Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо
ҲАФТ РӮЗ 02.04.2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров доир ба масоили ҳамгироии сиёсӣ, амниятӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва илмию фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд. 03.04.2015 Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент 80 ҷавонро ба хизмати Ватан гусел намуд.
№14 (9388), 9 апрели соли 2015
e-mail: javonontj@mail.ru
Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ - 2015
04.04.2015 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо фаъолияти Маркази биотехнологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос шуда, дар ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ иштирок кард. 05.04.2015 Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати фарҳанг Рӯзи дарҳои кушоди осорхонаҳо, зери унвони «Як рӯзи ҷумҳуриявии тамошои осорхона» доир гардид, ки садҳо нафар бо ёдгориҳо таърихии осорхонаҳо шинос шуданд.
Боз Наврӯз омаду дил шуд ҷавон
Саҳифаи
8-9
06.04.2015 Бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон перемуни “Роҳҳои беҳтар намудани ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” сӯҳбат дар гирди мизи мудаввар баргузор гардид. 07.04.2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. 08.04.2015 Тибқи тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015» аз сӯи Маҷлиси намояндагон иҷрои кору хизматгузориҳо дар сохтмони бинои Театри миллии Тоҷикистон аз пардохти андозҳо озод хоҳанд шуд.
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9388), 9 АПРЕЛИ СОЛИ 2015
Саҳифаи
12
1
ФОҶИА
Дар Яккабед 10 нафар зери ярч монданд 3 апрели соли равон дар деҳаи Яккабеди ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Файзобод, тақрибан соати 13:10 дақиқа ярч фаромада, 10 сокини деҳаро, ки ба таъмири қубури обгузар машғул буданд, зер кард. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фавран гурӯҳи кориро ба ҷои ҳодиса фиристода, ҷасади ду нафар - Шодмон Алимардонов, соли таваллудаш 1990 ва Муҳаммад Умаров, соли таваллудаш 1987, 6 апрел ҷасади як нафари дигар - Мақсуд Толибов, соли таваллудаш 1996-ро дарёфт кард. Ҷустуҷӯи ҳафт нафари дигар: Худойбердӣ Одинаев, соли таваллудаш 1963, Исҳомиддин Абдуллоев, соли таваллудаш 1989, Саид Саидов, соли таваллудаш 1997, Далер Кабиров, соли таваллудаш 1998, Фахриддин Нуров, соли таваллудаш 1986, Наим Қурбонов, соли таваллудаш 1979, Мақсуд Шодиев, соли таваллудаш 1986 идома дорад. Бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби захираҳои давлатӣ ба хонаводаи афроде, ки дар пайи фаромадани ярч зери хок мондаанд, кӯмакҳои аввалия расонида шуд. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иттилоъ додааст, ин кӯмакҳо аз як тонна орд, 500 кило биринҷ, 500 кило шакар ва 200 литр равған иборат буд. Тибқи дастури Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, дар робита ба ҳодиса бо роҳбарии муовини Сарвазири кишвар Азим Иброҳим, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Акбар Ятимзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ Хайриддин Абдураҳимов ҳукуматӣ таъсис ёфта, ба маҳалли ҳодиса рафтанд.
Қурбониён дар ёдҳо мемонанд Таъзияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурию Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба қурбониёни деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод Мо, роҳбарият ва кормандони онҳо ҷавононе, буданд, ки ба хоти- борҳо шоҳид гардидааст. Дар кишКумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ри бунёд кардани як гӯшаи Ватани вари мо низ ҳолатҳои аз ҳодисаи ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон маҳбуб-Тоҷикистон ва обёрӣ карда- табиӣ ҷон додани сокинон ба қайд хабари фаромадани ярч дар деҳаи ни як деҳа ба ҳашари умумӣ баро- гирифта шудааст. Аммо нафароне, Яккабеди ноҳия Файзободро, ки мада, мехостанд бо меҳнату заҳмати ки маҳз ба хотири ободии мамлакат ҷони 10 нафарро рабуд, шунида, бо софдилона коми як ташналабро ҳам ва сабз гардонидани як гӯшаи диёр дард қабул намудем. бошад, тар намоянд. Якбора қурбон қурбон гардиданд, абадан дар ёдҳо Бо таассуф бояд изҳор намо- гардидани 10 нафар, ки миёнашон боқӣ мемонанд. Номи онҳо ҳамеша ем, ки дар бисёр ҳолат инсон дар 8 нафар ҷавонон мебошанд, мо ба некӣ ёд гардида, мардум дар муқобили офатҳои табиӣ оҷиз ме- ва кулли ҷавонони кишварро сахт ҳаққи онҳо дуогӯ мебошанд. монад, аммо ҷавононе, ки дар ин андуҳгин намуд. Ин ҳодисаро мо, Мо, дар ин лаҳзаҳои вазнин ҳодиса ҷони хешро аз даст доданд, ҷавонон ҳамчун фоҷиа қабул наму- ҳамдардии амиқи худро ба волиҳамеша дар ёди мо хоҳанд монд. да, пайваста дуогӯи қурбониён ме- дайне, ки фарзандони худро дар ин Мо, онҳоро ҳамчун ҷавонони со- бошем. фоҷиа аз даст додаанд, баён намузандаву бундёкор ва меҳанпараст Таърих чунин ҳодисаҳои харо- да, ба онҳо аз даргоҳи илоҳӣ сабри дар қалбҳо нигоҳ медорем. Зеро биовар ва талафоти ҷонидоштаро ҷамил хоҳонем.
БА ИФТИХОРИ 85-СОЛАГИИ “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”
ФЕСТИВАЛ
Ҷашни рӯзномаи дӯстдоштаи ҷавонон 5 апрел аз чопи нахустин рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” 85 сол сипарӣ шуд. Вобаста ба ин, 7 апрели соли равон дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳурӣ ба номи Мирсаид Миршакар маҳфили адабӣ доир гардид. Зимни он, ки бо ташаббуси китобхонаи мазкур ва МТМУ рақами 39-и шаҳри Душанбе баргузор гашт, хонандаи синфи 10 Шаҳноза Табаррукова дар бораи таърих ва фаъолияти рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» сухан ронда, аз ҷумла, чунин гуфт: - Нахустин сармуҳаррири ин рӯзномаи бонуфуз Ғуломризо Ализода буд. Баъдан, ин вазифаи пурмасъулиятро қаламкашони варзида Ҳоким Шарифов, Насрулло Абдуллоев, Набиҷон Почоҷонов, Турсун Улҷабоев, Мутеулло Наҷмиддинов, Ибод Файзуллоев, Муқим Абдураҳмонов, Бахтиёр Муртазоев, Ато Ҳамдам, Талъат Нигорӣ, Оқилхӯҷа Фахриев, Абдуфаттоҳ
2
Воҳидов, Давлат Назрӣ ва Раҳим Сайдалиев бар дӯш доштанд. Имрӯз низ «Ҷавонони Тоҷикистон» анъанаи деринаро идома дода, рӯзномаи дӯстдоштаи хурду калон, алахусус, ҷавонон аст. Сипас, хонандагон Рамазон Наҷмиддинов, Султон Убайдуллоев, Миҷгона Мирзоавлиева, Шарифамо Рӯзиева аз ашъори шоирони классик ва муосир дар васфи Тоҷикистон, Ватан, Модар, дӯстӣ, сулҳ шеърҳо қироат намуданд. Ҳамчунин, толибилмон хотири ҳозиринро бо саҳначаҳои «Арӯси нозпарвар», «Ронандаи тамаъҷӯ», латифаҳои намакин ва тақлидкориҳои ҷолиб шод намуданд.
Мудири шуъбаи таърих ва назарияи фарҳангшиносии Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, доктори илмҳои педогогӣ, профессор Қурбон Хоҷаев ба хонандагон барои нишон додани дониши баланд ва маҳорати шеърхониашон изҳори сипос намуда, дар таҳсили онҳо барору комёбиҳо тамано кард: - Умедворем, ки аз миёни шумо оянда муҳандису духтур, ҳавонаварду олим ва рӯзноманигорони хушсалиқа ба камол расида, баҳри боз ҳам шавқовару хонданбобтар шудани рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ҳисса мегузоранд. С. АМИНИЁН, “ҶТ”
Ҷалби наврасон ба китобхонӣ 2 апрел дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Фестевали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд. Дар он вазири фарҳанг иттилоотии кӯдакону наШамсиддин Орумбекзода, врасон, арҷгузорӣ ба меромуовини аввали вазири си ниёгон, арзишҳои миллӣ маориф ва илми ҷумҳурӣ ва умумибашарӣ, тарбияи Раҳматулло Мирбобоев, насли наврас дар рӯҳияи шоирону нависандагон, ватандӯстӣ, зебописандӣ, хонандагону омӯзгорон, худшиносӣ, ифтихор ҳаводорону дӯстдорони ки- аз Тоҷикистон, тарбитоб ва рӯзноманигорон иш- яи ҳисси эҳтиром нисбат тирок доштанд. ба дастовардҳои замони Тибқи иттилои Вазо- истиқлол, муқаддасоти рати фарҳанги ҷумҳурӣ, миллӣ, омодагӣ ба ҳифзи мақсади асосӣ аз баргузо- марзу буми Ватан мебории чорабинӣ тарғиб ва ом- шад. мавигардонии хониш дар Қобили қайд аст, ки байни кӯдакону наврасон, Фестивали ҷумҳуриявии ҷалб намудани таваҷҷуҳи «Ҳафтаи китоби кӯдакону насли наврас ба китобу ки- наврасони Тоҷикистон» ҳар тобхона, ташаккули одат сол 2-9 апрел доир мегарва малакаҳои хониш ва дар дад. ин замина мусоидат намудан ба такомули фарҳанги Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9388), 9 АПРЕЛИ СОЛИ 2015
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА Авҷ гирифтани амалиёти террористӣ дар гӯшаву канори олам, алалхусус, Ховари Миёна ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Бо мақсади ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ 2 апрели соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ ва кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ семинари илмӣ-амалӣ зери унвони «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ» доир гардид. Қабл аз оғози семинар мутасаддиён ҷавонони аз минтақаҳои гуногуни кишвар ба ин чорабинӣ даъватшударо ба сайри мавзеъҳои туристии шаҳри Душанбе бурданд. Воқеан, пойтахти кишварамон чанд соли охир хеле зебо шудааст. Бунёди як қатор иншооти хуштарҳ ва гулгашту хиёбонҳои пургулу сарсабз ҳусни шаҳри Душанберо афзудаанд. Семинар бо намоиши наворҳо дар мавриди ҷалби ҷавонони ноогоҳ ба ҷараёни салафия ва ҷангҳои Сурияву Ироқ оғоз ёфт. Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Рамазон Раҳимзода зимни ифтитоҳи семинар гуфт, ки сол то сол теъдоди шаҳрвандони ифротгаро ва содиркунандаи ҷиноятҳои террористӣ зиёд мешавад. Агар соли 2011 мақомоти ҳифзи тартиботи мамлакат 34 нафарро бо ҷурми узвият дар чунин гурӯҳҳо дастгир намуда бошанд, соли 2014 ва 3 моҳи соли равон ин рақам 144 нафарро ташкил дод. Ба гуфтаи Р. Раҳимзода айни ҳол 200 нафар шаҳрванди мамлакат дар Сурия қарор доранд. Аксари онҳо афроде ҳастанд, ки мавқеи худро дар ҷомеа гум карда, саводи кофӣ надоранд. Вазири корҳои дохилӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бархе аз ин шаҳрвандон оилаҳои худро ба он ҷо даъват карда, ҳаёти онҳоро зери хатар мегузоранд. Рамазон Раҳимзода аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бо маҳалгароӣ мубориза бурда, дар роҳи ташвиқи ҳамсолонашон ба зиндагии осоишта ва пешгирии онҳо аз пайвастан ба гурӯҳҳои тундгаро саҳм гузоранд. Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборӣ аз қавли олимони ҷомеашинос мисол оварда, гуфт, ки «хавфноктарин афроди ҷомеа ашхоси бетарафанд». Ҳузури шаҳрвандони мо дар ДИИШ, нооромиҳои Афғонистони ҳамсоя таҳдид ба субот ва амнияти кишвари моро низ бештар намудааст. - Мубориза бар зидди қонуншиканию ҷинояткорӣ, на-
шъамандию нашъаҷаллобӣ, оворагардию бекорӣ, паҳн гаштани бемориҳои сироятӣ аз масъалаҳои ҳалталаби имрӯза ба шумор мераванд, - гуфт Марҳабо Ҷабборӣ. – Имрӯз ҳамкории мутақобилаи шаҳрвандон бо мақомоти қудратӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Мо бояд якҷо пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиро бигирем. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати
Дар Тоҷикистон, ки роҳи бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтааст, ба маърифати сиёсии ҷавонон эътибори зиёд дода мешавад. Аҳтам Абдуллозода яке аз мушкилоти имрӯзаи ҷавононро тамоюл ва гароиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ номида, афзуд: - Аз назари геополитикӣ Тоҷикистон дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар
лакат амалигардида, пеш аз ҳама, ба хотири беҳбуди ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон аст. Дастовардҳои сиёсии солҳои охир, ки дар маҷмӯъ аз ваҳдати миллӣ ва муҳити солими сиёсӣ иборат буда, ҳамчун омили асосии ризоияти ҷомеа ва нишонаи маърифату фарҳанги баланди сиёсӣ арзёбӣ мегардад, ба пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт такони ҷиддӣ бахшидааст. - Истиқлолияти давлатии
зебу зинат бахшем, – афзуд Аҳтам Абдуллозода. – Дурӣ ҷустан аз фарҳанги гузашта ва фаромӯш кардани анъанаҳои неки ниёкони худ бузургтарин иштибоҳ дар шинохти ҳувияти миллӣ мебошад. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, доктори илмҳои фалсафа Махфират Хидирзода семинари мазкурро як имконияти мусоид баҳри ба ҳам омадани ҷавонони минтақаҳои гуногун номид, ки сарҷамъию
марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад. Табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳад кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пайгирӣ намоянд. Таҳаввулоти солҳои охир насли ҷавони имрӯзаро, ки зодаю парвардаи даврони истиқлоланд, водор месозад, ки ташаббус ва нерӯи созандаи худро ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии Ватани азиз сафарбар намоянд. Қобили зикр аст, ки мақсади асосии ҳар як тадбири дар мам-
Тоҷикистон барои барқарор намудани мақоми шоистаи миллат дар ҷаҳони муосир нақши басо муҳим дорад, - илова намуд Аҳтам Абдуллозода. – Аз ин рӯ, мо - ҷавонон бояд рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёконамон, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, баҳри таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии Ватанамон тамоми нерӯи ҷисмонию ақлонӣ ва тафаккури бунёдкору ташаббусгари худро сафарбар созем. Аҳтам Абдуллозода таъкид намуд, ки бузургтарин асрори бақову пойдории миллати тоҷик, пеш аз ҳама, дар мақому манзалати забону маданият ва маърифату фарҳангию сиёсии он мебошад. Дар шароити имрӯза ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ будан, масъалаҳои таҳсил, одобу ахлоқи ҳамида, донистани ҳуқуқ ва озодиҳои хеш, маърифату зиракии сиёсӣ, омӯзиши забони модарию хориҷӣ, омӯхтани ҳунарҳои замонавӣ аҳамияти дучандон пайдо менамояд. - Мо бояд аз ҳодисаҳои пурфоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки асосан ҷавононро дар гирдоби ҳалокатбори худ қарор дод, хулосаҳои зарурӣ барорем ва дар оянда бо маърифати баланди сиёсӣ ҳаёти худро ба қолаби зебои арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ
муттаҳидии онҳоро таъмин мекунад. - Имрӯз мо шоҳиди онем, ки дар ҷаҳон омезиши шадиди арзишҳо ҷараён дорад, - гуфт Махфират Хидирзода. – Дар ин марҳила гурӯҳҳое пайдо мешаванд, ки меъёрҳои пазируфташудаи иҷтимоиро қабул надоранд. Азбаски таъсири арзишҳо аз ҳар тараф зиёд ҳастанд, гароиши ҷавонон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро низ мутаассифона ҷой дорад. Махфират Хидирзода таъкид намуд, ки бояд кӯшиш кунем, то ҷавонон бештар аз илму маърифат огоҳ бошанд, фирефтаи иғвою дасиса ва хурофот нашаванд. Раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Сулаймон Давлатов дар мавзӯи «Пайвастагӣ ба Ватан» маърӯза карда, хотирнишон кард, ки ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ бо шариати исломӣ мувофиқ аст. Мусоидат намудан баҳри оромию суботи ҷомеа вазифаи динӣ ва шаҳрвандии ҳар нафар аст. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 400 нафар ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат намуданд. Тасмим гирифта шуд, ки чунин вохӯриҳо бо иштироки ҷавонони фаъол дар тамоми минтақаҳои кишвар доир гардад.
