Эътимод ба ҷавонон эътимод ба ояндаи дурахшон аст
Миёни духтарони ҷудокори тоҷик рақобат нест
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №20 (9446), 19 майи соли 2016
1
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!
22 МАЙИ СОЛИ 2016 - РӮЗИ РАЪЙПУРСИИ УМУМИХАЛҚӢ ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№20 (9446), 19 майи соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
ВАРЗИШ
е-mail: javonontj@mail.ru
СУҲБАТИ “ҶАВОНОН...“
2
АХБОРИ ҲАФТА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №20 (9446), 19 майи соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
Рӯзи ҷавонон муборак!
Имзои шаш санади ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт
www.javonon.tj
15-17 майи соли равон Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ дар Давлати Кувайт қарор дошт. Сарвари давлат нахуст бо Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт Марзуқ ал-Ғоним мулоқот кард. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои мунисибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Кувайт мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар мулоқот бо муовини аввали Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад асСабоҳ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки робитаҳои сиёсӣ байни ду давлат дар айни замон нек ва судманд ба роҳ монда шуда, Тоҷикистону Кувайт дар доираи сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи узвият дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Ҷомеаи Давлатҳои Араб ва Муколамаи ҳамкории Осиё муносибатҳои сатҳи баланд доранд. Ҷонибҳо ҳамзамон оид ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, амнияту суботи минтақавӣ, хусусан ҳаллу фасли ҳамаҷонибаи қазияи Афғонистон, эҳёи сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи иқтисодию иҷтимоӣ дар ин кишвари минтақа табодули афкор намуданд. Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Кувайт нимаи дуюми рӯзи 15 май дар толори бузурги Девони Амир баргузор гардид. Зимни вохӯрии самимию дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад алҶобир ас-Сабоҳ ва Валиаҳд Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ маҷмӯи васеи масоили густариши муносибатҳои ду кишвар баррасӣ гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор дошт, ки: “Мақсад аз кӯшишҳои мо дар самти тақвияти минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, пеш аз ҳама, гузаштан ба марҳилаи
нави муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт мебошад”. Таъкид карда шуд, ки табодули мунтазами боздидҳо ва тамосҳои доимӣ дар сатҳи олию баланд омили муҳими тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Кувайт мебошанд. Баргузории машваратҳои сиёсии доимӣ василаи дигари рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт арзёбӣ гардид ва пешниҳод шуд, ки ин иқдом дар оянда низ дастгирӣ ёфта, ҳамасола баргузор шаванд. Дар музокирот ҳамчунин доир ба рушду тавсеаи ҳамкории созанда дар соҳаҳои афзалиятнок, хусусан таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, нақлиёт ва инфрасохтор мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тавсеаи минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои варзишу ҷавонон ва туризм, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар бахшҳои афзалиятдоштаи соҳаи иҷтимоии ду кишвар омили муҳими таҳкими заминаҳои иҷтимоии дӯстии безаволу бародарии байни мардумони Тоҷикистон ва Кувайт арзёбӣ гардид. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти хосаи сарони давлатҳо ва ҳайатҳои васеи ҳар ду кишвар дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад алҶобир ас-Сабоҳ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ шаш санад ба имзо расид: - Протокол дар бораи доир намудани машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати
Кувайт; - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ; - Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт; - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба алоқаи ҳавоӣ; - Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ; - Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисодиёти араб. Ёдовар мешавем, ки то имрӯз заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Давлати Кувайтро 11 созишномаи ҳамкорӣ ташкил менамуд ва акнун он ба 17 адад расид. Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо собиқ Сарвазири ин давлат шайх Носир Муҳаммад ас-Сабоҳ, Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ, бо вазири Девони Амири Давлати Кувайт шайх Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ, бо роҳбарони ширкатҳои бонуфуз ва муассисаҳои молиявии Давлати Кувайт мулоқот кард. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Кувайт бо устодону донишҷӯён суҳбати самимӣ ва хотирмон доир карда, ҷилди чоруми китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” бо забони арабӣ муаррифӣ карда шуд.
Ҷавонони арҷманд! Созандагони Ватан! Шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки мо ҳар сол онро дар фазои сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан ҷашн мегирем ва он имсол ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ рост омадааст, самимона табрик менамоям. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки бурду бохтамонро дар ин давра таҳлил карда, ба оянда бо нерӯи бештар баҳри созандагӣ қадам ниҳем. Ҳамчунин, 22 май, дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи ҷавонон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар баргузор мегардад. Дар воқеъ, тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба ҳаёти ҷавонони мо бештар алоқаманд аст. Умедворам шумо ҷавонони бонангу номуси кишвар чун ҳар вақти дигар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки ба давраи нави рушди Тоҷикистони азиз асос мегузорад, фаъолона иштирок менамоед. Воқеан, ҷавонони ҳамсоли истиқлол имрӯз мактабҳои олиро хатм кардаву дар соҳаҳои гуногун ба фаъолият пардохтаанд. Онҳо, ки диду нигоҳи муосир доранд, дар зудтар ташаккул ёфтани давлат ва эъмори ҷомеаи демократӣ саҳм хоҳанд гузошт. Қисмати асосии аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равона гардида буд. Зеро ҷавонон бо қувва ва нерӯи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд. Мо ва шумо - ҷавонони саодатманди кишвар имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ бо дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳои калон ширкати фаъолона варзида, барои баланд бардоштани ному мақоми кишвари соҳибистиқлоламон собитона қадам мезанем. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро барои насли ояндасозу ватанпараст ҷиҳати зиндагиву фаъолияти шоиста муҳайё сохтаанд. Таъсиси стипендияи Президент барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, квотаи Президент барои таҳсили духтарону ҷавонони ноҳияҳои дурдаст дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таҳсили ҷавонон дар мактабҳои олии хориҷи кишвар аз ҳисоби Фонди Президенти ҷумҳурӣ, ҷоизаи Президенти кишвар ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва ба ин монанд номгӯи таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри фаъоли ҷомеаро метавон номбар кард. Воқеан имсол, инчунин, дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразил Бозиҳои тобистонаи олимпӣ доир мегардад. Мо аз ҷавонони варзишгари худ барои ба даст овардани медалҳои олимпӣ умед дорем. Имсол низ бо мақсади дар фазои сулҳу дӯстӣ ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани иди ҷавонон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои “20 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон!” ба тасвиб расид, ки дар доираи он садҳо чорабинии фарҳангию фароғатӣ ва маърифатию варзишӣ доир шуда истодаанд. Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик ва таҳният намуда, дар симои Шумо ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон сарбаландӣ, тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва сулҳу оромии ҳамешагӣ таманно дорам. Ҳамеша муваффақ бошед! Бо эҳтиром Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №20 (9446), 19 майи соли 2016
3 е-mail: javonontj@mail.ru
“Хайр” ба ҷои дуюм баромад Даври шашуми чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои истироҳат баргузор шуданд. “Истиқлол” ин навбат низ ғолиб омад. Дар ҷои дуюм бошад дастаи “Хайр”-и Ваҳдат қарор гирифт. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ тими “Вахш”-и Қурғонтеппаро қабул карда бо ҳисоби 6:3 ғолиб шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 33 Дилшод Восиев кушод. Баъд аз 2 дақиқа Манучеҳр Ҷалилов ҳисобро афзуд. Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи 43 голи сеюмро вориди дарвозаи дастаи “Вахш” кард. Манучеҳр Ҷалилов голи дуюуми худ ва чоруми дастаашро дар дақиқаи 49 зад. Футболбозони “Вахш” аз пеналтӣ аввалин голашонро заданд. Ин амалро Нуъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 67 иҷро кард. Аҳтам Назаров, бозингари “Истиқлол” дар дақиқаи 71 голи панҷуми дастаашро зад. Умедҷон Шарифов, бозингари меҳмонон дар дақиқаи 77 голи дуюмро вориди дарвозаи дастаи мизбон кард. Голи шашуми “Истиқлол”-ро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 80 зад. Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаҳои иловагӣ ҳисобро ба 6:3 расонд. Бозӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Ҳосилот”-и Фархор дар Варзишгоҳи “Металлург” мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт. Ба голҳои задаи бозингарони дастаи мизбон Ромиш Ҷалилов (дақиқаи 36) ва Комрон Турсунов (77, аз пеналтӣ) футболбозони тими меҳмон Ҳасан Рустамов (45+1) ва Мусо Содиқ (85) бо гол ҷавоб доданд. “Хуҷанд” дар майдони худ аз дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:5 шикаст хурд. Аввалин голро Эраҷ Раҷабов, бозингари меҳмон дар дақиқаи 29 ба дарвозаи дастааш зад. 5 голи “Хайр”-ро легионерҳо вориди дарвозаи ҳариф карданд. Агблей Ҷонес, Миссиам Иносент дуголӣ, Менсаҳ Даниел Абан як гол заданд. Баъд аз ин бозӣ “Хайр” бо 11 хол ба ҷои дуюми ҷадвали мусобиқа баромад. Тими дигари вилояти Суғд – “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дар майдони худ аз дастаи “Барқчӣ”-и Душанбе бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт. Бозингари меҳмон Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 41 ҳисобро кушод. Баъд аз танаффус, дар дақиқаи 55 Руслан Таваккалов ҳисобро баробар кард. Голи ғолибиятро Отабек Каримов дар дақиқаи 83 зад. Дар бозии охирини давр КМВА “Помир” дар Душанбе бар дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Андох Наполеон дар дақиқаи 4 ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 18 ҳамдастааш Комрони Мирзохон ба дарвозаи дастааш гол зад. Ду голи дигарро Парвиз Қашқаров (21) ва Шодибек Ғаффоров (36) вориди дарвозаи рақиб карданд.
ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Хайр” (Ваҳдат) “Ҳосилот” (Фархор) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) КМВА “Помир” (Душанбе) “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Вахш” (Қурғонтеппа) “Барқчӣ” (Душанбе) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) “Равшан” (Кӯлоб)
Б 6 6 6 6 6 6 6 6 6 6
Ғ 6 3 3 3 3 3 2 2 1 0
М 0 2 2 1 1 0 1 1 0 0
Б 0 1 1 2 2 3 3 3 5 6
Т-Т 26-9 12-4 10-7 10-7 6-4 6-11 10-12 8-10 4-11 3-20
Х 18 11 11 10 10 9 7 7 3 0
Бозгашти варзишгарони кишвар бо 12 медал аз Узбекистон Варзишгарони кишвар дар мусобиқаи XII байналмилалии “Ҷоми кушоди Осиё” оид ба ҷудо байни ҷавонону наврасон ба хотираи Устоди варзиш Учқун Муродов, ки 12-15 май дар шаҳри Чирчиқи Узбекистон баргузор шуд, 12 медал (3 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварданд. гаштанд. Раҳматуллобек Фарҳодов (-73) ва Ёқубҷон Назиров (-81) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Инчунин дар сабқати духтарон Шабнам Раҳимова дар вазни -48 кило медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ҳисоби даставӣ дар сабқати ҷавонон Узбекистон бо 13 медали тилло, 11 нуқра ва 16 биринҷӣ ғолиб шуд. Русия (1-1-1) ҷои дуюм ва Қазоқистон (1-0-0) мақоми сеюмро сазовор шуданд. Дастаи Тоҷикистон (0-3-3) дар ҷойи чорум қарор гирифт. Дар сабқати наврасон варзишгарони кишвар соҳиби се медали тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ гардиданд. Медалҳои тиллоро Ҷаҳонгири Шамолӣ (-73),
13-15 май дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи ҷавонон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ 10умин спартакиадаи коллеҷҳои тиббии кишвар баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир шуд қайд гардид, ки спартакиадаи мазкур бо мақсади мустаҳкам гардондани дӯстиву рафоқат байни ҷавонони манотиқи гуногуни кишвар ва солимии онҳо доир мегардад. Машғул гаштан ба варзиш насли ҷавонро аз зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъамандӣ, амалҳои номатлуб, шомил гардидан ба гурӯҳҳои экстремистиву ифротгаро эмин нигоҳ медорад. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, зимни суханронӣ ҳозиринро ба ҷашнҳои дарпешистода муборакбод намуда иброз дошт, ки варзиш гарави саломатӣ буда, варзишгарон муаррифгари давлатанд, ки дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Раиси кумита як қатор роҳбарон ва мураббиёни коллеҷҳои тиббиро барои саҳм гузоштанашон дар тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ намуд. Дар спартакиада 495 нафар донишҷӯи 22 коллеҷ аз рӯи 4 намуди варзиш - волейбол (писарон, духтарон), баскетбол (писарон, духтарон), тенниси рӯйи миз (писарон, духтарон) ва футболи хурд (писарон) се рӯз байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. 15 май ғолибони спартакиада муайян гардида, бо ҷому медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Натиҷаи 10-умин Спартакиадаи донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии Тоҷикистон: Футболи хурд (писарон): 2. Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 1. Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб 3. Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб 2. Коллеҷи тиббии ғайридавлатии ноҳияи Рӯдакӣ Баскетбол (писарон): 3. Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 1. Коллеҷи тиббии шаҳри Қурғонтеппа Тенниси рӯйи миз (писарон): 2. Коллеҷи тиббии ғайридавлатии 1. Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ноҳияи Вахш 2. Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 3. Коллеҷи тиббии ғайридавлатии 3. Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ноҳияи Рӯдакӣ Тенниси рӯйи миз (духтарон): 1. Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд 2. Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат 3. Коллеҷи тиббии Қурғонтеппа Волейбол (писарон): 1. Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд 2. Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб 3. Коллеҷи тиббии ғайридавлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Волейбол (духтарон): 1. Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд
Баскетбол (духтарон): 1. Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд 2. Коллеҷи тиббии шаҳри Қурғонтеппа 3. Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Дар ҳисоби даставӣ: 1. Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд 2. Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 3. Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
ШАБНАМ РАҲИМОВА
Ҷаҳонгир Маҷидов (-81) ва Шоҳида Қаландарова дар сабқати духтарон (-57) ба даст оварданд. Ёқубҷон Назиров (-81 кг) медали нуқра, Улуғбек Раҳимов (-81 кг) ва Шарифҷон Назриев (-90 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Дар сабқати наврасон низ Узбекистон (12-10-15) мақоми аввалро ишғол кард. Тоҷикистон (3-1-2) дар ҷои дуюм, Қазоқистон (0-2-1) дар ҷои сеюм қарор гирифтанд.
