Равоншиносӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Дар доираи шуури муқаррарӣ)
Пирӯзии Фаррух Амонатов дар мусобиқаи шоҳмоти Тошканд
«Ҷавонони Тоҷикистон» №17 (9443), 28 апрели соли 2016
1
Ваҳдати ҷавонон
Фестивал - таҳкими дӯстии ҷавонон
ҳафт рӯз 21.04.2016 Таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Худоёрзода Бахтиёр ҷаласаи навбатии комиссия баргузор шуд. Дар он раванди ҳалли масъалаҳои муҳими давраи омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
фронс баргузор гардид. Зикр гардид, ки оқибати садамаи Чернобил ба ҷони ҳазорҳо нафар осеби ҷиддӣ расонд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6000 нафар дар кори бартараф намудани оқибатҳои садама фаъолона ширкат карда буданд.
мии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғафур Орзӯ мулоқот кард. Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тавсеаи ҳамкории судманди ду кишвари дӯсту ҳамсоя дар самтҳои мухталиф баррасӣ шуданд.
22.04.2016 «Овози ман - барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон!» Таҳти чунин унвон дар маконҳои сераҳолии чор ноҳияи пойтахт бо таъсиси гурӯҳҳои таблиғотӣ аз ҳисоби ҷавонони фаъол аксияи умумишаҳрӣ доир шуд.
24.04.2016 Вазорати фарҳанг бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ба хотири дарёфти чеҳраҳои нав — овозхонҳо, навозандагон, раққосон, ташвиқу тарғиби ҳунару истеъдоди асил Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми истиқлол»-ро эълон намуда, моҳи майи соли равон даври ҷамъбастии онро доир мекунад.
26.04.2016 Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Шӯрои ҳамоҳангсозии сохторҳои ҳифзи ҳукуқи ВМКБ дар мавзӯи «Пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро» конфронс баргузор гардид.
23.04.2016 Ба муносибати рӯзи ёдбуди шаҳидони садамаҳои радиатсионӣ ва 30-солагии фоҷеаи Чернобил дар ноҳияи Рӯдакӣ кон-
25.04.2016 Муовини якуми вазири корҳои хориҷии мамлакат Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исло-
www.javonon.tj
Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон/ /№17, (9443), 28 апрели соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
варзиш
е-mail: javonontj@mail.ru
мавқеи “ҷавонон...“
27.04.2016 Зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани муассисаҳои таълимии миёнаи умумии рақамҳои 10 ва 28, гимназияи давлатии №1 ва дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ-и НБО Норак иштирок кард.
е-mail: javonontj@mail.ru
2
ахбори ҳафта
«Ҷавонони Тоҷикистон» №17 (9443), 28 апрели соли 2016
22 апрел Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафар кард. Сафар аз ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 дар деҳаи Даҳана оғоз гардид. Ин муассисаи замонавии таълимӣ дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Ҷурахонов бунёд гардид. Он дорои 640 ҷойи нишаст дар як баст буда, аз 27 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла химия, физика, биология, синфхонаи компютерӣ, 7 утоқи корӣ барои омӯзгорон, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 240 ҷойи нишаст ва ошхона иборат мебошад. Барои машғулиятҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ дар назди муассиса майдони варзишии замонавӣ бо 730 ҷойи нишаст сохта шудааст. Синфхонаҳои мактаб бо таҷҳизоти навтарини таълимӣ таъмин буда, дар онҳо имконияти сатҳи баланди омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи компютерӣ ва барои духтарон шароити созгори касбу ҳунаромӯзӣ фароҳам оварда шудааст. Дар синфхонаи компютерӣ, ҳунаромӯзӣ, толори варзиш ва толори маҷлисгоҳ Сарвари давлат бо истеъдоди истифодаи технологияҳои компютерӣ аз ҷониби хонандагон, санъати навозандагию сарояндагии онҳо ва ҳунаромӯзию истеъдоди варзишии толибилмон шинос шуда, онҳоро барои боз ҳам бештар аз худ кардани илму дониши замонавӣ ва технологияҳои компютерӣ, инчунин аз худ кардани ҳунарҳои мардумӣ ва такмили маҳорати варзишии худ ҳидоят кард. Соҳибкор Баҳриддин Ҷурахонов нақша дорад дар партави дастгирию ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба соҳибкорони ватанӣ аз ҳисоби даромади корхонаҳои худ дар ноҳия боз як мактаби наву
як сол дуюним миллион дона гаҷкартон мебошад. Дар корхона зиёда аз 200 нафар мутахассисону коргарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Зимни шиносоӣ бо корхонаи нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ин иқдоми ибратбахш - бунёди корхонаи истеҳсолию саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба соҳибкори ватандӯст Акбар Ғуломов баҳои баланд дода, ба ӯ барору комёбӣ орзу намуд. Мавриди зикр аст, ки танҳо аз ҷониби ин соҳибкори ҷавону
телевизор туҳфа кард. Дар ноҳияи Ёвон, ҳамчунин, коргоҳи истеҳсоли гаҷкартон ба истифода дода шуда, барои бунёди ду корхона оид ба истеҳсоли рангҳои гуногун ва маводи нигоҳдорандаи гармӣ – пахташиша бо таъсиси 150 ҷойи корӣ санги асос гузошта шуд. Барои сохтмони ду корхона аз ҳисоби сармояи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ғаюр" 150 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Иқтидори солонаи корхонаи рангҳои эмулсионӣ 15 ҳазор тонна ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти гарминигоҳдорӣ 170 ҳазор метри мукааб ме-
ботаҷриба дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аллакай корхонаҳои истеҳсоли семент бо иқтидори беш аз як миллион тонна ва садҳо ҷойи нави корӣ бунёд карда шуда, сохтмони чанд корхонаи хурду бузурги саноатӣ дар ноҳияҳои дигар таҳти роҳбарии ӯ идома дорад. Сементи корхонаи "Ғаюр Суғд семент" ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва маҳсулоти корхонаи "Хуаксин Ғаюр семент" ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот мешавад. Тавре намояндагони корхона иттилоъ доданд, дар ҳамин ҷо ба хотири мукаммал кардани хатти истеҳсолӣ дигар қисмҳои зарурӣ дар худи ҳамин коргоҳ бароварда мешавад, аз ҷумла дар як сехи махсус бо ҳафт дастгоҳ профилҳои гуногун истеҳсол мешавад, ки дар вақти истифода дар корҳои сохтмонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи варақаҳои гаҷӣ мебошад. Тавре маълум аст, қаблан варақаҳои гаҷӣ ва профилҳои оҳанӣ аз хориҷи мамлакат ворид мешуд. Инчунин дар ҳудуди корхона ташхисгоҳи мукаммал бо 26 дастгоҳи муосири ташхиси масолеҳи сохтмонӣ таъсис шудааст. Коргарони ташхисгоҳ имкон доранд, на танҳо масолеҳи худӣ, балки аз дигар корхонаҳои ҷумҳуриро таҳлилу ташхис карда, дар бораи сифати мавод хулосаи зарурӣ пешкаш намоянд.
Ба истифода додани мактаб, боғча, корхонаи истеҳсоли гаҷкартон дар Ёвон
замонавӣ бунёд намояд. Баъди шиносоӣ бо шароити таълими мактаби нав дар саҳни ҳавлии он Президенти мамлакат дар ҳузури аҳли маорифи ноҳия суханронӣ карда, таъмини рушди босуботи соҳаи ма-
орифро аз тадбирҳои муҳиму меҳварии сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард. Дар паҳлӯи мактаб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози
22 май рӯзи бахти миллат аст! www.javonon.tj
фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» иштирок кард. Кӯдакистон дорои шаст ҷой барои хурдсолон буда, бо технологияҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ин муассиса 18 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар мураббӣ ба хурдсолон таълим медиҳанд. Инчунин табибони соҳибтаҷриба баҳри хидмати сифатнок ба кӯдакон ҷалб гаштаанд. Барои болидаруҳии хурдсолони ин даргоҳ Сарвари давлат асбобҳои мусиқӣ ва
26-уми апрел дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқоти раиси Иттифоқи ҷавонони кишвар Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯён таҳти унвони “Биёед, ояндаро бо ҳам бисозем!” баргузор гашт. Қабл аз оғози мулоқот раиси Иттифоқ бо дастовардҳои донишҷӯёни донишкада шинос шуда, ба ҳунару маҳорати онҳо таҳсин хонд. Зимни мулоқот аз тарафи Иттифоқи ҷавонони ҷумҳурӣ аксия гузаронида шуда, варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсия байни донишҷӯёни донишкада тақсим гардид.
Чорабиниро ректори Донишкада Раҷабзода Маҳмадулло ифтитоҳ бахшида зикр намуд, ки “Ин даргоҳ барои омода намудани мутахассисони забондон дар самтҳои омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ таъсис шуда, беш аз 30 сол мешавад, ки хатмкунандагонаш дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, корхонаю ташкилотҳои ватанию хориҷӣ ба ҳайси ходимони
бошад. Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” дар майдони 5,2 гектар бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 10 ҳазор ва дар
давлатӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳмгузоранд”. Раиси Иттифоқи ҷавонони кишвар Аҳтам Абдуллозода вобаста ба нуктаҳои асосии тағйиру иловаҳо ба қонуни сарнавиштсоз - Конститутсияи кишвар суханронӣ намуда иброз дошт, ки соли 2016 аз нигоҳи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои миллати тоҷик соли муҳим ва сарнавиштсоз мебошад. “Имсол барои мо аз нигоҳи аввал имтиҳон аст, вале аз нигоҳи дигар давраи мустаҳкам кардани камолоти миллат ва дар замири ҳар яки мо таҳким бахшидани эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва боло
бурдани унсурҳои давлатдории навини Тоҷикистон мебошад”,-афзуд А. Абдуллозода. Раиси Иттифоқи ҷавонони кишвар гуфт, ки 22-юми май рӯзи бахти миллат аст. Чунки низоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аввалан баҳри беҳбудӣ, таъмин кардани ҳаёти осоиштаи мардум ва ба низом даровардани идоракунии сиёсӣ мусоидат мекунад. Сипас миёни донишҷӯён ва раиси Иттифоқи ҷавонон саволу ҷавоб сурат гирифта, намоиши фарҳангии донишҷӯёни донишкада пешкаш гардид. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
навигариҳои варзиш
«Ҷавонони Тоҷикистон» №17 (9443), 28 апрели соли 2016
3 е-mail: javonontj@mail.ru
10 000 сомонии КМОТ ба Комроншоҳ 21 апрел дар Кумитаи миллии олимпии мамлакат ба паҳлавони маъруф Комроншоҳи Устопириён, ки ба олимпиадаи Рио-де-Жанейро роҳхат ба даст овард, 10 000 сомонӣ ҷоизаи пулӣ супориданд. Комроншоҳ, инчунин, бар асоси меъёрҳои талаботи Ҷоизаи Президенти кишвар ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ барои медали тиллои чемпионати Осиё 75 ҳазор сомонӣ мукофот хоҳад гирифт. Дар маросими супурдани ҷоизаи молӣ ба паҳлавони тоҷик Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпӣ, гуфт, ки Комроншоҳи Устопириён аввалин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи ҷудои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё соҳиб гашт. Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иброз дошт, дар баробари Комроншоҳ мо боз як-ду роҳхати олимпии дигарро аз гуштигирон чашмдорем.
Бори аввал дар Тоҷикистон: чемпионати минтақавии Осиё Дар Тоҷикистон бори аввал чемпионати минтақавии Осиё-2016 оид ба футбол миёни духтарони то 14-сола доир мегардад. Мусобиқа бо ширкати дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон, Бангладеш, Непал ва Бутан 26 апрел оғоз гардид ва то 1 май идома меёбад. Футболбоздухтарони тоҷик дар гурӯҳи “А” 26 апрел бо ҳамсолонашон аз Эрон вохурда, бозиро бо натиҷаи 0:3 бохтанд. Дар даври аввал ҳамчунин дастаи духтаронаи Қирғизистон бо Бутан қувва санҷиданд, ки бо ҳисоби 1:2 ба фоидаи Бутан ба анҷом расид. Ин ва дигар бозиҳои гурӯҳ дар Академияи футболи “Истиқлол” дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор доир мегардад. Дар гурӯҳи “В” Бангладеш бар тими Ҳиндустон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Непал низ ба ин гурӯҳ дохил аст. Бозиҳои гурӯҳи “В” дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт баргузор мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба даври нимфинал, ки 30 апрел доир мегардад мебароянд. Ғолиби чемпионат 1 май маълум мешавад. Бозии финалӣ дар варзишгоҳи “Авиатор” ба нақша гирифта шудааст.
“Истиқлол” ва “Хуҷанд” мавқеашонро ҳифз карданд Баъд аз даври сеюми чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ дар садри ҷадвали мусобиқа дигаргунӣ ба амал наомад. “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бо 9-холӣ пешсафанд. Дар бозии марказии давр тими "Истиқлол"-и Душанбе дар меҳмонӣ бар дастаи "Регар-ТадАЗ" бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Ҳисобро дар дақиқаи панҷуми вохурӣ бозингари тими мизбон Комрон Турсунов кушод. Қисми аввал бо ҳамин ҳисоб ҷамъбаст шуд. Дар қисми дуюм се бозингари тими пойтахт иваз шуд. Ба ҷои ҳимоятгарон Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Кавалчук ва Маҳдӣ Чорҷӯӣ Аҳтам Назаров, Нозим Бобоҷонов ва Акмал Холматов ба майдон даромаданд. Дар дақиқаи 49 Акмал Холматов аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро баробар кард. Баъд аз чор дақиқа Манучеҳр Ҷалилов "Истиқлол"-ро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 61 хати мудофиаи
душанбегиҳо суст шуд. Ин ҳолатро ҳимоятгари марказии "Регар" Алишер Шарифов ба фоидаи дастааш истифода бурд. Дар дақиқаи 66 Манучеҳр Ҷалилов голи дуюми худ ва ҳалкунандаи "Истиқлол"-ро вориди дарвозаи ҳариф кард - 2:3. 4 бозии дигари даври сеюм рӯзҳои истироҳатӣ баргузор шуданд. “Хуҷанд” дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бар тими “Парвоз” бо ҳисоби 1:0 пирӯз гашт. Голи ягонаро Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 70 вориди дарвозаи рақиб кард. Бозӣ миёни дастаҳои «Хайр» – КМВА «Помир» мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. “Ҳосилот” дар майдони худ дастаи “Вахш”-ро бо ҳисоби 3:2
шикаст дод. Ҳисобро дар дақиқаи 10 бозингари “Вахш” Аҳтам Ҳамроқулов кушод. Баъд аз 13 дақиқа Эҳсон Бобоев голи дуюми “Вахш”-ро зад. Дастаҳо бо ҳамин ҳисоб ба танаффус баромаданд. Бозингарони тими Фархор тактикаи бозиро дигар карда, дар қисми дуюм 3 гол заданд: Абдурасул Раҳмонов (дақиқаи 53), Соломон Течӣ (66) ва Сайдалӣ Сафаров (87). Баъд аз ин ғалаба “Ҳосилот” ба ҷои сеюми ҷадвали мусобиқа баромад. «Барқчӣ» ба дарвозаи тими «Равшан» 2 голи беҷавоб зад. Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 40 ҳисобро кушод, Эҳсони Панҷшанбе голи дуюмро дар дақиқаи 66 зад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Ҳосилот” (Фархор) “Хайр” (Ваҳдат) “Барқчӣ” (Душанбе) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) “Вахш” (Қурғонтеппа) КМВА “Помир” (Душанбе) “Равшан” (Кӯлоб)
Б 3 3 3 3 3 3 3 3 3 3
Ғ 3 3 2 1 1 1 1 0 0 0
М 0 0 1 2 1 0 0 1 1 0
Б 0 0 0 0 1 2 2 2 2 3
Т-Т 11-5 4-1 7-4 4-0 6-6 4-5 1-5 3-5 1-3 0-8
Х 9 9 7 5 4 3 3 1 1 0
Дар даври чорум вомехуранд: 30 апрел (шанбе). Оғоз – соати 16:30 КМВА «Помир» – «Ҳосилот» Душанбе, варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Тоҷикистон «Вахш» – «Барқчӣ» Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор» «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург» 1 май (якшанбе). Оғоз – соати 16:30 «Истиқлол» – «Равшан» Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ «Парвоз» – «Хайр» Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»
Пирӯзии Фаррух Амонатов дар мусобиқаи шоҳмоти Тошканд Шатранҷбози маъруфи кишвар Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Агзамов, аввалин гроссмейстери байналмилалӣ аз Узбекистон, ки 17-27 апрел дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, мақоми аввалро соҳиб гашт. ҳашт шатранҷбоз намояндагӣ карданд. Устоди байналмилалӣ Икром Иброҳимов бо 5,5 хол дар байни 118 нафар дар мақоми 36-ум қарор гирифт. Маблағи ҷоизаҳои мусобиқа 20 ҳазор доллари ИМА буд. Барои ҷойи аввал 4 ҳазор, ҷойи дуюм 3 ҳазор, ҷойи сеюм 2 ҳазор доллар супурда шуд. Инчунин занон, ҷавонмардону духтарони то 20-сола ва собиқадорон бо ҷоизаҳо сарфароз шуданд.
www.javonon.tj
Гроссмейстери тоҷик дар 9 давр 7,5 хол ба даст овард. Ӯ дар 6 бозӣ пирӯз шуда, 3-тоашро мусовӣ анҷом дод. Ҷои дуюм насиби Рауф Мамедов аз Озарбойҷон гашт. Ӯ низ 7,5 хол ба даст овард, аммо аз рӯи нишондоди иловагӣ шатранҷбози тоҷик бартарӣ дошт (56,0:52,5). Александр Зубарев (Украина) бо 7 хол мақоми сеюмро соҳиб шуд. Дар мусобиқа Тоҷикистонро
е-mail: javonontj@mail.ru
4
ҷавонон ва ҷомеа
«Ҷавонони Тоҷикистон» №17 (9443), 28 апрели соли 2016
Тоҷикистон дуюмин кишвари дунё, ки туризмаш дар ҳоли рушд аст Ташкилоти умумиҷаҳонии туристии СММ дар як гузориши худ, ки бар асоси таҳлилҳои соли 2015 натиҷагирӣ шудааст, Тоҷикистон, Парагвай ва Ниуэ (Зеландияи Нав)-ро аз кишварҳое донистааст, ки туризмашон бо суръати баланд рушд мекунад. Тоҷикистон аз нигоҳи рушди сайёҳӣ дар миёни ин се кишвар дар ҷои дуюм қарор дорад. Дар ин гузориш омадааст, соли 2015 ба Тоҷикистон 414 ҳазор сайёҳ ворид шудааст, ки дар қиёс ба соли 2014 94 дарсад бештар аст. Ин ташкилот далелҳои таваҷҷуҳи сайёҳон ба кишварро дар кӯҳҳои сарбафалаки Бадахшон ва пайкараи Буддо донистааст. Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, сиёсати дарҳои кушод, сохтмони шоҳроҳҳо, нақбҳо, ободии Ватан ва рушди инфрасохтор, тинҷию оромӣ ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ин васила
мустаҳкам кардани нуфузи кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи туристӣ таъсири калон расонида истодааст. Соли 2015 барои туризми кишвар соли бобарор буд ва баҳри саёҳати донишҷӯӣ ва мактабӣ, инчунин муаррифии имкониятҳои туристӣ беш аз 200 чорабинии мақсаднок баргузор гардид. Дар се моҳи аввали соли равон бошад, шумораи чунин чорабиниҳо ба 76 адад расид. Дар семоҳаи якуми соли 2016 ба кишвар 89 101 нафар шаҳрванди хориҷӣ ташриф оварданд, ки 73 200 нафараш турист мебошанд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 9880 нафар зиёд аст.