Ҷалби ҷавонон дар мубориза бо ифротгароӣ
ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода дар мавзӯи «Арҷгузории ҷавонон ба фарҳанги миллӣ ҳамчун омили муҳими ваҳдат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» маърӯза намуд. - Аз рӯи маълумоти оморӣ ашхоси синнашон то 30-сола қариб 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, - гуфт Аҳтам Абдуллозода. – Бинобар ин, вақте «ҷомеа» мегӯем, асосан ҷавононро дар назар дорем. Дар шароити кунунӣ дар ҳар як ҷомеаи демократӣ афзудани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳаёти сиёсӣ ва талошу кӯшишҳои онҳо дар дигаргунсозиҳои ҷомеа яке аз омилҳои муҳимтарини рушди инкишофи кишвар маҳсуб мегардад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9388), 9 АПРЕЛИ СОЛИ 2015
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
3
ХОВАРИ МИЁНА
ТУРИЗМ
Ташкили 60 хатсайри дохилӣ 3 апрели соли равон Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, бо роҳбарони ширкатҳои туристии кишвар мулоқот кард.
Яманиҳо хоҳиш мекунанд, ки наравем Пас аз ҳамлаҳои ҳавоии неруҳои эътилоф ба мавзеи шӯришиёни ҳутӣ дар Яман аҳолии зиёде ба ҳалокат расиданд. Бинобар авҷгирии даргириҳо аксар кишварҳои хориҷӣ шаҳрвандони худро аз Яман берун бароварданд. Аз ҷумла, то ин дам тавассути ҳавопаймоҳои Русия қариб 70 нафар шаҳрвандони ҷумҳурии мо низ ба Ватан баргаштанд. Мо бо табиби ҷавони тоҷик Наврӯз Усмонов, ки дар шаҳри Ловдери Яман қарор дорад, тавассӯти интернет мусоҳиб шудем. - Вазъият дар шаҳри Ловдер чӣ гуна мебошад? - Баъди аз ҷониби ҳутиҳо ишғол шудани шаҳр каме оромӣ ба назар мерасид. Пас аз бомбаборон шудани аксар шаҳрҳои Яман дар ин ҷо низ вазъият муташанниҷ шуд. - Мардуми Яман бо табибони хориҷӣ чӣ гуна муносибат доранд? - Ман дар беморхонаи давлатӣ кор мекунам. Мо - табибон, новобаста ба мансубияти миллию мазҳабӣ ба маҷрӯҳону беморон ёрии таъҷилии тиббӣ мерасонем. Ҳар ду ҷониб ҳам табибонро эҳтиром мекунанд. Хабари аз Яман рафтани табибони хориҷиро шунида, ходимони дин ва намояндагони ҳукумату тоҷирон омада, аз мо хоҳиш намуданд, ки онҳоро дар чунин вазъият напартоем. Зорӣ намуданд, ки «мо Шуморо дар хонаҳоямон, дар амнтарин ҷойҳо нигоҳубин мекунем, фақат наравед». Ман ба онҳо ин мисраъҳоро тарҷума кардам:
Тоҷикистон маълумоти мусбат пайдо карданд. Хушбахтам, ки заррае ҳам бошад, миллати худро дар ин ҷо хуб муаррифӣ карда тавонистам. - Шароити кору истироҳат чӣ гуна аст? - Азбаски табибон кам мондаанд, кор дар ин ҷо хеле зиёд аст. Дар як шабонарӯз 4-5 соат мехобем. Ҳар соат захмиёнро меоранд. Ба истироҳат вақт надорем. Рисолати табиб кӯмаки фаврӣ расонидан ба беморони муҳтоҷи ёрист. Дар ин ҷо ман доруҳои истеҳсоли Тоҷикистон «Тимотсин» ва «Тимогар»-ро дар беморони кӯрруда, перитонит, санги сафро пас аз ҷарроҳиҳои аппендэктомия бо заҳкашгузории ковокии шикам (аппендитсити қарасонии сӯрохшуда – перитонити мавзеӣ) ва пас аз амалиёти холесистэктомия (гирифтани талхадон) истифода бурдам. Натиҷа дилхоҳ буда, беморон дар муддати кӯтоҳ ба по хестанд. Аҳсан ба олими тоҷик, доктори илмҳои биология ва фармакология Ғуломқодир Бобиев, ки чунин иммуномодуляторҳои қавитаъсирро ихтироъ кардааст.
4
Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
Роҳнамои нахустини фарҳангии Душанбе Шаҳри Душанбе дар асл чанд сол дорад? Эъломияи Куруши Кабир ва ҳайкали Буддои хобидаро дар куҷо метавон дид? Пойтахти Тоҷикистон чаро ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд? Аз куҷо метавон либосҳои миллӣ, маҳсулоти заргарӣ ва ҳадяҳои миллии баландсифатро бо нархи арзон харид? Боғҳои Душанбе чаро шуҳратёранд? Нахустин роҳнамои айнӣ-иттилоотии “Сайри фарҳангии Душанбе” ба ин ҳама суолҳо посух хоҳад гуфт.
Ба ҳар кас рӯзи неъмат аҳд бастӣ, Фаромӯшаш макун дар тангдастӣ. - Яманиҳо дар бораи Тоҷикистону тоҷикон маълумот доранд? - Дар асл мардуми хоксору шикастанафс ва хеле одию самимианд. Дар ин ҷо ҷавонону миёнсолоне ҳастанд, ки дар макотиби олии шӯравӣ таҳсил кардаанд, вале дар бораи Тоҷикистон маълумоти кам доранд. Дар шаҳри Ловдер танҳо ман аз Тоҷикистон ҳастам. Ҳамчунин, як нафар духтури собиқадори занон аз Ӯзбекистон аст. Шукри Худо, ҳоло бисёриҳо дар бораи
Дар мулоқот масъалаҳои иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии “ITB - Берлин 2015” ва нақшаҳо барои соли 2016, пешниҳод кардани ҳисобот, мусоидат ба рафти иҷроинақша-чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ, иштирок дар ҷараёни азнавсозии сомонаи интернетии “www.visittajikistan.tj”, баргузории Конфронси байналмилалии туристии «Туризми Тоҷикистон: имкониятҳо ва заминаҳои нави ҳамкорӣ» ва Фестивали сайёҳиву фарҳангии “Мероси Роҳи Абрешим”, таҳти унвони «Рангоранг», ки ба нақша гирифта шудааст, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Инчунин, раиси кумита ҷиҳати таҳия ва ташкили 60 хатсайри дохилӣ, эҳёи туризми мактабӣ ва рушди саёҳатҳои шаҳрӣ супориш дода, фармоиши раиси кумита «Оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидори соҳаи туризм дар соли 2015» ва натиҷаи фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ дар самти хизматрасонӣ, фурӯши чиптаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ, гирифтани раводид ва умуман фаъолияти онҳоро ба баррасӣ гирифт. Дар поёни мулоқот миёни роҳбарони ширкатҳои сайёҳии мамлакат ва раиси кумита суолу ҷавоб ва муҳокимарониҳо сурат гирифт.
Мо бояд шукр гӯем, ки Ватани мо тинҷу осуда аст. Ба қадри осудагӣ касе мерасад, ки шоҳиди нооромиҳо шуда бошад. Мусоҳиб С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”
Ин китобча, ки бо забони англисӣ дар www.itctj.wordpress.com дастрас аст, муштаракан аз ҷониби Маркази рушди сайёҳӣ ва Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории тиҷорат дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, таҳия шудааст. Китобча маълумоти муфассал, тасвир ва акси осорхонаҳо, театрҳо, галереяҳои санъати тасвирӣ, боғҳо, ва маконҳои дидании шаҳри Душанберо фаро гирифтааст. Муаллифони он Баҳриддин Исомутдинов ва Абдураҳмон Назирматов мутмаинанд, ки бо ин роҳнамо як халои иттилоотиро пур карданд, ки дар пажӯҳиши имкониятҳои соҳаи сайёҳии
Тоҷикистон, ки МТБ соли гузашта доир кард, яке аз заъфҳои асосии соҳа маънидод шуд. Ба гуфтаи Б. Исомутдинов, яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа пайванд додани соҳаи сайёҳӣ бо ҳунарҳои дастӣ мебошад: “Ҳар дуи ин соҳа барои иқтисоди Тоҷикистон муҳиманд. Маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, ки бо истифода аз нақшу нигорҳои миллӣ таҳия шудаанд, як навъ рамзи кишвар мебошанд. Нақшу нигорҳо, либосҳои миллӣ ва рангҳо беҳтар шинохта мешаванд ва обрӯи кишварро боло мебаранд”. Дар чаҳорчӯбаи ин ибтикор моҳи феврал кормандони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ба маконҳои дидании шаҳри Душанбе ва галереяҳои санъати тасвирӣ роҳнамоӣ шуданд, то миёни ду соҳа робита барқарор гардад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9388), 9 АПРЕЛИ СОЛИ 2015
МАВЗӮИ РӮЗ Дар таърихи инсоният терроризм зуҳуроти нав нест. Ягон шакли идоракунии давлат ва тартиботи ҷамъиятӣ наметавонад, ки талаботи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣгуманитарии шаҳрвандонро пурра қонеъ намояд. Тайёр набудани давлатҳои ба ҳалли муаммоҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳудудӣ, динӣ ва ғайра ба пайдо гардидани заминаи психологӣ дар байни як гурӯҳ одамон, ки шаҳрвандонро барои «такмил» додани институтҳои давлатӣ бо «роҳи зӯрӣ» тела медиҳанд, пайдо мегардад. Аз ин рӯ, терроризм ҳамчун зуҳурот абадист. Агар аз нуқтаи назари классики назарияи ҳарбӣ К. Клаузевитс гӯем, терроризм методи бурдани ҷанг, сиёсат ва ташвиқот дар якҷоягӣ мебошад. Аз рӯи анъана мафҳуми терроризм ҳамчун сӯиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ, сӯиқасд ё таҳдиди сӯиқасде, ки бо мақсади маҷбур намудани ҳокимият барои иҷро намудани қарорҳои қабулкардаи террористон ё ташкилотҳои террористӣ фаҳмида мешуд. Мафҳуми «терроризм» ва «террор» ба таври васеъ аз давраҳои инқилоби буржуазии Фаронса дар солҳои 1789-1794 истифода мегардиданд. Дертар дар луғати соли 1798 нашргардидаи Академияи илмҳои Фаронса терроризм ҳамчун «системаи тарс» маънидод гардид. Терроризми имрӯз аз рӯи ҳудуд, ҷалб гардидани шумораи зиёди одамон ва тарзи ташкилии худ фарқ мекунад. Фаъолияти ташкилотҳои террористӣ на фақат ба муташанниҷ гардонидани вазъият дар ҳудуди конкретӣ, балки бо роҳи зӯрӣ дигаргун кардани сохти давлатдорӣ, ҷорӣ намудани тартиботи ҷамъиятии мақбули худ, ахлоқ ва тартиботи ҳаёт равона
карда шудааст. Ҳамин тариқ, терроризм ба индустрияе табдил ёфтааст, ки барои содирот кор мекунад ва ба тиҷорат табдил ёфтааст, ки аз он даромадҳои калон гирифтан мумкин. Зиддиятҳои ҷаҳони имрӯзаро, аксар вақт зиддиятҳои байни тамаддунҳои Ғарб ва Шарқ меноманд. Аз рӯи нуктаи назари илм ҳам тамаддуни Ғарб ва ҳам тамаддуни Шарқ аслан сарчашмаи ягонаи инкишоф доранд. Ҷудоӣ ва фарқият байни ин фарҳангҳо дертар ба вуқуъ омадааст. Дар Ғарб гурӯҳҳои фаъоли ислоҳгарон пайдо гардиданд, дар Шарқ бештар асосҳои фундаменталии тамаддуни мавҷуда нигоҳ дошта шуд. Фарқиятҳои куллӣ байни тамаддунҳо, махсусан, баъди ба вуҷуд омадани ислом арзи ҳастӣ намуданд. Пас аз ин дар ҷаҳони Ғарб
онҳо бо ҳам намеоянд». Дар ин суханҳо асосҳои калидии тасаввуроти Ғарб нисбат ба Шарқ аён мегарданд. Ғарб нуқтаи назари худро ягона ва дуруст ҳисобида, муттаҳид гардидан бо Шарқро ҳатто фикр кардан ҳам намехоҳад. Доктори илмҳои сиёсӣ М. А. Киличбай оид ба ин масъала чунин баён намудааст: «Ғарб тамаддунро моли худ медонад ва чунин меҳисобад, ки мардуми Шарқ танҳо дар он сурат соҳибтамаддун мегарданд, ки агар аврупоӣ (ё амрикоӣ) гарданд». Хато будани чунин андешаро имрӯз ҳатто баъзе аз сиёсатмадорон ва рӯзноманигорони Ғарб низ эътироф менамоянд. Масалан, Юрген Тоденхофери олмонӣ, ки ягона рӯзноманигори ба «Давлати Исломӣ» сафаркарда мебошад, дар китобҳои худ аз ислом
ва ба наздик гардидани динҳо ва маданиятҳо халал ворид мекунанд. Никалай Рерих (рассом) навишта буд: «… Агар Ғарб ба қуллаҳои илм ва техника расида бошад, Шарқ қуллаҳои баландро дар омӯзиши ҳастии инсон ва қонунҳои ботинии он фатҳ кардааст. Ғарб доно, Шарқ оқил. Ғарб – васеъ, Шарқ – амудӣ. Ғарб бо амал зинда аст, Шарқ бо орзу». «Аз тавлид гаштан инсон ба коғази тоза, фиттаи тоза ё наве шабоҳат дорад. Дар он чизе ки лозим медонӣ, навиштан мумкин аст ва ба лундаи гил ё металли гудохтае монанд аст, ки онро ба кадом шакле, ки хоҳӣ, табдил медиҳӣ» (Фатҳулло Гюлен «Ҳаёт ва дини ислом»: – М. соли 2006) Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки кӯдак бо имкониятҳои инсонӣ тав-
бияи дуруст ё нодурусти насли наврас ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб мебошад. Тарбияи ҷавонон, аҳли ҷомеа дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, ҳурмату эҳтироми анъанаҳо ва суннатҳои аҷдодии худ ва дигар халқу миллатҳо асоси муносибати хайрхоҳона байни мардуми ҷаҳон буда метавонад. Хушбахтона, дар таърихи башарият шахсиятҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки бо ақидаҳои инсондӯстӣ ва таҳаммулпазирии худ дар тӯли асрҳои зиёд барои инсоният хизмати арзанда кардаанд. Ақидаҳои онҳо оид ба таҳлили воқеияти замони худ, имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд ва барои ҳалли бисёр проблемаҳои замони муосир хизмат менамоянд. Яке аз чунин шахсиятҳо Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ мебошад, ки дар эҷодиёти ӯ мафҳуми неруи
Терроризм тиҷорат гаштааст Тарбияи таҳаммулпазирӣ омили оромии ҷомеа мебошад
чунин равандҳо ва зуҳуроти нав, ба монанди феодализм, ронессанс, реформатсия, маорифпарварӣ, сармоядорӣ, инқилоби илмӣтехникӣ ба амал омаданд. Дар натиҷа, фарқиятҳои маданӣ, ғоявӣ ва менталӣ байни Ғарб ва Шарқ боз ҳам бештар гардид. Нависандаи машҳури англис Редиярд Киплинг гуфта буд: «Шарқ Шарқ аст, Ғарб Ғарб аст ва
пуштибонӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, аз болои аққалиятҳои ифротгаро танҳо он вақт метавон пирӯз шуд, ки агар мо ба ҷаҳони ислом он тавре муносибат намоем, ки барои худ чунин муносибатро раво мебинем. Имрӯзҳо на танҳо онҳое, ки бо номи ислом одамони бегуноҳро қатл менамоянд, балки онҳое, ки онро террори исломӣ меноманд, динро доғдор менамоянд
лид мешавад, ки онҳо вобаста ба хоҳиши неки тарбиятдиҳандагон ва фазои мадание, ки дар он қарор дорад, тарбия меёбад. Яъне, рӯҳонияти одам азалӣ набуда, амалӣ мебошад. Васоити ахбори оммаи Аврупо Иттиҳоди Шӯравиро ҳамчун империяи зулм ё таҷовузкор ва «бегона» муаррифӣ мекард, аммо аз соли 1989, вақте ки ин империя нерӯ ва тавони худро аз даст дод, нуқтаи назари Ғарб ба ислом нигаронида шуд. Ҳатто дар системаи муосири маориф дар Ғарб дини ислом на ба таври дуруст ва ҳаматарафаю холисона, балки яктарафа ва нодуруст фаҳмонида мешавад, ки хонандагонро ба иштибоҳ меорад ва нисбат ба ислом, умуман, мусулмон ҳисси манфиро тарбия менамояд. Дар баъзе китобҳои дарсӣ байни ислом ва анъанаҳо фарқияте нишон дода намешавад, ки дар натиҷа, анъанаҳо ҳамчун нишондодҳои динӣ пешниҳод мегарданд. Ҳамаи ин гуфтаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки асоси ҳамаи ин тар-
ақлонӣ ва ахлоқ мавқеи хоса дорад. Новобаста аз он ки Румиро аз мо қарнҳои тӯлонӣ ҷудо намояд ҳам, афкори фалсафии ӯ барои ҳалли масъалаҳои замони муосир низ нақши беандоза доранд. Дар ин маврид мутаффакир барҳақ фармудааст: Кардам аз ақл савол, ин ки чӣ бошад имон? Ақл бар гӯши танам гуфт, ки имон адаб аст. Омӯзиши мероси ниёгон на танҳо барои дарки таърихи гузашта, балки барои омӯзиши воқеияти имрӯза низ аҳамияти калонро дорост. Беҳуда нест, ки имсол аз тарафи Сарвари давлат Соли оила эълон гардид, чунки оилаи солим сарчашмаи тарбияи инсони комил буда, тарбияи фарзандон таърихан дар оилаи тоҷикон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба роҳ монда мешуд. Имрӯз ҳам бояд ин анъанаҳои миллӣ дар тарбияи насли наврас мавқеи асосиро касб намояд. Ҳ. ДАДБОЕВ, устоди ДДЗТ ба номи С. Улуғзода
ТАНДУРУСТӢ Ҳар сол 7 апрел дар тамоми ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии солимӣ ҷашн гирифта мешавад. Соли равон ин рӯз ба мавзӯи «Бехатарии маҳсулоти озуқа» бахшида шуд. Ба ин муносибат бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO) ва Созмони озуқаю кишоварзии СММ (FAO) 7 апрел дар меҳмонхонаи «Меркурий»-и пойтахт конфронс доир гардид.
