javononi tojikiston/#1/2015

Page 1

www.javonon.tj Шишаи

номуси олам дар баѓал дорем мо

НАВИД

“Ҷавонони Тоҷикистон” дар шабакаи интернет

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад.

№1 (9375), 2 январи соли 2015. e-mail: javonontj@mail.ru

СОЛИ НАВ МУБОРАК, ТОҶИКИСТОН!

Идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар соли 2015 ба хонандагону ҳаводорон ва алоқамандон 12 моҳи тинҷиву оромӣ, 52 ҳафтаи бобарор, 365 рӯзи шодмонӣ, 8760 соати ошиқона, 525600 дақиқаи некномӣ, инчунин, 31536000 сония барои нафасҳои тоза орзуманд аст.

Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 85-солагии таъсисёбӣ сомонаи интернетии худро бо нишонии www.javonon. tj таъсис дод. Он хабарҳои Тоҷикистону минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифта, дар ибтидо бо забонҳои тоҷикию русӣ ба хонандагон пешкаш мешавад. Яке аз ҳадафҳои асосии роҳандозии сомона фаро гирифтани бештари хонандагон мебошад. Баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ ҷавонони зиёд барои таҳсил ба хориҷа мераванд, инчунин, қисми зиёди муҳоҷирони кории кишвар, ки асосан, дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон кору фаъолият мекунанд, ҷавонанд. Ҳамчунин, бо рушди технология имкони дастрасии инернет ба воситаи телефонҳои мобилӣ фароҳам омадааст. Бинобар ин, онҳо ба воситаи сомона аз навигариҳои кишвар ва дастоварду мушкили ҳамсолон имкон пайдо мекунанд пайваста хабардор гарданд. Ҳар як кори нахустин, ки роҳандозӣ мегардад, метавонад аз камбудӣ орӣ набошад. Бинобар ин, аз хонандагону мутахассисон хоҳонем, назари худро барои беҳбуд бахшидани кори сомона, ки аз 1 январ фаъол шуд, дареғ надоранд. Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” (дар гузашта “Комсомоли Тоҷикистон” низ ном дошт), нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 5 апрели соли 1930 таъсис ёфтааст.

ҲАВАСМАНДӢ

Қадрдонии варзишгарони беҳтарини соли 2014 26 декабр дар Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ маросими супурдани ҷоизаҳо ба беҳтарин варзишгарони соли 2014 баргузор шуд. Дар оғоз Баҳрулло Раҷабалиев, 2014 Бозиҳои XVII осиёӣ маҳсуб медабири кулли Кумитаи миллии ёбад, ки аз 19 сентябр то 4 октябри олимпӣ ҳозиринро бо фарорасии дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ Соли нави мелодии 2015 табрик гуф- баргузор шуд ва дар он 90 варзишта, дар бораи натоиҷи бадастовардаи гар аз рӯи 16 намуд (бокс, дзю-до, варзишгарони кишвар дар соли 2014 гӯштини тарзи озод ва юнониву иттилоъ дод. Ӯ аз ҷумла, зикр кард, румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, ки мусобиқа дар соли(9375), футбол, шиноварӣ, «Ҷбузургтарин авонони Тоҷикистон », №1 2 январи соликартэдо, 2015 таэквон-

до (ВТФ), вазнбардорӣ, камонварӣ ва ғайра ширкат карда, 5 медал (1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд. Соли 2015 бошад, варзишгарон дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ

дар Рио-де-Жанейрои Бразил мубориза мебаранд. Баъдан, даҳ варзишгари беҳтарини соли 2014 (Дилшод Назаров (варзиши сабук), Зелимхон Юсупов (гӯштини тарзи озод), Фарҳод Неъматов, Алишер Гуловва Моҳрӯ Ҳаимова (таэквондо, ВТФ),

Комроншоҳи Устопириён (дзю-до), Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов(само), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (кураш) ва Акмал Қодиров (армрестлинг, байни варзишгарони маъюб), ки онҳоро Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назарпурсии 70 хабарнигори соҳа муайян кардааст, бо ҷоизаю дипломҳои АЖРВТ ва мукофоти молии Кумитаи миллии олимпии кишвар сарфароз шуданд.

1


ҶАШН

САХОВАТ

Президент кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллиро табрик гуфт 26 декабр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дидан карда, роҳбарият ва ҳайати шахсии онро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфт.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, дар оғоз бо иштироки Сарвари давлат бинои нави толори варзишии кумита ифтитоҳ ёфт. Ин бинои зебою барҳаво аз толори калони универсалӣ, толори хурди обутоби бадан ва толору утоқҳои ёрирасон, ба мисли ҷойи ивази либос, гармоба, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра иборат буда, бо истифода аз масолеҳи муосири сохтмонию таҷҳизӣ ва шабакаи ягонаи

гармидиҳӣ бунёд ёфтааст. Дар саҳни ҳавлии кумита Сарвари давлат дар назди гӯшаи ёдгорӣ аз қаҳрамонону қурбониёни номдори соҳа гулчанбар гузошта, хотираи онҳоро пос дошт. Сипас, дар толори калони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Сарвари давлат аз қаҳрамонию

ҷонфидоиҳои кормандони мақомоти амнияти кишвар дар солҳои гузашта ёдовар шуда, насли имрӯзи ин мақомотро ба сабақомӯзӣ аз саҳифаҳои ибратбахши таърихи пуршарафи соҳа ва ба хизмати содиқона ва далерию матонат дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият ҳидоят намуд. Омодасозии босифати кадрҳои соҳа, пайваста баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии кормандон ва сохторҳои махсус ва муборизаи беамон бо ҷинояткории созмонёфтаи фаромиллӣ, хусусан, терроризму ифротгароӣ, ки аз хатарҳои асосии ҷаҳони имрӯз ба шумор мераванд, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ номида шуд. Бо изҳори қаноат аз боздошти чанд гурӯҳи террористию ифротгаро, ки қасди ба роҳ мондани амалиёти мудҳишро дар ҳудуди кишвар доштанд, таъкид гардид, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани чунин хатарҳо ва таъмини ҳаёти амну осоиштаи мардуми кишвар аз тамоми имкону захираҳо бояд босамар истифода шавад. Дар ҷамъомад, ҳамчунин, чанде аз кормандони ҷавону ояндадори соҳа сухан гуфта, ба Президенти кишвар барои дастгирии пайваста аз ин мақомот арзи сипос карданд. У. САФАРАЛӢ, “ҶТ”

ҲАМКОРӢ

Нақши ВАО дар татбиқи сиёсати ҷавонон калон аст 24 декабри соли равон дар толори КВД «Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷамъомад дар мавзӯи “Нақши ВАО дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатии ҷавонон” доир гардид. Ҳадаф аз баргузор намудани чорабиниро масъулин дар тарғибу ташвиқи кори соҳа дар ВАО, бештар фаро гирифтани ҷавонон бо иттилоот, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ миёни расонаҳо ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ арзёбӣ намуданд. Муовини раиси кумита Қиёмиддин Миралиев нақши ВАО-ро дар ҷомеа муҳим хонд. Номбурда иштирокдоронро ба инъикоси саривақтӣ ва беғаразонаи ҳаводиси муҳими ҷомеа даъват намуда, гуфт: “Дар бисёр кишварҳо нисбат ба рӯзноманигорон таваҷҷуҳ хеле зиёд аст. Зеро вазифаи рӯзноманигор на танҳо иттилоъ додан, балки мусоидат кардан ба беҳдошти вазъи ногувори баамаломада мебошад. Яъне, бархурдор кардани ҷомеа оид ба ягон ҳодиса”. Зикр шуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Барои дар сатҳи баланд иҷро гардидани ин ҳадаф нақши ВАО-и кишвар бағоят калон мебошад. Аз ин рӯ, бо баргузор намудани чунин чорабиниҳо имкон пайдо мегардад, ки намояндагони расонаҳои чопию электронии кишвар фикру андешаҳои хешро роҷеъ ба боз ҳам васеъ инъикос намудани ин ҳадафи

2

Туҳфаҳои Президент ба маъюбон 29 декабр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб бинои нави иловагии Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ифтитоҳ намуда ба бошандагони он, ки асосан кӯдакону наврасони маъюбанд, туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, бино бо супориши Сарвари давлат бо харҷи 6,2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷет бунёд ёфта, бо таҷҳизоти замонавии табобату тавонбахшии кӯдакони маъюб муҷаҳҳаз гардидааст. Он дорои навтарин таҷҳизот ва беҳтарин шароити таълим, тарбия ва ба кори мустақилона раҳнамун сохтани кӯдакони маъюб мебошад. Маҷмаа, ҳамчунин, дорои маркази тавонбахшӣ аст. Ҳар ду марказ барои қабул ва хизматрасонӣ ба 240 нафар кӯдаки маъюб дар як вақт пешбинӣ шудаанд. Дар ин ҷо толору утоқҳои зиёди таълиму мустақилсозии маъюбон, аз ҷумла, утоқҳои логопедӣ, сенсорӣ, обдармонию омӯзиши шиноварӣ, расмкашӣ, дармонбахшӣ бо мусиқӣ ва ғайра мавҷуданд, ки бо завқи баланд ва риояи нозукиҳои касбӣ таҷҳиз шудаанд. Сарвари давлат зимни суҳбат бо роҳбарияту кормандони ин муассисаи иҷтимоӣ, аз ҷумла, таъкид дошт, ки ба ин кӯдакони маъюбу ниёзманд бо меҳрубонӣ муносибат кунанд, зеро кори басо хайру савоб аст.

Хайру ҳасанот кори савоб аст 25 декабри соли равон Корхонаи воҳиди давлатии Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №1-и махсусгардонидашудаи пойтахт” дар арафаи соли нави мелодӣ кӯмаки хайриявӣ расонд.

муҳим иброз намоянд. Бо ин мақсад рӯзноманигорон фикру андешаҳои худро бобати чӣ гуна инъикос намудани фаъолияти кумита баён доштанд. Ҳамчунин, Фарзона Ашӯрмадова, намояндаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” оид ба “Ҳамкориҳо байни Агенти миллии иттилоотии “Ховар” ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати давлатии ҷавонон”, Ҳабибулло Урунбоев, хабарнигори радиои

“Фарҳанг” роҷеъ ба “Тарғибу ташвиқи чорабиниҳои кумита аз ҷониби радиои “Фарҳанг” ва Толибшоҳи Давлат, муҳаррири шуъбаи сиёсат ва иттилооти рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” вобаста ба нақши рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон маърӯза намуданд. Дар анҷом байни иштирокдорон роҷеъ ба масоили матраҳшуда муҳокимаронӣ сурат гирифт. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

Мутасаддиён изҳор доштанд, ки ин амали накӯ ба хотири баланд бардоштани руҳияи наврасон дар арафаи соли нави мелодӣ роҳандозӣ шуд. Тавре аз Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” иттилоъ доданд, ба 10 нафар кӯдаки то 6-моҳа либосу лавозимоти кӯдакона ва барои 83 нафари аз 6-моҳа то 10-сола туҳфаҳои гуногун тақдим гардид. Инчунин, ба 60 тан аз корманди Хонаи кӯдакон

туҳфаҳо иборат аз орду равған, макарону шакар ва дигар маводи озуқа супурда шуд. Ҳамчунин, барои тарбиятгирандагон бо иштироки Театри бачагонаи “Афсона” ва Театри “Дунёи афсонаҳо” намоиши фарҳанигию фароғатӣ доир шуда, барои 140 нафар тарбиятгиранда ва кормандон зиёфати идона ороста шуд. Башир УСМОНОВ, “ҶТ”

«Ҷавонони Тоҷикистон», №1 (9375), 2 январи соли 2015


МУЛОҚОТ

НАВИГАРӢ

ҲХДТ дар марҳилаи мудҳиш таъсис ёфтааст 27 декабри соли равон бо ибтикори КВД “Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно”, КВД “Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон” бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумотнокию маърифатнокии ҷавонон оид ба дастовардҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши ҷавонон дар он, мулоқоти донишҷӯён бо Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамзамон, раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Абдураҳмон Хонов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Изатулло Ҳабибзод, раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.

Боргоҳи муттаҳидкунандаи ҷавонони боистеъдод Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 25 декабр дар маросими баистифодадиҳии «Гулбоғи орзуҳо ва мақсадгузориҳо»-и Литсейи инноватсионии Душанбе ширкат варзид. А. Абдуллозода иброз дошт, ки чанде қабл тарафдорон, аъзо, мухлисон ва ҳаводорони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 20-солагии таъсисёбии онро таҷлил намуданд. “Пушида нест, ки ин ҳизб дар як марҳилае таъсис ёфт, ки Тоҷикистон дар ҳолати бисёр мушкили иқтисодию иҷтимоӣ қарор дошт. Дар он солҳои мудҳиш ҲХДТ таъсис ёфт ва мақсади асосӣ тинҷию оромӣ ва сулҳу ваҳдатро дар мамлакат пойдор кардану миллати тоҷикро аз вартаи нестӣ баровардан буд. Дар ҳамон давра ҲХДТ ба майдонҳои набард, миёни мардум баромада, ду тарафи даргирро ба ҳам оварданд, то ин ки мо ба рӯзҳои саодатманди имрӯз расем расем. ҲХДТ марҳилаи нави бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳизби даврони истиқлолият ва ҳизби сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ мегардад”. А. Абдуллозода бо нигаронӣ зикр намуд, ки имрӯз аксари ҷавонони кишвар истифодабарандаи фаъоли интернет ҳастанд. Қувваҳои носолим ва онҳое, ки намехоҳанд сарзамини Тоҷикистон ободу зебо боқӣ монад, онҳое, ки танҳо манфиатҳои шахсии худро мепарастанд, бо ҳар роҳу восита дар миёни ҷавонони мо тундгароиро тарғиб карда, ба ҳар гуна амалҳои номатлуб роҳнамоӣ месозанд. Яке аз роҳҳои асосии ҷалби ҷавонон ба ҳар гуна ҷараёнҳои террористию экстремистӣ ва тундгароӣ интернет ва шабакаҳои иҷтимоист. Дар баробари ин, имрӯз мо дар марҳилаи таззоди ҷаҳонишавӣ қарор дорем. Фарҳанги ғайр, фарҳанги бегона дар натиҷаи ҷаҳонишавӣ

паҳн мегардад. Барои ҳамин, ҳар яки мо масъулияти бениҳоят баланд дорем. Пеш аз ҳама, муқаддасоти давлатию миллии худро арҷгузориву ҳифз намоем, то ки онҳо аз байн нараванд. Бо ақли солим ва хиради тоҷикона соҳиби давлату миллат бошем. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲХДТ чандин маротиба дар назди мо - ҷавонон вазифа гузоштанд, ки “хонед, босавод бошед, соҳибхирад ва соҳибзаковат гардед, дурандеш бошед, ки тавонед ин давлат ва ин миллатро соҳибӣ кунед”. Абдураҳмон Хонов иброз дошт, ки “Мароми ҲХДТ бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ буда, барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ талош меварзад. ҲХДТ заминаи иҷтимоӣ, иқтисодиву сиёсии қавӣ дошта, тӯли 23 соли истиқлолият ба ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсири ҷиддӣ расонида, дар пешрафту тараққиёти кишвар саҳми арзанда гузоштааст. Он чун ҳизбе, ки ҳақиқату адолатро маҳаки асосии фаъолияти худ қарор дода, талош меварзад, ки дар заминаи дастёбӣ ба рушду устувории иқтисодиёти кишвар, сатҳи камбизоатии мардумро минбаъд ҳам коҳиш дода, зиндагии тоҷикистониён зимни ислоҳоти пайгиронаи низоми ҳифзи иҷтимоӣ боз ҳам беҳтару осудатар гардонида шавад”. Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи фаъолияти пурсамари ҳизб, имрӯз теъдоди аъзои он ба 250 ҳазор нафар расида, бештари аъзои онро ҷавонону занон ташкил медиҳанд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

