ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №20 (9550), 17.05.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №20 (9550), 17/05/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Мақоми ҷавонон дар ҷомеа саҳифаи
Таҳкимбахши дӯстию омили хотироти нек саҳифаи
Нууули хурӯсум алала... саҳифаи
Медали нуқраи футболбозони навраси тоҷик дар Сербия саҳифаи
Дуди “ғамбарор”
Мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин, бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд. Яъне мардум бояд ҳувияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошанд, бо сабру таҳаммул ва иттифоқу сарҷамъӣ бо роҳи таърихии дар Конститутсия интихобкардаи худ устуворона пеш раванд.
5
саҳифаи
6 7
8
10
Вайбер не, фейсбук даркор! саҳифаи
12
2 12 майи соли 2018 дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин мулоқот карданд. Нахуст Сарвари давлат ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва кулли мардуми кишварро бо фарорасиии айёми раҳмату мағфират шодбош гуфта, дар бораи фазилатҳои накуи моҳи шарифи Рамазон андешаронӣ карданд. Таъкид гардид, ки моҳи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кумак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад. Дар ҷараёни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати иштирокчиёнро ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар баъзе кишварҳои олам, ҳолати дастрасии аҳолии сайёра ба неъматҳои моддию сарватҳои табиӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ва низоъҳои солҳои охир ба ташаккули дунёи маънавии инсоният, инчунин дигар масъалаҳои мубрами рӯз ҷалб карданд. Аз ҷумла, оид ба талошҳову тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар самти ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ сухан ронда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “ҳар сол танҳо бо сабаби норасоии оби тозаи ошомиданӣ як миллиону 400 ҳазор кӯдак азият кашида, ҳар дақиқа як кӯдаки навзод аз бемориҳои сироятии вобаста ба норасоии оби тоза ва муҳити пок ба ҳалокат мерасад. Ҳамасола аз шумораи умумии аҳолии сайёра бо сабаби норасоии об 3 миллиону 400 ҳазор нафар вафот карда, 31 фоизи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Ғайр аз ин, қариб 800 миллион нафар аҳолии сайёра аз норасоии ғизо азият кашида, як миллиард нафар кӯдакон дар
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №20 (9550), 17.05.2018
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки барои иҷрои супоришҳои дар мулоқот зикргардида, баҳри таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳамагуна ҷинояткорию қонуншиканиҳо, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, боло гузоштани манфиати давлат, дуруст ба роҳ мондани ташхису табобат, таъмиру тармим ва бунёди муассисаҳои тандурустӣ, махсусан марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баранд ва тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ андешанд. Супоришҳои дигар ба масъ-
Дашанбе ва ноҳияи Рашт, аз ҷумла Усмоналӣ Нуров - Сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, Ҳоҷиҳусайн Мусозода - Сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Садрӣ Файзиев - соҳибкор аз ноҳияи Деваштиҷ, Сурайё Уроқова - Директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Гурӯҳи самимии сохтмон”, Наргис Шерматова - Директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шерматова Наргис”, Абдусамад Саидов - соҳибкор аз шаҳри Истаравшан, Абдулаҳад Муминов - роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Элегант”-и шаҳри Бӯстон, Шафоат Ватаншоева - соҳибкор аз шаҳри Хоруғ, Бахтиёр Ибодуллозода - директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои ман”-и шаҳри
улини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватанпарастӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ дар ҳар як ҷамоату деҳоти кишвар, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дода шуданд. Дар мулоқот ҳамчунин чанд тан аз олимон, зиёиён, ходимони дин, соҳибкорон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри
Душанбе ва дигарон баромад карда, нисбат ба ҳадафҳои арзишманди Роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ, дастгирии ҳукумати кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ дар мамлакат, иҷрои ҳатмии қонуну қарорҳои давлатӣ, инчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа андешаронӣ карданд. Зимни баромади худ соҳибкорони ватандӯсти ҷумҳурӣ асосан ташаббус пеш гирифтанд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати неку ояндадори роҳбарияти давлату ҳукумат дар корҳои созандагию бунёдкорӣ тавассути таъмиру тармим ва сохтмони роҳҳо, мактабҳо, марказҳои тандурустӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншооти зарурӣ, фаъолона иштирок мекунанд. Баъди муҳокимаи пурраи масъалаҳои мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли ҷомеаи кишвар даъват ба амал оварданд, ки бо риояи анъанаҳои накуи аҷдодӣ ба масъалаи анҷоми тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ, дуруст ташкил ва ба роҳ мондани маросими адои ҳаҷ, иҷрои тадбирҳои хайру савоб, дароз кардани дасти сахо ба эҳтиёҷмандон, ятимону камбизоатон, ғамхорӣ нисбат ба падару модар, хоҳару бародарони хеш, таваҷҷуҳи махсус диҳанд. Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош хоҳад кард. www.prezident.tj
Мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар
шароити қашшоқӣ зиндагӣ мекунанд ва бо ҳамин иллат ҳар сол 22 ҳазор нафар кӯдак вафот мекунад. Вобаста ба вазъи ноороми сиёсӣ дар кишварҳои ҷангзадаи олам Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон - истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем. Дар ҷамъомади имрӯза бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин Пешвои миллат бори дигар оид ба зарурати қабули қонунҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд. Баъди суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф оид ба таъмини волоияти қонун, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон дар бораи вазъи пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов оид ба таъмини амнияти давлату миллат, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим оид ба ҳифзи солимии ҷомеа гузориш доданд. Сарвари давлат ба Ҳукумати
Машқҳои пагоҳирӯзӣ зиёдтар мешаванд
ВМКБ
Муҳокимаи масъалаи ифротгароӣ дар ноҳияи Роштқалъа Масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Роштқалъа дар мавзеи Бидиз бо ҷавонону наврасони ҷамоати Мирсаид Миршакар вохӯрӣ намуданд. Мулоқот дар асоси нақшаи чорабиниҳои Бахш сурат гирифта, дар он масоили солимгардонии ҷавонон, таҳкими истиқлолияту ваҳдат, омилҳои пешгирӣ аз пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгароию террористӣ, ба кор бурдани ҳушёрии сиёсӣ ва дигар мавзуъҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ба иттилои мудири Бахш Зӯҳро Муллоҳукматова суҳбату мулоқот оид ба масъалаҳои мубраму марбут бо ҷавонони дигар ҷамоатҳо низ баргузор мешаванд.
Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва маҳаллаҳои шаҳр машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешавад. Маҳз ба туфайли ин иқдом дар маҳаллаҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ва Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ зиёда аз 400 нафар ба тамрин ҷалб гаштанд. Имомёрбек Имомёрбеков, мудири бахш гуфт, ки чунин машқҳо ҳанӯз ҳам ҷараён дошта, рӯз аз рӯз ба онҳо теъдоди бештари сокинони шаҳр шомил мегарданд.
Ғолибони “Tajikistan Open” муайян гардиданд
ДУШАНБЕ
Дар шаҳри Душанбе 5-11 май бо иштироки варзишгарони 15 кишвар мусобиқаи байналмилалии теннис миёни варзишгарони то 18 сола зери номи “Tajikistan Open” доир шуд. Мусобиқаи махкур бо пирӯзии теннисбозони рус ва узбекистонӣ ба поён расид.
Мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамдастӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон бори дуюм доир гардид. Дар рақобатҳои ҷуфтӣ миёни духтарон намояндагони Русия Кубанова Алена ва Шаронова София ғолиб омаданд. Ҷои аввалро дар
рақобатҳои ҷуфтӣ миёни писарон варзишгарони рус Никита Ланин ва Денис Илюхин ба даст оварданд. Дар рақобатҳои инфиродӣ миёни духтарон теннисбоззани узбекистонӣ Севил Юлдошева пирӯз шуд. Миёни писарон низ теннисбози узбекистонӣ Трякшин Марк ғолиб омад.
Фаъолияти волонтёрӣ рушд меёбад Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими кушодашавии Форуми байналхалқиии ҷавонон дар мавзӯи “Фаъолияти волонтёрӣ дар ҳифзи мероси маданӣ ва фарҳангӣ дар фосилаи ИДМ” оғоз гардид. Дар ифтитоҳи форум президенти академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати фарҳанг, Вазорати адлия, сафиринони давлатҳои Федератсияи Русия, Белорусия, Арманистон, Озарбойҷон ва намояндагии ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар Форуми мазкур иштирокчиён аз 8 давлатҳои узви ИДМ, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Молдова, Украина ва Тоҷикистон иш-
тирок намуданд. Мақсади баргузории чорабинии мазкур рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табодули таҷрибаи волонтёрон миёни давлатҳои мазкур мебошад. Форуми мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Хонаи ҷавонон” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати адлия, Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида истодааст. Форуми байналхалқиии ҷавонон дар мавзӯи “Фаъолияти волонтёрӣ дар ҳифзи мероси маданӣ ва фарҳангӣ дар фосилаи ИДМ” аз санаи 14 май то 19 май идома ёфта, тибқи барнома меҳмонон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо ва минтақаҳои сайёҳии кишвар дидан менамоянд.
Бозии дӯстона оид ба футбол дар ноҳияи Лахш
ШНТМ
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон пайрави пешвои миллат”дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Лахш бозии дӯстона оид ба футбол байни дастаҳои мақомоти маҳаллӣ ва коллеҷи омӯзгорӣ баргузор гардид. Таъкид шуд, ки чорабинии мазкур барои аф-
3
АХБОРИ ҲАФТА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №20 (9550), 17.05.2018
зун намудани фаъолнокии ҷавонон мусоидат намуда, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва нерӯи ақлониву ҷисмонии ҷавононро боло мебарад. Пас аз қувваозмоиҳо ғолибон муайян гардида, аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
“Корвони саломатӣ” дар Бохтар
ХАТЛОН
«Корвони саломатӣ»-и навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сафарбар гардид. Дар чорабинии мазкур беш аз 100 нафар мутахассисони ботаҷрибаи соҳа, аз ҷумла намояндагони Вазорати тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони муассисаҳои олии таълимии тиббӣ ва дигар шахсони масъул ҷалб гардида, дар рафти чорабинӣ зиёда аз 4 ҳазор нафар сокинони шаҳри Бохтар аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархӯрдор гардиданд. Аз ин шумора 169 нафар аз ташхиси ВНМО, 543 нафар аз ташхиси ултрасадоӣ ва 205 нафар аз ташхиси флюриографӣ гузаштанд. Инчунин 110 кӯдак хатна ва 10 нафари дигар ҷарроҳии чашм карда шуданд. Ҳамзамон ба шахсони маъюб аробачаи маъюбӣ ва асобағал (асо барои нобиноён) тақдим гардид.
Ҳамоиши ҳунарҳои мардумии сокинони ВМКБ дар Хатлон 13 май дар шаҳри Бохтар намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар он раисони вилоятҳо Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Шодихон Ҷамшед ва дигарон иштирок намуда, ба
СУҒД
ҳунари иштирокдорон баҳои баланд доданд. Чорабинии мазкур дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Хатлон ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуд, Бояд гуфт, ки дар доираи Рӯзҳои
фарҳанги ВМКБ дар вилояти Хатлон чорабиниҳои фарҳангиву театрӣ ва маҳфилҳо, аз ҷумла маҳфили занони Бадахшон ва Хатлон дар мавзӯи «Модарон дар шоҳроҳи Ваҳдат», «Маҳфили адибон» ва «Шоми ҷавонӣ» баргузор гардиданд.
Озмуни вилоятии “Санъати сухан”
Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар толори Маркази фарҳангии шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии суханварони ҷавон таҳти унвони “Санъати сухан” доир гардид. Озмуни мазкур миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва умумии вилоят баргузор шуда, мақсад аз он дарёфти беҳтарин суханвари ҷавон ва мубаллиғони ҷавони дорои фарҳанги баланди сиёсиву ҳуқуқӣ мебошад.
Пас аз натиҷагириҳои ҳайати ҳакамон Ҳодибоева Мафтуна, донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров сазовори ҷойи аввал, Суфиева Мафтуна донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ҷойи дуюм ва ҷойи сеюм насиби гирандаи стипендияи Президентӣ, хонандаи синфи 11-и литсейи ДДҲБСТ Амонов Амонбой гардида, ғолибон бо диплому ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
“Як рӯзи ҷавонӣ” дар Хуҷанд Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд шоми ҷавонӣ таҳти унвони “Як рӯзи ҷавонӣ” гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур ҷавонону наврасони шаҳр дар зери фазои сулҳу субот ва орому осуда хурсандию хушнудӣ карда, бо шукргузорӣ аз ваҳдату ягонагӣ шоми мазкурро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд.
Рӯдакӣ: Фестивали бозиҳои варзишӣ доир гардид Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар ноҳия фестивали бозиҳои варзишӣ, аз қабили футбол, волейбол ва баскетбол миёни ҷавонони
коллеҷу литсейҳо баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории чорабиниро масъулин тарғиби тарзи ҳаёти солим, солимгардонии аҳолӣ, тақвият бахшидани ҳамкорию иттиҳод миёни
ҷавонон арзёбӣ намуданд. Қувваозмоӣ миёни ҷавонон хеле хуб сурат гирифта, дар охир ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
4 Сол то сол таваҷҷуҳи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба масъалаи савдои одам ҷиддитар мегардад. Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳои рӯ ба инкишоф санадҳои муҳими байналмилалии дар ин самт ба тасвиб расидаро эътироф менамояд. Соли 2000-ум Маҷмааи кулли СММ санади ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва мубориза алайҳи онро қабул кард, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Савдои одамон амалҳои зерро дар бар мегирад: ҷалб кардан, интиқол додан, супоридан, пинҳон кардан ва ё қабул кардани одамон бо ҳадафи истисмор ба воситаи таҳдиди ҷисмонӣ ва ё зӯроварӣ ва дигар намудҳои маҷбурсозӣ, дуздӣ, фиребгарӣ, сӯиистифода аз мансаб, ва ё сӯиистифода аз ҳолати осебпазирӣ, ё бо роҳи харидорӣ бо пешниҳоди маблағ ё хизматрасониҳо ба нафаре, ки одами дигареро назора ва идора мекунад. Истисмор ин водор кардани нафаре ба танфурӯшӣ, ба кор ва ё хизматрасонии иҷборӣ, ба ғуломӣ ва иҷрои анъанаҳое, ки ба ғуломӣ монанд аст, нигаҳдории нафаре дар вазъи ноозод ва берун овардани аъзои бадани нафаре мебошад”. Бояд гуфт, ки ҳадафи рақами яки ҷинояткорон ҳамеша занҳо буда, онҳо барои истисмори шаҳвонӣ хариду фурӯш мешаванд. Вале таи солҳои охир шумораи мардону кӯдакон низ дар миёни қурбониёни савдои одамон афзоиш ёфтааст. Тадқиқоти коршиносон нишон медиҳад, ки дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон мардҳо бештар аз ҳама дар минтақаи Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ гирифтори доми
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №20 (9550), 17.05.2018
ҲУҚУҚИ ШУМО ҷинояткорони савдои одамон гардидаанд, ки ин ба муҳоҷирати зиёди мардон аз ин кишварҳо вобаста мебошад. Тибқи иттилои коршиносони Созмони ҷаҳонии кор (СҶК) дар 15 соли охир бештар аз 21 миллион нафар қурбонии савдои одамон гардидаанд. Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ҳар сол беш аз ним миллион нафар ба ин шумора меафзояд. Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз даҳ сол қабл гуфта буд, ки савдои одамон пас аз тиҷорати маводи мухаддир ва аслиҳа сею-
фурӯхтани занҳо дар кишварҳои бегона фаҳмида мешуд, ҳоло бошад, аксарият медонанд, ки маҷбуран ва ройгон кор фармудани як мард дар шаҳри худаш низ метавонад савдои одамон бошад. - Савдои одамон ин ғулом сохтани одамон дар шаклҳои муосир мебошад ва ин падида имрӯз ҳамаро, аз ҷумла, ҳукуматҳо, ҷомеаҳо, ва созмонҳои байналмилалиро нигарон кардааст, - мегӯяд С. Солиева, роҳбари шабакаи иҷтимоии ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва муқовимат ба савдои одамон «Умед». - Шаклҳои
дад, ҷинояткорон худро ба ҳайси як оилаи хушбахт муаррифӣ менамоянд. Яқин аст, ки ҳар нафаре ба қиссаи зебои зану шавҳари сарватманд, ки зуд-зуд ба хориҷа мераваду он ҷо тиҷорати хуб дорад, бовар мекунад. Ва аксар корафтодаҳо ба чунин одамон дарди дил намудаву роҳи тиҷорат дар хориҷаро пурсон мешаванд. Ин оилаи “намунавӣ” дилсӯзӣ зоҳир намуда, ваъда медиҳад, ки барояшон дар хориҷа кор меёбад, кори осон ва даромаднок... Дар чунин мавридҳо бояд нахуст аз он андешид, ки магар дар хориҷа
