javononi tojikiston/#15/2015

Page 1

Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо

№15 (9389), 16 апрели соли 2015

e-mail: javonontj@mail.ru

Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУЛОҚОТ Саҳифаи

2

ҲАФТ РӮЗ 09.04.2015 Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори ҶДММ «Тоҷ Экспо» ва Палатаи савдо ва саноат сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ ва тиҷоратии «Тоҷикистон, Баҳор-2015» баргузор гардид. Дар он маҳсулоти ватанӣ ва ғайриватании ширкатҳои истеҳсолӣ, аз қабили хӯрокворӣ, обкашҳо барои об, маҳсулоти ороишӣ, яхдонҳо барои мағозаҳо, масолеҳи сохтмон, энергетика ва саноати истихроҷи кӯҳӣ ба намоиш гузошта шуданд. 10.04.2015 Дар Донишкадаи молия ва иқтисод бо мақсади дастрас, шиносоӣ, таблиғу тарғиб ва ба мутолиаи китоб ҷалб намудани донишҷӯён ва дӯстдорони китоб ба адабиёти гуногунсоҳаи тозанашр намоиш ва фурӯши китобҳо доир гардид. 11.04.2015 Дар деҳаи Хонаободи ноҳияи Балҷувон осорхонаи наву замонавӣ ба фаъолият шуруъ кард, ки дар он асосан нигораҳои мансуб ба таърихи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба маъраз гузошта шудааст. 12.04.2015 16 шаҳрванди кишвар аз қаламрави Ҷумҳурии Яман, ки ноором аст, ба макони бехавф кӯчонда шуданд. 13.04.2015 Равобити ҳасанаи Тоҷикистон ва Швейтсария дар мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Мауро Рейна, сафири фавқулодда ва мухтори Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Мулоқоти Президент бо донишҷӯёни тоҷик дар Корея

14.04.2015 Дар шаҳри Душанбе маҳфили ёдбуди Муродуллоҳ Шерализода, аввалин сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” баргузор шуд. 15.04.2015 Бахтовар Сафаров, ҷавонтарин вакили парлумони кишвар, раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.

ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9389), 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

Саҳифаи

131


ҲАМКОРӢ

Пешниҳоди боз як даҳсолаи об аз ҷониби Президент 12 апрел Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об суханронӣ намуд.

Форуми мазкур дар маҷмааи биноҳои Экспо Кореяи шаҳри Дегу бо иштироки қариб 35 ҳазор нафар аз 170 кишвари ҷаҳон доир гашт. Хотиррасон бояд намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” аз ҷониби маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2005-2015 эълон гардида буд ва инак соли даҳум аст, ки чорабиниҳои ҷаҳонии вобаста ба об дар дунё барои татбиқи амалии нишондодҳои ҳамин ибтикор ҷараён мегиранд. Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об суханронӣ намуда, бори дигар таваҷҷуҳи аҳли башарро ба масъалаҳои ҳалталаби глобалӣ вобаста ба оби тозаи ошомиданӣ ҷалб намуд. Бо такя ба арзёбиҳои муътамад, аз ҷумла, зикр гардид, ки “аллакай дар соли 2030 тақрибан 50 фоизи аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор омада, то соли 2050 камбуди об шиддати бештар пайдо хоҳад кард”. Президенти ҷумҳурӣ таъкид дошт, ки “...

самти муҳими фаъолияти минбаъдаи мо бояд ба сӯи иқтисоди «сабз» равона карда шавад ва дар ин арса захираҳои об ба ҳайси манбаи таҷдидшавандаи нерӯи барқ бояд мавқеи арзанда дошта бошанд”. Бо таассуф зикр гардид, ки “имрӯз ҳиссаи нерӯи барқи обӣ дар истеҳсоли ҷаҳонии нерӯи барқ тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест ки аз имкониятҳои аз лиҳози иқтисодӣ фоиданоки гидроэнергетикӣ ҳамагӣ 45 фоиз истифода мегардаду бас”. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳамбастагии «об – нерӯи барқ – озуқаворӣ» метавонад дар тавлиди нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ безарар, рушди иқтисоди сабз, ҳифзи покизагии табиат ва муҳити зист, пешгирӣ аз гармшавии иқлим ва таъмини минтақаҳои фарох бо оби тозаи ошомиданӣ саҳми намоёну муассир ва ибратбахш дошта бошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон олимону коршиносон ва сармоягузорони ҷаҳонро ба иштирок ва саҳмгузорӣ дар истифодаи босамари

захираҳои фаровони обии Тоҷикистон ба нафъи мардуми минтақа даъват карда, пешниҳод намуд, ки барои 10 соли пас аз соли 2015 Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад. Изҳо карда шуд, ки бо қабули ин ташаббус татбиқи босамари тадбирҳои дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» амалишаванда идома ёфта, барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат мекунанд. Дар фароварди суханронӣ аз иштирокдорони форум даъват шуд, ки дар омодасозӣ ва баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи «Об барои ҳаёт», ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт, иштироки фаъол намоянд. Тоҷикистон ва фаъолияти босамари дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалии онро дар соҳаи об ва энергетикаи сабз дар Форуми ҳафт уми ҷаҳонии об, ҳамчунин, гӯшаи кишвари мо дар намоишгоҳи форум муаррифӣ кард, ки аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ороста шуд. Дар намоишгоҳи Тоҷикистон филмҳои мустанаду лавҳаҳои телевизионӣ, мусаввараҳои дилкаш, лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва намунаҳо аз обҳои мусаффо ва дигар неъматҳои табиати биҳиштосои кишвари зебои мо пешкаши иштирокдорон форум гардид.

Имзои 5 санади ҳамкорӣ бо Корея 12 апрел Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея бо Президенти ин кишвар, хонум Пак Хин Хе мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Корея баррасӣ гардид. Аз рушди муносибот ва густариши ҳамкории ду кишвар, бахусус, дар солҳои охир изҳори қаноат карда шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар давоми 10 сол ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Корея 7 баробар афзудааст. Ҳоло 16 корхонаи муштарак бо сармояи кореягӣ дар Тоҷикистон фаъолияти самарабахш доранд.

2

Таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда дар муносиботи ду кишвар ҳанӯз хеле зиёданд. Соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кӯҳкорӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, телерадиокоммуникатсия ва электроника, маориф, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, обрасонӣ, илму фарҳанг ва муҳоҷирати корӣ дорои дурнамои умедбахш барои рушди муносиботи ҳарҷонибаи ду кишвар номида шуд. Таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб ба

Мулоқоти Президент бо донишҷӯёни тоҷик дар Корея 13 апрел Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея бо донишҷӯёни тоҷики дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Корея таҳсилкунанда мулоқот кард. Барои ин мулоқот зиёда аз 60 нафар донишҷӯи тоҷики дар ин кишвари пешрафтаи осиёӣ таҳсилкунанда ҷамъ омаданд. Тавре зикр гардид, ҳоло дар Ҷумҳурии Корея беш аз 100 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Президенти кишвар зимни суханронӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, аз ҷумла, иттилоъ дод, ки имрӯз танҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар, аз ҷумла, дар кишварҳои пешрафтаи қитъаҳои Аврупову Амрико ва Осиё илму маърифат меомӯзанд. Сарвари давлат таъкид дошт, ки аз фурсати таҳсил дар ин кишвари мутараққии ҷаҳон пурсамар истифода бурда, дониши илмию техникӣ ва технологии худро ҳамаҷониба тавсиа бахшанд ва оянда дар инкишофу пешрафти Ватани худ, Тоҷикистони азиз саҳми намоён гузоранд. Ба иттилои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оянда шумораи бурсияҳо (квотаҳо)-и Ҷумҳурии Корея барои донишҷӯёни тоҷик боз ҳам бештар хоҳад шуд. Ҳамчунин, масъалаи ба роҳ мондани алоқаи мустақили ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Корея мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар ҳошияи ин мулоқот миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Донишгоҳи ҳавонавардии Корея доир ба омодасозии кадрҳои тоҷики ин соҳа созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавре зикр гардид, дар шароити рушди имрӯзаи соҳаи ҳавонавардӣ афзун намудани шумораи кадрҳои ҷавони ин соҳа барои Тоҷикистон басо муҳим аст. Зимни пурсишу посух ва андешарониҳо донишҷӯёни тоҷик аз имкони мулоқоти бевосита бо Роҳбари давлат дар ин кишвари дур ва ҳам аз ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Сеул ва муҳайё шудани заминаи васеи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни ду кишвар изҳори шодию нишот карданд. Аз андешарониҳои чанд соҳибкори тоҷик, ки дар мулоқот ширкат доштанд, маълум шуд, ки дар Ҷумҳурии Корея беш аз 40 нафар соҳибкор низ аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва шумораи онҳо рӯ ба афзоиш дорад. ҷалби муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба Корея ҳавасманд мебошанд ва барои ин корҳои заруриро анҷом хоҳанд дод. Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба масоили байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт. Пас аз анҷоми мулоқот 5 санади нави ҳамкории дуҷониба ба имзо расид: - Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба алоқаи ҳавоӣ; - Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ; - Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Корея; - Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат; - Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш. Тафсилоти ҳамкории Тоҷикистону Корея, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуманитарӣ дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Агентии Корея оид ба робитаҳои байналмилалӣ Йонг Мок Ким баррасӣ шуд. Бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Корея тасмим гирифта шуд, ки намояндагии Агентии Корея оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе боз шавад. Йонг Мок Ким изҳор дошт, ки барои омӯзиши ҳарҷонибаи арсаҳо ва имконоти рушди ҳамкорӣ ояндаи наздик ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард. Чунонки зикр гардид, барои бартарафсозии мушкилоти таъмини оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб ва бунёди корхонаи коркарди партовҳои саноатию маишӣ дар Тоҷикистон ояндаи наздик тадбирҳои муштараки иловагӣ андешида мешаванд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9389), 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


ТУРИЗМ

Рӯзҳои истироҳатӣ: чорабиниҳои фарҳангӣ барои сокинон 11-12 апрел ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар Боғи “Ирам”-и пойтахт бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кумитаҳои кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, Агентии назорати маводи нашъаовар, Иттифоки “Тоҷикматлубот” ва МД “Боғи Ирам” чорабинии навбатии фарҳангӣ-маърифатӣ доир шуд.

Ташрифи сайёҳон ба ҷумҳурӣ ду маротиба афзуд Дар семоҳаи якуми соли 2015 ба кишвар 73 685 нафар шаҳрванди хориҷӣ ташриф оварданд, ки 63 320 нафарашон турист мебошанд. Аз ҳисоби онҳо ба иқтисодиёти мамлакат 31 млн. 660 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ворид гаштааст. Семоҳаи аввали соли 2014 27207 турист ба ҷумҳурӣ ворид шуда буданд, ки ба иқтисодиёти мамлакат 13 миллиону 603 ҳазору 500 доллари амрикоӣ маблағ ворид гашт. Шумораи сайёҳон дар се моҳи аввали соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 36 113 нафар зиёд мебошанд. Таҷриба собит месозад,

ки дар сурати идома додани тадбирҳои пайгирона бобати таблиғу ташвиқи захираҳои туристӣ ва муаррифии пайвастаи имкониятҳо шумораи туристони хориҷӣ афзоиш ёфта, барои ташкили ҷойҳои корӣ ва ҷалби асъори хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд. Наврӯз ҚУРБОНОВ, «ҶТ»

МАОРИФ

Коллеҷи милитсия дар Кӯлоб Дар шаҳри Кулоб муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсия таъсис ёфт. Дар он бештар онҳое ба таҳсил ҷалб шудаанд, ки аз оилаҳои камбизоат, бепарастор ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ буда, дар роҳи ҳимояи Ватан, марзу буми он қаҳрамонона ҳалок гардидаанд. Барои сабақомӯзон шароити хуби таълим фароҳам оварда шудааст. Алъон ҳашт синфхонаи таълимӣ, хобгоҳ барои 150 нафар, толори маҷлисию маишӣ дар хизмати курсантон аст.

Дар доираи чорабинӣ намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастӣ, либосҳои миллӣ, китобу расмҳо, дастурҳои иттилоотӣ оид ба тарзи ҳаёти солим, хизматрасониҳои сайёҳӣ ва озмуну викторинаҳо ташкил шуд. Кӯдакону наврасон аз ин иқдом истиқбол намуда, бо истеъдоди баланд дар расмҳои худ сулҳу дӯстӣ, меҳр ба Ватан ва зебоипарастиро инъикос намуданд. Қисмати дигари чорабиниро, ки дар Амфитеатри боғ идома ёфт, муҳассилини Коллеҷи санъати пойтахт бо барномаи фарҳангӣ зебу зиннат доданд. Ҳунармандони коллеҷ суруду таронаҳои дилнишин ва саҳначаҳои ҷолибро ба хотири болидаруҳӣ ба сокинон пешкаш карданд. Ҳамчунин, дар баробари баргузории барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ дар саҳни боғ бо мақсади татбиқи Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва тарбияи ҷавонон дар доираи тозагиву зебоипарастӣ

Аксияи “Мо тарафдори тозагӣ ва зебоӣ” баргузор шуд. Лозим ба ёдоварист, ки чунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ то охири соли ҷорӣ ҳар рӯзи истироҳатӣ - шанбе ва

якшанбе дар “Боғи ирам”-и пойтахт идома меёбад. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

ОБОДОНӢ

Кори дастаҷамъона баракат дорад Соли ҷорӣ бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ 3000-солагии Ҳисори Шодмон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар ноҳия «450 рӯзи ободонӣ» эълон шудааст. Мардуми ноҳия аз обу ҳавои мусоид самаранок истифода бурда, бо роҳи ҳашар маҳаллаҳои худро ба тартиб меоранд. Дар ин бобат, махсусан, фаъолияти маҳаллаи Муъминободи деҳоти Деҳқонобод шоёни таҳсин аст.

Раҳими РАФЕЪЗОД, ”ҶТ”

КОНФРОНС

Саҳми Айнӣ дар муаррифии миллати тоҷик Бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ 15 апрел дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣназариявӣ баргузор шуд. Дар оғоз декани факултаи журналистикаи донишгоҳ Фаррух Ҳайдаров дар бораи хизматҳои Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ бобати муаррифии таъриху фарҳанги тоҷик ба ҷаҳониён сухан кард. Сипас, устодони факултаи мазкур Баҳриддин Камолиддинов, Сангин Гулов, аспиранти факулта Фариддуни Умарбек дар хусуси паҳлӯҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ маърӯза намуданд. Инчунин, устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Г. Шарофиддинова дар мавзӯи «Ҷумлаҳои эҳсосӣ ва ғайриэҳсосӣ», З. Ҳамроқулова дар мавзӯи «Масъалаҳои забони тоҷикӣ дар солҳои XX-уми асри XX»

ба ҳозирин иттилои ҷолиб доданд. Маҳфили илмӣ-назариявӣ соли нуздаҳум аст, ки дар факултаи мазкур баргузор мегардад. Б. РАҲИМЗОДА, “ҶТ“

Рӯзҳои истироҳат, зимни ҳашари навбатӣ сокинони маҳалла ҷӯю рӯдхонаҳоро тоза, бехи дарахтону навниҳолонро нарм карданд. Қобили қайд аст, ки сокинони маҳалла дар шинонидану ба воя расонидани дарахтони сӯзанбаргу арча дар ноҳия ҷои аввалро мегиранд. Ҳамагӣ 15 сол пеш теъдоди дарахтони ҳамешасабз дар деҳа ангуштшумор буд. Раиси маҳалла Абдулмаҷид Муъминов ҳар сол баъди анҷом додани маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҳар гузар ашхоси муайянро барои обёрию нигоҳубини ниҳолҳо сафарбар намуд. Дар натиҷа, имрӯз ҳар касе, ки ба деҳа меояд, дарахтони сарсабзу бо низом шинонидашударо дида, ба ашхосе, ки баҳри ба воя расонидани дарахтон саҳм гузоштаанд, аҳсан мехонанд. - Новобаста аз эълони ҳашар ҳар як сокини деҳа масъул аст, ки ҳавлӣ ва кӯчаю маҳаллаи зисташро тоза намояд, - мегӯяд Абдулмаҷид Муъминов. -

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9389), 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

Дар баъзе маҳаллаҳо сабзаю алафҳои канори ҷӯю роҳҳоро бо бел метарошанд, ки зарар ба табиат аст. Мо баракс ин мавзеъҳоро паст дарав карда, субҳу шом об мезанем, то ҳамеша сабз бошанд. Ҷое, ки сабза надорад, рӯзҳои боронӣ лой ва рӯзҳои офтобӣ серчангу хок мешавад. Маҳз табиатдӯстию риоя кардани тозагию тартибот аст, ки маҳаллаи Муъминобод борҳо дар ноҳия яке аз маҳаллаҳои беҳтарин дониста шудааст. Дар урфият мегӯянд, «ёр аҳл бошад, кор саҳл аст». Вақте ҳама сокинони маҳалла дастҷамъона ба коре даст мезананд, аз баракати ҳашар кори якмоҳа дар зарфи чанд соат анҷом дода мешавад. Фоидаи дигари ҳашар дар он аст, ки ҷавонон зимни бо насли калонсол паҳлӯ ба паҳлӯ кор кардан аз тарҷибаи онҳо бархурдор шуда, ба меҳнат одат мекунанд. С. АМИНИЁН, “ҶТ”