Мусобиқаи шоҳмот дар ҷумҳурӣ 14 майи соли равон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи нақшаи чорабниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Боғи «Ирам»-и пойтахт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот баргузор шуд. - Мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур рушди намуди шоҳмот, сайқал додани мафкураи зеҳнӣ ва интелектуалии наврасону ҷавонон, ҳамзамон пешгирии корҳои номатлуб, аз қабили авбошӣ, ғоратгарӣ, ифротгароӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонон мебошад, - иброз дошт Назарзода Ризо, мувоини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ. Мусобиқаи мазкур дар 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор гардида, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
www.javonon.tj
Дар ин мусобиқа наздики 200 варзишгар аз панҷ кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзида, дар 8 вазн ҳам байни писарон ва ҳам миёни духтарон қувваозмоӣ карданд. Ширкаткунандагони ин мусобиқаи анъанавӣ инчунин барои имтиёзҳои олимпӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасони соли 2018 мубориза бурданд. Дар сабқати ҷавонону духтарон гӯштигирони тоҷик 3 медали нуқра ва се медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳоҷимашраб Раҳмонов (вазни -90 кило), Темур Раҳимов (-100) ва Хуршед Маҷидов (+100) бо медалҳои нуқра сарфароз
Коллеҷи тиббии Хуҷанд – ғолиби Спартакиада
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
4
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №20 (9446), 19 майи соли 2016
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду ташаккули ҷавонон - ҳамчун сарвати миллӣ, нерӯи тавонои созанда ва як рукни инкишофи ояндаи кишвар хеле бузург аст. Хушбахтона ташаккули фитрӣ ва ақлонӣ, маънавиёти солим, бахусус бедории истеъдоди фитриву қобилияти донишандӯзӣ, худшиносиву худогоҳӣ, бедордилӣ ва маърифати созандаи ҷавонон имрӯз зиёдтар нисбат ба дирӯз аст. Баррасии танҳо таваҷҷуҳи 10 соли охири Сарвари давлатро дар рушду ташаккули маънавӣ ва маишии ҷавонон мисол овардан далели муътамади андешаҳои фавқ аст. Аз мулоқоте, ки Пешвои миллат бо ҷавонони кишвар 21 майи соли 2005 доштанд, зиёда аз 10 сол сипарӣ шуд. Дар заминаи ин мулоқот ва пешниҳоду тавсияҳои дар он баёнгардида баҳри рушду ташаккули ҷавонон тадбирҳои муайяну мушаххасе ба нақша гирифта шуда, зина ба зина амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи ҷавонон, ҷалби онҳо ба маҳфилҳои илмиву озмунҳои фаннӣ, дастгирӣ ёфтани соҳибистеъдодҳо, навҷӯиву навоварӣ, ихтироъкориву кашшофӣ, интихоби роҳи дуруст ва касбу ҳунар, ташаккули нерӯи зеҳнии дорои ҷанбаи эҷодӣ, илмӣ ва навҷӯӣ дошта, муҳайё сохтани фазои мусоиди иҷтимоӣ ва амсоли инҳо тадбирҳое мебошанд, ки дар ин давра ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати амалӣ шудани онҳо тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Маҳз дар ин мулоқот Сарвари давлат иброз дошта буданд, ки «Давлат мавқеи муҳими ҷамъиятии ҷавонони лаёқатмандро ба инобат гирифта, барои рушди ҳамаҷониба, ташаккули истеъдод ва нерӯи эҷодии онҳо фароҳам овардани шароити мусоидро зарур мешуморад». Дар ин муддат дар тамоми мулоқоту вохӯрӣ ва машварату суханрониҳояшон
23 МАЙ - РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ҷавонон Сарвари давлат пайваста ба тарбияи ҷавонон, ки падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, равонӣ, педагогӣ ва сиёсӣ буда, барои танзими ҳаёти ҷавонон ва пешрафти ҷомеа хизмат менамояд, таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Пешвои миллат ба рушду ташаккули тафаккури маънавӣ, ба мазмуни тарбияи миллӣ ва унсурҳои таркибии он, ба бархӯрдории ҷавонон аз воситаҳои муосири илму техникаи муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ, баҳрабардорӣ аз бартариҳои низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ, ҷалби онҳо ба марказҳои инноватсионӣ, маҳфилҳои илмии мубоҳисавӣ, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ, навҷӯиву навоварӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эътимод ба арзишҳои миллӣ тарбия ёфтани ҷавонон диққати махсус додаанд. Бо назардошти он ки тарбия, махсусан унсурҳои таркибии он аз рӯи мақсаду вазифа ва мазмуну мундариҷа нисбат ба таълим муқаддамтару муҳим аст, дар навбати аввал «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун санади раҳнамо қабул карда шуд, ки ҳадаф, вазифа ва мазмуну мундариҷаи он тарбияи ҷавонони хушахлоқу солимфикр, худогоҳу бедор-
дил ва ватандӯсту масъулиятшинос аст. Воқеан ҳам таваҷҷуҳ ба рушди ҷавонон, махсусан дар ин давра хушоянд аст. Дар заминаи ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Аз ҷумла, андозаи стипендияи Президенти мамлакат барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чор маротиба зиёд карда шуда, теъдодаш ба 300 адад расонида шуд. Ҷиҳати таъмини ноҳияҳо ва деҳоти дурдасти кишвар бо мутахассисон, теъдоди ҷавондухтарону ҷавонписарони тибқи квотаи Президент дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ таҳсилкунанда 100 дарсад зиёд шуда, вобаста ба эҳтиёҷоти баъзе аз минтақаҳои дурдасти кишварамон ба мутахассисони даркорӣ солҳои минбаъда он ҳатто то ба 300-400 дарсад расонида шуд. Барои таъмини донишҷӯёни эҳтиёҷманд бо хобгоҳ, шароити мусоиди таълим ва барои аспирантон хобгоҳҳои ҷавобгӯи замон омода карда шуд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо марказҳои ҷавонон ва дар назди шуъбаву раёсатҳои маориф марказҳои эҷодии кӯдакон, ки ба тарбияи беруназмактабии хонандагон машғуланд, таъсис ёфта, бо таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд. Дар
назди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ китобхонаҳои электронӣ, марказҳои омӯзиши фанҳои алоҳидаи таълимӣ, марказҳои компютерии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири замонавии ба шабакаҳои интернет пайваст, марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, марказҳои инноватсионӣ ва марказҳои варзишӣ таъсис дода шуда, ба онҳо ҷавонон ҷалб гардидаанд. Ҷиҳати дастгирии ҷавонони лаёқатманд, ки аз ҷониби маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ фиристода мешаванд, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Дурахшандагон» тавассути Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд. Муассисаи мазкур ҳар сол ҷавононро вобаста ба эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ барои соҳибихтисос гардидан ва ё коромӯзиву такмили ихтисос ба муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар мефиристад. Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби ин ниҳод ва дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатӣ айни замон зиёда аз 12 ҳазор нафар ҷавони кишвар дар доираи созишномаву тафоҳумномаҳо дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар аз ҳисоби
давлат таҳсил доранд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷавон таҳсил мекунанд. Барои таъмини шаффофияти қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ”-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд аз оилаҳои камбизоат ва дастгирии онҳо як қатор имтиёзҳо пешбинӣ карда шуданд. Қабули Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ ба ҷавонон имконияти дастрасии хизматҳои давлатиро мувофиқи меъёри «ҳар замон аз ҳар макон» ва таҳкими ҳамкории байни ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро фароҳам овард. Барои омӯзгорони ҷавон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор имтиёзҳо қабул карда шуд, ки иловапулӣ ба маоши онҳо, гирифтани қарзҳои имтиёзнок, бенавбат ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтани манзили истиқоматӣ аз ҷониби ҷамоату мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастгирӣ ёфтани онҳо мебошад. Дар 10 соли охир чорабиниҳои зиёди ташвиқотию таблиғотӣ бо мақсади таблиғи андешаи
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №20 (9446), 19 майи соли 2016
Гулбаҳор РАҲМОНОВА
Ба ҷавонон бовар доред? Фазлиддин ХОҶАЕВ, сармуҳаррири нашрияи “Фараж”: - Бале, ба қувваи ҷавонон бовар дорам. Мо ҳам як вақт ҷавон будем ва ба калонсолон бо умед таваҷҷуҳ мекардем, ки дар ҳама ҷо, ҳама вақт дар бораи мо нуқтаи назарашонро баён доранд. Фикр мекунам, имрӯза ҷавонон ҳам ба мо ва ба насли аз мо ҳам бузургтар бо чунин умед менигаранд. Яъне, агар ба ояндаи худ, ба ҷавонон сидқан бовар дошта бошему худро нодаркор нашуморанд, ба боварии мо сазовор мешаванд.
Бахтиёр ҚУТБИДДИНОВ, муаллими ДМТ: - Албатта, ба ҷавонон бовар дорам. Зеро ҳар халқу миллате, ки умеди тараққиёту пешрафтро дорад, алабатта, ба ҷавонон такя мекунад. Зеро ҷавонон ҳамчун нерӯи бузург барои пешравӣ ва тараққиёти ҳар халқу миллат дар ҳар давру замон нақши бориз доранд. Ин моро бо он водор месозад, ки ҷавононро дар рӯҳияи маънавию ахлоқӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ ва арзишҳои волои миллӣ тарбия намоем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шуд, ки масъулияти на ин ки волидайн, балки ҷомеаро ба рушду ташаккулу тарбияи ҷавонон зиёд намуд. Бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҷалби маблағҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, сармоягузорон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аксари мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар бозсозӣ ва ё таъмир карда шуда, мактабҳои нав сохта, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардиданд. Дар масъалаи таъмини таҳсили ҷавонон бо ихтисосҳои муосир, ки аксар дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар тайёр карда мешуданд, филиалҳои як қатор муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии хориҷи кишвар, махсусан Федератсияи Русия, аз қабили филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов, филиали Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав, филиали Донишкадаи энергетикии Донишгоҳи политехникии Москав ва амсоли инҳо таъсис дода шуд. Ин амал имкон фароҳам овард, то аз ҳисоби ҷавонони кишвар мутахассисони ҷавобгӯи бозори меҳнат омода карда шаванд. Раванди таълиму тарбия дар соҳаи маориф
Ёрмаҳмад РАҲМОНОВ, сокини ноҳияи Файзобод: - Албатта, ҷавонон қувваи бузурганд. Бисёр нафарон дар он андешаанд, ки ҷавонон имрӯзҳо ба гурӯҳҳои ифротиву ситезаҷӯй шомиланд, чӣ тавр метавон ба онҳо бовар кард? Аммо боре андешед, ки ҳар ҷавоне, ба ин гуна гурӯҳҳо шомил мегарданд, фарзандони киҳоянд? Албатта, фарзандони мову шумо ҳастанд. Ҳар ҷавоне, ки имрӯз ба гурӯҳҳои манфиатхоҳ дохил мешавад айби мост, ки онҳоро дар руҳияи гумроҳию камсаводӣ тарбия кардаем. Ин барои ҳар миллат мояи бадбахтист.
ба низоми муайян даромад, ба сифати баланди таълиму тарбия таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Баргузории Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ташаббуси ҷавонон - ояндаи дурахшони Тоҷикистон» бо иштироки ҷавонони тамоми минтақаҳои кишвар дар таҳкими ташаккули афкори ҳуввияти миллӣ, ваҳдати сартосарӣ, асолати ватандорӣ ва зиракии сиёсӣ нақши муҳим бозид. Дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», ки ҳадафи он мусоидат ба инкишофи маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию ҷисмонӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва дастгирии моддӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад, барномаҳои давлатӣ қабул ва тадбиқ гардида истодаанд. Ҷавонони имрӯза амалан дарк менамоянд, ки майл ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки даромад аз ин ҳисоб ҳамасола даҳҳо миллиард доларро ташкил медиҳад, яке аз омилҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад. Таъкиди Пешвои миллат, муҳтарам
Саъдӣ МИРЗОЕВ, корманди Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон: - Ба ҷавонон бовар дорам. Чун такдири ҷомеа дар оянда бар дӯши онҳост. Онҳоро зарур аст, ки ба чунин боварӣ сазовор бошанд. Ҷавонон вазифадоранд, ки бо қувваю нерӯи созандаи худ ба насли калонсол собит созанд, ки воқеан ҷавонони нерӯманданд ва барои амну суботи кишвар мубориза мебаранд. Идомадиҳандаи кору пайкори падару модарон ва аҷдоди бошарафи худ ҳастанд. Ба ин хотир бояд онҳо ҷиддӣ хонанд, дониш омӯзанд ва фарзандони фарзонаю бономуси миллат гарданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар хотиру назари ҷавонон ҳамчун шиор ҳамеша ҷилвагар аст: «Ҷавонон бояд куллан ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, вақти бештари худро дар муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ва фарҳангиву варзишӣ гузаронанд. На камтар аз ду забони хориҷиро баробар бо забони модарии худ донанд ва озодона муошират карда тавонанд. Дар шууру фаҳмиши онҳо на андешаву мафкураҳои бегонаи экстремистиву иртиҷоӣ, балки андешаҳои солими худогоҳиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватану арзишҳои миллӣ, пойдорӣ ва устувории соҳибистиқлолии кишвар ва амсоли инҳо ҷилвагар бошад». Дар заминаи чунин ғамхориву парасториҳои пайваста ва таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат ҷавонони кишвар вазифадоранд, ки ҳамчун давомдиҳандагон ва татбиқкунандагони ҳадафҳои олии давлату ҳукумат бо азму иродаи матин, ба хотири пешрафту шукуфоӣ ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон саъю талош карда, ба дастовардҳои азими илмию фарҳангӣ ва сиёсиву иқтисодӣ ноил гарданд. Раҷабалӣ САНГОВ
www.javonon.tj
миллӣ ҳамчун шакли тафаккур, маҷмӯи ғояву шуур, рукнҳои ваҳдату ризоият, ҳуввият ва ифтихори миллӣ, бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутамаддини шаҳрвандӣ гузаронида шуданд. Аз ҷумла, бо ибтикори Сарвари давлат соли 2008 «Соли тамаддуни ориёӣ», ҳамчунин бо мақсади тарғибу ҷалби созмону ташкилотҳои ҷавонон ҷиҳати эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таъсири зуҳуроти ифротгароӣ, таассуби динӣ ва аксуламал ба фаъолияти фирқаву мазҳабҳои ғайрисуннатӣ ва иртиҷоӣ соли 2009 Соли бузургдошти Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (Сарвари давлат асосгузори мазҳаби ҳанафӣ - Имоми Аъзамро поягузори бартарафсозии низоъ миёни уммати ислом ва аҳли башар номидаанд), ҳамчунин ҷиҳати такмилу тақвияти заминаи моддиву техникии кабинетҳои фаннӣ, устохонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ва ба ин васила ба рушди тафаккури фарҳанги техникии ҷавонон замина гузоштан соли 2010- ро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ ва бо мақсади пойдорӣ ва устувории хонавода соли 2015-ро Соли оила эълон намуданд, ки самаранок ҷамъбаст гардиданд. Баҳри ташаккули ҳадафмандонаи ҷавонон Қонуни
Муҳаммад ТИЛАВЗОДА, рӯзноманигор: - Ҳар давлат ва миллат бояд ба ҷавонони хеш бовар дошта бошад ва барои рушди ин қишр имконоти ҷавобгӯро фароҳам созад. Ба ҷавонон бовар накунем, пас ба худамон бовар надорем. Зеро ҷавонон парвардаҳои насли куҳананд ва ба роҳи нишондодаи онҳо мераванд. Ҷавонон қишри таҳрикдиҳандаи ҷомеа ҳастанд ва таҳаввулу рушди ҷомеаҳо бештар ба онҳо вобаста аст. Дар мавриди ҷавонони кишвар бошад, бидуни шак мегӯям қувваи бузурганд ва мешавад бо шароитҳои ҷавобгӯи талабот бо онҳо ояндаро сохт.
е-mail: javonontj@mail.ru
23-юми май дар кишвар Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳои хеш ҷавононро қувваи бузург арзёбӣ карда таъкид мекунанд, ки ба ин қишри ҷамъият бояд пайваста ғамхорӣ кард. Аз мусоҳибон пурсидем:
5
е-mail: javonontj@mail.ru
6
Иштирокчиёни Дави миллӣ – 396858 нафар 15 майи соли равон, чун анъана, дар асоси нақшаи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ», таҳти унвони «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!», бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, инчунин бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Рӯзи дави миллӣ, бо шиори “Солимии ҷавонон - солимии миллат” доир гашт. Дар он 396 858 нафар сокини кишвар, аз ҷумла 122 877 нафар бону ширкат карданд. Аз ҷумла 40, ҳазор сокини пойтахт субҳи барвақт дар маҳаллаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб, макони саршавии дав ҷамъ омаданд. Ҷамила Лангариева, муовини раиси шаҳри Душанбе, зимни суханронӣ, аз ҷумла иброз дошт: “Баргузор гардидани Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст ва мақсади баргузор намудани он ҷалби шаҳрвандон ба рушду камолоти шахсият тавассути тарзи ҳаёти солим, таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва якпорчагии кишвар дар ҷомеа мебошад. Аминем, ки чорабинии имрӯза дар хотираҳои шумо - сокинони пойтахт саҳифаҳои неку дурахшонро боқӣ мегузорад”. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми ҷавонони кишварро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик кард. “Мо ин санаи муҳимро ҳар сол дар фазои идона ва бо орзуву ниятҳои неки созанда истиқбол мегирем. Ба ҳар яки шумо муваффақияту дастовардҳои беҳамто хоҳонам!”, - афзуд раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ. Имсол дар Рӯзи дави миллӣ 83 619 (29 046 зан) сокини вилояти Суғд, 115 856 (31 047 зан) сокини вилояти Хатлон, 34499 (12925 зан) сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 67837 (19588 зан) сокини шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ фаъолона иштирок доштанд. Рӯзи дави миллӣ ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари ҷумҳурӣ доир мегардад ва яке аз чорабиниҳои муҳими ҳафтаи ҷавонон маҳсуб меёбад. Имсол дар рафти чорабинӣ аз тарафи аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба шаҳрвандон варақаву буклетҳо вобаста ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти
www.javonon.tj
ДАВИ МИЛЛӢ - 2016
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №20 (9446), 19 майи соли 2016
шиорҳои “Мо - ҷавонон ба ҷонибдории тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона раъй медиҳем”, “Ман худам овоз медиҳам!”, “Раъйпурсӣ ва ҷавонон”, “Овози ту муҳим аст!” ва ғайра тақсим карданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, сокинони пойтахт, хусусан, ҷавононро барои иштирок ба раъйпурсӣ даъват намуда зикр кард: “Дар ҳақиқат, тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо мусоидат менамояд. Бо дарки баланди масъулият дар назди миллат ва ҷомеаи кишвар, бо садоқат ба сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, ки тамоми тадбирҳои хешро бо такя ба нерӯи ҷавонон тарҳрезӣ намуда, онҳоро ба ҳайси насли ояндасози Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сиёсати худ ҳамқадам меҳисобад, эҳтиромона аз ҳар кадоми шумо - ҳамватанони азизу гиромӣ даъват ба миён меорам, то бо ҳисси баланди ватандӯстиву гиромидошти обу хоки Ватани маҳбубамон ва ифтихори миллӣ дар ободу зебо гардонидани кишвари азизамон пешсаф ва бо маданияту фарҳанги баланди шаҳрвандӣ намунаи ибрати дигарон бошем. Барои ҳамин, биёед бо рӯҳбаландию қаноатмандӣ қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда, 22 майи соли равон дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, барои рушди устувору босуботи ҷомеа, татбиқи амалии ислоҳот дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста овоз медиҳем!”
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
НАБЗИ ҶАҲОН
Ё чӣ тавр шуури макиавеллистӣ беодобиро дар муносибатҳои байналмилалӣ ба миён овардааст?
