан Абдулхайр мебошад. Тез баромада дастгираш бикун! - Мебахшед, хонум. Ҳуҷҷат пешниҳод карда, худатонро муаррифӣ кунед? - Абдусалом сари роҳи зан рост шуд. Зан чолокона аз остини куртааш кордро бароварда, ба ишками милиса зад. Ба дарди ҷонкоҳ аҳамият надода, Абдусалом аз банди дасти зан дошт. Байни онҳо кашмакашӣ сар шуд. Ҳар ду болои хоки мумфарши роҳ ғел зада, зан кӯшиш мекард, ки аз банд раҳо гардад. Абдусалом аз бисёр рафтани хун беҳол шуда бошад ҳам дасти ҷинояткорро сар намедод. Ӯ супориш гирифта буд, ки Каримовро зинда дастгир намояд. Милисаи дуюм расида, худро болои зан партофт ва ба дасташ завлона зад. Баррасии парвандаро ба судяи собиқадор Ашӯр Ашӯров супориданд. Пас аз рӯзи панҷуми мурофиа раисикунанда ба судшаванда сухани охиринро дод. Каримов, ки дар муддати ин панҷ рӯз хеле коҳида, аз худнамоию мағрурияш нишоне намонда буд, бо азоб қоматашро бардошта, бо овози нимшунавою илтиҷоомез гуфт: Гунаҳкорам… Бешубҳа… Вале ҳоло ҷавонам… На танҳо ман баринҳоро ислоҳ мекунанд… Аз шумо раҳму шафқатро интизорам… Суд ба хонаи машваратӣ рафт. Абдулхайр бо имову ишора муфаттишеро, ки парвандаи ӯро тафтиш карда буд, ба наздаш ҷеғ зад. - Хоҳише доштам. Ба зиндагиям рӯзҳои башумор мондааст. Ба хубӣ медонам, ки аз қатл ду маротиба гурехта намешавад. Ҳамчун инсон илтиҷо дорам… Ва бори нахуст дар умри сӣ солааш нашармида гиря кард. Баланду бо алам. Хеле баъд худро ба даст гирифт. - Санавбарро ҷеғ занед. Бигзор ба мурофиа ҳозир шавад. Ӯро бояд бубинам ва узр пурсам. Мехоҳам, ки руҳам пеш аз марг осуда бошад. Бори охирин ӯро дидан мехоҳам… - Дар гумон, ки ин судяи ҷавон туро бубахшад, - ва муфаттиш ба сӯи дари баромад гом бардошт. Раиси суд меболид. Аз парвандаи дарди сар халос шуд. Ӯ ҳатто тасаввур намекард, ки дар ба анҷомрасии парвандаи Каримов судяи ҷавон чи хизмате кардааст... Зариф ҒУЛОМ, нависанда
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №14 (9544), 05.04.2018
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН
15
Вақте аз фарҳанг дур мешавем... Рӯзе аз бозори "Корвон" баромадаму ба нақлиёт савор шуда ба хона омаданӣ будам. Ронанда аз мусофирони дохили нақлиёт барои дертар ҳаракат карданаш узр мепурсид ва ҷониби одамоне, ки аз бозор меомаданд, бо овози баланд фарёд карда мегуфт: "Як нафар “Гипрозем". Чанд муддат пас духтаре омаду дари мошинро кушод ба тарафи ронанда нидо кард: “Ман меравам, бисёр дод нагуед”. Ҳама мусофирони дохили нақлиёт бо ҳайрат духтарро нигоҳ карданд. Агар ба симои зоҳирии духтар назар кунӣ, ҳеҷ боварат намеояд, ки як духтари зебои қадбаланд то ин андоза дағал бошад.
