ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №16 (9546), 19.04.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №16 (9546), 19/04/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
АХБОРИ ҲАФТА
саҳифаи
3
саҳифаи
4
саҳифаи
5
ҲУҚУҚИ ШУМО МУЛОҲИЗА ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ МАСЪУЛИЯТ
саҳифаи
6
саҳифаи
7
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ саҳифаи
МАЪРИФАТАФРӮЗ
Шиносоӣ аз рафти корҳои ободонию созандагӣ Аз тиллои Осиё то тиллои Аврупо Ба хотири пирӯзии паҳлавонони тоҷик охири ҳафта (12-15) парчами кишвар дар қораи Осиё ва Аврупо парафшон гардида, Суруди миллии Тоҷикистон садо дод. Ёқубҷон Назиров, паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо дар рақобатҳо миёни ҷавонони то 21 сола, дар вазни 90 кило сазовори ҷои аввал гардида, соҳиби медали тилло шуд. Ёқубҷон бар Деймон де Воси ҳолландӣ, Имеда Гоголадзеи гурҷистонӣ ва Санширо Мураои ҷопонӣ ғалаба карда, дар даври инҳоӣ варзишгари дигари ҳолландӣ Том Бонешанскарро шикаст дод. Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 14-15 апрел дар қасри варзиши “Юбилейний”-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 259 варзишгар (171 писар ва 88 духтар) аз 16 кишвари дунё ширкат намуданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 8 варзишгар намояндагӣ карданд: Муллораҷаб Халифаев, Суруш Тавакалов (66 кило), Сомон Маҳмадбеков, Хайёмиддин Ҷабборов (73 кило), Хушвақт Идиев, Файзалӣ Маҳмадов (81кило), Темур Маҳмадов ва Ёқубҷон Назиров (90 кило). Дар баробари Ёқубҷон Назиров паҳлавони дигари тоҷик Муллораҷаб Халифаев низ аз худ маҳорати баланд нишон дода, дар вазни худ зинаи 7-умро ишғол намуд.
саҳифаи
8
10
САЛОМАТӢ - ГАНҶИ БЕБАҲО саҳифаи
11
2
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №16 (9546), 19.04.2018
Қабули эътимоднома аз 5 сафири нав Санаи 13 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири навтаъиншудаи кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд. Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти кишвар сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳасан Дилсуз оглу Маммедзаде, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эргаш Шоисматов, Ҷумҳурии Арабии Миср Иҳаб Аҳмад Талат Наср, Ҷумҳурии Словакия Ян Бори ва Ҷумҳурии Куба Эмилио Певида Пупо эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд. Сарвари давлат зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.
Аз ҷумла, Пешвои миллат ба маҳаллаи 82-юми пойтахт ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонии эстакада дар ин мавзеъ аз наздик шинос шуданд. Тавре маълум гардид, корҳои асосии сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба итмом расида, айни ҳол мумфаршкунии қитъаҳои алоҳидаи роҳ, сохтмони истгоҳҳои наву замонавӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои пиёдагард ва ободонии атроф бомаром идома дорад. Сохтмони иншооти мазкур бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат соли 2016 оғоз ёфта буд. Он вақт Роҳбари давлат ба фармоишгарону пудратчиён ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба сомон расонидани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим дастури қатъӣ дода буданд. Мутобиқи лоиҳа, сохтмони ин иншоот бояд 1 сентябри соли ҷорӣ, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ пурра анҷом дода шавад. Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Сарвари давлат ба марҳилаи 2-юми лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” оғоз бахшиданд. Тавре маълум шуд, дар марҳилаи навбатӣ аз муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе роҳи мошингард пурра навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Зимни муаррифии тарҳи мазкур, гуфта шуд, ки паҳноии ин роҳ ба 68 метр расонида шуда, то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе 8 хати ҳаракат бунёд мегардад. Дар ин баробар сохтмони 4 хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ дар назар дошта шудааст, ки ин иқдом минбаъд рафтуои бемамонияти тамоми навъи нақлиётро дар ин самт таъмин карда, тамбашавии нақлиётро аз байн мебарад. Зимнан Пешвои миллат ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе дар боғи Сангини шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз мавзеи бунёди ангоравии Маҷмааи “Истиқлол ва Озодӣ” боздид ба
Шиносоӣ аз рафти корҳои ободонию созандагӣ 13 апрели соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз рафти корҳои сохтмонии як қатор иншоотҳои пойтахт дидан намуданд. амал оварданд. Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии боғи Сангин, ки дар он Маҷмааи “Истиқлол ва Озодӣ” сохта мешавад, 8,5 гектарро ташкил медиҳад. Барои зебову назаррабо гардондани атроф, гулгаштҳо ва роҳравҳои назди Маҷмаа дарахтони гуногуни сояафкану ороишии ҳамешасабз шинонида шудаанд. Маҷмааи “Истиқлол ва Озодӣ” дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ, инчунин ба хотири 30 - солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бунёд карда мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз Президенти кишвар дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи универсалии варзишӣ шинос шуданд. Зимни шиносоӣ бо тарҳи сохтмону ободонӣ ва ҷараёни корҳо, ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи бузурги универсалии варзишӣ дар майдони қариб 10 гектари ин мавзеи зебо бунёд мегардад. Дар ин ҷо қасрҳои варзишии болопӯшида ва нимпӯшида ва ҳам майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузург барои шиноварӣ ва дигар намудҳои варзиши обӣ, ҳамчунин қасри намудҳои варзиши рӯи ях бо навтарин стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешаванд. Ин маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ мебошад, ки ҳар яке аз 150 то 3000 ҷои нишаст барои тамошобинон дорад. Фармоишгар Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва пудратчӣ ҶДММ “Строй Комплекс” мебошанд. Маҷмаа аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Ду-
шанбе бунёд мегардад. Ба ғайр аз ҶДММ “Строй Комплекс” дар корҳои сохтмонии маҷмааи варзишӣ инчунин 19 ширкати ватанию хориҷӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Дар ин рӯз ҳамчунин Пешвои миллат бо раиси шаҳри Душанбе дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар назди бинои маъмурии Бонки миллӣ ба роҳбарияти он дастуру супоришҳои созанда доданд. Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо заминҳои наздиҳавлигии Бонки миллӣ, Кохи Ваҳдат ва дигар иншооти шафати кӯчаи марказии хиёбони Рӯдакӣ барои бунёди гулгашти замонавӣ, шинонидани гулу буттаҳо, дарахтони ороишӣ, чароғонкунӣ, сохтмони фаввораҳои зебо ва насби курсиҳо дар ин ҷо ҳидоятҳо доданд. Баъди бунёди гулгашти нав, ки дар як ҷойи хеле мувофиқ бо дастури Пешвои миллат сохта мешавад, барои сокинону меҳмонони пойтахт макони дилфиреби сайру гашт муҳайё мегардад. Сарвари давлат таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои давлатии пойтахтро ба сифати баланди корҳо ва иҷрои тадбирҳои ободонии муҳит бо завқи баланди зебоипарастӣ ҷалб карданд. Таҳияи Хуршед МАВЛОН, “ҶТ”
Тозакунии муҳити зист идома дорад
Баррасии хушунати оилавӣ дар Шуғнон
Зиёда аз 30 нафар аъзоёни Клуби волонтёрону намояндагони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ соҳили дарёи Ғунд ва боғи фарҳангӣ - фароғатии "Чорбоғ" - ро аз ахлотпораҳо тоза карданд, — мегӯяд муовини мудири кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ Сураҷ Чоршанбиев. Ҷавонон аз пули мошингузари "Шошхоруғ" то бозори марказии озуқаворӣ як канори дарёи Ғунд ва чанд гӯшаи Чорбоғро аз хасу хошок, покиза намуданд.
Таҳти унвони "Пешгирии зӯроварӣ дар оила" бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шуғнон ва ташкилоти "Мадина" дар муассисаи таҳсилоти ҳамагонии №12 ба номи Шириншоҳ Шоҳтемури ҷамоати Поршинев семинари амалӣ - омӯзишӣ баргузор гардид. Дар он Зиёратмо Шикорбекова, мутахассиси пешбари бахш, Салима Имомназарова равоншиносу корманди ташкилот, Сабзина Азичаева нозир оид ба корҳои пешгирии зуроварӣ дар оилаи назди ШВКД ва ҷавонон мавзӯи мубрамро мавриди омӯзишу муҳокима қарор доданд.
ВМКБ
Баргузории 500 чорабинии фарҳангиву варзишӣ ба ифтихори “Рӯзи пойтахт”
ДУШАНБЕ
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчун мақомоти ваколатдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонону варзишгарон ва арҷгузориву муқаддас шуморидани пойтахти маҳбубамон шаҳри Душанбе ба ифтихори сазовор таҷлил намудани“Рӯзи
пойтахт”, хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон – Душанбеи нозанин, 500 адад чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, иттилоотиву таблиғотӣ, мусобиқаҳои оммавӣ – варзишӣ ва солимгардониро дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мукаммал аз 18 то 21 апрели соли 2018 дар тамоми қаламрави кишвар баргузор менамояд. Баргузории чорабиниҳо аз
дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарманшаъ мегирад. Шумораи бештари чорабиниҳо санаи 21 апрел, баргузор гардида, бори нахуст “Рузи пойтахт” дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад.
Якпорчагии миллат – муқаддастарин арзиш Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ ва муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар Назарзода Ризо бо ҷавонони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ мулоқот намуданд. Қайд гардид, ки дар асл ҷавонон бояд аз рӯи мулоҳизаҳои дурусту солим ба имконияту дастовардҳои Ваҳдат ва Истиқлолият
3
АХБОРИ ҲАФТА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №16 (9546), 19.04.2018
баҳо диҳанд. Маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияту суботи сартосарии кишвар тақвият ёфтааст ва дар ин замина бояд теъдоди ҷавонони пешоҳанги ҷумҳурӣ бештар гарданд, то ки муҳиммияти ин арзишҳо, ҳамдилӣ ва якпорчагии миллату давлатро аз ҳарвақта бештар нигоҳ доранд.
Мизи мудаввар дар самти рушди ҷавонон Дар Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 апрел, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар мавзӯи “Тақвияти ҳамкориҳои самаранок дар самти рушди ҷавонон” мизи мудаввар доир гардид. Дар он Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагони Иттиҳоди ташкилотҳои кор бо ҷавонони Тоҷикистон (ИТҶТ) ва ташкилотҳои дигари вобаста ба самти ҷавонон ширкат ва суханронӣ намуданд. Аҳтам Абдуллозода чорабиниро ифтитоҳ башхида, доир ба нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ, саҳми онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва фаъолияти босамари онҳо дар самти кор бо ҷавонон суханронӣ намуд.
Вохӯрӣ бо гирандагони стипендияи Президентӣ ХАТЛОН
Бо иқдоми Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар вохӯрӣ бо гирандагони стипендияи Президентӣ доир гардид. Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва волидони стипендиантҳо иштирок намуданд. Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон хеле хуб буда, ҷиҳати аз бар намудани донишҳои муосир ва соҳибкасб гардидани ҷавонон пайваста чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар фарҷом ба хонандагони лаёқатманд идрорпулӣ супорида шуд.
Бохтар: Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст Санаи 14 апрел, бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар машқи пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” бо иштироки 1480 нафар шаҳрвандон, аз он 295 нафар бонувон, 245 нафар дастпарварони мактабҳои варзишӣ, 555 нафар сокинону ҷавонон ва 680 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид. Зикр кардан ба маврид аст, ки машқҳои пагоҳи рӯзӣ ҳар ҳафта дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бо иштироки васеи сокинон доир шуда истодааст
“Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” дар ноҳияи Ашт СУҒД
15 апрел, дар маркази ноҳияи Ашт - шаҳраки Шайдон чорабинии идона бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” таҳти унвони “Сайри китоб” баргузор гардид. Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳия, зимни ифтитоҳи чорабинӣ қайд кард, ки китоб дар назди мардум қадру манзалате дорад, ки онро зери болини тифли навзод мегузоранд, бо умеде, ки дониш чароғи равшани дили ӯ ва ҷавшани танаш бошад. Моро зарур аст, то таваҷҷуҳи кӯдакону наврасонро ба китобу китобхонӣ зиёд намуда, барои баланд бардоштани маърифати кӯдакону наврасон ҳиссагузор бошем. Гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” ин ҷалби наврасону кӯдакон, ки ояндасози миллати тоҷик мебошанд, ба китобу китобхонӣ ва бештар рӯ овардан ба асарҳои бадеӣ мебошад.
Аксия: Оилаи солим интихоби беҳтарин Бо ташаббуси клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, 14 апрел, аксияи тарғиботӣ оиди мубориза бар зидди бемории хавфнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони “Оилаи солим интихоби беҳтарин” гузаронида шуд. Аксия бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон бобати хавфи вируси бемории ВНМО/БПНМ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ байни ҷавонон баргузор гардида, дар аксияи мазкур 300 адад маводҳои тарғиботӣ тақсим карда шуданд. Ҳамзамон бо мақсади ташвиқи тар-
зи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, рушди бемайлони варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд машқи пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони "Ҳаёти солим интихоби мо ҷавонон" дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ гузаронида шуд. Худи ҳамин рӯз дар дигар марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят низ бо иштироки беш аз 3194 нафар наврасону ҷавонон, сокинон ва варзишгарон чунин машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардиданд.
4 Яке аз масъалаҳои асосии сиёсати дохилии мамлакат дар ҷодаи илм ҷалби ҷавондухтарон ба таҳсил ва зиёд намудани фарогирии онҳо ба илму маърифат мебошад. Барои амалӣ намудани ин сиёсат Тоҷикистон чораҳои назаррасро амалӣ намуда, баҳри манфиати занону духтарон дар соҳаи маориф имкониятҳои нав ба навро амалӣ менамояд. Новобаста аз он ки давлат баҳри ҷалби занону духтарон ба илм чораҳо андешида, барои инкишофи илмомӯзии онҳо шароитҳои муфид муҳайё намудааст, то ҳол дар ин самт мушкилот ҷой дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон шумораи духтарони аз таҳсил дур қариб 50 фоизро ташкил медиҳанд. Ин вазъ бештар дар ҳудуди Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ ба назар мерасад. Сабаби ҳамаи ин мустаҳкам будани анъанаҳои хурофотпарастии шуури мардум аст. Сабаби дигари ин камбудиҳо мавриди диққати ҷиддии волидон қарор нагирифтани ҳуқуқҳои фарзандон, махсусан духтарон, мебошад. Зеро дар аксар минтақаҳои кишвар худи волидон илмомӯзии духтаронро маҳдуд карда, онҳоро дар руҳияи хурофотпарастӣ тарбия месозанд. Ин амал ҳатто дар оилаҳои дорои фарҳанги дунявӣ низ мушоҳида мегардад.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №16 (9546), 19.04.2018
ҲУҚУҚИ ШУМО
Занон ва илмомӯзии онҳо
Новобаста аз он ки тӯли 10 соли охир дар Тоҷикистон раванди афзоиши шумораи занони бо таҳсилоти касбӣ фарогирифташуда ба назар мерасад, ҷалби занон ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҳамагӣ 32,8 фоизро ташкил медиҳад. Давоми солҳои 2005-2010 таносуби духтарон дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз 28,1 то 22,3 фоиз ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ин нишондиҳанда аз 56,3 то 54,9 фоиз паст гардидааст. Афзоиши таносуби занон дар байни донишҷӯён танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 26,7 то 28,9 фоиз ва дар курсҳои кӯтоҳмуддати таҳсилоти касбӣ барои бекорон аз 58,9 то ба 60,8 % расидааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шумораи заноне, ки ба омӯзиши ихтисосҳои техникӣ ва иқтисодӣ машғуланд, кам ба
назар мерасад. Дар маҷмуъ шумораи заноне, ки соҳаи иқтисодӣ ва техникиро меомӯзанд, танҳо 10-15 фоизро ташкил медиҳаду халос. Тибқи нишондодҳо дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи кормандон аз ҳисоби занон 29 фоизро ташкил медиҳад, ки ин шумора нисбат ба мардон 32 фоиз кам аст. Дар ҷамъият ақидаи маъмул дар бораи чандон муҳиму ҳатмӣ набудани таҳсилоти муосири ҳамагонӣ ва касбӣ ба духтарон мавҷуд буда, маҳдудкунии фаъолнокии иқтисодии занон аз ҷониби мардон баръало ба назар мерасад. Мутаассифона, ҳолате ба назар мерасад, ки духтарон гарчи илми дунявиро аз худ карда бошанд ҳам, пас аз хонадор шудан аз фаъолияти кории хеш дар канор монда, асосан ба кори рӯзгор машғул мегарданд. Бо мақсади бартараф наму-
дани камбудиҳои дар боло зикр гардида ва баланд бардоштани савияи донишандӯзии занону духтарон, бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 29 майи соли 2010, таҳти рақами 69, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 тасдиқ гардид. Дар он масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти миёна ва касбии занон, фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани имкониятҳои иқтисодии онҳо ва таъмини иштироки баробари бонувон дар ҳаёти ҷомеа махсус таъкид ёфтааст. Бо мақсади баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа аз ҷониби Президанти мамлакат баъди мулоқот бо занони кишвар аз 7 марти соли 2006 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон қарор қабул кард, ки мувофиқи он аз соли 2006 дар кишвар ҳамасола 20 гранти Президентӣ барои рушди
Устод Айнӣ ва масоили равобити адабӣ Ба ифтихори 140умин солгарди зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он олимону пажӯҳишгарон аз кишварҳои Русия, Узбекистон, Голландия, Эрон, Малайзия ва макотиби олии Тоҷикистон иштирок намуданд, зимни ҷараёни кори конфронс масъалаҳои муҳими рӯзгору осори устод Айнӣ ва масъалаҳои равобити адабию забоншиносӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардид.
