javononi tojikiston/#17/2015

Page 1

Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо

№17 (9391), 30 апрели соли 2015

e-mail: javonontj@mail.ru

Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РУШДИ МАҲАЛ

ҲАФТ РӮЗ 23.04.2015 Масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, дар масъалаҳои ақди никоҳи хешутаборӣ, пешгирии дастзании ноболиғону ҷавонон ба ҷинояткорӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ғайра мулоқот карданд. 24.03.2015 Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса доир гашт, ки дар баробари дигар соҳаҳо доир ба имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ маърӯза пешниҳод шуд. 25.04.2015 Дар иртибот ба вафоти Иззатулло Ҳаёев Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони шодравон изҳории ҳамдардии амиқ намуд. 26.04.2015 Мусобиқаи кушод байни дӯстдорони теннис барои дарёфти Ҷоми пойтахт, бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Ҷомро Ҷамолиддин Убайдуллоев, сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии ВКХ ба даст овард. 27.04.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал Рам Баран Ядав дар робита ба заминларзаи 25-26 апрел, ки дар натиҷа бештар аз 4000 кас ҳалок шуданд, барқияи тасаллият ирсол намуд.

Оғози сохтмони се коргоҳи азим дар Данғара 2 Саҳифаи

28.04.2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи донишҷӯёнеро, ки аз амали террористӣ дар мактаби низомии Пешовари Покистон осеб дида буданд, барои барқарор кардани солимии ҷисмониву равонӣ ба Тоҷикистон даъват кард. 29.04.2015 Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои онро ба тасвиб расонданд.

БА ИФТИХОРИ 70-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №17 (9391), 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

Саҳифаи

8-91


РУШДИ МАҲАЛ

Дар деҳаи Фалҳободи ноҳияи Темурмалик Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи пули 108-метраи мошингузар, ҳамзамон, роҳи навсозишудаи Данғара-Кангуртро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Тавре аён гардид, роҳи мошингарди Данғара-Кангурт, ки масофааш 27 километр аст, бо сифати баланд навсозӣ шуда, дар ҳолати нигоҳубини дуруст солҳои зиёд ба мардуми ин минтақа хизмат хоҳад кард. Ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию ноҳиявӣ дастур дода шуд, ки барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ баҳри навсозии роҳи 26-километраи мошингарди Кангурт – Балҷувон ва роҳи 32-километраи Кангурт - Темурмалик - деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ чораҳо андешанд. Дар деҳаи Кангурти ноҳия бо иштироки Сарвари давлат нахуст бинои сеошёнаи маркази таълимӣ ва хизматрасонии “Меҳри Модар” ба истифода дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкор Анвар Қурбонов бунёд ёфтааст. Марказ аз таълимгоҳи калонсолон бо синфхонаҳо барои омӯзиши барномаҳои муосири компютерӣ, забономӯзӣ, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ иборат аст. Дар коргоҳи дӯзандагӣ асосан дӯхти либоси мактабию корӣ ва либосҳои занона ба роҳ монда мешавад. Корҳои таълимию ҳунаромӯзӣ дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии технологии Тоҷикистон ва Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Зимни боздид аз намоиши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, зикр гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, эҳёву рушди фарҳанги миллӣ ва афзун шудани шумораи сайёҳони хориҷӣ солҳои охир талабот ба маҳсулоти ин ҳунарҳои воло зиёд шудааст. Аз ин хотир, бо дастуру раҳнамоии Сарвари давлат соҳибкорони завқманд ҳам рӯй ба ин амали сердаромад оварда, занону духтарони ҳунармандро бо кор ва маоши хуб таъмин менамоянд. Дар паҳлӯи маркази таълимӣ ва хизматрасонӣ бинои дуошёнаи чойхонаи зебои миллӣ ва тарабхона ифтитоҳ ёфт, ки ҳар ду дорои қариб 300 ҷойи нишаст мебошанд. Ин бино ҳам аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд ёфтааст. Дар ин бино 30 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Дар толори тарабхона хатнасури дастҷамъонаи 100 писарча ва тӯйи хонадоршавии 6 ҷуфти ҷавон аз хонаводаҳои ниёзманд ороста шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як писарча бозичаю ширинӣ ва ба ҳар ҷуфти навхонадорон туҳфаҳои хотиравию асбоби рӯзгор, ба мисли телевизору яхдон, гилем ва кортҳои бонкӣ бо маблағи муайяни пасандоз ҳадя намуд. Дар ҳамин мавзеъ бо иштироки Сарвари давлат сохтмони як бинои 6-ошёнаи истиқоматӣ оғоз шуд, ки дорои қариб 50 хона хоҳад буд ва қисме аз онҳо чун

2

Оғози сохтмони се коргоҳи азим дар Данғара 23-24 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, инчунин, бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияҳои Темурмалик ва Данғараи вилояти Хатлон қарор дошт.

манзили хизматӣ ба кормандони корхонаю муассисаҳои бунёднамудаи соҳибкор Анвар Қурбонов дода мешавад. Бо дархости занону духтарони Кангурт Сарвари давлат ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дастур дод, ки дар ин ҷо давоми 2 соли оянда Коллеҷи тиббӣ созанд. Дар баробари ин, сохтмони осоишгоҳ барои табобати 100 нафар дар як вақт бо лойи машҳури ноҳияи Темурмалик, бунёди боз як маркази хизматрасонӣ, маркази таъминот ва таъмири техникаи кишоварзӣ, корхонаҳои мебелсозӣ, коркарди пӯст ва тавлиди пойафзол, коркарди гиёҳҳои шифобахш, бинои маъмурии “Тоҷиксодиротбонк” ва дигар коргоҳҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкорон идома дорад. Президенти кишвар дар мактаб-интернати Кангурт нахуст бинои нави хобгоҳи мактаббачагонро, ки дорои 100 кати хоб аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар ин ҷо тамоми шароити зарурӣ барои будубоши шабонарӯзӣ, дарстайёркунӣ ва истироҳату фароғат муҳайё гардидааст. Сарвари давлат ба муҳассилини мактаб-интернат, ки аксаран ятиму бепарасторанд, планшет, сару либоси мактабӣ ва дигар туҳфаҳо ҳадя намуд. Ҳамчунин, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои замонавии таълимии мактабинтернати Кангурт оғоз бахшида шуд, ки бо 10 синфхона барои

500 нафар хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик мулоқот кард. Дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ки дар деҳоти Лоҳур қарор дорад, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони се корхонаи азими саноатӣ оғоз бахшида шуд. Корхонаҳо (корхонаҳои истеҳсоли семент, шиша ва сафол (кафел)) бо харҷи беш аз 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ сармояи муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Чин бунёд меёбанд. Корхонаи семент дорои иқтидори солонаи 1 миллиону 600 ҳазор тонна, корхонаи сафол 3 миллион метри мураббаъ ва корхонаи шиша наздики 2 миллион тонна маҳсулот мебошанд. Чунин иқтидори истеҳсолӣ, хусусан, дар бахши тавлиди семент, бо назардошти имконоти дигар корхонаҳои ин соҳа, имкон медиҳад, ки Тоҷикистон аз воридкунанда ба содиркунандаи ин маҳсулот табдил ёбад. Ҳар се корхона давоми 1,5 соли оянда ба кор шуруъ хоҳанд кард. Минтақаи озоди иқтисодии Данғара соли 2009 дар масоҳати 521 гектар замини мавзеи беканори Лоҳур таъсис ёфтааст. Мавқеи ҷуғрофии минтақа барои тавсиа додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бисёр мувофиқ аст, чунки он дар паҳлуи роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва

роҳи оҳан ҷойгир шудааст. Ҳоло дар ҳудуди ин минтақа сохтмони корхонаҳои коркарди нафт бо маблағгузории 3,5 миллиард сомонӣ, конструксияҳои металлӣ бо сармоягузории беш аз 125 миллион сомонӣ ва коркарди намак бо маблағи 12,5 миллион сомонӣ оғоз шуда, бомаром идома дорад. Дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони вилояти Хатлон мулоқот намуда, бо ёдоварӣ аз имконоти фарохи вилояти Хатлон барои боз ҳам зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ аз мардуми заҳматнописанди он ва хусусан соҳибкорони бонангу номус даъват кард, ки дар истифодаи босамару оқилона аз замин ва оби фаровон, афзун намудани истеҳсоли меваю сабзавоти содиротӣ, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ фаъол бошанд. Изҳори бовар карда шуд, ки мардуми созандаву бунёдкори вилояти Хатлон, аз ҷумла, сокинони ноҳияи Данғара дар таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ минбаъд низ саҳми намоён ва арзандаи таҳсин мегузоранд. Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз яке аз қисмҳои ҳарбии танкии Вазорати мудофиа воқеъ дар ноҳияи Данғара дидан карда, бо ҳолати омодагии доимии ҷангии ҳайати шахсии он

шинос шуд. Дар ҳудуди қисми низомӣ Сарвари давлат нахуст бо шароити вобаста ба будубоши доимии ҳайати шахсӣ ошно гардида, ба масъулин барои боз ҳам беҳтар намудани корҳо супоришҳои мушаххас дод. Ба хонаи махсус, ки барои истиқомати муваққатии сарбозони оиладор бо зану фарзандонашон пешбинӣ шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид, зеро чунин манзилҳо бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар тамоми қисмҳои низомӣ бунёд меёбанд. Сарбози оиладор метавонад завҷаашро даъват карда, муддати муайян дар ҳамон ҷо ҳамроҳ зиндагӣ кунад. Президенти кишвар ғайр аз ин дастур дод, ки сарбозони оиладорро ҳар се-чор моҳ ба муддати 10 рӯз рухсатӣ диҳанд. Аён гардид, ки дар ин қисми ҳарбӣ барои гузарондани машғулиятҳои ҳарӯзаи низомӣ синфхонаҳои муҷаҳҳаз ва ҳам таълимгоҳҳои тобистона дар зери айвонҳо омода шудаанд, ки бо талаботи иқлими маҳал мутобиқ мебошанд. Президенти кишвар дар назди ҳайати шахсӣ суханронӣ намуда, ба ташкили босифати машқу машғулиятҳои ҳарбӣ ва баланд бардоштани омодагии доимии ҷангии қисмҳои низомӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Чунонки таъкид гардид, вазъи ноустувори ҳарбию сиёсӣ дар кишварҳои зиёди мусулмонӣ, аз ҷумла, дар Афғонистони ҳамсоя ва фаъол гардидани нерӯҳои гуногуни террористию ифротгаро аз тамоми воҳидҳои низомӣ, дигар сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот омодагии қавии доимӣ, ҳушёрию зиракӣ ва тақвияти ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистонро тақозо мекунад. Пас аз тамошои гузашти низомӣ ва қадамзании мутантани роҳбарият ва ҳайати шахсии қисми низомӣ Сарвари давлат бо омодагии афсарону сарбозон ва техникаи вазнини ҷангӣ ҳангоми эълони бонги хатар бевосита шинос шуд. Чунонки аён гардид, ин қисми ҳарбии танкӣ дорои шумораи зиёди танку дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ буда, ҳамаи он дар ҳолати хуби омодагӣ қарор доранд. Маҳорату малакаи ҳарбии ҳайати шахсӣ бо истифода аз техникаи ҷангии зиреҳпӯш пайваста зимни машғулиятҳои рӯзмарра ва машқҳои низомӣ дар машқгоҳҳои васеи ҳарбӣ сайқал дода мешавад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №17 (9391), 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


ПУРСИШ Сорбон ПАЙШАНБИЕВ, мудири шуъбаи хизматрасонӣ дар хона, ноҳияи Ишкошим: - Чуноне аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ дорем, айни ҳол 200 нафар ҷавони тоҷик дар Сурия меҷанганд. Ман чунин мепиндорам, ки ин ҷавонон аз неку бади дунё хуб огоҳ нестанду ҷаҳони маънавиашон хеле хароб аст. Асен МУБОРАКҚАДАМОВ, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев: - Мо - ҷавонон бояд аз ҳодисаҳои пурфоҷиаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар хулосаи даркорӣ барорему нагузорем, ки хунрезию бесарусомониҳо бори дигар такрор ёбанд. Гулбегим МУБОРАКШОЕВА, соҳибкор аз маркази ноҳияи Рӯшон: - Ман чанд сол боз ба тиҷорат машғулам. Ба ин васила рӯзгорамро пеш мебарам. Аз чизе гила надорам. Ҳайронам, ки чаро баъзе ҷавонони мо бо роҳи хато мераванду ба гуруҳҳои ифротӣ мепайванданд. Аз нигоҳи ман ин ҷавонон аз ҷаҳони ислом ва фарҳанги бойи он огоҳ нестанд. Онҳо худхоҳанд. Нангу номуси миллиро аз даст додаанд. Р. АБДУЛЛОЕВ, сармутахассиси Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров: - Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гуруҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст. Гуруҳҳои террористӣ бо ҳаракатҳои мудҳиши худ дар вуҷуди ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳму тарсро бедор намуда, бо ин роҳ заминае барои амалӣ намудани ҳадафҳояшон муҳайё карда истодаанд. Аммо бояд таъкид намуд, ҳадафе, ки дар паяш ғаризаҳои ғайриинсонӣ истодааст, ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд. Зеро дар ҳастии башарият ва зиндагии воқеии инсонӣ ахлоқ аз ҳар чизи дигар муҳиму асосӣ ба ҳисоб меравад ва дар ин маврид метавон ишораҳоеро дар «Қуръон»-и шариф дид. Аз ҷавонон даъват ба амал меоварем, ки нисбат ба ин гуна амалҳо бетараф набошанд ва кӯшиш намоянд, ки пешқадами ҷомеа дар ҷодаи нигоҳ доштани ахлоқу одоб ва ба даст овардани ҳушёриву зиракии сиёсӣ бошанд. Эҳсон НАВРӮЗОВ, ҷонишини мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров:

то лаҳзаҳои охири умр ба мардуми худ хидмат кунад. Гулҷаҳон ЮЛДОШЕВА, мудири бахши кор бо ҷавонони Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи А. Нурматови шаҳри Хуҷанд: - Омилҳои гуногуне барои шомил шудани ҷавонон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо мавҷуд аст. Пеш аз ҳама, ба назар мерасад, ки таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба гароиши ин гурӯҳи ҷавонон афзуда истодааст. Аксари ҷавонон аз роҳи муҳоҷират ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун гаравида истодаанд. Аз ин рӯ, дар навбати аввал зарур аст, ки корҳои ташвиқотӣ шуруъ аз кӯдакистонҳо то ба донишгоҳҳо пурзӯр карда шавад. Баланд бар-

Солҳои охир шомил гардидани ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронист. Ин дар ҳолест, ки имрӯз баҳри таҳсилу кор ва истироҳату фароғати ҷавонон тамоми шароит фароҳам аст. “Ҷавонони Тоҷикистон” аз мусоҳибонаш пурсид:

Чаро ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд? - Дар ҳар давру замон гуруҳҳои ифротгаро вуҷуд доштанд. Бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро худи таъриху фарҳанги башарият тасдиқ намудааст. Дини мубини ислом инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозуъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин, терроризм ва ифротгароиро ба ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад. Аксаран ҳаракатҳои ноодилона, рафтору муносибати бераҳмона ва дастгирӣ аз ҷониби абарқудратҳо бар он меоваранд, ки баъзе ҷавонон ба эҳсос дода шуда, ба корҳои ношоиста даст мезананд, ҳатто худкушӣ мекунанд. Гумон мекунанд, ки бо ин роҳ қассос мегиранд. Масъалаи ифротгароии сиёсӣ низ хатари ҷиддӣ дорад, чунки ин амали номатлуб омили аслии истифодаи дин барои манфиатҳои сиёсии гуруҳҳои муайян ба шумор меравад, ки ҷавонон дар ин роҳи шинохт гумроҳ шуда, асли динро

аз таассуб наметавонанд фарқ кунанд. Барои пайдо шудани ифротгароӣ сабаб ва омилҳои муайян вуҷуд доранд, ки мо бояд омӯзем ва рафъ намоем. Бо роҳи зӯрӣ ва бераҳмона бо ифротгароӣ мубориза бурдан хеле мушкил аст. Баракс, рафтори боадолатона ва хирадмона дар омӯзиши сабабҳои ба вуҷуд омадани ифротгароӣ имконият медиҳад, ки чунин ҳодисаҳо пешгирӣ карда шаванд ва бо интихоби роҳи дуруст ҷавонон барои ободии кишвари худ хидмат намоянд. Анӯшервони МУЗАФФАР, корманди студияи таълимии «Фурӯғ»-и шаҳри Хуҷанд: - Имрӯз дар ҷумҳурӣ барои пешбурду равнақи фаъолияти ҷавонон шароити созгор фароҳам бошад ҳам, вале як қисми онҳо ба қадри ин ғамхориҳо нарасида, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳоро манъ кардааст, ҳамроҳ шуда, ҷони худ ва атрофиёнро дар хатар мегузоранд. Ҳар рӯз ба воситаи воситаҳои ахбор мебинем, ки чи қадар ҷавонон ва мардуми осоишта дар Сурияву Ироқ кушта шуда истодаанд. Як гурӯҳ манфиатдорон барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҷавонони бедонишу маълумоти дурусти динӣ надошта истифода мебаранд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, гароиши ҷавонон ба чунин гуруҳҳо сатҳи пасти дониши онҳоро нишон медиҳад. Ба чунин ҷараёнҳои тундгаро гаравида-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №17 (9391), 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