Вақте волонтёр шудам... Ҳанӯз мактабхон будаму дар чорабиниҳои сатҳи мактабу деҳаамон фаъолона иштирок мекардам ва ҳар гоҳе тариқи оинаи нилгун, рӯзномаву маҷаллаҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ аз кору фаъолияти волонтёрон хабардор мешудам, ба дунёи хаёлот мерафтаму худ ба худ мегуфтам: “Оё ба ман ҳам чунин рӯзҳо муяссар мегардида бошад?” Баъд аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ҷамоати Ворӯхи шаҳри Исфара ҳуҷҷатҳоямро барои дохилшавӣ ба Маркази миллии тестӣ супоридаму хушбахтона аз имтиҳонҳо бо муваффақият гузаштам ва соҳиби номи пуршарафи донишҷӯ гардидам. Чун дер боз орзӯи волонтёр шуданро доштам роҳ пеш гирифтам сӯи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд. Дар раёсат маро ҳамчун волонтёри нав роҳбари клуби волонтёрон Нурматов Шодмон бо як меҳру самимияти хосса қабул намуда, ба дигар волонтёрон муаррифӣ намуд. Гарчанде аз фаъолияти волонтёриам ҳанӯз панҷ моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, хушбахтона дар зиёда аз 100 чорабинҳои фарҳангиву сиёсӣ, конфронсу семинарҳо, тренингу аксияҳои сатҳи вилоятӣ иштирок намуда ба худ бисёр таассуротҳои нек гирифтам. Барои мо дар раёсат ҳуҷра бо тамому ҷиҳозу аёниятҳо, компютер ва интернети бемаҳдуд барои истифода аз сомонаҳои интернетӣ муҳайё карда шудааст. Тибқи супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ дар раёсат ҳафтае ду маротиба дарсҳои забонҳои рӯсӣ ва англисӣ, тренингҳои омӯзишӣ, семинарҳо, конфронсҳо гузаронида мешавад, ки ин барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон мусоидат мекунад. Тибқи супоришҳои Пешвои миллат бо дастгирии роҳбарияти раёсат дар баробари дарсҳову тренингҳои омӯзишӣ боз ҳафтае як маротиба бозиҳои варзишии футбол, волейбол, баскетбол ва тенниси рӯи миз гузаронида мешавад. Ман аз он хушбахтам, ки меҳнати маро қадр мекунанд. Чун дар рӯзи байналмиллалии волонтёрон аз ҷониби сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят барои фаъолияти пурсамар дар пешбурди корҳои ҷамъиятӣ, ривоҷу равнақи рушди соҳаи волонтёрӣ бо Сипосномаи раёсат ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш назди Ҳукумати ҷумҳурӣ қадрдонӣ гардидам. Ин қадрдониҳо маро водор месозад, ки боз ҳам дучанд кӯшиш намоям ва рушди фаъолияти волонтёриро дар вилояти Суғд ба авҷи аъло расонам. Ман ифтихор аз он дорам, ки волонтёр ҳастаму барои пешрафти Ватани маҳбубам ва халқи азизам заррае ҳам бошад, саҳми худро гузошта истодаам. Муҳаммад ФАЙЗИЕВ, волонтёри Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд
Асное, ки духтар мехост ба мошин савор шавад, ронанда мошинро якбора ба ҳаркат даровард. Аз ин ҳол духтар ба мошин бархурду ба замин афтид. Ҳама мусофирон додзанон аз ронанда манъ кардани мошинро хостанд. Аввалин шуда марди миёнасоле аз мошин поён шуду ба кӯмаки духтар шитофт. Чанд сония пас мард дашномкунон ба мошин баргашт. Ва ҳамин тавр ҳама нафарони ба назди духтар рафта бо алфози қабеҳ дубора вориди мошин мешуданд. Зани дар барам буда низ даст ба гиребон бурда “товба” мегуфту духтарро маззамат мекард. Ҳайрон шудам. “Чаро
ронандаро нею духтарро гунаҳгор меҳисобанд. Ҳол он ки рафтори бади ронанда аз рафтори ӯ камтар набуд,”ба худ андешидам. Дар охир аз зани дар барам буда пурсон шудам: - Холаҷон, духтар чӣ гуноҳ кард, ки ҳамагӣ ӯро бадгӯӣ мекунед? Охир, ронанда ҳам гунаҳгор ку?! - Духтари беҳаё. Бефаросат. Дар кадом давру замон духтари тоҷик бе поҷома ба берун баромада буд. Ин роҳ аст. Сад фалокату ҳодиса шуданаш мумкин. То ин дараҷа беаҳамиятии падару модарро бори аввал шоҳид шудам...
