Ҷавонони Тоҷикистон, №19, 2018

Page 1

ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №19 (9549), 10.05.2018

javonon.tj

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №19 (9549), 10/05/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

MADE IN TAJIKISTAN саҳифаи

Ҷавонон ва технологияи муосир саҳифаи 6 Муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ саҳифаи

Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем. Дар ин раванд, ба андешаи мо, вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм ва ифротгароӣ бояд бо нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он фарогир ва амиқ гардонида шавад.

7

Велосипедронӣ ё ҳалли се масъала саҳифаи

9

Ҷангҳои хунинтарин дар таърихи башарият саҳифаи

Бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ

5

10

Нафрат ба фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ-форсӣ - аз махсусиятҳои ТТЭ ҲНИТ саҳифаи

13


2 Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид! Муҳтарам Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо! Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо! Хонумҳо ва ҷанобон! Дар оғоз ҳамаи шумо ва ҳайати ҳамроҳатонро ба диёри бостонии Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям. Чорабинии имрӯза ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз - муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ бахшида мешавад. Итминон дорам, ки ҳамоиши имрӯза барои муҳокимаи ҳамаҷонибаи масоили марбут ба мубориза алайҳи ин вабои аср ва таҳияву татбиқи иқдомоту тавсияҳои муштараки ҳамоҳангшуда дар ин самт мусоидат хоҳад кард. Мусаллам аст, ки таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо дар қаламрави Афғонистон соли гузашта бар асари ҷангу амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд. Сию ду фоизи қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додаанд. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд. Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем. Дар ин раванд, ба андешаи мо, вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни

ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №19 (9549), 10.05.2018

Бояд ҳамкорӣ кунем, на Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 терроризм ва ифротгароӣ бояд бо нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он фарогир ва амиқ гардонида шавад. Стратегияи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шӯрои Амният ва Маҷмаи Умумӣ бояд асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароиро ташкил намоянд. Мутаассифона, мо имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷаҳон раванди рақобатҳои стратегӣ шиддат гирифта, нишонаҳои дубора доман паҳн кардани “ҷанги сард” возеҳ мушоҳида мешаванд. Чунин воқеият талошҳои якҷояи ҷомеаи ҷаҳониро дар муқовимат бо хатару таҳдидҳои глобалӣ дучанд коста гардонида, ба усулу асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар иртибот ба ин, таъкид карданиам, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ. Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарзои замони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод ҳамдастиву ҳамоҳангиҳои зичи хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи

ҳуқуқ ба роҳ монда шавад. Ба ин манзур кишвари мо ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи самарбахши муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир пайваста талош карда, фаъолияти созандаро дар ин самт минбаъд низ густариш хоҳад бахшид. Тақвияти ҳамкориҳои густурда бо шарикони байналмилалиро мо яке аз омилҳои муҳимми татбиқи ҳадафҳое медонем, ки дар Стратегияи миллии мо оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 ва нақшаи амали он бо 12 ҷанбаи мавзӯӣ дарҷ гардидаанд. Дар ин росто, Тоҷикистон имрӯз ҳамкориҳои ҳадафмандонаро бо шарикони худ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, ба мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай роҳандозӣ намудааст. Мо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои ин ниҳодҳо дар ҷодаи таъмини суботу амният минбаъд низ талош хоҳем кард. Вобаста ба ин, қобили таъкид аст, ки тайи солҳои охир муносибатҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар маҷмӯъ, хислати рушду тавсеаи навро касб кардаанд. Ин, дар навбати худ, имкон фароҳам овард, ки кишварҳои минтақа ҳамкориву ҳамоҳангиҳои самарабахшро дар соҳаи амниятӣ дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монанд. Тоҷикистон аз чунин раванди рушди робитаҳои миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқбол менамояд ва омодагии хешро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳояш дар ин самт бо та-

моми кишварҳои ҳамҷавор иброз медорад. Бояд тазаккур дод, ки баргузор гардидани конфронси имрӯза дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва шарикони дигар худ баёнгари омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар самти мубориза ва пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар ҳама сатҳу зинаҳо ба шумор меравад. Ҳозирини гиромӣ! Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90-уми асри XX – ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт. Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд. Он замон Тоҷикистон ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷиаборе, ки имрӯзҳо дар Ироқу Сурия, Яману Афғонистон мушоҳида мешаванд, рӯ ба рӯ шуда буд. Ҳадафу нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардаҳои аслии он амалҳои харобиовар ва хоҷагону сарпарастони онҳо, ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд. Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо кушта шуда, беш аз як милли-

он нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардиданд. Бо вуҷуди ин, мо дар асоси имконоти тамаддун ва фарҳанги қадимаи хеш тавонистем, ки муколамаи васеъро ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин кунем. Фидокориву мардонагии халқи тоҷик дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни қадимаи хеш, иродаи қавии мардуми мо ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо гирифта шавад. Бо такя ба таҷрибаи сулҳофарии худ мо баробари муборизаи беамон бар зидди терроризму ифротгароӣ тарзу усули ҳалли осоиштаи муноқишаву низоъҳои замони муосирро дар чаҳорчӯби меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофгардида қотеона ҷонибдорӣ мекунем. Дӯстони гиромӣ! Таърих ва таҷрибаи талхи бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон гувоҳ аст, ки дар мубориза бо қувваҳои бадхоҳи ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои глобалӣ танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак метавон пирӯз гардид. Вале боиси таассуф аст, ки то ба ҳол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъгирии ягона нисбат ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм ба назар намерасад. Ба ақидаи мо, муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад. Баръакс, чунин мавқеъгирӣ


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №19 (9549), 10.05.2018

ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад. Зеро терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ, нажодӣ ва ҳатто бархӯрди тамаддунҳоро барангехтаанд. Дар ин замина он ҳам боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо сӯиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд. Ба ин тариқ бадном кардани дини мубини ислом, ки имрӯз пай-

да шаванд. Ҳозирини муҳтарам! Имрӯзҳо бар асари ноамниҳо дар нуқтаҳои гуногуни олам таҳдидҳои амниятӣ ба минтақаи мо низ рӯ ба афзоиш мебошанд. Кишвари мо, бинобар мавқеи ҷуғрофии худ, дар марзи аввали муқовимат бо таҳдиду хатарҳои муосир қарор дорад. Ба ҳама маълум аст, ки таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ бо вазъи амниятӣ дар Афғонистон робитаи ногусастанӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ (зиёда аз 1400 километр) дорад, нисбат ба вазъияти кунунӣ дар ин кишвари дӯсту ҳамсоя, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоли он бетафовут буда наметавонад. Мо ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта бо истифода аз минбари созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, зарурати ҳалли

агар солҳои қаблӣ дар Афғонистон дар қатори ҷангҷӯёни ҳаракати “Толибон” намояндагони ҳамагӣ 15 кишвар мушоҳида мешуданд, ҳоло дар сафҳои созмони ба ном “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ҷангидани шаҳрвандони зиёда аз 100 давлат таъйид шудааст. Аз рӯи маълумоти дастрас шумораи ҷангиёни гурӯҳҳои террористие, ки дар Ироқу Сурия ҷойгир буданд, то 100 ҳазор нафар мерасид. Дар натиҷаи амалиётҳои зиддитеррористӣ як қисми онҳо нобуд карда шуданд. Дар ин робита, суоле ба миён меояд, ки боқимондаи онҳо ҳоло дар куҷо қарор доранд? Ва бо кадом кишвару созмонҳо робита доранд? Боиси нигаронист, ки як қисми онҳо аллакай ба кишварҳои худ баргаштаанд ё ин ки дар роҳи бозгашт ба ватанашон қарор доранд

ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ҷонибдорӣ менамояд. Мо расонидани кумакҳои саривақтиро ба мардуми Афғонистон, бахусус, дар давраи даҳсолаи гузариш дар Афғонистон (солҳои 2015-2024) дар чаҳорчӯби ҳама гуна муколамаву ҳамоишҳои мавҷуда амри муҳим меҳисобем. Мо чунин мешуморем, ки кумак ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон яке аз роҳҳои самарабахши истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати дастгирии Афғонистон дар ин раванд ва бо ҳамин роҳ беҳтар намудани вазъи амниятии ин кишвар кумакҳои амалии худро афзоиш диҳад. Дар ин иртибот, бори дигар таъкид месозам, ки пирӯзӣ бар терроризму ифротгароӣ танҳо бо роҳи низомӣ ғайриимкон мебо-

равонаш зиёда аз якуним миллиард аҳолии кураи заминро ташкил медиҳанду дар рушди ҷаҳони мутамаддин саҳми арзанда доранд, метавонад оқибатҳои хатарзоро ба бор орад. Зимнан, барои гирифтани пеши роҳи исломситезӣ моро зарур аст, ки фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа ва тамаддунҳо тавсеа бахшем, ки ин, дар навбати худ, имкониятҳои моро дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар месозад. Дар ин робита, ман борҳо таъкид намудаам ва ҳоло бори дигар иброз менамоям, ки террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад. Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул кар-

бетаъхири мушкилоти кишвари ҳамсояамон - Афғонистонро батакрор таъкид мекардем. Мутаассифона, дар суҳбатҳои хосса баъзе сиёсатмадорони сатҳи баланд мегуфтанд, ки ин мушкилоти шумо ва минтақа аст, на мушкилоти мо. Илова бар ин, чунин мешумориданд, ки сабабҳои пайдо шудани ин мушкилот рақобатҳои носолими қавмиву этникӣ дар минтақа аст. Лекин вақт нишон дод, ки ҳама он ҳушдорҳои мо воқеӣ будаанд ва натиҷаи беэътиноии сиёсист, ки мушкилоти онвақта имрӯз ба хатару таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтанд. Танҳо баъди амалҳои террористии даҳшатовари 11 сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк кишварҳои олам ҷиддияти масъаларо дарк намуда, таваҷҷуҳи худро ба он равона намуданд. Аммо ин падидаи номатлуб, аллакай, хислати ҷаҳонӣ касб намуда, пеши роҳи онро гирифтан хеле мушкил шуд. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки

ва метавонанд ба кишварҳои худ хатар эҷод кунанд. Мо аллакай шоҳиди он будем, ки ҳатто гурӯҳҳои хурди террористӣ тавонистанд дар як қатор кишварҳои аврупоӣ даст ба амалҳои террористӣ зада, сабабгори ҳалокати одамон ва нооромии вазъ шаванд. Мавриди таъкид аст, ки баъди амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Сурия ва Ироқ аъзои гурӯҳҳои алоҳидаи экстремистиву террористӣ ба давлати Афғонистон омада, қаламрави онро ба майдони ҳарбу зарби терроризми байналмилалӣ табдил додаанд. Вусъатёбии фаъолияти чунин гурӯҳҳои террористиву тундгаро, аз қабили созмони ба ном “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, “Толибон” ва монанди инҳо илова ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ин кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи он боиси нигаронии амиқи мо гардидааст. Тоҷикистон саъю талошҳои

шад. Дар ин раванд дар мадди назари доимӣ нигоҳ доштани ҷанбаҳои иҷтимоии афзоиши ин зуҳурот зарур дониста мешавад. Фақру камбизоатӣ, бекорӣ, сатҳи пасти саводнокӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки одамонро водор менамоянд, то дар ҷустуҷӯи адолати иҷтимоӣ ба ғояҳои зӯроварӣ рӯ оранд. Зимнан, тақозои замон аст, ки давлатҳои пешрафта ба кишварҳои ниёзманд доир ба расонидани кумаки зарурии иқтисодиву молиявӣ ва технологӣ дар доираи барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Меҳмонони гиромӣ! Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба

рақобату бартариҷӯӣ

3 сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот дар бораи тарзу усулҳои муассири пайгирӣ намудани чунин сомонаҳо, аз шабакаи интернет хориҷ намудани онҳо ва расонидани кумаки байниҳамдигарӣ дар ин самт шарти муҳимми комёбӣ дар мубориза бо кибертерроризм мебошад. Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризму ифротгароӣ маҳсуб меёбад, аз ҷумлаи мушкилоти умдаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Мубориза алайҳи он аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ андешидани чораҳои бетаъхир ва роҳандозии тадбирҳои муштаракро бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳо талаб менамояд. Тақвияти ҳамоҳангӣ ва расонидани кумак ба кишварҳое, ки дар сари роҳи маводи мухаддир қарор доранд, амри зарурӣ ва тақозои замон аст. Тоҷикистон бо дарки амиқи ин хатари глобалӣ тайи солҳои тӯлонӣ тамоми кӯшиши худро ба мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равона мекунад. Дар давраи пас аз соли 1994 то имрӯз аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар беш аз 120 тонна маводи нашъаовар мусодира гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро таҳия ва қабул намудааст, ки хусусияти пешгирикунанда дошта, барномаи амал ва самтҳои ҳамкориро дар заминаи муносиботи дуҷониба, минтақавӣ ва бисёрҷониба дар бар мегирад. Стратегияи мазкур, бо дарназардошти ҳамбастагии зичи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароӣ, дар айни замон ба бартараф намудани омилҳои ин зуҳурот дар ҷомеа равона шудааст. Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори конфронс! Ҳозирини гиромӣ! Дар фарҷоми андешаҳои хеш мехоҳам бори дигар ташрифи шуморо ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, идомаи бобарори барномаи кориатонро орзу намоям. Ба ширкаткунандагони ҳамоиши имрӯза дар муҳокимарониҳо ва баррасии мавзӯъҳои мавриди назар муваффақият мехоҳам. Итминон дорам, ки натиҷаҳои конфронси имрӯзаи мо ҷиҳати вусъати тоза бахшидан ба ҳамкориҳо дар самти муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва расидан ба ҷаҳони озод аз ин зуҳуроти хатарноки аср мусоидат хоҳанд кард. Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам. www. prezident.tj


4

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №19 (9549), 10.05.2018

АХБОРИ ҲАФТА

Шараф ба родмардони Ватан

Озмуни “Беҳтарин оилаи ҷавон”

Бахшида ба Рӯзи ғалаба ва “Моҳвораи ҷавонон” зери унвони “Шараф ба родмардони Ватан” дар Хонаи фарҳанги ноҳияи Роштқалъа чорабинии фарҳангӣ баргузор гашт. Дар он раиси ноҳия Юсуф Султонноёбов, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Зӯҳро Муллоҳукматова, санъаткорону овозхонони маъруфи ВМКБ Ғебалии Худобердӣ, Убайди Одинабек, Фирдавси Саъдоншо ширкату баромад карданд. З. Муллоҳукматова қайд намуд, ки маҳз корнамоиву қаҳрамониҳои бемисли падарон ва бобоёнамон буд, ки феълан дар фазои тинҷу осуда зиндагӣ дорем: “Бузургони мо баҳри озодӣ, якпорчагии халқу Ватан, аз байн бурдани миллатчигӣ, бо қиммати ҷон бар зидди душман мубориза бурда, ғалабаи бузург ба даст оварданд. Ҳоло рисолати мо он аст, ки амну ҳамдилиро нигаҳ дорем ва ба қадри ин фатҳи бузург бирасем” — илова кард, мудири бахш. Ҳамчунин, хонандагони МТМУ № 26 дар васфи Ватан — модар, ваҳдат, истиқлолият ва ҷавонӣ ашъори гуногунро қироат карданд. Дар барномаи консертӣ бошад ҳофизон беҳтарин сурудҳои хешро пешкаши ҳозирин гардонданд.

Бо ширкати чор оила дар толори фарҳанги Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев озмуни “Беҳтарин оилаи ҷавон” баргузор гардид. Озмун бо ташаббуси Бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ гузаронида шуда, пас аз иҷрои шарти даври ниҳоии он ғолибият насиби оилаи Бахтдавлатовҳо аз маҳаллаи Бархоруғ шуд. Ҷои дуюму сеюм бошад насиби хонаводаҳои Гулаёзову Пулодовҳо аз маҳаллаи И. Сомонӣ гашт. Ба иттилои Ёралӣ Холдоров, муовини мудири шуъба озмун ба ифтихори Рӯзи ҷавонони мамлакат ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ташкил гардида, оилаҳои иштирокчӣ дар он беҳтарин намунаи молу маҳсулот, ҳунарҳои дастиро ба маърази тамошо гузоштанд.

ВМКБ

Ифтитоҳи майдончаи варзишию фароғатӣ дар ноҳияи Сино ДУШАНБЕ

Дар шаҳраки 14-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боз як иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он кормандони масъули Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди Олии иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе

Мавсума Муинӣ ва сокинони шаҳраки 14-и пойтахт иштирок намуда, бунёди иншооти варзиширо идомаи пайгирӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуданд. Майдончаи мазкур дар масоҳати 3453,7 метри мураббаъ бунёд гардида, аз майдончаи умумӣ барои бозиҳои футбол, волейбол

ва баскетбол, майдончаи бозию дилхушии кӯдакон, гӯшаи машқу тамрини бадан иборат мебошад. Майдончаи варзишию фарҳангӣ аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, ба монанди ин дар дигар маҳаллаҳои пойтахт бунёди чунин майдончаҳои варзишию фароғатӣ идома дорад.

Таҷлили Иди Ғалаба дар ДСТР Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ба муносибати 73-юмин солгарди Иди Ғалаба чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ доир ба Рӯзи ғалаба суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки саннаи мазкур барои мо низ дар радифи дигар рӯзҳои фаромушнашаванда мақоми хос дорад. Зеро саҳми тоҷикон низ дар ин ғалаба

ниҳоят бузург аст. Гуфта шуд, ки дар муҳорибаҳои ҶБВ беш аз 290 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намуда, баҳри дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар баробари халқҳои 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бархеста, аз худ ҷасорату мардонагии бемисл нишон додаанд.