Дар конфронс ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академики АИ ҶТ М. Имомзода дар мавзӯи «Нигоҳи Айнӣ ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии аморати Бухоро» суханронӣ намуда, ёдовар шуд, ки дар таърихи муосири миллат чун Айнӣ, барои пойдории миллати мо, касе чунин ҷонфидоӣ накардааст.
Маҳз бо талошҳои шахсоне ба мисли Айни тоҷикон соҳиби кишвари худ шуданд, ки имрӯз як мамлакати озоду соҳибистиқлол аст. Дар ҷаласа маърӯзаҳои зерин шунида шуд: «Садриддин Айнӣ дар партави робитаҳои адабии тотору тоҷик» (М. Миннегулов, профессор аз кишвари Тотористони Федератсияи Русия), «Самарқанд – Айнишиносӣ дар Самарқанд» (аз Узбекистон, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд), «Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон» (аз Голландия, профессор Габриелла ван ден Берг). Ҳамчунин, донишҷӯ Сулаймони Адҳам шеъри Бозор Собирро, ки дар бораи устод Айнӣ навиштааст қироат намуд. Пас аз нисфирӯзӣ конфронс дар се бахш идома ёфт. Бахши аввал масъалаҳои «Адабиётшиносӣ ва робиташиносӣ», бахши дуюм масъалаҳои «Публитсистика, матншиносӣ ва тарҷумаи бадеӣ» ва бах-
соҳибкории хурд ва миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо барои солҳои 2006-2010 таъсис дода шуд. Дар баробари Кониститутсия инчунин санадҳои байналмилалӣ низ масъалаи таълими занон ва баробарҳуқуқии занону мардонро ба таҳсил мавриди диққат қарор медиҳад. Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон, ки дар асоси Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таҳия гардидааст, ки принсипҳои роҳ надодан ба зӯровариро нисбати занон тасдиқ менамояд. Аммо сарфи назар аз он ки дар масъалаи мазкур ҳуҷҷатҳои зиёди танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқукию ахлоқӣ чӣ дар дохили мамлакат ва чӣ дар хориҷ вуҷуд дошта бошанд, то ҳол зӯроварии зиёде нисбати занон ба назар мерасад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки зӯровариҳо асосан бо сабаби паст будани дараҷаи маърифатнокии занон амалӣ мегарданд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии занону духтарон дар қаламрави мамлакат ва муҳайё намудани шароит барои касбомӯзии онҳо Ҳукумати кишвар барномаҳои навро таҳия ва пешбинӣ дорад. Имрӯз, ки Тоҷикистон иқдоми бунёд намудани ҷомеаи демократӣ ва адолатпарварро пеш гирифтааст, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ин ҷода, яъне риояи ҳуқуқ байни занону мардон, саҳмгузор бошем. То ин ки занону духтарони тоҷик хонда соҳибмаълумот гарданд. Ва дар пешрафти диёр баробари мардон саҳми босазои худро гузошта тавонанд. А. ХУДОИЕВ, сардори бахши назорати сифати таҳсилоти муассисаи ғайридавлатии Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ
ши сеюм масъалаҳои «Забоншиносӣ»ро дар бар гирифт. Ҳамаи маърӯзаю гузоришҳо арзишманд буданд. Аз ҷумла, профессор А. Маҳмадаминов таваҷҷуҳи ҳозиринро бо пешниҳоди номаҳои нави устод Айнӣ ҷалб кард. Профессор А. Маҳмадаминов дар асоси номаҳои то ҳол нашрнашуда баъзе саҳифаҳои рӯзгори то имрӯз ба мардум ноаёни устодро шарҳ дод. Профессори Донишгоҳи Лейдани кишвари Голландия Габриелла ван ден Берг зимни суханронии хеш чанд нуқтаи ҷолибро баён намуд. Номбурда аз ҷумла иброз дошт, ки баъзе китобҳои дар солҳои сиюми асри пешин нашршудаи устод Айнӣ дар Донишгоҳи Лейдан маҳфуз аст. Дар яке аз ин китобҳо, ки соли 1935 чоп шудааст, дастхати устод Айнӣ маҳфуз буда, китобро эшон ба адиб Сотим Улуғзода тақдим кардааст. Дигар ин ки дар ин донишгоҳ шогирдон забони тоҷикиро аз рӯи китобҳои устод Айнӣ меомӯзанд. Дар давоми конфронси байналмилалӣ қариб 70 маърӯза шунида шуд. Равшан РАҲМОНӢ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №16 (9546), 19.04.2018 (Идома аз шумораҳои гузашта) Наврӯз дар саросари кишвар идома дошт. Рӯзи 26 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Авестои шаҳри Хуҷанд дар ҷашни идонаи “Корвони Наврӯзӣ” ва “Сайри гули лола” иштирок намуданд. Барои истиқболу мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар макони баргузории ин чорабинии бошукуҳ, ки ба таври идона оро дода шуда буд, беш аз 10 ҳазор нафар ҷамъ омада буданд. Дар ин шодмонии наврӯзӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни ин базми бошукӯҳ суханронӣ карданд. Пас аз табрику таҳният Сарвари давлат бо ёдаварӣ аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ба ёд оварда гуфтанд: «Дар рӯзи шашуми Наврӯз, ки онро гузаштагони мо «Наврӯзи бузург» унвон намудаанд, мардум маросими муҳташаме ороста, бо ҳамдигар шодиву хурсандӣ мекарданд. Зеро ба эътиқоди ниёгони мо рӯзи шашуми таҷлили Наврӯз рӯзи тақсими саодат ва хушбахтӣ будааст ва ба ин хотир одамон ҳама якҷо ба наврӯзгоҳҳо баромада, бо номи “Корвони наврӯзӣ” ҷашне меоростаанд, то тамоми сол ба кишвар хуррамиву хушрӯзӣ ва ба хонадони мардум бахту иқбол ҳамроҳ бошад. Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон “Эҳёи ин суннати арзишманд аз ҷониби сокинони вилояти Суғд баёнгари ҷаҳонӣ шудани ин ҷашни миллии мо буда, дар рӯзи Наврӯз иқдоми воқеан нек ба шумор меравад”. Сипас баъди анҷоми суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини фарҳангӣ оғоз гардид. Таҳиягарони барномаи идонаи наврӯзӣ, маҳалли баргузории тадбири фарҳангиро бо рамзҳои хоси ҷашн, расму анъана ва суннатҳои наврӯзӣ оро доданд. Барномаи фарҳангии “Корвони наврӯзӣ” бо садои карнаю сурнай, бо намоиши театрии «Наврӯз муборак» оғоз шуд. Аз дидани ин намоиши хеле рангин маълум гардид, ки таҳиягарон Наврӯзро ба тамоми шаҳоматаш дар он инъикос додаанд. Солҳои охир бо ташаббуси Пешвои миллат, дар рӯзҳои Наврӯз ва пас аз он, дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар Ҷашни «Сайри лола» баргузор мешавад. “Сайри лола” дар гузаштаҳо буд. Ҳоло дубора бо диди тоза эҳё шудааст. Ин ҷашн чунин сурат мегирад, ки тамоми кӯчаву хиёбону боғу гулгаштҳо бо гулу лолаҳои рангоранг ороиш дода шуда, мардум ба тамошояш мебароянд ва ҳамчунин дар боғҳо ва ҷойҳои серодам карнаю сурнаю суруду рақсу мусиқӣ тани-
МУЛОҲИЗА нандоз мегардад. Таи чанд сол аст, ки дар арафаи Наврӯз порчаҳои атлас ва чакан ҳамчун либосҳои миллии тоҷикон таваҷҷуҳи тарроҳонро ба худ ҷалб намудааст. Пероҳанҳои рангоранги атлас дар таи солҳо хушнамудтарин либоси миллии духтарон ва занон тоҷик аст. Баъзе тарроҳон дар ҳар Наврӯз тарҳи чакан ва атласро якҷо сохта, онро боз ҳам мақбултар менамоянд. Бисёре аз духтарон бар он назаранд, ки либоси миллии чакани тоҷикӣ баҳорро ба ёд меорад. Аз ин рӯ, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба бар кардани онро афзал мешуморанд. Наврӯзи соли 2016 дар тамаддуни навини Тоҷикистон ва
Наврӯз ширкат намуданд. Дар ин чорабинии бошукуҳ ҳамватанон, ҳамзабонон ва меҳмонони зиёде аз кишварҳои хориҷӣ низ ташриф доштанд, ки ҳозирин аз гуфтори хушоянди наврӯзии Пешвои миллат ба ваҷд омаданд. Намоиши ҳунарии дилрабо дар варзишгоҳи шаҳри Турсунзода пешкаши тамошобинон гардид, ки мазмун ва муҳтавои он таърихи гузаштаю имрӯзи Наврӯзро тавассути саҳнасозии суруд, рақс, шеър, оинҳои мардумӣ, расми кишоварзон ҳикоят мекард. Бегоҳии 21 март Пешвои миллат дар Наврӯзгоҳи пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар суханҳои эшон
шукуфони он бештар ҷалб намуд. Ин манзараҳои зебо, ки бо дастони тиллоии кишоварзон бунёд шудааст, чанд сол аст мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор гирифтааст. Пас дидани манзараҳои дилнишини зардолузор ва табиати фусункор эшон аз эҳсоси баланди ватандӯстӣ супориш доданд, ки ин ин манзараҳои нодирро ба навор гирифта пешкаши бинандагони телевизион кард, то ҷаҳониён бо ин афсунгарии табиат ошно гарданд. Ин табиатро боғпарварони Исфара бунёд намудаанд. Ба гуфти Пешвои миллат онҳо қариб 70 навъи зардолуро дар зиёда аз 11 ҳазор гектар рӯёнида, аз он даҳҳо ҳазор тонна ҳосил меги-
мардуми шарифи тоҷик хеле хотирмон буда, ба ҳайси як падидаи муҳими фарҳангӣ дар таърихи кишварамон сабт гардид. Соли 2017 низ Наврӯз хотирмон буд. Ҳар сол аз кишварҳои гуногуни олам мардуми зиёд барои тамошои Наврӯзи Тоҷикистон ташриф меоранд. Акнун Наврӯзи мо сайёҳонро аз кишварҳои хориҷӣ ба худ ҷалб менамояд. Пешвои миллат ҳар сол пеш аз Наврӯз ва дар рӯзҳои ҷашн ба ноҳияҳо ва шаҳрҳои кишвар сафар намуда бо созандагиҳои мардуми шарифи тоҷик ошно мешаванд. Имсол ҷашни ҷаҳонии Наврӯз аз шаҳри Турсунзода оғоз гардид. Пешвои миллат 21 марти соли равон барои ифтитоҳи иншоот ва шиносӣ бо фаъолияти кишоварзон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, зимнан дар варзишгоҳ дар ҷашни ҷаҳонии
ҳамбастагии табиат ва инсон, ваҳдату пайванди мардуми олам, созандагию муҳаббат, башардӯстӣ ва хайрхоҳӣ, ободонии пойтахт, заҳмати зиёд кашидан баҳри рушди кишвару миллат садо дод, ки ҳама сабақе буд аз дарси хештаншиносӣ. Рӯзи 23 март Пешвои миллат дар идомаи тантанаҳои наврӯзӣ, ҳамчунин боздиди бунёдкориҳои мардуми вилояти Суғд, ки аз Наврӯзи гузашта, то Наврӯзи имсол ба чӣ комёбиҳои ноил гардиданд, иштирок намуданд. Ҳам табиати фусункор, ҳам мардуми наврӯзпарвар бо либосҳои гулгуну зебои баҳорӣ Пешвои миллатро истиқбол намуда, барои эшон аз корномаҳои худ, ҳам бо сухан ва ҳам бо ҳунари волои хеш гузориш доданд. Рӯзи 24 март Пешвои миллатро табиати дилангези Исфара бахусус зардолузори
ранд, ки ин ҳам ба мардум ва ҳам ба кишвар фоидаовар буда, ба кишварҳои хориҷӣ низ содир мешавад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими наврӯзӣ дар боғи «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок варзиданд. Ба мисли соли 2016 имсол низ ҳунармандони суғдӣ дар оғӯши табиати дилрабо бо иштироки намояндагони 18 ноҳияи вилояти Суғд намоиши корвониеро пешкаш намуданд, ки на фақат бинандагони ҳозирро, балки аз тариқи намоишҳои телевизионӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ ошиқони Наврӯзро дар кишварҳои гуногуни олам ба сӯи тоҷику Тоҷикистон кашид. Ин намоиши ҳунарии корвони наврӯзӣ аз ҷониби беш аз 6 ҳазор нафар пешкаш гардида, дар он суннатҳои мардуми минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон
Ҷашни мардумӣ
5 ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз инъикос ёфта буданд. Чизи дигаре, ки хотири Пешвои миллат ва мардумро болида намуд ҳунарнамоии панҷ гурӯҳи ҳунарии навтаъсис дар кохи фарҳангии «Суғдиён» буд. Ин кох соли 2016 бо иштироки эшон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Пешвои миллат аввал ба муҷассамаи асосгузори сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, ки дар саҳни ин кохи ҳунар қарор дорад, гулчамбар гузоштанд. Баъдан дар ин кох ҳунарнамоии наврӯзии панҷ гурӯҳи ҳунарии ансамбли рақсии «Зебо», ансамбли рақсии ба номи Ғаффор Валаматзода, ансамбли ҳунарии созҳои миллии «Сайҳун», ансамбли созию овозии ба номи Борбад ва дастаи рақсии балет, ки дар назди ин кох таъсис ёфтаанд, пешкаш гардид. Ҳангоми ин сафари пурмуҳтаво Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар оянда ба мисли Наврӯз ҷашни Меҳргон ва Сада низ бояд боҳашамату бошукуҳ баргузор шавад. Чунки ин ҷашнҳо низ, аз як тараф мардуми моро ба таърихи анъанавии чандҳазорсолаи ниёгонамон пайванд диҳад, аз тарафи дигар худшиносии мардум ва ватандӯстии онҳоро бештар мегардонад. Инак, баъд аз Истиқлолияти кишвар сол то сол анъана ва суннатҳои азбайнрафтаи наврӯзӣ эҳё мешаванд. Дар арафаи Наврӯз шахсони саховатманд ва доро, муассисаҳои гуногуни давлатию ғайридавлатӣ ба кӯмаки бепарасторон ва ниёзмандон мешитобанд, ба онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ ҳадя менамоянд то онҳо низ дар Наврӯз мисли ҳама хурсанд бошанд. Ҳамаи хонаҳои бачагон ва мактабинтернатҳо аз ин кӯмакҳои хайрия баҳраманд мегарданд. Дар солҳои охир бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анъанаи дигаре пайдо шудааст, ки шахсони саховатпеша дар ҷашни наврӯзӣ тӯйи суннатӣ ва инчунин арӯсии фарзандони оилаҳои камбизоат ва бепарасторонро мегузаронанд. Ҳамин тавр, ҳар сол дар шаби Наврӯз Пешвои миллат мардумро бо ин ҷашни миллии ниёгон табрик мегӯянд, воситаҳои ахбори умум, махсусан шабакаҳои телевизионӣ ба ин ҷашн тайёрии ҳаматарафа мебинанд ва аз ҳар гӯшаю канори кишвар ва берун аз он намоишҳои наврӯзиро сабт ва пешкаши тамошобинон мегардонанд, бо олимон ва мутахассисон дар бораи таърихи Наврӯз ва суннатҳои наврӯзӣ суҳбатҳо меороянд. (Давом дорад) Абдуҷаббор Раҳмонзода, академики АИ ҶТ Равшан Раҳмонӣ, профессори ДМТ
6
ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ
