Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо
№19 (9393), 14 майи соли 2015
e-mail: javonontj@mail.ru
Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН
ҲАФТ РӮЗ 07.05.2015 Дар шаҳри Душанбе қисмати ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Ҳифз ва қироати “Қуръон”-и карим” миёни ҷавонони то 25-сола доир гашт. Он аз соли 2009 таҳти сарпарастии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, ҳадаф дарёфт ва парвариши беҳтарин қориҳои “Қуръон” мебошад. 08.05.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ, ки дар Маскав доир гашт, иштирок намуд. Дар вохӯрӣ, инчунин, сарони давлатҳои Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба ҳам омаданд. Дар мулоқот масоили вобаста ба таҷлили шоиста аз пирӯзии бузург бар фашизми гитлерӣ дар кишварҳои иттиҳод ва арҷгузорӣ ба қаҳрамонию фидокориҳои мардуми ин қаламрав дар майдонҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. 09.05.2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Сурхи шаҳри Маскав шоҳиди Паради ҳарбӣ бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар ҶБВ гардид. 10.05.2015 Дастаи “Аҳал”-и Туркманистон барои анҷом додани бозии ниҳоии марҳалаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 вориди Душанбе шуд. Бозӣ миёни “Истиқлол” ва “Аҳал” 13 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ баргузор шуд. 11.05.2015 Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ оид ба рушди соҳибкории занон доир гардид.
Саҳифаи 3
Баррасии масъалаҳои ҷавонони ИДМ дар Душанбе
12.05.2015 Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи шашмақом консерти идона баргузор шуд. 13.05.2015 Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ қабл аз муҳлат хабар дод.
ВАРЗИШ
Мусобиқаи дзюдо ба ифтихори 70-солагии Ғалаба 8 майи соли равон дар ноҳияи Восеъ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳию Кумитаи миллии олимпӣ мусобиқаи кушод оид ба бокс ва дзюдо байни наврасони соли таваллудашон 1998-1999, бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар ҶБВ баргузор гардид. Ҷоизаҳоро ба ғолибон Аҳтам Абдул- зода бо ҷавонон ва наврасони ноҳия Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат пайлозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш суҳбати озоду ошкоро анҷом дод. Роҳбари васта нисбат ба ҷавонон ғамхорӣ намуда, ва сайёҳӣ, Мӯсо Ғафурзода, раиси ноҳияи ҷавонони мамлакат дар мулоқот бунё- шароитҳои заруриро барои онҳо муҳайё Восеъ, Баҳрулло Раҷабалиев, дабири Ку- ди варзишгоҳҳои наву замонавиро маҳз сохтааст. Аз ин рӯ, аз ҷавонон тақозо шуд, митаи миллии олимпӣ, Шодӣ Сафаров, ба хотири насли солим ба воя расида- ки бештар ба илму дониш рӯй оварда, аз ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва ни ҷавонон арзёбӣ карда, онҳоро барои имкониятҳои мавҷуда самаранок истифосоҳибкор Авазхон Кабиров супориданд. эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ да намоянд. «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9393), МАЙИ СОЛИ 2015 Пас аз мусобиқа Аҳтам Абдуллодаъват14 намуд.
1
ҶАШН
КОНФРОНС
Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар боғи Ғалаба 8 май бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи Ғалабаи пойтахт 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 таҷлил шуд.
Ба Президенти ҷумҳурӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо аз омодагии ҷузъу томҳои гарнизони ҳарбии Душанбе ба маросими гулгузорӣ ва расми гузашти низомӣ гузориш дод. Президенти кишвар Ҷанги дуюми ҷаҳонро аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо дар таърихи инсоният номида, собиқадорони ҷангу меҳнат ва мардуми сулҳхоҳу ваҳдатсози кишвари маҳбубамонро, ки дар набардҳои шадиди ин ҷанг мардонавор истодагарӣ карда, барои таъмин намудани пирӯзӣ бар фашизм саҳми арзишманд гузоштаанд, самимона табрик гуфт ва ба ҳар хонадони тоҷик фазои орому осуда, хонаи обод ва тандурустиву хушбахтӣ таманно кард. Тавре зикр гардид, беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ин ҷанги пурдаҳшат шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба
хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш ҷон супурдаанд. Таъкид гардид, ки шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси мо дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад. Бахусус, дар шароити ноором ва бисёр мураккаби кунунӣ, ки таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ рӯз то рӯз вусъат пайдо мекунад. Ба поси хотири қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар назди гулхани абадӣ гулчанбарҳо гузошта шуд. Нахуст Президенти ҷумҳурӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони он ҷанги пурдаҳшатро пос дошт. Сипас, гулчанбарҳо аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси на-
ТАВАҶҶУҲ!
Озмунҳои Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ, мусоидат ва тавсеа бахшидани эҳсоси худшиносӣ, садоқат ба Ватан, арҷгузорӣ ба таърих ва тамаддуни халқи тоҷик, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият, муаррифӣ намудани дастовардҳои ҷавонони соҳибистеъдод ва дастгирии бештари онҳо дар доираи чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии “Иншои беҳтарин”, таҳти унвони “Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар!” дар мавзӯи «Дастовардҳои ҷавонони даврони соҳибистиқлол» ва мусаввирони ҷавонро зери унвони “Тоҷикистон - кишвари ман ” миёни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва махсуси касбии мамлакат ва дигар наврасону ҷавонони соҳибистеъдод эълон менамояд. Ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмунро диплому сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ интизор аст. Барои маълумоти бештар метавонед ба суроғаи зерин муроҷиат намоед: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6. Телефонҳо: (837) 236-37-26, (+992) 915-620-888; (+992) 919-531-731.
2
мояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, собиқадорони ҷангу меҳнат, сохторҳои қудратии Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорат ва пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, ҳамчунин, аз номи ҷавонони Тоҷикистон гузошта шуд. Хотираи неки қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, ҳамчунин, бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд. Маросими гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанг бо гузашти низомии ҷузъу томҳои гарнизони ҳарбии Душанбе идома ёфт. Дар гузашти низомӣ афсарону сарбозони воҳидҳои низомии кишвар, аз ҷумла, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва як воҳиди низомӣ аз пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ширкат намуданд. Сарвари давлат бо намояндагони насли наврасу ояндасози кишвар ва собиқадорони ҷангу меҳнат аз наздик суҳбат намуда, ба пирони диловару барнодил барои ҷонбозию қаҳрамониҳои онҳо дар он ҷанги пурдаҳшат ва ҳам дар таълиму тарбияи насли навраси кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҷавонмардию матонат арзи қадрдонӣ намуд. WWW.PRESIDENT.TJ
ШАМЪИ ХОТИРА
Зиёрати оромгоҳи Қаҳрамони Тоҷикистон Бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини факултети филологияи ДМТ, бахшида ба зодрӯзи шоири маъруфи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода конфронси илмӣ баргузор гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ нахуст ба оромгоҳи устод М. Турсунзода рафта, сари марқадаш гулчанбар гузоштанд. Паз аз лаҳзаи хомӯшӣ декани факултет, профессор М. Нарзиқул аз хизматҳои устод ёдовар шуда, таъкид кард, ки ному осори М. Турсунзода абадӣ асту заволнопазир. Мудири кафедраи назария ва адабиёти навин М. Зайниддинов дар бораи шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтани М. Турсунзода ҳарф зад. Дар назди оромгоҳи устод шеърхонӣ намудани донишҷӯён низ яке аз лаҳзаҳои беҳтарини маҳфили онрӯза буд. Дар идомаи кори конфронс, ки дар толори фарҳангии ба номи Ш. Ҳусайнзодаи ДМТ баргузор
шуд, устодону меҳмонони факултети филология, профессорон У. Тоиров, А. Кӯчаров, Р. Ваҳҳоб, И. Идизода, Қ. Нурқаев ва А. Афғонов баромад карда, дар бораи паҳлуҳои гуногуни осори Турсунзода сухан гуфтанд. Толибҷон САЙҶАЛОЛОВ, донишҷӯи курси якуми ДМТ
Мо – ҷавонон барои ҳифзи Ватан ҷон нисор мекунем! Бо ибтикории Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар доираи чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, таҳти унвони “Мо - ҷавонон барои ҳифзи Ватан ҷон нисор мекунем!” конфронси илмию амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни фаъоли вилоят баргузор шуд. Шоҳзод Раҳимов, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят иброз намуд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳодисаи нангини таърихӣ ба шумор меравад. Оташи ҷанги дуюми ҷаҳон, ки онро системаи мудҳиши империализм ба вуҷуд овард, шаш сол забона зад. Халқҳои 61 давлате, ки дар онҳо бештар аз 80 фоизи аҳолии рӯи замин зиндагӣ мекард, ба гирдоби ин ҷанг кашида шуд. Қариб 110 миллон нафар сарбозу афсар дар сафҳои артиши мамлакатҳои мухталиф ҷангиданд. Ин ҷанг ба инсоният талафоти бағоят калони ҷонӣ расонд. Дар ин ҷанг саҳми ҷавонони Тоҷикистон низ хеле назаррас буд. Дар қатори миллионҳо ҷавони давлатҳои шӯравӣ ҷавонони Тоҷикистон ба ҷабҳа рафта, шаъну шараф ва истиқлолияти Ватанро муҳофизат карданд. Танҳо 22-23 июни соли 1941 ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз номи 5000 нафар ҷавон ариза омад. Пеш аз ҳама, ҷавонон Қурбон Нарзуллоев ва Нусрат Иззатуллоев ариза супориданд. Нарзуллоев дар аризаи хеш чунин навишта буд: “Ман дар кори варзиш фаъол мебошам. Ҳозир дар миқёси ноҳия дар тирандозӣ ҷои намоёнро ишғол мекунам. Бинобар ин, хоҳишмандам, ки маро ба фронт фиристед”. Як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар аризаи худ чунин навишта буданд: “Бо сабаби он ки душмани тамоми инсоният фашистони Германия ба Ватанамон ҳуҷум оварданд, мо – донишҷӯдухтарон илтимос мекунем, ки аз ҳайати мо дружинаи ҷангӣ-санитарӣ ташкил намоед. Мо дар муҳорибаҳо баробари мардон иштирок хоҳем кард”. Сипас, оид ба ҳаёти худ дар рӯзҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб Мирзо Бекматов нақл кард. Ҳамчунин, А. Қурбонов ва И. Иброҳимов оид ба рӯзҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ баромад намуда, ҷавононро барои омӯзиши илмҳои муосир, ҳифзи истиқлолияти кишвар ва хештаншиносу ватандӯстӣ ҳидоят намуданд. Бо мақсади ёдовар гардидани рӯзҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳалима Аллоева, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи «Муҳофизати қаҳрамонии Маскав», Рухшона Боронова, омӯзгори Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва менеҷменти шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «70 соли ғалаба!», Шарифхӯҷа Ҳасанов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара дар мавзӯи «Баъд аз 70 сол...», Фаридаи Талабшо, донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб доир ба «Муҳорибаи Курск» ва Шукрона Хидирова, донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи «70-умин солгарди Ғалаба бар фашизм» маърӯза карданд. Дар охир иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо мукофотпулӣ ва олимони ҷавону донишҷӯёни фаъол бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва “Сипоснома”-ҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят қадрдонӣ шуданд. У. САФАРАЛӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9393), 14 МАЙИ СОЛИ 2015
ҶАВОНОНИ ҶАҲОН
Баррасии масъалаҳои ҷавонони ИДМ дар Душанбе 12 майи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид. Дар он намояндагон аз кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд. Дар оғоз Зебо Наботова, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласа барор хостанд. Сипас, Аҳтам Абдуллозода дар мавзӯи «Амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза карда, оид ба дастовардҳо дар ин самт маълумот дод. - Тоҷикистон дар бобати сиёсати демографӣ миёни дигар кишварҳои ҷаҳон нисбатан ҷавон маҳсуб ёфта, синни миёнаи аҳолӣ 24,7 солро ташкил медиҳад, гуфт Аҳтам Абдуллозода. – Имрӯз 35 дарсади аҳолии мамлакат ҷавонони 14-30-сола мебошанд. Аз ин рӯ, ояндаи насли ҷавон бо вазифаҳои ҳифзу тараққиёти мамлакат, нигоҳдории мероси бузурги таърихию фарҳангӣ, эҳёи Ватан пайванди ногусастанӣ дорад. Дар Тоҷикистон амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар оғоз ёфт. Қадами нахустин баҳри ба роҳ мондани сиёсати мазкур марти соли 1992 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар
бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ниҳода шуд. Бо назардошти дигаргуниҳо ва талаботи ҷавонону ҷомеаи муосир соли 2004 қонуни мазкур бо тағйиру иловаҳо дар таҳрири нав қабул шуда, Қонун “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ном гирифт. Аҳтам Абдуллозода дар хусуси афзалиятҳои асосии сиёсати
давлатии ҷавонон гуфт, ки иштироки фаъоли ҷавонон дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ, алалхусус, худмуайянкунӣ, зимни иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, мустақилӣ дар интихоби касбу ҳунар, фаъолият, интихоби ҳамсар ва ғайра ба назар мерасад. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон таъмин
бо ҷойҳои корӣ мебошад, ки он мусоидат ба таъсису вусъат додани шабакаҳои сохтори омӯзиши ҷавонон, фароҳам овардани системаи маълумоти иловагӣ, рушди соҳибкорӣ миёни ҷавононро дар бар мегирад. - Ҷавонони солим кафили ояндаи солим мебошанд, - гуфт Аҳтам Абдуллозода. – Аз ин рӯ, баҳри
пешгирии бемориҳои хатарнок миёни ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷумҳурӣ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Дар Тоҷикистон барои гирифтани маълумоти босифату замонавӣ, шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Аҳтам Абдуллозода, инчунин, таъмини иҷтимоии ҷавонон, ҳуқуқ ва расидагӣ ба арзишҳои ҷавонон, мустақилияти иқтисодии онҳо, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон ва боло рафтани фарҳангу ахлоқи ҷавононро самтҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон номид. Дар ҷаласа 17 масъала вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар доираи кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла, иҷрои нақшаи кории ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2014-2015, амалисозии Стратегияи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонони ИДМ, баргузории чорабиниҳо бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар ҶБВ, лоиҳаи Низомнома дар бораи ташкили заминаи рушди фаъолияти соҳибкории ҷавонони давлатҳои узви ИДМ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор ёфт. Александр Страдзе, директори Департаменти сиёсати давлатӣ дар бахши тарбияи кӯдакону ҷавонони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия дар бораи таҷлили ҷашни Ғалаба дар Русия сухан карда, таъкид намуд, ки чунин чорабиниҳо ба насли ҷавон дар бораи фидокорию дӯстии халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ёдрас мешавад. Андрей Беляков, котиби якуми кумитаи марказии Иттиҳодияи ҷамъиятии «Иттифоқи ҷавонони Белорус» аз таъсиси Осорхонаи сайёри хотираҳои ҶБВ дар шаҳри Минск иттилоъ дод. Иштирокчиёни ҷаласа дар қатори дигар масъалаҳо, ҳамчунин, нақшаи кории ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ-ро барои солҳои 2016-2017 мавриди баррасӣ қарор доданд. “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
350 ҷавони тоҷик дар сафи ДИИШ 11 май бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб семинари илмӣ-амалӣ, таҳти унвони “Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ (ифротгароӣ)” доир гардид. Дар он Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, 425 нафар ҷавонони фаъоли мамлакат иштирок доштанд. Меҳмонон қабл аз оғози семинар дар саҳни Қасри фарҳанг бо ҳунарҳои дастӣ ва дастовардҳои ҷавонони шаҳри Кӯлоб ошно шуданд. Дар семинар Рамазон Раҳимзода дар мавзӯи “Сабабу омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ- ифротгароӣ” маърӯза кард. Номбурда оид ба чӣ гуна гаравидани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо, аз ҷумла, “Давлати исломӣ” мисолҳои мушаххас овард. Гуфта шуд, ташкили ин гурӯҳҳо кори дасти давлатҳои абарқудрат аст, ки мехоҳанд ба ин восита нақшаҳои нопокашонро амалӣ намоянд. Аз ҷавонон даъват карда шуд, ки хеле эҳтиёткор бошанд. Ба гуфтаи вазир имрӯз дар сафҳои Давлати исломӣ 350 нафар ҷавони тоҷик меҷанганд. Ҳамчунин, 50 ҷавон аз ҷумҳурии мо
дар Сурия ба ҳалокат расидаанд. Аҳтам Абдуллозода мавзӯи "Нақши ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чун омили пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо"-ро матраҳ намуда, изҳор дошт, ки бештар аз 70%-и аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Раиси кумита аз таълимоти нодурусти баъзе ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд. Таъкид шуд, ки ҷавонон бояд ба бегонапарастӣ роҳ надиҳанд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9393), 14 МАЙИ СОЛИ 2015
Конфронси илмӣ ба муносибати 70-солагии Ғалаба 8 май бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Китобхонаи миллӣ, ба муносибати 70-солагии Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ, таҳти унвони «Ҳифзи ВатанМодар - вазифаи ҳар як фард» конфронси илмӣ доир гардид. Дар он вакили парлумон Қиёмиддин Миралиев, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинӣ ва олимони ҷавон аз муассисаҳои олии кишвар иштирок доштанд. М. Муинӣ зикр кард, ки баргузори ин гуна конфронсҳо имкон медиҳад, бори дигар аз байни ҷавонон соҳибистеъдодҳо, равшанфикрон, ихтироъкорон, ояндасозони давлат ва нерӯҳои зеҳнию ақлониро дарёфт, онҳоро дар оянда барои рушди илму техника ва технологияи муосир равона созем. Конфронс кори худро дар се бахш – илмҳои ҷомеашиносӣ, бунёдӣ ва табиӣ равона намуда, наздики 80 маърӯзаи олимони ҷавон шунида шуд. Зикр гардид, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон барои наҷоти халқ аз таҳдиди фашизм дар баробари фарзандони дигар халқу миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ диловарони тоҷик низ, ки аксарашон ҳанӯз дар синну соли 18-20 қарор доштанд, сина сипар карда, ба майдонҳои набард рафтанд. М. УСМОН, “ҶТ”
3
МУАРРИФӢ
ОЛИМПИАДА
“Аскарони ғалаба” муаррифӣ шуд 7 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ба муносибати 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, рӯнамоии китоби тозанашри муаллифон – генерали мустаъфӣ Абдулло Ҳабибов ва журналист Раҷаби Мирзо бо номи “Аскарони ғалаба” доир гардид. Китоб хотираи беш аз 90 ди- хори моянд. Мутассифона, дар ловари тоҷикро дар бар гирифта, шароити нав касоне ёфт мешалаҳзаҳои мудҳиши айёми ҷангро ванд, ки мехоҳанд таърихро аз қисса мекунад. нав нависанд. Мехоҳанд ширЯке аз муаллифони китоб кати тоҷиконро дар ҶБВ инкор Абдулло Ҳабибов иброз дошт, кунанд. “Аскарони ғалаба” ба он ки навиштани китоб дар бораи хотир таҳия шудааст, то ҷавонони онҳое, ки барои зиндагии орому мо бидонанд, ки бобоёни онҳо осоиштаи мо ҷонашонро қурбон диловару ҷасур буданд ва барои кардаанд, кори савоб аст. “Онҳо наҷоти ИҶШС аз ҳуҷуми фашизм мардонанд, ки обрӯи миллати фидокориҳо кардаанд”, - афзуд А. тоҷикро дар давраи ҶБВ баланд Ҳабибов. бардоштанд. Онҳо мояи ифтиМ. УСМОНОВ
Марҳабо Ҷабборӣ: “Дар андешаи кашфиёт бошем” 7 май дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври ниҳоии Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ба ифтихори 3000-солагии Ҳисори Шодмон ва 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 доир гардид.