Диндори аз Паёмбар бехабар ён камбудиҳои зиёд дорем. Чунончи танбалӣ, адами рағбати донишомӯзӣ, аз пайи ҳадафҳои хурду ночиз вақту нерӯ сарф кардан, ба арзишҳои маънавӣ бегона будан, ғофил аз таърих, фарҳанг, адабиёт ва санъати миллӣ зистан бар хилофи Ғарб ҷомеаи шарқиро ба куллӣ карахт кардааст. Ҷомеаи мо ҳам, ки мудом бо гузаштагони бузургамон ифтихор дорем, ҳоло камбудиҳои номбаршударо дорост. Агарчи ҳаракатҳои ифротӣтеррористӣ худро муҷоҳидони роҳи ислом мешуморанд, вале аз услуби ҳарб, мақсад ва риояи ҳақу ҳуқуқи инсон дар ҷараёни муҳориба огоҳӣ надоранд. Бинобар фармудаҳои дини ислом, муҳориба як навъ бозие нест, ки маконеро забт намуда, ҳарчи пайдо шавад, ба яғмо бубарӣ. Дар дини мубин барои муҳориба ҳамон замон иҷозат дода мешавад, ки гурӯҳе ва ё миллате болои миллати дигар султаи хешро қоим кардааст ва барои рафъи он зулму истибдод монеа бояд шуд. Аз ин рӯ, оғоз намудани муҳориба бар асоси ғаразҳои шахсӣсиёсӣ, манфиатҳои моддӣ, қасосгирӣ ва қоим намудани нуфузи худкомагӣ раво нест. Ҳатто дар ҷараёни набард, агар лозим набошад, ба чорвову ҳайвонҳои саворӣ, дарахтҳову заминҳои корам, сокинони маҳалливу маконҳои динӣ зарар расонидан шаръан ҳаром ҳисобида мешавад ва ҳарки имрӯз дар Сурияву Ироқ бо баҳонаи ҷиҳод мусаллаҳ шудааст, танҳо гуноҳи сокинони кушташударо ба даст меораду халос. Бешубҳа, “муҷоҳидон”-е, ки имрӯз дар Сурияву Ироқ силоҳ ба даст доранд, аз он ояи Қуръон, ки қатли як инсони бегуноҳро ба қатли башарият баробар донистааст, хабар надоранд. Ҳарчанд аз пайи «ба даст овардани биҳишт талош меварзанд», вале, эҳтимол барои худ дар дӯзах ҷой тайёр мекунанд. Муҳорибаву ҷангҳо афсӯс, ки як бахши ҳаёти башариятро ташкил медиҳанд. Вале Расули акрам бо паёми овардаашон ба оламиён нишон додаанд, ки мақсад аз барпо намудани
муҳориба ба валангор табдил додани маконҳои фарҳангиву обод, тороҷ намудани амволи мардум, ба ғуломӣ гирифтани сокинони осоиштаву қатли ҷабҳаи дигар нест. Ҳангоми яке аз муҳорибаҳо, чун Паёмбари гиромӣ хабардор шуданд, ки саҳобае ноҳақ чорвои хурдеро забт карда, онро барои хӯриш омода месозад, наздаш рафта, ҳамоно зарфи хӯрокро чаппа мекунанд ва чунин танбеҳ медиҳанд: “Бе ягон шубҳа, моли тороҷшуда аз лоша камтар ҳаром нест”. Яъне гӯшти моли тороҷшуда чун лоша ҳаром аст. Маврид ба зикр аст, ки тӯли 23 соли рисолати паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҷамъ танҳо 2 рӯз ҷиҳати ҳарбии онро ташкил додааст ва он муҳорибаҳо низ характери мудофиавӣ доштаанд. Дар рафти ин муҳорибаҳо теъдоди фавтидагони сафи душманон анқариб 250 нафар ва мусулмонон 150 нафарро ташкил намудаанд. Яъне, дар дини мубин мақсад аз барпо намудани муҳориба аз байн бурдани башарият нест... Тибқи иттилои СММ, танҳо аз оғози соли 2011 то моҳи январи соли 2015 дар рафти ҷанги дохилии Сурия беш аз 220 ҳазор нафар кушта шудааст, ки теъдоди хеле зиёдашон сокинони осоиштаанд. Илова бар ин, сафи муҳоҷирони минтақа ҳам рӯз ба рӯз меафзояд. Ҷиҳод ва даъвои исломие, ки ҳаракатҳои ифротӣ барои хеш пеша кардаанд, ҷуз ваҳшигарӣ ва шаҳватпарастӣ чизи дигар нест. Далолат ва парешонии мусулмонон аз ҷаҳолат ва тафриқа сар задааст. Ҳоло замоне расидааст, ки мусулмонони тамоми дунё рафтори хешро бознигарӣ намуда, ба аъмоли худ бо назари интиқодӣ нигаранд. Бубинанд ва маълум намоянд, ки то куҷо пайраву дилбанди он арзишҳои маънавие ҳастанд, ки фатҳи дилҳоро асос дониста, нармии инсонпарванораро фармудааст. Албатта, ба интиқоди созанда танҳо ҳамон замон комёб мегардем, ки меъёрҳои зиндагии ҳаррӯзаи хешро дар мизони Қуръон ва суннати Расули акрам баркашем. Б. УСМОН, “ҶТ”
Чандест, ки мавзӯи “Панама-гэйт” ё Маҳмуд Авроқи Панама дар сархати хабарҳои УСМОНОВ валваладори матбуоти ҷаҳон қарор дорад. Ин мавзуъ ҳафтаи гузашта ба матбуоти мо низ раҳ ёфт. Барои он ки дар рӯйхати ошкоршудаи ширкати оффшорӣ исми даҳ шаҳрванди Тоҷикистон низ зикр шудааст. Вале аз боби шаҳрвандони кишвар ҳарф намезанем, балки дар бораи шаклгирии муносибатҳои нави байналхалқӣ дар асри XXI гуфтанием. Масалан, агар шумо сиёсати дохилии баъзе кишварҳоро нигаред мебинед, ки қудратҳои сиёсӣ бо гуруҳҳои сармоядоре, ки аслан ба идеологияи давлат мувофиқ нестанд, дар иртиботанд ва ин робита рафта-рафта ба муносибатҳои байналмилалӣ ҳам асар кардааст. Назираш ҳамин Авроқи Панама аст. Сарчашмаҳое чун Авроқи Панама баёнгари онанд, ки барои пинҳон кардани сармояи бузурги одамон ва барои гурез аз андоз баъзе роҳҳои байналмилалӣ вуҷуд доранд. Яъне дар миқёси ҷаҳон низоме мураттаб шудааст, ки бо вуҷуди гуногун будани идеологияҳояшон ба дарди сарватмандон мехӯрад. Ба ибораи дигар, имрӯз ҳамон шуури макиавеллистӣ, ки барои расидан ба ҳадаф тамоми роҳҳоро машруъ медонад, дар ҷаҳон амал мекунад. Ба ин ки муносибати байни сармоя ва одоб аз азал заиф буд, шубҳа нест. Фактори манфии инсонӣ ҳамеша муносибати ин дуро тира нигоҳ доштааст. Вале дар кишварҳои рӯ ба рушд имрӯзҳо ҳамин муносибати заиф ҳам комилан маҳв шудааст. Шояд барои он ки дар ин кишварҳо соҳибкор ба амнияти сарваташ бовар надорад ва фикр мекунад, “агарчи сарватамро дар кишварам ба даст меорам, вале нисфи умрам дар хориҷ мегузарад, пас беҳтар аст, ки дороиамро ҳам ба хориҷ кӯчонам...” Авроқи Панама нишон дод, ки ду сиёсатмадор ё сарватманде, ки дар асл дидгоҳу идеологияашон зидди ҳамдигаранд, муносиботе барқарор мекунанд, ки назир надорад. Мисоли рӯшани ин ифшои ҳамон сиррест, ки шоҳи Арабистон Салмон ибни Абдулазиз ба маъракаи пешазинтихоботии сарвазири Исроил Бенёмин Нетаняҳу кӯмаки калони молӣ кардааст. Инро ба як калима, шояд, “беодобӣ” ё шояд “дурӯягӣ” гуфт. Имрӯз ҳамин шуури макиавеллистӣ аз худи Иттиҳоди Аврупо (ИА) сар карда қариб тамоми ниҳодҳои байналмилалиро фалаҷ кардааст. Замоне коршиносон аз “нерӯи нарм”-и ИА ҳарф мезаданд. Зеро ИА мегуфт, “маҳсулоти ширкатҳоеро, ки аз нерӯи кӯдакон истифода кардаанд, намехарам”. Аммо имрӯз маълум гашт, ки тариқи суратҳисобҳои оффшорӣ маблағҳое тасфия шудаанд, ки аз фурӯши мухаддирот, қочоқи инсон, хариду фурӯши узви инсон, истифодаи фоҳишаҳо ва кӯмак барои терроризм будаанд. Гумон аст, ки аз ин ҳама Иттиҳоди Аврупо огоҳ набошад. Ин духӯрагӣ дар навбати худ беодобии сиёсиро ба миён овардааст. Бадии кор дар он аст, ки “барои пул шуда” мақомдорони исломӣ ҳам ба ин шуури макиавеллистӣ олуда шудаанд. Яъне дар олами имрӯзаи ислом элитаҳое сари коранд, ки ришва, фоиз, трофики пули сиёҳ ва як қатор амалҳои дигари номашруъро беибо анҷом медиҳанд. Элитаҳои нави дунё чун исломӣ, ғарбӣ, дунявӣ, атеистӣ, насронӣ, сионистӣ... ва даҳҳои дигар, ки идеологияи гуногунро пеш мебаранд, мисле ки як “клуби бародарон”-ро таъсис додаанд. Дидани исми онҳо дар рӯйхати Авроқи Панама ҳамон андешаро қувват мебахшад, ки дар пайи идеологияҳои мавҷудаи имрӯза танҳо ва танҳо манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ ниҳон асту бас. Ҳол он ки дар арзишҳои маънавии мо ин шуур ҷой надорад ва мо агар ба арзишҳоямон содиқ бошем, ҳеҷ зарурате ба амалиёти оффшорӣ намемонад. Сармояашонро пинҳон кардани сиёсатмадорони Ғарб маъмулист. Зеро сиёсати онҳо худ бар пояи манфиат ва шуури макиавеллистӣ бунёд ёфтааст. Аммо сарватмандони кишварҳои рӯ ба рушд ва олами Шарқро чӣ водор кардааст, то дороиашонро пинҳон доранд? Албатта, коррупсияи густарда ва низоми хеле сангини андозситонии кишврҳояшон!
www.javonon.tj
Зимнан, шахсе, ки аз номи ислом баромад карда, куштори одамонро раво мебинаду маъбадҳои адёни ғайрро хароб мекунад, аз асли дини мубин, суннати ҳазрати Муҳаммад (с) ва зиндагонии ёрони ӯ бехабар аст. Мутаассифона, аксар мусулмонони муосир аз усули таблиғи Расули акрам ва усули дин ба дурустӣ огоҳӣ надоранд. Ҳол он ки то маърифати динии ҷомеа боло нагирад ва дар ин самт кӯшиш нашавад, решакан кардани ҳар гуна ҳаракат ва шуури ифротӣ мушкил ва номумкин мегардад. Бояд гуфт, дин низоми шаръӣҳаётиест, ки ҷомеаи муосирро бе он наметавон тасаввур намуд. Он ба монанди равзанаест, ки дар ҷараёни зудҳаракати дунё шахсро нафаси тоза мебахшад. Бинобар манбаъҳои динӣ, Худованди карим барои иршод ва ҳидояти башарият на кам аз 124 ҳазор паёмбар фиристодааст. Новобаста ба мақому манзалат ҳар як паёмбари фиристодашуда шахси соҳибфазилат ва бархурдор аз раҳмати илоҳист. Ғояи ягонаву олии онҳо шиносонидани Офаридгор ба инсонҳо буда, паёми овардаи онҳо барои такмили башарият мусоидат мекунад. Таълимот ва низоми шаръии дин ҷиҳатҳои гуногуни ҳаёти башарӣ, ба монанди тандурустиву покизагӣ, одоби муошират, эҳтиром ба калонсолон, дӯстдории хурдсолон, новобаста ба эътиқод риояи ҳақу ҳуқуқи афроди ҷомеа ва кулли мавҷудоти олам, одоби тиҷорат, танзими вақт, худдорӣ аз тамоми шакли исрофкориву фасодкорӣ ва ғайраро дарбар мегирад. Аз ояҳои зиёди китоби Қуръон бармеояд, ки паёмбарон ҳаргиз аз пайи манфиати шахсӣ набуда, балки барои хушнудӣ ё ризои илоҳӣ талош намуда, муъминонро ба риояи ин адаб даъват мекарданд. Аз ҷониби дигар, ба паёмбарон ҳамчун ба “почталён” нигоҳ кардан бидъат ва беодобӣ аст. Онҳо муршидони ягонаи башарият буданд, ки дар ҳар давраи зулмот роҳи одамиро мунаввар кардаанд. Ба паёми овардаи онҳо зам кардани фикру мулоҳизаҳои одамӣ ҳам бидъат аст. Гарчанде пайравони идеологияҳои ба ном исломӣ даъво мекунанд, ки ҳоло силоҳ ба даст гирифта, барои ҳидояти башарият талош доранд ва инро фармудаи илоҳӣ ва суннати паёмбар меҳисобанд, худ бехабаранд, ки торафт аз дини мубин мояи нафрат месозанду берун аз меъёрҳои асосии усули дин амал мекунанд. Ҳарчанд дини ислом ҳаргиз зидди таҳқиқ, тадқиқ, тафаккур ва ақли солим набуд, аммо чунин исломтарошон худро аз ин неъмат канора мегиранд ва боре ҳам фикр намекунанд, ки “ҷиҳод”-и аслӣ тарбияи ҳамон нафси саркаши хеш аст, на одамкушиву ваҳшигарӣ. Ҷаҳолат ва адами маърифати динӣ мусулмонони имрӯзаро аз шинохти дурусти ашё ва ҳосидоти олам маҳрум карда, торафт аз ҷомеаи башарӣ дар канор гузошта истодааст. Ҳамин аст, ки мо - мусулмонон дар муаррифиву татбиқи арзишҳои маънавии хеш назди олами-
Авроқи Панама
7 е-mail: javonontj@mail.ru
Расонаҳои хабарии дунё аъмоли ваҳшиёнаи ҳаракатҳои террористиро, ки чанд соли охир дар ақсои олам ҳузури одамонро халалдор мекунанд, ноҳақ ба номи тамоми мусулмонон менависанд. Онҳо амали террористонро таассуби динӣ маънидод мекунанд, ки беасос нест. Вале худи онҳо ҳам, ки мекӯшанд тамоми ваҳшонияти терроризм аз ислом дониста шавад, мутаассибе беш нестанд ва ноогоҳона нисбат ба мусулмонон террори маънавиро амалӣ месозанд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №20 (9446), 19 майи соли 2016
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
8
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №20 (9446), 19 майи соли 2016
23 МАЙ - РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
Эътимод ба ҷавонон эътимод ба Бо дастгирии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷавонони кишвар аз соли 1997 саҳифаи тозае боз шуд. Таҷлили 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ғайр аз он ки ба ҷавонони кишвар фараҳу шодӣ мебахшад ҳамчунин натиҷагирии кору пайкори онҳо дар ҷодаи бунёдкорию созандагӣ ва кӯмаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли имрӯзи ҷавон мебошад. Бо назардошти ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ ба донишу нерӯи созандаи ҷавонон умед баста, дар ин радиф ҷавононро такягоҳи худ медонад. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар мутобиқ гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми назаррас мегузоранд. Барои дарки ин масъулият ҷавононро мебояд ҷиҳати устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ тамоми қувваи худро равона созанд. Зеро тақдири давлату миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон маҳз ба ҷавонон вобастагии зиёд дорад. Доир ба нақши калидӣ бозидани ҷавонон дар пешрафти ҷомеаи мутамаддин ва дастоварду комёбиҳои онҳо суҳбате оростем бо Маъруф Абдуҷабборов, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стротегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Ҳар сол дар ҷумҳурӣ 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Ҳадаф аз таҷлили чунин як ҷашн дар чист? - Зарурати эълон гардидани Рӯзи ҷавонон, ки 23 май муқаррар шудааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад, ҳанӯз дар суханронии Президенти кишвар дар вохӯрӣ бо ҷавонон (23 майи соли 1997) бо мазмуни зер: «Бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо (яъне ҷавонон) ва боз ҳам баланд бардоштани мақомашон дар ҳаёти умумии ҷомеа…» ифода ёфта буд. Албатта, ин ҷашн як маъракаест, ки мақоми расмӣ пайдо кардааст. Наметавон гуфт, ки бидуни ин ҷашн ҷавонон аз доираи таваҷҷуҳи ҳукумат берун меафтанд. Балки ин иқдом муҳимияти қишри мазкурро барои давлатдории мустақил ва навин ҳамчун арзишҳои дигари давлатдорӣ – ваҳдат ва истиқлолият бори дигар тасдиқ мекунад. Имрӯз қишри ҷавони мамлакат ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар ҳифзи арзишҳои миллӣ шинохта мешаванд. Саҳми онҳо дар ҳама соҳаҳо: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт назаррас мебошад. Бояд гуфт, ки давраи гузариш дар назди давлат масъулияти ҷустуҷӯи механизмҳои созанда ва рушди боэътимодро мегузорад, ки он ҳатман тағйироти амиқро ба бор меорад. Ин тағйирот таъсири худро аз сатҳи умумимиллӣ то ба сатҳи индивидуалӣ, ба ҳамаи қишрҳои чомеа, аз ҷумла ҷавонон низ гузошта, ба таври табиӣ ҷанбаҳои арзишмандии ҷавононро ба масъалаи муҳим табдил медиҳад. Ҷавонон дар ростои ҳама гуна тағйироти ҷомеа бештар аз ҳама таъсирпазиранд. Аз он ки то кадом андоза онҳо дар ҳалли масъалаҳои рӯзмарра муваффақ мешаванд, аз масъулиятшиносӣ ва худогоҳии онҳо дар мавриди иҷрои муқаррароти санадҳои аз ҷониби ҳукумат дар ин самт қабулгардида вобаста мебошад.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон ҳамеша дар маркази ҳама масоил ва бархӯрдҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ ва фарҳангӣ қарор мегиранд. - Тоҷикистон дар робита ба сиёсати демографӣ яке аз кишварҳои ҷавон маҳсуб ёфта, синну соли аҳолӣ ба ҳисоби миёна 24,7-ро ташкил медиҳад. Аз нигоҳи Шумо ҷавон будани як давлат чӣ фоида меорад? - Аз нигоҳи амниятӣ ҷавон будани аксари аҳолии кишвар устувории нерӯи худмуҳофизатӣ ва аз нигоҳи созандагӣ дурнамои боэътимоди рушд мебошад. Дар ҳоле ки аксари кишварҳои пешрафтаи дунё ба мушкилоти демографии пиршавии аҳолӣ гирифтор мебошанд, дар Тоҷикистон 70% аҳолиро шахсони то 35-сола ташкил медиҳад. Ин нишондод баёнгари он аст, ки кишвар заминаи бузурги табиии рушдро соҳиб аст. Фақат лозим меояд, ки ин фоизи нерӯмандро аз равандҳои номатлубе, монанди бозмондагии зеҳнию кӯтоҳандешӣ ҳифз кард. - Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар давлату миллат дар ҳар давру замон бо ҷавонони худ умеди ояндаи некро мекунад. Умуман, ҷавонон бо қувваи бузурги худ дар маркази ҳама гуна тағйироту таҳаввулоти ҷиддӣ қарор мегиранд. Имрӯз кишвари мо то кадом андоза аз ҳамин қувваи бузург кор гирифта истодааст? - Корнамоӣ, садоқат ва бунёдкории ҷавонон дар бунёди роҳи оҳани Тирмиз-Душанбе, азхудкунии заминҳои водии Вахш, каналҳои калони Фарғонаю Ҳисор ва сохтмонҳои бузурге чун нерӯгоҳи барқи обии Норак ва ғайра онҳоро ҳамчун нерӯи арзандаи ситоиш муаррифӣ карда буд, ки он то ҳол вирди забонҳост. Гузашта аз ин, ҷараёни ҳаводиси тақдирсози таърихии халқи тоҷикро маҳз ҷавонон намояндагӣ кардаанд. Умуман, падидаи «ҷавонмеҳварӣ» дар таърихи тоҷикон ҳамеша ҷой дошт. Мисоли равшан, Исмоили
