Тағйиру иловаҳо меъёрҳои Конститутсияро дақиқ месозанд
Барои гуноҳи якдигарамон сарзаниш мешунидем
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №14 (9440), 7 апрели соли 2016
1
МАВЗӮИ РӮЗ
Ҳодисаҳои Шарқи наздик ба мо ҳам таҳдид дорад
ҶАШН
“Ҷавонони Тоҷикистон” 86-сола шуд 5 апрел аз чопи нахустин шумораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” 86 сол пур шуд. Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро КМ апрели соли 1930 шумораи нахустин ба даЛКСМ Тоҷикистон таъсис дод. Дар протоколи сти муштариён расид...” ин созмон омадааст: “...Фаъолияти торафт зиРӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо ёдшавандаи комсомоли ҷумҳуриро ба назар фармони Раиси Президиуми Совети Олии гирифта, бо мақсади боз ҳам пурзӯр наму- СССР Л. Брежнев 31 январи соли 1980 барои дани кори он, мустаҳкам намудани сафҳои кори босамарааш дар тарбияи коммуникомсомол, муттаҳид намудани коргарон, стии ҷавонон, ба иҷрои вазифаҳои сохтмони деҳқонон, ҷавонони камбағал ва миёнаҳол, хоҷагию маданӣ ҳидоят намудани онҳо бо кори тарбиявӣ байни ҷавонон аз 15 апрели ордени “Нишони Фахрӣ” сарфароз гаштааст. соли 1930 нашри рӯзномаи ҷавонон оғоз Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 то 15 гардад”. апрели соли 1951 органи комитетҳои Бо қарори бюрои иҷроияи КМ ЛКСМ ба марказӣ ва вилоятии Сталинободии ЛКСМ рӯзнома номи “Комсомоли Тоҷикистон” дода буд. Аз 15 апрели соли 1951 то октябри шуд. соли 1991 органи КМ ЛКСМ Тоҷикистон. 10 рӯз пеш аз муҳлати таъиншуда, 5 Аз октябри соли 1991 то 25 августи соли
1998 нашрияи Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз 25 августи соли 1998 то 30 ноябри соли 2006 нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз 7 декабри соли 2006 нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон буд. Аз 6 феврали соли 2008 то ҳол нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Рӯзнома ду маротиба ба муҳлати тӯлонӣ нашр нашудааст: аз 24 августи соли 1941 то 01 сентябри соли 1945 ва аз 7 июли соли 1995 то 23 октябри соли 1998. Ба ифтихори 85-солагии рӯзнома аз 1 январи соли 2015 сомонаи рӯзнома бо суроғаи www.javonon.tj таъсис ёфт, ки ҳоло фаъол аст.
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№14, (9440), 7 апрели соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
ВАРЗИШ
е-mail: javonontj@mail.ru
РАЙЪПУРСӢ - 2016
2
АХБОРИ ҲАФТА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №14 (9440), 7 апрели соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
Тантанаҳои наврӯзӣ дар Бадахшон Мардуми сарбаланди ВМКБ чун дигар сокинони кишвар ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар маркази вилоят, ноҳияҳо ва гӯшаву канори он бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол намуданд. Ҳанӯз субҳи барвақт боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳри Хоруғ ҷомаи идона ба бар карда, навои доирабазми миллӣ, мусиқии хоси мардумӣ аз дуриҳо ба гӯш мерасид.
Оғози чорабиниҳои фарҳангӣ дар Боғи “Ирам” 3-юми апрели соли равон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон силсила-чорабиниҳои фарҳангӣ дар Боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, роҳбарияти Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва сокинону меҳмонони пойтахт ширкат намуданд. Дар баробари чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, инчунин гӯшаҳои туристӣ барои дӯстдорони
сайру саёҳат ва намоиши маҳсулоти ҳунармандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла армуғон барои сайёҳон ба намоиш гузошта шуд. Ҳунармандони шаҳри Турсунзода бо намоиши театрӣ хотири тамошобинонро болида гардониданд. Чунин чорабиниҳо ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе то охири сол доир мегарданд. Шералӣ ҶАЛОЛОВ, “ҶТ”
www.javonon.tj
Ҳамкорӣ баҳри сарсабзии диёр Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ташаббуси Иттиҳодияҳои маҳалливу ҷамоатӣ, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Институти биологии Помир ва мақомоти маҳаллӣ ҳафтаи маъракаи ниҳолшинонии оммавӣ баргузор гардид. Наврасону ҷавонон дар қатори дигар табақаҳои аҳолӣ ба боришоти бетағйири рӯзҳои охир нигоҳ накарда, барои кабудизоркуниву корҳои ободонӣ саҳми муносиб гузоштанд. Дар ҷараёни он зиёда аз 40 намуд гулҳои ороишӣ, 18 навъ дарахтони ороишиву буттагӣ ва 5 хел дарахтони сӯзанбарг шинонда шуд. Мувофиқи тавзеҳоти масъулин аз 100 фисади генофонди дастрасшуда ва коркарди боғи ботаникии вилоят аз қабили растаниҳои ороишӣ, дарахтони хушнамуду мевадор, тухмиҳои сермаҳсул 90 фоизаш аз Амрико ва дигар кишварҳои хориҷи кишвар оварда шудааст. Тавре Гулнора Хуҷамова, директори Боғи набототи Помир изҳор дошт, дар қиёс бо солҳои гузашта имрӯзҳо талабот нисбат ба ниҳолшинониву кӯчатпарварӣ миёни аҳолии кишвар бештар аст. Дар ин самт олимони ҷавони Пажӯҳишгоҳи биологии вилоят ҳам ба дастовардҳои зиёде ноил гашта, ҳамкориҳои самарабахш бо дигар олимони хориҷӣ пайваста тақвият меёбад. - Феълан мубодилаи таҷрибаи илмӣ, таҳқиқот дар доираи рушди тухмипарварӣ байни давлатҳои ҷаҳон ба таври васеъ рӯи кор омадааст. Агарчи аз ҷиҳати шароити иқлим қариб ҳамаи навоҳии ВМКБ боду ҳавои хушк, ногаҳонӣ ва континенталӣ доранд, аммо тайи чанд соли охир барои олимони ватанӣ муяссар гашт, ки дар ин замина маҳсулоти кишварҳои берунаро ба шароити баландкӯҳи вилоят мутобиқ гардонанд. Ҳоло ҳамаи сокинон имконият доранд, ки аз бунгоҳҳои парвариши набототу дарахтони ҳархелаи Варсушч, дашти Хоруғ, Роғаки ноҳияи Дарвоз, такягоҳи ниҳолпарварии Ванҷ ва ғайра маҳсулотро барои кабудизоркунӣ бо нархи арзон харидорӣ кунанд. Яъне онро метавон бо тавсия ва маслиҳати коршиносону олимон вобаста ба иқлими ҳар ноҳия истифода бурд”. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
Дар воқеъ маҳз иди мазкур такягоҳи ғании мероси ниёконамон ба шумор рафта, он дар ҳар навоҳӣ бо русуми хос таҷлил мегардад. Намоиши маҳсулоти дастӣ, расму анъанаҳои фарҳангӣ, дастовардҳои халқиву соҳавии сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб ва маркази вилоят дар гӯшаҳои чорбоғ таваҷҷуҳи меҳмонони хориҷиву ватаниро ҷалб менамуд. Ҷидду ҷаҳд ва ҳузури фаъолонаи ҷавонон, кӯдакону наврасон, ки худ рамзи мантиқӣ, таровату покизагии ин иди хуҷистапай маҳсуб меёбанд, дар ҳар лаҳза эҳсос мегашт. Намоиши «Ҷилваи ҳусн», ки бо дарназардошти эҳёи либоси миллӣ аз ҷониби ҷавондухтарону писарон сурат гирифт, барои сайёҳон ҳам писанд афтод. Ҳамзамон варзишгарони беҳтарини кишвар, мураббиёни шинохта, собиқадорони ин ришта дастовардҳои хеш - ҷому медалҳо, ифтихорномаҳо, лавозимоти варзишии ҳархеларо ба маъраз гузошта буданд. Баъд аз боздиди маъракаи намоиши ҳунариву соҳавӣ, раиси ВМКБ Шодихони Ҷамшед чорабинии идонаро ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла иброз намуд, ки Наврӯз ҷашни муборак ва фаррухфолест, ки дар таъриху ҳастии миллати тоҷик
нақши барҷаста дорад. Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди аҳамияту мавқеияти ин ҷашни бузург дар фарҳанги миллиамон таъкид карданд, ки «Наврӯзи ҷаҳонӣ дар сарнавишти миллатамон бо кулли меросбарони он нақши барҷаста дорад. Яъне он ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ, унсури тамаддуни миллӣ дар масири таърих инсониятро ба созандагиву офариниш, бунёди тарҳи нави зиндагӣ, ташаббусу иқдоми тоза ҳидоят намудааст». Боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки ниёкони ориёиамон ҳанӯз дар даврони антиқӣ шаш ҳазор сол муқаддам мувозинати шабу рӯз, оғози ҳисоби соли нав ба 365 рӯзу аз чор як ҳиссаи шабонарӯз, баробар будани солшумории шамсии наврӯзӣ ва фарорасии идро ба таври илмӣ кашф карданду пешкаши ҷаҳониён гардонданд. Яъне онҳо на танҳо ин ҷашни бузург ё хидирайёмро кашф намуданд, балки ба ҳамаи мушкилиҳову фоҷиҳаҳои тақдир нигоҳ накарда, онро ҳифз намуданд ва то ба даврони мо оварда расонданд. Қобили зикр аст, ки тохтутозҳои бешумор ва салтанати тӯлонии аҷнабиён нафақат наврӯзи аҷамро аз миён бурда натавонист. Ҳамчунин, ин оини неку фараҳбахши халқи ориёӣ,
инсондӯстиву меҳмоннавозӣ истилогаронро ҳам таслим намуда, ҳатто ҷашни суннатӣ лоиқи мақабули баъзеи онҳо гашт. Аз ин лиҳоз Наврӯзи аҷдодӣ табиист, ки омили ҳифзкунанда ва эҳёгари халқӣ дар ҳар давру замон мероси муқаддаси аҷдодӣ барои наслҳои имрӯзаву фардо мебошад. Миллати мушкилнописанд ва босабру таҳаммул дар ҳамаи давру замон бо хиради азалии хеш оину фарҳанг, ҳувияти неки худро фидокорона ҳифз мекарду пойдор нигоҳ медошт. Вале эҳёи пурраи ҷашни Наврӯзи аҷам, аз ҷашни хонаводагӣ ба сатҳи ҷашни байналмилалӣ маҳз бо шарофати истиқлолияти кишвар рост омад. Дар чорабинии идона ҳамчунин ҳофизону санъаткорони беҳтарини ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ карда, иштирокдоронро бо рақсу суруд, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва намоиши тетарӣ рӯҳбаланд намуданд. Сипас дар маҷмааи варзишии Хоруғ бозиҳои варзишӣ, аз қабили гӯштии миллӣ, озод, вазнбардорӣ, арғамчинкашӣ ва ғайра доир гашт. Дар охир ғолибон бо мукофоту ифтихорномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят қадр карда шуданд. М. ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
МАВЗӮИ РӮЗ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №14 (9440), 7 апрели соли 2016
Ҳафтаи гузашта бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштарак бо Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, телевизион ва радио ва кор бо занон ва оила бо донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва ҷавонон вобаста ба омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз қабили нашъамандӣ, танфурӯшӣ, хариду фурӯши одамон, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз ҳар гуна суистифодаи нерӯҳои манфиатдор ва дигар хатарҳои фаромилӣ, терроризму экстремизми динӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротии динӣ ва мазҳабу равияҳои бегона, ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо, парвариши эҳсоси ифтихори ватандорӣ, таҳаммулгароӣ ва инсондӯстӣ мулоқот доир шуд.
Ҳодисаҳои Шарқи наздик ба мо ҳам таҳдид дорад Мулоқоти сохторҳои давлатӣ бо ҷавонон
Ашурбой Солеҳзода, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон иброз дошт: “Имрӯз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшату даҳшат гирифтор шудааст. Дар ҷаҳони муосир ташкилотҳои террористию экстремистии бешумор амал мекунанд, ки бешак хунхонтарини онҳо “Давлати исломии Ироқу Шом” мебошад. Дар замони муосир Тоҷикистон нисбат ба воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи наздик ба ватани мо низ таҳдид дорад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз дур истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд. Онҳо тариқи телевизионҳои моҳвораӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд. Мехоҳанд ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои “исломӣ”-и ватанӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиребанд
ва онҳоро муқобили ватану миллати худ барангезанд. Дар ҳақиқат, яке аз масълаҳое, ки солҳои охир боиси нигаронӣ гардидааст, ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудани ҷавонон буда, маҳз ашхоси аз маърифату дониш бебаҳра ба сафи ифротиён мепайванданд, чунки онҳо ҳадафи муайян надоранд, аз пайи даромади муфт ва ваъдаҳои бардурӯғ шуда, зиндагии худ ва аҳли хонаводаро зери хатар мемонанд. Ин гуна шахсонро фиреб додан осон аст. Вале ҳар нафар бояд донад, ки оромиву хотирҷамъии аҳли хонадон аз сарвату пули ҳаром беҳтар аст. Ба ҷои фикрҳои хому беҳуда ҷавононро лозим аст, ки ба кори фоиданок ва китобхонӣ машғул шаванд ва майнаи сари худро бо дониш пур кунанд”. Дар рафти мулоқот зикр гардид, ки дар моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки 21 майи соли 1998 қабул шудааст, амалҳои содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпаронӣ аз яроқи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси марги одмамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор
бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо ҳамчун терроризм ҳисобида шудааст. Давлат Назаров, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД оид ба масъалаҳои ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ байни ҷавонон бо нигарони гуфт, дар 12 моҳи соли 2015 аз тарафи ҷавонон 5840 ҳолати содир кардани ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2014 499 ҳолат бештар аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки соли сипаришуда қариб 6000 ҷавони мо ҷиноят содир кардаанд. “Аз ҳама аламовар ин аст, ки 90 ҳолати содир кардани ҷиноят ба донишҷӯён рост меояд, ки назар ба соли 2014 8 ҳолат бештар мебошад, - афзуд Д. Назаров. - Аз ҳама бадтаринаш ин аст, ки 5 ҷиноятро донишҷӯдухтарон содир кардаанд. Духтарони донишҷӯе, ки оянда модар мешаванд”. Зуҳуроти номатлуби дигаре,
ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, даст ба худкушӣ задани ҷавонон мебошад. Соли 2015 аз тарафи ҷавонон дар ҷумҳурӣ 149 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани ҷавонон ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 71 нафарашро ҷавонписарон ва 78 нафарро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд. Инчунин, давоми соли гузашта 402 нафар ҷавон вобаста ба даст задан ба истеъмоли маводи мухаддир ба даст афтодаанд. Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ қайд кард: “Дар ҳоли ҳозир яке аз масъалаҳои асосӣ ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар Ватани азизамон ба ҳисоб меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва торафт пурпечутобу мураккаб гардидани ҷаҳони муосир нақш ва мақоми ҷавонон дар сулҳу субот ва ободии ҷомеа хеле калон мебошад. Бинобар ин, ҷавононро мебояд, ки баҳри сарсабзии Ватани азизамон кӯшишу талош намоянд. Мутаассифона, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро зуҳуроти номатлуб, ба мисли терроризм, экстремизм ва ташкили гурӯҳҳои ифротӣ фаро гирифтааст ва аз ҳама таассуфовартараш ҳам он аст, ки қисме аз ҷавонони ноогоҳи мо низ фирефтаи чунин гурӯҳҳо мегарданд. Барои ин, мо бояд пеш аз ҳама, баҳри баланд бардоштани сатҳи донишҳои динию дунявӣ ва фарҳангиву сиёсии аҳолӣ, хусусан ҷавонон кӯшишу талош варзем ва нагузорем, ки ин гуна зуҳуроти номатлуб боиси халалдоршавии амнияти миллӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва зиндагии шоистаи аҳолӣ шавад. Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат баҳри шукуфоӣ, пешрафт, сулҳу субот ва тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд, то ҷавонон, ки нерӯи созандаву бунёдкори ҷомеа мебошанд, тамоми қувваю тавоноии худро барои созандагию ободонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ равона созанд”. Дар мулоқот ҷавонон ба масъулин вобаста ба мавзӯҳои гуногун савол дода, ҷавобҳои мушаххаст гирифтанд.
