javononi tojikiston/#20/2015

Page 1

Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо

№20 (9394), 21 майи соли 2015

e-mail: javonontj@mail.ru

Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад

www.javonon.tj

23 МАЙ - РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

ҲАФТ РӮЗ 14.05.2015 Дастаи «Истиқлол» дар вохӯрии ниҳоии даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ дастаи «Аҳал»-и Туркманистонро бо ҳисоби 5:2 мағлуб сохта, дар гурӯҳи “C” мақоми аввалро касб кард. Дар даври ҳаштякфиналӣ Қаҳрамони Тоҷикистон 26 май дар шаҳри Душанбе бо клуби футболи “Ваҳда”-и Сурия вомехӯрад. 15.05.2015 Дар ҷумҳурӣ Рӯзи байналмилалии оила таҷлил шуд. 16.05.2015 Дар бинои телевизиони Кӯлоб, бахшида ба 23-юмин солгарди таъсиси телевизион, таҳти унвони «Саҳми телевизиони Кӯлоб дар тарбияи ватандӯстӣ, сиёсӣ, маънавӣ, фарҳангии ҷомеа» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. 17.05.2015 Дар Боғи “Ирам”-и пойтахт чорабинии фарҳангӣмаърифатӣ доир гардид. Ин навбат сокинони ноҳияи Шаҳринав барои сокинон ва меҳмонони пойтахт ҳунарҳои дастии қадимӣ, маҳсулоти нонӣ, шириниву таомҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод карданд. 18.05.2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки давлатии рушди Чин Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявии Чин баррасӣ шуд.

Ғамхорӣ ба ҷавонон пайваста эҳсос мегардад Амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

19.05.2015 Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборӣ аз мактаби бачагонаи варзишии ноҳияи Шаҳритус боздид намуд. Зимни вохӯрӣ бо тарбиягирандагони мактаб зикр шуд, ки дар ҷумҳурӣ ба рушди варзиш, хусусан, ба рушди варзиши байни ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. 20.05.2015 Дар ноҳияи Ҳисор дар мавзӯи “Эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз хурофотпарастӣ” семинар-тренинг баргузор шуд.

ДАВИ МИЛЛӢ - 2015

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9394), 21 МАЙИ СОЛИ 2015

1


23 МАЙ - РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Ҷавонон дар устувории ҷомеа нақши калон доранд Табрики Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Ҷавонони арҷманд! Созандагони Ватан! Пеш аз ҳама, Шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки мо ҳар сол онро дар фазои сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан ҷашн мегирем, самимона табрик менамоям. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки қисмати асосии аҳолии кишварамонро маҳз ҷавонон ташкил дода, таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равона гардида буд. Воқеан, рӯ овардан ба ҷавонон ва такя ба нерӯи онҳо дар аксари кишварҳо ба назар мерасад. Зеро ҷавонон бо қувва ва нерӯи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд. Мо ва Шумо - ҷавонони саодатманди кишвар имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ бо дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳои калон ширкати фаъолона варзида, барои баланд бардоштани ному мақоми кишвари соҳибистиқлоламон устуворона қадам мезанем. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро ҷиҳати насли ояндасозу ватанпараст тарбияи ёфтани ҷавонон муҳайё сохтаанд.

Агар каме ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ назар афканем, маълум мегардад, ки ҳамагӣ пас аз шаш моҳи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ парлумони кишвар Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”-ро ба тасвиб расонд, ки санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд. Ин иқдом аз ҷониби парлумон ҷиҳати дастгирии ҷавонон таърихӣ маҳсуб меёбад. Зеро дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистон аз аввалин кишварҳое ба ҳисоб мерафт, ки чунин қонунро қабул намуд. Ҳадафи асосии қонуни мазкур, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандӯст ба ҳисоб мерафт. Имрӯз низ Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвар қарор дода, пайваста ба ин қишри ояндасози кишвар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ин аст, ки дар мулоқоти худ бо ҷавонон 23 майи соли 2013 бо боварӣ изҳор намуданд: “Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем,

зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.” Хурсандиовар аст, ки боварии Президенти кишвар ба ҷавонон дар тарбияву ба камол расидани онҳо низ бетаъсир буда наметавонад. Зеро дар арафаи иду ҷашнҳо ва дар мулоқоти алоҳида пайваста ба ҷавонон насиҳатҳои падарона намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти онҳо қарорҳои дахлдор мебароранд. Ҷавонони саодатманд! Пас аз мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони мамлакат аз 23 майи соли 1997 худи ҳамон сол мақоми ваколатдори соҳа - Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи ноябри соли 2006 дар заминаи ин мақоми давлатӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Кумита сиёсати давлатиро дар соҳаи ҷавонон татбиқ намуда, то имрӯз барои дастгирии ҷавонон ва ба камол расидани онҳо тамоми корҳои заруриро анҷом дода истодааст. Имсол низ бо мақсади дар фазои сулҳу дӯстӣ ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани иди ҷавонон бо дастгирии Ҳукумати мамла-

кат нақшаи чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар!” қабул гардид, ки дар доираи он садҳо чорабинии фарҳангию фароғатӣ ва маърифатию варзишӣ доир карда шуд. Ҷавонони гиромӣ! Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик ва таҳният намуда, дар симои Шумо ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон сарбаландӣ, тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва сулҳу оромӣ таманно дорам. Ҳамеша муваффақ бошед!

ФОРУМ Дар он Марҳаббо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири мамлакат, Абдуҷаббор Азиз, ёрдамчии Президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, Нусратулло Салим, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Неъматҷон Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи илмҳо, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Владислав Курнушко, роҳбари маркази илмию фарҳангии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, инчунин, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, раисони бонкҳои ҷумҳурӣ, директорони корхонаҳои саноатӣ, донишҷӯён ва аспирантон иштирок доштанд. Ташаббускори форум вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Маркази илмию фарҳангии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он дар асоси масъалагузориҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ то соли 2020, Барномаи давлатии рушди инноватсионии ҷумҳурӣ барои солҳои 2011-2020, Барномаи ҷустуҷӯ ва дастгирии истеъдодҳо, Барномаи тайёр намудани мутахассисон дар

2

Муаррифии дастовардҳои зеҳнии ҷавонон 15-16 май дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аввалин Форуми байналмилалии “Ҷавонон – нерӯи рушди зеҳнии кишвар” доир гардид. “Бори дигар таъкид намудамарказҳои таълимӣ ва илмии самаровар барои ҳар як ҷавон, ба хотири фароҳам овардани им- ни зарурати баланд бардоштани хориҷи кишвар ҷараён гирифт. Аҳтам Абдуллозода, раи- конияти зеҳнӣ ва эҷодии хосаи нерӯи зеҳнии ҷавонон ҳамчун си Кумитаи ҷавонон, варзиш ва онҳо амалӣ мегардад. А. Абдул- заминаи боэътимоди рушди кишсайёҳӣ изҳор дошт, ки баргузо- лозода вазифаҳои стратегии Ав- вар дар ҳамаи самтҳои иқтисодӣ, навгониҳо, равнақ рии форум ҳамчун нияти нек ва валин форуми байналмилалиро татбиқи бахшидани таваҷҷуҳпазирии парваридани дарахти орзуҳои чунин арзёбӣ намуд: ҷавонон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ; Ба назар гирифтани масъалае, ки рушди Тоҷикистон аз тараққиёт ва татбиқи навгониҳо дар ҳар як шаҳру ноҳия сарчашма гирифта, дар умум рақобатпазирии давлат, миллат ва кишварро таъмин менамоянд; Дар асоси натиҷагирии кори форум бо истифода аз имкониятҳои макотиби олии ҷумҳурӣ ва дигар ташкилотҳои зеҳниасос дар заминаи таҷрибаи

ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ташкил кардани Филиали Маркази рушди зеҳнии ҷавонони Тоҷикистон ва дастгирии истеъдодҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ; Бо истифода аз муаррифии дастовардҳо, ғояҳо, пешниҳодҳо, дар якҷоягӣ таҳия намудани барномаи умумиҷумҳуриявӣ таҳти шиори «Саҳми ҷавонони кишвар дар рушду нумӯи мамлакат»; Таҳти омӯзиш қарор додани масъалаи таъсиси грантҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ барои ҳавасмандгардонии ҷавоонон дар соҳаи техника ва технология, ихтирокорӣ ва дигар навовариҳои зеҳнӣ”. Дар форум барои дастоварду ихтирооти ҷавонон – донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ аз рӯйи 5 бахш ва 7 меъёри заминавӣ озмун эълон гардид. Таъкид шуд, ки кашфу дастгирии истеъдодҳо ва баланд бардоштани нерӯи зеҳнии ҷавонон ҳамчун заминаи боэътимоди рушди кишвар дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа хизмат карда метавонад. Дар қисмати дуюми форум, ки 16 май дар шаҳри Кӯлоб идома ёфт, олимону ихтироъкорон аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, навоҳии тобеи марказ ва меҳмонон аз Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ ҳунару истеъдод ва корҳои анҷомдодаи худро намоиш доданд. Дар анҷом ба нафароне, ки дар баргузорӣ ва кори форум саҳм доштанд, “Сипоснома” ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд. Б. УСМОН, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9394), 21 МАЙИ СОЛИ 2015


ПУРСИШ

Аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хос доранд. Миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин шуда дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” ба тасвиб расида, баҳри таҳсил, кору фаъолият дар соҳаҳои гуногун ва зиндагии арзандаи ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам омад. Ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23 май “Ҷавонони Тоҷикистон” аз мусоҳибонаш пурсид:

Истиқлолият ба ҷавонон чӣ дод? Шералӣ РИЗО, сиёсатшинос: - Истиқлолият ба ҷавонон, пеш аз ҳама, шароити зиндагӣ дар давлати соҳибихтиёрро фароҳам овард. Истиқлолият заминаи истиқлоли фикрии ҷавононро поягузорӣ намуд, ки дар дурнамои дарозмуддат барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ мусоидат мекунад. Иззат ШАРИФӢ, ҳунарманд: - Ҳамаи омилҳое, ки барои пешрафти ҳаёти инсон зарур аст, истиқлолият ба мо фароҳам овард. Барои ҷавонон интихоби озоди омӯзиши касбу ҳунар, ҳатто дар хориҷи кишвар. Фазои беҳтарини коммуникатсионӣ (Интернет ва пайваст шудан бо тамо-

ми ҷаҳон). Ҷавонони азизи мо инро бояд эҳсос кунанд ва дар пешрафту шукуфоии Ватан қувваю нерӯи худро сарф кунанд. Муҳаммадамин КАРИМОВ, аспиранти ДМТ: Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон аст. Истиқлолият василаи шинохти Тоҷикистон аз суи ҷомеаи ҷаҳон аст. Зеро бо истиқлолият ба даст овардан Тоҷикистон имрӯз ҳудуди худро дорад, атрибутикаҳои давлатии худро дорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба унвони як субъекти мустақил эътироф намудааст, инчунин, мустақилона дар баробари дигар давлатҳо дар ҳама тасмимгириҳо садо баланд мекунад ва дар баробари ин пешниҳодҳое барои рушду субот ва ҳамгироии ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа мекунад. Инчунин, ҳама он осоиштагиву шукуфоӣ ва дастовардҳои чашмараси ин давраи рушди Тоҷикистон меваҳои истиқлоланд. Аммо бояд фаромӯш накард, ки дар баробари рушд камбудиҳои зиёди ҳалталаб низ ҷой доранд ва бовар дорем дар оянда ҳалли худро хоҳанд ёфт, зеро мо - ҷавонон бовар дорем, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти рафъи он чораҳои зарурӣ хоҳад андешид.

