Тағйиру иловаҳо таҳкимбахши арзишҳои демократианд
“Бе таҳкурсӣ хона сохта намешавад”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №15 (9441), 14 апрели соли 2016
1
МУШКИЛИ ҶОМЕА
Ба талбанда садақа додан раво нест
ҲАФТ РӮЗ 07.04.2016 Дар ҷумҳурӣ Рӯзи байналмилалии солимӣ таҷлил шуд. Аҳолӣ дар ин рӯз дар муассисаҳои тиббӣ ройгон ташхис шуданд. 08.04.2016 Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии мамлакат Баҳрулло Раҷабалиев бо мураббии байналмилалӣ, масъули рушди Ташкилоти «Бадминтони Осиё» Сэмбэтан Сиваперумал мулоқот кард. 09.04.2016 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмонии қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани ДушанбеҚӯрғонтеппа ва ҷараёни бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Ёвон ши-
нос шуд. Ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар Ёвон Корхонаи истеҳсоли креолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат, корхонаҳои истеҳсоли семент бо иқтидори 1 млн. 200 ҳазор тонна, гаҷкартон ба истифода дода хоҳанд шуд. 10.04.2016 Бо ташаббуси мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор ва соҳибкорони маҳаллӣ хатнасури 120 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардида, ба онҳо либос ва туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд. 11.04.2016 Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон
Нарендра Модӣ дар робита ба сӯхтори шадид дар яке аз ибодатгоҳҳои аёлати Керала, ки боиси ҳалокат ва маҷруҳ шудани садҳо нафар гашт, барқияи тасаллият ирсол намуд. 12.04.2016 Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар даври чоруми бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 аз дастаи “Нафит Васат”-и Ироқ бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд.
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№15 (9441), 14 апрели соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
ВАРЗИШ
е-mail: javonontj@mail.ru
РАЙЪПУРСӢ - 2016
13.04.2016 Бобо Ҳоҷӣ, адиби маъруфи тоҷик дар синни 88-солагӣ дар шаҳри Душане аз дунё даргузашт. Мавсуф аз адибони чирадасти тоҷик мебошанд, ки дар рушди адабиёт барои кӯдакон хидматашро мондагор медонанд. Ӯ якуми майи соли 1928 дар деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст.
е-mail: javonontj@mail.ru
2
АХБОРИ ҲАФТА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №15 (9441), 14 апрели соли 2016
Имсол зиёда аз 10 ҳазор ҷои кор таъсис хоҳад ёфт 8 апрел таҳти раёсати Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси якҷояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тадорукот баргузор шуд.
Дар маҷлис рафти иҷрои буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015 “Дар бораи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 19 декабри соли 2015 “Дар бораи баргузории тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин рафти иҷрои чорабиниҳо баҳри омодагӣ ба гузоштани санги асоси лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зимни ҳисоботи вазири молия Абдусалом Қурбониён маълум гардид, ки дар семоҳаи аввали соли 2016 қисми даромад 93,5 фоиз иҷро шуда, 3,4 миллиард сомонӣ ба буҷа ворид шудааст. Сарвари давлат роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои давлатиро вазифадор намуд, ки баҳри иҷрои пурраи қисми даромади буҷа ва дигар пардохтҳо чораҳои дахлдор андешанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ
Раҳмон вобаста ба омодагӣ ба таҷлили идҳои бузурги давлатӣ ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва дигар масъулини ҷумҳуриявиро шунида, зимни ҳисоботи онҳо ва суханронии худ доир ба тезондани корҳои омодагӣ ба ҷашнҳои фархунда, бо суръату сифати баланд анҷом додани корҳои ободонӣ ва иҷрои дигар тадбирҳои сиёсию фарҳангӣ супоришҳои мушаххас дод. Қайд гардид, ки дар доираи ҷашни бузурги миллӣ барои мардуми кишвар дар моҳҳои наздик корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 1 миллиону 200 ҳазор тонна дар як сол, корхонаи гаҷкардон бо иқтидори истеҳсолии се миллион дона, корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Корхонаи истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат, Корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Данғара, Корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Фархор, "Комбинати
металлургӣ бо иқтидори 150 ҳазор тонна дар шаҳри Ҳисор, ба истифода супоридани қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, сохта ба истифода супоридани марҳилаи дуюми маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар иншооти муҳим сохта ба истифода дода мешаванд. Дар маҷмуъ, бо мақсади рушди соҳаи саноат соли равон таъсиси 161 корхонаи саноатӣ бо зиёда аз даҳ ҳазор ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Дар арафаи ҷашни миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 155 муассисаи таълимӣ, 46 иншооти варзишӣ, 8 иншооти соҳаи тандурустӣ, 9 иншоот дар соҳаи энергетика ва 8 иншоот дар соҳаи нақлиёт ба истифода дода мешаванд. Оид ба рафти иҷрои чорабиниҳо баҳри омодагӣ ба гузоштани санги асоси бунёди лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода шунида шуд ва Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои марбута вобаста ба баргузории ин чорабинии сатҳи минтақавӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар охир Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Кумитаи тадорукот ва дигар масъулин супориш дод, ки барои татбиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ - 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии он дар саросари кишвар тадбирҳои зарурӣ андешанд ва онро бояд бо ташкили раҳпаймоиҳои мардумӣ дар сатҳи баланд гузаронанд.
11 апрел дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқоти раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯён вобаста ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар доир гардид.
Зикр намудан ба маврид аст, ки осори гаронарзиши ин шоири классик дар тарбияи насли наврас хеле калон аст. Дӯстию рафоқат, анҷом додани амалҳои нек, накӯкорию ростқавлӣ аз ҷумлаи мавзӯҳое маҳсуб меёбанд, ки Низомии Ганҷавӣ дар асарҳои ҷовидонаи хеш тараннум намудааст. Аз мутолиаи асарҳои шоир хонанда як ҷаҳон маънӣ мебардорад. Осори ӯ касро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Зимни баргузории конфронс иштирокчиён атрофи ҷиҳатҳои тарбиявии осори шоир сухан гуфтанд. Алии Хуросонӣ, муҳаққиқи осори шоир зикр намуд, ки Низомии Ганҷавӣ бо асарҳои безаволи хеш, бахусус «Хамса» дар пешрафти адабиёти форсзабонони олам нақши босазо дорад. Дар рафти конфронс хонандагони мактаб хеле фаъол буданд. Махсусан хонандагони синфҳои 8 ва 10 аз рӯи асарҳои шоир порчаҳои саҳнавӣ манзури ҳозирин гардонда, ба ин чорабинии фарҳангӣ ҳусни тоза бахшиданд. Махсусан саҳначаи «Пиразан ва Санҷар» ба сафири Озарбойҷон Аббос Ҳасанов хеле писанд афтода, ба хонандагон барои омода намудани намоишнома изҳори миннатдорӣ баён кард.
А. Абдуллозода донишҷӯёнро барои иштироки фаъолона дар раъйпурсии дарпешистода даъват карда, иброз дошт: “Имрӯз вақти он расидааст, ки дар натиҷаи рушду такомулёбии ҷомеа ба ҳуҷҷати сарнавиштсоз, танзимкунанда, санади муҳими сиёсӣ, инъикоскунандаи ормонҳои ҷомеа ва раҳнамову нишондиҳандаи роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократӣ мо якдилона тағйиру иловаҳоро ворид намоем. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия боиси мукаммал гардидани низоми сиёсиву ҳуқуқии давлат, боз ҳам устувории заминаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ вобаста ба рушди ҷомеа, эмин нигоҳ доштани ҷомеа аз таҳдидҳои замони муосир, сипосгузорӣ ва миннатпазирии миллати тоҷик ба барҷастатарин симои сиёсӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон, ки дар хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, ташаккули пояҳои давлати демократӣ ва иқтисоди миллӣ заҳмату талошҳои бениҳоят беназирро анҷом додааст, мусоидат менамояд”. Сипас, донишҷӯён миннатдории худро ба раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон барои мулоқоти хеле судманд расонида, иброз доштанд: “Мо - ҷавонон ҳамчун имрӯзу ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа, давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар, сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати кишварро дастгирӣ менамоем. Ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонуни бахти миллат - Конститутсия ба манфиати аҳли ҷомеа, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, бардавомии давлат ва ояндаи дурахшони мо - ҷавонон аст”. Қобили қайд аст, ки тағйиру иловаҳо аз 40 банд иборат буда, вобаста ба мазмун ва ҳадафҳои гузошташуда онҳоро метавон чунин гурӯҳбандӣ намуд: - такмили сохтори мақомоти ҳокимяти давлатӣ ва мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ; - пурзӯр намудани талабот нисбат ба номзадҳо ба вазифаи Президенти мамлакат, вакилони парлумон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо; - такмили расмиёти қабули қарорҳои алоҳида аз ҷониби мақомоти олии қонунгузор; - муайян намудани мақоми конститутсионии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат; - танзими фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои демократӣ ва ризояту ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа; - аз ҷиҳати таҳрирӣ, мантиқӣ ва имлоӣ дақиқ намудани меъёрҳои Конститутсия.
Балхияи МИРЗОПУР, омӯзгори МТМУ № 71
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Конфронс ба истиқболи 875-солагии Низомии Ганҷавӣ Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба муносибати 875-солагии шоири классики тоҷику форс Низомии Ганҷавӣ конфронси илмию адабӣ доир гардид. Ба ин чорабинии фарҳангӣ адибону адабиётшиносон ва сафири кишвари Озарбойҷон дар Тоҷикистон даъват шуданд.
www.javonon.tj
Мулоқоти раиси ИҶТ бо донишҷӯёни ДДОТ
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №15 (9441), 14 апрели соли 2016
3
Ғалабаи мизбонон дар даври аввал 7 апрел 25-умин чемпионати малакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ шуруъ шуд. Дар чор бозӣ мизбонон ғолиб омада, як вохӯрӣ мусовӣ анҷом ёфт.
«ДИСИ Инвест» - барандаи Ҷоми футзал Дастаи «ДИСИ Инвест»-и Душанбе ғолиби Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гардид. Ин даста дар бозии ниҳоӣ, ки 9 апрел дар маҷмааи варзишии Агентии "Тоҷикстандарт” баргузор шуд, дастаи «Сипар»-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа ба дастаи ғолиб - «ДИСИ Инвест» Ҷом ва медалҳои тилло супурда шуд. Дастаи “Сипар” бо медалҳои нуқра сарфароз гашт. Муҳаммад Раҳмонов («ДИСИ Инвест»), ки беҳтарин бозингар эътироф гардид, бо ҷоизаи Федератсияи футболи Тоҷикистон мукофотонида шуд.
Медали тиллои Ёқубҷон дар Ҷоми Аврупо Ёқубҷон Назиров, паҳлавони ҷавони кишвар, дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Твери Русия доир гашт, медали тилло ба даст овард. Ёқубҷон дар вазни -81 кило баъди ду ғалаба бар Владимир Сечин ва Манаф Набиев (ҳар ду аз Русия), дар даври нимниҳоӣ боз як гуштигири русиягӣ Назар Меншиковро шикаст дод ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар қувваозмоии ниҳоӣ Иван Дубинаро аз Беларус мағлуб кард. Дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон дар Твери Русия 274 варзишгар (172 писар ва 102 духтар) аз 14 кишвар (10 кишвари Аврупо ва 4 кишвари Осиё) иштирок доштанд. Дар ҳисоби даставӣ
варзишгарони Русия бо 50 медал (14 тилло, 10 нуқра ва 26 биринҷӣ) ғолиб шуданд. Тими мунтахаби Қазоқистон (1-3-3) ҷойи дуюмро сазовор гашт. Дастаи Тоҷикистон бо 1 медали тилло, як ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум дар байни 14 кишвар ҷойи 3-юмро соҳиб шуд. Ёқубҷон Назиров қабл аз ин ҳам дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни наврасони то 18-сола, ки дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардида буд. У. САФАРАЛӢ, “ҶТ”
Ушу: дастаи вилояти Суғд сазовори ҷойи аввал 9-10 апрели соли равон дар толори варзишии «Фирӯз»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши ушу байни наврасон ва ҷавонон баргузор гашт. Дар он зиёда аз 250 нафар варзишгар аз манотиқи кишвар иштирок карданд. Фурқат Абдуллоев, мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд иброз дошт, ки дар мусобиқа варзишгарони вилояти Суғд маҳорати баланд нишон дода, ҷойи аввалро соҳиб гардиданд. Мақоми дуюмро варзишгарони шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюмро варзишгарони вилояти Хатлон ба даст оварданд. Ғолибон бо диплому медал ва ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Саодат ИСМОИЛӢ
www.javonon.tj
"Истиқлол" дар майдони худ бар тими "Парвоз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад. Ду голро дар ин дидор нимҳимоятгари тими миллии кишвар Фатҳулло Фатҳуллоев зад. Муаллифи аввалин голи чемпионати имсола ҳимоятгари тими Душанбе Сиёвуш Асроров шуд. Як голи дигари "Истиқлол"-ро Манучеҳр Ҷалилов зад. Рӯзҳои истироҳат – 9-10 апрел чор бозии дигари даври аввали чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Барандаи медалҳои нуқраи чемпионати соли гузашта – “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар майдони худ “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Голҳои тими ғолибро Дилшод Бозоров (47ум дақиқа) ва Саидҷон Шарифов (85) заданд. Голи дастаи шаҳри Қӯрғонтеппаро Нуъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 90+5 ба ҳадаф расонд. Дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода “Регар-ТадАЗ” дастаи КМВА “Помир”-ро қабул кард. Ин вохӯрӣ низ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 8-ум бозингари тими Душанбе Давронҷон Тухтасунов аз ҷаримаи ёздаҳметра кушод. Қабл аз танаффус Фирӯз Қарабоев ҳисобро баробар кард. Голи ҳалкунандаро дар охири вақти асосӣ бозингари нави “Регар-ТадАЗ” Бахтиёр Чориев зад. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат зери роҳбарии сармураббӣ Шариф Назаров дар аввалин бозӣ бо ҳисоби калон ғалаба кард. Рақиби “Хайр” дастаи “Равшан”-и Кӯлоб буд, ки ба дарвозааш 4 гол сар дод. Дар бозӣ бо “Равшан” дастаи шаҳри Ваҳдат амалан бо 10 нафар бозӣ карданд. Дар дақиқаи 7-ум довар ба капитани тими мизбон Идибек Ҳабибуллоев корти сурх нишон дод. Ҳисобро дар дақиқаи 42 легионери ганагӣ Мисиам Иносент кушод. Баъд аз танаффус легионери дигари ганагии “Хайр” Агблей Ҷонес ба дарвозаи ҳариф 3 гол зад. Ин аввалин “хеттрик” дар чемпионати 25-уми мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ аст. Бозии охирини даври аввал миёни дастаҳои “Ҳосилот”-и Фархор ва “Барқчӣ”-и Душанбе мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт. Голҳои “Барқчӣ”-ро Эҳсони Панҷшанбе ва Комил Саидов, голҳои “Ҳосилот”-ро Ҳикматулло Расулов ва Акуффо Гершон ба ҳадаф расонданд. Бозиҳои даври дуюм 16-17 апрел баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе, 16 апрел, “Равшан” бо “Ҳосилот” ва КМВА “Помир” бо “Хуҷанд”, рӯзи дигар, 17 апрел, “Истиқлол” бо “Барқчӣ”, “Вахш” бо “Хайр” ва “Парвоз бо “Регар-ТадАЗ” вомехӯранд. Дар чемпионати имсола 10 даста – “Истиқлол” (Душанбе), “Хуҷанд” (Хуҷанд), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), “Равшан” (Кӯлоб), “Хайр” (Ваҳдат), КМВА “Помир” (Душанбе), “Ҳосилот” (Фархор), “Вахш” (Қӯрғонтеппа), “Барқчӣ” (Душанбе), “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) иштирок доранд. Бозиҳо дар ду марҳила баргузор мешаванд. Охирин бозии мавсими соли равон 30 октябр ба нақша гирифта шудааст.
16 апрел дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт Ниммарафони VII байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба тасвиб расид. Дар қарор омадааст, ниммарафон бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт ва дар заминаи он таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта доир мегардад. Дар ниммарафони Душанбе, ки ба рӯйхати мусобиқаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардидааст, варзишгарон аз бародаршаҳрҳои Душанбе ва дигар кишварҳо ширкат хоҳанд кард. Ниммарафон 16-уми апрел соати 9:00 аз назди Наврӯзгоҳ оғоз 21 км 91 метрро ташкил медиҳад. барои ҷои якум 27510 сомонӣ, Иштирокчиёне, ки миёни зано- ҷои дуюм - 23580, ҷойи сеюм шуда, тариқи хатсайри хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Чорбоғ ва аз он ну мардон ҷойҳои 1 то 6-ро ишғол 19650, ҷойи чорум - 15720, ҷойи ҷо тавассути хиёбони Рӯдакӣ дар мекунанд, аз 11 750 то 27 510 панҷум - 14 150 ва ҷойи шашум майдони “Дӯстӣ” анҷом меёбад. сомонӣ ҷоиза мегиранд. Барои 11750 сомонӣ ҷоизапулӣ муайян Масофаи хатсайри ниммарафон ғолибон миёни занону мардон, шудааст.
е-mail: javonontj@mail.ru
7-умин Ниммарафони Душанбе доир мегардад
е-mail: javonontj@mail.ru
4
ҲАМКОРӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №15 (9441), 14 апрели соли 2016
Бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон, ширкати “Промотайм глобал”, Раёсати фарҳанг ва туризми музофоти Хайбар-Пахтунхваи Покистон 7-10 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали савдо ва фарҳанги Тоҷикистону Покистон баргузор гардид. МУЖДАИ ДЕРИНТИЗОР Қабл аз оғози фестивал 6-уми апрел дар меҳмонхонаи “Серена-Душанбе” нишасти матбуотӣ доир гардид. Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро иброз дошт, ки соли 2015 ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон ба 64,5 миллион доллар расид. Аз Покистон ба Тоҷикистон ба маблағи 41,3 миллион доллар маҳсулот ворид шудааст. Аз Тоҷикистон ба Покистон ба маблағи 23,2 миллион доллар маҳсулот содир гардид. Ин рақамҳо моро қаноатбахш карда наметавонанд, - гуфт Тариқ Иқбол Сумро. – Яке аз сабабҳои кам будани гардиши мол то ҳол ба имзо нарасидани созишномаи сегонаи Тоҷикистону Афғонистону Покистон мебошад. Бо сабаби имзо нашудани ин санад то ҳол соҳибкорони покистонӣ маҳсулоташонро то сарҳади Афғонистон оварда, ба мошинҳои Афғонистон бор на-
зор гардид. Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсуддин Орумбекзода дар сухани муқаддимавӣ чунин гуфт: “Табиати иҷтимоии фарҳанг ин аст, ки халқҳоро ба ҳам мепайвандад. Фестивали савдо ва фарҳанги Тоҷикистону Покистон низ ба боз ҳам наздикшавии ду халқи бародар мусоидат карда, дари ҳамкориҳои навро боз мекунад”. Баъди садо додани сурудҳои миллии Тоҷикистону Покистон ҳунарманди мардумии музофоти Хайбар-Пахтунхва, ҷоизадори Президенти Покистон хонум Зарсанга се тарона суруд. На-
ти ҷумҳурӣ Манзура Рустамова иброз дошт, ки баъди баргузории “Аввалин намоишгоҳи маҳсулоти Покистон” (октябри соли 2015) таваҷҷуҳи соҳибкорони покистонӣ ба Тоҷикистон афзуд. Ба наздикӣ се ширкати маъруфи Покистон дар соҳаҳои саноати сабук ва сохтмон намояндагии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ хоҳанд кард. Дар намоишгоҳ ширкатҳои маъруфи покистонӣ, аз қабили «Marhaba labaratories», «Forza roma company», «Step institute», «Cholistan honoirafts», «National Bank of Pakistan», «DaD textiles»,
мояндаи Раёсати фарҳангу туризми музофоти мазкур, рубобнавози мумтоз Шаҳид Маланг низ бо чанд суруди мардумии покистонӣ ва навохтани оҳангҳои марғуб хотири меҳмононро шод кард. Ҳунармандони гурӯҳи ҳунарии “Шифо”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, донишҷӯйи ДДОТ ба номи С. Айнӣ Алишери Сайфиддин бо рақсу таронаҳои дилангези тоҷикӣ табъи бинандагонро болида гардониданд. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин намоиши мӯд доир шуд.
