javononi tojikiston/#16/2015

Page 1

Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо

№16 (9390), 23 апрели соли 2015

e-mail: javonontj@mail.ru

Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Саҳифаи

10

МУҲОҶИРАТ

ҲАФТ РӮЗ 16.04.2015 Дар шаҳри СанктПетербурги Русия ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ» бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд. Вакилони парлумони кишвар дар ин чорабинӣ таҳти роҳбарии муовини аввали раиси МН МО Абдуҷаббор Азизӣ ширкат карданд. 17.04.2015 Дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сохтмони маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқа шуруъ гардид. 18.04.2015 Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо Александр Зуев, ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар шаҳри Душанбе мулоқот кард. Ҷонибҳо раванди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои СММ, аз ҷумла, татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои БРСММ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд. 19.04.2015 Дар Боғи “Ирам”-и пойтахт, бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ чорабиниҳои навбатии фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гашт. 20.04.2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Чорбоғи Варзоб, дар маросими гузоштани санги асос барои бунёди хатти барқии 500-киловолтаи Душанбе - ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок кард.

Сафи муҳоҷирон ба Русия кам мешавад?

21.04.2015 Нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар 20 рӯз ба андозаи 79% ба иҷро расид. То имрӯз нақшаи даъват дар 23 шаҳру навоҳии кишвар пурра иҷро шудааст. 22.04.2015 Дар шаҳри Хуҷанд мавзеи “Оташи абадӣ”, ки бозгӯ аз қаҳрамониҳои абармардон ва ёдгорӣ аз шаҳидони солҳои 1941-1945 аст, дубора тармим шуда, аз нав фурӯзон гашт.

ЧОРАБИНИҲОИ ФАРҲАНГӢ ВА НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ ДАР БОҒИ ИРАМ. 18-19 АПРЕЛ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9390), 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

1


ПАРЛУМОН

ТУРИЗМ

М. Убайдуллоев боз Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд 17 апрел Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум иштирок кард. барои фаъолияти пурсамари панҷсола ва саҳми арзандаашон дар рушди парламентаризми Тоҷикистон, такмил ва қабули санадҳои қонунгузорӣ, инчунин, мусоидат ба танзими масъалаҳои муҳими ҳаёти давлат ва ҷомеа изҳори сипос кард. Бо ёдоварӣ аз нақши боризи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар таҳия, қабул ва татбиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор гардид, ки фаъолият дар ин мақоми олии давлатдорӣ аз ҳар узви он масъулияти баланд ва фаъолияти пурсамарро талаб мекунад. Сарвари давлат таъкид дошт, Иҷлосияи якуми Маҷлиси мил- электронӣ муқаррар шуд, ки Раи- ки ҳифзи манфиатҳои давлату миллии Маҷлиси Олӣ, даъвати панҷум, си Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ лат, таҳкими амнияту субот, таъмини ки бори нахуст баъди интихоби муовини якум ва як муовин дошта рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ҳайати нави аъзои он баргузор шуд, бошад. Ба вазифаи муовини якум, ва минтақаҳои он аз вазифаҳои аз ҷониби узви аз ҳама калонсоли узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аввалиндараҷаанд. Таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси миллӣ Қаҳҳор Маҳкамов ку- Абдураҳмон Қодирӣ ва ба вазифаи шода эълон гардид. Пас аз интихоби муовини раис намоянда аз Вилояти ки аксаран роҳбарони вилоятҳо ва котибот, Комиссияи баҳисобгирии Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, узви шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошанд, овозҳо ва тасдиқи рӯзнома, нахуст Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Шоди- ҳамчунин, ба пешгирӣ аз гароидани баъзе аз ҷавонону наврасони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии хон Ҷамшед интихоб гардиданд. Сипас, Президенти мамлакат ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи нави фаъолият интихоб шуд. Аз тариқи Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ва мубориза бо унсурҳои терроризму овоздиҳии пинҳонӣ Маҳмадсаид Убай- аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси ифротгароӣ ҷалб гардид. Таъкид шуд, дуллоев бо ҷонибдории ҳамаи аъзои Олиро ба муносибати интихоб ва та- ки барои бартараф намудани ин ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз нав ъин шуданашон ба узвияти ин мақоми дигар хатарҳои ҷаҳони муосир, ки ба ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии олии қонунгузори кишвар ва нафаро- кишварҳои зиёди мусулмонӣ, аз ҷумла, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ни ба мансабҳои роҳбарии он интихоб- минтақаи мо таҳдиди ҷиддӣ доранд, интихоб шуд. Бо овоздиҳии аъзои шударо табрику таҳният гуфт ва ба аъ- бояд нерӯи тамоми аъзои солимфикри Маҷлиси миллӣ тавассути воситаҳои зои Маҷлиси миллии даъвати гузашта ҷомеа сафарбар шавад.

Нигаронӣ аз истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ Тибқи нақшаи муштарак мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оила бо ҷавонону донишҷӯён идома доранд.

2

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар баромади хеш бештар ба масоил зуҳуроти номатлуб, мавқеи ҷавонон дар ҷомеа, сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон таваҷҷуҳ кард. Гуфта шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ бештар аз 3 миллиону 200 ҳазори аҳолиро ҷавонони аз 14 то 30-сола ташкил дода, зуҳуроти номатлуби дар ҷомеа пайдогардида низ ба онҳо бетаъсир буда наметавонад. Ба таъкиди Аҳтам Абдуллозода ҷараёнҳои ҷаҳонӣ тавассути иттилооти гуногун ба ҷавонон таъсир мерасонанд, ки боиси аз байн рафтани арзишҳои миллӣ ва эҳтироми волидайн мегар-

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои соли рушди туризми дохилӣ тасмим гирифтааст туризми мактабиро дубора эҳё намояд. Бо ин мақсад ва баҳри фарогирии ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои бойи туристӣ кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва ширкати сайёҳии “Расулсохтмон” 19 апрел 200 нафар муҳассилини деҳаи Лоҳурро ба сайёҳати шаҳри Душанбе сафарбар карданд. Хонандагон аз Осорхонаи миллӣ, боғҳои Парчам, Нишон, Рӯдакӣ, Китобхонаи миллӣ ва пайкараи Исмоили Сомонӣ боздид карда,

роҷеъ ба таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ маълумот пайдо намуданд. Ҳамзамон, дар доираи ин саёҳат муҳассилини макотиби миёна аз Боғи Ирам дидан карда, дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва базми гулҳо иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки чунин барномаҳо дар тамоми қаламрави кишвар аз ҷониби сохторҳои маҳалии кумита то охири сол мунтазам баргузор мешаванд, ки барои рушди туризми дохилӣ мусоидат хоҳанд кард.

Омӯзишҳои интерактивӣ барои мутахассисони соҳаи турзим

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Чунин мулоқот чанде пеш дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба номи Муҳамад Осимӣ доир гашт, ки дар он ҳайати омӯзгорон, донишҷӯён ва роҳбарияти донишгоҳ иштирок намуданд. Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила доир ба маърифати занон, роҳҳои коҳиш додани вайроншавии оилаҳои ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи хештаншиносӣ маърӯза намуд. Таъкид шуд, ки дар замони муосир дар олам омезиши шадиди фарҳангҳо идома дорад ва дар ин давра нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи насли ҷавон аст.

Туризми мактабӣ эҳё мегардад

дад. Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват шуд, ки ҳамеша дар мавқеи худ устувор буда, ба иттилои бардурӯғ дода нашаванд. Ҳамчунин, дар мулоқот аз афзоиши ҷинояткорӣ ва истифодаи нодурусти шабкаҳои иҷтимоӣ изҳорӣ нигаронӣ карда шуд. Зикр гардид, ки дар замони муосир аз худ кардани донишҳои технологӣ амри зарурист, аммо он бояд ба маврид истифода шавад. Дар поёни мулоқот донишҷӯён вобаста ба мавзӯъҳои гуногун суолу дархост пешниҳод карда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ дар соли 2015 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ силсилаи омӯзишҳои интерактивиро барои донишҷӯёни риштаи туризми муассисаҳои олии кишвар роҳандозӣ намудааст. Мақсад баланд бардоштани малака ва ба бозори хизматрасонии сайёҳӣ ворид намудани мутахассисони соҳа арзёбӣ мегардад. То имрӯз чунин чорабинӣ дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон барои донишҷӯён ва омӯзгорони риштаи туризм баргузор гардида, ин иқдом дар дигар донишкадаҳо идома меёбад. Лозим ба ёдоварист, ки дар заминаи ҳар вохӯрӣ, инчунин, сайёҳати ҷойҳои таърихӣ ё сити-турҳо ҷиҳати дар амал шинос намудани донишҷӯён аз захираҳои туристии кишвар ба нақша гирифта шудааст. Наврӯз ҚУРБОНОВ, «ҶТ»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9390), 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


ҶАЛАСА

НИГАРОНӢ

Фаъолияти муштарак мебояд Ҷанг дар Сурия ҷиҳод нест! 16 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳат» ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғоз раиси Комиҷроияи ҳаракат Мирзошоҳрух Асрорӣ иброз дошт, ки тибқи анъана ҳар сол дар ҷаласаҳои муштарак намояндагони сохторҳои давлатӣ, вазорату кумитаҳо оид ба самтҳои фаъолияти худ ҳисобот медиҳанд. - Масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти олии кишвар қарор дорад, - гуфт Мирзошоҳрух Асрорӣ. - Зеро муносибат ба ин қишри аҳолии кишвар, ки 70%-и сокинони кишварро фаро мегирад, ҳамчун муносибат ба ояндаи миллат ва нерӯи тавоною ташаббускор қабул гардидааст. Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари таълим ба масъалаҳои тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ, худогоҳию худшиносӣ ва ба воя расондани насли ҷисману рӯҳан солим низ таваҷҷуҳ шуд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун мақоми давлатӣ вазифадор шудааст, ки баҳри ҳалли масъалаҳои зикршуда робита бо ҷомеа, муассисаҳои таълимӣ ва падару модаронро тавсия бахшида, барои таълиму тарбия ва дуруст ба камол расидани наврасону ҷавонон шароит фароҳам оварда, ба интихоби касбу ҳунари ҷавонон шароит фароҳам орад. Сипас муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Мавсума Муинӣ дар бораи фаъолияти кумита дар семоҳаи аввали соли равон маълумот дод. Аз ҷумла, зикр шуд, ки кумита чанде пеш баҳри пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ якҷо бо Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар Китобхонаи миллӣ семинари илмӣ-амалӣ доир шуд, ки дар он аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷавонон ширкат доштанд. Ҳамчунин, як қатор чорабиниҳо дар самти ободонӣ, ватандӯстӣ, рушди туризм ва ғайра баргузор гардиданд. Собиқ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, академик Талбак Назаров таъкид намуд, ки тарбияи насли ҷавон танҳо кори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ набуда, ҳама сохторҳо бояд дар ин самт ҳамкорӣ кунанд. Зеро тарбияи насли ҷавон бурдани корҳои зиёдро талаб менамояд. Алахусус, дар ноҳияҳо корро бояд фаъол кард, то ҷавонон аз беҳудагардию бешуғлӣ ба ифротгароию дигар ҷиноятҳо рӯ наоранд. Профессор Абдулвоҳид Шамолов, раиси Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ Валӣ Сайёрабеков, нависанда Ӯрун Кӯҳзод, собиқадори соҳаи Иттифоқи касаба Муродалӣ Солеҳов, адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода ва дигарон иброз доштанд, ки бояд бо ҷавонон муколамаро вусъат дода, барои фарқ намудани роҳи дуруст аз нодуруст ба онҳо кӯмак намоем. Ҳар сол ҷавонони зиёд макотиби олиро хатм мекунанд. Чанд нафарашон бо ҷои кор таъмин мешаванду чӣ қадарашон бе кор мемонанд? Таваҷҷуҳро ба ин самт бояд равона кард. Адиби шинохта Назри Яздон пешниҳод кард, ки ҷамъияти «Дониш» барқарор ва бо маблағ таъмин шуда, салоҳияташ ба Шӯрои кӯҳансолон дода шавад. Ба ҷавонон дар бораи тафаккури давлатӣ, манфиати ҷомеа, арзишҳои миллӣ маълумот бояд дод. Дар поёни ҷаласа қарор шуд, ки баҳри беҳтар амалӣ шудани сиёсати давлатии ҷавонон ҳамкории дигар сохторҳоро бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ вусъат бояд дод. С. СУННАТӢ, “ҶТ”

Таҷовуз ва издивоҷи маҷбурии занон дар «Давлати исломӣ» Ҳодисаҳои охири ҷаҳони ислом гувоҳи онанд, ки ҷавонони зиёде ба қувваҳои ифротгаро гаравида, зери ниқоби ислом роҳи терроризмро пеш гирифтаанд. Камтарин роҳнамоӣ аз ҷониби қувваҳои иртиҷоӣ ба зеҳни ҷавонон таъсир гузоштааст ва ҷавонон ба ин роҳ ҳам худ ва ҳам зану фарзанди хешро ҷалб сохтаанд, ки боиси нигаронист. Маълум нест, ҷавонони гумроҳшудаи қувваҳои террористӣ бо кадом мақсад зану фарзанди худро ба вартаи ҳалокат мекашанд. Ғайр аз он ки онҳо ба қувваҳои силоҳбадасти террористон мепайванданд ва ҷони ҷавони худро баҳри мақсадҳои номушаххас қурбон месозанд, инчунин, зану фарзанди худро бо доми фиреб ба ташкилотҳои ифротгаро ҷалб карда, пас аз марг занҳо мавриди таҷовуз ва издивоҷҳои маҷбурӣ қарор мегиранд. Аз таҳдидҳои «Давлати исломӣ» бармеояд, ки он танҳо ба хотири ҳукумат ва мавқеи ифротгароёнаро пеш бурдан аст, на ба манфиати дину мазҳабу шариат. Ба хотири ба сари қудрат омадан «Давлати исломӣ» ташкил намуда, дар ҷустуҷӯи бештари аъзову ҷонибдор ва занон ҳастанд ва онҳоро мавриди таҷовузи гурӯҳӣ қарор медиҳанд. Ба ин маънӣ, дабири кулли СММ Пан Ги Мун гуфта буд, домани ҷиноятҳои ҷангиёни «Давлати исломӣ» дар заминаи таҷовуз ба номус, бардагии ҷинсӣ ва издивоҷҳои маҷбурии даҳшатбор зиёд аст. Хушунатҳои шаҳвонӣ маҳз аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи пойбанди идеологи-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9390), 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

яи экстремистӣ, чун «Давлати исломӣ» ба назар мерасад ва ба як аъмоли террори гурӯҳҳои ифротӣ табдил ёфтааст. Масалан, аз ваҳшатноктарин ҷиноятҳо марбут ба рабуда шудани даҳҳо духтару занони баъди зери назорати гурӯҳи «Давлати исломӣ» гузаштани шимоли Ироқ, мавриди истифодаи ҷангиён қарор гирифтани занон ба ҳисоб меравад. Занону духтарони дар ҳайати «Давлати исломӣ» буда, мавриди таҷовузи ҷинсии гурӯҳӣ қарор мегиранд. Дар робита ба ин, муҳаққиқ Самир Мускатӣ дар гузорише дар нашрияи «Foreign Policy» дар бораи занони зери назорати «Давлатӣ исломӣ» чунин ибрози назар менамояд: «Аксари онҳо, ки дар мақоми ғуломи шаҳвонӣ қарор доранд, аз даст ба даст мегузаранд, мавриди лату кӯб ва азияти зиёд қарор мегиранд. Тибқи баъзе ҳисобҳо, ҷангиён ғуломҳои шаҳвонии худро бо арзиши то 2 ҳазор доллар ба ҳамдигар ба фурӯш медиҳанд. Он занону духтарон дар ҳолати хеле бади равонӣ қарор доранд». Гурӯҳҳои ҷангҷӯи «Давлати исломӣ» чанде пештар беш аз 200 тан занони мутааллиқ ба аққалияти қавмии туркмани Ироқро рабуда, мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор доданд ва сипас куштаанд. Ин бояд дарси ибрат барои боқӣ мардуми гумроҳ бошад. Эҳсос мешавад, ки занон дар дохили ин гурӯҳ азият мекашанд. Пас, чӣ лозим аст, ки бо фиреби ифротиён худро ба доми бало мезананд? Бино бар маълумоти мақомоти Тоҷикистон ду зани тоҷик низ дар Сурия баъд аз марги ҳамсаронашон аз тарафи гурӯҳи «Давлати исломӣ» ба аъзои дигари ин созмон дода шуданд ва вазъи сангине доранд. Ин занон дар соли 2014 аз ҷониби шавҳаронашон бо роҳи фиреб ба Сурия бурда шудаанд. Пас аз марги шавҳарон занони тоҷикро маҷбурӣ ба шавҳар