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Чорабинии маърифатӣ

Дар доираи силсилаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон, ки 23 май баргузор мегардад, тибқи нақша чорабиниҳои муштарак Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат дар якҷоягӣ бо раёсати маорифи шаҳр бо иштироки зиёда аз 3 ҳазор ҷавонону наврасон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” доир намуд. Чорабинӣ хеле рангин ва хотирмон баргузор гардид.

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат дар якҷоягӣ бо шуъбаи фарҳанги шаҳр дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии кӯдакону наврасони Тоҷикистон таҳти унвони “Китоб сарчашмаи дониш аст” чорабинӣ баргузор намуд. Тавре мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Маъруфҷон Азиззода иттилоъ дод, дар чорабинӣ хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 ширкати фаъолона доштанд.

ШНТМ

Кӯлоб: Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ

ХАТЛОН

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ дар Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб даври ҷамъбастии мусобиқаҳои варзишӣ доир гардид. Дар он Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Хайрулло Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб, Хидирзода Махфират, муовини раиси вилояти Хатлон ва намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки чорабинии мазкур барои афзун намудани фаъолнокии ҷавонон мусоидат намуда, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва нерӯи ақлониву ҷисмонии ҷавононро боло мебарад. Варзишгарони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ин чорабиниҳо ширкат намуда, аз рӯи намудҳои варзиши волейбол, футбол, теннис, шашка, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва оббозӣ қувваозмоӣ намуда, дар охир ғолибони мусобиқаҳо аз ҷониби раиси шаҳр ва меҳмонон бо медалу туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд.

Аксия дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аксияи иттилоотӣ таҳти унвони “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” доир карда шуд. Дар аксия Тоҷиддин Қурбонов, роҳбари Клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти

Хатлон дар якҷоягӣ бо волонтёрони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар бозори марказӣ ва боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия миёни аҳолӣ беш аз 300 адад варақаҳои иттилоотиро вобаста ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тақсим намуданд.

Аксия: Эҳтиром ба об эҳтиром ба насли оянда

СУҒД

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон, дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии “Амал об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” аксия таҳти унвони “Эҳтиром ба об - эҳтиром ба насли оянда!” доир гардид. Дар аксия ҷавонони фаъол ва их-

тиёриёни бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон дар кӯчаву хиёбонҳо ва бозорҳои ҳудуди шаҳр миёни аҳолӣ варақаҳои тарғиботиро оид ба ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии масоили ҷаҳонии об тақсим намуданд.

Озмуни “Санъати сухан” дар шаҳри Бӯстон Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Санъати сухан” байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Дар озмуни мазкур Хусравшоҳ Исмоилов, мудири Бахши кор бо ҷавонон

ва варзиши шаҳр оиди ҳадафи озмун суханронӣ намуда, ба иштирокчиён комёбӣ хостанд. Хонандагон байни ҳам қувваозмоӣ намуда, пас аз иҷрои шартҳои озмун ғолибони даври шаҳрӣ муайян ва ба даври вилоятӣ пешниҳод карда шуданд.

Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон Дар маркази ноҳияи Лахш бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои мил-

лат” байни ҷавонону наврасон пойгаи велосипедронҳо баргузор шуд. Ҳамчунин, дар варзишгоҳи марказии ноҳия бозии фут-

бол байни дастаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коллеҷи омӯзгорӣ ҷараён гирифт.


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №19 (9549), 10.05.2018

Соҳаи саноат дар таҷрибаи ҷаҳонӣ асоситарин соҳаи даромадноки кишварҳои дунё ба ҳисоб рафта, омили ғанӣ гардидани иқтисодиёти давлатҳост. Он на танҳо пешбарандаи иқтисод, балки таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Равнақ ёфтани ин соҳа ҳамчун таккондиҳандаи иқтисодиёт ва табдил додани ашёи хоми ватанӣ ба маҳсулоти саноатӣ низ яке аз ҳадафҳои асосӣ ва стратегии Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки ҳамасола маблағҳои ҳангуфте ба ин соҳа равона мегардад ва давра ба давра инфрасохтори он дар ҳоли рушд аст. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ баробари корхонаҳои саноатии мавҷуда боз даҳҳо корхона сохта ба истифода дода шуд. Ғайр аз ин, бо ворид намудани техникаву технологияи нав иқтидори корхонаҳои амалкунанда зиёд карда шуд. Ҳатто дар навоҳии дурдасти кишвар низ барои фароҳам овардани шароити беҳтари маишии сокинон ва ба ин васила баланд бардоштани иқтидори саноатии кишвар корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардида истодаанд. Аз таҳлилҳои охири коршиносони соҳаи саноати кишвар маълум мегардад, ки Тоҷикистон дар наздиктарин фурсат ба кишвари саноатӣиндустриалӣ табдил хоҳад шуд. Чунончи дар семоҳаи аввали соли равон корхонаҳои саноатӣ ба маблағи қариб 5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд ва суръати афзоиши онро масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 113,1% арзёбӣ кардаанд.

МУЛОҲИЗА

MADE IN TAJIKISTAN Барои сазовор шудан ба он истеҳсоли босифатро бештар намуда, боварии мардумро касб кардан зарур аст!

- Дар семоҳаи якуми соли 2018 маҳсулотҳои нави саноатии ивазкунандаи воридотӣ ба монанди риштаи пахтагин, гипсокартон, ранг, равғани чорво, картошкаи бирён, гаҷ, ширеши сохтмонӣ, коғази ташноб, сӯзишвории дизелӣ, қолин ва маҳсулоти қолинӣ, маҳсулоти ҷӯробу пайпоқи бачагона, мебел, молҳои чармии хромӣ, қубурҳои металӣ, орд, нон ва маҳсулоти нонӣ, намаки ошӣ, семент, хишт, ангишт, пойафзол, трансформатор, маҳсулоти дӯзандагӣ, маҳсулоти кабелӣ, нӯшокиҳои беспиртӣ, обҳои маъданӣ, истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, биринҷ, маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти макаронӣ, равғани растанӣ, консерваҳо, меваи хушк, либоси мактабӣ, тахтасангҳои мармарӣ, коркарди пӯст, маҳсулоти кашбофӣ, газворҳои пахтагин, молҳои чарми хромӣ ва маҳсулотҳои дигар барои қонеъ кардани талаботи бозори дохилӣ ба таври назаррас истеҳсол шудааст. Бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот зиёд гашта, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии ватанӣ таъмин гардида истодааст, - омадааст дар ҳисоботи семоҳаи ин вазорат. Бино ба таъкиди масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, дар соҳаи саноати сабук корҳои зиёде ба сомон расонида шуда, ният доранд ин соҳаро низ ҳарчӣ бештар ривоҷу равнақ диҳанд. Дар

давраи ҳисоботӣ дар коргоҳҳои истеҳсолии саноати сабук ҳудуди 500 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудаву дар ин муддат 5 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳамчунин, барои истеҳсоли маҳсулоти зерин, аз ҷумла маҳсулоти дӯзандагӣ (либосҳои низомӣ, кории махсус, мактабӣ, кимоно, либос барои ҳоҷиён, рахти хоб, ҷиҳози нарм, парчам, чарчинворӣ, барои кӯдакони навзод ва маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи мардумӣ) ҷӯроб, қолин ва мебел дар корхонаҳои соҳа ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот муайян гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бисёриҳо то чанд соли пеш ба молу маҳсулоти дохилӣ эътибори кам медоданд. Агар чанд сол қабл ду газвори баробарарзишро, ки яке истеҳсоли дохилӣ ва дигаре хориҷӣ бошад, дар дилхоҳ фурӯшгоҳи кишвар ба фурӯш мегузоштед, хоҳу нохоҳ газвори дуюм ба савдо мерафт. Ин ҳақиқати бебаҳс буд. Баҳрулло Салимӣ, як коршиноси соҳаи саноати кишвар ин ҳолат, яъне нобоварии мардумро ба саноати дохилӣ марбут ба пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва паст рафтани сифати маҳсулот дар давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ медонад. Ӯ мегуяд: - Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ соҳаи саноати кишвар дар сатҳи хеле поин қарор

гирифт. Дар ин давра бисёре аз заводу фабрикаҳои истеҳсолии кишвар аз фаъолият боз монда буданд ё агар қисмате аз корхонаҳо фаъолият мекарданд, наметавонистанд маҳсулоти хушсифат ва ҷавобгӯ ба талаботи истеъмолкунандаро ба бозор бароранд. Ҳамин боис шуд, ки соҳибкорон рӯ ба кишварҳои саноатӣ ва нисбатан пешрафта, мисли Федератсияи Русия, Ҷумҳурии мардумии Чин ва ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Туркия биёранд ва бозори дохилиро бо маҳсулоти хориҷӣ таъмин созанд. Агарчӣ баъзан аз ин кишварҳо дар мисоли Чину Ӯзбекистон на он қадар маҳсулоти хушсифат ворид мегардид, вале бо сабабҳои паст будани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар он давр харидори худро пайдо мекард. Хушбахтона, ин раванд давра ба давра бо рушд кардани саноати дохилӣ коҳиш ёфта, бо баланд гардидани сатҳи маишии мардум аллакай маҳсулоти ватанӣ низ дар бозор харидори худро дорад. Ба андешаи коршинос имрӯзҳо таваҷҷуҳи мардум ба маҳсулоти дохилӣ нисбатан беҳтар гардидааст. - Аҳолии кишвар имрӯзҳо ба саноати дохилӣ таваҷҷуҳи бештар доранд. Аллакай дарк кардаанд, ки маҳсулоти ватанӣ аз маҳсулоти ҳамсоякишварҳо дар мисоли маҳсулоти аз Чин ворид шаванда, нисбатан сифати хуб дорад. Барои бозори дохилиро пурра ба даст гирифтан лозим аст, ки аз ин ҳам дида соҳаи саноати кишварро

5 равнақ диҳем”, - афзуд коршинос Баҳрулло Салимӣ. Ин андешаҳоро соҳибкори ҷавон Аъзам Аҳруллоев низ ҷонибдор аст. Номбурда чандест, ки ба истеҳсоли пойафзол машғул аст. - Ман дар таҷрибаи кӯтоҳи соҳибкории худ шоҳиди он гаштам, ки имрӯзҳо боварии мардум ба молу маҳсулоти дохилӣ нисбатан зиёдтар шудааст. Агар дар аввалҳо мардум нобоварона ба мо менигаристанд, имрӯзҳо дари коргоҳҳои моро худ мекӯбанд. Ва ҳамин боварии эшон аст, ки кори мо рӯз аз рӯз пеш рафта истодааст. Як нуктаи асосие, ки мо бар он таваҷҷуҳи бештар дорем, ин ба даст овардани боварии ҳамватанон ба сифати молҳои мост. Барои молро ба бозор баровардан, пеш аз ҳама боварии халқро ба даст овардан муҳим аст, - таъкид мекунад соҳибкори ҷавон Аъзам Аҳруллоев. Аммо як нукта қобили таваҷҷуҳ аст, ки барои ҳарчӣ зиёдтар пур кардани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, моро мебояд истеҳсоли ҳама гуна маводро бештар намоем. Бо кушода шудани корхонаҳои бузурги истеҳсоли сементу дигар маҳсулоти сохтмонӣ имрӯзҳо на танҳо воридоти ин гуна маҳсулот ба маротиб коҳиш ёфтааст, балки интиқоли он ба дигар кишварҳо мунтазам ба роҳ монда шудааст. - Мо ҳарчанд маҳсулоти хуб истеҳсол мекунем ва аллакай ба хориҷи кишвар низ содирот карда истодаем, аммо то ҳол барои пурра таъмин кардани бозорҳо корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ басанда нестанд ва мо қудрати пурра таъмин кардани бозорҳоро бо маҳсулоти ватанӣ надорем. Ба ин паҳлуи масъала низ бояд диққат дода шавад. Барои таваҷҷуҳи аҳолиро ҳарчӣ бештар ҷалб кардан истеҳсоли молу маҳсулоти дохилиро мебояд рӯз то рӯз равнақ диҳем, - мегӯяд Аъзам Аҳруллоев. Воқеан, соҳаи саноати Тоҷикистон чун як кишвари рӯ ба рушд имрӯзҳо дар ҳоли инкишоф буда, сол то сол маблағгузорӣ дар ин самт, ҳам аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ ва ҳам аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷӣ бештар мегардад. Бо мақсади ноил шудан ба иқтисодиёти миллӣ ва таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат сиёсати “дарҳои боз” ва рушди ҳамгироии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони умумиҷаҳонии савдо, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба роҳ мондааст ва имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 100 кишвари дунё робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дорад. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”


6 ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ Таҳким бахшидани фазои дӯстӣ миёни ҷавонон, роҳандозӣ намудани чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ, сафар намудани онҳо аз як минтақа ба минтақаи дигари кишвар, шинос намудани онҳо аз мавзеъҳои таърихӣ ва ба ин монанд заминагузори он мегардад, ки насли ояндаи давлат фаъолияти худро дар доираи ҳамдигарфаҳмию сарҷамъӣ ва ваҳдату ягонагӣ ба роҳ монанд. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун ниҳоди татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳбуд бахшидан ба ҳаёту фаъолияти насли ояндасоз ҳамеша роҳу тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд. Ҳамасола дар ин самт Кумита нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва амалӣ мегардонад. Лоиҳаҳои гуногунро баҳри дӯстию ҳамгироии ҷавонон пешбарӣ намуда, дар сарҷамъии онҳо ҳамеша саҳмгузор аст. Яке аз чунин иқдомҳои наҷиб ва бесобиқа лоиҳаи “Дар меҳмонии ректор” мебошад, ки дар “Соли ҷавонон” аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар роҳандозӣ гардид. Лоиҳаи “Дар меҳмонии ректор”ро Кумита ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати зеҳниву хештаншиносии онҳо ва ба вуҷуд овардани ҳисси милливу баҳамоии ин қишри ҷомеа, дар доираи консепсия оид ба баргузории чорабинӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳия ва ба роҳ монд. Ин лоиҳа давра ба давра дастгирӣ ёфта, дар доираи чорабиниҳои он донишҷӯён меҳмони ректорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ,

“Дар меҳмонии ректор” иқдоме, ки ба дӯстию ҳамгироии ҷавонони кишвар сабаб шуд Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон шуданд. Чорабиниҳои лоиҳаи “Дар меҳмонии ректор” дар сатҳи зарурӣ бо иштироки 900 нафар донишҷӯён ва мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар доир гардид. Дар доираи лоиҳа ва барномаҳои пешбинигардидаи “Дар меҳмонии ректор” як қатор чорабиниҳо дар сатҳи баланд, аз қабили форуму конференсияҳо вобаста ба санаҳои таърихӣ ва рушди ҷомеа, намоиши илмию инноватсионӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ”, чорабиниҳои илмию адабӣ, маърифатию ахлоқӣ ва сайру саёҳати чойҳои таърихию сайёҳии кишвар ташкил ва баргузор карда шуданд, ки баҳри рушди касбият ва ҷаҳонбинии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овард. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни баргузории яке аз чорабиниҳои лоиҳаи мазкур иброз дошта буд: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани дараҷаи донишу малака ва истеъдоду касбияти ҷавононро яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон шуморида, ҳамеша тақозо менамо-

янд, ки ҷавонони донишҷӯи мо бояд аз ҳар ҷиҳат намунаи кору фаъолият ва зиндагии ҳамсолони хеш бошанд. Чорабинии “Дар меҳмонии ректор” низ маҳз бо мақсади наздиктар кунонидани ҳамкориҳои илмию таълимии муҳассилини макотиби олӣ, мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ байни ҷавонони минтақаҳои гуногун ва омӯзиши таҷрибаи якдигар дар бахшҳои гуногуни таълими касбӣ роҳандозӣ гаштааст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки амалӣ намудани лоиҳа, пеш аз ҳама, ба дарёфти истеъдодҳои нави ҷавон, ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ, дарёфт ва дастгирии ҷавонони болаёқату боистеъдод, ташаккули ҳисси худшиносии миллӣ ва худогоҳии маънавӣ, тарбияи ватанпарастӣ мусоидат хоҳад кард”. Ҳамчунин вобаста ба лоиҳаи “Дар меҳмонии ректор” муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев қайд намуда буд: “Чорабинии “Дар меҳмонии ректор”, ки минбаъд байни 39 муассисаи таҳсилоти олии касбии ватанамон ҳукми анъана хоҳад гирифт, дар ҷодаи таҳкими бинои дӯстии нафақат ҷавонон, балки ҳамаи мардуми саодатманди тоҷик, баланд гардидани самараи таълиму тарбия ва дар ин замина оянда омода шудани мутахассисони ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ ва боз ҳам баландтар гардидани обрӯю нуфузи кишвари маҳбубамон саҳми муносиб мегузорад”. Дар ин баробар ҳама ректорону