«Forvil Cosmetics», «Sufi», «Pyramid Logistics», «Greenwood garmonts» маҳсулоти худро пешкаши ширкаткунандагон намуданд. Ҳамчунин дар доираи баргузории намоишгоҳ ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Покистон доир гардид. Аз ҳар ду ҷониб соҳибкорон барои самарабахш ба роҳ мондани ҳамкориҳо изҳори назар карданд. Фестивали савдо ва фарҳанги Тоҷикистону Покистон хеле хотирмон гузашт. Тариқ Иқбол Сумро ба хабарнигорон иброз дошт, ки охирҳои моҳи майи соли равон боз як чорабинии фарҳангӣ баргузор мешавад, ки он низ баҳри рушди робитаҳои ду кишвари дӯст мусоидат хоҳад кард.
Фестивали савдо ва фарҳангӣ хотирмон гузашт муда, ба Тоҷикистон меоранд, ки заҳмату маблағи зиёд талаб карда, ба нархи маҳсулот таъсир мерасонад. Агар ин ҳуҷҷат имзо шавад, маҳсулоти Покистон дар Тоҷикистон аз ин ҳам арзонтар хоҳад шуд”. Сафир дар бораи роҳҳои алтернативии ПокистонЧин (гузаргоҳи Хунҷироб) Тоҷикистон ва Ишкошим-Читрол (Покистон) сухан карда, гуфт, ки ифтитоҳи ин масирҳо зимни мулоқоти роҳбарони ду кишвари дӯст Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Навоз Шариф мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. - Мо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон боварӣ дорем. Дар назар аст, ки тайи се соли оянда ҳаҷми табодули мол миёни кишварҳо ба 500 миллион доллар расад, гуфт Тариқ Иқбол Сумро.
Дар ин нишаст директори тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” Эъҷоз Хон муждагонӣ дод, ки аз 7-уми майи соли равон рӯзҳои душанбею ҷумъаи ҳар ҳафта парвоз ба хатсайри Душанбе-Лоҳур оғоз меёбад. Муддати парвоз камтар аз ду соат мебошад. Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова изҳори умедворӣ намуд, ки бо ифтитоҳи ин хатсайри деринтизор робитаҳои иқтисодию фарҳангии ду кишвари дӯст аз ин ҳам бештар густариш ёфта, ба наздиктар шудани халқҳо мусоидат хоҳад кард.
ШОМИ ФАРҲАНГӢ Дар доираи фестевал 7-уми апрел дар меҳмонхонаи “Ҳаят реҷенсӣ” Шоми фарҳангии Тоҷикистону Покистон баргу-
СЕ ШИРКАТИ ПОКИСТОНӢ НАМОЯНДАГӢ МЕКУШОЯНД Зимни кушодашавии намоиши “Истеҳсоли Покистон” дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и Душанбе муовини раиси Палатаи савдо ва саноа-
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ” С. САЙФИДДИН
15 АПРЕЛ - РӮЗИ ДОНИШҲОИ ЭКОЛОГӢ
Ояндаи Замин ба фарҳанги экологии ҷавонон вобаста аст
www.javonon.tj
Барои ҳар яки мо дидани дарахтони пургул, чаману сабзазори назаррабо ва чашмаю дарёчаҳои обашон зулол писанд аст. Мутаассифона, баъзеҳо дар ивази лаззат бурдан аз зебоиҳои табиат аз худ партов, гулхан, шиша, қутии консерва, зарфҳои пиластикӣ «мерос» гузошта, муҳитро нопок мекунанд. Натиҷаи ин рафторро мо ҳар сол дар дарёи Душанбе мушоҳида мекунем. Бо камоб шудани дарёи мазкур аз фасли тирамоҳ то оғози баҳор ҳазорон адад зарфҳои пластикию халтаҳои селофаниро дар соҳили рӯд мебинем. Агар чанд даҳсола пеш аз ин наҳр бисёриҳо бе тарсу ҳарос об менӯшиданд, имрӯз на ҳар кас дар пойтахт ҷуръати бемалол аз дарёи Душанбе об нӯшиданро мекунад. Зеро баъзеҳо бо сабаби надоштани маърифати экологӣ бе ягон азоби виҷдон партовро ба об мепартоянду дар соҳили дарё мошин мешӯянд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ
ҳар сол дар бисёр кишварҳо 15 апрел ҳамчун Рӯзи донишҳои экологӣ таҷлил мегардад. Таърихи пайдоиши санаи мазкур аз солҳои навадуми асри гузашта сарчашма мегирад. Соли 1992 дар шаҳри Риоде-Жанейрои Бразил конфронси СММ баргузор гардид, ки иштирокчиёни он масъалаҳои муҳимтарини ҳифзи муҳити зистро баррасӣ намуда, зарурати соҳиби донишҳои экологӣ шудани сокинони сайёраро таъкид намуданд. Зеро бе доштани донишҳои экологӣ башарият ба табиат зарари зиёдтар расонида, теша ба решаи худ мезанад. Ҳадаф аз таҷлили ин рӯз баланд бардоштани маърифати экологии сокинони ҳар кишвар, бо хабар намудани аҳолӣ оид ба вазъи экологии маҳалли зист, ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳифзи табиат мебошад. Муҳимтарин вазифаи баргузории ин чорабинӣ дар ниҳоди ҳар сокини сайёра ҷой додани ин андеша аст: “Табиатро ҳифз бояд кард, то инсоният зиндагӣ карда тавонад”. Мо аз табиат ҷудо зиндагӣ карда наметавонем. Касоне, ки дар шаҳрҳои серчангу ғубор, пур
аз дуд ва сермағал зиндагӣ мекунанд, ҳамеша муштоқи сайру гашт дар зери дарахтон ва истироҳат дар оғӯши табиат мебошанд. Фаромӯш набояд кард, ки табиат барои беэҳтиромии инсон гоҳо «қассос» мегирад. Чунончи буридани дарахтони талу теппаҳо боиси омадани сел ва ярчфуроӣ мегардад. Рехтани партов ба ҷӯю дарёҳо, сари вақт коркарду безарар накардани партов сабаби авҷгирии бемориҳои сироятӣ, рудаю меда ва роҳи нафас мешавад. Афзоиши чангу ғубор ва дуду газҳои корхонаҳои саноатӣ, нақлиёт, неругоҳҳои ҳароратӣ шумораи беморони роҳи нафас, системаи асаб ва дилу рагҳоро зиёд мекунад. Аз ин рӯ ҳифзи тозагии манбаъҳои об ва замину ҳаво вазифаи ҳар сокини сайёра аст. Дар бисёр кишварҳо дар Рӯзи донишҳои экологӣ шиору овезаҳои мазмуни даъват ба ҳифзи табиат доштаро дар ҷойҳои назаррас насб мекунанд. Кормандони китобхонаҳо дар гӯшаҳои махсус адабиёт, рӯзнома ва маҷаллаҳои мавзӯи экологидоштаро мегузоранд. Устодони макотиби олӣ ва муассисаҳои илмӣ
семинару конфронсҳо доир мекунанд. Дар телевизиону радио барномаҳои бахшида ба ҳифзи табиат таҳия мешавад. Донишҳои экологии аҳолӣ аз оила сарчашма гирифта, мисли ҳалқаи як занҷир бо мактабу боғча ва корхонаву муассисаҳо пайванданд. Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соатҳои махсуси экологӣ гузошта шудаанд. Зеро ояндаи сайёра ба фарҳанги экологии ҷавонон вобастагӣ дорад. Ҳар қадар инсон дар ифлосу харобсозии табиат саҳм гузорад, ҳамон қадар зарар ба худаш дар шакли беморӣ ва офатҳои табиӣ бармегардад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки табиатро дӯст дорем, дар тоза нигоҳ доштани он кӯшиш намоем ва дигаронро низ ба эҳтиёту сарфа кардани сарватҳои табиат даъват кунем. Ҳар қадар аҳолӣ бештар дониши экологӣ гирад, ҳамон андоза муҳити зисти мо покиза гашта, солимии аҳли ҷомеа таъмин мешавад. Шамс НАЗАРОВ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ
Муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Аламшоҳзода Абдураҳмон дар доираи сафари кориаш ба ВМКБ, ки ҳафтаи сипаригашта ҷараён гирифт, бо намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеаи маркази вилоят мулоқот анҷом дод.
Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
“Аҷиб рӯзгорест. Гӯё дирӯз хурсанд будам. Бо табъи болида ҳамроҳи ҳамсинфонам мегуфтаму механдидам. Дирӯзе, ки риштаи ҳаётамро бо нафаре пайвастанд. Чи зудгузар аст ҳаёт. Ҳеҷ тасаввур намекардам, ки рӯзе бадбахт мешавам. Дар гӯшаи хаёлам набуд аз бахт бенасиб мондан. Аммо чи илоҷ, ки тақдир чунин будааст. Наход ҳамон нафари бадбахт ман бошам”, - мегуфт Моҳира худ ба худ ва оҳи бадард кашида.
5
имкони бунёди оиларо дорад. Пас бояд ҷавонон пеш аз бунёди оила аз назари психологӣ омода бошанд. Навхонадорон бояд якдигарро ба хубӣ бишносанд, бо ҳам муносибат карданро ёд гиранд. Бояд ҷавонон донанд, ки дар хонавода тарзи муносибати байнишахсӣ ва муоширати байниоилавӣ бо назардошти хусусиятҳои фардии якдигар чӣ гуна аст. Вале бевосита ҷавонон на ҳамаи муносибати оилавиро медонанд. Ин аст, ки низоъҳои гуногуни оилавӣ сар мезанад”, таъкид мекунад равоншинос. Тавре маълум аст, баъзан дар пош хӯрдани оилаҳои ҷавон бузургони хонавода низ айбдоранд. Таҳлилгарон низ бар он ақидаанд, ки собиқадорон ҳам роҳҳои аз низоъ баромадан байни ҷавононро намедонанд. Яъне мусаллаҳ нестанд. Ба онҳо ҳеҷ кас инро ёд надодааст. Бинобар
миллион аҳолии кишвар ба сари 957 нафар як оила ва кӯдакони бесарпаноҳ монда ба 1280 нафар яктоӣ рост меояд. Ривояте ҳаст, ки марде ба назди Умар ибни Хаттоб омада, аз нофармонии писараш шикоят кард. Ҳазрати Умар писари ӯро ҳозир намуда, ҳушдор дод, ки вай нисбат ба падараш нофармонӣ карда ва ҳуқуқи падарро аз ёд бурдааст. Писар гуфт: “Эй амири муъминон, оё писар бар зиммаи падар ҳуқуқе надорад?” Ҳазрати Умар гуфт: “Дорад”. Гуфт: “Пас ҳуқуқи писар бар зиммаи падар чист?” Ҳазрати Умар фармуд: “Қабл аз ҳама барои писари ояндааш модари пок интихоб намо-
ин, аксари одамон аз уҳдаи ин ё он низои нисбатан одии баамаломада баромада наметавонанд. М. Давлатов низ илова мекунад, ки чунин оилаҳо табобати психологиро талаб мекунанд, ки оиларо пойдор ва вазъиятро ислоҳ кардан мумкин аст. Ҳамин саросемакорӣ дар ин масъала аз он ҷиҳат сурат мегирад, ки одамон роҳи ҳалли низоъ ва бартараф кардани онро дар оила намедонанд. Баъзан ба назар мерасад, ки оилаҳои ҷавон 1 сол ё 6-7 моҳ зиндагӣ мекунанду халос. Вақте фарзанд ба хонаи дигар кас меояд, раванди мутобиқшавӣ воқеан ҳамин одами нав ба оилаи нав, муҳити нав, ба низому урфу одатҳои нав ба системаи муайяни муносибати ин хонавода муқаррар шудаасту устувор гардидааст, як муддат раванди мутобиқшавии психологии ин нафарро ба муҳит ва шароити нав талаб мекунад. Вале на ҳама вақт инро ба инобат мегиранд ва талаботи сахтарро нисбат ба одами навомада мегузоранд. Ҳамин тариқ, дар чунин воқеаҳо навхонадорон ба маслиҳату тавсияву мутобиқшавӣ дар оила ниёз доранд. Вале мутаассифона ин сарфи назар мешавад. Ин воқеа метавонад барои пошхӯрии оила замина гузорад. Бино ба иттилои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ қайди давлатии бекор кардани ақди никоҳ соли 2015 дар кишвар 8356 ҳолатро ташкил медиҳад. Соли 2015 дар пайи вайроншавии оилаҳо 6249 кӯдак дар тарбияи яке аз волидон монда, аз муҳити солими оилавӣ маҳрум гардидаанд. Аз 8356 оилаи пошхӯрда, ба 8
яд ва писарро номи накӯ гузорад ва ба ӯ Қуръон биомӯзад”. Он писар гуфт: “Эй амири муъминон! Ба ростӣ, падари ман чизе аз ин ҳуқуқ ба ҷо наовардааст. Модарам зани зангиест, ки қаблан ҳамсари марде оташпараст буда. Падарам маро Ҷуъал (ганбӯски сиёҳи пардор) ном ниҳода ва маро як ҳарф ҳам аз Қуръон таълим надодааст”. Ҳазрати Умар ба марди шикояткарда гуфт: “Пеши ман шикоят овардӣ, ки писарат нофармонӣ мекунад ва пеш аз он ки ӯ ба ту нофармонӣ кунад ва озорат диҳад, ту ба ӯ озор додаӣ ва ба ӯ бадӣ кардаӣ, қабл аз он ки ӯ ба ту бадӣ кунад”. Агар девори хонаро таҳкурсияш мустаҳкам нигоҳ дорад, пас набояд фаромӯш кард, ки таҳкурсии оилаи моро донишу маърифати баланд мустаҳкам мегардонад. Агар мо пеш аз оила бунёд кардан чашмонамонро кушоему онро дуруст интихоб кунем, дарси маърифати оиладорӣ омӯзем, ба умқи масъалаҳои зиндагӣ дуруст сарфаҳм рафта тавонем, бо ҳамсари хеш меҳрубон бошем ва ҳар мушкиле, ки дар оила ба вуҷуд меояд, муштарак бартараф кунему дастгири ҳамдигар бошем, пас чаро оилаи хушбахти мо вайрон шавад? Мутафаккире гуфтааст: “Интихоб кардани зан ба мисли интихоб кардани китоб аст. Ҷилди зебои китоб инсонро ҷалб мекунад. Дарунаш ки хуб набошад, то ба охир хонданаш хеле душвор аст”. Бисёри ҷавонписарон мафтуни ҳусни гулдухтаре гашта, волидонашро маҷбур мекунанд, ки он духтарро хостгорӣ кунанд. Вале бештари маврид шефтаи сурат гардида, фиреб мехӯранд.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА
Ҷавҳари зиндагӣ муҳаббат аст Моҳира 18 сол дошт, ки ӯро волидонаш маҷбур ба шавҳар доданд. Бо сабабе ки бо шавҳараш мувофиқ наомаданд, баъди ду моҳи зиндагӣ ҷудо шуданд. Бо таассуф изҳор медорад, ки розӣ набуд, чун ҳамсарашро қабл аз издивоҷ боре ҳам надида буд ва намедонист чи хислатҳо дорад. Аммо волидон ба суханҳояш гӯш надоданд. Баъди ду моҳи зиндагӣ аллакай нофаҳмиҳо сар шуд. Моҳира мегӯяд агар хоҳем, ки оилаи хушбахту солим бисозем, пеш аз ҳама бояд шахси мувофиқро барои худ интихоб намоем. Ба нафаре хонадор шавем, ки соҳибирода ва шахси басаводу бомаърифат бошад. Пеш аз ҳама эҳтироми худу дигаронро ба ҷой орад. Вале дар ҷомеаи имрӯза оилаи солим, махсусан байни ҷавонон қариб, ки дида намешавад. Ҳатто гуфтан ҷоиз аст, ҷавонон барои оилаи солим барпо намудан шахси мувофиқ намеёбанд. Аз ҳамин хотир ҳавола ба волидайн мекунанд. Дар хусуси вайроншавии оилаҳои ҷавон ва сабабу омилҳои он бо равоншинос Маҳмадулло Давлатов суҳбат намудем. Номбурда мегӯяд, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз нигоҳи психологӣ воқеан аксари ҷавонон ба бунёди оила омода нестанд. “Ҳарчанд синни никоҳ 18 муқаррар шудааст ва дар ин синну сол аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва ҷинсӣ омодааст, вале ташаккули равонӣ ва аз нуқтаи назари психологӣ инкишоф ёфтани шахс дар синну соли минбаъда рост меояд. Вақте ҷавон маълумоти миёнаву олӣ мегирад ва ба донишҳои муайяни назариявию амалӣ мусаллаҳ мешавад, он гоҳ
www.javonon.tj
А. Абдураҳмон иброз дошт, ки чунин дидорбинӣ бо мардуми шарифи Бадахшон бо супориши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагӣ ба 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯи кор омадааст. - Имсол дар кишвари соҳибистиқлоламон як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ баргузор мегарданд ва мо бо иштироки меҳмонони воломақом аз давлатҳои хориҷи дуру наздик идҳои миллӣ - 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 19-солагии ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллиро таҷлил менамоем. Ҳамагӣ чанде қабл дар шаҳру навоҳии мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд бо иштироки Роҳбари давлат иди Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро бо фарогирии тамоми суннатҳои барои ин ҷашн хос таҷлил намудем ва ба ҷаҳониён исбот кардем, ки Тоҷикистон воқеан ватани Наврӯз аст. Тантанаҳои иди Ваҳдати миллиро бояд дар шаҳру навоҳии Бадахшон дар сатҳи баланд гузаронем ва ба оламиён бори дигар собит намоем, ки мардуми тоҷик воқеан ваҳдатофар, муттаҳиду сарҷамъ, бунёдкору созанда мебошанд”. - 22 май бо тақозои замон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститусияи кишвар тағйиру иловаҳо ворид мегардад, - гуфт муовини авали вазири корҳои дохилии мамлакат. - Боварӣ дорам, ки сокинони ВМКБ дар ин маъракаи сиёсӣ фаъолона ширкат меварзанду пуштибонии хешро ба хотири сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлат нишон медиҳанд. Дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашнҳои миллию суннатӣ ва чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ба оромиву суботи тамоми минтақаҳои кишвар алоқаманд аст. Имрӯз фазои ҷаҳон ноором аст. Давлатҳои абарқудрат ба хотири расидан ба манфиатҳои миллӣ, ҳарчи бештар ғун намудани сарвату боигарӣ мехоҳанд ҷаҳонро аз нав тақсимбандӣ кунанд. Барои пиёда намудани сиёсати ғосибкоронаашон аз амалҳои ниҳоят зишт истифода мебаранд. Кишварҳои Ироқу Сурия, Лубнону Афғонистон дар оташи ҷанг месӯзанд. Дар Фаластину Покистону Миср ҳар рӯз бар асари амалҳои террористӣ даҳҳо нафар аз ҷумлаи кӯдакону наврасон ва занону пиронсолон ҷонашонро аз даст медиҳанд. Имрӯз саркардагони ин амалҳои зишт мехоҳанд домани ҷангро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон бикашанд. Ба ин хотир, бо роҳу васоили ҳархела ҷавонони аз дину дунё бехабарро ба ҳизбу гурӯҳҳои тундгаро ва террористӣ шомил месозанд ва бо дасти онҳо ниятҳои нопокашонро амалӣ карданӣ мешаванд. Хеле нигаронкунанда аст, ки беш аз ҳазор нафар ҷавони тоҷик шомили гурӯҳҳои ифротӣ гашта, дар Сурияву Ироқ дар куштори мардуми бегуноҳ даст доранд ва беш аз 300 нафари онҳо дар ин кишварҳо ҷонашонро аз даст додаанд”. Раиси ВМКБ Шодихони Ҷамшед низ аз ҷумла гуфт, бо ҳидояти Роҳбари мамлакат дар вилоят баргузор намудани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ба хотири боз як солгарди иди Ваҳдати миллӣ бесабаб нест. “Ин пеш аз ҳама дар доираи омодагӣ ба ин ҷашни тақдирсози миллат боз ҳам вусъати тоза бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру деҳоти вилоят, рушди босуботи иқтисодиёту иҷтимоиёти ин минтақа ва муҳимтар аз ҳама ҳарчи бештар тақвият бахшидани дӯстию рафоқати сокинони тамоми минтақаҳои Ватани азизамон мусоидат мекунад. Ҳар чорабиние, ки дар доираи омадагӣ ба ҷашни мазкур дар ин ё он гӯшаи вилоят бо иштироки меҳмонон аз дигар минтақаҳои кишвар баргузор мегардад, робитаҳои ҳасанаю муттаҳидсозандаи мардумро боз ҳам қавитару мустаҳкамтар мегардонад”. Раиси вилоят инчунин он нуктаро тавзеҳ дод, ки дар рӯзҳои ҷашн дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор иншооти муҳими аҳамияти иқтисодӣ-иҷтимоӣ дошта, бо иштироки Роҳбарияти олии кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Яъне, нахуст санги асос барои пули калони мошингузар дар маҳаллаи Селхозтехникаи Хоруғ, ки он бо арзиши лоиҳавии беш аз 40 миллион сомонӣ роҳандозӣ мешавад, гузошта хоҳад шуд ва он имкон медиҳад, ки дар оянда танзими ҳаракати нақлиёт дар маркази вилоят беҳтар гардад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №15 (9441), 14 апрели соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА Исбот намоем, ки миллати ваҳдатофарем