дода, фарзандони ноболиғро ба лагерҳои террористӣ месупоранд. Ин гуна занон, ки мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор мегиранд, ҳамеша ва бо гузашти муддати мадид аз ин воқеа мушкилоти равонӣ мекашанд. Бонувон дар «Давлати исломӣ» дучори афсурдагӣ аз ин ҷурм ҳастанд. Факту арқом дар мавриди занҳои таҷовузшудаи «Давлати исломӣ» зиёд аст, аммо созмони ифротӣ аз мавориди зиёди таҷовуз шудани занон ва духтарон дар ин гурӯҳро ифшо кардан намехоҳанд. Чунки ба худ номи «Давлати исломӣ»-ро гирифтааст. Афроди таҳти сарпарастии «Даслати исломӣ», ки ба корҳои зишт даст мезананд, аз мазҳабу шариату дину ойин фарсахҳо дур ҳастанд. Аз ҷумла, аъзои ин гурӯҳ таҷовуз ба номусро дар меҳвари аслии гуфтугӯҳои худ қарор дода, барои ин фаъолиятҳояшон занону духтаронро бо роҳи фиреб ҷалб мекунанд. Ҳарчанд «Давлати исломӣ», ки ба ном барои дину шариат хидмат мекунад, аз назари ислом ин кори зишт аст. Дар шариати ислом ҳифзи зан - модар муқаддастарин дайни мусалмонӣ аст. Ҳадафи асосии «Давлати исломӣ» баракси дину шариат мебошад. Аъзо ва пайравони ҷинояткори ин ташкилот афроде ба шумор мераванд, ки бештарашон бемаърифат ҳастанд ва ба чунин аъмоли нангин даст мезананд. Бояд тазаккур дод, фаъолияти «Давлати исломӣ» мардуми сайёраро нигарон кардааст. Ҳатто бисёре аз рӯҳониёни маъруфи дунё, аз ҷумла, рӯҳониёни шинохтаи тоҷик «Давлати исломӣ»-ро фитна ва ҳадаф аз фаъолияташро низоъ андохтан дар байни мусалмонон номида, «ҷиҳод» будани ҷанги онҳо дар Ироқу Сурияро рад кардаанд. Рустам РАҲИМОВ

3


МУШКИЛИ РӮЗ

МАОРИФ

Ҷойи мошини ту пушти хонаи мо нест! Тавре мушоҳида мешавад, солҳои охир сокинони шаҳраку шаҳрҳо автомашинаҳояшонро дар назди биноҳои истиқоматӣ мегузоранд, ки бисёриҳоро ба ташвиш овардааст. Ин амал на танҳо ба сокинон, балки барои автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ ва сӯхторхомӯшкунӣ низ метавонад мушкил эҷод кунад. Тавре ба назар мерасад, автомашинаҳо ҳатто то назди даромадгоҳи бино гузошта мешаванд, ки баъзан барои баромадан аз баромадгоҳи бино ба сокинон нороҳатӣ меорад. Иддае аз ронандагон инро ба назар нагирифта, барои автомашинаҳои худ ҷойи қуллайтарро мекобанд. Имрӯз пайдо намудани ҷой барои мошин мушкил нест. Сари ҳар қадам истгоҳҳо (автостоянка) сохта шудааст. Гарчанде дар назди биноҳои истиқоматӣ гузоштани автомашина, аз ҷумла, автомашинаи боркаш манъ аст, аксари ронандагон инро ба назар намегиранд. Сабзина, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ-75 мегӯяд, то соати 12-и шаб ронандагон автомашинаҳои сабукрав, мусофиркаш ва ҳатто автомашинаҳои боркашро дар назди тирезаи онҳо ҷо мекунанд, ки бӯйи ғализ ва овози нақлиёт намегузоранд сокинон истироҳат кунанд. «Аз дасти ин ронандагон ва мошинҳо мо на шаб тирезаи худро кушода метавонему на рӯз. Раиси маҳалла маҷбур шуд, ки дар паси бино хок рехта, арча шинонад. Баъди ин ронандагон мошинҳои худро дар роҳи мошингузар, ки байни биноҳо барои «Ёрии таъҷилӣ» ва автомобилҳои сӯхторхомӯшкунӣ сохта шудааст, мемонданд. Субҳи барвақт бо овози баланд дод мезаданд, «мошини киай, ака мошинта гир, ман мошинма бурорум», ки ин ҳам осоиши сокинонро халалдор мекард. Мутаассифона, арчаҳо хушк шуданд. Ронандагон, ки бештарашон сокинони бинои мазкуранд, автомашинаҳои худро боз дар таги тирезаҳо ҷо мекунанд. Ман дар ошёнаи якум зиндагӣ мекунам, бемории фишор дорам. Аз бӯйи ғализ ва овози мошинҳо якбора бемориам авҷ мегирад». Сабзина, илова кард, ки баъди дубора ронандагон барои худ «стоянка» интихоб намудани таги бино як нафар истиқоматкунандаи бино маҷбур гардид, ки дубора дарахт шинонда, атрофашро бо панҷара маҳкам кунад. Бӯйи ғализи автомашинаҳо, аз ҷумла, мошинҳои боркаш метавонад ба саломатии мардум таъсири манфӣ расонад. Мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ партови муҳаррики дизелиро ба омилҳое ворид карданд, ки инсонро ба бемории саратон дучор мекунад. Агентии байналмилалӣ оид ба омӯзиши саратон партовҳои дизелиро аз гурӯҳи 2А (кантсерогенҳои

4

эҳтимолӣ) ба гурӯҳи 1А (чизҳое ки бо пайдоиши саратон вобаста аст) ворид кард. Мутахассисон маълум карданд, ки партовҳои дизелӣ сабаби пайдоиши саратони шуш мегардад. Коршиносон партовҳои муҳаррики бензинро ҳамчун саратонзо гурӯҳбандӣ кардаанд, ки инро ҳанӯз натиҷаҳои пажуҳиши ИАРС дар соли 1989 тасдиқ кардааст. Таҳлилгарони Созмони байналмиллии беҳдошт изҳор медоранд, далелҳои қатъиро дар даст доранд, ки партовҳои бензинию дизелӣ саратонро

ванд. Аз ҳар кадоми онҳо 2-3 сомонӣ мегиранд. Ҳодисае нашудааст, ки автомашинае зарар дида бошад. Ҳамаи онҳоро дар вақти зарурӣ соҳибонашон дастрас карда метавонанд. Баъзеҳо гароншавии ҳаққи хизматрасонии истгоҳҳои автомобилиро сабаби аз хизматрасонии онҳо истифода набудани ронандагон медонанд. Парвиз, сокини пойтахт, арз мекунад, ки сол то сол воридоти автомашина зиёд мегардад, вале ин маънои онро надорад, ки ронандагон

Шоҳҷоиза аз олимпиадаи лоиҳавӣ Ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Олимпиадаи лоиҳавии компютерӣ (Informatrix Asia and Pacific) баргузор гардид, ки дар он 360 нафар хонанда аз 25 мамлакат 180 лоиҳа пешниҳод намуданд. Боиси ифтихор аст, ки намояндагони Тоҷикистон дар ин олимпиада дониши баланд нишон дода, соҳиби шоҳҷоиза (2 медали тилло) гаштанд. Шоҳҷоиза ба муҳассилини Литсей-интернати муштараки тоҷикӣтуркии (ЛИМТТ) иқтисодии шаҳри Душанбе Абдулло Нозимов ва Барзу Мирзоев насиб гардид. Шарофиддин Қурбонов, Файзиддин Маҷидов (ЛИМТТ ба номи Мавлонои шаҳри Қӯрғонтеппа), Озаршои Халилулло ва Ҳусейнҷон Қудратов (ЛИМТТ шаҳри Кӯлоб) ба гирифтани медали нуқра ноил гардиданд. Муҳассилини Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе (DIS) Исрофил Исмоилов, Некрӯз Фозилов, Шералӣ Абдуллоев ва Султон ва Сафар Шамсуллоевҳо соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Дар маҷмӯъ, аз Тоҷикистон 10 хонанда ба олимпиадаи мазкур 5 лоиҳа пешниҳод карданд, ки аз ҷониби доварон сазовори баҳои баланд гардиданд. Ҳамин тавр, як лоиҳаи пешниҳодкардаи муҳассилини тоҷик ба гирифтани шоҳҷоиза, 1 лоиҳа ба гирифтани медали нуқра ва 2 лоиҳаи дигар ба гирифтани медали биринҷӣ ноил шуданд.

ба бор меорад. Ба андешаи Ҳоҷӣ Абдурасул, ронандаи автомашинаи сабукрав, ронандагон автомашинаҳои худро дар таваққуфгоҳи автомобилҳо гузоранд, то дар ҳолати сӯхтор ё омадани автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ» ба онҳо халал нарасонанд. - Бисёр ҳолат мешавад, ки ҳангоми аз кор баргаштан ва дар таваққуфгоҳ гузоштани мошинам мушоҳида мекунам, ки гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ пур аз мошин аст. Охир, наход дигар мошини боркашро низ дар назди бино монанд. Баъд, ронандагон шикоят мекунанд, ки рақами мошинашонро дуздиданд, балонашонро кафонданд ё тирезаи мошинаш шикастааст. Мошинашонро ба таваққуфгоҳ бурда монанд, субҳ бо дили пур рафта мегиранд, - афзуд Ҳоҷӣ. Дар даврони шӯравӣ дар маркази шаҳр гаштани автомашинаҳои боркаш манъ буд. Имрӯз, тавре мушоҳида мешавад, ҳам автомашинаҳои боркаши калон ва тракторҳо дар роҳҳои мошингард бемалол ҳаракат мекунанд ва назди биноҳои истиқоматиро барои худ таваққуфгоҳ кардаанд, ки дуруст нест. Толиб, як ҷавон, ки дар истгоҳи автомашинаи ноҳияи Фиирдавсӣ кор мекунад, гуфт, ба истгоҳи онҳо шабонарӯз автомашинаҳои зиёд гузошта меша-

автомашинаҳои худро дар роҳҳои мошингузар ё биноҳои истиқоматӣ гузоранд. «Ҳамеша аз мусиқии баланди мошинҳо шикоят мекардем. Имрӯз боз ин мушкил пайдо шудааст, - мегӯяд Парвиз. - Баъди ҷорӣ намудани ҷарима барои ронандагоне, ки мусиқии автомашинаашонро баланд мегузоранд, ин амалҳо камтар ба назар мерасад”. Ёдрас мешавем, ки гузоштани мусиқии баланд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки бештар сокинонро ба ташвиш овардааст, тибқи қарори раиси шаҳр манъ шудааст. Ҳар фарде, ки ин қонунро вайрон мекунад, аз 80 то 120 сомонӣ ҷарима месупорад. Инчунин, кормандони милитсия ҳуқуқ доранд, ба шахсони воқеӣ огоҳӣ диҳанд. Мувофиқи моддаи 462-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои дар кӯчаю майдонҳо, ҷойҳои фароғатӣ, воситаи нақлиёт, хобгоҳ, манзилҳои зист ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аз соати 23 то соати 6 доду фарёд намудан, навохтани асбобҳои мусиқӣ, истифодаи таҷҳизоти садодиҳандаи таъмирӣ, ки боиси халалдор намудани оромии ҷамъият мешаванд, манъ аст. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ бояд ин амалҳоро назорат кунанд. Манзумаи ФИРӮЗ

Донишгоҳи писандидаатонро интихоб кунед Бо ташаббуси нахустин ширкати марбут ба соҳаи маориф «TM-International» 23-24 апрел дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ-туристӣ ва инноватсионӣ баргузор мегардад. Дар он намояндагони Донишгоҳи техникиву эҷодии Лимкоквинг (Малайзия), Донишгоҳи СЕГИ, Донишгоҳ ва Коллеҷи Скайлайн (Аморати Муттаҳидаи Араб), Донишгоҳи тиҷоратӣ ва молияи Лондон (Англия), Донишгоҳи байналмилалии Қибрис ва ғайра ширкат мекунанд. Тайи ду рӯз ҷавонон бо шароити таҳсилу будубоши донишгоҳҳои маъруфи ҷаҳон ошно шуда, метавонанд оянда таҳсили худро дар мактаби олии писандидаашон идома диҳанд. - Ширкати мо соли 2008 фаъолияти худро ба роҳ монда, бо мусоидату ҳамкории Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Вазорати корҳои хориҷӣ, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ то ин дам як қатор намоишгоҳҳо доир намудем, - гуфт сардори ширкати «TM-International» Абдураззоқ Абдуллоев. – Дар натиҷа, имрӯз дар донишгоҳҳои Малайзия бештар аз 300 нафар ҷавони кишварамон таҳсил мекунанд. Намоишгоҳи мазкур 25 апрел дар шаҳри Турсунзода, 27 апрел дар «Кохи матбуот»-и Хуҷанд ва 28 апрел дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа доир мегардад. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9390), 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


ТУРИЗМ Тоҷикистон бо манзараҳои дилфиреб ва иқлими гуногунаш дар минтақа ҳамто надорад. Дар як вақт метавонед дар кишвари зебоманзари мо се фасли солро бубинед. Агар дар ноҳияҳои Шаҳритусу Носири Хусрав ҳаво мисли тобистон зиёда аз 35 дараҷа гарм бошад, дар шаҳри Душанбе айни фасли баҳор аст. Аммо каме ба самти шимоли пойтахт - ноҳияи Варзоб равед, ҳанӯз нафаси сарди зимистонро эҳсос мекунед. Сӯҳбати мо бо директори Мактаби махсуси намудҳои зимистонаи варзиш дар минтақаи Сафедораки ноҳияи Варзоб Зиннатулло Саидов дар ҳамин хусус сурат гирифт.

Мавсими лижаронӣ давом дорад Аз баҳор ба сайри зимистон равед рӯз барои истироҳаткунандагон боз буда, мушкили камбуди барқ нест. Таҷҳизоти мавҷуда пурра дар ҳолати корӣ қарор доранд. Ҳуҷраҳои дамгирӣ гарм буда, ошхона ҳамеша фаъолият мекунад. Ҳоло вазъи роҳ нисбатан беҳтар шудааст. Аз маҳаллаи Сарҳадчиёни пойтахт мошинҳои сабукрав субҳ то шом мусофиронро ба ин мавзеи истироҳатӣ меоранд. Бисёриҳо бо мошини худашон меоянд ва лижаронӣ карда, бегоҳ бо табъи чоқ ба хона бармегарданд. - Дар як вақт чанд нафар лижаронӣ карда метавонанд?

- Ҳоло барои 100 нафар лижа, 10 чана («санка»), 15 мошини барфгард («снегоход») мавҷуд аст. Истироҳаткунандагон бо хоҳиши худ аз ин лавозимот истифода бурда метавонад. Мо соли равон барқароркунию навсозии базаи лижарониро оғоз намудем. Ҳоло қариб 20 дарсади корҳои лоиҳавиро бо қувваи коргарони худамон ба тариқи ҳашар анҷом додем. Мақсад дорем, ки имсол ошхонаи нав, нуқтаи лижаронӣ бунёд намоем. Мутахассисони Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии САНИОСП бо мавзеъ ошно шуда,

лоиҳаи корҳои ба нақша гирифташударо бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мекунанд. - Оё баъди ба итмом расидани мавсими лижаронӣ ҳам ба мавзеи Сафедорак барои истироҳат рафтан мумкин аст? - Имсол бо сабаби зиёд будани корҳои сохтмонӣ мо дар фасли тобистон истироҳаткунандагонро қабул карда наметавонем. Аз тобистони соли 2016 мо метавонем ба истироҳакунандагон хизмат расонем. Бо ин мақсад, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, катҳои истироҳатӣ месозем. Ин мавзеи салқину хушбоду ҳаво базаи беҳтарини тобистона барои тамрини варзишгарони мамлакат хоҳад шуд. Сафедорак дар баландии 2350 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифта, ҳавояш тозаю беғубор аст. Касоне, ки иштиёқи фароғат ва варзиш кардан дар ин мавзеи зебоманзарро дошта бошанд, ҳар рӯз метавонанд ба таври инфиродӣ ва гурӯҳӣ барои лижаронӣ ба Сафедорак биёянд. Барои маълумоти муфассал метавонанд бо телефони 908-99-50-50 дар тамос бошанд. Истироҳати хуб нисфи саломатист!