ни ҷавонон баёнгари он аст, ки чунин ҷавонон на дониши сиёсӣ доранд, на дониши динӣ. Нафаре, ки дар ҳадди зарурӣ аз донишҳои диниву дунявӣ ва маърифати ростин огоҳ аст, ҳеҷ вақт бозичаи дасти дигарон нахоҳад шуд. Маълум аст, ки аз нигоҳи дини мубини ислом аз ҳама гуноҳи бадтарин куштани инсонҳои бегуноҳ аст. Ин дар ҳолест ки ин гуруҳҳо асосан даст ба куштори чунин нафарон машғуланд. Мутаассифона, онҳое, ки ба чунин равияҳо мепайванданд, ҳамин нуктаи меҳварии фарҳанги исломиро ба дурустӣ дарк намекунанд, балки бо чунин амалҳояшон ба дини бузурги ҷаҳонӣ иснод меоранд. Аз ин лиҳоз, баробар ба андешидани чораҳои мухталиф ба роҳ мондани тадбирҳо дар самти боло бурдани маърифати динии ҷомеа ва ҷавонон амри муҳим ба шумор меравад. Акобир АБУЛЛОЕВ, донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд: - Сабаби аслии гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, пеш аз ҳама, паст будани маърифати динии онҳо мебошад. Ин гуна ҷавононро бештар ба он ташвиқ мекунанд, ки гуё ҳангоми худро дар байни ҷамъият куштан, ба ҷаннат мераванд. Дар дини мубини ислом худкушӣ гуноҳи азим аст ва Худованд низ мегӯяд нафаре, ки худкушӣ мекунад, ҳеҷ вақт рӯи ҷаннатро намебинад. Шаҳид он нафаре нест, ки мамлакати осударо ба ҷанг табдил диҳад, онест, ки

доштани сатҳи маърифати кӯдакон ва ҷавонон ва ба камол расонидани онҳо чун ҷавонони бомаърифат метавонад заминаҳои гароиши ҷавононро ба чунин гуруҳҳо коҳиш диҳад. Махсусан, ба масъалаи торафт ҷавон шудани синну соли муҳоҷират аҳамияти махсус дода шавад, зеро солҳои охир ба назар мерасад, ки бештари ҷавонон баробари хатми мактаби миёна, бе доштани ягон хел маълумоти касбӣ ба муҳоҷират мераванд ва дар натиҷа, бо пайдо карда натавонистани ҷойи кори мувофиқ қурбони чунин гуруҳҳо мешаванд. Мирҷумъа НУРОВ, омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 13-и ноҳияи Айнӣ: - Хушбахтона, имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон бо қудрат ва нерумандие, ки дорад, барои пешгирии амалҳои ифротии гуруҳҳои террористӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст. Пешгирии чандин маврид аз иҷрои амалҳои терористии чунин гуруҳҳо далели равшани ин қудрат ва тавонмандӣ мебошад, ки ба мардуми кишвар аз таъмин будани амният паём мерасонад. Имрӯз аз тариқи матбуот ва дигар воситаҳои ахбор фаҳмида истодаем, ки сафи онҳое, ки аз кардаи худ пушаймонанд, зиёд мешаванд. Ин баёнгари он аст, ки аксари ҷавонон ноогоҳона ба ин роҳ рафтаанд. Пурсишро омода карданд: Суҳроб КАЁНӢ, Кӯйбек ШАРИФЗОДА, “ҶТ”

3


КИТОБИЁТ

ОЗМУН

“Ман меҷӯям...”

Суханварӣ ҳам ҳунар аст

Ҳунарпешаи маъруфи театру синамои тоҷик - Артисти халқии ИҶШС Ҳошим Гадо чанд сол аст, ки назару андешаҳои худ ба ҳаётро дар ҳафтаномаҳои «Чархи гардун», «Вечерний Душанбе» ва «Дайджест пресс» ба табъ мерасонад. Ин афкору мулоҳизаҳои ҳунарпешаи шинохта дар шакли китоби алоҳида чоп мешаванд.

Ҳафтаи гузашта бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон – «Созандагони Ватан» ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар толори Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон – «Ориёно» даври ҷамбъастии озмуни «Беҳтарин суханвари ҷавони пойтахт» доир гардид.

Чанде пеш нашриёти «Истеъдод» ҷилдҳои 42-43-и китоби ин ҳунарманди боистеъдодро бо забони русӣ чоп кард. Муаллиф дар сарсухани ҷилди 42-и китоб навиштааст: «Ман гоҳо ба худ савол медиҳам, ки кистам? Дар зиндагӣ чиро меҷӯям? Зиндагӣ он қадар мураккаб аст, ки ба ин саволҳо наметавон бо як сухан ҷавоб дод. Ман худро меҷӯям. Ман инсонро дар инсон меҷӯям. Ман ҳамдигарфаҳмиро миёни одамон меҷӯям. Ман ҳақиқатро меҷӯям. Ман решаи некию бадиро меҷӯям. Ман он ниҳоли наврустаи некиро меҷӯям, ки дар вуҷуди ҳар инсон аз рӯзи таваллудаш мавҷуд асту барои рушду такомули он бояд одамон ба ҳамдигар дуруштӣ накунанд. Ман суханеро меҷӯям, ки ба афроди сулҳи ҷаҳон ба онҳо вобаста бирасад. Ман усули таълимии

ҷавононамонро меҷӯям, то насли наврас дар роҳи ҳамвор пешпо нахӯранд ва пешониашонро дар хатоҳое, ки мо содир кардем, захмӣ насозанд. Ман усулҳои тарбияи одамонро меҷӯям, то ки онҳо беҳтар, бофаҳмтар ва шаванд. Ман роҳҳои ба камолот расидани одамро меҷӯям. Ман меҷӯям, ки – мо кистем, аз куҷоему ба куҷо меравем, бо роҳи дуруст меравем, ин роҳи дуруст моро ба Ҳақ мерасонад, ба ҳадафи худ мерасем, оё имкони расидан меёбем?” Муаллиф дар поёни муқаддима ба хонанда пешниҳод намудааст, ки аз ин китоб чизи барои худ фоиданокро интихоб карда, онро дар зиндагӣ амалӣ намояд. Хотимаи навиштаи муаллиф низ хеле олист: «Аз ҳама асосиаш ин ки дар Замини мо сулҳ бошад». Бояд гуфт, ки то ҳол дар

Тоҷикистон теъдоди осори ягон нафар мисли Ҳошим Гадо дар 43 ҷилд ба табъ нарасидааст. Муаллиф ба зиндагӣ бо як фалсафаи хос назар мекунад. Аз ин китобҳои ба тозагӣ нашршуда хонандагон, инчунин, оид ба фаъолияти Ҳошим Гадо, дар саҳнаҳои театру кино, бозиҳои пасипардагии ҳасудон, монеагузориҳо ба фаъолияти соҳа аз ҷониби баъзе масъулон ва ғайра маълумот гирифта метавонанд. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

ОЗМУН

Нигоҳи хонандагон ба проблемаҳои рӯз

Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»

Чанде пеш дар литсейи муштараки тоҷикӣ-туркии иқтисодии шаҳри Душанбе, бо мақсади такмили тафаккури мантиқии хонандагон, бедор намудани шавқу рағбати онҳо ба навиштани рефератҳои илмӣ, гузаронидани тадқиқоти илмӣ, зинаҳои аввали ихтироъкорӣ, татбиқи донишҳои назариявӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёт, татбиқи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илм дар пешрафту тараққии соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, экологӣ ва дигар соҳаҳо шашумин озмуни лоиҳаҳои илмӣ ва ихтироъкорӣ баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи он мудири кулли литсейинтернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ Абдусаттор Наҷмиддинов, аз ҷумла, қайд намуд, ки мудирият дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати такони ҷиддӣ бахшидан ба фаъолияти инноватсионии соҳаҳои илму маорифи кишвар талоши пайгиронаро барои бо донишҳои замонавӣ фаро гирифтани насли наврас ба роҳ мондааст, ки баргузории озмун намунае аз он аст. Муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев иброз дошт, ки маориф самти муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон аст, ки сол аз сол афзоиш ёфтани маблағгузории соҳа гувоҳи ин мебошад. Ӯ аз баргузории чунин озмунҳо истиқбол карда, таъкид намуд, ки баргузории онҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешавад. Дар озмун 68 лоиҳа аз рӯи бахшҳои ихтироот (22 лоиҳа), илм (27 лоиҳа) ва компютер (19 лоиҳа) пешниҳод гардид, ки аз ҷониби 134 нафар хонанда аз мактаби байналмилалӣ ва литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, литсейҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ, литсейҳои президентӣ, хонандагони

4

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳор намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо имкон медиҳанд, истеъдодҳои нав дар ҳар ҷода кашф шаванд. Аз ҷумла, дар ҷодаи сухан гуфтан ва наттоқӣ. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки то даври ниҳоӣ ду озмуни дигар сурат гирифт ва дар онҳо беш аз 70 нафар донишҷӯи макотиби олии пойтахт ширкат варзиданд. Ҳамин тавр, пас аз ҷамъбасти ду даври аввал беҳтаринҳо, яъне, 12 нафар дар даври ниҳоӣ иштирок намуданд. - Суханвар кист ва маънои волои сухан чист?, – иброз дошт раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ. –Дар замони муосир дар арсаи ҷаҳонӣ манфиатҳои ҳар миллат аз тариқи намояндаҳояш, суханварони номдору нотакрор ба воситаи баёни воло ҳимоя мегардад. Беҳтарин сурудаҳо, беҳтарин гуфтаҳо, ки манфиатҳои миллиро ҳимоя мекунанд, бо сухан ифода мегарданд. Ҷавононе, ки маҳорати худро дар ин ҷода нишон медиҳанд, шояд оянда наттоқу суханварони номдор шаванд. Аз рӯйи ҷамъбаст ҷойи якумро ҳакамон ба донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аслиддин Хушвахтов муносиб донистанд. Ӯ дар қироати порчаи насрӣ нисбат ба дигарон маҳорати хуби суханварӣ нишон дода тавонист. Ду ҷойи дуюм ба Фарзон Машарифов ва Гулизор Пирова, ду ҷойи сеюм ба Марҷона Орифова ва Аҳмадхӯҷа Давлатов лоиқ дониста шуд. Ба ғолибон диплом, мукофоти пулию молӣ тақдим гардид.

болаёқат ва гимназияи “Ворисон”-и шаҳри Турсунзода пешниҳод гардида буданд. Ихтирооти хонандагон дар робита ба бартараф намудани мушкилоти рӯзгор, чун усули нави ҳифзи энергия, санҷиши энергияи истифодашаванда, нигаҳдории муътадилии ҳарорат дар хона тавассути коркарди парда ва қолинҳои гармидиҳанда, шинос намудани истеъмолгарон бо таркиби маҳсулоти ғизоӣ, табақчаҳои ба қисмҳо ҷудошаванда, роҳҳои истеҳсоли нуриҳои табиии аз нигоҳи нерӯ баробар ба нуриҳои химиявӣ, биогаз ҷолиби диққат буд. Лоиҳаҳои толибилмон доир ба роҳҳои осонтарини тоза кардани об, сарфакорона истифода бурдани он, пешниҳодҳои ҷолиб доир ба обёрии автоматӣ, насби таҷҳизоти муайянкунандаи минаи зеризаминӣ ба автомашинаҳо мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт. Вобаста ба “Соли оила” дар бахши компютер таҳия намудани филмҳои тарбиявӣ, истеҳсоли бозиҳои компютерии дорои саҳнаҳои мантиқӣ ва тарбиявӣ нишони сатҳи баланди маълумотнокӣ ва таҳаммулпазириву зинаи аввали омодагии наврасон ба зиндагии солими оилавӣ буд. Хушдил РАҲИМҶОНОВ

МУЖДАИ НЕК

Таъсиси осорхонаи «Халқ овозӣ» Ҳафтаи гузашта нашрияи «Халқ овозӣ» дар пешдолони идора бо ҳузури меҳмонон аз васоити ахбори омма осорхонаи худро боз кард. Дар маросими ифтитоҳи он Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ лентаи рамзиро бурида, иқдоми нашрияро фоли нек шумурд. Ёқубҷон Исмоилов, директори маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» ва сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Муҳаммад Ғоиб низ ташаббуси сармуҳаррири «Халқ овозӣ» Ёқубҷон Абдуманноновро қобили қабул донистанд. Аз ҷумла, Муҳаммад Ғоиб таъкид дошт, ки ҳамин гуна як осорхонаро рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ дар идора боз хоҳад намуд. Меҳмонон ҳини тамошои осорхона ба гӯшаҳои «Ифтихори мо - собиқ сармуҳаррири рӯзнома, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров», «Сармуҳаррирони мо», «Собиқадорони рӯзнома» ва амсоли инҳо бештар мароқ зоҳир намуданд. Нишону ифтихорномаҳои зиёд, ки нашрия дар тӯли фаъолияташ қадрдонӣ шудааст, як гӯшаи осорхонаро зинат бахшидаанд. «Халқ овозӣ» аз соли 1921 бо номи «Қизил Тожикистони» нашр шуда, то кунун ду дафъа табдили ном намудааст. Р. НАЗИР

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №17 (9391), 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


ҶАВОНОНИ ҶАҲОН Бенҷамин Алан Квечен 28-сола буда, зодаи шаҳри Лос-Анҷелоси Амрикост. Вай дар оилаи лаҳистонитабор ба дунё омада, бобоёнаш тахминан 150 сол пеш аз Аврупо ба Амрико ҳиҷрат намуда буданд. 3 сол дар Донишгоҳи давлатии Калифорния забони форсиро омӯхт. Беш аз як сол аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ дорад. Суҳбати ман бо Бенҷамин дар атрофи манзалати забони форсии тоҷикӣ ва таассуроти ӯ аз кишвари мо сурат гирифт: - Бенҷамин, дар шаҳре, ки ба воя расидед, мардуми мухталиф бо забону фарҳанги гуногун сукунат доранд. Вале чаро маҳз забони форсӣ шуморо ба худ моил сохт? - Дуруст қайд кардед. Дар Калифорния забонҳои гуногун омӯзонда мешаванд. Ман низ ба забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус доштам. Рӯзе гуфтугӯи мардуми эрониро шунидам ва шеваи онҳо бароям хеле писанд афтод. Сипас, тавассути интернет дар

Бенҷамин КВЕЧЕН:

“Тоҷикистон кишвари беназир аст”

бораи забони форсӣ маълумот ёфта, пайваста мехондаму дониши худро роҷеъ ба ин забону фарҳанги бузург ғанӣ мекардам. Фаҳмидам, ки забони форсӣ бо забонҳои ҳиндӣ ва урду наздикӣ дорад ва ҳатто дар Ҳиндустон замоне форсӣ забони расмӣ буд. Ба худомӯзӣ низ машғул шудам, албатта, худомӯзӣ низ дар самти омӯзиши забон хуб аст, аммо агар муаллим ва китоб дошта бошӣ, боз ҳам беҳтар. Ҳамин тариқ, як муаллими исфаҳониро пайдо на-

мудам, ки ба ман дарс медод. - Омӯзиши забони форсӣ ба зиндагии Шумо чӣ ворид сохт ва чаро маҳз аз байни кишварҳои форсизабон Тоҷикистонро интихоб намудед? Он бароям василаи беҳтарине буд, ки бо яке аз фарҳанг ва забонҳои мутамаддини олам шинос шавам. Вақте дар Амрико будам, яке аз дӯстонам маслиҳат дод, ки чун ман ҳам ҳуруфи форсӣ ва ҳам ҳуруфи си-

рилликро меомӯзам барои ман беҳтарин кишвар Тоҷикистон аст. Ҳамсари ман низ тоҷик мебошад. Айни замон дар баробари зиндагӣ дар Тоҷикистон ба наврасону ҷавонони тоҷик дарси англисӣ медиҳам. Аз нигоҳи Шумо Тоҷикистон чӣ кишварест? - Тоҷкистон кишвари беназир аст. Зеро табиати кӯҳсор ва махсусиятҳои хосе дорад, ки дар кишварҳои дигари олам нест. Душанбе шаҳри сабз ва сердарахт буда, хусусан, баҳорон ба кас ҳаловат мебахшад. Дар Хуҷанд ва Кӯлоб низ будам. Аз дидани Наврӯзи Хуҷанд ва анъанаҳои миллӣ як ҷаҳон ҳаловат бардоштам. Аз нигоҳи ман Хуҷанд зеботарин шаҳри Тоҷикистон аст. Дар маҷмӯъ, мардуми тоҷик мардуми фарҳангӣ ва нексиришт мебошанд. Хостам забони помириро низ омӯзам, аммо он бароям душворӣ кард. Аз таомҳо мантуи тоҷикӣ бештар бароям хуш омад. Мусиқии тоҷикӣ низ дилпазир аст. Аз байни сарояндаҳо Нигина

Амонқуловаро меписандам. Ба назари ман дар байни сарояндаҳои форсихон ӯ беҳтарин сароянда мебошад. Мехоҳам ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла, Бадахшон ва Панҷакент сафар намоям. - Дар баробари ин, омилҳое низ ҳастанд, ки дар кишвари мо бароятон хушоянд набуд? - Баъзан аз дидани мардуми тоҷик, ки нисбат ба забони модарии худ эҳтиром надоранд, ростӣ, нороҳат мешавам. Ба Туркия ё кишварҳои Аврупоӣ агар сафар намоед, ҳамеша забони модарии хешро дар мадди аввал мегузоранд. Эҳсос мекунам, ки бархе аз мардуми маҳаллӣ инҷо бо хориҷиён бештар майл доранд, ки бо забони русӣ суҳбат намоянд. Масалан, ман амрикоӣ ҳастам ва аз забони тоҷикӣ ифтихор дорам ва мехостам ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ низ аз забони худ ифтихор намоянд ва ба қадри он расанд. Насрулло ТӮЙЧИЗОДА

