Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо
№21 (9395), 28 майи соли 2015
Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад
e-mail: javonontj@mail.ru
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАШН ғ
ҲАФТ РӮЗ 21.05.2015 Дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нахустнамоиши «Чодари найранг», ки ба Соли оила бахшида шудааст, пешкаши тамошобинон шуд. 22.05.2015 Дар доираи чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ” ба ифтихори Рӯзи ҷавонон бо ибтикори Академияи илмҳои Тоҷкистон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои олимони ҷавон дар дараи Ромит конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар рушди илми ватанӣ” доир гардид. 23.04.2015 Дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Рӯзи ҷавонон таҷлил шуд. 200 оилаи ҷавон назди пайкараи асосгузори аввалин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, ҳунармандони ҷавон баҳри болидарӯҳии ҳозирин барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод карданд. 24.05.2015 Бахшида ба Соли оила ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон миёни донишҷӯдухтарон озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид. 25.05.2015 Дар шаҳри Ваҳдат Шуъбаи милитсияи Ромит мавриди истифода қарор гирифт. 26.05.2015 Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Марғоби дараи Ромит машқгоҳи ҳарбии кӯҳӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Як рӯзи ҷавонӣ
27.05.2015 Дар Осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум ҷаласаи 25-уми Кумитаи ташкилоти минтақавии метрологӣ доир гашт, ки дар он намояндагон аз 11 кишвар, аз ҷумла, Русия, Чин, Олмон, Фаронса ва кишварҳои аъзои ИДМ иштирок доштанд.
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9395), 28 МАЙИ СОЛИ 2015
1
ШОДБОШӢ
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Мулоқоти Саломзода бо ҷавонон 22 май дар доираи чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ”, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар Кохи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳр бо намояндагони ҷавонон мулоқот кард. Ӯ дар оғоз ҷавононро бо идашон табрик гуфта, таъкид намуд, ки “мо ба нерӯи ояндасози ҷомеа такя менамоем ва эътимоди қавӣ дорем, ки чун қувваи бузурги созанда дар роҳи татбиқи ҳадафҳои наҷиби Давлату Ҳукумати мамлакат қадамҳои устувор мегузоранд”. Сипас дар фазои тантанавӣ ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ бо “Ифтихорнома”-ҳои раиси шаҳри Турсунзода қадр шуданд. Ҳамчунин, 6 нафар ҷоизадори Олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон сазовори ҷойҳои намоён гаштанд, бо “Сипоснома”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гаштанд.
Дар бунёди ҷомеаи демократӣ ба ҷавонон такя мекунем! Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон. 22 майи соли 2015. Шаҳри Душанбе. Ҷавонони азиз! Шумо - нерӯи ояндасози давлати соҳибистиқлол ва умеду орзуи Ватани азизамонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Мо аз он қаноатмандем, ки имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро аз худ намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши фаъолона доранд. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, ба хотири дастгирии онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Аз ҷумла, дар ин давра ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҳарҷонибаи онҳо як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ гардонида шуда, татбиқи як қатор барномаҳои дигар идома дорад. Ин санадҳо риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавононро таъмин намуда, ба боло рафтани мақоми онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии ҷомеа, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо мусоидат мекунанд. Воқеан, ҷавонон дар ҷаҳони муосир ҳамчун қувваи бузурги пешбаранда ва бунёдгар эътироф шудаанд. Имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омӯзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд. Мо барои ҳавасманд гардонидани ҷавонону наврасони соҳибистеъдод як қатор имтиёзҳо муқаррар намуда, ҷалби онҳоро ба корҳои идоракунии давлатӣ муҳим мешуморем. Бо ин мақсад пешбарии ҷавононро ба вазифаҳои роҳбарикунанда чун падидаи ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат минбаъд низ идома медиҳем. Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун
2
нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем. Ҷавонони азиз! Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир баъзе ҷавонон ба ҷойи саъйу талоши фаъолона дар роҳи илму донишомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар ва ширкат дар корҳои ободониву созандагӣ ба амалҳои номатлубе даст зада истодаанд, ки гирифтани пеши роҳи ин раванди нангину хатарнок ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани наврасону ҷавонон на танҳо вазифаи сохтору мақомоти давлатӣ, балки қарзи ҳар як фарди солимфикру огоҳ, падару модарон, аҳли зиё ва ҷавонони аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ устувор мебошад. Истиқлолият ҳамон вақт маънӣ ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки ҷавонон сабақҳои онро ҳамчун дастоварду неъмати бузурги таърихӣ ҳартарафа омӯзанд, ба ҳифзи дастоварҳои кишвари соҳибихтиёри худ ҳамеша омода ва аз равандҳои солиму носолими ҷаҳони имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву муосири халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро азизу гиромӣ доранд. Ватанро дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва Истиқлолияти давлатӣ расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро сармашқи зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафтаро бунёд намоем. Эҳтиром ва гиромидошти арзишҳои милливу давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд асос ва ҷавҳари тарбияи ватандӯстиву худогоҳии ҷавононро ташкил намояд. Барои таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватан мо на танҳо ба мутахассисони баландихтисоси низомӣ, балки ба сарбозони ҷавони ҷасуру далер, бомаърифату соҳибфарҳанг, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта ва содиқ
ба давлату миллат эҳтиёҷ дорем. Мо дар ин масъала низ, пеш аз ҳама, ба шумо - ҷавонон такя мекунем ва бовар дорем, ки шумо ҳамчун фарзандони бонангу номус ва қавииродаву ғаюр аз иҷрои ин рисолати фарзандии худ низ сарбаландона мебароед. Асри ХХI, ки давраи тараққиёти босуръати тафаккури илмиву техникӣ ва бозёфтҳои тозаи ақли инсонӣ мебошад, ба нерӯи офарандаву созандаи ҷавонони эҷодкор, ҷӯянда ва навовар аз ҳар вақти дигар бештар ниёз дорад. Маҳз ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод қудрат доранд, ки хазинаи илму фарҳанги миллати хешро ғанӣ гардонида, ҳамчун ҳалқаи мустаҳкам дар занҷири маърифати наслҳо хизмат намоянд. Ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди бофарҳанги хешро зинда нигоҳ доранд. Итминони комил дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар густариши ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд. Шубҳае нест, ки эҳтироми муқаддасоти миллӣ, гиромидошт ва ҳифзи Ватан, миллат, забон ва арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи куҳанбунёдамон ва муҳимтар аз ҳама, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва амнияту осудагии Тоҷикистони азизу маҳбубамон минбаъд низ мароми зиндагии ҷавонони ватандӯсти мо хоҳад буд! Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба шумо осмони соф, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар кору пайкори садоқатмандонаатон ба хотири рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон - Тоҷикистон пирӯзиҳои нав ба нав орзу менамоям. Ҷашн муборак бошад, ҷавонони некбахти Тоҷикистон!
ТУРИЗМ
Саёҳати пиёдагардии ҷавонон Дар доираи чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонон, бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе саёҳати пиёдагрдии ҷавонон доир гардид.