Ғизои бехатар гарави саломатист Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров иштирокчиёни конфронсро бо Рӯзи умумиҷаҳонии солимӣ табрик гуфта, таъкид намуд, ки баррасии мавзӯи ғизои бехатар хеле муҳим аст. Зеро бехатар набудани маҳсулоти хӯрокворӣ метавонад ба саломатӣ мушкилоти зиёде орад. Дар шароити кунунӣ бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дучори таҳдидҳои нав мегардад. Аз ин рӯ, амалисозии чораҳои пешгирикунанда хатари мавҷударо кам хоҳанд кард. Сарвари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, доктор Павел Урсу таъкид намуд, ки бактерияҳои касалиовар, вирусҳо, муфтхӯр (паразит)-ҳо ва модаҳои
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9388), 9 АПРЕЛИ СОЛИ 2015
химиявии дар ғизо мавҷуда сабаби сарзании зиёда аз 200 беморӣ, мисли диарея, исҳоли хунин, саратон ва ғайра мегарданд. Соли 2013 танҳо дар Иттиҳоди Аврупо (Фазои иқтисодии Аврупо) зиёда аз 310 000 ҳолати бактерияи инфексионии ғизо ба қайд гирифта шуд, ки аз он 322 ҳолаташ бо марг анҷом ёфт. - Хатар барои маҳсулоти ғизоӣ дар ҳама зинаҳои намудҳои озуқа имкони ба вуҷуд омаданро дорад, - гуфт Павел Урсу. - Аз ин рӯ, барои он ки аҳолӣ тавонад ғизои солимро дастрас кунад, зарур аст, ки бахшҳои тандурустӣ, кишоварзӣ, байторӣ, нақлиёт, ҳифзи муҳити зист, саноати хӯрокворӣ, ҷамъияти матлубот, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истеъмолкунандагон талаботи асосиро оид ба гигенаи маҳсулоти
хӯрокворӣ ва муносибати дурусту бехатар ба ғизоро донанд ва иҷро намоянд. Сарвари намояндагии FAO дар Тоҷикистон Виорел Гуту изҳор намуд, ки имрӯз ба таври таъҷилӣ дар Тоҷикистон дар бахши бехатарии озуқаворӣ гузаронидани ислоҳот зарур аст. - Асос гузоштан ба системаи бехатарии хӯрокворӣ ҳам барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва ҳам барои меҳмонони хориҷӣ калиде баҳри беҳтаршавии сифати маҳсулоти озуқа ба шумор меравад, - гуфт Виорел Гуту. – Ин дар навбати худ ҳамеша ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва саломатии аҳолӣ оварда мерасонад. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
5
СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА
Яке аз василаҳои асосии бинои кошонаи солим ва посдорӣ аз ҳувият ва вижагиҳои он, эҳтимом ба омӯзиш ва парвариши фарзандон аст. Ҳамзамон, фарзандҳо ояндаи миллат ва созандаву меросбари аҷдоди хеш мебошанд, ки бояд барои расидан ба камоли инсонӣ аз хурдсолӣ зери тарбияи хуб қарор бигиранд. Лозим ба ёдоварист, ки маънои тарбия ва парвариш бисёр густурдатар аз маънои таълим ва омӯзиш мебошад. Тарбия ба маънои бор овардан ва рушд бахшидан ба фарзанд, то расидани гом ба гом ба марҳилаи камол аст. Тарбия ҷонибҳои моддӣ ва ҷисмӣ, нафсӣ ва руҳию ақлӣ, фикрӣ ва рафторӣ, инчунин, иҷтимоиро дар бар мегирад. Таълим ҷузъе аз тарбия ба шумор меравад ва дарбаргирандаи маълумоти зарурии кӯдакон барои ислоҳи умури зиндагист, ки танҳо ба ҷанбаи ақлӣ ва андеша иртибот пайдо менамояд. Барои рушд ва камоли фарзанд ҳам таълим ва ҳам тарбия лозиманд. Зеро онҳо амонатҳое ҳастанд, ки ба падар ва модарашон супурда шудаанд. Дар робита ба амонат будани фарзандон бузурге мефармояд: “Беҳтарин ҳадяи волидайн ба фарзандон тарбияи хуби онҳост”. Дар хусуси тарбия ва таълими фарзандон, бузургон чунин ақида доранд: “Бояд донист, ки равиши тарбия яке аз муҳимтарин ва асоситарин умури зиндагист. Фарзандон назди волидайнашон амонатанд. Инчунин, қалби поки онҳо гавҳарҳои гаронбаҳо ва беғашест, ки аз ҳар гуна нақш ва тасвир холӣ ва пазирои ҳар гуна нақш мебошанд. Ғайр аз ин, ба ҳар сӯе,
Ахлоқ зарфи ҳаёт аст Чанд усули тарбияи кӯдак дар оила ки хоста шавад, моил мегарданд. Чунончи, ба кору гуфтори хайр ва омӯзанда одаташон диҳанд, бар асоси онҳо бузург мешаванд ва саодати дунё ва охиратро касб мекунанд. Падару модар, муаллим ва мураббӣ низ ба онҳо саҳм хоҳанд гузошт. Аммо агар ба шарорат ва
ва рафтори хуб, омӯзиши фанҳои гуногуну таълими забонҳои муосир аз шартҳоест, ки метавонад барои рушду камоли фарзанд таъсири мусбат расонад. Ҳамзамон, метавон қисматҳои тарбияи фарзандро ба гурӯҳҳо тақсим кард, ки ҳар як дар навбати худ ҷойи мах-
ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар боло бардоштани сатҳи таълими варзиш тайи чанд соли ахир таваҷҷуҳи махсус дода, дар шаҳру ноҳияҳо бунёди иншооти варзиширо ба роҳ мондаанд.
бадкорӣ хислат пайдо кунанд ва ҳамчун чорпоён мавриди бемеҳрӣ ва бетаваҷҷуҳӣ қарор гиранд, бадбахт ва бадсаранаҷом шуда, нобуд мегарданд. Волидайн, муаллим ва мураббӣ, агар дар мавриди таълим ва тарбия кӯтоҳӣ карда бошанд, дар муҷозоти гуноҳ ва хилофкории онҳо шарик хоҳанд буд”. Ҳар оила дар баробари тарбияи фарзандони худ, бояд чанд нуктаи муҳимеро дар назар дошта бошад, то тавонад фарзандони худро ба камоли тарбия бирасонад. Пеш аз ҳама, оила бояд ба саломатӣ ва тандурустии фарзанд аҳамият ҷиддӣ диҳад. Ахлоқи накӯ
суси таваҷҷуҳро доро мебошад.
ВА УЛУМИ МУФИД Забонҳои хориҷӣ калиди фаҳми улуму маорифи мухталифи кишварҳо ва маълумот пайдо кардан аз фарҳангу маданияти халқҳо ба шумор мераванд. Замоне ки фарзанд забонҳои хориҷиро аз хурдӣ ба хубӣ биёмӯзад, дар ҷиҳати фаҳму дарки мақсадҳову ҳадафҳо тавонотар хоҳад гардид. Тарбияи оила метавонад фарзандро дар бештар ҳолат барои бештар омӯзиш таъсири хубе расонад. Аз ҷумла, пас аз он ки фарзанд вориди мактаб барои таълим мегардад, бо доштани ахлоқу рафтори ҳамидаи инсонӣ метавонад, ки
ТАРБИЯИ БАДАН Саломатии бадан ва солим будани фарзанд асоси баркамолии фарзанд дар рушд ва пешрафташ ба шумор меравад. Ғайр аз ин, ақли солим дар бадани солим аст ва иҷрои воҷиботи зиндагӣ низ ба тавоноии ҷисмӣ вобастагӣ дорад. Заъфу сустии ҷисмӣ монеъ аз қиём ба бисёре аз масъулиятҳо мешавад. Муваффақият дар арсаи тарбияи бадан ба тамринҳои варзишӣ, монанди шиноварӣ, давидан, аспбу дучархасаворӣ ва ғайра бастагӣ дорад. Беҳуда нест, ки Президенти
ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ
бештар ба таълим таваҷҷуҳ намояд. Аз ҷумла, ӯ аз улуми дигар, монанди риёзӣ, таърих ва ҷуғрофияву беҳдошт ва муқаддимоти пизишкӣ, муҳандисию ситорашиносӣ бо таваҷҷуҳ ба завқу алоқааш метавонад бештар истифода намояд. Барои мисол, имрӯзҳо дар мактабҳо бисёре аз фарзандони хушахлоқу ботарбияро метавон мушоҳида кард, ки дар ҳама самт, яъне, омӯзиши фанҳо бисёр фаъол буда, дар аксар озмуну олимпиадаҳои илмӣ шахсияти худро бо доштани илми кофӣ муайян кардаанд. ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ Одоби писандида ва ахлоқи накӯ, дар воқеъ, аз бузургтарин падидаи инсонист. Дар ривояте омадааст, ки “Ахлоқ зарфи ҳаёт аст”. Ҳамчунин, ахлоқи хуб ва саҳеҳ пояи сириштҳо ва нишонаи ҳидоят ва покдоманӣ мебошад. Арзиштарин ва муҳимтарин масъулиятҳои ахлоқӣ иборатанд аз садоқат ва сароҳат дар гуфтор, амонатдорӣ, оромиш ва бурдборӣ, иффати забон, покии дарун аз ҳуқду кин ва парҳез аз рафтору ахлоқи ғайриинсонӣ. Агар дар бораи тарбияи фарзанд ва чи гуна ба камол расидани он баҳсҳо шавад, боз ҳам ноқисиҳо дида мешавад. Зеро тарбия баҳрест беканор ва ҳаётест нотамом. Ғайр аз ин, ҳаёти инсонӣ аз пайдоиш то охирин лаҳзаи ҳаёт ва дар ҳама ҳолат холӣ аз тарбия нест. Дар ҳар ҳолат, инсони хуб ва комил бояд аз тарбия ва ахлоқи инсонӣ бархурдор бошад. Хусусан, нисбат ба тарбияи фарзанд меҳнату заҳматҳои худро дареғ надорад. Чунки ояндаи солими ҷомеа ва ҳар кишвар аз солим будани ақл ва фикри шаҳрвандонаш вобастагӣ дорад. Зайнура ҲОҶИЕВА, омӯзгори МТМУ №56, шаҳри Душанбе
ҶАВОНОНИ ҶАҲОН
Мурод Сулаймонов 28 сол дорад ва зодаи шаҳри Бокуи Озарбойҷон аст. Айни замон магистранти соли дуюми Институти миллии забонҳо ва тамаддунҳои Шарқи Париж мебошад. Дар хурдсолӣ оилаи онҳо ба Канада ҳиҷрат мекунад. Мактаби миёна ва маълумоти олиро дар он кишвар гирифтааст. Хатмкардаи Донишгоҳи Йорки шаҳри Торонто дар риштаи забоншиносии умумӣ мебошад. Забони модариаш озарӣ буда, инчунин, бо забонҳои англисӣ, форсӣ, фаронсавӣ, туркӣ ва русӣ хуб гап мезанад. Вақте, ки дар Париж сафари корӣ доштам, бо ӯ ҳамсӯҳбат гаштам. Суҳбати мо дар шаҳраки донишҷӯён, ки намояндагони 70 кишвари дунё таҳсил ва зиндагӣ менамоянд, сурат гирифт. - Мурод, чӣ шуд, ки маҳз барои таҳсил Парижро интихоб намудӣ? - Канада кишварест, ки ду забони расмӣ дорад: англисӣ ва фаронсавӣ. Ҳарчанд дар қисмати англисзабони Канада бузург шудам, вале каме аз забони фаронсавӣ низ бархурдор гаштам. Баъди хатми донишгоҳ ба Озарбойҷон баргашта, аз забони англисӣ дарс додам. Чун забонҳоро хеле дӯст медо-
6
«Тоҷикон тамаддунофаранд»... рам, ба қароре омадам, ки маҳз дар ин ришта тадқиқот барам. Ҳамин тариқ, ду сол боз дар Фаронса таҳсил дорам. - Дар кадом мавзӯъ ба навиштани рисола машғул ҳастӣ? - Рисолаи ман «Зумраҳои феълии морфосемантикии феъл дар забонҳои озарӣ ва тотӣ» ном дошта, таҳти роҳбарии профессор Жил Отйе ба иншои он машғул ҳастам. Алоқаҳои байнизабонӣ бароям ҳамеша ҷолиб буд. Ҳам Боку, ҳам Торонто шаҳрҳои байналмиалӣ ҳастанд. Яъне, муҳите, ки камол ёфтам, якзабона набуд. - Чун дар бораи шеваи халқияти тот ба тадқиқот машғул ҳастӣ, барои хонандагони рӯзномаи мо дар бораи онҳо каме маълумот медодӣ? - Тотҳо асосан дар Озарбойҷон зиндагӣ карда, ҷамъияти кӯчаки онҳо дар Доғистон ва Гурҷистон низ вомехӯранд. Бар асоси як назария тотҳо аз Эрон дар асри 4-5 ба Кафқоз фиристода шуданд, то Эронро муаррифӣ созанд. Ҳамин тариқ, вожаи «тот»-ро ба онҳо тоифаҳои туркзабон муносиб донистанд. Имрӯз ду гурӯҳи мардум бо забони тотӣ суҳбат мекунанд. Яке