«Ҷавонони Тоҷикистон», №1 (9375), 2 январи соли 2015

Нуралӣ Шоев, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ зимни ифтитоҳи он гуфт: - Гулбоғ олами хурди технологияи инноватсионӣ барои муҳассилин мебошад. Ин гулбоғ дар зарфи 23 рӯз бунёд ёфт. Дар ин мавзеи дилкаш ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ ва англисӣ насб шудаанд, ки ҳар кадом рамзеро ифода мекунанд. Арчаҳо маънои ояндаи сабзи Тоҷикистонро доранд. Оянда зери сояи дарахтон ҷои расмкашӣ тайёр хоҳем кард. Дар майдончаҳо сабзаву гул кишт мекунем. Ин ҷо «ҷаҳони виртуалӣ» месозем. Акси нобиғаҳои ватаниву ҷаҳонӣ, ба монанди Рӯдакию Ибни Сино, Нютону Шекспир, Нобел ва ғайраро дар гулбоғ насб хоҳем кард. Се сол боз дар литсейи мазкур Барномаи муваққатии хонанда амалӣ мешавад. Дар ин ҷо Маркази рушди лаёқати фардии кӯдак фаъолият мекунад. Бояд гуфт, ки зимни таҳсил дар баробари дониш истеъдоду лаёқати хонанда низ муайян мешавад. Ҳоло 232 нафар шогирди литсей дар шоҳмотбозӣ мумтозанд. Одинамоҳ Одинаева, директори Литсейи инноватсионии Душанбе, иброз намуд, ки хонандаи литсей Суннатулло Қосимов дар озмуни ҷумҳуриявии ихтироъкорони ҷавон «Бозёфт-2014» ҷои якумро гирифт. Ин озмун аз ҷониби шабакаи телевизиони «Баҳористон» ташкил шудааст. Шогирдони литсей дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ низ дониши баланд нишон медиҳанд. Ҳамчунин, дар Донишгоҳи технологӣ Маркази рушди зеҳнии ҷавонон ифтитоҳ ёфт. - Таъсиси чунин марказ шавқу рағбати ҷавононро ба илму ихтироот афзун хоҳад кард, - гуфт Нуралӣ Шоев. -Вақте ҷавонон ба технологияи ҷадид рӯ оварда, дар фикри барномасозию ихтироот мешаванд, ба бекоргардию андешаҳои бад ҷой намемонад. Воқеан, ДТТ дар мамлакат аз ҷумлаи муассисаҳои таҳсилоти олист, ки потенсиали бузурги ақлонӣ дорад. Боиси хушнудист, ки донишгоҳи мазкур соли таҳсили 2013-2014 миёни 200 муассисаи таҳсилоти олии ИДМ ҷой гирифт. Нуралӣ Шоев, инчунин, ба 60 нафар устодони беҳтарин барои дастовардҳо дар соҳаи таълиму тарбия ҷоизаи таъсиснамудаи маъмурияти донишгоҳро тақдим кард. Ректори донишгоҳ эълон намуд, ки барои беҳтарин ихтироъкорони маҳфилҳои илмӣ-маърифатӣ дар соли 2015 50 ҷоиза таъсис дода шудааст. - Соли 2015-ро мо «Соли барномасозони умедбахши Тоҷикистон» эълон мекунем, - гуфт Нуралӣ Шоев.

- Мо кӯшиш мекунем, ки аз тамоми минтақаҳои мамлакат истеъдодҳои беҳтаринро ба донишгоҳ ҷалб созем. Бо ин роҳ мафкураи ҷавононро ба сӯи равшании илму маърифат ноил карданием. Соли оянда дар ДТТ баргузории як қатор чорабиниҳои муҳим пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, моҳи майи соли 2015 Форуми байналмилалии донишҷӯён ва нерӯи зеҳнии ояндаи кишвар баргузор мегардад. Ҳамчунин, натиҷагирӣ аз ҳамкориҳои ДТТ бо таълимгоҳҳои Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони замони нав барои рушди инноватсияи Тоҷикистон доир мешавад. Омодагӣ ба ин чорабинӣ оғоз ёфтааст. Ҳамчунин, ба нақша гирифта шудааст, ки дар зарфи як соли оянда аз ҳисоби олимони донишгоҳ 5 нафар рисолаи докторӣ ва 15 нафар рисолаи номзадии илмро ҳимоя кунанд. Ҳар як омӯзгор 5 нафар шогирди мумтозро барои ояндаи миллат тайёр намояд. Ба хотири ваҳдату ягонагии миллат бояд шогирдон аз 5 минтақаи гуногуни кишвар бошанд. Аҳтам Абдуллозода ба ҳама устодони донишгоҳ, ки дар таълиму тарбияи насли ҷавон ҳисса гузошта, онҳоро ба созандагию ободкорӣ роҳнамоӣ мекунанд, изҳори сипос намуд. - Имрӯз дар ҷаҳон илму технология бо суръате пеш меравад, ки дар огоҳ шудан аз он мо дер карда истодаем, - гуфт А. Абдуллозода. - Ҷавонони кишварро лозим аст, ки домани илму технологияи ҷадидро гиранд. Замона ҳаминро тақозо мекунад. Таъсиси Маркази рушди зеҳнии ҷавонони Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат менамояд. Бигузор ин марказ боргоҳи дарёфти истеъдодҳое шавад, ки ҳар як тоҷикистонӣ бо онҳо ифтихор кунад. Мо бояд аз деҳот низ истеъдодҳоро ҷустуҷӯ намуда, дар замири онҳо мафкураи нави илмӣ-техникӣ ба миён орем. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҷавонон баҳри омӯхтани илму ҳунар шароити мусоид фароҳам кардааст. Ҷавононро лозим аст, ки ба қадри ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ расида, ба дониши баланд, ихтирооти ҷолиб ва ахлоқи намунавӣ садоқати худро ба Ватан изҳор намоянд. Дар фарҷом А. Абдуллозода ба Н. Шоев, ректори ДДТ барои ҳиссагузорӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ. «Ифтихорнома»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳуриро тақдим намуд. С. СУННАТӢ, “ҶТ”

3


ДАР БОБИ НАВХОНАДОРӢ Ҷавонписарони азиз! Агар наранҷед, ман ба ҳайси як шахси рӯзгордида мегӯям, ки ҷинсан мард будан ҳаргиз маънии марду мардонагиро надорад. Ҷинсан мард будан ҳаргиз марди майдон будан нест. Марди майдон онест, ки ҷасорату ирода дошта бошад. Ҷону рӯҳаш мардона бошад. Яке аз чунин сифатҳои асосии мард ин эҳтиёту ҳимоя намудани занаш мебошад, ки дар асл маънии эҳтиёту ҳимоя кардани нангу номуси худи мардро дорад. Эҳтиёту ҳимояро дар маънии танг нафаҳмем. Эҳтиёту ҳимоя паҳлуҳо ва ҷанбаҳои гуногун дорад. Асоситарин ҷанбааш он аст, ки шумо занатонро аз худатон эҳтиёт кунед. Зеро худ надонистаю нафаҳмида, вақти ғурур, ғазаб ва ё дар такя ба расму оин, урфу одат ё дар таҳсуб ба дигарон зараре, ки мерасонед, ягон душман расонида наметавонад. Чунин зарарро бо дахолат ва таъсири волидайн ва ё хоҳарону наздикон, ҳатто ёру ҷӯраҳо ҳам расониданатон мумкин.

диҳанд, то арӯс - ҷавонзан лоақал ду-се соли аввали хонадории худ ба чунин корҳои вазнину чиркин машғул нагардад. Балки танҳо ҳунари пазандагӣ, зебопарастӣ, тифлзоию тифлтарбиякунии худро нишон диҳад. Танҳо дар ҳамин ҳолат ӯ таровати занона ва накҳати арӯсиашро гум намекунад. Барои шавҳараш зебою раъно мемонад. Танҳо дар ҳамин ҳолат арӯсу домод ба таври бояду шояд ҷавонӣ мекунанд, аз зебоию тароват ва нафосати ҳамдигар бештар баҳра мебаранд, кайфияти зиндагӣ мебинанд, ба ҳамдигар меҳр мебанданд ва унс мегиранд. Худи ҳамин чиз асос мешавад барои пойдорӣ ва устувории зиндагии онҳо. Аммо арӯс ё зане, ки ба ҷои мушку амбар бӯйи дуд, оғили гов, таппак ва арақи бадан мекунад, ба дили шавҳараш зуд мезанад, табъи ӯро хира месозад ва ба тадриҷ ҳисси нафрату бадбиниашро бедор месозад. Табиист, ки дар чунин ҳолат шавҳар аз болини ӯ гурезон мешавад. Чунин зан минбаъд барои вай ҳамчун олиҳа не, маҳбуба не, ҳамболин не, воситаи роҳатбахшию кайфиятбарӣ не, балки чун як коргар-хизматгори хона мешавад. Аммо барои чунин ранг гирифтани кор арӯс – зан гунаҳкор нест, худи ҷавон – шавҳар гунаҳкор

Падари равоншодам Юсуф Расулов насиҳат мекарданд, ки «Ҳар рӯз як арӯси нав гиред». Шумо мефаҳмед, ки ҳикмати ин сухан дар чист? Яъне, зани худро чунон меҳрубон бошед, чунон навозиш кунед, чунон нигоҳубин намоед, ки дар симои вай ҳар рӯз як наварӯсро бубинед. Оё ҳамаи ҷавонон бо арӯси худ ҳамин тавр муносибат мекунанд? Дар гумон аст. Агар бошанд, ангуштшуморанд. Аксарият, махсусан, деҳотиён арӯси худро аз ҳафтаҳои аввали наварӯсиаш, дераш баъди баромадани чил, новобаста аз гармою сармо аллакай ба говбонӣ, тозакунии оғил, таппаккунӣ, ҷамъоварии ҳезум, даравгарӣ, пахтачинӣ, побели замин, ҷӯйборканӣ ва ғайра мефиристанд. Дар натиҷа, аз ҳусну таровати чеҳраи наварӯс, қомати зебою ҷамоли дилкаши ӯ, аз нозанинию малоҳат ва маҳвашию паривашиаш осоре намемонад. Вай дар муддати кӯтоҳ аз гуларӯсӣ ба як ҷӯлидазан табдил меёбад. Барои чунин сифатҳоро гирифтани наварӯс кӣ гунаҳкор аст? Оё шавҳараш не? Оё марди ҳақиқӣ, яъне, марде, ки ҷасорату ирода дорад, бо зани нозанину ҷамилаи худ, ки пештар олиҳаи ҳусн буд, ҳамин тавр рафтор мекунад? Оё ин гуна кирдорро ҳимояю эҳтиёт кардани зан номидан мумкин аст? Ҳаргиз не. Лекин дардовартар боз он аст, ки наварӯсон дар тамоми давраи ҳомилагии хеш ҳам ҳамин гуна корҳоро иҷро менамоянд. Андеша дорам, ки бисёр хуб мешавад, агар шавҳар ва волидайни ӯ имконият

аст. Зеро маҳз ӯ ҳамсар, маҳбуба ва олиҳаашро ба чунин ҳол гирифтор кардааст. Боз ҳамон савол нӯги забон меояд: оё ин гуна кирдор ҳимояю эҳтиёт кардани зан аст? Оё ин гуна рафтор рафтори ҷавонмардист? Ҷавонмардон! Дар хусуси ҷанбаи дигари ҳимояи арӯсон низ гуфтан мехоҳам. Ин ҷанба меҳри модар ва хоҳарони шумост. Аҳамият додед? Ман «меҳри модар ва хоҳарон» гуфтам. Пӯшида нест, ки дар бисёр оилаҳо ва дар бештари маврид муносибатҳои байни хушдоману арӯс ва ё хоҳаршӯю арӯс тезу тунд мешаванд. Ин тезу тундӣ ба ҷанҷолҳои оилавӣ ва ҳатто ба вайроншавии оилаҳои ҷавон оварда мерасонад. Аммо агар жарфтар ва аз ҷиҳати равонӣ ба ин масъала назар андозем, мефаҳмем, ки ҳеҷ як модар ва ё хоҳар ҳаргиз дар пайи вайронкунии оилаи писар ва бародар нест. Онҳо ҷанҷолу хархашаро бо келин ва додарарӯси худ барқасдона намекунанд. Балки аз рӯи меҳри зиёд доштанашон ба писар ва бародари худ мекунанд. Онҳо бо тарзи фаҳмиш ва мафкураи худ мехоҳанд, ки келинашон ҳамсари писар ва бародарашонро тарбия кунанд, ӯро зани идеалӣ, яъне, муддаои дилу табъ гардонанд. Бо ҳамин усул гумон мекунанд, ки ба писар ва бародари хеш некӣ менамоянд. Ин аз як ҷиҳат. Ҷиҳати дигар он аст, ки модар ба писарашу хоҳарон ба бародарашон меҳри зиёд доранд. Ӯро беандоза дӯст медоранд. Онҳо мехоҳанд, ки дар навбати худ писар ва бародарашон низ чун пештара ба онҳо

4

бо ҳамин гуна эҳсосот ҷавоб гардонад. Аммо ҳайҳот. Меҳри писару бародар аллакай чанд тақсим шудааст ва ҳиссаи асосии он ба зан – ҳамсараш расидааст. Ана, ҳамин чиз эҳсосоти ғаш ва рашки модару хоҳаронро бедор месозад. Вале худ аз ин бехабаранд. Агар ҷавонмард оқил бошаду андаке аз илми рӯҳшиносӣ бохабар, метавонад, ки «ҳам лаъл ба даст ораду ҳам ёрро наранҷонад». Яъне, ғурғур накарда, ба иззати нафси касе нарасида, ягон ҷонибро тарафгирӣ нанамуда, мефаҳмонад, ки ӯ мисли пештара модар ва хоҳаронашро дӯст медорад, бе онҳо буда наметавонад. Дар баробари онҳо занашро ҳам дӯст медорад ва бе ӯ ҳам

дару модари домод ва хоҳарони ӯ, балки бародару додаронаш низ худро дар болои арӯс хӯҷаин мешуморанд ва талаб мекунанд, ки таъмини хӯрок, шустани сару либоси онҳоро низ аз ҷӯроби пою либоси таг то тоқии сар янгаашон ба ҷо орад. Саркашӣ чӣ, ки дар ҳолати андаке таъхири ин кор, арӯсаки маъсум ҳам аз ҷониби хушдоману шавҳар ва ҳам аз хоҳарону бародарони шӯяш қабеҳтарин суханонро мешунавад ва ҳатто лату кӯб мебинад. Дар ин ҳолатҳо арӯсакро кӣ бояд ҳимоя кунад? Шавҳараш побанди гуфтаҳои модару хоҳарон, хусураш дар аксар маврид ба гапи зану духтарони худ бовар мекунад ё ин ки дидаю дониста хомӯш меи-

Ҷавонмард бошем!