мин тиҷорати ғайриқонунии манфиатнок дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, ки ҳамасола барои гурӯҳҳои ҷинояткор бештар аз 32 миллиард доллар фоида меорад. Ҷангу низоъҳои мусаллаҳона ва вазъи ногувори иқтисодӣ вазъро тӯли солҳои охир бадтар кардаанду беҳтар не. Ҳеҷ кишваре аз ин бало эмин нест. Агар тақрибан 40 фоизи қурбониёни савдои одамон барои иҷрои корҳои иҷборӣ водор шуда бошанд, ҳамин миқдори дигар дар дохили ватани хеш қурбонӣ гардидаанд. Масалан, агар қаблан зери мафҳуми савдои одамон аксар
асосии савдои одамон кори иҷборӣ ва истисмори шаҳвонӣ мебошанд. На танҳо марду зан, балки кӯдакон ва пиронсолон низ метавонанд қурбонии гурӯҳҳои ҷинояткор ва одамфурӯшон гарданд. Тавре намояндаи ВКД полковники милитсия С. Шарипов иброз медорад, соли 2017 дар ҷумҳурии мо 51 адад ҷинояти хариду фурӯши одамон ба қайд гирифта шудааст, ки ба ин гуна ҷиноятҳо бештар занон даст мезананд. “Ҷуфтҳои ҷинояткор низ зиёданд, - мегӯяд номбурда. - То ки фиребидани қурбонӣ осонтар гар-
барои иҷрои корҳои осону сердаромад, аз қабили пешхизмату ошпаз ва ё ҳамшираи шафқату фурӯшанда касе ёфт намешавад, ки аз кишварҳои дигар як нафари одиро бо масрафи зиёд даъват мекунанд?” Навъи дигари истисмор ин хариду фурӯш ба хотири издивоҷи маҷбурӣ ва ё водор кардан ба гадоӣ мебошад. Як ҳамсуҳбати мо саргузашти марди шиносашро, ки худ бевосита шоҳиди сарсониву оворагиҳояш гардида буд, чунин қисса кард: “Мард маъюб буду баъди ҷангҳои шаҳрвандӣ ҳамсару фарзандонаш ӯро пар-
Шакли муосири ғуломдорӣ
Ҳусн, ҳусн нест, одоб ҳусн аст Гарчанде аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чандин сол сипарӣ шуда бошад ҳам, бархе аз падару модарон дар иҷрои он беаҳамиятиву бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд. То он вақте ки аз ҷониби фарзандонашон ягон гуноҳе содир нашавад, ба кирдору рафтори онҳо диққат намедиҳанд. Аз хоҳишу майлу рағбати онҳо пурсон намешаванд. Фарзанд мисли ниҳолест, ки мешинонему нигаҳбониаш мекунем. Монанде, ки боғбон боғ бунёд мекунад, то дар оянда ҳосили хуб ба даст орад. Агар ин навниҳолро шинонда, ба ӯ аҳамият надиҳем, мехушкад ё бесамар мегардад. Ба ибораи дигар, тарбияи фарзанд мисли бунёди боғу бӯстон
аст, зеро фарзанд доим муҳтоҷи тарбия аст. Тарбияи фарзанд аз оила сар мешавад. Агар оила оилаи тарбиятдида бошад, албатта фарзандон низ ботарбия ба камол мерасанд. Дар баробари ин, зиндагӣ бе камбудӣ намешавад. Аксаран мушоҳида менамоем, ки падару модарон бо ҳамдигар дар назди фарзандонашон муноқиша карда, суханҳои ноҷо мегӯянд. Ин кирдор хоҳнохоҳ ба фарзандон, ки ниҳоят ҳассосу кунҷкованд, таъсири манфӣ мерасонад. Тавре аз таҳлили мутахассисон бармеояд, кӯдакон рафтору адабро аз калонсолону атрофиён чун намуна қабул мекунанд ва ҳамон тавр рафтор кардан мехоҳанд. Бархе аз волидонамон фикр намекунанд, ки оянда аз ин гуна фарзанд чӣ умед-
вор шудан мумкин аст? Мутаассифона, дар оянда онҳо оила барпо намуда, чунин амали волидони худро такрор мекунанд. Ва ё имрӯзҳо дар кӯчаю паскӯчаҳо гурӯҳ – гурӯҳ кӯдакону наврасон ба бозӣ машғул мешаванд. Фориғ аз дарс, албатта ин хуб аст, вале ҳангоми бозӣ муносибати онҳо ба ҳамдигарашон бо дашном аст. Кӣ гунаҳкор аст? Албатта, дар навбати аввал волидон, инчунин муҳити гирду атроф. Мутаассифона, дар бисёр маврид, гарчанде шахсони солхӯрда шоҳиди ин рафтори наврасон шаванд, ҳам парвое надоранд. Гӯё ки нашунидаанд ё шояд ба ин суханҳо одат кардаанд. Инчунин, имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт, дохили нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ хонандагону донишҷӯёнеро мебинем, ки бо рафтору кирдори ноҷояшон шаъни худро паст мезананд. Мутаасси-
тофта, ба ҷумҳурии ҳамсоя кӯч бастанд. Мард танҳо монда буду дар хонаи пиронсолон зиндагӣ мекард. Иттифоқан зану шавҳари ҷавоне бо ӯ ҳамсуҳбат шудаву ба ӯ ваъда медиҳанд, ки ӯро ба назди зану фарзандонаш мебаранд. Вале ӯро ба кишвари дигаре бурда, маҷбур месозанд, ки гадоӣ кунад. Ин мард бо кӯмаки ташкилоти хайриявие ба ватани худ баргардонида шуд, вале дар қалбаш барои як умр захмҳои равоние аз он ранҷу азоб ва кулфати гадоӣ дар мулки бегона боқӣ монд”. Хариду фурӯши одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф гардидааст. Масъалаи мазкур дар шароити кунунӣ таҳти таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта, ҳамчун зуҳуроти манфӣ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа зарари ҷуброннопазир мерасонад. Боиси хушнудист, ки Тоҷикистон дар радифи аксар кишварҳои мутараққӣ дар самти муқовимат бо савдои одамон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба хариду фурӯши одамон мебошад, ҳамасола ҷиҳати коҳиш додани чунин ҷинояткорӣ дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқӣ меандешад. Мунтазам ашхосе, ки ба истисмори шаҳвонӣ ва ё истисмори меҳнатӣ даст мезананд, таъқиб ва аъмоли онҳо пешгирӣ карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон аввалин шуда дар миқёси Осиёи марказӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон»-ро қабул намуд. Ҳамчунин, дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ воҳиди махсуси мубориза бо хариду фурӯши одамон таъсис дода шуда, бо мақсади расонидани кӯмак ба қурбониёни чунин намуди ҷинояткорӣ марказҳои дастгирӣ ва кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ташкил карда шудаанд. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
фона, бархе аз волидони мо дар хона ба фарзандон тарзи муносибат бо калонсолон, одобу рафторро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ намеомӯзонанд. Балки баъзеи худи онҳо ҳанӯз ҳам ба тарбия эҳтиёҷ доранд. Бисёр волидон фикр мекунанд, ки фарзандашон сару либоси «пеши бозор», яъне либоси навбаромад пушидаасту «ӯ зебост». Афсӯс, бархе фарзандон суратан зебо, аммо сиратан зебо нестанд. Имрӯз мебояд ба тарбияи насли наврас эътибори ҷиддӣ диҳем, вагарна фардо дар тарбияашон душворӣ пеш хоҳад омад. Барои омӯзиши илму дониш пеш аз ҳама тарбияи хуб лозим аст. Беҳуда ҳам нагуфтаанд, ки ҳусн ҳусн нест, одоб ҳусн аст. Меҳринисо РАҲИМОВА, декани факултаи тарбияи ҷисмонии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №20 (9550), 17.05.2018
МУЛОҲИЗА
Пайванди деринтизор
Мардумони тоҷик ва ӯзбекро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибҳо муттаҳид месозанд. Эмомалӣ Раҳмон Таърих, фарҳанг ва адабиёти мо –тоҷикон, ки аз ҷумлаи халқҳои қадимтарин ба шумор меравем, гувоҳ аст, ки халқи тоҷик пайваста бо роҳи оштӣ, сулҳу салоҳ ва дӯстӣ барои пешбурди давлати худ замина мегузошт. Ин хислатҳо дар осори шифоҳиву хаттӣ, ёдгориҳои бузурги таърихӣ ва катибаҳои нодир ба мо мерос мондаанд. Мардуми Осиёи марказӣ – тоҷикҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо, туркманҳо, қирғизҳо ва дигар қавму қабилаҳои эронитабору турктабор дар тӯли ҳазорсолаи охир, муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва садҳо ҳодисаҳо ва воқеаҳои табиӣ ва иҷтимоиро бо ҳам гузарониданд, сардию гармиҳои зиндагиро якҷо чашида, то имрӯз рӯзгори худро пеш мебаранд. Миллатҳое, ки дар баробари ҳифзи асолату вижагиҳои миллии худ ҳамзамон бо дигар миллатҳо робитаи фарҳангӣ ва таърихӣ доранд, дар ҷаҳон кам нестанд, аммо мисли миллатҳои тоҷику ӯзбек кам метавон миллатеро вохӯрд, ки аз лиҳози равониву ахлоқӣ, урфу одату анъана ва шеваи зиндагӣ ба ҳам шабоҳат дошта бошанд. Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек аз қаъри таърих сарчашма мегирад. Тоҷикону ӯзбекон аз халқҳое мебошанд, ки дар лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобарорӣ, нокомию пирӯзиҳо бо ҳам буданд. Ҳамин аст, ки фарҳангу тамаддуни ҳар ду миллат ба ҳамдигар пайвастагии ногусастанӣ доранд. Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро метавон дар робитаҳои дӯстонаи шоирони гузаштаи ин ду халқ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, ки бо ҳам робитаҳои неки дӯстӣ ва устодиву шогирдӣ доштанд, низ хуб эҳсос кард. Мир Алишер Навоӣ то охири умр ҳамчун шогирди вафодор ба Мавлоно Ҷомӣ содиқ монда, ҳамеша дар осори хеш хислатҳои бузурги инсондӯстонаи пирашро ба некӣ ёд оварда, бо як меҳру муҳаббат оид ба хоксорӣ, фурӯтанӣ, ҳимматбаландӣ, саховатпешагӣ, хайрхоҳӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи ӯ ишора ва дар шеъру шоирӣ, фалсафаю ҳикмат, шариату тариқат забардаст будани устодашро зикр кардааст. Устод Айнӣ, инчунин, донандаи хуби забони ӯзбекӣ буда, анъанаи зуллисонайниро идома додааст. Дар солҳои бистуму сиюми асри ХХ бошад, мақолаҳои зиёди устод Айнӣ бо забони ӯзбекӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои Ӯзбекистон чоп
5
Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи бузургу сарвати гаронарзиш ба шумор мераванд. Дар ин замина бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба эътидол омадани вазъ дар кишвар сиёсати давлатии ҷавонон, маориф ва варзиш дар қатори дигар соҳаҳо аз самтҳои афзалиятноки инкишофи давлат қарор гирифтанд. Ҳамин буд, ки ҳанӯз дар яке аз вохӯриҳои аввалин бо ҷавонони кишвар мавқеи давлатро нисбати ин қишри ояндасози ҷомеа чунин муайян карда буд: «Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон бо истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи дастовардҳои беназир мебошад». Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерӯи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навини мо мешуморад.
Мақоми ҷавонон дар ҷомеа
шуда, дар онҳо адиб халқи заҳматкаши ӯзбекро барои ба даст овардани саводу дониш ва рушди мактабу маориф даъват кардааст. Ин дӯстию бародарӣ дар давраи ба истиқлолияту озодӣ расидани ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сатҳи сифатан нав ва ҷанбаҳои тоза касб намуд. Фарҳанг, ки аввалин қосиди сулҳу тавсиадиҳандаи муносибатҳои некӯи халқҳо ба ҳисоб меравад, солҳо миёни мардуми тоҷику ӯзбек ҳамчун унсури муттаҳидсоз ба ҳисоб мерафт. Рафтуомади адибону санъаткорон дар замони шӯравӣ дар ин кишварҳо як амри маъмул буд. Қабл аз Инқилоби октябр низ ин тамоюл садсолаҳо вуҷуд дошт. Танҳо замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва даврони истиқлолияти ин кишварҳо баъзе монеаҳо бунёд гаштанд, ки манфӣ будани онро халқҳои тоҷику ӯзбек дарк намуданд. Бо вуҷуди ин дар ин давра сафарҳои фарҳангии ҳунармандони тоҷик дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва баръакс сафарҳои фарҳангии овозхонони машҳури Ӯзбекистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвари мо ба назар мерасид, ки садои дӯстӣ ва оҳангҳои бародариро танинандоз менамуданд. Дар ин давра ба касе пӯшида нест, ки агар чанде фазои фарҳангии миёни ин ду кишвар орому осуда буд, аммо фазои сиёсиро гарду ғубори ғаразолуде, ки аз ҷониби баъзе кишварҳои манфиатҷӯи дигар мевазид каме хира менамуд. Дар ҷаҳони сиёсӣ миёни ин ду халқ мехостанд кинаву нобовариро ба миён оранд. Ду халқи бародар донист, ки он ҳама ҷузъиёти нолозим сохтаву муваққатист. Ҳамагон шоҳиди он гаштем, ки хиради азалӣ ва дарки амиқу сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон тавонист чӣ гунае, ки ҷанги шаҳрвандиро ба гӯшаи фаромушӣ барад, ин нифоқро низ аз миён бардошт. Дубора оҳанги дӯстиву бародариро миёни ин ду кишвар танинандоз намуду кабутарони дӯстиро боли парвоз бахшид. Воқеан иқдому ташаббусҳои ин марди наҷиб буд, ки билохира халқи тоҷику ӯзбек дигарбора ба ҳам омаданд ва чӣ гунае, ки аксарият шоҳиди ҳолем ҳамагон оҳангу табли шодӣ мезананд. Дигарбора дар ҳавои суруди якдигар мерақсанд ва ҳамовозӣ мекунанд. Оғӯшкушоии самимонаи роҳбарони ду давлат нишонаи волои ин гуфтаҳост. Дарвоқеъ, дӯстии ин ду халқ аз қадим на танҳо дар анъанаву суннатҳо ифода меёфт, балки дар робитаҳои фарҳангию адабияшон низ таҷассум гардида, шуҳрати беандоза касб мекард. Гармшавии муносибатҳои ду давлат дар мадди аввал ба ҳаёти одамони одӣ таъсири хешро мегузорад. Бовар дорем, ки ба шарофати ташрифи меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва сиёсати адабпарваронаю фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дӯстӣ боз ҳам рушд карда, пару боли тоза мегирад ва пайғоми меҳру муҳаббат ва рафоқату бародарии ин халқҳоро чун кабӯтарони сулҳ ба дуриҳои дур бурда, номи ҳар ду халқро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар машҳур мегардонанд. Меҳрулло НУРУЛЛОЗОДА, омӯзгори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия, Ҳокимҷон ҲАБИБОВ, курсанти курси 3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия
Бо мақсади баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҷомеа соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон шуд. Бешубҳа, соли ҷавонон эълон гардидани соли пешин эшонро водор сохт, ки ба ҷаҳон бо назари нав, бо чашми хирад назар афкананду баҳри пешравӣ, тараққиёт, ихтироъкориҳо ва эҷодкориҳо кӯшиш намоянд. Имрӯз ҳамагон шоҳиди бунёди иншоотҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, варзишию солимгардонӣ, сохтмону баистифодадиҳии осорхонаву китобхонаҳои бошукӯҳ, технологикунонии муассисаҳои таълимиву пажуҳишӣ, бунёди иншоотҳои бузурги миллӣ дар мисоли нерӯгоҳи обии Роғун, бунёди нақбҳо ва садҳо иқдомоту ташаббусҳои дигари созанда гашта истодаем, ки барои кишварамон натанҳо аҳамияти бузурги иқтисодӣ доранд, балки нақши ниҳоят гаронарзиш дар заминагузориву ташаккули маърифативу инкишофи зеҳнӣ, фароҳам овардани ташаккули шахсият ва ба вуҷуд овардани ифтихори ватандориву ҳуввияти миллӣ ва худшиносӣ доранд. Албатта, ин навгониҳо моро ба ояндаи боз ҳам нек роҳнамоӣ мекунанд ва аз ин ҳама ҳар як фарди ватандӯст ба ору номус шоду масрур мешавад ва мекӯшад, ки баҳри ободонии минбаъдаи мамлакат боз ҳам фаъолтар бошад. Муҳимтар аз ҳама, ҷавонон набояд фаромӯш намоянд, ки ин ҳама барои онҳо нигаронида шудааст. Дар баробари ин, зикр намудан зарур аст, ки сатҳи тараққиёт ва эътибори байналмилалии кишварамон аз он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати навини тоҷикон дарк менамоянд. Мутаассифона, имрӯз бинобар камтаҷрибагӣ далелҳое кам нестанд, ки ҷавонони мо бо таъсири омилҳои гуногун ба калавишҳо дучор меоянду гоҳо ба ҷараёнҳои ифротгаро мепайванданд. Дар ин замина, тарбияи насли солим, соҳибмаърифат ва худшиносу худогоҳ як шарти муҳими инкишофи ҷомеа ба шумор меравад. Бинобар он, миёни ҷавонон тарбияи ватандӯстиро бояд ба таври пуртаъсиру густурда ба роҳ монему онҳоро ба зиракию таҳаммулгароӣ даъват намоем. Холмаҳмад ХОЛОВ, омӯзгори ДТҶТ ба номи С. Раҳимов
“Дӯстӣ бо Ӯзбекистон ниёзи мардумист” Дар шароити кунунӣ, ки авзои байналхалқӣ начандон ором аст, робитаҳои байнидавлатӣ танҳо дар заминаи дӯстию рафоқат метавонад, боварибахш ва ояндадор бошад. Вақте фазои дӯстӣ ҳукм ронад, ҳамдигарфаҳмию эътимод падид меояд ва дар заминаи он додугирифт ба миён омада, кишварҳо рушду аҳолӣ озодона рафтуомад мекунанд. Эҳёи дубораи робитаҳои дӯстӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ин гуфтаҳоро собит сохт. Тоҷикистон бар асари умумиятҳои таърихию анъанаҳои фарҳангӣ ва марзҳои муштарак ҳамеша хоҳони густаришу таҳкими робитаҳои дӯстӣ бо Ӯзбекистон буд. Ин нуқтаро Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар солҳои аввали ба сари қудрат омадани худ дарк намуда, чунин изҳор намуда буданд: “Барои мо тоҷикон муносибати дӯстона, мустаҳкам ва тулонӣ бо Ӯзбекистон ҳам тақозои таърихӣ ва ҳам ниёзи мардумист”. Аз таърих бар меояд, ки таҳкими ин дӯстиро чандин аср мешавад ва оғози он ба асри XV рафта мерасад. Муносибатҳои дӯстонаи ду шоири классик Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ва тарраннуми ин дӯстӣ дар ашъори худ ба ояндагон сабақ медиҳад, ки тоҷикон ва ӯзбекҳо ду халқе мебошанд, ки таърихи онҳо бо ҳам аз замонҳои қадим зич алоқаманд буда, урфу одат, ҷашну маросимҳо ва дину мазҳаби ин ду миллат якест. Боиси ифтихори мост, ки сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳри равнақ ёфтани мунисибатҳои дӯстонаи ду кишвар, эҳёи дубораи равобити байниҳамӣ саъю талош намуда, ба ин ҳадафи неки худ расиданд ва ин иқдомҳо боиси хурсандии халқҳо мебошанд. Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми тозаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дӯстию бародарии ду кишвари ҳамҷавор дар давраи нав аҳамияти тоза ба худ касб намуд. Дар муддати начандон зиёд таъмини бехатарии сарҳадот, ҳамоҳангсозии ҳамкории дуҷониба, эҳё намудани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ташрифи сайёҳон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва баракси он, воридоту содироти маҳсулоти истеҳсоли ду давлат, эҳёи барномаҳои телевизионӣ бо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ, баргузории муштараки ҷашнҳо ва санаҳои муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ, номгузории дуҷонибаи хиёбон ва муассисаҳои илмӣ ба номи шахсони маъруфи ду миллат ва ғайраҳо падид омаданд. Ҳамчунин дар самтҳои гуногун созишнома ва санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ки барои боз ҳам қарин шудани ин ду миллат мусоидат хоҳанд кард.