Сомонӣ, ки асосгузори аввалин давлати тоҷикон маҳсуб меёбад, чун пой ба арсаи сиёсати бузург гузошт, ҳамагӣ 25 сол дошт. Синни ҷавони ӯ на танҳо монеаи эҷоди сиёсат нашуд, балки натиҷаи эҳёи давлати бузурги Сомониён гардид. Сиёсати имрӯзаи кишвар низ як навъ давоми сиёсати гузаштаи давлатдории тоҷикон аст. Дар шароити кунунии давлатдорӣ низ эътимод ба ҷавонон рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Роҳбарияти кишвар ҳанӯз аз давраи ба даст овардани Ваҳдати миллӣ кадрҳои дорои тафаккури озод ва ҷаҳонбинии наву созандаро ба долони сиёсати давлатӣ кашид. Омили мазкур ба татбиқи сиёсати мустақили давлатдорӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ҳамчунин, аз лиҳози ҳуқуқӣ як қатор қарору қонунҳо, барнома, консепсия ва стратегияҳое, ки бевосита ба танзими сиёсати ҷавонон равона шудаанд, таҳия ва мавриди амал қарор дода шуданд, ки сиёсати ҷавононро ба ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ табдил медиҳад. Чунин шеваи муносибат тавонист, ки сиёсати ба ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ бештар ҷалб кардани ҷавононро комилан такмил диҳад. - Дастовардҳои ҷавононро дар тули 25 соли Истиқлолияти давлатӣ чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед? Фикр мекунам дастовардҳои ҷавононро аз дастовардҳои умумии кишвар ҷудо намудан номумкин аст. Таъсири тавозуни дуҷониба: таъсири сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон ва таъсири ҷавонон дар сиёсати давлатӣ ба таври барҷаста аён мегардад. Сол аз сол мавқеи сиёсию ҷамъиятии ҷавонон боло меравад, ки аз такомули малака ва ҷаҳонбинии ҷамъиятии онҳо дарак медиҳад. Дар ин радиф нақши созмонҳои дар заминаи иттиҳоди ҷавонон таъсисёфта фаъол гардида, раванди иҷтимоишавии ҷавононро метезонад. Худи таъ-
сиси сохтори махсуси давлатӣ Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ), ки самти фаълияти он бевосита ба паҳлуҳои мухталифи ҳаёти ҷавонон нигаронида шудааст, яке аз дастовардҳои муҳим дар ин самт мебошад. - Дар пешрафту талош ҷавононро мо метавонем ба гурӯҳҳо тақсимбандӣ кунем. Ба фикри Шумо дар ин давра бештар кадом гурӯҳи ҷавонон рушд кардаанд? - Маъмулан, ду гурӯҳи ҷавонононро мушоҳида намудан мумкин аст. Гурӯҳи якум барои ба даст овардани мақоми касбият ва дар заминаи он барои соҳиб шудан ба эътирофи ҷамъиятӣ талош мекунанд. Гурӯҳи дуюм баҳри ба даст овардани музд мубориза мебаранд, ки дар асоси он манфиатҳои моддии худро таъмин менамоянд. Онҳое, ки дар сатҳи гурӯҳи аввали ҷавонҳо андеша мекунанд, касбият ва эътирофи ҷамъиятиро пайдо карда, аз таъминоти қаноатбахши моддиёт низ бархурдоранд. Рушди касбию шахсии онҳо ҳамчун занҷира идома пайдо мекунад. Ҷавонҳое, ки дар мавқеи гурӯҳи дуюм қарор мегиранд, мақоми доимивазшавандаи молӣ дошта, таъминоти хуби моддӣ барои онҳо ҳамеша хислати даргузарро ба худ мегирад. Албатта, сатҳи аввали ҷавонҳо
23 МАЙ - РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
- Масъалаи ҷавонон аз ду лиҳоз муҳим мебошад. Аввалан онҳо аз ҷиҳати теъдод бузург ва фаъолони ҷомеаанд, дуюм ин ки онҳо аз ҳама осебпазиранд… - Зиёд будани теъдоди ҷавонон бартарии демографияи кишвари мост. Аммо осебпазирии ин қишр мушкилоти умумиҷаҳонист. Дар баробари ба хислати сиёсати давлатӣ вобаста буданаш, осебпазирии ҷавонон ҷанбаҳои биологӣ, психологиро низ соҳиб мебошад. Аз ин рӯ, на ҳамеша чораҳои умумии танзими сиёсат дар ин самт натиҷа медиҳад. Равишҳои равонӣ тақозо мекунад, ки баъзан бо як ҷавон фақат болои як ҷанбаи нозуки равонии он кор бурд. Бахусус осебпазирӣ дар
таҳсилоти олӣ аз рӯи мақоли «ба кӯрпаат нигоҳ карда по дароз кун» амал мекунанд. Яъне вазъи молӣ на ҳамеша ба онҳо имкон медиҳад, ки касби писанди худро интихоб намоянд. Дар ҷойи дигар, аксари ҷавонон на аз рӯи тақозои бозори меҳнат ва барои ояндаи касбияти худ муфид, балки аз рӯи ҳавас касб интихоб мекунанд. Масалан, ҳарчанд борҳо таъкид мегардад, ки сафи мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва иқтисод аз меъёри бозори меҳнатии кишвар гузаштааст ва мебояд ҷавонон рӯ ба ихтисосҳои геология ва энергетика оранд, вале ба ин нигоҳ накарда ҳар сол гурӯҳи калони ҷавонон ба факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодӣ дохил мешаванд ва ҳанӯз ҳам геология ва соҳаи энергетикаи кишвар гирифтори бӯҳрони кадрӣ боқӣ мемонанд. Бисёр хуб мешуд, барои хатмкунандагони мактабҳои миёна дастурамали Вазорати маориф ва илм оид ба интихоби касбҳои тақозои бозори меҳнат таҳия мешуд, то тамоюли интихоби якҷонибаи касб миёни довталабон аз байн бурда шавад.
муҳити ҷавонони кишвар вобаста ба минтақаҳои муайян ҷанбаҳои хос дорад. Дар ҷое ҷавонон аз лиҳози дин ва ақида осебпазиранд, дар ҷойи дигар осебпазирӣ хислати сиёсиву иқтисодӣ ва фаромарзиро дорад. Ҳанӯз мушоҳида мегардад, ки дар баробари ҳама гуна муваффақиятҳо баъзе ҷавонон дар мавқеъгириҳои сиёсиву динӣ «меҳвари тиллоӣ»-ро ҳанӯз барои худ кашф накардаанд. Ин равандест, ки дар баробари макон, замонро, яъне вақти муайянро низ тақозо мекунад. - Ҳар сол дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонон дар кишвар чорабиниҳои мухталифи илмӣ-маърифатӣ ва оммавӣварзишӣ дар доираи «Ҳафтаи ҷавонон», «Даҳ рӯзи ҷавонӣ» ва монанди инҳо доир мешаванд, ки дар онҳо ҳазорҳо ҷавонон иштирок мекунанд. Баргузории чунин чорабиниҳо ба ҷавонон чӣ аҳамият дорад? - Аввал худбовариро дар ботини онҳо ташаккул медиҳад. Ҷавон вақте маҳорати муайяни физикӣ ва истеъдоди ақлиро дар худ мушоҳида мекунад, вале
Хуршед МАВЛОНОВ аксуламали мусбатро аз ҷониби ҳукумат намебинад, табиист, ки боварии ӯ ба худ ва ба фардои ҷомеа кам мегардад. Аз ин рӯ, иқдомҳои мавҷудаи Ҳукумати кишвар ва баргузории чунин чорабиниҳо шуури худсозӣ ва созандагии шаҳрвандии ҷавонро сайқал медиҳад. - Яке аз нуктаҳои бисёр муҳими Паёми Сарвари кишвар масъалаи ҷавонон ва тарбияву раҳнамоии дурусти онҳо мебошад. Вақте Сарвари давлат ба ҷавонон боварии зиёд дорад, барои сазовори чунин боварӣ будан чӣ бояд кард? - Мо мушоҳида мекунем, ки сол аз сол шумораи ҷавонон дар корҳои идоракунии давлатӣ меафзояд. Дар сиёсати кадрӣ ба меъёри ҷавон будани шахс аҳамияти бештар дода мешавад, ки гувоҳи эътимод ба ҷавонон аст. Боиси хушнудист, ки ин боварӣ аз дидгоҳи як шахс, яъне Сардори давлат, ба муҳити омма роҳ ёфтааст. Зеро дар аввалҳо нигоҳи ноустувори эътимод ба ҷавонон ҷой дошт, вале омма низ имрӯз ба нерӯи ин қишр эътимодманд гаштааст. - Дар арсаи ҷаҳонӣ ба донишомӯзии ҷавонон аҳамияти махсус зоҳир мекунанд. Дар ин радиф кишвари мо низ истисно нест. Ҷараёни донишомӯзии ҷавононро нисбат ба солҳои қаблӣ чӣ гуна баҳо медиҳед? - Ҷомеа пеш меравад, рӯз аз рӯз соҳаҳои нави илм ба вуҷуд меояд, ҷавонон беш аз пеш ба донишомӯзӣ рӯ меоранд. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва сафи донишомӯзон меафзояд. Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар, квотаи Президенти мамлакат барои ҷавонони аз оилаҳои камбизоат ва ноҳияҳои дурдаст, грант ва стипендияҳо низ дар ин росто ҳавасмандии ҷавононро ба донишомӯзӣ меафзояд. Ҳамаи ин рушди фазои илму маорифро таъмин мекунад. Вале ба ин нигоҳ накарда нарасидани кадрҳои ҷавобгӯ ба талабот мушоҳида мешавад, ки дар сатҳ ва зинаи муайян ба сифати донишомӯзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Яъне нарасидани омӯзгорони варзида аз мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонад. Бояд гуфт, ки имрӯз кишвар на танҳо ба омӯзгорони ҷавобгӯ ба талаботи кишвар, балки ба омӯзгорони сатҳи ҷаҳонӣ ниёз дорад. Зеро он тавонмандие, ки инсон дар заминаи илм ва омӯзиш ба даст меорад, яке аз меъёрҳои асосии тавонмандии давлат мебошад.
Ҳар амалеро подошест 10-уми январи соли 2016, тақрибан соати 17 аз посгоҳи чоруми ротаи посбонии қисми ҳарбии 051058-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садои тир баланд шуда, оромии гирду атрофро халалдор намуд. Қисми ҳарбӣ дар мавзеи зебоманзари Роғун воқеъ гардида, ҷавонони баору номуси миллат адои хизматро дар ин ниҳод барои худ мояи шарафу ифтихор меҳисобанд. Вале он рӯзро тамоми ҳайати наряди шабонарӯзии ин қисми ҳарбӣ бо ҳаяҷони хоса ба ёд меоранд. Лейтенанти калон Ф. Қаюмов - афсаре, ки он рӯз сардори қаровул таъин гардида буд, бо шунидани садои тир ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, сарбози қаторӣ Юлдошбой Маматқуловро бо пойи хуншор ва дар ҳолати нимбеҳушӣ дарёфт. Сипас, ӯ ҳамроҳи ёвари сардори қаровул Ҷ. Абдувоҳидов Юлдошбойро аз манораи дидбонӣ поён фароварда, баъди расондани ёрии аввалини тиббӣ дар нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ, ба беморхонаи шаҳр оварданд... Комилҷон ҳамхизмати худ Юлдошбойро аз рӯзи аввали ба хизмати ҳарбӣ шомил шуданаш мешинохт. Бо вуҷуди он ки дар рафтору кирдори ҳамхизмати худ ягон аломати номатлубро мушоҳида намекард, аммо пайваста бо амру супоришҳои бемаврид ӯро азият медод ва бо ин роҳ бартарияти худро нишон доданӣ мешуд. Тавре маълум аст, яке аз зуҳуроти номатлубе, ки мутаассифона ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар ҳама давру замон ба мушоҳида мерасид ва то ҳол аз байн нарафтааст, муштзӯрии сарбозони қаблан даъватшуда ва ё ба қавле “дед”-ҳо нисбат ба сарбозони навдаъватшуда ва бедалел худро ҳокими мутлақ ҳисобидани онҳо мебошад. Одатан истифодаи ин усул, яъне усули “дедовшина” аксар вақт ба ҷароҳатбардорӣ, маъюбию маслуқӣ, беморӣ ва ҳатто ба содир намудани ҷиноят оварда мерасонад. Сарбози қаторӣ Комилҷон Одинаев низ бо даъвои нишон додани бартарияти худ ҳамчун сарбози пештар даъватшуда борҳо ба таҳқиру таҳдид ва латукӯби сарбози қаторӣ Юлдошбой Маматқулов даст зада, аз ӯ иҷрои амалҳои дар тобеияташ набударо талаб менамуд. Масалан, 21 декабри соли 2015 дар хобгоҳи қисми ҳарбӣ Комилҷон ба Юлдошбой супориш медиҳад, ки зергиребони камзулашро бидӯзад. Сарбоз Маматқулов ин амри ӯро бечуну чаро иҷро намуд. Аммо Одинаев бори дигар ӯро ба наздаш даъват карда пурсид, ки чаро зергиребон намнок аст. Маматқулов ҷавоб дод, ки бо сабаби чиркин буданаш онро шуста, баъдан ба гиребон часпонидааст. Одинаев аз ин кирдори Маматқулов дар қаҳр шуда, ба рӯяш чанд маротиба шаппотӣ зад. Баъдан Юлдошбой борҳо чунин аъмоли ношоиста ва ноҷавонмардонаи Комилҷонро таҳаммул менамуду назди касе забони шиква намекушод. Ин буд, ки 8-уми январи соли равон, вақти дар дохили қаровулхона ба рубӯчин машғул будани сарбози қаторӣ Маматқулов сарбози қаторӣ Одинаев дохили бино шуда, ба ӯ амр медиҳад, ки рафта барояш об биёрад. Баъди чанд муддат Комилҷон дар назди дари даромадгоҳи қаровулхона Юлдошбойро ба наздаш даъват карда, сабаби об наоварданашро пурсид. Юлдошбой гуфт, ки ба кор андармон шудаасту ин супориш аз ёдаш баромадааст. Ин ҷавоби сарбози “кам хизматкарда” ба оташи хашми сарбози “бисёр хизматкарда” равған рехту ӯ бе ягон андеша ба сару рӯй ва қафаси синааш бо мушт задан гирифт. Юлдошбой вақте ба ҳуш омад, ки Комилҷон ба сару рӯяш барф молида истодааст. Чунин рафтору амалҳои ноадолатонаи ҳамхизматаш Юлддошбойро водор сохт, ки нақшаи аз ӯ халос шуданро дар майнаи худ тарҳрезӣ намояд. Оқибат ӯ ба хулосае омад, ки худро маҷруҳ месозад, то аз ҷабру ситами ҳамхизмат раҳоӣ ёбад. Ӯро ҳатто хатари ҳалок шудану андешаи якумр мотамсаро намудани қалби волидону наздикон низ аз ин раъйи худ гардонида натавонист. ...Юлдошбойро бо ҷароҳати вазнини пойи рост бар асари захми тир дар Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллӣ бистарӣ намуданд. Ӯ ба таҳқиру кирдори дағалонаи ҳамхизмати худ тоб наоварда, ҳангоми иҷрои яке аз бастҳои навбатдорӣ аз силоҳи ба ӯ вобасташуда ба рони пойи рости худ як тир холӣ намуда, ба худ ҷароҳати ҷисмонӣ расонид. Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сарбози қаторӣ Одинаев Комилҷон Давлаталиевич, пулемётчии отделенияи сеюми взводи сеюми ротаи тирандозии қисми ҳарбии 051058-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми содир намудани ҷиноят бо моддаи 373, қисми 2, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шуда, нисбат ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шуд. Мутобиқи қонунгузорӣ ҳар хизматчии ҳарбӣ, новобаста ба рутбаву вазифа, барои вайрон намудани муносибатҳои оинномавӣ, содиқ набудан ба савганди ҳарбӣ, паст задани шаъну шарафи хизматчии ҳарбӣ ва амсоли ин албатта ба ҷазои сахти қонун ва нафрати халқ гирифтор хоҳад шуд. Раъно ИСКАНДАРЗОДА, судяи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, подполковники адлия, Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
www.javonon.tj
дар рушди шахсияти худ ва ҷамъият нақши муассир доранд. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки солҳои охир тамоюли «касбиятмеҳварӣ» миёни ҷавонон бар «пулмеҳварӣ» афзалият пайдо мекунад ва ин раванд эътимодро ба ояндаи неки созанда зиёд мегардонад. - Имрӯзҳо як ҷиҳати бисёр ҳассос ва муҳим дар ҳаёти ҷавонон интихоби касби дуруст мебошад. Ба фикри Шумо интихоби пешакии касб ба ҷавонон чӣ имконият медиҳад? - Интихоби пешакии касб хуб аст, вале он ба чанд омил вобаста мебошад. Бисёр ҷавонҳо қаблан касби ояндаи худро интихоб мекунанд, вале замони дохилшавӣ ба муассисаҳои
Волидон бо як ҷаҳон умед фарзандро ба воя расонида, ба хизмати Ватан раҳсипор менамоянд, то фардо номбардори на танҳо падару модар, балки миллату Ватан ва мояи ифтихори ҳамагон бошад. Аммо бархе аз ҷавонон бо як амали нодуруст, ки аз сари хашму ғазаб ва беандешагӣ содир мегардад, ҳама умеди падару модарро барбод додаву барои ҳамешагӣ ба шаъну шарафи ҷавонмарди тоҷик иснод меоранд. Ҷиноят содир намудан доғест, ки барои тамоми умр дар номаи аъмоли шахси ҷинояткор сабт мешавад ва на танҳо худи ӯ, балки падару модар ва наздиконашро низ дар миёни ҷомеа сархаму шармсор месозад.
