ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №17 (9547), 26.04.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН
Пешвои миллат – ғамхори ятимон Нодида гирифтани дастовардҳои илмии кишвар ва санги туҳмату буҳтон задан ба ходимони илм, ки имрӯзҳо аз ҷониби мухолифони кишвар ба таври густурда ҷараён дорад, бояд пешорӯи ҳар яки онҳо ҷавобгарии маънавиро намудор кунад. Миллати тоҷик аз ибтидо бо илму дониш пайванди ҳамешагӣ дошт ва дорад. Дар ин росто метавон чандин бузургони илму ирфони дирӯзу имрӯзи миллатро номбар кард. Хулосаи гуфтаҳо ин аст, ки имрӯз илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба рушд буда, ҷиҳати ҳаматарафа дастгирӣ ва ташаккул ёфтани илм дар кишвар кулли имкониятҳои зарурию мувофиқ ба талаботи замон фароҳам оварда шудааст. “Кашфиётҳо”-е, ки ташкилоти “Диссернет” роҷеъ ба рисолаҳои номзадиву доктории олимони тоҷик менамояд, ба таъкиди аксари коршиносони соҳа беасос ва муғризона аст. Ҳеҷ гуна ғаразу буҳтон ба илми тоҷик таъсире нахоҳад расонд. Зеро илми тоҷик бо таърихи илми башарият ҳамнабз буд, ҳаст ва то абад хоҳад монд.
№17 (9547), 26/04/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
ДУШАНБЕ ШОМИЛИ ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН
саҳифаи
3
ХИРС БО ЗАРБИ ЧӮБ МУЛЛО МЕШАВАД? саҳифаи
РУШДИ ЗИНА БА ЗИНАИ ТОҶИКИСТОН
саҳифаи
4
5
“ДИССЕРНЕТ” АЗ ИЛМИ ТОҶИК ЧӢ МЕХОҲАД? саҳифаи
7
IX-УМИН НИММАРАФОНИ ДУШАНБЕ ДАВАНДҲОИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД саҳифаи
8
ЗАНҶИРИ ГАРДАНИ КАБИРӢ ДАР ДАСТИ КИСТ? саҳифаи
13
2
21 АПРЕЛ – РӮЗИ ПОЙТАХТ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №17 (9547), 26.04.2018
Чорабиниҳои “Рӯзи пойтахт” бо иштироки 232588 нафар баргузор шуданд Стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе
Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал, 21 апрел - “Рӯзи пойтахт” дар саросари ҷумҳурӣ бо баргузории 580 чорабинии варзишӣ, оммавӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҷлил гардид.
ба 172 нафар дар “Рӯзи пойтахт” тақдим гардид
Бахшида ба “Рӯзи пойтахт”-и мамлакат шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» вохӯрии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хонандагону донишҷӯёни болаёқати шаҳр, барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар ниҳоду сохторҳои пойтахт доир гардид. Дар оғоз раиси шаҳри Душанбе иштирокдорони ҷамъомад ва дар симои онҳо тамоми сокинони пойтахтро ба муносибати “Рӯзи пойтахт” табрику шодбош гуфта, таъкид намуд, ки давоми солҳои охир пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе тавассути фаъолияти дастаҷамъона ва аҳлона ба дастовардҳои беназир дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ноил шуда, рушду пешрафти босуръату босифати он дар ҳамаи соҳаҳо таъмин мегардад. Аз ҳозирин ва сокинони пойтахт даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва саҳм гузоштан дар рушду
тараққиёти шаҳр фаъолияти худро дучанд намоянд. Пас аз анҷоми суханронии Раиси шаҳри Душанбе маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмунҳои соҳавии шаҳрӣ ва барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе доир гардид. Дар ин вохӯрӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ ба 172 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе стипендияҳои Раиси шаҳри Душанберо барои соли хониши 2017-2018 тақдим намуда, ба онҳо хониши хубу ахлоқӣ намунавӣ таманно намуд.
“Дав барои хушҳолӣ” доир гашт 25-уми апрели соли 2018 дар Боғи “Ҷавонон”-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии мамлакат дар ҳамкорӣ бо МИҲД шаҳри Душанбе ва сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё чорабинии варзишии “Дав барои хушҳолӣ” баргузор шуд. Дар он сокинони пойтахт, варзишгарон ва масъулини соҳаи варзиш иштирок доштанд. Чорабиниро Аҳтам Абдуллозода, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшид. Зикр гардид, ки имрӯзҳо омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои Осиё-2018 ҷараён дорад. Аз ҷумла чанд рӯз қабл Бозиҳои варзишии Тоҷикистон аз рӯи 11 намуди варзиш оғоз ёфт, ки як марҳилаи таёрии дастаҳои мунтахаб ба Бозиҳои Осиё-2018 мебошанд. - Бозиҳои Осиё аз рӯи сатҳу сифат барои Тоҷикистон баъд аз бозиҳои олимпӣ дар мақоми дуюм қарор доранд. Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлолӣ бори аввал соли 1994 дар бозиҳо ширкат карда ва то имрӯз 21 медал, аз ҷумла 4 медали тилло ба даст овардааст, ки 3-тои он ба варзишгари маъруфи кишвар, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров тааллуқ дорад, - ёдовар шуд муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ. Дар фарҷом ба 30 нафар иштирокчиёнии фаъол медалҳои хотиравии Бозиҳои Осиё-2018 ва сертификати Шӯрои олимпии Осиё тақдим гардид. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
Дар чорабиниҳо давоми рӯз 232588 нафар иштирок намуданд, ки аз ин шумора 67628 нафарашро бонувон ташкил медод. Аз 580 адад чорабиниҳои доиргардида, 439 мусобиқаҳои оммавӣ - варзишӣ ва солимгардонӣ бо фарогирии 109468 нафар, аз ҷумла 24973 нафар бонувон ва 141 чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, иттилоотиву таблиғотӣ бо фарогирии 92970 нафар, аз ҷумла 34150 нафар бонувон мебошанд. Тибқи маълумоти оморӣ аз шумораи умумии чорабиниҳои доиргардида дар ВМКБ 38 чорабинӣ бо иштироки 13367 нафар, аз ҷумла 4815 бонувон, дар вилояти Суғд 149 чорабинӣ бо иштироки 78570 нафар, аз он 26850 бонувон, дар вилояти Хатлон 130 чорабинӣ бо иштироки 42115 нафар, аз ҷумла 7441 нафар бонувон, шаҳру ноҳияҳои Душанбе 184 чорабинӣ бо иштироки 79843 нафар, аз ҷумла 24319 нафар бонувон ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 79 чорабинӣ бо иштироки 18693 нафар, аз ҷумла 4203 нафар бонувон баргузор карда шуданд. Қобили зикр аст, ки ҷавонон ва варзишгарони ҳар як гӯшаву канори мамлакат, баҳри арҷгузорӣ ба заҳматҳои шоёни Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу талошҳои ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, омодагии хешро барои ҳамасола таҷлил намудани “Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе” якдилона изҳор намуданд.
ВМКБ
Сафари ҷавонони ВМКБ ба Душанбе 24 апрел зиёда аз 100 нафар ҷавонони шаҳру навоҳии ВМКБ ба маркази ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе сафар намуданд. Ин иқдом аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвару мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ роҳандозӣ гаштааст. Сураҷ Чоршанбиев, мудири кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ гуфт, ки зимни сафари сайёҳатӣ ҷавонон ҳамчунин аз мавзеҳои тамошобоби шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, гулгашту хиёбонҳои маркази ҷумҳурӣ, Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ ва дигар ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ боздид ба амал хоҳанд овард.
ДУШАНБЕ
Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе Бо ин унвон дар Боғи марказии ноҳияи Рӯшон чорабинии фарҳангӣ ва тамрини пагоҳирӯзӣ бо ширкати васеи кормандони касбу кори гуногун, варзишгарону ҷавонони ноҳия баргузор гардид. Имомназар Хоҷаназари Лутфулло, раиси ноҳия пеш аз оғози чорабиниҳо тамоми сокинони Рӯшонро ба муносибати Рӯзи пойтахт табрику шодбош намуда гуфт, ки суботу пешрафт дар кишвари азизамон ормони чандинсолаи мардуми бошарафи он мебошад ва ҷаҳду талоши Роҳбарияти олии мамлакат ҳам он аст, то тариқи оромии сартосарӣ Тоҷикистонро тадриҷан ба яке аз кишварҳои мутараққии ҷаҳон таблил диҳанд. Баъди баргузории барномаи хотирмони консертӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони ноҳия ташкил гашт, мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои волейбол, тенниси рӯи миз ва шоҳмот доир гардид..
Душанбе шомили даҳгонаи беҳтарин
Бино ба натиҷаҳои ҳамапурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Русия, шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид. Дар ин бора дар сомонаи агентии мазкур хабар дода шудааст. Ба гузориши «ТурСтат»,
дар охирҳои апрел ва аввалҳои моҳи майи имсол, ки дар Русия чанд рӯз таътил аст, Душанбе яке аз шаҳрҳое аст, ки гардишгарони рус барои сипарӣ кардани рӯзҳои истироҳати худ ба он ҷо сафар мекунанд. Қабл аз ин ҳам расонаҳои Русия аз афзоиши тамоюли шаҳрвандони ин кишвар барои сафари сайёҳӣ ба Тоҷикистон
хабар дода буданд. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, феълан тамоми муассисаҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе – китобхонаву осорхона ва боғҳо ба хатсайрҳои сайёҳӣ ворид карда шудаанд.
Ҷалби 79843 нафар сокини пойтахт дар 184 чорабинӣ 21 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе 184 чорабинӣ бо иштироки 79843 нафар, аз ҷумла 24319 бонувон баргузор гардид. Чорабиниҳои мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар иртибот ба таҷлили Рӯзи пойтахт дар тамоми боғҳои фарҳангивю фароғатии пойтахт базмҳои пуршукӯҳи идона бо ишти-
роки дастаҳои ҳунарӣ — ромишгарону мутрибон ташкил гардида, ҳамзамон маҳсули дастони ҳунармандони чирадасти пойтахт, ба намоиш гузошта шуданд. Инчунин давоми имрӯз дар Душанбе чорабиниҳои гуногуни идона, аз ҷумла мусобиқоти варзишӣ — Ниммарафони байналмилалӣ, пойгаи кушоди аспдавонӣ ва ҳамчунин дар Муассисаи фарҳангию фароғатии «Аҳорун» (Амфитеатр) ва Боғи “ҷавонон” маросими ботантанаи таҷлили Рӯзи пойтахт бо барномаи фарҳангӣ гузаронида шуд.
Чорабиниҳои идона дар Нуробод
ШНТМ
Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба “Рӯзи пойтахт” чорабиниҳои варзишӣ аз қабили машқи пагоҳирӯзӣ, футбол, шашкаву шоҳмот байни духтарон ва шогирдони мактаби варзишии ноҳия доир
3
АХБОРИ ҲАФТА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №17 (9547), 26.04.2018
гардид. Ҳамчунин, бахшида ба ин санаи фархунда чорабинии илмию маърифатӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 - и ноҳия сурат гирифт.
Семинар оиди бемории ВНМО дар Хатлон ХАТЛОН
Бо ташаббуси Клуби волонтёрони назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва дар ҳамин замина ҷиҳати пешгирии бемории ВНМО (ВИЧ/СПИД) миёни ҷавонони вилоят дар мавзӯи “СПИД ва зарари он ба инсон” семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар семинар оид ба пайдоиш ва роҳҳои гузариши беморӣ маълумот дода шуд. Нафароне, ки дар семинар иштирок доштанд, зимни андешарониҳо иброз намуданд, ки барои ҷилавгирӣ аз бемории мазкур саҳми худро хоҳанд гузошт.
Шаҳомати гӯштини миллӣ дар Данғара Барои байналмилалӣ намудани гӯштини миллии тоҷикӣ “Гӯштингирӣ” 21 апрели соли ҷорӣ бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ, дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди гӯштини миллӣ баргузор шуд. Дар он 400 нафар паҳлавонон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон миёни ҳам рақобат намуданд. Дар рафти мусобиқа паҳлавонони
СУҒД
тоҷик маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори шоҳҷоизаи мусобиқа - автомашина гардиданд. Барои ба даст овардани шоҳҷоиза паҳлавонони тоҷик Набимуҳаммад Хоркашов ва Шоҳрух Амирхонов рақобат карданд, ки Набимуҳаммад Хоркашов соҳиби шоҳҷоиза гардид. Мусобиқаи мазкур бо иштироки 20 ҳазор мухлис гузаронида шуд.
Ҷавонон аз бемории ВНМО огаҳ гардиданд
Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд семинари омӯзишӣ оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО/ БПНМ таҳти унвони “Оилаи солим - интихоби беҳтарин” дар толори мактаби № 1-и ноҳияи Спитамен баргузор гардид. Дар семинари омӯзишӣ 180 нафар наврасону ҷавонони ноҳия иштирок намуда, вобаста ба бемории мазкур маълумот гирифтанд. Ҳамзамон, дар ҷараёни рафти семинар – машварати мазкур наврасону ҷавонон вобаста ба роҳҳои бартарафсозии ин вабои аср фикру мулоҳизаронӣ намуда, барои пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ пешниҳодҳои муфид баён карданд.
Тарғиби оммавияти варзиш Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят бори нахуст ба ифтихори таҷлили сазовори “Рӯзи пойтахт” мусобиқаҳои оммавӣ, варзишӣ, ва солимгардонӣ таҳти унвони “Пойтахт – тараннумгари мазаффариятҳои мо ҷавонон ва вар-
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор моҳи равон мулоқоту суҳбатҳои судмандро бо ҷавонону наврасон, хонандагони муассисаҳои таълимии деҳаҳои Ёзғандӣ, Шаҳринав, Лангар, Хур, Лоҷург, Руботи хубон ва Сари дашт доир намуд. Дар рафти мулоқотҳо дар мавзӯъҳои худшиносии миллӣ,
зишгарон” доир гардид. Мусобиқаҳои мазкур бо мақсади оммавигардонии варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб гузаронида шуд.
Мулоқотҳои судманд риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, ҳимояи манфиатҳои ҷавонон суҳбатҳои судманд доир гардид. Тавре мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Хӯҷаалӣ Комилов иттилоъ
дод, ҳамчунин баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Наврасону духтарон, муҳассилини муассисаҳои таълимии маркази ноҳия ба ин чорабинии варзишию солимӣ бештар ҷалб мешаванд.
4 Даврони кӯдакӣ аз беҳтарин давраҳои ҳаёти инсон аст. Тақрибан 30 фоизи аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар кадом шароит ва дар кадом рӯҳия ба воя расидани кӯдакон ба ояндаи онҳо таъсири амиқ мегузорад. Имом Ғазолӣ дар “Насиҳат-ул-мулук” фармудааст: “Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад буд”. Фарзанд меваи умр ва маънии рӯзгори ҳар яки мост. Хушунату зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар тамоми олам дар шаклҳои гуногун зуҳур намуда, дар маҷмуъ буҳрони оилавиро ба миён меорад. Равоншиноси рус Ирина Мошкова буҳрони оилавиро дар қатори буҳронҳои дигар хеле хатарнок арзёбӣ мекунад. Ӯ омили бадбахтиҳои зиёди инсонро марбут ба оила ҳисобида, яке аз нишонаҳои буҳрони оилавиро афзоиши хушунат нисбати кӯдакон медонад. Муомилаи дағалона ва истифодаи хушунат нисбати кӯдакон асосан дар шакли ҷазодиҳии бераҳмона ва дашному латукӯб зоҳир мегардад. Дар натиҷа кӯдакони чунин оилаҳо дағалу бераҳм ба воя расида, эҳтироми онҳо нисбати волидону наздикон ва умуман аҳли ҷомеа коста мегардад. Коршиносони хазинаи кӯдаконаи ИДМ – ЮНИСЕФ ба хулосае омадаанд, ки истифодаи хушунату зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар Тоҷикистон низ чун дар аксар кишварҳои дунё аз мушкилоти асосии ҷомеа маҳсуб меёбад. Тибқи тадқиқоти онҳо ҳамасола қариб 60 фоизи кӯдакони тоҷик гирифтори муносибати хушунатомези атрофиён қарор мегиранд. Аз нисф зиёди волидони пурсидашуда исти-
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №17 (9547), 26.04.2018
ҲУҚУҚИ ШУМО фодаи зӯроварӣ ва таъсиррасонии ҷисмониро нисбати кӯдакон ҷоиз мешуморанд. 81 фоизи волидон мунтазам кӯдаконро бо суханони қабеҳ дашном медиҳанд. Бархе аз волидон таъбири “Хирс мулло мешавад бо зарби чӯб”-ро шиори худ намуда, латукӯби кӯдаконро як усули тарбияи фарзанд мешуморанд. Ба қавли онҳо агар кӯдакро ҳини содир кардани ягон хато ё гуноҳе чунин “муҷозот” накунед, ӯ ин хатову гуноҳи худро боз такрор мекунад.
на боиси ислоҳ, балки боз ҳам зишттар гаштани онҳо мегардад. Истифода аз меҳнати ҷисмонии кӯдакон низ навъи дигари хушунату зӯроварӣ нисбати онҳо мебошад. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки меҳнати кӯдакон имрӯз яке аз мушкилоти нисбатан шадиди ҷомеа шудаасту аз байн бардоштани ин падида то ҳол ба касе муяссар нашудааст. Мутаассифона, дар аксар оилаҳои тоҷик бори зиндагӣ бар души кӯдакон асту онҳо дар баробари калонсолон масъ-
метавонад аз олами кӯдакиву беғамӣ баҳраманд шаваду орзуҳои беҳтарин дошта бошад? Онҳо ҳанӯз ба синну соли наврасӣ нарасида, аллакай масъулияти пешбурди зиндагии оиларо бар дӯш доранд. Ба андешаи С. Мирзоев, корманди Вазорати корҳои дохилии мамлакат, мушкилоти мухталифи оилавӣ волидонро водор намудааст, ки фарзандони худро барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба корҳои мухталифи хоҷагӣ ва корҳои музднок маҷбур созанд. “Баъ-
Хирс бо зарби чӯб мулло мешавад? Хушунат нисбати кӯдакон – омили асосии буҳрони оилавӣ
- Мутаассифона, истифодаи зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар баъзе оилаҳои тоҷик ба чашм мехӯрад, - мегӯяд муаллими собиқадор Тоҷинисо Умарова. – Аммо ин ҳаргиз усули тарбия набуду нест. Баръакс муомилаи хуб бо кӯдакон ва бо суханони таъсирбахш фаҳмонидани хатои онҳо таъсири бештар дошта метавонад. Баъзеҳо танбеҳ ва муҷозотро барои кӯдакон манфиатовар меҳисобанд, аммо аксар вақт он
ули пешбурди зиндагии хонавода ҳастанд. Ҳангоми таътил кӯдакони мо ба ҷои истироҳат ҷои кор мекобанд. Мошин мешӯянду селофану нос мефурӯшанд. Дар нақлиёти мусофиркаш “пулчинак”-ҳо кӯдаконанд. Дар деҳот бошад, меҳнати вазнинтарин, аз қабили нигоҳубин ва чарондани гову мол, кишту кори замин, алафдаравӣ ва амсоли инҳо ба зиммаи кӯдакон аст. Дар чунин аҳвол кӯдак чӣ гуна
Кӯдак амонатест, дар назди падару модараш ва дили покаш гавҳарест нозуку сода ва холӣ аз тамоми нақшҳову суратҳо ва дили ӯ омодаи пазириши ҳар гуна нақшу нигорест, ки дар он кашида шавад ва моил аст ба ҳар тарафе, ки майл дода шавад. Имом ҒАЗЗОЛӢ
Ба ҳар саволи кӯдак дуруст ҷавоб диҳед! Кӯдак ниҳолест, ки чӣ гунае онро парвариш диҳем ва ба кадом самте равона кунем, ҳамон гуна ба воя мерасад. Аз ин рӯ, саъй кардан зарур аст, то ба кӯдак аз хурдӣ тарбияи дуруст дода тавонем, вагарна метавонад зарар ба худи мо ва бар ҷомеа гардад. Волидайн ҳамеша дар андешаи он бошанд, ки барои дуруст тарбия ёфтани фарзанди хеш кадом роҳҳоро пеш гиранд? Чӣ гуна онҳоро ҳавасманд созанд, то донишҳои гирифтаашонро дар роҳҳои дуруст истифода бурда, қоидаҳои иҷтимоиро риоя кунанд? Вагарна бепарвоӣ дар ин самт рӯзе ба шикояту дилмондагӣ оварда мерасонад. Аксар волидайн аз он шикоят мекунанд, ки фарзандонашон ба қоидаҳои дар ҷомеа шаклгирифта риоя намекунанд. Дар чунин маврид волидайн фарзандро ба таври иҷборӣ барои риояи қоидаҳо водор мекунанд. Аммо чунин маҷбуркунӣ боиси оғози мушкилиҳо дар ҳаёти ӯ шуда метавонад.