ФАРҲАНГ
Дар маросими ифтитоҳи он Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири мамлакат иштирок кард. Ӯ нахуст аз толорҳои дарсӣ, варзишӣ ва маркази тестии донишкада дидан карда, бо донишҷӯён суҳбат ороста, онҳоро ба хониши хубу аъло даъват намуд. Марҳабо Ҷабборӣ ба иштирокчиёни олимпиада муваффақият хоста, иброз дошт, ки рушди бомароми соҳаи маориф кафолати пешравии ҷомеа ба ҳисоб меравад. - Таъкиди Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ дар масъалаи баланд бардоштани дониши хонандагону донишҷӯён, бархӯрдор гардидани онҳо аз дастовардҳои илмию техникӣ, ба тарзи ҳаёти солим ҳидоят намудани онҳо хеле ба маврид буда, моро водор месозад, ки дар ин самт аз тамоми имконот истифода намоем, - гуфт М. Ҷабборӣ. - Дар шароити имрӯза баланд бардоштани сифати таълим, таъмини кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, тайёр кардани мутахассисони арзандаи ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, гузаштан ба усулҳои замонавии таълим, бедор кардани маърифати техникии ҷомеа
аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Танҳо бо илму дониш, ақлу заковат, ихтирооту навоварӣ дар назди аҳли башар метавон сарбаланд шуд. Аз ин рӯ, ҳамеша дар андешаи навгониҳои илму кашфиёт, шукуфоии мамлакат ва баланд бардоштани иқтидори он бояд бошем. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, изҳор дошт, ки олимпиада сабқат аст ва чӣ тавр омода шудани ҳар як мактаби олӣ ва дар кадом поя қарор доштани сифати таълим дар ин ҷо муайян мешавад. “Мақсад аз баргузории олимпиада муайян кардани донишҷӯёни боистеъдод ва ба роҳи илм раҳнамун сохтани онҳо мебошад”, - гуфт вазир. Дар олимпиада 319 нафар донишҷӯ аз 36 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи 12 фан (забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, математика, технологияҳои иттилоотӣ, таърихи халқи тоҷик, фалсафа, сиёсатшиносӣ, химия, биология-экология, физика, назарияи иқтисодӣ) байни ҳам сабқат карданд. Машҳура АБДУЛЛОЕВА
“Библиомарафон” китобдӯстонро муайян мекунад Дастоварди хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ Бо ташаббуси Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагона ба номи Мирсаид Миршакар ва дастгирии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва хонандагони китобхонаҳои шаҳру навоҳии кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон», таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор мегардад. Тавре аз Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории озмун эҳёи суннатҳои китобдӯстии халқи тоҷик, ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, баҳрабардории ҳарчи бештар аз ганҷинаи бебаҳои ниёгон ва арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Иштирокчии озмун бояд узви ягон китобхона бошад; адабиёти заруриро аз феҳристу картотекаҳои китобхона мустақилона дарёфт карда тавонад; китобҳои хондаашро ба ҳамсолонаш муаррифӣ карда тавонад; рӯйхати китобҳои мутолиакардаашро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намояд; китобҳои хондаашро бо фикру мулоҳизот дар дафтарчаи махсус қайд намояд; дар рафти озмун беш аз 4 китобро оид ба таъриху фарҳанги Тоҷикистон мутолиа намояд; чор китобро аз осори классикони адабиёти тоҷику форс ва муосир дар васфи Ватан мутолиа карда бошад; оид ба Қаҳрамонони халқи тоҷик ва Қаҳрамонони Тоҷикистон маълумот дода тавонад; бахшида ба мавзӯъҳои Истиқлолият, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷашнҳои ниёгон, иншооти бузург ва шахсиятҳои намоёни кишвар маълумоти кофӣ дошта бошад; ба саволҳо оид ба сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиии Тоҷикистон ҷавоби саҳеҳ дода тавонад. Озмун дар ду давр баргузор мегардад. Даври аввал дар сатҳи вилоятҳо, водиҳои Ҳисору Рашт ва шаҳри Душанбе то моҳи август доир гашта, якнафарӣ ғолибон ба даври ҷамъбастӣ роҳхат мегиранд. Даври дуюм дар Рӯзи китоб - 4 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст ва ғолибон муайян мегарданд. У. САФАРАЛӢ, “ҶТ”
4
3-8 майи соли равон дар шаҳри Афинаи Юнон 32-юмин Олимпиадаи Балкан аз фанни математика доир шуд. Дар он 118 хонанда аз 21 давлат иштирок доштанд. Ҷумҳурии моро 5 хонандаи ЛИМТТ ба номи Ҳоҷӣ Камол ва як нафар аз Гимназияи «Ҳотам ва ПВ» намояндагӣ карда, соҳиби 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гаштанд. Собирҷон Бобизода, хонандаи ЛИМТТ ба номи Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе сазовори медали нуқра, Каломиддин Қличев, Фаррух Каримов, Ҷаҳонгир Муродов ва Суннатулло Ғафуров, хонандагони дигари ҳамин литсей сазово- Ҷакартаи Индонезия Олимпиадаи ло; Тахмина Шукурова, Фаранлоиҳавии ISPRO-2015 баргузор гис Аҳмадова, Мунзифахон Бори медалҳои биринҷӣ шуданд. 3-10 май дар шаҳри Еревани шуд. Дар он 186 хонанда аз 22 бокалонова аз ЛИМТТ-и шаҳри Арманистон 49-умин Олимпиа- давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Хуҷанд сазовори медали нуқра Дастаи ҷумҳурии моро як ва Шоҳинабону Зуҳурова, Умедаи даи байналмилалии Менделеев аз роҳбар, ду хонанда аз ЛИМТТ-и Олимзода аз Мактаби байналмифанни химия доир гашт. Дар он 93 хонанда аз 15 дав- иқтисодии шаҳри Душанбе, се хо- лалии Душанбе сазовор медали лат иштирок карданд. Ҷумҳурии нанда аз ЛИМТТ-и шаҳри Хуҷанд биринҷӣ гаштанд. моро 5 хонанда аз ЛИМТТ ба номи ва ду хонанда аз Мактаби байналДар умум дастаи Ҷумҳурии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе милалии шаҳри Душанбе ташкил Тоҷикистон бо 7 медал (2 тилло, намояндагӣ карда, соҳиби 2 меда- карданд, ки ҳамаашон сазовори 3 нуқра, 2 биринҷӣ) дар байни 22 ли биринҷӣ гаштанд. Медалҳоро медал шуданд. давлат сазовори ҷойи дуюм гашт. Фараҳноз Каримова, Субҳия Фаррухҷон Баротов ва Фирӯз СанМуродова аз ЛИМТТ-и иқтисодии гинов ба даст оварданд. Ҳамчунин, 4-9 май дар шаҳри Душанбе сазовори медали тилУ. САФАРАЛӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9393), 14 МАЙИ СОЛИ 2015
БА МУНОСИБАТИ 78-СОЛАГИИ ҲОШИМ ГАДО (Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта) ДӮСТЕ, КИ ҲЕҶ ГОҲ ХИЁНАТ НАМЕКУНАД Ҳошим Гадо ба ҳайси шефтаю дилдодаи китоб ҳамаро ба мутолиа даъват мекунад: “Тамоми дӯстон мумкин аст, ки дар лаҳзаи душвор ғадр намоянд. Ҳатто зане, ки дӯсташ медорӣ, баъзан ғадр мекунад. Аммо китоб ҳеҷ гоҳ ғадр намекунад ва туро танҳо намегузорад. Аз ин рӯ, месазад, ки бо китоб дӯстӣ кунӣ. Албатта, на бо ҳама китобҳо. Миёни онҳо низ мисли одамон қалбакӣ ҳам дучор меояд. Ана, аз ҳамин гуна қалбакиҳо ҳазар бояд кард. Набояд вақти тиллоии худро сарфи онҳо намоӣ. Вақтро сарфа бояд кард, зеро вақти рафта дубора барнамегардад. Ҳангоме ки бароят душвор аст, китоби хубе ёб ва ту хоҳӣ дид, ки аз мутолиаи он равонат ором мегирад. Вақте одамон тарки мутолиа кунанд, андеша намуданро тарк менамоянд. Китоб дӯсти содиқ аст. Боварӣ дорам, ки ҳеҷ гоҳ мисли одамон хиёнат намекунад”. Мутолиа хислату ҷаҳонбинии одамонро тағйир медиҳад. Ҳошим Гадо борҳо барои ҳалли мушкилоте ба назди мансабдорони мақомоти гуногун рафтааст. Ӯ аз он ғам мехӯрад, ки баъзе мансабдорон масъулияти худро намедонанд. - Баъзеашон сарфаҳм намераванд, ки барои чӣ назди онҳо даромадӣ. Онҳо ҳеҷ гоҳ адабиётеро нахондаанд, ба театр нарафтаанд. Аз телевизор (видео, DVD) чанд филми даҳшатангезу ҷангиро тамошо кардаанду халос... Воридшавии корафтодагонро вайроншавии оромии худ меҳисобанд... Ба ин “хӯса»-и рӯи курсӣ менигарию бо мушкилоти ҳалношуда аз ҳуҷрааш берун мешавӣ... Баъди сарсону саргардониҳо барои талоши ҳақиқат худро дар ватанам одами зиёдатӣ меҳисобам, менависад Ҳошим Гадо. – Ба худ савол медиҳам, ки умре заҳмат кашидӣ, бо арақи ҷабин ризқу рӯзии худу аҳли оилаатро таъмин кардӣ. Магар он замон ба гӯшаи хотират меомад, ки ту дар айёми пирӣ пушти дар мемонӣ? Сари вақт надидӣ, ки санъат, хайрхоҳӣ ва виҷдонро сарфи назар кунию ба тиҷорат равӣ. Шояд имрӯз миллионер мешудӣ... Ҳеҷ гап не. Умед дорам, ки Худованд маро дар ин роҳи душвор танҳо намегузорад... Ман танҳо дар нимаи дуюми умри худ дарк намудам, ки дар ҷавонӣ бисёр чизҳоро намефаҳмидаму диққат намедодам. Зиндагӣ беҳтарин донишгоҳ будааст. АФСӮС, ГАҲЕ ЗИНДАБУЗУРГОН НАШИНОСЕМ Шуҳрати ҳар сарзаминро фарзандони барӯмандаш баланд мебардоранд. Ҳошим Гадо ҳар куҷо мерафт, номи тоҷику Тоҷикистонро баланд мебардошт. Соли 1990 Ҳошим Гадо ҳамроҳи як гурӯҳ ҳунарпешагони «Узбекфилм» барои наворбардории филми «Набарди се шоҳ» ба кишвари африқоии Марокаш рафт. Коргар-
дон Суҳайл Бимбарк актёрҳои шӯравиро дар меҳмонхонаи худ ҷой дод. Ҳунарпешаи арманӣ назди Ҳошим Гадо омада гуфт: “Ҳошим, биё ҳамроҳ ба бозор равем. Ман суратгиракамро мефурӯшам”. Ҳунарпешаи ӯзбек чунин пешниҳод мекард: “Биё аз бозор ягон чизи арзонтар харида, дар бозорҳои худамон қимат мефурӯшем”. Ҳунарпешаи рус бошад, пивонӯшӣ рафт...
бо «чашмсерӣ»-и хоси шӯравӣ гирифтани пулро рад кард. Он вақт ба гӯши ҳар як шаҳрванди шӯравӣ мехонданд, ки «аз хориҷиҳо пул нагиред, худро гуруснаву камбизоат нишон надиҳед»... Падару модари кӯдак бо забони шикастаи русӣ пурсиданд: “Миллататон чист?” Ҳошим Гадо бо ифтихор ҷавоб дод: “Тоҷик!” Зану шавҳар ба ҳамдигар нигоҳ карда, китф дарҳам кашиданд. Шояд он фаронсавиҳо бори аввал номи тоҷикро шуниданд. Аммо дар
Ҳошим ГАДОЕВ:
Маро дар зиндагиам фаҳманд МУАРРИФИНОМА Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳошим Гадо дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ (соли 1972), аз соли 1972 узви Иттифоқи синамогарони ИҶШС, Лауреати Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1987), Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1988), дорандаи Ҷоизаи ба номи Аноҳита (1995), аз соли 1996 дотсенти Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, актёри театру кино, коргардону басаҳнагузорандаи намоишномаҳо, педагог, муаллифи 45 ҷилд китоб мебошад. Аммо Ҳошим Гадо бо ягон нафари онҳо нарафта, лаби ҳавзе рӯи харак нишаста, рафтори атрофиёнро наззора мекард. Сайёҳи чинӣ дар зери сояи дарахте китоб мехонд. Ҷопонӣ бошад, гулҳои гуногунро акс мебардошт. - Бо гузаштани солҳо ман ба кори чинию япониҳо сарфаҳм рафтам, - мегӯяд Ҳошим Гадо. – Ин мардум беҳтарин ихтирооту таҷрибаи дигар халқҳоро омӯхта, дар кишвари худ амалӣ месозанд... Ҳошим Гадо ғарқи андешаҳо буд, ки фарёди кӯдаки ба ҳавзафтодаро шунид. Дарҳол бо ҳамон сару либоси расмӣ худро ба ҳавз андохта, кӯдакро наҷот дод. Волидайни ӯ барои ҷасораташ ба Ҳошим Гадо як баста доллар дароз карданд. Аммо Ҳошим Гадо, ки дар ҷайбаш як тини зардак ҳам надошт,
симои Ҳошим Гадо тоҷикро миллати ҷасуру хайрхоҳ ва чашмсеру боғурур диданд. Ҳошим Гадо на танҳо дар киностудияи «Тоҷикфилм», балки дар «Ӯзбекфилм» («Ситораи Улуғбек», «Ба Ватан хизмат мекунам», «Суғдиён», «Тӯрони Бузург» ва ғайра), «Озарбойҷонфилм» («Равшании гулханҳои хомӯшшуда», «Дар ин ҷо туро биҳишт пешвоз намегирад», «Ҷанговарони кӯли кӯҳӣ»), «Белорусфилм» («Сарҳади давлатӣ») низ нақш бозидааст. Агар ӯ дар вақташ дар хориҷ аз шӯравӣ кор мекард, бо он истеъдоде, ки дошт, шояд миллионер мешуд.
Шариф барои ин нақш 5 миллион доллар талаб карда будааст. Коргардон ба вай 4 миллион доллар пешниход кардааст. Коргардони ӯзбекистонӣ Суҳайлро гуфтааст: «Шумо дар хусуси маблағ ташвиш накашед. Дар мо, дар Осиёи Марказӣ ин нақшро бепул бозӣ мекунанд». Вақте Суҳайл ба Тошканд омад, барои ин нақши «бепул» Ҳошим Гадоро интихоб кард. Аммо Ҳошим Гадо аз сидқи дил нақшро бозида, дар гӯшаи хотираш ҳам оварда наметавонист, ки ҳамтои амрикоиаш барои бозӣ кардан дар ин нақш 5 миллион доллар талаб карда буд. Ҳарчанд филмҳои
Соли 1990 Ҳошим Гадо зимни иҷрои нақши Агат-Мара аз киштии баландиаш 20 метр шамшерро ба даҳон гирифта, худро ба баҳр ҳаво дод. Сипас, шинокунон, бо чолокӣ, ба соҳил баромад. Коргардони филми «Набарди се шоҳ» Суҳайл Бимбарк Ҳошимро ба оғӯш кашида, гуфт: «Браво, Ҳошим! Шумо ба Умар Шариф ғолиб омадед». Ҳошим Гадо пурсид, ки ин суханаш чӣ маъно дорад? Маълум шуд, ки ҳунарпешаи арабтабори амрикоӣ аз «Ҳолливуд» Умар
нақшофаридаи Ҳошим Гадо нисфи ҷаҳонро гашта бошанд ҳам, ӯ имрӯз ҳатто велосипед надорад. Боре Ҳошим Гадо аз телевизион барномаеро дар бораи ҳунарпешаи фаронсавӣ Депарде тамошо кард. Зимни муаррифӣ баранда гуфт, ки Депарде дар суратҳисобаш 380 миллион евро
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9393), 14 МАЙИ СОЛИ 2015
P.S.
дорад. Ҳошим Гадо баъди тамошои барнома гуфт: “Офарин, Депарде! Нони даҳонатро соҳиб шуда тавонистӣ. На танҳо ба худат, балки ба набераю абераҳоят зиндагии осудаҳолонаро фароҳам овардӣ!” Ҳошим Гадо аз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев миннатдор аст, ки бо супориши ӯ масъулон манзилашро таъмир намуданд. Ҳамчунин, аз раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор сипосгузор аст, ки 18 сол боз сарпарастӣ карда, аз ҳолаш хабар мегирад. Инчунин, дар ҳафтаномаҳои «Чархи гардун», «Вечерний Душанбе» ва «Дайджест пресс» навиштаҳои Ҳошим Гадоро ба табъ мерасонад. - Некӣ ба ҳар инсон мисли бумеранг бармегардад, - мегӯяд Ҳошим Гадо. – Аз ин рӯ, бузургонамон фармудаанд: Ту некӣ мекуну бар даҷла андоз, Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз. Ҳошим Гадо мақсад дорад, ки намоишномаҳои «Спартак» ва «Суқрот»-ро ба саҳна гузошта, бо бинандагон хайрухуш намояд. - Ҳунарпеша бояд бозӣ кунад. Бе бозӣ дар саҳна ҳунарпеша мемирад. Ман дар шӯълаи худ месӯзам. Ман чун Офтоби хурде ҳастам, ки сӯхта ба дигарон равшанӣ мебахшам... Имрӯз новобаста аз он ки ҳасудону нотавонбинони ман имкони дар театру кино «сӯхтан»-и маро намедиҳанд, новобаста аз он ки асри ман ба рӯҳу ҷонам «туф» кард, ман ҳамаро мебахшам. Худованд худ довари ҳақ аст. Ҳоло, ки зиндаам, бояд танҳо тухми некӣ кишт намоям! Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”
Ҳунарпешаи маҳбуби мо Ҳошим Гадо 10 май ба синни 78 расиданд. Хоҳони онем, ки Худованд сояи давлаташонро бар сари мухлисони сершуморашон зиёда бигардонад. Илоҳо ҳамеша тандурусту сарфароз бошанд!
5
ШИНОХТИ МИЛЛАТ
Тоҷикон: Кӯшише дар шинохти Ҳақназар ҚУРБОНМАМАДОВ, профессори Донишкадаи давлатии Тошканд
Соли 1869 Армений Вамберӣ, олими шарқшиноси маҷористонӣ, зимни саёҳат дар кишварҳои мусалмонии Шарқи Наздик ва Шарқи Миёна дар робита ба шароити зист, анъана, одот, хусусиятҳои равонии сокинони он ҷо мушоҳидоти бисёр ҷолиберо аз худ боқӣ гузоштааст. Тарзи ҳаёт, хислат ва таърихи халқҳои маскуни Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон аз назари ӯ дур намондаанд. Ӯ навиштааст: «Тоҷикон сокинони аввалини тамоми шаҳрҳои Осиёи Миёна ҳастанд... афсӯс, ки ин халқ, сарфи назар аз маънавиёти ғании гузашта ва азамати пешинаи худ ба чунин беқадриву хорӣ расидааст. Дар баробари ин фарзандони Осиёи қадим – маҳди нажоди мо бисёр оҷиз ва бечора ба назар мерасанд». Дар таҳқиқоти дигари худ А. Вамберӣ сифатҳои иҷтимоии тоҷикро аз қабили кордонӣ, меҳнатдӯстӣ, андешамандӣ баҳои баланд дода, миёни дигар миллатҳои Осиёи Миёна
6
онҳоро “олиҷаноб” унвон кардааст. Аз миёни ин мушоҳидот ман диққати хонандаро ба каломе чун «оҷиз» ва «ҷаноб» ҷалб мекунам. Воқеан, дар ҳаёти иҷтимоии тоҷик таркиби муттазод, сифоти мухолиф омадааст: он ҳам «оҷиз» аст, ҳам «ҷаноб»-ест, ки ҳамзамон соҳиби иззату шарафи худ мебошад. Таърих ҳеҷ гоҳ ба тоҷик раҳм накардааст. Он сахтӣ, мушкилоти зиёди иҷтимоӣ, ҳамчунин низомҳои сиёсиеро аз сар гузаронидааст, ки онҳоро дар таърихи дигар миллатҳои сайёра пайдо кардан душвор аст. Дар ин росто дигаре аз муҳаққиқони таърихи тоҷикон А. Шишов чунин менависад: «Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо ба дасти лаҷомгусехтаҳо, ҷанговарони бераҳми ҷаҳонӣ бозича будаанд, ки дар натиҷа, дар мулки онҳо низоми ваҳшиёнаи шарқӣ ва истибдоди ҳокимон ҷорӣ буд, ки он аҳолиро ба даҳшат мубтало гардонид. Чун муддати мадиде зери зулми ҳуккоми ситамгар буданд, ба ояндаи худ бовариро гум карданд. Тарзи зист, оила, ҳаёти шахсӣ ва сифати ахлоқашонро, ки асолати онҳо буд, дар шакли аслӣ ҳизф карда натавонистанд, ҳарчанд эшон ҳаёти ором ва меҳнатқарин доштанд. Новобаста аз табаддулоти мухталиф, ба ҳар ҳол, тоҷикони тарсу султаи маънавиро дар худ ҳифз карданд». Таърихи тоҷик пур аз фоҷеа ва воқеаҳои ғамангез аст. Ҳувияти он маротибаи аввал, вақте дар ҳоли азбайнравӣ қарор гирифт, ки маҷбур буд худро «ибн» ё «абу» кунад, бори дувум, бо роҳи ҷабр «ов» ва «ович» хондани худ. Тафовут дар он аст, ки дар ҳолати аввал фарҳанги он чун ҷанговарон нақши созандаиртиботӣ, арзишманд-ташаккулӣ бозид ва дар ҳолати дувум фарҳанги он комилан аз фарҳанги умумиэронӣ (аҷамӣ) дар инҳисор гирифта шуда, чунин як фарҳанг нолозим, куҳна ва архаистӣ муаррифӣ гашт. Аз алифбои он намегӯем, ки дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ (1920-1940) ду маротиба мавриди тағйир қарор гирифт, ки он маънии зеҳни онро аз лиҳози равонӣ бозмондан дошт. Ғайр аз ин таърихи тоҷик ба ҳадде таҳриф гашт, ки худи мафҳуми «зеҳни таърихӣ» барҳам хӯрда, ба устура табдил ёфт. Мисоли нисбатан барҷастаи ин гуфтаҳо афсонаи халқии «Ленин ва кучук-одам» аст. Ҳамчунин сурудҳои халқӣ дар бораи Ленин, Сталин, ҳизби болшевикон низ ба ин гуфтаҳо мисол шуда метавонанд. Тоҷик бинобар дар гирдоби таърих қарор гирифтан аксари анъаноти мусбати иҷтимоии худро, ки метавонистанд онро ба ҳадди миллатҳои соҳибтамаддуни муосир бирасонанд, аз даст дод. Оғози фарҳанги мутамаддини тоҷик барои муаррихони фарҳангҳо маълум аст: пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек. Агар аз нигоҳи тамаддуни муосир тоҷик мавриди таваҷҷуҳ қарор бигирад, ба назар мерасад, ба ин миллат тамғаи «осиёӣ», консерватив, навнопазир, мутаассиб, кӯтоҳбин, қабилагаро, ҷоҳталаб, саҳлангор, бепарво, майл ба ихтилоф доштан задаанд. Аммо тоҷик комилан ин тавр нест. Ӯ дорои зарфияти имконот, нерӯи маърифат аст, ки имкон фароҳам меоранд, то ба ҳадди ҷомеаи мутамаддин бирасад, албатта, агар бигзоранд, ки ин миллат зинда бошад. Дар ин нақш тоҷик бо меҳнатдӯстӣ, туғёнҳои эҳсосӣ ба бунёдгузорӣ аз дигар мардуми мутараққӣ дар ростои муносиботи иҷтимоӣ фарқе надорад.