Нилуфар АЗИЗ, унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Беларус: - Қабл аз ҳама, бояд зикр намуд, ки истиқлолият ба мо озодӣ дод. Маҳз истиқлолият буд, ки моро имрӯз бо номи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд. Ин неъмати бебаҳоро бояд қадр намуд ва барои пешравии давлати мутамаддини хеш камари ҳимат баст. Муҳиддин ИДИЗОДА, сармуҳаррири маҷаллаи “Бонкдорӣ”: - 24 соли истиқлолият, ба ҷавонони тоҷик озодии комил бахшид ва тавассути истиқлолият онҳо имкон пайдо карданд, то бо таъриху тамаддуни худ аз наздик ошно шаванд. Маҳз истиқлолият буд, ки ҷавонон рӯ ба худшиносӣ оварданд, худро чун соҳибватану соҳибмулк шинохтанд. Самараи истиқлолият аст, ки ҷавонон имрӯз мустақилона самти фаъолияти худро дар зиндагӣ интихоб мекунанд, дар рушди кишвар саҳм мегузоранд. Метавон гуфт, ҷавонон нерӯи бузурганд, ки метавонанд дар дифоъ аз арзишҳои миллӣ саҳми босазо гузоранд. Умед ҶАЙҲОНӢ, расонанигори озод: - Ҷавонии мо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар оташи ҷангу ғурбат сӯхт. Имрӯз ҷавонон ҳамин бахтро доранд, ки кишвар ором аст ва агар худашон битавонанд аз донишу ҳушашон баҳра баранд, зиндагии беҳтаре барои худ хоҳанд сохт. Эҳсони ХУШБАХТ, масъули бахши матбуоти Вазорати маориф ва илм: - Озодӣ бо тамоми маънояш. Ҷавон дар интихоби муассисаи таълимиву касб озод аст, дар интихоби кору фаъолият озод аст, дар рафтору гуфтору кирдор озод аст... Ҳамчунин, ҷавонон ҳамчун нерӯи

бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд, ки низ дастоварди истиқлолият барои ҷавонон аст. Дастгирӣ ёфтани иштироки ҷавонон дар раванди ободкориву созандагии Ватан, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо андешидани тамоми тадбирҳои зарурӣ низ дастоварди истиқлолият мебошад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки Истиқлолияти давлатӣ ҳамон вақт устувору пойдор мегардад, ки ҳар як фарди ҷомеа ба қадри он расад ва ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намуда, озодиву соҳибихтиёриро асоси хушбахтии худ ва наслҳои ояндаи миллат шуморад. Ватанро дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем. Дар баробари ин, бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии фароху андешаи мустақил ва бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҷавонони мо низ бояд қарзи фарзандии хешро дар назди халқу Ватан эҳсос намуда, ҷомеаро ба пеш - ба сӯи ободиву пирӯзиҳои нав баранд. Зафари АСКАР, устоди ДМТ: - Дар таъмини истиқлолияти кишварамон саҳми ҷавонон хеле калон аст. Ба ҳар як дастоварди ҷумҳурии азизамон ҷавонон ҳам бевосита шариканд ва саҳм мегузоранд. Истиқлолият ба мо - ҷавонон шароити хуби таълиму тадрис, фаъолияту эҷод ва муаррифии дастоварду комёбиҳоямонро дар сатҳи ҷаҳон фароҳам кард. Ҷавонони мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ҳунару эҷодашон ному мақоми миллатамонро боло бардоштанд. Ҷавонон имрӯз дар иқтисоди кишварамон низ таъсиргузор ҳастанд. Пули муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аксарашон ҷавон ҳастанд, ба рушди иқтисоди кишварамон кӯмак мекунад. Дар умум, даврони соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон имкон фароҳам кард, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар бахшҳо таъсиргузор ва ширкати фаъол дошта бошанд. Пурсишро омода кард: У. САФАРАЛӢ, “ҶТ“

Иззатулло АЛИЕВ, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон: - Истиқлолият неъмати бебаҳост, ки барои сарзамини Тоҷикистон ва мардуми он файзу баракатро ато намуд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бо дастгирии бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони соҳибилму соҳибмаърифат, соҳибистеъдоду лаёқатманди мамлакат ҳамаҷониба пуштибонӣ ёфта, мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намуданд. Агар натиҷаи ғамхориҳои Сарвари давлатро аз рӯзи аввали фаъолияташ дида бароем, ба тағйироти зиёде дар ҳаёти ҷавонон дучор мешавем. Аввалин вохӯрие, ки Роҳбари давлат 2 феврали соли 1993 бо ҷавонони кишвар доир намуд, бори дигар собит кард, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, Сарвари давлат ба Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва маҳз ба нерӯи созандаю қувваи пешбарандаи ҷавонон боварии комил дорад. 24 соли пурбаракати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ҷавонон имкониятҳои хеле зиёдеро фароҳам овард, ки бузургтарини он таҷлили Рузи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май мебошад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9394), 21 МАЙИ СОЛИ 2015

3


ҲАМКОРӢ

ТЕАТР

Барраси масоили сайёҳӣ ва варзиш 19 май раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк ва сафири фавқулодда ва мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳанӣ мулоқот кард. Ҷонибҳо доир ба ҳамкории кишварҳо дар соҳаи сайёҳӣ, варзиш ва ҷавонон табодули афкор намуданд. Дар мулоқот бо сафири Украина Аҳтам Абдуллозода ҳамкории кишварҳоро дар самти ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои ҳар ду ҷониб муфид арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ин метавонад барои боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни мардуми Украина ва Тоҷикистон заминаи мусоид гузорад. Виктор Никитюк барои ҳамкорӣ дар ҳар се самт изҳори омодагӣ карда, аз баргузории аввалин Форуми байналмилалии “Ҷавонон – нерӯи рушди зеҳнии кишвар”, ки бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон доир гардид, истиқбол намуд. Сафир изҳор дошт, ки баргузории чунин форумҳо барои наздик намудани ҷавонони кишварҳои гуногун нақши муҳим дошта, дар ин замина онҳо имкони табодули афкор ва таҷрибаро пайдо менамоянд. Аҳтам Абдуллозода таъкид дошт, ки барои ҳамкории бештар миёни кишварҳо имкониятҳои зиёд мавҷуд аст. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки кумита моҳи июн Фетивали дӯстии ҷавононро ба нақша гирифтааст, ки дар он ҷавонони Ҷумҳурии Украина низ имкони ширкат ва табодули афкору таҷрибаро доранд. Зимни мулоқот бо Муҳаммад Таршаҳанӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои ҳамкорӣ дар самти туризм ва варзиш баён дошта, изҳор доштанд, ки ин барои рушди соҳаи сайёҳии ҳар ду ҷониб мусоидат хоҳад кард. Таъкид шуд, ки туризм соҳаи актуалӣ буда, шаҳрвандони кишварҳо хоҳиши дидани манзара ва мавзеъҳои туристиро доранд. Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки дар самти варзиш дар кишвар корҳои зиёд анҷом ёфта, ин соҳа рӯз ба рӯз инкишоф ёфта истодааст. Аз ин рӯ, барои ҳамкорӣ дар ин самт ягон мушкили ҷиддӣ мавҷуд набуда, ҷонибҳо барои тавсеа бахшидани муносибот имкони хуби ҳамкорӣ доранд.

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Мулоқоти А. Абдуллозода бо донишҷӯёни ДДК 16 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бо донишҷӯёни донишгоҳ мулоқот кард. Мақсад аз баргузории мулоқот суҳбати озоду ошкоро арзёбӣ гардида, дар он ба масъалаи баланд бардоштани ҳиси миллию ватандӯстии ҷавонон, нагаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, бештар ба китобхонӣ машғул гардидани ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аҳтам Абдуллозода дар оғоз ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати фарорасии Рӯзи ҷавонон табрик намуда, изҳор дошт, ки ҳамаи ин иду чорабиниҳо маҳз ба хотири ҳарчи бештар муҳайё намудани шароит барои ҷавонон равона гардидааст. Таъкид гардид, ки имрӯз бархе ҷавонон аз ноогоҳӣ фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷоӣ мегарданд, ки оқибати хуб ба бор намеоварад. Аз ин рӯ, аз донишҷӯён даъват карда шуд, ки аз фазои хуби таҳсил самаранок истифода намуда, бештар ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва аз бар намудани илму дониш рӯй оранд. Дар фарҷом миёни роҳбари ҷавонони мамлакат ва донишҷӯён маҳфили суолу ҷавоб сурат гирфт, ки иштирокдорон ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

4

Ҳунарнамоии чоруми ҷавонон бо “Нигоҳи нав” 16 май дар Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковскийи пойтахт чорумин Ҷашнвораозмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон “Нигоҳи нав” оғоз ёфт. Дар он, ки то 20 май идома ёфт, ҷавонони эҷодкор дар шаш даста аз шаҳри Душанбе ва як даста аз вилояти Суғд иштирок карданд. Ҷашнвора-озмуни имсолаи “Нигоҳи нав” ба 75-солагии ҳунарманди маъруф Убайдулло Раҷабов ва коргардон Ислом Саломов бахшида шуд. Коргардон Ислом Саломов, ки дар рӯзи ифтитоҳи ҷашнвораозмун иштирок дошт, чунин иброз намуд: “Ман хеле хурсандам, ки ҷавонони эҷодкор фестивал-озмуни “Нигоҳи нав”-ро ташкил карданд. Онҳо мехоҳанд, ба театр навигарӣ ворид сохта, барои томошбин нигоҳи наву тозае пешкаш кунанд. Нигоҳи ҷавонӣ. Станиславский барҳақ гуфтааст: “Санъат пуркорӣ металабад”. Моро устодонамон дар руҳияи пуркорӣ ва заҳмат дар роҳи театр тарбия карданд. Устодоне моро ба ин роҳ раҳнамоӣ карданд, ки дигар онҳоро бо шамъ ҳам ёфта намешавад. Аз онҳо фақат хотираҳо мемонад, баъд порчаҳои китобу мақолаҳо. Дар ин маҳфил, ки ҷавонони навовару эҷодкор ҷамъ шуданд, дар симои онҳо ҷавонии худро дидам. Орзу мекунам, он роҳе, ки мо тай кардаем, онҳо ҳам дар асри 21 ҳамин гуна як роҳро бо захираҳои бузурги маънавӣ қадам зананд. Бигзор ҷашнвора садсолаҳо умр бинад ва барои давлату миллат хизмат кунад”. Намояндаи Вазорати фарҳанг аз номи вазир Шамсиддин Орумбекзода ҷавонони эҷодкорро муборакбод гуфта, ба онҳо барори кор хост. Инчунин, намояндаи дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки: “Ширкату ташкилот ва шахсони алоҳида, ки бо ҷавонон эҷодкор ҳамкорӣ мекунанд, кӯмак мерасонанд, фикр мекунам, дар навбати худ аз онҳо умед доранд. Албатта, он ҳамкориву кӯмак як навъ пешпардохт ба ҷасорату кӯшишатон аст. Акнун, ҷавонон бояд бо ҳунари худ, бо маҳорати

худ таваҷҷуҳи онҳоро ҷуброн кунанд...” Маврид ба ёдоварист, ки Ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон “Нигоҳи нав” аллакай ҳамчун Ташкилоти ҷамъиятии “Нигоҳи нав” сабти ном шуда, бо кӯмаку ҳамкории Намояндагии дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Иттифоқи ходимони театрӣ ва чанде аз ширкатҳои тиҷоратии ватанӣ аз соли 2012 ҷавонони эҷодкорро аз манотиқи кишвар ҷамъ меорад. Зимнан, Шоҳҷамшед Умарӣ, сарвари ТҶ “Нигоҳи нав” зикр кард, ки имсол ба чор нафар, ки ба қавли ӯ тӯли чор сол дар паҳлӯяшон буданд, диплом тақдим мегардад. Аз ҷумла, дипломи аввалин барои садоқат ва орзуҳои волои фарҳангӣ ба корманди собиқи ТҶ “Нигоҳи нав” Гуландом Набиева тақдим шуд. Дипломи дуюм ба Насим Мадёров, корманди

Вазорати фарҳанг. Дипломи сеюм ба ҳунарпеша Қурбони Собир ва дипломи чорум ба намояндаи ширкати “Мария” Асом Хайриддинов супорида шуд. Бояд гуфт, ҳарчанд имсол теъдоди дастаҳои ҳунарӣ, яъне, эҷодкорони ҷавон нисбат ба солҳои пеш камтар буданд, аммо зикр шуд, ки теъдоди сарпарастон ва ҳамкорони ҷашнвора-озмун сол ба сол бештар мешавад. Дар рӯзи аввал гурӯҳҳои “Бесарпарастон”, “Гипофиз”, “Эҳё”, “Авранг” ва “Ранҷ-Ганҷ” саҳнаҳояшонро пешкаши тамошобинон сохтанд. Ҷашнвора-озмуни имсолаи “Нигоҳи нав“ 9 ҷоиза дорад, ки соҳиби ҳар як ҷоиза бо арзиши 50 доллари амрикоӣ мукофотонида мешавад. Шоҳҷоизаи ҷашнвораозмун 200 доллари амрикоист. Ҷашнвора-озмун шоми 20 май ҷамъбаст гардида, ба ғолибон ҷоизаҳо супурда шуд. Б. УСМОН, “ҶТ”

Аз чап ба рост Шоҳҷамшед Умарӣ ва Ислом Саломов

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9394), 21 МАЙИ СОЛИ 2015


23 МАЙ - РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН Тоҷикистон дар робита ба сиёсати демографӣ яке аз кишварҳои ҷавон маҳсуб ёфта, синну соли аҳолӣ ба ҳисоби миёна 24,7-ро ташкил медиҳад. Ҷавонони мамлакат тибқи қонунгузорӣ «гурӯҳи иҷтимоӣ-демографиеро ташкил медиҳанд, ки ашхоси синну соли аз 14 то 30 (35%-и аҳолӣ)-ро дар бар мегиранд”. Сиёсати давлатии ҷавонон сиёсати давлат оид ба танзими муносибатҳои ҷавонон ва давлат мебошад. Ояндаи насли ҷавон бояд бо масоили муҳофизат ва рушди мамлакат, посдории мероси маданию таърихӣ ва эҳёи Ватани маҳбубамон робитаи зичу ногусастанӣ дошта бошад. Фароҳам сохтани шароити мусоид, ки барои ташкили фазои мувофиқ ҷиҳати рушди бемайлони сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат менамояд, яке аз меъёрҳои муҳимтарин ва умдаи ҷамъият ба шумор меравад. Амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон ба самти фароҳам овардани шароитҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ ва кафолати такмили шахсияти ҷавонон, ҳамчунин, ба рушду такомули иттиҳодияҳои ҷавонон ва ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон, ҳаракатҳо ва дигар ташаббускорон равона гардидааст. Амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвари мо дар қатори соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ аз соли 1992 шуруъ гардид, ки аз таваҷҷуҳи хоса ва ғамхории бевоситаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон гувоҳӣ медиҳад. Қадамҳои нахустин барои бунёди сиёсати мазкур бо қабули Қонун «Дар бораи сиёсати ҷавонон» марти соли 1992 гузошта шуд, ки доира ва шарту усулҳои амалисозии сиёсати давлатии ҷавононро муайян менамуд. Соли 2004 қонуни мазкур дар шароити азнавсозӣ ва талаботи ҷавонон ва ҷомеаи муосир дар таҳрири нав, яъне, дар шакли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расид. Бо назардошти шароитҳои ҷомеаи муосир ба қонуни мазкур ду маротиба – соли 2011 ва соли 2014 тағйиру иловаҳо ворид шуд. Яке аз иловаҳои муҳиму зарурӣ, ки ба қонун ворид гардид, таъсиси Шӯрои ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба ҳайати он роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор шомил гардидаанд. Шӯро мақоми олии роҳбарикунанда ва ҳамоҳангсоз дар фазои рушду такомули сиёсати ҷавонон ва амалисозии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон ғайр аз асосу заминаи қонунӣ, ҳамчунин, дар асоси Консепсияи сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати

Ғамхорӣ ба ҷавонон пайваста эҳсос мегардад Амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

давлатии ҷавонон то соли 2020, Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байнисохторӣ бунёд гардидааст. Бо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1998 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон шуд. Аз он рӯз инҷониб ҳар сол дар кишвар чорабиниҳои мухталифи маданӣравшаннамоӣ, илмӣ-маърифатӣ ва оммавӣ-варзишӣ зери унвонҳои «Ҳафтаи ҷавонон», «Даҳ рӯзи ҷавонӣ» ва монанди инҳо доир мешаванд, ки дар онҳо зиёда аз ҳазорҳо нафар истеъдодҳои ҷавон, олимони ҷавон, сарояндагон, шоирону нависандагон фаъолона ширкат менамоянд. Моҳи май, ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамчун Моҳи ҷавонон эълон гардида, зери шиори «Ҷавонон – давомдиҳандаҳои ҳадафҳои олии кишвар» сипарӣ мегардад.

