Нахустин сафари расмии Президенти Афғонистон ба Тоҷикистон
Ҳисор - шаҳри замони истиқлол
№19 (9445), 12 майи соли 2016
1
ВАРЗИШ
Пирӯзии Тоҷикистон дар аввалин чемпионати Осиё оид ба бокс миёни донишҷӯён
ҲАФТ РӮЗ 05.05.2016 Бахшида ба 19-солагии ваҳдати миллӣ дар чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши занон дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ» баргузор гардид. Қабл аз оғози ҳамоиш ҳунарҳои дастии бонувон, бо шумули гулдӯзӣ, мӯҳрабофӣ, бофандагию ресандагӣ ба маъраз гузошта шуд. 06.05.2016 Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат вохӯрӣ баргузор гардид. Аз номи ректори донишгоҳ ба собиқадорони ҶБВ ва ҷанговарони интернатсионалист туҳфаҳои пулӣ тақдим шуд. 07.05.2016 Бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Боғи «Ирам» ва Боғи устод Рӯдакии пойтахт Аксияи тарғиботӣ доир ба
ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ҷавонон бо меҳмонону сокинон таҳти шиорҳои «Ҳама ба раъйпурсӣ» ва «Овози мо муҳим аст!» суҳбат намуда, миёни онҳо беш аз 2000 маводи иттилоотӣ тақсим намуданд.
Олӣ, Ҳукумати ҷумҳурӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои қудратии Тоҷикистон, Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон гулчанбарҳо гузошта шуданд.
08.05.2016 Дар асоси Амри Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 639 нафар иштирокчӣ ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон 1 миллиону 278 ҳазор сомонӣ, ба ҳар нафар 2000 сомонӣ ҷудо ва дастрас карда шуд.
10.05.2016 Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ниҳоии даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016 дар гурӯҳи «В» аз тими «Триполӣ»-и Лубнон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
09.05.2016 Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати 71-умин солгарди Ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон, ба хотири шаҳидони роҳи озодӣ гулчанбар гузошт. Ба муносибати Рӯзи Ғалаба инчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№19, (9445), 12 майи соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
«ҶАВОНОНИИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОН» БА ИФТИХОРИ 25-СОЛАГИИ
е-mail: javonontj@mail.ru
АХБОРИ ҲАФТА
11.05.2016 Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «CASA-1000 ва дурнамои рушди ҳамкории минтақавии энергетикӣ» мизи мудаввар доир гардид. Дар он Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, муовини Дабири кули СММ, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо ширкат карданд.
е-mail: javonontj@mail.ru
2
АХБОРИ ҲАФТА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №19 (9445), 12 майи соли 2016
Нахустин сафари расмии Президенти Афғонистон ба Тоҷикистон 10 май Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
Баъд аз қабули расмии меҳмони олиқадр аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти хосаи роҳбарони ду кишвар масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судбахш баррасӣ шуда, сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон идома ёфт. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама Муҳаммад Ашраф Ғаниро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳор дошт: “Мо аз дидори Шумо шодем ва орзу дорем, ки аз ташриф ба хонаи дуюматон таассуроти нек хоҳед бардошт”. Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иброз дошт, ки “Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша хоҳони таҳкими амну осоиш дар кишвари дӯст ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии он
мебошад ва ба ин манзур аз барномаи сулҳи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон истиқбол менамояд”. Ҷонибҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд изҳори қаноат карданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2013 ҳаҷми мубодилаи мол байни кишварҳо беш аз 170 миллион долларро ташкил дод, ки нокифоя аст. Тоҷикистон соли гузашта ба Афғонистон қариб 1 миллиарду 200 миллион ва тайи 4 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 250 миллион киловаттсоат нерӯи барқ интиқол дод. Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои соҳаҳои энергетика ва рушди зерсохтори нақлиётиву транзитӣ ва амалӣ кардани тарҳи дорои аҳамияти минтақавии CASA-1000 имконияти интиқоли ҳаҷми
зиёди нерӯи барқро ба Афғонистон фароҳам меорад. Тоҷикистон инчунин ҳавасмандии худро ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон таъкид намуд. Ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ зарур шумурда шуд, зеро ин омил метавонад, боиси рушди робитаҳо дар соҳаҳои ҳаётан муҳими тиҷорат ва бахшҳои мухталифи иқтисод, ҳамчунин густариши ҳамкории гуманитариву фарҳангӣ барои ҳар ду кишвар гардад. Тақвияти ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Пас аз анҷоми мулоқот аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро имзо карданд. Инчунин дар ҳузури Сарони кишварҳо Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод ба имзо расид. Президенти Афғонистон дар доираи сафараш ба Тоҷикистон ба пояи муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот кард.
Коллеҷи санъат истеъдодҳои ҷавонро маълум кард
www.javonon.tj
Дар Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми озмуни «Истеъдодҳои ҷавон - 2016» баргузор гардид. Озмун ба хотири дарёфти беҳтарин истеъдодҳои ҷавон ва мусоидат ба тарғиби эҷодиёти композиторони тоҷик ва ҷаҳон буда, дар ду бахш: навозандагӣ, сарояндагӣ ва панҷ равия: фортепианои махсус, созҳои торӣ-камонӣ ва зарбӣ-нафасӣ, созҳои миллӣ ва баян-аккордеон, сурудхонии академӣ ва сурудхонии анъанавӣ сурат гирифт. Даври аввали озмун дар шуъбаҳои коллеҷ доир шуда буд. Дар даври дуюм ҳар як иштироккунанда барномае иборат аз ду асар пешкаш намуд. Ҳайати ҳакамон ҷойи аввалро ба Р. Шоазимова (фортепианои махсус), А. Ғафоров, А. Ҷураева (сурудхонии академӣ), Ш. Неъматов (асбобҳои халқӣ), А. Дадабоев (зарбӣ-нафасӣ ва торӣ-камонӣ), ҷойи дуюмро ба Ш. Дониёрова (фортепианои махсус), Н. Назруллозода (сурудхонии академӣ), У. Раҷабов (асбобҳои халқӣ), Ч. Аловатов (сурудхонии анъанавӣ), Ш. Ғоибов (зарбӣнафасӣ ва торӣ-камонӣ) ва ҷойи сеюмро ба М. Русакова (фортепианои махсус), П. Акрамов (сурудхонии академӣ), Ш. Абдулназаров (асбобҳои халқӣ), С. Зарифов (сурудхонии анъанавӣ), О. Пилкевич (зарбӣ –нафасӣ ва торӣ –камонӣ) сазовор донистанд. Дар охир консерти ғолибони озмун баргузор гардида, онҳо бо диплом ва мукуфоти пулӣ дар ҳаҷми 160, 120, 80 сомонӣ қадр шуданд. Валиҷон БАЁНӢ
Ташрифи 73 ҳазор сайёҳ дар се моҳ 5 майи соли равон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар заминаи оғози нави мавсими туристӣ таҳти унвони “Имкониятҳои рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” конфронси миллии туристӣ доир гашт. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, зимни сухани ифтитоҳӣ, аз ҷумла қайд намуд, ки мақсад аз баргузории конфронс дар мавсими нави сайёҳӣ баррасии мушкилоти ҷойдошта, омӯзиш ва пайдо кардани роҳҳои бартараф кардани онҳо ва ҳамзамон таҳлили пурраю асоснок ва фарогиру ҳамаҷонибаи имкониятҳои рушди туризм дар ҷумҳурӣ буда, инчунин муаррифии имкониятҳои туристии кишвар, омӯзиши иқтидори он, беҳтар сохтани фаҳмиши ҷомеа ҷиҳати самаранок истифода бурдани инфрасохтори мавҷуда ва баррасии имкониятҳои қабул ва хизматрасонӣ ба сайёҳон дар соли 2016 мебошад. Номбурда иброз дошт, ки Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои сайёҳӣ кишвари бой ба шумор меравад. Сиёсати дарҳои кушода, афзалият фароҳам овардани заминаҳои инфрасохтории соҳаи сайёҳӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи мақомоти ваколатдор дар ҷодаи такмили заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ҳамарӯза тавассути васоити ахбори умум беҳудуд намоиш додани мавзеъҳои зебои кишварамон боиси он гашта истодааст, ки таваҷҷуҳи ширкатҳои сайёҳии байналмилалӣ ва хориҷӣ ва махсусан сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурии мо зиёд шавад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Созмони умумиҷаҳонии туристӣ дар як гузориши тозаи худ, ки бар асоси таҳлилҳои соли 2015 натиҷагирӣ кардааст, Тоҷикистон, Парагвай ва Ниуэ, кишвари шоҳигарии Зеландияи Навро се кишваре донистааст, ки сайёҳӣ бо суръати хеле баланд рушд мекунад. Тоҷикистон аз нигоҳи рушди сайёҳӣ дар миёни ин се кишвар дар ҷои дуюм қарор дорад. Гуфта шуд, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ҳудуди 90 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ташриф овардаанд, ки қариб 73 ҳазори он ҳамчун сайёҳ арзёбӣ гардида, аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 36 миллион доллар ворид шудааст. Намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ дар мавзуи “Вазифаҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар татбиқи сиёсати давлатии соҳаи туризм: пешрафтҳо ва монеаҳо” маърӯза намуда, иброз дошт, ки “Рушди туризм яке аз самтҳои асосии иқтисодии ҳар мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар ин замина бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Ҳар сайёҳ пеш аз интихоби минтақаи сайёҳат аввал сатҳи қонунгузории он давлатро омӯхта, баъдан минтақаҳои туристӣ ва амнияти кишвари мавриди таваҷҷуҳашро ба назар мегирад”. Гуфта шуд, ки имрӯз омода кардани мутахассисони соҳаи туризм масъалаи мубрам ба ҳисоб меравад. Зеро бе мутахассис наметавон ба дастовард ноил гашт. Имрӯз дар даҳ муассисаи олӣ мутахассисони соҳаи туризм омода карда мешаванд. Як мушкили асосие, ки дар ин самт ҷой дорад, дар сатҳи зарурӣ ҷой надоштани ҳамкории бахшҳои хусусӣ ва давлатии соҳа мебошад. Туризм соҳаест, ки дар он ҳамарӯза навгониҳо ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, даъват карда шуд, ки ширкатҳои туристӣ бояд дар самти омода намудани мутахассисони соҳа бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкориро ба роҳ монанд, то мутахассисони мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат омода гарданд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №19 (9445), 12 майи соли 2016
3 е-mail: javonontj@mail.ru
Аввалин бохти “Хайр” дар чемпионати имсола Даври панҷуми чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 5 май бо бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” шуруъ гардид.
Пирӯзии Тоҷикистон дар аввалин чемпионати Осиё оид ба бокс миёни донишҷӯён 3-9 май дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аввалин чемпионати Осиё оид ба бокс миёни донишҷӯён баргузор гардид. Дар мусобиқа, ки ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон доир гашт, беш 100 варзишгари донишҷӯ аз давлатҳои Афғонистон, Эрон, Ҷопон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тайланд, Туркманистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Мусобиқаро Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) ва Федератсияи варзиши донишҷӯёни Осиё (AUSF) бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи ҷавонони варзишгари донишҷӯи ҷумҳурӣ доир карданд. Дар мусобиқа мардон аз рӯи даҳ вазн (-49, -52, -56, -60, -64, -69, -75, -81, -91 ва +91 кг) ва занон аз рӯи се вазн (-51, -60 ва -75 кг) рақобат карданд. Дар ҳисоби даставӣ бо ба даст овардани 23 медал (7 тилло, 9 нуқра, 7 биринҷӣ) Тоҷикистон ҷои аввалро сазовор гашт. Мақомҳои дуюмро Қазоқистон бо 6 медал (3 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) ва сеюмро Қирғизистон бо 4 медал (1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) соҳиб шуданд.
ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
ДАСТАҲО «Истиқлол» (Душанбе) «Ҳосилот» (Фархор) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Хуҷанд» (Хуҷанд) «Хайр» (Ваҳдат) «Вахш» (Қурғонтеппа) КМВА «Помир» (Душанбе) «Барқчӣ» (Душанбе) «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) «Равшан» (Кӯлоб)
Б 5 5 5 5 5 5 5 5 5 5
Ғ 5 3 3 3 2 2 2 1 1 0
М 0 1 0 0 2 1 1 1 0 0
Б 0 1 2 2 1 2 2 3 4 5
Т-Т 20-6 8-5 8-5 4-6 7-3 7-6 3-3 6-9 3-9 2-17
Х 15 10 9 9 8 7 7 4 3 0
www.javonon.tj
НАТИҶАИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС БАЙНИ ДОНИШҶӮЁН МАРДОН Вазни -75 килограм: Вазни -49 килограм: 1. Шаҳбоз Неъматуллоев (Тоҷикистон) 1. Раҳмонқул Аватов (Қирғизистон) 2. Дориюш Азиззода (Тоҷикистон) 2. Шуҳрат Сабзаалиев (Тоҷикистон) 3. Умемура Рен (Ҷопон) 3. Муродҷон Расулов (Тоҷикистон) 3. Нодир Ризвонӣ (Эрон) 3. Сакен Бибосинов (Қазоқистон) Вазни -81 килограм: Вазни -50 килограм: 1. Алӣ Ахмедов (Қазоқистон) 1. Анвар Музаффаров (Қазоқистон) 2. Наврӯз Ҷафоев (Тоҷикистон) 2. Файзмамад Малахбеков (Тоҷикистон) 3. Суннатулло Ҷабборов (Тоҷикистон) 3. Субару Мурата (Ҷопон) 3. Уткирҷон Ахмедов (Туркманистон) 3. Бахтовар Сагизов (Тоҷикистон) Вазни -91 килограм: Вазни -56 килограм: 1. Шаҳром Афсаҳов (Тоҷикистон) 1. Баҳодур Усмонов (Тоҷикистон) 2. Лоиқҷон Касиров (Тоҷикистон) 2. Эртуҳан Зейнулинов (Қазоқистон) 3. Алманбет Алибеков (Қирғизистон) Вазни +91 килограм: 3. Мишелт Баттумур (Муғулистон) 1. Диловаршо Абдураҳмонов (Тоҷикистон) 2. Далерҷон Сулаймонов (Тоҷикистон) Вазни 60 килограм: 1. Дидор Утелбоев (Қазоқистон) БОНУВОН 2. Темирлан Усмонов (Қирғизистон) Вазни -51 килограм: 3. Вайсиддин Сатторов (Тоҷикистон) 1. Раксат Чутамат (Тайланд) 3. Юта Акияма (Ҷопон) 2. Светлана Веглина (Тоҷикистон) 3. Очирбат Ҷаргарлан (Муғулистон) Вазни -64 килограм: 3. Дилафрӯз Ҷаъфарова (Тоҷикистон) 1. Ҳикару Окишима (Ҷопон) 2. Шорух Оғоназаров (Тоҷикистон) Вазни -60 килограм: 3. Раҳмонӣ Назроб Шоҳ (Афғонистон) 1. Мавзуна Чориева (Тоҷикистон) 3. Норовбал Отгонтумур (Муғулистон) 2. Ниргул Оюн-Эрденӣ (Муғулистон) 3. Нилуфар Бозорова (Тоҷикистон) Вазни -69 килограм: 1. Бахтиёр Мирзомуҳаммад (Тоҷикистон) Вазни -75 килограм: 2. Ҷамшед Бурҳонов (Тоҷикистон) 1. Шоира Зулқарнаева (Тоҷикистон) 3. Адилет Батуралиев (Қирғизистон) 2. Лайло Сикандарӣ (Афғонистон) 3. Бекболат Курамиссов (Қазоқистон) 3. Нодира Каримова (Тоҷикистон)
Дар бозии марказии давр "Истиқлол"-и Душанбе дар меҳмонӣ тими "Хуҷанд"-ро шикаст дод. То нимаи қисми дуюми вохӯрӣ дастаҳо натавонистанд ҳисобро кушоянд, ҳарчанд лаҳзаҳои хавфнок зиёд буданд. Дар дақиқаи 67-ум Петро Ковалчук дарвозабони мизбонро маҷбур кард тӯбро аз дохили дарвоза гирад. Баъд аз ин бозӣ шиддат гирифт. Ҳар ду тараф, албатта барои ғалаба талош карданд. Дар дақиқаи 83 ҳимоятгарони "Хуҷанд" ба хатоӣ роҳ доданд ва ин имкониятро Аҳтам Назаров истифода бурда, голи дуюм ва ғолибияти тими Душанберо зад. Ҳамин тариқ "Истиқлол" дар панҷ давр ғалаба карда, бо 15 хол дар садри ҷадвали мусобиқа аст. Чор бозии дигари даври панҷум рӯзҳои истироҳат баргузор шуданд. 7 май “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 пирӯз гашт. Бозӣ дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт доир шуд. Голи ягонаро Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи 24ум зад. Дар бозии дигар “Ҳосилот”-и Фархор дар майдони худ бар тими “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ғолибияти дастаи Фархорро легионери ганагӣ Акуффо Гершон вориди дарвозаи ҳариф кард. Баъд аз ин “Ҳосилот” бо 10 хол ба ҷои дуюми ҷадвали мусобиқа баромад. Ду бозии дигар 8-уми май баргузор шуданд. КМВА “Помир” дуюм маротиба пайиҳам ғолибият ба даст овард. Шогирдони Раҳматулло Фузайлов ин бор дастаи “Барқчӣ”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. Қаҳрамони вохурӣ легионер Андох Наполеон, ки дар дақиқаи 3-юм дарвозаи рақибро рахна кард, дониста шуд. Дар Кӯлоб дастаи “Равшан” аз тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт. Ҳисобро дар дақиқаи 5 ҳимоятгари мизбонон Абубакр Азимов кушод. Футболбозони дастаи Қурғонтеппа дар қисми дуюм бартарӣ нишон дода, натиҷаи бозиро ба фоидаи худ ҳал карданд. Дар дақиқаи 66 Аҳтам Ҳамроқулов ҳисобро баробар кард. Ду дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ Собир Холматов голи ғолибиятро зад. Бозиҳои даври шашум 14-15 май доир хоҳанд шуд. Рӯзи шанбе “Парвоз” дар майдони худ “Барқчӣ”-ро қабул мекунад. Ҳамин рӯз КМВА “Помир” ба меҳмонии “Равшан” ба Кӯлоб меравад. Якшанбе се бозӣ доир мегардад. “Истиқлол” дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ бо “Вахш” вомехуранд. Дар варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода бошад, “Регар-ТадАЗ” “Ҳосилот”-ро қабул мекунад. Дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” “Хуҷанд” бо “Хайр” ба майдон меоянд.