Ҳадаф аз он рушди саёҳати пиёдагардӣ ва инкишофи намудҳои варзиши кӯҳӣ, раванақи саёҳати хонаваодагию ҷамъиятӣ, солимгардонӣ ва ташкили шароити мусоиди истироҳатию фароғатӣ барои меҳмонону сокинони пойтахт арзёбӣ шуд. Саёҳат аз «Боғи Ғалаба»-и пойтахт шуруъ шуда, то деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб давом ёфт. Дар он устодону
донишҷӯёни риштаи туризми муассисаҳои олии таълимии пойтахт, аз ҷумла, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва Литсейи касбии хизмат ва туризм, рӯзноманигорон ва як гурӯҳ сокинони шаҳр ширкат варзиданд. Насрулло ТӮЙЧИЗОДА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9395), 28 МАЙИ СОЛИ 2015
ҚАДРДОНӢ
Ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарӣ ҷалб мегарданд 25 майи чорабиниҳои “10 рӯзи ҷавонӣ”-и Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҷамъбаст гардид. Дар чорабиние, ки ба ин муносибат он рӯз доир шуд, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ низ ширкат кард. Чорабиниро ректори донишкада Лутфия Абдухолиқзода оғоз намуда, иштирокчиёнро бахшида ба Рӯзи ҷавонон шодбош намуд. Аҳтам Абдуллозода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки барои тарбияи кадрҳои ҷавон шароитҳои зарурӣ муҳайё гардида, Донишкадаи идоракунии давлатӣ низ барои омода намудани мутахассисон саҳми калон дорад. Зикр гардид, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон равона гардида, ба вазифаҳои
роҳбарӣ таъин кардани онҳо яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Аҳтам Абдуллозода ҷавононро даъват кард, ки ба қадри заҳмати омӯзгорон расида, бештари вақти худро ба аз бар намудани илм сарф намоянд. Дар фарҷом ба донишҷӯён ва магистрантони фаъоле, ки дар озмуну викторина ва мусобиқаҳои варзишӣ ҷойҳои сазоворро ноил гардиданд, “Сипоснома” ва “Ифтихорнома”-ҳо тақдим шуд.
КОНФРОНС
Бояд дар ғафлат набошем Ба хотири амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ, дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, бо иштироки кормандони идораю муассисаҳо, аҳли зиё, намояндагони ҷавонон ва дин, воситаҳои ахбори омма конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Хатарҳои терроризм ва экстреимизми байналмилалӣ ба амнияти кишвар ва чораҳои пешгирӣ намудани он» баргузор шуд. Нахуст муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ва прокурори вилоят Мироҷиддин Наботов баромад намуданд. Сипас, дар мавзӯъҳои «Сабаб ва омилҳои гаравидани ҷавонон ва наврасон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ, таъсири ин зуҳуроти номатлуб ба раванди сулҳу субот ва вазъияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Нусратулло Мирзоев, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, «Сатҳи ҷиноятҳо дар самти ошкоркунии ҷиноятҳои экстремистию террористӣ» - Искандарзода Абдулваҳҳоб Мансур, сардори РВКД, «Таърихи пайдоиш ва фаъолияти Давлати исломии Ироқу Шом» - Элбон Ҳоҷибеков, номзади илмҳои таърих, устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ, «Худогоҳии миллӣ» - Шавкат Ғоибназаров, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и ноҳияи Шуғнон, «Ба дом кашидани ҷавонон ба воситаи сомонаҳои интернетӣ» - Набот Додихудоева, роҳбари ташкилоти ғайридавлатии «Мадина», «Таассуби динӣ, таҳдид ба амнияти миллӣ ва озодандешии ҷомеа» - Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Ашратшо Ашратшоев, халифаи маҳаллаи Сайидени шаҳри Хоруғ, «Экстремизм ва терроризм ба ҳеҷ дин эътибор надорад, аз ҷумла, ба дини ислом» - Назришо Хушмаҳмадов, сархатиби ноҳияи Ванҷ ва дигарон маърӯза наму-
данд. Дар конфронс, инчунин, видеофилми «Тақдири гумроҳон» намоиш дода шуд. Чуноне, ки сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Нусратулло Мирзоев зикр намуд, айни ҳол аз ҳисоби сокинони ВМКБ 19 нафар ба ташкилоти террористии ДИИШ ва «Ҷабҳат-ан-Нусра», 1 нафар ба «Ҳаракати Толибон» аъзо гардида, бар зидди ҳукуматҳои конститутсионии Сурия, Ироқ, Афғонистону Покистон ҷангида истодаанд. Ҳамчунин, 196 нафар дар давлатҳои исломӣ таҳсили динӣ кардаанд, ки аз онҳо 144 нафараш ба Ватан баргардонда шудаанд. Бо вуҷуди ин, 27 сокини вилоят то ҳол дар кишварҳои исломӣ қарор дошта, 16 нафарашон баъди хатми таҳсил дар кишварҳои Мисри Араб, Арабистони Саудӣ, Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо аҳли оилаашон истиқомат дошта, 11 нафарашон дар макотиби динӣ таҳсилро идома дода истодаанд. Иштирокчиёни конфронс бар он ақида буданд, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун хатарҳои асосӣ барои сулҳу амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, ин зуҳуротро дар кадом шакле набошад, маҳкум менамоянд. К. ШАРИФЗОДА, “ҶТ”
ВАО
Ҳазор паёми созандаи “Минбари халқ” Ҳафтаи гузашта 1000-умин шумораи ҳафтаномаи “Минбари халқ” аз чоп баромад. “Минбари халқ” нашрияи ҲХДТ буда, теъдоди нашри он дар ҷумҳурӣ аз ҳама зиёд аст. Ҳар ҳафта ин нашрия бо теъдоди 48952 нусха ба табъ мерасад.
Қадрдонии иштирокчиёни фаъол 25 май дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷавонон ва донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон ширкати фаъолона доштанд, қадрдонӣ гардиданд. Нуралӣ Шоев, ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки донишгоҳ дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон саҳми бузург дошта, донишҷӯёни донишгоҳ дар ҳамаи чорабиниҳо иштироки фаъолона доранд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки дар ин чорабинии фарҳангӣ иштирок дошт, нахуст донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик намуда, барои ширкати фаъолонаашон дар чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ дар рӯзҳои ид арзи сипос намуд. Таъкид шуд, ки ҷавонон барои расидан ба муваффақият ва роҳ ёфтан ба саодатмандӣ бояд ҳар лаҳзаро бамаврид истифода намоянд. Роҳбари ҷавонони мамлакат зикр намуд, ки барои ташаккули ҷавонон тамоми заминаҳо фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд нерӯи худро ба созандагию бунёдкорӣ сарф намоянд. Ҳамин тавр, аз ҷониби Аҳтам Абдуллозода ба Мастона Қобилова, Макнуна Ниёзова, Қудратулло Кабутов, Шӯҳрат Рашидов, Шодӣ Комилов “Сипоснома” ва ба Шаҳло Муродова, Ситора Содиқова, Марҷона Орифова ва дигарон, ки дар чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон иштироки фаъолона доштанд, “Ифтихорнома”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ супорида шуд. Дар фарҷом ба хотири болидаруҳии иштирокчиён аз ҷониби дастаи ҳаваскорони санъати донишгоҳ барномаи фарҳангӣ пешниҳод шуд. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
Нахустин шумораи нашрия 7 сентябри соли 1996 аз чоп баромада буд. Дар он зери унвони “Тоҷикистон – хонадони ягона” муроҷиати ҳайати эҷодӣ ба хонандагони рӯзнома ба табъ расидааст, ки дурнамои фаъолияти нашрияро муайян мекунад: “Рӯзномаи мо дар фаъолияти усулии худ як иттилоъ, як манбаи илҳом дорад, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аст... Риоя намудани қонун чӣ медиҳад? Ба фикри мо, аввалан оромӣ ва осоиштагиро дар мамлакат барқарор менамояд. Сониян, ба халқ имкон медиҳад, ки меҳнат карда, ноне пайдо намояд, хонад, илму фан омӯзад ва мамлакатро тараққӣ бидиҳад”. Аз шумораи аввал “Минбари халқ” ифшои камбудиҳои ҷомеа, пайдо кардани роҳи ислоҳи онҳо ва пешниҳод намудани идеяҳои