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
6
МУШКИЛИ ҶОМЕА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №15 (9441), 14 апрели соли 2016
Шодихони НАЗАР Суҳбатулло оғуштаи хоку хун дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт. Ӯро латукӯб кардаанд. Одамони зиёд болои сараш ҷамъ шуда, сару рӯяшро пок мекарданд. Лӯлизане дуртар аз Суҳбатулло дар даст кӯдак менишасту ин манзараро назора мекард. Издиҳоми одамон, ки даври Суҳбатулло гирд омадаанд, ба лӯлизан нигариста, хулоса мекарданд, ки шояд ӯ ба хотири дар минтақааш ба талбандагӣ машғул шудани ин кӯдак ӯро ба чунин ҳол расондааст. - Барои чӣ ин бечораро латукӯб кардӣ?! - гуфт ҷавоне бо ғазаб ба лӯлизан нигариста. - Ман ба ӯ даст нарасонидам, ӯро апааш зад, - ба духтараки 10-11-солае, ки канортар меистод, ишора кард лӯлизан. Одамони ҷамъомада аз духтарак мепурсиданд, ки барои чӣ додараш - Суҳбатуллоро задааст. “Ту кӯдакро ба ин ҳол овардӣ, ҳозир милисаро ҷеғ мезанам”, - мегуфт зане. Духтарак ба ин ҳама истинтоқ ҷавоби кӯтоҳе дод: “50 сомониашро гум кардааст”. Суҳбатулло ҳамагӣ 5 сол дорад. Ӯ бо хола ва хоҳараш ба талбандагӣ машғул аст. Ҳар рӯз аз деҳаи “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат барои “кор” ба пойтахт меояд. Барои мо навиштаҷоти дасти ин кӯдак аҷиб намуд: “Ассалому алекум апаҳо, хоҳарҳо, падар надорам, модари бемор дорам. Дар хона 6 нафар зандагӣ мекунем, бо як момаи пир зиндагӣ мекунем, ҳеҷ кас надорем. Илтимос, ба ман ёрдам кунед, савоб мегиред”. Баъди хондани ин матн раҳми бисёриҳо омаду ба ӯ пул доданд. Барои ман ин матн ошно намуд, зеро ба ин гуна навиштаҷот борҳо рӯ ба рӯ шудаам. Барои муайян намудани он ки ин навиштаҳо аксар бо як матн, як ранг, дар як намуд коғаз ва бо як ҳусни хат навишта шудаанд, тасмим гирифтем мавзӯро пайгирӣ намоем. Бо писарбачаи тақрибан 14-сола, ки ба талбандагӣ машғул аст, ҳамсуҳбат шудем. Ӯ хондану навиштанро балад нест. Намедонад, ки дар матни бадастгирифтааш чӣ навишта шудааст. Мегӯяд, навиштаҷотро ба онҳо нафарони алоҳида оварда медиҳанд, аммо гуфтан нахост, ки кистанд онҳо. Аз суҳбат бо кӯдакони талбан-
да пай мебаред, ки нафарони алоҳида манфиатдоранд, аз ин рӯ “роҳнамоӣ”-ашон мекунанд. Дар матнҳо падару модар надоштани кӯдакон зикр шудааст, вале мебинед, ки онҳо аз модари худ канортар нишаста талбандагӣ мекунанд. Аз ин бармеояд, ки худи модари онҳо ҳам хондану навишта наметавонад. Моҳира, лӯлидухтаре, ки тақрибан 20 сол дорад, мактаб нахондааст. Бо ду хоҳарзодааш ба талбандагӣ машғул аст. Ҳангоми суҳбат гуфт, ки ин навиштаҷотро бо маблағи муайян мехаранд ва суроғаеро ёдовар шуд. Мо ба суроғаи додаи Моҳира рафтем, дар он ҷо
нияти пасти шаҳрдорӣ нишон медиҳанд. Дар ин ҷода пеш аз ҳама нозирони минтақавӣ бояд саҳмгузор бошанд, зеро меҳмонҳое ки аз хориҷ вориди шаҳри Душанбе мешаванд, дар симои онҳо сатҳи зиндагии мардумро баҳо медиҳанд”, - таъкид мекунад Э. Рамазонов. Ба ақидаи ҷомеашинос дар бозорҳо талбандагӣ карданашон одати маъмулӣ аст. Аксари онҳо дар минтақаҳое ба талбандагӣ машғуланд, ки меҳмонҳои хориҷӣ бо онҳо ҳар замон рӯ ба рӯ мешаванд. Дар рӯ ба рӯи бинои Маҷлиси Олӣ ҷавоне бо либосҳои кандаву дарида ба талбандагӣ машғул
талбандагӣ мекунанд. Ҳангоми пул партофтан дар назди яке аз онҳо чашмам ба ангуштони ӯ афтод, ки зери остини занона пинҳон мекард. Ба хотири ифшо нашудани мард буданаш сару рӯяшро чунон моҳирона печонидааст, ки фарқ гузоштан миёни ӯ ва зан мушкил аст. Ҳангоми ҳолпурсӣ овозашро намебаровард. Қисми зиёди онҳо ба хотири он ки раҳми мардум ояду садақа кунанд, дар рӯзҳои сармо пойлуч ва бо либосҳои тобистона менишинанд. Гурӯҳи дигар аз тани солими худ, ки барои инсон беҳтарин неъмати Худост, шукр накарда, худро дар
ба ӯ пул медиҳанд. Ӯ мегӯяд, ки ҳар рӯз тақрибан 80-90 сомонӣ даромад дорад. Ҳар бегоҳ пулҳои ҷамъовардаашро ба бобояш Абдусалом супорида, бар ивази кор як сомонӣ мегирад. Шоира мегӯяд, ки бобояш ҳоҷӣ асту дар ҷое кор намекунад. Дар хона ба нигоҳубини чорво машғул аст ва ҳар бегоҳӣ пулҳои ҷамънамудаи ӯ ва бародарони дигарашро гирифта, барои талбандагӣ усулҳои дигарро нишон медиҳад. Минтақаҳои шаҳрро онҳо байни ҳам тақсим кардаанд. Зиёд муноқишаву занозанӣ кардани онҳоро низ мушоҳида кардем. Чун сабаб пурси-
чашми мардум маъюб нишон медиҳанд. Ин ҳолати онҳо моро маҷбур сохт, ки то бегоҳи рӯз онҳоро интизор шавем, то маъюб будани онҳоро муайян созем. Бегоҳӣ аксари онҳое, ки сару рӯи худро печонида бо либосҳои кандашуда менишастанд, либосҳои худро бадар карда, бо либосҳои тозаю озода ҷониби хона раҳсипор шуданд. Қисмате, ки барои мардумро фиреб кардан худро маъюб нишон медоданд, баъди анҷоми кор ягон нишона аз маъюб будани онҳо мушоҳида нашуд. Шоира, духтараки талбанда, интизорӣ мекашад, ки ҳаво сард шавад. Зеро даромади ӯ дар рӯзҳои сармо нисбат ба рӯзҳои офтобӣ зиёд аст. Дар рӯзҳои сармо ҳолати ин духарро дида раҳми мардум меояду
дем, маълум гашт, ки яке ба минтақаи дигарӣ ворид шудааст. Ҳатто кӯдак-талабандаҳое ҳам ёфт шуданд, ки зимни суҳбат гуфтанд, онҳо барои талбандагӣ ҷои доимӣ ва муайянеро интихоб кардаанд, ки нозирони минтақавӣ ҳам онҳоро акнун мешиносанд... Шояд аз эҳтимол дур нест, ки онҳо барои минтақаи интихобнамудаашон ба касе пул ҳам месупоранд. Моҳира, лӯлизани ҳамсуҳбати мо, мегӯяд, ки дар минтақаҳои ношинос талбандагӣ карданашон аксар вақт боиси зери лутукӯби нозирони минтақа қарор гирифтани онҳо мегардад. Танҳо рӯзҳои ҷумъа аз соатҳои тақрибан 10 то 15 кӯчаю хиёбонҳои шаҳрро бе талбанда мушоҳида намудем. Зеро ҳамаи онҳо дар ин вақту соат дар назди масҷидҳо ҷамъ меоянд. Имрӯзҳо талбандагӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр то ҳадде зиёд шудааст, ки барои аксар одати маъмулӣ гаштааст. Аз зиёд шудани ин гуна афрод дигарон низ истифода мекунанд. Гурӯҳи ҷавононеро дидем, ки мардумро фиреб намуда, аз гадоҳо дида маблағи зиёд талаб мекунанд. Аксари онҳо дар донишгоҳҳо ва беморхонаҳо бо чунин суханҳо назди мардум ҳозир мешаванд. “Акаҷон (апаҷон), сарбозам, аз хизмат ҷавоб шудам, пул надорам, ки хона равам, кӯмак кунед”. Агар аз онҳо пурсед, ки аз кадом ноҳия аст? Шаҳр ё ноҳияеро ном мебаранд, ки роҳкироаш аз пойтахт на кам аз 10 сомониро ташкил медиҳад. Хонандаи азиз, ба ин гуна найрангҳо дода нашвед, зеро садақа ба тоифае, ки ба фиреби мардум машғуланд, савоб ҳисоб намешавад.
Ба талбанда садақа додан раво нест
тасдиқ накарданд, ки ба навиштану фурухтани навиштаҷот барои талбандаҳо машғуланд. Ҷомеашинос Эраҷ Рамазонов мегӯяд, аз 100 фоиз 60-66 фоизи нафароне, ки ба талбандагӣ машғуланд, сокинони шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахтанд. “Аксари онҳоро занон ва ҷавонон ташкил медиҳанд. Бештар будани ҷавонони талбанда далели бемасъулиятии падару модар нисбат ба тарбияву таълимии онҳост. Аксари онҳо даъво пеш меоранд, ки талбандагӣ касби бобоиашон аст. Ин дурӯғи маҳз аст. Чун талбандагӣ дар ягон ҷомеа касб набуд. Ин як навъ танбалии ҳамон шахсро ифода мекунад. Инҳо дар ҷомеаи мо ягон таъсири сиёсӣ ва иқтисодӣ расонида наметавонанд. Танҳо мада-
аст. Чунон вонамуд мекунад, ки гӯё бечорагӣ маҷбураш кардааст. Ин ҷо маркази шаҳр аст ва меҳмонҳои хориҷӣ аз ин ҷо ҳатман гузар мекунанд... Дар баробари лӯлиҳо имрӯз зиёд ба назар мерасад, ки занону мардони солим ҳам либосҳои ифлосу фарсуда ба бар намуда, ба талбандагӣ машғуланд. Зеро онҳо низ қатори лӯлиҳо роҳати пули бедарди миёнро дидаанд. Лӯлиҳо касби бобоӣ гуфта, ошкоро ба гадоӣ машғул мешаванд. Онҳое, ки лӯлӣ нестанду аз танбалӣ ин пешаро интихоб намудаанд, ба хотири фиреб додани мардум усулҳои махсусро истифода мекунанд. Зимни мушоҳидаҳо маълум гардид, ки аксар мардҳо худро дар либоси занона дароварда, бо сару рӯи печонида
МИНБАРИ АНДЕША
ва ё мо ба чӣ бовар мекунем? як халқу миллат ба нишонаву аломатҳое, ки чизи хуб ё бад, хатар ё бадбахтиву мусибатеро пешгӯӣ мекунанд, эътиқод дорад. Одамони ҳар гуна синну сол аксар ҳамроҳи худ тумор ё тилисме гирифта мегарданд, ки ба қавле ба онҳо қувват мебахшаду аз балову офат муҳофизаташон мекунад. Онҳо бар он боваранд, ки маҳз ҳамин гуна ашё барои комёб шудану ба мақсадҳо ноил шуданашон кӯмак мерасонанд. Кунҷковии инсон беҳадду ҳудуд аст ва ӯ ҳамеша донистан мехоҳад, ки дар оянда ӯро чӣ интизор
бехосият мешуморанд, ин ақидаро бо он асоснок менамоянд, ки рақами 13 чандин маротиба дар таърих нерӯи харобиовари худро нишон додааст. Ба гунаи мисол парвози киштии кайҳонии “Аполлон-13” буд, ки 13-уми апрел дар соати 13-у 13 дақиқа парвоз намуда, ба садама дучор гардид. Ё дар аксари меҳмонхонаҳои Амрико рақами 13, дар биноҳои баландошёна бошад, ошёнаи 13-ум вуҷуд надоранд, яъне баъди ошёнаи 12-ум ошёнаи 14-ум ҷойгир шудааст. Мардуми Чин ва Ҷопон рақами 4-ро
аст, кадом роҳ ӯро ба комёбиҳо раҳнамун месозад, чӣ метавонад садди роҳаш гардад. Зиёд иттифоқ меафтад, ки ақидаҳои хурофотӣ тасодуфан бо воқеоти рӯзмарраи ҳаёт мувофиқат менамоянд ва инсонҳои сустирода бештар аз нерӯ ва кӯшишҳои худ ба ҳамон хурофот бовар мекунанд. Ин ақидаҳо аксари нобарориҳоро асоснок мешуморанд. Вақте ба сари одамон мусибату бадбахтие меояд, онҳо ҳатман онро ба ҳамон рӯз ва ё воқеаи ҳамон рӯзҳо баалмода нисбат медиҳанд ва ё худо накардаву дар хонадоне, ки тоза тӯй барпо шудааст, фалокате рух диҳад, келини ба он хона омада якумр чун келини “шумқадам” ва “наҳс” маҳкум мешаваду мавриди маломату бадбинии аҳли хонавода қарор мегирад. Дар ҳолати яъсу ноумедӣ ва тарсу ҳарос одамон ба хурофот бештар эътимод мебанданд ва таъсири қувваҳои берунаро аз нерӯ ва иродаи худ пурзӯртар мешуморанд. Мо ҳамарӯза дар кӯчаву бозор ба ашёи гуногун рӯ ба рӯ мешавем, аммо танҳо дар лаҳзаҳое, ки мушкиле пешорӯи мост, бамаротиб мулоҳизакор мешавему ба ин ашё бо назари дигар менигарем. Гурбаҳои сиёҳ низ ҳар рӯз дар кӯчаҳо давида мегарданд, вале мо маҳз дар лаҳзаҳои ба мушкилие дучор омадан онҳоро мушоҳида мекунем. Аҷиб аст, ки рӯз то рӯз эътимод ба хурофот бештар мегардад. Он на танҳо дар мардуми мусулмон, балки дар тамоми халқу миллатҳои дунё мушоҳида мешавад. Тадқиқоте, ки чанд сол қабл дар Амрико аз ҷониби коршиносон гузаронида шуд, собит сохт, ки бовариву эътимоди одамон ба ақидаҳои хурофотӣ дар зарфи 15 сол аз 9% то ба 25 % афзоиш ёфта, шумораи одамоне, ки ба фолкушоии кафи даст бовар доштанд, аз 4 то 14 % расидааст. Олимони аврупоӣ хурофотро дини бехудо номидаанд. Дар ин ҷо бархе аз одамон рӯзҳо, ё шумораҳои алоҳидаро бехосият мешуморанд. Одамоне, ки рақами 13-ро
наҳс мешуморанд, чунки аксари одамони ин ҷо дар рӯзи 4-ум фавтидаанд. Дар ин кишварҳо одамони хурофотӣ аз ин шумора хеле меҳаросанд ва рӯзҳои 4-ум хоса эҳтиёткору ҳассос мешаванд. Дар миёни варзишгарони касбӣ низ шахсони хурофотӣ зиёданд. Масалан, баскетболисти маъруф Майкл Ҷордан ҳамеша майкаи кабуд мепӯшад. Баскетболбози дигар ҳатман қабл аз бозӣ дандонҳояшро тоза карда, ҳангоми танаффус ширинбияро ба даҳон гирифта мехояд. Бейсболбозон бошанд, калтаки бейсболбозиашонро дар таги сар монда мехобанд. Теннисбозон низ аз пӯшидани майкаҳои ранги зард худдорӣ мекунанду голфбозон бошанд қабл аз бозӣ дар ҷайбашон танга мегузоранд. Дар яке аз осорхонаҳои Истанбул сӯрохие вуҷуд дорад, ки одамони ба он бино воридшуда ҳатман дасташонро ба он дароварда, якчанд маротиба тоб медиҳанд. Онҳо ба ин боваранд, ки чунин амал боиси дарозумрӣ ва аз балоҳо эмин монданашон мегардад. Дар ҳудуди Искандаркӯл, ки дар водии Зарафшон воқеъ гардидааст, дарахте ҳаст, ки дар чор фасли сол аз масофаи дуртар баргҳои он рангоранг ба назар мерасанд. Аммо вақте ба он наздик мешавед, мебинед, ки ба ҷои баргҳо дар шохаҳои он латтапораҳои гуногунранг баста шудаанд. Мардум дар назди ин дарахти пир дуову фотиҳа хонда, бо умеди аз бемориҳо наҷот ёфтан ва хушбахту муваффақ шудан дар шохаҳояш латтапораҳо меовезанд. Чунин дарахт дар мавзеи Чилучорчашма низ ҳаст. Баъзан анъанаву ақидаҳои хурофотӣ аз ақли солим болотар ҷо мегиранд ва мо ба сухани беасосе, ки тасодуфан ба рӯзгори мо шабоҳат пайдо мекунад, бештар аз ақидаҳои илман асоснокшуда бовар мекунем. Масалан, мо ба тумор ва ҳар гуна бозубандҳое, ки дар гардану даст ва дигар узвҳои бадан бо худ гирифта мегардем,
Шаҳло ЭШОНОВА бештар аз тамоми мавҷудоти дигари олам эътимод мебандем, ҳол он ки онҳо ашёе беш нестанд ва куллан иқтидори моро аз балову офатҳо эмин нигоҳ доштанро надоранд. Ё баъзе нафарони ҳатто маълумотнок низ ба ҷои сазовори бовариву эътимоди беғаразонаи зан, ё шавҳари худ шудан, ба назди мулло ва фолбинҳо рафта, бо роҳи хондани даму дуо дар ҳар гуна ашё дили онҳоро ба худ “гарм” месозанд ва муҳаббати онҳоро нисбат ба худ “зиёд” мегардонанд. Онҳо инро намедонанд ва ё донистан намехоҳанд, ки бовару эътиқод ба хурофот шак овардан ба арқоми динӣ ва тақдири илоҳист. Ин агар аз як ҷониб боиси таассуф бошад, аз ҷониби дигар хандаовару хатарфизо низ ҳаст. Масалан, соли гузашта кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳангоми тоза кардани кӯлу дарёҳо, ки ҷои оббозии шаҳрвандонанд, аз дохили онҳо шумораи зиёди қулфҳо ва дигар ашёи ба сӯзанҳо халондашударо пайдо карда буданд, ки нишони хурофотпарастии чунин ашхоси гумроҳ мебошад. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо нафароне низ зиёданд, ки ҳар гуна узвҳои бадани ҳайвонотро, ки аз ҷиҳати санитарию гигиенӣ зарарноканд, дар латтапораҳо печонда, бо худ мегардонанд ва аҷибаш ин аст, ки онҳоро бо нархи гарон аз одамони тамоман аз дину мазҳаб дурмонда мехаранд. Моро мебояд, ки ҳикматҳои халқии аз таҷрибаҳо ҳосилшуда ва илман асоснокшударо аз хурофот фарқ кунем. Масалан, дар замонҳои қадим мардум шабона мӯй ва нохуни дасту пойҳоро намебуриданд. Ин бар он далел буд, ки шабона воситаҳои рӯшноидиҳанда набуданду дар торикӣ ин амалҳоро анҷом додан ғайриимкон буд ва ё ҷорӯб ё дигар олоти рӯзгорро рост нагузоштан, дар болои хокистар по нагузоштан ва амсоли инҳо ба хотири риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва бехатарӣ буд. Албатта, ба ҳама маълум аст, ки агар ҳаво абрнок шавад, борон меборад ва дар ин лаҳзаҳо ба сафар баромадан метавонад хатарнок бошад. Инчунин, баъзе аломатҳое, ки ба тағйирёбии обу ҳаво ва парандагон вобастаанд, аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда шудаанд. Масалан, мегӯянд, ки агар фароштурукҳо дар осмон паст парвоз кунанд, борон меборад. Ин зуҳурот чунин асоснок карда шудааст, ки дар ҳавои абрнок қобилияти биноии парандаҳо суст шудаву онҳо паст парвоз мекунанд. А. Назаров, корманди Академияи улуми Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, хурофотро ҳамчун бутпарастии нохудогоҳ ва тарси бемантиқи инсон дар назди санаву ашёву аъмол тавсиф намуда, дар мавриди тафовути байни хурофот ва имони воқеӣ ба Худо чунин мегӯяд: “Дар имон озодӣ ҳамеша маҳфуз аст. Худованд аз инсон озодии ба ӯ атокардашударо намеситонад. Афроди хурофотпараст озодии маънавиро аз даст дода, ба нерӯҳои торик ва шайтонӣ вобаста мешаванд. Хурофот чун эътиқоди беҳуда ба рӯҳи инсон нафъе надорад, ин як навъи бемории рӯҳист ва дар ҷое буруз мекунад, ки он ҷо дониши ҳақиқӣ дар бораи имон, ҳаёти маънавӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ заиф аст. Имон бидуни дониш ва ҷаҳонбинии илмӣ зуд ба хурофот табдил меёбад, яъне ба махлуте бисёр аҷиб ва ғариб иборат аз дидгоҳҳои мухталиф, ки дар он ҳам барои фариштагон ва ҳам барои шаётин ва ҳатто барои Худованд ҷое мавҷуд аст, дар ҳоле ки дар онҳо мафҳумҳои тавба, мубориза бо гуноҳ, тағйири тарзи зиндагӣ арзи вуҷуд надоранд”.
