23 май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон1
ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №21 (9551), 23.05.2018
javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН
ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Дар ин раванд, зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд. Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд. Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Имсол варзишгарони тоҷик дар бисёр мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштирок карда, шаъну шарафи Ватани азизамонро баланд бардоштанд, ки ин дастовардҳои онҳо туҳфаи сазовор ба Соли ҷавонон мебошад. Ҳарчанд ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз соли 2011 то 2016-ум беш аз 1400 иншооти варзишии нав бунёд гардида, қариб 1100 иншоот таъмиру таҷдид шудааст, вале мо бояд дар оянда низ ба бунёди майдонҳо, иншооту толорҳои варзишӣ ва рушди минбаъдаи инфрасохтори соҳаи варзиш диққати ҷиддӣ диҳем.
№21 (9551), 23/05/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
ҶАВОНӢ Ҷавонӣ, эй ҷавонӣ, эй ҷавонӣ, Ки чун дарё равониву равонӣ Замину осмонро чун баҳорон Ҷавонбунёд кардан метавонӣ! Сафои ҷону дилҳоӣ, ҷавонӣ! Навои обу гилҳоӣ, ҷавонӣ! Суруратро муҳаббат зинда дорад, Баҳористони гулҳоӣ, ҷавонӣ! Нигаҳҳоро ту равшан менамоӣ, Шарарҳоро ту гулхан менамоӣ Чӣ дорӣ, дар дилат, эй навҷавонӣ, Нафасҳоро ту гулшан менамоӣ! Ту дорӣ дар кафат ганҷи саломат, Рухи зебову дунёи саодат Ҷавонӣ, давлатат поянда бодо, Ба ин ҳусну ба ин меҳру муҳаббат! Таманнои Ватан ҳастӣ, ҷавонӣ! Тамошои чаман ҳастӣ, ҷавонӣ! Зи номат мерасад оҳанги шодӣ, Гули шеъру сухан ҳастӣ, ҷавонӣ! Нигаҳ ҷамъи нигаҳ ҳосил муҳаббат, Нафас ҷамъи нафас маҳмил муҳаббат Ҷавонӣ менависад дар раҳи ишқ Қадам ҷамъи қадам, манзил муҳаббат! Ту ин рози ниҳонро мешиносӣ? Баҳову имтиҳонро мешиносӣ? Ҷавоно! Дар ҷаҳон ҷавлон, ки дорӣ, Ҷавонии ҷаҳонро мешиносӣ? Гулафшон бод боғат, эй ҷавонӣ! Дили айём доғат, эй ҷавонӣ! Касе як лаҳза қадратро надонад, Намеёбад суроғат, эй ҷавонӣ! Ҷавонон, фурсати беғамшавӣ нест, Ҷавонӣ ҷодаи ҳайдавравӣ нест Ба як дам меравад дилдода аз даст, Агар имони дил додан қавӣ нест! Гули ваҳдат, дили давлат ҷавонон! Дурахши шавкату савлат, ҷавонон! Дар оғӯши баҳори Тоҷикистон Умеди зиндаи миллат, ҷавонон! Муборак бод моҳу соли тоҷик! Шукӯҳи давлату иқболи тоҷик! Ҷаҳони пирро аз нав ҷавон кард, Ҷавониҳои истиқлоли тоҷик! Ҷавонони Ватан, бо ҳам биёем! Суруди ишқро бо ҳам сароем! Мисоли Пешвои миллати хеш, Дари дил пеши фардо во намоем! Ҷавонон, эй ҷавонон, эй ҷавонон! Азизон! Меҳрубонон! Ҳамравонон! Ватанро чун ҷавонӣ ҷон бубахшем, Ки ҷон бахшад ба ҷони нотавонон! ОЗАРАХШ
2
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №21 (9551), 23.05.2018 ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АҲТАМ АБДУЛЛОЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
Машварати корӣ 21 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири ҷумҳурӣ, аъзои Ҳукумат ва роҳбарони як қатор сохторҳои давлатӣ машварати корӣ доир карданд. Дар масъалаҳои рафти иҷрои қонуну қарорҳо, дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони кишвар, тадбирҳои муҳими омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ
– 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷагирии мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, инчунин иҷрои корҳои хайру савоб дар моҳи шарифи Рамазон, баррасӣ гардида, оид ба амалӣ сохтани онҳо гузориши Сарвазир ва роҳбарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ шунида шуд. Бо дарназардошти пуштибонии амиқи мардум аз талошу тадбирҳои ояндадори роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷагирии мулоқоти Сарвари давлат бо фаъолони ҷомеа баҳри ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, бунёди муассисаҳои
муосири таълимӣ, иншооти хизматрасонии маишӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини зиндагии сазовори мардум ба роҳ монда шудааст, аз ин рӯ Президенти мамлакат дастур доданд, ки оид ба татбиқи саривақтии онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Тасаллияти Пешвои миллат ба аҳли оила ва наздикону пайвандони Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат 18 майи соли 2018 Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмин Қаноат дар синни 86 - солагӣ аз олам даргузашт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хидмати шоистаеро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагон, Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, муовини Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кору фаъолият дошт. Наслҳои гуногуни адибони тоҷик аз эҷодиёти саршор аз меҳру муҳаббати шоир ғизои маънавӣ гирифта, ба камол расидаанд. Номи нек ва осори ватандӯстонаи Муъмин Қаноат дар хотираи мардум абадӣ боқӣ хоҳад монд».
Ҷавонони саодатманди кишвар, пайравони Пешвои миллат, дӯстони ҷавонам! Сараввал ҳамаи Шумо – ояндагони Ватани маҳбубамонро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям. Дар воқеъ, барои мо ҷавонон мояи ифтихор аст, ки имрӯзҳо зери сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизу маҳбубамон тамоми шароитҳо муҳайёст. Ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Маҳз боварию эътимод ва сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соли 2017-ро пурра ба ҷавонон бахшида, ин солро “Соли ҷавонон” эълон карданд. Ин барои ҷавонон мояи ифтихору сарфарозист. Барои дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод таъсиси стипендияҳои Президентӣ ва номӣ, квотаи Президентӣ, стипендияи байналмилалии Президентии “Дурахшандагон”, қабули қонуну барномаҳои рушди иҷтимоии ҷавонони мамлакат, грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ба¬рои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон барои варзишгарони мамлакат, Таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳама дастгириҳо шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Баъди ин қадар дастгириҳою ғамхориҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо “Соли ҷавонон” маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд. Ин сухани Пешвои муаззами миллат бори дигар собит сохт, ки Ҳукумати кишвар аз мову шумо – насли ояндасози кишвар умеди калон доранд. Ман бовар дорам, ки шумо - ҷавонони кишвар аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар на¬здатон гузошташуда сарбаландона мебароед ва минбаъд низ мекӯшед, ки ба нафъи давлату ҷомеа боз ҳам содиқона хизмат намоед. Зеро шумо-ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии миллат маҳсуб меёбед. Маҳз шумо қудрат доред чун пешбарандаи илму фарҳанги миллати хеш ва посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмати арзанда намоед. Шумо борҳо собит намудаед, ки дар ҳақиқат пайравони асили Пешвои муаззами миллат ҳастед ва инро минбаъд низ дар иҷрои ҳама кору масъулият, новобаста аз душвориҳои шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири дигар омилҳои беру¬на собит кардан лозим аст. Ҳоло мо дар шароити басо мураккаби ҷаҳонишавӣ зист дорем. Қувваҳои бадхоҳ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба ваҳдату ягонагии миллати тоҷик, рахна ворид созанд. Аз ҷумла, саъй доранд бархе аз ҷавонони ноогоҳро ба гурӯҳу равияҳои тундрав ҷалб созанд. Баҳри ба мақсад ноил шудан аз ҳеҷ амал рӯ наметобанд. Ҷавонони саодатманди имрӯзаи тоҷик аз он фоҷиаи нангин хеле хуб бохабаранд. Ин сабақ барои ҳар як тоҷики ватанхоҳу миллатдӯст хоҳад буд. Умед аст, ҷавонони мо дигар ҳаргиз фирефтаи ниятҳои нопоки бадхоҳони миллат нахоҳанд шуд. Ман ба қудрати дӯстони ҷавонам итминони комил дорам. Ман бовар дорам, ки ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунед ва дар таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоред. Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!
ХОРУҒ: Дави миллӣ бо ширкати 9749 нафар
Ҷавонон аз мавзеъҳои таърихӣ дидан карданд
- Дави миллӣ дар шаҳри Хоруғ 9749 нафар ва марафони велосипедронӣ зиёда аз 95 нафарро ба ҳам овард, - гуфт мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Имомёрбек Имомёрбеков. Дар Дави миллӣ кӯдакон аз назди қаҳвахонаи “Шуғнон” то майдони Исмоили Сомонӣ, собиқадорони варзишу меҳнат аз чорроҳаи шаҳр, толибилмон аз МТМУ – и № 2 ба номи Давлаталӣ Шабдолов, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр аз бозори марказӣ ва ҷавонон аз маҳаллаи “Селхозтехника” то майдони мазкур сабқат намуданд. Дар фарҷом ба ғолибон ифтихорнома ва мукофоти пулӣ тақдим гашт.
Ҷавонону толибилмон ва муҳассилини макотиби олии ВМКБ аз осорхонаҳо ва ҷойҳои таърихии вилоят дидан намуданд. Ин ташаббус аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят зери унвони “Як рӯзи тамошои осорхонаҳо” ба ифтихори Рӯзи умумиҷаҳонии осорхона ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Сураҷ Чоршанбиев, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят гуфт, ки иштирокдорон аз осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии вилоят ба номи Қирғизбек Хушқадамов ва дигар ёдгориҳову мавзеъҳои дилкаши ноҳияҳои Мурғоб, Рӯшон, Ишкошим, Дарвоз, Роштқалъа боздид ба амал оварданд.
ВМКБ
3
АХБОРИ ҲАФТА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №21 (9551), 23.05.2018
Душанбешаҳр маскани зебоӣ ва озодагист
Дучархаронӣ оммавӣ мешавад
ХАТЛОН
19 майи соли 2018 дар 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дар он сокинони касбу кори гуногун фаъолона ширкат намуданд. Тибқи иттилои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар қаламрави вилоят беш аз 2543 нафар сокинони касбу кори гуногун ва аз ин шумора 168 нафар бонувон ба ин намуди варзиш фаро гирифта шуданд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода баромад намуда ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол мукофотҳо тақдим намуд.
Бохтар: Як моҳи ҷавонӣ Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонон таҳти унвони “Як моҳи ҷавонӣ” чорабиниҳои гуногуни
варзишиву фарҳангӣ доир гардид. “Рӯзҳои осорхона” аз зумраи чунин чорабиниҳо буд, ки ташкил ва гузаронида шуд.
Дар он 126 нафар ҷавон ба осорхонаҳои шаҳриву вилоятӣ сафар намуда, аз ёдгориҳои таърихӣ дидан намуданд.
ДУШАНБЕ
Бо мақсади таҷлили бошукӯҳи Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва ҳамзамон иҷрои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 Нақшаи
чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид. Тибқи қарори мазкур, 5
июни соли 2018, соати 18:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣфароғатӣ таҳти унвони «Душанбешаҳр – маскани зебоӣ ва озодагист» баргузор мешавад.
Амалиёти «Кӯкнор-2018» дар пойтахт Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди пойтахт аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли 2018 дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор-2018» гузаронида мешавад. Амалиёти мазкур бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ оид ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар пойтахт гузаронида мешавад. Тибқи қарори мазкур, Ситоди шаҳрӣ оид ба роҳбарӣ, назорату ҳамоҳангсозии фаъолият барои ташкил ва гузаронидани амали-
ШНТМ
ёти «Кӯкнор-2018» таъсис ёфта, ҳамчунин Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе, шуъбаи дуюми Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидаанд, ки дар якҷоягӣ бо Ситоди шаҳрӣ нақшаи кори Ситодро бо мақсади ташкили ҳамкорию ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ таҳия намуда, гурӯҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро ҷиҳати муоинаи заминҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе таъсис диҳанд.
Чорабиниҳои хотирмон
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар кохи маърифатии шаҳри Ваҳдат вохӯрии ҷавонон доир гардид. Зимни вохӯрӣ ҷавонон аз дастовардҳои якдигар ва саҳм дар пешрафти ҷомеа сухан гуфтанд. Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Абдуғаффор Азиззода, ки дар вохӯрӣ ҳузур дошт, ҷиҳати пешгирии рафтору кирдорҳои номатлуб миёни ҷавонону наврасон, аз ҷумла гаравидан
ба ҳар гуна равия ва гурӯҳҳои ифротӣ назди ҳозирин сухан гуфт. Дар шаҳри Ваҳдат, ҳамчунин бахшида ба ин санаи фархунда пойгаи велосипедронон ва дави миллӣ сурат гирифт. Ба ғолибон - ҷавонону наврасоне, ки дар ин чорабинҳо саҳми назарас доштанд, ифтихорнома ва сипосномаҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат супурда шуд.
СУҒД
Аксияи ҷойҳои кории холӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 18 майи соли равон дар Регистони бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд аксияи вилоятии ҷойҳои кории холӣ ташкил ва баргузор гардид. Омили муҳими аксияи мазкур - таъмини аҳолӣ ба иттилоот бобати ҷойҳои
кории холӣ дар миқёси вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷалб намудани бекорони ихтисос надошта ба касбомӯзӣ ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ мебошад. Иқдоми мазкур бо ташаббуси клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят роҳандозӣ шуд.
Дар веломарафони вилояти Суғд 300 нафар иштирок карданд Дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Певшои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур беш аз 300 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла наврасону ҷавонон ва варзишгарони вилоят иштирок намуданд.
Макони баргузории марафони велосипедронӣ аз назди Маҷмааи таърихӣ ва фарҳангии “Истиқлол” то микроноҳияи 3-юмро дарбар гирифт. Мусобиқаи мазкур аз рӯи 4 зинаи синну сол доир гардида, ғолибону ҷоизадорон бо диплом, медал ва Ҷоми мусобиқа қадршиносӣ гардиданд.
Саёҳат бахшида ба Рӯзи ҷавонон Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон барои тамошои ёдгориҳои таърихӣ саёҳат ташкил намуд. - Дар ноҳияи мо айни замон осорхона расман фаъо-
лият надорад, - изҳор дошт зимни суҳбат мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Хӯҷавалӣ Комилов. – Пас ташкили саёҳат ба ҷойҳои ёдгориҳои таърихӣ барои насли ҷавон аз фоида холӣ нест. Зимни сафар
наврасону ҷавонон ҷойҳои таърихии ноҳияи худро бо чашми сар диданд ва дар бораи ашхоси номдор, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд, маълумотҳои муфид ба даст оварданд.