НИГАРОНӢ

Воқеаву ҳодисаҳои охир аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ баамаломада ниҳоят талху аламовар аст. Оқибати бадкирдорию қатлу кушторҳо ҳамаро нигарон кардааст. Таъсири аъмоли ношоиста, дарду алами талафоти ҷонҳои ҷавон дар лавҳи хотири ҳазорҳо нафар абадӣ боқӣ хоҳанд монд. Кирдори мудҳишу ғамнок, ғамбору пурпеч ва фоҷиаангези ҷавонони тоҷик нигаронкунанда мебошад. Дар дохили созмонҳои иртиҷоии исломӣ фарқ байни инсону ҳайвон сутуда шудааст. Кас намедонад ба киву чӣ бовар кунад. Ба чунин воқеаҳо нигаристан ва дар бораи он чизе гуфтан хеле гарон аст. Дар баробари ин, ҳадди аксар ва ҳадди имконпазир инсон ба рафтори инсони ҳайвонсифат бетараф буда наметавонад. Бадбахтиҳои зиёдеро гуруҳу қувваҳои ифротгарову террористӣ ба сари мардум меоваранд, махсусан, ба сари ҷавонон. Онҳоро бо роҳҳои гуногун мефиребанд. Вақтҳои охир аъзои «Давлати исломӣ» ба фиреби ҷавондухтарон тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ пардохтаанд. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҷавонон ба насиҳати якдигар машғул шудаанд, ки ҷавонони дигар аҳкоми шаръиро иҷро намоянд. Инчунин, аз азобу машаққати дузах ва роҳати биҳишт ёдоварӣ ме-

Ваъдаи “биҳишт” Авомили гумроҳкунандаи ҷавонон ба сӯи «Давлати исломӣ»

кунанд, то ҷавони дигареро гумроҳ карда, сӯи «Давлати исломӣ» ҷалб созанд. Онҳо талош мекунанд, бо роҳи фиреб ҷавононро барои пайвастан ба «Давлати исломӣ» розӣ кунанд. Масалан, як духтари ҷавони тоҷик, ки бо иқрори худаш дар расонаҳои иттилоотӣ Нигина ном мебарандаш, мегӯяд, дар пайи як шиносоӣ аз тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ даъвати ҷиддӣ барои рафтан ба Сурия ва «Давлати исломӣ»-ро гирифтааст. Ҳоло ҷавонони Тоҷикистон аз шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд истифода

мекунанд. Нигина мегӯяд, аксари онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ба ин гуруҳҳо ҷалб мекунанд, агарчӣ равоншиносони ҳирфаӣ нестанд, аммо аксарият дар ин кор таҷрибадоранд. Онҳо ғолибан духтарони хеле ҷавонро ба худ моил мекунанд ва орзуҳои одиву самимии онҳо, мисли бунёди оилае бар пояи ишқу муҳаббат ва хушбахт шуданро барои пиёда кардани ҳадафҳои худ истифода мебаранд. Мисли Нигина дигар ҷавондухтарон низ ҳастанд. Чанде

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №17 (9391), 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

пеш мақомот аз боз гардонидани як духтаре бо номи Шаҳноза Бозорзода аз роҳи сафар ба Сурия хабар доданд, ки вай ҳам таҳти таъсири ҷавоне дар сомонаҳои иҷтимоӣ, ба вижа «Вайбер» шинос шуда, ба ин роҳ рафтааст. Боз як духтари дигар дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон, ки шартан Манзура ном бурда мешавад, дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо ҷавоне шинос шуда, ки барояш суханҳои хуб навишта, ӯро ба Сурия даъват кардааст. Ҷавони фиребгар ба Манзура маконашро зери ибораи «кишвари

хориҷии биҳиштмонанд» шиносонида, дар аввал номи ин кишварро пинҳон медорад. Дар ниҳоят ошкор мегардад, ки ҷавони фиребгар дар Сурия машғули «ҷиҳод» асту ҷавондухтарро ҳам назди худ даъват мекунад. Дар баробари ҷалби ҷавонон тавассути сомонаҳо, инчунин, ҳастанд ҷавононе, ки аз иштирок дар муқовиматҳои «Давлати исломӣ» пушаймон шудаанд ва ҷавононро аз ин роҳ боз доштанӣ мешаванд. Аз ин рӯ, даъват мекунанд, ки беҳтар аст барои волидону хонаводаи худ хизмат кунанд. Аксаран ҷавонони фиребхӯрда, ки дигар роҳи бозгашт надоранд ва дар баробари ин, намехоҳанд каси дигаре мисли онҳо ба ин дом биафтад, кӯшиши сари вақт аз роҳ гардонидани онҳоро мекунанд. Дар ин ҷо, ба хулосае расидан мумкин аст, ки яке аз роҳҳои фиреб ва ҷалби ҷавонон ба сафҳои «Давлати исломӣ» истифодаи сомонаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ҷавонписарон ва ҷавондухтарони зиёди тоҷик ба чунин дурӯғу бофтаҳо бовар карда, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Ҷавонон бояд ҳангоми муошират дар сомонаҳои иҷтимоӣ бодиққату эҳтиёткор бошанд ва тавонанд сари вақт аз хатар огоҳ шаванду дигаронро низ огоҳ намоянд, то ба гирдоби хатар наафтанд. Рустам РАҲИМОВ

5


НУҚТАИ НАЗАР

Имрӯз иддае бонги изтироб мезананд, ки миёни ҷавонон таваҷҷуҳ ба дин зиёд шудааст. Аммо тавре ба мушоҳида мерасад, таваҷҷуҳ на ба асли дини мубини ислом, балки ба хурофот ва риёкорӣ бештар аст. Зеро агар таваҷҷуҳ ба асли дин афзояд, натиҷаи он дар ахлоқи кас зоҳир мешавад. Яъне, дараҷаи диндории шахсро аз рӯи ахлоқ муайян мекунанд. Баъзан ҷавононеро дучор меоем, ки риш монда, гӯё мазҳабӣ шудаанд, вале аз забонашон дашном канда нест. Ана, ҳамин худнамоӣ ва зоҳирпарастиро риёкорӣ меноманд. Чунончӣ, орифе фармудааст: Ба замин чу саҷда кардам, зи замин садо баромад, Ки «маро ҳаром кардӣ, ту ба саҷдаи риёӣ». Доктор Ҳомид Аҳмади Тоҳир дар китоби «Насиҳатҳои Пайғамбар (с) ба ҷавонон» чунин фармудааст: “Қабл аз ислом мардум дини Худоро ба фаромӯш супурда, ибодати Ӯро тарк намуда буданд. Ба муҷассамаҳо (бутҳо)-и аз сангу чӯб сохташуда ибодат мекарданд, ки ҳеҷ фоидае ба онҳо намерасонд. Қудратманд ҳаққи заифро мехӯрд, сарватмандон ба фақирон зулм мекарданд, ҳамсоя ба ҳамсоя бадӣ менамуд. Дастҳо барои дуздӣ ба сӯи моли дигарон дароз мешуд. Машруботи масткунанда ошкоро масраф мегашт. Забон ба дурӯғ одат карда буд ва гувоҳии дурӯғ медод. Амволи ятимони бесарпараст тавассути хешовандон ба дуздӣ мерафт ва худи

Ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест! Худнамоӣ ва зоҳирпарастӣ риёкорист ятимон низ мавриди таҳқир қарор мегирифтанд. Фарёди духтарони хурдсол, ки мехостанд касе пайдо шавад, ки онҳоро аз дасти падарони ситамгарашон, ки онҳоро зиндабагӯр мекарданд, ба осмон баланд мешуд. Дар чунин ҳол Худованд ба ҳазрати Муҳаммад (с) тавассути Ҷабриили Амин оятҳои аввали сураи «Иқраъ» («Бихон!»)ро нозил кард. Яъне, ислом аз оғоз ба хондану омӯхтан даъват намудааст”. Имрӯз иддае аз ҷавонони кишвар, ки заминаи илму дониш надоранд, фирефтаи таблиғи салафиҳои такфирӣ гашта, ба Ироқу Сурия ва Афғонистон мераванд. Гӯё онҳо он ҷо ҷиҳод мекарда бошанд. Агар онҳо тибқи ояти зикршуда ва ҳадисҳои сершумори Расули Худо (с) фарз будани илмро дарк намуда, баҳри донишандӯзӣ кӯшиш мекарданд, ҳеҷ гоҳ «ҷиҳод»-ро одамкушӣ, хароб кардани шаҳру деҳот, коштани тухми ваҳшату тарс намефаҳмиданд. Дарк мекарданд, ки дин ахлоқи некӯ доштан аст. Чунончӣ, ҳазрати Муҳаммад (с) ҳадафи рисолати худро чунин баён кардаанд: «Ман аз сӯи Худованд барои он фиристода шудаам, ки таълими ахлоқи хуб

бидиҳам ва онро ба ҳадди волои худ бирасонам». Шахсе аз он ҳазрат пурсид: - Кадом сифатҳо инсонро ба биҳишт ворид мекунанд? Расули Худо (с) фармуданд: - Тарс аз Худованд ва ахлоқи накӯ (инсонро ба биҳишт мебарад). Касе аз Худованд битарсад, ҳеҷ гоҳ даст ба дуздию ғоратгарӣ, зинокорӣ ва қатл намезанад. Имрӯз аз расонаҳои хабарӣ огоҳ мешавем, ки ҷангиёни ДИИШ ҳамаи ин гуноҳони кабираро содир мекардаанд. Пас, куҷои ин ислом аст? Мутаассифона, ҷавонони гумроҳ танҳо «ҷиҳод»-ро асос гирифта, ба ин тундравҳо ҳамроҳ мешаванду фикр намекунанд, ки рафтори ҳамсангаронашон хилофи фармудаҳои Худованд ва Расули Ӯянд. Дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: «Ҳеҷ гуноҳе дар назди Худованд бадтар аз ахлоқи бад нест». Ҳамчунин, дар ҷои дигар фармудаанд: «Касе дорои ахлоқи бад бошад, ба биҳишт нахоҳад рафт». Мисоли дигари рафтори ғайримусулмонии ҷангиёни ДИИШ нисбат ба пайравони дигар дину

МАҶАЛЛАИ НАВ

мазҳабҳо ваҳшонияти гӯшношунид зоҳир кардани онҳост. Онҳо ҳазорон нафар курдҳои эзадӣ, насрониён ва шиамазҳабонро қатлу таҷовуз карда, овораю сарсон намудаанд. Ҳол он ки яҳуду насрониён дар ҳама давру замон аз ҳимояи мусулмонон бархӯрдор буданд. Агар мусулмонон бо онҳо мисли салафиҳои такфирӣ муносибат мекарданд, тайи 1400 сол дар Сурияву Ироқ ягон ғайримусулмон боқӣ намемонд. Аммо аз таърих аён аст, ки ҳанӯз дар давраҳои аввали зуҳури ислом дар баландии кӯҳҳои деҳоти мусулмоннишин калисои насрониён мавҷуд буд. Дар атрофи онҳо ҳазорон нафар мусулмон зиндагӣ намуда, ба ҷону моли мардуми ғайримусулмон даст дароз намекарданд. Имом Муслим нақл мекунад, ки ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд: «Ба ҳамдигар ҳасад набаред, нархро баланд набардоред, аз нафрат ҳазар кунед, ба якдигар пушт нагардонед, ба савдои якдигар халал нарасонед, бо ҳам бародар бошед, эй бандагони Худо. Зеро мусулмон бародари мусулмон аст. Бо ин сабаб, ягон мусулмон дигареро бояд танг накунад, ӯро бе дастгирӣ нагузорад,

таҳқир накунад. Худотарсӣ дар ин ҷо нуҳуфтааст». Инро гуфта, Расули Худо (с) се маротиба ба қафаси синаи худ ишора намуда, идома доданд: «Касе ки бародари мусулмони худро таҳқир мекунад, зарари зиёд хоҳад расид. Барои ҳар мусулмон (таҷовуз ба) ҳаёт, дороӣ, номус ва шарафи мусулмони дигар бояд мамнуъ бошад!». Акнун ҳар кас бояд пеши худ савол гузорад, ки оё рафтораш ба ҳамин фармудаи Расули Худо (с) мувофиқ аст? Агар кас ришу салла (дастор) дошта бошаду ахлоқи ҳамида надошта бошад, ҳеҷ фоида аз он зоҳирпарастӣ нахоҳад дид. Тавре Шайх Аттори Нишопурӣ фармудааст: Сар чӣ ороӣ, ба дастор, эй писар? То тавонӣ дил ба даст ор, эй писар. ...Гар амалро пок надорӣ аз риё, Ҳаст беҳосил чу нақши бурё. Ҳадафи ҳар мусулмон бояд омӯхтани илму ҳунар, обод кардани ҷомеа ва хизмати халқи Худо бошад. Барои донистани қабули намозу ҳаҷ ба ахлоқи кас бояд таваҷҷуҳ кард. Зеро ваъдаи Худованд аст, ки «намоз аз фаҳшу мункарот бозмедорад». Касе намоз хонаду аз фаҳш ва рафтору гуфтори бад бознаистад, пас, намози риёияш қабул нашудааст. Касе намоз мехонад, бояд манфиаташ ба халқи Худо бирасад, ки ин ҳам ҷузъи ибодат аст. Ба гуфтаи Шайх Саъдӣ: Ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест, Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест. С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

НИШАСТ

«Навруста» - умеди нав дар ҷодаи тарҷума Чанде пеш нахустин шумораи маҷаллаи «Навруста», ки муассиси он Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад, интишор гардид.

Дар он ҳафт забон омӯзонида мешавад ва ҳадаф аз таъсиси он эҳёи мактаби тарҷумонист. Тавре ҳайати эҷодии «Навруста» иброз доштанд, мақсади асосии маҷалла он аст, ки хонандагони худро бештару беҳтар бо хусусиятҳои тарҷумаҳои хаттӣ ва шифоҳӣ ошно карда, ҳамзамон, баргузидаи назму насри ҷаҳон, қиссаву ривоят, панду андарз, зарбулмасалу мақол ва дигар офаридаҳои бадеии оламиёнро бо тарҷума аз забони асл ба хонандагони тоҷик муаррифӣ намоянд. Ҳамчунин, дар маҷалла матолибе ба нашр мерасанд, ки онҳо аз таҷрибаи тарҷумонии устодони соҳибмактаб, ташаккули мактаби тарҷумонии адабиёти тоҷик ва марҳалаҳои рушду

6

такомули он паём мерасонанд. Шумораи аввал бо пешгуфтори Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, таҳти унвони «Фаслномаи умедҳои нав» оғоз мегардад. Мавсуф умед кардааст, ки «тавассути ин маҷалла қадамҳои нахустин дар эҳёи мактаби тарҷума гузошта хоҳад шуд. “Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ҳафт забон омӯзонида мешавад ва дар ин замина якуним ҳазор ҷавон таҳсил менамоянд. Аз ин миён сабзидани 15-20 тарҷумони касбӣ, ки аз эҳтимол дур нест, барои фарҳанги миллати мо басо пурманфиат хоҳад буд”. Дар маҷалла навиштаҳо аз Артур Кристенсен дар тарҷумаи Жолаи Омӯзгор ва Аҳмади Тафаззулӣ, Габриел Гарсиа Маркес дар тарҷумаи Аҳмади Гулшерӣ, Ярослав Смеляков дар тарҷумаи Аскар Ҳаким, Федор Иванович Тютчев дар тарҷумаи Фарзона, Галлиоп Сафаёллу дар тарҷумаи донишҷӯ Ардамеҳр Ашӯров, Ҷована Ровлинг дар тарҷумаи донишҷӯ Нигора Шукурова, Флора Анни Стил дар тарҷумаи донишҷӯ Гулноз Акрамова ва ғайра интишор шудаанд. Муқова ва ду саҳифаи дохили маҷалларо расмҳои наққоши маъруфи тоҷик Зокир Собиров, ки дар равияҳои параллелизм ва материализм кашида шудаанд, оро додаанд. Маҷалла ранга ва бо сифати баланд ба табъ расидааст. Б. АБДУРАҲИМ

Соҳибкорони ҷавон фаъол мешаванд 24 апрел дар тарабхонаи «Истиқлол» мулоқоти навбатии соҳибкорони ҷавон баргузор гардид. Мавзӯи баҳси нишасти навбатӣ «Муарифии фаъолият ва имкониятҳои Клуби соҳибкорони ҷавон» буд. Дилшод Ҷӯраев, директори КВД «Клуби соҳибкорони ҷавон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёӣ, дар мавзӯи «Қабули соҳибкорони ҷавон ба узвияти клуб, мақсаду вазифаҳо, бартариятҳои он ва барномаи чорабиниҳои банақшагирифтаи клуб» маълумот дода, барои

хоҳишмандон пешниҳодҳои муфид баён намуд. Иштирокчиён проблемаҳои истеҳсолот, коркард ва хариду фурӯши молу ашёи ватаниро мавриди баҳс қарор дода, роҳу василаи бартараф кардани проблемаҳоро баён намуданд. Тасмим гирифта шуд, ки дар оянда чунин вохӯриҳо мунтазам ба роҳ монда шаванд. А. ОДИНАМАДОВ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №17 (9391), 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


РОБИТА Чанде пеш як гурӯҳ иборат аз ходимони фарҳанг ва ҳунарпешагони Муассисаи давлатии сафари ҳунарии «Базморо» аз сафари Кувайт баргаштанд. Онҳо дар намоишгоҳ ва консерте, ки ба муносибати 20-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баргузор гардид, ширкат намуданд. Мо бо яке аз иштирокчиёни чорабинии мазкур, Аълочии матбуот ва фарҳанги ҷумҳурӣ Шуҳратҷон Ёров мусоҳиб шуда, хотираҳои сафарашро пурсон шудем.