Дар давраҳои минбаъдаи рушду такомули давлатдории миллӣ барои таҳким бахшидани сиёсати давлатии ҷавонон ва муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди соҳаҳо қадамҳои устувору қавӣ гузошта, чораҳои мушаххас андешида шуданд. Ҳамин тариқ, дар доираи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дар боло зикршуда ва дар шароити ҷомеаи муосир дар сиёсати давлатии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми чораҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва тарбиявӣ ба даст оварда шуд, ки аз ҷониби мақомоти давлатии ҳокимият, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакл ва моликияти ташкилию ҳуқуқӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва шаҳрвандон бо мақсади таъмини тарбия ва таълим, ташаккул ва инкишофи ҷавонон, ҳимояи ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ, истифодаи самараноки иқтидори он ба манфиати ҷамъият ва давлат ба амал

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9394), 21 МАЙИ СОЛИ 2015

бароварда мешавад. Яке аз дастовардҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ ин аст, ки роҳбарияти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масоили ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар муддати қариб 24 сол, ки начандон муҳлати тулонӣ аст, Президенти мамлакат панҷ маротиба, аз ҷумла, 17 марти соли 1994, 23 майи соли 1997, 16 майи соли 1998, 21 майи соли 2005 ва 23 майи соли 2013 бо намояндагони ҷавонони мамлакат вохӯрӣ баргузор намуд, ки дар онҳо мушкилоти ҳаётии ҷавонон ва масоили дастгирӣ ва пешрафти ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор ёфт. Аз дастовардҳои асосӣ инҳо ба шумор мераванд: - Таъсиси мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корхои ҷавонон тавассути роҳбарии амудӣ, яъне, тавассути сохторҳои он дар маҳалҳо; - ташкили шабакаи мадании ҷавонон, марказҳои иттилоотию таълимӣ ва захиравӣ (63 адад); - таъсиси гурӯҳҳои волонтёрию муташаккили ҷавонон, ки пешбарандаи фаъолият аз рӯи шарту усулҳои «баробарию бародарӣ» ва хизматрасониҳои баробарҳуқуқии ҷавонон мебошанд (50 адад); - ёрмандӣ дар мавриди таъсиси ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон, ки айни замон шумораи онҳо зиёда аз 143 ададро ташкил медиҳад; - таъсиси Стипендияи байналмилалии Президент бо номи «Дурахшандагон» барои ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд; - Стипендияи президентӣ барои 300 нафар хонанда ва

қариб 3100 стипендияи раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои ҷавонони лаёқатманд; - Квотаи президентӣ барои дар муассисаҳои таълимии кишвар таҳсил намудани ҷавонон, бахусус, ҷавондухтарони минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ; - Таъсиси ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва ихтироъкорон ба андозаи 1000 $ барои ҳар як кор (ҳар сол 6 ҷоиза); - Таъсиси 72 клуби гирандагони стипендия; - Бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 2500 иншооти варзишӣ; - Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеъдодҳои ҷавон дар сохаи санъат, рӯзноманигорӣ, меъморӣ ва барномасозӣ; стипендияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонони лаёқатманд (донишҷӯёни макотиби олӣ); - Таъсиси гранти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон (10 адад). Идоракунии кумита чун дигар сохторҳои давлатӣ ба таври амудӣ сурат мегирад, яъне, дар ҳама вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо сохторҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба ҳайси раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар сатҳи вилоятҳо ва бахшҳо дар сатҳи шаҳрҳо ва ноҳияҳо кору фаъолият менамоянд. Ғайр аз ин, барои ҷавонон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ хизматрасониҳои дахлдор аз ҷониби сохторҳои зертобеъ пешниҳод карда мешаванд. Аз ҷумла: - КВД “Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон”; - КВД “Биржаи меҳнати ҷавонон”; - КВД “Клуби соҳибкорони ҷавон”; - КВД “Маркази миллии захиравии ҷавонон”; - КВД “Маркази ҷумҳуриявии мадании ҷавонон “Ориёно” - МД “Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Сиёсати давлатии ҷавонон дорои хусусияти фаъоли инноватсионӣ ва истеҳсолие мебошад, ки неру ва иқтидори эҷодӣ ва меҳнатии ҷавононро инъикос менамояд. Ҳамин тариқ, ба хулосае омадан мумкин аст, сиёсати давлатии ҷавонон, нақши он дар мавриди иштироки бевосита дар ҳаёти ҷамъият яке аз самтҳои афзалиятнок ва асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

5


ДАР АРЗҲОИ ДӮСТӢ

КӮМАК

Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеаанд, - мегӯяд Магомед Алиев, муассис, директори иҷроия ва узви раёсати Созмони байналмилалии ҷавонон «Содружество»

- Созмони байналмилалии ҷамъиятии ҷавонон «Содружество» имрӯз яке аз ташкилотҳои муваффақ дар самти тадбиқи лоиҳа ва барномаҳои гуногун дар байни ҷавонони ИДМ ба ҳисоб меравад. Лутфан аз таърихи таъсиси он ёдовар мешудед? - Соли 2008 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Москва чанд чорабинӣ доир намудем. Ҳамон сол бори аввал фестивали «Истеъдодҳои иттиҳод»-ро низ дар Кабардино - Балкар баргузор кардем. Сипас, Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ таъсис ёфт. Дар форуми «Селигер», ки ҳар сол доир мешавад, ба хулосае омадем, ки дар самти ҳамкории байналмилалии ҷавонон созмони алоҳида таъсис диҳем. - Магомед, ин сафари аввалини Шумо ба Тоҷикистон буд. Кадом чорабиниҳоро доир намудед ва чӣ таассуроте аз кишвари мо ҳосил кардед? - Ҳарчанд дар доираи лоиҳаи «Блитс Содружество» чанд барнома дар Душанбе амалӣ гашта буд, бори аввал аст, ки ба ин кишвари зебоманзар омадам. Барои ширкат дар Форуми аввалини байналми-

лалии “Ҷавонон – нерӯи рушди зеҳнии кишвар”. Бо ҷавонону донишҷӯён, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ суҳбат оростем. Дар маркази фарҳангии Россия бо иштироки журналистону блогнависҳо ва ҷавонони фаъол мулоқот доир кардем. Вохӯриҳое, ки дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов доир шуд, барои ҳамкориҳои минбаъда заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард. Тоҷикистон табиати нотакрор ва меъмории хос дорад. Душанбе шаҳри гулпӯш буда, ҳам шабу ҳам рӯз ба димоғ накҳати гулҳои садбарг меояд. Чун 93 дар сади Тоҷикистонро кӯҳҳо фаро гирифтаасту ман низ ошиқи кӯҳҳоям, ин кишвар барои ман хеле ҷолиб аст. Боиси таассуф аст, ки ин ҷо зиёд наистодам, вале умедворам, ки боз ҳам меҳмони ин кишвар мегардам. - Ҷавонони тоҷикистониро чӣ гуна дарёфтед? - Дар Тоҷикистон ҷавонони босавод ва фаъол хеле зиёданд, ки ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ бо ҷавонони кишварҳои дигар мароқ доранд. Кишвар рушд карда истодааст ва хеле муҳим аст, ки ҷавонон ба имкониятҳои нав соҳиб шаванд. Маҳз сатҳи рушди ҷавонон муайянкунандаи иқтидори давлат мебошад. Зеро ҷавонон қишри фаъолноктарини ҷомеа мебошанд. Хусусан, дар Тоҷикистон, ки байни кишварҳои ИДМ фоизи зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. - Ҷавонони тоҷик аз кадом имкониятҳои созмони «Содружество» метавонанд истифода баранд? - Созмони мо чанд барномаю лоиҳаҳоро амалӣ мегардонад. Ҷавонон метавонанд иштирокчии он чорабиниҳо бошанд, инчунин, фикру идеяҳои наву тоза дастгирӣ меёбанд. Ба наздикӣ лагери 5-уми ҷашнии «Рӯзи ҷавонони Иттиҳод» доир мегардад. Инчунин, Мактаби кӯҳии журналистон ва блогнависҳо, фатҳи қуллаи Албурс - «Ғалаба 70» доир шуда, конфронсу барномаҳои дигар низ татбиқ мешаванд. Инчунин, лоиҳаи «Пойтахтҳои ҷавонони ИДМ»-ро доир карданием, ки ҷавонони тоҷик низ ширкат карда метавонанд. Суҳбаторо Насрулло ТӮЙЧИЗОДА

Либосҳои мактабӣ ба мактаб-интернати Қубодиён Дар доираи нақшаи чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таҳти унвони “Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар”, масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо шароити зисту зиндагии тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ошно шуда, ба онҳо сару либоси мактабӣ тақдим карданд. Мавсума Муинӣ, муовини аввали раиси кумита, хонандагонро ба муносибати Рӯзи ҷавонон шодбош гуфта, қайд кард, ки имрӯз тамоми қишри ҷомеа зери таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, барои таълиму зиндагии шоиста шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Инчунин, аз тарафи кумита барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ба мактаб-интернат

лавозимоти техникӣ, аз ҷумла, қувватфизо, микрофон, таблак, рубоб, доира дастгоҳи суратгирӣ ҳадя карда, ба шогирдони ин даргоҳ дастурхони идона ороста шуд. Тарбиятгирандагон дар навбати худ барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод карда, дар васфи Ватан-Модар, дӯстиву рафоқат ва сулҳу ваҳдат сурудҳо сароиданду таҳти созу наво рақсу бозӣ карданд.

ОЗМУН

Назрибегим - аз ҳама донотар Дар доираи чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар Маркази ҷавонони шаҳри Хоруғ озмуни интелектуалии «Кӣ донотар?» баргузор шуд. Дар он зиёда аз 30 нафар ҷавон иштирок намуданд. Дар натиҷа, Назрибегим Шоҳзодамуҳаммадова дониши хуб нишон дода, ғолиб эълон гардид. Гуфта шуд, мақсад тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи илмдӯстӣ, меҳанпарастӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонону наврасон дар самти фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, донишҳои интеллектуалӣ, ғанӣ гардондани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии ҷавонон ва таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон мебошад.

АНДЕША

Рушд ва шукуфоии ҳар инсон дар эътиқод ва пойбандии ӯ ба арзишҳост, чӣ арзишҳои инсонӣ ва миллӣ ва чӣ арзишҳои исломӣ. Арзишҳои инсонӣ дар фарҳанги тоҷик, умуман, таҳти таъсири арзишҳои исломӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, яке аз далелҳои рушд, муваффақият ва пирӯзии ҷавонон дар саҳнаҳои муҳими зиндагӣ, сар карда аз ҳарф задану, дарс рафтан ва хатми мактабу донишгоҳ аст. Бинобар ин, бояд арзишҳоро шинохт ва онро пос дошт.