Хизматчиёни давлатӣ нерӯи пешбарандаи давлату давлатдорӣ мебошанд
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ муқаддас асту дар баробари ин қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар. Ҳар як ҷавон бояд ин қарзи худро дар назди Ватан - Модар иҷро намояд. Ин аст, ки ҳар нимсола ҷавонон барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар даъват мешаванд.
Тренинги мазкур қисмате аз барномаест, ки баҳри беҳдошти мубориза бо малах дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз ҷониби Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) ва Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Амрико (USAID) рӯи даст гирифта шудааст. Мақсади асосии тренинг табодули донишҳо доир ба малахҳои зараррасон, гузарондани таҳқиқот ва идоракунии иттилоот, омӯзиш, ҳамчунин беҳдошти техникаи дорупошӣ, кам кардан ва назорати таъсири эҳтимолии чорабиниҳои зидди малах ба саломатии инсон ва муҳити атроф мебошад. Тренинг, инчунин машқҳои саҳроиро дар ноҳияи Ҳисор дар бар гирифт. Дар он 16 нафар мураббиён-устодон аз 4 кишвар ба таълим фаро гирифта шуда, соҳиби маводи таълимӣ гардиданд ва имкон доранд чунин омӯзишҳоро дар сатҳи миллӣ ба роҳ монанд.
Аз якуми апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷараён дорад. Дар давоми 20 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ 62% иҷро шудааст. Дар нахуст рӯзи даъват ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Истиқлоли вилояти Суғд нақшаро пурра ба анҷом расониданд. Чорабинии мазкур дар дигар шаҳру навоҳии ин минтақа идома дошта, иҷрои нақша дар вилояти Суғд ба 61% баробар мебошад. Инчунин дар давоми ду даҳрӯзаи чорабинии даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ иҷрои нақша дар гарнизони Хоруғ 75% буда, аллакай дар ин минтақа ноҳияҳои Дарвоз ва Ишкошим нақшаро пурра ба анҷом расониданд. Аз маҷмӯи умумии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппаву Сарбанд ва ноҳияҳои Балҷувону Носири Хусрав аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дода, иҷрои нақша дар қаламрави ин гарнизон 72%-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъват 57% ва дар чаҳор навоҳии пойтахт 38% иҷро шудааст. Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ сол то сол беҳтар гардида, бештари онҳо ихтиёрӣ барои адои қарзи ҷавонмардии хеш ба хизмат мераванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо бо дарки баланди масъулият ва нангу номуси ватандорӣ хизмат намуданро барои худ шарафу номус меҳисобанду барои сулҳу субот ва таҳкими амнияти миллӣ саҳм мегузоранд. Мутаассифона, дар баробари ин ҷавононе ёфт мешаванд, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, ба хизмат намераванд. Мушкилоти саркашӣ намудани баъзе аз ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ гарчанде ки мисли солҳои қабл набошад, вале то ҳол ҷой дорад, ки ин нигаронкунанда аст. Ба таъкиди Фаридун Азимов, яке аз ҷавонҳое, ки хизмати аскариро анҷом додааст, он ҷавононе, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд, аввалан намедонанд, ки хизмат дар сафи артиш баҳри халқу миллати хеш чӣ қадар муқаддас аст. Аз суханони берун, яъне овозаҳоро мешунаванду ба хизмат намеоянд, ки ҳамаи онҳо дурӯғанд. “Ҳар як ҷавон бояд сарбаландона баҳри ватани худ хизмат намояд. Чунки имрӯз мо орому осуда кору фаъолият дорему дигар ҷавонони ҳамсоли мо дар хизмат шабу рӯз хоб накарда, Ватанро ҳифз менамоянд. Пас мо низ вазифадорем, ки қарзи худро пеши Ватан иҷро кунем. Оне, ки дорои ғурури миллӣ аст ва ватани худро сидқан дӯст медорад, пас ҳатман ба хизмати ҳарбӣ бе ягон саркашӣ меравад”, - иброз дошт Фаридун Азимов. “Вақте шахс хизмат менамояд, ҳам руҳан, ҳам ҷисман обу тоб меёбад. Пас аз хизмат ҳурмату эҳтиром нисбат ба шахсони наздик зиёдтар мегардад ва аз ҳама асосӣ ҳисси ватандӯстиву хештаншиносияш баланд мегардад. Баъзе ҷавононе, ки аз хизмат саркашӣ мекунанд, намедонанд, ки он чӣ қадар муҳим аст. Агар дар ботини шахс эҳсоси ватандӯстӣ мавҷуд бошад, ҳаргиз аз хизмат намегурезад. Хизмат намудан ин пеш аз ҳама саҳм гузоштан дар таҳкиму рушди зодгоҳи худи мост”, - мегӯяд Дустмурод Шарипов, як ҷавони дигар. Хизмат намудан ба Ватан-Модар муқаддас асту бузург. Бинобар ин ҳар яки мо-ҷавононро лозим аст, ки ин қарзи ҷавонмардии худро ба ҷо биёрем. Бо сухани зерини Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, метавон ба ин гуфтаҳо хулоса кард, ки фармудаанд: “Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Яъне хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад”.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
Дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 15-солагии таъсисёбии агентӣ дар мавзӯи “Истиқлолият ва рушди хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти кишвар Ҷумъа Давлатов гуфт, ҳадаф аз ташкили конференсияи мазкур фароҳам овардани замина барои таҳқиқи масъалаҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, рушди хизмати давлатии муосири Тоҷикистон ва таъмини идоракунии самаранок, таҳлили вазъи имрӯзаи хизмати давлатии кишвар, аз ҷумла масоили татбиқи технологияҳои кадрӣ дар мақомоти давлатӣ, ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ, пешгирии коррупсия дар хизмати давлатӣ, инчунин, табодули таҷриба дар самти омӯзишу пажӯҳиши соҳаи хизмати давлатӣ ва муайян намудани самтҳои асосии рушди минбаъдаи он мебошад. Қайд гардид, ки Агентии
хизмати давлатӣ ниҳоди даврони истиқлолият буда, барои таъмини идоракунии самаранок тавассути тарбияи кадрҳо ва омода намудани хизматчиёни давлатии ба талаботи замон ҷавобгӯ қадамҳои устувор мениҳад. Дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати кишвар маҳз хизматчиёни давлатӣ масъулияти асосиро бар зима доранд. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суҳбатҳои худ вобаста ба нақши хизматчиёни давлатӣ дар рушди ҷомеа таъкид намуда буданд, ки хизматчиёни давлатӣ нерӯи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд намунаи интизоми олию меҳнати фидокорона ва содиқона бошанд. - Истиқлолияти киш-
вар барои мардуми тоҷик осон ба даст наомадааст. Истиқлолият неъмати бебаҳо ва гаронмояи миллати тоҷик аст. Пас аз соҳибистиқлолӣ кишвари мо роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, баҳри рушди соҳаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Бинобар ин истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки бо шарофати он кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ шинохтанду эътироф намуданд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасему баҳри таҳкими он фаъолияти худро ба роҳ монем, - гуфта шуд дар конфронс. Б. ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
Тренинги омӯзиши мубориза ба зидди малах Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе тренинги омӯзишӣ оид ба паст намудани оқибатҳои манфии мубориза бар зидди малах баргузор гардид. Дар он намояндагони КВД “Мубориза бар зидди малах” ва дигар сохторҳои марбута ширкат варзиданд.
www.javonon.tj
Хизмати ҳарбӣ нишонаи ватандӯстист
мавқеи “ҷавонон...“ лат, мансубият ба умумиятҳое, ки ҳам ба миллат ва ҳам ба шуури рӯзмарра муассир мебошанд, робитаи аслӣ дорад. Ҳамзамон, як донистани ин падидаҳо ҷоиз нест. Шуури рӯзмарра, ҳамчун шуури айнӣ, ки сарчашмаи онро таҷриба, ҳаёти ҳаррӯза ташкил мекунад, мансуб ба кулли ҷомеа мебошад. Психологияи ҷамъиятӣ бо унсурҳои худ, дар шаклгирии шуури ҷамъиятӣ ҳамчун воситаи аввалия, муқаддима, баъдан, шакли муносибати маънавӣ хизмат мекунад. Тавассути «инфрасохтор»-и худ дар фаъол ё пассивгардонии амалияи шу-
гардад, аз нигоҳи методологияи илмӣ баррасӣ ва таҳқиқ карда шавад. Қувватнокӣ ва заъфият, омилҳои ташаккулёбии ин ҷузъиёти муҳими муносибати миллат ба тақдири хеш мавриди омӯзиши академӣ карор бигирад. Маводи илмӣ-таърихӣ ва фарҳангӣ дар ин маврид басанда мебошад. Тавре хотирнишон гардид, психологияи миллӣ зуҳуроти диалектикист. Он дар раҳи рост шакл нагирифтааст. Аз қувваҳои берун аз табиат ҳам вобаста нест. Ҳар он чизе ки ба психологияи миллӣ кардааст, воқеъият - муҳити сиёсӣ,
субот ва ягонагии миллат дар давраи фоҷеабори таърихӣ мебошад. Дар ҳама давру замон, махсусан дар лаҳзаҳои ниҳоят мураккаб ва тақдирсоз, миллатҳо барои доштани Пешво, Сарвари бо тавонмандии комил эътирофгардида ва Роҳнамо ниёз доштанд. Қисмати баркамол ва ҷавони имрӯза, ки мутаносибан - наслҳои асри гузашта ва муосир мебошанд, шоҳиди онанд, ки шахсиятҳои бузург ба хотири сохтан, аз нобудӣ эмин доштан, бақо гузоштан, ҳимоя кардан ва С. ЯТИМОВ
5
он як шакли дастрасӣ ба иммунитети худҳифозатии миллат мебошад. Миллатҳои ноком бо вуҷуди шумораи шастмиллионӣ ва аз ин ҳам зиёдтар соҳиби давлат нагашта, садсолаҳо мубориза мебаранд. Ҳазорҳо нафар талаф медиҳанд. Ононе, ки ҳамакнун бо вуҷуди доштани таърихи куҳани давлатдорӣ, даҳсолаҳо ба ҷангу ҷидол ва кашмакашиҳои беохир кашида ва ғарқи фитна шудаанд, аз надоштани Раҳбар, Пешво ба ин ҳол гирифторанд. Дар оянда ҳам кори онҳо саҳл нахоҳад буд. То замоне, ки ин фаҳми
е-mail: javonontj@mail.ru
Равоншиносӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Дар доираи шуури муқаррарӣ)
ури рӯзмарра кӯмак мерасонад. Ҳангоми баррасии шуури рӯзмарра дар муносибат бо психологияи ҷамъиятӣ, мо аз фикри баъзе муаллифон, ки гӯё аввалӣ ба тарзи стихиявӣ метавонад шакл бигирад, ҷонибдорӣ карда наметавонем. Ин хулоса ниҳоят назариявикунонидашуда ва зарарнок ба назар мерасад. Чӣ тавре ки таъкид гардид, дар ақсои олам, минтақа ва сатҳи миллӣ, дар ҳолати побарҷо будани муҳимтарин муассисаи ҷамъиятӣ таҳти номи «давлат», аъмоле, ки бе ангеза ва мақсади муайян ба ҷонибдорӣ ва ё зидди он бошад, вуҷуд дошта наметавонад. Ҳама гуна рафторҳои ҷамъиятӣ, ҳатман субъекти тибқи мақсад амалкунандаро ба хотири ҳадафҳои муайян доро мебошанд. Фақат онҳоро сари вақт бояд шинохт. Омӯзиш ва ташхиси доимии психологияи ҷамъиятӣ, унсур ва равандҳои он, бо дарназардошти истифодаи омили мазкур дар самтгирии шуури рӯзмарра, вобаста ба таъмини субот ва амният аз муҳимтарин самтҳои кор бо ҷомеа мебошад. Дар хотир бояд гирифт, ки омили психологияи ҷамъиятӣ, тавъам бо шуури рӯзмарра – сатҳ, сифат, мундариҷа ва майлони он дар муносибат бо манфиатҳои миллӣ, аз мавзӯъҳое мебошанд, ки мадди назари доимии мухолифони давлатдории миллии мо ҳастанд. Кӯшишҳои сӯиистифода аз нуқтаҳои заъфи он тавассути душманони давлатдории миллӣ ба тарзи доимӣ мадди назар гирифта мешавад. Ин падидаро дар муқобили ҳар зуҳурот ва ташаббусе, ки метавонад ба рушди миллӣ, сулҳу субот дар ҷомеа созгор бошад, мушоҳида кардан мумкин аст. Фазо ва замон барои озмоиши (эксперименти) ин фарзия ҳама вақт имкон медиҳад. Ба назар муҳим мерасад, ки структура, мундариҷа ва вазифаҳои функсионалии психологияи ҷамъиятии таърихан ташаккулёфтаи миллати тоҷик дар тамоми давраҳои пайдоиш ва ташаккули он ҳамчун предмет ва объекти илмӣ муқаррар
иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳамон ошно ва албатта бегона кардааст. Ба ҳамин хотир, қудрати инсон дар доираи манфиатҳои миллӣ, дар ҷараёни ниҳоят мушкили давлатсозӣ ва давлатдории миллӣ, мерасад ба он, ки дар доираи имконоти нав, зарурати ҳаётан муҳим, зина ба зина ба психологияи миллӣ, давлатдории миллӣ, дастовард, мушкил ва таҳдидҳои рӯзмарра ва стратегӣ мутобиқ карда шавад. Иқрор бояд гашт, ки хиёнат ба Ватан, муддатҳо зери асорат мондани миллат, аз даст додани бутунии қаламрави кишвар, ба ҷангу хунрезӣ кашидани мардум, зери шубҳа монондани мавҷудияти давлати миллӣ, ташвиқу тарғиби ҳисси бегонапарастӣ ба руҳияи миллӣ ва характери миллӣ бетаъсир намемонад. Дар кишвари ҷангзадаи ҳамсоя онро бараъло мушоҳида кардан мумкин аст. Дар асоси ҳамин таҷрибаи таърихӣ, таҳлил ва арзёбии воқеият, яке аз асосгузорони материализм барҳақ таъкид мекунад: "Аз оне, ки полякҳо аз худ камбудӣ ба намоиш мегузоранд, гуноҳи ғосибони сарзамини онон мебошад". Ҷузъиёти зикргардидаи ҳатман ислоҳпазирро набояд аз тақдири таърихии миллати тоҷик сарфи назар кард. Зарур аст, чунин натиҷаи асрҳо шаклгирифтаи психологияи ҷамъиятиро дар чаҳорчӯби дид, маънавиёт ва рафторҳои баъзе аз гурӯҳҳои ҷомеа ба инобат гирифта, роҳҳои илмӣ ва маданӣмаърифатии ба талаботи давлатдории миллӣ мувофиқат кунонидани он пешбинӣ шавад. Қаҳрамонӣ ва ҷонфидоиҳои фарзандони сарсупурдаи миллат ба хотири ҳифзи марзу бум, якпорчагии сарзамини аҷдодӣ ва эҳёи давлати миллӣ, ҳамчун намунаи олии рафтори ватанхоҳона дар ин раванд аз муҳимтарин омилҳост. Аммо эътирофи он нукта зарур аст, ки мушкилтарин масъала барои халқу миллатҳо доштани сарвар, шахсияти воқеан таърихӣ бо тавоноии таъмини якпорчагии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу
рушду нумӯи давлату миллат ба ин унвон ва мартабаи олӣ ноил гаштаанд. Ин омили объективӣ ва тақозои аслии давраи муайяни таърихии як миллат аст. Вазъ, ҳолати воқеии ҷомеа чунин шароитро объективона тавлид мекунад. Хулосаи хирадмандонаи Арасту, ки баъдан аз ҷониби дигар мутафаккирон ва давлатмардон бо тобишҳои гуногуни мантиқӣ иброз доштаанд: "То он андозае, ки шахс вазъиятро ба вуҷуд меорад, то ҳамон дараҷа вазъият ҳам шахсияти ба он мувофиқро рӯи саҳна меоварад", натиҷаи таҳлил ва арзёбии таҷрибаи таърихии чандинкарата тасдиқгардидаи олам аст. Таъкиди он нукта зарур аст, ки зуҳуроти доштани Пешво, Роҳнамо, Сарвари хирадманд ҳатман ҷузъи имконот, иқтидор, нишонаи муҳими дараҷаи рушд ва маънавиёти миллӣ эътироф карда мешавад. Он навъи зуҳуроти сиёсии таҳлил, арзёбӣ, хулосабарорӣ ва вокуниши миллат ба таърихи қадим, нав ва махсусан навтарини хеш, бештар аз ин, нигаронӣ ба тақдири ояндаи наздиктарини миллат, давлатдории миллӣ ва амнияти худи ҷомеа аст. Ин падида, воситаи муҳимми сарҷамъӣ, ваҳдат ва худҳифозатии миллат мебошад. Миллате, ки қудрати маънавиаш ба шинохт, пешниҳод, пуштибонӣ, эътироф ва сидқан пайравӣ намудан аз Пешвои худро дорад, дар рӯ ба рӯи таҳдидҳои муосир шикастнопазир аст. Он аз сифати миллат ҳам шаҳодат медиҳад. Сифат ва ахлоқи миллат бошад, маъмулан, дар сиёсат... нақши ҳалкунандаро мебозад. (Morghenthay G. Politics Among Nations The struaggle for Power and Peace", New York, 1964, p.126). Ба тарзи дигар, ӯ бо дарки фаҳми моҳияти алоқамандии падидаҳои ҷамъиятӣ, тавонӣ дар онҳо ошкор намудани раванди монандӣ ва тазодҳо, дар муқоиса гузоштани зуҳуроти олам, минтақа ва сарзамини аҷдодӣ ба хулосаҳое меояд, ки мунҷар ба тасмимгириҳои сиёсии барояш ҳаётан муҳим мешавад. Аз назари антропологӣ
умумимиллӣ насибашон нагардад. Бахти миллат дар мавҷудияти марди тавонманд ва қутбнамои миллат аст. Бояд таъкид намуд, ки назария ва аз ҳама муҳим амалияи доштани Пешвои сиёсӣ дар илм, алалхусус тадқиқоти Ғарб, мафҳуми маъруф аст. Г. В. Гегел, ки дар таърихи афкори фалсафии инсоният нақши махсусан муҳим бозидааст, маҳз бо ишора оид ба ҳамин гуна шахсиятҳои таърихӣ менависад: «Ба ғайр аз неру ва қуввае, ки ин гуна шахсиятҳо доранд, дар ниҳоди онон бояд иловатан махзани маълуми пурмуҳтавои ирода бошад. Фақат тавассути амалӣ кардани мақсадҳои бузург, инсон дар худаш хислат ва характери бузургро ошкор месозад, ӯро ҳамчун қутбнамо барои дигарон муаррифӣ менамояд» (Гегел Г.В., Философия духа, М., «Мысль», 1977, саҳ.77). Хушбахтии миллати тоҷик аст, ки аз чунин вафодории тақдир бархӯрдор мебошад. Дар ҷараёни дарки ҳастӣ, воқеияти олам, манфиатҳои миллӣ ва вобаста ба он шаклгирии маънавиёт ва характери миллӣ, ин омил аз муайянкунандаҳост. Дар пайравӣ ба Пешвои миллат, ба ҳаёт, корнамоӣ, ҷонфидоӣ, натиҷаи амали таърихӣ ва зиндаи ӯ ҳис, дарк, фаҳм ва андешаи миллӣ, ки ҷавҳари онро амн ва рушди миллӣ ташкил мекунад, шакл мегирад. Наслҳо дар мисоли корномаи ӯ тарбия мешаванд. Он сарчашма ва пояи аслии пайдоиши рӯҳи миллӣ мебошад. Тавре таъкид гардид, ин раванд мансуб ба давраи рушди як миллати алоҳида нест. Таҷрибаи дунёи қадим ва навин аст. Қаҳрамонҳои воқеии зиндагӣ, қаҳрамонҳои миллӣ, ки ҳаёти худро ба ҳастӣ ва рушди миллӣ бахшидаанд, ҳамчун меъёр - намуна ва натиҷаи дарки таҳлили реалияти объективӣ буда, ба рӯҳия ва маънавиёти хоси миллат муассир мебошанд. (Давом дорад)
www.javonon.tj
МУҚАДДИМА Равоншиносии (психологияи) ҷамъиятӣ дар шаклгирии шуури муқаррарӣ ҷойгоҳи муайянкунанда дорад. Аввалӣ дар кулли давраҳои тараққиёти ҷамъият қисмати ҷудонашавандаи маънавиёти халқ ва миллатҳо мебошад. Хусусияти аслии он воқеияти табиат, ҷамъият ва тафаккурро тавассути эҳсос, назорат, идрок, урфу одати таърихан шаклгирифта, дар вобастагӣ ба давраҳои муайяни тараққиёти ҷомеа дар худ инъикос кардан аст. Ба тарзи дигар, психологияи ҷамъиятӣ воситаи ҳиссиётии дарки реалияти объективӣ ва нишон додани вокуниш ба он дониста мешавад. Ҳамин тариқ, мавзӯи ин мақола кӯшиши тафсири равоншиносии ҷамъиятӣ дар доираи эҳсос ва идрок ба амнияти ҷамъиятӣ дар вобастагӣ бо воқеият мебошад. ОМИЛҲОИ МУАССИР БА ПСИХОЛОГИЯИ ҶАМЪИЯТӢ Оид ба ин қисмати зуҳуроти тафаккур ҳамчун зуҳуроти тағйирнаёбанда ва шахшудамонда сухан гуфтан мумкин нест. Муборизаи миллат барои соҳибихтиёрӣ, ҳифзи марзу бум, таъмини рушди миллӣ дар рақобатҳои ниҳоят сангину нангини байни миллатҳо, ҷонфидоиву хиёнатҳо, бурду бохтҳо дар тӯли таърих аз омилҳои муҳимтарини шаклгирӣ, рушд ва ҳамчунон рукуди психологияи ҷамъиятӣ мебошанд. Психологияи ҷамъиятӣ аз муҳимтарин ҷузъиёти шуури рӯзмарра ва характери миллӣ маҳсуб мегардад. Ҳамзамон хотиррасон бояд кард, ки ду раванди асосӣ дар равоншиносии ҷамъиятӣ оид ба шаклгирии характери миллӣ ногузир ба назар мерасад - таъсири созгор ва баръакси он. Мутаассифона, дар адабиёти илмии замони шӯравӣ ва пас аз он, ба ин падидаи муҳим, ки аз воситаҳои шаклгирии шуури рӯзмарра ва идеологияи миллӣ мебошад, таваҷҷуҳи баробарвазн зоҳир нашудааст. Ҳамзамон, ҷолиби қайд аст, ки фалсафаи Ғарб, алалхусус Амрико, ҳангоми таърифи «миллат» аз истилоҳот, ё аниқтараш категорияҳои илмие истифода мекунад, ки мо онҳоро, асосан, ҳангоми онтологияи психологияи ҷамъиятӣ ба кор мебарем. Таъкид мегардад, ки «миллат гуфта, гурӯҳи иҷтимоиеро меноманд, ки аз умумияти идеологӣ, урфу одат, анъанаҳо, меъёрҳои танзими рафторҳои муқарраргаштаи иҷтимоӣ ва ҳисси мансуб будан ба ирсияти муайян бархӯрдор мебошад» (P. Jack, Olton R., The International Relation Dictionary, California, Longman, 1982, p. 33). Муборизаҳои рӯҳшиносӣ дар тазод ва низои байни миллатҳо, асосан, дар заминаи ҳамин мафҳумҳо барои беранг ва ба хостҳои муайян мувофиқ гардонидани муҳтавиёти онҳост. Ҳамин тариқ, психологияи ҷамъиятӣ дар шаклгирии мил-
«Ҷавонони Тоҷикистон» №17 (9443), 28 апрели соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
6
минбари андеша
«Ҷавонони Тоҷикистон» №17 (9443), 28 апрели соли 2016
24-уми апрели соли равон бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ даври ёздаҳуми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид, ки то 30 апрел идома меёбад. Ин чорабинии муҳими тандурустӣ аз соли 2006 инҷониб ҳар сол доир мегардад. Дар доираи ин чорабинӣ 25 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гашт. Зикр гардид, ки Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия ташаббусест, ки барои баланд бардоштани дониши аҳолӣ оид ба бемориҳои сироятии тавассути иммунизатсия (эмкӯбӣ) идорашаванда ва манфиатнокии иммунизатсия равона гардидааст. Мақсад аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ доир ба иммунизатсия ва муҳофизат аз бемориҳои сироятӣ буда, он дар саросари ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Тавре аз маълумот бармеояд, иммунизатсия аз ҷумлаи амалиёти пешгирикунандае мебошад, ки нисбатан арзон ва барои солимии ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад. Он асосан барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили фалаҷ, гулӯзиндонак, сулфакабутак, кузоз, сурхча, гулафшон, сил, гепатити В, диареяи кӯдакон ва амсоли инҳо пешбинӣ шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 200 ҳазор кӯдак таваллуд ме-
шавад, ки иммунизатсияи онҳо ҳатмист. Бояд қайд намуд, ки иммунизатсия ба таври ройгон ба роҳ монда шуда, на танҳо барои кӯдакон, балки барои калонсолон низ зарур мебошад. Ин аст, ки муҳлати иммунизатсиякунӣ шуруъ аз 24 соати баъди тавлиди тифл давра ба давра то 16-солагӣ идома дода мешавад ва дар калонсолӣ низ баъди ҳар 10 сол гузаронида мешавад. Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Умарзода Саида доир ба зарурати гузаронидани ин чорабинӣ сухан ронда, аз ҷумла зикр намуд, ки сари вақт гузаронидани иммунизатсия кӯдакони шуморо аз ҳама гуна
ҳаётан муҳим 2-3 миллион нафар аз фавт пешгирӣ мегардад. Масалан, ваксинаи зидди бемории сурхча дар саросари ҷаҳон аз соли 1960 истифода мешавад ва аз соли 2000 то соли 2013 ваксинатсия бар зидди ин беморӣ 15,6 миллион фавтро пешгирӣ намуд. Дар натиҷаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани иммунизатсия бар зидди бемориҳои сироятӣ ҳодисаи гирифторшавӣ ба бемории гулафшон, ки дар соли 2005 1231 нафарро ташкил медод, дар соли 2014 пурра аз байн бурда шуд. Ҳамчунин аз соли 2007 ягон ҳодисаи гирифторӣ ба бемории гулӯзиндонак низ ба қайд гирифта нашудааст. Барои аз
Дар мавриди тарғибу ташвиқи иммунизатсия ва дигар чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳар гуна бемориҳои сироятӣ саҳми кормандони тиб, ташкилотҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма муҳим арзёбӣ гардид. Бо зикри ин нукта, ки “Пешгирии беморӣ аз табобати он беҳтар аст” табибону мутахассисони соҳаи тиб таъкид намуданд, ки гузаронидани иммунизатсия ҳатмӣ ва манфиатнок буда, бо даст кашидан аз он мо саломатӣ ва ҳаёти кӯдаконро метавонем зери хатар гузорем. “Дар бадани кӯдакон бар зидди на ҳамаи бемориҳои сироятӣ масуният мавҷуд аст. Аз ин рӯ, кӯдакон бояд ҳама
Кӯдаконро иммунизатсия кунед Шаҳло ЭШОНОВА
намуди иммунизатсияро дар вақти муайяншуда қабул намоянд, - гуфт Игор Поканевич, сарвари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Тавассути иммунизатсия мо метавонем ба пуррагӣ бемориҳои хатарноки сироятиро маҳв созем. Тавре медонем, чунин чорабиниҳо ҳамзамон дар аксари кишварҳои Аврупо гузаронида мешаванд ва мақсади асосии мо таҳким бахшидани ҳамкориҳо ва кӯмак расонидан дар самти таъсирнокии ваксинаҳои зидди бемориҳои
бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ медорад. Он боиси пешгирии миллионҳо ҳодисаҳои фавт аз бемориҳои сироятӣ дар ҷаҳон мегардад. Ҳамасола ба шарофати истифодаи ваксинаҳои
байн бурдани хавфи бемориҳои сироятӣ ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда бояд мунтазам, сифатнок ва бо истифода аз имкониятҳои имрӯза ба роҳ монда шавад.
сироятӣ мебошад. Айни ҳол тақрибан 19 млн. кӯдак дар ҷаҳон барои қабули чунин ваксинаҳо дар тамоми давраи ҳаёти худ дастрасӣ надоранд. Ташкилоти мо бо аксари
Дар мубориза бо диабетаи қанд ғолиб мебароем
www.javonon.tj
Чанде пеш дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология нишасти матбуотӣ доир гашт. Зимни нишаст таъкид гардид, ки ҳар сол дар Тоҷикистон афзоиши шумораи умумии бемории диабети қанд бо нишондодҳои аввалия ва умумии он ба қайд гирфта мешавад. Бояд гуфт, имрӯз дар кишвари мо проблемаи бемории диабети қанд аҳамияти калони тиббию иҷтимоӣ дорад. Агар дар ҷумҳурӣ нишондоди умумии беморони қанд соли 2010 293 нафар ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ рост меомад, соли 2014 шумораи он ба 377,5 нафар ба 100 ҳазор расид. Ин шумора тӯли ду соли охир боз ҳам бештар шудааст. Гуфта мешавад, ки имрӯз ҳудуди 347 миллион нафар дар ҷаҳон ба диабети қанд гирифторанд. Игор Поканевич, роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон зикр кард, ки дар Аврупо 64 миллион нафар бо диабет умр ба сар мебаранд ва ҳар сол он боис ба марги даҳҳо ҳазор одам мегардад. Айни ҳол аз рӯи мушоҳидаву санҷишҳои охирин на камтар аз 80% ҳамаи ҳодисаҳои
диабетро пешгирӣ кардан имконпазир мебошад. «Бояд дуруст ғизо хӯред, фаъолу серҳаракат бошед, тавсияҳои табибонро риоя кунед, ба диабет ғолиб меоед», - гуфт И. Поканевич. Ба ҳамагон маълум аст, ки диабети қанд бемории музмин, вале пешгиришаванда мебошад. Чораи ягонаи боэътимоди боз доштани паҳншавии диабети қанд роҳ надодан ба гирифторшавии одамон ба ин беморӣ мебошад. Бисёр омилҳои хатарнок ба саломатӣ, ки ба зиёдшавии вазни ҷисм алоқамандӣ дорад, дар синну соли кӯдакӣ ё наврасӣ пайдо мешавад. Пешгирӣ кардан ё дур намудани инкишофи диабет ба таври одӣ тағйир додани тарзи ҳаёт имконпазир мебошад. Шахс бояд пеш аз ба чунин беморӣ гирифтор шудан худро эҳтиёт намояд.
Насим Олимов, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ҷаҳон ва хусусан дар кишвари мо эпидемияи глобалии бемории диабети қанд бо аффзоиши босуръати зиёдшавии вазни бадан, фарбеҳӣ ва паст шудани фаъолнокии ҷисмонӣ паҳн шуда истодааст. “Тахмин меравад, ки даҳсолаи оянда шумораи умумии фавтидагони гирифтори диабет зиёда аз 50% меафзояд, ки шумораи зиёдаш занон мебошанд. Умуман, шумораи беморони диабетаи қанд дар Тоҷикистон 35 386 нафарро ташкил медиҳад, ки 616 нафараш кӯдакону наврасон, 2800 нафарро мардҳо ва боқимонда занҳо мебошанд. Дар кишварҳои абарқудрат диабет бештар ба шахсони синни нафақа таъсир мерасонад, аммо дар кишварҳои рӯ ба
кишварҳои дунё ҳамкориҳоро ба роҳ монда, барои коҳиш додану аз байн бурдани бемориҳои сироятӣ аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд”. Аксари иштирокдорон дастовардҳои Тоҷикистонро дар самти маҳв сохтани бисёре аз бемориҳои сироятӣ муҳиму зарурӣ унвон намуданд. Боиси хушнудист, ки айни ҳол дар ҷумҳурии мо бемориҳои гули калон (оспа), фалаҷ, сурхча ва гулафшон дар арафаи маҳвшавӣ қарор доранд. Хушбахтона, бо пешрафти илму техникаи муосир ҳамарӯза ваксинаҳои нав ба нав истеҳсол шуда истодаанд, ки фоидаовару бехатар будани онҳо дар таҷриба собит шудааст. Иммунизатсия кафолати пурраи бемор нашудани кӯдакони мост. Тавре таъкид гардид, айни замон нақшаи стратегӣ оид ба барҳамдиҳии бемории фалаҷ барои солҳои 2013-2018 амал мекунад, ки мақсади асосии он маҳви пурраи ин беморӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Бемории фалаҷ бемории сироятии зудпаҳншавандае мебошад, ки вируси он мағзи сарро сироят карда, одамро ба фалаҷи доимӣ оварда мерасонад. Аломатҳои ин беморӣ дар сироятёфтагон хеле суст ба мушоҳида мерасанд. Аз 200 сироятёфта 1 ҳодисаи он ба фалаҷи доимӣ ё марг оварда мерасонад. Айни замон 3 намуди вируси фалаҷ вуҷуд дорад, ки барои маҳви он истифодаи ду шакли иммунизатсия тавсия мешавад. Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар низ ба соҳаи тандурустӣ ва беҳдошти кору фаъолияти кормандони соҳа бештар гардидааст, ки ин дар навбати худ масъулияти онҳоро дучанд мегардонад. Аммо дар самти солимии ҷомеа тамоми мардуми кишвар бояд саҳмгузор бошанд, чунки танҳо дар ҳамдастӣ ва ҳамраъйӣ мо метавонем аҳли оилаи худ ва дигаронро аз ҳар гуна бемориҳо муҳофизат намоем. Насли солим бошад, кафолати ҷомеаи солим аст.