3


ВОКУНИШ

ИҚТИСОД

Бо галстук дар хизмати риш Озодии сухан падидаи беҳтаринест, ки дар замони истиқлолият барои мо ҳадя шуд. Вале ҳар нафаре онро ба таври худ қабул намуд. Оне, ки ба таъбири халқ даҳони бефаровез дорад, гумон кард, ки ҳар чӣ дилаш хосту ба забонаш омад, гуфтан мегирад. Дигаре озодгӯиро муродифи интиқод пиндошта, дар ҳама амалу иқдом танҳо каму кост меҷӯяду мегӯяд. Сеюмиҳо фурсатро қулай ва муносиб дарёфта, зери пӯшиши озодии баён ба таблиғу ташвиқи ақидаю фарҳанги бегона пардохтанд. Таблиғе, ки асосан таҳти бозӣ бо эътиқодоти динии мардум амалӣ мегардад. Ростӣ, аз ду гурӯҳи аввал барои ҷомеа он қадар зиёни чашмрасе намерасад, вале таблиғиён тамоми арзишҳои миллиро метавонанд дарҳаму барҳам задаю суннатҳои ғайрро ҳамчун муқаддасот бар гардани мардум бор кунанд. Чуноне ки чанд соли охир ҳиҷобу ҳар намуди аммомаю калапӯшро дар ҷомеаи мо паҳн карданд. Чун афкору иқдомоти амалие дар ҳимояи урфу одатҳои соф миллӣ ба миён омаданд, ин гурӯҳ акнун мехоҳанд онро ҳамчун иқдомоти зиддиисломӣ тафсир кунанд. Далер Шарифов дар сомонаи «Озодагон» аз 31 марти соли ҷорӣ, таҳти унвони «Ранги либос пешрафт ё ақибмондагиро нишон намедиҳад» матлабе ба нашр расондааст. Мақсади асосӣ ҳамон таблиғ аст, ки гуфтем. Аз таърихи 1400-солаи зиндагии мардуми мо бо оин ва фарҳанги исломӣ ёдрас мешаваду собит карданист, ки сатру ришу ким-чиҳои дигар ҷузъи ҳатмии ин фарҳанганд ва агар мо инҳоро инкор кунем, ширк овардаем. Барои мо мисоли зиндаю намуна, осорхонаи таърихие, ки то ҳол дар банди тафаккуроти асри миёна асир аст, дар рӯ ба рӯямон қарор дорад. Д. Шарифов гӯё намедонад, ки ҳамсояи он тарафи дарёи Панҷи мо, ки умре ин рангу либосҳоро дар бар дорад, пешрафту баромадан аз ақибмондагӣ

Роҳҳои сабук гардонидани буҳрони молиявӣ

барояш орзуи садсолаҳост, вале ворастан аз ин рангҳо ҳеҷ муяссарашон намегардад. Ранги сиёҳи ҷаҳолат на танҳо ранги либос балки рамзи ҳаёти онҳо гаштааст. Зеро ҷое, ки таассубу ҷаҳолат идоракунандаи зиндагӣ гаштанд, роҳёбии рӯшноӣ дар он ҷомеа мушкилтарин иқдом дар ҳаёт мегардад. Беҳуда ваҳшиёни Давлати исломӣ ин рангро ливои истило ва барпосозии хилофати исломӣ қарор надодаанд. Далер Шарифовро аз давраи донишҷӯӣ дар Донишгоҳи миллӣ мешиносам. Номбурда хоҳарзодаи ҳамсари марҳум раиси собиқи ҲНИТ мебошад ва дар хонаи онҳо зиндагӣ мекард. Ҳамеша талош ба харҷ медод, ки дар ҷалби ҷавонони донишҷӯ ба сафи ҷавонони наҳзатӣ саҳмгузор бошад. Вале баъдтар бо мақсади ҷойи кор пайдо кардан дар Кумитаи радио ва телевизион, худро аз фаъолияти ҳизбӣ каме канор гирифт. Чанд барномаеро роҳандозӣ карду ба гуфти худаш дар ҷомеа шинохта шуд. Рӯ ба сиёсат овард. Мехост созмонеро бо бренди дуздидаи «Қадам ба қадам» таъсис додаву асосан ҷавононро дар он гирд оварад. Вале сираш тез ошкор шуд. Ҳама медонистанд, ки зери ин шиор дар Миср ҳаракати «Ихвонулмуслимин» фаъолияти худро оғоз карда буду ҳама фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон низ аз аввали пайдоишаш аз ҳамин сарчашма об мехӯрад. Роҳбарони собиқу имрӯзаи ҲНИТ низ борҳо таъкид карданд, ки хешро як шохаи ҳамин ҳаракат меҳисобанд. Аз ин ҷо «Қадам ба қадам»-и Далер Шарифов низ на қадами худи ӯ, балки фармоиши хонаводагӣ буд, ки ноиҷро монд. Мақолааш дар бораи либосу ҳиҷобу риш низ фармоишест, ки барояш додаанд. Набошад фарде, ки худ бо мӯди охирин либос мепӯшаду хешро ба ҳайси як ҷавони дунявӣ намоиш медиҳад, ҳимояаш аз арзишҳои асримиёнагӣ ба хотири чист? Хуршеди АЗИЗ

Бинобар ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодӣ нисбат ба Федератсияи Русия қурби рубли русӣ бо суръат паст фуромад. Ин ба даромади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик таъсири манфӣ расонд. Кам шудани интиқоли маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ вазъи иқтисодии бисёр оилаҳоро душвор гардонд. Бисёр кишварҳои пешрафта, ки солҳои пеш чандин буҳронҳои молиявиро паси сар кардаанд, таҷрибаи кам кардани осебпазирӣ аз ин гуна буҳронро доранд. Аз ҳама беҳтар олмониҳо, австралиягиҳо ва голандиҳо сарфаю сариштакориро ёд гирифтаанд. Истифода аз таҷрибаи онҳо паси сар намудани буҳрони молиявиро дар оила сабук мегардонад. Аз даҳ чор нафар голандиҳою австралиягиҳо ҳамеша ба ғизои арзонтарин рӯ меоранд. Ҳарчанд маоши мо барои ҳамеша истеъмол кардани таоми гӯштдор нарасад ҳам, зиқ намешавем. Мисли голандиҳою австралиягиҳо бештар аз лӯбиёгиҳо (наск, нахӯд, мош, лӯбиё, соя), сабзавот ва кабудиҳо ғизои лазиз пӯхтан мумкин аст. Мантую самбӯса аз испаноҳу пудина ва шулхаб ҷағҷағ на танҳо арзон меафтанд, балки ба ҷисми дар замистон камвитамини камққувватшуда дармон мешаванд. Кореягиҳо ин ғизои арзони вегетарианӣ (бе гушт)-ро меписанданд. Аз ин рӯ, бонуҳои 60-солаи кореягӣ ба назар 20 сол ҷавон менамоянд. Дар Британияи Кабир интернетмағозаҳои маҳсулоти муҳлати истифодаашон тамомшуда амал

мекунанд, ки нархаш арзон аст. Британиягиҳо чунин маҳсулотро «ғизои зиди буҳронӣ» ном карданд. Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳадисе доранд: «Сарфаю сариштакорӣ» нисфи нафақа (пеш бурдани рузғор) аст. Мисриҳо барои наҳорӣ хӯриши серкалорияе бо номи “фул” мепазанд. Он аз лӯбиёи қаблан дар об мулоимшуда, барги тару тозаи сир (чеснок), кабудӣ ва равған тайёр мешавад, ки ба «картошкабирёни обдор» шабоҳат дорад. Истеъмоли ин таом то бегоҳ касро сер мегирад. Яъне, маблағи барои хӯрдани нисфирӯзӣ харҷшаванда сарфа мегардад. Олмониҳо зимни буҳрони моливӣ асбобу анҷоми муҳлаташон гузаштаи рӯзғорро напартофта, бо андаке тармим аз он то пурра вайрон шуданаш истифода мебаранд. Дар хусуси нигоҳдории мошинҳои сабукрав низ олмониҳо ва амрикоиҳо эҳтиёткоранд. Соли гузашта ҳисоби миёнаи истифодаи мошинҳои сабукрав дар Олмон 8,7 сол ва дар ИМА 11 солро ташкил дод. Дар ИМА шуҳрати сомонаи интернети «Ройгон бубаред» торафт боло меравад. Ашхоси дасткушод дар он эълони бепули мебел, асбобу анҷоми рӯзғор, либос, пойафзол, телевизор, велосипед ва ғайраро нашр мекунанд. Истифода аз ашёи тӯҳфашуда боиси сарфашавии маблағи оила мегардад. Бонувони кореягӣ бо шавҳарону фарзандонашон харидани либосҳои ранга (ғайри сафед)-ро тавсия медиҳанд, то ки камтар ҷомашӯӣ карда, васоити шӯстушӯ ва нерӯи барқро сарфа намоянд. Бонувони амрикоӣ хеле кам ба толори ороиш (кошонаи ҳусн) мераванд. Ин ба онҳо имкон медодааст, ки моҳе 560 доллар сарфа кунанд. Занони фаронсавӣ охири ҳар моҳ фурӯши молҳои арзоншударо интизорӣ мекашанд. Ҳатто барои харид аз ҷойи кор пешаки ҷавоби хаттӣ мегиранд. Харидани

молҳои арзоншуда боиси то 70% сабук гаштани хароҷоти моҳона мегардад. Испаниҳо мақоле доранд: «Пойафзоли кӯҳна беҳтар аз ду пойафзоли нав аст». Аз ин рӯ, пойафзолро ба кӯҳандӯз дода, муҳлати истифодаи онро дароз мекунанд. Дар Лаҳистон бо мақсади сарфаи нерӯи барқ ва маблағ обро бо чойҷӯшонак он қадар меандозанд, ки барои як чойнӯшӣ кифоя кунад. Кош баъзе ҳамватанони мо ин одати полшагиҳоро ёд гиранд. Зеро иддае обро дар чойҷӯшонаки барқӣ он қадар меандозанд, ки аз канорҳояш мерезад. Ҳам чойи хушк исроф мешавад, ҳам нерӯи барқ. Дар бисёр кишварҳои пешрафта бо мақсади сарфаи барқ фурӯзонакҳои «ҳушманд» насб кардаанд. Агар касе дар ҳуҷра ё долон пайдо шуд, чароғ фурӯзон мешавад. Касе набошад, чароғ худ аз худ хомӯш мегардад. Англисҳо ҳангоми касе дар хона набудан занги барқии дарро хомӯш карда мераванд, то барқ беҳуда сарф нашавад. Инчунин, сими асбобҳои барқиро, ки бо пулт кор мекунанд, аз розетка мекашанд. Зеро ҳангоми бо реҷаи «интизорӣ» кор кардан таҷҳизоти барқӣ нерӯи барқро масраф менамоянд. Финландиҳо зуд-зуд оинаи тирезаҳоро тоза мекунанд. Зеро ҳар қадар тиреза тоза бошад, хона равшану гарм шуда, субҳи барвақт метавон чароғи барқиро хомӯш кард. Дар Ирландия зану шавҳар бо маслиҳат ҳафтае як рӯз аз харид кардан даст мекашанд. Аксар аврупоиҳо бо супурдани коғазпораву шишапора ва оҳанпора буҷаи оилавиро сарфа мекунанд. Русҳо мақоле доранд: «Аз сарфа кардани тин рублҳо ҷамъ мешавад». Яъне қатрақатра дарё шавад. Бо кам кардани хароҷот ва қаноатпешагӣ метавон зиндагиро ранги дигар бахшид. С. АМИНИЁН, “ҶТ”

ТАВАҶҶУҲ!

Асалпарварони ҷавон куҷоянд? Моҳи июли соли равон дар шаҳри Банка Бистритсаи Словакия Озмуни байналмилалии асалпарварони ҷавон багузор мегардад. Дар он аз бисёр кишварҳои ҷаҳон сенафарӣ асалпарварони ҷавон ширкат меварзанд. Соли гузашта ин чорабинӣ дар Лаҳистон гардид. кишвар ва ғанӣ гардидани мала- 450 нафар олиму мутахассиси Лаҳистон доир гардид, ки дар он Ҳоло ки то оғози ин чорабинӣ каю ҷаҳонбинии асалпарварони соҳа ширкат варзиданд, асали 58 нафар аз 19 кишвар, аз ҷумла, 3 моҳи дигар боқӣ мондааст, хуб ҷавони кишвар мегардад. Инъи- Тоҷикистон дар байни 140 наАвстрия, Русия, Белорус, Ҳолланд, мешуд, ки бо ташаббуси Вазора- коси ин чорабинӣ метавонад сафи мунаи асали кишварҳои ҷаҳон Чех, Қазоқистон ширкат намуданд. ти кишорварзии ҷумҳурӣ се на- шавқмандон ба ин шуғли манфи- соҳиби медали биринҷӣ шуд. КонБа асалпарварони ҷавон аз анато- фар асалпарварони ҷавон омо- атбахшро зиёд кунад. гресси навбатии асалпарварони мияи занбури асал, микросиопия, да шаванд. Ширкаткунандагони Моҳи ноябри соли сипаришу- ҷаҳон дар Словакия баробар бо таҷҳизоти асалпарварӣ, муайян- чорабинӣ бояд забонҳои русӣ да зимни баргузории Конгресси Озмуни VI байнамилалии асалкунии навъи асал савол дода шуд. ва англисиро донанд. Иштирок байналмилалии асалпарварон парварони ҷавон доир мегардад. Се ҷои ғолибият насиби асалпар- дар чунин чорабинии бонуфуз, дар Туркия Тоҷикистон узви АписУмед мекунем, ки асалпарваварони ҷавони Австрия, Олмон ва пеш аз ҳама, боиси муаррифии лавия гардид. Дар ин чорабнӣ, ки рони ҷавони кишвар дар ин озму-

4

ни байналмилалӣ ширкат варзида, асали Тоҷикистонро машҳур мекунанд. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9389), 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


ФОҶИА СӮЗИШИ ҚАЛБ Чанд субҳ аст, ки деҳаи Яккабед ба назар тира менамояд. Не, ин дашти паҳно хомӯш ҳам нест. Саҳаргоҳонаш, ки басо тозаву озода ва ҳавои форам дошт, кунун бӯйи ғаму дарду марг мекунад. Пиру барно чанд рӯз аст, ки ҳазин нафас мегиранд. Ғубори ашк дар чашмон ва дарду ҳасрат дар қалбҳошон бараъло ҳувайдост. Инак, боз субҳи тоза дамид, субҳи тираи Яккабед. Ҷои шир-шири ҷӯйҳои равону чир-чири мурғакони нағмахонро ин пагоҳ ҳам садои гиряи модарону наварӯсон, оҳу фиғони хоҳарону бародарон иваз намуд. Аҷаб нест, ки ин манзараи ҳузнангезу ғамангези субҳи тира рӯзҳову моҳҳо такрор ёбад. Дидани ин манзара басо ваҳмангез аст. Як кӯҳи калони хок беҷо шудаву даҳ нафари аз зиндагӣ сер нашудаву чизе надидаро ба коми худ бурд... ДИДОРИ ОХИРУ НИГОҲИ ОХИР Субҳи ҷумъаи сеюми апрел, онҳо наздики бист нафар ҷавонмардони ғаюру матин, ки ҳамроҳашон ҷавонони аз сад гул як гулашон ношукуфта ҳам буданд, баъд аз наҳорӣ ва суҳбати яклаҳзаинаи ширину гуворо бо падар ва модару хоҳару ёру бародар роҳ сӯйи хатти оби нушокӣ гирфтанд, то мушкилоти дар сар доштаи хонавода ва ҳаққу ҳамсояро дур созанд. Бехабар аз он ки ин сафар барои даҳ нафар сафари охирин ё сафари охират аст. Бехабар аз он ки ин як мушкилот сад мушкили дигарро ба бор меорад, ки ғаму дардаш то дер аз қалбҳо зудуда нахоҳад шуд. Аз миёни деҳа шоду хандон, гарми суҳбати ширин мерафтанд шербачаҳо. Ба тақдирашон имрӯз баъд аз боронҳои чандшабонарӯзӣ рӯзи гарму офтобӣ буд. Онҳо бехабар буданд, ки ҳоло роҳравон бо тақдири хеш бозӣ доштанд, амсоли бозиҳои шӯхи бачагӣ ва ниҳоят, охирон бозиҳои зиндагиро мешамиданд. Фақат ин буд ки қаҳрамону тамошогари ин бозиҳо танҳо худи эшон буданд, на каси дигар. Шербачаҳо то чанд ба пеш мерафтанд, деҳи азизашон аз онҳо дур мемонд. Ниҳоят, нигоҳи охирин ба қишлоқи Яккабед дӯхтанду по ба ҷарӣ гузошта, боз қадаме пеш рафтанду гӯё ба макони корашон, дар асл водии марг расиданд. ЯК РӮЗИ ДУ ТАҚСИМ Нимае зиндагӣ буду нимае марг. Марди мардон, шери шерон буданд, бачаҳо. Азм карданд, ки илоҷе карда, хатти обро таъмиру аз нав васл мекунанд, то дигар дар деҳа мушкили об эҷод нашавад. Аз ин хотир дасту остин бар зада, мардонавор белу каланд ба замин мезаданд. Чанд қубури кандашударо аз зери хок гирифта, як сӯ гузоштанду боз қадамҳошон ба пеш мебурдшон. Азмашон ягона ва мардона буд: имрӯз бояд корашонро анҷом диҳанд. То гашти рӯз кор карданд. Қубурҳо пурра аз нав васл шуданд. Ҳар кадом аз меҳнати сангини онрӯза ва аз якдигар розӣ, шоду мамнун буданд.