www.javonon.tj
Масалан, агар субҳ барвақт аз хоб бархоста, тирезаи хонаро калон кушоӣ, ба хона баракат ворид мешавад. Агар духтар баъди хӯрдани хӯроки лазиз таги табақро лесад, дар тӯяш борон меборад. Агар зан ҳангоми хӯрдани оши палав луқмаи аввалро якҷоя бо гӯшт хӯрад, келини ба хона овардааш духтари боиффату боимоне мебарояд. Агар зани шавҳардор рӯймоли зани бевамондаро ба сар кунад, бева мешавад. Ба оинаи шикаста нигаристани зану шавҳар бадбахтӣ меорад. Агар дар болои чойи пиёла боз чой рехта ба зани шавҳардор дароз кунанд, шавҳари он зан зани дигар мегирад. Агар ҳангоми хӯрокхӯрӣ қошуқ аз даст ба замин афтад, ба хона меҳмон меояд. Агар аз пеши роҳи касе гурбаи сиёҳ роҳро убур намояд, корҳояш бебарор мешаванд. Агар рӯзи чоршанбе ба аёдати бемор равӣ, аҳволаш нохуб мешавад... Ин силсиларо беохир давом додан мумкин. Ин масалҳоро шоирон ба риштаи назм низ кашидаву дар мавқеи зарурӣ истифода кардаанд: Абр агар аз қибла хезад, сахт борон мешавад, Шоҳ агар одил набошад, мулк вайрон мешавад... Оё шумо ба фол ва хурофот бовар доред? Ба ин суоли мо иддае бо аломати тасдиқ сар ҷунбонданду баъзеҳо каме андешаманд гардида, чӣ гуфтанро надонистанд. Вале нафароне низ ёфт шуданд, ки қатъиян посух доданд: “Не!” Чунин суханон то кадом андоза асоси воқеӣ доранду ба онҳо бовар кардан мумкин аст? Хурофот ё хурофа дар луғат ба маънои сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри мавҳуми беасос омадааст. Шахсони хурофотӣ касонеанд, ки ба ҳар гуна ақидаҳои бемаъниву беасос бовар мекунанд. Мо ба чӣ бовар мекунем? Солҳову асрҳо мегузаранд, маънавиёту тамаддун рушд мекунад, инсон кашфиётҳои бузургу беҳамто анҷом медиҳад. Техникаву технологияи муосир босуръат пеш меравад ва бо вуҷуди ин мо вақти аз хона баромадан меандешем: “Кош аз пешам гурбаи сиёҳ набарояд” ва ё “Барои чизи фармӯшшуда аз роҳ пас намегардам”. Тамоми пешрафту тараққиёт ба шароит ва тарзи ҳаёти мо таъсири зиёд гузошта метавонад, аммо кам андар кам ба ҷаҳонбинии мо асари нек мегузорад. Тадқиқоте, ки дар соли 2006 аз ҷониби Маркази таҳлилии Юрий Левада гузаронида шуд, нишон дода буд, ки аз нисф зиёди аҳолии Русия (54%) ба хурофот бовар доранд, 42 % - ба хобҳои ваҳшӣ. Ба мавҷудияти лаъличаҳои парон дар рӯи Замин 22% ва ба пешгӯиҳои ситорашиносон 29 %-и аҳолии Русия бовар доранд. Хурофот аслан ақидаҳои беасосу бебунёдест, ки дар пояи тарс ба вуҷуд меояд. Хурофотпарастон хеле зудбоваранд. Онҳо ҳамеша нишонаву аломатҳоеро меҷӯянд, ки ягон некӣ, ё бадиро пешгӯӣ намоянд. Ҳар
Абр агар аз қибла хезад...
7 е-mail: javonontj@mail.ru
Аксари миллату халқиятҳои дунё ба ҳар гуна ақидаҳои хурофотӣ эътиқод доранд. Мардуми тоҷик низ истисно нест. Масалан, барои бисёриҳо ҳама амалу рафтори одамону ҳайвонот ва ҳама ашёи рӯзгор хосияти худро дорад ва шахсони куҳансол онҳоро беҳикмат намешуморанду ҳангоми рӯ ба рӯ гардидан бо онҳо эҳтиёткор буданро ҳатмӣ медонанд. Ба андешаи онҳо баъзе аз ин ҳикматҳо хосияти хуб доранд, баъзеи дигар хосияти бад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №15 (9441), 14 апрели соли 2016
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
8
РАЙЪПУРСӢ - 2016
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №15 (9441), 14 апрели соли 2016
Тағйиру иловаҳо таҳкимбахши Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди Тоҷикистон қабули Конститутсия буд. Давоми 20 сол ин санади сарнавиштсоз дар бунёди давлати навини тоҷикон, таҳкими истиқлолият, ташкили фаъолияти мақомоти давлатӣ ва танзими тамоми масъалаҳои муҳими ҷамъият дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ нақши муассир гузошт. Аммо пешрафту инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати такмили меъёрҳои алоҳидаи Конститутсияро тақозо менамоянд. Ин амри воқеӣ буда, табиати объективӣ дорад. Маҳз бо ҳамин сабаб солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсияи кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, вазъи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, фаъолияти муташаккил ва касбии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мустақилияти ҳокимияти судӣ таъмин гардида, боиси боз ҳам боло рафтани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Инак, 22 май раъйпурсӣ ба хотири даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия баргузор мешавад. Зарур аст, ки баъзе тағйироти муҳимро шарҳ диҳем. Конститутсия калимаи лотинӣ буда, муайян кардан, муқаррар намудани асосҳои низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа, принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти он, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсонро ифода менамояд. Вожаи «Конститутсия» дар ҷаҳон маъмулу мақбул буда, ба ҳама фаҳмо ва истифодаи он роиҷ гаштааст. Аз тарафи дигар, калимаи «Сарқонун» сохта буда, тамоми паҳлуҳои вожаи «Конститутсия»-ро дар бар гирифта наметавонад.
«Сарқонун» танҳо боло, баланд ва дорои қувваи олӣ доштани онро ифода мекунад. Дигар паҳлуҳои «Конститутсия», аз ҷумла «асос», «муайянкунанда» ва «муқарраркунанда» будани онро ифода намекунад. Бинобар ин, пешниҳод мешавад, ки калимаи «Сарқонун» дар қавсайн аз ном ва матни Конститутсия хориҷ карда шавад. Ҷумҳуриҳо президентӣ, парламентӣ ва омехта (президентӣ -парламентӣ ё парламентӣ — президентӣ) мешаванд. Ин хусусияти ҷумҳуриҳо маъмулан дар конститутсияи онҳо дарҷ карда мешавад. Масалан, чунин меъёр дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла конститутсияҳои Қазоқистон ва Туркманистон дарҷ гардидааст. Меъёри номбурда ифодакунандаи воқеии идоракунии давлатӣ буда, мазмуни конститутсияро комил мегардонад. Тоҷикистон низ ҷумҳурии президентӣ буда, Президент дар низоми мақомоти олии давлатӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда дорад. Бинобар ин, пешниҳоди «Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад», ифодакунандаи воқеии шакли идоракунии президентӣ буда, он Конститутсияро мукаммал менамояд. Ба моддаи ҳаштум пешниҳод мегардад, ки калимаи «Ташкилотҳои» ба «Иттиҳодияҳои» иваз карда шавад. Чунки мафҳуми «иттиҳодия» назар ба «ташкилот» васеъ буда, тамоми навъҳои созмонҳои динӣ, аз ҷумла, ташкилотҳои диниро низ фаро мегирад. Аз ин рӯ, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» истилоҳи «иттиҳодия» истифода шудааст. Ҳамчунин қисми шашуми ин модда дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст. Сабаб дар он аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ барои ба сари ҳокимият омадан муборизаи сиёсӣ мебаранд. Ин мубориза бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳо, бе дахолати давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ сурат гирад. Бинобар ин, пешниҳод шудааст, ки амалҳои мазкур манъ карда шаванд. Дар ин пешниҳод ҳамчунон зикр гардидааст, ки таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти миллӣ ва динидошта манъ аст. Таъсиси ҳизби сиёсӣ дар заминаи намояндагони миллати алоҳида
(миллӣ) дар ҷавҳари худ метавонад ба ҷудоиандозӣ, низоъҳо ва муноқишаҳои миллӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, баъзе аз давлатҳо (Булғористон, Қазоқистон, Узбекистон...) ин амалро дар сатҳи Конститутсия манъ кардаанд. Тибқи ҳамин пешниҳод таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти динидошта низ манъ карда шудааст. Чунки ҳизбҳои сиёсӣ, ки фаъолияти асосии онҳо муборизаи сиёсӣ мебошад, набояд аз дин ва созмонҳои динӣ истифода баранд. Эътиқод ба дин кори шахсии (хусусии) ҳар як инсон мебошад. Шахс бояд дар интихоби дин, ба ҷо овардани ибодат ва дигар расму оинҳои динӣ озод ва мустақил бошад. Ҳизби сиёсӣ, дигар созмон, фарди алоҳида набояд ба эътиқоди динии шахс дахолат кунад ё аз он суистифода намояд. Таъсис додани ҳизби сиёсии хусусияти динидошта боиси истифода аз дин ва эътиқоди динии шахс, ба сиёсат омехта кардани дин мегардад. Ба моддаи понздаҳум се
до мекард, ҳангоми таҳия ва қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол соли 1994, Конститутсия ва баъдан Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1995) эътироф намуданд, ки шахсе, ки дар рӯзи қабули Конститутсия дар Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунад, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мешавад. Агар дигар шахсон хоҳиши шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданро дошта бошанд, тибқи талаботи қонунгузорӣ дар бораи шаҳрвандӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба он соҳиб шаванд. Дар қисми дуюми модда пешниҳод мегардад, ки пайвандаки «ва» ба пайвандаки «ё» иваз карда шавад. Сухан дар бораи он меравад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт метавонад тибқи қонун ва шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандии дигар давлатро
пешниҳодшуда хусусияти ҳаволакунанда дошта, пешбинӣ менамояд, ки соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд. Дар асоси тағйирот ба моддаи чилу нуҳум «Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад». Назар ба меъёри амалкунанда дар ин ҷо чунин меъёрҳои нав пешбинӣ шудаанд: - танҳо дорои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, шаҳрвандии давлати дигар, душаҳрвандӣ ва бисёршаҳрвандиро доро набошад. Ин талабот ба бисёр муҳим будани вазифаи узви парлумон ва амнияти давлат вобаста аст; - синну соли вакили Маҷлиси намояндагон набояд аз 30 кам бошад. Дар меъёри амалкунандаи Конститутсия
тағйирот пешниҳод шудааст. Тибқи он «Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад». Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳрвандони 15 давлат дар як вақт шаҳрванди ҷумҳурии иттифоқӣ низ маҳсуб меёфтанд. Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ зарурати эътирофи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Азбаски масъала конститутсионӣ буда, бояд дар Конститутсия танзим пай-
соҳиб шавад. Пайвандаки «ва» дар ин ҷо талаб мекунад, ки танҳо дар асоси ин ду санад шаҳрванди Тоҷикистон метавонад шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб гардад. Аммо дар амалия ҳолатҳое ба вуҷуд омадаанд, ки дар асоси яке аз ин санадҳо шаҳрванди Тоҷикистон метавонад шаҳрвандии дигар давлатро соҳиб шавад. Аз ин ҷо пешниҳод мегардад, ки пайвандаки «ва» ба пайвандаки «ё» иваз карда шавад. Қисми сеюми модда дар таҳрири нав ифода шудааст. Дар он қайд мегардад, ки «Тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд». Тағйироти
синни 25 пешбинӣ шудааст, яъне синни вакил 5 сол боло бурда шудааст. Албатта, ин тағйирот тасодуфӣ нест. Вазифаи вакили Маҷлиси намояндагон бисёр муҳим буда, масъулияти баландро талаб мекунад. Ин талабот тақозо менамоянд, ки шаҳрванд дорои таҷрибаи бештари зиндагӣ, малакаи корию касбӣ ва фаъолияти сиёсӣ бошад. Дар қисми панҷуми ин модда низ талаб карда мешавад, ки «Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад». Тибқи тағйироти
РАЙЪПУРСӢ - 2016
эҳёгари таъриху фарҳанги бою ғании миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик, кафили пойдориву бардавомии давлати мустақили Тоҷикистон эътироф кардааст. Чунин эътирофу эҳтиром ва қадрдонӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат онро ифода мекунад, ки ӯ шахсияти умумиэътирофшудаи таърихии миллат, ифодагари ормону орзуҳои насли гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик буда, барои Ватан ва миллат хизматҳои беназир ва таърихӣ кардааст. Бинобар ин, шахсияти таърихӣ бояд имконияти идомаи корҳои оғознамудаи тақдирсози худро дар оянда низ дошта бошад ва миллату Ватанро ба қуллаҳои мурод расонад. Ин тағйирот ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат чунин ҳуқуқро медиҳад. Истифода бурдан ё набурдан аз он танҳо ҳуқуқи ин шахсият мебошад. Чунин таҷриба дар баъзе давлатҳои дигар, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ мавҷуд аст. Ҳамчунон пешниҳод шудааст, ки вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад. Тибқи тағйироти нав ба моддаи ҳафтоду сеюм «Аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд». Бояд қайд намуд, ки чунин меъёр дар як қатор конститутсияҳои дигар давлатҳо низ пешбинӣ шудааст. Ба монанди, Австрия, Албания, Булғористон, Венгрия, Қазоқистон, Литва, Полша, Руминия, Чехия ва ғайра. Меъёри пешниҳодшуда ба муҳимияти мансаби аъзои Ҳукумат вобаста буда, масъулияти онҳоро зиёд мекунад. Аъзои Ҳукуматро водор месозад, ки барои рушди ҷомеа, давлату миллат бештару хубтар фаъолият намоянд. Ҳамчунин талаб карда мешавад, аъзои Ҳукумат бояд танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад. Ин амал низ ба муҳимияти вазифаҳои давлатӣ, аз ҷумла аъзои Ҳукумат ва амнияти давлат вобаста аст. Моддаи ҳаштоду панҷум дар таҳрири нав ифода шудааст. Дар ин модда сухан дар хусуси талабот нисбат ба шахсе меравад, ки ба вазифаи судягӣ интихоб ё таъин мешавад. Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии
ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад. Судя низ бояд танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад, зеро судя ифодакунандаи шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ буда, аз номи давлат фаъолият мекунад. Ин талабот нисбат ба судҳои шаҳр ва ноҳия, судҳои ҳарбӣ, судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст. Минбаъд синну соли ба нафақа баромадани судяҳо дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар карда мешавад. Дар қисми чоруми модда пешбинӣ мегардад: «Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад». Дар ин ҷо Конститутсия пешбинӣ кардааст, ки дар баробари вакили парлумон ва аъзои Ҳукумат судя низ бояд дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд кунад. Ин тағйирот муҳим будани вазифаи судягӣ ва масъулиятнок будани онро таъкид мекунад. Тибқи тағйирот ба моддаи ҳаштоду нуҳум «ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд». Дар ин қисми модда се тағйироти нав пешниҳод шудааст: -доштани танҳо шаҳрвандии Тоҷикистон. Нисбат ба судяи Суди конститутсионӣ низ ин талабот пешбинӣ мегардад. Барои интихоб шудан ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ собиқаи кории касбии ҳадди ақал 7 сол муқаррар карда шудааст, ки ин меъёр ба синни интихоб шудан ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ (30) мувофиқ мебошад; - синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намудан дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар карда мешавад. Минбаъд «Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад». Ин меъёр то ҳол дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конситутсионӣ» муқаррар шуда буд. Айни замон, ки дар Конститутсия савганди
вакилони парлумон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо пешбинӣ мешавад, савганди судяи Суди конститутсионӣ низ дар сатҳи Конститутсия муқаррар мегардад. Бояд гуфт, ки аксар тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда хусусияти таҳрирӣ дошта, мақсади он мутобиқ намудани матни Конститутсия ба талаботи имлои нави забони тоҷикӣ мебошад. Дар умум, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо аз инҳо иборат аст: 1. Рушди устувору босуботи ҷомеа тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Яъне, тағйирот ба Конститутсия барои рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат карда метавонад; 2. Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд; 3. Таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ, фаъолияту ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо; 4. Бо назардошти рушди забони давлатӣ мутобиқгардонии матни Конститутсия ба истилоҳҳо ва ибораву калимаҳои он; 5. Мутобиқ гардонидани Конститутсияи ҷумҳурӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ. Дар ҳамаи конститутсияҳои ҷаҳон тартиби махсуси тағйиру иловаҳои онҳо пешбинӣ мешавад. Аз ҷумла, тибқи Конститутсияи ҷумҳурӣ тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад. Раъйпурсиро Президент ва ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумори умумии вакилон таъин мекунад. Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд. Ҳамзамон шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд. Меъёрҳои зикршуда шакли инъикоси манфиатҳои миллӣ ва моҳияти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, кафолати ҳимояи сохти давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз хатарҳо ва таҳдидҳои радикалӣ ва экстремистӣ мебошанд. Чунин тартиби тағйири конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон низ пешбинӣ мешавад. Дар ҳамаи давлатҳо тағйиру
Дониёр САНГИНӢ, ҳуқуқшинос, муаллими ДМТ иловаҳоро ба конститутсия сарвари давлат, аз се як ҳисса, аз чор се ҳисса ва ё аз панҷ се ҳиссаи вакилони парламент пешниҳод мекунанд. Дар Швейтсария, Дания, Ирландия, Хорватия, Албания, Полша, Андорра ва давлатҳои дигар тағйиру иловаҳо бо роҳи раъйпурсӣ сурат мегиранд. Тағйиру иловаҳо ба конститутсия – таҷрибаи муқаррарӣ дар ҷаҳони мутамаддин мебошад. Аммо суръати тағйиру иловаҳо гуногун аст. Чунончи, ба Конститутсияи ИМА беш аз 10 000 таклифҳо оид ба тағйири Конститутсия пешниҳод гардидааст. Дар давлатҳои дигар ҷараёни ворид намудани тағйиру иловаҳо ба конститутсия фаъолтар аст. Чунончи, ба Конститутсияи ҳафтуми Бразилия 64 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Дар Венесуэла 26 конститутсия қабул шуда, конститутсияи охирини он 30 декабри соли 1999 эътибори қонунӣ касб намудааст. Конститутсияи Гурҷистон 19 маротиба мавриди тағйиру иловаҳо қарор гирифтааст. Ба конститутсияи Олмони Федеролӣ қариб 50 тағйирот ворид карда шудаанд. Дар Фаронса 13 конститутсия қабул гардида, ба конститутсияи ҳоло амалкунандаи Фаронса дар солҳои 1962, 1992, 1993, 1996, 2000, 2008 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Конститутсияи Федератсияи Русия соли 1993 қабул гардида, солҳои 2008, 2014 ба он тағйиру иловаҳо ворид шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Казоқистон бошад соли 1995 қабул гардид ва то ҳол ба он се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон конститутсия соли 1995 қабул гардида, солҳои 2002, 2009 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Ба конститутсияи Мексика, ки Қонуни асосии «абадӣ» эълон мешавад, то ба имрӯз қариб 600 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Бинобар ин, баъд аз гузаштани 13 сол пас аз тағийроти охирон татбиқи меъёрҳои Конститусия вобаста ба дигаргуниҳои соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳагӣ нишон дод, ки марҳилае фаро расидааст, ки меъёрҳои Конститусия боз мукаммал гардонида шаванд.