ҷолибро ҳадаф қарор дода буданд. Чунончӣ, дар сармақолаи мазкур омадааст: “Мардум аз бисёр соҳаҳои рӯзгори мо изҳори норизоӣ доранд, дар баъзе соҳаҳои маъмурӣ, ҳифзи ҳуқуқ, тиб, маориф беадолатӣ, ришваситонӣ дар авҷ аст. Мо дастаҷамъона решаҳои ин воқеияти номатлубро бояд барканем”. Гузашти айём нишон дод, ки нашрия ба принсипҳои худ, махсусан, ҳимояи ормону манфиатҳои миллӣ содиқ мондааст. Аввалин сардабири ҳафтаномаи “Минбари халқ” Бахтиёри Муртазо буда, аз соли 1996 то соли 2002 дар ин симмат фаъолият кардааст. Солҳои 2002-2004 сардабири рӯзнома ба зиммаи Муҳаммадшариф Бобошоҳзода буд. Солҳои 2004-2007 Мансур Сайфиддин сардабирии нашрия-
ро бар ӯҳда дошт. Чанд соли охир Бахтиёр Ҳамдамов сардабири ин нашрия мебошад. Дар саҳифаҳои “Минбари халқ” масъалаҳои доғи рӯз, проблемаҳои гуногун ва роҳҳои ҳалли онҳо, навгониҳои ҷумҳурӣ, фикру мулоҳизаҳои олимону коршиносон, номаҳои бетаҳрири хонандагони нашрия, мавзӯъҳои ба тандурустию варзиш ва фарҳангу ҳуқуқ бахшидашуда ба табъ мерасанд. “Минбари халқ” танҳо минбари ҳизбиён набуда, он минбари озоди зиёиён, коргару деҳқонон, адибону рӯзноманигорон, умуман, ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ гардидааст. Ҳазор шумораи “Минбари халқ” ҳазор паёми созанда мебошад. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
1 ИЮН - РӮЗИ МУҲОФИЗАТИ КӮДАКОН
“Оилаи солим – кӯдаки солим” Тибқи як қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, вобаста ба Соли оила, 26 май таҳти унвони “Оилаи солим – кӯдаки солим” “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” оғоз гардид, ки то 1 июн идома меёбад. Мувофиқи нақша ҳафта бо маросими гулгузорӣ ва қабули рамзии аъзои Созмони талабагони шаҳри Душанбе дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ шуруъ шуда, доир гардидани аксияи шаҳрии «Соати экологӣ» бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҷиҳати тоза намудани кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳо аз партовҳои маишӣ, кон-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9395), 28 МАЙИ СОЛИ 2015
ференсияи илмӣ-назариявии аъзои Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар доираи амалиёти «Даҳсолаи об барои ҳаёт», Рӯзи худидора дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо иштироки хонандагони фаъол ва дигар чорабиниҳо дар назар аст.
3
КОНФРОНС
ПУРСИШ
Усулҳои муосири ҷалби ҷавонон ба хизмати давлатӣ
Се мушкили асосии ҷавонон кадом аст?
Ҳафтаи гузашта дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Усулҳои муосири мутобиқшавии иҷтимоии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати давлатӣ” баргузор шуд. Ректори донишкада Лутфия Абдулхолиқзода аз ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бобати ба хизмати давлатӣ ҷалб намудани ҷавонон ёдовар шуда, гуфт, ки сол то сол теъдоди хизматчиёни давлатӣ дар вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зиёд мешавад. Ҷавонон бо назардошти сатҳи омодагии касбӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, забондонӣ ва маҳораташон ба талаботи иқтисоди бозорӣ дар мақомоти гуногуни давлатӣ фаъолият намуда истодаанд. - Новобаста аз мунтазам вусъат додани корҳо дар самти бо ҷойҳои корӣ фаро гирифтани ҷавонон талаботи бозори меҳнат нисбат ба насли ҷавон зиёд мегардад, - гуфт Л. Абдухолиқзода. – Дар шароити ҷомеаи муосир ҷавонон дар ҷустуҷӯи кор душвориҳои зиёдро аз сар мегузаронанд. Аз ин рӯ, роҳандозӣ намудани механизмҳои муосири бо ҷои кор таъмин кардани ҷавонон ва омода сохтани онҳо барои рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат ба мақсад мувофиқ мебошад. Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар ҷумҳурӣ, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 30 июни соли 2006 тасдиқ шудааст, яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавононро барои рушди сиёсати кадрӣ, зеҳнӣ зери унвони “Заминаи илмию амалӣ ва идории сиёсати давлатии ҷавонон” муайян намудааст. Муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Бозоралӣ Одинаев гуфт, ки дар даврони истиқлолият на танҳо Рӯзи ҷавонон расман муқаррар, балки барои рушди сиёсати давлатии ҷавонон низ корҳои зиёде ба сомон расонида шуд. - Бо вуҷуди ҳамеша дастгирӣ кардани ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонону бонувон дар ин самт проблемаҳои ҳалталаб низ зиёданд, - афзуд Бозоралӣ Одинаев. – Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бар-
доштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тамоми аъзои ҷомеаро тақозо менамояд. Бо ҳидояти Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст, ки аз соли таҳсили 2015-2016 дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таълими фанҳои махсуси “Маърифат ва одоби оиладорӣ” ва “Одоби муошират ва рӯзгордорӣ” ба роҳ монда шавад. Профессор Муҳиба Муҳаммадҷонова дар мавзӯи “Таъсири омилҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ба ниҳоди роҳбарӣ” маърӯза карда, дар бораи шаклҳои сарварӣ ба иштирокчиёни конфронс маълумот дод. Устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Бибиҳафиза Маҷидова ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонони ҷумҳурӣ муборакбод гуфта, вобаста ба мавзӯи масъалаҳои таҳқиқи оила дар илми муосири ҷомеашиносӣ маърӯза кард. - Оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ дар таълиму тарбияи шахсият ва рушди давлату давлатдорӣ нақши муҳим дорад, - гуфт Бибиҳафиза Маҷидова. – Аз ин рӯ, масъалаҳои тарбияву таълими фарзанд мавриди таваҷҷуҳи ҳама соҳаҳои илми ҷомеашиносӣ, аз ҷумла, фалсафа, сотсиология, ахлоқ, фарҳангшиносӣ, мардумшиносӣ, педагогика, психология гаштаанд. Моҳияти ҳар оила вобаста ба рисолати он муайян мегардад. Нахустин рисолати оила тавлиди фарзанд аст, ки онро “репродуктивӣ” меноманд. Рисолати дуюм “хоҷагидорӣ” мебошад. Яъне, ҳар оила вазифадор аст, ки ба ҳамаи аъзои оила, махсусан, фарзандон заминаи моддӣ, манзил ва чизҳои заруриро барои руш-
ди шахсият фароҳам созад. Сеюм, дастрасии неъматҳои моддӣ. Яъне, он чизе ки дар ҷомеа аст, бояд барои аъзои он дастрас бошад. Рисолати дигари оила “регенеративӣ” ном дорад, ки он ба мерос додани мавқеи иҷтимоӣ мебошад. Онро мо дар мисоли аз падару модар мерос гирифтани ному насаб ва молу сарват мебинем. Рисолати дигари оила “таълиму тарбиявӣ” буда, аз рӯи анъанаи тоҷикон рисолати асосӣ ба ҳисоб меравад. Ин рисолат иҷтимоишавии фарзандонро таъмин мекунад. - Ҳар узви оила ба меҳру навозиш, эҳтирому самимият ва дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ниёз дорад, - гуфт Б. Маҷидова. – Вобаста ба ин дар илми ҷомеашиносӣ муайян карда шудааст, ки ҳамаи оилаҳо ба типологияи муайян ҷудо мешаванд. Масалан, теъдоди кӯдакон (оилаҳои серфарзанд ва камфарзанд, ҷинсият (чанд писару чанд духтар), тақсимоти синну сол, педагогӣ (томактабӣ, мактабхон, донишҷӯ) ва ғайра. Номзади илмҳои фалсафа Рустам Азизов дар хусуси пешгирии ифротгароии ҷавонон дар фазои иттилоотӣ маълумот дода, ҳозиринро ба зиракии сиёсӣ, доштани ғурури ватандорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ даъват намуд. Дар конфронс, инчунин, дар бораи нақши созандаи арзишҳои миллӣ дар ташаккули худшиносию худогоҳии ҷавонон, татбиқи технологияҳои кадрӣ ва усулҳои муосири ҷалби ҷавонон ба хизмати давлатӣ нақши муассисаҳои таҳсилотӣ дар тарбияи ҷавонон ва дигар масъалаҳои муҳим сухан рафт. Маърӯзаҳои иштирокчиёни конфронс дар шакли китоби алоҳида нашр гардида, ҳамчун дастури методӣ барои хизматчиёни давлатӣ, донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