Соли 2018 теъдоди гирандагони стипендияи президентӣ 100 адад афзуда, он дар умум 400 адад гардид. Аз бузурге мепурсанд, ки беҳтарин айёми умри Шумо, ки сипарӣ намудед, кадом буд? Ӯ бетараддуд ҷавоб медиҳад: - Беҳтарин айёме, ки дар тӯли умри хеш ёфтам, ҷавонӣ буд. Зеро ҷавонӣ замонест, ки кулли орзуҳои инсонӣ гул мекунанду қалби инсон барои амалӣ сохтани ҳадафҳову ниятҳои ширин ҷӯш мезанад. Пас, ҷавониро ғанимат донед ва ҳар лаҳзаи онро самаранок истифода баред. Чунки ҷавонӣ ибтидои расидан ба қуллаи мақсудҳост. Воқеан, ҷавонӣ барои аҳли башарият даврони тиллоист. Бо таваҷҷуҳ ба ин даврони муҳим имрӯз дар кишвар барои рушду инкишофи нерӯи ақлонию ҷисмонии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пайваста чораҳои муассир андешида мешаванд. Ҷавонон ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дошта, сол то сол пеш аз ҳама таваҷҷуҳи асосӣ ба он равона карда мешавад, то ҷавонон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат пешрафт намоянду ба дастовардҳои бузург ноил гарданд. Дар самти ҷавонон ҷиҳати рушди ин қишри ояндадори кишвар қонуну консепсия ва барномаҳои гуногун қабул гардидааст, ки яке аз онҳо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” мебошад. Инчунин, баҳри дастгирии ҷавонони лаёқатманд квота ва стипендияи Президентӣ, Ҷоизаи Президенти кишвар дар соҳаи варзиш баҳри варзишгарон дар баробари садҳо иқдомҳои дигар барои ҳавасмандгардонии ҷавонону варзишгарон таъсис дода шудаанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон итминони комил дошта, дар ҳар баромади хеш нақши созандаи ин қишри ояндадори ҷомеаро муҳим азёбӣ менамоянд. Пешвои миллат, зимни таҷлили Рӯзи ҷавонони кишвар иброз доштанд, ки “Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани Парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд. Шумо, ҷавонони азиз, бояд хуб дарк намоед, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дасти шумост. Ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, ҳамаи кишварҳои пешрафтаи сайёра барномаҳои миллии хешро бо такя ба ин нерӯи созанда тарҳрезӣ намуда, ҷавононро дар меҳвари сиёсати давлатии худ ҷой медиҳанд”. Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир гардида, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароиту имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Имрӯз ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои Президентӣ, квотаи президентӣ, стипендияи байналмилалии Президентӣ “Дурахшандагон”, грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон барои иттиҳодияҳои
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №16 (9546), 19.04.2018
Таваҷҷуҳи Ҳукумат ба насли ҷавон меафзояд ҷамъиятии кор бо ҷавонон ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудааст. Яке аз механизмҳои ҳавасмандӣ ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон ин таъсиси стипендияи Президентӣ барои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад. Ҳар сол барои дарёфти стипендияи Президентӣ озмун ташкил карда мешавад. Комиссияи озмунӣ дар ҳама сатҳҳо: ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуда, қарори ниҳоӣ оид ба сазовор гардонидани довталаби муносиб ба стипендияи Президентӣ бо дарназардошти қарорҳои комиссияҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ қабул карда мешавад. Муҳлати стипендия барои нуҳ моҳи соли таҳсил муқаррар гардидааст ва он ҳамасола тариқи ташкили озмун барои беҳтаринҳо супорида хоҳад шуд. Ҳамасола сатҳи маблағгузорӣ, ҳамчунин теъдоди стипендияҳо барои ҳавасмандгардонии ҷавонон афзоиш ёфта истодааст. Он имрӯз ба як механизми устувор табдил ёфтааст, ки татбиқи мунтазами он ба ташаккулёбӣ ва худамалнамоии ҷавонон дар роҳи такмили донишу фаъолнокӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар боис мегардад. Боиси хушҳолист, ки соли сипаригардида, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 теъдоди гирандагони стипендияи президентӣ 100 адад зиёд гардид, ки дар умум 400 нафар муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ сазовори номи баланду бошарафи гирандаи стипендияи Президентӣ шуданд. Стипендияи Президентӣ бо
мақсади фаъолгардонии насли ҷавони кишвар ва дастгирии шахсони болаёқат бо назардошти вазъи иқтисодиёти миллӣ тайёр намудани мутахассисон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пешниҳод гардидааст. Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии наврасону ҷавонон ва мусоидат намудан ба ҷараёни донишомӯзиву аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногун имрӯз аз тарафи ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор тадбирҳои гуногун роҳандозӣ гардида истодааст. Аз ҷумла, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ташаккули идрок, зеҳн, малака ва савияи дониши наврасону ҷавонон иқдомҳои наҷиберо ҳамасола роҳандозӣ менамояд. Имрӯз ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат аст. Ҷавонони мо имрӯз хуб дарк намудаанд, ки роҳи ягонаи амалӣ намудани мақсадҳои накӯ, пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди минбаъдаи кишвар танҳо тавассути омӯхтани илму дониш ва аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногун муяссар мегардад. Таъсис ёфтани стипендияи Президентӣ, квотаи Президентӣ ва равона гардидани дигар ғамхориҳо дар ин самт намунаи олии таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба насли ҷавони ояндасоз мебошад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №16 (9546), 19.04.2018 Пешравию ободии ҳар кишвар аз сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва сифати омода намудани кадрҳои болаёқат ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат зич вобаста буда, маҳз онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушди ҷомеа имконият ва тавоноии бештарро соҳиб мебошанд. Бинобар ин, давлатҳои муосир талош доранд, фаъолияти соҳаи маорифро сифатан беҳтар гардонида, кадрҳои баландихтисос омода намоянд. Аммо масъала танҳо дар будани шароити таълиму донишомӯзӣ нест, гузашта аз ин, оё ҷавон баробари ҳамаи имконияти мавҷуда, завқи дар он соҳа кор кардан ва ба сатҳи мутахассиси баланд расиданро дорад ё не? Завқ ва дӯст доштани касбу ҳунар омили муҳими комёбии шахсро ташкил медиҳад. Ба андешаи Стив Ҷобс, поягузори ширкати Айфон ягона кори бузурге, ки шумо анҷом медиҳед, онро дӯст доштан аст. Чӣ қадар шахс касби худро дӯст дорад, ҳамон қадар имкони дар он соҳа муваффақ шуданро дорад. Баъди хатми донишгоҳ соҳиби кор шудан ва аз рӯи он фаъолият намудан, барои ҳар ҷавон
7 Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд МАСЪУЛИЯТ
нишондиҳандаи назаррас дар роҳи комёбӣ ба ҳисоб меравад. Дар замони мо, ҳамасола ҳазорҳо нафар ҷавонон донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишварро хатм намуда, соҳиби дипломи олӣ мегарданд. Вале аксарияти онҳо бинобар набудани дониши кофӣ, малакаи касбӣ, надоштани завқи кор аз рӯи касби хеш фаъолият намекунанд. Саволе ба миён меояд, ки киҳо метавонанд ба ҷавонон барои интихоби касб кӯмак намоянд ва онҳо ҳангоми интихоб чиҳоро бояд ба назар гиранд, то дар ин роҳ иштибоҳ накунанд?. Ба андешаи соҳибназарон, истеъдод модарзодист, вале барои сайқали малакаи касбӣ дар
Дарвоқеъ, имрӯз боз ҳам боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад ва ҳалли ин масоил ба омӯзгорон вобастагии зич дорад. Бешубҳа, омили асосиву такконбахши рушду пешравии ҷомеа маҳз ташаккули соҳаи маориф аст. Маҳз соҳаи маориф дар пешрафти кулли дигар соҳаҳо нақши калидӣ дорад. Агар ба ҷомеаи мутамаддини пешрафтаи Ғарб нигарем, бароямон аён мегардад, ки ба ин зинаҳои баланд онҳо маҳз тавассути илму маориф дастёб гаштаанд. Ба ибораи дигар, имрӯз нерӯи ҳар як кишвар аз рӯи такомули илму маорифаш муайян мегардад. Дар ин замина, соҳаи маориф имрӯз дар назди ҷомеа, бахусус оила, тарбиятдиҳандагону омӯзгорон вазифаҳои ҷиддиро мегузорад.
ягон соҳа мунтазам меҳнату заҳмат кашидан лозим. Аксари ҷавонон бинобар дар оянда номаълум будани талаботи бозори меҳнат нисбат ба соҳаи муайян, дақиқ надонистани он ки кадом донишгоҳ имконияти бештари мутахассис омода намудани онҳоро кафолат медиҳад, дар кӯчаи сарбаста қарор мегиранд. Ягон ҷавон намехоҳад, ки 4-5 соли ҳаёти қимати худро барбод дода, дар оянда ба мушкилоти иҷтимоиву равонӣ рӯ ба рӯ гардад. Аз ҳамин лиҳоз, мавзӯи интихоби касб ва донишгоҳ барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна мавзӯи муҳим аст. Дар ҳақиқат интихоб кори бисёр душвор аст. Аз Алберт Эйн-
штейн мепурсанд, ки аз ҳама кори душвор бароятон чист? Ӯ чанд лаҳза фикр мекунад ва чунин ҷавоб медиҳад, интихоб кардан! Интихоб кардани касб барои ҷавонон аз он лиҳоз душвор аст, ки ба чигунагии зиндагии ояндаашон робитаи бевосита дорад. Бархе ҷавонон аз давраи наврасӣ ба омӯхтани ҳунар машғул шуда, соҳиби касб мегарданд ва бо ин роҳ зиндагии хешро пеш мебаранд. Баъзеи дигар роҳи донишгоҳ пеш мегиранд ва бо интихоби ин ё он ихтисос таҳсили худро давом медиҳанд. Ҳастанд нафароне, ки дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ завқ, дониш ва маҳорат доранд ва он касб барояшон мувофиқ меояд.
Ҷавонон ва илмҳои муосир Боиси хурсандист, ки давоми 26 соли даврони соҳибистиқлолӣ дар кишварамон бобати рушди маориф чун як соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд, ки дар натиҷа ба нишондиҳандаҳои муайян низ ноил шудем. Тавре дар Паёми имсолаи хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шудаанд: “Соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд. Соли 2018 ин раванд идома ёфта, маблағҳои буҷети давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ин самт равона карда мешаванд...” Дарвоқеъ, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд. Фаромӯш набояд кунем, ки ояндаи ҷомеаамон аз сифати омодасозии мутахассисони оянда вобастагии зич дорад. Албатта, дар навбати худ ҷавонон бояд барои аз худ намудани илмҳои муосир аз тамоми имконоти мавҷуда истифода баранд, зеро имрӯз дар шароити бархӯрди тамаддунҳо танҳо он ҷавононе метавонанд аз шаъну шарафи миллати худ дифоъ намоянд, ки донандагони хуби илмҳои муосир, ва техникаву технологияи замонавӣ
бошанд. Дар ҷомеаи муосир масъалаи касб ва касбинтихобнамоӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, чунки танҳо мутахассиси соҳибихтисос метавонад вобаста ба қобилиятнокӣ ва касби интихобнамудааш дар соҳаҳои гуногун фаъолият намояд. Дар ин замина, ҷавонон бояд барои аз худ намудани касбу ҳунарҳои муосири ба талаботи замон ҷавобгӯ диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар маҷмӯъ, дастуру нишондоҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Вақте як ҷавон дар назди худ барои интихоби касб мақсад мегузорад, ҳатман талаботи бозори меҳнат, завқ ва хислати худро бояд ба назар гирад. Назар намояд, ки дар кадом соҳа имконияти бештари муваффақ шуданро дорад. Дар самти интихоби касб завқ нақши аввалиндараҷа дорад. Дар вақти интихоби касби фарзанд маҷбуран дахолати волидон кори оқилона нест. Албатта, волидон ояндаи неки фарзандро мехоҳанд ва барои он кӯмаки модӣ ва маънавии хешро дареғ намедоранд. Аммо дар интихоби касб падару модарро зарур аст, ки дар асоси завқи фарзанд андешаҳои худро пешниҳод кунанд. Беҳуда намегӯянд, ки ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд. Фаромӯш набояд кард, ки маълумоти олӣ ба фарзанд кафолати ҷои кори хуб ва маоши баландро намедиҳад. Он танҳо самти фаъолиятро муайян мекунад. Муайян кардани самти фаъолият маънои ҳоло дар он самт мутахассиси хуб буданро надорад. Барои мутахассиси хуб шудан, истеъдод ва донишу маҳорати соҳавӣ лозим аст. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки касби худро бо назардошти истеъдод, дониш, малакаву маҳорат ва шавқу завқи худ интихоб карда, барои ба мақсад расидан пайваста кӯшишу талош намуда, аз маслиҳати дигарон низ истифода баранд. Шуҳрат САИДЗОДА, устоди ДДҲБСТ
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳаи маориф бояд дастури амали ҳамарӯзаи фаъолият бошад. Ҳамчун омӯзгор бовар дорам, ки ҳар як нафар сокини кишварамон дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро дастурамали кори худ қарор дода, дар пешрафти кишварамон саҳми муносиб мегузоранд. Саидҷамол НУРАЛИЕВ, декани шуъбаи ғоибонаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №16 (9546), 19.04.2018
Лигаи олӣ: “Истиқлол” эстафетаро аз “Хуҷанд” гирифт Даври панҷуми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ бо ғалабаи “Истиқлол”-и Душанбе ба поён расид. Дар ин давр дастаи “Истиқлол” тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро пазируфта, бо ҳисоби 1-0 шикаст дод. Бозии мазкур, рақобати марказии давр ба ҳисоб рафта, рӯзи 14 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Голи ягонаи дидорро ҳамлагари бошгоҳи “Истиқлол” Дилшод Восиев дар дақиқаи 77 вориди дарвозаи Алексей Матросов намуда, дастаашро пешсафи мусобиқа кард. Даври панҷум, барои шогирдони Муҳаммадҷон Ҳабибулоев сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода бобарор хотима ёфт. Зеро ин ғалабаи аввалини даста дар лигаи олӣ ба ҳисоб мерафт. Тими “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дар май-