тараққӣ бошад ба одамони аз синни 35 то 64-сола рост меояд. Мо кӯшиш мекунем, заҳмат мекашем ва мубориза мебарем, то ба ин беморӣ ғолиб оем”. Тавре дар нишаст гуфта шуд, ҳамарӯза 30 дақиқа фаъолияти шиддатнокии миёна ва ғизои солим метавонад хатари диабетро коҳиш диҳад. Ягона васитаи боэътимоди таҳти назорат гирифтани эпедимия роҳ надодан ба беморшавии одамон аз диабети қанд мебошад ва дар ин роҳ ҳар қадар якҷо амал намоем қудрати мо низ ҳамон андоза бештар хоҳад шуд. Дар айни ҳол соҳаи тандурустӣ метавонад ба миллионҳо тоҷикистонӣ, ки бо диабети қанд умр ба сар мебаранд, имконият фароҳам оварад, то ки онҳо бемории худро назорат кунанд ва аз оқибатҳои нохуши он наҷот ёбанд. Барои ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии омилҳои муҳим пешгирӣ ва мубориза бо бемории диабети қанд ва бенуқсон гардидани он талош варзад.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА, “ҶТ”
БА ИСТИҚБОЛИ 25-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
«Ҷавонони Тоҷикистон» №17 (9443), 28 апрели соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
Риояи қонун - кафили пешрафти кишвар
7
Ҳар рӯзи сипаришуда моро ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон наздик месозад. Ҳарчанд зербинои давлатдории тоҷикон дар давраи шӯравӣ гузошта шуда бошад ҳам, маҳз баъди ба даст овардани истиқлолият тавонистем, ки урфу одат, тамаддун ва анъанаҳои миллии хешро эҳё намуда, ба ҷаҳониён пешкаш кунем. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ҷумҳурии ҷавони мо душвор омад. Бо дасисаи бегонагон мамлакат ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ печида, ҳазорон нафар маҷруҳ ё кушта шуда, даҳҳо ҳазор нафар зодбуми худро бинобар ноамнӣ тарк намуданд. Ҳазорон хона сӯхтаю валангор гардид. Танҳо бо шарофати пойдор гаштани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо ба марҳилаи нави зиндагӣ, яъне аз буҳрони иқтисодӣ баровардани мамлакат, таъмини рушди мунтазами соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ қадам ниҳодем. 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки рушди ҳаёти ҷомеаро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълом намуда, ҳуқуқи шаҳрвандон ва ширкати онҳоро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муайян намуд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии хеш ба муносибати Рӯзи Конститутсия, 5 ноябри соли гузашта чунин гуфта буданд: «Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонад сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд». Бо боварӣ метавон гуфт, ки Конститутсия аз як тараф барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Меъёрҳои Конститутсия аввалин бор имконият дод, ки дар Тоҷикистон низоми бисёрҳизбӣ ба вуҷуд оварда шавад, ки он мисли озодии сухан баёнгари демократӣ будани давлат аст. Яке аз талаботи асосии таъмини волоияти қонун мустақилияти судяҳо ба шумор меравад. Ҳифз намудану риояи ҳуқуқҳои конститутсионии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро танҳо суди босалоҳият ва беғараз таъмин карда метавонад. Мутобиқи моддаи 84 Конститутсияи (Сарқонуни) ҷумҳурӣ «адолати судиро дар ҷумҳурӣ Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии
вилоятҳо ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд». Конститутсияи ҷумҳурӣ ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсро кафолат дода, муқаррар намудааст, ки ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс намудан мумкин нест. Ҳамчунин ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳо, ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ, эҳтимолияти бегуноҳӣ, ки тибқи он то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ҳеҷ кас дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад. Ҳуқуқи ҷабрдида ба ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарари ба ӯ расонидашуда кафолат дода мешавад. Дар моддаи 84 Кониститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Моҳи январи соли гузашта Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ тақвияти фаъолияти ҳокимияти судиро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ номиданд. Соли сипаришуда бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ «Барномаи нави ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» тасдиқ гардид. Барномаи мазкур рушди минбаъдаи қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтор ва фаъолияти Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба ноболиғон, такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд, тақвияти расондани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани сифати ташхиси судӣ-ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ-техникии судҳо, ҳифзи иҷтимоии судҳо ва кормандони дастгоҳи судҳоро пешбинӣ кардааст. Ин барнома ба боз ҳам устувортар шудани мақомоти судӣ, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунад. Ба ҳар яки мо лозим аст, ки истиқлолияти худро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, баҳри мустаҳкамии сулҳу субот кӯшиш кунем. Зеро ҷомеае, ки дар он ваҳдату якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва риояи қонун таъмин аст, ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад. Хусрав ДАВЛАТЗОДА, муовини раиси Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, подполковники адлия
Истиқлолият ба ҷавонон имконият фароҳам овард Истиқлолият ва озодиву мустақилияти мардуми соҳибтамаддуни Тоҷикистони азиз имкон дод, ки давлати мо дар роҳи пешбурд ва рушди ҳамаи соҳаҳо, қатори дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, баробар бошад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии мамлакат барои тамоми халқи тоҷик, хусусан, барои ҷавонони сарбаланду саодатманди кишвар шароити мусоид фароҳам омад. Ҷавонони кишвар дар даврони истиқлолият барои тараққӣ додани Ватани азизамон, баланд бардоштани парчами давлатӣ, саҳмгузор будан дар ободкориву созандагӣ ва дигар кору фаъолият пешсаф гаштанд. Маҳз бо иқдомҳои сазовори Ҳукумати кишвар ва ташаббусҳои созандаву сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонони кишвар беҳтарин имкониятҳо фароҳам оварда шуданд.
Сайдалӣ ШАҲОБОВ, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
www.javonon.tj
Таваҷҷуҳи хоса ва бевоситаи Пешвои миллат ба рушди донишандӯзиву илмомӯзии наврасону ҷавонон дар пешбурди кишвар саҳми босазо гузоштааст, чунки: Пояи давлат набошад бе маориф устувор, Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр, - гуфтаанд. Таъсиси стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдоми сазовори Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аст, ки барои ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон мусоидат менамояд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо ҳар наврасу ҷавони соҳибистеъдод метавонад дар дилхоҳ муассисаи таълимӣ таҳсил кунад ва дар оянда дар самти интихобнамудааш кору фаъолият намояд. Сиёсати давлатии ҷавонон бомаром татбиқ гардида истодааст, ки он ҳам яке аз самараҳои истиқлолияти кишвар мебошад. Мақсади асосии сиёсати давлатии ҷавонон, ки баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷумҳурӣ ва берун аз он аст, маҳз дар рушди маҳорату маърифати онҳо саҳми босазо гузошта истодааст. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2013 ба мақоми ҷавонон ишора намуда, тазаккур дода буданд, ки: «Ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хуллас, ояндаи давлат мебошанд». Истиқлолият, воқеан ҳам, барои ҷавонон беҳтарин имкониятҳоро фароҳам овард. Ҳар рӯз дар кишвар сухан аз ободӣ, созандагӣ ва бунёдкорист, ки ин ҳама ба шарофати истиқлолият мебошад. Парчами миллат маҳз ба воситаи саъю талошҳои ҷавонон бо иштирок дар мусобиқаву озмунҳои байналмилалӣ дар ҷаҳон парафшонӣ мекунад. Ҷавонон парчамбардорони миллату давлат буданд, ҳастанд ва боқӣ хоҳанд монд. Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем, Ватан ҳарчи гӯяд, адо мекунем.
е-mail: javonontj@mail.ru
8
Ваҳдати ҷавонон
«Ҷавонони Тоҷикистон» №17 (9443), 28 апрели соли 2016
Ҳасан АЗИЗОВ 19-21 апрели соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фестевали дӯстии ҷавонон таҳти унвони "Ҷавонон пайрави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои милллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон" ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид. Дар он олимону муҳаққиқони ҷавон, ҷавонони фаъол аз ҳама гӯшаву канори мамлакат иштирок намуданд.
Фестивал - таҳкими “Овози ту муҳим аст!” 19-уми апрел дар маркази ноҳияҳои Восеъ, Шамсиддин Шоҳин, шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози ВМКБ аксия таҳти унвони “Овози ту муҳим аст!” вобаста ба раъйпурусии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон доир шуд. Дар он 500 нусха рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва маводи иттилоотии тарғиботӣ ҷиҳати иштироки фаъолонаи ҷавонон дар раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 май баргузор мешавад, тақсим шуд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба ҷавонон ва сокинони шаҳру ноҳияҳо мулоқот анҷом дода, ҳамаи онҳоро барои иштироки фаъолона дар раъйпурсии умумихалқӣ даъват намуда, аз ҷумла иброз дошт: - Ҳамаи мо имрӯз дар марҳилаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии давлати хеш, шиносномаи давлат - Конститутсияи Тоҷикистон қарор дорем. Баргузор гардидани раъйпурсии умумихалқӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба амалӣ намудани мақсадҳои олӣ, рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии
www.javonon.tj
“Расми хуби тоҷикон” Ёдовар бояд шуд, ки ҳангоми сафар ба Бадахшон иштирокчиёни фестивалро раисону муовинон ва хурду бузурги сокинони шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб, Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва Дарвозу Хоруғи ВМКБ бо гурӯҳи ҳунармандон, бо суруду мусиқӣ ва нону намак истиқбол гирифтанд. Иштирокчиён, махсусан ҷавонон аз истиқболи самимию дӯстонаи мардуми шаҳру ноҳияҳо шод гаштанд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки корвони Фестевали дӯстии ҷавононро роҳбарӣ мекард, арзи сипоси иштирокчиёни фестивалро барои истиқболи гарму самимӣ ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихони Ҷамшед ва сокинони вилоят расонд.
ҳаёти ҷомеа, риоя ва кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат менамояд. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия барои мо - ҷавонон муҳим буда, ба ин восита мақом ва имкониятҳои мо дар Тоҷикистон бештар мегардад. Фаъолияти ҳар яки мо - ҷавонони саодатманди диёр имкон медиҳад, ки масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандиамонро сарбаландона адо намоем ва барои рушду
нумӯи рӯзафзуни кишвар ва амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона созем”. Сипас, ҷавонон баромад карда, гуфтанд: “Мо - ҷавонони сарбаланд барои пойдорӣ, устуворӣ, абадият ва пояндагии бахту саодати миллат ҳамчун фарзандони бовафо ва бонангу номус якдилона барои ворид кардани тағйиру иловаҳо Конститутсияи Тоҷикистон раъй медиҳем”.
Ваҳдати ҷавонон 9 Бо шарофати заҳматҳои Пешвои миллат мавриди эътироф қарор гирифтем «Ҷавонони Тоҷикистон» №17 (9443), 28 апрели соли 2016
Раҳмон ба унвони Пешвои миллат саҳифаи тозае дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. Ин иқдоми вакилони халқ, ки пеш аз ҳама аз иродаи мардуми тоҷик, дарку маърифати амиқи ҷоме аз талошҳо ва хидматҳои Роҳбари давлат дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар сарчашма мегирад, воқеан шоистаи истиқбол аст, гуфт Г. Орумбекова. Аҳтам Абдуллозода зикр кард, ки қабули Қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат", иқдоми наҷибест. Он бори дигар ормонҳо ва эҳтироми воқеиву мондагори сокинони кишварро нисбат ба Пешвои миллат собит менамояд.
е-mail: javonontj@mail.ru
20-уми апрел бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Шӯрои олимони ҷавон дар Чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ таҳти унвони "Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ" конфронси илмӣ - назариявии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Гулдаста Орумбекова, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, баргузории чунин чорабиниҳоро барои огоҳии бештари ҷавонон аз масъалаҳои муҳими рӯз донист. - Эълон намудани Эмомалӣ
Ҳамчунин, Беҳрӯзи Одина, муҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ ва иқтисодии Телевизиони Кӯлоб дар мавзӯи "Пешвои миллат - ҳомии забони тоҷикӣ", Хурсанд Муллоев, мудири кафедраи назарияи иқтисод ва молияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа дар мавзӯи "Нақши Пешвои миллат дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон", Ҷаҳонгир Темуров, мудири кафедраи МТЗАТ-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзӯи "Нақши Пешвои миллат дар барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ" маърӯза карданд.
дӯстии ҷавонон
Варзиш - омили муттаҳидсозандаи ҷавонон Дар доираи Фестевали дӯстии ҷавонон ҳайати ҷавонони тими футболи "Истиқлол"-и Душанбе бо дастаи мунтахаби ВМКБ бозии дӯстона анҷом доданд. Бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бо ширкати 10 000 мухлиси футбол, бо ҳисоби 3:3 анҷом ёфт. Пас аз анҷоми бозии футбол Аҳтам Абдуллозода дастаи футболи Бадахшонро барои бозии хуб нишон доданашон шодбош гуфт. Инчунин, Шодихони Ҷамшед, раиси ВМКБ пешниҳод намуд, ки чунин мусобиқаҳо ҳар сол 3-4 маротиба байни ҷавонони вилотяҳои кишвар баргузор шаванд. Чаро ки ба ин восита дӯстии ҷавонон боз ҳам мустаҳкам мегардад.
Фестивал - таҳкими дӯстии ҷавонон Нимаи дуюми ҳамон рӯз дар шаҳри Хоруғ Фестевали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон - пайрави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар он сокинони шаҳри Хоруғ бо рӯҳи болида ва идона ширкат карданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷавононро таҳният гуфта, тавре иброз дошт, боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мо бо садоқати ватандорӣ ва самимияти бепоёни инсонӣ фестевали дӯстии ҷавононро дар гӯшаи зебоӣ диёрамон - дарвозаи тиллоии Тоҷикистон, Бадахшони сарбафалак таҷлил менамоем. Яке аз усулҳои муттаҳидсозӣ, таҳкими рукнҳои дӯстӣ ва рушди фарҳангии ҷавонон ташкили фестивал ва форумҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ мебошанд. Дар натиҷаи ин чорабиниҳо садҳо ҷавони мамлакат аз фаъолияти якдигар, ҳаёту рӯзгори сокинони минтақаҳо ва урфу одати онҳо, таъриху тамаддун ва фарҳанги миллӣ бархурдор гардида, барои табоду-
ли таҷриба имкон пайдо мекунанд. “Доир намудани чунин фестевалҳо имкон медиҳад, ҷавонони касбу кори гуногун дар як муҳит ва атрофи як масъала, яъне муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ваҳдат ҷамъ омада, бурду бохт ва дастовардҳои худро барои ҳам қисса намоянд ва намунаи ибрати дигарон бошанд”, - афзуд Аҳтам Абдуллозода. Шодихони Ҷамшед, раиси ВМКБ, ки ҷавононро ҳамроҳӣ мекард, изҳор дошт: “Ҷавонони соҳибмаърифат, меҳмонони азиз, шуморо барои ташриф ба минтақаи кӯҳсори диёрамон бо меҳру муҳаббати зиёд хушомадед мегӯям. Мо аз қудуми мубораки шумо басе шоду мамнунем. Умед мебандам, ки дар ин ҷо бо ёрону бародарони бадахшонии худ дар доираи баргузории фестивал ҷаҳати таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти сулҳу субот корҳои арзанда сомон хоҳед дод”. Раиси вилоят ҳам ташкили фестевалҳо ва форумҳои ҷумҳуриявию минтақавиро барои муттаҳидсозии қишри фаъоли ҷамъият – ҷавонон муҳим арзёбӣ кард.