Тоҷик, умуман, аз сифати иҷтимоӣрасмӣ маҳрум нашудааст. Дар робита ба ин масъала уламо, сайёҳон, мубаллиғон, эммисарҳои ҳарбӣ, аз қабили Сюян-Тзан, А. Вамберӣ, А. Ф. Миддендорф, Г. Арандаренко, А. П. Хаников, А. П. Шишов, Н. Г. Богоявленский, М. С. Андреев, В. Навалкин, В. В. Бартолд, А. А. Семёнов ва дигарон иттифоқи назар доранд. Тоҷик табиатан моил ба навсозӣ, дарки лаззатбахши ҷаҳон, муносибати ҳасана бо ҳамсоягон ва дигар русуми динӣ мебошад. Агар ба таърих ва фарҳанги он назар афганда шавад, ба таври возеҳ асоси мутамаддини амалҳо ва меъёрҳои он ҳувайдо мешаванд. Ин миллат ҳеҷ гоҳ ба ҳамсоякишвари худ ҳуҷум накарда, замин ва шаҳрҳои бегонагонро ғасб, тарзи ҳаёт, забон, дини худро ба дигарон таҳмил накардааст, балки баръакс маъвои модарии ӯ ҳамеша дучори ҳуҷум ва тахриб будааст, аз ҷумла шурӯъ аз асри IX то асри XIX (аз ҷониби арабҳо, муғулҳо, туркҳо). Дини худро, ки бунёди моддиву маънавиаш буд, аз даст дод, забонашро, тарзи ҳаёту афкорашро махлут карданд. Ин миллат ба ҳадде мавриди омезиши шадид қарор дода шуд, ки дар аксари шаҳрҳои аҷдодии таърихиаш (Марв, Бухоро, Фарғона ва ғ.) худогоҳии миллӣ пурра барҳам зада шуд, чи расад ба асли калимаҳои худшиносӣ ва ҳувият. «Тоҷик табиатан ба корҳои мулкӣ иқдом карда, - менависад А. Вамберӣ, - ҳамеша моили заминдорӣ, саноат мебошад ва ҷангро чашми дидан надорад». Чунин майлон нишонаи калидии инсони мутамаддин аст. Заминдорӣ барои тоҷик ҳастии ӯ ва амали маъмулии ӯст. Феълан, тоҷик ҳар як ваҷаб заминро арзишманд меҳисобад, тасодуфӣ нест. Барои исботи ин гузаре ба деҳоти кӯҳистони Тоҷикистон кардан ва ба он қавл, ки тоҷик хона ва иншооти худро дар санглохи ғайрикишт месозад, бовар намудан кофист. Ҳар як манзиле зери осмони боз тақрибан осорхонаест, ки аз заҳамоти сангин ва эҳтиром ба замин далолат мекунад. Дарёфти инсоне дар ҷаҳон, ки чун тоҷик ба замин эҳтирому муҳаббат дошта бошад, душвор аст. Ин хусусият аввалан, ба табиат – шароити вуҷуди тоҷик рабт дорад, ки дар кӯҳдоман як мушт хок на камтар аз тилло қимат дорад. Баъдан, заминҳои ҳосилхези тоҷикон ҳамеша аз ҷониби муғулҳои кӯчманчие, ки чунин фарҳанги заминдорӣ надоштанд, тахрибу касиф шуданд. Ишқи ӯ ба замин, хишти заррини бунёдии ҷаҳоншиносӣ ва фалсафаи тоҷик аст, ки дар ашъори шуаро ва ҳакимони зиёде васф мешавад. Ишқ ба замин дар фарҳанги тоҷик ба ҳадде амиқ реша давонидааст, ки гоҳе дурӣ аз деҳа, макони таваллуд ва он ҷое, ки ӯ аввалин қадами худро дар ҳаёт гузоштааст, фоҷиабор аст. Замин, Ватан барои тоҷик ин пеш аз ҳама ҷаҳони ботинии ӯст. Барои ҳамин тоҷик ба сурати пойдор ва маҳкам решапайванд бо замин аст. Дар гузашта чун тоҷикон барои дарёфти қути лоямут ба кишварҳои дур сафар мекарданд, дар рӯймолчае муште аз хоки Ватанро баста, онро ба худ мегирифтанд. Тасодуф нест, ки дар фолклори тоҷикон мо зарбулмасалу ҳикматҳои зиёдеро вомехӯрем, ки дар онҳо Ватан вобаста ба маънию тасвири бадеии худ нақши барҷаста дорад. Ба гунаи мисол, зарбулмасали «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар» барҷастатарин далел аст. Ҳамчунин дар ин робита, дар афкори эҷодкорон ва шуарои му-
осири тоҷик Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва афкори фалсафӣ-публисистии файласуфи машҳури тоҷик Акбари Турсон нуқтаҳои ҷолиберо метавон пайдо кард. Ишқи тоҷик ба замин ба ҳар нафаре, ки дар замини санглохи ӯ будааст, асар гузоштааст. Ба қавли А. Серебреников ба ғайр аз сифати зотии меҳнатдӯстии тоҷик дилбастагии қобили таваҷҷуҳи ӯ ба зиндагии ором, ба замине аст, ки онро кишт мекунад ва баъзан меҳнати ӯ подоши дилхоҳ намедиҳад. Н. Энгелгарт тобоварии тоҷиконро дар робита ба меҳнати сангини деҳқонӣ таъкид менамояд. Дар ин масъала онҳо танҳо бо чиниҳо қиёспазиранд. Ба ғайр аз заминдорӣ тиҷорат ҳамчун қисми муҳими фарҳанг, қисмати бунёдкорӣ, тараққии рӯзгори ӯро ташкил медиҳад. Зимнан ба маврид аст аз маҷаллаи «Природа и люди» («Табиат ва инсон»), нашри Санкт-Петербург дар солҳои 1880 иқтибос орем: «…тоҷик табиатан ба тоҷирӣ майл дорад. Ӯ ҳатто як лаҳзае тиҷоратро канор намегузорад, ҳарчанд фоидаи камтарин ҳам бинад. …аз як дирҳам пул месозад. Кораш барор гирад, дӯконеро боз менамояд». Тибқи адабиёти мардумшиносӣ, мушоҳидаи уламо ва сайёҳони асри гузашта, тоҷик ҳамеша оҳангар, кулолгар, наҷҷор ва соҳиби ҳунарҳои дигар васф мешавад. Он ки тоҷикро гули сари сабади аҳолии қораи Осиёи Миёна гуфтаанд, тасодуфӣ нест (А. Ф. Миддендорф, А. Вамберӣ, А. П. Шишов, Н. Н. Остроумов). Тоҷик табиатан шаҳрнишин аст. Шаҳр ҷони ӯ, табиати ӯст. Тоҷик дар шаҳр зиндагии шоистаеро ба роҳ мемонад. Бинобар ин, тоҷикро на вобаста ба мансубияти қавмӣ, балки нисбат ба шаҳрҳо, макони зисташ тавсифу муайян менамоянд: самарқандӣ, бухороӣ, хуҷандӣ, фарғонӣ ва ғайра. Ин аз оғози ҳаёти мадании тоҷик ва хислати фарҳангофари ӯ башорат медиҳад. Дуруст аст, ки ин меъёр дар шароити ситамгорӣ, бюрократӣ ва худкомагӣ шакли дигар гирифта, заминаи бурузи кӯтоҳбинӣ, қабилагароӣ гашта ҳоло аз байн рафтааст. Ҳанӯз Низомии Арӯзии Самарқандӣ (асри XI) мардумро нисбат ба макони зист ҷудо карда буд: биёбоннишин, ҷангалнишин, кӯҳнишин ва шаҳрӣ. Тоҷикон муталлиқ ба мардуми шаҳрнишинанд. Фарҳанги шаҳрӣ ба рушду равнақи уламо, шуаро, сӯфиён, муғанниён, рассомон, хаттотон ва ғ. мусоидат кард. Бидуни онҳо зинда мондани тоҷикон имкон надошт. Акнун барои бозгардонидани тоҷик ба ҳолати табиӣ ва таърихии он, аз ҷумла барои баргардонидани ҳамбастагии ӯ ба замин, тиҷорат, умури шаҳрдорӣ, бозгардонидани бовари ӯ ба неруи худ ва дур сохтани масъалаҳои камарзиш аз мафкураи вай на танҳо муносибати ҷамъиятӣиқтисодӣ ва иҷтимоӣ – сиёсӣ, балки, умуман тарзи ҳаёташро тағйир бояд дод. Воқеан, боиси ҳайрат аст, вақте тоҷик дар шароити тоқатфарсои ҳукмронии кӯчманчиҳо ва ҳукуматҳои бадавӣ ба заминҳои камҳосили обёришаванда ронда шуд, боз ҳам тавонист худ ва оилаи худро бо ғизо таъмин кунад ва хироҷ ҳам диҳад. Вале дар замони мо, қарни тараққиёти илму техника, иттилоотикунонӣ ва компютеркунонии ҷомеа, ҳамоно аз қашшоқӣ, аз ҷустани қути лоямут, аз оворагардӣ дар мулкҳои бегона, аз фишори иҷтимоӣ-сиёсӣ, фасоди молӣ ва ғайра раҳо нашуд. Тоҷик аз эҳсоси ҳувияти худ, арзишҳои равонӣ
ва фарҳангӣ бозмонд. Ғайрифаъол ва беҳис шудани равони тоҷик, бепарвоӣ ба ислоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсии ҳаёт сол то сол зуд ва бештар эҳсос мешаванд. Тараҳҳуми дурӯғин, найранги идеологии бошуурона ва бешуурона чун замони шӯравӣ ҳозир ҳам тоҷикро ба раҳгумӣ мебарад. Бармегардем ба чеҳраи иҷтимоии тоҷик. Тоҷик дар замини худ ҳеҷ гоҳ бидуни тиҷорат назистааст, вале ҳамчунин ҳеҷ вақт ҳаёти роҳат надоштааст. Бо вуҷуди ин ҳамеша вонамуд менамояд, ки зиндагиаш хуб аст. Истилоҳи «ҳиҷронзада» ҳолати иҷтимоии ӯро бозгӯ менамояд. «Ҳиҷронзада» на танҳо ба насли ҷавон, ки берун аз Ватани худ дар ҷустуҷӯи кор ҳастанд, балки ба падару модари тоҷике, ки фарзандони худро дар ғурбат аз даст додаанд, низ тааллуқ мегирад. Ин ҷо зарур намедонам, ки факту арқоми оморӣ ва иҷтимоӣ дар робита ба аз даст додани наздикони тоҷикон ё дар бораи ғаму андуҳи ононе, ки наздиконашонро аз даст додаанд, пешниҳод шаванд, бале, баршумурдани миқдори ашк беадабист, аммо... Дар ҷомеаи мутамаддини муосир барои қатли як ё якчанд шаҳрванди ин ё он давлат мотам ва ё эътирози ҷиддӣ эълон карда мешавад. Ба ин гуфтаҳо қатли 20 мактаббача дар шаҳри НюТауни ИМА ё Қонун дар бораи Дима Яковлев, ки аз ҷониби Думаи давлатӣ моҳи декабри соли 2012 қабул шуд, мисол шуда метавонад, вале марги тоҷик бар асари ҷароҳат ё куштан аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ ва миллатгарои Русия, кам касонро ба ташвиш меорад. Ман дар бораи он тоҷиконе намегӯям, ки шаҳрвандии давлатҳои дуру наздикро дарёфт кардаанду он ҷо ба сар мебаранд. Ин гуна тоҷикон ҳам ҳастанд, ки ҳуқуқашон, забон ва фарҳангашон маҳдуд шудааст. «Ҳиҷронзада» қисми таркибӣ ва ҷудонопазири амали иҷтимоии тоҷик аст, аммо дар гузашта зимни шикояти шоирон аз ҳаёт, тақдир, замон садо медод ва калимае шуморида мешуд, ки аз ҷониби Худо ато гаштааст. Имрӯз ин калима дарди мост, ки ба маънии хомӯшии афсунзада ё дарди ниҳонӣ, на танҳо ба ташаккули иҷтимоии ҳаёти тоҷик хатари ҷиддӣ дорад, балки ба ҳифзи арзишҳои равонии он таҳдид мекунад. Тоҷик табиатан хушбовар аст, одати башардӯстияш ӯро ба асорат мебарад. Ин хусусияти иҷтимоӣ - равонии тоҷикро ҳатто мубаллиғон, сайёҳон ва мардумшиносони хориҷӣ низ қайд кардаанд. Дипломати англис Ний Илеяс менависад: «Дар ҳеҷ куҷои Осиё чун тоҷикони муқимии болооби Ому мардуми безарар, сулҳдӯст ва хуб ёфт намешавад… Онҳо куллан орӣ аз таассуб, дорои неруи кам, вале боғайратанд, ки ба осонӣ ба асорат меафтанд”. Сарфи назар аз баҳснок будани ин андеша, бояд гуфт, ки мушоҳидаи Н. Илеяс на танҳо ба тоҷикони болооби Ому, балки хоси ҳама тоҷикон, сокинони кӯҳсор, водиҳои Зарафшону Вахш низ ҳаст. Чунин як хусусият ба тоҷикони сокини минтақаҳои таърихие чун Бухоро ва Самарқанд, Фарғона, Хуҷанд ва ғайра низ тааллуқ дорад. «Асорат» дар фонди луғавии тоҷик дувумин калимаи нафратовар аст, ки дар таърихи тоҷикон на садсолаҳо, балки ҳазорсола марокизи таърихӣ, фарҳангӣ, ҳувияти ӯро мавриди «шустушӯ» қарор додааст. Аз ҷумла ин мардумро ба тағйироти фарҳангию забонӣ, дурусттараш
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9393), 14 МАЙИ СОЛИ 2015
ШИНОХТИ МИЛЛАТ
чеҳраи иҷтимоии муосир ба омезиш овардааст. Дар ибораи «тоҷику ӯзбак як мардуманд, аммо шеваи мухталифи гуфтугӯ доранд» (И. А. Каримов) ё сухани шоири шӯравии тоҷик Б. Раҳимзода «дигар халқҳоро аз якдигар фарқ кардан осон аст, аммо фарқ кардани тоҷику ӯзбак мушкил аст», ҳарчанд ба маънои ҳамсоягии ҳасанаи онҳо гуфта шудаанд, «омезиш» - и рӯирости тоҷик ба дигар нажод аст, ки натиҷаи ҳамон «шустушӯ» аст. Ба ин масъала ҳанӯз Фирдасӣ дар «Шоҳнома», Носири Хисрав, Биноӣ, Аҳмади Дониш, Лоиқ Шералӣ ва дигар мутафаккирони гузаштаю муосири тоҷик посухи равшан додаанд. Бидуни шак, асорат иллати асосии иҷтимоие буд, ки тоҷикро тарсончак карда буд. Тарс аз қадимулайём, ба қавли А. Ф. Миддендорф ва И. П. Шишов табиати сулҳдӯстӣ ва неки тоҷикро хароб кард. Тарси суми аспҳои арабу муғул, маҳви бераҳмонаи ӯ, ки дар дарозои садсолаи фарҳангӣ бунёд ёфта буд, ҳамеша тоҷикро ҳамроҳ будааст. Тарс набзи муқовимати тоҷикро алайҳи ноадолатии иҷтимоӣ заиф кардааст. Фарогири равонию физиологии ҳарос чунин аст, ки ба тарзи генетикӣ аз насл ба насл гузашта, дар рӯҳ ва эҳсоси инсон ҷо мегирад. Ҳарос дар шакли пӯшида ва ё дигар намуд неруи офарандагии инсон, тавоноии эҷодии иҷтимоии тоҷикро ба хотири аз даст надодани ҷойи кори худ, аз даст надодани луқмаи нон, ки ӯро ба нохушиҳои хонаводагӣ оварда мерасонад ва умуман, бинобар авомили дигар низ бозмедорад. Воқеан, ҳикмате ба ин маънӣ омадааст, ки чашмони тарс бузурганд. Дар фарҳанги тоҷик тарсе, ки аз тохтутози араб, турку муғул, репрессияи солҳои 1937-1939, Ҷанги дувуми ҷаҳон, ҷанги бародаркуши солҳои 1991 - 1993, ки бинобар баъзе авомил наметавон сабабҳояшро ном бурд ё ба қавли Мамардашвилӣ ба хотири «адами тафаккур», пирӯзии ҷаҳл, фаъолии иҷтимоии тоҷикро хароб кардааст. Ҳароси тоҷик хислати иҷтимоӣ - фарҳангӣ гирифт ва ин хусусият ба таври возеҳ дар ташвишҳо, иқдоми огоҳона ва ноогоҳонаи ӯ, тамоюлоти эҳтиёткории ӯ ба чашм мерасад. Бартараф кардани ин тарс бояд тавассути унсурҳои демократии ҳаёти иҷтимоӣ, баланд бардоштани дарки сиёсӣ ва ҳуқуқии тоҷики муосир амалӣ гардад. Вагарна тоҷик наметавонад тавони дар баробари тарс истодагарӣ кардан, ҳоким будан ба иродаи худ, муборизи алайҳи беҳуқуқӣ, қашшоқӣ ва ваҳшоният бошад. Тибқи хислати иҷтимоӣ, тоҷик аз он табақаест, ки ба сарвату сарватманд нафрат дорад, хоса вақте мефаҳмад, ки каси ғанӣ дороияшро бо роҳи фиреб, макр, ҳаннотӣ ва ҳилла ба даст овардааст. Фарде, ки бо роҳи фиреб ғанӣ гардидааст, дар назари тоҷик чун хор аст. Ба онҳо нафрин мефиристад. Ин, албатта, решаи таърихӣ - иҷтимоӣ дорад. Ба ҷуз аз Хоҷа Аҳрори Валӣ (асри XV) касе дигареро мо намедонем, ки бо саховат, завокат ва ғамхории худ ба бебизоатону бечорагон маъруф бошад. Ағниёи сарзаминҳои тоҷикон асосан мардуми дигар (яҳудиҳо, арманиҳо, туркҳо) буданд. Нафрати равонӣ ба боигарӣ дар ниҳоди тоҷик тӯли асрҳо боз шакл гирифтааст. Намунаи барҷастаи онро дар аҳли тасаввуф, пир, шайху муршидҳо ва ғайра метавон дид, ки аслан фазои маънавии Шарқи Наздику Миёнаро то Ҳинд дар ихтиёр доштанд. Салтанати маънавии тоҷикон (дар