Сафаралӣ САМАДОВ, корманди ширкати сайёҳӣ: - Ба ақидаи ман мушкилоти ҷавонони тоҷик зиёданд, аммо се мушкили асосии онҳо душвор будани таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо, надоштани манзили зист ва дар ҳамин радиф гарон будани хонаҳои иҷора ва масъалаи ҷойи кор аст. Мушкили таҳсил ба ин маъно, не ки ҷавонон таҳсил карда наметавонанд. Онҳо ба ин ё он роҳ ба муассисаҳои олӣ роҳ меёбанд, аммо дониши аз он ҷо бардоштаашон ба дардашон камтар мехӯрад. Яке аз мушкилиҳои дар шароити имрӯз барои ҷавонон асосӣ ин надоштани манзили зист аст. Онҳо баъди хатми мактаби олӣ, ки ба ҳаёти мустақил ворид мегарданд, имкони харидани манзили зистро надоранд. На барои он, ки дар кишвар хона нест, баръакс дар ҳар қадам биноҳои баландошёна қомат меафрозанд. Вале нархашон ки гарон аст ва ба даромад ё маоши мегирифтаи ҷавонон мувофиқат намекунад, ҷавонон ба онҳо дастрасӣ надоранд. Ин мушкил, албатта, то дер ҳалношуда боқӣ мемонад, то он даме, ки ягон тадбир ҷиҳати дастгирии ҷавонон дар ин самт ба даст гирифта нашавад. Зимнан, ҷавононе, ки имкони харидани хонаро надоранд, маҷбуранд дар хонаҳои иҷора иқомат кунанд, ки ин ҳам дар шароити имрӯзи буҳронӣ гарон меафтад. Масъалаи муҳим ва ҷиддии ҷавонон масъалаи ҷойи кор аст. Ин маънои онро надорад, ки ҷавонон ба таври оммавӣ бекоранд, балки ба он маъност: коре, ки ҳаст онҳоро қонеъ намекунад. Бисёр мешунавем ва мебинем, ки ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ташкил мешаванд. Азбаски маоши кироӣ ва кифоя надоранд, ҷавонон қабул намекунанд. Бояд тамоми ҷидду ҷаҳд барои баланд бардоштани иқтисодиёт равона шавад. Иқтисодиёт ки боло рафт, дар ҳама самту соҳа пешрафт мешавад. То вақте барои рушди иқтисодиёт талош нашавад, мушкили ҷавонон боқӣ мемонанд. Дар назар бояд дошт, ки ҷавони мушкилдор туъмаи тайёр аст, ҳар кас онро ба нафъи худ истифода мебарад. Маҳмуд Кабирӣ, равоншинос Аз нигоҳи равоншиносӣ се мушкили асосӣ барои ҷавонон - олами эҳсоси онҳо, дигар ҷинсияти онҳо, ки ҳолатҳои гармониашон дар афзоиш аст, сеюм масоили иҷтимоӣ ва мутобиқ шудан ба ҳаёти ҷамъиятист. Вале мушкили асосӣ ва муҳими ҷавонон ҳанӯз таҷрибаи кофии зиндагӣ дар ҷамъиятро надоштан аст. Вақте ки онҳо ҳунар ёд гирифтанд, забон омӯхтанд, он гоҳ ин мушкилӣ ҳал мешавад. Вале мутобиқ шудани онҳо ва ба кору зиндагӣ ворид шудани ҷавонон худ як мушкил ё масъалаи асосии ҷомеа аст.
ДАЪВАТИ ҲАРБӢ-2015
Ҳимояи Ватан ифтихор аст Ҳафтаи равон маъракаи баҳории даъват ба сафи Артиши миллӣ ба итмом мерасад. Чанде пеш писарам Ниёзмуҳаммад Азизов ба хизмати аскарӣ рафт. Ӯро мувофиқи тақсимот ба қисми низомии №051059 фиристоданд. Маро ҳамчун падари наваскар ба маросими қасамёдкунии сарбозон даъват намуданд.
Командирони қисми низомӣ Ҳотамшо Раҳматов, Зубайдулло Қосимов, Бобоҷон Бобоев бо чеҳраи кушода моро пешвоз гирифта, бо шароити будубоши сарбозон, китобхона, майдончаҳои варзишӣ, нуқтаи тиббӣ ва ғайра ошно карданд. Роҳбарияти қисми низомӣ ба сабзазору сердолу дарахт кардани он диққати зиёд медиҳанд. Мо дилпурем, ки фарзандонамон дар баробари хизмати Ватан, инчунин, ба табиати диёр меҳри бештар пайдо карда, баҳри ободу зебо кардани он кӯшиши зиёд
4
хоҳанд намуд. Вақте наваскарон савганд ёд карданд, қалби мо - волидонро ҳисси фараҳу ифтихор фаро гирифт. Дуо кардем, ки илоҳо мулки мо доимо тинҷу осуда бошаду фарзандони диёр дар фазои сулҳу оромӣ хизмати Ватанро адо намуда, сиҳату саломат ба назди падару модаронашон баргарданд. Воқеан, имрӯз шароити хизмат дар қисмҳои низомии мамлакат хеле беҳтар шудааст. Хуб мешуд, чунин вохӯриҳо бо волидони сарбозон бештар гардад. Дар он сурат,
сафи сарбозони ихтиёрӣ зиёдтар хоҳад шуд. Худо хоҳад, баъди ба итмом расидани хизмати ҳарбии Ниёзмуҳаммад дигар писаронам – Давлатмуҳаммад, Мирмуҳаммад, Лашкарҷон, Меҳрубон ва Кавсарҷон низ бо навбат ба хизмати Модар-Ватан хоҳанд рафт. Зеро ҳимояи Ватан нишонаи ҷавонмардӣ ва ифтихор аст. Азиз АЗИЗОВ, маъюби гурӯҳи 1, сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9395), 28 МАЙИ СОЛИ 2015
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛИЁТИ “ОБ БАРОИ ҲАЁТ” Ҳар яки мо обро дар шаклҳои гуногун, аз қабили борон, барф, жола ва дар чашмаю ҷӯю дарёҳо дидаем. Он ҷое, ки об ҳаст, ободӣ ҳаст. Аз ин рӯ, об яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳаёт ба шумор меравад. Об набошад, на саломатӣ мешаваду на ҳосиле ба даст меояд. Ҳатто саноату энергетика бе об фаъолият карда наметавонанд. Масалан, барои хунук кардани агрегатҳои тасфони нерӯгоҳи ҳароратии иқтидораш 1000 мегават соле 1,3 миллион тонна об зарур аст. Барои истеҳсоли 1 тонна мис 5000 тонна ва барои истеҳсоли 1 тонна фӯлод 300 тонна об лозим меояд. Аз рӯи маълумоти сомонаи “Еurasia.net” кишварҳои Осиёи Марказӣ дар миёни мамолики ҷаҳон бештари даромади нохолиси миллиро барои истифодаи об сарф мекунанд. Ба ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Туркманистон соле 5500 метри мукааб сарфи об рост меояд, ки дар ҷаҳон аз ҳама зиёд аст. Ин рақам нисбат ба ИМА 4 маротиба ва нисбат ба Чин 13 маротиба зиёд аст. Мувофиқи ин гузориш Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо масрафи солонаи 2000 метри мукааб об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон ҷойҳои чоруму панҷумро мегиранд. Олимону муҳаққиқон ба чунин хулоса омадаанд, ки истифодаи ғайримақсадноку беҳуда сарф намудани об боиси камшавии захираҳои об дар обанборҳо ва рӯду пиряхҳо гардида, барои ояндаи башарият хатар пеш меорад. Аз рӯи маълумоти СММ соли 2050 аз норасоии об 3 миллиард нафар дар 50 кишвари дунё азият хоҳанд кашид. Афзоиши босуръати аҳолии ҷаҳон талабот ба обро дар соҳаҳои кишоварзию саноат ва рӯзгор зиёд мекунад. Маҳз ҳамин нуктаҳои зарурро ба назар гирифта, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 дар Анҷумани сеюми ҷаҳон бахшида ба мушкилоти об дар шаҳри Киотои Ҷопон суханронӣ карда, пешниҳод намуд, ки солҳои 20052015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” эълон карда шавад. Пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷониби 140 кишвари ҷаҳон пуштибонӣ ёфт. САРВАТИ БЕБАҲОИ КИШВАР Дар Тоҷикистон 947 дарёи дарозиашон зиёда аз 10 км, 1300 кӯли гуногунҳаҷм ва 14,5 ҳазор пиряхҳои хурду бузург мавҷуданд. Қариб 80 дарсади кӯлҳои ҷумҳурӣ дар минтақаҳои кӯҳистони 3000 метр баландтар аз баҳр ҷой гирифтаанд. Пиряхҳо ва дарёву кӯлҳои мамлакат на танҳо захираи бойи об, балки дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ низ мебошанд.