Акнун фаҳмидам, ки асли масъала чист. Дар воқеъ имрӯзҳо фарҳангу маданияти либоспӯшии дар ҷомеаи суннатии тоҷикон то дараҷае коста гардидааст. Либосҳои миллие, ки гузаштагони мо онҳоро ба бар мекарданд, баъзе духтарони тоҷик аз ба бар кадани онҳо шарм мекунанд. Намунае аз либосҳои миллиро танҳо дар тани духтароне, ки дар ҷашну маросимҳои давлатӣ иштирок доранд, дар занҳои синну солаш ба ҷое расида, баъзе аз духтарони деҳотӣ ва дар осорхонаҳо дидан мумкин асту бас. Назокат СОЛЕҲОВА, донишҷӯи ДМТ
Ҳушмандона мақсад гузоштан Ҳадаф аз орзуҳо сарчашма мегирад. Аммо баъзе ашхос миёни ҳадаф ва орзу фарқ намегузоранд. Орзу як хаёлот аст. Масалан, вақте мо аз хона берун мебароем, хаёлоти зиёде дар зеҳни мо чарх мезанад. Нафари муваффақеро мебинему мехоҳем мо низ мисли ӯ бошем. Вале замоне, ки бо мушкилоти хонаводагӣ ва дигар мушкилоти рӯзгор рӯ ба рӯ мешавем, орзуҳои мо аз зеҳн дур мешаванд. Дар ин ҳолат мо бояд ҳадаф гузошта тавонем. Барои ҳадаф гузоштан бовару эътимод хеле муҳим аст. Мутаассифона, аксари мо ба ҳадафгузорӣ боварӣ надорем. Дар натиҷа орзуҳо танҳо болои варақ мемонанд. Ҷавонони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд тиҷорати шахсии худро дошта бошанд, аммо намедонанд, ки чӣ гуна ҳадафгузорӣ кунанд. Дар ин маврид 5 қонуни асосиро бояд ба инобат гирифт: 1. Ташаббускор бояд худи шахс бошад. 2. Ҳадаф бояд ҳаққонӣ бошад. 3. Ҳадаф бояд мушаххас бошад. 4. Ҳадаф бояд намоён бошад. 5. Аз ҳадаф даст накашидан.
Асосан бисёриҳо қабл аз оне ки мақсадгузорӣ кунанд ва кореро оғоз кунанд, зиёд нишаста таҳлил мекунанд, меандешанд, чунки аз шикаст хӯрдан тарс доранд. Аз нокомӣ, аз мушкилот меҳаросанд. Аммо намеандешанд, ки агар шикаст ҳам хӯранд, чизи наве ёд мегиранд. Дар роҳи муваффақ шудан на ба ҳарфи дигарон, балки ба садои қалби хеш гӯш бояд дод. Ҳушмандона мақсад гузоштан ва ҳушмандона амал кардан ин гарави муваффақ шудан аст. Назрихудо КАРИМӢ, донишҷӯи ДМТ, коромӯзи ҶТ
Муъминобод – ноҳияи сайёҳӣ Ноҳияи Муъминобод дар баробари дигар ноҳияҳои кишвар дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақши арзанда мегузорад. Ноҳияро бо табиати зебо, талу теппаҳо ва ду дарёи асосӣ - Ёхсу, Сурхак, обанбори Муъминобод ва мамнӯнгоҳи табиии Чилдухтарон мешиносанд. Дар рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия ҷойҳои истироҳатӣ ва таърихии Қалъаи Мир, маркази сайёҳии кӯҳистони Чилдухтарон, зиёратгоҳи мақбараи Шоҳи Хомӯш, мақбараи Мир Саид Ҷалолиддини Гулдаста, мақбараи Хоҷаи Нур, хонамӯзейи Соҳиб Табаров ва дигар ёдгориҳои таърихӣ мусоидат намоянд. Қалъаи Мир - ёдгории асрҳои 3-4 буда, солҳои 70-уми асри гузашта аз ҷониби бостоншиносон Эркиной Ғуломова ва Музаффар Азизов дар ин ёдгории беназир корҳои кофтуковӣ шурӯъ шуда буданд, вале бо сабабҳои номаълум ин корҳо то ба охир ба анҷом расонида нашудаанд. Мамнӯнгоҳи табиии Чилдухтарон аз ёдгориҳои дигари беназири табиат дар шимолу шарқии ноҳия мебошад. Он дар масофаи тақрибан 28 км дуртар аз маркази ноҳия ҷойгир мебошад. Ин мамнӯнгоҳ яке аз мавзеъҳои зеботарини ноҳия ба ҳисоб меравад. Мамнӯнгоҳи Чилдухтарон бо ривоятҳои аҷиб ва кӯҳҳои сарбафалак кашидаи якрангаш диққати бисёр сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Дар ноҳияи Муъминобод ҳунарҳои мардумӣ хеле ривоҷ ёфтааст. Аз таърих то ба имрӯз ҳунармандони ноҳия дар рушду ривоҷи ҳунарҳои қадима