дони худ дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Дар дақиқаи 17 дидор ба Саидхони Амрохон кушодани голи аввал муяссар гардид. Қисми аввал бо ҳисоби 1-0 хотима ёфт. Дақиқаҳои аввали қисми дуюми бозӣ, барои меҳмонон бо барор оғоз гардида, дар дақиқаи 54 ҳамлагари дастаи “Панҷшер” Хайриддин Турахонов ҳисобро баробар намуд. Дастпарварони бошгоҳи “Регар-ТадАЗ” дар дақиқаҳои 84, 88 Акбар Бобомуродов ва Нуъмон Зокиров голи ғалабаоварро ба самар расониданд. Бозии дигари ин давр миёни тимҳои “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ва “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Ин дидор дар Варзишгоҳи
марказии шаҳри Кӯлоб ҷараён гирифт. Аввалин шуда соҳибони майдон дар дақиқаи 21 бозӣ ба задани гол даст ёфтанд. Муаллифи гол ҳимоятгари “Хатлон” Наим Иброҳимзод ба шумор рафт. Дар дақиқаи 48 легионери ганагии дастаи “Кӯктош” Идан Окран ҳисоби бозиро баробар намуд. Баъди хотимаи бозиҳои даври панҷум чемпионати кишвар оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ дар ҷадвал тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо 12 имтиёз садрнишин гардид. Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо 10 хол дар мақоми дуюм ҷой гирифт. ССКА “Помир”-и шаҳри Душанбе бо гирифтани 6 хол дар зинаи сеюм қарор дорад. Шаҳбози АСОМИДДИН,“ҶТ”
Дав барои хушҳолӣ Бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё маротибаи аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии варзишӣ аз рӯи намуди дав баргузор мегардад. Мусобиқаи мазкур 25 апрели соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон” зери шиори “Нерӯи осиё” гузаронида мешавад. Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур пеш аз Бозиҳои осиё дар 45 давлатҳои Осиё баргузор мегардад. Маротибаи аввал аст, ки дар пешорӯи Бозиҳои Осиё-2018 ин чорабинии варзишию таблиғотӣ дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Аз тиллои Осиё то тиллои Аврупо Ба хотири пирӯзии паҳлавонони тоҷик охири ҳафта (12-15) парчами кишвар дар қораи Осиё ва Аврупо парафшон гардида, Суруди миллии Тоҷикистон садо дод. Ёқубҷон Назиров, паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо дар рақобатҳо миёни ҷавонони то 21 сола, дар вазни 90 кило сазовори ҷои аввал гардида, соҳиби медали тилло шуд. Ёқубҷон бар Деймон де Воси ҳолландӣ, Имеда Гоголадзеи гурҷистонӣ ва Санширо Мураои ҷопонӣ ғалаба карда, дар даври инҳоӣ варзишгари дигари ҳолландӣ Том Бонешанскарро шикаст дод. Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 14-15 апрел дар қасри варзиши “Юбилейний”-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 259 варзишгар (171 писар ва 88 духтар) аз 16 кишвари дунё ширкат намуданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 8 варзишгар намояндагӣ карданд: Муллораҷаб Халифаев, Суруш Тавакалов (66 кило), Сомон Маҳмадбеков, Хайёмиддин Ҷабборов (73 кило), Хушвақт Идиев, Файзалӣ Маҳмадов (81кило), Темур Маҳмадов ва Ёқубҷон Назиров (90 кило). Дар баробари Ёқубҷон Назиров паҳлавони дигари тоҷик Муллораҷаб Халифаев низ аз худ маҳорати баланд нишон дода, дар вазни худ зинаи 7-умро ишғол намуд. Дар ҳисоби умумидаставӣ Федератсияи Русия бо 8 медали тилло, 4 нуқра ва 16 биринҷӣ ҷои аввал, Ҷопон бо 5 медали тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ дар мақоми дуюм ва Озарбойҷон бо 1 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ зинаи сеюмро ишғол намуданд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло ва 1 ҷои ҳафтум дар мақоми панҷум қарор гирифт. Дар таърихи ҳамин рӯз (14-15 апрел) 37 паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо дар шаҳри Тошканди Узбекистон кишварамонро муаррифӣ намуда, бо 5 медал ба Ватан баргаштанд. Қувватов Муҳаммадризо дар вазни 60 кило сазовори медали тилло шуд. Шоҳида Қаландарова дар вазни 57 кило миёни бонувон ва Шарифҷон Қурбонов дар вазни 55 кило миёни писарон медали нуқра ба даст оварданд. Разиаллоҳ Лоиқов дар вазни 66 кило ва Давлаталӣ Назаралиев дар вазни 55 кило сазовори медали биринҷӣ гардиданд. Дар мусобиқа 172 варзишгар аз 7 давлат ширкат намуданд. Наврасони тоҷик бошанд, 12-13 апрел дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор гардид, соҳиби се медал (1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ) гардиданд. Медали тиллои Тоҷикистонро Сулаймони Ҷамшед дар вазни 60 кило ба даст овард. Ғаниҷон Ғаниев дар вазни 73 кило ҷои дуюм ва Фарорун Мирзошоев дар вазни 73 кило зинаи сеюмро ишғол намуданд. Дар ин мусобиқа 250 варзишгар аз 10 давлати дунё дар 8 вазн (7 вазн миёни писарон, 1 вазн миёни духтарон) барои дарёфти медалҳо сабқат намуданд. Кишварамонро 41 паҳлавони наврас муаррифӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур анъанавӣ буда, аз соли 1993 ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов баргузор мегардад ва ба тақвими Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дохил аст. Акнун варзишгарони ҷавони кишвар ба Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон, ки 10-13 майи соли равон дар шаҳри Бейрути Лубнон доир мешавад, омодагӣ мебинанд. Тавре сомонаи Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар медиҳад, барои иштирок дар чемпионати мазкур аз ҷумҳурии мо 11 нафар миёни наврасон ва 11 нафар миёни ҷавонон сабти ном шудаанд. Шодихони НАЗАР, Шаҳбоз КАРИМОВ, “ҶТ”
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №16 (9546), 19.04.2018
Зуҳури тарбияи ҷисмонӣ реша дар қарнҳои бостон дорад. Вай бо пайдоиши нахустодамон дар сайёра арзи вуҷуд карда буд. Яъне аввалин мардумон фарзандони хешро бидуни он ки аз мавҷудияти илми фалсафа огоҳ бошанд, тарбият мекарданд. Дар китоби муқаддаси динии ниёгони мо – зардуштиён «Авесто», ки яке аз аввалин таълифоти адабию ахлоқӣ ва фалсафию сиёсии башарият низ ҳисоб мегардад, нахустин ақидаҳои ориёнажодон дар боби варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ифода гардидааст. Дар «Авесто» ин ганҷинаи бебаҳои маънавии инсоният нуқоте дар боби муҳимияти тарбияти наврасону ҷавонон, илм, варзишу тарбияи бадан дарҷ гаштаанд. Дар «Гот»-ҳои он омадааст, ки ҳар инсон, ӯ хоҳ мард бошад ё зан, ҷавон бошад ё пир бояд барои ташаккули ҷисм, зебоии бадан ва нумӯи донишу маърифати хеш бикӯшад ва ба варзиш машғул шавад. Ҳадафи тарбияи ҷисмонии фарзандон ба камол расонидани насли руҳану ҷисман солим буд. Давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ дар таърихи инкишофи тарбияи ҷисмонии ҳалқҳои Юнон ва Осиёи марказӣ мавқеи муҳим дорад. Ин яке аз дастовардҳои бузург дар таърихи тарбияи ҷисмонии ин ҳалқҳо ва умуман аҳли башар буд. Аз кофтуковҳои бостоншиносон, адабиётҳо ва нишонаҳои таърихии аз қадим ба мо расида ва расмҳои варзишгарони дар болои сангу тахтасангҳо кашидашуда, гуфтан мумкин аст, ки инсонҳо ҳанӯз пеш аз давраи мо, яъне аз замонҳои хеле ҳам қадим бо варзиш сару кор доштаанд.
Варзиш дар аҳди қадим Омӯзиши шаклҳои миллии варзиш нишон медиҳад, ки варзиш ҳамчун қисми ҷудонашавандаи фаъолияти меҳнатӣ ва талаботи худмуҳофизаткунии халқ тараққӣ кардааст. Яъне халқ дар натиҷаи меҳнат, худмуҳофизаткунӣ ва даст ба даст шудан бо душман сифатҳои ҷисмонӣ ва маҳорати худро дар давидан, ҳаво додани яроқ, ҷаҳидан, шиноварӣ ва дигар ҳаракатҳо такмил медиҳад. Таърихнигори тоҷик Б. Ғафуров дар китобҳои худ ҷисман боқувват будани халқи тоҷик, ҷасурии онҳоро дар ҷангҳо ба муқобили истилогарони юнону макдунӣ (асри IV-III то мелод) нишон медиҳад. Искандари Макдунӣ анъанаҳои бозиҳои олимпии юнониёнро дар сарзамини тоҷикон ҷорӣ кард. Бо ҳамин мақсад барои гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ва баромадҳои мусиқӣ иштироккунандагон аз Юнон меомаданд. Ин сабаб шуд, ки халқҳои Осиёи марказӣ, аз ҷумла тоҷикон аз баъзе урфу одат ва зисти халқҳои Юнони қадим бохабар шаванд. Тайёрии ҷисмонии ҷанговарони суғдӣ аз шаклҳои ба худ хоси тарбияи бадан ва шаклҳои варзиш иборат буданд. Намудҳои ҳархелаи варзиш
ва бозиҳо, ба монанди аспсаворӣ, гӯштингирӣ, бузкашӣ, чавгонбозӣ, давидан, муштзанӣ, шиноварӣ, ҳаво додани яроқ, ҷанги як ба як, бозиҳои ҳархела ва рақсҳо чун тартиби миллии варзиш ва тарбияи бадани тоҷикон ҳисоб мешуданд. Таърихи намудҳои миллии варзиш, махсусан гӯштингирӣ аз давраҳои қадим сар мешавад. Дар ин давра зуҳуроти бузурге бо номи бозиҳои олимпӣ ба вуҷуд омад. Бозиҳои олимпӣ ҳамчун иди бузурги варзиш, сараввал дар Юнони қадим, баъдан дар бисёр шаҳрҳои ҷаҳон, аз он ҷумла дар шаҳрҳои Осиёи марказӣ паҳн мегардад. Дар инкишофи фарҳанги халқҳои Осиёи марказӣ ташкилёбии давлати Юнону Бохтариён таъсири назаррасе расонид, ки таърихшиноси ҳабашистонӣ Ласло Кун дар ин маврид чунин зикр кардааст: “Тасодуфӣ нест, ки диадоҳҳо (ворисони Искандари бузург) бо якдигар рақобат намуда, марказҳои тиҷоратӣ, сиёсӣ ва динии худро сохтанд. Онҳо ҳавзҳо, қасрҳо ва майдонҳои варзишӣ сохтанд. Аз ин лиҳоз, ягон ҷои тааҷҷуб нест, агар дар натиҷаи ҷойивазкунии маҳалли зист гимнастон ва варзишгарони маъруф, ана ба ин
ҷойҳо, марказҳои тарбияи ҷисмонии юнониҳо кӯчиданд.” Таҳлили адабиёти таърихии тоҷикон ва ҳам хориҷиён гувоҳ бар он аст, ки дар шаҳрҳои Осиёи марказӣ дар давраи омӯхташаванда мусобиқаҳои монанд ба бозиҳои олимпии Юнони қадим гузаронида мешуданд. Бо таассуф бояд ёдовар шуд, ки дар бораи ҷойи баргузорӣ, вақти баргузорӣ ва барномаву ғолибони ин бозиҳо маълумоте мафҳуз нест. Файласуфон, таърихнигорон харчанд кӯшиши дарёфту зиндагардонии ин бозиҳоро карда бошанд ҳам, аз адабиёти таърихӣ маводи каме дарёфтаанд. Ба ин нигоҳ накарда маводҳои басанда ва ҳаққоние дар бораи аз тарафи саромадони ин қавмҳои Осиёи Марказӣ баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ба даст омадаанд. Дар асоси онҳо таърихи идҳои дар ин ҷо баргузоргардида, яъне мусобиқаҳои шабеҳи бозиҳои олимпии Юнони қадимро дарёфтан мумкин аст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки байни халқҳои Осиёи Марказӣ ва Юнон дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ алоқамандии зиёде дида мешавад. Чунончи, юнониҳо чун халқҳои
9 Осиёи Марказӣ аз давраҳои қадим ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти калон медоданд. Мисол, дуюним ҳазор сол пеш дар теппаи баланди Эллада суханони зерин кандакорӣ шуда буданд: Хоҳӣ боқувват бошӣ, бидав! Хоҳӣ зебо бошӣ, бидав! Хоҳӣ доно бошӣ, бидав! Халқҳои Юнон аз манфиати машқҳои варзишию ҷисмонӣ хеле барвақт огоҳӣ доштанд ва ҳангоми табобати бисёрии бемориҳо аз он истифода мекарданд, хулосаҳои Ҳиппократ гувоҳи онанд, ки гуфтааст: “Машқҳои гимнастикӣ, машқҳои ҷисмонӣ, роҳгардии варзишӣ бояд қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳаррӯзаи касе бошанд, ки мехоҳад қобилияти меҳнатӣ, саломатӣ, ҳаёти солиму хушбахтонае дошта бошад”. Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки халқи тоҷик дар хама давраҳои таърихӣ ба машқҳои варзишию ҷисмонӣ машғул буд ва доимо барои солимии халқу миллати хеш кӯшиш менамуд. Хусусан, фалсафаи ташкил намудан ва гузаронидани маъракаҳои анъанавӣ барои рушду нумӯи варзиш ва солимгардонии ҷомеа нақши босазое гузоштааст. Аз қадимулайём дар байни халқи тоҷик ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон бе чорабиниҳои варзишӣ гузаронда намешуданд. Шодӣ САФАРОВ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзобоқӣ ШАРИПОВ, ёвари ректори ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавлон ШАРИФОВ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
9-умин ниммарафони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе
Тавре дар қарор омадааст, мусобиқа бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву 21 апрели соли ҷорӣ ба муносибати Рӯзи пойтахт Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе баргузор мегариҷтимоидошта дар масофаи 21 километру 97 метр доир дад. Дар ин робита қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст. мешавад. Ёдовар мешавем, ки ниммарафони байналмилалӣ бо тасмими раиси шаҳри Душанбе аз соли 2010 бори нӯҳум барпо мегардад. Ниммарафони Душанбе аз соли 2014-ум мақоми байналмилалӣ гирифта, дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидааст. Имсол ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил кардани мусобиқа аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе 398 053 сомонӣ ҷудо гардидааст. Варзишгарони 6 ҷои аввал миёни мардону бонувон тариқи зайл мукофотонида мешаванд: Ҷои 1: 31150 сомонӣ Ҷои 2: 26700 сомонӣ Ҷои 3: 22250 сомонӣ Ҷои 4: 17800 сомонӣ Ҷои 5: 16020 сомонӣ Ҷои 6: 13350 сомонӣ
10
МАЪРИФАТАФРӮЗ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №16 (9546), 19.04.2018
Боздид аз ҷараёни курсҳои омӯзишӣ