www.javonon.tj
пешниҳодгашта минбаъд «Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд». Ин тағйирот ба муҳим ва масъулиятнок будани вазифаи узви парлумон, инчунин ҳамчун намояндаи халқ дар назди халқ масъул будани онҳоро таъкид мекунад. Чунин меъёр дар бисёр конститутсияҳои давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар давлатҳо (Юнон, Чехия, Словакия, Полша...) пешбинӣ шудааст. Ба моддаи шасту панҷум ду тағйирот пешниҳод гардидааст. Қисми дуюми модда дар таҳрири нав ифода шуда, тибқи он «Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад». Ба ин қисми модда ду тағйироти нав илова шудааст: - шахсе, ки ҳамчун номзад ба мансаби Президент пешбарӣ мешавад, бояд танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад. Ин талабот аз муҳим будани мансаби Президент барои ҷомеа ва давлат, инчунин ба амнияти давлат вобаста аст; - шахсе, ки ҳамчун номзад ба мансаби Президент пешбарӣ мешавад, бояд синнаш аз 30 кам набошад. Тавре дар шарҳи моддаҳои дахлдор қайд гардид, синну соли шаҳрвандоне, ки ба вазифаҳои муҳим ва масъули давлатӣ, аз ҷумла, узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе пешниҳод мешаванд, дар Конститутсия якхела, яъне 30 пешбинӣ мешавад. Аз ин сабаб синну соли номзад ба Президент низ аз 35 ба 30 поён фароварда шудааст. Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида, яъне меъёре, ки мувофиқи он як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллатро муқаррар карда, ӯро ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, хотимабахши ҷанги шаҳрвандӣ,
9 е-mail: javonontj@mail.ru
арзишҳои демократианд
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №15 (9441), 14 апрели соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
10
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №15 (9441), 14 апрели соли 2016
СОҲИБКАСБ
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ Замоне ки садои дилнишину рӯҳбахши мусиқӣ танинандоз мегардад, дил аз кулбаи ғам берун меояду дар олами саршор аз шодӣ метаппад. Мусиқии хуш тавонистааст, то дар мағз-мағзи устухони мо ҷо гираду вуҷуду эҳсоси моро нисбат ба зиндагӣ боз ҳам гармтар намояд. Навозандагӣ яке аз шуғлҳое мебошад, ки аз замонҳои дур то инҷониб идома меёбад. Солҳои қабл навозандагон доираву рубоб менавохтанду базмҳои мардумро рангину ҷаззоб менамуданд. Имрӯз бошад, даҳҳо навъи асбобҳои мусиқӣ мавҷуданд. Шоҳрух Амонов яке аз ҷавонҳое мебошад, ки аз хурдсолӣ ба навозандагӣ меҳр баста, бо шавқу завқи беандоза ба ҳунармандон менигаристу ба ҳунарашон аҳсант мехонд. Чунки аз навозишу ҳунари онҳо ҳаловат мебурду рӯҳаш болида мегардид. Бисёр мехост, ки мисли онҳо ҳунарманд шаваду дигарон аз ҳунари ӯ лаззат баранд. Ин буд, ки аз замони мактабхонӣ ба дарсҳои мусиқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба омӯхтани асбобҳои мусиқӣ машғул гардид. Ӯ дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст. Падараш низ
Шод намудани касе ҳунари волост навозанда аст. Ҳангоме ки падараш ба корҳои эҷодӣ машғул мешуд, бо шавқи беандоза ба асбобҳо менигаристу ба ҳаяҷон меомад ва дар дил шавқи санъаткор шуданро мепарварид. Кунҷковона ба ҳар асбоб даст мезад. Гарчанде навохта наметавонист, вале бо гирифтан ба даст як рӯҳияи тозае вуҷудашро фаро мегирифт ва бисёр мехост, ҳарчи зудтар бузург шаваду касби падарро интихоб намояд. – Ҳар вақте ки ба навозандагон менигаристаму шоҳиди ҳунари онҳо мегардидам, дар дил орзуе тӯғён мекард, ки дар оянда мисли онҳо бошам. Дар мактаби миёна низ бисёр дар маҳфилҳои фарҳангӣ иштирок намуда, илҳом мегирифтам. Оҳиста-оҳиста ба олами мусиқӣ ворид гардидаму имрӯз аз уҳдаи навохтани чандин намуди асбоб мебароям, - гуфт зимни суҳбат Шоҳрух Амонов. Шоҳрух таъкид менамояд, ки пешаи навозандагӣ талаботи бисёре дораду муваффақ шудан дар ин роҳ ба худи кас вобаста аст. Агар инсон пешаи худро дӯст дораду ҳаматарафа баҳри рушди ҳунараш саъй намояд, ҳатман ба мақсад мерасад. “Бисёр вақт ки ба базмҳои мардумӣ, яъне маъракаҳо меравем, ҳунарамонро дар чунин ҷойҳо нишон медиҳему дар ҷавоби он ба ҳунари мо аҳсант мехонанду кафкӯбӣ мекунанд. Агар мо ин ҳунари худро ба дараҷаи зарурӣ иҷро карда натавонем, дар чунин ҳолатҳо ҳатман дасту похурда шуда, суханони танқидомез мешунавем. Ҳар нафаре ки дар ин пеша бо
www.javonon.tj
Баҳорро бениҳоят интизор мешавам. Дар ин айёми бедоршавии табиат дар Ватани азизамон - Тоҷикистон иди Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад ва дар ин иди бузург бонувони тоҷик, аз хурд то бузург, либоси миллӣ ба бар мекунанд, ки аз тамошои он кас лаззат мебарад. Кош ҳама фасли сол баҳор мешуду бонуи тоҷик ҳамеша либоси миллӣ ба бар мекард ва аз либоси тангу нимурёни арабиву аврупоӣ даст мекашид...
Ҳасан АЗИЗОВ Дар ҳақиқат, бо либоси миллӣ зани тоҷик зеботарин зани дунёст. Аммо дунёи Ғарб расму русуми миллии моро коста карда, ба зани тоҷик либоси тангу нимурёни худро пӯшонид. Ҳарчанд намехоҳем, вале бояд иқрор кунем, ки ин тавоноӣ аст
меҳру муҳаббат ворид мегардад, дар ҳама ҳолат кораш барор мегираду аз интихобаш пушаймон намегардад”, - мегӯяд Шоҳрух Амонов. Барои навозандаи хуб шудан истеъдодро манбаи асосӣ меҳисобаду ҳаракату талош намуданро бошад, омилҳои иловагии он. Дар ибтидои фаъолият намуданаш нафарони зиёд ба ӯ мегуфтанд, ки тарки ин пеша намояду роҳи дигареро интихоб кунад. Аз ин гуфтаҳо баъзан андуҳгин мегардид, аммо маслиҳатҳои падараш ӯро аз ин гуна ҳолатҳо берун меоварду баҳри дилгармӣ пайдо намудану паси сар кардани мушкилот тавсияҳо медод. Маҳз дастгириҳои падараш буд, ки имрӯз чун як навозандаи ҷавону умедбахш дар майдони эҷод қадам мезанаду падарашро устоди хеш меҳисобад. Дар мактаби мусиқӣ 7 сол ба омӯхтани фортепиано машғул гардиду ҳоло бошад, аз уҳдаи навохтани асбобҳои пианино, барабан, гитара ва чанд асбоби дигар баромада метавонад. Инчунин ҳунари мазкурро ба чанд нафари дигар омӯхтааст. Пешаи худро хеле дӯст медораду баҳри сайқал ёфтани он тамоми нерӯи худро равона сохтааст. Касби мазкурро нозук мешумораду таваккалӣ машғул шудан ба онро сарчашмаи нокомӣ арзёбӣ мекунад. Барои беҳтар гардидани маҳораташ рӯзе ду-се соат тамрин менамояд. Ҳангоми кор бо асбобҳо ба дарёи пуртӯғёни ҳунар ғуттавар мегардаду пас аз соатҳо худро аз он берун
менамояд. Баъзан оҳангеро эҷод менамояду аз навохтани он ҳаловат мебарад. Пас аз шунидани оҳангҳояш бо хушҳолӣ мегӯяд, ки аҷаб нерӯе дорад садои дилнишини оҳангҳову навозишҳои ҳунармандона. Ба ҷавононе, ки мехоҳанд навозанда шаванд, маслиҳат медиҳад, ки аввалан меҳри ин касбро дар қалби хеш ҷо намоянду пасон ба омӯхтани он машғул шаванд. Агар ботинан вориди роҳи мазкур гарданд, бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар оянда яке аз нафарони муваффақи ин ҷода хоҳанд гашт. Ба гуфтаи ӯ, аз бар намудани пешае барои ҳар ҷавон ҳатмисту саривақтӣ. Чунки дар асри мазкур, ки илму техника рӯ ба рушд аст, наметавон бидуни ҳунаре умр ба сар бурд. Аз ин рӯ, ҳунареро омӯхтану тавассути он ба дигарон шодӣ овардан, нишонаи ҳунармандист.
Вақте ки ба воситаи ҳунари хеш дигаронро шоду хурсанд мегардонед, баландтарин баҳои заҳматҳост. Зеро шод будан ҳунар асту шод намудан бошад, ҳунарест волотар. Аз ин рӯ ҷавонон, ки ояндаи дурахшони ҳаёташон аз интихоби дурусти имрӯзи онҳо вобастааст, бояд соҳаеро бо иродаи қавӣ пешаи хеш гардонанду ҳам дар беҳ гардидани зиндагии худ саҳмгузор бошанду ҳам дар инкишофи соҳаашон. Бо вуҷуди ҷавон буданаш дорои студияи худ асту пайваста дар он машқу тамрин менамояд. Ният дорад, ки студияи худро такмил диҳаду дар баробари он ҳунарашро. Бо чунин мақсаду маром сӯйи қуллаи мурод равон аст. Мавқеъ пайдо намудану ба яке аз ҳунармандони асили ин ҷода гардидан ҳадафи ниҳоии ӯст. Барои расидан ба чунин аҳдофи накӯяш ба ӯ комёбӣ хоҳонем.
Чаро аз либоси миллӣ мегурезем? (на бузургӣ!). Тавоноӣ аст, ки дар муддати кӯтоҳ ба мамлакатҳои дорои тамаддуни бою ғанӣ таъсири манфӣ расонид. Солҳои охир дар шаҳри Душанбе кам зани тоҷикеро дидан мумкин аст, ки дар тан либоси миллӣ дошта бошад. Аксари онҳо либоси тангу нимурёни аврупоиро ба бар мекунанд, ки аз тамошои он чашм хира мешавад. Хушбахтона, имрӯз дар деҳаҳои Тоҷикистон либоси миллии тоҷикона арзиши худро гум накардааст. Лекин як-ду соли охир бонувоне пайдо шудаанд, ки либоси арабиву аврупоиро ба мӯд даровардан мехоҳанд. Чунин тарзи рафтори бархе аз бонувон дар деҳаҳо аз бепарвоии мардон бошад? Ин тарзи рафтор собит намудани мақоли “Оби дари хона қадр надорад” аст. Мо дар замони пешрафти илму техника ва ҷаҳонишавии тамаддунҳо умр ба сар мебарем, ки вобаста ба давру замон завқи либоспӯшӣ ва либоси худи инсонҳо низ тағйир меёбад, вале сарфи назар аз ин, мо набояд фаромӯш кунем, ки либоси миллӣ ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ боқӣ мемонад. Марҳабо Олимӣ, корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мегӯяд: "Вақте гап сари либоси
миллӣ меравад, ҳатман занон бо сару либоси хоси миллати худ пеши назар меоянд. Дар Тоҷикистон ҳар минтақа махсусияти сару либос дорад. Ҳама аз таърихи куҳан ва анъаноти пӯшидани сару либоси миллӣ, ки ба қаду басти занон мезебад, қисса мекунанд. Чунончи, атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, рангҳои пурҷилои куртаҳои Бадахшон ва алочаву шоҳии водии Ҳисор, ки аз рангҳои дилрабову мафтункунанда таркиб ёфтаанд. Маҳз бо ҳамин рангу ҷило либоси миллии мо дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст”. Солҳои охир таваҷҷуҳи пайгиронаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ василаи густариши тарғиби либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, хусусан истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик, баргузории силсилаи чорабиниҳои гуногун, ба мисли «Чакомаи гесӯ», «Хандаи ҳусн”, “Ҷилваи чакан», намоиши атлас ва адрас, ҳунари волои косибону тарроҳон ва тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ маҳсуб ёфта, ҳадафи аслӣ роҳандозӣ намудани либоси миллӣ, тақвияти сифати тоза бахшидан ба анвои гуногуни матоъ, аз қабили атласу шоҳӣ ва
дигар намунаҳои либосҳои миллист. Ҳамаи ин ба хотири бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ аст. Тоҷикистони мо 25 сол аст, ки соҳибистиқлол аст. Мо бояд арзишҳои миллии худро ҳифз кунем. Урфу одатҳои миллии худро эҳё намоем, рушд бидиҳем ва аз баҳри арзишҳои арабиву аврупоӣ гузарем. Вазорати маориф ва илм аз соли хо-
НИГОҲИ ДИГАР Шахсе назди табиб шикоят мекунад, ки ҳар он чӣ мешунавам, бо он чизе мебинам, тафовут дорад. Дардам чист? Барномаҳои радиои «Озодӣ» дар тӯли солҳо садҳо ҳазор ашхоси аз асли воқеият бехабарро ба ин дард гирифтор кардаанду мекунанд. Зеро ҳангомаҳои он ҳамеша бо макру фиреб, таъсиргузорию харобсозии афкору андешаи мардум тавъаманд. Дар ин радио ҳаргиз аз дастоварду пешрафт, ободию созандагӣ, некию хайрхоҳӣ мавод нашр ё шунида намешавад. Мавзӯҳои болонишин дар «Озодӣ» коштани тухми адовату душманӣ миёни халқҳои дунё, тафриқаандозӣ дар байни мардум, таҷассуми беэътимодӣ ба сохти давлатдории ин ё он кишвар, паҳн намудани иттилооти бардурӯғу ангехтани низоъҳои миллӣ, таблиғи тарзи ҳаёти ғарбиёна ва амсоли онҳо ҳамеша буданду ҳастанд. Чунин шеваи кору роҳандозии он махсус тарҳрезӣ ва таъин шуда, манфиати кишвареро пайгирӣ мекунад, ки зояндаи чунин лоиҳа мебошад.