Ба таври иҷборӣ водор намудани кӯдак барои иҷрои ин ё он амал дуруст нест. Ин гуна фишорҳо кӯдакро дилмонда мекунад ва минбаъд иҷрои ҳар амалро сирф барои “модарам гуфт” ба ҷо меорад. Дар чунин ҳолат ба рушду солимӣ ва фикрӣ-зеҳнии кӯдак хатар таҳдид мекунад, яъне кӯдак танбалиро ба худ пеша менамояд. Баъд аз синни чорсолагӣ кӯдак аз омӯхтану риояи амалу меъёрҳои мавҷудаи атроф завқ мебарад. Чунки дар ин давра кӯдакон ба амалу рафтори калонсолон бештар тақлид менамоянд. Ин барои онҳо далолати ба воя расиданашон мебошад. Ҳамин тавр, кӯдакон қонун ва меъёрҳои рафтору гуфторро осонтар аз худ мекунанд. Вале аксари волидайн инро дарк накарда, монеи саволдиҳиву кунҷкобии онҳо мешаванд. “Бас кун! Ин қадар савол надода, раву бо бозичаҳоят бозӣ кун!”,-гӯён кӯдакро аз наздашон дур мекунанд. “Тар-
зе кӯдакон аз субҳ то шом дар кӯчаву бозор ба меҳнати вазнини ҷисмонӣ машғул ва аз таҳсилу истироҳат маҳруманд. Илова бар ин, волидоне ҳастанд, ки мавриди латукӯб қарор додани фарзандони хурдсолашонро як усули тарбия меҳисобанд. Чунин зӯроварӣ нисбати кӯдакон боиси нодуруст ташаккул ёфтани хусусиятҳои шахсияти кӯдак гардида, онҳо ашхоси бераҳму беирода ва барои ҷомеа хавфнок ба воя мерасанд. Хушунату зӯроварӣ ва ҷабру ситам нисбати кӯдакон барои онҳо оқибатҳои ногувор дошта метавонад. Фарзанд дар чунин ҳолатҳо метавонад ба олами ҷиноӣ роҳ ёфта, ояндаи худ ва волидонашро доғдор намояд”, - гуфт С. Мирзоев. Моҳтоб Наимова, модари серфарзанд аз шаҳри Душанбе мегӯяд, кӯдаке, ки бо ноз ва дар муҳити ғамхорию муҳаббат парварида мешавад, фардо ҳамин гуна муҳаббатро ба наздикони худ ва аҳли ҷомеа дода метавонад. Аммо кӯдаке, ки дар овони тифлӣ аз муҳаббату ғамхории наздикон бархӯрдор нашудааст, чӣ гуна метавонад онро ба дигарон баргардонад? Дар ниҳоди чунин кӯдакон ба ҷои меҳру муҳаббат нафрату бадбинӣ ва ба ҷои самимият ҷаҳолат ташаккул меёбад.
бия намудани кӯдак ҷиҳатҳои гуногунро дар бар мегирад. Вақте ки кӯдак барои чизҳое, ки ақлу фаҳмаш намерасад, аз модар пурсон мешавад, модарон аксаран аз кори зиёд доштан ба саволҳои фарзандашон ҷавоб намедиҳанд. Нисбати фаҳмонидани кӯдакон бетарафӣ зоҳир мекунанд. Баъдан онҳоро мушоҳида мекунем, ки фарзандашро аз назди худ дур карда, “рав, ба хонаат даро”, ё ин ки ба кори онҳо халал нарасонад гуфта, ба чизе ки диққати ӯро ҷалб мекунад медиҳанду боз аз паи кори худ мешаванд. Ин кор хато аст. Таҷрибаи равоншиносии ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки бояд модар ба ҳар як саволу пурсише, ки диққати кӯдакро ҷалб мекунад, ҳатман ҷавоби дақиқ диҳад. Агар модарон ба баъзе саволҳои фарзандаш ҷавоб дода натавонанд ҳатман онро дарёфт намуда бояд ба ӯ расонад. Масалан, аз мо пурсон мешаванд ки чаро замин гирд асту чоркунҷа нест. Албатта, аз додани чунин саволҳо мо муайян карда метавонем, ки дарки кӯдак то кадом дараҷа аст”,-мегӯяд Муслима Манонова муаллимаи ДМТ. Чунин рафтори падару модар ба кӯдак таъсири манфӣ расонида, боиси тарсончак ва хашмгин гардиданашон мешавад. Минбаъд кӯдак аз саволдиҳӣ шарм медораду метарсад. Ҳол он ки саволдиҳӣ ва кунҷкобӣ барин малакаҳо шахсро барои донишомӯзӣ ва кашфиётҳои нав ба нав
Ҳамсуҳбати дигари мо Рустам Валиев эҳтироми дуҷонибаро миёни волидону фарзандон хеле муҳим мешуморад. “Волидоне ҳастанд, ки дар масъалаҳои оилавӣ андешаву хостаҳои кӯдаконро умуман ба инобат намегиранд. Дар ҳоле, ки кӯдакон низ аз аъзои комилҳуқуқи оила ба шумор мераванд”, - мегӯяд номбурда. Воқеан, падару модар дар тарбия ва таълими кӯдакон ва таъминоти ҳамаҷонибаи онҳо масъулияти асосӣ доранд. Кӯдакон муҳимтарин воситаи бақои оила мебошанд. Аз ин рӯ, барои тарбияи дурусти онҳо дар оила муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Муҳиммияти ин масъала ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати кишвар қарор дода шудааст. Ин аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади пуштибонии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва ҳавасманд гардондани кӯдакону наврасон ба раванди таълим санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои зиёде қабул шудаанд, ки онҳо барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон заминаи мусоиди ҳуқуқӣ гузоштаанд. Абдулхайрзода Ҷамила, аспиранти факултети ҳуқуқшиносии ДМТ андешаҳои худро дар боби таълиму тарбияи кӯдакон чунин баён намуд: “Фаромӯш набояд кард, ки таълиму тарбияи кӯдак, дар баробари ин ки самти муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад, вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва умуман давлату аҳли ҷомеа низ ба шумор меравад.” Кӯдакон ояндаи дурахшони миллату давлатанд. Пас, мо ҳамон вақт дилсӯзи миллату давлат шуда метавонем, ки кӯдаконро дар роҳи илму ҳунар ва касбомӯзӣ таълиму тарбия ва ҳуқуқҳои онҳоро ҳифз намоем. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
водор мекунад. Дар сӯҳбат бо мо устоди кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қутбиддин Каримов ин давраро чунин арзёбӣ намуд: “Дар давраи муайян кӯдак бо сабаби инкишоф ёфтани ҷанбаи маърифатӣ ҳисси кунҷкобиаш зиёд мегардад, ки ин давраро дар адабиётӣ психологӣ бо номи давраи “чарогӯякон” мешиносанд. Кӯдак дар ин давра ба калонсолон, хусусан ба падару модараш ниҳоят саволҳои зиёд медиҳад. Ин, албатта, аз инкишофи шинохти олам дар кӯдак, маърифати олам, ҳисси таҳқиқи олам дарак медиҳад, ки ин раванди табиист. Барои кунҷкобии ӯ монеа нашавем, то ин ки минбаъд ҳамин ҳиссиёташ ӯро ба таҳқиқот, ба омӯзиш равона намояд ва ба ҳар як саволи ӯ бо диққати ҷиддӣ ҷавоб гардонем. Зеро бисёри вақт модарон ба он андешаанд, ки кӯдак намефаҳмад ва ба тарзи кӯдакона ҷавоб мегардонанд, ки ин боиси дуруст тарбия наёфтани кӯдакон мегардад. Тақрибан аз се то ҳафтсолагӣ кунҷкобӣ фаъолияти асосии кӯдак аст, ки ӯро инкишоф медиҳад. Ин маънои онро надорад, ки аз се то ҳафтсолагӣ кӯдак бозӣ кунаду аз муошират дур бошад. Барои кӯдак вақт ҷудо кардан лозим аст, ки дар ин давра зиёдтар омӯзад, зиёдтар фаъолияти инсонҳо ва ҷомеаро аз худ кунад”. Ганҷина РАБИЕВА, рӯзноманигор
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №17 (9547), 26.04.2018
МУЛОҲИЗА Рушди зина ба зинаи Тоҷикистон
Ҷашни мардумӣ (Идома аз шумораҳои гузашта) Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили дастурхони наврӯзӣ бо риояи суннати «ҳафтсин», «ҳафтшин», «ҳафмим», «ҳафтмева» ба маърази намоиш гузошта мешавад. Ҳунарнамоии гурӯҳҳои ҳунарӣ, намоиши саҳнаҳои ҷолиби намоиши театрӣ, озмунҳои гуногун, бузкашӣ, гӯштингирӣ, кабкҷангу хурӯсҷанг ва дигар бозиҳои шавқовар ҷузъи ин ҷашн мебошанд. Пас аз Истиқлолият ҳар сол Тоҷикистон Наврӯзи ҳуҷастапайро дар марҳилаи нави таърихи худ, яъне дар шароити истиқлоли давлатӣ, дар даврони созандагиву бунёдкориҳо ва рушди устувор таҷлил менамояд. Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукуҳу ҷилои тоза пайдо кард. Давраи ҷаҳонишавӣ, Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт, чунки он моҳияти ҷашни инсонпарварона ва зебоипарастӣ мебошад. Мардум ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покию зебоӣ, баҳору эҳё дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ ва бошукуҳ таҷлил менамоянд. Барои баргузории ҷашни Наврӯз дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе Наврӯзгоҳ сохта шуд, ки дар он аз сабки «Тахти Ҷамшед», ки тақрибан 2500 сол пеш, дар наздикии шаҳри Шероз сохта шудааст, истифода гардидааст. Дигар ин ки яке аз нодиртарин ҳунари устоҳои Тоҷикистон ин «Кохи Наврӯз» мебошад, ки аз 12 толори ғайриодӣ иборат буда, ҳар кадоме бо сабки махсуси ҳунарии мардуми тоҷик сохта шудааст. Аз тамошои он тамоми зебоиҳои Наврӯз ба пеши назар ҷилвагар мешавад. Дар «Кохи Наврӯз» дар як дафъа метавон се ҳазору дусад меҳмонро пазируфт. Гирду гӯшаи боғ низ бо дарахтҳои зебое ороиш ёфтааст, ки дар рӯзҳои Наврӯз зебоӣ ва таровати махсусро дорост. Баландии «Кохи Наврӯз» 46 метр буда, масоҳати он бо боғу иморатҳои атрофаш се гектар мебошад. Дар солҳои охир дар тамоми минтақаи кишвар пеш аз Наврӯз барои эҳтиёҷмандон, собиқадорони меҳнат, навхонадорон, кӯдакистонҳо хайрияҳо ҳадяҳо дода мешавад. Дар маркази ноҳияҳо маҳсулоти истеҳсолии махсуси Наврӯзро ба намоиш мегузоранд. Расму оинҳои мардумӣ ба мисли ҷашни арӯсӣ, ороиши хонаи арӯсон, гилембофӣ, таҳия намудани ришта, либосҳои маҳаллӣ, ҳунарҳои марду-
мии минтақаҳо ба намоиш гузошта мешаванд. Дастархони зебои наврӯзӣ бо навъҳои хӯрокворӣ ва рамзҳои наврӯзӣ оро меёбад. Ҳар ноҳия намоишҳои театрӣ таҳия намуда, дар он маликаи Наврӯз, арӯси Наврӯз, бободеҳқон, гулҳои наврӯзӣ ва дигар оинҳои мардумиро ба тамошо мегузоранд. Дар ҳамаи муассисаҳои давлатӣ, донишгоҳҳо, мактабҳо, кӯдакистонҳо Наврӯзро хуш мепазиранд. Дар ин рӯзҳо карнаю сурнай, намоишҳои мардумӣ, озмуни хӯрокҳои наврӯзӣ дар ҳама ҷо баргузор мешавад. Қариб дар ҳама ҷо, оинҳои намоишии наврӯзӣ тибқи намоишномаи махсусе, ки он аз ҷониби адибе ва ё эҷодкоре таҳия гардидааст ва дар он шеъру суруду рақсу шӯхиҳо низ ба саҳна гузошта шудааст, иҷро мегардад. Дар солҳои охир шахсан бо иштироки Пешвои миллат, шурӯъ аз ҷашни Сада ва дар арафаи Наврӯз ниҳолшинонӣ оғоз мегардад. Мардуми тамоми минтақаҳои кишвар ҳазорон ниҳолҳои мевадор, ороишӣ ва гулҳои зеборо шинонда кишварро ба як макони зебоӣ табдил медиҳанд. Тавре ки аз сарчашмаҳо маълум аст дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва макони сукунати тоҷикон дар кишварҳои дигар ва ҳамчунин дар давлатҳои ҳамзабон Наврӯзро бо шеваҳои махсус таҷлил менамуданд. Аз навиштаҳои таърихнигорон ва адибон маълум аст, ки Наврӯзро дар ҳар қаламрав ҷашн мегирифтанд. Ҳам дар сарчашмаҳо ва ҳам дар гуфтори мардум истилоҳи «Наврӯзи Сосониён», «Наврӯзи Балх», «Наврӯзи Суғд», «Наврӯзи Бухоро», «Наврӯзи Хуҷанд», «Наврӯзи Хатлон», «Наврӯзи Бадахшон», «Наврӯзи Панҷакент», «Наврӯзи Самарқанд» ва ғайра вуҷуд дошт, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он дубора эҳё гардид. Ҳоло дар Тоҷикистон минтақае нест, ки дар он ҷо Наврӯзро ҷашн нагиранд. Имрӯзҳо Наврӯзи тоҷиконро дар тамоми ҷаҳон беш аз 300 миллион нафар ҷашн мегиранд ва аз тариқи воситаҳои ахбори ҷаҳон дар бораи он беш аз як миллиард нафар иттилоъ пайдо менамоянд, ки ин ваҳдату пайванди инсону табиат ва ҳиссаи тоҷикон дар рушди тамаддуни башарӣ аст. Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, академики АИ ҶТ Равшан РАҲМОНӢ, профессори ДМТ
Мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991 хизмати шоистаи халқи тоҷик аст. Вале дар ҳамин давраи ниҳоят ҳассос, ки бояд пояҳои асосии давлати миллии тоҷикон гузошта мешуданд, ташкилёбии ҳизбу созмонҳои нави сиёсӣ, гирдиҳамоию низоъҳои мухолифон вазъияти мамлакатро ноором сохтанд. Ҳокимияти расмӣ аз уҳдаи идораи минтақаҳо баромада наметавонист ва фаъолияти унсурҳои ҷудоиталаб торафт авҷ мегирифт. Вале моҳи ноябри соли 1992 воқеае рух дод, ки дар ҳаёти сиёсии мамлакат нақши муҳим бозид. Дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ доир гашт. Дар он бисёр вакилон изҳори назар намуданд. Вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонов дар суханронии худ аз роҳбарони Шӯрои Олӣ тақозо намуд, то раисони кумитаҳои иҷроияи он ноҳияҳоеро, ки дар онҳо то ҳол низоъҳои мусаллаҳона ҷой доштанд, ба иҷлосия даъват намоянд ва гирди мизи гуфтушунид барои таъмини оромии мамлакат тасмим бигиранд. Бо назардошти вазъияти мураккаби бавуҷудомада вакилони мардумӣ тасмим гирифтанд, ки ҳайати роҳбарияти Шӯрои Олӣ нав карда шавад. Дар натиҷаи овоздиҳии махфӣ оид ба интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 197 вакили мардумӣ 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмонов овоз доданд. Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити таваққуфи муваққатии идоракунии президентӣ ҳамзамон сардори давлат низ ҳисоб меёфт. Дар ин замони барои халқи тоҷик сарнавиштсоз Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмонов аҳамияти калони сиёсӣ дошт. Ҳамин тавр, барои халқи тоҷик дар арсаи воқеаҳои сиёсӣ инсони хирадманду накӯкор, шахсияти воқеан бу-
зург Эмомалӣ Раҳмонов зоҳир шуд (исми сарвари давлат пас аз соли 2007 Эмомалӣ Раҳмон навишта мешавад). Мавриди зикр аст, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ тамоми талошу пайкори давлат дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ба таҳкими пояҳои истиқлолият, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ равона шуда буд. Роҳи бунёди соҳибистиқлолии Тоҷикистон далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ буда, заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон, аз ҷумлаи сабақҳои пурарзишест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди эътирофи ҳамагон ва тадқиқу омӯзиши васеъ қарор гирифт. Яъне таърих бори дигар собит намуд, ки заҳмату талошҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳамто буда, кӯшишҳои босуботи Пешвои миллат баҳри таҳкими Ваҳдати миллӣ, асрҳо дар дилу дидаи мардуми тоҷик ба таври абадӣ боқӣ хоҳад монд. Имрӯзҳо тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат ба рушду пешрафти иқтисодиёти тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, хусусан, минтақаҳои дурдасти кӯҳистон диққату эътибори аввалиндараҷа дода, барои бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимии пурмаҳсул, инкишофи инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ, бунёди муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодаанд. Ба шарофати Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва ғамхориву дастгириҳои пай дар пайи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои тамоми минтақаҳои Ватанамон ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфта, сатҳи зиндагӣ ва шароити рӯзгори мардум нисбати солҳои пештара хеле беҳтар гардидааст. Имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва Ваҳдати миллии мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои дурахшони ватани азизамон қадам мезананд. Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшино-
5
сиву худогоҳии мо пайваста рушду такомул меёбад. Тоҷикистони азизи мо рӯз то рӯз ободу зеботар мегардад. Иқтисодиёташ бо суръат тараққӣ мекунад, пешрафти ояндаи он дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ шудааст, корхонаҳои зиёд бунёд гардидаанд, ки тавлидоти маҳсулотро дар сатҳи баланд таъмин менамоянд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисоди сабз» аст ва дар мамлакат соли равон чархаи аввали нерӯгоҳи барқи обии бузургтарини Осиёи Марказӣ Роғун ба истифода дода хоҳад шуд. Табиати зебо, иқлими мусоид ва мардуми бунёдкор Тоҷикистонро дар ҷаҳон маълуму машҳур гардонидааст. Меҳмононе, ки аз кишварҳои дуру наздик ба диёри мо меоянд, бо самимият таассуроташонро изҳор медоранд. Котиби Генералии Созмони ҷаҳонии туризм Толиб Рифои дар ҷараёни сафараш ба ҷумҳурӣ Тоҷикистонро Швейтсарияи Осиёи Марказӣ номидааст. Имсол, ки дар ҷумҳурӣ “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст, аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон барои сайру саёҳати шаҳрвандони хориҷӣ ба мамлакати мо дархостҳои зиёде бо мақсади ошноӣ аз манзараҳои дилфиреб ва ёдгориҳоии таърихии Тоҷикистон ворид мегардид. Айни замон дар мамлакат низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардидааст. Сайёҳон ҳама ба кишвари мо бо хотири осуда ва таваҷҷуҳи хосса ташриф меоранд, чунки Департаменти давлатии ИМА Тоҷикистонро яке аз амнтарин кишварҳои ҷаҳон арзёбӣ намудааст. Чанд муддат пештар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва ҳоло дар тамоми кишвар тайёрӣ ба ин ҷашни умумимиллӣ идома дорад. Итминони комил дорем, ки дар раванди бунёдкориҳои азим муттаҳидиву ягонагии мардуми мо, дӯстиву бародарӣ бо халқҳои бародар давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон пойдору устувор боқӣ мемонад. Манучеҳр РАСУЛОВ, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6
ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ
Дар ҳаёт меҳри волидонро ба фарзанд ҳаргиз касони дигар дода наметавонанд. Зеро он меҳр пайванди хунӣ буда, ба фарзандон эҳсоси ногӯфтанӣ мебахшад. Бисёр фазилатҳост, ки онҳоро ба ҷуз падару модар ягон нафари дигар дар ҳаёт доро буда наметавонад. Аммо... Инро ҳам бояд донист, ки дарахт бо обу инсон бо меҳр месабзад. Фарзанди одам ҳамеша ба дилгармӣ ва ба меҳру муҳаббати самимӣ ниёз дорад. Бахусус, дар ҳоле, ки як нафар ятим мемонад, бештар ниёзманди он мешавад. Ва аз ин дида эҳсоси хуштар нест, вақте ки инсон як ятимро хурсанду хандон месозад. Зеро ятимон дар зиндагӣ афсурдаву дилозурда, ниҳоят нозуктабъ ва бештар аз ҳама ба пуштибонию муҳаббат ниёз доранд. Бузургону гузаштагони мо баҳри дилсӯзии ятимон ва дасти сахо дароз намудан ба онҳо панду андарзҳои бешумор ба ояндагон боқӣ гузоштаанд. Шайх Аттор барҳақ фармудааст: Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро, Боз ёбад ҷаннати дарбастаро. Аз рисолати инсонист, ки агар ятимеро дар ҳолати нороҳатӣ ва афсурдагӣ бинад, ӯро хурсанд ва эҳсоси бекасиву ятимиро аз ӯ дур кунад. Гузаштагони мо дар ҳузури ятимон ҳатто сила кардани сари фарзанди хешро нораво донистаанд. Ятим будану набудан ба хости худи кас вобаста нест. Балки он амри тақдир ва қисмат мебошад. Ҳамин аст, ки дар тамоми гӯшаву канори дунё гурӯҳе аз аҳолиро ятимон ва бепарасторон ташкил медиҳанд. Аммо нуктаи аз ҳама муҳим ин аст, ки дар ҳар куҷо аз онҳо ба таври гуногун ҳимоя ва нигоҳубин мекунанд. Дар кишвари мо 46 200 нафар ятим ба қайд гирифта шудааст. Барои нигоҳубини онҳо дар тамоми манотиқи кишвар 77 ятимхонаҳо бунёд гардидааст. Дар ин ятимхонаҳо ятимон дар беҳтарин шароит бо меҳру муҳаббати бузург нигоҳубин шуда, аз афсурдагиву ғам дар каноранд. Маҳз сиёсати ятимпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намегузорад, ки онҳо заррае дарди бекасиро эҳсос намуда, аз ятимии худ ёд кунанд. Балки дар ятимхонаҳо онҳо илм омӯзанду дониш аз бар кунанд. Ҳамоиши ҷумҳуриявии ятимони кулл, ки рӯзи 20 апрели соли 2018 баргузор гардид, намунаи барҷастаи ин таваҷҷуҳу
Пешвои миллат – ғамхори ятимон ғамхориҳост. Ҳамоиши мазкур бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносии ҷавонон, ҷонибдорӣ аз ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин
қишри ҷомеа, ҳамзамон бо дарназардошти таъкиди Пешвои муаззами миллат “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам, ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”, ки дар вохӯриашон бо ятимони кулл дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд,
санаи 29 марти соли 2018 баён доштанд, бо тасмими Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар миёни ятимони кулл дар сатҳи ҷумҳурӣ бо таҳияи барномаи мукаммал таҳти унвони “Пешвои миллат - ғамхори ятимон” баргузор намоянд. Дар ин замина, санаи 20 апрели соли 2018 дар толори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон вохӯрии раиси кумита бо 50 нафар ятимони кулл баргузор гардид, ки дар рафти чорабинӣ иштирокчиён бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон барои болидаруҳии онҳо дастархони идона ороста шуда, чорабинии фарҳангӣ низ доир гардид. Мавриди зикр аст, ки ҳамоиши мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардида, баҳри дастгирию ҳавасмандгардонии ятимон аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ бо густурдани дастархони идона ва туҳфаҳои хотиравӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №17 (9547), 26.04.2018 Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон, ки шумораи умумии ятимони кулл дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 576 нафарро ташкил медиҳад, ва аз он 189 нафарашон духтарон мебошанд, ҷиҳати дастгирӣ намудани ятимони кулл 47300 сомонӣ кӯмакҳои пулии яквақтаина расонида шуд. Инчунин, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоту вохӯриҳои раисони шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби 1521 нафар ятимони кулл баргузор гардида, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Чунин ҳамоиш дар ВМКБ бо ҷалби 168 нафар ҷавонони ятими кулл дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гардида ба ҷавонон либосҳои варзишӣ, лавозимоти хониш ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд. Мавриди зикр аст ки, ҳамоиши ятимони кулл дар тамоми шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ баргузор гардида, дар умум зиёда 400 нафар ятимони кулл ҷалб гардида ба онҳо дар ҳаҷми 8660 сомонӣ маблағҳои пулӣ ва дигар тӯхфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Нилуфар Раҷабова хонандаи синфи 7 МТМУ №41 шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ ятими кулл аст, аммо дар партави меҳрубонӣ ва ғамхориҳои падаронаи Роҳбари давлат ин ҳолатро то ҳол эҳсос накардааст: “Бо ҳукми тақдир гарчанде ятим монда бошем ҳам, ҳеҷ гоҳ худро ятиму бепарастор ҳис наменамоем. Зеро имрӯз дар зери сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат мо - ятимон ҳеҷ мушкилӣ надорем. Имрӯз тамоми шароиту имконот ҷиҳати илмомӯзии мо муҳайёст. Ҳеҷ ятим бояд худро танҳо наҳисобад, зеро имрӯз нигоҳи падаронаи Президенти кишвар ба мо хуб буда, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дастгири мо - ятимон мебошанд”, - мегӯяд ӯ. Бежан Давлатов, ки имсол хатмкунандаи МТМУ №21 мебошад, ба ин андеша аст, ки дар тамоми солҳои ятимӣ, агарчи барояш ин ҳолат душвор аст, ғамхориҳо ва имтиёзҳои додаи Пешвои миллат ӯро рӯҳбаланд ва барои сохтани ояндаи нек таҳриқ медодааст: “Бекасӣ барои ҳама душвор аст. Агарчи ман ятими куллам, аммо то ҳол боре ҳам инро фикр накардам, ки ман бекасам. Бекас нафареро мегӯянд, ки дармондаву зор аст ва барои ҳалли мушкилиҳояш дар нимароҳ танҳо мемонад. Ғамхорӣ ва иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат бошанд, ин эҳсоси манфиро аз сари мо дур кардааст ва яз ягон бобат танқисӣ намекашем.” Аз андеша ва мулоҳизаи чанде аз ятимоне, ки дар ин ҳамоиш иштирок доштанд, маълум гардид, ки онҳо ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллатро дар ҳар нафас эҳсос мекунанд ва боре ба мушкилӣ мувоҷеҳ нашудаанд. Онҳо ба ин андешаанд, ки дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат ба мо – ятимон, ки муттакои асосии мост, моро ба ҳама хостаҳоямон мерасонад. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №17 (9547), 26.04.2018
Чандест, ки дар фазои иттилоотии кишвар перомуни “бозёфтҳо”-и ташкилоти “Диссернет” баҳсу мунозираҳо ба шакли хеле густурда ҷараён дорад. Ташкилоти “Диссернет”, ки муассисонаш 4 тан аз донишмандони рус мебошанд, соли 2013 бо мақсади ташхиси рисолаҳои ҳимояшудаи унвонҷўён, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии (КОА) Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия соҳиби унвонҳои илмӣ шудаанд, таъсис ёфтааст. Бо гумони ғолиб дар кори ин ташкилот ҳадафҳои сиёсӣ низ ҷой доранд. Зеро солҳои ахир дар КОА-и Федератсияи Русия садҳо олимони тоҷик рисолаҳои номзадиву докторӣ ҳимоя кардаанд. Ҳадафи ин ташкилот қарор гирифтани маҳз рисолаҳои илмии шахсиятҳои баландпоя ва пайвандони эшон, ки ҳақиқат будани ташхиси эшонро КОА-и Федератсияи Русия низ рад мекунад, ҳадафҳои ҳизбиву сиёсӣ надоштанро зери суол мебарад. Муассисони ин ташкилот худро “ҷамъияти озоди маҷозӣ” ном мебаранд ва мақсади корҳои анҷомдодаи худро баҳри беҳбудии илм меноманд, аммо ҳамчун ташкилот дар ягон мақомоти Русия расман ба қайд гирифта нашудаанд.
НИГОҲИ ДИГАР
7
“Диссернет” аз илми тоҷик чӣ мехоҳад? Суоли дигари матраҳ доир ба ин мавзуъ ин аст, ки тамоми корҳои илмии дар КОА-и Федератсияи Русия ҳимояшуда, қабл аз ҳимоя аз барномаи зиддиасардуздӣ мегузаранд, ки он меъёрҳои хоси илмиро дорад. Дубора баргаштан ба инҳо аз ҳар нигоҳ бидуни ғараз наметавонад бошад. Дар як мусоҳибаи ихтисосиаш Сергей Пархоменко, рӯзноманигор ва яке аз асосгузорони “Диссернет” бо хабарнигори “payom. net” мегуяд: “Хеле муҳим аст, ки дар Тоҷикистон диссернети худаш пайдо шавад. Рисолаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки забонашон русӣ нест ва мо бо онҳо кор карда наметавонем. Ин корро танҳо мардуми худи Тоҷикистон, карда метавонанд. Бинобар ин агар дар Тоҷикистон як диссернети кӯчаки миллӣ пайдо мешуд, хеле олӣ мебуд. Мо аз ҳамкорӣ бо чунин инсонҳо, омӯзиш додани онҳо, додани асбобҳое, ки худамон аз он истифода мекунем, хушҳол хоҳем буд”. Ба гуфтаҳои ин муассиси “Диссернет” агар диққат кунем, кори эшон на барои пешбурди илм, балки беобрӯ кардани ходимони илмии кишвар аст. Ва онҳо, ки барои таблиғу пешбурди кори хеш ба нафарони ҳампешаи худ натанҳо ҳамкорӣ кунанд, балки омодаанд ононро омӯзиш диҳанду бо асбобу лавозимоти лозима таъмин намоянд. Дар ин миён бешак ҳадафҳои муғризона ба назар мерасад. Ахиран перомуни фаъолияти он Президенти Академияи илмҳо ва раиси Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба КОА-и Федератсияи Русия муроҷиат кард. Чӣ гунае ки дар мактуби ҷавобӣ саркотиби илмии КОА-и Федератсияи Русия И. М. Матскевич зикр мекунад: “Сомонаи dissernet.org ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ягон
муносибат надорад. Мавқеи шахсоне, ки дар сомонаи номбаршуда маълумот ҷойгир менамоянд, мавқеи шахсии онҳо буда, нуқтаи назари расмии КОА-и Федератсияи Русия нест”. Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултаи журналистикаи ДМТ доир ба фаъолияти ин ташкилот чунин андеша дорад: “Бояд гуфт, ки сомонаи диссернет расмӣ нест ва тиҷорати як гурӯҳ аст. Агар душманони миллату давлати тоҷик, ки мутаассифона онҳо ҳам тоҷиканд, пайи бадном кардани ҳамватани ману ту ба хотири бадном кардани ҳукумат ин корро сомон диҳанд, чаро бояд боиси хурсандии баъзе афрод шавад, ман намефаҳмам. Пӯфаки илм накафидааст, яъне ба ибораи В. И. Ленин илм ба кризис дучор намешавад. Бо овардани номи танҳо аъзои Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти “Диссернет” зери шубҳа меравад. Фошкориҳои “Диссернет” ғаразнок ва барои бадном кардани Ҳукумати Тоҷикистон аст. Албатта, мо ҳеҷ вақт тарафдори асардӯздӣ набудем ва нестем. Шӯру валвалае, ки дар фейсбук ҳоло доранд, ман намедонам чӣ маъно дорад. Баъди мулоҳизаи чандин рисола дидем, ки ҷадвали нишондодаи “Диссернет” қариб, ки тоза аст, яъне ҷо-ҷо сурху сабз аст. Албатта, ман математик нестам, ки фоизи дақиқи онро барорам, аммо аз рӯи ҳисоби филологии худам дидам, ки аз рӯи ҷадвали нишондодаи “Диссернет” баъзе корҳо аз 75 фоиз зиёд тозаанд. Яъне 10-15 фоизи асардуздӣ (плагиат)-и баровардаи “Диссернет” ба муҳтавои рисолаҳо ҳеҷ таъсире надорад”. Мирсаид Сатториён, як корбари дигари фейсбук дар шарҳи навиштаи Саъдӣ Маҳдӣ менигорад: “Диссернет" ба қавли худаш амали савоб карда истодааст. Бародарони азиз, як маротиба чашма-
тонро кушоед. Нафаре барои манфиати нафарони дигар талош намекунад. Ҳамагӣ қабл аз манфиати умум манфиати шахсиро мегузоранд. Ҳадафи "Диссернет" низ аз мақсадҳои ғаразноке иборат аст...”. Дарвоқеъ бидуни таҳлилу баррасии андешаи дигарон ва омӯзиши осори илмии қаблан интишорёфта ва корбурди онҳо наметавон тадқиқоти илмӣ гузаронд. Хоҳу нохоҳ чанд фоизи ҳар рисолаи илмӣ бояд иқтибосу назари муҳаққиқони дигар бошад, ки ин на танҳо ба кори илмӣ лакнат намеорад, балки қимати онро меафзояд. Ин ҳақиқатест, ки ҳар нафари ҳаддал имкон кори курсӣ ё рисолаи дипломӣ навишта аз он огаҳ аст. Аммо... Аммо, бо вуҷуди ин мухолифони ҳукумати кунунии кишвар аз “бозёфтҳои” dissernet. org “гарм” истиқбол намуданд ва дар сомонаи akhbor.com ва саҳифаҳои фейсбукии чанд тан аз эшон таҳти унвонҳои “Поёни филм: пӯфаки илми тоҷик кафид”, “Олимони қалбакӣ. Илми тоҷик ба куҷо равона аст?” ва ба ин монанд маводҳо таҳия намуда, олимони кишварро “хасакӣ” унвон кардаву илми тоҷикро зери суол бурдан мехостанд. Бар пояи ин ниҳодҳои дахлдори кишварро аз “беэътиноӣ” ба рисолаҳои ҳимояшаванда айбдор низ карданд. Ин дар ҳолест, ки илми тоҷик рӯз аз рӯз дар ҳоли рушду пешравист ва олимони тоҷик пайваста аз ҷониби академияву вазоратҳо ва роҳбарони донишгоҳҳову мамолики алоҳида қадрдонӣ карда мешаванд. Олимони сарсупурдае, ки дар пешбурди илми тоҷик саҳми зиёд доранд, кам нестанд. Чанде пеш аз ҷониби Президенти Лаҳистон, Анджей Дуда сазовори унвони профессори илми табиатшиносӣ гардидани донишманди тоҷик Оймаҳмад Раҳмонов далели ин гуфтаҳост. Нодида гирифтани дастовардҳои илмии кишвар
ва санги туҳмату буҳтон задан ба ходимони илм, ки имрӯзҳо аз ҷониби мухолифони кишвар ба таври густурда ҷараён дорад, бояд пешорӯи ҳар яки онҳо ҷавобгарии маънавиро намудор кунад. Миллати тоҷик аз ибти-
И. М. Матскевич зикр мекунад: “Сомонаи dissernet. org” ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ягон муносибат надорад. Мавқеи шахсоне, ки дар сомонаи номбаршуда маълумот ҷойгир менамоянд, мавқеи шахсии онҳо буда, нуқтаи назари расмии КОА-и Федератсияи Русия нест”. до бо илму дониш пайванди ҳамешагӣ дошт ва дорад. Дар ин росто метавон чандин бузургони илму ирфони дирӯзу имрӯзи миллатро номбар кард. Хулосаи гуфтаҳо ин аст, ки имрӯз илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба рушд буда, ҷиҳати ҳаматарафа дастгирӣ ва ташаккул ёфтани илм дар кишвар кулли имкониятҳои зарурию мувофиқ ба талаботи замон фароҳам оварда шудааст. “Кашфиётҳо”-е, ки ташкилоти “Диссернет” роҷеъ ба рисолаҳои номзадиву доктории олимони тоҷик менамояд, ба таъкиди аксари коршиносони соҳа беасос ва муғризона аст. Ҳеҷ гуна ғаразу буҳтон ба илми тоҷик таъсире нахоҳад расонд. Зеро илми тоҷик бо таърихи илми башарият ҳамнабз буд, ҳаст ва то абад хоҳад монд. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №17 (9547), 26.04.2018
«Варзиши дастрас: Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз» Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 апрели соли равон дар саросари ҷумҳурӣ силсила чорабиниҳои варзишӣ таҳти шиори «Варзиши дастрас: Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз» баргузор мегарданд. Мақсад аз баргузор намудани силсила чорабиниҳои варзишӣ тарғиби бозиҳои шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз, инчунин оммавӣ гардонидани онҳо мебошад. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивали мазкур, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои дар боғҳои фарҳангиву фароғатӣ насб кардани мизҳои тенниси хурд, инфрасохтор барои бозии шоҳмот ва ба ин васила рушд додани ин намудҳои варзиш вазифадор карда шудаанд.