Бо вуҷуди зиёд будани шумораи дарёҳо оби на ҳамаи онҳо ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯю нӯшиданибобанд. Зеро бо гузаштани чанд деҳа оби дарёҳо бо партовҳо омехта шуда, сифаташонро гум мекунанд. Иддае аз шаҳрвандони дорои маърифати пасти экологӣ ба соҳили дарёҳо партову хокистар мерезанд. Қисми дигар дар лаби ҷӯю дарёҳо мошин мешӯянд. Ҳамчунин, пасоби майдони зироатҳои гуногунро низ ба дарёҳо рехта, рӯдхонаҳоро ифлос месозанд. Ифлосшавии манбаъҳои об бошад, боиси афзоиши бемориҳои сироятӣ мегардад. Алҳол аҳолии Тоҷикистон аз 8 миллион нафар зиёд аст. Аз ин 5,5 миллион нафар дар деҳот зиндагӣ
Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалию маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ, сектори хусусӣ ва васоити ахбори омма 12 ноябри соли 2009 Шабакаи ташкилотҳои ҳамкор оид ба устувории обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ (Тоҷ ВСС) таъсис ёфт. Имрӯз Шабакаи Тоҷ ВВС барои зиёда аз 60 ташкилот ва аъзои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ минбар пешниҳод намудааст. Моҳи июни соли 2009 амалишавии лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон” оғоз ёфт. Маблағгузории ин лоиҳа аз ҷониби Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ сурат гирифта, чор миллион франки швейтсариро ташкил дод. Лоиҳаи мазкур,
Об ҳаёт аст
дастрасӣ доранд. Аз рӯи маълумоти барӯихатгирии иншооти таъминоти оби ошомиданӣ сарчашмаҳои оби нӯшокӣ дар ноҳия ба воситаи лӯлаҳо 37,8%, чашмаҳо 14,6%, оби борон 15,4%, обҳои ба воситаи нақлиёт кашонидашуда 15,4% ва манбаъҳои кушода мисли дарё, канал, кӯл ва шабакаҳои обёрӣ 16,8%-ро ташкил медиҳанд. Мардуми деҳаи Ангулии ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ солҳои зиёд аз беобӣ азият мекашиданд. Бо мусоидати ташкилоти “ОХҒАМ” тавассути лӯлаҳо ба деҳа оби тозаи нӯшокӣ оварда шуд. - Солҳои пеш сокинони деҳа бо сабаби беобӣ танҳо ғаллаи лалмӣ, нахӯд ва зағир кишт мекарданд, -
Таъминот бо он сатҳи зиндагиро баланд мекунад
мекунанд. Дастрасӣ ва таъминот бо оби ошимиданӣ аз рӯи шумораи аҳолӣ дар шаҳрҳо 86,9% ва шаҳракҳо 61,5%-ро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, тақрибан 3,8 миллион нафар ё 48,6% аҳолии кишвар бо системаи таъминоти оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд. Таъминот бо оби ошмидании марказонидашуда дар деҳот 43,4%-ро ташкил медиҳад. Қисми боқимондаи аҳолӣ обро аз манбаъҳои гуногун, ба монанди чашмаҳо, чоҳҳои обкашӣ, канал, ҷӯй, оби барфу борон ва ғайра истифода мебаранд, ки қисме аз онҳо ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нестанд. ҲАМКОРИИ САМАРАБАХШ Бо мақсади муттаҳидии ҳамаи ташкилотҳои манфиатдор, аз ҷумла, сохторҳои Ҳукумати
ки соли 2012 анҷом ёфт, баҳри дастрасии устувор ба обтаъминкунӣ ва беҳдошти аҳолии деҳоти Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Ҳукумати Швейтсария стратегияи навбатии ҳамкориро қабул намуд, ки он солҳои 2012-2015-ро дар бар мегирад. ДАСТРАСӢ БА ОБ ЗИНДАГИРО РАНГИН КАРД Ташкилоти “ОХҒАМ” барои бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ дар 2 ноҳияи пилотӣ – Рӯдакӣ ва Муъминобод корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Ноҳияи Рӯдакӣ дар қисмати ҷанубии шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, масоҳати умумиаш 1812 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Шумораи аҳолии ноҳия ба 350 000 нафар мерасад. Танҳо нисфи сокинони ноҳия ба системаи таъминоти оби ошомиданӣ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9395), 28 МАЙИ СОЛИ 2015
мегӯяд омӯзгори мактаби ибтидоии №153-и ноҳияи Рӯдакӣ Шоҳназар Ғафуров. – Қариб як сол мешавад, ки ба деҳа об омад. Акнун дар ҳар як оила кишти картошкаю сабзавот ба роҳ монда шуд. Маблағеро, ки сокинони деҳа ҳар сол барои харидани сабзавот сарф мекарданд, метавонанд барои дигар ашёи зарурӣ сарф кунанд. Дар деҳаи Ангулӣ қариб 300 нафар зиндагӣ мекунанд. То ин дам дар деҳа бо сабаби беобӣ асосан дарахтони пиставу тут мерӯид. Имсол ҳар хонавода бо умед ниҳоли дарахтони гелосу зардолу ва шафтолуву себ шинониданд, ки саросар сабз шудаанд. Умед аст, ки баъди 3-4 сол дастурхони сокинони деҳа аз меваи дарахтони худӣ пурфайз мегардад. Яъне, сатҳи зиндагӣ баланд мешавад. - Бо омадани об зиндагӣ ранги дигар гирифт, - мегӯяд сокини деҳа Муродбегим Баротова. – Аз баракати серобӣ кӯдакон бо сару либоси тозаю озода ба мактаб мераванд. Солҳои пеш занону кӯдакон 1,52 километр роҳро пиёдаю харакӣ тай карда, об мекашониданд. Аз машаққати обкашӣ занону кӯдакон ба бемориҳои сутунмӯҳра, гурда, остеохондроз, шамолкашӣ ва ғайра дучор мешуданд. Ташаккур ба ташкилоти “ОХҒАМ”, ки об оварда, сокинони деҳаро аз машаққати обкашонӣ раҳо намуд. Акнун аҳли деҳа вақтеро, ки солҳои пеш барои обкашӣ сарф мекарданд, ба обчакорию боғдорӣ сарф менамоянд. Ҳамин гуна як лоиҳа дар деҳаи Балхии ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи мазкур низ амалӣ шуд. Дар ин деҳа, ки 1281 нафар аҳолӣ дорад, мардум солиёни зиёд аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Бо мусоидати ташкилоти “ОХҒАМ” ва дастгирии молиявии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Ҳукумати Швейтсария дар деҳа 30 нуқтаи обгирӣ сохта шуда, аз масофаи 8 километр об оварда шуд. Дар деҳа Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби нӯшокии “Чашмаи балхӣ” таъсис дода шудааст. - Солҳои пеш барои гирифта-