6

Зодгоҳ худшиносӣ нест Ҷавонӣ ва арзишҳои он Инчунин, яке аз муҳимтарин арзиш худшиносӣ мебошад. Маънои он гуногун аст. Худшиносӣ, яъне, худро хуб шинохтан ва ба ҳақиқати худ пай бурдан. Инсон бидонад, ки кист ва чи вижагӣ, хислат ва хусусият дорад, чӣ сифатҳо ва истеъдод дорад. Бо ин сифатҳову истеъдод ба чӣ мақоми илмӣ ва амалӣ метавонад бирасад. Худшиносӣ ин нест, ки бидонад исмаш чист, фарзанди кист, таваллудшудаи куҷост. Мутаассифона, миёни ҷавонон ва ҳатто бузургон зодгоҳ худшиносӣ фаҳмида ва ном бурда мешавад. Худшиносӣ аз аркони асосии камол ва саодати дунё ва охира-

ти инсон ба шумор меравад, аз ин рӯ, аввалин қадам дар роҳи созандагии шахсияти инсонӣ, шинохти сифатҳо, истеъдод ва алоқамандиҳо мебошад. Агар инсон худро дуруст бишносад ва бар он асос роҳҳои камолро бипаймояд, саодати дунё ва охират насибаш мешавад. Олимони ахлоқ худшиносиро аз муҳимтарин авомили тарбият муаррифӣ мекунанд. Фармудаҳои бузургони дини ислом дар мавриди худшиносӣ намунаи арзишмандест. Ба мисли “Он кас, ки худро бишиносад, Худоро хоҳад шинохт”. Бузургон низ гуфтаанд: “Бартарин шинохт ин аст, ки инсон худашро

бишиносад”. Истеъдод ва тавонмандиҳои ҳар шахс фарқ мекунад. Ба ҳамин далел инсонҳо бо якдигар як хел нестанд. Барои расидан ба худшиносӣ бояд қобилиятҳои худро кашф кард. Ин қобилиятҳо ҳамон истеъдодҳо ва тавоноиҳои илмӣ ва амалии инсонанд. Монанди садоқат, вафодорӣ, шавқ ва рағбат ба таҳсил, иззати нафс, покӣ ва дурӣ аз бадиҳо. Агар ҷавонон саъй кунанд, то алоқаҳо ва тамоюлоти худро бишиносанд, масалан, бидонанд, ки ба чӣ риштаи таҳсил алоқа доранд, дар оянда чӣ кор мекунанд, шодии руҳиашон дар чист, пирӯзӣ ва

муваффақияташон дар чӣ роҳест ва ғайра. Агар инро дарк кунанд, ҳатман давраи тиллоии худро беҳтар истифода хоҳанд кард. Шоире гуфтааст: “Макун, эй ғунча, сарфи хоб айёми ҷавониро...” Оре, ҷавонӣ он қадар арзиш дорад, ки ҳатто шоиста нест, ки шаб соатҳои тиллоии худро дар хоб бигузаронӣ. Ҳарчанд хоб сиҳатӣ меоварад, аммо бубинед як шоир ҳукм ба шинохти арзиши онро мекунад. Имрӯз ҳамсолони мо ин айёми такрорнашуданиро дар тамошои филмҳои ҳиндӣ, туркӣ ва садҳо барномаҳои бемаънӣ сарф мекунанд. Онҳо бояд барнома кунанд, то ба ибодат, таҳсил, варзиш, истироҳат, хоб, саёҳат дар вақташ бирасанд. Умедворам ҳамаи мо қадри лаҳзаҳои қимати умрамонро дониста бошем. Муҳайё ПУЛОДОВА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9394), 21 МАЙИ СОЛИ 2015


23 МАЙ - РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ Соли 1991 ● 12 октябр дар Анҷумани XXVI Иттифоқи ленинии коммунистии ҷавонони Тоҷикистон Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) ташкил ёфт, ки бонуфузтарин ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон мебошад.

бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат ва меъморӣ таъсис ёфт. ● Аз 30 август то 2 сентябр Фестивали дуюми дӯстии ҷавонони Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.

Соли 1992 ● 13 март Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд. Соли 1993 ● 9 июн бо қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №256 Кумитаи корҳои ҷавонони Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. ● 4 сентябр раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи чорабиниҳо ба муносибати солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ташкилнамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон иштирок намуда, ҷавонони мамлакатро ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

● 18 ноябр дар толори Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 70–солагии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» таҷлил гардид.

Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор шуд. ● Соли 1997 бинои кинотеатри “8-март” бо ҳама амволаш ба ихтиёри Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. ● Моҳи декабр Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба клу-

хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо» ба имзо расид. ● 20 март бо мақсади дастгирии фаъолияти илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти №967 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ ба-

Соли 1994 ● 17 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон суханронӣ кард. ● Моҳи сентябр Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо намояндагӣ аз ҷавонони мамлакат аввалин шуда, номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Соли 1995 ● 30 март қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №234 «Дар хусуси Барномаи тарбияи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ» ба тасвиб расид. Соли 1997 ● 23 май вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони ҷумҳурӣ дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир гашт. ● 23 май бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №240 Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. ● Моҳи сентябр нахустин Фестивали дӯстии ҷавонони

● 22 май дар заминаи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси Олии кишвар, таҳти №628б.3 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид. ● 5 октябр бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №400 Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 1999-2000 қабул гардид.

● Моҳи декабр дар шаҳри Қурғонтеппа Маркази ҷавонони вилояти Хатлон ба истифода дода шуд. Соли 2001 ● Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

● 22 октябр бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» баъди танаффуси беш аз сесола (аз 7 июли соли 1995 то 23 октябри соли 1998) аз нав эҳё гардид.

Соли 2002 ● 4 феврал бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №294 Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 20022005» қабул гашт.

Соли 1999 ● 23 май Маркази фарҳангию фароғатии ҷавонони Тоҷикистон «Ориёно» ба истифода дода шуд.

● 16-19 август дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

● 25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аввалин барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ диплом супорид.

● 30 декабр бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва таъмини татбиқи босамари барномаҳои давлатии марбут ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон, таҳти №510 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Шӯрои ҷумҳуриявии байнисоҳавии ҳамоҳангсоз оид ба тарбияи ватанпарастии Ҷавонони Тоҷикистон ба тасвиб расид.

● 3 сентябр маросими кушодашавии бинои Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои собиқ кинотеатри “8–март” доир гашт.

би байналмилалии вазиронроҳбарони мақомоти давлатии кор бо ҷавонон шомил гашт.

рои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд», ба имзо расид.

Соли 2000 ● 3 феврал дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №57 “Барномаи ҷумҳуриявии дастгирии соҳибкорони ҷавони Тоҷикистон барои солҳои 2001-2003” тасдиқ гардид.

Соли 1998 ● 26 феврал таҳти №949 Фармо- ни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои

● 16 май вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони лаёқатманди ҷумҳурӣ дар Маҷмааи давлатии«Кохи Ваҳдат» доир гашт.

● 4 май бо қарори мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №1.30. бо мақсади дастгирии истеъдодҳои ҷавон Ҷоизаи Кумитаи кор

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9394), 21 МАЙИ СОЛИ 2015

● 30 декабр бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №518 “Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2001-2003” қабул гардид.

Соли 2003 ● 10-12 июн дар асоси Шартномаи ҳамкории байни Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Қирғизистон оид ба варзиш, саёҳат ва сиёсати ҷавонон (аз 9 ноябри соли 2002) дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд Фестивали якуми дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. (Давомаш дар саҳ. 8-9)

7


23 МАЙ - РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти ҷавонон (Идома аз саҳ. 7) ● 16-19 июн дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ва 23-29 сентябр дар шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти давлатии кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. ● 25–26 октябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ, Хазинаи нуфуси СММ, Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза алайҳи бемориҳои СПИД, Форуми ҷумҳуриявии ташкилотҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии ҷавонони Тоҷикистон зери унвони «Бар зидди нашъамандӣ ва ВИЧ/ СПИД муттаҳид мешавем» доир гардид. ● Мувофиқи шартномаи сеҷониба миёни Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» ва Хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон (UNFPA) дар шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Кӯлоб марказҳои захиравии ҷавонон таъсис ёфтанд. Соли 2004 ● 17-18 апрел дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо хазинаи «Конрад Аденауер» ва Маркази тадқиқотии «Зеркало» Конгресси дуюми ҷавонони Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Ҳаракатҳои ҷавонон ва сохторҳои давлатӣ: дар роҳи ҳамкорӣ» доир гардид. ● 13 март Анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид. ● 21-26 август Фестивали байналмилалии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон доир шуд. ● 15-17 ноябр Фестивали ҷумҳуриявии ҷавонон бахшида ба 80-солагии мақоми пойтахтро сазовор шудани шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе бо ҷавонон» доир гардид. ● 8 июл дар Иҷлосияи 13-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид. ● 15 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» имзо гузошт.

8

● Аз 25 сентябр то 1 октябр дар Ҷумҳурии Молдова Бозиҳои дуюми Делфии ҷавонони ИДМ баргузор гардид. Дар он намояндагони ҷавонони Тоҷикистон иштирок карданд.

дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон» ба имзо расид.

Соли 2005 ● Кинотеатри «Ҷавонон» дар назди Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

● 14 июл таҳти №1573 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба се маротиба зиёд намудани Стипендияи президентӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба тасвиб расид.

● 2 апрел бо пешниҳоди Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», таҳти №130 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории «Ҳафтаи ҷавонон» ба имзо расид. ● 10 май, таҳти №167 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъсиси грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

● 23 май вохӯрии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони ҷумҳурӣ доир гардид.

● 15-21 сентябр Фестивали ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Ташаббуси ҷавонон– ояндаи дурахшони Тоҷикистон» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардид. ● 31 октябр бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №421 Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 20062010» ба имзо расид. ● 26 ноябр дар шаҳри Ду-

шанбе Анҷумани VII Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Соли 2006 ● 31 январ таҳти №58 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабули донишҷӯён ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20062010» қабул гардид. ● 3 июн таҳти №228 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. ● 1 ноябр таҳти №485 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 20072009» ба имзо расид. ● 15 июл таҳти №1574 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Фонди махсуси Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд» ба имзо расид. ● 3 май таҳти №197 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» ба тасвиб расид. ● 17-20 август Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон унвонии «Ташаббуси ҷавонон - ояндаи дурахшони Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Соли 2007 ● 24-25 март дар шаҳри Истаравшан Наврӯзи ҷавонони ҷумҳурӣ баргузор гардид. ● 23-24 ноябр бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази технологияҳои коммуникатсионӣ Форуми миллии ҷавонони Тоҷикистон баргузор шуд. Соли 2008 ● 20-28 июл дар шаҳри Новосибирск ва 1-10 август дар Ҷумҳурии Қабардино – Балкари Федератсияи Русия Фестивали эҷодкорон ва ҳунармандони ҷавони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки дар он намояндагони мамлакат иштирок намуданд. ● 18 сентябр дар шаҳри Душанбе Анҷумани сеюми олимон ва зиёиёни эҷодкори кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид. ● 20-21 октябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мулоқоти намояндагони иттиҳодияҳои ҷавонони кишварҳои аъзои СҲШ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонони Тоҷикистон иштирок намуданд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9394), 21 МАЙИ СОЛИ 2015


23 МАЙ - РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

дар даврони соҳибистиқлолӣ Ваҳдат” Анҷумани Х Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид. Соли 2014 ● 4 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷавонону наврасони лаёқатманди вилояти Суғд мулоқот кард. ● 11-14 июн дар шаҳри Қайроққум Анҷумани VII ташкилотҳои ҷавонони кишвар доир шуд. ● 21-22 июн дар шаҳри Қайроққум Форуми ҷавонони кишварҳои аъзои СҲШ, таҳти унвони «Ташаббусҳои ихтиёриён» доир гашт. Соли 2009 ● Аз 30 май то 10 июн дар Ҷумҳурии Белорус Форуми байналмилалии ҷавонони ИДМ зери унвони “Дӯстӣ бидуни марз” баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҷумҳурӣ иштирок карданд. ● 12-27 июн бахшида ба 12-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ марафони варзишӣ аз ноҳияи Мурғоб то шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Барои ваҳдат ва рушди Тоҷикистон» баргузор гардид. ● 2-5 июл дар “Кохи Ваҳдат”-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони ваколатдори ҷумҳуриҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Белорус ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ баргузор гардид. Соли 2011 ● 16-23 май дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» дар доираи чорабиниҳои «Ҳафтаи ҷавонон» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон намоишгоҳи мусаввирони ҷавон зери унвони «Ватан дар рангҳо» баргузор шуд.

си Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) тренинги омӯзишӣ барои кормандони мақомоти давлатии кор бо ҷавонон ва ихтиёриёни ҷавон дар самти тарзи ҳаёти солим доир шуд. ● 1-3 октябр дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ доир гардид. Онро раиси Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов роҳбарӣ намуд. ● 16-22 сентябр дар шаҳри Чолпон – Атаи Ҷумҳурии Қирғисистон Форуми ҷавонони давлатҳои узви СҲШ доир гардид. ● 4 октябр таҳти №480 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” ба тасвиб расид. Соли 2012 ● 23-26 май бо ташаббуси

Форуми парлумонии Осиё ва Аврупо оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд дар ҳамкории муштарак бо Созмони байналмилалии UNFPA (Хазинаи СММ дар соҳаи нуфус) дар шаҳри Истанбули кишвари Туркия панҷумин Конфронси байналмилалии парламентӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи амали Конфронси байналмилалӣ оид ба нуфус ва рушд баргузор гардид, ки масъалаи ҷавонон масъалаи меҳварии он буд. ● 27 октябр дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми миллии “Ҷавонон ва фаъолияти волонтёрӣ” баргузор шуд. ● 27-30 ноябр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон бо ташаббуси Форуми парлумонии Осиё дар ҳамкории муштарак бо созмони байналмилалии UNFPA (Барномаи Хазинаи СММ дар соҳаи нуфуси аҳолӣ) семинари ҳуқуқӣ барои парламентарҳои ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷавонони фаъол баргузор гардид.