Хайр, замоне шахсе пайдо шудааст, ки сад реша доштани дарахти макри занро ҳисобидааст. Оё ягон нафаре решаҳои дарахти макри мо, мардонро шуморида бошад? Он решаҳо чантоянд? Ҳазор, даҳ ҳазор ё миллион? Хуб, бо гуфтаи ин ҳисобдон фалак аз дасти зан ба андеша афтода будааст. Кӣ медонад? Шояд фалаки бечора аз дасти мо, мардон ба дод омадааст? Ҷавонони азиз! Оё аз ин гуфтаҳо ранҷидед? Не, додарони ҷон, наранҷед, балки андеша кунед, таҳлил намоед, баъд, хулоса бароред. Алалхусус, ҳодисаю воқеаҳои солҳои охирро ба ёд оред, ки аз ҷониби мардон, ходимони дин ва махлуқони муллотарош содир шудаанд. Эй ҷавонон! Худо шоҳид, ки гуфтану навиштани ҳамин гуна ҳодисаю воқеаҳо бароям бисёр вазнин аст, хеле вазнин. Ҳангоме ки онҳоро ба ёд меораму ба риштаи сухан мекашам, дардам меафзояд, дилам пур мешавад, гиря гулӯгирам мекунад. Вале, ногуфтаю нонавишта ҳам наметавонам. Охир ин гуна ҳодисаю воқеаҳо рух медиҳанд, мутаассифона, чандон кам ҳам не. Ҳарчӣ то ин замон буд ва шуд, гузашт. Акнун зарур, ки дигар такрор нашаванд, алалхусус, дар

Ҷинсан мард будан ҳанӯз мардӣ нест буданаш номумкин аст. Зеро занаш шарик ва ҳамқадами ҳаётӣ, нигоҳдорандаи рӯшноӣ ва гармии хонадони ӯст, модари фарзандон – давомдиҳандагони ному умри ӯст. Ҷавони оқил усуле меёбаду ба модар ва хоҳарон мефаҳмонад, ки «агар хушбахтии ӯро мехоста бошанд, ба занаш кордор нашаванд». Коре мекунад, то онҳо рамуз бигиранд, ки писар ва бародарашон ба ҳеҷ ваҷҳ зани худро хафа намекунад ва ҳамеша дар ҳимояи ӯ меистад. Амале менамояд, то онҳо дарк созанд, ки дар ҳолати ба келинашон давом додани муносибати носазо метавонанд писар ва бародарашонро ранҷонанд. Вале, агар ҷавонмард иззату эҳтироми модар ва хоҳаронашро пос дошта, рӯзе поён ёфтани хархашаи онҳоро интизор шавад, саҳв мекунад. Ӯро зарур аст, ки дар ҳалли ин қазия ҳарчи имкон аст зудтар ҷуръату ҷасорат ва қатъият зоҳир карда, иродаи худро нишон диҳад. Дар ин ҷо пурсидани кӯмаки падар ҳам аз фоида холӣ нест. Имкон дорад, ки падари пуртаҷрибаю барӯманд роҳи ҳалли масъаларо пайдо кунад, ба шарте ки худаш пайрави кирдори зану духтаронаш набошад. Хулоса, ҷавонмарде, ки зан, рафиқи якумрӣ ва модари фарзандони худро аз ҳамин гуна «меҳри» модар ва хоҳарон ҳимоя карда наметавонад, сабук гӯем, «думраваки модар»-у «мамина сыночек» аст. Сахттар гӯем, ҷавонмард не, латта аст. Ҷавонон, додарон! Барои шумо боз чизи дигарро ҳам мегӯям. Кам нестанд ҳолатҳое, ки на танҳо па-

стад. Дугона надорад, ки рози дил гӯяд ва агар дошта бошад ҳам, дар гумон аст, ки сирри хонаро ба берун барорад. Зеро барои чунин амал рӯзашро боз ҳам сиёҳтар мекунанд. Падару модар ҳамеша «насиҳат» менамоянд, ки «тоқат кун». Дар ин гуна ҳолатҳо касе андеша мекарда бошад, ки арӯсак дигар имконияти тоқат надорад. Косаи сабраш кайҳо лабрез шудаю ҷонаш ба лаб омадааст. Касе ба гӯшаи хаёл меоварда бошад, ки асабҳои арӯсаки ҳанӯз ҷисаману рӯҳан нопӯхта дигар ба ин қадар ҷабру зулм тоб оварда наметавонанд ва имкон дорад, ки ӯ дар ҳолати яъсу ноумедӣ ва пайдо накардани илоҷи дигар худро ба ягон балое гирифтор кунад. Оё кам шудаанд чунин воқеаҳо?! Ҳатто бетавфиқоне низ будаанд, ки баъди рух додани ин гуна ҳодисаҳо чандин «санаду далел» пайдо карда, арӯсаки бечораро касали рӯҳӣ баровардаанд ва дар рӯйдоди фоҷиа худи ӯро ганаҳкор кардаанду худашонро «мӯсичаи бегуноҳ» гуфтаанд. Ҷавонон! Мо дар умри худ боз аз ҳодисаҳое, ки аз ин ҳам даҳшатноктаранд, огоҳ шудаем, ки аз гуфтану навиштанаш забон намегардад. Будааст замони начандон дуре, ки хусур бо ҳазор ҳиллаю найрангу макр келинашро ҳамхобаи хеш намуда. Хусури дигар бо келини хеш дар ҳуҷраи дукасаи гармоба даҳҳо бор якҷоя шустушӯ карда. Мегӯянд, ки: Дарахти макри зан сад реша дорад, Фалак аз дасти зан андеша дорад.

замони шумо. Шукр, умри шумо дар пеш аст ва имкониятҳои фарох дореду донишу фаҳмишатон ҳам иншоаллоҳ, қавист. Лозим, ки шумо иродаи мардона нишон диҳед ва мард бошед. Мардонагиро дар ҷинсан мард будан не, дар сухан ҳам не, балки дар амал, бо қавирӯҳию матиниродагӣ ва ҷасоратнокии хеш исбот кунед. Бо маънии пурраи калима ҷавонмард бошед. Он гоҳ инони ихтиёри худ ва занро, тақдири худ ва занро пурра ба даст мегиред, дар мағзмағзи дилу ҷонатон дарк мекунед, ки иззату эҳтироми падару модар, хоҳарону бародарон чизи дигар асту ҳимоя ва ғамхории зан-модари фарзандони худ, ҳамсару ҳамтани якумрии худ чизи дигар. Сарфаҳм меравед, ки ҳамчун фарзанд сарпаст будан чизи дигар асту ҳимоя кардани нангу номуси худ чизи дигар. Додарон! Ҷавонмардон! Оё фаҳмида истодаед ва дарк мекунед, ки ман чӣ гуфтаниам?! Аз ин равшантару возеҳтар гуфта наметавонам! Охир баъзе чизҳоро дар суҳбати рӯ ба рӯ шояд гуфтан осонтар бошад. Вале дар гуфтану навиштани ғоибона, бахусус, дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷалла гуфта намешавад. Ана, кӯмакпурсии ман дар ҳамин аст, ки шумо худ бифаҳмед, дарк кунед, сарфаҳм равед. Танҳо дар ҳамин вақт дили мо аҳли қаламу аҳли зиё андаке осуда мешавад. Зеро «Шишаи номуси миллат дар бағал дорем мо». Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ, шаҳри Қӯрғонтеппа

«Ҷавонони Тоҷикистон», №1 (9375), 2 январи соли 2015


АЗ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ

“Шоми дӯстӣ” дар Ҳисор 26 декабр бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ноҳияи Ҳисор семинар-машварат таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” дар мавзӯи “3000-солагии Ҳисори шодмон ва 600-солагии мутаффакири бузург Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ” доир гардид. Дар он донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар макотиби олии Тоҷикистон таҳсил менамоянд ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Ҳисор иштирок варзиданд.

Тақдими китобҳо ба қисми низомӣ 26 декабри соли равон дар қисми ҳарбии 2628-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Мавсума Муинӣ, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Иброҳим Мирзоев, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони кумита ва Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон бо сарбозон ва ҷавонони фаъоли шаҳр мулоқот карданд. Ҳадаф баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ташаккули ҳиси худшиносию ватандӯстӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва эмин нигоҳ доштани наврасону ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ буд. Дар мулоқот масъалаи ҳимояи марзу буми кишвар, эмин нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ ва аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҳифз намудани ҷавонону наврасон мавриди баррасиву муҳокимаронӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ метавонад ҳаёти осоиштаро халалдор намояд. Ба 8 нафар сарбози қисми ҳарбӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, дар доираи Амалиёти “Биёед, китоб мехонем!”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба қисми ҳарбии 2628-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Хатлон 200 адад китобҳои гуногуни бадеӣ тақдим шуд.

“Ворисони Ҷомӣ” муайян гардиданд Озмуни ҷумҳуриявии ровиёни ҷавон, таҳти унвони “Ворисони Ҷомӣ”, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ байни муҳассилини мактабҳои олии мамлакат эълон гардида буд, дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” ҷамъбаст гардид.

Тибқи хулосаи ҳакамон мақоми аввалро Тобон Мирзоева, донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ соҳиб гардида, ҷои дуюм насиби Дилором Чориева ва Фаридун Қозиев, донишҷӯёни Донишгоҳои давлатии тиббӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон гардид. Шаҳноза Аъзамқулова ва Саъдӣ Додарбеков, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳо ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мақоми сеюмро касб карданд. Ба Қиёмиддин Ёров, донишҷӯи курси 2-и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои иштироки фаъолона ҷоизаи махсус тақдим шуд. Масъулин мақсад аз баргузории озмунро баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон ба воситаи қироати шеъру ғазал, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, ровиёни хушсухан, бедорсозии ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар ниҳоди насли ҷавон ва фаъолнокии онҳо дар ҳаёти муосири ҷомеа арзёбӣ карданд. Ҳамчунин, таъкид гардид, баргузории озмун барои ҷалби ҷавонон ба омӯзиши осори пурғановати шоирони форсу тоҷик таъсири мусбат расонда, дилгармии онҳоро боз ҳам боло мебардорад. Дар фарҷом ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо “Диплом”, “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ сарфароз гардиданд. Анҷоми чорабиниро сурудҳои дилангез ва рақсҳои ҷолиби ҷавонони соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии мамлакат ҳусну таровати дигар бахшиданд.

«Ҷавонони Тоҷикистон», №1 (9375), 2 январи соли 2015

Ҳотам Файзуллоев, масъули шуъбаи муносибатҳои байналмилалии кумита гуфт, ҳадаф аз баргузор намудани чорабинӣ ҷалби бештари донишҷӯёни хориҷӣ ба омӯзиши таъриху фарҳанги тоҷикон ва ташвиқу тарғиби суннатҳои аҷдодӣ мебошад. Ӯ таъкид кард, ки чорабинӣ дар давраи хеле муҳим ҳам барои кишвар ва ҳам ноҳия сурат мегирад. Зеро ноҳияи Ҳисор дар арафаи 3000-солагӣ қарор дошта, дар сатҳи ҷумҳурӣ 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашн гирифта шуд. Ҳотам Файзуллоев, аз ҷумла, гуфт: “Имрӯз мо ба ҷаҳониён муаррифӣ карда истодаем, ки таърихи гузаштаи мо хеле бою рангин буда, фақат ноҳияи зархези Ҳисор 3000 сол таърих дорад”. - Дар доираи ин ду ҷашн мо ин мулоқотро ташкил намудем, ки шумо бо якдигар аз наздик шинос шавед ва дӯстии худро мустаҳкам намуда, дар робита бошед. Кишвари мо сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст. Мо бо тамоми кишварҳои рӯи олам рафтуомад карда, миллати тоҷикро дар тамоми дунё муаррифӣ намудем. Натиҷа ин аст, ки имрӯз аз кишварҳои гуногун муҳассилин дар макотиби

олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, - таъкид дошт Ҳотам Файзуллоев. Дар ҷамъомад Сунатулло Раҳимов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ноҳияи Ҳисор, Нодир Ҳакимов, Директори “Маркази ҷавонон” дар Ҷамоати “Дурбат” ва Фазлиддин Олимов , устоди Донишгоҳи тиббӣ низ баромад карданд. Фазлиддин Олимов иттилоъ дод, ки Донишгоҳи давлатии тиббӣ барои ҳар донишҷӯи хориҷӣ ва дохилӣ барои таҳсил шароити хуб фароҳам овардааст. Агар дар донишгоҳ бештар аз 7500 донишҷӯ таҳсил намоянд, аз онҳо 500 нафарашон донишҷӯи 14 кишвари хориҷӣ мебошанд. Аз ин пештар низ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба ноҳияи Восеъ сафар намуда, аз Қалъаи Ҳулбук дидан карданд. Аз ҷониби иштирокдорон шеърҳо аз эҷодиёти Абдураҳмонӣ Ҷомӣ қироат карда шуд. Онҳо нақши Абдураҳмони Ҷомиро дар адабиёти форсу тоҷик баланд маънидод карда, ҳамсолони худро ба омӯзишу мутолиаи асарҳои ин мутафаккири бузург даъват намуданд. Аз ҷумла, Мисо Муҳайё, донишҷӯи курси

5-и Донишгоҳи давлатии тиббӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вобаста ба бузургдошти Ҷомӣ гуфт: “Ин шахс аз шаҳри Ҳирот буда, лақаби Ҳотамушшуароро дорад. Бисёре аз шоирони форсизабон баъд аз Хоҷа Ҳофиз, ки лисонулғайб мебошад, бузургтарин ва ширинзабонтарин шоирро ба Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ лақаб додаанд”. Дар навбати худ фаъолҷавонони ноҳияи Ҳисор низ роҷеъ ба таъриху фарҳанг, анъанаҳои миллию маҳаллӣ ва мавзеъҳои таърихию сайёҳии ноҳия ба ҳамсолони худ маълумот доданд. Сипас, иштирокчиён Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд. Дар ин мавзеъ ба донишҷӯён вобаста ба пайдоиши қалъа маълумоти муфассал дода шуд. Донишҷӯёни хориҷӣ ин иқдомро хуш пазируфта, хоҳиш намуданд, ки минбаъд низ онҳоро ба мавзеъҳои дигари таърихии кишвар барои тамошо ҷалб намоянд. Дар Қалъаи Ҳисор дар доираи Амалиёти “Биёед, китоб мехонем!” ба донишҷӯёни хориҷӣ китобҳои гуногуни илмию бадеӣ тақдим шуд. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

5


ОЗМУН

Хабарнигори “Ҷавонон...” боз мукофот гирифт Ҳафтаи гузашта дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ маросими ҷамбасти озмуни қаблан эълонгардида доир ба инъикоси раванди тадбиқи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015», ки аз ҷониби вазорати мазкур дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ (UNDP) эълон шуда буд, баргузор гардид. Умед Давлатзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, зимни ифтитоҳи чорабинӣ баргузории озмунро беҳтар иттилоотонии ҷомеаи кишвар аз натиҷаҳои татбиқ гардидани стратегия ва барномаҳое, ки барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудаанд, хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд. Ба ин озмун, ки аз моҳи январи соли 2014 оғоз ёфта буд, намояндагони ВАО фаъолона ширкат варзида, бештар аз 40

мақолаю барномаи радиоиву телевизиониро пешниҳод намуданд. Ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби рӯзноманигорон ва мутахассисони дахлдори вазорат иборат буд, ғолибонро муйян намуд. Аз рӯи номинатсияи «матбуот» Неъматуллои Худойбахш («Ҷумҳурият») ҷои аввал ва А. Абдуҷабборов («Садои Конибодом») ҷойи дуюмро соҳиб шуданд. Абдукарим Раҷабов (сомонаи «Фараж») ғолиби номинатсияи «Беҳтарин мақолаи интернетӣ» гардид. Дар бахши радио Шоиста Раҳимова (Радиои Тоҷикистон), Раҳимҷон Ахмедов

(«Садои Хуҷанд») ва Гулнора Насриддинова (“Садои Душанбе”) се ҷойи аввалро гирифтанд. Муҳаммадраҷаби Ҳанафия (Шабакаи аввали ТВ Тоҷикистон) ғолиби бахши «Беҳтарин барномаи телевизионӣ» гардид. Сайфиддин Суннатӣ, хабарнигори «Ҷавонони Тоҷикистон», барои иштироки фаъолона дар озмун ва ҳамкории мутақобила дар самти инъикоси раванди татбиқи СВСНМТ барои соли 2013-2015 бо «Сипоснома» ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуд. «ҶАВОНОНИ ТОҶКИСТОН»