маънии васеъ эрониён) то охири қарни XIX идома дошт. Ин фазилат тоҷикро аз маҳв шудан ва омезиш ёфтан бо дигар нажодҳо наҷот надод. Нафрат ба боигарӣ дар гузаштаи фарҳангии тоҷик вуҷуд дошта, дар шуури ӯ ҳифз шудааст. Ҳоло ҳам, тамоми рафтори ӯро фаро мегирад. Он пояҳои бунёдиро, ки дар ғаризаи худдифоӣ мунъакис мешаванд, созмон дод. Тоҷик бо гузаштан аз феодализми «барбарӣ» боз ҳам тавонист ҳувияти худро ҳифз кунад. Вале он сармоядории «ваҳшӣ» - ро аз сар гузаронда, дар сусиёлизми «дурӯғин» қарор гирифт, ки орӣ аз принсипҳои демократии давлат, озодии баён, ҳифзи иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба истифодаи арзишҳои умумимиллӣ буд. Дар натиҷа, шууре шакл гирифт, ки имкон намедиҳад, то рӯзи дигар ба худ эътимод дошта, шоистаи қобилияти худ, арзишҳои маънавии умумибашарӣ офарад. Тоҷик дар сатҳи нажодӣ ва шахсӣ ҳисси этникии ҷамъиятияшро ҳанӯз дар замони ҳукмронии Наср ибни Нӯҳ аз даст дод. Кӯшишҳои файласуф, олим, ходими барҷастаи дин Нахшабӣ ҷиҳати ба тарзи маънавӣ муттаҳид намудани мардум беҳуда, фоҷиабор анҷом ёфт. Кунун на як даҳсола зарур аст, то шуури воҳиди миллӣ шакл бигираду он аз кӯтоҳбинӣ, маҳалгароӣ, қабилагароӣ канор рафта, ҷаҳони миллӣ (на миллатгароӣ) - ро ташаккул бидиҳад. Нури ҷаҳони миллии тоҷик ҳоло ҳам ба таври кофӣ равшан нест. Ҷаҳони миллӣ, ки бояд асоси некуаҳволӣ, амнияти тоҷик бошад, нисбат ба воқеият бештар дар тасаввур аст. Бидуни тарс аз суитафоҳум, мехоҳам ҷиҳати баъзе буъдҳои вуҷуди миллӣ изҳори назар намоям. Ин андешаро набояд ба маънои маҳдуди миллатгароӣ фаҳмид, балки идроки васеътар зарур аст. Ҳастии миллӣ як бадани воҳиди худкофии мардумӣ вобаста ба вуҷуди таърихӣ аст. Ҷаҳони миллӣ ҳамчун асоси шинохти ҳувият дар ҳама соҳоти ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодии ҳаёт мебошад. Шинохти ҷомеи этникӣ ҳуқуқи табиӣ - таърихӣ, иҷтимоӣ - сиёсии он ба муҳофизат аз принсипҳои вуҷуди умумибашарӣ мебошад. Тавассути ҷаҳони миллӣ рӯҳи мардум, принсипҳои олии ахлоқӣ-эстетиткӣ, арзишҳои моддӣ ва маънавӣ буруз мекунанд. Ҷаҳони миллӣ рӯҳи абадӣ ва безаволи халқ аст, ки огоҳона масъулияти гузашта, ҳозира ва ояндаи ботинии мардумро ба уҳда мегирад. Миллат бо оғози боздоранда, ҳовӣ ва ҳомии моддию маънавӣ наметавонад устувор бошад, агар идораи давлат дар принсипҳои асримиёнагии ҳифозат ва вафодории шахсии ин ё он намояндаи ҳукумат ба роҳ монда шуда бошад. Мехоҳам аз китоби вазири фозили аҳди Сосониён Бузургмеҳр иқтибос орам: «Вазири фозилро пурсиданд: чӣ гуна шуд, ки импературии қудратманде, чун импературии Сосониён, ки Шумо яке аз вузарои фозил ва донишманди он будед, завол ёфт? - Он ду омили асосӣ дошт, - ҷавоб дод Бузургмеҳр ва афзуд, - аввалан, Сосониён иҷрои умури муҳими давлатиро ба ақориби худ ва шиносҳояшон, ба одамони бетаҷриба доданд. Дувум, Сосониён уламо, мутафаккирон ва касони хушсалиқаро аз хориҷи давлат харидорӣ накарданд». Ҳастии миллат дар заминаи фаъолияти озод ва фазои эҳтирому иззат ба шахс фароҳам меояд. Ҷаҳони миллӣ ғояи миллие нест, ки чун салла даври сари булфузулон
печида буду акнун суханҳои арзишманде шуда бошад. Агар тухми ғояи миллӣ ҷавҳари миллӣ набошад, ғоя бекора аст. Ғояи миллӣ эҳтимол дорад, ки дар варта ё дар садамаи ин гуна ғоя сукут кунад. Бинобар ин ғояи миллӣ ҳамчун сохти мураккаби сиёсӣ ва идеологӣ ҳамеша наметавонад заминаи тараққии миллӣ бошад, алалхусус вақте он бо бюрократизм ва ифротгароӣ омехта шудааст. Ҷаҳони миллӣ, ҳамчун натиҷаи фаъолияти моддӣ ва маънавии мардум дар ин ё он давраи ташаккули таърихӣ асоси рушду равнақ мешавад. Надоштани ғояи солими миллӣ, миллатро ба нестӣ мебарад. Халқ дар ин ғоя решаи амиқ дорад, барои ҳамин метавон ба он такя кард ва аз он бо сари баланд ифтихор намуд. Бо ғояи миллӣ тоҷик аз маҳдудаи худ берун қадам ниҳода метавонад. Ҷаҳони миллӣ шиносномаи ғайрирасмии тоҷик аст, ки имконият медиҳад, дар ҳама ҷо ва ҳама гуна ҳолат чун тоҷик бимонад. Агар ба таври образнок гӯем, ҷаҳони миллӣ киштие аст, ки кулли мардум якҷоя тавассути он дар уқёнуси ҳаёт шино менамояд. Касоне ҳастанд, ки барои онҳо «ҷаҳони миллӣ» садои хушку холист. Барои онҳо ҷаҳони миллӣ танҳо як чарогоҳ аст, ки бо суҳулат ба он менигаранд. Талаботи меъдаи чунин афрод бештар аз талаботи маънавиашон аст. Баъзан мо барои дарёфти ҷавоби ин суол, ки «чаро солҳои 1991-1993 ба сари тоҷикон фоҷиа омад, майна об мекунем (Ҳол он ки фарҳангу маънавиёти қавӣ, тамаддуни шаҳрӣ, принсипҳои башардӯстӣ ва анъанаҳои ахлоқӣ доштем?!»). Аз куҷое як ғазаби ноаён ақли тоҷикро дуздид, ки ӯро ба бародаркушӣ, ақлтирагӣ, кӯтоҳбинии фоҳиш оварда, ахиран, ӯро назди ҷомеаи башарӣ беэътибор сохта, қадреро, ки уламо, мардумшиносон, таърихнигорон бо ифтихор навиштаанд, ба замин зад. Акнун бидуни расидан ба иззати нафси ҳеҷ яке аз ин тарафҳо имконияти таҳлил ҳаст. Вале агар дар ин росто амиқтар равем, гуфтан мумкин аст, он чӣ ки ба сари тоҷик омад, рӯ задани дардҳои куҳна буд, ки асли он дар шикасти тӯлонии шахсияти миллат, шикасти садсолаҳо аст. Воқеан, тоҷик аз назарҳо афтида ва аз ҷараёни фарҳанги умумиэронӣ бегона карда шуда буд. Он чӣ дар солҳои 1991-1993 нисбат ба тоҷик рӯй дод, ба шаҳр надоштани тоҷикон дар зинаи муайян вобаста буд. Онҳо аз фарҳанги шаҳрии худ на танҳо баъд аз давлати Сомониён маҳрум шуданд, балки ахиран, дар аҳди шӯравӣ низ ин бадбахтӣ такрор шуд, ҳол он ки шаҳр, «сар»-у «ҷон»-и мардум аст. Ҷаҳони миллӣ, дар шаҳрҳо сохта шуда, шакл мегирад, на дар деҳот. Маънавиёти миллат, дарки ваҳдат, ҳамраъйӣ ва ҳувият дар шаҳрҳо ташаккул меёбад. Маънавиёти мардум танҳо дар шаҳрҳо хосияти созандагии воқеии худ ва қудрат пайдо мекунад. Шаҳрҳо дар давоми садсолаҳо, ҳатто ҳазорсолаҳо сохта мешаванд. Сохтани баландошёнаҳо, масоҷид, қасрҳо, манозили боҳашамати хусусӣ ҳанӯз сохтани миллати қавӣ, маданияти шаҳрӣ нест. Дар қаср зиндагӣ ва кор кардан мумкин аст, вале он маҳдудияти маданият ва қашшоқии маънавиро аз байн бурда наметавонад. Зимни ташреҳи тарҳи чеҳраи иҷтимоии тоҷик беихтиёр суоле ба вуҷуд меояд: мақом ва шароит ё ҷойи тоҷик дар раванди ҷаҳонишавии муосир чӣ гуна хоҳад буд? Ӯро баъди
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9393), 14 МАЙИ СОЛИ 2015
вусъати муҳоҷирати ногузир ва сармоягузории шадиди маънавии рӯ ба коҳиши ахлоқ, арзишҳои анъанавӣ чӣ интизор аст? Комилан фаҳмост, ки тоҷик дар танҳоӣ наметавонад ба ин «дасиса» - и замона муқобилат намояд ва наметавонад талаботи моддӣ ва маънавии худро қонеъ гардонад. Бинобар ин, дар ин росто интегратсия ва заҳмати фикрии қавӣ лозим аст. Аммо интегратсия то интегратсия фарқ дорад. Бояд он тавре ба роҳ монда шавад, ки ба ғуломии ихтиёрӣ оварда нарасонад. Агар дар пасманзари мардуми соҳибтамаддуни ҷаҳон ба чеҳраи тоҷик назар дӯхта шавад, ба гунаи мисол, дар қиёси Амрико ва Аврупо, ҳатто дар муқоиса ба ҷумҳуриҳои қаблии бародарӣ, чӣ хеле дар аввали матлаб гуфтам, он бештар ғамангез ва бадбахтона аст. Тоҷик чизе дар бағал надорад ё тавре бузургон гуфтаанд, «ӯ чун шоҳин урён аст». Тоҷик танҳо як роҳ дорад. То усули истифодаи ганҷҳои кӯҳсори худро дарёфт накунад, ӯ аз раванди муҳоҷират, қашшоқӣ ва хорӣ ҷойи гурез нахоҳад ёфт. Барои ин зеҳн, ақл, истеъдоди эҷодӣ лозим аст. Онҳоро аз куҷо метавон гирифт? Барои ҳалли ин мушкил мо аз Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Закариёи Розӣ, Носири Хусрав, Қозизодаи Румӣ… ёрӣ ҷуста наметавонем, ки ҷавонони муосирро дарси тарбияти тафаккури эҷодӣ диҳанд. Бародарон Яъқуб, Амир, Амр ибни Лайс барои он ки ислоҳоти сиёсӣ кунанд, марзҳои аз дастдодаашонро баргардонанд, бо хӯрдани кабудӣ ва моҳӣ қаноат карданд, ки мо ин қудрати ватанпарвариро дар хоби ширин ҳам дида наметавонем. Аз рӯҳи онҳо чӣ мепурсед? Рӯҳи эҷодии тоҷик аз костагии маърифати иҷтимоӣ, сиёсӣ ва идеологӣ заиф гаштааст. Равандҳои иҷтимоӣ - сиёсие, ки дар сатҳи бумӣ, маҳаллӣ ва глобалӣ ба амал меоянд, тоҷикро бовар мекунонанд, ки шуури ӯ бояд дар асорати андешаи ғуломӣ ва қолабҳои шахшуда бимонад. То он даме, ки тоҷик аз зери таъсири ин андеша раҳо наёбад, қафо мемонад. Имрӯз зарур аст, неру ва тавоноии табиии садсолаҳо дар ӯ хобидаро ба самти ҳаёти ҷӯянда ва офаранда, ки сайёҳон, мардумшиносон, муаррихони асрҳои XIX ва XX гуфтаанд, бедор кард. Тоҷик табиатан муътақиду худотарс аст. Ба ибодат, ризоият миёни қабилаи худ эътибори ахлоқӣ пайдо менамояд, ки моҳиятан рафтори пурифтихор аст. Аммо баъзан бинобар ибодат худошиносиеро, ки дар бораи он Носири Хусрав тазаккур додааст, фаромӯш менамояд. Тавре маълум аст, барои худошиносӣ танҳо намоз хондан, ба масҷид рафтан, ибодат кардан кофӣ нест. Худошиносӣ аз инсоният неруи зеҳнии қавӣ талаб менамояд. Дин бидуни неруи зеҳнӣ ва мулоҳизаҳои ақлӣ аз таассуб, бародаркушӣ, порашавӣ, кӯтоҳбинӣ ва дигар аъмоли нопок ҷилавгирӣ карда наметавонад. Барои ҳифзи пойдорӣ ва оромии ҳаёти ҷамъиятӣ таркиби омехтаи ақида ва ақл лозим аст. Тасодуфӣ нест, ки таркиби дину ақл яке аз талаботи ахлоқии мутафаккирони бузурги гузашта буд. Абуҳомид Ғаззолӣ такрор кардани ин нуктаро дӯст медошт: як соат мулоҳиза кардан беҳтар аз ҳафтдаҳ сол масҷид рафтану он ҷо намоз гузоридан аст. Масҷид (чун калисо) роҳи кӯтоҳи расидан ба асоси тамаддуни муосир ва навсозию ғанисозӣ нест. Масҷид зарфияти та-
факкурро навзосӣ намекунад, баръакс онро завлона мезанад. Тасдиқ кардан душвор аст, ки саросар ба масҷид пайвастан ҳаёти иҷтимоии тоҷикро беҳтар месозад. Эҳтимол касоне ёфт шаванд, ки гӯянд: чунин як амал ба хотири солимгардонии ҷомеа ва мардум аст. Аммо ҳанӯз аз замони пеш маълум аст, ки муваффақияти маънавӣ бидуни муваффақияти моддӣ ва иҷтимоӣ сафсатта аст. Феълан мо наметавонем бигӯем, ки тоҷик давлат, Сарқонун, раисҷумҳури интихобшуда, мақомоти қонунгузору иҷроия, аҳзоби «мухолиф»-и худро надорад. Ҳамаи ин, албатта, ба шарофати фурӯпошии импературии шӯравӣ ба вуҷуд омад. Тоҷикистон чун порае аз ин импературии қудратманд буд, ки то ҳол қолабҳои шахшудаи умури давлатдории гузаштаи он ва муносиботи мутақобилаи мардумияш боқӣ мондаанд. Хусусиятҳои дар боло номбаршудаи ҷомеаи мутамаддини муосир, бешубҳа, на танҳо касбияти баландро тақозо доранд, балки толиби фарҳанги сиёсию ҳуқуқӣ низ ҳастанд, ҳарчанд тоҷик табиатан моил ба навсозии ҳаёт, тарзи тафаккур, эътирози дохилӣ алайҳи ноадолатӣ аст. Чӣ гуна фарҳанги сиёсию ҳуқуқии тоҷики муосирро шакл бидиҳем? Ин ҷо метавон даҳҳо усули ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқиро номбар кард. Дар ҷамъбасти мулоҳизоти зерин, мехостам таъкид кунам, ки моҳияти масъала дар барқарор кардан ва баргардонидани обрӯи тоҷик аст, ки ҳамеша дар васоити ахбори оммаи Русия бадном карда мешавад. Тоҷик фарҳангсоз, табиатан моил ба маънавиёти баланд аст. Ба ибораи дигар, тавре А. Вамберӣ иброз доштааст, «ҷалол ва ифтихор» - и Осиё бояд мақоми муҳтарами худро миёни ҷомеаи мутамаддин соҳиб шавад. Аммо ин, албатта, ба сабабҳои иҷтимоӣ - сиёсие вобаста аст, ки дар атрофи он сохта мешаванд ва ҷаҳонбинию ҷаҳондарккуниро ташаккул медиҳанд. Юсуф Хос Ҳоҷиб, шоир ва мутафаккири асри XI, дар асари машҳури худ бо номи «Кутадғу билиғ» («Донише, ки хушбахтӣ меорад») нақши мутамаддини тоҷикро дар минтақа бисёр дақиқ гуфтааст. «Агар тоҷикон таърихро наменавиштанд, мо дар бораи таърих чизе намедонистем». Имрӯз барои он ки тоҷик аз масири таърихи ҷаҳонӣ канора намонад, барои ба тартиб даровардани роҳу майдончаҳои шаҳрҳои бегонагон ба ҷорӯбу бел «мусаллаҳ» нашавад, шароити иҷтимоӣ - сиёсӣ, демократияи воқеӣ сохтан ногузир аст, на фазои хаёлӣ. Ин як сухани пуч нест, балки зери худ решаҳои воқеии таърихӣ дорад, ки далели он импературии маънавӣ, зеҳнию бадеӣ - эстетикие аст, ки тоҷик дар гузашта сохта буд. Албатта, ҳар он чи дар боло гуфта шуд, танҳо як тарҳ аст. Вазифаи ман ҳалли масъала нест, балки масъулияти ман масъалагузорӣ ва нишон додани аҳамиятнокии он аст. Он чи ба ҳалли масъала вобаста аст, онро бояд якҷоя ҳал кунем. Агар ин тарҳрезиҳои ман эҳсосу андешаи касеро такон дода бошад, пас ман ба мақсадам расидам.
Тарҷумаи Муҳаммаднабӣ БАЁНӢ Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», № 85 (22647) - №86 (22648)
7
НАБЗИ ҶАҲОН
Соли гузашта, вақте дар бораи ваҳшонияту хатари ҳаракати террористии ДИИШ дар саҳифаҳои рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” матолиб нашр мешуд, андешаҳое буданд, ки “чаро дар бораи як ҳаракати террористие, ки ҳазорҳо километр дуртар аз мост, менависем?” Ҳарчанд матолиби мазкур таҳти рубрикаи “Набзи ҷаҳон” чоп мешуданд ва як навъ шарҳ ё маълумот дар бораи ҳаводиси ҷаҳон, бахусус, минтақаи Ховари Миёна буданд; ҳарчанд дар матолиби алоҳидае аз пайдоиш, ҳадаф ва сарпарастони ин ҳаракат иттилоъ дарҷ шуда буд; ҳарчанд гуфта мешуд, ки ДИИШ мақсади расидан ба марзҳои Осиёи Миёнаро ҳам дорад. Ташбеҳи коршиноси Маркази омӯзиши Афғонистони муосир Самуелла Пойя дар бораи тундгароӣ басе ҷолиб аст. Ӯ мегӯяд: “Афзоиш ва ташаккули гурӯҳҳои тундгаро ба ташаккули варами саратон монанд аст, ки варами саратон дар ҳуҷраҳои заифи организм ташаккул меёбанд. Афғонистон ҳам қисмати заифи минтақа ба шумор меравад ва маҳз дар ҳамин кишвар заминаи ташаккули гурӯҳҳои тундгаро, ки дар маҷмуъ, барои минтақа хатар доранд, мавҷуд аст”... Умар Сафӣ, волии музофоти Қундузи Афғонистон, ба хабаргузории “Афғонистон” изҳор доштааст, ки “Дар вилояти Қундуз ҳудуди 2000 ҷангиёни “Толибон” ҳузур доранд, ки миёнашон пайравони ДИИШ бо парчами ин ҳаракати террористӣ низ мушоҳида шудааст”. Алҳол ҳукумати Афғонистон теъдоди неруҳояшро дар ин ви-
ДИИШ дар Афғонистон Таҳдиди тундгароӣ бештар мешавад?
