javononi tojikiston/#18/2015

Page 1

Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо

ҲАФТ РӮЗ 30.04.2015. Қарори раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид, ки тибқи он ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ба маблағи 1000-сомонӣ кӯмакпулии яквақта расонда мешавад. 01.05.2015 Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон таҷлил шуд.

№18 (9392), 7 майи соли 2015

e-mail: javonontj@mail.ru

Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 23 МАЙ - РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

02.05.2015 Дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии мамлакат (КМО) ҷаласаи кумитаи иҷроияи ин ниҳод барпо гардид, ки бо пешниҳоди Президенти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон директори генералии ҶДММ “Ғаюр Семент” Акбар Ғуломов муовини Президенти КМО таъин шуд. 03.05.2015 Мусобиқаи силсилаи Гран-прии дзюдо, ки 1 май дар шаҳри Загреби Хорватия оғоз гардид, анҷом ёфт. Се паҳлавони кишвар - Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар даврҳои муқаддамотии он шикаст хӯрданд. 04.05.2015 Барои беҳтарин нақши мард дар филми тоҷикии «Муаллим» Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Марат Орифов ба дарёфти ҷоизаи Ҷашнвораи 33-юми байналмилалии кинои «Фаҷр» (Эрон) шарафёб гардид. 05.05.2015 Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ 98% иҷро шуд. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе пурра иҷро шудааст.

“30 рӯзи ҷавонӣ” оғоз гардид

06.05.2015 Бо мақсади таъмини робитаи доимии шаҳрвандон бо Вазорати маориф ва илм, сари вақт бохабар будан аз мушкилоти ҷойдоштаи соҳа дар минтақаҳо, бахусус, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ «Телефони боварӣ» ба фаъолият шуруъ кард. Шаҳрвандон барои муроҷиат метавонанд бо рақами 227-7686 дар тамос бошанд.

БА ИФТИХОРИ 70-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9392), 7 МАЙИ СОЛИ 2015

1


23 МАЙ - РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

РУШДИ ТУРИЗМ

“30 рӯзи ҷавонӣ” оғоз гардид 2 майи соли равон дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ дар Боғи “Ирам” маросими расмии кушодашавии “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таҳти унвони “Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар” доир гардид. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷавонони мамлакатро ба ин муносибат табрик намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ёдовар шуд. Ӯ ҷавононро ба меҳанпарастию ифтихорӣ миллӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ даъват намуд. Таъкид шуд, ки ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, марҳила ба марҳила шароити зарурӣ барои онҳо муҳайё мешавад. Дар ин чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи Амалиёти “Биёед, китоб мехонем!” ба дӯстдорони китоб бештар аз 1000 китоби гуногуни бадеӣ ба таври ройгон тақсим карда шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Иттифоқи “Тоҷикматлубот” намоиши ҳунарҳои дастӣ ва таомҳои миллӣ ташкил шуд, ки сокинону меҳмонони пойтахт аз он дидан намуданд. Санъаткорони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба хотири болидаруҳии сокинон барномаи ҷолиби фарҳангиро пешниҳод карданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи “30 рӯзи ҷавонӣ” баргузори чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, мулоқоту дидор бо ҷавонон ва озмуну дар ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудаанд. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

Оғози мавсими туризм Бо баргузории як чорабинии рангини фарҳангӣ дар ноҳияи Варзоб, бо иштироки Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, мавсими сайёҳӣ барои соли 2015 расман оғоз ёфт. Таъкид шуд, ки соҳаи сайёҳӣ дар кишвар сол ба сол рушд ёфта, ҷуғрофияи ташрифот низ васеъ гаштааст. Солҳои охир аз тариқи инфиродӣ ва муташаккилона намояндагони беш аз 80 мамлакати дунё аз Тоҷикистон ҳамчун турист боздид мекунанд. Дар чорабинӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии ватанӣ намоиши маҳсулоти савғотӣ, озмунҳои хуриши беҳтарин, осоишгоҳи беҳтарин ва пешниҳод намудани хайсайрҳои туризми дохилӣ доир шуд. Дар заминаи оғози мавсими туризм дар терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе гӯшаи электронии иттилоотӣ ва дар ташкилоти «Бохтариён»-и шаҳри Душанбе «Маркази иттилоотӣ барои сайёҳон» кушода шуд, ки барои ҷалби сайёҳон ва муаррифии минтақаҳои туристии кишвар мусоидат хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки соли 2015 Соли муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ эълон гардида, моҳи август нахустин Конфронси байналмилалии туристии «Тоҷикистон - кишвари туризм», Фестивали сайёҳиву фарҳангии Мероси роҳи Абрешим, таҳти унвони «Рангоранг» ва Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ дар мавзеи Москвинаи ноҳияи Ҷиргатол ба нақша гирифта шудааст. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

ВАО

Таҳлили дастовард ва мушкилоти ВАО Бо мақсади таҳлили дастовард, мушкилот ва пешомадҳои васоити ахбори оммаи кишвар тайи як соли охир ва таҳияи тавсияҳо баҳри рушди озодии матбуот, 2 майи соли равон, бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии матбуот (3 май), дар Маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат” конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ, мақомоти давлатӣ, созмонҳои рӯзноманигорию ҳимояи ҳуқуқи инсон ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок доштанд. Қабл аз суханронии бархе аз созмондиҳандагон ва шарикони ҷамъомад (Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақил, Шӯрои ВАО, Иттифоқи журналистон, Дафтари Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ, филиали Интернюс Нетворк, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳозирин навори видеоиеро дар таҳияи журналист Суҳроби Зиё доир ба ҳаёту фаъолияти Муродулло Шерализода, нахустин сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” тамошо карда, ба хотираи қурбониёни роҳи озодии сухан дар кишвар лаҳзае хомӯшӣ ихтиёр карданд. Баъдан, Нуриддин Қаршибоев, раиси Шӯрои ВАО (дар мавзӯи “Чолишҳои нав дар соҳаи озодии сухан”), Иршод

2

Сулаймонӣ, рӯзноманигор аз гуруҳи расонаҳои “Озодагон” (“Таъсири воқеиятҳои сиёсию иҷтимоӣ ба рушди озодии баён дар Тоҷикистон”), Фаридуни Раҳнавард, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Нигоҳ” (“Дастрасӣ ба иттилоот: мушкилоти татбиқи ҳуқуқи амалияи рӯзноманигорӣ”), Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистони мамлакат (“Вазифаҳои ВАО ва рӯзноманигорон дар ташаккул додани афкори ҷамъиятӣ”), Набӣ Юсуфов, коршиноси ҷамъияти “Медиаконсалтинг”) ва Мухтор Боқизода, узви Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ (“Риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва фарҳанги сухан дар шабакаҳои иҷтимоӣ”) суханронӣ намуда, ба саволҳои ҳозирин посух доданд. Баъди натиҷагирӣ аз кори конфронсу шунидани пешниҳоду тавияҳо як қатор озмуну ҷоизаҳои қаблан эълонгардида ҷамъбаст ва ғолибони онҳо бо мукофоту тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

“Сарбози Ватан” дар Рӯдакӣ

Бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯдакӣ ба ифтихори 70-солагии Ғалаба дар ҶБВ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон байни сарбозони қисмҳои низомии ноҳия мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Сарбози Ватан» ва байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор шуд. Ба гуфтаи П. Дайхудоева, сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, мақсад беҳтар намудани ҷараёни тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон ва баланд бардоштани рӯҳияи ватанпарастии онҳо мебошад. Дар чорабинии «Сарбози Ватан» 500 сарбоз аз 4 қисми низомӣ иштирок намуданд. Мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» бо иштироки 250 нафар хонанда дар гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А. Пушкин баргузор шуд. Дар анҷом ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва “Ифтихорнома”-ҳо ҳавасманд гардонида шуданд.

ОБОДОНӢ

“30 рӯзи ҷавонӣ” бо шанбегӣ оғоз шуд Дар доираи нақшаи чорабниҳои «30 рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонон, 2 май дар ҷумҳурӣ ҷавонон ба шанбегӣ баромада, дар тоза кардани кӯчаву хиёбон, ҷӯю соҳили дарёҳо саҳм гузоштанд. Ба иттилои Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, 2700 наврасу ҷавони вилоят дар маҳалҳои худ ба нарм намудани бехи дарахтон, тоза намудани ҷӯйҳо ва роҳраву кӯчаҳо машғул гаштанд. Дар шанбегии вилояти Суғд 56899 ҷавон иштирок намуданд. Зариф Мирдадо,

сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят хабар додааст, ки ҷавонон 10,2 км. каналу ҷӯйборҳоро тоза карда, 258,5 тонна партов бароварданд. Онҳо, инчунин, 13 ҳазору 770 дона гул шинонида, танаи бештар аз 34 ҳазор дарахтро сафед ва зиёда аз 3,2 гектар майдону гулгаштҳоро нарм карданд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9392), 7 МАЙИ СОЛИ 2015


АНДЕША Нафаре аз авлоди банда на мулло буду на коммунист. Новобаста аз «бехудоӣ»-ии ИҶШС беҳтарин мусулмонӣ ҳамон даврон буд. Ислом ва ҳатто давлатҳои исломӣ беҳтарин сипарро дар симои ИҶШС доштанд, ки исботи равшани инро дар замони муосир дида истодаем. Мебинем, ки бо ислом чӣ таҳқирҳоеро раво дида истодаанд. Чӣ сӯистифодаҳое душманони ислом ба хотири ҳадафҳои манфури худ карда истодаанд? Бо шарофати эҳтирому ошноии қиблагоҳам бо руҳониёни вақт, равоншодҳо махсуми Бурҳониддин, бобои мулло Набии Дарвозӣ, эшони Ҷонон, махсуми Эмомиддин хотироти нек то ҳанӯз дар ёдам мондааст. Чунончӣ, ҳини ба хонаи бобоям ба деҳа рафтан, махсуми Бурҳониддин мани ҳанӯз кӯдакро дида, ба истиқболам медавид ва сарамро силакунон «бачаи Рустамӣ? Э Худо умратро дароз кунад», гуфта, вохӯрӣ мекард, ки аз ин илтифоти марди миёни мардум маҳбуб мот мегаштам. Бобои мулло Набӣ мисли духтурони участкавӣ бо дамидани субҳ хона ба хона мегашту барои ниёзмандон дуо мехонду тӯмор медод. Аз касе чизе талаб намекард. Фаразан, агар касе ягон қуттӣ чойи хушк ё чизи дигар медод, ба аёлманде онро мебахшид. Писараш Басир Набиеви роҳбар – коммунист, борҳо аз падар илтиҷо дошт, ки дар хона нишинад, то нотавонбине мабодо зиёнашро нарасонад. Эшони Ҷонон чун дигар ҳамдеҳагони қаторӣ на аз пушти мулло, балки деҳқонии худ рӯз мегузаронд. Дар хурдсолӣ ҳамагӣ боре ҳамроҳи падарам дар зиёрати ҳазрати махсуми Санги Кулӯлаи маълуму машҳур будам, ки на танҳо дар таҳкими шариату дин, балки сохти нав хизматҳои бисёр кардаанд. Ҳамаи онҳоро дар ниҳояти хоксорӣ, дарёфти луқмаи ҳалоли меҳнатӣ дармеёфтам. Хурду калон эҳтиромашон мекарданд ва аз панду насиҳатҳояшон берун намебаромаданд. Ба ҳама падарвор муносибат менамуданд. Дар ин ё он кор ҳатто раисон, зиёиён аз онҳо маслиҳат мепурсиданд. Дар минтақаи Кулоб масҷиди машҳури ҷомеи «Чилтан-бобо» ё ба таври дигар «Чилтани пок» дар ҳамон замон хеле фаъол буд. Мардуми аз ин шуҳрати масҷиди худ ифтихор мекарданд. Дар он одамон аз ноҳияҳои Панҷ, Восеъ, Ҳамадонӣ, Кӯлобу дигар намоз гузоштанро шараф медонистанд. Ҳар субҳ мардум бо бонги азони муаззини масҷид аз хоб бедор мешуданд. Ёд надорам, ки боре фаъолияти масҷидро манъ карда бошанд. Муллоҳо ҳам аз сиёсати созандаи давлат қаноатманду пуштибон буданд ва мардум СССР-ро «Давлати сағерапарвар» ном мебурданд. Хоҳ розӣ бошед, хоҳ не, Давлати

Шӯро бо ном атеистӣ буд. Дар амал аз тамоми рукну талаботи шаритаи исломӣ бунёд ёфтаву амал мекард. Мусулмонон дар дину мазҳаби худ устувор буданд. Ёд надорам, ки касеро бо ҷурми намозгузориву муллоӣ ҳабс карда бошанд. Бозсозӣ шуду имрӯз дар ҳар кӯчаву тангкӯча масҷидҳо бунёд ёфтанду ба қавле, ҳар кадоме мақоми мустақилӣ гирифтааст. Яке паси дигар равияҳои гуногуни иртиҷоии динӣ пайдо шуданд, ки мутаассифона, минтақаи Кӯлоби замоне пешрав макони онҳо шудааст. То ин моҷароҳо халқияту миллатҳои гуногун аҳлонаву тифоқ зиндагиву кор мекарданд. Касе ба касе таъна намезад. Ҳатто бо вуҷуди гуногунии эътиқоди динӣ, мусулмону насронӣ аҳлона кору зиндагӣ доштанд ва шарики шоди-

сардории лашкаркаши араб Асад ибни Абдулло соли 728 мелодӣ дар Хатлон ва баъдан бо истифода аз ҷойҳои сусти онҳо ғасби он. Солҳои 90 ҳам асосан муқовимат аз тарафи Кӯлоб алайҳи ифротгароёни исломӣ сурат гирифта буд ва табаддулотгарон иқрор шуданд, ки беҳуда мардуми Кӯлобро нодида гирифтанд. Ҳоло минтақаи Кӯлоб ба макони фаъоли салафиҳо табдил ёфтааст. На ҳамаи арабҳо то имрӯз исломро қабул доранду онро сирф ба арабҳо нисбат додан ғалати маҳз аст. Он аз доираи як миллат кайҳо берун баромадаву ҷаҳонӣ шудааст. Хизмати мардуми форсзабон, ки пайғамбар Муҳаммад (с) пешгӯӣ карда буданд, дар рушду таҳкими ислом аз арабҳо дида зиёдтар асту камтар не. Дар имрӯза

манфиати доираву давлатҳои ҷудогона бо мутаассибони дохилӣ хеле мувофиқ омадааст. Яке ғанимати дунёӣ мехоҳаду дигаре қудрати сиёсӣ бо истифода аз ислом. Вагарна, муллоро чиву ба сиёсат чӣ кор? Рисолати дину диндор ин ҳидоят ба покизагии ахлоқи аъзои ҷомеа, зиндагии шоиставу якдиливу ҳамдигарфаҳмии онҳо бо ибрати шахсӣ мебошад. Дигаронро аз бебақоию фонияти ин дунё ҳушдор дода, дудаста часпидан ба сарватҳои дунёиро чӣ гуна метавон шарҳ дод? Агар ном ифодагари аслият мебуд, ҳама Муҳаммадҳо пайғамбар мешуданду ҳама Синоҳо табиби оламшумул. Фикр намекунам, ки давлатҳои исломии қафомондаю мардумаш байни худ дар кашмакашу хунрезӣ обрӯи исломро баланд

ву мотами якдигар буданд. Қарзи инсонии худро ба ҷо меоварданд. Ҳоло чӣ? Падар бо писар, бародар бо бародар дар ақидаҳои гуногун қарор доранд. Писар гапи падарро нагирифта, аҳлу аёлро партофта, гӯё дар ҷиҳоди Сурия ширкат меварзаду ҳалок мегардад. Писар ба падару модар таъна мезанад, ки номи тоҷикиаш маҷусисту бояд арабӣ бошад... Душманони собиқ халқи шӯравӣ ва дини мубини ислом даҳсолаҳо ин рӯзҳоро интизорӣ мекашиданду кор мебурданд. Садди чинии ин ҳама ниятҳои нопокашон СССР-и абарқудрати замон буд, ки ниҳоят бо айни шеваи кор шикасташ доданд. Мубориза бо ҷумҳуриҳои мустақили навистиқлолу ҳанӯз дар кори давлатдорӣ камтаҷриба ва мувоҷеҳи мушкилоти зиёди иқтисодӣ бошад, хеле осонтар аст. Кӯшише дар солҳои 90-ум дар ин ҷода дар Тоҷикистон шуда буд, ки ҷони ҳазорон-ҳазорро рабуд. Ин фитнаҳо давоми ҳамон саҳнаи пешин аст. Айнан чун шикаст хӯрдани арабҳои истилогар бо

арабҳо ягон ҷиҳати ибратангез барои мо, тоҷикон боқӣ намондааст. Муттаҳидие миёни онҳо нест ва даҳсолаҳост, ки хуни ҳам мерезанд. Хушбахтона, аз онҳо дида мо - тоҷикон оқилтарем, ки сари вақт аз роҳи хатои бародаркушӣ раҳоӣ ёфтем. Набояд фаромӯш кард, ки мо таърих, фарҳанг, забон, Ватану ниёкони худро дорем, ки низ хостаи Худост. Манфиатҳои миллӣ муқаддамтар аз динӣ бояд бошанд. Дар аҳдҳои пешин хоҳишмандон 15-20 сол дар мадраса хонда, ба дараҷаи муллоӣ мерасиданд ва боз хоксорӣ карда, мегуфтанд, ки гӯё чизеро намедонанд. Ҳоло мисли чӯҷаҳои зардаки аз тариқи инкубатор ҷув-ҷувкунон бароянда, бо ном муллобачаҳо ҳама ҷоро пахш карда гирифтаанд.

мебардошта бошанд.

Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9392), 7 МАЙИ СОЛИ 2015

Мусулмонӣ ба ришу ҷома бошад, Саводу бесавод аллома бошад. Дар ин мусибату фоҷиаҳо

Гар марди Худоӣ, қатлу ғорат накунӣ, Гуфтори баду кори қабоҳат накунӣ. Аз гушнагӣ ҳам ҳалок гардӣ ту агар, “Қуръони”-и илоҳиро тиҷорат накунӣ. Аслан, шикваю бечоранолӣ ва айбро ба гардани душманон бор карданамон, боиси тасалло ва илоҷи воқеа буда наметавонад. Дар чанд соли охир ба иштибоҳҳои зиёде роҳ додем. Замонапарасту замонасоз шудем. Аз таваллудхона, кӯдакистон, мактабу маориф то муассисаву ҳатто масҷидҳоямон ба маркази фасод табдил ёфтааст. Ҳанӯз ҳам нашъаҷаллобон фаъоланду ҷавононамонро қир доранд. Мубориза бо онҳо дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Ҷавононро ба ҳоли худашон вогузор кардем. Дигар он сиёсати корбарию тарбиявие, ки нисбат ба ҷавонон дар замони шӯравӣ буд, намондааст. Мактабҳо дар нисбати масҷидҳо,

муаллимон дар қиболи мулломаобон, ташкилоту созмонҳои гуногуни идеологии ҳукуматӣ дар нисбати ҳамтоёни берунаи худ суст шудаву ташаббускориро аз даст додаанд. Дар натиҷа, таъсири аҳли иртиҷо бамаротиб зиёд шудааст. Ҳоло он ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳо раисон ба ҳайси намояндаи Президенти мамлакат ва бахшҳои амнияту суду милиса, прокуратура фаъолият доранд. Пас, барои чӣ мо то ба чунин рӯзҳо омада расидем? Масъулон куҷо менигаристанд? Мо, ки бо ҷавононамон кор ва онҳоро соҳибӣ накардем, ҳатман доираҳои муғриз пешоҳангу фаъолу муваффақ мешаванд. Иддае соҳибвазифаҳо тӯли ду даҳсола дар баробари дар ғами худ шудану азхуд кардани бинову корхонаҳои бе ин ҳам ангуштшумори давлатӣ бо баҳонаи хусусигардонӣ ва пулшӯӣ, бояд бо ташкили ҷойҳои нави корӣ фикри фарзандони заҳматкашонро ҳам мекарданд. Дарк менамуданд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ илоҷи раҳоӣ аз буҳрон буда наметавонад. Фоизи баланди қарзии бонкҳои ҷумҳурӣ имконияти на манзил гирифтанро медиҳаду на ташкили корхонаву хоҷагии хусусиро. Хуллас, ҳарки медонаду дави аспаш. Дар ҷомеа имтиёз пайдо кардани як қишри ҷомеа бо фарзандону аҳлу авлодашон, воситачигию хешутаборчигӣ, бо ҳар восита рӯи кор овардани кадрҳои нолоиқ, бесаводу маърифат, дасту дилнопок, унвону рутбагириҳои ноҷо, ба ибораи дигар қонуншиканию хиёнаткориҳо, аз ҷазо дур мондани онҳо аз ҷумлаи ҳақиқатҳои талхеанд, ки якҷо бо иллатҳои боло аз забони худи Президенти кишвар дар ҷаласаи Шӯрои амнияти мамлакат садо доданд. Инҳо ҳама ба дарди дили аҳли ҷомеа табдил ёфтаанд ва барои душманони миллат, Ватан, дину мазҳаб айни муддаоанд. Дар Сурия барин давлатҳо ҳам аз ҳамин сар шуд. Ҷавонони тоҷикро мебояд, ки фирефтаи найрангҳои навбатии хоинону душманони миллат, Ватан, дину мазҳаб нагарданд. Касе бо мо ҷуз худ ба худамон дӯсту хайрхоҳ буда наметавонад. Аз бародар, хоҳар ранҷидан шояд, аммо аз модар ҳаргиз! Тоҷикистон модари ҷон, хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон аст. Онро чун гавҳаракаи чашм бояд азиз дорему дубора ба коми оташ надиҳем, ҳаргиз Худои бузург ин хиёнати моро намебахшад. Ватандорӣ аз гӯшаи имон аст, эй онҳое, ки ба бегонагон пайвастаед ё пайвастанӣ ҳастеду даъвои мусулмонӣ доред, Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ фармудааст: Ҷамъияти куфр аз парешонии мост, Тараққии насро зи ақибмонии мост. Ислом ба зоти худ надорад айбе, Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост. Мирзо РУСТАМЗОДА, «ҶТ»

3


МУЛОҲИЗА

ҶОМЕА

Фарзанде, ки доғи оила шуд

Нефт арзон шавад, туризм рушд меёбад Ё чаро мо арзоншавии нефтро ҳис намекунем? Як сол мешавад, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ нархи нефт рӯ ба арзоншавӣ овардааст. Дар биржаи “ICE”-и Лондон 28 апрели соли равон нефти маркаи “Brent” 1,05 доллар арзон шуда, арзиши ҳар баррели он ба 64,03 доллар расид. Арзоншавии нефт ба иқтисодиёти кишварҳои нефтхаранда, алалхусус, Чин ва мамолики Аврупо таъсири мусбат расонд. Мувофиқи маълумоти “Kaz TAR” то ин дам фоидаи ИМА аз арзоншавии нефт 180 миллиард ва мамолики Аврупо 300 миллиард долларро ташкил дод. Сардори гурӯҳ оид ба тадқиқоти бозори глобалии молҳои биржавӣ дар “Gitigroup” Эд Морс ба хулосае омадааст, ки иқтисоди ҷаҳонӣ аз арзоншавии нефт 1,1 триллион долар фоида мебинад. Ба ақидаи ӯ, дар натиҷаи харидани нефти арзон маблағи харидорон сарфа шуда, онро баҳри вусъат додани истеҳсолот харҷ мекунанд. Дар натиҷаи кам шудани хароҷот нархи маҳсулот арзон гашта, боиси бештар ба фурӯш рафтани он мешавад. Коршиноси ширкати «Suсden Financial LTD» Мирто Сокоу ба сомонаи “Bloomberd” гуфтааст, ки аз арзоншавии нефт соҳаи саноат, алахусус, дар арафаи зимистон (нерӯгоҳҳои ҳароратӣ) бурд мекунанд.

4

Нархи арзони нефт, алалхусус, ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ, боркашонӣ, туристӣ хеле муфид аст. Зеро аксари хароҷоти ширкатҳои нақлиётро сӯзишворӣ ташкил медиҳад. Камшавии хароҷот ба сӯзишворӣ боиси арзоншавии нархи чиптаҳо гардид. Сарвари Маркази тадқиқоти нефти Боку Илҳом Шабан изҳор доштааст, ки кишварҳои воридкунандаи маҳсулоти нефтӣ аз арзоншавии нефт манфиат ба даст меоранд. Маблағи аз ин ҳисоб сарфшуда барои рушди дигар бахшҳои иқтисод харҷ шуда, боиси бештар шудани даромад мегардад. Аз ҳама бештар мамолики Аврупо, Чин, Ҷопон ва дигар кишварҳои воридкунандаи нефт фоида мебинанд. Ҳарчанд кишвари мо воридкунандаи маҳсулоти нефтӣ бошад ҳам, фоидааш чандон намоён нест. Солҳои 2008-2009 вазъият дар ин самт беҳтар ба назар мерасид. Зеро он солҳо нархи 1 литр бензин то 2 сомонӣ арзон шуд. Сабаби чандон тағйир наёфтани нархи сӯзишворӣ монополияи бозори воридоти сӯзишворӣ аз ҷониби чанд ширкати нафтрасон аст. Яъне, ба ҷумҳурии мо қисми зиёди сӯзишвориро аз Федератсияи Русия меоранд. Дар Русия нархи сӯзишворӣ дар муқоиса бо дигар кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт арзон нашудааст. Чунончи, хабарнигори рӯзномаи «АиФ» Г. Зотов навиштааст, дар Эрон 1 литр бензин мубодилаи 12 рубли русӣ, вале дар Русия нархи 1 литр бензин 4 маротиба аз Эрон қиматтар аст. Аз ин рӯ, воридкунандагони сӯзишвориро лозим аст, ки воридотро бо нархи арзонтар аз

Ҳасудону бадсиголон дар ҳама давру замон вуҷуд доштанд, ки бо кӯмаки хоҷагону ҳаммаслакон манфиатҳои дигар ҷонибҳоро бароварда мегардонданду дур аз ёру диёр умр ба сар мебурданд. Чунин ашхос на аз Ватан ёд мекунанду на аз падару модар ва на аз зану фарзанду хешу ақрабо ва аниқ аст, ки то ҳол низ аз онҳо ёде намеоранд. Дар бораи амалҳои зишти онҳо мардум огоҳанд, ки ҷои сухан нест. Фақат ҳаминро зикр кардан лозим аст, ки ин навиштаҳо бояд ба онҳо панд гардад, панди зиндагӣ, панди ҷавонмардӣ.

Эрону Озарбойҷону Туркманистон низ ба роҳ монанд. Дар ин сурат соҳаи кишоварзӣ, нақлиёт ва туризми мамлакат бурд хоҳад кард. Як сабаби баланд будани арзиши маҳсулоти кишоварзӣ ва қимат будани нархи чиптаҳои ҳавопаймоию қатора гарон будани нархи сӯзишворӣ аст. Агар сӯзишвории арзон ворид кунем, нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва чиптаҳо низ арзон мешаванд. Мо бисёр вақт шиква мекунем, ки манзараҳои зебо, обҳои шифобахш дорему сайёҳон дар Осиёи Марказӣ аз ҳама кам ба Тоҷикистон меоянд. Як сабаби кам омадани сайёҳон қимат будани нархи чиптаҳои ҳавопаймост. Бо нархи чиптаи яктарафаи хатсайри ҳавопаймоии Москва-Душанбе сайёҳи рус ба Истанбул рафта чанд рӯз истироҳат карда меояд. Пас, ӯ албатта истироҳат дар Истанбулро интихоб мекунад. Арзоншавии нархи сӯзишворӣ ба рушди туризми дохилӣ низ мусоидат хоҳад кард. Бензину солярка арзон шавад, роҳкирои хатсайрҳои навоҳии Бадахшону Хатлон ва Зарафшону Рашт арзон мешавад. Он гоҳ бисёриҳо ба сафару зиёратҳои 3-4-рӯза имкон пайдо хоҳанд кард. Агар соҳибкорон хоҳиши ворид кардани сӯзишвории арзон аз дигар кишварҳоро надошта бошад, бигзор мақомоти давлатӣ, шояд Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран аз пайи ин иқдом шавад. Чаро дигар кишварҳои бенефт аз арзоншавии нефт истифода баранду мо тамошобин бошем?

Аз ҷумлаи чунин нафарон Шарофиддин Гадоев, раҳбари тозатаъини созмони тундгарову ифротии «Гурӯҳи-24» мебошад, ки насиҳати касеро қабул намекунад, ҳатто аз падару модарро, ки ӯро ба воя расонидаанд. Баръакси гуфтаҳои волидайн бо якравиву бадфеъливу бадгуфторӣ доғи оила ва хешу табор гардидааст. Падару модар аз рафтору кирдори фарзанди нохалаф азоб мекашанд. Ӯ сабаби озори як хонавода шудааст. Ба ин маънӣ, падару модари Ш. Гадоев аз ӯ даъват кардаанд, аз оромиву субот ва зиндагии хуб шукр гӯяд. Оишамоҳ Абдуллоева, модари Шарофиддин Гадоев ба писараш муроҷиат карда мегӯяд: «Наход, ту насиҳатҳои маро, кору бори маро фаромӯш кардаӣ. Ту агар хоҳиши маро иҷро кунӣ, бачам, ҳеҷ вақт кори бад накун, ба роҳи бад нарав. Ҳеҷ вақт бо гапи бад кор буд намешавад. Ту дар куҷое набошӣ, як кори хуб кун, ки хубият ба Ватан расад». Дар баробари ин, падари ӯ - Мирзоалӣ Гадоев низ илтиҷо мекунад, то фарзандаш ба гапи ӯ гӯш диҳад. «Гапи моро гирӣ, биё. Агар гапи мо нагузарад мисли он дафъа худат медонӣ», - мегӯяд. Падари Шарофиддин Гадоев борҳо ба писараш муроҷиат карда, хостори аз кори бад баргардонидани вай шудааст, вале Ш. Гадоев боре ҳам гапи волидайнро қабул накардааст. Писари саркаш насиҳати падару модарро ба гӯш намегирад ва пулпарастиву молпарастиаш рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Ҳамин аст, ки аз кирдори бади вай тамоми оила ва хешовандон бо шунидани номи Шарофиддин роҳи рафтанро гум кардаанд. Агар Шарофиддин Гадоев аз гуфтаҳои падару модар сабақ мегирифт, то ин вақт хеле дигаргун мешуд ва одами дидадарову пуртамкин гардида, ба падару модар эҳтиром мегузошт. Он гунае ки ӯ азобу уқубатро ба сари падару модар ва хонавода овард, шояд дар ҷаҳон амсоли вай пайдо нашавад. Ӯ хиёнаткор аст ва хиёнаткортар аз ӯ вуҷуд надорад. Бинобар сабаби фиребкории Ш. Гадоев се хоҳари ӯ хонавайрон шуданду 10 фарзанди онҳо ҳоло дар хонаи падару модар зиндагии мушкилеро ба сар мебаранд. Модари Шарофиддин Гадоев зиндагии сангин дошта, иброз медорад, ки шавҳараш бемори саратон буда, оила ягон даромад надорад ва зиндагӣ рӯз то рӯз мушкилтар мегардад. Аммо фарзанди ин модар Шарофиддин Гадоев, ки доғи оила шуда, дар кишварҳои аврупоӣ ғуломвор барои хоҷагони хориҷиаш хизмат мекунад, падару модари хешро фаромӯш кардааст. Ҳарчанд модари пир борҳо аз фарзанди саркаш даъват ба амал оварда буд, ки аз ин кори бад ва хиёнаткоронааш даст кашад, лекин сад афсӯс, ки фарзанд гуфтаи падару модарро қабул накард ва имрӯзҳо волидайни фарзанди бадрафтор азоби сахти ҷисмониву рӯҳонӣ мекашанд, то қути лоямуте пайдо карда, зиндагиро пеш баранд. Шарофиддин Гадоев то имрӯз дар бораи Ватану миллат ва халқаш ягон сухани хуб нагуфтааст, ки мардум аз ӯ ба некӣ ёдовар шаванд. Ҳама вақт нисбат ба Ватан ҳарфҳои бад ва ҷудоиандоз гуфтааст. Бо ин далел, ҳатто хешу табораш аз ӯ дурӣ меҷӯянд ва аз ба забон овардани номаш ор мекунанд. Аз амалу кирдори ношоями Ш. Гадоев падару модар, хоҳару бародар, аксари хешу табор азоби виҷдон мекашанд ва аз рафтори фарзанди бадфеъл дар хиҷолатанд.

С. АМИНИЁН, “ҶТ”

Рустам РАҲИМОВ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9392), 7 МАЙИ СОЛИ 2015


БА МУНОСИБАТИ 78-СОЛАГИИ ҲОШИМ ГАДО

Инсон дар баробари обу ҳавою ғизо ба маънавиёт низ ниёз дорад. Агар маънавиёти инсон баланд гардад, ба малак (фаришта) наздик мешавад, вале дар сурати паст будани маънавиёташ ба пояи ҳайвонӣ мерасад: Аҳли ирфон аз малак болотар аст, Одами ҷоҳил зи ҳайвон пасттар аст. Дар баробари мутолиаи китоби пурмазмун, суҳбат бо аҳли илму ирфон кас аз тамошои намоиши хуби театрӣ ва кино низ ғизои маънавӣ мегирад. Вақте дар бораи театру кинои тоҷик сухан мегӯем, пеш аз ҳама, симои Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳошим Гадоев, София Тӯйбоева, Тутӣ Ғаффорова, Фотима Ғуломова, Марат Орифов ва дигар ҳунарпешагони шинохтаи мамлакат пеши назар меояд. Миёни аҳли ҳунар Ҳошим Гадо бартарӣ дорад. Дар баробари он ки ӯ нақшҳоро хеле самимӣ бозидааст, муаллифи 45 ҷилд китоб низ ҳаст, ки дар онҳо назари хоси худ ба фалсафаи зиндагиро дарҷ намудааст. Тавре аз мазмуни навиштаҳояш бармеояд, бинобар истеъдоди баланд доштанаш Ҳошим Гадоро ҳасудону нотавонбинон хеле зиёд пешпо додаанд. Аммо ин ҳунарпешаи қавиирода рӯҳафтода намешавад ва монеаҳоро мардонавор гузашта, ба пеш меравад. НИМ АСР ДАР САҲНА, ВАЛЕ ФАРОМӮШШУДА Вақте Ҳошим Гадо дар мактаби миёна таҳсил мекард, дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд, ки ҳунарпешаи театру кино мешавад. Орзу дошт, ки таҷҳизоти парвозкунандае сохта, падарашро аз майдони набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба хона баргардонад. Баъдтар орзуи афсар шуданро дар дил мепарварид. Аммо тавре мегӯянд: Ҳарчи дилам хост, на он мешавад, Ҳарчи Худо хост, ҳамон мешавад. Соли 1955 раиси комиссияи имтиҳонии Донишкадаи давлатии санъати театрӣ (ГИТИС)-и Москва Л. Островская истеъдоди Ҳошим Гадои ҷавонро ба инобат гирифта, ҳамроҳи як гурӯҳ соҳибистеъдодони ҷавон ба таҳсил фиристод. Панҷ соли донишҷӯӣ ҳам сипарӣ шуду Ҳошим Гадоро ҳамроҳи дигар ҳамсабақонаш соли 1960 ба театри шаҳри Ленинобод (Хуҷанд)

фиристоданд. Соли 1961 ӯ ба Театри ба номи Абулқосим Лоҳутии пойтахт ба кор омад. Ҳошим Гадо дар саҳна беш аз 100 нақш бозӣ кардааст. Машҳуртарин нақшҳои офаридаи ӯ Содиқ («Суруди кӯҳсор»-и Ғанӣ Абдулло, соли 1962), Дон Жуан («Фоҷиаҳои хурд»-и А.С. Пушкин, 1966), Фердинанд Маркандал («Модарӯгай»-и Балзак, 1967), Сӯҳроб («Рустам ва Сӯҳроб»-и Ғанӣ Абдулло, 1970), Ҳамлет («Ҳамлет»-и Шекспир), Эдип («Шоҳ Эдип»-и Софокл) ва ғайра мебошанд. «Эдип»-ро ду маротиба дар Москва намоиш доданд. Мунаққидони рус ба ин намоишномаи ҳунарпешагони тоҷик баҳои баланд гузоштанд. Пас аз анҷоми сафари ҳунарӣ, зимни бозгашт ба шаҳри Душанбе, дари вагони иборат аз декоратсияҳои намоишномаро бинобар