тамдиди аккредитатсияи ӯро рад кард. «Озодӣ» ин корро ба чархиши сиёсӣ кашиду мавзӯи доғи рӯз кард. Гарчи ҳалли он одӣ буду осон, мақсад бартараф кардани он набуд. Барояшон мавҷудияти худи проблема ва суханпардозиҳо даври он бо намоиши истилоҳоти забонзадае чун «сензура», «нақзи ҳуқуқи рӯзноманигор», «таъқиб»-у «фишор»-у ғайра муҳимтар буд. Намояндагии радиои «Озодӣ» бидуни мамо-
Алҳазар аз ҳарфи паҳлудори ӯ тоҷик дар «Озодӣ» либоси хос надоранд. Вале барои сарсупурдаи «Озодӣ» нишон додани худ мекӯшанд супоришҳои додаро садоқатмандона иҷро намоянд. Содиқ будани онҳоро ҳамон ҳақиқат собит мекунад, ки дар барномаҳои хеш ҳаргиз бобати дастоварду пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи тоҷик иттилое пахш накардаанд ва нахоҳанд кард. Ба чунин шеваи фаъолият, интихоби кадрҳо дар ин муассиса мусоидат мекунад. Авлавият дар қабули кормандон ба онҳое дода мешавад, ки бо сохти давлатдорӣ ва ҳукумати амалкунанда розӣ нестанд. Азбаски дар замони шӯравӣ натавониста буданд чунин ашхосеро дар ҷомеаи тоҷик пайдо кунанд, дар нахустин пахши барномаҳои «Озодӣ» бо забони тоҷикӣ (соли 1954) Камол Олтойи туркро, ки забони тоҷикиро медонист, ба кор гирифтанд. Баъдан Мир Сарвар ном тоҷики афғонистонӣ ба кор даъват мешавад ва то соли 1975 ин ду нафар ба таҳияи барномаҳои иғвоангез бо забони тоҷикӣ машғул будаанд. Ҳамон сол яҳудии бухороӣ Музаффар Орифӣ (Маркиел Даниел), собиқ корманди рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», бо онҳо мепайвандад. Тадриҷан ба шуъбаи тоҷикӣ Ҳошим Муманд, Самеъ Аббос, Фарзия Барлос ва Умар Қанот даъват мешаванд, ки ҳеҷ кадоме тоҷики тоҷикистонӣ набуданд. Соли 1995 шуъбаи тоҷикии радиои «Озодӣ» аз шаҳри Мюнхени Олмон ба шаҳри Прагаи Чехия кӯчонида мешавад ва ҳамзамон журналистони дар он солҳо фирорӣ Салими Аюбзод, Обид Шукурзода, Равшани Темуриён, Искандар Ализода, Гулбаҳор Муродӣ ба кор даъват мешаванд. Баъд Искандар Ализода, Холидаи Қодир (Фарангиси Наҷибулло), Соҷидаи Мирзо ва Мирзои Салимпур ба онҳо ҳамроҳ мешаванд. Тадриҷан теъдоди кормандони тоҷики радиои «Озодӣ» афзоиш дода мешавад. Солҳои гуногун ба онҳо
Ҷовиди Муқим, Холиқи Сангин, Қудрат Шаҳидӣ, Дориюши Раҷабиён, Абдуқаюми Қаюмзод ва дигарон ҳамроҳ мешаванд. Аксарияти ин рӯзноманигорон дар давраи даргириҳои Тоҷикистон бо ҷиноҳи мухолифин ҳамдаст буданд ва аз ҳамин лиҳоз ин гурӯҳро «Озодӣ» дар оғӯши хеш гарму нарм пазируфт. Зеро ин идда метавонист роҳандози нақшаи асосии «Озодӣ» дар самти Тоҷикистон бошад ва пахши барномаҳои омехтаи дурӯғу буҳтонро дар ростои Ватану миллати худ таъмин намояд. Албатта, дар ин миён буданд журналистоне, ки ҳадафҳои ин даргоҳи дасисаро хеле зуд дарк карданд ва маоши дилкашу ҳангуфт натавонист бар ҳисси миллатдӯстию ватанпарастиашон рахна занад. Дар солҳои мухталиф Равшани Темуриён, Ҷовид Муқим, Обид Шукурзода, Холиқи Сангин ва Сайёфи Мизроб нақшаю ниятҳои тафриқандозу иғвобарангезонаи «Озодӣ»-ро бо садои баланди эътироз фош намуда, фаъолияташонро дар радио қатъ карданд. Аслан мо - рӯзноманигорон хешро қишри аз ҳама огоҳу бофаҳму баҳуш муаррифӣ мекунем, лек дар асл чунин нест. Баъзан нури сабзпорае бо акси бобои Ҷорҷ ончунон ақламонро тираю чашмамонро хира мекунад, ки ҳатто тақдиру сарнавишти ҳамкасбон бароямон ибрат намегардад. Қазияи Абдуқаюми Қаюмзод намунаи олии муносибати ин радио бо кормандони маҳаллӣ буда, бори дигар ифшо месозад, ки корфармоёни он танҳо ва танҳо пайи пиёда сохтани манфиатҳои хешанд, на аз ин бештар. Барои эшон бегона ҳеҷ гоҳ худӣ намешавад, ҳар қадар ки содиқу ҷонфидо набошад. Абдуқаюми Қаюмзод бо худи «Озодӣ» мушкиле надошт. Ду сол қабл Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҷурми нодида гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма”
ниат, тавассути даҳҳо хабарнигори дигараш фаъолияти хешро дар Тоҷикистон идома медод. Агар онҳо ҳақиқатан манфиатдори ҳалли мушкили Қаюмзод мебуданд, номбурдаро ба дигар кишварҳои минтақа, ё идораи марказии радио сафарбар мекарданду ҳам дар баҳси ба сари ӯ омада нуқта мегузоштанд, ҳам зиндагии осудатару шоистатаре барояш фароҳам мекарданд. Чун барои масъулини «Озодӣ» аҳамияти авваларо иғвою моҷаро дошт, Қаюмзодро ҷузъи як ҳангомаи муваққатӣ қарор доданду оқибат сари кӯча партофтанд. Аммо чунин сарнавиштҳо барои хабарнигорони ҷавоне, ки имрӯз рикоббардори хоҷагони ин радио гаштаанд, ҳеҷ не ки сабақ гарданд. Хати маши фаъолияти «Озодӣ» якнавохт боқӣ мемонад. Вазифаи хабарнигоронаш ҳам. Аз сари нафсу ниҳоду тиннати таслими манфиатхоҳони бегонагашта, талошашон ҳамеша ҷониби он аст, ки бо чарбзабонӣ, густохию берӯӣ, истифодаи усулҳои пардапӯш шахсиятҳои обрӯманду соҳибманзалати диёрро дар муқобили миллати худ гузоранд, ҷинояткор, ё сиёсатмадори бадғаразеро ҳамчун қаҳрамону ҳомии мардум талаққӣ намоянд. Мо басе насиҳатҳоро аз бузургонамон шунидаему дар зиндагӣ аз онҳо кор намегирем. Иқболи бузург дар хусуси найрангҳои сиёсӣ ва демукросибозиҳои дастгоҳҳои тарғиботии бегона (аз қабили радиои «Озодӣ») ва хидматгузорони онҳо ҳанӯз дар асри гузашта ҳушдор дода буд, ки: Алҳазар аз гармии гуфтори ӯ, Алҳазар аз ҳарфи паҳлудори ӯ. Домани ӯро гирифтан аблаҳист, Синаи ӯ аз дили равшан тиҳист. Мо бошем боз ба ҳарфҳои инҳо бовар мекунем. Ба ҳарфҳое, ки танҳо ҷониби гумроҳӣ мебаранд. Назари ОЛИМПУР
www.javonon.tj
Шабакаи интернет имрӯз маълумоти зиёдеро даври муассисону дастандаркорони аслии ин ниҳод дар саҳифаҳояш интишор кардааст. Аз ҳамин ҷо бармеояд, ки соли 1971, бар асари як кашмакашии сиёсӣ дар Конгресси ИМА, сирри маблағгузории радиои «Озодӣ» аз ҷониби Раёсати марказии кашшофии ИМА ошкор шуд ва пас аз ин гӯё онҳо расман аз роҳбарии радио дур карда шуданд. Аммо то куҷо дасти Раёсати мазкур ба ин расона кӯтоҳ шуд? Собиқ сармуҳаррири шуъбаи русии радиои «Озодӣ» Олег Туманов, ки беш аз 20 сол собиқаи корӣ дар ин муассиса дорад, менависад: «… Радиои «Озодӣ» тавре ки радиостансияи ҷосусӣ буд, ҳамон гуна боқӣ монд. Зери лавҳаи хоксоронаи «Шуъбаи омӯзиши шунавандагон ва самаранокии барномаҳо», амалан, шуъбаи Раёсати марказии кашф фаъолият дорад». Номбурда илова мекунад, ки дар давраи фаъолияташ яке аз кормандони ин шуъба бо ному насаби Константин Галский ҳатто бо либосҳои хоси корманди Раёсати марказии кашф ба кор меомад. Ҳамкасбони рӯзноманигори мо мегӯянд, ки хабарнигорони
11 е-mail: javonontj@mail.ru
ниши нав ба ҷойи куртаи сафеду юбкаи сиёҳи тангу кӯтоҳ либоси миллиро бо дӯхти махсус барои бонувони наврас тавсия намояд, то ки онҳо аз хурдӣ мисли кӯдакону наврасони Ҷумҳурии Туркманистон ба пӯшидани он одат кунанд ва аз он ки либоси миллӣ ба бар доранд, ифтихор намоянд. Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Туркманистон духтарон либоси миллии худро бо тоқичаи зебое ба бар мекунанд, ки аз тамошои он кас ҳаловат мебарад. Яке аз роҳҳои дигари тарғиби либоси миллӣ санъат аст. Масалан, агар имрӯз як бонуи сароянда либоси миллӣ ба бар кунад, духтарон ба он тақлид карда, кӯшиш мекунанд мисли ӯ либос пӯшанд. Барои ҳамин Вазорати фарҳанг бояд сарояндаҳоро ба пӯшидани либоси миллӣ талқин намояд. Бо ин роҳ мешавад завқи пӯшидани либоси миллиро дар қалби бонувон, махсусан кӯдакону наврасон зиёд кард. Яке аз “музаффариятҳо”-и дунёи Ғарб барои тарғиби зиёди либоси худ низ ҳамин восита аст... Либоси миллӣ ба духтарони тоҷик бисёр мезебад. Он майкачаҳою куртаҳои танги беостини аврупоӣ, ки баъзе духтарҳо мепӯшанд, ба чеҳраи тоҷикона ва абрӯвони пайвасти онҳо ҳеҷ намезебад. Мо, албатта, аз миллати фарҳангӣ ва соҳибтамаддун будани хеш ифтихор дорем, вале баъзан он аз ифтихори пуче беш нест... Либоси миллӣ рамзи миллат аст. Бонувон бояд бо ифтихор онро ба бар кунанд. Мотоҷикон, мардуми бодавлатем, ки ҷумҳурии соҳибистиқлол, забони ноб, гузаштагони тавоно, урфу одат ва либоси хос дорем. Бояд ин меросҳои арзишмандро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба ояндагон супорем. P.S: Баъзе бонувоне ҳастанд, ки ба либоси мардон эрод мегиранд ва мегӯянд, чаро онҳо либоси миллӣ ба бар намекунанд? Ин андеша аз нигоҳи аввал гуё дуруст аст, вале дар асл моҳият надорад, зеро либоси мардонаи классик (маҷмӯи галстук) дар тамоми ҷаҳон ҳамчун либоси ягонаи расмӣ пазироӣ гардидааст. Барои занон чунин либос вуҷуд надорад. Ин як ҷониби масъала, паҳлӯи дигар он ки вобаста ба хислати миллӣ, либоси занонаи тоҷикӣ классик (ҳамеша нав, зебо, диққатҷалбкунанда) аст, аз ин рӯ, бояд ба бар кардани он ифтихор бошад. Инчунин, мо борҳо шоҳид будаем, ки бонувони тоҷик аз паси “мӯд” рафта, баъзан сахт дар хиҷолат мемонанд; гунаҳои онҳо ба хотири либоси аврупоиашон борҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ лолагун гардидааст. Дилам барояшон месӯзад... ва хеле хушҳолам, ки эҳсоси шарм - ҳусни аслии зан ва беҳтарин намунаи зебоӣ бонувони моро тарк накардааст. Худо накунад рӯзеро, ки чунин эҳсос набошад...
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №15 (9441), 14 апрели соли 2016
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
12
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №15 (9441), 14 апрели соли 2016
Дар робита бо баромади бебарори дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии чемпионати ҷаҳон 2018 ба фаъолияти Федератсияи футболи мамлакат баҳои манфӣ дода шуд. Дар ҳоле ки ин даста имконияти ба Ҷоми Осиё - 2019 шомил шуданро дорад. Барои маълум намудани он ки чаро футболбозони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон - 2018 чандон бозии хубро нишон надоданд ва барои тағйир додани вазъият чӣ бояд кард, хабарнигори рӯзномаи “Азия-плюс” бо муовини аввал, котиби генералии раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода суҳбат намуд. Хуршед, Шуморо имрӯз барои бохти дастаи мунтахаб сахт интиқод мекунанд? - Фикр мекунам, ки дастаи мунтахаб дар доираи имкониятҳои доштаи худ баромад намуданд, гарчанде метавонистанд бозии хубтарро низ анҷом диҳанд. Федератсияи футболи Тоҷикситон барои тим нисбат ба соли 2012, ки ба роҳбарият ҳайати нав шомил гардид, имконият ва шароитҳои хубро фароҳам оварда буд. Дар аввал мақсади асосии мо ба тартиб овардани сохти идоракунӣ буд. Мо ба интихоби кадр машғул будем ва департаментҳои нав таъсис дода, барои ҳар сохтор супоришҳои мувофиқ дода шуд. Сохтори имрӯза куллан аз собиқ фарқ мекунад. Дар давраи аввал вазифаи асосии мо рушди оммавияти футбол ва бунёди инфросохтор буд. Дар ин самт корҳои зиёде анҷом дода шуда ва идома меёбанд. Чаро мо бештар ба оммавӣ будан таваҷҷуҳ кардем? Барои маълум намудан биёед ба вазъияти тимҳои мунтахаби ҷумҳурӣ бингарем. Бояд ба натиҷаи тими миллӣ, ки барои онҳо шароити максималӣ фароҳам оварда шуда буд ва натиҷа қаноатбахш буд, диққат диҳед. Сабаб дар он буд, ки норасоии кадр эҳсос мешуд. Шумораи бозингарони хуб хеле кам буда, дар интихоби муррабӣ низ танқисӣ мекашем. Мо футболбозро метавонем танқид кунем, вале дар амал ба ҷойи ӯ наметавонем дигарро иваз намоем. Чун номзади дигар аз ӯ дида бозингари бадтар
Хуршед ФАЙЗУЛЛОЗОДА:
байни кӯдакони ноҳияҳои гуногуни кишвар фестивалҳои махсус гузаронида мешавад, ки ду соли охир 15 ҳазор тӯб барои бозии футбол тақдим намудаем. Ғайр аз ин, барои ҳавасмандгардонии кӯдакон мусобиқаҳои анъанавӣ, ба монанди ёддошти Черевченко, Маҳмадҷонов, Чулибоев ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Агар дар соли 2012 дар мусобиқаи кӯдакона таҳти сарпарастии ФФТ ҳамагӣ 18 даста иштирок карда бошанд, то соли 2015 шумораи онҳо ба 1331 кас расид. Шумораи мусобиқаҳои гуногуни кӯдакона бошад, аз ду то 35 намуд афзоиш ёфтааст. Соли 2012 дар мусобиқаҳо 360 бозингари наврас иштирок намуданд, ки соли 2015 ин рақам ба 27 ҳазор расидааст. Академияи “Истиқлол” дар шаҳраки Алмосӣ ба зудӣ Академияи ФФТ-ро таъсис
“Бе таҳкурсӣ хона сохта намешавад” аст. Номзадҳои хуб дар тими миллӣ хеле маҳудуд аст. Барои ҳамин, камчини бозингарон дида мешавад, ки талаботи дастаи асосии кишвар бошанд. Шояд бозингарони бомаҳорат аз дигар давлатҳо даъват шаванд? - Ин роҳи ҳал нест. Бо кӯмаки ин бозингарон метавонем натиҷа ба даст орем, аммо дар оянда натиҷа нахоҳад дод. Беҳтараш ба рушди футболи кӯдакону наврасон таваҷҷуҳ намоем. Ҳастанд бозингароне, ки дар Тоҷикистон таваллуд шудаанд ва дар тимҳои хориҷ бозӣ мекунанд, аз ҷумла бештари онҳо дар дастаҳои Русия ба бозӣ машғуланд. Бештари ин бозингарон мехоҳанд аз номи Тоҷикистон баромад кунанд. Лекин агар онҳоро ба дастаи мунтахаб даъват кунем, онҳо ба таври автоматӣ дар Русия легионер ҳисобида мешаванд. Интихоб барои онҳо мушкил аст. Мо бо пешниҳод ба Иттифоқи футболи Русия муроҷиат намудем, аммо то ҳол бенатиҷа. Агар худи бозингар хоҳиш дошта бошад ва талаботи мураббиро ба ҷо орад, чаро не? Ҳоло бештари онҳо ҷавонанд. - Агар номзадҳо дар дастаи мунтахаб кам бошанд, вазъият дар дигар дастаҳо чӣ гуна аст? - Дар дигар тимҳо низ мушкили тими миллӣ дида мешавад. Тими U-19 каме бештар номзадҳоро дорост, аммо ин низ варианти охир нест. Бояд 100-150 нафар футболбоз бозӣ кунанд, ки аз дохили онҳо беҳтаринҳо интихоб гарданд. Дар тими U-17 кадрҳои потенсиалӣ бештаранд ва онҳоро метавон дар 4-5 тим
тақсим кард. Ин ҷо аллакай метавон интихоб кард. Дар дастаҳои U-15 ва U-13 бозингар бисёр мебошад. Гап сари он аст, ки мусобиқа байни наврасонро зиёд ба роҳ мондаем. Вақте ба воя мерасанд, барои тими миллӣ интихоби бозингарон бештар мегардад. Ҳамин тавр, натиҷаи тимро мо бояд босаброна чанд соли дигар интизор шавем. Боварӣ дорам, ки натиҷаи хуб ба даст хоҳем овард. Баъди ду сол, ки онҳо ба гурӯҳҳои синни бузург мераванд, ба ҷойи онҳо насли нав дар мактабҳои футбол омӯзиш мегиранд. Мо ҳоло маҳз бо ҳамин қисмати поёнии пирамидаҳое сару кор дорем, ки тими миллӣ дар қуллаи онҳо ҷойгир шудааст. Мазмуни кору фаъолияти ФФТ оид ба тимҳо аз ҳамин иборат аст. - Метавонед муфассал дар бораи ташаккули футболи тоҷик маълумот диҳед? - Аз соли 2013 мусобиқаи кӯдакону наврасонро дар се синну сол ба роҳ мондем. Дар мусобиқа тимҳои зиёд ширкат меварзанд. Мисли мусобиқаи байни калонсолон аз байни онҳо низ беҳтаринҳо дар чорабинии ҷамъбастии ФФТ мукофотонида мешаванд, ки ин қаблан набуд. Ғайр аз ин, ба наврасоне, ки дар тимҳои махсус шомил нестанд, аммо ба бозии футбол машғуланд, мусобиқаи “Туби чармин” ташкил шудааст. Ғолибони ин мусобиқа низ қадрдонӣ гардида, барои иштирок дар мусобиқаҳои берунӣ ба хориҷ равон карда мешаванд. Беҳтарини онҳо баъдан ба мактабҳои касбӣ гузаронида мешаванд. Барои оммавикунонии бозии футбол
медиҳад, ки дар он зиёда аз 100 кӯдак дар ду категорияи синну сол: U-12 ва U-14 таълим мегиранд. Фикр мекунам, ки таъсиси Академияи федератсия барои пешрафти футболи тоҷик муваффақият меорад. Дар он ҷо беҳтарин истеъдодҳо омӯзиш мегиранд. Сармураббиро бошад аз хориҷи кишвар даъват мекунем, то дар интихоби кӯдакон ба академия ҷӯрабозӣ нашавад. Инчунин бар зидди маълумоти бардурӯғ, ки дар мусобиқаҳои кӯдакона бо синну соли бузург дар тими хурдсолон бозӣ мекунанд, мубориза бурда мешавад. Дар оянда ҳамин гуна таҳкурсиҳои пурзӯрро барои тими миллӣ омода месозем. Соли 2014 дар кишвар Соли футболи оммавӣ элон гардида буд. Худи ҳамин сол ФФТ соҳиби мукофоти Конфедератсияи футболи Осиё дар бахши рушди футболи бачагона ва оммавияти футбол гардид. Ғайр аз ин соли гузашта ФФТ ба се дастаи инкишофёфтаи Ассотсиатсияи КФО шомил гардид. - Ғайр аз мукаммал намудани футболи бачагона кадом омилҳо метавонанд тими миллиро тақвият диҳанд? - Ғайр аз кадр ҳамчунин шарту шароити инфросохторӣ низ лозим аст. Худи шумо шоҳид ҳастед, ки чӣ қадар объектҳои варзишӣ ва майдончаҳои варзишӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ сохта шудаанду мешаванд. Метавон гуфт, ки танҳо ФФТ бо кӯмаки шарикон, дар асоси лоиҳаҳои байналмилалӣ ва худӣ се майдони варзишӣ бо рӯйпуши алафи сунъӣ сохта ба истифода дод. Дар чор соли
охир зиёда аз даҳҳо майдони хурди футбол таъсис дода шуд ва ин кор идома дорад, то варзишгарони ҷавон битавонанд тамрин ва бозӣ кунанд. Мехоҳам қайд намоям, ки Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ва КФО лоиҳаҳои моро дастгирӣ мекунанд. Соли равон тибқи тарҳи КФО дар Тоҷикситон боз чор майдони хурди футбол сохта мешавад. - Мавқеи чемпионат аз натиҷаҳои тим муайян мешавад. Барои соҳиб шудан ба чемпионати муназзаму мукаммал ва клубҳои пурзӯру касбӣ кадом чораҳо андешида мешаванд? - Пеш аз ҳама лигаи футболи миллӣ таъсис дода шуд ва низоми қаҳрамонии дохилӣ аз ҳисоби лигаи дуюм мукаммал карда шуд. Бо вуҷуди ин, дар клубҳо кор идома дорад, аммо на ба тарзи дилхоҳ. Албатта, буҳрони молиявӣ ҳис карда мешавад, ки дар натиҷа бештари тимҳо ба надоштани захираҳои молиявӣ дучор мегарданд. Дар ФФТ шуъбаи техникӣ фаъол аст, ки мураббиёнро бо вазифаи ишғолнамудаашон тафтиш мекунад. Қаблан клубҳоро ҳар фарде мехост тамрин медод, ҳоло чунин нест. Барои такмил додани соҳа ва омодасозии кадрҳо семинар ва курсҳо ташкил шуд, ки иштирокчиён дорои литсензияи дараҷаҳои “С”, “В”, “А” гардида, маҳз ҳаминҳо клубҳоро идора мекунанд. То ҳол ба сатҳи олӣ нарсида бошанд ҳам, натиҷа ҳаст. Соли 2013 клубҳои мо дар Ҷоми КФО иштирок намуданд ва соли гузашта дастаи “Истиқлол” то даври финалӣ расид. Аммо бо сабаби набудани рақиби дилхоҳ дар чемпионатҳои дохилӣ бозиҳои тимҳои беҳтарин камранг гардид. Набудани системаи муносибат ва тайёр намудани захира дар солҳои гузашта имрӯз эҳсос мешавад. Тавре дар боло зикр карда шуд, ФФТ дар рушди футболи бачагона кор мебарад ва оянда таъсири мусбатро дар чемпионат интизорем. Чун хатмкунандагони мактабҳои футбол худро дар клубҳо нишон медиҳанд. Чемпионати тавоно - дастаи қавӣ. Ин қоидаҳоро касе бекор накардааст. Моро мебояд бо таҳамулпазирӣ ин мушкилиро паси сар намоем, чун тимҳо мувофиқи имконият дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ барои натиҷаҳои хуб мубориза мебаранд. Дар чор сол наметавон тамоми таърихи футболро дигар кард ва ба мавқеи аввал баровардан ғайриимкон аст. Фаъолияти мо дар таҳкими таҳкурсӣ мустаҳкам гардидааст, ки натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод. Ман ба ин боварӣ дорам. Бознашр аз ҳафтаномаи “Азия-плюс”, 7.04.2016 Аз русӣ тарҷумаи Манзумаи ФИРӮЗ
ПОЧТАИ “ҶАВОНОН...“
Рӯйдодҳои ҷаҳони муосир бозгӯйи он аст, ки давлату миллатҳо дар баробари даҳшати пешгӯинашаванда ва фоҷиаи бузурги инсонӣ қарор доранд. Бинобар ин пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ на танҳо ташвишовар, балки барои ҷомеаи маданиву инсонпарвар хатарнок аст. Эҳёи бедории фикрӣ, тавлиди андешаҳои миллатдӯстонаву ватанпарварона дар шароити рӯй додани моҷароҳои сиёсӣ бисёр муҳим ва саривақтист.