Ҷавонон ва технологияи муосир Тавре маълум аст, асри XXI давраи пешрафти босуръати илму техника ва технология, зуҳури самтҳои нави илм ва дар маҷмуъ, таҳаввулоти ҷиддии илмиву техникӣ, дар маҷмуъ асри техникаву технология мебошад. Ба ибораи дигар, дар шароити имрӯзаи рушди ҷаҳонӣ технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ беш аз пеш дар тамоми соҳаҳо аҳамияти махсус касб намуда истодаанд. Дар чунин шароит талабот ба фарогирии маърифату дониш торафт ҷиддӣ гардида, имрўз вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот яке аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Дар ин замина, дар шароите, ки дар ҷаҳони муосир илму дониш ба сифати яке аз сарчашмаҳои пешрафти ҷомеа аҳамияти торафт афзоянда пайдо намуда истодаасту илму техтника ва технологияи коммуникатсионӣ бо суръати баланд пеш рафта истодааст, дар боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла технологияҳои компютерӣ ва интернет аҳамияти арзишманд доранд. Тавре дар Паёми имсолааашон Пешвои мил-

лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии масъалаҳои маориф ва таълиму тарбия таъкид намуданд, “... моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем. Барои ин, мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем... ”. Дар воқеъ, пешрафти ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳар як инсон бояд соҳибмаърифату соҳиби касбу ҳунар бошад. Ва ин амр танҳо бо роҳи фарогирии дониш ва омӯзиши пайваста муяссар мегардад. Боиси

масъулин ва донишҷӯён ин иқдомро, ки дар пайравӣ ба сиёсати Пешвои муаззами миллат таҳия шудааст, барои якдилии ҷавонони кишвар иқдоми бесобиқа арзёбӣ намудаанд. “Дар меҳмонии ректор”, ки хос барои ҷавонон пешбарӣ шудааст, дар ҳаёту фаъолияти онҳо тағйироти куллӣ ворид сохт. Он ба ҳар ҷавони иштирокчӣ хотироти неку фаромушнопазир илқо намуд. Руҳафзо Холмадова, донишҷӯи Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе яке аз иштирокчиёни лоиҳаи “Дар меҳмонии ректор” хотироти худро чунин қисса намуд: “Зимни яке аз чорабиниҳо дар доираи лоиҳаи “Дар меҳмонии ректор”, ки дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар "Соли ҷавонон " шуда гузашт, иштирок доштам. Ин лоиҳа дар ниҳоди чанде аз фаъолҷавонони кишвар, ки тӯли 2 рӯз иштирокчии он буданд, тавонист ҳиси ватандӯстӣ ва хештаншиносиро зиёд намояд. Дар рафти ин меҳмонӣ, ки вохӯрии фаъолҷавонони кишвар аз донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бо ректор доир мешавад, фикру андешаҳои ҷолиб шунида шуд. Мо дар Академияи ВКД бо генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р вохӯрӣ намуда, суҳбати озод кардем”. Чун Руҳафзо Холмадова Шарифзода Судоба, донишҷӯи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун иштирокчӣ аз лоиҳаи “Дар меҳмонии ректор” хотироту таассуротҳои ҷолиб дорад: “Лоиҳаи

хурсандист, ки кишварамон бо вуҷуди мушкилот, монеаҳои муайян солҳои охир бо роҳи тараққиёти муназзам ва устувори иқтисодӣ пеш рафта истодааст. Истеҳсолот рӯ ба инкишоф оварда, ҷоришавии технологияи муосир дар он торафт суръат мегирад. Аз ҷумла, соҳаи маориф дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли мо мавқеи муҳим пайдо намудааст. Дар марҳилаи муосир новобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодие, ки саросари оламро фаро гирифтаасту ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири ҷиддии манфӣ расонида истодааст, барои рушди соҳаи маориф ягон монеа ё маҳдудият мавҷуд нест. Солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин беҳбудии шароити ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар доир ба афзун гардонидани маблағгузорӣ ва таъмиру тармим, азнавсозӣ ва барқарорсозии биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои муассисаҳои мазкур тадбирҳои зиёдро амалӣ гардонида истодааст. Дар чунин шароит дастрасӣ ба сомонаҳо, китобхонаи электронӣ ба хонандагону донишҷӯён имконияти мустақилона аз бар намудани илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро фароҳам меорад. Илму технологияи муосир барои баланд шудани сатҳи ҷаҳоншиносии наврасону донишҷўён

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №19 (9549), 10.05.2018 "Дар меҳмонии ректор" баҳри васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонони фаъол ва ҳавасмандгардонии онҳо дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносии миллӣ мусоидат мекунад. Шахсан ҳамчун иштирокчии ин лоиҳа гуфта метавонам, ки беҳтарин лоиҳа аст. Дӯстони нав, беҳтарин лаҳзаҳои ҷавонӣ, шодию хурсандӣ, шиносоӣ бо роҳбарияти муассисаҳои олии кишвар тариқи суҳбати озод, аз натиҷаҳои лоиҳаи "Дар меҳмонии ректор" аст. Маҳз роҳандозии ин лоиҳа буд, ки ман бори аввал дар назди вазири корҳои дохилӣ ва сардори Академияи ВКД суханронӣ намуда, ибрози ақида кардам. Беҳтарин ҳиссиёт буд, суханронӣ дар назди роҳбарон ва лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда дар ҳаёти ман мебошад,”-мегӯяд Судоба. Таманнои Халил донишҷӯи Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иштирокчиёни дигари лоиҳаи мазкур аст. Ӯ низ чун дигарон аз ин иқдом дар худ хотираҳои нек дорад. Ба андешаи ӯ меҳмонии ректор имкон дод, ки идеяҳои онҳо пешниҳод ва дастгирӣ ёбанд: – Чорабиниҳои “Дар меҳмонии ректор” фарогири мавзӯъҳои ватандӯстию хештаншиносист, ки иштирок дар онҳо ба афкори ҷавонон беасар намемонад, – мегӯяд ӯ. – Дар ин меҳмониҳо сухан бештар дар бораи ояндаи миллату давлат будани ҷавонон ва дастгириҳои ҳамвораи Пешвои ҷавонпарвари миллат меравад. Натиҷаи ҳамин меҳмониҳо буд, ки мо бештар дарк намудем, ки Пешвои миллат ба мо – ҷавонон диққати махсус медиҳад. Баргирифта аз ин моро месазад, ки пайрави асили Пешвои миллат бошем ва барои сазовор будан ба ин ғамхорию дастгириҳо дар пешрафти Ватани азизу маҳбубамон ҳамеша саҳмгузор бошем. Лоиҳаи “Дар меҳмонии ректор” чунин фикру андешаро дар ниҳоди ҳама иштирокчиёни он ҷой дода, ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва тафаккури бунёдкорию созандагии онҳоро равнақ додааст. Дар назар аст, ки лоиҳаи мазкур давоми солҳои 2017 – 2021 аз ҷониби 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо иштироки беш аз 10000 нафар донишҷӯён амалӣ гардида, ба ин васила дар ниҳоди дигар ҷавонон низ ин ҳиссу фаҳмишро ҷо кунад.

Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”

ҳидмати бузург мекунанд, ба шарте ки онҳо аз ин имконот оқилона истифода кунанд. Дар ин замина, бояд имрўз ба ташаккули маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва технологияи муосир дар шуури ҷавонон диққати бештар диҳем. Раванди истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ва тадҷҳизотҳои электронӣ бояд дар чорчўбаи ақлонию ҳуқуқӣ сурат гирад. Албатта омўзгоронро зарур аст, ки наврасону ҷавононро ҳарчи бештар ба донишандӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар, фарогирии дастовардҳои илму техникаи муосир ва дар баробари аъло донистани забони модарӣ ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ раҳнамоӣ кунанд, зеро рушду тараққиёти мамлакат, пеш аз ҳама ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор алоқаманд аст. Илму технологияи муосир барои баланд шудани сатҳи ҷаҳоншиносии наврасону донишҷўён ҳидмати бузург мекунанд, ба шарте ки онҳо аз ин имконот оқилона истифода кунанд. Дар ин замина, бояд имрӯз ба ташаккули маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва технологияи муосир дар шуури ҷавонон диққати бештар диҳем.

Хайрулло МИРАЛИЕВ, сардори шуъбаи таълими Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №19 (9549), 10.05.2018 Пӯшида нест, ки имрӯзҳо ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби идораҳои дахлдор чорабиниҳои гуногун баргузор гардида, вазъи имрӯзу дирӯзи соҳаи сайёҳии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Аз ҷумла, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, 4 маи соли ҷорӣ дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доир гардид. Дар он намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ширкатҳои туристии Тоҷикистон иштирок доштанд, вобаста ба масоили сайёҳӣ ва нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи мазкур суханронӣ намуданд. Аҳмадзода Дилноза, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, зимни ифтитоҳи мизи мудаввар доир ба соҳаи сайёҳӣ андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд: - Соҳаи сайёҳӣ давоми солҳои

7

РУШДИ САЙЁҲӢ

Муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ

охир яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт ба шумор рафта, дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ мусоидат намуда, ба иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад. Боиси ифтихор аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ба масъалаҳои инкишофи соҳаи сайёҳӣ ва танзими давлатии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст. Зеро маҳз Президенти ҷумҳурӣ ҳамчун муаррифгари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълони сиёсати “дарҳои боз” равобити байналмилалии мамлакатро тақвият бах-

шиданд ва ин сиёсат имрӯз низ бо муваффақият идома дорад. Ҳамин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро чун яке аз давлатҳои орому осуда ва зебоманзар мешиносанд. Бояд тазаккур дод, ки тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар руйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд. Аз моҳи июни соли 2016 бошад, тартиби электронии раводиди Тоҷикистон баҳри таъмини ташрифоти бештари сайёҳон ба кишвар оғоз гардид.

Хуршедшаҳри бостонӣ – макони сайёҳон Хуҷанд. Шаҳрест дар шимоли Тоҷикистон, он дар соҳили дарёи Сир мавқеъ дошта, онро аз қисмати шимол қаторкӯҳҳои Муғул иҳота кардааст. Масоҳаташ 23 километри мураббаъ ва масофа аз маркази шаҳри Хуҷанд то пойтахти кишвар шаҳри Душанбе 350 километр мебошад. Вақте номи Хуҷанд бо шеваҳои мухталиф дар китоби муқаддаси Авасто тазаккур ёфтааст, пас метавон гуфт, ки шаҳр таърихи беш аз 3000 солаи ҷойгоҳ ва ҷуғрофӣ дорад. Дар луғатномаҳои қадимаи забонҳои бостон шаҳри Хуҷанд ба гунаҳои Хвараканта, Хубҷам Хавкат ва амсоли ин дучор меояд. Вожаи Хвараканта аз ду ҷузъ иборат буда, бахши аввали он Хвара – Хуршед ва қисмати дувуми он Кант-шаҳр будааст. Маҷмӯан вожаи Хваканта маънии шаҳри Хуршедро дошт. Дар мавриди вожаи Хубҷам бошад, устурае дар пиндорҳои мардумони ин сарзамин ҷой дорад, ки он ба маҷмаа ва ҷойгоҳи ҳамоиши мардумони хуб ва инсонҳои нек пайванд мегирад.

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд баробар ба дигар дастовардҳо мавзеъҳои таърихӣ мавҷуданд, ки бо дастгирии Сарвари давлат таҷдиду тармим шудаанд. Мазороти Шайх Маслиҳаддини Хуҷандӣ, Бурхи Сармаст, Хоҷаи Моҳрӯ, маҷмааи таърихӣ ва фарҳангии бозори Панҷшанбе, Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ва дигар маконҳои муқаддасу фарҳангии таърихии шаҳр ҳамчун ҷойгоҳи тафсиркунандаи шаҳри қадимӣ будани Хуҷанд бо тарҳи наву муосир ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии гузаштаи хеш рӯнамоӣ мешаванд. Ба таври умум имрӯз дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 100 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки макони дидании сайёҳон ба шумор меравад.

Дар ин радиф баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии сайёҳӣ, эътироф гардидани соҳаи сайёҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат, аъзо гардидани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, қабул гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм ва рушди сайёҳии дохилӣ, эътироф гардидани баъзе минтақаҳои кишвар ҳамчун минтақаҳои истироҳатӣ ва сайёҳӣ боиси ба вуҷуд омадани сиёсати ҳуқуқии сайёҳӣ дар кишвар гардид. Ҳабибулло Амирбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати кишвар, вобаста ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва таваҷҷуҳ ба он суханронӣ намуда, иброз дошт, ки таъсис ёфтани Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намунаи олии таваҷҷуҳи Президенти мамлакат ба соҳаи сайёҳист. - Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи сайёҳӣ хеле бузург аст. То имрӯз Пешвои миллат аллакай Тоҷикистонро ҳамчун давлати сайёҳӣ ва ҳамчун кишвари амнтарин тавонистанд, ки ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд. Кумитаи рушди сайёҳӣ дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат аз лаҳзаҳои аввали таъсисёбӣ тамоми кӯшишҳоро барои рушди соҳа, ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба кишвар равона сохтааст. Дар ин муддат хатсайрҳои муайяни сайёҳиро таҳия намудем ва аз оғози сол аллакай зиёда аз 20 ширкати сайёҳиро ба қайд гирифтем, ки дар умум 105 ширкат ба қайд гирифта шудааст. Ҳоло дар якҷо бо ин ширкатҳо тавонистем, ки захираҳои сайёҳии Тоҷикистонро дар дохил

Ҳарчанд то солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд танҳо як меҳмонхонаи маъруф бо номи “Ленинобод” амал менамуд, бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва густариши низоми иқтисодӣ теъдоди онҳо афзун гардида, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардиданд. Имрӯз тарҳи ҷуғрофии шаҳр бар асоси пешрафтҳои навин сурат ва манзалати дигаргуна касб мекунад. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон қомат афрохтани биноҳои навини маъмуриву идорӣ дар шаҳри Хуҷанд нишона аз пешрафти ин шаҳри бостонӣ мебошад. Ба истифодаи умум манзур шудани Осорхонаи бонуфузи вилоятӣ, маҷмааи варзишии Хуррамшаҳр, бузургтарин варзишгоҳ дар Тоҷикистон ба номи “20 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” бо зиёда аз 21 ҳазор ҷои нишаст, майдони ба номи Исмоили Сомонӣ, маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ, Кохи матбуот, Маҷмааи таърихиву фарҳангии Истиқлол ва амсоли ин ба чеҳраи муосири шаҳри Хуҷанд ҳусни тозае ато намудаанд. Хулоса, имрӯз маҷмааҳои таърихиву фарҳангӣ, ҷойҳои диданӣ, меҳмонхонаҳо имконият фароҳам меоваранд, ки сайёҳон бештар ба кишвари мо ҷалб гардида, аз ин ҳисоб иқтисодиёти кишвар низ рушд на-

ва хориҷи кишвар муаррифӣ намоем. Дар ин давра мо тавонистем, ки портали сайёҳии кумитаро омода намоем, ки имрӯз бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод карда шудааст. Инчунин боз ба нақша гирифтаем, ҷиҳати муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳии кишвар ин сомонаро боз бо забонҳои хитоӣ, фаронсавӣ, испанӣ ва арабӣ тарҷума намоем, гуфт Ҳабибулло Амирбекзода. Лозим ба ёдоварист, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат таъкид гардид, ки барои устувор гардидани заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ, инкишофи намудҳои гуногуни соҳа, таъсиси инфрасохтори зарурӣ бояд стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 омода гардад. Хушбахтона, имрӯз стратегияи мазкур аз ҷониби масъулини соҳа ва ҳамзамон аз ҷониби мутахассисоне, ки имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ кору фаъолияти самарабахш доранд, таҳия гардида, мавриди хулосабардорӣ ва тасдиқи Ҳукумати кишвар қарор дорад. Умуман, имрӯз соҳаи сайёҳӣ дар кишвар рӯ ба рушд буда, далели ин гуфтаҳо бунёд гардидани меҳмонхонаҳои гуногуни мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ, зиёд гардидани мавзеъҳои тамошобоби сайёҳӣ ва рушду такмил ёфтани инфрасохтори зарурӣ дар соҳаи мазкур мебошад. Шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ ташрифоваранда, дар ҳоли афзоиш буда, сол то сол теъдоди онҳо меафзояд. Дар ин ҷараён дар асоси Консепсияи миллии рушди соҳаи сайёҳӣ Тоҷикистон бояд то соли 2020 зиёда аз 1 миллион сайёҳро ба кишвар қабул намояд, ки ин худ бозгӯи рӯ ба рушд будани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар хоҳад буд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

мояд. Зеро имрӯз барои қабули сайёҳони хориҷӣ дар кишвар тамоми имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Шодмон НУРМАТОВ, магистранти соли аввали факултети геоэкологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров


8

НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №19 (9549), 10.05.2018

Ҷоми “Нигини Помир” – ро “Нақлиёт” соҳиб шуд Бо иқдоми Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо раисони ҷавонони махаллаҳо, идораву сохторҳои шаҳрӣ баҳри ба даст овардани Ҷоми “Нигини Помир” мусобиқаи футбол баргузор гашт. Дар он 22 даста байни ҳам рақобат карда, даври ниҳоӣ бо пирӯзии тими “Нақлиёт” анҷом ёфт ва Ҷоми “Нигини Помир” - ро ба даст овард. Дастаҳои “Терминал” ва “Оташнишонӣ” бошанд, зинаҳои дуюму сеюмро касб намуданд. Имомёрбек Имомёрбеков, мудири бахш гуфт, ки сабқат тибқи нақша чорабиниҳои Бахш ба ифтихори Рӯзи ҷавонони кишвар ва Рӯзи ғалаба рӯи кор омадааст. Барои ғолибон ҷом, медал, ифтихорнома, велосипед ва дигар лавозимоти варзишӣ тақдим гардид. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, "ҶТ"

Лигаи олӣ: Пешсафии “Хуҷанд” ва “Истиқлол” Рӯзҳои истироҳати гузашта ду бозии мавқуфмондаи чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Дар бозии мавқуфмондаи даври дуюм тими “Истиқлол”-и Душанбе бар дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Голҳои тими Душанберо Фатҳулло Фатҳуллоев ва Шериддин Бобоев заданд. Бозии даври шашум миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Куктош” бо пирӯзии дастаи соҳили Сирдарё

Паҳлавонони навраси кишвар ба Чемпионати Осиё-2018 мераванд

анҷом ёфт – 3:1. 3 голи тими ғолибро Бахтиёр Чориев, Ҷаҳонгир Эргашев ва Хуршед Бекназаров ба ҳадаф расониданд. Баъд аз ғалабаи навбатӣ дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бо 16-холӣ дар садри ҷадвали чемпионат қарор доранд. Вале “Истиқлол” як бозӣ камтар анҷом додааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа: ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8

ДАСТАҲО “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Истиқлол” (Душанбе) “Хатлон” (Бохтар) КМВА “Помир” (Душанбе) “Куктош” (Рӯдакӣ) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) “Панҷшер” (Ҷалолиддин Балхӣ) “Барқчӣ” (Ҳисор)

Б 7 6 7 6 7 7 7 7

Ғ 5 5 3 2 2 2 1 0

М 1 1 1 3 3 2 2 1

Б 1 0 3 1 2 3 4 6

Т/Т 15-7 10-3 9-9 7-8 8-10 10-9 5-11 3-10

Х 16 16 10 9 9 8 5 1

Бозии даври ҳафтум миёни дастаҳои «Истиқлол» – КМВА «Помир» 9-уми май баргузор мешавад. Даври ҳаштум рӯзҳои 12-13 май доир мегардад. 12 май «Куктош» бо «Барқчӣ», «Панҷшер» бо «Хуҷанд», 13 май «Хатлон» бо «Регар-ТадАЗ» вомехӯранд. Оғози бозиҳо – соати 17:00.