ДИДОР

тахайюлоти рангин хеле зебо инъикос намудааст. - Дар Кувайт тоҷикон ҳастанд? - Ғайр аз кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт, инчунин, бо тоҷиконе вохӯрдем, ки дар Кувайт кору таҳсил мекунанд. Ҳамаашон забонҳои арабӣ ва англисиро хуб медонанд. Боиси ифтихор аст, ки онҳо миллату кишвари моро хуб муаррифӣ мекунанд. Яке аз ҳодисаҳои ҷолиби чорабинии мазкур дидори ғайриинтизори рассом Фаррух Неъматзода бо собиқ ҳамсабақи кувайтиаш хонум Сурайё буд. Онҳо пас аз 35 сол бо ҳам дидор карданд. Ҳар ду хатмкардаи Донишкадаи байналмилалии санъати рассомии ба номи Сурикови Русия будаанд. Хонум Сурайё моро ба хонааш даъват кард. Дар хонааш галереяи олиҷаноб дошт. Су-

баҳо доданд? - Истиқболашон хеле самимӣ буд. Ман дар ин консерт рубоб навохтам. Чанд сол дар Филармонияи давлатӣ рубобнавоз будам. Ин ҳунари ман дар Кувайт кор дод. Консерти ҳунарпешагони тоҷик пурра бо истифодаи асбоби мусиқии миллӣ, аз қабили рубоб, доира, таблак, ғижжак, най, конун, танбӯр, дутор ва аккордеон сурат гирифт. Сарояндаи ҷавон Нигина Амонқулова дар қатори сурудҳои тоҷикӣ як суруди арабӣ ҳам хонд, ки ҳозирин зиёд кафкӯбӣ карданд. - Дар маҷмӯъ, Кувайт ба Шумо писанд омад? - Кувайт кишвари хурдакакест дар халиҷи Форс. Аксари аҳолиаш дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд. Шаҳри Алкувайт хеле замонавӣ буда, иморатҳояш бо санъати баланди меъморӣ бунёд ёфтаанд. Баҳр наздик аст. Аз ин рӯ,

райё қариб нисфи ҷаҳонро гашта, тахайюлоти бой доштааст. Ӯ шеър ҳам менавиштааст. Шавҳараш ба шикор таваҷҷуҳи зиёд доштааст. Толори махсусе дар хона барои намунаи ҳайвоноту парандагони шикорнамудааш ҷудо шуда буд. Аз ҷумла, хирс, кафтор, оҳу, бузи кӯҳӣ ва чанд намуд паранда мавҷуд буданд. Дар хонааш фортепиано буд. Мо онро навохта, бо хоҳиши соҳибхона чанд таронаи тоҷикӣ сурудем. Сурайё гуфт, ки аксари эҷодиёташ, чӣ расм, чӣ шеър дар бораи зан аст. Зеро зан борбардори зиндагӣ, масъули тарбияи фарзанд, ободкунандаи ҷамъият ба шумор меравад. Барои эҷодиёти пурмазмунаш Сурайё бо ҷоизаи Давлати Кувайт сарфароз гардидааст. Ӯ забонҳои арабӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва русиро хуб медонад. Мо бо забони русӣ сӯҳбат кардем. - Меҳмонони намоишгоҳ ба санъати мусиқии тоҷик чӣ гуна

маҳсулоти баҳрӣ зиёд дучор меояд. Дар бораи ташрифи ҳайати фарҳангии Тоҷикистон шабакаҳои телевизионии Кувайт барномаҳои махсус таҳия намуданд, ки онҳоро дар 22 кишвари арабӣ тамошо мекунанд. Рӯзномаҳои Кувайт низ аз баргузории намоишгоҳ ва ҷашни Наврӯз мақолаҳо ба табъ расониданд. Суманак, нону кулча ва чаппотию дигар нуқлу навоҳои тоҷикӣ он қадар мақбули кувайтиҳо шуд, ки барои ёдгорӣ низ бо худ бурданд. Мо хурсандем, ки тӯли 5 рӯз тавонистем Тоҷикистонро ба мардуми Кувайт то андозае муаррифӣ кунем. Дар дили аксари иштироккунандагони намоишгоҳ шавқи дидани Тоҷикистон бедор шуд. Агар чунин чорабиниҳо зиёд баргузор шаванд, боварӣ дорам, ки теъдоди ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба диёри зебои мо меафзояд.

Аёдати ҷавонони маъюб Чанде пеш дар асоси Нақша - чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиши ва сайёҳи кормандони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд аз Муассисаи давлатии хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ҷаббор Расулов дидан карданд.

Кувайтиҳо мафтуни Тоҷикистон шуданд - Пазироии ҷониби Кувайт чӣ гуна буд? - Мо аз Душанбе тавассути ҳавопаймо аввал ба шаҳри Дубайи АМА ва аз он ҷо ба Кувайт рафтем. Кувайтиҳо моро хуб пазироӣ карданд. Намоишгоҳ дар осорхонаи этнографии шаҳри Алкувайт баргузор шуд. Дар пештоқи иморати мазкур сурати сардорони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷобир ас Сабоҳ насб шуда буд. Ба намоишгоҳ тамоми корпусҳои дипломатии муқими Алкувайт ташриф оварданд. Ҳунарпешагони тоҷик меҳмононро бо карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Созҳои мусиқии миллии тоҷикӣ барои кувайтиҳо хеле ҷолиб буд. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов зимни суханронӣ дар бораи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт тайи 20 сол иттилоъ дод. Ин робитаҳо тадриҷан густариш меёбанд. - Дар намоишгоҳ чиҳо пешкаши бинандагон шуд? - Пеш аз баргузории Наврӯзи байналмилалӣ дар осорхонаи этнографӣ намоиши аксу суратҳо доир гардид. Ман ҳам намунаи аксҳоямро дар бахши таърих (ёдгориҳои таърихӣ, Тоҷикистони муосир), чеҳраҳо, манзараҳо, осоишгоҳ ва мавзеъҳои туристӣ пешкаш намудам. Мардуми Кувайт воқеан ҳам мафтуни манзараҳои дилрабои Тоҷикистон шуданд. Ҳамчунин, ҳунари кандакорону наққошони тоҷик ба онҳо писанд омад. Қабл аз сафари мо ба Кувайт як гурӯҳ рӯзноманигорону кормандони мақомоти сайёҳии ин кишвар ба Тоҷикистон омада, ба Хоҷаобигарм,

Қалъаи Ҳисор, шаҳри Кӯлоб сафар намуда буданд. Онҳо аз баргузории намоишгоҳ хабардор шуда, ба назди мо омаданд. Чанде аз онҳо барфро дар умрашон бори аввал маҳз дар Тоҷикистон диданд. Вақте аксҳои кӯҳистони Тоҷикикистонро дар намоишгоҳ диданд, бо ифтихор нақл мекарданд, ки барфро дар ин кишвари куҳистони бори аввал ба даст гирифтаанд. Намоишгоҳи мазкур воситаи хуби тарғиби мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон гардид. Ғайр аз ин, мо либосҳои миллии тоҷикӣ (чакан, атлас, зардӯзӣ), маҳсулоти заргарӣ ва маснуоти нуқрагиро ба маъраз гузоштем. Ташрифоварандагон ба мусаввараҳои рассоми шинохтаи ҷумҳурӣ Фаррух Неъматзода, ки зиёда аз 40 ададро ташкил медод, таваҷҷуҳ намуданд. Зеро дар он мусаввараҳо симоҳои миллии мардуми тоҷик, анъанаҳои мардумӣ инъикос ёфта буд. Рассоми варзида образи тоҷики деҳотиро бо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №17 (9391), 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

Мусоҳиба С. СУННАТӢ, “ҶТ”

Онҳо, асосан, бо гурӯҳи кӯдакон ва ҷавонони маъюби ин муассиса, ки 25 нафарро ташкил медиҳанд, мулоқот намуда, аз иқдомоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди пуштибонии ин табақаи осебпазири ҷомеа барояшон бори дигар ёдовар гардида, изҳор доштанд, ки онҳо ҳамеша мавриди пуштибонӣ ва ғамхории давлат қарор дошта, ҳаргиз худро набояд аз ҷомеа ҷудо эҳсос намоянд, чун сиёсати давлат ба он равона шудааст, ки ҳарчи бештар барои ин гурӯҳи ниёзманди аҳолӣ ғамхориҳо ва пуштибониҳо зоҳир шавад. Дар фарҷам кӯмакҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ба кӯдакону ҷавонони маъюб тақдим намуда, изҳор доштанд, ки чунин ғамхорӣ аз ҷониби ниҳодҳои дигари давлатӣ минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Ҳамчунин, чанде пеш Зариф Мирдадо, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар вилояти Суғд, бо сарбозони вилоят, ки дар қисмҳои низомии шаҳри Душанбе хизмати Ватан мекунанд, мулоқот намуд. Ӯ ба ҳамаи онҳо дар иҷрои хизмати модар- Ватан, ки бо амри дил рафтаанд, барору комёбӣ орзу намуд. Аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ба гуруҳи сарбозону афсарон туҳфаҳо тақдим шуд. Суҳроб КАЁНӢ, “ҶТ”

7


БА ИФТИХОРИ 70-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ Дар пирӯзӣ бар фашизм саҳми санъаткорони Иттиҳоди Шӯравӣ бузург аст. Гуруҳҳои консертӣ, театрҳои фронтие, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташкил шуданд, дар ҷабҳаву ақибгоҳ ба ҷанговарону мардуми меҳнаткаш хизмат мерасониданд. Суруду рақсҳо, саҳначаҳои ҳаҷвӣ, намоишҳои театрие, ки ҳунарпешаҳо ба мардум тақдим менамуданд, онҳоро руҳ мебахшиданд, дар мубориза алайҳи душман қувваву тавон медоданд. Санъаткорони Ҷумҳурии мо аз иштирокчиёни фаъоли ин ҷанг алайҳи фашизм дониста шуданд. Яке аз онҳо Хайрӣ Назарова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мебошад, ки солҳои кӯдакӣ бо аҳли Театри мусиқии драмавии Қӯрғонтеппа ба мардуми водии Вахшу Хатлон, маҷруҳони госпиталҳои ин минтақаи кишварамон хизмат кардаанд. Дар мусоҳибае, ки ба шумо, хонандагони азиз, пешкаш мешавад, устод Хайрӣ Назарова солҳои аввали корашро дар саҳна, айёми кӯдакиву замони ҷанг, ҳамкасбонашон – санъаткорони он давраи театри Қӯрғонтеппаро ба ёд меоранд. - Устоди азиз, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ театрҳои халқиву касбии музофотии Тоҷикистон ҳам дар ақибгоҳ хизмати босазо анҷом дода, саҳми худро дар ғалаба гузоштанд, ки намунааш театри Қӯрғонтеппа аст. Биёед, аз фаъолияти Шумо дар он рӯзҳо суҳбат кунем. Хизмати санъаткорони ин театр ва дигар ҳунарпешаҳои Тоҷикистони он даврро ба хотир биёварему рӯҳашон шод намоем.

Хайрӣ НАЗАРОВА:

«бо дойраву думбак» омадани ҳунарпешаҳоро мардум чӣ хел қабул мекарданд? - Театри моро мардум дӯст медошт ва хуб қабул мекард. Хоҳиш мекарданд, ки боз биёем. Ҳар моҳ ноҳия ба ноҳия, аз ин колхоз ба он колхоз гашта, консерт намоиш медодем. Мошини театрамонро барои ҷабҳа гирифта буданд, бинобар ин, ба кадом колхоз рафтанӣ мешудем, намояндаҳои он хоҷагиҳо барои бурдани мо аспу уштур, маркаб меоварданд. Дар ин сафарҳои дуру дароз аксари ҳунарпешаҳо фарзандони хурдашонро низ ҳамроҳ мегирифтанд. Корвони иборат аз маркабу аспу уштур бо ҳунарпешаҳо, либосҳову чизҳои ороишии саҳна, асбобҳои мусиқӣ се-чор соат дар дашту саҳро

кадаи театрии ба номи Анатолий Луначарский дар театри ба номи Лоҳутӣ кор мекарданд, соли 1944 саркоргардони театри мо таъйин шуданд. Аз рӯзи аввали фаъолият ба таҳияи спектаклҳои мусиқӣ сар карданд. «Талоши бахт»-и Шамсӣ Қиёмов аввалин спектакли ба саҳнагузоштаашон ва аввалин спектаклест, ки театри Қӯрғонтеппа пешкаш кард. Ин соли 1945 буд ва мани 15-сола дар он нақши асосӣ – Раъноро бозидам. То ин вақт бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ фақат консерт ё намоишҳои якпардагӣ нишон медодем. Баъдтар, дар спектаклҳои ба саҳнагузоштаи Абдулло Ҷӯраев нақшҳои зиёдеро хеле ҷолиб иҷро намуданд. Мутаассифона, аксари ҳамкасбонам ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, аз тақдири баъзеашон хабар надорам. Солҳои ҷанг ҳунарпешаҳои театри Қрим ҳам муваққатан ба мо пайваста буданд. - Замоне ки қариб дар ҳар хонадон ғам буду хавотирӣ, гуруснагӣ доман мегирифт,

мерафт. Хаста, гуруснаву ташна ба ноҳияҳо мерасидем. Одатан, вақти омадан ё аз колхозе ба колхози дигар рафтанамон, издиҳом, хусусан, бачаҳо, барои пешвоз ё гусели мо ҷамъ мешуданд. Боре барои ба Айванҷ рафтан барои мо аз он ҷо чанд уштур фиристоданд. Мани кӯдак бепарво болои уштур нишаста, фикр ҳам накардаам, ки ин ҳайвон бо ду пойи ақибаш аз ҷой баланд мешавад ва ман бояд гардани онро сахт дорам, то вақти хам шудани қисмати пеши баданаш ба замин наафтам. Вақте уштур аз ҷой хест, аз тарафи гарданаш ба замин ғелидам. Бачаҳо ба ҳолам механдиданд, калонсолон зуд омада, маро боз ба болои уштур шинонданд. Дар яке аз сафарҳо акаам Ҳомид, ки ӯ ҳам дар театр кор мекард, дар паҳлуи аспе, ки бо духтарчаи ҳамкорамон болои он мерафтам, дойраро баст. Баъди тай кардани роҳи дуру дароз ба Данғара расидем. Барои тезтар роҳ гаштани асп, бо қамчин ба паҳлуяш задам. Зарби қамчин ба дойра фаромад.

“Мо зидди фашизм бо - Албатта. Фидокориҳои мардум дар он солҳо барои ба даст овардани ғалаба мисл надошт. Мани кӯдак инро медидам, зеро бо мардум будам – дар саҳнаи театр, дар корхонаҳову саҳроҳо, госпиталҳо... Бо модару падарандарам ва хоҳарону додаронам дар водии Вахш мезистем. Модарам ҳунарпешаи театри Қӯрғонтеппа буданд. Бо дутор суруд мехонданд. Баъдтар дар ҳамин ҷо дӯзандагӣ карданд. Падарандарам ронанда буданд. Дар рӯзҳои аввалини ҷанг ба ҷабҳа даъват шуданд. Бо вуҷуди душвории зиндагӣ модарам имкон ёфта, матоъ мехариданду фуфайкаву шими пахтагӣ медӯхтанд. Ман онро ба комиссариати ҳарбӣ бурда медодам. Он кас баумед буданд, ки шояд яке аз онҳо ба шавҳарашон мерасад. Аммо соли 1942 «хати сиёҳ»-и падарандарам омад. Мани он вақт 12-сола, хеле мехостам дар бурдани рӯзгор ба модарам ёрӣ диҳам. Ба он кас гуфтам, аз директори театр Мирзоалиев хоҳиш кунанд, ки маро ба кор гирад. Ҳамин

Мардуми шарафманди Ҷумҳурӣ дар қатори тамоми халқҳое, ки солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ба муқобили фашизм мубориза бурдаанд, Рӯзи Ғалабаро бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корнамоиҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони кишвар ва пос доштани хотираи неки онҳое, ки аз ҷанг барнагаштаанд, таҷлил менамояд. Иди Ғалаба барои мардуми сулҳдӯсти ҷаҳон ҷашни пирӯзӣ бар фашизм, яъне, хусумат, инсонбадбинӣ ва санаи ёдбуди хотираи неки қурбониёни ҷанги пурдаҳшати ҷаҳонӣ мебошад, ки ҷони худро барои ояндаи орому осоиштаи инсоният нисор кардаанд. Мо имрӯз ба хотири арҷгузорӣ ба азму ирода ва ҷасорату мардонагии фарзандони ҷонфидои халқи худ, ки ба хотири ҳифзи Ватан ба ҷабҳаи набардҳои шадид рафта буданд ва ба кору пайкори онҳое, ки бо заҳматҳои сангин дар ақибгоҳ, дар таъмини ғалаба саҳм гузоштанд, сари таъзим фуруд меорем. Ёдашон ба хайр ва рӯҳашон шод бод! Асосан, асри XX бо вуҷуди дастовардҳои беназир, ҳамчун асри бузургтарин ҷангҳо ва шадидтарин муҳорибаҳои инсоният дар таърих сабт шудааст. Чунки дар арзу тӯли он ду ҷанги даҳшатноки ҷаҳонӣ тамоми сайёраро ба ларза овард. Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷумлаи бузургтарин фоҷиаҳои башарият буда, 72 давлати хурду бузург ба гирдоби он кашида шуд. Бар асари муҳорибаҳое, ки 1418 шабонарӯз идома