Пеш аз ақрабаки соат ба 13 майл кардан чанд нафар ба деҳа баргаштанду дигарон даме нафас рост кардан хостанд. Маслиҳат ҳамин шуд, ки даҳ нафар монанд, то баробари расидани об ба кӯчаҳои деҳ дӯстони рафта ба онҳо занг бизананду баъди ин дар хонаи яке аз рафиқон натиҷаи заҳматҳои онрӯзаро бо зиёфати шакаробхӯрӣ бадар созанд. ФАРЁДИ ҶОНКОҲИ КӮҲ Бачаҳо масти суҳбат, мафтуни тамошои табиати афсункор буданд, ки дар ин рӯзи офтобӣ ҷилои сабзазораш чашмҳоро мебурд. Яке аз байни ин даҳ нафар гӯё ламидани кӯҳро эҳсос намуд, ки аз ҷой нимхез шуда, дигаронро огоҳ кард, ки фирор кунанд. Афсӯс, ки қадамҳошон дур набурдшон. Наъраи ҷонкоҳи кӯҳ ба фалак печид, сели хок аз боло сарозер омад. Ин даҳшат мурғони кӯҳӣ, парандаю

Суҳбати телефонии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳия доир гардид, ки дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлат аз раис тақозо дошт то барои кӯмаки осебдидагон чораҳои фаврӣ андешида шавад. Ҳамчунин, Президенти мамлакат ба раис дастур дод, ки изҳори тасаллияти ӯро ба хонаводаи қурбоншудагони фоҷиа расонда, кӯмаки Ҳукумати ҷумҳуриро дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ба оилаҳои зарардида таъҷилан расонанд. Бо амри раис тамоми масъулини ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар Яккабед ҳозир шуданд. Баъди фурсате ҷасади ду тан аз ҷавонмардони шаҳид ёфт шуд. Бо мақсаде, ки ба хокрафтаҳои дигар ёфт мешаванд, ҳамагӣ дасти ба даст белу каланд гирифта, ҳашт нафари дигарро ҷӯё буданд, то оне ки ситораҳои аввал дар осмон пайдо нашуданд. Аммо аз рафтаҳо нишоне набуд ва аз ҳар ҷониб,

омадаанд, ки ҳатто ба иддае ҷои кор кардан ҳам пайдо набуд. Дар баландӣ аз ҳисоби саховатпешаҳо барои мардуми ҳашаракӣ анвои хӯрданӣ муҳайё шуд, аммо аз гулӯи касе об намегузашт. Соат аз нӯҳ мегузашт, ки ҷанозаи ду нафари дирӯз ёфташуда, Муҳаммаду Шодмон оғоз шуд. Намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва раиси ноҳия дар маросими ҷаноза бо сӯзу гудоз ҳарф заданд. Тобути ҳар дуро мардум бо қалбҳои реш бардоштанд, то ба манзили охираташон бирасонанд. Муҳаммаду Шодмонро дар қабристони деҳа ба хок супориданд, аммо ҷанозаи ҳашт нафари дигар ҳанӯз нохонда ва бенишонанд. Ташвиши дам ба дам фаромадани теппаҳои дигари ин макон ҳаросе дар дилҳо меандохт. Аз ин хотир аҳли уламо ва роҳбарияти дар маҳалли офат қарордошта ба қароре омаданд, ки ба кофтани бачаҳо хотима бахшанд. Мувофиқа

буд. Садои модару хоҳар, наварӯсу ҷигарбандон синаи афлок мешикофт. ВА БОЗ ДУ РӮЗИ ДИГАР ГУЗАШТ Ду рӯз баъд аз дарёфти Мақсудҷон, субҳи ҷумъаи даҳуми апрел, яъне, ҳафтае пас аз ин воқеаи даҳшатзо ҷасади се шаҳиди дигарро дар ин водии марг пайдо карданд. Онҳо Худойбердӣ Одинаеви 52-сола, Саид Ҷалилови 18-сола ва Наимҷон Қурбонови 26сола буданд. Бо ҳамин, аз шумори даҳ нафар ҷавони шаҳидшуда ҷисми шаш тан ёфт шуда, кофтукови чор тани дигар дар Яккабед, ҷои ҳодиса идома дорад. Он рӯз танҳо дар хонадони ин се тан не, дар ҳар хонаи яккабедӣ ва ҳар кулбаи файзободӣ мотам ғирев кард.

Субҳи тираи Яккабед

«БАР МОДАРИ МАН ГӮ, ДИГАР

Ё афсонаи нотамоми зиндагӣ

чарандаро безобита кард. Садои оҳу воҳи шербачаҳо ба гӯши касе нарасид, ба ҷуз садои ин хоки ваҳмангез, ки дар як нафас хамгашти калонеро фаро гирифт. Даҳ ҷавони ноком туъмаи ин хоки омада, ин кӯҳи афтода шуданд. Даҳ ҷавон ғурамарг шуд, ғурамарг дар айни ҷавонӣ. Даҳ ҷавон абадан бо ин олам падруд гуфтанд, аммо бе гуфтани сухани охир, бе машварат, бе васият, бе хайрбод бо наздикону пайвандон. СУРЪАТИ БАРҚОСОИ ШУМХАБАР Дар як нафас ин овозаи шум ба дуриҳои дур расид. Яккабед худро дар оғӯши хун медид. Якеро, ки зинда дур аз хоктӯдаҳо ёфтанд, маҷоли гап задан надошт. Пиру барно худро дар як нафас ба маҳалли офат расониданд. Раиси ноҳия аз ҳодисаи мудҳиш дар изтироб хабарро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ расонд. Дарҳол гурӯҳи наҷотдиҳандагон таъсис ёфт.

аз ҳар гӯшаи Тоҷикистону хориҷи он ба яккабедиҳо занг мезаданду аҳвол пурсида, изҳори тасаллият мекарданд. СУБҲИ ДИГАР - МОТАМИ УМУМ Танҳо яккабедиҳо не, имрӯз аҳли Файзобод мотам дошт. Саҳари солеҳон корвони мардум ва мошинҳои пур аз озуқа ва техникаҳои пуриқтидор ҷониби Яккабед равонанд. Тумани ғафси ғаму андӯҳ ҳамаро фаро гирифта, касе маҷоли аз каси дигар чизеро пурсидан намекард. Назарҳо хамагӣ ба кӯҳи афтода, ки даҳ ҷавони яккабедиро ба комаш бурдааст, нигаронанд. Аввал роҳи об, ки дар ҷояш аз хоки омада кӯли сунъӣ пайдо шуда буд, кӯшода шуд. Об маҷрои худро гирифт. Низомиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ ва аҳолии осоишта аз ҳар ҷониб истода теппахокро кофта, ҷӯёи шаҳидон буданд. Мардум ончунон зиёд ҷамъ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9389), 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

бо волидайни бачаҳо ба миён омад ва сарҷамъона ҷанозаи бачаҳои фавтидаи бенишон хонда шуд. ПАНҶ РӮЗ БАЪД «Лоақал ҷасади сарди фарзандонро бояд бинем, то қалбҳои сӯхта каме ором шаванд», - мегуфтанд падару модар ва ёру бародари шаҳидшудагон. Ҳама дар қасди ақаллан дарёфти ҷасади сард афтода буданд. Ба ин минвол рӯзҳои сеюму чоруму панҷум низ кофтукови бачаҳо якҷо бо сарбозони наҷотдиҳанда давом кард. Ниҳоят, субҳи рӯзи панҷум ҷасади Мақсудҷони нуздаҳсоларо аз зери хок ёфтанд. Мотам дар Яккабед боз шиддат гирифт. Аз оҳу фиғон фалак ба нолиш омада

БОР НАГИРЯД»! Чор нафари дигар ба хоби абадӣ рафтаанд, дар таги ҳамон суфраи хок. Суфрае, ки ноҳамвор аст, пасту баландӣ, каҷу килебӣ дорад. Аз миёни ин суфра об меравад. Ҳа, ҳамон обе, ки ҷасади Мақсудҷонро намоён карда буд. Хешу хешовандон ва мардуми омада аз ҳар макон ҷасади боқимондаҳоро ҳанӯз ҳам ҷӯёанд. Дигарбора аскарону афсарон барои мардуми деҳ хатти оби нӯшокӣ тармим карданд. Раиси ноҳия ҳар лаҳза аз ҳоли яккабедиҳо бохабар асту тамоми имкониятҳоро баҳрашон фароҳам сохта. Наздикони шаҳидони бенишон хастагии худро эҳсос намекунанд, модарон аз хӯрдану хобидан бегонаанд. Фазои ин макон вазнину даҳшатзост. Аз ҳар хами пуштаҳо гӯё садои ҷамонмардони ҷавонмарг ба гӯш мерасад: «Эй модару ҳоҳари зори ман, эй ёраки нокоми ман, эй очаи гулрӯи бачаҳо ва эй падари афгору нотавон! Оби дида марезед, аз тақдири сахт ҷойи гурез набудааст, дигар зери ин хоки сард ҷисми ман ором хобидааст. Аз шумо танҳо як каф дуову тиловати «Қуръон» интизор ҳастам! Алвидоъ!!!» Боз шом фаро мерасаду баъди он субҳи дигаре ибтидо меёбад. Субҳе, ки накҳати хуши баҳорӣ ба димоғ меорад… Вале субҳи Яккабед ҳанӯз тираву тор аст! Рустами НАЗИР

P.S.: Пеш аз чопи мақола аз Умед Раҳимов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Файзобод иттилоъ гирифтем, ки боз як ҷасади дигар ёфт гардид. Ӯ Исломҷон Дулоеви 39-сола мебошад. Ба иттилои У. Раҳимов миёни фавтидагон, ки ҳоло ҷасадашон ёфт нашудааст, Фахриддин низ мебошад, ки раиси ҷавонони деҳа ва яке аз фаъолон буда, ҳамагӣ се моҳ пеш издивоҷ карда буд.

5


ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

КИТОБҲОИ НАВ

Барои нест кардани давлатҳо дигар яроқ даркор нест Чунки механизми аз байн бурдани давлатҳо ё ба майдони ҷанг табдил додани онҳо ба куллӣ тағйир ёфтааст Таъмини шароити мусоиди зист ва фароҳам овардани фазои созгор барои амалисозии имкониятҳои зеҳнию ҷисмонӣ баҳри инсоният асоси рисолати ҳаётии худи инсон мебошад. Дар ин раванд субъекти таъминкунандаи чунин шароит барои ҳар як шахс пеш аз ҳама худи ӯст. Сохтори ҷаҳони муосир миллатҳоро дар гӯшае аз саёраи Замин ҷойгир намуда, тақдирашонро ба дасти худи онҳо вогузор намудааст ва ба ҳар як узви миллат маҳз дар ҳамон гӯша имкони фарох дода мешавад, ки шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодонаро баҳри худ таъмин кунад ва аз комгориҳои ҳаётӣ баҳравар гардад. Дар ин баробар, ҳимояи шараф, номус, имон, фарҳанг, ҳувият, забон, урфу одат, расму оин, арзишҳои миллӣ, таърих ва таъмини асолати абадияти ҳастии миллат рисолати муҳимтар дар баробари таъмини шароти арзандаи зиндагӣ барои ҳар узви миллат маҳсуб меёбад. Чунки маҳз ба воситаи ҳамин арзишҳо миллат ташаккул меёбад ва ҳастии худро нигоҳ медорад, ки таъмини ҳастии бардавоми ҳар як узви он мебошад. Маҳз дар ҳамин замина арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ ба вуҷуд меоянд. Таҳаввулоти ҷаҳони муосир дар омехтагӣ бо бозиҳои сиёсӣ, ки манфиатҳо ва ҳадафҳои стратегии гурӯҳҳо ва давлатҳои муайянро инъикос менамоянд, дар фосилаи кӯтоҳ давлатҳо ва насли миллатҳоро аз байн бурда истодаанд. Олами сиёсии ҷаҳони муосир либоси навро ба бар кардааст ва зери ниқоби ранга амалӣ мешавад. Ин раванд аз давлатҳо ва миллатҳои рӯ ба тараққӣ ва нисбатан хурд талаб менамояд, ки механизми ҳимояи манфиатҳои худро коркард карда, ҳамеша ва пайваста онро навсозӣ намоянд. Дар ин раванд дигар сухан атрофи пурқувват ва зиёд гардонидани иқтидори ҳарбии давлат намеравад. Чунки механизми аз байн бурдани миллатҳо ва давлатҳо ва ё ба майдони ҷанг табдил додани онҳо ба куллӣ тағйир ёфтааст. Ин ҳадафҳо ба воситаи дасти шаҳрвандони худи ҳамон давлат амалӣ мешавад. Зинаи аввали амалишавии ҳадафҳои стратегии гурӯҳҳои сиёсӣ ба даст овардани мафкураи аҳолии давлатҳои алоҳида, махсусан, ҷавонони он, зинаи дуюм дарёфти нуқтаҳои за-

6

ифи миллат, зинаи сеюм бозиҳои сиёсӣ бо эҳсосоти рӯҳию равонии миллат ва зинаи чорум ба гурӯҳҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ ҷудо намудани миллат ва барпо намудани зиддият миёни онҳо мебошад. Дар ин раванд аввал арзишҳои миллии давлат аз байн бурда мешавад ва ҷойи онро арзишҳои бегона мегиранд, ки манфиати давлату миллатро дар худ инъикос карда наметавонанд ва бегонашавии фарҳангӣ ба вуҷуд меояд, ки ин қадами нахустин дар роҳи аз байн рафтани миллат мебошад. Сипас, зиддияти миёни гурӯҳҳои сиёсию мазҳабӣ тезонида шуда, онҳо бо воситаҳои зарурӣ (яроқу аслиҳа ва сарчашмаҳои маблағгузорӣ) таъмин карда мешаванд, ки ҳар кадом манфиати шахсӣ ва гурӯҳию мазҳабии худро ҳимоя намуда, манфиати умумимиллӣ ё манфиати миллат аз байн меравад ва давлат ба майдони ҷанг табдил ёфта, «дасти сеюм» ё гурӯҳи сиёсӣ ё абарқудрати манфиатдор ба мақсади худ мерасад. Намунаи мисоли мушаххаси он давлатҳои исломии Афғонистон, Ироқ, Сурия, Либия, Украина ва дигарҳо мебошанд. Имрӯз ин гурӯҳҳои сиёсӣ дар тамоми давлатҳои дунё арзи ҳастӣ доранд ва фаъолияти густурдаи пӯшидаю ошкоро мебаранд. Миллати мо низ ин раванд ва бозии сиёсиро аз сар гузаронид, вале ин маънои онро надорад, ки дигар хатари он дар Ватани маҳбуби мо вуҷуд надорад. Имрӯз раванди сиёсикунонии дини мубини ислом дар кишвари мо аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор ба назар мерасад. Эътиқод ва имони комили мардуми шарифи Тоҷикистонро ба дини мубини ислом ба назар гирифта, онҳо зери симо ва либоси ин дини барои тамоми мардуми Тоҷикистон азиз баромад намуда, ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ менамоянд. Ҳамзамон, аз ҷониби ин гурӯҳҳо дар кишвар бегонасозии фарҳанги миллӣ, махсусан, фарҳанги либоспӯшӣ низ ба назар мерасад. Ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои ифротию таассуби динидошта ва таъмини иштироки бархе аз ҷавонони кишвар дар майдонҳои ҷанги давлатҳои хориҷӣ низ кори дасти ҳамин гурӯҳҳои сиёсӣ мебошад. Барои симои онҳоро шинохтан ва аз асли мақсаду ҳадафҳои онҳо бохабар шудан аз ҷиҳати сиёсӣ зирак будан ва таърихи пайдоиши онҳоро таҳлил намудан басанда аст. Хушбахтона, миллати сарбаланди мо дар ибтидои даҳсолаи ниҳоии асри 20 дар баробари арзишҳои муқаддаси миллӣ, фарҳангу таърих ва адабиёту забони бою рангин соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардид. Ин орзуи ҳазорсолаҳои бобоён насиби мо - насли нави Тоҷикистон гардид. Мутаассифона, бо дасти гурӯҳҳое, ки дар боло зикрашон рафт, то як фосилаи муайян арзиши дигари миллӣ - сулҳу ваҳдат аз байн бурда шуд. Аммо табиист, ки бори каҷ ба мақсад намерасад.

Ҷонибҳои даргир ба мувофиқа омада, миллати тоҷик роҳи бунёди давлати миллиро дар доираи принсипҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ пеш гирифт. Бунёди давлати миллӣ аз арзишҳои миллӣ, таърих, фарҳанг ва адабиёти оламшумули мо сарчашма мегирад. Асоси давлати миллиро, пеш аз ҳама, инсондӯстӣ, сулҳпарварӣ, ҳамгироӣ, муносибати неки ҳамбастагӣ бо давлатҳои дигар, созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои тамоми гурӯҳҳои иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини зиндагии шоистаю арзанда баҳри онҳо, волоияти қонун, ҳифз ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ ва эҳтиром ба эътиқоди мардум ташкил менамояд. Барои бунёди давлати миллӣ заминаи боэътимод ва қадамҳои аввалин бо саъю кӯшишҳои бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Сулҳу ваҳдати умумимиллӣ таъмин аст, корҳои ободонию созандагӣ дар сатҳи баланд бо маром идома доранд, волоияти қонун таъмин гардида, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон эҳтиром гузошта мешавад. Саҳифаҳои норавшани таърих ва адабиёти миллӣ ба таври замонавӣ таҳқиқ шуда, эҳё гардида истодаанд. Сатҳи иҷтимоӣ ва некуавҳолии мардум рӯз то рӯз беҳ гардида, сатҳи иқтисодӣ ва молиявии сокинони кишвар баланд шуда истодааст. Сокинони кишвар ба фаъолияти озоди иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ машғул мебошад ва истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ сол то сол зиёд гардида истодааст. Барои рушди соҳаҳои илму маориф тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Ин ҳама заминаи боэътимод ва қадамҳои устувор дар роҳи бунёди давлати миллӣ мебошад. Аммо ин ҳанӯз аввали кор аст. Нооромиҳои сиёсӣ дар давлати ҳамсояи Афғонистон, зиёд шудани амалҳои террористию экстремистӣ дар дунё, ҷангҳои мазҳабию характери динидошта дар давлатҳои исломӣ, сиёсикунонии дини ислом аз тамоми мардуми Тоҷикистон талаб менамояд, ки аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёру зирак бошанд ва фирефтаи суханони образноки гурӯҳҳои ифротӣ нашуда, ба сулҳу ваҳдати миллӣ арҷ гузорошта, онро қадр намоянд. Мо бояд хуб дар хотир гирем, ки маҳз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ моро аз орзуи як пора нон ёфтан ва аз марг наҷот ёфтан ба орзуи сохтани хонаи бисёрошёнаю харидории мошини тамғаи охирини хориҷӣ расонд.