Шоми 20-уми апрел дар тарабхонаи "Шоми Бадахшон" охирин чорабинии Фестивали ҷавонон - шоми фарҳангии ҷавонон бо шаҳомати хоса доир гашт. Дар он иштирокчиёни фестивал ва сокинони шаҳри Хоруғ иштирок намуданд. Ҷавонон – иштирокчиёни фестивал ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихони Ҷамшед ва мардуми меҳмоннавози Бадахшон барои истиқболи самимиву пазироии гармашон изҳори сипос намуданд. Шодихони Ҷамшед дар навбати худ ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
www.javonon.tj
Шоми фарҳангии ҷавонон
е-mail: javonontj@mail.ru
10
соҳибкасб
«Ҷавонони Тоҷикистон» №17 (9443), 28 апрели соли 2016
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ Имрӯз нафаре нест, ки варзишро дӯст надорад ё кам касе ёфт мешавад, ки ба ягон намуди он машғул нашавад. Чунки варзиш ба кас саломатӣ ва тандурустӣ мебахшад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи ҷавонон бештар ба варзиш равона гардида, онҳо бо шавқи беандоза ба варзиш машғуланд. Баъзе аз онҳо на танҳо ба воситаи варзиш саломатии худро беҳ мегардонанд, балки дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ иштирок намуда, миллатро муаррифӣ ҳам мекунанд. Яке аз чунин ҷавонони дӯстдори варзиш Мулкия Рустамзода мебошад. Мавсуф ҳарчанд хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи махсуси мусиқии ба номи Миратулло Атоев аст, вале аз хурдсолӣ ба варзиши ҷудо машғул аст ва бо шавқи беандоза баҳри омӯхтани он ҳаракат намудааст. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна дар мусобиқаҳои хурди варзишӣ ширкат варзида, бар рақибонаш дастболо мегардид. Ин ҳама муваффақиятҳо муҳаббати ӯро нисбат ба варзиш зиёд намуда, ахиран ба
роҳбарии мураббии шоиста Досталӣ Буриев дар риштаи ҷудо машқ мекунад. Бино ба гуфтаи мураббиаш Мулкия варзишгари бомаҳорат буда, ҳаракатҳои лозимиро дарҳол аз худ менамояд. - Ӯ варзишгарӣ хуб аст, - мегӯяд Д. Буриев. – Супоришҳоро зуд ва бечуну чаро иҷро менамояд. Вақте бори аввал ба машқ омад, мо аз ӯ варзишгари хуб шуданро интизор набудем, вале пас аз тамринҳо пайхас намудам, ки бе ягон мақсад ба тамрин намеояд. Баъдан машқҳоро боз ҳам ҷиддитар ба роҳ мондем, ки дар охир натиҷаи хуб доданд. Вале бояд зикр намуд, ки агар
ва ҷиддӣ ба он андармон шавад. Чунки танҳо бо мақсади мушаххас инсон метавонад ба қуллаи баланди ҳунар бирасад. Ӯ рӯзе то чор соат тамрин менамояд. Асоси муваффақияти ҳар як варзишгарро дар вақту соати муайян машғул шудан ба тамрин медонад. Аз ин рӯ, ҳамеша дар вақтҳои лозимӣ роҳ сӯйи толори варзиширо пеш гирифта, бо боварии комил ба тамрин мепардозад. Зеро итминон дорад, ки маҳз бо чунин кӯшишу ғайрат дар оянда ба яке аз варзишгарони номдору парчамбардори Меҳан табдил хоҳад ёфт. Соли гузашта дар вазни 48 кило дар мусобиқаи
кӯшиши худи шахс набошад, ҳеҷ гоҳ ба комёбие нахоҳад расид. Хушбахтона, талошҳои ӯ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Боварӣ дорам, ки дар оянда аз ин ҳам дида варзишгари муваффақ хоҳад шуд”. Аҳтам Раҷабов ҳам ба Мулкия ҳаққи устодӣ дошта, варзишгар чанде аз нозукиҳои дигари варзишро аз А. Раҷабов ҳам омӯхтааст. Аз натиҷаҳое, ки ӯ то имрӯз ба даст овардааст, устодонаш қаноатманд буда, дар оянда дастовардҳои бештареро чашмдоранд. Ба назари Мулкия барои варзишгари муваффақ шудан нафари машғул ба дилхоҳ варзиш бояд самти хешро мустаҳкам дорад
ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҷойи аввалро ба даст овард. Дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Вастан”, ки моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе миёни 17 кишвари ҷаҳон баргузор гашт, дар вазни 48 кило ҳунарнамоӣ намуда, сазовори ҷойи сеюм шуд. Ҳоло ба мусобиқае, ки тобистони соли ҷорӣ дар Қазоқистон баргузор мегардад, омодагӣ дида истодааст. Мураббиаш бовар дорад, ки ӯ дар мусобиқаи мазкур маҳорати худро нишон дода, парчами кишварро баланд мебардорад ва унвони Устоди варзиши дараҷаи байналмилалиро соҳиб мешавад.
Варзиш беҳтарин василаи муаррифии Ватан аст роҳи мазкур бо иродаи қавӣ ворид шуд. Ҳатто дар чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. - Аз он рӯз, ки ба варзиш сару кор гирифтам, ҳеҷ гоҳ худро хаста ҳис намекунам. Дар воқеъ дуруст аст, ки варзиш ба инсон саломатӣ ва зебоӣ мебахшад. Дар ибтидо танҳо баҳри обу тоб ёфтани бадан ба варзиш машғул мешудам. Вақте дар чанд мусобиқа иштирок намудем, пеши худ мақсад гузоштам, ки на танҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ, балки дар мусобиқаҳои берун аз кишвар низ маҳорати ҷавонони
тоҷикро муаррифӣ намоям. Орзуи Парчами давлатиро баланд бардоштан маро бештар водор мекард, ки тамрин бикунам, мегӯяд Мулкия. Мулкия баъзан вақт ба волейболу футбол ҳам машғул мешавад. Зеро, ба таъкиди ӯ, машғул шудан ба ҳама намуди варзиш муфид буда, бадани инсон ҳаматарафа обутоб меёбад. Бохабар будан аз нозукиҳои намудҳои гуногуни варзиш барои фаъолияти минбаъда ҳатман ба кор меояд. Аммо набояд фаромӯш сохт, ки дар мадди аввал диққати асосӣ бояд ба мақсади ягона равона карда шавад. Ӯ чор сол аст, ки зери
дидгоҳ
Ростгӯӣ аз “мӯд” баромадааст
www.javonon.tj
Гулбаҳор РАҲМОНОВА Мегӯянд, инсон дар ҳаёташ 56 намуди хислатро соҳиб аст. Аз онҳо бистушаштояш ҳангоми таваллуд ба таври таббиӣ ҷузъи ахлоқии шахс мегардад, боқимондаро дар раванди ҳаёт шахс аз худ мекунад. Дурӯғ гуфтан аз ҷумлаи хислатҳоест, ки имрӯз дар байни ҷомеаи мо роиҷ гардида, инсонро мисли заҳрпеча печида гирифтааст. Ин хислат дар баъзе одамон бисёр
ва дар бархе камтар ба назар мерасад. Равоншиносон бар он ақидаанд, ки дар дунё ягон нафаре ёфт намешавад, ягон бор дурӯғ нагуфта бошад. Ҳатто нафароне, ки ба дин эътиқоди қавӣ доранд, низ дурӯғ гуфтаанд. Дурӯғ аслан хоси онҳое будааст, ки дар вуҷудашон тарс доранд. Яъне аз касе ё чизе дар ҳаросанд. Қасами зиёд хурдан низ нишони дурӯғгӯ будани шахс будааст. Тамоми китобҳои осмонӣ дурӯғгӯиро мазаммат кардаанд. Гузаштаҳои мо ҳам дар накӯҳиши дурӯғ зиёд таъкид намудаанд. Бо вуҷуди ин дурӯғ гуфтани инсонҳо дар ҷомеа зиёд мушоҳида мешавад. Чаро? Дурӯғ гуфтан хислати бад аст. Чаро ки он хилофи ҳақиқат ва ростист, шаъну шарафи инсонро дар ҷамъият паст менамояд. Ба андешаи ҷомеашинос Умеда Ахмедова, пайваста
дурӯғ гуфтан ба одат мубаддал мешавад. “Хислати дурӯғгӯиро кас аз оила ёд мегирад. Он ба замони иҷтимоишавии кӯдак рост меояд”, - таъкид мекунад У. Ахмедова. Тавре маълум аст, агар дар оила калонсолон дурӯғ гӯянд, кӯдак аз онҳо ёд гирифта, ин амалро рафтори одӣ қабул менамояд. Ҷомеашиносон бар он андешаанд, ки волидайн бояд аз хӯрдӣ ба кӯдак паҳлуҳои мусбату манфии дурӯғ гуфтанро омӯзонад. Вагарна ин хислат ба онҳо одат шуда мемонад. Вақте ки одат шуд, дигар инсон фикр намекунад, ин амал минбаъд худаш иҷро шудан мегирад. Балки шахс дурӯғгӯиро як одати муқаррарӣ қабул мекунад. Ин хислат ба муҳит ҳам вобастагӣ дорад. Ҷомеашинос Умеда Ахмедова 5 сабаби асосии дурӯғгӯиро ёдовар мешавад, ки инҳоянд:
- дурӯғ бо мақсади фоида ба даст овардан; - дурӯғ барои муҳофизати худ. Яъне барои худро аз чизе ё касе муҳофизат кардан: дурӯғи маслиҳатомез. Дурӯғе, ки барои ҷанг нею ба хотири сулҳ ё амниятро пойдор гардондан миёни ду нафар ё ду гурӯҳ гуфта мешавад; - дурӯғи ғайримуқаррарӣ ё ғайритабиӣ. Баъзеҳо вақте дурӯғ мегӯянд, ки дигарон ба онҳо аҳамият намедиҳанд. Аммо фикр намекунанд, ки дурӯғи онҳо оқибат надорад; - дурӯғ бо мақсади назорат. Бисёри нафарон ба хотири назорати хеш дурӯғ мегӯянд. Масалан, занҳое ҳастанд, ки барои ба мақсад расидан ба хушдоманҳояшон рафтору муҳаббати хешро бо дурӯғ нишон медиҳанд. Дар посух ба суоли “Оё шумо зуд-зуд дурӯғ мегӯед?”
ҳамсуҳбати мо Нур Неъматуллоев чунин гуфт: - Бале. Аслан дурӯғ парвардаи руҳия ва андешарониҳои заъиф аст. Як фарди қавӣ ва комил чунин рафторе нахоҳад кард, ки зарурат барои гуфтани дурӯғ ба миён ояд. Мавридҳое низ ҳастанд, ки дурӯғ метавонад натиҷаи мусбат дошта бошад. Вале ин вобаста ба диди инсон аст. Фарди воқеӣ метавонад, аз дурӯғ истифода барад. Ба он маъно, ки байни дурӯғи маслиҳатомез ва рости фитнаангез фарқ гузошта тавонад”. Дар мазаммати дурӯғгӯӣ ва тавсифи ростӣ дар адабиёти динии мо ҳам зиёд таъкид шудааст. Ман ҳам мехоҳам матлабро бо як ҳадиси мубораки Паёмбари акрам нуқта гузорам. Расул (с) мефармояд: Се чиз аст, ки ҳарки аз он якеашро кунад, мунофиқ (дурӯя) бошад, агарчӣ намоз хонад ва рӯза дорад: Чун сухан гӯяд, дурӯғ гӯяд, чун ваъда кунад хилоф кунад, чун амонат ба вай диҳанд хиёнат кунад.
Суҳбати “ҷавонон...”
«Ҷавонони Тоҷикистон» №17 (9443), 28 апрели соли 2016
Хуршед МАВЛОНОВ Табиати биҳиштосои Тоҷикистон дар дили қуллаҳои хеш ҳунармандонеро ба воя расондааст, ки номи онҳо умре зинда хоҳад монд. Ба таври дақиқ метавон гуфт, ки ҳамаи ҳунармандони мо зодаи куҳистон мебошанд. Онҳо бо дутори бобоӣ ва бо худомӯзию шавқи баланд санъатро ба дараҷаи аъло расонидаанд. Дар ин росто метавон Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Муродов, Малика Қаландарова, Нигина Рауфова, Зафар Нозим, Шоиста Муллоҷонова, Мастона Эргашева, Тоҷиддин Муҳиддинов, Самариддин Саъдиев, Мирбобо Зиёев, Абдулло Назриев, Зӯҳро Каримова, Ҳошим Назаров, Муродбек Насриддинов, Хосият Ортиқова, Афзалшо Шодиев ва даҳҳо тани дигарро мисол овард, ки бо ҳунари худ дар ақсои олам шуҳратёр гаштаанд. Албатта, қадр кардани ин ҳама марворидҳои санъати миллат вазифаи ҷонии мо мебошад.
не ҳастанд, ки нодида мемонанд. Яъне воқеан ҳунар доранд, аммо ҳунарашон эътироф нашудааст... - Ман чанде қабл дар суҳбат бо як масъули соҳаи фарҳанг сари ҳамин маъала баҳс кардам. Оё мумкин нест, ки дар ҳамин шабу рӯз дар ҳамин ноҳия шаби эҷодии ҳамин ҳунармандонро бар по кунанд. Ман худам ҳам бисёр мехоҳам, шаби эҷодиам баргузор гардад. Ман се маротиба дар фестивали телевизионӣ ҷои аввалро гирифтаам. Ҳатто дар даврони шӯравӣ, ки ба ҳар кас муяссар намегардид, ман соли 1975 дар фестивали умумииттифоқӣ дар шаҳри Маскав ғолиби озмун эълон гардида будам. Вале имрӯзҳо касе аз ҳунари ман ёд намекунад. Ҳатто суроғе аз ман намекунанд. Бояд эътироф кунам, ки ман дилмонда намешавам. Ҳамин дӯстони атрофам ба ҳунарам эҳтиром мегузоранд, ин фахри ман аст. Лекин аз нав эҳё кардану аз пайи эҷодиёти нафаре шудан, хоси ин миллат аст. Мо низ хурсанд мешавем, ки эҳтироми мо
Инчунин костагиҳои истеъдод дар миёни дӯстон сайқал меёбаду пурра мегардад. - Истеъдод фитрист ва ё сайқал мехоҳад? - Истеъодод сайқал мехоҳад. Ҳамин як нафар гӯяд, “ман истеъодод дорам ва ҳамин барои ман кифоя аст”, пас, баъди чанде аз ӯ на ном мемонаду на нишон. Чун дар як ҷо монд. Эҷодкор бе сайқали ҳунараш эҷодкори асил шуда наметавонад. Табиист, ки аксарияти ҳунармандони мо зодаи куҳистон мебошанд... Аслан ҳамин кӯҳистон шоирро шоиру санъаткорро санъаткор мекунад. Мегӯянд, ганҷро аз кӯҳҳо меёбанд. Ганҷ илм, фарҳанг, хушбахтӣ, зиндагӣ ва оромии шахс мебошад. Дар ин асно дар кӯҳсорон ду ганҷро ёфтан мумкин: ҳам ганҷи маънавӣ ва ҳам моддӣ. - Пӯшида нест, ки имрӯз санъати тоҷик низ аз нафарони тасодуфӣ орӣ нест. Шахсоне ҳастанд, ки ҳеҷ ҳунар дар онҳо дида намешавад, аммо аз худ ҳунарманд метарошанд... - Ҳунарро худодод ҳам мегӯянд. Ва бешак худод аст ва ба ҳар кас муяссар намешавад. Аммо ҷамъият аз тақлидгарон орӣ нест. Табиист, ки баъзе нафарон то ҷое ба ҳадаф мерасанд. Эҷодкор мешаванду писанди халқ мегарданд. Аммо дар бораи он нафароне, ки тасодуфӣ по ба ин даргоҳ ниҳоданд, зуд аст, ки ин хонаро тарк гӯянд. - Дар ин баробар нафаро-
дар байни роҳбарони имрӯзаи ноҳия ҳанӯз ҳам боқист. Шумо дар боло қайд кардед, ки вақте ҳунар бошаду халқ онро эътироф накунад, ин дард аст. Воқеан ҳамин аст. Ҳунармандро ба нестӣ мебарад. Ҳунарашро, эҷодашро ва ҳатто худашро. Чизи дигар имрӯз ҳамон озмунҳои телевизионӣ. Танҳо дар он ҳамон нафароне иштирок мекунанд, ки аз худи пойтахт ва атрофи он мебошанд. Чаро ба ҳунармандони дур аз марказ эътибор намедиҳанд? Бовар кунед, ҳамин чизҳо оҳистаоҳиста аз байн рафта истодааст. Ҳунарнамоӣ синну сол надорад. Як баҳри беканор барои худи ҳунарманд аст. Барои ҳифзи он бояд ҳунарманд баромад дошта бошад. Даъвати мо ин эҳтироми мост. - Ба андешаи Шумо ба воситаи фарҳанг мо метавонем маънавиёти халқро баланд бардорем? - Албатта метавонем. Беҳуда нест, ки мегӯянд: Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавони рӯй бар ин ганҷ неҳ. Фарҳанг илм аст, маданият бошад, як шакли зебоипарастӣ. Фарҳангу маданият дар якҷоягӣ ва бо ҳам амал мекунанд. Инҳо зиндакунандаи якдигаранд. - Дар охир чӣ пешниҳод доред? - Мехоҳам ҳунарамро дубора зинда гардонам, то чизе аз худ боқӣ гузорам. Пешниҳоди ман ҳамин аст, ки шахсони мутасаддӣ бори дигар ёде аз мо ҳам кунанд.
Созандагӣ Ҳар сол 3-юми май ҳамчун рӯзи матбуоти озод қайд мегардад.