Давлати тоҷикон бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар саргаҳи муборизаҳо алайҳи террор ва терроризм буду ҳаст. Дар солҳое, ки ҳаракати «Толибон» дар Афғонистон қувваю ҳукумат дошт ва дар бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагиашро ифтитоҳ кард, танҳо давлати тоҷикон дар минтақа ягона кишваре ба ҳисоб мерафт, ки аз ин гуна ранг гирифтани ҳодисаҳо
13
Терроризм - фоҷиаи башар дар изтироб буд. Роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду суҳбатҳояшон аз соли 1999 дар бораи хатарнок будани ин ҷараён ҳамеша таъкид менамуд. Ҳамин омил сабабгори он гашт, ки мубориза алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ тақвият бахшида шуду ҳанӯз идома дорад. Маҳз дар он солҳо Ҳукумати Тоҷикистон ба таҳдиди гурӯҳҳои ифротӣ нигоҳ накарда, дар паҳлӯи Ҳукумати расмии Афғонистон қарор дошт, ки борҳо хайрхоҳии роҳбари давлати тоҷикон аз ҷониби Бурҳониддин Раббонӣ ва сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд баҳои баланд гирифтааст. Агар ҳушдорҳои Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1999 сар карда, аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҷиддӣ гирифта мешуд, пас фоҷиаҳои баъдие, ки дар Афғонистону Покистон рӯй доданд, ин ҳама даҳшату фоҷиаҳои башарӣ пешгирӣ карда мешуданд. Сиёсатмадори амрикоӣ Р. Арон дар мавриди террор ва терроризм ба ин нукта таъкид менамояд, ки «ҳадафи амалиёти террористӣ даҳшатафканӣ дар ҷомеа, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва барҳам задани амну суботи давлатҳост». Имрӯз амалиёту ҳаракати гурӯҳҳои ифротӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба як фоҷиаи бузург рӯ ба рӯ намудааст. Кор то ба ҷое расидааст, ки ҷавонони Осиёи Марказӣ ба хотири арзишҳои болои онҳо таҳмилшуда ва афкори фиребгароёнаи гурӯҳҳои
моҷароҷӯ аз баҳри хонаву дар, падару модар ва фарзандонашон гузашта, дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон «қувваи хатарнок»-и худро месанҷанд. Мақомоти қудратии кишвар аз бозгашти довталабонаи ҷавонони фиребхӯрда борҳо гузоришҳо нашр намуд. Бо вуҷуди ин ҳама ҳоло низ пайвастани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои хатарнок ҷойи нигаронист. Даҳшату фоҷиаи башарӣ аз дасти наслкушии гурӯҳҳои ифротӣ ба ҳаддест, ки одамон гурӯҳ-гурӯҳ ба кишварҳои Аврупо ба хотири зиндагии беҳтар мераванд. Яъне, амалҳои гурӯҳҳои ифротӣ инсонҳоро беватану беманзил ва овораву саргардони ҷаҳон намудааст. Аз ин нигоҳ инсони ватандӯсту ватанпараст ба худ иҷоза намедиҳад, то аз нерӯи ӯ ба муқобили давлату миллаташ истифода шавад. Эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳимояи арзишҳои миллӣ бояд ба гунае бошад, ки на танҳо як насл, балки барои ҳамеша одамон аз доштани ин гуна ҳамватан, ҳамнасл, ҳамкеш ифтихор карда тавонанд. Расонаҳо гузориш доданд, ки кӯдаке дар Афғонистон пойафзолашро фурӯхт, то аз пули он китоб харида хонаду маълумот гирад. Дар муқоиса бо Афғонистон, ки қурбони террору даҳшатфакании гурӯҳҳои гуногуни террористӣ гардидааст, кӯдакону наврасони мо соҳиби шароити муносибанд. Аз ҷониби дигар, дар чунин ҳолат
моро лозим меояд, ки барои насли наврас, махсусан ҷавонон барои нигоҳ доштани арзишҳо ва дастовардҳои замони истиқлол роҳнамо бошем. Ҳамлаи маргбори гурӯҳҳои ифротӣ ба Фаронсаву Белгия ва Покистон бори дигар гувоҳи он аст, ки терроризм ба муқобили ҷомеаи башарӣ нигаронида шуда, муқовимат бо он наҷоти инсон аст. Раҳму шафқат надоштан, зулм дар баробари асирон, истифодаи кӯдакон бо мақсадҳои ғаразнок аз одатҳои маъмулии гурӯҳҳои ифротӣ дар саросари дунёст. Ахиран танҳо дар террори Покистон беш аз 70 нафар ҳалок гардида, зиёда аз 300 нафар захм бардоштанд. Тавре дар боло зикр кардем, қатлу ғорати одамони бегуноҳ ҷойи ифтихор нест, балки шармандагист. Ин амалҳо ҷомеаи башариро ҳушдор медиҳад, ки набояд идеяи ифротагароӣ дар ҷомеа шакл гирифта, тарафдор пайдо кунад, балки он аз беху бунёд решкан карда шавад. Донистану шинохтани гурӯҳҳои ифротгарои «Ҳизбуттаҳрир», «ДИИШ», «Ал қоида», «Толибон», «Ҷамоатул аҳрор», «Ҷабҳатан Нусра» ба ҷавонон ёрӣ мерасонад, то дар ҷаҳони тарғиби идеяҳои бегонапарастӣ ва ақидаҳои душманона аз вазъи ҷаҳону минтақа огоҳӣ дошта бошанд. Амалҳои террористии дар чанд соли охир рӯйдода гувоҳи он аст, ки нерӯҳои вайронгар аз «ҷавонони ноустувор» ба хотири амалӣ намудани
ҳадафҳои ғарзнокашон истифода мебаранд. Вазифаи инсониву ормонии ҳар фарде дар ин вазъ бедор кардани рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии ҷавонон аст. Президенти Русия Владимир Путин ҳангоми баррасии масъалаҳои терроризм ёдовар шуда буд, ки террорист бо кадом роҳе амал накунад, душмани инсон ва пешрафту тараққиёт аст. Аз ин дидгоҳ шахсиятҳои ватандӯст ва тарафдори пешравии ҷомеа ба ақидаҳои бебунёду авомона ҳеҷ гоҳ такя намекунанд. Гузашта аз ин, ифтихори миллӣ доштан, шинохти арзишҳои миллӣ ва ҳимояи манифатҳои давлати миллӣ барои ҳар ҷавони худогоҳу худшинос худ роҳнамост, то худашро аз ҳар гуна идеяҳои бадхоҳонаву душманонаи гурӯҳҳои ҷангҷӯву ифротӣ эмин нигоҳ дорад. Ба хотири роҳ наёфтани идеяҳои ғарзнок ва ифротӣ ба афкори насли наврас ва ҷавонон бояд дар тамоми муассисаҳои таълимӣ «Барнома»-и дарозмуддати мубориза ба муқобили гурӯҳҳои террористӣ омода карда шуда, дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдор чорабиниҳои гуногун гузаронида шаванд. Зеро бо ин роҳ бедории ҷавонон афзуда, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, ваҳдату ҳамгироӣ ҷавонон саъю талоши бештаре менамоянд.
е-mail: javonontj@mail.ru
Террор ва куштори дастаҷамъонаи одамони бегуноҳ ба ҳеҷ ваҷҳ далеле барои ифтихор буда наметавонад. Ин ҳаракати бадахлоқона ва ғайринсониро бо забони одии мардум “хиёнат ба насли башар ва ҷомеаи инсонӣ” мегӯянд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №15 (9441), 14 апрели соли 2016
Беҳрӯз ШУКРУЛЛОЕВ, устоди факултети журналистикаи ДМТ
«Дар ҷамоати мо ҷавонони фаъол зиёданд» Суҳбати журналист Валиҷон Баёнӣ бо раиси ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод Ҳабибулло Ғазоев ъоли дигар сокинон ҷӯйбору кӯчаҳоро тозаву озода намудем. Ҷӯйборҳои роҳгузарро бо қубур таъмин кардем. Дар симчӯбҳо фурӯзонакҳо васл карда, кӯчаҳои деҳаҳоро шабона равшану пурнур намудем. Ҳоло, ки фасли баҳор аст, корҳои ниҳолшинонию кабудизоркунӣ, боғдорию кишоварзиро вусъати тоза мебахшем. Дар домани дашту пуштаҳо ниҳолҳои сабзу сояафкан шинонидем. Аъзои шӯроҳо дар баробари ин кӯшиш мекунанд, ки ҳар як ҷашну маросим дар деҳоти ҷамоат тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” сурат гирифта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” татбиқи босамар пайдо кунад. Зеро танзим баракати зиндагӣ буда, таълиму тарбияи фарзандон масъалаи муҳими ҷомеа мебошад. - Теъдоди муассисаҳо дар ҷамоат чӣ қадар ва фаъолияташон чӣ гуна аст? - Ҷамоати мо дорои муассисаҳои тиббӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ мебошад. Дар маркази ҷамоат - деҳаи Яхч маркази саломатии “Роғун” бо сардухтур ва панҷ нафар бародарону хоҳарони шафқат фаъолият дорад. Сардухтури ин марказ аз духтарони фаъоли ҷамоат буда, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудааст. Дар деҳаҳои Миёнадара, Яхак, Юст ва Роғун бошад, бунгоҳҳои тиббӣ ба сокинон ёрии аввали тиббӣ мерасонанд. Ҷамоат боз дорои як Маркази фарҳангӣ ва се китоб-
хона аст, ки фаъолияти онҳо ҳамеша мавриди таваҷҷҳ қарор дорад. Зеро “фарҳанг – ҳастии миллат” ва китоб роҳнамову зиннатбахши зиндагии мост. Фаъолияти се мактаби миёнаи умумӣ, шаш мактаби асосӣ ва чор мактаби ибтидоӣ низ дар ҳудуди ҷамоат хуб буда, дар онҳо 140 нафар омӯзгори дорои маълумоти олию миёнаи махсус ва тахассусҳои гуногун фарзандони мардуми ҷамоатро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Солҳои қаблӣ дар мактабҳои ҷамоат омӯзгор намерасид. Хушбахтона, имрӯз бо шарофати ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ дар минтақаҳои кишвар сафи омӯзгорони ҷавон афзуда, ин мушкил дар мактабҳои ҷамоат қариб ки ба пуррагӣ бартараф шудааст. - Ҷавонони ҷамоат чӣ гуна ҳаёту рӯзгор доранд, барои тарбияву ҳидояти онҳо чӣ тадбирҳо рӯи даст мегиред? - Мо пайваста ба ҳаёту рӯзгори ҷавонони ҷамоат назару эътибори хоса медиҳем. Дар ин самт нақша-чорабиниҳо омода карда, дар саросари ҷамоат корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ доир мекунем. Бо онҳо суҳбату мулоқот ороста, фаъолонашонро ба корҳои муфид ҷалб мекунем, дар тамос шуда, рафти корҳояшонро пурсон мешавем ва маслиҳату ҳидоятҳо медиҳем, то онҳо фирефтаи ҳар гуна фикру ақидаҳои нодуруст нашуда, аз пайи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар шаванд. Худшиносу ватандӯст ба камол расида, дар ободиву зебогии диёрашон саҳми муносиб гузоранд. Дар ҷамоати мо ҷавонони фаъол зиёданд.
Ман барои иҷрои корҳои ҷамоат бештар ҷавононро ҷалб мекунам. Зеро неруи тавоноанд, аз уҳдаи иҷрои корҳо баромада метавонанд. Кӯшиш мекунем, ки онҳо боадабу бофарҳанг ва меҳнатдӯсту ташаббускор бошанду саҳмашон дар ободониву пешравии ҷамоат назаррас. Имрӯз зиёда аз 90 нафар писару духтари ҷамоати деҳоти мо дар мактабҳои олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳо таҳсил мекунанд. Умед дорем, ки онҳо низ мактабҳоро бо сари баланд хатм карда, фарзандони бофарҳангу ватандӯст мешаванд. - Ояндаи ҷамоатро чӣ гуна дидан мехоҳед ва барои расидан ба ин орзуву ниятҳо чӣ тадбирҳо мебинеду талош мекунед? - Инсон бояд ба оянда хушбин бошад. Симои ояндаи ҷамоатро боз ҳам ободу зеботар дидан мехоҳаму зиндагии сокинонашро саршор аз файзу баракат. Барои расидан ба ин орзуву ниятҳо бо дасту дили пок саъю талош бояд кард. Аз пирони рӯзгору зиёиёни пешқадам маслиҳату дуои нек гирифта, ҳар лаҳзаву ҳар соат дар фикри пешравии диёр ва рӯзгори осудаву фараҳбори мардум бошем.
www.javonon.tj
- Ҳаёти имрӯзи ҷамоат чӣ гуна аст, бо кадом шаклҳои хоҷагидорӣ фаъолият мекунад? - Дар ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов 8 хоҷагии деҳқонии калон ва 121 хоҷагии инфиродӣ амал мекунанд, ки дар заминаи собиқ хоҷагиҳои номдору пешқадами “Роғун”, ки дар замони шӯравӣ ду маротиба «Парчами пешқадамони истеҳсолот»-ро соҳиб шуда буд, таъсис ёфтаанд. Имрӯз деҳқонони ҷамоат дар шаклҳои хоҷагиҳои инфиродӣ ва деҳқонии саҳомӣ маҳсулоти мавриди ниёзи аҳолӣ, аз қабили ғалла, картошка, сабзавот истеҳсол карда, ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳо мебароранд. Соҳаи чорводорӣ ҳам дар ҷамоат рӯ ба пешравӣ оварда истодааст. Ҳар як сокини ҷамоат, сарфи назар аз он ки деҳқон аст ё муҳоҷиру муаллиму каси дигар, бояд аз замини дар ихтиёрбудааш як ваҷабро ҳам бекор намонад. Кишт карда, ягон намуди зироат парвариш кунад. Вақте ба замин меҳру муҳаббат варзидиву дуруст муносибат кардӣ, файзу неъмати зиёд медиҳад. Мо дар ҳудуди ҷамоат ба корҳои бунёдкориву ободонӣ низ диққати ҷиддӣ медиҳем. Дар деҳаҳои ҷамоат шӯроҳо ташкил намудаем, ки ҳайати онҳо аз 5 то 13 нафар аз ҳисоби директорони мактабҳо, омӯзгорон, имом-хатибон ва ҷавонони фаъол мебошанд. Ин шӯроҳо иҷрои вазифаҳои муҳимро бар дӯш дошта, фаъолияташон самараи дилхоҳ ба бор оварда истодааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси онҳо ва ширкати фа-
е-mail: javonontj@mail.ru
14
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №15 (9441), 14 апрели соли 2016
ШАНБЕИ СЕЮМИ МОҲИ АПРЕЛ - РӮЗИ ПОЙТАХТ Зи ғам дар сина доғе нест, Душанбе, бо ту ман шодам.
Нуруллоҳи ОРИФ
Ту бемислӣ, ту яктоӣ, Шукӯҳи шеъри Мавлоӣ. Душанбе шаҳри ишқобод, Ба дил ҷоӣ, ба дил ҷоӣ.