ни об саҳари барвақт баромада, соати 9-10 бармегаштем, - мегӯяд сарвари Ассотсиатсия Абдуҷалил Мамадхонови 57-сола. – Алалхусус, фасли зимистон мушкил буд. Шукр, акнун ин мушкилиҳо паси сар шуданд. Ҳоло об ба ҳама барои нӯшидану шустушӯй мерасад. Баъди ба истифода додани шабакаи таъминоти оби деҳа нигоҳдории он ба ихтиёри Ассотсиатсия вогузошта шудааст. - Ҳамаи ин лоиҳаҳо мувофиқи “Барномаи таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ ва санитария барои солҳои 2007-2020” роҳандозӣ мешаванд, - мегӯяд корманди ташкилоти “ОХҒАМ” дар ноҳияи Рӯдакӣ Шарифа Азораева. – Мувофиқи ин барнома аз 100% маблағе, ки барои ба кор даровардани системаи обтаъминкунӣ сарф мешавад, 70 дарсадаш маблағи инвеститсионӣ, 15% маблағи Ҳукумати ҷумҳурӣ, 10% буҷаи ноҳия ва 5% саҳми аҳолии истифодабаранда мебошад. Бо мақсади истифодабарии дурусти шабакаҳои обтаъминкунӣ мо бо аҳолӣ ҳамкорӣ карда, дар деҳаҳои Ангулӣ ва Балхӣ Ассотсиатсияи истифодабарандагони об таъсис додем. Роҳбарони ассотсиатсияҳо одамони кордону ӯҳдабаро буда, барои нигоҳдории система кӯшиши зиёд мекунанд. Ҳамчунин, бо мусоидату дастгирии ташкилоти “ОХҒАМ” барои сокинони деҳаи Зиракии деҳоти Ҷавонии шаҳри Кӯлоб (353 оила), деҳаи Деҳлолои ноҳияи Муъминобод (86 оила), ҷамоати ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ (100 оила) шабакаи таъминоти оби нӯшокӣ сохтанд. Дар деҳаи Ҷавонӣ 4 зарфи обнигоҳдории ғунҷоишашон 25-тоннаӣ насб шуд. Дар деҳаи Деҳлоло дар чуқурии 86 метр ва дар ҷамоати ба номи Авазов дар чуқурии 80 метр чоҳи амудӣ канда, об бароварданд. Дар маҷмӯъ, тайи муддати на чандон тӯлонӣ маблағгузорӣ ба соҳаи шабакаҳои обтаъминкунӣ қариб 11 маротиба афзудааст, ки саҳми Ҳукумати ҷумҳурӣ хеле назаррас аст. Ба гуфтаи директори КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Алимурод Исломзода барои пурра барқарор кардани шабакаҳои обу корези шаҳру навоҳӣ ва деҳоти ҷумҳурӣ беш аз 2 миллиард доллари ИМА зарур аст. Ҳол он ки дар 5 соли охир маблағгузории умумии соҳа 123 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. - Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ “Фонди рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ” таъсис дода шавад, то барои маблағгузории соҳа шароити фарохтаре фароҳам ояд, - мегӯяд Алимурод Исломзода. – Дар ҳолати таъсиси чунин фонд онро Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти назорат гирифта, маблағҳои аз ҳисоби ташкилоту институтҳои молиявии хориҷию ватанӣ, донорҳо ва шахсони ҳуқуқию воқеии ба фонд равонагардида барои иҷрои корҳои афзалиятноки соҳа равона карда шаванд. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
5
ҶАВОНОН ВА ИЛМ
Пеш аз ҳама бояд иқрор шавем, ки ҷойгоҳи илм дар миёни ҷавонони кишвари мо хеле танг аст. Имрӯз теъдоди ками наврасон ва ҷавонон дар сар андешаи олим шуданро мепарваранд. Албатта, солҳои охир каме пешравӣ ҳаст ва ҷавонони тоҷик дар озмунҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ғолиб мебароянд. Аммо ин барои рақобат бо кишварҳои пешрафта басанда нест. Илм бояд оммавӣ шавад. Танҳо дар ин ҳолат метавон гурӯҳҳои пурқуввати илмӣ ташкил кард ва дар бозори ҷаҳонӣ тоби рақобат. Дар акси ҳол бо гирифтани садҳо медали тилло дар озмунҳо боз ҳам наметавонем пешсаф бошем. Сабаби асосии бетаваҷҷуҳии ҷавонони тоҷик натиҷаи кам доштани корҳои илмии олимон аст. Дар баробари ранҷи бисёр ва подоши ками меҳнати олимон, ҷавонон подоши нақди муҳоҷиратро афзал мешуморанд ва аксаран ҳатто ҳангоми мактабхонӣ мақсади муҳоҷиратро мекунанд, на илму олимиро. Дигар сабабҳо иборатанд аз: - Норасоиҳо дар низоми омӯзишу парвариш. Ислоҳоти ҷиддӣ дар ин низом накардан ва сохти таълими шуравӣ дигар дар асри 21 натиҷаи кам медиҳад. - Маблағгузории кам барои
Чаро ҷавонон ба илми муосир таваҷҷуҳ надоранд? дониш андӯхтани ҷавонон. Аз як тараф буҷаи давлат имкон надорад, ки маблағгузориро бештар кунад, аз тарафи дигар камбизоатии мардум имкони ба таълимоти иловагӣ ҷалб кардани ҷавонону наврасонро намедиҳад. Илм дар навбати худ, соҳаи маблағталаб аст, ки натиҷааш дер ба даст меояд. - Фарҳанги илмпарварӣ надоштан. Шурбахтона, мардуми мо бештар нақлпарварӣ мекунанд, то хирадпарварӣ. Таҷриба нишон медиҳад, ки бештари оилаҳое, ки имкони молии омӯзиши иловагии фарзандонро доранд, онҳоро на ба курсҳои омӯзиши химия ё физика, балки барои тутивор аз худ кардани нақлҳои мазҳабӣ равон мекунанд, ки ба илм ва олимӣ дахл надоранд. - Ҷаҳонбинии танги мазҳабӣ доштани бештари мардум, ки кӯшиш мекунанд илми муосирро танҳо аз ин дарича бубинанд ва биомӯзанд. Мехоҳанд филро аз сурохи сӯзан гузаронанд, ки ҳеҷ имкон надорад. Ҳамчунин, мушкилоти сохторӣ, иҷтимоӣ, демографӣ, таърихӣ ва набардҳои геополитикӣ сабаб шуда, ки ҷавонони мо ба илми муосир таваҷҷуҳи кам доранд. Чӣ бояд кард, то ин мушкилот бартараф, таваҷҷуҳи ҷавонон ба илм ҷалб