- Мавсими лижаронӣ дар мавзеи Сафедорак то кай давом мекунад? - Мактаби мо фаъолияти худро ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май идома медиҳад. Имрӯзҳо, новобаста аз он ки дар пойтахт ҳаво гарм аст, дар мавзеи Сафедорак барф буда, барои лижаронӣ шароити қулай фароҳам аст. Барф шояд то нимаҳои моҳи май боқӣ монад. - Барои хоҳишмандоне, ки баҳри фароғат ба Сафедорак мераванд, чӣ шароит мавҷуд аст? - Дари базаи лижаронӣ ҳар

Мусоҳиб С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА

Дар ташкили оила саросемагӣ накунем Ҳар фарди ба балоғат расида баҳри ташкили оила кӯшиш менамояд. Ин майли инсон табиист ва яке аз вазифаҳои муқаддасу пурмасъулияти ӯ назди ҷамъият мебошад. Рушду камоли ҳар ҷамъият ба солимии оила ва наслҳои он вобастагӣ дорад. Дар аксар ҷамъиятҳои мутараққӣ ҷавонон дар ташкили оила ва тавлиди насли худ саросемагӣ зоҳир намекунанд. Ҳарчанд ҳукуматҳои ин мамлакатҳо барои оилаҳои ҷавон шароити хуби зист ва кӯмакҳои назаррас муҳайё сохтаанд. Таваққуф дар ин амал бартариҳои зиёд дорад. Онҳо дар ин давра илму касб меомӯзанд, кори мувофиқ пайдо намуда, муваффақиятҳои аввалинро комёб мегарданд. Ҷаҳонгардӣ мекунанд, соҳиби хона ва хоҷагии оилавӣ шуда, узви комили ҷамъият мегарданд. Албатта, ҳар як фард, ки ба роҳи пурмасъулияти оиладорӣ қадам мегузорад, дар дил орзуву умедҳои нек мепарварад. Аммо, чи тавре ки ҳар яки

мо шоҳид ҳастем, на ҳамаи онҳо ба мақсад мерасанд. Сабаб аз як тараф душвориҳои ҳаёт бошад, аз тарафи дигар ва асосан баркамол набудани шахсони хонадоршаванда ва норасоии донишу малакаи онҳо оид ба ҷабҳаҳои ҳамзистӣ, ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти фарқкунанда доштани зану мард, оиладориву хоҷагидорӣ, таъминоти оила, муносибатҳои оилавӣ, тарбияи фарзандон ва ғайра мебошад. Ҳар яки мо ҳоли оилаҳои пошхӯрда, насл ва волидони ононро дида, афсӯс мехӯрем. Масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2014 аз 95500 ақди никоҳи бақайдгирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст. Сабаб, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад. Инчунин, дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардидааст. Тибқи маълумоти оморӣ имрӯз дар қаламрави кишвар наздик ба 13 ҳазор нафар кӯдаку наврасони маъюби то 18-сола ба қайд гирифта шудаанд, ки бештари онҳо маъюби модарзод аз никоҳи хешовандӣ ба дунё омадаанд. Таъсири бади оилаҳои пошхӯрда, пеш аз ҳама, ба фарзандон мерасад. Чунки оила дар ҷамъият баҳри инкишофи насли ҷисман

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9390), 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

ва рӯҳан солим аҳамияти марказӣ дошта, ҳар узви он дар қаноатмандии талаботи шахсият аз қабили ҷисмонӣ, рӯҳӣ, эҳсосотӣ ва маънавӣ нақши муайян дорад. Барои кӯдак дар давраи аввали ҳаёташ ҷудоӣ аз модар хатарнок аст ва аксари мо шоҳиди ин ҳол гаштаем. Лекин ба ҷудоии кӯдак аз падар, ки ҳолати паҳнгардида аст, аҳамияти хоса дода намешавад. Ҳол он ки набудани падар кӯдакро аз таъсири ботамкин, оромкунанда вуҷуду боварибахши ӯ маҳрум месозад. Дар оилаҳои пошхӯрда бори гарони оиладорӣ ва тарбияи фарзанд ба дӯши зан мемонад. Дар натиҷа, бо сабаби норасоии вақт ва харобии рӯҳи модар кӯдакон аксар вақт ба ҳоли худ танҳо мемонанд. Таъсироти шахсони бегона нисбат ба кӯдак зиёд гашта, бо сабаби тамкинашон дар муносибат бо ӯ ба мисли падар набудан таъсири манфӣ доштанашон аз эҳтимол дур нест. Агар онҳо зери таъсироти шахсони ахлоқашон коста афтанд тамоми умр роҳгум зада, канори ҷамъият умр ба сар хоҳанд бурд. Кӯдакони дар оилаҳои пошхӯрда ба воя расида нисбатан маҳдуд, интизом ва тартиботашон коста буда, нобовар ва зудранҷу ҷанҷолӣ мегарданд. Ин далелҳо ишора бар он аст, ки ҳар як ҷавон бояд оид ба «Интихоби дурусти ҳамрадифи ҳаёт», «Ташаккули дуруст ва устувори оила», «Оила ва оиладорӣ, тартиботу муносибатҳои оилавӣ»

ва ғайра маълумоти зарурӣ дошта бошад. Агар волидон аз ӯҳдаи роҳҳои дурусти тарбияи фарзандон дар оила ва берун аз он набароянд, баҳри ташкил ва ташаккули оилаҳои солим дар ҷамъият накӯшанд, пешомади ҷамъият, мамлакат ва давлати мо нек буда наметавонад. Шабнам ХАЛИФАЕВА, Нарзигул РОЗИҚОВА, омӯзгорони МТМУ №94-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

5


БА ПЕШВОЗИ 70-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ Сокини деҳаи Қаҳрамон, ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Ҳисор, мӯйсафеди нуронии хушришу бурут Убайдулло Муродовро аз солҳои кӯдакӣ медонистам. Он кас ҳамқишлоқи мо буданд. Писари калониаш Амонулло ҳамсинфам буд. Вале ба ҳаёту фаъолияти ӯ жарфтар замоне шинос шудам, ки аз пайи шуғли дӯстдоштаам – омӯзиши воқеаҳои таърихӣ, аз ҷумла, Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба деҳаи онҳо омада, ҳамроҳаш борҳо сӯҳбат намудам. Ёдаш ба хайр, аҷаб марди хушгапу ширинбаён буд. Сӯҳбаташ ба кас лаззат ва рӯҳ мебахшид...

Убайдулло дар назди Москва ба вуқӯъ пайваст. Қӯшунҳои фашистӣ хатти мудофиаи пойтахти Ватанро рахна карданӣ шуда, ба ҳуҷум гузаштанд. Гурӯҳи ҷанговароне, ки қумандони ҷавон, тоҷикписар Убайдулло Муродов сарварашон буд, аз ҳуҷуми ногаҳонӣ худро гум накарданд. Тамоми таҷрибаи андӯхтаашонро истифода бурда, ҳуҷумро шикаст дода, душманро маҷбур карданд, ки ақиб нишинад. Муборизаи минбаъдаи Убайдулло Муродов дар полкҳои тирандозии 118 ва 190-и фронти 1-уми Белорус сурат гирифт. Бо фармони махсус шербачаҳои зери итоати ӯ, барои санҷиши вазъият ба самти Орёл фиристода шуданд. Муайян карданд, ки дар масо-

Вай аз меҳри падару модари азиз танҳо то 10-солагӣ баҳраманд шуду халос. Баъди вафоти волидайн маҷбур шуд, ки ризқу рӯзиашро худаш пайдо кунад. Аз ин рӯ, хизмати одамонро ба ҷо меовард: оғил меруфт, обу ҳезум мекашонд, алаф медаравиду молбонӣ мекард. Дар баробари ин, талош меварзид, ки аз мактаб қафо намонад. Баъди хатми синфи сеи мактаби деҳа тақдир ӯро ба мактаб-интернати ҳамонвақтаи ноҳияи Ҳисор овард... 22 июни соли 1941. Германияи фашистӣ ба хоки муқаддаси мамлакати шӯравӣ, ки он замон ватани мо - тоҷикон ҳам ба шумор мерафт, аҳдшиканона ҳуҷум кард. Миллионҳо ҷавон ин хабари даҳшатангезро шунида, баҳри ҳифзи Ватани маҳбуб камар бастанд, аз ҷумла, Убайдуллои 21сола ҳам. 23 июн ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, хоҳиш кард, ки ӯро ҳам баҳри ҳифзи Ватани маҳбуб сафарбар кунанд. Хизмати ҳарбӣ аввалан аз Фарғона оғоз ёфта, дар Тошканду Алмаато давом кард. Убайдулло дар ин шаҳрҳо нозукиҳои соҳаи ҳарбиро омӯхта, рутбаи сержант гирифт... Муҳорибаи аввалини ҷангии

фаи 17 километр аз шаҳри Орёл қӯшунҳои пуриқтидори фашистӣ камин гирифта, интизори фармони ҳуҷуманд. Аз ин вазъият сержант Муродов фармондеҳони худро огоҳ сохт. Рӯзи дигар аскарони шӯравӣ бо ҳуҷуми ногаҳонӣ истиллогаронро торумор намуда, шаҳри Орёлро озод карданд. 12 январи соли 1945 қӯшунҳои шӯравӣ дар тамоми ҷабҳаҳо – аз Балтика то Дунай ба ҳуҷум гузаштанд. Дар муҳорибаҳои хунини озодкунии Полша ҳазорҳо фарзанди Тоҷикистон низ иштирок намуда, корнамоӣ нишон доданд, ки яке аз онҳо тоҷикписар, тирандози моҳир, қумандони ботаҷриба Убайдулло Муродов буд. У. Муродов моҳи октябри соли 1946 ба зодгоҳи азизи худ баргашт. Ба захмҳои ҷангӣ нигоҳ накарда, ба корҳои хоҷагии қишлоқ машғул шуд. Дар ободу зебо кардани деҳот иштироки фаъолона кард. Ӯро ҳамдиёрон раиси колхози ҳамонвақтаи Қаҳрамон интихоб карданд. Баъдтар раисии Совети қишлоқи Қарамқулро ба зиммааш гузоштанд. - Бобои Убайдулло баъди ба нафақа баромадан ҳам оромӣ надошт, - гуфт бародарам Тошхон

Юсуфов, ки он замон директори мактаби деҳа буд. - Аз корҳои ҷамъиятӣ худро канор намегирифт. Баракс, ташаббускори ҳамин гуна фаъолиятҳо буд. Раисии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати деҳотро бар дӯш дошт. Зуд-зуд меҳмони мактаб гардида, дар кори тарбияи ҳарбӣватандӯстии наврасону ҷавонон фаъолона ширкат мекард. Он солҳо ташкил кардани хатсайри нақлиёти мусофирбар яке аз масъалаҳои мушкили рӯз ба ҳисоб мерафт. Вале, маҳз бо ташаббуси бобои Убайдулло Муродов ва чанд ҳамақидаю ҳамфаъолиятонаш орзӯи бисёрсолаи сокинони деҳаи Қаҳрамон ҷомаи амал пӯшид. Онҳо дигар ба маркази ноҳия пи-

родов, Эмом Сангинов, Холмаҳмад Холиқов аз ҷанг маслуқу маҷрӯҳ баргашта, баъди чанде дар деҳаи худ фавтиданд. Ману мӯйсафеди чақ-чақии хушзавқ Убайдулло Муродов аз кӯчаҳои деҳа қадам мезадем. Ӯ аз дигаргуниҳои деҳаи азиз, ҳаёти хушҳолонаи ҳамдиёрон нақл мекард. - Мо, чунин давраро орзу ҳам карда наметавонистем, - гуфта буд ӯ. - Ҳамсолони ман ду давраи қаҳтию гуруснагиро аз сар гузаронидаанд. Он солҳо мардум аз гуруснагӣ нони зағора, кунҷора, алафи ҷавмонанди так-так, ҷав, решаҳои аҷириқ мехӯрданд. Ҳатто дар рӯйи қоқую шамбут ва кавару рова талош мешуд. Дар он замон

тинҷию осоиштагӣ бояд расид. Ин суханони Убайдулло Муродов имрӯз ҳам қимати худро гум накардаанд. Баракс, агар жарфтар андешем, мефаҳмем, ки қимати онҳо боз ҳам гаронтар гардидааст. Убайдулло Муродов, Бобошариф ва Тошхон Юсуфовҳо, Темур Файзов, Эмом Сангинов, Гулмурод Шарифов, Ашӯрмуҳаммад Тиллабов... дар деҳаи мо аз одамоне буданд, ки мардумро ба ташаббускорию ғайратмандӣ, ба дӯстию рафоқат, сабру таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят мекарданд. Худ пешдаро мешуданду мардумро аз пайи хеш мебурданд. Зарур аст, ки сокинони имрӯзаи деҳа, алалхусус, ҷавонон ҳамчун ворисони арзанда ба онҳо пайравӣ намоянд, кору ному зин-

ҳамин гиёҳҳо ҳам ба мардум намерасиданд. Хушбахтона, имрӯз дар мамлакатамон нон фаровон аст. Вале, ин ҳеҷ вақт маънои беқдру хор гардонидани онро надорад. Ба қадри ин серию пурӣ, ба қадри ин

дагиашонро ба худ ибрат кунанд, то мисли эшон кори неку номи неки хешро ба ёдгор гузоранд.

Ворисони гузаштагон бояд буд То номи нек ба ёдгор монад ёдаю маркабсавор не, балки бо автобус равуо мекарданд. Тавасути ба фаъолият шурӯъ кардани хатсайри нақлиёти мусофирбар роҳҳои қишлоқ низ таъмир гардиданд, кӯпрукҳо пурқуввату васеътар гаштанд. Аз ҳама асосӣ, рафту омади донишҷӯёне, ки дар таълимгоҳҳои миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияҳо мехонданд, осон гардида, барои ба чунин таълимгоҳҳо дохил шудану касб омӯхтани духтарон низ имкон фароҳам омад. - Ман шахси басо хушбахту баландтолеъ будаам, ки даҳҳо бор бо марг рӯ ба рӯ шудаму боз зинда монда, ба диёри худ баргаштам ва ба меҳнати осоишта машғул шудам, - мешунавам аз карнайи магнитафон садои бобои Убайдуллоро, ки ҳанӯз соли 1987 сабт карда будам. - Вале, зиёда аз 20 миллион одами шӯравӣ аз майдони ҳарбу зарб барнагаштанд. Танҳо аз деҳаи хурдакаки Қаҳрамони мо (дар он солҳо Авзикент) ёдашон ба хайр Юлдошхон Ҳакимов, Ӯроқ Шарифов, Соҳибназар Назаров, Гулмурод Ғоибов, Ҳасан Бобоев, Холмурод Бобоев ва боз чанде дигарон абадӣ дар майдони муҳориба монданд. Маҳкамбой Му-

Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ, нависанда

КОНФРОНС

СҲШ, БРИКС ва рушди устувори иқтисод Дирӯз бо дастгирии Вазорати молия дар Донишкадаи молия ва иқтисод видеоконфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «СҲШ ва БРИКС омили устуворӣ ва болоравии иқтисодиёти глобалӣ» доир гардид. Дар он устодону донишҷӯёни Академияи хизмати давлатӣ ва идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистон, Маркази авруосиёии «Самрау» ва филиали Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия дар Челябинск ширкат варзиданд. Дар оғоз А. Солиев, ректори донишкада, Н. Попов, декани факултаи муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, Л. Саидмуродов, профессори кафедраи муносибатҳои молиявӣ суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҷомеаҳои илмиро муттаҳид

6

намуда, барои густариши робитаҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд. Баъдан, Меҳтархон Содиқов, мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣқарзии байналхалқӣ, донишҷӯёни факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Нафосат Ҳотамова, Нуриддин Абдусаидов, Махсум Мазбудов, Дилноза Давлатбекова, Азиза Мамадзарифова, Иля Татаринов ва Рангина Амадбекова вобаста ба мавзӯи матраҳгардида маърӯза карданд. Насрулло ТУЙЧИЗОДА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9390), 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


КОМЁБӢ

“Қанд паҳлӯи доварон бошад” Чанде пеш як гурӯҳ адибони тоҷик дар озмуни телевизионии «Қандпаҳлу»-и шабакаи «Омӯзиш»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуданд. Суҳбате доштем бо ғолиби озмун, шоири ширинкалом Хайрандеш. - Устод, аввалан Шуморо барои ғолиб омадан дар ин озмуни шеър табрик менамоем... - Миннатпазирам. - Мехостам дар бораи ин озмун каме маълумот медодед. - Озмуни мазкур дар мавзӯи шеъри танз муддати 5 сол шуд, ки дар телевизиони «Омӯзиш»-и Эрон баргузор мешавад ва мухлисони зиёде дар дохил ва хориҷи кишвар дорад. Мавзӯи озмуни «Қандпаҳлу» проблемаҳои рӯзмарраи зиндагии мардумро бо шеъри танз ифода кардан аст. - Шумо чӣ гуна ба ин озмун даъват шудед? - Ба сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон даъватам карданд. Гуфтанд, ки ба Эрон меравем. Дар он ҷо озмуни шеъри танз мешудааст. Ин сафарро Баҳриддин Мирзоев, корманди Институти шарқшиносӣ, ташкил карда будааст. Пагоҳаш мо як гурӯҳ адибон ба Эрон парвоз намудем. Аввал ба Машҳад, баъд ба Теҳрон парвоз кардем. Озмуни телевизионии «Қандпаҳлу» пеш аз Наврӯз сабт мешудааст. Мо 10 рӯз пеш даъват шуда будем. - «Қандпаҳлу» номи худро аз куҷо гирифтааст? - Дар Эрон ба назди меҳмон қаҳва ё чой меоранд. Дар зери истакон тақсимча низ ҳаст. Дар тақсимча, яъне, дар паҳлуи истакон, ду қанд гузошта мешавад. Инро қандпаҳлу мегӯянд ва дар Эрон ин вожа хеле маъмулу машҳур аст. Бинобар ин, озмун аз ҳамин вожа гирифта шудааст. - Озмун чӣ гуна доир мегардад? - Ҳайати доварон аз се нафар шоирону танзгарони беҳтарини Эрон иборат аст. Дар назди онҳо дар як аробача қанд гузошта шудааст. Дар рӯ ба рӯи доварон иштирокчиёни озмун мешинанд. Ду нафар аз шоирони Эрон, як нафарӣ аз адибони Афғонистону Тоҷикистон ва як баранда. Барандагиро яке аз шоирони танзнависи маъруфи Эрон Ризо Рафӣ бар ӯҳда дошт. Озмун 5 рӯз давом кард. Дар ҳар марҳила 8 мавзӯъ пешниҳод мешавад. «Қандпаҳлу» барномаи телевизиониест, ки дар Эрон маълуму машҳур буда, мардум онро дӯст медоранд. Махсусан, шаҳрдори шаҳри Теҳрон Муҳаммад Боқир Қолинбоф мухлиси ин барнома мебошад. Ҳар сол як мавзӯъ баррасӣ мешавад. Мавзӯъҳо гуногунанд. Имсол мавзӯи барнома қоида ва проблемаҳои ҳаракати нақлиёт буд. - Барнома мустақим аст? - Не. Барномаро то Наврӯз ба навор гирифтанд ва аз 21 март то 1 апрел ба намоиш гузоштанд. - Довталабон аз дигар кишварҳо низ буданд? - Довталабон ва шахсоне, ки мехоҳанд дар ин озмун иштирок намоянд, хеле зиёданд. Аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 4 нафар, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар ва

аз ҳар як шаҳри Ҷумҳурии Исломии Эрон ба монанди Қум, Исфаҳон, Машҳад, Теҳрон, Ҳамадон ва ғайра довталабон 4-нафарӣ буданд. Хусусан, аз шаҳри Теҳрон иштирокчиён хеле зиёд буданд. Озмун дар 8 қисмат баргузор шуд. Қисмати аввал байтбарак аст. Ҳангоми байтбарак шоҳбайти дорои мазмуни баландро ба инобат мегиранд. Қисмати дуюм «паҳлӯи қанди Ҳофиз» ном дорад. Дар ин марҳила як мисраъ аз Ҳофиз оварда мешавад ва мисраҳои боқимондаро иштирокчиёни озмун менависанд. Дар навиштаи онҳо лутфу танзу шӯхӣ бояд бошад. Чӣ қадар навишта кӯтоҳу