10-13 май дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати Осиё оид ба гӯштин (тарзи озод ва юнонӣ-римӣ) миёни наврасон доир мегардад. Дар он кишварамонро аз намуди гӯштини тарзи озод 9 варзишгар: Саидов Шаҳбоз (вазни 48 кг), Иноятов Расулҷон (51 кило), Қодиров Ҷамшед (55 кило), Аҳмадов Мустафо (60 кило), Кулулов Хайрулло (65 кило), Ашрафхонов Саидасан (71 кило), Шукуров Абубакр (80 кило), Раҷабов Исмоил (92 кило), Маҳмадбеков Раҳмонҷон (110 кило) муаррифӣ мекунанд. Дар намуди гӯштини юнонӣ-римӣ бошад, ба ҳайати наврасони кишвар Азизов Аслам (вазни 48 кг), Мирзораҷабов Фирӯз (51 кило), Файзов Давлаталӣ (55 кило), Ҷӯраев Алиҷон (60 кило), Очилов Шаҳрзод (65 кило) ва Зуҳуров Ҳабибҷон (71 кило) шомиланд. Онҳоро дар ин мусобиқа сармураббиён Олимов Абдурозиқ ва Олим Аланазаров ҳамроҳӣ мекунанд.

“Tajikistan Open” теннисбозони 18-солаи ҷаҳонро ба ҳам овард Беш аз 210 теннисбози то 18-сола аз 36 кишвари дунё дар мусобиқаи байналмилалии “Tajikistan Open”, ки 5 май дар корти тенниси тобистонаи “Роҳи оҳан”-и шаҳри Душанбе шурӯъ шуд, иштирок доранд. Рақобатҳо миёни писарон ва духтарон сурат мегиранд. Тибқи раддабандии ҷаҳонӣ баъзе иштирокчиён мусобиқаро дар марҳилаи асосӣ оғоз мекунанд, баъзеи дигарашон аз марҳилаи интихобӣ. Мусобиқаи “Tajikistan Open” 11 май анҷом меёбад, баъд аз он, аз 12 то 18 май мусобиқаи Ҷоми Федератсия – “Fed Cup” – бузургтарин мусобиқаи даставӣ миёни бонувон баргузор мешавад. Тавре сомонаи расмии Кумитаи олимпии кишвар хабар медиҳад ҳар ду мусобиқа аз рӯи дараҷаи 5-уми Федератсияи байналмилалии теннис сурат мегирад. Барои иштирок ҳар як теннисбоз соҳиби холҳои рейтингӣ мегарданд. Ҳар ду мусобиқа маротибаи дуюм аст, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар муқоиса ба соли гузашта имсол сафи иштирокчиён бамаротиб афзуд. Рақобатҳоро доварони дараҷаи байналмилалӣ – Дмитрий Савчук аз Узбекистон ва Руслан Чолпонқулов аз Қазоқистон ҳакамӣ мекунанд.


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №19 (9549), 10.05.2018

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои нигаронкунанда танбашавии роҳҳо ва афзоиш ёфтани мошинҳо мебошад. Ин мушкилот ба муҳит низ таъсир расонида, боду ҳаворо вазнин кардааст. Дар кишварҳои пешрафтаи дунё барои то андозае бартараф кардани ин мушкилот донишҷӯён ва кормандони сохторҳои алоҳида бо велосипед ба кор мераванду давоми рӯз аз он истифода мекунанд, ки ҳам ба саломатӣ ва ҳам вазъи молиявиашон фоидаи калон мерасонад. Велосипедронӣ яке аз намудҳои варзиши қадима маҳсуб ёфта, инсонро руҳан ва ҷисман бардаму солим нигоҳ медорад. Ба ин навъи варзиш машғул гардидан аз ҳар нигоҳ манфиатовар ва сарфакунии буҷаи ҳар як шахс аст. Мутаассифона, ин намуди варзиш дар кишвари мо на он қадар рушд ёфтааст ва сокинони кишвар аз дучарха хело кам истифода менамоянд. Баҳри рушд додан ва бедор кардани завқи ҷавонон ба ин навъи варзиш 5 май, дар саросари ҷумҳурӣ бори нахуст ҳамоиши ҷумҳуриявии “Як рӯзи велосипедронӣ” доир гардид. Чорабинии мазкур дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он варзишгарону ҷавонон ва сокинони зиёди пойтахт ширкат намуданд. Ҳамоиши мазкур аз пойтахти

9 Велосипедронӣ ё ҳалли се масъала АНДЕША

кишварамон - шаҳри Душанбе оғоз гардида, давоми рӯз дар боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва гулгаштҳои ҳудуди ҷумҳурӣ сокинон ба таври васеъ ба ин намуди варзиш ҷалб гардиданд. Дар кушодашавии ҳамоиши ҷумҳуриявии “Як рӯзи велосипедронӣ” муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ризо Назарзода иброз дошт, ки “Иқдоми мазкур имкон медиҳад, то мардум бештар ба варзиш, солимгардонӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим рӯ оранд. Ва бо боварӣ метавон гуфт, ки ин иқдом минбаъд низ дар ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандону ҷавонон анъана мегардад ва онҳо дар кори ҳамарӯзаи худ аз велосипед истифода мекунанд”. Велосипедронӣ дар Тоҷикистон ду марҳилаи таърихиро пушти сар намудааст. Аввалин маротиба соли 1956 дар кишвар Федератсияи велосипедронӣ таъсис дода шуд, ки то соли 1991 фаъолият намуд. Дар ин марҳила 24 дастаи велосипедронӣ фаъолият мекард, ки чанде аз варзишгаронаш ғолиби мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ гардида буданд. Саид Ҳусейнов яке аз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди велосипедронӣ дар шаҳри Лондони Англия ширкат намуда, сазовори ҷойи аввал гардида буд. Соли 1987 варзишгари дигари тоҷик Собир Сулаймонов дар мусобиқаи байналмилалии Италия мавқеи дуюмро касб намуд. Баъди ба даст овардани Истиқлолият кори федератсияи мазкур қатъ гашта, соли 2010

бо кушиши Анвар Бобоҷонов Федератсияи велосипедронӣ дубора барқарор гардид. Аммо дар тули 8 соли фаъолияти Федератсия варзишгаронаш ягон ҷоизаи байналмилалӣ ба даст наовардаанд, ки ба рушд ёфтани ин навъи варзиш ва оммавӣ гардидани он таконе бахшида бошад. Коршиноси ин соҳа Муҳаммадсаид Шаропов яке аз сабабҳои ширкат накардани варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалиро дар набудани майдонҳои махсуси велосипедронӣ медонад. - Соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд як майдони варзишӣ оид ба трек таъсис дода шуд ва то ҳол дар ҷумҳурӣ ягон варзишгоҳи махсуси велосипедронӣ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои рушди велосипедронӣ бояд дар кишвар роҳҳои махсус сохта шавад ва дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо майдонҳои махсуси варзишӣ, базаҳои махсуси велосипедронӣ ташкил шавад, ки ин намуди варзиш дар кишвар оммавӣ гардад. Аз сабаби набудани майдонҳои махсус мо бо варзишгарон дар шоҳроҳҳои мошингарди Душанбе – Турсунзода ва Душанбе – Варзоб тамрин мекунем.- гуфт, Муҳаммадсаид Шаропов Ҳамасола дар кишвар мувофиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 8 чорабинии велосипедронӣ баргузор мегардад, ки аз он чор мусобиқааш ҷумҳуриявӣ буда, чортои дигараш марафони велосипедронӣ мебошад. Ба гуфти мутахассиси ин соҳа Муҳаммадсаид Шаропов барои варзишгар 4- марафон кам аст. - Варзишгар бояд ҳар ҳафта дар мусобиқа бошад ва

дар як моҳ як маротиба дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намояд. Аз сабаби набудани имкониятҳои моддӣ варзишгарони мо дар як сол як ё ду маротиба дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат менамоянд, ки ин ба фаъолияти эшон таъсир мерасонад. Чӣ қадаре, ки варзишгар дар мусобиқаҳои берунӣ иштирок кунад, ҳамон қадар таҷрибаи варзишиаш бой мегардад. Мо умед дорем дар солҳои охир бо дастгирии сохторҳои марбута ин камбудиҳо бартараф гардида, велосипедронӣ дар кишвар рушд меёбад. Коршиносони соҳаи тиб бо дучарха ҳаракат намуданро барои саломатии шахс бисёр манфиатбахш медонанд. Зеро ба андешаи эшон ин навъи варзиш гардиши хуни инсонро қавӣ намуда, зеҳну хотираро пойдор мегардонад. Шахсе, ки дар як ҳафта 10 соат бо велосипед ҳаракат мекунад, як соати умрашон дароз мегардад. Илҳом Нормуҳамедов, мутахассиси соҳа сабаби 10 соат тамрин бо дучархаю дарозшавии як соат умри инсонро чунин шарҳ дод. - Вақте шахс бо дучарха ҳаракат мекунад, тамоми вуҷуди ӯ ба ҳаракат даромада, комилан бемориҳо аз вуҷуди ӯ хориҷ мегардад ва худро хушҳол ҳис менамояд. Аз нигоҳи равоншиносӣ шахс ҳангоми ҳаракат бо дучарха табиатро тамошо менамояд ва мушкилоте, ки дар сар дорад, фаромӯш мекунад. Аз ҷиҳати моддӣ бошад, дучарха фоиданок аст. Дучарха нақлиёти бехарҷ буда, на ин ки ба кор омадан, балки дар ҳамаи рафтуомад вобаста ба шароити зиндагии аксари мо рост ме-

ояд. Нисбат ба дигар воситаи нақлиёт идора карданаш барои ҳама осон аст. Аз ҷониби дигар нақлиёти бехатар аз ҷиҳати экологист. Ин иқдом дар аксари давлатҳои пешрафтаву аз лиҳози иқтисодӣ бой таҷриба шудааст. Аз ҷумла дар кишвари ҳамсояи мо Ҷумҳурии мардумии Чин. То ба имрӯз дар кӯчаҳои пойтахт ва умуман дар кули шаҳру навоҳии мамлакат чунин рафтуомадро кам мушоҳида менамоем. Дар ҷумҳурӣ аҳёнаҳён ба велосипедронҳои сайёҳ во мехӯрем, ки аксарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Бахтовар Саидмуродов, корманди Ширкати Алюминийи Тоҷик мегуяд, ки бо дучарха ба кор рафтан барояш қулай ва муфид буда, аз ҷиҳати моддӣ барояш хело осонӣ меорад. - Ба назари ман, агар чунин имкон ва ё шароит мавҷуд бошад, бо дучарха ба кор рафтан амали шоистае хоҳад буд. Зеро велосипедронӣ ба саломатӣ фоида дорад ва аз ҷиҳати моддӣ муфид аст. Бештари кормандоне, ки дар маркази шаҳр истиқомат мекунанд, бо дучарха ба кор меоянд ва ҳатто дар корхона таваққуфгоҳи дучарха мавҷуд аст. Аз ҷониби дигар, чунин таҷриба дар аксар кишварҳои Аврупо ҷой дорад ва аз ҷониби сокинон ҳамчун як амали хушоянд писандида мешавад. Мо низ итиминони комил дорем, ки дар кутоҳтарин фурсат велосипедронӣ дар Тоҷикистони азиз рушд мекунад ва истифодаи он оммавӣ мешавад. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”


10

ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД

Зиндагиаш бароям панд аст Ту куҳи сар ба осмон, мо куҳпораем, Ту қуллаи баландию мо ҳамчу бораем. Умри ҷавониат гузашт андар набардҳо, Осудагӣ надидаӣ аз дасти дардҳо. Дар ҳақиқат, ҳар гоҳе ин мисраҳо ба гӯшам мерасанд, беихтиёр чеҳраи нуронию аз дардҳо ва ранҷҳою захмҳои замони ҷанг афсурдаи падари бузургворам пеши назар ҷилвагар мешавад. Ҳанӯз хонандаи мактаби миёна будам, ҳар як ҷашни Рӯзи ғалаба падарам либосҳое, ки дар он ордену медалҳояшро овехта буданд, ба бар мекарданду ман бо либоси мактабӣ дар дастам гулдаста ба Майдони сурхи маркази шаҳр, ба тамошои паради ҳарбӣ мерафтем. Ман бо ифтихори бузург дар баробари падарам қадам мемондаму шукрона мекардам, ки падари қаҳрамон дорам. Ҳар гоҳе ки падарам аз телевизион ягон филм дар бораи Ҷанги Бузурги Ватаниро медиданд, авзояшон дигар мешуд, чунки аз нав дарду ранҷҳои кашидаашон пеши рў меомад. Падарам пайваста дар бораи лаҳзаҳои ҷанг ва қаҳрамониҳояшон нақлҳо менамуданд: - Қаторе, ки ман хизмат мекардам,қисса мекард падарам, - аксаран ҷавонони тоҷик буданд ва ҳар лаҳзаи муҳориба бо корнамоӣ мегузашт. Задухурдҳои шаҳри Орловро хуб дар хотир дорам. Озодшавии ин шаҳр чун дигар шаҳрҳо осон ба даст наомадааст. Дар гирду атрофи шаҳр ва дохили он душман истеҳкомҳои мустаҳкам сохта, тиру тӯпи бисёреро ба ҷанг омода сохта буд. Аскарони мо ҳар қадамро бо қурбониҳои зиёд аз тасарруфи душман озод менамуданд. Фасли сармо дар пеш буд. Муҳорибаҳо паи ҳам бо фармони командир мешуданд. Ҳар як лаҳза ҳалкунанда ба ҳисоб мерафт. Мо дар сафи пеши фронт қарор доштем. Душман дар навбати худ девонавор меҷангид, вале аскарони мо истодагарӣ менамуданд. Бегоҳӣ ба дохили шаҳр расидем, ки ҳамаи биноҳо аз зарби тиру тӯп валангору ба хок яксон гардида буд. Аскарони мо дар бинои вайрона, ки ба мактаб монандӣ дошт, ҷо гирифта буданд. Ҳамин ки шаб шуд, баъди каме таваққуф мо ба берун баромадем. Ҳаво хунук буд. Шамол уллос мекашид. Фашистон аз ҳар ҷо-ҳар ҷои биноҳои харобгашта бетартибона тир мепарронданд. Ба осонӣ таслим шуданӣ набуданд. Мо шаш нафар аскарони қаторӣ бо фармони командир ба пеш мерафтем, ки ногоҳ ба тарафи мо тирпарронӣ сар шуд ва ҳар кадоми мо ба худ камин гирифта, ба паррондани тири ҷавобӣ шуруъ кардем. Дар як лаҳза ба тарафи рост нигоҳ карда, вуҷудамро ларза фаро гирифт. Ҳамяроқам Абдукарим Раҷабовро дидам, ки ба паҳлӯ мехобид. Яқин кардам, ки ӯ тир хӯрдааст. Лаҳза нагузашта, рафиқи дигарам Раҳимро дидам, ки сару рўяш пури хун ба пушт беҳаракат хобидааст. Ман ба онҳо наздик шуда наметавонистам. Ҳамаи ин бароям як шуҷоати хоса бахшида буд, ки ман ҳам ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашта, аз ғояти дарду алам тирдонҳоро паи ҳам холӣ кардам. Командир фармон дод: “Бас, оташ!” Бо шунидани овози командир ба худ омада, фаҳмидам, ки садои тирпарронии душман камтар ба гӯш мерасад. “Ба қафо мегардем,”-гуфт, командир. Аз қафои командир ба қафо гашта, ногоҳ ғурриши автомашинаи фашистон ба гӯш расид. Бо қариб шудани овоз аз тахтапуштам гармие ҳис намудам, яқин кардам, ки тири душман корашро кард, вале лаҳзаро аз даст