IX-умин Ниммарафони Душанбе давандҳои ҷаҳонро ба ҳам овард 21 апрел, ба муносибати “Рӯзи пойтахт” Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи бошукуҳи варзишӣ аз миёни мардон варзишгари кишвари Эфиопия Тефера Гоза масофаи 21 километрро дар муддати 1 соату 9 дақиқаю 3 сония аввалин шуда, тай намуда, сазовори ҷойи аввал гардид. Зинаи дуюм насиби намояндаи Кения Маана Ретер Курушбу шуд. Ҷойи сеюмро давандаи дигари Эфиопия Фенте Гирша аз худ намуд. Аз миёни занҳо бошад, хати мараро аввалин шуда, варзишгарбонуи кишвари Қирғизистон Маслова Даря дар муддати 1 соату 13 дақиқаю 38 сония тай намуд. Зинаҳои дуюм ва сеюм насиби варзишгарони Узбекистон Хмелнитская Марина бо натиҷаи 1:16:05 ва Ҳамидова Ситора бо натиҷаи 1:16:53 шуд. Ёдовар мешавем, ки Ниммарафони Душанбе ҳамчун як чорабинии варзишии сатҳи баланд, мақоми байналмилалӣ гирифта, дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур шомил аст. Имсол ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил кардани мусобиқа аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе 398 053 сомонӣ ҷудо гардид. Варзишгароне, ки то зинаи 6-умро ишғол намуданд, бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҷои 1: 31150 сомонӣ Ҷои 2: 26700 сомонӣ Ҷои 3: 22250 сомонӣ Ҷои 4: 17800 сомонӣ Ҷои 5: 16020 сомонӣ Ҷои 6: 13350 сомонӣ Ғолибони Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе: МАРДҲО 1. Тефера Гоза (Эфиопия) - 1:09:03 2. Маана Ретер Курушбу (Кения) - 1:05,05 3. Фенте Гирша (Эфиопия) - 1:05:39 4. Куштанбеков Адилет (Қирғизистон) - 1:07:05 5. Тапкин Илйя (Қирғизистон) - 1:07:15 6. Петров Андрей (Ӯзбекистон) - 1:08:27 ЗАНҲО 1. Маслова Даря (Қирғизистон) - 1:13:38 2. Хмелнитсая Марина (Ӯзбекистон) - 1:16:05 3. Ҳамидова Ситора (Ӯзбекистон) - 1:16:53 4. Шафар Александра (Украина) - 1:17:53 5. Коробитеная Мария (Қирғизистон) - 1:18:54 6. Мурунги Бетти Касамбӣ (Кения) - 1:20:55
Лигаи олӣ: “Панҷшер” ба ғалабаҳои “Истиқлол” нуқта гузошт Бозии марказии даври шашуми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои КМВА “Помир”-и шаҳри Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода бо ғалабаи меҳмонон (3-0) хотима ёфт. Дидори мазкур 22 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ҷараён гирифта, дастпарварони Тоҳир Муминов, сармураббии дастаи КМВА “Помир” бори нахуст дар мавсими ҷорӣ ба шикаст рӯ ба рӯ шуданд. Қисми аввали дидор ба фоидаи футболбозони “Регар-ТадАЗ” хотима ёфт. Дар дақиқаи 32 ҳимоятгари “Регар-ТадАЗ” Доробҷон Эргашев аз зарбаи ҷаримавӣ тӯбро вориди дарвозаи Алиакбар Аҳакӣ намуд. Шогирдони Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими “Регар-ТадАЗ” дар қисми дуюми рақобат ду маротибаи дигар дарвозаи ҳарифро рахна намуданд. Муаллифи голҳо Хайрулло Азизов (66) ва Амирҷон Сафаров (80) дониста шуд. Дар бозии дигар дастпарварони бошгоҳи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба
ғалабаҳои пай дар пайи дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе нуқта гузошт. Ин рақобат 18 апрел дар Варзишгоҳи ба номи Ӯктам Маматови ноҳияи Ҷ.Балхӣ мусовӣ (0-0) ба поён расид. Дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар дар майдони худ тими “Барқчӣ”-и шаҳри Ҳисорро пазируфта бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ягона голи бозиро ҳамлагари тими “Хатлон” Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 64 аз зарбаи 11 метра ба ҳадаф расонд. Пас аз хотимаи даври шашум дар ҷадвали мусобиқаи чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол “Истиқлол” бо 13 имтиёз дар ҷои аввал, “Хуҷанд” бо 10 имтиёз дар ҷои дуюм ва ССКА “Помир” бо 9 имтиёз дар ҷои сеюм қарор доранд. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
Чун оила як ҷузъи хурди ҷомеа ба ҳисоб меравад, дастаҳои варзишӣ низ як ҷузъеанд, ки дар рушду такомули ҳаракатҳои варзишӣ ва шахсияти инсон таъсири мусбии худро мерасонанд. Ин хусусиятҳои муташаккил, дастҷамъона, баробарҳуқуқӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ, худмухторӣ, муносибату муомилаи дуруст ва ғайраҳост, ки боиси тарбияи ҷисмию рӯҳии на як кас, балки гурӯҳи шахсиятҳо мегардад. Дар ҷараёни фаъолияти дастаҳои варзишӣ аъзои даста вазифаҳои махсусро соҳиб мегарданд. Онҳо метавонанд, аз таҷрибаю маҳорати рақибони худ чизе омӯзанд ва мустақилият дар ҳаёти шахсии онҳо низ таъсири мусбӣ мерасонад. Дар рушду нумӯъ ва пешрафти дастаҳои варзишӣ мавқеи асосиро устод, пешсафон, бозингарони асосӣ мебозанд, зеро чӣ тавр сурат гирифтани бозӣ ба онҳо вобастагии калон дорад. Дастаҳои варзишӣ чун гурӯҳи хурди иҷтимоӣ ҳисобида мешавад. Аломатҳои асосии он ба психологияи иҷтимоии гурӯҳҳои хурд мувофиқ аст. Ба ин аломатҳо миқдори аъзои даста, худмухтории онҳо, мақсади умумии гурӯҳ, сохти он ва ғайра дохил мешаванд. Миқдори аъзои даста чун гурӯҳи хурд аз 2 нафар зиёд ва на бештар аз 40 нафар буданаш зарур аст. Таҳқиқи равоншиносони иҷтимоӣ нишон дод, ки мустаҳкамтарин дастаҳо гурӯҳҳое мебошанд, ки аз 6-7 нафар иборатанд. Аз рӯи қоидаҳои мусобиқаҳо масъалаҳои мусобиқавиро як қисми гурӯҳ ҳал карда метавонад. Хусусияти дигари дастаҳои варзишӣ аз муҳити гирду атроф вобаста набудани фикри аъзои даста аст, яъне ҳар як даста қонуну қоида, тартиби фаъолияти худро дорост, ки танҳо ба ҳамин даста дохил мешавад. Дар назди ҳар як дастаи
9
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №17 (9547), 26.04.2018 варзишӣ чун гурӯҳи иҷтимоии хурд, масъалаҳои дақиқ ва муайян меистанд, ки барои ҳалли онҳо кӯшиши ҳамаи аъзои даста зарур аст. Дар аксар ҳолатҳо натиҷаи баланди варзишии шахсӣ ба натиҷаҳои даста мубаддал мегардад, яъне барои ҳамаи даста мақсад як аст: натиҷаҳои хуб. Ин гуна ҳолат дар дохили даста аъзои дастаро ба рақибон табдил медиҳад. Шакли олии инкишофи дастаҳои варзишӣ чун гурӯҳи хурди иҷтимоӣ коллектив мебошад. Хусусияти муҳими ҳаёти дохилии коллективи варзишӣ аз чунин аломатҳо иборат аст: худшиносии миллии мақсадноки амалиётҳои муташаккили гурӯҳҳо, таъсири ҳассоснок (эмотсионали)-и гурӯҳ, дастгирии якдигар дар дохили даста, худмуайянкунии коллективӣ, муносибати принсипиалии ҳар як узви
мегардад. Алоқаю муносибатҳои аъзои гурӯҳ сохти дастаро ташкил мекунанд. Сохти расмии дастаҳои варзишӣ хусусиятҳои хосро бояд доро бошад. Дар ҷараёни фаъолияти варзишӣ байни ҳама аъзои даста вазифаҳои гуногун ҷудо карда мешаванд. Ташаккули мустаҳками муносибатҳои корӣ байни варзишгарон ба вуҷуд меояд. Бе тақсимоти меҳнат ва фаъолияти муташаккил гурӯҳ натиҷаи хуб дода наметавонад. Баъзе вақт варзишгарон инро аз хотир мебароранд ё ба ин аҳамият намедиҳанд. Аз ин рақибони даста истифода мебаранд. Дар дастаҳое, ки тақсимоти меҳнат нодуруст аст, ҳар як узви даста роҳбариро ба ӯҳда мегирад. Бинобар ин, баъди мусобиқа оиди ин гуна дастаҳо чунин мегӯянд: вар-
Баландтарин мавқеъ дар дастаҳои ғайрирасмӣ ба мавқеи фаъолони онҳо (мавқеи пешсафон) муайян мегардад. Сарварон дар ҳар як даста ҳурмату эҳтиром ва эътибори афзун доранд, ки ин танҳо ба устод хос аст. Сохтори расмии дастаҳои варзишӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешавад: - Сохтори уфуқӣ (горизонталӣ), ки тақсимоти вазифаҳои варзишии ҳар як аъзои дастаро муайян мекунад- ҳимоятгари чап, рост, дарвозабон, бозингарони ҳар ду тараф… - Сохтори амудӣ (вертикалӣ), ки муносибатҳои дохилии дастаро муайян мекунад: сардори даста –устоди калон – сардори гурӯҳ- бозингарони асосӣ – бозингарони эҳтиётӣ. Идора намудани фаъолият ва рафтори варзишгарон дар
Вазифаҳои даставӣ дар варзиш
даста ба ҳодисаҳои даруни гурӯҳ, қабули ахборот, идроки дурусти мақсадҳо, хоҳишҳо нисбат ба талаботи даста. Дар ҷараёни ҳалли масъалаҳое, ки дар назди дастаи варзишӣ гузошта мешавад, байни аъзоёни даста муносибатҳои махсус пайдо мегардад, зеро ҳар як аъзои гурӯҳ бояд вазифаи худро иҷро намояд, гарчанде дар натиҷаи муносибатҳои шахсӣ гурӯҳи хурди ғайрирасмӣ пайдо
зишгарон буданд, вале даста набуд. Барои он ки чунин вазъиятҳо пайдо нагарданд, бояд ҳар як аъзои даста ҳуқуқу вазифаи худро донад. Устод ва роҳбари даста ба воситаи супоришу фармонҳо ин вазифаҳои аъзои гурӯҳро тасдиқ ва ин фармонҳо бояд дар ҳуҷҷатҳои расмӣ дарҷ шаванд. Ин гуна рафтори устод сохтори расмии дастаи варзиширо муайян мекунад.
Дастовардҳо назаррасанд Донишҷӯёни муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар баробари натиҷаҳои хуби таълимӣ, пайваста ба беҳтарин дастовардҳои варзишӣ ноил мегарданд. Донишҷўёни муассиса натанҳо дар мусобиқаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ, балки дар як қатор сабқатҳои сатҳи байналмилалӣ бомуваффақият баромад намуда, шарафи кишвари азизамонро боло бардоштанд. Аз ҷумла, донишҷӯи коллеҷ Ҷамол Ибодов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз рӯи намуди каратэ соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Инчунин, донишҷӯёни муассиса соҳиби ду
медали нуқраву як медали биринҷӣ гаштанд. Мадина Ғафурова дар ҷоми мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯи намуди бокс мақоми якумро ишғол намуд. Донишҷӯдухтар дар мусобиқаи
сатҳи сохтори расмӣ аз тарафи устод муайян карда мешавад. Устод он одамест, ки дар дасташ тамоми роҳбарии расмии коллективи варзишӣ мебошад. Фаъолияти устод имконият медиҳад, ки вазифаҳои асосияш ошкор шавад. Дар ҷараёни фаъолият ҳар як устод тарзи махсуси кори худро ва муошират ба варзишгаронро интихоб мекунад. Се тарзи асосии роҳбарии
ҷумҳуриявӣ низ ба гирифтани ҷойи аввал ноил гашт. Донишҷўи дигари муассиса Одинамаҳмад Зиёев дар ҷоми Осиё дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз рӯи намуди гӯштини ҷудо байни наврасону ҷавонон соҳиби ҷойи дуюм гардид. Инчунин, Саидмуҳиддин Аминов дар шаҳри Тошканд аз рӯи варзиши сабук дар давидан ба масофаи 1500 метр зинаи сеюмро касб намуд. Донишҷӯёни дигари коллеҷ Забир Ҷумъаев дар бозиҳои варзишӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ дар вазни 80 кило соҳиби ҷойи сеюм, Амриддин Самадов дар мусобиқаи
устодон вуҷуд дорад: 1. Авторитарӣ – идораи пурраи роҳбар, ба зердастон талаботи зиёд, назорати қатъӣ, кӯшиши мустақилона ҳал намудани масъалаҳо. 2. Демократӣ – вазифаҳо дар даруни даста ба устодон, ҷонишинҳо ва варзишгарон тақсим карда мешавад. Муносибати устод бо эҳтиром ва боадолатона аст. Устод кӯшиш мекунад, ки ҳар як узви даста дар мусобиқа фаъолона иштирок карда тавонад. 3. Либералӣ - роҳбар ба даста ва аъзои ӯ кам мудохила мекунад, вақти кам сарф мекунад, варзишгарон назорат карда мешаванд. Аз ҷиҳати амале, ки агар устод ба сохтори расмӣ роҳбарӣ кунад, пешсафон ба сохтори ғайрирасмӣ роҳбарӣ мекунанд. Таҳлили амалиётҳои роҳбарикунандаи сарваронро дида мебароем: Вазифаҳои асосие, ки сарвар ба зиммаи худ мегирифт: 1. Вазифаи ташкилӣ 2. Вазифаи иттилоотӣ 3. Вазифаи тарбиявӣ. Аз мазмуни кор маълум гардид, ки фаҳмиши рӯҳияи дастаҳои варзишӣ зарур аст. Устод ба воситаи ин донишҳо идора намудани дастаҳои варзиширо амалӣ мегардонад. Умуман, донистани сохти расмию ғайрирасмии дастаҳо имконият медиҳад, ки устодон фаъолияти таълимию тарбиявиро пеш баранд. Шодӣ САФАРОВ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзобоқӣ ШАРИПОВ, ёвари ректори ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавлон ШАРИФОВ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби ҷойи сеюм ва Навҷавон Муллоев дар мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба гӯштини миллӣ бахшида ба Наврўз дар вазни 80 кило соҳиби зинаи аввал гаштанд. Дастаи футболи хурди муассиса, ки ҳайаташро устодони муассиса ташкил медиҳанд, дар мусобиқа барои дарёфти ҷоми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Гулназар ХОЛОВ, роҳбари бахши варзишии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
10
МАЪРИФАТАФРӮЗ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №17 (9547), 26.04.2018
Калиди кохи маърифат Китоб манбаи пайдоиши ҳамаи илмҳову фазлу камоли инсон буда, моро аз асрори олами ҳастӣ ва нашъунамо огоҳ месозад. Китоб аст, ки баробари боз намудани саҳфаи аввалаш дари илму дониш, хираду фарҳангро боз мекунад ва бевосита моро ба олами маънӣ ҳидоят месозад. Мутолиаи китоб касро бо беҳтарин олами пурасрор, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушию сурур мебахшад, огаҳ месозад. Онро дар омӯхтани илму адаб арзандатарин ва пояндатарин маъхаз мешуморанд. Китоб волотарин маҳсули тафаккури эҷодгари инсоният мебошад, ки ниҳоли ақлу зеҳн, ҳушу тафаккури инсонро сероб мегардонад ва тамоми дастоварду пешрафтҳои инсонӣ маҳз аз баракати арзи вуҷуд доштани он ба амал меояд. Ба андешаи математики англис Исаак Барроу: “Касе ки китобро дӯст медорад, ӯ ҳеҷ гоҳ дар ин дӯсти ҷоннисор, мушовири наҷотбахш, рафиқи масрур ва таскинбахши воқеӣ, норасоиро эҳсос наменамояд. Инсон хонда, омӯхта ва андешаронӣ намуда, метавонад, беибо худро андармон кунад, фароғати худро ҳама вақт бо хушҳолӣ ва бо ҳама тасодуфҳои тақдир гузаронад”. Китоб аз замони пайдоишаш мавриди қадрдонии инсоният қарор гирифт. Дар ҳама давру замон ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, онро чун гавҳараки чашм азиз дониста, барои ҳифзу нигоҳдориаш шароити мусоид фароҳам оварданд. Китобхонаҳо бунёд намуданд ва онро чун макони муққадас арҷ гузоштанд. Ба ёд овардани китобхонаи дарбори Сомониён кифоя аст, ки бузургворе чун Сино ба дидан ва истифодабарии он шарафёб шуданашонро бо ҳаяҷон зикр карда, дар бузургӣ онро беҳамто донистааст. Дар шароити мо низ китоб аз аҳамияти калон бархӯрдор аст. Тавре ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Фаромӯш набояд кард, ки миллати мо аз қадим китобдору китобхон буд ва ин анъанаро ҳифз карда, бояд идо-