8

данд. Номҳои баъзе ҳамкасбонам дар ёдам мондааст. Чангчӣ Неъматов, дойрадаст Фатҳуллоев, актрисаҳо Зулфия Бозорова, Хосият Эргашева, Муаттарахон Содиқова, Гелосхон Убайдуллоева, Лолахон Хизгяева, лапарчӣ Қобилахон, ҳофизон Солияхон, Меликқӯзӣ, Усмон-отаи танбӯрӣ, найнавоз Маҳкамҷон Содиқов, торнавоз Азиза Убайдуллоева, актёрон Анваров, Собирҷон Солиев, дойрадастон Фатҳуллоев ва Қайюмов – ҳама танҳо маълумоти пурра ё нопурраи мактабӣ доштанд. Баъдтар, соли 1944 аз театри ба номи Лоҳутӣ ба театри мо Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон Файзулло Исматов омаданд. Устодам Абдулло Ҷӯраев, ки соли 1941 баъди хатми студияи тоҷикии Дониш-

тавр, дар Театри мусиқии драмавии Қӯрғонтеппа, ки он замон онро театри колхозию совхозӣ мегуфтанд, чун шогирд ба кор даромадам. Корро аз лапархонӣ сар кардам. Модарам мӯямро ҷамолак карда мебофтанду ман ба саҳна баромада, лапар мехондам, яъне, сурудро бо рақсаш иҷро мекардам. Аввалин лапари хондагиам дар бораи Тимошенко буд. - Дар бораи маршал Семён Тимошенко? - Оре. Солҳои ҷанг номҳои ин гуна лашкаркашон вирди забони мардум буданд. Охири ҳар нақарот бо калимаҳои «ҳой дуй –дуй, ҳой дуй – дуй» тамом мешуд. Баъди ин лапархониам бачаҳо маро ки дар кӯча диданд, «Ана, Дуйдуйхон!» мегуфтанд. Номи маро «Дуйдуйхон» монда буданд. Ман аз ин намеранҷидам. - Ҳамон солҳо дар театр киҳо кор мекарданд? - Директорони театри мо Мирзоалиев, Воҳидов, роҳбари мусиқиамон Алиҷон-ака Ҷӯраев бу-

Ҷашни пирӯзӣ бар Асри ХХ асри бузургтарин ҷангҳо дар таърих ёфт, беш аз 55 миллион одам қурбон, садҳо миллиони дигар гирифтори азобу маҳрумиятҳои мудҳиш шуда, ҳазорҳо шаҳрҳои хурду бузург хароб ва садҳо маркази нотакрори тамаддуни умумибашарӣ нобуд гардиданд. Бо вуҷуди ҳазорҳо километр дур аз кишвари мо сурат гирифтани ҷанг, ба хотири пешгирӣ кардани хатару таҳдиди фашизм ба амнияти халқу Ватани мо дар он беш аз 300 ҳазор нафар фарзанди халқи тоҷик низ иштирок карда, ҷасорату мардонагӣ ва қаҳрамонӣ нишон доданд. Нақши мардуми тоҷик, ки дар ақибгоҳ низ бо фидокориву заҳматҳои шабонарӯзӣ дар таъмини ҷабҳаи набард бо аслиҳаву озуқа саҳми муносиб гузоштанд, назаррас ва шоистаи таъкид аст. Зеро дар солҳои ҷанг дар як муддати кӯтоҳ дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаи саноатӣ ташкил шуда, ба истеҳсоли муҳимоти ҷангӣ ва маҳсулоти гуногуни ғизоӣ шуруъ намуданд. Қувваи асосии корӣ он солҳо дар Тоҷикистон, асосан, занону наврасон ва пиронсолон буданд. Онҳо сарфи назар

аз мушкилоту душвориҳои замони ҷанг супоришҳои давлатиро дар мавриди истеҳсоли маҳсулот сари вақт иҷро мекарданд. Худ гуруснаву побараҳна буданд, вале ба хотири ғалаба ва ҳарчи зудтар хотима ёфтани ҷанг тамоми нерӯву тавонашонро сарф карда, ҳатто ночизтарин сарвату дороиашонро ба ҷабҳа мефиристоданд. Ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон нишон дод, ки агар инсоният бар зидди ҳар гуна таҳдиду хатарҳои умумибашарӣ муттаҳид ва якдилу якмаром шавад, онҳоро ҳатман пешгирӣ ва бартараф карда метавонад. Таърих ба мо маълум менамояд, ки танҳо муттаҳидиву дӯстии халқҳо, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳуми миёни онҳо сулҳу суботи сартосарӣ ва пешрафту тараққиётро дар тамоми сайёра таъмин менамояд. Халқҳои гуногуни олам дар ҷанги дуюми ҷаҳон хатару таҳдиди фашизмро маҳз бо иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф намуда, наслҳои ояндаро аз даҳшати фарогири нажодпарастӣ, миллатгароӣ ва тундравию зӯроварӣ наҷот бахшиданд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №17 (9391), 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


БА ИФТИХОРИ 70-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ Асп аз садои баланди доира тарсида, сахт давид. Фақат медонам, ки бо як дастам духтарчарову бо дасти дигарам ёли аспро махкам дошта будам. Асп ба гандумзори беканоре расиду моро аз болояш партофт. Хайрият, на ман, на духтарча сахт осеб надидем. Вақте калонсолон давида омаданд, ман духтарчаро ором мекардаму худам мегиристам. Дар бошишгоҳҳои саҳроии колхозҳо барои намоиши консертҳои мо саҳнаҳои муваққатӣ омода мекарданд. Азбаски танҳо шабона, баъди кори колхозчиён барояшон консерт медодем, латтаҳоро ба керосин тар карда, оташ мезаданду бо ин машъалҳо саҳнаро аз чор тараф равшан мекарданд. Бо иҷрои суруду рақсҳо, саҳначаҳои ҳаҷвӣ мо, хурду калони театр, ба

мардум хурсандиву хушҳолӣ мебахшидем. Бо вуҷуди камбуди хӯрок дар он солҳо, роҳбарони хоҷагиҳо аз обу оши мо бохабар буданд, мардум бо ёфти бечорагӣ меҳмондориамон мекарданд. Ёд надорам, ки дар ноҳияе, деҳае, колхозе гуруснагӣ кашида бошем. Баъзан рӯзона ба корҳои хоҷагиҳо низ ёрӣ мерасондем. - Дар замони ҷанг мегӯянд, ки бачаҳо зуд калон мешаванд. Шояд Шумо ҳам дар наврасӣ бо ақлу фаҳмиши баландтар аз синни худ руҳияи халқро мушоҳида мекардед. Чӣ гуна буд он? - Албатта, мушоҳида мекардам. Мардум хушбин буданд. Аз таҳи дил меҳнат мекарданд – барои ҷабҳа, барои ғалаба. Бо вуҷуди он ки солҳои ҷанг «хатҳои сиёҳ» ме-

омаданд, аскарон маслуқу маъюб аз ҷанг бармегаштанд, госпиталҳо аз маҷрӯҳони ҷабҳа пур мешуданд, ҳама умед, бовар доштанд. Вақти дар митингҳо, рӯзҳои гусели аскарон, дар госпиталҳо баромад карданамон медидам, ки чӣ тавр мардум аз ҳунарнамоиҳои мо хурсанд мешаванд, руҳ мегиранд. - Феврали соли 1942, айни ҷӯши ҷанг, қатъи назар аз вазъияти мураккаби сиёсиву ҳарбии Иттифоқи Советӣ ботантана кушода шудани бинои нави Театри давлатии опера ва балети тоҷик, омодасозии гурӯҳҳои консертӣ, ташкили театри фронтии Тоҷикистон дар соли 1943 ва дар ҳайати онҳо ҳунарнамоӣ кардани санъаткорон дар ҷабҳаву ақибгоҳ, ҳатто хатти пеши ҷабҳа

бозгӯи шинохти боз як қувваи бузурги санъати шӯравӣ - қувваи санъати тоҷик буд, ки метавонист барои ба даст овардани ғалаба саҳм гузорад. Саҳм ҳам гузошт. Аз ҳунарпешаҳои театри Қӯрғонтеппа низ нафаре бо ин гурӯҳҳои санъаткорон ба чунин сафарҳои ҳунарӣ рафта буд? - Не. Аз мо касе дар ин гуруҳ набуд. Аммо дар ҷабҳа 12 нафар корманди театри Қӯрғонтеппа меҷангид. Ягон нафар барнагашт. - Яъне, ҳунарпешаҳо чаҳор соли ҷанг ҳам бо яроқ, ҳам бо ҳунари худ алайҳи фашизм ҷангиданд? - Бале, онҳое, ки ба ҷабҳа рафтанд, бо яроқ ҷангиданд, санъаткороне, ки дар ақибгоҳ буданд, аз ҷумла, мо, ҳунарпешаҳои як театри

ҳунари худ ҷангидем”

музофотӣ, зидди фашизм бо ҳунари худ ҷангидем. Дар тамоми давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ театри фронтии Тоҷикистон дар ҷабҳаву ақибгоҳ беш аз 3,5 ҳазор консерту намоишҳои театрӣ барпо намуд. Гуруҳҳои консертӣ аз соли 1942 дар назди аскарони Армияи шӯравӣ дар гарнизонҳои ҳарбии Маскав, дар ҷабҳаҳои гуногун, аз ҷумла, дар назди ҳимоятгарони Ленинград ҳунарнамоӣ мекарданд. Ба ин гуруҳҳои консертӣ, инчунин, ҳунарпешаҳои шинохтаи он давр, аз ҷумла, Ғаффор Валаматзода, Георгий Менглет, Саида Сафарова, Ашӯра Носирова, Фозил Солиев, Азиза Азимова, Тӯтӣ Ғаффорова, Шаҳодат Сиддиқова дохил буданд. Ҳар рӯз барои ҷанговарон то 10-12 консерт намоиш медоданд. Суруду мусиқии дилнишин, рақсҳои зебо, спектаклҳои ба мубориза даъваткунанда ба руҳияи ҷанговарон ва мардуми ақибгоҳ таъсир мерасониданд - онҳоро далертар ва ба саркӯбии фашизм омодатар менамуданд.

фашизм

Гуруҳи консертие, ки дар ҳайаташ, аз ҷумла, Барно Аҳмадова ва Рена Ғолибова ҳунарнамоӣ мекарданд, на танҳо дар назди аскарони армияи шӯравӣ дар Теҳрон, дар назди мардуми Эрон низ чандин бор баромад кардааст. Албатта, давлат ин хизмати санъаткоронро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қадрдонӣ кард. Аксари онҳо бо мукофоти ҳукуматӣ сарфароз гардиданд. Аз ҷумла, соли 1946, мани 16-соларо низ дар сафи ҳамкоронам бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофотониданд. Солҳои баъди ҷанг барои театри Қӯрғонтеппа солҳои кори пурмаҳсул буданд. Театри мо ҳамоно дар байни мардуми водии Вахш, ноҳияҳои дигари қисмати ҷануби ҷумҳурӣ шуҳрат дошт. Ба тамошои спектаклҳои мо, ки коргардонҳои кордон, бо роҳбарии саркоргардон Абдулло Ҷӯраев ба саҳна мегузоштанд, мардум зиёд меомаданд. Соли 1947 спектаклҳои «Водии бахт», «Муаллими ишқ», солҳои 1948-1949 «Арӯси панҷсӯма», «Майсара», «Тоҳир ва Зӯҳро» намоиш дода шуданд. Моро дӯст медоштанд. Дар театри мусиқии драмавии Қӯрғонтеппа то соли 1951 кор кардам. Баъд бо даъват ба Театри давлатии академӣ драмавии ба номи Абулқосим-Лоҳутӣ ба кор гузаштам. Дар ин ҷо ҳунарам сайқал ёфт. Соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон гардидам. Барои заҳматам дар саҳна ордену медалҳо низ гирифтам. То ҳол дар ҳайати ин театр ҳастам. Аммо ҳеҷ гоҳ парвозгоҳи аввалин худ - саҳнаи хурдакаки театри Қӯрғонтеппаро фаромӯш накардаам, устодони аввалинам, ҳамкасбонамро, ки маро бо дуои хайр ба олами бузурги ҳунарӣ гуселониданд, аз ёд набаровардаам, аз тамошогарони азизам, ки солҳои ҷангу баъди он ҳунари мани кӯдак, наврас ва ҷавонро меписандиданд, руҳамро мебардоштанд, умре сипосгузорам. Мусоҳиб Талъат НИГОРӢ

сабт шудааст

Имрӯз дар интиҳои даҳсолаи аввали асри XXI низ инсоният таҳти таъсири хатару таҳдидҳои умумибашарӣ, ба монанди терроризму экстремизм, ҷинояткориҳои трансмиллӣ, фалокатҳои экологиву офатҳои табиӣ ва паҳншавии бемориҳои муосири сирояткунанда қарор дорад. Яъне, воқеияти имрӯз - низову даргириҳои хурду бузург дар минтақаву кишварҳои алоҳидаи дунё, даҳшатафканиҳои терроризму экстремизм ва фоҷеаҳои экологӣ бошандагони шаш қитъаи оламро, сарфи назар аз нажод, эътиқоду мазҳаб ва низоми давлатдориву сохти сиёсӣ ҳушдор медиҳад, ки аз оқибатҳои хатару таҳдидҳои дар ҷаҳони муосир ҷойдошта андеша намоянд. Имрӯз вақти он расидааст, ки башарият ба ҷои сарфу хароҷоти зиёд барои яроқу аслиҳаи ҳарбӣ ба таъмири бинои муҳташами ахлоқ, ҳифзи ҷаҳони маънавии насли нав, пайдо кардани роҳҳои нави ҳамкориву ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқрори ризоият, ташаккули эътимоди устувор ба оянда, густариши дӯстиву ҳамкорӣ рӯ орад, фарҳанги сулҳ ва му-

росову созишро қутбнамои пешрафти имрӯзу фардои худ қарор диҳад. Ғалаба бар фашизм ҷашни муқаддас буда, инсониятро огоҳ месозад, ки барои тақдири сулҳ ва фазои орому осуда масъулияти бештар дошта бошад. Халқи мо дар баробари даҳшатҳои ҷанги дуюми ҷаҳон оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро низ бо чашми худ дида, азобу маҳрумиятҳои зиёдро паси сар намуд. Аз ин рӯ, наслҳои

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №17 (9391), 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

имрӯзу ояндаи кишварамон бояд ҳамеша барои ҳифзу пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кӯшишу талош намоянд. Асадбек АҲАДОВ, аспиранти Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

9


КИТОБДОРӢ

Китобхонаи давлатии патентию техникии (КДПТ) Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон майи соли 1965 таъсис ёфтааст. Директори китобхона Боймурод Боев фаъолияти ин махзани дониш ва кормандонашро дар тӯли солҳои фаъолият чунин арзёбӣ намуд: Хазинаи китобхонаи патентӣ дар оғоз 4500 нусхаро ташкил медод. Аз соли 1967 хазинаи китобхона бо ҳуҷҷатҳои патентӣ ва феҳристҳои саноатӣ ва аз соли 1969 бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ мукаммал гардонда шуд. Мавзӯи такмили хазинаи Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию техникӣ ба талаботи соҳаҳои асосии саноати ҷумҳурӣ, аз қабили мошинсозӣ, энергетика, хоҷагии қишлоқ, саноати кимиё, саноати сабук, саноати хӯрокворӣ ва ғайра ҷавобгӯ буд. Хазинаи китобхонаро адабиёти ватанию хориҷӣ, илмию техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ, ҳамчунин, нашрияҳои маълумотию библиографӣ, варақаҳои иттилоотӣ, ҳуҷҷатҳои патентию меъёрӣ ва феҳристҳои саноатӣ ташкил медод. Дар ташкил ва пешбурди фаъолияти китобхона роҳбарони он – С. Хмирова (1965-1967), Е. Боровская (1968-1976), С. Масаидова (1976-1996), Қ. Исмоилов (19961999), В. Кухаренко (1999-2003), О. Амиров (2003-2004), Л. Саидмуродова (2004-2005), З. Кобулиев (2005-2006), Ҷ. Исоев (2006), Т. Холиқов (2006-2007), А. Табаров (2007-2011) саҳми арзанда доранд. Дар фаъолияти китобхона нақши кормандони он чашмрас аст. Зеро пурра намудани китобхона бо адабиёт, ба маъхазҳои электронӣ дохил намудан, беосеб нигоҳ доштан, хизмат расонидан, бо адабиёту ҳуҷҷатҳо муомилаи дуруст намудан низ кори заҳматталабро мехоҳад. Дар ин роҳ заҳматҳои зиёди мутахассисони собиқадори китобхона Н. Андреева, Э. Шерле, Н.