е-mail: javonontj@mail.ru
Ҳасан АЗИЗОВ
3
Баргузории «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» Бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар 2-юми апрел Фестевали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардид, ки то 9 апрел идома меёбад. посу муқаддас нигоҳ доштани обу хоки аҷдодӣ унвон кард. Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон як навъ тарғиби адабиёт маҳсуб ёфта, дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба як қолаби муайян даромад. Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ин чорабинӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд. Хушбахтона, ин анъанаи нек бо ташаббуси шоири маҳбуби кӯдакону наврасон Наримон Бақозода ва дастгирии молиявии кормандони Китобхонаи бачагона эҳё гардида, баъдтар дар ҳамкорӣ бо Вазо-
рати фарҳанг ба Нақшаи чорабиниҳои «Барномаҳои рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз 3 марти соли 2007, таҳти №85 тасдиқ гардидааст, ворид карда шуд, ки ҳар сол таҳти унвони Фестевали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» рӯзҳои 2-9 апрел дар рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон дар миқёси ҷумҳурӣ доир мегардад. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
www.javonon.tj
Дар фестивал намоиши дастранҷи хонандагони мактабу литсейҳои шаҳри Душанбе, намоиши китобу маҷаллаҳои тозанашр, ҳунарнамоии ҳунарпешаҳои театр ва ғайраҳо ба дӯстдорони китоб намоиш дода шуд. Вазири фарҳанги кишвар Шамсиддин Орумбекзода иштирокдоронро табрик гуфта, мақсад аз баргузории фестивалро ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ ва дар замири нозуки онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ,
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
4
МИНБАРИ АНДЕША
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №14 (9440), 7 апрели соли 2016
Манзумаи ФИРӮЗ Замира Алишерова, сокини шаҳри Душанбе, аз як дорухонаи пойтахт доруҳои зиёд ва 4-то доруи глюкоза харидорӣ намуд. Қуттии дору кушода буд, аммо харидор ба муҳлати истифода ва дохили қуттӣ аҳамият надод, чун аз ин дорухона ба хотири арзон ва пайдо намудани тамоми доруҳо доим доруворӣ харидорӣ мекунад. Номбурда мегӯяд, “духтур баъд аз ташхис ба ман ин намуди доруро тавсия намуд. Ба хотири арзон будан, ба дорухона рафтам. Рӯзи аввал аз доруҳо истифода намудам, аммо худамро хеле бад ҳис мекардам. Рӯзи дигар духтур мехост доруро вориди сӯзандору кунад, ногаҳон чашмам ба муҳлати истифодабарии дору афтод. Дарҳол қуттиро кушода дидам, ки дар дохили он 3 доруи глюкоза буд ва 1 доруи дигар новокаин, ки доруҳо куҳна буда, аз анҷоми муҳлати истифодабарии онҳо чор моҳ сипарӣ шудааст. Баъдан фаҳмидам, ки вазъи саломатии ман ба хотири доруҳои мазкур беҳ намешудааст. Ба дорухона рафтам, аммо он шахсеро, ки доруро ба ман дода буд, пайдо накардам. Чун рӯзи кориаш тамом шудааст. Аз ҳамон рӯз иборатан ба дорухонаи мазкур нарафтам. Мудирони дорухонаҳо бояд дорусозҳои (фармасевт) таҷрибадорро итихоб намоянд, то чунин ҳолатҳо рух надиҳанд”. Ҳамсуҳбатамон дар ҳоле аз доруҳои муҳлатгузашта ва пастсифат шиква мекунад, ки баъзан аз гарон ва бетаъсир будани доруворӣ беморон низ гиламанданд. Аммо тавре маълум аст, имрӯз ба ҷумҳурӣ 90 фисади доруворӣ аз хориҷи кишвар ворид мегардад. Тавре мушоҳида мегардад, айб дар худи харидорон низ ҳаст. Аз чи бошад, ки онҳо аз фурӯшандаи дорухона сертификат ва варақаи иҷозати фурӯши молро талаб намекунанд. Ҳатто ба муҳлати истифодаи дору диққат намедиҳанд ва ба истифодаи он шуруъ мекунанд, ки шумораи чунин беморон кам нестанд. Масъулони дорухонаҳо низ аз ин фурсат ба хубӣ истифода мебаранд. Гарчанде масъулияти азиме бар дӯши доруфурӯш ва “роҳбар”-аш, ки доруро аз ширкатҳои доруфурӯшӣ харидорӣ мекунанд, бештар аст. Вале афроде, ки доруро аз хориҷ ворид мекунанд ва дигаре онро ба фурӯш мебарорад, ҳаёти як нафар бемор онҳоро
ташвиш намедиҳад. Онҳо талош мекунанд, ки маҳсулоти худро фурӯшанд ва маблағи лозимаро ба даст оранд. Беморон бошанд, барои худ аз дорухонаи онҳо “дарди бештар”ро мехаранд. Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи Хадамоти назорати давлатии фармасевтии ҷумҳурӣ илова кард, ки барои роҳ надодан ба иштибоҳ дар дорухонаҳо мудирон вазифадоранд, ки ба масъулони Хадамоти назорати фармасевтӣ
Дорусоз Зармина Мастибекова, ки зиёда аз 10 сол таҷрибаи корӣ дорад, мегӯяд доруҳое, ки муҳлати истифодаи онҳо гузаштааст, дар дорухонаҳо бояд нигоҳ дошта нашаванд. Ҳамчунин, доруҳои пастсифат ва қалбакӣ дар тамоми дорухонаҳо аз назар гузаронида шаванд, то ба мардум зарари руҳӣ расонида нашавад. Масъулони дорухона бояд тамоми доруҳоеро, ки муҳлати истифодаи онҳо гузаштааст, ҷамъоварӣ намуда, ба масъуле,
иттилоъ доданд, ки 11 ҳолати воридоти ғайриқонунии дорувориро ба қайд гирифтаанд. Инчунин, масъулини Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд воридоти ғайриқонунии доруворӣ ба миқдори умумии 52 ҳазору 744 дона ва 1 ҳазору 425 қуттӣ дорувории бесифат ва бо муҳлати сипаришударо ошкор кардааст. Ҳамчунин доруҳое, ки ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоштанд, низ ба қайд гирифта шудаанд, ки ин навъҳои доруи “Амоксит-
ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 2) Ҳамин кирдор, агар: а) такроран; б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ; в) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор
Доруи бесифат мекушад Ба муҳлати истифодаи дору диққат диҳед
барои несту нобуд намудан доруҳои муҳлатгузаштаи худро тавассути мактуб пешниҳод намоянд. Бояд зикр намуд, ки мудирони дорухонаҳо бояд дорувориашонро зуд-зуд тафтиш намуда, дар ҳолати гузаштани муҳлат аз фурӯш боздоранд. Дар ҳолати баръакс, яъне ошкор шудани доруҳои муҳлатгузашта дар дорухона кормандони он барои бемасъулиятӣ аз ҷониби хадамот тибқи қонунҳои ҷорӣ ба муҷозот кашида мешаванд. Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатии фармасевтӣ, дар се моҳи соли 2016 дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 490 кило маводи доруворӣ ва молҳои тиббии пастсифат, муҳлати истифодабариашон гузашта ва бе сертификати мутобиқат бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шудааст. Аз ин миқдор 754 кило аз тарафи мутахассисони Хадамоти назорати давлатии фармасевтӣ ҳангоми санҷишҳо аз дорухонаҳо бозпас гирифта шудаанд. Боқимонда маводи дорувориро ширкатҳои фармасевтӣ ба хадамоти мазкур бо мактуб барои несту нобуд кардан супоридаанд. Дар соли 2015 бошад, 387 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 699 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима ба буҷаи давлат супорида шудааст.
ки доруҳои аз муҳлат гузаштаро ҷамъоварӣ мекунад, супорад, то аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии фармасевтии ҷумҳурӣ сӯзонда, нобуд карда шаванд. Зармина илова мекунад, ки дар дорухонаҳо мудирҳои таҷрибадор интихоб карда мешаванд, ки онҳо низ бояд дорусоз (фармасевт) бошанд ва дорусозони дигари дорухона дар муҳлати ду сол таҷрибаомӯзӣ мегузаронанд, ки таҷрибаи хуб барои худ бигиранд. Дар мавриди доруҳои пастсифат ва қалбакӣ Бибихонум Дарвешзода гуфт, ки бештари маврид ин доруворӣ бо роҳи қочоқ вориди кишвар мегарданд ва агар дар вақти санҷиш аз дорухона ягон доруи бе сертификат пайдо шуд, пас маълум мегардад, ки бо роҳи қочоқ ворид шудааст. Ба гуфтаи мавсуф дар ин ҳолат нисбат ба вайронкунандагони қонун ва қоидаҳои фаъолияти фармасевтӣ тибқи қонунгузории ҷорӣ ҷарима баста мешавад. Дар ҳолати чандин маротиба такрор кардани ин амал фаъолияти иҷозатномаи он ширкат ё дорухона қатъ карда мешавад ё тибқи Кодекси ҷиноии ҶТ дигар намуди ҷазоҳо татбиқ карда мешавад. Масъулони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ низ
силин”, “Апетамол” ва “Руфен” ба шумор мераванд. Доруҳое, ки ғайри қобили истеъмоланд, нисбат ба онҳо аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд 10 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 1 парвандаи ҷиноятӣ тартиб дода шуда ба мақомоти суд ва прокуратура барои баррасӣ ирсол шуданд. Аз рӯи баррасии онҳо ҷарима ба маблағи умумии 12 ҳазору 350 сомонӣ, 8 ҳазору 860 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ руёнида шуда, ба буҷаи мамлакат пардохт гардидааст. Инчунин ба маблағи 1000 сомонӣ мол мусодира гардид. Доруҳои пастсифатро пас аз хулосаи коршиносон нобуд намуданд. Қонунгузории ҷумҳурӣ барои ворид намудани маводи доруворӣ ҷазоҳои сахт пешниҳод кардааст. Аз ҷумла дар моддаи 210 Кодекси ҷиноятии ҶТ чунин омадааст: «Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯй набуда, инчунин дорувории муҳлати истифодааш гузашта ба миқдори калон - бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои
нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, агар: а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил; б) ба миқдори махсусан калон; в) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад». Гарчанде масъала хеле ҳассос аст, вале боз ҳам ба он ҷиддӣ аҳамият дода намешавад. Дар асл бошад, гап сари ҳаёту мамоти фарди бемор меравад, ки аз доруҳои муҳлатгузашта ва пастсифат метавон риштаи умри онҳо канда шавад, ё дору ба дигар узви баданаш таъсири манфӣ расонад. Пас, ба ин масъала бояд мудирони ширкатҳо ва фурӯшандагони дорухонаҳо ҷиддӣ аҳамият диҳанд, то ҷони дигаронро дар хатар нагузоранд. Шаҳрвандон низ дар вақти харидории маҳсулоти доруворӣ нагузоранд, ки ҳуқуқи онҳо поймол гардад ва дар ҳолати дастрас намудани дору ҳатман сертификати дору ва чеки хазинавиро аз доруфурӯш талаб намоянд. Ҳамчунин дар ҳолати нишон надодани сертификати дору дар дорухона, таъсир накардани дору ба бемор, доруи аз муҳлат гузашта ва ё шубҳанокро мушоҳида кардан, муомилаи дағалона дидан мизоҷон метавонанд ба телефони бовари-и Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ (235 77 15) муроҷиат намоянд.
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №14 (9440), 7 апрели соли 2016
Гулбаҳор РАҲМОНОВА
Хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ шуморо қонеъ месозад?
Зуҳриддин УМАРОВ, донишҷӯи ДМТ: - Дар ҷое ки кор ҳаст, албатта камбудӣ вуҷуд дорад. Вале онро дар вақташ ислоҳ намудан ба манфиат ҳоҳад буд. Камбудӣ дар соҳаи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашӣ низ ҷой дорад. Масалан, дағалии ронанда бо мусофирон зиёд ба назар мерасад. Имрӯз ширкатҳои хизматрасонии нақлиёт зиёд ҳастанду бисёре аз онҳо моликияти хусусӣ. Агар ҳамаи онҳо давлатӣ мебуданд, мумкин камбудиҳо зудтар ҳал мегашт. Ба ғайр аз ин, худи мусофирон низ ба ин гуна ҳолатҳо беэътиноӣ мекунанд. Агар мусофирон аз як гиребон сар бароварда, нисбат ба ронандагон ягон аксуламал нишон медоданд, мумкин ваъзияти имрӯза ба вуҷуд намеомад.
Мавҷуда СОҲИБНАЗАРОВА, рӯзноманигор: - Албатта, сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти кишвар мардумро қонеъ гардонда наметавонад, чунки аксари ронандагон касбӣ набуда, дар баробари ин сатҳи маърифатнокиашон паст аст. Чун дар самти хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ камбудиҳои зиёд ҷо дорад ва назорат аз болои ронандагон дуруст ба роҳ монда нашудааст, касе хоҳад, ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ мешавад. Ҳол он ки бояд масъулини ин сохтор ба ин самт аҳамияти махсус диҳанд. Чун ба шаҳр меҳмонони зиёд ворид мешавад ва тавре ки мегӯянд ба маданият, одоб ва рафтори мо пеш аз ҳама муомилаи дағали ронандагон таъсири манфӣ мерасонад.
Азамат ФАТТОЕВ, сокини ноҳияи Шаҳринав: - Бале. Чун дар пойтахтамон аз беҳтарин навъи нақлиёти мусофиркаш истифода мекунанд. Аммо муносибати ронандагон ва ҳам пулчинакҳои нақлиёт на танҳо ман, балки ҳама мусофиронро нороҳат кардааст. Муносибати ронандагон бо мусофирон ҳамеша дар сатҳи паст қарор дорад. Ин маънои онро надорад, ки ман ҳамаи ронандагонро айбдор мекунам. Ҳастанд ронандагони хушмуомила, лекин хеле каманд. Аксарият кӯчаи одобро нагузаштаанд. Бо муносибати дағал ва овози баланди гӯшхарош дод зада мегӯянд: “Куҷода манъ кунум” ё “кар будӣ, ки якбор гуфтум нафаҳмидӣ” ва ғайра мусофиронро гусел мекунанд. Оё ин аз рӯйи одоб аст?
Манижа ДАВЛАТОВА, донишҷӯи ДМТ: Не. Хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш маро қонеъ намесозад. Масалан, хизматрасонии хатсайрҳои мусофиркаши 17, мусофирбарҳое, ки ба самти 82-103 мераванд, ҳеҷ вақт ба талабот ҷавобгӯ набуд ва нест. Ин хатсайрест, ки ҳар субҳ мо - донишҷӯён интизор мешавем, ки кай меоянду моро мебаранд. Боз болои дер омаданаш ҳамеша пуродам аст. 3 сол мешавад, ки бо ин хатсайр ба донишгоҳ меравам, аммо ягон вақт ба ҳазур нарафтаам. Духтар болои писар мезанад, писар болои духтар. Чандин маротиба муроҷиат кардем, ҳатто дар рӯзномаҳо мавод ба нашр расондем, лекин масъулинро парвое нест. Дигар намедонӣ додатро ба кӣ бигӯӣ.
е-mail: javonontj@mail.ru
Ҳолати тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои пойтахт зиёд ба мушоҳида мерасад. Теъдоди автомобилҳо низ хеле афзудааст. Дар баробари ин, хизматрасонии нақлиёти мусофирбарии пойтахт ҳам чандон қобили қабул нест. Аз ин лиҳоз аз мусоҳибон пурсидем:
5
Фаришта НАБИЕВА, сокини ноҳияи Файзобод: - Азбаски гузори мо ба пойтахт дер-дер сурат мегирад, наметавонем ба сатҳи хизматрасонии нақлиёти мусофирбар баҳо диҳем. Агар қонеамон месозад гӯем ҳам, шояд воқеӣ набошад. Вале вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши ноҳияи Файзобод чандон бад нест. Ронандагони нақлиёти ноҳия ҳам муносибати хуб надошта бошанд ҳам, бад нест. Омода ҳастанд, ки мусофиронро ба маконашон бурда расонанд. Фикр мекунам, ки агар ҳар кас кори худро дуруст ва аз рӯи виҷдон иҷро кунад, ҳама розиву қаноатманд мешавад.
ДАЪВАТ - 2016
Хизмат ба Ватан қарзи ҳар ҷавонмард аст 1 апрел дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 ба хизмати ҳарбӣ шуруъ гардид. Дар нахустин рӯзи оғози ин маъракаи муҳим ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ва ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд.
мудофиа чунин гуфт: “Набояд фаромӯш кард, ки Артиши миллии Тоҷикистон хеле ҷавон аст, дуюм, вақте ки Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат таъсис ёфт, дар кишвар вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ҷараён дошт. Ҷавонони даъватшуда он замон бе гузаштани курсҳои кӯтоҳмуддати омодагии ҳарбӣ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ба сангарҳои оташин фиристода мешуданд. Албатта, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мебардоштанд ва ҳатто ба ҳалокат ҳам мерасиданд. Ҳамин омилҳо ҳисси тарсро аз ҳамон вақт дар дили мардум бедор карда буд. Ба тадриҷ барои бартараф намудани ҳамин як ҳолати тарси рӯҳии худи шаҳрвандон, хусусан падару модар аз ҷониби Вазорати мудофиа ва дигар вазорату идораҳо корҳои зиёд амалӣ карда мешаванд”. Амина Сафарова, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе гуфт: “Ман писари худро ба Комиссариати шаҳри Душанбе барои адои хизмат овардам. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ сол ба сол хуб шудааст. Тамоми шароит барои сарбозон муҳайёст. Мо ҳамарӯза тариқи оинаи нилгун тамошо мекунем, ки қисмҳои низомӣ дар ҳолати хеле хуб қарор доранд. Писарам бо хоҳиши худ майли хизмати ҳарбӣ кард”. Ҷамшед Абдуллоев, муовини комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар бораи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ зикр намуд: “Пеш аз даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ
Ҳ. АЗИЗОВ, “ҶТ”
www.javonon.tj
Дар робита ба ин Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиаи кишвар мегӯяд, сол ба сол беҳтар гардидани даъват ба хизмати ҳарбӣ аз як тараф беҳдошти вазъи иқтисодӣ дар мамлакат бошад, аз ҷониби дигар таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. “Беҳтар гардидани шароит дар қисмҳои низомӣ, шароити буду бош, хизматию маишӣ, моддию таълимӣ ба сарбозон руҳу илҳом бахшидааст. Ҳамзамон, барои ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ вохӯриҳо гузаронида мешаванд, аз ҳама асос ташикили “Корвони дидор” бо ҷалби волидони сарбозон ва наздикону пайвандони онҳост, ки аз як минтақа ба минтақаи дигар ба аёдати
фарзандони худ мераванд...”, - мегӯяд Ф. Маҳмадалиев. Номбурда бо нигаронӣ иброз дошт, ки ҳар гуна овозаҳо дар бобати вазъи бади артиш мавҷуд аст, ки бештараш ҳақиқат надорад. Комбудиҳо рӯз ба рӯз аз байн рафта истодааст. Ҳар шахсе, ки гумони бад дорад, бигзор биёяд, бо вазъи имрӯзаи қисмҳои низомӣ аз наздик шинос шавад ва баъдан баҳо бидиҳад. Нафароне, ки ҳатто дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат мекарданд, ҳангоми сӯҳбат ба мо мегӯянд, ки вазъи имрӯзаи хизмати ҳарбӣ нисбат ба шароите, ки дар давраи шӯравӣ буд, тафовути зиёд дорад. Яъне вазъ хеле хуб шудааст, - афзуд Ф. Маҳмадалиев. Хизмати ҳарбӣ асосан шуруъ мешавад аз комиссариати ҳарбӣ. Баъди гузаштан аз муоинаи тиббӣ, агар қобили хизмат дониста шуд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил мегардад. Ба ин тартиб наваскарон муддати як моҳ аз курси кӯтоҳмуддати омодагии ибтидои ҳарбӣ мегузаранд ва баъди он нозукиҳои хизмати ҳарбӣ ё зинаҳои нахустини хизмати ҳарбиро аз бар мекунанд. Оинномаи ҳарбӣ, тартиби пӯшидани сару либоси низомӣ, тарзи муроҷиат кардан ба афсарон ва дар маҷмуъ тартибу низоми хизмати ҳарбиро меомӯзанд. Сипас савганди ҳарбӣ ёд мекунанд ва ба хизмати Модар-Ватан шуруъ менамоянд. Вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар Қувваҳои Мусуллаҳ сухангӯи Вазорати
дар тамоми комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо роҳбарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо вохӯриҳо бо падару модарон, наврасону ҷавонон ва пирони рӯзгордида баргузор шуд. Ҳамзамон, якуми апрел дар кишвар “Рӯзи даъватшаванда” дар сатҳи баланд доир гашт. Сафи даъватшавандаҳо дар комиссариати ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хеле зиёд гашт. Бояд гуфт, ки даъватшавандаҳо бо даъватнома ва ихтиёран ҳозир шуданд. Дар чор рӯзи аввал ноҳияи Шаҳринав зиёда аз 43 фоиз,Файзобод - 36, Тавилдара - 21 ва Ҳисор 23 фоиз нақшаи худро иҷро карданд. 4 апрел як гурӯҳ ҷавононро ба қисмҳои низомии вилояти Суғд фиристодем”. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Мақсад аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ва баланд бардоштани донишу малакаи низомии ҷавонон аст. Барои ҳамин, онҳоро лозим аст, ки аз хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ худро канор нагиранд, ба қадри неъматҳое, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба он ноил гаштааст, ба қадри тинҷию оромӣ, пешрафти вазъи иқтисодӣ расанд. Ноил шудан ба ин, албатта, аз омода будан, дӯст доштани Ватан, содиқ будан ва дар ҳолати зарурӣ ҳатто ҷоннисор буданро дорад.