е-mail: javonontj@mail.ru
4
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №19 (9445), 12 майи соли 2016
Абдуллозода ба гирандагони стипендияи Президент шаҳодатнома супорид 11-уми майи соли равон дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахшида ба Рӯзи ҷавонони мамлакат Аҳтам Абдуллозода, раиси кумита бо гирандагони стипендияи Президенти ҷумҳурӣ мулоқот кард.
www.javonon.tj
Аҳтам Абудуллозода қайд кард, ки ҳавасманд намудани муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нишонаи пойдории сулҳу субот дар ҷомеа ва ғамхориҳои беназири давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ояндасози кишвар мебошад. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба барандагони стипендияи Президенти ҷумҳурӣ шаҳодатнома ва стипендия (380 сомонӣ ҳар моҳ) супорид. Гирандагони стипедияи Президент дар навбати худ миннатдории худро ба Пешвои миллат, Президенти кишвар ва ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз намуданд ва ваъда доданд, ки минбаъд низ бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд. Дар соли хониши 2015-2016 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 300 нафар донишҷӯ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар, ки аъло мехонанд, ба гирифтани стипендияи Президенти ҷумҳурӣ сарфароз гардидаанд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН
ДАЪВАТ - 2016
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №19 (9445), 12 майи соли 2016
Басгул САФАРЗОДА
Нақшаи даъват 80 дарсад иҷро шуд Дар асоси Фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 ба хизмати ҳарбӣ» дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона идома дорад.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ“
- Ҷавонон баъзан фирефтаи гуфтаҳои дурӯғин шуда, аз адои хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд. Вазифаи асосии худро назди Ватан-Модар ва наздикон, ки фардо ҳимоятгари онҳо мегарданд, фаромӯш мекунанд. Мо - ҷавонон бояд ҳамеша омодаи хизмати Ватан бошем, чун модарон, хоҳарон ва марзи азизи мо ба ҳимояти мо ниёз доранд, - гуфт сарбози қаторӣ Ҳаиталӣ Худойназаров дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”. Ӯ аз деҳаи Гулбоғи ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Вахш буда, як сол мешавад, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар адои хизмат карда истодааст. Ҳаиталӣ бо ифтихор сухан мекард. Агар ҳамсуҳбаташ ҷавони хизматнокарда мебуд, баъд аз шунидани суханҳои ӯ ба хизмати аскарӣ дилгарм мешуд. Ҳини суҳбат бо сарбоз Худойназаров маълум гашт, ки дар оилаи онҳо ҳавои шавқмандӣ ба хизмати ВатанМодар вуҷуд доштааст. Модари Ҳаиталӣ - Басбӣ Худойназарова ба фарзандон таъкид мекунад, ки барои хизмати Ватан омода бошанд. Зеро ҳимоят аз оила, аз зан, аз модару хоҳар кори мард аст ва албатта мардони далер. Ин модари меҳрубон дар суҳбат бо мо қисса кард, ки хушбахт аст, чун фарзандаш дар ҳимояи Ватан мебошад. Аз ҷасорати писарон ифтихор мекунад. Ҳаиталӣ фарзанди дуюмаш аст, ки адои хизмат мекунад. Холаи Басбӣ боз ду писари мактабхон дорад, ки онҳо низ омодаанд баъди хатми мактаб ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дохил шаванд ва мисли бародарон номбардори падару модар гарданд. Тавре холаи Басбӣ иброз дошт, писараш Ҳаиталӣ оиладор ва соҳиби фарзанд аст ва ба ҳамин хотир зуд-зуд ба аёдати онҳо меояд. Худи онҳо низ фурсат ёфта, ба хабаргирии писари сарбозашон мераванд. Аз мардиву матонати писаронаш мефахрад. Дар ҳақиқат ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, мут-
такои асосии ҳар як давлатанд. Бинобар ин, бояд бо тамоми масъулият ва ҳисси ватандӯстӣ пайи адои фармудаҳои Ватан шаванд. Пӯшида нест, ки шаҳрванд ва давлат дар муносибатҳои ҳуқуқӣ қарор доранд. Агар як тараф давлат дар назди шаҳрванд вазифаҳо дошта бошад, пас тарафи дуюм - шаҳрванд низ дар назди давлат вазифаҳои муайянро ба ҷо меорад. Ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо принсипи муҳимтарини ҷамъияти мо мебошад, ки тавассути мувофиқату ҳамоҳангии ҳадафҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ масъулияти якҷоя ва талаботи иҷтимоиро ифода мекунад. Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ва озодиҳои худро бояд бо мақсади ободонӣ ва манфиати худ, инчунин ҷамъият истифода барад. Аз хурдсолӣ тартибу интизомро риоя намуда, намунаи ибрати дигарон гардад. Шаҳрванд гуфта мо касеро дар назар дорем, ки садоқатмандии худро нисбат
ванди пурталотуми бархӯрдҳои ҷаҳонӣ ҳимоя карда тавонед. Шумо - ҷавонон идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкорӣ, тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошед». Албатта, яке аз бахшҳое, ки роҳбарияти кишвар ба ҷавонон бовар кардааст, хизмати эшон дар сафаи Қувваҳои мусаллаҳ мебошад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дар асоси Фармони Президенти ҷумҳурӣ ду маротиба дар як сол ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ даъват мешаванд. Давлат ба хизмати ҳарбӣ тибқи қонуни мазкур танҳо шаҳрвандони ҷинсашон мардро, ки синнашон аз 18 то 27-ро ташкил медиҳад, даъват менамояд. Муҳлати хизмати ҳарбӣ дар кишвар 24 моҳ буда, барои даъват-
ба ватани азизаш нигоҳ медорад, ба ҳуқуқҳояш намегузорад нохалафе даст занад. Аз ин рӯ, шаҳрвандӣ мақомест, ки шахс ба он соҳиб шуда метавонад. Давлати мо ба иштироки фаъолонаи ҷавонон дар барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд умед мебандад. Шаҳрвандони ҷавон ба камол расида, на танҳо соҳиби ҳуқуқу озодиҳои зиёд мегарданд, балки вазифа ва масъулияташон низ меафзояд. Чунонки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо ҷавонони мамлакат иброз доштанд: «Шумо ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш доред. Бяояд бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошед, талаботи замонро пайваста эҳсос намоед, аз таҷрибаи пешбурди иқтисоду идоракунӣ воқиф гардед, манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро дар ра-
шавандагони маълумоти олидор 12 моҳ мебошад. Дар ҳақиқат хизмат ба Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд буда, вай далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар як шаҳрванди бо нангу номусро нишон медиҳад. Ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар шаҳрванд аст! Ҳаиталӣ, сарбози далер, ки ҳар ҳафта рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро мутолиа мекунад ва боварӣ дорад, ки дигар ҷавонон низ ба ин рӯзнома дастрасӣ доранд, ҳамсолони худро барои адои хизмати Ватан даъват намуда, мегӯяд: Гар ба ҳифзат надиҳам ҷону танам, Намакат заҳр шавад дар баданам. Гар сари нанги ту паймон шиканам, Хоки ту ор кунад аз кафанам Тоҷикистони манӣ, эй Ватанам, Модари ҷони манӣ, эй Ватанам.
www.javonon.tj
Дар давоми беш аз як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ, иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 80 фоизро ташкил дода, 20 шаҳру навоҳии мамлакат нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расонидаанд. Дар миёни гарнизонҳои ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳо пешсаф буда, иҷрои нақша дар ин вилоят ба 94 фоиз баробар мебошад. Ин нишондод дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 87 фоизро ташкил дода, масъулин азм доранд, ки рӯзҳои наздик ин маъракаи муҳими сиёсиро пеш аз муҳлат ба анҷом расонанд. Ҳамин тариқ, дар давоми беш аз як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ, иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар вилояти Суғд 75 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 73 фоиз ва дар чаҳор навоҳии пойтахт бошад ба 54 фоиз баробар аст. Хабар дода шуд, ки қисми зиёди ҷавонон ихтиёрӣ барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шудаанд. Сайалӣ Шаҳобиддинов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ вобаста ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ чунин ибрози андеша кард: “Хушбахтона рӯз то рӯз дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат сафи ҷавонони ихтиёрӣ бештар мегардад. Барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, ҳадаф аз қабули Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ миёни наврасону ҷавонони мамлакат аст. Имрӯз ҷавонони мо зиракии сиёсӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ доранд. Вақте дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ чунин ҷавонони ватандӯст хизмат мекунанд, мо - сокинони ҷумҳурӣ шабона осуда хоб мекунем”. Ҳифзи Ватан, сулҳу осоиш ва дастовардҳои истиқлолият вазифаи муқаддас ва шарафи бузург аст. Ин вазифаи муҳимро вақте сарбаландона иҷро карда метавонем, ки ба моҳияти истиқлол, арзишҳои давлатӣ сарфаҳм равем ва ба таҳаввулоти мафкуравии гиромидошти ин меъёрҳо, ки омили аслии мавҷудияти ҷомеаи мутамаддин ва ободии рӯзгори ҳар фард аст, мувофиқ гардем. Дар ин замина шарти муҳимтарин он аст, ки эҳсоси соҳибватан буданро дар худ парвариш диҳем ва дар ақлу идроки худ расидан ба қадри неъмати бебаҳои ватандориро мароми зиндагӣ созем. Беҳтарин ифодаи шукргузорӣ аз соҳибватан будан ва расидан ба қадри истиқлолият ва давлати соҳибихтиёр ватандӯстӣ аст. Беҳтарин ва равшантарин изҳори ватандӯстӣ хизмат ба Ватани азиз мебошад.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарзи ҳар як ҷавон аст. Ҳар ки дар дил меҳри Ватан мепарварад, талош меварзад, ки барои ҳифзи диёраш кореро анҷом диҳад. Аз ин лиҳоз хизмат дар сафи Қувваҳои муссаллаҳ бояд мақсади асосии ҳар як ҷавон бошад. Хизмати аскариро мактабе ном мебаранд, ки ба инсон матонату мардонагӣ меомӯзад.
е-mail: javonontj@mail.ru
Гар ба ҳифзат надиҳам ҷону танам...
5
е-mail: javonontj@mail.ru
6
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №19 (9445), 12 майи соли 2016
Хонанда аз китоб чӣ қадар фосила дорад? Бузургон сарчашмаи дониш, таъриху фарҳанг ва ҳастии миллату давлатро китоб арзёбӣ кардаанд ва он воқеан ҳам бебаҳост. Ба хотири тақвият ёфтани сатҳи маълумотнокӣ ва нерӯи зеҳнии наслҳои оянда ҳамасола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои зиёдеро ба кор мебарад. Аммо дар ҷараёни ташаккулёбӣ ва пешрафти технологияи муосир мушоҳида мешавад, ки мутолиаи китоб аз ҷониби ҷавонон кам ба назар мерасад. Ба қадру манзалати адабиёти бадеиву классикӣ, илмӣ ва ғайра, ки кайфияти дигар дорад, на ҳар кас мерасад. Феълан ҳамаи талошро бояд ба харҷ дод, то ҷавонон ба китобхонӣ рӯ оранд. Танҳо бо ин роҳ метавонем ба рушди маънавиёти наврасону ҷавонон равнақ бахшем. Ба гуфтаи Манижа Мирзоева, донишҷӯи курси чоруми факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ), адабиёти
марбут ба ихтисоси ӯ бо забони тоҷикӣ кам аст. Бинобар ин, зарур меояд, ки аз интернет истифода барад. Мувофиқи тавзеҳоти масъулини китобхонаи ДДХ, агарчи солҳои пеш адабиёт барои тадриси илми равоншиносӣ, фалсафа, ҳуқуқшиносӣ ва педагогика камӣ мекард, лекин солҳои охир ин масъала ба андозае беҳбуд ёфтааст. Ҳар сол бо дастури Вазорати фарҳанг, тариқи корвони китоб китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят бо адабиёти гуногун ғанӣ мегаранд. Ҳамчунин хобгоҳи донишҷӯёни ДДХ, ки чанд сол қабл ифтитоҳ ёфт, дорои китобхона мебошад. - Хатмкунандагони солҳои қабл бештар китоб мехонданд, - мегӯяд китобдори донишгоҳи мазкур Қиммат Офаридаева. - Яъне баъзан собиқ хатмкунандагони донишгоҳ ба хотири гирифтани маълумот аз субҳ то шом вақти хешро дар толори китобхона мегузарониданд. Ба мушоҳида мерасад, ки аз байни онҳо мутахассисони хуб тарбия ёфтаву ҳоло дар соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он низ фаъолияти назаррас доранд. Бо вуҷуд бояд тазаккур дод, ки донишҷӯёни имрӯза низ дар самти баланд бардоштани малакаи тахасусии хеш талош мекунанд. Аммо мутаассифона рағбати онҳо нисбат ба мутолиаи китобҳои
бадеиву ғайриихтисосӣ қонеъкунанда нест. Албатта барои баъзе китобҳои муосир ба пуррагӣ дастрасӣ надорем ва ба донишҷӯён лозим меояд, ки аз рӯи китобҳои камшумори китобхона онҳоро нусхабардорӣ кунанд ё аз интернет бо забонҳои хориҷӣ истифода баранд. Вале чунин вазъ онҳоро қаноат намекунад, чунки таълими фанҳо амсоли илми сиёсатшиносӣ ва иқтисод бо забони давлатӣ роҳандозӣ шудааст. Муҳаббат Назарбекова, роҳбари китобхонаи бачагонаи ВМКБ мегӯяд, солҳои охир ба китобҳои тозанашри кӯдакона дасрасии пурра доранд. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ китобхонаи бачагона бо адабиёти бадеиву сиёсӣ ва дигар лавозимоти хониш, аз қабили картотекаҳо,
рӯзномаву маҷаллаҳо таъмин аст. Ҳамчунин, соли ҷорӣ бо кӯмаки Вазорати фарҳанг беш аз 900 китобу маҷаллаи ҳархелаи нав дастрас гардид. Мавсуф изҳор дошт, ки вақтҳои охир шавқи кӯдакон ба китобхонӣ дар китобхонаи бачагона нисбатан беҳтар аст. Чаро ки теъдоди зиёде аз волидон ба тарбияи маънавии фарзандон аҳамияти бештар дода истодаанд. “Банда дар баробари сардори китобхона будан, ҳамчунин модар ва тарбиятдиҳандаи фарзандон ҳастам, - иброз дошт М. Назарбекова. - Ҳамарӯза агар лозим ояд барои фарзандонам аз шабакаи интернет низ мавзӯъҳои муфидро дастрас мекунам. Аммо дар лаҳзаи вориди интернет гардидан инсон аз асли матлаби худ дур меравад. Яъне агарчи нақши
Сафари журналистон ба Бадахшон
www.javonon.tj
Дар доираи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар бо сарварии раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ба ВМКБ сафар намуданд. Рӯзноманигорон дар доираи ин сафар аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим дидан менамоянд. Ҳайати журналистонро раиси ВМКБ, муовини раиси Маҷлиси миллӣ Шодихон Ҷамшед ба ҳузур пазируфта, дар мавриди дастовардҳои вилоят ва омодагӣ ба Рӯзи ваҳдати миллӣ суҳбат кард. 12 май дар шаҳри Хоруғ дар мавзӯи «Саҳми ВАО дар ваҳдати миллӣ» мизи муддавар доир мегардад. Дар робита ба ин маърӯзаҳои директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Худойбердӣ Холиқназар, муовини раиси Ҳаркати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикстон Мирзошоҳрух Асрорӣ, директори Академияи ВАО Зинатулло Исмоилзода шунида хоҳад шуд. Гурӯҳ, ҳамчунин собиқадорони матбуотро аёдат ва бо журналистони маҳаллӣ суҳбат мекунад. Дар рӯзи дуюми сафар журналистон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, бо мақсади ошноӣ аз вазъи кунунии мардуми Бадахшон ба ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим ва Шуғнон сафарбар гардиданд. Як гурӯҳи дигарро дар шаҳри Хоруғ раиси шаҳр Қиматгул
Машҳур ИМОМНАЗАРОВ интернет дар пешрафти замони ҳозира калидӣ аст, лекин ҳангоми мутолиа инсон ба олами васеътаре ғӯтавар шуда, назари воқеӣ ба чизи дигар меафтад. Ҳамчунин вақти пурарзиши шахс барабас меравад ва вазъи ҷисмониву саломатӣ ҳам батадриҷ осеб мебинад. Мутолиаи китоб ба куллӣ вижагии дигар дошта, он дар ҳар давру замон ҳамдами мувофиқ ва дӯсти беҳтарини инсон маҳсуб мешавад. Бо ибораи дигар, донише, ки тариқи омӯхтани китоби дастӣ дар зеҳни одам сабт мешавад, ҳаргиз аз хотир намеравад ва мақому бузургии ин мӯъҷизаи маърифатиро ҳам чизе намегирад”. Муслима Имомназарова, иҷрокунандаи вазифаи директори китобхонаи вилоятӣ мегӯяд, баъд аз соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон қариб ҳамасола беш аз 300 адад номгӯи ҳархелаи китобҳо дасрас мешавад. Ғайр аз ин, чанде пеш тавассути корвони китоб ба вилоят 500 намуди адабиёти гуногун туҳфа шуд. - Наметавон гуфт, ки ҷавонон аз мутолиаву хониш дурмондаанд. Чаро ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ шавқи хонандагон, бахусус донишҷӯён нисбат ба китобхонӣ беҳтар аст, - гуфт М. Имомназарова.