● Моҳи май Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии мусаввирони ҷавонро зери унвони «Тоҷикистон аз нигоҳи ҷавонон» баргузор намуд. ● 26-28 июн дар асоси дастуру супориши Президенти мамлакат, бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Рашт Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон доир гарид. ● 19-21 июл дар шаҳри Хоруғ ва 26-28 август дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфу-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9394), 21 МАЙИ СОЛИ 2015

Соли 2013 ● 15 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии Мактаби байналмилалии президентӣ бо мактаббачагону донишҷӯёни шаҳри Душанбе мулоқот намуд. ● 26-27 апрел дар Китобхонаи миллӣ Форуми VI ҷумҳуриявии созмонҳои ҷавонони ҷумҳурӣ доир гашт. ● 23 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбад бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқот намуд. ● 19-26 август дар шаҳри Уфаи Русия Форуми байналмилалии журналистон, блогнависон ва аккосони ҷавони кишварҳои узви СҲШ доир гардид. Дар он намояндагони Тоҷикистон низ ширкат карданд. ● 12-13 сентябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷалсаи VI Шӯрои кор бо ҷавонони СҲШ доир гардид, ки намояндагони ҷумҳурии мо низ ширкат доштанд. ● 21 сентябр дар “Кохи

● 2-7 июл дар шаҳри Читаи сарзамини Забайкали Русия Фестивали “Баҳори донишҷӯёни кишварҳои узви СҲШ баргузор шуд. Аз Тоҷикистон 47 нафар донишомӯзи Консерваторияи миллӣ, Донишкадаи санъат, Донишгоҳи миллӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Сирки давлатӣ ва васоити ахбори омма ширкат карданд. ● Дар шаҳри Душанбе ба муносибати 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе” 16-17 октябр Фестивали ҷавонони Тоҷикистон, таҳти унвони “Душанбе - пойтахти сулҳ ва ризоият” баргузор гардид. ● 16 октябр дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳанги ҷавонон “Ориёно” Анҷумани XI Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир шуд. ● 23-25 октябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Анҷумани дуюми Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони Иттиҳоди Давлаҳои Мустақил (АБПҶ ИДМ) баргузор гардид, ки намояндагони ҷумҳурии мо низ ширкат карданд. ● 25 ноябр Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” дар таҳрири нав аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Соли 2015 ● 15-17 май дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб Форуми байналмилалии “Ҷавонон – нерӯи рушди зеҳнии кишвар” баргузор шуд. ● 12-13 май дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Русия ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ доир гардид. Таҳияи Абдураҳмон ХОНОВ, Самариддин АСОЕВ

9


САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН

Бегонапарасти худбезор Либосеро, ки имрӯз сатр гуфта мепӯшем, сатр нест Имрӯз ҷомеаи мо ба фарҳанги мардумни дигар сахт таваҷҷуҳ кардааст. Ба фарҳанги кишварҳои ғайр, фарҳанги хориҷӣ. Сар карда аз сару либос, суруду мусиқӣ то хӯрду хӯрок... Ҳол он ки мо худ фарҳанги бой дорем. Масалан, сару либоси миллии мо, (мутаассифона, имрӯз танҳо дар ҷашнҳо ба бар мекунемашон), назири атлас ва чакан хеле зебову мунаққашанд. Аммо аҷобат ин аст, ки он чи мо худ дорему соҳиб ҳастем, қадраш намекунем. Балки барои мо пӯшидани сару либоси ғайр беҳтар менамояд ва мо аз либоси миллии хоси фарҳанги тоҷикӣ дида, либосҳои аврупоиву эрониро тарҷеҳ медиҳем. Ин бояд мояи нанг бошад! Бешак, ин бохти фарҳанги миллӣ ва зарба ба он аст. Балки як қадам наздиктар мондан ба сӯи нестист! Вале имрӯз либосҳое, ки аз мамолики хориҷ

10

вориди бозорҳои мо мешаванд ва мо ҳам бе он ки дар зеҳнамон фоидаву зарари онро бисанҷем, беибо ба бар мекунем. Ин либосҳо, ки қисмашон андоми касро ба намоиш мегузоранд, (ба мисли мини-юбкаҳои аврупоӣ) ва қисми дигарашон сар то по сиёҳанду ба ҷуз чашм ҳама ҷойи соҳибашонро маҳкам кардаанд, комилан аз мо, яъне, аз миллати мо нестанд! Мутаассифона, имрӯз ин ду намуди либос ҷойи либоси миллии моро бо дасти худи мо танг карда истодаанд. Мегӯянд, гулчин кардани зебоиҳои фарҳанги дигарон, агар бар зарар набошад, ҷоиз аст. Ба ибораи дигар, ҳар чи ки беҳтар аст, мешавад онро истифода бурд. Дар урфият гуфтаанд, «зара-зара ҷамъ шавад, дарё шавад». Бале, агар мо ин бегонапарастиро кам накунем, агар мо ба ҷойи либоси хориҷӣ ба сару либоси худ аҳамияти ҷиддитар надиҳем, муди хориҷӣ зара-зара дар ватани маҳбуби мо “дарё” мешавад ва баъд аз 50100 сол аз он фарҳанги ғаниву он либосҳои хушдухту зебо осоре нахоҳад монд. - Либоси миллии тоҷикӣ дар ягон давру замон тангу кӯтоҳ ва беҳад дароз набуд. Пештар бонувони мо аслан либосе ба бар мекарданд, ки ягон қисмати бадани инсонро барҷаста ё аён нишон намедод. Инчунин, онҳо аз пӯшидани либосҳои аз матои ҳарир (тунук) ки баданро урён нишон медиҳанд, худдорӣ менамуданд. Зеро ин ба фарҳанги мо хилоф буд, - мегӯяд Латофат Назарова, муовини декани факултети журналистикаи ДМТ. Ба андешаи муаллима, яке аз сабабҳое, ки ҷавондухтарони мо ба либоси бегона тақлид намуда истодаанд, филмҳои аврупоист. Зеро бо дидану пӯшидани либосҳои аврупоӣ худро

ҳамқадами замона меҳисобанд. - Як навъ либосҳое, ки бо номи сатр ба кишвар аз мамолики бегона ворид мешаванд, танҳо ба хотири тиҷоратанд. Онҳо хеле танг буда, диққатрабоянд ва асло нишондиҳандаи шарму ҳаё ва иффати духтарон шуда наметавонанд. Имрӯз бисёре аз хонумҳо либоси бо ном сатрро (чунки он ба сатр чандон монанд нест, зеро сахт танг ё фишурда аст) ба хотири зебу зинат мепӯшанд. Вале, ман фикр мекунам, сатри ҷавондухтарон, умуман, занон танҳо шарму ҳаё ва ифати онҳо шуда метавонад, - меафзояд Л. Назарова. Албатта, дар давлате, ки бар пояи қонунҳои дунявиву демократӣ бунёд ёфтааст, касеро маҷбур кардан, ки тақлид ба фарҳанги бегона накунад, дуруст нест ва касе ба ин ҳақ ҳам надорад. Ин танҳо масъалаест, ки ба виҷдони кас хитоб мекунад, ба асолати фарҳангӣ ва миллии ҳар фарди бедору ҳушманд. Суман ГАДОЕВА, донишҷӯи ДМТ

Фаранҷипартоӣ дар Покистон Рӯзномаи «Вашингтон пост» дар шумораи 9 майи соли 2015, мақолаи «Толибон як бор водии Сватро тасарруф карда буданд, вале имрӯз сулҳ барқарор аст» (Thе taliban once ruled Pakistan’s Swat valley. Now peace has returned)-и хабарнигор Том Крейгро ба нашр расонид, ки боиси навиштани ин матлаб шуд. Ғараз аз бозгӯйии бахши аъзами ин матлаб ибратомӯз будани ҳодисаҳои як вақт ҷангзада, вале ҳоло водии сарсабзу босуботи Сват аст, ки баъд аз амалиёти низомӣ ва барқарор кардани қонунҳои давлати Покистон даст додааст. Он чи ки ба хонандаи тоҷик ҷолиб мебошад, ин шуру шавқи ҷавонони сватӣ мебошад, ки аз озод шудани худ аз асорати чандсолаи ҳаракати “Толибон” бо дасти урдуи Покистон ба ваҷд омада, кори аввалеро ки онҳо рӯйи даст гирифтанд, рӯй овардан ба риояи бечунучарои қонунҳо, бо гавҳараки чашм ҳифз намудани амнияти ҷомеа, донишандӯзӣ ва истифодаи озодиҳои фитрии инсонӣ мебошад. Чӣ гумон кардед, ки ҷавононписарон кори аввалеро карданд, кадом буд? Ин ба сиккаву сурат ва мӯю риши худ ислоҳ овардан ва ба тақлид аз ҳунармандон ва футболбозони машҳур, либоспӯшиҳои муосирро имтиҳон кардан буд. Ба огаҳони ҳол маълум шудааст, ки боло рафтани озодиҳои шаҳрвандон ба таври қобили мулоҳиза ба рушди тиҷорат, маориф ва то андозае муосиргардонии равандҳои ҳаёт дар кӯчаҳои Сват сабаб шудааст. Зиндагӣ дар ботини мардум умеду орзуҳои бисёр аҷиб ба бор овардааст. Ихлосмандон, тарзи пӯшидани либосҳои рангорангро ба намоиш гузоштаанд, ки чашм роҳат мекунад. Сиёҳпӯшиҳо ва зиёдаравӣ дар буркапӯшӣ ҳама ба боди фано рафтаанд. Духтарҳои дар собиқа шиканҷадида, бо як қаноатмандӣ сӯйи мактабҳо мераванд. - Соли 2012, вақте ки покистонидухтар Малола Юсуфзай, ҳоло дорандаи Ҷоизаи Нобел дар Сват духтаронро ба мактаб даъват мекард, ҳадафи тирборони толибон қарор гирифт ва маҷбур шуд, ватанро ба қасди кишвари Британияи Кабир тарк кунад. Вале имрӯз ба шарофати худафрӯзиҳои ин гуна фаъолони ҷомеа машъали донишу фарҳанг дар Сват фурӯзон аст. Кинотеатрҳои замонавӣ муҷаҳҳаз ба дастгоҳҳои 3D дар байни ҷавонони Сват ривоҷ дошта, мардони ришдорро аҳён-аҳён мебинӣ, - менигорад журналист. Касби аз ҳама роиҷ дар ноҳияи Сват ҳоло муаллим, сартарош, аккос ва рассом мебошад. Сват, ноҳияест, ки 2 ҳазор одамро “Толибон” фақат ба хотири он ки қонунҳои асримиёнагии шадиди либоспӯшӣ ва ақидаҳои ҷоҳилонаи онҳоро нисбат ба маҳуд кардани таҳсили духтарон, аз байни бурдани омӯзиши илмҳои дақиқ намепазируфтанд, кушта буданд. Таҳлили ин матлаб фикри каминаро ба муҳокимаи масъалаҳои ришу сатрпӯшӣ дар Тоҷикистон овард. Чӣ ҳангомаеро ҳалқаҳои кӯҳнаандеша рӯйи даст нагирифтаанд? Куҷое ободист, дар шакли фарогир таъсирпазир аст. Ҷамоли хубрӯёнро Худо ҳам дӯст медорад. Салим ФАРМОНОВ, донишҷӯи курси панҷуми факултети журналистикаи ДМТ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9394), 21 МАЙИ СОЛИ 2015


СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА

- Имсол аз ҷониби Президенти кишвар Соли оила эълон гардид. Ба фикри Шумо ин иқдом ба ҷомеаи мо чӣ таъсиру беҳбудиҳо ба бор хоҳад овард? - Аз ҷониби Президенти мамлакат эълон гардидани соли 2015 Соли оила иқдоми неку наҷиб аст. Хусусан, барои нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ ва пойдории оилаҳо. Чунки аз нигоҳи шариат оила чизи муқаддас аст. Пайғамбари Худо Муҳаммад (с) ҳам таъкид кардаанд, ки инсон, хоҳ зан бошаду хоҳ мард, бояд оиладор шавад. Зану мард ба якдигар ниёз доранд. Худованд ин ду ҷинсро барои якдигар офаридааст. Албатта, ҳар инсон орзую ҳавас дорад, мехоҳад оила бунёд кунад, фарзандон ба дунё оварад, онҳоро дуруст тарбия карда, дар хизмати софдилонаи халқу ватанаш гузорад. - Дар оиладорӣ зан ва мард чӣ масъулиятро бар дӯш доранд? - Дар “Қуръон”-и азимушшаън ояте бо номи “занҳо” вуҷуд дорад, вале бо номи “мардҳо” нест, ки ин ҳам бошад, шараф ва иззати занро аз нигоҳи дини ислом таълиф мекунад. Зан ва мард дар зиндагӣ ҳуқуқҳои хос доранд. Аз нигоҳи оиладорӣ тамоми махориҷи зан бар зиммаи шавҳар аст. Шавҳар бояд ҳамсари худро бо маскан ё ҷойи истиқомат ва либосу хӯрок таъмин кунад. Аз ин ҷиҳат, бар зиммаи зан ӯҳдадорие нест. Аз нигоҳи шаръӣ, вақте зан фарзанд таваллуд мекунад, маҷбур нест, ки ҳатто тифли худро шир диҳад. Шир додани тифл ҳам бар зиммаи шавҳар аст. Вай бояд нафареро барои парвариши тифлаш иҷора бигирад ва махориҷи парвариши онро таъмин кунад. Агар тифл ба ғайр аз шири модар шири дигареро қабул накунад, дар ин сурат, нигоҳубини тифл бар зиммаи модараш меафтад. Ҳамзамон, шавҳар ҳақ надорад, ки занро ҷабр кунад. Ин нигоҳи диниву эътиқодӣ, хусусан, аз нигоҳи мазҳаби Имом Абӯҳанифа (р) аст.