шаваду илми тоҷик раванди дурусти рушдро касб карда, дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад? Пеш аз ҳама, дар ҷомеаи суннатии мо бояд таърифи дуруст ва мушаххаси илми муосир пешниҳод гардад. Мафҳуми муосири илм муаррифӣ шавад ва шинохти дурусти илму олим заминасози рушди илм дар кишвар гардад. Ҳеҷ имкон нест, ки дар болои бинои куҳнаи фарсудае бинои чандқабатаи замонавӣ сохт. Барои сохтани як бинои замонавии дуруст нахуст бинои куҳнаро бартараф бояд кард ва ҷойро барои сохтмон холӣ. Дар илм ҳам чунин аст. Имкон надорад, ки бо шинохти асримиёнагӣ илми имрӯзаро дуруст дарк кард ва ба рушди он ноил шуд. Ба таҷрибаи омезиши ҷаҳонбинии мазҳабӣ бо ҷаҳонбинии илмӣ, ки меъёр доираи танги мазҳаб аст, хотима бояд гузошт. Ин корро мардуми Аврупо ҳанӯз дар «Асри равшангарӣ» кардаанд ва натиҷаашро имрӯз мо мебинем. Олимон ва муассисаҳои илмии моро лозим аст, монанди олимони аврупоӣ боҷуръат ва дар баҳсҳои бепоёни шабакаҳои иҷтимоӣ барои шинохти дурусти илми муосир фаъол бошанд. Барои ҷавонони мо таърифи мушаххас аз илми муосир зарур аст,
то роҳнамо гардад. Баъдан, бо далелҳои мушаххас натиҷаи мусбати рафтан ба ҷодаи илми муосирро бояд ба ҷавонон нишон дод. Чи тавре ки ҳоло дақиқ медонанд бо хатми коллеҷи сохтмонӣ имконияти кор ёфтан дар Русия зиёд ва даромадаш ҳам зиёдтар мешавад, бояд муайян кард, ки ба таври мисол, бо омӯхтани илми химия ӯро чи имкониятҳое дар дохил ва хориҷи кишвар интизор аст. Дар ин рӯзҳо, ки Русия барои рушди кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад ва маблағгузории зиёд мекунад, мусаллам аст, ки ба агротехник ва технологҳои саноати хӯрокворӣ талабот зиёд аст. Дар дохили кишвар ҳам ин соҳа ояндаи хуб дорад. Сеюм, барои дуруст кардани шароити таълим ва омӯзиши илмҳои муосир бояд озмоишгоҳҳои замонавӣ ташкил шаванд, ки берун аз дарсҳо хоҳишмандон тавонанд дар онҳо омӯзиши иловагӣ гиранд. Имрӯз касе ба варзиш машғул шудан мехоҳад, бо осонӣ метавонад толори варзишӣ пайдо кунад ва бо пули худ худро қадам ба қадам ба мақсад расонад. Аммо касе химик ё физик шудан мехоҳад, дар куҷо имкони озмоиш гузарониданро дорад? Агар аз ҳисоби буҷа ва хайрияҳо чунин озмоишгоҳҳо сох-
та шаванд, маблағи нигаҳдории онҳоро метавон аз ҳисоби худи донишомӯзон таъмин кард. Замоне кишвари нисбатан пешрафта будем. Мутаассифона, бо сабабҳои маълуми таърихӣ дар асрҳои охир дар ҷодаи илм хеле ақиб мондем, ки наметавонем дар кутоҳмуддат бо кишварҳои пешрафтаи муосир рақобат кунем. Бешак, бо он қобилияти зеҳние, ки миллати мо дорад, агар сари вақт ислоҳоти ҷиддӣ дар низоми маориф, маблағгузории он, шароити таълим ва илмомузӣ гузаронида шавад, имкон аст бо ёрии дастовардҳои илми муосир ба монанди Чин пешравӣ дошта бошем. Чин ҳам бештар аз илму технологияи тайёри дигарон истифода мекунад, то аз ихтирооти навини худ. Ин метавонад мақсади кутоҳмуддати мо бошад. Мақсадҳои дарозмуддат, албатта, бояд бузург бошанд ва он ҳам мақсади расидан ба сатҳи болотарин ва рақобат кардан бо миллатҳои пешрафта. Ба ҳар ҳол, боварӣ ҳаст, ки миллати мо қудрати зеҳнии расидан ба ин қуллаҳоро дорад. Меҳр СОБИРИЁН, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ
МАСЪУЛИЯТ
Омодагӣ ба мактаб
Вазифаи кормандони кӯдакистонҳо аз он иборат аст, ки дар ташаккули насли солим ҳиссагузор бошанд. Барои фардои дурахшони миллат кӯдакони рӯҳану ҷисман солим, донояку зебояк лозим. Мураббияҳо вазифадоранд, ки аз рӯзҳои аввали ба боғча қадам мондани кӯдак, тарбия ва таълимро дуруст ба роҳ монанд. Вақте кӯдак ба боғча меояд, ба муҳити барои ӯ тамоман бегона дучор мешавад. Мутобиқ шудан ба муҳити бегона ба кӯдак хеле душвор аст. Барои ҳамин, рӯзҳои аввал кӯдакон инҷиқӣ мекунанд, аз волидайн ҷудо шудан намехоҳанд. Гиря мекунанд. Дар ҳамин ҳолат ихтисосмандии мураббия лозим аст, ки шавқи кӯдакро бедор намояд. Мураббия шахсест, ки ояндаи насли наврасро бунёд месозад. Ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо аз усулҳои фаъоли таълим, ки кӯдакро ба фикр кардан ва озодона баён намудани андеша водор месозанд, истифода мебарад. Дар ин кор кабинети методӣ ба мураббияҳо дасти ёрӣ дароз мекунад. Сармураббии кӯдакистони №127-и ноҳияи Фирдавсӣ Фазила Сафархонова сари вақт машғулиятҳои озод ташкил намуда, кӯшиш мекунад, ки мураббияҳо ба машғулиятҳои якдигар даромада, таҷриба андӯзанд, донишҳои ҳосилкардаашонро дар амал моҳирона истифода баранд. Дар кабинети методӣ «Гӯшаи омӯзиши таҷрибаи пешқадам» мавҷуд аст, ки барои мураббияҳо матолиб лозима гирд оварда шудааст. Мо – мураббияҳо дар рафти
6
машғулиятҳои таълимӣ (аз худ кардани ҳарфҳо, хондан, навиштан, расмкашӣ, гулмонӣ, суробсозӣ, сурудхонӣ, ҳисобро ёд гирифтан, нутқашонро инкишоф додан ва ғайра) кӯшиш мекунем, фаъолияти маърифатии кӯдакон инкишоф ёбад. Бо ин восита, онҳоро ба мактаб тайёр менамоем.