Фаъолияти КДПТ назаррас аст Аз таъсиси Китобхонаи давлатии патентию техникӣ 50 сол пур мешавад

Селиверстова, А. Ҳакимова, В. Кузнетсов, М. Халилова, Н. Содиқова ва Б. Боевро махсус қайд намудан бамаврид аст. Бо қарори Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ аз 28 майи соли 1993, №242 Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию техникӣ ба Китобхонаи давлатии патентию техникӣ табдили ном карда, ба сохтори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо дохил шуд. Вазифаи аввалиндараҷаи китобхона пурагардонӣ ва нигоҳдории хазинаи ҳуҷҷатҳои патентӣ, адабиёти ватаниву хориҷӣ, меъёрию техникӣ, додугирифти байналмилалии ҳуҷҷатҳои патентӣ, баҳисобгирӣ, ҷобаҷогузорӣ, хизматрасонии китобхонавӣ ва иттилоотӣ, пешниҳоди хизматҳои гуногуни китобхонавӣ, автоматикунонии фаъолияти китобхонавию иттилоотӣ, тарғиби фаъолияти китобдориву китобхонавӣ мебошад. Айни замон дар КДПТ маъмурият, 9 шӯъба, аз ҷумла, шуъбаҳои муҳосибот, мукаммалот ва коркарди хазинаҳо, автоматикунонӣ, маълумотӣ-иттилоотӣ, иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентӣ, хизматрасонӣ,

нигоҳдории хазинаҳо, маркетинг ва рушди китобхона ва феҳристҳои электронӣ амал менамоянд, ки дар онҳо 53 нафар кору фаъолият мекунанд. Хазинаи КДПТ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» (МД ММПИ), Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ), Идораи патентии Авруосиёӣ (ИПАО), Идораи патентии Аврупо (ИПА), Идораҳои патентии давлатҳои ИДМ ва давлатҳои хориҷа, Пажӯҳишгоҳи федеролии моликияти саноатии Русия, Маркази иттилооту нашрияи Роспатент (ФР), Коллектори марказии китобхонаҳои шаҳри Москва, доду гирифт бо идора ва муассисаҳои ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, китобхонаҳои хориҷи кишвар, мағозаҳои китобфурӯшии шаҳри Душанбе, китобҳое, ки аз ҷониби муаллифон ҳадя шудаанд, ғанӣ гардонда шудааст. Айни ҳол хазинаи КДПТ 15259862 нусхаро ташкил медиҳад. КДПТ дорои тамғаи молии дар Феҳристи давлатии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №7653 (TJ) ба қайд гирифта шуда, дорои саҳифаи интернетии “www.gptb.tj”

мебошад. Соли 2000 бо дастгирии Институти байналмилалии «Ҷомеаи кушода» Хазинаи Сорос дар Тоҷикистон ба китобхона тариқи ройгон барномаи Маъхази маълумотӣ ва ҷустуҷӯии «Ирбис» тақдим шуд, ки айни замон бо зиёда аз 190 000 тавсифи китобшиносӣ пурра гардонида шуда, мавриди истифода қарор дорад. Ҷиҳати боз ҳам такмил бахшидан ба рушди фаъолияти китобдорӣ соли 2007 бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Ташкилоти патентии Авруосиё китобхона ба Шабакаи патентию иттилоотии Авруосиё «ЕАПАТИС» www.eapatis.com, ки хазинаи шабакаи мазкур айни замон 54 млн. нусхаро ташкил медиҳад, соли 2011 ба Хазинаи рисолаҳои номзадӣ ва доктории Китобхонаи давлатии Русия www.rsl.ru, ки хазинаи ин китобхона зиёда аз 800 ҳазор рисоларо ташкил медиҳад ва соли 2012 ба Китобхонаи виртуалии Тоҷикистон www.tajikistanVSL.org, ки хазинаи он зиёда аз 12 миллион маҷалларо дар бар мегирад, пайваст гардид. Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, шиносоӣ бо дастовардҳо, омӯзиши малакаи корӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба кормандони китобхона то имрӯз дар як қатор чорабиниҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла, дар конфронсҳои байналмилалии соҳаи китобдорӣ «ИФЛА» (Сингапур), «Иссиқкӯл» (Қирғизистон), «Қрим», «Либком», (Русия) ва конгресси байналмилалии соҳаи китобдорӣ (Белорус) иштирок намудаанд. Аз соли 2008 кормандон дар курсҳои дистансионии Академияи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) «Асосҳои моликияти зеҳнӣ», таҳти равияи омӯзишии

«DL-101», www.wipo.org дохил шуда, онро бомувафақият хатм намуданд. Дар давраи фаъолият китобхона бо Китобхонаҳои патентии ИДМ, Шарқи Наздик, Аврупо, ИМА, Ҷопон, Африка ҳамкориро вусъат дода, тавассути додугирифти байналмилалии ҳуҷҷатҳои патентӣ аз ин китобхонаҳо ҳуҷҷатҳои патентиро дастрас менамояд. Соли 2008 китобхона бо Китобхонаи давлатии патентию техникии Ҷумҳурии Қирғизистон, соли 2012 бо Китобхонаи оммавии илмию техникии Русия ва Китобхонаи миллии Белорус созишномаҳои дуҷониба ба имзо расонд. Бо ташаббуси китобхона соли 2014 озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» баргузор шуд. Мақсади асосии озмун баланд бардоштани мақоми китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолӣ мебошад. Чун аз рӯзи таъсисёбии Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Марказии миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо 50 сол пур мешавад, дар қатори кормандону мутахассисони китобхона, инчунин, онҳоеро, ки дар ин боргоҳи маърифат бо меҳнати эҷодкорона, заковату зеҳни пурқувват дар бари мо буданд, барои саҳмгузориашон дар рушди соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ ва иқтисоди кишвар сидқан табрику муборакбод менамоям. Таснифи Р. НАЗИР

ВОХӮРӢ

100-сомонӣ ба ҳар як донишҷӯ Чанде пеш дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вохӯрии раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқов бо донишҷӯёни ноҳия, ки дар асоси Квотаи президентӣ дар макотиби олии пойтахт таҳсил мекунанд, сурат гирифт. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Рашт аз ҷавонони донишҷӯ умеди калон дорад, - гуфт зимни вохӯрӣ раиси ноҳия Қ. Лоиқов. – Ояндаи кишвар ба чи гуна тарбия ёфтан ва сатҳи баланди маънавиёти онҳо иртиботи ҷиддӣ дорад. Аз ин рӯ, рисолати худро дар назди ҷомеа ва давлат дарк намуда, бояд ташаббус ва нерӯи ақливу ҷисмониро танҳо барои маърифат ва рушди миллату давлат равона созанду оян-

10

да дар пешрафти ватани азиз саҳми арзанда гузоранд. Дар навбати хеш донишҷӯён қавл доданд, ки дар омӯзиши пешаи интихобкардаашон саъй намуда, сазовори боварӣ таҳсил менамоянд. Дар вохӯрӣ намояндагони Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳию кор бо занон ва оила, макотиби олии пойтахт ширкат доштанд ва ба донишҷӯён дар омӯхтани илму пешаи интихобкарда комёбиҳо таманно наму-

данд. Дар хотима Қаноатшо Лоиқов аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 100-сомонӣ ба ҳар як донишҷӯ, чун кӯмакпулӣ тақдим кард. Лозим ба ёдоварист, ки аз тариқи Квотаи президентӣ аз ноҳияи Рашт 72 нафар бонувон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шарифи ШАРИФЗОД, рӯзноманигор

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №17 (9391), 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА

Яке аз проблемаҳое, ки ҷомеаи имрӯзаро ба ташвиш овардааст, пош хӯрдани оилаҳои ҷавон мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2014 дар Тоҷикистон 95500 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки 9 ҳазори он бекор шудаанд, ки боиси нигаронӣ мебошад.

лони дифои ҳуқуқ 80 фоизи занони тоҷик қурбони шиканҷаи оилавӣ мегарданд. Бар асоси ин тадқиқот ин боис ба худкушии занҳо ва мушкили равонии онҳо мегардад. Дар ҳамин ҳол баррасии ошкорои ин масъала то ҷойе ғайриахлоқӣ дониста мешавад, зеро муносибатҳои оилавӣ ҳаёти шахсии ҳар фард дар ҷомеа шинохта шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на чандон ҳавасманди пайгарди қазияҳои ҳамсон мебошанд. Ҳамчунин, қурбониёни ин гуна ҳаводис аз шикоят ба мақомот низ то ҷое худдорӣ мекунанд. Зарафо Раҳмонӣ, роҳбари ташкилоти «Нишот» гуфт, ки хушунати хонаводагӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мавзӯи доғ буда, дар ҳар ҷаласа ва семинарҳо

штаанд. Прокуратураи вилоят аз қавли ин зан навиштааст, ки шавҳаршавандаи ӯ барои бастани ақди никоҳи бидуни ҳамзистӣ ба ӯ 15 ҳазор рубл пешниҳод кардааст. Прокуратура иддао кардааст, ки се никоҳи «пул»-ӣ ва иҷозаи муваққатии зисти шавҳарҳо лағв шавад. Иззат Искандаров, шаҳрванди Тоҷикистон се сол мешавад, ки бо истиқоматкукунадаи шаҳри Маскав барои дар қайди хона будан никоҳи сохта намудааст. Ӯ мегӯяд, ки мақсади асосии онҳо аз ҷониби кормандони милиса камтар мавриди бозпурсӣ ва пулситонӣ қарор бигиранд. «Бо ин зане, ки никоҳи сохта дорам ва аз ман 14 сол калон аст ва бо ӯ на фарзанд дораму на

Хушунат оиларо вайрон мекунад Бархе аз ҷомеашиносон бар онанд, ки сабаби асосии пошхӯрии оилаҳо ба зиндагии оилавӣ омода набудани навхонадорон, ҷавон будани онҳо ва мушкил будани вазъи иқтисодӣ мебошад. Вале бештари маврид нафароне, ки оилаи онҳо баъди 1 ё 2 соли зиндагӣ пош хӯрдааст аз шиканҷа дар хонаводаи шавҳар шиква мекунанд. Имрӯзҳо сару садоҳо оид ба хушунати оилавӣ ва пешгирии он зиёд шунида мешавад. Бархе бар он ақидаанд, ки мардуми мо оилаҳои анъанавӣ бунёд мекунанду дар он ҳуқуқҳои занон поймол мегарданд. Баъзеҳо мегӯянд, ки занони тоҷик озоданду метавонанд аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунанд. Сабоҳат Каримова, тақрибан 14 сол мешавад, ки ба хушунати оилавӣ дучор аст ва касе ба додаш намерасад. Сабоҳат қисса мекунад, ки оилаи шавҳараш зиндагии хуб доранд. Дар хонаи шавҳар ҳуқуқи сухан гуфтан надорад. “Агар ягон ҳарф занам, “ба ту кӣ ҳақ додааст, ки гап занӣ?!” - мегӯянд волидони шавҳар. Агар шавҳар маро сарзаниш ва лату кӯб кунад, «шавҳарат ҳақ дорад туро занад» - мегӯянд. Ҳамеша мегӯянд, ки «зан кист, ки сухан ё кори ӯро гӯш ё бовар кунӣ?». Аз лату кӯби зиёд касалӣ шудаам. Дар телевизор ва радио ҳамеша дар бораи аз байн бурдани хушунати оилавӣ мешунавам, аммо беҳбудие нест. Занҳо дар кишвари мо каниз ҳастанду халос. Чанд маротиба мехостам ба Кумитаи кор бо занон ва оила муроҷиат кунам, аммо маро аз хона баромадан намемонданд. Маҷбур шудам аз шавҳар ҷудо шавам ва 4 сол мешавад ҳамроҳи фарзандон ба муҳоҷират рафта, кор карда, боз ба Ватан баргаштем». Тибқи як тадқиқоти фаъо-

баррасӣ мегардад. Хушунат дар хонавода имрӯз аз надонистани ҳуқуқҳои худ рух медиҳад. Новобаста аз ҷинс, хоҳ мард бошад, хоҳ зан, бояд аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бошад ва онро ҳимоя кунад. Хушунат ҳам аз нигоҳи ислом ва аз нигоҳи қонун на танҳо ба зан, балки ба ҳеҷ як фард раво нест. Ба гуфтаи роҳбари ташкилоти «Нишот», солҳои охир хушунат нисбат ба занон дар хонавода камтар ба назар мерасад ва хушунате, ки нисбат ба зан мешавад, масъалаҳои зиёд дорад ва ба ҳамин хотир ин мавзӯъ зиёдтар баррасӣ мегардад. Бархе аз таҳлилгарон бар онанад, ки бештари вақт вазъи мушкили иқтисодӣ ба вайроншавии оилаҳо оварда мерасонад. Аммо ба ақидаи коршиносони соҳаи иқтисод аз рӯи таҳлилҳо маълум мегардад, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар кам шудааст. Сабаби дигари вайроншавии оилаҳоро таҳлилгарон дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани мардон медонанд. Мард ба муҳоҷират рафта, оилаи нав бунёд ва аз ҳамсару фарзандони хеш фаромӯш мекунад. Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ низ, заноне, ки бештар муроҷиат мекунанд, аксари онҳо аз оилаҳое мебошанд, ки ҳамсарашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Дар ин ҳол, пештар дар расонаҳо хабар паҳн гардид, ки Додгоҳи вилояти Калуга чанд никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо сокинони маҳаллиро ғайриқонунӣ эълон кард. Тибқи иттилои прокуратураи вилояти Калуга яке аз ин ҷуфтҳо: домоди 27-сола ва арӯси 49-сола пас аз бастани никоҳ якҷо зиндагӣ намекунанд ва фарзанд низ надо-

никоҳи мусулмонӣ. То имрӯз дар мавриди никоҳи сохтаи мо касе мутаваҷҷеҳ нашудааст ва дар пойтахт низ озодона сайру гашт мекунам». Вале бархеи дигар мегӯянд, ки агар ду-се нафар ба манфиати худу оила чунин усулро истифода баранд, аксари онҳо аз оилаҳои худ фаромӯш мекунанд. Табибон солҳои охир зиёд шудани безурётии занонро ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани мардон медонанд. Яъне, бештари ҷавонон баъди хатми мактаби миёна ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, ки аз хунункӣ ба бемориҳои гуногун дучор мешаванд. Баъди барпо намудани оила бенасл мемонанд. Ба мушоҳидаи табибон солҳои қаблӣ бештари вақт ҷавонписарон дар безурётӣ ҳамсарони худро гунаҳкор мекарданд ва зан дар оила ҳамеша ба хушунат дучор мегардид, ки дар натиҷа оилаи онҳо пош мехурд. Ҳоло худи ҷавонписарон ба духтур муроҷиат мекунанд ва аз ташхиси духтур гузашта, табобат мегиранд. Ҷомеашиносон, бар онанд, ки барои доштани оилаи солим ҷавонон бояд маълумоти динию дунявӣ дошта, ба зиндагии мустақилона омода бошанд. Чун бештари маврид ба чашм мерасад, ки волидон баъди хатми мактаби миёна фарзандони худро оиладор мекунанд ва баъди нофаҳмие оилаи ҷавон пош хӯрда, дар хонаи волидон низ зери шиканҷа ва таъна қарор мегиранд. Ҳамчунин, барои пешгирии пош хурдани оилаҳо синни хонадоршавӣ на 18, балки 20 қабул гардад, чун бештари маврид волидон дар 17-солагӣ низ фарзандонашонро оиладор мекунанд. Манзумаи ФИРӮЗ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №17 (9391), 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

ШОДБОШӢ

Вақте илму амал бо ҳам мепайванданд... Бузургмарде гуфта, барои он ки шахсиятеро баҳо бидиҳӣ, бояд ӯро ба мардум шиносонда тавонӣ. Дар сари сатрҳои навишта, ба пайраҳае менигарем, ки муҳаққиқи пуркор ва олими донишманд, профессор Мурод Муродов ин роҳи дарозро паймуда... 50 соли умр. 50 соли талошҳо... Миёни ин талошу заҳматҳо инсони поктинат, росткору ростгӯ худро менамоёнад. Аҷаб дунёст, инсонҳое дар ҷомеа ҳастанд, ки аз худ мағрурона дарак медиҳанд: “ман ҳастам”. Аммо устод М. Муродов аз ин гуна ифтихороти мағрурона дурӣ меҷӯяд. Намегӯяд ман ҳастам, балки бо амали худ нишон медиҳад, ки одамони пуркору таҷрибадор дар зиндагӣ ҳамеша бо одатҳои наҷибона худро барои дигарон мешиносонанд. Ҳанӯз аз ёдамон нарафта, ин панди профессори пуркор Мурод Муродов, ки ба таъкид ба мо шогирдонаш мегуфт: “Дар зиндагӣ коре кунед, ки дигарон аз шумо баҳра бигиранд». Дар матбуоти даврӣ ва миёни донишмандон пайвандии илму амал ба баҳси ҳамешагӣ табдил ёфтааст. Замони дар факултети журналистика ва тарҷумонии ДМТ (2001-2005) таҳсил карданамон профессор М. Муродов барои шогирдон намунаи ибрат ва пайравӣ буд. Бо муҳаббат дарс медоданд, баъзан бо дард дар мавриди бепарвофалакии шогирдон суҳбат мекарданд. Он лаҳзаҳо дунёи мо шогирдон дигар буд, эҳсос карда наметавонистем, ин марди фидоии илму амал аз мо мехоҳад, ки ҳама дар касбу кори хеш одамони росткору бомаърифат, мутахассисони соҳибтаҷриба бошем. Дар давоми чанд соли охир матнҳои дарсӣ табдил ба китобҳои арзишманд ва мондагоре гардидаанд, ки гувоҳи пайвандии илму амал аст. Тавсияҳои профессор Муродов барои шогирдон ҳамеша роҳнамои корҳои эҷодиашон будаву ҳаст. Айни ҳол асарҳои профессор М. Муродов «Ҳаҷви публитсистӣ» (2003) ва «Баъзе масъалаҳои журналистика ва ҳаҷви публитсистӣ» (2005), «Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист» (қ. 1,2, мутобиқан солҳои 2007 ва 2008) баъдан шакли такмилёфтаи он «Асосҳои эҷоди журналистӣ» (2013) ва «Аз се шохаи як илм» (2013) на танҳо китоби рӯимизии донишҷуёни факултети журналистика аст, балки аз ин ганҷҳои бебаҳо муҳаққиқони журналистикаи миллӣ