Фарзандон солеҳу оилаҳо солим бошанд Сӯҳбат бо сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Хомӯшӣ - Дар тарбияи ахлоқию маънавии фарзанд масъулияти кадомаш бештар аст, падар ё модар? - Тарбияи фарзандон мавзӯи муҳими ҳаёт буда, дар ҷомеаи мо тайи чанд сол Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал мекунад. Агар дар таъминоти оила ва парвариши тифл масъулияти падар бештар бошад, дар тарбияи фарзанд масъулияти модар зиёдтар аст. Чунки вақти бисёри фарзанд бо модар сипарӣ мешавад ва домони поки ӯ барояш беҳтарин мактаби тарбия аст. Тавре шоир гуфтааст: Дар мактаби муаллиму омӯзгор нест, Он тарбият, ки дар лаби домони модар аст. Агар модар бомаърифату боиффат бошад, фарзандони солеҳу арзанда ба камол мерасонад. Паёмбари гиромӣ (с) дар ҳадиси муборакашон гуфтаанд, ки: “Зан ба хотири чор чиз никоҳ карда мешавад: ба хотири молу ҷамол ва мазҳабу динаш”. Агар шумо зани солеҳ ва боиффату маърифатро ихтиёр кунед, баракат меёбед. - Аз Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ёдовар шудед. Мегуфтед, ки тайи чанд соли тадбиқи қонуни мазкур то кадом ҳад дар самти таълиму тарбияи фарзандон муваффақ шудаем?

- Падару модар аз нигоҳи шаръӣ ҳам муваззафанд, ки фарзандони худро дуруст тарбият намоянд, соҳиби ахлоқи ҳамида ва илму дониш гардонанд. Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам пайваста дар сӯҳбату мавъизаҳо имом-хатибҳоро таъкид мекунад, ки дар татбиқи босамари қонуни мазкур ва огоҳию ватандӯстии наврасону ҷавонон, ки тақдири имрӯзу фардои кишварамонро ба дӯш доранд, фаъолона амал кунанд. Ҳамон халқу миллат ва давлате обрӯву эътибор ва нуфузу пешравӣ пайдо мекунад, ки пеш аз ҳама, аз пайи илму дониш меравад. Имрӯз дунё дунёи илму техника аст. Омӯхтану аз бар кардани илм, бахусус, илмҳои дақиқ вазифаи ҳар як фарди мусалмон аст. Дини мубини ислом ҳеҷ гоҳ ба ягон илму фан мухолифат надошт. Гузаштагони мо ба мисли Абӯалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон маҳз бо шарофати илму дониш машҳуру ҷовидон гаштаанд. То имрӯз машъали аз илму маърифат афрӯхтаи онҳо мардумро ҳидояту оламро равшанӣ мебахшад. - Сабаби зиёд вайроншавии оилаҳои ҷавонро дар чӣ мебинед? - Сабаби зиёд вайроншавии оилаҳои ҷавонро, пеш аз ҳама, дар муқаддас надонистани оила, бепарвоӣ нисбат ба фарзандон ва ҳурмату эҳтиром накардани якдигар мебинам. Тавре Президенти

кишвар ҳангоми пешкаш намудани Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд, соли 2014 95500 ақди никоҳ дар ҷумҳурӣ расман ба қайд гирифта шуда, аз ин 9000-и он бекор шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ нуҳуним фисад зиёд аст. Албатта, камбуду иллатҳо дар оилаҳо ҳам аз ҷониби шавҳар аст ва ҳам аз ҷониби зан рух медиҳанд. Бисёри духтарҳо ва занҳои мо ҳуқуқҳои динӣ ва дунявии худро намедонанд. Вақте як духтар ба хонаводае келин мешавад, бо муҳити хонаводае, ки ба камол расидааст, мувофиқ намеояд. Дар чунин ҳолат, умуман, лаҳзаҳои нофаҳмиву мушкили оилавии ҷавонон падару модар ва хусуру хушдоман бояд онҳоро насиҳат кунанд, ки ба рух додани чунин ҳолатҳо дар оиладориашон роҳ надиҳанд. Онҳоро ба зиндагии зебо ва рӯзгори софу беғубор ҳидоят созанд. Зеро Мавлонои бузург гуфтааст, ки “аз насиҳат ноқисон комил шаванд”. Ҷавонон ҳам бояд аз рӯи панду насиҳат ва ҳидояту роҳнамоии волидайн амал кунанд, то оилаҳои солиму хушбахт дар ҷомеа гарданд. Солҳои пеш вайроншавии оилаҳо кам буд, мутаассифона, имрӯз зиёд мушоҳида мешавад. Дар вайроншавии оилаҳо таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам ҳаст. Албатта, муҳоҷирати меҳнатӣ мушкили танҳо мо не, дигар кишварҳо ҳам ҳаст. Вале маънои онро надорад, ки ба кишвари дигар раф-

та, оилаи нав бунёд куниву зану фарзандонатро аз ёд бароварда, онҳоро хору интизор. - Устувории оиларо дар чӣ мебинед? - Устувории оиларо, пеш аз ҳама, дар эътиқоди онҳо мебинам. Агар аъзои оила эътиқоди самимӣ, тарс аз Худо, муҳаббат ба шариату гузаштагони худ ва эҳтирому якдигарфаҳмӣ дошта бошанд, он ҳаргиз вайрону вожгун намешавад. - Дар ҳаёти хонаводагӣ ё мактаби оиладорӣ ба ҷавонон чӣ маслиҳат медиҳед? - Ба ҷавонон маслиҳат медиҳам, ки пеш аз бунёди оила илму дониш ва маърифати оиладориро аз бар кунанд. Дар мактаби оиладорӣ ва зиндагӣ нисбат ба якдигар меҳру муҳаббату эҳтиром варзанд. Барои тарбият дурусти фарзандонашон кӯшиш кунанд ва ҳар чизе ки доранд, дар ин роҳ дареғ надоранд. Чунки аз фарзандони солеҳу оилаҳои солим ҷомеаро саодату пешравӣ насиб мегардад. Сӯҳбаторо Валиҷон БАЁНӢ

Нақши оила дар тарбияи фарзанд

Оила як падидаи таърихӣ ва воҳиди иҷтимоиест, ки дорои хусусиятҳои як гурӯҳ ё як ниҳод аст. Оиларо метавон ҷамъе аз афрод гуфт, ки бо ҳадаф ва манфиати муштарак зери сақфе гирд омада, зиндагӣ мекунанд. Расули Худо (с) фармуданд: “Ҳар кас, ки издивоҷ намуд, нисфи динашро ҳифз кард”. Дар ҷои дигар мефармоянд: “Ҳеҷ биное дар ислом маҳбубтар аз бинои издивоҷ дар наз-

ди Худо нест”. Навхонадорон аввал бояд тарзи ҳаёти солимро донанду аз ташхиси духтурон гузаранд ва баъд оиладор шаванд. Аз фарзанди касалманду маъюбро ба дунё овардану як умр азоб кашидан, пешгирӣ осонтар аст. Паёмбарамон Муҳаммад (с) фармудаанд: “Луқмаи худро пок доред, зеро фарзандони шумо аз асари луқмаи шумоянд”. Яъне, агар луқма нопок бошад, он ба фарзанд сироят мекунад. Оила он вақт солим шуда метавонад, ки сардорони оила аз ҳамаи хулқу атвори бад даст кашида, танҳо бо роҳи ростиву росткорӣ ва бо хислатҳои беҳтарини инсонӣ фарзандони худро тарбият кунанд. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти оила дар таълиму тарбияти фарзанд ва саломатии ҷомеа падару модар намунаи хуб барои фарзанд ҳастанд. Зарур аст, ки падару модар нисбат ба нақши ҳассоси худ дар муваффақияти фарзандон огоҳ бошанд ва бо баррасии ҳамаҷониба роҳҳои расидан ба ин амри муҳимро ёфта, дар масири иҷрои он талошу кӯшиш намоянд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9394), 21 МАЙИ СОЛИ 2015

“Саодати хонавода ду шарти воҷиб дорад: муҳаббат ва одоб, аммо одоб аз муҳаббат лозимтар аст”. (Муҳаммади Ҳиҷозӣ). Яке аз мавзӯъҳои муҳим дар робита ба муваффақиятҳои фарзандон, таваҷҷуҳ ба раванди таҳсили онҳост, ки пирӯзӣ дар ин замина метавонад ибтидои пирӯзиҳои баъдиро фароҳам намояд. Садриддин Айнӣ он касеро хушбахт мешуморад, ки дар хонадони ӯ ҳеҷ кас бе илму бе тарбия набошад. Намунаи беҳтарини тарбия рафтори бомулоҳизаи падару модар аст. Дуруст тарбия кардан нисбат ба аз нав тарбия кардан ба маротиб осонтар аст. Тарбияи фарзандро Низомии Ганҷавӣ аз ба ҳам пайвастани падару модар, яъне, аз рӯзи барпо гардидани оила ва пайдоиши тифл дар батни модар ҳисобида, чунин мегӯяд: Ниҳоле к-аввал аз пайванд каҷ хост, Ки хушку пир гардад кай шавад рост.

Яъне, падару модар тарбияро бояд аз рӯзи аввали ба дунё омадани тифл оғоз намоянд. Мувофиқи гуфтаҳои Саъдӣ инсон гавҳари қобилест, ки дар натиҷаи таълиму тарбия комил мешавад. Бештари низоъҳои оилавӣ боиси бадхӯӣ ва бадрафтории фарзандон мегардад. Падару модарон бояд дар назди фарзандон бо мулоҳиза ва оромӣ муомила намоянд. Агар фарзанди мо дар оила аз мо дурӯғгӯӣ, дағалӣ, беҳурматӣ нисбат ба дигарон ва ба корҳои ношоиста даст заданро омӯзад, чӣ тавр хушбахтии фарзандро дар оянда интизор шавем ё ба тарбияи фарзандамон аҳамият надода, чӣ тавр ба умеди мактабу муассиса шавем. Фарзандони мо тухми мову шумоянд, агар рафтору кирдори мо чи тавре ки бошад, фарзанд ҳамон тавр тарбия мегирад. Бунафша ҚУДРАТОВА, омӯзгори МТМУ №5-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

11


ВАРЗИШ

“Истиқлол” бе бохт пешсаф аст Бозии марказии даври шашуми Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ, 17 май дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода доир гашт, ки “Регар-ТадАЗ” “Хуҷанд”-ро қабул кард. Талоши дастаҳо барои ғолиб омадан бенатиҷа анҷом ёфт. Вохӯрӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Голи якумро Комрон Турсунов, бозингари дастаи мизбон, дар дақиқаи 61 зад. Ба ин гол Аҳтам Ҳамроқулов баъди 11 дақиқа ҷавоб гардонд. Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври шашум. 17-18 май «БАРҚИ ТОҶИК» — КМВА «ПОМИР» — 0:1 Гол: Шамсиддин Қосимов, 11.

Дави миллӣ: Туҳфаи таърихии Президент ба аҳолӣ

«РАВШАН» — «ПАРВОЗ» — 1:0 Гол: Бахтиёр Қаландаров, 44. «РЕГАР-ТАДАЗ» — «ХУҶАНД» — 1:1 Голҳо: Комрон Турсунов, 61 (1:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 72 (1:1).

17 май тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 28 марти соли 2007, таҳти рақами 255 “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ” ва нақшаи чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ Дави миллӣ доир гашт. Аз ҷумла, дар собиқ дидбонгоҳи Чорбоғи шаҳри Душанбе ҳазорон нафар кормандони вазорату кумитаҳо, донишҷӯён, сарбозону аҳолӣ ҷамъ омаданд. Иштирокчиёнро Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири мамлакат, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Ҷамила Лангариева, муовини раиси шаҳри Душанбе, Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии кишвар шодбош гуфтанд. Гуфта шуд, Дави миллӣ, ки ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи май дар ҷумҳурӣ доир мегардад, яке аз чорабиниҳои муҳими ҳафтаи ҷавонон маҳсуб меёбад. Дар он на танҳо ҷавонон, балки калонсолону бонувон низ ширкат карда, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳм мегузоранд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Фармони Президенти ҷумҳуриро “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ” тӯҳфаи таърихии Сарвари давлат ба аҳолӣ баҳри солимии ҷомеа номид. Иштирокчиёни Дави миллӣ марафончиёни ВМКБ-ро ки ҳашт шабонарӯз аз Хоруғ то Душанбе давиданд, вилоятҳои Суғду Хатлон (5 шабонарӯз), минтақаи Рашт (3 шабонарӯз) ва ноҳияҳои тобеи марказ (2 шабонарӯз)-ро пешвоз гирифтанд. Ба онҳо аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва МИҲД дар шаҳри Душанбе сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Дар чорабинӣ 383303 нафар (122066 нафар бонувон), аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 29490 нафар (10558 нафар бону), вилояти Суғд 103534 нафар (34272 нафар бонувон), вилояти Хатлон 137233 нафар (41710 нафар бонувон), шаҳри Душанбе 40000 нафар (12000 нафар бонувон) ва шаҳру ноҳияи тобеи марказ зиёда аз 73046 нафар (23526 нафар бонувон) иштирок намуданд. Тибқи тартиби баргузории чорабинӣ иштирокчиён дар масофаҳои се, панҷ ва 10 км. сабқат карда, ғолибон миёни мардон, занон, иштирокчиёни фаъол, аз ҷумла, иштирокчии ҷавонтарин, калонсолтарин ва собиқадор бо сертификати «Дави миллӣ» ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