лоят бештар кардааст. Задухурди шадиде, ки ибтидои ҳамин моҳ дар ин музофот миёни неруҳои ҳукуматӣ ва “Толибон” сурат гирифт, андешаеро тавлид сохт, ки эҳтимол Қундуз ба дасти “Толибон” гузарад. Пеш аз ин як изҳороти Абдулкарими Матин, раиси вилояти Пактикои Афғонистон, валвалаеро дар Афғонистон барангехт. Ӯ иброз доштааст, ки Шӯрои бехатарии Афғонистон ҳаракати террористии ДИИШ-ро дастгирӣ мекунад. Баъди ин изҳороти моҷаробарангез Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба ҳодиса дахл карда, гурӯҳи махсус таъсис дод, то он санҷида шавад. А. Матин ҳам баъдан дар мусоҳибае ба бахшии паштуи радиои “Озодӣ” ҳарфи худро ислоҳ карда, гуфтааст: “манзураш ҳукумати қаблӣ буд, на ҳукумати феълӣ”. Аз сӯи дигар, Президенти
Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аз тариқи шабакаи телевизионии “CBS” ИМА-ро даъват кардааст, ки хуруҷи неруҳояшро аз Афғонистон ба вақти дигар гузорад. Ӯ аз фаъолияти ҳаракати террористии ДИИШ нигаронӣ карда, изҳор дошт, барои такрор нашудани сенарияи Ироқ дар Афғонистон бояд неруҳои ИМА боқӣ монанд. Ҳоло дар Афғонистон чунин андеша ҳаст, ки пайдо шудан ё нашудани ДИИШ дар Афғонистон ба иштибоҳи элитаи амрикогарои ин кишвар вобаста аст. Чунин андеша ҳам ҳаст, ки эҳтимол маъмурияти Кобул бо дастури ИМА ДИИШро дар қаламрави Афғонистон дастгирӣ кунад, то минбаъд аз ин ҳаракати террористӣ барои машғул доштани таваҷҷуҳи Русия ва Чин истифода шавад. Зимнан, ҳанӯз соли гузашта таҳлилгарон ва чеҳраҳои маъруфи олам изҳор дошта буданд, ки ДИИШ як
ҳаракати сохтаи Ғарб аст. Чунончи, Ҳайдар Муслиҳӣ, собиқ раиси хадамоти истихбороти Ҷумҳурии Исломии Эрон ДИИШ-ро парвардаи Исроил ва ИМА-ву Англия хонд. (Агентии “Форс” октябри 2014). Шарқшиноси рус Вячеслав Матузов ҳам соли гузашта дар суҳбат ба радиои “Голос России” Абубакри Бағдодиро гумоштаи истихбороти Амрико муаррифӣ намуд. Акнун, (тавре дар гузашта ҳам гуфта будем) муҳлати “Толибон” ба поён мерасад ва ҷойи ин ҳаракат мумкин аст ҳаракати террористии ДИИШ арзи ҳастӣ намояд. Мақсаде, ки ДИИШ дорад, ба мақсади “Толибон” монанд аст, ягона фарқ ин аст, ки ДИИШ мехоҳад таъсиру нуфузашро васеътар ба тамоми олами мусулмоннишин паҳн кунад. Як нуктаи ҷолиби дигар низ ҳаст, ки намешавад бовар накард. Агар ба таърихи 35-40 соли охири Афғонистон нигарем, мебинем, ки он таърихи ҷанг аст. Ҷанги муқаррарӣ ва сода не, ҷанги қудратҳо. Амрико ва Ғарб бо дасти муҷоҳидон Иттиҳоди Шӯравиро аз Афғонистон берун кард. Баъдан, “Толибон”-ро рӯи кор оварданд, то муҷоҳидинро шикаст диҳад. Ин ҳаракат ба ғайр аз гурӯҳи Аҳмадшоҳи Масъуд гурӯҳҳои дигари муҷоҳидинро дар Афғонистон ё аз байн бурд ва ё ба сафи худ кашид. Бо “Толибон” артиши НАТО бо роҳбарии ИМА 13 сол боз меҷангад. Ин ҷанг хастакунандаву тӯлонӣ шуд. Акнун нерӯе даркор, ки “Толибон”-ро пахш кунад ё ниқобашонро нав созад. Бешак, инро мешавад бо дасти ДИИШ
амалӣ намуд. Чун ДИИШ яке аз ҳамон гурӯҳакони мухолифест, ки алайҳи режими Башор Асад дар Сурия меҷангид ва Амрико дастгирашон буд. Вале баъдан теъдоди ҷангиёнашро бештар кард ва “миссия”-ашро ҳам васеътар намуд. Зимнан, Дмитрий Мезенсев, котиби генералии Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар мусоҳиба ба хабаргузории “РИА новости” ба суоли “Дар сурати пайдо шудани ҳаракати “Давлати исломӣ” дар Афғонистон вазъияти ин кишвар ба ҷумҳуриҳои узви СҲШ таҳдид намекунад?” чунин посух додааст: “Ҳалношуда боқӣ мондани қазияи Афғонистон тайи солҳои зиёд, на танҳо фаъол шудани гурӯҳҳои тундагаро, террористиву ҷудоихоҳӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва ҷиноятҳои муташаккилона аст, балки он шароитест, ки насли нав ба воя мерасад. Насле, ки дар вазъияти ноустуворӣ ва ҷанг тарбия карда мешавад. Инчунин, ҳалношуда мондани мушкили таъмини зиндагии муътадил ва шароиту имконияти хурондани зану фарзандонашонро надоштан барои ҳазорон ҳазор афғон низ заминаи иҷтимоии ташаккули неруҳои ҷонибдори терроризм ба ҳисоб меравад. Агар мо имрӯз интиқоли ба маротиб бештари ғайриқонунии маводи мухадирро аз Афғонистон мебинем, гувоҳи он аст, ки муҳимтарин масоили иҷтимоӣ дар ин кишвар ҳалли худро наёфтаанд...” Ба ҳар ҳол бояд дар назар дошт, ки ҳузур пайдо кардани ДИИШ дар Афғонистони ҳамсоя дарди сари тамоми минтақа хоҳад шуд. Чаро ки ин ҳаракати террористӣ аз “Толибон“ дида бештар хатар доранд ва саҳл гирифтанаш метавонад талафоти ҷуброннопазир дошта бошад. Маҳмуд УСМОНОВ, “ҶТ”
НУКТАИ НАЗАР
Қурбони терроризм ҷавононанд
Солҳои охир кӯдакон ҳам ба амалҳои террористӣ ҷалб мешаванд Терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст. Ин мафҳуми хатарзо дар дили мардуми олам таҳдидҳои нав ба навро дар либосу тобишҳои гуногун зоҳир месозад. Сурати якмарому доимӣ гирифтани амалҳои ғайриинсонии террористон ба муқобили мардуми оддӣ дар қаламрави бархе аз кишварҳои дунё, мисли Покистон, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия, Нигерия ва давлатҳои дигар далолат аз он менамояд, ки ин нерӯи харобкори сиёсӣ торафт дар курраи арз доман паҳн менамояд. Дар асоси маълумоти коршиносон дар ҷаҳон беш аз 500 созмони террористии пинҳонкор амал мекунанд, ки бештари онҳо барои қурбон шудан дар роҳи ислом
8
(дар асл барои бадном кардани дини ислом) таъсис ёфтаанд. Дар кишварҳои мусалмонии Сурия ва Ироқ ташкилотҳои террористии пинҳонкор ба қатли бераҳмонаи оммавӣ даст зада истодааанд, ки чунин рафтори ваҳшиёнаи ғайриинсониро дар ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин дидану таҳаммул кардан номумкин аст. Нишонаи ин аъмоли гурӯҳҳои ифротгароро воқеаҳои рӯзҳои охир рухдода исбот месозанд. Масалан, бар асари амали террористӣ кушта шудани 23 нафар сайёҳ дар осорхонаи Бардои давлати Тунис ё пайдо гардидани қабри умумии 75 нафар дар Нигерия, намунаҳои ошкорои рафтори дарандавори ҳаракати террористии «Боко Ҳаром» аст. Имрӯзҳо аз тариқи расонаҳо сабту наворҳое паҳн мешаванд, ки террористони беаслу насаб кӯдакону наврасонро низ ба гурӯҳҳои худ шомил месозанд, истифодаи силоҳ, куштану сӯзонидани одамон ва
тарконидани биноҳоро ба онҳо меомӯзанд. Ин амалҳо ба вайрон кардани тафаккури насли наврас, тағйир додани роҳи камолоти фикриву маънавӣ ва ҷисмонии чунин табақаи бонуфузи ҷамъият оварда мерасонад. Аз ин рӯ, қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон буда, ноогоҳӣ, кам мутолиа доштан, номукаммал будани шуури сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, инчунин, бетаҷрибагии насли рӯ ба камол боис мешавад, ки террористон нерӯи онҳоро барои амалӣ сохтани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд. Бо назардошти вазъи кунунии сайёра ҷавонони моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи ҳар гуна ваъдаву таълимоти бегона нашаванд ва ба қадри сулҳу ваҳдат, оромиву субот ва осоишагиву хотирҷамъии кишвар бирасанд. Боҳир РАҶАБОВ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9393), 14 МАЙИ СОЛИ 2015
СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки шумораи кӯдакони маҷруҳу нотавон, камақл, маъюб ва носолим торафт зиёд шуда истодааст. Дар оилаҳои ҷавон рӯй додани чунин ҳолатҳои нохуш боз ҳам бештар боиси ташвиш аст. Яке аз сабабҳои афзоиши таваллуди фарзандони носолим никоҳи хешутаборист. Аз нигоҳи тиб ҳангоми бо хешовандони ҳамхуну наздик издивоҷ кардан эҳтимоли таваллуд шудани фарзандони носолим бештар аст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар аксар ҳолат ташаббускори никоҳи хешу таборӣ на ҷавонон, балки падару модарони онҳо мебошанд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки фарзандони аз падару модари ба ҳам бегона таваллудшуда боқувват, хушзеҳн, зебо ва солим меоянд. Дар ин гуна оилаҳо аксар вақт миёни зану шавҳар муносибатҳои самимӣ, меҳру садоқату вафо дида мешавад. Аммо дар оилаҳое, ки зану шавҳар ба ҳам хешанд, фарзандон заифу нимҷон таваллуд шуда, муносибати завҷайн чандон гарм нест.
янд. Яъне, баҳри солим ба дунё омадани фарзанд ирсият нақши муҳим мебозад. Ирсият чист? Ирсият омилест, ки шакл, истеъдод, солимӣ, хислат, умуман, тамоми хусусияту нишонаҳои вобаста ба организмро аз насл ба насл мегузаронад. Тавассути ирсият бисёр хусусиятҳои падару модар ба фарзанд интиқол меёбад. Бемориҳое, ки дар натиҷаи тағйирёбии ирсӣ аз насл ба насл мегузаранд, бемориҳои ирсӣ ба ҳисоб мераванд. Беморӣ тавассути ирсият дар як ё чанд нафар фарзанд, набера ва ё абера хуруҷ
Президенти кишвар дар Паёми худ таъкид намуданд, ки бештари кӯдакони маъюби модарзод аз никоҳи хешовандон ба дунё омадаанд. Зери мафҳуми никоҳи хешутаборӣ издивоҷ миёни писарамаку духтарамак, писари аммаю духтари тағо (ё баракс) писархолаю духтархола фаҳмида мешавад, ки аз лиҳози хун ба ҳам наздиканд. Яъне, бобою бибии арӯсу домод ба ҳам муштараканд. Агар падар яку модар ҷудо ва ё модар яку падар ҷудо (дигар) бошанд, бародару хоҳарон бо якдигар угай ба шумор мераванд. Вақте падару модар як бошанд, фарзандони аз онҳо ба дунё омада бародару хоҳарони ҳақиқӣ маҳсуб меёбанд. Никоҳ бо бародарону хоҳарони ҳақиқиву угай ва ҷиянҳо абадан раво нест. Дар сурате, ки зан бо иҷозати шавҳар ба тифле шир диҳад, он тифл бародар ё хоҳари разоӣ (ширхӯра)-и фарзандонашон ба ҳисоб меравад. Яъне, ин тифл низ оянда ба бародар ё хоҳари ширхӯрааш оила барпо карда наметавонад. Фарзандони онҳо ба ӯ ҷиян маҳсуб меёбанд. Аз рӯи нуқтаи назари биологӣ ҳар қадар генҳои зану шавҳар аз ҳам дур бошанд, фарзандонашон ҳамон қадар солим ба дунё мео-
мекунад. Агар арӯсу домод бо ҳам хешу табор бошанд, бемории хоси авлод дар натиҷаи қонунҳои генетика ба осонӣ дар фарзандони онҳо мушоҳида мешавад. Аз ин хулоса мебарояд, ки ҳангоми никоҳи хешутаборӣ таваллуди фарзандони бемору иллатӣ зиёд мегардад. Дар айни ҳол никоҳи хешутаборӣ ба шароити географии сокинони мавзеи аҳолинишин низ вобастагӣ дорад. Сокинони деҳоти кӯҳистон ва ҷазираҳоро, ки бо дунёи беруна робитаашон мушкил аст, бешубҳа, хешу табор гуфтан мумкин аст. Сокинони чунин мавзеъҳо, новобаста аз хоҳиши худ, бинобар зарурат, ба хешу табор табдил ёфтаанд. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки таъсири никоҳи хешутаборӣ ба насли оянда ба зудӣ аён мегардад. Пеш аз ҳама, фарзандони аз ин гуна никоҳ ба дунё омада зуд ба беморӣ мубтало мешаванд. Никоҳи хешутаборӣ ҳатто ба бефарзандӣ ҳам оварда мерасонад. Ҳамаи ин гуфтаҳо хулосаи асосноки илми тиб аст. Ба андешаи мутахассисон, агар пеши никоҳи хешутаборӣ гирифта шавад, шумораи мубталоёни бемориҳои ирсӣ хеле кам мегардад. Ҳатто дар баъзе
ҳолатҳо нисфи гирифторшавӣ ба бемориҳоро метавон кам кард. Мувофиқи қонунҳои дини мубини ислом кӯдакони дар оилаҳои гуногун ба дунёомада ба туфайли аз як модар шир хӯрдан бо ҳам бародар ё хоҳари разоӣ (ширхӯра) мешаванд. Аз ин рӯ, бояд дар таваллудхонаҳо ҳуҷраҳои алоҳидаи модару кӯдак бошанд. Зани бегонаи ба кӯдак ширдода модари дуюм ба ҳисоб меравад. Пас, ин кӯдаки ширхӯрда ҳақ надорад, ки бо фарзандони зани ба ӯ ширдода оила барпо кунад. Вобаста ба зиёновар буда-
мешавад. Ба он тарафаш корат набошад. Падарамро гусел карда, сохтакорона ба арӯсам гуфтам: – Ҳар дуямон танҳо мондем, Инобатхон. Биёед ба чорбоғ равем. Дилам танг шуда истодааст. Мо ба як гӯшаи хилвати боғ расидем. Нурҳои моҳтоб чеҳраи Инобатхонро равшан намуд. Дар чеҳрааш осори норозигӣ дида мешуд. Ӯ дар паҳлӯи ман бошад ҳам, хаёлан на дар ин ҷо, балки дар хонаи дар он тарафи боғчаамон воқеъгашта буд. Дар он хона ҷавони дӯстдоштааш Ҳамид
ро дӯст намедорам. Ман Ҳамидбаққолро дӯст медорам. Танҳо ба Ҳамид-баққол хонадор мешавам, гӯед. Ман медонам, ки Шумо ӯро сахт дӯст медоред. Инобатхон аз хурсандӣ хандида, ба ман рӯ овард: – Ҷин занад! Шумо ҳам дигар касро дӯст медоред-ку. Медонам, ки Шумо ба ҳамсинфатон Мавҷуда дил бастаед. – Оре, ҳамсинфам Мавҷударо дӯст медорам, – гуфтам ман. – Ӯ бою бадавлат набошад ҳам, барои қалби зебояш, боигарии маънавиаш дӯст медорам. Падару мо-
Наздикии хун таъсир дорад Аз никоҳ бо шахси бегона фарзанди солим ба дунё меояд
ни никоҳи хешутаборӣ, оқибати талхи маҷбур хонадор кардани ҷавонони бо ҳам хеш мисолҳои фаровон овардан мумкин. Хушбахтона, аксари ҷавонон аз оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ ба хубӣ огоҳанд. Аз ин рӯ, онҳо нодурустии ба ин нукта майл доштани падару модаронашонро ба овардани мисолҳои мушаххас исбот намуда, ба фаҳмидани ҷанбаҳои зарарноки никоҳи хешутаборӣ муваффақ шуда истодаанд. Ду ҷавон байни ҳам маслиҳат карда, ҳам ҷавон, ҳам духтар ба падару модарашон дар бораи дӯстдоштаашон маълумот медиҳанд. Падару модар аз фикри худ гашта, маҷбур мешаванд, ки хоҳиши дили фарзандонашонро ба инобат гиранд. Дар ин бора ҳикояи ба идораи рӯзнома навиштаи Холиқҷон ном ҷавони панҷӣ хеле таъсирбахш аст: ... Баъди дар гирди як дастурхон чою ғизо хӯрдан падару модарам моро танҳо гузошта, ба ҳуҷраи худ рафтанд. – Акнун ҳунаратро нишон деҳ, – гӯшакӣ карданд падарам. – Ман ӯро дӯст надорам, чӣ гуна изҳори муҳаббат мекунам? – эътироз намудам ман. – Содда нашав. Ҳамааш нағз
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9393), 14 МАЙИ СОЛИ 2015
зиндагӣ мекард. Ман инро хуб донам ҳам, бо мақсади адо намудани ваъдаи дар назди падару модар додаам, бардурӯғ гуфтам: – Бахту иқболи ман ба як зебосанам вобаста аст. Ман ӯро дӯст медорам. Агар ӯ муҳаббатамро рад кунад, ман мемирам... Ана, ҳамон зебосанам шумоед. Шумо ҳам маро дӯст медоред? Гӯед чӣ, дӯст медоред? – Дӯст медорам, - пичиррос зад Инобатхон. Ӯ бори дигар «дӯст медорам» - гӯён такрор карду инони гиряро сар дод. – Бовар намекунам! - тамоми вуҷудам ларзида, гуфтам ман. – Шумо ҳам Инобатхон ба гапи ман бовар накунед. Ман шуморо дӯст намедорам. Шумо ҳам маро дӯст намедоред. Падару модарамон, ки хеш ҳастанд, хилофи раъямон моро хонадор карданианд. Онҳо ба ин чӣ ҳақ доранд? Ба онҳо ишқу муҳаббат не, хешовандӣ дар ҷои аввал меистад. Мо хонадор намешавем! Барқасди нақшаи онҳо хонадор намешавем! Инобатхон якбора аз гиря бозистоду рӯйи чун моҳ тобонаш якбора равшантар шуд. – Ҳозир рафта, ҳамаашро мегӯем! – давом додам ман. – Шумо ҳам рафта гӯед. Писаратон-
дарам нахоҳанд ҳам, бо ӯ хонадор мешавам. Ӯро аз ҳаёт ҳам бештар дӯст медорам. Бе ӯ ҳаётамро тасаввур карда наметавонам! Агар ба ӯ хонадор нашавам, зиндагӣ даркор нест! Биёед якҷоя рафта, ин гапҳоро ба падару модарам мегӯем. Ин муқобилат ба муҳаббати сохта аз ҳар гуна изҳори муҳаббат дида боарзиштар буд. Ман баъдтар бо ҳамсинфам Мавҷуда хонадор шудем. Инобатхон бошад, ба Ҳамид ба шавҳар баромад. Ӯ ҳам, ман ҳам фарзанддор шудем. Фарзандонамон сиҳату саломат, ҳеҷ нуқсоне надоранд. Агар ҳамон вақт ҳам ӯ ва ҳам ман муҳаббат барин мафҳуми гаронбаҳои инсониро як сӯ гузошта, ба хотири хешутаборӣ хонадор мешудем, магар ин қадар хушбахт мешудем? Не. Зеро тавре ки дар ҳаёт зиёд дучор шудаем, наздикии хунҳо имрӯз ё фардо таъсири худро нишон медод. Аз ин рӯ, барои пешгирии оиладор шудану зуд хонавайрон гаштан дар дилам ба худаму Инобатхон раҳмат мегӯям. Аз ҳикояи Холиқҷон бармеояд, ки падару модараш ӯро маҷбурӣ ба духтархолааш Инобатхон хонадор карданӣ будаанд. Мақсад аз ин издивоҷи маҷбурӣ аз як тараф «мустаҳкам» кардани риштаи хешутаборӣ бошад, аз тарафи дигар соҳиб шудан ба молу мулки волидайни Инобатхон мебошад. Касоне, ки аз пайи орзую ҳаваси падару модар рафта, бо хешовандон хонадор шудаанд, аз ин хуб хабар доранд. Лекин барои онҳо хешовандӣ ҳам, моли дунё ҳам муҳим нест. Барояшон оилаи хушбахт барпо кардан муҳим аст. Дар ин ҳикоя аён аст, ки тӯфони ишқу муҳаббати самимӣ ҳаёти ду ҷавонро барбод надода, баракс онҳоро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ кард. Сабаби саргузашти Холиқҷонро ба сифати ибрат шудан ба ҷавонон ва барои ин мавзуъ ҳамчун мисоли зинда интихоб карданамон низ дар ҳамин аст. Сулаймон ЭРМАТОВ, нависанда
9
ВОКУНИШ
Пистаи бемағз агар лаб во кунад… Посух ба иддаои собиқ раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Исфандиёр Абдураҳмонов Даъвои собиқ раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Исфандиёр Абдураҳмонов, ки дар ин вазифа се моҳ фаъолият накарда, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернет изҳороти бепояву бемояеро пахш кард, барои мо - аъзои ин ташкилоти бонуфуз муҷиби ҳайрат буд. Камоли ҳамоқату ноҷавонмардист, ки бидуни маслиҳат бо мо - ҷавононе, ки ӯро ба маснади раисӣ интихоб намудем, ба ин иқдом даст занаду ба кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, ки дар тафовут бо ӯ солҳои тӯлонӣ дар ин даргоҳ фаъолият намудаанд, лаънат хонад. Аслан гирем, барои пешниҳоду интихоби ӯ мақомоти ҳизб ҳаргиз пофишорӣ накардааст. Роҳбарият ба тозагӣ баъди интихобот дар Анҷумани 12-уми ҳизб ба сифати муовинон ба кор омада буданд. Танҳо кафолати муовини раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, ки масъулияти сарпарастии «Созандагони Ватан»-ро бар уҳда дошту исрор мекард, ки Исфандиёр Абдураҳмонов ҷавони кордону ташаббускор ва дар соҳаи тиҷорат фаъол аст, моро водор сохт, то ба таври истисно номзадии ӯро дастгирӣ кунем. Сад афсӯс, ки мо ба ин пешниҳод бовар карда, ба иштибоҳи ҷиддӣ роҳ додем, вале баъдтар фаҳмидем, ки ин ҷавони вазифахоҳу мансабҷӯ сарнавишту зиндагии гуворо ҳам надоштааст. Тибқи маълумот ду бонуро ба сифати ҳамсар сарсону саргардон кардааст. Оила ва хонаводаи солим низ надоштааст. Як бародараш ба туфайли қаллобӣ дар маҳбас нишаста, бародари дигараш ҳам бо фиребу найрангҳои молиявӣ дар пайгарди қонун қарор дорад. Бояд як чизро қоил шуд, Исфандиёр Абдураҳмонов дар моҳирона пинҳон кардани зиндагии пасипардагиаш истеъдоди хуб дошта, ҳатто тавонистааст, муовини раиси ҳизб