мусулмонҳо ва дигаре яҳудиёни муқими Қафқоз ё ба иборае «яҳудиёни кӯҳистон». Роҳбари илмии ман масъалаи грамматикаи шеваи яҳудиёни тотзабонро тадқиқ намуд. Чун дар бахши тотҳои мусулмон тадқиқот кам буд, ба хулосае омадам, ки ҳамин риштаро мавриди пажӯҳиш қарор диҳам. - Маблағи таҳислатро кӣ мепардозад? Чун таҳсил ва зиндагӣ аз нигоҳи ман дар Фаронса хеле гарон аст? - Таҳсил гарон нест, вале зиндагӣ гарон мебошад. Пули таҳсилро худам медиҳам. Чун дар Озарбойҷон будам, кор кардам ва бо маблағи ҷамъовардаам таҳсилу зиндагӣ карда истодаам. Хушбахтона, имсол соҳиби стипендия шудам, ки маблағи хобгоҳамро давоми сол мепардозад. - Доир ба кишвари мо – Тоҷикистон чӣ медонӣ? - Медонам, ки мардуми он бофарҳангу соҳибтамаддун ҳастанд ва медонам, ки тоҷикон файласуфону шоирон ва мутафаккирони зиёдро ба фарҳанги ҷаҳонӣ тақдим кардаанд. Табиаташ низ дилкаш буда, мардумаш меҳмоннавоз мебошад. Мехоҳам, ки ба Тоҷикистон равам ва бо ин
фарҳанги бузург шахсан ошноӣ пайдо намоям. Чун рӯзномаи шумо барои ҷавонон аст, ба ҷавонони тоҷик гуфтаниам, ки пайваста пайи омӯзиши илму дониш талош варзанд. Зеро дониш дарҳои зиёдро ба рӯи онҳо боз намуда, дастрасӣ ба иттилоотро дар замони ҷаҳонишавӣ осонтар мегардонад. Мусоҳиб Насрулло ТӮЙЧИЗОДА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9388), 9 АПРЕЛИ СОЛИ 2015
ОДАМОНИ САРБАЛАНД Аслан он қадар ҳавсалаи сарвари дабистон шудан надошт. Пас аз барканории мудири пешинаи мактаб дар шуъбаи маорифи ноҳия ба аҳли омӯзгорон таклиф шуд, ки аз миёни хеш нафари лоиқу арзандаро пешниҳод намоянд. Ҳамин тавр, аксар омӯзгорони мактаб номзадии ӯро ба шуъбаи маориф пешниҳод намуданд. Аз чунин тасмими ҳамкорон ҳайрон гардид. Ҳеҷ умед надошт, ки ӯро пешбарӣ хоҳанд кард. Дар мактаб омӯзгороне, ки солҳои тӯлонӣ машғули таълиму тарбияи насли наврас ва таҷрибаи корӣ доранд, зиёд аст. Мебоист онҳо пешбарӣ мешуданд. Мудири мактаб вазифаи пурмасъулият маҳсуб меёбад. Донишу таҷриба, малакаю маҳорат аз кас талаб мекунад. Умуман, роҳбар будан ҳам санъат аст. Вай бошад, барои бархе аз омӯзгорони мактаб шогирд ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд роҳбари синф маҳсуб ёфта, дар аксар ҷаласаҳои омӯзгорони мактаб усули корбарии ӯву тарзи донишандӯзии шогирдонаш борҳо ситоиш ёфтааст. Шояд ин нуктаро ба назар гирифта, аҳли омӯзгорони мактаб ӯро ба вазифаи мудир пешбарӣ намудаанд? Лекин роҳбари мактаб кори дигар аст. Агар дар синф ба беш аз сӣ нафар хонанда роҳбарӣ намояд, пас, дар мактаб шумори хонандагон даҳҳо маротиб аз аҳли синф зиёд мебошад. Ҳамчунин, роҳбарӣ аз болои фаъолияти омӯзгорон бар зиммаи ӯст. Аз ин хотир, ҳавсалаи роҳбари мактаб шудан надошт, ҳатто дар дил ҳарос дошт, аз он. Дар аввал хост ин вазифаи пурмасъулияту заҳматталабро бар дӯш нагирад. Чӣ лозим ташвишҳои зиёдатӣ? Лек омӯзгорони собиқадор, ки синнашон кайҳо ба нафақа расидаю ҳамоно дар мактаб заҳмат мекашанд, боисрор аз ӯ хоҳиш намуданд, не нагӯяд. - Духтарам, - гуфт нафаре аз онҳо, ки синнаш қариб ба ҳафтод расида ва устодаш маҳсуб меёфт. – Дуруст, роҳбарӣ кори саҳл нест. Ман низ муддати тӯлонӣ дар ин даргоҳ роҳбар будам. Аз ин рӯ, медонам, дар шароити имрӯза роҳбар будан чӣ гуна масъулият, душворӣ дорад. Ба мактабе, ки дар он беш аз ҳазор нафар хонанда таълим гирифта, даҳҳо омӯзгор ба тарбияашон машғуланд, роҳбар будан кори саҳл нест. Лекин мо калонсолон дар паҳлуят, натарс. Душворӣ пеш ояд, ёрӣ мерасонем. Ҳамин тавр, бо маслиҳату ҳидояти устодони пуртаҷриба роҳбарии мактабро бар уҳда гирифт. Ибтидои кор хеле душвор буд барояш. Устодон ба қавли хеш устувор монданд. Дар лаҳзаҳои душвор ёрию маслиҳати хешро аз шогирди дирӯза дареғ намедоштанд. Бо гузашти вақти начандон зиёд дар кори роҳбарии
мактаб малака пайдо намуд. Аз шуъбаи маорифи ноҳия нозирон борҳо ба мактаб ташриф оварда, аз тарзи корбарии ӯ қаноатманд мерафтанд. Аксар вақт дар маҷлисҳои шуъбаи маориф нисбат ба мактаб, фаъолияти омӯзгорон, донишандӯзии хонандагон ва тарзи роҳбарии ӯ суханҳои нек мегуфтанд. Рӯзе пеш аз муовин хоҳиш намуд маълумотномаро оид ба рафти давомоти хонандагон ба
стан таклиф кард. Шогирд аз чеҳраи кушода ва муомилаи хуши ӯ каме шердил гашта, ба ҷойи таклифнамудааш нишаст. Ин хонандаи мактабро мудир хуб мешинохт. Баробари таҳсили хуб ва рафтори намуна, чун варзишгари номӣ ба устодону хонандагони мактаб шинос буд. Дар мусобиқаҳои вилоятӣ доир ба футбол хонандагони мактаб ширкат варзида, медали тилло ба даст оварданд. Шогир-
ДОНИСТАН ХУБ АСТ! - Раҳмат муаллимаҷон, - аз чунин посух шод гашта, гуфт шогирд ва иҷозати рафтан пурсид. - Майлаш, то хатми мактаб чанд моҳи дигар мондааст. Кӯшиш карданат лозим, ки имтиҳонҳои хатмро бо баҳои хубу аъло супорӣ. Ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нияти дохил шудан, ки дорӣ, ҳамчунин, пайваста машқ кардан гир. Ҳар қадар замина мустаҳкам бошад, дохил шудан осон мегардад.
Бо амри дил
машғулиятҳо, таълиму тарбия ва раванди донишандӯзии шогирдон барояш омода созад. Ҳоло дар ҳуҷраи корӣ саргарми омӯзиши ҳуҷҷатҳо вобаста ба ин масъала буд. Аз котиба хоҳиш намуд, касе беҳуда ӯро безобита насозад. Ҳуҷҷатҳоро бодиққат мутолиакунон, гоҳо чин дар пешонияш ҳувайдо мегашт. Маълум, ки вақтҳои охир давомоти хонандагон ба машғулиятҳо, сатҳи донишандӯзии онҳо боиси нигаронист. Саргарми мутолиа гузашти вақтро эҳсос накард. Замоне сар боло карда, ба худ омад, ки котиба пеши дари кушода рост меистод. Мазмун вақти корӣ анҷом ёфта, нияти хона рафтан дорад. Вай бо имои сар барои рафтани котиба иҷозат дод. Хост дубора болои коғазҳо сар хам намояд. Ин дам котиба овоз баланд кард: - Апаҷон, як нафар назди шумо нияти даромадан дорад. - Кӣ будааст? – пурсид мудири мактаб. - Хонандаи мактаби худамон. - Кай боз ин ҷо интизор аст? - Қариб ним соат шуд. - О, чаро барвақттар хабар накардӣ? - Худатон гуфта будед-ку, касе беҳуда ташвиш надиҳад. - Ҳа, дуруст, майлаш худат хона рафтан гир, шогирдро гап зан, дарояд. Ба ҳуҷра хонандаи мактаб, навраси шармгине ворид шуд. Вай ба мудир салом дод. - Биё, додарҷон, аз ин ҷо гузашта шин, - саломи шогирдро посух дода, ӯро назди худ ба ниша-
де, ки ҳоло наздаш ҳузур дошт, дар ҳайати дастаи футболбозони мактаб беҳтарин бозингар дар он мусобиқаҳо дониста шуд. Вай ҳоло хатмкунанда буда, соли ҷорӣ бо мактаби хеш хайрухуш хоҳад кард. Ҳамин тавр, ба шоҳроҳои ҳаёти мустақилона қадам хоҳад ниҳод. Мудир намедонист кадом масъала шогирди варзишгарашро назди ӯ овардааст. - Хуш, додарҷон? – ба чеҳраи шогирд суоломез нигариста, пурсид мудир. - Медонед-чӣ, муаллима, имсол мактабро хатм карда, ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нияти дохил шудан дорам. - Бисёр нияти хубу нек, офарин! – мамнун шуда, нидо кард мудир. - Муаллима, аз шумо як хоҳиш дорам. - Хуб, чӣ хоҳиш будааст? Агар аз дастамон биёяд, бо ҷону дил. - Пас аз хатми мактаб баробари номаи камол ва тавсифнома як маълумотномаи дигар лозим. Дар он ҷо зикр шавад, ки ман дар ҳайати дастаи футболи мактаб дар мусобиқаҳои вилоятӣ ба гирифтани медали тилло ноил шудаам. - Аслан инро дар тавсифнома пас аз хатми мактаб ҳатман навишта мемонем. Инчунин, дар дастат шаҳодатнома дар бораи медал гирифтан мавҷуд аст-ку? Ҳангоми дохилшавӣ онро ҳамроҳи дигар ҳуҷҷатҳо ба донишкада пешниҳод намоӣ, кифоя. Лекин, агар сахт хоҳиш дошта бошӣ, ягон душворӣ нест, маълумотнома ҳам навишта медиҳем.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9388), 9 АПРЕЛИ СОЛИ 2015
Хонанда хайрухуш намуда, аз ҳуҷра берун шуд. Мудир аз қафои шогирди хеш лаҳзае нигариста монд. Ба назараш чунин намуд, ки вақт бағоят тез мегузарад. Гӯё дирӯз буд, ки ҳамин хатмкунандаи имрӯза, ки хоҳиши ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дохил шудан дорад, ба остонаи мактаб қадам ниҳода буд. Пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгории ба номи Қандил Ҷӯраеви пойтахт (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ) Саида Абдуллоева беш аз бист сол аст, ки ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст. Се соли охир ба ҳайси мудири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолият дорад. Дар ин муддат чӣ қадар шогирдонро тарбия ва ба шоҳроҳи мустақилонаи зиндагӣ раҳнамун кардааст, ҳисобашро худ намедонад. Лекин мекӯшад, шогирдони мактаб тавре тарбия ва ба воя расанд, ки дар ҳаёти мустақилона бо рафтору кирдори хеш намунаи дигарон бошанд. Аз ин хотир, нисбат ба худ ва ҳамкорон сахтгир аст. Ҳарчанд нишондиҳандаҳои мактаб дар миқёси ноҳия мусбат арзёбӣ шавад ҳам, маълумотномаи омоданамудаи охири муовин ӯро қаноат накард. Шогирдони мактаб дар чанд олимпиадаи ноҳиявию вилоятӣ, аз фанҳои гуногун ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ муваффақ шудаанд. Дар ҷодаи варзиш ҳам дастовардҳои хонандагон хеле хуб аст. Лек ӯ комёб шудани дастовардҳои боз ҳам бештарро мехоҳад. Имкониятҳои дар мактаб мавҷуда ба ин мусоидат менамояд. Дар мактаб омӯзгороне мисли Зиёратшо Сулаймонов, Ҷӯрабой Розиқов, Саъдӣ Раҳматов ва дигарон солҳои тӯлонӣ умри хешро сарфи кори таълиму тарбия намуда, таҷрибаи бой доранд. Маҳз ба онҳо мудири мактаб такя дорад ва мекӯшад сифати таълиму тарбия боз ҳам беҳтар гардад. Зеро кору фаъолияти ӯ бо амри дил аст. Аз ин хотир мекӯшад, гуфтору амалаш аз ҳам фарқ надошта бошад.