е-mail: javonontj@mail.ru
6
МАВҚЕИ “ҶАВОНОН...”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №14 (9440), 7 апрели соли 2016
Бидуни ғам мезист, чунки дар пушти худ ғамхоре дошт, ки пайваста барои беҳбудиаш меандешид. Вақте хурд буд, доим барои аз бозиҳо лаззат бурдан саъю талош мекард. Ҳеҷ гоҳ аз фазои ғаму андуҳ ва танҳоӣ нафасе ҳам нагирифта буд, зеро канорашро волидонаш бо муҳаббату меҳрубонӣ пур карда буданд. Аз чизе камбудӣ надошт. Доштан ҳам намехост. Мактабро хатм карду донишҷӯ шуд. Маҳз дар ин айём тири муҳаббати парирӯхсоре қалбашро нишон гирифт. Шабҳо бехобӣ мекашиду рӯзҳо ба ёдаш сарсон буд. Бо дили пур аз умед ҳамеша орзуи бо духтари писандидааш оила барпо карданро дошт. Гарчанде ки дар ибтидо ишқи яктарафа дошт, дар ниҳоят ишқ ғолиб омаду, ҳарду мақбули якдигар гардиданд. Пас аз чанд муддати ошноӣ ба қароре омаданд, ки оиладор шаванду тифлакони зебою дӯстрӯеро ба дунё биёваранд ва дар оғӯши хеш бо муҳаббати самимӣ онҳоро ба воя расонанд. Дар натиҷа бо ҳам оила барпо намуданду чанд соле хушу хурсанд ба сар бурданд. Ҳеҷ гоҳ ба якдигар хиёнат намекарданду доим бо суханони шаҳдбор хотири ҳамдигарро шод менамуданд. Билохира ба орзуи яго-
Муҳити саршори муҳаббат, аммо... наи хеш, ки фарзанддор шудан буд, расиданду дорои ин неъмати бебаҳо гардиданд. Аммо пас аз муддате бо сабаби ночизе бо ҳамдигар низоъ намуданду риштаи муҳаббати чандинсола, ки бо машаққатҳову талошҳои зиёд байни ҳамдигар баста буданд, бурида шуд. Дар охир аз ҳам ҷудо шуданд ва фарзанди дӯстрӯякашон аз муҳаббати рӯҳафзову муҳити нерӯбахшандаи волидайн маҳрум монд... Чунин тарзи вайроншавии оилаҳо дар кишвари мо шояд ба ҳазорҳо мерасад. Вале мушкил он аст, ки дар пайи ин гуна кирдорҳо кӯдакони бегуноҳ ятим мемонанду аз оғӯши гарму канори рохатбахши волидон сер нашуда, зери хазони танҳоӣ чун паррандаи паршикастае ба воя мерасанд. Бино ба иттилои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ қайди давлатии бекор кардани ақди никоҳ соли 2015 дар кишвар 8356 ҳолатро ташкил медиҳад, ки назар ба соли гузашта аввалин маротиба тайи панҷ соли охир 776 ҳолат кам шудааст. Ин рақам дар як соли қабл, яъне соли 2014 ба 9000 мерасид. Соли 2015 дар пайи вайроншавии оилаҳо 6249 кӯдак дар тарбияи яке аз волидон монда, аз муҳити солими оилавӣ маҳрум гардидаанд, ки ин боиси таассуфу нигаронист. Аз 8356 оилаҳои пошхӯрда, ба 8 миллион аҳолии кишвар ба сари 957 нафар як оилаӣ ва кӯдакони бесарпаноҳ монда
бошад, ки шуморашон 6249 нафарро ташкил медиҳад, ба 1280 нафар яктоӣ рост меояд. Бино ба гуфти масъулини Кумитаи кор бо занон ва оила корҳои ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз усули “Хона ба хона” васеъ истифода шуда, коҳиш ёфтани теъдоди вайроншавии оилаҳо дар ин сол натиҷаи фаъолияти дастаҷамъонаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеа буда, тадбирҳо дар ин самт бонизом идома хоҳанд ёфт. Дар пайи вайроншавии оилаҳо 6249 кӯдак қисман ятим мондаанд. Ин ҷо дар бораи ҳаёти минбаъдаи ин шумор кӯдакон бояд сухан гӯем, ки онҳо бе падар ва ё бе модар ба воя мерасанд. Шояд аз ана ҳамин ҷо косташавии ахлоқи ҷавонон ва омилҳои қадам гузоштан ба ҳар гуна роҳҳои хато сарчашма мегирад. Пас, дар ин росто чӣ бояд кард, то ҳамасола кӯдакон бепарастор намонанду оилаҳо вайрон нагарданд? Ба андешаи ҷомеашинос Хурсандой Ҷумаева бештар маврид асосан падару модарони ҷавонон ба ҷудошавии оилаҳо сабабгор мешаванд: “Падару модар метавонанд барои мустаҳкам гардидани оилаҳои ҷавон таъсиргузор бошанд. Вале на ҳамаи волидон ин масъулиятро дарк мекунанд. Дар баробари ин муҳоҷират низ яке аз омилҳои рӯ ба нестӣ ниҳодани оилаҳост, ки имрӯз ҳазорҳо нафар дар муҳоҷирати меҳнатиянду аз ҳолу аҳволи оилаи хеш бехабар мемонанд, ки хунукназарии бархе аз онҳо
дар охир боис мегардад, то хонавайрон гарданд”. Равоншиносон бар ин ақидаанд, ки сабаби вайроншавӣ дар ибтидои оиладорӣ омили равонӣ дошта, давраи аввали оиладоршавӣ давраи мушкил аст. Онҳо дар баробари ин вазъи пасти иқтисодиро низ яке аз омилҳои ба нестӣ рафтани оилаҳо дониста, сабабҳои дигари вайроншавии оилаҳои ҷавонро ин иҷборан хонадор намудани ҷавонҳо меҳисобанд. Имрӯз тадқиқотҳои аксари ҷомеашиносон муайян намудаанд, ки вайроншавии оилаҳо 65 омил дошта, 15-тои он асосӣ буда, боқимондааш сабабҳои ночиз аст, ки кулли аҳолиро дар бар намегирад. Чун омилҳои ин вабои аср бисёранд, яке аз омилҳои вайроншавии оилаҳоро Қарасочи Талбак, ки модари 9 фарзанд асту 6 келин дорад, келинро ҳамчун фарзанди худ қабул карда натавонистани хушдоманҳо мепиндорад. Ӯ хамчунин рашки аз ҳад зиёдро низ омили дигари хонахаробӣ меҳисобад. Мавҷуда Комилова, ҷомеашинос, ба ин назар аст, ки “Соли оила эълон гардидани соли 2015 боис шуд, ки тамоми ниҳодҳои давлатӣ ба ин институти иҷтимоӣ таваҷҷуҳ намуданд. Ин сабаб буд, ки ба ин чиз эътибори бештар диҳанд. Сиёсати давлат нақши худашро иҷро намуда, соли оила унвон гирифтани соли гузашта ба коҳишёбии оилавайроншавӣ сабаб гардид, ки ин бешубҳа
Тавлиди духтар - сабаби вайроншавии оила
www.javonon.tj
Наҷиба МУРОДБЕКОВА
Соро Ниёзова, сокини шаҳри Душанбе, модари 4 фарзанд буда, 29-сола аст. Ӯ чор духтари дӯстрӯяке дорад ва дар тарбияи онҳо танҳо машғул аст. Соро ки дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад, аз душвории зиндагӣ ва ноамниҳо байни модарарӯсаш хеле нигарон аст. Сабабашро модари ҷавон дар он медонад, ки чор духтар дорад, аммо писар надорад. Ӯ мегӯяд, баъди таваллуд шудани духарчаи чаҳорум модарарӯсаш бе иҷозати шавҳари Соро ӯро аз хона меронад. Чун шавҳари мавсуф барои пешбурди зиндагӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад ва аз ҳодисаи мазкур низ огоҳӣ меёбад. Аммо ба ҳамсараш таъкид мекунад, ки модарам туро нахоҳад, ман низ гапи модарамро мегирам.
Имрӯз бошад модар бо чор духтараш дар ба дар гашта, барои таъмини зиндагӣ дар нонвойхонае кор мекунад, ки даромади якрӯзааш 35 сомонист. Гарчанде мегӯяд, ин маблағ барои чор фарзандаш кифоя нест, вале илоҷи дигар надорад. Дар пардохти маблағи иҷора падараш ба ӯ кӯмак мерасонад. Бо нигаронӣ илова мекунад, ки хеле пушаймон аст, ки дар синну соли хеле ҷавон оиладор шудааст, яъне баъди хатми мактаби миёна оиладор мешавад. Имрӯз хеле талош дорад, ки духтаронашро тарбияи намунавӣ ва дониши хуб диҳад, ки мисли модар дар зиндагӣ хор нагарданд. Ҳамакнун тасмим гирифтаст, ки фарзанде ба камол расонад, ки падар ба номи онҳо зор гардад ва аз 100 писар ба қадру қиматтар бошанд. Дар ҳаёт гоҳ-гоҳ ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки бораи инсон ва ҳолатҳои тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Яке аз ин воқеаҳо бунёди оила аст. Оиладоршавӣ кори осон аст, аммо масъулияташ миёншикан. Инро набояд фаромӯш кард. Ҳамсуҳбати мо низ аз нафаронест, ки ҳамсараш масъулияти оила ва доштани
фарзандро ҷиддӣ қабул намекунад, ки аз тавлиди тифли ҷинсаш зан аз ҳамсар ва фарзандонаш дасткашӣ кардааст. Ба ақидаи бархе аз мутахассисон низ сабаби аз ҳам ҷудошавии ҷавонон дар паст будани маърифати оиладорӣ ва нофаҳмии муқаддасоти оила мебошад. Вале дар бисёр ҷойҳо мо шоҳиди ҳол гаштем, ки дахолати ноҷои баъзе волидон низ ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон оварда мерасонад. Масалан, безурётӣ ва тавлиди духтар дар оилаи ҷавон дар муддати 2-3 соли баъди бунёдшавии оила. Маҳз дар ин рукн сабабгори асосии он ҷавондухтар шумурда мешавад. Назар ба он ки калонсолан бояд дар вақти нофаҳмӣ байни ҷавонон хушбахтии никоҳи тӯлонӣ ва ояндаи равшану тавлиди фарзандони солимро фаҳмонанд. Чунин номардиҳои мардон хеле зиёд ба назар мерасад, ки бо доштани фарзандони ҷинси латиф ҳамсарашонро талоқ медиҳанд ё ҳатман оилаи нав бунёд мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ наметавонад мушкили онҳоро осон бикунад. Мардон имрӯз хеле дар муносибати оиладорӣ бепарвоӣ
иқдоми хуб буд ва агар минбаъд низ чунин сиёсат идома ёбад, шояд бештар аз ин шумораи он коҳиш ёбад”. Бино ба гуфти Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия “мутобиқи омори расмӣ соли гузашта шумораи оилаҳои пошхӯрда миёни ҷавонон коҳиш ёфта, айни ҳол ҷудошавии оилаҳои ҷавон кам ба назар мерасад. Ба ҳар сол унвон гузоштан албатта таъсири худро мегузорад”. Ҳамаи мусоҳибон таъкид менамоянд, ки бояд корҳои таблиғотӣ бештар карда шаванд ва ҳамаи ниҳодҳо дар якҷоягӣ кор намоянд, то бекоршавии ақди никоҳ боз ҳам коҳиш ёбад. Бо ин ҳама гуфтаҳо метавон чунин хулоса намуд, ки воқеан вақте аз ҷониби ҳамаи сохтору идораҳои давлатӣ дар якҷоягӣ ба масъалае таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, дар натиҷа он роҳи ҳалли худашро меёбаду рӯ ба коҳиш мениҳад. Оила яке аз муқаддастарин муҳитест, ки дар он тамоми инсонҳою шахсиятҳо ташаккул меёбанд. Илова бар ин, оила зинаи аввалини шинохти хар фард ба ҳисоб меравад. Пас, биёед дар ҳамбастагӣ баҳри пойдории он саъю талош намоем ва дар решакан сохтани мушкили вайроншавии оилаҳо саҳим бошему нагузорем, то ин муҳити зебои саросар аз муҳаббату самимият рӯ ба нестӣ орад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
зоҳир мекунанд, ки оқибати хуб надорад. Дар ҳама ҳолат, чи дар тавлиди тифли духтар ва чи дар бефарзандӣ ҳатман бонувонро гунаҳкор мекунанд. Вале табибони соҳаи тиб исбот намудаанд, ки безурётӣ ва таваллуди духтар ба мард вобаста аст, на аз ҳамсари ӯ. Вале мардон гӯё ин исботҳоро нодида мегиранд ва танҳо занро дар ҳама ҳолат гунаҳкор мекунанд. Падару модар бояд шукрона кунанд, ки ба доди Худованд мушарраф шудаанд. Вале мебинем бештар маврид мардон баъди тавлиди духтарча худро канор мегиранд ва аз ҳамсар ҷудо мешаванд. Аммо андешаи онро намекунанд, ки фардо фарзанди ӯро кӣ тарбия мекунад. Вақте ба воя мерасад, ба кадом амал даст мезанад? Чикора мешавад? Ин суолҳоест, ки ҳамеша беҷавобанд. Тавре маълум аст, баъди пош хӯрдани оилаҳои ҷавон занон ба корҳои ношоиста даст мезананд. Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оила низ аз он гила мекунанд, ки бештари маврид мардон худ гунаҳкоранд, ки занони хонашини покдоман беҷогард мешаванд. Ба гуфтаи Маҳбуба Азимова, сармутахассиси шуъбаи ташкили ҳуқуқӣ ва иттилоотии кумитаи мазкур дар ҳамин давраи соли гузашта шумораи фоҳишаҳо 2066 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 414 нафар зиёд аст. Вале шумораи фоҳишахонаҳо бошад 157 адад буда, 37 адад камтар ба қайд гирифта шудааст. Пас, мардони муҳтарам ва модарони азиз бояд ба ин омор ҷиддӣ таваҷҷуҳ кунанд.