Абдулназар ҒУЛОМСАФДАРОВ, муаллими калони кафедраи барномасозӣ ва муҳандисии компютерии ДТТ
6 ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №20 (9550), 17.05.2018
Таваҷҷуҳ ба ҷавонон омили муҳими пешрафт Соли 1997 бо ширкати зиёда аз 300 нафар ҷавонон аз Суғду Хатлон, Бадахшону Душанбе, Раштонзамину Зарафшон ҳамоиши ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гардид. Ва ин чорабинӣ таҳти унвони «Бароят сулҳ мехоҳам, Тоҷикистон» сурат гирифт. Ин анъанаи муҳими сиёсиро идома дода, соли 2000-ум намояндагони ҷавонони кишвар дар вилояти Бадахшон ҷамъ омаданд. Ҳамоиши навбатӣ таҳти унвони «Баҳри сулҳ ва дӯстии ҷавонони Тоҷикистон» доир гардид. Ин чорабинӣ хусусияти махсусро доро буд. Пӯшида нест, ки ҳанӯз сокинони кишвар аз рафтан ба маҳалҳои ҳамдигар, бинобар амал намудани гурӯҳҳои яроқнок меҳаро сиданд. Новобаста ба ин, зиёда аз 250 нафар вакилони ҳамоиш ба Бадахшон ташриф оварданд. Сарвари хирадманди тоҷикон аввалин пойдевори ҷомеаи ҳуқуқбунёди шаҳрвандиро бо нерӯи бузургу бунёдкори ҷавонон ибтидо бахшид. Ин бесабаб набуд. Президенти кишвар ба хубӣ эҳсос менамуд, ки маҳз ҷавонон метавонанд дар нигаҳдошти фарҳангу тамаддуни миллат ва ваҳдати сартосарӣ саҳми муносиб гузоранд. Ҳамин буд, ки ҳанӯз дар баромадҳои аввалини худ роҳбари давлат рӯ ба ҷавонон оварда, онҳоро пайваста ба ҳамбастагиву хештаншиносӣ даъват дошт: “Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро омӯзанд, аз равандҳои солиму носолими сиёсати имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.” Бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, 16 майи соли 1998 ҳини вохӯрӣ бо ҷавонони лаёқатманд оид ба таҳияи барномаҳои дурнамои миллии ҷавонон бо дарбаргирии тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷавонон, ба он замина гузошт, ки дар як муҳлати муайян барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» таҳия ва қабул гардид. Санаи 31 октябри соли 2005 бошад бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 2006-2010 қабул гардид. Тамоми мулоқотҳо илова ба барномаҳои васеву доманадор, дигар имтиёзҳоро барои ҷавонон муҳайё намуд, ки таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳо, стипендия барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, квотаи Президенти ҷумҳурӣ барои ҷавонони минтақаҳои дурдаст бобати таҳсил дар мактабҳои олӣ, таъсиси фонди махсуси президент барои ҷавонони лаёқатманд ҷиҳати таҳсил дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷ, грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва дигар иқдомҳои ниҳоят муҳим аз ин зумра дастовардҳои ҷавонон мебошанд, ки ба туфайли мулоқотҳо муяссар гардидааст. Вохӯрии навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 майи соли 2013 бо ҷавонони кишвар оғоз ёфт. Тамоми ташаббусу иқдомоти созандаи ин марҳилаи таърихӣ барои ҷавонон ва устувории пояҳои давлатдориву истиқлолияти милливу давлатӣ равона гардида, ҷавонон ва ҳалли масъалаҳои муҳим ва марбут ба ҳаёти онҳо дар садри барномаҳои роҳбари давлатамон қарор дошт, ки тамоми онҳо бо ҳузури ин насл ва барои ин наслу ояндагон буд. Таваҷҷӯҳ ва аҳамияти роҳбари кишварамон ба масъалаи ҷавонон дар ҳар марҳила бештару бештар ва бо қатъияти ҳисси масъулият аз роҳбарону масъулон мушоҳида мегардад. Махсусан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҷлили 26умин солгарди таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин дар Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самтҳои асосии марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдорӣ ва нақшаҳои стратегӣ дахл намуда, рӯ овардан ба ҷавононро барои беҳбудии ҳаёти онҳо аз сиёсатҳои муҳими давлату ҳукумат арзёбӣ намуд. Имрӯз, дар шароити мураккаб шудани манфиатҳои иқтисодию сиёсии ҷаҳони имрӯз, баъзан муносибатҳои мураккабу ноустуворонаи кишварҳои дуру наздик дар нисбати давлату миллати Тоҷикистон, сиёсатбозиҳои пурпечутоб дар қиболи ватани ягонаамон ва гоҳе таҳқиру ҳуҷумҳои иттилоотиву таблиғотии бар зидди ватану миллатамон равонашударо бо ҳидояту роҳнамоии дурандешонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - роҳбари маҳбубу мардумиамон сарбаландона пушти сар менамоем. Бо баланд бардоштани иқтидори зеҳниву илмӣ, маҳорати касбомӯзиву рақобатпазир шудан дар дунёи иттилоотиву дониши ҷаҳони имрӯз масъалаи сифатан беҳтар намудани татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро, ки маҷмӯи ҳадафҳои саодати рӯзгору ҳаёти ҳамсолону ояндагонамон мебошад, бо садоқати хосса таъмин намоем. Мавлон ШАРИФОВ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов
Таҳкимбахши дӯстию омили хотироти нек Бори аввал дар кишвар бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 то 12 май Рӯзҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Хатлон бо иштироки аҳли зиё ва фарҳанг баргузор карда шуд. Дар доираи он баъди аз нисфирӯзии 10 май дар мавзеи Шоҳони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 500 нафар аҳли фарҳангу зиёи ВМКБро намояндагони вилояти Хатлон бо сарварии муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода бо нону намак ва рақсу суруд истиқбол гирифтанд. Дар доираи Рӯзҳои фарҳангии мазкур меҳмонон ба 5 гурӯҳ ҷудо шуда, ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ба сафар баромаданд. Аз мавзеи Шоҳон то шаҳри Кӯлоб сокинони ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод ва шаҳри Кӯлоб ба ду канори шоҳроҳи КӯлобДарвоз баромада, меҳмононро бо чеҳраҳои болидаю дастафшониҳо хайрамақдам гуфтанд. Ҳамин тариқ, гурӯҳи якум, ки мансуби шаҳри Хоруғ буд, ба шаҳри Кӯлоб, намояндагони ноҳияҳои Шуғнону Ванҷ ва Мурғоб ба ноҳияи Данғара, меҳмонони ноҳияҳои Роштқалъаю Рӯшон ба ноҳияи Вахш, аҳли фарҳанги ноҳияҳои Дарвозу Ишкошим ба шаҳри Норак ва намояндагони гурӯҳи марказӣ ба шаҳри Бохтар раҳсипор шуда, онҳоро дар даромадгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур бо шукӯҳу шаҳомати хосса пешвоз гирифтанд. Мардуми шаҳри Кӯлоб меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр аз ҷониби ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар назди меҳмонхонаи “Роҳи Абрешим” истиқбол намуда, ба тамошои намоиши “Баҳори Ваҳдат” ба театри вилоятии ба номи С.Вализода даъват намуданд. Зимни қабули меҳмонон дар шаҳри Кӯлоб раиси шаҳр Хайрулло Амонулло, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, муҳассилин, кормандони бахши фарҳанг, театри мазҳака-мусиқии шаҳри Кӯлоб ширкат намуда, меҳмононро хуш пазироӣ намуданд. Сипас меҳмонон дар театри мазҳакамусиқии ба номи Сайдалӣ Вализода омада, асари Ҷумъа Қуддус “Баҳори ваҳдат”- ро тамошо намуданд. Бояд гуфт, ки асари мазкур дар бораи сулҳу салоҳ ва дар бораи чӣ гуна ба ваҳдат расидани мардум қисса мекунад. Субҳи 11 май бошад аз ҷониби меҳмонон ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар якчанд гӯшаи шаҳр чорабиниву ҳамоиш ва маҳфилҳо доир гардид. Дар китобхонаи ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили адибони ду вилоят гарму самимӣ доир карда шуд. Адибони аз ВМКБ Лаълҷуъбаи Мирзоҳасан, Алидоди Чароғабдол, Руқияи Даврон, Шаҳзодаи Саидиброҳим, Гулнисои Ризвоншоҳ, Гулнисои Ато, Саодати Саидназар ва адибон аз шаҳри Кӯлоб шоири халқии Тоҷикистон
Ҳақназар Ғойиб, Лутфи Хомуш, Хосият Вализода, Сулаймон Султон, Ҳуснигул Раҳимзода, Одина Раҳмон, Нуралӣ Яъқуб иштирок ва шеърхонӣ намуданд. Дар маҳфил аъзои маҳфилҳои “Ганҷи Хатлон” ва “Эҷод” низ ширкат намуданд. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб конференсия таҳти унвони”Модарон дар шоҳроҳи ваҳдат” бо иштироки 5 нафар фаъолзанони шаҳри Хоруғ ва 40 нафар фаъолзанони шаҳру деҳоти Кӯлоб доир карда шуд. Дар толори қасри ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо иштироки 15 нафар ҷавонони бадахшонӣ ва 250 нафар ҷавонони шаҳри Кӯлоб маҳфили ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави пешвои миллат” доир карда шуд. Ҳамзамон, дар боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби санъаткорони ВМКБ барномаи ҳунарӣ пешкаши ҳаводорони суруду мусиқиҳои куҳистонӣ гардонида шуд. Рӯзҳои 11-13 май гурӯҳи кории навоҳии Рӯшон ва Роштқалъа дар доираи Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ ҷиҳати намоиши фарҳанг ва ҳунари худ вориди ноҳияи Қубодиён шуд. Субҳи 12 май дар назди қасри фарҳанги ноҳия ҳунарҳои дастии косибон ва дӯзандагони ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуд. Пас аз тамошои ҳунарҳои мардумӣ меҳмонон аз осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия, ки ба тозагӣ таъмир гардида буд, дидан намуда, аз таърихи ғании ноҳия, бозёфтҳои нодир ва дастовардҳои замони истиқлолият, ки бо заҳматҳо ва талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, шиносоӣ пайдо намуданд. Сипас, дар бинои қасри фарҳанги ноҳия намоиши ҳунармандони театрҳои Рӯшон ва Роштқалъа ба саҳна гузошта шуд, ки аз тарафи тамошобинон ба ҳои баланд гирифт. Баъд аз нисфирӯзии 12 май тибқи нақшаи тасдиқгардида маҳфилу вохӯриҳои занони Бадахшон ва Хатлон дар мавзӯи “Модарон дар шоҳроҳи Ваҳдат”, “Шоми ҷавонӣ” ва маҳфили адибон – “Ширу шакар” баргузор карда шуд. Чорабинии “Шоми дӯстӣ” ба ҳайси ҷамъбасти рӯзҳои фарҳанги навоҳии Рӯшону Роштқалъа дар ноҳияи Қубодиён шоми 12 май дар саҳни бинои қасри фарҳанг баргузор гардид. Гурӯҳи 170 нафараи иштирокдорони Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар вилояти Хатлон, ки мансуби фарҳангиёни шаҳри Хоруғ буданд, тайи 3 рӯз меҳмони сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гардиданд. Меҳмононро бегоҳи рӯзи 11 май фаъолону
аҳли ҳунари ноҳия дар даромадгоҳи ноҳия бо самимияти хосса пазироӣ намуда, то маркази ноҳия-шаҳраки Маскав, бо парафшонии парчамҳою дастафшониҳои хеш, хушомадед гуфтанд. Меҳмонони шаҳри Хоруғро дар майдони Исмоили Сомонӣ, гурӯҳи калони занҳои чакану атласпӯш бо рақсу суруд ва доирабазм пазироӣ карданд. Баъди ба анҷом расидани чорабиниҳои таҳрезишуда, меҳмонони бадахшониро ба манзилҳои муайяншудаи истиқоматии сокинони ноҳия ҷобаҷо намуданд. Аз субҳ то нисфирӯзии рӯзи 12 май бо иштироки меҳмонон як қатор вохӯрию чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор карда шуд. Аз ҷумла дар толори қисми ҳарбӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҷавононпайрави Пешвои миллат”, дар толори бинои “Тоҷиксодиротбонк” дар мавзӯи “Модарон дар шоҳроҳи ваҳдат”, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо иштироки адибон маҳфили “Ширу шакар”, дар филармонияи ба номи О. Ҳошимов намоишномаи театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардид. Меҳмононро субҳи 13 май аз майдони Исмоили Сомонии шаҳраки Маскав ба ҷониби маркази вилоят – шаҳри Бохтар гусел намуданд. 13 май дар боғи “Водии Вахш”- и вилояти Хатлон, воқеъ дар шаҳри Бохтар, намоиши дастранҷи мардуми заҳматкаши ВМКБ ва вилояти Хатлон баргузор гардид. Аз рафти намоиши маҳсули дастӣ раисони вилоятҳо Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Шодихон Ҷамшед ва меҳмонони олиқадр дидан намуда, ба ҳунари онҳо баҳои баланд доданд. Дар ҳама маҳфилу нишастҳо сухан аз боби сулҳу ваҳдат, дӯстиву бародарӣ ва дастгириву иқдомҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Иштирокчиён дар фазои дӯстию бародарӣ Рӯзҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Хатлонро иқдоми беназири Пешвои муаззами миллат баҳри ҳамгироию баҳамоии миллати тоҷик, рафоқат байни ҷавонони кишвар, бархурдор гаштан аз шароити эҷодӣ ва аз надик шиносоӣ пайдо кардан бо ҳолу аҳволи ҳамдигар унвон карданд. Ин ташаббус ба иштирокчиён хотироти неку фаромӯш нашуданӣ, дӯстони нав эҳдо намуда, дар ниҳоди онҳо ҳисси худшиносию созандангӣ ва меҳру муҳаббат ба Ватанро афзун намуд. Таҳияи Хуршед МАВЛОН, Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №20 (9550), 17.05.2018 Ҳамагон бар он боварем, ки фарҳанг ҳастии миллат ва ҷузъи ҷудонопазири он аст. Бидуни он дар ҷомеаи инсонӣ ҳеҷ халқиятеро ҳамчун миллат напазируфтаанд. Олимони соҳаҳои таъриху бостоншиносии кулли мамолики олам низ ҳамон миллатеро бузургу воло эътироф менамоянд, ки фарҳаги ғанӣ дорад. Он дар ковишҳои таърихиву бостоншиносии давраҳои гуногун бараъло эҳсос мегардад. Ва яке аз сабабҳои шинохта шудани миллати тоҷик низ фарҳанги пурғановати он дар давраҳои гуногуни таърих аст. Ин нуктаро олимони русу англис ва Олмону аксар мамолики ба миллатҳои шарқ таваҷҷуҳдошта дар осори илмии хеш ба таври фаровон истифода кардаанд, ки ҷои баҳс надорад. Ва ҳамин пешрафти фарҳангу тамаддуни мо буд, ки имрӯз Борбади Марвазиро дар ақсои олам мешиносанд ва нисбаташ эҳтиром қоиланд. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ низ сарсупурдагони роҳи санъату ҳунар кам набуданд. Имрӯз ҳам фидоиёни ин пеша алорағми ҳама мушкилоту равандҳо ба пеш гом мениҳанд ва баҳри рушди босуботи ин соҳа саҳми хешро мегузоранд. Аммо... Дар баробари эшон ҳастанд нафарони бо ном фарҳангӣ, хусусан “сароянда”-ҳое, ки ба пояи суруду мусиқӣ латма мезананд ва ба номи ҳунармандони саршиносе чун Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Ҷурабек Муродов ва Нигина Рауфова иснод меоранд. Бо шунидани сурудаҳои эшон дар зеҳни ҳар шунаванда савол пайдо мешавад, ки имрӯз фарҳанги тоҷик, махсусан дар самти суруду мусиқӣ, бо пешрафти илму инноватсия дар тамоми ҷанбаҳо то куҷо рушд кардан дорад ва то кадом андоза метавон бо он дар миёни мамолики дигар рақобатпазир буд? То куҷо метавон бо сурудаҳои “сароянда”ҳои муди имрӯз нозид ва тоҷикро ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунпарвар ба ҷаҳониён шиносонд?.. “Нули хурӯсум алала” сурудест аз сарояндае машҳур бо номи Бобораҷаб, ки чандест дар шабакаҳои иҷтимоиву сомонаҳои интернетӣ дар чархиш аст. Аз телефонҳои ҳамроҳи баъзе ҷавонон ва баъзе микроавтобусҳои шаҳрӣ низ ин сурудро метавон шунид, ки бо “завқ”-и тамом гӯшаш мекунанд. Ба ғайр аз ин боз чандин суруди дигари ӯ ва Қадами Қурбону Зайнаб ба қавле муд шудаанду тамошобини ҳамешагии худро пайдо кардаанд. Дар мисоли таронаи “Саҷли”, ки Қадам ҳамроҳи Зайнаб мехонанд, ба ҷуз аз масхараи санъат чизи дигаре наметавонад бошад. Ё таронаҳои “Чабргадӣ”- Наимҷони Сайдалӣ, “Лалӣ Ҷалв”-и Парвина Шукруллоева ва “Ман тра мегум, банга назан пук мешавӣ, сағера” –и Ҷамилаи Икром аз таронаҳоеанд, ки ба поин рафтани завқи шунавандаи тоҷик сабаб шудаанд. Як нуктаи дигари муҳими ҳалталаб доир ба ин матлаб он аст, ки ин таронаҳо дар
НИГОҲИ ДИГАР
Нууули хурӯсум алала... ё нигоҳе ба завқи ҳунармандон аксар маврид аз таронаҳои сарояндаҳои касбӣ дида, дар шабкаҳои иҷтимоӣ бинандаи бештар доранд. Танҳо бинандагони суруди “Нули хурӯсум алала”-и Бобораҷаб дар сомонаи “Ютуб” (www.youtube.com) ба марзи миллион мерасад. Агарчанде солҳои охир дар шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва саҳифаҳои матбуот салиқаи пасти бархе аз сарояндаҳо ва мазмуни хароби таронаҳо пайваста танқид мешавад, аммо воқеият ҳамон аст, ки ҳаст. Чун ҳамешагӣ касеро парвои он нест, ки сурудҳои бемазмуну каммазмун ба паст шудани завқи шунавандаҳо сабаб мешаваду фарҳангро ба хорӣ мебарад. Ба андешаи нависандаи ҷавон Башир Усмон имрӯзҳо нигоҳи ҷавонон ба шеъру суруд ва фарҳанг то андозае тағйир хӯрдааст: “Онҳо агарчӣ медонанд, ки ин шеърҳо дар сатҳи хеле паст қарор доранд, бо вуҷуди ин гӯш мекунанд ва нисбати ин шеърҳо мароқ зоҳир месозанд. Завқи мардум тарбият мехоҳад ва масъулини соҳаҳои дахлдорро мебояд барои боло бурдани он корҳои назаррасеро анҷом диҳанд”, - мегӯяд ӯ. Ин андешаҳоро Гулназар Келдӣ, муаллифи суруди миллии кишвар низ тақвият медиҳад. Ӯ мегуяд: “Ҷавонони имрӯза ба шеъру шоирӣ таваҷҷуҳ доранд, аммо дар эҷод ва интихоби шеъри хуб бисёр камаҳамиятанд. Агар ба сарояндаҳо назар кунем, онҳо бо оҳангҳои дилчасп ва овози маҳин суруд мехонанд, аммо дар интихоби шеър ғалат менамоянд. Шеъри онҳо ё мазмуни баланд надорад ё умуман бидуни маъние навишта шудааст, ки завқи дигар ҳаводорони адабиётро поин мебарад. Тарбия кардани завқи мардум вазифаи бисёр муҳими адибон ва он нафароне мебошад, ки эҷодиёти дигаронро интишор мекунанд”. Аммо Бобораҷаб ҳамчун сароянда ба он назар аст, ки сурудаҳои эшон ба завқи шунавандаи тоҷик ҳеҷ таъсири манфие намерасонад. Баракс сурудҳои ӯ дар тӯю маъракаҳо “мувофиқи талаб” такрор ба такрор садо медиҳанд. Номбурда зимни
суҳбат гуфт, ки: “Мо комилан барои халқ эҷод мекунем ва агар сурудаҳои мо ба эшон писанд набошад, ҳаргиз моро ба тӯю маъракаҳои хеш даъват намекунанд”. Вақте дар бораи сабаби эҷод шудану пазириши таронаи “Нули хурӯсум алала”-и сароянда аз ҷониби мардум пурсон шудем, гуфт: “Баъзе инсонҳои “бесавод” ин сурудро хуш напазируфтанд. Ба андешаи эшон ин суруд хандаовару тамасхуромез аст, аммо он комилан таърихи хешро дорад ва сабаби эҷод шуданаш низ яке аз сарватмандони шинохтаи кишвар аст”. Комил Саидов як сокини шаҳри Душанбе комилан ба ин бовар аст, ки як силсила сурудаҳои овозхонҳои ба қавле маъруф чун Бобораҷаб, Қадами Қурбон, Зайнаб, Ҷамилаи Икром ва дигарон ба рушду такомули санъату ҳунар латма мезананд. Ӯ мегӯяд: “Ман дар сурудаҳои эшон чизе ба ҷуз масхарабозиро намебинам. Агар онҳо худро ҳамчун ҳунарманд ба ҷомеаи Тоҷикистон муаррифӣ кунанд, пас вой бар ҳоли фарҳангу ҳанари мо. Барои мисол ба матни ин суруди эшон таваҷҷуҳ кунед, ки Бобораҷаб онро оҳанг бастааст: Нули хурӯсум алала Нулаки хурӯсум алала Қалами мирзоҷон буд набдм хона, Хонаи рубоҳ бсуза набдм хона, Бачаи рубоҳ бмбра набдм хона Пойи хурӯсум алала Гушвори хонумҷон буд набдм хона... Думби хурӯсум алала Ҷоруби хонумон буд набдм хона... Ё сурудаҳои Қадами Қурбон: Мо мардуми танбалем, танпарвару суст, Сустему ба коркунӣ пулустему пулуст.(язна бчкш) Дар коркуниҳо сусту фулустем, фулуст. Дар хурдани шакаров, ана қурутов, ана калапочук, тезаков, бринҷова ҳой дурустему дуруст.