Фестивал дар баланд шудани ҳисси ватандӯстии ҷавонон мусоидат мекунад 7 май дар Амфитеатри Боғи “Ирам”-и пойтахт бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (КҶВС) бахшида ба Рӯзи Ғалаба ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» баргузор гардид.
Алибердиева ба ҳузур пазируфта, оид ба омодагии мардуми шаҳр ба истиқболи ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ маълумот дод. Журналистон ба мавзеи сохтмони маҷмааи варзишӣ, меҳмонхона ва корхонаи истеҳсоли чипс рафта, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ошно гардиданд. Муовини аввали раиси шаҳри Хоруғ Ҷумъа Ҷумъаев изҳор дошт ба фаъолият оғоз кардани муассисаҳои нав на танҳо боиси ташкили ҷойҳои нави корӣ, балки бобати рушди туризм ва истеҳсолот дар минтақа имконият фароҳам меорад. Ҳамчунин, журналистон аз бозори наздимарзии Тем, шаҳраки бунёдшавандаи Баҳористон ва ширкати “Помирэнерҷӣ” боздид намуданд. Дар доираи сафар намоян-
дагони расонаҳои хабарӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мулоқот карданд. Ректори донишгоҳ Шермаҳмад Ҷонмамадов изҳор дошт, ки айни замон дар 8 факултаи донишгоҳ тақрибан 3500 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифа шуда, аз рӯйи 35 ихтисос мутахассис омода мекунанд. Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Худойбердӣ Холиқназар оид ба аҳамияти таърихии ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлолият суҳбат намуд. Изҳор дошт, ки донишҷӯён бояд ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар ҳифзи ваҳдати миллӣ саҳм гузоранд. Сафари гурӯҳи хабарнигорон то 13 май идома меёбад.
Фестивалро сарбозону афсарони Гвардияи миллӣ бо намоиши машқи ҳарбӣ таҳти навозиши оркестри нафасӣ оғоз намуданд. Мавсума Муинӣ, муовини якуми раиси КҶВС, зимни суханронӣ аз ҷумла иброз намуд: “Имрӯзҳо бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони ватандӯсту худшинос ва сарбозону афсарони далеру шуҷои Ватан дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар хизмати арзандаю содиқона карда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузошта истодаанд. Ташкил ва баргузории чунин фестивалҳо баҳри боз ҳам баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва ҳамеша омода будан барои муҳофизати Ватани хеш мусоидат менамояд». Аз ҷониби сарбозону афсарон барномаи ҳунарӣ бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона пешкаш гардид. Ҳунари онҳо бо “Сипонснома” ва тӯҳфаҳои хотиравии КҶВС қадрдонӣ шуд. Шералӣ ҶАЛОЛОВ, “ҶТ”
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА сону ҷавонон” кӯча мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки бар асари мукаммал набудани механизми татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ҷомеа ба ҳалли мушкилоти рӯз кӯшида, ба насли наврас ва ҷавон таваҷҷуҳи ҷиддӣ надода истодааст. Ин амр боис шудааст, ки гурӯҳи муайяни ҷавонон рӯ ба дидгоҳҳо ва андешаҳои хориҷӣ биёранд. Майли зиндагии беҳтар ва гуворотар, ки ба далели заъфи дохилӣ дар миёни ҷавонон пайдо шудааст, рӯз то рӯз хоҳиши гурӯҳи ҷавононро ба бегонапарастиву орзуи дар мамлакатҳои бегона зистан зиёд мекунад. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои пешгирӣ ва гароиши ҷавонон ба созмон ва равияҳои бегона ва зараровар бояд сатҳи донишомӯзӣ ва маърифати мардум ва ҷомеаро боло бардорад. Барои фаро гирифтани ҷавонон ба кору машғулияти
террористӣ аст. Наздики 20 зарба ба мавқеи ҷангҷӯён имкон дод, ки тақрибан 800 миллион доллар сармояи гурӯҳ маҳв карда шавад. Роҳбарони ДИИШ тавони пардохти пул ба зархаридонро аз даст доданд ва ин боис шуд, ки руҳияи ҷангҷӯён шиканад. Тибқи омори расмӣ аз Тоҷикистон 1094 нафар ба ҷангҳои Сурияву Ироқ рафта, ҳудуди 150 нафари онҳо дар он ҷо кушта шудаанд. Аммо 64 шаҳрванди Тоҷикистон бо истифода аз афви пешниҳодкардаи мақомот аз Ховари Миёна ба Тоҷикистон баргаштаанд. Дар умум, бино ба омори додситони кулл, дар натиҷаи корҳои ташвиқотӣ 147 нафар бевосита аз Су-
Ҳасан АЗИЗОВ
“Давлати исломӣ” ягон касро мазҳабӣ накардааст ва намекунад, зеро бо истифода аз дин ба амалҳои зишт машғул мебошад ҳам рӯ ба созмонӯ гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ меоранд. Пеш аз ҳама, бояд дар назар дошт, ки ҷавонони мо бар асари таҳаввулоти азими иқтисодиву иттилоотиву фарҳангии глобалӣ аз лиҳози ҷаҳонбинӣ, рӯҳия, менталитет, фарҳанги рӯзгор бо суръат дигар шуда истодаанд ва ин ҳангоми таҳияи барномаҳои давлатӣ оид ба ҷавонон бояд дар назар гирифта шавад. Беҳтар мешуд, ки масъулони соҳаи кор бо ҷавонон дар мавриди беҳтар кардани инфраструктураи иҷтимоиву иқтисодии татбиқи сиёсат оид ба ҷавонон ҷиддан фикр кунанд. Аксар вақт ба назар мерасад, ки дар раванди тарбияи ҷавонон ҷойи холӣ пайдо мешавад ва ин ҷойҳо бо суръат аз ҷониби андешаҳои ғайр ва бегона пур мегардад”. Х. Самиев бо нигаронӣ қайд кард, ки иллати дигари чунин зуҳуроти номатлуб дар байни наврасону ҷавонон харобшавии ахлоқ дар оила, ба тарбияи пурраи фарзандон машғул шуда натавонистани волидайн, ки аксаран ба таъмини фарзандони хеш бо ғизо ва сарулибос машғул мешаванд, мебошад. Вазъияти мураккаб дар мактабҳои миёна ва махсуси таълимӣ боқӣ мондааст. Мушкилоти низоми маориф ва фаъолияти сусти органҳои ҳифзи ҳуқуқ боиси фаъолшавии созмонҳои ифротгаро мешавад, ки наврасону ҷавононро чун василаи арзони татбиқи ҳадафҳои худ истифода мебаранд. Дар чунин шароит “омӯзгор ва тарбиятгари асосии навра-
фоиданок, ташкили ҷойҳои кори ҳаррӯза, таъмини онҳо бо манзил шароит муҳайё созад. Коршиносону таҳлилгарони ҷаҳонӣ надоштани манзили истиқоматиро яке аз омилҳои дигари гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ медонанд. Аксарияти оилаҳои ҷавон дар хобгоҳ ва ё дар иҷора умр ба сар мебаранд. Барои харидани манзил бошад, нархи баланд ва фоизҳои миёншикани бонкҳо имкон намедиҳад. Бо сабаби паст будани маош ё набудани ҷойи кори муносиб маблағи иҷораро дода наметавонанд. Маҷбур машаванд ба ҳар пешниҳоде, ки даромад меорад, розӣ шаванд. Албатта, оқибати корро фикр намекунанд. Дар аксар ҳолатҳо созмону гурӯҳҳои ифротӣ бо ваъдаҳои дурӯғ ҷавононро ба ҷанг мефиристанд. Дар ҳамин ҳол Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зимни тадқиқоти охирини худ, маълум кардааст, шумораи хориҷиҳое, ки ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия шомил мешаванд, дар соли гузашта якбора кам гардидааст. Тавре Питер Герстен, генерал-майори амрикоӣ дар ҷаласаи Пентагон хабар додааст, соли 2015 ҳар моҳ то 1,5-2 ҳазор нафар ба сафи террористон мепайваст. Дар ҳоли ҳозир ин нишондод то ба 200 нафар пойин омадааст. Ҳамчунин, шумораи онҳое, ки аз сафи ДИИШ фирор мекунанд, меафзояд. Ба гуфтаи генерал, ин тамоюл қисман натиҷаи талоши эътилофи хориҷӣ барои пешгирӣ аз сармоягузории гурӯҳи
рияву Ироқ ва қисме ҳам аз роҳи сафар ба он кишварҳои ҷангзада ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд. - Иллати дигари гаравидани ҷавонон ба созмонҳои экстремистию ифротгароӣ дар сатҳи паст қарор доштани соҳаи маориф ва ба роҳ мондани раванди интихоби нодурусти касб миёни ҷавонон мебошад. Пурра таҷдиди назар кардани барномаи таълимии мактабҳои олӣ, қабули довталабон бо усули марказонидашудаи тестӣ нишон дод, ки теъдоди муайяни макотиби олӣ ва ихтисосҳо барои ҷомеаи имрӯзаи мо коромад нестанд, - афзуд Х. Самиев. Гулрухсор Сафӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, дар мусоҳибаи худ ба радиои “Озодӣ” оид ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ чунин гуфтааст: “Онҳое, ки ба Сурия мераванд, суолҳои зиёде доранд, ки мехоҳанд посух гиранд. На аз падараш, на аз ҳамсоя, на аз ҷамъият дастгирӣ намеёбанд. Ба наздикӣ шунидам, ки писари кадоме гӯё ба “Давлати исломӣ” пайвастааст. Гуфтанд бечора модараш. Дилам ба модараш насӯхт, ба ҳамон бача сӯхт, ки нафаҳмид барои чӣ таваллуд шуд, барои чӣ меравад ва ба куҷо? Бояд ҷамъияте дошта бошем, ки барои ҷавонон умедворкунанда бошад. Фаҳманд, ки дар макотиб дониши хуб мегиранд, бо ҳамон дипломе, ки мегиранд як рӯз барои Ватан ба кор меоянд. Агар дар хонаи худат хушбахт набошӣ, дар ҷамъият ҳеҷ гоҳ хушбахт намешавӣ”. Ба қавли шоира “агар мағзи
одам холӣ ҳаст, вайро пур кардан осон аст. Ҷавонон ба Сурия ҳамчун мазҳабӣ намераванд, барои пул кор кардан мераванд. “Давлати исломӣ” кай вақт ёфт, ки як касро мазҳабӣ кунад? Ҳеч касро мазҳабӣ накардааст. Дона дар замини сабз месабзад, дар болои санг не. Яъне, мағзи сари ҷавонон барои қабули ин ақоид омода аст. Ҷавоне, ки аз хонааш берун мешавад, то худро ба куштан диҳад, дар хона норасоие дорад. Вақте ки бача рафт, вай аллакай бадбахттарин инсони дунёст. На ба хонааш бармегардад, на ба ҷамъият ва на андешаашро дигар карда мешавад. Миллат аз ҷанг баромадааст. Бачаҳое, ки имрӯз 22 сол доранд, дар батни модар мариз буданд, дар батни модар стресс доштанд, ба равоншинос ниёз доранд”.- таъкид медорад вай. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи №28-и шаҳри Норак дар ҳафтаи гузашта аз афзоиши таъсири андешаҳои бегонаи ифротӣ ба мафкураи наврасону ҷавонон изҳори нигаронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд: “Бинобар камфаъолиятии масъулон, беназоратии баъзе падару модарон ва камсамар будани чорабиниҳои дар ин самт гузаронидашуда таъсири андешаҳои бегонаи ифротӣ ба мафкураи қишрҳои осебпазири ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон зиёд шуда истодааст. Дар натиҷа, ҳоло дар ҷангҳои мусаллаҳона дар қаламрави давлатҳои дигар 26 нафар сокини шаҳри Норак иштирок доранд, ки чунин амали нангин боиси таассуф буда, ба шаъну шарафи сокинони сарбаланди шаҳри Норак иснод меорад. Аз ин рӯ, кулли сокинони он бояд барои тарбияву ба камол расонидани насли навраси соҳибмаърифату худшинос ва мутахассисони баландпоя заҳмати худро дареғ надоранд, зеро танҳо кадрҳои соҳибкасб метавонанд дар оянда фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноативу иншооти энергетикиро таъмин намуда, барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани диёри худ саҳми муносиб гузоранд”. Сарвари давлат, ҳамчунин иброз намуд, ки пайдоиши ифротгароӣ барои инсоният ҳамчун як фоҷиаи мудҳиш ва гузашта аз ин, ҳамчун як вабои аср мушкилоти зиёде ба бор оварда, хусусан, вақтҳои охир ба осоишу оромии ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Ифротӣ будан ва зери таъсири ақидаҳои ифротӣ мондан хоси мардуми тоҷик ва мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ нест. Солҳост, ки мо такрор ба такрор аз дину мазҳаб ва ватану миллат надоштани террорист сухан ронда, ин амали номатлубро қатъиян маҳкум мекунем.