кашф мекард. Ӯ, ки худ тану тӯши паҳлавонӣ дошт, бештар ба варзиш машғул шуд. Натиҷааш аён аст. Ҳошим Гадо дар нақши Сӯҳроб аз ситораҳои Голливуд дида, чолоку нерӯмандтар ба назар мерасад. Ҳошим Гадо дар саҳнаи театру кино 50 сол ҳунарнамоӣ кард. Ҳоло ҳам мисли даврони ҷавониаш серҳаракату нерӯманд аст. Аммо хунукназарию бетафовутии масъулони соҳа ба ҳунараш ӯро дилсард намудаанд. Ҳоло ҳам бо ҳунараш метавонад қалби мухлисони театрро тасхир созад. Ҳошим Гадо кайҳо намоиши «Спартак»-ро барои ба саҳна гузоштан омода карда буд, аммо сарпарасте ёфт нашуд, ки он манзури бинандагон шавад. Ҳанӯз умед дорад, ки ин нақшааш амалӣ мешавад. «Ман як умр ба мардум (мис-

Ҳошим ГАДОЕВ:

Маро дар зиндагиам фаҳманд саҳлангории масъулон маҳкам накарданд. Дуздон аз вазъият истифода бурда, тамоми ашёву либосҳои саҳнавиро дуздиданд. Вақте консули Юнон дар ИҶШС аз шаҳри Москва ба Душанбе омад, то намоишномаи «Эдип»ро бубинад, дида натавонист. Зеро бинобар набудани либосҳои саҳнавию ашёи ороишдиҳандаи саҳна имкони намоиш додани спектакл набуд. Бечора консул аз онвақта вазири фарҳанг сабти навори намоишномаро хоҳиш кард. Аммо бардурӯғ ба консул ҷавоб доданд, ки «кассета нест». Ҳол он ки агар вазир муаррифии санъати театрии тоҷикро мехост, бо як занги телефон аз телевизион кассетаро ҳозир мекарданду консули Юнон бо табъи хуш бармегашт... Ҳошим Гадо дар баробари саҳнаи театр дар бештар аз 50 филм нақш бозида, дар дубляжи зиёда аз 100 филм ширкат намудааст. Машҳуртарин нақшҳои ӯ дар кино нақши Комил («12 соати ҳаёт», 1964), Шоҳзода Абдулатиф («Ситораи Улуғбек», 1967), Ҷосус Туркон («Сарҳад аз ин ҷо мегузарад», 1971), Сӯҳроб («Рустам ва Сӯҳроб», 1972), Мақсуд («Чор нафар аз Чорсанг», 1973), Мӯъминбек («Реги сурх», 1997) ва ғайра мебошанд. Зимни офаридани нақши Сӯҳроб Ҳошим Гадо он қадар ба ҳаёти қаҳрамон «ворид» шуд, ки адабиёт, санъати меъморӣ ва муҷассамасозии даврони Фирдавсиро чуқур омӯхта, либоси нав ба нави қаҳрамонашро

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9392), 7 МАЙИ СОЛИ 2015

ли занбӯри асал) хизмат кардам. Дар бораи худам фикр накардам. Аммо имрӯз аз чӣ бошад, ки хаста шудам. Оё вақти он нарасидааст, ки одамон дар бораи занбӯраки асал ғамхорӣ кунанд?» - навиштааст Ҳошим Гадо дар ҷилди 42юми куллиёташ. ТАНБАЛ НОБИҒА НАМЕШАВАД Ҳарчанд Ҳошим Гадо ба синни 78 расида бошад ҳам, ҳанӯз меомӯзад, мутолиа мекунад ва мушоҳидаю хулосаҳояшро рӯи коғаз меорад. Ӯ барои насли ҷавон менависад, то иштибоҳоте, ки насли калонсол содир карданд, онҳо содир накунанд ва дар зиндагӣ пешпо нахӯранд. Чунончӣ, дар китоби «Шоу» навиштааст: “Ҳаёт кӯтоҳ буда, вақт ба касе раҳм намекунад. Ҷавонӣ чун бод, мисли тири тезпарвоз босуръат ба пеш меравад ва ту парвози онро боздошта наметавонӣ. Пас чӣ тавр бояд ин зиндагии кӯтоҳро самаранок истифода бурд? Шаб, саҳар, рӯз, шом, хоб... Ногоҳ назар мекунӣ, ки ҷавониат рафтааст. Як мижа назада, аллакай мебинӣ, ки 50, 60, 70-сола шудаӣ. Нерӯят мисли пештара не, зебоӣ рафтааст... Аз ин рӯ, худро бояд аз субҳ омода намуд. Субҳ чист? Субҳ ҷавонии мову шумост. Субҳгоҳон ҳама чиз тозаву ботароват. Мо нерӯи тоза дар худ эҳсос мекунем, чашмонамон мебинанд, гӯшҳоямон мешунаванд. Дасту поямон бутун. Шукри Худо, ки мо ҳанӯз нерӯю имконоти худро ҳис мекунем. Аз

ин рӯ, шоиста нест, ки субҳи худро (яъне, ҷавониро) бо дер хестан аз хоб, рафтору гуфтори бефоида ихтисор (кӯтоҳ) насозем... Ҳар рӯз мисли як умр дар миниатюра аст. Ҳар як бедоршавӣ чун таваллуди нави хурд мебошад. Ҳар як субҳи босафо ҷавонии хурд ва ҳар як хобидан марги хурд аст”. Ҳошим Гадо, ки худ шоҳиди кӯрдилию ҳасуди бисёриҳо шудааст, барои раҳоӣ аз ин бемориҳои кушанда чунин тавсия медиҳад: - Ҳар рӯз асабҳою ҷисми худро тамрин деҳ, то ба ту итоат кунанд. Масалан, дидӣ, ки ҳамсояат хонаи баландошёна ё коттеҷ сохт, ба ту чӣ лозим ғусса хӯрдан, ки ӯ сохта тавонисту ту натавонистӣ? Ҳасад мабар, ки зарараш, пеш аз ҳама, ба худат мерасад. Беҳтараш дар дил бигӯй, ки «Насибат кунад!» ва ба роҳи худ бирав. Ҳошим Гадо бекор нишастанро бад мебинад ва хонандаро низ ба машғул шудан ба шуғли манфиатноке даъват мекунад: “Бекор, бешуғл гаштан таҳаммулнопазир буда, зиқӣ, ғуссаву андӯҳ меорад ва касро ба афсурдаҳолӣ мерасонад. Барои рафъи ин ҳолат чӣ бояд кард? Бояд ба қадри имкон ба коре машғул шуд. Метавонӣ расм кашӣ, ягон бозича барои кӯдакон бисозӣ, ягон чизи нав омӯзӣ. Масалан, ягон забони хориҷӣ омӯз, шеър (панду ҳикмат) азёд кун, китоб хон. Ин машғулиятҳо бароят мисли он аст, ки шахси ғарқшавандае дар баҳр тах-

тапораи киштӣ ва ё балони наҷотдиҳӣ ёбад. Машғулият туро аз ғуссаву андӯҳҳои бемориовар мераҳонад. Расми кашида, сабадчаю сандуқча ва бозичаи сохтаат ба худу атрофиёнат хурсандӣ мебахшад. Ҳар қадар шуғли ту бештар ба мардум завқу шодмонӣ орад, ҳамон андоза кайфияти он бештар мегардад”. Рӯзноманигоре аз кашшофи маъруф Ким Фелбӣ пурсид: - Шумо хеле шахси нотарсед. Бигӯед, ки даҳшати аз ҳама бузург кадом аст? Фелбӣ гуфт: - Даҳшати аз ҳама бузург барои ман бекор нишастан аст. Аз ин рӯ, амал бояд кард. Оре, барои ба чизе ноил гаштан бояд мубориза барӣ. Медонем, ки бе меҳнат чизе ба даст намеояд. Бояд меҳнат кард, бо мушкилиҳо мубориза бурд. Бо монеаҳои сершумор, бо пешпо доданҳо мубориза бояд бурд. Мубориза бурдану ба ҳадаф расидан касро хушбахт месозад. Ҳошим Гадо мӯътақид аст, ки шахси танбал ҳеҷ гоҳ нобиға намешавад. Аз Ҳошим Гадо пурсиданд: Шумо барои чӣ ва барои кӣ менависед? Ӯ ҷавоб медиҳад: - Навиштан барои ман ҳаво аст, об аст... Навиштан барои ман баробар ба ҳаёт аст. Дигар хел наметавонам... Ман мехоҳам садоямро бишнаванд, маро бубинанд. Мехоҳам дар зиндагиам маро бифаҳманд. (Давом дорад)

5


БА ИСТИҚБОЛИ 70-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Хабари Ғалаба соати дуи шаб пахш гардидааст

8 майи соли 1945 И. В. Сталин қабл аз имзои санади таслимшавӣ Фармони Президиуми Совети Олии ИҶШС-ро дар бораи Рӯзи Ғалаба эълон намудани рӯзи 9 май ба тасвиб расонд. 8 майи соли 1945 соати 22:43 бо вақти Аврупои Марказӣ (9 май, соати 00:43 бо вақти Маскав) дар музофоти Берлин – Карлхорст санади таслимшавии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Германия ба имзо расид. Санадро аз номи Сарфармондеҳи Олии Германия сардори ситоди Вермахт (Қувваҳои Мусаллаҳи Германияи фашистӣ) генералфелдмаршал В. Кейтел, Сарфармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-баҳрӣ, адмирали флот Фон Фридебург, генерал-полковники авиатсия Г. Ю. Штумпф ба имзо расониданд. Иттиҳоди Шӯравиро муовини Сарфармондеҳи олӣ, маршали Иттиҳоди Шуравӣ Г. К. Жуков, иттифоқчиёнро маршали асосии авиатсияи Британияи Кабир А. Теддер намояндагӣ мекарданд. Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА, генерал К. Спаатс ва Сарфармондеҳи артиши Фаронса, генерал Ж. М. Делатр де Тасиннӣ ба ҳайси шоҳид ширкат доштанд. «Шаби 8 ба 9 май сокинони Маскав нахобиданд. Соати дуи шаб тавассути радио

эълон карданд, ки хабари муҳимеро мешунавонанд. Соати 2:10 ровӣ Юрий Левитан санадро оид ба таслимшавии ҳарбии Германияи фашистӣ ва Фармони Президиуми Совети Олии ИҶШС-ро оид ба эълон намудани 9 май ҳамчун иди байналмилалӣ, Иди Ғалаба қироат намуд. Одамон аз хонаҳо берун шуданд. Хушҳолона ҳамдигарро ба оғӯш гирифтаву ба муносибати фарорасии ин ғалабаи деринтизор шодбош мегуфтанд. Мардум парчамҳо дар даст ба кӯча баромада буданд. Анбӯҳи одамон ҳарчи бештар мегашт ва ҳама ба сӯйи Майдони сурх раҳсипор гашта буд. Ин оғози намоиши табиӣ буд. Мардум бо чеҳраҳои хандону болида зери ҳавои мусиқӣ мерақсиданду таронахонӣ мекарданд. Бегоҳи он рӯз ба ифтихори Ғалабаи бузург тавассути зиёда аз ҳазор тӯп ба осмон мушак паронда шуд». Ҳамон рӯз рӯзномаи «Правда» ин сатрҳоро нашр кард: «9 май! Ин рӯз дар лавҳи хотири ҳар як фарди шӯравӣ абадан нақш хоҳад баст. Чӣ гуна метавон рӯзи 22

июни соли 1941-ро аз хотир фаромӯш сохт? Аз он сана то имрӯз гӯё ки садсолаҳо сипарӣ гаштааст. Тавре дар эпоси халқӣ омадааст, гӯё шумораи одамони шӯравӣ дар ин давра ғайривоқеӣ ва фавқулодда афзоиш ёфта буд. Он ба андозае афзоиш ёфт, ки аскари сурхи дар назди парчами алвонҷхӯрандаи Берлин устувор истодаро тамоми олам медид. Мо рӯзи 22 июнро мунтазир набудем, балки ташнаи он рӯзу он соате будем, ки зарбаҳои вопасини мо деви сиёҳеро, ки ҳаёти ин мардумро мубталои ранҷу озори зиёд гардонида буд, оқибат аз пой меафтонад. Мо ин зарбаро ба сари душман фурӯ рехтем... Хурсандии имрӯзаи моро ҳадду канор нест. Осмони Маскав шуълаафшонӣ намуда, ин эҳсоси шодмонии моро, ки сар то сари замини шӯравиро фарогир гашта буд, дар худ инъикос менамуд. Мо шоҳиди воқеаи фараҳбахше гашта будем, ки доир ба он ҷилд-ҷилд қиссаҳо иншо намудан мумкин буд. Аммо имрӯз мо ҳама эҳсосоти наҷиби худро бо як сухан, ки барои ҳар яки мо хеле азиз буд, ифшо намудем, ки он Ғалаба буд». 24 июни соли 1945 дар Майдони Сурхи Маскав нахустин намоиш-гузашти ҳарбӣ бахшида ба рӯзи Ғалаба бургузор гардид. Онро маршал Г. К. Жуков қабул ва маршал К. К. Роккосовский фармондеҳӣ намуд. Аз Майдони Сурх бо қадамҳои низомӣ полкҳои Белорус, Ленинград, Карел, Украина, инчунин, полки Флоти ҳарбию баҳрӣ гузаштанд. Парчамбардорон қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Баъди анҷоми парад 200 ҷанговар байрақҳои ба замин хамшудаи фашистонро бурда, дар саҳни тахтагини махсус дар пояи мақбараи Ленин партофтанд. Аз соли 1948 то соли 1964 9 май рӯзи муқаррарии корӣ буд. Дар 20-умин солгарди иди Ғалаба аз тарафи Президиуми Совети Олии ИҶШС фармон дар бораи рӯзи ид ва ғайрикорӣ эълон намудани 9 май ба тасвиб расид. Бори нахуст дар Майдони Сурхи Маскав баъди ба охир расидани ҷанг гузашти қӯшунҳо ва техникаи ҳарбии гарнизони Маскав доир гардид. То соли 1995 гузаштҳо дар Майдони Сурх бахшида ба рӯзи Ғалаба солҳои 1965, 1985 ва 1990 доир шуданд. Сипас, онро ҳар сол ҷашн мегирифтагӣ шуданд. Аз соли 2008 гузаштҳо аз нав бо техникаи ҳарбӣ гузаронида мешаванд.

Вохӯрӣ баъд аз 70 сол Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бахшида ба Рӯзи Ғалаба маҳфили адабӣ доир гардид. Ба он аҳли адаб, олимон ва рӯзноманигорон даъват шуда буданд. Дар рафти маҳфил намоиши китобҳо, таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад» сурат гирифт. Ба намоиш 75 китобу албомҳои расмдор бахшида ба ин санаи муҳим гузошта шуданд. Хонандагони синфҳои 6 ва 7-уми мактаб назди ҳозирин аз эҷоди шоирон Абулқосим Лоҳутӣ, Ҳабиб Юсуфӣ ва дигарон шеърҳои ба мавзӯи ҷанг бахшидашударо қироат намуданд. - Дар маҳфил ба ман як чиз бештар писанд омад, - гуфт олими адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода. – Вохӯрии ду ҷанговар пас аз 70 сол. Мӯйсафеди тоҷик баъди анҷоми ҷанг ба диёраш баргашта, дар деҳаи атрофи Роғун умр ба сар мебарад. Бехабар аз он ки дар шаҳри Роғун ҳамхизматаш, марди рус иқомат ва дар бунёди истгоҳи барқи обӣ саҳм гузоштааст. Бо гузашти солҳои тӯлонӣ тасодуфан бо ҳам вомехӯранд. Вохӯрии ду ҳамяроқ дар саҳначаи омоданамудаи хонандагони мактаб хеле мароқангез буд. Омӯзгори фанни таърих Балхияи Мирзопур зикр намуд, ки ҳадаф аз роҳандозии чунин чорабиниҳо ошно намудани насли наврас ба қаҳрамонии гузаштагон ва бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ дар қалби онҳост. Шарифи ШАРИФЗОД, рӯзноманигор

Фоизи ҳалокшудагон байни халқҳои ИҶШС дар давраи ҶБВ Миллат

1. 2. 3. 4. 5. 6. 7. 8. 9. 10. 11. 12. 13. 14. 15. 16. 17. 18. 19. 20.

6

Рус Украин Белорус Узбек Тотор Қазоқ Яҳуди Озари Гурҷӣ Арман Чуваш Тоҷик Қирғиз Халқҳои Доғистон Бошқир Туркман Удмуртҳо Чечен/Ингуш Мари Осетин

Шумораи аҳолӣ дар соли 1939

Шумораи хизматчиёни ҳарбии дар ҶБВ ҳалокшуда

Фоизи аҳолии ИҶШС дар соли 1939

Шумораи умумии хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда

99 591 520 28 111 007 5 275 393 4 845 140 4 313 488 3 100 949 3 028 538 2 275 678 2 249 636 2 152 860 1 369 574 1 229 170 884 615 857 499 843 548 812 404 606 326 500 088 481 587 354 818

5 756 000 1 377 400 252 900 117 900 187 700 125 500 142 500 58 400 79 500 83 700 63 300 22 900 26 600 11 100 31 700 21 300 23 200 2 300 20 900 10 700

58,39% 16,48% 3,09% 2,84% 2,53% 1,82% 1,78% 1,33% 1,32% 1,26% 0,80% 0,72% 0,51% 0,50% 0,49% 0,48% 0,36% 0,29% 0,28% 0,21%

66.40% 15.89% 2,92% 1,36% 2,17% 1,45% 1,64% 1,33% 0,92% 0,97% 0,73% 0,26% 0,31% 0,13% 0,37% 0,25% 0,27% 0,03% 0,24% 0,12%

Хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда аз шумораи умумии миллатҳо 5,78% 4,90% 4,79% 2,43% 4,35% 4,05% 4,71% 2,57% 3,53% 3,89% 4,62% 3,37% 3,01% 3,01% 3,76% 2,62% 3,83% 0,46% 4,34% 3,02%

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9392), 7 МАЙИ СОЛИ 2015


ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ

Рамзи дӯстиву мардонагӣ

Корномаи гузаштагонро идома додан вазифаи мост!