12

«ХАЙР» — «ВАХШ» — 2:0 Голҳо: Идибек Ҳабибуллоев, Баҳодур Шарифов, аз пеналтӣ. «ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» — «ИСТИҚЛОЛ» - 0:1. Гол: Хосе Баллестер, 4

ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10

ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Хайр” (Ваҳдат) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) “Хуҷанд” (Хуҷанд) КМВА “Помир” (Душанбе) “Равшан” (Кӯлоб) “Далерон Уротеппа” (Истаравшан) “Вахш” (Қӯрғонтеппа) “Барқи тоҷик” (Душанбе) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров)

Б 6 6 6 6 6 6

Ғ 6 4 3 3 2 2

М 0 1 3 2 1 1

Б 0 1 0 1 3 3

Т-Т 27-2 12-8 11-6 9-5 3-8 7-13

Х 18 13 12 11 7 7

5

1

2

2

6-5

5

6 5 6

1 1 0

2 0 0

3 4 6

2-7 3-11 0-15

5 3 0

Ду медали Ҳафиза дар як мусобиқа Ҳафиза Давлатшоева дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-и ноҳияи Ишкошим таҳсил мекунад. Вай дар баробари хубу аъло хондан ба варзиш низ майлу рағбати зиёд дорад. Чанде пеш Ҳафиза дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Душанбе доир гашт, ширкат варзида, сазовори ду медал шуд. Ҳафиза дар масофаи 1500 метр соҳиби медали тилло ва дар

масофаи 3000 метр бо натиҷаи 12 дақиқаю 4 сония соҳиби медали биринҷӣ гардид. Варзишгари наврас Ҳафиза Давлатшоева, инчунин, соҳиби роҳхат ба мусобиқоти байналмилалӣ гардид.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9394), 21 МАЙИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШ

Сабқати ҷавонон дар Роғун Дар арафаи Рӯзи ҷавонони мамлакат дар варзишгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳраки Обигарми ноҳияи Роғун мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ миёни наврасону ҷавонони соли таваллудашон 19971999 ва 2000-2002 баргузор гардид. Дар он, ки ба ифтихори шастудуюмин солгарди Ҳоҷӣ Ҳайитмурод Нуралиев, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бахшида шуд, 260 варзишгар ширкат карданд. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Одина Ёров, муовини аввали раиси шаҳри Роғун, Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов устодону бародарон, ҳамқисматону наздикони соҳибҷашн баромад карда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Роғун ва аъзои Кумитаи ташкилӣ арзи сипос намуданд. Дар хотима, доварони мусобиқа, таҳти роҳбарии Мирзо Наҷмиддинов, номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони сабқатро ба тариқи зайл муайян намуданд, ки ба онҳою саҳмгузорони мусобиқа Одина Ёрову соҳибҷашн Ҳоҷӣ Ҳайитмурод Нуралиев инъому ифтихорнома супориданд. ҒОЛИБОН МИЁНИ ВАРЗИШГАРОНИ СОЛИ ТАВАЛЛУДАШОН 1997 -1999 Вазни 46 кило 1. Саъдизода Қаҳҳор (Роғун) 2. Мирзо Саъдиев (Душанбе) 3. Акбар Раҳимов (Файзобод) 3. Шамсиддини Султон (Душанбе) Вазни 50 кило 1. Абдулқосим Саидов (Тоҷикобод) 2. Бахтовар Маҳмадзиёев (Роғун) 3. Маҳмадсаиди Карим (Тоҷикобод) 3. Фаридун Ятимов (Файзобод)

Вазни 55 кило 1. Акбари Муродзода (Душанбе) 2. Хуршед Расоев (Душанбе) 3. Қадриддин Бурҳониддинов 3. Билол Саидмуродов (Файзобод) Вазни 60 кило 1. Маҳмадшариф Наҷмиддинов (Файзобод) 2. Некрӯз Аюбов (Файзобод) 3. Ҷамшед Тоҷев (Рашт) 3. Шовбон Солеҳов (Файзобод) Вазни 65 кило 1. Раҷабзода Шаҳром (Файзобод) 2. Тоҷиддин Замонов (Нуробод) 3. Худойбахш Аминов (Файзобод) 3. Ҷаҳоншо Ҳайбуллоев (Роғун) Вазни 70 кило 1. Раҷаб Алифов (Файзобод) 2. Шукруллои Илҳом (Роғун) 3. Қосимҷони Муҳаббат (Роғун) 3. Раҳимзода Шамсиддин (Роғун) Вазни 75 кило 1. Шаҳром Убайдуллоев (Файзобод) 2. Ҷумъахон Сафаров (Файзобод) 3. Шарифи Эмомалӣ (Файзобод) Вазни 80 кило 1. Бачабег Худоёров (Файзобод) 2. Носир Зайниддинов (Ҷомӣ)

Вазни +80 кило 1. Қосимзода Суннатулло (Файзобод) 2. Розиқзода Оятулло (Роғун) ҒОЛИБОН МИЁНИ ВАРЗИШГАРОНИ СОЛИ ТАВАЛЛУДАШОН 2000 – 2002 Вазни 27 кило 1. Рустам Буриев (Душанбе) 2. Муҳаммади Бахтиёр (Файзобод) 3. Шукрихудо Одинаев (Ҷомӣ) 3. Ҷовиди Зафар (Файзобод) Вазни 30 кило 1. Мансур Давлатов (Ҷомӣ) 2. Муҳиддин Асадуллоев (Душанбе) 3. Саъдӣ Маҳмадов (Тоҷикобод) 3. Беҳрӯзи Шерзод (Душанбе) Вазни 34 кило 1. Беҳрӯз Холов (Ҷомӣ) 2. Муҳаммадихтиёри Тоҷикободӣ (Тоҷикобод) 3. Салмон Наҷифов (Тоҷикобод) 3. Анис Тоиров (Файзобод) Вазни 38 кило 1. Рухангези Бахтиёр (Файзобод) 2. Сорбони Мирзо (Файзобод) 3. Муҳаммад Саидов (Душанбе) 3. Саламшоҳи Қаюм (Файзобод) Вазни 42 кило 1. Ҳолиқзода Субҳиддин (Душанбе) 2. Эҷод Саидов (Ҷомӣ) 3. Алишер Ғафуров (Тоҷикобод) 3. Умед Обидов (Рашт) Вазни 46 кило 1. Аъзам Нуриддинов (Файзобод) 2. Шаҳром Шоев (Душанбе) 3. Бахтовар Бобохонов (Душанбе) 3. Саъдуллозода Салим (Душанбе) Вазни 50 кило 1. Сомон Расулов (Файзобод) 2. Шукрулло Солиҳов (Файзобод) 3. Вориси Табарӣ (Ҷомӣ) 3. Ромиши Тағойбек (Файзобод) Вазни 55 кило 1. Шаҳром Рамазонов (Душанбе) 2. Умеди Шерзод (Душанбе) 3. Саъдуллоев (Тоҷикобод) 3. Акбари Собир (Тоҷикобод)

Ду медали дзюдочиён дар Кувайт Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзю-до, ки ҳафтаи гузашта дар Кувайт доир гардид, ду паҳлавони тоҷик соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Комроншоҳи Устопириён дар вазни -90 кило дар давраҳои аввал ҳарифи фаластинӣ ва қазоқашро шикаст дода, дар даври нимниҳоӣ аз паҳлавони ҷопонӣ мағлуб шуд. Ӯ барои ҷои сеюм варзишгари чиниро шикаст дода, сазовори медали биринҷӣ гардид. Паҳлавони дигари кишвар Саидҷалол Саидов дар вазни -100 кило дар даври аввал паҳлавони чиниро мағлуб кард. Сипас, бо Қаҳрамони дзюдои ҷаҳон Максим Раков қувва озмуда, шикаст хурд. Баъдан, бар Маҳҷуби Ҷаводии эронӣ ва Рамзиддин Саидови узбекистонӣ ғолиб омада, сазовори мақоми сеюм гардид.

Мусобиқаи волейбол бахшида ба Рӯзи ҷавонон Дар доираи чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ байни факултаҳои Донишгоҳи давлатии Хоруғ мусобиқаи волейбол доир гашт. Дар мусобиқа, ки 7-16 май баргузор шуд, 16 даста бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Волейболбозони факултаҳои педагогика ва илмҳои табиӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ниҳоӣ ғолибият насиби донишҷӯёни факултаи педагогика шуд.

Вазни +55 кило 1. Ҷаҳонгир Маҷидов (Душанбе) 2. Сафиаллоҳи Дилшод (Тоҷикобод) 3. Хуршеди Маҳмадӣ (Ҷомӣ) 3. Меҳрубон Исматов (Тоҷикобод)

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9394), 21 МАЙИ СОЛИ 2015

13


НАЗМИ ҶАВОНӢ Нуруллоҳ ОРИФ

Ҷавонони аҷам

Риштаи борони испед

Эй ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо, Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо. Муҳаммад ИҚБОЛ Зиндаву ҷовид бошед, эй ҷавонони Аҷам, Хешро эмин бидоред аз ҷиҳод, аз дасти ғам. То Ватан обод бошад, аз шумо миллат ризо Ҷои бори ғам кашед Алломасон* бори қалам. Каҷ набояд пой мондан, каҷ набояд роҳ рафт, Каҷ чи сон инсони соҳибдил ба сайри моҳ рафт. Дар ҷавонӣ хешро дар хештан гум карда, гум Ҳайф агар аз даҳри фонӣ бо дили пуроҳ рафт. Рост по монед, по, ҳам рост бояд гуфт ҳарф, Рӯ натобед аз гулистонҳои сабзи бас шигарф. Ҳар шабу ҳар рӯз морову шуморо, дӯстон, Месазад, ки умри ширинро ба хубӣ кард сарф. Эй ҷавонон, эй ҷавонони Аҷам, мардони кор, Ҷаҳд созед, аз қадамҳотон биёяд гул ба бор. Аз нахустин рӯзи тавлид аст то даври ғуруб Дӯстдори некмардон ҳазрати Парвардгор.

* Муҳаммад Иқбол дар назар аст.

Эй ҷавонон Эй ҷавонон, оқилу ҳушёр бошед, Дар ҳақи Модар-Ватан ғамхор бошед. Некро аз бад ҳамеша фарқ карда, Хушгапу хушлаҳну хушрафтор бошед.

Ин Ватан, бадро набояд парвариш кард, Некро хонад барои хеш фарзанд. Тоҷикистон-мулки озод,эй ҷавонон, Фахр созад аз шукӯҳи ҳар ҷигарбанд.

Наварӯсе тӯри симине ба сар карда, Сунбули мӯяш ба ранги тӯр асар карда, Домани пироҳанаш аз лолаҳо гулгун, Қомати шамшодияш азми самар карда.

Биё, Баҳор мерасад. Садои чаҳ- чаҳи булбул Зи шохсор мерасад Биёву бин, дили ҳазини ман, Ба рӯи раҳгузори ту, чу шаҳсавор мерасад.

Метаровад нози ӯ аз дасту бозӯяш, Аз бари ҳар тори гесӯяш, Аз дубайтии ду абрӯяш, Аз бари рӯяш, Қатра-қатра, Чакра-чакра... Риштаи борони испед Рафта андар сӯзани хуршед. Мекунад ҳар дам чакандӯзӣ Рӯи дашти сабзи наврӯзӣ.

Биё, Баҳор мерасад, Навои беғаши хуршед Зи турнасор мерасад. Биё, фидои ашки ту ҳавои дидаҳои ман, Ки бо баҳори сабзу тар, чу обшор мерасад. Зи дида ашки ғам мабор, Бубин, баҳор мерасад.

Ҳасрат

Мечакад борони найсон, Духтари рустоие ояд маро ёд, Рӯи худро шуста дар сарчашмаи кӯҳӣ, Баъд аз таъбири хоби хеш ҷустан, Чашми ӯ аз чашма обӣ, Рӯи ӯ аз об сероб. Мечакад аз нӯги мижгонаш, Симгуна қатраҳои ноб.

Биё, чу субҳи баҳорӣ, Ки қатра-қатра об Ва зарра -зарра хоки тани ман, Зи боди гесуву аз оташи лабони ту, Сафои сар задани сабзаро таманно кард.

Сафар АМИРХОН

Вафодорӣ

Биё, Баҳор мерасад, Баҳори беқарор мерасад. Биё, ки накҳати гулҳо, Агарчӣ пеши накҳати ту бетароватанд, Зи дашти гулизор мерасад.

Таманно

Офаринат бод,шоҳи кишвари мо, Бо ҷавонон такя дар ҳар кор дорӣ. Аз ҷавонӣ то ба имрӯз, эй накубахт, Байни мардум шуҳрати бисёр дорӣ.

Баҳор мерасад

Мечакад борони найсон, Аз сари мижгони бодом, Аз сари шохи дарахти бед, Қатра-қатра,чакра-чакра, Мечакад борони испед...

Мечакад борони найсон, Аз сари мижгони бодом, Мечакад борони ашки модари ман, Чун гуселам мекунад гирён, Сӯи ҳиҷрон... Қатра-қатра мечакад борон, Аз сари шохи дарахтон.

Ҳеч гоҳ аз ҳарфи сарвар сар напечед, Сар агар печед,бешак хор гардед. Баҳри ҳар рафтори ноҷо рӯз рафта, Ғам,ки хурдед, оқибат бемор гардед.