Шаҳри мо Эй Душанбеи базеб, эй шаҳри мо, Дар шукӯҳ астӣ паёпай баҳри мо. Чун арӯсон чеҳра хушрӯ мекунӣ, Хешро бисёр дилҷӯ мекунӣ. Дар ниҳоди мо ҳама чун ҷон туӣ, Тозанакҳат чун гули райҳон туӣ. Кӯҳсоронанд бар даврат қатор, Менамоянд аз ту чун ман ифтихор. Дар даҳан чун қанд ширин номи ту, Субҳдамро ёд орад шоми ту. Нест бе ту Тоҷикистон номдор, Тоҷикистон-кишвари овозадор. Шаҳри пур аз неъмату эҳсон туӣ, Ростӣ, мақбули ҳар инсон туӣ. Шаҳри бахтӣ, шаҳри ишқӣ, шаҳри нур, Шукри Яздон, дар ту ман дорам ҳузур.
Душанбе Душанбе, пир не, не, бас ҷавонӣ, Душанбе, шаҳри сабзи гулфишонӣ. Канорат дар ҳақиқат чун биҳишт аст, Душанбе, зеби садҳо достонӣ. Сарафрозам, ки дар ту хона дорам, Қаноте чун пари парвона дорам. Мани муштоқи рўят, Рӯдакивор Сари зулфи суханро шона дорам. Диле андар ниҳоди кишварам ту, Умеду орзу, болу парам ту. Зи ту дар синаам доғе надорам, Душанбе, шаҳри ошиқпарварам ту. Чи хуш, номи басо арзанда дорӣ, Мақому иззати поянда дорӣ. Душанбеи ба тоқи дидаҳо ҷо, Базебӣ,чеҳраи тобанда дорӣ.
***
Душанбе, шаҳри ободам, Душанбе, шаҳри озодам. Зи ғам дар сина доғе нест, Душанбе, бо ту ман шодам.
Душанбе, шаҳри ободам, Душанбе, шаҳри озодам. Зи ғам дар сина доғе нест, Душанбе, бо ту ман шодам.
***
Эй нози дил, Душанбе, Ҳамрози дил, Душанбе. Садрангии ту зебост. Дар сози дил, Душанбе. Ту шаҳри гулфишонӣ, Ту пир не,ҷавонӣ. Лоиқ ба сад тарона Дар зеҳни шоиронӣ. Эҷоди тоҷикон ту, Ҳам маркази забон ту. Эй пойтахти кишвар, Ҷовид дар ҷаҳон ту. Дур аз ту як хасам ман, Бехешу бекасам ман. Шаҳри ҳавас, ба мақсад, Дастам бидеҳ, расам ман.
***
Эй Душанбе, эй Душанбе, Шаҳри зебо чун фаришта. Тору пудат сар ба нохун Бо таноби ақл ришта. Ҳайкали ҳар шоират ҳаст Чун муҳофиз аз бароят. Аз чӣ бошад, ман ҳамеша Дӯст медорам ҳавоят.
Шаҳри пурфайзу пурэҳсон, Роҳати дил, роҳати ҷон. Бо ту чун ман фахр дорад Тоҷикистон, Тоҷикистон. Шаҳри армонам, Душанбе, Бахти хандонам, Душанбе. Ҳаст дору гарди хокат Баҳри дармонам, Душанбе.
Дилбари Душанбе Ман садқаи нозу ишваҳоят, Эй дилбари қадраси Душанбе. Хандида бимон қадам ба кӯча Бо куртаи атласи Душанбе. Ҳар гаҳ, ки ба кӯча пой монӣ, Чун ман дили сад ҷавон шавад шод. Аз партави ҳусни бемисолат Хуршед дар осмон шавад шод. Ман садқаи нозу ишваҳоят, Эй дилбари қадраси Душанбе. Хандида бимон қадам ба кӯча Бо куртаи атласи Душанбе.
Тоҷикистонро ман имрӯз Бо ту дидам гулгулафшон. Ҳаст ҳар як кӯчабоғат Роҳати дил, роҳати ҷон.
Ман садқаи нозу ишваҳоят, Эй дилбари қадраси Душанбе. Хандида бимон қадам ба кӯча Бо куртаи атласи Душанбе.
Ишқи покат дар ниҳодам, Бе ту ғамгин, бо ту шодам. Вақти во мондан ба коре Мерасӣ нав – нав ба додам. Бузургмеҳри БАҲОДУР
Душанбе www.javonon.tj
Шаҳри армонам, Душанбе, Бахти хандонам, Душанбе. Ҳаст дору гарди хокат Баҳри дармонам, Душанбе.
Чун оина рӯи туст бедоғ, Чун шаршара мӯи туст печон, Дар ҷодаи ишқу ишқварзӣ Лоиқ ба ту нест ҳар як инсон.
***
Душанбе, шаҳри ободам, Душанбе, шаҳри озодам.
Шаҳри сабзи нозанинӣ, Боғи сарву ёсаминӣ. Зеби садҳо шеъри воло, Зеби садҳо офаринӣ.
Ишқи ту дилро саропо Ошёни хеш кардаст. Ғуссаи садсоларо ишқ Аз ниҳодам пеш кардаст.
Шаҳри армонам, Душанбе, Бахти хандонам, Душанбе. Ҳаст дору гарди хокат Баҳри дармонам, Душанбе.
Зи хурдӣ дӯстдорат ман, Дурахши нури норат ман. Биҳишти орзуҳоям, Гули доимбаҳорат ман.
Шаҳри армонам, Душанбе, Бахти хандонам, Душанбе. Ҳаст дору гарди хокат Баҳри дармонам, Душанбе.
Чун куртаи атласат базеб аст Ҳар гӯшаи шаҳри беназирам, Худ бехабарӣ, хабар надорӣ, Дар ҳалқаи зулфакот асирам. Ман садқаи нозу ишваҳоят, Эй дилбари қадраси Душанбе. Хандида бимон қадам ба кӯча Бо куртаи атласи Душанбе.
Ҷӯрабек МУЪМИН
Сутуни Тоҷикистон Душанбе, пойтахти Тоҷикистонӣ, Шукӯҳу тахту бахти Тоҷикистонӣ, Ту дар нашъунамо ҳастӣ ба бахти мо, Сари сабзи дарахти Тоҷикистонӣ. Ту набзи дархурӯши тоҷикон астӣ, Барои Тоҷикистон ҷисму ҷон астӣ, Ту ҳастӣ маркази фарҳанги тоҷикон, Ту мактабхонаи ақли замон астӣ. Зи ту ваҳдатсароӣ бар фалак печад, Суруди ошноӣ бар фалак печад. Ҷилои парчами рангинкамони ту Ҳақо, бе худнамоӣ, бар фалак печад. Канори ту баҳори фасли армонҳо, Баҳори ту қарори дарду дармонҳо. Ба ту вобаста авҷи кишвари тоҷик, Шукуфтанҳову растанҳову рустанҳо. Ту шаъни пойдори Тоҷикистонӣ, Сутуни устувори Тоҷикистонӣ. Дурахши иқтидори Тоҷикистонӣ, Хати сурхи шиори Тоҷикистонӣ. Ба олам парчами мо аз ту боло шуд, Нишони тоҷикон зеби назарҳо шуд. Дигарбора Душанбе, қиблаи миллат, Басо машҳур шуд, машҳури дунё шуд. Маро хони пур аз нозу ниёз астӣ, Саховатпешаю меҳмоннавоз астӣ. Агарчанде ки хурд астӣ, бузургӣ ту, Ба исми Тоҷикистон сарфароз астӣ.
Душанбе - пойтахтам, шаҳри гулҳост, Душанбе шаҳри духтарҳои зебост. Басо дилномаҳо ин ҷо навиштам, Душанбе шаҳри дилҳои мубаррост.
Душанбе- даргаҳи сулҳу амонӣ, Бухорошаҳри армонии сонӣ. Бувад унвони ин шаҳри муҳаббат, Ҷавониву ҷавониву ҷавонӣ.
Туӣ гаҳвораи фарҳанги ин миллат, Ба дунё бурдаӣ оҳанги ин миллат. Душанбе, эй ҳақиқатхонаи тоҷик, Зи ту боло ғуруру нанги ин миллат.
Сари ҳар кӯчааш дилпора бинам, Ҳазорон ошиқи овора бинам. Барои тифли ишқу орзуҳо, Ба чашми духтараш гаҳвора бинам.
Мунаввар рӯзу шабҳои Душанбе, Муаттар боғи гулҳои Душанбе. Равӣ гар Маскаву Порису Ландан, Намеёбӣ ту ҳамтои Душанбе.
Душанбе, бо ту будан роҳати ҷон аст, Дар оғӯшат ғунудан роҳати ҷон аст. Тараннумат намудан роҳати ҷон аст, Навоятро сурудан роҳати ҷон аст.
Дар ин ҷо ҳар касе дилдода бошад, Дилу ҷонаш ба каф истода бошад. Касе, ки дар рагаш хуни ҷавонист, Ба кӯи дилбаре афтода бошад.
Зи боғу роғаш ояд накҳати ишқ, Ҷавону пири ӯ аз миллати хеш. Дар ин ҷо молу сарват ҳам наёбӣ, Ту меёбӣ яқин сад давлати ишқ.
Ҳумоюн бод имсолу ҳама солат, Ҳумоюн бод фарри ҷашни иқболат. Ба гардун пар зананд аз шавқ кафтарҳо, Зи боми кушкҳои хушхату холат.
САЙҚАЛИ ХОТИРА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №15 (9441), 14 апрели соли 2016
Бинои оинабандї барои парвариши лимў
Тор, ришта
Тарї
Моњи «шохдор»и толеънома
Њавас, таманно
Оромгоњ, ќабр
Магнит
Теппа, баландї
Ќисми рўй
Ор, номус
Духтар ќањрамони афсонаи русї
Пойтахташ Вашингтон (ихтисора)
Ѓаллаи судашуда
Кам Љонишини ишоратї
Љеки …, актёркунгфучии машњур
Аз они худашро касе турш намегўяд
Парлумони Украина Аз он љо тилло ё ангишт мегиранд
Сиркул (тољ.), асбоби наќшакашї
Ќош
Дар болои аспи саворї
Асбоби чўбтарошї
Нола, фарёд
Ситораи эстрадаи ИМА … Спирс
www.javonon.tj
Ноњия дар шимоли в. Суѓд
Ќисса барои кўдакон
Дастгиршуда, бандї
Далели бегуноњї
Ќазон
Бим, њарос
… Швартсенеггер, актёри машњур
Автомобили франсузї
Лол, аз ќобилитияти гапзанї мањрум
Гетї, љањон (китобї)
Навъи мева
СММ ба русї
Шабакаи кўдаконаи ТВ
Тамѓаи мошини олмонї
Пойтахти чехњо
Боз, нобаста
Тинљї, осоиштагї
«Племянник» ба тољикї
Тими футболи Рим (Италия)
Дудбаро
Шакли кўтоњи «агар»
Равияи эронии ислом
… -де-Жанейро, шањр дар Бразилия Љойи таомхўрї
Лаќаби шавњари сарояндаи рус Н. Королёва
Бастакори шўравии тољик … Дўстмуњаммадов
Пойтахти Бошќирдистон
Овоз
Бачаи хоњари модар
Муќобили «не»
Автомобили «Тико»монанди русњо
Њиссачаи инкорї
Илмњо
Шишача барои дидани акси худ
Алов
Шаршараи машњур дар ИМА
Ранљида
Бале, ња
Ахбор дар ТВ Русия
Яроќи ќадима барои зарбазанї
Номи пешинаи ширкати «T-cell»
Касалии узвњои нафаскашї (тиб.)
Мактуб
Садбарг, лола
Гўркунї
Сароянда ва актрисаи машњури эронї
Њам, Марг инчунин
Гулоб, одеколон
Акнун
Шањр дар Фаронса
Алебастри тољикї
Сарояндаи эронї
Њиссачаи инкорї ... -Батор, пойтахти Муѓулистон
Занбўр
Экрани компютер
Омўзгор
Љои пулнигоњдорї
Модар (лањљ.)
Хеши падарї
Момоњаввои насронї
Гектар (кўтоњ)
Љугї
Таом, гўшти ќима дар хамир
… Деви, ситораи кинои њиндї
Буттамеваи хорзор
Афсонаи Р. Киплинг
Нависанда Садриддин …ї
…и мубориза бо коррупсия (ташкилот)
Паёмбари масењиён
Пиразани наберадор
е-mail: javonontj@mail.ru
Дарахти сўзанбарг
Чарандаи вањшї
Гови Як забо- љавон ни Аврупо
Модар (лањља)
Ќаламфури њиндї
Њашароти болдори хира
Падар (лањља)
Оташин, ба ѓазабомада
… Басу, ситораи кинои њиндї
Барои њимоя аз зарба дар пеши мошин
«Ин» дар пешамон, «…» дуртар
0,01 метр
Шикастанафс, фурўтан
15
е-mail: javonontj@mail.ru
16
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №15 (9441), 14 апрели соли 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Зане, ки сари чанбари “Мерседес” менишаст, баъди бархӯрдани мошинаш бо сабукрави дигар мегӯяд: - Бубахшед, айби ман шуд... Ронандаи мошини дигар: - Не, не. Комилан дар ин кор ман гунаҳкорам. Ман дидам ки “Мерседес”ро зан меронад ва метавонистам оҳистакак мошинамро канори роҳ бурда, то гузашта рафтани шумо интизор бимонам.
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои нуҳ моҳ - 48,75 сомонӣ; - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ; - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/к 20402972316254, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857. АНДАРЗ
Бояд коре бикунам Пирамард баъди солҳои зиёд аз нав ба пойтахт омад. Ӯ сӣ сол пеш, баъд аз он ки донишгоҳро хатм кард, ба зодгоҳаш – он деҳаи дурдасти кӯҳистон рафта буд. Ҳоло дар шаҳр роҳ мерафт ва баъд аз даҳ-бист қадам нишаста нафас рост мекард. Ниҳоят, ба кӯчаи танге ворид шуд. Тангкӯчае, ки замони донишҷӯияш ҳамвор менамуд, ҳоло пасту баланду шебу фароз аст дар назараш. “Дар ҳақиқат пир шудаам”,гузашт аз дилаш. Пирамард аз ҷой хеста, ба роҳ даромаданӣ шуд ки, чашмаш ба аробачае, ки духтараки хурдсоле ҷониби баландӣ базӯр тела медод. Нахуст гумон кард, ки аробача холӣ аст, вале чун пештар рафта дид, ба ҳайрат афтод. Дохили аробача марде, ки фалаҷ буданаш маълум буд, беҳаракат меистод. Ниҳоят пирамард бо духтарак суҳбат кард. Маълум гашт, ки марди дохили аробача падари вай аст. Духтарак ҳамроҳи модар падари фалаҷашро ба сайру гашт баровардаанд, нохост модар бетоб шуда, зуд ҷониби дорухонаи наздикбуда мешитобад. Падар дар ин ҳолат, албатта, назди духтар мондааст. Чун пирамард мебинад, ки духтарак ҳоло ҳам аробачаро
www.javonon.tj
Лутфи ҷавонӣ
ОБУНА - 2016
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
зӯр зада тела карда истодааст, мегӯяд: - Ҷони амак, зӯри ту ба бурдани ин аробача намерасад, охир. - Инро ман ҳам медонам, ҷавоб медиҳад кӯдак, – аммо барои падарам бояд коре бикунам. - Агар медониста бошӣ, пас тела надеҳ онро. - Охир, барои падарам коре карданам даркор. Аробаро пеш бурда натавонам ҳам, ба қафо омаданашро монеъ мешавам, мегӯяд ӯ.
Зан ба бойтор занг мезанад: - Салом. Гурбаи ман ҳомила шудааст, ман чизеро намефаҳмам... Бойтор омада, гурбаро аз назар мегузаронад. Дар хона боз як гурбаи дигар сайр мекард. Бойтор: - Хуш, чиро нафаҳмидед? Зан: - Чи хел чиро, охир вай аз бародари худ ҳомила шудааст...
***
Салим: - Модарат чӣ гуфта туро ҷеғ мезанад? - Маъруф: - “Писар”, “писаракам”, “офтобаки ман” ва “ин курнамак куҷо аст”...
Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар-2015-2016» Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008 «Оид ба тасдиқи Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехтар» идома дорад. Ташкилкунандагони озмун Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и ҶТ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд. Озмун аз рӯи бахшҳои зерин гузаронида мешавад: 1. Беҳтарин инъикоси фаъолияти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои минтақавию ноҳиявии он; 2. Беҳтарин инъикоси масъалаҳои пешгирикунии садамаҳои нақлиётӣ дар байни кӯдакон ва наврасон; 3. Беҳтарин нигошта дар бораи ҳаёту фаъолияти нозирони БДА; 4. Беҳтарин гузориши радиоӣ оид ба проблемаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва роҳҳои ҳалли онҳо; 5. Беҳтарин гузориши телевизионӣ оид ба проблемаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва роҳҳои ҳалли онҳо; 6. Беҳтарин мақолаҳои таҳлилӣ - тарғиботӣ дар мавриди технологияи муосири бехатарии нақлиёт ва лоиҳаи «Шаҳри бехатар» 7. Беҳтарин мақолаҳои таҳлилӣ - тарғиботӣ дар ВАО-и хориҷи кишвар
***
Мард ба рафиқаш: - Зани ман дар вақти мошинронӣ мисли раъду барқ аст. Дӯсташ: - Мошинро бо суръати баланд меронад? - Не, ҳамеша ба дарахт бар мехӯрад.
***
Зан ба шавҳараш: - Ман танҳо торт ва моҳӣ пухта метавонам. Шавҳараш: - Ҳеҷ гап не, бо гузашти вақт ёд мегирӣ. Аммо ҳоло гӯй, ки дар табақ чӣ овардӣ: торт ё моҳӣ?
***
Дар идораи нотариус: - То кай кор мекунед? Духтар: - То 58-солагӣ...
Маводҳои чопӣ дар шакли асл ва нусхабардорӣ аз маводи батабърасида пешниҳод карда мешаванд. Маводҳои телевизионӣ дар ДВД-дискҳо, радиоӣ дар СДдискҳо бо замимаи ҳуҷҷатҳо бо нишондоди ҳаҷм /хронометраж/ ва муҳтавои мухтасари мавод пешниҳод карда мешаванд. Муаллифи маводи дар озмун иштироккунанда метавонад журналист, гурӯҳи эҷодӣ ё умуман ВАО бошад. Номи муаллиф (он) бояд дар аризаи иштирокчии озмун аниқ зикр гардида, аз тарафи роҳбарияти ВАО тасдиқ карда шавад.
***
Аз дафтари хотирот: - Занҳо ду синну сол доранд: то макияж ва баъди он...
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Ба озмун дилхоҳ маводҳои жанри журналистӣ, ки дар давраи аз 1 августи соли 2015 то 20 июни соли 2016 дар матбуот ба табъ расидаанд ва ё тариқи телевизиону радио намоиш ва пахш гардидаанд, қабул карда мешаванд. Матолибро бо зикри мушаххаси номинатсия ба суроғаи зерин фиристодан лозим аст: Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ-16 (КТН «Шарқи озод»), ошёнаи 1, тел: 221-79-03;919 92 65 52.
Муҳри соҳибкори инфиродӣ Сафаров Қосимҷон Исмоилович (РЯМ 0330080841) бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии Абдуллова Дилбар, ки онро соли 2000 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон додааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад.
Дар ҳар номинатсия як ҷой муайян гардидааст. Ғолибон бо диплом ва мукофоти арзишманд сарфароз карда мешаванд.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
***
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7160 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»