7 Ё Дар лави қдқ я дхтари савзина, Ҳушуш ба сатил Қадама кай мебина? Ёрдам бталбае ай мани бекина (язна ҳисоб кн) Ҳо маланг мешам, тентак мешам, ҳо егут мешаме бар мезанм остина”. Қадами Қурбон бошад дар баъзе сурудаҳояш қабл аз оғози суруд аудиторияи худро муайян мекунад. Дар як навори видеоияш дар сомонаи “Ютуб” пеш аз оғози суруд мегӯяд: “Суруд барои девнора, яъне Каджола. Кӯчаи Лоҳутӣ ҳамсояи Фирдавсӣ”. Агарчанде аз ин ҳарфҳои ӯ ҳеч чизеро нафаҳмидам, аммо ба иқрори худи сароянда мухлисонаш сатҳи пасти санъатшиносӣ доранд. Агар ҳудуди як миллион истифодабарандагони интернет (он нафароне, ки чунин сурудаҳоро тамошо мекунанд), ки бо гумони ғолиб аксарашон мардуми Тоҷикистонанд, чунин завқи санъатпарастӣ доранд, пас ин масъала барои ҷомеаи 8-миллионнафараи мо бояд мавриди омӯзишу ҳалталабӣ қарор гирад. Хушбахтона, масъулини Вазорати фарҳанги кишвар низ барои боло бурдани завқи сокинони кишвар тасмиме рӯи даст гирифтаанд. Онҳо рӯйхати овозхонҳоеро тартиб хоҳанд дод, ки ҳуқуқи иштирок чӣ дар маъракаҳои сатҳи ҳукуматӣ ва чӣ дар тӯю дигар маросимро доранд. Масъулони Вазорати фарҳанг сарояндаҳоро пас аз арзёбии сатҳу сифати тарона, мусиқӣ ва шеваи тақдими он ба ин феҳраст шомил мекунанд. Сарояндаҳое, ки исмашон дар ин феҳраст ворид намешавад, аз ҳаққи баргузор кардани консерт ва ширкат дар тӯйҳо маҳрум хоҳанд шуд. Албатта, ин иқдоми хуб аст, ки сарояндаҳоро рӯйхат мекунанд, то ба ин васила бесифату сифатнокро мушаххаснамоянд. Аммо бояд гуфт, сарояндаҳои сурудҳои бемазмунро аз ҳаққи иштирок дар тӯю маъракаҳо манъ кунанд ҳам, онҳо аз тариқи шабакаҳои интернетӣ, ки ба масобаи як майдони бедару дарвоза аст, сурудҳои бемазмуни худро пахш мекунанд. Мазмун, масъулин бояд ба ин ҷиҳат низ таваҷҷуҳ кунанд. Паи пои сарояндаҳои сурудҳои бесифат бояд комилан рӯфта шавад, то фарҳанг ва тамаддуни тоҷик зарар набинад!!! Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №20 (9550), 17.05.2018
ЧО-2018: Паҳлавонони тоҷик соҳиби 4 медал шуданд 10-13 май дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ ва тарзи озод баргузор гардид ва паҳлавонони навраси тоҷик дар он иштирок намуданд.
20 май дар қаламрави кишвар Дави миллӣ баргузор мегардад 20 май дар саросари кишварамон Дави миллӣ баргузор мегардад. Ҳамасола ин чорабинии бузурги варзишӣ якшанбеи сеюми моҳи май ба нақша гирифта шудааст, ки имсол ба санаи 20 май рост омад. Масофаи Дави миллӣ зиёда аз 10 километрро дарбар гирифта, аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз гардида, иштирокчиён тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ миёни ҳам сабқат менамоянд. Иқдоми мазкур бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ, роҳандозӣ шудааст. Инчунин, тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти оммавӣ гардонидани намуди варзиши велосипедронӣ дар мамлакат, 19 май соати 9:00 дар саросари ҷумҳурӣ марафони велосипедронӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони мо сазовори 4 медал шуданд. Тибқи иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар намуди гӯштини юнонӣримӣ варзишгарони мо 3 медал ба даст оварданд. Асламҷон Азизов дар вазни 45 кило сазовори медали биринҷӣ шуд. Ӯ дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари мизбон Ҳусанхон Юсуфхонов ва варзишгари Ҷопон Дайго Сакамото пирӯз шуда, ба даври ниманиҳоӣ баромад. Дар ин давр аз варзишгари Эрон Амирризо Деҳбозоргӣ, ки медали тиллои вазни 45 килоро сазовор шуд, мағлуб гашт. Сипас, дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари туркман Арсланбек Закирбаев ғолиб омад. Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 51 кило медали нуқра ба даст овард. Фирӯз рақобатро аз даври чорякниҳоӣ оғоз карда, нахуст бар варзишгари туркман Тоҳир Шодиев,
баъдан бар намояндаи Ҳиндустон Лайшрам Мейтей ғалаба карда, ба финал баромад. Дар финал аз варзишгари Ҷопон Ватару Сасакӣ шикаст хурд. Ҳабибҷон Зуҳуров дар вазни -71 кило низ сазовори медали нуқра шуд. Ӯ низ қувваозмоиро аз даври чорякниҳоӣ оғоз карда, нахуст бар варзишгари ҳинд Дипак Дипак, баъдан бар варзишгари Эрон Масъуд Алӣ Акбар Ғафӣ пирӯз шуда, ба даври ниҳоӣ баромад. Дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари Ҷопон Шу
Ямада мағлуб гашт. Паҳлавонон аз намуди гӯштини тарзи озод бошад, як медал ба даст оварданд. Раҳмонҷон Маҳмадбеков дар вазни 110 кило медали биринҷиро ба гардан овехт. Ӯ дар даври ҳаштякниҳоӣ аз варзишгари ҳинд Кумар Анирудҳ шикаст хурда, дар қувваозмоии гузариш варзишгари Сурия Умар Саремро шикаст дод. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Қазоқистон Ислом Тоҳиров ғалаба кард.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони навраси қитъаи Осиё дар намуди гӯштини юнонӣ-римӣ 5 роҳхат, дар намуди тарзи озод 5 роҳхат ва дар гӯштини занона 10 роҳхат ба Бозиҳои олимпии наврасонро, ки моҳи октябри имсол дар Буэнос Айреси Аргентина доир мешавад, ба даст оварданд. Тибқи низомнома танҳо ғолибон имкони ба даст овардани роҳхатро доштанд. Мутаассифона, варзишгарони мо аз роҳхати олимпӣ бенасиб монданд.
Лигаи олӣ: “Хуҷанд” ва “Истиқлол” довталабони қаҳрамонӣ Марҳилаи дуюм ва даври ҳаштуми чемпионати кишвар оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 12 май оғоз шуд.
Медали нуқраи футболбозони навраси тоҷик дар Сербия Тими мунтахаби наврасони то 16-солаи кишвар оид ба футбол бо роҳбарии Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии футбол миёни наврасон, ки дар кишвари Сербия аз 9 то 13 май баргузор шуд, соҳиби медали нуқра гардиданд. Наврасони тоҷик дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа 13 май бо тими Ҳиндустон рақобат намуда, бо ҳисоби 4-2 шикаст хурданд ва бо касби 4 имтиёз мавқеи дуюмро сазовор гаштанд. Ду голи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Рустам Соиров ва Эмомалӣ Аҳмадҷон таъллуқ дорад. Рустам Соиров футболбози дастаи наврасони то 16-солаи кишвар дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба задани 3 гол
даст ёфта, беҳтарин ҳамлагари мусобиқа дониста шуд ва бо мукофоти хотиравӣ қадрдонӣ гардид. Тими наврасони то -16 солаи кишвар дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳрчаи Стара-Пазоваи наздики Белград, пойтахти Сербия баргузор гардид, дар се дидор-бозии нахустинро бо соҳибони майдон, тими Сербия (11), дидори дуюмро бо мунтахаби Урдун (2-1) ва рақобати сеюмро бо тими Ҳиндустон (2-4) анҷом доданд. Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи
мазкур, барои дастаи миллии наврасони то 16-солаи Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба даври ниҳоии қаҳрамонии Осиё2018 маҳсуб меёбад. Марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2018 оид ба футбол, аз 20 сентябр то 7 октябри соли ҷорӣ дар давлати Малайзия баргузор мегардад. Наврасони то 16-сола Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо ҳамсолони худ тимҳои Малайзия, Ҷопон ва Таиланд мубориза мебаранд.
Дар ин давр се бозӣ рӯзҳои 12-13 май баргузор гардиданд. Тими “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ дастаи “Барқчӣ”-и шаҳри Ҳисорро пазируфта, бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Дидори мазкур 12 май доир гардида, голи ягонаи бозиро легионери “Кӯктош” аз Ӯзбекистон Муҳиддин Одилов вориди дарвозаи ҳариф намуд. Бозии дигари даври мазкур, миёни бошгоҳҳои “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд мусовӣ 0:0 ба поён расид. Рақобати дастаҳои “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ва “РегарТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ҷолибу диданӣ буд. Дидори мазкур бо ғалабаи соҳибони майдон тими “Хатлон” 2:0 хотима ёфт. Ҳарду голро нимҳимоятгари дастаи “Хатлон” Кароматулло Саидов дар дақиқаҳои 6 ва 58 ба самар расонд. Баъди натиҷагирии даври ҳаштуми лигаи олӣ дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе (7 бозӣ) бо 17-имтиёзӣ пешсаф буда, бошгоҳи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар бо касби 13 хол дар мавқеи сеюм қарор дорад. Бозиҳои даври нуҳуми чемпионати кишвар оид ба футбол рӯзҳои 19-21-уми май баргузор мешаванд. Дар ин давр дастаҳои “Хуҷанд” бо “Кӯктош”, “Барқчӣ” бо “Хатлон”, “Регар-ТадАЗ” бо ССКА “Помир” ва “Истиқлол” бо “Панҷшер” сабқат менамоянд. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №20 (9550), 17.05.2018
Миллати тоҷик ҳамасола дар фасли баҳор чун анъана барои ҳифз доштани расму оинҳои миллӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯзи аҷам чорабиниҳои гуногун, аз қабили мусобиқаҳои гуногуни варзиширо дар сатҳи баланд баргузор менамояд. Яке аз бозиҳои қадимии тоҷикон ин чавгонбозӣ мебошад, ки навъе аз варзиши қадимаи ориёиҳост. Дар аввал чавгонбозӣ бо асп сурат гирифта, варзишгарон савораи асп ба майдон мебаромаданд ва ин намуди варзиш хоси шоҳон ва шоҳзодагон буд. Баъдтар ин бозӣ дар рӯи хок ва дар рӯи майса низ гузаронида мешуд. Ин намуди варзиш бештар дар идҳои Наврӯз, Меҳргон ва ҷашнҳои арӯсиву хатнасур зуд-зуд баргузор мешуд. Бозии мазкур аслан дар кишвари мо пайдо шуда, бозии миллии тоҷикон маҳсуб меёбад. Муҳаққиқ Абрамов соли 1955 дар китоби худ “Чавгон” мегӯяд, ки он бозии миллии тоҷикон аст. Аммо баъди инқилоб ин бозӣ танҳо дар Помир боқӣ монду халос. Мутахассиси соҳа Холмурод Асоев, устоди варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов сарчашмаи пайдоиши ин бозиро аз Эрони қадим ҳисобида, гуфт: - Чавгонбозӣ аслан дар асри II пайдо шудааст. Ин бозии дӯстдоштаи мардуми ориёитабор ба ҳисоб мерафт ва онҳо ин намуди варзишро ҳамчун нишонаи ҷасорату родмардӣ медонистанд. Аслан бозии чавгон се вожаи аслии тоҷикӣ дорад, ки ҳар се дар алоҳидагӣ як маънои томро ифода мекунанд: чавгон, гӯй ва бозӣ. Чавгон чӯби махсуси
каҷкардашудаест, ки андоза ва шакли муайян дорад. Гӯй гирдаест аз пашми гов сохта шуда, ки маънои говӣ ва баъдан гӯйро гирифтааст. Бозӣ амали шахс аст, ки тавассути ин лавозимот ҳунару маҳорати худро нишон медиҳанд. Такя ба ин далелҳо мо бевостиа гуфта метавонем, ки ин намуди варзиш моли тоҷикон аст. Чавгонбозӣ дар ибтидои асри 19 дар Аврупо бо суръати баланд пеш рафт ва соли 1908 ин бозиро ба барномаҳои олимпӣ дохил карданд. Соли 1924 аввалин Федератсияи байналмилалии чавгонбозӣ (FIH) таъсис дода шуд, ки яке аз федератсияҳои бонуфузи ҷаҳон ба ҳисоб мерафт, зеро 137 мамлакати дунё узви он гар-
ни шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ шуруъ шудааст. Дар ин қувваозмоӣ ҷавонони тоҷик бозии хуб нишон доданд. Соли 1970 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дастаи чавгонбозон бо номи “СКИФ” ташкил шуд ва соли 1976 номи “Ҳосилот”-ро гирифт, ки аллакай баъд аз ду сол (1978) дар лигаи якум баромад мекард. Даста соли 1980 дар лигаи олӣ роҳхат гирифт ва ҳамон сол дастаи яккачини чавгонбозони тоҷик ташкил шуд. Соли 1982 дар спартакиадаи ҷавонон дастаи бонувони чавгонбози тоҷик низ таъсис ёфт. Дар ҳамон спартакиада тими мунтахаби бонувони кишвар дар миёни 15 дастаи ИҶШС ҷойи дуюмро ишғол намуданд. Чавгонбозони миллии
Дар такя ба асарҳову шеърҳои шоирони маъруфи форсу тоҷик, аз қабили Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсии Тӯсӣ ва Ҳофизи Шерозӣ мо тоҷикон чавгонбозиро моли худ меҳисобем. Аммо имрӯзҳо таваҷҷуҳ ба ин навъи бозӣ камранг ба назар мерасад. Аз ин варзиш танҳо дар айёми иди Наврӯз ёдовар мешавему халос. Мутаассифона, баъди назарпурсӣ оид ба чавгонбозӣ бароямон маълум гардид, ки 80 фисади мардуми тоҷик аз ин намуди варзиш бехабаранд. Чаро ин намуди варзиш барои мардум ноошност. Мутахассиси соҳа Холмурод Асоев доир ба ин масъала чунин ақида дорад: -Чавгонбозӣ дар даврони Шӯравӣ хеле рушд намуд, аммо
дид. Аз соли 1970 чемпионатҳои Аврупо ва соли 1971 чемпионати ҷаҳон оид ба чавгонбозӣ баргузор мешавад. Холмурод Асоев аз нав эҳё шудани ин варзишро дар кишвар баъди солҳои 70-уми асри 20 рабт медиҳад. Бино ба таъкиди ӯ аввалин қувваозмоии ҷавонони тоҷик дар соли 1976 дар мусобиқаи бай-
тоҷик дар се спартакиада - солҳои 1979, 1983, 1987 ҷойи панҷумшашумро ишғол намуданд. Инчунин, дар даврони Шӯравӣ дастаи занонаи “Суғдиён” ва дастаи мардонаи “Тоҷикагрегат”-и Душанбе дар лигаи якум баромад карда, ин дастаҳо дар Чемпионати Иттиҳоди Шӯравӣ бомуваффақият иштирок мекарданд.
пош хурдани Шӯравӣ ба бозиҳои миллӣ зарбаи сахт зад. Соли 1992 Тоҷикистон узви Федератсияи ҷаҳонии чавгонбозӣ гардид, вале чавгонбозӣ низ пош хурд ва қариб аз байн рафт. Хушбахтона, аз соли 2000 сар карда, чавгонбозӣ дар гӯшаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз нав ташаккул ёфт.
Чавгонбозӣ варзиши миллии тоҷикон аст!
7 медали паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати Осиё 10-13 май дар шаҳри Бейрути Лубнон Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон доир гашт, ки варзишгарони мо сазовори 7 медал шуданд. Дар рақобатҳо миёни наврасон варзишгарони мо 4 медал ва миёни ҷавонон 3 медал ба даст оварданд. Миёни наврасон Сулаймони Ҷамшед дар вазни 60 кило медали нуқра, Фарорун Мирзошоев дар вазни 55 кило, Ғаниҷон Ғаниев дар вазни 73 кило ва Эмомризо Қурбонов дар вазни 90 кило медалҳои биринҷиро ба гардан овехтанд. Дар вазни 55 кило варзишгари дигари тоҷик Умед Асматуллобеков ҷои панҷумро сазовор гашт. Дар қувваозмоиҳо миёни наврасон 178 варзишгар аз 20 давлати қораи Осиё иштирок карданд. Ҷумҳурии моро 9 варзишгар дар 6 вазн намояндагӣ карданд. Миёни ҷавонон бошад, Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 кило медали нуқра ва Давлаталӣ Назаралиев дар вазни -55 кило медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар рақобатҳо миёни ҷавонон 196 варзишгар аз 22 давлат ширкат карданд. Аз ҷумҳурии мо 11 варзишгар (10 писар, 1 духтар) иштирок намуданд.
9 Соли 2006 бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сарпарастии Кумитаи миллии олимпӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе семинару машваратҳо оид ба рушди чавгонбозӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуд. Инчунин, бо мақсади эҳё ва рушди чавгон дар Тоҷикистон аз 18 то 25 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе машғулиятҳои бозомӯзӣ оид ба чавгонбозӣ ва дар майдончаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ машғулиятҳои амалии ин навъи варзиш доир карда шуд. Барои аз нав эҳё кардани чавгонбозӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва роҳбарияти Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда истодаанд. Як нуқсони таназзули ин намуди варзиш ин аст, ки Федератсияи чавгонбозии кишвар ҷиҳати рушди ин навъи варзиш таваҷҷуҳи хуб зоҳир наменамояд. Айни ҳол дар чор минтақаи ҷумҳурӣ наврасону ҷавонон ба чавгонбозӣ фаро гирифта шудаанд. Гурӯҳҳои писарон ва духтарон дар мактабҳои варзишии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Муъминобод фаъолият доранд. Аз ҳисоби варзишгарони беҳтарини дастаҳо тими мунтахаби Тоҷикистон созмон дода шудааст, ки дар чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат мекунад. Дастаи яккачини Тоҷикистон моҳи августи соли 2017 дар чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуда, дар ин мусобиқа миёни 7 даста мақоми панҷумро касб кард. Умедворем, ки чавгонбозӣ чун як навъи варзиши миллӣ мисли дигар варзишҳо рушду нумуъ ёфта, мухлисони бешумор пайдо менамояд ва дар арсаи ҷаҳонӣ чавгонбозони тоҷик бо маҳорати баланди хеш муаррифгари ин навъи варзиш мешаванду парчами меҳанро баланд мебардоранд. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
10
САЛОМАТӢ - ГАНҶИ БЕБАҲО
Имрӯз дар ҷомеа бо нафароне, ки аз он истифода мебаранд, ҳар лаҳза рӯ ба рӯ шудан мумкин. Бархе онро ҳамчун воситаи таскинёбӣ ва оромшавии ҳолати равонӣ ва баъзеи дигар чун роҳи каме дур гардидан аз мушкилиҳои рӯзгор истифода мебаранд. Худоромкунии мо дар раванди зиндагӣ ба воситаҳои гуногун сурат мегирад. Чунончӣ, бархе аз ҷавонон роҳи ором сохтани хешро дар кашидани тамоку ва нос мебинанд. Ба андешаи онҳо пас аз кашидани маводи номбурда, асабҳояшон орому ғамҳояшон дур мегардад. Шояд ками онҳо бидонанд, ки он дуди “ғамбарор”, ҳамзамон, ба организмашон зиён дорад.