МУШКИЛИ РӮЗ ва сайёҳӣ низ барои пешгирӣ аз ба доми қочоқчиёни инсон афтодани ҷавонон дар доираи барномаҳои гуногун, ба хусус дар чорчӯби гурӯҳи кории Коммиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили харидуфурӯши одамон корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Дар кишвар тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ барои хифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар хориҷи кишвар мавҷуд аст. Соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон” қабул шуд. Парламенти кишвар "Созишнома ба муқобили ҷинояткории мутташакили трансмиллӣ", "Протокол дар бораи огоҳ намудан ва пешгирӣ аз фурӯши одамон, махсусан занон ва кӯдакон ва ҷазо барои он", "Протокол ба муқобили интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирон ба воситаи роҳҳои
Эҳтиёт:
додааст, шартнома баста, пулро ба ӯ медиҳад. Он нафар пулро гирифта, фирор мекунад. Чунин арқом беҳтар шудани муборизаи мақомоти дахлдори кишварро дар муқобила бо хариду фурӯши одамон ва шеваҳои муосири ғуломдорӣ нишон медиҳад. Дар баробари ҳамаи ин, мутахассисон масъалаи пешгирӣ ва гирифтор нашудан ба доми ғуломдоронро пеш аз ҳама ба худи ҳамон нафаре вобаста медонанд, ки ноогоҳанд ва имкони ба дасти ғуломдорон афтоданашон зиёд аст. Пеш аз ҳама ҳар нафаре, ки ба хориҷа барои кор меравад, бояд пурра барои зиндагӣ дар як кишвари бегона омода бошад. Донистани забони мардуми кишваре, ки дар он ҷо кор мекунӣ, бисёр зарур аст. Тасаввур кардан мумкин аст, ки вақте ҷавоне забони русиро намедонад, ба Русия рафта, ба чӣ мушкилот гирифтор меша-
шабакаҳои иҷтимоӣ ба “дӯсти наздик” табдил ёфта, ба боварӣ медароянд ва зуд дар бораи имкони пули калон кор кардан дар хориҷи кишварро медиҳад ва бо ин роҳ шахсро гирифтори фиреби худ мекунанд. Ҷавони муҳоҷир, вақте ба ҷое барои кор меравад, бояд иттиллоти пурра дошта бошад, ки ӯро ба куҷо мебаранду дар куҷо кор мекунад. Дар доираи қонун фаъолият кардан дар кишварҳои хориҷа низ хавфи мавриди истифодаи ғуломдорон қарор гирифтанро коҳиш медиҳад. Масалан, инро худи давлати Русия низ мехоҳад. Зеро он аз сокинони хориҷие, ки ба ин кишвар барои кор кардан мераванд даъват мекунад, ки фаъолиятҳои худро дар қаламрави Русия қонунӣ кунанд. Вале ин корро бисёре аз муҳоҷирон бо баҳонаи қоғазбозиҳои зиёд ва надоштани маблағ барои расмикунонии кори худ на-
ғуломдорӣ дар асри 21 Чунин шикоятҳо ва ҳолатҳо мубориза бо ғуломдорӣ ва бе музд кор фармудани шаҳрвандонамонро дар хориҷи кишвар зарур мегардонад. Ин аст, ки Ҳукумати мамлакат ба ин масъала, дар баробари мубориза бо терроризм, тундгароии мазҳабӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳи махсус медиҳад ва барои мубориза бо гурӯҳҳои мутташаккили фурӯш ва истисмори инсон аз тамоми имконот истифода мебарад. Вазорати корҳои дохилӣ шуъбаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамонро таъсис додааст, ки бевосита дар ин самт фаъолият мебарад. Кумитаи ҷавонон, варзиш
заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ", "Эъломия дар бораи аз миён бардоштани кори маҷбурӣ" ва санадҳои дигари байналмилалиро тасвиб кардааст, ки ба ҳалли ин мушкилот равона шудаанд. Маълумоти сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ нишон медиҳад, ки танҳо дар нимсоли аввали баъд аз қабули қонуни мазкур 18 ҳолати хариду фурӯши одамон ба қайд гирифта шудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пеш аз ин ҳатто аз ифшо шудани бемузд кор фармудани як гурӯҳи қариб панҷоҳнафара хабар дод, ки дар сохтмони мактабе дар Русия кор карда, музд нагирифтаанд. Корфармо бо нафаре, ки ин сокинонро ба Русия интиқол
вад, ҳифзи ҳуқуқҳояш он сӯ истад, дар танҳоӣ суроғаи маҳали лозимашро ёфта наметавонад. Албатта, аз ин ҳолат корфармоёни беинсофу ҷинояткор сӯистифода хоҳанд кард. Ҳамчунин, ҳушёр будан ва канораҷӯӣ аз ҳар гуна ба истилоҳ, “ваъдаҳои калон” дар хориҷи кишвар як роҳи дигари пешгирӣ аз афтодан ба доми фиребгарон аст. Вақте ҷавонон ба Русия ва кишварҳои дигар барои кор мераванд, бояд пеш аз ҳама ба ваъдаҳои додани пули калон дар ивази коре бовар накунанд. Бисёр вақт корфармоён бо ин мақсад аз шабакаҳои иҷтимоие, монанди “Одноклассники” ва “Facebook” истифода мебаранд. Онҳо дар
мекунанд. Ба гуфтаи бархе муҳоҷирон маблағи умумии зарурӣ барои кори қонунӣ дар Русия ба 30-40 ҳазор рубли русӣ баробар аст, ки ин маблағро муҳоҷирони наврафта надоранд. Ин ҳолат боис ба он мешавад, ки онҳо дар Русия ба ҳар кори ғайриқонунӣ розӣ шаванд ва ин барои бемузд кор кардани онҳо замина мегузорад. Ҳамчунин барои ҳали масъалаи ноогоҳии шаҳрвандон аз хавфи афтодан ба доми фиребгарон тақсим намудани варақаҳои иттилоотӣ дар байни мусофирон пеш аз сафар ба хориҷа муфид аст. М. НАҶМИДДИНОВА
www.javonon.tj
Рафтан барои кор ба кишвари бегона, надонистани шароити зисту зиндагонӣ дар мулки ғайр, ваъдаи музди кори калон ё пули калон аз омилҳое ҳастанд, ки ҷавононро ба доми корфармоёни беинсофу ҷинояткори хориҷӣ меандозад. Маҳз ба ин сабабҳо Созмони милали муттаҳид ҷавонони муҳоҷирро аз гурӯҳҳои осебпазиртарин дар баробари ғуломдорӣ номидааст. Бино ба гузориши ин созмони бонуфуз бархе корфармоён танҳо тарзи ғуломдориро тағйир додаанду аз кори муҳоҷирон дар баъзе кишварҳои ҷаҳон истифода мебаранд. Ба назари мутахассисон, тарзи ғуломдорӣ дар асри 21 он аст, ки корфармоён муҳоҷиронро бо фиребу найранг ҷалб мекунанд, баъдан ба корхонае ворид мекунанд, шиносномаю ҳуҷҷатҳои онҳоро мегиранд ва намегузоранд, ки моҳҳо ва ҳатто солҳо аз зери назорати онҳо дур шаванд ва ё ба берун аз коргоҳи онҳо алоқа барқарор кунанд. Ин гуна коргоҳҳо одатан аз ҷониби афроди корфармо сахт назорат мешаванд ва нафарони гирифтори чунин ҳолатҳо ҳақ надоранд, берун аз коргоҳ пой гузоранд. Онҳо маҷбур мешаванд шабу рӯз бе ҳеҷ маблағ кор кунанд. Раҳоии онҳо аз дасти корфармоён бисёр душвор аст. Дар чанд соли гузашта чунин корхонаю корфармоён дар Русия ва Туркия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фош
шуда, ҷинояткорон ҷазо гирифтанд. Соли гузашта дар Фаронса, ки яке аз демократитарин кишварҳои олам ба ҳисоб меравад, чунин корхона пайдо шуд, ки дар он аз меҳнати муҳоҷирон сӯистифода мешуд. Ба андешаи мутахассисон, ба эҳтимоли зиёд чунин корхонаҳо дар Русия ва Қафқоз зиёданд, ки фош намудани онҳо аз имкон берун аст. Дар ин бора омори расмии дақиқ вуҷуд надорад ва шумораи муҳоҷироне, ки солҳои охир дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия аз сӯйи корфармоён ҳамчун ғулом истифода шудаанд, маълум нест. Дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон низ хабар медиҳад, ки дар ду-се соли ахир шумораи зиёде аз сокинони Тоҷикистон ба созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар дар бораи поймол шудани ҳуқуқҳояшон ва надодани музди корашон шикоят намудаанд.
7 е-mail: javonontj@mail.ru
Ҳарчанд Созмони милали муттаҳид бо қабули Эъломияи ҳуқуқи башар ҳанӯз ғуломдориро дар асри гузашта дар рӯи олам манъ кардааст, вале навъҳои ғуломдорӣ дар асри 21 дар ин ё он гӯшаи дунё ба шеваҳои гуногун ба назар мерасанд. Мутаассифона, пеш аз ҳама ба дасти корфармоёне, ки аз меҳнати бемузди одамон истифода мебаранд, ҷавонони ноогоҳи бо орзуи ба даст овардани пули калон ба муҳоҷират рафта меафтанд. Бо сабаби он ки аз кишвари мо ҷавонон барои кор ба хориҷа мераванд, лозим мешавад, ки онҳо дар бораи ин мушкилот огоҳии комил дошта бошанд, то фирефтаи корфармоёни хориҷӣ нашаванд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №14 (9440), 7 апрели соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
8
РАЙЪПУРСӢ - 2016
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №14 (9440), 7 апрели соли 2016
Шаҳло ЭШОНОВА Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи башариро барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ таҷассум менамояд. Ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба ин санади муҳим кадом паёмадҳоро дар худ дошта метавонад? Бо ин ва чанд суоли дигар ба прокурори шуъбаи таъминоти ҳуқуқи, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Холиқзода муроҷиат намудем. Тоҷикистон таҳаввулот, тағйирот ва имтиҳоноти муаддади сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангиро паси сар кардааст. Бешак, мурури ин замон таҷрибаву малакаи ғании давлатдориро ба бор меоварад...
Тағйиру иловаҳо меъёрҳои - Шакли дигар гирифтани равандҳои инкишофи ҷаҳони муосир, ташаннуҷ ёфтани авзои сиёсии сайёра, дар назди худ ошкоро аҳдофи азнавтақсимкунии дунёро гузоштан, бархурди тамаддунҳо, тавсеаи ифротгароиву тундравӣ, экстремизму терроризм ва буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ҷомеаи моро водор менамоянд, ки ҷараёни ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқиро дар кишвар дақиқ созад ва ба талаботи зудбадали даврони муосир мутобиқ намояд. Масоили мазкур, бидуни тардид, ҷанбаи конститутсионӣ дошта, ҳалли онҳо зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдорро ба Конститутсияи кишвар ба миён овардаанд. Ҳадаф аз ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дақиқ намудани шакли идоракунӣ, такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва
www.javonon.tj
Вақти он расидааст, ки дар пешорӯи дигаргуниҳои куллӣ ва имтиҳонҳои навини ҷаҳони муосир, аз ҷумла мутташаниҷ гардидани авзои сиёсии сайёра, кӯшишҳои ошкорои азнавтақсимкунии дунё, бархурди тамаддунҳо, вусъати бесобиқаи экстремизму терроризм ва буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ раванди ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дар кишвар дақиқ ва ба талаботи зудтағйирёбандаи даврони муосир мутобиқ гардонида шаванд. Аксари ин масъалаҳо то ин ё он андоза ҷанбаи конститутсионӣ дошта, ҳалли онҳо ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдорро ба Конститутсия тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, тибқи пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 10 феврали соли равон Маҷлиси намояндагон лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия қабул ва ба райъпурсии умумихалқӣ пешниҳод намуд. Тағйиру иловаҳо аз 40 банд иборат буда, вобаста ба мазмун ва ҳадафҳои гузошташуда онҳоро метавон чунин гуруҳбандӣ намуд: - дақиқ намудани шакли идоракунӣ, такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ; - пурзӯр намудани талабот нисбат ба номзадҳо ба вазифаи Президенти мамлакат, вакилони парлумон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо аз нигоҳи амният ва садоқат ба Ватан; - такмили расмиёти қабули қарорҳои алоҳида аз ҷониби мақомоти олии қонунгузор; - танзими конститутсионии ваколати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат; - танзими фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои демократӣ ва ризояту ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа; - аз ҷиҳати таҳрирӣ, мантиқӣ ва имлоӣ дақиқ намудани меъёрҳои Конститутсия. Чуноне ки қайд карда шуд, бахши муҳими тағйиру иловаҳоро дақиқ намудани шакли идоракунӣ, мақом ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ ва такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, Тоҷикистон аз лиҳози танзими конститутсионии ташаккул ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ амалан ҷумҳурии «президентӣ» бошад ҳам, он дар Конститутсия дарҷ нашудааст.
мушаххас гардондани ваколатҳои мақомоти давлатӣ; пурзӯр намудани талабот нисбати номзадҳо ба вазифаи Президенти мамлакат, вакилони парлумон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо аз нигоҳи амният ва садоқат ба Ватан; такмили расмиёти қабули қарорҳои алоҳида аз ҷониби мақомоти олии қонунгузор; танзими конститутсионии ваколатҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат; танзими фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои демократӣ ва ризояту ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа мебошад. - Шумо тағйиру иловаҳои хусусияти имлоидоштаро то куҷо муҳим мешуморед? - Аксари тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда хусусияти таҳрирӣ ва забонӣ дошта, ҳадафи онҳо аз нигоҳи мантиқӣ ва имлоӣ дақиқ намудани меъёрҳои Конститутсия мебошад. Масалан, калимаи
«Сарқонун» дар қавсайн аз ном ва матни Конститутсия хориҷ карда шуда, ин санади олӣ минбаъд танҳо бо номи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр карда мешавад. Усулан, дар қавсайн калимаҳо асосан ҳамон вақт зикр мешаванд, ки агар дар шарҳ ва ё тарҷумаи калимаи дахлдор омада бошанд ва онҳо ғолибан дар матнҳо ифода меёбанд. Дар номи ҳуҷҷатҳо, алалхусус Конститутсия барин санади умда ин навъи баён шоиста нест. Ин аллакай дуномист. Банда вожаи «Сарқонун»-ро инкор карданӣ нестам ва он моҳиятан дуруст аст, яъне оғози қонунҳо, саршавӣ ва манбаи онҳо. Вале вожаи «Конститутсия»-ро тарҷеҳ медиҳам, зеро аксари кишварҳои дунё онро пазируфтаанд. - Оё минбаъд масъулияти мақомоти судӣ афзунтар мегардад? - Воқеан, принсипи конститутсионии «таҷзияи ҳокимият» таъ-
мини мустақилияти ҳокимияти судиро на танҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ, балки аз диди ташкиливу идоракунӣ низ тақозо менамояд. Айни ҳол пешниҳоди ба вазифаи судягӣ таъин ва аз ин вазифа озод намудан, инчунин ҳалли масъалаҳои таъминоти моддӣтехникии судҳо ба ваколати Шӯрои адлия мутааллиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, дар назар аст, ки бо хориҷ намудани банди 12 ва қисми 13 моддаи 69 Шӯрои адлия барҳам дода шуда, ҳаллу фасли масъалаҳои ба салоҳияти он дахлдошта минбаъд бо Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим гарданд. Дар қисми сеюми моддаи 89 Конститутсия дар мавриди муайян намудани салоҳияти Суди конститутсионӣ оид ба муайян намудани мутобиқати санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Прези-
Моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсия
Аз ин лиҳоз, ба моддаи якуми Конститутсия илова ворид карда, «президентӣ» будани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад. Иловаи мазкур шакли идоракунии ҷумҳуриро возеҳу равшан ва танзими ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро осон менамояд. Дар раванди такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, ваколатҳои он дар мавриди пешниҳод ба вазифаи судягӣ ва озод намудан аз он тибқи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳаллу фасл карда мешаванд. Тағйирот салоҳияти Суди конститутсиониро низ дақиқ менамоянд. Суди конститутсионӣ ҷузъи ҳокимияти судӣ ва механизми асосии назорати риояи меъёрҳои Конститутсия буда, дақиқ муайян намудани салоҳияти он шарти муҳими тафриқаи ваколатҳои байни шохаҳои ҳокимият мебошад. Дар қисми сеюми моддаи 89 дар мавриди муайян намудани салоҳияти Суди конститутсионӣ оид ба муайян намудани мутобиқати санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ба Конститутсия, танҳо ибораи «санадҳои ҳуқуқии» истифода шудааст. Ин ибора хеле васеъ буда, тамоми санадҳои ҳуқуқии ин мақомот, аз ҷумла санадҳои дохилидоравӣ ва кадрии онҳоро дар бар мегирад. Бинобар ин, дар қисми сеюми моддаи 89 баъди калимаи «санадҳои» калимаи «меъёрии» илова карда мешавад. Ба ин восита аниқ карда мешавад, ки Суди конститутсионӣ танҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти мазкур, яъне он санадҳоеро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад, ки иҷрои онҳо аз ҷониби ҳама мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия мақом ва ваколатҳои ҳокимияти маҳаллиро низ бознигарӣ ва равшану дақиқ менамоянд. Айни ҳол боби 6-уми Конститутсия “Хокимияти маҳаллӣ” номгузорӣ шуда, он аз лиҳози таркиб ва муайянкунии салоҳиятҳо ба принсипҳои бунёдии Конститутсия мухолифат мекунад. Аввалан, худи мафҳуми “Ҳокимияти маҳаллӣ” дуруст набуда, Конститутсияи мо танҳо 3 шохаи ҳокимият, яъне “қонунгузор”,
“иҷроия” ва “суд”-ро эътироф намуда, зинаҳои маҳаллии онҳо ҳокимияти алоҳида буда наметавонанд. Дар ин боб раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо ҳамчун намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, ки низ ба принсипи конститутсионии таҷзияи ҳокимият созгор нест. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз роҳбари ҳокимияти иҷроия будан, инчунин роҳбари давлат буда, вобаста ба он ваколатҳое дорад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ хоси раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо буда наметавонанд. Раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо ҳамчун роҳбарони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ на намоянда, балки тобеи мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия мебошанд. Аз ин лиҳоз, намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобидани онҳо ҳисоботдиҳандагӣ ва тобеияти онҳоро ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, раисони болоӣ ва вазорату идораҳои марказӣ таҳти суол мебарад. Боби мазкур “Ҳокимияти маҳаллӣ” номгузорӣ шуда бошад ҳам, таркиби он мақомоти худидоракунии маҳаллиро низ дар бар гирифтааст. Ҳол он ки ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мақомоти ҳокимияти давлатӣ набуда, сохторҳои худидораунанда мебошанд. Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда камбудӣ ва мухолифатҳои моддаҳои дахлдори боби 6-умро бартараф менамоянд. Мусаллам аст, ки устувории давлат ва амнияти он қабл аз ҳама аз садоқат ба Ватан, арзишҳои миллӣ, хирадмандӣ ва корозмудагии мансабдорони давлатии он вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, пурзӯр намудани талабот нисбат ба номзадҳо ба вазифаи Президенти малакат, вакилони парлумон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо аз нигоҳи амният ва садоқат ба Ватан аз ҳадафҳои муҳими тағйиру иловаҳо маҳсуб меёбанд. Бо ин мақсад муқаррар карда мешавад, ки: - номзадҳо ба вазифаҳои номбурда бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, душаҳрвандӣ ва шаҳрвандии давлати хориҷиро надошта дошанд; - ин шахсон баъди интихоб ё таъин шудан дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд намуда,
эҳсоси масъулият ва садоқати хешро дар назди Ватан ва халқу давлат изҳор медоранд; - талаботи синусолӣ нисбат ба номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон аз 25-солагӣ ба 30-солагӣ боло бардошта, ҳамзамон барои номзад ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ низ талаботи синусолӣ дар ҳамин сатҳ, яъне 30-солагӣ муқаррар карда мешавад. Вазифаи муҳими Конститутсия дақиқ танзим намудани расмиёти конститутсонӣ, яъне тартиб ва шакли қабули қарорҳои конститутсионӣ мебошад. Доир ба ин масъала Конститутсияи амалкунанда баъзе нуқсонҳо дошта, ислоҳи онҳо дар раванди марҳилаи кунунии ислоҳоти конститутсионӣ айни муддао мебошад. Чунончи, тибқи моддаи 61 қонуни конститутсионӣ аз тарафи Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи вакилони он қабул шуда, ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳангоми аз тарафи Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ нашудани қонуни мазкур, он барои такроран баррасӣ намудан ба Маҷлиси намояндагон баргардонида мешавад. Ҳангоми баррасии такрорӣ дар Маҷлиси намояндагон он боз бо ҳамон таносуби овозҳо, яъне аз се ду ҳиссаи вакилон қабул карда мешавад. Ин таносуб камбуди мантиқӣ дошта, бартараф намудани манъи (ветои) палатаи болоӣ раъйи қотеъонатари палатаи поёниро тақозо менамояд. Дар робита ба ин, тағйирот ба қисми дуюми моддаи мазкур ин таносубро дигар намуда, ба ҷои «аз се ду» ҳисса «аз чор се» ҳиссаи овозҳои вакилони Маҷлиси намояндагонро пешбинӣ менамояд. Ҳамин гуна, моддаи 61 Консти-
РАЙЪПУРСӢ - 2016
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №14 (9440), 7 апрели соли 2016
дент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ба Конститутсия, танҳо ибораи «санадҳои ҳуқуқии» истифода шудааст. Ин ибора мазмунан васеъ буда, тамоми санадҳои ҳуқуқии мақомоти олии қонунгузор, иҷроия, судӣ ва ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла санадҳои дохилиидоравӣ ва кадрии онҳоро дарбар мегирад. Бинобар ин, дар қисми сеюми моддаи 89 Конститутсия баъди калимаи «санадҳои» калимаи «меъёрии» илова гардида, дақиқ карда мешавад, ки Суди конститутсионӣ танҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, яъне он санадҳоеро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки иҷрои онҳо аз ҷониби кулли мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ воҷиб мебошад. - Манъ кардани фаъолияти ҳизбҳои хусусияти милливу дини-
Халифазода МУҲАММАДРИЗО, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матуботи Прокуратураи генералӣ
кашонида, имрӯзҳо низ осори заҳрогин ва номатлуби он фазои сиёсию ҷамъиятии кишварро масмум кардан дорад. Аз ин лиҳоз, танзими фаъолияти аҳзоби сиёсӣ аз дидгоҳи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои демократӣ ва ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа аз масъалаҳои мубрами рӯз мебошад. Дар ҳамин иртибот, ба моддаи 82 Конститутсия тағйирот пешниҳод шудааст, ки он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудани чунин ҳизбҳо, инчунин маблағгузории ҳама гуна ҳизбҳои сиёсиро аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ менамояд. - Барои ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа чӣ гуна имконот фароҳам мешавад? Бо назардошти аҳамияти таҷрибаи сиёсӣ, касбӣ ва ҳаётӣ барои муваффақона анҷом до-
Рушду инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ талаб менамоянд, ки меъёрҳои Конститутсия ва дигар қонунгузорӣ пайваста такмил дода шаванд. Тағийру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда дар навбати худ қонунгузории амалкунандаро низ такмил дода, барои рушди минбаъдаи ҳаёти ҷомеа ва кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд. Имрӯз низ зарурият пеш омадааст, ки ҷиҳати ноил шудан ба марҳилаи навбатии рушди ҷомеа ба як қатор меъёрҳои Конститутсияи амалкунанда тағийру иловаҳо ворид карда шаванд.