ҳозиринро қоил кард. Шоира то охири мандат иштирок намуд. Дар охир аз Тоҷикистон ман, аз шаҳри Ҳамадони Эрон Ҷаводи Нурӣ ва аз Афғонистон Ҳамид Мубашшир мондем. Дар вақти равиши озмун доварон се бор барои маслиҳати пӯшида ба утоқи алоҳида рафтанд. Чунки надонистанд ҷои аввалро ба кадоми мо диҳанд. Дар охир ба ҳар сеямон ҷои аввалро сазовор донистанд. Хулоса, дӯстӣ ғалаба кард. Озмун бисёр шавқовар гузашт, чун ҳама шоирон хуб буданд ва ба худ бовар доштанд. Агар дар бораи озмун мушаххас нақл ку-

пурмазмун бошад, ҳамон қадар баҳои баланд мегирад. Ин марҳила метавонад паҳлӯи қанди Саъдӣ ё Бедил ва ё дигар шоир бошад. Шарти сеюм «ҳадафмандии шоирона» ном гирифтааст. Дар ин давр ду калима ва ё вожа пешниҳод мешавад. Дар як байт ё дар мисра бояд ин калимаҳо ҷой дошта бошанд. Ҳамин қисми озмун дар бозии дуюм се калима, дар бозии сеюм чор калима ва ҳамин хел зиёд шуда рафтан мегирад. Яъне, дар даврҳои дигар мураккабтар шудан мегирад. Шарти дигар муболиға аст. Дар мавзӯи тамбашавии нақлиёт (эрониҳо трафик мегӯянд) иштирокчии озмун бояд дар мисраҳои навиштааш муболиға (иғроқ, дурӯғ)-ро истифода барад. Чӣ қадар иғроқи баланд бошад, ҳамон қадар баҳои баланд мегирад. Яъне, дар ин қисмат тахайюли шоиронаи иштирокчиёнро меозмоянд. Шарти панҷум «Аксу макс» ном дорад. Акси дар мавзӯи тамбашавии нақлиёт, қоидавайронкунии мошинҳо ва ба ин монандро ба иштирокчиёни озмун нишон медиҳанд ва дар бораи он мисраҳои танздор навишта мешавад. Қисмати дигар «тарҳу шарҳ» ном дорад. Дар ҳамин мавзӯъ расмҳои карикатурадор ҳаст. Ин гуна расмҳоро нишон медиҳанд ва иштирокчиёни озмун бояд чизе нависанд. Шарти дигар «як даҳан овоз» ном дорад. Дар ин марҳала аз сарояндаҳои тоҷик, афғон ва эронӣ суруд мешунавонанд. Шарт аз он иборат аст, ки дар ҳамон оҳанг, вазн ва қофия шеъре бояд навишт, ки танз дошта бошад. Ман, ки дар суруднависӣ таҷриба дорам, дар ин шарт танқисӣ накашидам. Аз овозхонҳои мо сурудҳои устод Давлатманд Холов, Қурбоналӣ Раҳмонов, Боймуҳаммад Ниёзов, Сайфиддин Акрамов ва дигаронро шунавониданд. Охиринин қисмат «нур, тасвир ва лабханд» ном дорад. Дар он филми тасвирӣ нишон дода мешавад. Филми тасвирӣ низ дар мавзӯи нақлиёт аст. - Аз Тоҷикистон киҳо иштирок доштанд? - Ман, Шоираи Раҳимҷон, Дурандеш ва адибаи навқалам Марҷонаи Рамазон. Рости гап, ба ҳамаи ҳамроҳон, то ҷое тавонистам, кӯмак кардам, ки ғолиб бароянд. Шоираи Раҳимҷон дар бисёр шартҳои озмун

нам, хотироти фаромӯшношуданӣ хеле зиёданд. Масалан, дар «паҳлӯи қанди Ҳофиз» чунин мисраҳо гуфта шуд: «Мекунад Ҳофиз дуое, бишнав омине бигӯ». Ман бадоҳатан гуфтам: Мекунад Ҳофиз дуое, бишнав омине бигӯ, Гар дуо кам ҳаст, кун аз даргаҳи Ҳақ илтимос. Ҳар дуо дар ҳар куҷое ҳаст, бояд ҷамъ кард, Аз трофикҳо шавад ҷони халоиқ то халос. Ё ин ки дар «паҳлӯи қанди Ҳофиз» чунин мисраъ омад: «Танӯри лола чунон барфурӯхт боди баҳор». Ман гуфтам: Танӯри лола чунон барфурӯхт боди баҳор, Танӯри хонаи мо шуд панаҳ паси девор. Дар «паҳлуи қанди Саъдӣ» чунин мисраъ пешниҳод шуд: «Одаме нест, ки ошиқ нашавад фасли баҳор». Ман чунин ҷавоб гуфтам: Одаме нест, ки ошиқ нашавад фасли баҳор, Ошиқе нест, ки рафтор кунад одамвор. Дар марҳалаи калимадиҳӣ вожаҳои «хат» ва «обир» пешниҳод шуд. Ин ҷо вожаи «хат» маънои хати роҳи пиёдагард ва вожаи «обир» маънои шахси убуркунандаро дорад. Ман навиштам: Хату обир ба ҳам носозгоранд, Дигар парвои ҳамдигар надоранд. Агар обир надонад қадри ин хат, Хати ӯро аз он дунё биёранд. Ё ин ки дар озмуни “панҷ калима” вожаҳои «хурӯс”, “кулоҳ”, “суръат”, “бод”, “ҷеғ”-ро ба мо супориш доданд. Дар ду мисраъ мототсиклро дар назар дошта, гуфтам: Бодсуръат, ки буд, афтод кулоҳаш, афсӯс, Аз пасаш ҷеғ назан, боз нагардӣ ту хурӯс. Дар масъалаи трофикҳо бояд иғроқи баланд мегуфтем. Ман бадоҳатан чунин навиштам:

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9390), 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

Трофик, ал-амон, аз дасти ту як дам наосоям, Чу кирми пилла дар мошин бипечам, чеҳра нанмоям. Дар ин муддат, ки гаштам банд, агар худ роҳ паймоям, Пиёда миллион раҳ Каъба рафта, боз меоям. Дар қисмати дигар дар бораи сарнишин бояд чизе мегуфтем. Дар шаҳри Теҳрон дар як мотосикл то 5 нафар мусофир савор мешавад. Ман иғроқ карда, гуфтам: Сарнишин дар мутару мошин зи анҷум беш аст, Беш аз мӯйи сари Хайёму Хайрандеш аст. Чун ин мисраъҳоро мегуфтам, ҳакамон кафкӯбӣ карда, механдиданд. Дар сӯҳбати озод ҳам бояд ҳар кас ягон чиз нақл мекард. Дар ин гуна суҳбатҳо ман бадоҳатан ягон шеър мехондам. Масалан, агар дар ягон мавзуъ сухан мекарданд, ман бадоҳатан мисраи дуюмашро мегуфтам. Ин озмунӣ нест, лекин ҳозирҷавобиро ба инобат мегирифтанд. Дар як ҷо ба ҳакамон гуфтам, мумкин аст, дар бораи аробаи қанд, ки дар наздатон ҳаст, чор мисраъ гӯям? Ҳакамон иҷозат доданд. Ман хондам: Ин чи расме ба Ховарон бошад, Қанд паҳлуи доварон бошад. Қанд паҳлуи мо агар мебуд, Шаҳди ашъори мо дигар мешуд. Доварон аз ин мисраҳо бисёр завқ бурда, каф мезаданд ва ҳатто мисраҳои гуфтаи маро навишта гирифтанд. Чунин лаҳзаҳои хотирмон хеле зиёд буданд. - Ҷоиза чӣ буд? - Ҷоиза булури нақшин ва шоҳҷоиза аз як қанди калони дар завод тарошидашуда иборат буд. Аз шоҳҷоиза ман гирифтаму Ҳамид Мубашшир гирифту Ҷаводи Нурӣ. - Устод, халқи мо ҳам ба монанди эрониҳо халқи фарҳангдӯсту шеърпарвар мебошад. Чунин озмунҳоро дар ҷумҳурии мо ҳам ташкил кардан мумкин аст? - Дар мо адибону шоирони танзгуфтору ҳозирҷавоб, ба монанди Мирзо Файзалӣ, Гурез Сафар, Раҳмат Назрӣ, Сайёд, Қосимҷон Зарифӣ, Орзу Исоев ва ғайра хеле зиёданд. Барномаи «Қандпаҳлу» ба Тоҷикистон нияти омадан дорад. Ин ҷо қайд кардан лозим аст, ки шоирони онҳо пуртаҷриба ва ба ин озмун тайёранд. Ҳатто мо дар Эрон пеш аз озмун аз қоидаву қонун ва шартҳои он огаҳӣ надоштем. Шартҳоро ҳангоми озмун ва ё пеш аз саршавӣ мешунидему ҳамон лаҳза тайёр мешудем. Аз ин ҷиҳат мо каме мушкилӣ доштем. - Мақсад, мо ҳам чунин як озмуни сирф тоҷикӣ ташкил карда метавонем? - Мо тасмии гирифтем, ки ба ҳамин озмун монанд, вале бо қоида ва шартҳои дигар байни кӯдакон ва ҷавонон дар шабакаи «Баҳористон» озмуне бо номи «Ҳамешабаҳор» ташкил кунем. Ба роҳбарияти ин шабака пешниҳоди худро равон кардем. Шоираи Раҳимҷон низ ният дорад, ба монанди озмуни «Қандпаҳлу» дар Тоҷикистон як озмун ташкил кунад. Номашро ҳам фикр кардем: «Асалханда». Ӯ пурмаҳсулу хушгуфтор аст ва аз техникаҳои ҳозиразамон огоҳӣ дорад. Боварӣ дорам, ки Шоира аз ӯҳдаи ин кор мебарояд. Мусоҳиб Ашраф АФЗАЛ, “ҶТ”

7


ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲА 17 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он роҳбарони Дастгоҳи марказӣ, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои система иштирок карданд. Доир ба масъалаи якуми рӯзнома - Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали сол ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли равон Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гузориш дод. Зикр гардид, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ фаъолиятро дар самти таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва заминаи методию иттилоотӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ, дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, оммавӣ, варзишӣ, рушди соҳаи туризм ва муносибатҳои байнисоҳавию байналмилалӣ равона намуда, ҷиҳати ҷалби наврасону ҷавонон ба тозаву обод намудани диёр, тарбияи меҳнатии онҳо Амалиёти ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ, таҳти унвони «Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» доир намуд, ки дар он то 10 апрел зиёда аз 100 ҳазор наврасу ҷавон иштирок карданд. 2 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ» баргузор гардид. Дар он 400 нафар, аз ҷумла, намояндагони ҷавонони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат варзиданд. Зимни ҳамоиш роҳбарони як қатор вазорату идораҳо перомуни шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, терроризму экстремизм сухан карда, ҷавононро ба ҳамкорӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб даъват намуда, вобаста ба пешгирии он таклифу пешниҳодҳо баён доштанд. Ҳозирин ба хулоса омаданд, ки дар ин самт бояд тамоми сохторҳои маҳалӣ корро ҷонок намуда, ба мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкории зич дошта бошанд. Дар ҳамин радиф сохторҳои маҳалӣ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ супориш гирифтанд, ки дар боғҳои маҳалии шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби ҷавонон ташкили чорабиниҳои фарҳангию фароғатиро бештар ба роҳ монанд. Вобаста ба Соли оила эълон гардидани соли 2015 Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва дар заминаи он мулоқоту озмунҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардида истодаанд. Аз ҷумла, 7 март бо мақсади ҳавасмандгардонии

8

биринҷӣ гардиданд. Вобаста ба масъалаи омодагии варзишгарон ба Бозиҳои олимпӣ бо федератсияҳои варзишӣ ҳамкориҳо дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда мешавад. Айни замон, тамоми тадбирҳо ба Бозиҳои олимпии Рио де Жанейро - 2016 равона шуда истодаанд. Аз ҷумла, то имрӯз бо 52 федератсия ва ассотсиатсияҳои варзишӣ шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонида шудаанд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баҳри татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм ва беҳтар сохтани фазои фаъолият низ корҳои муайян анҷом дод. Бо мақсади шиносоӣ аз имкониятҳои

Муносибат бо варзишро

Гузориш аз ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати собиқадорзанони соҳаи кор бо ҷавонон ва донишҷӯдухтарони муассисаҳои олии пойтахт дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони «Зан – чароғи хонадон» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 300 нафар бону иштирок ва ба фароғат фаро гирифта шуданд. Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оила вохӯриҳо дар хобгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ доир гардида истодаанд, ки зимни

2015 ба ҷавонони ниёзманд 5000 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд. Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии табақаи ниёзманд аз ҷониби Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов якҷо бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар арафаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз хатнасури 16 кӯдаки ятиму камбизоат ва тӯйи домодиву арӯсии як ҷуфти ҷавонони ятим барпо шуд. Инчунин, Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти дав-

272 чорабинӣ (нисбат ба семоҳаи аввали соли 2014 65 чорабинӣ зиёд) доир гардиданд, ки дар онҳо 54400 нафар фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23350 нафар зиёд мебошад. Дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва татбиқи босамари қонунгузории алоқаманд ба онҳо дар ҷумҳурӣ 11 лоиҳа бо маблағи 49700 сомонӣ амалӣ гардида истодаанд ва то ба имрӯз 17600 нафар намояндаи ҷавонон, занон, волидон, раисони

онҳо масъулин перомуни шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, иштироки онҳо дар ҷангҳои давлатҳои исломӣ, тақлид ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайр, даст задани наврасону ҷавонон ба омилҳои номатлуби худкушиву худсӯзӣ ҳарф зада, ҷавононро ба касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, воқиф будан аз технологияи муосир, саҳм гузоштан дар боз ҳам обод намудани диёр ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ даъват менамоянд. Дастгирии иҷтимоии ҷавонон яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон муайян гаштааст. Дар ин самт бо мақсади дастгирии иҷтимоии ҷавонони маъюб, бепарастор ва ниёзманд дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-

латии ноҳияи Ёвон бахшида ба ҷашни Наврӯз 23 март дар деҳоти Ҳасан Ҳусейни ноҳия чорабинии фарҳангӣ ва тӯйи сунатии 6 кӯдак аз оилаҳои камбизоатро баргузор намуд. Ин иқдом аз ҷониби бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Варзоб, Ҷиргатол ва Файзобод низ роҳандозӣ шуд. Тарбияи ватандӯстӣ низ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Дар ин самт зимни чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва Рӯзи модар чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ ва варзишиву оммавӣ доир гардиданд. Умуман, дар самти ватандӯстӣ 41 чорабинӣ (соли 2014-39 чорабинӣ) бо фарогирии 13250 ҷавон (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1500 нафар зиёд) ва дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ

маҳалаҳо ва пешвоёни дин бо маълумоти манфиатбахш фаро гирифта шуданд. Тибқи Нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҷмӯан дар семоҳаи аввали сол бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 13 чорабинии варзишӣ, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пешин 7 адад зиёд аст, баргузор гардиданд. Дар онҳо 1366 варзишгар, аз ҷумла, 249 бону ширкат намуданд. Дар ин давра варзишгарон, аъзои дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба намудҳои гуногун дар 14 Чемпионати ҷаҳон, Осиё, Ҷоми ҷаҳон, Шоҳҷоиза ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 199 медал, аз ҷумла, 63 тилло, 48 нуқра ва 88

туристии минтақаҳо 14-22 январи соли равон ҳайати кумита ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дод. Зимни сафар ба ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ вохӯриҳо доир гардида, масоили имкониятҳои туристии минтақаҳо, ташкили маркази ҳунарҳои дастӣ, савғотӣ барои сайёҳон, таъсис додани меҳмонхонаҳои замонавӣ дар ноҳияҳо, ташкил кардани хатсайрҳои нав оид ба рушди туризми дохилӣ, таҳия намудани харитаи туристии ноҳияҳо баррасӣ гардиданд. 3-8 март дар шаҳри Берлини Ҷумҳуриии Федеролии Олмон Намоишгоҳи байналмилалии туристии “ITB Berlin”, ки 10 ҳазор ширкати сайёҳиро аз 200 давлати дунё ба ҳам овард, доир шуд. Дар он гӯшаи туристии кишвар зери шиори «Тоҷикистон – кишвари туризм» дар масоҳати 40 метри мураббаъ ташкил шуд, ки намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, 13 ширкати туристии мамлакат, ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик-эйр», меҳмонхонаи «Душанбе-Серена», ассотсиатсияҳои сайёҳиву фарҳангии Суғду Хатлон ва Рашту Бадахшон маҳсулоти туристии худро таблиғу ташвиқ карданд. 4 март дар доираи баргузории намоишгоҳ мулоқоти панҷуми вазирони туризми ҷаҳон ҷараён гирифт, ки ҳозирин доир ба имкониятҳои туристии мамлакат маълумоти муфассал пайдо карданд. Нимаи дуюми ҳамон рӯз ба гӯшаи туристии Тоҷикистон Толиб Рифоӣ, котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристии Созмони Милали Муттаҳид ташриф овард ва зимни мулоқоти ӯ бо роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ роҳҳои рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳиву ҷаҳонгардӣ ва саҳми Тоҷикистон дар бозори туристии ҷаҳон баррасӣ шуд. Бо самимияти беандоза Толиб Рифоӣ роҷеъ ба ғамхориҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, захираҳои туристии Тоҷикистонро