www.javonon.tj
Яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣэкстремистӣ, пеш аз ҳама ташкили мактабу гурӯҳҳои ғайрирасмии динӣ аз тарафи баъзе рӯҳониён мебошад, ки омӯзиши ғайриқонунии рукнҳои исломро барои наврасон ва ҷавонон ба роҳ мондаанд. Гаравиши ҷавонон ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣтеррористӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ташвишовар мебошад. Маълум аст, ки онҳо аз муҳити ватани хеш канда шуда, ҳанӯз тафаккуру андешаи миллиашон ташаккул наёфта, роҳгум мезананд. Ҳамчунин, мушоҳида мешавад, ки як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зӯроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонони синнашон аз 16 то 18 ва дар маҷмӯъ иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасону ҷавонон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ замина гузоштаанд. Холаҳмад Самиев, декани муносибатҳои байналхалқии ДМТ, номзади илмҳои таърих, вобаста ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ чунин ибрози андеша кард: “Ҷумҳурии
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эълон гардида, уҳдадор шудааст, ки барои ҳар шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам орад. Аз ин рӯ, ҳаллу фасли тадриҷии масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии давлат аст. Дар сиёсати иҷтимоии ҳукумат масъалаи ҷавонон ва боло бурдани фарҳанги зисти онҳо мақоми хос гирифтааст. Ба туфайли ғамхории бевоситаи Сарвари кишвар дар дохил ва хориҷи кишвар низоми хоси ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон ташаккул ёфтааст. Ҳар сол аз ҳисоби фонди захиравии Президенти мамлакат, инчунин тавассути стипендияи байналмилалии Президент садҳо ҷавон ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристода мешаванд. Аммо бо ин қадар ғамхорӣ ҷавонон ҳоло
7 е-mail: javonontj@mail.ru
Чанд соли охир яке аз мушкилиҳои асосие, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳон гаштааст, фаъол гардидани ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, аз қабили Ҳизби исломии Туркистон, Ҳизби таҳрир, ҷамоатҳои “Ансоруллоҳ”, “Содиқлар”, “Таблиғ”, созмонҳои “Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундуллоҳ», ҷараёни динии “Салафия” ва гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошанд. Мутаассифона, тарғиботи пайравони ин ташкилоту созмонҳо, ки фаъолияташон дар қаламрави Тоҷикистон манъ гардидааст, ба назар мерасад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №19 (9445), 12 майи соли 2016
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
8
РАҲОВАРД
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №19 (9445), 12 майи соли 2016
Ҳарчанд Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз шарикҳои муҳими Тоҷикистон ба шумор равад ҳам, солиёни зиёд миёни ду кишвар роҳи ҳавоӣ вуҷуд надошт. Сайёҳону тоҷирони тоҷику покистонӣ тавассути Кобулу Истанбул ва Дубай ба кишварҳои ҳамдигар сафар мекарданд, ки вақту маблағи зиёд сарф мешуд. Аз ин рӯ, мавзӯи ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Покистон ҳамеша дар мадди назари роҳбарони ду кишвари бародар қарор дошт. Хушбахтона, ин нияти нек шашуми майи соли равон ҷомаи амал пӯшид. Дар ин рӯз Ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр» нахустин парвози хатсайри ҳавоии «Душанбе-Лоҳур»-ро ба роҳ монд. Бо ташаббусу дастгирии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр» як гурӯҳ рӯзноманигорони расонаҳои хабарии Тоҷикистон ба гурӯҳи мусофирони нахустини хатсайри мазкур шомил шуданд. Дар маросими ифтитоҳи хатсайр ҳайати роҳбарикунандаи ширкати мазкур, намояндагони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВАО ва мусофирони нахустини хатсайр иштирок намуданд. Директори тиҷоратии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр» Эъҷоз Хон иброз дошт, ки парвоз ба шаҳри Лоҳур ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои душанбе ва ҷумъа амалӣ мешавад. Давомнокии парвоз 1 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Эъҷоз Хон рӯзҳои наздик Ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр» хатсайри нави Душанбе-Теҳрон-Душанберо ифтитоҳ менамояд. Алҳол ҳавопаймоҳои Ширкати «Сомон-Эйр» ба кишварҳои Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Русия, Қазоқистон ва Афғонистон парвоз мекунанд. Баъд аз якуним соати парвоз тайёраи «Боинг-737-900» ба фурудгоҳи Лоҳур расид. Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Иқболи шаҳри Лоҳур баъди Карочӣ дуюмин фурудгоҳи калонтарини Покистон ба шумор меравад. Он соли 1962 ба фаъолият шуруъ кардааст. Фурудгоҳ аз маркази шаҳри Лоҳур 15 километр дур буда, дорои се терминал мебошад. Аз ин ҷо ба бисёр
шаҳрҳои Осиё ва Аврупо, ба монанди Дубай, Абу Дабӣ, Масқат, Бангкок, Амстердам, Пекин, Токио, Лондон, Копенгаген, Франкфурт, Арриёз ва ғайра ҳавопаймоҳо парвоз мекунанд. Бинобар ин, ба роҳ мондани хатсайри ҳавоии Душанбе-Лоҳур ба нафъи шахрвандони кишвар хоҳад буд. Зеро ҳамватанонамон бо истифода аз фурудгоҳи шаҳри Лоҳур метавонанд бо нархи нисбатан арзон ва сарфаи вақт ба шаҳрҳои зикршуда сафар кунанд. Нархи чиптаи хатсайри Душанбе-Лоҳур 1600 сомонӣ мебошад. Барои тавассути Лоҳур ба дигар шаҳрҳо рафтан аз интернет метавон бо хатсайрҳои нисбатан қулаю арзон ошно шуд. Вақте мо ба фурудгоҳи Лоҳур расидем, шабонгоҳ ҳаво
Аввалин парвоз аз
Сайри маркази туристии Покистон
Эъҷоз Хон
Шералӣ Ҷононов
34 дараҷа гарм буд. Вақти Тоҷикистон бо Покистон як аст, зеро ҳар ду кишвар дар як минтақаи соат ҷойгиранд. Дар фурудгоҳи шаҳри Лоҳур моро намояндагони Департаменти туризми музофоти Панҷоб, роҳбарияти фурудгоҳ, намояндагии «Сомон-Эйр» дар шаҳри Лоҳур, ширкатҳои телевизионии Покистон истиқбол гирифтанд. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Душанбе-Лоҳурро қадами дигар дар густариши робитаҳои Тоҷикистону Покистон шумурда гуфт: “Иқдоми мазкур ба пешрафти туризм, ҷалби сармоя, рушди тиҷорат, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни ду кишвари дӯст мусоидат хоҳад кард. Кушодашавии ин хатсайр бо ташаб-
бусу пешниҳоди роҳбарияти Тоҷикистону Покистон сурат гирифт. Лоҳур яке аз шаҳрҳои қадимаи Покистон ба шумор рафта, то асри XVIII яке аз марказҳои тамаддуни форсӣ дар нимҷазираи Ҳинд буд. Аз ин рӯ, дар ёдгориҳои таърихии он навиштаҷоти форсиро хеле зиёд дучор меоем. Боварӣ дорам, ки ба роҳ мондани хатсайри ҳавоии Душанбе- Лоҳур дӯстии Тоҷикистону Покистонро таҳким хоҳад бахшид”. Директори тиҷоратии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр» Эъҷоз Хон зимни мусоҳиба бо шабакаҳои телевизионии Покистон иброз дошт, ки Душанбе яке аз шаҳрҳои сарсабзу пургул ва тозаю амни Осиё ба шумор меравад. Ӯ аз ободиҳои солҳои охири пойтахти Тоҷикистон сухан карда, таъкид намуд,
РАҲОВАРД
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №19 (9445), 12 майи соли 2016
Душанбе ба Лоҳур
сол дар ин ҷо конфронсҳои байналмилалӣ, фестивалҳои мусиқию театр, намоишгоҳу ярмаркаҳои китоб баргузор мешавад. Номи Лоҳур ҳанӯз дар асри Х дар китоби «Ҳудудул-олам» дарҷ гардида буд. Солҳои 1099-1114 ва 11531186 Лоҳур пойтахти давлати Ғазнавиҳо ба шумор мерафт. Дар асри XIII онро «Гавҳари салтанати Деҳлӣ» меномиданд. Соли 1296 муҳофизони Лоҳур бо ҳамроҳии артиши салтанати Деҳлӣ зери роҳбарии Алоуддин Муҳаммад дар ин ҷо лашкари 100-ҳазорнафараи муғулҳоро шикаст дода буданд. Ёдгориҳои таърихии ин шаҳри қадима зиёданд. Аз ин рӯ панҷобиҳо мақоле доранд: «Касе ки Панҷобро надида бошад, гӯё ба дунё наомадааст». Бо мақсади ошноӣ бо таърихи зиндаи Лоҳур намояндагони ширкати «Сомон-Эйр»
моро ба сайри шаҳри қадима бурданд. Тавассути автобуси сайёҳӣ ба дарвозаи Лоҳури қадима расидем. Роҳбалади ин мавзеи таърихӣ Муҳаммад Ҷовид мухтасар дар бораи шаҳри куҳан маълумот дод. Ӯ саёҳатро аз тамошои «Шоҳӣ ҳаммом» (ҳаммоми шоҳӣ) ё «Ҳаммоми Вазир Хон» оғоз кард. Ин ҳаммом соли 1632 дар замони ҳукмрони Шоҳиҷаҳон (бунёдгузори Тоҷмаҳали афсонавӣ) сохта шуда, то имрӯз шакли худро гум накардааст. Хиштҳои он ба хиштҳои ёдгориҳои таърихии қалъаи Ҳисор шабоҳат дорад. Ҳаммом дорои толорҳои оби гарму сард, буғхона, толори масҳ ва оташхона мебошад. Дар як қисмати ҳаммом ҳавзчае сохта буданд, ки ба монанди ваннаи имрӯза истироҳаткунандагон дар оби ширгарм нишаста, дам мегирифтанд. Ҳаммом на
аст. Агар тамоми ин масҷидро 400 сол пеш дар 5 сол сохта бошанд, танҳо барои таъмири як манораи он солҳои 70-уми асри XX устоҳои муосир 7 сол заҳмат кашиданд. Ин масҷид низ дар давраи ҳукмронии Шоҳиҷаҳон аз ҷониби ҳокими Лоҳур Вазир Хон сохта шудааст. Имрӯз ҳам дар ин масҷиди таърихӣ ва саҳни он қариб 4000 нафар намозҳои панҷвақта, ҷумъа ва идро адо мекунанд. Азбаски забони форсӣ тӯли қариб 8 аср дар нимҷазираи Ҳинд расмӣ буд, то ҳол дар номгузории бисёр мавзеъҳои аҳолинишин ва навиштаҷоти ёдгориҳои таърихӣ таъсири забони форсиро мушоҳида кардан мумкин аст. Чунончӣ, роҳбалад моро тавассути тангкӯчаҳои «Кӯчадарзӣ» (кӯчаи дӯзандагон) ва «Кӯчаи Ғуборчиён» сайр дода, то дар-
С. СУННАТӢ, Душанбе-Лоҳур-Душанбе
www.javonon.tj
ки Душанбе барои Покистон ба ҳайси «Дарвозаи Осиёи Марказӣ» шаҳри тамошобобу диданӣ аст. Қобили ёдоварист, ки Ширкати «Сомон-Эйр» соли 2015 аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ беҳтарин ширкати ҳавопаймоии дар рушди туризм саҳмгузор дониста шуд. Лоҳур пойтахти музофоти Панҷоб буда, баъди Исломобод ва Карочӣ сеюмин маркази сиёсии Покистон ба шумор меравад. Шоиру мутафаккирони бузурги Покистон, ба монанди Муҳаммад Иқбол, Файз Аҳмади Файз, Саодат Ҳасан Манто, Интизор Ҳусейн, рассомон Абдураҳмони Чағатоӣ ва Шокир Алӣ дар ин шаҳр зиндагиву эҷод кардаанд. Ин шаҳри таърихӣ пойтахти фарҳангии Покистон маҳсуб меёбад. Ҳар
возаи Лоҳури қадима гусел кард. Мо огоҳ шудем, ки дар он тарафи дарёи Равии Лоҳур Шоҳдара ном мавзее будааст, ки мақбараҳои шоҳи Ҳинд Ҷаҳонгир (падари Шоҳиҷаҳон), ҳамсараш Нуриҷаҳон, додарарӯсаш Осиф Хон дар ҳамон ҷо воқеъ гаштаанд. Дар Роштқалъаи Тоҷикистон низ Шоҳдара мавҷуд аст. Дар шаҳри Лоҳур теъдоди коллеҷу осорхонаҳо хеле зиёданд. Аз ин рӯ онро «маркази фарҳангию маърифатӣ»-и Покистон низ меноманд. Барои мо шиносоӣ бо Осорхонаи давлатии Лоҳур хеле ҷолиб буд. Коллексияҳои осорхона аз ёдгориҳои асри санг то асри XX-ро дар бар мегиранд. Рӯ ба рӯи осорхона «Тӯпи Замзама» ҷой дода шудааст. Ин тӯп (пушка)-ро ҷанговари машҳур Аҳмадшоҳи Абдол соли 1761 зимни мубориза бо истилогарони англис дар наздикии Потипат истифода бурдааст. Тӯп аз мис ва омехтаи якчанд фулузот бо маблағи хайрияи сокинони маҳаллӣ сохта шудааст. Дарозии он 4,4 метр буда, қутраш 24 сантиметр мебошад. Ҳар сол дар арафаи идҳо ба назди ин тӯпи таърихӣ ба ёди муҳофизони ватан гул гузошта, дар наздикии он чорабиниҳои ботантана мегузаронанд. Бо ташаббуси Департаменти туризми Лоҳур ду автобуси дуошёнаи англисӣ харида шудааст, ки хоҳишмандонро ба сайри шаҳри қадима мебарад. Ҳайати 20-нафараи намояндагони Тоҷикистон низ бо яке аз ин автобусҳои мунаққашу барҳаво як қисмати Лоҳурро сайр намуданд. Охирин шаҳре, ки истилогарони англис дар нимҷазираи Ҳинд ишғол карданд, Лоҳур (соли 1849) буд. Баъди забти шаҳр бо истифода аз санъати меъмории ҳиндумавританӣ англисҳо маҳаллаеро бунёд намуданд, ки имрӯз бо номи «Молл» машҳур аст. Зимни саёҳат бо автобуси болокушодаи дуошёна аз ин маҳалла гузашта, қадимтарин мактаби олии Покистон – Донишгоҳи Панҷоб (соли 1882), бинои Суди Олӣ (1874), Шуъбаи почта (1892), Коллеҷи давлатӣ (1864, қадимтарин коллеҷи Покистон), Коллеҷи Айтчисон (1886), боғҳои бо усули бритонӣ бунёдшударо дидем. Зиёрати мақбараи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, масҷиди Подшоҳӣ, Манораи Покистон (баландиаш 60 метр) ва ғайра хеле ҷолиб буд. Мавҷуд будани ёдгориҳои сершумори таърихӣ ва боғҳои истроҳатӣ Лоҳурро ба маркази туристии Покистон табдил додааст. Умед аст, ки таъсиси хатсайри Душанбе–Лоҳур робитаҳои ин ду бародаршаҳрро таҳким бахшида, ба рушди туризм ва ривоҷи тиҷорат мусоидат мекунад.
е-mail: javonontj@mail.ru
танҳо ҷои шустушӯй, балки ба ҳайси як маркази табобатӣ низ хизмат мекард. Баъди масҳи табобатӣ ва шунидани ғазалҳои сӯфиёна мизоҷон худро сабуку болидарӯҳ эҳсос мекарданд. Сипас, роҳбаладон моро ба масҷиди Вазир Хон бурданд, ки номзад ба рӯихати мероси таърихии ЮНЕСКО мебошад. Ҳар сайёҳе, ки ба Лоҳур меояд, ҳатман ба ин ҷо ташриф меорад. Ба гуфтаи Муҳаммад Ҷовид масҷиди Вазир Хон солҳои 1634-1639 сохта шудааст. Кас ба завқу ҳавсалаи кандакорону устоҳои 400 соли пеш қоил мешавад. Онҳо аз санги сурху рег ва гилу гаҷ ин иморати пурнақшу нигори зеборо тавре мустаҳкам сохтаанд, ки бо гузашти қариб 4 аср таровати худро гум накарда-
9
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
10
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №19 (9445), 12 майи соли 2016
Муҳаббат ба касб муҳаббат ба Ватан аст Раванди тараққиёти босуръат ва бемайлони илму техника дар замони ҷаҳонишавӣ башариятро ба он ҳидоят менамояд, ки оид ба омӯзиш ва такомули қобилияти зеҳнии худ андеша кунад. Роҳу усулҳои нави пешрафти ҷомеаро таҳия намуда, донишҳои худро барои беҳбуди он равона созад. Дар ин росто ҷавонон неруи муқтадир мебошанд, ки пешрафти ҷомеаро таъмин менамоянд ва ба қавли дигар, ояндаи ҷомеа ба ин неру сахт марбут аст. Рӯз то рӯз шумори нафароне, ки ба илму донишандӯзӣ, хоса ба илмҳои дақиқ ва технологияи ҷадид шавқу рағбати зиёд доранд, меафзояд. Хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Назира Нарзиева аз шумори ин нафарон буда, аз касби интихобнамудаи худ розиву қаноатманд аст. Назира Наврӯзи ҷаҳониро имсол бо хушҳолӣ пешвоз гирифт. Он субҳ бо дуои неки волидон ва тавсияи донишгоҳ ҳамчун таҷрибаомӯз ба ҷойи кори худ шитоб дошт. Ин рӯзи нахустини кории ӯ буд. Бо дили пур аз фараҳу чеҳраи хандон вориди коргоҳ шуд. Қалбаш даруни сина аз шодӣ бошиддат метапид. Меандешид, ки оё донишҳои андӯхтаашро ба нафъи Ватани азизи худ ба кор бурда метавониста бошад? Касби интихобнамудаи Назира барномасозороишгар буда, ба қавли мардумӣ касабаи писарона аст ва шояд аз ин ҷост, ки мутахассисони барномасоз-ороишгар аз ҳисоби занону духтарон дар тамоми манотиқи
кишвар ангуштшуморанд. – Ман аз хурдсолӣ расм кашидану нигоштани ҳар гуна лавҳаҳоро дӯст медоштам. Варақҳоро пайиҳам сиёҳ мекардам ва бо тахайюли худ тасвиреро мехостам рӯи коғаз орам. Баъзан муваффақ мегаштаму баъзан аз волидон кӯмак мехостам. Барномасозӣ ҳунару малакаи хосаро тақозо менамояд ва на ҳар чашме, ки назора мекунад, нозукиҳои санъати асилро дарк карда метавонад, мегӯяд ӯ. Назира хеле нуктасанҷ асту дар бораи касби интихобкардаи худ бо ҳаяҷон ва рағбати зиёд сухан мегӯяд. Ӯ зебосту зебоиро дӯст медорад ва интихоби дурусти касбу ҳунарро барои ҷавонон аз ҳама муҳим мешуморад. Ба қавли ӯ, ҷавонон ҳамеша бояд ҳамқадами замон буда, ба касбҳои нав ба наве, ки вобаста ба тараққиёти замони муосир арзи вуҷуд мекунанд, мароқи хоса зоҳир намоянд. Ғайр аз забони модарӣ, забонҳои русӣ, узбекӣ ва англисиро хуб медонаду забондониро калиди ҳар гуна мушкилиҳо мешуморад. – Мутаассифона, ман баъди хатми мактаби миёна бо сабаби норасоиҳои зиндагӣ ба мактаби олӣ дохил шуда натавонистам, вале ин муҳаббати маро, ки нисбат ба касби дӯстдошта доштам, коста нагардонид. Баръакс, ман кӯшиш намудам, дар ин муддат ба нозукиҳои ин касб шинос шуда, роҳҳои ба мақсад ноил шуданро ҷустуҷӯ намоям. Ҳамин буд, ки баъди як сол ба Донишгоҳи давлатии Хучанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ҳуҷҷат супорида, ба номи пуршарафи донишҷӯ комёб гардидам, - бо ифтихор мегӯяд Назира ва илова менамояд: - Интихоби касб маҳаки асосии рушду такомули ҳар шахс дар зиндагист. Муҳаббат ба касби интихобнамуда муҳаббат ба модар ва Ватан мебошад. Назира аз зумраи ҷавонони хушбахтест, ки дар оғӯши Тоҷикистони соҳибистиқлол ба воя расидааст. Вожаи Ватан барояш мисли вожаи Модар азизу муқаддас аст.