дани вазифаи вакили Маҷлиси намояндагон, талаботи синнусолӣ нисбати номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон аз синни 25 ба 30-солагӣ боло бардошта, ҳамзамон барои номзад ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ низ талаботи синнусолӣ дар ҳамин сатҳ, яъне 30-солагӣ муқаррар карда мешавад. Агар аз дигар самт ба ин масъала назар афканем, чунин бармеояд, ки давлат ва ҷомеаи мо ҷавононро ҳамчун нерӯи созанда ва пешбаранда эътироф менамоянд. Ин гувоҳи он аст, ки кишвари мо ба ҳайси давлати мардумсолор ба ҷавонон эътимоди комил дорад ва мехоҳад дар идораку-
нии он ҷавонони хирадманду равшанравон, озодаву некхӯ ва меҳанпарасту миллатдӯст ҷалб карда шаванд. - Ташаккур барои суҳбат.
қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини иҷтимоии падару модар масъул мебошанд». Пешниҳоди зикргардида масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандон ва масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнатро дар нигоҳубин ва таъминоти падару модар тақвият медиҳад. Чунки дар матни ҳозираи ин модда сухан танҳо дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон меравад ва масъулияти онҳо барои ба таълим фаро гирифтани фарзандон берун аз ин муқаррароти Конститутсия мемонад. Албатта, ҳуқуқ ба гирифтани таҳсил ҳамчун як намуди ҳуқуқи конститутсионии кӯдак барои инкишофи шахсият, истеъдод, қобилияти фикрию ҷисмонии кӯдак ва дар маҷмӯъ барои инкишофи минбаъдаи рӯҳии ӯ таъсири мусбӣ мерасонад. Маҳз бо назардошти ҳамин ҷиҳатҳои мусбиаш қонунгузории ҶТ имрӯзҳо гирифтани маълумоти миёнаи асосиро, ки то
маориф” омадааст, ки ба синфи якуми мактаби ибтидоӣ ҷалб кардани кӯдаконе, ки ба синни 7-солагӣ расидаанд, ҳатмист. Пас, бо таълим фаро гирифтани фарзандон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар баробари ин фарзандро ба воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин намудан, барои таълими ӯ шароити муносиб фароҳам овардан вазифаи ҳар як падару модар ба ҳисоб меравад. Вале, мутаассифона, имрӯзҳо ҳастанд падару модароне, ки уҳдадориҳои худро иҷро накарда, баръакс, барои таълими фарзандони худ монеъа мешаванд. Ҷиҳати таъмини дурусти амалигардонии ин ҳуқуқ қонунгузории оилаи ҶТ дар боби 12-и Кодекси оила (КО) уҳдадориҳои падару модари кӯдакро пешбинӣ кардааст, ки дар сурати иҷро накардани онҳо падару модар ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ (аз қабили ҷавобгарии маъмурӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ғ.) кашида мешаванд. Ҳамзамон бо назардошти мубрамия-
синфи 9-умро фаро мегирад, ба таври ҳатмӣ муқаррар кардааст. Конститутсияи ҶТ дар моддаи 41 ҳуқуқи шахсро ба таҳсил пешбинӣ намудааст. Инчунин дар моддаи 6-и Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” ба шаҳрвандони ҶТ сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк ҳуқуқи таҳсил кафолат дода шудааст. Дар моддаи 17-и Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” омадааст, ки кӯдак ба таҳсил ҳуқуқ дорад ва ба ў таҳсилоти умумии миёна ва ибтидоии касбии ройгон ва таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ кафолат дода мешавад. Дар як қатор санадҳои меъёрии байналмиллалӣ, аз ҷумла, дар моддаи 28-и Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак омадааст, ки ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба таҳсил дорад ва дар ин замина давлатҳои иштирокчиро водор месозад, ки таҳсили бепул ва ҳатмии ибтидоиро муқаррар намоянд. Барои амалӣ гардонидани ин ҳуқуқ давлат ғамхориҳои зиёд зоҳир намуда, дар баробари пешниҳод намудани кафолату имтиёзҳо уҳдадориҳоро низ муқаррар мекунад, аз ҷумла, уҳдадориҳои падару модарро. Сатҳи амалишавии ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил аз сатҳи иҷрои уҳдадориҳои падару модар вобаста аст. Аз ҳамин хотир, қонунгузории амалкунанда ба таври мушаххас уҳдадориҳои падару модарро дар ин самт муқаррар кардааст. Дар моддаи 17-и Қонуни ҶТ “Дар бораи
ти ин масъала дар ҶТ аз соли 2011 Қонуни алоҳида «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» қабул карда шудааст, ки дар он уҳдадориҳои асосии падару модар дар самти ба таълим фаро гирифтани фарзандон муқаррар карда шудааст. Мутобиқи моддаи 9-и қонуни мазкур падару модар дар таълими фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд: - ба таълим фаро гирифтани фарзандро таъмин намуда, ба таҳсили ӯ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд; - фарзандро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароити муносиб муҳайё намоянд; -донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайъати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд ва ғайра. Аз ин хотир, бо назардошти гуфтаҳои боло ворид намудани тағийру иловаҳоро ба моддаи 34-и Конститутсия ҳамчун асоси мукаммалгардонии ҳуқуқу уҳдадориҳои мутақобилаи падару модар ва фарзандон меҳисобем.
Тағийру иловаҳо - асоси мукаммалгардонии уҳдадориҳо Яке аз чунин тағийротҳо дар моддаи 32-и Конститутсия пешниҳод шудааст. Дар моддаи мазкур сухан дар бораи руёнидани товони зарар аз ҷониби мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони алоҳида меравад. Дар ин модда уҳдадории ҷуброни зарарро танҳо аз ҷониби шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ муқаррар кардааст, яъне сухан дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ меравад, ҳоло он ки дар муомилоти гражданӣ нақши шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ низ хеле зиёд ба назар мерасад ва он метавонад ҳангоми фаъолият бо амали ғайриқонунии худ ба дигар шахсон зарари моддӣ ва ё маънавӣ расонад, ки ин нукта берун аз муқаррароти Конститутсия мондааст. Аз ин хотир дар ин модда ворид намудани истилоҳи «дигар шахсони ҳуқуқӣ» хеле ба маврид аст, чунки дар сатҳи конститутсионӣ ба ҷабрдидагоне, ки аз амали ғайриқонунии чунин шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ, новобаста аз шакли моликияташон, зарари моддӣ ва ё маънавӣ дидаанд, имконият дода мешавад, ки ҷуброни онро талаб намоянд. Аз ин хотир ворид намудани тағийру иловаҳо ба ин меъёри Конститутсияро зарур ва саривақтӣ мешуморем. Дигар тағийрот ба моддаи 34 он мебошад. Қисми дуюми ин модда дар таҳрири зерин ифода ёфтааст: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу
Қурбонализода Нурулло, н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
www.javonon.tj
тутсия бо роҳи қабули қонуни конститутсионӣ тафсир намудани Конститутсияро аз тарафи Маҷлиси Олӣ пешбинӣ намояд ҳам, расмиёт ва тартиби онро танзим накардааст. Тағйироти ба моддаи мазкур пешниҳодшуда ин камбудиро бартараф намуда, дақиқ муқаррар менамояд, ки «Тафсири Конститутсияро Маҷлиси намояндагон дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул намуда, Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ менамояд». Ҷузъи муҳими тағйиру иловаҳоро танзими конститутсионии муҳлати ваколати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ташкил медиҳад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҷастатарин симои сиёсӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон буда, хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ташаккули пояҳои давлати демократӣ ва иқтисоди миллӣ маҳз ба номи ӯ вобастаанд. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар таҳаввулоти азими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сурат гирифта, заминаҳои устувори ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мудофиа ва амнияти миллӣ фароҳам оварда шуданд. Бо дарназардошти ин воқеият ва бо такя ба раъйи мардуми кишвар, 25 декабри соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» қабул карда шуда, он нигоҳ доштани ваколатҳои алоҳида, таъсир дар баамалбарории сиёсати давлатӣ, дахлнопазирии шахсӣ, молу амвол ва бархурдории Пешвои миллатро аз имтиёзҳо пешбинӣ менамояд. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда бешубҳа ба рушди сиёсиву иқтисодӣ, идоракунии давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини амнияту субот дар ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.
дошта то кадом андоза манфиатнок буда метавонад? - Ҷараёни инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи мардумсолорӣ, ки як ҷузъи онро фаъолияти озодонаи аҳзоби сиёсӣ ташкил медиҳад, ба инобат гирифтани таҷрибаи дар ин ҷода андӯхтаро тақозо дорад. Дар дохили кишвар фаъолият намудани ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо, созмонҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ба манофеи миллӣ созгор набуда, баръакс, омили мудохила ба умури дохилии давлат, завол ёфтани ваҳдати миллӣ ва низоъангезӣ дар ҷомеа мебошад ва ин нукта ҳаргиз манфиатнок нахоҳад буд. Маҳз ҳамин авомил на як бору ду бор ҷомеаи моро ба вартаи чолишҳои сиёсӣ ва бенизомӣ
е-mail: javonontj@mail.ru
Конститутсияро дақиқ месозанд
9
е-mail: javonontj@mail.ru
10
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №14 (9440), 7 апрели соли 2016
СОҲИБКАСБ
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ Сафарбегим дар дили кӯҳҳои сарбафалак кашидаи минтақаи зебову дилрабои Бадахшон бузург мешуду ҳар вақт ба ҷаҳиши обҳои аз кӯҳ шоранда ҳамнафасу ба хониши мурғони саҳархез ҳамнаво мегашт. Обу ҳавои тозаи ин мулки зархез дар қалби кӯчаки ӯ орзуҳои рангорангро эҳё мекарду ба ин духтараки кӯҳистонӣ болҳои тозаро баҳри парвоз дар фазои орзуҳову рӯъёҳояш эҳдо месохт. Ҳар вақт бо шавқу шӯри ҷавонӣ мерақсиду дунёро бо ҳаракатҳояш ба гардиш медаровард. Бо нигоҳаш замини сахти дур аз ахтаронро навозиш мекарду тавассути ҳунараш атрофро нури тоза мебахшид. Ишқи ҳақиқии ҳунарманди соҳаи рақс шуданаш буд, ки билохира ӯро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода оварду орзуи деринааш амалӣ гашт.
Ҳунар гиреҳкушои мушкилиҳост Сафарбегим Боронбекова ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ҳамеша дар чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок мекарду бо рақсҳои мавзунаш хотири бинандаҳоро шод месохт. Аз хурдӣ низ орзуи онро дошт, то ба дигарон рӯҳи тоза бахшаду дар баробари ин ба зиндагии эшон накҳати атрогинеро тақдим намояд. Дар барномаҳои маърифатии ноҳия ширкат варзида, самову қалбҳоро тасхир мекард. Бо ҳунари худ меболиду ифтихор мекард. Сафарбегим дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст. Гӯё барои ин пеша тавлид шуда бошад, ки ҳамеша баҳри аз бар намудани талаботи ҳунари рақс дар талош аст. Дар донишкада ба дарсҳояш машғул буда, аз устодон хусусиятҳои рақсро аз бар намуда истодааст. Гарчанде ки дар ибтидо танҳо бо рақси минтақаи Бадахшони Тоҷикистон ё рақси бадахшӣ баромад мекард, аммо пас аз таҳсил дар донишкада дигар намудҳои рақси миллиро низ омӯхт. – Нағз аз худ кардани санъати рақс орзуи кӯдакии ман аст. Бениҳоят хушҳолам аз он ки ба мақсади худ расидаму то ҷое ҳунари рақсро аз бар намудам. Комёбии ҳар нафар дар ин ҷода ба худи ӯ вобастааст. Агар кӯшишу ғайрати шахс набошад, наметавон ба натиҷаи лозимӣ расид. Аз ин рӯ доим пайи омӯзиш ҳастам, - гуфт Сафарбегим. Дар се соли омӯзиш ҳама намудҳои рақсро аз худ намудаву дар байни ҳамсабақон бо кунҷкобиву серҳаракатияш тафовут дорад. Ҳангоми машғулиятҳо пуртаваҷҷуҳ асту дақиқкор. Ҳар як маълумоти
устодонро аз худ мекунаду дар вақти дарсҳои амалӣ аз онҳо истифода менамояд. Аз раққосони машҳур Малика Қаландарова ва Малика Собироваро мешиносаду ҳамеша рақсҳои онҳоро тамошо намуда, ҳар ҳаракату гардиш ва ҷаҳиши онҳоро меомӯзад. Мехоҳад, ки мисли онҳо дар инкишофи ин ҳунар саҳм гузорад. Бино ба гуфти устодаш Музаффар Искандаров, Сафарбегим духтараки лаёқатманду бомаҳорат аст. Дар баробари ин бениҳоят меҳнатӣ аст. Ҳамин чиз ҳамеша ӯро комёб мегардонад. Ҳар як донишҷӯ бояд дорои чунин хусусият бошад. Дар вақтҳои дарсҳои амалӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дарҳол ҳар чизи гуфтаи устодонро фаҳмида гирад. Вақте бо ягон чизи нофаҳмо рӯ ба рӯ мешавад, ҳатман барои фаҳмида гирифтани он ба устодон муроҷиат менамояд. Бо ин гуна серҳаракатияш устодон ба ӯ боварии калон дор, ки дар оянда ҳунарманди асили ин роҳ хоҳад шуд. - Сафарбегим бо қобилияти нотакрораш ҳатман ба муваффақиятҳо ноил мегардад. Ҳамаи шогирдони мо меҳнатдӯстанд. Бояд қайд намуд, ки ҳунари мазкур ҳам қувваи ҷисмонӣ, фикрӣ ва меҳнатро тақозо мекунад. Пуртоқат будан низ яке аз талаботҳои асосии ин касб мебошад. Баъзе нафароне ҳастанд, ки бо ду-се маротиба аз ҷой хестану нишастан ба ғазаб меоянд ва тарки пешаи рақс мекунанд. Ӯ ботаҳаммулу сабур аст, ки ӯро ҳамеша комёб хоҳад кард, - меафзояд М. Искандаров. Лаҳзаҳои фориғ аз дарс дар хона мутолиа намудани асарҳои бадеиро дӯст медорад. Рӯзе нест, ки чанд саҳифа китоб на-
хонад. Китоб хонданро сарчашмаи илҳому инкишофи истеъдод меҳисобад. Чун доим китоб мехонаду мутолиаро дӯст медорад, сабаби китоб нахондани баъзе аз ҷавононро пурсон шудем. Иллати аслии ин мушкилро дар дониши кам доштани ҷавонон маънидод менамояд. Ба таъкиди ӯ “ҳар нафаре ки мехоҳад, дар соҳаи хеш муваффақ бошаду дар баробари ин ҷаҳонбинии хешро васею маънавиёташро комил гардонад, пас бояд ки ба китоб рӯ орад. Чунки бе мутолиа ба ҷое расидан ғайриимкон аст. Махсусан соҳаҳое, ки ба эҷод сару кор доранд. Соҳаи рақс
www.javonon.tj
Маъракаҳоро барвақт доир намудан беҳтар аст Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш зимни мулоқот бо сокинони вилояти Суғд таъкид намуданд, ки бояд тамоми мардуми кишвар рӯзҳои баҳориро самаранок истифода бурда, дар фикри зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди ҳарчи бештари маҳсулот ва ба содирот баровардани он бошанд. Аксари мардуме, ки дар ягон муассисаи давлатӣ кор мекунанд, бештари вақти
рӯзҳои истироҳатиашонро дар заминҳои наздиҳавлигии худ мегузаронанд. Қариб ҳар рӯзи истироҳат дар маҳаллаҳо маъракае доир мегардад. Аз рӯи расму анъанаи миллӣ, агар ба маъракае даъват на-
моянд, рафтан зарур аст. Бо гармшавии ҳаво касоне, ки субҳи барвақт ба замин мераванд, маҷбуранд соати 8-9-и субҳ боз ба маъракаи ҳамдеҳаашон оянд. Баъд аз маърака бинобар гарм будани
низ эҷод талаб мекунад. Барои он ки рақси мо мақбули ҳар бинандаи хушзавқ гардад, омодагии ҷиддӣ мебинему ҷузҳои нав эҷод менамоем”. Аз суҳбаташ пайдост, ки руҳу равони худро дар роҳи мазкур фидо кардаву дӯстдори он аст. Сӯйи қуллаи мурод равон асту ба нафарони шавқманди соҳаи мазкур ҳамчун ҳунарманди ҷавон тавсия медиҳад, ки агар дар ботини хеш меҳру муҳаббат ва шавқу завқе нисбат ба ин ҳунар дошта бошанд, пас бояд ҳатман баҳри омӯхтани он бипардозанд. Чунки ҳунар гиреҳкушои тамоми мушкилиҳост.