9 е-mail: javonontj@mail.ru
ояндаи дурахшон аст
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №20 (9446), 19 майи соли 2016
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
10
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №20 (9446), 19 майи соли 2016
Барои хушбахтӣ талош бояд кард Нигина Икромова аз тарроҳоне мебошад, ки дорои шавқу завқи беандоза нисбат ба соҳаи мазкур буда, то имрӯз бо тахайюлоти рангин тавонистааст, ки дар дунёи муд қадамҳои устувор гузорад. Ӯ маъюби гурӯҳи якум аст. Бо вуҷуди ин, тавонистааст бо дастони сеҳрангезаш чизҳое офарад, ки ҳар бинандаро ба ҳайрат гузорад.
Вақте ба суроғаш рафтем, ӯро машғули таълими шогирдон дарёфтем. Аз ҳар амалаш пайдост, ки касби худро хеле дӯст медораду барои он ки заҳматҳояш самар биёранд, серҳаракату меҳнатист. Ҳар суханаш нишона аз меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқатанд. Аз рафтораш эҳсос намудан мумкин аст, ки бисёр мехоҳад, то шогирдонаш соҳиби ҳунар шаванду дар рушди соҳа саҳим бошанд. Нигина дар Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе “Имконият” фаъолият мекунад. Дар ҷамъияти мазкур сехи дузандагӣ фаъол аст ва ӯ ба шавқмандон ҳунари чевариро меомӯзад. Дар чандин намоишу чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурию байналмилалӣ иштирок ва маҳсули дасти хешро ба намоиш гузоштааст. Соли 2014 дар намоиши байналмилалии “Диёри ҳусн”, ки дар он аз чандин мамлакатҳо тарроҳон ширкат доштанд, баромад намуда, мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифта ва соҳиби ҷоизаву дипломҳо низ гардид. Вале дар алоҳидагӣ коллексияҳои либосҳои эҷоднамудаашро ба намоиш нагузошта буд. Пас аз талошу заҳматҳои зиёд ба орзуи ягонаи хеш - барпо намудани намоиши мӯди либосҳои дӯхтааш расид. 5-уми майи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Шератон» ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи маъюбон намоиши муд баргузор шуд. Нигина дар ҳамкорӣ бо духтарони имконияташон маҳдуд коллексияи либосҳои худро таҳти унвони «Ҷилои Нигин» ба намоиш гузошт. Коллексияи ӯ аз 20 либос иборат буда, 8-тои он кеманои ҷопонӣ бо омезиши либосҳои миллии тоҷикӣ, 12-тои дигарашро бошад либосҳои миллӣ ташкил медоданд. - Дар коллексияи ман духтароне, ки имконияти маҳдуд доранд, ҳамчу модел баромад карданд. Коре, ки мо кардем,
пеш аз ҳама ба ҳамон духтарони имконияташон Беҳрӯз маҳдуд писанд омад. Чаро онҳо бояд зебо набошанду ХОЛМУРОДОВ либосҳои зебо напӯшанд? - мегӯяд Нигина. Ба таъкиди ӯ, тарроҳ бояд аввал рассом бошад. Дилафрӯз Халилова яке Идеяҳое, ки пайдо мешаванд, аз шогирдони ӯ буда, чанд рӯйи коғаз дуруст тасвир кар- моҳ аст, ки баҳри аз худ нада тавонад. Баъдан аз рӯйи мудани ҳунари дӯзандагӣ он либос офарад. Дар ин роҳ дарс меомӯзад. Дилафрӯз аз камбудии ночизе метавонад дастгириҳои муаллимааш тарроҳро ноком гардонад ва қаноатманд буда, меафзомеҳнати чандрӯзаро бенатиҷа яд: “Вақте бори аввал ба ин созад. ҷо омадам, ҳатто қайчиро – Лаҳзаҳое мешавад, ки дуруст ба даст гирифта накор барои мани маъюб каме метавонистам. Дар натиҷаи душворӣ пеш меорад. Аммо заҳматҳои муаллима ҳунари вақте ки шахс воқеан ошиқи дӯзандагиро то андозае аз бар касби хеш аст ва сидқан кардам. Бисёр инсони хубанд. мехоҳад, ки дар ҷодаи инти- Нозукиҳои ин пешаро бо тамохобкардааш комёб гардад, ми талаботҳояш ба мо омӯхта ҳатман ҳамаи душвориҳоро истодаанд”. паси сар мекунад. Вақте Ба андешаи Нигина, инмеҳнат мекунӣ, роҳаташро, ал- сон вақте ба чизе расидан
батта, мебинӣ. Бинобар ин, ҳеҷ гоҳ ғамгин нашудаам, ки ба ин ҷода равонам. Ҳамеша кӯшиш мекунам, ки сабур бошаму идеяҳои нав ба вуҷуд биёрам ва дар амал онро татбиқ намоям. Пешаи худро бисёр дӯст медорам. Ана, ҳамин чиз аст, ки маро ҳамеша ба ҳадафҳоям мерасонад”, - афзуд Нигина Икромова. Атрофи фарҳанги либоспӯшии ҷавонон сухан ронда, таваҷҷуҳ намудан ба либосҳои ғайрро сустиродагӣ унвон кард. “Мардум хислате пайдо кардааст, ки вақте як филмро тамошо мекунад, дарҳол мехоҳад, ки ба онҳо монанд бошад ва либосҳои онҳоро ба бар намояд. Ин чиз хуб нест, чунки сустиродагиро нишон медиҳад. Ман зидди либоси аврупоӣ нестам. Аммо вақте ки либоси миллии мо дар шакли беҳтарин дӯхта мешаваду онро ба бар менамоед фикр мекунам, ки беҳтарин либос аст. Ҳар нафар бояд дар тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва баҳри ҳифзу гиромидошти он саҳм гузорад, мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
мехоҳад, бояд кӯшиш кунад. Дар роҳи андӯхтани ҳунар шахс набояд бетафовут бошад. Омӯхтани ҳунар роҳ сӯйи фардои дурахшонро барои мо мекушояд. Инсон барои хушбахт шудан бояд талош кунад. Агар шахс хоҳад, ки доим хушҳол бошад, пас бояд ҳаракат намояду доим ба пеш равад ва ҳаргиз ноумед набошад. Вақте мо мегӯем, ки кореро наметавонему ин ё он душворӣ ҳаст, мушкилиҳо боз дучанд мегарданд. Дар оянда мехоҳад, ки коллексияҳои нави худро омода сохта, пешкаши ҳаводорони олами муд намояд. Бо ин мақсад пайваста дар ҷустуҷӯ асту ҳар рӯзе як идеяи навро эҷод менамояд ва онро дар якҷоягӣ бо шогирдонаш мавриди баҳс қарор медиҳад. Мехоҳад, дар олами тарроҳияш рангорангиҳоеро кашф ва навгониҳоеро рӯйи кор орад, ки то ҳол нафаре онро ба даст наовардаву эҷод накардааст. Дар ин роҳ ба ӯ барору комёбӣ хоҳонем.
СОҲИБКАСБ
Хишти аввалро рост бояд ниҳод – Иҷрои нақши Ҷӯра дар филми “Дар орзуи падар” бароям фаромӯшнашаванда аст. Ҳасан Ин аввалин ҳунарнамоиям дар синамо буд. Ба ин нақшам коргардони филм Саидҷон Қодирӣ АЗИЗОВ баҳои баланд дода буд. Баъди ин филм чунон машҳур шудам, ки дар кӯчаю бозор, театру хона, хешу табор, ҳамсояҳо ва ёру дӯстон маро на Диловар, балки “Ҷӯра” ном мегиранд, - иброз дошт ҳунарманди ҷавон Диловар Неъматов. Ӯ соли 2006 шуъбаи актёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм кардааст. Вале ба олами театр хеле барвақт ворид шуда буд. Аз 8-солагӣ дар студияи театри сайёри кӯдаконаи “Рангинкамон”, ки роҳбарии онро Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Бердӣ Мингбоев бар уҳда дошт, ба фаъолият оғоз намуд. Ҳоло бошад дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият дорад. Диловар дар бештар аз 80 намоиш, аз ҷумла “Чашмони бародарони қиёматӣ”, “Моҷарои имтиҳон”, “Султон ва чоруқдӯз”, “Биё, Барфибобо”, “Кош бача будаме”, “Сарбозони қаторӣ”, филмҳои “Сенздаҳ солу се моҳ”, “Подош”, “Нишони зиндагӣ”, “Ҳидоят”, “Умед ва садоқат”, “Пуштаи хандақпеч”, “Хоби маймун” (ин филми коргардон Р. Шоазимов соли 2016 дар фестивали байналмилалии кино, дар Фаронса сазовори ҷойи дуюм гардид) асосан нақшҳои манфиро офарида, бо маҳорати баланд тамошобинонро дар ҳайрат гузоштааст. Ҳунари волояш диққати коргардонҳои русро ҷалб намуд ва ӯро барои нақшофарӣ даъват намуданд. Нақшҳои офаридаи ӯ дар филмҳои “Десантура”, “Застава”, “Час волкова”, “В поисках тату” гувоҳи эътирофи маҳорати волояш мебошанд. Апрели соли равон ӯ ба Федератсияи Русия сафар карда, дар филми нав, ки “Жених” ном гирифтааст, нақши муҳоҷири бадбахтро бозидааст. Ин филми ҳаҷвии коргардони машҳури рус Никита Михалкова сентябри соли ҷорӣ ба намоиш гузошта мешавад. Барои ҳунарманди асил мусбат ё манфӣ будани нақш муҳим нест. Асос он аст, ки бо ҳунари асил ба боварии бинанда сазовор гардад. Ҳунар ба инсон бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Ба андешаи Диловар, солҳои охир дар кишвар ҳофиз, духтур, муаллим ҳама ҳунарманд шудаанд ва дар филмҳо нақш мебозанд. Сабаби ҳамаи ин маблағ аст. Онҳое, ки машҳур шудан мехоҳанд, пул доранд. Нақшофарӣ дар филмҳоро восита меҳисобанд ва ҳатто нақши асосиро иҷро мекунанд. Имрӯз ҳунармандони касбиро ба сабти филмҳо ҷалб намекунанд, барои он ки онҳо пул надоранд. Барои ҳамин филмҳои муваффақу босифат қариб ки надорем. Ду-се соли охир дар кишвар сабти филм зиёд шудааст, аммо онҳо на ба филм, балки бештар ба саҳнаи театр монанданд, барои он ки ҳунармандони асил хеле кам нақш бозидаанд. Аксари онҳое, ки дар филмҳо нақш меофаранд, аз мактаби ҳунар нагузаштаанд, танҳо бо ҳавас наметавон ҳунарманд буд. Боре коргардоне ба ман пешниҳод намуд, ки “ягон сум деҳ ва дар филми нави ман нақш бозӣ кун”. Гуфтам, не, ака ман аз он ҳунармандоне нестам, ки барои нақшофарӣ маблағ диҳам. Баръакс, барои дар филм нақш офаридан бояд ба ман маблағ диҳед. Имрӯз бештари ҳунармандони ҷавон манизили зист надоранд ва маҷбур мешаванд саҳнаи театру киноро тарк кунанд. Ин ҳолати нигаронкунанда аст, зеро агар ҳунарманди касбӣ тарки саҳна кунад, фазои театр ва кинои тоҷик холӣ мемонад. Ҷойи онҳоро “ҳунармандон”-и ҳаваскору лаҳзавӣ мегиранд. Омили дигаре, ки садди рушди синамои миллӣ шудааст, ба талбандагӣ рӯй овардани коргардонҳо мебошад. Барои сабти филм ба ноҳияҳову деҳаҳои зебоманзар мераванд. Аз рӯйи таъиноти филм бояд макони мувофиқ барои сабт ба иҷора гирифта шавад. Аммо онҳо кӯшиш мекунанд, ки ин маблағи ҷудошуда “сарфа” гардад. Аз соҳибхонаҳо илтиҷо мекунанд, ки ду-се рӯз дар хонаи худ роҳ диҳад, ё ки барои мошинҳо ва оташ гирондан аз мардум сӯзишворӣ металбанд. Мардуми мо ки меҳмоннавоз ва меҳрубонанд, не немегӯянд. Бо чунин ҳол кинои хуб сабт кардан мумкин аст? Дигар ин ки имрӯз барои сабти филм мо каскадёр (нафари обутобёфтае, ки дар филмҳо амалиёти мураккаб ва хавфнокро иҷро мекунад) надорем. Ҳунарманд баробари нақши асосӣ нақши каскадёрро ҳам иҷро мекунад ва баъзан захмдор мешавад. Дар кишварҳои дигар каскадёрро махсус тайёр менамоянд. Дар ҳақиқат, ҳолатҳое ки зикрашон рафт, ҷой доранд. Хуб мебуд коргардонҳои мо таҷрибаи кор ва тарзи муносибат бо ҳунармандонро омӯзанд ва филмҳои ҷолибу тамошобоб офаранд. Солҳои охир мардум ба филмҳои туркӣ ва русӣ рӯй овардаанд. Вале бо вуҷуди ин, умед доранд, ки рӯзе филмҳои хуб ва тамошобоби тоҷикӣ чун замони қабл пайдо мешаванд. Ба назари мо, вазъ он гунае ки боиси нигаронӣ ва ноумедӣ бошад, нест, вале раванди рушди синамои миллӣ бояд бо роҳи дуруст равад. Воқеияте, ки имрӯз вуҷуд дорад, бозгӯи ҳолати акс аст. Умедворем, барномаҳои мукаммали рушди соҳа таҳия хоҳанд шуд ва дар солҳои минбаъда бомаром амалӣ гардида, синамои тоҷикро боз ҳам ҷаҳонӣ хоҳанд кард. Дар ин росто хиштҳои нахустин бояд рост ниҳода шаванд.