4 Ташаббусҳои ҷавонони Тоҷикистон, ки бо ин эътимоднокии худро дар арсаи сиёсат, идоракунии давлатӣ, гузаронидани ислоҳот исбот кард, собит намуд, ки онҳо метавонанд дар ташаккули сиёсати давлатӣ, додани симои комилан нав ба он, муаррифии Тоҷикистон дар хориҷ саҳмгузор бошанд. Зикр бояд кард, ки ташаббусҳои ҷавонони Тоҷикистон наметавонад сифр хислати сиёсиро дошта бошанд. Чӣ хеле ки дар Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон қайд гардидааст: “Таҷрибаи даҳсолаҳои охир собит месозад, ки танҳо он кишварҳо ба дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ноил мегарданд, ки ба ҷавонон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамоянд ва он ҷомеа рушди устуворро таъмин месозад, ки системаи маъмулии ақидаро нисбат ба насли ҷавон, нисбат ба системаи муносибати байниҳамдигарии наслҳо ва моҳияти он барои рушди сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ такмил медиҳад.” Имрӯз як қатор имкониятҳои конститутсионии ҷавонон дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ, аз ҷумла дар самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ (моддаи 12), иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат (моддаи 27) меҳнат (моддаи 35), истироҳат (моддаи 37), ҳифзи саломатӣ (моддаи 38), иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа (моддаи 40), таҳсил (моддаи 41) ва монанди инҳо амалӣ гардида истодаанд. Вобаста ба таҳсил Конститутсия барои наврасону ҷавонон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст, то насли ояндасози миллат аз илм, техника ва технологияҳои замони муосир бархурдор бошанд ва давлати хешро дар арсаи ҷаҳонӣ сазовор муаррифӣ намуда, парчамбардор ва посдори фарҳанги миллӣ бошанд. Дар ин замина гирифтани таҳсили ройгон дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимии кишвар ва таҳсилоти олӣ дар хориҷи кишвар кафолат дода шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ имрӯз дар 39 донишгоҳу донишкадаҳои мам-
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №21 (9551), 23.05.2018
ҲУҚУҚИ ШУМО
“Мо бояд дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро талқин намоем, то онҳо тавонанд дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.” Эмомалӣ Раҳмон
Имкониятҳои конститутсионии иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ лакат 170 ҳазор донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар донишгоҳҳои хориҷи мамлакат бошад, 30 ҳазор ҷавонон бо ихтисосҳои замони муосир таҳсил карда истодаанд. Дар асоси моддаи 12 Конститутсия, давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Кафолати ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории ҷавонон дар навбати аввал бевосита дар моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 15 июли соли 2004, №52 мустаҳкам гардидааст, ки он баробари кафолатҳои ҳуқуқӣ ҳамчунин имтиёзҳои мушаххасро пешбинӣ менамояд. Чунончӣ, дар доираи талаботи моддаи мазкур мақомоти ваколатдори давлатӣ вазифадор гардиданд, ки фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкории ҷавононро дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии ҷавонон дар асоси озмун аз ҷиҳати моддию техникӣ ва молиявӣ дастгирӣ намуда, ҷойгиронии фармоиши давлатиро дар асоси озмун оид ба таҳвили мол, иҷрои кор, хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷавонон дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таъмин кунанд. Барои аз ҷониби ҷавонон амалӣ гардидани имкониятҳои зикргардида, муҳити фору-
ми соҳибкории ҷавонон созгор буда, дар он имкониятҳои мавҷудаи ҷавонон аз нуқтаи назари касбӣ ва аз ҳама муҳимаш бо ҷалби худи ҷавонон баррасӣ мегардад. Дар кори он намояндагони бахши хусусӣ мубодилаи таҷриба намуда, имконияти омӯхта шудани тартиби пешбурди фаъолияти тиҷоратиро фароҳам меоранд. Зикр бояд намуд, ки ҷавонон дар муқоиса бо наслҳои калонсол дорои зеҳн ва идрок, ақидаю мафкураи тез буда, қобилияти хуби тағйирпазирӣ ва мутобиқшавӣ ба муҳити навро соҳибанд. Онҳо метавонанд дар шароити пешрафти ҷомеаи муосир, тағйирёбии муносибатҳои ҷаҳонӣ ба воқеияти давр базудӣ мутобиқ гардида, имкониятҳои худро мавриди истифода қарор диҳанд. Конститутсия бо ин назардошт дар моддаи 41 нисбати ҷавонон дар тамоми зинаҳои таҳсилот ба таври ройгон гирифтани таҳсилотро дар муассисаҳои давлатии таълимӣ кафолат медиҳад. Ин бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории маориф ба амал бароварда мешавад. Ҷавонони Тоҷикистон баробари ин ҳуқуқ доранд дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзанд, аз дастоварди онҳо истифода баранд. Ҳуқуқҳои муқарраркардаи мазкур, ки дар доираи кафолатҳои конститутсионии фарҳангии ҳуқуқҳои ҷавонон ба амал бароварда мешаванд,
ташаккули технология ва инноватсияро таъмин намуда, вориди истеҳсолот гардидани дастовардҳои нави технологиро асос мегузоранд. Чӣ хеле ки дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, «… ҷавонони мо таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, техника ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро самаранок истифода мекунанд, дар таъсиси марказҳои ҷавонон, корхонаҳои хурду миёна, бунёди муассисаҳои варзишиву фароҳатӣ фаъолона иштирок менамоянд. Инчунин, барои омӯзиши илму донишҳои муосир кӯшиш намуда, ба забономӯзӣ машғул мебошанд ва дар мусобиқаву озмунҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат карда, барои гирифтани шаҳодатномаҳои муаллифӣ доир ба ихтироъкорӣ саъю талош менамоянд». Дар ин доира бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998, №301 тасдиқ гардидани Низомнома дар бораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, дар самти дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионии ҷавонон ва кафолатҳои конститутсионӣ такони бузургеро ба вуҷуд овард. Асоси ҷоизаро ҳадафҳои зерин ташкил доданд:
- таҳқиқоти илмие, ки ба инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб мусоидат менамояд; - коркард ва азхудкунии техника, кашфиёту ихтирооти пешқадам, ки суръати афзоиш ва самаранокии пешрафти иқтисодиёту иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам менамоянд. Ҳамин тавр, дар асоси гуфтаҳои боло, мазмун ва моҳияти асосҳои конститутсионии сиёсати давлатӣ ва кафолатҳои конститутсионии ин асосҳо дар он зоҳир мегардад, ки ҷавонон қишри нисбатан ҳассос ва дар ҳамон як вақт осебпазири ҷомеа ба шумор рафта, нисбати тағйироти дар ҷомеа пайдошаванда ба зудӣ мутобиқ мегарданд. Ҳолати мазкур на ҳама вақт ба манфиати кор буда, метавонад амният ва бехатарии давлатро зери хатар гузорад. Дуруст муайян гардидани асосҳои конститутсионии сиёсати давлатӣ ва устувор гардидани кафолатҳои конститутсионии он, метавонад ба таври манфӣ ташаккул ёфтани раванди муносибатҳоро пешгирӣ намуда, онро ба манфиати ҷомеа ва давлат истифода намояд. Ин метавонад дар давлате, ки шумораи аксари шаҳрвандонашро ҷавонон ташкил медиҳанд, ба хубӣ эҳсос гардад. М. МАҲМУДЗОДА, раиси Суди конститутсионӣ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №21 (9551), 23.05.2018 Худшиносии миллӣ ормони ҳазорсолаи халқи куҳанбунёду ҷафодидаи мост. Ҳатто дар зери юғи истилогарони аҷнабӣ ҳам андешаи миллӣ чун ахгари зери хокистар худафрӯзӣ дошт ва ҳамин андешаи фанонопазир халқи моро имкон дод, ки фарҳанг, маънавиёт, забон ва чеҳраи аслии худро аз умқи асрҳо то ба имрӯз бирасонад. Дар тӯли қарнҳо абармардони миллат бо ҳар роҳу восита ҳувияти миллиро тарғиб мекарданду тавассути он рӯҳи халқро таҳким мебахшиданд. Вале ифшои ғояи миллӣ дар он давру замон коре сахт мушкил буд, зеро худшиносии миллӣ аз давлатдории миллӣ сарчашма мегирад ва дар оғӯши он нумӯъ мекунад. Танҳо баъди ҳазор соли суқути Сомониён, ки истеҳкоми воқеии ҳувияту худшиносии миллати мо буданд, бо таъсиси давлати нави миллиамон дар оғози асри пурталотуми бист ин кор боз рангу бӯ пайдо кард. Дар ин самт талошҳои устод Айнӣ бебаҳсу беназиранд. Ҷонфишониҳои фарзандони бузурги халқамон Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафу ҳаммаслаконашон далели равшани садоқат ба ин ормони ҷовидонаи миллат буд. Баъдан аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамчун олими жарфнигару сиёсатмадори дурандеш, махсусан бо китоби бемонанди «Тоҷикон», устод Мирзо Турсунзода бо фаъолияти густурдаи адабиву ҷамъиятӣ, устод Сотим Улуғзода бо умқи осори таърихиву ватандӯстӣ, ходимони барҷастаи илму адабу фарҳанг бо осори мондагори ҳувиятбахшояшон ба ин раванд такони ҷиддӣ бахшиданд. Метавон гуфт, ки дар охирин солҳои шӯравӣ ин падида хоси ҷомеаи мо шуда буд ва зуҳуроти миллатдӯстиву ватанхоҳии воқеӣ кам ба назар намерасид. Бо вуҷуди ин, танҳо Истиқлолияти давлатӣ шароити таърихӣ ба вуҷуд овард, ки ғояи худшиносии миллӣ ба сатҳи сиёсати давлатӣ бароварда шавад. Сарвари давлати нави тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, ки худ шахсест бисёр миллӣ ва ба масоили худшиносиву худогоҳӣ басо ҳассос, бо ҳама иқдоми хеш сабақе аз ҳувияту бедории миллӣ медиҳад ва бозгӯ мекунад, ки дар ҷаҳони печидаи имрӯз танҳо арзишҳои бузурги миллианд чун ваҳдат, симои хоси ахлоқиву маънавӣ, донишандӯзӣ, соҳибҳунарӣ, ки миллатро барҷову пойдор нигоҳ медоранд. Дар беш аз биступанҷ соли даврони Истиқлолияти давлатӣ насли нави фарзандони халқамон ба камол расид, ки дар муҳити тафаккуру андешаи миллӣ арзишҳову муқаддасоти замони навро бо шири модар пазируфт. Имрӯз, ҳар боре, ки дар ягон гӯшаи олам бо баҳонаи масарратбахшое Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд мешавад, вуҷудҳо аз фараҳ лабрез мегарданду дар чашмони хурду бузург ашки шодиву сарафрозӣ ҷило медиҳад. «Ватани мо сарзамини эҷодкорони оламшумул мебошад» - ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тинату моҳияти миллати маънавии моро муайян мекунад ва ба уҳдаи эҷодкорони имрӯз вазифаву масъулиятҳои бузурге вомегузорад. Мо, албатта, аз ин ифтихор мекунем ва ба ин ҳақ дорем, лекин, агар бо гузашта танҳо бинозему худ кори арзишманде накунем, шабеҳи товусе хоҳем шуд, ки масти тамошои думи хеш оламро фаромӯш мекунад. Тавре ки Пешвои миллат таълим медиҳад, мо бояд ворисони арзандаи аҷдоди бузурги худ бошем. Вақте ки адибони баркамоламон бо ҷавонон дар бораи худшиносии миллӣ ҳарф мезананд, ин фикрро ҳамеша талқин менамоянд. Ҳамзамон дар ёд бояд дошт, ки худшиносии миллӣ ифтихори миллиро мепарварад, вале ифтихори миллӣ ва кибру ғурур тавъам нестанд. Ҷавонон бояд забони модариро дӯст бидоранд, анъанаҳои миллиро фаромӯш на-
МУЛОҲИЗА
5
Тарғиби худшиносии миллии ҷавонон ҳадафи аввалиндараҷаи адибони асил созанд, таърихи халқи худро бидонанд, вале, дар баробари ин, ба арзишҳои умумибашарӣ низ арҷ гузоранд. Ғояи худшиносиву худогоҳӣ моро водор месозад, ки чеҳраи миллӣ, расму русум ва одобу фарҳанги халқи худро ба таври шоиста ба оламиён муаррифӣ намоем ва аз ҷаҳони бози имрӯз барои фардои хеш сабақҳои арзанда гирем. Шеър дар зиндагии миллати мо мавқеи ҷудогона дошта, яке аз василаҳои озмудаву муассири тарбияи ҷавонон низ ба шумор меояд. Устод Муъмин Қаноат дар шеъру достонҳои худ мавзӯи худшиносии миллиро бисёр амиқу дақиқ таҳлилу баррасӣ карда, ҳунармандона ба хонанда пешниҳод намудааст ва ҷавонон бо мутолиаи онҳо ба таърих ва худшиносии миллӣ сахт алоқа пайдо хоҳанд кард. Ӯ аз он шоирони нодир аст, ки ағлаби мавзуъҳои миллиро дар адабиёт асос гузоштааст ва шоирони дигар он мавзуъҳоро бештар шарҳ додаву густуронидаанд. Аз ҷумла, ба мавзӯи забон, ки ҳувияти миллии мост, бори аввал рӯй овард ва ин мавзӯъ, ки ҷузъи худшиносии миллист, дар шеъри шоирони дигар вусъат пайдо намуд. Қанд ҷуӣ, панд ҷӯӣ, эй ҷаноб, Ҳарчи меҷӯӣ, биҷӯ. Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб, Ҳарчи меҷӯӣ, биҷӯ. Форсӣ гӯӣ варо, дарӣ гӯӣ варо, Ҳарчи мегӯӣ, бигӯ. Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо, Ҳарчи мегӯӣ, бигӯ, Баҳри манн танҳо забони модарист… Устодон Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафӣ ҳамвора дар шеърҳои худ масоили миллӣ ва худшиносии миллиро тадқиқу тасвир кардаанд. Орзуи ҳамешагии ин шоирони барӯманд миллати озоду сарбаланд ва озодаву огоҳ мебошад. Дар эҷодиёти шоирон Камол Насрулло, Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Аскар Ҳаким, Фарзона, Рустами Ваҳҳоб, Алимуҳаммад Муродӣ, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Муҳтарам Ҳотам, Ато Мирхоҷа, Раънои Мубориз, Шаҳрия, Озар, Озарахш ҷанбаи хештаншиносӣ ва огоҳии миллӣ бо ҳар роҳу восита тасаллут дорад. Ин анъанаро ҷавонони насли замони Истиқлолият Толиби Луқмон, Муҳриддин Сабурӣ, Баҳром Раҳматзод, Насимбек Қурбонзода, Бобаки Суғдӣ, Бузургмеҳри Баҳодур, Эҳсон Раҷабӣ, Мафтунаи Қосим, Бузургмеҳри Ҳаким, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Шаҳриёр Олимӣ, ки дар ҷодаи шеър бомуваффақият қадам мегузоранд. давом медиҳанд. Агарчи мафҳумҳои «хештаншиносӣ», ё «худшиносии миллӣ» барои бачаҳо, махсусан, кӯдакон шиносанд, вале чандон фаҳмо ва қобили дарк нестанд, зеро фаҳму даркашон донишу таҷриба тақозо менамояд. Бо вуҷуди ин, дар тӯли таърихи давлатдории тоҷикон ҳаргиз замоне набуд, ки кӯдакон Нишону Парчам, Суруди милливу дигар муқаддасоти мардумамонро ин қадар хуб шинохта бошанд. Аслан ҳар кӯдак, ҳатто бехабар аз ин мафҳумҳо, соҳиби ифтихори миллист. Аз ин сабаб, адибони бачаҳо низ дар эҷодиёти худ хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро васеъ тараннум менамоянд. Барои дар рӯҳияи худшиносии миллӣ тарбия намудани насли наврас дароз ҳарф задани адиб шарт ҳам нест. Як шеъраки одӣ ва ҳикояву афсонаи марғуб метавонад дар ботини кӯдак туғён барангезад. Худшиносӣ барои хурдсолон чист? Ифтихор аст. Вақте ба зеҳни ӯ ҳикмати тоза