СОҲИБКАСБ
Шаҳло ЭШОНОВА Муҳаббати худ ба Ватанро ба моҳию об ташбеҳ дода, ин андешаро бо шеър ифода мекунад: Муҳаббатро зи моҳӣ бояд омӯхт, Ки аз обаш бурун орӣ, бимирад... Зимни ин гуфтаҳо, аз гаравиши бархе аз ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҷараёнҳои номатлуб, ки онҳоро ба вартаи нобудию ҳалокат мекашад, бо нигаронии зиёд ҳарф мезанад. – Маро беш аз ҳама кирдорҳои ноҷавонмардонаи бархе аз ҷавонон нигарон кардааст, ки дар ивази ваъдаи пучи хоҷагонашон тарки Ватан намуда, бар зидди бародарони мусулмони худ дар давлатҳои Сурияву Ироқ дар сангар меистанд. Сабаби асосии гаравиши ин гуна ҷавононро ба ҳизбу ҷараёнҳои иртиҷоӣ, шахсан ман, дар бесаводию ноогоҳии онҳо мебинам. Агар онҳо соҳиби касбу ҳунари дӯстдоштае мебуданд ва аз муқаддасоти инсонӣ, мисли модар, Ватан, хоки аҷдодӣ, хонаи падарӣ, забони модарӣ ва ғайра огаҳӣ медоштанд, ба ҳеҷ ваҷҳ, чунин ҷодаи ҳалокатбор ва хиёнатрезро интихоб намекарданд. Ӯ дар ҷодаи интихобкардаи худ ҳадафмандона қадам мезанад. Таҷрибаи мушкили донишандӯзӣ, сангинии таълиму тадрис ва бар замми ин, дастрас набудани адабиёти зарурӣ Назираро ба он водор сохтааст, ки дар андешаи таъсиси китобхонаи электронӣ бошад. – Ҳангоми таҳсил, идома медиҳад Назира, барои дарёфти адабиёти зарурӣ азият мекашидам. Дари чандин китобхонаро мекуфтам, аз устодони бешуморе пурсуҷӯ мекардам, вале бо вуҷуди ин, баъзан дар дарёфти маводҳои зарурӣ танқисӣ мекашидам ва имрӯз дар он андешаам, ки барои кӯмаку ёрмандӣ ба шогирдони бахши барномасоз-ороишгари мактабҳои олӣ китобхонаи электронӣ таъсис диҳам.
Тавонгарӣ ба ҳунар аст! Дастони ҳунарманд монанди муъҷизаест, ки бо ҳар як ҳаракати хеш тамоми атрофро месабзонаду рангорангӣ эҳдо мекунад. Рушду инкишофи ҳунар ба кулбаи торики бенур сафо мебахшаду қалбҳоро шод ва зиндагиро ботароват мегардонад.
Ҳамаи ҳунарҳо хусусияти хос дошта, аз ҳамдигар тафовут доранд. Тоқидӯзӣ низ чун дигар ҳунарҳои мардумӣ аз замонҳои хеле дур дар байни аҳолӣ роиҷ гардида, то имрӯз чун яке аз ҳунарҳои мардумӣ шинохта мешавад. Бо вуҷуди рушди илму техника ва пайдо гардидани таҷҳизоти худкор то ҳол нафароне ёфт мешаванд, ки бо шавқу завқи беандоза тавассути ангуштони сеҳрангез ба ҳунари мазкур машғуланд. Муҳаббат ба касб Қурбонбиро доим баҳри расидан ба орзуҳои наҷибу аҷибаш неруи тоза медод. Мехост соҳибҳунару маърифатнок гардад. Тасмим гирифт, ки ба омӯхтани ҳунари тоқидӯзӣ талош намояд. Барояш азхуд намудани ин ҳунар хеле душвор намуд. Аммо ҷиддӣ ба омӯхтани ҳунари мазкур пардохту обрӯву даромад ёфт. Тоқӣ дар санъати ороиши амалӣ яке аз намудҳои маъмули каллапӯши мардум ба шумор меравад. Мувофиқи шароити маҳал, завқи одамон ва ривоҷу равнақи санъати амалии халқ хелҳои гугогуни тоқӣ ба вуҷуд омадаанд. Доштани ҳунари дастдӯзӣ шавқу завқи даврони хурдсолии ӯст. Барои расидан ба мақсад пайваста заҳмат мекашид. Ба тоқидӯзӣ, чакандӯзӣ ва куртадӯзӣ машғул мегардид. - Шахсе, ки ҳунар дошта бошад, пеши касе муҳтоҷ намешавад. Ҳунар яке аз ганҷҳое мебошад, ки ҳамаи инсон бояд онро дошта бошад. Махсусан занҳоро лозим аст, ки ҳунареро омӯзанд. Вақте ба коре машғул мешавед, фарзандон ибрат мегиранд, - мегӯяд Қурбонбӣ Абдусаттор. Ба таъкиди ӯ, тоқӣ дар мардуми мо аслан шакли гирдаро дорад.
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ
Қисми болои тоқӣ гулдӯзӣ шуда, гирди он шероз мечаспонанд. Дар гулдӯзии ин намуди тоқиҳо бештар нақшҳои ҳандасӣ ва баъзан нақшҳои табиӣ - гулнусха ё баргнусха ба кор меравад. Ин тоқиҳо рангоранг буда, аз як паҳлӯ пӯпакдор низ мешаванд. Вале баробари тоқии гирда дар байни мардуми кӯҳистон тоқии чортарк низ маъмул аст, ки ба монанди тӯпии чустӣ ва ироқӣ дӯхта мешавад. Машҳуртарин тоқиҳо дар кишвар тоқиҳои сиёҳу сафеди ба ном «чустӣ» мебошанд, ки зимнан нақшҳои анъанавии «бодом» ё «қаламфур» доранд ва ин нақшҳо яктоӣ рӯи чаҳортарк ба нахи сафед ё мулина гулдӯзӣ мешаванд. Қурбонбӣ бисёртар маҳсулоти омоданамудаи худро дар чорабиниҳои гуногун ба намоиш мегузорад, ки борҳо баҳои сазовор гирифтааст. Ӯ мегӯяд, ки дар чандин чорабиниҳо ҳангоми намоиш маҳсули дасти эшон таваҷҷуҳи хориҷиёнро ҷалб намудааст. “Вақте хориҷиён маҳсулоти моро мебинанд, дар ҳайрат мемонанд ва бо шавқ онро тамошо мекунанд. Бештар ҳамон нақшҳои махсуси дар тоқиҳо дӯхтаи мо, ки ифодакунандаи анъанаҳои миллию фарҳангӣ ҳастанд, онҳоро мутаассир менамоянд. Лаҳзае, ки як нафар ба ҳунари мо таҳсин мехонад, ҳамон замон ман худро хушбахт меҳисобаму ифтихор аз ҳунарам менамоям”, мегӯяд Қурбонбӣ. Таъкид менамояд, ки тоқидӯзӣ нозукиҳои зиёд дораду кори мушкилу заҳматталаб аст. Қурбонбӣ донишҷӯст. Аммо ҳунарашро тарк намекунад. Машғул шудан ба ҳунарҳои дастиро қадр намудани анъанаҳои миллии аҷдодӣ дониста, меафзояд, ки бояд мо онро ҳифз намоему бо рушду инкишоф бахшиданаш онро ба наслҳои оянда боқӣ гузорем. Ба ҷавонон муроҷиат намуда мегӯяд, ки бояд ҳар яке аз онҳо ҳунареро аз бар намоянду баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо кӯшиш кунанд. Вақте инсон ҳунареро аз бар менамояд, ҳамаи душвориҳо барояш осон шуда, тавонгар мешавад. Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол ва бузургии инсон ба ақл аст, на ба сол.
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №19 (9445), 12 майи соли 2016
11
Тоҷикон аз замонҳои қадим миллати озодпарасту озодихоҳ маҳсуб меёфтанд. Бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90–уми асри гузашта халқи тоҷик аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ шуруъ намуд. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург буд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Танҳо бо кӯшиш ва талоши халқи тоҷик ин мушкилиҳо бартараф гардида, роҳ ба сӯи фардои дурахшон боз гардид.
кишварҳои гуногуни дунё зиёда аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба оид ба масъалаҳои муносибату ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, тиҷорат, маориф, фарҳанг ва ғайра ба имзо расонидааст. Дигар самти муҳим иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки дар ин маврид низ дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон назаррасанд. Аз ҷумла, чандин ташаббуси кишвари мо, бахусус дар ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика, мубориза алайҳи терроризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфта, тадриҷан амалӣ шуда истодаанд. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар баробари муносибатҳои дуҷониба ҳамкориҳои бисёрҷониба
сармояи хориҷӣ ба лоиҳаҳои гуногуни кишвар нақши муассир дошт. Мисоли возеҳи он ба низои шаҳрвандӣ тариқи гуфтушунид хотима бахшидан мебошад. Баъд аз панҷ соли муқовимати мусаллаҳона Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин дастоварди нодиртарини миллат дар даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад. Ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст. Соли 2003 бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сиёсати “дарҳои кушод” пеш гирифта шуд, ки бо шарофати он ва ҷалби кишварҳои гуногун ба ҳамкории судманд дар кишвар лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои саноат, энергетика, коммуникатсия амалӣ шуданд, ки барои рушди устувори давлати мо заминаҳои мустаҳкам гузоштаанд. Сиёсати “дарҳои боз” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад. Чанде аз натиҷаҳои пурмаҳсули ин сиёсат чунинанд: ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад; соли 2013 Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузи дунё – Созмони умимҷаҳонии савдо гардид; то имрӯз Тоҷикистон бо
бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавқеи махсус доранд. Дар ин замина муносибатҳо бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дорои афзалият мебошанд. Ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳкими минбаъдаи Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ, устувор гардонидани мавқеи кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва иштироки фаъолонаи он дар равандҳои умумиҷаҳонӣ равона шудааст. Тоҷикистон ҷонибдори ташаббусҳои Созмони Милали Муттаҳид ва тақвият додани нақши муттаҳидкунандаи он дар асри XXI мебошад. Зеро ин созмон воситаи нодире барои ҷустуҷӯи муштараки тавозуни манфиатҳо ва ягона мақоми ҷаҳониест, ки салоҳияти қабули қарорҳо вобаста ба амалиёти дастаҷамъӣ оид ба ҳифзи сулҳ ва низоми байналмилалиро тавассути афзоиши самаранокӣ ва масъулияти Шӯрои амнияти худ дорад. Вақте ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бисту панҷ сол муқаддам дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои авва-
Дипломатияи мо таҷрибаи бузург ҳосил кард лини худро мегузошт, ба низои дохилӣ, ки ба худи мавҷудияти давлати Тоҷикистон таҳдид мекард, рӯ ба рӯ шуд. Дар чунин айёми ниҳоят сангин ҳамкории давлати тозатаъсиси тоҷикон бо СММ барои ҳаллу фасли он фоҷиа сурат гирифт, ки то ҳол намунаи нодири амалияи ҳифзи сулҳ ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали истиқлол ҳамкории моро бо ин ниҳоди ҷаҳонӣ ҳусни оғоз бахшид. Имрӯз Тоҷикистон узви фаъоли СММ мебошад ва ҳамкориҳоро бо ин ниҳоди муҳими ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ кардан мумкин аст. Бо ҳамкориву кӯмаки Созмони Милал ва ниҳодҳои мухталифи он ҳоло теъдоди зиёди лоиҳаҳо дар кишвар мавриди татбиқ қарор доранд ва Тоҷикистон равобити худро бо онҳо дар оянда низ густариш хоҳад дод. Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ аз ҷониби ин созмони ҷаҳонӣ пазируфта шудани се ташаббуси кишвари мо – эълони Соли байналмилалии оби тоза дар соли 2003, тасдиқи Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015 ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардидани соли 2013 мавқеи аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардидани сарварии Тоҷикистонро дар ин раванд собит намуд ва таҳким бахшид. Дар марҳилаи ҳозира истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои
шарикони хориҷӣ дар амалӣ намудани се ҳадафи стратегии давлат - таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ аз вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Ҳангоми комёб шудан ба ин ҳадафҳои тақдирсоз кишвари мо сатҳи тамоман нави рушду пешрафтро соҳиб хоҳад шуд. Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақил дошта бошад. Дар пешорӯи ҷашни 25-солагии Истиклолияти давлатии кишварамон метавон гуфт, ки дипломатияи мо дар ин муддат таҷрибаи бузург ҳосил кард ва баъзе самтҳои он омӯзанда низ мебошанд. Аз ин рӯ, бо боварӣ иброз доштан мумкин аст, ки сохторҳои дахлдор ва дипломатҳои тоҷик дар иҷрои вазифаҳои худ, ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар минбаъд низ саҳми босазо мегузоранд. Ҷомии АБДУРАҲМОН, донишҷӯи Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия
www.javonon.tj
Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 25 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид. Баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ собиқ ҷумҳуриҳои советии сотсиалистӣ мустақил гардида, соҳибихтиёрӣ ва худидоракунии худро ба даст оварданд. 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати мустақил, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон гардида, 2 марти соли 1992 ба узвияти СММ пайваст ва иштирокчии комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ гардид. Сиёсати хориҷӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба таърихи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ назар афканда, дидан мумкин аст, ки дар ин самти муҳим корҳои назаррас ба анҷом расида, дар баланд бардоштани иқтидори кишвар ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои зиёд рӯи кор омада-
анд. Аз рӯзи эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз ду даҳсола сипарӣ шуд ва дар ин муддат 151 кишвари ҷаҳон давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохтанд ва бо 128 давлат муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шудааст. Яъне мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шудем ва олам Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил шинохту эътироф кард. Инчунин Тоҷикистон аъзои фаъоли 51 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад. Дипломатияи тоҷик дар даврони истиқлолият дар ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла бартараф кардани низои дохилӣ тавассути гуфтушунид бо мухолифон, бартараф сохтани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ, рушду тавсеа додани ҳамкориҳои иқтисодӣ бо шарикони хориҷӣ, ҷалби
е-mail: javonontj@mail.ru
БА ИФТИХОРИ 25-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
12
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №19 (9445), 12 майи соли 2016
БА ИФТИХОРИ 25-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Зиёда аз 50 сол боз сокини шаҳри Қӯрғонтеппа бошам ҳам, аслан зодаи Ҳисорам. Бо вуҷуди ҳар сари чанд вақт ба аёдати ақрабон омаданам, ҳеҷ имконият намешуд, ки аз ободию зебоиҳои ин гӯшаи ҳамешабаҳори Ватан дидан кунам. Ибтидои моҳи майи соли 2016 – дар рӯзҳои баҳори сабзу хуррам вақт созгор шуд ва хеле ба фурҷаю бо роҳат ин мулки қадимиро баъди ҳамаги се моҳи мақоми шаҳрро гирифтанаш саросар тамошо кардам. Он чи ки дидам, дар қиёс бо Ҳисори солҳои бачагиам тасвирнопазир аст, алалхусус он дастовардҳое, ки дар замони истиқлолияти кишвар ба вуҷуд омадаанд. Аз дидани ҳама зебоию ободиҳои диёри бачагӣ дилам лабрези фараҳ гашт, табъам болида шуд ва Ҳисори солҳои 60-уми асри бист ёдам омад.