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9390), 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲА ҷавҳари кашфношуда ва ояндадор арзёбӣ намуда, ризоияти худро оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Созмони умумиҷаҳонии туристӣ дар оянда изҳор намуд. Зимни Намоишгоҳи ҳунарҳои миллии туристии «Тоҷикистон – кишвари туризм» ва нишасти дӯстдорони Тоҷикистон, ки 6 март дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин доир гардид, имкониятҳои туристии Тоҷикистон, видеофилми захираҳои туристии кишвар ва китобу дастурҳои иттилоотии тарғиботӣ ба дӯстони аврупоӣ ва намояндагони ширкатҳои туристии Олмон муаррифӣ шуд. Дар ин зами-

сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, Аббосиддин Саймиддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе оид ба корҳои ба анҷомрасонида дар семоҳаи аввали сол ва нақшаҳо дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ ҳисобот доданд. Сипас, Мавсума Муинӣ, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳо вобаста ба татбиқи қарори ҳайати мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро аз 9 январи соли равон таҳти рақами 1.1 баррасӣ намуд. Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзнома - иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар

ди коррупсия, мусоидат ва тавсия бахшидани эҳсоси худшиносӣ, садоқат ба Ватан, нангу номуси миллӣ ва фароҳам овардани шароит барои таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон мебошад. Нимаи дуюми рӯз ҷаласа бо намояндагони соҳаи варзиши кишвар идома ёфт. Носир Бозоров, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши кумита, дар бораи дастоварду камбудиҳои соҳаи варзиши мамлакат дар соли 2014 ва семоҳаи аввали соли равон маълумот дод. Ӯ аз ноқисиҳои кори баъзе мудирони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии як қатор ноҳияҳо дар бобати пешниҳоди ҳисобот су-

беҳтар бояд кард

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2015

А. САЙМИДДИНОВ

АЗ ЧАП БА РОСТ: З. МИРДАДОЕВ, Ф. АБДУЛЛОЕВА, Р. РАҶАБОВ

на дӯстони тоҷикистонӣ Саша Брок, мудири бонки тиҷоратии Олмон ва Дагмар Шрайбер, муаллифи китоби «Роҳнамои Тоҷикистон» таассуроти худро аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва табиати бою афсункори Тоҷикистон баён намуданд. Умуман, дар тӯли панҷ рӯзи намоишгоҳ аз ҷониби ширкатҳои туристии мамлакат зиёда аз 3 ҳазор матолиби иттилоотию тарғиботӣ паҳн гардида, гуфтушунидҳои мушаххас доир ба рушди ҳамкориҳо бо шарикони эътимоднок барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон анҷом ёфтанд. Ҳамин тариқ, дар семоҳаи аввали соли равон ба кишвар 63320 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба ҳайси турист ташриф оварданд, ки мутаносибан бо ҳамин давраи соли гузашта 36113 нафар зиёд буда (27207 нафар дар семоњаи аввали соли 2014), даромади аз ҳисоби онҳо ба иқтисодиёти миллӣ овардашуда тибқи меъёри муайянгашта 31 миллиону 660 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,33% зиёд аст. Инчунин, вобаста ба масъалаи якум Расо Раҷабов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ, Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, Зариф Мирдадоев,

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 тасдиқ шудааст) таъкид гардид, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баҳри пурзӯр намудани ташвиқу тарғиби зиддикорупсионӣ, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар байни ҷавонон, ташаккул додани тоқатнопазирӣ бо зуҳуроти коррупсия, густариши ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ, таъмини шаффофияти фаъолият дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо Фармоиши раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Барномаи идоравии зиддикоррупсионии кумитаро барои солҳои 2015-2016 ва Нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкурро тасдиқ намудааст. Ҳадаф ва вазифаҳои барномаи мазкур пурзӯр намудани ташвиқу тарғиби зиддикоррупсионӣ, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар байни ҷавонон, ташаккул додани тоққатнопазирӣ бо зуҳуроти коррупсия, густариши ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ ва таъмини шаффофи фаъолият дар мақомоти давлатии кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мубориза бар зидди сабабҳо ва омилҳои бунёдии коррупсия, истифодаи арзишҳои маънавӣ дар мубориза бар зид-

хан карда, барои рафъи камбудиҳо тавсияҳо дод. Аҳтам Абдуллозода таъкид намуд, ки бояд таваҷҷуҳ ба гӯштини миллӣ бештар гардад. Ӯ масъулонро вазифадор намуд, ки тақвими баргузории мусобиқаҳо оид ба гӯштини миллиро дар рӯзҳои наздик таҳия намоянд. - Дар тамоми мактабҳои варзишӣ давра ба давра аз маблағузорӣ ба намудҳои варзиши ғайриолимпӣ даст кашида мешавад, - гуфт А. Абдуллозода. – Варзиши ғайриолимпӣ барои оммавияти варзиш лозим аст. Мо бояд ба намудҳои варзиши олимпӣ афзалият диҳем. Раиси кумита дар хусуси таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣмеъёрии соҳаи варзиш сухан ронда, ба масъулин супориш дод, ки барои таҳия ва таъсис додани гурӯҳҳои корӣ фикру мулоҳизоти хешро пешниҳод намоянд. Зеро то охири сол бояд як қатор қонуну қарор ва низомномаҳое, ки фаъолияти соҳаро ба танзим медароранд, қабул карда шаванд. Низомномаи кунунӣ ҷавобгӯи талабот набуда, ба таҳрир ниёз дорад. Зариф Мирдадоев, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд изҳор намуд, ки шумораи машқварзон дар вилоят торафт меафзоянд. Ҳоло дар вилоят

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9390), 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

НОСИР БОЗОРОВ 42 мактаби варзишӣ, аз ҷумла, 1 мактаби маҳорати олии варзишӣ, 1 мактаби варзишии бачагону наврасони вилоят, 5 мактаби махсуси варзишии бачагону наврасон аз рӯи намудҳои гӯштин, бокс, футбол, волейбол, 28 мактаби варзишии кӯдакону наврасон, 7 мактаби варзишии бачагону наврасони ҷамъиятҳои ихтиёрии «Ҳосилот» ва Иттифоқҳои касаба фаъолият мекунанд. Дар вилоят 15259 нафар дар 1421 гурӯҳ ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб шудаанд. Соли сипаришуда миқдори машқварзон дар вилоят 126 нафар зиёд гашт, вале миёни бонувон ин рақам 113 нафар кам гардид. Камшавии машқварзон аз ҳисоби духтарон бештар дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба назар мерасад. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ду мактаби варзишӣ аз рӯи намуди чавгон ва камонварӣ таъсис ёфт. Тайи се моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 21 чемпионат баргузор гардид. Имрӯз дар вилояти Суғд 21 федератсияи варзишӣ амал мекунад. Варзишгарони суғдӣ дар зарфи 3 моҳи соли равон аз рӯи намудҳои варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ соҳиби 570 медал гаштанд, ки 212тоаш медали тилло аст. - Мо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри дастгирии мактабҳои варзишӣ нома фиристодем, - гуфт З. Мирдадоев. – Аммо маблағгузорӣ дар баъзе ноҳияҳо хеле суст сурат мегирад. Дар натиҷа, варзишгарони на ҳама ноҳияҳо дар мусобиқаҳо иштирок мекунанд. Дар вохӯрии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, ки 29 апрел бо варзишгарон доир мегардад, масъалаҳои беҳтар кардани фаъолияти федератсияҳо ба миён гузошта мешавад. Ҳамчунин, ба 11 нафар варзишгари вилоят барои омодагӣ ба бозиҳои олимпии соли 2016 дар маҷмӯъ, 230 000 сомонӣ ҷудо хоҳад шуд. Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, иттилоъ дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 26 мактаби варзишӣ фаъолият мекунанд. Дар онҳо 519 нафар мураббӣ фаъолият менамоянд, ки 274 нафарашон дорои маълумоти олии варзишӣ, 157 нафар дорои маълумоти махсуси варзишӣ ва боқимонда дорои дараҷаву унвонҳои варзишӣ мебошанд. Аз шумораи умумии мураббиён 138 нафар Устоди варзиши Тоҷикистон ва 15 нафар Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ ба ҳисоб

мераванд. Ҳоло дар мактабҳои варзишии вилоят 11989 нафар кӯдак аз рӯи 33 намуди варзиш тамрин мекунанд, ки 15 намуди он варзиши олимпӣ мебошад. - Соли 2014 барои мактабҳои варзишии вилоят 9 миллиону 892 469 сомонӣ ҷудо шуд, ки 7 миллиону 727 752 сомониро музди меҳнат ташкил дода, 91 936 сомонӣ барои сафарҳои хидматӣ, харидории лавозимоти варзишӣ, таъмир ва баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ҷудо гардида буд, - гуфт Ф. Абдуллоева. Расо Раҷабов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ дархост намуд, ки минбаъд аз вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ду даста ширкат варзанд. Ҳоло дар вилоят 10 мактаби варзишӣ амал мекунад, ки дар онҳо 3045 нафар дар 282 гурӯҳ ба машқу тамрин машғуланд. Дар се моҳ дар вилоят 7 мусобиқа аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ доир гардид. Парвиз Собиров, мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар бораи чорабиниҳои дар пойтахт доиргардида тайи се моҳи соли ҷорӣ маълумот дод. Имрӯз дар пойтахт 10 мактаби варзишӣ фаъолият дорад. Мушкилоти асосии мактабҳои варзишии пойтахт заминаи меъёрӣҳуқуқии онҳост. Аҳтам Абдуллозода ташаббуси мудирони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияҳои тобеи марказро бобати омӯхтани таҷрибаи ҳамдигар қобили дастгирӣ шумурда, онро як воситаи хуби таҳкими дӯстӣ ва ба миён омадани идеяҳои нав номид. Изҳори ташвиш кард, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аксар директорони мактабу федератсияҳои варзишӣ иштирок намекунанд. Байни мураббиҳо баъзан рақобати носолим ба назар мерасад. Мутаассифона, имрӯз сарпарастони толорҳои хусусии варзишӣ касеро хоҳанд, мураббӣ таъин мекунанд. Бояд ба малака ва ахлоқи мураббиҳо зимни қабул ба кор таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир карда шавад. - Дар фаъолияти солонаи мактабу федератсияҳои варзишӣ набояд якрангӣ бошад, - афзуд А. Абдуллозода. – Дар як ҷо қадам задан маънои ақибравиро дорад. Ҳоло ҷамъият ҳар соат дар ҳоли пеш рафтан аст. Таъкид шуд ки талабот ба додани унвонҳои варзишӣ сахттар мешавад. Ҳама зерсохторҳо бояд сарфаю сариштакориро шиор созанд. Ҳангоми харидани ашёву лавозимоти варзишӣ ба исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда набояд роҳ дод. Ҳар варзишгаре, ки дар сатҳи байналмилалӣ ба дастовард ноил мегардад, аз ҷиҳати моддию маънавӣ ҳавасманд шавад. Ҳоло Барномаи омодагӣ ба Олимпиадаи Рио де Жанейро мавҷуд аст. Барои ба комёбӣ ноил гаштани варзишгарони мамлакат дар ин чорабинии бузург аз тамоми имкониятҳо истифода бояд бурд. Зеро ғолибияти варзишгарон дар олимпиада обрӯи миллат аст. С. АСОЗОДА, С. СУННАТӢ, Суратгир Т. ФОЗИЛОВ, “ҶТ”

9


САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН

Дигаргуниҳои солҳои охир вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро дар фазои пасошӯравӣ комилан тағйир дода, миллионҳо одамро муҳоҷири иҷборӣ гардонд. Айни замон ҳиҷрати қувваи корӣ ба берун ва интиқоли маблағҳои пулӣ дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодии мамлакат нақши муҳим мебозад. Ҳиҷрати қувваи корӣ аз Тоҷикистон рӯйдоди паҳнгашта дар соҳаи муҳоҷират ба ҳисоб рафта, хусусияти мавсимӣ дорад ва дар асоси интиқоли маблағ ва бозгашт ба Ватан сурат мегирад. Қисми зиёди аҳолии мо, ки дар деҳот ва ё дар оилаҳои камбизоат зист доранд, бо сабаби набудан ё наёфтани кори мувофиқ ба хориҷи кишвар, ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар мекунанд. Маҳз бо маблағҳои интиқолнамудаи муҳоҷирон қисми зиёди оилаҳои тоҷик зиндагиашонро пеш мебаранд. Олимон тахмин кардаанд, қариб 70-80 фоизи хароҷоти ҳар оилаи тоҷик, ки намояндаашон дар муҳоҷират қарор дорад, аз ҳисоби маблағҳои фиристодаи онҳо пӯшида мешавад. Аксарияти муҳоҷирони мо дар хориҷи кишвар, дар корҳои сохтмонӣ фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар дигар соҳаҳо, чун хизматрасонию савдо ва ғайраҳо. То 90 фоизи муҳоҷирони тоҷик Федератсияи Русияро ҳамчун сарчашмаи даромад ва пешбурди рӯзгор меҳисобанд. Аз шумори муҳоҷирони тоҷик 87 фоизашро мардҳо ташкил медиҳанд. Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон то 1 октябри соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик аз хориҷ ба кишвар 2 миллиарду 188 миллион доллар маблағ интиқол додаанд. Бахусус, 20 октябри соли 2014 муҳоҷирони кории тоҷик гӯё

Сафи муҳоҷирон ба Русия кам мешавад? Коҳиш ёфтани қурби рубл шаҳрвандони моро аз рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия бозмедорад рекорд нишон доданд, яъне, ки онҳо дар ин рӯз тақрибан 182 миллион доллар ба Тоҷикистон фиристодаанд. Федератсияи Русия, ки айни замон дар вазъи буҳронӣ қарор дорад, ба фаъолияти кории муҳоҷирони тоҷик бетаъсир нахоҳад монд. Аз рӯи маълумот аз аввали соли 2014 корфармоёни рус тақрибан 28 миллион рубл ҳаққи заҳмати муҳоҷирони

Русия мебошад. Соли гузашта Созмони байналмилалии муҳоҷират тадқиқот оид ба интиқоли маблағ аз тарафи муҳоҷирон оғоз кард. Тадқиқоти номбурда нишон дод, ки муҳоҷирони тоҷик ҳар сол аз 20 то 50 фоизи даромади худро, ки ба ҳисоби миёна 30004000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ба Тоҷикистон равон мекунанд. Боқимонда маблағро барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо,

муҳоҷиратбудаи худ қабул мекунанд. Ҳамчунин, 2,9 фоизи муҳоҷирони дар хориҷа буда, бо сабаби барор нагирифтани кор ба оилаҳои худ маблағ фиристода натавонистаанд. Беқурбшавии босуръати қурби рубл ва мувофиқ наомадани он ба музди меҳнати муҳоҷирон, норизогии ҷиддиро дар фаъолияти онҳо ба вуҷуд овардааст. Ҳамин аст, ки қисме аз онҳо ба ҷустуҷӯи

тоҷикро напардохтаанд. Ин ба рӯзгори пайвандони муҳоҷирон ва хоҷагии халқи кишвар таъсир мерасонад. Дар нимсолаи аввали соли 2014 ҳаҷми интиқоли пулӣ, нисбат ба нимсолаи аввали соли 2013 то 10,5 фоиз кам шудааст. Яке аз сабабҳои коҳиши интиқоли пул, паст рафтани иқтисодиёти худи

рӯзгузаронии хеш сарф менамоянд. Ҳар сол тақрибан ба ҳисоби миёна 11,2 фоизи оилаҳои муҳоҷирони тоҷик дар ҳаҷми 5000 доллар, 25,9 фозашон аз 3000 то 3,500 доллар, 25,4 фоизашон то 2000 доллар, 22,4 фоизашон то 1000 доллар, 7,3 фоизашон то 700 доллар, 4,9 фоизашон то 500 доллар аз пайвандони дар

кори сердаромад машғул мешаванд, қисми дигарашон хоҳиши ба Ватан баргаштан доранд. Федератсияи Русия барои ба тартиби муайян даровардани фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ қонуни нав оид ба муҳоҷират қабул кард, ки аз оғози соли ҷорӣ эътибори қонунӣ пайдо кардааст. Вобаста ба ин, тамо-

Тарбияи фарзанд ба оила, муҳити зист ва мактаб вобаста аст. Дар ин самт саҳми воситаҳои ахбори омма (ВАО) низ назаррас аст. Ҳамаи ин омилҳо ба рушд ва беҳтар намудани нерӯҳои маънавӣ ва эҷодӣ дар насли наврас мусоидат менамоянд. ВАО дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои махсусро оид ба таъсир ва ташаккули зеҳни кӯдакону наврасон ишғол менамояд. Рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион ва интернет ба ҳаёти одамон ҳамроҳ шудаанд, ки имрӯз наметавонем худро бе мавҷудияти онҳо тасаввур намоем. Дар робита ба ин, бояд зикр кард, ки таъсири ВАО метавонад ҳам мусбат ва ҳам манфӣ бошад. Хабарнигороне, ки дар ВАО-и кӯдакона кор кардаанду кор карда истодаанд, хуб медонанд, ки барои ин қишри ҷомеа бояд

10

Масъулият Ҳангоми пешниҳоди матолиб барои кӯдакон бояд аз эҳтиёт кор гирем чӣ нависанд, чуноне ки барои калонсолон менависанд. Навиштаҳо барои кӯдакон бояд фарқкунандаю як қадар беҳтар бошанд. Ҳар матлаберо, ки барои кӯдакон навиштанӣ ҳастем ва ё дар радио ё телевизион намоиш доданием, бояд тамоми ҷузъиёташро ба назар гирем. Агар бинем, ки он ба кӯдак чизи хубе дода метавонад, пас, пешкаш намудан аз манфиат холӣ нест. Дар баробари ин, бояд матлаб кӯтоҳи пурмазмун бошад, чун кӯдак наметавонад матлаб дароз ва дилгиркунандаро бихонад ва ё тамошо кунад. Имрӯз мактабҳои олӣ дар соҳаи рӯзноманигории кӯдакона кадр тайёр на-