“Абри сафед” ҳамсафари ӯст Шиносоиям бо ин марди наҷиб аввали солҳои ҳаштодуми қарни пешин рӯй дод. Донишгоҳро хатм намуда, мувофиқи роҳхат мебоист барои идомаи фаъолияти меҳнатӣ ба рӯзномаи ноҳия мерафтам. Аз муҳлати муайяншуда қариб як моҳ дер кардам. Дар он ҷо пиндоштанд, ки шояд дар шаҳр ҷои кор ёфтаам, пас нафари дигарро қабул намуданд. Ҳамин тавр, вақте омадам, ҷоям аллакай банд буд. Аз чунин ранг гирифтани кор рӯҳафтода нашуда, ба идораи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” (ҳоло “Хатлон”) роҳ гирифтам. Дар бораи роҳбари онвақтаи рӯзномаи вилоятӣ суханҳои нек шунида будам. Чун шахси кордон ба қадри аҳли қалам мерасидааст. Бевосита наздаш даромада, матлаб баён намудам. Нақламро бодиққат гӯш карда, каме сар ҷунбонид ва “Ҳа, дуруст” гуфта монд. Чунин суханонро шунида ҳайрон шудам. Пасон ҳангоми фаъолияти якҷоя аз ҳамкорон фаҳмидам, ки ҳар сухани маъқулшударо бо чунин тарз ифода мекардааст. Вале он лаҳза ӯ аз ман хоҳиш намуд ягон мавод навишта биёрам. Ҳамин тавр, ҳунару маҳорати ҳар навқаламро муайян менамудааст. Ду рӯз пас маводи лавҳамонанде дар даст боз наздаш даромадам. Онро бодиққат хонда, фаҳмонд, ки ҳафтаи оянда наздаш дароям. Чун дар муҳлати муайяншуда ҳозир шудам, бо телефон нафареро наздаш хонд. Фосилае пас ҷавонзани хушандоме вориди утоқи корӣ гардида, дар рӯ ба рӯям қарор гирифт. Муҳаррир моро бо ҳам шиносонд ва барои мани навкор муваффақият хост. Ҳамин тавр, фаъолияти меҳнатиям дар рӯзномаи вилоятӣ, ки роҳбараш нафари басо кордон ва соҳибтаҷриба Муқим Абдураҳмонов ба ҳисоб мерафт, дар шуъбаи мактубҳо таҳти сарварии боз як рӯзноманигори варзида, шодравон Шарифамоҳи Кишвар оғоз ёфт. Кор дар шуъбаи мактубҳо чандон душвор набуд. Лозим меомад мактубҳои хабарнигорони ҷамоатӣ ва меҳнаткашонро бо дархост ва арзу шикояти эшон ба қайд гирифт ва омӯхт. Тавре Муқим Абдураҳмонов пеш аз оғози фаъолият таъкид намуда буд, маҳз мутолиа, омӯзиш ва таҳлили мактубҳои ба рӯзнома воридгардида, баҳри такмили савияи дониш, сайқали маҳорати қаламкаш ёрии хуб мерасонад. Гуфтаҳои ӯро ба инобат гирифта, мекӯшидам мувофиқи нишондодҳояш фаъолият намоям. Ҳамин тавр таҳти сарварии Муқим Абдураҳмонов, нафари барҳақ рӯзноманигор ба қавле дар деги қаламкашӣ ҷӯшидаю чун рӯзноманигор обутоб ёфтам. Ҳини фаъолият ҳамроҳи Муқим Абдураҳмонов як чизро барои худ дарк намудам. Ба қадри заҳматкашу боистеъдод ҳатман мерасид. Кордонии ӯро ба инобат гирифта, ҳамкорони соҳибтаҷриба дар борааш мегуфтанд, ки агар ӯро сарвари рӯзномаи рақами яки онвақтаи шӯравӣ, яъне “Правда” таъин намоянд ҳам, аз уҳдаи роҳбарӣ, албатта баромада метавонад. Ин гуфтаҳо бесабаб набуд. Зеро кори рӯзнома ва рӯзноманигориро бо тамоми нозукиҳояш ба таври аъло медонист. Пас аз ҳодисоти солҳои навдуми асри гузашта, ба зодгоҳаш, вилояти Суғд сафар намуда, то дами нафақа чун хабарнигори минтақавии рӯзномаи “Садои мардум” фаъолият намуд. Маҳз айёми пиронсолӣ, чанд сол пеш тақдир барояш талхиеро пеш овард. Духтари бузургаш Барно, ки бо пайраҳаи падар қадам ниҳода буд, бар асари садамаи нақлиётӣ ҳамроҳи шавҳар оламро бармаҳал падруд гуфт. Марги ҷигарбанд барояш гарон буд. Дарун-дарун сӯхт, лек чун марди қавирӯҳ устувору бар ҷо монд. Ҳангоми фаъолият дар рӯзномаи вилоятӣ нахустин маҷмӯаи ҳикояҳояш ба номи “Абри сафед” ба табъ расид. “Абри сафед”-е, ки ҳамсафари ӯст. Беш аз даҳ сол сарварии рӯзномаи вилоятиро бар дӯш дошт. Қаламкашони зиёдро тарбия ва ба воя расонд. Имрӯз он шогирдони дирӯза ҳар гоҳ бо ҳам афтода, ёди рӯзҳои пешинро намоянд, Муқим Абдураҳмоновро ҳатман ёдовар шуда, боифтихор “Устод” ном мебаранд. Фахр мекунанд, ки дар мактаби эҷоди ӯ тарбия ва камол ёфтаанд. Дар ин рӯзҳои баҳорӣ Муқим Абдураҳмонов ба синни мубораки ҳаштод расид. Санаи муборакро барояш табрик гуфта, хушиҳои рӯзгорро ба устод таманно дорем. Зеро умри ин марди наҷиб баҳри камолоти бисёр қаламкашони варзида, сарф гардидааст. Толибшоҳи ДАВЛАТ, “ҶТ”
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе, аз ҷараёни курсҳои ройгони омӯзиши забонҳои русию англисӣ, барномаҳои компютерӣ, таъмири телефонҳои мобилӣ, маърифати оиладорӣ ва ҳунарҳои гуногун дидан намуд. Ин курсҳо аз ҷониби Кумита дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон роҳандозӣ мегардад. Зимни боздид раиси Кумита таъкид намуд, ки ҷавонон бояд вақти худро босамар гузаронида, курсҳоро хуб аз бар намоянд. Дар охири боздид аз ҷараёни курсҳои кутоҳмуддат Аҳтам Абдуллозода ба хатмкунандагони курсҳои мазкур сертификат тақдим намуда, ба фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо хост. Садбарг Раҳимова, яке аз ҷавондухтаронест, ки дар курсҳои мазкур пайи ҳунаромӯзист. Ӯ мегӯяд: “Вақте ман аз курсҳои омӯзишии ройгон хабар ёфтам, бисёр хушҳол гаштам ва омада худро номнавис намудам. Ман аз устоди худ тарзи омода намудани таомҳои гуногуни миллӣ ва ҳар гуна хӯришҳоро аз худ намудам. Акнун ин марказро хатм карда худро ҳамчун як гулдухтари соҳибҳунар медонам. Инчунин боз мехоҳам, ба курси қаннодӣ номнавис шуда, ҳамчун як қанноди хуб ин курсро ҳам хатм намуда, кадбонуи комил шавам”. Ба таъкиди Абдулазиз Абдуллоев, директори “Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон” курсҳои кӯтоҳмуддати забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ дар назди “Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон” кушода шуда, баҳри ба илмомузӣ ҷалб намудани ҷавонон ҳиссаи арзанда мегузорад. Ӯ гуфт: “Имрӯз таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмомӯзӣ зиёд ба назар мерасад. Мо имрӯз кӯшиш менамоем, ки вазифаҳои худро сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намуда, дар донишандӯзии ҷавонон ҳиссагузор бошем.” Ҳар сол ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва рушду инкишоф ёфтани малакаи зеҳнии онҳо корҳои гуногун амалӣ мегарданд. Пас ҳар як ҷавон бояд имрӯз дониш омӯзаду соҳибкасб гардад ва ҳамчун як узви фаъоли ҷомеа дар пешрафти кишвар саҳмгузор бошад. Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”
САЛОМАТӢ - ГАНҶИ БЕБАҲО
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №16 (9546), 19.04.2018 Бемории сил. Дар бораи ин беморӣ то замони пайдоиши шакли дурусти табобаташ миёни аҳолӣ бештар ақидаҳои манфӣ ҷой дошт ва яке аз ақидаҳо ин буд, ки табобати комили бемории мазкур ғайриимкон аст. Аммо бо ба миён омадани дастгоҳ ва роҳҳои навтарини табобатии тиббӣ, ки онро мутахассисони кордидаву таҷрибадори соҳаи тиб кашф карданд, табобати комили бемории сил мумкин гашта, андешаҳои ваҳмнокро нисбати ин беморӣ аз вуҷуди сокинони сайёра берун сохт. Сил бемории сирояткунанда буда, барангезандаи он микробҳо мебошад. Дар аксари ҳолатҳо шушҳо осеб дида, баъдан дигар узвҳо ба беморӣ гирифтор мешаванд. Ҳангоми осеб дидани шуш аз бемор ҳангоми сулфа балғам хориҷ гардида, нафаскашӣ душвор мегардад. Дар замони ҳозира бемории сил амалан табобатшаванда аст. Валекин бе табобат метавонад боиси фавт гардад. Бемории сил дар сурати табобати дуруст ва риояи реҷаи муайян метавонад, дар давоми 6-8 моҳ шифо ёбад. Ба бемории сил ҳар кас сироят ёфта метавонад. Бемории сил аз шахси гирифтори бемории сили шуш, ки табобат наменамояд, ба воситаи сулфа, атсазанӣ ва гапзанӣ бактерияҳои силро ба ҳаво хориҷ мекунанд, мегузарад. Бемории сил авлодӣ нест ва ба воситаи зарфҳо ва ашёи рӯзгор низ нахоҳад гузашт. Ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб, шахсони сироятёфта манбаи сироят ҳисоб намешаванд, яъне сироятёфтагӣ ин беморӣ нест. Тахминан 90%-и
√ РУШДИ
шахсони ба сил сироятёфта, дар давоми ҳаёти худ ҳеҷ гоҳ ба бемории сил гирифтор намешаванд, танҳо 5-10%-и боқимонда дар давоми ҳаёт метавонад, ки бемории сил инкишоф ёбаду бемори сил шаванд. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои бемории сили ниҳонӣ мебошанд. Нишонаҳои аслии бемории сил сулфаи давомнокиаш 2 ҳафта ва зиёда аз ин ва аксар вақт бо хориҷ кардани балғам, бемадорӣ ва мондашавӣ, камшавии иштиҳо ва вазни бадан, баландшавии ҳарорати бадан, арақкунии шабона ва дарди қафаси сина мебошад. Бемории сил ин гузаранда ва сироятӣ мебошад. Ба таъкиди мутахассисон он яке аз бемориҳое
11
бардоштани руҳияи бемор ба ҳаёт рафтори нек лозим аст. Табиб бояд бо ин гуна беморон ширинсухан, хушрафтор, бо чеҳраи хандон муомилаи нек намояд. Суст гаштани қувваи муҳофизатии бадан (масуният), ки бо сабабҳои зерин ба вуҷуд меояд, ба инкишофи бемории сил мусоидат мекунанд: сирояти ВНМО, диабети қанд, захми меъда, хӯроки камғизо, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, маводҳои нашъадор ва вазъиятҳои асабонӣ. Бино ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бемории сил яке аз даҳ сабаби фавт дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти омории ин созмони сатҳи ҷаҳонӣ соли 2016 дар саросари олам 10, 4 миллион нафар ба бемории мазкур гирифтор шуда, 1,7 миллион нафар аз ин
дар кишвар зиёд буд, хушбахтона бо андешидани чораҳои зарурӣ нишондиҳандаи бемориву фавт аз сил кам гардидааст. Ба таъкиди Раҷабзода Аслиддин, директори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сили назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “тибқи ҳисоботи оморӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ айни ҳол беморшавӣ аз бемории сил 60,2 нафар ба 100 ҳазор аҳолӣ рост меояд ва фавт аз ин беморӣ 3,5 нафар ба 100 ҳазор аҳолӣ. Ин нишондод дар даҳ соли пеш беморшавӣ аз сил 85 ба 100 ҳазор аҳолӣ рост меомад ва фавт 7,5 буд. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз се барно-
ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, инчунин шарикони рушд ҳамасола дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, омӯзишҳои семинарӣ гузаронида шуда, инчунин маводҳои иттилоотӣ чоп мешаванд, ки ба кулли аҳолии кишвар тақсим мегарданд”, иброз дошт Раҷабзода Аслиддин, директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сили назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ. Имрӯз барои саривақт муайян намудани бемории сил дастгоҳи муосири генетикии Gene Xpert (Ҷен эксперт) ихтироъ гардидааст. Ин асбоб барои ташхиси саривақтии беморон хизмат расонида, дар баробари ин ба кадом
беморӣ фавтидаанд. Мутахассисон сабаби фавтидагонро нагирифтани табобати дурусти бемории мазкур маънидод менамоянд. Зеро агар шахси гирифтори бемории сил табобати дурустро гирад, ҳатман сиҳат мегардад. Чунки имрӯз тамоми шароиту имконот ҷиҳати табобати комили бемории мазкур муҳайё мебошад. Дар ҷумҳурии мо низ имрӯз гирифторони бемории сил ба чашм мерасанд. Гарчанде дар ибтидо шумораи беморони сил
ма амалӣ гардид ва айни ҳол мо аз рӯйи Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020 фаъолият карда истодаем, ки дар татбиқи ин се барнома яке дастовардҳои беҳтарин ҳамин аст, ки нишондоди беморшавӣ 25 нишондод ва фавт аз ин беморӣ 50% коҳиш ёфтааст”. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бемории сил дар тамоми кишварҳои дунё мавриди таваҷҷуҳи ҳукумати кишварҳо қарор дошта, ҷиҳати пешгирӣ ва табобати он тадбирҳои гуногун андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар кишвари мо низ корҳои гуногун дар ин самт амалӣ гардида, марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил таъсис ёфтаанд. “Яке аз роҳҳои паст намудани шумораи беморони сил баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ мебошад. Чунки агар аҳолӣ аз бемории сил огаҳӣ надошта бошад, сари вақт ба духтур муроҷиат намекунад. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва
намуди сил гирифтор будани беморро дар кӯтоҳтарин замон муайян месозад. Тибқи маълумотҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 30 кишвари дорои сатҳи баланди шакли мутобиқгаштаи бемории сил ва 18 кишвари муҳими минтақаи аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) оид ба мубориза бар зидди бемории сил қарор дошта, содиқона татбиқи роҳҳои ба бемор равонагардидаи ташхиси бемории сил, табобат ва пешгирии онро ба анҷом мерасонад. Зиндагӣ худ роҳест мушкил ва душворгузар. Дар шебу фарози он бояд сабуру матин бошем. Зеро ҳар мушкили он роҳҳои бартараф намудани худро дошта, ҳар дарди он низ давое дорад. Аз ҷумла, бемории сил низ, ки имрӯз табобати комили он имконпазир аст. Пас, бояд дар роҳи солимии хеш ҳамеша устувор бошем. Зеро сарчашмаи хушбахтӣ аз солимист.
Сарчашмаи хушбахтӣ аз солимист
дар ҷаҳон муаррифӣ мешавад, ки муаммо дорад. Ба ин беморӣ бисёртар одамони шароити зисташон паст, муҳоҷирони меҳнатӣ, иммунитеташон паст гирифтор мешаванд. Табобати ин гуна беморон каме мушкил аст. Барои он ки табобати инҳо дуру дароз аст, барои қабули доруворӣ ба беморон каме мушкилӣ дорад. Беморон бояд доруро дар вақташ бетанаффус истеъмол намоянд. Ба беморон ғайр аз оне ки ёрии тиббӣ расонида мешавад, барои баланд
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
САЙЁҲӢ
Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Сарвари давлат эълон шудани соли ҷорӣ чун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” боиси бештар ба фаъолият фарогир гардидани аҳолии қобили меҳнат ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо, инкишоф бахшидан ба соҳоте мисли хизматрасонӣ шуда метавонад. Ҳамчунин, имкон пайдо мегардад, маҳз тавассути рушди сайёҳӣ таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардад.