10
Асрор Латифзодаро, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият намуда, аз собиқадорони соҳибтаҷрибаи бахши кадр аст, ба иштибоҳ андозад. Худ қазоват кунед, ки бо чунин ҳуққабозиҳо оё ӯ ҳаққи маънавӣ дорад, ки ба фаъолияти ҳизбу дастгоҳи он баҳо диҳад? Гузашта аз ин, хеле аламовар аст, ки ҷавонони ҳизб ҷиҳати таъсиси як созмон, ки ҳадафҳои созанда дорад, муддатҳо дастҷамъона заҳмат мекашанд, ҷиҳати фаъолу шинохта шудани он нерӯю дониши худро равона месозанд, вале як нафари тасодуфӣ, ки аз кӯчаи сиёсату одоб нагузаштааст, ҳанӯз кори назаррасе барои ин созмон анҷом надода, дар як лаҳза мехоҳад обрӯю эътибори онро ба замин яксон созад. Дар соҳаҳои мухталифи давлативу ҷамъиятӣ, дар сохтмонҳои бузурги аср ашхоси сарсупурдае фаъолият доранд, ки солҳои сол барои беҳбуди вазъи ҷомеа ва некӯаҳволии халқ фидокорона меҳнат мекунанд. Онҳо ҳаргиз барои талошу заҳматҳои чандинсолаашон даъвои мансаб ва ё ҷоҳу манзалат накардаанд. Вале ниҳояти таассуф аст, ки Исфандиёр Абдураҳмонов ҳанӯз коре накарда, фаъолияти семоҳаашро бидуни баҳогузории дигарон, худ «фундаменталӣ» арзёбӣ мекунад ва аз ин кораш заррае шарм намедорад. Зиҳӣ хоксорӣ, ки мардум аз баршумурдани хизмати нимасраашон хиҷолат мекашанд, аммо ин ҷавони навхат бо сари баланд «хизматҳои фундаменталии семоҳааш»-ро, ки ба ҷуз худаш каси дигаре эҳсос накардааст, васф мекунад. Бисёр устокорона аз рӯи масали «обрӯ хоҳӣ, бо бузургон панҷа зан» амал намуда, ба муовини раиси ҲХДТ, доктори илм Раънои Бобоҷониён, ки бо се забон озод ҳарф мезанаду соҳиби ду дипломи олӣ аст, тӯҳмати пуч мебандад ва ӯро бо бадтарин бемории ҷомеа - «маҳалгароӣ» айбдор месозад. Биёед сари ин чиз андеша кунем, ки чаро Исфандиёр Абдураҳмонов, ки касе нисбат ба ӯ дар дастгоҳи ҳизб ва Шӯрои «Созандагони Ватан» ҳисси кинаву бадбинӣ надошт, ба ин амали нангин даст зад? Нахуст гумони ғолиб ин аст, ки Исфандиёр Абдураҳмонов баъд аз шомил шудан ба ин созмон ва ба зимма гирифтани роҳбарии он
ба зудӣ эҳсос намуд, ки иштибоҳ кардааст ва бори заҳмати ин созмонро бо донишу маърифати заифе, ки дорад, кашида наметавонад. Чун роҳи бозгашт набуд, танҳо се моҳ тавонист ин вазифаи сангинро таҳаммул кунад ва ба хотири беобрӯ нашудан, ба дигарон лаънат хонда, ба истилоҳи худаш «истеъфо» дод. Иллати дигари «истеъфо»-и раиси тозаинтихоб ин буд, ки ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» воқеан ҳам на ҷои пулу мол, ҷоҳу мансаб, балки ҷои заҳмату талошҳои пайваста ва корҳои созанда аст, ки аз ҳар узви он меҳнати сангин ва фидокорӣ талаб мекунад. Ин соҳибкори ҷавон, ки ҳадафи асосии раиси созмони бонуфуз шуданаш ҷамъоварии пулу мол буд, дарк кард, ки ҳосили ин вазифаи масъул ба ҷуз меҳнати холисона нест. Бале, ӯ хеле барвақт дарк кард, ки тираш хок хӯрдааст. Мо, аъзои “Созандагони Ватан” ба дурустӣ дарк мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо ба раҳнамоӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва дастгирии маънавию моддӣ ниёз доранд. Муттаҳид намудани ҷавонон алайҳи ҳар гуна амалҳои номатлуб, ҳушдор додани онҳо аз гароиш ба сафи гурӯҳҳои иртиҷоии диниву мазҳабӣ ва равона кардани нерӯю дониши онҳо ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ хеле муҳим аст. Созмони ҷамъиятии «Созандагони Ватан» низ ба ҳайси аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандии кишвар бояд бештар дар ҳамин самт фаъол бошад ва аз раёсат то ҳар як узви қатории он ба ҷои иззатталабиву дасисабозӣ даст ба амалҳои манфиатовар ва созанда занад. Итминон дорем, ки собиқ раиси созмони «Созандагони Ватан» Исфандиёр Абдураҳмонов, агар як зарра ақли солим дошта бошад, аз амали нангини худ пушаймон шуда, аз шӯрои ташкилоте, ки ба хотири сохтани ояндаи дурахшони Ватан бунёд шудааст, ҳатман узр хоҳад пурсид. Агар не, пас: Бетамизиҳои одам аз сухан пайдо шавад, Пистаи бемағз, агар лаб во кунад, расво шавад! ШӮРОИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ ҶАВОНОН «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН»
МАВЗӮИ РӮЗ
Кори ДИИШ-ро даранда намекунад Ҷавонони ҷоҳил роҳ ба сӯи Давлати исломӣ ниҳодаанд Дар ҳамин шабу рӯз ҷомеаи навини тоҷикро дар баробари масоили глобалии замони муосир, ба мисли терроризм, экстремизм ва маводи мухаддир, масъалаи аз илм дур мондани ҷавонон ва надоштани қобилияти дарки бозиҳои сиёсии абарқудратҳо, ки баҳри манфиатҳои худ давлатҳоро ба майдони ҷангу муқотила бадал намудаанд, мутаассифона, боиси гаравидани онҳо ба созмону ҳаракатҳои тундгарову ифротӣ мешаванд, ба ташвиш овардааст. Сабабгори чунин вазъият дур мондани ҷавонон аз таълиму тарбия мебошад. Ҷавонон азхуд намудани илму адаб ва аз мутолеаи ашъори бойи ниёгони хеш даст кашида, бештар ба сомонаҳои интернетӣ, ки ба тарғиби идеологияи бодиянишини араб, идеологияи ғарб, қатлу куштори ваҳшиёнаи ҷангиёни Давлати исломӣ, калабурӣ ва сӯзондани инсон, ки мафкураи насли имрӯзаро вайрон мекунад, майл доранд. Ин дар ҳолест ки ашъори шоирону мутафаккирони гузаштаву нави мо барои таълиму тарбияи ҷавонону наврасон ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо осори зиёде ба мерос гузоштаанд ва айни ҳол низ дар чопи ингуна адабиёт дасткӯтаҳӣ намекунанд. Дар ин ҷода, саҳми Ҳукумати кишвар басо зиёд аст. Пайваста барои беҳтар рушд додани соҳаҳои гуногуни илму маърифат кӯшиши ҳаматарафа мекунад. Ҳатто аз чор як ҳиссаи буҷаи ҳарсолаи мамлакат барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва бо техникаҳои муосир муҷаҳҳаз кардани муассисаҳои миёна ва олии кишвар ҷудо мешавад. Ин ғамхории Ҳукумати мамлакат, пеш аз ҳама, барои ба воя расонидани насли солим ва илмдор мебошад, зеро рушди ояндаи кишвар аз ҷавонон ва фазои орому осударо дар ҷумҳурӣ нигоҳ доштан аз насли соҳибилм вобастагии зиёд дорад. Аз ҷониби дигар, ин амалкард ба мо - тоҷикон аз гузаштагонамон мерос мондааст. Тоҷикон аз қадимулайём ба таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи хос зоҳир мекарданд. Ашъори гузаштагони миллати форсу тоҷик - «Шоҳнома», «Андарзнома», «Насиҳатнома», «Қобуснома», «Саодатнома» ва садҳо адабиёти дигар далели ин гуфтаҳост. Хуб мешуд, ки ҷавонони мо дар мутолиаи ин қабил мерос дасткӯтаҳӣ накунанд, зеро бузургон илму адабро аз хислатҳои неки одамӣ донистаанду ҷаҳолату тангназариро ба тинати зишту зараровари он нисбат додаанд. Пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ низ аз илму адаб дур мондани онҳо маншаъ мегирад. Агар ба пешбурди тарзи ҳаёти ҷавононе, ки дар сафи ҷангиёни Сурия ва Ироқ имрӯз меҷанганд, назар кунем, ҳамаи онҳо аз қабили инсонҳоеанд, ки аз илм дур мондаанд, ҳатто баъзеашон таълими асосиро нагирифтаанд. Ин гуна ҷавонон дар вақти кӯтоҳ ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд, ки дар оянда пойбанди ақидаҳои манфиатхоҳони бегона гашта, хуни ноҳақ мерезонанд. Ваҳшонияти онҳоро дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҳар шахс метавонад бинад, ки барои онҳо як кори муқарарӣ шудаасту ҳеҷ аз ин амали худ даст кашиданӣ ҳам нестанд. Дарк карда наметавонанд, ки худ муъмин аст ва хуни бародари муъмини худро мерезонад. Фарҳанги худро нест мекунад. Адабиёти ниёгони хешро месӯзонад. Онҳо имрӯз ба махлуқе бадал гаштаанд, ки рафторашон ба ҳеҷ ҷисми зинда монандӣ надорад. Ҳатто ҳайвонҳои даранда ба мисли онҳо амал намекунанд. Дар вуҷуди онҳо заррае аз нишони инсони боқӣ намондааст. Ин тоифаҳо дунёи мутамаддинро ба биёбонҳои бе касу бе нишони одимият тадбил дода, бо террору ваҳшонияти худ ҷомеаро ба давраҳои ғуломдории асримиёнагӣ баргардониданианд. Агар ин тӯдаи ҷоҳилон аз аввал пойбанди илму маърифат мешуданд ва қобилиятнокии онҳо нисбат ба дарки масъалаҳое, ки имрӯз ҷаҳонро ба таҳлука овардааст мебуд, шояд онҳо феълан дар сафи ҷангиёни Давлати исломӣ қарор намегирифтанд. Алиҷони КАБИР
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9393), 14 МАЙИ СОЛИ 2015
МУҲОВАРА Ашӯр Раҷабов фаъолияти меҳнатиашро дар соҳаи сирк пас аз хатми мактаби сирки шаҳри Тошканд ба сифати омӯзгор оғоз кард. Ин ибтидои солҳои навадуми қарни пешин буд. Пасон, нимаи солҳои навадум ба Арабистон рафта, дар саҳнаи сирк ба ҳайси гимнаст фаъолият намуд. Соле пас дар шаҳрҳои гуногуни Ҳиндустон баромад кард. Ҳамчунин, зимни сафарҳои ҳунарӣ дар Эрон, Молдова ҳунарнамоӣ кардааст. Вобаста ба масоили Сирки тоҷик ӯ чунин нақл кард: - Соли 2001 бо қарори Ҳукумати кишвар дар назди Сирки тоҷик студия ташкил ёфт. Барои омода намудани ҳунармандони соҳа. Сарварии онро ба зиммаи ман вогузоштанд. Дар ин студия шогирдони зиёдро тайёр намудем, ки ҳоло дар сирки худамон ва дигар кишварҳо, аз ҷумла, Чин, Русия ва ғайра фаъолияти босамар доранд. Чанд муддат ба варзиш машғул шуда, як зумра шогирдонро тарбия намудам. Панҷ нафари эшон аз рӯйи муҳорибаҳои тан ба тан қаҳрамони ҷаҳон шуданд. Сипас, боз ба кори сирк даъват намуданд. Қариб ду моҳ мешавад, ки ба ҳайси роҳбари Сирки тоҷик фаъолият дорам. Як нуктаро зикр намудан бамаврид аст, ки барномаҳои сиркӣ бе сафарҳои ҳунарӣ беранг асту якмаром. Инак, Сирки Маскавро даъват намудем. Барномаҳои он дар рӯйи об пешкаши тамошобин мегардаду гурӯҳи калони ҳунармандон, қариб 50 нафар ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳамроҳи 20 намуд ҳайвон. Ҳунармандони маъруф, аз қабили гимнастҳо, атлетҳо, дорбозҳо, масхарабозон, ромкунандагони ҳайвонот ва ғайра ҳунарнамоӣ мекунанд. Умуман, як барномаи мукаммали сиркӣ бо фарогири тамоми жанрҳои сиркӣ пешкаши сокинони кишвар ва меҳмонон шудан дорад. Барномаҳои сиркӣ асосан аз ҳашт жанр иборат аст. Барномаҳои сиркиро тамошо бояд кард. Сирк санъати ҷаҳонист, забон надорад. Фақат омада дидан лозим. Масалан, масхарбозро дар ҳама ҷо мефаҳманд. Ӯ сухан надорад, аммо ҳаракату қиёфабозӣ, ба ибораи дигар мимика дорад. Дорбоз ҳунар нишон медиҳад. Сирк ҷисми инсонро пешкаши тамошобин месозад, ки он чӣ қобилиятро дорост. Хулоса, сирк санъат аст. Дар он санъат, маҳорати актёрӣ, варзишӣ ва ғайра бо ҳам омезиш меёбанд. Дар баробари ин, асосҳои услубшиносӣ, қонунҳои физикӣ ҳама як ҷо ба сомон расонда мешавад. Масалан, надонистани хулқу атвори ҳайвонот - аъзои дастаи сирк ва чӣ гуна хӯрок ё алафро истеъмол намудани онҳо масъалаи ҷиддист. Надонистани қоидаҳои геометрӣ боис мегардад, асбобу
тавонад, ки дар шаҳрҳои калону сернуфус ҷойгир аст. Дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон фаъолият доштам. Аҳолии шаҳр ҳашт миллион нафарро ташкил медод. Роҳбари сирк мегуфт, ки танҳо як миллион ё ним миллиони он ба тамошо биёянд, барои сирк кофист, ки тамоми хароҷот пурра пӯшонда шавад. Ин як кори хеле нозук аст. Дастаҳои сиркӣ ба кишвар омада, ҳунар намоиш медиҳанд, ба мардум ғизои маънавӣ мебахшанд. Ҳамчунин, ҳунармандони сирки тоҷик аз ҳунарнамоии онҳо, албатта, барои худ ягон чиз меомӯзанд. Ин ба манфиати кор аст. Лекин як қатор мушкилиҳо вуҷуд доранд. Андозбандӣ дар кишварамон вазнин мебошад. Андози зиёд талаб мекунанд. Дастаҳои сиркӣ пайваста ба сафарҳо баромада, медонанд, ки дар ин ё он давлат андозбандӣ дар кадом сатҳ қарор дорад. Сафарҳо хароҷоти зиёдро талаб мекунад.
кас қоил мегардад. Ин нишонаи пешравии маҳорат, ҳунару санъати сирк аст. Агар хато накунам, соли 1962 як нафар ду даврзании муаллақ ё бо забони сиркӣ гӯем, салторо иҷро мекунад. Дар тамоми ҷаҳон ҳангома шуд он вақт. Ҳоло бошад, ҳунармандони сирк то чор салто иҷро карда метавонанд. Хулоса, дар ҳунари сиркӣ ҷузъиёти дигар санъатҳо, ҳатто аз балет ҳам ворид шудааст. Ҳамаи ин нишонаи пешравии санъати сирк аст. Чунин пешравиҳо дар Сирки тоҷик ҳам мушоҳида мегардад. Баъди пошхӯрии давлати шӯравӣ бисёр соҳаҳо, аз ҷумла, сирк зарар диданд. Имрӯз бошад, бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати кишвар ва фазои ороми диёри азизамон ба по хеста истодаем. Шахсан худам ният дорам муддати як сол як гурӯҳи бақувват, бо барномаҳои рангину ҷолиб омода намоям. Сипас, ба сафарҳои ҳунарӣ бароем ва чун сирки тоҷик онро ба оламиён на-
Вақте ин ё он сирк ба сафарҳои ҳунарӣ ба хориҷа мебарояд, гурӯҳ ташкил мекунад. Яъне, аз ҳар кишвар номераҳои ҷудогонаро интихоб карда, якҷо ба сафар мебароянд. Сирки Маскав низ чунин номераҳоро дар бар гирифтааст. Ҳамин тавр, шакли мукаммалгардидаи барномаҳо таҳия шудааст. Ҳамчунин, имрӯз ҳунармандони варзида дар дастаҳои сиркии ҳар давлат баромад мекунанд. Масалан, солҳои пеш дар Сикри тоҷик ҷавоне бо номи Алмос баромад мекард, ки аслан ӯ қирғиз аст. Пасон дар Сирки Қазоқистон баромад намуд. Ҳоло дар ҳайати Сирки Полша. Фикр мекунам, ба чунин раванд Сирки тоҷик ҳам ниёз дорад. Чунки тақозои замон ҳамин аст. Албатта, ман намегӯям, ки дар ҳайати ҳунармандони мо нафарони қобилиятнок нестанд. Бисёранд чунин ашхос. Лек дар шароити кунунӣ танҳо бо доираи сирки худӣ маҳдуд шудан лозим
Сирк қобилияти ҷисми инсонро пешкаш месозад Мусоҳиба бо Ашӯр Раҷабов, директори Сирки давлатии Тоҷикистон анҷоми саҳнаи сирк нодуруст васлу насб гарданд. Хулоса, ҳар кас дар сирк вазифаю шохаи худро дорад ва аз рӯйи он фаъолият мекунад. - Сирки давлатҳои дигар чӣ тавр ба кишвар меоянд: давъат мешаванд ё бо ягон роҳи дигар? - Даврони шӯравӣ нарасидани барқ ҳеҷ эҳсос намегардид. Шабакаи ягонаи ҳалқавии барқӣ вуҷуд дошт. Дар ҷое камбудӣ руй медод, аз дигар ҷо барқ интиқол меёфт. Сирк ҳам айнан бо чунин шакл фаъолият дошт. Масалан, дар сирки тоҷик барномае вуҷуд дошт, ки дар сирки Маскав ё дигар шаҳрҳои аҳди шӯравӣ вуҷуд надошт ё баръакс. Сиркҳо аз шаҳр ба дигар шаҳр давр зада, якдигарро пурра мекарданд. Ин яке аз шаклҳои мукаммалу беҳтарини ҳунарнамоӣ буд. Ҳамаи ин аз ҷониби сохтори ягона – Союзгоссирк идора мегардид. Аз ин хотир тамошобини тоҷик гумон мекард, ки сирки тоҷик шер, паланг, фил, шутур ва дигар ҳайвоноти нодир дорад. Ҳол он ки ин гуна ҳайвон дар сирки тоҷик ҳаргиз набуд ва имрӯз ҳам нест. Чунки мушкилии басо ҷиддӣ мавҷуд аст. Масалан, шер ё паланг дар як рӯз то ҳашт кило гӯшт истеъмол мекунад. Агар дар сирк то даҳ адад чунин ҳайвонот мавҷуд бошад, пас ҳисоб кунед, дар як рӯз чӣ қадар гӯшт сарф мешавад? Ҳаштод кило. Қариб як гов. Ҳамаи кормандони сиркро, ки тахмин 130 нафарро дар бар мегиранд, ҷамъ созем, дар як моҳ ин қадар гӯшт истеъмол намекунанд. Яъне, нигоҳубину парвои ин гуна ҳайвонот хароҷоти хеле зиёдро талаб дорад. Чунин ҳайвонот дар таркиби сиркҳое вуҷуд дошта ме-
Роҳкиро, нигоҳубини ҳайвонот, ҷобаҷокунии дастаи ҳунарӣ, илова бар он, маоши ҳунармандон. Ҳамаи ин маблағи зиёдро талаб мекунад. Болои ин андози баланд. Ин вазъ ташрифи сирки кишварҳои дигарро ба диёрамон коҳиш медиҳад. Агар андозбандӣ каме сабуктар бошад, мо дастаҳои сиркиро ба диёрамон бештар даъват мекунем. Масалан, дар сурати овардани панҷ дастаи сиркӣ ва ҷамъ намудани сад ҳазор сомонӣ аз баромадҳои ҳар даста, дар маҷмуъ 500 ҳазор сомонӣ ба буҷа ворид кардан мумкин. Аз он ки андози баланд талаб намудаю сафарҳои дастаҳои сиркиро қатъ ва садҳо ҳазор сомониро аз даст додан, магар ин роҳи хуб нест? Барои ҳалли масъала ба ҷойҳои дахлдор мактуб навиштем. Бигузор омада, вазъро омӯхтаю таҳлил ва ба ягон хулосаи дақиқ биёянд. Баҳри рушди соҳаи сирк аз Хазинаи захиравии Президенти кишвар маблағҳо ҷудо шуда, ҳатто 14 нафарро барои таҳсил ба Федератсияи Русия фиристодем. - Ҳоло байни сирки даврони шӯравӣ ва имрӯз чӣ тафовутро метавон мушоҳида кард ва умуман, сирки тоҷикро чӣ тавр дидан мехоҳед? - Тафовут хеле зиёд аст. Ҳама чиз дар пешравист. Аз ҷумла, сирк ҳам. Агар сабти барномаҳои даврони шӯравӣ бошаду кас онҳоро тамошо намояд, бешубҳа, пай бурда метавонад, ки имрӯз сирк чӣ қадар пеш рафтааст. Нуқтаи авҷи намоиши маҳорати ҳунармандони сирк дар шаҳри Монте-Карлои Итолиё сурат мегирад. Он ҷо барномаю ҷузъиёти ҷудогона, ҳунарнамоии сиркчиёнро дидан мумкин аст, ки
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9393), 14 МАЙИ СОЛИ 2015
моиш диҳем. Ин орзу ва саҳми ман дар пешрафти сирки кишвар хоҳад шуд. Ин ҷо як нуктаро зикр кардан мехоҳам, ки аз хориҷи кишвар ягон мутахассиси соҳаи сиркро барои амалӣ намудани нақшаам, нияти даъват кардан надорам. Ҳама аз ҳисоби худиҳо. Ҳунармандонро ҷамъ карда, пайваста машқ мекунем. Баҳри амалӣ шудани ин ният имкониятҳо мавҷуд аст. Масалан, ҳунари дорбозҳои мо нотакрору қариб дар ягон сирки дигар дида намешавад. Сирк ҳунарест, ки дар як ҷо, бо як муҳит маҳдуд шуда наметавонад. Масалан, барои омода намудани як барномаи сиркӣ то се сол муҳлат ва заҳмат кашидан лозим. Онро дар як ҷо то ду сол метавон намоиш дод. Пас дилбазану дилгир мешавад. Дар ин маврид чӣ бояд кард? Чи хеле дар боло зикр намудам, сирк бояд бо сафарҳои ҳунарӣ муддати ним ё як сол дар хориҷа давр занад. Вақте бармегардад, ҳамон барномаи намоишдодашуда гӯё нав мешавад. Зеро дар ин муддат ба он ҷузъиёти нав, мусиқии нав, либосҳои нав ворид мегардад. Баъди бозгашт назди бинандаи худӣ он барнома дар шакли нав намоиш дода мешавад. Хулоса, сирк бояд давр занад, ба сафарҳои ҳунарӣ барояд. Ин ба манфиат аст. - Вақте ҳунармандони Сирки Русия ба кишвар меоянд, қатори онҳо намояндагони Сирки тоҷик низ баромад мекунанд? - Не. Танҳо ҳунармандони Сирки Русия дар саҳнаи Сирки тоҷик ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳоло як тамоюле дар соҳаи сирк низ ворид шудааст, ки шояд ба манфиат ва пешрафти соҳа бошад.