Хотираи ҷанговаронро азиз хоҳем дошт Нома ба падарам Холмуҳаммад Табаров Салом, падари ҷанговарам! майи соли 2015 аз он рӯзи фирӯзи Ғалаба 70 сол мегузарад. Ид муборак, падари зафаровари ман, сержанти калон, командири расчёти тӯпчиён, ҷанговари шуҷои Ҷабҳаи I-и Украина! Шумо агар зинда мебудед, имсол ба 106 қадам мегузоштеду бародаратон Нормуҳаммад ба 104, додархондатон Султони Ҳомид ҳам тахминан ба ҳамин син мерасид, зеро соли таваллудашро аниқ намедонист... Ҳайҳот! Амаки ман Нормуҳаммад, бародари хурдии Шумо, аз Ҷанги Олмон барнагашт. Сад ҳайф! Аммо бубинед, ки ману хонумам - Анор ба эҳтироми он кас ягона писарамонро Нормуҳаммад ном мондем. Аҷаб як ҷавони ҳам ба зоҳир, ҳам ба ботин зебою ҳушманд буд. Факултаи иқтисодии дорулфунунро акнун хатм карда, дар “Авиабонк” ба кор даромада буд. Мо дар фикри хонадориаш афтода, келини зебоеро бо маслиҳати худаш хуш карда будем, аммо... ҷанги бародаркуши тоҷикон бо тоҷикон нагузошт, ки он орзуямон амалӣ гардад... Ӯ мисли амакаш - Нормуҳаммад ба ҳалокат расонда шуд, вале аз дасти қотили аҷнабӣ не, аз дасти тоҷикони худамон, ки барои ҳокимияти фалаҷгаштаи вақтро соҳибӣ кардан, дасту остин бар зада, дар ин роҳ омода буданд, ки хуни ҳамаи ҳарифон бирезанд... Падарҷон, гоҳо фикр мекунам, ки тақдир ба Шумо раҳм кард, ки марги набераи худ ва писари дӯстдоратон Мирзоидиро ба чашми худ надидед. Онҳо ҳар ду мисли садҳо ҳазорони дигар қурбони васвасаи даври талош барои ҳокимият шуданд. Шукр, аз байни халқи қадимаву фарҳангсолори тоҷик фарзандони ғаюре, чун Президенти имрӯзаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон, баромаданду пеши роҳи ҷанги хонумонсӯзро гирифта, ҷомеаро рӯ ба мусолиҳа ва ваҳдати абадӣ гардонданд. Метавон гуфт, ки ин Ғалабаи Бузурги дигаре буд, ки мардуми мо деви ҳафтсари ҷангро маҳв сохта, ба даст овард. Бовар кунед! Бе ёди муқаддасоти фарҳангиву мазҳабӣ, ҷангиву ободкориҳо ин ғалаба дастраси мо намешуд! Хотираи таърихӣ чизи муқаддасу басо гаронмоя будааст! Шукр, дар кишвар оромиву осудагӣ ҳукмфармост, шаҳру деҳот ба таври шинохтанашаванда ободу зебо мегарданд, муҳимтар аз ҳама, ғурури миллии тоҷикон боло рафта... Корҳое амалӣ мешаванд, ки пеш дар хобу хаёл ҳам тасаввур карда наметавонистем: силсилабиноҳои баландошёнаи то 30-қабата, роҳҳои фарохи байналмилалӣ, хатсайрҳои ҷаҳонӣ, ки аз дили кишвар - Душанбеи дилоро мегузаранд. Дар ин ободкориҳо саҳми на-

бераву абераҳои Шумо низ ҳаст. Тоҷик имрӯз дар сохтмонҳои азими Русия, Туркия, Олмон ва Ҳинду Чин саҳмгузор аст... Аммо сад афсӯс, ки неруҳои аҳриманӣ ором нестанд ва он кишвареро, ки замоне Шумо барояш ҷонбозиҳо карда будед, ба ҷабҳаи ҳарбу зарби ҷанги шаҳрвандӣ табдил доданд: дар он ҷо украин бо украин меҷангад, шаҳрҳо, хонадони ободи якдигарро хароб мекунанд. Айнан он фоҷиае, ки мо, тоҷикон аз сар гузаронда будем... Хайрият, пас аз ҷангу ҷидоли имсола, дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус - шаҳри қаҳрамони Минск Аҳдномаи оташбаси умумиукраинӣ ба имзо расид ва муқовимат бояд қатъ гардад! Шукр! Харкову Луганск, Славянску Данбасс, садҳо шаҳраку деҳоти ин кишвар осуда нафас мегиранд. Соли 2014 дар Боғи Ғалаба бо ширкати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон парад ва гулгузорӣ барпо шуд. Президент дар бораи саҳми тоҷикон ва тоҷикистониён дар ин Ғалабаи Бузург ҳарф зада, ба корномаи Шумо баҳои хоса дод. Дар рӯзномаи “Писательская правда” рӯйхати қаҳрамонҳои Иттифоқи Советӣ аз тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нашр гардид, ба ҷуз Тоҷикистон. Ҳол он ки 54 фиристодаи Ватани мо ин унвони баландро соҳиб шуда, 14 нафар дорандаи се дараҷаи Ордени “Шараф” (“Слава”) буданд. Наход онҳо шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст”-ро дар хотир надошта бошанд? Мо, хешу табор, ҳамшаҳриҳою ҳамватанон, хотираи Шуморову ҳамсилоҳонатонро ҳамеша азиз медорем ва хоҳем дошт. Рӯзи Ғалаба рӯзи одӣ набуда, рӯзи ғалабаи рӯшноӣ бар зулмот аст, рӯзи зафари некӣ бар бадист. Зинда бод ёди онҳое, ки ба нақди ҷон онро ба оламиён ҳадя кардаанд! Зинда бод чеҳраҳои тобноки қаҳрамонҳо, ки дар лавҳи дилҳо ва сафҳаи таърих сабт гардидаанд! Нур ТАБАРОВ, писари калони Шумо, майори мустафъӣ, собиқ командири взводи Қӯшунҳои десантӣ

P.S. Бояд гӯям, ки бародарони ман Саъдӣ,

Исҳоқ, Хуршед ва Мирзоидӣ - ҳама дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат карданд. Хуршед, ки дар ҷанги Афғонистон иштирок кард, саломат баргашт. Фарзандони Шумо ба дифои Ватан, чун Шумо, ҳамеша омодаанд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9392), 7 МАЙИ СОЛИ 2015

Омӯзиши таърихи ҷангҳои ҷаҳонӣ, омилҳои он, сабабҳои шикасту пирӯзиҳои он барои имрӯзиёну фардоиён, хусусан, барои афсарону сарбозон сабақу дастури басо муҳим аст. Яке аз сабабҳои асосии ғалабаи Артиши шӯравӣ дар ҶБВ дӯстиву рафоқат ва ваҳдату якдилии мардум буд. Омили дигар ин аст, ки артиши истилогар ҳамеша бо муқовимати шадиди ватандорону ватандӯстон дучор меояд ва ногузир шикаст мехӯрад. Даҳшату бадбахтиҳое, ки фашистон бар сари мардуми шӯравӣ оварданд, ягон зарра рӯҳияи онҳоро шикаста натавонист, балки онҳоро муттаҳидтару тифоқтар гардонд. Халқҳои гуногуни сарзамини шӯравӣ ҳам дар ҷабҳаҳои ҷанг, ҳам дар ақибгоҳ корнамоиву фидокориҳои беназир нишон дода, бо вуҷуди душвориҳои сангин, мушкилоти вазнини иқтисодӣ, гуруснагиву қашшоқӣ 5 соли тӯлонитар аз садсолаҳоро паси сар намуданд ва ниҳоят, ба ғалабаи комилу бузург ноил гардиданд. Барои ин ғалабаи бузург бештар аз 20 миллион нафар ҷони худро фидо карданд. Ҳазорон нафар ҳамдиёри мо дар ин ҷанги хонумонсӯз қурбон гашта, дар сарзаминҳои бегона манзили охират пайдо намуданд. Ҳазорони дигар бо тани маҷрӯҳи пур аз захму тирпораҳо ба диёр баргаштанд. Ҳазорон нафар бо синаҳои пур аз ордену медал, бо чашмони пуршарора ба Ватан омада, барои ободиву пешрафти кишвар, барои шифо бахшидани захмҳои ҷанг ҳар кадом аз рӯи ихтисосу маълумот ва касбу кори хеш ба меҳнати осоишта машғул шуданд. Ин манзараҳои ифтихорангез дар достонҳову манзумаҳои шоири ҷангноманавис, устод Мӯъмин Қаноат хеле рангину ҷолиб ва муассиру сабақомӯз тасвир ёфтаанд. Масалан: Дар синаҳо ситора, дар дидаҳо шарора, Дар пушти сар ниҳода, дунёи беканора, Дар дӯш бори дунё, дар каф қарори дунё, То хона ғолиб омад, аз он канори дунё, Фарзанди модари мо, ёру бародари мо. Рафтанд чун қатора, баргашта тора-тора, Дар осмон ситора, ситора пора-пора. Сад шукр гуфт модар, аз он ки даста-даста, Гаштанд ғолибонаш – мардони сафшикаста, Дар кӯчаҳои Берлин дар ҷангҳои хунин... Падарону бобоёни шарафманди мо алайҳи душман ҷангиданд, ватанро, ҷаҳонро аз хатари ғуломию зулми миллатгароӣ наҷот доданд. Ба хона ғолиб омаданду подоше, имтиёзу сармояе, вазифаю мақоме талаб накарданд. Хоксорона, оромона ба меҳнати фидокорона машғул гашта, дар чабҳаи созандагиву фидокориҳо камари ғайрат бастанд. Дар ҳама маҳфилу чорабиниҳо гули сари сабад, чароғи рӯшани ифтихору ҷавонмардиҳо буданд. Дар арафаи ҷашни Ғалаба онҳо меҳмони азизи мактабиёну донишҷӯён, коргарону деҳқонон мешуданд. Қиссаҳои ҷангии онҳо, корномаҳои ҷангиашон барои насли наврасу ҷавон беҳтарин сабақ, беҳтарин дастур аз дарси мардонагиву ватанпарастӣ буд. Солиёни пеш дар роҳпаймоиҳои идона, чорабиниву маросимҳои мухталиф дар толору майдонҳо собиқадорони ҷанг бо теъдоди зиёд, бо сару либосҳои озодаи пур аз ордену медал шукӯҳу ҷалоли хоса мебахшиданд. Бо гузашти солҳо бо афсӯсу дареғ мушоҳида мекардем, ки теъдоди он азизон кам мешуду кам мешуд. Ҳоло собиқадорони ҷангу меҳнат тамоман ангуштшуморанд. Чанд сол пас аз онҳо нафаре ҳам боқӣ намемонад. Сад дареғ, ки қонуни ҳаёт ҳамин аст. Вале ному корнамоиҳои ҷангии онҳо, фидокориву диловариҳои онҳо дар ёду хотироти насли имрӯзу фардо чун китоби мардонагиву садоқат ба халқу Ватан боқӣ хоҳад монд. Имрӯз обод кардани диёр, ҳифзи истиқлолияту сулҳу ваҳдат, дифоъ аз ҳама муқаддасоти миллӣ, дар роҳи халқу Ватан ҷонбозиву фидокориҳо қарзу фарзи ватандории ҳар яки мост. Бо ёду гиромидошти номи падарону бобоёни шарафмандамон, ба хотири пос доштани рӯҳи поки онҳо имрӯз ҳар як ҷавону насли навраси моро, хосатан, сарбозону афсарони Артиши миллиро мебояд, ки дар ҷодаи шарафу эътибор, худшиносиву ифтихори миллӣ, меҳанпарастиву ҷавонмардӣ китоби корномаҳои онҳоро дастури ҳаёти хеш қарор бидиҳанд. Он кохи шараф, он хонаи умеду ормонеро, ки онҳо ба мо мерос гузоштанд, бояд рӯзафзун ободтару шукуфонтар гардонем, то ин ки арвоҳи он азизонро ҳамеша шоду хушнуд намоем. Ортиқи ҚОДИР, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, мутахассиси Раёсати корҳои тарбиявии Гвардияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон

7


Исёни Восеъ

БА ИСТИҚБОЛИ 70-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ Мардуми рус ва дигарон набояд фаромӯш кунанд, ки дар даврони мушкилот, аз замони ҷанг то солҳои 90-уми асри гузашта тоҷикон дар дифои марзу буми сарзамини паҳновари аз Владивосток то Хабаровск, аз Мурманск то Кушкаи Туркманистон, баҳру уқёнусҳо ва ҷаҳони сотсиалистӣ ширкати фаъолона доштанд. Ба вежа, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақши мардуми тоҷик намоён буд. Манзили охирати Қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ Неъмат Қарабоев, Саидқул Турдиев, Сафар Амиршоев, Исмат Шарифов, Амиралӣ Саидбеков ва садҳо сарбози дигар кунун дар хоки кишварҳои тозаэҷоданд. На танҳо таърихнигорони Русия дар бораи корнамоии миллати мо наменависанд, балки олимони тоҷик низ бетафовутӣ зоҳир мекунанд.

Дар китобҳои дарсӣ, ки бо забони тоҷикӣ нашр шудаанд, таърихи ҶБВ комилан носаҳеҳ аст. Муаллифон ҳиммат карда, як ё ду бор аз номи тоҷик ёд меоваранд. Аламовар аст, ки хонандаи тоҷик нақшу саҳми бобоёни хешро дар мубориза алайҳи фашизм намедонад. Аз рӯйи маълумот ширкатдорони ҶБВ аз Тоҷикистон аз 300 то 350 ҳазор будаанд. Вале таърихнигорон ва сиёсатмадорони Русия дидаву дониста мақоми тоҷиконро дар ҶБВ хотиррасон намекунанд. Дар сурате ки фарзандони ин сарзамин

“Хати сиёҳ” ибораи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дар забони бобою бибиҳо “Ҷанги Гирмон”) аст. Ин ифода замоне пайдо шуд, ки фиристодаҳои кишвари мо дар муҳорибаҳои шадиди зидди душман ба ҳалокат расиданд. Худи калимаи “ҷанг” ҳамаро, хусусан, модаронро ба тарсу ҳарос оварда буд. Ҷавонмардон, шаҳбачаҳои ҳанӯз гармии ҷогаҳи домодиро надида, бо аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҷанг раҳсипор мешуданд. Ҳаррӯзаю ҳамеша маросими гусел бо ашки дидаю ҳасрату оҳу шеван ба поён мерасид. Дасти дуо фақат як маънӣ дошт: “Худованд аскарбачаҳоро дар паноҳи худ бигираду баъди ғалаба сиҳату саломат баргарданд”. Магар ҷанг беқурбонӣ мешавад? Дар моҳҳои аввали оғози ҷанг ба ақибгоҳ хабарҳои шум мерасиданд. Душман девонавор сарзамини моро рахна мекарду тару хушкро оташ мезад. Ҳазорҳо ҷони зинда қурбони ҷанг мешуд. Аз хусуси ҳалокшудагон “хати сиёҳ” меомад. Чӣ хабари даҳшатноке буд “хати сиёҳ”. Хаткашонҳо, намояндагони ҳукуматҳои маҳал, ин хатро “бо тарсу ҳарос” ба падару модарон мерасонданд. Хеле мушкил буд ин кор. Охир, чашми одамон сих мезад, ки чаро хатбиёр зинда асту фарзанди ӯ дар ҷанг ҳалок шудааст. Ҳамин хел ҳам мешуд, ки хабари “хати сиёҳ” чанд рӯз дар даҳони аҳли деҳа “гирд” мегашту баъд ба гӯши фарзандгумкардаҳо мерасид. Ин тарзи хабаррасонӣ аз хатбарӣ дида хеле сабуктар меафтод. Ҳолатҳое мешуданд, ки “хати сиёҳ” нангу ғазаби қасосгириро ба вуҷуд меовард. Ҷомаҳмад Ашӯрови 18-сола баъди ба

8

Мафҳуми Ватани умумӣ, дар дифои марзҳои Русия, Украина, Белорус ва мамолики Аврупо ҷонбозӣ доштанду ҷон бохтанд.

Шумораи афзунашон барнагаштанду ҷасадашонро зери пойи насли миннатгузор ба абад монданд.