мерасад, беихтиёр ба ваҷд меояд. Дар ҳар гапу кор, ҳодисаю воқеае, ки адиб тасвир менамояд, бояд ҳамин ҳикмат барҷаста ифода шавад. Барои бачаҳо мафҳуми худшиносӣ маҳдуд ва васеъ мешавад. Худшиносӣ ба маънои маҳдуд, қабл аз ҳама, донистани ному насаби худ, волидону хешу ақрабо, зодгоҳу маҳал, миллату кишвар, забони модариву Ватан ва, албатта, дарки ҷисмонӣ, донистани одоби тандурустӣ ва ғайраҳост. Аммо худшиносиро ба маънои васеъаш ба зеҳни кӯдак гунҷонидан корест душвор. Ин заҳмати зиёду чандинсола дар мактабу оила хоҳад буд, вагарна кӯдак наметавонад, ки баробари шунидани калимаи «тоҷик», «Ватан», «Тоҷикистон» ҳамоно ифтихор намояд ва дар қалбаш ғурур ҷӯш занад. Ифтихори ҳақиқӣ ба қалби кӯдак зарра-зарра роҳ меёбад ва бо камолоти соливу маънавиаш торафт бузургтар мегардад. Назми муосири хурдсолон худшиносии миллиро зиёд васф кардааст. Дар ин кор бештар аз ҳама Ҷӯра Ҳошимӣ, Юсуфҷон Ахмадзода ва Алӣ Бобоҷон муваффақ шудаанд. Юсуфҷон Аҳмадзода дар шеърҳои «Тоҷикистон», «Ту бишнос худро», «Китоб» хонандаи хурдсолро даъват менамояд, ки ба моҳияти ҳар ашё дуруст зеҳн монаду некӯ сарфаҳм равад, то онро шинохта тавонад, вале аввалтар аз ин худро бояд шиносад. Алӣ Бобоҷон дар мавзӯи худшиносӣ бештар аз дигарон асар эҷод намудааст. «Истиқлолият чист?» аз ҷумлаи онҳост. Бачаҳо ба саволи омӯзгорашон – «Истиқлолият чист?» дурудароз ҷавоб меҷӯянду ҷавоб мегӯянд. Омӯзгор аз ҷавоби шогирдонаш қаноатманд нашуда, гаштаву баргашта бачаҳоро ба ҷустану ёфтан даъват менамояд ва дар миён маъниҳои баланд, суханони хубу хуш, панд ва ҳикмати накӯ дар боби дӯстӣ, сулҳ, озодӣ ва Истиқлолият гуфта мешавад. Адабиёт хонандаро бо хусусиятҳои умумии одамон, нақши ин хусусиятҳо дар ҳаёти ҳар кадоми мо ва моҳияту зарурати онҳо шинос мекунад. Далолат мекунад, ки ҳама гуна корҳои неку хайрхоҳона дар олам одамро ба сӯйи ҷустуҷӯву ковишҳо мебарад ва ба кӯйи мақсадҳои наҷиб мерасонад. Маҳз адабиёт дар хусуси ҳурмату эҳтиром, меҳрубониву ғамхорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ баҳс мекушояд. Бачаҳо дар бораи урфу одатҳои неки мардум ёриву бародарӣ, дӯстиву ягонагӣ, аҳлият, сулҳҷӯйиву ҳайрхоҳӣ маълумот пайдо мекунанд. Дарк мекунанд, ки ин урфу одатҳои нек дар ҳаёти онҳо чӣ мақому мартабае доранд ва чӣ қадар заруру ногузиранд. Ҳамчунин, аломату фарқияти миллӣ, расму оин, урфу одат ва анъанаҳои миллатҳоро фаҳмонидан вазифаи адабиёти бачаҳост. Бо мероси фарҳангиву таърихии гузаштагон, фаъолияту вазифаҳои имрӯзиён, ки давомдиҳандаи ҳаёту эҷодиёти гузаштагон ва пайвандгари ояндагон мебошанд, ошно шуда, хурдсолон аз фарҳангу маданияте, ки хоси мардуми тоҷик аст, маълумот мегиранд, дар бораи мафҳуми миллат, рӯҳи миллӣ ва баъзе ҷиҳатҳои дигар тасаввурот ҳосил мекунанд. Дар публитсистикаи тоҷик ҳам мавзӯи талқини худшиносии миллӣ ба ҷавонон тайи солҳои Истиқлолият хеле ривоҷ гирифт. Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар очеркҳои худ «Роҳи шараф», «Асрори Хоҷамуъмин», «Армони ҳазорсола», «Заҳри носозӣ ва шаҳди ошноӣ» перо-
муни пос доштани арзишҳои миллӣ амиқ андешаронӣ менамояд. Ҳадафи ӯ назар андохтан ба осори ниёгон, таърихи кишвар, бозгӯи иштибоҳҳои таърихӣ ва ба ин васила хушдор додани мардум, бахусус ҷавонон аст. Очерки “Асрори Хоҷамуъмин” ҳамзамон бозгӯи қадршиносии онҳо нисбат ба муҳити зист ва сарзамини аҷдодӣ мебошад. Очерк ҷавононро бо боигариҳои табиат ва олами нодири набототи он ошно карда, тарғибгари хуби донишҳои экологӣ дар байни онҳо буда метавонад. Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун тайи солҳои охир як силсила очерку мақолаҳои амиқмазмун офаридааст, ки ҷанбаи пурқуввати миллию худшиносӣ доранд. Очеркҳои адиб “Виҷдон агар бедор аст”, “Таҷовузи нохалаф ва худшиносии миллӣ” дар ин мавзӯъ падидаи нав мебошанд. Очерки “Сухани миллатсози Айнӣ”-и Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар яке аз беҳтарин асарҳои публитсистии замони соҳибистиқлолист. Адиб дар он перомуни осори пурбаҳои публитсистии Айнӣ - мақолаҳои “Сайфу қалам” ва ”Дар бораи китобҳои тоҷикӣ” сухан ронда, чунин андешаро талқин менамояд, ки Айнии миллатдӯст дар тӯли тамоми умраш барои поку муқаддас нигоҳ доштани забони ягонаи адабӣ муборизаи собитқадамона бурдааст. Романи мустанади публитсист Бахтиёри Муртазо “Нақби Истиқлол”, ки ба туннелсозони ағбаи Анзоб бахшида шудааст, саршори тарғиби ғояи худшиносию худогоҳии ҷавонон мебошад. Қаҳрамонони ин асари публитсистӣ аксаран ҷавононе мебошанд, ки дар бунёди роҳу пулҳои бузург саҳм мегузоранд. Дар асар се насл - Азим саркор, Мафтун ва писари ҷавони ӯ Мамнун тасвир ёфтаанд. Мафтун анъанаи падаронро идома дода, чун ҷавони ватанпарвар мехоҳад то охир бунёдкор бимонад. Публитсист дар ин асари мустанад рӯҳияи баланди худшиносию ватанпарастии ҷавононро дар мисоли ӯ ба ҷилва овардааст. Очерку мақолаҳои публитсистии Раҷаб Мардон, Холназар Муҳаббатов, Раҷабалӣ Аҳмад, Шералӣ Мӯсо, Ато Ҳамдам, Маҷид Салим, ки ба бунёдкориҳои гуногун бахшида шудаанд, низ симоҳоеро мавриди тадқиқу таҳқиқи бадеӣ қарор додаанд, ки худогоҳию худшиносӣ хислати вижаашон аст ва маҳз бо ин хислат ба ёди хонанда мемонанд. Аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ робитаҳои адабӣ миёни кишварҳо бо рангу тобиши нав ҷилва кард, сафарҳои зиёди адибон ба хориҷаи дуру наздик сурат гирифтанд. Ин сафарҳо натанҳо боиси мулоқотҳо бо ҷавонони тоҷик, ки дар он кишварҳо кору зиндагӣ мекунанд, суҳбатҳо перомуни худшиносии миллии насли нави миллат гардиданд, балки ҳамзамон заминаи пайдоиши асарҳои шоистаи аслӣ ва тарҷумавӣ шуданд. Хулоса, адибони тоҷик дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ, ки дар баробари таъсири мусбат ба зеҳни ҷавонон таъсири манфӣ низ дорад, рисолати хешро ба хубӣ дарк намуда, асарҳои саршор аз ғояҳои худшиносии миллӣ, ватандӯстию инсонпарварӣ, ифтихор аз ниёгон, забону таърих ва фарҳанги миллӣ эҷод мекунанд. Навбат аз ҷавонони гиромист, ки ба ин ганҷина рӯ биёранд, тибқи завқу ниёзи хеш интихоб кунанд ва ба умқи афкору эҳсос фурӯ раванд. Низом ҚОСИМ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
6 ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявии намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид. Форуми мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар бинои Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” бо иштироки беш аз 100 нафар мутахассисони ҷавон гузаронида шуд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода дар оғоз ҳозиринро ба муносибати баргузории моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола дар сартосари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфта, ба эшон файзу баракат, нерӯву тавони нав ва дар фаъолияти пурсамари хизматӣ комёбиҳо таманно намуд: - Мо хуб огоҳ ҳастем, ки таҷлили Рӯзи ҷавонон падидаи замони Истиқлолият буда, иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии пайвастаи ҷавонон ва қадрдонӣ аз заҳмату талошҳои онҳо баҳри нафъи Ватану миллат амалӣ мегардад. Боиси хушнудист, ки дар роҳи ҳалли масъалаи ҷавонон дар тамоми солҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида истодааст. Дар ин радиф фаромӯш набояд сохт, ки дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 – “Соли ҷавонон” барои кулли ҷавонони кишвар тӯҳфаи фаромӯшнашванда ва ҳар як рӯзи соли сипаригашта саршор аз таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва дастоварду комёбӣ буд. Тавре ки дар Паёми навбатии Президенти кишвар таъкид гардид, ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо “Соли ҷавонон” маҳдуд намешавад, баръакс ҳалли масъалаи вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ ҳамчун самти муҳимтарини фаъолияти мо интихоб хоҳад гардид, иброз дошт А. Абдуллозода. Раиси кумита дар идома аз мутахассисони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо даъват ба амал оварда таъкид намуд, ки онҳо бояд дар партави сиёсати Пешвои миллат дар раванди ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамзамон воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа, роҳи дурусти тавсияи тафаккури миллӣ, таҳкиму устуворгардонии пояҳои давлатдории навини тоҷик ва рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеаро
Форуми ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон
пеша намоянд. Аҳтам Абдуллозода бо хушнудӣ аз он ёд намуд, ки: “Имрӯзҳо дар ватани мо роҳу усулҳои боз ҳам мукаммалтари расидан ба зиндагии орому осуда, таҳкими сулҳу ваҳдат, амнияти пойдор, камолоти ақлонию имкониятҳои беҳтари модию маънавии ҷомеа ва фарҳанги волои фазилатҳои ахлоқӣ амалӣ ва ҳукмронанд. Зеро маҳз ҳувияти миллӣ, шуури таърихӣ ва худшиносии фарҳангӣ миллатро устувор нигоҳ дошта ба вай роҳу қувваи тоза бахшида, ба тамаддуни муосири ҷаҳонӣ ворид месозад”. Дар рафти форум намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар доираи мавзӯи “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” маърӯзаҳо намуда, фикру андешаи худро доир ба мавзӯи мазкур иброз доштанд. Аз ҷумла Беҳрӯз Абдулов, мутахассиси пешбари шуъбаи муҳосибот ва хоҷагидории Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати кишвар дар маърӯзаи худ, ки ба мавзӯи
“Пешвои миллат – асосгузори рушди соҳаи сайёҳӣ” бахшида шуда буд, аз ташаббусҳои Президенти кишвар баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ ёдовар шуд: “Сайёҳӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт барои суръати баланди рушди худ, феномени иқтисодии садсола эътироф гаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва дорои захираҳои табиию рекреатсионие мебошад, ки барои рушди ҳам сайёҳии дохилӣ ва ҳам қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта, соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ эълон гаштааст, ки бунёдгузори он бевосита Президенти мамлакат мебошанд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, эҳё ва
рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар гардидани симои сайёҳии ватанамон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа, соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида, нақшаи чорабиниҳои мукаммал ва рамзи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Пешвои миллат тасдиқ гардид,”-гуфт ӯ. Идимои Назрулло, мутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи “Дастгириҳои Пешвои миллат – дастоварди мо - ҷавонон” чунин гуфт: “Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳояшон ҷавононро ояндаи миллат меноманд. Воқеан ҳам, ҷавонон идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкорӣ тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Маҳз ба ҳамин хотир соли 2017 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №21 (9551), 23.05.2018 миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли ҷавонон” эълон карда шуд. Барои дастгирии ҷавонон тамоми заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар роҳандозӣ гардида, танҳо мо – ҷавононро мебояд, ки ба қадри ин ҳама дастгириҳо ва шароити муҳайё сохтаи Ҳукумати мамлакатамон, махсусан Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем. Ҳамзамон, пайравӣ аз мактаби бузурги ҷавонмардию қавииродагӣ ва ватандӯстии Пешвои муаззами миллатамон кунем, то ба ҳама дастовардҳо ноил гардем”. Беш аз 27 сол мешавад, ки миллати сарбаланди тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани маҳбубамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкорона ва созандагӣ, имрӯзу фардоямонро мунаввар месозад. Заҳматҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хосса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд. Маърӯзаи Саидахон Мавлнова, мутахассиси Раёсати корҳои Вазорати молия таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” низ фарогири гуфтаҳои болост. Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки: “Новобаста ба вазъи душвори таърихи сахту сангин ва давраи гузариш, ки бо ташаккули низоми сифатан нави иҷтимоию иқтисодӣ алоқаманд мебошад, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Мо – ҷавонони кишвар худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоем ва ваъда медиҳем, ки барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю такондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозем”. Инчунин, дар рафти ҷамъомад Далер Сафаралиев, мутахассиси Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар мавзӯи “Самтҳои асосии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон”, Шаҳноза Буриева, сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва ислоҳот дар мавзӯи “Беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ вазифаи мо – ҷавонон” маърӯза намуданд. Бо суханронии олим ва роҳбари ҷавон, ректори Донишгоҳи молия ва иқтисод Хайрзода Шукрулло ва музокираву саволу ҷавоб Форуми ҷумҳуриявӣ ба охир расид. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №21 (9551), 23.05.2018 Меҳрона Ғайбуллоева! Духтарест аз диёри орзуҳо, ҷавонест бо қалби пур аз муҳаббату садоқат ба диёри хеш, ҳунармандест, ки садояш сарҳадҳоро убур кардаву, қалби ҳазорон мухлисони санъати асили мусиқиро тасхир намудааст, соҳибҳунарест чобуку чаққон, инсонест боғурур ва қавииродаву матин. Садояш, нигоҳаш, хиромиданаш, хандаҳояш, гиряҳояш розҳо доранд... Ва ифшогари ин розҳо ин ҳунари худододи ӯ, яъне сурудҳояш гаштаанд, ки аз минбарҳои баланд садо додаанд. Имрӯзҳо номи ин тоҷикдухтари ҷавону боистеъдод, ки дар лоиҳаи мусиқии “Ты супер!” (“Ту беҳтаринӣ”) тариқи яке аз шабакаҳои телевизионии Русия НТВ баромад намуд, вирди забонҳост. Садои фораму дилнавозаш қалби миллионҳо нафар тамошобинони шабакаҳои телевизионии Русия ва дунёро тасхир намуд. Вақте суруди Меҳрона дар озмуни мусиқии телевизионии “Ту беҳтаринӣ!” садо дод, ҳамагон табли шодӣ задаву ба ҳунару маҳорати ин ҷавондухтари тоҷик аҳсан хонданд. Ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз оғози ширкати ӯ дар лоиҳаи “Ту беҳтаринӣ!” барои тақдири минбаъдаи ин духтари боистеъдод бетараф набуданд, аз суҳбати ошкоро бо аъзои ҳакамон ва ҷасорату бебокии ӯ ба ваҷд омаданд. Ва сару садоҳои зиёде атрофи ин мавзуъ миёни сокинон ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён омад. Гурӯҳе ин вокуниши Меҳронаро маҳкум мекарданду гурӯҳи дигар ӯро ором кунонда мегуфтанд, ки бояд созгорӣ кунад, гурӯҳи сеюм ӯро тарафдорӣ намуда, ҳақ мешумориданд. “Меҳрона бояд ин нокомии худро оромона таҳаммул мекард. Сахтгириҳо ва танқиди аъзои ҳакамон дуруст буданд”, - мегӯяд яке аз истифодабарандагони интернет Ҳаким. “Меҳрона, рӯҳафтода нашав, бароят барор мехоҳем!”, - менависад Фахрия. Ҳофиз, сокини дигари Тоҷикистон дар саҳифаи интернетии худ чунин менигорад: “Бо вуҷуди он ки ӯ хеле ҷавон аст, дарҳол хатои худро дарк намуд... Хуб шуд, ки ӯ бахшиш пурсид. Меҳрона, офарин ба ту, ояндаат дурахшон аст, вале ҳаргиз худситоӣ накун, бигзор туро дигарон тавсиф кунанду ба ҳунарат баҳо диҳанд...” “Меҳрона, ту дар ҳақиқат ҳам беҳтаринӣ. Мо бо туем, ҳаргиз худро танҳо нашумор!. Интизо-
НИГОҲИ ДИГАР - Ҳангоми бори нахуст ҳунарнамоӣ намудан дар саҳнаи калон кадом ҳисссиёт шуморо фарогир шуда буд? - Хеле ҳаяҷонзада будам, чун ин нахустин баромади ман берун аз кишвар буд. Аз миёни зиёда аз 700 нафар довталабон танҳо ман барои иштирок дар ин озмуни сатҳи баланд роҳхат гирифтам ва аз номи Тоҷикистон баромад кардам. Мухлисон сурудҳои маро бо кафкӯбӣ пазироӣ намуданд. Баъди гузаштан аз ду давр, аз даври ниманиҳоӣ ноком шудам. - Меҳрона, мутаассифона, шумо дар ин озмун ба даври ниҳоӣ роҳ наёфтед. Магар ин шуморо рӯҳафтода накард? - Ҳаргиз не. Чунки барои ман баромад кардан дар саҳнаи калон ва муаррифӣ намудани кишвари зебоям - Тоҷикистон мояи ифтихору шодмонӣ буд.