надода, ба муқобилият даромадем. Тарафи муқобил тир кушодем. Дар як дам, ронандаи мошин дар сари чамбарак хобида, шишаи тирезаи паҳлӯяш валангор гардид. Дигар ҳеҷ чиз дар ёдам нест. Дар госпитал ба ҳуш омадам. Аз нақли духтурон фаҳмидам, ки аз бари сутунмуҳра захми вазнин бардоштаам. Шаш моҳ бо тахтапушт хобидам. Се маротиба ҷарроҳӣ карданд. Умедамро аз зиндагӣ канда будам, ҳеҷ бовар намекардам, ки дубора аз ҷоям хеста метавонам. Вале кӯшишу заҳматҳои духтурон, дорую дармону меҳрубониҳои Иванов Владимир Палугин ва ҳамшираҳои тиббӣ Марина Акчурина ва Рима Давидовна буд, ки боз дубора ба по хестам ва ин хизмати ман бо Ордени “Ситораи сурх” қадрдонӣ шуд. Падарам баъди шифо ёфтан, дар муҳорибаҳои шаҳри Харкови кишвари Украина, озодкунии шаҳри Орёл, дар набардҳои давлати Манҷурия низ ширкат намуда буд, ки ҷонбозиҳои ӯ бо орденҳои “За отвагу”, “Ордени ба номи Сталин” ва дигар медалҳо қадр карда шудааст. Дар ёд дорам, ки ҳар як ҷашни Рӯзи ғалаба бар фашизми Германия аз номи Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи СССР ба номи падарам барқияи табрикотӣ меомад. Бо гирифтани табрикот, падарамро ҳисси ифтихор фаро мегирифт ва гўё аз нав ҷавон мешуд, ки худро солим ҳис менамуд. Рӯзҳои ҷашн дар Майдони сурхи маркази шаҳр дар бари минбар истода, бо ҳисси ифтихор сафи низомиёнро тамошо менамуд. Солҳои зиёд сурати бо либоси махсус ба баркардаи падарам гӯшаи “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад”-и боғи марказии шаҳрро зеб медод ва ҳар боре, ки аз назди ин гӯша мегузаштам бо ифтихори хосса ба расми падарам менигаристам. Бо овардани лаҳзаҳо аз корнамоиҳои падари бузургворам, мехоҳам, лаҳзае зикри ёдашон карда, шамъи хотира афрӯзам ва бо овардани лаҳзаҳои шуҷоату диловарии гузаштагонамон, фарзандонро дар раҳияи ҷасурию далерӣ ва ҳифзи ҳар порча хоки сарзамин тарбия намуда, ба воя расонем. Саодат ИБРОҲИМОВА, омӯзгори ДИД назди Президенти ҶТ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №19 (9549), 10.05.2018

Таърихи башарият ин таърихи ҷангҳост. Жан-Жак Бабели швейтсариягӣ чунин меҳисобид, ки дар тӯли тамоми таърих то замони мо башарият танҳо 292 сол дар фазои сулҳу субот зистаасту халос. Вале ҷангҳо низ ҳар гуна сурат гирифтаанд. Аксар вақт шумораи дар ҷангҳо ҳалокшудагонро муайян сохтан душвор аст, аммо бо ҳисоби камтарин онҳоро чунин баҳо додан мумкин аст.

ихтилофу низоъҳои динӣ ва исёну ошубҳо алайҳи сулолаи ҳукмрон, балки дар зидияти оштинопазири синфию нажодӣ ва иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд. Ҳар навъе ки бошад, шӯриши дар моҳи майи соли 1862 дар уезди Вейнани музофоти Шенси бархоста дар ҳудуди музофотҳои Ганс ва Синзян низ паҳн гардид. Ситоди ягонаи шӯриш вуҷуд надошт ва дар ин ҷанг аз ҳама бештар одамон зарар диданд. Шумораи ҳалокшудагон аз 8 то 12 миллион нафар расид. Ин шӯриш бераҳмона фурӯ нишонда шуд, ба шӯришгарони зиндамонда бошад, империяи Русия сарпаноҳ дод. Наслҳои онҳо имрӯз дар Қирғизистон, Қазоқистони ҷанубӣ ва Ӯзбакистон умр ба сар мебаранд.

ҶАНГҲОИ НАПОЛЕОН (1799-1815) Ҷангҳоеро, ки Наполеон Бонапарт бо давлатҳои мухталифи Аврупо дар давраи аз соли 1799 то соли 1815 анҷом додааст, одатан ҷангҳои Наполеон меноманд. Лашкаркаши боистеъдод ба тақсимоти дубораи харитаи Аврупо ҳанӯз қабл аз анҷом додани табаддулоти худ шуруъ намуд ва нахустин консул эътироф гардид. Ҷанги Ганновер, ҷанги эътилофи сеюм ё ҷанги русҳо, австриягиҳо ва франсузҳо дар соли 1805, ҷанги эъти-

ШӮРИШИ АЙ-ЛУШАН (АСРИ 8-И МИЛОДӢ) Давраи сулолаи Тан одатан дар Чин давраи рушди олитарини иқтидори мамлакат маҳсуб меёфт ва дар ин давра Чин нисбати тамоми кишварҳои ҳамасри худ афзалияте бештареро соҳиб буд. Ва ҷанги шаҳрвандӣ дар он замон хеле бузургу боҳашамат буд. Он дар олами таърихнигорӣ бо номи шӯриши Ай-Лушан ёд мешавад. Ба шарофати ба хизмати Чин пардохтани император Сюансзун ва канизаки дӯстдори ӯ Ян

лофи чорум ё ҷанги русҳо, пруссиягиҳо ва франсузҳо дар солҳои 1806-1807, ки бо сулҳи машҳури Типзит ба анҷом расида буд, ҷанги эътлофи панҷум ё ҷанги австриягиҳову франсузҳо дар соли 1809, ҷанги ватании соли 1812 ва ҷанги эътилофи шашуми давлатҳои Аврупо алайҳи Наполеон ва оқибат юриши давраи «Сад рӯз», ки бо шикасти Наполеон анҷом ёфта буд, ҳаёти 3,5 миллион нафарро қурбон намуд. Аксари таърихнигорон ин рақамро ду маротиба зиёдтар мешуморанд.

Гуйфей, Ай-Лушан ҳокимияти бузургро зери волоияти худ қарор дод, дар артиши ӯ аз 3 то 10 сулолаҳои наздисарҳадии империяи Тан мавҷуд буданд. Соли 755 Ай-Лушан исён бардошт ва дар соли минбаъда худро императори сулолаи нави Ян эълон намуд. Бо вуҷуди он ки дар соли 757 ин пешвои хобидаи шӯришро авруосиёи боваринокаш зада, саркӯб намуд, фурӯ нишондани ин исён танҳо дар моҳи феврали соли 763 муяссар гардид. Миқдори ҳалокшудагон аз доираи тасаввур берун аст: бо ҳисоби камтарин дар ин ҷанг 13 миллион нафар ҳалок гардид. Ва агар ба он далел бовар кунем, ки аҳолии Чин он замон 36 миллион нафар кам гардид, мебояд эътироф намуд, ки исёни Ай-Лушан аҳолии дунёро дар он замон зиёда аз 15 фоиз кам намуд. Дар ин маврид агар ҳалокшудагонро аз рӯи шумора баҳо диҳем, ин задухӯрди бузургтарини мусаллаҳона дар тамоми таърихи башарият то давраи ҷанги дуюми ҷаҳон маҳсуб меёфт.

Ҷангҳои хунинтарин

ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ ДАР РУСИЯ (1917-1923) Дар ҷанги шаҳрвании баъди инқилоби соли 1917 дар Русия талафоти ҷонӣ нисбати тамоми ҷангҳои Наполеон зиёдтар буд. Ин шумора ба ҳисоби миёна 9,9 миллион нафарро ташкил дод. Гарчанде ин талафот аз нисф ками фоизи аҳолии сайёраро ташкил дода бошад ҳам, барои Русия ҷанги миёни сурхҳо ва сафедҳо оқибатҳои хеле вазнине ба бор овард. Беҳуда набуд, ки Деникин дар артиши худ тамоми унвону мукофотҳоро барҳам дод. Охир, дар ҷанги бародаркуш чӣ гуна мукофотҳо буда метавонад? Ва ақидае, ки гӯё ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1920 бо мағлубияти Қрими сафед анҷом ёфт, беасос аст. Дар асл болшевикҳо манбаъҳои охирини муқобилатро дар соҳили баҳр танҳо июни соли 1923 саркӯб намуданд. Мубориза алайҳи босмачиҳо дар Осиёи миёна то нимаи аввали солҳои 30-ум идома ёфт. ШӮРИШИ ДУНГАНҲО (1862) Соли 1862 дар қисмати шимолу ғарбии Чин шӯриши дунганҳо ба муқобили империяи синскҳо шуруъ шуд. Халқиятҳои мусулмони Чин ва ғайричинӣ – дунганҳо, уйғурҳо, саларҳо тавре дар Энсиклопедияи советӣ омадааст, бар зиди ҷабру зулми феодалҳои чиниву манҷурӣ ва сулолаи синкҳо шӯриш бардоштанд. Таърихнигорони англисзабон бо ин далелҳо мувофиқ набуда, сарчашмаи шӯришро на бар асари

ҶАНГҲОИ ИМПЕРИЯИ МУҒУЛИСТОН (АСРҲОИ 13-15) Таърихнигорон империяи Муғулистонро давлати дар асри XIII аз ҷониби Чингизхон ва ворисони ӯ бавуҷудомада номидаанд. Ҳудуди он дар таърих аз калонтаринҳо маҳсуб ёфта, аз Дунай то баҳри Ҷопон ва аз Новгород то Осиёи ҷанубу шарқӣ тул мекашид. Майдони империя, ки тақрибан 24 миллион километри квадратиро ташкил медод, то имрӯз ҳамаро ба ҳайрат андохтааст. Шумораи одамони дар давраи ташаккул, мавҷудият ва таназзули он қурбоншуда низ тасаввурнопазир аст: аз рӯи ҳисобҳои аз ҳама некбинона он на камтар аз 30 миллионро ташкил медиҳад. Одамони сахтгир ин шумораро 60 миллион меҳисобанд. Дар асл сухан дар бораи ду давра меравад: яке солҳои аввали асри XIII, вақте Темучин қабилаҳои кучманчиро дар давлати ягонаи Муғулистон муттаҳид сохта, тахаллуси Чингизхонро гирифт ва дигаре соли 1480, вақте давлати Маскав дар давраи шоҳигарии князи бузурги Ива-


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №19 (9549), 10.05.2018

ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД

11

Сафари хотирмон

дар таърихи башарият ни III ба пуррагӣ аз зулму асорати муғулу тоторҳо озод гардид. ҶАНГҲОИ ТЕМУРЛАНГ (АСРИ 14) Оё шумо саҳнаи Василий Верешагин “Апофеози (тавсифи) ҷанг” –ро дар ёд доред? Нахуст он “Ғалабаи Темурланг” ном дошт ва сабаби ин дар он буд, ки ин сарлашкари бузурги шарқ ва истилогари маълуму машҳур сохтани аҳромҳоро аз косахонаи сари одамон меписандид. Мавриди зикр аст, ки Темурланг дар тӯли 45 соли юришҳои истилогаронаи худ зиёда аз 3,5 фоизи аҳолии кӯраи заминро дар нимаи дуюми асри 14 маҳв сохт. Зиёда аз 15 миллион нафар ва шояд то 20 миллион нафарро ба ҳалокат расонид. Ӯ қариб тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла Эрон, Кавказ, Ҳиндустон, Олтинӯрда, империяи Туркро сайр мекарду шавқу рағбати ин ланги оҳанин беш аз пеш вусъат меёфт. Барои чӣ “оҳанин”? Чунки номи Темур бо забони туркӣ маънои “оҳан”-ро дорад. Дар охири салтанати Темурланг империяи ӯ аз ҳудуди Кавказ то Панҷоб густариш ёфта буд. Амир Темур гарчанде хеле кӯшиш намуд, аммо марг барояш имкон надод, то Чинро забт намояд. ИСТИЛОИ ЧИН АЗ ҶОНИБИ СУЛОЛАИ МАНҶУРИҲО Шояд ин бароятон хандаовар аст, аммо... Боз ҳам сулолаи Син ва ин дафъа истилои ҳокимият дар Чин, солҳои 1616-1662 ба 25 миллион қурбонӣ ва ё тақрибан 5 фоизи аҳолии сайёра – ин арзиши бунёди империяе мебошад, ки онро дар соли 1616 лашкаркаши манҷуриҳо Айсин Гёро дар ҳудуди Манҷурия, шимолу шарқи Чин, асос гузошт. Қариб се даҳсола тамоми Чин, як қисми Муғулистон ва қисми зиёди Осиёи миёна зери ҳукмронии ӯ қарор дошт. Империяи Чин заиф гардидаву зери зарбаи давлати бузурги Да Син-го монд. Задухӯрди хунин муддати тӯлонӣ идома ёфт: империяи Синро

инқилоби Синхай дар солҳои 1911-1912 барҳам дод. Императори шашсола Пу И аз тахт ва салтанат даст кашид. Вале ӯ баъдан сарварии кишвареро чун давлати номустақили Манчжоу-го ба уҳда гирифт, ки аз ҷониби истилогарони ҷопонӣ дар ҳудуди Манҷурия таъсис дода шуда, то соли 1945 вуҷуд дошт. ШӮРИШИ ТАЙПИНҲО (1850-1864) Ин аҷиб нест, ки дар ҷои чорум боз Чин – ин кишвари сераҳолитарин меистад. Ва боз даврони империяи Син, яъне нооромиҳо: ҷангҳои афюнӣ, шӯриши дунганҳо, ҳаракати ихетуанҳо, инқилоби синхайҳо... Ва оқибат шӯриши хунрезтарини тайпинҳо, ки бо ҳисоби камтарин ҳаёти 20 миллион нафарро аз байн бурдааст. Баъзеҳо ин шумораро то 100 миллион, яъне то 8 фоизи аҳолии сайёра меҳисобанд. Шӯриш, ки дар соли 1850 шуруъ гардид, моҳиятан ҷанги деҳқонон буд – деҳқонони беҳуқуқи Чин, ки алайҳи сулолаи манҷуриҳои Син бархостанд. Мақсади асосӣ ин сарнагун кардани манҷуриҳо, рондани мустамликачиёни бегона ва бунёди ҳокимияти озод ва баробари Тайпин буд, ки маънои Тайпин ин “Оромии бузург” мебошад. Шӯришро Хун Сюсюан роҳбарӣ менамуд, ки худро бародари хурдии Исои масеҳ меҳисобид. Аммо салтанати Тайпинро дар ҷануби Чин бунёд намуданду аҳолии он то 30 миллионоеро, ки манҷуриҳо чиниҳоро бофта буданд, инкор намуда, шаҳрҳои калонро забт мекарданд ва давлатҳои хориҷиро ба майдони ҷанг мекашиданд ва ҳамин тариқ дар қисматҳои дигари империя низ шӯриш оғоз ёфт. Шӯриш танҳо дар соли 1864 ва он ҳам танҳо бо дастгирии англисҳову фаронсавиҳо фурӯ нишонда шуд. ҶАНГИ ЯКУМИ ҶАҲОН (1914-1918) Қаҳрамони романи Франсис Скотт Фитҷералд “Гетсбии бузург” инро “муҳоҷирати деромадаи қабилаҳои тевтонӣ" номида буд. Онро ҷанг алайҳи

ҷанг, ҷанги бузург, ҷанги Аврупо меномиданд. Номеро, ки ин ҷанг бо он дар таърих абадӣ сабт гардид, воқеанигори ҳарбии “Таймс” полковник Чарлз Репингтон ихтироъ карда буд: ҷанги якуми ҷаҳон. Тирпарронии ибтидоии ин ҷанги хунбор ин тирпарронии 28 июни соли 1914 дар Сараев бавуқуъ пайваста, ба шумор мерафт. Аз ин рӯз эътиборан ва то сулҳи муваққатии 11 ноябри соли 1918 бо ҳисоби камтарин 15 миллион нафар ба ҳалокат расид. Шумо агар ба шумораи 65 миллион рӯ ба рӯ омадед, натарсед: ба ин шумора боз он шахсоне илова карда шуданд, ки бар асари бемории испанка (шакли махсуси вазнини зуком) – пандемияи оммавии зуком, ки ҳалокатбортарин дар таърихи башарият маҳсуб меёфт, ба ҳалокат расида буданд. Ғайр аз миқдори зиёди қурбониён дар натиҷаи ҷанги якуми ҷаҳон чор империяи бузург: Рус, Турк, Олмон ва Австро-Венгрия барҳам хӯрданд. ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОН (СОЛҲОИ 1939-1945) Даҳшатноктарин ва хунинтарин ин ҷанги дуюми ҷаҳон мебошад. Шумораи қурбониёни ин ҷанг зиёда аз 40 миллион нафар ва ба ақидаи дигар 72 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ин ҷанг харобкунандатарин низ буд: зарари умумии ҳама кишварҳои ҷангкунанда аз талафоти моддии тамоми ҷангҳои қаблан баамаломада бештар буда, якҷоя бо ҳудуди забтшуда аз 1,5 то 2 триллион доллар расида буд. Дар ҷанги дуюми ҷаҳон аз 73 давлати он замон дар сайёра вуҷуддошта 62 давлат ва ё 80 фоизи аҳолии Замин иштирок доштанд. Ҷанг ҳам дар замин, ҳам дар осмон ва ҳам дар баҳр мерафт, амалиёти ҷангӣ дар 3 қитъаи олам ва обҳои 4 уқёнус ба роҳ монда шуда буд. Ин ягона задухӯрди мусаллаҳонае буд, ки дар он яроқи ядроӣ истифода карда шуд. Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