Хати сиёҳ

Дар ҶБВ 618 нафар фиристодаҳои Файзобод ҳалок шуда, беш аз 500 нафар бе ному нишон гардиданд

даст гирифтани “хати сиёҳ”-и Нурмаҳмади акааш ба комиссариати ҳарбӣ рафта, талаб мекунад, ки ӯро ба фронт фиристанд, то аз душмани ғаддор қасоси бародарашро биситонад. Пас аз муддате, вақте падарашон Ашӯр аз “хати сиёҳ”-и фарзанди калонӣ огоҳ мешаваду мефаҳмад, ки Ҷомаҳмад дар нанги акааш талаби фронтравӣ кардааст, ӯ ҳам аз пайи фарзандон ба ҷанг меравад. Падару писар Ашӯр ва Ҷомаҳмад солҳои ҷанг бо ҳамдигар во нахурданд. Ҳар ду барои ёфтани оромгоҳи Нурмаҳмад кӯшиш карда бошанд ҳам, муяссарашон нагардид. Вале қасоси Нурмаҳмади ҳалокшударо гирифтанд. Падару писар корнамоӣ нишон доданд. Ҷомаҳмад Ашӯров дар муҳорибаҳои шаҳрҳои Баронович, Белгород, Великие Луки ва ғайра иштирок карда, бо мукофоти ҷангӣ, аз ҷумла, Ордени “Шараф” мушарраф гардид. Дар бадали чор соли Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 260 ҳазор кас, бештарашон ҷавонони то 30-сола, аз ин шумора беш аз 16 ҳазор нафар аз Файзобод, ба ҳифзу ҳимояи Ватан рафтанд. Аз фиристодагони Файзобод 618 нафар дар набардҳои хунини зидди Германияи фашистӣ ҳалок гардиданд. То рӯзҳои ҳалокат номи онҳо аз гӯшаҳои ҷангзадаи Русияи муқтадир номаҳои сегӯша мерасид, ки боиси хурсандии ҳамдеҳагон мегардид. “Хати сиёҳ” бошад, хонаводаҳоро гирифтори ғаму андӯҳ мегардонд. Аз шумораи умумии фиристодагони Файзобод 500 нафар беному нишон шуданд. Табиист, ки ба номи бисёри онҳо низ “хати сиёҳ” омад. “Хати сиёҳ”-и ҳамон солҳо қомати чун

алифи даҳҳо нафар модаронро шикаст, қади чун сарв рости даҳҳои дигарро хам кард, гули мақсуди арӯсони нозанинро пажмурда гардонд, аз умри падару модарони аламзада даҳсолаҳояшро ба бод дод. Даҳҳою садҳои дигар хунчакону ҷигарбирён то рӯзи вопасин чашми умед аз роҳи фарзандон барнагирифтанд. Ҷамъомади хеле бошукӯҳи маркази ноҳия дар санаи 9 майи соли 1985 ба ёд меояд. Ин ҷамъомад ба шарафи ”40-солагии Ғалаба” ном гирифтани боғи маркази Файзобод доир гардида, садҳо нафар иштирокчии ҶБВ, ҳамчунин, падару модарони қурбониёни ҷангро сарҷамъ карда буд. Роҳбари вақти ноҳия, котиби райкоми Файзобод Амир Қарақулов (равонаш шод бод) пас аз суханрониҳои пурмуҳтаво ба забонҳои тоҷикию русӣ ба сокини деҳаи Кабкрез Соҷидаи 91-сола сухан дод. Ин модари муштипар, ки аз ғаму дарди се писар “заминбӯс” шуда буд, назди баландгӯяк омад ва аз дил нидо баровард: “Ҳеҷ гоҳ ҷанг нашавад!!!” Кампири бечора дар ин син дигар чӣ ҳам гуфта метавонист?! Як даҳан гапи ӯ, ба андешаи мо, барқвор ба дилҳо расид. Зеро он хитобаи андӯҳи чилсола буд. Кампири Соҷида аз се писар - Бобоёр, Худоёр ва Бобохон “хати сиёҳ” гирифта буд. Бачаҳои кампири Соҷида хурдиаш 19, калониаш 26 сол доштанд. Онҳо пайи ҳам ба ҷанг рафта, дар тақдири бади кампир, ягон нафараш барнагашт. Ҷавонзани дар солҳои ҷанг 45сола мудом суруди ғамангези “Бачамой”-ро мехонд. Шоири зиндаёди хатлонӣ Саидҷон Ҳакимзода аз забони модарон ҳамин гуна аламро суруда буд:

Он замон ҳомӣ ва муҳофизи Ватан муаррифӣ мешуданд. ИСЁНИ ВОСЕЪ

Як ҷавони нозанин аз ҷанги Гирмон барнагашт, Як ҷаҳони орзуву ишқу армон барнагашт. Чӯҷаи гунҷишк не, фарзанди инсон барнагашт, Кам намегардад даме аз дил суруди бачамой. Аз сокинони Файзобод кампири Соҷида ягона набуд, ки се писар гум карда бошанд. Худобиомӯрзи Иброҳим Салимов, яке аз шахсиятҳои хизматкардаи диёр, нақл мекард, ки солҳои ҷанг аз панҷ писари сокини деҳаи Себистон Сафар Шер “хати сиёҳ” омад. Модари бачаҳо - Санавбари парирӯ аз ғами фарзандон дер напоид, бори гарони дарду ҳасрат ӯро бармаҳал аз пой афтонд. Ному насаби бачаҳои кампири Соҷида (рӯҳашон шод бод) ва писарони Сафар Шер дар пояи муҷассамаи ёдгории боғи “40-солагии Ғалаба” қатори 608 нафар қурбониёни ҷанг сабт шудааст. Соле, ки (1985) дар боғи марказӣ тахтасанги барқади ёдгорӣ гузоштанд, беш аз 400 нафар иштирокчии ҷанги ҳамдиёри мо дар қайди ҳаёт буданд. Аксарияташон, онҳое, ки қуввату дармону пойи равон доштанд, дар тантанаҳои ҷашни Ғалаба ширкат меварзиданд, аз хотираҳои хеш ҳикоят менамуданд. Акнун, дар бадали сӣ соли рафта, аз онҳо ҳамагӣ 13 нафар барҳаётанд, ки барҷомонда буда, рӯзҳои охири умри хешро мешуморанд. Шукри ҷонашон! Шукри ҳамаи онҳое, ки дар набардҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷонбозиҳо карданд, то бар душмани ғаддор пирӯз шаванд ва хоки муқаддаси худро пок нигоҳ доранд. Онҳое, ки аз фронт баргаштанд, худро ба фронти меҳнат, ҷабҳаи мардонагию ободкориҳои Ватан заданд ва ба халқу диёр арзанда хизмат намуданд. Ҷӯрабек МУЪМИН, Корманди шоистаи Тоҷикистон

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9392), 7 МАЙИ СОЛИ 2015


БА ИСТИҚБОЛИ 70-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ Олими ноком, шодравон Ҳаким Ойматов, ки таърихи ҳаракатҳои деҳқонони Булғористонро таҳқиқ мекард, охири солҳои 80-уми асри гузашта маълумотеро пешниҳод кард, ки басо ғалатӣ буд ва дар илми таърихнигорӣ ношинохта.

аст. Қариб чоряки фарзандони диловарашро ба майдонҳои ҳарб фиристод. Тибқи нишондодҳо беш аз 150 ҳазор аз майдонҳои ҷанг барнагаштанд. Дар боби қаҳрамонии занону тифлоне, ки дар ақибгоҳ аз сармою гармо ва гуруснагию

Матлаб аз хусуси шӯриши соли 1944-и маҳбусон дар лагери консентратсионии Лаҳистон қисса мекард. Бино ба далелҳо, дар ин тазоҳурот тоҷикон сарвариро бар ӯҳда гирифтанд, ки бо номи шӯриши Восеъ шӯҳрат ёфт. Онҳо номи фарзанди диловар Восеъро парчами мубориза карданд. Дар як шаб маҳбусон посбононро кушта, аз лагер фирор намуда, бо партизанҳои Лаҳистон пайвастанд. Қисмате дар пайкорҳо ҳалок шуда, чанд тане умри хешро дар маҳбасҳои шӯравӣ ба поён расонданд. Омӯзиши «1001 корнома»-и адиби ҷангноманавис Раҳмон Сафар гиреҳҳои мушкилоту зиндагинома ва пайкору размоварии сарбозони тоҷикро мекушояд. Дар тӯли ҶБВ саҳми тоҷикон вобаста ба нуфузашон тибқи барӯйхатгирии аҳолӣ, соли 1939 (аз миқдори умумии 1 млн. 480 ҳазор) хеле калон

беморӣ ҳалок шудаанд, ҳоҷати сухан нест. Дар ин муддат тобу тавон ва қисмати афзуни нерӯи зеҳнӣ нобуд шуд. Олимону шоиронаш Ҳабиб Юсуфӣ, Лутфулло Бузургзода, Ҳаким Карим талаф шуданд, адибони машҳур Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ бо пирӯзӣ баргаштанд. Онҳое, ки орзуву ормон ва истеъдодро зери хок бурданду тавони миллат буданд, ормонӣ шуданд.

ҷанг ва тоҷик

ЗАРУ ЗЕВАР БАРОИ ФРОНТ Тоҷики ватанпараст барои мубориза бо душмани инсон ҳама буду нобудашро бахшид. Ҷигарбандонашро ба қассобхонаи ҷанги мудҳиш дод. Боқӣ, сарвату амволаш аҳамият надошт. Боз рӯй меорем ба «Таърихи СССР» барои мактабҳои миёна. Ишора аз корномаи тоҷикон вуҷуд надорад. Маълум аст, ишо-

Аҳмади ҷавон чанд сол дар хоҷагии коллективӣ ба ҳайси ҳисобчӣ заҳмат кашид. Мардумро ба хоҷагиҳои коллективӣ ҷалб мекард. Натиҷаи заҳматҳояш буд, ки одамон ба хоҷагиҳои коллективӣ аъзо мешуданд. Соли 1940 аввалин техника пайдо шуду хоҷагии онҳо соҳиби як трактори тасмачарх гардид. Баъди сипарӣ намудани курси омӯзишӣ, идора кардани тракторро ба зиммаи Аҳмад вогузоштанд. Дар ин муддат артели Дубеда ба колхози Дубеда табдил ёфт ва Аҳмад Бердиев яке аз нахустин сардорони дастаи меҳнатӣ интихоб шуд. - Хабари ҷангро мо - колхозчиён дар саҳро шунидем, - мегӯяд бобои Аҳмад. Соли 1941 ҳосили ғалла ғайричашмдошт хеле фаровон шуд. Мардум шабу рӯз ба дарави ғалла машғул буданд. Соли 1942 ба комиссариати ҳарбии ноҳия ариза навишт. Баъди омӯзишу машқ дар шаҳри Тошканд сержант Аҳмад Бердиевро соли 1942 ба фронти якуми Украина фиристоданд. Чун командири взводи зарбазанандаи тӯп диловарии бемислу монанд нишон дод. Фронти якуми Украина ва фронти Белорус душманро то сарҳади Лаҳистон думболагирӣ карда, бо ҳуҷумҳои барқвор пеш мерафт. Сержант Аҳмад Бердиев, командири ротаи кашшофӣ (разведка) ба гузаштани хати сарҳад омодагӣ медид. Ӯро ногаҳон ба ситод даъват карданд. Қумондон, полковник А. Меркулов хушҳолӣ дошт:

ра «Ҳама чиз барои ҷабҳа, ҳама барои ғалаба» асоси фаъолияти ҷомеаи шӯравӣ гардида буд. Гӯё ин ҷангу пирӯзӣ бидуни халқи тоҷик гузаштааст. Аз боби заҳматкашон, ки аз 12 то 70-сола шабу рӯз барои ғалаба ҷон мекоҳонданд, навишта вуҷуд надорад. Ҷое аз хусуси ҷамъоварии зарринаю симинаи занони туркман маълумот ҳаст, вале аз молу матоъ, аспу уштуру чорвои майда, то пашму пӯсту равған ва тиллою нуқраи тоҷик ҳарфе нест. Ҳатто мутарҷимону масъулони тоҷикии китоб ҷумлае наафзудаанд. Асноде дар даст дорем, аз хусуси фанду фиреби болотар аз фаҳмиши мо суратгирифта ҳикоя мекунад. «Қаҳрамонони ақибгоҳ» дар асл ҳеҷ арзише надоштаанд. Дар сурате ки зани муштипари тоҷик аз доми фиреб нараҳида, хону молашро ба дурӯғгӯёни сиёсӣ ва фронт бахшиданд. Маблағ барои бунёди танку тӯп, колоннаҳои танкӣ, тайёраҳо, аслиҳа ва либосу маҳсулоти ғизоӣ аз мардум ҷамъ оварда мешуд. Дар бисёр навиштаҳои муҳаққиқони тоҷик ин паҳлӯи масъала аз назарҳо афтида. Муаллифи сатрҳо қисмати афзуни рӯзномаҳои ноҳиявӣ «Болшевики Ховалинг», «Коммунисти Шӯробод», «Байрақи Коммунизм» (ноҳияи Арал), «Бо Роҳи Ленин» (Данғара), «Болшевики Кангурт», «Коммунисти Мӯъминобод»,

«Пахтачӣ» ва «Коммунисти Фархор», «Сарҳадчиёни Сурх» (Даштиҷум), «Ҳаёти колхозӣ» (Сари Хосор), «Ҳақиқати Кӯлоб» (вилояти Кӯлоб), «Ҳосил Учун» (Темурмалик)-ро варақ гардондаам. Асноди фаровоне дар боби қаҳрамонию бахшишҳои заҳматкашони тоҷик дар саҳифаҳои рӯзномаҳо ҷой доранд. Барои мисол «Колхозчиён ва колхозчизанони ноҳияи Данғара ба фонди Армияи Сурх 5500 кило ғалла, 31 ҳайвони калон, 17 ҳазор сӯм доданд». «Колхозчиёни совети қишлоқи Ленин (Қизил Мазор) барои сохтани колонаи танкӣ 152 970 сӯм ҷудо карданд». (ҲҚ 25.03.1944). «Колхозчиёни совети қишлоқи Кунғара (Даштиҷум) барои Эскадрилияи самолётҳои ҷангӣ 244791 сӯм доданд». Аз рӯйи ахбори рӯзномаи «Пахтачӣ» сокинони ноҳияи Фархор барои фронт беш аз сад гову гӯсфанд, пул, маҳсулот ва 2 мошини боркаш, 1 мотосикл, ароба, 10 лаҷом, 4 зин, 12 нӯхта, чанд мӯза доданд. Самари боғоти Тоҷикистон ба фронт фиристода мешуд. Тоҷикистонӣ на танҳо ба фронт, балки ба сокинони аз блокада раҳидаи Ленинград ва коргарони шаҳрҳои Маскав ва минтақаҳои озодшудаи Киеву Минск маҳсулот ҷамъ меовард. Ғалаба бар фа-

шизм кори умумихалқӣ буда, ҳар барзгари тоҷик дар он саҳм дошт. Мувофиқи ахбори «Болшевики Ховалинг» дар як рӯз совети қишлоқи Ховалинг 75 гӯсфанд, 5 асп, 30 гов, 3,5 кило нуқра, совети қишлоқи Дмитров 7 гов, 5 гӯсфанд, 3 хук, колхози ба номи Сталин 5 сентнер шолӣ, 16 сентнер гандум, 22 гӯсфанд, 8 гов, 5 буз, дар баробари ин ҳама сокинони Ховалинг 5,5 кило нуқра, 5 кило тилло ва ороишоти зарринаю симина ба хазинаи фронт фиристоданд. Мувофиқи маълумоти К. Абдулов, танҳо аз пули сокини деҳаи Лангари ноҳияи Мастчоҳ Холмаҳмад Шоев як танк сохта шуд. Ин ҷо ахбор аз сиёсати дурӯғофари ҲК ба хотири ҳангома оростан гувоҳи медиҳад. Яқин аст, ки маблағи аҳолиро бо номи як нафар қаламдод кардаанд. Вале санади ҷамъи маблағ муҳим аст. Наметавон номгӯи ҳамаи маҳсулот ва маблағро, ки ба фронт фиристода шудаанд, зикр кард. Тибқи маълумот метавон натиҷа гирифт, ки самари дастранҷи кишвар эшелонҳои зиёдро ташкил медод, ки пайваста дар равуо буданд. Ҳатто занҳо ороишоти заррини ба меросгирифтаро, ки аз намунаи баланди заркорию заркӯбӣ иборат буданд, ба хазина месупориданд. Вале имрӯз ин ҳама фаромӯш шудаанд. Ҷонибек АСРОРИЁН

Кашшоф Бердиев Ӯ дар баробари собиқадорони ҷанги дигар давлатҳо 9 май дар майдони Кремл қадам хоҳад зад - Сержант Аҳмад Бердиев, тайёрӣ бинед, мо имшаб фиристодагони Тоҷикистонро истиқбол мегирем, - даст ба китфи ӯ гузошта гуфт ӯ. – Гурӯҳи калони ҳунармандон омадаанд. Рақсу сурудҳои тоҷикӣ мешунавем. Базм се соат идома ёфт. Аҳмад баъди дуним сол дурӣ аз зодгоҳ бори нахуст таронаҳои тоҷикиро шунид. - Мутаассифона, номҳои ҳунармандон дар хотирам намондааст, - он рӯзҳоро ба ёд меорад бобои Аҳмад Бердиев. - Онҳо бо чандин забон ҳунарнамоӣ карданд. Мо ҷанговарон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, субҳ хати сарҳади Лаҳистонро убур кардем ва баъди гузариши мо садои ғул-ғулаафкани катюша баланд шуду оташ болои душман рехт... Аҳмад Бердиев ба ҳайси командири рота дар озодкунии Лаҳистон, Маҷористон, Чехия ва Австрия қаҳрамонӣ нишон дод. Сари синаашро орденҳои Ҷанги Бузурги Ватании дараҷаи 2, Байрақи сурхи ҷангӣ, медалҳои бешумор ба поси хотири озодкунии чандин шаҳрҳои Аврупо зиннат медиҳад. Ҷангкунон то Берлин расид ва шаҳди ғалабаро 9 майи соли 1945 дар ин ҷо чашид. Ба ҳайси ҷанговари ҷасуру далер, донандаи асрори кашшофӣ (разведка) то соли 1948 дар яке аз қисмҳои низомии шӯравӣ дар Маҷористон хизматро давом дод. Соли 1948 баъди ихтисори қисмҳои низомӣ дар Аврупо командири дастаи махсус, сержанти калон Аҳмад Бердиев ба ақибгоҳ ҷавоб дода шуд. Ҳамон сол бо сари баланд ба ноҳияи Файзобод баргашт ва то соли 1980, яъне, то

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9392), 7 МАЙИ СОЛИ 2015

синни нафақа дар идораи санитарию эпидемиологии ноҳия фаъолияти босамар дошт. Синну соли бобои Аҳмад Бердиев ба 94 расидааст. Соҳиби даҳҳо набераю абераҳост. Бо вуҷуди заъфи пирӣ зиндадил аст. Ҳангоми суҳбат бобои Аҳмад ҳатман аз роҳи ҷангиаш қиссаҳо мекунад. Саргузашташ басо ҳам ибратомӯз аст. Шукри даврони соҳибистиқлолӣ дорад, ғамхориҳои ҳукуматро ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мояи ифтихор медонад. - Мо барои фардои Ватан ва зиндагии босаодати имрӯзаамон размидем, мегӯяд бобои Аҳмад. – Мехоҳам сайёра аз ҷангу ҷидол эмин бошад, Тоҷикистон дар қатори кишварҳои пешрафта бошаду моро ҷаҳониён бештар шиносанд. - Афсӯс мехӯрам, - иброз менамояд бобои Аҳмад, - ҷавонону духтарони мо фирефтаи нобакорон шуда, ба ҷанги Сурия рафта, ҷони худро аз даст медиҳанд. Ба ҷавонону духтарони мо чӣ намерасад? Магар онҳо падару модар надоранд, ки шаъну шарафи падару модар, миллату кишварро паст мезананд? Ба муносибати 70-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯро ба шаҳри Маскави Федератсяи Русия даъват намуданд. Чун намояндаи Тоҷикистон қатори дигар сарбозони собиқадори собиқ шӯравӣ дар гузашти низомӣ, бахшида Рӯзи Ғалаба қадам хоҳад зад. Ҳокими САФАР