Духтаре аз диёри орзуҳо ри музаффариятҳои минбаъдаат ҳастем!”, - менависад Азиз, мухлиси дигари Меҳрона. “Албатта Меҳрона ба дастгирӣ ниёз дорад, - мегӯяд Юсуф, ки ба тақдири ин духтари ҷасур бетараф буда наметавонад. – Охир, ӯ ягона тоҷикдухтаре буд, ки дар кишвари бегона бо забони ғайр баромад намуд. Аъзои ҳакамонро мебоист, ки ба ҷои танқид, ӯро дастгирӣ мекарданд. Меҳрона, ту ҳамеша беҳтаринӣ!” Худойназар, сокини пойтахт матонати ин тоҷикдухтарро шоистаи таҳсину ситоиш мешуморад. “Ӯ ҷасорати мардона дорад. Ин хеле хуб аст. Бори аввал муваффақ нашуд, боке нест. Ҳоло ҳама чиз дар пеш аст!” Меҳрона 17 сол дорад. Зодаи шаҳри Душанбе буда, дар курси якуми Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов таҳсил мекунад. Суҳбати мо бо Меҳрона сари ҳунару маҳорати сарояндагӣ ва баромади ӯ дар саҳнаи калони шабакаи телевизионии Русия ҷараён гирифт: - Меҳрона, бори нахуст кай эҳсос намудед, ки маҳорати сурудхонӣ доред? - Ҳанӯз аз хурдсолӣ, яъне
аз 5-солагӣ суруд мехондам, ба мусиқӣ шавқу рағбати зиёд доштам. Бори нахуст дар синни 15-солагӣ бо суруди шогирдонае баромад намуда, ҳунару маҳорати хешро пешкаши ҳаводорони мусиқӣ намудам. Баъдан назди худ мақсад гузоштам, ки сарояндагиро пешаи ҳамешагии худ интихоб хоҳам кард. - Мусиқӣ барои шумо чист: шавқу рағбат, шуҳрат, мақсад ё касб? - Мусиқӣ дар зиндагии ман ҷойгоҳи хоссае дорад. Ман ҳаётамро бе он тасаввур карда наметавонам. Бо як ибора гуфта метавонам, ки мусиқӣ ин тамоми ҳастӣ ва зиндагии ман аст. - Нозукиҳои касби сарояндагиро аз кӣ омӯхтед? - Аз тамоми устодонам, ки ба ман дарси санъату мусиқӣ доданд, дарси хештаншиносӣ доданд, сабақи зиндагӣ омӯхтанд, миннатдорам. Аммо ман ҳини таълиму тадрис дар назди Ешеменко Наталя Николаевна аз аксар паҳлуҳои мураккаби ин ҳунари асил огаҳ гардидам. Бояд гуфт, ки қабл аз ҳама кӯшишу заҳмат ва сидқан дӯст доштани ҳунар ва пешаи интихобнамуда касро муваффақ мегардонад.
- Имрӯзҳо мавзӯи баромади шумо дар даври нимниҳоии лоиҳаи “Ту беҳтаринӣ” ва мубоҳисаи тезутунд бо оҳангсози рус Игор Крутой мавриди муҳокимаи доираи васеи истифодабарандагони шабакаи интернет қарор гирифтааст. - Бале, ман каме ба эҳсосот дода шудам. Муддати якчанд моҳе, ки ман дар Маскав тамрин мекардам, дӯстони зиёде пайдо намудаму бо онҳо сахт унс гирифтам. Вақте ҳис кардам, ки бо хориҷ шудан аз ин лоиҳа дигар имкони дидор бо ин дӯстонамро надорам, якбора ашк аз дидагонам ҷорӣ шуд. Маро на мағлубият, балки дурӣ ва ҷудоӣ аз дӯстонам мутаассир намуд. Онҳоро хеле пазмон мешавам. Дар ин чор моҳи якҷоя тамрин намудан мо мисли як оилаи тифоқ бо ҳам муттаҳид шуда будем. Ин мағлубият маро аз дӯстонам ҷудо кард. Видоъ бо дӯстонам бароям хеле гарон буд. - Ба ҳамсолони худ чӣ таманниёт доред? - Қабл аз ҳама гуфтан мехоҳам, ки дар ҳама гуна вазъият ҳаргиз ноумед набояд шуд ва барои ба мақсад расидан ҳамеша талош
7 бояд кард. Ҳеҷ роҳе бе шебу фароз, бе мушкилӣ нест, бинобар ин, асло аз мушкилӣ наҳаросед. Дар зиндагӣ барору нобарориҳо ҳамеша паи ҳам меоянд. Касе, ки роҳи худро дуруст интихоб намуда, софдилона меҳнат мекунад, саъю кӯшиш дорад, мақсад мезузораду барои амалӣ шудани он сидқан талош меварзад, ҳатман муваффақ мешавад. Дӯст доштани Ватани азиз, дӯст доштани наздикону нафароне, ки дастгиру мададгорат ҳастанд, касро пирӯз мегардонад. Бале, иродаи қавӣ ва руҳи шикастнопазире дорад ин духтар. Дар муқобили мушкилот бо ҷасорат истодан, ба оянда бо назари нек нигаристан, ифтихор аз Ватану миллат доштан ӯро ба назар ҳамсони Гурдофариди замон ҷилва медиҳад. Бояд зикр намуд, ки аксари сокинони кишвар ва берун аз он ба ҳунару маҳорати ин духтари тоҷик баҳои мусбат дода, ӯро ифтихори Тоҷикистону тоҷикистониён мешуморанд. Гарчанде ӯ то даври ниҳоии озмуни мусиқӣ нарасид, вале мо ҳаргиз ӯро мағлуб намеҳисобем, балки баракс, ӯ ифтихори миллати мост. Чун ҳунари ӯ модарзодист ва албатта мағлубият дар як даври озмун ҳаргиз наметавонад иродаи ин ҳунарманди ҷавонро шикаставу ӯро рӯҳафтода созад. “Мо бо туем, Меҳрона, Ту беҳтарини беҳтаринҳоӣ!”, - мегӯянд бо як овоз мухлисони ин ҳунарманди ҷавон. - Бо чунин ҳунару маҳорати нотакрор, бо чунин ғуруру ҷасорат, бо чунин тавоноӣ ҳамеша ифтихори Тоҷикистон бош!” Нақшаҳояш зиёданд. Орзу дорад, ки таҳсилашро дар Маскав идома дода, маҳорати хешро сайқал медиҳад. Барояш дар ҷодаи ҳунар барору комёбиҳои беназир ва фатҳи қуллаҳои баландтарини орзуҳоро таманно мекунем. Бигзор, ҳунарнамоии Меҳронаро аз саҳнаҳои баланди ҷаҳонӣ бубинему ашки ӯ на ашки ҳасрату надомат, балки ашки шодӣ бошад! Мо бо туем, Меҳрона! Ғолибият ҳамеша бо туст, чунки тамоми Тоҷикистон бо туст! Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №21 (9551), 23.05.2018
Иштироки 13445 нафар дар веломарафон бахшида ба Рӯзи ҷавонон Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сартосари ҷумҳурӣ мусобиқаи велосипедронӣ доир гардид. Мусобиқаи мазкур дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он 13445 нафар иштирок намуданд, ки аз он 1919 нафарро бонувон ташкил мекунад. Танҳо дар шаҳри Душанбе, субҳи 20 май зиёда аз 1000 нафар варзишгарон баҳри иштирок дар мусобиқаи мазкур назди даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ
ҷамъ омада, дар масофаи 10 км - аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ миёни ҳам сабқат намуданд. Миёни мардон зинаи аввалро Маҳмудҷон Азизов ( 16: 00 дақиқа) касб намуд. Мақоми дуюм насиби Марад Мелимаҳмадов(16:20) гардид. Миёни бонувон бошад, зинаи аввалро Анасултон Амонова ишғол намуд.
Мақоми сеюми Сомон дар Ҷоми Аврупо Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни ҷавонон мақоми сеюмро касб намуд. Мусобиқаи мазкур 19-20 майи соли равон дар шаҳри Корунаи Испания доир гашт. Тибқи иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии кишвар Сомон ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд. Ӯ дар вазни -73 кило дар марҳилаи муқаддамотӣ нахуст бар варзишгари Чехия Адам Будзовский, баъдан бар варзишгари мизбон Ҷавиа Ортиз Кабелло дастболо шуда, аз намояндаи кишвари Исроил Дин Яааков Гемер мағлуб шуд. Варзишгари тоҷик баъдан муборизаро барои ҷои сеюм идома дода, Эту Ҳейнонен (Финландия), Анреа Спикуглиа (Италия) ва Орон Гинер (Исроил)-ро шикаст дод. Дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни ҷавонон 331 варзишгар (212 мард, 119 зан) аз 24 давлат ширкат карданд.
Ҷавонони тоҷик барои Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-20) мубориза мебаранд 18 май дар Ҷакартаи Индонезия маросими қуръакашии марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2018 оид ба футбол миёни ҷавонон баргузор шуд. Тибқи қуръакашӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) оид ба футбол дар гурӯҳи “D”- бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Чин ва Малайзия рақобат мекунанд. Мусобиқаи мазкур маротибаи 40-ум миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон аз 18 октябр то 4 ноябри соли равон дар давлати Индонезия баргузор мегардад, ки дар он 16 дастаи қора дар 4 гурӯҳ миёни ҳам рақобат мекунанд. Аз миёни онҳо танҳо чор дастаи беҳтарин ба Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-20), ки дар Лаҳистон доир мегардад, роҳхат мегиранд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон маротибаи чорум аст, ки дар марҳилаи финалии чемпионати Осиё иштирок мекунад. Қаблан солҳои 2006, 2008, 2016 иштирокчии марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё буд. Соли 2016 футболбозони ҷавони мо ба даври чорякфинал роҳ ёфта буданд. Натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Чемпионати Осиё2018 (U-19) миёни ҷавонон: Гурӯҳи «А»: Индонезия, АМА, Қатар, Тайпэйи Чин. Гурӯҳи «В»: Ҷопон, Ироқ, Тайланд, ҶХДК. Гурӯҳи «С»: Ветнам, Ҷумҳурии Корея, Австралия, Урдун. Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, ТОҶИКИСТОН, Чин, Малайзия.
Солимии ҷавонон – солимии миллат Бо ҳамин шиор 20 май сокинони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар Дави миллӣ фаъолона ширкат карданд. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 9801 нафар сокинони касбу кори гуногун иштирок намуданд, ки аз ин шумора 1340 нафарро бонувон ташкил менамуд. Иштирокчиёни мусобиқа дар масофаҳои 3, 5 ва 10 км миёни ҳам рақобат намуданд. Дар масофаи
3 км зинаҳои якум, дуюм ва сеюмро дастпарварони Мактаби президентии ноҳия ишғол намуданд. Дар охир ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия сарфароз гардиданд.