мекунанд. Чунин ихтисос нест. Танҳо нафароне, ки майли бештар ба рӯзноманигории кӯдакона доранду ба шавқу завқи кӯдакон наздик чизе навишта метавонанд, дар соҳаи матбуоти кӯдакона фаъолият менамоянд. Вале бояд иқрор шуд, ки он дар ҳоли ҳозир он қадар назаррас несту фаъолияти суст дорад, зеро маҷаллаву рӯзномаҳои кӯдакона ангуштшуморанд. Дар соҳаи телевизион шабакаи телевизионии кӯдакону наврасон фаъолият менамояд, ки яке аз гомҳои устувор дар самти фаъолияти ВАО-и кӯдакона мебошад. Аммо тибқи мушоҳидаҳо на ҳама вақт ин шабака, яъне, шабакаи кӯдакону наврасон “Баҳористон” мувофиқ ба тала-

ми шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади кору фаъолият ба Русия ворид мешаванд, бояд дар муддати як моҳ барои гирифтани патент ҳуҷҷатҳои ҳудро дар мақомоти дахлдор супоранд. Ҳамчунин, ҳатман аз ташхиси духтур ва ҳам аз имтиҳони ҳатмӣ, ки бо забони русӣ сурат мегирад, гузаранд. Барои гирифтани ин аснод 17000 рубли русӣ муқарар шудааст ва дорандаи он ҳар моҳ ба маблағи 4 ҳазор рубл пули патент пардохт менамояд. Ҳаҷми маблағи пардохти муҳоҷирон барои патент тӯли як соли тақвимӣ қариб ба 90 ҳазор рубл мерасад. Ҳамин тавр, ҳукумати Русия аз ҳисоби муҳоҷирон фоидаи калон ба даст меорад. Дар сурате, ки муҳоҷири меҳнатӣ дар муҳлати муқарраршуда, ҳуҷҷати худро гирифта натавонад, пас дар рӯзҳои баъдӣ онро метавонад ба даст орад. Аммо муҳоҷир маҷбур аст, аз 10 то 15 ҳазор рубл ҷарима супорад. Бо сабаби тағйироти ҷиддие, ки вақтҳои охир дар Федератсияи Русия рух додааст, рафту омади муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус, Тоҷикистон аз 30 то 40 фоиз коҳиш ёфтааст. Айни замон дар қаламрави кишвари рус тақрибан 2 миллиону 700 ҳазор муҳоҷири қонунӣ ва 2 миллиону 900 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ кор ва фаъолият мекунанд. Бо сабаби сол то сол зиёд шудани шумораи соҳибкорон, афзоиши объектҳои сохтмонӣ, ки бевосита ба пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ дар кишвар мусоидат менамояд, мумкин аст, раванди ба муҳоҷират рӯ овардани шаҳрвандон коҳиш ёбад. Айни замон масъалаи муҳоҷират яке аз муҳимтарин мушкилоти ҷомеаи мо маҳсуб гардидааст ва ба омӯзиш ва ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Диловар БЕКМУРОДОВ, магистранти соли аввали Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

боти аудиторияи хеш намоишҳо пешкаш менамояд. Бисёр филмҳо ва филмҳои тасвирие пешниҳод мешаванд, ки дар онҳо хислатҳои зӯроварию бадбинӣ ва куштору дигар рафторҳои бади инсонӣ ба назар мерасад. Кӯдак, вақте чизеро мефаҳмад, мешунавад ва мебинад, онро чи тавре ки ҳаст, ҳамон тавр қабул менамояд, хоҳ хуб бошад хоҳ бад. Ин меъёр на ҳама вақт ба инобат гирифта мешавад. Баръакси ин бояд филмҳое нишон дода шавад, ки дар онҳо рафторҳои хуби инсонӣ тарғибу ташвиқ гарданд, то ба ин восита кӯдакон низ хушахлоқ гарданд. Дар васоити ахбори омма, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокиву фарҳангии кӯдакону наврасон бояд матолиб ҷолиби хонданибоб ва диданӣ пешкаш шаванд, ки тарғибгари тарзи ҳаёти солим, иқтидори зеҳнӣ, ахлоқи нек бошанд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, донишҷӯи ДМТ, таҷрибаомӯзи “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9390), 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


ЧЕҲРА Дар таърихи ҳар давлат шахсиятҳое ҳастанд, ки пешрафти миллату давлат бо номи онҳо пайвандӣ дорад. Масалан, вақте дар бораи пешрафти Малайзия сухан меравад, аз Сарвазири собиқи он Моҳатҳир Муҳаммад, чун аз муъҷизаи иқтисодии Сингапур сухан рафт, аз Ли Куан Ю ёдовар мешаванд. Дар мавриди пешрафту шукуфоии Озарбойҷон ҳамагон аз хизмати арзандаи пешвои миллати озар Ҳайдар Алиев ёдовар мешаванд. Дастпарвари техникуми педагогии Нахҷувон (соли 1939), факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Озарбойҷон (соли 1957) Ҳайдар Алиев аз соли 1944 то соли 1969 дар мақомоти амнияти Озарбойҷон фаъолият намудааст. Моҳи июли соли 1969 дар Пленуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев сарвари ҷумҳурӣ интихоб гардид. Бо роҳбари ҷумҳурӣ таъин шудани ӯ дар ҳаёти ин кишвар дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Солҳое, ки Ҳайдар Алиев Озарбойҷонро сарварӣ намуд, давраи навсозию сохтмонҳои бузурги кишвар гардид. Ӯ ҳамчун «менеҷери зиддибуҳронии звенои олӣ» иқтисодиёти ҷумҳуриро навсозӣ карда, онро аз манбаи ашёи хом ба содиркунандаи технологияи муосир ва базаи мустаҳками содиротӣ табдил дод. Соҳаи кишоварзиро ба по рост намуда, сатҳи зиндагии сокинони деҳотро баланд бардошт, вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи маърифати аҳолӣ беҳтар шуд. Дар бораи пешрафтҳои назаррраси Озарбойҷон дар солҳои 70-80-уми асри гузашта худи Ҳайдар Алиев хотираҳояшро чунин навиштааст: «Он система (шӯравӣ) дар баробари камбудиҳои зиёд бартариҳо низ дошт. Имкониятҳои онро истифода бурда, ман ба пешрафти Озорбойҷон ноил гаштам. Масалан, аз соли 1970 то соли 1980 истеҳсоли солонаи ангур 10 маротиба афзуда, аз 200 ҳазор тонна ба 2 миллион тонна расид». Дар баробари боғу токпарварӣ соҳаи пахтакорӣ низ рушд ёфта, истеҳсоли солонаи «тиллои сафед» дар Озарбойҷон аз 1 миллион тонна зиёд шуд. Тайи ин солҳо иқтидори саноатии Озарбойҷон ду баробар афзуда, симои шаҳру деҳот дигаргун гашт. Солҳои ҳаштодум аз 15 ҷумҳурии иттифоқӣ баъди Русия (РСФСР) Озарбойҷон буд, ки аз буҷаи ИҶШС субвенсия намегирифт. Айёми пешрафти Озарбойҷони шӯравиро Ҳайдар Алиев ин гуна ба некӣ ёд овардааст: «Он солҳо беҳтарин давра буданд. Гоҳо баъди анҷоми кор ман ба хона намерафтам, барои беҳтар кардани вазъи ҷумҳурӣ нақшаҳои нав мекашидам. Фикр мекардам, ки чӣ гуна аз имкониятҳо истифо-

да намуда, кори манфиатнокеро барои халқам анҷом диҳам». Воқеан, солҳои 70-80-уми асри ХХ дар Озарбойҷон 313 корхонаю муассисаҳои саноатӣ ба истифода дода шуданд. Он солҳо 350 номгӯй маҳсулоти Озарбойҷон ба 65 кишвар содир мешуд. Барои ноил гаштан ба комёбиҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ Озарбойҷон 12 маротиба пай дар пай ғолиби мусобиқаи сотсиалистии ИҶШС гардид. Хизмати босазои Ҳайдар Алиев дар пешрафти иқтисодиёти Озарбойҷонро Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ карда, ду маротиба ӯро ба унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сарфароз гардонид. Аз солҳои аввали роҳбари ҷумҳурӣ таъин шуданаш Ҳайдар Алиев ба олимону аҳли адабу ҳунар таваҷҷуҳи хос дошт. Ӯ чу-

- Ҳайдар Алиев ҳамчун стратеги касбӣ ҳамеша мегуфт, ки дар ҳар мамлакат базаи интеллектуалӣ яке аз омилҳои асосии бинои истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад, - гуфтааст Э. Бобоев. Машҳуртарин иншооте, ки дар давраи аввали роҳбарии Ҳ. Алиев сохта шудаанд, инҳоянд: Корхонаи истеҳсоли гилхок дар Ганҷа, Нерӯгоҳи барқи обии Аракс, Комбинати нассоҷӣ дар Нахҷувон, Корхонаи истеҳсоли кондитсионерҳо дар Боку, Корхонаи компрессорҳои Сумгаит, таъсиси Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии таҳқиқоти кайҳонӣ, ифтитоҳи лӯлаи гази Грозний-Боку, бунёди як қатор маҳаллаҳои нав дар Боку ва ғайра. Истеъдоди олии сарварии Ҳайдар Алиевро ба инобат гирифта, роҳбарияти онвақтаи шӯравӣ

Алиев рақиби сазовору ба роҳбарӣ арзандаро дида, аз ҳар ҷиҳат ба ӯ фишор меовард. Дар натиҷа, октябри соли 1987 Ҳайдар Алиев бо нишони эътироз ба сиёсати овақтаи роҳбари шӯравӣ аз вазифа истеъфо дод. Заифшавии сиёсати духӯраи шӯравӣ боиси авҷгирии мавҷи эътирозҳо дар ҳар гӯшаву канори ИҶШС гардид. Охири солҳои 80-ум ҷудоихоҳони вилояти автономии Қарабоғи Кӯҳӣ қасди хориҷшавӣ аз ҳайати Озарбойҷонро намуданд. Дар натиҷаи ин иғвои ҷудоихоҳони арман ҳазорон нафар оилаҳои озарӣ маҳалли зисташонро тарк намуда, бехонаву дар гаштанд. Ба болои ин, 20 январи соли 1990 низомиёни шӯравӣ бо танкҳо вориди шаҳри Боку шуда, боиси ҳалокати чандин нафар аҳолии осоишта гардиданд.

Озарбойҷонро замоне ба ӯҳда гирифт, ки ба кишвар хавфи сар задани ҷанги шаҳрвандӣ таҳдид мекард. Ӯ, пеш аз ҳама, фармон дар бораи ҳамроҳшавии Озарбойҷон ба ИДМ-ро содир намуд. Баъдан, тамоми кӯшиши худро барои қатъи амалиёти ҷангӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ равона кард. Ӯ ташаббускори ҳалли сулҳомези қазияи мазкур буд. Дар натиҷа, 12 майи соли 1994 дар Бишкек протоколи қатъи амалиёти низомӣ имзо шуд. Ҳайдар Алиев дар давраи дуюми роҳбариаш низ баҳри гулгулшукуфии Озарбойҷон ва таҳкими давлатдорӣ корҳои зиёде анҷом додааст. Чунончӣ, бо ташаббуси ӯ дар шаҳри Боку Анҷумани I озарбойҷониҳои ҷаҳон баргузор шуд. Дар ҷаласаи Лиссабонии САҲА (ОБСЕ) 54 кишвар тамомияти арзии Озарбойҷонро дастгирӣ

Ҳайдар Алиев

Пешвое, ки ҳамеша ба илм такя мекард

нин меҳисобид, ки комёбиҳои дар соҳаи илму ихтироот бадастомада кафили боэътимоди пешрафти ҳар давлат ба шумор меравад. Директори Фонди тараққиёти илм дар назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Элчин Бобоев дар мусоҳиба бо сомонаи «Trend» гуфтааст, ки «меъмори Озарбойҷони мустақил Ҳайдар Алиев дар тамоми давраҳои роҳбарӣ ба пешрафти илму маориф дар Озарбойҷон диққати махсус дода, пеш аз ҳама, дар бораи рушди зеҳнии мардуми кишвар андеша мекард. Ҳайдар Алиев илму олимонро қадрдонӣ менамуд. Сабаб дар он буд, ки худи пешвои бузург фикрронии илмӣ дошт, фаъолияташро дар асоси принсипҳои илмӣ ба роҳ мемонд ва ба потенсиали интеллектуалӣ (зеҳнӣ) такя мекард». Ба гуфтаи Элчин Бобоев пешрафти илму маориф, омодасозии мутахассисони дорои савияи баланд, истифодаи таҷрибаи пешқадам аз самтҳои афзалиятноки давраҳои роҳбарии Ҳайдар Алиев ба шумор мерафт.

ӯро моҳи ноябри соли 1982 муовини якуми Раиси Шӯрои вазирони ИҶШС таъин намуд. Дар ин вазифаи баланд Алиев Академияи илмҳои ИҶШС, Вазорати фарҳанг, Кумитаи давлатии радио ва телевизион, соҳаи тандурустӣ ва маориф, мошинсозӣ, савдо, саноати сабук, ҳама намуди нақлиёт ва алоқаро сарпарастӣ мекард. Бо ташаббуси ӯ нахустин марказҳои ташхиси комплексӣ таъсис ёфтанд. Бо дастгирии вай ба ҷарроҳони шӯравӣ иҷозати гузаронидани нахустин ҷарроҳиҳои кушоди дил дода шуд. Назорати амалишавии яке аз бузургтарин лоиҳаҳои асри ХХ – бунёди шоҳроҳи Байкалу Амур (БАМ) низ ба ӯҳдаи Ҳайдар Алиев буд. Хизматҳои арзандаи Алиевро дар бунёди иншооти мазкур ба инобат гирифта, моҳи июли соли 2008 ба яке аз бузургтарин истгоҳҳои шоҳроҳи мазкур номи Ҳайдар Алиевро гузоштанд. Мутаассифона, роҳбари худхоҳ ва сергапу камамали шӯравӣ – Михаил Горбачёв дар мисоли Ҳайдар

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9390), 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

Рӯзи дигари ин ҳодисаи хунин Ҳайдар Алиев дар намояндагии Озарбойҷон дар шаҳри Москва воридкунии низомиён ба Бокуро маҳкум намуда, талаб кард, ки гунаҳкорони фоҷиаи мазкур ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Бо нишони эътироз ба сиёсати дурӯяи роҳбарияти ИҶШС нисбат ба ҳодисаҳои Қарабоғи Кӯҳӣ Ҳайдар Алиев соли 1991 сафи Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (КПСС)-ро тарк намуд. Солҳои 1991-1993 Ҳайдар Алиев раисии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Мухтори Нахҷувонро ба ӯҳда дошт. Дар як вақт ӯ муовини раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҳисоб мерафт. Ӯ, ки таҷрибаи бойи роҳбарӣ дошт, тамоми чораҳоро медид, то иқтисодиёти дар натиҷаи инҳисор заифшудаи Нахҷувонро барқарор кунад. Тайи се сол Нахҷувон зери роҳбарии Алиев ба як мавзеи суботу оромӣ ва таҳкурсии бунёди Озарбойҷони нав табдил ёфт. Тобистони соли 1993 бо талаби мардуми Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ба шаҳри Боку баргашт. 15 июни соли 1993 ӯро вакилони мардумӣ раиси Шӯрои Олии Озарбойҷон интихоб намуданд. Халқ бозгашти пешвои худро бо умеду шодмонии зиёд истиқбол кард. Ин сана дар таърихи Озарбойҷони мустақил чун Рӯзи наҷоти миллӣ сабт гардид. Аз 24 июли ҳамон сол бо Қарори парлумони кишвар ба Ҳайдар Алиев салоҳияти Президенти Озарбойҷон супурда шуд. Хизматҳои Ҳайдар Алиев дар ҳифзи якпорчагии Озарбойҷон хеле бузург аст. Ӯ роҳбарии

намуданд. Филиали Академияи илмҳои Озарбойҷон дар Нахҷувон таъсис ёфт. Нахустин Комплекси варзишии олимпӣ дар Боку сохта шуд. Созишнома дар бораи содироти нефти Қазоқистон тавассути лӯлаи «Боку-Тбилиси-Ҷайҳон» ба имзо расид. Миёни Озарбойҷон ва 12 ширкати маъруфи нафтистеҳсолкунандаи ҷаҳон «Шартномаи аср» имзо шуд. Яке аз ширкаткунандагони маросими имзои «Шартномаи аср» намояндаи ширкати «Delta-Nimir» Нобил Ал Хавайтир дар сомонаи “Inosmi. ru” чунин гуфтааст: «Пешвои миллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев инсони хирадманд ва сарвари дурандеш буд. Аввалин коре, ки ҳамчун сарвари давлат анҷом дод, ба роҳ мондани робитаҳои ҳасана бо ҳамсоякишварҳо – Эрону Русия буд. Агар Ҳайдар Алиев роҳбар намешуд, мумкин Озарбойҷон тақсим мешуд. Он гоҳ шояд Озарбойҷон мисли имрӯза кишвари бой намебуд». Дарвоқеъ, Ҳайдар Алиевро метавон асосгузори идеяи эҳёи миллӣ ва рушди иқтисодиёту идеологияи Озарбойҷон номид. Ҳарчанд ӯ соли 2003 ин ҷаҳони фониро тарк гуфта бошад ҳам, тавре мушоҳида кардем, дар қалби мардуми Озарбойҷон зинда аст. Шоир барҳақ фармудааст: Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст, Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост. С. СУННАТӢ, “ҶТ”

АЗ МУАЛЛИФ: Зимни навиштани матлаби мазкур аз рӯзномаву маҷаллаҳои «Зеркало недели», «Известия», «Кавказский узел», «Коммерсант», «Профил», «Независимая газета» истифода шудааст.