14

Саъдӣ МИРЗОЕВ

Биё, чу субҳи баҳорӣ, Ки баста- баста гулу сабзаҳои синаи ман, Ба ёди нуқтаи лабҳои муғчагунаи ту, Навои во шудани муғчаро таманно кард.

Маъвогаҳи сабз

Он шухназар ханда ба лаб аз бари ман рафт В-он хандаи мастонаи ӯ дар дили ман монд. Шаҳзодаи афсонасаро рафт зи хотир, Он шарҳаи афсонаи ӯ дар дили ман монд. Бас бодаи субҳе, ки бирехт аз қадаҳи шаб, Бас рӯз бишуд бо ғами дидору висолаш. Бас хотираҳо монд аз он суҳбати дерин, Бас моҳ, ки рафт аз бари абрӯи ҳилолаш. Он шӯхназар бо назари гарми баҳорӣ, Гулғунчаи пажмурдаи ҷон во бинамуда. Дар чашми ман аз новаки чашмаш асаре монд, Дар лавҳи дилам нақши нигаҳ ҷо бинамуда. Он шабнами рӯи гули садбарги саҳар рафт, Дар дидаи ман шабнами ашки саҳарӣ монд, Аз ҳасрати он олиҳаи ҳусни худодод, Дар оинаи тозаи дил акси парӣ монд.

Ба он духтар, ки... Ба он духтар, ки мӯяшро буридаст, Ба оне даҳр ҳамтояш надидаст. Ба оне нур мерезад зи чашмаш, Ба оне шаҳд менӯшам зи хашмаш. Ба оне моҳро андар раҳин аст, Каям аз тири мижгонаш камин аст? Гузар кай метавонам кард, ё раб, Аз он чашму аз он мижгон, аз он лаб.

Навҷавонӣ гарчи аз мо рафт, Дил ҳамон муштоқи рӯи ту. Рӯй орам то дами мурдан, Чун гули вартоҷ сӯи ту.

Аз чашми оташгунае оташ ба ҷонам рехт, рехт, Дар сина растохез шуд, аз дида оташпора рехт. Тирукамони ҳафтранг аз ҳафт ранги офтоб, Бар ҳафт андоми дилам печида, бас истора рехт

Дар гузаргоҳи ту меҷунбад, Чун гули бобуна мижгонам. Меравад бо сӯзу меояд Ҳар нафас ҷони пурармонам.

Ин лаҳза ман, ман нестам, ҷуз порае аз ҷони ӯ, Боди сари гесӯи ӯ, оҳи ман аст бегуфтугӯ. Субҳи баёзи гарданаш як вожаи шеъри сафед, Дар зулматистони шабам, субҳ аст сар то пои ӯ.

Гарчи ҳоло хонаободӣ, Кардаӣ осон фаромӯшам. “То дами мурдан вафодорам”, Гуфтани ту ҳаст дар гӯшам.

Эй аз фалакҳо омада чун барқи сӯзон, як рамақ, Во кун гиреҳи синаро бо нохуни сурхи шафақ. Аз хору хас ошуфтаам, афтодае олуфтаам, Сӯзон хасу хошоки ғам бо гулхани сурхи шафақ.

Деҳаро ҳар гаҳ, ки ёд орам, Мерасад аз ошиқӣ ёде. Чун дили мо чашма меҷӯшад То кунун бо оҳу фарёде.

Ин нимашаб гаҳвораи барг аст ҷои хоби ту, Гаҳвораи себаргаи сабз аст ҷои хоби ту, Гаҳвораҷунбони туям дар шохсори сабзи бед, Момои маҳ хобат кунад бо лойлойи сап-сафед.

Бо ду чашми шӯълаборат буд Олами нуру зиё аз ман. Гар кунам ношукрие аз ту, Рӯ бигардонад Худо аз ман.

Наврӯзи ман ин нимашаб, ҷуз хоби ороми ту нест, Наврӯзи ман ин нимашаб, ҷуз тарҳи андоми ту нест. Ман як тани матраҳшуда аз олами кавну макон, Маъвогаҳи сабзи дилам, ҷуз чашми бодоми ту нест.

Қадаш сад соя бар ҷонам дамида, Қади сарв аст гӯӣ, наврасида. Зи ҳар мӯе, ки мечинад зи абрӯ, Ба чинии дили ман мефитад мӯ. Зи ғабғабгоҳи ӯ то пушти нохун, Таровад нози ширинаш ба афсун. Дами чоки гиребонаш дами ҷон, Ки субҳи сода аст аз ӯ намоён. Сифоташ гар нависам рӯи қоғаз, Бибояд қоғазе болои сад газ. Сари тафсири дарди ишқ ин аст, Ба қавли ишқбозон инчунин аст: Сари Саъдӣ агар дар осмон аст, Дилаш дар пои ин сарви равон аст!1 1. Назар ба байти Шайх Саъдӣ: Сари Саъдӣ чу хоҳад рафтан аз даст, Ҳамон беҳтар, ки дар пои ту бошад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9394), 21 МАЙИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ АҚЛ -

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9394), 21 МАЙИ СОЛИ 2015

15


АКСИ РӮЗ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Мураббӣ: - Хароб шудан мехоҳӣ? - Бале. - Барсик, фассссс...

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

***

САРМУҲАРРИР

Аз суҳбати ду мураббӣ. Аввалӣ: - Чӣ тавр муваффақ шудӣ, ки дастаат ҳамагӣ дар шаш моҳ дар давидан ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд? - Ман ёвари хуб ёфтам... - Ягон мураббии маъруф аст? - Не, сагам...

Самариддин АСОЕВ

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралӣ САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

***

Толибшоҳи ДАВЛАТ

Бадтар аз бокси ду зан, танҳо гимнастикаи бадеии мардон буда метавонад.

Сайфиддин СУННАТӢ

Медонед барои чӣ занҳо кам футболбоз мешаванд? Барои онки 11 зан дар як вақт либоси якхела пушида наметавонанд...

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

***

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

***

Маҳмудҷон УСМОНОВ

Дар мусобиқаи ҷаҳонии “Рақобатҳои бидуни қоида” пирӯзӣ насиби снайпер шуд...

(муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),

Наврӯз ҚУРБОНОВ (хабарнигор, Душанбе),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),

ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА

(муовинони котиби масъул)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 9224 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

16

14-18 майи соли равон дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия Олимпиадаи лоиҳавӣ-илмӣ дар равияи технологияи иттилоотӣ - “Infomatrix-2015” баргузор гардид. Дар он 700 хонанда аз 51 давлати ҷаҳон бо 353 лоиҳа ширкат варзиданд. Хонандагони ҷумҳурии мо сазовори 10 медал шуданд. Искандар Давлатов ва Сироҷиддин Валиев аз Литсей интернати муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳри Қӯрғонтеппа сазовори медали тилло, Иброҳим Ниёзов ва Муҳаммад Маҳмудов аз Мактаби байналмилалии Душанбе сазовори медали нуқра, Иброҳимҷон Солиев, Баҳром Саидов, аз Мактаби байналмилалӣ, Саиднуриддин Салимов, Шоҳрух Ҷалолов аз ЛИМТТ шаҳри Кӯлоб, Мавлон Асоев, Муҳаммадҷони Насриддин аз ЛИМТТ шаҳри Турсунзода сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Садоқат

Темурро соли 1985 аз шаҳраки Роғун ба хизмати ҳарбӣ даъват карда, барои иҷрои қарзи Ватан ба Афғонистон сафарбар намуданд. Азбаски курси ронандагиро хонда буд, ба ӯ идора кардани мошини ширкаширо вобаста карданд. Акнун ҷавонмарди тоҷик ҳар рӯз аз шаҳри Қундуз ба ошхонаи қисми ҳарбӣ, ки дар соҳили дарёчаи шӯх қарор дошт, шир мекашонд. Аввалҳои баҳор мафтуни тамошои манзараҳои дилфиреби атроф гардида, Темур мошинро босуръат ба пеш меронд. Боре дар назди чинори бузурги якка мори бузугҷуссаи афъиро дид, ки рост шуда, сари роҳашро гирифтааст. Ронанда қарор дод, ки суръати мошинро паст накарда, хазандаро зада пачақ намояд. Чун ба мор наздик шуд, дар чашмонаш ифодаи маъюсиро дида, мошинро нигоҳ дошт. Аз кабина фуромада, ба мор бо ҷаҳл муроҷиат кард: - Чаро дар сари роҳ истодаӣ ва аз ман чӣ мехоҳӣ? Хазанда бо ишораи сар чинорро нишон дода, худро ба замин гирифта, ба сӯи дарахт хазид ва ҳар дам ронандаро барои аз қафои худ рафтан даъват менамуд. Темур дар зери баргу хасу хошоки таги дарахт беш аз 20 морбачаро дида, донист, ки онҳо гуруснаанд ва модар бӯйи ширро фаҳмида, сари роҳашро гирифтааст. Тоскулоҳро аз шир пур карда, назди морбачаҳо гузошт. Хазандачаҳо дар як дам худро ба даруни тоскулоҳ гирифта, ба хӯрдани шир сар карданд. Акнун ҳар рӯз Темур ба морбачаҳо бо косаи калони

АНДАРЗ

алюминӣ, ки аз ошхона гирифта буд, шир медод. Аз байн се моҳ гузашт. Баҳор гузашту тобистон даромад. Морбачаҳо ба морҳои калон мубаддал гардида бошанд ҳам, ҳар рӯз омадани наҷотбахшро бо бетоқатӣ интизорӣ мекашиданд. Як рӯз Темур дар зери чинор дӯстонашро надид. Морон ба куҷое ғайб зада буданд. Ӯ ҳайрон гирду атрофи дарахтро чарх зада, ба худ савол медод: мору бачагонаш куҷо рафта бошанд? Ҳамхизматонаш, пас аз он ки Темур ширро дар ошхона супурд, ба ҷону ҳолаш намонда, барои оббозӣ ба дарёча даъваташ карданд. Темур бо дили нохоҳам таклифи аскарбачаҳоро қабул карда, ҳанӯз фикраш ба дӯстонаш банд буд. Ҳамин ки аскарбачаҳо ба ҷойи оббозӣ наздик шуданд, бо доду фарёд ва хаёҳуи ҷавонӣ ба сӯи наҳри тезҷараён давиданд. Темур аз ҳама охир медавид. Ҳангоми тохт хишир-хишири қамишзори бари роҳро шунида, бо

ҳисси кунҷковӣ хост бифаҳмад, ки даруни қамишзор чист. Ҳамин ки бо дастонаш қамишҳоро як тараф кард, ҳамон мори афъии бузургҷуссаро дид. Хазанда бо як чолокии ҳайратовар ба бадани Темур часпида, ӯро сахт ба фишор гирифт. Аз зӯрии дард ҷавон беҳуш шуда, ба замин афтид. Пас аз фурсате Темур чашм кушод. Мор бари сараш ҳалқа зада, бо чашмони пурмеҳр ба ӯ менигарист. Пас аз он ки ҷавон ба худ омад, мор бо ишораи сар ӯро сӯи дарёча даъват намуд. Ба соҳили наҳр расида, дар пеши чашмони Темур манзараи мудҳише намоён гашт. Муҷоҳидон ҳамаи ҳашт нафар рафиқонашро сар бурида буданд. Мор аз нияти бади муҷоҳидон бохабар шуда, пеши фалокатро гирифта будааст. Дили Темур аз садоқати мор саршор гардид ва хам шуда, хазандаро аз замин бардошта, барои изҳори миннатдорӣ аз сару рӯяш бӯсид. Дар навбати худ мор низ бо ҳаракатҳои печони худ мефаҳмонд, ки ӯ некии ҷавонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард ва лаҳзае пас бо ӯ хайрбод намуда, ба даруни қамишзор рафт. Зариф ҒУЛОМ

***

Аз суҳбати ду нафар: - Бокс беҳтарин намуди варзиш аст. Аз рӯи он ман пули хеле зиёд кор мекунам! - Ба фикрам Шумо боксчии маъруф ҳастед-а? - Худо нишон надиҳад, ман дандонпизишкам!

***

Аз суҳбати ду зан: - Давидани ҳу, ана он варзишгар, ки дар гарданаш шарфи сурх аст, бештар ба ман писанд омад... - Вай шарф нест, забон аст, забон!

***

Муштзан ба мураббӣ: - Аз утоқи либосивазкунӣ то ринг масофа зиёд аст? - Ғам нахур, кафолат нест, ки аз он тараф заҳмат кашида, бо пойҳои худат то инҷо биёӣ...

***

Аз суҳбати ду мухлиси футбол. Аввалӣ: - Дар Ҷоми ҷаҳон ба тарафдории кадом даста мухлисӣ мекунӣ? - Дастаи яккачини худамон, албатта! - Баъд?

***

Аз суҳбати ду рафиқ: - Чаро одамон ин қадар тамошои бозии футболро дӯст медоранд? - Барои он ки футбол чизест, ки миллионҳо камбағал имкон доранд ба ҳоли 22 миллионер биханданд...

ҲАМДАРДӢ Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз марги собиқ корманди рӯзнома МУҲАЙЁ ҒУЛОМОВА андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд. Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба собиқ корманди рӯзнома Муҳаммадҷон Мирзошоев нисбат ба даргузашти БАРОДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва хешу табораш сабри ҷамил мехоҳанд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9394), 21 МАЙИ СОЛИ 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.