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №21 (9551), 23.05.2018 Давидан яке аз намудҳои асосии варзиши сабук ба ҳисоб рафта, касоне, ки ба он машғул мешаванд, чусту чолок, ҷасуру моҳир ва тавоно мегарданд. Аз ҷиҳати тиббӣ ин намуди варзиш барои саломатӣ, дуруст инкишоф ёфтани шахс аҳамияти бузург дорад. Барои таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ, рушду инкишофи варзиш ва оммавигардонии он бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 ҳамасола дар сартосари кишвар, якшанбеи сеюми моҳи май Рӯзи дави миллӣ баргузор мегардад. 20 майи соли ҷорӣ 11-умин дави миллӣ дар кишвар бо иштироки 436624 нафар сокинони касбу кори гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла 124651 нафар бонувон доир гардид. Дар шаҳри Душанбе бошад, зиёда аз 45 ҳазор нафар баҳри иштирок дар ин чорабинии муҳими варзишӣ назди даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ ҷамъ омаданд. Афзалшоҳ Азизов, сокини шаҳри Душанбе мегуяд: “Гарчанде солҳои пеш Рӯзи дави миллӣ дар кишвар доир мешуд, аммо пас аз расман муайян гардидани санаи он аз тарафи Пешвои миллат ба рушди ин намуди варзиш як такони ҷиддӣ бахшида, шавқмандони варзиши мазкур зиёд гардид”. Таърихи варзиши давидан ё марафон аз соли 490-и пеш аз милод маншаъ мегирад. Вақте ки юнониҳо фармонбардори форсҳо буданд, аз додани боҷу хироҷ сарпечӣ менамоянд ва ҳатто сафиронеро, ки ҳамчун намояндаи шоҳи Форс омада будаанд, юнониҳо ба қатл мерасонанд. Аз ин рафтор Доро, шоҳи мамлакати Форс ба ғазаб омада, лашкари зиёду хуб мусаллаҳгаштаро ба мамлакати Юнон сафарбар мекунад. Форсҳо чанд шаҳри хурди наздибаҳрии юнониёнро паиҳам ба хок яксон намуда, тавассути баҳри Эгей ба водии Марафон, ки дар он ҷо шаҳрчаи хурди Марафон мавҷуд буд, ворид мегарданд ва он ҷо ҳамвориеро майдони набард интихоб менамоянд. Дар ҷанг аз ду тараф ҷанговарони зиёде кушта гардида, юнониҳо ғолиб меоянд ва барои хабари хуши ғолибиятро ба аҳли Афина расондан шахсеро бо номи Филипподес, ки даванди хуб буд, мефиристанд. Ӯ масофаи байни майдони
набард то шаҳри Афинаро, ки зиёда аз 42 километр (42,2 километр) тӯл дошт, давида, субҳгоҳ ба Афина мерасад ва ғалабагӯён баъд аз муддате ҷон медиҳад. Ҳамон воқеаи таърихиро ба назар гирифта, масофаи дави марафонӣ 42,2 км, яъне, масофаи байни майдони набард то шаҳри Афина қабул шуда, ба хотираи он даванд бо пешниҳоди муҳаққиқи фаронсавӣ Мишел Бреал ба бозиҳои олимпӣ, ки (соли 776 пеш аз милод) дар Юнон баргузор гардида буд, шомил шудааст. Соли 1837 донишҷӯёни коллеҷи шаҳри Регбии Англия мусобиқаи давидан ба масофаи 2 километрро ташкил намуданд, ки таърихи варзиши сабуки муосир аз ҳамон рӯз оғоз мегардад. Соли 1864 байни донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷ нахустин мусобиқаҳои варзиши сабук баргузор гардид, ки минбаъд ба мусобиқаҳои дуҷонибаи анъанавии ҳарсола табдил ёфтанд. Сармураббии тими мунтахаби варзиши сабуки кишвар Ғайрат
Негматов таърихи пайдоиши варзиши сабукро дар Тоҷикистон чунин гуфт: “Варзиши сабук яке аз намудҳои варзишест, ки аҷдодони мо ба таври анъана дар тӯю маъракаҳо баргузор менамуданд. Дар давраҳои пеш дар ҳар як ҷашну маърака, идҳо, базмҳои хонадоршавӣ мусобиқаҳо баргузор мегардид, ки яке аз намудҳои он давидан ба масофаҳои гуногун буд. Дар ин мусобиқа мардуми деҳот бо шавқу ҳаваси зиёд баромад менамуданд ва имрӯз низ он мусобиқаҳо дар сартосари кишвар дар ҷашну идҳо ва рӯзҳои махсус гузаронида мешавад”. Федератсияи варзиши сабук дар Тоҷикистон ду марҳиларо паси сар намудааст. Якум соли 1932, дар даврони шӯравӣ таъсис ёфтааст. Дар ин давра варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои умумииттифоқӣ ва байналмилалӣ иштирок мекарданд. Яке аз онҳо Муҳаммад Шокиров нахустин варзишгари тоҷик аст, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби ИҶШС дар Бозиҳои олимпии Мехико (1968)
дар дави марафонӣ ширкат кардааст. Марҳилаи дуюм даврони Истиқлолият, аз соли 1993 мебошад. Дар ин давра варзишгарони варзиши сабук натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварданд. Дар ҷумҳурӣ асосан намудҳои давидан ба масофаҳои кӯтоҳ, дароз ва миёна, давидан бо монеаҳо инкишоф ёфтааст. Варзишгарони тоҷик пайваста дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Гулсара Дадабоева яке аз варзишгарони даврони истиқлолият мебошад, ки дар се дави марафонии Олимпиада (Атланта- 1996, Сидней-2000, Афина-2004) ширкат намудааст. Варзишгари дигар Сергей Забавский дар Бозиҳои олимпии соли 2000 (дар дави марафонӣ) иштирок намудааст. Кристина Пронженко, дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейрои Бразилия соли 2016 дар масофаи 200 метр ширкат намудааст. Чуноне устоди варзиши сабук Ғайрат Негматов дар бораи бурду бохтӣ марҳилаҳои варзиши сабук
9 2010 ниммарафони байналмилалӣ ҳамасола дар моҳи апрел баргузор мешавад ва имсол нуҳумин ниммарафони байналмилалӣ бо иштироки зиёда аз 130 варзишгар аз давлатҳои ҷаҳон гузаронида шуд. Бояд тазаккур дод, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014 ба тақвими мусобиқоти байналмилалии дави ҷаҳонӣ шомил шудааст. Ҷоизаҳои ниммарафони байналмилалии Душанбе, яке аз баландтарин ҷоизаҳои ин мусобиқа дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, дар мусобиқаи мазкур машҳуртарин давандҳои ҷаҳон ҷамъ меоянд. Бо назардошти он ки ин намуди варзиш дар Тоҷикистон сол то сол рушд меёбад, дар ин самт камбудиҳо низ дида мешавад. Дар даврони Истиқлолият ягон варзишгари тоҷик то имрӯз натавонистааст, аз намуди варзиши сабук оид ба давидан дар бозиҳои олимпӣ соҳиби дастовард гардад. Дар нуҳ ниммарафони байналмилалии Душанбе варзишгарони тоҷик ягон маротиба мақоми аввалро соҳиб нагарди-
Дави миллӣ: дастовард ва интизориҳо
ё дав на танҳо барои саломатӣ, балки барои муаррифии давлат низ лозим аст! дар Тоҷикистон гуфт, дар даврони шӯравӣ мураббиҳои касбӣ бисёр буданд, танҳо дар шаҳри Душанбе 50 мутахассиси соҳа фаъолият мекард. Аз сабабе, ки аксар мутахассисон рус буданд, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро тарк намуданд: “Хушбахтона, имрӯзҳо кадрҳои ҷавоне, ки омода намудем, мутахассисони соҳа гардиданд ва барои рушди ин варзиш заҳмат кашида истодаанд,”- гуфт ӯ. Барои боз ҳам инкишоф ёфтани ин намуди варзиш бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз соли
данд. Дар ин муддат 5 маротиба ҷойҳои сазоворро ишғол намуданд, ки натиҷаи аз ҳама беҳтарро Ҳасан Ғафоров (ду маротиба солҳои 2014, 2016 ҷои чорум) нишон додааст. Сармураббии тими мунтахаби варзиши сабуки кишвар Ғайрат Негматов сабаби асосии қаҳрамон нагардидани варзишгарони тоҷикро дар ниммарафон набудани шароити тамринию варзишгоҳҳо дониста, иброз дошт: - Новобаста аз он ки ин намуди варзиш дар пойтахт инкишоф меёбад, дар шаҳру навоҳии кишвар мутахассиси варзиши сабук намерасад ва ин яке аз сабабҳои дер рушд ёфтани ин соҳа мебошад. Дуюм он ки мо дар як сол 5 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди давидан баргузор менамоем, ки назар ба кишвари ҳамсоя Қирғизистон 23 маротиба кам мебошад. Ин барои варзишгарони тоҷик бисёр кам аст. Чизи нигаронкунанда ин аст, ки барои давандҳои тоҷик шароити машқу тамрини хуб муҳайё нест ва мо танҳо 1 майдони тамринӣ дар Варзишгоҳи марказӣ дорем, ки он ҳам соли 2003 таъмир шудааст ва ҳоло ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест. Дигар то ҳол академияи варзиши сабук дар кишвар ташкил нашудааст. Вақте варзишгар ба машқҳои тамринию таълимӣ сафарбар мегардад, албатта таҷрибааш зиёд мегардад ва дар ҳолати хуби варзишӣ қарор мегирад. Умед ба он мебандем, ки бо таваҷҷуҳи сохторҳои марбута ба ин намуди варзиш камбудиҳо бартараф гардида, дар мусобиқаҳои олимпӣ варзишгарони тоҷик натиҷаҳои назаррас нишон медиҳанд. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
10
САЛОМАТӢ - ГАНҶИ БЕБАҲО
«Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст», Эмомалӣ Раҳмон, 24 апрели соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҷаҳонишавии босуръат зери сарварии фарзанди баруманди хеш - Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нигини пурарзиши ҷомеаи башар табдил ёфта истодааст. Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии ҷавонон ва мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ монда, мавриди таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Ҷавонон нерӯи пешбаранда, қисмати ҷудонопазир ва қишри асосии ҷомеа буда дар ташаккулёбӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандии муосир саҳмгузорони асосӣ ба шумор мераванд. Таъмин ва такмили иштироки ҷавонон дар бунёд ва ободкунии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба ин восита омода намудани онҳо барои пешбурди ҳаёти мустақилона ва устувор зарурати мубрам дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори аҳолии то синни 35-сола қариб 73 фоизро ташкил медиҳад. Маҳз ин қишри ҷомеа осебпазирии худро бар асари ҷанги шаҳрвандӣ нишон дода, эпидемияҳои тифи шикам, вараҷа, гепатити гелиотропӣ ва паҳншавии бемории сил дар минтақаҳои гуногуни кишвар онро тасдиқ намуданд. Дар баробари ин авҷгирии нашъамандӣ, бемории вируси норасоии масунияти одам таҳдид ба генофонди миллат намуда, самтҳои аввалиндараҷа, рушди босуръати соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро маълум намуд. Хиради воло ва сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақозо намуд, ки солимии наврасону ҷавонон ҳамчун танзимгарони арзишҳои муқаддасотӣ - Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ зери назорати қатъии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта бошад. Ба ин хотир қабули «Барномаҳои миллии мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридсозии босуръати технологияҳои наву инноватсионии ташхису табобат, омодасозии кадрҳои ҷавони болаёқату баландихтисос ба пешрафти тибби тоҷик мусоидат намуда, тавонист, ки дар тамоми манотиқи кишвар табобати боэътимоди ин бемории аср амалӣ гашта, паҳншавии босуръати он якчанд маротиб кам шавад. Қабул ва гузаронидани чораҳои зарурӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии нашъамандӣ, вируси норасоии масунияти одам, гепатити вирусӣ ва дигар бемориҳои бо хун гузарандаи миёни нашъамандони тазриқӣ, ки аксар ҷавононанд, барои коҳиш додани теъдоди онҳо мусоидат намуд. Дар назди 11 маркази клиникии наркологӣ ба фаъолият шуруъ намудани бахшҳои табобати ҷойивазкунанда, ки ба
тарзи ройгон бо маводи доруворӣ аз нашъамандӣ бароварандаи беморро таъмин менамоянд ва маҳфуз доштани он тамоюли пастравии шумораи ҷавонони нашъамандро тасдиқ намуд. Дар ҷараёни ислоҳоти соҳаи тандурустӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои дастрасӣ, сифат ва самарабахшии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳамчунин рушди шаклҳои нави кӯмаки тиббию санитарӣ таваҷҷуҳи
кӯдакони синни то 16-сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд» тасдиқ карда шуд. Айни ҳол ин кӯмакпулӣ ба 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар буда, 350 сомониро ташкил менамояд, ки он асосан барои ғизо пешбинӣ шудааст. Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ
солим, пайваста ҳуҷҷатҳои меъёрию дастурӣ ба табъ мерасанд. Мутахассисони вазорат якҷо бо мутахассисони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор дастурҳои методӣ ба монанди: «Тарзи ҳаёти солим» - барои омӯзгорону хонандагони синфҳои 1-4; «Пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни ҷавонон» - барои мактабҳои олӣ; «Тавсияҳои амалӣ оид ба татбиқи сиёсати сирояти вируси норасоии
хосса дода, фарди солим, оилаи солим ва ҷомеаи солимро пуштибонӣ менамояд. Бо мақсади ҳифзи солимии наврасон ва ҷавонон ва дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сатҳи миллӣ ва соҳавӣ тасдиқ шуданд, ки миёни онҳо солимии репродуктивии аҳолӣ ва солимии ҷавонон мақоми хосса доранд. Беҳтарсозии солимии репродуктивии аҳолӣ дар асоси эътирофи ҳуқуқи репродуктивии марду зан ба огаҳ будан ва дастрасӣ доштан ба усули бехатар, самарабахш ва қобили қабули танзими оила равона гардидааст. Таваллуди кӯдаки солим ва пешгирии бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, аз ҷумла бемории пайдошудаи норасоии масунияти одам дар мадди аввал қарор ёфтаанд. Таъсисёбии хадамоти хизматрасониҳои хайрхоҳона ба наврасон ва ҷавонон баҳри амалисозии «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20062010» дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ғайридавлатии байналмилалии «Каре Тоҷикистон», Хазинаи кӯдакони СММ ва Хазинаи глобалӣ оғоз гардида, айни ҳол дар 21 шаҳру навоҳии кишвар Шуъбаҳои тиббӣ - машваратии ҷавонон ба тарзи ройгон фаъолият менамоянд. «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон дар давраи то соли 2015» паст намудани сатҳи беморшавии модарону кӯдакон, маъюбшавӣ ва фавти онҳоро таъмин менамояд. Дар ин раванд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №232 «Тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба
шуда, қисмати 8-и он ба «Танзими оила ва солимии репродуктивӣ» бахшида шудааст ва барои паст намудани нишондоди фавти модарон ва кӯдакон, нишондоди баланди таваллуд, пешгирӣ намудани никоҳҳои хешутаборӣ, маъюбии кӯдакон, паст намудани камхунӣ дар байни занони қобили таваллуд ва паст намудани нишондоди бемориҳои занона равона шудааст. Ҳамзамон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2015, №662 Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ» ба кор шуруъ намуд. Фаъолияти маркази номбурда баҳри фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ташаккули оилаи солим, пешгирӣ намудани таваллуди кӯдакони маъюби гирифтори нуқсонҳои модарзодии инкишоф ва бемориҳои ирсӣ – авлодӣ, паст намудани маъюбшавии кӯдакон аз никоҳи хешутаборӣ мусоидат менамояд. Дар ин раванд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016, №374 «Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда» тасдиқ карда шуд, ки мақсади асосии он ин таъмини ҳуқуқи конститутсионии никоҳшавандагон, махсусан ҷавонон ба ҳаёт ва саломатӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули оилаи солим, пешгирӣ намудани таваллуди кӯдакони маъюби гирифтори нуқсонҳои модарзодии инкишоф ва бемориҳои ирсӣ ҳисоб меёбад. Бояд зикр намуд, ки аз тарафи мутахассисони сохторҳои дахлдори вазорат барои хубтару беҳтар намудани иттилоотнокӣ ва маърифати тиббии аҳолӣ оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти
масунияти одам дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешкаши ҷомеа намуданд. Амалисозии «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ҷалби мутахассисони вазоратҳои маориф, фарҳанг, меҳнат, Кумитаи телевизон ва радио, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар сохторҳои марбутро тақозо намуд. Айни ҳол татбиқи васеи барномаи мазкурро 71 маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таъмин менамоянд. Пешбурди соҳаи ташаккули тарзи ҳаёти солим ҳамкории судманди воситаҳои ахбори оммаро талаб намуда, барномаҳои «Мадади Сино» (Телевизиони «Тоҷикистон»); «Ҳукм», «Дар ин замона», «Равзанаи умед», «Субҳ ба хайр, Тоҷикистон» (Телевизиони «Сафина»); «Тандурустӣ» (Телевизиони «Ҷаҳоннамо»); «Шифо» (Телевизиони «Баҳористон»); «Шифо» (радиои «Тоҷикистон») ва дигарон онро мунтазам тарғиб менамоянд. Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлоли зиёда аз 800 муассисаи тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ сохта, таъмиру барқарор гардид ва бо дастгоҳҳои муосири замонавӣ ҷиҳозонида шуд. Дар ин давра таҳияи заминаи нави қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ, такмили системаи идоракунӣ ва маблағгузорӣ, рушд ва такмили кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, таҷдиди муассисаҳои тиббию фармасевтӣ ва таълимию илмии соҳа авҷ гирифт. Мавриди истифо-
Дастрасӣ ба тандурустии ҷавонон ва солимии ҷомеа
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №21 (9551), 23.05.2018 да қарор додани Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ва Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» ба ин мисол шуда метавонанд. Яке аз иқдомҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис додани Квотаи президентӣ ба шумор меравад, ки ба воситаи он ҷавонони болаёқати минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуда, то мутахассиси баландпоя омода карда мешаванд ва барои расонидани хизмати тиббӣ дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ равона мегарданд. Айни ҳол дар ду донишгоҳи давлатии тиббии кишвар 9289 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, 997 нафари он тибқи Квотаи президентӣ мебошад. Ҳамасола зиёда аз 1000 табиби ҷавон ба фаъолияти касбӣ шуруъ менамояд. Имрӯз ҷавонони тоҷик барои татбиқи тадқиқотҳои илмӣ дар амалияи тиббӣ, ворид намудани таҷрибаи пешқадам ва истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳо камари ҳиммат бастаанд, ки боиси рушди соҳа гардидааст. Дар давоми 7 соли охир аз ҷониби ҷавонон 3562 амали ангиография (ҳамагӣ 4237 амал) ва 317 амали стенткунонии шараёнҳои канорӣ (297 стентгузории коронарӣ ва 20 стенткунонии шараёнҳои канорӣ), 462 ҷарроҳӣ дар дили кушода иҷро гашта, саҳми арзандаи онҳоро дар ташхису табобати ин гуруҳи беморон исбот менамояд. Саҳми ҷавонон дар рушди соҳаҳои дигари тандурустӣ, аз ҷумла пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, ивазкунии буғумҳои косу рон, зону ва ҷоғ бо буғумҳои сунъии ҳозиразамон, криоҷарроҳӣ, омӯзиши бемориҳои ирсии асаб, истифодаи ҳуҷайрадармонӣ ҳангоми як қатор бемориҳо босазо буда, дар солҳои охир аз ҷониби онҳо ин намуди ташхису табобат ба таври мустақилона иҷро карда мешаванд. Пешравии тибби муосирро бе тайёр намудани кадрҳои илмӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси пайвастаи табибон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 178 доктор ва 727 номзади илми тиб фаъолият дошта, танҳо дар дохили ҷумҳурӣ 133 нафар ба фаъолияти илмӣ тавассути аспирантура фаро гирифта шудаанд.Боиси қайд аст, ки дар ҳашт соли охир зиёда аз 40 рисолаи докторӣ ва 200 рисолаи номзадӣ ҳимоя гардид, ки 75 фоизи онҳо ба олимони ҷавони соҳа мансуб мебошад. Ҳамин тариқ хулоса кардан мумкин аст, ки саҳми ҷавонон дар рушди бахшҳои гуногуни тандурустӣ ва солимии аҳолӣ арзанда буда, дар давоми солҳои охир аз ҷониби онҳо иҷрои ташхису амалҳои мураккаб ба таври васеъ амалӣ карда мешавад. Дар татбиқ намудани кашфиётҳои илмӣ дар амалияи тиббӣ, ворид намудани таҷрибаи пешқадам ва истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи тандурустӣ бошад саҳми ҷавонон сол ба сол бештар ба назар мерасад, ки ин худ гувоҳи рушди босуботи ояндаи тибби тоҷик мебошад.
