ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №18 (9548), 03.05.2018
1
javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН
Рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2018
№18 (9548), 03/05/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Қадру қимати инсон арзиши олист саҳифаи
4
саҳифаи
5
Ташаббусҳои наҷиб
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад... саҳифаи
6
Исмоилзода Мирзо раиси Федератсияи тенниси рӯи миз интихоб шуд саҳифаи
8
Шиносномаи донишу андеша саҳифаи 10 Дастгоҳи худсохти худкори хоҷагон
- Ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати мо - варзишгарон бениҳоят зиёд аст. Ин ғамхориҳо зимни иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ нерӯву қувваи ҷисмонии моро дучанд ва ҳар яки мо – варзишгарони ҷавонро барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи варзиши Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят менамоянд. Маҳз, заҳмату талошҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз мо - варзишгарони ҷавон ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ноил гардидем. Пас аз ҷароҳат бардоштанам дар чанд мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда натавонистам ва дар раддабандии федератсияи байналмилалии ҷудо аз мавқеи 3 ба 7 фаромадам. Хушбахтона, пас аз пирӯзӣ дар Гран-Прии Анталия-2018, соҳиби 700 хол гардида, мавқеамро дар рӯйхат ба ҷои 4 баровардам. Бешак ин дастоварди хуб аст, аммо то ҳол аз ин қаноатманд нестам. Нақша дорам, то бозиҳои олимпӣ – 2020 шомили феҳристи панҷгонаи ҷудочиёни ҷаҳон шавам ва бароям дар қуръакашии бозиҳои олимпӣ имконияти хуб фароҳам меояд.
саҳифаи
13
2 27 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2018 ва вазифаҳо барои нуҳ моҳи соли 2018 ҳисоботи муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид шунида шуд. Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ ба 12,3 миллиард сомонӣ баробар гардид ва афзоиши воқеии он 7 фоизро ташкил дод. Рушди маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби зиёд гардидани истеҳсоли ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,1 фоиз, маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ 12,1 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 5,1 фоиз, гардиши савдои чакана 5 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 1,2 фоиз таъмин гардидааст. Даромади буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2018 дар сатҳи 101,2 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 4,4 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид. Нақшаи воридоти андозҳо 100,8 фоиз таъмин шуда, ба буҷа ҳамагӣ 3,3 миллиард сомонӣ ворид гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар баробари таъмин гардидани нишондиҳандаҳои мусбати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дар семоҳаи якуми соли 2018 захираҳо ва имкониятҳои ҷойдошта пурра истифода нашуданд, ки дар маҷмуъ барои рушди устувори суръати маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ монеа эҷод кард. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки фаъолиятро дар самти пешгирии таъсири хавфи эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар, таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ, рушди сайёҳӣ ва таъмини рушди минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷоннок намоянд. Дар кори маҷлис Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши раиси Комиссияи марказии интихобот
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №18 (9548), 03.05.2018
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ
Рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2018
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода шунида шуд. Таъкид гардид, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни конститутсионӣ “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ин мушаххас кардани тартиби нави пур кардани бюллетенҳои овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ, тартиби оғоз ва қатъ шудани муҳлати фаъолияти мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, тартиби эълон намудани натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии раъйпурсӣ аст. Ҳамчунин дар лоиҳа ворид намудани тағйиру иловаҳои хусусияти имлоӣ ва техникидошта пешбинӣ гардидааст. Сипас оид ба лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъахон Давлатзод ва Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.
Баъди муҳокима лоиҳаҳои қонунҳои номбаршуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин 6 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, аз ҷумла: Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Оид ба пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кооператсияи матлубот”. Ҳамчунин дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20182020 муҳокима гардида, аз руи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Меҳрон - маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки бо мақсади муайян намудани стратегияи рушди иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва ҳудуди шаҳракҳо таҳия шудааст, ҳисоботи раисони ноҳияҳо ва Дар бораи азнавташкилдиҳии ҷамъиятҳои саҳомӣ ва Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018 гузориши шахсони масъул шунида шуд. Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон На-
сим Олимзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, вусъати корҳои профилактикӣ дар самти ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, огоҳии ҷомеа аз оқибатҳои бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам, баланд бардоштани масъулияти ҳар як шаҳрванд барои солимии худ, гузориш дод. Доир ба вазъи боду ҳавои кишвар ва таъсири он ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ гузориши муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокирзода шунида шуд. Таъкид гардид, ки камобию бебориш шудани рӯзҳои охир ба нашъунамои зироатҳо ва растаниҳои худруй таъсири манфӣ расонд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар барои дар сатҳи хуби ташкилӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронии солҳои 2018-2019, истифодаи самараноки заминҳои кишт, ба таври кофӣ захира кардани хуроки чорво ба хотири аз зимистон беталаф баровардани чорво дастур доданд, ки аз ҳозир тамоми роҳу воситаҳоро истифода баранд. Инчунин супоришҳо барои рушди соҳаи чорводорӣ, боғдорӣ, васеъ кардани майдони кишти зироатҳои гуногун аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, истифодаи самараноки чарогоҳҳо дода шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баҳри вусъати корҳои ободонию созандагӣ, мусоидат дар рушду пешрафти минтақаҳо, бахусус дар деҳоти кишвар, бунёди муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз қабили мактабу марказҳои саломатӣ, иншооти хизматрасонии маишӣ, сохтмони ҳаммомҳо дар шаҳраку деҳаҳо, ҳамчунин таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, супоришҳои мушаххас доданд. Дар охир баъди муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат ва Қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин иҷрои дигар масъалаҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои мушаххас доданд. prezident.tj
Тасаллияти Пешвои миллат ба наздикону пайвандони шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир 1 майи соли 2018 соати 5:10 дақиқа ба вақти Душанбе шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, аз олам даргузашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони шоири маҳбуб изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ баён намуданд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Бозор Собир аз зумраи шоирони ватансарое буд, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст. Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш, аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст. Ёди ӯ, сухани волову нотакрори шоири халқ- Бозор Собир то абад дар ёди мардум боқӣ хоҳад монд».
ВМКБ
Ҷоми рушди сайёҳии Дарвоз соҳибашро ёфт Дар мусобиқаи ноҳиявии Дарвоз оид ба футбол, ки баҳри ба даст овардани Ҷоми рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил гашта буд, ҷои аввалро дастаи “Хумбиварӣ” ишғол намуда соҳиби Ҷом шуд. Зинаи дуюмро бошад тими “Даштак” ишғол намуд. Ба ғолибон аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ифтихорномаву лавозимоти варзишӣ тақдим гардид. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ташкил ва гузаронида шуд.
Ҷамъбасти мусобиқаи кушод дар Шуғнон Дар ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон байни толибилмони МТМУ мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ аз рӯи намуди гӯштини ҷудо баргузор шуд. Дар он зиёда аз 200 нафар варзишгар аз навоҳии ВМКБ ширкат намуданд. Ҳамин тавр, дар ҳайати даставӣ ҷои аввалро дастаи Шуғнон ба даст оварда, зинаҳои дуюму сеюм насиби паҳлавонони навраси Ишкошим гардид. Тибқи иттилои Далер Душанбиев, корманди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ишкошим мусобиқа мувофиқи нақша - чорабиниҳои бахш дар ҳамкорӣ бо дигар бахшҳо роҳандозӣ шуда, ба паҳлавонон дар вазъи тантанавӣ медалу ифтихорномаҳо тақдим гардид. Бояд қайд кард, ки чорабинии варзишӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони кишвар ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” гузаронида шуд.
Эълони озмуни зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахт ДУШАНБЕ
Бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақомоти марказӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар самти ободонию бунёдкорӣ, ҷиҳати муайян намудани беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба сохтмони
майдончаҳои варзишӣ, бунёди боғу гулгашт дар шаҳри Душанбе озмун гузаронида мешавад. Дар ин бора 27 апрел Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Ҳамзамон тибқи Амри мазкур, комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба гузаронидани озмун ҷиҳати муайян намудани беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ,
бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе таъсис ва ҳайати он тасдиқ карда шуд. Ҳамзамон мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни мазкур вазифадор гардидаанд, ки тадбирҳои мушаххас андешанд.
Форуми ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон
27 апрел бахшида ба 25-солагии таъсисёбии низоми миллии моликияти зеҳнӣ дар Муассисаи давлатии «Душанбе плаза» Конференсияи байналмилалӣ ва Форуми ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар доираи Форуми ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» Намоишгоҳи дастовардҳои ихти-
ШНТМ
роъкорони ҷумҳуриро дар шакли лавҳаҳо (банер), варақаҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоту экспонатҳо баргузор намуд. Конфронси мазкур бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, як қатор ихтироъкорони ҷумҳурӣ, ки саҳми босазои худро дар рушди соҳаи ихтироъкорӣ гузоштаанд, бо мукофотҳо қадрдонӣ шуданд.
Варзиш боз ҳам оммавӣ мегардад
Дар асоси нақша-чорабиниҳо доир ба оммавӣ гардонидани варзиш, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар ноҳияи Нуробод машқҳои пагоҳирӯзӣ дар ду мавзеи ноҳия бо иштироки 236 нафар ҷавонону наврасон доир гардид.
3
АХБОРИ ҲАФТА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №18 (9548), 03.05.2018
Тавре мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Кумиддин Бобоев иттилоъ дод мақсад аз ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо боз ҳам оммавитар намудани варзиш ва ҷалби бештари наврасон ба он аст. - Мо мехоҳем, ки ҷавонони ноҳияи мо ҷисман обутоб ёфта
бошанд, - изҳор дошт К. Бобоев. – Обутоби ҷисмонӣ барояшон махсусан ҳангоми адои муҳлати хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ хеле муҳим аст. Бо назардошти чунин ҳолат мо саъй дорем, чунин чорабиниҳои варзишӣ дар ҳар минтақаи бештар ба роҳ монда шаванд.
Маҳфили “Оилаҳои ибратомӯз” дар Кӯлоб
ХАТЛОН
Бо ибтикори Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки донишҷӯён ва оилаҳои муваффақ маҳфили оиладорӣ таҳти унвони “Оилаҳои ибратомӯз” баргузор гардид. Ба таъкиди масъулин ҳадаф аз баргузории маҳфили мазкур баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳидояти ҷавондухтарон ба зиндагии ибратомӯз мебошад. Гуфта шуд, ки ҳар як ҷавон бояд аз имрӯз сар карда, барои зиндагии ояндаи хеш заминаи мусоид фароҳам оварда, баҳри намуна будан дар зиндагӣ талош намояд. Махсусан ҷавондухтаронро мебояд, то тамоми корҳои рӯзгордориро аз бар намоянду оилаи солим барпо созанд.
Вахш: Вохӯрии судманд бо ҷавонон
Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Вахш оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона дар литсейи давлатии ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъулин доир ба паёмадҳои бади ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ баромад намуда, таъкид сох-
танд, ки ҳар як ҷавон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, аз ҳар гуна хатарҳои замони муосир худро дур нигоҳ дорад. Дар идомаи вохӯрӣ миёни масъулин ва ҷавонон саволу ҷавоб сурат гирифта, дар охир ба иштирокчиёни фаъол китобҳои бадеӣ тақдим карда шуд.
Озмуни “Хонандаи сол – 2018” дар шаҳри Хуҷанд СУҒД
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и шаҳри Хуҷанд, 27уми апрел, даври дуюми озмуни “Хонандаи сол -2018” баргузор гардид. Озмуни мазкур бо мақсади дарёфти наврасону ҷавонони боистеъдод ва соҳиби илму маърифат роҳандозӣ шуда, дар он 9 нафар хонандагони фаъоли синфҳои 10 ва 11-и муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дав-
ри якуми ин озмун баргузор гашта буд, ки дар он 48 нафар хонандагон иштирок намуда, 9 нафар хонандагони фаъол барои иштирок ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Дар даври дуюм аз байни 9 довталаб Некрӯз Шораҷабов, роҳбари маҳфили стипендиантони ҷавон ва волонтёри фаъоли Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят сазовори ҷойи аввал гардида, “Хонандаи сол – 2018” эълон шуд.
Мастчоҳ: Фестивали “Варзиши дастрас” Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 апрели соли равон дар саросари ҷумҳурӣ силсила чорабиниҳои варзишӣ таҳти шиори «Варзиши дастрас: Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз» баргузор гардид. Бо ҳамин тартиб, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Мастчоҳ фестивали ҷумҳуриявии “Варзиши дастрас” аз руи намудҳои варзиши шоҳмот, шаш-
ка, тенниси рӯи миз ва волейбол баргузор гардид. Дар он ҷавонону наврасон иштирок намуда, дар риштаи варзишҳои номбурда қувваозмоӣ намуданд. Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва ба ҳамин васила бедор сохтани ҳисси зебоипарастиву варзишдӯстдории наврасону ҷавонон мебошад.