НИГАРОНӢ

Бехотир дар дилакут медромадай

Танҳо суруди хуб ғизои маънавӣ шуда метавонад Имрӯз тамоми микроавтобусу таксиҳо радио доранд ва мусофир хоҳаднахоҳад ронандагон мавҷи дилхоҳ ё сабти овозхони дӯстдоштаашонро баланд мекунанд. Бисёр вақт шоҳиди он мешавем, ки бо баланд шудани садои дилгиркунанда аз ҳар сӯ мусофирон фарёд мезананд: «Пасттар кун!», «Ягон артисти ҳалол (сабти сарояндаи хушовоз) надоштӣ?» Маълум аст, ки суруди мақбул асабро ором ва дилро лабрези фараҳ мегардонад. Бояд суруд оҳанги гӯшнавоз, садои марғуб ва маънии баланду таъсирбахш дошта бошад. Вагарна он ғизои рӯҳӣ шуда наметавонад. Аксар сарояндагони ҷавон, ки имрӯз аз худ ситора метарошанд, сурудҳои пастмазмун месароянд. Аз ин рӯ, сурудашон як муддати кӯтоҳ миёни мухлисони худашон барин завқи пастдошта «мӯд» мешаваду зуд фаромӯш мегардад. Масалан, духтараке бо «сӯзи алам» чунин мехонад: Ту меравӣ аз бари ман ҷонаки ман, Ман танҳо мемонам, боз танҳо. Садои борон мезанад дар дилакам, Ишқ мехоҳад бигардӣ ба қафо. Хонандаи азиз, худ қазоват намо, ки дар ин ҷо оё мантиқ, вазн ва қофия дида мешавад? Оё ишқ ҳам ба қафо «баргаштан»-и касеро мехоҳад? Деҳ куҷову дарахтон куҷо? Акнун ба «шоҳбайт»-ҳои зерин

6

таваҷҷуҳ намоед: Сиёҳчашмака дидум, шах шидум, Яке гуфт «инҷа биё» тарсидум. Хаёли дилуш хаёлӣ шидум, Ошиқи вола шидум фаҳмидум. Ишқи аввал ногаҳон меомадай, Бехотир дар дилакут медромадай. Аз ману аз ту намепурсидай, Ошиқ ай ҳичӣ наметарсидай. Кас ин фачсароиҳоро шунида, бовараш намеояд, ки ин сарояндаҳо ҳамзабони Рӯдакию, Саъдӣ, Ҳофизу Аттор, Мавлавию Ҷомӣ бошанд. Магар санъаткорони мо аз китоб қимобанд? Ҳангоми бодиққат мутолиа кардан аз ашъори шорони классику муосир ҳазорҳо таронаҳои

пурмазмун ёфтан мумкин. Ҳар чизи ба забон омадаро ба таври худ қофиябандӣ кардан шеър намешавад. Чаро имрӯз ҳам форсизабонон таронаҳои 35-40 сол пеш сурудаи Аҳмад Зоҳирро бо шавқ гӯш мекунанд? Чунки оҳанги сурудаҳояш марғуб, мазмуни сурудҳояш баланд ва садояш ҳам гӯшнавоз аст. Аксари таронаҳояш аз ашъори шоирони калассик мебошад. Дар баробари таронаҳои ошиқона, инчунин, сурудҳои дар васфи модару Ватан сурудааш низ ба мағзи ҷони шунаванда ҷой мегирад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки сарояндагони ҷавон пеш аз сурудани тарона ба мазмуни он диққат диҳанд. Зеро фачсароӣ ҳеҷ гоҳ шуҳрат намеорад, балки рӯзе боиси хиҷолат кашиданашон хоҳад гашт. С. АМИНИЁН, “ҶТ”

Набояд чунин кард! Кӯдаконро офарин гӯед Волидоне, ки мехоҳанд фарзандонашон хуб ва муваффақ шаванд, онҳоро бо дигарон (масалан, бо бачаҳои ҳамсоя) дар муқоиса мегузоранд. Муқоиса бошад, бино ба таъкиди равоншиносон, аз он хатоҳоест, ки падару модар дар тарбияи фарзандонашон бештар содир мекунанд. Волидоне, ки ба хотири руҳбаланду фаъол шудани фарзандонашон онҳоро бо кӯдакони дигар муқоиса мекунанд, бояд ба назар бигиранд, ки ин амалашон на фоида, балки бештар зарар меорад. Зеро вақте масъалаи таҳсили кӯдак ва ҳар махсусияти дигари ӯ бо дигарон муқоиса мешавад, ин амал кӯдакро маҳзуну ноҳинҷор, гузашта аз ин, ноумед мегардонад. Кӯдаконе, ки ба ин ҳолат гирифтор мешаванд, дар баробари нафрату бахилӣ варзиданашон ба додару бародар ва дӯстони худ, имкон дорад, муомилаашон ба падару модар ва муаллимонашон вайрон шавад. Равоншиносон оид ба инкишофи кӯдакон таъкид медоранд, ки вақте хусусиятҳои бартарии кӯдак ва ё муваффақиятҳои ӯро бо дигарон муқоиса мекунем, надониста ӯро вориди “мусобиқа” месозем. Ҳар як кӯдак соҳиби махсусиятҳост. Яъне, махсусиятҳои кӯдакон аз ҳам фарқ мекунанд. Аз ҳамин нуқтаи назар, вақте кӯдакро бо дигарон рақиб нишон медиҳем, боварии ӯро нисбат ба худаш аз байн мебарем. Ҳол он ки роҳи ҳал методи муқоиса нест, балки падару модар бояд барои инкишофи қобилияти кӯдак ёрӣ расонанд. Воқеан, беҳтар аст монеаҳоеро, ки барои рушди ақлонии кӯдак халал мерасонанд ва холигоҳеро, ки барои муваффақ шуданаш ба вуҷуд омадааст, волидон бо кӯмаки худ пур кунанд. “Бо кӯдак ҳамроҳ кор кунед, ба ӯ ҷасорат бубахшед. Ҳангоми муваффақ шудан ба вай туҳфа диҳед. Гоҳе як “офарин” ва ё як “табрик мекунам” гуфтан ба кӯдак хеле кӯмак мерасонад. Ӯро ҷасорат мебахшад ва руҳбаланд мекунад”, - таъкид медоранд равоншиносон. Суман ГАДОЕВА, донишҷӯи соли дуюми ДМТ

«Ҷавонони Тоҷикистон», №1 (9375), 2 январи соли 2015


ДИРӮЗ, ИМРӮЗ, ФАРДО Дар 11 моҳи соли 2014 аз ҷумҳурӣ 629 ҳазору 658 нафар зан ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд, ки нисбат ба солҳои пеш тамоюли камшавиро нишон медиҳад. Дар ин бора, Анвар Бобоев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ зимни як ҷамъомад, ки 23 декабр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир шуд, иттилоъ додааст.

*** Соли гузашта (2014) 1668 варзишгар аз вилояти Суғд зимни иштирок дар 71 сабқати вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва 39 мусобиқаи гуногуни байналмилалӣ ба гирифтани 2696 медал (877 тилло, 730 нуқра ва 1089 биринҷӣ) шарафёб гардиданд.

*** Дар озмуни «Омӯзгори беҳтарини Тоҷикистон-2014», ки аз рӯйи 7 шарт: гузарондани дарси санҷишӣ, рӯнамоии таҷриба, соати тарбиявӣ, таҳлили дарс, маҷлиси падару модарон, кор бо компютер ва посух ба 10 пурсиш натиҷагирӣ шуд, Саида Ғаффорова, муаллимаи фанни забону адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Душанбе ғолиб омад. Омӯзгорон Қиёмиддин Идиев (Рашт), Зебо Боқиева (Хуҷанд), Туман Амирбеков (Хоруғ) ва Давлатшо Назаров (Норак) ҷойҳои ифтихории баъдиро ба даст оварданд.

*** 24 декабр Бонки миллии ҷумҳурӣ пас аз тармими асосӣ маркази варзишии худро ба истифода дод. Он дорои толорҳои барҳаво ва замонавии тамрин аз рӯи намудҳои вазнбардорӣ, волейбол, баскетбол ва тенниси рӯи миз буда, бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шудааст.

***

Имрӯз хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба таътили зимистона баромаданд. Он то 1 феврали соли ҷорӣ идома меёбад. Қобили зикр аст, ки фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ бо мақсади ба низом даровардани таътил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таъмини беҳдошти саломатии хонандагон дар фаслҳои тирамоҳу зимистон соли 2010 ба имзо расида буд. Аз ин пеш толибилмон 1 - 12 январ таътили зимистонаи худро мегузарониданд.

*** 8 январи соли равон дар Маркази ҷумҳуриявии матбуот нишасти матбуотии Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо намояндагони ВАО ва 9 январ ҷаласаи ҳайати мушовараи кумита дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно“ доир мегарданд.

ЗАН ВА ҶОМЕА Бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат мавриди ҳарчи бештар ҷалб намудани занону духтарони лаёқатманд ба корҳои роҳбарӣ, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, сол то сол шумораи намояндагони, ба қавле, «ҷинси латиф», меафзояд. Хушбахтона, бисёре аз онҳо бо фаъолияти пурсамар собит намуда истодаанд, ки дар интихобашон хато накардаанд. Аз ҷумлаи бонувоне, ки бо шарофати донишу маърифати баланду меҳнатдӯстӣ то ба вазифаи раиси ноҳия расидааст, Раҳимзода Раъно мебошад. Бояд гуфт, ки мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ дар аҳдҳои қадим дар қаламрави Фархори имрӯза ҳокимон аз ҳисоби занҳо будаанд. Ҳамчунин, оғоз аз солҳои 30-юми асри гузашта, давраи эҳёи нави Фархор, занони зиёде дар кори барпо намудани сохти шӯравӣ, ташкили колхозу совхозҳо, мактабу маориф дар ноҳия чӣ дар вазифаҳои қаторӣ ва чӣ роҳбарикунанда нақши арзанда гузоштаанд. Аммо дар таърихи муосири ноҳия Раҳимзода Раъно нахустроҳбари аввали ноҳия маҳсуб меёбад, ки на аз роҳи тасодуф, балки бо амри қисмат зина ба зина онро мушарраф гардидааст. Раъно 29 ноябри соли 1964 ба дунё омадааст. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёнаи №10-и ноҳия аз ҷумлаи хонандагони пешқадам, ташкилотчӣ ва ҷамоатчии фаъол ба шумор мерафт. Ҳамеша дар корҳои ҷамъиятии мактаб бо масъулиятшиносию ташаббускорӣ ибрати дигарон буд. Ҳамин азму ғайрат ӯро ба даргоҳи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб овард. Соли 1988 таҳсилро бо дипломи аъло ҷамъбаст намуда, ба зодгоҳ ва мактаби азизаш баргашт. Корро аз вазифаи сарвожатийи мактаб оғоз намуд. Баъдан, муддате аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфта, бо дархости роҳбарияти ноҳия вазифаи мудири шуъбаи САҲШ-и ноҳияро ба уҳда гирифт. Дар ин миён соли 2001 бо хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби маълумоти дуюми олӣ гардид. Бо амри тақдир ба мактаби азизаш ба ҳайси директори мактаб баргашт. Ҳамчун дастпарвари он кори аз дасташ омадаро баҳри беҳбуди кори таълиму тарбия, беҳтар гардидани сатҳи кору маишати омӯзгорон, ободонии муассиса дареғ надошт. Дар ҳақиқат, дар давраи роҳбарии ӯ мактаб ба яке аз мактабҳои намунавӣ табдил ёфт. Ин ҳама аз назари роҳбарияти ноҳия пинҳон намонд ва ҷои ин духтари кордону чаққон ва масъулиятшиносро дар вазифаи муовинии раиси ноҳия дарёфтанд. Ҳамин тариқ, аз

«Ҷавонони Тоҷикистон», №1 (9375), 2 январи соли 2015

соли 2003 дар ин вазифаи масъул бенуқсон фаъолият намуд. Мактабу маориф, ки ин қадар Раъно ба онҳо унс гирифтааст, аз соҳаҳои таҳти назорати ӯ ба ҳисоб мерафтанд. Мудом кӯшиш ба харҷ медод, ки ҷиҳати ҳалли проблемаҳои соҳа саҳм гузорад ва хоксорию тамкинии худро нигоҳ дорад, ки дар натиҷа, маҷмӯи хислатҳои нек ӯро миёни сокинони ноҳия соҳибэҳтиром гардониданд. 27 ноябри соли 2013 раиси ноҳия таъин гардид. Албатта, ҳайрату хурсандиашро ҳадду канор набуд. Аммо дар баробари ин, дар як гӯшаи дилаш ташвише аз масъулиятшиносона бобати роҳбари яке аз ноҳияҳои калонтарини ҷумҳурӣ таъин гардиданаш, азияташ медод, ки ба зудӣ аз он осоре намонд. Зеро аллакай ба қадри имкон донишу

мамлакат нисбат ба ободу зебогардонии Фархори бостонии таърихи беш аз чорҳазорсоладошта иқдоми қатъӣ пеш гирифта, кофтуковҳои археологиро вусъат бахшад, ҳамчунин, дастгирии фаъолон, сокинони ноҳия дар кори таъмиру сохтмони як қатор роҳҳои мошингард, биноҳои маъмурӣ, бунёди маҳаллаҳои нави истиқоматӣ бо ҷудо кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бо мақсади сохтмони хонаҳои истиқоматии шахсӣ аз ҳисоби заминҳои лалмию нообод, таъмини сокинони шаҳрак бо оби нӯшокӣ, ки солиёни зиёд танқисӣ мекашиданд, саҳми хоксорона гузорад. Тариқи ҳашар ва аз ҳисоби соҳибкорон бунёди марказҳои саломатӣ, синфхонаҳои иловагӣ, таъмири клубу китобхонаҳо

Духтари оташ

омӯхт. Ҳамин аст, ки дар ҷузъитарин масъалаи тайёрӣ ба Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2014» маслиҳату машваратҳои бевоситааш беасар намонданд ва санъаткорони ноҳия дар ҷумҳурӣ бо гирифтани 119,1 хол ҷои дуюмро ишғол намуданд. «Омӯзгоре, ки бо мабуоти даврӣ ҳамкории зич надорад, бисёр муваффақиятҳоро аз даст медиҳад!» - изҳор медорад Р. Раҳимзода. Аз таҷриба ба ин хулоса омадааст. Ҳанӯз аз овони мактабхонӣ дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ навиштаҳояш ба табъ мерсиданд. То имрӯз ҳамкориро бо ВАО идома медиҳад ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Чандин мақолаҳои илмиаш

Аввалин раиси ноҳия аз ҳисоби бонувон дар Фархор

таҷриба ғун карда буд ва солорону фаъолони собиқадори ноҳия бовараш мекунонданд, ки танҳояш нахоҳанд гузошт ва дар ҳалли дилхоҳ кору масъала ҳангоми зарурат маслиҳатчиву кӯмакрасонаш мешаванд. Инак, рӯзҳову ҳафтаҳо, моҳҳо ва соле аз давраи роҳбари ноҳия таъин гардиданаш пушти сар гардиданд. Дар ин муддати кӯтоҳ ӯ тавонист, бо кӯмаку дастгирии ҳамешагии бевоситаи Президенти

идома доранд. Алҳол теъдоди кӯдакистонҳои ноҳия ба 6 адад расида, ба 10 адад расонидани онҳо дар назар аст. Дастгирию ғамхорӣ ба пиронсолони танҳо, кӯдакон аз оилаҳои камбизоатро дар мадди авали фаъолият қарор додааст. Вазнинии кори роҳбарӣ ҳам дар ҳамин аст, ки бояд ба ҳама корҳо дастрасӣ пайдо карда тавонад. Ногуфта намонад, ки таҷрибаи кори мактабӣ ба ин зани ғайратманд бисёр нозукиҳои кори роҳбариро