ОЛИМЗОДА Н. Х., вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҶОМЕА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №21 (9551), 23.05.2018
Ҷавонон. Зери ин мафҳум он табақаи ҷомеа пеши назар меояд, ки бо ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ пайи омӯхтани илму донишанду зимни фаъолият дар дилхоҳ соҳа ҷиҳати рушду нумуъ ва инкишофу тараққӣ ёфтани ватани азизамон – Тоҷикистон паи фаъолият мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои дунё аз ибтидои соҳибистиқлолии мамлакат ба насли наврасу ҷавон аҳамияти махсус зоҳир намуда, дар ташаккули соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ҳамеша ба ҷавонон такя менамояд. Имрӯз маҳз зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон дар тамоми соҳаҳо ба навгонӣ машғул гардида, суханони ҳикматомези Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор медиҳанд ва баҳри сазовор будан ба боварии Сарвари давлат талош меварзанд. Ҷавонон, ки ояндаи кишвар мебошанд, аз ибтидои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи хирадмандонаи Президенти мамлакат қарор доранд. Далели ин гуфтаҳо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” аз 13 марти соли 1992, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1997 “Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон” ва дар ин замина таъсис дода шудани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани Барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон” барои солҳои 1999-2000, Барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2001-2003”, таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъсиси стипендияи Президентӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, 23 май эълон гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва дар ниҳоят эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон”
11
Номи накӯ дар фасли гул мебошанд. Ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар зери фазои орому осудаи меҳан паи таҳсил ва фаъолият буда, метавон гуфт, ки ояндаи кишвар боз ҳам хубу шукуфонтар хоҳад шуд. Зеро натиҷаи фаъолияти назарраси ҷавононро мо имрӯз дар тамоми соҳаҳо ба таври аъло мушоҳида менамоем. Имрӯз аз соҳаи варзиш сар карда, дар соҳаҳои дигар низ, ба монанди соҳаҳои илму техника, иқтисодиёт ва фарҳанг ҷавонони мо ба дастовардҳои беназир ноил гардидаанд. Гувоҳи ин суханҳо ҷойҳои намоёнро сазовор гардидани хонандагони тоҷик бо дониши замонавии хеш дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ миёни хонандагони кишварҳои дигар, дар соҳаи илму ихтироот ба комёбиҳои зиёд ноил гардидани ҷавонон ва дар вазифаҳои гуногуни хизматии давлатӣ фаъолият намудани онҳо мебошад. Президенти мамлакат дар ҳар вохӯрии хеш ба масъалаи рушду инкишофи ҷавонони кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид месозанд, ки мо бояд наврасону ҷавононро дар рӯҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, қонунияту тартибот ва риояи ҳатмии талаботи қонун тарбия кунем, онҳоро аз таъсири харобиовари падидаҳои номатлуби замони муосир, аз қабили ифротгароӣ, нашъамандӣ ва умуман, ҳама гуна ҷинояткорӣ эмин нигоҳ дорем ва тарзи ҳаёти солимро дар байни онҳо ҳарчи бештар тарғибу ташвиқ намоем. Чунончӣ дар ин росто Пешвои миллат хеле ба маврид зикр намудаанд: “Сидқан дӯст доштани Ватан, ҳифз намудани манфиатҳои миллии он ва бо донишу маърифати замонавӣ
дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистон бояд аз ҳадафҳои асосии шумо бошад. Шумо - ҷавонон - умеду орзуи мо, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоед. Зеро ояндаи Тоҷикистон шумо ҳастед ва тараққиёти минбаъдаи кишвари маҳбубамон, ки асосҳои мустаҳками он имрӯзҳо гузошта мешаванд ва таҳкими мақоми он дар ҷомеаи мутамаддини башарӣ аз саҳми фаъолонаи шумо дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсиву ҷамъиятии мамлакат вобаста мебошад”. Дар тӯли 27 соли истиқлолияти давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҷиҳати илмомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунарҳои гуногун гардидани ҷавонони мамлакат тамоми шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, гузашта аз ин, ҳифзу пойдории истиқлолият, бунёди давлати муосиру пешрафта ва рушди ояндаи онро бо иштироки фаъолона ва саҳми бевоситаи ҷавонон вобаста дониста, бо истифода аз имконоти мавҷуда вазъи иҷтимоиву иқтисодии наврасону ҷавонон мунтазам беҳтар мегардад. Боиси хушҳолист, ки ҳар сол дар кишвар Рӯзи ҷавонон бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ҷавонон таҷлили Рӯзи ҷавононро, ки бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон қайд мегардад, ҳамчун падидаи замони истиқлолият баҳри дастгирии ҷавонон ва ҳавасмандгардонию қадршиносии насли ҷавон меҳисобанд. Атобой Собиров, олими ҷавон, номзади илмҳои тиб мегӯяд: “Мо-ҷавонон, ифтихорманд аз он ҳастем, ки давлати соҳибистиқлол ва Сарвари дилсӯзу ғамхор дорем ва дар тӯли соҳибистиқлолии мамлакат дар кулли соҳаҳо, ба хусус соҳаи тандурустӣ ба пешравии назаррас сазовор гардидем. Мо ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созем. Боварии комил дорам, ки барои ба ин мақсадҳо расидан мо ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва нангу номуси миллӣ аз фарзанди фарзонаи Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ кору пайкор хоҳем кард”. Воқеан, дар кишваре, ки Сарвари он ба насли ҷавон диққати махсус зоҳир менамояду имкониятҳоро барои таҳсилу илмомӯзӣ ва зиндагии шоиста намудан фароҳам месозад, пас бо боварӣ метавон гуфт, ки ояндаи чунин кишвар дурахшон буда, насли ҷавонаш бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ ба арзишҳои миллӣ арҷ гузошта, баҳри рушди ватани хеш азм хоҳанд кард. Мастура Мирзоева, донишҷӯи ДМТ низ аз таҷлили Рӯзи
ҷавонони Тоҷикистон хушҳол буда, таъкид месозад, ки бояд ҷавонон ба қадри ин таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар расанду фаъолияти назаррас намоянд. “Хеле хушбахтам, ки дар кишварамон барои мо ҷавонон рӯзеро ҷашн мегиранд. Ҷашн гирифта шудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон нишона аз он аст, ки ҷавонони хушбахти мамлакат дар маркази диққати Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат қарор дошта, дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои муҳим такя ба ҷавонон менамоянд. Чун имрӯз донишомӯз ҳастем, мушоҳида менамоем, ки ҷиҳати омӯхтани илму дониш, касбу ҳунарҳои гуногун ва соҳибкасбу мутахассис гардидани ҷавонон тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ин росто фақат бояд ҷавонон барои омӯхтани дониши замонавӣ азм намоянду барои мутахассиси хуби соҳаи худ гардидан талош варзанд”, - иброз дошт Мастура Мирзоева. Дар воқеъ, ҷавонӣ замонест, ки мо дар оғӯши гармаш ба воя мерасему роҳи минбаъдаи зиндагии хешро маҳз дар ҳамин айёми рангини тақдирсоз муайян месозем. Аз ин рӯ, бояд талош кард, то дар ин замони ибтидои комёбиҳои минбаъда дониш омӯхту соҳибкасбу маърифатнок гардид. Чун ҷавонӣ зудгузар аст, бояд паи гузоштани номи нек кӯшиш кунем. Зеро фармудаанд: Аз ҷавонон ба ҷаҳон номи накӯ мемонад, Фасли гул мегузарад лаззати бӯ мемонад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
12 Дастгирии ҷавонон дар ҳама давру замон яке аз роҳҳои таҳким бахшидани ояндаи соҳаҳои гуногуни кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин замина ватани азизамон боз ҳам рушду инкишоф хоҳад ёфт. Бо дарки ин нуктаҳо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва рушду ташаккул ёфтани нерӯи зеҳниву ҷисмонии онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сол то сол ғамхорӣ нисбати ин қишри ояндадори ҷомеа меафзояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз 70 фиссади аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, то ҷавонон дар ҳамаи самтҳо ба фаъолият фаро гирифта шуда, ҷиҳати имломӯзию соҳибмаърифату соҳибкасб шудани онҳо шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шаванд ва хушбахтона то имрӯз ҳамаи имкониятҳои зарурӣ фароҳам гардидааст. Пешвои миллат дар ҳар вохӯрии худ бо роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ таъкид месозанд, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳмгузор бошанд. Зеро насли ҷавон умеду орзуи ягонаи миллат ба ҳисоб рафта, фардои дурахшони меҳан низ аз ин табақаи ҷомеа вобастагии калон дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар зери роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯзҳо барои рушди нерӯи зеҳниву ҷисмонии ҷавонон корҳои зиёде ба анҷом расониданд. Махсусан, дар соли 2017- “Соли ҷавонон” бо сарпарастии кулли раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ зиёда аз 17 000 чорабинӣ барои ҷавонон доир карда шуд. Сарпарастӣ намудан ба ин сол, яъне, фароҳам овардани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ барои баргузории чорабиниҳои “Соли ҷавонон” яке аз ташаббусҳои беназир ва наҷиби ҷавонмардиву ватандӯстии президенти Федератсияи футболи кишвар ва раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад, ки ба ҷавонони саодатманди кишвар дар ин соли муборак насиб гардид. Ёдовар мешавем, ки дар робита ба сарпарастии “Соли ҷавонон” аз аввали сол байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва президенти Федератсия Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд, ки тибқи он муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарпарастии тамоми чорабиниҳои “Соли ҷавонон”-ро ба зима гирифта буданд. Ҳамин гуна таваҷҷуҳу иқдомҳои
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Идеали ҷавонон созандаи раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ буд, танҳо дар соли сипаригардида, ҷиҳати ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушди солимии ҷомеа дар шаҳри Душанбе 75 майдончаи варзишии мувофиқ ба талаботи замон сохта ба истифода дода шуд. Тавре Президенти кишвар изҳор дошта буданд, “Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пеш¬рафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”. Сарвари кишвар афзуда буданд, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди мил¬лии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузо¬ранд. Дар баробари ин, ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистон зарур ме¬бошанд. Президенти мамлакат дар ҷараёни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарза¬мини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму тех¬ника ва бунёдкорӣ равона созанд”. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши наз¬ди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон аст, дар доираи эълон гардидани “Соли ҷавонон”, ки имко¬нияти фаррох баҳри таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва заминаи методию иттилоотӣ, татбиқи
барномаҳои соҳавӣ, дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуб, тарғиби ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстию меҳанпарастии ҷавонон тавассути баргузории чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, варзишиву солимгардонӣ, муносибатҳои байнисоҳавию байналмилалӣ дар доираи қонуну санадҳои танзимкунанда фаъолияти худро ба роҳ монд. Ҳамин тариқ дар соли 2017 бо сарпарастии президенти Федератсия футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ, ташкилотҳои систе¬ма дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон 17036 чорабинӣ бо фарогирии 4064549 нафар наврасону ҷавонон баргузор намуд, ки ин барои ҷомеаи кишвар ва насли наврас хотирмон хоҳад монд Имрӯзҳо имконияти таъмини иштироки ҷавонон дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, маънавию маърифатӣ фаррох гардида, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он бо мақсади дар амал татбиқ намудани ин самти афзалиятнок дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 ва Нақша-чорабиниҳои алоҳидаю мушта¬раки Кумита бо вазорату идораҳои дахлдор тадбирҳои муассир андешида, дар доираи он корҳои мухталифи ташвиқотиву таблиғотӣ, иттилоотию маърифатӣ, тарбиявию ахлоқӣ ва меҳнатдӯстию созандагиро роҳандозӣ намуд. Фароҳам овардани шароити мусоид дар самти фарҳангдӯстӣ ва тарбияи ахлоқии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон мебошад, ки он тавассути баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ ва маърифатӣ татбиқ мегардад. Бо эълон гардидани “Соли ҷавонон” фаъолнокии ҷомеа, махсусан насли ҷавони кишвар дар тамоми самтҳо, аз ҷумла самти фарҳангдӯстӣ низ афзун гардида, бо иштирок дар чорабиниҳои миҳими сиёсӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва тар¬биявию ахлоқӣ саҳми ар-
зишманд гузош-танд. Анъанаҳои миллӣ ва расму ойин яке аз нишондиҳандаҳои муҳим ва муқаддас барои ҳар як миллату давлат ба ҳисоб меравад. Ку¬митаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади таҳкими рукнҳои дӯстию рафоқат ва рушди фарҳангии ҷавонон, ҳамзамон, густариш бахшидан ба анъанаҳои меҳмоннавозии миллати тоҷик ва ошноӣ пайдо намудан аз расму анъанаҳои миллии минтақаҳои кишвар дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ давоми соли 2017 меҳмонии ҷавононро ба шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Файзобод, Истаравшан, Муъ¬минобод, Ҳисор, Дарвоз, Варзоб, Ховалинг, Балҷувон, Кӯлоб, Роғун, Ёвон ва Панҷакент, бо фарогирии 600 нафар ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни кишвар доир намуд, ки дар доираи меҳмонӣ як қатор чорабиниҳои гуногуни маъ-рифатию фарҳангӣ, озмуну виктаринаҳо, шоми ҷавонӣ, аксияву ҳамоишҳои сатҳи ба¬ланд, боздид аз ҷойҳои таърихию сайёҳии кишвар ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардида, дар замири ҳар як ҷавон нақши муассир гузошт, ки ин ҳама бо сарпарастии раиси шаҳри Душанбе ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузаронида шуданд. Ин нақша чорабиниҳои мазкур аз “Соли ҷавонон” шуруъ гардида, дар соли 2018 низ идома ёфта истодааст. Танҳо дар “Соли ҷавонон” дар шаҳри Душанбе 838 чорабинӣ (дар ҳамин давраи соли 2016 649 чорабинӣ – 189 чорабинӣ зиёд), бо фарогирии 276 ҳазору 651 нафар (дар ҳамин давраи соли 2016 фарогирӣ 174 ҳазору 98 нафар – зиёд шудани фарогирӣ 102 ҳазору 553 нафар), рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 486 чорабинӣ (дар ҳамин дав¬раи соли 2016 340 чорабинӣ – 146 чорабинӣ зиёд), бо фарогирии 385 ҳазору 852 нафар (дар ҳамин давраи соли 2016 фарогирӣ 236 ҳазору 862 нафар – зиёд шудани фарогирӣ 148 ҳазору 990 нафар), дар маҷмуъ, 1324 (дар ҳамин давраи соли 2016 989 чорабинӣ – 335 чорабинӣ зиёд) чорабинӣ, бо фарогирии 662 ҳазору 503 нафар (дар ҳамин давраи соли 2016
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №21 (9551), 23.05.2018 бо фарогирии 410 ҳазору 960 нафар – зиёд шудани фарогирӣ 251 ҳазору 543 нафар) гузаронида шуданд. Ба ҳамин шумор дар дигар манотиқи кишвар низ ҷамъомаду чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргу¬зор гардиданд. Ин ҳама ташббусҳо бошад, аз ҷониби як нафар ҷавони ба ору номуси кишвар – Раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Руста¬ми Эмомалӣ, ки тӯли сол сарпарасти кулли чорабиниҳои “Соли ҷавонон”-ро бар уҳда дошт, роҳандозӣ шуд. Ҷои баҳс нест, ки чу¬нин талошро танҳо метавонад нафаре анҷом диҳад, ки дар замираш меҳри Ватан ҷӯш мезанад ва ба таври ҳамешагӣ хостори дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия ва ба камол расидани насли наврасу ҷавони Ватан аст. Бар ҳақ, сарпарастӣ намудани зиёда аз 17 ҳазор чорабинии фарҳангиву маърифатӣ, ки куллан барои тарбияи насли ҷавон нигаронида шуда буд, амалест боиси таҳсину офарин. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайёмашон ба Маҷлиси Олӣ дар самти ҷавонон истодагарӣ намуда, таъкид намуданд, ки Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд. Ин суханони Пешвои муаззами миллатро роҳбари ҷавону кордон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сармашқи кори худ намуда, сарпарастии тамоми чорабиниҳои самти ҷавонони кишварро бар уҳда гирифтанд. Дар соли 2018 низ сарпарастии раиси шаҳри Душанбе ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тамоми чорабиниҳои вобаста ба самти ҷавонон бараъло намоён буда, махсусан баргузории чорабиниву ҳамоишҳои гуногуни моҳвораи ҷавононро, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардидааст, сарпарастӣ карда истодаанд. Хурсандиовараш ин аст, ки соли 2018 дар шаҳри Душанбе инчунин боз беш аз 92 майдончаҳои варзишию фароғатӣ сохта ва ба истифода дода хоҳад шуд, ки ин ҳама бо ташаббусу сарпарастии раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ мешаванд. Имрӯзҳо тамоми ҷавонони ҷумҳурӣ болида аз онанд, ки дар чунин давлати ободу зебо ҳаёт ба сар мебаранду пайваста мавриди ғамхорӣ ва иноят қарор мегиранд. Яқин аст, ки то ҳастанд, паи ободии Ватан мекӯшанду дастгириҳои ҷавонмардонаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалиро фаромуш нахоҳанд кард. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №21 (9551), 23.05.2018
E - MAIL: javonontj@mail.ru
13
Зуҳуроти номатлуби замон ё ду қадами аз байн бурдани терроризму экстремизм Терроризм ва экстремизм аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад, ки новобаста аз шакли идоракунӣ ба тамоми мамолики олам, аз ҷумла кишвари мо беасар нест. Терроризм ва ифротгароӣ дар ниҳоди худ зуҳуроти номатлуб аст, ки дар замони имрӯза бештар шудааст. Ин зуҳурот боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии давлатҳо, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гашта метавонад. Аммо ҳар як зуҳурот заминаи пайдоиш дорад. Ба назари мо шакли ибтидоии тавлиди терроризм ин ифротгароӣ, экстремизм, радикализм мебошад. Яъне чизеро бо тундӣ хостан ва ба чизе бо тундӣ зиддият нишон додан. Зимнан, омӯзиши таърихи начандон дур нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, хамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд: Якум, вақте ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад. Дуюм, барои ҳокимият мубориза бурда мешавад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ
ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротӣ ва гурӯҳҳои террористиро биёмӯзанд ва барои рафъи он кӯшиш кунанд, то амнияти кишвар ҳифз гардад. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ мегардад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва алалхусус падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯзатерроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Қайд кардан бамаврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи
таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб кори осон нест, вале имконпазир аст. Қадами аввал дар ин роҳ ҳар чи бештар босаводу маърифатнок гардонидани ҷавонон мебошад. Қадами баъдӣ ин таъмини ҳар як ҷавони бомаърифату, ба маънои томаш, соҳибтахассус бо ҷои кори дилхоҳ дар Ватан мебошад. Зеро муҳтоҷиву дастнигарӣ ҳам яке аз омилҳои пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ арзёбӣ шудааст. Саидҷон ЮСУПОВ, донишҷӯи ДМТ
Кабирӣ тири силоҳи хоҷагони хориҷист
Мардуми Тоҷикистон аз кинаву ғараз ва нияту нақшаҳои нопоки ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ба хубӣ огаҳӣ дорад. Хусусан, пинҳону ошкоро ва фитнагароёна амал намудани террорист ва хоини миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ ҳамагонро ба ҳайрат мегузорад. Ростӣ чун аз таърихи хиёнаткориҳои наҳзатиҳо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳамзамон баъди баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ огоҳем, ин ташкилоти террористӣ ҳамеша бадандешиву бадниятиро пешаи хеш қарор дода, бо роҳнамоиву ҳидоятҳои хоҷагонашон мунтазам фаъолият ва амал мекунанд.