Баргузории фестивал – озмуни варзишӣ
Бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ дар маркази ноҳия фестивал - озмуни варзишӣ аз рӯи намудҳои шашка, шоҳмот ва тенниси рӯи
миз баргузор гардид. Дар ин чорабиниҳо варзишгарон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва миёнаи умумии ноҳия иштирок намуданд. Пас аз
ҷамъбасти мусобиқоти фестивал - озмун ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
4 Имсол ба қабули яке аз санадҳои муҳими ҷаҳон – Эъломияи умумии ҳуқуқи башар 70 сол пур мешавад. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар нахустин санади таърихиест, ки тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, онро эътироф намудаанд. Мақсад аз таҳияи ин санади ҷаҳонӣ ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон буда, дар он масоили ҳуқуқ ба ҳаёт, таҳсил, озодии баён ва дигар ҳуқуқҳои инсон дарҷ гардидаанд. Он аз пешгуфтор ва 30 модда иборат буда, бо зиёда аз 350 забон тарҷума шудааст. Сиёсатшиносон қабули эъломияи мазкурро дар асри гузашта муҳим ва айни муддао арзёбӣ менамоянд. Чунки қаблан ҷомеаи ҷаҳонӣ ду ҳодисаи мудҳиш, яъне ду ҷанги ҷаҳониро аз сар гузаронида буд, ки дар натиҷа миллионҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Ба таъкиди онҳо ин санад тавонист дар ҳимояи шахсият ва умуман ҳимояи аҳли башар табаддулоти ҷиддиеро ба вуҷуд орад. Он ба инсонҳо имконият дод, ки барои ҳуқуқҳои хеш мубориза баранд. Ин ва дигар эъломияҳое, ки қабул шуданд, имкон фароҳам оварданд, то қадру қимати инсон дар ҷомеа ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардад. Ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои муҳимтарини тамаддуни ҷаҳонист, чун ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётии ҷомеа бо ҳуқуқҳои инсон алоқаманданд. Таълимот дар бораи ҳуқуқи инсон таърихи дуру дароз дошта, аз давраи муборизаҳои озодихоҳона, пайдошавии судҳои байналхалқӣ, инқилобҳои буржуазӣ сарчашма гирифтааст. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст,
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №18 (9548), 03.05.2018
ҲУҚУҚИ ШУМО
Қадру қимати инсон арзиши олист
ба масъалаи инсон ва мақоми он дар ҷомеа диққати ҷиддӣ додааст. Дар моддаи 1 эъломия зикр шудааст, ки тамоми одамон аз лиҳози шаъну шараф ва ҳуқуқҳо баробар ба дунё меоянд. Инсон бо ҳуқуқҳои худ ба дунё меояд, ки муҳимтарини онҳо ин ҳуқуқ ба зиндагӣ аст. Ҳуқуқи инсон мафҳуми мураккабу гуногунҷабҳа буда, онро бо қоидаи ягона шарҳ додан душвор аст. Агар иддае ҳуқуқҳои инсонро воситаи муваффақшавии инсонҳо ба неъматҳои асосии моддию маънавӣ арзёбӣ намоянд, гурӯҳи дигар усули тасдиқ намудани шахсият унвон менамоянд. Ҳуқуқҳои инсон имкон медиҳанд, ки ӯ ҳамчун узви ҷомеа озоду мустақил рушд намуда, дар ҳаёт мавқеи устувори худро пайдо кунад. Ба ақидаи коршиносон ҳуқуқи инсон нуқтаи назари махсус ба сохти ҷаҳон ва мавқеи шахс дар он мебошад. “Ҳар як одам ба озодии афкор, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад", - таъкид мегардад дар муҳимтарин ҳуҷҷати байналмилалӣ - Эъломияи умумии ҳуқуқи башар. – Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид нахустин сана-
ди байналхалқиест, ки ҳамкории давлатҳоро дар бахши эҳтиром ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба миён гузошт, - мегӯяд ҳуқуқшинос Исфандиёр Саидов. – Аммо дар оинномаи СММ номгӯи ҳуқуқу озодиҳои инсон муқаррар нагардида буд. Ин ҳолат ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт санадеро таҳия намояд, ки фарогири ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон бошад. Моҳи феврали соли 1946 бо таъсиси комиссия оид ба ҳуқуқи инсон таҳияи матни Эъломияи умумии ҳуқуқи башар оғоз ёфт. Дар аввал комиссия хост як ҳуҷҷат оид ба ҳуқуқҳои инсонро таҳия намояд. Вале баъдан ин иқдом се санадро дар худ фаро гирифт: Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ, Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Ба таъкиди Исфандиёр Саидов, таҳияи лоиҳаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар як давраи мураккаб, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ду лагери ба ҳам мухолиф тақсим шуда буданд, ба вуҷуд омад. Намояндагони кишварҳои
Бахти бузург Боиси ифтихор аст, ки насли ҷавони имрӯза ҳамон анъанаҳои пурифтихори қаҳрамононаи халқамонро, дар мисоли Темурмалику Муқаннаъ, Спитамену садҳо нафар дигар гузаштагони пурифтихорамон идома дода, дар ободии ватан саҳм доранд. Бояд зикр намуд, ки тарбияи ватанпарастӣ ташаккул ва рушди шуури баланди ватандӯстии ҷавонон, ҳиссиёти баланди муҳаббат ба Ватани худ, садоқат ба анъанаҳо ва ормонҳои олии он, ба Савганди ҳарбӣ, омодагӣ ва хоҳиши иҷрои шоистаи қарзи шаҳрвандӣ ва ҳарбӣ, уҳдадориҳои
конститутсионӣ, дареғ надоштани ҷони худ барои ҳифзи Ватан – Модар, тарғибу ташвиқи онҳо барои худтакмилдиҳии маънавию ахлоқӣ ва касбӣ мебошад. Ба ибораи дигар, манфиат, истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат бо Ватан, ватандорӣ ва ватаншиносӣ алоқаманданд. Яъне амнияти давлат, амнияти ҷомеа ва амнияти шахс бо ҳам зич алоқаманданд ва ягдигарро пурра мекунанд. Боиси хурсандист, ки ин нуктаро аксари ҷавонони бо ору номуси кишвар имрӯз хуб дарк намудаву ҳимояи Ватанро муқаддас
Ғарб тарафдори он буданд, ки эъломия фарогири назарияи фитрии ҳуқуқҳои инсон бошад. Дар он ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ, шахсӣ ва сиёсӣ ҷойгир карда шавад. Аммо намояндагони кишварҳои шӯравӣ ҷой додани ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро пайгирӣ мекарданд. Сарфи назар аз ин мухолифатҳо мавқеи ҳар ду ҷониб дар эъломия инъикос ёфтааст. Дар он ҳам ҳуқуқҳои фитрӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳам иҷтимою фарҳангӣ таҷассуми худро меёбад. И. Саидов меафзояд, ки бо вуҷуди хусусияти тавсиявӣ доштани эъломия, садҳо кишварҳои дунё дар конститутсияҳои худ меъёрҳои онро инъикос кардаанд. Аз ҷумла, ҳангоми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра матни эъломия дар бахши ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ба назар гирифта шудааст. Он ҳуқуқҳое, ки дар эъломия аст, дар боби дуюми Конститутсияи Тоҷикистон инъикос ёфтааст. Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр,
медонанд. Тавре зикр шуд, ин гуна ҷавонон шуури баланди ватандӯстӣ, ҳиссиёти баланди муҳаббат ба Ватани худро доро буда, ба анъанаҳои гузаштагонамон ва ормонҳои олии он, садоқати зиёд доранд. Муҳимтар аз ҳама имрӯз аксари ҷавононамон дарк намудаанд, ки ҳимояи Ватан-Модар иҷрои шоистаи қарзи шаҳрвандӣ ва уҳдадориҳои конститутсионӣ аст. Аз фурсат истифода бурда, ба ҳар як ҷавони боору номуси кишвар, аз ҷумла он ҷавононе. ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ворид шуда, савганди ҳарбӣ ёд мекунанд, иродаи матину хизмати содиқона орзумандем. Раҳмиддин ШУХИЕВ, муовини декани факултаи омодагии дифои ҳарбии ДТҶТ ба номи С.Раҳимов
номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”. Ба ҳамагон маълум аст, ки шахс дар ҷамъият ҳуқуқҳои зиёдро доро мебошад. Ва ин ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, ба ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд. Чун асоси ҳуқуқҳои инсонро шаъну эътибор ташкил медиҳад. Яке аз асосгузорони назарияи ҳуқуқҳои инсон, маорифпарвари фаронсавӣ Ж. Руссо таъкид менамояд, ки шаъну эътибор дар худи моҳияти одам мавҷуд аст. "Даст кашидан аз озодии худ даст кашидан аз шаъну эътибори инсонии худ, аз ҳуқуқи инсон, ҳатто аз уҳдадориҳост", - мегӯяд ӯ. Масъалаи дахлнопазирии шаъну эътибори шахс дар санадҳои давлатӣ ба таври возеҳ таъкид мегардад. Шаъну эътибор аз ҷониби ҳар як инсон дарк гардидани алоқамандии худ бо ҷомеа, аҳамият, нақш, саҳм ва таъсиргузорӣ дар он мебошад. Одам ҳар қадар бештар сифатҳои мусбат дошта бошад, шаъну эътибори вай дар ҷомеа ҳамон қадар баланд аст. Шаъну эътибор маънои ҳимоя аз зӯроварии ҷисмонӣ ва таъсиррасонии рӯҳониро дорад. Ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа, зӯроварӣ, муносибати бераҳмона ва ҷазодиҳӣ қарор гирад. Дар ҳама кишварҳо, новобаста аз сохти давлатдорӣ, ҳуқуқи инсонҳо набояд дар тарозуи манфиат баркашида шаванд, балки ҳуқуқҳои инсон бояд аз ҳама гуна тарозу боло ва қадру манзалати инсон нисбат ба дигар манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ болотар бошад. Инсон бояд ҳамчун шахсият эътироф шуда, аз ҳама гуна зарфиятҳое, ки дар ҷомеа ҳасту мушкилӣ меорад, ҳимоя карда шавад. Ҳамзамон, инсонҳо дар ҳама ҳолат бояд ҳуқуқу озодиҳои якдигарро эҳтиром намоянд. Чун танҳо онҳо метавонанд боиси пешрафти ҷомеа бошанд. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №18 (9548), 03.05.2018
5
МУЛОҲИЗА
Афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ Даврони 26 соли соҳибистиқлолӣ кишвари маҳбуб бо ибтикор ва ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу талошҳои мардуми шарифи Тоҷикистон рӯз ба рӯз ба ҳадафҳои стратегии миллиамон ноил гардида, дар самти таъмини шароити арзандаи кору зиндагии сокинон заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад. Далели равшани гуфтаҳои мазкур он аст, ки бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи кишвар марҳила ба марҳила ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҷаҳду талош намуда, дар ин росто аз имкониятҳо васеъ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, бо бунёд, азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ ба таъмини яке аз ҳадафҳои стратегӣ - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишварамон ва давлатҳои ҳамсоя ноил шудем. Дар самти расидан ба иҷрои ҳадафи навбатӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ бошад тибқи Барномаи рушди боғу токпарварӣ, майдони боғу токзори мамлакат ба 180 ҳазор гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум қариб 100 ҳазор гектар ё 2 баробар зиёд мебошад ва ин раванд яке аз қадамҳои устувор дар ин самт ба ҳисоб меравад. Барои татбиқи ҳадафи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ имрӯзҳо ҷаҳду талош ва кӯшишҳои пайгирона идома дорад. Аз ҷумла, даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду бузург ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, афзоиши иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ дар саросари кишвар, рӯйдоди муҳими таърихӣ, оғози бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун қадамҳои устувор дар амри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб меёбад. Дар ин замина ба иҷро расонидани як силсила корҳои бузург аз қабили бунёди хатҳои интиқоли барқи 500 киловолтаи ҷанубу шимол, хатхои баландшиддати «Лолазор - Хатлон», хатҳои баландшиддати Тоҷикистону Афғонистон «Сангтӯда-Пули Хумрӣ», гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва амсоли инҳо низ барои таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ мусоидат намуд. Маҳз чунин тадбирҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид буд, ки мувофиқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин тадбирҳои андешидашуда боис гардид, ки соли равон маҳдудияти нерӯи барқ дар кишвар барҳам дода шавад. Боиси зикр аст, ки ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини зимоми давлатдории навини миллиро ба уҳда гирифтани Пешвои муаззами мо бо ташаббус ва ибтикори ҳамешагии ин марди хирад дар амри таъмини шароити арзандаи кору зиндагии шоиста ба ҳар як сокини мамлакат иқдомоти наҷиб рӯи кор гирифта шуда, халқи тоҷик ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузорад. Бо дарки масъулият ва рисолати бузурги ватандорӣ мо мардуми шарифи кишварро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи оқилонаву сарфакоронаи нерӯи барқ, пешгирии ҳолатҳои талафоти он, истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намуда, барои боз ҳам заминагузорӣ ҷиҳати ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ саҳми арзанда гузорем. Мамнур НУРЗОДА, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон
Ташаббусҳои наҷиб Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили ҷаҳонӣ, вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Дар хақиқат, об аз ҷумлаи бузургтарин неъмати моддӣ ва омили бақои тамоми мавҷудоти зинда мебошад. Ташнаро об додан волотарин хизматест, ки инсон баҳри инсон ба ҷо меоварад. Ин амали воҷибро Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён натанҳо талқин намуд, балки дар ҳаёт амалӣ сохт. Ба гуфти муовини котиби генералии СММ: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ин ташаббусаш дарро барои ҳалли масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи захираҳои об васеъ кушод, ки он минбаъд чун қувваи ҳаракатдиҳандаи рушди устувор дар рафъи камбизоатӣ хизмат мекунад». 20 декабри соли 2000 Ассамблеяи Генералии СММ Ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи оби тоза, ки 149 давлат ҷонибдорӣ кард, маъқул дониста, соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза» эълон намуд. 18 марти соли 2003 дар шаҳри Киотои Ҷопон форуми сеюми ҷаҳонии об барпо шуд. Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки шуруъ аз соли 2005 даҳсолаи амалиёти ҳифз ва ҳимояи захираҳои оби тоза эълон гардад. 29 апрели соли 2003 дар чорчӯбаи кори Комиссияи СММ оид ба рушди устувор ҳайати Тоҷикистон дар қарорҳои СММ зери унвони «Об моли тамоми мардум» чорабинии махсус гузаронд. 30 апрели соли 2003 дар шаҳри Душанбе форуми байналмилалии оби тоза барпо гардид, ки дар он аз 53 давлат, 91 созмони байналмилалӣ ва 11 муассисаи махсуси СММ ва ғайра намояндаҳо иштирок карданд. Дар ин форум Президенти Тоҷикистон сухан ронда, изҳор дошт, ки проблемаҳои обро дар як сол ҳал кардан имконнопазир аст. Бинобар ин Даҳсолаи оби тоза аз соли 2005 эълон гардид. 16 октябри соли 2003 намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ конфронси байналмила-
лии «Об барои ҳаёт: назари тоза ба бӯҳрони ҷаҳонии об»-ро гузаронид. 23 сентябри соли 2003 вақте, ки 141 давлати узви СММ бевосита ё ғайримустақим пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи “Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт”-ро ҷонибдорӣ кард, дигар барои муҳокимаи алоҳида зарурат намонд ва Ассамблеяи Генералии СММ дар ин бора қатънома кабул кард. 16-22 марти соли 2009 дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия форуми 5-уми ҷаҳонии об баргузор гашт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин форум ба ҳайси роҳбари яке аз давлатҳои ташаббускори ҷаҳон дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонии об иштирок ва суханронӣ намуд. Сардори давлати Тоҷикистон зимни суханронии худ дар ин форум масоили гармшавии иқлим, коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳои азим, истифодаи бенизому бебозгашти захираҳои обиро, ки дар обёрии заминҳои корам ба назар мерасад, аз мушкилоти асосии вобаста ба об дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуд. Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон то 40 фоизи оби минтақа ҳангоми обёрии бебозгашт масраф мешавад. Ба андешаи сарвари давлати Тоҷикистон сохтмони обанборҳо ва нерӯгоҳҳои обӣ ҳам барои истеҳсоли нерӯи барқ ва ҳам барои захирасозию истифодаи мунтазами об ба манфиатҳои кулли кишварҳои минтақа аст. Дар ин форум, ки таҳти шиори «Муттаҳидшавӣ ба хотири об» сурат гирифт мавзӯи «Гармшавии иқлими сайёра ва таъсири он ба захираҳои оби ҷаҳон» ва масъалаҳои глобалию минтакавии марбут ба об ҳаллу фасл гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниход намуд, ки дастгирии кишварҳои эҳтиёҷманд фондҳои дахлдори фавкулода дар Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шавад. Инчунин ташаббусҳои Тоҷикистон дар бораи ихтисос дода-
ни қисми дуюми даҳсолаи баиналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ҷиҳати зиёд намудани кӯмак ба кишварҳои қафомонда ва рӯ ба инкишоф дар ҳалли проблемаҳои об ва инчунин конфронси байналмилалӣ оид ба истифодаи оби кӯли Сарези Тоҷикистон барои таъмини кишварҳои Осиёи марказӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ дастгирӣ ёбанд. Дар конфронси 12-17 апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея Президенти кишвари тоҷикон ташаббуси нав пешниҳод кард, ки Даҳсолаи байналмилалии нави «Об барои рушди устувор» эълон карда шавад. Рӯзҳои 09-11-августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони беш аз 90 кишвар ва созмони байналмилаливу минтақавӣ ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин ҳамоиш табодули афкор оид ба сабақҳои гирифташуда ва таҷрибаи мусбат дар соҳаи беҳбудии дастрасӣ ба об, тозагии он, ҷорӣ намудани ҳамгироии идораи захираҳои об, такмили манфиатнокии истифодаи он, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои об ва ғайра буд. Моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” баргузор мегардад. Ҳамин тавр, ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои ҷаҳонии об баҳри раҳоӣ додани аҳолии сайёра аз хатарҳои экологӣ ва буҳрони озуқаворӣ такони бузурге бахшида метавонад. Асомуддин АЗИЗОВ, омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, рушди маҳал ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Данғара
6 ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ Иттифоқ будан, қувваеро болои қуввае зам кардан аст. Дар ҳоли иттифоқӣ чораи дилхоҳ мушкилро метавон ёфту онро дар якҷоягӣ ба осонӣ ҳал кард. Сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва ваҳдат аз василаҳои асосии ҳадафу мақсадҳо ба ҳисоб мераванд. Маҳз дар заминаи ин мо метавонем, ки давлатамонро рушд диҳему обод созем. Дар акси ҳол дар кӯчактарин мушкил дар мемонем ва барои ояндаи хеш карда наметавонем. Доир ба ин мавзуъ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мефармояд:
анд. Бояд гуфт, ки вақте мо аз ватани хеш дур мешавем, иттиҳоду сарҷамъӣ аҳамияти бештар ба худ касб мекунад ва маҳз таҳкими он моро метавонад, аз ҳар гуна низоъ эмин нигоҳ дошта бошад. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар заминаи сиёсати Пешвои миллат 16 октябри соли 2014 бо мақсади муттаҳид сохтани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, вобаста ба пуштибонӣ ва таблиғи дастовардҳои воқеии кишвар дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ҳамоҳанг сохтан, дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон, барои таҳсили пурмаҳсул ва хизмати шоён барои давлату миллати хеш, мусоидат ва худташаккулёбӣ ва худ-
гуногуни маърифатию таблиғотӣ, фарҳангӣ ва варзишию оммавӣ дар макони буду бош, фаъол гардонидан тариқи ташкил намудани чорабиниҳои гуногуни фосилавӣ, робитаи бевосита бо роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва мусоидат ба гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва иттилоотию маърифатӣ (мусобиқаҳои зеҳнӣ ва варзишӣ, мизҳои мудаввар, мулоқоту вохӯриҳо, шанбегиҳо ва ғайра), амалӣ сохтани чорабиниҳо ҷиҳати бедор намудани шавқу рағбат ба корҳои оммавӣ – ҷамъиятӣ, фарҳангию фароғатӣ ва таъмини тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ, фарҳангдӯстӣ, ҳувияти миллии ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдоштаро бар уҳда дорад. Дар фаъолияти чорсо-
дешаи ӯ маҳфили донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта аз иқдомҳои бесобиқаи кумита мебошад, ки дар заминаи он донишҷӯён аз ҳолу аҳволи ҳамдигар воқиф гардида, дар ҳалли мушкили якдигар расидагӣ мекунанд: “Маҳфил барои донишҷӯёни тоҷики дар хориҷ таҳсилдошта чун пуштибонест. Аъзои он ҳамеша байни ҳам дар иртиботанд. Хубиҳои маҳфил бешуморанд. Дар он фикрҳои ҷавонон дастгирӣ меёбад. Дӯстиашон равнақ мегирад. Ҳамандеш мешаванд ва болотар аз ҳама маҳфил ҷавононро бо ҳам дар хориҷ иттиҳод кардааст,”мегӯяд Бахтовар. Аъзоёни маҳфил дар шаҳру кишварҳои гуногун дар риштаҳои мухталиф таҳсили илм доранд. Назари ҳар яки онҳо доир ба таъ-
шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин ва коргардони филмҳои аниматсионист. Темурмалик ҳамчунин сарояндагӣ низ мекунад ва дар шаҳри Пекин гурӯҳи сарояндагии худро ташкил кардааст: “Рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта мо гурӯҳи ҷавонони дар донишгоҳҳои шаҳри Пекин таҳсилдошта ҷамъ мешавем. Миёни ҳам саволу ҷавоб ва баҳс мекунем. Дар бораи нақшаҳои ояндаамон гап мезанем. Суруд мехонем. Ҳамчунин бо аъзои маҳфил, ки аз рӯи нақшаи пешакии рӯзҳои шанбе ҷамъ мешавем, зангҳои видеоӣ мекунем. Соли 2015 мо як гурӯҳ ҷавонони дар хориҷ таҳсил дошта, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба муддати як ҳафта ба лагери “Шоҳин” ба вилояти Суғд рафта будем. Дар он ҷо ҷавонони фаъол ва дорои
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад... Маҳфили донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ҷавононро муттаҳид месозад
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад, Парокандагӣ аз нифоқ хезад. Дарвоқеъ, ҳодисаҳои солҳои охир моро ҳар лаҳза бо нифоқ дучор месозад. Роҳи раҳоӣ аз он бошад, танҳо дар иттифоқ асту бас. Ин омил бахусус дар миёни ҷавонон бояд таҳкими ҳамешагӣ дошта бошад. Чун иттифоқ будан дар онҳо фикри томро ба вуҷуд оварда, ба нерӯи калон табдил медиҳад. Дар кишвари мо баъди сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мафҳумҳое чун “иттифоқ”, “сарҷамъӣ”, “муттаҳидӣ” ва “ваҳдат” ба худ маънои тоза касб намуданд. Зеро маҳз дар заминаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ тоҷикон аз ин вартаи бало раҳо шуданду роҳи ноҳамвори фардоро ҳамвор намуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал миллати моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ даъват намуда, иттиҳоду ваҳдатро беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон ва ҳастии инсон мехонданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки ҳоло дар кишвари азизамон сулҳу осоиштагӣ ҳукм ронда, ҳар шаҳрванд, хосатан ҷавонон ба нияту орзуҳои бундёдкоронаю созандаи худ ба осонӣ расида метавонанд. Бо истифода аз фазои сулҳу оштӣ имрӯзҳо чанде аз ҳамватанони мо ба хориҷи кишвар сафар намуда, кору фаъолият ва таҳсил менамоянд. Аз ҷумла, имрӯз зиёда аз 30 ҳазор ҷавони тоҷик баҳри таҳсил ба гӯшаҳои гуногуни дунё рафта-
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №18 (9548), 03.05.2018
шиносии ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта дар ҷодаи илму маърифат ва фарҳанги миллату халқиятҳои гуногун, бахусус омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои муосири иттилоотӣ, рукнҳои иқтисоди бозоргонӣ ва сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба ташаккулёбии малакаҳои ҳаётии ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, ба монанди сарварӣ, ровигӣ, муошират ва кор дар гурӯҳҳо, фароҳам овардани шароит ва омода сохтани мутахассисони ояндаи кишвар аз ҳисоби ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта маҳфили донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдоштаро таъсис дод. Маҳфили мазкур дар доираи низомнома баҳри иттиҳоди ҷавонон вазифаи ҷалб ва таъмини иштироки бевосита дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои
лаи маҳфил ҳудуди 10 ҳазор донишҷӯёни тоҷики дар хориҷи кишвар таҳсилдошта аъзои он гардидаанд. Ҳамчунин Шӯрои маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамчунин ҷавонони донишҷӯи муқими хориҷи кишвар шомил гардиданд. Ҳадаф аз таъсиси шӯро дастгирии маънавию иҷтимоии ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, мусоидат ба ҳаллу фасли мушкилоти онҳо ва роҳандозии ҳамкорӣ миёни вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар ин самт мебошад. Бахтовар Каримов ҳудуди як сол мешавад, ки роҳбарии маҳфилро бар дӯш дорад. Ба ан-
сиси ин маҳфил нек аст. Бахтовар Пираков донишҷӯи Донишгоҳи забонҳои шаҳри Берлини давлати Олмон мебошад. Ҳамакнун ду моҳ мешавад, ки аъзои маҳфил аст. Ӯ мегӯяд, ки ин маҳфил барояш нерӯ ва рӯҳияи тоза бахшидааст: “Аъзо шудан ба маҳфил маро бисёр хурсанд намуд. Бо дӯстоне, ки аъзои маҳфиланд, ҳунару малакаи худамро гуфтам. Дар баробари донишҷӯӣ варзишгар низ ҳастам. Аз намуди варзиши шамшербозӣ тамрин мекунам. Ба наздикӣ дар шаҳри Ню-йорк мусобиқае аз ин намуди варзиш доир мегардад ва ман ҳамчун варзишгар дар ин мусобиқа аз номи Тоҷикистон иштирок менамоям. Доир ба ин дӯстони навам, ки ҳамагӣ фаъоланд, ба ман тавсияҳо доданд”. Темурмалик Камолов низ яке аз аъзои фаъоли гурӯҳ мебошад. Ӯ донишҷӯи Донишгоҳи санъати
андешаҳои хуб ҷамъ омада буданд. Ҳамагӣ фикру мулоҳизаҳои худро доир ба васеъ намудани фаъолияти маҳфил иброз доштанд. Фикру андеша ва фаъолияти маҳфил ба ман писанд омад ва хоҳиш намудам, ки барои аъзо намудани ҷавонони дар шаҳри Пекин буда низ кӯмакам намоянд. Инак се сол мешавад, ки аъзои маҳфилам”. Ёсамин Мусаева ду сол мешавад, ки паи ҳам “Бонуи зеботарини шаҳри Минск” эътироф мешавад. Ӯ донишҷӯи курси чоруми риштаи ҳуқуқшиноси байналмилалии Донишгоҳи миллии Белоруссия мебошад. Ёсамин низ яке аз аъзои маҳфил мебошад. Ӯ мегӯяд баъди сайқал додани донишу малакаи худ ба Ватан баргашта, дар пешрафти он саҳм мегузорад. Дар маҷмуъ аъзои маҳфилро гурӯҳи ҷавонони фаъол ташкил медиҳанд. Ҳар яки онҳо дар баробари таҳсили илм касбу ҳунарҳои дигарро низ аз бар намуда, дар риштаҳои гуногун фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Аммо ба фикри роҳбар ва аъзо то ҳол Маҳфили донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта фаъолияти хубу назаррас надорад: “Маҳфил кӯдакеро мемонад, ки эҳтиёҷ ба омӯзонидани роҳравию ҳарфзанӣ дорад. Аъзои маҳфил каманд. Баъзан дастгириҳо нест. Мебояд дар баробари Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дигар вазорату идораҳои дахлдор низ маҳфилро дастгирии ҳамаҷониба намоянд. Бояд дарк намуд, ки муваффақ шудани ҷавонони тоҷик ва ватандӯсту созанда шудани онҳо пеш аз ҳама ҳангоми иттиҳоду сарҷамъ буданашон ба даст меояд ва маҳфил беҳтарин роҳи муттаҳид намудани ҷавонони дар хориҷбуда мебошад”-мегӯяд Б. Каримов. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №18 (9548), 03.05.2018 Пеш аз он ки ба мазмуни ривоят даст бизанем, беҳтараш ба санаду далелҳо рӯ орем. Илман исбот шудааст, дар ташаккулёбии халқҳои имрӯзаи ҳинд қавмҳое, ки замоне ба ин сарзамин ворид шудаю худро ориёӣ ном мебурданд, нақши муҳим бозидаанд. Ориёиҳо дар қисмати шимолии мулки ҳинд маскун гирифта, бо мардуми таҳҷо омехта ва онҳоро дар худ ҳазм намуданд. Дар забону гӯишҳои эшон оҳангҳои ведҳо, мисли “Махабҳарата”, “Рамаяна” ва дигар асарҳои адабиёти ҳинд эҷод ёфтааст. Забону гӯишҳои ин қавмҳои ориёӣ ба асоси забони имрӯзаи мардумони Ҳиндустони Покистон, Бангладешу Сарандеб (Шри-ланка), мисли забонҳои ҳиндӣ, урдуӣ, банғола, сингалӣ, маратҳа, гуҷарата, синдҳ ва ғайра нишастааст. Ҳамроҳ бо забони эронӣ, онҳо шохаи ҳинду эронии гурӯҳи забонҳои ҳинду аврупоиро ташкил медиҳанд. Ин гурӯҳ яке аз оилаи сершумори забонҳои олам маҳсуб меёбад. Ба он забонҳои славянӣ, германӣ, романӣ, лотинӣ, литвонӣ, забони қадимаи юнонӣ ва ғайра дохил мешаванд. Айни замон дар ин забонҳо хусусиятҳои умумӣ мушоҳида мешавад. Лек дар аҳди қадим, қабилаҳои бо забони ҳиндуаврупоӣ сухан гӯянда, бевосита дар ҳамсоягии ҳамдигар мезистанд ва қаринтар будаанд. Ба андешаи баъзе олимон, онҳо гурӯҳи қабилаи ягона, бо забони ягонаро ташкил медоданд. Ҳамрешагии қавии забонҳои ҳиндуаврупоӣ дар нимаи аввали асри 19, ки асоси илми забоншиносӣ, махсусан ба омӯзиши забонҳои ҳиндуаврупоӣ асос гузошта шуда буд, исботи худро ёфт. Методикаи бонизоми илмӣ, ки ин мактаб ба миён овард, имкон дод қонунияти зиёдро дар рушди забонҳои ҷудогона, дар марҳилаҳои гунонуни таърихии онҳо, тартиби ба ҳам таъсиррасонии намояндагони оилаи забонҳои васеи ҳиндуаврупоӣ, муайян созад.
7
НИГОҲИ ДИГАР
Ориёиҳо
Бо истифода аз услуби таърихию муқоисавӣ олимон муайян намуданд, ки ин ё он вожаи то ҳол номаълум дар як қатор забонҳои мурда ё начандон маъруф чӣ тавр талаффуз мешуданд. Дурустии чунин хулосабарориҳои назариявӣ борҳо бевосита, дар натиҷаи бозёфтҳои бостоншиносӣ, ки ба илм матнҳои нав ба навро пешкаш ва дар онҳо ин вожаҳо вохӯрдаанд, тасдиқи худро ёфт. Услуби таърихию муқоисавӣ имкон дод забонҳои гумшуда ва кайҳо фаромӯшшудае чун забони хетҳо, ки дар ҳазорсолаи дуюми то милод дар Осиёи хурд арзи вуҷуд дошту тариқи он бо фиръавнҳо мукотиба карда ва шартнома мебастанд, забони тахорӣ бо матнҳояш, ки дар регзорони Осиёи марказӣ ёфт шуд, забони бохтарӣ, ки нишонаҳои он танҳо солҳои охир ёфт ва бо он дар вилоятҳои ҷанубу шарқии Осиёи марказӣ ва Афғонистон дар аҳди Қушониёни дар оғози солшумории нав ҳудуди басо калонро дар Осиёи Марказӣ ва Ҳинд муттаҳид намуда, ҳарф мезаданд, забони суғдӣ, ки забони мардуми Яғноб аз он нишонаест ва ғайра пайдо ва омӯхта шаванд. Хулосаҳои забоншино-
Дил мехоҳад, ки... Мактаби мо дар деҳаи Нурбахши ноҳияи Данғара ҷойгир аст. Аз сабаби афзоиши хонандагон ҳар сол як синфхонаи иловагӣ бо ёрии хонандагон ва омӯзгорони мактаб сохта ба истифода дода мешавад. Имсол ҳам як синфхона сохта ва ба истифода дода шуд. Дар мактаби деҳаи мо 940 нафар хонанда таҳсил карда, ба онҳо 43 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Дар мактаб омӯзгорони пуртаҷриба, ба монанди Ҳасан Холмуродов, Амиршо Маҳмудов, Иқболой Суҳҳонқулова, Зулфия Тошакова, Ҳамида
сии таърихию муқоисавӣ бобати хешигарӣ ва муносибати забонҳои ҳиндуаврупоӣ як қатор масоили навро дар масъалаи таърихи куҳани ин мардум, пайдоиш, тарзи хоҷагидорӣ, сохтори давлатдорӣ, вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии онҳоро ба миён овард. Дар ин маврид, дар маркази диққат макон ва вақти зисти якҷояи халқҳои ҳиндуаврупоӣ, яъне ватани аслии эшон меистад. Вобаста ба ин масъала хулосаҳои дақиқ баровардан чандон кори саҳл нест. Доир ба ин масъала посухро натанҳо таърихшиносону забоншиносон, ҳамчунин бостоншиносон, ҷӯяндагони ёдгориҳои бостонии як қатор халқҳои ҳиндуаврупоӣ дар ҳудуди собиқ шӯравӣ, ки дар ин ҷо ин мардум ташаккул ёфтаю баъдан парешон гаштаанд, интизоранд. Қабилаҳои ориёӣ, ки ба Ҳинд ворид шуданд, аз ҷиҳати забону фарҳанг ба қабилаҳои гурӯҳи эронӣ хеле қаробат доштанд. Дар оғози таърихи хеш ин ҳар ду мардум якхела худоён, Митра – хайрхоҳи модиён, ҳомии сарбозони ҷасур, раъдфикани тавоно - Индраро мепарастиданд. Онҳо оҳанги ягонаи муқаддасро суруда, ривояту
Суфиева, Дилбар Олимова, Сафаргул Лолаева, Файзулло Давлатов ва дигарон кору фаъолият мекунанд. Ин омӯзгорон барои таълиму тарбияи насли наврас сидқан заҳмат кашида, хонандагонро ба озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ раҳнамун сохта, дар баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон саъю кӯшиши худро дареғ намедоранд. Масалан, омӯзгори фанни ҷуғрофия Зулфия Тошакова соли гузашта дар озмуни вилоятӣ ҳамроҳи шогирдаш хонандаи синфи 9-ум Ҷумъагул Кавракова иштирок
саргузаштҳои якхеларо дар бораи корнамоии қаҳрамонҳои худ мешуниданд. Ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо коҳинон нӯшокии муқаддасу масткунандаи худоён сомро омода намуда, менӯшиданд. Ҳангоми муҳорибаҳо сарбозони ҷасури онҳо савори дучархаҳо душманро тирборон намуда, дар давраҳои осоишта мусобиқаҳо барпо мекарданд. Сохтори иҷтимоии ин қабилаҳо бо ҳам хеле шабоҳат дошт. Тақсимоти табақавӣ ба ашрофони ҳарбӣ, коҳинон ва ҷомеачиёни озод, ки бар асоси меъёрҳои ҳуқуқии мавҷудаи замон соҳиби мақому манзалат гардида буданд. Маҷмӯи ривоятҳои муқаддаси то замони мо расидаи ҳиндуҳо – “Ведҳо” ва “Авесто”-и порсҳо аз ҷиҳати забон, тимсолҳои ривоятӣ ва хати сужа ниҳоят бо ҳам наздиканд. Ҳам қабилаҳои эрониҳо ва ҳам қабилаҳои ҳиндӣ худро ориёӣ номида, сарзамини хешро Ориёно ном мебурданд. Зикр намудан бамаврид аст, ки дар адабиёти рус истилоҳи маъмулгардидаи “Ориёиҳо” ва “Ориёно” нисбати тамоми мардумони ҳиндуаврупоӣ асоси илмии воқеӣ надорад. Ягона истифодаи асосноки он, тавре онҳо дар адабиёти илмӣ ном мебаранд, яъне нисбати қабилаҳои ҳиндуэронӣ равост. Ба сифати худбаёнӣ вожаҳои “Ориёӣ” ва “Ориёно”, маъмулан ба таври муайян танҳо дар забонҳои ҳиндуэронӣ вомехӯраду халос. Эҷодкорони Ведҳо ва навиштаҳои эпикии ҳиндӣ, тартибдиҳандагони “Авесто”, муаллифони навиштаҷотҳои порсии куҳан (бадахшониҳо ва сиистониҳо) худро чунин ном мебурданд. Аз вожаи “Ориёиҳо” номи як қатор қабилаю музофотҳои ҳиндуэронӣ бармеоянд. Хусусиятҳои умумии баёнёфта, мероси давраи куҳан буда, замоне, қабилаҳои эронӣ ва ҳиндӣ, дар ҳудуди ягона, паҳлуи ҳам мезистанд. Хулосаи мазкур дар илм дастурамали аз ҷониби умум эътирофгардида маҳсуб ёфта, аз воқеияти таърихии “ягонагии ҳиндуэронӣ” сарчашма мегирад. Лек суоли дар куҷо воқеъ будани ватани аслии ориёиҳо то ҳол посухи худро наёфта, баҳсҳо дар ин хусус ҳамоно идома доранд. Ин масъала дар маҷмӯъ бо масоили умумии пайдоиши гузаштагони мардумони ҳиндуаврупоӣ марбут буда, ҳалли он шояд танҳо дар хусусиятҳои умумӣ пайдо шавад. Муқоисаи маълумотҳои
намуд. Ҷумъагул ҷои дуюмро ишғол намуда, соҳиби медали нуқра гардид. Омӯзгор Ҳасан Холмуродов солҳои дароз дар мактаб фаъолият намуда, шогирдони зиёдро ба воя расондааст. Имсол шогирдаш хонандаи синфи 10- ум Саида Каримова дар озмуни вилоятӣ, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори ҷои якум гардид. Хулоса кори хуби чунин устодон аст, ки муассисаи таълимии мо шогирдони бисёреро ба воя расонидааст, ки онҳо дар соҳаҳои мухталиф кору фаъолият намуда, саҳми худро дар рушди ҷомеа мегузоранд. Соли гузашта мактабро 55 нафар хонанда хатм намуда барои таҳсили илм ба
забонҳои ҳиндуэронӣ имкон медиҳад, то андозае олами набототу ҳайвонот, шароити иқлими маконе, ки гузаштагони мардумони ҳиндуэронӣ ҳаёти якҷоя доштанд, тасаввур гардад. Ин маводҳо имкон медиҳанд, қисмати қутби шимол ва навоҳии ба он наздик, ҳамчунин навоҳии гарми баҳри Миёназамин ва Осиёи ҷанубӣ аз макони зисти онҳо хориҷ карда шавад. Ҳамчунин, макони паҳншавии мардумони ҳиндуаврупоиро дар давраи таърихӣ, аз қабилаҳои келти ҷазираҳои Британия ва Галлия то ориёиҳои Ҳинд бояд дар назар гирифт. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ин гуна маълумотҳои забонишиносон ва бостоншиносон имкон намедиҳад, дақиқ баён кард, ки ватани аввалини мардумони ҳиндуаврупоӣ дар куҷо ҷойгир буд? Онро дар Аврупои шимолӣ ва марказӣ, Балқон, қисмати шимолии назди баҳри Сиёҳ, даштҳои ҷануби рус, пасон ба самти шарқ дар Қазоқистон, Осиёи Марказӣ меҷӯянд. Тарафардорони ашадии ин гуна фарзияҳо далелу асноди худро дошта, мекӯшанд худро ҳақ нишон диҳанд. Давраи ҳамзистии мардумони ҳиндуаврупоӣ ба замони куҳан тааллуқ дорад. Баъдан, пас аз барҳам хӯрдани давраи ягонагӣ, гурӯҳҳои гуногуни қабилаҳои ҳиндуаврупоӣ ба ҳудудҳои нисбатан васеъ пароканда шуда рафтанд. Боз ҳам баҳсҳо авҷ гирифта, мехоҳанд муайян намоянд, ки баъди ҷудошавӣ аз якҷоягии ҳиндуаврупоӣ, гузаштагони мардумони ориёӣ дар кадом ҳудуд шакл гирифтанд. Дар ин маврид ватани аслии мардумони ориёиро дар минтақаҳои гуногун - аз поёноби Дунай ва Аврупои миёна то Олтой ва сарҳади Ҳинд ҷо медиҳанд. Дар илм махсусан фарзияи пайдоиши осиёимиёнагии ориёиҳо басо маъмул аст. Тарафдорони сершумори ин фарзия маҳз Осиёи Марказиро макони шаклгирӣ ва ташаккулёбии ин мардум, рушди фарҳанги маънавӣ ва ривоятҳои эшон медонанд. Дар илми Ҳинд ҳатто ақидае вуҷуд дорад, ки гӯё маҳз сарзамини Ҳинд макони сукунати барвақтии ориёиҳо будааст. Вале ба ин ақида бисёр маълумот мухолиф аст. Аз ҷумла, паҳншавии қабилаҳои ҳиндуаврупоӣ, ки аз дохили онҳо ориёиҳо пайдо шудаанд. Саидаҳмади ДАВЛАҲМАД, ҷаҳонгарди тоҷик
маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супориданд. Ба воситаи маркази миллии тестӣ 26 нафар хонанда аз санҷишҳо гузашта, ба коллеҷу макотиби олӣ дохил шуданд. Ҳамаи ин заҳмату талоши омӯзгорони мактаб гувоҳӣ медиҳад. Аммо мактаб дар шароити начандон хуб қарор дорад. Синфхонаҳо намерасанд. Дил бисёр мехоҳад, ки аҳли омӯзгорон ва хонандагони мактаби мо соҳиби бинои нави замонавӣ бошанду таълиму тарбия боз ҳам дар сатҳи баланд сурат гирад... Сайлигул ХӮҶАЕВА, муовини директор оид ба синфҳои ибтидоии МТМУ № 25, ноҳияи Данғара
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №18 (9548), 03.05.2018
Исмоилзода Мирзо раиси Федератсияи тенниси рӯи миз интихоб шуд Дар толори маҷлиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи Плениуми интихоботии Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҷоми КФО-2018: Фатҳулло ба “Истиқлол” ғалаба овард Қаҳрамони Тоҷикистон, дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дидори панҷуми худро дар доираи бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 (Конфедиратсияи футболи Осиё) бо бошгоҳи “Аҳал”-и Туркманистон анҷом дода, бо ҳисоби 1-0 ғалаба намуд. Дидори мазкур дар Варзишгоҳи “Ашқобот”-и Ҷумҳурии Туркманистон шоми 1 май ҷараён гирифт. Голи ягонаи рақобатро дар дақиқаи 52, сардори дастаи “Истиқлол” Фатҳулло Фатҳуллоев бо як маҳорати олӣ ба кунҷи дарвозаи ҳариф ворид намуд. Тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бозии нахустинашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 бар тими “Аҳал” баргузор намуда, бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада буд. Ҳамин тариқ, баъди бозии даври паҷум дар гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо 13 имтиёз дар ҷои аввал қарор гирифт. Тими “Алтин Асир” бо 8 хол (4 бозӣ) дар гурӯҳ мавқеи дуюмро касб намуда, бошгоҳи “Аҳал” бо 4 имтиёз дар ҷои сеюм ҷойгир шуд. Ёдовар мешавем, ки марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дар минтақаи Марказӣ 16 май хотима ёфта, ба даври баъдӣ танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз хотимаи бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ барпо мегардад. Бозии финалии Ҷоми КФО-2018 рӯзи 27 октябр соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Даври 5-ум, 1-уми май “Аҳал” (Туркманистон) – “Истиқлол” (Тоҷикистон) 0-1 2-юми май “Алтин Асир” (Туркманистон) – “Олой” (Қирғизистон) Даври 6-ум, 16-уми май “Истиқлол” (Тоҷикистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон) “Олой” (Қирғизистон) – “Аҳал” (Туркманистон) Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
Тавре аз Кумитаи миллии олимпӣ хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур Исмоилзода Мирзо, раиси Ширкати холдингии саҳҳомии “Барқи тоҷик” раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб шуд. Дар кори ҷаласаи Плениуми интихоботии Федератсияи тенниси рӯи миз меҳмонон – Ҳакимзода Шарифҷон – намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Абдуллозода Аҳтам Рустам – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Абдуллозода Муҳаммадшо – котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ, вакилон ва аъзои федератсия иштирок намуданд. Иштирокчиён баъд аз интихоби раисикунанда ва котиботи маҷлис ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа иборат аз 6 банд пардохтанд. Зимни муҳокимаи масъалаҳо аз ҷумла номзадии Исмоилзода Мирзо ба ҳайси раиси Федератсияи тенниси рӯи миз пешниҳод ва бо овоздиҳии якдилонаи вакилон интихоб шуд. Сипас, бо пешниҳоди раиси нави федератсия Ризоев Нуралӣ ноиби раиси федератсия, инчунин раис ва аъзои комиссияҳои доварон, мураббиён ва бозрасӣ интихоб гар-
диданд. Абдуллозода Аҳтам зимни сухани табрикӣ, аз ҷумла қайд кард, ки таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар кишвар рушд карда истодааст ва ба ҳайси раисони федератсияҳои варзишӣ шахсони сазовор интихоб гардида истодаанд. Тенниси рӯи миз яке аз намудҳои шавқовари варзиш
аст, ки ҷавонони мо аз ҳама бештар ба он рӯ овардаанд. Бо супориши Пешвои миллат дар ҳамаи боғҳои фарҳангу фароғатӣ гӯшаи махсуси тенниси рӯи миз сохта хоҳад шуд, ки дар оммавӣ гардидани ин намуди варзиш мусоидат хоҳад кард. Ҷаласаи мазкур 28 апрел доир гардида, Исмоилзода М. ба вакилон барои дастгириашон миннатдорӣ баён кард ва иброз дошт, ки саъй мекунад, то ба боварии вакилон ва аъзои федератсия сазовор бошад.