Алишери САЙФИДДИН ҳаво дубора ба кори саҳро рафта наметавонанд. Бинобар ин хуб мешуд, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” каме тағйирот ворид намуда, оғози баргузории маъракаҳоро аз моҳи апрел то октябр соати 6:00-и субҳ муқаррар намоянд. Зеро аз таҷрибаи солҳои пеш аён аст, ки субҳи барвақт дар мавсими гармо оғоз шудани маърака ҳам барои соҳибмаърака ва ҳам барои меҳмонон қулай мебошад Соҳиби маърака низ дар салқинӣ меҳмононро гусел намуда, кораш сабук мешавад. Азбаски қариб 70 дарсади сокинони мамлакат дар деҳот зиндагӣ мекунанд, соати 6-и субҳ оғоз шудани маъракаҳо талафи вақти боғдорону зироаткоронро пешгирӣ хоҳад кард. Алишери САЙФИДДИН, “ҶТ”
ДИДГОҲ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №14 (9440), 7 апрели соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
Изҳори ишқ дар девор
11
Ё барои чунин харобкориҳо ҷазои сангин муқаррар шавад
Бо овардани калимаи “Ватан” ба забон шахс дилбохта ва сарсупурдаи Ватан ба ҳисоб намеравад. Ҳамон вақт мо худро ватандор гуфта метавонем, ки дар гулгулшукуфоӣ ва ободии он ягон зарра саҳм гузорем. Ҳар яки мо бояд кӯшиш намоем, ки ватанро мисли модар дӯст дорему чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Бояд ҳамон вақт худро шаҳрванди комилҳуқуқи кишвар ҳисоб намоем, ки кори неке барояш карда бошем.
Мо - ҷавонон ба ободиву сарсабзии шаҳри Душанбе, ки пойтахти Ватани азизамон - Тоҷикистон аст, аҳамият диҳему нагузорем нохалафе барои вайрон кардани тозагии муҳиташ даст занад. Мутаассифона, ҳастанд нафароне (аз ҷумлаи ҷавонон), ки худ барои тозагии пойтахт коре намекунанду меҳнати дигаронро ба назар нагирифта, маҳсули заҳмати онҳоро поймол менамоянд. Ба кандани гулу буттаҳо даст мезананд ё гулзорҳоро поймол менамоянд. Аз ҳама бад ва нигаронкунанда он аст, ки дар деворҳои хонаҳои баландошёнаву роҳравҳо бо хати каҷу килеби худ менависанд. Фикр намекунанд, ки навиштаҷоти бемаъниву пур аз хатои онҳо ба чашми меҳмононҳои пойтахт, ки аз дигар кишварҳо омадаанд, мерасаду шояд аз дидани ин манзараҳо нороҳат ҳам шаванд ва шояд эрод ҳам гиранд. Ин ҳама навиштаҳо кори дасти ҷавонон аст. Ақли хурдсолон ба чунин навиштаҳо намерасаду калонсолон ба чунин ҳарзанависиҳо вақт надоранд. Намунае аз “шоҳасар”-ҳои ҷавононро, ки “зеб”-и девору роҳравҳои шаҳрамон гаштаанд, меорам. Навиштаанд: “Мавлуда+Аббос”, “С дилам (расми дил) аз туст” ва ғайра. Дар роҳрави калони маҳаллаи 32-юм навишта шудааст, ки “Узм ту живч”. Магар ин аз рӯи одоб аст? Дӯст медоред, ба дӯстдоштаатон рӯирост гӯед ё бо муомилаву муносибати хуб дӯстдориатонро изҳор намоед. Ишқу муҳаббататон дар бари девору роҳрав аст магар ё дар дилу вуҷудатон? Ба фикри шахсии ман дастгир кардану ба ҷавобгарӣ кашидани чунин ашхос на танҳо кори кормандони ҳифзи ҳуқуқ, балки кори ҳар шахси баору номуси кишвар ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар аст. Биёед, биандешем, ки мо чӣ кор карда истодаем! Оё ватани моро ғайр аз мо кӣ обод мекунад? Ободии Ватан, албатта, дар дасти худи мост. Басгул САФАРЗОДА, “ҶТ”
Нақши истиқлолият дар ташаккули ҳокимияти судӣ Имрӯзҳо дар тамоми кишварамон барои таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ корҳои омодагӣ вусъат меёбад. Қариб ҳар ҳафта дар кӯчаву маҳалла ва корхонаву муассисаҳо шанбегиҳо гузаронида мешаванд. Зеро истиқлолият дар таърихи миллати тамаддунофари тоҷик воқеаи муҳиму фараҳбахш ба ҳисоб меравад.
Саидалӣ РАҲМОНЗОДА, раиси Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, полковники адлия
www.javonon.tj
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон намуда, роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва озодро пеш гирифт. Яке аз вақеаҳои муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ва давлатии даврони истиқлолият қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ мебошад, ки 6 ноябри соли 1994 ба вуқуъ пайваст. Дар ин санади муҳим асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, вазъи ҳуқуқии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ муқаррару танзим шудааст. Боби ҳаштуми Конститутсияи ҷумҳурӣ ба ҳокимияти судӣ бахшида шудааст, ки нишоне аз таваҷҷуҳи пайвастаи давлату ҳукумати мамлакат ба ин шохаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Дар моддаи 84 Конститутсия омадааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Инчунин тибқи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ки соли ҷорӣ дар назар аст, моддаи 85 Конститутсия синни судияҳоро 30-сола ва собиқаи онҳоро на кам аз 5 сол муқаррар кардааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳои муҳим ба мавзӯи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва эҳтироми ҳуқуқҳои шаҳрвандони мамлакат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Сарвари давлат соли 2014 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин изҳор доштанд: «Мо барои ташаккули низоми судии кишвар, баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа ва ба сатҳи байналмилалӣ баровардани он то имрӯз корҳои назаррасеро ба анҷом расондем. Ҳокимияти судӣ минбаъд низ такмил меёбад ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода шуда, барои эҷоди заминаи ҳуқуқии ин ҳадафҳо қонунҳои зарурӣ таҳрир ва қабул мешавад». Маҳз бо қабули Сарқонуни нав низоми судӣ дар Тоҷикистон такмил ёфта, доираи фаъолияташ нисбатан васеъ гардид. Чунончи, дар замони шӯравӣ низоми судии ҷумҳурӣ аз Суди Олӣ, судҳои вилоятҳо, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадах-
шон, суди шаҳри Душанбе ва судҳои халқии шаҳру ноҳияҳо иборат буд. Дар даврони истиқлолият дар низоми судӣ Суди Конститутсионӣ, Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ, коллегияи ҳарбии Суди Олии ҷумҳурӣ, Судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳр, судҳои ҳарбии гарнизонҳо таъсис дода шуданд. Дар даврони истиқлолият қабул гардидани як силсила қонунҳову кодексҳо, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиавии гражданӣ, мурофиаи иқтисодӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо дар бораи судҳои ҳакамӣ, дар бораи истеҳсолоти иҷро ва ғайра ба таҳкими ҳокимияти судӣ дар мамлакат мусоидат кард. Баҳри рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи онҳо як қатор барномаҳо, аз ҷумла «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 20152017» қабул гардид. Қаблан низ чунин барномаҳо амал мекарданд, ки дар асоси онҳо як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Чунончи, баланд бардоштани маоши судяҳо, фароҳам овардани шароити моддию маишӣ ва корӣ аз қабили таъмири биноҳои мавҷуда ва ба истифода додани биноҳои нави судӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо, таъсиси сомонаҳои интернетии судӣ, таъмини судҳои ҷумҳурӣ бо компютер аз ҷумлаи амалишавии ин тадбирҳо мебошанд. Ислоҳоти судӣ дар мамлакат зина ба зина идома дорад. Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии судяҳо, инчунин кормандони дастгоҳи судҳо тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31 марти соли 2003, таҳти рақами 150 дар назди Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ Маркази таълимии судяҳо ташкил карда шуд, ки солиёни зиёд дар таҳкиму баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ саҳми арзанда гузошта истодааст. Тавре аз факту рақамҳо бармеояд, Истиқлолияти давлатӣ баҳри ташаккул ёфтану инкишофи ҳокимияти судӣ дар мамлакат нақши аввалиндараҷа гузошта, онро то ба сатҳи байналмилалӣ расонид. Дастуру супоришҳои Сарвари давлат мо - кормандони мақомоти судро вазифадор мезозад, ки баҳри таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши мақомоти судӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бештар саъю кӯшиш намоем.
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
12
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №14 (9440), 7 апрели соли 2016
Шодихони НАЗАР Фотима ва Зуҳро 16 сол мешавад, ки ба варзиш машғуланд. Ин гурдофаридҳои давр давоми фаъолияти варзишии худ тавонистанд ба дастовардҳои зиёди соҳа мушарраф гарданд. Ҳар ду ҳам варзишро аз рӯи намуди Таэквандо ИТФ оғоз намудаанд. Аз ҷиҳати қаду баст, вазн, шаклу шамоил, тарзи либоспӯшӣ фарқ гузоштан миёнашон мушкил аст. Танҳо баъди суҳбат бо онҳо мушоҳида намудем, ки Фотима нисбати Зуҳро камтар шармгин ва оромтабиат аст. Аз сабаби он ки ҳар ду бо либосҳои якхела мегарданд, барои онҳоро аз якдигар фарқ кардан дар рафти суҳбат ба яке нишона гузоштем. Суҳбати мо аз ҳамин савол оғоз ёфт. - Варзиш ба Фотима ва Зуҳро чӣ дод ва онҳо дар навбати худ барои варзиши кишвар чӣ карданд? Зуҳро: - Варзиш дар баробари саломатӣ ба мо обрӯ дод. Варзиш моро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуд, моро ҷаҳондида кард, варзиш ба мо дарси ҳаёту одамгарӣ омӯхт. Ҳамин нишонаҳо ва ҷазобияти варзиш буд, ки мо худро аз варзиш дур тасаввур карда натавонистем, ин сабаб гардид, ки парчами кишвар дар чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ парафшон гардид. Албатта ин дастовард моро қаноатманд намекунад ва кӯшиш мекунем, ки ба хазинаи варзиши кишвар беҳтарин дастовардҳоро ворид созем. - Варзишро интихоб намуданатон ба чӣ хотир буд ва кӣ пештар ба тамрин оғоз кард? Фотима: - Модарамон табибанд ва моро ба хотири саломатӣ ба варзиш ҷалб намуд. Аз сабаби он ки дар оилаамон писар набуд ба хотири муҳофизати худ чор апаю хоҳар ба варзиш машғул шудем. Дар аввал шавқи ман ба варзиш аз Зуҳро дида камтар буд. Як рӯз танбалии Зуҳро сабаб гардид, ки ман ба варзиш машғул шудам. Зуҳро аз дарс дер омад ва либосҳои варзишии худро ба ман пушонида маро маҷбур кард, ки ба ҷои ӯ ба тамрин равам. Вақте ман вориди толор шудам, ҳама маро Зуҳро гуфта суҳбат мекард. Аз сабабе ки ягон усули таэквандоро намедонистам мураббиямон маро сарзаниш мекард, ки имрӯз ба ту чӣ шудааст, ки оддитарин усулро иҷро карда наметавонӣ. Аз эродҳои зиёди мураббӣ гириста ба хона баргаштаму Фотимаро сарзаниш кардам, ки маро куҷо равон кардӣ? Баъди ин ҳодиса шавқи ман ба варзиш бедор гашт. Вақте мо ҳар ду ба толор рафтем,
мураббӣ моро дида, пай бурд, ки дирӯз ман ба ҷои Зуҳро ҳозир шудам. - Дар лаҳзаҳои берун аз варзиш ҳам аз монандии якдигар истифода кардаед? Зуҳро: - Ин гуна ҳолатҳо ба мо зиёд рух додааст. Вақти таҳсил дар мактаб дарсҳоро байни ҳам тақсим намуда, ба ҷои якдигар ҷавоб медодем. Баъдан ин амали моро муаллима фаҳмида, моро аз якдигар ҷудо мешинонд. Дар донишгоҳ ҳам. Ҳарчанд ихтисоси мо фарқ мекард, дар дарсҳои якдигар медаромадем. Вақте бо ҳамкурсони Фотима менишастам онҳо савол медоданд, ки чаро имрӯз хомӯш? - Давоми фаъолияти варзи-
Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ чӣ эҳсосот шуморо фарогир аст? Зуҳро: - Дар ҳама варзишгарон ин эҳсосот якҷониба бошад, барои мо ин як баробар нисбати дигарон зиёд аст. Дар ҳолате ки ба хотири ман ё Фотима парчами кишвар парафшон гардаду суруди миллӣ садо диҳад, ҳамон ҳолате, ки Фотима дар минбари ифтихорӣ аз сар мегузаронад, маро ҳам фаро мегирад, ки тасвираш душвор аст. Танҳо ҳамон варзишгаре эҳсосаш мекунад, ки дар минбари ифтихорӣ будааст. Варзишгар солҳо заҳмат мекашад барои як лаҳза ва ҳамон лаҳзае, ки тақрибан ду ё се дақиқаро ташкил медиҳад. Баъди садо додани суруди миллию парафшон шудани
Фотима ва Зуҳро:
Барои гуноҳи якдигарамон сарзаниш мешунидем шиятон дар мусобиқа бо якдигар муҳориба кардаед? Фотима: - Аз сабабе, ки мо дар як вазн қувваозмоӣ мекардем, аксар мусобиқаҳо дар давраи финалӣ бо якдигар муҳориба кардаем. Дар ҳама ҳолат қувваҳо баробар буд. Аз ин рӯ, ҳам барои мо ва ҳам барои доварон ғолибро муайян кардан мушкил буд. Дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ мураббиён давраи финалиро ба худи мо вогузор мекарданд, то ба хулосае омада, ғолибро муайян кунем. Дар ҳолати ба мо вогузор шудан мо дастовардҳои пешинаамонро шуморида, аз касе камӣ кунад, барои баробар шудан яке муҳорибаро ба дигар медиҳем. Ҳамин сабаб гардидааст, ки чӣ дастоварде, ки Зуҳро дар сатҳи ҷумҳурӣ дорад ман ҳам дорам. Танҳо дастоварҳои мусобиқаҳои берунӣ аз якдигар фарқ мекунанд. -
парчами кишвар аз тамоми мушкилоту ноумедиҳо орӣ мешавад. - Аз мусобиқаҳое, ки бо якдигар муҳориба кардед, хотирмонтарин барои шумо кадомаш буд? Фотима: - Мусобиқаи Осиёӣ буд, бо Зуҳро ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфтем. Вақти ҷудошуда ба анҷом расиду ҳисоби холҳо баробар буд. Дар вақти изофавӣ ҳам мо натавонистем бартариро муайян кунем. Сардовар баъди оне, ки фаҳмид мо апаю хоҳар ҳастем, хулоса бароварданро ба мо вогузошт. Дар рӯи майдон ҳар ду нишаста, тариқи қуръапартоӣ, ки аз кӯдакӣ бо ҳамин усул мушкилиҳои баҳсбаранезро ҳал мекардем, ба хулоса омадем ва ман бозиро ба Зуҳро додам. Ин хотирмонтарин лаҳзаҳои варзишиямон аст, ки тамоми намояндаҳои дигар кишвар гирди гилеми варзишӣ ҷамъомада, қуръапартоии моро тамошо мекарданд, то кӣ муҳорибаро ба кӣ мебахшад. - Барои шавҳар кардан ягон нақша ҳаст? Зуҳро: - То ҳол фикри ба шавҳар баромаданро накардаем. Ягон нақша ҳам надорем, ҳамаро аз насиб мебинем. Дар соли 2016 якчанд мусобиқаи муҳим аз рӯи намуди кикбоксинг гузаронида мешавад, ки аз ҳозир саркарда ду вақт тамрин карда истодаем ва кӯшиш мекунем, ки дар ин мусобиқаҳо парчами кишварро дар зинаҳои ифтихорӣ парафшон намоем. - Ҳолатҳое шудааст, ки Фотима гуноҳ карда бошаду Зуҳро ҷазо гирифта бошад ё баракси ҳол? Зуҳро: - Ин гуна ҳолатҳо дар хурдӣ зиёдтар рух медод. Дар кӯча Фотима ягон писарбачаро латукӯб мекард модари ӯ маро дошта сарзаниш мекард ё баракс. Ҳарчанд мегуфтам, ки он Фотима буд, моро бовар намекарданд. Зеро фарқ миёни мо гузошта наметавони-
станд. Ин замонҳои хурдӣ буд. Вақте мо аз нозукиҳои варзиш огаҳ шудем, муаллимон ҳамеша таъкид мекарданд, варзишро барои манфиатҳои шахсиямон истифода набарем. Баъди донишҷӯ шудан буданд писарони аз тарбия дуртар, ки гапҳои подарҳаво зиёд мегуфтанд. Бо якеаш ҷанҷол шудем ва пагоҳаш модарашон донишгоҳ ба сари ман омад, ки писарамро кадом духтаре латукӯб намудааст. Ин ҳолате буд, ки аз замони ба варзиш машғул шуданамон якумин бор аз ман шикоят карданд. - Дар баробари варзиш шуғле ҳаст, ки ба он ҳам машғул шавед? Фотима: - Дар оила баробари варзиш моро дар роҳи илм ҳам сахт мегирифтанд, бо Зуҳро мактаби миёнаро бо
шаҳодатномаи аъло ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо дипломи аъло ва ихтисосҳои муҳосиб ва барномасоз хатм намудем. Аз рӯи ихисосҳои хатмкардаамон кор мекунем ва тамрин ба кори мо ягон монеа эҷод намекунад. Дар оянда баъди оиладор шудан ҳам тасмим гирифтаем, ки аз
варзиш дур намешавем. - Ҳамчун варзишгари касбӣ ояндаи варзиши кишварро чӣ гуна мебинед? Зуҳро: Дар бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок мекунем, тамринҳои дастаҷамъона мегузаронем ва мебинем, ки варзиш дар кишварамон нисбати солҳои пешин тараққӣ кардааст. Баъди иқдоми пешгирифтаи Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои варзишгарон мо бо масъулияти дучанд ба мусобиқаҳо сафар мекунем. Вақте дар мусобиқаҳои берун ҳунарнамоӣ мекунем, ифтихори зиёда аз 8 милион аҳолиро ба зима дорем. Ин фурсатро истифода намуда, ба Ҳукумати кишвар миннатдории худро мерасонем, ки мо варзишгаронро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд ва ба ин ғамхориҳо ваъда медиҳем, ки ҷавоби сазовор гардонем.