саҳмгузоранд. Ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дасти ҳунармандон натанҳо дар ноҳия, балки берун аз он дар тамоми ҷумҳурӣ ва хориҷи кишва машҳур гаштаанд ва дар бисёр озмуну фестивалҳо ноҳияи Муъминобод иштирок карда, ҳунарҳои миллиро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст. Ҳунари чӯбкорӣ дар ноҳияи Муъминобод яке аз ҳунарҳи маъмул ва таърихӣ буда, то имрӯз идома дорад. Ҳунармандон бо чӯбҳои чормағз, сафедор ва тут, ки сифати баланд доранд, асбобҳои рузғор, аз қабили табақ, гавҳора сандуқ, косаву қошуқ ва дигар асбобҳои лозимаро месозанд, ки берун аз ноҳия низ ба онҳо таваҷҷуҳи хоса карда мешавад. Кулолгарӣ - ин ҳунри қадимаи тоҷик дар ноҳияи Муъминобод то ин замон аз ҷониби ҳунармандони машҳур ривоҷ дода мешавад. Ҳунармандон бо истифода аз гили махсус бисёр асбобу анҷоми лозимаро ба монанди кӯза, танур, хум
(зарфе, ки обро ҳамеша хунук нигоҳ медорад), чинӣ ва ғайраҳоро бо ориоишу нақшкориҳои зебо, ки рамзи ватандӯстию зебопарастиро эҳё мекунанд, месозанд. Ҳунари кандакорӣ низ яке аз ҳунарҳои машҳури таърихии ноҳия ба ҳисоб рафта, маҳсули дасти ҳунармандон дар бисёр ҷойҳои ҷаъмиятӣ, боғу осорхонаҳои ҷумҳурӣ низ дида мешаванд. Кандакорон бо истифода аз ҳаккокӣ ва нақшҳои рамзию зебо дару тиреза, сутуну суфра ва кату ашёҳои беназир сохта, ҳунарҳои қадимаро эҳё мекунанд. Дар воқеъ, ҳунарҳои мардумӣ арзишҳои беназири ҳар як халқу миллат баҳисоб мераванд. Онҳо таҷҷасумгари фарҳанги гузаштаи мо мебошанд. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳмгузор бошем ва онро ба наслҳои минбаъда мерос гузорем. Умедҷони КАРИМХОН, донишҷӯи ДМТ
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №14 (9544), 05.04.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома
√ АНДАРЗ
Хонаи тиллоӣ
АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”
МЕҲМОН БАХТӢ
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Дар баҳси файласуфон бештар мағлуб бурд мекунад. Зеро аз он донишаш меафзояд. ******** Пайваста ин суолҳоро пеши назар ор: чӣ мешавад, агар ҳамаи орзуҳоям амалӣ шаванд ё агар амалӣ нашаванд, чӣ мешавад. ******** Марг барои инсон ҳеҷ аст, зеро вақте мо вуҷуд дорем, марг ҳанӯз вуҷуд надорад, аммо вақте марг ҳозир мешавад, мо вуҷуд надорем. Эпикур Ошкоро мегӯям: худоҳоро чашми дидан надорам. ******** Хирадманд касест, ки чизҳои заруриро медонад.
Дар як хонаи хурдакаки болои теппае Полли ном духтараке мезист. Дар шафати хонаи онҳо боғи калоне буд, ки деворҳои баланд онро иҳота карда буданд. Духтарак аксар вақт дар пештоқи тирезаи хонаашон нишаста, орзу мекард, ки вақте калон шавад, ҳатман дар ин боғи афсонавӣ сайругашт карда, дохили онро тамошо хоҳад кард. Солҳо гузаштанду духтарак бузург шуд. Боре ӯ ба назди боғ омада, аз тарқиши як тахтаи шикаста ба дохил нигоҳ кард. Ӯ дар миёни боғ хонаи боҳашаматеро дид, ки дар болои теппаи баланде ҷойгир шуда буд. Тирезаҳои ин хонаи зебо, ки ба қасри афсонавӣ шабоҳат дошт, тиллоӣ буданду зери шуои офтоб ҷило медоданд. Духтар бо дидани ин хонаи зебо тасаввур намуд, ки зистан дар чунин хона чӣ андоза роҳату ҳаловат мебахшад. Аз ҳамон лаҳза ба баъд духтар орому қарорро аз даст дод. Бо вуҷуди он ки ӯ волидонаш, додару хоҳараконашро хеле дӯст медошт, рӯзи дароз орзуи онро мекард, ки кош, ақаллан як рӯз ҳам дар ин хонаи афсонавӣ зиндагӣ кунад. Вақте духтар калонтар шуд, ҳамарӯза аз модараш хоҳиш менамуд, ки ба ӯ иҷозат диҳад, то дар гирду атрофи ин боғ сайругашт кунад. Баъди зорию илтиҷоҳои зиёди духтар модар ба ин розӣ шуда, ҳамзамон таъкид намуд, ки Полли аз назди хонаи худашон дур наравад. Рӯзи хушбоду ҳавои офтобӣ буд. Духтар хуб медонист, ки ба куҷо равона аст. Ӯ саросемавор аз тангкӯча ба поён, сипас ба самти водӣ роҳ мепаймуд, то ҳарчи зудтар ба орзуи хеш бирасад.