Сайдулло ҚУВВАТОВ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

«Амнияти рақамӣ» ёрӣ ба журналистон Ҳафтаи гузашта дар Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ, бо ташабуси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, рӯнамоии китоби «Амнияти рақамӣ» доир гашт. Нуриддин Қаршибоев, раиси ин анҷуман, ҳамзамон раиси Шӯрои ВАО, китобро, ки ҳамчун роҳнамо барои журналистон аст, дар замони муосир саривақтӣ номид. Он аз 5 қисм иборат буда, тарзи ҳифз намудани почтаи электронӣ, саҳифаҳои иҷтимоӣ, таъмини амнияти рақамӣ зимни истифода аз телефонҳои мобилӣ ва ғайраро барои истифодабарандагон маслиҳат медиҳад. Инчунин, машварат дода мешавад, ки барои фиристодани “СМС”-ҳо аз барномаҳои бехатар истифода баранд, паёмакҳо ва матни мукотибаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ сари вақт тоза карда шаванд. Китоб кисагӣ буда, барои журналистон ва истифодабарандагони шабакаҳои интернет роҳнамо ва дастурамали хуб шуда метавонад. А. ОДИНАМАДОВ, “ҶТ”

«Навои дил» Чанде пеш нашриёти «Бебок» китоби қаламкаши ҷӯяндаву мушоҳидакор Фозилҷон Бозоровро бо номи «Навои дил» аз чоп баровард. Китоб навиштаҳои гуногунжанр ва гуногунмавзӯи муаллифро дар бар гирифта, маҳсули мушоҳида ва андӯхтаҳои ибратомӯзи ӯ ме6ошад. Ҳикоягунаҳои ин китоб бо услуби махсус ва забони равон таълиф гардида, аз ишқу муҳаббат, вафодорӣ ва накӯкориву хайрандешӣ қисса мекунанд. Фозилҷон Бозоров узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, зиёда аз 300 мақолаву очеркҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ ба чоп расидаанд. Навиштаҳои ӯ ончунон самимӣ ва зуд ба дили хонанда роҳ меёбанд, ки кас гумон мекунад муаллиф маҳз барои ӯ навиштааст. Чунончӣ, ҳикояҳои «Ман, ки ҷавон будам», «Бахти бозомада», «Буйи фарзанд», «Як рӯзи модар», «Устоди келин» хеле таъсирбахш буда, хонандаро ба андеша ва ёди айёми наврасию ҷавонӣ мебарад. Панду андарз, шеъру тарона ва рӯбоиву дубайтиҳои Фозилҷон Бозоров чун намунаи алоқамандии як фарди мафтуни сухан ба адабиёту фарҳанги миллӣ дар китоб ҷой дода шудаанд. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9389), 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ КТН «ШАРҚИ ОЗОД»

Фазои иттилоотии кишвар набояд холӣ монад Суҳбати рӯзноманигор Толибшоҳи Давлат бо сарвари Корхонаи табъу нашри «Шарқи озод» Ёқубҷон Исмоилов - Бунёди Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод»-ро миёнаҳои солҳои ҳаштодуми қарни гузашта метавон навгонӣ дар ҷодаи табъу нашр номид? - Бо тақозои замон, даврони шӯравӣ, нимаҳои солҳои ҳаштодуми асри гузашта, бо сабаби ниёзи бештар пайдо намудани ҷомеа ба иттилоот зарурати бунёди корхонаҳои пуриқтидори табъу нашр ба миён омад. Он давра дар километри нуҳуми пойтахт чунин як корхона фаъолият дошт. Замонавӣ ҳам маҳсуб меёфт. Лек корхона ба ҳолати садамавӣ гирифтор гардид. Пас тасмим гирифта шуд, боз як корхонаи дигар ва замонавитар бунёд шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Як маҷмааи нави хуштарҳ, бо усули хеле ҷолиби меъморӣ ва дар ҷойи басо мувофиқ, яъне, соҳили рӯди Душанбе сохта шуд. Маҷмаае, ки имрӯз аксарияти қаламкашон, яъне, рӯзноманигорони дар пойтахт фаъолиятдошта, ин ҷо кору пайкор доранд. Маҷмаа тарзе бунёд ёфтааст, ки ин ҷо идораҳои рӯзномаю маҷаллаҳо ҷой гирифта, ҳамчунин, корҳои табъу нашр ба роҳ монда шудааст. 17 марти соли 1985 навбати аввали корхона ба фаъолият пардохт. Қисмати дуюм, бинои табъу нашр пасон ба истифода дода шуд. Ҳине ки ба истиқлолият расидем, сохтмони маҷмаа қариб то 80 фоиз расида буд. Яъне, барои истифодабарӣ сохтмони он пурра ба анҷом нарасида буд. Ҳарчанд нопурра бошад ҳам, хуб шуд, ки он замон онро ба истифода доданд. Зеро тавре маълум аст, бар асари ҳодисаҳои нангину харобиовари ибтидои солҳои навадуми асри пешин аксар корхонаҳои нимобод ҳолати ногувор доштанд. Аксар чунин корхонаҳо талаву тороҷ ва ба харобазор табдил ёфтанд. Маҳз фаъолияти «Шарқи озод» ва заҳмати кормандон дар дохилаш, он давраи душвор корхонаро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дошт. Ҳарчанд имрӯз дар масъалаи табъу нашр масоили ҳалталаб хеле зиёд аст. Бо гузашти солҳо ва бо дастгирию ёрии бевоситаи Ҳукумати кишвар баҳри ободии маҷмаа корҳои назаррас ба сомон расонда шуд. Аз он даврае, ки роҳбарии ин маҷмаа ба зимаи ман вогузор шуд, боми онро, ки фарсуда буд ва мечакид, аз нав таъмир намудем. Дар дохили биноҳои истеҳсолии табъу нашр як қатор корҳои таъмирӣ ҳам

ба анҷом расонда шуд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки ҳоло корхонаи табъу нашри «Шарқи озод» яке аз зерсохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар маҳсуб меёбад. Таҷдиду азнавсозӣ ва ободонии он бевосита таҳти назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамчунин, як нуктаро метавон зикр кард, корҳои таъмиру азнавсозӣ ва ободонӣ бевосита аз маблағҳои худи корхона, ки худмаблағгузор аст, яъне, аз фоидаи бадастоварда ба анҷом расонда мешавад. Пас, имкони пардохти тамоми хароҷот ва музди меҳнати кормандон сари вақт мавҷуд аст? - Бале, ҳамин тавр ҳам аст. Имрӯз «Шарқи озод» байни корхонаҳои азими андозсупоранда қарор дорад. Ин имкон медиҳад, тамоми хароҷотро худамон саришта намоем. Нисбат ба даҳ соли пеш истеҳсоли маҳсулот дар корхона қариб якуним маротиба зиёд, ҳиссагузорӣ баҳри афзудани буҷаи давлат то дуюним маротиба боло рафтааст. Афзоиш ёфтани корҳои истеҳсолӣ ва дар ин замина баҳри беҳдошти шароити кор ва афзоиши музди меҳнат заминаи мусоид фароҳам овард. Музди меҳнати кормандон, агар соли 2010 аз 470 то 490 сомониро дар бар гирифта бошад, ҳоло ин нишондиҳанда аз ҳазор сомонӣ ҳам болост. Ҳоло тамоми коргарони корхона бо либоси махсуси корӣ таъмин мебошанд. Ҳангоми иҷрои корҳои иловагӣ баробари пардохти ҳаққи меҳнат, ҳамчунин, аз ҳисоби корхона коргарон бо хӯроки гарм таъмин мешаванд. Илова ба маоши ҳармоҳа, соле чор маротиба ба коргарон мукофтопулӣ дода мешавад. Баҳри ин заминаи мусоид муҳайёст. Агар ба нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхона назар андозем, тамоюли мусбат мушоҳида мегардад. Масалан, агар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар семоҳаи аввали соли гузашта 2 847 740 сомониро ташкил дода бошад, пас, дар семоҳаи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 3 192 000 сомонӣ расидааст. Чунин нишондиҳандаҳои мусбат дар фурӯши маҳсулот ва фонди музди меҳнат низ ба назар мерасад. - Бархе аз нашрияҳо кӯҳнаю фарсудашавии дастгоҳҳои чопии «Шарқи озод»-ро баҳона карда, чопи рӯзномаҳои худро дар дигар матбааҳо ба сомон мерасонанд. Дар ҷодаи навсо-

зии дастгоҳҳои чопӣ чӣ корҳо анҷом дода мешавад? - Дар ҳақиқат, гоҳо аз берун мешунавем, ки таҷҳизоту мошинолоти корхона кӯҳнаю фарсуда ва корношоям шудааст. Ҷавобгӯи талаботи замон нест. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки таҷҳизоту дастгоҳҳои корхона замони шӯравӣ харидорӣ ва насб гашта, лек на ҳамаи онҳо он замон мавриди истифода қарор ёфтанд. Шояд имконият набуд. Имрӯз мо мутахассисонро даъват намуда, онҳоро ба кор андохтем. Дар ҷое, ки ягон қисмат намерасид, онҳоро дастрас ва насб намуда, ба истифода додем. Ҳамаи ин дастгоҳҳои табъу нашр олмонӣ буда, беҳамтоянд. Бо гузашти вақт ҳам, дар соҳаи табъу нашр, қариб ки назир надоранд. Сифати чопашон бегуфтугӯ дар сатҳи олист. Дар сар то сари олам эътирофшуда маҳсуб меёбанд. Ҳоло як қатор корхонаҳои хусусӣ таҷҳизоти чопии чинӣ ва ғайра дастрас намуда, бо сифати начандон хуб дар ҷодаи табъу нашр бо корхонаи мо мехоҳанд дар рақобат бошанд. Бо даҳ-понздаҳ нафар коргар бо корхонае, ки садҳо нафар коргар, маҷмааи беназири табъу нашр ва дастгоҳҳои бешумор дар ихтиёр дорад, рақобат намудан, ба фикрам, чандон қобили қабул нест. Корхонаи мо ҳоло мувофиқи фармоиш истеҳсоли маҳсулоти махсусро ба роҳ мондааст. Барои иҷрои чунин фармоишот дастгоҳи чоррангаи замонавии ҷопонӣ харидорӣ шудааст. Ғайр аз ин барои чопи рӯзномаҳо охири соли гузашта дасгоҳи рангаи истеҳсоли Ҳиндустон харидорӣ намудем. Ин чопи рангаи рӯзномаҳоро таъмин мекунад. Хулоса, баҳри пешбурди кор ва сифати он як қатор корҳои назаррас анҷом ёфт. Ҳамин тавр, барои баҳонаҷӯии нашрияҳо, бобати истифода набурдан аз

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9389), 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

дастгоҳҳои чопии мо ягон асос намемонад. Бе муҳобот метавон гуфт, ки имрӯз дар бозори дохила «Шарқи озод» яке аз корхонаҳои пуриқтидори соҳаи табъу нашр маҳсуб ёфта, дар ин ҷода саҳми арзанда дорад. - Баъди роҳбари «Шарқи озод» таъин шудани Шумо дигаргуниҳои назаррас дида мешавад. Гирду атрофи корхона сабзу хуррам гардида, фаввораи назди он, ки даҳсолаҳо бекор мехобид, дубора фаъол гашта, ба ҳусни ин даргоҳ ҳусне зам кард. Оянда боз чӣ гуна ободкориҳо ба нақша гирифта шудааст? - Дар ҳақиқат, атрофи корхона ҳолати начандон хуб дошт. Инро ба назар гирифта, аз ҳисоби даромадҳои иловагӣ як қатор корҳои ободониро ба анҷом расонидем. Чунончи, дар гирду атрофи корхона корҳои ободонӣ анҷом ёфта, ниҳолҳои нав ба нави сояафкан шинонда шуд. Чунин корҳои ободонӣ имкон медиҳад, гирду атрофи корхона назаррабо бошад, бинандаро ба ваҷд орад. Дар шафати чапи корхона фаввора мавҷуд аст. Аз рӯий лоиҳа фаввора дар фасли тобистон дохили бино ва атрофро салқин, айёми сардиҳо бошад, бояд тавассути дастгоҳҳои обгармкунӣ оби ва гарм гармии сехҳоро таъмин мекард. Бо сабаби нобасомониҳои ба ҳама маълум, фаввора муддати тӯлонӣ аз фаъолият бозмонд. Танҳо соли гузашта, пас аз «танаффус»-и бистсола дубора ба фаъолият пардохт. Нақша дорем фаввораро аз таъмири пурра барорем. Ҳамчунин, курсиҳои гирду атрофи он низ бояд таъмир шавад. Зеро дар корхонаи «Шарқи озод» ғайр аз кормандони худӣ, ҳайати хеле зиёди кормандони

эҷодӣ, яъне, рӯзноманигорон кору фаъолият доранд. Нафароне, ки ба қалам, ба сухан, фазои иттилоотии кишвар сарукор доранд, ҷойгиранд. Барои эшон шароити хуби корӣ бояд муҳайё сохт. Як нуктаро ин ҷо зикр намудан бамаврид аст. Масоҳати умумии бунёди маҷмаа беш аз панҷ гектар заминро дар бар мегирад. Лек утоқҳои кории рӯзноманигорон чандон васеъ нест. Атрофи корхона бошад, барои дамгирӣ дар лаҳзаҳои холигӣ ё пас аз хӯроки нимрӯзӣ каме сайру гашт намудан хеле мувофиқ аст. Аз ин хотир, даромади нақлиётро ба гирду атрофи корхона манъ намудем. То эҷодкорон лаҳзаҳои фориғ аз кор дар атрофу роҳравҳо сайругашт карда тавонанд. Рӯйи курсиҳо нишаста, асабро каме дам диҳанд ва бо хотири болида, дубора аз пайи кори эҷодӣ шаванд. Аз тарафи рост, наздик ба соҳили дарё замини хеле калон дар ихтиёри мо буд. Лек солҳои пеш бо кадом роҳе яке аз ширкатҳои хусусӣ онро соҳиб шуда, ба сохтмон пардохтааст. Ҳарчанд такудав кардем, лек сӯд набахшид. Замин аз даст рафт. Аммо дар паҳлуи он қитъаи начандон калони замин дар ихтиёри мо боқист. Ният дорем, он ҷо як таваққуфгоҳи дигар бунёд созем. То ин ки рӯзноманигорон нақлиёти худро дар роҳи калон нагузоранд. Бо сабаби он ки роҳсозон корҳои сохтмониро пурра ба анҷом нарасондаанд, ба ин кор даст зада наметавонем. Зеро мабодо мо бунёд кунему онҳо гирифта дубора вайрон созанд. Ин ҳолат рух дода буд. Аз пеши бинои маҷмаа, дар самти шимол роҳсозон замини дар ихтиёри мо бударо канда партофтанд. Маҷбур шудем камбудиҳои онҳоро бартараф намоем. Тавре дар боло ишора рафт, корхонаи мо худмаблағгузор аст. Дар ин бино беш аз шаст нашрия иҷоранишинанд. Лек тамоми маблағе, ки аз иҷора ба даст меояд, бевосита ба ҳисоби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ворид шуда, ба хазинаи давлат мегузарад. Бо мактуб муроҷиат намудем, то аз се як ҳиссаи даромад ба ҳисоби корхонаи мо ворид шавад. Чунки бино дар тавозуни мост. Баҳри нигоҳдошти бино, ободии гирду атрофи он маблағ лозим. Ин корҳоро аз ҳисоби маблағҳои иҷоранишинон метавон анҷом дод. Мутаассифона, дархости мо то ҳол қонеъ нашудааст. Мо маҷбурем аз ҳисоби даромадҳои истеҳсолӣ, ки мебоист ба беҳдошти вазъи иҷтимоии кормандон сарф шавад, анҷом диҳем. Ободию зебогии атрофи корхона баҳои мусбат ба кору фаъолияти мост. Зеро касе аз паҳлуи корхонаи «Шарқи озод» гузар намуда, атрофи онро сабзу хуррам бинад, бегуфтугӯ ба заҳмати мо баҳои мусбат медиҳад. Пас мақсад як аст: хизмат ба мардум ва ободонӣ. Коре бояд кард, барои рӯзноманигорон шароити хуби корӣ муҳайё бошад. Маҳз бо заҳмати эшон фазои иттилотии кишвар барои ахбори бегона холӣ намемонад.

7


МУҲОВАРА

Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди кинои тоҷик сухан ронд. Дар партави ин гуфтаҳо бо раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, узви Иттифоқи киноматографҳои ИҶШС Сафар Ҳақдодов суҳбат доштем. - Филм ё киноро бахши муҳими сиёсати фарҳангӣ ва дар тарбияи маънавиёти ҷомеа муҳим арзёбӣ мекунанд. Аммо дар Паёми имсола Президенти кишвар бо нигаронӣ гуфтанд, ки «кинои тоҷик ба рушди ҷиддӣ ниёз дорад». Ин ҳам дар ҳолест, ки «Барномаи давлатии рушди кино барои солҳои 2011-2016» қабул гардидаасту дар ҳоли амалӣ шудан қарор дорад. - Воқеан, Президенти кишвар дуруст қайд намуданд. Албатта, ҳеҷ як кор бе нақшаву бе барномаи муайян анҷом дода намешавад. Аз ин рӯ, зарурати чунин барнома ҳамеша ҳаст. Барномаи мазкур низ аз зумраи барномаҳоест, ки барои соҳаи кино таҳия шуда буд. Ин барнома, албатта, бо пешниҳоди сохторҳои марбутаи соҳаи синамо, хусусан, «Тоҷиккино» ва «Тоҷикфилм», қабул шудааст. Пеш аз ин низ чунин барнома буд, ки то соли 2010-ро дарбар мегирифт ва он қариб 70-80 фисад иҷро нашуд. Агар аз як самт таҳлил намоем, шояд ки ин барнома то як андоза нисбат ба барномаи қаблӣ пешрафтатару муваффақтар бошад, вале наметавон гуфт, ки сад дар сад иҷро шудааст. Танҳо як самти барнома, ки аз ҷониби «Тоҷикфилм» ҷиҳати таъмини Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» бо таҷҳизоти муосир ва васоили фаннию техникӣ пешниҳод шуда буд, иҷро шуд. Он ҳам вобаста аст ба омадани роҳбари ҷавону кордон Носир Саидов ба кори киностудия. Воқеан, дар се соли охир дар «Тоҷикфилм» як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуд, ки тавлиди филм, яъне, истеҳсоли филми тоҷик аз зумраи онҳост. Аз ин нигоҳ, нисбат ба панҷ соли қабл ё нисбат ба иҷрои барномаи қаблӣ

8

ба куллӣ фарқ мекунад. Зеро ин технологияи муосире, ки ман гуфтам, технологияест, ки дар тамоми кишварҳои тавлидкунандаи филм аз он истифода мекунанд, ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалист. Бо истифода аз ин технология корҳое анҷом дода шудааст, ки воқеан, лоиқи таърифу таҳсин аст. Вале як бахши муҳим дар ин самт, бахши пахш ё намоиши филмҳост, ки дар ихтиёри «Тоҷиккино» вогузор аст. «Тоҷиккино» як сохторест, ки бояд тамоми фаъолияти синаморо дар гузаштаву имрӯз ба низом дарорад. Мутаассифона, имрӯз ин сохтор ҳамон гуна функсияҳоро