басо боҳашамату зеботарҳи қасри фарҳанг, осорхонаи таъриху кишваршиносӣ, китобхонаи оммавӣ, Маркази тиҷоратии «Ҳисор» ва хиёбону гулпӯштҳои назди онҳо чашми кас роҳат бинад, аз нӯшидани як пиёла чой дар чойхонаи
(Саҳ. 336). Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» бошад, мафҳуми «Ҳисор» ба маънои «қалъа», «девори даври қалъа», «ҳисори баланд» ва «девори баланд» шарҳ дода шудааст: (Саҳ. 530, ҷ. 2). Маънии «қалъа», «девор», «истеҳком»-ро дошта-
ва фарҳанг» - 2013) боз ҳам саҳеҳтару равшантар ва мушаххастар баён шудааст. Мазмуни фишурдаи нигоштаҳои муаллифон он аст, ки вожаи «Ҳисор» таҳаввулоти даврони дарози таърихиро аз сар гузаронида, он дар адабиёти адабӣ, илмӣ ва
китоби зикршудаи Ф. Азиз ва С. Одина ҳам қайд шуда, ки номи «Ҳисор» дар кишвари Осетияи Ҷанубӣ ҳам мавҷуд буда, ҳатто дар Камчаткаи Русия киштии ҳарбие номи «Ҳисор» («Гиссар»)-ро дорад. Аз ҳамаи ин бармеояд, ки топоними Ҳисор ва мафҳумҳои ба он ҳамрешаю ҳаммаъно дар олам кам нестанд. Баръакс, мисли он вожаи равону суфта, хушоҳанг, машҳур, пурмаъно, равон ва хеле шоиронаю хушсадо кам аст. Бинобар ин, бисёр дуруст ва арзанда шуд, ки ба шаҳри Ҳисор номи қадимиашро мононданд. Ин чиз дар суҳбати ҳамроҳонам ҳам бараъло эҳсос шуд. Онҳо асосан атрофи ободиҳо ва
Он замон бачаи 13-14-сола будам. Бузургтарин ва зеботарин иншооте, ки мо - бачаҳои деҳотӣ аз диданаш ба ҳайрат меомадем, бинои беморхонаи марказии ноҳия буд. Дар чойхонаи дуошёна, ки ба хаёлам «Роҳат» ном дошт, нишастану чой нӯшидан бароямон шодию сурур мебахшид. Нишастан рӯйи катҳои байни растаҳои дарахтони сояафкани чойхонаи боғи фарҳанг ва ҷоришавии оби зулол аз паҳлӯи ҳар яке аз он катҳо низ ба кас ҳузуру ҳаловат ато мекард. Нишастану чой нӯшидан дар ин чойхонаҳо бузургтарин ифтихор буд ва боис мегардид, ки ба ҳамсолони қишлоқиамон ҳафтаҳо қисса кунему оби даҳонашонро равонем. То андозае, ки дар ёдам ҳаст, дар он солҳо Ҳисор аз ин беш ҷойи диданию роҳатбахше надошт. Ҳоло бошад, ободиҳои он ва ҷойҳои тамошобобу сайру саёҳаташ хеле зиёданд. Биноҳои бо ҳашамату хуштарҳи зебо, ки аз ҷиҳати шаклу намуд нотакроранд, осмонбӯсӣ мекунанд, кӯчаю хиёбонҳои зебо ва гулгаштҳои ҳамешабаҳор, ки назаррабоянд, ба ҳар бинанда ҳузуру ҳаловат ва шодию сурур бахшида, ҳисси ифтихорашро ба гардун мерасонанд. Агар аз тамошои биноҳои
«Харбуза» таъму лаззати харбузаро эҳсос мекунед. Барои тасвири манзараҳои афсонавӣ ва нотакрори қалъаи беназиру таърихии Ҳисор бошад, сухан ёфтан кори осон нест. Чун аз қалъаи Ҳисор ёдовар шудам, хаёлам ба таърих пайвасту сарнавишт, маъно ва мавқею манзалати вожаи «Ҳисор» аз лавҳи хотирам гузашт. Ин вожа аслан арабист. Вале, дар рӯҳу ҷони мардум чунон ҳазм шудааст, ки ҳатто махсус таъкид кунию фаҳмонӣ ҳам ба арабӣ будани он бовар намекунанд, ба шарте ки ба илм сару кори бевосита надошта бошанд. Зеро тайи қарнҳо бегонагии он фаромӯш шудааст ва бо бисёр ширину гуворо, суфтаю равон, хушоҳангу хушбаён ва хеле шоиронаю хушсадою зебо буданаш дар мағзмағзи қалбҳо ҷой гирифтааст. Ба ёддошти хеш қаноат накарда, боз чанд китобро варақгардон намудам. Дар «Бурҳони қотеъ»-и Муҳаммадҳусайни Бурҳон («Адиб» - 1993) омадааст: «Ҳисор …номи шаҳрест ҳуснхез» ва «ба маънии қалъа…», «…киноя аз осмони аввал ҳам ҳаст …», «…гӯянд аз фулод аст…» (бо маънои мустаҳкамӣ – Ҳ. Ю.), «ва ҳар ҳисоре (деворе, қалъае - Ҳ. Ю.), ки бисёр сахту муҳкам бошад».
ни топоними Ҳисор дар китоби муҳаққиқи варзидаи номҳои ҷуғрофӣ Салоҳиддини Садриддин «Номи диёр – таърихи диёр» («Ирфон»-2014, саҳ. 94) низ таъкид гаштааст. Вожаи «Ҳисор» чун номи шаҳр, давлат ва кишвар ҳанӯз то асрҳои 15-16 машҳур шудааст. Мисоли раднопазири ин ақида як маълумоти басо муҳими дар луғати «Бурҳони қотеъ» омада мебошад, ки болотар номбар шуд. Ин маълумот дар хусуси шарҳи калимаи «Ҳисорӣ» аст: «Ҳисорӣ - … мардумеро гӯянд, ки мансуб ба шаҳри Ҳисоранд… ва асперо низ гӯянд, ки аз он шаҳр оваранд». Ин маълумот шаҳодати он аст, ки Ҳисор садсолаҳо пеш, то замони таълифи ин луғат (соли 1652) шаҳри «ҳуснхез»-и хеле рушдкарда ва маълуму машҳур будааст. Агар не, ҳаргиз дар ин луғати дар замони хеш машҳури ҷаҳон (ҳоло ҳам) мардуми онро ёдовар намешуданд, асппарвариашро қайд карда, маҳз аз Ҳисор овардани он аспонро таъкид наменамуданд. Ҳанӯз то асрҳои 15-16 номи шаҳр, мулк ё кишвар будани вожаи «Ҳисор» дар китоби бисёр арзишманди «Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон»-и Фатҳуллоҳи Азиз ва Султонмуроди Одина (Душанбе, «Маориф
таърихӣ ба маънои номи мулк аз асрҳои Х-XI маълум будааст. Дар забони форсии қадим бошад, маъноҳои «тарафи офтобрӯя», «самти офтоббаро», «маскунгоҳҳои офтобрас» ва «баландиҳои аз нури Хуршед равшани тарафи шарқ»-ро ифода мекардааст. Ғайр аз ин, муаллифон тахмин мекунанд, ки вожаи «Ҳисор» ба арабӣ бояд тарҷумаи калимаи «Шумон» бошад. Агар ин тавр аст, Шумон дар забони авастоӣ маънои баландӣ, дӯнгии пешониро дорад, ки мавқеи ҷойгиршавии қалъаи Ҳисор айнан ба ҳамин маънӣ мувофиқ аст, яъне он дар баландӣ ва дар иҳотаи кӯҳҳои девормонанди ин мулк воқеъ шудааст. (Фишурдаи матни саҳ. 24-26-и китоби номбурда). Бино ба як нигоштаи илмии Олимҷон Муҳаммадҷонов - докторанти Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, ҳамрадифи номвожаи "Ҳисор" дар худи Тоҷикистон ва Ӯзбекистону Эрону Афғонистон кам нестанд. Мавсуф бо ифтихор қайд мекунад, ки дар таърихномаҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Сағир, Македония, Булғористон ва нимҷазираи Балкон номҳои ҷуғрофии решаашон аз вожаи Ҳисор ба мушоҳида мерасанд. («Маорифи Ҳисор» №7-8, с. 2013). Бо ҳамин мазмун дар
маҳз Ҳисор номгузорӣ шудани ин шаҳри куҳантаърих ва айни замон навтаъсис бо иштиёқ ҳарф заданд, шукронаи истиқлоли кишвар намуданд, аз Президенти худ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд, ки ба Ҳисори азизашон мақоми шаҳр додааст ва барои дигар нашудани номи қадимии он мусоидат кардааст. Дар раванди суҳбат чеҳраи ҳамсуҳбатонро хурсанд, рӯҳашонро болида, табъашонро саршор, лабҳояшонро пуртабассум дида, гумон кардам, ки ҳар яке бо фараҳу эҳсосоти фарзандонаи хеш ин байти шоирро аз дил мегузаронанд: Мекунам ман бо Ҳисорам ифтихор! Бо Ҳисори зарнисорам ифтихор! Аз дили худи ман бошад гузашт: Ҳисори шодмони ман! Ба бахти мо - фарзандонат дар партави истиқлоли Ватан, таҳти роҳбарӣ ва сиёсати ободкорию созандагии роҳбарияти мамлакат ҳамеша шукуфон бошу шодмонӣ бикун! Худо кунад, ки рӯзе расаду ободию сарсабзиатро дида, мардум бигӯянд: «Ҳисор ҳам бин, Душанбе шуд, муборак!»
Ҳисор - шаҳри замони истиқлол
Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ,
нависанда, шаҳри Қӯрғонтеппа
ПОЧТАИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №19 (9445), 12 майи соли 2016
Муборизаи байни илм ва хурофоти динӣ, байни рушноӣ ва торикӣ аз қадим давом карда меояд. Ҳанӯз пеш аз пайдоиши динҳои ҷаҳонӣ, дар давраи бисёрхудоӣ дар Юнони Қадим байни материалистон ва идеалистон дар масъалаҳои пайдоиши олам, материя, шуур, рӯҳ, ҷон ва ғайра мубориза мерафт.
вайрон, ки ба мурдорӣ ва вайронии ӯ худат ҳам қоил шудӣ, рафтарафта муллои калон ва соҳиби шариат шуд. Мол, ҷон, номӯс ва обрӯи халқро ба дасти худ гирифт. Аз ин намунаҳо, ки нақл кардем, маълум мешавад, ки тақдири халқи тоҷик дар шароити тираю тори амирӣ дар дасти чунин ҳомиёни фосиқи дину шариат, аз қабили Қорӣ Ибодҳо буда, онҳоро ҳароина ғорат мекардаанд. Қорӣ Ибод, ки аз хислатҳои инсонӣ дар ӯ нишонае боқӣ намонда буд, соли 1917 дар вақти ҳурриятталабии ҷадидон саллаи худро бар гардан печонда: «Во, шариато! Во, исломо! Во, дино! гӯён фарёд мекард». Устод Айнӣ, ки бо идея ва ҷаҳонбинии илмӣ мусаллаҳ буд, тавонистааст, ки тамоми қабоҳату разолати диндорони хурофотию мутаасибро чуқур ва ҳаматарафа кушода диҳад. Айнӣ дар асарҳои худ ҳамчун маҳкумкунандаи ҳама гуна ақидаву одатҳои хурофотии динӣ баромад мекунад. Мо ин гуна амали нависандаро дар ҳикояи «Аҳмади девбанд», ки дар мубориза бо хурофотзадагию ифротгароӣ ва тарбияи мардум дар рӯҳияи ҷасоратмандию тафаккури созанда ва ҷаҳонбинии илмӣ нақши муҳим дорад, бармало мушоҳида менамоем. Устод Айнӣ ақидаҳои зиддихурофотии худро ба воситаи образҳои бадеӣ ифода намуда, дар кушодани сирру асрори рӯҳониёни мутаасиб аз онҳо истифода бурдааст. Яке аз воситаҳои муҳими фошкунӣ, ки нависанда онро қариб дар тамоми эҷодиёташ истифода бурдааст, ҳаҷв мебошад. Нависанда инчунин хислат, характер, хулқу одоб, рафтору кирдори баъзе ҳомиёни динро аз забони намояндагони халқ ифода намуда, бо ин роҳ чи хел муносибат доштани оммаро нисбат ба рӯҳониёни мутаассиб хеле боварибахш нишон медиҳад. Як хусусияти фарқкунанда дар осори устод Айнӣ дар танқиди чунин ашхос дар ин аст, ки нависанда дар бораи дин ва рӯҳониён ба таври умумӣ сухан наронда, балки он нафаронеро ба зери танқид мегирад, ки дар ҳаёт вуҷуд доштанд ва бо кору кирдори разилонаи худ «машҳур» гардида буданд. Мақсади асосии таълифи ин мақола як вокунишест ба маърӯза, гузоришҳо ва чорабиниҳое, ки вақтҳои охир дар кишварамон бахшида ба зодрӯзи С. Айнӣ ва 90-солагии асари сарнавиштсози ӯ - «Намунаи адабиёти тоҷик» дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳфили «Гуфтугӯйи тамаддунҳо» сурат гирифт. Зеро дар ин чорабиниҳо як гурӯҳ адибону донишмандон ба устод Айнӣ баҳои яктарафа дода, бо оварадани нақлу ривоятҳои бадеиву сохта хостанд, ки аз вай як чеҳраи диниву рӯҳонӣ созанд. Чунин муносибати ғалати иртиҷоӣ ба С. Айнӣ ва осори ӯ албатта дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон кори хубе нест. Баръакс мо бояд дар мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз ҷумла ифротгароӣ, тассуби динӣ, мазҳабиёни ифротгаро ва хурофотӣ аз осори гаронбаҳои адиби нотакрор Қаҳрамони Тоҷикистон - Садриддин Айнӣ дурусту самаранок истифода намоем.