низ истифода мекунанд. Профессор М. Муродов на танҳо дар назарияи журналистика, балки мактаби таҳқиқ ва омӯзишу ҷустӯҷуи илмӣ соҳибмактаб гардидаанд. Муҳаққиқони ҷавон аз ин хислати устод ба хубӣ огоҳӣ доранд. Ҳамин аст, ки ҳамеша ба профессор чун роҳнамову ёвари маслиҳатдеҳ муроҷиат мекунанд. Муаллим дар навбати худ кӯмаку ёрмандиашонро аз касе дареғ надоштаанд. Бо дастгириву роҳнамоии муҳаққиқ ва донишманди хайрхоҳ муҳаққиқони ҷавон рисолаҳои номзадиашонро дифоъ кардаанду дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Нуктаи муҳим дар шинохти равиши таҳқиқии профессор М. Му-

родов ҳам он аст, ки шогирдонро барои анҷом додани корҳои таҳқиқии арзишманд ташвиқ кардаву мекунанд. Ин омил сабабгори он гашта, ки муҳаққиқони ҷавон баробари дидани профессор ба сӯяш мешитобанд, то аз маслиҳату роҳнамоияш баҳра бардоранд. Роҳбари роҳнамо ва ёвари муҳаққиқони ҷавон аз пеши худ касеро ноумед ҷавоб надодаанд. Ин аст, ки муҳаққиқони ҷавони факултети журналистика аз маслиҳату машварати устод баҳра мебардоранд. Мо ба ин бовар ҳастем, ки олими сермаҳсул ва донишманди пуркор, профессор М. Муродов дар журналистикаи миллӣ ҷойгоҳу мақоми хос доранд. Аз ҷониби дигар, дар тарбияи мутахассисон, яъне, рӯзноманигорони оянда низ бевосита таъсир мерасонанд. Муаллим донишҷӯёни эҷодкорро ҳамеша ба он ташвиқ мекунанд, ки бо воситаҳои ахбори омма ҳамкории доимиро ба роҳ монанд. Маҳз мактаби илмӣ ва эҷодии профессор Муродов сабабгори он шуда, ки мо шогирдон низ пайрави кору амали он кас бошем. Б. ШУКРУЛЛОЕВ, М. МАҲМАДОВА, Г. САЙФИДДИНОВА

11


ВАРЗИШ

Марҳилаи дуюми Спартакиадаи донишҷӯён ҷамъбаст гардид Дирӯз марҳилаи дуюми Спартакидаи донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ натиҷагирӣ шуд. Дар он, ки 1 апрел шуруъ шуд, аз шаҳри Душанбе 20 муассисаи таҳсилоти олӣ иштирок намуданд. Бо ба даст овардани 78 медал (38 тилло, 22 нуқра, 18 биринҷӣ) Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мақоми аввалро ишғол намуд. Ҷойи дуюмро бо 32 медал (16 тилло, 7 нуқра, 9 биринҷӣ) Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мақоми сеюмро бо 36 медал (9 тилло, 10 нуқра, 17 биринҷӣ) Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия соҳиб шуданд. Умуман, дар марҳилаҳои якуму дуюми спартакиада, ки моҳҳои март ва апрел давом кард, донишҷӯёни 33 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ -

ВМКБ - 1 адад, Хатлон - 5, Суғд – 6, Душанбе – 20 ва Рашт 1 адад иштирок карданд, ки теъдоди умумии иштирокчиён 5 ҳазору 368 нафар арзёбӣ мегардад, ки аз ин 1 ҳазору 227 нафарашро бонувон ташкил медоданд. Баъди натиҷагирии марҳилаи дуюм 619 нафар варзишгари ғолиб ҷиҳати иштирок дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа, аз рўи 10 намуди варзиш роҳхат гирифтанд, ки 24 мактаби олии панҷ минтақаро муаррифӣ менамоянд. Марҳилаи ниҳоии Спартакиадаи донишҷӯён 2 май оғоз ёфта, то нимаи дуюми моҳ идома меёбад. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд.

ФФТ дорои студияи сайёри телевизионӣ шуд Бо маблағгузории Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) дар ҳаҷми 500 ҳазор доллари ИМА Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) соҳиби студияи сайёри телевизионии дараҷаи HD шуд. Ба иттилои дафтари мат- ҳамто надорад. байни дастаҳои «Истиқлол»-и буоти ФФТ, студияи сайёФФТ бо ёрии ин студия имко- Душанбе ва «Парвоз»-и ноҳияи ри телевизионӣ дар доираи ният пайдо кардааст, ки на танҳо Бобоҷон Ғафуров (8:0) ва фероҳандозии барномаи «Income бозиҳои тими мунтахаби миллӣ, стивали футболи кӯдакон дар доGeneration» харидорӣ шуда- балки бозиҳои чемпионати киш- ираи давраи бозомӯзии байналаст. Студия, ки бо технологи- варро мустақим намоиш диҳад. милалии FIFA аз рӯи барномаи яи замонавии наворбардорӣ Бо студияи нави сайёри футболи оммавӣ, ки 25 апрел дар ва таҷҳизоти ҳозиразамони HD телевизионӣ аллакай бозии дав- Варзишгоҳи марказии Душанбе ҷиҳозонида шудаст, дар кишвар ри сеюми мусобиқаи лигаи олӣ доир гардид, сабт шудаанд.

Варзиши сабук: борон монеа нашуд 27-28 апрели соли равон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни наврасон оид ба варзиши сабук доир гардид. Дар он аз тамоми минтақаҳои мамлакат қариб 162 нафар варзишгар иштирок намуданд.

Аввалин ғалабаи “Равшан” ва “Далерон” Даври сеюми Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 25-26 апрел доир гардид. «ИСТИҚЛОЛ» — «ПАРВОЗ» — 8:0 Голҳо: Дилшод Восиев, 13 (1:0). Блед Родригес, 29 (2:0). Парвизҷон Умарбоев, 47 (3:0). Ромиш Ҷалилов, 57 (4:0). Манучеҳр Ҷалилов, 62 (5:0). Соҳиб Саванқулов, 75 (6:0). Умедҷон Шарифов, 77 (7:0). Дилшод Восиев, 88 (8:0). «ВАХШ» — «РАВШАН» — 0:1 Гол: Наврӯз Рустамов, 59 – аз пеналтӣ. «ХУҶАНД» — КМВА «ПОМИР» — 1:0 Гол: Ҳасан Рустамов, 20. «ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» — «ХАЙР» — 3:0 Голҳо: Соломон Течӣ, 8 (1:0). Идибек Ҳабибуллоев, 45+1 – ба дарвозаи худ (2:0). Илҳом Баротов, 48 (3:0). «РЕГАР-ТАДАЗ» — «БАРҚИ ТОҶИК» — 1:0 Гол: Комил Саидов, 38. ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10

12

ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Хайр” (Ваҳдат) “Равшан” (Кӯлоб) “Вахш” (Қӯрғонтеппа) “Далерон-Уротеппа” (Истаравшан) КМВА “Помир” (Душанбе) “Барқи тоҷик” (Душанбе) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров)

Б 3 3 3 3 3 3 2

Ғ 3 2 2 2 1 1 1

М 0 1 0 0 1 1 0

Б 0 0 1 1 1 1 1

Т/Т 15/0 5/3 4/2 4/4 4/4 1/1 4/2

Х 9 7 6 6 4 4 3

3 2 3

0 0 0

1 0 0

2 2 3

0/3 0/6 0/12

1 0 0

Мусобиқаи лигаи якум 1 май оғоз мешавад 22 апрел дар қароргоҳи ФФТ қуръакашии чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи якум баргузор шуд. Дар мавсими имсола 13 даста иштирок хоҳанд кард: “Саройкамар” (Панҷ), “Кӯктош” (Рӯдакӣ), “Исфара” (Исфара), “Эсхата” (Хуҷанд), МТО (Хуҷанд), “Канд” (Конибодом), “Зарафшон” (Панҷакент), “Локомотив” (Душанбе), “Ҳосилот” (Фархор), “Ҳулбук” (Восеъ), “Панҷшер” (Ҷалолиддини Румӣ), “Чашма” (Шаҳритус) ва “Умед” (Душанбе), ки аз ҳисоби бозингарони тими мунтахаби наврасони то 16-солаи кишвар созмон ёфтааст. Даври аввали мусобиқа 1 майи соли равон оғоз мегардад. Дар ин рӯз МТО бо "Ҳосилот", "Саройкамар" бо "Локомотив", "Канд" бо "Исфара", "Умед" бо "Ҳулбук", "Панҷшер" бо "Зарафшон" ва "Куктош" бо "Чашма" вомехӯранд.

Варзишгарон аз рӯи намудҳои давидан, эстафета, ҷаҳидан аз болои монеаҳо, намудҳои техникӣ, гурзпартоӣ, найзапартоӣ, партофтани лаълича, ҷаҳидан ба дарозӣ ва ғайра қувва озмуданд. - Пас аз мулоқоти Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони мамлакат дар соли 2010 соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ ба пешравиҳои зиёд ноил гашт, - гуфт мураббии дастаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, омӯзгори МТМУ №15-и ноҳияи Ҳисор Шералӣ Холиқов. - Сатҳи баргузории мусобиқаҳо беҳтар шуд. Мусобиқаи имрӯза ба ин мисол шуда метавонад. Аз ҳама вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дудастаӣ дар мусобиқа ширкат варзиданд. Варзишгарони ноҳияи Ҳисор соҳиби 5 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) гардиданд. Зебунисои Ҷамолиддин найзаро ба

дурии 35 метр ҳаво дода, сазовори медали тилло ва Азизаи Анварҷон ба дарозии 26 метр ҳаво дода, соҳиби медали нуқра шуданд. - Новобаста аз борони сахт варзишгарон маҳорати баланд нишон доданд, - гуфт сардовари мусобиқа Леонид Проженко. - Баргузории чунин мусобиқаҳо сатҳи омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва малакаи варзишгаронро баланд мебардорад. Пештар аз баргузории мусобиқаи мазкур 4 нафар варзишгари мамлакат аз намудҳои варзиши сабук ба мусобиқаи Осиё, ки дар шаҳри Доҳаи Қатар доир мегардад, роҳхат гирифтанд. Боварӣ дорам, ки аз миёни иштирокчиёни мусобиқа варзишгарони бомаҳорат мебароянд, ки шарафи варзиши сабуки мамлакатро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳифз мекунанд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №17 (9391), 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШ

ЭЪЛОН

Диққат, озмун! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд: №

Чемпиони рақси варзишӣ муайян шуд Ҳафтаи сипаришуда дар яке аз толорҳои «Кохи Наврӯз»-и пойтахт мусобиқаи интихобӣ барои гирифтани роҳхат ба чемпионати ҷаҳон оид ба рақси варзишӣ “Red Bull BS One Tajikistan Cypher” баргузор шуд. Дар он 16 нафар беҳтарин варзишгарони брейк-данси ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Мусобиқа дар ҳузури мухлисони сершумори ин намуди варзиш доир гардид. Доварон холи аз ҳама бештарро ба Uma лоиқ донистанд. Ӯ дар ҳама давраҳо маҳорати олӣ нишон дода, ғолиби мусобиқаи интихобӣ дар брейк- данс гардид. Акнун Uma 31 май дар шаҳри Бишкек ҷумҳурии моро намояндагӣ мекунад. Ҳамчунин, аз ҷумхурии мо Khura, ки бо маҳорати баланди худ мавриди таваҷҷуҳи доварон қарор гирифт, ба Бишкек меравад. Ба маҳорати иштирокчиёни мусобиқа доварон

аз ИМА, Италия ва Русия баҳогузорӣ карданд. Бояд гуфт, ки соли равон чунин мусобиқаҳои интихобӣ аз рӯи ин намуди варзиш дар 60 кишвар доир мегардад. Агар варзишгарони тоҷик дар Бишкек ғолиб оянд, ба мусобиқаи финалии Аврупо ки 5 сентябри соли равон дар шаҳри Боку баргузор мегардад, роҳхат мегиранд. Даври финали мусобиқаи ҷаҳонӣ 14 ноябр дар шаҳри Рим (Италия) доир хоҳад шуд. С. СУННАТӢ, “ҶТ“

Муштзанҳо аз Олмон бо се медал баргаштанд Варзишгарони кишвар аз мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни наврасону ҷавонон барои дарёфти Ҷоми Шварсвалд (Cup Black Forest), ки дар шаҳри Филлинген-Швеннингени Олмон баргузор шуд, бо се медал – як тилло ва ду биринҷӣ баргаштанд. Меҳроб Ҳомидов дар вазни то 44 кило байни наврасони то 15-сола мақоми аввалро ишғол карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Ашӯралии Нурмуҳаммад дар вазни то 60 кило байни наврасони то 17-сола ва Муҳаммад Раҳимов дар вазни то 33 кило байни наврасони то 13-сола барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Дар ин мусобиқа, ки дар чор гурӯҳ (13, 15, 17 ва 19-солаҳо) сурат гирифт, дар баробари варзишгарони бисёр кишварҳои аврупоӣ, қораи Осиёро танҳо тими мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии мураббӣ Ҷамшед Раҳимов намояндагӣ кард.

МАОШИ ВАЗИФАВӢ

1

Сардори Раёсати рушди туризми Дастгоҳи марказӣ

1709,1

2

Мудири Бахши хоҷагидории Дастгоҳи марказӣ

943,65

3

Сармутахассиси Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Дастгоҳи марказӣ

855

4

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент

738

5

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара

738

6

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истаравшан

738

7

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус

702

8

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар

702

9

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ишкошим

702

10

Мутахассиси пешбари Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Дастгоҳи марказӣ

697,5

11

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд

603

12

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

603

13

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ғончӣ

576

14

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ

576

15

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус

576

16

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ

576

17

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

576

18

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб

576

19

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод

576

20

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тавилдара

576

21

Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара

495

22

Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

472,50

ТАЛАБОТ АЗ ДОВТАЛАБОН: - таҳсилоти олии касбӣ, собиқаи корӣ (барои мансаби сардори раёсат, муовини сардори раёсат, мудир, сармутахассис ва мутахассиси пешбар); - таҳсилоти олӣ, олии нопурра ва миёнаи махсус (барои мутахассис); - доштани маълумоти соҳавӣ (варзиш); - донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад.

Имрӯз президенти КФО интихоб мешавад Намояндагони Федератсияи футболи мамлакат дар конгресси 26-уми Конфедератсияи футболи Осиё, ки 30 апрел дар пойтахти Баҳрайн – Манама баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Дар ин конгресс намояндагони федератсияҳои миллии футболи қораи Осиё иштирок мекунанд. Ба ҳайати Тоҷикистон Хуршед Мирзоев, ноиби аввали президенти ФФТ, Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли ФФТ ва Дилшод Ҷӯраев, узви кумитаи иҷроияи ФФТ ва раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе дохиланд.

НОМГӮИ МАНСАБҲО

Дар рӯзномаи конгресс масоили асосӣ интихоботи президенти КФО, аъзои кумитаи иҷроияи КФО ва FIFA мебошад. Бояд гуфт, ки Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа аз Баҳрайн, ки аз соли 2013 раҳбарии Конфедератсияи футболи Осиёро ба зимма дорад, ягона номзад ба вазифаи президенти КФО мебошад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №17 (9391), 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА: - аризаи шахсӣ ба номи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (анкета); - 2 дона расми андозаи 4х6; - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ); - нусхаи шиноснома; - нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва эъломия аз вазъи мол: - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ); - маълумотнома аз ҷои истиқомат. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс: 734026, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6, (рӯ ба рӯи “Кохи Борбад”). Тел: 236-41-87, 235-10-23 (Бахши кор бо кадрҳо).

13


ШОДБОШӢ

МИННАТДОРӢ

Шоир ва рӯзноманигор Исо Раҳим 2 май ба синни мубораки 75 мерасад. Ӯро ба ин муносибат шодбош гуфта, барояш умри бобаракат таманно дорем. Достони “Шашмақом” аз эҷоди нави устод аст, ки ба ифтихори Рӯзи шашмақом – 12 май пешкаш мегардад.

Достони «Шашмақом»

Ба гӯшам саҳар омад овози дил, Бизан набзи мизроб бар сози дил. Биё, «Шашмақом»-и наво гӯш кун, Тану ҷон бубахшо, ҳама ҳуш кун. Ба ин базм ояд, агар Борбад, Ҳама рақс созад ба каф торбад. Ба боғаш биёяд, агар подшоҳ, Шавад Борбад савтрези нигоҳ. Ба як сӯ Дилороми чангӣ ба чанг, Биёрад наворо ба сад гуна ранг. Нақисову Саркаш дар ин базмгоҳ, Бигӯянд дастони Парвези1 шоҳ. Шаҳ аз Борбад дар наво маcт бод, Забардасти ҳар дастро даст бод, Ба ӯ дода Яздон калиди ҳунар, Кушо гуфт аз «Шашмақом»-ат ду дар. Яке чангу барбат ба овоз зан, Дигар даст бар даст чун соз зан. Ҷаҳон гашт огоҳ аз Борбад, Забоне нагуфтӣ аз ӯ ҳеҷ бад. Агар Киндӣ2 аз роҳи ин илм кард, Қалам бурд ранҷу наво бурд дард. «Насим»-и навояш варақ боз кард, Варақ аз дари «Хона» оғоз кард. Китобаш, ки таҳқиқи мусиқа буд, Дилашро наво зад, ғамашро зудуд. Навоҳои дигар зи Хурдодбеҳ,3 Кушоданд сарбаста чандин гиреҳ. Чу ӯ дид борону «Абрина» гуфт, Агар гӯш созӣ, магар дина гуфт. Ҷаҳон маст гардид аз «Шашмақом», Куҷо дил, ки нафзуд шодӣ ба ҷом. Замин гуфт бар ӯ, ки чун шед о, Бубахшад туро ҳафт ахтар зиё, Навояш ба Машриқу Мағриб бирафт. Навоҳои ҷонӣ чу ғолиб бирафт. Яман диду мулке на кам дид ӯ, Фақат шодӣ андар Аҷам дид ӯ. Ба шеъраш, ки Аъшо4 сароҳанг зад, Навои дариро арабранг зад. Абунаср зад даст дар Мусиқор5, Қалам гуфт бар вай, ки оҳанг ор. Китобаш, ки илми мусиқӣ будӣ, Баландии таъбаш Дақиқӣ будӣ. Чу Сино ба равнақ зад ин пешаро, Қалам кард шодоб ин решаро. Зи шеъри Низомию Саъдӣ нахуст, Ҳамон соқинома чу набзе бируст. Ғазалҳои ғайбии Ҳофиз кушо, Ба рақс оварида малакро наво. Чу Ҷомӣ дари соқинома кушод, Ки ҳар байт ҷоми сабуҳӣ бизод. Ҳамон Хоҷаи Қодир6 эҷодкор, 1. Шариф - Акашариф Ҷӯраев дар назар аст. 2. Абӯюсуф Киндӣ, мусиқишинос (800-870). 3. Хурдодбеҳ - мусиқишинос. 4. Аъшо - шоири классики араб, ки ашъорашро ба шашмақом дароварда буданд. 5. Абӯнасри Фаробӣ - олим, шашмақомшинос. Мусиқор - асбоби мусиқии қадим. 6. Хоҷа Абдулқодир - мустазодсаро.