Чанд соли охир ҷомеаи рӯзноманигорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба мушкилоти зиёди моддиву маънавӣ рӯ ба рӯст. Ҳабсу зиндонӣ шудани хабарнигорон, интиқоди шидид аз фаъолияти онҳо ва айбдоркуниҳои беасос қариб ки домангири журналистони бисёре аз кишварҳои шӯравии собиқ аст. Интиқоди журналистон аз камбудиҳои ҷамъият чандон хуш пазируфта намешавад, балки бештари маврид ба зарари худи онҳо анҷом меёбад. Вале бояд дар назар дошт, ки рушди ҷамъият ва пешрафти соҳаҳои он бе журналистикаи озод имконпазир нест. “Оинаи ҷамъият” пайваста бояд ҳусну камбуди онро инъикос карда истад. Вагарна чунин вонамуд кардан, ки ҳама ҷо гулистон аст, хубӣ намеорад. Интиқоди зиёд шудани фаъолияти рӯзноманигорон ба ёд ҳамон рассоми ҷавонро меорад: Устоди расм баъд аз он ки шогирдаш курси рассомиро хатм мекунад, ба ӯ фотиҳа дода, мегӯяд: - Ҳоло охирин расми кашидаатро дар ҷои аз ҳама серодами шаҳр биовез. Назди расм қалами сурх гузор ва чунин як навиштаеро ҳам насб кун: “Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ҳар ҷои расм, ки бароятон писанд наомад, хат занед”. Пас аз чанд рӯз вақте рассоми ҷавон ба дидани расми овехтааш меравад, мебинад, ки тамоми расм супсурх аст. Ҷавон бо дили ғамгин назди устодаш меояд. Устод маслиҳат медиҳад, ки ғамгин нашуда, расмкаширо идома диҳад. Рассоми ҷавон ҳамон расмро аз сари нав мекашад. Ин навбат устод маслиҳаташ медиҳад, ки онро дар ҳамон макони серодам овезад. Вале мегӯяд, ки ин дафъа дар назди расм рангҳои гуногун ва чанд мӯқаламеро ҳам гузошта, навиштаеро бо ин мазмун насб кунад: “Хоҳиш мекунам, ҳар он ҷои расмро, ки бароятон маъқул нест, худ оро диҳед”. Ҷавон фармудаи устодашро айнан иҷро мекунад ва баъди чанд рӯз мебинад, ки расм ҳамон тавре, ки буд истодааст, дар рӯи он ягон хате ҳам наменамояд. Хурсанд шуда, назди устодаш меояд. - Бори аввал чун ба инсонҳо фурсат додӣ, кори туро бераҳмона танқид карданд.- мегӯяд рассоми таҷрибадор. - Ҳатто онҳое ҳам, ки дар умрашон боре расм накашидаанд расматро сиёҳ карданд. Дафъаи дуюм аз онҳо хостӣ, ки кори мусбат ва созанда анҷом диҳанд, вале касе ба ин ҷуръат накард. Чунки созанда будан таълим ва вақт мехоҳад... ...Журналистон ҳам дар навбати худ вазифадоранд, бо дили пок кор кунанд. Хизмати онҳо тавассути қаламашон сурат мегирад ва ин хизмат бояд беғаразона ва ба нафъи миллату давлат бошад. Давлат ҳам дар навбати худ бояд барои рушди журналистикаи озод шароит фароҳам орад. Чаро ки дар ҳамбастагӣ метавон муваффақ шуд ва ба пешрафтҳои бештаре ноил гардид. Башир УСМОНОВ, “ҶТ”
www.javonon.tj
Абдухолиқ Абдураҳимов ҳам аз ҷумлаи ҳамин санъаткорони нотакрор ба шумор меравад. Абдухолиқ Абдураҳимов Арбоби шоиста ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯро бо ҳунари волояш дар ноҳияи зебоманзари Ховалинг хеле азиз ва гиромӣ медоранд. Гули сари сабад ва маҳфилорои ҳамдиёрон аст. Моро дидор бо ин марди ҳунар мушарраф гашт ва чанде дар пойи суҳбаташ нишастему ба ҳаёту фаъолияташ ошно шудем. - Дуруст аст, ки мегӯянд эҷод дард аст? - Ҳар касе аз пайи кори эҷодӣ аст, бояд гӯям, ки дар роҳи дуруст аст ва шуғли беҳтаринро интихоб кардааст. Ҳар шахс эҷодкор шуда наметавонад. Эҷодкорӣ дар ҳамаи соҳа - фарҳанг, илм, маориф, хоҷагӣ, умуман дар ҳама бахш ҳаст. Шахси эҷодкор бояд чизе офарад, ки дигарон аз он истифода баранд. Албатта, ки дард аст. Беҳуда Бозор Собир нагуфтааст: Гӯянд, ки шеър мояи дарду ғам аст, Шоир нашавад касе, ки ӯ беалам аст. Ҳар қатраи вожае, ки дар дафтари мост, Чун хуни чакида аз димоғи қалам аст. Дард аст, ки эҷод мешавад. Фикр мекунам, шеъри асил, оҳанги хуб, овози форам (ҳатто худодод ҳам бошад) бедард ба шунавандаву хонан-
да таъсир расонида наметавонад. - “Итеъдодҳо дар танҳоӣ мемиранд”. Имрӯз, ки Шумо аз саҳнаи тоҷик дур мондаед ва танҳо дар маҳфилҳо даъват мешавед, ба фикри Шумо истеъдодатон чун пештар ҳифз шудааст? - Баъзан истеъдод дар байни як гурӯҳи нафарони эҷодкор сайқал меёбад. Лекин фикр мекунам, агар одам ба танҳоӣ равад ҳам, истеъдодашро гум намекунад. Баръакс шӯри эҷодкорӣ дар танҳоӣ аланга мезанад. Агар истеъдод дар ҳақиқат дар шахс бошад, ӯ дар танҳоӣ меофарад, эҷод мекунад ва истеъдодашро сайқал медиҳад. Ман мефаҳмам инро ки, танҳоӣ азият дорад, бо дӯстон хуб аст. Аммо он эҷоде, ки дар танҳоӣ мешавад, ранги дигар дорад. Ғам ба масал модари эҷод аст. Ғам бошад, дар танҳоӣ, ҳиҷрат, мусофирӣ тавлид мешавад. Дар миёни дӯстон, албатта, хубиаш дар он аст, ки шахс яку якбора чанд ҳунарро меомӯзад. Ҳар ҳунари хуби онҳо ба ҳунарат зам мегардад.
Машғул шудан ба фаъолияти рӯзноманигорӣ ва ҳақиқатро баён кардан ҷурм не, шараф аст (аз саҳифаи twitter-и Вазири умури хориҷаи ИМА, Ҷон Керри).
е-mail: javonontj@mail.ru
Ҳунарро қадр мебояд...
11
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
12
варзиш
«Ҷавонони Тоҷикистон» №17 (9443), 28 апрели соли 2016
Шодихони НАЗАР Имрӯзҳо тамоми торномаҳои варзишии қораи Осиё дар бораи ҳунару маҳорати паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ҳарф мезананд. Ин паҳлавони тоҷик тавонист баъди соҳиби гранприи ҷудо, ки соли 2015 дар Қазоқистон ба даст овард, парчами кишварро дар мусобиқоти Осиё дар зинаи аввал парафшон намояд. Дар ин мусобиқа, ки 1516 апрел дар Тошканд - пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, паҳлавони номдори кишвар Комроншоҳи Устопириён дар вазни -90 кило соҳиби медали тилло шуд. Ӯ дар даври аввал бар Иёл Салмон Ҳамад аз Урдун ва дар даври дуюм бар Автар Сингҳ аз Ҳиндустон ғолиб омад. Комроншоҳ дар даври нимниҳоӣ бар Шералӣ Ҷӯраеви узбекистонӣ дастболо шуда, дар финал бар намояндаи Ҷопон - Юсуке Кобаяши пирӯз гашт. Комроншоҳи Устопириён нахустин варзишгари тоҷик аст, ки дар таърихи ҷудои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Ӯ бо ин дастоварди худ соҳиби роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейрои Бразил гардид. Акнун Комроншоҳ дар рейтинги ҷудои ҷаҳон дар зинаи ҳаштум қарор дорад. Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳ дар баробари гӯштини ҷудо қаҳрамони чандинкаратаи Осиё аз намуди самбо ва кураш, инчунин чемпиони ҷаҳон миёни наврасон дар риштаи самбо мебошад. Бо Комроншоҳи Устопириён оид ба ин дастовард ва омодагиҳояш ба Бозиҳои олимпӣ суҳбат оростем. - Комроншоҳ, Шуморо ба ин дастовард табрик мекунем, мегуфтед, ки то ин мусобиқа марҳилаҳои омодагиро чӣ гуна пушти сар кардед? - Ташаккур, аввал миннатдориамро ба тамоми мардуми тоҷик мерасонам, ки меҳнати маро қадр карданд ва ҳангоми баргаштан аз Тошканд нағз пешвоз гирифтанд. Ин дастоварди ман не, балки дастоварди мардуми тоҷик аст. Соли 2016 барои варзишгарони ҷаҳон соли мушкил хоҳад буд. Зеро тамоми варзишгарон аз оғози сол ба-
рои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ кӯшиш мекунанд. Мо тайёриҳои худро барои ба даст овардани роҳхат дар чанд давлат гузарондем. Моҳи январ барои машқҳои дастаҷамъӣ ба давлати Австрия рафтем, баъдан дар Олмон бо беҳтарин варзишгарони Аврупо машқҳои дастаҷамъӣ гузаронидем. Моҳи март дар шаҳри Хуҷанд бо падар ва бародарам Фаридун Устопиров, ки мураббиёни ман мебошанд, бо машқи сангбардорӣ машғул будам. Баъдан муддати 10 рӯз баъди мураббиам Николай Елчанинов аз Русия омадан ҳарифони худро омӯхтам. Наворҳои онҳоро пайдо карда, бо тарзи гӯштигирии онҳо ошно гаштам. Тайёрии ҳамаҷониба буд, ки дар чемпионати Осиё бар ҳамаи ҳарифонам дастболо гашта, унвони қаҳрамониро
имсола дода буданд. Ин ваъда дар ҳаёти варзишии Шумо чӣ таъсир расонд? - Ваъдаи падар дар назди Президент масъулияти зиёдро ба ман вогузошт. Барои ин армони падарро нашикастан аз ҳамон рӯз барои дарёфти роҳхат ба олимпиада кӯшиш кардам. Падарам ҳам ба хотири ваъдаи додаашон тамоми шароити варзиширо барои ман муҳайё намуданд. Ба чандин мусобиқаҳову машқҳои дастаҷамъӣ берун аз кишвар сафар намудем. Буданд ҳолатҳое, ки монда мешудам, мехостам тамринро аз ду баст ба як баст гузаронам, вале ваъдаи падар ба ман нерӯю илҳоми нав мебахшид ва барои нашикастани ин ваъда роҳ ҷониби тамрингоҳ мегирифтам. Кӯшиш мекунам, барои амалӣ гардидани ин ваъда ва боварии падар
Комроншоҳи УСТОПИРИЁН:
Ба Олимпида танҳо барои иштирок намеравам
соҳиб шудам. - Мусобиқа дар кадом сатҳ гузашт? - Мусобиқа дар сатҳи бисёр баланд доир гардид. Беҳтарин варзишгарони қораи Осиё баҳри роҳхат гирифтан ба Олимпиада ташриф оварда буданд. Ин мусобиқа нисбат ба мусобиқаҳои пешин барои ман каме душвортар буд, зеро ҳама варзишгарони касбӣ ҷамъ омада буданд ва ҳамаи вохӯриҳо мушкил гузашт. - Барои омода шудан ба олипиада тайёриро бо кадом мураббиён мегузаронед: дохилӣ ё хориҷӣ? - Мо бо Николай Елчанинов, мураббие, ки беҳтарин варзишгари мо Расул Боқиевро барои Олимпиадаи Пекин-2008 омода намуда буд, шартнома бастем. Ӯ барои дар сатҳи баланд тайёр шуданам ба олимпиада маро тамрин медиҳад, тайёрии пеш аз олимпиадавиро ҳам бо ин мураббии рус мегузаронам. - Соли 2013 дар мулоқоти Пешвои миллат бо варзишгарон, падаратон ваъдаи ҷоизадор шудани Шуморо дар олимпиадаи
муборизаро идома диҳам. - Дар қораи Осиё ҳарифи пурқувват барои шумо кадом варзишгар буд? - Дар намуди гӯштини ҷудо варзишгарони Ҷопон боқувватанд. Ҳарифи пурқувват ва таҷрибадори ман Юсуке Кобаяши аз Ҷопон буд, ки дар даври ниҳоии чемпинати Осиё бо ӯ вохӯрдам ва ба ман муяссар гардид, ки пирӯз гардам. - Дар радабандии ҷаҳонӣ аз ҳисоби холҳо дар зинаи 8 қарор доред, он варзишгароне, ки аз шумо холҳои зиёд ба даст овардаанд, аз ҳунари онҳо огоҳ ҳастед ва дар олимпиада ҳарифи асосӣ кадомашро меҳисобед? - Дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни 90 кило 380 нафар варзишгар аст. Ман дар ин радабандӣ зинаи 9-умро гирифтам. Ман бо ҳамаи варзишгароне, ки дар радабандӣ дар мақоми аз якум то бистудуюм қарор доранд, қуваозмоӣ кардаам. Онҳо низ мисли мо иштибоҳ мекунанд, ғолиб меоянд, ҳар яки онҳо ҳам ба хотири ҷоизадор шудан ба олимпиада сафар
мекунанд, онҳо низ то ин зина расидан мушкилиҳои зиёдро паси сар намудаанд. Бо ҳамаи онҳо имкони ғолиб омадан ҳаст, зеро сарчашмаи гӯштии ҷудо аз гӯштии миллии мо гирифта шудааст. Варзишгарони мо имкониятҳои зиёдтари ғолиб омадан доранд. Мо кӯшиш мекунем, ки ба онҳо ғолиб омада, бо сари баланд ба Ватан баргардему сазовори боварии мардуми тоҷик бошем. - Омодагии пеш аз олимпиядавии худро дар куҷо мегузаронед? - Аллакай, бо барномаи пеш аз олимпиадавӣ шинос шудам, бо мураббиён маслиҳат кардем, аз 1 май ба Русия барои тамрин сафар мекунем, баъдан машқҳои дастаҷамъӣ бо варзишгарони Аврупо дар Барселонаи Испания мегузаронем. 20 рӯз пеш аз олимпиада ба хотири мутобиқ шудан ба боду ҳавои макони баргузории олимпиада ба Аргентина сафар мекунем. Насиб бошад, 9-уми август вазн бар мекашем ва 10 август дар Бозиҳои олимпӣ баромад хоҳем кард. - Боз кадом варзишгарони мо имкони бештари гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпиро доранд? - Дар баробари гӯштии ҷудо муштзанҳо ва гӯштигирони тарзи озоди мо имкони бештар барои роҳхат гирифтанро доранд ва умед мебандем, ки онҳо ҳам роҳхати бозиҳои олимпиро ба даст меоранд, ман ба ҳамаи онҳо барор мехоҳам. Аз рӯи намуди гӯштии ҷудо нисбат ба дигарон Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов имкони бештар доранд. Аз ҳисоби холи бадастовардаи ман аз ин ду яке имкони маро дар олимпиада ҳамроҳӣ намудан
доранд. Аз 6-ум то 10-уми май дар Боку мусобиқаи Grand Slam оид ба ҷудо ва 15-17 май дар Алмаато гранпирии ҷудо баргузор мегардад. Аз ин ду варзишгар дар ин мусобиқаҳо кадоме натиҷаи хубтар нишон диҳад, ба олимпиада сафарбар мешавад. - Рио-де Жанейро охирин олимпиадаи Шумо мешавад ё муҳорибаро барои олимпиадаҳои баъдӣ идома медиҳед? - Ҳоло ман бистусесолаам. Варзиш барои ман аз падар мерос мондааст, дар баробари ман набераҳои падарам Деваштич, Каюмарс, Саидиброз, Саидиқбол, Озарахш, Ардашер ба тамрин машғуланд ва давомдиҳандаи касби бобо мебошанд. Ин аввалин олимпиада мешавад, ки ман иштирок мекунам. Баъдан боз тамринро бо бародарон идома медиҳем, бо хости Худо нияти дар ду олимпиадаи дигар иштирок карданро ҳадаф қарор додаем. - Дар охир чӣ таманиёт доред ба мардуми варзишдӯсти кишвар? - Аввал ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос мекунам, ки як иқдоми некро барои варзишгарони кишвар роҳандозӣ намуда, Ҷоизаи Президентро таъсис доданд. Баъдан ба ҳамаи онҳое, ки то имрӯз маро сарпарастӣ намуда, барои расиданам ба ин мартаба мусоидат карданд, миннатдорӣ баён мекунам. Ба мардуми тоҷик ва дӯстдорони варзиш мегӯям, ки пешгӯӣ намекунам, вале танҳо ба хотири иштирок ба олимпиада сафар намекунам. - Ташаккури зиёд барои суҳбати самимӣ, ҷоизадор шуданатонро дар олимпиада таманно мекунем. - Саломат бошед.
почтаи “ҷавонон...“
Пеш аз муайян намудани зарурати саводнокии молиявӣ аввалан мо бояд мафҳуми онро донем. Дар навбати аввал, саводнокии молиявӣ ин донишҳо дар бораи самаранок истифода бурдани маблағҳои дар даст доштаи мо бо мақсади гирифтани фоидаи зиёдтар фаҳмида мешавад. Яъне, чӣ тавр мо бояд маблағҳоро истифода намоем, ки манфиати зиёд ба даст орем?