Чемпионати Осиё-2018: Наврасони тоҷик соҳиби ду медал шуданд Тими ҷавонони кишвар оид ба бокс дар Чемпионати Осиё-2018 дар шаҳри Бангкоки Тайланд сазовори ду медал шуданд. Дар мусобиқаи мазкур рақобатҳо аз рӯи 10 вазн миёни писарон ва 10 вазн миёни духтарон аз 21 то 27 апрел сурат гирифт. Варзишгарбонуи тоҷик Идимоҳ Холова дар вазни 64 кило миёни бонувон сазовори медали нуқра ва Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов дар вазни 75 кило миёни писарон сазовори медали биринҷӣ шуданд. 3 варзишгари дигари кишвар, ки дар чемпионат иштирок намуданд, аз медалҳо маҳрум монданд.
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №18 (9548), 03.05.2018 Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони тоҷик рӯз аз рӯз дар мусобиқаҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат намуда, Парчами давлати азизамонро парафшон намуда истодаанд. Комроншоҳи Устопириён, яке аз варзишгарони номдори тоҷик, ки дар партави сулҳу суботи даврони соҳибистиқлолии Ватан ба воя расидааст, маҳз бо дастгириҳои Пешвои миллат натиҷаҳои баланди варзиширо ноил ва варзиши миллати тоҷикро ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар муаррифӣ намуда истодааст, исботи гуфтаҳои болост. Комроншоҳ дар мусобиқаи байналмилалии Гран-Прии ҷудо (“GrandPrix Antalya - 2018”), ки дар шаҳри Анталияи Туркия 6 - 8 апрел баргузор гардид, дар вазни 90 кило соҳиби медали тилло шуд. Пас аз он дар мусобиқаи VII байналмилалӣ оид ба гӯштини кураш барои ҷоизаҳои Президенти Ӯзбекистон ба номи Амир Темур, ки рӯзҳои 21 - 22 апрел дар Шаҳрисабз ҷараён гирифт, ғолиб шуда, номи Тоҷикистонро бори дигар ба оламиён муаррифӣ намуд. Дар ин замина, ҳайати эҷодии рӯзномаи “ҶТ” перомуни фаъолияти касбӣ ва варзишии Комроншоҳи Устопириён тасмим гирифт, ки бо эшон сӯҳбат орояд ва фишурдаи онро ба хонанда пешкаш менамоем. - Комроншоҳ Шуморо аз номи ҳайати эҷодии рӯзномаи “ҶТ” бо пирӯзии навбатиатон шодбош мегӯем ва барои хонандаи рӯзнома оид ба пирӯзиатон нақл мекардед. - Ташаккур, бениҳоят шод ҳастам, пеш аз ҳама мехоҳам ба хонандагони рӯзнома ва мухлисонам расонам, ки ғолибият ва пирӯзии ман дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва ҳамаи дастовардҳоям дар риштаи муаррифии варзиши тоҷик бевосита аз дастгириву ѓамхорињои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки шароити мусоидро барои мо варзишгарони тоҷик муҳайё сохтаанд. Маҳз эътимоду боварии Пешвои миллат аст, ки мо бо тамоми нерӯ барои баланд бардоштани Парчами кишвари азизамон дар хориҷи кишвар сабқат менамоем ва ҳамаи талошҳои мо варзишгарон танҳо ба хотири муаррифии миллати тоҷик аст ва посух ба дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати кишвар равона мешавад. Бовар мекунед, зимни сабқат дар саҳнаи мусобиқаҳои варзишӣ танҳо ғурури миллӣ ва боварии Пешвои миллат бароямон такягоҳ аст. - Барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Гран-Прии ҷудо (“Grand-Prix Antalya - 2018”)- шаҳри Анталияи омомдагиҳо дар кадом сатҳ буд? - Масъалаи тамрин ва омодагии ҷиддии ман дар мусобиқаи Гран-Прии ҷудо (“Grand-Prix Antalya - 2018”)шаҳри Анталия ва умуман дар тамоми
Роҳбарияти давлат ва сохторҳои марбута сабаб шуданду ман тамринамро аз пештара хубтар намудам ва самараи ин дастгириҳо буд, ки ба ҳадафам расидам. - Лаҳзаҳои хотирмонро барои хонандаи рӯзнома нақл мекардед? Аз ҳама лаҳзаи хотирмон ва дучандкунандаи ифтихор, ин интизориҳо ва пешвози мухлисонам, волидайни азизам ва масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш аст, ки ба ман бовар карданд ва ман ба боварии онҳо сазовор гардида бо сари баланд ба ошёни меҳр- Ватан баргаштам. Зимни бозгашт аз мусобиқаи Анталия маро дар фурудгоҳ кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш устод Бозор Носир, сармураббии тими миллии ҷудои ҷумҳурӣ Муҳаммад Абдураҳмонов, намояндагони ВАО-и кишвар, аҳли оилам ва
Комроншоҳи Устопириён:
9 ба ҷои 4 баровардам. Бешак ин дастоварди хуб аст, аммо то ҳол аз ин қаноатманд нестам. Нақша дорам, то бозиҳои олимпӣ – 2020 шомили феҳристи панҷгонаи ҷудочиёни ҷаҳон шавам ва бароям дар қуръакашии бозиҳои олимпӣ имконияти хуб фароҳам меояд. - Нақши варзишгарро дар муаррифии миллат чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Ҳар як варзишгари тоҷикро, ки дар дилхоҳ намуди варзиш машғул аст, агар ҳадафаш муаррифии миллат бошад, эҳтиром мекунам. Ягона чизе, ки варзишгарро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ қувват мебахшад, ин ҳису ғурури миллӣ аст. Ва ин ҳис аз варзишгар тақозо мекунад, ки нерӯи худро танҳо ба хотири обрӯи миллат сарф созад. Бовар дорам, ки ҳар яки моро дар лаҳзаҳои садо додани Суруди миллӣ, афрохта шудани Парчами давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ эҳсос ва нангу номуси ватандорию ватандӯстӣ фаро мегирад. “Варзиш муаррифгарӣ миллат аст”-мегӯянд ва дарин гуфта
Тамоми дастовардҳоям натиҷаи ғамхорӣ ва дастгириҳои беназири Пешвои миллат аст мусобиқаҳое, ки ман ширкат меварзам доимо зери таваҷҷуҳи масъулини соҳа, хусусан идораҳои соҳавӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд қарор мегиранд. Бароям тамоми имконоту шароитҳои тамрин фароҳам оварда шудааст, ки аз ин хотир вазифаи дар пешгузоштаи ман ин танҳо бо тамоми нангу номуси тоҷикона ва бо ҷиддияти тому софдилона ба тамрин машғул шудан аст. Зимни тамрин мураббиёнам имкони озоди пешниҳоди дархостро ба роҳбарияти идораҳои соҳавии варзишӣ вобаста ба ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта ва ё маслиҳатҳои муфид доранд, ки дар ин асос тамоми масъалаҳои ба миён омада саривақт бартараф ва мусоидат карда мешаванд, ки натиҷаи ин омил самараи натиҷаи дастовардҳои ман мебошад. Барои омода шуданам ба мусобиқаи мазкур саҳми мураббиёнам Воҳид Сарлак ва Фариддун Устопиров хеле калон аст. Маро дар машқҳои дастаҷамъӣ ҳамаҷониба омода намуда, аз ҷиҳати техникӣпсихологӣ низ хуб тайёр карданд. Танҳо ҳаминро қайд карданӣ ҳастам, ки муддате чанд аст, ки бо сабабҳои мухталиф атрофи масъалаи дастгирӣ ва мусоидати машқу тамрини ман ва умуман ҳамкории ман бо идораҳои соҳавӣ баҳсҳои зиёдеро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст ва бархе аз ҳангомасозон бо бофтаҳои хаёлӣ мехоҳанд, фазои мусоиди фаъолияти маро бо идораҳои соҳавӣ халалдор созанд. Бовар дорам, ки пас аз мусоҳибаи мо тамоми алангаи бофтахаёлии ҳангомасозони ҷомеаи мо пахш карда мешаванд. Зеро ҳадафи ман парафшон намудани Парчами давлатӣ ва ба ифтихори ғолибиятам садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Амаликунандагони ҳадафҳоям бошанд, дастгириҳои беназири Пешвои миллат ва таваҷҷуҳи
мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар соҳаи татбиқи сиёсати варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. - Комроншоҳ дар атрофи дастгириҳо бисёр ёдовар гардидед, маълум аст, ки натиҷаҳои Шумо аз дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, барои хонанда камтар равшантар менамудед? - Бале, бо ифтихор пайваста оид ба дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми вазъ ёдовар мешавам. Маҳз дар заминаи ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат ва ҷорӣ намудани ҳавасмандӣ барои варзишгарон дар соли 2017 ман сазовори номи баланди Ҷоизадори Президентӣ ва ба миқдори 75 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардидам. Инчунин бо стипендияи Кумитаи миллии олимпӣ, ки ҳар моҳ дар ҳаҷми 700 доллари ШМА муқаррар гардидааст ва ҳамзамон бо стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳаҷми 400 сомонӣ шарафёб мегардам. Маҳз ҳамин дастгириҳо буд, ки тавонистам дар машқҳои дастаҷамъӣ фаъолона иштирок намоям. Ин ғамхориҳои Ҳукумати кишварро ҳамчун фарзанди ин миллат ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозам. - Аз нигоҳи шумо ҳамчун варзишгари касбӣ фарқи Гран-Прии Анталия-2017 аз Гран-Прии Анталия-2018 дар чӣ буд? - Гӯштини ҷудо бисёр нозук аст. Як иштибоҳ сабаби мағлубият мегардад. Дар Гран-Прии Анталия-2017 соҳиби медали нуқра гардида будам ва ҳадафи ягонаи ман ғолиби ин мусобиқа гардиданд буд. Новобаста аз он ки назар ба соли қаблӣ бо ҳарифҳои қавӣ рӯ ба рӯ шудам, аммо тамоми саъю талошам ва нерӯамро барои ғалаба сарф намудам ва шукр, ки дар охир ба мақсадам расидам. Дар умум гирем, ҳеҷ фарқияте дида намешавад. Яъне, мусобиқа ҳамон мусобиқа аст. Танҳо рақибон иваз шуданд. Аммо дар мусобиқаи охир ҳарифон қавитар буд. Шароити мусоид ва дастгирии хуби
дигар мутасаддиёни варзиши мамлакат бо самимияти хоса ва бародарвор пешвоз гирифта табрик намуданд. Ва дар рӯзи дигар маро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар бинои Кумитаи миллии олимпӣ қабул намуданд, бо пирӯзиам муборакбод намуда атрофи машқу тамрин, омодагии ман ба бозиҳои Ҷакарта, имкони иштирок дар мусобиқаи VII байналмилалӣ оид ба гӯштини кураш барои ҷоизаҳои Президенти Ӯзбекистон ба номи Амир Темур, ки рӯзҳои 21 - 22 апрел дар Шаҳрисабз ҷараён гирифт ва ман бо дастгирии идораҳои соҳавӣ ғолиб гардидам ва оид ба масъалаи стипендияву фармокология суҳбати хубу хотирмонро анҷом дода бо 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ намуданд. Рости ҳамон эҳсосе, ки дар ман буд, онро иброз доштан номумкин аст, онро танҳо эҳсос карда мешавад. Бо миллату Ватанам ифтихор дорам. Ва аз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ миннатдор ҳастам, бо онҳо ифтихор дорам. Ин лаҳзаҳо бароям гувороанд. - Пас аз мусобиқаи Гран-Прии Анталия дар феҳристи ҷудочиёни дунё аз мавқеи 7 ба 4 баромадед. Аз фаъолияти худ қаноатмандед? - Ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати мо - варзишгарон бениҳоят зиёд аст. Ин ғамхориҳо зимни иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ нерӯву қувваи ҷисмонии моро дучанд ва ҳар яки мо – варзишгарони ҷавонро барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи варзиши Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят менамоянд. Маҳз, заҳмату талошҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз мо - варзишгарони ҷавон дар фазои сулҳу субот ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ноил гардидем. Пас аз ҷароҳат бардоштанам дар чанд мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда натавонистам ва дар раддабандии федератсияи байналмилалии ҷудо аз мавқеи 3 ба 7 фаромадам. Хушбахтона, пас аз пирӯзи дар ГранПрии Анталия-2018, соҳиби 700 хол гардида, мавқеамро дар радабандӣ
ягон тардид нест. Шукронаи оромӣ ва сулҳу осоиштагии кишвар, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирию ташаббус ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба соҳаи варзиши мамлакат вусъати тоза ба худ касб намуд ва ба тадриҷ рушду нумӯ кард ва Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳон ба таври назаррас муаррифӣ намуд. - Ҳоло ба кадом мусобиқа тайёрӣ дида истодаед ва чӣ ниятҳо доред? - Ҳоло барои мусобиқаи ГранПрии ҷудо, ки дар шаҳри Хух-Хотои давлати Чин баргузор мегардад, омодагӣ дида истодаам. Талош дорам, ки дар чемпионати ҷаҳон, ки моҳи сентябр дар Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад, соҳиби ҷоиза гардам. Ҳамчунин, ният дорам дар мусобиқаи Бозиҳои осиёӣ, ки моҳи август дар Ҷакартаи Индонезия барпо мегардад, Парчами давлатамонро баланд бардорам. Дар заминаи таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии Пешвои миллат ва ҳамватанони азизам тамоми мардуми кишварро бовар мекунонам, ки минбаъд низ дар мусобиқоти байналмилалӣ иштирок ва обрӯи миллатамонро боз ҳам баландтар мебардорам. Мекӯшам, ки сазовори сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат бошам. Таманнои Шумо барои хонандаи рӯзнома ва кулли сокинону мухлисони кишвар? Орзуи онро мекунам, ки ҳамеша содиқ ба миллату Ватан бошанд. Мо бояд якҷоя барои пойдории сулҳу субот ва оромиву нишот дар ҷомеа бо истифода аз мактаби бузурги ватандӯстиву ватанпарастии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмат бикашем то, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо ҳамеша ободу сарсабз бошад ва мо варзишгарон танҳо ба хотири парафшонии Парчами он талош варзем. Инчунин тамоми он нафароне, ки ҳангомаро дӯст медоранд, бори дигар қайд менамоям, ки хубтараш барои беҳбудии фаъолияти ҷомеа бикушанд ва самараи некро барои ободии ҷомеа гузоранд. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