Абдуламини МАҶНУН
Ватанпарастӣ – муҳимтарин ифтихори ҳастӣ Моҳи май айёмест, ки барфҳои хаёл об шуда, пеши назар манзараҳои даҳшатбори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, корномаи далерони Ватан, ки бар зидди душмани хонумонсӯз муборизаи беамон бурдаанд, падидор мешавад. Аз ҷумлаи наздики 300 ҳазор нафар ҷавонписарони далери Тоҷикистон, ки дар набардҳои ҷанг якдилона бо халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат варзиданд, зиёда аз 2500 нафар аз ноҳияи Айнӣ буданд. Аз деҳаи Искодар 53 нафар ватандӯстон бо хоҳиши худ ба ҷабҳа рафтанд, ки аз онҳо 25 нафарашон барнагаштаанд. Дар байни онҳо номҳои Ҷиян Ҷамҳуров (дорандаи ду дараҷаи ордени “Шараф”), Ҳасан Карамов (садоқати ин абармард ба Ватан ва ғояи меҳанпарастӣ имрӯзҳо ривояти ибратомӯзе баҳри мардуми водӣ аст), Умед Боев, Норбой Қурбонов, Бобокалон Усмонов, Очилдӣ Эгамов, Зиёдқул Бердиев, бародарон Содиқовҳо ва даҳҳо дигаронро номбар кардан мумкин аст, ки қарзи фарзандии худро сарбаландона иҷро намуданд. Хушбахтона, корномаи падарону бобоён барои наслҳои баъдӣ намунаи ибрат гардида, онҳо низ на танҳо барои ҳифзи Ватан, балки ҳангоми иҷрои вазифаи башардӯстона ҷонбозиҳо кардаанд. Имрӯзҳо ёд кардан аз журналисти маъруф, ситораи тобноки телевизиони тоҷик, ҷанговари интернатсионалист, шодравон Акрамалӣ Ҳасанов қарзи инсонии мост. Дар мактуби ӯ ба падараш - Ҳасан Карамов чунин омадааст: Пайи ҳифзи амонӣ то кунун истодаи ҳозир, Ту бош осуда, фарзандат нигаҳбон аст, падарҷонам, Ту бо дӯстони худ шукрона гӯю бош осуда, Ки даври қаҳрамонии ҷавонон аст, падарҷонам... Ҳифзи якпорчагии Ватан, соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзӣ, муҳофизати сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ақидаҳои гуногуни ҷудоипарастӣ, сиёсӣ ва динӣ дар замони муосир ниҳоят муҳим мебошад, зеро ҳодисаҳои Шарқи Наздик мисоли барҷастаи ин заруратанд. Ин вазифаи душвор бар дӯши ҳар як пиру ҷавон масъулияти бузурги хештаншиносӣ ва худогоҳии миллиро вомегузорад. Саҳфаҳои таърихи Истиқлолиятро ба хотир орем, ба ёд меояд, ки бо сухани таърихии “Ман ба Шумо сулҳ меоварам” ба майдони ватандорӣ қадам ниҳодани Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадом вазъият буд... Ҷанги шаҳрвандӣ шадидан идома дошт. Дар қатори ҳазорҳо ватандӯст, аз деҳаи Искодар низ ҷавонони далеру ҷасур Қиёмиддин Сатторов ва Асрор Каримов барои барқарории сохтори конститусионӣ, ҳимояи хоки муқаддаси Ватан ҷони худро қурбон намуданд, зеро медонистанд, ки барои Ватан ҷон додан рисолати ҷавонмардист. Гарчанде имрӯз дар байни ҳамсолон набошанд, лекин хотираи неки онҳо ҳамчун барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар саҳфаи таърихи миллат ва наздикону ҳамдиёрон абадӣ боқӣ мемонад. Амнияти миллӣ барои ҳар давлат, роҳбар ва шаҳрвандон муқаддас аст. Вазифаи асосӣ аз он иборат аст, ки арзишҳои миллӣ, бехатарии давлат, ҳифзи сарҳадот ва роҳ надодан ба пайвастшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии сар задани ҳодисаҳои қатлу куштор, терроризм ва ғайра сари вақт ошкор ва безарар гардонида шавад. Як қатор ашхоси роҳгумзада ҳар лаҳза омода ҳастанд, ки фазои озоди Тоҷикистонро гардолуд намоянд. Сармояи бедардимиёни аз хориҷа воридшуда бархе аз ҷавононро ба беномусӣ ва хоинӣ роҳбаладӣ менамояд. Далерони ҷасоратманди деҳаи Искодар - Нурматқул Каримов ва Меликс Чаққонов бар ивази ҷони худ амнияти давлат ва миллатро ҳифз намуданд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати фарзандони сомонинажоди худро қадр намуда, онҳоро пас аз марг бо медали “Ҷасорат” сарфароз гардонид. Онҳо фидоии ормонҳои миллӣ буданд. Ин аст, ки рӯзгору корномаашон дарси ибрате барои ворисону насли навраси диёр гардид.
Азизқул КАРИМОВ, директори МТМУ №12-и ноҳияи Айнӣ
www.javonon.tj
Таърихи инсоният шоҳиди бисёр хунрезиҳои ходимони мутаассиби динӣ мебошад. Масалан, олимони машҳури ҷаҳон Николай Коперник, Ҷордано Бруно, Галилео Галилей ва ҳазорон донишмандони дигари рушанфикрро ҳомиёни хурофотзадаи дини католикӣ ба ҷазоҳои мудҳиш гирифтор карда буданд. Дар ҳама замонҳо адабиёти бадеӣ дар мубориза бар зидди хурофоти динӣ ва рӯҳониёни мутаасиб яке аз аслиҳаҳои беҳтарин ба шумор мерафт. Шоирону нависандагони пешқадам ва озодфикри ҷаҳон норасоиҳои замон, аз ҷумла ҷабру зулми аз тарафи дин ва рӯҳониёни ҷоҳил содиршударо дар асарҳояшон тасвир намуда, тамоми сиру асрори онҳоро ифшо кардаанд. Бузургони илму адаби мо, аз ҷумла Носири Хусрав, Абӯалӣ Сино, Умари Хайём, Мавлоно Ҷалолиддин, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил ва дигарон дар ашъору навиштаҳои худ бар зидди мутаасибони хурофотӣ муборизаи беамон бурдаанд ва дар фош сохтани макру дурӯғи онҳо хидмати пурарзиш кардаанд. Ин анъанаро Сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ идома додааст. Осори устод Айнӣ саршор аз афкори мутараққӣ ва созанда мебошад. Ӯ дар асарҳои худ, хусусан дар «Ёддоштҳо» тамоми фисқу фасоди ҷомеаи феодалӣ ва сохти пӯсидаи давлатдории Аморати Бухороро зери танқид қарор дода, ҳаёти пуразоби мардуми он замонро тасвир менамояд. Дар «Ҷаллодони Бухоро» Айнӣ ҳодисаҳои мудҳиштарини он давр, аз ҷумла одамкушӣ, азобу машаққат додани меҳнаткашонро дар зиндонҳои амирӣ, инчунин макру фиреби рӯҳониёнро ба таври барҷаста тасвир намудааст. Ӯ дар тасвири воқеаҳои мудҳиши соли 1918 ҳамчун воқеанигори реалӣ баромад мекунад ва симои рӯҳониёни ҷоҳилу фиребгари он даврро кушода медиҳад. Албатта хислатҳои ҷоҳилӣ, фиребгарӣ, бадмастӣ ва мардумфиребӣ танҳо ба Қорӣ Ибоду шайх Пирзода хос набуд. Ин хислатҳо ба ҳамаи мутаасибони мазҳабии он замон тааллуқ дошт. Нависанда дар боби «Соҳибони шариат»-и асари худ аз забони Ҳайдарча ном ҷаллод ҳикоятеро меорад, ки дар он кирдорҳои бади яке аз рӯҳониёни мутаасиб - Қорӣ Ибод тасвир ёфтаанд. Қорӣ Ибод
ҳам монанди дигар ҳамкасбонаш доимо ба бадахлоқӣ, дуздӣ ва ҳатто ба одамкушӣ машғул мешавад. Аммо бо вуҷуди бадкирдориаш дар охир ӯ худро диндортарин кас нишон дода, дар кӯча мардумро ба ҳимояи дини ислом даъват мекунад. Нависанда ҳамаи ин сохтакориҳои рӯҳониёнро дида онҳоро ҳатто аз ҷаллодон, ки ҳар рӯз хуни даҳҳо одамонро мерезонданд, пасттар мешуморад. Бисёрии ҷаллодон ба касби худ надониста, нафаҳмида, ё зӯран дохил кунонида шудаанд. Онҳо аз ин кори худ пушаймонанд, вале аз тарс чизе гуфта наметавонанд. Онҳо ҳамаи бедодгариҳоро дида, ҳис мекунанд, ки хуни ноҳақ рехта истодаанд. Нависанда пеш аз ҳама макони ба майдонорандаи ин морҳои заҳрнок – мадрасаҳои он замонро ба зери танқид мегирад, зеро ҳама гуна кирдорҳои бадро рӯҳониёни ҷоҳил аз ҳамон ҷо меомӯхтанд. Аз тасвири зерини нависанда, ки аз забони Ҳайдарча меорад, маълум мешавад, ки муассисаҳои динӣ ва хонандагони он ҷо ба чӣ корҳо машғул будаанд: «Мадрасаи Кӯкалтошро ҷаннати рӯи дунё гӯӣ ҳам мешавад. Дар он ҷо ғайр аз пойи мор ва шири мурғу ҷони одам ҳама чиз ёфт мешавад. Хушрӯйҳои олампаноҳро оварда, дар он мадраса базм мекунанд». Ҳайдарча, ки муаллиф суханро аз забони ӯ овардааст, тавсифи мадрасаро давом дода, мегӯяд, “... дар он ҷо дутор гӯӣ, пиво гӯӣ, танбӯр гӯӣ, мусалласи шаръӣ гӯӣ, арақи яҳудӣ гӯӣ, вино гӯӣ, коняк гӯӣ, банг гӯӣ, барш гӯӣ, чакида гӯӣ, тарёк гӯӣ, кӯтоҳаш ҳар чизе ки аз асбоби кайфӣ гӯӣ, ёфт мешавад. Аз ин сухани Ҳайдарча Қурбони девона дар ҳайрат афтода, мепурсад: - Дар он ҷо пойи мор набошад ҳам, худи мор будааст, ки ин қадар морбачагонро тарбия карда мебаровардааст-дия». (Куллиёт. X.1 с). Аз мисолҳои боло дида мешавад, ки нависанда барои кушода додани симои намояндагони дин ва муассисаҳои он роҳи хеле хуби тасвирро истифода бурдааст. Нависанда ба ин восита нишон медиҳад, ки дар мадрасаҳои Бухоро ба ҷойи илмомӯзӣ аксари муллобачаҳо ба корҳои беҳуда машғул шуда, дар он ҷо роҳҳои дуздӣ, ғоратгарӣ, мардумфиребиро меомӯхтанд. Устод Айнӣ ба воситаи гуфтугӯи ҷаллодон ниқобро аз рӯи муллою эшонҳои қаллобу фиребгар канда, онҳоро фош мекунад. Қорӣ Ибод ҳам яке аз ҳамин гуна диндорон буда, дар мадрасаи Кӯкалтош умр ба сар мебарад. Масалан, вай дар вақти дар мадраса буданаш писаракеро якчанд рӯз дар хонааш нигоҳ дошта, боиси норозигии дигар олуфтаҳои мадраса мегардад. Хислату характери рӯҳониёни ислом ва бо кадом роҳҳо соҳиби шариат шудани онҳо аз мисоли ҳамин Қорӣ Ибод маълум шуда меистад. Қорӣ Ибод бо вуҷуди ҳамон қадар кирдорҳои зишт дар охир муллои калон ва соҳиби шариат шуда мемонад. Ин фикрро нависанда аз забони Ҳайдарча дар ҷавоби сухани Қодири буз, ки тарафдори муллоён буд, чунин баён мекунад: - Ҳамин Қорӣ Ибоди мурдори
е-mail: javonontj@mail.ru
Айнӣ руҳонӣ набуд
13
е-mail: javonontj@mail.ru
14
ИБРАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №19 (9445), 12 майи соли 2016
Абдулҳафиз Ғаффоров 65 соли ҳаёти худро дар кафедраи механикаи назариявӣ ва графикаи муҳандисии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур гузаронидааст. Ӯ Корманди шоистаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ мебошад. Умри худро баҳри омода намудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ сарф кардааст.
Хуршед МАВЛОНОВ
www.javonon.tj
Дар омӯхтани илм лаҳзае пас нагаштам Дар байни шогирдонаш олимони номдор, роҳбарони хоҷагиҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо зиёданд. Ӯ устоди аксари омӯзгорони факултети механиконии кишоварзии Донишгоҳи аграрӣ мебошад. Ифтихор дорад, ки аксари шогирдонаш дар паҳлуяш фаъолият доранду бо дидани онҳо руҳаш болидаву қалбаш пурфараҳ мегардад. Худро бардам эҳсос менамояд ва ҳар рӯз ба коргоҳ бо дасту дили гарм роҳ пеш мегирад. Касби худро бениҳоят дӯст медораду шогирдонро низ дар руҳияи муҳаббат ба Ватану миллат ва касб тарбия менамояд. Устод ҳоло ҳам паси мизи корӣ бо меҳр аз касбу кораш сухан меронад. Ҳар нафаре, ки аз фаъолияти кории устод пурсон мешавад, бо завқи баланд нақл мекунад: Соли 1946 буд. Бӯйи ғализи ҷанги хонумонсӯз ҳанӯз аз димоғҳо нарафта буд. Мардум ҳама молу амвол ва чизу чораашонро барои ҷангиён фиристода буданд. Ман дар ҳамон сол мактабро хатм намудам. Шароити зиндагӣ дар он давра бисёр вазнин буд. Ба хурдию нотавонии кас назар намекарданд. Ҳама қашшоқу ҷанзада шуда буд. Оилаи мо низ истисно набуд. Бо ҳамин сабаб пас аз хатми мактаб ба колхози ноҳия ба кор даромадам. Дар аввал хатбарак будам. Соли 1947 колхоз як бригадаи комсомолӣ ташкил намуд. Ин бригада ҳамаи ҷавонони колхозро ба кор ҷалб кард. Дар ин радиф ман ҳам будам. Мо дар ин бригада ба коркарди пахта машғул мешудем. Ба ҳама асбобҳое, ки кор мекардем, кунҷковона назар мекардам. Дар дилам бисёр шавқи хондан буд. Мехостам фаҳмам, ки ин асбобҳо чи гуна сохта мешаванд. Аммо вазъият даст намедод, ки таҳсил намоям. Ҳатто фикр ҳам намекардам, ки рӯзе барои таҳсил меравам. Дар яке аз рӯзҳои гарми тобистон ба дору додан пахта машғул будам, ки ногоҳ як ҷавон дар болои сарам омада пурсид: “Чӣ кор мекунӣ?” Гуфтам: “Пахта шира кардааст, ҳамонро дору мезанам”. Боз пурсид: “Номи доруят чист?” Гуфтам: “Анабазин”. Он ҷавон маро пайи ҳам саволборон кард. Ман ҳам дар навбати худ ба саволҳои додааш ҷавоб гардонидам. Вақте он ҷавон дид ман бо шавқ ба саволҳояш ҷавоб мегардонам, дар охир гуфт: “Ту мехоҳӣ ки ҳамаи ҳаминро хонию бо илм асоснок намоӣ?”