низ рӯи чопро дидаанд. Аз ҷумла, барои ҳимояи унвони номзади илм рисолаи худро дар мавзӯи «Ташаккули шахсият ва касбияти омӯзгори ҷавон дар шароити муосир» омода намудааст. Тасодуфӣ нест, ки маҳз бо ташаббуси ӯ дар ноҳия дар баробари рӯзномаи ноҳиявии «Гулистон» ҳафтаномаи «Минбари омӯзгор», маҷаллаи «Бонувони Фархор» нашр мешаванд. Хизматҳои Раъно Раҳимзодаро ба инобат гирифта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2013, №1498 ӯро бо медали «Хизмати шоиста» мукофотониданд. Умуман, проблемаву мушкилиҳои интизори ҳаллу фасл дар ноҳия табиист, ки кам нестанд, чунки пешрафти ҳаёт ва дигар омилҳо аксаран эҷодгари ононанд. Ҳалли ҳарчи зудтар ва оқилонаи онҳо, пеш аз ҳама, вазифаи ҳар як роҳбар, оғоз аз раиси ноҳия то раиси хоҷагиву ҷамоатҳо ва ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хусусӣ мебошад. Саҳеҳтараш, аз дасту дили гарм ва донишу таҷриба, кордонии ҳар як роҳбар вобастагӣ дорад. Дигар ин ки дар баробари роҳбари ноҳия будан, Раъно Раҳимзода вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мебошад ва ин масъулияташро боз ҳам даҳчанд месозад. Ҳатто метавон гуфт, ки то ҷое ҷидду ҷаҳд ва талошу ғайрати Раъно қаҳрамони асосии романи «Духтари оташ»-и нависанда Ҷалол Икромӣ - Фирӯзаро ба хотир меорад. Бо дарки масъулият ва хулосабарорӣ раиси ҷавон Раъно Раҳимзода ният дорад, ки бо ҷамъбасти бобарори соли куҳан, соли навро ба соли файзу барори корӣ табдил диҳад ва баҳри пешрафту ободонии ноҳия, беҳтар гардидани сатҳи зиндагию маишати мардум сазовори боварии Сарвари давлат, ки меҳру ихлос ва эътимоди беандоза ба занону модарон дорад, кору фаъолияти роҳбариашро ба роҳ монад. Ҳасан БОБОЕВ, узви ИЖТ, ноҳияи Фархор

7


МАОРИФ

Соли 1992 Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои минтақаи Рашт бо муаллимони соҳибихтисос барои кушодани шуъбаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) дар ноҳияи ҳамонвақтаи Ғарм иҷозат дод ва тибқи фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи филиали ДДОТ се шуъбаи рӯзона: филологияи тоҷик, таърих, математика, инчунин, як гурӯҳ аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кушода шуд. Таълими донишҷӯён аввал дар шаҳраки Навобод ва сипас, дар шаҳраки Ғарм оғоз ёфта, 360 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Вале январи соли 1996 фаъолияти шуъба қатъ гардид. Баъдан, Вазорати маорифи кишвар дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро ба инобат гирифта, аз 22 апрели соли 2002 кушодани шуъбаи таълими ғоибонаро иҷозат дод. Ҳамин тавр, шуъбаҳои ғоибонаи филологияи тоҷик, таъриху ҳуқуқ, баъдан шуъбаҳои математика ва география ба фаъолият шурӯъ намуданд. Пас аз он, бо ташаббус ва дастури бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1 ноябри соли 2006 дар бораи дар заминаи шуъбаи ғоибонаи мавҷуда таъсис додани филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт қабул гардид. Ҳамон вақт, яъне, то моҳи июни соли 2008 шумораи умумии донишҷӯёни шуъбаи ғоибона 708 нафарро ташкил медод. Соли 2007 45 нафар донишҷӯ филиалро хатм намуда, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақа ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шуданд. Соли 2011 доктори илмҳои фалсафа, профессор Сайидамир Ҷононов директори филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъин гардид. Сипас, дар асоси нишондоди Паёми Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26.04.2013), Қарори Ҳукумати кишвар аз 2 майи соли 2013, таҳти №206 «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» ба тасвиб расид. Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дорои

8

Таъсиси донишкада ташаббуси Роҳбари давлат буд ва имрӯз дар он 1881 нафар таҳсил мекунанд

се факулта ва 11 кафедра буда, дар он 15 шуъба, аз қабили забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ, забони англисӣ, таърих ва ҳуқуқ, математика-физика, математика-информатика, педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, химия ва биология, технология ва соҳибкорӣ, география ва ҳифзи табиат, география, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит (дар соҳаи маориф), менеҷменти иҷтимоӣ (дар соҳаи маориф), информатика ва рӯзноманигорӣ фаъолият доранд. Раёсати донишкада ҷиҳати муҷаҳҳаз гардондани раванди таълим бо воситаҳои муосири техникӣ пайваста талош меварзад. Айни ҳол дар донишкада 106 компютер мавҷуд буда, 70 адади он ба 6 синфхонаи компютерӣ мутааллиқанд. Ҳамчунин, дар ин ҷо 7 тахтаи электронӣ ва 7 видеопроектор мавҷуданд. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар назди донишкада курсҳои мах-

суси омӯзиши компютер, забонҳои хориҷӣ амал мекунанд. Аз оғози соли таҳсили 20132014 дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи донишкада 1881 нафар донишҷӯ аз рӯи 13 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 957 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 924 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил доранд. Аксари донишҷӯён аз ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Тавилдара, Ҷиргатол ва шаҳри Роғун мебошанд. Дар донишкада, ҳамчунин, ҷавонон аз минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд. Дар донишкада шӯроҳои олимон, илмӣ-методӣ, кураторон, занону духтарон, ташкилоти иттифоқи касабаи омӯзгорону кормандон, ташкилоти иттифоқи касабаи донишҷӯён, созмони ҷавонон фаъолият намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳбуд бахшидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва хоҷагию молиявӣ

нақши муҳим мебозанд. Соли 2013 ин махзани илму донишро 178 нафар, аз ҷумла, бо ихтисосҳои муаллими фанни забони русӣ 15 нафар, муаллими фанни забони англисӣ – 19, муаллими фанҳои физика ва математика - 31, муаллими фанҳои забон ва адабиёти тоҷик – 40 ва муаллими фанҳои таърих ва ҳуқуқ 49 нафар хатм карданд. Дар назди кафедраҳо бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ маҳфилҳои илмӣфаннии «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ», «Забондонони ҷавон», «Адабиётшиносони ҷавон», «Ҳуқуқшиносон ва таърихчиёни ҷавон», «Фалсафаи сиёсат», «Равоншиносон ва омӯзгорони ҷавон», «Математикҳои ҷавон», «Физикҳои ҷавон», «Табиатшиносони ҷавон» амал менамоянд. Раванди таҳияи барномаю дастурҳои таълимӣметодӣ, навиштани лексияҳо аз фанҳои гуногуни таълимӣ, ташкили дарсҳои кушоду намунавӣ ва дар машғулиятҳои таълимии ҳамдигар иштирок кардани устодон, фаъолияти маҳфилҳои илмӣ зери назорати доимии роҳбарияти таълимгоҳ қарор дошта, пайваста дар ҷаласаҳои шӯрои олимон ва раёсати донишкада мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Як соли охир барои устодони донишкада аз нигоҳи корҳои тадқиқотӣ-илмӣ ва эҷодӣ пурмаҳсул маҳсуб мешавад. Чунончи, дар ин давра мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва методикаи таълим М. Шодиев рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Зиндагӣ ва осори Алӣ Хуш» бомуваффақият дифоъ карда, порае аз онро дар шакли рисола бо номи «Нақши Алӣ Хуш дар рушди адабиёти тоҷик» нашр кард; мудири кафедраи математика

ва технология О. Саймуҳиддинов монографияи худро бо номи «Баъзе усулҳои ҳисоббаробариҳои алгебраи хаттӣ» ба табъ расонд; муаллим С. Раҳматов дастури методию таълимии хешро бо номи «Учебно – методическое пособие лекционно-семинарских занятий по устному народному творчеству» (для студентов первого курса неязыковых ВУЗов) нашр кард; маҷмӯаи мақолаҳои илмии устодон ба чоп тавсия шуд; устодони донишкада дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ мақола чоп карданд. Феълан 20 нафар унвонҷӯ ва 15 нафар аспирант бо таҳияи рисолаҳои номзадӣ машғул буда, 11 нафар хатмкардагони донишгоҳ дар магистратура таҳсил доранд. Бахши тарбияи донишкада дар асоси нақшаи таҳияшудаи чорабиниҳо ва Консепсияи миллии тарбия дар сатҳи умумидонишгоҳӣ ва ноҳиявӣ беш аз 20 чорабинӣ гузаронд, ки дар тарбияи ахлоқию маънавӣ, фарҳангӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, муқаддас доштани арзишҳои миллӣ, афзун гардондани муҳаббат ва садоқат ба касби омӯзгорӣ мусоидат намуданд. Донишкада дастаи ҳунарӣ таъсис додааст, ки аъзои он баҳри муассиру хотирмон гузаштани чорабиниҳои фарҳангӣ, таҷлили ҷашну санаҳои таърихӣ саҳмгузоранд. Имрӯзҳо ҳайати профессорону муаллимон ва дигар кормандон баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён ва бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии минтақа ва ҷумҳурӣ аз шароиту имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода мекунанд. М. РИЗВОНОВ

«Ҷавонони Тоҷикистон», №1 (9375), 2 январи соли 2015


СОЛИ НАВ МУБОРАК! Мирзо Асозода

Ҳазлҳои солинавӣ (Нимшӯхию нимҷиддӣ) Ҳар сол аз аввали сол Ваъдаҳо ҷувол-ҷувол. То охири соли нав Хоб равед бемалол. Ояд фасли зимистон, Хонаҳомон чу яхдон. Аз сардии хонаҳо Ҳамамон дарди миён. Аз муаммоҳои барқ, Гап занӣ, шавӣ аҳмақ. Тобистону зимистон Симчӯбо ҳама шалақ. Гар равӣ беморхона, Мешавӣ чу девона. Пули киса кам бошад Берун нарав аз хона. Аз амаки бозрасӣ, Чаро, ҷӯра метарсӣ? Бидеҳ «доля»-й аката, Зуд меёбӣ халосӣ.

Барои ошноҳои худам Яку дую сею чор, Воҳима қанор-қанор. Ана, омад соли нав, Дӯруғатон чӣ даркор? Мушфиқӣ дар чойхона, Бар худию бегона. Имрӯз эълон намудаст, Фардо худаш мехона. Рафтааст отай Бика Ба пеши очай Зика. Занозанӣ кардаанд Дар вақти «мусобиқа». Қиёмиддини Чақал, Янгаро гуфтаст дағал. Дар хона тамоми шаб Фарёду доду мағал. Убайдуллои Раҷаб, Хоб дидаст дина шаб. Завҷаи оҳанинаш, Як шата задаст дар лаб. Ҳангоми бомдодӣ, Шодӣ гуфто ба Ҳодӣ. Эй хомхаёли нодон Телпакамро надодӣ. Нуруллоҳ ОРИФ

Cоли

нав

Барфи марҷон

Бубор, эй барфи тар, соли нав омад, Такидан хостам аз дард қомат. Нигори зирадандони қаламқош, Биё, ки ҳадяе дорам ба номат.

Саропоят сафед аз барфи марҷон, Ба мисли барф сӯям ханда кардӣ. Чу бод аз кӯчаҳо печида рафтӣ, Маро куштию аз нав зинда кардӣ.

Ба тан пироҳани читат базеб аст, Анори синаҳоят дилфиреб аст. Қадат чун химча, мижгонҳот чун тир, Нигоҳи розгӯят реб-реб аст.

Чаро дар чилаи сарди зимистон, Канори гарми худро во накардӣ? Ба сӯят дида бастам, ноз кардӣ, Маро бар хештан ово накардӣ.

Бароят ҳадя дорам ёсу сунбул, Магӯ, ки дар зимистон аз куҷо гул? Мани ошиқ ба ту, эй нури дида, Ба паҳлӯят бимон, хонам чу булбул.

Шеъри барф Аз зери чатри симгун Абрӯ паронда сӯи барф. Номи сафеди ёрро Бинвиштаам дар рӯи барф. Бар шохаи номи азиз Пайванд карда номи хеш. Ҳамроҳи барф овардаам, Бар дӯстон пайғоми хеш. З-ин лаҳза пас то шаҳри ишқ, Ман меравам рӯ-рӯи барф. Дар хеш якҷо мебарам То кӯи ёрам бӯи барф.

Саропоят сафед аз барфи марҷон, Канори сарди ман сӯи ту боз аст. Ало, эй духтари хушрӯи барфӣ, Бароям шоли барфат ҷонамоз аст.

Духтари барфӣ Духтари барфӣ, биё имшаб маро То дами субҳи сафо оғӯш гир. То нагардад ишқи мо афсонае, Бӯса аз ман бо лаби хомӯш гир. Аз Худоям борҳо ман хостам, То дар олам шаҳрзоди ман шавӣ. Шеъри манро хониву ёдам кунӣ, Офтоби бомдоди ман шавӣ. Дил ба ёдат то кунун дорад тапиш, Дар миёни синаи ғамноки ман. Бар раҳат, эй духтари барфинарӯ, Мечакад хун аз дили садчоки ман. Духтари барфӣ, биё аз мулки барф, Бӯса резам аз сарат то нӯги по. Дар замину дар само, эй духти барф, Мисли ман ёре наёбӣ ҷонфидо.

«Ҷавонони Тоҷикистон», №1 (9375), 2 январи соли 2015

9


КИШОВАРЗӢ

Пӯст арзону гӯшт қимат

Бозори пӯсти чорворо кӣ аз тоҷирони турк гирифт? Ҳоло дар дӯконҳои пойтахт нархи як кило гӯшт 37-38 сомониро ташкил медиҳад. Қассобон гарон будани нархро ба қимат шудани худи чорвои зинда дар бозорҳои молфурӯшӣ нисбат медиҳанд. Ибодулло Гадоев, роҳбари филиали ташкилоти деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони ноҳияи Данғара дар афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва чорво саҳмгузор аст. Маълум гардид, ки имрӯз проблемаҳои зиёд дар фаъолияти эшон ҷой доштааст, ки ба афзудани нархи гӯшт низ рабт дорад.

қатор мавзеоти дигари кишвар чандон сероб нестанд, - ба нақлаш идома дод И. Гадоев. - Танҳо тавассути нақб аз рӯди Вахш як қисм заминҳои Данғара сероб мешаванд. Заминҳои мо низ аз об чандон танқисӣ намекашанд. Заминҳои мо тахту ҳамвор аст. Нишеб нест. Заҳбур кофтан кори беҳудааст. Даврони шӯравӣ пас аз обшор шудани заминҳои ташналаби водии Данғара ба ҷойи заҳбурҳо дар майдонҳои кишт ҳар ҷо-ҳар ҷо чоҳҳо кофтанд. Бо ин усул оби истифодашуда аз киштзор берун мешавад. Дар муҳлатҳои муайян бо техникаи махсус чоҳҳо тоза карда мешуданд. Ҳоло чоҳҳо қариб аз кор баромадаанд. Техникаи тозакунанда ҳам мавҷуд нест. Ин боис гашта, ки заминҳо торафт намнок шуда, ба шӯразор табдил ёбанд. Аз нақли Ибодулло Гадоев аён шуд, ки дар ноҳия идораи дахлдор,

карда шавад. Дар ноҳияи Данғара як камбудии ҷиддии заминҳои обӣ ҳамин аст. Яъне, сари вақт тоза накардани заминҳо аз обҳои истифодашуда. Ин ҳолат ба он оварда расондааст, ки ҳар сол масоҳати зиёди киштзорони обӣ ба шӯразор табдил ёфта, корношоям гардад. Деҳқонон ҳар сол заҳмат кашида, зироатҳои ғалладона, сабзавот, пахта кишт мекунанд. Лекин вазъи бавуҷудомада, ҳосилнокии ҳар гектар заминро сол то сол кам мегардонад. Ин бошад, ба манфиати деҳқон нест. Деҳқон бо истифода аз усулу шаклҳои нави фаъолият, дастовардҳои илму техника бояд ҳосилнокии заминҳоро пайваста афзун гардонад. Дастурхони мардуми кишварро пур аз нозу неъмат – маҳсулоти кишоварзӣ намояд. Афсӯс, бо чунин ҳолат ба комёбӣ умед бастан душвор аст.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони алоҳида дар ихтиёри худ чорвои калон ва майдаи зиёд доранд. Масалан, хоҷагии деҳқонии «Ҷавзо» соҳиби 200 сар бузу гӯсфанд, 400 сар гов ва аспҳои зиёд мебошад. Лек дар масъалаи нигоҳубин ва парвариши чорво низ ба мушкилот дучор шудаанд. Бо сабаби он ки заминҳои кишт камҳосил гаштааст, истеҳсоли хӯроки чорво низ коҳиш ёфт. Ин ҳолат ба қимат гардидани нархи гӯшт бетаъсир намонд. Масалан, ҳосили пахта хеле кам шудааст. Пас аз коркарди он истеҳсоли кунҷора, ки барои фарбеҳ намудани чорвои барои гӯшт пешбинишуда хеле муҳим аст, низ кам гардид. - Барои парвои чорвои калони барои гӯшт пешбинишуда муддати се моҳ аз 700 кило то як тонна кунҷора лозим аст, - мегӯяд Ибодулло Гадоев. - То ин ки чорво вазн