зуд-зуд асабонӣ шудани истеъмолкунанда мегардад. Мадина Шарипова, равоншинос мегӯяд: “Яке аз сабабҳои аввалине, ки шахс ба тамокукашӣ даст мезанад, синну соли наврасӣ мебошад. Наврас мехоҳад донад, ки он чӣ тамъу лаззат дорад? Дар ин ҳолат вобастагии ҷисмонӣ пайдо мешавад. Сабаби дигараш омили иҷтимоист. Дар ин ҳолат шахс мебинад, ки дар ҷомеа нафарони сигоркаш вуҷуд доранд ва дар филмҳо низ мебинад, қаҳрамонҳо сигор кашида истодаанд, ӯ низ ба онҳо пайравӣ меку-
над, ки ин ҳодисаи тақлидӣ мебошад. Яке аз сабабҳои дигаре, ки дар синну соли калонтар ба кашидани сигор шахсро водор мекунад, вайроншавии ҳолати рӯҳӣ (стресс) мебошад. Дар чунин маврид шахс барои ором намудани худ аз сигор истифода мебарад.” Лютер Террӣ, духтури амрикоӣ ҳануз 50 сол муқаддам расман дар расонаҳои хабарӣ эълон карда буд, ки тамокукашӣ ба саломатии инсон хатари ҷиддӣ дорад. Мутахассисон ин гуфтаҳоро имрӯз низ тасдиқ намуда, мегӯянд, дар натиҷаи кашидани маводи ном-
Дуди “ғамбарор”
ё ҳаёт бидуни тамоку зебост
Равоншиносон мегӯянд, ки тамокукашӣ на танҳо проблемаи тиббӣ аст, балки ҷиҳатҳои равонӣ низ дорад. Ба гуфти онҳо дар натиҷаи кашидани тамоку ва нос асаби инсон то андозае хароб шуда, боиси фаромӯшхотирӣ ва
Вақте ки дар бораи оила ҳарф мезанем, бояд зикр кард, ки барои устувории оила пеш аз ҳама нафарони дар оила буда, яъне бародар, хоҳар ва асоси онҳо падар у модар дар тинати хеш аз фарҳанг, эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан ва сифатҳои хуби муомилаю муоширатро доро бошанд. Дар ташкил намудани оила пеш аз ҳама нақши асосиро зан - модар мебозад. Зеро зани солим, оилаи солим, ҷомеаи солим ва давлати солим гуфтаанд. Падар агар барои ризқу рӯзӣ аз хона берун равад, пас ҳама таълиму тарбия маҳз бар дӯши зан аст. Вақте ки зан - модар дар оила аз сифатҳои хубе, ки дар дини мубини Ислом омадааст, воқиф набошад, кӯр-кӯрона амал мекунад ва оқибати ба носолимии оила ва ҷомеа оварда метавонад.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №20 (9550), 17.05.2018
бурда, бештар ба кори дилу системаи асаб ва шуш таъсири манфӣ мерасад ва яке аз натиҷаҳои кашидани тамоку боиси пайдошавии бемориҳои роҳи нафас, дил ва вайрон шудани таркиби хун хоҳад гашт. Бахусус, пас аз кашидани тамоку он дуде, ки ба воситаи нафас вориди шуш мегардад, ба кори шуш хатар эҷод мекунад, ки гирифтани нафасро то андозае мушкил мегардонад. Яке аз моддаҳои заҳрноке, ки дар таркиби тамоку мавҷуд аст, никотин ба шумор меравад. Ба гуфти мутахассисони соҳаи тиб дар таркиби сигор чаҳор ҳазор моддаҳои кимиёвии зарарнок мавҷуд буда, чилтои он бениҳоят хавфноканд. Бахусус, никотин дар таркиби баргҳои тамоку ниҳоят зиёд мебошад. Никотин моддаи заҳрноки равғанмонанд буда, таъсири хело зарарнок дорад. Он пас аз ворид шудан ба ҷараёни хун дар 7 сония ба мағзи сар расида, баъдан ба дигар узвҳо паҳн мегардад. Имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон ҷиҳати пешгирии тамокукашӣ чораҳои гуногун андешида мешавад. Аз ҷумла, ҳар сол саннаи 31 май дар аксари кишварҳои ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку бо баргузории маҳфилҳои зидди тамоку ва таблиғи шеваи солими зиндагӣ қайд карда мешавад. Зеро шумори нафарони тамокукаш рӯ ба афзоиш буда, адади фавт низ дар натиҷаи истифодаи ин маводи зараррасон сол то сол меафзояд. Дар ҷумҳурии мо низ ҷиҳати пешгирии тамокукашӣ Қонуни ҶТ “Дар бораи маҳдуд на-
мудани истифодаи маҳсулоти тамоку” қабул гардидааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро бо мақсади пешгирии бемориҳо ва ҳифзи саломатии аҳолӣ муайян менамояд. Мувофиқи омори расмии Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳар сол дар дунё миллионҳо нафар аз сигоркашӣ ба бемориҳои гуногуни марговар дучор мегарданд. Бино ба иттилои ин созмон ҳар сол дар натиҷаи кашидани тамоку дар олам 4 миллиону 800 ҳазор нафар ба ҳалокат мерасанд. Тахмин зада мешавад, ки агар вазъ чунин идома ёбад, то соли 2030 солона шумораи мефавтидагон аз ин моддаи заҳрогин ба 10 миллион нафар хоҳад расид. Беҳтарин неъмате, ки Худованд ба инсон ато кардааст, ақл аст. Аз ин неъмати бебаҳо бояд ба маврид истифода намоем. Ҳар инсон бояд иродаи қавӣ дошта бошад, чунки аксари корҳои анҷоммедодаи мо ба иродаи мо вобастааст. Пеш аз ҳар коре дар бораи зарару фоидаи он бояд андешид. Муҳим аст, ки роҳи зиндагии солим ва орӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлубро интихоб намоем ва дар бунёди ҷомеаи солим саҳм гузорем, зеро табиби ҳар шахс худи ӯст ва бузургтарин қадам дар ин ҷода худдорӣ аз сигору нос ва шароб аст, чунки сарҳади хоҳишҳои инсон охир надорад. Лек оқилу дурандеш нафарест, ки аз ҳар гуна рафтори бад худдорӣ кунад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
Кафили ҷомеаи осоишта Имрӯз мо тавассути оинаи нилгуну шабакаҳои интернетӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо огоҳ ҳастем, ки насли мо даст ба чӣ корҳо мезананд. Насли навраси мо имрӯз дар вақтҳои холигӣ аз интернет мувофиқ ба табъи дили худ чи наворҳое хоҳанд тамошо мекунанд ва аъзои хона аз онҳо бедараканд ё дониста худро ба гумроҳӣ мебаранд ва мисоли дигар ин фиттаҳое, ки аз дукони фиттафурӯшӣ дастрас мекунанд, бе монеа тамошо мекунанд ва нафарони дар оила буда ба ҷои монеа шудан кӯшиш не, баръакс бо онҳо ҳамроҳ мешаванд. Ана, аз ҳамин ҷо шуури носолим, куштор, таҷовуз, қатлу ғоратгарӣ ва дигар амалҳои ношоямро ба худ қабул карда, ба носолимии ҷомеа оварда мерасонад. Чунон ки дар боло зикр кардем зан - модар асоси пойдории оила аст. Ва занҳоро мебояд, ки барои бенуқсон тарбия намудани фарзанд аввал худро тарбия кард. Зеро дар урфият мегӯянд, ҳама зан таваллуд мекунад, аммо ҳар зан модар шуда наметавонад. Оре, вазифаи зан таваллуд кардан нест, балки вазифаи зан танҳо кӯдакро тарбия додан аст. Имрӯзҳо мо мушоҳида менамоем, ки пас аз ақди никоҳ бастани ду ҷавон ва тавлиди як ё чанд фарзанд муноқишаҳо дар оила сар мезанад ва таъсири ин муноқишаҳо пеш аз ҳама ба тарбияи фарзанд халал ворид месозад. Зеро муноқишае, ки дар
хона сар мезанад, албатта дар зери назари кӯдакони хона ба амал меояд. Вақте ки кӯдак муноқишаи байни модар ва падарро ба чашми хеш мебинад, аллакай руҳия ва тафаккури ӯ нисбати волидайн дигаргун мешавад ва қадру қимати волидайн дар назди фарзанд гум ё ин ки коста мегардад. Дар занҳои мусалмон муваззафоти дукаратае дар назди Офаридгор нуҳуфтааст: онҳо бояд ҳамчун зан боқӣ монанд ва ин хусусияти хоси худро аз даст надиҳанд. Итминон дошта бошанд, ки баробарҳуқуқии онҳо тавассути Офаридгор эътироф карда шудааст ва инро ҳар дафъа бояд назди дигарон низ эътироф кунанд. Мушкил ва масъала фақат дар он нуҳуфтааст, ки оё онҳо метавонанд ин ҳуқуқи худро татбиқ ва амалӣ намоянд? Агар ҳамшираҳои мусалмони мо ба занҳои ғарбӣ тақлид карданӣ бошанд, пас онҳо мубталои мушкили калон шуда ин роҳ онҳоро ба раҳгумӣ мебарад. Мутаассифона, имрӯз бори гарони рӯзгор баробари мардон бар дӯши занон низ афтидааст. Яъне онҳо илова ба тарбияи фарзандон маҷбуранд, баҳри пешбурди рӯзгор заҳмат кашанд. Як қисм занҳо вазифаю мансабро афзалтар шумурда, хеле дер ба шавҳар баромада, дер фарзанд ба дунё меоранд ё умуман муҷаррад боқӣ мемонанд. Ҳоло оилаҳои камаъзо муд гаштааст. Оилаи
калон, мафҳуми куҳнашуда маҳсуб меёбад. Момою бобо, ҳоло барои атфол бегона менамоянд. Оид ба интихоби ҳамсар. Мутаассифона, ҳоло пошхӯрии оилаҳои ҷавон хеле зиёд аст. Ин гувоҳ аз он аст, ки чунин ҷавонон ба оиладоршавӣ чандон омода нестанд. Ҳамдигарро хуб надонистаю наомӯхта оила барпо мекунанд. Лек муддате нагузашта, аз ҳам ҷудо мешаванд. Зарур аст, ки ҳар ҷавон зимни барпо намудани оила маслиҳати оқилонаи волидон ва ашхоси рӯзгордидаро ба инобат гирад. Дар ин боб шоире гуфтааст: Рӯй манеҳ аз машварат, зеро ки арбоби хирад, Машваратро пешкори аҳли давлат гуфтаанд. Аз ин мисраъҳои шеърӣ бармеояд, ки дар мавриди хонадоршавӣ ҳар як ҷавонро мебояд, ба шитобкорӣ роҳ надиҳад ва шитобкорӣ ҳам начандон омили хуб аст. Зеро шахси шитобзада ҳеҷ ба мақсуд намерасад ва бузургон низ исбот кардаанд, ки ҳар коре, ки бо саросемагӣ анҷом мепазирад, оқибати ногувор меорад ва боиси афсӯсу надоматҳо мегардад. Малоҳат НАЗАРОВА, омӯзгори кафедраи забонҳои Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб
Рӯзи ҷумъа баъди кор ба хона мерафтам, ки падарам занг зад. - Хубӣ, бачам? Кору борат нағз? – пурсид баъди салому алейк падар. - Шукр, падар, ҳама нағз. Шумо чи хел? Корҳотон нағз, дар хона тинҷӣ? - Ҳама хуб... Баъд аз суҳбату ҳолпурсиҳо падарам ниҳоят масъалаи асосиро пурсид: - Ҳо, як вақт барои ман дар фейсбук саҳифа кушода будӣку?.. - Бале, падар, кушода будам. - Мешавад, ки ҳамона фаъол кунем. Ман чанд вақт боз истифода набурдам, рамзашро дар ёд надорам. - Ман ҳам шаш моҳ боз истифода намебарам, падар. Як машғулияти зиёдатӣ, чи лозим... - Не, не, вай фейсбук буданаш даркор. Имрӯз ба мо дар бораи муҳимияти саҳифа доштан дар фейсбук маҷлис карданд. Ҳафтаи гузашта ҳам ба мактаб ба маҷлиси падару модарон даъват карданд. Яке аз мавзуъҳои маҷлис ҳамин фейсбук буд. Ҳатто аз додарчаат таъриф карданд, ки талабаи фаъоли мактаб аст. Фейсбук дорад... - О, додарам ҳоло синфи ҳафт-ку? - Бале, дар ҳамон маҷлис гуфтанд, ки барои фейсбук синну сол аҳамият надорад. Муҳим
11
ҶОМЕА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №20 (9550), 17.05.2018
Вайбер не, фейсбук даркор!
ки он ҷо саҳифа дошта бошиву нишон диҳӣ, ки аз замон қафо намондаӣ... - Аа-а... – мад кашидам ман ба “муҳимият”-и фейсбук сарфаҳм рафта. - Хуб, падар, агар ин қадар муҳим бошад, ман бароятон саҳифаи нав кушода медиҳам. - Ҳа, боз гуфтанд, ки ҳар кас рамзаша танҳо худаш донистанаш даркор. Ин ба хотири ҳифзи маълумоти шахсӣ аз ҳар гуна бадхоҳон шарт будааст. - О, нагуфтед, ки чи гуна ҳифзи маълумот будааст, ки одамон тамоми маҳрамияташонро бо дасти худашон пешкаши мардуми дунё
месозанд? - Чи хел, писарам? - Ба осонӣ. Масалан, нав фарзанд ёфтагӣ одам зуд сурати навзоди ҳоло якрӯза нашударо ба саҳифааш мемонад. Мазмун, мана бинед, шери нари моро ё нафаре худашро дар сари табақи хӯрок сурат гирифта менависад: “Қурутоби олиҷаноб хӯрдем...” - Ҳа-а. Ба ҳар сурат барои ман якта саҳифа кушода деҳ. Лекин зайле шавад, ки рамзаша танҳо худам донам. - Хуб, падар, рамзаша танҳо ба худатон мегӯям... Дар телефон бо падар хай-
рухуш кардем. То хона қариб расидам. Хона нарафта, аввал ба мағоза даромадам... Аҷиб, ки дар мағоза ҳам ду ҷавони фурӯшанда дар бораи кадом навори шабакаи фейсбук ҳарф мезаданд ва аз телефон ба якдигар нишон дода, гоҳ афсӯс мехурданд, гоҳо механдиданд... Ба хона омадам, ки меҳмон дорем: хушдоманам. Хурсанд шудам, ки бибии ҳаштодсолаи фарзандони ман баъд аз меҳмонӣ ба хонаи се фарзанди дигараш дар шаҳри Душанбе ба хонаи мо ҳам меҳмон шудааст. Аз ҳолу аҳволи хушдоман пурсон шудам, аз духтару бачаҳояш, набераву абераҳояш... Дар суҳбати қариб дусоата бо бибии бачаҳо як чиз маро ҳайрон кард: фейсбук! Бале, худи худаш... Смартфони дасти бибиро дида, аввал каме ба ҳайрат мондам. О, пиракӣ мардум бештар ҳамон телефонҳои маъмулиеро, ки танҳо хос барои суҳбат кардан аст, истифода мебурданд-ку? Вале ба ин навгонӣ, албатта, дар дил муросо кардам. - Бачам, худат ба ман фейсбук кушода деҳ, ки ҳамсарат сарфаҳм нарафт. – гуфт хушдоман телефонашро ба ман дароз карда.
Маърифат - омили рушди ҷомеа Дар тамоми давраҳои ташаккули ҳаёти инсоният маърифат ҳамчун ҷавҳари ҳастӣ дар ашъори шоирону адибони адабиёти миллату халқиятҳои гуногуни олам тараннум шудаву ҳоло ҳам васф карда мешавад. Агар ба таърихи барпошавии ҳокимияти Шӯравӣ назар афканем мебинем, ки болшевикон пеш аз он ки идеологияи худро ҷорӣ созанд, сароғоз сиёсати саводноксозии ҷомеаро роҳандозӣ намуда, курсҳои маҳви бесаводиро таъсис доданд, ки синнусоли гуногуни аҳолиро ба худ ҷалб мекард. Бо ин тарз онҳо мехостанд, ки оммаи халқ (мардум) -ро саводнок намуда, баъд ба онҳо фаҳмонанд, ки чӣ гуна ҷомеаро онҳо сохтанианд. Бо ҳамин роҳ онҳо дар тамоми қаламрави давлати худ, аз ҷумла Тоҷикистони имрӯза “инқилоби маданӣ”-ро ҷорӣ намуданд. Мақсади “инқилоби маданӣ” низ маърифатноксозии сартосарии ҷомеа буд. Имрӯзҳо барои маърифатноксозии ҷомеаи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлату ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода истодаанд, то ин раванд боз ҳам густариш ёбад. Мисоли ин гуфтаҳо рӯз аз рӯз дар кишвар зиёд гардидани шумораи муассисаҳои таълимӣ, иншоотҳои фарҳангӣ, майдончаҳои варзишӣ мебошад, ки барои ташаккули маърифати ҷомеа, алалхусус ҷавонон аҳамияти калон дорад. Имрӯзҳо ки ҷомеаи ҷаҳониро носуботиҳои сиёсӣ фаро гирифтаву бештар ҷавонон ба гирдоби найрангҳои
гурӯҳҳои террористиву ифротгаро меафтанду қурбони бозиҳои сиёсӣ мегарданд, яке аз сабабҳои асосиаш дар бемаърифатии онҳо мебошад. Бемаърифатии баъзе аз ҷавонон сабабҳои гуногун дорад, ки яке аз онҳо набудани тарбия дар оила мебошад. Зеро оила дар ҳаёти инсон нахустин мактабест, ки заминаҳои аввалини маърифатро поягузорӣ мекунад. Ба дӯши оила масъулияти бузурги таълиму тарбияи фарзандон вогузор гардидааст. Аз лиҳози ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки “падару модар ӯҳдадоранд, ки фарзандонашонро тарбия намоянд, дар бораи саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва таълимии онҳо ғамхорӣ намуда, онҳоро ҳамчун аъзои сазовори ҷамъият ба камол расонанд”. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” низ далели ин гуфтаҳост. Ба ҷавонони мо имрӯзҳо зарур аст, ки пайваста ба омӯзиши илму ҳунар диққати махсус диҳанд. Зеро Президенти мамлакат доимо дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа буда, бояд ҳар чӣ бештар ба омӯзиши илму ҳунар ҷалб карда шаванд. Худ қазоват намоед, агар аз ҳозир мо насли наврас ва ҷавонро дуруст тарбия накунему бомаърифат насозем, пас чӣ тавр онҳо масъулияти ояндаи давлату миллатро ба дӯши худ мегиранд?! Рисолати бузурги омӯзгору мактаби имрӯза
ҳамин аст, ки дар тарбия ва саводноксозии насли наврас ва ҷомеаи ҷавони мо заҳмати беандоза намоянд. Ин амал ба мисли боғбонест, ки ниҳолеро бо меҳр мепарварад, бо умеде ки ин ниҳол рӯзе бузург шудаву аз меваҳои он ҳамагон фаровон истифода мебаранд. Ҷомеаи соҳибмаърифат барои ободию хушрӯзии одамон хизмати бузурге менамояд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки дар ташаккули маърифати ҷомеа дин низ ҳамчун як шакли шуури ҷамъиятӣ саҳми калон дорад. Асри 21 асри тараққиёти босуръати илму техника буда, ба нерӯи зеҳнии инсоният вобастагии калон дорад. Маҳз имрӯзҳо нерӯи тавонову созандаи зеҳнӣ зарур аст, то дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҷомеа тараққиёти босуръатро роҳандозӣ намояд. Аз нигоҳи дини мубини Ислом омӯхтани илму ҳунар фарз мебошад. Ҳатто ҳадиси паёмбари ислом Муҳаммад (с) “Аз гавҳора то ба гӯр дониш биҷӯ” далели он аст, ки омӯхтани илму дониш басо арзиши гарон дорад. Аз ин рӯ, омӯхтани илму дониш дар ҳама давру замонҳо ҷомеаро ба роҳи саодатмандӣ мерасонад. Зеро ки ҷомеаи соҳибмаърифат тамоми ҳодисаю равандҳои ба вуҷуд омадаро ба зудӣ дарк намуда, аз пайи пешгирию ислоҳи он мешавад. Бахтиёр МУНАВВАРОВ, мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”, коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ, Наврӯзшоҳи ХОЛНАЗАР, ассистенти кафедра
Маълум, ки то омадани ман ҳамроҳ бо духтараш кӯшиши саҳифакушоӣ карда, муваффақ нашудаанд. - Хола, шумо фейсбука кушода саратона ба дард монда чи кор мекунед? Беҳтараш ба телефонатон барномаи вайбер дуруст кунем бо набераҳотон суҳбат кунед... - О, ман вайбер дорам, бачам, ба ман фейсбук даркор! - Барои чи ин қадар зарур шуда мондааст, фейсбук? - Олуфтаи ҳамсояро медонӣ, ҳа? Бибии Комрону Фариштаро... - Медонам... - Ана, ҳаму гуфт, ки аз ин вайбер ҳам фейсбук зӯртар будааст. Одами ёша пиру пира ёш мекардааст... Ростӣ баъди ин гапи хушдоманам даҳонам калон кушода монд. - Масъала фақат ҳамин ҷавон намудан аст, хола? – пурсидам бо табассум. Кампир ишорати маро фаҳмид ва гуфт, ки гап танҳо сари ин не. Фейсбук номаъқулиҳои зиёди дигар ҳам дорад, ки даромада дидан даркор... Ҳанӯз масъалаи фейсбуки хушдоманро ҳал накарда будем, ки духтарчаи ҳафтсолаам ба навбат истод: - Дада, барои ман ҳам якта фейсбук кушода диҳед... Башир УСМОН, “ҶТ”