мекунанд, ё ба филмҳои хориҷӣ иҷозатнома медиҳанд, ё нуқтаҳои дискфурӯширо назорат мекунанд ва ё дискҳои пиратиро ҷустуҷӯ ва ҷамъоварӣ менамоянд, аммо ин кор ба ҳадде расид, ки худ саргарми он шуданду мақсади асосӣ дар канор монд. Яъне, таҳияи филми миллӣ, ба тамошобин расонидани филми миллӣ, тарғиби филми миллӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос аз мадди назар дур монд, ки сабаби инро дар набудани як сохтор, як идораи ба танзимдароварандаи соҳаи синамои миллӣ мебинам. Дар умум, ин ду-се филме, ки дар як сол меофарем, мисли онест, ки «хоҷам боғ дорӣ, дорам». Аммо ин

Сафар ҲАҚДОДОВ:

Ҷавононро бояд надорад, зеро як корхонаи давлатии худмаблағгузор аст, ки бо як қатор толорҳои синамоӣ ё кинотеатрҳое, ки аз даврони шӯравӣ дар тобеияташ мондааст, фаъолият дорад. Дар асл, «Тоҷиккино» имрӯз бояд филмҳоро намоиш диҳад, равандҳои синамоиро назорат кунад ва барои ҳар филм иҷозатнома диҳад. Гузашта аз ин, ҳар чизе ки ба бозори синамоӣ ворид ё содир мешавад, ин сохтор бояд ба танзим дарорад, идора кунад ва муҳимтар аз ҳама, ба намоиш гузоштани филмҳои ватанӣ ё филмҳои миллиро ба роҳ монад. Замони шӯравӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату шаҳракҳо ва ҳатто деҳот ҳудуди се ҳазор кинотеатри рӯпушидаву тобистона ва клубу киноустановкаҳо буд, ки имконияти намоиш додани филмҳоро доштанд. Ин намоишҳо ё доимӣ ва ё мавсимӣ буданд. Инчунин, дастгоҳҳои сайёре буданд, ки ба минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, ки толори намоишдиҳӣ надоштанд, рафта филм намоиш медоданд. Мутаассифона, ин бахш, ки дар барнома дарҷ гардидааст, дар такя ба он бояд ҳудуди зиёда аз 50 кинотеатрро омода ва таъмир мекарданд, вале, ин кор анҷом дода нашуд. - Яъне, барномаи мазкур наметавонад дар муҳлати муайяншуда амалӣ гардад? - Бале, наметавонад. Зеро барнома тарҳрезишуда буд ва он аз ҷониби ҳукумат қабул гардид, вале имконоти амалӣ кардани он воқеӣ набуд. Яъне, барнома хом буд. Самти дигаре, ки бениҳоят муҳим ва зарурӣ буду амалӣ нагардид, таҳияи филмҳо барои бозори ҷаҳонӣ ва омода намудани кадрҳои соҳавӣ буд. Хуб аст, ки имрӯз масъулин корҳои назоратӣ

шеваи кор наметавонад ҳадафҳои синамои миллиро пиёда созад. - Чаро имрӯз ҷомеа рӯ ба киноҳои хориҷӣ овардааст? Бархе сабаби инро дар холӣ будани фазои кинои тоҷик медонанд, аммо бархеи дигар бар он назаранд, ки филмҳои тоҷикӣ ба завқи тамошобин ҷавоб дода наметавонанд. - Чанде пеш бо як нафар намояндаи омор ҳамсуҳбат шудам ва пурсидам, ки шумо омори тамошобин доред, ки ин як самти муҳими кор аст, дар ҷавоб гуфт, ки чунин омор нест. Танҳо охирин оморе, ки ман хондам, ин ҳам бошад, солҳои 90 дар тамоми кишвар беш аз 2 млн. бинанда буд. Аммо имрӯз мо намедонем, ки чӣ қадар тамошочӣ дорем. Дар як сол ба кишвар чӣ қадар диск ворид карда шуд, чӣ қадар диск фурӯхта шуд, чӣ қадар аз он фоида ба хазинаи давлат рафт, чӣ миқдор фоида ба соҳибкор расид, инчунин, ҳангоми тарҷума бо забони тоҷикӣ чӣ қадар ҳунармандон барои овоз додан ҷалб шуданд, чӣ қадар дастгирии молиявӣ ба ин қишри ҷомеа, ки бениҳоят маоши ночиз мегиранд, расонида шуд, то чӣ ҳад ба ин васила сатҳи камбизотаии ҳунармандони тоҷик боло бардошта шуд, мутаассифона, касе посух дода наметавонад. Акнун бинед, вақте як сохтори алоҳида нест, вақте омори дақиқ нест, вақте самтҳои мухталифи синамои тоҷик ба танзим дароварда намешавад, пас, чӣ гуна метавон ба ин суол посухи дақиқ гуфт? Воқеан ҳам, ин консепсия аз мадди назари тамоми сохторҳои дахлдор дур монд. Ҳатто кор то ҳадде расид, ки мо - насли замони истиқлолро зери таъсири филмҳои хориҷӣ гузоштем, зеро натавонистем фазои кишварро бо филми миллӣ таъмин созем, ки ин

бохти мост. Мо механизми асосӣ - қонуни синаморо қабул кардем, вале ҳар қонун боз механизомҳои амалишавӣ дорад. Филми миллӣ аз чӣ иборат аст? Филме, ки 70 фисадаш сармояи давлат асту мавзӯъ низ инъикосгари урфу одат, расму оин, забону фарҳангу таърихи миллист. Ин корро анҷом додан мумкин аст, аммо барои ин сармоя бояд гузошт. Яъне, замина бошад, ки ҳар нафаре филме таҳия месозад, тавонад ин хароҷоти дар филмаш кардаро дубора баргардонад. Агар чунин нест, пас наметавон филми воқеан миллӣ ба саҳна гузошт. Дилхоҳ барнома низ дар ҳоле амалӣ мегардад, ки заминаи хуб дорад. Он чи гуфтам, дар ҳоле амалӣ мегардад, ки давлат ба ин самт таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунад. Вақте ҷомеа дар хона миёни чор девор мемонад, он гоҳ проблема эҷод мешавад. Вақте ҷомеа зери як сақф бо ҳам меояд, аллакай муколама ба миён меояд ва ҷомеае, ки муколама надорад, як ҷаҳон ишкол дорад. Аз ин рӯ, мо наметавонем бо роҳи маҷбурӣ - ҷалби хонандагону донишҷӯён ва дигарон ба ҳадафҳои худ бирасем, мо бояд фазоеро эҷод созем, ки ҷомеа худ рӯй ба синамо биёрад. Пас, мушкил чист? - Як-ду соли охир ҳар чизе ки дар «Тоҷикфилм» сохта мешавад ё ин ки масалан, шахсони ҳирфаӣ, дӯстдорони синамо аз пеши худ бо дарёфти маблағ ё аз ҳисоби сарпарастон ва ё бо маблағҳои шахсӣ филмеро таҳия месозанд, зери бренди ин ё он телевизион дастгирӣ ёфта, мехоҳанд тамошобинон, пеш аз ҳама, аз тариқи экран, аз рӯи пардаи синамо онро тамошо кунанд, сипас, аз тариқи DVD-дискҳо ба бозорҳо

роҳ ёбанд. Чанд сол қабл, қариб ки ин имконро кам дар кам истифода мекарданд. Ҳар филме омода мешуд, тариқи дискҳо зуд ба бозорҳо роҳ меёфт ва мисли дигар молу маҳсулот ба фурӯш бароварда мешуд. Ҳоло бошад, ин нафарон бо имкониятҳои доштаи худ, ки он ҳам маҳдуд аст, ин ё он филмро дар муассисаҳои таълимиву клубҳо ба намоиш мегузоранд, то суде ба даст оранд. Сипас, ин филмҳо дар охир аз тариқи телевизион намоиш дода мешаванд. Ҳамчунин, ҳар филме ки аз ҷониби «Тоҷикфилм» ё «Тоҷиккино» қаблан таҳия карда мешуд, аввал аз тариқи телевизион намоиш дода мешуд. Ҳоло бошад, кор бо ин шева шурӯъ шудааст, аммо, мутаассифона, дар кишвар толорҳои хуб вуҷуд надоранд, ки бештару беҳтар ин ҳадаф анҷом дода шавад. Метавон гуфт, ки дар шаҳри Душанбе се кинотеатри фаъол, дар Қӯрғонтеппа як кинотеатри фаъол, дар Хуҷанд бо ном як кинотеатр ва як Маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ фаъоланду халос. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар шаҳру ноҳияҳо, умуман кинотеатр нест. Яъне, мушкили асосӣ набудани толору кинотеатрҳост. Чизи дигарро мехоҳам зикр намоям. Тавре мебинед, ҳар рӯз як бино дар маркази шаҳр қомат рост мекунад, аммо дар ошёнаи якуми тамоми биноҳо мағозаҳо ҷой мегиранд. Намешавад, ки ҳангоми сохтмони бинои истиқоматӣ ошёнаи якуми онро тавре лоиҳакашӣ намуд, ки аз толорҳои хурди фарҳангиву фароғатӣ иборат бошанд, то мардум тавонанд дар вақти мусоид дар он толорҳо ба тамошои намоишҳои ҷолиб ғизои маънавӣ бардоранд? Таҷрибаи дигар кишварҳо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9389), 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


МУҲОВАРА

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

нишон медиҳад, ки дар замони муосир бояд толорҳои хурд сохт, ки фаъолияти шабонарӯзӣ дошта бошанд. Дар як супермаркети Алмаато (Қазоқистон) даҳ толори филмнамоишдиҳиро дидам, ки мардум ба онҳо ворид шуда, ҳам ғизои маънавӣ мегирифтанд ва ҳам барои худ молу маҳсулот харидорӣ менамуданд. Агар ин иқдом роҳандозӣ мегардид, шояд то як андоза мушкилоти ҷойдошта дар ин самт роҳи ҳалли худро меёфт. Чизи дигар. Имрӯз агар як нафар сармоягузори хориҷӣ вориди кишвар шавад ва хоҳад, ки толоре созаду дар он филмҳоро ба намоиш гузорад, дарҳол зери андешаи он ки ин идеологияи махсуси сиёсиро пиёда кардан мехоҳад, фаъоляиташро маҳдуд месозем ё зери чаҳорчӯбаи худ қарор

филм офарад, асос надорад. Охир, ҳар инсон ҳақ дорад дар ҳаёти худ ошиқ шавад, ҳар инсон ҳақ дорад зиндагӣ кунад, ҳар инсон ҳақ дорад самти муайяни фаъолияти кори худро дошта бошад. Имрӯз, ки ниёз ҳаст, як кас метавонад филм меофарад, як нафари дигар филм мефӯрушад, нафари сеюм ба ҷамъоварии филм машғул мешавад. Яъне, мардуми мо низ рафт ба хориҷ ва дунёи мутамаддинро дид ва дарк кард, ки ин ҳам тиҷорат аст ва метавон фоидае ба даст овард. Вақте баргашт, машғул шуд ба ин кор. Агар дурусттар бингарем, ин аз беназоратӣ не, аз набудани сохтори ягона аст, ки дар боло гуфтам. Беназоратӣ танҳо дар фурӯши филмҳои хориҷист, ки мо намедонем як филм чӣ миқдор ба фурӯш меравад ва аз ин даро-

дан, ки ҳама бо забони китобӣ ҳарф занад, ғайриимкон аст. Зеро ҳама медонад, ки ҳунарманд бозингар аст, аммо бо матни китобӣ наметавон бозӣ кард. Агар намоише, ки бо забони гуфтугӯӣ пешкаш мегардад, аз ҷониби тамошобин хуш қабул карда мешавад. Вақте урфу одати як минтақа рӯйи навор ё ба саҳна гузошта мешавад, бояд шеваи ҳамон минтақа низ истифода гардад. Таъкид месозам, ки гуногунии фарҳанг, гуногунии забон боигарии мост. Ба ин васила, онҳо нигоҳ дошта мешаванд.

медиҳем. Ҳол он ки ин идеология не, балки тиҷорат аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ӯ филмҳоеро меорад, ки нусхаи асл ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯст, на филмҳои пиратӣ. Инчунин, он толоре, ки ӯ месозад, дорои тамоми шароит аст, ки шахс аз ворид шудан ба он бардошти ҷолибе мекунад. Яъне, таҳлили илмию иқтисодию сиёсию фарҳангии соҳа бояд ҳамчун роҳбар бошад, на бо шеваи кор, ки «рафта фалон дискфурӯшро дошта биёр», «рафта фалон фурӯшандаро ҷарима банд» ва амсоли инҳо... Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ҳар нафаре, ки имкон дорад, ду корро анҷом медиҳад, ё дорухона месозад ва ё нуқтаи дискфурӯшӣ мекушояд. Ин аз он далолат мекунад, ки бозори ин маҳсулот серхаридор аст ва масъулин бояд инро ҷиддӣ зери назорат қарор диҳанд. Гузашта аз ин, ҳар нафаре мехоҳад як студия кушояд, бигзор дастгирӣ карда шавад. Набояд ин ашхос таъқиб шаванд, доираи фаъолияташон маҳдуд гардад, баръакс, бояд ба танзим дароварда шавад, то яке ба таҳияи филм, дигаре ба тарҷумаи филм, сеюмӣ ба пахши филм машғул бошанд ва ба ин васила, бозори рақобатнокро ба вуҷуд биёранд.

мад чӣ миқдор маблағ ба муаллифони филм равона карда мешавад. Ин пурра поймол кардани қонунҳои байналмилалию пешкаши мардум кардани филмҳои пиратӣ аст.

- Вақте як нафар дар як муассиса таҳсил мекунад, бояд омӯзад ва таҷриба аз бар кунад. Сипас, вақте ба камол мерасад, мехоҳад маҳсули андӯхтаашро дар амал татбиқ созад. Барои ин бояд имконият фароҳам оварда шавад, ки аз рӯзи аввали таҳсил то хатми муассиса, таҳия ва пахши филми авали он ҷавон аз ҷониби ҳукумат маблағгузорӣ ва дастгирӣ ёбад. Ҳамчунин, барои рақобатнок шудан, чанд нафарро тибқи квота бояд ба хориҷи кишвар ба таҳсил фиристонид ва муҳимтар аз ҳама, баъди хатм, ки баргашта омад, бояд бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин карда шавад. Зеро аз мушоҳидаҳо маълум аст, чанд нафаре ин ё он муассисаи дохиливу хориҷиро хатм карда, ба фаъолият мепардозад, чун мебинад, ки шароит нест, маоши ночиз аст, тарки пеша мекунанд. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки бояд як филми нав дар як моҳ рӯйи навор ояд ва он дар тамоми кишвар ба намоиш гузошта шавад. Яъне, иқдоми намоиши сартосариро бояд пеша кард. Алъон бо ташаббуси ҷавонони мо як заминае ба вуҷуд омадааст, ки метавонад дар синамои тоҷик таконе бахшад. Яъне, вақте механизм ба кор даромад, бозори дохилӣ ба танзим дароварда шуду ин насли нав филмҳои худро ба фурӯш бароварда тавонистанд, баъд синамои тоҷик рушд мекунад, зеро рақобати солим ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, зиёд мехоҳам, ки ҷавонон дастгирӣ ёбанд, зеро бисёр мебинам, ки дар қалбҳои онҳо шуълаҳои умед дурахшон аст. Батакрор мегӯям, ки агар онҳоро дастгирӣ намоем, ҳатман синамои тоҷик рушд меёбад, зеро дар урфият гуфтаанд, ки «нек гӯӣ, нек мешавад».

- Метавон умед баст, ки фазои кишварро пурра кинои тоҷик аз худ карда метавонад? Дар умум, нақшаҳои шуморо барои чанд соли баъдӣ донистан мехоҳем.

дастгирӣ кард

- Ҳарҷанд, аз ҷониби «Тоҷикфилм», Кумитаи телевизион ва радио, телевизиони «Сафина» дар даврони соҳибистиқлолӣ филмҳои зиёде рӯйи навор омадаанд, аммо бар замми ин, ба назар чунин мерасад, ки имрӯзҳо ҳар нафаре хоҳад як филме меофарад. Сабаби инро дар чӣ мебинед: беназоратии соҳа ва ё ба истилоҳ «демократияи соҳа»? - Оне, ки мегӯяд имрӯз аз беназоратии соҳа ҳар кас мехоҳад

- Чаро имрӯз муҳаққиқони соҳа аз забони филмҳои насли нав ва аз дубляж ва турҷумаи филмҳои хориҷӣ норозианд? Дар ҳоле ки мардум хуш қабул дорад. - Ин фақат ҳамон вақт шакл мегирад, ки бозори дохилӣ қонеъ мешавад, сиёсати давлатӣ дар ин самт пурзӯр мегардад, қонунҳои забони адабии мо пурра риоя мешаванд. Аниқтараш, ин самти кор бояд пайваста омӯхта шавад ва муайян карда шавад, ки забони филмҳои мо бояд чӣ гуна бошад. Забони филмҳои имрӯзаи мо ба истилоҳи эрониён «қонимотӣ»-ст. Гоҳ шева аст, гоҳи дигар забони адабӣ, гоҳе забони китобатӣ. Вале имрӯз миёни донишмандони тоҷик баҳс шавад, ки забони гуфтугӯӣ чӣ дар театр ва чӣ дар синамо бояд кадом бошад - забони адабӣ, забони китобӣ ё забони гуфтугӯӣ. Масалан, филмҳои эронӣ пурра дар асоси забони гуфтугӯӣ офарида мешаванд. Вале забони ягонаи гуфтугӯии мо вобаста ба минтақаҳо дар расонаҳои аудиовизулаӣ то чӣ ҳад шакл гирифтааст, ин мавзӯи баҳс аст. Доим ҳамдигарро маломат мекунем, ки ин бо забони гуфтугӯӣ ҳарф мезанад, дигаре бо забони адабӣ. Аммо кӣ хатти муайян гузошт, ки ин забони адабӣ сирф забони адабӣ аст ё забони китобӣ ва ё забони гуфтугӯ? Мушкили мо дар театру синамо ба тарзи комил шакл нагирифтани забони гуфтугӯии синамову театр аст. Ин бояд аз забони китобиву адабии мо сирф фарқкунанда бошад. Бигзор забони адабии гуфтугӯӣ бошад, вале талаб кар-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9389), 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