10 Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад. Китоб аcт, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст. Китобро шиносномаи донишу андеша ва тамаддуни миллатҳо медонанд. Таърихи пайдоиши китоб ба тарраққиёти хат, забон, адабиёт, санъат техника ва илм алоқа дорад. Қадимтарин маводе, ки барои эҷоди китоб истифода мешуд, гил ва маҳсулоти аз он тайёршуда - сафол буд. Гилро дар шакли лавҳача омода намуда, ба таври мехӣ дар он навишта зери офтоб ва ё бо истифода аз хушконидани лавҳачаҳо аз рӯи мазмун паи ҳам дар қуттиҳои гилӣ мегузоштанд. Дар қарни XIX бостоншиносони аврупоӣ дар соҳили дарёи Даҷла дар пойтахти шоҳони ошурӣ ҳафриёт гузаронида, китобхонаеро пайдо намуданд, ки онро шоҳ Ассурбанипал таъсис дода, дар ин китобхона беш аз бист ҳазор китоби гилӣ маҳфуз буда, ки ҳар як китоб тамғаи “Кохи Шоҳи Шоҳон” доштааст. Чунин китобхонаҳо дар Миср ва ҳамчунин Осиёи Хурд низ ёфт шудаанд. Баъдан папирус (пӯсти дарахт) барои навишт истифода гардид, ки нахустистеҳсоли онро ҳамчун маводи навишт олимон ба ҳазораи 3 пеш аз милод мутааллиқ донистаанд. Дар ибтидо он танҳо дар Миср мавриди истифода қарор дошт ва аз замони ҳуҷуми мақдуниҳо, яъне даврони ҳукмронии Птолемейҳо, Миср ҳамчун содиркунандаи папирус ба тамоми кишварҳои баҳри Миёназамин табдил ёфт. Парвариши папирус заҳмат намехост, истифода кардани мисриҳо бесабаб набуд: аввал ин ки парвариши он заҳмат намехост, дувум хеле фаровон буд ва сеюм даромад меовард. Даврони ҳукмронии китобҳои папирусӣ то қарнҳои X-XI аҳди нав идома ёфт. Аз лулаҳои папирусӣ ки то кунун боқӣ мондаанд, калонтарини онҳо папируси Гарис буда, он 40 метр дарозӣ ва 43 сантиметр паҳно дорад ва то ҳол дар осорхонаи Бритониё маҳфуз аст. Аз асри
МАЪРИФАТАФРӮЗ
Шиносномаи донишу андеша ё чанд сухан аз таърихи пайдоиши китоб V папирус ва пергамент (пӯст) ҳамзамон мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз он замон то кунун сесад ҳуҷҷати дар папирус китобатшуда маҳфуз шудааст. Дар Китобхонаи миллии Порис китобҳои дар папирус таҳияшуда нигоҳ дошта мешаванд. Чун Миср истеҳсолгар ва содиркунандаи папирус маҳсуб меёбад, аз тарафи арабҳо минбаъд содироти папирус ба Аврупо коҳиш ёфт. Бо гузашти вақт ҳамзамон бо папирус пӯсти ҳайвонот низ чун маводи китобат мавриди истифода қарор гирифт, ки бо такя ба макони ихтироаш онро пергамент мегуфтанд (Пергам- давлати Эллинҳои Осиёи Хурд). Пергамент дар муқоиса бо папирус агарчи қиматтар буд лекин бартариҳои зиёд дошт. Он бақуввату пурбардошт буда, дурудароз метавонист маҳфуз монад. Дар ибтидо пергамент мисли папирус аз як тараф истифода мегардид баъдтар дарк карданд, ки ҳар ду тарафи он барои навишт мувофиқ аст. Пергамент дар шакли варақи чаҳоркунҷа бурида ва варақҳо болои ҳам ба якдигар дӯхта мешуданд. Аз ҳамин ҷо китоб шакли имрӯзаи худро гирифт. Бояд зикр намуд, ки нахусткитоби аҷдоди мо китоби “Авесто” аввал дар пергамент навишта шудааст. Олимони таърих бар ин ақидаанд, ки аввалин бор чопи китоб дар Византия ва Миср сурат гирифт. Бори нахуст нимаи дуюми қарни VIII ҳунармандони Куриё ба чопи китоб саҳм гузоштанд. Солноманависони чинӣ бошанд, аз ҷумла Шен-Го, ки дар қарни XI зиндагӣ кардааст бар ин ақида аст, ки усули омодасозии қолибҳои чопиро бори аввал дар Чин оҳангаре бо номи Би-Шен ихтироъ кардааст. Ӯ қолибҳои ҳуруф ва ё тасвирҳоро аз гил сохта, гӯё ҳанӯз дар солҳои 1041-1048 ба чопи китоб оғоз бахшидааст, аммо далеле ки ин ақидаро собит созад мавҷуд нест. Ҳамин усули китобчопкунӣ аз Чин ба Корея ва тадриҷан ба Ҷопону Осиёи Марказӣ гузашт, ки то қарни XV такмил ёфта, қолибҳо тавассути биринҷӣ омода карда мешуданд. Чунин маълумот низ дастрас аст, ки дар Чин чоп тавассути қолибҳои чӯбӣ ҳанӯз дар қарни IX аҳди нав оғоз ёфта буд. Матн ва ё тасвир дар рӯи чӯб ҳаккокӣ гардида, ба воситаи асбоби махсус ҷойҳои аз матн ва ё тасвир холӣ чуқур канда мешуд. Қолаби тайёр-
шударо бо ранг мепӯшониданд ва сипас коғазро ба болои он фишор медоданд, ки дар натиҷа матн ва ё тасвир ба коғаз интиқол меёфт. Инсоният аз замони пайдо кардани қобилияти муошират бо ниёзмандӣ ба интиқол ва ҳифзу нигаҳдории иттилоъ аз ашёи табиат санг, устухон, папирус ва пӯст дар бузургтарин ихтироъ, яъне коғаз, қарор гирифт. Барои сабти иттилоот дар коғаз аз усулҳои гуногун истифода бурд ва ғояи усули осони чоп ки ҳазорсолаҳо дар зеҳни алоқамандон маҳфуз буд, татбиқи амалии худро дар миёнаи қарни XV пайдо кард. Ношироне чун Прокоп Валдфогел, Жана Брито ва дигаронро нахустафроде медонанд, ки бо технологияи тоза аз тариқи ҳуруфчинӣ китоб ба нашр расонидаанд. Аммо муҳаққиқон бар ин назаранд, ки ихтирои дастгоҳи китобчопкунӣ маҳз хизмати арзишманди Иоган Гуттенберг аст. Гарчанде шуғли асосии ӯ заргарӣ буд, аммо аз соли 1440 сар карда вай ба пешаи чопгарӣ таваҷҷуҳ пайдо кард. Ӯ қолибҳои ҳуруфро аз чӯб омода кард вале дар вақти истифода онҳо шикастанд. Пас тасмим гирифт, ки қолибҳоро аз фулузот омода созад ва муваффақ ҳам шуд. Дар ибтидо тавассути фишор ҳуруфҳои барҷастаи омодакардашударо ба метали нарм гузошта қолаб тайёр кард ва баъдан дар он хӯлаи қурғошим рехта, миқдори зарурии ҳуруфро омода намуд. Чун онҳоро мавриди истифода қарор дод, дарк кард, ки ниёзаш бароварда шуд ва суруру шодияш интиҳо надошт. Чун дасти тиҳӣ дошт, наметавонист орзуи хешро амалӣ созад. Бинобар ин, ба Фуст ном сармоядор муроҷиат кард. Бо маблағгузории ӯ аввалин чопхонаро бунёд гузошт. Ӯ аввалин бор китоби Инҷилро аз чоп баровард, ки онро “Чилудусатра” ном мебурданд. Сабаби бо номи “Чилудусатра” шуҳрат ёфтани ин китоби тозанашр аз он иборат буд, ки дар ҳар як саҳифа, дар ду сутун 42 сатр ҷой дода шуда буд. Китоб 1282 саҳифа дошт, ки баъзе асҳофро коғаз ва қисми дигарро пӯст ташкил мекард. Ба ҳамин тартиб, доир ба пайдоиши аввалин китоб фарзияҳои гуногун мавҷуд аст. Таҳияи Малоҳат ХОЛМУРОДОВА, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №18 (9548), 03.05.2018 “Акнун каме ҳушёр шуда бо ҳасрат пай мебарам, ки умри азизи худро ба хондани китобҳои бемағзу маънӣ сарф кардаам” Ин иқтибосро аз китоби “Зимистони умр”-и нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун дар оғози изҳори андеша беҳуда наовардаем. Зеро айёми ҷавонӣ беҳтарин марҳилаи умри азизи инсонист ва сармояи имкон фаровон аст. Аз мутолиаи китоб, тамошои филм, ягон барномаи телевизионию ахборӣ, шабакаи интернет ҷавон ғизои маънавӣ мегирад?. Оё ин ғизо солим аст ва худи ғизофурӯш кист? Магар месазад, ки беҳтарин лаҳзаҳои умри ҷавониро сарфи истеъмоли ғизои бегонаи носолим кунем? Ҳаргиз!
Домани ҳушёриро аз даст мадеҳ Тафаккури солим дар мағзи сари ҷавонон аз ғизои солими маънавӣ шакл мегирад. Барои такмили фарҳанги техникӣ дари коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Конибодом пайваста боз аст ва китобҳои китобхона ройгон барои мутоила пешниҳод мешаванд. Аз ҷумла, китобҳое, ки ба асрори технологияи нав равшанӣ меафкананд, дар ин хазинаи маърифат маҳфуз аст. Рӯзи “Дарҳои кушод садҳо хатмкунандагони мактабҳои миёна аз синфхонаю устохона ва китобхонаю хобгоҳи донишҷӯён боздид ба амал оварда, боварӣ ҳосил карданд, ки ин даргоҳи маърифат шоистаи таҳсил аст. Дар асри технологияи иттилоотӣ фурсате фаро расидааст, ки ҷавонони мо на истеъмолгар, балки истеҳсолкунандаи таҷҳизоти муосири технологӣ шаванд. Агар умри азизи ҷавонӣ ба мутолиаи китобҳои илмҳои дақиқ ва гузаронидани корҳои озмоишӣ дар синфхонаҳо сарф шавад, тафаккури бегона ҳаргиз ба дунёи ҷавонӣ раҳ намеёбад. Дунёи ботинии ҷавонони имрӯза барои аз худ кардани мероси ғании фарҳангӣ қодир аст ва ба ин итминон доштани моро сатрҳои зерини нависанда Саттор Турсун тақвият мебахшад: “Одами бой давлаташро ба мардум бе баркаш тақсим кардан гирад, рафта – рафта, албатта, камбағал мешавад. Лекин агар марди бузурге аз донишу фарҳанги худ ба мардум диҳад ботинан боз ҳам доротар мегардад.” Дороии мо дар камолоти маънавӣ ва тай кардани асрори олами технологияи навин аст, на побанди хурофоту таассуб, гирифтори дину мазҳаби бегона ва равияҳои ифротгароӣ шудан. Аз ин рӯ, ҳар лаҳзаи умри ҷавониро ғанимат шуморида, домони ҳушёрии ҷавониро бояд аз хатарҳои бегона эмин дошт. Толиби Омулӣ, шоири форсизабони мулки Ҳинд дар асрҳои гузашта ба шаъни ошиқон назебидани булҳавасии ҷавононро ба як ҳайвони даррандаи хурдтар аз паланг шабоҳат додааст. Ишқи илму дониш ва касбу ҳунар доштан беҳ аз ҳавасҳои хасакию бегона аст: Ишқ куҷо, ҳавас куҷо Толиб аз ин ғалат гузар, Тафриқа кун яке зи ҳам шаъни палангу юзро. М. ТУРСУНОВА, мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва табиию риёзии коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом, номзади илмҳои педагогӣ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №18 (9548), 03.05.2018
САЛОМАТӢ - ГАНҶИ БЕБАҲО
Солимӣ ганҷи бебаҳост. Ҳамин аст, ки аҳли башар пайваста солимии хешро дар мадди аввал гузошта, баҳри доим солим будан талош менамоянд. Зеро асоси муваффақиятҳои инсон дар ҳаёт пеш аз ҳама аз саломатӣ вобаста аст. Чун инсон саломат аст, баъдан ҷиҳати дар амал татбиқ сохтани ҳадафҳои муайянаш дар зиндагӣ азм месозад. Мутахассисони соҳаи тиб сарчашмаи аксарияти бемориҳоро дар риоя накардани гигиенаи шахсӣ меҳисобанд ва таъкид менамоянд, ки дар ҳаёти ҳаррӯза бояд талаботи гигиениро иҷро намуд. Доир ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, риоя ва натиҷаҳои мусбати он бо Парвиз Абдуназаров, мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим суҳбат намудем.
гирад: ивази меҳнати фикрӣ ва кори ҷисмонӣ, варзиши ҷисмонӣ, истеъмоли мураттаби хӯроки хушсифат, меҳнату истироҳат, хоби бофароғат ва ғайра. Ба гигиенаи шахсӣ покизагии бадан, курпаву болин, сарулибос, манзил ва риояи тозагӣ ҳангоми пухтупаз низ тааллуқ дорад. Тозагии бадан яке аз шартҳои асосист. Гигиена, ки дар давраи қадим маънои покизагиро дошт, дар замони муосир, ки илму техника рушд намуд, талаботи пешрафтаи ҳозиразамонро талаб менамояд. Вобаста ба ин айни замон гигиенаи шахсии ҳар инсон дар мадди аввал барои солим будани
- Муҳтарам Парвиз Абдуназаров, аввал мехостам дар бораи гигиенаи шахсӣ ва нақши он дар саломатии инсон маълумот медодед? - Аз замоне, ки инсоният мавҷуд мебошад, нигоҳдошт ва пешбурди саломатии худ аз гигиена сарчашма мегирад. Гигиенаи шахсӣ маҷмӯи қоидаҳои беҳдошт мебошад, ки иҷрои онҳо баҳри тандурустии одам мусоидат мекунад. Гигиенаи шахсӣ чунин қоидаҳои умумӣ (барои ҳама синну сол як хел аст)-ро дарбар ме-
худи инсон зарурати бузург дорад. Чуноне дар урфият мегӯянд, “Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст”. Маҷмӯи чорабиниҳои пешгирикунанда ин худ гигиена мебошад. Иҷрои гигиенаи шахсӣ дар саломатии ҳар шахс нақши муассир дорад. - Аз нигоҳи илми тиб гигиенаи шахсии синну солӣ чӣ гуна аст? - Гигиенаи шахсиро агар мо аз мактаббачагон гирем, он сар карда аз синфи якум то синфи шашум, ки кӯдакро падару модар
нигоҳбинӣ мекунанд, худи волидон аллакай водоранд, ки дар як рӯз ҳадди ақал се маротиба шустани дандон, шустани дастон ва умуман тозагии кӯдакро зери назорат гиранд. Дар ин марҳила, яъне то синфи шашум, ягон камбудӣ ба чашм намерасад. Чунки дар ин давра нигоҳубин ба зиммаи волидон аст. Аз синфи 6 то синфи 10, ки гузариш ба давраи балоғат аст, мактаббачаро мебояд ҳар рӯз тамоми қоидаҳои зарурии гигиенаи шахсиро сар карда аз шустани дандонҳо, кам кардани мӯи сару дигар чизҳои вобаста ба ин ва ба бар намудани
Дар давраи ҷавонӣ ҳар як ҷавон бояд зебо бипӯшад. Яъне ба саломатии хеш аҳамияти аввалиндараҷа диҳад. Ҷавон бояд тозаву озода бошаду аз хушбӯиҳо истифода намояд. Барои баланд бардоштани гигиенаи шахсӣ бояд ин гуфтаҳоро риоя кард. Талаботҳои гигиена дар даврони ҷавонӣ бисёр нозук аст. Аз шустани даҳону гирифтани мӯйлабу риш сар карда, дорои дигар талаботи эстетикӣ мебошад. - Риоя накардани гигиенаи шахсӣ боиси гирифтор шудан ба кадом бемориҳо мегардад? - Дар ҳолати риоя накардани
ву микробҳо ҷойгир мешавад ва ҳангоми истеъмоли хӯрок марҳилаи такрорӣ ба миён меояд. Яъне ҳамаи барангезандаҳои беморӣ ба организм ворид шуда, сабабгори бемориҳои рӯдаю меъда мегардад. - Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ миёни ҷавонон доир ба гигиенаи шахсӣ ягон дастурамал ҳаст ва доир ба риояи он тавсияи табибон чӣ гуна аст? - Дар самти маърифатнокии гигиенаи шахсӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурамал оиди
Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст
таҳпӯшҳои пахтагин аз зери курта риоя намояд. Чунки аз бадани инсон равғанҳо хориҷ мегардад ва онро таҳпӯшҳои пахтагин ба худ ҷаббида мегирад. Инчунин, мунтазами такпӯшҳо бояд дар як ҳафта ҳадди ақал ду маротиба иваз карда шаванд. Вақте хонандаҳо ба синфҳои болоӣ мерасанд, мактаббача бояд ҳамон мӯйлабу ришҳоро бигиранд. Аслан, дар илми тиб гирифтани мӯйлабу риш дар як ҳафта ду маротиба тавсия шудааст.