- Саломату сарбаланд бошед. Ба шумо муваффақияту комёбиҳои нав ба нав орзумандем. Ташаккур барои, суҳбати самимӣ.
ПОЧТАИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №14 (9440), 7 апрели соли 2016
Пас аз шикасти низоми сотсиалистии Шўравӣ аз байн рафтани сарҳадҳои иттилоотӣ дар фазои иттилоотии кишварҳои пасошўравӣ мавҷҳои радиоӣ ва телевизионии мухталифи хориҷӣ ба ҳадде зиёд шуданд, ки мардуми ин кишварҳо дигар ба расонаҳои хабарии маҳаллӣ бовар намекардагӣ шуданд. Ин амал, албатта, ба низомҳои мухталифи ҷомеа бетаъсир нест ва нахоҳад буд, зеро васоити ахбори омма дар асри нав яке аз силоҳҳои пуриқтидор барои паҳн кардани хабарҳои дурўѓу иѓвогароёна мебошад. Яке аз чунин абзорҳои идеологиясоз Радиои Аврупои
Озод/ Радиои Озодӣ мебошад. Дар бахши «Стратегия ва ҳадаф»-и он зикр шудааст, ки: “Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ ... тавассути Конгресси Иёлоти Муттаҳида таъмини молӣ мешавад». Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки агар Амрико мехоҳад, Аврупоро озод кунад, пас ба чӣ хотир барои мардуми Осиёи Марказӣ барнома омода ва пахш мекунад? Ё мардуми Шарқ ҳам бояд аз рўи модели мардуми Ғарб зиндагӣ кунанд? Ҷавоби ин саволҳо одист: Амрико мехоҳад бо баҳонаи сохтани Аврупои озод мардуми дигар минтақаҳои ҷаҳонро бу шӯр орад ва аҳдофи худро амалӣ намояд. Дуруст аст, ки «аввалин қадам ба сӯи демократия дастрасии мардум ба иттилоот» аст, аммо ин назария барои мардуми Шарқ каме дигар аст. Дар ин ҷо минталитет ва мафкураву ҷаҳонбинӣ аз дигар минтақаҳои сайёра фарқи калон дорад, дар баъзе ҳолатҳо мухолифати ҷиддӣ мушоҳида мешавад. Бинобар ин сохтани демократияи ғарбӣ дар Шарқ комилан корӣ пастфитратӣ аст.
Ин радио баръакси аҳдофи зикрнамудаи худ амал менамояд, зеро «мусоидат ба густариши муносибатҳои наздик миёни кишварҳои минтақа ва кишварҳои демократии ҷаҳон» ин набояд бошад, ки тавассути як хабар ду кишварро ба ҳам муқобил гузорӣ ё кишварҳоро ба низоъ оварӣ. Масалан, санаи 25 марти соли 2016 дар хабаре, бо унвони «Сафири Украина: Савченко қурбони низоми худкомаи Русия шуд» омадааст: «Сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк ҳукми Надежда Савченкоро беадолатӣ дониста ва гуфтааст, ки ин халабони ҳарбии Украина «қурбони низоми худкомаи Русия шудааст». Чунин матлабҳои ҳангомаангез ва иғвогароёна дар сайти ин расона зиёданд, ки дар зеҳни хонанда ва мардум ангезишҳои манфӣ ба вуҷуд меоранд. Бинобар ин, фаъолияти радиои «Озодӣ» ва сомонаи он дар кишварҳои минтақа, аз ҷумла, дар Тоҷикистон бештар бар зарари манфиатҳои миллӣ аст. Фозили Фароруд, журналист
Ҷавони накукор Комрон аз боғи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ - Сафар Амиршоев гузашта бисёр ғамгин шуд. Ба худ гуфт: Наход хотираи родмарди Ватан чунин пос дошта шавад? Роҳравҳои боғ монанди пушти уштур чуқуру пастӣ дошт, тахтаҳои нишастгоҳҳо шикаста, як гӯшаи фаввора канда, дохили он пур аз партов шишаҳои пластикии машрубот буд. Хулас як манзараи даҳшатнок ба чашми бинанда менамуд. “Бояд Ватанро обод карда, хотираи қаҳрамонро пос дошт”,- гуфт Комрон. Ба хона омада аҳволро ба аҳли оила шарҳ дода, маслиҳат намуд, ки чӣ шавад агар боғро обод карда, ба макони истироҳати сокинон табдил созем. Аҳли оила аз пешниҳоди ӯ бисёр хурсанд шуда, розигӣ доданд. Падар гуфт, ки Комрон рафта ин маслиҳаташро бо раиси шаҳр Хайруллои Амонулло низ дар миён гузорад... ранг мекардем, падарам ҳамроҳи Абубакрҷону Усмонҷон ба андова кардани девор машғул буданд, нохост аз куҷо пайдо шудани раисро ҳис накардем. Ӯ болои сари мо истода ба кори мо назар мекард”,ёдовар мешавад Комрон. Он шаб чашмони Комрон ба раиси шаҳри Кӯлоб афтода, зуд одоби саломуалейкро ба ҷо овард. Сипас, падарашро хабар дод: Ота раис омадааст! Муйсафед барои вохӯрӣ ба назди раиси шаҳр омада, салому ҳолпурсӣ карданд. Раис ҳам баъд аз ҳолпурсӣ аз мӯйсафед пурсид, ки оё то рӯзи Ғалаба тамом мекунанд? Мӯйсафед парешонхотирона ба садои ғамгин ҷавоб дод, агар маро халал намерасоноданд 10 рӯз пеш корро ба итмом мерасондем, лекин шумо ба писарам - Комронҷон бовар кардед, мо боварии шуморо аз даст надода, меҳнат мекунем ва Худо хоҳад пеш аз рӯзи Ғалаба корро анҷом медиҳем. Хотири раис ҳам аз суханони мӯйсафед тира гашт. Пурсид: - Ба кори шумо кӣ халал мерасонад? - Прократура, андоз, экология талаб доранд, ки то қарори шаҳрдориро наоред кор накунед. Раиси шаҳр бо чеҳраи гирифта аз назди мӯйсафед ва писаронаш рафт. Ҳоло баъд аз он ташрифи раиси шаҳр дигар касе ба мо халал намерасонд. Фақат ду-се намояндаи ҳукумат аз кори мо хабардор
шуда раҳматамон мегуфтанд. Баъди итмоми корҳо бори дигар аҳли ҷамоат, донишҷӯён ва коркунон шанбегӣ гузаронида, дар рӯбучин ва партофтани партовҳо кӯмак расонданд. Комрон пасон ба ҷумҳурии халқии Хитой рафта, бозичаҳоро ба истироҳатгоҳи кӯдакон оварда, ба боғ васл намуд. Ногуфта намонад, ки таъмиру тармими боғ аз ҳисоби маблағи оила сарф шудааст. Хулас то рӯзи Ғалаба боғ таъмир ва ба хизмати сокинони шаҳри Кӯлоб дода шуд. Комрон бо раиси кордон маслиҳат карда, хизматрасониро ба кӯдакони маҷруҳ ва оилаи маҷруҳон ройгон намуд. Аз ҳисоби худаш ду фаррош ва як боғбонро маош ҷудо карда ба кор гирифт. Ҳоло мехоҳад, ки то 10 ҷойи кории холӣ барои сокинон ташкил намояд. Мутахасисон корашон мавсимӣ аст. Мушкил он аст, ки вақти зимистон боғ бесоҳиб мемонад. Баъзеҳо қандилҳоро шикаста қариб 50 метри симҳои электирикиро ба яғмо бурдаанд, ки боиси душвориҳои корӣ мегардад. “Аз сокинон хоҳиш менамоям, ки ба қадри меҳнати мо бирасанд, охир ин макон барои истироҳати кӯдакон - дорару хоҳарони мову шумост. Ҳамватанони азиз, барои ободии ватан бикӯшед, ободиҳоро хароб насозед меҳнати коргаронро насӯзонед”,- таъкид мекунад Комрон. Темури ЛАТИФ, ш. Кӯлоб
Боғдорӣ давои афсурдаҳолист Дар шумораи №11-и рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” чашмам ба мақолаи “Солимӣ хоҳед, ниҳол шинонед” афтоду онро аз аввал то охир мутолиа намудам. Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Шамс Назаров ҷавононро ба ниҳолшинонӣ тарғиб намуда, аҳамияти боғу дарахтзорро аз нигоҳи илмӣ баён кардааст. Ман 45 сол дар муассисаҳои гуногун, аз қабили муассисаи роҳсозии ДЭУ-21, иттиҳодияи “Тоҷикводстрой”, хоҷагиҳои “Шоҳамбарӣ” ва ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор кор кардаам. Тайи ин солҳо ғайр аз шуғли асосиам (муҳосибӣ) ба боғдорӣ низ машғул будам. Дар ҳақиқат боғдорӣ беҳтарин доруи зидди афсурдаҳолист. Олимони Нидерланд исбот намудаанд, ки боғдорӣ аз дилхоҳ доруҳои антидепрессант (зиддиафсурдаҳолӣ) беҳтар мебошад. Аз ин маълум мешавад, ки ҳангоми машғул шудан ба боғдорӣ на танҳо серию фаровонӣ, балки саломатии аҳли ҷомеа низ беҳтар хоҳад гашт. Шамс Назаров дарахтонро “муҳофизи замин” номида, таъкид карааст, ки шохаву барги дарахтон хокро аз шусташавӣ эмин дошта, фарсудашавии заминро пешгирӣ мекунанд. Ин манзараро дар деҳаҳои Қамчин ва Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ дидан мумкин. Дар ин деҳаҳо ҷое, ки дарахтзор аст, аз ярчфуроӣ ва ҷаршавӣ эмин гаштаанд. Имрӯз баъзе ҷавонони деҳот зироаткорию боғдориро ба худ ор дониста, ба ҷустуҷӯи кор ба дигар ҷумҳуриҳо мераванд. Ҳол он ки боғдорӣ, чи лалмӣ бошад, чи обӣ, ба баландшавии сатҳи зиндагии сокинони деҳот мусоидат мекунад. Агар боғдорон 4-5 қутти занбӯри асал ва 5-6 чорвои хурду калон дошта бошанд, зимистону тобистон бекору бемаош намемонанд. Дар рӯзномае хонда будам, ки боғу токпарварӣ завқи зебоипарастии инсонро баланд ва зеҳну хотираашро қавӣ мегардондааст. Олимони Пажӯҳишгоҳи омӯзиши мағзи сари ИМА ба хулосае омадаанд, ки ба боғдорӣ машғул шудан фаъолияти мағзи сарро беҳтар намуда, хотираро қавӣ ва рагҳои хунгардро мустаҳкам мегардонад. Дарахтон ҳар сол ҳазорҳо тонна чангу ғубори ҳаворо ба худ кашида, ба мо ҳавои тоза мебахшанд. Барги дарахтон тирамоҳ ба замин афтода, хокро мисли чатр аз зарбаҳои сахти резаҳои борон эмин медоранд. Аз ин рӯ, дар он ҷое, ки дарахту буттаҳо зиёданд, чашмаҳо сероб буда, оби дарёчаҳо софу зулол мешаванд. Муҳаққиқон муайян кардаанд, ки ашхоси ба боғдорию гулпарварӣ машғулбуда кам бемор шуда, умри дароз мебинанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем. Чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба МодарВатани худ содиқона хизмат мекунанд”. Боварӣ дорам, ки ҷавонони мамлакат ба парвариши гулу бутта ва ниҳоли дарахтон бештар таваҷҷуҳ намуда, дар тозагии обу ҳавои Ватан ва фаровонии бозорҳои мамлакат ҳисса мегузоранд. Тағоймурод НОЗИМОВ, сокини ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор
www.javonon.tj
Камрон ба утоқи кории шаҳрдор даромада, пешниҳодашро ҷиҳати обод кардани боғ арз кард ва маслиҳат пурсид. Роҳбари нуктасанҷу ободкор аз пешниҳоди ҷавон бисёр хурсанд гашта, гуфт: «Аҳсан ба чунин ҷавонони ташаббускору ободгар. Комронҷон ман тарафдори шумо. Агар ёрӣ даркор шавад, ҳукумати шаҳр дар ин кори хайр тайёр кӯмак мекунад». Аз суханони ӯ руҳбаланд гашта, ба кор сар кард. Бо ҳамроҳи дӯстон ва аҳли оила аз тоза намудани дохили боғ аз партавҳо сар карданд. Партовро бо мошини падараш бор карда, дар партовгоҳ бурда партофтанду дохилро духтарон рубучин намуданд. Сипас санги калону регу семент оварда, чуқурҳоро пур, кандаҳоро дарбеҳ ва шикастаҳоро пайваст карданд. Қариб 15-20 метер помонакҳоро сементпуш карданд. Ҳатто шабҳо ба равшании чароғи мошин бо шавқ роҳравҳоро дуруст мекарданд. Инчунин, наздики 700-800 метр роҳравҳо бетонпӯш шуданд. Нишастгоҳҳоро таъмир карданд. Боз 500 адад сафолак оварда, ҷойҳои кандашудаи фавораҳоро барқарор карданд. Гоҳо аз бебарқӣ бо дастгоҳе, ки тавассути сӯзишворӣ барқ медиҳад (движок), кор мекарданд. “Як шаб тақрибан соатҳои дуи шаб буд. Ҳама машғули кор будем. Ману Ҷовидон атрофи фаввораро
ҲАМОВОЗӢ
е-mail: javonontj@mail.ru
Радиои “Озодӣ” - зидди манфиатҳои миллӣ
13
е-mail: javonontj@mail.ru
14
Дар маҳфили шеъру мусиқӣ, дар маҳфиле, ки дӯстон шеърхонию латифагӯӣ мекарданд, аз ифтихороту аз зебоиҳои фарҳангу миллат ёд мекарданд ва завқ мебурданд, Муҳтарам Ҳотам гирифтаву дарҳам буд. Аҳвол пурсидем. Як табассуми дардолуде карду гуфт, “он чизе аз ифтихороти инсонӣ мегӯем, имрӯз барои ман зери шубҳа меравад. Он чи ки имрӯз дар Покистон, Ироқу Сурия сурат мегирад, бисёр дардовар аст. Ин зуҳурот маро андӯҳгин карданд ва оқибат шеъре гуфтаам”. Муҳтарам аз ҷайбаш шеърашро баровард, ки «Буқаламунодам» ном дошт ва қироат кард. Ин шеър маҳфилро ба муҳити комилан дигар бурд, ки аз лутфу шеъру зебоӣ ба сӯи андеша, ба сӯи даҳшату дардҳое, ки дар кишварҳои мазкур сурат мегирад ва азбаски имрӯз ҷаҳон фишурда ҳаст, фосилаи ҷуғрофӣ тақрибан, ки аҳамияти дигар пайдо намекунад, интернет инсонҳоро ҳамнафаси қарин кардааст, чӣ дар Шарқ, чӣ дар Ғарб, чӣ дар Ҳабашу чӣ дар Ҳинд. Дар шеъри Муҳтарам аз ҷумла чунин сатрҳо омадааст. Оқибат дар зоти худ мирад паланг, Шеру хар мурдан варо бас ҳаст нанг. Лек танҳо одамиро ин бувад, К-аз сифоти хештан берун равад. Одамӣ болад чу аз «шеринарӣ», Шер безор аст аз одамгарӣ. Қасди ҳайвон зоҳир асту ошкор, Қасди одам шуд нуҳуфта, ҳуш дор. Аз дили ман мегузашт, ки воқеан агар курраи замин битаркад, пораҳои нахустини он аз дили шоир мегузарад. Ин як мисоли бисёр содда аст, ки дар саросари эҷодиёти Муҳтарам Ҳотам равшан ба назар мерасад, яъне ҳамнафаси замона будан, ҳамдаму ҳамдарди миллати хеш ва ҳам башарият. Дар шеъре ки ба ёди шаҳидони зилзилаи Ҳоит гуфтааст, эҳсос мешавад, ки дардҳои миллат, дардҳои гузаштанӣ нестанд.
Нуруллоҳи ОРИФ
Он рӯзу маҳу сол чӣ гуям, ки чӣ шуд Бедод аз он ҳол чӣ гӯям, ки чӣ шуд Гар равғани чилсола даво хоҳад буд Аз ғуссаи чил сол чӣ гуям, ки чӣ шуд. Воқеан шоир, ки ҳамеша дар набзу нафасаш хушнудиву андуҳи миллат ҳамроҳаш ҳаст, ҳатто баъди чил сол ҳам ҳеҷ вақт, ҳеҷ маъҷуну равғане ғами чилсола дарди миллатро дар вуҷуди шоир, дар дили шоир даво карда наметавонад. Шеъре дорад ки гуё, назирае ҳаст ба шеъри устод Лоиқ, ки аз ҷумла гуф-
Аз хоки тарабноки Ватан ёд кунем. Вақте аз ваҳдат шеър мегӯяд, бисёр заминӣ, бисёр коромад мегӯяд. Ҳамдилӣ, ҳамбастагиву ҳамсадоӣ, ваҳдат аст Меҳрубонӣ, ғамгусорӣ, ошноӣ, ваҳдат аст. Оҳангҳои ватандӯстӣ бисёр қавӣ ҳастанд. Дар шеъри Муҳтарам Ҳотам «Ориёно - Тоҷикистон» ин эҳсос барҷаста тавсир мешавад:
Шеъри ватаншиносӣ
Назри ЯЗДОНӢ
Баҳри тоҷик зери чархи чанбарӣ, Гарчи нест осон Бухороофарӣ, Ту Бухорои шарифи дигарӣ, Эй Душанбе, мазҳари эҷод бош.