14

Шуда мустазодаш сазовори ёр. Ба эҷод пардохт аз мустазод, Ки ин рутбаро «Шашмақом»-аш бидод. Дигар буд як марди олиҷаноб, Сазовор бинвишт рангин китоб. Ба дониш наворо ҷаҳон гуфт ӯ, Бале, «Шашмақом»-аш чу ҷон гуфт ӯ, Ба адвор овард аз «Шашмақом», Ҳама нек гуфтанд ӯро ба ном. Намирад дигар номи ӯ ҳеҷ гаҳ, Қалам дар мазораш фурӯзад нигаҳ. Ҳамон олими санъатофар кӣ буд? Сухангӯи доно ба минбар кӣ буд? Варо ном Успен7 навосоз буд, Ба санъат ту гӯӣ чу гулбоз буд, Дигар Фазлидин8 кард ин ҷо зуҳур, Чу тоҷики санъат, ба ин касб зӯр. Ки ӯ «Шашмақом»-е ба чандин китоб, Биёрост дар як ба оҳанги ноб. Ба ӯ Шаҳназар ёри ин кор буд, Ва ҳам Файзуло шаъми бедор буд. Бузурганд се тан сухан ҳаст рост, «Бузург»-у «Дугод»-у «Наво» дар садост. Ҳанӯзам мақомест дар ҷони халқ, Аз ӯ бӯи нон аст дар хони халқ, Ҳамин сарват афтод дасти Шариф9. Варо дона-дона кашидаш назиф, Сафар кард ҳар ҷо сурудаш ба лаб, Гаҳ аз ғам суруду гаҳе аз тараб. Ба каф ҷамъ овард аз «Шашмақом» Чу «Талқини Дарвоз»-у чандин паём. Кунун дар ривоҷ аст фарҳанги мо, Сӯи «Шашмақом» аст оҳанги мо. Агар хонӣ умраш ту беш аз ҳазор, Бувад дар шукуфтан чу гул дар баҳор. Ҳамон офтоб аст дар равшанӣ, Замин гӯядаш офтоби манӣ. Чу гул рӯяд ӯ аз навоҳои дил, Нагирад ҷаҳон ҳеҷ гаҳ ҷои дил. Навоҳои Барно фалакпеч буд, Фалак рақс кардӣ ба овози рӯд. Ниёзов, агар соз мезад ба дил, Худаш буду танҳо, сурудаш кафил. Музаффар ба санъат навосоз буд, Дар ин ҷода ҳаққо, ки мумтоз буд. Мақоми Муҳиддин дар ин базмгаҳ, Расидӣ ба авҷи баланди фараҳ. Чу Мастона омад ба даргоҳи соз, Ба ҳар байт нолад ба «Сегоҳ» боз. «Бузург»-у «Наво» ҳам ба Фурқат расид, Ба ин ҳар ду дар гашт завқаш калид. Раҳи ӯ раҳи «Шашмақом» асту бас, Наҷӯяд касе ном хом асту бас. 7. В. Успенский - бахшҳои шашмақомро аввалин маротиба соли 1924 ба нота адвор дароварда буд. 8. Устодони санъати тоҷик Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов. Онҳо солҳои 1950-1967 “Шашамақом”-ро дар 5 ҷилд ба нашр расонданд. Ҳоло ансамбли давлатии шашмақом ба номи Фазлиддин Шаҳобов аст. 9. Шариф - Акашариф Ҷӯраев дар назар аст.

Хушхулқ бош!

Шиори табиб Абдукарим Наимов ҳамин аст Соле қабл дӯсти дерин Ҳамроқулро ошуфта дидам. Ҳол пурсидам, маҳзунона гуфт, “писарам дар садамаи автомобилӣ захм бардоштааст”. Бо анҷом ёфтани ҷарроҳӣ вазъи саломатии ҷигарбандаро ҷӯё гаштам. Гуфт, ҷарроҳӣ хуб анҷом ёфт. “Дар беморхонаи Қарияи Боло будем. Аз хизмати пизишк, мудири шӯъбаи садамаи пайваста ва ҷарроҳии таъҷилӣ, ҷавонмарди хушхулқ Абдукарим Наимов қаноатманд гаштем. Инсони боодоб ва табиби ҳозиқ будааст”, - афзуд бо табассум мусоҳибам. Ба наздикӣ боз Ҳамроқулро дар такопӯ дидам. Ӯ озими беморхона буд. Гуфт, барои берун овардани сими муҳофизатии пойи зарбхӯрдаи писарам равонаам. Фаҳмидам, ки ҷарроҳ Абдукарим Наимов он ҷост, хурсандиам боло гирифт. Иншоаллоҳ, ҷарроҳӣ хуб анҷом меёбад. Зеро дилам аз ин табиб пур аст. Ин дафъа низ амалиёти тиббиро Абдукарим муваффақона анҷом дод. Аҳли байти дӯст аз нек анҷом ёфтани ҷарроҳӣ хушнудӣ доштанд. Дуои ҷони фарзандони табиби ҳозиқро мекарданд. Аз Ҳамроқул ҷӯё шудам, табиб чӣ хел асту бемор чӣ ҳол дорад? Хандида гуфт, ҳар ду ҳам хубанд. Аҷаб одамеанд табиби мо, ӯро шиоре будааст, дар кору зиндагӣ, ки онро қиблагоҳаш талқин намуда. Ман низ он байтро дар дафтарчаам қайд кардам: Ҷавонмарду хушхулқу бахшанда бош, Чу Ҳақ бар ту пошад, ту бар халқ пош... Абдукарим Наимов пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, солҳои 1989-1993 ба ҳайси духтур – осебшиноси дармонгоҳи рақами 13 фаъолият намуд. Аз соли 1993 сарварии шӯъбаи садамаи пайваста ва ҷарроҳии таъҷилии Муассисаи давлатии марказии миллии ҷумҳуриро бар дӯш дорад. Тайи ин солҳо ӯ ҳамчун табиби ҳозиқ, ҷарроҳи моҳиру ғамхор шинохта шуд. Абдукарим дар иҷрои вазифаҳои хеш масъулиятшинос аст. Аммо ӯ сирри муваффақияти хешро бобати пешрафти кор аз хидмати дастаҷамъонаи ҳамшираҳои шафқат, духтурон ва роҳбари аввали муассиса тавъам медонад. Мавсуф изҳор медорад, шифогоҳи мо таҳти сарварии Нурхон Ҳаётзода мақоми шоистаро ноил гаштаву боз ҳам баҳри беҳбуди кор, хидмат ба дардмандон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Умар АЛӢ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №17 (9391), 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ АҚЛ Шањр дар Олмон

Асбоби мусиќї, баяни клавишадор

Аслињаи љангї

… Иброњимов Текст – овозхони хуљандї

Санљидан, таљриба кардан

Ивазкунандаи асъор

Сарќут

Авф кардан

Гимнастикаи хитої

… Шокирова, овозхон

Нопухта Иттињоди шўравї

«Шарќ» ба истилоњи бањрнавардон

Маркази яке аз Кореяњо

Тамѓаи мошини хурди Русия

Поргї, ямоќ

Бародари калон

Маъмурияти њарбї, ситод (рус.)

Гулўлаи тарканда

Парвардигор

Мурѓи афсонавии кўњи Ќоф Пули Италия пеш аз евро

Додситони … прокурори генералї

Офат, нохушї

Бериш

Чорпоя барои нишаст ва хоб

Љониб, тараф (лањља)

Яроќ, олоту асбоби љангї

Хосият

Хирсаки австралиягї

Иѓвољў Ќавм, гурўњ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №17 (9391), 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2015

Муќобилмаънои «биё»

Чуќурии обдор Суруд (лањљ.)

Ишораљонишин

Падар (лањљавї)

Буѓ

Моддаи тарканда

Нютон, Арасту ё Эйнштейн

Усули љангии Нико (С.Сигал, Голливуд)

Оригинал

Антоними «асоснок»

Заминларза ё обхезї

Равишу расми пайѓамбарї

"Дар ... и олам бигаштам басе" (Саъдї)

… Насрулло, шоир

0,5 њисса ;

Растании турши бисёрсолаи субтропикї

Шерлок …

Њунарпешадухтар аз «Хандинкамон»

Охири дуо

Шањр дар ИМА

Намуди мор Њиндуе, ки соатњо бењаракат мешинад

Номи мардона

Монанд, мисл

Айшу …

«Дон…», асари Сервантес

Шањр дар Покистон

Ду голи футболбоз дар як бозї

Омўзандаи организми инсон

Асосгузори адабиёти ќазоќ

Зебо, хушрўй

Тими футболи Рим (Италия)

Осмон

Чўби рости дароз

Ченаки дарозї, «пой» (англ.) Бо он аспро мезананд

Гўшти пухтаи хунукшуда

... бонд, навъи чой

Одами бедониш, љоњил

Достони Њомер

Пеш аз ид Дарёи бузург дар Африќо

Тез, мазаи ќаланфур

Падар (лањља)

Асбоби тории халќии русї

Узви инсон

Љамъи ашё ё мардум

Сабзавоте, ки бо палав мехўранд

Љароњати фасоддор

…и Исо оѓози солшумории нав

Ватани Иляпањлавони рус

... и Зоконї

Тамѓаи тайёраи љангї

Рамзи раќамї

"... ва Шиам", филми њиндї

… Мањмадшоева, овозхон

Узве, ки модарро ба тифл мепайвандад Китоби муќаддаси зардуштиён

15


АКСИ РӮЗ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Салим ба падараш: - Маро ба сирк баред. – Вақт надорам, бачам, кор бисёр... - Гуфтанд, он ҷо зане палангро луб луч савор мешавад. – Луб луч савор мешавад? Ин хел бошад, меравем. Хеле шуд, ки палангро надидаам...

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралӣ САФАРАЛӢ

***

(котиби масъул),

Субҳи рӯзи шанбе дари хона тақ-тақ шуд. Нимхобу нимбедор дарро кушодам. Хушдоманам гуфт: - Мумкин аст, ман як ҳафта инҷо истам? - Ҳатман, чаро не, - гуфтам ва зуд дарро пӯшидам.

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Сайфиддин СУННАТӢ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

***

Маҳмудҷон УСМОНОВ

Сарояндае аз мухлисонаш мепурсад: - Бароятон чӣ бихонам, ки то ҳол нахонда бошам? Кампире аз ҷой хеста, мегӯяд: - Бачам, як бор намоз бихон.

(муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),

Наврӯз ҚУРБОНОВ

***

(хабарнигор, Душанбе),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),

ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА

(муовинони котиби масъул)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст.

25-26 апрел дар “Боғи Ирам”-и пойтахт бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату кумитаҳо чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, маърифатӣ-иттилоотӣ идома ёфт. Дар баробари барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби санъаткорони ҷавони ноҳияи Рӯдакӣ намоиш дода шуд, маҳсулоти хӯрока, ҳунарҳои дастӣ, кулолгарӣ, ярмаркаи ҷойҳои холии кор, дастовардҳои литсейҳои касбии дузандагӣ, маъюбон ва касбии туристии шаҳр пешкаши сокинону меҳмонон шуд.

Баррача Ӯ понздаҳсол боз қассоб аст. Мегӯянд, ки дар гирду атроф ягон қассоб мисли ӯ гушт фурӯхта наметавонад. Бисёр марди ҳассос ва кунҷков аст дар ин масъала. Чорворо худаш интихоб ва худаш забҳ мекунад. Касеро дар ин кор бовар надорад. Баъзан ҳангоми сӯҳбат бо муштариён мегӯяд:

Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 8200 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

16

- То имрӯз ҳазорҳо чорво забҳ кардам. Барои ман пора кардани чорво монанди пора кардани тарбуз аст. Дар ҳақиқат, ӯ ба ин кор одат карда буд. Гӯсфандро дар панҷ дақиқа ва ғуноҷинро дар бист дақиқа забҳ ва пора мекард. Боз ба чорво нигариста дарҳол мегуфт, ки аз вай чанд кило гӯшт мебарояд. Вале аз чи бошад, ки солҳои охир дар куштани баррачаҳо дасташ пеш намерафт. Ба он муштариёнаш, ки гӯшти баррача мехостанд, мегуфт: - Гӯшти баррачаро чӣ мекунед, монед, ки ҳайвонҳои бечора калон шаванд! Аз хӯрдани гӯшти дигар меъдаатон дард намекунад-ку?! Муштариёни доимии қассоб аз

АНДАРЗ

ин гуфтаҳои ӯ чизе намефаҳмиданд. Охир, чанд сол мешавад, ки пайваста аз дӯконаш гӯшти баррача мехариданд, вале вақтҳои охир ӯ розӣ намешавад, ки ба онҳо гӯшти мехостагиашонро бифурӯшад. Ин таъкиду сарзаниши қассоб ҳам бесабаб набуд, охир. Чунки вақте баррача мегуфтанд, пеши чашмаш дарҳол тифли шашмоҳааш меомад. Ӯ чеҳраи сап-сафед ва чашму абрӯвони сиёҳи духтарашро пеши назар овард, хаёлан мӯйҳои ҷингилаашро сила мекард. Духтарчаи дӯстрӯе дошт, қассоб ва аз дӯстдорӣ тифлакаро гоҳо “оҳубарра” мегуфт. Аз миён чанд сол гузашт. Дар ин муддат муштариёни қассоб оҳистаоҳиста кам шудан гирифт. Ӯ медонист, ки сабаби кам шудани муштариёнаш набудани гӯшти баррача

дар дӯконаш аст. Ниҳоят, рӯзе ҳар чи бодо бод гуфта, қарор дод, ки ба дӯкон гӯшти баррача мебарорад. Ӯ рӯзи дигар аз бозор ҳамроҳи чорвои интихобкардааш як баррача ҳам харид. Аввал гӯсола, пасон гӯсфандро забҳ кард. Баррачаро аз ҳама охир навбат дод. Мехост чанд дақиқа ҳам бошад, ба қавле, умри ҷонваракро дароз кунад. Навбати забҳи баррача расид. Қассоб гӯё кадом кори на чандон муҳимеро анҷом медода бошад, бепарвоёна сурудеро замзама кардан гирифт. Ҷонварак ин ҳамаро бозӣ мепиндошт магар ки бо вуҷуди баста будани пойҳояш дар ҷояш бетоқатӣ мекард. Қассоб, вақте баррачаро хобонда, кордро дароз мекард, дар ангушташ гармие эҳсос намуд. Ба дасташ нигариста шах шуд. Ҷонварак ангушти қассобро пистони модар пиндошта, мемакид. Таҳияи Башир УСМОНОВ

Афсар ба сарбоз: - Аскари қаторӣ Шоев, забони русиро медонӣ? - Йес, сер! - О, ин забони англисӣ-ку? - Рост? Маълум мешавад, ман забони англисиро ҳам медонистаам.

*** Афандӣ ба писараш пул дода, ба мағоза мефиристад, то ягон нушокӣ биёрад. Писараш: - Кола биёрам, ё пепсӣ? - Кола. - Аз қиматаш ё арзон? - Аз қиматош. - Қутигӣ ё шишагӣ? - Шишагӣ. - 1,5-литра ё 0,5-литра? - Ҳеҷ кадомаш, рафта об биёр! - Маъданӣ ё одӣ? - Маъданӣ. - Сард бошад ё гарм? - Хеста, мезанамат! - Бо мушт, ё бо чӯб? - Ҳайвооооон! - Хар ё саг? - Гум шав аз назарам! - Давида ё оҳиста? - Ҳар хеле ки меравӣ, фақат набинамат. - Ҳамроҳам меравӣ ё танҳо равам? - Мехезам мекушам! - Буғӣ карда ё бо корд? - Корд. - Қурбонӣ мекунӣ ё тика-тика? - Э, лаънатӣ, дилам зад, мемирам. - Духтур даъват кунам ё беморхона барам?

ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Номаи камоли гумшудаи №010069, ки МТМУ рақами 42-и шаҳри Кӯлоб соли 1996 ба Ғаюров Манучеҳр Ғарибшоевич додааст, эътибор надорад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №17 (9391), 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.