Мусоҳиб Шаҳнозаи МИРЗОХОН

Ғамхори «дӯстони сабз» бошем Бо омадани фасли баҳор кишвари зебои мо боз ҳам зеботару сарсабз гашта, ҳавояш аз накҳати гулу гиёҳон муаттар шуд. Тамошои гулу сабза, саёҳати зери сояи дарахтон ба ҳар яки мо нерӯи тоза ва завқу руҳияи баланд мебахшад. Аз ин рӯ, дарахтонро «равонпизишки сабз» мегӯянд. Бо ташаббуси Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1993 ҳар баҳор мавсими ниҳолшинонӣ муташаккилона баргузор гардида, дар кишвар миллионҳо бех ниҳолҳои дарахту буттаҳои гуногун шинонда мешавад. Ба ин маъракаи муҳим ашхоси синну сол ва касбу кори мухталиф ҳамроҳ мегарданд. Сол то сол теъдоди бештари одамон манфиати кабудизоркуниро дарк мекунанд. Як гектар дарахтзор соле то 70 тонна чангу ғубор ва 2,6% шавқунро ба худ мекашад. Аз ин рӯ, ҳангоми сайругашт дар боғ ё ҷангалзор мо на танҳо завқ мебарем, балки аз ҳавои тоза нафас кашида, ҷисми худро нерӯ мебахшем. Инро дар илми тиб ландшафтотерапия мегӯянд. Яъне, манзараи зебо, садои парандагону шилдирроси оби ҷӯйча, накҳати гулу дарахтон таъсири шифобахш доранд. Дар ҷангал ва боғ (парк)-ҳо намнокии ҳаво нисбат ба ҷойҳои бедарахт 15-30% бештар аст. Хатҳои муҳофизатии иборат аз анбӯҳи дарахтон ба зиёдшавии ҳосили майдонҳои кишт мусоидат мекунанд. Масалан, солҳое, ки хокбориш ва хушксолӣ меояд, як гектар хати муҳофизатии иборат аз дарахтони баландиашон то 10 метр майдони 2530 гектарро ҳифз намуда, нисбат ба майдонҳои муқаррарӣ аз ҳар гектар 3-4-сентнерӣ бештар ҳосил медиҳанд. Аз ҳар гектар майдони кишти бидуни хатҳои муҳофизатӣ нисбат ба майдонҳои атрофашон дарахтзорбуда, 2,5-7 баробар нитроген (N), 2-6 баробар фосфор (Р) ва 3-5 баробар калий (К) бештар шуста мешавад. Олимон ҳисоб кардаанд, ки як гектар ҷангали арчадор дар давраи нашъунамо 2500-3000 тонна обро бухор мекунад. Дар як рӯзи офтобӣ дарахтони як гектар ҷангал ба ҳисоби миёна 220-280 кило гази карбонатро фурӯ бурда, 180-200 кило оксигени барои ҳаёт заруриро ихроҷ мекунанд. Ҳар яки мо дар гармои тобистон кӯшиш мекунем, ки худро зери сояи дарахтон бигирем. Ин бесабаб нест. Зеро ҳарорат вобаста ба зичии дарахтон дар ҷангалзор нисбат ба дигар ҷойҳо 4-8 дараҷа салқинтар аст. Дар бораи хусусияти табобатӣ доштани ҳавои ҷангал, алалхусус, ҷангали иборат аз дарахтони сӯзанбаргӣ шояд бисёриҳо огоҳ набошанд. Дар саҳни муассисаҳои тиббӣ ва макотибу идораҳои давлатӣ бештар дарахтони ҳамешасабз мешинонанд. Ё иншооти тандурустию осоишгоҳҳоро, асосан, дар мавзеъҳои дарахтони сӯзанбаргдор бунёд мекунанд. Зеро ин намуди дарахтон дар пешгирию муолиҷаи аксар касалиҳо, алалхусус, бемориҳои роҳи нафас беҳамтоянд. Аз рӯи ҳисоби олимон як гектар ҷангали арчаю сӯзанбаргдор дар шабонарӯз то 30 кило фитонсид (моддаҳои шифобахши зидди касалиҳои бактериявию замбурӯғӣ) ихроҷ менамоянд. Ҳамин хусусиятҳои шифобахшии сӯзанбаргҳоро ба инобат гирифта, аз онҳо равғану доруҳои табобатӣ истеҳсол мекунанд. Масалан, равғани эфири дарахти пихта хосияти бактериякушанда, фунгисидӣ ва зиддивирусӣ дорад. Зимни бо мақсади пешгирӣ (профилактика) истифода кардани равғани пихта хавфи гирифторӣ ба бемориҳои шадиди роҳи нафас 32-44% ва зуком 24-48% кам мешавад. Равғани пихта роҳи нафасро кушода, барои бемориҳои зиққи нафас, бронхит ва варами шуш даво ба шумор меравад. Он ҳамчун иммуномодулятор масунияти ҷисмро тақвият мебахшад. Бо сабаби хосияти гармкунанда доштанаш равғани пихта дарди мушакҳо ва пайванду буғумҳоро, ки аз сардӣ ва намӣ пайдо шудаанд, таскин медиҳад. Бинобар хосияти гармкунанда доштанаш равғани пихтаро ҳангоми артрит, неврит, невралгия ва остеохондроз истифода мебаранд. Чунин мисолҳоро дар бораи манфиати «дӯстони сабз»-и инсон зиёд овардан мумкин. Дар ин хусус омӯзгоронро лозим аст, ки ба шогирдонашон маълумоти бештар диҳанд, то насли наврасу ҷавон ба қадри дарахтон бирасанд. Дар шароити ҷумҳурии мо шинондани ниҳоли дарахтони сӯзанбарг дар фасли тирамоҳ натиҷаи хубтар медиҳад. Зеро то оғози гармиҳо ниҳолҳо ба хок хубтар мутобиқ мешаванд. Ҳамаи мо бояд нисбат ба «дӯстони сабз»-амон ғамхор бошем. Сокинони маҳаллаҳо, шогирдони мактабу коллеҷҳо ва мутасаддиёни корхонаю муассисаҳоро зарур аст, ки ниҳолҳои бо меҳр шинонидашудаи назди маҳаллаю мактабу донишкада ва муассисаҳоро сари вақт обёрӣ карда, аз кандану шикастан эмин нигоҳ доранд. Шамс НАЗАРОВ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, доктори илмҳои химия

9


ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

ДОНИСТАН ХУБ АСТ

Ҷавонон муаррифгари давлат бошанд

Манфиати хобидан ба кифти рост

Ҷавонон гурӯҳи махсусе мебошанд, ки аз рӯи синну сол ва мақомашон дар ҷомеа аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Баъзе олимон ақида доранд, ки ҷавонон гурӯҳи шахсоне мебошанд, ки ҷомеа ба онҳо имконияти рушдёбии иҷтимоӣ ва таъмини имтиёзҳоро фароҳам овардааст, аммо имкониятҳои иштироки фаъолонаро дар ҳаёти хоҷагидории ҷамъиятии онҳо маҳдуд менамояд. Ин гуфтаҳо то ҷое дар мамлакати мо асос надорад. Дар мувофиқа бо моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат доир ба масъалаҳои ҷавонон, фароҳам овардани шароити иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои рушди иҷтимоии ҷавонон ва бо назардошти соҳаҳои гуногуни афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015»-ро ба тасвиб расонд, ки дар амал тадбиқ мешавад. Бо мақсади нишон додани неруи асосӣ ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 қайд намуданд, ки «Воқеан, имрӯз

ҷавонони мо ҳамчун неруи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем».

Чанори таърих

Воқеан истифода бурдани ин неру дар ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озӯқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз манфиат холӣ нест. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамаи

шароитро барои таҳсил ва касбомӯзии ҷавонон фароҳам овардааст, аз ҷумла, дар хориҷи мамлакат. Аз замони соҳибистиқлолии мамлакат танҳо бо кӯмаки давлат зиёда аз 30000 нафар ҷавон барои таҳсил ба муассисаҳои олии касбии хориҷӣ фирисонида шудаанд. Ҳар ҷавоне, ки ба хориҷ барои касбомӯзӣ мераванд, бояд дорои нангу номуси миллӣ ва зиракии сиёсӣ бошанд. Онҳо бояд ватани маҳбуби хешро дар радифи дигар мамлакатҳои пешқадам муаррифӣ намоянд. Мо – ҷавонон бояд неруи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат, фарзандони бонангу номус ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистон бошем. Абдумаҷид САФОЕВ, омӯзгори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

10

Ба гуфтаи онҳо аз ҳама хатарноктарин ба шикам хобидан будааст. Ин тарзи хобидан таъмини мағзи сар бо хун ва таъмини шуш бо ҳавои тоза халадор мешавад. Хоб дар болишти баланд ва тамоман бе болишт низ қобили қабул нест. Зеро дар ин сурат мағзи сар оксигенро ба миқдори кофӣ қабул намекунад. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки роҳи беҳтарини хобидан ба паҳлӯи рост будааст. Ҳанӯз 1400 сол пеш ҳазрати Муҳаммад (с) хобидан ба кифти ростро тавсия дода буданд. Илм исбот намуд, ки тавсияи Паёмбари гиромӣ (с) низ чун дигар тавсияҳояшон аз ҳикмату манфиат холӣ набудааст. Таҳияи С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

ОЛИМОНИ МО

Сапеда медамад. Марде сапеддилу сапедмӯ аз кӯчаи назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намудор мешавад. Чун одати ҳаррӯза, аниқтараш зиёда аз сиву панҷ сол мешавад, ки бо дили гарму рӯҳи бузург сӯи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ роҳ мепӯяд. То ба ин боргоҳи илм расидан, назди Бонки миллӣ таваққуф мекунад. На, ӯ коре ба молу колои дунё надорад, пули кироӣ ҳам надорад, ки дар бонк гузорад. Мақсадаш аз пиразани рӯзномафурӯши сари роҳ харидани ҳафтаномаҳост. Рӯзномаҳоро варақ мезанад. Чашмони то ҳол рӯшанбинаш вожаҳои «тоҷик», «фарҳанг» ва «Меҳан»-ро мекобанд. Агар ҳарфу ҳиҷои нек аст, монанди кӯдакон завқ мекунад, аз фараҳмандӣ сархуш мешавад. Муаллифашро сано мехонад, агар баръакс бошад, осмони болои сараш омада ба замин мечаспад. Аз он рӯзномаҳо ҳатман харида, ҷойҳои заруриашро барои худ менависад, коғаз сиёҳ мекунад ва саропояшро дар ҷодаи худшиносиву ҳувияти миллии фирдавсиёна обу адо мекунад. Дилашро, ба қавли худи ӯ, «дардҳои тоҷикӣ» мефишорад. Ин соҳиби дардҳои бешумори тоҷикӣ олими забардаст ва адабиётшиноси бузург Валӣ Самад аст. Бовар мекунед, аз театру осорхона, насру назм, китобу маҷалла, кӯчаву хиёбон, нақлиёт, ҳатто аз забони кӯдакон, ки сӯи дабистону боғча равонанд, хирадвораҳои тоҷикӣ мекобад. Наёбад, айшаш талх мешавад, агар ёбад, хуш ба ҳолаш! Ин сарамарди дунёи маонӣ на танҳо аз муҳити фарҳангии Тоҷикистон, балки аз тамоми олам нишонаву ормонҳои тоҷикӣ мекобад. Хуб медонад, ки маънавиёти тоҷикии форсӣ «дар давраҳои гуногуни таърихи фарҳанги бегонагон ҳоҷатбарор ва ҷавобгӯи ниёзҳои доғи адабӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ахлоқии онҳо будааст». Адабиётшиноси барӯманд, устод Абдунабӣ Сатторзода дар сарсухани китоби «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернешевски»-и устод Валӣ Самад барҳақ нигоштаанд: «Онҳо одамони индунёӣ нестанд. Онҳо одамоне мебошанд, ки хеле барвақттар аз за-

Олимон чанд сол боз фоидаву зарари чӣ гуна хобиданро миёни одамони синну соли гуногун меомӯзанд.

моне, ки дар он бояд бошанд, ба дунё омадаанд...» Барои ин марди сарсупурда ва беандоза

миллатпараст сухани арзандатар аз суханҳои устод Абдунабӣ Сатторзода гуфта натвонем, ба ҷуз ин хӯшаи шеъри шогирдона:

Замоне чанд дар ҷангал, Зи шодӣ зоғҳову бумҳо сармаст мегаштанд. Табардастони бефарҳанги ғофил аз уболи чӯҷаи гунҷишк, Табар дар даст мегаштанд. Дарахтон гиря мекарданд: Ки умре дастаҳо андар табарҳошон зи шохи мост. Ба зоти худ ҷафокорӣ Ба қавми мо чӣ осон аст!!! Дар он айёми бебаргӣ, Ту будӣ посбону соҳиби ҷангал, Ту будӣ рӯҳбону роҳиби ҷангал. Ба кунҷи торики ҷангал, Ту меафрӯхтӣ машъал. Ниҳоле бо ниҳолони дигар пайванд медодӣ, Ба лабҳои гули пажмурда ҳам лабханд медодӣ. Ту бо набзи шақоиқҳо тапидан доштӣ, охир, Ба сарвақти санавбарҳо расидан доштӣ, охир. Ба дарди ҳар дарахти пиру дилхаста, Ба ҷони иллатии шохи бишкаста Чу Исо ҷони гарму нав дамидан доштӣ, охир. Ҳар он барге, ки дар роҳ аст, Ниҳонӣ номаҳое аз ниёгон аст. Зи дасти боди найрангӣ ба ҳар сӯе парешон аст. Ва нахли охирини шохи бишкаста Ба уммеди баҳорон аст. ... Замоне зоғҳо сармаст мегаштанд, Табардастони бефарҳанг Табар дар даст мегаштанд, Зи дастони наҷиби ту чанори кӯҳнаи таърихро шодоб медидам, Парасту хоб медидам...

Бузургмеҳри БАҲОДУР, магистри Академияи илмҳои Тоҷикистон

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9389), 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


19 АПРЕЛ — РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК Вақте ба фарзонафарзандони Файзобод, хоса, олимони ин диёр таваҷҷуҳ кардам, ҳадалимкон 50 нафари онҳоро «кашф» намуда, дидам, ки дастпарварони таълимгоҳҳои ин диёр бо заҳмати тафаккуру фаҳмиш дар боғи илму фарҳанги Тоҷикистон накҳату таровати хоса доранд. Табиист, ки байни уламо машҳуру номашҳурон ҳастанд. Ҷавонолимонаш, ки аксариятанд, бо ниятҳои бузург аз ибтидои кор кӯшиши парвози баланд доранд. Проректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, муаллифи беш аз 50 мақолаи илмию методӣ Муродалӣ Сангов аз ҳамин ҷумла аст. Ӯ дар конфронсҳои байналхалқӣ дар мавзуъҳои мухталифи илмҳои дақиқ баромад карда, навгониҳои илми кишварро муаррифӣ менамояд. М. Сангов соли 2006 бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардид. Ҷавонтарин олими соҳаи кимиё Сироҷиддин Раҷабов, дотсенти кафедраи пайвастаҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои бунёдӣ ба ҳамин ҷоиза ноил гардид. Кори илмии ин олими ҷавон хеле пурарзиш буда, ба мавзӯи «Синтези аминокислотаҳо ва пептидҳо бо ҳосилаҳои эпихлоргидрин, монодихлоргидрин-глитсерин» бахшида шудааст. С. Раҷабов дар даҳ соли охир қариб сад мақолаи илмӣ, се дастури таълимӣ, як китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва як лоиҳаи фонди президентӣ дар мавзӯи «Технологияи коркарди нуриҳои минералӣ аз партовҳои шаҳрӣ ва хоҷагии қишлоқ» таълиф намудааст. Асарҳои илмиаш ба забонҳои русию англисӣ тарҷума шудаанд. Миёни донишмандони ин диёр шахсиятҳои дар ҷодаи илм бо пуркорию пухтакорӣ мавқеъдошта - Урватулло Тоиров, Таваралӣ Зиёзода, Ҷамолиддин Саидзода - мебошанд. Таваралӣ Зиёзода дар соҳаи педагогика олими муваффақ аст. Ӯ доир ба таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ, инсон ва ҷомеа, ҷаҳони имрӯза, асосҳои давлат ва ҳуқуқ тадқиқоти фаровон дошта, муаллифи 12 китоби дарсӣ барои мактабҳои миёна мебошад. Т. Зиёзода дар соҳаи худ ба унвони докторӣ соҳиб гардидааст. Ҷамолиддин Саидзода узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, доир ба назарияи омӯзгорӣ ва таълими фанни адабиёт беш аз 20 китоб таълиф намудааст. Манзури мо чанд сатре аз фаъолияти имлию омӯзгории устоди арҷманд Урватулло Тоиров гуфтан аст. Урватулло Тоиров баъди до-

нишмандони бузурги адабиёт Шарифҷон Ҳусейнзода ва Тӯрақул Зеҳнӣ (равонашон шод бод) дар бахши назмшиносии филологияи тоҷик ангуштнамост. Ин ятимбачаи деҳотӣ панди падари маънавиаш Шарифҷон Ҳусейнзода дар гӯш

«Таҳаввул ва такомули қасида дар адабиёти тоҷик», «Таҳаввул ва такомули арӯз дар назария ва амалияи шеъри форсӣ-тоҷикӣ» аз мукаммалтарин асарҳои таҳқиқотии ӯ буда, аз ҷониби олимони соҳа баҳои баланд гирифтаанд. «Таҳқиқ

ДОНИСТАН ХУБ АСТ донист. Ҳамин тавр, бо кӯшиши ӯ «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ (ҳамроҳи Худоӣ Шарифов), «Ал-мӯъҷам»-и Шамс Қайси Розӣ, «Меъёр-ул-ашъор»-и Насируддини Тӯсӣ, «Фунун ва саноеи адабӣ»-и Воҳидиёни Комёр,

Олими сермаҳсул ва пухтакор

Урватулло Тоиров аз ҳамин ҷиҳат мавриди эҳтиром қарор гирифтааст

аз овони таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайи илм рафта, то ба дараҷаи доктори фан ва унвони ифтихории профессор расид. Шарифҷон Ҳусейнзода, ин устоди басо сахтгиру серталаби донишгоҳ қобилият, кӯшишу ғайрати Урватуллоро аз солҳои аввали донишҷӯияш ҳис карда, ба ӯ ҳамчун олими ояндаи соҳаи адабиёт бештар ғамхорӣ зоҳир намуд ва ӯро зери қанот гирифт. Урватулло Тоиров баъди хатми мактаби олӣ корро аз идораи рӯзномаи «Маориф ва маданият» (ҳоло «Омӯзгор»), оғоз карда, дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик (ҳоло Энсиклопедияи миллии тоҷик), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва дигар муассисаҳои илмию эҷодии пойтахти кишвар риштаи фаъолияти хешро ҷиддан ба илм пайваста, ба паҳлӯҳои таҳқиқнашудаи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ даст зад ва асарҳои гаронбаҳою пурарзиш офарид, ки олимони соҳа, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи Тоҷикистон аз онҳо фаровон истифода мебаранд. Асарҳои калонҳаҷми ӯ оид ба таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик ба шумор аз даҳ зиёд буда, дар мавзуъҳои таҳаввул ва сайри таърихии қасида дар адабиёти тоҷик, арӯзу қофия, дигар масоили таърихи адабиёт беш аз 900 мақолаи илмӣ таълиф намудааст. Маҳсули қалами ӯро маҷаллаҳои илмию соҳавии кишвар, рӯзномаҳои даврӣ фаровон чоп мекунанд.