Оқибат, дар ҳоле ки қалбаш аз ҳаяҷон бошиддат метапиду аз хушҳолӣ ба куртааш намеғунҷид, ӯ ба назди он хона расид. Ҳини роҳпаймоӣ чизеро намедид. Танҳо баъди ба он ҷо расидан духтар нафас рост кардаву ба атроф нигарист ва аз ҳайрат шах шуда монд. Роҳ ба самти ин хона вайрону валангор ва худи хона низ як кулбаи вайронае буду хеле ҳақиру даҳшатнок ба назар мерасид. Тирезаҳояш муқаррарӣ ва ба замми ин хеле ифлос буданд ва аз тирезаҳои хонаи онҳо заррае бартарӣ надоштанд. Духтар оҳи сард кашид. Охир, ӯ чандин солҳо орзуи аз наздик дидани ин қасри афсонавиро дар дил мепарварид. Духтар сар ба зер афканда, ба ақиб баргашт. Ва замоне, ки Полли сарашро
бардошт, хеле дар ҳайрат афтод. Дар масофаи каме дуртар аз ӯ, дар болои теппа хоначае меистод. Офтоб аллакай тулуъ мекарду нурҳои он тирезаҳои он хонаро мунаввар карда буданд. Зери шуои офтоб шишаи тирезаҳои хона мисли тилло ҷило медоданд. Ин ҳамон кулбаи фақиронаи волидони духтар буд. “Охир, ин хонаи мо аст, - нидо кард духтар. – Он чӣ қадар зебост!” Ин лаҳза духтар дарк кард, ки дар ин хонаи тиллоии худ дар оғӯши пурмеҳри волидон зиндагӣ мекардаасту орзуи амалишудае доштааст. Ӯ дарк намуд, ки маҳз муҳаббату садоқат хонаро зебову гуворо ва афсонавӣ менамудааст ва солҳои зиёд ӯ чунин меҳру самимиятро аз ҷои дигар умедвор шудааст.
√ ЭЪЛОН
Шиносномаи техникии ҳавлидорӣ бо суроғаи кӯчаи 6 Гастеллои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳавлии № 157, ки ба шаҳрванд Хоҷаева Турсунтош тааллуқ дорад, бинобар гумшуданаш эътибор надорад.
******** Оё аз иттиҳоди нерӯю адолат дида иттиҳоди қавитаре ҳаст? ******** Ҳарчанд зиндагии ман бад аст, ин маънои онро надорад, ки дигаронро дар азоб монам.
Билети донишҷӯии гумшудаи донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси сиёсат ва идораи давлат (23010602), факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷов Миралӣ Нуралиевич, ки онро соли 2017 ҳамин донишгоҳ додааст, эътибор надорад. Билети донишҷӯии гумшудаи донишҷӯи курси 2-уми Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупов Раҳими Идибек, ки онро соли 2016 ҳамин коллеҷ додааст, эътибор надорад.
******** Хирадманд на он аст, ки зиёд медонад, балки ҳамон аст, ки донишҳояш манфиатоваранд.
Номаи камоли гумшуда бо силсилаи Т-ШТУ ва рақами 0219818, ки онро муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ноҳияи Рӯдакӣ соли 2009 ба Раҷабмоҳ Бобиева додааст, эътибор надорад.
******** Барои инсони хушбахт панд додани бадбахт осонтар аст.
Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва шиносномаи Маҳмудов Шараф Собирович (А7070875), ки онро соли 2012 ШВКД-и ноҳияи Фирдавсӣ додааст, гум шудааст. Телефон барои тамос: 911000107
Эсхил Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
Барои кори доимӣ масҳгар лозим аст. Ба кор занони аз 20 то 30-сола даъват карда мешаванд Телефонҳо барои тамос: 909-11-19-19, 919-10-16-16, 361-99-99-99
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4161 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»