Соҳаи нафъовар Маҳз ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ
Сарвари давлат зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли пешин таъкид намуд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ сабукиҳо фароҳам оварда шавад. Чунончи, чораҳои ҳавасмандкунӣ, аз ҷумла воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз фоида озод шудаанд. Чунин далелҳо гувоҳ аз он аст, давлат ва Ҳукумати кишвар баҳри рушди соҳа ҳар чи бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, тамоми шароитро муҳайё менамояд. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, сайру сайёҳӣ яке аз соҳаҳое маҳсуб меёбад, ки баҳри пурра ва ғанӣ намудани буҷаи давлат имконоти калонро дорост. Он дар даҳсолаи охир, дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи худро пайдо намуда, дар самтҳои гуногун, бо шаклҳои навини хизматрасонӣ торафт ҷойгоҳи хосаи худро ёфта, тадриҷан рӯ ба инкишофёбист. Ҳоло
сайёҳӣ бештар дар ду самти мустақил рушд меёбад: байналмилалӣ ва дохилӣ. Ҳар ду шакл ҳам низому сохторҳои худро доро буда, байни дӯстдорони сайру сайёҳӣ торафт маҳбубият пайдо мекунанд. Тавассути сайёҳӣ даромади кишварҳое, ки ба ин соҳа торафт таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд, дар як сол то 30 фоизро ташкил медиҳад. Умуман даҳ фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохила дар ҷаҳон маҳз тавассути даромад аз соҳаи сайёҳист. Рушди соҳаҳои сайёҳӣ имкон медиҳад, ки дар ҳар кишвар соҳаи иҷтимоӣ низ дигаргуниҳои ҷиддӣ ва назаррасро ноил гардад. Яъне сайёҳӣ чун манбаи афзалиятнок барои аҳолӣ маҳсуб меёбад. Ҳоло дар рӯи олам то 9 фоизи шуғли мардумро маҳз ба соҳаи сайёҳӣ мансуб медонанд. Дар кишвари офтобрӯяи мо баҳри рушди сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон шароити муфид муҳайёст. Табиати зебою нотакрор, мавзеъҳои таърихию кӯҳҳои осмонбӯс баҳри
ҷалби бештари сайёҳон заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ҳама муҳим, дастгирӣ ва саъю кӯшиши бевоситаи Пешвои миллат баҳри пешрафти соҳа эҳсос мешавад. Ҳамчунин, баҳри хизматрасонӣ айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ омода намудани мутахассисони соҳа ба роҳ монда шудааст. Эълон шудани соли ҷорӣ чун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бешубҳа ба рушди соҳа мувофиқат намуда, натанҳо ба ҷалби бештари сайёҳон, ҳамчунин ба рушди ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд. Ҳамин тавр, имкон пайдо мегардад, сайёҳон натанҳо аз мавзеъҳои нотакрору тамошобоби кишвари офтобрӯяамон дидан намоянд, ҳамчунин аз самари заҳмати ҳунармандони мардумӣ чун хотира аз Тоҷикистон бо худ туҳфае бигиранд. Бо ин тарз маҳсули ҳунарҳои мардумӣ чун муаррифгари фарҳанги бою рангини мардуми тоҷик дар саросари олам паҳн хоҳад гашт. Мавзуна САИДОВА, ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
12
МАЪРИФАТИ ОИЛАДОРӢ
Гулнозаро дар сини 16-солагӣ амакҳояш ба як ҷавонмарди 30-солае, ки қаблан оиладор буду ду фарзанди ноболиғ дошт, оиладор намуданд. Ду моҳ баъди тӯй шавҳараш ба Русия барои мардикорӣ рафту ду сол барнагашт. Гулноза, ки волидонаш бо муноқишаҳои оилавӣ аз ҳам ҷудо шудаву тақдири ин духтари ҷавони бетаҷрибаро ба дасти амакҳояш супорида буданд, дар хонаи шавҳар зери ҷабру зулми хушдоман қарор гирифт. Таънаву маломати хушдоману хоҳаршӯйҳо то ҳаде расид, ки Гулноза чанд маротиба қасди худкушӣ намуд. Вале ҳар бор нигоҳи маъсумонаи тифлаки хурдсолаш ва тақдири минбаъдаи ӯ духтари ҷавонро аз ин амал бозмедошт. Вақте шавҳараш аз мусофират баргашт, хост дилашро ба ӯ холӣ кунад, чун ӯро ягона ҳамрозаш мешуморид. Вале мавриди латукӯби бераҳмонаи шавҳар қарор гирифт. Шавҳар ба ин қонеъ нашуда, ӯро бо кӯдаки хурдсолаш аз хона ронд. Гулноза, ки саводи кофӣ надорад, бе ягон ҳуҷҷат аз хонаи шавҳар баромадаасту намедонад ба куҷо барои кӯмак муроҷиат намояд? Саргузашти ин духтар танҳо як намуна аз ҳазорон чунин хушунатҳои хонаводагист. Дар ин мавзӯъ зиёд менависанду мехонанд, зиёд медонанду худ бевосита шоҳид низ мешаванд. Чун дар аксар кишварҳои дунё, дар Тоҷикистон низ масъалаи зӯроварии хонаводагӣ аз зуҳуроти номатлуб ба шумор рафта, зиёд ба мушоҳида мерасад. Муносибати хушунатомез ва нобаробариву мухолифати андешаҳоро дар муҳити оила қабл аз ҳама ба урфу одат ва расму русуми қадимаи халқу миллатҳо вобаста медонанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гарчанде дар Тоҷикистон то имрӯз ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҷиҳати пешгирии ин амали номатлуб тадбирҳо андешида шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ амал мекунанд, аммо то имрӯз
аз масоили доғи рӯз дар миёни аҳолӣ боқӣ мондааст. Танҳо дар соли 2017 дар ҳудуди мамлакат 2100 адад ҳодисаи зӯроварии оилавӣ ба қайд гирифта шуда, 85 фоизи онҳо нисбати занон содир шудаанд. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо ба зан ҳамчун ба як шахси “дуюмдараҷа” нигоҳ мекунанду ӯро аз хурдӣ тавре тарбия мекунанд, ки ҳатман бояд “сархаму итоаткор ва хидматгор” ба воя расад. Дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва ҳатто дар шаҳр низ ҳини ба хонаи домод гусел кардани арӯс аз ҷониби пиразанҳои таҷрибадору рӯзгордида ба ӯ чунин дуо дода мешавад: “Хид-
мегӯяд ӯ. – Вале боре ҳам нашудааст, ки миёни мо нофаҳмӣ ва ё баҳсу муноқишае рух дода бошад. Хушдомани ман, гарчанде таҳсилдидаву маълумотнок набошад ҳам, зани хеле меҳрубону самимӣ ва хушмуомила аст. Агар шахс муомилаи хуб ва дили соф дошта бошад, кас ҳатто аз эроду танқидҳояш намеранҷад, балки панд мегирад. Аз куҷое шунида будам, ки “салом”-ро метавон тавре гуфт, ки хотири шунаванда малол гардад, вале калимаи “нобакор”-ро тавре гуфтан мумкин аст, ки дар лаби шунаванда табассум пайдо шавад.” Яке аз омилҳои асосие, ки
ҳамсоягиаш мезистанд, гардиду хост занро аз чанги марди бахашмомада раҳонад. “Вақте ман худро ба миёни онҳо андохтам, аз сару рӯи варамидаи зан хун мешориду дасташ шикаста буд, - нақл мекунад Садбарг. - Ман омӯзгорам ва медонам, ки ҳамсояи хонашинам аз ҳуқуқҳояш бехабар аст. Ман ба ӯ тавсия додам, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия муроҷиат намуда, талаб кунад, ки шавҳарашро мувофиқи қонун ҷазо диҳанд. Баъди якчанд рӯз ҳамсояамро дида, аҳвол пурсидам. Ӯ, ки ҳанӯз дасташ докапечу зери чашмаш кабуд буд, норозиёна изҳор дошт, ки ман
Зиндагӣ бе хушунат зебост ё хушдоман ҳам бояд модар бошад
матгори хонаи хусуру хушдоман шавад” ва ҳамагон даст бардошта, “Омин” мегӯянд. Шояд ин ҷо калимаи “хидматгор” ба маънои мусбат, яъне посдори ҳурмату иззати калонсолон бошад, вале аксаран чунин дуоҳо бо маънои аслии худ мустаҷоб мегарданду духтарон дар хонаи шавҳарҳо ба ғулому канизакҳои ҳаққонӣ табдил меёбанд. - Яке аз чунин сабабҳои хушунат ин муҳоҷират аст, мегӯяд сокини ноҳияи Рашт Дилафрӯз Бердиева. - Шавҳарон ба муҳоҷират ба шаҳрҳову кишварҳои дигар рафта, он ҷо зан мегиранду ҳамсарони онҳо ҳамроҳи хушдоманҳо монда, муросо карда наметавонанд. Зӯроварии шахси калонсол, яъне хушдоман болои хурдсолон, яъне келинҳо як навъ одати маъмулист дар миёни мардуми мо, ки бадбахтона аз насл ба насл мегузарад. Ҳамсуҳбати дигари мо Раҷаббӣ Зокирова хушмуомилагӣ ва эҳтироми дутарафаро дар оила миёни хушдоману келин ҳатмӣ мешуморад. “Ман 25 сол боз ҳамроҳи хусуру хушдоман зиндагӣ мекунам, -
боиси шиддат ёфтани ин зуҳурот дар миёни аҳолӣ мегардад, ин бетарафии мо, атрофиён, нисбати тақдири минбаъдаи якдигар мебошад. Масалан, вақте мебинем, ки нафаре шахси дигари нисбатан заифтару нотавонро зери мушту лагад мегирад ва ё таҳдид мекунад, аксар одамон “ба ман чӣ дахл дорад?”, - гӯён худро канор мегиранд. Бетафовутии мардум нисбат ба баҳсу муноқишаҳои оилавӣ оқибатҳои ногуворро ба бор оварда метавонад. Баъзеҳо дахолат накарданро ба муноқишаҳои оилавӣ, масалан ҷанҷоли зану шавҳар, дуруст ҳисобида, аз рӯи мақоли “Ба ҷанҷоли зану шавҳар остонаи хона хандидааст”, амал мекунанд. Онҳо бар он ақидаанд, ки дахолат кардан ба муносибатҳои оилавӣ аслан ҷоиз нест. Чун зану шавҳар метавонанд баъди муддати муайяне ба ифоқа биёянд, вале дахолати нафари сеюм метавонад эътимоди ҳамсаронро нисбати якдигар кам намояд. Сокини ноҳияи Рӯдакӣ Садбарг Саломова мегӯяд, боре шоҳиди ҷанҷолу муноқишаи шадиди зану шавҳаре, ки дар
набояд ба зиндагии оилавии онҳо дахолат намоям. Чун онҳо аллакай бо ҳам оштӣ шудаанд ва ҳаққи шавҳар болои зан хеле зиёд аст. Ҳамсоязанашро мезанад, мекушад, ба ин ҳақ дорад, гуфта бо қаҳр рӯй гардонида рафту то ҳол бо ман ногап аст.” Хушунат на танҳо дар латукӯб ва озори ҷисмонӣ зоҳир мегардад. Ба касе фишори равонӣ овардан, мушкилоти иқтисодӣ эҷод кардан, монеи таҳсил ва кор кардани духтарон шудани волидону шавҳарон низ аз навъҳои дигари хушунати хонаводагӣ маҳсуб меёбанд. Эҳсосот ва асабоният, худро идора карда натавонистан, таънаву маломат, худбиниву худхоҳии ашхоси алоҳида дар оилаҳо аксар боиси муноқишаву нофаҳмӣ, ранҷу озори якдигар, беморӣ ва ҳатто марги одамон шуда метавонанд. Равоншинос Маҳмуд Кабирӣ эҳсосро омили асосии нофаҳмиву муноқишаҳо мешуморад. “Омили асосии хушунатҳои оилавӣ эҳсосӣ будани аъзои он ҳастанд. Чун масъалаҳои зиндагиро на бо маслиҳату якдигарфаҳмӣ, бал-
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №16 (9546), 19.04.2018 ки бо якравию гапгузаронӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба нуқтаи назари якдигар баррасӣ мекунанд. Қурбонии хушунатҳои оилавӣ асосан занҳо мешаванд, ки ҷисман заифтаранд, – мегӯяд ӯ. – Танҳо дар ҳолати баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ мо метавонем, ин зуҳуроти номатлубро дар ҷомеа коҳиш диҳем.” Албатта, сатҳи пасти маърифатнокии занон аст, ки онҳо натанҳо аз ҳуқуқҳои хеш ҳимоят карда наметавонанд, балки барои ҳар чӣ бештар гардидани хушунату зӯроварӣ болои онҳо мусоидат менамоянд. Ин бошад, марди хушунаткорро ба “қаҳрамон” табдил дода, поймол кардани ҳуқуқи дигаронро барояш мояи ифтихор қарор медиҳад. Чунин ашхос таъбири содалавҳонаи кадом як муштзӯри “қаҳрамон”-ро ки мегӯяд: “Занро зан, намурад бо табар зан”, шиори хеш намуда, мудом “қаҳрамониҳо” нишон медиҳанду инро амри табиӣ ва меъёри зиндагӣ меҳисобанд. Хушунату зӯроварӣ дар ҳеҷ замоне меъёр набуду нест, балки он ҷиноят аст, ки тибқи қонун барои содир намуданаш ҷазо пешбинӣ шудааст. Яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ низ маҳз дастгирию пуштибонии чунин нафароне мебошад, ки зери фишори ҷисмонию равонии аъзои хонаводаи худ ва ё шахси дигаре қарор гирифтаанд. Илова бар ин, имрӯз дар манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ бо мақсади дастгирии занону духтарон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо марказу созмонҳои ҷамъиятӣ кору фаъолият мекунанд, ки шаҳрвандон ҳангоми дучори хушунату зӯроварӣ шудан метавонанд ба онҳо муроҷиат намуда, худ ва атрофиёнашонро аз зарари ҷисмонию равонӣ наҷот диҳанд. Масалан, дар муроҷиатномаи маркази буҳронии “Боварӣ ба фардо”, ки аз соли 2004 инҷониб дар шаҳри Душанбе фаъолият менамояд, чунин омадааст: “Зӯроварӣ дар оила ин таҳдид ба ҳаёти шумо ва ба ҳаёти фарзандони шумо мебошад. Машварати психологӣ, ҳуқуқӣ ин на он кӯмакест, ки барои он танҳо дар ҳолати ғайриодӣ ва ё буҳронӣ муроҷиат кардан лозим аст, инчунин дар ҳалли муаммоҳои одии оилавӣ ва муошират низ ба мо муроҷиат намудан зарур мебошад. Агар Шумо дар ҳолати вазнини зиндагӣ қарор дошта бошед, пас ба Маркази буҳронии “Боварӣ ба фардо” тариқи телефони боварии 227-9766 муроҷиат намоед.” Ҳамчунин, марказу ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз қабили “Ҳамроз”, Дилафрӯз”, “Ғамхорӣ” ва “Маҳбуба” дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ амал намуда, ба ҷабрдидагони зӯроварии оилавӣ кӯмакҳои ҳуқуқию равонӣ мерасонанд. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №16 (9546), 19.04.2018
E - MAIL: javonontj@mail.ru
13
КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2018 озмун эълон менамояд.
Мардум ТТЭ ҲНИТ-ро маҳкум мекунад Пайдост, ки мақсади ҳамаи ҳизбҳо ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ва ба хости худ созмон додани ҷомеаҳо мебошад. Дар ин муносибат ҳизбҳои динӣ ҳеҷ гуна ҳадафи воқеӣ дошта наметавонанд, чунки онҳо дар бораи саодати иҷтимоӣ сухан гӯянд ҳам, аммо моҳиятан механизми онро надоранд. Чунин механизмро сохта ҳам наметавонанд, зеро дар сарчашмаи онҳо, саодати иҷтимоӣ аз ҷиҳати илмӣ асоснок гардонида нашудааст. Дар баробари ин ҳадафҳои ҳизбҳои динӣ аз воқеият дуранд. Аммо ғайричашмдошт онҳо метавонанд дар таблиғи ақидаҳояшон муваффақ гарданд ва дар байни мардум тавсеа ёбанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо, фаъолияту рафтори ташкилоти террористию экстремистии ҲНИТ мебошад, ки солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон мардуми содаро фиреб дода ба майдонҳо овард. Натиҷаи чунин таҳрибкорию маккории наҳзатӣ кушта шудани бештар аз 150000 мардуми осоиштаи кишвар шуд, ки гунаҳкори асосӣ дар он ТТЭ ҲНИТ буд. Солҳои 1992-1997 ин созмони террористию экстремистӣ боз найрангҳои худро ба кор бурда, мардуми тоҷикро, ки дар кишвари Афғонистон гуреза буданд, фиреб дода, кӯшиш мекард ба муқобили ҳукумати конститутсионӣ сафарбар намояд. Худи саркардаҳои ин ҳизб, ки Муҳиддин Кабирӣ низ яке аз онҳост, аз бадбахтии мардум истифода бурда, соҳиби молу мулки зиёде гардиданд. Пас аз он ки соли 2015 ТТЭ ҲНИТ кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуд ва ба як қатор ҷиноятҳои сангин даст зад , ин созмон бо қарори Суди Олии кишвар мамнуъ эълон карда шуд. Дар асл, мақсади наҳзатиҳо ғасби ҳокимияти сиёсӣ дар кишвар ва ҷамъоварии сарват буд. Ин ҷо зикр намудани чанд омилеро, ки сабаби ташаккули ҳизбҳои динӣ аз қабили ТТЭ ҲНИТ гардидаанд, зарур мешуморем. Ҳизбҳои динӣ дар ҷомеаҳои мутамаддин, ки мардумаш аз фарҳанги баланди сиёсӣ ва иҷтимоӣ бархурдор аст, ба вуҷуд намеоянд. Инсонҳои соҳибфарҳанг аз фиреби назари мазҳабиёни мутаассиб ба хубӣ огоҳ мегарданд ва дар ин гуна ҳизбҳо кафолати наҷотро намебинанд. Аммо дар ҷомеаҳое, ки аз ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодӣ нисбатан ақибмонда ҳастанду мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ қонеъ гардонида намешаванд, эҳтимоли тавсеаи ҳизбҳои динӣ зиёд мебошад. Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яку якбора ТТЭ ҲНИТ аз норасоиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва аз байн рафтани идеологияи ҳукмрон истифода карда, бо дастгирии доираҳои манфиатдори хориҷӣ дар амалҳои таҳрибкоронаи худро дар кишвар анҷом доданд. Агар пеши роҳи ТТЭ ҲНИТ дар Тоҷикистон гирифта намешуд, фаъолияти ин ҳизб
ҳам тақрибан мисли азҳоби Афғонистону Сурияву Ироқ ба харобсозиву бадбахтии мардуми кишвар равона мегардид. Зеро ҳизби мазкур, ки боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ буд, барои ғасби ҳокимият муборизаи зӯроварӣ мебурд, ҳеҷ гоҳ аз мақсади худ даст намекашид. Балки бо ёрию пуштибонии нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ чунин фаъолияти душманонаро идома медод. Даст задани наҳзатиҳо ба табаддулоту террорҳо дар соли 2015 исботи ҳамин гуфтаҳоянд. Дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза дигар имконияти худ аз худ пайдо шудани ҳизби динӣ вуҷуд надорад. Ҳамаи ин гуна гурӯҳҳову ҳаракатҳо бо дасти қудратҳои беруна, ки мақсадҳои муайяни худро доранд, сохта мешаванд. Масалан, имрӯз дар Сурия ҳизбу гурӯҳҳои зиёди ифротии динӣ байни худ мубориза мебаранд ва ҳамаашон аз номи ислому ба хотири ислом меҷанганд. Аммо фаъолияти онҳо танҳо бар зарари ватану миллаташон равона мебошад. Зеро ҳамаи онҳо дастнигари кишварҳои хориҷии
манфиатдор ҳастанд ва супориши онҳоро иҷро мекунанд. ТТЭ ҲНИТ низ яке аз чунин созмонҳо мебошад, ки аз ҷониби хадамоти махсус ва доираҳои мазҳабии кишварҳои алоҳида маблағгузорӣ мешавад. Имрӯз низ ТТЭ ҲНИТ бо вуҷуди заифу нотавон буданаш аз мақсади ғасби ҳокимият, аз самти фаъолияти харобиовар, усулҳои террористиаш даст накашидааст. Бо вуҷуди ин, наҳзатиҳо аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар Аврупо панаҳ бурдаанд. Онҳо аз ҳар фурсати муносиб истифода бурда, дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳукумату мардуми Тоҷикистон туҳмату буҳтон мезананд. Кӯшиш мекунанд, ки муҳоҷирони тоҷикистонии муқими Аврупоро паноҳандаи сиёсӣ нишон дода, ба ҷониби худ ҷалб намоянд. Аммо имрӯз тамоми мардуми кишварамон ва муҳоҷирон ҳам хуб дарк кардаанд, ки ТТЭ ҲНИТ як гурӯҳи террористию ҷинояткор мебошад ва онро маҳкум мекунанд. Фотеҳи МАҲМУД
1. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, бо мақсади рушду инкишофи иқтидори илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии олимони ҷавон мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998, №301 "Оид ба тасдиқ намудани Низомнома дар бораи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд" таъсис дода шудааст, шумораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ 12 адад буда, маблағи ҳар кадоми он баробар ба 1000 доллари ИМА мебошад. 2. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои тадқиқоти илмию амалӣ дар самтҳои зерин дода мешавад: – барои тадқиқоти илмие, ки ба инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб мусоидат менамояд; – барои коркард ва азхудкунии техника, материалҳо ва технологияи пешқадам, ки суръати афзоиш ва самаранокии пешрафти иқтисодиёту иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам менамоянд. 3. Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун ба суроғаи дар поён овардашуда то 4 июни соли 2018 сурат мегирад. Нишондиҳандаи муҳим барои иштирок дар озмун барои довталаб, синни то 35, дифои рисолаи илмӣ (то 4 июни соли 2017) ва дар амал қарор доштани натиҷаҳои кори илмӣ дар муҳлати на кам аз як сол мебошад. 4. Довталабе, ки дар озмун ширкат меварзад, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд: а) варақаи шахсӣ, нусхаҳои ҳуҷҷатҳо барои дараҷаҳои маълумот, нусхаи шиноснома, шарҳи ҳол 2 нусхагӣ, б) расми андозаи 3х4 - 3 дона; в) қарори Шӯрои илмӣ ё мушовараи муассисае, ки дар он довталаб кор мекунад, инчунин, пешниҳоди вазорату идорае, ки муассиса дар тобеияти он қарор дорад дар бораи пешниҳодот барои дарёфти ҷоиза - 1 нусха; г) рӯйхати ҳамаи корҳои илмии довталаб - 2 нусха; д) шарҳи мухтассари мазмуни асар ё асарҳои илмии ба озмун пешниҳодшуда дар ҳаҷми на зиёда аз як варақаи чопӣ - 2 нусха; е) нусхаи шаҳодатномаи муаллифӣ (барои ихтироот) - 2 нусха; ё) маълумотнома аз ташкилот, муассиса ва ё мақомоти дахлдор дар бораи татбиқи амалии ихтироот, конструксияҳо, материалҳо ва технологияи нав, усулҳои мукаммали истеҳсолот дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ - 1 нусха; ж) доштани унвони илмии номзади илм ва ё доктори илм; з) моҳияти воқеии илмӣ-амалӣ доштани натиҷаҳои илмии кашфиёту ихтирооти пешниҳодшуда бо ҳамроҳии маводҳои тасдиқкунандаи чопӣ, сабтӣ, аёнӣ ва ғайра; и) ҳолати анҷом додани кашфиёту ихтирооти дар амал татбиқшуда ва татбиқшаванда; й) на кам аз як сол мавриди амал қарор доштани таҳқиқоти довталаб; к) доштани ду маҷмӯаи илмие, ки яке аз онҳо аз ҷониби муассисаҳои илмии бонуфузи дохилӣ (Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, қарорҳои Шӯрои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ) эътироф шуда бошад; л) доштани на кам аз 10 мақолаи илмӣ, ки аз он се тоаш дар маҷаллаҳое, ки онро Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия эътироф намудааст ва яктоаш бо забони англисӣ дар хориҷи кишвар ба чоп расида бошад; м) иштироки довталаб дар на кам аз 10 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва 1 конференсияи байналмилалӣ ё минтақавӣ; 5. Ҳамаи асноди дар банди 4 омада бояд ба таври расмӣ тасдиқ карда шуда бошанд; Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун метавонед аз суроғаи зерин дастрас намоед: – шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6; – телефон барои тамос (+37) 2360117, 2351953, 2363726, 2364266 – www.youth.tj; email: kjvs.1997@mail.ru, shokhzod.rakhimov@mail.ru Эзоҳ: Ҳуҷҷатҳои нопурра ё қисман пешниҳодгардида ба озмун қабул карда намешаванд.