ва таълими арӯз», «Фарҳанги истилоҳоти қофия», «Офтобе дар миёни сояе», «Роҳе ба сӯи ғалат», «Анвоъ ва авзони шеъри халқии тоҷикӣ», «Адабиёти тоҷик» (дар ду ҷилд) низ осори пурарзиши ӯ мебошанд. Ин асарҳои гаронбаҳо, воқеан, бо таҳлилҳои бебаҳо рӯйи коғаз омадаанд. Урватулло Тоиров чанд китоби худро ба китобхонаи марказии ноҳияи Файзобод тӯҳфа намудааст. Аҳли зиё, дӯстдорони калом аз онҳо истифода бурда, бо номи муаллиф, ҳамдиёри худ Урватулло Тоиров фахр мекунанд. Мудири Бахши фарҳанги ноҳия Мирзошариф Ҳабибулло Бӯризод бо қаноатмандӣ изҳор кард, ки китобҳои устод Урватулло Тоировро зиёиёни диёр ва донишҷӯёни мактабҳои олии пойтахт доим суроғ мекунанд. Аз ин асарҳо ҳам дар китобхона, ҳам дар хонаҳояшон истифода мебаранд. Хусусан, ҷавононе, ки ба омӯхтани илми арӯз шавқ доранду машқи шеър мекунанд, ба китобҳои Урватулло Тоиров бештар таваҷҷуҳ доранд. Урватулло Тоиров аз овони мактабхонӣ ба матни классикӣ ошноӣ дошт. Аз ҳамин хотир, ба шуъбаи филологияи донишгоҳ дохил шуд. Дар ин даргоҳи илм аз назокати хати ниёкон ба хубӣ огоҳ гардид. Ҳини таҳқиқи соҳаҳои камомӯхтаи адабиёти классикӣ, мисоли арӯз, қофия ва санъати бадеӣ ба матни асарҳои гаронбаҳои даврони пешин мароқ зоҳир карда, таҳияи онҳоро барои насли адабиётдӯсти имрӯза салоҳ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9389), 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

«Бадоеъ-ул-афкор»-и Ҳусейн Воизи Кошифӣ, «Рисолаи рубоӣ»-и Мулло Саъдуллоҳ бо таҳқиқ ва шарҳу тавзеъ ба нашр расиданд. Урватулло Тоиров ҳамчун донандаи хуби арӯз, қофия ва санъати бадеӣ доир ба қисмати хеле заҳматталаби адабиётшиносӣ, яъне, назмшиносӣ рисолаҳои гаронбаҳо таълиф намудааст. Гуфтан мумкин, назмшиносӣ яке аз паҳлуҳои муҳими фаъолияти илмии ӯро дар бар мегирад. Ӯ ба таълифи китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳои таълимӣ низ машғул шудааст. Барои синфҳои 5-11 китобҳои адабиёти тоҷикро таълиф карда, ҳамроҳи устод Худоӣ Шарифов барои мактабҳои олӣ асари таълимии «Назмшиносӣ»-ро тартиб дод. Урватулло Тоиров ба камоли пирӣ расида бошад ҳам, синни ҳозираи умри хешро қуллаи баланди илмию эҷодӣ намеҳисобад. Дар ин бора дар конфронси илмию амалие, ки таҳти унвони «Профессор Урватулло Тоиров ва масъалаҳои омӯзиши вазни шеъри форсӣ-тоҷикӣ» моҳи майи соли 2013 дар Маркази фарҳангии ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзодаи ДМТ баргузор гардид, ҳамкорон низ изҳор намуданд. Воқеан, дар ин ҷамъомади илмӣ ба корҳои анҷомдодаи ӯ баҳои баланд доданд. Ӯро ҳамчун донандаи тавонои арӯзи тоҷикӣ васф карданд. Гуфта шуд, ки Урватулло Тоиров дар тӯли 46 соли фаъолият дар бонуфузтарин муассисаҳои таълимии пойтахт бо пухтакорӣ обрӯю манзалат пайдо намуд. Урватулло Тоиров дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам фаъолият дошта, ҳамзамон, омӯзишу таҳқиқи паҳлӯҳои ифшонашудаи таърихи адабиёти форс-тоҷикро идома дода, дар ин боб рисолаҳои нав рӯи чоп оварданӣ аст. Баробари ин, ҳамчун роҳбари «Маҳфили каломи манзум» ва узви Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ба чанд нафар унвонҷӯ раҳнамоӣ мекунад. Ҷӯрабек МӮМИН

Воситаҳои арзони шуяндагӣ Мардуми тоҷик мақоле доранд: «Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем». Баъзан дар хона воситаҳои арзони шӯяндагӣ мавҷуданду мо вақту маблағ сарф карда, воситаи синтетикии шустушӯӣ мехарем. Ҳол он ки воситаҳои арзони шӯяндагӣ ба ҷисми мо ва муҳити зист безараранд. ОБИ ГАРМ Буғ ва оби гарм аз ҳама пурсамартарин воситаи шӯяндагӣ ба шумор мераванд. Дар ин ҳолат кори асосиро дастону чӯтка мекунанд, на моддаҳои химиявӣ. Либос ё зарф дар оби гарм ба осонӣ аз чирку равған тоза мешаванд. Алахусус, оби борон дар ин бобат беҳамтост. СОДА Яке аз маҳсулоти универсалӣ сода аст, ки онро барои нӯшидан (ҳангоми зардаҷӯш) ва тоза намудани дандонҳо (чайқонидани даҳон) истифода мебаранд. Ҳангоми шустани фарши хона ба сатили об каме сода ҳамроҳ бояд кард. Агар зарфҳоро бо содаву оби гарм шӯед, ҷило медиҳанд. Сода воситаи беҳтарини безарар гардонӣ буда, баъзе намудҳои бактерияву занбӯруғҳоро нест мекунад. КИСЛОТАИ ЛИМӮ Шарбати лимӯ ё кислотаи он барои рафъи чирку доғҳо, занги асбобҳои рӯзғор ва шустани равған воситаи беҳтарин ба шумор мераванд. СИРКО Сирко (уксус)-ро бо оби гарм ҳамроҳ намуда, ҳар гуна доғҳо, равғану шираи шахшудаи либосу зарфҳоро метавонед тоза кунед. Сирко барои тоза кардани зарфҳои шишагин, тиреза, миз ва ғайра муфид аст. Барои ин ба як литр об ду қошуқча сирко ҳамроҳ намудан лозим. Таҳияи С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

11


ВАРЗИШ

Қаҳрамонҳои нави дзюдои кишвар 11-12 апрели соли равон дар Қасри тенниси пойтахт мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои кишвар доир гардид. Паҳлавонони ҷумҳурӣ аз рӯи ҳафт вазн миёни ҳам рақобат карданд.

Мавсими нави футбол шуруъ шуд 10 апрел мавсими нави футболи мамлакат миёни дастаҳои лигаи олӣ оғоз шуд. Имсол дар Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 10 даста: «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хайр» (Ваҳдат), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Истиқлол» (Душанбе), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), КМВА «Помир» (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Барқи тоҷик» (Душанбе) ширкат мекунанд. Дар маросими кушодашавии зии дигар «Хайр» ба дарвозаи КМВА чемпионат “Истиқлол”-и Душанбе «Помир» ду голи беҷавоб зад. Ҳар ду бар “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:0 ғалаба гол ба Наполеон Андох мутаалиқ аст. кард. Ҳисобро дар дақиқаи 69 Ну- Бозӣ миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» риддин Давронов зад. Голи дуюми – «Равшан» мусовӣ (2:2) анҷом ёфт. “Истиқлол”-ро бозингари “Хуҷанд” Ҳусейн Суҳробӣ, бозингари “Равшан”, Соҳиб Ҳакимов ба дарвозаи худашон дар дақиқаи 7 ҳисобро кушод. Комзад. рон Турсунов дар дақиқаи 31 ҳисобро Бозиҳои дигари даври аввал 11 баробар кард. Нозим Бобоҷонов, аз апрел баргузор шуданд. «Вахш» тими мизбон дар дақиқаи 41 ҳисобро «Парвоз»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб афзуд - 2:1. Дар дақиқаи 49 бозинкард. Голи ягонаро Муҳаммадҷони гари “Равшан” Сайдамири Сайдаҳтам Ҳасан дар дақиқаи 50 зад. Дар бо- ҳисобро баробар кард. Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

№ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10

ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Хайр” (Ваҳдат) “Вахш” (Қӯрғонтеппа) “Равшан” (Кӯлоб) “Регар ТадАЗ” (Турсунзода) “Далерон” (Истаравшан) “Барқи тоҷик” (Душанбе) “Парвоз” (Б. Ғафуров) “Хуҷанд” (Хуҷанд) КМВА “Помир” (Душанбе)

Б 1 1 1 1 1 0 0 1 1 1

Ғ 1 1 1 0 0 0 0 0 0 0

М 0 0 0 1 1 0 0 0 0 0

Б 0 0 0 0 0 0 0 1 1 1

Т/Т 2/0 2/0 1/0 2/2 2/0 0/0 0/0 0/1 0/2 0/2

Х 3 3 3 1 1 0 0 0 0 0

Хатлон - ғолиби мусобиқаи чавгонбозӣ 10-12 апрел бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи чавгонбозии мамлакат дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ байни калонсолон баргузор шуд. Дар он дастаҳои Хатлон, Суғд, Душанбе-1 ва Душанбе-2 байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Мусобиқа ба таври даврӣ сурат гирифта, дастаи Хатлон соҳиби ҷои аввал гардида, бо диплом ва медалҳои

тиллои мусобиқа сарфароз гардид. Ҷои дуюм насиби дастаи Душанбе-1 ва ҷои сеюм насиби чавгонбозони вилояти Суғд шуд.

Хушқадам Хусравов (вазни то 60 кило), Умед Абдураҳимов (66), Шӯҳратҷони Фахризода (73), Фарҳод Раҳимов (81), Комроншоҳи Устопириён (90), Саидҷалол Саидов (100) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (беш аз 100 кило) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Ба иттилои Федератсияи дзюдои ҷумҳурӣ, ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии кишвар дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ дар мусобиқоти ҷаҳониву минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат

хоҳанд кард. Вазифаи аслии гӯштингирони тоҷик ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои

тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил мебошад.

И. Хоҷаев раиси Федератсияи таэквандо (WTF) интихоб шуд Дар конфронси Федератсияи таэквондо WTF-и ҷумҳурӣ, ки 4 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Исматулло Хоҷаев, мутахассиси варзидаи ин намуди олимпӣ, раиси федератсия интихоб гардид. Исматулло Хоҷаеви 49-сола дар муддати 18 соли фаъолият дар Федератсияи таэквондо WTF-и Тоҷикистон ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби кишвар, муовини раис ва дабири кулли федератсияи мазкур кор кардааст. Вакилони конфронс раиси пешини ин федератсия Маликшоҳ Неъматовро, ки феълан сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Олмон аст, раиси фахрии Федератсияи таэквондо WTF-и Тоҷикистон интихоб карданд. Инчунин дар ин конфронс муовинони раис, дабири кулл ва аъзои кумитаи иҷроияи Федератсияи таэквондо WTF интихоб шуданд. Исматулло Хоҷаев дар суҳбат бо хабарнигори радиои “Озодӣ” чунин гуфтааст: "Вазифаи аслии мо ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тоби-

стонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил мебошад. Айни ҳол варзишгарони номдори мо, ба мисли Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов ва Моҳрӯ Ҳалимова, ки бо раҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби кишвар Чон Чонг Фи, мутахассиси кореягӣ, соли гузашта дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд, ба мусобиқоти интихобӣ, инчунин, қитъавию ҷаҳонӣ дар хориҷи кишвар омодагӣ мебинанд. Албатта, барои ширкати муваффақонаи варзишгаронамон дар мусобиқоти байналмилалӣ мо ба кӯмаку дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Кумитаи миллии олимпии кишвар ва сарпарастон ниёз дорем".

Тоҷикистон бо Австралия бозӣ мекунад 14 апрел дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур қуръапартоии даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 доир гашт. Тибқи он Тоҷикистон ба гурӯҳи “В” шомил шуд. Ҳарифонаш Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш мебошанд. Бозии аввалини тими мунтахаби кишвар бо Урдун 11 июн дар Душанбе доир мегардад. Дар даври дуюм 16 июн дар меҳмонӣ бо Бангладеш вомехӯрад. Шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев аз даври сеюм, ки 3 сентябр ба нақша гирифта шудааст, озод мебошанд. Дар даври чорум тими мунтахаби кишвар бо Австралия дар Душанбе бозӣ мекунанд. Даври панҷум 8 октябр баргузор мешавад, ки тими миллии кишвар дар меҳмонӣ бо Қирғизистон вомехӯрад. Қисми дуюми бозиҳои

гурӯҳиро тими миллии кишвар дар меҳмонӣ бо Урдун оғоз мекунад (13 октябр). Дар даври ҳафтум, 12 ноябр шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев дар Душанбе тими Бангладешро қабул мекунанд. Дар даври нуҳум, ки 24 марти соли оянда баргузор мешавад, тими миллии кишвар дар меҳмонӣ бо Австралия вомехӯрад, ниҳоят, 29 март дар даври даҳум дар Душанбе бо Қирғизистон бозӣ мекунад. Умуман, дар даври дуюми интихобии ЧҶ-2018 тими миллии кишвар 8 бозӣ мекунад – 4 бозӣ дар хона ва 4 бозӣ дар

меҳмонӣ. Ёдовар мешавем, ки тибқи қуръапартоии даври дуюми интихобӣ 40 дастаи мунтахаб ба 8 гурӯҳ тақсим шудаанд (ҳар гурӯҳ 5-дастаӣ). Ғолибони гурӯҳҳо ва 4 дастаи беҳтарини ҷойи дуюм (12 даста) ба даври финали Ҷоми Осиё-2019, ҳамзамон, даври ниҳоии интихобии ЧҶ-2018 роҳ меёбанд.

Гурӯҳҳои дигари даври дуюми интихобии ЧҶ-2018: Гурӯҳи «А»: АМА, Арабистони Саудӣ, Фаластин, Тимори Шарқӣ, Малайзия. Гурӯҳи «B»: Австралия, Урдун, ТОҶИКИСТОН, Қирғизистон, Бангладеш. Гурӯҳи «C»: Чин, Қатар, Малдив, Бутан, Ҳонконг. Гурӯҳи «D»: Ирон, Умон, Ҳиндустон, Туркманистон, Гуам. Гурӯҳи «E»: Ҷопон, Сурия, Афғонистон, Сингапур, Камбоҷа. Гурӯҳи «F»: Ироқ, Ветнам, Тайланд, Индонезия, Тайбэйи Чин. Гурӯҳи «G»: Кореяи Ҷанубӣ, Кувайт, Лубнон, Мянма, Лаос. Гурӯҳи «H»: Узбекистон, Баҳрайн, Филиппин, ҶХДК, Яман.

12

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9389), 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШ

“Фараж”+ “Чашма” – ғолиби мусобиқаи волейбол миёни кормандони ВАО Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-14 апрели соли равон, ба ифтихори 85-солагии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, дар Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии рақами 5-и шаҳри Душанбе (роҳбараш В. Очилдиев) мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни кормандони воситаҳои ахбори омма доир гашт. Дар мусобиқа 11 даста: “Озодагон”, “Чархи гардун”, “Халқ овозӣ”, “Фараж”+“Чашма”, Радиои Тоҷикистон, “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, “Тоҷикистон”, “Ховар”, СМТ, “Ҷавонони Тоҷикистон” ширкат карданд. Тибқи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои “Ҷавонони Тоҷикистон”, Радиои Тоҷикистон, “Халқ овозӣ”, “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, “Фараж”+ “Чашма” ва ба гурӯҳи “Б” дастаҳои “Ховар”, “Тоҷикистон”, “Озодагон”, СМТ, “Чархи гардун” шомил шуданд. СМТ аз аввал, “Ховар” ва “Халқ овозӣ” баъд аз як вохӯрӣ бо сабабҳои ба мо номаълум аз иштирок дар мусобиқа даст кашиданд. Баъд аз бозиҳои даври гурӯҳӣ дастаҳои “Фараж”+“Чашма”-ю “Ҷаҳоннамо” аз гурӯҳи “А” ва “Тоҷикистон”-у “Озодагон” аз гурӯҳи “Б” ба даври нимфинал роҳ ёфтанд. Дар нимфинал “Фараж”/“Чашма” бар “Озодагон” ва “Ҷаҳоннамо” бар “Тоҷикистон” пирӯз шуда ба финал баромаданд. Рӯзи охири мусобиқа барои ҷои сеюм тимҳои “Озодагон” ва “Тоҷикистон” ва барои ҷои аввал “Ҷаҳоннамо” ва “Фараж” бо ҳам қувва санҷиданд. Бо сабаби ба бозӣ ҳозир нашудани тими “Тоҷикистон” “Озодагон” ғолиб дониста шуда, соҳиби ҷои сеюм гардид. Барои ҷои аввал “Фараж”+“Чашма” бо “Ҷаҳоннамо” рақобат карданд. Волейболбозон – кормандони “Фараж”+“Чашма” бартарӣ нишон дода, бо ҳисоби 3:0 пирӯз гаштанд. Мусобиқаро Рустам Бозорбоев (сардовар), Рухшона Тайғуншоева (саркотиб), доварони дараҷаи ҷумҳуриявӣ, Мӯҳсини Рустамзода, Азиз Шораҳматов, Нуралӣ Одинаев, Рустам Аббосов, Назокатбону Норова, Малика Диловаршоева, Шариф Ёрзода, Шерзод Нурматов, Шодӣ Назарамонов, Акобир Музофиров ва Алишер Умаров ҳакамӣ карданд. Дар ҷамъбаст Носир Бозоров, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Баҳром Ишратов, сармутахассиси ҳамин раёсат ва Самариддин Асоев, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ғолибонро таҳният гуфта, ба онҳо ҷому медал ва диплом супориданд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9389), 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

13


ШЕЪР Ҷӯрабек МУЪМИН

Пойтахти зебанда

Ба истиқболи Рӯзи пойтахт

Душанбе, пойтахти кишвари зебандаи тоҷик, Дарахти пургулу боровари зебандаи тоҷик. Душанбе, бо чунин зебу фару озодагиҳоят Бимонӣ то абад дар дафтари зебандаи тоҷик.