ма диҳем”. Ба ҳамин мақсад дар кишвари мо барои тарғиби китобу китобхонӣ ва нигоҳдошти он чораҳои ҳамешагӣ андешида шуда, чандин китобхонаҳо сохта шудааст. Яке аз онҳо Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад, ки аз бузургтарин ва муҳташамтарин қасрҳои фарҳангу маърифатии ватани азизамон мебошад. Он бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз гардида, дорои сифати баланду тозатарини хизматрасониҳост. Ба гуфтаи Некрӯз Мансуров, мудири шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллӣ омадани ҷавонон ба китобхона таи ду соли охир нисбати солҳои пешин зиёд ба назар мерасад. Дар муддати 20 рӯзи моҳи апрел 4251 нафар ба ин макони муқаддас ташриф оварда, беш аз 6668 нусха адабиётро дар истифодаи худ қарор додаанд. Ҳатто дар давраи имтиҳонот, дар толори хониш барои таъмини ҷой ба хонандагон танқисӣ доштем, ҳамаи инро ба назар гирифта бо дастгирии бевоситаи Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду толори нави хониш бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ ба истифода дода шудааст: “Ҳамарӯза, ба шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён аз 400 то 700 нафар хонандагон омада, адабиёти даркории худро талаб мекунанд, ки ба онҳо 27 нафар кормандони шуъбаи мо хизмат мерасонанд,” - гуфт Н.Мансуров. Хуш аст, ки имрӯз ҷавонони мо дар хона ва ё китобхона нишаста китоб мутолиа менамоянд. Ин раванд дар онҳо андешаҳои ҷадид ва фикрҳои навро тавлид мекунад. Аммо бар замми ин, ҷои таассуф низ ҳаст, ки ба ин гурӯҳ ҳама ҷавонон дохил намешаванд. Аз он ки баъзе ҷавонон ба интернет рӯ овардаанд, бояд донист, ки он бо ҳама бузургиаш маҳсули тафаккури инсон аст ва тафаккури инсон сарчашма аз китобхонӣ ва рафтан ба китобхона мегардад. Ҳамчунин бартарии дигараш дар он аст, ки муштарии илму дониш соатҳои тулонӣ китоб мутолиа намояд, ха-
ста ва дилсард намегардад, аммо нишастан назди интернет дар 3-4 соат касро хаста мекунад. Китоб калиди тиллои кохи баланди маърифат аст, ки ҳар фарде ба он ворид гардиду баҳра барад, оқил мешавад. Он муаррифгари халқҳо, василаи ба ҳамдигар ошноӣ пайдо кардан, ба ҳам омадан ва арзӣ вуҷуд кардани дӯстиву рафоқат миёни онҳост. Ҳамин бузургии китоб аст, ки ҳама аз он қадрдонӣ мекунанду ба он арҷ мегузоранд. Хонае, ки китоб надорад ба гулдони холӣ аз гулро монад, ки орӣ аз тароват аст. Ба як ибора метавон ақида намуд, ки китоб рисолати инсонсозӣ дорад. Зеро, китоби хуб метавонад бо як баҳрабардорӣ хислат, гуфтору рафтор ва кирдори хонандаро ба куллӣ тағйир диҳад. Равоншинос Эмомназарова Муҳаббат чунин мешуморад, ки машҳуртарин мураббӣ ва маъхази бузурги илм китоб аст: “Китоб дар ҳаёт чун омӯзгори ҳақиқии инсонҳо буда, армуғони бузургеро мемонад. Падидаест, ки таввасути мутолиаи он инсон аз бадахлоқӣ, мӯҳтоҷӣ, ғаму дард, озод мегардад. Тамоми бузургони гузашта чун Арасту, Афлотун, Хайём, Саноӣ ва дигару дигарон маҳз тавасути мутолиаи ин ганҷи бебаҳо ба дараҷаи бузургӣ расиданд,”- мегӯяд ӯ. Ҷавҳари асосии ҳарф, калима, илм, дониш, хониш, савод, китоб ба ҳисоб меравад. Китоб ин дӯсти вафодор ва боғи пур аз меваҳои маърифату маданият ахлоқу фаросат барои ҳар як шахс мебошад Ҳар қадар дар бораи ахлоқи ҷомеа заъфи равон, дониши коста ва фарҳанги пасти муносибати ҷомеа андеша кунем, боз ҳам сабаби онро дар кам хондани китоб мебинем. Мо бояд ин фазилатҳоро дарк намуда, аз шароити фароҳамоварда, иқдомҳои хубу наҷиби Ҳукумати кишвар истифода намуда, барои баланд бардоштани савияи дониш ва ҷаҳонбинии худ ҳарчи бештар мутолиа намоем. Малоҳат ХОЛМУРОДОВА, “ҶТ”
Рушди ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ Боиси сарфарозист, ки баъди ҳазорсолаҳо ба халқи тоҷик муяссар гардид, ки аз нав соҳиби давлати мустақил бигардад ва мақому манзалати хосаеро касб карда бошад. Дар давоми 26 соли мустақилият Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чандин дастовардҳои беназир ноил гардида, сол то сол бунёди биноҳои баландошёна, мактабу боғчаҳои бачагона, донишгоҳу коллеҷҳо, корхонаҳои саноативу шаҳрҳои калони сераҳолӣ, рушди илму санъат, фарҳанг, техника ва варзиш далели ин гуфтаҳост. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки бесарусомонӣ кишварро фаро гирифта буд, хушбахтона фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба сари ҳокимият омада, оммаи кишварро ба якдиливу якмаромӣ ва худшиносиву меҳанпарастӣ даъват намуд. Маҳз сиёсати хирадмандонаи ин падари миллат буд, ки давлати Тоҷикистон ва миллати куҳанбунёди он аз нав ба пой хеста, имрӯз ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягонаву соҳибихтиёр эътироф гардидааст. Соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва забон гардидан барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бахти бузург ва мояи ифтихор аст. Дар замони соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон ғамхории зиёд зоҳир гардида, дар ҷомеаи имрӯза дар пешбурди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ нақши ҷавонон басо бузург ва назаррас аст. Зеро зиёда аз 70%-и ҷомеаи кишварамонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш чунин иброз дошта буданд: “Ҷавонон нерӯи созанда, идомадиҳандаи иқдоми неки насли калонсол ва ояндаи Тоҷикистон мебошанд. Давлату ҳукумат тамоми имкониятҳои заруриро ба инобат гирифта, барои манфиати онҳо чораҷӯи менамояд”. Ҷавонон бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ва фазои орому осудаи кишвар имрӯз бо самимияти хоса паи таҳсили илм буда, дар бунёди давлати соҳибистиқлоли хеш саҳм мегузоранд. Аз олимпиадаҳои байналхалқӣ бо медалу сипосномаҳо баргаштани наврасону ҷавонони имрӯза барои мо шараф аст. Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони хушиқболи тоҷик берун аз кишвар дар давлатҳои хориҷ таҳсили илм доранд. Чандин нафари онҳо дар бахшҳои магистраву аспирантура ва докторантура дониши хешро такмил дода истодаанд. Инчунин бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба хизмати модар – Ватан раҳсипор шудани ҷавонон нишони меҳандӯстии онҳо хоҳад буд. Имрӯз ҷавонони мо имконияти васеъ дар таҳсилу тадрис доранд ва ҳарчи бештар онҳоро мебояд, ки аз ин ҳама имкониятҳо ва шароити фароҳамшуда истифода намоянду саҳми хешро дар ободкориву созандагии кишвар якдилонаву содиқона гузоранд ва давомдиҳандаи кору пайкори неки фарзандони фарзонаи миллат бошанд. Суфиева МАФТУНА, донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №17 (9547), 26.04.2018
Аз муоинаи тиббӣ гузаштани навхонадорон дар ҷумҳурӣ ҳатмӣ буда, дар ин самт қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 № 374 доир ба қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда қабул гардидааст. Мақсад аз гузаронидани муоинаи тиббӣ ин дарёфти бемориҳое, ки ба насл таъсири манфӣ мерасонад, ба ҳисоб меравад. Дар ин зимн оид ба татбиқи қарори Ҳукумати кишвар доир ба муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда бо Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ суҳбат оростем. Муҳтарам Шералӣ Раҳматуллоев, лутфан мегуфтед, ки чӣ зарурат пеш омад, то муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда ҳатмӣ шавад? - Ёдовар шудан ба маврид аст, ки шумораи кӯдакони маъюб солҳои охир аз ҳисоби никоҳи хешутаборӣ хеле афзуд. Таҳлилҳое, ки мо гузаронидем, нишон дод, ки 30 -35 фоизи сабабҳои асосии маъюбшавии кӯдакон баъди таваллуд маҳз аз никоҳи хешутаборӣ маншаъ мегирад. Омили дигаре, ки ба маъюбшавии кӯдакон сабаб мешавад, ин бемориҳои ирсӣ ва авлодист. Яъне он бемориҳое, ки модарзодӣ маҳсуб меёбанд 15-20 фоиз, 10-15 фоизи дигари маъюбшавӣ ин бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда мебошанд. Мувофиқи моддаи 15-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани муоинаи тиббии никоҳшавандаҳо ҳатмӣ гардонида шуд. Ҳар як
САЛОМАТӢ - ГАНҶИ БЕБАҲО никоҳшаванда пеш аз он ки оила барпо намояд, бояд, ки аз муоинаи тиббӣ гузарад. - Имрӯз татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 №374 доир ба қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда чӣ гуна аст ва то имрӯз чӣ миқдор оилабарпокунандаҳо аз ташхис гузаштаанд? - Дар асоси ҳамин қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмӣ мо аз нимаи соли 2016, агар ин қарор моҳи август қабул шуда бошад, аз моҳи сентябр ба иҷрои ҳамин қарор шуруъ намудем. Барои гузаронидани муоинаи тиббӣ маблағи муайян сарф
дат менамоянд. Мақсад аз байн бурдани ҳамон муоинаҳое, ки ғайриқонунӣ ҳастанд. Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд ва донад, бо кӣ оила барпо мекунад? Зеро оила сохтан ин сохтани бозича нест. Вақте оила барпо кардед, онро барои тамоми ҳаёт бунёд месозед. Дар чор моҳи соли 2016 мо тавонистем, зиёда аз 35 ҳазор шаҳрвандонро, ки ақди никоҳ бастанд мехостанд, аз муоинаи тиббӣ гузарондем. Дар соли 2017 бошад, шумораи аз муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда ба 105 684 нафар расид. - Гузаронидани муоинаи тиббӣ дар ин самт то ҳол чӣ натиҷа дод ва дар рафти муоина кадом навъи бемориҳо
11
бехавф шудани беморӣ шахс метавонад, ки ақди никоҳ бандад. Бемории оташак муддати ду ҳафта табобат меёбад. Шахс баъди табобат аз сари нав ташхис шуда, агар безарар бошад, баъдан мо ӯро ба оиладоршавӣ иҷозат медиҳем. Солҳои охир шумораи ашхосе, ки ба бемории гепатит (бемории ҷигар) гирифтор шудаанд, хеле зиёд гардидааст. Махсусан гепатити шаклҳои “В” ва “С”. Ташхиси ин бемориҳо низ ба онҳое, ки оиладор шуданиянд, ҳатмӣ мебошад. Чунки баъдан мо донем, ки ҳамин шахс ба ҳамин беморӣ гирифтор аст. Агар гепатити фаъоли “В” ва “С” набошад, барои оила барпо намудани чунин нафарон монеа нест. Фақат бояд тарафи дигар-
Муоина ҳазор беморро маълум кард
ё бунёди оилаи солимро мехоҳӣ, аз муоинаи тиббӣ гузар!
мешавад. Масалан, агар дар як сол 100 ҳазор оила барпо шавад, ташхиси ин қариб 18,5 миллион сомониро талаб менамояд. Бисёр ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру ноҳия ва вилоятҳо моҳияти ҳамин қарорро фаҳмида, барои гузаронидани ташхисҳои тиббии навхонадорон маблағҳои махсус ҷудо менамоянд. Бояд қайд намоям, ки гузаронидани муоинаи тиббӣ ройгон аст. Зина ба зина қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда амалӣ шуда ва он зери назорати бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ қарор дорад. Аз тарафи кормандони вазорат шахсони мутасаддӣ омӯзиш ва санҷишҳои муассисаҳо гузаронида мешавад, барои муаян шудани қарори мазкур мусаи-
бо чӣ миқдор муайяну дарёфт гардид? - Мақсади гузаронидани муоинаи тиббӣ ин дарёфти бемориҳои ба насл таъсири манфӣ расонанда мебошад. Соли 2017 дар натиҷаи гузаронидани қоидаҳои муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда 9 бемории оташак, 22 адад бемории ВНМО, 19 адад бемории сил, 816 адад гепатити “В”, 157 адад гепатити “С” ва 28 адад бемориҳои рӯҳӣ дарёфту муайян гардид. Дар муоинаи тиббии ҳатмӣ гузаронидани акси шушҳо мавҷуд аст, ки он бо мақсади дарёфти барвақти бемории сил мебошад. Агар мо бемории силро дар ин ё он никоҳшаванда пайдо намоем, ҳатман он шахсро барои табобат назди мутахассисони соҳа мефиристем. Дар сурати табобат гирифтану
ро огоҳ созад. Маълумотномае, ки аз тарафи табиби оилавӣ дода мешавад, як бандаш ҳамин аст, ки бояд навхонадорон пеш аз ақди никоҳ аз саломатии якдигар огоҳӣ пайдо намоянд. Духтар бояд донад, ки ба кӣ ба шавҳар мебарояду писар донад, ки бо кӣ оила барпо месозад? - Шумо зикр намудед, ки дар натиҷаи гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда шахсони гирифтори бемории масунияти бадан (ВНМО) дарёфт гардид. Дар ин ҳолат ба онҳо чӣ гуна маслиҳатҳо пешниҳод гардид? Мутаассифона, соли 2017 мо зиёда аз 22 нафар никоҳшавандаро бо гирифторӣ ба бемории масунияти бадан ё ин, ки ВИЧ/СПИД дарёфт намудем. Акнун ин ҷо суол ба миён меояд, ки шахсе, ки гирифтори
ин беморист, чӣ кор намояд. Вай оила барпо кунад ё на? Барои ҳамин ҳозир дар асоси барномаи мубориза бар зидди ин беморӣ ва ҳам барномаи миллӣ метавонем, ки сатҳи дараҷаи фаъоли вирусҳоеро, ки дар бадани шахси бемор аст, паст намоем. То он дараҷае паст намоем, ки бехавф бошад. Дар сурате, ки тарафи дигар розӣ бошад, ба шавҳар баромадан ва ё зан гирифтан, ба ҳамин шахсе, ки гирифтори ин беморист, онҳо метавонанд ақди никоҳ банданд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инро манъ накардааст. Чунки онҳо низ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Мо дар натиҷаи ин чӣ ба даст меорем, яъне кадом натиҷа? Натиҷаи мо ҳамин аст, ки аз рӯзи аввал ҳамин оила зери назорат гирифта мешавад. Аз рӯзи аввали ақди никоҳ бастан, доруҳои махсусе ҳастанд, ки дар вақти ҳомиладор шудан, намемонанд, ки тифли дар батн буда бемор шавад. Яъне мо метавонем, ки аз ин оилаҳо насли солим ба даст биёрем. Хушбахтона, имрӯз гуфта метавонам, ки аз 60 то 70 фоизи оилаҳое, ки гирифтори ин беморӣ ҳастанд, инҳо кӯдакони солим ба дунё меоранд. Ба шарте, ки тамоми қоидаҳои табобатро риоя намоянд. - Мегӯянд, ки саломатӣ ганҷи бебаҳост... - Бале, дар ин ҳеҷ шакку шубҳа нест. Солимӣ барои инсон дар зиндагӣ нақши бузург дорад. Дар дунё аз солимию сиҳатӣ дида ганҷи беҳтар нест. Агар дорои ҳама чиз бошеду вақте бемор гардидед, ҳамаи он дар назаратон ночиз менамояд. Бинобар ин дар мадди аввал саломатӣ лозим аст, зеро хушбахтӣ низ аз солимист. Мусоҳиб Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
12 САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ Дар шароити имрӯза яке аз соҳаҳои афзалиятноки баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоии минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон рушди самараноки соҳаи туризм ҳисоб меёбад. Соҳаи туризм имрӯзҳо аз ҷумлаи соҳаҳои босуръат инкишофёбандаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоти мутахассисон дар айни ҳол туризм баъди саноати коркарди нафт ва техникаи компютерӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ҷойи сеюмро ишғол мекунад. Маҳз бо шарофати рушди самараноки соҳаи туризм, бисёр мамолики кӯҳистон, ба монанди Ҳиндустон, Непал, Бутан, Туркия, инчунин як қатор мамолики араб, Аврупо ва Амрико босуръат тараққӣ карда, аз даромади соҳаи туризм ҷиҳати рушди иқтисодӣ – иҷтимоӣ самаранок истифода мебаранд. Дар 40 мамлакати ҷаҳон туризм сарчашмаи асосии буҷа ба ҳисоб рафта, дар 70 мамлакати ҷаҳон бошад, яке аз се манбаи асосии буҷаи давлат ба ҳисоб меравад.
Кандакорӣ яке аз ҳунарҳои қадимӣ буда, маълуму машҳуртарин намуди санъат ба ҳисоб меравад. Дар замонҳои пеш маданият ва дороии сокинони шаҳру деҳотро аз рӯи дару дарвозааш муайян мекардаанд. Агар дарвоза ва дари касе кандакорӣ медошт, маълум буд, ки дар он ҷо хонадони сарватманд зиндагӣ мекунад. Дарҳое, ки бе нақшу нигор буд, пас дар он замон дар он ҷо ғуломону хизматгорон зиндагӣ мекарданд ва он дарҳои бе нақшу нигорро “убайдӣ” (ғуломӣ) мегуфтанд.