9


БА ИФТИХОРИ 70-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ Чанде пеш ба истиқболи 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) дар Федератсияи Русия рӯзҳои рахнаи муҳосираи Сталинград ва наҷоти маҳбусони конслагери Освенсим қайд гардид. Мутаассифона, имрӯз дар баъзе аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА нақши ҳалкунанда бозидани артиши шӯравиро дар ҶБВ ба қадри шоиста эътироф намекунанд. Ба ин монанд, дар Ҷумҳурии Украина, саҳми артиши шӯравӣ, хусусан, аскарони русро дар озодкунии диёрашон нодида мегиранд, ки он замон дар ҳайати ИҶШС буд. Дар Федератсияи Русия баъзе сиёсатмадорон ва ҳизбҳои сиёсӣ иштироки халқҳои гуногунмиллати шӯравӣ, бахусус, тоҷиконро дар ҳимоя ва озодкунии сарзамини паҳноварашон аз истилогарони немис, қариб ки ёдовар намешаванд. Ҳол он ки дар ҶБВ шаҳрвандони Тоҷикистон, чун дигар халқҳои ҷумҳуриҳои бародарӣ фаъолона иштирок доштанд. Танҳо аз ноҳияи Балҷувон, се нафар барои корнамоиҳои ҷангӣ ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гаштаанд. Саидқул Тӯрдиев то саршавии ҷанг вакили Шӯрои Олии ИҶШС, ҷонишини комиссари халқӣ оид ба замини ҷумҳурӣ буд. Вай дар муҳорибаҳои шадиди Ҷумҳурии Украина қаҳрамониҳо нишон додааст. Вазифаи қисми онҳо фавран ба он тарафи дарёи Днепр гузаштан ва ишғоли майдончаи ҳарбӣ буд. Душман ба ин роҳ намедод. Онҳо қисми ҳарбиро зуд-зуд тирборон мекарданд. Таҳти роҳбарии оқилонаи лейтенант С. Тӯрдиев имконият фароҳам омад, ки аскарони сурх ба ҳамлаи ҷавобӣ гузаранд. Ҷанги рӯ ба рӯ чанд соат давом ёфт. Рақиб талафоти зиёд дод. Сафи ҷанговарони қисм ҳам кам шуд. Командири баталён ҳалок гардид. С. Тӯрдиев фармондеҳиро ба зимма гирифт. Ҳамлаи навбатии танку пиёдааскарон аз нав афзуд. Фурсати фикру андеша набуд. Ӯ қисми боқимондаи баталёнро бо нидоҳои ватандӯстона ба ҳуҷум бархезонд. Душман роҳи гурез пеш гирифт. Дар задухӯрд С. Тӯрдиев ҳалок гашт. Барои ин диловариаш дар майдони ҷанг баъди маргаш ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд. Сержанти калони гвардия Сафар Амиршоев ҳангоми озодкунии шаҳрҳои Ҷумҳурии Литва дар назди шаҳраки Жежмарӣ диловарӣ нишон додааст. Дар ин ҷо гитлерчиён ба муқобили қисми ҳарбии онҳо 17 танк ва яроқҳои зиёди худгард равона сохтанд. С. Амиршоев бо яроқҳои милаш 122-миллиметра душманро пешвоз гирифт. Замин аз таркиши снаряду

10

минаҳо ба ларза даромада, фазо аз дуду оташ тира гашт. Танкҳои душман пайи ҳам оташ гирифта, аз саф мебаромаданд, адӯ девонавор пеш меомад. Ҳамяроқони зиёди С. Амиршоев ба ҳалокат расиданд. Қобилияти ҷангиашон суст гардид. Пас аз чанде ӯ ҳам ярадор гашт. Роҳи дигар набуд. Вақтро ғанимат дониста, ҷанговар охирон қувваи ҷисми хуншоргаштаашро ҷамъ карда, боз як мошинаи ҷангии душманро аз кор баровард. С. Амиршоев ба ҳалокат расид, аммо тавонист ҳуҷуми фашистонро боздорад. Баъдтар, барои ин корнамоӣ ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд. Оромгоҳи С. Амиршоев дар Ҷумҳурии Литва ҷойгир аст. Исмат Шарифов дар ҶБВ

ин макон, адиби ҷангноманавис Раҳмон Сафар дар замони худ давом додааст. Номбурда хатмкардаи донишгоҳи ҳарбии афсарӣ буд. Дар сафи низомиён то рутбаи майор хизмат карда, ба истеъфо баромад. Р. Сафар ҳангоми хизмати ҳарбӣ дар навиштани хабару мақола ва лавҳаю очеркҳо аз ҳаёти ҷанговарони тоҷик қувваозмоӣ мекард. Ҳукумати ҷумҳурӣ ӯро барои ба корҳои таълиму тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон машғул шудан ва дар матбуот инъикос кардани корнамоиҳои ҷангии фиристодагони Тоҷикистон дар ҶБВ аз фронт ба ақибгоҳ бозхонд. Марти соли 1988 Р. Сафар бо собиқ сарфармондеҳи округи ҳарбии Осиёи Миёна Н. Г. Ляшенко вохӯрд. Зимни сӯҳбат генерал аз котибо-

кард. Чун навбат ба Қаҳармони Иттифоқи Советӣ С. Амиршоев расид, мӯйсафеде аз байни ҳозирин ба мардум мегӯяд: “Ин мардак шуморо фиреб медиҳад. Ин суратҳои Сафар нест. Ман ӯро нағз мешиносам. Сафар ҳамсояи наздикам буд. Ман худам ӯро ба ҷанг гусел кардам”. Мӯйсафед ҳамон шаб, ҳатто ба хобаш даромада, ӯро барои дурӯғгӯӣ муттаҳам мекард. Ҳамин суханони талх, вале ҳақиқатнигоронаи ин ду нафар, ӯро ба номус овард. Ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятнокӣ дар дилаш туғён кард. Азм намуд, ки ҳатман сарнавишти чанд ҷанговари дигари тоҷикро мавриди омӯзиш қарор диҳад. Ҳамин тавр, тирамоҳи ҳамон

надошт. Назди чанд шиносаш қарзпурсӣ рафту аз чанд роҳбари бонуфуз мадад хост. Касе ба додаш нарасид. Чӣ бояд кард? Охирин бойигарӣ ва ифтихори хонадон гарнитури хориҷиаш ба ёдаш расид. Зану кӯдаконашро бо ҳиллае ба тамошо фиристоду гарнитурро ба савдо баровард. Зани вафодораш ба ҳама кору кирдори ӯ тоқат мекард. Ҳамаи бойигариҳои сарфгашта дар назди фаъолияти серхароҷоти ҷӯяндагӣ ва эҷодии ӯ қатрае аз баҳр буд. Р. Сафар барои пешравии кор дар мусофират боз дар ҳолатҳои ноумедӣ ва ногувор дармемонд. Аз ночорӣ дар истгоҳҳои роҳи оҳани шаҳрҳои калон ба муздурӣ машғул гашт. Рӯзона дар архивҳо саҳифаҳои зиёди зардшударо варақ мезаду шаб

ни аввали КМ ПК Тоҷикистон – Б. Ғафуров ва Ҷ. Расулов ёдовар шуда, мегӯяд, ки онҳо дар солҳои баъдиҷангӣ ҳам борҳо истеъфои адиби ҷангноманависро аз ӯ хоҳиш кардаанд, то ки ӯ ба омӯзиши сарнавишти қаҳармонони ҷанг аз Тоҷикистон ҷиддан машғул шавад. Барои ба ин кор машғул шудани ӯ ду воқеа боис гардид. Боре тақдир ӯро бо нахустин Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ – ҳавонавард Ляпедевский рӯ ба рӯ кард. Қаҳрамон аз сарнавишти ҷанговарони тоҷик пурсон шуд. Р. Сафар бо номбар кардани се-чор ҷанговари диловар музтар монд. Номбурда, ки шоҳиди қаҳрамониҳои зиёди тоҷикбачаҳо будааст, ӯро барои надонистан ва фаромӯш кардани корнамоиҳои ҷангии ҳамдиёрон сарзаниш кард. Баъди чанд моҳи ин воқеа Р. Сафар як гурӯҳ даъватшавандаҳои пойтахтро дар Боғи марказӣ гирд оварда, ба онҳо аз қаҳрамониҳои фарзандони тоҷик нақл ме-

сол дар ҳаёти Р. Сафар гардиши куллӣ рӯй дод. Қиссаву ҷангноманависиаш аз ҳамон вақт оғоз гашт. Ҳар сол ҳини рухсатии меҳнатӣ 30-40 рӯз дар архивҳои ҳарбӣ вақт мегузаронд. Дувоздаҳ сол бо ҳамин тарз сипарӣ гашт. Баъди анҷоми мӯҳлати хидмати афсарӣ низ фаъолияти ҷӯяндагиашро идома дода, тақдирашро ба сарнавишти ҳазорон шаҳидони ҶБВ пайваст. Дар тӯли бисту панҷ соли хидмати ҳарбӣ гуфтор ва коргузорӣ дар сафи низомиён ба забони русӣ ҷараён дошт. Бинобар ин, бо забони тоҷикӣ ба навиштани қиссаҳои ҷангӣ камар бастани ӯ мушкил буд. Душвории дигар, дар масъалаи омӯзиш, таҳқиқ, ҷамъоварии мавод ва сафарҳои эҷодӣ буд. Чунки доираи ин фаъолият масоҳати ҷуғрофии хеле калонро дар бар мегирифт. Масалан, барои навиштани қисмати ҷангии С. Амиршоев ба ӯ лозим омад, ки бисёр архивҳои ҳарбиро аз назар гузаронад. Ба садҳо шаҳру деҳаҳо сафар карда, бо ҳазорон нафар вохӯрад. Ҳангоми дар архивҳои шаҳрҳои бегона кор кардан борҳо шудааст, ки рӯзона бо як коса карамшӯрбо ва ду бурида нон қаноат мекард. Барои шабро рӯз кардан дар меҳмонхонаҳои арзонтарин ҷой мегирифт. Баъзан дар паноҳгоҳи амонатие шинелашро ба рӯяш кашида, мехобид. Вақтҳои аз як шаҳр ба шаҳри дигар рафтан пулаш тамом мешуд. Ӯ бо зораву нола дили кормандони роҳи оҳанро ёфта, дар поезди боркаш сафар менамуд. Боре дар шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина аз ночорӣ костюми нави саду чилсӯмаашро ба бист сӯм фурӯхт. Ба ҳамин монанд ӯ барои ризқу рӯзӣ, роҳпулӣ ва идомаи кор дар мусофират, чанд соати дастии қиматбаҳояшро бо пули ночиз фурухтааст. Ҳамин хел, барои ба ҳадаф расидан тамоми захираи зиндагӣ ва пасандози бисту панҷсолааш сарф шуд. Ҳеҷ фаромӯш намекунад, ки барои анҷоми таҳқиқи сарнавишти С. Тӯрдиев ва Д. Азизов ёфтани ҳуҷҷатҳои башумор монда буд. Барои сарфи навбатӣ роҳпулӣ

барои ёфтани маблағ аз вагонҳо бор холӣ мекард. Ҳамин тавр, бо ранҷу азоб солҳои 1973-1985 дар нашриёти “Ирфон” китобҳояш дар бораи корнамоиҳои ҷангии Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ – С. Амиршоев, Д. Азизов ва С. Тӯрдиев бо номҳои “Сафар Амиршоев”, “Фарзанди диёри ман” ва “Қаҳрамони Вахш ва Днепр” ба табъ расиданд. Ин барояш оғози кор буд. Вай дар ин ҷода ҷадвали кори эҷодӣ – ченакро боз баландтар гузошт. Мехост дар бораи муайян кардани роҳи ҷангии ҳамаи сарбозони тоҷик рисола нависад. Аз қисмати қариб 50 ҳазор ҷанговари тоҷик маълумот ғундошт. Нисфи зиёди хонаи чорҳуҷрагиашро ҷузвдони ҳуҷҷат ва санадҳои алоҳидаи ҳар як ҷанговари далери тоҷик ташкил медод. Рисолаи гуфтааш баъдтар силсилакитоби “Ҳазору як корнома” ном гирифт. Китоби нахустини он сарнавишти ҳазору панҷсад ҷанговари тоҷикро дар бар гирифта, соли 1995 аз тарафи Сарредаксияи илмии Энсклопедияи Тоҷикистон ба нашр расид. Солҳои 2000-2005 ҷилдҳои дуюм ва сеюми он нашр шуд. Соли 2010 ба муносибати 65-солагии ғалаба боз як китоби “Ҳазору як корнома” аз тарафи нишриёти мазкур пешкаши хонандагон гардид. Он солҳо, ба гуфтаи муаллиф, силсилакитоби “Ҳазору як корнома” зиёда аз 10 ҷилдро бояд дар бар мегирифт. Мутаассифона, умр вафо накард. Р. Сафар ба хотири халқу миллат, кори як Пажӯҳишгоҳи калони тадқиқотиро, ки дар ҷумҳуриҳои дигари иттифоқӣ 20-30 корманди кироӣ ё моҳонагир иҷро мекунанд, бар уҳда гирифта буд. Ин намунаи беҳтарини қаҳрамонист. Бинобар ин, пешниҳод мешавад, ки ба ифтихори ҷашни 70-солагии Ғалабаи бузург корҳои эҷодии Р. Сафар ба таъб расонида шуда, хизматҳои софдилонаи ба нафъи ҷомеа қадрдонӣ гарданд.

Диловарони Балҷувон САФАР АМИРШОЕВ

ҳамчун кашшофи диловару шинохта буд. Дар шаҳри Умани Ҷумҳурии Украина, ҳангоми амалиёт як афсари немисро асир мегирад. Баъдтар, дар муҳорибаҳои назди деҳаҳои хурди ин мавзеъ се автомашинаи пур аз лавозимоти ҷангии душманро муҳосира карда, дар задухурд бо гурӯҳи калони онҳо ғолиб меояд. И. Шарифов дар роҳи минбаъдаи ҷангӣ яке аз аввалинҳо шуда, бо взводи худ дарёи Днестрро ба воситаи киштиҳои дастӣ сохташуда мегузарад. Вай майдони ҳарбии аз немисҳо озодкардаашро муҳофизат карда, барои аз дарё гузаштани қисми омадаистода ёрӣ мерасонад. Ӯ 6 марти соли 1945 ҳангоми задухурд дар Ҷумҳурии Латвия ҳалок мегардад. И. Шарифов барои диловарӣ ва шуҷоаташ бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз шудааст. Корнамоӣ, иқдоми озодихоҳӣ, инсонпарварӣ ва ватандӯстонаи ин қаҳрамононро зодаи дигари

Ҷумъа ШАРИФ, ноҳияи Темурмалик

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9392), 7 МАЙИ СОЛИ 2015


ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ Мӯйсафед қад-қади дарёча зам-замакунон ба киштгоҳи худ равон буд. Одати деринааш ҳамин аст. Ҳар субҳ аввал ба сари замин мераваду бо оби мусаффои рӯди кӯҳӣ ва себаргаҳои тару тозаю навхези канори ҷӯйборон дарди дил мегӯяд. Ба қавли худи ӯ, аз сабзаю себаргаҳо, долу дарахтон ва ниҳоятан, мавҷҳои сарро ба соҳилзанандаи рӯди кӯҳӣ дида, касе беҳтару хубтар рози дили ӯро намешунавад. Роз мегӯяд бо табиати афсункору нотакрори зодгоҳаш.

модар ва меҳру навозишҳои онҳо тифлиаш ноаён паси сар шуд. Бехабар буд, ки қисмат чӣ рӯзҳои мудҳишеро ба сари ӯ ва аҳли оилаашу ҳамдиёронаш меорад. Ба гӯшаи хотираш ҳам намегузашт, ки рӯзе мерасаду чун ҷавони навхату болобаланд сӯйи майдони набард гом мениҳад. 22 июни соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд. Бо даъвати Ватан ҳама халқу миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, сокинони Бадахшон ҳам ба мубориза бархостанд. Ҷавонони зиёд бо амри дил ба муҳофизати хоки муқаддаси хеш раҳсипор гардиданд, ки дар қатори онҳо Сафар Сайфов

ҳамяроқонаш корномаҳои зиёди ҷангӣ нишон дод. Вай дар озодкунии бисёр шаҳрҳои Ҷумҳурии Украина, аз ҷумла, Псков ва Могилёв саҳми босазо гузоштааст. Сафар Сайфов дар ҳайати қисми ҳарбиаш то сарҳади Руминия, шаҳри Каменоподолск рафт. Ҳангоми озодкунии ин шаҳр ба дасташ тир расида, ӯро аз қатор баровард. Азбаски ҷароҳаташ хеле вазнин буд, ӯро ба беморхонаи ҳарбии шаҳри Киев фиристоданд. Ин воқеа 22 феврали соли 1945 рух дод. Дар бемористон зиёда аз ду моҳ табобат гирифт. Сипас, ба беморхонаи ҳарбии шаҳри Железноводск фиристода шуд. Аз-

дар собиқ калхози Гарчашма фаъолият намуд. Гарчанде иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сафар Сайфов беш аз 90 сол дошта бошад ҳам, вале ҳанӯз ҳам бардаму боқувват асту мунтазам байни толибилмони макотиби ноҳияи Ишкошим баромад намуда, дар тарбияи маънавии онҳо саҳм мегузорад.