нест. Ман тарафдори он ҳастам, ки ҳунармандони ҷавони тоҷик дар ҳайати дигар дастаҳо баромад намоянд. Маҳорати хешро сайқал диҳанд, суфта гарданд. Ба ин васила ягон чизи тоза ба сирки худ ворид созанд. Ҳине дар чунин шакл ба берун мебароянд, албатта, онҳоро хуш мепазиранд. - Сирки тоҷик имкони намоиши барномаҳои худро дар ҳар кунҷу канори кишвар надорад? - Сари ин масъала айни замон машғулем. Ба як қатор мақомоти иҷроияи вилояту навоҳӣ мактуб навишта, хоҳиш намудем дар ташкил ва баргузории барномаҳои гурӯҳҳои ҳунарии мо мусоидат намоянд. Мо ният дорем гурӯҳҳои хурд-хурд ташкил намуда, ба ҳар кунҷу канори кишвар фиристем. Барномаҳои сиркӣ чанд намуд мешавад: саҳнавӣ, кӯчагӣ, рӯйи ях, рӯйи об ва ғайра. Масалан, гимнаст дар саҳна баромад мекунад, дар кӯча наметавонад. Ҳамин тавр, чанд гурӯҳ ташкил, вобаста ба шароити ҳунарнамоӣ номераҳои алоҳидаро ҷудо намуда, пешкаши ҳаводорон хоҳем кард. Бигузор мардуми тоҷик дар маҳалҳо низ аз ҳунару маҳорати ҳунармандони сирк огаҳ гарданд. Мутаассифона, чунин шакли намоиши ҳунари аҳли сирк ҳатто даврони шӯравӣ қариб ки вуҷуд надошт. Агар ин шакли ҳунарнамоиро ба роҳ монем, ба фикрам, беҳтарин кор хоҳад шуд. Мусоҳибон Толибшоҳи ДАВЛАТ, Нуруллоҳи ОРИФ, Ашрафи АФЗАЛ, “ҶТ”. Аксбардор Т. ФОЗИЛ, «ҶТ»
11
ВАРЗИШ
Спартакиадаи донишҷӯён: Ғолибони се намуди варзиш маълум шуданд Марҳилаи ниҳоии Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯи 10 намуди варзиш (баскетбол (мардону бонувон), волейбол (мардону бонувон), тенниси рӯи миз, гӯштини миллӣ, таэквандо (ВТФ), дзюдо, самбо, варзиши сабук, гӯштини тарзи озод, бокс) идома дорад. То имрӯз мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои варзиш сабук, самбо, дзюдо, баскетбол (мардон), волейбол (мардон), гӯштини миллӣ ва гӯштини тарзи озод ҷамъбаст гардиданд. Натиҷаҳои бадастовардаи дастаҳо чунин аст: Варзиши сабук. 2-3 май. Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ. “Душанбе-1”: 38 медал (23 тилло, 12 нуқра, 3 биринҷӣ); Суғд: 22 медал (3 тилло, 11 нуқра, 8 биринҷӣ); “Душанбе-2”: 19 медал (3 тилло, 5 нуқра, 11 биринҷӣ); Хатлон: 6 медал (3 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ). Самбо. 5-6 май. Кӯлоб. “Душанбе-1”: 9 медал (5 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ); Хатлон: 9 медал (2 тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ); “Душанбе-2”: 6 медал (1 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ); ВМКБ: 1 медали тилло. Суғд: 6 медал (1 нуқра, 5 биринҷӣ). Дзюдо. 5-6 май. Душанбе. “Душанбе-2”: 7 медал (2 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ); “Душанбе-1”: 7 медал (2 тилло, 5 нуқра); Суғд: 6 медал (1 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ); ВМКБ: 5 медал (1 тилло, 4 биринҷӣ); Хатлон: 3 медал (1 тилло, 2 биринҷӣ). Лозим ба ёдоварист, ки дар марҳилаи ниҳоии Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 619 варзишгар, 24 мактаби олӣ 5 минтақаи ҷумҳуриро намояндагӣ менамоянд.
Аввалин ғалабаи КМВА “Помир” дар чемпионати имсолаи мамлакат 8-10 май бозиҳои даври панҷуми Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ доир гаштанд. Натиҷаи бозиҳо чунин аст: “ИСТИҚЛОЛ” – “РАВШАН” – 6:1 Аҳмадов, 90+13 (1:1). ГЕС («Истиқлол») – 3-тӯбӣ. Голҳо: Ҳусейн Суҳробӣ, 8 (0:1), Сиёвуш Асроров, 42 (1:1), Фатҳулло “ПАРВОЗ” — КМВА “ПОМИР” — Бозиҳои даври шашум: Фатҳуллоев, 45 (1:2), Дилшод Воси- 0:1 17 май (якшанбе). Оғоз – 17:00. ев, 49 (1:3), Зиёвиддин Фузайлов, 51 Гол: Бузургмеҳр Раҳмоналиев, 83. «Барқи тоҷик» — КМВА «Помир» (1:4), Ромиш Ҷалилов, 66 (1:5), Хур«Равшан» — «Парвоз» шед Маҳмудов, 85 (1:6). Нишонзанҳо: Манучеҳр «Регар-ТадАЗ» — «Хуҷанд» ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Дил«Хайр» — «Вахш» “БАРҚИ ТОҶИК” — “ХАЙР” — 2:4 шод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 4 тӯб, Голҳо: Сефаҳ Жаке Нана, 17 Наполеон АНДОХ («Хайр»), Ҳасан 18 май (душанбе). Оғоз – 16:30. (0:1). Сафархон Мирзоев, 41 (1:1). РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Комил САИ«Делерон-Уротеппа» — Алишер Улмасов, 69 (1:2). Баҳодур ДОВ («Регар-ТадАЗ»), Блед РОДРИ- «Истиқлол» Шарифов, 75 – аз пеналтӣ (1:3). Са№ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т Х фархон Мирзоев, 80 (2:3). Муҳсин 1 «Истиқлол» (Душанбе) 5 5 0 0 26/2 15 Парпиев, 83 (2:4). “ВАХШ” — “РЕГАР-ТАДАЗ” — 0:3 Голҳо: Алишер Баротов, ба дарвозаи худ, Абдулло Саидов, Даврон Мирзоев. “ХУҶАНД” — “ДАЛЕРОН-УРОТЕППА” — 1:1 Голҳо: Иброҳим Рабимов, 9 – ба дарвозаи худ (0:1). Манучеҳр
2 3 4 5 6 7 8 9 10
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Хуҷанд» (Хуҷанд) «Хайр» (Ваҳдат) «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) «Вахш» (Қӯрғонтеппа) КМВА «Помир» (Душанбе) «Равшан» (Кӯлоб) «Барқи тоҷик» (Душанбе) «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)
5 5 5 4 5 5 5 4 5
3 3 3 1 1 1 1 1 0
2 1 1 2 2 1 1 0 0
0 1 1 1 2 3 3 3 5
10/5 8/4 10/8 6/4 2/5 2/8 6/13 3/10 0/14
11 10 10 5 5 4 4 3 0
Медали тиллои Хуршед дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо Мусобиқаи давидан дар Данғара 10 май дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, барои дарёфти ҷоизаи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шайдулло Исоев мусобиқаи анъанавии давидан баргузор гардид. Дар он варзишгарон аз вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. Рақобатҳо дар се масофа 3, 5 ва 10 километр ҷараён гирифт. Дар масофаи 3 километр наврасон ва хурдсолон байни ҳам рақобат карда, Умедҷон Муродов мақоми аввалро касб кард. Муҳаммади Исроил барандаи медали нуқта ва Фаридун Боев сазовори медали биринҷӣ шуданд. Дар масофаи 5 километр миёни
12
духтарон Меҳрангез Назарова ҷойи якумро ишғол кард. Салима Боронова ва Муниса Раҳимова барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ гаштанд. Дар масофаи 10 километр Ҳасан Ғафуров мақоми аввалро касб кард. Меҳрубон Шамсиддинов ҷойи дуюм ва Саидшоҳ Рузиматов мақоми сеюмро ишғол намуданд. Миёни собиқадорон Амонбек Ҳикматуллоев мақоми аввал, Рузиқул Боймуродов ҷойи дуюм ва Юсуф Раҷабов ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Се медал аз Қатар Паҳлавонони кишвар дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнониву румӣ, ки 6-10 майи соли равон дар Доҳа, пойтахти Қатар баргузор шуд, як медали нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд. Зелимхон Юсуфов дар сабқати гӯштини тарзи озод дар вазни -70 кило медали нуқра ва Фарҳод Аннақулов дар вазни -125 кило медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар сабқати гӯштии юнониву румӣ дар вазни 130 кило Муродҷон Тӯйчиев соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Паҳлавони ҷавони кишвар Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони соли таваллудашон 1998-2000-ум, ки 9-10 май дар шаҳри Клаҷ Напокаи Руминия баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид. Вай дар вазни 90+ кило пас аз се ғалаба бар Ричард Вакзулик (Маҷористон), Александр Крсманович (Босния ва Ҳерсеговина) ва Владимир Костик (Сербия) ба финал баромад. Дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Кристоф Фабос аз Маҷористон пирӯз шуд. Дар ин мусобиқа ба ҷуз Хуршед Маҷидов Тоҷикистонро боз ду паҳлавони ҷавон намояндагӣ карданд. Ҷамолиддин Абдуллоев дар вазни -60 кило баъди се пирӯзӣ бар Харалампос Зинонос (Кипр), Лукас Саҳа (Финляндия) ва Бернат Мезел (Маҷористон) дар даври баъдӣ аз Эндре Гуникс (Маҷористон) мағлуб гашт. Баъдан ӯ бар Берат Кимок (Туркия) ва Марко Гусик (Монтенегро) ғолиб омад. Вале барои ҷойи сеюм аз Лука Каггиано (Италия) шикаст хӯрда, соҳиби мақоми панҷум шуд. Паҳлавони дигар Муҳаммадраҳим Сарахонов (55 кг), ки дар даври аввал бар Павел Марин (Кипр) ғолиб омад, дар даври дуюм аз Сезар Зеллӣ (Италия) мағлуб гашт ва аз идомаи мубориза барои медал бенасиб монд. Дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни кадетҳо дар Руминия 484 варзишгар (292 писар ва 192 духтар) аз 28 кишвар иштирок доштанд. Дар ҳисоби дастаӣ тими мунтахаби Украина бо 9 медал (3 тилло, 1 нуқра, 5 биринҷӣ) ғолиб шуд. Маҷористон (3-1-3) ҷойи дуюм ва Руминия (3-1-1) ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо як медали тилло ва як ҷойи панҷум дар байни 28 кишвар ҷои ҳафтум ва дар сабқати писарон ҷои панҷумро сазовор шуд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9393), 14 МАЙИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШГАРОНИ ҶАВОН
Дастхобонӣ варзиши осебпазир аст Тавре хабар дода будем, чанде пеш дар шаҳри Анталияи Туркия Чемпионати XIV Осиё оид ба дастхобонӣ (армспорт) миёни наврасон, калонсолон, собиқадорону маъюбон доир гардид. Намояндагони Тоҷикистон дар ин чорабинӣ соҳиби 20 медал гардиданд. Мо бо яке аз ғолибони мусобиқа, донишҷӯи соли чоруми факултаи омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбия ҷисмонии Тоҷикистон Хушнуд Эрматов мусоҳиб шудем. - Дастоварди варзишгарони мамлакат дар Чемпионати Осиё чӣ гуна буд? - Дар ин чемпионат варзишгарони 14 мамлакат ширкат варзиданд. Дастаи Тоҷикистон ба гирифтани 8 медали тилло, 6 маделаи нуқра ва 6 биринҷӣ ҷои чорумро ноил гашт. Ман бо дасти чапам қувваозмоӣ карда, сазовори медали биринҷӣ шудам. - Чанд сол боз дар ин намуди варзиш қувваозмоӣ мекунед? - Соли чорум аст, ки ман дар риштаи армрестлинг тамрин мекунам. Дар ин ҷода устоди ман раиси Ассотсиатсияи арм-
рестлинги Тоҷикистон Фарҳод Султонов ва Гуландом Холиқова мебошанд. Маҳз маслиҳату роҳнамоии устодон буд, ки соли 2013 дар шаҳри Тошканд соҳиби медали биринҷӣ гардидам. - Армрестлинг кадом қоидаҳои хос дорад? - Дастхобонӣ яке аз намудҳои қадимаи варзиш аст. Дар нимаҳои аввали асри XX оид ба ин намуди варзиш мусобиқаҳои калон доир мегашт. Бори аввал соли 1952 бо ташаббуси рӯзноманигори амрикоӣ Бил Собиранес дар иёлати Калифорния мусобиқаи дастхобонӣ баргузор гардид. Баъди баргузории нахустин мусобиқа армспорт мухлисони зиёд пайдо кард. Ҳарчанд дар назари аввал барои иддае дастхобонӣ намуди осони варзиш намояд ҳам, он яке аз намудҳои барои варзишгар осебпазир ба ҳисоб меравад. Суръати задани набзи варзишгар дар вақти мусобиқа то ба дусад зарба дар як дақиқа мерасад. Ба панҷаву оринҷ ва мушакҳои китфу бозу сарбории зиёд меафтад. Дар вақти мусобиқа ба панҷаву банди даст дока бастан ва ангуштарин кардан мумкин нест. Дастҳо бояд тоза, орӣ аз бемориҳои пуст ва нохунҳо кӯтоҳ бошанд. Хоидани сақич мамнуъ аст. Пеш аз иҷозати довар мусобиқаро оғоз намудан, ба фармони довар итоат накардан, оринҷро аз миз баланд бардоштан, сару
китфро ба хатти нимаи миз гузаронидан манъ аст. Варзишгаре, ки ду огоҳӣ гирифт, мағлуб мегардад. - Тамрини варзишгарони намуди армрестлинг аз кадом машқҳо иборат
аст? - Варзишгарро лозим аст, ки мушакҳои дасту бозуро пайваста машқу обу тоб диҳад. Барои ин машқҳо иборат аз хобида штанга бардоштан, нишастану бархостан бо штанга, силсилаи машқҳо бо гантел ва ғайраро пайваста иҷро кардан лозим меояд. Ман штангаи 90-килоиро бе малол мебардорам. Варзиш покизагиро талаб мекунад. Бинобар ин, аз истеъмоли машруботи масткунанда, тамокукашӣ ва дигар одатҳои бад худдорӣ бояд кард. Варзишгар тарғибкунандаи тарзи ҳаёти солим аст. Дар армспорт ҳеҷ гоҳ мусовӣ намешавад. Бояд нафаре ғолиб ояд. Аз ин рӯ ғайр аз нерӯ доштан, инчунин, дорои техникаи махсус, чолокӣ ва рӯҳан боқувват будан ҳатмист. Агар шахс нерӯманд, вале рӯҳафтода бошад, ба гумон аст, ки ғолиб ояд. - Ҳоло ба кадом мусобиқа омодагӣ мебинед? - Моҳи сентябри соли равон дар Малайзия мусобиқаи ҷаҳон оид ба армспорт доир мегардад. Ҳоло ба ин мусобиқа омодагӣ мебинем. Умед дорем, ки дар ин сабқати ҷаҳонӣ ба дастоварди баланд ноил гашта, парчами Тоҷикистонро боло хоҳем бардошт.
Комрон ПӮЛОДӢ:
“Ширкат дар Бозиҳои олимпӣ орзуи деринаам аст” Имрӯз дар олами варзиши кишвар, агар гӯем, ки ситораҳои нав ба нав тулуъ доранд, хато нахоҳад шуд. Тасдиқи ин гуфтаҳо дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти гуногуни олам аст. Дастовардҳо сол то сол афзоиш меёбанд. Ба шарафи варзишгарони тоҷик парчами кишвар пайваста дар мусобиқоти бонуфуз, ки дар кишварҳои хориҷ доир мегарданд, боло бардошта мешавад. Ҳамаи ин мояи ифтихор ва сарфарозии тоҷикистониён аст. Комрон Пӯлодӣ аз зумраи варзишгарони ҷавон ва умедбахшест, ки комёбиҳои бадастовардаи ӯ шоёни таҳсин ва мояи ифтихор аст. Чордаҳ карат қаҳрамони кишвар, шаш маротиба ғолиби мусобиқоти АвруОсиё, байни кишварҳои узви ИДМ, ҷоизадори мусобиқоти
ҷаҳон, барандаи Ҷоми кишвари Перми Федератсияи Русия. Чунин аст, рӯйхати дастовардҳои ин варзишгари ҷавон. Тавре худи Комрон нақл мекунад, аз хурдӣ ба варзиш шавқу ҳавас дошт. Махсусан, шефтаи муҳорибаҳои тан ба тани шарқӣ буд. Маҳз шавқу ҳавас ӯро ба мактаби бачагонаи варзишӣ овард. Он замон дар яке аз макотиби ми-
ёнаи пойтахт таҳсил дошт. - Нахустин устодам дар ҷодаи варзиш Баҳром Ҳомидов маҳсуб мебад, - рӯзҳои аввали ба машғулиятҳо пардохтанашро ба ёд оварда, нақл мекунад Комрон Пӯлодӣ. – Он замон дар мактаби миёна мехондам. Баҳром Ҳомидов бачаҳои синну соли гуногунро гирд оварда, машқ медод. Ман аз рӯйи намуди каратэ-до ба машқҳо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9393), 14 МАЙИ СОЛИ 2015
оғоз намудам. Хурд будам, иҷрои машқҳо бароям душвор буд. Гоҳо рӯҳафтода мешудам. Вале устодам дар ҳама ҳолат дар паҳлуям ва мададгорам буд. Тасаллӣ медод, кӯшиш мекард худро аз даст надиҳам ва рӯҳафтода нашавам. Аз ин рӯ, аз чунин шахси дар ҷодаи варзиш фидоӣ якумр миннатдорам. Агар ӯ намебуд, шояд ин гуна муваффақиятҳоро комёб намешудам. Ҳанӯз ҳини мактабхонӣ ба мусобиқоти ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Бар ҳарифони хеш дастболо шуда, пирӯзиҳо ба даст овард. Ҳамин тавр, қаҳрамони кишвар гардид. Саъю кӯшиш ва маҳорати ӯро ба назар гирифта, ба дастаи яккачини кишвар таклиф намуданд. Чун варзишгари ҷавону умедбахш дар мусобиқоти гуногуни байналамилалӣ ширкат варзида, ба комёбиҳои назаррас ноил шуд. Ҳоло дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар, таҳти роҳбарии мураббӣ Нигина Хайруллоева машқу тамрин намуда, дар мусобиқоти гуногун фаъолона ширкат дорад. - Дар ҷодаи варзиш ба ман мураббиҳои мунису ғамхор насиб гардид, - нақл мекунад варзиш-
Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ” гари ҷавон Комрон Пӯлодӣ. – Нигина Хайруллоева мисли нахустустодам Баҳром Ҳомидов шахси сахтгир, лекин басо меҳрубон аст. Мекӯшад барои ҳар гуна камбудӣ шогирдонро беҳуда наранҷонад. Аз ин хотир, аъзои даста ҳама мекӯшанд ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо оранд. Ҳоло Комрон Пӯлодӣ баробари машқ ва ширкат дар мусобиқоти гуногун ба таҳсил низ машғул аст. Ӯ дар факултаи ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов таҳсил дорад. - Аз рӯйи ихтисос ман бояд омӯзгори фани ҳарбӣ дар мактаби миёна, ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шавам, - мегӯяд Комрон Пӯлодӣ. – Метавон гуфт, ин фанест, ки бо варзиш тавъам аст. Шогирдони имрӯзаи мактаб фардо муҳофизи Ватан хоҳанд шуд. Онҳоро дар мактаб, ҳангоми машғулиятҳои ҳарбӣ ҷисман обутоб бояд дод. Дар ин маврид комёбиҳои варзишӣ, албатта, мададгор мешавад. Аз Комрон пурсон мешавам, ки бо чунин дастовардҳо чаро дар мусобиқоти олимпӣ то ҳол ширкат наварзидааст? - Мутаассифона, каратэ-до то ҳол ба намуди бозиҳои олимпӣ ворид нашудааст, - мегӯяд ӯ. – Лекин чунин гуфтугузор идома дорад, ки ба бозиҳои дар пешистодаи олимпӣ шояд дохил карда шавад. Дар ин маврид аз тамоми имконот истифода мебарам, то ба ҳайати дастаи олимпии кишвар ворид шавам. Зеро ширкат дар Бозиҳои олимпӣ орзуи ҳар варзишгар аст. Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»
13
ОДАМОНИ САРБАЛАНД
ШЕЪР
Машъалафрӯзи дилҳо
Панҷ ғазал
Зи шаш ҷиҳат қаламрават бароям, эй Ватан, як аст, Чу сояи Худо туӣ, Худо, ки баҳри ман як аст. Ҳазорро писанд агар баҳору лолазори туст, Маро ба чор фасли ту хазон яку чаман як аст. Ба ҷумла қавли додаам ба нафъи туст саъйи ман, Паи адои хидматат амал яку сухан як аст. Чунонки бо ҳазор дил ҳамеша дӯст дорамат, Алайҳи душманони ту сипар яку бадан як аст. Насиби ман зи дори даҳр, агар расад на ғайри дор, Сарам фидои дори ту, ки сар яку расан як аст, Чу ҳар ғарибгӯрро кафан ҷудо, лаҳад ҷудост, Маро ба ҳифзи ҳадди ту лаҳад яку кафан як аст.