14
МАЪВОИ ХИРАД ҒАЗАЛИЁТ
Ҳар ҷо, ки кунам хона, ҳамхона туро ёбам, Ҳаргиз наравам ҷое, к-он ҷо на туро ёбам. Гар хоб кунам шабҳо в-ар хона равам танҳо, Дар хоб туро бинам, дар хона туро ёбам. Дар базми қадаҳнӯшон, дар чашми вафокӯшон Маъшуқа туро донам, ҷонона туро ёбам. Дар суҳбати ҳар ҷамъе, к-афрӯхта шуд шамъе, Гирди сари ӯ гардон парвона туро ёбам. Гар ҷониби майхона оям пайи паймона, Дар дасти майошомон паймона туро ёбам. Аз сар бикашам хирқа, дар баҳр шавам ғарқа, Дар ҳар садафе пинҳон дурдона туро ёбам. Аз худ бигусил, Ҷомӣ, мезан дари гумномӣ, К-андар тутуқи ваҳдат бегона туро ёбам.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №16 (9546), 19.04.2018
Абдураҳмони ҶОМӢ
Дидам турову рафт зи даст ихтиёри дил, Оре, зи дасти дида хароб аст кори дил. Ҳар нахли орзӯ, ки нишондам зи қадди ту, Дар боғи ҷон надод баре ғайри бори дил. Туркест чашми масти ту, к-аз абрӯю мижа Тиру камон кашида ба қасди шикори дил. Дил сӯхт з-оташи ғаму пайкон ба сина монд, Ҳам ёдгори тири ту, ҳам ёдгори дил. Дил додамат, ки гар бувадаш беқарорие Аз ҷаври рӯзгор, шавӣ ғамгусори дил. Ту ғамгусор ношуда, бурди қарор аз ӯ, Бо ту чунин набуд зи аввал қарори дил. Ҷомӣ ба пардаи дили худ сохт ҷойи ту, Яъне даруни парда туӣ пардадори дил.
Рафтам ба боғ, сарви хиромони ман набуд В-он навшукуфта ғунчаи хандони ман набуд. Чун абри навбаҳор ба ҳар сӯ гиристам, К-он сарв пеши дидаи гирёни ман набуд. Накшод дил зи лола маро, з-он ки бе рухаш Доғи ғаме набуд, ки бар ҷони ман набуд. Аз ҷайби ғунча доғи латофат ҳамечакид, Ҷуз хуни дил чакида ба домони ман набуд. Мурғи чаман гирифт сари худ фиғонкунон, К-аш тоқати шунидани афғони ман набуд. Ҳар ҷо намуд ҷилва буте бар саманди ноз, Ҷонам зи рашк сӯхт, ки ҷонони ман набуд. Ҷомӣ, бигӯй, баҳри чӣ мондӣ зи дӯст боз? Ман чун кунам, ки бахт ба фармони ман набуд.
Хуш он, ки висоли ту муяссар шуда бошад, Чашмам ба ҷамоли ту мунаввар шуда бошад. Резам зи мижа ашк дамодам, ки бишӯяд, Гар ғайри ту дар дида мусаввар шуда бошад. Бо ҳеҷ баробар накунам, он ки сари ман Дар кӯйи ту бо хок баробар шуда бошад. З-ин беш макун саркашӣ, эй моҳ, бияндеш З-он лаҳза, ки оҳам ба фалак баршуда бошад. Шуд қомати ман ҳалқа дар он фикр, ки дастам Дар ҳалқаи он ҷаъди муъанбар шуда бошад. Ҳаргиз ба вафо бо дигаре аҳд набандам, Гар худ зи ҷафо аҳди ту дигар шуда бошад. Ҷомӣ, макун андеша, ки тағйир наёбад Дар ҳукми азал ҳар чӣ муқаддар шуда бошад.
Алишер НАВОӢ
ПОРАЕ АЗ ДОСТОНИ ФАРҲОД ВА ШИРИН Қалам к-ӯ раҳнаварде ҳаст чолок, Бувад манзил мар ӯро фавқулафлок.
На он зинат, ки овезанд бар гӯш, Кушояндаш агар, афтад зи ҳар гӯш,
Бувад чун адҳами ваҳм ӯ ба рафтор, На адҳам, ҷардаи шабдезрафтор.
Дуре, чун гӯшро бинмуд маскан, Кунад бешубҳа дурҷи қалб махзан;
Шавад ангушт ҳамчун шаҳ савораш, Буғун бошад камар, нохун узораш.
На танҳо дурҷи дил созад лаболаб, Кунад гавҳар ба дарё низ то лаб,
Думашро карда дар рафтан чу байрақ, Бувад чун гӯши худ сар то ба по шақ.
Ки з-он дур гар бигирад халқи олам, Нагардад қарнҳо з-он донае кам.
Магӯ шабдез, бал мурғе хушовоз, Кунад бе болу пар ҳар сӯй парвоз.
Нагашта одамӣ ин сон гуҳаррез, Магар он ҳиндувизоди шакаррез;
Зи минқораш шабаҳ ҳар сӯй зоҳир, Валекин он шабаҳ пошад ҷавоҳир.
На ҳинду, тӯтии ширинмақоле, На тӯтӣ, булбули шӯридаҳоле,
Ба мурғон кай бувад ин навъ ҷисме, Ҳакими сунъ кард ӯро тилисме.
Ба олам рафта чун тӯтӣ баёнаш; Ба гардун рафта чун булбул фиғонаш.
Танаш пурзаъф, нодида вале ранҷ, Ба ҷавфаш лек садҳо маънавӣ ганҷ.
...Ба қад аз назм карда ҳулла ахсар, Магӯ тӯтӣ, бигӯ хизри паямбар. Варо зулмот ҳиндустонаш, охир, Камолаш чашмаи ҳайвонаш, охир.
Касе нодида аз ин ганҷи ӯ ком, Ба мисли ганҷпоши Ганҷаором. Агарчи дорад ӯ дар Ганҷа ором, Вале бар ганҷ дорад доимо гом.
Агар ӯ булбулу Ҳиндустон шаб, Шаби зулмат магӯ, анбарфишон шаб, Ба он шаб ин бувад шабхез булбул, Шабистонро чӣ шӯрангез булбул,
...Саводе нест, бар мушкин саҳобе, Дар он ҳар қатра бошад дурри нобе
Чу хартумаш бимолад пил дарҳам, Ба захмаш кай шавад сад пашша марҳам?!
Магӯ булбул, бигӯяш қақнуси зор, Зи лаҳни ӯ бидида қақнус озор.
...Забон дурпошу худ покиза гавҳар, Хироҷи мулк ҳамчун реза гавҳар,
Чу ӯ пил аст, ҳинду низ пил аст, Агар хурд аст, чун ӯ низ пил аст.
Кашад қақнус агар сад нола ҷонсӯз, Варо тири ҳазорон нола дилсӯз
На гавҳар, бал ба илму фазл коне, Магӯ кон, балки як кӯҳи маонӣ...
Агар хурд ӯ зи фикри одамон аст, Вале аз бешаи Ҳиндустон аст.
Магӯ тире, варо ҳар барқи оҳе, Кунад хокистар аз маҳ то ба моҳӣ,
Дар ин майдон на осон размсозӣ, Намудан бо Низомӣ панҷабозӣ.
...Бикун ғуфронпараст ин ҳар ду пилон! Зи ҷоми раҳматат сармаст гардон!
Чу санг андохт ҳар сӯ ошкоро, Биёбад дӯст гавҳар, хасм хоро.
Занад бар хирманаш сад шӯъла ҳар дам, На бар худ, балки яксар рӯи олам,
Кунад албатта ҷанги хеш ранҷа, Ба ҷанги ӯ занад ҳар кас ки панҷа;
Бубахшо бар Навоӣ низ шавкат! Расон дар вай аз ин ду пил қувват!
...Зи дурҳо карда пур яксар ҷаҳонро, Ту гӯӣ, хайли ахтар осмонро.
Ба дарёи маонӣ аз дамаш мавҷ Ки монда зери он амвоҷ нӯҳ авҷ;
Ба ҷанги шер бояд шери ҷангӣ, Набошад шер агар, боре паланге.
Шавад чун ҳар ду ин пили дамонӣ. Куҷо пили замон, пили дамонӣ.
На он сон гавҳаре к-афтода бар хок, Шавад помоли ҳар зоте чу хошок;
Зи назмаш риштаи гуфторро дур, Кунад баҳри фалак з-он дур тафохур;
...Низомӣ буд он сон пили воло, Ки з-ӯ дурри сухан шуд қадрболо
..Биё соқӣ, ки рафт аз ҷонам ором, Ба ёди ин ду пилон ор ду ҷом!
Чунон гавҳар, ки созад ҷилва ҳар дам, Музайян гардад аз он гӯши одам,
Саводи назми ӯ абри баҳорӣ, Ба фарқи мардумон гавҳарнисоре
...Агарчи пашша ҳам хартум дорад, Ба ранҷи халқ неши шум дорад,
Ба ёди ҳар ду ман нӯшида ин ҷом, Кунад мадҳи маи Ҷомӣ саранҷом.