Рушди экотуризм дар Тоҷикистон Аз ин рӯ мушкилоти таъсис додани шаклҳо ва усулҳои нави хоҷагидорӣ дар фаъолияти сайёҳӣ, такмил додани системаи фароғату сайёҳӣ – ҳамчун яке аз механизмҳои такрористеҳсолӣ ва таблиғоти арзишҳои табиӣ – экологӣ ва маданӣ-таърихии минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон аз ҷумлаи мушкилоти актуалии рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Туризми ҳозиразамон дорои соҳаҳои зиёде мебошад ва шумораи онҳо сол аз сол вобаста аз талаботи аҳолӣ афзуда истодааст. Дар байни соҳаҳои сершумори туризм, соҳаи нав ва афзалиятноки он - туризми экологӣ (экотуризм) солҳои охир рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Бо назардошти аҳамияти хоси ин соҳа солҳои охир дар ҷумҳурӣ марказҳои нави сайёҳӣ
сохта шуда, рушд ёфта истодаанд, марказҳои куҳна таҷдиду барқарор шуда, шумораи ҳудудҳои муҳофизатшавандаи табиат аз қабили мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, паркҳои миллии диданӣ сол аз сол зиёд шуда истодаанд, чунки шумораи сайёҳоне, ки ба тамошои чунин ҷойҳои каснорас ва аҷоиби табиат таваҷҷуҳ доранд, босуръат меафзояд. Минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон дорои нерӯи бойи сайёҳӣ буда, қисми ҷудонашавандаи раванди ҷаҳонии сайёҳӣ ба шумор мераванд ва нисбат ба дигар минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ин ҳудуд бо мақсади сайёҳӣ камтар истифода шудааст. Имрӯз вобаста ба боигарӣ ва гуногунии захираҳои экотуристӣ, минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, аз ҷумлаи
минтақаҳои ояндадори Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Ҷолиби таваҷҷуҳ қарор гирифтани табиати минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон дар он аст, ки дар ин ҷо кӯҳҳои сарбафалак, пиряхҳои бузург, кӯлҳои баландкӯҳ, намудҳои сершумори набототу ҳайвоноти эндемӣ ва реликтӣ, обҳои минералию нарзании хунук ва гарм, ҳайкалҳои таърихӣ-маданӣ, ландшафтҳои кӯҳӣ ва кӯҳию ҷангалӣ, ҳудудҳои беҳамтои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ кӯҳӣ ва ғайра мавҷуданд. Худи мафҳуми калимаи туризм мураккаб аст. Аз давраҳои қадим одамон саёҳат мекарданд. Лекин чунин саёҳат ба мақсад, ҳайати иштироккунандагон, вақт ва ҷойи он, мундариҷа, характер, давомияти саёҳат ва ғайра вобастагӣ дорад. Маҳз саёҳат, ҳамчун асос барои таъсис ёфтани чунин намуди фаъолияти инсонӣ, ба мисли туризм гардид. Туризм ҳамчун феномени иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва маданӣ умри на он қадар зиёд дорад. Пайдоиши он ба давраи саноатии ҳаёти инсон вобастагӣ дошта, дар тӯли ин давра бо вуҷуди тараққиёти иқтисодиёт, ҳам аз лиҳози сифатӣ ва ҳам миқдор хело рушд ёфтааст. Дар айни замон саёҳат агарчи элементи муҳими туризм ба шумор равад, ҳам лекин он элементи ягонаи туризм нест. Дар муддати тӯлонӣ туризм ҳамчун саёҳати кӯтоҳмуддати одамон аз ҷойҳои доимии зисташон бо мақсади азхудкунӣ, касбу кор, тандурустӣ, варзишӣ, динӣ ва дигар мақсадҳо бе фаъолияти аз тарафи мамлакати даъватмекардагӣ
Пешаи заҳматталаб Ҳунари кандакорӣ дар ҳаёти пешинаи мардуми тоҷик шуҳрати беандозаро доро буд ва яке аз ҳунарҳои шинохта ва маълуму машҳури тоҷикон ба ҳисоб мерафт. Чойхона, ҷойҳои муқаддас, кунгураҳои даҳлез, порисаҳои айвон, гаҳвора, қисми поини сутун, дару дарвозаҳо, аспи чӯбин, сандуқ ва дигар ашёи чӯбине, ки имрӯзҳо дар рӯзгор истифода мекунем, аз такомул ва таърихи қадима доштани санъати кандакорӣ дар кишвари мо шаҳодат медиҳанд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҳунари кандакорӣ хеле рушд кардааст. Ин ҳунар аслан бо коркарди бадеии чӯб, санг, гаҷ ва гил мебошад ва ин намуди ҳунарро асосан дар ороиши биноҳо, истеҳсоли ашёву анҷоми рӯзгор ба монанди дар, девор, шифти хонаҳо, сутунҳо истифода менамоянд. Барои
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №17 (9547), 26.04.2018 маблағгузорӣ кардашуда, фаҳмида мешуд. Ҳамин тариқ фаҳмиши маънии туризми экологиро чунин номбар кардан мумкин аст: экотуризм намуди махсуси фаъолияти сайёҳӣ мебошад, ки он ба қонеъ намудани талаботи сайёҳӣ оиди азхудкунии табиат ва гузоштани саҳми худ дар ҳифзи системаи экологӣ бо эҳтироми ҳатмии мақсадҳо, риояи қоидаҳою урфу одатҳои халқҳои маҳаллӣ равона шудааст. Дар байни мушкилоте, ки дар назди экотуризм қарор доранд, яке аз муҳимтаринаш мушкили хизматрасонӣ ва меҳмоннавозӣ ба шумор меравад. Доираи касбу коре, ки барои соҳаи экотуризм хос аст, ниҳоят васеъ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар касе, ки дар соҳаи экотуризм кор ва фаъолият кардан мехоҳад, бояд ки дорои чунин сифатҳои нозук, ба монанди сабуриву таҳаммулпазирӣ, хушмуомилагӣ, хайрхоҳӣ, боэътимодӣ ва тобоварӣ бошад. Дар аксарияти касбу корҳое, ки бо экотуризм вобастагӣ доранд, донистани забонҳои хориҷӣ ниҳоят муҳим аст. Дар экотуризми байналхалқӣ амалиёти сифатноки хизматрасонии сайёҳон – яке аз мушкилоти актуалӣ ба шумор меравад. Дар бозори байналхалқии сайёҳӣ сифати хизматрасонӣ ва маданияти хизматрасонӣ аз ҳама аслиҳаи пурқувват дар муборизаи рақобатнок ба шумор меравад. Мақсади асосии ширкатҳои сайёҳӣ, ин қаноатманд намудани талаботи мизоҷон мебошад. Холиқ ШУКУРОВ, мудири шуъбаи муосири осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносии ба номи А.Рӯдакии ш. Панҷакент
кандакорӣ аз чӯб асосан аз чӯбҳои махсуси дарахтони арча, чанор, тут, чормағз истифода мебаранд ва ин намуди дарахтон бошад, дар Тоҷикистони мо шумораи зиёд дорад. Аз байни ин намудҳои чӯб асосан чормағз истифода мешавад ва чӯби аз ҳама зеботарин ва мустаҳкам ҳисобида мешавад. Маҳсулоте,ки барои кандакорӣ лозим аст, масолеҳ (чӯб), қалам барои нақша кашидан, асбобҳо ва дигар чизҳои зарурӣ (рангҳо баъди анҷоми кор) мебошанд. Асбобҳое, ки барои кандакорӣ истифода мешаванд асосан 6 намуд дорад, ки инҳоянд: новаи хурд, новаи калон, ростак, миёна, қалами мешукуфонда ва искана. Ин ҳунар дар замонҳои пешин хеле маълуму машҳур буд ва шумораи кандакорон низ бисёр буд. Аз ҷумла, дар шаҳри Истаравшан кандакорони беҳтарин фаъолият доштанд. Таҳияи Мӯниса ДОДОВА, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №17 (9547), 26.04.2018
E - MAIL: javonontj@mail.ru
Занҷири гардани Кабирӣ дар дасти кист? Роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони гумроҳаш гумон мекунанд, ки мардуми Тоҷикистон аз хиёнатҳои ин қабил афроди беватан огоҳ нестанд. Маҳз наҳзатиҳо дар чашми мардуми одӣ хок пошида, ба Модар-Ватан хиёнат карданд ва ҳоло ҳам ин амалашонро бо ҳар восита давом дода истодаанд. Агар ба фаъолияти ин тангназарон мушоҳида намоем, аён мегардад, ки кору рафтори онҳо дар заминаи дастуру супоришҳои хоҷагонашон амалӣ гардида, танҳо нияту мақсадҳояшон гумроҳкунии мардум ва бахусус ҷавонон буда, мехоҳанд кишвари озоду соҳибистиқлоли моро ба кишвари исломии хоҷагонашон тадбил диҳанд. Мехоҳанд мардуми дар тӯли асрҳо соҳибмазҳабу соҳибтамаддуни моро аз мазҳаби аҷдодӣ ва фарҳангию суннатии худ берун намуда, мазҳабу фарҳанг ва шеваи зиндагии хогаҷонашонро ба сари мардуми мо таҳмил намоянд. Бахусус бо зуҳури ташкилоти экстремистӣтерористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва рафтуомади бештари аъзоёни ин ташкилоти ифротӣ ба кишвари хоҷагонашон нахуст шеваи либоспӯшии ҳамсару духтарон ва пайвандонашон иваз шуда, оҳиста – оҳиста ин тарзи либоспӯширо ба мардуми одӣ талқин кардан мехостанд. Ба ин васила урфу одати
либоспӯшии зебои модари тоҷикро, ки тӯли асрҳо ба мо мерос мондааст, бо як порча либоси сиёҳи ҳамсару духтарони хоҷагонашон иваз кардан мехоҳанд. Мардонро бошад бо мондани ришҳои дарозу бетартиб ва пушидани шимҳои кутоҳ, ки ба гуфти ин тоифаи фурухташудаҳо хоси ислом аст талқин мекунанд. Ин шеваро аввал дар сафҳои наҳзат ҷорӣ намуда, баъдан бо тарғибу ташвиқ ва фитнаандозиву найрангбозӣ дар миёни мардум хостанд ҷорӣ кунанд. Ин тоифаи харидашуда, бо дастури хоҷагонашон кор бурда, нахуст ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва мазҳаби аҷдодии мардуми тоҷик рахна эҷод намуда, баъдан марҳила ба марҳила ба зиндагии мо эрод гирифта, ҷои ин арзишҳоро бо тамаддун ва фарҳанги хоҷагонашон пурра кардан мехоҳанд, ки дар натиҷа ба солимии авзои ҷомеа хатар эҷод хоҳад намуд. Барои Муҳиддин Кабирӣ, яке аз саркардагони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон супориши хоҷагонаш аз ҳама муқаддасоту арзишҳои миллӣ боло меистад. Зеро кор ва зиндагии ӯ аз хоҷагонаш вобаста аст. Муҳиддин Кабирӣ барои расидан ба татбиқи ормонҳои деринаи хоҷагонаш ҷаҳду талош менамояд, чунки гарданбанди занҷирии ӯ дар дасти хоҷагонаш аст.
Фарҳод ВОҲИДОВ
13
КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД Озмуни ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дарёфти беҳтарин лоиҳакаш ва дизайнер барои бунёди хоначаҳои анъанавӣ дар ҳудуди маҷмааи “Сафед – дара” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сафед– дара” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо мақсади таблиғи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ дар ҳудуди маҷмааи лижаронии “Сафед- дара” баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳакаш ва дизайнер барои бунёди хоначаҳои анъанавӣ, ки симои миллӣ дошта, инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, озмуни кушод эълон менамояд. ТАЛАБОТ ВА ШАРТҲОИ ОЗМУН: - Дар озмун лоиҳакашон ва дизайнерон новобаста аз синну сол ҳуқуқи иштирок карданро доранд. -Озмун ба таври шаффоф сурат гирифта, маводҳо ва лоиҳаҳои пешниҳодкардашудаи лоиҳакаш ва ё дизайнер ба Комиссияи озмун пешниҳод карда мешавад. -Озмун аз рӯзи эълон то рӯзи қабули охирини ҳуҷҷатҳо муддати 50 рӯзро дар бар мегирад. -Иштирокчии озмун (лоиҳакаш ё дизайнер) лоиҳаи хоначаҳои анъанавиро мутобиқ ба фарҳанги миллӣ ва нақшу нигори миллӣ ва ё ба шакли хоначаҳои дар деҳаҳо сохташуда омода намуда, дар муҳлати муайянгардида ба Комиссияи озмун пешниҳод намоянд. -Лоиҳаҳои пешниҳодшуда бояд тамоми хароҷотҳои барои бунёди хонаҳои анъанавӣ масрафшударо дар бар гирифта, дар сатри алоҳида пешниҳод карда шавад. -Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо баъд аз муҳлати муайянгардидаи озмун ба Комиссия пешниҳод карда намешавад.
Наҳзатиёни духтарфурӯш Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон агар барои давлати навбунёди тоҷик буҳрон ва барои миллати тоҷик сарнавишти талху табоҳу сангин маҳсуб шавад, аммо барои саркардагони ТТЭ ҲНИТ айёми сарватғундорию манфиатҷӯӣ фаро расида буд, ки аз майдондорию майдоннишинии мардум ва аз ҷалби мардум ба майдонҳо барои худ маблағҳои зиёди молиявӣ ба даст оварда, пулҳои ҷамъшударо қисме барои харидории силоҳ ва қисми дигарро аз яҳудиёни фирорие, ки аз Тоҷикистон кӯч мебастанд тиллову нуқра ва ҷавоҳироту сангҳои қимматбаҳо мехариданд. Тибқи нақли шоҳидони айнӣ танҳо дар як шабонарӯзи тирамоҳи соли 1992 дар майдони Шаҳидон зиёда аз 25 халта пул ҷамъ шуда, дар як шабонарӯзи дигар он сарват, ки аз мардуми фирефташуда ҷамъоварӣ шуда буданд, байни саркардагони майдонҳо ба таври пинҳонӣ тақсим карда шудааст. Дар рӯзҳои баъдии майдоннишинӣ воъизону найрангбозони шиагаштаи наҳзат боз аз мардум даъват ба амал меоваранд, ки «барои рушди ислом ва барои ормонҳои исломӣ ва барои хизмат дар роҳи пайомбару худо сарватҳои худро ба сандуқҳои хайрия биспоред». Вале ҳар рӯз сарватҳо ҷамъоварӣ ва байни саркардагон тақсим мешудааст. Яке аз шоҳидони айнии
ҳамон воқеаҳо қисса мекунад, ки дар яке аз шабҳои тақсимоти пулӣ, Эшони Қиёмиддини Ғозӣ аз пули кам, ки барояш додаанд ба ғазаб омада, иддао намудааст, ки «агар ман дар майдон вазъу такбироти ҷиҳодӣ нагӯям, ҳатто як танга наметиянд мардум. Пас чаро барои ман ин қадар ночиз?» Яке аз сарварони наҳзат аз норозигии Ғозӣ дар таҳлука афтода, барои ором намудани ӯ чунин гуфтааст: «Эшони Ғозӣ зиқ нашав, хайроти пагоҳӣ аз они худат». Бо чунин тарзу муомила ва шаклу сурат, саркардагони наҳзат аз кафанию гурпулии пасандоз кардаи мардуми фиребхӯрда, ки ба доми тазвири наҳзатиён гирифтор шуда буданд, барои худ сарватҳои зиёди молию пулӣ ва тиллову нуқравор ҷамъоварӣ намуда, кулвори нафсонии худро таскин менамуданд. Аммо вазъияти кишвар рӯз то рӯз буҳронитар ва ҷанги шаҳрвандӣ аланга мегирифт. Натиҷа чунин шуд, ки миллати тоҷик парокандаву ватани тоҷик валангор шуд, иддае аз мардум ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла ба Афғонистон гуреза шуданд. Дар Афғонистон, ки худ як кишвари қашшоқу ҷангзада маҳсуб мешавад, барои саркардагони ТТЭ “ҲНИТ” даромалу сарват андак коҳиш ёфта буд. Агар ширкату ташкилотҳо ва созмонҳои хайрияву
закоти сарватмандони арабу афғон барояшон мерасид, онро низ зуд пинҳонӣ барои ҳифзи ҷону хонаводаи худ саф мекарданд. Вале миллату мазлуму фирефташуда, боз интизори маводи ғизоии созмонҳои хайрия нишаста, зери хаймаҳо ба сар мебурданд. Аммо саркардагони наҳзат аз фурсати муносиб истифода намуда, бо сарватмандони паштуну туркмани Афғонистон машварат карда, аз ҳисоби ҷавондухтарони бекасмондаи тоҷик, ки падару бародаронашон дар ҷангҳо кушта шудаанд, дар шаҳрҳои Кобулу Мазори Шариф тафреҳгоҳҳои шабонаи пинҳонӣ ва фоҳишахонаҳои пинҳонӣ ташкил намуда, духтарони тоҷикро бо роҳи фиреб «ба корҳои хоҷагидорӣ» гуфта, ба ин фоҳишахонаҳо мебурданд ва аз ҳисоби тану зебогӣ ва ҷисми духтарони тоҷик барои худ сарват меғундоштанд. Ин тоифа шаъни миллат, номуси миллат, ҳайсияту шарофати миллатро бо пул қиёс намуда, сарватро авлотар аз шарофати миллӣ донистанд ва миллатро бо тамоми шаҳомату ғурураш фурӯхтанд. Ин буд, кирдори аъмоли саркардагони наҳзат, ки бадбахтии шадиде болои кишвар овардану имрӯз низ ин кирдорҳои нангини хешро идома медиҳанд. Салимҷони ШЕРЗОД
- Дар сурати мутобиқат накардан ба талаботи муайянкардашудаи озмун ҳуҷҷатҳои довталабон баррасӣ карда намешавад. БАҲОДИҲИИ ОЗМУН Муайян намудани беҳтарин лоиҳакаш ва дизайнер аз ҷониби Комиссияи озмун амалӣ карда мешавад. Баҳодиҳӣ ба лоиҳаҳои пешниҳодгардида бо ҳузури иштирокчиён пас аз 10 рӯзи баитмомрасии эълони озмун сурат мегирад. Ғолиби озмун аз ҷониби Коммисияи озмун муайян карда мешавад. Барои беҳтарин лоиҳакаш ва дизайнер мукофоти пулӣ муқаррар карда шудааст. Ғолиби озмун дар рӯзи ҷамъбастӣ бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешавад. Бунёди хоначаҳои анъанавӣ аз рӯи лоиҳаи беҳтарини дар комиссияи озмун муайяншуда амалӣ карда мешавад. Комиссияи озмун аз ҷониби ҳамоҳангсози лоиҳа муайян карда мешавад. ҲАМОҲАНГСОЗОН Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сафед – дара” Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон СУРОҒА БАРОИ ПЕШНИҲОДИ МАВОДҲО БА ОЗМУН Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кучаи Варзишгарон 6 E- mail: www.youth.tj, kjvs.1997@mail.ru, diloshub.rozikov@mail.ru тел: 236 – 37 – 26, 235 – 33 -14, 904 – 06 – 60 – 74
14 Аз тирезаи ошёнаи дуюм ман аллакай соли панҷум назорати доимии худро давом медиҳам. Гадо ҳар пагоҳӣ бо либоси куҳнаю чиркинаш бар муқобили идораи мо пайдо мешавад. Пораи матои даридаро зери чинори баланд партофта, болояш чорзону зада, наздаш латтапораеро паҳн мекунад. Дастонашро ба остинҳои ҷомаи беқасабаш дароварда, сари сафеди зебояшро поён намуда, то бегоҳ дар ҳамин ҳол наҷунбида менишинад. Мӯҳлати талбандагияш ба вақти кори кормандони идораи мо рост меояд. - Ҳафтаи кори гадои мо ҳам аз панҷ рӯз иборат аст, - ҳазл мекарданд ҳамкорон. - Вай талаботи қонунгузории меҳнатиро қотеъона риоя мекунад. Ҳамчун мо ӯ низ дар рӯзҳои истироҳатӣ бо фароғат дам мегирад. Гадо хомӯшона ба машғулияташ оғоз мекард. Чун дигарон: Ба ҳаққи худо садақа диҳед! Ба арвоҳи гузаштагон хайр намоед! Садақа радди бало! ва ба ҳамин монанд ҷумлаҳоро бо зорию тавалло ба забон меовард. Ҳар боре, ки ба гадо менигаристам, фикре маро дар азоб мемононд - дар куҷо ин симои зебо ва наҷибонаро, ки бо гузашти вақт ва дар зери бори гарони азобу уқубат сиёҳ ва харобшударо, дида бошам. Ҳар чанд худро маҷбур мекардам, ки кай ва дар куҷо бо вай вохӯрда бошам, ба хотир оварда наметавонистам. Субҳи баҳори шаҳр аҷаб зебо ва таровате дорад. Нурҳои хуршеди тулӯъкарда рост ба тирезаи дафтари кориям меафтад. Чун одат ман аз тиреза ба растаи серодам нигариста, ба равуои пиёдагардҳо, ки ба кор мешитобанд, назар мекунам. Ҷавонону духтарон ҷуфт - ҷуфт ва гурӯҳ - гурӯҳ аз назди идораи мо мегузаранд. Ва ман ин пагоҳӣ надидам, ки гадо кай омада, ба вазифааш машғул шуд. Диққати маро дастакзании одами қоматбаланди палтои чарминпӯш, ки дар муқобили гадо рост меистод, ҷалб намуд. Ҷавонмард пушт ба ман меистод ва табиист, ки рӯяшро намедидам. Вале ба қаду қомат шинос менамуд. Ӯ чизеро исбот мекард. Гадо сарашро хам намуда, хомӯшона ҳарфи ӯро гӯш медод. Баъзе роҳгузарон ба ин муноқиша бо тарс менигаристанд. Дигарон аз назди онҳо зуд мегузаштанд. Сеюминҳо аз дур назора доштанд, ки оқибати баҳс ба чи меанҷомад. Талбанда бо азоб қомат боло карда, ба тарафи ҳамсуҳбат даст дароз намуд. Ҷавонмард саросема дасти гадоро фишурд ва тамоми баданаш якбора ларзид. Гӯё чизе ба кафаш халид, ки ӯ бо шаст дасташро кашида, онро бо диққат аз назар гузаронд. Симои гадо дарҳол тағйир ёфта, ҷилои зебогиро дар худ нақш баст. Дар нигоҳи доимо ғамангезаш ҳиссиёти қаноатмандӣ инъикос гардид. Хам шуда лаққу луқашро ғун дошта, шитобон ғайб зад. Ҷавонмард ҳоло ҳам ба таҳқиқи кафи дасташ овора буд. Ман ҳодисаи дар кӯча рӯйдодаро фавран фаромӯш кардам. Пагоҳӣ ба кор омада, дар назди идора ҳамкорони ҷамъшударо дида, бо тааҷҷуб пурсидам: - Худаш чи гап? Магар боз вазъияти фавқуллода эълон карданд? - Не, охир, - маро осуда кард сардор. Шабона ногаҳон корманди нави шӯъбаи фаврӣ - ҷустуҷӯиамон Азизмат Сарбозов аз олам гузаштааст. Туро интизорем. Ба маъракаи ҷаноза меравем. - Шикамашро чок карданд? Ташхиси судӣ - криминалистӣ таъин намуданд? - нохост ҳодисаи рӯзи гузаштаро ба хотир оварда пурсидам. - Не, - бо қаҳр ҷавоб гардонд сардор. Барои аз он касофат халос шуданам ҳамаи коргаронро бо оби ҷав зиёфат мекунам.