11


ВАРЗИШ

5 голи беҷавоби “Истиқлол” ба дарвозаи “Барқи тоҷик” Ҳафтаи гузашта бозиҳои даври дуюми Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ доир гаштанд.

Ғалабаи «Истиқлол» бар «Қудсия» Шоми 15 апрел дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ даври чоруми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми КФО дар гурӯҳи “С” доир гашт. Дар ин давр Қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон – тими “Истиқлол”-и Душанбе бар барандаи феълии Ҷоми КФО – “Қудсия”-и Кувайт бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Қисми аввали вохӯрӣ бе гол кушод. Голи дуюмро баъд аз 10 анҷом ёфт. Ҳарчанд лаҳзаҳои зи- дақиқа Манучеҳр Ҷалилов зад. ёди ҳисобро кушодан мавҷуд буд. Пас аз ин ғалаба “Истиқлол” бо Ҳатто футболбозони “Истиқлол” 7 хол дар ҷадвали гурӯҳи “С” ба як гол заданд, аммо довар ишора мақоми аввал баромад. кард, ки ҳолати нобозӣ аст. Дар бозии дигари ин гурӯҳ Дар дақиқаи 53 Фатҳулло “Аҳал”-и Туркманистон дар Фатҳуллоевро дар ҷаримагоҳи меҳмонӣ бар “Эрбил”-и Ироқ бо “Қудсия” аз по афтоданд ва довар ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. ҷаримаи ёздаҳметра таъин кард. Бозии навбатии “Истиқлол” 29 Нуриддин Давронов ин имкония- апрел дар меҳмонӣ бо “Эрбил”-и тро хуб истифода карда, ҳисобро Ироқ доир мегардад. ҶОЙ

1 2 3 4

ДАСТАҲО

“Истиқлол” (Душанбе) “Қудсия” (Кувайт) “Аҳал” (Туркманистон) “Эрбил” (Ироқ)

Б

4 4 4 4

Ғ

2 2 2 1

М Б Т/Т

1 1 0 0

1 1 2 3

7/6 5/4 6/7 6/7

Х

7 7 6 3

Бозиҳои дигар: Даври панҷум. 29 апрел Даври шашум. 13 май (чоршанбе) (чоршанбе) «Аҳал» (Туркманистон) – «Қудсия» (Кувайт) – «Эрбил» «Қудсия» (Кувайт) (Ироқ) «Эрбил» (Ироқ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Аҳал» (Туркманистон)

14 апрел дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб “Равшан” “Хайр”-и Ваҳдатро қабул кард. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи тими “Хайр” анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 10 бозингари меҳмонон Муҳсинҷон Парпиев кушод. Дар дақиқаи 35 мизбонон ҳисобро баробар карданд. Ин голро Шодибек Ғаффоров ба ҳадаф расонд. То анҷоми қисми аввали бозӣ 3 дақиқа монда буд, ки ҳамлагари “Хайр” Меҳроҷиддин Музаффаров тимашро ба пеш баровард. «Хуҷанд» дар меҳмонӣ ба дарвозаи «Парвоз» 3 голи беҷавоб зад. Ҳисобро дар дақиқаи дуюм Иброҳим Рабимов кушод. Дар дақиқаи 20 Аҳтам Ҳамроқулов ва дар дақиқаи 32 Ҳасан Рустамов (аз пеналтӣ) якголӣ заданд. Бозӣ миёни КМВА «Помир» ва «Вахш» дар майдони эҳтиётии

ҶОЙ

1 2 3 4 5 6 7 8 9 10

ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Хайр” (Ваҳдат) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) “Вахш” (Қӯрғонтеппа) “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Равшан” (Кӯлоб) КМВА “Помир” (Душанбе) “Далерон” (Истаравшан) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) “Барқи тоҷик” (Душанбе)

Б 2 2 2 2 2 2 2 1 2 1

Ғ 2 2 1 1 1 0 0 0 0 0

М 0 0 1 1 0 1 1 0 0 0

Б 0 0 0 0 1 1 1 1 2 1

Т/Т 7/0 4/1 4/3 1/0 3/2 3/4 0/2 1/2 0/4 0/5

Х 6 6 4 4 3 1 1 0 0 0

Нишонзанҳо: Блед РОДРИГЕС («Истиқлол»), Наполеон АНДОХ («Хайр») –2-тӯбӣ. Даври сеюм 24-25 апрел доир мегардад. Дар ин давр «Истиқлол» — «Парвоз», «Хайр» — «Далерон-Уротеппа», «Вахш» — «Равшан», «Хуҷанд» — КМВА «Помир» ва «Регар-ТадАЗ» — «Барқи тоҷик» вомехӯранд.

Чанде пеш дар шаҳри Анталияи Туркия Чемпионати XIV Осиё оид ба дастхобонӣ (армспорт) миёни наврасон, калонсолон, собиқадорон ва маъюбон доир гашт.

12

лов дар дақиқаи 68 аз ҷаримагоҳи ёздаҳметра зад. Дар бозии охирон “Барқи тоҷик” аз “Истиқлол” бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд. Легионери испании “Истиқлол” Блед Родригес ду гол, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Умедҷон Шарифов ва Хуршед Маҳмудов якголӣ заданд.

Ҷадвали мусобиқа баъд аз ду давр

Чемпионати Осиё: Тоҷикистон мақоми чорумро ишғол кард Ба иттилои Фарҳод Султонов, раиси Ассотсиатсияи армрестлинги Тоҷикистон, варзишгарони кишвар (20 нафар) дар ин мусобиқа соҳиби 20 медал – 8 тилло, 6 нуқра ва 6 биринҷӣ шуда, байни 14 давлат дар ҷои чорум қарор гирифтанд. Дар сабқати калонсолон Фарҳод Комилов (дар вазни -70 кило бо дасти чап) қаҳрамони Осиё шуд. Ҳамчунин, Дилафрӯз Фозилова (-70 кило, дасти рост), Сайлопочо Қурбонова (80+ кило, дасти чап) байни наврасон, Акмал Қодиров (90+ кило, дасти чапу рост) миёни маъюбон, Зокир Комилов (100 кило, ҳам дасти чап, ҳам рост) ва Ҷамшед Мақсудов (80 кило, дасти чап) дар сабқати собиқадорон сазовори медали тилло шуданд. Фарҳод Комилов, ҳамчунин, дар вазни 90 кило миёни собиқадорон ҳам бо дасти рост ва ҳам бо дасти чап сазовори ду медали нуқра гардид. Сайлопочо Қурбонова дар вазни 80 кило бо дасти чап, Фаррухҷон Комилов (60 кило, дасти

Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. “Далерон-Уротеппа” дар майдони худ аз тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Голҳои меҳмононро Фирӯз Қараев дар дақиқаи 42 ва Комил Саидов дар дақиқаи 85 ба ҳадаф расонданд. Як голи мизбононро Ҳикматулло Расу-

чап), Ҷамолиддин Каримов (85 кило, дасти чап) байни наврасон ва Хуршед Исматов (55 кило, дасти рост) медали нуқра ба даст оварданд. Медалҳои биринҷиро Хуррам Қурбонов (55 кило, дасти чап), Фаррух Комилов (60 кило, дасти рост), Ҷамолиддин Каримов (85 кило, дасти рост) дар сабқати наврасон, Фарҳод Комилов (65 кило, дасти рост), Нигора Гулматова (65 кило, дасти рост) ва Амришер Собиров (80 кило, дасти чап) сазовор гаштанд.

Гӯштини миллӣ рушд мекунад Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон семинар доир шуд. Дар он мутахассисо- роҳҳои рушди он дар киш- чорабиниҳо қабул шавад, ки ни соҳаи варзиш аз тамоми вар ва тағйиру иловаҳо да- тибқи он бахшида ба тамоми минтақаҳои кишвар иштирок ровардан ба низомномаи ҷашнҳои миллӣ дар кишвар карданд. онро мавриди баррасӣ қарор гӯштини миллӣ дар сатҳи баМақсад аз баргузор на- доданд. Ҳамин тавр, ба Ни- ланд доир мегардад. мудани семинар баланд бар- зомномаи гӯштини миллӣ як Масъулин мақсад аз дадоштани мақоми гӯштини қатор тағйиру иловаҳо даро- ровардани тағйиру иловаҳо миллӣ дар кишвар арзёбӣ варда шуда, лоиҳаи он дар ба Низомномаи гӯштини милшуда, мутахассисон фикру таҳрири нав таҳия гардид. лиро мустаҳкам намудани андешҳои худро вобаста ба Инчунин ҷиҳати рушду ахлоқи варзишгарон, аз байн он баён доштанд. Аз ҷумла, инкишофи гӯштини миллӣ бурдани беадолатӣ аз ҷониби масъулин масъалаи сатҳу дар назар аст, нақшаи доварон ва дигар мушкилоти мақоми гӯштини миллӣ, алоҳидаи баргузории ҷойдошта арзёбӣ карданд.

Кудо: 2 медали тиллои варзишгарони тоҷик Ҳафтаи сипаригардида дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия мусобиқаи кушод оид ба кудо миёни наврасон доир гардид, ки дар он зиёда аз 200 варзишгар ширкат карданд. Тоҷикистонро 4 варзишгар муаррифӣ намуда, соҳиби се медал – ду тилло ва як биринҷӣ гаштанд. Давлат Боймуродов ва Комил Холов медали

тилло ва Лутфулло Маҳмудов медали биринҷӣ ба даст оварданд. Варзишгарони кишвар аз рӯи ин намуди варзиш бори аввал дар хориҷ қувваозмоӣ карданд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9390), 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШ

Иштироки варзишгарони 9 давлат дар Ниммарафони Душанбе Ҳар сол шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахт ҷашн гирифта мешавад. Имсол ин рӯз ба 18 апрел рост омад. Субҳи он рӯз бо иштироки варзишгарони 9 давлат Ниммарафони шашуми байналмилалии Душанбе доир гашт. Руқия Қурбонова, муовини раиси шаҳри Душанбе аз номи раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев варзишгарон - иштирокчиёни ниммарафон ва меҳмонону иштирокдоронро самимона шодбош намуда, ба сабқати варзишгарон ифтитоҳ бахшид. Варзишгарон аз Наврӯзгоҳи пойтахт то даромадгоҳи Варзоб (Чорбоғ) ба воситаи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва аз он ҷо то майдони “Дӯстӣ” ба воситаи хиёбони Рӯдакӣ сабқат карданд. Ғолибон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт, ки дар “Душанбе-Плаза” доир гардид, қадрдонӣ шуданд. Дар ҷамъомади тантанавӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳр ба ғолибони ниммарафон ҷоиза супурд. Миёни мардону занон барои ҷойҳои аввал – Чечун Юрий, варзишгар аз шаҳри Самараи Федератсияи Русия ва Чиженко Юлия, варзишгар аз шаҳри СанктПетербури Федератсияи Русия бо 3500-долларӣ, ҷойҳои дуюм - Петров Андрей ва Марина Химелевская (ҳар ду аз шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон) бо 3000-долларӣ, ҷойҳои сеюм - Вайтака Самуэл (Кения) ва Жаннатбек Гулжанат (шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазокистон) бо 2500-долларӣ, ҷойҳои чорум - Степан Киселев (шаҳри Қазони Федератсияи Русия) ва Катя Фатеева (шаҳри Челябински Федератсияи Русия) бо 2000-долларӣ, ҷойҳои панҷум - Муго Энтонӣ (Кения) ва Ираида Александрова (шаҳри Қазони Русия) бо 1800-долларӣ ва ҷойҳои шашум – Пяткин Иля (шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон) ва Зайнаб Мансурӣ (шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон) бо 1500-долларии ИМА мукофотонида шуданд.

Медалли тиллои Қурбоншо дар Ҳолланд Чанде пеш дар шаҳри Утрехи Ҳолланд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини классикӣ (юнонию римӣ) миёни кӯдакону наврасон баргузор гардид. Дар он зиёда аз 300 нафар гӯштингир аз Аврупову Амрико ва Осиё ширкат варзиданд. Дастпарвари Ҷамъияти варзишии “Динамо”-и ВКД Қурбоншо Коналиев дар ин мусобиқа маҳорати баланд нишон дода, дар вазни 32 кило ғолиб шуд. Ӯ 5 ҳарифи худро пеш аз муҳлат мағлуб карда, ба финал баромад. Дар финал

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9390), 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

бо ҳисоби 8:0 ғалабаи соф ба даст оварда, ба гирифтани медали тилло ноил гардид. Пеш аз сафар ба Ҳолланд гӯштингирони навраси кишвар бо роҳбарии мураббии варзида Субҳон Абдукаримов дар мусобиқаи байналмилалӣ

ба хотири Мураббии шоистаи ИҶШС М. Шеин ширкат варзиданд. Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Москва баргузор гардида, дар он зиёда аз 200 нафар варзишгар аз кишварҳои ИДМ ширкат намуданд. Варзишгарони навраси тоҷик соҳиби 3

медал шуданд. Ҳусейн Саидов дар вазни то 38 кило ва Довуд Файзов дар вазни 42 кило медалли тилло, Қурбоншо Коналиев медали нуқра ба даст оварда буданд. С. СУННАТӢ, “ҶТ”

13


БА ИФТИХОРИ 70-СОЛАГИИ УСМОН ШАРИФЗОДА

Аз марги Усмон Шарифзода қариб ҳафт сол гузашта бошад ҳам, вақте аз ӯ ёд мекунему дар бораи шеъраш ҳарф мезанем, чеҳраи офтобхӯрдааш, якрӯию якравиаш, бе тарсу ҳарос ҳарфзаданҳояш, шердилию шӯридадилиаш ва панҷа-панҷа сифатҳои дигари маҳз хоси ӯ пеши назар меоянд. Шоир андар шинохти худ мегӯяд: Кистам ман? Бо дили шӯридаву теғи қалам, хуни ҷигар, Бо сари мижгону нури чашму шарёни пуроташ ба сар. Аз Усмон дар ёди мо хотираҳо кам нестанд. Боре ӯ аз хоби дидааш назди ман ҳикоят кард. Ӯ дар хоб Расули Худо Муҳаммади Мустафоро дида будааст, ки ба Усмон меҳрубонию лутф мекардааст. Усмон аз он ки ба дидори пайғамбари ислом “мушарраф” гардидааст, сари ифтихор боло карда, аз ман тадбир хост. Дар ҷавоб гуфтам: ”Ту, Усмон, аз пайғамбар зиёд умр намебинӣ.” Ин гапи ман, албатта, ба ӯ нафорида бошад ҳам, андак завқ бурда, таъкид кард: “Дар ин бора ба Қиёмиддин Чақалзодаи актёр нагӯ, ки латифа месозад...” Усмон эҷоди худро сахт меписандиду ҳар хел шеъро эътироф намекард, дар баҳои ҳамқаламон басо сахтгир буд. Бо вуҷуд, дар эътирофи банда ҳамчун нависанда, марди фозил, сармуҳаррири рӯзномаи Файзобод” гуфтааст: Бе рӯи ту Файзобод - он мулки рафоқат нест, Бе бӯи ту Файзобод - он мушки шафоқат нест. Гаҳ-гаҳ биравам он ҷо аз хотири Фирдавсӣ, Ё Ҷӯраи Муъминро аз халқу Ватанпурсӣ. Фирдавсӣ Қурбонзода ҳам, ки Усмон аз ӯ ёд мекунад, аз мардони фозилу донишманди Файзобод аст. Усмон Шарифзода дар 23-солагӣ вориди адабиёт шуд. Аз аввалин шеърҳояш бӯйи ҳикмату фалсафа мехест. Ҳанӯз солҳои 1967-1970-и асри гузашта, ҳине ки дар донишгоҳ мехондем, аз Усмон Шарифзода ин байтҳоро шунида, азёд карда будам: Бо ҳама ин даҳшати худ зиндагӣ монанди ҷанг аст, Зиндагӣ ҷанг аст, ҷанги бесилоҳу бетуфанг аст. Ошиқам бар зиндагӣ бо ҳашмату бо даҳшаташ, Моҳии хурде, ту гӯӣ, ошиқи коми наҳанг аст. Гоҳ инҷо рӯбаҳе чун шер ово медиҳад, Шер гоҳо тир аз по хӯрда, чун ӯбоҳи ланг аст. Усмон хеле барвақт, айёми донишҷӯӣ ба фалсафаи зиндагӣ сарфаҳм рафта буд, пастию баландии зиндагиро ҳис мекард, “шерӣ”-ю “рӯбаҳӣ”-и одамонро дарк менамуд. Соли 1979 устод Бозор Собир ашъори ҳафтод нафар эҷодкорони пиру ҷавонро дар китоби “Риштаборон” ҷой дод. Дар ин

14

маҷмуа аз мо ду шеър, аз Усмон зиёдтар ҷой ёфтанд. Ашъори “Риштаборон”-ии Усмон равону дилнишин буда, ҳамон вақт аз мавқеи намоёни ӯ дар адабиёти тоҷик башорат медоданд. Усмон Шарифзода қадам ба қадам пеш рафт, бо навҷӯию навгӯӣ дар қатори беҳтарин шоирони тоҷик ҷо гирифт. Адабиётшиноси маъруф, профессор Худоӣ Шарифов барҳақ ба сабку услуби баёни Усмон баҳо дода, дар ин равиш ӯро ба Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ монанд медонад. Яъне, ҷараёни афкори Усмон дар мақоми олии эҷод қарор дорад. Мо медонем, ки Мавлои Румӣ дар роҳи ормонҳои беназири маърифатию рӯҳонӣ ва маънавӣ машъали дурахшон аст. Воқеан, Усмон Шарифзода ҳакими беҳамтост. Таваҷҷуҳ кунед, чӣ мегӯяд: Ҳайфи одам, ки ба қадраш нарасиданд он гаҳи ҳаст, Баъди мурдан бибарандаш ҳама дам дасти ба даст. Ё ба ин ҳикмати фалсафӣ назар андозед:

ва фазои башарӣ меёбад, ки ин мароми олии шоирӣ аст. Шоир дар ҳошияи китоби “Рӯҳи зиндонӣ” овардааст: “Одам аслан чаҳор зиндон ё олам бинад. Аввали аввал аз зиндони хун, аз батни модар раҳо ёфтан аст. Дуюм, зиндони зиндагӣ омадан ва ҳамвора дар зиндони нафсонии худ буданҳост (Зиндони сеюм). Зиндони чаҳорум, ба абадият (ба василаи марг) рафтан аст. Дар се зиндон мебинем, ки одам ҳанӯз ба маънои аслии Одам нашуда. Касе нест, ки аз он зиндони ахират, аз зиндони абадият муждагонӣ бидиҳад, ки воқеан одам Одам шуда ё не ?!..” Дар фаҳмиши мо, Усмон Шарифзода тавассути шеъри ҳикматрезу фалсафахези худ аз ҳамаи зиндонҳо раҳо мегардад. Ӯ на шоири зиндонӣ, балки шоири тӯфонист. Дар шасту се соли умраш ҳамчун тӯфон зиста, ба ифодаи худаш, аз зиндон бо тӯфони дил берун ҷаст: Одам аз маҳкамаи модари худ гашта раҳо,

Қаҳқаҳаи Усмон Ман дар ин дунё надорам ҷуз ғаму дарди замин, Мебарад бар дӯши худ бори замин марди замин. Мардро дар китфу шарён бори як сайёра аст, Дар дилу шарёни набзаш гармиву сарди замин. Бисёр дӯстдорони адабиётро медонам, ки ба эҷоди Усмон Шарифзода дилбохтагии хоса доранд, дар гуфтор афкору ашъори ӯро истифода мекунанд, бо кайфияти зиёд ба ӯ ҳамчун мутафаккир баҳо медиҳанд. Омӯзгор ва адиб Қурбон Ҷомӣ, ҳине ки аз ноаҳлии одамон, ноҳақиҳои замон, маҳалгароию хешутаборчигӣ ба дард меояд, аз Усмон ёд мекунад. Солҳои даргирии кишвар, замоне ки аз нофаҳмиҳо даст ба гиребони якдигар задему сӯйи ҳам тиру туфанг кашидем, Усмон мегуфт: Эй замон, кӯру карӣ? Кӯру каре кун маро, Эй замон, гову харӣ? Гову харе кун маро. Калу кӯру шалу шалтангу ҳама мурдаи гӯр, Шуда навсозу бизан, қурбоқа, наъли поро, Рафта дар масҷиди ҷомеъу ба сад лофу газоф Депутат гаштаву фанде бикун он халқи Худоро... Ашъори Усмон Шарифзода аввал дар баёзҳои “Риштаборон”-у “Дили модар” ва “Умре дар роҳ” ба табъ расиданд. Соли 1985 аввалин китоби хурди ашъораш “Хонаи ишқ” чоп шуд. Соли 1999 китоби аз ҷиҳати ҳаҷм калони ӯ (14,5 ҷузъи чопӣ) “Рӯҳи зиндонӣ. Дафтари хуншори сухан”-ро ба табъ расонда, нусхаи гармогарми онро бо соядаст ба бандаи камтарин бахшид. Аз ин китоб ба андешаҳои тӯфонии Усмон бори дигар ошно шудам. Ба қавли доктори адабиёт Худоӣ Шарифов “Рӯҳи зиндонӣ”, ки бо завқи саршор эҷод шудааст, таконҳои ақливу зеҳниву имонӣ, рӯҳонӣ ва ишқӣ бархӯрд карда, ҷанбаҳои таърихӣ ва башарӣ пайдо менамояд, доманаву қудрату ҷозибаи фарогирандагиаш ба уфуқҳои дуродури андешаву тахайюл мебарад”. Шеъри Усмон аз ҳудуди тангу маҳдуд берун рафта, моҳияту маъно

Ҳамчу зиндонии хунғарқаи нолон гӯяд... Шоир аз хуни ҷигар ҷомеаро нуру зиёст, Шеъри ӯ нолаи ӯ аз хуни шарён гӯяд... Халқ аз қисмати ҳам аз чӣ бало бефарқ аст?! Фарқи ҳайвонии одам кӣ ба ҳайвон гӯяд?! Китоби “Рӯҳи зиндонӣ”, ки дар худ 140 шеъри калону хурди Усмонро ғунҷондааст, аксаран аз фалсафаю ҳикмат, “дастбаргиребоншуданҳо” бо беадолатиҳои замона ҳарф мезанад. Усмон дар ҳама ҳолат бо ҷасорат сухан мегӯяд, бо пойи худ меравад, бо пойи дигарон рафтанро ба худ эб мебинад, онҳоеро намеписандад, ки ба ҷои падари хеш будан гирди номи падар мегарданд: ...Таъна бар ман мазан, эй пушту паноҳе дорӣ. Ман ба пойи худаму пойи ту по не, чигас аст. Ман фақат аз дили ногаҳкуши худ метарсам. Сари мӯ тарс надорам ба ҷаҳон, тарс бас аст. Ба пару боли уқоби дили худ меболам, Пару боли туи нокас пару боли магас аст... Ман аз ин умр дигар ҳеҷ нахоҳам, Усмон, Косае об аз он чашмаи Илок бас аст. Хонандаи азиз, дар сари байти охири ин ғазали иктибосшуда андак таҳаммул кун. Инҷо муҳаббати шоир ба Ватан, ба зодгоҳ рӯшан ва хеле самимӣ ифода ёфтааст. Яъне, барои Усмон косае об аз чашмаи Илок ширинтар аз ҳамаи даврони умри ӯст. Воқеан, Усмон мисли устодони назм Мирзо Турсунзодаю Лоиқ, Бозор Собиру Муҳаммад Ғоиб, Мирзо Файзалию Камол Насрулло ва чанду чанди дигар дар ватансароӣ хеле моҳир аст. Ватансароии Усмон аз ватансароии дигар шоирон бо андешаҳои ҷолибу маъникаш фарқ мекунад. Усмон Шарифзода аз ҷумлаи адибонест, ки дар васфи модар басо мутаассир, ҷигарсӯзу ғамнок месарояд. Модарномаҳои Усмон асосан баъди марги модараш эҷод шуданд. Соли 2004 Усмон

Шарифзода “Қаҳқаҳаи гиряхез”-ашро ба табъ расонд, ки аз модарномаҳои ӯ оғоз гардида, “Ҳадиси модархудо” унвонӣ шудааст. Ин боб аз 25 шеър иборат буда, аз дарду доғи хазону зарди модар, қалби ғамдидаю доғхӯрдаи ӯ ҳикоят мекунад. Шеъри “Ҷигарам месӯзад” чунин мисраъҳои ғамнок дорад: Ёди модар кунаму мағзи сарам месӯзад, То ба маргам ҳама банди ҷигарам месӯзад. Чашмҳо луқ-луқи обу ҷигарам чак-чаки хун, Дили садпораи лаф-лаф ба барам месӯзад, Дил ба хун гуму гиреҳ мезанаду модар ку ?! Зарду зоре шудаам, чашми тарам месӯзад. Кундаву решаву баргу шаҷарам Модар буд, Кундаву решаву баргу шаҷарам месӯзад. Шоири шӯридасар Усмон Шарифзода сухангустари комил буд. Ӯ сари минбарҳо бо эҳсосот сухан мегуфт. Гуфтаҳояш мисли шеъраш пурмаънию ҷаззоб мебаромаданд. Чаро нагӯем, ки Усмон дар эҷоди наср ҳам балад буд, насраш шеърона ҷӯ мекашид. Ба мисол, дар охирсухани “Қаҳқаҳаи гиряхез” омадааст: “Ман як шахси оташам, савори аспи оташам, Ҳо, ҳо, ман оташам ва аспи ман аспи оташ аст. Шиҳаи аспам ба моҳу анҷум мерасад. Ман як савори даргирифтаам, ман як чанори даргирифтаам, ман як дарёи оташам, ки фарёдкунон, фиғону шевакунон аз миёни боду боронҳо, тӯфонҳо, ҷангалҳо, шеру палангу гургу олами вуҳуш мисли раъду барқ кафан-кафан зулмоткуш мегузарам, чашми сиёҳи пурхуни замонаи хуншорамро медаронам ва чашми рӯзро, рӯшноии ҷонбахшоро мекушоям, ба рӯшноӣ ворид мешавам ва бар олами малакут чун шохаи сабз, чун чашми сабзи модарам мераваму Ватан мекунам”. Эҷоди Усмон Шарифзода сифатҳои бисёр дорад. Мавзӯи шеъраш ҳар кадом аз ҷониби нақди адабӣ таҳқиқи хоса-хоса металабад. Ҷӯрабек МУЪМИН, Корманди шоистаи Тоҷикистон

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9390), 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ АҚЛ Таскиндињанда Њарфи дуюми алифбои лотинї

... Нињолова, овозхон, раќќоса

Аз полкњо иборат аст

Хурсанд

Аспи …, тездав

Ноњия дар в.Суѓд

Љонишини шахси сеюм Зада таѓйири самт кардан (байналхалќї)

Ташкилоти баскетболи ИМА (русї)

Хо Ши …, доњии Ветнам

Мамлакат

Беќарор, бетоќат Сарпўши арўс

Зани Бобои Одам

Адриано …, актёри итолиёї

Гиёњи хўрданибоби бадбўйи чукришакл

Шакли дигари «њарфњо»

… Деол, актрисаи њиндї

"... ва Љеррї"

Зоти саг

Љаноби эронї

Зеб, зиннат

Додар (лањљ.)

Њунарманд

Мусобиќаи шеърхонї

Ризќ, хўрок Толиб ..., бастакори тољик

«Фољиа» дар сањна Иёлот дар Њиндустон

Мурољиат ба мард дар Эрон

Нодон, ањмаќ

Нофањмо

Шираи тут, ангур, тарбуз

Актёри њинду …Капур

Боксчї Кассиус Клей – Муњаммад …

Муассисаи таълимї

Бовар накардан, бо назари … нигаристан

Осудагї, фароѓат

Љои касалњо

... -Вегас, шањри казиноњои Америка

Тарки ватан кардан

њољи

Донањои риштакашида

Дарё дар Туркия ва Ироќ

Чашми рўз Амир аз сулолаи Сомониён

Сузишвории асосии зимистона

Забони сунъї

Кишвари «амаки Сэм»

Њамзабонамон аз Тењрон

Гўсфанди кўњї

Сифр

... Пикассо, рассом

Христианї, насронї

Дўсти испанї

Њам лото, њам домино

Шаршара

Безобита, ноором

… Келдї, шоири тољик

Модар (лањљавї) Гурехтани асп

Содда

Бардошт, тоќат

Ќисми баъзе асбобњои мусиќї Хояндаи «љомашўй»и бешањои рус

Захмин

Бошишгоњ, макон

Аъзо, дил …-и асосии инсон аст

Шањри якчашмањо равї, … шав

… Рай, актрисаи њиндї Забони сунъї

Ѓунљоиш Падар (лањљ.)

…и Рањим, овозхон

«Љануб» ба истилоњи бањрчиён

Љонишин

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9390), 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

Њуљљати нархи мол

15


АКСИ РӮЗ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Афандӣ занашро ба сайри Париж мебарад. Зан: - Вауууу, Париж. Дар зебогияш мурӣ меарзад. Афандӣ: - Одам бояд ҳамеша ба гапаш истад.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

***

Марде аз дӯсташ мепурсад: - Воҳима аз даҳшат чӣ тафовут дорад? - Воҳима – вақте ту ҳамроҳи хушдоманат дар кӯча меравӣ, ногоҳ гирдбоди сахте хушдоманатро ба ҳаво бардошта, нопадид мешавад. Даҳшат бошад – баъди чанд сония гирдбод дубора хушдоманатро ба наздат меорад.

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралӣ САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Сайфиддин СУННАТӢ

***

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Маҳмудҷон УСМОНОВ

(муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),

Наврӯз ҚУРБОНОВ (хабарнигор, Душанбе),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),

ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА

(муовинони котиби масъул)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 8400 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

16

17 апрел дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сохтмони маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ оғоз шуд. Маҷмаа аз як бинои 30-ошёна ва ду бинои 25-ошёна иборат хоҳад буд ва барои Хадамоти алоқа, идораҳои марказии Тоҷиктелеком ва Почтаи тоҷик пешбинӣ шудааст. Маҷмаа муддати 3 сол бо харҷи беш аз 630 миллион сомонӣ сохта хоҳад шуд.

Подош - Сарат асло дардро набинад, писарам, Худо ҳамеша мададгорат шавад. Барои ман шуда, аз хориҷ хеста омадӣ, мегуфт марди солдида ба духтури ҷавон, ки сари болини ӯ мунтазир меистод.

Ӯ, ки ҳамин ҳоло бояд ҷарроҳӣ шавад, сартабиби яке аз беморхонаҳои бузургу номдор буд. Табобати бемориаш танҳо дар берун аз кишвар имкон дорад ва ҳоло яку якбора хурӯҷ кардааст. Дӯстонаш медонанд, ки ӯ бо ин аҳвол ба роҳ баромада наметавонад ва бо вуҷуди хеле кам будани шанси зинда монданаш қарор доданд, ки ҷарроҳиаш мекунанд. Вале ин ҷавон, ки дар касбу кори худ мутахассиси нодир аст, аз куҷо хабар ёфта, ба зудӣ омада, ӯро наҷот дод, касе намедонад... Табиби пир дастони ҷавонро дошта, намедонист ба ин некии вай

АНДАРЗ

чи гуна изҳори миннатдорӣ кунад. Ӯ аз ғояти хурсандӣ, ки дубора ба зиндагӣ баргаштааст, беист гап мезад. - Вақте маро барои ҷарроҳӣ беҳуш мекардӣ, аз чӣ бошад, ҷавонии худам пеши рӯ омад. Ҳанӯз вақте навкор будам, зани ҳомилаеро муоина карда, маълум намудам, ки пойҳои тифли дар батнаш буда, инкишоф наёфтаву носолиманд. Агар таваллуд шавад, роҳ гашта наметавонад. Аз он ки тифли бечора бо ин аҳвол таваллуд мешавад, ба дунё наомаданаш беҳтар аст, гуфтам ба худ. Вале чун тапиши қалби он

маъсумро шунидам, аз раъям гаштам. Сипас, ба рағми онҳое, ки ба хотири «танзим» шуда, тифлакони сиҳатро ба қатл мерасонданд, барои таваллуд шудани он мусоидат кардам. Шояд ба ҳамон хотир Худованд имрӯз туро ба имдоди ман фиристод. Табиби ҷавон дасти беморро, ки бо ин меҳрубониву самимият танҳо падар дасти фарзандашро мегирад, оҳиста аз дасти худ ҷудо намуда, каме қафо рафт ва шимашро боло бардошта, пойҳои аз зону поён сунъиашро нишон дод. - Худованд ягон некиро беподош намемонад, ҷаноб! - гуфт ӯ бо табассум ба бемор нигариста. Таҳияи Башир УСМОНОВ, “ҶТ“

Зан ба шавҳараш: Модарамро баъди заҳролудшавӣ имрӯз аз беморхона ҷавоб медиҳанд. Мард ба худ: - Илми тиб хеле пешрафт кардааст. Ретсепти аз бобо гирифтаам, дигар кор намедиҳад...

ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Номаи камоли гумшудаи №237393, ки МТМУ рақами 28-и ноҳияи Қубодиён соли 1989 ба Хусаинов Маҳмаражаб Сайраҳмонович додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №250672, ки МТМУ рақами 46-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соли 1986 ба Давлатова Бика Нусратуллоевна додааст, эътибор надорад.

ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ

ҶДММ “Сайри осмон” (РЯМ 0110014777, РМА 010089155) барҳам мехӯрад.

ҲАМДАРДӢ Роҳбарият ва кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз марги нобаҳангоми собиқ директори Хонаи ҷумҳуриявии методии кумита ЗИКРИЁ БУХОРИЕВ сахт андуҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум аз даргоҳи илоҳӣ сабри ҷамил мехоҳанд. Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба рӯзноманигори собиқадор Кароматуллоҳи Аҳмад бинобар вафоти ҲАМСАРАШОН таъзия баён намуда, барояшон аз даргоҳи илоҳӣ сабру таҳаммул хоҳонанд.

ШОДБОШӢ

МАНАМ ОН УҚОБИ КӮҲӢ, КИ... Ҳунарманди маъруф ва маҳбуб Қиёмиддини Чақал баҳори шастуми умри бобаракати хешро пурмуҳтаво ва мутантан истиқбол менамояд. Ӯ, асосан, дар даврони истиқлолияти Меҳани азизамон якбора чун уқоби пурғурури қуллаҳои сар ба осмони диёри домани гардун болу пар кушода, ба шахсияти воқеӣ бадал шуд ва бо қадамҳои рустамона дар силсилатеппаҳои афсонавии деҳаи Кабкрези Файзобод ба монанди бобои Зебетумп наъра зад: - Манам он уқоби кӯҳӣ... ... Бошед!

Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба рӯзноманигори шинохта Султони Ҳамад нисбат ба фавти МОДАРАШОН ҳамдардӣ изҳор намуда, ба ӯ ва наздиконаш аз даргоҳи илоҳӣ сабри ҷамил мехоҳанд. Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба хабарнигор Насрулло Туйчизода нисбат ба марги падараш, журналист ҲАДЯТУЛЛО ТУЙЧИЗОДА ҳамдардӣ изҳор намуда, ба ӯ ва наздиконаш аз даргоҳи илоҳӣ сабри ҷамил мехоҳанд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9390), 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.