гигиенаи шахсӣ инсон ба тамоми бемориҳо гирифтор шуданаш мумкин аст. Масалан, агар обро ноҷӯшонида истеъмол намоед, он инсонро ба бемории дарунравӣ мувоҷеҳ мегардонад. Дар ҳолати риоя нагардидани тозагии зери бағалу дигар талабот дар бадан хориш пайдо мешавад. Инчунин шахс ҳангоми нашустани дастону нагирифтани нохунҳо вақте ки таом истеъмол менамояд, дар зери нохунҳо ҳангоми ягон кори ҷисмонӣ намудан, ҳама гуна бактерия-
Рақси тоҷикиро дар Тотористон меомӯзанд Фирӯза Абдуллоева аз даврони мактабхонӣ дар дили кӯчаки худ орзуи табиб шуданро мепарварид. Зеро дар оилаи табиб ба воя мерасид. Ҳамарӯза медид, ки модараш чи гуна ба беморе сӯзандору гузаронда, набзи дигареро месанҷид. Фаъолияти модарро дида, мехост чун ӯ мададгори мардум шавад. Ин таваҷҷуҳи зиёд ба пешаи табибӣ баъди хатми мактаби миёна, ӯро ба Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Қазон овард, Албатта нафаре, ки бо азму иродаи қавӣ ба коре майл мекунад, муваффақ мешавад. Ҳоло Фирӯза хориҷ аз кишвар пайи таҳсил аст.
11
Аммо аз урфу одат ва муҳимтар аз ҳама, пайваста ба фарҳанги миллати хеш арҷ мегузораду дар баробари ин ҷиҳати рушду таҳкими он саҳм мегузорад. Чун табиби оянда, пас аз машғулиятҳо дар донишгоҳи кишвари Тотористон дастае бо номи “Гулрез” ташкил намуда, ба алоқамандони рақси тоҷикӣ нозукиҳои ин ҳунари қадимаи ниёгонро меомӯзонад. Дар дастаи ҳунарии навтаъсиси ӯ бештар гулдухтарони Ҷумҳурии Тотористон ҷалб гардида, то имрӯз даҳҳо нафари онҳо нозукиҳои рақси тоҷикиро аз бар намудаанд. Шогирдони ӯ дар чандин озмунҳои рақсӣ иштирок карда, бо ни-
шон додани маҳорати хеш сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Аз чунин дастовард ва натиҷаҳои пурсамари шогирдонаш Фирӯза худро хушбахт меҳисобад. Дар озмуни байналмилалии “Дурдона” соли 2017 ҷои дуюмро соҳиб гардид. Дар лоиҳаи "Зебосанам 2018" бошад, дар Ҷумҳурии Тотористон ғолиби озмун дониста шуд. Ҳамчунин, ғолиби озмуни фаннӣ дар соҳаи тандурустӣ, иштирокчии ҳамоишҳои гуногун дар Федератсияи Русия, муовини раиси ҷавонони тоҷик дар Ҷумҳурии Тотористон ва роҳбари дастаи рақсии “Гулрез” маҳсуб меёбад. Фирӯза мегуяд, ки агар
дар дили инсон меҳре ба ҳунаре нуҳуфта бошад, пас сидқан кӯшиш кунад, ҳатман ба ҳадаф мерасад. Барои муввафақ шудан, бояд ҷаҳд кард. “Ман ҷуз хизмат ба халқи худ дигар чизе намехоҳам, - изҳор дошт Фирӯза Абдуллоева. - Чун як ҷавони даврони истиқлол ҳамеша мекӯшам, ки дар пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумӯи кишвари азизам саҳм гузорам.” Дар фарҷом ба ин бонуи зебо дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳо таманно дорем. Бигузор, кабутари иқболаш доимо дар парвоз бошад. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
баланд бардоштани маълумотнокии ҷавонону хонандагони аз синфи 9 боло тасдиқ гардидааст, ки дар мактабҳои ҷумҳурӣ, асосан дар мактаб-гимназияҳо ва мактабҳои шаҳри Душанбе оиди гигиенаи шахсӣ омӯзишҳою корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Тавсияи табибон ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ чунин аст: шахс субҳгоҳӣ, ҳангоми аз хоб хестан, аввалан бояд ба машқҳои варзишии пагоҳирӯзӣ машғул гардида, сипас дандонҳои худро пок созад ва баъдан ба ношто машғул шавад. Дар субҳ ба варзиш машғул гардидан хеле манфиатнок буда, тамоми моддаҳои биологии организм фаъол мешаванд. Чун инсон дар як рӯз се маротиба хӯрок истеъмол менамояд, пас аз истеъмоли хӯрок хоидани сақич хуб аст. Он боқимондаҳои хӯрокро аз даҳон тоза сохта, бӯи даҳонро низ бартараф месозад. Пеш аз хоб низ шустани дандонҳо тавсия дода мешавад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
12
ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Илминиссо Абдураҳимова, модари меҳрубон ва бонуи ҳунармандест, ки ба ҳар як ҳунари айёми ҷавонӣ аз худ намудааш навгонӣ ворид сохта, бо муҳаббати беинтиҳо пайи фаъолият мебошад. Зеро ӯ хеле хуб медонад, ки инсон вақте дар ҷомеа соҳибҳунар аст, ҳеҷ гоҳ аз шебу фарози умр дилсард нагардида, баръакс баҳри хушбахтиву хушрӯзӣ талош хоҳад кард. Илминиссо Абдураҳимова, соҳибмаълумот, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Баробари соҳибмаълумот будан, инчунин дорои чанин ҳунар мебошад. Аз қабили дӯхтани болишту курпа, сӯзаниҳо, ҷиҳози гаҳвора ва куртаҳои миллию аврупоӣ.
Гуле андар боғи ҳунар
“Осори дастони пурэъҷози ҳунармандони асили мо, ки муддати ҳазорсолаҳо маҳфуз гардидаву аз насл ба насл мерос мондаанд, аз санъати баланд, ҳунарварони мумтозу беназир дарак медиҳанд”иброз медорад Илминиссо Абдураҳимова. Ба таъкиди ӯ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷиҳати муаррифии ҳунарҳои мардумиву таҳкиму рушд бахшидани он заминаи мусоид фароҳам оварда, аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳар фарди миллати тоҷик соҳибҳунар буда, бо кулли ҳунарҳои мавҷуда ҳамрадиф ва ҳамнабз мебошад. Зеро ҳунармандиро мо имрӯз дар ҳар як хонавода мушоҳида карда метавонем, ки он нишонаи арҷгузорӣ ба мероси ниёгон мебошад. Аз ҷамъи ҳунарҳое, ки дорад дӯхтани сӯзаниҳоро бештар меписандад. Сабабашро чунин баён дошт: “Ҳунарҳои қадимаи миллии мо хеле зиёд мебошад. Аз ибтидо ба кулли ҳунарҳои дастӣ менагаристаму мафтуни ҳар яки онҳо мегардидам. Ҳамаи онҳо диққати бинандаро ба худ ҷалб менамоянд. Аз миёни онҳо дӯхтани сӯзаниҳо бароям бештар писанд гардид. Гарчанде дар баробари ин бо дигар навъи ҳунарҳои дастӣ машғулам, вале бештар нозукию рангорангӣ ва ҳусни беназири ҳунари мазкур бароям писанд аст. Чунки сӯзанидӯзӣ ҳунарест, ки дорои таърихи қадима аст. Аслан дӯхтани сӯзаниҳо нақшҳои миллии мо тоҷикон аст, ки аз пораҳои матоъ иборат буда,
он аз пораи матоъҳои гуногун ба шаклҳои чоркунҷа, секунҷа ва тасмачаҳои ҳархела асосан курпа, курпачаҳои кӯдакона, болиштҳои хурду калон, ҳатто куртаҳо, ҷомаҳои кӯдакона, дастурхон, дастбанди гаҳвора, оинахалта, чойхалта ва ғайраҳоро дӯхта мешавад”. Чун имрӯз баъзе аз ҷавондухтарон ба либосҳои миллӣ таваҷҷуҳи кам доранду ба либосҳои ғарб майл менамоянд, Илминисо таъкид месозад, ки ҳар як нафар бояд барои тарғибу ташвиқи фарҳангу маданияти миллати хеш саъю талош созад. То кадом андоза қадр кардану пос нигоҳ доштани фарҳанги ниёгони хешро ӯ эҳтиром нисбат ба маданияту фарҳанги худ меҳисобад. Ӯ ба ин бовар аст, ки ин чиз аз худи шахс вобаста аст, ки ӯ то кадом андоза таърихи ниёгони хешро қадр менамояду аз фарҳанги гузаштагони худ бархурдор аст. Фарҳанги миллии худро бояд эҳтиром намуду дар таҳкиму рушди он саҳми худро гузошт. Аз нигоҳи ҳунармандонааш
маълум аст, ки ҷонфидои роҳи худ асту кори хешро сидқан иҷро месозад. Зеро то имрӯз садҳо хонаи наварӯсонро заҳмати дастони пурэъҷозаш ороста ба дилҳо фараҳ овардааст. Ҳар ҷавондухтаре, ки баҳри омӯхтани ҳунарҳои дастӣ наздаш меояд, бо чеҳраи хандон ва бо аз бар намудани ҳунаре бармегардад. Ӯ омӯзонидани ҳунарҳои доштаи худро ба дигарон ва омода сохтани шогирдон дар роҳи ҳунарро рисолати муҳими ҳунармандӣ арзёбӣ менамояд. Ӯ имрӯз мисли дигар ҳунармандон дар рушд ва тарғибу таҳкими фарҳанги миллӣ саҳмгузор буда, ин кори худро қарзи ҷонии хеш меҳисобад. Зеро хеле хуб медонад, ки фарҳанг дар баробари дигар соҳаҳо воситаи муҳими муаррифии миллат дар арсаи ҷаҳон аст. Пас, ҳар яки моро мебояд тарғибгари ҳунарҳои мардумии худ бошему дар рушди он саҳмгузор. Беҳрӯзи ҚАЮМЗОД, “ҶТ”
Қурутоб - таоми миллӣ Қурутоб яке аз таомҳои маъмул ва дӯстдошта дар миёни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Онро қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар ҳамчун хӯроки писандида тановул мекунанд. Аслан қурутобро дар фасли зимистон истеъмол мекунанд. Махсусан, вақте ки сардиҳои зимистон шуруъ мешавад, талабгорони қурутоб низ меафзояд. Аммо ба ин нигоҳ накарда чанд соли охир, новобаста ба он ки кадом фасл аст, талабгорони қурутоб, хосатан дар пойтахти кишвар, хеле зиёд шудааст. Ин хӯрок дар баробари он ки хеле болаззат аст, тарзи омода карданаш ҳам осону сода мебошад. Тарзи омода кардани қурутоб дар ҳар гӯшаи кишвар гуногун аст. Маъмултарин тарзи тайёр кардани он бошад, ба шакли зайл аст: Дар аввал
ба мо лозим аст, ки фатири “сангакӣ", ки танҳо аз обу орд омода карда мешавад, барои қурутоб бипазем. Баъдан қурутро дар оби гарм, дар табақ ё коса тар карда, сипас соида, ба пуррагӣ ҳал кунем. Баъдан дар табақи чӯбин фатири “сангакӣ”-ро реза карда, қурути обкардаро дар болояш резем. Дар болои табақи қурутоб пиёзи майдакардаи хомро илова намуда, равғани зарди доғкардаро аз болои пиёзу фатир мувофиқи табъ мерезем. Муниса ДОДОВА, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №18 (9548), 03.05.2018
Самти афзалиятнок Тавре маълум аст, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, воситаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба шумор меравад. Ба ибораи дигар, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад Дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии масъалаҳо бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, соли 2018-ро дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд, ки бешубҳа ин иқдоми дурандешонаи Сарвари давлат барои рушди минбаъдаи соҳа нақши бағоят муҳим дорад.
Боиси хурсандист, ки табиати нотакрору зебои кишварамон диққати ҳазорон сайёҳи хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Тоҷикистон бо табиати зебо, бо чашмаҳои шифобахш, меваю сабзавот, куҳу дарёҳо, мамнўъгоҳҳо ва шикоргоҳҳо, шароити хуби кӯҳнавардӣ, бо мероси бои таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғатиаш дар дунё машҳур гаштааст. Дар бисёри мамлакатҳо сайёҳӣ дар ташаккули маҷмўи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши арзанда бозида, ба соҳаҳои асосии иқтисодиёт, мисли нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва ғайра таъсири мусбат мерасонад. Тоҷикистон барои рушди тамоми намудҳои сайёҳӣ имконияти васеъ дорад. Ҳукумати кишвар сайёҳиро чун соҳаи муҳими иқтисодиёти Тоҷикистон ба назар гирифта, барои рушди он пайваста тадбирҳоро роҳандозӣ дорад. Айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 200 иншоот бо фаъолияти сайёҳӣ, ки бештатарашон дар дараҳои Варзобу Ромит ҷой гирифтаанд, вазъи имрӯзаи сайёҳиро дар ҷумҳурӣ инъикос мекунанд. Дар баробари рушди сайёҳӣ ривоҷу равнақ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ омили дигари рушди иқтисодиёти кишвар аст. Ин ду соҳа ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Воқеан, ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари фарҳанги миллӣ мебошанд. Тавре дар Паёми имсолаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, “барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунармандон, косибон, чеварон ва ҳамаи онҳое, ки ҳунарманданду дар хонаҳои худ ба касбҳои гуногун машғуланд ва барои сайёҳон молҳои мароқовар ва тарғибгари фарҳанги миллиамон, аз қабили адрас, ҷӯроб, куртаҳои чакан, ҷома, асбобҳои миллии мусиқӣ, асбобҳои рӯзгор тайёр карда метавонанд, грантҳо ҷудо ва фурӯши ин маҳсулот аз андоз озод карда шавад.” Албатта, баробари рушди ҳунарҳои мардумӣ сафи чеҳраҳои нави ҳунармандонамон зиёд мегардаду насли ҷавон бештар ба ҳунару ҳунаромузӣ майл мекунад. Дарвоқеъ, ҳунар дар ҳамаи давру замон муаррифгар ва симои ҳар миллат буд: ҳам таъриху ҳам истеъдод, ҳам эҷоду билохира шиносномаи ҳар як миллат. Ба ибораи дигар, ганҷу зар дар пеши ҳунар чизе несту онро бо ягон сарват харидан номумкин аст. Заргарӣ, кулолгарӣ, намадбофӣ, матоъбофӣ, читгарӣ, бурёбофӣ, алочабофӣ, чакандӯзӣ, зардўзӣ, сўзанӣ, ҳунарҳои аҷдодии миллати тоҷик маҳсуб меёбанд. Имрӯз дар баробари пешравию ободии Тоҷикистони азизамонон ҳунармандонамон анъанаи бузурги гузаштагонамонро идома медиҳанд. Қаршибой ВОСИЕВ, муовини декани факултаи тарбияи ҷисмонии ДТҶТ ба номи С .Раҳимов
13
E - MAIL: javonontj@mail.ru
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №18 (9548), 03.05.2018
Фитнаи наҳзат ва мазори ғарибон Даҳаи охири асри 20, ки дар таърих бо номи даҳаи таҳаввулот шинохта шудааст, қабл аз ҳама дар дохили империяи бузургу абарқудрати ҷаҳонӣ - ИҶШС ин таҳаввулот тавлид гардидаву ин қудрати оламро пароканда кард ва мисле, ки аз шиками он кишвар 15 ҷумҳурии мустақил чун тифли навзод дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуданд. Кишвари мову шумо низ дар ин росто баробари дигар давлатҳои иттифоқӣ истиқлолияти сиёсӣ ба даст овард ва молики парчаму нишону суруди миллию марзу буми муайян гардид. Рӯзҳои аввали парокандашавии ИҶШС тамоми кишварҳои собиқ иттифоқчӣ барои рушди кишвари худ саъю талош намуданд. Иншоотҳои бузурги саноатию истеҳсолӣ, канданиҳои азими маъдан, артиш ва техникаҳои ҳарбӣ, замин, об, сарватҳои табиӣ ва дигар сарватҳои табиию фарҳангӣ ва таърихияшонро моликияти миллӣ эълон намуданд. Дар як муддати кӯтоҳ кишварҳое чун Туркманистон ва Қазоқистон бо сарчашмаҳои коркардшудаи нафту газ, Украинаву Белорусия бо ҳифзу роҳандозии корхонаҳои саноатӣ худро аз бунбасти вобастагӣ то қадри имкон берун намуда, системаи давлатдории ягона ва дастгоҳи идории кишварро созмон додаву иқтидор бахшиданд. Аммо на барои дигар кишварҳо ин имконият ва шароит фароҳам шуд. Махсусан барои Тоҷикистон, ки 1400 километр марзи муштарак бо Афғонистон дошт. Дар рӯзҳое, ки кишварҳои пасошӯравӣ дар талоши рушди иқтисодию сиёсӣ ва бунёди давлати миллии хеш буданд, кишвари моро ғуломони шиаву ваҳҳобӣ ва дастпарвардаҳои мадрасаҳои террористию такфирӣ ба гирдоби манофеи бегонагон кашиданд ва системаи яго-
наи давлатдориро аз байн бурдаву миллатро ҷониби боди нестӣ кашонданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар миёни давлатҳои пасошӯравӣ чун кишвари офтобӣ ва мардуми меҳмоннавозу меҳнатдӯст шинохта шуда буданд, бо васвасаи ин тоифаи фурӯхташуда ба майдонҳо баромада, ба сӯи ҳамдигар чун душман нигаристанд ва кишварро ба зулматистони нифоқу хушунат мубаддал карданд. Маҳз аз бедодгариҳои ТТЭ ҲНИТ зиёда аз 1 милион нафар тоҷикон ба сарзаминҳои Афғонистону Покистон, Эрону Қирғизистон, Туркманистону Казоқистон, Русия ва хориҷаи дур фирорӣ шуданд. Ҳар як оила пайванду дилбанд, фарзанду зан ва модару падр хоса узви оилаву қалби худро аз даст дод. Вале саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ ТТЭ ҲНИТ ҳамагӣ ба маконҳои амн паноҳ бурда, аз ҳисоби марги тоҷик ва мотами миллат барои худ сарвату сармоя ғундоштанд. Танҳо дар як кишвари Афғонистон зиёда аз 6 мазори алоҳидаи гурезагони тоҷик ташкил шудааст, ки дар онҳо даҳҳо ҳазор тоҷикони фирорию овора ба хок супорида шудаанд ва аз дасти ин террористони наҳзатӣ кафангадову ватангадо гардиданд. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон аз сулҳи тоҷикон сухан меравад. Аз ободию осудагии ватан сухан меравад, вале мешунавем, ки боз ҳамин террористони наҳзат зидди манфиати миллату давлати тоҷикон баромад намуда, Ватанро нақшаи ба ҷангҳои мазҳабию маҳаллӣ кашондан мехоҳанд. Пас алҳазар аз наҳзату террористону такфириҳои фурӯхташудаи он.
ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ РӮЗНОМАНИГОРОН ВА НАВИСАНДАГОН Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ байни рӯзноманигорон ва нависандагон озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин матнҳои ҳаҷвӣ (латифа, саҳнаҳои ҳаҷвӣ, суруду шеърҳои ҳаҷвӣ, таронаҳои ҳаҷвӣ, ҳикояҳои ҳаҷвӣ)-ро бо риояи услубҳои ҳаҷвнависӣ, вобаста ба масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа эълон менамояд. Тибқи талаботи озмун матнҳои ҳаҷвӣ то санаи 18 майи соли ҷорӣ қабул ва ғолибон аз ҷониби комиссияи босалоҳият иборат аз мутахассисони соҳа баҳогузорӣ ва муайян карда мешаванд. Довталабон метавонанд матнҳои ҳаҷвии худро бо зикри ному насаб, вазифа, суроғаи ҷойи зист ва телефонҳои тамос бо ишораи “Ба озмун” ба почтаи электронии ahmadzoda8923@gmail. com ва хаттӣ ба унвонии Кумита пешниҳод намоянд. Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Суроға: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Варзишгарон 6.Телефон: 236 37 26; 933333484
Аброри АСРОР, донишҷӯи соли сеюми риштаи фалсафаи Донишгоҳи Ал Азҳар.
КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Тасмим гирифтааст, ки санаи 16 майи соли ҷорӣ, соати 10:00 дар толори «Кохи Афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи “Ҷанбаҳои илмӣамалӣ ва назариявӣ, натиҷагирӣ аз соли 2017, ҳамчун соли ҷавонон, дастгириҳои Пешвои миллат ва дастовардҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ”-ро баргузор намояд. Мақолаҳо бояд бо забони тоҷикӣ ва русӣ, шрифти 14 Times New Roman Tj ва Times New Roman на кам аз 6 саҳифа бо тақриз бошанд. Мақолаҳо дар шакли хаттӣ ва электронӣ тавассути почтаи muhsin. murodzoda@mail.ru то санаи 12 майи соли 2018 қабул карда мешавад.
Дастгоҳи худсохти худкори хоҷагон Дар Тоҷикистони азиз ҳанӯз аз замони соҳибистиқлолии кишвар ва марҳилаҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ аз фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба дод омада, нафрати хешро ба он баён медоштанд. Бахусус ба ҷанги шаҳрвандӣ кашидани Тоҷикистон аз ҷониби пайравон ва аъзои наҳзат, ки бо супориши хоҷагони хориҷӣ амалӣ мегардид, боиси нафрати мардум ба ин тоифаи нохалафон буд. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб эҳсос ва дарк мекард, ки паси ин ҳама нафрату найрангҳои наҳзатӣ манфиатҳои шахсиву гуруҳӣ нуҳуфтааст. Иддае аз фарзандони гумроҳи миллат он замон хостгори барангехтани кинаву адовати милливу динӣ байни ҳамватанон гардида, аз худ доно, оқил ва олими ислом тарошида, мардумро рӯирост ба сӯи ҷаҳолату торикӣ ва яъсу ноумедӣ раҳнамоӣ мекарданд. Ҷавононро ба доми фиреби худ кашида, мағзҳояшонро бо андешаву фатвоҳои беасоси худ пур карда, бо дасти онҳо ғаразҳои нопоки худро амалӣ менамуданд. Махсусан барои ҷалби ҷавонон, ки дар ҳама давру замон нерӯ ва қувваи пешбарандаи ҷомеа ва қишри таҳрикбахшанда маҳсуб меёбанд, наҳзатиҳо аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ҷавонони дониши кофӣ надошта, мушкилидошта ва ё руҳафтодаро бо найранг ба сафҳои худ ҷалб менамуданд. Бо дасти ҷавонони ноогоҳ, хонаи худашонро оташ ва падару модару фарзандашонро ваҳшиёна ба қатл мерасониданд ва бар ивази ин амалҳои нангину нафратовар барояшон биҳишт ваъда мекарданд. Гӯё наҳзатиён барои тақсимоти дӯзах ва ё биҳишти он ҷавонон масъуланд. Рӯирост мардумро ба ҷиҳод ва ё ба истилоҳи ху-
дашон ба “ҷанги муқаддас” даъват намуда, зикр медоштанд, ки ба қатлу куштори онҳо “фариштаҳо кӯмак мекунанд”. Аз нигоҳи дини мубини ислом қатлу куштор ва ваҳшоният ҳаром буда, ҳамагон ба чунин бешарафон нафрат доранд. Аз табори чунин бешарафоне, ки ба Ватан – модари худ хиёнатро раво мебинанд ва ба нафрати мардуми шарифи Тоҷикистон гирифтор шудаанд аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошанд. Кас бо дидану шунидани амалҳои ваҳшиёнаи онҳо, бахусус амалҳои разилонаву хиёнаткоронаи Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш гумон мекунад, ки онҳо гӯё аз модар ба дунё наомада, балки ҳамчун дастгоҳи худсохти хоҷагон худ ба худ чунин ба дунё омадаанд ва ё аз ҷониби хоҷагонашон сохта шудаанд. Дар қалбашон заррае муҳаббат ба Ватан, ки аз гӯшаи имондорӣ ба ҳисоб меравад мавҷуд нест. Дар вуҷудашон меҳру навозиши модарона ва меҳр нисбат ба модар, ки баробар бо Ватан арзиш дорад, нест. Дар андешаашон заррае ободкориву созандагӣ ва пешрафту шукуфоии Ватан, ки аз қарзи имониву виҷдонист дида намешавад. Пас месазад, ки инҳоро дастгоҳи худсохти худкори хоҷагон унвон кард. Ҷавонони азизи моро зарур аст, ки аз ин тоифа ватанфурӯшон ва зархаридони хоҷагон канораҷӯӣ намуда, бар муқобили ин нохалафон муборизаи беамон баранд. Нагузорем, ки моро ба доми фитнаву найранг ва балову вабои худ кашанд!
Фарҳод ВОҲИДОВ
КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КОЛЛЕҶИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНИИ ТОҶИКИСТОН
барои соли хониши 2018 – 2019 ба шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона қабули донишҷӯёнро эълон менамояд Ба шуъбаи рӯзона аз рӯи ихтисоси муаллими тарбияи ҷисмонӣ бо тахассусҳои баскетбол, волейбол, футбол, гимнастика, намудҳои гӯштин, якҳарбаи шарқӣ, бокс, варзиши сабук, тенниси рӯи миз ва тӯби дастӣ. Муҳлати таҳсил дар шуъбаи рӯзона барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ (синфи 11) 3 сол, шуъбаи ғоибона 3 солу шаш моҳро дар бар гирифта, қабули имтиҳонҳои дохилшавӣ тавассути Маркази миллии тестӣ сурат мегирад. Рамзи мо дар Маркази миллии тестӣ - 517 мебошад. Барои онҳое, ки пас аз таҳсилоти асосӣ (синфи 9) ҳуҷҷат месупоранд, имтиҳонҳо бо таври анъанавӣ дар худи муассиса ба таври шартномавӣ қабул карда мешаванд. Давомнокии таҳсил баъди таҳсилоти асосӣ 4 сол. Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд: - ариза ба номи роҳбар; - ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (умумӣ, асосӣ); - маълумотномаи тиббӣ (шакли 086У);
- 6 дона расми андозаи 3х4; - шиноснома, ҳуҷҷати ҳарбии даъватшаванда; - маълумотнома аз ҷои зист; - тавсифнома. Довталабон аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд: 1. Намуди варзиши интихобнамуда (амалӣ). 2. Тайёрии умумии ҷисмонӣ. 3. Забони модарӣ (нақли хаттӣ). 4. Асосҳои давлат ва ҳуқуқ (даҳонӣ). Ҳуҷҷатҳо аз 1 июл то 31 июли соли 2018 қабул карда мешаванд. Довталабон дар шуъбаи рӯзона аз чунин имтиёзҳо бархурдор буда метавонанд: 1. Ҳангоми таҳсил донишҷӯён ба хизмати ҳарбӣ даъват карда намешаванд; 2. Донишҷӯён баъди хатми коллеҷ бе имтиҳон ба курси 2-юми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қабул карда мешаванд; 3. Донишҷӯёни шуъбаи рӯзона бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Нишонии мо: Шаҳри Душанбе, кӯчаи Авесто 27 (охири хатсайри №52 ва хатсайри № 8). Телефон: 907-14-83-86
14 – Салом! Доруфурӯш, ҷавони чорпаҳлуи миёнқад, базӯр аз курсӣ бархоста, хамёза кашид. Баъд бепарво пурсид: – Чӣ лозим? Ҳарчанд табъи Камол хира гашт, вале оромона дар ҷавоб гуфт: – Ангишт. – Чӣ-ӣ?! – чашмонашро танг намуда, ба рӯи Камол бодиққат зеҳн монд. – Ангишт гуфтӣ? – Ҳа, – кӯтоҳ посух дод Камол. – Э, ҳе-е! – бо заҳрханда садо кард доруфурӯш. – Хато кардӣ, хато! – Хато кардам? – пурсон шуд Камол, ки аз ҷавон чашм намеканд. – Ҳо, ангишт дар анбор мешавад, домулло, – бо истеҳзо гуфт доруфурӯш. – Ин ҷо дорухона аст. Магар лавҳаи дар пеши бино овезонро надидӣ? Кӯр ҳам онро мебинад. – Медонам, ки дорухона аст, – оромона гуфт Камол. – Барои ҳамин даромадам. – Донӣ, чаро ангишт мепурсӣ? – изҳори норозигӣ кард доруфурӯш. – Бадгумонӣ накун, – маслиҳатомез гуфт Камол. – Мегӯянд-ку… Доруфурӯш миёни ҳарфаш давид: – Чӣ мегӯянд?! –Гумон аз имон ҷудо мекунад. – Э, биё матал нагӯй! – дағалона нидо кард доруфурӯш ва хост боз чизе гӯяд, аммо Камол ӯро боздошт. – Гӯш кун, ту маълумоти тиббӣ дорӣ ё не? – шубҳаомез пурсид Ка-
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №18 (9548), 03.05.2018
МАЪВОИ ХИРАД
Ангишт
мол. – Албатта! – дар чеҳраи ӯ такаббур соя андохт. – Ман коллеҷи тиббиро хатм кардаам. Дар лабони Камол табассум дамид ва аз ҷавон пурсид: – Коллеҷ анбор дошт? – Ҳа, дошт, дошт! – бо тантана нидо кард доруфурӯш. – Албатта дошт. Чаро надошта бошад. Бе анбор мешавад магар? – Ҳа-а, маълум… – Чӣ маълум? – Маълум, ки ту дар ҳамон анбораш таҳсил карда будаӣ, – бо табассум гуфт Камол. – Неъ! – эътироз кард
Таҳсили илму дониш ва дар ҳамин радиф парваришу ташаккули маънаёти худ аз вазифаҳои аввалини инсонист. Чун инсон маҳз дар пояи илму дониш ба худ фазлу бузургиро касб мекунад. Донишандӯзиро аз азал ва дар ҳама давру замон инсонҳо барои худ муҳиму ҳатмӣ меҳисобиданд. Аз ин ҷост, ки бузургони илму адаб, мутафаккирон омӯхтани илмро то ба дараҷаи аъло сутудаанд ва омӯхтани онро ба ояндагон таъкид намудаанд. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ таъкид мекунад, ки: “Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз”. Дарвоқеъ, илму дониш дунёро ҳамеша ба маҷрои наҷот ва бозёфту кашфиётҳои нав ба нав роҳнамун месозад. Дар ин росто ҳар кӣ дониш меомӯзад ҳеҷ гоҳ хор намегардад. Чун дониш воситаи дарёфтани ризқу рӯзӣ ва дарк кардани олами ҳастӣ мебошад. Бо ҳама бузургӣ, қадру қиммат ва шаҳомате, ки ҳамагон доир ба дониш андӯхтан дарк мекунанд, аммо ҳамоно гуфтан мушкил аст, ки дар ҷомеа нафари бесавод нест. Чун сари ҳар қадам ҳодисаҳоеро шоҳид мешавем, ки аз бемаърифатии баъзе инсонҳо дарак медиҳад. Ин аст, ки худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати
доруфурӯш. – Ман ба анбораш ҳатто надаромадаам. – Ин хел бошад ба ман ангишт бидеҳ. – Гуфтам-ку, дар дорухона ангишт намешавад. – Ана, дидӣ, боз мегӯи ки надаромадаам. Агар намедаромадӣ забони модариатро гум намекардӣ. – Чӣ хел? – дар ҳолати ногувор монд доруфурӯш. – Ҳаби… Боз миёни ҳарфаш давид: – Ҳабаш чӣ? – Ҳаб бо забони русӣ таблетка мешавад. Яъне таблеткаи сип-сиёҳ ҳаст-ку…
Шералӣ МӮСО Доруфурӯш қаҳ-қаҳ хандид: – Э, гаранге! О, вайро угол мегӯянд, у-гоол. Фаҳмидӣ? – Медонам, ки угол мегӯянд. – Пас, чаро маро гаранг мекунӣ? – Ту худат гарангӣ. – Чӣ хел? – Охир, угол ба забони русӣ аст, ба забони тоҷикӣ чӣ мешавад? – Чӣ мешавад? – Ангишт. – А?!. – Ту дар ҳақиқат забони модариатро гум карда будаӣ. Медонӣ, устод Лоиқ барои ту баринҳо чӣ навиштааст? – Не. – Гӯш кун: … Бок не, гар доварӣ гум кардааст, Ё уммеди сарварӣ гум кардааст. Заҳр бодо шири модар бар касе, К-ӯ забони модарӣ гум кардааст. Вай бо ҳайрати аҷибе нидо намуд: – Наход! – Чӣ наход? – Ҳаминро барои ман навишта бошад. – Чиро? – Ҳамин гапора. – Ба-ле! Барои ту баринҳо навиштааст. – Маро мешинохтааст-да. – Ту баринҳоро ҳама мешиносанд. – Ку, боз як бор хон! – амр кард
доруфурӯш. Камол такрор кард. – Оҳо! – бо тантанаву шодмонӣ нидо намуд доруфурӯш. – Чӣ қадар зебо навиштааст. Ба ҳаяҷону изтироб омада, боз амр намуд: – Ҳаминро навишта ба ман деҳ! – Чиро? – Нав хондӣ-ку. – Ин шеър аст, шеър! – Ҳо, ҳамин шерро. – Хайр, ман мехонам, худат навис, – гуфт Камол. – Эъ… вай… чӣ буд… ҳа, ҳусни хатам он қадар хуб нест… Хати маро ҳеҷ кас хонда наметавонад… – Исто, ки онро чӣ кор мекунӣ? – кунҷковона пурсид Камол. Ҷавон хомӯш монд, гӯё ба андеша рафт. – Ба дорухона меовезӣ? – пурсид Камол. – Э, не-е, не! – саросема нидо намуд ӯ ва афзуд: – Ба падару модарам, акаву апаҳоям, хешу табор ва ёру дӯстон нишон медиҳам. Мегӯям, бихонед, аз ман фахр кунед. Ана, баъ-ъд… – Баъд чӣ? – Ба Зуҳро нишон медиҳам. – Зуҳро кист? – Оҳ, напурс! Як духтари зебо, вале беақл! – Беақл? – Ҳо, вай аз ман рӯй тофта, ба дигаре ба шавҳар баромад. Бигузор, бихонаду дар оташи ҳасад бисӯзад…
Дониш аз хониш барояд ё пешрафти ҷамъият ба маърифатнокии мо вобаста аст таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. “Ҳарчанд, ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати зарурӣ дода мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба омӯзиши забони англисӣ диққати зарурӣ дода истодааст”, иброз дошта буд Роҳбари давлат. Хуш аст, ки Ҳукумату давлат дар самти маориф назари нек дорад ва барои босавод намудани ҷавонону наврасон тамоми чораҳои зарурӣ андешида, шароити замонавӣ муҳайё карда шудаанд. Бешак, дониш аз хониш падид меояд. Новобаста аз он ки чи навиштаеро мутолиа менамоем, мо чизи мехостаамонро мегирем. Ва муҳимтар аз ҳама дониши мо меафзояд. Дар шароити кунунӣ яке аз шартҳои беҳрӯзии мо омӯхтани забонҳои хориҷӣ мебошад, дигар он як роҳи таҷрибашудаи андӯхтани дониш ба ҳисоб меравад. Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосатан таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат баҳри аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ба он хотир аст, ки
имрӯзҳо донистани забони хориҷӣ миллатро муаррифӣ ва муносибату дониши моро дақиқ месозад. Дар паҳлӯи ташаббусҳои роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар ҳар солеро ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷамъият бахшидан низ барои пешрафти ҷомеа мебошад. Алалхусус соли равонро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданамон имкон медиҳад, то соҳаи сайёҳиро дар кишвар равнақ дода, барои муаррифии давлату миллат имкон пеш ояд. Зеро танҳо як сайёҳ ба кишвари мо танҳо барои фароғату саёҳат намеояд, балки мақсади дигари сайёҳон омӯзиш ва бохабар шудан аз рафтору гуфтор, муносибат ва донишу фаҳмиши мо мебошад. Талошу тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ дар солҳои наздик ба ҷалб гардидани ҳарчи бештари сайёҳон сабаб мешавад. Ва ин нукта низ бе далел нест. Чун Тоҷикистони биҳиштосо бо иқлими нотакрор, обу ҳаво ва рӯду дарёҳои мусаффо, кӯҳҳои осмонбӯс, набототу ҳайвоноти нодир ва мавзеъҳои таърихии худ назир надорад. Аммо дигар паҳлӯи масъала бар дӯши мо вогузор аст. Зеро, агар Ҳукумату давлат ташаббускор ва ҷалбкунандаи сайёҳон ба шумор равад, пас мо ҳамчун муаррифгар ба ҳисоб меравем. Фарҳанги баланди пазироӣ аз