Аз хурдӣ китобхонӣ ва тамошои телевизорро дӯст медоштам. Вале телевизори мо бо сабаби кӯҳна будан тез-тез вайрон мешуд. Шабҳо филмҳои хуб намоиш медоданд. Бародарам Умедро зорӣ мекардам, ҳамроҳ хонаи амакам, ки дар ҳамсоягиамон мезист, равем. Аммо ӯ ҳар бор баҳона пеш меовард... Амакам баробари синну соли ману бародарам фарзанд дошт. Ҳини ташрифи мо ҳамаамонро назди харитаи сиёсие, ки дар девор овезон буд, рост мемонд. Пасон сар мешуд саволу ҷавоб. Бо ҳамин, кинотамошокунии мо ба охир мерасид ва то нисфи шаб маҳфили саволу ҷавоб давом мекард. Ман, ки нисбатан китобхон будам, аз саволу ҷавоб наметарсидам. Духтари амакам Маҳваш низ хеле донову ҳозирҷавоб буд. Акаҳояш Фирӯзу Дилшод ҳам дониши хуб доштанд. Онҳо ба баҳси мо ҳамроҳ мешуданд. Ҳатто Фаридун, ки аз мо хурдтар буд ва дониши хуби географӣ дошту пойтахти тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро азёд медонист, ба суҳбатҳои мо ҳамроҳ мешуд ва бештари вақт ғолиби мусобиқаи саволу ҷавоб мегардид. Ин саволу ҷавоб ба мо имкон медод, ки бисёр хонем, ҷустуҷӯ кунем ва ба дарсҳо бо тайёрӣ равем. Ташкилкунандаи ин маҳфили хонаводагӣ амакам Собир Расулов буд, ки аз фанҳои математикаю физика дар мактаби деҳаамон дарс мегуфт. Аз тамоми фанҳои дигар низ маълумоту дониши мукаммал дошт. Ӯ, ки мағз-мағзи устухонаш бо меҳнати ҳалоли омӯзгорӣ сахт шудаву донишу таҷрибаи бойи зиндагӣ низ насибаш гаштааст, аз мо шогирдон хониши аълову дониши мукаммал талаб мекард. Зимни суҳбат омӯзгори варзида Наим Исҳоқов дар бораи кору фаъолияти Собир Расулов чунин нақл кард: - Ман баъди донишкадаро хатм намудан чанд сол дар деҳаи ҳамсоя омӯзгорӣ кардам. Аз забон ва адабиёти рус дарс медодам. Баъдтар саломатиам имкон надод, ки ба роҳи дур рафту омад дошта бошам. Бинобар ин, маро ба мактаби деҳаи худамон омӯзгор таъин намуданд. Он вақт Собир Расулов ҷонишини директор ва баъдтар директор таъин шуданд. Дар давоми роҳбарии ӯ интизом ва сатҳи дониши хонандагон хеле боло рафт. Дар мактаб чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор мешуд. Хонандагон дар озмунҳои фаннӣ дар миқёси ноҳия ва вилоят ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамуданд. Чанд омӯзгори мактаб ба унвону ифтихорномаҳои давлатӣ сазовор шуданд. Ин ҳама натиҷаи кордониву сахтгириҳои устод Собир Расулов буд. Бале, ҳамагон фаъолияти пурсамар ва навовариву навкориҳои Собир Расуловро бо шумули сохтани майдони наву замонавии варзишӣ, боғи зардолу, гулу гулзори саҳни
14
*** Ба ифтихори 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
мактаб ва ғайра эътироф намудаанд. Дар бораи сахтгириву принсипнок будани ӯ боре чунин нақл карда буданд: Муаллим Машафо Гадоев аз хурдсолӣ бо Собир Расулов дӯстон ҷонӣ буданд. Боре муаллим Гадоев бо ришҳои нотарошида ба дарс ҳозир мешавад. Соатҳои дарсии ӯро бо дарсҳои дигар муаллим иваз карда, ба ӯ мегӯяд, ки рафта, ришҳоятро тарошида, баъд биё. Яъне, Собир Расулов дар кору фаъолият аз дӯстиву хешу таборчигӣ сарфи назар карда, натиҷаи корро аз ҳама баробар талаб мекард. Собир Расулов 10 майи соли 1940 дар деҳаи зебоманзару биҳиштосои Мулёб дида ба ҳастӣ кушодааст. Даврони кӯдакии на он қадар хуб дошт. Таъсири Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба деҳаи дурдасти кӯҳистони онҳо низ расид. Модари муштипараш доимо ба меҳнати сангини саҳро банд буд. Бародараш Бобо, ки аз ӯ се-чор сол калонтар буд, ба падару модараш ёрӣ мерасонд. Падарро низ баробари дигар ҳамдеҳагонаш ба ҷанг даъват намуданд. То солҳои 1947 падарро надид. Падар, ки одами босавод буду ҳамдеҳагон мулло Марасулаш ном мебурданд, бо ҷароҳатҳои вазнини аз ҷанг меросмонда соли 1954 аз дунё гузашт. Он вақт Собири чордаҳсола аз меҳри падар сер накарда буд. Ба ғайр аз ӯ боз додаронаш Мадоқили ҳаштсола ва Пирмади чорсола низ дар тарбияи бародари бузургворашон Бобо Расулов, ки ҷавони 20-сола буд, монданд. Собир Расулов дар симои бародарбузургаш падари марҳумашро медид ва ҳама комёбиҳои зиндагиашро ба ӯ вобаста медонист. - Дар зиндагӣ баъди падару модарам, наздиктарин шахс бароям акаи бузургворам буду мемонад, мегӯяд ба такрор ӯ. - Дар пастиву баландиҳо ягона такягоҳам, ягона маслиҳатдеҳу раҳнамоям акаам буд. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1962 хатм кард ва то соли 1970 дар ноҳияву деҳаҳои гуногун ба мактаббачагон дарс дод. Соли 1970 ҳамчун афсар ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд. Баъ-
ди хизмати ватанро иҷро намудан ба шуғли омӯзгориаш баргашт. Фаъолияти пурсамар ва хислатҳои ташкилотчигиашро ба назар гирифта, аз соли 1987 ба вазифаҳои гуногуни роҳбарии соҳаи маориф таъинаш намуданд. Аз соли 1987 то соли 1991 ба ҳайси сарвари Омӯзишгоҳи касбӣтехникии №17-и ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ), тайи солҳои 19911995 ҳамчун ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Шӯрообод кор кардааст. Баъди ба нафақа баромадан, фаъолияти пурсамару кордониашро ба назар гирифта, боз ба кори роҳбарӣ даъваташ намуданд. Чанде роҳбарии шуъбаи маорифи ноҳия ва баъдтар роҳбарии бахши ветеранҳои ҷангу меҳнати ноҳияи Шӯроободро ба ӯ месупоранд, ки то ҳол адои ин вазифаи пурмасъулиятро бар дӯш дорад. Инчунин, дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ фаъолияти рӯзноманигории ӯ низ пурмаҳсул аст. Собир Расулов муаллифи зиёда аз 70 мақолаи илмӣ, методӣ ва фарҳангӣ буда, аксари мақолаҳояш дар матбуоти даврии ҷумҳурӣ чоп шудаанд. Барандаи ҷоизаи хонишҳои педагогӣ дар шаҳри Душанбе буда, барои меҳнати бенуқсонаш ба чандин мукофоти ҳукуматӣ, ифтихорномаҳо сазовор гаштааст. Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, вакили анҷумани омӯзгорон дар шаҳри Москва, намояндаи мардумӣ дар Шӯрои ноҳиявӣ ва вилоятӣ интихоб шудааст. Ба навиштани шеъру тарона ва ҳикояву қиссаҳо машғул мебошад. Намунаи назму насраш дар китобҳои «Фарёди дил» (2004), «Олами роз» (2006) ва ғайра рӯи чоп омадааст. Омӯзгор, падар ва бобои меҳрубон Собир Расулов ба синни мубораки 75 расида, чун машъалафрӯзи дилҳо то ҳол дар хизмати мардуми диёр қарор дорад. Эшонро бо ин рӯзи муборак табрику муборакбод гуфта, ба ӯ сиҳативу саломатӣ ва комёбиҳову давлати пирӣ таманно дорем. Ашрафи АФЗАЛ, «ҶТ»
Алломаи мавҷуда Алии Ҳамадонӣ, Аз аср асар буда Алии Ҳамадонӣ. Чун солики мақсуд пайи саҷда ту гӯйӣ, Сарро ба фалак суда Алии Ҳамадонӣ. Авроди варо фатҳи замонҳо чу “Абисто”, Ҷуз Ҳақ, ки набистуда Алии Ҳамадонӣ. Бо табъи салимаш ҳамадон аз шуаро буд, Дар шеъри таболуда Алии Ҳамадонӣ. Дар “Маърифатуннафс” шиносоии нафс аст, Ҳар роз, ки бикшуда Алии Ҳамадонӣ. Пандест алорағми ҳама фанду фиребе, Ҳар рамз, ки бинмуда Алии Ҳамадонӣ. Камбуди бадон дида ба тарғиб аз одоб, Одамгарӣ афзуда Алии Ҳамадонӣ. Дар илм амал карда ба Кашмиру ба Кӯлоб, Аз ҷаҳд наёсуда Алии Ҳамадонӣ. Моро бибарад то хати сарҳадди камолот, Ҳар ҷода, ки паймуда Алии Ҳамадонӣ. Аз тӯданабозист ба як тӯдаи хокаш, Бартар зи ҳама тӯда Алии Ҳамадонӣ... Файз арчияш аз файзи каромот бигуфта, Беш аст зи фармуда Алии Ҳамадонӣ... *** Бо ту нишони бахти ниёгонам, эй Ватан, Маҳзи давоми давлати Сомонам, эй Ватан. То ҷамъи гулшукуфи ман аз гулфишони туст, Дур аз ҳама хазони парешонам, эй Ватан. То гармтар зи меҳру фарохоӣ аз сипеҳр, Сарҳадди сардмеҳрӣ намедонам, эй Ватан. Фарқаш чӣ буда ошиқатам ё ки шоирам, Ҳар он киям, ки офаридӣ, онам, эй Ватан. Мунис набудиям рамақе ҷон надоштам, Ҷонам гирифта унсату инсонам, эй Ватан. Гӯянд, ки муқаддасӣ, аммо барои ман, Ту бартарӣ аз оину имонам, эй Ватан. Гар бо ту буду боши ман амри Худо бувад, Танҳо туӣ, ки банда ба фармонам, эй Ватан, Фармоиям калима ҳам ар арза карданам, Ҷуз гимни ҷумҳури ту намехонам, эй Ватан. *** Шоди сарвода бишав, то ғами сарват нахурӣ, Бикушо пойварақ, то сари сархат нахӯрӣ... Нозу нӯши ҳама даҳр аст агар дар хонат, Аз ҳама неъмати худ беш зи қисмат нахӯрӣ. Заҳр бар шаҳд мубаддал шавад ар аз меҳнат, Оши ҷонат нашавад нон, ки ба заҳмат нахӯрӣ. Аввали умр фақат шир агарат модар дод, Он чунон зи, ки дар охир ҳама ҳасрат нахӯрӣ. Санг бар кас, ки задӣ, хоку туроб арчи шавӣ, Ҷуз лагадзарб ба санги сари турбат нахӯрӣ. То кай афтандаву хезандаи вайронроҳӣ? Давлат обод намо, то зи дават лат нахӯрӣ! Файз, ки нафси бад асли ҳамаи зиллатҳост Иллатеат нарасад гар ҳақи миллат нахӯрӣ. *** Ободии ҳар кавну макон оила буда, Дар шоҳраҳи давру замон қофила буда. То манзили уммед ҳама узвияташро, Мақсуд зи ҳар суду зиён манзила буда. Гар тарбияро з-оила то марг давом аст, З-аввалмаҳалаш то ахирон марҳила буда. Оини муҳаббат ҳам аз он оинадор аст, Силкаш, ки зи некугуҳарон силсила буда. Фарзанд ба фарзонагиҳояш кунад исбот, Фозил падару модарашон фозила буда. Ҳар рӯз ҳам аз вуслати шаб нек сар ояд, Ҳар шаб, ки зи фардои ҷаҳон ҳомила буда... Бе ранҷи равон файз раводид ба кас нест, Гар Файз ҳам аз ганҷи гарон бегила буда...
Файзимади НАЗАР, муаллими МТМУ №56-и шаҳри Ваҳдат
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9393), 14 МАЙИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ Заррабин, асбоби оптикї
Хушзавќ
Нотавонї, сустї
… Шокирова, овозхон
Мотам
Боха- Љанг, бар, муштвоќиф занак
Суханронии ваќти шаробнўшї
Умедворкунанда
Ченаки дарозии ќадима
Уллоскашї
Моњи сол
Паррандаи сиёњ
Шинос, дўст
…и Ѓафурзод, овозхон
Мерос
Ќаторкўњ дар Аврупо
Боѓайрат
Мошини нахустини шўравї
Хости дил, ормон
Сабзавоте, ки бо палав мехўранд
Боигарї, дорої
Христофор ..., кошифи Амрико
Бадзот, нокас, бадкирдор
Асбоби мусиќии русї
Кўчаи машњури ш. Москва
Сокинони як кишвар
Бедин
Унвони њарбї
Картошкабирёни амрикої
Хирад, шуур Устувор кардан, пайвастан
Инсоният Ватани Одиссей
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9393), 14 МАЙИ СОЛИ 2015
Тўњфаи идона
Маѓзи устухон
Равѓани хук
Тамѓаи мошини хориљї
Шоњ аз асари Шекспир
Дарбењдор
Лаќаби шоњ Нушервон
Боѓи париён
Шираи кўкнор
Ќасри амири Бухоро
Танњо, ягона
Ансамбли сенафара
Шањодати њаќиќат будани чизеро додан
Саманд, байтал ё пони чиро мегўянд?
Давлат ва канал дар Амрикои Марказї
Озод, наљотёфта
«Шарќ» ба истилоњи бањрнавардон
... Назаров, овозхон
Синфи охирини ибтидої дар мактаб
Арѓамчини ковбой
Туфангча
Ќатора бо рўи он меравад
Шањри муќаддаси ислом дар Арабистони Саудї
… Пател, актрисаи њиндї
Майдони ќиёмат
Љоизаи синамогарони Русия
Тухми моњї
ОбанКанор, бори баѓал табиї
Эњсосшаванда
Шабакаи ТВ
Соф, тоза, пок
Онро занњо ранг мекунанд
Љањиш бо даврзанї
Мурѓи афсонавї
Макони зилзилазадаи Тољикистон
«Доллар»и Аврупо
Кирми Њашароти тутхўр нешдор
… Канделаки, барандаи ТВ-и рус Давлат дар ќисми љанубїшарќии Осиё
Шабнами …, овозхон
Муќобили «душворї» Њарф барои ифодаи адади номаълум (алгебра)
Шурўъ, сар
Њаммаънои «ном»
Хонадоршавии мард
Ранљ, уќубат
Тамѓаи сигори булѓорї
Мукофот, музд
Адаш ..., нависанда
Шиновар
Пешоянд
Маљлиси …, парламенти кишвар
Атомњои заряднок
… Кайф, актрисаи њиндї
Бачаи хурдакаки афсонавї
Яроќ, силоњ
15
АКСИ РӮЗ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Шахсони номаълум зани Афандиро гаравгон мегиранд. Баъди як рӯз ангушташро бурида, ба Афандӣ мефиристанд, то ӯро шинохта, барои раҳоияш пул бидиҳад. Афандӣ ҷавоб медиҳад: - Аз ин ангушт чиро мефаҳмам? Сарашро биёред...
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
***
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Афандӣ саросема ба хона омада, зани бародарашро кушт. Аз ӯ пурсиданд: Барои чӣ ҳамсари бародаратро куштӣ? Гуфт: - Дирӯз ҳамкорам ҳангоми бо телефон гап задан механдид. Пурсидам, ки бо кӣ гап мезанӣ, гуфт бо янгаат.
Умаралӣ САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Маҳмудҷон УСМОНОВ
(муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (хабарнигор, Душанбе),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),
ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА
(муовинони котиби масъул)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 8224 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
16
***
Бар асари заминҷунбии нав дар Непал, ки 12 май рӯй дод, ба иттилои пешакӣ, 37 нафар ба ҳалокат расида, беш аз ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар Ҳиндустону Тибет ҳам чандин нафар ҳалоку маҷрӯҳ шуданд. Непалро ду ҳафта боз заминларзаҳо такон медиҳанд. Мудҳиштарин заминларза 25 апрел ба вуқӯъ пайваста буд, ки бар асари он беш аз 8 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, беш аз 17800 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Кӯмак
Солҳои зиёд ба ҳайси директори яке аз хонаинтернатҳои ятимони шаҳр кор кардам. Ман ки дигар ҳаётамро бе кор тасаввур карда наметавонистам, баъди нафақа баромадан қарор додам як фонди махсус таъсис дода, барои ятимон ва фарзандони оилаҳои камбизоат аз нафарони саховатманду ҳимматпеша кӯмак ҷамъоварӣ кунам. Дар ибтидо ҳарчанд кӯшиш мекардем, чандон кӯмаки зиёд ҷамъ карда наметавонистем. Ба ҳар ҳол кӯмаки бадастомада эҳтиёҷи чанд мактаббачаву донишҷӯро мебаровард. Рӯзе ба дафтари корӣ яке аз дӯстонам омад. - Шунидам, ки барои донишҷӯёни эҳтиёҷманд кӯмак ҷамъ мекунед, гуфт ӯ баъд аз салому ҳолпурсӣ ва афзуд: - Ман ҳам мехоҳам, дар ин кори хайр ҳисса гузорам. Таклифашро бо хушнудӣ қабул кардем, чунки бо вуҷуди ғайрати зиёд ба ҳама донишҷӯёни эҳтиёҷманд, ки ба мо муроҷиат мекарданд, сари вақт кӯмак расонда наметавонистем. Дӯсти сахӣ гуфт: - Намехоҳам, ки ному насаби нафари кӯмакмегирифтаро бидонам. Беҳтар аст, ки ӯ ҳам маро надонад. Маълум буд, ки ин шахси боназокат барои зери бори миннат нагузоштани нафари эҳтиёҷманд ва худ низ аз кӯмаки расондааш мағрур нашудан чунин шарт пеш мегузорад.
АНДАРЗ
Ӯ лифофаеро, ки дохилаш маблағ дошт, аз ҷайбаш бароварда, рӯи миз гузошт. Баъди ӯро гусел кардан ба утоқи корӣ ҷавони 18-20-солае ворид гардид. Вақте суҳбат мекард, чеҳраи зардаш аз шарм сурх мешуд. Ӯро ба курсии паҳлуям шинондам. Аз аҳволаш пурсидам. Маълум шуд, ки ягона фарзанди як оилаи камбизоатест. Мутаассифона, чи хеле ки ӯро дидан баробар тахмин кардам, аз дарди гурда ранҷ мебурд. Аз ин рӯ, ба кӯмак ниёз дошт. Ман дигар комилан мутмаин будам, маблағеро, ки дӯстам чанд лаҳза пеш рӯи мизам гузошта рафт, насиби ҳамин ҷавони ранҷур аст. - Парво накун, писарам. Баъд аз ин аввали ҳар моҳ омада аз ин ҷо кӯмакпулиатро гирифта меравӣ, гуфтам ба ӯ лифофаро сӯяш дароз карда. Ҷавон ба зудӣ ба дасташ расидани кӯмакро мунтазир набуд магар ки, ҳайрон шуд ва дар ҳоле ки чашмонаш аз шодӣ медурахшиданд, лифофаро аз дастам гирифта, ташак-
куру миннатдорӣ карда рафт. Акнун барои ба соҳибаш расидани кӯмаки фиристодаи дӯстам аввали ҳар моҳро бесаброна мунтазир мешудам. Вақтҳои охир саломатии ҷавони ниёзманд ҳам чандон хуб набуд, ки омада, кӯмакашро гирад. Кӯмакпулиро худамон ба суроғааш мерасондем. Як сол ба ҳамин тартиб гузашт. Он дӯст низ бовар дошт, ки хайри кардааш ба нафари воқеан ҳам муҳтоҷ расида истодааст. Бо ӯ дар як рӯзи ғамангез вохӯрдем. - Ман ҳам туро мекофтам... Гуфтанӣ будам, ки корҳоям аз ин пагоҳӣ якбора, тавре пештар мерафт, нарафта истодааст. Сабабашро нафаҳмидам. То барқарор шудани вазъият кӯмак расонда наметавонам, - гуфт ӯ хиҷолатомез. Ба шунидаҳоям боварам намеомад, чи гуфтанамро ҳам намедонистам. Гуфтам: - Худо мададгорат, дӯстам. Дигар ба он маблағ зарурат намонд. Ҷавоне, ки кӯмакат ба номаш мерасид, ин пагоҳ вафот кард. Ӯро ҳамин нисфирӯз дафн кардем. Акнун метавонӣ ба номаш дуою фотиҳа фиристӣ. Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”
Муаллим Салимро назди тахтаи синф хонд. Гуфт, шеъри “бани одам”-ро бихон! Салим шуруъ кард: - Бани одам аъзои якдигаранд, Кӣ дар офариниш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард овардар рӯзгор Дигар узвҳоро намонад қарор. Ба инҷо, ки расид, идомаи шеър ба ёдаш наомад. Муалим: - Идомаашро бихон! Салим: - Аз ёдам рафтаст. - Яъне, чӣ? Ту ин шеърро ҳам аз ёд накардӣ? - Охир мушкил доштем. Модарам сахт бемор аст, падарам ҳамеша аз қафои кор. Ман бояд корҳои хонаро анҷом диҳам, хоҳару додарамро нигоҳубин кунам, маро бубахшед. - Мушкил дорӣ-надорӣ ба ман фарқе намекунад, ту бояд шеърро аз ёд мекардӣ. Салим дар идома гуфт: - Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ, Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Номаи камоли гумшудаи ТШТУ №0310563, ки гимназия барои бачаҳои болаёқати ноҳияи Рӯдакӣ соли 2010 ба Раҳимов Бахтовар Икромович додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №А043220, ки МТМУ №47-и ноҳияи Қубодиён соли 1992 ба Идиева Гулзира додааст, эътибор надорад. Шартномаи хариду фурӯши гумшуда бо феҳрасти 9Д1-46, ки 30 сентябри соли 1993 дар идораи якуми нотариалии шаҳри Душанбе, бо суроғаи кӯчаи Айнӣ, бинои 74а, кв. 1 ба номи Муродов Назаралӣ Муҳаббатович ба расмият дароварда шуда буд, эътибор надорад.
ҲАМДАРДӢ Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз марги нобаҳангоми журналист ва шоири шинохта ИСО РАҲИМ сахт андӯҳгин буда, ба наздикону хешу табори марҳум аз даргоҳи илоҳӣ сабри ҷамил хоҳонанд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9393), 14 МАЙИ СОЛИ 2015