ТУРИЗМ
Афзоиши масоҳати шаҳрҳо ва зиёдшавии корхонаҳои саноатӣ майли аксар сокинони мамлакати пешрафтаро ба истироҳат дар оғӯши табиати “дастнохӯрда” зиёд намудааст. Дар ин бобат диёри кӯҳистони мо метавонад барои ин зумра хоҳишмандон ҷолиб бошад. Масалан, муъҷизаҳои табиии водии Зарафшон, ба монанди Ҳафткӯлу Искандаркӯл, кӯҳистони Фону Яғноб, қуллаҳои баланду барфпӯши ВМКБ, мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон”, дараҳои Ромиту Варзоб, Даштиҷуму Балҷувон ва ғайра қалби ҳар бинандаро тасхир месозад. Шаш сол пеш, моҳи майи соли 2010 дабири кулли Ташкилоти ҷаҳонии туристӣ Толиб Рифаӣ ҳангоми сафари расмии худ ба кишвари мо Тоҷикистонро ба Швейтсария ташбеҳ дода, гуфта буд: “Тоҷикистон имкониятҳои зиёди то ҳол азхуднакардаи туристӣ дорад ва он бояд ҳарчи зудтар дастраси сайёҳони ватанию хориҷӣ гардад”. Аз рӯи маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сйёҳии назди
Ҳукумати ҷумҳурӣ, имрӯз дар мамлакат 97 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунанд. Аксари ин ширкатҳо ба туризми содиротӣ машғул буда, сокинони мамлакатро ба сайри дигар кишварҳо мебаранд. Акнун таваҷҷуҳро ба туризми дохилӣ ва воридотӣ бештар бояд кард. Боиси хушнудист, ки теъдоди ташрифи шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвари мо сол то сол меафзояд. Чунончи, соли 2015 ба мамлакат 414000 нафар сайёҳ омада буд, ки нисбат ба соли 2014 қариб 94% зиёд аст. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ бошад, ба кишвар 89101 нафар шаҳрванди хориҷӣ ворид шуданд, ки 73200 нафарашон турист мебошанд. Аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти мамлакат 36 миллион доллар во-
варзиш ва сайёҳӣ корҳои зиёд анҷом дода мешавад. Иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ, аз қабили “ITB Берлин”, “Итурмаркет”, чопи таблиғномаву гейдбукҳо аз ҳамин ҷумлаанд. Ширкатҳои туристиро низ зарур аст, ки дар ин самт фаъолнокӣ нишон дода, сомонаҳои интернетиашонро фаъол созанд. Робитаро бо диаспораҳои тоҷики кишварҳои хориҷӣ вусъат дода, онҳоро барои ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон ҳавасманд созанд. Ба гуфтаи устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикиситон Маъруф Маҳмудов, мо бояд ба умеди дигарон нашуда, барои боз ҳам баланд кардани имиҷи мамлакат кӯшиш на-
танҳо мардумро ба сайру саёҳат ҷалб менамояд, балки сатҳи хизматрасониро бояд боло барад. Қобилияту маҳорати мутахассисон дар ташкилу истифодаи самараноки технологияҳои хизматрасонии меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, соҳаи нақлиёт, фарҳангу фароғат, варзишу тандурустӣ зоҳир мегардад”. Алҳол дар мамлакат якчанд муассисаи таҳсилоти миёнаи тахассусӣ ва олӣ мутахассисони соҳаи туризм ва меҳмонхонадориро омода мекунанд. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Литсейи касбии туризм ва хизмат, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи миллии
11
Алишери САЙФИДДИН ди таҳсилоти тахассусӣ таваҷҷуҳ намуда, дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо макотиби олӣ фаъолона ҳамкорӣ намоянд. Табодули устодону донишҷӯён, табодули дастовардҳои илмӣ-услубӣ, ташкили таҷрибаомӯзӣ ва коромӯзӣ дар донишгоҳҳои соҳавии хориҷи кишвар низ натиҷаи дилхоҳ оварда метавонад”. Сеюмин масъалаи муҳими соҳаи туризм ифтитоҳи хатсайрҳои нав ва чиптаҳо мебошад. Зеро аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки нархи
е-mail: javonontj@mail.ru
Дар асри ХХI соҳаи туризм яке аз бахшҳои муҳиму калидии иқтисодиёти бисёр кишварҳо ба шумор меравад. Аз рӯи маълумоти Хазинаи байналмилалии асъор туризм дар қатори соҳаҳои автомобилбарорию коркарди нефт миёни бахшҳои иқтисод аз лиҳози даромаднокӣ мақоми аввалро ишғол мекунад. Тибқи пешгӯии Ташкилоти ҷаҳонии туристӣ то соли 2020 теъдоди сайру саёҳаткунандагон дар ҷаҳон се баробар меафзояд. Бо ҳамин сабаб, Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туризмро дар қатори энергетика яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат номидаанд. Зеро туризм на танҳо ба буҷаи мамлакат даромад меорад, балки боиси таъсиси ҷойҳои зиёди корӣ мегардад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №20 (9446), 19 майи соли 2016
Сатҳи хизматрасониро беҳтар кунем
ИСКАНДАРКӮЛ рид гардид. Оғози рӯзҳои гарм ташрифи сайёҳони хориҷиро ба кишварамон зиёд хоҳад кард. Дар сурати истифодаи захираҳои мавҷуда Тоҷикистон метавонад аз ин ҳам бештар туристони хориҷиро қабул намуда, ба буҷаи мамлакат даромади зиёдтар ворид шавад. Зеро дар ҷумҳурӣ теъдоди умумии осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо қариб ба 70 адад мерасад. Шумораи меҳмонхонаҳои замонавӣ низ 160 ададро ташкил медиҳад. Солҳои охир сифати роҳҳои мамлакат низ беҳтар шудааст. Танҳо дар 2 соли охир лоиҳаи роҳҳои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯи Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон ва “Айнӣ-Панҷакент” амалӣ шуд. Роҳҳои тахту ҳамвор вақту маблағи мусофирон, аз ҷумла сайёҳонро сарфа мекунад. Барои рушди соҳаи туризм дар мамлакат се масъаларо бояд боз ҳам такон бахшид. Якум, вусъат додани корҳои тарғиботӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ. Дар ин ҷода аз ҷониби Кумитаи ҷавонон,
моем. Барои ин намояндагиҳои дипломатии Тоҷикситон дар мамолики хориҷиро зарур аст, ки имкониятҳои туристии кишварро бештар муаррифӣ намоянд. Барои ин шабакаҳои телевизионии кишварҳои аврупоӣ ва арабиро бештар бояд ҷалб кард. Таҳияи филмҳои мустанад ва роликҳои тарғиботӣ бо забонҳои хориҷӣ пурманфиат хоҳад буд. Масъалаи дуюми рушди соҳаи туризм омодасозии мутахассисони болаёқат дар бахши менеҷменту хизматрасонӣ мебошад. “Барои ҷумҳурии мо мушкилоти тақвияти системаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи туризм сабаби афзалиятнок будани он аҳамияти хоса касб кардааст, - мегӯяд дотсенти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, номзади илмҳои педагогӣ Фазлиддин Қодиров. - Болоравии сатҳи иқтисодиёти мамлакат имконияти болоравии даромаднокии аҳолӣ ва зиёд гардидани вақти холӣ заминаи воқеии афзоиши талабот нисбат ба сайру саёҳат мегардад. Дар ин ҳолат мутахассис на
Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода аз ҳамин ҷумлаанд. Дар ин ҷода Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат нисбатан фаъол ба назар мерасад. Донишҷӯёни донишкадаи мазкур аз рӯи ихтисоси “Менеҷменти туризми байналмилалӣ”, “Саёҳат ва меҳмоннавозӣ”, “Иқтисодиёт ва идораи хоҷагии меҳмонхона ва тарабхона”, “Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ” соҳиби маълумоти олӣ мешаванд. - Масъалаи ниҳоят муҳим ташкили системаи муносибатҳои шарикӣ миёни субъектҳои хоҷагидори соҳа бо донишгоҳу донишкадаҳо дар давоми тайёр намудани мутахассисони соҳа мебошад, - мегӯяд Фазлиддин Қодиров. - Мутахассисон бояд дар пешрафт ва устувории фаъолияти субъектҳои хоҷагидории соҳа мақоми ҳалкунанда дошта бошанд. Роҳбарони ширкатҳо ва корхонаҳои туристии мамлакатро зарур аст, ки ба беҳдошти раван-
Муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон ба рӯзноманигорони Покистон Директори тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Эъҷоз Хон иброз дошт: “Ҳафтаи сипаришуда мо як гурӯҳ рӯзноманигорони тоҷикро ба сайри шаҳри Лоҳури Покистон бурдем. Имрӯз як гурӯҳ рӯзноманигорони як қатор шабакаҳои телевизионӣ ва рӯзномаҳои маъруфи Покистонро ба Тоҷикистон овардем, то бо имкониятҳои туристии ин диёри зебо ошно
шаванд”. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро рӯзноманигорони покистониро хушомадед гуфта, изҳор намуд: “Соли гузашта дар шаҳри Душанбе Намоиши молҳои истеҳсоли Покистон баргузор гардид. Якчанд соҳибкори покистонӣ бо сабаби набудани хатсайри мустақим аз Покистон ба Ду-
шанбе омада натавонистанд. Зеро тавассути Дубай ва Истанбул вақту маблағи зиёд сарф карда, ба Душанбе омадан касро хаста мекард. Инак хатсайри Душанбе – Лоҳур кушода шуд. Бо ифтитоҳи ин хатсайри ҳавоӣ рафтуомади соҳибкорону сайёҳон хеле осон шуд. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ризо Назарзода дар оғози суханрониаш таъкид на-
муд, ки пойдевори дӯстии Тоҷикистону Покистонро роҳбарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Навоз Шариф гузоштаанд. Боиси хушнудист, ки сохтмони лоиҳаи бузурги энергетикии CASA-1000 шуруъ шуд. Амалишавии ин лоиҳа ба манзили миллионҳо нафар сокинони Покистон рӯшноӣ бахшида, садҳо корхонаи нав ба кор медарояд. - Ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Лоҳур боиси зиёдшавии рафтуомад ва таҳкими дӯстӣ миёни мардуми Тоҷикистону Покистон мешавад, – гуфт Ризо Назарзода. - Ман боварӣ дорам, ки Тоҷикистон ба меҳмонони покистонӣ писанд меояд ва онҳо бори дигар меҳмони диёри зебоманзари мо мешаванд. Дар поёни мулоқот филми мустанад дар бораи имкониятҳои туристии Тоҷикистон бо забони англисӣ нишон дода шуд.
Алишери САЙФИДДИН, “ҶТ”
www.javonon.tj
Бо саъю кӯшиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ сол то сол сайёҳони мамолики гуногун дар бораи имкониятҳои туристии Тоҷикистон маълумоти бештар мегиранд. Чунончи, 14-уми майи соли равон дар якҷоягӣ бо ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон ба рӯзноманигорони Покистон доир гардид.
чиптаҳои ширкатҳои ҳавопаймоии мамлакат дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя қиматтар аст. Масалан, нархи чиптаи хатсайри Бишкек-Москва нисбат ба нархи чиптаи хатсайри Душанбе-Москва арзонтар мебошад. Масъулон сабаби асосии қиммат будани нархи чиптаҳоро дар баланд будани нархи сӯзишвории авиатсионӣ медонанд. Ҳоло дар бисёр кишварҳои содиркунандаи сӯзишворӣ нарх арзон шудааст. Менеҷерҳои ширкатҳои ҳавопаймоии мамлакатро зарур аст, ки ба умеди танҳо як кишвар нашуда, баҳри дарёфти сӯзишвории нисбатан арзон бо ширкатҳои мамолики гуногун шартномаи ҳамкорӣ банданд. Ҳамчунин робитаро бо ширкатҳои сайёҳӣ вусъат дода, бо ширкате, ки сайёҳ бештар ҷамъ меорад, тахфиф пешниҳод кунанд. Имрӯз тавассути роҳи ДушанбеХуҷанд аз дараи Варзоб гузашта, дили кас аз фараҳ лабрез мешавад. Қад-қади дарё иморатҳои зебову боҳашамат қомат афрохта, ба ҳусни ин мавзеъ ранги дигар зам кардаанд. Ин дара нисбат ба 15 соли пеш хеле ободу зебо гаштааст. Акнун моро лозим аст, ки бо интишори видеороликҳои тарғиботӣ, чопи мақолаҳои ҷолибу хонданибоб да рӯзномаю маҷаллаҳои хориҷӣ, хизматрасонии сатҳи баланд мизоҷонро бештар ба ин мавзеи дилкаш ҷалб созем. Зеро дар урфият мегӯянд, “Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад”. Пас бо “манзараҳои зебо дорем” гуфтан сайёҳ дарҳол ба кишвари мо намеояд. Аз донишҷӯ сар карда то менеҷменту роҳбарони ширкатҳои туристӣ бояд корҳои тарғиботиро барои ҷалби сайёҳон, ҳамзамон сатҳи забондонӣ, одоби муошират ва касбияти худро такмил диҳем.
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
12
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №20 (9446), 19 майи соли 2016
Баҳригул БОБИЕВА:
мо ҳамеша таъкид мекунанд, ки ин имконияте, ки мо дорем, онҳо надоштанд. Баъдан, тинҷию оромии кишвар сабаб гардидааст, ки имрӯз падару модарон ба мо бовар карда аз як кӯҳистон баҳри муаррифии миллат моро ба дигар кишварҳо бо дили пур сафарбар мекунанд. Калонсолон нақл мекунанд, ки солҳои пеш хондан ва ба варзиш машғул шудан на ба ҳар духтар мушарраф мегардид. Имрӯз ҳамааш барои мо муҳайёст ва танҳо аз мо заҳматро талаб мекунад. Озодие, ки мо - ҷавонони даврони истиқлол дорем, ҳаминаш барои мо кофӣ аст. То ҳамин вақт аз намуди гуштии ҷудо ягон варзишгардухтари тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок накардааст. Шарофати истиқлолият аст, ки имрӯз мо - ҷавондухтарони тоҷик дар қатори писарон муариф-
надорем. Ин ҷиҳати манфӣ аст. Бо писарон рақобат кардан мо ҳамаҷиҳата обутобёфта мекунад. Писарон ки қувваашон зиёд аст, бо онҳо тамрин кардаем, дар мусобиқаҳо қувваи духтарон дар муқобили мо заифтаранд. Ин як имкони хуби муваффақ шудан аст. - Имрӯз барои рушди намуди гуштии ҷудо миёни духтарон чӣ намерасад? - Дар мавриди дастгирӣ ва шароити тамрин дар толорҳо ҳамаи чиз муҳайёст. Танҳо барои мо рақобат намерасад. Мо дар сатҳи ҷумҳурӣ танҳоем. Миёни духтарон аз ин намуди варзиш мусобиқаҳо баргузор намегардад. Мо дар сатҳи ноҳия, вилоят, ҷумҳурӣ рақобат накарда, якбора ба мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ сафар мекунем, ки дуруст нест. Мо бояд коре кунем, ки духтарон ҳам қатори писарон зиёдтар ба варзиш ҷалб ша-
зишиаш суҳбат оростем. - Варзишро ба кадом мақсад интихоб намудед, саломатӣ ё муаррифии миллат? - Аз саломатиам шикоят надоштам. Танҳо ба хотири иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва муаррифии кишвар ба варзиш рӯ овардам. Агар танҳо ба хотири саломатӣ ба варзиш қадам мениҳодам, шояд намуди варзишеро интихоб мекардам, ки хоси занон буд ва ба таънаву маломати мардум рӯ ба рӯ намешудам. Аз аввал баҳри ҳимояи кишвар қадам болои гилеми варзишӣ ноҳодам ва то ҳол ба ҳамин хотир тамрин мекунам. - Шумо аз таънаву маломати мардум ҳарф задед... - Вақте бо дугонаам Шукрона Қарчиева ба варзиш машғул шудем, бисёриҳо ба мо назари манфӣ доштанд. Ба фикри онҳо ин пешаи интихобнамудаи мо хоси занон нест. Замоне буд, ки мо дар ин ҷода қадамҳои шогирдона мемондем ва эҳтиёҷ ба дилбардорӣ ва роҳнамоӣ доштем. Мутаассифона, ҳамин чиз барои мо намерасид. Баракс, гирди номамон сару садоҳо зиёд мегардид. Ягона умеде, ки моро дубора вориди тамрингоҳ мекард, боварии падару модар буд ва мо ҳам кӯшиш мекунем, ки сазовори боварии онҳо бошем. Ин муносибати шахсони тангназар то замоне идома ёфт, ки мо соли 2013 дар Ҷоми Аврупо, ки дар шаҳри Твери Федератсияи Русия баргузор гардид, танҳо ду духтари кӯҳистонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ на-
гари Ватан дар арсаи ҷаҳон ҳастем. Вақте ки мо гуштиро интихоб намудем, бо Шукрона танҳо будем. Буданд дугонаҳои мо, ки шавқи зиёд доштанд, аммо падару модарашон иҷозат намедоданд. Шарофати истиқлол аст, ки калонсолони мо ҳам чӣ будани варзишро дарк кардаанд. Имрӯз сафи духтарони тоҷик дар риштаҳои гуногуни варзиш зиёд шуда истодааст. - Шумо дар сатҳи ҷумҳурӣ миёни духтарон ҳариф надоред, барои Шумо мушкил нест бо писарон тамрин кардан? - Дар аввал мушкил буд. Ҳангоми тамрин бо писарон мушкилӣ мекашидем, зеро қувваи писарон нисбат ба мо зиёдтар аст ва ин боис мегардид, ки мо бисёр ҳолатҳо то охири муҳориба бо писарон истодагарӣ карда наметавонистем. Рафта - рафта ин барои мо одат шуд. Баъди ошно шудан ба нозукиҳои тамрин ин мушкили мо осонтар гардид. Имрӯз қатори писарон тамринро идома медиҳем ва набард бо онҳо низ бароямон мушкил нест. - Чӣ бартарӣ ва чӣ камбудӣ дорад бо писарон тамрин кардан? - Замоне, ки нав ба варзиш машғул шудем, моро зарур буд, ки бо духтарон рақобат ва тамрин намоем, то пухта шудан. Зеро қувваҳо баробар нестанд. Ҳолатҳое мешавад, ки мо бо писарон дастболо мешавем. Писарони дигар ин ҳолатро дида, онҳоро масхара мекунанд. Ин сабаб мегардад, ки ҳангоми тамрин онҳо барои моро мағлуб намудан дағалона рафтор мекунанд. Мо духтари ҷудокор дар толор
ванд. Вақте варзишгар зиёд мешавад, рақобат ба миён меояд ва мо зуд инкишоф меёбем. Айни ҳол варзишгардухтарони тоҷикро аз рӯи намуди ҷудо намешиносанд. Дар ҷумҳурӣ мо ҳарифе надорем, ки барои мағлуб намудани ӯ машқи бештар намоем. Ин камбудии ҷиддие мебошад, ки мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ эҳсос мекунем. Машқҳои дастаҷамъӣ дар мо кам аст. Барои омода шудан ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ин тамринҳо барои мо кифоя нест. Моро зарур аст, ки баҳри машқҳои дастаҷамъӣ ба дигар давлатҳо зиёд сафар карда, таҷриба андӯзем. - Имсол мактаби миёнаро хатм мекунед. Касби дигарро пеша мекунед ё дар варзиш мемонед? - Тасмим гирифтаам, ки дар баробари варзиш касби дигарро ҳам аз худ намоям. Лекин аз варзиш дур шуданӣ нестам. Тамрин барои касбомӯзии ман ягон монеа эҷод намекунад. Дар назди худ ҳадаф гузоштам, ки тавассути дигар соҳа низ саҳми худро дар пешрафти кишвари азизамон гузорам. - Дар охир чӣ пешниҳод доред? - Бисёр хоҳиш мекунам, ки сафи духтарони ҷудокор дар баробари дигар варзишҳо зиёд гардад. Ман аз ҷавондухтарони тоҷик даъват мекунам, ки ба варзиш машғул шаванду рақобати солимро ба миён оранд ва мо ҳам мисли дигар варзишгарон якҷоя баҳри парафшонии парчами кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ талош намоем.