Даврони шӯравӣ бо Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов мукотибаву муносибати дӯстӣ доштам. Соли 1988 дар арафаи ҷашнгирии 100 -солагии шӯриши Восеъ бо қарори ҳизбу ҳукумати вақти кишвар бо номи “Бо пайроҳаҳои Восеъ ва Восеътанон” саёҳати умумииттифоқие дар ҳайати даҳ нафар шахсони касбу корашон гуногун ташкил шуд. Ин шахси бузургу фидоӣ, ҳамчун яке аз шахсони баруманди маъруфи замон узви ин саёҳат буд. Мо бо ҳамроҳию роҳбарии адиби ҷангноманавис, полковники мустаъфӣ Раҳмон Сафар, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов, даъватшавандаи ҳарбӣ Муҳибулло Файзалиев, абераи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ - Раҷабалӣ Камолов ва дигарон, ҷамъ даҳ нафар ба набардгоҳҳои Восеъ ва ҳамдиёрони ӯ, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сафар Амиршоев, Исмат Шарифов, Саидқул Турдиев ва дигар иштирокчиёни ин набарди мудҳиш ба Русия, Украина ва ҷумҳуриҳои назди Балтика сафар намуда, набардгоҳҳо ва мазорҳои фарзандони шаҳиди миллати тоҷик ва тоҷикистониёнро зиёрат намудем. Аз натиҷаи ин сафарҳо силсилаи тадбири чорабиниҳои зиёдро амалӣ намудем, ки зимнан ин сайёҳат, ҳамчун китоби сафарнома бо номи “Пайванди дилҳо”, бо расмҳо тавассути нашриёти “Эҷод”, соли 2008 ба табъ расонида шуд. Ана, дар ҳамин сайёҳати мақсаднок, ки аз 25 июл то 28 августи соли 1988 идома ёфт, мо дар равиши сафар ва ҳамроҳӣ, кӣ будани Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимовро дидему фаҳмидем. Ҳайдар Қосимов дар ҳақиқат марди далер, ҷасӯр, ватандӯсту миллатдӯст ва фидоии халқи тоҷик буд. Вақте ки ба назди оромгоҳҳои ҳамяроқу ҳамнабардҳои ӯ, аз ҷумла Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Саидгул Турдиев (дар мазори Байковои шаҳри Киев), Исмат Шарифов (шаҳри Добели Латвия), Сафар Амиршоев (деҳаи Жижмаряйи вилояти Каунаси, Латвия), Исмоил Ҳамзаалиев (шаҳри

Курски Федератсияи Руссия) ва садҳо дигарон бо иштироки аскарбачаҳои тоҷик мегузаронидем, ӯ дар муарриффии миллати тоҷик ва мардони далеру қаҳрамони ин кишвари гурдзо ба мардуми он ҷумҳуриҳо саҳми бузург мегузошт. Тоҷикистону миллати тоҷикро дӯст медошт. Ҳамаро як медонист ва мудом “Тоҷикистони азиз” мегуфт. Дар сари гӯрҳои шаҳидони ҶБВ аз Тоҷикистон, бахусус тоҷикон бо гиря ҳарф мезад. Вақте ки ба назди оромгоҳи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Саидқул Турдиев, дар мазори Байковаи шаҳри Киев бо гулдастаҳои тару тоза ба зиёрат рафтем, 19 август дар ҷамъомади кутоҳакак ӯ бо гиряи зиёд ҳарф зад. Иброз дошт, ки агар Саидқул Турдиев (собиқ вазири зироати Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки дар як вақт, моҳи июни соли 1943 ҳангоми гузаштан аз дарёи Днепр ва озод намудани Ҷумҳурии Украина аз душманон, ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардидааст, зинда мемонд, имрӯз аз ӯ фарзанд, набераву абера боқӣ монда, дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм мегузошт. Имрӯз ҳамаи он гуфтаҳо, панду ҳикматҳо, рафтору гуфтор, кирдор, ватандӯстиву инсондӯстӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ин марди шарифро ба ёд оварда, ба дарёи андеша ғӯттавар мешавам. Дар дастам якчанд ёдгориҳои қаҳрамон, аз ҷумла мактубҳо, табрикномаҳо ва айнаки сиёҳе, ки дар чашмонаш мегузошт ва ба ман чун ёдгориҳову ёдоварӣ туҳфа дода буд, қимати арзишманд дошта, бароям нодиру азизанд. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов дар ҳақиқат фидоии халқу миллат буд, вале афсус, ки ин шахси фидоиро замони ҷанги шаҳрвандӣ чун дигар чеҳраҳои шинохтаи миллати тоҷик беинсофона ба шаҳодат расонидаанд. Рӯҳи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов шод боду, манзили охираташ обод...

Амир Сайиди МУНКӢ, адиб, рӯзноманигор, директори осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Ховалинг


12

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Тӯппиву тӯппидӯзӣ дар байни тоҷикон аз қадим то имрӯз аҳамияти худро гум накардааст. Дар ҳар минтақаи ҷумҳурӣ тӯппии ба худ хосро мепӯшанд, ки маҳсули дасти занони моҳиранд. Дар ноҳияҳои манотиқи Кӯлоб бештар тӯппӣ ё тоқиҳои гирдак тайёр мекунанд, ки бо нақшҳою рангҳо оро ёфтаанд. Вақтҳои охир дар гирди тоқӣ бо ресмони ранга калимаи «Кӯлоб»-ро кашидадӯзӣ карда, бо пӯпакҳо оро медиҳанд.

Тӯппидӯзи номдор Дар Бадахшон бештар тӯппиҳои гирдаки сурхрангро меписанданд, ки ин бештар ба занон хос аст. Мардони Бадахшон низ он тоқиҳои гулдӯзиро мепӯшанд. Тӯппидӯзони шаҳри Исфара тӯппиҳои чоргули тоқа ё балдоқро бештар медӯзанд. Садсолаҳост, ки нақшу нигори тӯппиҳояшонро дигар накардаанд. Бинобар ин, ҳар марди исфарагиро зуд аз тӯппияшон шинохтан мумкин аст. Тӯппиҳои қадимаи Истаравшанро тӯпии ироқии гулдӯзӣ меноманд. То солҳои шастуми асри гузашта мардон бештар тӯппиҳои гулдӯзишударо ба сар карда, ифтихор менамуданд, ки онро занони гулдаст дӯхтаанд. Мо хурд будему ҳавас мекардем, ки ҳамин хел тӯппӣ дошта бошем. Боре ба ҳавлиамон яке аз тӯппидӯзони номӣ – аммаи Ҳикоят (руҳашон шод бод) омада, аз падарамон хоҳиш карданд, ки барояшон сандуқе созанд. Падарам усто Маҳкамбой устои сандуқсоз буданд. Розӣ шуданд, ки ба аммаи Ҳикоят сандуқ месозанд, вале бар ивазаш он кас барои усто ва ду фарзандаш тӯппӣ дӯзанд. Аммаи Ҳикоят низ розӣ шуданд. Ҳамин тавр, мо соҳиби тӯппии нави ироқӣ гаштем, ки онро танҳо дар рӯзҳои ид мепӯшидем. Шакли дигари тӯппӣ чоргул буда, дӯхташ осонтару нархаш арзон аст. Бештар мардони калонсолу миёнсол ин гуна тӯппиҳоро мепазируфтанд. Ҳоло ба ин касби пуршараф бештар занон машғуланд. Яке аз онҳо тӯппидӯзи истаравшанӣ Саодатхон Раҳимова буда, бо тӯппиҳояш борҳо ғолиби озмуни вилоятиву ҷумҳуриявии «ҳунарманди беҳтарин» гаштааст. Дар қатори 30 бонуи вилоят, ки ба гирифтани Гранти раиси вилояти Суғд мушарраф шуданд, Саодат Раҳимова низ буд ва ба гирифтани 5 000 сомонӣ ҳамчун ҳунарманди хонакор сазовор шуд. Саодатхон аз ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълони соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» хеле шод гашта, ният дорад, ки ба якчанд нафар духтарон касби худро омӯзонад ва онро сайқал диҳад. Сайфулло МАХКАМОВ, рӯзноманигор

Забондонӣ ва бозори меҳнат Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ тақозои замон буда, рушди минбаъдаи кишварамон аз мутахассисони забондон вобастагии ногусастанӣ дорад. Имрӯз забони англисӣ маъмултарину роиҷтарин забони олам ва бар замми ин забони расмии коргузории аксар давлатҳо ба шумор меравад. Бозори имрӯзаи меҳнат маҳз ба мутахассисони забондон ниёз дорад. Аз ин рӯ, забонҳои оламро омӯхтану аз худ намудан ва чун мутахассиси сатҳи байналхалқӣ баромад намудан барои мутахассисони ҷавони имрӯза зарур аст. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки ҳанӯз асрҳо қабл хориҷиён осори бузурги Рӯдакиву Сино, Ҳофизу Саъдӣ, Сайидову Аҳмади Донишро тарҷумаву барои мардуми худ осори илмиву бадеии ин бузургонро кашф намудаанд. Аз ҷумла, дар асри Х1Х шарқшиноси намоёни англис Эдуард Браун осори Рӯдакиро тарҷума ва ӯро асосгузори рубоӣ эълон намуд. Намояндаи дигари англис Фитсҷлангез осори Хайёмро тарҷумаву маҳз тавассути ин заҳматаш дар тамоми Аврупо машҳур гашт. “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ бошад, соли 1785 аз тарафи Чемпион ба англисӣ тарҷумав гардид ва минбаъд он боз ба чанд забонҳои дигари дунё тарҷумаву дастраси доираи васеи оламиён шуд. Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки забон қудрати бузургро доро буда, он халқу миллатҳоро мепайвандаду ба ҳам меорад. Боиси хурсандист, ки дар таълимгоҳҳои кишвар имрӯз барои забономӯзӣ имкониятҳои васеъ мавҷуд аст. Китоби асноди таълимӣ ва дастуру луғатҳои зиёди забономӯзӣ мавҷуд ва дастрасӣ ба сомонаҳо, китобхонаҳои электронӣ ба хонандагону донишҷӯён

имконияти мустақилона аз бар намудани забонҳои хориҷӣ ва илмҳои муосирро фароҳам овардаанд. Дар шароити босуръати тараққиёбии илму техника маҳз тавассути забономӯзиву забондонӣ метавон аз илмҳои муосир баҳравар гардид. Бинобар он, насли иззатманди ҷавони кишвар бо риояи расму ойини аҷдодӣ, гиромӣ доштани фарҳангу забон ва суннати ниёгон ҳар чи бештар барои аз худ намудани забонҳои хориҷӣ талош варзанд. Имрӯз донистани забонҳои хориҷӣ муқаддам аст. Тавре дар Паёми имсолашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Имрӯз нерӯи ҳар як кишвар дар баробари қудрати сиёсиву ҳарбӣ аз руи илму маорифаш ва истифодаи техникаю технологияш муайян мегардад.” Пас мо тарбиятдиҳандагону омӯзгорон ба масъалаи забономӯзии насли ҷавон бояд диққати ҷиддӣ диҳем. То ин ки онҳо забондону бофарҳанг бошанд. Раҳматулло ҶОРӮБОВ, устоди кафедраи фанҳои ҷамъиятии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №19 (9549), 10.05.2018

Аз таърихи ороиши мӯй дар миёни тоҷикон Орову торо додани мӯй барои одамизод, бахусус ба духтарону занон, ҳусни зиёдатӣ зам намуда, касро ба чашми дигарон зебо мегардонад. Донишу таҷриба ва малакаи ороиши мӯй дар байни бонувони тоҷик аз замонҳои қадим маъмул буд, ки намунаҳои онро дар бозёфтҳои археологӣ деворнигорҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Дар гузашта мӯйро асосан худи занҳо дар хонаашон мебофтанд, инчунин шахсони махсусе ҳам буданд, ки ин амалро иҷро мекарданд ва онҳоро машшота, мӯйбоф ё мӯйпирой мегуфтанд. Интихоби усулҳои мӯйбофӣ ва анвои ороиш ба хусусият, ранг ва зичии мӯйҳо, инчунин ба синну соли духтарону занҳо вобаста аст. Дар тӯли асрҳо истилоҳҳои гуногуни марбут ба мӯйбофӣ ба монанди пилтаи мӯй, пӯпаки мӯй, кокули пушти сар, кокули пешин теппакокул, ҷамолак, зулф, каҷак, кокулча, ростак, дукокул, себоф, бофтаи якқабата ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Занҳои тоҷик барои бофтани мӯй пеш аз ҳама онро шуста, обашро хушк мекунанд ва сипас аз равғанҳои махсус ба он молида бо истифода аз фарқросткунак (сими филизии махсус) аз байни пешонӣ то пушти сар фарқ кушода, мӯйро ба ду қисм ҷудо менамоянд. Сипас ҳар як бофтаро ба се қисм тақсим намуда, онҳоро бо ҳам мепечанд ва барои кушода нашудани мӯй аз пилта, ҷамолак ва пӯпак истифода намуда, онро бо нӯги мӯйи бофташуда мебанданд. Агар мӯйи сар тунуку кам бошад, дар паси гӯш танҳо панҷ ё ҳафтқатора ду кокул мебофанд. Агар мӯйи сар ғафсу зич бошад, аз паси гӯш дар болои кокулҳо боз як кокули дигар бофта мешуд, ки онро торак, торкокулак, сегак ё пусак мегуфтанд. Паскокул дар сари зани ҷавон то таваллуди фарзанди нахустини ӯ нигоҳ дошта мешуд. Зулф аз қисмати мӯйи пешонӣ то баногӯш аз тарафи пеш бурида мешуд, ки аксаран хоси занони шавҳардор буд. Баъзан мӯйи духтаронро майдабофӣ мекунанд, дар ҳар минтақаи алоҳидаи Тоҷикистон ба номҳои чиликак, чилчура, чилкокул, панҷара ва ғайраҳо ном бурда мешавад. Дар деҳоти Дарвоз ва навоҳии Бадахшон кокул ба номи валашак - печак маълум аст, ки он бо пӯпак ва дарозиаш аз ҷамолакҳои дигар минтақаҳо фарқ мекунад. Дар ин навоҳӣ асосан занҳо ду кокули бо ранги сурх мебофанд. Ҷамолак аз асрҳои миёна дар миёни занҳои тоҷик бо навъҳои гуногун вуҷуд дошт. Онро асосан аз риштаи пахтагин ва абрешимӣ (сиёҳу сурх) мувофиқи синну соли духтарон, дар шакли се тор, ки дарозиашон 40 – 50см буда, дар нӯгашон пӯпак мебанданд, омода менамоянд. Пӯпакҳо бо муҳраҳои гарди хазина ва риштаҳои ранга оро дода мешаванд. Мӯйбофии духтарони ҷавони ба балоғат расида нисбат ба наврасон фарқ дорад. Духтарони синну солашон 15 – 20 сола ва аз он болотар мӯйҳояшонро бо тарзҳои гуногун мебофтанд. Наварӯсон бошанд баъди шавҳар кардан мӯйҳои худро дуқабата ё сеқабата ва пас аз издивоҷ якқабата, пас аз он ки соҳиби писар шаванду тӯйи хатнасур кунанд ду кокули чаппа ва пас аз хонадор кардани фарзанд ду кокули роста мебофанд, ки ҳамаи ин ба худ мазмуну рамзи хосса дорад... Таҳияи Малоҳат ХОЛМУРОДОВА, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №19 (9549), 10.05.2018