Филиали номбурда тозабунёд буда, айни ҳол танҳо се хоҷагии деҳқониро муттаҳид кардааст. Хоҷагиҳои деҳқонии “Ҷавзо”, “Раҳматулло” ва “Хатлон”. Дар маҷмуъ, филиал дар ихтиёри худ 700 гектар замин дорад. Хоҷагии Ҷавзо» бошад, 30 гектар замини обӣ ва 50 гектар замини лалмӣ. - Яке аз душвориҳое, ки имрӯз дар фаъолияти меҳнатии мо – деҳқонон вуҷуд дорад, шудгори замин аст, - нақл кард Ибодулло Гадоев. - Заминро бо тракторҳои тасмачарх бояд шудгор кард. Мутаассифона, бо сабаби нарасидани маблағ аксар деҳқонон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ заминро бо трактори оддӣ шудгор мекунанд, ки хилофи қоидаҳои агротехникист. Чуқурии шудгор бояд аз 35 то 40 сантиметрро дар бар гирад. Ба ин кор танҳо трактори тасмачарх қодир аст. Бо трактори муқаррарӣ танҳо 20 сантиметр заминро шудгор кардан мумкин аст. Ин ҷо шудгори заминҳои обӣ дар назар аст. Вақте замин дуруст шудгор намешавад, ин вазъ хоҳу нохоҳ ба ҳосил бетаъсир намемонад. Маҳз бо сабаби дуруст анҷом надодани шудгори заминҳо то 50 фоиз ҳосили зироатҳои кишоварзиро аз даст додан мумкин. - Заминҳои Данғара мисли як

яъне, таъмини об ба ин кор масъул аст. Мебоист шӯршавии заминҳоро пешгирӣ намояд. Лекин дар ихтиёр техникаи лозима надорад. Деҳқонон мехоҳанд заминҳои дар ихтиёр доштаашон коршоям бошад. Вале дар вақти лозима навбат намерасад. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки заминҳо корношоям гарданд. Обҳои истифодашуда бояд сари вақт аз киштзорон берун

- Ҳоло мо маҷбурем қисми бештари заминҳоямонро чун замини лалмӣ истифода барем, - бо алам изҳори андеша намуд Ибодулло Гадоев. - Бештар ғалладона, яъне, гандум кишт мекунем. Бе истифода аз об. Чунки, агар об монем, заминҳоямонро аз даст медиҳем. Чарогоҳҳои зиёди водии Данғара барои парвариши чорво шароити хуб муҳайё намудааст.

бардорад, то 200 кило гӯшт гирад. Камшавӣ боиси афзудани нархи кунҷора шудааст. Ҳамин тавр, нархи гӯшт ҳам афзоиш ёфт. Аз фурӯши пӯсти чорво низ фоидаи хуб ба даст меовардем. Пӯстро аз мо тоҷирони турк бо нархи бароямон дилхоҳ харидорӣ мекарданд. Масалан, як дона пӯсти гӯсфандро тоҷирони турк бо нархи аз 45 то 50 сомонӣ харидорӣ мекарданд. Пӯсти

говро бошад, то 200 сомонӣ. Мутаассифона, беш аз як сол мешавад, ки тоҷирони туркро аз ҳамкорӣ бо мо дур кардаанд. Ин амал бар зарари мо шуд. Ҳоло тоҷирони худӣ пӯсти чорворо аз мо харидорӣ мекунанд. Акнун нархи як дона пӯсти гов то 60 сомонӣ, гӯсфанд аз 5 то 10 сомонӣ, аз буз бошад, танҳо 3 сомонӣ. Бубинед, тафовутро? Сабаб пурсон шудем, гуфтанд, ки ашёи хом, яъне, пӯсти чорво дар корхонаҳои ватанӣ коркард мешавад. Аммо коркарди он дар ҳеҷ куҷо эҳсос намегардад. Гӯё ҳоло харидор ҳам нест. Танҳо барои дӯконҳои гӯштфурӯшии шаҳри Душанбе ҳар рӯз садҳо чорвои калону майда забҳ мегардад. Тасаввур кунед, харидор набошад, ин қадар пӯст куҷо мешавад? Ба андешаи ман, тоҷирони худӣ бо кадом роҳе вазифаи миёнаравро иҷро мекунанд. Ин вазъ бар зарари чорводор аст. Ибодулло Гадоев изҳор дошт, ки ҳар сол ба туркҳо аз 2,5 то 3 ҳазор дона пӯсти бузу гӯсфанд месупориданд. Аз як дӯкони забҳи чорво бошад, то 700 дона пӯсти гов. Фоидаи хеле калон ба даст оварда, тамоми хароҷотро пӯшонда метавонистанд. - Хароҷоти мо хеле зиёд аст, - афзуд И. Гадоев. - Андоз, роҳкиро барои кашондани маҳсулот, иҷорапулӣ ва ғайра. Барои пӯшондани хароҷот маҷбурем имрӯз нархи гӯштро боло бардорем. Масалан, агар як гӯсфанд 3040 кило гӯшт вазн дошта бошад, мо маҷбурем болои ҳар кило гӯшт то 2 сомонӣ маблағ илова намоем. Аз ҷумла, ба гӯшти гов низ. Ин ҳолат ба манфиати кор нест. Мардуми мо камбизоат аст. Дар чунин ҳолат на ҳама оилаҳо имкони харидани гӯштро, ки ғизои хеле муҳим маҳсуб меёбад, доранд. Деҳқонон ва чорводорони ноҳияи Данғара, сокинони пойтахтро низ бо маҳсулоти гунонуни кишоварзӣ ва гӯшт таъмин мекунанд. Данғара мулки кушоду калон аст. Чорвои хеле зиёд парвариш меёбад. Имкони аҳолии пойтахтро бо гӯшт таъмин намудан вуҷуд дорад. Тавре Ибодулло Гадоев изҳор дошт, шояд то 60 фоизи гӯшт барои аҳолии пойтахт аз Данғара таъмин шавад. - Мо дар бозори «Деҳқон», дар маҳаллаи Гипрозем ҷойи махсус дорем, - гуфт Ибодулло Гадоев. Чорворо зинда ба ин ҷо мерасонем. Инчунин, аз Қӯрғонтеппа ба ноҳияи мо омада, чорво харида мебаранд. Барои гӯшт. Толибшоҳи Давлат, «ҶТ»

ДОНИСТАН ХУБ АСТ

Тухми шибит - давои ҳиккак Давое, ки аз донаки ширини зардолу тайёр мекунанд, барои ҳиккак фоида дорад. Дар ин ҳолат истеъмоли 2030 грам доруи мазкур кӯмак мерасонад. Агар ҳиккак поён наёбад, ҷӯшобаи даҳ дарсади тухми шибит (укроб) кӯмак мерасонад.

10

Чой барои халосӣ аз вазни зиёдатӣ Барои халос шудан аз вазни зиёдатӣ ҷӯшобаи пӯпаки ҷуворимакка кӯмак мерасонад. Як қошуқ пӯпаки ҷуворимаккаро гирифта, бо як истакон оби тоза 10 дақиқа дар оташи паст ҷӯшонед. Сипас, онро аз дока гузаронида, рӯзе се бор сеяки истакон бинӯшед. Барои як рӯз як истакон ки-

фоя мекунад. Муҳлати табобат - 15 рӯз. Вазни худро пеш аз нӯшидани ҷӯшоба ва баъди ду ҳафтаи истеъмоли он санҷида, муқоиса намоед. Аз хӯрдани нони сафед, ғизоҳои серхамир, ширинӣ, бирёнӣ ва таомҳои серравған худдорӣ кунед. Бештар ғизоҳои сабзавотдору мева истеъмол кунед.

«Ҷавонони Тоҷикистон», №1 (9375), 2 январи соли 2015


2015 - СОЛИ ГӮСФАНД

ЭЪЛОН

Солшумории мучале, ки имрӯз дар Шарқ истифода мебаранд, таърихи қадима дорад. Ҳанӯз 2600 сол пеш аз мелод дар Чин солшумории мучал истифода мешуд. Бори аввал ин солшуморӣ дар замони ҳукмронии император Хуан Ди истифода шудааст. Гӯсфанд ҳайвони ҳаштумини мучал аст. Соли 2015 тибқи солшумории шарқӣ соли гӯсфанд мебошад. Аз рӯи ақидаи чиниҳо касоне, ки дар соли гӯсфанд ба дунё меоянд, мураббиёни ғамхор мешаванд. Онҳо ғамхорӣ кардан ба дигаронро дӯст медоранд. Зодагони соли гӯсфанд дӯстдори тинҷию осудагианд. Эҳсоси коллективизм дошта, мехоҳанд узви фаъоли ҷомеа гарданд. Гӯсфандон табиатан хайрхоҳу оромидӯстанд. Як камбуди гӯсфандон дар он аст, ки ҳангоми муайян кардани мавқеъ дудилагӣ зоҳир мекунанд. Бинобар ин, дар бисёр масъалаҳои баҳснок бетараф буданро меписанданд. Намехоҳанд, ки худро ба ҷанҷолу кашмакаш ҳамроҳ созанд.

Диққат, озмун!

Гӯсфанд зиндагидӯстдор мебошад Хосиятҳои соли гӯсфанд Гӯсфандон зиндагидӯстдоранд. Аз зодагони ин сол ашхоси ҳунарманд, боистеъдод (рассом, эҷодкор), мураббию омӯзгори хуб мебарояд. Гӯсфандон аз хона дур буданро намеписанданд. Ҳарчанд ашхоси мутадайин бошанд ҳам, вале ҳеҷ гоҳ «фанатик» нестанд. Одамони шармгин ва ҷиддианд. Аз онҳо чандон савдогари хуб намебарояд. Зодагони соли гӯсфанд дар корҳои эҷодӣ муваффақ мешаванд. Қадами худро дониста мегузоранд. Ба касе хубие кунанд ҳам, онро холисона (бе риёкорӣ) анҷом медиҳанд. Гӯсфандон фантазияи бой доранд. Ҳамчунин, оптимист (хушбин) буда, шӯхибардоранд. Бисёр вақт ғами дигаронро хӯрда, ҳатто худро фаромӯш мекунанд. Аз гӯсфанд роҳбари ғамхор мебарояд. Гӯсфанд ба дастгирии маънавӣ, таъриф ва бардор кардан ниёз дорад. Аз ситоиш нерӯи тоза мегирад. Агар чунин дастгириҳо нашуд, инҷиқ ва ранҷидахотир мешавад. Аз танҳоию бекорӣ ва зиқ шудан сахт метарсад. Мутаассифона, гӯсфанд пулро нигоҳ дошта наметавонад. Бинобар ин, бисёр вақт дар ҳолати мушкили молиявӣ қарор дорад. Гӯсфанд исрофкорӣ наменамояд. Шояд ӯ идеяҳои гениалӣ дошта бошад, вале кӯшиш намекунад, ки бо онҳо пул кор кунад. Беҳтарин ҳамсар барои гӯсфанд зодагони соли харгӯш, хук ва асп мебошанд. Зиндагии гӯсфанд бо муш, гов ва саг чандон рост намеояд. Ба ақидаи чиниҳо соли гӯсфанд бафайз мешавад. Дар ин сол таваҷҷуҳ ба санъат, зебоӣ ва эҷодкорӣ меафзояд. Аз ин рӯ, ин сол, алалхусус, барои кормандони соҳаи санъат, омӯзгорон, кормандони бахши иҷтимоӣ, духтурон, хоса, акушер-

гинекологҳо пурбаракат мешавад. Махсусан, ин сол барои косметологҳо, ошпаз, ходимони тарабхона, меҳмонхона, сохтори туризм бобарор хоҳад омад. Касоне, ки мехоҳанд дар робита бо муносибатҳои оилавӣ, эҷодиёт ва соҳибкорӣ ба комёбӣ ноил шаванд, соли гӯсфанд фурсати хеле муносибу бобаракат аст. Гӯсфанд ҷонвари аҳл аст. Аз ин рӯ, кӯшиш кунед, ки дар соли гӯсфанд ҳама чиро тавассути хайрхоҳӣ, дилсӯзӣ, оромӣ (тамкин) ва бурдборӣ (сабр) ноил гардед. Соли гӯсфанд барои муш нисбат ба соли асп дида оромтар хоҳад буд. Муш дар соли гӯсфанд аз маблағгузориҳои муштарак (музораба) бештар фоида хоҳад гирифт. Барои гов соли гӯсфанд дӯсти «нофаҳм» аст. Гов меҳнатдӯст аст. Аммо зиёд будани нақшаву ташвишҳо на ба ҳама кор расида метавонад. Корҳоро ботартиб анҷом бояд дод. Дар соли гӯсфанд паланг бештар таваҷҷуҳи худро ба корҳои хона равона месозад. Палангро лозим меояд, ки дар баробари кор ба истироҳат низ диққат диҳад. Оила ба паланг такягоҳи боэътимод мешавад. Соли гӯсфанд барои харгӯш олиҷаноб аст, зеро харгӯш бо гӯсфанд дӯсту ҳамкоранд. Аз ин рӯ, корҳои харгӯш баробар сурат мегиранд. Пас, танбалӣ набояд кард. Наҳангҳо истироҳати фаъолро дӯст медоранд. Аз ин рӯ, барояшон соли гӯсфанд айни муддаост. Ин сол онҳоро саргузаштҳои аҷоиб интизор аст. Наҳангҳоро лозим аст, ки ба рӯзғор бештар диққат диҳанд. Мор дар соли гӯсфанд зуд-зуд аз лонааш берун мебарояд. Аз ин рӯ, дар соли гӯсфанд морро шиносоиҳои бобарор интизор аст. Мор дар ин сол ором буда, ҳушёриро аз даст намедиҳад. Соли гӯсфанд барои асп низ бобарор аст. Ин сол ба асп комёбӣ, бойигарӣ

«Ҷавонони Тоҷикистон», №1 (9375), 2 январи соли 2015

ва бахт меорад. Никоҳи аспҳо бобарор хоҳад буд. Барои аспҳои соҳибкор дари файзу футуҳ боз мешавад. Тоҷирон даромади хуб ба даст меоранд. Зодагони бурҷи гӯсфанд дар соли гӯсфанд ба комёбиҳои зиёд ноил мегарданд. Ин муваффақият на ба зодагони ҳар сол муяссар мешавад. Зодагони ин сол, ки хайрхоҳанд, дар бисёр соҳаҳо комёбӣ насибашон мегардад. Аммо гӯсфандони сарфакорро лозим меояд, ки ба хароҷоти калон роҳ надиҳанд. Соли гӯсфанд барои ҳамдуна соли ҳисобот аст. Ҳамдуна бозиҳои беҳудаю ҷастухезро як сӯ монда, бояд корҳои гузаштаро назди виҷдонаш «ревизия» кунад. Захираю имкониятҳояшро «баркашида», барои оянда нақша кашад. Барои зиқшавии ҳамдунаҳо дар ин сол баҳонае нест. Барои мурғ дар соли гӯсфанд стресс ва мушкилот камтар аст. Агар хоҳад, ки соли гӯсфанд барояш ором бошад, ба кори дигарон, ҳатто наздиконаш низ дахолат накунад. Мурғ бори ташвиши зиёдро ба худ нагирифта, бояд ба истироҳат низ таваҷҷуҳ кунад. Кори бисёру беистироҳат касро абгор месозад. Саг дар соли гӯсфанд каме ноорому асабӣ мешавад. Ӯро бештар масоили молиявӣ ба ташвиш меорад. Онро аз куҷо бояд гирифт? Бекор гаштан гуноҳ асту аз қувва зиёд кор кардан ҷабр ба организм. Пас миёнаи тиллоиро бояд ёфт, то «на сих сӯзаду на кабоб». Барои хук соли гӯсфанд соли сафарҳои пурбаракат, таҳсили бобарор ва истироҳати фаъол хоҳад буд. Хук бо гӯсфанд дӯст буда, энергетикаи ин солро хуб дарк мекунад. C. АМИНИЁН, “ҶТ”

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпӣ бо мақсади таҳияи тарҳи либоси ягонаи миллии варзишӣ барои дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш озмун эълон менамоянд. Ғолиби озмун бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегардад. Дар тарҳи (эскизи) либосҳои варзишӣ рамзи муқаддасоти миллӣ (парчами давлатӣ, нишон), таҷассумкунандаи хиради ниёгону муосир тасвир шаванд. Ҳар як қисмати либоси варзишӣ бояд мазмуни мушахасси худро дошта бошад. Ранг, аломатҳои алоҳидаи дарҷшуда, намуди берунии либос бояд дар худ рукнҳои таърихию муосири давлатдории тоҷиконро дар алоқамандӣ бо унсурҳои муосири варзиши ҷаҳонӣ тараннум намоянд. Тарроҳон тарҳи либосҳои варзишии мавсимиро (курта, пиҷак ё болопуш, шим, калапуш, ҷӯроб, пойафзол, борхалта) дар нақша ва шакли тайёр бо нишонии кӯчаи Спортивная-6, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Озмуни тарроҳон» пешниҳод намоянд. Муҳлати пешниҳод то 30 январи соли 2015 муайян гардидааст. Телефонҳо: 236-31-66, 907-58-73-60

ҲАМДАРДӢ Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба Асадуллоҳ Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумкати ҷумҳурӣ, нисбат ба марги ПАДАРАШ изҳори ҳамдардӣ карда, ба ӯ ва пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонанд. Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз марги бемаҳали нависандаи маъруф РАҲМОН ОСТОН сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд. Кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба Зайниддин Раҳимов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб, нисбат ба марги ПАДАРАШ изҳори ҳамдардӣ карда, ба ӯ ва пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонанд.