Шодихони НАЗАР Мафкураи танги баъзе инсонҳо сабаб мешуд, ки ҳуқуқҳои занон дар ҷомеа риоя нагардад. Ин гуна ҳодисаҳо бештар дар деҳаҳои дурдаст роиҷ буд. Дар баъзе минтақаҳо хондан ва ба варзиш машғул шудани духтарро одамони ифротӣ барои худ ор медонистанд. Баҳригул Бобиева аз зумраи ҷавондухтароне мебошад, ки чунин рӯзҳоро пушти сар намудааст. Ӯ ягона духтаре буд, ки дар ноҳияи кӯҳистони Дарвоз якумин шуда варзишро пеша намуд. Ӯ гӯштии ҷудоро интихоб кард, ки ягон духтари тоҷик аз ин намуди варзиш то ин дам дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намекард. Баҳригул бо дугонааш Шукрона Қарчиева дар дурдасттарин деҳаи кишвар ба варзиш машғул шуда, ба ҷудои занона дар ҷумҳурӣ асос гузоштанд. Баъд аз интихоби ин касб Баҳригул аз ҷиҳати равонӣ ба мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Зеро тангназарон ин духтари рустоиро чашми дидан надоштанд. Дар маъракаҳо ӯро мисол оварда, “духтарро чию ба варзиш машғул шуданаш чӣ?” гуфта таъна мекарданд. Вале ӯ бо иродаи қавӣ муқобили ин ҳама туҳмату бӯҳтонҳои шахсони тангназар истодагарӣ намуда, дар ҷодаи интихобнамудааш қадамҳои устувор мемонд. Ягона шахсе, ки дар ҳолатҳои ноумедӣ тасалодиҳандаи ин духтар мешуд, бобояш Абдураҳмон Тугуншоев буд. Ин фикру ақидаи мардуми тангназар то замоне идома ёфт, ки ба ифтихори Баҳригул дар мусобиқаҳо парчами кишвар парафшон шуду ба ифтихораш Суруди миллӣ танинандоз гардид. Айни ҳол ин гурдофариди замон баъди натиҷаҳои назарраси бадастовардааш дар ин намуди варзиш бо иродаи мустаҳкам ба тамрин машғул буда таъкид мекунад, ки соҳибистиқлолии кишвар ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш сабаб гардид, ки ақидаҳои шахсони тангназар аз байн равад. Бо ин ҷудокори рустоӣ оид ба фаъолияти вар-
Миёни духтарони ҷудокори тоҷик рақобат нест мудем. Баъд аз ин мусобиқа моро дар сатҳи баланд пешвоз гирифтанд ва онҳое, ки нисбат ба мо фикрҳои манфӣ доштанд, ҳозир бо мо ифтихор мекунанд. Ман фикр мекунам, ки замони истиқлолият дар баробари пешравии варзиш фикру ақидаи мардум ҳам пешрафта шуд. Зеро имрӯз тамоми мардум кӯшиш мекунанд, ки мо ҳарчи бештар ба мусобиқаҳои байналмилалӣ сафар намоему Тоҷикистонро муарифӣ кунем. - Сабаби гуштии ҷудоро интихоб намуданатон дар чӣ буд? - Соли 2010 Президенти кишвар ба ноҳияи Дарвоз сафар намуда, толори варзишии “Вастан”-ро ба истифода доданд. Баъди ба кор оғоз намудани толор бародарам Худодагӣ Бобиев ба намуди гуштии ҷудо машғул буд ва бештар мусобиқаҳои Расул Боқиевро тамошо мекард. Баъди тамошои зиёди ин намуди гуштӣ шавқи варзишгар шудан дар ман пайдо шуд ва бародарам баъди пофишориҳои зиёд маро бо худ ба толор бурд. Аз ҳамон лаҳза 6 сол мешавад, ки ба ин намуди варзиш машғулам. - Ҳамчун як варзишгардухтари замони истиқлол, аз нигоҳи Шумо истиқлолияти кишвар ба варзишу варзишгарони тоҷик чӣ дод? Истиқлолияти кишвар, пеш аз ҳама барои мо беҳтарин шароит ва имкониятро фароҳам овард. Бинед, ки дар як ноҳияи дурдасти кишвар мо дорои толорҳои варзишие мебошем, ки дар сатҳи олӣ сохта шудаанд. Устодони
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН
Созандагони ҷомеа бошем
Зулайхо РАСУЛОВА, коромӯзи “Ҷавонони Тоҷикистон”
Тоҷикистон аз зумраи давлатҳоест, ки аксари аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон нерӯ ва тавоноии бузурги созандагӣ, эҷодкорӣ ва навовариро доро буда, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа маҳсуб мешаванд. Дар ҷомеаи мо ҷавононе ҳастанд, ки дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақш ва мавқеи басо муҳимро касб намудаанд.
Ҷавонӣ маҷроест пуртуғён, хаёлест пур аз шодиву фараҳ, лабрез аз розу ниёз, меҳру муҳаббат ва орзуву нишоти ширин. Дар ҷавонӣ илм омӯхтан ҳамчун нақшест бар рӯи санг. Ин гуфтаҳоро аксари ҷавонони кишвар дарк карда мекушанд, ки аз илмҳои замона бештар бархурдор шуда, онро дар амал татбиқ намоянд. Онҳо хуб дарк кардаанд, ки шахси боилму маърифат дар ҳама ҷо соҳиби иззату икром аст ва чун хуршедест, ки
атрофиёнро бо нури маърифат гармӣ мебахшад. Мутафаккири барҷаста Ҳусайн Воизи Кошифӣ чунин фармудааст: «Омӯхтани илм, махсусан пайвастагии илму амал муҳимтарин рукни ахлоқиву фалсафавии ҷавонмардон аст». Ҳатто дар боби ҷавонию чавонмардӣ дар ҳадисҳои набавӣ низ гуфтаҳои хеле пурмазмун оварда шудаанд. Роҷеъ ба моҳияти давраи ҷавонӣ ва неъматҳои худовандӣ панду ҳикматҳои арзишманд басо фаровонанд. Чунончи, донишманде перомуни ин мавзуъ фармуда: «Нерӯи ҷавонӣ неъматест, ки бар ҳама як бор ҳадя шудаасту он тарбият пазирад». Воқеан ҳам, пешрафти имрӯзаи ҷамъият ҳарчи бештар ба илму маданият, ба қувваи бунёдкории эҷодӣ, ба ҷавонони ҷӯяндаву созанда эҳтиёҷ дорад. Шароити имрӯзаи кишвар талаб менамояд, ки миёни наврасону ҷавонон истеъдодҳоро пайдо намуда, барои инкишофи ҳамаҷонибаи шахсияти онҳо замина муҳайё созем ва қувваи созандаи онҳоро баҳри фатҳи қуллаҳои нави илм, техника ва маданият равона созем. Зеро таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи олам нишон медиҳад, ки бе иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ягон натиҷаи назаррас ноил гардидан ғайриимкон аст. Дар суханронии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо ҷавонони лаёқатманди кишвар омадааст: “Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст”. Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз 18% аҳолии сайёра ҷавононанд. Дар Тоҷикистон бошад шахсони синнашон то 35сола 70%-ро ташкил медиҳанд. Аз ин бармеояд, ки ояндаи наздик дар идоракунии давлат мо на ба таври муназзам ва пай дар пай, балки имкони якбора ба насли ҷавон гузаштани онро дорад. Ана, ҳамин 70% аҳолӣ дар муқобили қисми боқимонда ҳамеша нақши ҳалкунандаро мебозад. Истифода аз ин қишри фаъол баҳри ободиву шукуфоӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа хеле муҳим аст. Агар давлати мо аз назари иҷтимоӣ ҷавон маҳсуб гардад, пас мо таҳти мафҳуми “ҷомеа” бояд ногузир ҷавононро дар назар дошта бошем ва “мушкилоти
ҷавонон”-ро ҳамчун мушкилоти тамоми ҷомеа арзёбӣ намоем. Имрӯз мо, насли ҷавон бояд ба эътимоде, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Пешвои миллат, Президенти кишвар нисбат ба мо - ҷавонон доранд, ҷавобгӯ бошем. Ин аз мо масъулияти баландро талаб менамояд ва вазифадор месозад, ки пайи омӯзиш бошем ва дар пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақш гузорем. Танҳо бо ин васила мо метавонем бо пуштибонӣ аз Ватану миллати хеш мақоми Тоҷикистони азизро дар байни дигар давлатҳо зина ба зина боло бардорем. Имрӯзҳо кӯшиши аҳолӣ дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷомеа яке аз омилҳои муҳимтарини рушду инкишофи кишвар маҳсуб мегардад. Ташаккул ва боло бурдани маърифати сиёсӣ аз масъалаҳои муҳими рӯз маҳсуб мегардад. Ташаккули маърифати сиёсӣ моро водор месозад, ки ба ҳар ҳодисае, ки дар кишварамон ва дигар манотиқи олам ба вуқуъ мепайвандад, баҳои воқеъбинона дода, мавқеи худро дар он дақиқ муайян намоем. Хушбахтона, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои донишҷӯён дарсҳои сиёсӣ мегузаронад, ки омили баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳисси баланди ватандустӣ ва бедор намудани ҳуввияти миллӣ дар байни ҷавонон мебошад. Ҳамин тариқ, ба маврид аст бигӯем, ки Ватанро дӯст доштану бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошад, ки туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи онҳо воқеан ҳам метавон давлати муқтадиру тавоно бунёд кард. Албатта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояш ҷавононро ояндаи миллат медонанд, ки моро водор месозад бомаърифату ҷаҳонбинии васеъ баҳри афзун намудани нуфузу эътибори миллат саъй намоем. Маҳз ин аст, ки мо пайгири суханҳои Сарвари давлат ҳастем. Мо - ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистони азизро шукуфон намуда, аз пешрафти илму техника баҳравар шавем, мисли давлатҳои абаркуқудрат пешсаф бошем. Бояд ҳар яки мо - ҷавонон пайваста аз пайи дарёфти илму дониш ва амали неку росткорӣ қарор дошта бошем, зеро ояндаи кишвари маҳбубамон дар дасти мо - ҷавонон аст. Ҷовидон ХАЛИФАЕВ, донишҷӯи курси 2-юми ДМИТ
www.javonon.tj
Ҷавононро мебояд ки бо хислатҳои неку ҳамидаи инсонӣ, аз қабили саводнокӣ, бомаърифатӣ, масъулиятшиносии худ намунаи ибрат ва дар ҳамаи корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошанд. Ҷавонон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар, худро хушбахттарин қишри ҷомеаи ҷаҳонӣ меҳисобанд. Ҳамагон медонем, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст. Ин аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ пайваста ба насли ҷавон бо назари эътимоду боварӣ менигараду таъкид мекунад, ки онҳо ба ғайр аз забони модарии худ боз чандин забони хориҷиро низ аз худ кунанд. Воқеан ҳам имрӯз дар мамлакат барои ҷавонон ҷиҳати илму ҳунаромӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Бешак, ҷавонон хушбахттарин насли даврони соҳибистиқлоланд ва мебояд, ки ҳар як лаҳзаи умри худро ғанимат шуморида, пайваста донишу малака ва ҳунару истеъдодашонро такмил диҳанд ва бо фаъолияти пурсамар дар тамоми соҳаҳо баҳри ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон самимона хизмат кунанд. Онҳоро мебояд, ки аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, тақлидкорӣ ба равияҳои бегона ва фарҳанги ғайр худдорӣ намоянд. Бо ин васила ҷавонон метавонанд, ки созандагони ҷомеа буда, ба қадри суботу оромӣ ва шароити фароҳамовардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бирасанд. Хушбахтона, имрӯз сатҳи донишандӯзӣ ва худшиносии ҷавонони тоҷик рӯ ба ташаккулёбӣ ниҳодааст ва дар ҳама соҳаҳо ободкорию созандагии ҷавонон ба назар мерасанд. Муҳимтар аз ҳама имрӯз ҷавонони мо дар раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат меварзанд. Ин далели он аст, ки насли ҷавони кишвар моҳият ва аҳамияти соҳибистиқлолиро дуруст ва амиқ дарк намудаанд. Ҳар ҷавоне, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба воя расидаву дар фазои сулҳу субот ва осоиштагӣ ба сар мебарад, аз сафҳаҳои таърихи начандон дури кишвар сабақ гирифтаву баҳри пос доштану ҳифз намудани ин ганҷи бебаҳо – ваҳдату якдилии ҳамешагӣ камар мебандад. Бошад, ки фазои беғубори кишвари мо ҳамеша орӣ аз ҳама гуна чангу ғубор ва қалбҳои ҷавонмардон саршор аз муҳаббати поку самимӣ нисбат ба Модар-Ватан бошанд.