E - MAIL: javonontj@mail.ru

Нафрат ба фарҳангу тамаддуни тоҷикӣфорсӣ - аз махсусиятҳои ТТЭ ҲНИТ Дар шабакаи Ютуб бо наворе мувоҷеҳ шудам, ки аз нишасти матбуотии ҳайати ҳукуматӣ ва мухолифин дар замони гуфтушунидҳо бардошта шудааст. Дар баробари дигар саволҳо, журналистон аз масъулин назарашонро бобати бо кадом сохти давлатдорӣ пеш рафтани Тоҷикистон пурсон шуданд. Доир ба посухи ҷониби Ҳукумат чизе намегӯям, зеро роҳе, ки алъон ҷомеаи Тоҷикистон интихоб намуда, дар ин ҷода собитқадам аст, ҳамон вақт интихоб ва дурустиву муҳимияташ бозгӯйӣ шуда буд. Ҷониби мухолифин он замон низ бунёди ҷомеаи хурофотиро меҳвар қарор дода, расман иброз дошта буд, ки ояндаи Тоҷикистон бунёди кишвари исломӣ (манзур кишвари хурофотӣ бо қонунҳои асримиёнагӣ буд) аст. Шояд ин навбат низ масъулини ТТЭ ҲНИТ, хоса Кабирӣ, ки домони аврупоиҳоро гирифта, бо ҳар роҳу васила мехоҳад худро шахси дунявӣ нишон диҳад, ин гуфтаро инкор намоянд. Вале далеле, ки овардам воқеият буда, ин навор дар шабакаи зикршуда қобили дарёфт аст. Пажӯҳиши масъала собит намуд, ки дар шароити кунунӣ маҳз мавҷудият ва фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ, амсоли ТТЭ ҲНИТ аксар кишварҳои оламро бо хатароти ҷиддӣ мувоҷеҳ намудааст. Эътироф бояд кард, ки дар оғози зуҳури чунин гурӯҳҳо аксар давлатҳо ин равандро ҷиддӣ қабул накарданд. Бо суиистифода аз бетафовутии кишварҳои пешрафта, ки то ин вақт хатари онро “дар пӯсти худ эҳсос накарда буданд” ин вабо аз сатҳи маҳалливу минтақавӣ то умумиҷаҳонӣ расид.. Усулҳоеро, ки айни замон пайравони гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар самти ҷалби ҷавонон мавриди истифода қарор додаанд, аслан ихтирои наҳзатиҳо метавон арзёбӣ намуд. Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки аз замони мавҷудият то марҳилаи баста шудан ин ҳизбро ҳадаф якто - ноором кардани ҷомеа ва ба ин васила расидан ба қудрат буд. Аксар сокинони кишвар, ки тоза насими соҳибистиқлолӣ ба машомашон расида буд, аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ иттилоъ надоштанд ва биноан ба доми фиребу найранги онҳо афтоданд. Ҳарчанд наҳзатиҳо худро ба аҳли илму адаб некхоҳ нишон доданӣ мешуданд, вале дар асл яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти ТТЭ ҲНИТ дар он зоҳир мегардид, ки онҳо ба фарҳангу маърифат ва хусусан, ба тасаввуфу ирфон, назари манфӣ дошта, ба маънои томаш равшанфикронро чашми дидан надоштанд. Садҳо далел мавҷуд аст, ки ба ном доҳиёни ин ташкилоти террористӣ тасаввуфу ирфони исломӣ ва адабиёти ирфониро маҳкум намуда, дар бораи он “ҳукм”-ҳои худро, ки аз хурофот маншаъ гирифта буд, эълон намудаанд. Аз матолиби расонаҳо маълум мегардад, ки қатли аксар чеҳраҳои саршиноси илму фарҳанги кишвар маҳз бо дастури роҳбарияти ТТЭ ҲНИТ амалӣ шудааст. Имрӯз бо дилпурӣ метавон гуфт, ки ТТЭ ҲНИТ аҳдофи зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунӣ дошту дар ин замина роҳбарият ва аъзои он ба ҳама гуна осори ҳунар, фарҳанг, таърих ва тамаддун аз паси панҷа менигаристанд. Агар аъмоли нопоки роҳбарият ва фаъолони ТТЭ ҲНИТ-ро варакгардон кунем муътақид хоҳем шуд, ки ситезаҷӯӣ бо муқаддасоти инсонӣ, аз ҷумла ҳунару фарҳанг, мактабу маориф дар сархати авлавиятҳояшон будааст. Моҳиятан зиддият бо рушду ободӣ як ҷузъи тафаккури гурӯҳҳои ифротгароии динӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИТ мебошад, ки ин омилро ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давоми чанд соли охир баръало эҳсос намуд. Амалкарди наҳзатиҳои террорист ба он нигаронида шуда буд, ки таълимоти исломиро аз фарҳанг, аз ҷумла, аз фарҳанги исломӣ ҷудо карда, онро аз арзишҳои олитарине чун илм, огоҳӣ, раҳм, шафқат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ, некӣ, зебоӣ, созандагӣ ва ғайра дур нигоҳ доштан мехостанд. Дар ин бора зиёд нигоштан имконпазир аст, зеро барои тақвияти андеша бо камбудии “далел” (манзур ҷиноятҳои содирнамудаи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИТ аст) мувоҷеҳ нахоҳем шуд. Вале “чизе ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест”. Бо инобати гуфтаҳо хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки зиддият бо мардуми ориёинажод ва нафрат ба фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ-форсӣ аз махсусиятҳои ТТЭ ҲНИТ буду ҳаст. Равшан АЛИМОВ

13

Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд. Эмомалӣ Раҳмон

Пешрафти ҷавонон – пешрафти давлат Ҷаҳони муосир тақозои онро дорад, ки ҷавонон на танҳо ҷисман обутобёфта балки нерӯи ақливу зеҳнии боқувват дошта бошанд. Зеро илму дониш, ақидаву идеяҳои нав яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат мебошанд. Ҷаҳони имрӯза низ лаҳза ба лаҳза бо пешравии илму техника ва муттаҳидшавиаш ба мо, ҷавонон, имкониятҳо фароҳам меорад. Моро зарур аст, ки илму техникаи замонаро аз худ кунем, забонҳои хориҷиро омӯзем ва дар корҳои сиёсии мамлакат иштирок намоем. Ба ин васила метавонем мавқеи худро пайдо кунем. Аз ин рӯ, кору фаъолияти мо дар ҳоле шарафманд аст, ки агар дар ободкорию созандагии Ватан саҳмгузор бошем. Бо ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тавонист, ки мисли дигар давлатҳо ба пешравию ҷаҳонишавӣ ноил гардад. Ин бахти баланди мо – ҷавонон аст, ки дар чунин давлати ободу осуда умр ба сар мебарему таҳсил мекунем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -

Пешвои миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо итминони бузург доранд ва ҳамеша талош меварзанд, то ки имкониятҳои зиёдеро барои таҳсили ҷавонон фароҳам оранд. Ин боварии Сарвари давлат аст, ки ояндаи Тоҷикистонро ба мо вобаста медонад. Аз ҳамин лиҳоз, бояд мо – ҷавонон ҷавобан ба ғамхориву дастгирии Пешвои миллат ва ҳукумат барои ватану миллати хеш содиқона хизмат намоем. Агар мо илму дониш надошта бошем, техникаву технологияи муосирро надонем, чи гуна метавонем ватани азизамонро ободу зебо гардонем? Дар кишвари мо бисёр ҷавононе ҳастанд, ки ташаббусҳои Пешвои миллатро ба инобат гирифта, илму дониш омӯхта дар корхонаҳои муҳими давлатӣ кору фаълият доранд. Аммо, мутаассифона, бархеи дигар ба корҳои ношоям даст зада, номи миллатро доғдор мекунанд ва бо шахсони беилму бемаърифат ошно шуда, бар зидди миллати хеш ҷанг мекунанд, дӯсту бародари худро бо ҳам душман карда, низоъ меандозанд.

Ин гуна ҷавонон қадри падару модар, қадри сулҳу ваҳдат ва чи будани ҳаётро намедонанд. Агар онҳо илми саҳеҳ, иродаи қавӣ, дӯстдории Ватан, меҳру муҳаббат ба оила дошта бошанд, касе наметавонад онҳоро бо ваъдаҳои дурӯғ мутеъ гардонад. Мушкилоте, ки имрӯз дар байни ҷавонон дида мешавад, надоштани дониши кофӣ ва сатҳи пасти таълиму тарбия аст. Тарбияи ҳар як фард аз оила сарчашма мегирад. Агар падару модар кӯшиш намоянд, ки фарзандони худро дар руҳияи хештаншиносӣ, инсондӯстӣ ба воя расонанд, фардо дар пешрафту шукуфоии ватан метавонанд саҳмгузор бошанд. Фаромӯш набояд кард, ки маҳз талошҳои бевоситаи мо – ҷавонон метавонад кишвари азизамонро ба пешравию ободӣ расонад. Аз ин рӯ, боз ҳам шукронаи Ватани азизамонро намоем, барои беҳтару хубтар шудани соҳаҳои гуногуни кишвар ва осудагии миллат кӯшиш кунем. Умедҷони КАРИМХОН

Шоири ватансаро Ман ватанро аз қафои пода пайхас кардаам, Рӯзу шаб бо панҷ ҳисси зотиам ҳис кардаам. Бо забону чашму гӯшу бо димоғу дасту по, Бо чамидан, бо шамидан, бо чашидан, бо садо.

Тоҷикистон, Тоҷикистон, Мекунам шукри каму бисёри ту, Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту, Аз ту ман сарват намехоҳам ватан ҳастӣ бас аст, Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

ҷони хеш баҳри ободӣ, сохтмону бозсозии ватан дар шеъри “Дубора созамат Ватан” чунин баён менамояд: Дубора созамат, Ватан, Ба хишти ҷони хештан. Сутун занам ба сақфи ту, Ба устухони хештан. Шоир павастагӣ ва ҳамбастагии тану ҷон, тору пуди худро бо ватан дар шеъри “Ватан” ба таври зайл ифода кардааст: Ту ришта-ришта дар вуҷуд Нишаста ҳамчу тору пуд. Ту қатра –қатра дар бадан Маро чу хуни хештан, Замини модарии ман, Ватан, Ватан, Ватан, Ватан. Ӯ дар васфи қаҳрамониву диловарӣ ва ҷонфидоиҳои фарзандони содиқу номбардори миллат, хосса Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: Номи туро нависем, эй Қаҳрамони ваҳдат, Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат. Метавон гуфт, ки аз ашъори устод бӯи хушу пурнакҳат, пуртаровату пурнафосати ватан меояд. Устод Бозор Собир воқеан ҳам шоири ватансарост. Ёди неки ӯ дар дили мардуми тоҷик абадан боқӣ хоҳад монд.

Устод Бозор Собир бо як ҳисси баланди масъулияту хештаншиносӣ, фарҳангу маданияти баланди шаҳрвандӣ омодагии худро баҳри фидои ҷисму

Ф. НАҶМИДДИНОВ, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод

Бозор Собир Ситоиши ватан яке аз муҳимтарин мавзӯъҳои ашъори устод Бозор Собир маҳсуб ёфта, аз чандин дидгоҳ ҷилва менамояд. Ватан дар шеъри ин шоири тавонои миллат ҳам кулбаи падарӣ, ҳам деҳаи Сӯфиён, ҳам ноҳияи Файзобод, ҳам Тоҷикистон ва ҳам кулли минтақаҳои форсизабон бо тамоми марзҳои таърихии он маҳсуб меёбад. Шоир ба гузашта ва имрӯзи кишвар назар медӯзад, ҳолу аҳволи онро мебинад, тасаввур мекунад, аз шаҳомати он меболад, аз дардҳояш ранҷ мекашад. Ӯ ватанро воқеӣ, табиӣ ва зебову нақшину рангоранг тасаввур менамояд, самимона дӯст медорад ва аз ҳамин ҷиҳат тасвираш мекунад, чунон ки дар шеъри “Тоҷикистон” ба мушоҳида мерасад:


14

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №19 (9549), 10.05.2018

МАЪРИФАТАФРӮЗ

Нуруллоҳи ОРИФ

ФАРХУНДА ТОҶИКИСТОН Қанд аст, қанд обат, Фархунда Тоҷикистон. Ҳастем ҷоннисорат, Эй кишвари гулафшон.

ШОИРИ ХАЛҚ Бирафт аз чашми сар Бозор СОБИР, Биё, аз чашми дил дураш насозем. Надорад ҳеч айб ин шоири халқ, Ба сони Рӯдакӣ кӯраш насозем. Накард ӯ қасди ҷони миллат асло, Зи минбар то дами маргаш сухан гуфт. Буд ошиқ, ишқро аз пеш дида, Ҳазорон шеър баҳри мову ман гуфт. Ватанро ӯ ба олам ошно кард, Ба худ аз мушти хокаш бурд ҳар ҷо. Ба ҳар як саҳфаи таърихи имрӯз Ба хуни хештан ӯ кард имзо. Ба мислаш ку, дигар девори миллат, Ки ҳифз аз Сому аз Зардушт созад? Ду дасташро зи ҷо хезад сари по, Барои дафни душман мушт созад. Ҳазор афсӯс, дур аз дида ҷон дод, Гар ин ҷо буд, килкаш мехаридам. Намехуфтам пайи шеър офаридан, Ба мижгон пардаи шаб медаридам. Ҳамели ашк аз пушташ зи чашмам Чу шабнам рӯи барги лолаҳо рехт. Худо, гуфтам, чаро берун зи кишвар, Аҷал хоки варо ҳам аз кафаш бехт?! Бале, Бозор беш аз ҳар қаламкаш Ҳунарманд одами рӯи замин буд. Нигоҳу қадду басташ аз ҷавонӣ, Ба мисли шеърҳояш нозанин буд

Шодем дар сари даст Бардоштӣ ту моро. Гуфтӣ, ҳамеша дар роҳ Монед рост поро. Раҳмат ба ҳафт пуштат, Эй Пешвои кишвар. Бо заҳмати ту бикшод Дунё ба рӯи мо дар. Шукри Худо, ки мо ҳам Дасти дароз дорем. Ҳар рӯз пеши меҳмон Як хони боз дорем.

Давоед, обҳои Тоҷикистон, Шифоед, обҳои Тоҷикистон. Хамида аз баландиҳо ба пастӣ, Навоед, обҳои Тоҷикистон. Ҳаловатбахши ҷону тан зи покӣ, Сафоед, обҳои Тоҷикистон. Ба нармию ба сардию ба лаззат Бақоед, обҳои Тоҷикистон.

ВАҲДАТ Мо зодагони Ваҳдатем, Дилдодагони Ваҳдатем. Пайванд карда як ҳаёт Ҷонро ба ҷони Ваҳдатем. Бошад садои мо баланд, Савту навои мо баланд. Гардид қадри ҳар яке Бо Пешвои мо баланд. Ваҳдат шиори миллат аст, Ваҳдат қарори миллат аст. Хушҳол мондан дар ҷаҳон Ин, ифтихори миллат аст.

Бизан чарх, бизан чарх Ба гесӯи парешон. Бидон, сирри дили хеш Надорам зи ту пинҳон.

Қанд аст, қанд обат, Фархунда Тоҷикистон. Ҳастем ҷоннисорат, Эй кишвари гулафшон.

Ба сад теғ, ба сад теғ, Ба сад теғаи абрӯ Ба қалбам зада ханҷар Ту, эй моҳи сияҳмӯ.

ВАТАНСОЗӢ Мо Ватанро бас дилоро сохтем, Беҳ зи гулгашти Мусалло сохтем. Ҳайкали Сомонии пурқудраташ Қад ба гардун з-оби тилло сохтем.

Шакар пошаду ҳам қанд Лабонат ба лабонам. Қасам, ёр, қасам, ёр, Туӣ роҳати ҷонам.

Бе Ватан дил шоду хандон нест, нест, Шоми торик ахтаристон нест, нест. Як қадам дур аз диёри чун биҳишт Зиндагӣ пурфайзу эҳсон нест, нест.

Бизан чарх, бизан чарх Ба гесӯи ба қад тит. Бихандад ба танат дӯст, Чу гул пираҳани чит.

Бо Ватан ҳар рӯзи мо сар мешавад, Дил зи оби тозааш тар мешавад. Дида Истиқлолу Ваҳдат, Сулҳро, Халқ дар кораш музаффар мешавад.

Бикун боз, бикун боз Равон нома ба номам. Марав хоб, зи ҷо хез, Бимон по ба саломам.

Низомиддин ДАВЛАТЗОДА

ОБҲОИ ТОҶИКИСТОН

ГЕСӮПАРЕШОН

Пирмуҳаммад ИСЛОМӢ

ДУБАЙТИҲО Дили шодӣ, дили шодӣ, дубайтӣ, Бароям бахту имдодӣ, дубайтӣ. Агар байти ту мавзун мебарояд, Маро табъи худододӣ, дубайтӣ. ******** Дубайтӣ, бош лабханди каломам, Дубайтӣ, бош гулқанди каломам. Зи баҳри мардумонат месароям. Дубайтӣ, бош сарпанди каломам. ******** Камоли дилпазир астӣ, дубайтӣ, Ту ҳам дорои пир астӣ, дубайтӣ. Ҳама ашёи оламро назир аст, Каломи беназир астӣ, дубайтӣ. ******** Ҳавои дил, ҳавои дил, дубайтӣ, Баҳои дил, баҳои дил, дубайтӣ. Сафобахшӣ, сафобахшӣ ба дилҳо, Давои дил, давои дил, дубайтӣ. ******** Ба дил меҳри ту ҷо кардам, дубайтӣ, Ҳазор аҳду вафо кардам, дубайтӣ. Зи боби гуфтанат аз баҳри мардум Худамро ошно кардам, дубайтӣ. ******** Дубайтӣ, мушкили дилро кун осон, Дубайтӣ, одамиро кун сухандон. Дари дилҳои мардум остон кун, Дубайтӣ, хонаи дил кун чароғон.