Гуфтам: “Албатта мехоҳам. Ман зиёд шавқи илм омӯхтан дорам. Аммо шароит нест”. Баъдан ӯ худро муаррифӣ карда, гуфт, ки хатмкардаи техникуми хоҷагии қишлоқи шаҳри Лелинобод (ҳозира Хуҷанд) мебошад ва ба бригадаи комсомолӣ барои таҷрибаомӯзӣ омадааст. Ана, ҳамон ҷавон, ки худро Алиев муаррифӣ намуд, ба хондани ман сабаб гардид. Ман аз ӯ тамоми нозукиҳои таҳсил ва дохил шудан ба техникумро пурсидам. Моҳи августи ҳамон сол Комитети комсомолии район ҷавононро ҷамъ карда, пешниҳод кард, ҳарки ба хондан меравад, даст бардорад. Ҳашт нафар даст бардоштем. Раиси Комитети марказии ноҳия Устобоева мусоидат намуд ва колхоз моро барои хондан роҳхат дод. Соли 1948 мо ба техникуми хоҷагии қишлоқи шаҳри Хуҷанд дохил шудем. Дар ин ҷо ман чор сол таҳсил карда, онро бо дипломи аъло хатм намудам. Бо сабаби он ки мо аз тарафи колхоз ба хондан омада будем, шарт ҳамин буд, ки баъди хатм барои кор ба колхоз бармегардем. Хуб дар хотирам мондааст, ки дипломамро чихел бо тантана ба ман супорида буданд. Дар вақти дипломсупорӣ ба ман гуфтанд, ки мо туро барои таҳсил мефиристем. Баъди бо колхоз мувофиқа кардан, маро ба факултети механиконии кишоварзии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон фиристоданд. Бе имтиҳон донишҷӯ шудам. Шарт ҳамин будааст, ки нафарони бо баҳои аъло техникумро хатм карда, бе имтиҳон қабул карда шаванд. Худи ҳамон рӯз бо хобгоҳ низ таъмин шудем. Бо сабаби он ки ман пеш аз ин дар техникум таҳсил карда будам, аллакай бо механика ва мошинҳо то андозае шинос шуда будам. Дар техникум аввал дар факултаи пилачигӣ таҳсил мекардам. Вале бисёр азоб кашидам, дастҳоям ярадор шуданд. Аз ҳамин хотир аз баҳри он баромада, ба факултаи механизатсия даромадам. Дар донишгоҳ боз ҳамон чизҳои хондаам, ки дар техникум буд, такрор меёфт. Барои ҳамин, ин ҷоро ҳам бо баҳои аъло хатм намудам. Вақте дар курси якум мехондам, ба муаллимон ёрӣ медодам. Ман аллакай қисмҳои хурдтарини трактор ва комбайнро ба хубӣ медонистам. Вақте ба хоҷагии қишлоқ моро барои таҷрибаомӯзӣ мебурданд, худи ман ба бачаҳо чигунагии қисмҳои мошинро меомӯзонидам. Ҳамаи фаъолиятҳоямро ба назар гирифта, маро барои гирифтани стипендияи давлатии ба
номи Калинин пешниҳод карданд. Соли 1957 донишкадаро бо дипломи аъло хатм намудам. Баъди хатм маро ба ду мактаби олӣ ба кор даъват намуданд. Дар он давра аз таъсиси Донишкадаи политехникӣ як сол сипарӣ шуда буд ва дар ҷустуҷӯи омӯзгорони касбӣ буд. Ҳам аз ин ҷо ва ҳам аз Донишгоҳи аграрӣ. Колхози ноҳия бошад, эътироз кард, ки мо туро ба хондан фиристодем, омада дар колхоз кор мекунӣ. Хулас, аз ҳамон соли хатмам декани факултет Сулаймон Исоевич маро ба кафедраи механикаи назариявӣ ба ҳайси ассисент ба кор қабул намуд. Ду сол кор кардам. Соли 1959 ҳамчун муаллими калон корамро давом додам. Дар ин миён бо Иниститути политехникӣ низ ҳамкорӣ мекардам. Ман аз даҳ фан дарс додаам. Аммо ҳеҷ кадом чун фани назарияи механизму мошинҳо ба ман писанд наомад. Ҳамин буд, ки ман онро то имрӯз омӯхта истодаам. Барои омӯзгор ва олим шудани саҳми устодон Шариф Зокиров, Виктор Обрубов, Сулаймон Исоев ниҳоят калон аст. Соли 1964 донишкада маро ба Маскав барои омӯзиши чормоҳа фиристод. Дар Омӯзишгоҳи олии техникии ба номи Н.Э. Бауман олимони соҳаи ман хеле зиёд буданд. Дар муддати чор моҳ ман дар китобхона ба омӯзиш машғул шуда, дар ин баробар дар дарсҳои олимимони варзида иштирок намудам. Баъди чанд вақт реферат пешниҳод кардам. Пас аз баррасӣ Владимир Гавраленко ба ман гуфт, ки ҳамин мавзӯи интихобкардаат кори илмӣ мешавад, баргашта ҳамин мавзӯъро кор кун. Ҳамин тавр, соли 1965 дар факултети механиконии кишоварзии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ба ташкил ва ҷиҳозонидани озмоишгоҳи илмӣ шуруъ намудам. Пеш аз муҳлати муйянгардида кори илмии ман омада гардид. Бо ҳамин сабаб соли 1969 маро ба муҳлати як сол ба аспирантураи Омӯзишгоҳи олии техникии ба номи Бауман фиристоданд. Аввали моҳи июли соли 1970 рисолаи илмии номзадиамро дар мавзӯи “Тадқиқоти динамикаи механизмҳои сайёравии дандонагии мошинҳои кишоварзӣ” ҳимоя намудам ва натиҷаи кори ман дар комбайни ғалладаравии “Нива” истифода гардид. Баъди ин, соли 1971 ба ман унвони дотсент дода шуд. Соли 1973 барои бозомӯзӣ ва такмили илм боз ба Омӯзишгоҳи олии техникии ба номи Бауман рафтам. Баъди чанд вақти омӯзиш ҳамроҳи роҳбари илми-
ам, профессор В. Гавраленко мавзӯи кори докториамро муайян намудем. Ман дар навбат истодам. Муҳлати ман ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Дар ҳамин давра ман бояд рафта корамро дар Маскав ҳимоя менамудам, аммо дар он вақт дигар аз Тоҷикистон баромада намешуд. Ҳамин тавр, баъд аз чанд соли таъхир соли 1997 Шӯрои илмии Донишгоҳи аграрӣ барои додани унвони профессорӣ маро пешниҳод кард. Ман ҳамаи ҳамин зинаҳоро оҳиста-оҳиста тай намудам. Дар ёд надорам, ки боре ба қафо гашта бошам. Шӯри касбомӯзӣ маро ҳар лаҳза водор менамуд, ки ҳарчи зиёд омӯзам. Вақте ба саҳро барои кор мерафтем, ман бо тааҷуб ба тракторҳо менигаристам ва худ ба худ мегуфтам, ки “ҳамин тракторҳо бо кадом қувва роҳ мераванд? Чи чиз аст, ки онҳоро пешу қафо мебарад?” Ҳамин хел саволҳои кунҷковона дар дилам ҷӯш мезад. Бисёр мехостам, ки ҳамаи инро фаҳмида гирам. Ҳамин шавқи баланд буд, ки то имрӯз меҳрам нисбат ба касбам кам нагардидааст. Дар баробари илмомӯзӣ ба дигар машғулиятҳо низ сари кор гирифтаам. Дар баробари дар техникум хонданам, дар омӯзишгоҳи мусиқинавозӣ ба омӯхтани скрипка машғул будам. Дар солҳои ҷанги шарҳрвандӣ зиндагӣ дар шаҳр бисёр мушкил шуд. Маош намегирифтем. Барои пеш бурдани зиндагӣ маблағ лозим буд. Кори хоҷагиро пеш гирифтам. Ба парвариши занбӯри асал машғул шудам. То ҳол ин машғулиятро давом дода истодаам. Ёдам ҳаст, вақте ки ба кор даромадам, бисёр нодор будем, то ҷое, ки барои худ сару либос харида наметавонистам. Дар ҳамин давра ба дӯзандагӣ машғул шудам. Барои худам кастюм, плаш ва палто медӯхтам. Ҳоло ба зану фарзандон дӯзандагӣ омӯзондаам, ки бе мамониат аз дӯхтани ҳар гуна либос мебароянд. Ман пеш аз ҳама деҳқон ҳастам. Падарам доимо васият карда мегуфт, ки ҳама корро кун, аммо деҳқониро раҳо накун. Чунки деҳқонӣ одамро сер мекунад. Ман аз ҷавонон хоҳиш мекунам, ҳарчи зиёд илм омӯзанд. Ман ҳамаи ҳаминро худам аз пеши худам омӯхтам. Масалан, барои ман касе наомӯзонидааст, ки занбӯри асалро чӣ тавр бояд нигоҳубин кард. Ман худам китобашро гирифтаму хондам ва онро дар амал татбиқ намудам. Буридану дӯхтанро низ ҳамчунин. Илм, ки бошад, амалӣ кардани он кори осон аст. Ман зиёда аз 15 сол узви Шӯрои илмию методии назди Вазорати маорифи ИҶШС, аъзои Шӯрои илмии факултет, раиси Ҷамъияти ветеранҳои ҷангу меҳнати факултет, аъзои Комитети иттифоқи касабаи донишгоҳ, мушовири суди халқии ноҳияи Октябр (ҳоло ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе) будам. Дар чандин конференсияҳои илмӣ ва методии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шаҳрҳои Москва, Ленинград, Новосибирск, Киев, Одесса, Алма-Ато, Бишкек, Тошканд, Вилнюс, Елгава иштирок ва дар мавзӯъҳои илмию услубӣ суханронӣ кардаам. Дар ин давом ман бо ифтихорномаҳои махсуси ИҶШС, Комитети агросаноатии Республикаи Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва бо мукофотҳои пулӣ, ҳамчунин бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоат», «Собиқадори меҳнат» ва бо унвони фахрии Корманди шоистаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаам. Бояд иқрор шавам, ки барои пешрафти корҳоям саҳми ҳамсарам Фаризахон хеле калон аст. Ӯ буд, ки ман андешаи таълиму тарбияи фарзандонамро накардам. Чун боварӣ доштам, ки ҳамсарам ба онҳо тарбияи хуб медиҳад. Корҳои илмиам ба ман даст намедод, ки дар хона монам. Фаризахон танҳо худаш панҷ фарзандро ба воя расонид ва Худоро шукр, ки имрӯз ҳамагӣ дар вазифаҳои давлатӣ фаъолият мекунанд.
САЙҚАЛИ ХОТИРА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №19 (9445), 12 майи соли 2016
Дарёи бузурги тољикон
Сураткаш
… Пулодова, овозхон
Картошка, сабзї, пиёз
Ранљида
«Аъзо» – бисёр, «…» якто
Шикоят, баён
Гови корї
Љоизаи синамогарони Амрико
Рекс, Хайбар ё Тузик
Хазан- Оливйе ё видаи зањрнок негрет
Сарбанд
… Сайид Алии Њамадонї
Нўшокии масткунанда Асбоби мўзадўзї
Асбоби чўбтарошї
Њамсари бародар Дивизия, полк, …, взвод
Шавла
… Толстой, адиби рус Љои дарсхонии мусулмонон
... Азизов, сароянда
Фан оид ба сохти бадани одам
Номи мардона Мањсулоти моеъ аз нефт
Ќисми китоб, ки бо «с.» ё «сањ.» ишора мешавад
Људокунї ба ќисмњо
Холї, мањрум
Рўи панља
Ќиёскунии ду ва ё зиёда чиз
Духтари Расули Акрам (с.)
Кўњи афсонавї, љои љину парињо
Рўзи таваллуд
Сўрох
Сайидои ..., шоири классик
Навъи фурўзонак
Бозор ..., шоир
«Гар май бихўрї, ту бо …он хўр» (Хайём)
Дамиш дар пўст
«Ватан» ё «Азияплюс»
Бо талаби он гањ тангу гањ васеъ мепўшем;
Њар хати навиштаљот
... -и Аъзам
«Финиш» ба тољикї Дастаи футболи Арманистони Шўравї
… -деЖанейро, шањр дар Бразилия
Натиљаи зарбхўрї Љаноби љопонї
Љои бензин дар мошин
Гарантия (тољ.)
Номи «Р» дар алифбои арабї
«Д»-и арабї
Яке аз волидон
Хизматгорзан
Духтари калонї барои хурдињо
Хоки бо об омехта, лой
Суди … маќоми олии судии ЉТ
Пойтахти Молдова
Эшон, вайњо Лаќаби Љалолиддини Румї
Паррандаи мурѓобимонанд
Њайвони дар Русия хонагї
Кўњи оташфишон
Сарояндагї
Падар (лањљ.)
Модар (лањља)
Ихтироъкори автомати АКМ
… Кайф, актрисаи њиндї
www.javonon.tj
Њабиба ..., сароянда
Чилику … (бозї бо чўбњо) Домоди Расули Акрам (с)
Дарё дар ИМА
Тавр, намуд
Раќами хурдтарини љуфт
«Њоло …», филми тасвирї
Пойтахти Италия
Бозрасї барои назорати тартибот дар роњ
Њавопаймо (русї)
Калонтарин сайёраи системаи офтобї
Ќибларо дар масљид нишон медињад
Мурољиат ба мардон дар Эрон
«Хўрок», «таом» дар гуфтугўи мардум
е-mail: javonontj@mail.ru
Як намуди карам
15
е-mail: javonontj@mail.ru
16
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №19 (9445), 12 майи соли 2016
Лутфи ҷавонӣ
ОБУНА - 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Мард ҳар рӯз аз кор бармегашт ва ба занаш мегуфт: - Рав чой дам кун! Баъд аз рӯзҳо зан дигар тоқат карда натавониста, ба шавҳараш гуфт: - Мо кай мисли одамони бомаданият дар бораи китобҳо, адабиёту мусиқӣ суҳбат мекунем? Рӯзи дигар мард аз кор баргашта ба занаш мегӯяд: - Китоби “Ромео ва Ҷулиета”-ро хондаӣ? - Не. - Аҳмади Донишро мешиносӣ? - Не. - Аз Ҷенифер Лоппес ягон суруд медонӣ? - Не. - Агане чӣ шиштӣ, хез рафта чой дам кун!
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои нуҳ моҳ - 48,75 сомонӣ; - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ; - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/к 20402972316254, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
***
Аз суҳбати зану шавҳар: - Азизам, имрӯз меҳмон дорем, ягон чиз паз. - Хуб шудааст. Чӣ хел пазам – боз биёянд, ё дигар тамоман наоянд?...
АНДАРЗ
Баҳои зоҳир
www.javonon.tj
Дар маҳаллаи мо марди 30-солае зиндагӣ мекунад. Аз намуди зоҳирии вай маълум, ки шахси авбошест. Чеҳрааш ҳам даҳшатнок менамояд. Дар робита ба ин, сокинон калонсолон ва ҷавонону хурдсолони кӯча нисбат ба ӯ назари бад доштанд ва ҳама бо ӯ ҳамчун шахсӣ бадхӯ рафтор мекарданд. Аксари сокинони кӯча бо ӯ гап задан намехостанд. Онҳо байни худ пичир-пичир карда мегуфтанд, ки ин мард девона, ҷоҳил, ваҳшӣ ва бадфеъл аст, ӯро падару модараш насанҷида нафаҳмида зан додаанд. Писари вай, ки зоҳиран ҳафтсола менамояд бо чунин падар бетарбия, бадахлоқ ба воя мерасад. Чӣ тавр тарбияи фарзандро ба чунин одамон бовар карда месупоранд, ҳайрон мешавӣ. Ман ҳам мисли дигарон чунин хаёл мекардам, аммо чанд рафтори ӯро бо фарзандаш дар кӯча ҳангоми сайру гашт дида, фикрамро нисбат ба ӯ куллан тағйир додам. Рӯзе мард бо писараш ба мағоза даромад. Вақте аз мағоза берун шуд, дар дасти писарак шоколад буд. Писарак шоколадро кушода, пучоқашро партофт. Ин амали ӯ ба падар нафорид. Ҳарчанд падар дар ғазаб шуда буд, аммо қаҳри худро нигоҳ дошта ба писараш нармӣ гуфт: - Писарҷонам, кори кардаи ту нодуруст аст, инсон агар чизеро хӯрд, ҳатман пучоқашро дар қутии партов мепартояд, то ки касе онро зер накунад. Рав, бачаҷон, пучоқи шоколадро аз замин бардошта, ба қутии партов парто. Тозагӣ Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
аз ҳар инсон оғоз мегардад. Ё ин ки мард дар роҳи оҳан бо шахсе ба телефон машғули суҳбат буд, дар ин вақт писарак дар дасташ чӯб аз пушти гурбае медавид. Падар рафтори писарашро дида, саросема гӯшаки телефонро гузошта, рафта аз дасти писарбача чӯбро гирифта гуфт: - Бачаҷон, ту бузург ва қавӣ ҳастӣ, гурба бошад, хурду заиф аст. Боқувват беқувватро ҳамеша бояд муҳофизат кунад. Агар шахси аз ту бузургтар дар дасташ чӯб туро пеш карда занад, ба ту ин хуш меояд? Писарак аз кори кардаи худ пушаймон шуда, аз падараш узр мепурсад ва ваъда медиҳад, ки дигар ин хаторо такрор намекунад. Боре вақти шом падару писар аз саёҳат баргашта ба хона мерафтанд.
Зане аз дугонааш мепурсад: - Шавҳарат хуб аст? - Ӯ қурбони илм шуд... - Нурҳои рентгенӣ таъсири бад кард? - Не, изи ангуштонаш дар ҷои ҷиноят монд...
***
Профессор дар лексия: - Агар назди гусфанд як сатил об ва як сатил пиво гузорем, кадомашро менӯшад? Донишҷӯ: - Албатта обро. - Бале, дуруст. Чаро? - Чунки гусфанд аст...
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №2895115, ки факултаи муштараки муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Белорус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон соли 2015 ба Қазоқова Гесу Сафаралиевна додааст, эътибор надорад.
Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
***
Писарак дар даст бозича дошт. Нохост бозичааш, ки як мошинчаи пластикӣ буд, аз дасташ афтида чархаш мешиканад, ӯ бо овози баланд гиря мекунад. Падар аз гиряи писар мутаассир шуда, ваъда медаҳад, ки баъд аз хӯроки шом мошиначаро таъмир мекунад. Рӯзи дигар писарак дар даст мошинча ба кӯча баромад. Писарак дар кӯча бачаи аз ҳама ботарбия буд, ки ба ҳамсолони худ мегуфт, ки дар замин пучоқ напартоянду кӯчаҳоро ифлос накунанд. Дигар ин ки ӯ пеш аз ҳама ба ҳамсолонаш дӯст доштани ҳайвонҳоро омӯзонд. Баъд аз гузашти сол рафтори намунавии писаракро сокинони деҳа, хусусан ҳамсояҳо дида, ҳеҷ бовар намекарданд, ки бо чунин падари бадхӯ писараки хурдсол ин қадар боодоб ва хушахлоқ тарбия ёфтааст... Баъди ин ман хулоса бардовардам, ки инсонро аз намуди зоҳирӣ баҳо додан асло дуруст нест.
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).
Дипломи гумшудаи МВ-I №052810, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ соли 1987 ба Шарипова Маҳтов Ғуломовна додааст, эътибор надорад.
ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ
Соҳибкори инфиродӣ Низомов Шарофҷон Насруллоевич (РЯМ 0930014764), ки аз 1 марти соли 2010 дар Нозироти андози ноҳияи Ҳисор ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. •
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6898 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»