сайёҳон, дониши васеъ ва аз ҳама муҳим донистани забонҳо омили муҳимтарин дар самти ҷалби онҳост. Дилхоҳ сайёҳ вақте ки ба кишвари мо бори аввал меояду бо муносибату рафтор, одобу дониши баланд ва муомилаи хуб дучор шавад, бешак бори дигар орзуи омадан ба ватани моро мекунад. Ҳамчунин як роҳи хуби таблиғ низ ба ҳисоб меравад. Баръакс вақте забонро намедонем, донишамон кам асту дағалона рафтор мекунем, нигоҳи сайёҳон ба халқу миллати мо, ба фарҳангу маърифатдории тоҷикон дигар мешавад. Мебояд, барои муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, тарғиби фарҳангу тамаддуни хеш, ҳунарҳои мардумӣ илм омӯзем, дониш аз худ кунем ва барои ифода ҳатман забонҳои хориҷиро омӯзем. Сайёҳон меҳмони моянд. Онҳо аз як ё чанд нафари мо тамоми миллати тоҷик ва Тоҷикистонро баҳо медиҳанд. Бо худ ба ватани хеш хотираҳо мебаранду ба дӯстону ҳамватанонашон қисса мекунанд. Аз ин рӯ зарур аст, ки бо сайёҳон бархӯрди дӯстона, хайрхоҳона, меҳмоннавозона карда, бо донишу фазли худ ба онҳо исбот кунем, ки мо халқи соҳибтамаддун ва дорои таърихи ғанӣ ҳастем. Гулҷаҳон ГУЛОВА, омӯзгори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникӣ ба номи М.Осимӣ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №18 (9548), 03.05.2018
15
НАВҚАЛАМ Фиребхӯрда ё хӯрда фиреб ӯро…
Оҳангарӣ Оҳангарӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи тоҷикон буда, аҷдодони мо аз қадим то имрӯз ин ҳунарро давом дода истодаанд. Ҳунармандони тоҷик дар гузашта аз оҳан ҳар гуна силоҳ, зиреҳ, шамшер ва корд месохтанд, ки ин аз давлатдориву тамаддунофарии халқу миллати тоҷик мебошад. Дар гузашта он яке аз ҳунарҳои маъмул ба ҳисоб мерафт. Устохонаҳои оҳангарӣ асосан дар байни кӯчаву бозорҳо ва инчунин дар худи хонаҳои устоҳо сохта мешуданд. То ҳол дар миёни мардум ин ҳунар мавҷуд асту ҳунармандон онро ҳамчун мероси аҷдодӣ нигоҳ медоранд. Устоҳои чирадаст бо истифода аз ҳунари худ асбобҳои гуногун баҳри истифодаи рӯзгор омода месозанд. Яке аз ин устоҳо бобои Зайниддин зодаи ноҳияи Варзоб мебошад, ки ҳунари оҳангариро пешаи худ кардааст. Ва тули солиёни зиёд ба ин кор машғул мебошад. Бобои Зайниддин 73 сол дошта, оҳангариро аз падараш мерос гирифтааст. Ин марди наҷибро бисёриҳо мешиносанду ҳунарашро эътироф менамоянд. Ӯ дар якчанд намоишҳо иштирок карда бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шудааст. Бобои зайниддин барои боз ҳам оммавӣ шудани ин ҳунар шогирдони зиёдеро ҳамарӯза тарбия менамояд. Чуноне худи бобои Зайниддин қайд намуданд, оҳангарӣ ҳунари заҳматталаб аст. Он аз шахс сабру таҳамулро талаб мекунад. Барои омода намудани асбобе аз оҳан онро дар курраи оташи баланд бояд гузошт. Сипас онро сурх карда ба сангдон барои шакли дилхоҳ гирифтанаш мекӯбанд. “Имсолро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон намуданд ва барои ҳунармандон имконияти бештаре дар роҳи интихобнамудаашон дода шуд. Аз ин рӯ, мо ҳунармандон кӯшиш менамоем, ки гуфтаҳои Сарвари давлатро ба инобат гирифта, ҳунарҳои қадимаи аҷдодонамонро эҳё намоем. Мо – ҳунармандон аз иқдоми пешгирифтаи Президент бисёр хушҳол ҳастем ва бо як шавқи зиёд ҳунарҳои аҷдодонамонро ба ҷавонон меомӯзем”,-таъкид намуд бобои Зайниддин. Зебонисо МУҲСИНОВА, донишҷӯи ДМТ
Шунидам, ки ҷавоне дар донишгоҳ таҳсил мекард. Дар рӯзи аввали дарс духтареро меписандад. Мехоҳад ба назди духтар равад, аммо ҷуръат намекунад. Чанде мегузараду писар аз паси духтар назорат карда, ҳамоно ҷуръате намекунад, ки ба ӯ чизе бигӯяд. Ҷавон барои дилашро холӣ кардан, қиссаи ишқашро ба дӯсташ нақл мекунад. Дӯсташ гӯё ба ӯ некӣ карда, ба писар ваъда медиҳад, ки аз муҳаббаташ ба духтар мегӯяд. Баъди чанд рӯз дӯсташ вориди синфхона мешавад ва ба тарафи писар нидо
мекунад: “Як хушхабар дорам. Ман духтари дӯстдоштаатро андак пеш дидам ва ба ӯ гуфтам, ки дӯсти ман туро дӯст медорад. Аммо духтар бовар накарда гуфт, ки ту бояд худат ин гапро ба ӯ гӯӣ”. Акнун ҷавон шарми зиёд дар ҳар ҷое, ки он духтарро медид, худро аз ӯ канор мегирифт, аммо шабу рӯз дар фироқаш месӯхт. Яке аз рӯзҳо духтар бо ҷавон рӯ ба рӯ шуд: - Ту маро дӯст медоштаӣ, рост аст? гуфт духтар. Ҷавон хомӯш буд. - Ман аз ту мепурсам.
Таҳияи Абунаср РАҲИМОВ, донишҷӯи ДМТ
Тоқидӯзӣ – ҳунари бебаҳо Ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари ҳар қавму миллат ба ҳисоб меравад. Зеро ҳар шахс метавонад бо дониш, истеъдод ва ҳунари волояш худро ба дигарон муаррифӣ намояд. Хушбахтона, дар Ватани мо низ дар ҳар гӯшаву канораш ҳастанд ҳунармандоне, ки ҳунари воло доранду бо истифода аз он зиндагиашонро пеш мебаранд ва ҳам ин русму одат ва фарҳанги хешро нигоҳ медоранд. Дар ВМКБ аз замонҳои қадим то ба имрӯз мардум фарҳанги худро бо истифода аз ҳунарашон, на танҳо ҳифз кардаанд, балки онро ба дигарон низ муаррифӣ намудаанд. Дар Бадахшон ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди кандакорӣ, рубобтарошӣ, ҷӯробдӯзӣ ва ғайра мавҷуд аст. Аммо яке аз ҳунарҳое, ки ба он бисёр бонувон диққат медиҳанд ва қариб нисфи зиёди занон аз ин ҳунар бохабаранд, тоқидӯзӣ аст. Дар миёни мардуми Бадахшон тоқидӯзӣ як анъанаи қадимӣ буда, қариб дар ҳар як ноҳия тоқиҳои гуногунро медӯзанд ва онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз рӯи расму одат ин ҷо мардум рӯзи туй бар сар бояд тоқӣ дошта бошад, хоҳ писар бошад, хоҳ духтар. Дӯхтани тоқӣ ҳунари волоро талаб мекунад, чунки ҳар
Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ... “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари тамаддуну фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад”. Эмомалӣ РАҲМОН Шахси ҳунарманду донишманд ба ҳама диёр азизу муътабар аст. Ӯро иззату эҳтиром мекунанд. Аз ин рӯ, Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ҳунарро чашмаи поянда ва давлати зоянда номидааст. Соҳибкасбони ҳунарманд дар дилу дидаи мардумон ҷой доранд ва ҳамеша онҳоро бо некӣ ёд мекунанд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар паи омӯзиши ҳунар бошем ва барои омӯхтани он заҳмат кашем. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми кӯҳанбунёди тоҷик дорои фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ буда, бо он кишвари азизамонро дар ар-
- Бале, ман туро дӯст медорам, вале туро бо дигаре дидаму нахостам иртиботи шумо халалдор гардад. - Эҳ, бачаи сода. Ман аз рӯзи аввал ба ту ошиқ будам, аммо мехостам ин суханро аз забони ту шунавам. Гӯё муносибати онҳо хуб мешуд ва рӯзҳои хушеро мегузаронанд. Вале афсӯс, лаҳзаҳои висол дер напоид. Духтарро ба дигаре ба шавҳар доданду ҷавон бе сафинаи соҳили дарё монд.
саи ҷаҳон муаррифгаранд. Маҳз бо ҳамин сабаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад. Ин иқдом ба ҳунармандон им-
коният медиҳад, ки боз ҳам бештар ҳунарҳои худро рушд дода, бо ҳунарҳои худ Ватани азизамро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Имрӯзҳо дар саросари кишварамон бахшида ба ин иқдом чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ баргузор гашта истодаанд, ки ҳунармандон аз ин иқдом руҳу илҳоми тоза мегиранд. Мо – ҷавонон низ дар навбати худ бояд ба ҳунарҳои мардумӣ диққати хоса дода, аз таъриху тамаддуни гузаштагони худ ёд оварем. Зикрулло РАҶАБОВ, донишҷӯи ДМТ
нақшу нигоре, ки дар тоқи дӯхта мешавад маънои махсус дорад. Алалхусус навъи тоқие, ки дар водии Вахони ноҳияи Ишкошим дӯхта мешавад, аз дигар тоқиҳо фарқи калон дорад. Тоқии вахонӣ таърихи қадимӣ дошта, дар гузашта онро барои шоҳон ва дарбориён медӯхтаанд. Ҳарчанд барои омӯзондани ин ҳунар ягон мактаби махсус мавҷуд набошад ҳам, модарони мо тавонистанд, ки аз ҳамон давра то ба имрӯз ин навъи ҳунари хешро ҳифз намоянд. Барои ин навъи тоқиро дӯхтан меҳнати зиёде сарф мешавад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҳунармандон ба дӯхтани он шавқи зиёд доранд ва мо умедворем, ки дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳунарҳои хешро боз ҳам равнақ диҳанд. Ҳар сол сайёҳони зиёде ба водии Вахон ташриф меоваранд ва барои харидан ва дидани тоқӣ низ ҳавасманданд. Ин аст, ки имрӯз ҳатто дар осорхонаи Амрико низ ин навъи тоқӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст ва барои нишон додани фарҳанги мо тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ саҳми шоиста мегузорад. Алишер САИДҚАДАМОВ, донишҷӯи ДМТ
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №18 (9548), 03.05.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома
√ АНДАРЗ
Қалби пур аз муҳаббат
АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ” Дар як деҳа падару писаре ба хоҷагидорӣ машғул буданд. Онҳо заминҳоро шудгор намуда, ҳар гуна сабзавот кишт мекарданд ва сипас онро ба фурӯш мебароварданд. Одатан ҳосили кам мегирифтанду маблағи андаке ба даст меоварданд, вале барои рӯзгузарониашон кифоя буд. Боре нозирони тартибот ҷавонро боздошт ва бо ҷурми дуздӣ муттаҳам намуданд. Падари бечора танҳо монд ва баъди чанде ба писараш номае ирсол намуд. Ӯ дар номааш навишта буд, ки дигар қудрати дар танҳоӣ меҳнат кардану ҳосили дилхоҳ ҷамъоварӣ карданро надорад. Чун бемор асту барои шудгор кардани замин ва шинондани каме картошка низ қувваташ намерасад. Ва агар ин лаҳзаҳо писараш дар паҳлӯяш мебуд, ӯ албатта ба падар кӯмак мерасонд. Дар номаи ҷавобӣ писари меҳрубону ғамхор падарашро сарзанишу маломат намуда, хоҳиш намуд, ки дар он замин ягон хел кишту кор накунад, чунки он ҷо силоҳ
АБУ РАЙҲОН БЕРУНӢ
√ САЙҚАЛИ
пинҳон карда шудааст. Ва ба ҳеҷ ваҷҳ дар он замин чизе шинондан мумкин нест. Баъди чанде низомиён дар деҳа пайдо шуданду тамоми замини кишти пирамардро бо белу каланд кофтаву такурӯ карда, ба қавле аз ғалбер гузаронданд. Вале чизе пайдо накарданду дарқаҳр шуда, баромада рафтанд.
Сангтарош
АНДЕША
Он чӣ медонем, маҳдуд аст, Он чӣ намедонем, беинтиҳост. ******** Қатъи фаъолият ба пажмурдагию беҳолӣ меорад, ки оқибаташ пирию фартутист. ******** Шарм ва ҳаёву шараф монанди либосеанд, ки ҳар қадар фарсуда гарданд, ҳамон қадар ба вай бепарвоёна муносибат менамоӣ. ******** Бегуноҳро низ метавон гунаҳкор кард, вале танҳо гунаҳкорро фош кард. ******** Одам миранда аст, башарият не. ******** Қувваҳоеро, ки эҳсосашон имкон дорад, диданашон номумкин аст. ******** Ҷасорат дар ҳама давру замонҳо миёни шуҷоату буздилӣ қарор дорад. Апулей
Ҳадди эътидол модари саломатист.
Сангтароше зери нурҳои сӯзони офтоб бо машаққати зиёд аз кӯҳ пораҳои калони сангро меканд ва худ ба худ шикоят менамуд: - Безори чунин зиндагониям, хаста шудам! То кай ҳаёти ман бо кӯҳканӣ мегузарад? Уффф! Бар иловаи кори душвор боз ин офтоб мағзи сарамро об кард. Кош ман ҳам дар осмони баланди мусаффо мисли офтоби дурахшон ба атроф нур мепошидам. Аз боло озодона ҳама чизро назорат карда, ҳокими тамоми мавҷудот мебудам. Вақте ки сангтарош ба офтоб ҳавас карда, корашро давом медод, орзуяш мӯҷизавор амалӣ гашт. Акнун дар осмони баланд офтоб буду атрофро равшанӣ бахшида, аз ин бахту толеъ шодмонӣ мекард. Вале хурсандияш дер
давом накард, зеро абрҳо қабат-қабат шуда, пеши нури ӯро гирифтанд. Сангтарош ба хашм омад: – Агар чунин абрҳои муқаррарӣ пеши нури маро мегирифта бошанд, пас онҳо аз офтоб дида қавитаранд. Ман бояд абр шавам! Орзуяш амалӣ гашт, сангтарош ҳамоно ба абр табдил ёфт. Инак вай дунёро сайр карда, ба ҳама ҷой борон медод. Вале дар ин ҳангом аз куҷое шамол вазиду ӯро парешон кард. Сангтарош ба тааҷҷуб афтод: – Оҳ, ин шамоли беамон! Аз куҷое пайдо шуду маро ба ташвиш андохт. Пас маълум мешавад, ки шамол дар табиат пурқувват аст. Ман бояд шамол шавам! Орзуи сангтарош амалӣ шуд. Ӯ мисли шамол ба чор тараф мевазид. Озо-
Падар бошад, аз писар чунин пайғом гирифт: “Падарҷон, акнун заминат шудгор карда шуд ва ту метавонӣ картошкаҳоятро шинонӣ. Ин ҳама корест, ки ман аз ин дурӣ барои ту анҷом дода тавонистам. Дӯстат медорам.” АНДАРЗ: Агар нафареро дӯст дорӣ, ҳамеша роҳи ба ӯ кӯмак карданро пайдо карда метавонӣ.
дона дар ҳар макони олам гоҳе мисли тӯфон рафтор намуда, гоҳе насими форам барин мевазид. Аз ҳолаш хушнуд буд. Аммо ин ҳам дер давом накард. Ҳангоми сайру гашт шамол ба деворе бархӯрд. Ба девор назар карда дид, ки он каслан куҳи азиме будааст. Ба азамати куҳ ҳасад бурда, орзу мекунад, ки ба куҳ табдил ёбад. Ин орзуяш ҳам амалӣ шуд. Инак ӯ мисли куҳи муҳташаме дар маркази олам қомат афрохта, бо бузургияш мефахрид. Дар назари ӯ тамоми мавҷудот кӯчак ва заиф буданд. Сангтарош аз ин ҳолаш ба ваҷд омада, мағрур гашт. Вале дарҳол ҳис кард, ки чизе ӯро аз нороҳат мекунад. Садои тақ-тақ аз ҷисми азимаш пораҳои сангинро меканд. Куҳ дарк кард, ки кадом як махлуқи қавитаре ӯро заиф месозад. Дид, ки ӯ як сангтарош аст! Манбаъ: www.oftob.org
√ ЭЪЛОН
ҶДММ “Лоиқ Р”, ки дар Раёсати бақайдгирии андозсупорандагони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин соли 2017 ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
******** Шуғли беандоза ба шаробхорӣ қадру манзалатро аз байн мебарад ва дари айбу нуқсонро мекушояд.
Дафтарачаи имтиҳонии гумшуда, ки онро соли 2016 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба магистарнти курси дуюми факултети журналистика Ниёзов Баҳром додааст, эътибор надорад.
Валерий Максим
Шиносномаи гумшуда (А5556924), ки онро ШКД-1-и ноҳияи Сино 15.01.2010 ба шаҳрванд Мирзоева Мастура Икромовна додааст, эътибор надорад.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4161 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»