Намуда ганҷи дил ганҷи маонӣ, Даҳонаш бошад аз савташ ниҳонӣ. Зи ду лаб дар кушода ӯ ба он ганҷ, Ки ҳар кас раҳ намеёбад дар он ганҷ. Вале меъмори ҳикмат кард чун соз, Намуд аз рӯзи аввал сангандоз. Ҳарон кӯ расми дуздӣ кард оҳанг, Зи сангандози гардунаш расад санг.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №16 (9546), 19.04.2018
Духтар доштан фоҷиа нест! Дар ҳамсоягии мо марде зиндагӣ мекард, ки оилаи тифоқе дошт. Ин иттифоқро дар одобу рафтори духтаракону завҷаи ӯ медидем. Ӯ соҳиби се духтарча буд ва писар надошт. Зан аз шавҳараш шикоят намекард, аммо барои ҳамсояҳо пинҳон намемонд, ки ин мард аз ин дӯстрӯяконаш ношукрӣ менамояд. Ҳамсояҳои наздикаш мешуниданд ва шоҳид буданд, ки мард доимо ҳамсарашро барои писар таваллуд накарданаш таъна мезад. Ӯро озор медод ва ҳатто мезад. Ҳамсари худро азоби руҳӣ медод ва ҷои инкор нест, ки сангинтарин зиндагӣ ин зиндагии пурмоҷарост. Зани бечора дарун ба дарун месӯхт ва беморнамо асрори зиндагияшро ба касе фош намекард. Аммо дар ин миён ҳодисае шуд, ки зиндагии онҳо ба куллӣ тағйир ёфт ва боиси тааҷҷуби ҳамсояҳо гардид. Ин на ба он ваҷҳ буд, ки ҳамсари ӯ писар таваллуд кард. Бори чорум низ
15
НАВҚАЛАМ онҳо духтарчадор гардиданд, аммо баръакси зиндагии пешинаашон зану шавҳар «ширу фатир» шуданд. Ҳама ҳайрон буданд, ки дар байн чӣ асрор аст, ки махсусан мард ин қадар тағйир ёфтааст. Инро баъдтар аз забони худи он зан шуниданд. Бо гузашти вақт ҳамсари мард боз ҳомиладор мешавад. Зани ҷафодида аз шавҳар барои таскини дил назди духтур меравад, то фаҳмад, ки таваллуди оянда писар аст ё духтар. Вақте ки аз муоина мегузарад, ба ӯ мегӯянд, ки ҳамли навбатӣ писар аст. Ӯ тозону шодон ба хона рафта, ин хабари хушро ба ҳамсараш мерасонад. Мард ниҳоят хурсанд мешавад. Чанд моҳ аз ҳаяҷону шодиву хушҳолӣ тамоми хостаҳои дили ҳамсарашро иҷро менамояд. Туҳфаҳои гаронбаҳоро аз ҳамсару духтаронаш дареғ намедорад. Бо вуҷуди он тинати мард ҳанӯз тира буд. Рӯзе ба ҳамсараш нигариста мегӯяд: “Агар ту ин дафъа ҳам
духтар таваллуд кунӣ, ҳамаи чизҳои харидаамро як ба як бармегардонӣ! Худат бо духтаронат зиндагӣ хоҳӣ кард. Ман меравам!” Ҳамсараш ин сухани сангинро шунида, ғамгин мешавад ва чизе намегӯяд. Пешгӯии табибон хато баромада, бори чорум низ онҳо соҳиби духтарча мешаванд. Рӯзгору зиндагии зан тира буд, тиратар мегардад. Мард баъди таънаву азобҳои чандмоҳа дигар кам ба хона меомад. Ба духтаронаш нигоҳ намекард ва ягон меҳрубонӣ нисбати духтарони бегуноҳ надошт. Роҳҳои каҷро низ ихтиёр карда буд. Мард дар идораи давлатӣ кор мекард ва рӯзе дар утоқи корияш сар болои мизи корӣ муддате хобаш мебарад ва хобе мебинад, ки фалаҷ шудааст ва дар кӯчаи ифлосе афтодаасту олудаву нотавон аз ҷояш хеста наметавонад. Писаре аз пешаш гузашта меравад ва аҳамияте надода, ба мард танҳо бо нигоҳи сарду оташин
мегӯяд: “Туро Худо задааст!” Дар ин вақт духтарони хурдсолаш пайдо шуда, ӯро аз байни ахлоту ифлосиҳо мебардоранд... Мард ҳаросида аз хобаш бедор мешавад ва аъмоли чандсолаашро пеши назар оварда пушаймон мегардад. Туҳфаҳо харида ба назди зану фарзандошан мешитобад. Ба хона даромадан баробар, дарҳол назди духтаронаш мераваду онҳоро сахт ба оғӯш мегирад. Мебӯсаду меҳрубонӣ менамояд. Аз онҳо узру бахшиш мепурсад ва онҳоро чунон дӯстдорӣ менамояд, ки ҳамсараш дар ҳайрат мемонад ва сабаби ин қадар меҳрубон шуданашро мепурсад. Мард хоби дидаашро нақл карда, дар чашмонаш ашк ҳалқа мезанад. Пас аз нақли мард ҳамсараш низ гирëн шуда ба мард мегӯяд: “Дидӣ, мардак, ҳама чиз нахуст аз тақдир аст. Баъдан Худои меҳрубон дар хобат огоҳ кардааст, ки аз духтарҳоят ношукрӣ макун. Рӯзе мешавад, ки ҳамин духтарҳоямон асои дастамон мегарданд ва инро ҳаргиз фаромуш насоз!” Ин воқеа ду паҳлӯи муҳим до-
рад. Нахуст сабри он зан, ки чанд сол уқубату азоби мардро таҳаммул карду ҳатто ба ягон ҳамсоя шиква накард. Дуюм ислоҳ гардидани он мард, ки аз олами ғайб ба ӯ садо омад, ки духтар низ фарзанд аст. Ҳастанд ҳолатҳое, ки оилаҳои алоҳида бо ин сабаб вайрон ҳам мешавад, ки бештар бо айби мардон сурат мегирад. Ба оилаҳое ки танҳо соҳиби духтаранд, гуфтанием, ки тақдир беҳикмат нест ва духтар доштан фоҷиа маҳсуб намешавад. Духтар ганҷ аст ва ҳеҷ гоҳ дар қиёс бо писар онро дуюмдараҷа ҳисобидан дуруст нест. Танҳо тарбияи дурусти духтарон боис шуда метавонад, ки онҳо дар паҳлӯи волидони худ бошанду дастгири онҳо шаванд. Оила дунёи муқаддаси меҳру муҳаббатҳост ва набояд онро бо фаҳмишҳои ҷоҳилона тира намуд. Макнуна МИРЗОЕВА, донишҷӯи соли аввали факултети журналистикаи ДМТ
Ҳунарманди муваффақ
Соҳибэҳтиром Ноҳияи Муъминобод яке аз он ноҳияҳоест, ки бо доштани мавзеъҳои таърихӣ ва ҷойҳои муқаддас, нигоҳ доштани ҳунарҳои аҷдодон як гӯшаи сайёҳии кишвар мебошад. Дар ин ноҳия ҳунармандони чирадаст хеле зиёданд, ки маҳсули дасти онҳо дар тамоми ҷумҳурӣ шинохта шуда, арзиш пайдо кардаанд. Яке аз ин ҳунармандони шинохта бобои Саймуҳаммад мебошад, ки тӯли солҳои зиёд ба ҳунари табақтарошӣ машғул аст. Ӯ чун омӯзгор ҳунари табақтароширо аз падар мерос гирифтааст. Бобои Саймуҳаммад аз ин ҳунар рӯзгорашро пеш бурда, ба шогирдон ва фарзандонаш ин касбро меомӯзонад. Бо истифода аз чӯбҳои чормағз, тут ва сафедор ӯ табақҳои зебо, зарфу ашёҳои рӯзгордориро бо ҳунари дастони хеш месозад. Табақҳои сохтааш бо нақшҳою ороишоти хаёлӣ гулкорӣ карда мешаванд, ки ифодагари рамзҳои миллӣ, хоса Наврӯз ва баҳоранд. Маҳсули дастони бобои Саймуҳаммад қариб, ки дар ҳама хонаҳои маҳал ва баргузории ҷашну маросимҳо дида мешаванд. Инчунин, маҳсули дастони ин ҳунарманд дар ҷашни бузурги Наврӯз ҳар сол ба намоиш гузошта шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қадрдонӣ карда мешавад. Бобои Саймуҳаммад аз касби падарияш ифтихор карда, бо ин ҳунари аҷдодӣ соҳибэҳтиром гаштааст. Мардуми ноҳия низ ӯро мешиносанд, ҳурмат мекунанд ва маҳсули дастонашро эътироф мекунанд. Ин ҳунарманд дар баробари сохтани асбобҳои рӯзгор, инчунин барои кӯдакон зочаю аспак ва дигар бозичаҳо месозад. Аз ин рӯ тифлакон низ бобои Саймуҳаммадро дӯст медоранд. Умедҷони КАРИМХОН, донишҷӯи ДМТ
Шахси ҳунарманд ҳамеша дар дилу дидаи мардум ҷой дорад ва номи неки ӯ бо ҳунари волояш ҷовидон боқӣ мемонад. Молу сарват абадӣ нест. Рӯзе мешавад, ки ганҷу сарват ба яғмо меравад. Лекин ҳунарро ҳеҷ кас гирифта наметавонад. Бинобар ин, ҳар шахс бояд шуғле дошта бошад, то ин ки дар зиндагӣ муҳтоҷи ҳеҷ кас нагардад. Ҳамин гуфтаҳо дар ҳаёти яке аз ҳунарманди муваффақ Гулрухсор Юнусова исботи худро ёфтааст. Гулрухсор Юнусова сокини 48-солаи деҳоти “Ҷавонон”-и ноҳияи Файзобод аст ва мегӯяд, ки 30 сол боз инҷониб ба гулдӯзӣ машғул аст. Ва бо ин ҳунари худ на танҳо дар ноҳия, балки берун аз он низ шуҳрат ёфтааст. Дар чорабиниҳое, ки дар ноҳия ва берун аз он доир мегарданд, фаъолона иштирок намуда, ҳунари худро пешкаши ҳамагон мегардонад. Холаи Гулрухсор ин касбро аз модараш ёд гирифтааст. Чуноне ӯ мегӯяд: “Ҳар боре, ки модарам дар рӯи кӯрпа, болишт, чодар ва ё дигар чизҳо гулдӯзӣ мекарданд, дили ман аз ҳавас ҷӯш задан мегирифт. Ва бо ҳамон шавқу шӯри ҷавонӣ то ҳол ба
офаридани ҳунарҳои тоза баҳри муштариён машғул ҳастам”. Ин ҳунарманд ба ғайр аз гулдӯзӣ, инчунин ҳунарҳои бофандагӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, дӯзандагӣ ва кӯрпадӯзиро низ метавонад. Азбаски талабот ба гулдӯзиаш бештар аст, ба ҳамин касб зиёдтар таваҷҷуҳ мекунад. Новобаста ба он ки марди хонадон барои пешбурди зиндагӣ талош мекунад, саҳми апаи Гулрухсор низ дар ободии хонадон калон мебошад. Бо ин ҳунар шогирдони зиёдеро ҳунарвар гардонидааст. Духтаронаш Ҳумайрою Суман аз касби модар баҳравар гардидаанд. Ғайр аз ин, ба чеварӣ машғул ҳастанд. Онҳо дар донишгоҳҳои олии кишвар низ таҳсили илм менамоянд. Суман мегӯяд, модарамон ба мо ҳамеша таъкид менамоянд, ки духтари тоҷик бояд ҳунарманд бошад. Шумо бояд вақтро самаранок истифода баред. Ҳамон ҳунар ва ё касберо интихоб намоед, ки аз самими қалб дӯст доред. Вақте шахс ба пешаи худ аз дилу ҷон муносибат менамояд, ҳатман муваффақ мегардад. Ҳангомаи ИСКАНДАР, донишҷӯи ДМТ
Наврӯз бошукӯҳтар мешавад Соли ҷорӣ Наврӯзи байналмилалиро дар Тоҷикистон бошукӯҳтар аз солҳои қаблӣ истиқбол намуданд. Ҳатто дар дурдасттарин гӯшаҳои Тоҷикистони азиз ин ҷашни эҳёгари табиатро мардум бо риояи анъанаҳои неки Наврӯзӣ истиқбол гирифтанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Мастчоҳ низ сокинон шуруъ аз даҳаи дуюми моҳи март истиқболи Наврӯзи байналмилалиро дар сатҳи маҳаллаву ҷамоат ва корхонаҳои алоҳида бо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ хеле зебову фараҳбахш истиқбол намуданд. Таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар МТМУ №14-и ноҳияи Мастчоҳ аз солҳои қаблӣ дида, хотирмон сурат гирифт. Барномаи фарҳангие, ки хонандагони ин муассисаи таълимӣ ба истиқболи ҷашни зебои табиат – Наврӯзи оламафрӯз омода карда буданд, бо фарогирии паҳлуҳои гуногуни ин ҷашни куҳанбунёди миллӣ, намоиш додани анъанаҳои неки Наврӯзӣ, аз қабили гулгардониву бадеҳахонӣ, тоза намудани муҳити зист, оғози кишту кори баҳорӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва ғайра диққати ҳар бинандаро ҷалб менамуд. Омода намудани газетаҳои деворӣ бо иншои беҳтарин таронаву лавҳаҳо дар васфи Наврӯз, расмҳои инъикосгари табиати кӯҳистони диёр, акси рӯду дарёчаҳои шӯхи маҳал, ки дар гӯшаҳои бинои мактаб овезон шуда буданд, ҷолибияти ин ҷашнвораро дучанд мекарданд. Бисёр диданиву фараҳбахш буд,
баромади хонандагони синфи аввали мактаби мазкур. Зеро онҳо чун навдаҳои шукуфони дарахтони пур аз гул, мисли гулҳои наврустаи баҳорӣ, дар саҳни мактаб бо шодию сурур мерақсиданду меболиданд. Дар рухсораҳои гарми ҳар яки эшон аз шодию фараҳ гӯё нури офтоби баҳорӣ медурахшид. Ин навниҳолакони боғи дониш, ки либосҳои миллии тоҷикии адрас ба бар доштанд, бо дастони пур аз гул шодикунон мерақсиданд. Танҳо хушбахтӣ ва хурсандии онҳоро дидан бас буд, то Наврӯзро замони эҳёшавии табибату гул кардани орзуҳои инсонӣ номид. Ба ҳамин сатҳ истиқбол шудани ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сатҳи як мактаб гувоҳи он аст, ки имрӯз ин ҷашни сирф миллӣ ба умқи зиндагии мардум ворид шудааст ва хурду бузурги кишвар аз истиқболи он рӯҳу илҳоми тоза мегиранд.
Наврӯз ҷашнест, ки моро ба тозагӣ, ба кишту кор, ба ободии диёр ва дар маҷмӯъ ба бунёдкориву сарсабзӣ ва сарбаландӣ ҳидоят мекунад. Хеле хушоянд аст, ки имрӯз ба ин ҷашни пуршукӯҳ дар кишвари мо диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Махсусан, Роҳбари давлатамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар айёми баҳорон ва дар рӯзҳои Наврӯзӣ ба гӯшаҳои гуногуни кишвар сафар намуда, мардумро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯянд. Ҳамин таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон аст, ки имрӯз Наврӯзро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил менамоянд ва дар кишвари мо бошад, он сол аз сол бо шукӯҳу шаҳомати бештар истиқбол мегардад. Таҳмина ЗАМОНОВА, омӯзгори фани забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №14-и ноҳияи Мастчоҳ
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №16 (9546), 19.04.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома
√ АНДАРЗ
Ҷавонмардӣ
АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
ТАҲИЯИ Б. УСМОН, “ҶТ” Марди аспсавор ҳини сафар дар биёбон дид, ки шахсе аз шиддати офтоб аз ташнагӣ ранҷу азоб мекашад. Дилаш ба ҳоли мард сӯхт ва аз обе, ки барои роҳ бо худ гирифта буд, ӯро ба нӯшидан даъват кард. Баъди ба мард об додан қасди онро кард, ки ӯро ба аспаш савор карда бо худ барад: - Ман боре ҳам аспро савор нашудаам. Чӣ мешавад, ки ту аз аспат поён шавию маро барои савор шуданам ёрӣ расонӣ?- гуфт марди дар биёбон буда. Марди аспсавор бехабар аз нияти бади ӯ аз аспи худ поён шуду мардро барои савор шуданаш ба асп ёрӣ намуд. Мард баробари савор шуданаш аспи марди некхоҳро тозонду гурехт. Соҳиби асп аз паси марди дузд фарёд карда гуфт: - Эй нокас, аз ин ҳодиса ба касе чизе нагӯӣ. Дузд гуфт: - Ту дар ҳоли мусибат қарор
АЛИШЕР НАВОӢ
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
дорӣ ва шояд ҳам дар ин биёбони бе кас аз беобӣ маргат фаро расад, вале аз шармандагӣ метарсӣ. Чаро? Саҳиби асп бо ҳасрат гуфт:
- Не, ман аз шармандагӣ наметарсам, балки аз он метарсам, ки ин воқеа байни мардум паҳн шаваду ҷавонмардӣ аз байн биравад.
√ ЭЪЛОН
Ба садои ақл гӯш деҳ, на ба садои ғазаб. Шекспир Барои аз ҳар чиз худдорӣ намудан ба одам қувва даркор аст, аммо аз инҳо душвортаринаш нигоҳ доштани забон аст. Муҳимтаринаш ҳам дар асл ҳамин аст. Лев Толстой Дар одаме, ки забони худашро идора намуда наметавонад, ҳақиқат вуҷуд надорад. Махатма Ганди
Патенти гумшуда, ки онро Нозироти андози ноҳияи Рӯдакӣ 7 марти соли 2013 ба Азизова Ҷ. (РМА 126040261, РЯМ 1230087403) додааст, эътибор надорад. Патенти гумшуда, ки онро Нозироти андози ноҳияи Рӯдакӣ 29 октябри соли 2013 ба Ҷабборов Маҳмадшариф Файзиддинович (РМА 155207928, РЯМ 1230103353) додааст, эътибор надорад. Муҳри хоҷагии деҳқонии “Бобои Ҳаким”, воқеъ дар ноҳияи Муъминобод, бинобар гум шудан, беэътибор дониста шавад. Кооперативи ғайритиҷоратии “Гулбутта” (РМА030015259) воқеъ дар суроғаи кӯчаи Неъмат Қаробоев 200/2, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки дар Равзанаи ягона ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ менамояд.
Донистаатро на ҳамавақт бигӯй, аммо гуфтаистодаатро бошад ҳамеша бидон. Маттиус Клаудиус
Дафтари ҳавлӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Т. Шарқӣ, маҳаллаи 15, қитъаи 114, ки ба шаҳрванд Эшонов Тоҷиддин Зайдуллоевич тааллуқ дорад, бинобар гум шудан беэътибор дониста шавад.
Дар пирӣ аз эҳсос намудани сарфи кори безавол шудани тамоми қувваи ҷавонӣ тасаллии зиёд нест.
Шиноснома бо силсилаи А, рақами 00977194, ки онро ШВКД-и ноҳияи Маскав (ҳоло Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) соли 1998 ба Азизов Раҷабалӣ Миралиевич додааст, бинобар гум шудан беэътибор дониста шавад.
Артур Шопенгауэр
Шартномаи хариду фурӯши манзил бо силсилаи ДШ, рақами 0694134, ки дар идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 31 декабри соли 2015 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шудан беэътибор дониста шавад.
Ҷавони беистеъдод мӯйсафед аст.
Жюл Ренар Саховати ба чашм ноаёнро ҳеҷ кас намеҷӯяд. Балзак Фақат одами аз ба ҷо овардани қарзи худаш мамнун озод зиндагӣ менамояд. Ситсерон Беэҳтиромӣ ба аҷдодон нишонаи аввалини беинтизомӣ аст. Пушкин Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
Шартномаи ҳадяи манзил, ки бо суроғаи хиёбони Айнӣ 307/17 ба Орипова Шаҳло Таваккаловна тааллуқ дошта ва дар феҳристи 1Ш – 497 санаи 20 апрели соли 2010 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Билети донишҷӯии гумшуда, ки онро Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат соли 2017 ба донишҷӯи курси якуми факултаи соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон Муҳаммадиқбол Ҳурматов додааст, эътибор надорад. Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, ки Нозироти андози ноҳияи Ишкошим 30 июни соли 2010 таҳти рақами 0099323 ба Хонҷонов Санавбар Акбархонович додааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Патенти гумшудаи фаъолияти соҳибкории соҳибкори инфиродӣ Равшани Кобул (РМА 126025974, РЯМ 1230153944), ки соли 2016 дар Нозироти андози ноҳияи Рӯдакӣ ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4137 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»