Аввал тарбия, баъд таълим меистад “Тарбия ва ташаккули хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар насли наврас насле, ки пояи илму фарҳанги миллатро ба силсилаи пешқадами ҷаҳонӣ пайваст менамояд, ба устодону омӯзгорон вобаста аст” Эмомалӣ Раҳмон Воқеан, дар ҷомеаи башарӣ таълиму тарбия дар мадди аввал меистад. Ин ҳарду бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Барои пеш рафтани таълим бояд аввал ба тарбияи дурусти кӯдак аҳамияти ҷиддӣ дод. Агар даврони кӯдакию наврасиро ҳамчун худраве тасаввур намоем, пас дар он чархи пешаш таълим ва чархи қафояш тарбият аст. Чанбараки он бошад, бешак дар дасти омӯзгор, мураббӣ, роҳбари синф, волидайн ва ҷамъият мебошад. Бинобар ин ҳар қадар ронанда донишманд ва соҳиби таҷрибаи ҳаётӣ бошад, ҳамон қадар оянда дурахшон мегардад. Ба таъкиди мутафаккирони рус В. Белински “Тарбия вазифаи бузургтарини сарнавишти инсон аст”. Чунон ки боғбон ба ҳар як ниҳол аҳамият дода, барои хуб нашъунамо ва меваҳои хуштаъм доданаш кӯшиш карда, дар охир аз меваҳои шаҳдбор ком ширин намояд, диққат додан ба тарбияи насли наврас низ ба ҳамин минвол аст. Мутаассифона, имрӯз баъзе аз падарону модарон дар тарбияи фарзанд дар оила аҳамияти ҷиддӣ надода, ба муассисаҳое, ки фарзандонашон таҳсил менамоянд, боре ҳам нарафта, аз фаъолияти донишомӯзиашон хабар намегиранд. Он даме, ки ба ягон кори зишт фарзандашон даст зананд, ҳамаи айбро ба омӯзгор ва роҳбарони синф бор карда, худро сафед карданӣ мешаванд. Бояд дарк намуд, ки тарбия аз оила сарчашма мегирад. Агар падару модар тарбияро аз рӯзи аввал мустаҳкам намоянд, фарзанд аз ҳама ҷиҳат хушахлоқу намунавӣ ба камол расида, барои ҷомеа нафъовар мешавад. Назаралӣ АХМЕДОВ, омӯзгори фанни таърихи МТМУ №49 н.Айнӣ
12 Ҳасан Юсуфи Файзбахш аз ҷавонӣ ба сайру саёҳат шавқу рағбати зиёд дорад. Тақозои ин шуғл ба бисёр гӯшаю канори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷумҳурии худамон сафарҳо карда, аз натиҷаи онҳо асарҳои ҷолиб иншо намудааст. Қисме аз онҳо хусусияти таълимӣ дошта, дастури хубе барои дӯстдорони сайру саёҳат маҳсуб меёбанд. «Ғори Чилтан» ном асари сайёҳии Ҳ. Файзбахш ба яке аз мавзеъҳои саёҳатӣ бахшида шудааст. Инак порчаеро аз он пешкаши хонандагони рӯзнома мегардонем. Ҳанӯз ҳангоми дар пояи кӯҳи Чилтан буданамон, ман чандин ғорро дар паҳлуи он дида, фаҳмидам, ки «ғори Чилтан» гуфтан чандон саҳеҳ нест. Балки «ғорҳои Чилтан» гуфтан дуруст аст. Чунки дар танаи он кӯҳ ғорҳо якто не, панҷтоянд. Яке калону дигарон нисбатан хурд ва ҳамаашон наздик ба ҳамдигар, тақрибан дар як хати моил ҷойгиранд. Мо дар яке аз баландиҳои поёнтари ин кӯҳ, рӯи сабзаҳо нишаста дам гирифтем. Бо дурбин гирду атрофи ҳамаи ғорҳои Чилтанро аз назар гузаронида, ба ғори калон даробарокунии паррандагони зиёдро мушоҳида кардем. Суҳбатамон бо Акамурод Исоев низ дар ҳамин ҷо сурат гирифт. Ӯ сокини Қарабулоқ, деҳаи ба ин ғор наздиктарин ва яке аз онҳое буд, ки дар бораи ин ғор маълумоти бештар дорад. Ман барои он «ғорҳо» нею «ғор» навиштам, ки А. Исоев ёддоштҳояшро танҳо дар бораи як ғор, яъне ғори калон гуфт. - Замони бачагии мо, солҳои 1960-1965 мӯйсафедони он вақт 6070 сола Муҳаммадисо, Абдулвоҳид, усто Ҳамдам, Муҳаммадсафо ва дигарон мегуфтанд, ки дар замонҳои хеле қадим гӯё чил тан (чил одам) даруни ҳамин ғор даромада нопадид гаштаанд, - ба нақл даромад ӯ. Гӯё онҳо чилтанҳои шоҳ Ғозималик будаанд. Он мӯйсафедон мегуфтанд, ки ҳар бегоҳӣ рӯзҳои ҷумъа аз ҳамин ғори Чилтан садои тӯп (яроқи ҷангӣ) меомад, ҳатто садои монанд ба гулдурроси раъд. Онҳо боз мегуфтанд, ки даруни ғор ҷои чилланишинӣ дорад ва бобои Шайх ном одам он ҷо борҳо чилланишинӣ кардааст. Он солҳо ғори Чилтан чун зиёратгоҳ ҳам маъмӯл будааст. Ҳатто худам шоҳидам, ки солҳои 90уми асри гузашта одамон аз дуру наздик омада онро чун ҷои муқаддас зиёрат мекарданду қурбониҳо менамуданд. Камина тақозои кору вазифаи хеш ва шуғли сайёҳиам бисёр ғорҳоро дидаам, натанҳо дар ҷумҳурии худамон балки дар хориҷа ҳам. Вале, то кунун ягон ғореро надида будам, ки монанди Чилтани
РУШДИ САЙЁҲӢ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №20 (9550), 17.05.2018
Ғори Чилтан
кӯҳистони Ғозималик бошад. Қисме аз он ғорҳои дидаам мисли чоҳ буданд, даҳонашон на он қадар васеъ. Тӯлашон бо тариқи амудӣ, яъне рост сӯи қаъри замин ба чандин метр мерасид. Ба воситаи зинаҳо ё бандҳои махсуси мувофиқ кардашуда ба онҳо даромадан мумкин буд. Танҳо баъди ба тагаш расидан маълум мегашт, ки он боз ба ҳар тарафи дигар ба шакли рост ё каҷу килеб гӯё, ки нақбҳо дорад. Ғорҳоеро низ дидаам, ки даҳонашон хурд, тӯлашон амӯдӣ, вале чун ба тагаш мерасидӣ, гӯё хонаи чоркунҷае ба назарат намоён мегашт. Бале, хона, яъне истиқоматгоҳ. Ба ҳамин монанд ғори дигареро низ дидаам, ки қабристон – мазорати воқеӣ буду одамон онро зиёрат мекарданд. Ғорҳои дар танаи теппаҳо, баландиҳо ва кӯҳҳо воқеъ бударо низ бисёр дидаам, ки ҳамаашон шакли нақбҳои рост (уфуқӣ, горизонтӣ) ё баръакс, каҷу килебро доштанд. Аммо ғори Чилтан ба ягонтои ин ғорҳо шабоҳат надорад. Дар хусуси ҳайбату ҳашамат ва ваҳмангезии даромадгоҳи он гуфтам. Лекин аз дарун боз ҳам бадҳайбаттар, ваҳмангезтар ва даҳшатноктар аст. Шояд сабаб он бошад, ки пойи одамӣ дар ин ҷо ками дар кам мерасад. Ғор дар маҷмӯъ асосан аз ду товасанги сафед ва андаке сурхчатоби бисёр азим иборат аст. Байни товасангҳо тарқиш, ковокии гӯё беохири баландиаш дар чашм аз 2 то 5 метра мавҷуд аст. Ман товасанги болоиро шартан «шифт» гуфтаму поёниро «фарш». Паҳлуҳои шифт пасттару байнаш баландтар аст. Кас гумон мекунад, ки он махсус ҳамин тавр сохта шудааст. Рӯи фаршу шифт нақшҳои пушти сангпуштро ба ёд меоранд, аммо, пастию баландиҳояшон роҳҳои бо қайроқсанг (санги дарё) пӯшонидашудаи яхбастаро. Вақте, ки рӯи шифту фаршро бо ҳам қиёс мекунӣ, гумоне пайдо мешавад, ки шояд фарш дар азал бо шифт пайваст будаасту баъд бо ягон сабабе аз тани он канда гаштааст. Аммо чун мебинӣ, ки онҳоро сутунҳои сангии гӯё махсус гузошта аз ҳам ҷудо ме-
кунанд, аз ин гумонат бар мегардӣ. Аҷоибот дар он аст, ки сутунҳо байни худ тақрибан дар як хату дар як масофа ҷойгир ҳастанд. Ин ҳолатро дида ақл бовар намекунад, ки бе таъсири ягон қувваи ғайб чунин шуданаш мумкин бошад. Охир, агар он сутунҳо набошанд ё байни ҳам дар як хату дар як масофа ҷойгир нашуда бошанд, яқин муозинати шифт – товасанги болоӣ вайрон мешавад ва ба рӯи фарш – товасанги поёнӣ меафтад, ки дар натиҷа ковокии азими байни онҳо барҳам мехӯрад. Дар тарафи чапи ғор хоки намноки сурхчатоб аст, ки зоҳиран хоки такшиншудаи селобаро ба ёд меорад. Миқдори он хеле зиёд буда, аз қисми болои ғор, ки охираш номаълум аст, қад-қади девори чап то даромадгоҳ тӯл кашидааст. Ба назар чунин менамояд, ки он хок воқеан дар омехтагии оби равони сустҳаракат аз боло ба поён ҷорӣ гаштааст. Вақте, ки ман он хокро дар кафи даст молидам гумон кардам, ки мисли хоки замин не, балки мисли гаҷест, ки пас аз шӯридан хушк мешаваду баъд бо ягон сабабе онро боз ба хок (орд) табдил медиҳанд. Агар ин дуруст бошад, пас, ин хел хок ва намнокии он аз куҷост? Гумон дорам, ки дар зимистону баҳорон аз болотарҳои ғор аз ягон тараққӣ ва ё сӯрохие андак об дохил шуда бо ҷараёни хеле суст хоку регҳои танаи кӯҳро лойоба карда бо худ поён мефурорад. Агар ин тавр набошад, пас он хок бо мурури ҳазорон ё шояд миллионҳо сол дар натиҷаи бархӯрии бод ба деворҳои ғор ва шифту фарш (бодхӯрдашавӣ) ба вуҷуд омадааст ва ин раванд ҳоло ҳам давом мекунад. Ё шояд дар натиҷаи таъсири шамол, аз чангҳои танаи сангҳо, девору шифту фарш ҷудо шуда, ба таг рехтааст ва то кунун мерезад. Ҳатто мумкин аст, он хок мисли реги биёбонҳо бо вазни худ ва ё таъсири бод ба ҳаракат даромада поён фуромадааст ва ҳанӯз ҳам мефурояду аз барфу борон нам гирифта, ба хоки селобоварда шабеҳ мешавад. Азбаски дар болои боми ғор – рӯи товасанги хеле азим камубеш
хок мавҷуд аст ва дар он сабзаю гиёҳҳо ва буттаю дарахтони зиёд сабзидаанд, гумон дорам, ки обҳои табиӣ аз қабати хок мегузаранд ва ба тарқишҳои тоба дохил шуда, баъд аз тагаш ба шакли қатраҳо мечаканд. Лекин боз фикри дигар он аст, ки муқобили ин фикр мебошад. Агар обҳои табиӣ аз қабати хок гузашта ба тарқишҳои тобасанг дароянд, дар он сурат имкон дорад, ки на ҳамаи онҳо аз таги тоба гузашта, ба фарш ё рӯи хок бичаканд. Дар ин сурат обҳои боқимондаи даруни тарқишҳо дар зимистон ях карда, тобаро мекафонанд ва ҳатто пора-пора мекунанд. Чун ягон хел кафишро аз таги тоба, яъне дар танаи шифти ғор мушоҳида накардем, ногузир тахмини дигар пайдо шуд: Шояд, ки шифти ғор дар натиҷаи аз берун даромадани ҳавои гарм ва салқинии, ҳатто хунукии танаи санг (шифт) арақ мекунад ва баъд он арақ ба қатраҳои об табдил ёфта, ба поён мечаканду хоки қад-қади девор ҷамъшударо намнок мегардонанд. Агар ин ду тахминро дар мизони ақл гузорем, охиринаш вазнинтар шуда, ба воқеият наздикӣ мекунад. Ман бо машаққат аз болои хоки тасвиршуда гоҳ ба таёқ такя кардаю гоҳ гаваккашон то қисмати чапи ғор, яъне то он ҷое, ки рӯшноӣ мерасад рафтаму халос. То андозае, ки имкон буд, суратгирӣ ҳам кардам. Аммо, бо сабаби бисёр хатарноку мушкилгузар буданаш ба ҷойҳои дигари он, аз ҷумла ба қисмати росташ рафта натавонистам. Қувватам нарасид. Вале, қисме аз бачаҳо Абдусалому Қурбонмурод ва Муҳаммадзоҳир рафтанд. Бо хоҳиши ман суратгирӣ ҳам карданд. Баъд аз бозгашт таассуроташонро гуфтанду ман сабт кардам. Аз рӯи гуфтаи онҳо тарафи рости ғор ҳам то он ҷое, ки рӯшноӣ мерасаду чашм мебинад, ба тарафи чап монанд мебошад, фақат хатарноктару мушкилгузартар аст. Боз як тангнои нақбмонанд ҳам дорад, ки аз даромадгоҳи асосӣ дар масофаи тақрибан то 100 метр воқеъ аст. Дар рӯшноии чароғи дастии пурқувват (фанарик) онҳо даруни он нақб даромада, суратҳои бисёр ҷолиб гирифтаанд, ки аллакай моли бойгонии муаллифи ин сатрҳо мебошанд. Он тангно мисли қисмати асосии ғор аз пастӣ ба баландӣ намерафтааст, балки тақрибан дар як сатҳ будааст. Дарозиаш 35-40 метр, баландиаш 12-15 метр, бараш 5-6 метр будааст. Ҷойҳои нисбатан ҳамвортари нишаст доштааст, ки масалан чилланишинӣ кардан мумкин будааст, ҳарчанд, ки одами солимақл ҳеҷ гоҳ дар чунин ҷойҳо чилланишинӣ намекунад. Дар тагаш ҷо-ҷо хоке доштааст, монанд ба ҳамон хоки дар тарафи чапи ғор буда. Тангно ё нақб бо тадриҷ тангтар мешудааст ва бо ин сабаб бачаҳо ошкор карда натавонистаанд, ки он аз ягон ҷояш сӯрохӣ дорад ё на. Лекин, ҳавои даруни он тозаю салқин будааст. Агар ба ин гуна ғорҳо аз ягон ҷое
ҳаво надарояд, даруни онҳо салқин не, баръакс, дам – буғ мешавад ва бадани одам зуд арақшор гашта, нафасгириаш мушкил мегардад ва ҳатто хатари ҷонаш ба вуҷуд меояд. Аммо, модоме ки ҳавои даруни он тозаю салқин бошад, яқин аз куҷое роҳи ҳавогузар дорад. Пас, гуфтаи одамон дар хусуси он, ки гурба ё саги аз як ҷониби ғор сардодашуда аз ҷониби дигараш баромадааст, шояд беасос набошад. Чун сухан аз ҳавои даруни тангно – нақб рафт, ба ҷо мешавад агар дар бораи ҳавои тамоми ғор бигӯям. Воқеан, ҳавои даруни он бисёр фораму салқин ва роҳатбахш буда, гӯё аз ҷониби болояш меояд. Вале, ин аниқ нест. Шояд дар ягон ҷойи нонамоёни ғор роҳи ҳавогузар бошад (масалан, ба воситаи ҳамон тангнои дидаи бачаҳо) ё шояд ин гуна ҳаво дар натиҷаи омезиши ҳавои гарми беруну ҳавои хунуки даруни ғор ҳосил шуда, қадқади деворҳо чарх занаду дар назари одам чунин намояд, ки вай аз боло меояд. Ба ҳар ҳол агар илоҷ бошаду аз ҳамин гуна ҳаво чанд соате нафас бигирӣ, ҷон роҳат мекунад, тан ҳузуру ҳаловат мебинад ва асаб ором мегардад. Зеро он ҳаво на танҳо серун аст, балки бо накҳати гулу гиёҳҳои кӯҳӣ омезиш дорад. Баъди аз назди даромадгоҳи ғор хестан, ҳавсалаи ҳамаи мо то андозае пир шуд, ки дигар ягон нафарамон майлу рағбати дидани он 4 ғори ҳамшафати ғори калонро накардем. Бо ҳамин сабаб дар бораи онҳо чизе гуфта наметавонам, ба ҷуз он ки яке аз он ғорҳо аз баландиҳои начандон дур мисли камар ё танӯр менамояд. Ҳамчунин аз ин баландиҳо боми ғори калонро бараъло мушоҳида кардан мумкин аст. Тӯлу арзи он аз берун ҳам тақрибан 100-120 ва 80100 метр аст. Яъне, тахминамон оид ба ҳаҷми ғор, ки дар дарун карда будем, аз берун боз ҳам аниқтар мешавад. Пас, гуфтан мумкин, ки тӯли ғор то охири кӯҳ аст ва эҳтимолияти дар ягон ҷои қисмати охираш будани сурохиҳои ҳавогузар бештар мебошад. Масофа аз Душанбе то ғори Чилтан тақрибан 30-35 км аст. Имрӯзҳо то деҳаи Қарабулоқи ноҳияи Рӯдакӣ имкони бо ҳар гуна мошин рафтан мавҷуд аст. Аз Қарабулоқ то ғори Чилтан тақрибан 4-5 км пиёда гаштан лозим мешавад. Роҳ ба сӯи ғор мисли 3-4 сол пеш он қадар мушкилу хатарнок нест, зеро баъди дар борааш чоп намудани маводҳо ва ташкил кардани намоишҳои телевизионӣ равуои мардум андаке зиёд шудааст ва пайроҳаи намоёну маълум ба вуҷуд омадааст. Агар сохторҳои мутасаддӣ ин пайроҳаро андаке мувофиқ гардонида хатсайри сайёҳӣ кушоянд, кори аз ҳама ҷиҳат фоиданок мешавад. Зеро на танҳо худи ғор балки манзараҳои гирду атрофаш ҳам бисёр ҷолиб мебошад, алалхусус дар баҳорон. Начандон дур аз ин ғор, аз пушти кӯҳ қалъаҷойи Ғозималик ва маъбади будоии диққатангез низ ҳаст. Манзараҳои атрофи онҳо ҳам, бахусус ҷангалзоронаш бас ҷолибанд. Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №20 (9550), 17.05.2018
E - MAIL: javonontj@mail.ru
13
Ҷавонон ва ифротгароӣ
Чанге бар домани занон Тибқи омор, имрӯз панчоҳ фисади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (22 декабри соли 2017) зикр намуд, ки “Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи самараноки нерӯи созандаи ҷавонону бонувон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони лаёқатманд ва донишманду соҳибмаърифат, инчунин ташвиқи онҳо ба донишандузӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим эътибори аввалиндараҷа диҳанд”. Хушбахтона, имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барномаю дастурҳои махсус пешбарӣ шуда, аз тарафи занони фаъол ҷонибдорӣ гардида, ҷомаи амал пӯшида истодаанд. Қобили тазаккур аст, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон низ нисбати тақдири бонувони тоҷик бетараф набуда, доиман пайи дастгирии онҳо мебошанд. Бар иловаи ин, гарди падидаҳои номатлуби замон ба монанди терроризму экстремизм ва қочоқи инсон ба домани бархе занон низ расидааст. Боиси таассуф аст, ки имрӯз сафи духтарони ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомилшуда, рӯз ба рӯз афзуда истодааст. Фаъолзанҳои ин ҳаракатҳои ифротӣ аз «хоҷаҳо» маблағи калон гирифта, дар байни аҳолии камсаводу камбизоати ҷомеа «тарафдорон»-и худро ҷӯё мегарданд ва бо «ҳавасмандкуни»-и моддӣ ин қишри духтарони камбизоату камсаводро ба худ тобеъ мегардонанд. Фаъолияти чунин занону духтарон аслан аз паҳн намудани даъватномаҳо, варақаҳо ва адабиёти мазмуни экстремистидошта иборат мебошад. Яке аз сабабҳои асосии ин раванди номатлуб муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, ки теъдоди зиёди занон аз оилаашон ҷудо шудаанд ё ин ки шавҳарашон дар давлати дигар бо зани дигаре оила барпо намудааст. Чунин зан-модар барои хӯрондану пӯшондани фарзандаш барои иҷрои ҳар гуна амали ношоиста қодир аст. Раванди дигари шомилшавии баъзе аз занону духтарони тоҷик ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мавҷуд набудани зиндагии қобили қабули рӯзмарра ва дар ҷомеа набудани ҳуқуқи мусоиди занон бо мардон мебошад. Сабаби дигар ба ақидаи мо доштани кӯдакони ноболиғ мебошад. Ин низ равандест, ки ифротиён онро хуб истифода мекунанд, яъне ба ибораи дигар гӯем, чунин занон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, ҷиҳати надоштани саробони таъминкунанда ва фарзандони ноболиғ озод карда мешаванд. Омили дигаре, ки духтарону занонро ба ин амали нангин тела медиҳад, ин дар равони чунин занон набудани орзую умед ба ояндаи нек мебошад. Чунин занону духтарон асосан дар доми ифротгароён афтида, майнаи сари онҳо бо чунин афкори «таассуроти бад» пур карда шуда, бештар барои онон ақидаҳои пессимистӣ (руҳафтодагӣ) талқин карда мешаванд. Боиси нигаронист, ки имрӯзҳо нафаре аз ҷавонзани тоҷик ба ин амали разилона даст зада, доғи ҷомеаи мо мегардад. Чунин ҷавонзанон намеандешанд, ки оқибати ин амали нопок ба кадом фоҷиа оварда мерасонад. Ин амали палиди онҳо боиси изтиробу сархамии волидайн, хешу табор ва ёру дӯстон мегардад. Имрӯз барои мо зиёиёни ҷомеаи навину соҳибистиқлоли тоҷик заруру ҳатмист, ки сари вақт роҳи чунин зуҳуроти нангинро дар ҷомеа гирифта, баҳри он талош варзем, ки модари тоҷик бояд соҳибмаълумот буда, барои наслҳои ояндаи миллатамон бори дигар Рӯдакию Носири Хусрави дигареро ба воя расонида, барои наслҳои баъдинаи оламиён ба ёдгор боқӣ бимонанд. Орифшо НАСРИДДИНШОЕВ, омӯзгори фанни таърихи гимназияи № 1-и шаҳри Бӯстон