11


ФУТБОЛ. ҶОМИ ИТТИҲОД

ДЗЮ-ДО

Ҷоми “Хон Манас”: 8 медал ба варзишгарони тоҷик Варзишгарони мамлакат дар мусобиқаи байналмилалии дзю-до барои дарёфти Ҷоми “Хон Манас” байни гӯштингирони солҳои таваллудашон 1995-1997, ки 23-24 декабр дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) баргузор шуд, ҳашт медал (4 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Қазоқистон – рақиби нахустини Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод Дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар оид ба футбол (U-22) дар мусобиқаи XXIII байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015, ки 16-25 январи соли оянда бо ширкати 12 даста дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, дар гурӯҳи “С” бо тимҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон рақобат мекунад. Тими мунтахаби ҷавонони кишвар нахустин бозиашро 17 январ бо тими Қазоқистон, бозии дуюмашро 18 январ бо дастаи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва бозии сеюмашро 20 январ бо дастаи Литва анҷом медиҳад. Ба ҳайати дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқа футболбозони соли таваллудашон 1994 ва аз он хурд дохил мешаванд. Дар Ҷоми Иттиҳод ба ҷуз 10 дастаи мунтахаби кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин, тимҳои ҷавонони Финландия ва Африқои Ҷанубӣ ширкат хоҳанд кард. Вале тими мунтахаби ҷавонони Украина, ғолиби мусобиқаи соли гузашта, ширкат намеварзад. Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2015: Гурӯҳи «А»: Беларус, Туркманистон, Эстония, Финландия. Гурӯҳи «В»: Молдова, Қирғизистон, Русия, Латвия. Гурӯҳи «С»: ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ), Литва, Тоҷикистон, Қазоқистон. 16 январ (ҷумъа) 14:00. Беларус – Туркманистон 16:15. Эстония – Финландия 18:30. Молдова – Қирғизистон 21:00. Русия – Латвия 17 январ (шанбе) 14:00. ҶАҶ - Литва 16:15. Тоҷикистон – Қазоқистон 18:30. Финландия – Туркманистон 21:00. Эстония – Беларус 18 январ (якшанбе) 14:00. Латвия – Қирғизистон 16:15. Қазоқистон – Литва 18:30. ТОҶИКИСТОН – ҶАҶ 21:00. Русия – Молдова 19 январ (душанбе) 14:00. Беларус – Финландия 16:15. Туркманистон – Эстония 18:30. Молдова – Латвия 21:00. Қирғизистон – Русия 20 январ (сешанбе) 14:00. ҶАҶ – Қазоқистон 16:15. Литва – ТОҶИКИСТОН 21 январ (чоршанбе) Чорякфинал 14:00. 1А – 3В/3С 16:15. 2B – 2С 18:30. 1С – 2А 21:00. 1В – 3А/3С

12

22 январ (панҷшанбе) Бозиҳо барои ҷойҳои 9-12-ум 18:30. 4А – 4С 21:00. 4В – 3А/3В/3С 23 январ (ҷумъа) 14:00. Бозӣ барои ҷойи 5-8-ум 16:15. Бозӣ барои ҷойи 5-8-ум 18:30. Нимфинал 21:00. Нимфинал 24 январ (шанбе) 18:30. Бозӣ барои ҷойи 11-ум 21:00. Бозӣ барои ҷойи 9-ум 25 январ (якшанбе) 13:00. Бозӣ барои ҷойи 7-ум 15:15. Бозӣ барои ҷойи 5-ум 17:30. Бозӣ барои ҷойи 3-юм 21:00. Финал Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе. Тими мунтахаби ҷавонони футболи мамлакат бо роҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев омодагиро ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015 17 декабр шурӯъ кард. Ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста 24 бозингар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд. Ҳайати васеи тими мунтахаби ҷавонони мамлакат (U-22) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе: Дарвозабонҳо: Эмомалӣ Сониев (“Истиқлол”), Фатҳуллои Иззатулло (“Равшан”), Дилшод Дадобоев (“Эсхата”); Ҳимоятгарон: Абдулло Саидов, Фирдавс Чақалов (ҳар ду – КМВА “Помир”), Бахтиёр Азимов (“Энергетик”), Саидхони Амрохон, Тоҳири Баҳром (ҳар ду – “Равшан”), Самандари Хайриддин (“Истиқлол”), Алишер Шарифов (“РегарТадАЗ”); Нимҳимоятгарон: Фаридун Шарифов, Фирӯз Юсуфов (ҳар ду – КМВА “Помир”), Ойбек Абдуғаффоров (ДСТР), Ромиш Ҷалилов (“Истиқлол”), Парвиз Ҳамидов, Амирбек Ҷӯрабоев (ҳар ду – “Хайр”), Ҷаҳонгир Алиев (“Парвоз”), Дилшод Каримов, Вайсиддин Сафаров (ҳар ду – “Хуҷанд”), Шодмон Тағойзода (“Регар-ТадАЗ”); Ҳамлагарон: Абдурасул Раҳмонов, Фирӯз Раҳматов (ҳар ду – “Регар-ТадАЗ”), Ҷаҳонгир Эргашев, Меҳроҷиддин Музаффаров (ҳар ду – “Истиқлол”).

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки бори панҷум барпо гардид, 180 нафар аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Эрон ширкат доштанд. Занон дар 7 вазн ва мардон дар 8 вазн рақобат карданд. Тавре Аҳтам Раҷабов, сармураббии клуби варзишии “Вастан” ба радиои “Озодӣ” хабар додааст, миёни занон Мавлуда Саъдуллоева дар вазни 52 кило бо медали нуқра ва Фазилат Гулбоева дар вазни 57 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд. Дар сабқати мардон Салман Раҳмихудоев дар вазни 66 кило, Ҳамроҳ Раҷабов дар вазни 73 кило ва Ғиёсиддин Раҷабзода дар вазни 81 кило бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Меҳроҷ Ғафуров дар вазни 60 кило, Рашиди Шодибек дар вазни 90 кило

ва Рауф Зиёбеков дар вазни беш аз 90 кило барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд. Дар ҳисоби даставӣ тими мунтахаби Қирғизистон бо ҳашт медали тилло ғолиб шуд ва бо Ҷоми “Хон Манас” сар-

фароз гашт. Варзишгарони Қазоқистон, ки шаш медали тилло гирифтанд, мақоми дуюмро касб карданд. Дастаи мунтахаби Русия бо як медали тилло дар ҷойи сеюм қарор гирифт.

ФУТБОЛ. ҶОМИ КФО-2015

«Хайр» омодагиро ба Ҷоми КФО-2015 оғоз кард Барандаи медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат «Хайр»-и Ваҳдат омодагиро ба бозии даври дуюми квалификатсионии Ҷоми КФО-2015 оғоз намуд. Дар ин давр, ки 10 феврал дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ доир мегардад, рақиби дастаи шаҳри Ваҳдат чемпиони Бангладеш - клуби «Шайх Рассел» мебошад. Тавре сармураббии даста Тоҳир Муминов хабар додааст, футболбозон рӯзе як маротиба тамрин мекунанд. Даври дуюми ҷамъомади таълимӣ-машқии «Хайр» дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи омодагӣ дастаи “Хайр” бо тими мунтахаби ҷавонони кишвар (U-21), ки низ ба Ҷоми иттиҳод-2015 тайёрӣ мебинад, бозии дӯстона анҷом дода, бо ҳичоби 0:4 мағлуб гашт. Ҳисобро дар дақиқаи 16 Ҷаҳонгир Алиев кушод. Баъди 14 дақиқа

ҳамлагари “Регар-ТадАЗ” Абдурасул Раҳмонов ҳисобро афзуд. Ду голи дигари тими ҷавононро Меҳроҷиддин Музаффаров дар дақиқаҳои 74 ва 85 зад. Ёдрас мешавем, ки барои ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 баромадан, «Хайр» бояд дар марҳилаи квалификатсионӣ дар ду бозӣ ғалаба кунад. Дар сурати ғалаба бар Чемпиони Бангладеш «Хайр» дар даври сеюми квалификатсионӣ, 17 феврал дар сафар бо барандаи Ҷоми Лубнон, клуби футболи «Салом Ҷҳарта» вомехӯрад.

«Ҷавонони Тоҷикистон», №1 (9375), 2 январи соли 2015


ВАРЗИШИ ҶАҲОН

Ҷеннингс барои рақобат бо Кличко 2 млн. доллар хостааст Владимир Кличко, қаҳрамони ҷаҳон оид ба муштзанӣ аз рӯи версияҳои IBF, IBO, WBA ва WBO шартҳои молии дидораш бо Брайант Ҷеннингси амрикоиро мувофиқа кардааст. Дар ин бора “boxingnews24.com” хабар додааст. “Ҳарчанд ин рақобат расман тасдиқ нашудааст, аммо ба ман хабар доданд, ки шартҳои молии он аллакай мувофиқа шуда, қарордод ба ҷонибҳо ирсол шудааст. Рӯзҳои наздик иттилои расмӣ нашр мешавад”, -гуфтааст Дэн Рафал, шореҳи ESPN. Интизор меравад, дидори Кличко ва Ҷеннингс 25 апрели соли 2015 дар Ню-Йорк баргузор шавад. Қаблан гуфта мешуд, ки муштзани амрикоӣ барои ин рақобат ду миллион доллар талаб кардааст. Намояндаҳои Кличко гуфта бу-

данд, ба ҷуз Ҷеннингс, муштзани мексикоӣ Энди Руис ва боксчии амрикоӣ Шеннон Бриггс ҳам барои дидор бо ӯ муддаӣ ҳастанд. Брайант Ҷеннингси 30-сола дар давоми карйераи худ 19 маротиба ба ринг баромада, дар ҳамаи он дастболо шудааст. Барои Кличко дидор бо ин муштзан як навъ омодагӣ ба рақобат ҷиҳати ҳифзи унвони WBO аст, ки тирамоҳи соли 2015 баргузор мешавад. Дар он муштзани украинӣ бо Тайсон Фюрии англис қувваозмоӣ мекунад.

“Кубан” барҳам мехӯрад Футболбозон ва сармураббии клуби “Кубан” бо далели мушкили молӣ эҳтимолан охири мавсим бо “Анжӣ”-и Махачқалъа шартнома мебанданд. Дар ин бора “Интерфакс” хабар додааст.

Платинӣ – номзади ягона ба мақоми раисии UEFA

Ба иттилои манбаъ, “моҳҳои июн-июл “Кубан” барҳам мехӯрад. Ба эҳтимоли зиёд футболбозон ба “Анжӣ” фурӯхта мешаванд. Клуб маблағ надорад. Сармураббӣ Леонид Кучук ҳам ба тими Махачқалъа мегузарад”.

Мишел Платинӣ, раиси Иттиҳоди Ассосиатсияҳои футболи Аврупо (UEFA) номзади ягона дар интихоботи президенти ин ниҳод хоҳад буд. Дар ин бора сомонаи расмии UEFA хабар додааст. “Муҳлати пешниҳоди дархостҳо 24 декабр анҷом ёфт. Танҳо як дархост расидааст ва он ҳам аз роҳбари амалкунандаи иттиҳод”, — менависад манбаъ. Гуфта мешавад, то 24 январ дархостҳо барои мақоми роҳбари кумитаи иҷроия ва ноиб-президенти UEFA қабул карда мешаванд. Интихоботи президенти UEFA 24 марти соли 2015 дар Вена баргузор хоҳад шуд. Моҳи августи соли равон Платинӣ эълон кард, номзадиашро ба интихоботи Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA), ки моҳи майи соли 2015 дар Сюррих баргузор мешавад, пешбарӣ намекунад. Мишел Платинӣ январи соли 2007 президенти UEFA интихоб шуда, моҳи марти соли 2011 курсиашро барои як давраи дигар ҳифз кард.

Роналдино аз рухсатӣ баргашт Роналдино, футболбози бразилӣ, ки дар ҳайати клуби “Керетаро”-и Мексика бозӣ мекунад, бо таъхири сеҳафтаина аз рухсатӣ баргашт. “Керетаро” оғози моҳи декабр ба тамрин шурӯъ кард, аммо нимҳимоятгар акнун ба ҳайати тим пайваст. Ба ин тариқ, ӯ тақрибан тамоми давраи омодагиро сарфи назар кард. Маълум нест, ки Роналдино ин муддат дар куҷо будааст. Гуфта мешавад, баъди муоинаи тиббӣ ӯ ба тамрин оғоз хоҳад кард. Президенти “Керетаро” Хоакин Белтран қаблан таҳдид карда буд, ки агар футболбоз то 27 декабр ҳозир нашавад, ӯро аз ҳайати да-

«Ҷавонони Тоҷикистон», №1 (9375), 2 январи соли 2015

ста хориҷ мекунад. Моҳи сентябри соли равон Роналдино бо “Керетаро” қарордоди дусола имзо кард. Давоми чор моҳ ӯ дар нуҳ бозӣ иштирок карда, се гол зад. Роналдино дар гузашта дар клубҳое монанди “Фламенго”, “Милан”, “Барселона”, “Пари СенЖермен”, “Гремио” бозӣ кардааст. Соли 2002 бо кӯмаки ӯ тими миллии Бразил қаҳрамони ҷаҳон шуд. Соли 2006 ҳамроҳ бо “Барселона” дар Лигаи чемпионҳо ғолиб гардид.

Шумахер барои занаш мегиряд Михаэл Шумахер, қаҳрамони ҳафткаратаи “Формула-1”, вақте садои зан ва кӯдаконашро мешунавад, ашк мерезад. Дар ин бора журналист Антонио Боселлӣ, шореҳи “Sky Sport Italia” дар саҳифаи “Twitter”-аш хабар додааст. “Ин нишонаҳои хуб аст, ки аз беҳтар шудани вазъи сиҳатии ӯ хабар медиҳад”, - навиштааст ӯ. Моҳи ноябр менеҷери Михаэл Шумахер - Сабина Кем хабар дод, вазъи варзишгар нисбатан беҳтар шудааст. Моҳи сентябр Шумахер

аз бемористон ба манзилаш оварда шуд. Шумахер 29 декабри соли 2013 ҳангоми лижаронӣ дар кӯҳҳои Алпи Фаронса ҷароҳат бардошта, давоми 164 рӯз дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт.