Маҳз чунин андешаву омоли разилона буд, ки Кабирии бешараф бо роҳнамоии хоҷагони хеш бори дигар хостори барангехтани кинаву адоват ва гумроҳкунии мардум гардид. Хушбахтона, ин разили гумроҳшуда ба мақсаду ниятҳои нопоки худ нарасид ва нерӯҳои қудративу халқи азиз садди роҳи ин бешарафр гардиданд. Бо роҳбарии Кабирӣ шуруъ шудани ошӯби генерали хоин Абдуҳалим Назарзода, бори дигар аз тинани сиёҳ ва ҳадафу нақшаҳои муғризонаи наҳзатии наҳс ва роҳбари нохалафи ӯ шаҳодат медод. Бахусус, дар қароргоҳи ҳизб, ки бо номи исломи пок омезиш дода шуда буд, тарҳрезӣ намудани нақшаҳои нопок ва кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ худ боиси он аст, ки ин зархаридони хоҷаҳои хориҷӣ аз таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ, рӯзҳои мудҳиши гуреза шудани падару модарон ва пирони хирад, ятимкунии кӯдакони бегуноҳ, бесаробон мондани оилаҳо ва дигар омилҳо бори дигар ба худ ибрат нагирифта, боз даст ба амалҳои нангин ва нафратангез заданд. Бешак, эҳсос кардан мумкин аст, ки Кабирӣ пинҳонӣ ҳамчун тири силоҳи хоҷагони хориҷӣ ба сӯи Тоҷикистон равона шудааст ва худ аз ин ба хубӣ огоҳ аст. Аммо чун ба хоҷагонаш байъат ва ё савганд ёд кардааст, аз хати кашидаи онҳо нахоҳад баромад. Аз ин нуқтаи назар Кабирӣ бешараф ва хоини миллат аст, ки бо дасти хоҷагонаш хонаи худро оташ хоҳад зад. Моро зарур аст, ки дар мубориза бо наҳзатиён ва Кабирӣ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки аз чунин тири хоҷагон ба Ватани маҳбубамон осебе расад. Фарҳод ВОҲИДОВ
14 Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат, 21 май, дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши собиқадорони соҳаи кор бо ҷавонон таҳти унвони “Дидори наслҳо” бо иштироки собиқадорони соҳа, ҷавонони фаъол, мутахассисони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои кор бо ҷавонон баргузор гардид. Дар ҳамоиш Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Мирзошоҳрух Асрорӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллии Тоҷикистон, Ҳабибулло Амирбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати кишвар, Асрор Латифзода, муовини вазири мудофиа ва дигар собиқадорони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд. Дилноза Аҳмадзода ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, кулли иштирокчиёнро ба Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, иброз дошт: “Басо рамзист, ки мову шумо дар арафаи таҷлили
МАЪРИФАТАФРӮЗ
Дидори наслҳо
иди пуршукӯҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 23 – май дар сар то сари ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад,
қарор дорем. Дарвоқеъ, инсон ҳамеша ба гузаштаи хеш назар менамояд ва ба саволҳои худаш, аз қабили “чӣ тавр бояд зист?”
ҷавоб меҷӯяд. Зеро таҷрибаи рӯзи гузашта таҳқиқи мавқею талаботи замони ҳозира мебошад. Бо ибораи дигар вақт ин пули маънавиест, ки маҳз ба воситаи таҷрибаи дар он ба даст омада, инсонро аз дирӯз ба имрӯз ва аз имрӯз ба оянда равона месозад.” Асрор Латифзода, муовини вазири мудофиаи кишвар, зимни баромади хеш вобаста ба рӯзҳои аввали кор бо ҷавонон дар ибтидои соҳибистиқлолии кишвар изҳори ақида намуда, иброз дошт, ки бояд ҷавонон фаъолу донишманд бошанд ва саҳми худро дар пешрафти меҳан гузоранд. Дар ҳамоиш бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз Ҳукумати мамлакат сиёсати ҷавононро дастгирӣ намуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим саҳми ҷавононро назаррас унвон намудааст. Махсусан, таблиғи нас-
ли наврас ба омӯзиши мероси таърихӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷӯҳи
Кӯмак ба ҷавонони ниёзманд Бобати амалӣ намудани корҳои хайру савоб, дастгирии ниёзмандону маъюбон дар моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 нафар ҷавонон аз оилаҳои ниёзманд, маъюбон ва ятимони кулл, ки дар саҳни ҳавлии кумита ҷамъ омада буданд, бо кӯмаки моддӣ ва маводи хӯрока таъмин гардиданд. Даъватшудагонро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ба муносибати фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва моҳи шарифи Рамазон табрик намуда, бо онҳо суҳбат орост. Дар навбати худ, ҷавонон ва пайвандони онҳо аз чунин иқдоми кумита хушнуд гардида, барои дастгириҳои пайваста, таваҷҷӯҳи доимӣ ва ҳамеша дар канори онҳо қарор доштани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории хешро баён карданд. Ба даъватшудагон кӯмакҳои моддӣ, аз қабили хӯрока ва маводҳои гигиенӣ расонида шуд. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №21 (9551), 23.05.2018 хоси Роҳбари кишвар ба эҳёву шинохти арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд: “Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд”. Моҳияти ин нуктаи муҳими таъкид намудаи Президенти кишвар, пеш аз ҳама дар ҷалби ҷавонон ба маърифати арзишҳои таърихии ниёгони хеш ифодаи худро пайдо мекунад. Маҳинбону Шарипова, корманди ҷавон дар самти кор бо ҷавонон, зимни мулоҳизарониҳо баргузории ҳамоиши мазкурро муфид ва саривақтӣ унвон карда, аз ҷумла таъкид намуд: “Ҳар нафаре, ки бо ҷавонон кор менамояд ва тавонистааст дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми арзандаи хешро гузорад, ҳамеша номаш ҷовидонӣ боқӣ мемонад. “Имрӯз Ҳукумати кишвар сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари асосии сиёсати худ қарор дода, нақши ҷавононро дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа назаррас унвон намудааст”. Дар интиҳо иштирокчиён аз кори ҳамоиш хулосабарорӣ намуда, даъват ба амал оварда шуд, то чунин вохӯриҳо бештар ташкил ва гузаронида шаванд. Зеро он барои насли ҷавон хеле муфид буда, ҷавонон тавсияву тадбирҳои собиқадоронро ҷиҳати муваффақ шудан дар фаъолияти минбаъдаи хеш истифода хоҳанд кард. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №21 (9551), 23.05.2018
15
НАВҚАЛАМ
Иттиҳоди меҳр Шарақ-шарақ рехтани борон торафт шиддат пайдо мекунад. Осмонро абрҳои сиёҳу тира печонидаанд. То шом чанд соати дигар вақт ҳаст, аммо аз абрҳои ғафс торикии шомшабеҳе ба миён омадааст. Марям имрӯз шояд даҳҳо маротиба ба соат нигариста бошад. Инак соат панҷи бегоҳ шуд. Як соати охир ба шавҳараш паи ҳам занг мезанад, вале телефонаш хомӯш аст. Дилаш зиёдтар метапад, баланд-баланд нафаскашии худро мешунавад ва гӯё барои паст шудани ин садо қулфи гиребонашро кушодан мехоҳад. Таппиши дилаш кам намешавад ва аз шишаи тиреза бо ҳаяҷон ба берун ба борони гӯё таҳаммули ӯро имтиҳонкунанда менигарад. Ду-се соат пеш ҳолати оромтар дошт. Шиддати борон ва гузашти фурсат ӯро торафт беқарортар менамуд. - Чи ҳол дошта бошад? Дар ин борон дар куҷо ва бо кӣ бошад? Дар лаби ҷӯй набошаду тар нашуда бошад? Сару рӯи ӯро кӣ сила мекарда бошад? Кӣ имрӯз ба ӯ хӯрок дода бошад? Кӣ дасту рӯи ӯро ҳар замон шуста бошад? Роҳи сермошинро чи гуна мегузарад? Дар роҳ мабодо танҳо омада истода бошад? Барои чӣ дадаҷонаш ба телефон ҷавоб намедиҳад? – Ин саволҳои «…бошад»-ро модаре, ки аввалин бор аз ҷигарбандаш ҷудо гашта истодааст, имрӯз беихтиёр даҳҳо бор ба худ додаасту медиҳад. Ба ин бояд бовар кард, ки ҳар як модар дар ҳолати пуризтироби фикри фарзанд, беибо, бепарво ва нотарсона «худ бо худ, ё бо Худо гап мезанад». Меҳри фарзанд он гавҳарест, ки дар умқи синаҳо ниҳон аст ва соҳиби он меҳр бо Холиқи худ хеле осон дар гуфтугӯ мешавад. Имрӯз дар давоми қариб се сол Марям аввалин соатҳо аз Абдуллои дустрӯяки худ ҷудо шудааст. Тақрибан 6-7 соат аст, ки ӯро надидааст ва хеле пазмон шудааст. Имрӯз рӯзи аввали ба боғча рафтани Абдуллост. Дили Марям ба он моил аст, ки худи ӯ ба роҳ барояду зудтар писарашро аз боғча ба хона оварад. Шиддати борон паст набуд ва шиддати таппиши дили модар низ меафзуд. Марям аз тиреза ба берун менигарист. Ҳар як нафари аз гардиши кӯча намоёншударо бодиққат муоина мекард. Махсусан тифлеро ҳамроҳи касе медид, торафт ҳаяҷонаш бештар мегардид. Яқин агар чанд дақиқаи дигар модар тифли худро намедид, беихтиёр ба сӯи боғча бол кушодаву парвоз кардан мехост. Боғча чандон дур ҳам нест. Ҳамагӣ се истгоҳ онтарафтар воқеъ аст. Ин замон чашмаш ба чанд нафар афтод, ки дасти Абдуллои хурдсол дар дасташон кӯдакона ба сӯи хона меомаданд. Модар бо чашми дурбини худ Абдуллои худро шинохт. Чаро ин тавр шуд? Модар интизор буд, ки шавҳараш Абдуллоро аз боғча гирифта меорад. Субҳ маслиҳати тахминӣ ҳамин буд, ки агар Рустамро аз ҷои кор барвақттар ҷавоб диҳанд, Абдуллоро худаш рафта аз боғча мегирад. Аммо ҳамроҳони Абдулло духтари ҳамсоя Ануша ва хоҳарчаи ӯ буданд. Ануша дар синфи ҳафтум мехонад ва рӯзҳои муайян хоҳаракашро аз боғча гирифта меоварад. Марям бо ҳаяҷон духтарчаи навзодашро дар хона монда аз ошёнаи чорум ба поин фуромад. Ба сӯи Абдулло медавид. - Оча, оча,- мегуфт, Абдуллое, ки акнун модарро медиду акнун равон гап заданро ёд мегирифт. Марям Абдуллои хурдсолро гарм ба оғӯш гирифта буд. Ӯро бо мавҷи бӯсаҳои худ маҳкам дар бағал медошт. Гӯё чандин сол ҷигарбандашро надида бошад. Аз духтари ҳамсоя фаҳмид, ки аксари кӯдаконро волидонашон аз боғча гирифта бурдаанд. Абдулло танҳо монда будааст ва аз мураббӣ рухсат пурсида ӯро ҳамроҳи хоҳарчаи худаш овардааст. Марям Абдуллоро ба хона овард. Абдуллои майдаяк низ аз аввалин ҳиҷрону васли ширин махмур буд. Назди хоҳарчаи навзодаш рафт, ки дар гаҳвора масти хоб буд. Болопӯши гаҳвораро каме боло карда, бо хоҳаракаш бо лафзи ширини кӯдакӣ гап мезад. Марями хонадор аввалин бор имрӯз аз ҷигарбанди худ дар фосила қарор дошт ва акнун ин васл ва ин ҳолатро дида завқ мебурд. Ӯ имрӯз меҳри модариро амиқтар дарк кард ва аввалин зарраҳои дарди ҳиҷрон аз фарзандро дид. Таъхири шавҳар, дидори Абдулло ва борони сахт чанд соат ӯро ташвиш дода буд. Ин замон шавҳар ба ӯ хавотиромез занг зад, ки Абдулло дар боғча нест. Марям ба ӯ фаҳмонид, ки хотирҷмаъ бошад, ки Абдулло аллакай дар назди ӯст ва гила ҳам кард, ки чаро телефонаш ҷавоб намедиҳад. Шавҳар узромез фаҳмонид, ки кадом комиссия омада будаасту андармони ҳамон шудаанд. Борон аз боридан монд. Ҳавои пурабри баҳорӣ дар як фурсат ба ҳавои офтобии зебо табдил ёфт. Офтоби баҳорӣ хандаи пурмеҳр дошт. Хандаи модар, ки Абдуллои хурдсолро маҳкам дар оғӯш мегирифту мебӯсид, бо ин хандаи офтоб ҳамнаво гашта буд. Тирагии ҳаво ва тирагии хонаи дили модар рафъ шуда буданд. Зарина СОБИРОВА, коромӯзи ДМТ