Вафобахшандаи ботин, дубайтӣ, Сафобахшандаи ботин, дубайтӣ. Дубайтӣ, захма зан бар тори дилҳо, Навобахшандаи ботин, дубайтӣ. Амир Сайиди МУНКӢ

ЧАКИДАҲО Ба ёди модари ҳунармандам. Мафтуни ҷамолу рангу бори чаканам, Парвардаи оби поку нони Ватанам. Бигрифта гапи туро ман, эй модари ҷон, Имрӯз равон аз пайи шеъру суханам. ******** Аз сардии фасли дай, ки дилгир шудам, Ошуфтамалоли поси хотир шудам. Наврӯзи Ватан, ба чашми дил дида туро, Хушнуд зи умри сабзи тақдир шудам. ******** Эй модари ҷон, дилам зи корат шод аст, Нақши қаламат хати куҳанбунёд аст. Гулдӯзии ранг-ранг, яъне, ки чакан, Мероси ниёгони хуталаҷдод аст. ******** Ин нақши наве, ки рӯи чодар бошад, Маҳсули базеби дасти модар бошад. Дорад асари нав аз ниёгони азиз, Баҳри ҳама кас басо муаттар бошад.


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №19 (9549), 10.05.2018

15

НАВҚАЛАМ

Устои кандакор Аз даврони қадим то ба имрӯз ҳунар ҳамеша “матои” боарзиш ва ҳунарманд мудом шахси соҳибном будааст. Ҳунармандро ҳама ҷо иззату эҳтиром мекунанд. Маҳсули заҳмати ӯро қадр менамоянду талабгор мешаванд. Ин шояд аз он аст, ки ҳунар ва ҳунармандӣ осон ба даст намеояд. Балки ба баъзеҳо ато мегардаду ба баъзеи дигар не. Яке аз ҳунармандони муваффақи даврони мо, устои кандакор Аҳмад Ҷабборов мебошад. Мавсуф сокини 45-солаи маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синост ва беш аз 20 мешавад, ки ба кандакорӣ машғул аст. Ӯ ба қавле бо ин ҳунар ба воя расидааст. Аз ин ҷост, ки ба дилу дидаи мардум раҳ ёфта, аз маҳсули дастонаш ҳам сокинони маҳалла, ҳам мардуми берун аз он баҳраманд гаштаанд. Вақте аз аввали кор то ба омода шудани нақши қисми як ҷевон назорат мекардем, ба сеҳрофар будани дасти ҳунармандон боварамон бештар мегашт. Ба зебоии ҳунари усто Аҳмад низ. “Ҳунармандии худро кай кашф кардед ва ё аз куҷост маҳорати нақшофарии Шумо?” – пурсидем аз Аҳмад Ҷабборов. Номбурда бо камоли хоксориву эҳтиром ҷавоб доданд: “Он аз гузаштагонам ба ман чун мерос боқӣ мондааст. Новобаста аз оне, ки падарам ба касби интихобкардаам зид буданд ва сарвату дороияшонро бароям басанда мехонданд, вале аз айёми кӯдакӣ, вақте ки ба нақшу нигори сохтаи бобо менигаристам, ҳавасам дучанд мегардид. Ин касбро ман аз бобоям омӯхтаам ва онро мудом қадр менамояму аз он музди ҳалол ба даст меоварам. Дар ҳақиқат ҳам имрӯзҳо дарк менамоям, ки интихобам дуруст буд. Ҳикмати “Ҳунар беҳ аз моли падар”-ро фаҳмидам, ки бузургон беҳуда нагуфтаанд...” Воқеан, дар коргоҳи Аҳмад Ҷабборов лавозимоти гуногуни кориро мушоҳида намудем, ки ҳама дар ҷои худ ва ба тартиб чида шуда, аз як устои бонизом будани ҳунарманд низ дарак медод. “Кандакорӣ ҳунари қадимтарин ва маъмултарин санъати ороишу халқи мост. Гарчанде дар замони имрӯза талабот ба таҷҳизоти замонавӣ зиёд гашта бошад ҳам, вале ҳавасу харидории мардум нисбат ба ҳунарҳои қадимиву кандакорӣ ҳеҷ кам нагаштааст”, - мегӯяд Аҳмад Ҷабборов. Дар ҳар хонадоне, ки тӯи арӯсиву домодӣ мешавад навхонадорон ҳатман мехоҳанд чизе дар хонадонашон аз ороишоти дастони моҳиронаи ин шахси ҳунарманд бошад. Ҳатман сандуқҳои зебое, ки бо нақшу нигор зебу зиннат дода шудааст харидорӣ менамоянд. Инчунин ӯ иброз менамояд, ки вақте ба меҳнати кардаат ва чизҳои омоданамудаатро мардум қадр менамоянд, ин ба мисле, ки гӯё дунёро бароят баҳшидаанд. Ҳастии ҳар як шахс дар касби интихобнамудаи ӯ мебошад. Ӯ шогирдони зиёдеро аз ҳунари худ омӯзонидааст. Шогирдонаш аз устодашон дар баробари кандакори моҳир будан инчунин одаму одамгариро низ хуб ёд гирифтаанд. Суханони пандомези ин шахси ҳунарманд як умр хотироти шогирдонаш ба некӣ хохад монд, зеро дар баробари устоди хуб буданаш ӯ барояшон падарвор ба роҳи рост ҳидоят намуда мегӯяд: “Шумо ояндаи халқи куҳанбунёди тоҷикед, расму русум, ҳунарҳои мардумӣ, урфу одатҳои ниёгонамонро хуб омӯзед ва ҳеҷ гоҳ нагузоред, ки онҳо аз байн раванд. Ҳамеша кӯшиш намоед музди ҳалол ба даст оварда, нони ҳалол хӯред. Дар кадом ҳолат ҳам набошад, аз зиндагӣ дилсард нагардед. Ояндаи шумо, комёбии шумо аз худи шумо вобаста аст”. Шаҳодат АДИЛОВА, донишҷӯи ДМТ

Айёме, ки ҳоло мо умр ба сар мебарем, замони иттилоот ва технологияҳои муосир ном бурда мешавад. Яъне бо истифода аз техникаю таҷҳизоти навин дар истеҳсолот, маҳсулнокии меҳнатро афзоиш дода, нишондиҳандаҳои бештарро ноил шудан мумкин аст. Сарчашмаҳои иттилоот ҳоло хеле зиёд гардида, маълумоти лозимаро аз сарчашмаҳои гуногун, бахусус китобхонаҳои электронӣ сари вақт дастрас кардан мумкин аст. Истифода аз китобхонаҳои электронӣ, махсусан барои донишҷӯён хеле муфид ва қулай аст. Ва чунин китобхонаҳо, дар ҳама макотиби олии кишвар мавҷуд асту истифодабарӣ аз онҳо ҳеҷ маҳдудияте надорад.

Об унсури муҳими табиат Аз хурдсолӣ дар хотирам аст, ки чун аз бозии футбол бармегаштам, модарам либосҳои ифлосамро дар танам дида, онҳоро ба дохили об андохта мешӯст. Либосҳоям тозаву озода мешуданд. Ва чун ба сари миз менишастем, модарам ба ошхона даромада, ба чойник об меандохт ва ба он чойи сиёҳро илова карда, чойи болаззате тайёр мешуд. Об бо ҳамаи ин хусусиятҳояш маро ба ҳайрат меандохт. Вале ман он замон намедонистам, ки об чист ва чӣ гуна об пайдо мешавад ва ҳамаи обҳо ба куҷо рафта мерезанд? Барои ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан дар мактаб, дар синфи 8, замони омӯзиши фанни химия ман бо таркиб ва хусусиятҳои об шинос шудам. Ҳамин ки таътили тобистона фаро мерасид, ба деҳа сафар мекардам. Дар роҳ шаршараҳо, чашмаҳо ва дарёҳои пуртуғёни кишварамро дида, фахр мекардам, ки сарвати миллати ман ин об аст. Об дар тамоми рӯзгори инсоният нақши бениҳоят муҳимеро мебозад. Ва имрӯз мо бояд ба қадри он расида, сарфакорона истифода барем. Сабабҳои расидан ва нарасидан ба қадри об шояд дар он бошад, ки вай нобарор тақсим шудааст. Аз ҷумла, дар Африқо танҳо 10 дар сади аҳолӣ ба об ба таври доимӣ таъмин асту халос. Дар Аврупо бошад, 95 дарсади аҳолӣ ба об ба таври доимӣ таъмин мебошанд. Ва маҳз дар қитъаи Аврупо дарёҳои ифлостарини ҷаҳон ҷойгир шудааст. Ифлостарини онҳо Рейн, Дунай, Сена, Темза, Тибр, Волга, Днепр, Дон, Днестр ва ғайраҳо мебошанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки халқи Аврупо нисбат ба об беқадрӣ зоҳир мекунанд. Ифлосшавии уқёнусҳои ҷаҳонӣ низ

меафзояд. Соле ба он бештар аз 100 миллион тонна партовҳои гуногун ҳамроҳ мешавад. Дар аввали асри XVII императори Англия Елизавета барои дарёфти роҳи арзони тозакунии оби уқёнусҳо 10 ҳазор фунт стерлинг мукофот эълон карда буд. Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари хеш Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад ба ҷаҳониён ҳушдор диҳад, ки об сафобахши зиндагист, об манбаи ҳаёт, об ҳастии кулли мавҷудоти рӯйи замин аст. Ва ба қадри он бояд расид. Чандин пешниҳодот ва чорабиниҳои густурда аз ҷониби роҳбари давлати Тоҷикистон маҳз ба хотири эҳтиёт ва истифодаи сарфакоронаи об дар рӯи замин роҳандозӣ шудааст. Тоҷикистон аз захираи об

бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои оби модию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Иқтисоди имрӯзаи Тоҷикистонро об муайян мекунад. Дар тақсимоти байналмилалии меҳнат навишта шудааст, давлате, ки дар тақсимот иштирок дорад, бояд аз ягон ҷиҳат бартарие дошта бошад. Тоҷикистон дар ИДМ аз ҷиҳати захираи об ва истеҳсоли қувваи барқ бартарият дорад. Истифодаи сарфакоронаи об метавонад дар оянда Тоҷикистонро ба як давлати мутараққӣ табдил диҳад. Ямин МАМАДХОНОВ, хонандаи муассиаи таълимии миёнаи умумии рақами 25, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Ҷавонони муосир бояд чӣ гуна бошанд? Ман ин андешаҳоро барои чӣ баён дорам? Чунки худ донишҷӯям. Ҳарчанд бештар амалан ба машқу тамринҳо машғул бошам ҳам, аммо баҳри такмили савияи дониш ва омӯзиши назариявии пешаи интихобкарда, бештар аз китобҳо маълумоти даркориро пайдо мекунам. Аз ин хотир, вақти муайян ҷудо карда, ба китобхонаҳо меравам. Китоби лозимаро дарёфт ва мутолиа менамоям. Ҳамин тавр, мутолиаи китоб дониши назариявии мо – донишҷӯёнро ҳарҷониба васеъ месозад. Мутолиаи китобҳои бадеӣ бошад, натанҳо ҷаҳонбиниро васеъ ва рафтору кирдорро тағйир медиҳанд, ҳатто ба одоби муошират ва муомила бо атрофиён таъсири мусбат мерасонад. Дар кӯчаҳои шаҳр давр зада, гоҳо ба гуфтугӯ ва муколамаҳои наврасону ҷавонон диққат медиҳам. Дар бисёр ҳолатҳо аз даҳони эшон суханҳои ноҷо ва ҳатто қабеҳу зишт мешунавам. Ин аз чӣ гувоҳӣ медиҳад? Албатта, аз пастии фарҳанг ва бемаърифатӣ. Маърифатро чӣ тавр метавон боло бардошт? Бешубҳа, бо мутолиаи китоб. Афсӯс, ҳангоми ба толори мутолиаи китобхонаҳо ворид шудан

шумораи начандон зиёди хонандагон ба назар мерасад. Аз шарикдарсону дӯстон низ гоҳо дар мавриди китобхонӣ пурсон мешавам. Шумори хеле ками онҳо аз мутолиаи китобҳои бадеӣ посухи мусбат медиҳанд. Маҳз нахондани китобҳост, ки дар муносибат ва гуфтори бархе аз ҷавонону наврасон аломати бефарҳангию бемаърифатӣ мушоҳида мегардад. Имрӯз баҳри ҷавонони даврони соҳибистиқлол тамоми шароиту имконот муҳайёст. Моро лозим аст, ҳар чи бештар илм омӯзем, соҳибмаълумот гашта, баҳри пешрафти кишвар саҳмгузор бошем. На ин ки вақтро беҳуда гузаронда, бо гуфтани

суханҳои ноҷо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ хотири атрофиёнро озурда созем. Месазад дар ин маврид мисраъҳои утод Айниро ба ёд овард, ки маҳз ба китобхонӣ ва илму ҳунаромӯзӣ даъват кардааст: Биёед, эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодонӣ намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад. Бежан ШОКИРОВ, донишҷӯи курси сеюми факултаи варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов


16

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №19 (9549), 10.05.2018

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Сеҳри хома

√ АНДАРЗ

«Қурбонӣ» барои бахт

АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”

Донишманде мафтуни зебоии олам, аз ҳаёт фараҳманд шуда, ба роҳаш мерафт. Ногоҳ марди аз машаққат қоматаш хамшудаеро дид. -Чаро худатонро гирифтори чунин уқубатҳо намудед?-пурсид донишманд. -Ман барои бахти фарзандон ва набераҳоям азоб кашида истодаам,-ҷавоб дод мард.- Падари бобоям барои хушбахт шудани он кас машаққат кашидаанд, бобоям бошанд барои бахти падарам, падарам барои бахти ман дар иҳотаи изтиробҳо зиндагӣ намуд. Ман ҳам барои ҳаёти хуррам гузарондани фарзандон ва набераҳоям ба давоми умрам азоб кашидан розиям. -Дар оилаатон касе хушбахт шудааст?-савол дод донишманд. -Не, аммо албатта хушбахт шудани фарзандон ва набераҳои ман даркор аст! -Одами бесавод хондан-

АБДУСАЛОМ ДЕҲОТӢ

√ САЙҚАЛИ

АНДЕША

******** Нӯшидан ҳам андоза дорад. ******** Хирадманд дар рӯзҳои хушбахтию бадбахтияш ҳамоно баҳушу мустаҳкам аст. ******** Ту намедонӣ, ки бевақтии шаб бо худ чӣ меорад. Варрон Ҷанг барои ҷангнодидаҳо хушоянд аст. Вегетсий Фориғболӣ - сарчашмаи камбағалист. Вергилий Афзунӣ ва қудрати қувва аз ҳаракат аст. ******** Ташаббус ба яке бахт ва ба дигаре рӯзи сахт меорад. ******** Таҷриба беҳтарин устод аст. ******** Хирадмандӣ тавонотар аз қисмат аст. ******** Пурсуръаттарин офат дар дунё овоза аст. ******** Садои одами бемарг танинандоз аст. ******** Аз бадбахтӣ нагурехта, рӯ ба рӯяш гом бинеҳ.

******** Далеронро қисмат низ дастёр аст.

И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР

Дар дохили пиёлаи зебое, ки дар рафи баланде меистод, қалам ва хаткӯркунаке мезистанд. Онҳо бо ҳам дӯстӣ доштанду ба якдигар кӯмак мерасонданд. Рӯзе қалам бо афсӯсу надомат аз хаткӯркунак узрхоҳӣ намуд, вале хаткӯркунак намефаҳмид, ин узрхоҳӣ ба хотири чист. Қалам инро чунин шарҳ дод: - Ҳар боре, ки ман ягон хато мекунам, ту маҷбурӣ, ки онро тоза кунӣ ва тадриҷан як қисматат кам мешавад ва оҳиста-оҳиста хурдтару кучактар мешавӣ. Ва оқибат рӯзе пурра нобуд мешавӣ, ки ин маро хеле нороҳату маъюс мекунад. Хаткӯркунак дар ҷавоб табассуме намуда, гуфт: - Дуруст мегӯӣ. Аммо ин тақдир ва уҳдадории ман аст. Вақте ман ягон хатои туро мебинам, вазифадорам, ки ба ту кӯмак намоям. Ва бо мурури замон ман ноб уд мешавам. Вале ҳамзамон ман аз о н эҳсоси қаноатмандӣ ва хушҳолӣ мекунам, ки метавонам ба ту кӯмак расонам. Аз ин рӯ, ғам махӯр ва нороҳат мабош, чун бояд ҳамин гуна бошад. Андарз: Волидони мо хаткӯркунаканду мо, фарзандон, – қалам. Онҳо ҳамеша барои ба мо кӯмак намудан ва ислоҳи хатоҳои мо омодаанд. Бо гузашти вақт воли-

дон худ аз байн мераванд, яъне пир мешаванду моро барои ҳамеша тарк мекунанд. Ҳамеша бо волидони хеш ғамхору меҳрубон бошеду онҳоро қадр кунед. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

Веллей

Шаҳодатнома бо силсилаи А ва рақами 042835, ки онро комиссариати ҳарбии навоҳии тобеи маркази Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 августи соли 2000 ба Ҳошимов Саидаҳмад Ширинович додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ

√ ЭЪЛОН

******** Ба зоҳир сахт мӯътақид набош.

Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

чӣ хел хушбахт намудани фарзандон ва набераҳоятонро мефаҳмед!

Қалам ва хаткӯркунак

Танҳо қадами аввал мушкил аст.

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.

ро омўзонда наметавонад, кўрмуш ҳеҷ гоҳ бургутро тарбия наменамояд,-ба ҷаҳл омада гуфт донишманд.-Аввало худатон хушбахт шуданро омўзед, ҳамон вақт

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4161 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.