Шаммаи чой ба кор меояд Чой яке аз нӯшокиҳои сеитеъмолтарини ҷаҳон аст. Ин нӯшокии муфидро дар рӯзғор низ метавон истифода кард. Масалан, чой беҳтарин воситаи рафъкунандаи бӯй аст. Ин хосияти чойро метавон барои аз дастон дур кардани бӯйи моҳӣ ва сир (чеснок) истифода бурд. Агар чойи хушбӯйро дар ҷайби нишастгоҳҳои дохили автомобил гузоред, боиси хушбӯӣ ва тоза шудани фазои дохили мошин мегардад. Бо ёрии шаммаи чойи истифодашуда метавон таровату ҷилои либоси мӯинаи тиббиро баргардонд. Барои ин шаммаи намнокро ба болои либос баробар бипошед ва чанд дақиқа гузоред. Сипас, тавассути чӯткаи намнок шаммаҳоро аз як тараф тоза кунед. Хоҳед дид, ки мӯина ҷилодор мешавад. Агар шумо ба воситаи шӯяндагии синтетикӣ аллергия дошта бошед, шаммаи чой беҳтарин ашёи тозакунандаи зарфҳо хоҳад шуд. Шаммаи чой равған ва доғҳоро аз оина, шиша, фарш (пол), мебели рангнокардаи чӯбӣ ба осонӣ дур мекунад. Чой хосияти рангкунӣ ҳам дорад. Масалан, барои баланд (барқарор) кардани ранги маллаи матоъ ба 150 мл. оби ҷӯшомада як қошуқи калон чойи сиёҳ андозед. Агар хоҳед, ки матоъ қаҳваранг (маллаи баланд) шавад, дар ин сурат ба 150 миллилитр (якуним истакони 100-грамма) оби ҷӯшомада ду қошуқ чой андозед. Матоъро тунук карда, исфанҷ (губка)-ро ба он тарк карда, баробар ба матоъ бимолед. Баъди баробар «ранг кардан»-и матоъ онро офтоб кунед. Чойро, инчунин, метавон барои ранг кардани тухмҳо истифода кард. Баъзеҳо чойро ба сифати сиёҳранг кардани муйи сар низ истифода мебаранд. Барои ин чойи сиёҳ ва мармарак (шалфей)ро омехта, шаби дароз гузоред. Баъди аз дока гузаронидан сарро бо он бишӯед. Дар сурати зарурат ин амалро чанд маротиба такрор намоед. Чойи хушкшудаи нолозим беҳтарин ғизо барои гулу кабудиву сабзавот аст. Таҳияи С. АМИНИЁН, “ҶТ”
Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ», Шарифи ШАРИФЗОД, рӯзноманигор
7
НАВРӮЗ - 2015 Яке аз суннатҳои пурифтихори мардуми мо таҷлили Наврӯз аст. Боиси хушнудист, ки чанд соли охир ин иди бостонӣ дар саросари мамлакат бошукӯҳ таҷлил мегардад. Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳафтаи сипаришуда дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов иди Наврӯз ҷашн гирифта шуд. Дар варзишгоҳи донишкада кормандони тамоми факултаҳои ин муассисаи таълимӣ, зерсохторҳои кумита аз дастурхони наврӯзӣ оростанд. Зеро оростани хони «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» дар чунин чорабиниҳо ҳамчун рамзи фарорасии Наврӯз ба ҳукми анъана даромадааст. Асоситарин ва лазизтарин ғизое, ки дар Наврӯз пешкаши меҳмонон мегардад, суманак мебошад. Тибқи одати ниёкон дар ҳама суфраҳои наврӯзӣ суманак (ҳам сабзаи наврустаи гандум ва ҳам суманаки пухташуда) гузошта шуда буд. Ин неъмати наврӯзӣ ба ҷисм нерӯ бахшида, касро болидарӯҳ мегардонад. Суманакро кадбонуҳо вобаста ба завқи худ ҳар хел мепазанд, ки намунаҳои гуногуни он дар ин чорабинӣ пешкаш гардид. Дуюмин ашёи зарурии «ҳафтсин» сипанд аст, ки мардуми тоҷик аз қадим онро ҳамчун воситаи пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ истифода мебаранд. Санҷид низ яке аз ашёи муҳими хони наврӯзист. Ин меваи лазиз на танҳо ғизо, балки давои бисёр дардҳо ба шумор меравад. Мардуми мо онро барои тақвияти гурда, таскинёбии дилзанак ва муолиҷаи бемориҳои дарунӣ истеъмол менамоянд. Дар хони «Ҳафтсин» сир низ мақоми хос дорад. Ин сабзавоти серистеъмолро антибиотики табиӣ мегӯянд. Сир барои муолиҷаи дамкӯтаҳӣ, фаромӯшхотирӣ, фалаҷ, бемориҳои асаб, дарди буғумҳо, ирқуннисо (радикулит), зуком ва ғайра беҳтарин давост. Аз ин рӯ, ниёконамон сирро ба хони наврӯзӣ шомил кардаанд. Хони «Ҳафтсин»-ро, инчунин, себ, себарга ва сирко оро медиҳанд, ки ҳар кадом хусусияти табобатӣ доранд. Дар гӯшаҳои барои сохторҳо ҷудошуда ғайр аз хони наврӯзӣ, инчунин, намунаи ҳунарҳои дастӣ (сӯзанӣ, куртаи чакан, тоқии гулдӯзӣ), зарфҳои қадима, асбоби мусиқӣ пешкаши бинандагон гардид. Садои карнаю сурнай дар саҳни варзишгоҳ танинандоз буд. Муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Мавсу-
8
Боз Наврӯз омаду дил махон Муинзода, мушовири Бахши ёрдамчии Президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Носирҷон Бӯриев, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров меҳмони гӯшаҳои наврӯзӣ шуда, ҳамагонро бо фарорасии Наврӯз муборакбод гуфтанд. - Наврӯз яке аз қадимтарин
ҷашнҳои халқҳои ориёнажод маҳсуб ёфта, ҳазорсолаҳост, ки мардуми мо онро бошукӯҳ таҷлил мекунанд, – гуфт Мавсумахон Муинзода. – Паси сар шудани рӯзҳои сард, гарм шудани ҳаво ва зинда шудани табиат ба мо умеду нерӯи тоза мебахшад. Имрӯз дар тамоми чаҳон мардуми зиёд, новобаста аз нажоду забонашон ба ҷашни
Наврӯз таваҷҷуҳу дилбастагӣ доранд. Ин меҳру дилбастагӣ сол то сол дар ҷаҳон густурдатар мешавад. Шодӣ Сафаров ҳозиринро бо ҷашни зиндашавии табиат муборакбод гуфта, ба ҳамагон рӯзгори пурфайзу бобаракат таманно намуд. - Ҷашни Наврӯз дар замо-
ни истиқлолият, бо ташаббус ва ҳисси баланди миллии Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳ ва мақоми шоиста ба даст овард, – гуфт Шодӣ Сафаров. – Боиси ифтихор аст, ки бо қарори СММ аз соли 2010 Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. Шукр мегӯем, ки мардуми мо панҷумин солгарди ҷаҳонишавии Наврӯзро дар фазои сулҳу амонӣ, суботу созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва ваҳдату эҳёгарии арзишҳои тамаддуни миллӣ таҷлил мекунанд. Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-аш навиштааст: «Ҳар кӣ Наврӯз ҷашн кунад ва ба хурррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузаронад». Аз ин рӯ, шеъру таронасароӣ дар ҷашни Наврӯз мақоми хос дорад. Ин буд, ки донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҳамроҳи як гурӯҳ ҳофизони шинохтаи кишвар ҷисмонӣ бо сурудани таронаҳои наврӯзӣ, васфи Ватану диёр хотири ҳозиринро шод намуданд. Ин чунин, устодону донишҷӯёни донишкада дар намудҳои гуногуни варзиш ҳунари хешро ба ҳозирин нишон доданд. Ба ғолибони мусобиқаи гӯштини миллии тоҷикӣ аз ҷониби маъмурияти Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Боиси таҳсин аст, ки ҳар сол дар ҷашни Наврӯз маъмурияти донишкада тӯйи хатнасури кӯдакон аз хонаводаҳои камбизоатро доир менамояд. Соли равон низ дар маросими таҷлили Наврӯз тӯйи хатнасури 16 нафар кӯдак ва тӯйи хонадоршавии ҷуфти ҷавоне баргузор шуд. Волидони кӯдакон ба роҳбарияти донишкада барои ин иқдоми олиҳимматонаашон изҳори сипос намуданд. Ба кӯдакон ғайр аз сарулибоси тӯёна, инчунин, ве-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9388), 9 АПРЕЛИ СОЛИ 2015
шуд ҷавон лосипеди бачагона низ тӯҳфа карда шуд. Яке аз ҷузъиёти оини наврӯзӣ пухтани таомҳои миллист. Дар саҳни донишкада ғайр аз суманак, ҳамчунин, оши бурида, сиёҳалаф, самбӯсаҳои алафӣ ва оши палав низ пешкаши меҳмонон гардид. Воқеан, ҷашни Наврӯзи имсола хеле ботантана ва бошукӯҳ ҷараён гирифт. Худо кунад, ки соли нав барои мардуми мо иқбол ва фай-
зу баракат орад. Тавре шоири ширинкалом Сафармуҳаммад Айюбӣ фармудааст: Бо умеди иди Наврӯзи дигар, Бо умеди боз як соли самар, Мо ҳама ҳастем сӯят саҷдагар, Эй Худованди замину осмон, То ба Наврӯзи дигар моро расон! С. АМИНИЁН, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9388), 9 АПРЕЛИ СОЛИ 2015
9
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН
Сосониён аз коррупсия пош хӯрдааст Коррупсия имрӯз чун зуҳуроти номатлуб бисёр давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Он мисли заҳрпечак ба шохаҳои гуногуни давлат печида, заиф мегардонад ва дар бисёр ҳолатҳо ба нобудӣ оварда мерасонад.
Интихоби касб 50 фоизи муваффақият аст Замони дар мактаби миёна хонданам, вақте муаллим, яъне, роҳбари синф аз мо мепурсид, “дар оянда чӣ касбро интихоб мекунед?”, дар посух мегуфтем, ки “ронандагӣ” – ро. Ба назар чунин менамуд, ки аз ҳама хуб ин касб аст. Дар воқеъ, касби хуб ҳам ҳаст. Ин ҷо бояд сабабашро ҷӯё шуд, ки чаро маҳз меҳри ин касб дар дил ҷӯш мезад. Сабаби аввалинаш ин буд, ки вақте ронандаеро медидем, ки бо ифтихор мошин меронад, дар дил меҳре тӯғён мезад, ки дар оянда ман ҳам ронанда хоҳам шуд. Вале ин чиз муқаррарӣ буду ҳар сол дар журнали интихоби касби синф номи касби мо тағйир меёфт. Рафта-рафта ҷиддан эҳсос намудем, ки интихоби касб осон несту соҳиби он шудан ҳам. Дар шароити имрӯз ҷавонон бо се тарз касб интихоб менамоянд. Аввал, бо ихтиёри худ, дуюм, бо хоҳиши падару модар, яъне, маҷбурӣ ва сеюм, аз ноилоҷӣ. Агар касе мегӯяд, ки давраи донишҷӯӣ бидуни мушкилист, хатост. Зеро дар ҳама ҳолат дар банди мушкил мебошад. Ҳар нафар, вақте касберо интихоб намуданист, бояд пеш аз ҳама шавқ, завқ ва меҳри онро дар дил дошта бошад. Чун агар касберо ҳамту интихоб намоеду андешед, ки минбаъд ба шумо писанд мегардаду мутахассиси он соҳа хоҳем шуд, ин ҷуз хаёле беш нест. Дар интихоби касби муносиб волидон нақши асосиро мебозанд. Зеро ҳеҷ гоҳ бидуни розигии эшон ягон ҷавони тоҷик наметавонад
10
касберо интихоб намояд. Бинобар ин, саҳми волидон низ дар ин самт назаррас аст ва падару модарро мебояд дар инкишофи меҳри касби дӯстдоштаи фарзандон бетараф набошанд. Интихоби касб бениҳоят душвор аст, чунки дар ин самт мушкилиҳо бисёранд. Ба гуфти баъзе ашхос, интихоби касб дар ҷараёни имрӯз ба ҳамён вобастагӣ дорад. Масалан, агар як хатмкунандаи мактаби миёна, ки оилааш шароити пасти иқтисодӣ дорад, ҳеҷ гоҳ наметавонад, ба касби дилхоҳаш, ба монанди “ҳуқуқшинос” ва “иқтисодчӣ” дастёб гардад, зеро барои соҳиби ин касб шудан ҳамёни пур лозим аст. Бояд қайд намуд, ки на ҳамаи нафарон ба касби дилхоҳашон мерасанд. Аммо дар ин байн нафароне низ ҳастанд, ки комилан соҳиби касби дӯстдоштаи хешанд, вале ангуштшумор. Аз рӯзе ки Маркази миллии тестӣ (ММТ) ба фаъолият шурӯъ намуд, то андозае ин мушкилӣ сабуктар гардиду роҳи даст ёфтан ба пешаи дӯстдошта осонтар. Вақте аз назди Шаҳраки донишҷӯён гузар менамоед, касеро фориғбол дида наметавонед. Аз чеҳраи ҳар донишҷӯ ба ҷое банд будани фикрашро тахмин кардан мумкин. Яке, агар дар бораи дарсҳояш андешамандона ба нуқтае назар андӯзад, дигарӣ аз рафиқаш доир ба дарс маслиҳат мегирад. Гурӯҳеро ҳатман мушоҳида менамоӣ, ки дар бораи имтиҳонҳои хатм баҳсу мунозира доранд. Боре миёни як гурӯҳ хатмкунандагони факултети журналистика баҳс рафт, ки пас аз хатми таҳсил ба куҷо ба кор бираванд, зеро кор ёфтан осон нест. Ҳар яке қатрае аз баҳри беканори умедҳояшон сухан меронду бо умед рӯзноманигори барҷаста шуданро орзу мекард. Дар ин миён донишҷӯ Лоиқҷон Тӯйчиев, ки яке аз иштирокчии ин суҳбат
буд, афзуд: “Дӯстон, агар касе ки касбашро дуруст интихоб намуда, дар тӯли панҷ соли таҳсил ҳамаи машғулиятҳо ва роҷеъ ба касбаш қонуну қоидаҳоро хуб аз худ намуда бошад, барои вай кор ёфтан мушкил нест, чунки ҳамаи шароит баҳри таҳсил дар донишгоҳ мавҷуд буду ҳоло ҳам мавҷуданд. Нафаре, ки аз ин ҳама шароитҳо самаранок истифода намуд, ҳатман ҷойи кор меёбад”. Ин манзараро дида, ҳисси кунҷкобиям боло гирифту аз чанде аз онҳо пурсон шудам, ки оё онҳо касбашонро худашон интихоб намудаанд ва ё волидонашон? Дар посух ба суоли мазкур донишҷӯ Қурбоналӣ Бобоев чунин гуфт: – Интихоби худам буд. Зеро аз аввал ба ин касб меҳр доштам ва аз интихоби худ пушаймон нестам. Воқеан, дуруст аст, ки интихоби дурусти касб ин панҷоҳ дарсади муваффақият аст. Нафаре ки дар ин росто ба иштибоҳе роҳ намедиҳаду ба худ касби мувофиқ интихоб менамояд, дар оянда соҳиби обрӯ ва ҳам зиндагии арзанда мегардад. Дар баробари тарбияи насли наврас, инчунин, роҷеъ ба интихоби дурусти касб низ Президенти кишвар дар ҳар вохӯрияшон ибрози андеша карда, қайд намудаанд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадрҳои босавод ва мутахассисони соҳибтаҷриба ниёз дорад”. Пас, ҳар яки моро зарур аст, ки касби хешро дуруст интихоб намуда, дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия ёбем. Дар ин росто Саъдии бузургвор фармудааст: “ Ҳунар давлатест поянда ва чашмаест зоянда”. Бинобар ин, касб боиси сарбаландии инсон, афзояндаи ризқу рӯзӣ ва баланд бардоштани мавқею мартабаи он дар ҷомеа мебошад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, таҷрибаомӯзи “Ҷавонони Тоҷикистон”