МАЪВОИ ХИРАД Як моҳ пеш ӯро аз Вазорат ба коргоҳи мо гузарониданд. Аз эҳтимол дур нест, ки бо кирдорҳои аблаҳонааш онҳоро ҳам ба дод оварда будааст. Ҳар рӯз ман бо моҷароҳои ӯ андармон будам… Ҷашни касбии милисаҳо наздик мешуд. Сардор маро ба наздаш даъват намуда, супориш дод: - Барои бо тантана пешвоз гирифтани ҷашн маърӯзаи начандон калоне иборат аз чор саҳифа омода намо. Илтимос, бештар аз маводи воситаҳои ахбори омма истифода бар. Баҳри иҷрои супориши сардор ҷониби китобхона давидам. Рӯзномаҳоро варақ мезадам. Нохост чашмам ба расме афтид. Маро симои босалоботи мард ба худ ҷалб намуд. Дар зери расм навишта буданд: Ис-
даро пок намуд. - Ҳодисаҳои маълум сар шуданд, - пас аз сукути кӯтоҳмуддате ҳамсуҳбати ман ҳикояи худро давом дод. - Ҳеҷ гоҳ арӯсу домодро аз ҳуҷра берун баромадан намемондам. Тамоми кори хонаро худам уҳда мекардам. Гарчанде ҷанг кайҳо хотима ёфта бошад ҳам, вазъият дар шаҳр ором набуд. Баъзан шабҳо гоҳ дар як кунҷи шаҳр ва гоҳ дар кунҷи дигараш тирпарронӣ ба гӯш мерасид. Ҳамон рӯзи фоҷиа модари арӯс занг зада илтимос намуд, ки Моҳира ба наздаш биёяд. Падараш дар дами марг будааст. Ман намехостам, ки арӯс ба назди падараш равад, зеро ки шаб аллакай аз нисф гузашта буд. Худам бо сабаби шабона гаштугузор кардани дуздҳои шабгард хонаро танҳо монда наметавонистам. Келин маҷбур мекард,
Чалаи гадо ҳикоя
кандар Мирзоев. - Охир, ин ҳамон гадои худамон мебошад, - аз хурсандӣ бо тамоми овоз дод задам. - Ана, дар куҷо ӯро дида будаам. Ҷанҷоли пагоҳирӯзӣ ва марги асроромези коргарамонро ба ёд оварда, озими заводи арматурӣ шудам. - Ӯро то ҳодисаҳои маълум ба нафақа гусел намуда будем, - ба саволи ман сардори шӯъбаи кадрҳо, зани нозукандоме ҷавоб гардонд. - Аз ҳамон замон мо бо ӯ дар алоқа нестем. - Агар мумкин бошад суроғаи манзили истиқоматиашро мегуфтед, - илтимос намудам. - Марҳамат, - зан табассуми малеҳе тӯҳфа намуд, - кӯчаи Бофанда, бинои 16, ҳуҷраи 25… Ба садои занги ман дуру дароз касе ҷавоб надод. Занг заданамро беист давом медодам. - Ҳозир, ҳозир, - овози пасти мардеро шунидам. Пас аз кушодани чанд қуфлу чангакҳо дар кушода шуд. Симои соҳиби манзил баробари дидани марди либоси милисагӣ дошта дарҳол тағйир ёфт. - Омадед, ки маро ба ҳабс гиред? - Ҳеҷ гоҳ! - хандида ҷавоб гардондам. - Пас, барои чӣ? Ҳадалимкон мушоҳидаҳои худро ба забон овардам. - Дароед, - Искандар худро як тараф гирифт. Ва ҳамин ки ман ба хона даромадам, зуд илова намуд. - Ин таърихи дуру дароз аст. - Ҳозирам то пагоҳ шунавам, - ҳаракат кардам, ки ӯро осуда кунам. Мо гирди мизи давра нишастем. Нигоҳи чашмони худро аз Искандар наканда, бетоқатона интизори ҳикояи асроромезаш будам. Пиёлаи чойи сабзи хушбӯйро дароз карда, саросема нашуда, бо овози паст соҳиби хона таърихи қиссаи худро оғоз намуд. - Дар ҳаёти худ ман ягона писар доштам ва аз хурдӣ ӯро бо меҳру муҳаббат ба воя расондам. Бо сад азобу машаққат Самандари худро ба по гузоштам. Ҳинни хурдсолиаш модараш моро партофта рафт. Омӯзондам, соҳиби маълумоти олӣ гардондам. Оиладор кардам. Мард хомӯш монд. Аён буд, ки давоми қисса барояш ниҳоят мушкил буд. Қомат бардошта ба ҳуҷраи дигар гузашт. Баргашта сурати тӯёнаи писару келинашро ба ман дароз кард. Домоди хандону арӯси нозанин аз бахти худ болида, бо чашмони пуртабассум ба ман менигаристанд. Дар расм гӯё Искандари ҷавон меистод. Собиқ гадо тоқат накард. Бо дастони пурқувваташ ашки дар чашмонаш пайдошу-
ки шавҳараш ӯро гусел намояд. - Агар Самандар дар паҳлӯям бошад ман аз ҳеҷ чиз наметарсам. Шабона дар шаҳр нақлиёт намегашт. Арӯсу домод қарор доданд, ки пиёда мераванд. Дилам аз ҳодисаи нохуше дарак медод. Пас аз баромада рафтани фарзандон вақт барои ман гӯё гашти худро қатъ намуда буд. Қариби субҳ қудо занг зада гуфт, ки то ҳол аз домоду духтарам дарак нест. Ман худро ба кӯча задам. Пас аз як чанд маҳалларо гузаштан, онҳоро дар зери чинори баланд ёфтам. Зану мард паҳлӯи ҳам мехобиданд. Ҷӯйчаҳои хун бо ҳам омехта гардида, кӯлмакеро табдил дода буданд. Ин ҳолатро дида, бо тамоми овоз фиғон бардоштам. Фарёди дилхарошам хомӯшии шабро медаронд. Бо алам аз Худованд мепурсидам: кӣ ин ваҳшониятро содир карда бошад? Ба нолаву фиғони ман се марди хайрхоҳе расид. Онҳо низ бо тарзи худ ҷинояткори номаълумро дуо мекарданд. - Илоҳо, хонаат сӯзад! - Падару модарат дар болои ҷасадат ана ҳамин тавр нола кунанд! - Туро одам не, балки ҳайвон зоидааст! Бо ёрии онҳо ҷасадҳоро ба хона овардам… Китфони боқуввати Искандар ба ларзиш даромаданд. Ман ҳам тоқат накардам. Ашки дидагонам беист мешориданд. Гадо беовоз мегирист. Талбанда он тараф истад, балки худамро ором карда наметавонистам. - Маъракаи ҷаноза гузашту даву този ман ба мақомот сар шуд. Кӯшишҳоям бе барор анҷом меёфтанд. Ба ҳамаи саволҳоям як ҷавоб мегирифтам. - Ҷинояткорро кофта истодаем! Асабҳоям ором намешуданд. Як муддат бемор ҳам шудам. Боре ба хонаи ҳамсоя даромадам. - Оё ту намедонӣ, ки ҷинояткор ба ҷойи содиркардаи ҷинояташ меояд, - дар омади гап гуфтам. - Ӯро дошта ба зиндон партофтан мехоҳӣ? - дар тааҷҷуб монд ҳамсоя. - Мехоҳам қассос гирам. - Чӣ тавр? - Ҳоло худам ҳам намедонам. Ҳамсояи ҳайратзада гумон кард, ки ман аз ақл бегона шудам. Ба хона омада, аз рӯи нақшаи фикр карда амал намудам. Чуноне ки шумо медонед ман ихтироъкори хизматнишондодаи ҷумҳурӣ мебошам. Нӯги сӯзани хурдеро сӯрох намуда, бо заҳр пур кардам ва ба чалаи арӯсӣ пайваст намудам. Дар ҷойи қатли писару келинам ба талбандагӣ машғул шудам. Боварӣ доштам, ки дер ё зуд ҷинояткор
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №17 (9547), 26.04.2018 ҳозир мешавад… - Ва шумо панҷ сол ҳамчун гадо дар зери чинор нишастед? - тоқат накарда савол додам. - Оре, - тасдиқ намуд Искандар. - Дар сармою гармо, зимистону тобистон, дар зери нигоҳҳои нафрату таҳқиромези дӯстону шиносҳо ман ӯро интизор будам… - Ҳа, мӯйсафед, ҳоло ҳам ҷинояткорро кофта истодаӣ? - бо ҳамин суханони заҳромез ҷавонмарди қоматбаланди палтои чарминпӯш болои сарам рост шуд. - Ва боз чанд соли умратро барои ҷустуҷӯи вай сарф мекунӣ? - Хавотир нашавед. Ман аллакай ӯро ёфтам, - нотарсона посух додам. - Агар ӯро ёфта бошӣ, чи ҷазо дода метавонӣ? - густохона писханд зад ҷавонмард. - Агар ба афту андомат назар кунам аз дастат ҳеҷ кор намеояд. - Дуруст гуфтед, ҷавони нағз, - ба фикраш розӣ шудам. - Аз пири барҷомонда чи ҷойи пурсиш? Чи тавр паррондани писарамро мехоҳам донам? Эҳтимол намуди фақиронаи ман ба ҷинояткор таъсир кард ва ё ӯ дар ҳолати хушҳолии руҳӣ қарор дошт, ки бо майли том ҳодисаи мудҳиши он шаб рӯйдодаро қисса кард. - Онҳо паҳлӯи ҳам, ба монанди ду оҳуи куҳӣ қадам мезаданд. Зан дарҳол ба ман маъқул шуд. Вай ниҳоят зебо ва чун шамшод нозукандом буд. Аслан, ман агар зани нозанинро бинам дарҳол ошиқи шайдо мешавам. Ман ба сари онҳо дод задам: - Канӣ, маъшуқаи ман ба назди ман биё! - Ҷавон писарат буд? - Ҳа, яккаву ягона. - Ба ту монанд буд. Аммо вай аз он тарсончакҳо набудааст. Натарсида зуд ҷавоб гардонд: - Ҳой, аблаҳ! Зуд бахшиш бипурс! Қаҳрам якбора боло гирифт. Ман охир устои моҳири одамкуш ҳастам. Силоҳро аз киса бароварда, дилашро ба нишон гирифтам. Писарат ба ҷое афтид, ки ҳоло ту дар он ҷо нишастаӣ. Занаш аввал худро болои шавҳараш партофт. Чун боварӣ ҳосил кард, ки ӯ аллакай ба ҷаҳаннам рафтааст, ҷаста ба ман ҳуҷум карда, бо нохунҳояш ба рӯям панҷа зад. Мана бингар, изи нохунҳояш то ҳол дар рӯям боқӣ мондаанд… Ман оҳиста сарамро бардоштам. Ҳақиқатан рӯи ҷавон харошидагӣ буд. - Чи ҳам мекардам? Таъҷилан бо тир дилашро сӯрох кардам. Ду милисае, ки дуртар аз ҷои ҳодиса меистоданд, аз тарс дума хода карданд. Ман боз ду маротибаи дигар ба сарашон тир холӣ карда, ба мошин нишаста, ба хона рафтам. - Дастатро бидеҳ, то ки ба ту барои ҳақиқати ҳолро баён карданат изҳори миннатдорӣ баён кунам, - гуфта дастамро ба сӯяш дароз кардам. Ҷинояткор хоҳишамро иҷро кард. Аз фурсат истифода бурда, панҷаи дасташро сахт фишурдам. Аз неши сӯзан тамоми бадани муттаҳам ларзид. - Ман шоҳиди ин саҳна будам, - сухани гадоро тасдиқ кардам. Искандар чалаи тӯёнаро ба тарафи ман дароз карда гуфт: - Гиред! Ҳар боре, ки ба ин чала нигоҳ мекунам, фавран фавти фарзандонамро пеши назар меорам ва аз ин ҳол тори асабҳоям хароб мешаванд. Аз ин хотир, марҳамат, гиред. - Мегирам, - бо ҷону дил розӣ шуда, онро ба ангуштам гузаронидам. - Барои хотира аз ҷасорати марди далеру нотарс. Мо дӯстона хайрухуш намудем. Аз назди Искандар рафта, ман ба ӯ ваъда додам, ки таърихи гадоро ба касе қисса намекунам. Зариф ҒУЛОМ, нависанда
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №17 (9547), 26.04.2018 Глобализатсия ва ё ҷаҳонишавӣ аз хусусиятҳои фарояндаи дунёи кунунӣ ба шумор меравад. Ин раванди ҷадид, ки ба гуфтаи донишмандон, аз нимаи дуввуми қарни бист шуруъ шудааст, дар солҳои навади ҳамин қарн ба марҳалаи ҷадиди худ ворид гардид ва заминаи аслии онро иттилоотонии ҷомеа ташкил медиҳад.