Ҷавонон нерӯи пешбаранда ва созандаи ҷомеаву Давлат ба ҳисоб мераванд. Ин аст, ки ҷавононро нерӯи шикастнопазир низ ном мебаранд. Ин сухан то ҷое ҷон дорад, зеро дар ин айём шахс аз чизе ё касе намеҳаросад, мақсаду мароми ояндаи худро муайян месозад ва барои худ ном интихоб мекунад. Яъне чи гуна инсон буданашро дар ин давра нишон медиҳад, ки дигар бо роҳи интихоб намудааш, давоми умр раҳсипор мегардад. Ғанимат дон айёми ҷавонӣ, Ки дунё зинда бо номи ҷавонӣ. Бале! ин давраи тиллоиро бояд ғанимат донист, зеро ин давра хеле зудгузар аст. Аз ин хотир коре кунем, ки дар оянда пушаймон нашавем. Хушбахтона, дар ватани мо имрӯз сулҳу ваҳдат ҳукмфармост ва ҷавонони мо озод, дар ҳама соҳаҳо паи кору фаъолиятанд. Дар омӯхтани илму дониш бо ҳам сабқат мекунанд, ва дар ихтирокорӣ ҳамто надоранд. Вақте аз назди донишгоҳе мегузарӣ, аз бисёрии донишҷӯён роҳ банд аст, инро дида мо шукр мегӯем , ки дар ватани мо чунин рӯзҳо расиданд, шукр мегӯем, ки мо миллати бофарҳанг ва илмдӯст дорем. Соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардида буд, ки ин боварӣ ва диққати роҳбариятро нисбат ба ҷавонон нишон медиҳад. Ҷавонон низ аз ин иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат хушҳол шуда, дар ин сол корҳои назаррасеро ба анҷом расониданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин мо имрӯз дар бораи ҷавонон чизҳоеро мешунавем ё мебинем, ки хеле таасуфовар аст ва моро хеле ғамгин мекунад ва ба андеша вомедорад, ки чаро чунин аст. Сухан дар бораи ҷавононе меравад, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ ҳамроҳ мешаванд чаро чунин аст? Сабаб чист? Онҳоро чӣ чиз маҷбур мекунад? ин суолҳо ҳар шахси солимақлро ором намегузоранд. Фикр мекунам пеш аз ҳама надоштани саводи диннӣ, паст будани сатҳи фарҳанги бархе аз ҷавонон аст, ки аз бефаҳмиву беаҳамиятӣ ба ин гурӯҳҳои бо ном исломӣ ҳамроҳ мешаванд ва ҳаёти имрӯзаву ояндаи худро ба бод медиҳанд. Вақте наворҳои ин гурӯҳҳоро тамошо мекунӣ, камтарин раҳму шафқати инсонӣ дар онҳо дида намешавад. Корҳое онҳо мекунанд, ягон яҳуду насоро ин корро
намекунад. Аз ҳама бадбахтии онҳо ин аст, ки зери ниқоби ислом даромада ин корҳоро анҷом медиҳанд ва исломи азизро ба мардум зишт нишон медиҳанд. Зинда оташ задани одамон, теъдоди зиёди одамони бегуноҳро дар якҷоягӣ ба қатл расонидан, қатли кӯдакони хурдсол ва пиронсолон, ин аст вазифаи ин гурӯҳи хунхор, ки худро узви “давлати исломӣ” меноманд. Дар дини мубини мо ҳатто озор додани мурчае раво нест, пас чаро ин пастфитратон ҷангидани мусалмон бо мусалмонро ҷиҳод номидаву худро гурӯҳ ё давлати исломӣ меноманд. Албатта ҳар шахси соҳибақл дарк мекунад, ки дар пушти ин гурӯҳҳо душманони дини мубини мо истодаанд ва бо роҳи маблағгузориву ҳавасмандкунӣ ҷавонони гумроҳ ва камсаводро ба худ ҷалб намуда, бар зидди ҳамдигар мешӯронанд. Маълум аст, ки ҳар касе он ҷо рафт аз он ҷо зинда намеояд, ё зинда ҳам монад дигар инсон буданашро фаромӯш мекунад. Мутаасифона, дар байни чунин гурӯҳҳо шаҳрвандони мо низ ҳастанд, намедонам ба кадом хотир, аммо ҷиҳод гуфтаву ба сӯи ҷаҳолат қадам ниҳоданд, ки бисёре аз онҳо хабари маргашон омад ва қисме бедарак гаштаанд. Вақте онҳо сафар мекунанд, натанҳо ба худ, балки ба як оила рӯзи сиёҳ меоранд. Ҳарчанд имрӯзҳо дар байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ рафта истодааст, ба ҷавонони азиз муроҷиат мекунам, ки ҳаргиз фирефтаи чунин гурӯҳҳои ифроти нагардед! Онҳо ба ҷуз террорист дигар чизе нестанд, ҳар чизе ки ба шумо ваъда медиҳанд, танҳо то расидан ба назди онҳост чун ба он ҷо расидед, шуморо мисли ғулом истифода мебаранд. Дигар ҳуқуқи гап задан надоред, ҳатто шиносномаи шуморо оташ мезананд, яъне дигар шумо дар рӯи замин нестед. Имрӯз дар ватани мо барои анҷом додани эътиқодоти диннӣ ҳама шароитҳо муҳайё аст ва ҳеҷ кас моро аз рӯзаву намоз манъ накардааст. Агар мо имрӯз кӯдакону наврасонро дар роҳи дурусти ватандӯстиву илмомӯзӣ тарбия накунем, фардо дер хоҳад шуд. Ҷавонони азизи кишвар ҳоло, ки фурсат доред хонед, илм омӯзед ва барои ояндаи худу наздиконатон, кореро анҷом диҳед, ки боиси ифтихори падару модар ва давлату миллат бошад. Маҳваши ЯҚУБЗОД
14
НАКӮКОРОН
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ...
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №20 (9550), 17.05.2018
Инсони некдил ва мутарҷими мумтоз
Хайрхоҳӣ аз қадимулайём одати хуби мардуми тоҷдори тоҷик буда, дасти кӯмак дароз намудан ба ниёзмандон ва барҷомондагон яке аз хислатҳои некӯи инсонист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар вохӯриҳояшон ба сардорон ва роҳбарони корхонаву идораҳо таъкид менамоянд, ки дасти кӯмак ба табақаи ниёзмандон ва оилаҳои камбизоатро сармашқи фаъолияти худ дониста, нисбати ин гурӯҳи ҷомеа диққати махсус зоҳир намоянд. Дар ин росто низ сардафтари адабиёти классики тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ фармудаанд: Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ, Бар куру кар-ар нукта нагирӣ, мардӣ. Мардӣ набувад фитодаро пой задан, Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ. Дар осори бузургонамон аз қабили Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Шайх Саъдӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар соҳибмактабон мавзӯи хайрхоҳӣ ҷойгоҳи махсус дошту дорад. Бо дарки ин ҳама нуктаҳо имрӯз дар ҷумҳурӣ нафарони хайрхоҳ пайи фаъолият мебошанд, ки суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ дониста, ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз месозанд. Яке аз чунин нафарон подполковники милитсия Боқизода Кароматулло, сардори ШБИ ШБДА ҚМ РВКД вилояти Хатлон мебошад. Банда сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳастам. Дар ҳамсоягии мо як ҷуфт падару модар, ки тақдир ба онҳо як писар ато намудааст, умр ба сар мебаранд Аз қазо падару модар бистарӣ шуда, рӯз то рӯз мушкилӣ барои писари ягонаи оила ба чашм мерасид. Аз ноилоҷӣ зиндагӣ маҷбураш кард, ки ба кишвари Руссия барои дарёфти кор ва маблағ сафар намояд. Аз рӯзи сафари ин ҷавони бофаросат ҳамсояҳо яке дар даст нону дигаре косаи шурбо барои аёдати ин падару модари танҳо мераванд. Аз миён ду моҳ гузашту ҷавон аз сафар бозгашт, вале бо дасти тиҳӣ. Камина бо худ андешидам, ки барои ин ҷавоне, ки ҳамеша дар ёди падару модараш ҳаст, коре созам, то ин писар зинаи сахти зиндагиро саҳл тай намояд. Ҷавон бе донишу ҳунар буда, вале тарбияти хуб дорад. Ҷалолиддини Румӣ гуфтааст: Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Меҳри онро дар дилаш андохтанд. Модом ки шоири ҳақиқатгӯ чунин гуфта бошад, пас ин ҷавон низ дар сина меҳри ҳунареро мепарварад. Баҳри кӯмак намудан ба ин ҷавон бо як дӯстам ба наздаш рафта, сӯҳбат кардем. Дар рафти сӯҳбат маълум гардид, ки ин ҷавон аз хурдӣ дар дил орзуи ронанда шуданро мепарварад. Дар интиҳои суҳбат мо ба ӯ иброз доштем, ки барояш як мошини боркаш кироя мегирем, то ӯ дар деҳқонбозори маҳаллаи Гипрозем ба боркашӣ машғул шавад. Ӯ бо хушнудӣ ба пешниҳодамон розӣ гардид. Барои амалӣ намудани ин иқдом сараввал ба ӯ ҳуҷҷати ронандагӣ зарур буд. Пас аз фикри зиёд ба хулоса омадем, ки барои дастрас намудани ҳуҷҷати ронандагӣ ба ин ҷавон оё ягон роҳбари автодром кӯмак мекарда бошад ё не. Ду рӯз пас аз суҳбат ба шаҳри Кӯлоб барои коре рафтам ва пас аз корамро ба итмом расонидан, нохост гузорам ба автодроми шаҳри мазкур афтод. Бо итминони беандоза баҳри кори савоб пушти дари утоқи кории подполковники милитсия сардори ШБИ ШБДА ҚМ РВКД вилояти Хатлон Боқизода Кароматулло расидам. Пас аз ворид гардидан ба утоқи корӣ мақсад аз омаданамро, ки дастгирии як оилаи эҳтиёҷманд буд, як-як барояш иброз доштам. Баробари шунидан ӯ аз курсии корияш бархоста, дар ҳолати рост буданам ба наздам омад ва дасти рост бар китфам ниҳода, гуфт: “Офарин ҷавони хуб! Дар ин синни ҷавонӣ дар фикру хидмати мардуми эҳтиёҷмандед. Моро имрӯз Президенти кишвар бовар карда, роҳбар таъин мекунанд, ки чун Шумо корафтодагонро дастгир бошем. Барои он ҷавон ҳар чизе аз дастам меояд, дареғ намедорам. Бо он ҷавон дар тамос бошу барояш бигӯ, то баҳри суҳбат наздамон биёяд”. Боқизода Кароматулло пас аз суҳбатамон ба директори автодроми мазкур супориш дод, то дар руйхати довталабон номи ин ҷавонро барои таҳсили ройгон гирифтан сабт намояд. Ман аз ин гуна дастгирии беғаразона хушҳол гардида, тасмим гирифтам, чун рӯзноманигор дар бораи ин гуна роҳбарони хайрхоҳ чизе нависам, то мояи ибрати дигар роҳбарону сардорон гардад. Боиси ифтихори мост, ки имрӯз дар пайравии Пешвои хайрхоҳи миллат дигар роҳбарон низ дар андешаи кори хайранд. Хонандаи азиз! Шумо низ ба атрофи худ назар бикунед, шояд нафарони эҳтиёҷманд бошанд ва агар ҳасту ба ёриашон бишитобед, пас амалест савоб. Иброҳим ЯТИМОВ
Боре ба водии Вахш сафари хидматӣ доштам. Баъд аз анҷом додани корҳои таъҷилӣ дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) мувофиқи одат ба мағозаи китобфурӯшии наздики теппаи марказии шаҳр ворид гаштам. Он солҳо мағозаҳои китобфурӯшӣ ҳамеша пуродам буд. Дар назди шуъбаи китобҳои бадеии тоҷикӣ шоҳиди як гуфтугӯи аҷибе гардидам. Пирамарде борхалтаашро дар бари пештахта гузошта, китобҳоро дуру дароз аз назар гузаронду пас ба фурӯшанда муроҷиат намуд: - Писарам, як китоби шавқовар бидеҳ, ки ба мани деҳқон маъқул шавад. - Бобо, дар кадом мавзӯъ бошад?- пурсон шуд фурӯшанда бо ҳайрат. - Мавзӯяшро намедонам, лекин як китоб бидеҳ, ки мисли “Доғистони ман” шавқовар бошад. Ин китобро хонда бисёр мазза кардам. Муаллифаш адиби Доғистон Расул Ғамзатов будааст, тарҷумонаш нависандаи тоҷики худамон Абдулло Зокир . Ин гуфтугӯро шунида, басе хурсанд шудам, зеро тарҷумони он Абдулло Зокир дӯст ва бародари ман буд. Чи тавре ки маълум аст, муаллифи китоб адиби бузург Расул Ғамзатов мебошад. Ташаккури хонандаи одии тоҷик, деҳқони донапош, қабл аз ҳама, албатта, ба ин шоир ва мутафаккири аламшумул равона гардидааст. Лекин он китобдӯсти бохтарӣ тарҷумаи тоҷикии китоби пурмазмуну пурмӯҳтаво “Доғистони ман”-ро мутолиа кардааст, биноан шахси бофазилат заҳмати тарҷумони ин китоби безаволро низ ба ҳисоб гирифта, ҳам ба муаллиф, ҳам ба тарҷумон ташаккури самимии худро изҳор кард. Ман аз заҳматҳои зиёди нависанда Абдулло Зокир дар тарҷума намудани ин асар огоҳӣ доштам. Ва он гуфтугӯро барояш ҳикоя карда, дар охир илова намудам: -Ако, тарҷумаатон аз тарафи халқамон писандида шудааст, хонандаи одӣ тарҷумаи тоҷикии “Доғистони ман”-ро намунаи китоби пурмазмун ва шавқовару беҳтарин меҳисобад. Албатта, шунидани чунин суханон ба мутарҷим хеле гуворо буданд. Рӯзноманигор, мутарҷим ва нависанда Абдулло Зокир агар ҳоло дар қайди ҳаёт мебуд, синни навадсолагиашро ҷашн мегирифт. Вале боиси таассуф, ки риштаи ҳаёти ӯ хеле бармаҳал дар синни 54-солагӣ гусаста шуд. Ӯ дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ чун бачаи наврас дар корхонаи Қистақӯз заҳмат мекашид ва қути лоямути модару хоҳарро бо дастранҷи хеш пайдо менамуд. Акои Абдулло табиатан шахси ҳақиқатпараст ва адолатҷӯ буд. Эҳтимол ҳамин ҷиҳатҳои хислаташ дар оғоз вайро ба хизмати афсарии Вазорати корҳои дохила оварда бошад. Боре ӯ ҳангоми иҷрои хизмат ҷасорату матонат нишон дода, пеши роҳи ҷинояткорро гирифт. Абдулло Зокир дар ин задухӯрд сахт захмин гардида бошад ҳам, он ҷинояткори хавфнокро дастгир намуд. Афсари ҷасур муддати тӯлонӣ дар шифохона бистарӣ гардид ва пас аз муолиҷа бо салоҳдиди ҳайати табибон хизмати умури дохиларо тарк кард. Сипас Абдулло Зокир таҳсилро дар шуъбаи филологияи тоҷик давом дода, ба фаъолияти худ дар созмонҳои ҳизбӣ, ноширӣ ва журналистӣ шуруъ намуд. Барои ӯ кори якчандсола дар нашриёти “Ирфон” мактаби хубе гардид, аз ин дабистони маърифат сабақи беандоза омӯхт. Аз бузургони адаб таълим гирифта, худаш ҳам бо тарҷумаи асарҳои бадеӣ шуғл варзид. Ҳикояҳо ва қиссаҳои адиби рус С. Антонов ва романи нависандаи ҳинд Премчанд “Нирмола”-ро ба тоҷикӣ тарҷума кард. Ин асарҳо хонандаи бисёре ёфтанд. Абдулло Зокир пас аз таҳсил дар шуъбаи журналистони мактаби олии ҳизбии Алмаато сармуҳаррири интишороти таблиғу тарвиҷи Ку-
митаи радиошунавонии ҷумҳурӣ таъин гардид. Аммо фаъолияти пурҷӯшу хурӯши рӯзноманигорӣ ва қаламкашии Абдулло Зокир дар вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) рост омад. Вай аз соли 1965 ин вазифаро ба муддати панҷ сол бар уҳда дошт. Пеш аз ӯ дар ин маснад нависандагони маъруф Мутеулло Наҷмиддин, Ибод Файзулло хидмат намуда, ҳайати эҷодии хубе тарбия карда буданд. Дар ин идора он вақт рӯзноманигорон, шоирон, нависандагони болаёқат ба кори эҷодӣ шуғл меварзиданд. Саросари ҷумҳурӣ ба майдони бузургу беканори сохтмон шабоҳат дошт. Нерӯгоҳи барқи обии Норак, корхонаҷоти кимиёвии Ёвон, корхонаи алюмини Турсунзода ва ғайра маҳз дар ҳамон солҳо бунёд гардидаанд. Дар ҳама майдонҳои сохтмонӣ ҷавонон пешоҳанг буданд. Ва ин фидокориҳо, ҷасорати меҳнатии ҷавононро пеш аз ҳама рӯзномаи худи онҳо ҳаққонӣ инъикос карда, ба садоқату корнамоиҳои нав ҳидоят мекард. Дар ин хизмати он солҳо басо муҳиму ватандӯстона Абдулло Зокир анъанаҳои хуби пешинаи рӯзномаро нигоҳ дошта, ин анъанаҳои некро боз ҳам бештар ривоҷ дод ва мустаҳкам намуд. Сармуҳаррири рӯзнома Абдулло Зокир дар синну сол аз ҳамкорони худ андаке калонсол бошад ҳам, вай аз сафарҳои хидматӣ, ҷустуҷӯ ва корҳои эҷодӣ хаста намешуд. Ӯ саъй ва кӯшиш дошт, ки баробари роҳбари хуби коргарони рӯзнома будан, худаш низ репортажу мақолаҳо, лавҳаю очеркҳои проблемавӣ нависад, бо заҳмати ҷонкоҳи тарҷума ва таҳрир машғул гардад. Шумораҳои хубу пурмазмуни рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, ки хушбахтона ҳоло дар бастаҳои бойгониҳои китобхонаҳо маҳфузанд, ба ин гуфтаҳо гувоҳӣ медиҳанд. Абдулло Зокир солҳои минбаъда асосан дар нашриётҳо ифои вазифа намуда, бештар бо фаъолияти тарҷумонӣ машғул гардидааст. Маҷмӯаи ҳикоятҳои Ю. Смуул, қиссаҳои “Таърихи инсоният”-и Л. Первомайский, романи “Моиндар”-и С. Шоймардонов, романи “Китоби заррин”-и Е. Немсов, романи “Балво“-и Д. Фурманов дар тарҷумаи ӯ нашр шудаанд. Китоби “Доғистони ман” аз беҳтарин намунаҳои тарҷумаи бадеӣ дар адабиёти тоҷик шинохта шуда, мувофиқи талаби хонандагон аз тарафи муассисаи нашриявии “Адиб” бори сеюм ба чоп расид. Рӯзноманигор, мутарҷими мумтоз ва нависанда Абдулло Зокир ба ҳамдилону ҳамсафони худ содиқ буд. Ӯ бисёр ғазалҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, рубоиёти Хайём, шеърҳои Лоиқро аз ёд медонист. Худаш ҳам гоҳ-гоҳе дар маҳфили ёрони мувофиқ шеър мегуфт ва суруд мехонд. Абдулло Зокир ободию озодии бештари кишварро орзу менамуд, ба ояндаи пурфурӯғи он боварӣ ва эътимоди куллӣ дошт. Дар асарҳои публитсистии вай ин ақидаҳояш инъикос ёфтаанд. Корҳои нек ва фарзандони хубу солеҳ аз ин марди фозил ёдгор мондаанд. Бахтиёр МУРТАЗО, нависанда
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №20 (9550), 17.05.2018
НАВҚАЛАМ
15
Ишкошим – диёри афсонавӣ Ишкошими хубонам зебою дилоро шуд, Бо номи накӯи хеш оинаи дилҳо шуд. Ноҳияи Ишкошим бо табиати зебо, обҳои маъданӣ ва шифобахш, инчунин таърихи қадимааш мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷист. Бо ворид шудан ба ноҳияи Ишкошим ҳар шахс метавонад исботи ин гуфтаҳоро пайдо кунад. Чашмаҳои шифобахш дар ноҳия зиёданд, ки маъруфтарини онҳо Гармчашма, чашмаи Биби Фотимаи Заҳро ва чашмаи Авҷ ба ҳисоб меравад. Обҳои минералии шифобахш аз давраҳои қадим дар хотири мардумоне, ки аз ин диёр дидан намудаанд, ҳамчун як диёри афсонавӣ нақш бастааст. Дар баробари чашмаҳои шифобахш дар ноҳия инчунин ҷойҳои таърихии зиёде ба монанди қалъаи Қаҳ-қаҳа, қалъаи Ямчун ва дигар ёдгориҳо мавҷуд аст. Бо сабабе, ки ҳанӯз дар солҳои пеш “Шоҳроҳи абрешим” аз ин минтақа мегузашт бозаргонон ва сайёҳон аз ин минтақа дидан менамуданд ва дар бораи он ба дигарон низ қисса намудаанд. Қалъаҳои қадимие, ки имрӯз танҳо вайронаҳои он дар ҳудуди ноҳия боқӣ мондаанд, дар он замон бехатарии шоҳроҳи абрешимро кафолат медоданд. Имрӯзҳо бошад ноҳияи Ишкошим маркази асосии сайёҳон ба ҳисоб меравад ва ҳар сол сайёҳони зиёде аз дохил ва хориҷи кишвар ба инҷо ташриф меоваранд. Агар сайёҳони дохилӣ бештар бо мақсади истироҳат ба ноҳияи Ишкошим биёянд аммо диққати сайёҳони хориҷиро тамошои он ёдгориҳои таърихие, ки аз замонҳои қадим
то ба даврони мо расиидааст ҷалб менамояд. Ёдгориҳои таърихии дар ноҳия боқӣмонда бисёр таърихи қадима доранд ва дар бораи онҳо нақлу ривоятҳои зиёде мавҷуд аст. Яке аз он ёдгориҳое, ки таърихи тӯлонӣ дорад Қалъаи Қаҳ-қаҳа мансуб меёбад. Қалъаи Қаҳ-қаҳа дар тарафи рости дарёи панҷ дар деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим ҷойгир шудааст. Дарозии қалъа 675 метр буда паҳнояш ба ҳисоби миёна 200 метрро ташкил медиҳад. Ривоят мекунанд, ки қалъа дар асри 3 пеш аз милод бо фармони Қаҳ-қаҳа ном шоҳе сохта шудааст. Деворҳои қалъа бо хишт бунёд ёфтааст ва гӯё ҳафтод ҳазор ғулом хиштро барои шоҳ аз Ярдор ном минтақаи Афғонистон овардаанд. Қалъа чунон баланд будааст, ки девораш дар назар мисли куҳ метофтааст. Он бо хишти пухта сохта шудааст. Дар асри 3 пеш аз милод он бо мақсади ҳимояи водии Вахон аз душманон бунёд ёфта шудааст, аммо имрӯз он ба макони зиёрати сайёҳони зиёди дохиливу хориҷӣ табдил ёфтааст. Боиси ифтихор аст, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат яке аз ёдгориҳои таърихии ноҳия - қалъаи Ямчун дар баробари дигар осори таърихии дунё вориди феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО гардид. Умуман, ноҳияи Ишкошим бо ҳамаи он осору ёдгориҳои таърихиаш як осорхонаи бузурги бостоншиносии кишвар ва як макони хубе барои тамошои сайёҳон мебошад.