Вақте аз Роғун сухан мегӯяд, ба асолати бисёр қадимӣ бармегардад. Ту эзади рӯдҳои дунёӣ, Вахш, Шоистаи бас дуруди дарёӣ, Вахш, Донам ба яқин, ту аз Авасто оӣ, Аз домани кӯҳсори Асто оӣ.
Дар бораи забони тоҷикӣ низ сурудааст: Зи тоҷикӣ дариву форсӣ ҷӯй, Ки ин серо бувад, бешак яке рӯй. Аз ин се дона гул ояд яке бӯй, Якеро се магӯ, серо яке гӯй.
Эй Вахш, ту дарёӣ гуҳарволоӣ, Аз саргаҳи таърихи башар меоӣ. Ту рӯди муқаддасӣ, ниёиш бар ту, Эй дар лаби ман шеъри ситоиш бар ту.
Воқеан ҳак ба ҷониби шоир аст. Дар рӯзгоре, ки мо дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ ҳастем ва мардуми ҳар миллат дар андешаи шинохти қавитари хештан ҳаст, шоир ба ваҳдати фарҳангӣ, ваҳдати таърихӣ, ваҳдати инсонӣ даъват мекунад, ки «Якеро се магу серо яке гӯй».
Боз ҳам аз ваҳдат, ки мегӯяд, бисёр ширин аст. Дар шеъри «Ҳафт миллион саф бикаш» мегӯяд:
Ҳодисаҳое, ки имрӯз аз сари мо мегузаранд, дар шеъри Муҳтарам Ҳотам тасвир мешаванд, яъне шеъраш ҳамнабзу ҳамнафаси замон аст. Аз ҷумла он чи ки аз сари муҳоҷирони меҳнатӣ мегузарад. Шеъре дорад ба шакли мусаллас: Се сол шуда муҳоҷири кор шудем, Дар мулки Расия зору афгор шудем, Дар шаҳри мусофирӣ басе хор шудем. Аз чашмаҳаки поки Ватан ёд кунем, Аз сангу гулу хори Ватан ёд кунем,
Асло намешавам ҷон, Сер аз ҳунарнамоит. Эй дузди ақли инсон, Шодам аз ошноит.
Файзимади НАЗАР, муаллими МТМУ №56-и шаҳри Ваҳдат
Дар дида чун паранда Бо ғамза мешитобӣ. Чашмот чашми оҳу, Рухсора моҳтобӣ.
Дар эҷодиёти Муҳтарам Ҳотам, ки
Модари азиз
Аз дегдони чашмат Оташ занад аланга. Дар бурҷи осмон ҳам Рақсӣ ба рӯи танга.
Мастона
Аз кишвари Ориё ба диққат гуфтам, Аз фоҷиаи Миё ба риққат гуфтам, Чашме набувад ба диду гӯше ба шунид, Ҳарчанд, ки ман ҳама ҳақиқат гуфтам.
Яку дуву севу чору панҷу шаш, Ҳафт миллион, ҳафт миллион саф бикаш! Ҳафт миллион дил ба як зарбу маром, Ҳафт миллион тан ба як назму низом. Ин Ватан обод бошад то абад, Халқи мо дилшод бошад то абад! Боргоҳи нур бодо ин Ватан, Шоҳроҳи нур бодо ин Ватан!
Саргузашту сарнавишти мо туӣ, Тору пуде дар сиришти мо туӣ, Андар ин олам биҳишти мо туӣ, Эй Душанбе зинда бошу шод бош.
тааст: Субҳе ба тоҷи бе сари миллат гиристам, Дар вожгуна минбари миллат гиристам. Дидам, ки лавҳа мезанад бар мазори худ, Биншаста дар баробари миллат гиристам.
дар осори таҳқиқотиаш, чӣ дар шеъраш ҷанбаи муҳаббат ба маданияти бостон, муҳаббат ба тамаддуни Ориёӣ - тоҷикӣ ва ифтихор аз ин тамаддуни ҷаҳонгир бисёр барҷаста аст, аз ҷумла як силсилаи рубоиҳо дорад. Ин силсила унвони «Сарзаминҳои бобоӣ» гирифтааст, унвонҳои ҷойҳову шаҳрҳои таърихӣ, ёди бузургони миллат, ки ифтихороти мо ҳастанд, дар як низом омадаанд, ки барои донистан барои наздик шудани миллат ба асолати миллии худ ва таърихи худ, ба андешаи мо, бисёр аҳамият дорад. Ин силсилаи рӯбоиҳо хеле зиёд ҳастанд. Мегӯяд: Дилбастаи дашти Ориёно будам, Парвардаи оби Ориёнорӯдам. Ман сина ба дасти Ориёно судам, Обу хокаш ба шеъри тар бистудам.
Шоир силсилаи рӯбоиҳо дорад бо номи «Обу рӯшноӣ», ки албатта баргирифта аз он ҳикмати мардумӣ аст, ки «Об - рӯшноӣ» гуфта мешавад. Дар ин силсила тақрибан тамоми чашмаҳо, руду дарёҳое, ки дар қаламрави Ориёни таърихӣ ва Тоҷикистони имрӯз ҳастанд, номбар мешаванд. Бо як сабки зебо, сабки дилнишин аз ҷумла мегӯяд, ки: Обам додӣ зи чашмаи Файзобод, Як қатра намонда мехурам ҳарчӣ бод! Ман ташнаи чашмаҳои Файзободам, Он косаи об кай равад аз ёдам. Бубинед, Шамбариро чӣ гуна тасвиру тавсиф мекунад. Бар чашмаи оби Шанбарӣ бод сано, Бар чашмаи Мушку Амбарӣ бод сано. Ин оби шифо балки бувад оби ҳаёт, Обест, ки Хизр ёфта дар зулмот.
Эй модари азиз, ки умрам давоми туст, Ҳар рӯзу ҳар шабам асари субҳу шоми туст. То набз муътадил тапад аз эътидоли давр, Худ интизоми чарх нишон аз низоими туст. Қуръон далели қавли худованди меҳрубон, Яъне, чунин шариф бароям камоли туст. Бо хидмати Ватан биниҳам ҷону тан гарав, Дар роҳи орзу, ки моро аз мароми туст. Доим ба гӯш гӯиё ту алла хониям, Қойим садову савти ман аз ҳар мақоми туст. Аз андаке гунаҳ, ки зи нофаҳмиҳо кунам, Гар эҳтиёт кардаам, аз эҳтироми туст. То кулчаҳарф мепазам андар танури дил, Гар шеъри пухта гуфтаам, аз шири хоми туст. Гум бод номи Файз, ба кас гар бадӣ кунад, Гар номи нек монадаш, аз поси номи туст....
(Ба Мастона Собирова, ҳунарманди сирки тоҷик) Моро ба як тамошо Мастона, маст кардӣ. Афсуни ишқ хонда, Бонупараст кардӣ.
www.javonon.tj
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №14 (9440), 7 апрели соли 2016
Ватан – Модар
Аё дилбар
Ватан – модар чу ҷонӣ аз бароям, Суруди меҳри покат месароям.
Аё дилбар, туро ман ёд кардам, Зи ғамҳои ту ман фарёд кардам.
Бигирам гарди хокатро ба мижгон, Сафои гавҳари чашмам физоям.
Чаро парвои дардамро надорӣ? Ба қалбам қасри ғам бунёд кардам.
Агар ояд аду бар қасди ҷонат, Нахустин ҷоннисору ҷонфидоям.
Нишастам дар сари роҳат саҳаргоҳ, Бароят шеьри нав эҷод кардам.
Ту то ҷовид монӣ зери гардун, Дари субҳи саодатро кушоям. Ба дастам хомаю дафтар раҳораҳ, Ба васфат шеъри нав иншо намоям.
Бурун гардид аз тан ҷони Мискин, Бароят умри худ барбод кардам. Кароматулло САДИРОВ, ноҳияи Ҷалолиддини БАЛХӢ
САЙҚАЛИ ХОТИРА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №14 (9440), 7 апрели соли 2016
Матои нимабрешими рах-рах
Айбдоркунии беасос
Сифатњои ... ва нисбї
Ширкати мобилї бо раќами «919» Мошини «тољикони нав»
Фирўза …, сароянда
Баробарсин
Баландгуяк
Катя …, сарояндаи рус
Лаљом, љилав
Момоњаввои насрониён
Мева барои мавиз
е-mail: javonontj@mail.ru
Саросемагї Шањрак дар Ишора, њамсоягии рамз пойтахт
15
Њашароти хунхор «МерМуќобили седес«табиї» …»
Доми моњигирї «Стиморол» ё «Орбит»
Хости Доруи њашадил роткуш
Шањр дар наздикии ш.Хуљанд
Ихтироъ кардан
Нар- Дења, гов ќишлоќ
Яке аз чањор ёрони Расули Акрам (с)
Бародари Алибобои (афсона)
Дарё дар вил. Хатлон
Яке аз мазњабњои Ислом Донаи њар чизе
Банд, ќапќон, тўр Мо... шини Са«тангем»- фар, шакли шо«Дэу» ир
Њайвони бешагии «либосшўй»
Ба тар- Шамшери тиб да- махсус ровар- барои дашуда варзиш Шањри Ќизил-… дар Ќазоќистон
Њайвони тездавтарин
Ќабила, гурўњи одамон
Моњишўрбои русї
Давлат-љазира дар Амрикои Шимолї
Устоди Искандари Маќдунї
Номи модари Яке аз халќњои Муњаммад (с) Ќафќоз
Яроќи Токарев (ихтисора)
Пули металлї
Кифоя
Аспи Рустам
Шањр дар КўрнаЭрон, мак, зодгоњи Фирдавсї ношукр
Ќош
Дарёи муќаддаси њиндуён
Куб аз он 6-то дорад
Бародари калон
Пойтахти Латвия
Шањри таърихї дар Озарбойљон
Рамзи шоњї
Меваи тропикї
www.javonon.tj
Номи узви "Ѓарибшо-Компания"
... -Франсиско, шањр дар ИМА
Килограмм (мухтасар)
Навори магнитофон
Мошини нахустини шўравї
«Љаноб»и эронї
Яке аз мушкетдорони Дюма
Ба Худо шарик ёфтан
Пойтахти Чили
Лоиња ё контур
Мањсули эљоди адиб
Жанри мусиќии ѓарбї нокўфта
Модда, элемент
Навъи сабзавот
Сигори бефилтри Шўравї Узве, ки дандон ва забон дорад
Нуќси истењсолї (русї)
Волид Биринљи
Душман
Яке аз персонажњои "Шоњнома"
Аз туфанг мепарад
Картошкабирёни амрикої
Давлат дар Африќо
Персонажи асотири Юнон, писари Дедал
Ёсин, Фотиња ё Ихлос
Гунањгор
Онро бо шаст меќапанд
Шўриш, балво
Роњбарии Олимхон дар Бухоро Дарёи … + дарёи Фурот (Евфрат)= дарёи Шатал-Араб
Нопухта, ѓўра
Хонум, бегим
Муќобили «сармо»
Автомобили Чехия
Рўи њамвори чизе
Тамом, анљом
Навъи гўштин
Вобаста, рољеъ, дар хусус
Лаънатшуда Асбоби сардкунандаи муњаррики мошин
Дар навбати аввал
е-mail: javonontj@mail.ru
16
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №14 (9440), 7 апрели соли 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Профессор: - Аз зиндагии нависанда Самад Қамар нақл кунед. Донишҷӯ: - Вақте зан гирифт, асари “Биҳишти гумгашта”-ро навишт, вақте занаш мурд, романи “Биҳишти баргашта” эҷод шуд.
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857. АНДАРЗ
Ҳақназар ва мор Ҳақназар аз овони наврасӣ аз мор метарсид. Ин ваҳму ҳароси вай сабаб дошт. Боре ҳангоми машғулияти моҳидорӣ море ба пояш печида буд ва аз ҳамон замон ҳар гоҳе ки бо ин хазанда рӯ ба рӯ мешуд, мисли тир мегурехт ё санге аз замин бардошта, бо нафрати беандоза ба сӯяш меғуронд. Агар шабҳо нохост ин ҷонвари безабон ба хобаш медаромад, аз доду фарёдаш аҳли хонавода ба по мехест. Солҳо паси ҳам мегузштанд, вале эҳсоси тарс аз дилаш зудуда намешуд. Ҳамин ки Ҳақназар соҳиби оила шуд, волидонаш ба ӯ дар қитъаи нави замин манзили истиқоматӣ сохтанду ӯ ба балои дигар гирифтор шуд. Аз рӯзҳои аввали ба манзили нав кӯч бастанаш ба ҳуҷуми мушҳо дучор шуд. Ҳамаи чораҳои андешидааш натиҷа надод. На гурбаву доруи марги мушу қапқон, на тадбирҳои дигараш аз қабили сабаду сатилу тағора низ фоидае наовард. Аз тохтутози ҷонваракони бераҳм Ҳақназар сари калобаашро гум кард. Кор ба дараҷае расид, ки ин хояндаҳо на танҳо маҳсулоти хӯрокворию китобу дафтар, балки ба сару либосаш даҳон мезаданд. Як пагоҳӣ подабони деҳа Гурез - қаҳрамон (мардум
www.javonon.tj
Лутфи ҷавонӣ
ОБУНА - 2016
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
бинобар ҷавонмарди резапайкар буданашу ҳамеша дар лабонаш хандаро дида, ба ӯ ҳамин лақабро часпонда буданд) аз назди ҳавлии Ҳақназар гузашта, ҳоли зору мусибати ба сараш омадаро дида, раҳмаш омад. Аз чарогоҳ море дошта, ба нею нестони соҳиби хона нигоҳ накарда, ба хелчаи мушон сар дод. Гӯё ба лонаи ғоратгарон бомбаи атомӣ партофта бошанд, ки онҳо дар як замон ғайб заданд ва муносибати Ҳақназар бо ин хазанда як саду ҳаштод дараҷа тағйир ёфта, аз ҳамин лаҳза вай морро дӯст дошт. Муҳаббати ӯ ба ин ҷонвари безабон ба дараҷае афзуд, ки акнун дар бораи ин ҳомии табиат маълумот гирд меовард, афсона ва ҳикояҳоро оид ба мор бо рағбат мутоила менамуд. Ҳамин ҳодиса сабаб шуду шавқу завқи дар қалбаш ҷӯшида ӯро ба факултаи зоотехникии Донишгоҳи аграрӣ овард ва пас аз хатми ин даргоҳи илм ба Боғи ҳайвонот ба кор даромада, дар гӯшаи хазандаҳо ба тамошобинони сершумор аз фоидаи мор дар ҳифзи табиат қиссаву ривоятҳо нақл мекард. Зариф ҒУЛОМ, нависанда
***
Донишҷӯ аз ҳамсабақаш мепурсад: - Чанд имтиҳонро супурда натавонистӣ? - Ҳамроҳ бо имтиҳони пагоҳ панҷторо...
ЗОДРӮЗ МУБОРАК
Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар-2015-2016»
Фуруғ, ин духтари дустрӯяк, имрӯз зодрӯз дорад. Ӯро ба ин муносибат модараш Шаҳло, падараш Саъдӣ, хоҳараш Бону ва бобову бибиаш табрику таҳният гуфта, барояш тансиҳативу хотири болида, бахту толеи баланд ва саодати ҳамешагӣ орзу мекунанд.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008 «Оид ба тасдиқи Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехтар» идома дорад. Ташкилкунандагони озмун Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и ҶТ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд. Озмун аз рӯи бахшҳои зерин гузаронида мешавад: 1. Беҳтарин инъикоси фаъолияти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои минтақавию ноҳиявии он; 2. Беҳтарин инъикоси масъалаҳои пешгирикунии садамаҳои нақлиётӣ дар байни кӯдакон ва наврасон; 3. Беҳтарин нигошта дар бораи ҳаёту фаъолияти нозирони БДА; 4. Беҳтарин гузориши радиоӣ оид ба проблемаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва роҳҳои ҳалли онҳо; 5. Беҳтарин гузориши телевизионӣ оид ба проблемаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва роҳҳои ҳалли онҳо; 6. Беҳтарин мақолаҳои таҳлилӣ - тарғиботӣ дар мавриди технология муосири бехатарии нақлиёт ва лоиҳаи «Шаҳри бехатар» 7. Беҳтарин мақолаҳои таҳлилӣ - тарғиботӣ дар ВАО-и хориҷи кишвар
Эй Фурӯғи мо ҳамеша шод бош, Дар фазо чун кафтари озод бош. Дар нигоҳи пуршарори дӯстон Беғалат чун шеъри навэҷод бош.
ЭЪЛОН Тарабхонаи “САРЕЗ”, воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода-83/1, барои қабули пешхизматҳо озмун эълон менамояд. Ба озмун духтарони то 30сола даъват карда мешаванд.
Маводҳои чопӣ дар шакли асл ва нусхабардорӣ аз маводи батабърасида пешниҳод карда мешаванд. Маводҳои телевизионӣ дар ДВД-дискҳо, радиоӣ дар СДдискҳо бо замимаи ҳуҷҷатҳо бо нишондоди ҳаҷм /хронометраж/ ва муҳтавои мухтасари мавод пешниҳод карда мешаванд. Муаллифи маводи дар озмун иштироккунанда метавонад журналист, гурӯҳи эҷодӣ ё умуман ВАО бошад. Номи муаллиф (он) бояд дар аризаи иштирокчии озмун аниқ зикр гардида, аз тарафи роҳбарияти ВАО тасдиқ карда шавад.
Тел: 902901001, 939938097
Ба озмун дилхоҳ маводҳои жанри журналистӣ, ки дар давраи аз 1 августи соли 2015 то 20 июни соли 2016 дар матбуот ба табъ расидаанд ва ё тариқи телевизиону радио намоиш ва пахш гардидаанд, қабул карда мешаванд. Матолибро бо зикри мушаххаси номинатсия ба суроғаи зерин фиристодан лозим аст: Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ-16 (КТН «Шарқи озод»), ошёнаи 1, тел: 221-79-03;919 92 65 52.
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Патенти гумшудаи фаъолияти соҳибкорӣ (РЯМ 2130002848), ки Нозироти андози ноҳияи Ҳамадонӣ 1.01.2011 ба Шералиев Авазхон Сайнихолович додааст, эътибор надорад.
Дар ҳар номинатсия як ҷой муайян гардидааст. Ғолибон бо диплом ва мукофоти арзишманд сарфароз карда мешаванд.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
***
Баъди имтиҳон: - Супоридӣ? - Бале. - Чӣ пурсиданд? - Аз куҷо донам, бо англисӣ пурсиданд...
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7142 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»