Глобализатсия
Барои иштироки фаъол дар ин раванд сатҳи баланди дониш тақозо мегардад. Донишмандон бар ин назаранд, ки агар иттилоърасонӣ ба хидмати ҷомеа намерасид, ҳудудан 2 миллиард аҳолии ҷаҳон аз гуруснагӣ ҷони худро аз даст медод. Ба эътиқоди онҳо, замин дар ҳоли ҳозир қобили баровардани ниёзҳои танҳо 4 миллиард нафар аст. Аммо иттилоърасонӣ доду ситадро дар ҷаҳон бо суръати бесобиқа пеш бурд ва ҳамчунон, таъсири он афзун шуд. Глобализатсия ҷаҳонишавии иқтисод, сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳанг ва соири риштаҳои фаъолияти башарро дар назар дорад. Пешгомони ин раванд кишварҳои ҷаҳон ба мисли Амрико, Фаронса, Ҷопон ва ғайра мебошанд, ки бо доштани ниҳодҳои тавоноӣ ва ақлонӣ дар бозори фановариҳои ҷадид ҳарфи аввалро мезананд. Ҳадафи асосии онҳо дастёбии комил ба бозори ҷаҳонӣ ва сарватҳои ҷаҳон мебошад. Ба ҳамин хотир, онҳо созмонҳои тавоное аз қабили Созмони ҷаҳонии тиҷорат, Бонки ҷаҳонӣ ва ғайраҳоро ташкил кардаанд. Онҳо барои пиёда сохтани ормонҳои ҷаҳонгирии худ аз шеваҳои мухталиф кор мегиранд: кӯмакҳои башардӯстона, қарзҳои дарозмуддат, ҳамкориҳои фарҳангӣ, мазҳабӣ ва ғайраҳо. Он гоҳ, ки ин омилҳо муассир намеафтад, аз хушунат, мисли ҳамла болои Ироқу Афғонистон зери шиори мубориза бо терроризм ва фишор ба Эрону Куриё бо баҳонаи пешгирӣ аз густариши силоҳи атомӣ сурат мегирад. Гузашта аз ин, глобализатсия ва ё ҷаҳонишавӣ дар дигар заминаҳо низ зоҳир мешавад. Яке аз онҳо тавсеаи ҳамкориҳои муштарак дар ҷуғрофиёвии Аврупо мебошад. Давлатҳои ин қитъаи олам барои баҳрагирии бештар аз дастовардҳои ҳамдигар мушкилоти гумрукӣ ва молиявию шиносномавиро сода кардаанд. Тоҷикистон тӯли 26 сол аст, ки дар фазои озодист ва мардумаш дар ҳавои осоишта зиндагӣ доранд. Раванди ҷаҳонишавӣ ба рушди кишвар таъсир мерасонад. Яъне мафҳуми ҷаҳонишавӣ аслан маънои фарҳанг ва маданияти пешрафтаро пайравӣ кардан аст. Тоҷикистон низ рӯз то рӯз ва қадам ба қадам ба зинаҳои тараққиёт расида истодааст. Раванди ҷаҳонишавӣ натанҳо ба давлат, балки ба миллат таъсироти худро мерасонад. Ҷаҳон мудом дар гардиш аст ва мо ҳатман дар роҳи пешрафт ба сатҳи тараққии баланд мерасем ва Ватани азизамонро ба наслҳои оянда бо асолаташ бирасонем. Зикрулло РАҶАБОВ, донишҷӯи соли сеюми ДМТ
Рӯзгордида Зани миёнақад, кокулони мисли мушк сиёҳ ва дароз, абрувони камоншакли ба ҳам пайванд, чашмони сиёҳу рухсораи мисли моҳ дорад. Ӯ чанд рӯз пеш ба 98 қадам монд. Ҳамсояҳо некиҳои кампири Бибираҷабро ҳеҷ аз ёд намебароранд. Мегӯянд ӯ чашми рӯз накафида аз хоб мехесту дару дарвозарро кушода, кӯчаро об зада мерӯфт. Саҳаргоҳ нони гармашон тайёр, ҳамеша дастархони бозу хӯроки омода доштанд... Кампири Бибираҷабро гарму сарди зиндагӣ обу тоб дода, ба воя расонидааст. Ӯ аҷаб қиссаҳои ширину намакин ва ҳузнангезу талх дорад. Ба ҳамдеҳаҳо аз рӯзгори гузаштааш қиссаҳо карда, таъкид менамоянд, ки одамизод бояд ботаҳаммул бошад ва ба шебу фарози зиндагӣ тобовар. Ҳаёти момаи Бибираҷаб аз корнамоиҳо бунёд ёфтааст. Ӯ дар кӯдакӣ духтари эркаи хона буд. Падараш раиси колхозу модараш ёрирасони занони деҳа ва зиндагии хушбахтона насибаш. Аммо ин хушҳолиро бадарғаи падар ба Сибир бо ҷурми ноадолатиҳои замон ва фавти модараш нуқта гузошт. Бибираҷаби хурдсол танҳову бекас монд. Тарбияи ӯро аз ин баъд аммааш бар уҳда гирифт. Ӯ ин ҳамаро то ҳол ба хотир меораду аз бекасии худ дар овони кӯдакӣ, бахусус аз марги бармаҳали модар гиря гулӯгираш мекунад. Баъди ба воя расидан дар хонаи амма ва ба шавҳар баромаданаш зиндагиаш ранги дигар гирифт. Момаи Бибираҷаб чӣ тавр ба шавҳар баромаданашро чунин
15
НАВҚАЛАМ
қисса мекунад: “Айёми баҳорон буд. Ҳама ҷо сабзу хуррам. Барои кишти баҳорӣ заминҳоро ҷуфт мекарданд. Ман бояд дар тасфи рӯз ба тракторчӣ хӯрок мебурдам. Дар сари замин як ҷавони зебо, чорпаҳлӯро вохӯрдам, ки ӯ тракторчӣ буд. Ҳамин тавр ҳар рӯз барои он ҷавон хӯрок мебурдаму оҳиста-оҳиста бо ҳам ошно шудем. Ӯ маро аз аммаам хостгор шуд. Оила барпо кардему соҳиби фарзандон шудем”. Шавҳари момаи Бибираҷабро Амонқул ном буд. Баъди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ Амонқул ба ҷанг рафт. Се сол дар ҷанг бар зидди фашистҳо мубориза бурд. Тирамоҳи соли 1943 аз пои чапаш тир хӯрда, ба ақибгоҳ фиристонда мешавад. Баъди баргашт аз ҷанг Амонқул дар пемкаи №14 ба ҳайси тракторчӣ кор кард. Баъдтар дар совхоз таъмирчӣ шуд. Писаронаш бошанд дар осиёбе, ки худи Амонқул сохта буд, кор мекарданд ва ба ҳамин васила рӯзгорашонро пеш мебурданд. Пои тирхӯрдаи Амонқул то рафт дардманд шуду ба нафақа баромад. Бемориаш рӯз то рӯз авҷ гирифт. Ва дар гармои тобистони соли 1985 ҷонро ба ҳақ супурд. Момаи Бибираҷаб 11 фарзандро танҳо ба воя расонид. Ҳам падар буду ҳам модар. Нози фарзандони бепадарашро нури чашмонаш мекард. Фарзандонашро бакамол расонду соҳиби илму маърифат ва оилаҳои солим намуд, ки имрӯзҳо дар гирди модар парвонаанд ва нозбардору фахри кампиранд. Фарзона ТОШЕВА, коромӯзи “ҶТ”
Китоб – тарбиятгари насли ҷавон
Ниёгони мо аз ибтидо ба китобу китобхона таваҷҷуҳи махсус доштанд. Китобхонаро ҷое медонистанд, ки инсон ғизои маънавӣ мегирад. Дар воқеъ, китобхона монанди хонест, ки дар худ нозу неъматҳои маънавиро дорост ва ҳар нафаре, ки бо муҳаббат сари ин хон менишинад, ҳатман аз баҳри беохири андеша баҳравар мегардад. Бузургони гузашта то имрӯз асарҳои бисёр хубу ибратбахшро ба мо мерос мондаанд, ки саропо панду андарз мебошанд. Аз ҷумла “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ, “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдӣ, "Қобуснома"-и Кайковус ва даҳҳо шоҳкориҳои ахлоқӣ дастури ибратбахше ҳастанд ба аҳли башар оид ба хислатҳои ҳамидаи инсонӣ. Бо вуҷуди ин ҳама панду андарзҳои ахлоқие, ки мавҷуданд, мутаассифона, имрӯз одобу ахлоқи баъзе аз наврасону ҷавонон рӯ ба косташавӣ овардааст. Сабабҳои коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо мебошанд. Дар умум омили асосии ҳамаи ин, дур гаштани онҳо аз китобхониву илмомӯзист. Бемасъулиятии падару модар низ яке аз сабабҳо шуда метавонад. Гарчанде ки Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал кунад ҳам, вале то ҳол падарону модароне ба назар мерасанд, ки нисбати таълиму тарбияи фарзанд беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Баъзе аз волидон намедонанд, ки рӯзона ё шабона фарзандонашон дар куҷо мегарданд. Падарону модароне ёфт мешаванд, ки дар нахондан ва ё надонистани фарзандонашон омӯзгоронро гунаҳкор мекунанд. Агар хонанда 4 ё 5 соат дар мактаб бошад, пас 20-соати дигар дар хона аст. Барои ҳамин падарону модаронро лозим меояд, ки ба хониши фарзандонашон диққати махсус дода, ба муассисае, ки фарзандонашон дар он таҳсил мекунанд, ҳамкориро мустаҳкам намоянд. Дар ин росто мутафаккири бузурги тоҷик Муҳаммад Ғаззолӣ чунин гуфтааст: "Фарзанд амонат аст, дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст ба саодати дину дунё, ки расид падару модар ва муаллим дар он савоб шариканд. Агар тухми бади афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳарчи хоҳад кунад, пас аз ӯ ҳаргиз умеди некӣ маҷӯ."
Бояд таъкид намуд, ки соҳибилм ба камол расидан ва ба китобу китобхонӣ рӯ овардани ҷавонон яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад. Зеро пешрафти бо мароми ҳар як давлату миллат ба насли соҳибмаърифату закӣ сахт вобаста аст. Аммо имрӯзҳо омилҳое ҳастанд, ки боиси дур мондани қисме аз наврасону ҷавонон аз китобхониву илмомӯзӣ гаштааст. Яке аз онҳо, шабакаи интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ аст. Ҷавонон имрӯзҳо аз китоб дида, ба шабакаҳои интернетӣ бештар такя намудаанд. Онҳо метавонанд чизҳои лозимаашонро аз интернет ҷустуҷӯ ва пайдо кунанд. Лекин он чӣ китоб ба кас медиҳад, интернет ҳеҷ гоҳ дода наметавонад. Аз ин ҳама гуфтаҳо метавон чунин хулоса кард, ки ҳар як падару модар барои тарбияи фарзандон вазифадор буда, дар ин росто бояд саҳми хешро ҷиҳати соҳибилму соҳибкасб гардидани фарзандонашон гузоранд. Завқи китобхониву илмомӯзиро дар дили фарзандонашон бедор намоянд, то ин ки фарзандонашон дар оянда номбардори худи онҳо ва ҳам миллату давлати хеш бошанд. Муҳаммади Мусо донишҷӯи ДДФСТ ба номи М. Турсунзода
Абрешимқалъа ва ривоятҳои аҷиби он
Болои кӯҳтеппаҳо, воқеъ дар деҳаи Зонги ноҳияи Ишкошим, қалъаи қадимае вуҷуд доштааст, ки онро “Абрешимқалъа” ном мебурдаанд. Сабаби “Абрешимқалъа” ном гирифтани қалъа дар абрешимпеч будани он будааст. Аз рӯи ривояти Вафобеки Зонгӣ ва Бобои Ҳисорӣ, сокинони ин деҳа, садрнишини охирини ин қалъа Рукшона (дар ривояти дигар Руҳона) ном зане буда, тамоми водии Вахон ба ӯ итоат мекардааст. Рукшона бо ғулому канизи зиёд ва лашкари азиме қалъаро аз ҳуҷуми аҷнабиён муҳофизат мекардааст. Дар ин ҷо ҷиҳозҳои занона истеҳсол карда ба кишварҳои ҳамсоя, ба ҳинду Покистон бурда мефурӯхтанд. Ҳамчунин, дар маҳалле бо номи водии Дирчи (воқеъ дар Зонг) бозор вуҷуд доштааст. Замоне лашкари мусулмонон ба муқобили Рукшона ба ҷанг меоянд ва ӯ мебинад, ки шумораи онҳо хеле зиёд аст, барои гуфтушунид таклиф ба миён мегузорад. Вакилони ҳар ду тараф дар Шкоршуй (яъне санглохи шикор) ном мавзеъ бо ҳам вомехӯранд. Дар натиҷаи гуфтушунид маълум мешавад, ки Рукшона бехудо не, балки ба Худо эмон доштааст. Дар ҳамин ҷо байни тарафҳо сулҳ баста мешавад ва ин ҷой аз он замон то ба имрӯз бо унвони “Қадамгоҳ” дар байни маскунони ин ҷо чун зиёратгоҳ эътибор пайдо кардааст. Ҳамчунин, ривоят мекунанд, ки овозаи ин зани воломақоми зебочеҳра ба ҳар гӯша паҳн мегардад. Ҳатто гӯши подшоҳи Покистон. Ӯ ғоибона
ошиқи Рукшона мешавад ва хостгронашро мефиристонад. Аммо Рукшона таклифро рад мекунад. Подшоҳ лашкари зиёд ҷамъ карда, қалъаро муҳосира мекунд. Ҷанги шадид сар мезанад. Аз ҳарду ҷониб одамони зиёд талаф меёбанд. Лашкари Рукшона дар арафаи шикастхӯрӣ будааст, ки ӯ дар ниқоб, бо либоси мардона ба майдони ҷанг мебарояд. Дар айни ҳарби тезу тунд кулоҳ аз сараш меафтад, гесувонаш намоён мешавад ва подшоҳ мегӯяд, ки таслим шавад. Рукшона нӯги ханҷарашро сари сина гузошта гуфтааст: “Ман ҳеҷ гоҳ таслим намешавам, беҳтар он аст, ки бимирам” ва худро ҳалок кардааст. Мегӯянд, ки Рукшона дар мавриди муосираи қалъа писари ягонаи хурдсолаш, ки Лаъл ном доштааст, аз қалъа ба воситаи обдӯзд (роҳи зери заминӣ), бо мақсади наҷот додан, мегурезонад. Ба писараш таъкид мекунад, ки ҳар ҷо ба ӯ писанд ояд, дар ҳамон ҷо сокин шавад. Лаъл пинҳонӣ бо чанд сипоҳ ба тарафи Ғорон, водии дигаре дар ноҳияи Ишкошим, фирорӣ мешавад. Дар он тарафи кӯҳ ҳангоми аз пайроҳае гузаштан пои аспаш ба замин фурӯ меравад. Баъди аз чуқури баровардани пои асп мебинад, ки ба наълаш як чизи дурахшону ҷилодоре часпидааст. Аз ҳамон вақт ҳаминҷоро “Лаъл” ном мемонанд, ки то ба имрӯз ҳамин ном боқӣ мондааст.
Давлатнисо ОШУРОВА, донишҷӯи ДМТ
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №17 (9547), 26.04.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
ПАЙРАВ СУЛАЙМОНӢ
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Нутқи парешону норавони инсони шариф беҳтар аст аз рангинсухании инсони палид. ******** Мастӣ чун оина хостаҳои дили инсонро ба маъраз мегузорад. Эсхин Оё кофи нест ҳарзагӯӣ дар мавриди он, ки инсон бояд чӣ гуна бошад? ******** Фурсате расидааст, ки акнун ба маънои томаш инсон бошем. ******** Инсонҳо барои ҳамдигар зода шудаанд. ******** Ҳеҷ як инсон хушбахт намешавад, агар худро хушбахт наҳисобад. ******** Инсони некнияту самимиро аз чашмонаш ҳам мешиносӣ. ******** Манфуртарин буздилӣ, дилсӯзӣ ба худ аст. ******** Беадолатӣ на ҳама вақт аз фаъолияти мо, балки аксаран аз бефаъолиятии мо сар мезанад. ******** Бесабабу бемақсад ҳеҷ кореро анҷом мадеҳ. Ба амалеро, ки ба зарари ҷомеа аст, ру маёр. ******** Беҳтарин усули қассос гирифтан аз душман ба ӯ шабеҳ нашудан аст. ******** Агар медонистӣ, ки рағбату мулоҳизаҳои одамӣ аз кадом манбаъ сарчашма мегиранд, аз иддаои таҳсину ситоиши одамон даст мекашидӣ. ******** Ҳар рӯзи ҳаётро чун охирин рӯзи зиндагӣ, бе ташвишу изтироб, бе тар, он бе риё ба сар бурдан камоли ахлоқу одоби инсонӣ аст. Марк Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
√ АНДАРЗ
Розҳои аҷоиби ҷавонӣ Солҳои тӯлонӣ қабл аз замони мо дар деҳае мӯйсафеди 90-сола зиндагӣ менамуд. Мисли ҷавонҳо бардам ва шуҷоатманд буд. Шиносу ношинос ӯро дида сири ҷавон монданашро мепурсиданд. Дар чунин лаҳзаҳо мӯйсафед табассум намуда, сухане намегуфт. Аммо ҳамагон барои фаҳмидани ин сир зиёд кунҷкобӣ мекарданд ва дар лаҳза имкони ҷавоб нагуфтан торафт кам мешуд. Мӯйсафед ба гуфтани ҳалли ин муаммо қарор намуд ва шахсонеро, ки ин розро донистан мехостанд, ба меҳмонӣ даъват намуд. Нафарони зиёд ба хонаи мӯйсафед омаданд. Зиёфати калон барпо шуд. Хӯрокҳоро истеъмол намуданд, шарбатҳоро нӯшиданд, сӯҳбатҳои ширин карданд. Аммо дар бораи рози ҷавонӣ сухане гуфта нашуд. Баъдан мӯйсафеди нуронӣ ҳамсарашро, ки машғули кор буд, фарёд намуд: -Модари бачаҳо, малол наояд ба анбор даромада, тарбуз гирифта биёр. Кампири ба мисли мӯйсафедаш кушодарӯй, фариштахӯ ҳамон замон корашро як сӯ гузошта, ба тарафи анбор раҳсипор шуд. Ба зудӣ як тарбуз гирифта овард. Мӯйсафед тарбузро бо ангушташ зада: -Не, ин тарбузат намешавад, дигарашро гирифта биёр. Туро ҳам овора кардам,-гуфт. Кампир сухане нагуфта, бозпас гашт. Тарбузи баъдӣ ҳам ба мӯйсафед писанд наомад: -Боз овора мешавӣ модари бачаҳо. Ин тарбуз ҳам намешавад. Ба меҳмонҳо беҳтаринашро кушта диҳем, интихоб карда гирифта биёр, -гуфт мӯйсафед.
Ин ҳолат боз давом кард. Танҳо тарбузи маротибаи панҷум оварда ба мӯйсафед писанд шуд. Тарбузро кушта, ба дастархон гузошт. Вақти баҳузур тарбуз хӯрдани меҳмонҳо мӯйсафед пурсид: -Сири ҷавонии ман дар ана ҳамин аст, донистед, қадрдонҳо? Ҳама ба ҳамдигар ҳайрон нигаристанд. Аз миёни онҳо яке ҷуръат пайдо карду гуфт: -Не, падар, ҳеҷ чизро нафаҳмидем. Фаҳмотар гап занед. Мӯйсафед хандид: -Оббо, азаматҳо,-гуфт ӯ,-эҳсос накардед, ҳамсарам ҳар дафъа як хел тарбузро гирифта овард. Дар анбор ҳамагӣ якто тарбуз буд. Ман ба ӯ: «Рав, дигарашро биёр», гуфтам, ҳамсарам зуд ба тарафи анбор
√ ЭЪЛОН
Шартномаи хариду фурӯши манзил бо суроғаи шаҳри Душанбе, гузаргоҳи 8-уми хиёбони Неъмат Қаробоев 12-4, аз 23.05.2004, таҳти рақами 6Д–1854, ки ба шаҳрванд Шокиров Сайвалӣ Мӯминович тааллуқ дорад, бинобар гум шудан бе эътибор дониста шавад. Шиносномаи гумшудаи шаҳрванд Қурбонов Ҳусайн Саидшоевич, ки ШКД ноҳияи Восеъ соли 2008 бо силсилаи А ва рақами 4718865 додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонӣ таҳти рақами 385/06, ки онро Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ соли 2006 ба Абдулҳай Абдуллоев додааст, бинобар гум шудан беэътибор дониста шавад. Дафтарчаи меҳнатӣ бо силсилаи ОТ–1, рақами 0467836, ки онро хоҷагии ба номи Калинини ноҳияи Ҳисор (ҳоло шаҳри Ҳисор) соли 1980 ба Ҷумаев Уроқалӣ Ёрматович додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
√ ТАЪЗИЯ
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстону рафиқон, шогирдон, аҳли эҷоди рӯзнома ба муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, собиқ раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майор Латифзода Асрор Қурбон нисбати даргузашти МОДАРАШ изҳори ҳамдардӣ менамоянд.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
шитобид. Ҳамон тарбузро гаштаю баргашта овард. Ягон маротиба: «Эй инсон, ақлатонро хӯрдаед-мӣ?! Ҳамагӣ якто тарбуз ҳаст, чаро маро сарсон менамоед», гуфта норозӣ нашуд. Маро дар назди шумоён ба ҳолати ногувор нагузошт. Барои то ин вақт солиму бардам ва кушодадил шуда гаштанам аз ҳамсарам қарздорам. Мо ҳамдигарамонро дар ҳузури дигарҳо ҳеҷ гоҳ дар ҳолати душвор намегузорем. Ҳеҷ як сухани оиларо ба берун намебарорем. Доим ба ҳамдигарамон ёрӣ расонда, дардамонро ба якдигар гуфта, якҷоя ҳал менамоем. Дар ҳамагуна ҳолати неку бад бо ҳам мешавем. Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
Зодрӯз муборак! Шаҳнозаҷони азиз! Туро бо зодрӯзат (29 апрел) табрику таҳният гуфта, бароят хӯшиҳои рӯзгорро таманно дорем. Бигузор дар зиндагӣ доимо сарбаланд бошӣ! Бо орзуҳои нек волидонат Тилло Нуров ва Акбарой Саидова, апаат Ситора, бародаронат Шарифҷон, Ҷаҳонгиру Басирҷон.
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4137 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»