Коррупсия аз калимаи лотинии “corruptio” гирифта шуда, маънояш бо пора ба худ тобеъ кардан, харида гирифтан, ришва додан мебошад. Агар ба таърих назар кунем, мебинем, ки коррупсия ҳанӯз дар ҳазораи дуюми пеш аз милод дар Миср зуҳур кардааст. Дар китоби «Авесто» низ дар бораи пора сухан меравад. Аз андарзҳои Бузургмеҳр бармеояд, ки давлати 400-солаи Сосониён бо сабаби зиёд шудани порагириҳо пош хурдааст. Ҳарчанд дар “Қуръон”-и карим додани пора манъ бошад ҳам, дар хилофати исломии арабҳо низ гирифтану додани ришва роиҷ будааст. Мансабҳои давлатӣ дар давлатҳои Осиёи Миёна низ харидаву фурӯхта мешудаанд. Тибқи навиштаҳои мутафаккир ва маорифпарвари тоҷик Аҳмади Дониш дар Аморати Бухоро, махсусан, дар давраи ҳокимияти Манғитиён, додану гирифтани пора барои расидан ба мансабҳои давлатӣ маъмул будаву рушд карда будааст, ки дар охир ба заволёбии ин ҳокимият оварда расонд. Дар замони таърифии шӯравӣ ҳам ҳолатҳои коррупсионӣ ҷой доштаанд. Аз ин чанд далели кӯтоҳ чунин хулоса кардан мумкин аст, ки коррупсия танҳо мушкилоти як давра ё як давлат набуда, таърихи қадим дорад ва ба кишварҳои ҷаҳон сироят кардааст. Бинобар ин имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди коррупсия мубориза мебарад. Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия 31 октябри соли 2013 қабул шуд, ки давлатҳои ҷаҳонро барои мубориза бар зидди ин вабои аср даъват мекард. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун узви комилҳуқуқи ин созмони ҷаҳонӣ тамоми қонунгузории худро ба ин санади байналмилалӣ мутобиқ гардонд. Тибқи қонунҳои кишвари мо коррупсия ҷиноят маҳсуб меёбад. Барои аз байн бурдани он имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ташкил ёфтааст, ки фаъолияти назаррас дорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки миллати тоҷик фасодзада бошад. Коррупсия ба менталитет кор надорад. Ин як вабои аср мебошад, ки чораҳои қатъии пешгирикунандаро талаб менамояд. Мутафаккири бузурги Фаронса Ш. Л. Монтеске гуфта буд, ки дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекор мубаддал мешавад. Пас, чӣ бояд кард, ки коррупсия аз байн равад ё зарари он камтар шавад, то ки ҷамъият аз хавф ва оқибатҳои он эмин бошад? Барои ба ин савол ҷавоб гуфтан бояд сабабу омилҳои коррупсия ҳаматарафа омӯхта шаванд, роҳҳои ба он мусоидаткунанда баста шаванд. Ба таври мухтасар чанд андешаи худро барои аз миён бардоштани коррупсия пешниҳод мекунам: 1. Бояд ҳокимияти қонунгузор қонунҳои ба талаботи замони имрӯза ҷавобгӯро, ки тавонанд бо коррупсия муборизаи воқеӣ баранд, қабул кунад. Фикр мекунам, ки истифода аз таҷрибаи мамолики пешрафта, ки ҳам додану ҳам гирифтани пораро ҷиноят медонанд, муфид хоҳад буд. 2. Барои содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷазоҳои сахттарин, мисли ҳабси абад ё ҳукми қатл бояд пешбинӣ карда шавад. 3. Дар ҷойҳои маъмурию ҷамъиятӣ, ки имкони гирифтану додани пора вуҷуд дорад, бояд камераҳои назоратӣ насб шуда, аз тариқи шабакаи ягона аз ҷониби мақомоти амниятӣ назорат ва идора карда шаванд. 4. Дар донишгоҳу донишкадаҳо, ки сару садоҳои зиёде атрофи порадиҳиву порагирӣ аст, системаҳои замонавии техникию технологияи нав барои супурдани санҷишу имтиҳонот бештар бояд истифода шаванд. 5. Ҷамъиятро чунон бояд тарбия кард, ки ҳар узви он бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ зидди коррупсия мубориза барад, зеро ин вабои асрро якҷо решакан кардан имкон дорад. Пеши роҳи коррупсияро бояд гирифт, агар не он пеши роҳи рушди моро мегирад. Дар ин бора Унсурӣ дуруст гуфтааст: Ҳар он ҷо ки пора шуд аз дар дарун, Шавад устуворӣ зи равзан бурун. Муродулло ПОЧОЕВ, донишҷӯи факултаи филологияи ДМТ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9388), 9 АПРЕЛИ СОЛИ 2015
АДАБИЁТ Азизи ман, нозанинам. Ёд дорӣ? Фасли баҳорон буд. Ману ту бори аввал ба сайри лола баромадем. Дашту даман, пастию баландиҳо қабои сабз ба бар карда буданд. Манзараҳои атроф қолини махмалини азимеро ба хотир меовард. Гулҳои садранг назаррабоӣ менамуданд. Садои мурғакони даштӣ гӯшро навозиш мекард. Дар дуру наздик кулмакҳои об аз шӯълаи офтоби чоштгоҳӣ ҷило медоданд. Саргарми сӯҳбат ва ғарқи тамошои манзараҳои нотакрор чӣ тавр ба қуллаи кӯҳ расиданамонро надонистем. Вақте ба худ омадем, ки барқ дурахшиду раъд ғуррид. Ба осмон нигаристем. Абри сиёҳе болои сарамон соя андохта буд. Сояи хеле ғафсу тира. Дуртар аз мо офтоби оламоро нурафшонӣ мекард. Чанд лаҳза гузашту борон шиддат кард. Ман як гӯшаи боронии хешро ба сари ту партофтам. Акнун мо ҳар ду зери як боронӣ меистодем. Ногаҳон нигоҳи ман ба нигоҳи ту бархӯрд. Дар назарам чунин намуд, ки аз чашмони ту шарора мерезад. Шояд аз шарму ҳаё буд ё ҳаяҷону изтироб чеҳраат лоласон сурх гардид, зуд-зуд нафас мегирифтагӣ шудӣ. Аввал лабонат пир-пир париданд, баъд моили табассум шуданд. Даст ба пешонии ту бурда, қатраҳои обро тоза кардам ва такроран ба рӯят зеҳн мондам. Рӯи ту кулчаи сурхи даруни танӯрро мемонд... Абрҳо аз болои сари мо гузашта рафтанд. Борон ҳам бас кард. Офтоби оламоро саховатмандона ба сӯи мо нурпошӣ кард. Дар як лаҳза ба танамон гармӣ дамид. Баъди борон манзараҳои атроф боз ҳам зеботар менамуданд. Болои баргҳои буттаю дарахтон, рӯи сабзаю себаргаҳо қатраҳои аз оби борон ҷамъшуда дурдонавор медурахшиданд. Ман хам шуда, себаргаеро аз замин кандаму бо овози ҳаяҷономез гуфтам:
- Чӣ дар рӯи ман гул дидед? - На танҳо гул, дар рӯи ту баҳорро мебинам. Гумон мекунам, ки ҳама ин шукуфаҳо, ҳама ин зебоиҳои атроф аз рӯи ту зебоӣ омӯхтаанд. Ин ниҳолакони кӯҳӣ ба зебоии қаду қомати ту ҳасад мебаранд. Ана, он сияҳгӯшакон аз қошони ту сиёҳӣ гирифтаанд, каҷгардонии зулфро аз каҷии зулфони ту омӯхтаанд. - Наход? Ин қадар муҳобот кардед. Инро гуфтию чунон як ишвае кардӣ, ки ҷонамро рабуд ва хандидӣ. Бисёр нозуку беғашу дилрабо хандидӣ. Ин хандаат завқамро фузуд, ки гуфтам: Як ханда задию ҳама гулҳо бишукуфтанд, Аз хандаи лабҳот гул омӯхт шукуфтан. Мурғони чаман аз суханат волаву мастанд,
Ҳозирҷавобӣ кардаму гуфтам: Як лаҳза шунав, ки банда арзе дорад, Дил мекашаду дида чӣ шарме дорад. Дастамро ба сӯят дароз кардам. Ту ҳам даст додӣ. Ҳар ду дасти ба даст, чун баррачаҳои ширмаст ҷастухезкунон ба таги дарахтони пургули бодом расидем. Сояи бодом аҷаб гуворо буд. Зери он нишаста, сӯҳбат кардем. Насими серун накҳати гулу себаргаҳоро ба машомамон меовард. Атрофамонро сабзазор иҳота карда буд. Чаҳчаҳи мурғакони даштӣ ба гӯш мерасид. Ман ҷаста аз ҷой хестаму чанд қадам дуртар рафта, гуфтам: Биё, ки мову ту боре чинем гул, Тариқи ошиқӣ ҷорӣ кунем гул.
Хам шудаму сияҳгӯшеро канда, байни зулфонат гузоштам ва рост ба чашмонат нигаристам. Чашм не, ҷуфти оташ буд... Офтоб ба хонаи худ наздик мешуд. Мо ҳам даст ба даст ниҳода, роҳи бозгаштро пеш гирифтем. Роҳи кӯҳӣ моро ба бармолие овард, ки пайраҳаҳои хурд - хурди бисёр дошт. Ту ба ман нигариста, табассуми маънидоре кардию гуфтӣ: Ёрам раҳи тору ман раҳи тарвоза, Ёрам гули сурху ман бунафши тоза. Ман беихтиёр сухани туро давом додам: Ҳар кас, ки бунафшаро ба гул омеза, Гул шод шавад, бунафша гардад тоза. Ҳар ду баробар хандидем. Охир, зери ин мисраҳо рози таҳидилии ҳар яки мо ниҳон
Ҳалқаи муҳаббат (Л а в ҳ а и л и р и к ӣ)
Булбул ба сари кӯи ту омад ба шукуфтан.
Аз ин гуфтаҳо илҳом гирифтию гуфтӣ: Ман кабки дарӣ ба кӯҳсор омадаам, Бар сайри чаман ҳамраҳи ёр омадаам.
буд ва андаке ҳам бошад, онро ба ҳамдигар ифшо кардем. Бинобар ин, бо завқи том, аз қаъри дил хандидем. Ба назари ман чунин расид, ки ин лаҳзаҳо тамоми дашту саҳро, кӯҳу камар, гулу сабзаҳо бо мо хандиданд, ба шодии ману ту шарик шуданд. Ҳо, он лаҳзаҳо аз ману ту дида, хушбахтар инсоне набуд... Ана, боз баҳор фаро расиду он лаҳзаҳои ширину гуворо пеши назар омад. Ман бо ёди ту ба сайри лола баромадам. Манзараҳо ҳамонанду ҳамон. Вале, дар назарам тамоман зебо наменамоянд. Чун ки ту ҳамроҳам нестӣ. Он зебоиҳо бо ту зебо буданд, бе ту дар назарам ҳеҷанд. Барои ҳамин ҳам, зуд баргаштаму худро ба кунҷи хона зада, лаҳзаҳои бо ту буданамро ёд овардам. Он лаҳзаҳо лаҳзаҳои асалини ҳаётам буданд. Хаёлам банди ту хобам бурдааст. Дар хобат дидам. Ту дар куртаи атласи сим-сим. Ҳар ду болои сабза нишастаем. Нурҳои офтоби ҷонбахш ба симҳои заррини куртаат бархӯрда, ҷилло медоданд. Ҳама ҷо зебо, ҳама ҷо гулпӯш буд. Боз насими форами кӯҳ сару рӯи моро навозиш мекард. Боз хониши мурғакони даштӣ ба гӯш мерасиду бӯи муаттари сабзаю себаргаҳо ба машом мерасид. Чанд қадам дуртар аз мо ду кабӯтаре нӯл ба ҳам дода, ишқварзӣ мекарданд. Ту чанд лаҳза ба кабӯтарон нигаристию баъд сӯи ман нигоҳи маънидоре карда, табассум намудӣ. Чашмонат дурахшиданд, рухсораҳоят кулчавор суп-сурх шуданд. Ман беихтиёр дастонамро сӯи ту дароз карда, ба оғӯш гирифтанат хостам. Вале, ҳар қадар ки даст дароз мекардам, ҳамон қадар дастонам кӯтоҳтар мешуданд. Аз кӯтоҳшавии дастон ба даҳшат омада, аз хоб бедор шудам... Эй ҷони ман. Ту дар куҷоӣ? То кай туро хоб мебинам? То кай бе ту дастонам кутоҳ мешаванду баҳорам хазон? Агар ҳастӣ, биё. Биё, ки баҳор омадааст. Баҳори Тоҷикистон. Баҳори хуррам, баҳори зебо, баҳори нозанин. Биё, ки гулҳои баҳорӣ чун ғунчаи лабони нозуки ту шукуфтаанд, беди маҷнун кокулонашро чун кокулони ту овезон кардааст. Биё, ки бе ту ҳамаи ин зебоиҳо бароям ҳеҷанд. Бе ту шукуфтани гул маънӣ надорад, хониши булбул нофорам аст. Биё аз нав ба сайри лола меравем, хониши булбулонро гӯш мекунем, аз тамошои манзараҳои зебои диёр ҳаловат мебарем.
Рост ба рӯят нигаристам. Лабонат табассум мекарданд. Чашмонат медурахшиданд. Ҳамин лаҳза ба лаҳни ҷонфизое гуфтӣ:
Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ, шаҳри Қӯрғонтеппа
Шеър туро хуш омад, ки гуфӣ: Қадди алифут, ки резабарге дорад, Гирди ду лабут наботу қанде дорад.
Борон зуду себаргара тар карду гузашт, Ду ғунчаи гул боға назар карду гузашт. Ду ғунчаи гул пешу қафо мегарданд, Нозукбаданон аз мо ҷудо мегарданд. Ту ҷавобам гардондӣ: Себарга гулу дубарга бӯе дорад, Сабзинаҷавон хуш гуфтугӯе дорад. Сабзинаҷавон, шумо ҳамели писта, Дар мобайни сад ҷавон шумо гулдаста. Ҳар ду ба якдигар нигаристем. Аммо, шарму ҳаё имкон надод, ки равшантар гап занем. Чашмҳоямонро аз ҳамдигар гурезонда, ба нишебӣ назар афкандем. Даҳҳо ҷӯйчаи хурд - хурд ба ҳам як шуда, дарёчаеро ташкил карда буданд. Садои шилдироси оби дарёча ба насими форами кӯҳ ҷӯр гардида, дилро ба хурӯш меовард. Аз куҷое хониши кабк ба гӯш расиду гуфтам: Эй кабки дарӣ, биё ба паҳлӯям, Хобат бубарад сари зонуям.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9388), 9 АПРЕЛИ СОЛИ 2015
Ту як карашмаи ҷонфизое кардию аз ҷой хеста, бо табассуми дилрабое гуфтӣ: Шавем ҳар дуи мо Лайлию Маҷнун, Ба ҳамдигар вафодорӣ кунем гул.
11
ВАРЗИШ
Ду медали нуқраи наврасон аз Твер Дар мусобиқаи байналмилалии "Умедҳои Твер” оид ба дзюдо байни наврасон, ки 6 сол боз Ҷоми Аврупо маҳсуб мешавад, варзишгарони кишвар ду медали нуқра ба даст оварданд.
Фурсати муносибро истифода бояд кард Самбо миёни дигар намудҳои гӯштин дар ҷумҳурии мо ҳаводорони зиёд дорад. Зеро он аз бисёр ҷиҳат ба гӯштини миллии тоҷикӣ монанд аст. Мо аз самбочии ҷавону умедбахш, Номзад ба устоди варзиши ҷумҳурӣ Абдурашид Ҳакимов дар хусуси дибастагӣ пайдо карданаш ба ин намуди варзиш пурсон шудем. - Ҳангоми дар мактаби рақамии 1-и ноҳияи Тоҷикобод таҳсил карданам, аз соли 2005 ҳамроҳи дигар шавқмандон дар маҳфили варзишӣ назди устод Ҷобиров нозукиҳои гӯштини миллиро меомӯхтем. Он кас ба мо дар қатори машқу тамрин додан, инчунин, оид ба манфиати варзиш ба ҷисму руҳи инсон маълумот дода, моро барои дасти кӯмак дароз кардан ба ниёзмандон, аз кибру ғуруру кина дур будан, дар ободии Ватан саҳм гузоштан роҳнамоӣ мекарданд. Ҳамин насиҳатҳои устод боис гашт, ки ман на аз рӯи ҳавову ҳавас, балки сидқан ба варзиш машғул шавам. Меҳри варзиш маро ба остонаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов овард. Дар ин ҷо гӯштини самборо интихоб намудам. Алҳол донишҷӯи соли сеюми факултаи омодагии дифои ҳарбии донишкадаи мазкур ҳастам. - Тайи 10 соле, ки ба гӯштин машғул ҳастӣ, оё дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат доштӣ? - Бори аввал 29-30 июни соли 2006 дар шаҳри Душанбе дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, дар вазни 50 кило сазовори ҷои якум шудам. Соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар вазни 70 кило сазовори ҷои аввал гардидам. Дар Бозиҳои варзишии шаҳри Душанбе, ки соли 2013 баргузор шуд, дар вазини 82 кило ҷои сеюмро ишғол кардан. Ҳамон сол дар шаҳри Кӯлоб дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба самбо сазовори ҷои сеюм гардидам. Соли 2014 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни ҷавонони соли таваллудашон 1994-1996 низ ҷои сеюмро ишғол намудам. Дар қатори “Ифтихорнома” ба ман унвони Номзад ба устоди варзиши ҷумҳурӣ доданд. - Дар гӯштин барои комёбӣ чӣ муҳим аст? - Пеш аз ҳама, мувофиқи тавсияҳои устод амал бояд кард. Ҳар варзишгар асрор дорад. Муҳимаш аз ҳариф натарсидан, рӯҳафтода нашудан ва ба ғафлат роҳ надодан мебошад. Андаке ғофил шудану ҳушёриро аз даст додан боиси бохт мешавад. Дар навбати худ ҳарифро дар ғафлат монда, аз усулҳои пинҳонӣ бояд истифода кард. Варзиш риояи покизагиро талаб мекунад. Варзишгар бояд зоҳиру ботини худро пок дорад, ба ғиромбозӣ роҳ надиҳад ва адолатро риоя кунад. Инҳо ҳама ҷавонмардианд. - Оянда чӣ нақшаҳо дорӣ? - Ҳоло рӯзе ду бор дар назди устодони мушфиқ Хуршед Убайдуллоев ва Садриддин Обидов машқ мекунам. Боиси ифтихор аст, ки ҳамроҳи мо варзишгарони номӣ Беҳрӯз Хоҷазод (Чемпиони Осиё), Саидшо Шарифов (чемпиони дукаратаи ҷумҳурӣ) ва дигарон низ машқ мекунанд. Орзу дорам, ки маҳорати варзишии худро такмил дода, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намоям ва парчами ҷумҳурии азизамонро баланд бардорам. Барои ҳар варзишгар аз ин дида ифтихори балантар нест. Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”
12
Дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ, ки дар ин мусобиқа бо шумули 8 писару як духтар ширкат дошт, дар ҳисоби умумидастаӣ бо 2 медали нуқра ва як ҷойи 7-ум сазовори ҷои чорум шуд. Дар сабқати духтарон Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило мақоми дуюмро касб кард. Вай баъди се ғалаба бар Муҳаббат Бӯриева (Русия), Кумушой Соскеева (Қирғизистон) ва Даря Харлапанова (Русия) ба финал баромад. Шукрона дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Фаина Кулиш (Русия) мағлуб гашт. Дар сабқати писарон Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило бар се рақибаш – Данила Папсулин (Русия), Санҷар Ҷабборов (Қазоқистон) ва Владимир Костин (Сербия) дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Кемал Каитови русиягӣ шикаст хурда, бо медали нуқра муко-
фотонида шуд. Дар ин мусобиқа 295 варзишгар (176 писар ва 119 духтари солҳои таваллудашон 1998-2000-ум) аз 19 кишвар 4-5 апрел дар шаҳри Твери Русия рақобат карданд. Мусобиқа таҳти сарпарастии Иттиҳоди дзюдои Аврупо ва дастгирии Вазорати варзиш ва Федератсияи дзюдои Русия,
ҳукумати вилояти Твер баргузор шуд. Дар ҳисоби даставӣ тими мунтахаби Русия бо 47 медал (16 тилло, 9 нуқра ва 22 биринҷӣ) ғолиб омад. Дастаи Қазоқистон бо ба даст овардани 7 медал (3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷои дуюмро соҳиб шуд. Тими мунтахаби Белорус бо касби 2 медали нуқра дар мақоми сеюм қарор гирифт.