4 миллион рубл барои медали тилло Варзишгарони рус барои медали тилло дар Бозиҳои олимпии соли 2016, ки дар Рио-де-Жанейрои Бразил баргузор мешавад, чор миллион рубл мегиранд. Дар ин бора Виталий Мутко, вазири варзиши Русия хабар додааст. “Маблағи ҷоиза аллакай маълум аст. Барои медали тилло чор миллион рубл тақдим мешавад”, - изҳор доштааст ӯ. Ба қавли вазир тарҳе, ки маблағи ҷоизаро барои дастовардҳои мухталиф дар Бозиҳои олимпии Бразил муайян мекунад, соли 2015 таҳия хоҳад шуд. Барои медали тилло дар олимпиадаи Сочӣ низ варзишгарон чор миллион рубл дарёфт карда буданд. Барои нишони нуқра 2,5 миллион ва барои медали биринҷӣ 1,7 миллион рубл пардохт гардида буд.

Камбуди маблағ барои МҚҶ-2018 Виталий Мутко, вазири варзиши Русия гуфтааст, кумитаи тадорукоти омодагӣ ба Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2018, камбуди буҷа дорад. “Барои соли 2015 камбуди буҷа вуҷуд дорад. Кумитаи тадорукот ба маблағҳои хайрияи ашхоси алоҳида умед бастааст”, - изҳор доштааст вазир. Русия ҳаққи баргузории МҚҶ дар соли 2018-ро декабри соли

2010 дарёфт кард. Бозиҳо дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри ин кишвар - Москав, Калининград, СанктПетербург, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростови лаби Дон, Сочӣ ва Екатеринбург доир мегарданд.

13


ВАРЗИШИ АҚЛ Таърихнигор

Як навъ матои ѓафси обногузари хаймањо

Як навъи карам … Бусли, овозхони машњури њинд

Амитабњ …, ситораи кинои њиндї

Номи шоир Љомї

Шањр дар наздикии ш.Хуљанд

Њаёт (лотинї)

Зоти мори печон

Муќобили «муњаббат»

«Шоњ …», асари Шекспир

Маълуму равшан

Мардум, халќ

Воњиди иќтидори барќ, Вт Бе он футбол намешавад

Мошини аввалини СССР

Асосгузори адабиёти ќазоќ

Чењрахандон

Пешво, сарвар

Намудор

Ќисми таппонча

Дарё дар вилояти Архангелск;

Пойтахти Урдун

Ноумедї, маъюсї Омўзишгоњи ...техникї

Текст

Хонум, бону

Чўлоќ

МухтасаЊасан номи нисбати ри як кишЊусейн вари араб

Варзише, ки њалук дорад

Усули љангии Нико (С.Сигал, Голливуд)

Кўфта ва соидаи ѓалла

Мамлакат

Аз он борон меборад

Узви инсон Њайвони думбадор

«Шарќ» ба истилоњи бањрчиён

Шогирд, пайрав

Санљиши хаттї дар мактаб

Пушта, тепа

Охир, анљом

Суха- Орзу, не, ки њавас онро «мезананд»

Ќуллаи сўзан

Дањшатангез

Њарфи Н дар кимиё

Таъмиргоњи киштињо

Фариштаи марг

Љои махсус барои хўрокхўрии чорво

Шиори давраи Горбачёв

Њозир набудан

Занбур

Хоњари падар

Ѓизо аз орду оби гарм барои чорво

Пули Љопон

Тарї

Љуфти «тўл»и љуѓрофї

Љои палто ва куртка

Њаракати мавзун тањти мусиќї

Њаммаънои "санам"

Дил Аз Худо метарсад

Мошини «тангем»шакли «Дэу»

Адади сераќамаи хурдтарин

Тиљорат, харидуфурўш

Бозии рўимизии ќадима

Ќарз Сињат шудан

14

Њашароти рўиобдавак

«Ҷавонони Тоҷикистон», №1 (9375), 2 январи соли 2015


2015 ҶАШНУ ИДҲО:

Январ

Феврал

Март

Апрел

1 январ – Соли нав

ДШ СШ ЧШ ПШ ҶМ ШБ ЯШ

ДШ СШ ЧШ ПШ ҶМ ШБ ЯШ

ДШ СШ ЧШ ПШ ҶМ ШБ ЯШ

ДШ СШ ЧШ ПШ ҶМ ШБ ЯШ

1 5 6 7 8 12 13 14 15 19 20 21 22 26 27 28

1 8 15 22 29

23 феврал – Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ 8 март – Рӯзи модар 21-24 март – Иди Наврӯз 1 май – Иди якдилии меҳнаткашон 9 май – Иди Ғалаба 23 май – Рӯзи ҷавонон 27 июн – Ваҳдати миллӣ 9 сентябр – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 6 ноябр – Рӯзи Сарқонун

5 12 19 26

6 13 20 27

7 14 21 28

1 8 15 22 29

2 9 16 23 30

3 10 17 24 31

4 11 18 25

2 9 16 23

3 10 17 24

4 11 18 25

2 9 16 23 30

3 10 17 24 31

4 11 18 25

5 12 19 26

6 13 20 27

7 14 21 28

6 13 20 27

7 14 21 28

1 8 15 22 29

2 9 16 23 30

3 10 17 24

4 11 18 25

5 12 19 26

Май

Июн

Июл

Август

ДШ СШ ЧШ ПШ ҶМ ШБ ЯШ

ДШ СШ ЧШ ПШ ҶМ ШБ ЯШ

ДШ СШ ЧШ ПШ ҶМ ШБ ЯШ

ДШ СШ ЧШ ПШ ҶМ ШБ ЯШ

4 11 18 25

5 12 19 26

6 13 20 27

7 14 21 28

1 8 15 22 29

2 9 16 23 30

3 10 17 24 31

Сентябр 7 14 21 28

2 9 16 23 30

«Ҷавонони Тоҷикистон», №1 (9375), 2 январи соли 2015

3 10 17 24

4 11 18 25

5 12 19 26

2 9 16 23 30

3 10 17 24

4 11 18 25

5 12 19 26

6 13 20 27

7 14 21 28

Октябр

ДШ СШ ЧШ ПШ ҶМ ШБ ЯШ

1 8 15 22 29

1 8 15 22 29

6 13 20 27

5 12 19 26

6 13 20 27

7 14 21 28

2 9 16 23 30

3 10 17 24 31

7 14 21 28

2 9 16 23 30

3 10 17 24 31

4 11 18 25

5 12 19 26

Ноябр

ДШ СШ ЧШ ПШ ҶМ ШБ ЯШ

1 8 15 22 29

6 13 20 27

1 8 15 22 29

4 11 18 25

3 10 17 24

4 11 18 25

5 12 19 26

6 13 20 27

4 11 18 25

5 12 19 26

6 13 20 27

7 14 21 28

2 9 16 23 30

Декабр

ДШ СШ ЧШ ПШ ҶМ ШБ ЯШ

2 9 16 23 30

3 10 17 24 31

1 8 15 22 29

7 14 21 28

1 8 15 22 29

ДШ СШ ЧШ ПШ ҶМ ШБ ЯШ

7 14 21 28

1 8 15 22 29

2 9 16 23 30

3 10 17 24 31

4 11 18 25

5 12 19 26

6 13 20 27

15


АКСИ РӮЗ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Кумитаи ҷавонон,

Ҳадафи ман соли 2015 расидан ба мақсадҳои дарпешгузоштаам дар соли 2014 аст, ки мебоист соли 2013 анҷом медодам, зеро соли 2012 ба худ қавл додам ба онҳо мерасам. Ин мақсадҳоро бори аввал соли 2011 ба нақша гирифта будам.

варзиш ва сайёҳии назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

***

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Дар бозор. Харидор: - Ягон молатон тахфифи солинавӣ дорад? Фурӯшанда: - Бале, ҳама чизе, ки аз тарафи дасти чапатон мебинед, дар ду рӯзи охир қимат нашудаанд.

Умаралии САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ

***

(муовини котиби масъул),

Дар рӯзҳои баъди соли нав суоле, ки аз ҳама зиёд пурсида мешавад “имрӯз чандум аст” мебошад.

Сайфиддин СУННАТӢ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

***

Толибшоҳи ДАВЛАТ

Марде аз дӯсташ мепурсад: - Соли навро чӣ хел гузарондӣ: - Бадтар намешавад. Рӯзи 3 январ дар зери арча бедор шудам. - Нағз-ку, то сеюм истироҳат... - Дуруст, аммо ҷангал хунук аст, охир...

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),

***

Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),

Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),

Ролен Строус аз Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ зебосанами ҷаҳон дар соли 2014 дониста шуд. Ин озмун 14 декабр дар Лондон (Британияи Кабир) доир гашт.

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7675 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16

ҳисоби бонкӣ: р/с

№20202972500 232101000, кор/с 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

16

АНДАРЗ

Шаби соли нав... Ошиқон Байнашон гурбаи сиёҳ гузашта аст. Дер боз ногапанд... Шаби 31 декабр аст. 15 дақиқа пас соли нав медарояд. Ҷавон ба духтар паёмак ирсол кард. “Чӣ шавад, ки ба соли нав ҳамроҳ ворид шавем?” Ҷавоб омад: “Хуб мешавад”. Ҷавонро, бо вуҷуди мусбат буданашон паёмакҳои кӯтоҳи духтар ба дил задааст. Ҳар боре онҳоро медид, сахт асабӣ мешуд... Аммо бигзор, ин ҳам аллакай оғози кор аст. То соли нав 10 дақиқа монда буд. Ӯ ҳоло пушти дари духтар қарор дошт. Боз паёмак фиристод: “Омадам”. Ин дафъа ҷавоб наомад. Ба ҷойи ҷавоб аз дари бинои баландошёна духтар берун омад. Вай чанд моҳи охир бори аввал медид ҷавонро... То соли нав 5 дақиқа мондаст... Овора Овора ҳаяҷони бемаънои инсонҳоро ҳеҷ фаҳмида наметавонист. Хусусан, “Ана як шаби дигар монд, боз як шаби сарди дигар...” гуфтани онҳоро. Ҳамин ки соат 12 мешавад, онҳо якдигарро ба оғӯш гирифта, шодӣ мекунанд. Доду фиғон ва қиючувашон осмонро мешикофад. Пасон, боз бо дарди сар як субҳи дигар бедор мешаванд. Чизи аз ҳама хубаш ҳамин аст, ки одамон якҷо ҷамъ меоянд, дар соли нав. Ӯ дар ин шаб бояд коре кунад. То соли нав 4 дақиқа мондааст. Духтур Ӯ дар 32 солагӣ ба беморхоне

ба кор гузашт. Хеле ғамгин буд. Аз маҳбуба ҷудо шуда ва то ҳол касеро мувофиқи дилаш наёфта. Эҳсосӣ буд ва танҳоиро дӯст намедошт. Аммо шаби соли нав дар беморхона навбатдор аст. Бо вуҷуди ин шикоят надорад. Мегуфт, шаби соли нав беморхона серҳаракат мешавад, шояд танҳоиро фаромӯш кунам. Ҳоло дар утоқи кориаш дар беморхона танҳо нишаста, ба берун менигарист. Атроф ором буд... Ҳама ҷо дар ҳукми хомӯшӣ. То соли нав 3 дақиқа мондааст. Ошиқон Чун духтар аз хона берун омад, ҷавон ӯро самимӣ оғӯш гирифт. Азбаски духтар ҳам ҷавонро сахт пазмон шуда буд, ба “густохиаш” муқовимат накард. Вохӯрии онҳо самимиву мусбат ва мисли паёмаки духтар кӯтоҳ. Пасон, ҳар ду ба роҳрав гузашта, қадамзанон рафтанд. - Ҳаво хеле сард аст, - шикоят кард духтар. - Бигзор, - гуфт ҷавон ва ниҳоят ҳол пурсид: - Чи хелӣ? - Хаста, - боз кӯтоҳ ҷавоб дод духтар... То соли нав 2 дақиқа мондааст... Овора Ӯ дар хиёбони сарду беодами назди беморхона қадам мезад. Дар муқобилаш ду нафарро дид, ки аз ғояти хунукии ҳаво дастҳо дар ҷайб меомаданд. Фурсат худ ба назди овора омада буд, бояд аз он истифода кунад. Ӯ даст ба ҷайб

бурда, кордашро берун овард. - Ку пулҳоятонро бароред!дӯғ зад ба ҷавонон. Духтар тарсид. Ҷавон як қадам аз духтар пеш баромад. - Ҳой хурусчӯҷа, бачагӣ накуну пулҳоро барор.- бозарда гуфт овора. - Ба роҳат рав, ба мо кордор нашав,- гуфт ҷавон. Дид, ки гапаш ба овора асар накард, ба ӯ ҳамлавар шуд. Овора, саросема шуда, кордро ба гардани ҷавон халид. Ҷавон дар ҳамон ҷо ба замин афтид. Духтар фарёд мезад. Овора медавид. Ӯ торафт дар кӯчаи торик нопадид мешуд. Нолаи духтар ба фиғони атрофиён меомехт. Соли нав даромада буд... Духтур Духтур ҳамоно аз тирезаи утоқи кориаш ба берун менигарист. Ду нафарро дид, ки ба самти беморхона меоянд. Дилаш кушода шуд. Фараҳ ёфт. “Ана аз танҳоӣ халос мешавам. Акнун соли навро бо онҳо пешвоз мегирам”,- аз дил гузаронд вай. Духтури ҷавон дар ҳамин фикр буд, ки нафари дигареро дид. Дар торикӣ дақиқ нафаҳмид, ки чӣ гап шуд, аммо маълум буд, ки чизи ногуворе рух додааст. Ҳамин асно садои фарёду фиғон баланд шуд. Боз ба берун нигарист. Духтар фарёд мекашид. Духтур тозон ба берун баромад. Як дақиқа аз соли нав гузаштааст. Ҷавон дигар аз ҷой нахест... Духтур духтари мувофиқи дилашро ёфт... Овора ҳоло ҳам овора буд... Соли нав дигар нав набуд... Б. УСМОНОВ, “ҶТ“

Субҳи якуми январ кӯдаке дар даст варақча ба дорухона медарояд. Фурӯшанда: - Азоб накаш, медонам, ки кадом доруҳоро дар он варақча навиштаанд.

*** Ҷавоне ба дӯстон: - Ёд доред, соли гузашта соли навро чӣ хел ҷашн гирифта будем? Ҳама бо як овоз: - Не, дар ёдамон нест. Ҷавон: - Биёед, имсол ҳам чун соли гузашта ҷашн мегирем!

*** Бобои барфӣ аз кӯча мегузарад. Мадинаи ҳафтсола ӯро дида, мегӯяд: - Салом, бобоҷон. - Во алейкумассалом, духтаракам. Соли нават муборак, аммо ҳамаи туҳфаҳоям тамом шуд. Ҳеч гап не. Пул ҳам бошад, мегирам.

*** Профессор: - Хонандаи мактабро аз донишҷӯ чӣ гуна мешавад фарқ кард? Салим: - Мегӯем, ки ба наздикӣ Соли нав аст. Хонандаи мактаб хурсанд мешавад, донишҷӯ лабу лунҷашро овезон мекунад.

ЭЪЛОН

Эътибор надорад Сертификати гумшудаи ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигии №0419662, ки КДФ “Қубодзамин”-и ноҳияи Қубодиён соли 2007 ба шаҳрванд Юлдошов Шералӣ, сокини деҳаи Шаҳоб, ҷ/д 20-солагии Истиқлол додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи нафақаи гумшудаи №11415, ки Вазорати корҳои дохилаи ҷумҳурӣ 21 июни соли 2012 ба Бегов Зикрулло Назирович (соли таваллудаш 9 июни 1966) додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи донишҷӯ Юнусов Эраҷ Абдулаҳадович, ки Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам соли 2007 додааст, эътибор надорад.

«Ҷавонони Тоҷикистон», №1 (9375), 2 январи соли 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.