Ҷавониҳои зебоят туро зеби ҷаҳон карда, Туро номи накӯи Тоҷикистонат ҷавон карда. Наменозӣ агарчанде зи ҳар як шуҳрату шонхуд, Қалам васфи туро сад қиссаву сад достон карда. Душанбе, пайкарат рамзи шукӯҳи Тоҷикистон аст, Нишону Парчаму Қасри ту рӯҳи Тоҷикистон аст. Ҳама ранги муҷаллое, ки дар рӯи ту мебинам, Гувоҳи нусрату файзу футӯҳи Тоҷикистон аст. Ман аз ту, эй Душанбе, дур гаштанро намехоҳам, Бидуни ёди ту масрур гаштанро намехоҳам. Ҳамеша бо ту хоҳам зист, бо ту роҳ хоҳам рафт, Зи ту рӯ тофта, машҳур гаштанро намехоҳам. Барои ман канори ту канори модарам бошад, Хаёлам ҳар нигоҳат чашми чори модарам бошад. Туро ман дӯст медорам, Душанбеи, зи ҷон беҳтар, «Туро ман дӯст медорам»- шиори модарам бошад. Кушода дар ҳавоят ҳамчу кафтар болу пар дорам, Сахо аз ваҳдати ҷонофарини пурсамар дорам. Хатар набвад маро андар раҳи имрӯзу фардоям, Ба номи ту, ба исми Тоҷикистонам зафар дорам.

Сано бар ҳастию ояндаи фирӯзи фардоят, Сано бар Парчами болобаланди авҷи аълоят. Сано бар шаҳриёру шаҳрдору шаҳророят Душанбе, синаи ман махзани меҳр асту маъвоят.

Шоҳи КАЗДОНӢ

Паёми пешкӯҳа (Ғазалҳо)

Меҳано, аз дарди ту дилреш мирам оқибат, Аз бадии хайли кофаркеш мирам оқибат.

Ҳар инсон дар раҳи худ як балоест, Ба сар н-овар балоро гуфта мирам.

Ман зи бад гуфтории як иддаи дуну данӣ, Ҳамчу ақраб мезанандам неш, мирам оқибат.

Ба вақти назъ, бешак, Шосаидо, Самарқану Бухоро гуфта мирам.

Бар сарам ноодамон санги маломат мезананд, Аз чунин андӯҳи беш аз пеш мирам оқибат. Ман вафодору вафоандеша ҳастам дар ҳаёт, Аз қасоси ҳар ҷафоандеш мирам оқибат.

***

Ту дар даврони истиқлол рӯи тоза бигрифтӣ, Шукӯҳи тоза дидиву нумӯи тоза бигрифтӣ. Ту ҳамчун пойтахти давлати комил намоёнӣ, Дар олам, эй Душанбе, обрӯи тоза бигрифтӣ.

Ман зи дасти ноҷавонмардон ба фарёд омада, Ҳамчу инсони ҳумоёнкеш мирам оқибат.

Тӯлқин ХОҶА

***

Зиндагиро шеърборон мекунам, Ҳамдилӣ бо кӯҳсорон мекунам, Ҳар умеде, ки маро дар дил бувад, Восиди уммедворон мекунам. Карда шукри қисмату неку бадаш, Доварии рӯзгорон мекунам.

Ватанро ман дилоро гуфта мирам, Ҳавояшро гуворо гуфта мирам.

Баски резад баъди ман бар турбатам. Шукри оби поки борон мекунам.

Ҳар он к-ӯ но ҷавонмард асту бадкеш, Дилашро санги хоро гуфта мирам.

Баски танҳоям набигзоранду ҳеҷ, Шукри меҳри поки ёрон мекунам.

Чу фарзанди вафодору дилогоҳ, Дуруд арзу саморо гуфта мирам.

Дида беинсофию бедодиҳо, Ашки дида резаборон мекунам.

Макун бо хайли бадзоту бадандеш Маросову мудоро гуфта мирам.

Мебурам аз душманони дӯстрӯ, Дӯстӣ бо дӯстдорон мекунам.

Сафо мехоҳу ҷон раҳни вафо кун, Накӯҳиш кун ҷафоро гуфта мирам.

Шоҳи Каздон, чун наям бедарду ғам, Ғамхӯрии ғуссадорон мекунам.

Арӯс Эй баҳорон, чӣ қадар хушрӯӣ, Хушпаю хушнафасу хушбӯӣ. Ақлу ҳушам ба дари ду дида, Маҳви зебоии ту гардида.

Қулфаки гул ба гиребони ту, Тӯпаки қоқу ба домони ту.

Даҳани ғунчаи ту дар ханда, Шоли олучаи ту зебанда.

Наргиси масти ту пур аз афсун, Панҷаи барги ту пур аз маҷнун.

Ҳинаи пои зилоли ту баланд, Синаи оби зулоли ту баланд.

Атри гул дар нафасат овезон, Аҳли дил дар ҳавасат овезон.

Шолаи хирмани мӯи ту базеб, Лолаи хирмани рӯи ту базеб.

Зери борони тиллову танга, Сарви нози ту камони ранга.

Медамад аз қадамат меҳргиё, Мепарад аз таҳи пои ту ҳумо.

Шарфаи пои сабоят форам, Водии нозу адоят хуррам.

Омадӣ, хонаи ман хушрӯ шуд, Ҳавлию ҳуљраам атролуд шуд.

Бингарам аз ҳама чизи хона, Бар рухи оинаҳо шодона.

Рӯзам аз талъати офтобат хуш, Шабам аз лаззати маҳтобат хуш.

Оҳуи масти ману сабзаи ту, Оруи қасди ману равзаи ту.

Баъди се рӯз чиҳо хоҳад шуд, Гардиши обу ҳаво хоҳад шуд.

Ку худое, ба дуо гӯш кунад, Фасли гулро қадаре беш кунад.

Ба Худо нола кунад булбулҳо, Ба ҳаво нола кунад булбулҳо.

Маҷид АСОЕВ

Ватан Дурахшон бар сарам хуршеди хандон, Дар оғӯшат диёри гулгулафшон. Мани бо ту ҳамеша гашта пайванд, Бимолам гарди хокатро ба чашмон. Ба хушнудӣ кунам ҳар дам дуоят, Бисозам ҷони ширинро фидоят. Калон кардӣ маро дар рӯи дастат, Камар бастам, камар, андар дифоят. Сухан ронам, сухан аз минбари ту, Сароям шеър васфи сарвари ту. Ба ин ҳусни биҳиштосо, ки дорӣ Намехоҳам равам дур аз бари ту.

14

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9389), 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ АҚЛ Тўњфа, бахшиш

... Љоли, актрисаи амрикої

Киножурнали бачагонаи њаљвї

Фиребгар

Зиёдшавї

Нишон додан бо ангушт

Шањр дар љазираи Сахалин

Ќабати бино

Бинти тиббї аз ин матоъ аст

Лутфулло ..., актёри тољик

Оча, ота ва бачањо

Эълони консерту кино

1631 метр дар Англия

Пойтахти Озарбойљон

Паррандаи думдароз

Акси садо (рус.)

Дўстии баъди љанг

Кулча, чаппотї

"Падари бузург"-и хитоињо … Тзедун

Даста, команда

Намоиши эстрадї ё телевизионї

Сатри сураи Ќуръон

Маркази вилоят дар Украина

Русї«где?», тољикї -?

Китоби муќаддаси масењиён

Нота Шиносої, дўстї

Шањр дар соњили бањри Миёназамин

Зоти мори печон

Модар (лањљ.)

Зинат …, актрисаи њинду

… Сайид Алии Њамадонї

Ќоидаи дурустнависии ибораю калимањо

Моњи толеънома

… Спирс, ситораи мусиќии Амрико

Ба- Тара- Чанг, фи санда дил гард

Хушбаён Донишгоњ дар Англия

Суруди мутантан

Додари падар (лањљ.)

Зоти маймун

Асбоби нафасии мусиќї

Модаркалон, бибї

Даъват ба намоз

Расми пайѓамбари насронї

Меваи донаи сурхдор

Љаноби полшагї

Равияи замонавии мусиќї

Сузишвории асосии зимистона

Онро варзишгар мебардорад

Эшон, онњо

… Бусли, овозхони машњури њинд

Мошини сабукрави Олмон

Маљаллаи сканвордњои тољикї

Нависанда Садриддин …ї

Агентии иттилоотии Эрон

Олати ќадимии љуфтронї

«… Раша» барнома дар ТНТ

Ноз, ѓамза

Додар (лањљ.) Корхонаи истењсолї (рус.)

Номи русии хирсак

Вобаста, рољеъ, дар хусус

Сози ќадима

Асоси борон

… Кумар, актёри њиндї

Тайёраи Антонов

Номи кўдаки рўзи ид таваллудшуда

Моњи дуюми бањор Хоњишманд, талабгор

Авлод, зот, …и Сомон

Одатшуда, муќаррарї

Пойтахти Перу

Йошкар..., шањр дар Русия

Баён, ифода

Унвони ашрофзодаи англис

Худованд, Эзид

Асбоби мусиќї

Соли нав …и нав!

«Чил-чил садои борон» мехонад

Њолати аз майдон берун шудани тўб

Хояндаи «љомашўй»-и бешањои рус

Нони русї

Шахси сергап

Даст ё пои бењаракат

... и никоњ, ањднома

Якљояшавии Нодарёњои Вахш занин ва Панљ

Њиссачаи тасдиќї

Халќпарастї

Русї- «куда?», тољикї -? Тамѓаи таппонча

Додар (лањља)

... Симон Ом, физики бузурги олмонї

Васеъ, кушод

Муќобили «омад»

... де Жанейро, шањр дар Бразилия

Дзюдочї Расул …

Тињї

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9389), 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

15


АКСИ РӮЗ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Падару модар баъди чанд сол писарашонро тавассути телефон ёфта, мепурсанд: - Зан гирифтӣ, ё не? - Бале, гирифтам. Бори аввал дар Питер зан гирифтам, аммо бебарор буд. Дуюм маротиба дар Маскав. Боз бебарор. Сеюм бор дар Чукотка. Бобарор аст. Дигар танҳо аз Чукотка зан мегирам.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

***

Умаралӣ САФАРАЛӢ

Роҳбари корхона бо ҷавоне, ки мехоҳад ба кор қабул шавад, суҳбат дорад: - Аввал ин ки дар корхонаи мо дар бораи тозагӣ ҳама ғамхорӣ мекунанд. Шумо дар вақти даромадан, пойафзолатонро дар қолини пеши дар тоза карда, баъд даромадед? Ҷавон: - Бале, раисҷон, тоза кардам. - Дуюм ин ки талаботамон аз кормандон ростқавлӣ аст. Дар пеши дари даромад ҳеҷ хел қолинча нест.

(котиби масъул),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Сайфиддин СУННАТӢ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Маҳмудҷон УСМОНОВ

(муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ

***

(мудири шӯъба),

Ҷавоне, ки маҳорати ронандагӣ меомӯзад, аз муаллим мепурсад: - Агар тормози мошин дар нишеброҳ кор накунад, чӣ кунам? Муаллим: - Кӯшиш кун ба воситаи “муфт” мошинро нигоҳ дорӣ! Ҷавон: - Агар бо ин усул мошинро нигоҳ дошта натавонам, бо ин суръати баланд то ҳамворӣ дар чанд вақт мерасам? Муаллим: - То охири умри боқимондаат...

Наврӯз ҚУРБОНОВ (хабарнигор, Душанбе),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),

ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА

(муовинони котиби масъул)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 8200 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

16

Шанбеи сеюми моҳи апрел - Рӯзи пойтахт

Алмос

АНДАРЗ

Тоҷири сарватманд ба ҷамъоварии (колексия) сангҳои қиматнок шуғл дошт. Дер боз як алмоси гарону хосаеро орзу мекард, ки дар қатори ҷавоҳироташ ворид созад. Барои ин ба чанд нафар, ки ба харидуфурӯши сангҳои қиматнок машғул буданд, муроҷиат карда, интизор мешуд. Ниҳоят, хабар расид, ки колексионере як алмос ба фурӯш гузоштааст. Зуд худро ба назди ӯ расонд. Соҳиби алмос барои бо нархи хуб ба фурӯш рафтани санги қиматбаҳо беҳтарин мутахассисро даъват карда буд, то таърифу тавсифи сангро ба авҷ расонад. Мутахассис ҳам дар бораи махсусиятҳои санги қиматбаҳо маълумоти муфассал дод. Ӯ таърихи алмосро, аз дасти киҳо гузашта, ба кадом намоишгоҳҳо ба намоиш гузошта шуданд ва хеле қиматбаҳо буданашро ба харидор фаҳмонд. Вале тоҷир баъди шунидани муаррифии мутахассис аз харидани алмос даст кашид. Ӯ нияти рафтан дошт, ки соҳиби алмос гуфт: - Агар, розӣ бошед, дар бораи алмос як бори дигар ман гап занам. Харидор розӣ шуд. Соҳиби алмос ҳеҷ яке аз гуфтаҳои мутахассиси алмосшиносро такрор накард. Ӯ сангро ба даст гирифта, чуқур нафас кашид. Пасон, бо ҳайрат ба алмос нигарист. Дар ҳоле ки чашмонашро аз алмос намеканд, иброз дошт, ки он як пораи муҳиме дар колексияи вай ба ҳисоб меравад. Вақте нақл мекард, мисли мутахассиси алмосшинос ҷумлаҳои дурусту ботартиб надошт, балки ҷумлаҳояш парокандаву берабт мебаромаданд. Ӯ бо чашмони пурмеҳр, мисле ки аз маҳбуби дилаш ҷудо шуда бошад, ба алмос менигарист. Овозаш гирифтаву андӯҳнок меба-

ромад, мисле ки фарзанди азизашро ба сафари роҳи дур мефиристода бошад. Аз ғояти ҳаяҷон дар чашмонаш донаҳои ашк падид омад. Донаҳои ашк аз назари тоҷир пинҳон намонд. Ӯ ба риққат омада, дарҳол алмосро харид. Тоҷир алмосро ба зарфи махсус гузошта, ба ҷайбаш ниҳод. Пасон, ба алмосфурӯш рӯ оварда, пурсид: - Мутахассиси кирокардаи шумо ҳар қадар алмосро васф кард, натавонист маро қоил кунад. Ба шумо чӣ гуна муяссар шуд...? Коллексионер табассум карда, ҷавоб дод: - Мутахассис, дар ҳақиқат, корашро хуб иҷро мекунад. Дар дунё ба мисли ӯ касе дар бораи сангҳои қиматнок маълумот надорад. Ӯ дар ин кор ягона аст. Барои ин маълумот ва донишаш ба ӯ маоши баланд медиҳам. Вале он чиро, ки ман дорам, агар ӯ медошт, бешубҳа маошашро ду баробар меафзудам. - Чӣ аст он? - пурсид тоҷир. Коллексионер ҷавоб дод: - Ӯ алмосро хуб мешиносад, вале ман онро бисёр дӯст медорам. ҚАЙД: Ҳангоми интихоби ҳамсар ҳар яки мо умед бастем, ки ӯро хуб шиносем. Хурдтарин ҷузъиётро дар борааш пурсидем. Одатҳояш, тарзи

***

Дузди моҳире ба ҳуҷраи донишҷӯ медарояд. Хонаро тагу рӯ мекунад, аммо ягон чиз пайдо намекунад. Баъд дар рӯи миз як 100-доллара монда, менависад: - Инро гиру дигар бо ин аҳвол зиндагӣ накун...

***

зиндагиаш, завқаш, оила ва кору фаъолияташро ҳам фаҳмида гирифтем. Шояд дар бораи ҳамсари худ аз маълумоти ба тоҷир додаи мутахассиси сангҳои қиматнок дида, маълумоти бештар гирифтем. Ба ин маълумот, нигариста ё аз интихобамон даст кашида, ба ҷустууҷӯи дигаре рафтем ё маълумот маъқуламон шуду интихоб кардем. Фарз кардем, ки оиладор шудем... Ҳаётро бо ҳам тақсим кардем. Солҳо гузашт. Оё маълумоте, ки то хурдтарин ҷузъиётро дар бар гирифт, ба дардамон хурд ё не? Ҳоло ба ҳамсари худ чӣ гуна менигарем? Оё нигоҳи мо ба ҳамсари худ мисли нигоҳи коллексионери сангҳои қиматбаҳо ба алмос аст ё чун нигоҳи хушки мутахассиси сангҳои қиматбаҳо? Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”

Мухбири рӯзнома аз сардухтури девонахона мепурсад: - Шумо сиҳат шудани беморро чӣ хел муайян мекунед? - Ваннаро аз об пур мекунем ва дар наздаш як пиёлаи хурду як косаи калон мегузорем. Баъд ба девонаҳо мегӯем, ки ванаро холӣ кунанд. Мухбир бо табассум: - Одами сиҳат, албатта, косаро интихоб мекунад. Сардухтур: - Одами сиҳат сурохии ваннаро мекушояд!

***

- Ту бемор шудӣ? - Не. - Пас, барои чӣ ин доруҳоро истеъмол мекунӣ? - Охир, имрӯз охирион рӯзи муҳлати истифодаашон аст.

* * *

Духтур ба бемор мегӯяд: - Ҳамаи касалиҳои шумо аз арақ аст! - Ташаккур, духтурҷон, диламро ором кардед. Ман фикр мекардам, ки худам гунаҳкорам!

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №15 (9389), 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.