Евгения МИРЗОЕВА, устоди Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити бениҳоят пуртазод ва сар задани зуҳуроти басо хатарноки асри ҷадид рост омад. Вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои дигарбора тақсим намудани ҷаҳон вазъи сиёсию иҷтимоӣ, ҳаёти осоиштаи мардуми сайёраро ноором сохт. Бинобар ҳамин банда, ҳамчун як мутахассиси ҷавон, ки бо амри дил ва қарзи виҷдон пешаи варзишро касб кардаам вазифадорам, ки ҳар як ибора, калима ва сатрҳои Паёми воқеан ҳам тақдирсозро ба шогирдон, насли нави кишвар, ки рӯ ба дониш ва таҳсил овардаанд, омӯзонам. Ҳарчанд Паёмро тавассути оинаи нилгун тамошо карда, онро аз матбуот ва расонаҳои хабарӣ мутолиа карда бошем ҳам, худи ҳамон рӯз маъмурияти Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов онро бо иштироки доираи васеи устодону олимон, аҳли назар, мураббиён, коршиносони соҳа ва алалхусус донишҷӯён ба таври васеъ муҳокима карданд. Бо амри фаврии мақомоти роҳбарӣ аллакай як ҳайати босалоҳияти тарғиботчиён, мубаллиғон, аз ҳисоби беҳтарин олимону коршиносон муваззаф шудаанд, ки ҳар рӯз, пас аз анҷоми машғулиятҳо дар дарсҳои тарбиявӣ сатрҳои руҳпарвару тасаллобахши паёмро ба таври васеъ таблиғ намоянд ва ҳамаҷониба фаҳмоманд. Акнун хеле хуб дарк карда истодаам, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он барҳақ ҳисси нигаронӣ кардаанд, ки дар муассисаҳои тандурустӣ қариб шаш
ҳазор нафар табиб, ҳашт ҳазору сад нафар корманди миёнаи тиббӣ намерасанд. Маҳз барои ин камбудиҳоро ислоҳ намудан зарурате пеш омадааст, ки дар вилояти Хатлон боз як муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ то оғози соли нави таҳсил таъсис дода шавад. Ман ки панҷ сол боз ба сифати мудири шуъбаи таҷрибаомӯзони донишкада фаъолият менамоям, пурра гуфта метавонам, ки ҳар сол донишкадаи моро аз рӯйи 23 намуди ихтисоси варзишӣ, кормандони соҳаи омодагии дифои ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ, сайёҳии кӯҳӣ, воқеанигорони варзиш ва ба ҳаминҳо монанд, то 1200 нафар хатм менамоянд. Аммо аз ин теъдод танҳо 15 ё 20 фисадашон ба кор қабул мешаванд. Чунки музди меҳнаташон аз 200 то 300 сомонӣ буда, ҳокимиятҳои маҳаллӣ мутахассисони ҷавонро мисли солҳои қаблӣ бо маҳалли зист, маишат чандон дуруст таъмин карда наметавонанд. Ба ҳамин хотир мутахассисони ҷавон аз заҳмати чорсолаи таҳсил, аз ихтисоси худ даст кашида, иҷборан ба дигар машғулятҳои ғайрикасбӣ рӯй меоранд. Ба ҳар ҳол бояд, корҳои ҷо ба ҷо гузоштани мутахассисон вазифаи ҷонии мақомоти маҳаллӣ қарор гирад. Чунки баробари дохил шудан ба муассисаи таълимӣ ҳар довталаб аз шуъба, раёсат ва бахшҳои гуногуни ноҳияҳо шартномаҳои тарафайн пешниҳод
мекунанд. Маъмурият дар асоси он панҷ сол мутахассис омода месозад, инро ҳамчун соҳибкасб ба ихтиёри ҳокимияти маҳал сафарбар менамояд. Вале афсӯс, ки боз шумораи бекорони дорои диплом дучанду сечанд меафзояд. Ман бовари комил дорам, ки аз ин пас ҳар як роҳбар корро дар асоси нақшаи дурнамои ин ҳуҷҷати муҳими даврон роҳандозӣ карда, барои амалӣ гардонидани он кӯшишу ғайрат ва азму талош хоҳанд варзид. Ман Паёми имсоларо гаштаю баргашта мутолиа менамоям. Бояд дар ин росто кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор ба масъалаи истифодаи самараноки нерӯи созандаи ҷавонону бонувон, ҷо ба ҷо гузоштани онҳо ба монанди худи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дилсӯзу ғамхори воқеан ҳам асил бошанд. Имрӯз ҳаёт маҳз ҳамин тарзи корро тақозо намудааст. Аз ҳисоби ҷавонон, духтарону бонувони болаёқат ва донишманду соҳибмаърифат, инчунин ташвиқу таблиғи онҳо ба донишандӯзӣ, аз худ кардани касб ва ҳунарҳои замонавӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Бахтиёр КАМОЛОВ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Моҷарои дирам» Ё ин ки маҷбурӣ аз худ кардани бақияи мизоҷ Истифодаи дирамҳои пули миллӣ дар муомилот қариб аз байн рафтааст. Хусусан, пас аз гузариш ба давраи иқтисоди бозорӣ ҳама субъектҳои иқтисодӣ мекӯшанд, то бо ҳар роҳу васила фоидаи бештар ба даст оранд ва надодани бақияҳои дирам низ аз сӯи фурӯшандагон ба ҳамин омил марбут аст.
Надодани бақия на танҳо ба фурӯшандаҳо, балки дар нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе низ истифода мешавад ва фикр мекунам хонанда аз ин огаҳ аст ва ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ надорад. Надодани дирам дар вақти додани маоши кормандон, гапи нав нест (агар гирифтани маош ғайринақдӣ набошад). Ин аст, ки идомаи ин раванд боиси афзоиши нархҳо дар бозор гардида, ба дӯши истеъмолкунандагон мушкили молиявиро бор кардааст. Яке аз роҳҳои дигари барнагардонидани бақияро барои шумо ба таври мисол менависам. Дар аксари мағозаҳое, ки маҳсулот мехарем мекӯшанд бо ҳар роҳу васила ба истилоҳи иқтисодӣ нархҳои «психологӣ»-ро ҷорӣ намоянд, ки он боиси ҷалби бештари мизоҷон мегардад. Дар асл истеъмолкунанда дар ин намуди нархҳо фоидаи андакеро ба даст меорад, аммо ин фоидаро низ фурӯшандаҳо бар нафъи худ мерӯёнанд. Масалан нархи як қуттӣ шири қиёмгардида агар 6,50 сомонӣ муайян гардида бошад, истеъмолкунанда дар ин ҳолат бояд 0,50 сомонӣ сарфа намояд, аммо ин тавр нест. Фурӯшандаҳо бар ивази маблағи бақияи мизоҷ аз анвои худ яке аз маҳсулотро аз қабили қурут, қанд, сақич ва ғайра пешкаш менамоянд, ки гарчанде истеъмолкунанда, аз ин амали фурӯшанда норизо бошад ҳам, аммо ноилоҷ қабул менамояд. Барои тасдиқи гуфтаҳои боло таҳлили он зарур аст, яъне агар соҳибкор як қуттӣ сақичро бо арзиши 12 сомонӣ бихарад 100 дона сақиче, ки дар қуттӣ мавҷуд аст, арзиши ҳар як донаи он 0,12 сомонӣ мешавад, ки аз ҳар як дона-
аш фурӯшанда 0,38 сомонӣ фоида ба даст меорад, ки дар ҷамъ маблағи 38 сомониро ташкил медиҳад. Акнун худ қазоват кунед, ки аз ин ҳисоб, яъне бо роҳи аз худ кардани бақияи мизоҷ фурӯшадаҳо 38 сомонӣ фоида ба даст меоранд, ки на он қадар ба чашм аён аст. Аммо ин амали худро аксарияти соҳибкорон бо дастрасӣ надоштанашон ба пулҳои филизӣ, ки дар асл таъиноти онҳо барои бақия равона гардидааст, пӯшониданӣ мешаванд. Вале ин баҳона шуда наметавонад, зеро фурӯшанда вазифадор аст бақияи мизоҷро баргардонад, ҳатто ба гуфтаи кормандони бархе аз бонкҳо онҳо қодиранд, ки соҳибкоронро бо танга таъмин намоянд, вале ягон нияти ҳамкорӣ дар ин самт аз ҷониби соҳибкорон дида намешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар моддаи 294 Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» доир ба фиреби истеъмолкунандагон гуфта шудааст: 1) Камтар чен кардан, кам баркашидан, кам додани бақияи пул, гумроҳ кардани истеъмолкунандагон дар мавриди хосияти истеъмолкунӣ ё сифати маҳсулот (хизматрасонӣ) ё дигар навъи фиреб додани истеъмолкунандагон дар корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият, ки ба фурӯши молу маҳсулот ё хизматрасонӣ ба аҳолӣ машғуланд, ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандон ба миқдори назаррас содир шуда бошанд; бо ҷарима ба андозаи то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. Вале дида мешавад, касеро парвое аз қонун нест ва истеъмолкунанда низ ҳаққашро талаб намекунад, зеро агар ӯ ҳам ҳаққашро талаб кунад, не қонун нақз мешавад, не харидор бебақия мемонад. Барои ҳалли ин масъала беҳтар мебуд чун кишварҳои хориҷ тасмимгирандаҳо нақдинаро аз байн бардоранд ва муомилотро тариқи корти пардохтӣ роҳандозӣ намоянд. Гузашта аз ин нархҳо ба таври дақиқ гузошта шаванд, на таваккалӣ ё ҳавоӣ. Агар ин амр сурат бигирад, бовар аст, ки не нақдина мушкил мешаваду не ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо поймол мегардад. Наврӯзҷони МУҚИМ, иқтисодшиноси ҷавон
www.javonon.tj
Зарурати донистани саводнокии молиявӣ дар чист? Имрӯз тамоми ҳаёти моро пул идора мекунад ва мо ба он вобастагии калон дорем. Атрофи моро иморатҳои баландошёна, автомобилҳои қиматбаҳо, тарабхонаҳои боҳашамат ва дигар аломатҳои ҳаёти бошукуҳ иҳота кардаанд. Барои хариди ашёи гаронбаҳо, ки аз доираи буҷети оилавӣ берун мебарояд, мо маҷбур мешавем қарз гирем. Ҳаёти бисёре аз шаҳрвандон бо қарз пайваста аст, зеро онҳо талаботи худро бо имкониятҳояшон баробар карда наметавонанд. Лекин агар онҳо оид ба дуруст истифода бурдан, сарфакорона идора кардан ва амонат гузоштани маблағҳои худ дониши амиқи молиявӣ дошта бошанд, он гоҳ ба муваффақиятҳои бузург ноил мешаванд. Нарасидани иттилоот дар бораи саводнокии молиявӣ ба зиёдшавии аҳромҳои молиявӣ ва қаллобҳо, ба монанди “муҳра-бизнес” оварда мерасонад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саводнокии молиявӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Аз рӯи маълумоти оморӣ қариб 50% аҳолӣ маблағҳои худро дар хона нигоҳ медоранд, ки бештар ба беқурбшавии пул оварда мерасонад. Сатҳи фоизи пасандозҳои бонкӣ дар ҷумҳурӣ он қадар баланд нест, лекин дар ҳолати нигоҳ доштани маблағҳо дар бонк ҳамчун амонат мо метавонем онҳоро аз беқурбшавӣ нигоҳ дорем. Чӣ тавр мо метавонем саводнокии молиявиро омӯзем? Оид ба ин масъала усулҳои зиёде мавҷуданд, оғоз аз муассисаҳои таълимӣ то ба худомӯзӣ, малакаи шахсӣ ва маслиҳатҳои муфид аз ҷониби шахсони таҷрибадор. Бар замми ин, шумо метавонед бисёре аз адабиёти молиявиро мавриди омӯзиш қарор диҳед, бо усулҳои банақшагирии буҷети оилавӣ шинос шавед, лекин усули беҳтарини омӯзиш пайваст намудани донишҳои назариявӣ бо амалия маҳсуб меёбад. Барои ин шумо бояд пайваста ба омӯзиш машғул шавед, маҳорату малакаи худро такмил диҳед, маълумотҳоро таҳлил намоед, вақти худро ба нақша гиред ва онро дуруст истифода намоед. Хулоса, шумо бояд ҳама вақт омӯзед: аз мутахассисон, тавассути телевизион, расонаҳои хабарӣ ва интернет. Барои ноил гаштан ба мақсадҳои молиявии худ, барои таъмини ҳаёти ояндаатон, банақшагирии буҷети оилавӣ ва амонатҳои худ, барои ҳамаи инҳо шумо бояд саводнокии молиявиро доро бошед. Ҷавонон бо азхудкунии маҳорати банақшагирии буҷет ва амонатҳои худ дар интихоби дурусти қарорҳо оид ба маблағгузории таҳсили худ ва хариди хона эҳтиёҷманданд. Ба миёнасолон саводнокии молиявӣ барои интихоби стратегияҳои оқилонаи пасандозҳо барои оянда ва идоракунии самараноки захираҳои молиявии худ кӯмак мерасонад. Хурдсолон низ бояд аз арзиши пулҳои буҷети оилавӣ бохабар бошанд. Ба нафақахӯрон саводнокии молиявӣ барои сарфакорона истифода бурдани амонатҳои худ ва ба қаллобии молиявӣ дучор нагардидан имконият медиҳад. Хуллас, шахсоне, ки саводнокии молиявиро аз худ кардаанд, онҳо аз ҳама гуна таваккалҳои молиявӣ ва аз вазъиятҳои ногувор эмин ҳастанд.
Мояи ифтихори мо
13 е-mail: javonontj@mail.ru
Зарурати саводнокии молиявӣ
«Ҷавонони Тоҷикистон» №17 (9443), 28 апрели соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
14
китобхонаи “ҷавонон...“
«Ҷавонони Тоҷикистон» №17 (9443), 28 апрели соли 2016
Танҳо аз садои якмароми ақрабаки соат эҳсос мешуд, ки вақт мегузарад. Шодиву нишот, ғаму андуҳ ва ташвишу тараддудҳо меоянду мегузаранд. Бале, ҳокими давр аст вақт, агар гузашт, пас, дигар намеояд. Аммо аз одамӣ аз лаҳзаи омадан ба дунё то ба рафтан аз он чи нақшеро дар саҳнаи зиндагӣ бозид, танҳо аз он ёдовар мешаванд. Августи соли 1947 дар деҳаи Бешбулоқи собиқ ноҳияи Кангурт (ҳоло ноҳияи Балҷувон) дар оилаи амаки Шариф тифле ба дунё омад, ки номашро Гурез ниҳоданд. Ӯ аз овони хурдӣ бо оромиву тамкин, ҳамзамон хушзеҳниву чолокиаш аз дигар кӯдакон фарқ мекард. Гурезро ба мактаб-интернати деҳаи Кангурт доданд. Он замон мактаб-интернати мазкур аз бонуфузтарин даргоҳи илмомӯзии ин диёр маҳсуб меёфт. Гурез Зарифов бародариву баробарӣ, ботамкиниву хоксорӣ, адолатхоҳӣ ва дигар ахлоқи неку ҳамидаи инсониро аз ин даргоҳ ба мерос гирифт. Солҳо сипарӣ гаштанду Гурез факултаи агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм намуд. Соли 1968 Гурез Зарифовро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват карданд ва ӯ се сол дар шаҳри Владивостоки Федератсияи Русия адои хизмат намуд. Баъди аскарӣ ӯро ба ноҳияи
вазифаи сардори Кумитаи гумруки вилояти Хатлон пешбарӣ намуданд. Чун сохтор навбунёд буду дар соҳа мутахассисони кордону ботаҷриба намерасиданд, масъалаи аввалиндараҷа дарёфти кормандони болаёқат, фароҳам овардани шароити моддиву маишӣ ва амнияти кормандон буд. Дар самти роҳбарӣ ки аллакай таҷриба андӯхта буд, кормандонро озмоиш мекард, ба сухан гуфтану рафторашон зеҳн мемонд. Виҷдонаш намебардошт, ки шахсони тасодуфӣ ба мақомот роҳ ёбанд. Кормандонро барои иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, бо дасту дили пок фаъолият намудан ва содиқ бу-
Мӯйи сафеду дили васеъ дошт Коммунистӣ (ҳоло ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон) ба сифати мутахассиси соҳаи кишоварзӣ ба кор қабул намуданд. Чанде баъд сифатҳои кордонӣ ва қобилияти ташкилотчигиашро ба инобат гирифта, ба вазифаи сардори корхонаи фиттосанитарӣ ва карантини рустании вилояти собиқи Қӯрғонтеппа таъйин карданд ва дар вазифаи мазкур то соли 1992 фаъолият намуд. Аввали солҳои 90-уми асри гузашта даргириҳои сиёсӣ оғоз гардиданду дуди ғализи ҷанги шаҳрвандӣ осмони софу
www.javonon.tj
Меҳрбахш дар гардан нишонаи тиллоӣ, ки дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба самбо гирифта буд, овезон аз толор берун шуд. Ӯ аз ин ҷоиза на хурсанд буданашро медонисту на хафа. Зеро аз рӯзе ки оғози машқи самбо кард, на падараш хабар дошту на хешовандон. Падари Меҳрбахш амаки Раҳим дар шабакаи якуми телевизион фаъолият дошт. Ӯ ҳамеша писарашро ба омӯхтани фанҳои дақиқ ҳидоят менамуд. Меҳрбахш гуфтаҳои падарро нағз дар хотир дорад: «Ман ҳам дар хурдсолӣ илмҳои дақиқро дӯст медоштам ва дар оянда мехостам муҳандис шавам. Аммо ҳунари рӯзноманигорӣ маро ба доми худ кашид ва орзӯи ман ҷомаи амал напӯшид. Акнун мехоҳам ту онро ҷома пӯшонӣ, яъне муҳандис шавӣ» Амаки Раҳим ҳамеша рӯзномаи писарашро месанҷид. Аз баҳои «аъло» хурсанд мешуд. Писараш агар дар ҳалли масъалае дармонад, кӯмакаш мекард. Ҳамааш хуб буд, агар чунин ҳодиса рух намедод. Рӯзе амаки Раҳим ду пораи қубурро дар рӯи ҳавлӣ диду аз
беғубори ҷумҳурӣ, бахусус вилояти Хатлонро печонд. Нисфи мардум гурезаву нисфи дигар бехонаву дар монд. Дар он замони мушкил бархе аз иҷрои вазифаҳои роҳбарикунанда бо ҳар баҳона худдорӣ мекарданд, зеро таҳти фишори гурӯҳҳои силоҳбадаст кореро ба анҷом расондан амри маҳол буд. Новобаста ба мушкилиҳои сиёсӣ 22 январи соли 1992 дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Саридораи назорати гумрукӣ таъсис ёфт. Гурез Зарифовро, ки табиатан марди ҷасур, қавиирода ва ояндабину мулоҳизакор буд, ба
куҷо пайдо шудани онҳоро аз писараш пурсон шуд - Дар хонаи ҳамсоя ҳезум захира намуданд.- гуфт Меҳрбахш. - Ман ҳам кӯмак намудам. Дар иваз ҳамин ду қубурро доданд ва гуфтанд, ки дар рӯзгор ба кор меояд, ягон вайронаро обод мекунад.