Инак, боз мӯйсафед аз хона баромаду қад-қади дарёчаи шӯхи кӯҳӣ ба сари замин, ба ҷойи худ раҳсипор шуд. Ғарқи фикру андешаҳои мағшуш ба қароргоҳ расиданашро нафаҳмид. Фикру хаёл ӯро ба олами мозӣ бурд. Гузаштаи начандон дури рӯзгор пеши назараш ҷилвагар шуд. Айёми ҷавониашро пеши рӯ овард... Дар оғӯши гарми падару

ҳам буд. Дар синни 19 ба сафи Артиши Шуравӣ даъват шуд. Баъд аз гузаштани машғулиятҳои тайёрии ҳарбӣ ҳамчун аскари қатории тирандоз ба баталёни танкӣ дар ҳайати фронти якуми Украина, ки ба он генерал Н.Ф. Ватутин фармондеҳӣ мекард, шомил шуд. Дар майдони ҷанг бо душман рӯ ба рӯ мубориза бурда, дар баробари

баски Сафар-амак ҷароҳати вазнинро аз сар гузаронда буд, ба вай ба мӯҳлати 6 моҳ рухсатӣ доданд. Се моҳи рухсатии ҳарбиаш паси сар шуда буд, ки ҷанг бо ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом ёфт. Ӯ низ шаҳди ғалабаро, ки худ дар он саҳми арзанда гузошта буд, чашид. Пас аз саломатиашро барқарор кардан, Сафар Сайфов ба зодгоҳ баргашта,

Хизматҳои ҷангию меҳнатии марди рӯзгордида ва накуном Сафар Сайфов бо ордени “Шараф” дараҷаи як, 10 медал ва мукофоти пулию молӣ қадр гардидааст. Алҳол ин марди арсаи корзор дар сояи давлати фарзандонаш айёми пирӣ гузаронда, роҳнамою гули сари сабади деҳотиён аст.

Чунин номгузорӣ шудааст, китоби нави Султон Мирзошоев, арбоби давлатӣ, адиб, публитсист, ки ба хотираи муқаддаси ҳамватанон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ алайҳи истилогарони фашистии немис барои озодию саодати Ватан ҷангидаанд. Он ба истиқболи 70-солагии ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва иттифоқчиёнаш дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ба табъ расидааст. Китоб аз муқаддима ва се қисм иборат буда, маҳсули фикри нафарест, ки соли аввали ҷанг нуҳ сол дошт. Мағлубияту ғалабаҳои ҷангии сарбозонро ба қадри афзоиши синну сол эҳсос намудаю ду амакаш: Холмаҳмаду Муродалӣ ва язнааш Қувват аз набард маъюб баргаштанд... Хуллас, ин мавзӯъ ҳамеша бо ӯ буду ҳаст. Муаллиф барои нашри китоб, ки барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст, расман ба дӯсту ҳамсабақи солҳои донишҷӯиаш дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Бобо Ҳасанов, ки алҳол дар вилояти Маскави Федератсияи Русия бо аҳли байташ иқомат дорад ва Ёқуб Исмоилзода, директори Комплекси табъу нашри “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ изҳори сипос кардааст. “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”

22 июни соли 1941 соати 4-и субҳ ҶБВ оғоз шуд, ки он 1418 шабонарӯз давом кард. Дар рӯзи аввали ҷанг фашистон 1200 тайёраи шӯравиро несту нобуд карданд, ки 800-тояш дар аэродром воқеъ буд. Ҳангоми Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ИҶШС қариб 870 ҳазор техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла, 120 ҳазор тайёра, 90 ҳазор танк, 300 ҳазор миномёт истеҳсол шуд. Дар набардҳои ҷангӣ он солҳо 34 476 700 хизматчии ҳарбии шӯравӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла, ба артиш ва флот 490 ҳазор зан низ даъват шудаанд. Дар натиҷаи ҷанг 13,7 миллион аҳолии осоишта ба ҳалокат расид.

Родмарде аз Бадахшон

“Сталин, Рузвелт, Черчилл ва Ҷанги дуюми ҷаҳон”

ҶБВ ДАР РАҚАМҲО

Дар солҳои ҷанг дар ИҶШС 1710 шаҳр, беш аз 70 ҳазор деҳа, 32 ҳазор заводу фабрика вайрон шуда, 98 ҳазор колхоз ва 2890 нуқтаи техникӣ ғорат шуданд. Зарари умумии он 128 миллиард доллар буд. Инчунин, зарари Ҷанги дуюми ҷаҳон барои Фаронса 21 миллиард доллар ва барои Лаҳистон 20 миллиард долларро ташкил дод. Беш аз 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷанг сафарбар шуда, диловарона дар майдони набард мубориза бурданд. То 20 ноябри соли 1941 5857 аризаи ихтиёрии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Армияи Сурх ворид шуда буд. Ҳар нафари панҷуми ҷанговар дар ҶБВ бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шудааст. Унвони Қаҳрамони Иттиифоқи Советиро 11 681 нафар соҳиб шудаанд. Фароҳамсоз Насрулло ТӮЙЧИЗОДА

К. ШАРИФЗОДА, “ҶТ”

Сафар Айюбзодаи МАҲЗУН

Афсарон Чашми шабзиндадори Ватан, Шавкату эътибори Ватан, Шӯҳрату ифтихори Ватан, Аз шумост иқтидори Ватан, Афсарон! Афсарон! Афсарон! То бимонад Ватан дар амон, Чашми бад раҳ наёбад дар он. Шаъни мо то набинад зиён, Дар гарав мегузоред ҷон, Афсарон! Афсарон! Афсарон! Ҳифзгар орро, нангро, Тоҷи тоҷику аврангро, Исмати илму фарҳангро, Шеъру оҳангу аржангро, Афсарон! Афсарон! Афсарон!

Суруди модарон

Дар ҷашни афсарон

Модар, ки зи нанги туст ҷоносуда, Эй гурди Ватан, бимон, бимон осуда. Модар Ватан асту мо дар он осуда, Осуда бидор модарон осуда.

Эй ҷону ҷигар, Арзандаписар. Эй пораи дил, Эй нури басар.

Эй ҷону ҷигар, Арзандаписар. Эй пораи дил, Эй нури басар.

Сарбози Ватан, Ватаннигаҳбони азиз, Хоҳӣ ба Ватан фидо кунӣ ҷони азиз. Бигзор фақат бананг фарзанд бувад Арзандаи меҳри Тоҷикистони азиз.

Эй гурди Ватан, ки ори модар бошӣ, Номӯснигоҳдори модар бошӣ. Дар горди Ватан, ки нанги мо ҳифз кунад, Мекӯш, ки ифтихори модар бошӣ.

Эй ҷону ҷигар, Арзандаписар. Эй пораи дил, Эй нури басар.

Эй ҷону ҷигар, Арзандаписар. Эй пораи дил, Эй нури басар.

Гар як ваҷаби замини кишвар сӯзад, Пеш аз ҳама марзи ҷони модар сӯзад. Фарзанди азиз, сӯхтан бас бошад, Як хори Ватан намон, ки дигар сӯзад!

Фарзанди баор пешвои Ватан аст, Бонанг, ки ҳаст, ҷонфидои Ватан аст. Аз сидқ ба горди пешво хизмат кун, Созандаи нур худ зиёи Ватан аст.

Эй ҷону ҷигар, Арзандаписар. Эй пораи дил, Эй нури басар.

Бо шумо ҳаст сулҳу субот, Дӯстӣ, эътиқод, иттиҳод. Аз шумо халқ хурсанду шод, Нангу номӯсатон зинда бод! Афсарон! Афсарон! Афсарон!

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9392), 7 МАЙИ СОЛИ 2015

11


ВАРЗИШ

«Хуҷанд» нобарории «Регар»-ро истифода кард 2 май чор бозии даври чоруми Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ доир гардиданд. Бозии марказии давр дар бозингари дигари “Хуҷанд” Дилшод варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Бозоров ду гол зад. Дар дақиқаҳои Турсунзода миёни дастаҳои “Ре- иловагӣ бозингари “Равшан” Саидагар-ТадАЗ” ва “Хайр” баргузор шуд. мири Саидаҳмад тавонист як гол ба Мухлисон шоҳиди 4 гол аз ҷониби ҳадаф расонад. ҳар ду даста шуданд. Ҳисобро дар Дар Истаравшан “Даледақиқаи 20 нимҳимоятгари мизбонон рон-Уротеппа” дастаи “Вахш”-и Комрон Турсунов кушод. Дар оғози Қӯрғонтеппаро қабул кард. Ба голи қисми дуюм Меҳроҷиддин Музаф- ҳамлагари мизбонон Соломон Течӣ фаров ҳисобро баробар кард – 1:1. дар дақиқаи 33, Муҳаммадҷони Ҳасан Дар дақиқаи 58 Комил Саидов боз ҷавоб гардонд. “Регар-ТадАЗ”-ро ба пеш баровард. “Барқи тоҷик” бар дастаи Аммо мизбонон натавонистанд бо “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо чунин ҳисоб бозиро хотима диҳанд. ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро 13 дақиқа то анҷоми бозӣ легионери Муҳаммад Гулипур зад. Легионери ганагии “Хайр” Наполеон Андох голи эронӣ дар Ҷемпионати мамлакат мусеюми ин мавсимашро зад. Бо ҳамин, аллифи тезтарин гол дониста шуд. Ӯ ғолиби бозӣ муайян нашуд – 2:2. голашро бар муқобили “Парвоз” дар Нобарории “Регар-ТадАЗ”-ро да- 24-ум сония ба ҳадаф расонд. стаи “Хуҷанд” бар нафъи худ истиБозии охирини давр 4 май доир фода карда, ба ҷои дуюми ҷадвали гашт, ки “Истиқлол” бар тими КМВА мусобиқа баромад. Ин даста дар “Помир” бо ҳисоби 5:1 ғалаба кард. меҳмонӣ бар дастаи “Равшан”-и Қаҳрамони бозӣ Манучеҳр Ҷалилов Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. дониста шуд. Ӯ ба дарвозаи ҳариф 4 Тарбиятгирифтаи мактаби футболи гол зад. Як голи дигари “Истиқлол”Кӯлоб Ҳасан Рустамов, ки ин мавсим ро капитани даста Дилшод Восиев дар “Хуҷанд” бозӣ дорад, дар дақиқаи ба ҳадаф расонд. Голи артишиҳоро 23 ҳисобро кушод. Дар қисми дуюм Давронҷон Тухтасунов зад. МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚА

ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10

ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) “Хайр” (Ваҳдат) “Вахш” (Қӯрғонтеппа) “Далерон” (Истаравшан) “Равшан” (Кӯлоб) “Барқи тоҷик” (Душанбе) КМВА “Помир” (Душанбе) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров)

Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Наполеон АНДОХ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Комил САИДОВ («РегарТадАЗ»), Блед РОДРИГЕС, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

Б 4 4 4 4 4 3 4 3 4 4

Ғ 4 3 2 2 1 1 1 1 0 0

М 0 0 2 1 2 1 1 0 1 0

Б 0 1 0 1 1 1 2 2 3 4

Т/Т 20/1 7/3 7/5 6/6 2/2 5/3 5/7 1/6 1/8 0/13

Х 12 9 8 7 5 4 4 3 1 0

Дар даври панҷум 8 май «Истиқлол» — «Равшан», 9 май «Хайр» — «Барқи тоҷик», «Вахш» — «Регар-ТадАЗ», «Хуҷанд» — «Далерон-Уротеппа» ва 10 май «Парвоз» — КМВА «Помир» вомехӯранд.

Медали нуқраи Хуршед дар Ҷоми Аврупо Дастаи мунтахаби дзюдои кишвар дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-200, ки 2-3 май дар шаҳри Берлини Олмон баргузор шуд, соҳиби медали нуқра гардид. Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило пас аз се ғалаба бар Марио Гентнер (Олмон), Энеҷ Мариник (Словения) ва Кемал Каитов (Русия) ба финал баромад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Инал Тасоеви русиягӣ шикаст хӯрд ва бо медали нуқра мукофотонида шуд. Ба Хуршед Маҷидов сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов, ки дар ин мусобиқа ба варзишгарони тоҷик мухлисӣ кард, тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуд. Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, ба ҳайати

дуюм аз Ион Минайлов (Молдова) мағлуб гашта, аз идомаи мубориза маҳрум гашт. Дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни кадетҳо дар Олмон 661 варзишгар (370 писар ва 21 духтар) аз 37 кишвар иштирок доштанд. Дар ҳисоби даставӣ тими мунтахаби Русия бо 24 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 14 биринҷӣ) ғолиб шуд. Ҷопон (5-0-2) ҷойи дуюм ва Бразилия (2-1-2) ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва як ҷойи ҳафтум мақоми 9-умро сазовор шуд.

Ба корти тенниси калон кӯдакон низ мебароянд

Душанбе – ғолиби мусобиқаи гӯштини озод 1-3 май дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни ҷавонони соли таваллудашон 1995-1997 баргузор гардид. Дар мусобиқа 3 даста аз вилояти Хатлон, 3 даста аз шаҳри Душанбе, 2 даста аз ВМКБ, 1 даста аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, 3 даста аз вилояти Суғд ва ҷоизадорони бозиҳои байналмилалӣ, ҷамъ 135 варзишгар иштирок намуданд. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар мусобиқа варзишгарони шаҳри Душанбе маҳорати хуб нишон дода, сазовори ҷои аввал гардиданд. Варзишгарони вилояти Суғд ҷои дуюм ва варзишгарони вилояти Хатлон мақоми сеюмро ишғол намуданд.

12

тими мунтахаби наврасони кишвар се варзишгар шомил буд. Ҷамолиддин Абдуллоев дар вазни -69 кило баъди ду пирӯзӣ бар Амир Даян (Исроил) ва Ноаҳ Ҳеид (Швейтсария), дар даври баъдӣ аз Давид Абдуллоев (Русия) мағлуб гашт. Баъдан Мишел Мишелскии лаҳистониро шикаст дод, вале барои ҷойи сеюм аз Янник Ван Дер Колк (Ҳолланд) шикаст хӯрда, соҳиби мақоми ҳафтум шуд. Паҳлавони дигари кишвар Муҳаммадраҳим Сарахонов (55 кг), ки дар даври аввал бар Александр Бернд Габлери олмонӣ пирӯз шуд, дар даври

Тенниси калон яке аз намудҳои маъмулу дӯстдоштании варзиш аст, ки солҳои охир дар мамлакат мухлисону дӯстдорони зиёд пайдо намудааст. Байни кӯдакону наврасон низ ҳаводорони он кам нестанд. Инро ба инобат гирифта, масъулин мекӯшанд, ки баҳри боз ҳам рушд додани ин намуд чораҳои лозимӣ андешанд. Ин аст, ки 28-30 апрели соли равон бо ибтикори Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба тенниси назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат дар корти тенниси “Тоҷвар”-и шаҳри Душанбе мусобиқаи тенниси калон миёни варзишгарони соли таваллудашон 2004-2008 баргузор гардид. Дар он 40 нафар дастпарвари мактаби мазкур иштирок ва маҳорати баланд нишон доданд. Дар натиҷа, миёни духтарон ба гирифтани се ҷои аввал Рамина Муллоева, Самира Давлатова, Даря Макашина ва байни писарон Марат Низомиддинов, Ашраф Ниёзмуҳаммадов ва Даниел Арутюнян мушарраф шуда, бо диплому раҳматнома ва мукофоти хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. - Чун мусобиқа ба соли 2015 Соли оила бахшида шуд, дар рафти он падару модарони варзишгарон низ иштироки фаъолона доштанд ва барои беҳбуди кор дар оянда таклифу пешниҳодҳои ҷолиб баён доштанд, - гуфт Дилнавоз Баротов, директори Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба тенниси назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ. “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9392), 7 МАЙИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШ

Марҳилаи ниҳоии Спартакиадаи донишҷӯён оғоз ёфт Пас аз ҷамъбасти марҳилаҳои якуму дуюм, дар Корти тенниси шаҳри Душанбе маросими расмии кушодашавии марҳилаи ниҳоии Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бо иштироки 3000 ҷавони варзишгар ва меҳмонону мизбонон баргузор шуд.

Марҷона ОРИФОВА

Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, Вазорати маориф ва илм ширкат варзида, аз дубора эҳё гардидани Спартакиадаи донишҷӯён истиқбол намуданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, аз ҷумла, изҳор дошт: “Мо аз он меболем, ки варзишгарони тоҷик аз рӯзҳои нахусти соҳибистиқлолӣ, бо амри дил ва қарзи виҷдон дар аксар сабқатҳои сатҳашон бонуфузи байналмилалӣ ва Бозиҳои олимпӣ иштирок карда, шараф, обрӯ ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз карда истодаанд”. Марҷона Орифова, донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи технологӣ Муроҷиатномаи иштирокчиёни Спартакиада ба ҷавонони кишварро таҳти шиори “Варзиш - саҳнаи номуси миллат” бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ қироат намуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар марҳилаҳои 1 ва 2-и спартакиада, ки ду моҳ (март ва апрел) давом кард, донишҷӯёни 33 муассисаи таҳсилоти олӣ (ВМКБ - 1 адад, Хатлон - 5 адад, Суғд - 6 адад, Душанбе - 20 адад, Рашт - 1) иштирок намуданд. Марҳилаи ниҳоии спартакиада аз рӯи 10 намуди варзиш (баскетбол (мардону бонувон), волейбол (мардону бонувон), тенниси рӯи миз, гӯштини миллӣ, таэквандо (ВТФ), дзюдо, самбо, варзиши сабук, гӯштини тарзи озод ва бокс) сурат гирифта, то 23 май идома меёбанд. Ғолибон дар тантанаҳои Рӯзи ҷавонон қадрдонӣ хоҳанд шуд. 2-3 май дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ мусобиқа аз рӯи намуди варзиши сабук доир гардид. Дастаи Душанбе-1 (Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон) бо ба даст овардани 38 медал (23 тилло, 12 нуқра, 3 биринҷӣ) сазовори ҷои аввал гардид. Дастаи Суғд, ки 22 медал (3 тилло, 11 нуқра, 8 биринҷӣ) ба даст оварданд, мақоми дуюм, Душанбе-2 бо 19 медал (3 тилло, 5 нуқра, 11 биринҷӣ) ҷои сеюм ва Хатлон бо 6 медал (3 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) ҷои чорумро соҳиб гаштанд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9392), 7 МАЙИ СОЛИ 2015

13


ШЕЪР

“Ҳам арш, ҳам фарш” Бо ин ном ашъори мунтахаби шеъру ҳикояҳои адиби хушзавқу ширинбаён, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Гурез Сафар чанде пеш дастраси хонандагон гардид. Дар он шеъру ҳикояҳои тозаэҷоди шоир ва намунаи нигоштаҳои қаблии ӯ гирдоварӣ шудаанд, ки дар тарбияи ахлоқиву ҷаҳонбинии хонанда нақши амиқ мебозанд. Китоб аз бахшҳои назму наср иборат буда, шоир тавонистааст тавассути ашъори ҳаҷвиаш камбудиву нуқсонҳои ҷомеаро инъикос намояд. Ҳамчунин, шеъру ғазал, дубайтиву рубоиҳои тозаэҷоди шоир дар тарбияи ахлоқӣ, эҳсоси

Ман ватандорам Ман Ватандорам, Ватан дорам, Минбари розу сухан дорам. Бо забони хеш аз минбар Гуфтугӯ дар анҷуман дорам. Кишвари ман, мулки озодӣ, Кишвари ман, мулки ободӣ. Ончунон матбуу зебоӣ, Кишвари боғу чаман дорам. Бар ман аз дунё ту болоӣ, Модари ҷониву яктоӣ. Номи ту гар бар забон гирам, Шаҳду шаккар дар даҳан дорам. Ман Ватан дорам, тавоноям, Аз тафохур сар ба болоям. Баҳри ҳифзаш то нафас боқист, Карда испар ҷону тан дорам. Ман Ватандорам, Ватан дорам, Пуштибоне таҳамтан дорам. Нестам чун ту залилу хор, Мурдаву гӯру кафан дорам. Ман Ватандорам, Ватан дорам!