Алишер САИДҚАДАМОВ, донишҷӯи ДМТ
Ваҳдат бақои миллат аст Таърихи гузаштаи миллату давлати хешро надониста, инчунин бе худшиносию ифтихори ватандорӣ ягон халқи ҷаҳон пеш намеравад ва ягон кишвар соҳибэҳтирому муқтадир намегардад. Зеро эҳтирому арҷ гузоштан ба таърихи гузашта роҳи наслҳои ояндаро равшан месозад. 27-уми июни соли 1997 барои миллати тоҷик таърихи басо хушу зиндагисозро ҳадя кард. Ин рӯз ба ҷанги шаҳрвандӣ нуқта гузошта шуд. Аз насли навтавлид то бузург солҳои 90-уми асри гузашта ҳама ранҷу азоби ҷанги шаҳрвандиро диду дар кому ботини худ тамъашро чашид. Он замон садои пои урён, фарёду фиғони кӯдакону модарон, дуди сиёҳи хонаҳои сӯхтаву валангор, ҷонсупорӣ дар талоши як пора нон ба фалак ҳамовоз мешуд. Ин ёдоварии талхи таърихӣ бояд барои ҳар яки мо насли имрӯзу ояндаи миллат зангулаи садои бедорӣ бошад. Дар роҳи ба даст овардани ваҳдати миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст. Талошу заҳмат, сабру тоқат ва ба таҳдиду фишорҳо ҷасурона тоб овардани сарвари давлат буд, ки дар ниҳоят самараи ваҳдати миллиро барои халқи тоҷик овард. Имрӯз дар баробари садҳо кишварҳои олам алвонҷ хӯрдани парчами миллии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз шукӯҳу шаҳомат ва якдилии миллати мо дарак медиҳад. Боиси хушҳолист, ки имрӯзҳо аз забони наврасон дар боғчаву мактаб, аз забони бузургсолон дар роҳраву хиёбон, ҷойҳои ҷамъиятӣ суханоне ба гӯшамон мерасад, ки ҳама васфи Ваҳдатро мекунанд. Имрӯзҳо бо чашми хирад назар афканем, ба хубӣ эҳсос мекунем, ки давлати
мо дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар бахши сиёсати дохилию хориҷӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, бунёди иншоотҳои хурду бузург, пулу роҳҳо, нақбу нерӯгоҳҳои обии барқӣ, муассисаҳои таълимию тиббӣ ва фарҳангӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Хушбахтона, ин раванд бо муваффақият идома дорад. Аз ин рӯ, мо-ҷавононро мебояд ин сулҳу суботеро, ки Пешвои миллатамон бо душвориҳо ба даст овардааст, ҳифз намоем ва ба ҳар қатра обу ҳар зарра хокаш содиқ монему ватанамонро ободу зебо гардонем.
Ноҳияи Тоҷикобод дар қисмати шарқии кишварамон ҷойгир аст, ки он дар водии хушманзараи Раштонзамин воқеъ гардидааст. Ноҳия дар байни куҳҳои баланду сарсабз мавқеъ гирифта, табиати нотакрораш ба дилҳо фараҳ меоварад, насими гулафшонаш руҳро болида мегардонад. Куҳҳои баландаш сабзпӯшу пурфайз, ҳар пораи заминаш зархез асту ризқофар. Асоси комёбиҳо дар ноҳия меҳнату заҳмати мардум аст. Ҳар сокини ноҳия бо меҳнат ному нон ёфта, ба комёбиҳо ноил мегардад.
низ зери назораташ қарор дод. Ӯ аз номи корхонаҳо дар семинару чорабиниҳо баромад намуда, аз пешрафти кори занҳои ҳунарманд маълумот медиҳад. - Корхонаамон гарчанде хурд бошад ҳам, маҳсули тайёрнамудаамон дар дохил ва хориҷи кишвар харидор дорад. Талабот ба маҳсулоти бофандагӣ мо занонро вазифадор кардааст, ки кор бо технологияи муосир, хусусан компютерро ёд гирем, то аз пешрафти кори корхона гузориш дода тавонем. Бо ин мақсад аксари занон ба омӯзиши компютер машғул шуда, аз омӯзгори соҳибтаҷрибаи МТМУ №31 Фрайдонов Қосимшо кори онро аз худ кардаанд. – афзуд Худоёрова Ширинмо. Ин зани соҳибҳунар ифтихор аз он дорад, ки ҳунари хешро ба духтаронаш низ омӯзондаасту чандин шогирдонро ҳунарвар гардондааст ва мегӯяд, ки ҳар як шахс дар зиндагиаш метавонад меъмори худу ҷомеа бошад. Мо ба холаи Ширинмо барори кору равнақи ҳунар таманно намуда, умед дорем, ки ин зани соҳибҳунар духтарони зиёдеро ба ҳунари ресандагиву бофандагӣ ошно менамояд.
Дар ноҳия шахсиятҳое умр ба сар мебурданд, ки мудом дар талоши ободию бунёдкории Ватан буданду ҳастанд. Яке аз онҳое, ки дар ҷумҳурӣ бо корнамоияш мешиносанд, Исо Раҳимов мебошад. Мавсуф тӯли 70 соли ҳаёти худ барои минтақаи Рашт хизматҳои зиёде кардааст. Ин марди одилу донишманд дар арафаи таҷлили 11-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст. Гирифтани ин унвони баланд шахсан аз дасти Пешвои миллат нишонаи пос доштани талошҳои пайвастаи ӯ баҳри ободии Ватан аст. Исо Раҳимов соли 1960 ба Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1965 бо ихтисоси “муҳандис” хатм намуда, соли 1966 фаъолияти меҳнатии худро дар колхози Куйбишев ба ҳайси сармуҳандис оғоз мекунад. Сипас, хоҷагии “Ҳаёти нав”-ро ташкил мекунанд. Ғайрату кордонӣ, маҳорату дониши ин мутахассиси ҷавон ба роҳбарон писанд меафтад ва ӯро сардори раёсати Селхозтехникаи байни ноҳиявии Ғарм таъин намуданд. Дар коргоҳи нав ӯ усулҳои механикунонии парвариши картошка ва ба тарзи конвейер тайёр намудани хӯроки чорворо ҷорӣ намуд. Муассиса дар давраи роҳбарии ӯ аз лиҳози таъминоти техникӣ пурқувват гардид. Дар ҳамин ҷо ба ӯ Ифтихорномаи Президиуми Совети Олӣ, ордени Байрақи сурхи меҳнат дода шуд. Исо Раҳимов дар даврони фаъолияти худ фақат як шиор дошт: “Ба ҳар ҷо қадам монӣ, онро бо меҳнат обод хоҳӣ кард”. Солҳои роҳбарии ин шахсият зиёда аз 10 канали обанбори ба назди заминҳои ноҳияҳои водии Рашт оварда, дар натиҷа совхози онҳо ғолиби мусобиқаи ҷумҳурӣ гардид. Ҳар куҷое, ки кор кардааст, дар он ҷо аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Тавре бузургони мо гуфтаанд: “доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст”. Мавсуф ба фарзандон номи нек ба мерос мондааст.
Мадина МАМАДНАЗАРОВА, донишҷӯи ДМТ
Абунаср РАҲИМОВ, донишҷӯи ДМТ
Муҳаммади МӮСО, донишҷӯи ДДФСТ ба номи М. Турсунзода
Зане бофанда Пайдост, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша барои мақоми занро дар ҷомеа баланд бардоштан саъю кўшиш намуда, барои дастгирии занон тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ намудааст. Хусусан, пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон доштан имконияти хубе барои рушду равнақ бахшидани фаъолияти занҳои ҳунарманд мебошад. Воқеан, дар ҷомеаи мо агар зан ҳунарманд бошад, метавонад рӯзгори осудае пеш барад. Ин гуфта борҳо исботи худро ёфтааст. Яке аз занҳои ҳунарманди диёри мо Худоёрова Ширинмо сокини 47-солаи деҳаи Бидеҷи ноҳияи Роштқалъа мебошад. Ин зани ҳунарманд соҳиби шаш фарзанд буда, зиндагии босаодату осоиштае дорад. Номбурда ҳунари қадимаи ресандагӣ ва бофандагӣ дошта, зимни суҳбат зикр намуд, ки ресандагӣ ҳунари қадимаи тоҷикон буда, асосан аз мўинаи бузу гӯсфанд тайёр мешавад ва бештар ин касб дар куҳистон ривоҷ ёфтааст. Худоёрова Ширинмо ин ҳунарро аз модаркалонаш омӯхта, аз овони ҷавониаш ба он шуғл доштааст. Бо сабаби дар деҳаашон мавҷуд набудани корхонаи коркарди мўина холаи Ширинмо дар хонааш ба бофтан машғул мешудааст. Хушбахтона, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ноҳияи Роштқалъа дар деҳаи Занудҷ корхонаи ресандагӣ ё худ коркарди мўина ба фаъолият оғоз намуд, ки дар он шумораи зиёди занҳои ҳунарманди то ин замон хонашин соҳиби ҷойи кор гардиданд. Холаи Ширинмо аз тарафи комиссия сарвари корхона пешниҳод шуда, корхонаҳои дигари ноҳияро
Нону ном зи меҳнат бувад
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №20 (9550), 17.05.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
√ АНДАРЗ
Санг, шағал ва рег ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”
БОЗОР СОБИР
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Барои ватан ҷон додан фараҳмандию шараф аст. ******** Ман на онам, ки қаблан будам.
********
******** Табиатро бо панҷшоха ронӣ ҳам,бозмегардад. ******** Фараҳнок аст фарорасии соате, ки интизораш набудӣ. ******** Мо танҳо сояву хокистарем. ******** Аз чизҳои мурда чизҳои зиёде эҳё мешаванд. ******** Аз имрӯз баҳра бару ба фардо эътимод макун. Аз ҳар лаҳза истифода бар! ******** Аз умеди дидани фардо ҳазар куну ҳар рӯзи додаи тақдирро неъмати бебаҳо шумор. ******** Чӣ хушоянд аст, вақте моро инсони ҳақбин меноманд. ******** Дар пеши худ ҳадафҳои иҷрошаванда гузор. ******** Ҳар чӣ, ки наомӯзонӣ, кӯтоҳбаён бош! ******** Озмуда ҳазар менамояд. ******** Навиштаҳоятро бештар хат зан. Аз пайи ҷиноят ҷазост.
Таҳияи Башир УСМОН, “ҶТ”
******** Ҷангҳо нафринхондаи модаронанд.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
Горатсий
√ ЭЪЛОН Муҳри созмони иттифоқи касабаи Институти боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ бинобар гум шуданаш беэътибор дониста шавад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
зиндагӣ мояи хушбахтии шумо мебошанд. Вақти хешро асосан бо аҳли оила, ҳамсару фарзандон гузаронед. Иҷрои вазифаҳои корӣ ва ё ташкили ягон зиёфати хоссаро метавон ба вақтҳои дигар мавқуф гузошт. Кинаҳоро низ аз қалбҳо дур созед. Афзалиятҳоро муҳим шуморед ва миёни сангу шағал ва рег сарҳад гузоред.
Хонае, ки меҳмон шудам, дар канори роҳи оҳан воқеъ буд. Баъд аз тановули хӯроки шом ва суҳбат бо соҳибхона ҳис кардам, ки дар роҳ хеле афгор шудаам. Хоби вазнине маро ба худ мекашид. Вале ҳеҷ не ки соҳибхонаҳо чароғи ҳуҷраро хомӯш кунанд. Ман ҳам наметавонистам ба соҳибхона дар ин маврид лаб кушоям. Дар дил гуфтам, каме сабр кунам шояд ягон кор доранд... Чанде вақт гузашт, вале боз ҳам ягон ҳаракате дида намешуд. Ниҳоят дилгир шуда, аз соҳибхона, ки Ҳанифахола ном дошт, пурсидам: - Холаҷон, бубахшед, дар ин ҷо соати чанд хоб мекунанд? - Писарам, қатораро интизорем. Ҳамин ҳоло мегузарад... Ман кунҷковӣ карда, боз пурсидам: - Аз қатора ягон хешу таборатон мефарояд? - Не, ҷони хола. Ҷойи мо аз шаҳр хеле дур аст. Мумкин аст аз қатора ношиносе фурояд. Агар дар ин вақти шаб фуромада, чароғи ягон хонаро даргирон наёбад, дар кӯча мемонад. Барои ҳамин интизорем...
********
******** Ҳар чи гузашт, гузашта аст.
амалро иҷро мекунад, вале ҳамоно мақсади ӯро пай бурда наметавонистанд. Устод регро гирифта ба банка рехт. Рег низ ҷойҳои холии боқимондаи банкаро пур кард. Профессор бори охир аз донишҷӯён суол кард, ки оё ин банка пур аст? Донишҷӯён бо як овоз тасдиқ намуданд:”Бале” Сипас, профессор гуфт, ки банка ин ҳаёти мо инсонҳост. Сангҳои калони он лаҳзаҳои муҳими рӯзгори мо – саломатӣ, оила, фарзандон, хуллас ҳама он чизҳое мебошанд, ки рӯзгори моро мукаммал месозанд. Шағал - ин чизҳоест, ки ҳаёти моро ҳузуру ҳаловат мебахшанд, яъне кор, хона, мошин ва ғайраҳо. Ва оқибат рег – ашёе, ки дар зиндагӣ ягон мақом ва маъное надоранд. Агар шумо нахуст ба банка регро андозед, пас барои санг ва шағал ҷой боқӣ намемонад. Ҳамзамон, шумо ҳаёти худро бо чизҳои нолозим пур намудаву барои чизҳои муҳиму зарурӣ ҷой намегузоред. Андарз: Бештар ба он чизҳое бояд таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки дар
Хонаи чароғон
******** Ҳама чиз сарҳади муайян дорад. Аз фардо напурс.
Ҳангоми машғулияти амалӣ профессор болои миз якчанд ашёҳоро, аз қабили банкаи холӣ, якчанд дона санг, каме шағал ва рег гузошт. Донишҷӯёни шигифтзада бо ҳисси кунҷковии зиёд ҳарчи зудтар донистан мехостанд, ки устодашон ба онҳо чиро нишон медиҳад. Профессор хомӯшона сангҳоро рӯи ҳам ба банка гузошт. Донишҷӯён бо тааҷҷуб ба ӯ менигаристанд, аммо профессор бе ҳеҷ шарҳу баён, оромона ба кори худ идома медод. Вақте банка пур аз санг шуд, профессор аз донишҷӯён суол кард, ки оё онҳо ин банкаро пуршуда меҳисобанд ё не? Донишҷӯён бо як овоз тасдиқ намуданд, ки банка пур аст. Ин замон профессор шағалҳоро гирифта, ба банка рехт. Сангчаҳои майда дарҳол аз миёни сангҳои калон гузашта, ҷойҳои холиро пур карданд. Ва профессор боз пурсид, ки банка пур аст ё не? Донишҷӯён боз ҳам розӣ шуданд, ки он пур аст. Донишҷӯён акнун пай бурда буданд, ки устодашон баъди ин кадом
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4191 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»