дан ба Ватану миллати хешро талқин менамуд. Такопӯ дошт, разм мекард дар корзори меҳнат ва ба дигарон намунаи ибрат нишон медод. 30 ноябри соли 2006 Гурез Зарифов бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Акнун тамоми шикасту рехти ин мақомоти бонуфузи кишварро бар уҳда дошт. Меҳри Ватан ва халқи он дар дилаш ҷӯш мезаду ба кор боз ҳам бо қувваи дучанд машғул мешуд. То соли 2013 дар ин вазифа фаъоли-
тасмаи дигаре зад: - Посбонӣ кардан ин аллакай дуздӣ кардан аст. Баъд аз гӯши Меҳрбахш қапида, то Ҳамроҳи Авлиёпур
Муҳандис ҳикоя
Аз байн як рӯз гузашт. Амаки Раҳим рӯзи дигар вақти аз кор баргаштан духтараки хурдсолаш Шамисоро гирён ёфт. Сабаби гиряашро пурсид. Шамисо бо ашки шашқатор панҷаи ишоратиро ба сӯи акояш Меҳрбахш, ки дар рӯ ба рӯ истода буд, дароз намуда гуфт: - Қубурҳоро дуздиааст. Дар кӯча овоза. Ман аз акоям пурсидам вай мана зад. Ин ҳодиса барои амаки Раҳим зарбаи ногаҳонӣ буд. Дуздӣ кардан як тараф истад, ҳатто калимаи «дузд»-ро шунидан намехост. Ӯ тасмаашро кушода, бар почаи писараш сахт зад. Аз дарди ҷонкоҳ Меҳрбахш дод зада гуфт: - Ба ҳавлӣ бачаҳои ҳамсоя даромаданд. Маро посбон монданд. Дар иваз ҳамин ду қубурро доданд. Амаки Раҳим бар почаи писараш боз
дари ҳамсоя бурд. Падару модари писарони ҳамсоя наздик шуданд. Амаки Раҳим аз дуздии бачаҳо бо умеди он ки баъди шунидани воқеа кӯдаконашро сарзаниш мекунад, лаб ба шиква кушод. Ҳар ду бедилона гӯш карданд. Баъд падарашон гуфт: - Хайр, бачагӣ карданд. Калон шаванд, ақлашон медаромадагист. Шояд ба ин кор дигар даст назананд. Аз шунидани ин сухан амаки Раҳимро гӯё сатили обе бар сараш рехта бошад, пакар метофт. Ӯ дигар чизе намегуфт. Ва хомӯш баргашт. Амаки Раҳим муносибати ҳунукназаронаи падару модарро нисбат ба фарзандон пай бурда, воқеаи нохушеро ҳис кард. Зеро писараш ҳам дар мактаб ва ҳам дар кӯча бо бачаҳои
ят намуда, то ба рутбаи генерал-лейтенант расид. Роҳбари сахтгиру қавиирода, босаводу ботадбир буд шодравон Гурез Зарифов. Ҷиҳати татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои ба қуллаҳои баланди иқтисодӣ расидани кишвар саъю кӯшиш менамуд. Дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Сарвари давлатро ҳамеша сармашқи кору зиндагиаш қарор дода буд. Пайваста мегуфт, ки Худованд мардуми ҷабрдидаи тоҷикро аз гирдоби зулмот берун овард ва сарвареро бо чунин поктинатӣ, сарсупурдагӣ, ҷасорату матонат, хирадмандию заковат ва ояндабиниву нексириштӣ ато намуд. Тайи ин солҳо барои амнияти иқтисодии мамлакат кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, бо ташаббуси бевоситаи ӯ соҳаи мазкур рӯ ба тараққӣ ниҳод. Дар зиндагии якҷоя бо завҷааш - холаи Мисқолбӣ соҳиби 7 нафар фарзанд, 5 духтару 2 писар шуданд, ки онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, ахлоқи неку шоиста ва одобу рафтори ҳамида тарбияву парасторӣ намуданд. Фарзандони ӯ дар соҳаҳои гуногун кору пайкор намуда, аз падар масъулияшиносиву кордонӣ ва некхислат буданро ба ёдгор гирифтаанд. Қалби саршори меҳру муҳаббати ёру диёр, дӯстону наздикон ва лабрези орзуҳояш январи соли 2016-ум аз тапидан бозмонд. Васият карда буд, ки ӯро ба зодгоҳаш - ноҳияи Балҷувон баранд. Соле пеш манзили хуфтагони ин маконро бо ташаббуси худ тозаву зебо ва атрофашро маҳкам намуда буд. Амали хайру ёди некон ҳаргиз аз дил наравад. Мирзои ФИРӮЗ, рӯзноманигор
ҳамсоя якҷо буд. Пагоҳ писарашро ба мактаби дигар гузаронд. Дар мактаби нав Меҳрбахшро хуш истиқбол нагирифтанд. Як гурӯҳ пешвоёни мактаб ба ҳар баҳона ӯро азоб медоданд. Ӯ тоқат мекард. Баъд ба самбо рӯ овард. Машқ писандаш афтид. Дар тӯли ду моҳ Меҳрбахш дар вуҷудаш беҳбудиро ҳис намуд. Қоматаш расо, шонаҳояш паҳн ва мушаки бозуҳо барҷаста метофтанд. Дар байни пешво бо нишон додани ду се амалиёт мавқеи худро пайдо намуд. Аз машқ як сол гузашт. Имрӯз дар мусобиқа ҷои аввалро гирифт. Меҳрбахш раҳораҳ қадам зада, андеша мекард, ки сабаби ба даст овардани нишонро чӣ гуна ба падараш фаҳмонад? Амаки Раҳим дар сари мизи корӣ буд. Меҳрбахш пайдо гашт. Ӯ нишонро ба падараш дароз кард. Падараш онро нармак палмосид ва ҳарфашро хонд. Баъд ба писараш рӯ овард: - Аз физикаву риёзӣ баҳои чанд гирифтӣ? - Баҳои панҷ,- ҷавоб дод Меҳрбахш. Амаки Раҳим нишонро дар сурати бузурги худаш, ки дар рӯ ба рӯ меистод, овезон намуд. - Офарин!- гуфт ӯ. - Варзиш чизи зарурист. Аммо дониста мон, ки ту бояд муҳандис шавӣ! Баъди ин Меҳрбахш аз дӯш гӯё бори гаронеро ба дур афканда бошад, нафаси озод кашид.
Сайқали хотира
«Ҷавонони Тоҷикистон» №17 (9443), 28 апрели соли 2016
Суруд (лањљ.)
Талабаи бењтарин
Коргоњи усто
Пеш ... киноЉалитеатри лов, ровии Љомї, радиои њоло «Ва…и тан» Љомї
Кам ба чашм аён
Бинои кинонамоишдињї
Дар он зиндагї мекунанд
Њайвони хояндаи хурд
Номи њарфи форсї
Яке аз «з»њои алифбои форсї
Лалмї не
Зеб, њусн Њарфи алифбои форсї
Ватани кенгуру ва коала
Болишт
Убайдулло ..., сароянда
Максим …, барандаи ТВ-и рус
СММ ба русї
Асбоби дуредгар
Ватани Таркан ва Мустафо Сандал
Њоло, акнун
Номи маъмули русї
Муќобили «бад»
Мутахассиси хољагии ќишлоќ
Меваи ширин
Онро аз беадаб меомўзанд
Номи Ира дар паспорт
… Капур, актёри њиндї
Пойи маъюб
Њафтаномаи сканвордњо
Ба ректор итоат мекунад Сари мех ё чўб
Муаззин аз он азон мегўяд
Ќанди машњури шўравї
... Нозимов, овозхони маъруф
Нисф
Воњиди пули Япония Ранљ, азоб
Кўли НОБ (ГЭС)
Мањмудљон ..., наттоќ ва актёри тољик
Сергей …, «Белый» аз филми «Бригада»
Гиёњ, сабза Унсури кимиёвї, О2
Аз он борон меборад
Бањои 5
Аловиддин …, актёри њаљвї
Вобаста, доир
www.javonon.tj
Сарояндаи тољик ... Исоев
Раќами 2011 чист?
Санг дар зару зевар
Суруди тантанавї
100 см
Дарё дар сарњади Русия ва Хитой
Устод
Лой
Дарёе, ки ба Арал мерезад
Ресмон, банд Тиреза, мўрї
Бе он одам луч аст
Меваи сердона
Фамилияи маъмули кореягї
«Гулшан», «Зебо» ё «Падида»
Хондани Ќуръон бо оњанг
Паррандаи шикорї
Шавњари Момоњаво
Ансамбли сенафара
Момоњаввои насронї
Яке аз персонажњои "Шоњнома"
Тамѓаи саќич
Таоми дампухти миллї
Модар (лањља)
“... асту рост!”
Сарзаниш, танбењ
Самї ..., сароянда
Муќобил
...Анљелес, шањр дар ИМА
Раќси дукасаи аврупої
Сарояндаи эрониасл аз Шветсия
Пойтахти собиќи Ќазоќистон
Љойи таомхўрї
Амалиёти тафтишотї
Номи пурраи Аня
Белгия
Мактабмаълумоти миёна, донишгоњ – маълумоти …
Душманї, бадхоњї
Роњи зеризаминї
Журналисти ТВ Орзу
«... он турки шерозї ба даст орад дили моро»
… Басу, актрисаи њиндї
Пойтахти Финляндия
Давлати Марадона ва Месси дар Амрикои Љанубї
Фармонбар- Пойтахти дорї
е-mail: javonontj@mail.ru
Аз ин мева бисёр мураббо мепазанд
15
е-mail: javonontj@mail.ru
16
фароғати ҷавонон
«Ҷавонони Тоҷикистон» №17 (9443), 28 апрели соли 2016
Лутфи ҷавонӣ
обуна - 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Зане дари хонаи сарватмандеро мекӯбад: - Ба шумо барои кӯдаконатон парастор лозим? - Мо кӯдак надорем. - Ҳеҷ гап не, ман бо худам ду кӯдак дорам!
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои нуҳ моҳ - 48,75 сомонӣ; - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ; - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/к 20402972316254, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
***
Занги телефон ба ширкати сайёҳӣ: - Ман мехоҳам истироҳат кунам... - Чӣ қадар маблағ доред? - 500 сомонӣ. - Истироҳат кунед...
***
Афандӣ моҳӣ медорад. Ногоҳ ба шасташ моҳии тилло меафтад. Ӯ ба моҳӣ нигариста: - Канӣ, зуд се хоҳишатро бигӯ!
***
Дар автобус. Писарча аз писарчаи дигарӣ мепурсад: - Чандсолаӣ? - Чорсола, ту чӣ? - Намедонам. - Бо духтаракҳо чақ-чақ мекунӣ? - Не. - Ин хел бошад, ҳоло сесола ҳастӣ...
андарз
Нимчамулло
Ин воқеа ҳеҷ аз хотирам фаромӯш намегардад. Оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардида, вале бӯйи дуди ғализаш ҳанӯз аз димоғи мардуми ҷабрдида фурӯ нанишаста буд. Мо се нафар аҳли оила савори автобус аз Данғара ки ба аёдати хешу табор рафта будем, бармегаштем. Автобус аз одам пур буд. Тобистон. Ҳаво гарм. Аз як тараф матори автобус ба ҷӯш ояд, аз тарафи дигар офтоби сӯзон аз тирезаҳо дурахшида, тану бадани мусофиронро сӯзонда, арақшор менамуд. Дар дохили автобус занону духтарон ва мӯйсафедон менишастанд. Мо дар назди дари баромади автобус менишастем. Дар рӯ ба рӯи мо як мӯйсафеди бузургҷуссаи ришдароз, ки дар тан ҷелаки хокистарранг ва дар сар саллаи сафеди калон дошт, бо ҳамсараш менишаст. Ман дар тан куртаи нимости-
ни зард доштам, ҳар замон арақи пешониамро поккунон ба талу теппаҳои даргузар менигаристам. Ҳамин вақт мӯйсафед ба сари зонуи ман муште кӯфта, бонг зад: - Ҳой, кофир, чаро куртаи беостин пӯшидаӣ? Ман хомӯш ба чашмони суп-сурхи ӯ нигаристам. Чашмонаш пурғазаб метофт ва аз косахонаи сараш барҷаста буд. Фикр мекардам, ки ба саволи ӯ чӣ хел ҷавоб диҳам. Агар ягон ҷавоби беҷо диҳам ё дағалӣ кунам, вай метавонист бо мушти сандал барин калонаш ба сари ман фарорад. Аз тарс худро ба гунгӣ задам. - Чаро ба ин ҷавон чаққа мешавӣ? – кампираш тарафи маро гирифт. - О, бин, бачаи мусулмон шуда, то оринҷ бараҳна, - ғӯрид ӯ. - Дар ин ҳавои гарм ҷома намепӯшанд-ку! - овози зан аз пас баланд гардид.
Беҳрӯз КАРИМЗОДА
***
Муаллима: - Кадом дандон аз ҳама дер мебарояд? Малика: - Дандони сунъӣ...
- Охир, ин чӣ хел бачаи мусулмон, на бурут дораду на риш? Ба болои ин, дасташ то бехи гарданаш бараҳна! - Э, бобо, монед, ҷанҷол накунед, то манзил сиҳату саломат расем, - гуфт ронанда, - мусулмонӣ дар пӯшидани сару тан нест, дар дил аст. Дил пок бошад шуд, ҳамин тавр не? Бобо чӣ ҷавоб доданашро надониста, дам ба дарун зад. Аммо ба сӯи ман бо нафрат нигоҳ мекард. Ман оҳиста аз ҷо хеста, ба қафои автобус рафта нишастам. “Ё тавба, - аз дил мегузарондам, - Худо накарда давлат исломӣ шавад, ин мутаассибон ба сари ҳама обу оташ мефишонанд. Аз ғазаби ин қабил нимчамуллоҳо битарс, ки салларо биёр гӯйӣ калла меоранд”.
***
Муаллима: - Барои чӣ дирӯз ба мактаб наомадӣ? Салим: - Акаам, касал буд. Муаллима: - .... Салим: - Ман велики ӯро гирифта катайса кардам.
эълон
Зодрӯз муборак!
Эътибор надорад
Ҳуҷҷати ронандагии гумшудаи №334279, дараҷаи “С”, ки ба Қурбоналиев Қурбоналӣ Давлаталиевич мутааллиқ аст, эътибор надорад.
www.javonon.tj
Имрӯз беҳтарин рӯз аст, чун Худованд беҳтарин фариштаашро офарид, то модари ман бошад. Зеботарин Фариштаи осмони ман, Худованд туро офарид, то модари ман бошӣ. Ман бо ту ифтихор мекунам, модари азизам. Ҳар қадар васфат бикунам ҳам кам аст. Охир дар тавсифат оҷиз мондаам, чун калимаҳо ёриям намекунанд. Таваллудат муборак, модари меҳрубонам! Ало, дилсӯз модар, шодмон бош, Чу сарве саябони хонадон бош. Дуогӯи Ту, фарзандонат Наҷиба, Фирӯза, Манижа, Фарида, Шамсӣ, Вафо ва шавҳари меҳрубонатон Амонбек инчунин набераҳоят Умеда, Фараҳна, Зулола, Занҷир, Анора ва Меҳроб.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
Сармуҳаррир
Бахтовар каримов
Ҳайати мушовара:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин сАИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам Абдуллозода (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Ҳайати эҷодӣ:
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан Азизов (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ориф, шаҳло Эшонова, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ Давлат (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган хурсанқулов (саҳифабанд).
Номаи камоли гумшудаи БП №008705, ки онро соли 1987 муассисаи ғоибонаи калонсолон ва наврасони ноҳияи Ҳисор ба Бекзамонов Абдусамад додааст, эътибор надорад.
Барҳам мехӯрад
Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Дилрас” (РЯМ 0410019922), ки аз 15.03.2013 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. •
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар ҶДММ «Аниса-95» бо теъдоди 7031 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»