Нури ваҳдат Хуррам баҳори мо, Пурҷӯш кори мо, Авҷу барори мо Аз нури Ваҳдат аст! Шамъи саодат аст! Гулҳои боғи мо, Ҳар дам фароғи мо, Равшан чароғи мо Аз нури Ваҳдат аст! Шамъи саодат аст! Сулҳу сафои мо, Созу навои мо, Амну бақои мо Аз нури Ваҳдат аст! Шамъи саодат аст! Бозӯи зӯри мо, Бар чашм нури мо, Кайфу ҳузури мо Аз нури Ваҳдат аст! Шамъи саодат аст! Хушранг анҷуман, Зебоии сухан, Ободии Ватан Аз нури Ваҳдат аст! Шамъи саодат аст!

Сулҳи Ватан Дорам Ватане, ки чун гулу гулзор аст, Бар дидаи ман азизу нотакрор аст. Чун ӯ чамани хубу дилоро набувад, Зебои ягонаву қадамбардор аст. Баҳри Ватанам рӯзу шабон мекӯшам, Ободгаре шавам, ба ҷон мекӯшам. Сад ҷон ба яке ишораташ мебахшам, Ҷонбахш чу ман дар Ватанам бисёр аст.

14

ватандӯстӣ, ишқу вафодорӣ ва накукории мардум нақши муҳим мегузоранд. Ашъори ҳаҷвӣ ва силсилаи ҳикояҳои «Лутфи Ашӯр Сафар» хонандаро ба олами поку беолоиш, хандаву сурур ва меҳру дилёбӣ ҳидоят месозад. Кас аз лутфи сухани ин адиби зиндаёд шоду масрур гашта, ба кору зиндагӣ бо дили гарму чашми ибрат менигарад. 1 май дар шаҳри Кӯлоб озмун миёни ади-

Озодаву осуда ба хоки Ватанам, Аз ранҷ ки полуда ба хоки Ватанам. Ҳар ғам, ки ба дил фитад, фано мегардад, Зеро ки Ватан ба ҷони ман ғамхор аст. То ҳаст зи ҷон рамақ, Ватан мегӯям, Андар сари ҳар варақ Ватан мегӯям. Шукронаи обу хоку нуру бодаш, Шукрона, ки Сулҳ дар Ватан подор аст.

Душанбе Эй шаҳри дӯстдорам, Эй шаъну ифтихорам. Тоби ҷудоӣ аз ту Як лаҳзае надорам. Ҷову макон, Душанбе, Монӣ амон, Душанбе. Рӯидаем аз ту, Сабзидаем аз ту. Сад гуна меҳрубонӣ Хуш дидаем аз ту. Чун боғбон Душанбе, Монӣ амон, Душанбе. Шаҳре чу боғу бустон, Эй рашки сад гулистон. Васфи туро ба дафтар Ҳаргиз наяст поён. Сад достон, Душанбе, Монӣ амон, Душанбе. Гаштем рӯи дунё, Дидем пасту боло. Танҳо туӣ ба дида Ҳамчун биҳишт зебо. Зеби ҷаҳон, Душанбе, Монӣ амон, Душанбе. Эй пойтахти озод, Эй шаҳри бахтобод. Бо ҳусни бемисолат Монӣ ҳамеша дар ёд. Шаҳри ҷавон, Душанбе, Монӣ амон, Душанбе. Равшан бувад чароғат, Дигар надида доғат. Дар чор фасл монад Сарсабз боғу роғат! Моро чу ҷон, Душанбе, Монӣ амон, Душанбе.

Боғи Устод Рӯдакӣ

бон барои даврёфти Ҷоизаи ба номи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ Ашӯр Сафар ҷамъбаст гардид, ки китоби мазкур сазовори ин ҷоиза шуд. Ҳамчунин, Гурез Сафар 10 май ба синни 55 мерасад. Ӯро ба ин муносибат шодбош гуфта, барояш беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно дорем. Шеърҳои зер намунаи ашъори ин адиби пухтакор аст.

Фаввораҳои нобаш май мекашанд аз обаш, Пур кардаанд аёғи устод Рӯдакиро. Зебопараст мардум, дастобадаст мардум, Ояндаи суроғи устод Рӯдакиро. Ҳам панди ӯ шиносанд, гулқанди ӯ шиносанд, Донанд сӯзи доғи устод Рӯдакиро. Чун пайкараш бубинӣ, нури фараш бубинӣ, Болидае фароғи устод Рӯдакиро.

Хитоби китоб Китобам ман, бувад обод дунёи башар аз ман, Бидон, ки олами зулмот гардад шуълавар аз ман. Худатро хуб бишносӣ, шавӣ чун бохабар аз ман, Яқинан обрӯ гириву гардӣ муътабар аз ман, Бигӯ, эй ҳамдами ҷонӣ, чӣ мехоҳӣ дигар аз ман?! Ба дунё ҳамнишину ошноҳоям чӣ бисёранд, Чу Суқроту Фалотуну чу Синоям чӣ бисёранд. Азизони хирадманду тавоноям чӣ бисёранд, Ба рағми тирагиҳо нурполоям чӣ бисёранд, Ки пайғамбар, ту донӣ, ки шуда пайғомбар аз ман?! Манам ганҷинаи бинҳуфтаи маънии бисёре, Ки бо ман мекушоӣ пардаи сад розу асроре. Набинӣ зинҳор аз ман сари як мӯй озоре, Нагардӣ ҳеҷ гоҳу ҳеҷ ҷо бечораву хоре, Туро то бар фалакҳо мерасад аз фахр сар аз ман. Аниси ман ту бошӣ, ҳар куҷо бологузар гардӣ, Ҳамеша дастболое чу як соҳибҳунар гардӣ. Падар бошӣ, аҷаб як раҳнамое бар писар гардӣ, Писар бошӣ, падарро такяву нури басар гардӣ, Барорӣ дар фазои орзуҳо болу пар аз ман. Ту, ки имрӯз қудрат дорию дасти расо дорӣ, Зи ман дурӣ ҳамеҷӯӣ, хато андар хато дорӣ. Ба пеши рӯй ҳар дам як бало не, сад бало дорӣ, Зи нодонӣ ба хони умр дунёи вабо дорӣ, «Чаро, эй бемурувват, мегурезӣ ин қадар аз ман?»1 1. Мисраъ аз Сайидои Насафист

*** Гарчи пур дар зиндагӣ ҷабру ҷафоро дидаем, Маззаи ширинии аҳду вафоро дидаем. Кина дар дилҳо намегирем аз ваҳдат, зи бас Осмони беғаши сулҳу сафоро дидаем. Мо, ки худ парвардаи як обу як хоку гилем, Дур дигар байни ҳам рӯю риёро дидаем. Якдигарфаҳмӣ агар дорем, подорем мо, Якдигарнофаҳмҳои бебақоро дидаем.

Боз ою бин ту Боғи устод Рӯдакиро, Рахшанда сад чароғи устод Рӯдакиро.

Рӯзи сахтӣ дасти ҳам гирем аз рӯи сахо, Ҷовидониҳои мардони сахоро дидаем.

Гулбоғи хубу дилҷӯ, рангобарангу хушбӯ, Арзандаи димоғи устод Рӯдакиро.

Дардҳоро беҳтарин доруст меҳри якдигар, Меҳр агар бошад, давои дардҳоро дидаем.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9392), 7 МАЙИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ АҚЛ ... Хоразмї, риёзидон

Љасур, далер

«Алифбо» китоби дарсии синфи ...

Номи «Иван» дар Полша Ѓизои чорво

... Давлатова, овозхон

Тамѓаи автомобили ИМА

Дар њаќиќат, воќеан

Њарфи алифбои англисї

Тамѓаи хокаи либосшўї

Рањнамої, њидоят, дастур

Талбанда

Пай, нишона

Зоти тўтї Асари таърихии ёддоштї

"... бубинед, љорўб дар дастам"

Пашми одамї

Исм аз феъли омўхтан

Њушдор

... ва Шодї

Ёва

Дарёи љорї аз Чин ба Ќазоќистон

Дилтангї

Яке аз персонажњои "Шоњнома"

Идораи амнияти СССР

Тарс, дањшат

Њизби фаластинї, раќиби Исроил

Ќалъаи таърихї дар Лондон

... Руставели, адиби гурљї

Њайвони хоси Австралия

Раги калони хунгард

Кон ва шањр дар Олмон

Шањр-бандари машњури Њиндустон

… Капур, актёри њиндї

Мањрум

Муњтољ будан -… кашидан

Аорта

Њиссачаи ишоратии лањљавї

Намуди варзиши хитої

Воњиди масоњати англисї

Штраф

Эътибор, ќадру ќимат

Нуктагирї, айбљўї

Расму русум

Ѓизол

Шаклу шамоил

…и Султон, овозхон

Шунавої, биної ё ламс - ?

Шавњар

Номи нависандаи амрикої По

Кишвар бо Шарља ва Дубай (ихтисора) Таскин, оромкунї

Њаргиз

Микки ... – муши мултфилм

Бохти шоњ дар шоњмот

«Шимол» ба лафзи бањрнавардон

Бародари калон (лањљ.)

Асъори Љинси арма- њайвонињо нот

Парлумони Исроил

Фошкунї, ошкорсозї

Мўи пилки чашм

…и Табрезї

Њайкале, ки дар Чину Њинд мепарастанд

Њис, Космонавтњо ба куљо парвоз фањм мекунанд?

Номи Византия дар Шарќ

Низом, интизом

Сеяки моњ

Тамѓаи мошини боркаш

Ноњия дар вилояти Суѓд

Кўфтаи гўшт

Зананд, аз Љойи дўхтаи сар мепарад либос

Коргоњи усто

Раќси машњури бразилиягї

... и Сурайё, овозхон

Захми пўст

Њаќ асту ...

Аэропорт

Коргардони машњури кинои шўравї

Њабсхона, зиндон

Номи Момоњавво ба русї

Шањр Охир, дар анљом Зеландияи Нав

Шањри текстили Русия

Намак аз нитроген

Кўтоњшудаи номи Швартсеннегер Андом, бадан

Мева

Статистика, њисобу китоб

Мурѓи обї

"Истам меистад, равам меравад"

… Кароматулло, овозхон

"Мантиќ... тайр"-и Аттор

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9392), 7 МАЙИ СОЛИ 2015

15


АКСИ РӮЗ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Мард ними шаб хаставу бемадор ба хона меояд. Занаш дод мезанад: - Дар куҷо будӣ? Мард: - Занакҷон, ту як одами боақл ҳастӣ, худат ягон баҳона ёб...

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

***

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Толори суд. Судя: - Чаро қарзи гирифтаатро ба ин шахс барнамегардонӣ? Муттаҳам: - Ҷаноби судя, бовар кунед, як сол мешавад, аз ӯ илтимос мекунам, ки барои баргардондани қарзаш як ҳафта муҳлат диҳад, аммо розӣ намешавад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Сайфиддин СУННАТӢ

***

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Аз андарзҳои Афандӣ: Занҳо нисбат ба мардҳо дарозтар умр мебинанд, чунки онҳо ҳамеша дар ҳама ҷо дер мемонанд...

Маҳмудҷон УСМОНОВ

(муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),

Наврӯз ҚУРБОНОВ (хабарнигор, Душанбе),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),

ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА

(муовинони котиби масъул)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 8200 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

16

***

Нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ қариб пурра иҷро шуд АНДАРЗ

Медонистам, ки меоӣ! Яке аз рӯзҳои мудҳиши ҷанг буд. Душман ҳоли ҷангиёнро ба танг овард. Ба ҳоли зоре муқовимат мекарданд аскарон. Садои тири душман, ки гӯё мисли борон мерехт, гӯши осмонро кар мекард. Аскарон ҳам наметавонистанд аз ҷабҳа берун шаванд. Берун шудан маънои дидаву дониста ба оғӯши марг рафтанро дошт... Сарбоз дид, ки каме дуртар яке аз ҳамяроқон ва дӯсти беҳтаринаш оғӯштаи хун ба замин афтид. Ӯ нав нияти аз ҷабҳа берун шудан кард, ки яке аз ҳамяроқонаш аз дасташ дошта, гуфт: - Ақлатро хурдӣ? Кирои дар ин вазъият рафтан намекунад! Бубин, охир баданаш аз тири душман сурох шудааст. Эҳтимол мурда бошад. Ҳаёти худро беҳуда зери хатар намон! Вале сарбоз ӯро гӯш накард ва худро аз паноҳгоҳашон берун андохт. Ӯ берун тохту сарбозони дигар бо ҳайрат

ва афсӯс, ки акнун ин ҳамяроқашонро ҳам аз даст хоҳанд дод, аз пушташ нигаристанд. Баракси чашмдошти сарбозон кори боварнокардание шуд. Бо вуҷуди тирборони шадид, ӯ худро безарар ба дӯсташ расонд. Ӯро ба китфаш бардошта, бо суръат ба қафо баргашт. Вале сарбози ҷасур дӯсташро наҷот дода натавонист. Вақте ба ҷабҳа баргашт, ҳамон ҳамяроқаш гуфт: - Ба ту нагуфтам, ки кирои рафтан намекунад? Худатро беҳуда ба хатар андохтӣ! - Ҳарза мегӯӣ ту! Кирои рафтан кард, - гуфт сарбоз гиряашро дошта натавониста. - Чи хел кирои рафтан кард?! Намебинӣ, мурдааст?! - Бо вуҷуди ин, меарзид... Чунки вақте ба наздаш расидам, ҳанӯз зинда буд. Барои ман шунидани сухани охирини ӯ баробари дунёст, - сарбоз боз ҳиқосзанон ба гиря даромад ва охирин сухани дӯсташро ба ёд овард. - Вақте ба наздаш расидам, гуфт: “Медонистам, ки меоӣ! Медонистам, ки меоӣ!”

Инсони хушбахт Сатуру Ямагутчии ҷопонӣ нафарест, ки чандин ҳунарманди машҳури ҷаҳон, аз ҷумла Чак Норис ба ӯ ҳасад мебаранд. Номбурда ду маротиба дар макони таркиши бомбаи атомӣ қарор дошта, дар ҳар ду ҳолат ҳам аз қабзаи марг наҷот ёфтааст.

Соли 1945 Ямагутчӣ дар яке аз корхонаҳои азими шаҳри Хиросима, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғул буд, кор мекард. Корхонаи ӯ ҳамагӣ дар масофаи се километр

дуртар аз макони таркиш воқеъ буд. Аз таркиши бомбаи атомӣ бисёри коргарони корхона сӯхтанд. Ямагутчӣ дар ҳолати тарсу ваҳм аз он ҷо берун шуда, тавассути қатора ба шаҳри Нагасакии Ҷопон меравад. Баробари расидан ӯро дар ин шаҳр истиқболи “гарм” мегиранд: Амрико бомбаи дуюми атомиро дар ин шаҳр низ ҳаво медиҳад. Аммо Ямагутчӣ аз ин таркиш ҳам ҷон ба саломат бурда, умри дароз мебинад. Ӯ ба хотири он воқеаҳои мудҳиш то охири умр бар зидди бомбаҳои атомии ҳамаи давлатҳо баромад карда, соли 2010 дар 93-солагӣ аз дунё чашм мепӯшад.

Таҳияи Башир УСМОНОВ,“ҶТ“

Толори суд. Судя: - Вақте соати тиллоии ин одамро дуздидӣ, натарсидӣ? Дузд: - Тарсидам, гуфтам, раваду он тилло набошад...

*** Аз китоби хотираи Афандӣ: - Ҳамеша ба худ меандешам, ки ман ҷони чи қадар одамро наҷот додам, вақте донишгоҳи тиббиро дар курси якум партофтам.

*** Ду рафиқ дар варзишгоҳ. Аввалӣ: - Давидани ҳу, ана, он варзишгар, ки дар гарданаш шарфи сурх аст, бештар ба ман писанд омад... Дуюмӣ: - Вай шарф нест, забон аст, забон

ЭЪЛОН

ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ

Соҳибкори инфиродӣ Абдуллоев Дилшод Садуллоевич (РЯМ0130066686), ки аз 3 августи соли 2012 дар Нозироти андози ноҳияи Шомансури шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. ҶДММ “Орифа” (РЯМ 2110003321) фаъолияташро қатъ мекунад.

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Билети гумшудаи донишҷӯии №Ф2-98/2012, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 2012 ба Умаров Диловар додааст, эътибор надорад. Билети гумшудаи донишҷӯии №Г11256, ки Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соли 2011 ба Саидов Нуриддин додааст, эътибор надорад.

ҲАМДАРДӢ Гурӯҳи дӯстону ҳамсоягон аз марги нобаҳангоми собиқадори соҳаи варзиш ХОЛМАД САЪДУЛЛОЕВ андӯҳгин буда, ба аҳли хонаводаю наздиконашон ҳамдардӣ изҳор мекунанд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9392), 7 МАЙИ СОЛИ 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.