«Истиқлол» – барандаи панҷкаратаи Абарҷоми Тоҷикистон 5 апрел бозӣ барои дарёфти Абарҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, Қаҳрамони Тоҷикистон ва “Хайр”-и Ваҳдат, барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати мамлакат дар мавсими гузашта, доир гашт. Вақти асосӣ ва иловагии вохӯрӣ мусовӣ (2:2) анҷом ёфт. Дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахт ба рӯи бозингарони тими “Истиқлол” хандид – 4:3. Голҳоро дар вақти асосӣ Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, бозингарони “Истиқлол” ва Меҳроҷиддин Музаффаров (ду гол), футболбози “Хайр”, заданд. Силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра: Нуриддин Давро-
нов – 1:0. Баҳодур Шарифов – 1:1. Парвизҷон Умарбоев – 2:1. Меҳроҷиддин Музаффаров – 2:2. Фатҳулло Фатҳуллоев – 3:2. Акмал Сабуров – 3:2. Блед Родригес – 3:2. Муҳсинҷон Парпиев – 3:3. Умедҷон Шарифов – 4:3. Далер Шарифов – 4:3. Ҳамин тариқ, “Истиқлол” бори панҷум соҳиби Абарҷоми Тоҷикистон шуд.
Хоруғ: Қасри варзишӣ бунёд меёбад Дар маркази вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ сохтмони Қасри варзиш бо харҷи 17 миллион сомонӣ дар арафаи анҷомёбист. Сохтмони ин маҷмааи варзишӣ дар маҳаллаи Носири Хусрав, воқеъ дар лаби дарёи Ғунд моҳи апрели соли 2014 оғоз гардида, айни ҳол аз маблағи ҷудо шуда, беш аз 8 миллион сомонии он аз худ карда шуда, аксари корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудаанд. Дар ин иншооти ҷашнӣ беш аз 120 нафар аз тамоми минтақаҳои вилоят кор мекунанд. Онҳо ба ҳисоби миёна аз 1500 то 2000 сомонӣ музди меҳнат мегиранд. Ба гуфтаи сармуҳандиси сохтмон Назарсултон Саидикова, майдони умумии иншоот 5810 метри квадратиро ташкил дода, аз майдонҳои футбол, волейбол, гандбол, баскетбол, толорҳои машқи гӯштини самбою дзюдо, бозиҳои шашкаю шоҳмот ва теннис, утоқҳои варзишгарон, либосивазкунӣ, ҳаммом, ҳоҷатхона, утоқҳои маъмурият, духтурону дастурдиҳандагон, ҳамчунин, қаҳвахонаю ошхона, толори умумӣ барои 1770 ҷойи нишаст иборат мебошад. Барои болопӯш кардани утоқҳои ин маҷмаи варзишӣ мутахассисон аз давлати Чин даъват гардида, аллакай ба кор шурӯъ намудаанд. Сохтимончиён тасмим гирифтанд, ки тамоми корҳоро хушсифат анҷом дода, иншоотро дар рӯзҳои ҷашнгирии 18-солагии Ваҳдати миллӣ ба истифода диҳанд. Кӯйбек ШАРИФЗОДА, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9388), 9 АПРЕЛИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШ ҲАР КИРО АЗ БАҲРИ КОРЕ СОХТАНД... Вохӯриву шиносоӣ ва суҳбат бо одамони касбу кори гуногун, умуман, инсонҳо на камтар аз ғайриинтизор ёфтани ягон чизи қиматбаҳост. Бахусус, дар айёми мо, яъне, даврони бозорӣ, ки хурду бузург думболаи пулу мол аст. Қаҳрамони мо аз ҷумлаи нафаронест, ки пул дода, пешаи мушкилу хавфнокеро интихоб намудааст. Ба он нигоҳ накарда, ки чанд тан аз ҳамшуғлонаш ҷони азизи худро дар ин роҳ бохтаанд, ҳамоно рағбаташ на ин ки паст, балки боло мегирад. Аслан, ҷои тааҷҷуб ҳам набояд бошад. Дар ин дунёи кушод, ҳар касе дар алоҳидагӣ диду дунёи худро дораду онро асосан худаш мефаҳмад. Аз тарафи дигар, эҳтимол дар ин кор нақши дасти қисмат ҳам бошад. Шавқу ҳаваси қуллаҳои осмонбӯсро фатҳ намудан дар замири Шамсиддин се даҳсола пеш, вақти дар Ширкати ҳавоии «Тоҷикистон» кор карданаш боло гирифт. То ин дам ҳангоми дар ҳафтсолагӣ бори аввал тавассути тайёраи «Як-40» бо хатсайри Панҷакент – Душанбе сафар кардан, бо таъсири як парвози муқаррарӣ дар дилаш орзуе пайдо гардид, ки «ҳатман лётчик мешавам!». Ҳамин буд, ки мактаби миёнаро дар пойтахт бо медали тилло хатм намуда, муваффақ ба он гардид, ки барои идомаи таҳсил ба Омӯзишгоҳи ҳавоии Егоревски Русия роҳхат дастрас намояд. Он замон аз ҳисоби миллатҳои ғайрирус ба кам касон чунин як шараф насиб мегашт. Омӯзишгоҳро ҳам аъло хатм намуда, таҳсилро дар Институти муҳандисони авиатсияи граждании шаҳри Киев давом дод. Баъдан, курсҳои семоҳаро дар Омӯзишгоҳи олии ҳавоии Қазоқистон, Хадамоти минтақавии осиёимиёнагии ҷустуҷӯӣ наҷотдиҳии авиатсияи граждании Актюбинск, ки яке аз беҳтаринҳо дар ИҶШС маҳсуб меёфт, сипарӣ намуд. Ҳайати шахсии киштии ҳавоии «ТУ-154» бо роҳбарии Ш. Каҳҳоров парвозҳои муҳим ба хатсайрҳои Москва, Екатеринбург, Мюнхен, Истанбул, Ҷидда, Урумчӣ ва дигар сафарҳо намудаанд. БО ШАРОФАТИ ВАРЗИШ Дар ин ҷода ҳавонаварди тоҷикро варзиш ҳамеша кӯмакрасон аст, зеро вазъи тандурустии ҳавонавард аз ҳама лиҳоз бояд ба талабот ҷавобгӯ бошад. Ҳамин аст, ки пайваста машғули варзиш асту маҷмааи варзишии «Авиатор» макони дӯстдоштааш. Инчунин, Шамсиддин дар намуди ҷаҳиш аз парашют низ комёб гардидааст. Дар ин бахш устодаш, лочини шуҳратёри намуди варзиши ҷаҳиш аз парашют Юрий Баранов ҳисоб меёбад. Ҷаҳишҳои Шамсиддин бо парашют садҳо каратро ташкил медиҳанд. Маҳз дар ҳамин рӯзу шабҳо меҳри куҳнавардӣ дили Шамсиддинро тасхир кард. Ин ҷо Евгений Лорентс, корманди ширкат, Устоди варзиш, иштирокчии бисёр экспедитсияҳои
заминист. Аз ҳамин ҷост, ки бештар дар бораи дӯстони ҳампеша нақл карданро дӯст медорад. Соли 2002 Ш. Каҳҳоров иштирокчии Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардии ташкилнамудаи Ҳукумати Русия гардид. Роҳбарии онро Устоди варзиши ИҶШС Юрий Байковский, душанбегии муқими Москва бар уҳда дошт. Фатҳи чанд қуллаи беноми силсилакӯҳҳои мушкилгузари Дарвоз мақсади экспедитсия буд. Аъзои экспедитсия сарбаландона аз иҷрои мақсади дар пеш гузошта баромаданд ва ба ин хотир ба яке аз қуллаҳо «Дӯстии халқҳо» ном гузоштанд. Иштирокчиёни экспедитсия ба табрикоти Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия тариқи барқия мушарраф гардиданд, ки
Паланги барфӣ
набудани маблағ (8000 доллари ИМА) даъвати Покистонро барои фатҳи қуллаи ҳашт ҳазор метр қабул карда натавонист. Хароҷоти роҳу хурду хобро дар фатҳи ҳамаи қуллаҳо аз ҳисоби худ, ҳамчунин, на дар рӯзҳои корӣ, балки дар давраи рухсатии меҳнатӣ анҷом додааст. Боқӣ дар ҷои кор аз пайи вазифаи асосии хеле ҳам мушкилу масъулиятнокаш мебошад. Буданд ҳолатҳое, ки шабу рӯз, дар вазъу ҳолатҳои гуногун парвоз кардааст. - Айб аст, ки дар бахши куҳнавардӣ аз Туркманистон, ки кӯҳ надорад, қафо бошем, мегӯяд Шамсиддин. – Бе дастгирии молиявӣ аз тарафи давлат куҳнавардӣ дар Тоҷикистон рушд карда наметавонад. Арзонтарин пойафзоли махсуси кӯҳбароӣ 600 доллари ИМА нарх дорад, чанго-
Ҳамниншини қуллаҳову сар ба сар бо уқобон кӯхнавардӣ нақш дорад. Маҳз ҳамин шахс Шамсиддинро ба Хадамоти минтақавии осиёимиёнагии ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии авиатсияи граждании Фурудгоҳи Душанбе овард. Онҳо корҳои садамавӣнаҷотдиҳиро на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки дигар ҷумҳуриҳои минтақа низ мегузаронданд. Ба Шамсиддин Қаҳоров насиб гашт, ки дар кори наҷот додани одамони зери биноҳо мондаи заминларзаи шаҳри Спитаки Арманистон иштирок намояд. Бо гузашти солҳо таҷриба ва малакаи дар шароити душвори кӯҳистон бо ҳамроҳон кор кардан ҳам пайдо шуд. То ҳадде ки ба ӯ роҳбарии экспедитсияи калони байналмилалиро бовар мекардагӣ шуданд. Чунончӣ, соли 1996 Ш. Қаҳҳоров роҳбарии экспедитсияи байналмилалии кӯхнавардиро дар Помир бар уҳда дошт, ки Кумитаи миллии олимпиии Тоҷикистон ташкил намуд. Дар ин ҳайат аз ҷумлаи намояндагони панҷ давлат: Тоҷикистон, Русия, ИМА, Юнон ва Украина Владимир Шатаеви москвагӣ, Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС низ шомил буд. Тими интернатсионалӣ таҳти роҳбарии ин ҷавонмарди шердили тоҷик қуллаи беноми баландиаш 5475 метрро, ки баъдан номи Пер де Кубертен, асосгузори Бозиҳои
муосири олимпӣ, гузошта шуд, сарбаландона фатҳ намуданд. Бо гузашти се сол Ш. Қаҳҳоров боз роҳбари экспедитсияи байналмилалӣ дар Помир таъин гардид. Дар пеш тасхири қуллаи 7495 метраи Коммунизм (ҳоло Исмоили Сомонӣ) меистод. Варзишгарони Тоҷикистон, Русия, Украина ва як нафар аз Эрон шомили он буданд. Дар баландии 6800 метр шамоли сахт монеа шуд. Қаҳҳоров ба бошишгоҳ баргаштанро амр кард. Бо каме беҳтар шудани ҳаво аз нав ҳаракат намуданд. Боз ҳам чандсад метр дуртар аз қуллаи мақсуд, маҷбур шуданд, ки шабро рӯз карда, субҳи барвақт худро ба сари қулла бигиранд. Дар баландтарин қуллаи Боми ҷаҳон, аз ҷумла, Парчами Тоҷикистон, лавҳаи хотиравиии бо навиштаҷоти «Қуллаи ба номи Исмоили Сомонӣ» ва қуттичае бо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони солҳои 2050и Тоҷикистон устувор ва гузошта шуд. ТАБРИКИ ВЛАДИМИР ПУТИН Чунин парвозу сафарҳо дар ҳаёти лочини тоҷик зиёд буданд ва ҳамаашон хотирмон. Дар бораи ҳар кадоми онҳо ӯ метавонад соатҳо, бо тафсил қисса намояд. Ба он нигоҳ накарда, ки бештар дар баландиҳо мегардад, басо хоксору
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9388), 9 АПРЕЛИ СОЛИ 2015
ба унвони аввалин фотеҳони ин мавзеъ ирсол намуда буд: ИФТИХОРУ ДАРДУ ОРЗУҲО Ҳамин тариқ, Ш. Қаҳҳоров ҳамаи “ҳафтҳазора”-ҳоро тасхир карда, барои соҳиб гардидан ба унвони «Паланги барфӣ», ки ба кӯҳнавардон дода мешавад, азми фатҳи қуллаҳои кӯҳҳои Тиёншон Хон Тенгрӣ (7010 м) ва Ғалаба (7439 м)-ро дорад. Ҳамчунин, орзуи дигараш фатҳи қуллаи баландтарини ҷаҳон Эверест мебошад. Аввалин шуда дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ш. Қаҳҳоров Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баландтарин қуллаи Боми ҷаҳон – Исмоили Сомонӣ барафрошт. Ӯ 9 маротиба дар қуллаи Корженевский (7105 м), ду маротиба дар қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 м), 1 маротиба дар қуллаи ба номи Абӯалӣ Сино (7134 м) буд. Аз ҳоло писарчаи нуҳсолааш Муҳаммадризоро дар ин рӯҳия тарбия дораду аллакай чанд маротиба меҳмони доманаи қуллаҳо намудааст. Дар рафти суҳбат афсӯсхӯрон аз ҳамкасбони дар ин роҳ ҳалокгардида, рушди сусти бахши куҳнавардӣ дар кишвар, ҳамчун лётчики чархбол моҳҳо аз набудани коре парвоз накардани худ ҳасрат намуд. Маҳз бо сабаби
лаки бо номи «пишак» 100 евро. Вагарна завқмандон кам нестанду даъвои онҳое, ки мавҷудияти ин намуди варзишро дар Тоҷикистон инкор мекунанд, ботил аст. Дар хона, соатҳои фориғ аз кор ба тарбияи фарзандон – ду писару як духтар дода мешавад. Ҳунари ошпазиашро ҳамсараш Зарина ва ҳамкорону дӯстонаш қоиланд. Ба қавле, панҷ панҷааш ҳунар аст. Шуғли дигари писандидааш мутолиаи ашъори классикони Шарқ мебошад. - Ба чӣ корҳое, ки даст назадам, бо табассуми малеҳ гуфт ӯ. - То вохӯрӣ бо устодам Евгений Лорентс дар намуди муштзанӣ машқ мекардаму ҳатто Чемпиони Тоҷикистон ҳам шудам. Дар намудҳои каратэ, таэквондо низ худро санҷидам. Аммо меҳри куҳнавардӣ дар ман ғалаба кард. Шуғле маро соҳиби шуғли дигар месохт. Манзараҳои зебои кӯҳҳои Тоҷикистон маро суратгири муваффақ ҳам кардааст. Сарнишини дуюми чархболи “МИ-8-МТВ” Шамсиддин Қаҳҳоров дар дилхоҳ вақту соат омодааст, ки бо «фир-фирак»-и худ мусофирону борҳои гуногуни хоҷагии халқро аз манзиле ба манзил расонад. Соати парвози ӯ аз нуҳ ҳазор километр ҳам гузаштааст. Мирзо РУСТАМЗОДА, “ҶТ”
13
ЭЪЛОН
АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН барои ишғоли мансаби зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмуни кушода эълон менамояд: - САРМУТАХАССИСИ ШУЪБАИ ТАШКИЛӢ, ТАҲЛИЛ ВА ИТТИЛООТ.
ДОНИШКАДАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНИИ ТОҶИКИСТОН ба номи С. Раҳимов қабули довталабонро барои соли таҳсили 2015-2016 ба шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона эълон менамояд Ихтисосҳо: - омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ; - сайёҳии кӯҳӣ; - варзиш; - барои шаҳрвандони хориҷӣ: тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш. Имтиҳонҳои қабул тибқи низомномаи марказонидашудаи дохилшавӣ аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Дар заминаи мувофиқа бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи талаботи дастури иттилоотию методии «Раҳнамои довталаб» қабл аз имтиҳонҳо дар ин марказ довталабон имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат месупоранд. Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат аз 20 то 30 июн дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Ин имтиҳонҳо ба-
рои довталабоне, ки бо сабабҳои узрнок дар вақти муайяншуда ба онҳо иштирок карда натавонистанд ё дар давраи бақайдгирии иловагӣ аз қайд мегузаранд, рӯзҳои 6 ва 7 июл баргузор мешавад. Аъзои тимҳои мунтахаби Тоҷикистон, номзадҳои устоди варзиш, устодони варзиш, ғолибони Бозиҳои олимпӣ, иштирокдорони бозиҳои ҷаҳонӣ, Ҷоми ҷаҳон, бозиҳои Осиё ҳангоми қабул соҳибимтиёзанд. Ҳамаи довталабон пеш аз имтиҳони маҳорат дар донишкада аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Марҳамат ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон! Донишкадаи мо – ояндаи дурахшони шумо! Нишонӣ: 734053, шаҳри Душанбе, маҳаллаи Лучоб - 53. Телефонҳо: 224-24-16, 224-73-77.
ЧАРО МАҲЗ ДОНИШКАДАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ С. РАҲИМОВРО ИНТИХОБ БОЯД КАРД? 1. Варзиш ифтихор ва муаррифгару шуҳратафзои мамлакат аст. Варзишгар бо комёбиҳои шоистаи хеш парчамафрози миллат мегардад, ҳисси ифтихори миллии ҳамагонро ба таҳрик меоварад. 2. Варзишгарони Тоҷикистон дар кишвар ва хориҷ аз он шуҳратёр гаштаанд ва ҷоизаҳои зиёди ҷумҳурию хориҷиро ба даст овардаанд. Номи варзишгарон – дастпарварони донишкада М. Чориева, Д. Назаров… имрӯз дар саросари олам маълуму машҳур аст.
1. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансаби сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, таҳлил ва иттилоот: - таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои гуманитарӣ бартарӣ дода мешавад); - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; - кор карда тавонистан бо компютер; - донистани забони давлатӣ; Маоши мансабӣ 900 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ. 2. Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансаби мазкур дар Агентии хизмати давлатӣ шинос шаванд. 3. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: - аризаи шахсӣ ба номи директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6); - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 086У); - нусхаи шиноснома. 4. Ҳуҷҷатҳо аз тарафи хадамоти кадрии агентӣ дар муҳлати 14 рӯз баъди чопи аввалини эълон қабул карда мешаванд. Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33 (назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ). Индекс: 734003, телефон/факс: 224-02-74, почтаи электронӣ: info@rhd.tj, веб-сайт: www.rhd.tj
АРЗИ СИПОС
3. Донишкада дорои заминаи моддию таълимии муосир, неруи тавонои илмию омӯзгорӣ ва тадқиқотию инноватсионӣ мебошад. 4. Дар донишкада парки технологӣ, марказу озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълим фаъолият доранд. Донишкада тадриҷан ба низоми кредитии таълим мегузарад. 5. Донишкада бо қариб 40 мактаби олии варзишии ҷаҳон ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба дорад. Донишҷӯён имкони васеи иштирок дар бозиҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, мубодилаи афкор ва таҷриба доранд. 6. Шогирдони донишкада танҳо дар давоми солҳои охир беш аз 200 ҷоизаи байналмилалӣ ба даст овардаанд ва ба шарафи пирӯзии онҳо Парчами Тоҷикистон дар мамолики гуногун афрохта шудаву Суруди миллии Тоҷикистон садо додааст. 7. Хатмкардагони донишкада дар муассисаҳои таълимии варзишӣ, соҳаҳои дигари дахлдор ва дар вазифаҳои масъули давлатӣ бомуваффақият ифои вазифа доранд. 8. Донишкада дорои майдонҳои варзишии ба меъёрҳои муосир мутобиқ (оид ба тамоми намудҳои варзиш), зӯрхона ва ашёи зарурии варзишӣ барои тамоми намудҳои варзиш мебошад. 9. Дар донишкада муҳимтарину бонуфузтарин ҳамоишу ҷаласа ва конфронсҳои илмию амалӣ ва методӣ бахшида ба умдатарин масоили варзиш ҳам дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ баргузор мешаванд. 10. Донишкада дар мавзеи зебою барҳаво ҷойгир аст ва ҳам барои таҳсил, ҳам барои тамрину фароғати донишҷӯён тамоми шароитҳоро дорост.
14
Мутобиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир шахсони саховатманд ба ниёзмандону барҷомондагон ва ғайра кӯмак и моддӣ мерасонанд. Чунин як кӯмак аз ҷониби марди саховатпеша Зайнулло Соҳибов (дар сурат) ба Муассисаи давлатии Мактаб-интернати тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанови назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонда шуд. Аз ин рӯ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба Зайнулло Соҳибов арзи сипос менамояд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9388), 9 АПРЕЛИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ
Чиркин, нопок
Гуфтан, сухан кардан
Озурда шудан
Нонї љуворї ё арзон
Дар марказаш протон дорад
Иттињоди ќуввањои њарбї
Рўзи њафта
Нодон, гўл
Массаж
Пайѓамбари яњудиён
Хонум, бону
Донишгоњ дар Англия
Амиралмўъминин
«Сомон …», ширкати њавопаймої
Узви сомеа
Њиссаи нутќ
Воњиди ченаки масоњати замин (4047 м)
Гурўњи аспњо
Ду- Душховка манї
Муттакои пирон
Устои сандуќ
Халќи оддї
Вилоят дар Афѓонистон
Як фиќраи Ќуръон
Узви парлумон
Муќобили «душвор»
96, 86, 66 - шумораи ... дар бензин
Дарё
Муаммар …собиќ роњбари Либия
Моњї дар толеънома
Унвони ашрофзодаи англис
"Киштии биёбон"
Ќанди машњури шўравї
Ќўшунњои њавої ё бањрї Номи мардона
Акси садо (рус.)
Абулќосим ..., шоир
Гази ботлоќї, гази кон
Ќисми ваќти футбол Љойи дўхтаи либос
…-ю эътибор
… Петросян, артисти жанри њаљв аз Русия
Асъори Хитой
Давлат дар Осиёи Љанубї
Љаллобї
Роњиби буддої
Асбоби мусиќї, скрипкаи тољикї
«Уколи ќуват»
... Азизов, овозхон
Духтури њалќу гўшу бинї
Њосил кардан
Зиён, хисорот
Мўи гардани асп
Чашм ба роњ, мунтазир
Мактабњо – Ne, яке аз макотиб, мингазњои асил таќањо -?
… Исоев, журналисти телевизион
Набераи Темурланг
Моњишўрбои русї
Хоки биёбонњо
Зарфи таомпазї
Муњайё, тайёр, њозир
Шутурмурѓи австралиягї
Кўњњои Амрикои Љанубї
Оби андаке гарм
Садриддин …
Хоњиши хўрдани хўрок
Ѓусса, андўњ
Чархбол
Яке аз аломатњои китобатї
Љараёни дарё
«Тиллои сиёњ»
Љалол ..., нависанда
Охир, оќибат
Писари бародари падар
…и сарат ша- Љањонгир вам!
Варам
Миллат дар Ќафќоз
Омехта, олуда …'О – футболбози камерунї
Гулназар …, шоир
Истењкоми сўрохдор барои пулемёт Биринљи нокўфта
Заковат, аќл
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9388), 9 АПРЕЛИ СОЛИ 2015
Дилсўз
Сталин, Пиночет, Гитлер
Оббозї барои покї
Мева
Асбоби скрипкамонанд
Пойтахти Норвегия
Љароњат, осеб аз зарба
Воситаи наќлиёт
15
АКСИ РӮЗ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Духтур: - Барои он ки шавҳаратон зудтар сиҳат шавад, бояд бисёртар сайругашт намуда, зиёдтар нушад. Зан: - Аҷиб. Ман ҳайрон, ки пас ӯ чӣ гуна касал шудааст?
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
***
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Марду зан дар роҳ бо ҳам бигумагу доранд. Ногоҳ аз наздашон як гову як буқа пайдо мешавад. Мард: - Инҳо хешовандони ту ҳастанд. Зан: - Рост мегӯӣ. Инаш хусуру унаш хушдоманам...
Умаралӣ САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Сайфиддин СУННАТӢ
***
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ Маҳмудҷон УСМОНОВ,
Аз 1 апрел комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии кишвар садҳо ҷавонро ба хизмати Ватан фиристоданд.
Ҳасан АЗИЗОВ
АНДАРЗ
(мудири шӯъба),
(хабарнигорон, Душанбе),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),
ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА
(муовинони котиби масъул)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 8440 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
16
Рассоми даҳсола соҳиби миллионҳо шуд Расмҳои кашидаи писараки даҳсола дар музоядае дар шаҳри Норфолки Англия давоми 20 дақиқа ба фурӯш рафт. Рассоми наврас Киерон Уилямсон, ки қобилияти расмкашиаш ҳанӯз дар панҷсолагӣ маълум гардид, 4 августи соли 2013 дар саросари ҷаҳон машҳур гашт. Ангораҳои наврасро хабаргузории “BBC” дар сомонааш ҷой дода, матбуоти Бритониё ба ӯ лақаби “Монеи хурдӣ”-ро дод. Вақте мусаввараҳои писарак соли 2009 ба бозори санъат дар Бритониё роҳ ёфт, соҳиби аввалин гонорар шуд. Инчунин, давоми 20 дақиқа 23 асари Киерон тавассути интернет бо нархи 360 ҳазор доллар фурӯхта шуд. Дар аввалин намоишгоҳи шахсиаш, ки соли 2010 доир гардид, 33 асарашро ба зудӣ дастраси ҳаводорон намуда, ранг ва дигар асбоби расмкашиашро низ бо маблағи 150 ҳазор евро
фурӯхт. Танҳо соли гузашта “Монеи хурдӣ” 450 ҳазор евро кор карда-
Аввал андеша… Садои занги телефони духтури ҷарроҳ баланд мешавад: - Бале, гӯш мекунам. - Илтимос, фавран ба беморхона биёед, ин ҷо як ҷавон сахт бемор аст. Агар ҷарроҳӣ накунем, аз даст меравад. - Ҳозир меоям. Духтур саросема ба мошин савор шуда, дарҳол худро ба беморхона мерасонад. Дар толори беморхона бо падари ҷавони бемор рӯ ба рӯ мегардад: - Барои чӣ шумо дер мекунед? Писари ман дар ҳолати марг аст! Агар ба ҷойи вай писари шумо мебуд, ҳамин тавр мекардед? Духтур мулоим табассум намуда, мегӯяд:
аст. Аз ибтидои карйерааш бошад, ба оилааш беш аз ду миллион евро фоида овардааст.
Салим ба фикр фуру рафтааст. Ҳалим мепурсад: - Чиро фикр мекунӣ? Салим: - Дирӯз хоҳарам телефон карда гуфт, ки соҳиби кӯдак шудааст. - Ин чи ҷои фикру андеша дорад? - Охир, фаромуш кардам, пурсам, ки духтар ё писар. Акнун майна об дорам, ки ман тағо шудаам ё хола?
*** Карим аз бобояш мепурсад: - Давраи ҳозира ба шумо писанд аст ё давраи СССР? - СССР хеле хуб буд. - Барои чӣ, бобоҷон? - Чунки дар СССР духтарҳо аз пуштам медавиданд, ҳоло бошад, кампирҳо медаванд.
*** Аз Салим мепурсанд: - Чаро як ҷӯробат сафеду якеаш сиёҳ? - Худам ҳам ҳайрон. Дар хона боз як ҷуфти дигар дорам, ки ҳамин хеланд.
*** Аз Салим пурсиданд: - Дар як шабонарӯз чанд соат кор мекунӣ? - 25 соат. - Охир як шабонарӯз 24 соат аст-ку? - Ман ду соат барвақтар аз хоб мехезам. - Ман фаҳмида, фавран расида омадам. Вай ба ҳуҷраи ҷарроҳӣ медарояд. Ҷарроҳӣ хеле вазнин ва дер идома меёбад. Табиб ҷарроҳиро ба итмом расонида, дар толор аз назди падари ҷавон хомӯшона гузашта меравад. Пасон ёрдамчии духтур аз ҳуҷраи ҷарроҳӣ берун омада, назди падари ҷавони бемор меистад ва мегӯяд: - Ҷарроҳӣ хуб гузашт, писаратон сиҳат хоҳад ёфт. Дар чеҳраи падар аввал изҳори шодмонӣ ҳувайдо мегардад. Лек баъди фосилае табассум аз чеҳрааш нест мешавад. - Духтур одами ганда будааст. Аз ҷарроҳӣ баромаду хабари хушро ба ман нарасонд. - Ин пагоҳ писари вай ба садама дучор гашта, ҳалок шуд, амак. Сабаби марги писараш ҳамин писари шумост, ки наҷоташ дод. Сардухтур инсони бениҳоят ҳалиму меҳрубон аст. Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
*** Аҳмад ба дарс дер мекунад. Муаллим: - Чаро дер омадӣ? Аҳмад: - Муаллим, дар истгоҳ як мард пулашро гум кард, ҳамин қадар кофт, наёфт... - Хуш, ин ба дермонии ту чӣ дахл дорад? - Охир, пойи ман болои пули ҳамон мардак буд.
*** Аз маҳбусе мепурсанд: - Чаро инҷо нишастаӣ? - Охир баромадан намемонанд...
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9388), 9 АПРЕЛИ СОЛИ 2015