Хуршеди нотакрор Зинда кардам дар замин ман шӯълаи хомӯшро, Бо сухан дар ҷӯш овардам дили беҷӯшро. Мирзо Турсунзода Имсол аз набудани шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар”, шоири беҳамтову нотакрори миллати тоҷик устод Лоиқ Шералӣ ҳаждаҳ сол сипарӣ мешавад. Бо вуҷуди он ки имрӯз устод Лоиқ дар байни мо нест, лек шеъри ӯ, ки лабрез аз ишқи Ватану миллат, модар, таърих, забон ва худогоҳиву ифтихори миллист, дар замири ҳар як нафар ҷӯш мезанад. Воқеан, устод Лоиқ шоирест, ки дар шеъри худ таъриху фарҳанги ростини тоҷиконро сабт намуда, онро ба мерос гузоштааст. Шеъри ӯ дар маънӣ чун қуллаи Боми Ҷаҳон баланд ва дар фаҳмиш чун чашмасорони сарзаминаш софу сода аст. Ашъори устод чун гулистонест, ки аз он бӯи ишқи Ватану меҳри модар ва миллати фарҳангсолори тоҷик меояд. Чун худ гуфта: Гар зи шеъри ман наояд бӯйи меҳру эътиқод, Зодаи дарёву кӯҳи Тоҷикистон нестам! Устод Лоиқ чун хуршеде зуҳур карду олами шеъри тоҷикро нури дигаре бахшид ва ба қавли адабиётшиноси маъруфи тоҷик, профессор Абдунабӣ Сатторзода танҳо Лоиқ тавонистааст “шеъри тоҷикиро ба асолати азалиаш баргардонад; миёни шеърҳои форсиву тоҷикӣ ва шеъри мардумӣ пайванде ба вуҷуд орад; дар шеър тасвир, маънӣ ва мазомини шоиронаро ба таври зотӣ, сириштӣ ва саршор ҷойгузин кунад; забони содаю зебо ва шеваи баёни хосеро, ки мақбули ҳамагон бошад, пайгирӣ намояд; баёни тафаккури миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳиро дар шеъри садаи гузаштаи тоҷикӣ ба расмият дароварад ва ниҳоятан ҷасорати адабии фавқулодаеро аз худ нишон диҳад”. Лоиқ Шералӣ аввалин шоирест, ки дар Тоҷикистон қолабҳои шеъри куҳнаро шикаста, дар қолаби шеъри нав, “шеъри сафед” шеър гуфтааст ва дар адабиёти мо инқилобе кардааст. Дар қолаби шеъри нав, “шеъри сафед” устод Лоиқ “бо сабки нигориши олӣ, классикӣ, мантиқӣ, андешаҳои фалсафии қавӣ ва тозаву содаву дилписанд шеър гуфтааст”. Ҳунари шоирии Лоиқ ҳам дар он зоҳир мешавад, ки эҷоди шеър дар қолаби шеъри ӯ душвор буда, аммо фаҳми он ҳеҷ душворие надорад ва ҳамин ҳунари шоир буда, ки зуд ба дили хонанда роҳ ёфтааст Ашъори устод Лоиқ бештар фарогири ишқи поки инсонӣ, бузургии модари тоҷик, сарзамини аҷдодӣ ва забони тоҷикиву худогоҳии миллист. Лоиқ шоирест, ки як умр ошиқ будааст ва то вопасин нафас аз ишқ сухан гуфтааст. Ишқ аз нигоҳи ӯ бо ҳама дарду ҷонсӯзиҳою найрангаш офтоби ҷонфурӯзро монад, ки ҷавҳари ҳастӣ ва саодати инсонро барояш кашф менамояд: Ин ишқи хонасӯз, ки туғёни орзуст, Дар ҷисми сард шӯълаи сӯзони орзуст. Мавзӯи дигаре, ки дар шеърҳои устод Лоиқ бештар ба назар мерасад, мавзӯи модар, бахусус, модари тоҷик аст. “Модарнома” -и ӯ дар радифи олитарин осори ба модар бахшидаи бузургони форсизабон ва ҷаҳон меистад. Шеърҳои “Модарнома”-и устод Лоиқ фарогири тамоми хислатҳои наҷиби модари тоҷик аст, ки тавонистааст азамати модари тоҷикро ба оламиён нишон диҳад. То устод Лоиқ бисёриҳо дар бораи модар шеър гуфтанд, аммо ӯ дар шеъри худ аз меҳри бузург, ранҷу машаққат ва ормону ҷоннисориҳои модари тоҷик барои хушбахтии фарзанд, сухан гуфт ва ҳамин хизмати бузурги устод сабаб шуд, ки бо як шеър узви Иттифоқи нависандагон шавад:
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам, Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният, Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман, бишканӣ армон, Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният, Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!... Ватану миллат ва огоҳ будан аз таъриху фарҳанги меросӣ мавзӯотеанд, ки доим дар мадди назари шоир будаанд. Устод Лоиқ дар замони хеш аз зумраи шоироне будааст, ки боҷуръатона васфи Ватану миллат, худогоҳиву худшиносӣ намуда, бо тамоми ҳастиаш баҳри ҳифзи онҳо кӯшидааст. Мушоҳидаҳои шоиронаи Лоиқ ва меҳри беандозаи ӯ нисбат ба Ватану миллат дар шеъри “Хоки Ватан” ба таври возеҳ намудор мегардад: Тоҷикистон – мазҳари ман, Сарзамини камзамин, Ту саросар кӯҳсорӣ, Ту саросар сангзорӣ, Чунки фарзандони ту дар роҳи таърихи дароз Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд. Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷӯи бахти худ Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд. Ҳамчунин шоир барои боз ҳам равшан ва қотеан исбот намудани таъриху фарҳанги куҳани миллати тоҷик ва шинохти шахсиятҳои бузурги он барои як зумра фарзонафарзандони миллати тоҷик шеър гуфтааст. Аз ҷумала, шеърҳои “Баъд аз ҳазор сол” ба муқобили ҳасудони устод Рӯдакӣ, “Таърих гувоҳ аст” ба академик Бобоҷон Ғафуров, “Оли Сомон”, “Айнӣ”, “Қитъаи шеър” ба устод Мирзо Турсунзода, “Шеъри нав” ба устод Мӯъмин Қаноат, “Асли Сино”, “Ба устод Боқӣ”, “Барои Маҳмуди Воҳид”, “Барои Сорбон”, “Панҷаҳои Борбад”, “Вопасин нафаси Хайём” ва монанди инҳо, ки муаррифгари шахсиятҳои бузурги тоҷикон мебошанд. Устод Лоиқ аз давраи ҷавонӣ бо як ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ аз забони модарии худ, ки дар замони Шӯравӣ асолаташро гум карда буд, қотеона дифоъ намудааст. Ӯ дар баробари шоири навгӯву тавоно будан, ҳамчунин забони тоҷикро дар сатҳи олӣ медонистааст ва васф кадааст. Дар ҳақиқат устод Лоиқ тавонистааст, ба чандин калимаҳои софи тоҷикӣ ба монанди корез, барзан, гурз, кеш, юмн, овринг, дашна, вартоҷ, вожгун, носӯр, ожанг, ғав, чопар, ховарон, рағм, колбад, дарюза, шерозаро аз нав зинда кунад ва дар ҷои муносиб ба ашъори худ ҷой диҳад: Дар деҳи Бож аз барои ҳамдеҳон Аз барои хайр корезе канад. ё: Як тараф дарюзаҷӯӣ, як тараф шерозаҷӯӣ, Ман ғами дил мекашонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ? Ба гуфтаи олими пуркор профессор Усмонҷон Ғаффоров: “Лоиқ дар ҳақиқат Лоиқи даврон буд, истеъдоди беҳамтои модарзодӣ дошт ва хушбахтии халқи мо, миллати мо дар он буд, дар асри бист Худованди карим ба мо як шоири бедордиле ато кард, ки ӯ чун андалеби сухан, султони диёри сухан ва шаҳбози осмони сухан, ҳамчун шоири шаҳир, инсони камназир ва марди дурандешу соҳибқалам дар таърихи пуршарафи фарҳанги мо мақоми ҷовидонаи хешро ёфт”. Худи шоир гуфта буд, ки аз куштани мо ин зиндагӣ рӯзе пушаймон мешавад: Кушта моро чу фарди нотакрор, Зиндагӣ ҳам фиреб хоҳад хӯрд. Абдурозиқ АБӮНАСРЗОДА, донишҷӯи ДМТ
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №21 (9551), 23.05.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома
ҶАВОНӢ Аҷаб зебост айёми ҷавонӣ, Ҷавонӣ ҳаст шаҳди зиндагонӣ. Дар ин дурӯза дунё, эй ҷавонон, Самар бахшад, самар бар кас амонӣ.
АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
Ҷавонӣ қуввати ҷисм асту ҷон аст, Саропо махзани тобу тавон аст. Ҳама кушке ки қад ёзад ба афлок, Зи Истиқлоли побарҷо нишон аст. Аҷаб зебост айёми ҷавонӣ, Ҷавонӣ ҳаст шаҳди зиндагонӣ. Дар ин дурӯза дунё, эй ҷавонон, Самар бахшад, самар бар кас амонӣ. Ҷавон бошад Ватан, бо навҷавонон, Дар ин дунёи сарсабзи гулафшон. Зиё бахшад ба чашми ҳар ҷаҳонгард Диёри мо ҷавонон, Тоҷикистон. Аҷаб зебост айёми ҷавонӣ, Ҷавонӣ ҳаст шаҳди зиндагонӣ. Дар ин дурӯза дунё, эй ҷавонон, Самар бахшад, самар бар кас амонӣ.
МӮЪМИН ҚАНОАТ Султонмуроди Одина
Барои Муъмин Қаноат Зина-зина офаридӣ зинабоғ, Дар ҷаҳони сеҳри дилҷӯйи сухан. Зинда кардӣ лутфи ноби шеърро, Бофтӣ бо гул ту гесӯйи сухан. Қаҳрамонмардони нотакрори даҳр, Қаҳрамони шеъру дастони туянд. Булбулони масти гулбоғи сухан, Ёри ту, ҳамрозу ҳайрони туянд.
Роҳи нав дар шеваҳои шеъри нав Кашф кардӣ, шоири давру замон, Ёфтӣ ту роҳи худ чун Пири Тӯс, Ҳам ба мисли ӯ бимонӣ ҷовидон. Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
Хуршеди нурпош Ҳаст аз табори мо. Дар набзи нури ӯст Шуру шарори мо. Чархад уқоби бахт Моро дар осмон. Боке надорад ӯ Аз тиру аз камон.
Ман ҷони ту, эй ҷон, Гулдухтари тоҷик. Аз рӯи ту гаштаст Равшан шаби торик.
Дониста бош хасм, Мо ҳам Таҳамтанем. Аз хурд то бузург Ғамхори Меҳанем.
Гулдухтари тоҷик, Эй чеҳраи миллат. Бо куртаи гулдӯз, Бедардию иллат.
Талх асту пурзиён Дур аз Ватан ҳаёт. Мо лаб кушода пеш, Аз боби коинот.
МИЛЛАТИ ХУРШЕД
Чун мо ҷавон, Ватан ту, Ҷо дар мақоми тан ту. Ҳамсони номи модар Ширинтарин сухан ту.
Ба қадрат мерасам, қадри маро дон, Агар не, мешавӣ аз ёд ронда. Ба мақсад норасида зори оғӯш, Зи дунё меравӣ, номат намонда.
Мо шердил ҷавонем, Мо насли ориёнем. По аз масоҳатат дур Эй ҷон Ватан, намонем.
Бубахш, эй дӯст, айбамро бубахшо, Агар аз ман ҷафое дида бошӣ. Пушаймон гаштаам аз кори карда, Ту ҳам шояд маро фаҳмида бошӣ. Ба кас суде намебахшад ҷудоӣ,
ГУЛДУХТАРИ ТОҶИК
Ҷудоиро набояд дӯст дорем. Ба ҷояш месазад, мо ҳарду якҷо, Гуле аз миллати хуршед корем. Бубахш, эй дӯст, айбамро бубахшо, Агар аз ман ҷафое дида бошӣ. Пушаймон гаштаам аз кори карда, Ту ҳам шояд маро фаҳмида бошӣ.
Гулдухтари тоҷик, Эй чеҳраи миллат. Бо куртаи гулдӯз, Бедардию иллат.
√ ЭЪЛОН
Диплом бо силсилаи ДОА, рақами 0008561, ки онро Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ соли 2013 ба Хайруллои Ҳабибулло додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Шартнома бо силсилаи ДШ № 0418865 доир ба хариду фурӯши мағозаи рақами 38, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 7 “а”, ки ба шаҳрванд Таваралиев Авлиёқул Бузмакович тааллуқ дошта ва дар саридораи нотариалии шаҳри Душанбе 29 июли соли 2005 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Шиносномаи техникии мағозаи рақами 38, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 7 “а”, ки дар корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникӣ 21 июли соли 2005, таҳти рақами 3373 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Шаҳодатномаи Устоди варзиши Тоҷикистон дар намуди таэквондо - itf, ки онро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2015 ба Бузургмеҳр Шодиев додааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Инро ба назар гир, Ман ҷони ту ҳастам. По мон ба дарам, по, Пазмони ту ҳастам.
Бубахш, эй дӯст, айбамро бубахшо, Агар аз ман ҷафое дида бошӣ. Пушаймон гаштаам аз кори карда, Ту ҳам шояд маро фаҳмида бошӣ.
Мо шердил ҷавонем, Мо насли ориёнем. По аз масоҳатат дур Эй ҷон Ватан, намонем.
Гарчи Фирдавсӣ ба дунёи сухан, Паҳлавонону шаҳонро месутуд, Ту вале сарбозҳоро кардаӣ, Қаҳрамони достону шеъри худ.
Корад андар мазраи дилҳои мо, Тухми меҳанпарвариро шеъри ту. Мекунад талқин ба абнои башар Шеваи мардонагиро шеъри ту.
Ёбам зи тамошот Наврӯзи Ватанро. Кардӣ ба худат ром Мурғони чаманро.
Мо шердил ҷавонем, Мо насли ориёнем. По аз масоҳатат дур Эй ҷон Ватан, намонем.
Шаҳд аст оби покат, Зархез мушти хокат. Бар даври гардани бед Чун зулфи ёр токат.
Аз каломи шаҳобдори Пири Тӯс, Шаҳсутуни шеър шуд «Шаҳнома»-аш. Номи гурдони шуҷоатпешаро, Дар ҷаҳон машҳур карда хомааш.
Нуруллоҳи ОРИФ Монанди ту ман моҳ Дар хоб надидам. То бар кафат орам, Сад хирқа даридам.
Мо халқи тоҷдор, Мо ориёием. Умре ба роҳи хеш Чун рӯд ҷорием. Мо ориёием, Мо ориёием.
ҶАВОНОНИ ВАТАН
ФИРДАВСИИ ДАВР
Шоири сарбозию сарбохта, Достон сарбознома кардаӣ. Ному нанги ормонношкастагон, То ба мулки ҷовидонӣ бурдаӣ.
МО ОРИЁИЕМ
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4661 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»