Ҷавонон – умеди давлату ҷомеа
13 е-mail: javonontj@mail.ru
Ҳар сол 23 май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Ҷавонон дар ҷомеа нақши махсус дошта, нерӯи созанда дар раванди рушду такомули тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар ба шумор мераванд. Онҳо қувваи бузурге мебошанд, ки миллат аз онҳо умеди ояндаи нек мекунад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №20 (9446), 19 майи соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
14
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №20 (9446), 19 майи соли 2016
Таъмир новелла
Тирамоҳи соли 1980 сарфармондеҳи қисми ҳарбӣ ҷавононеро, ки муҳлати хизматашон ба охир расида буд, ҷамъ намуд ва вазифадор кард. Ба яке рӯбучин ва ранг задани анбор, ба дигаре озода намудани гараж расид. Бар зиммаи Пётри саратонӣ, Славики лвовӣ, Худойбердии бухороӣ ва Сиёвуши хатлонӣ аз нав барқарор намудани бинои куҳнае, ки ҷоҷо деворҳояш монда буд, афтод. Тибқи маълумот ин бино дар давраи инқилоби Октябр аз Армияи Сафед рабуда шуда буд. Аскарони Сурх дар атрофи он биноҳои нав сохтаанд ва ин биноро ҳамчун анбор истифода мекардаанд. Рӯзе бино оташ гирифт. Шифти хона тамоман сӯхт. Фақат деворҳояш боқӣ монд. Бино дигар ба кор намеомад. Агар барои таъмири маконе хишт лозим шавад, сарбозон деворро шикаста, аз он хишт мекашониданд. Чаҳор кунҷи бино устувор истода буд. Деворҳои байн бошанд, алакай валангор шуда буданд. Пётр, Славик, Худойбердӣ ва Сиёвуш як тарафи деворро чиданд. Акнун навбат ба тарафи дуюмаш расида буд, ки сарфармондеҳ сарбозонро боз ҷамъ намуд. Хабар дод, ки дар қисми ҳарбии ҳамсоя сарбозе гурехтааст. Хоҳиши кӯмак намуданро кард. Боз илова намуд: «Дониста монед, гуреза автоматро бо се тирдон бо худ гирифтааст. Ӯ шояд ҳиларо кор фармояд. Агар ҷояш ояд, ба ранги табиат табдил ёфтанаш мумкин. Онро аз дур фарқ кардан мушкил. Фақат эҳтиёткор бошед. Шояд барои ба дом андохтани шумо садои ҳайвон ё парандаро ба кор барад». Баъди ин тамоми сарбозон бо аслиҳа барои ҷустуҷӯ ба ҷангал баромаданд. Қисмати шимоли ҷангал бар зимаи Пётр, Славик, Худойбердӣ ва Сиёвуш афтид. Пётр, ки сарвари гурӯҳ буд, аз пеш қадам мезад ва се
нафар аз қафо мерафтанд. Ҷангал бепоён буд. Гоҳ-гоҳ барги зарди дарахте меафтид. Садои кандани барг дар дили сарбозон ҳарос меандохт. Офтоб дар қафои анбӯҳи ҷангал пинҳон мешуд. Атроф андаке хиратар метофт. Фақат дар нӯгу шохаҳо базур-базур нури офтоб мерасид. Ногаҳон садои парандае баланд шуд: - Ҳуммммм... - Хобидем! - Пётр сахт тоб хӯрда, болои се нафар сарбоз худро партофт. - Ҳумммм... Славик, ки ба пушт мехобид, ба сӯи садо тир холӣ кард. - Бас кун, - гуфт Пётр. - Бар сари ҳар тири парондаат ҷавоб медиҳӣ. - Ин паранда аст, - гуфт Сиёвуш. - Дар кишвари мо онро бум ё ҷуғз мегӯянд. Аслан дар ҷангал ғор ва кулбаҳои вайрона хона мегузоранд. Ҳама аз ҷо хестанд. - Дар ҷои мо вайро бойӯғлӣ, яъне писари бой мегӯянд, - сухан оғоз намуд Худойбердӣ. - Дар байни мардуми мо чунин ривояте ҳаст: Рӯзе писари бой бар дасти душман меафтад. Ӯро ба қатл расониданӣ мешаванд. Вай ба паранда табдил меёбад. Имрӯз агар сояи бойӯғли бар танаи касе расад, вай фалаҷ мешудааст. - Сафсата! - гуфт Славик ва автоматашро бар китфонаш
Сарқонуни мо Аслаш аз адл асту аз инсоф Сарқонуни мо, Муддаои хотири шоду дили мамнуни мо. То ба зарҳал дар китоби зиндагӣ ангора аст, Ғайри рангаш нест андар шаклу дар мазмуни мо.
www.javonon.tj
Ончунон парвозҳоро дод авроқи баланд, Аз шукӯҳаш гулгулафшон сар ба по гардуни мо. Гулхани мо обзан шуд, рӯсияҳ қонуншикан, Сар бишӯяд ин палид акнун ба ин собуни мо. Қудраташро бин, на андак қадр созад ҳар замон, Баҳри ободии Меҳан меҳнати афзуни мо. Қисматашро бин, ки шуд аз ҷӯяи ҳар сархаташ, Сабз андар сабз гӯё мисраи мавзуни мо. Ҳиматашро бин, ки дар шеъру пасованду ғазал, Файзимад аз файзи Сарқонун шуда Қоруни мо. Файзимади НАЗАР, муаллими МТМУ №56-и шаҳри Ваҳдат
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“ Нуруллоҳ ОРИФ
Ҳамроҳи АВЛИЁПУР овезон намуда, ба роҳ даромад. Дигарон аз қафояш рафтанд. Славик аҷаб хислати худхоҳӣ дорад. Дар ҳама ҷо аввал будан мехоҳад. Рӯзи деворчинӣ Сиёвуш лой мешурид, Худойбердӣ мекашонд, Славик хиштро мерасонд, Пётр бошад, мечид. Славик аз Пётр паст омадан намехост. Рӯзи дигар ӯ хишт мечид, Пётр бошад, хишт мекашонд. Славик ҳунари хиштчинӣ надошт, девораш каҷу килеб мебаромад. Пётр медид, аммо кордор намешуд. Фақат нимтабассум мекард. Танҳо Сиёвуш хишти Славикро дуруст менамуд. Рӯз бенатиҷа анҷом ёфт. Пагоҳ боз ба ҷустуҷӯ баромаданд. Ин дафъа тарафи шарқи ҷангал бар зиммаи онҳо афтод. Баъди ҷустуҷӯи дуру дароз ба поёни ҷангал расиданд. Пас доманаи васее намоён шуд. Дуртар, дар тарафи ғарби домана, баландии начандон бузурге метофт. Пётр, Славик, Худойбердӣ ва Сиёвуш ба сӯи пушта роҳ гирифтанд. Хасу хошоки домана зери по қарс-қарс садо мебаровард. - Ҳумммм... - боз садо баровард бум. Сарбозон лаҳзае таваққуф карданд ва ба ҳамдигар нигаристанд. - Шояд дар баландӣ кулбаи вайрона бошад, - гуфт Сиёвуш. Ба баландӣ расиданд. Даҳони ғор намоён шуд. Сарбозон латтаеро оташ зада, вориди мағок шуданд. Он хоначаи танги ҷангӣ буд. Девор ва шифташ аз бетон. Дар болои бетон бо ранги сурх чунин навишта шуда буд: «Дар ин майдон Иванов, Бандаренко, Маздоян, Чигиашвилӣ, Нодиров, Касанбаев, Бердиев.... ҷангидаанд. 23.5.1943”. Аз шикофи девор қатраҳои борон чакида, аз пай навиштаҳоро шуста, онро ба ду тақсим намуда буд. Бегоҳӣ хабари пайдо гаштани сарбози гуреза паҳн гашт. Рӯзи дигар сарбозон Пётр, Славик, Худойбердӣ ва Сиёвушро ҷавоб доданд. Сиёвуш намедонист, ки аз чӣ бошад, аз пурра таъмир наёфтани бинои кӯҳна хурсанд буд.
Сарқонун
Пайваста хидмат мекунӣ, Бар халқ, Сарқонуни мо. Ишқи Ватан ҷо бо ту ҳаст Дар қалби мо, дар хуни мо. Мо баҳри дарки неку бад, Ҷилди туро во кардаем. Омӯхта ҳар боби ту, Дилро муҷалло кардаем. Бепарда мегӯӣ ба мо, Созед аз пастӣ ҳазар. Хушнуд бе ҳеҷ иштибоҳ Эмин бимонед аз хатар. Бо туст давлат пойдор, Бо туст давлат ҷовидон. Ду роҳ, роҳи зиндагӣ Бар кас диҳӣ нав-нав нишон.
Ҷавонӣ
Ба зери чатри ёр, аз вақт Ниҳон кардам ҷавониро. Ба фармони дилам рондам Саманди зиндагониро. Надонистам, ки аз пуштам Давида мерасад пирӣ. Рафиқон, дӯстон, набвад Маро айёми дамгирӣ. Задам маҳмез, аз наълаш Парид оташ, парид ахтар. Бируст аз ҷои ҳар сумбаш Гули насрин, гули абҳар. Лаҷомаш дар кафи дастам, Намеистад, ки дам гирам. Намеистад, ки аз думбаш Ва ёлаш мӯқалам гирам. Агар истад, лиқояшро Ба дил тасвир месозам. Ба пояш аз ҳубоби ашк Гаҳе занҷир месозам.
Айёми ҷавонӣ
Аҷаб зебост айёми ҷавонӣ, Ҷавонӣ ҳаст шаҳди зиндагонӣ. Дар ин дурӯза дунё, эй ҷавонон, Самар бахшад, самар бар кас амонӣ. Ҷавонӣ қуввати ҷисм асту ҷон аст, Саропо махзани тобу тавон аст. Ҳама кушке, ки қад ёзад ба афлок, Зи Истиқлоли побарҷо нишон аст. Ҷавон бошад Ватан бо навҷавонон, Дар ин дунёи сарсабзи гулафшон. Зиё бахшад ба чашми ҳар ҷаҳонгард Диёри мо - ҷавонон, Тоҷикистон.
Эй ҷавонӣ
Эй ҷавонӣ, эй ҷавонӣ, панди дил, Дар мақоми дидаҳо лабханди дил. Дар диёри ваҳдатофар шукри Ҳақ, Бо ту хурдам ман ба серӣ қанди дил. Чун ту дидам Тоҷикистонро ҷавон, Тоҷикистон - мулки армонро ҷавон. Чун Душанбе, чун Зарафшон, чун Ҳисор Рашту Хатлону Бадахшонро ҷавон. Бо ту мемонам ҷавон, ман пир не, Зери бори зиндагӣ дилгир не. Кавкабам ман дар фазои мулки хеш, Дар раҳи сайёд чун нахчир не.
САЙҚАЛИ ХОТИРА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №20 (9446), 19 майи соли 2016
Муќобили «негатив» (фото)
Бар, канор, пара
Пушаймонї
… Рао, ситораи кинои њиндї
Килограмм воњиди ... Мўњтарам, воломаќом
Сифати автомат ва аждањо
Абоненти алоќаи телефонї
Паймони хаттии оштї
Доѓи пўст
Банди ѓафс
Шоњи Шекспир
Зањ
Намоиши эстрадї ё телевизионї
Соф, тоза, пок
Ќисми китоб
Мухолиф шудан, зиддият
... -Ланка, давлат дар Осиё Ранги ялаќќосии пойафзол
… Баччан, ситораи кинои њиндї
Ќабати њавои Замин
Маллоњ, моряк
Чўби такя
Меваи пешпазак
«Дафтари хотирот»-и шахсї дар Интернет
Бадан, андом
Нўшокї аз мева, шарбат
Ѓизол
Варзиши Мавзуна Чориева
Гимнастикаи хитої
Фонтан
Мисл, монанд
Бандї, ѓулом Номи гуфтугўии микроавтобуси Рига
Як утоќ дар ќатора
Мазоњ, шўхї
... Рашидова, санъаткор
Муќобили «бегонагї»
Тими футболи Мадрид, Испания
... Муњаммадљонов, актёри тољик
Нидои мухлиси футбол
Майдаи нон
Пойтахташ Буэнос-Айрес
Охири арѓамчин
www.javonon.tj
... Зинта, актрисаи њиндї
Њайвони бешагии «либосшўй»
Дуюм, баъд
Пастї, нокасї
Шоњи футбол
Бо суръати суст
… ва Шодї (театр) Попўши намадии русњо
«Чупа-…»
Ќањрамони тавонои филмњои ИМА
Амонї, осоиш
… Падуконе, ситораи кинои њиндї
Шањри текстили Русия
Хо Ши …, доњии Ветнами сотсиалистї
Душанбе, Париж, Лондон
«Мерседес…»
… Степаненко, зани артист Е. Петросян
Фарзанд аз љинси мард
Љазираи Индонезия
Хонум, бегим
Май, бода Компютери дастї
Шими поёнвасеъ
Њиссачаи инкорї
Мошинчаи боркашони анборњо
Давлат дар Аврупо
Харчанги бањрї
Матоъ аз нахи кирмак
Майдон, њавлї
Ишора
Гавњар
Мукофоти синамогарони ИМА
Ташкилоти баскетболи ИМА (русї)
Тираву ...
Парешон
Њама, кулл
Хубї, некї
Султони аморат
Дарё дар Хитой
Квартети машњури эстрадї аз Шветсия
Логика ба за- Падар бони (лањљ.) тољикї
Бањр дар Осиёи Миёна
сиќии тўёна Њарфи аввали алифбои лотинї
Пойтахти Аљаристони Гурљистон
Ќасри шоњон дар Њиндустон
1000 грамм
Бомбаи ... Асбоби му-
е-mail: javonontj@mail.ru
Аспирин ...
15
е-mail: javonontj@mail.ru
16
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №20 (9446), 19 майи соли 2016
ОБУНА - 2016
ЭЪЛОН
ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Соҳибкори инфиродӣ Саъдуллоев Далер Иззатуллоевич (РЯМ 0430156009), ки аз 12 ноябри соли 2013 дар Нозироти андози ноҳияи Синои пойтахт ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои нуҳ моҳ - 48,75 сомонӣ; - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ; - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/к 20402972316254, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
Соҳибкори инфиродӣ Рабиев Сорбон Абдуғафорович (РЯМ 0530098452), ки аз 23 ноябри соли 2012 дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. Соҳибкори инфиродӣ Мунир Муҳаммад Муҳаммад Ҳусайн (РЯМ 0330088715), ки аз 18 августи соли 2010 дар Нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Муҳри гумшудаи хоҷагии деҳқонии “Файзалӣ”, ки дар ҷомоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ воқеъ аст, эътибор надорад.
АНДАРЗ
“Дурӯғгӯ” Духтарак аз рӯзе, ки худро шинохт, аз модар меҳрубонии бисёр дида буд ва ба суханҳои модар, ки ӯро аз шоҳдухтарҳо ҳам зеботар медонист, сахт бовар дошт. Модараш ӯро шаҳлочашм, камонабрӯ, сарвқомати моҳрухсор мехонд. Ягонаи хонадон буд барои модар.
www.javonon.tj
Вале ҳамин ки ба синни мактабхонӣ расид, тамоман акси ҳолро шунид. Ҳамсабақҳояш “безеб” гӯён масхарааш мекарданд. Дар аввал ба тамасхури ҳамсинфонаш аҳамият намедод, чунки фикр мекард онҳо аз сари бахилӣ мегӯянд. Вале чанд сол пас ба ҳақиқат рӯ ба рӯ шуд. Фаҳмид, ки “чашмони шаҳло”-и модараш мегуфтагӣ аслан каҷ будаанд. Рухсораш мисли моҳ не, балки пусти дурушту назарногире доштааст. Пас, модараш ин қадар сол ӯро дурӯғ гуфта буд? Муҳаббати духтарак нисбат ба модараш дар як он ба нафрат табдил ёфт. Ҳарчанд кайҳо ба синни издивоҷ расида буд, аммо касе ба рӯяш наменигарист, ягон хостгоре ба дарашон намеомад. Бар замми ин ҳар қадар табобат мекарданд, чашмонаш беҳ намегашт. Духтурон ҳам гуфтанд, эҳтимол пас аз чанд ҳафтаи дигар тамоман нобино шавад. Бо вуҷуди ин, модар ҳоло ҳам духтарашро меҳрубонӣ мекарду навозиш. Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Духтар ба дӯстдории модар тоб оварда наметавонист, дар ғазаб мешуд. Ниҳоят рӯзе гуфт, ки тасмими аз хона баромада рафтан дорад. Вале модар пешдастӣ кард. Гуфт дар масофаи хеле дуртар аз манзилашон шуғле ёфтаасту бояд биравад. Модар ҳар моҳ маошашро ба яке аз хешовандонаш фиристода, хоҳиш намуд, ки духтарашро нигаҳбон шавад. Чанде нагузашта духтарак тамоман нобино шуда, дар дунёи торики худ танҳо монд. Зимнан, модарашро ҳеҷ фикр намекард. “Дурӯғгӯ” буд барои вай модараш. Рӯзе табибон як ҷуфт чашм ёфта, духтарро ҷарроҳӣ карданд. Ҳоло духтар аз кушодани чашмонаш, балки аз дидани чеҳрааш тарс дошт. Вале нобино бу-
дан душвор буд, аз ин рӯ, чора надошт. Ӯ руяшро кушодан баробар фарёди баланду аҷибе бардошт. Дар рӯ ба рӯяш зебои дунё меистод. Дар ҳақиқат ҳам зебо буд вай. Духтар ҳар қадар ба оина нигоҳ мекард, дар рӯи худ як зарра ҳам зиштӣ намедид: бинии дарозаш гӯё суфта шуда буд, мӯйи сиёҳаш, ки қаблан дар назараш мисли хас хушк менамуд, ҳоло нарм ва муаттар буд. Умуман, чеҳраи духтарак басе дилкашу пурҷило гашта буд. - Ҷарроҳии пластикиро шумо анҷом додед, духтур? - пурсид вай ниҳоят аз табиби солманде, ки дар наздаш қарор дошт. - Не, духтарам, аслан ингуна ҷарроҳӣ нагузарондем, - гуфт табиб табассум карда. - Танҳо чашмони ба ту бахшидаи модаратро часпондем. Ту ҳоло худатро бо чашмони вай дида истодаӣ.
Шиносномаи техникии ҳавлидорӣ, бо суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Асадулло Ғуломов (Федина)-66, хонаи 35, ки ба шаҳрванд Хайдаров Ахмаджон Таджибаевич мутаалиқ аст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад. Ҳуҷҷати ронандагии гумшудаи №438274, ки Мактаби ронандагии “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе соли 2015 ба Исмоилзода Атовуллои Зинатулло додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии №03-4602/12, ки онро Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ соли 2012 ба Исматуллои Хайрулло додааст, бо сабаби гум шуданаш, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи ПВ №789182, ки онро филиали Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко соли 1989 ба Абдуллаева Саодат Шарифовна додааст, эътибор надорад.
Таҳияи Башир УСМОНОВ, “ҶТ”
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Ордери №020011, ки тибқи фармони №4 аз 11.08.2014 соҳибмулки хонаи №43 воқеъ дар кӯчаи Борбад-122/1-и шаҳри Душанбе Богданова Галина Александровна дода шудааст, эътибор надорад.
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).
ҲАМДАРДӢ Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ба ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мумин Шарифов нисбат ба марги ПАДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил хоҳонанд. Исмоил Саидов ва ҷамъи ёру дӯстон ба ҷонишини сардори ШВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ, подполковник Аҳрор Саидов нисбат ба даргузашти ПАДАРАШ изҳори ҳамдардӣ карда, ба ӯ ва пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонанд.
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7107 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»