Кор бо кӯдакон фориғболиро намеписандад. Ҳар лаҳза аз рафтору гуфтору амали онҳо бохабар бояд буд. Бозӣ дар рушди ҳаматарафаи кӯдак нақш бозида, яке аз намудҳои асосӣ ва муҳими фаъолияти онҳо мебошад. Дар ҷараёни бозӣ мағзи сари кӯдак машқ ме-
кунад. Дар рафти бозӣ кӯдакон ба тозагӣ, ростқавлӣ, зебоипарастӣ одат мекунанд. Нақши бозӣ дар инкишофи ҷисмонӣ, обутобдиҳии бадан, тарбияи чусту чолокӣ, зиракӣ, мушоҳидакорӣ ба кӯдакон кӯмак мерасонад. Бозӣ бояд якрангу дилбазан нашавад. Мо рӯз ба рӯз бозиҳои мураккабтар фикр карда, кӯдакро ҳавасманд мекунем. Барои насли солим тарбия намудан бояд муҳити муассисаи томактабӣ солим ва самимӣ бошад. Мо - кормандони боғча кӯшиш мекунем дар замири дили кӯдакон мафҳуми Ватан-Модар, рамзҳои давлат - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, иззату эҳтиром ба Президент ва волидону мураббияҳоро кошта тавонем. Аз хурдӣ ҳисси ҳурмату эҳтиром ва одоби хуши муоширатро бо калонсолон бедор кунем. Дар гурӯҳҳои калон мураббияҳо ба кӯдакон Суруди миллиро меомӯзонанд, ки онҳо бо ифтихор онро месароянд. Кормандони боғча ҷигаргӯшаҳои худро омода намудаанд,ки рӯ ба сӯи мактаб оранд. Ин санҷиш ҳам барои мо ва ҳам барои дастпарварони мо мебошад. Агар онҳо дар мактаб нағз хонанд, албатта мо шод мешавем, ки меҳнати мо барабас нарафтааст. Рухшона МИРЗОЕВА, мураббияи кӯдакистони №127-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9395), 28 МАЙИ СОЛИ 2015
СОЛИ 2015 – СОЛИ ОИЛА Бунёди оила, асосҳои пойдориву устувории он, интихоби ҳамсар, мавқеи оила дар ташаккули фарди солими ҷомеа аз масоили мубрами рӯз ба шумор рафта, дар мадди назари ҳамагон қарор гирифтааст. Тамоми бурду бохт, суду зиён, муҳаббату хиёнат, барору нобарорӣ дар зиндагии рӯзмарраи одамони сайёра ба солимии оила вобастагӣ дорад. Солимии оила, яъне, рафоқату муҳаббати аъзои оила, ки аз омилҳои асосии пойдории он мебошанд, метавонад ҷомеаро аз ҳар гуна паёмадҳои нохуш эмин нигоҳ дорад. Бунёди оилаи солим омили муҳими мустаҳкамии ҷамъият ва давлат мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф, қабл аз ҳама, устувор намудани мавқеи иҷтимоии оила зарур аст. Аз ин ҷост, ки бо пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 Соли оила эълон гардида, бори дигар ҷомеаи Тоҷикистон, хоса волидонро водор намуд, ки барои солимии ҷомеа, ташаккули оилаҳои солим саҳмгузор бошанд. Масоили таҳкими бунёди хонавода, танзими пайвандҳои хешутаборӣ ва тарбияи фарзандони солим, ки Сарвари давлат дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ ба таври мушаххас муайян намуд, моро водор месозад, ки нисбат ба тақдири ҷомеа ва ояндаи миллат бетафовут набошем. Аксари одамони дунё дар синни ҷавонӣ оила барпо мекунанд. Барпо намудани оила дар кадом синну сол ва дар кадом давра мувофиқтару муфидтар аст? Ин суолест, ки барои посухи он рӯ овардем ба чанде аз далелу арқом, ки таълимоти дини мубини ислом фармудааст. Худованд дар Сураи Рум мефармояд: “Яке аз нишонаҳои қудрати Худо ин аст, ки барои шумо аз миёни худатон ҳамсароне офаридааст, то ба сӯи онҳо ором гиред ва дар миёни шумо муҳаббат ва раҳмат (дилсӯзӣ)-ро ниҳодааст”. Ин аст, ки бархе аз имомони фиқҳӣ ва донишварони исломӣ нахуст сару сомон бахшидан ба вазъи зиндагӣ ва сипас, бунёди хонаводаро тавсия намудаанд. Таҳқиқоти олимони эронӣ собит месозад, ки имрӯз бо сабабҳои мушкилоти иқтисодӣ бештар дар миёнсолӣ барпо намудани оилаҳо зиёд шудааст. Аз ин Тоҷикистон низ истисно нест. Зеро имрӯз вазъи мураккаби иқтисодӣ, агар аз як тараф ба афзудани шумораи оилаҳои камбизоат боис шавад, аз тарафи дигар боиси дер издивоҷ намудани ҷавонон мегардад. Дар назди ҷавононе, ки аз оилаҳои камбизоатанду оила бунёд кардан мехоҳанд, ду роҳ аст: бояд муддати тӯлонӣ мунтазир шаванд, то маблағе ба даст оранд,
дигар ин, ки ба зинокориву рафтори ғайришариатӣ даст зананд. Ин ду қазия боз ду андешаеро тавлид месозад: таҳти назорати ҷиддӣ ва тӯлонӣ қарор додани эҳсосоти шаҳвонӣ метавонад шахсро асабонӣ ва оқибат мубталои беморӣ гардонад; дар мавриди рӯ овардан ба зинокорӣ ва дигар аъмоли ношоиста, аз қабили фаҳшу
гуворост, зеро тафовути зиёди миёни синну соли ҳамсарон метавонад боиси якдигарнофаҳмӣ ва гуногунандешӣ дар оила гаштаву пояҳои оиладориро заиф намояд. Манбаи дигари пойдории оиладорӣ ин дӯстиву рафоқати дуҷониба мебошад, ки инро танҳо дар оила дарёфтан мумкин аст. Илова бар ин, шахс ба чунин
интизорӣ кашанд. Яке аз мушкилоти оилаҳои ҷавон надоштани манзили зисти мувофиқ ва ҷойи кор мебошад. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин, барои ҷавононе, ки аз ҷиҳати равонӣ барои издивоҷ омодаанд, бояд на камбуди манзилу ҷойи кор сади роҳ шаваду на мушкилоти молиявӣ. Зеро Худованд ризқу рӯзии ҳар фардро ба
ли худро медиҳад ва ӯро аз фақр мераҳонад. Паёмбари акрам (с) фармуда: «Никоҳ аз ҷумлаи суннатҳои ман аст ва касе ба суннати ман амал нанамояд, аз ҷумлаи умматони ман нест». Яъне, барои баровардани ниёзҳои фитрӣ ва хостаҳои табиии инсон паёмбар (с) роҳи мувофиқеро пешниҳод
Ҷавонӣ - давраи беҳтарини бунёди оила
тардоманӣ, шахс худро дар назди виҷдонаш гунаҳкор ҳисобида, аксар вақт азоби рӯҳӣ мекашад. «Онҳое, ки имконоти издивоҷро надоранд, бояд, то он замоне ки Худо онҳоро аз фазли худ бениёз гардонад, иффат ва покдоманӣ намоянд». (Сураи “Нур”, 24:33). Дар аксари мамлакатҳои Ғарб издивоҷи барвақтиро нолозим ва синну соли аз сӣ болоро барои издивоҷ мувофиқ мешуморанд. Дини мубини ислом издивоҷро дар ҳама синну сол воҷиб мешуморад. Вале давраи ҷавониро давраи беҳтарин барои бунёди оила медонад. Яке аз мақсадҳои асосии бунёди оила қонеъ сохтани талаботи нафсониву шаҳвонӣ мебошад, ки асосан дар даврони ҷавонӣ хурӯҷ намудаву тадриҷан афзоиш меёбад. Бастани ақди никоҳ роҳи қонунии қонеъ гардонидани чунин талабот аст. Ислом саркӯб ё буғӣ кардани ин эҳсосотро дар организм раво намедонад. Издивоҷи ҳамсолон издивоҷи бобарортару ба мақсад мувофиқтар ва хушу
дӯстиву рафоқат бештар дар айёми ҷавонӣ ниёз дорад. Агар шахс дар давраи ҷавонӣ бе ҷуфти муносиб ва дур аз таваҷҷуҳу дастгирии шахси наздик монад, ин ба ҳолати равонии ӯ бетаъсир намемонад. Дар синни баркамолӣ хонадоршавии одамон, бахусус, духтарон ба меваи пухтарасидаи дарахте шабоҳат дорад, ки ночида мондаву аз таъсири боду борон ва офтоб вайрон ё хушк мешавад. Аз назари ислом ҳангоми мавҷуд будани шароити мусоид барои оиладорӣ ва бо вуҷуди ин дидаву дониста рад кардани издивоҷу ба таъхир андохтани он гуноҳ аст. Ба ақидаи олимони исломӣ издивоҷи барвақтӣ, ҳамчунин, аз нигоҳи солимии рӯҳиву равонӣ низ манфиатнок аст. Албатта, ҷавонон дар оғози давраи хонадоршавӣ ба баъзе мушкилоте мувоҷеҳ мегарданд, ки шояд дар оилаҳои дер издивоҷнамуда камтар ба назар мерасад. Вале ҷавононро мебояд, ки ҳарчи бештар хусусиятҳои хоси равониву иҷтимоиро ба инобат гиранд, на ин ки муддати тулонӣ он лаҳзаи ба қавле «муносиб»-ро
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9395), 28 МАЙИ СОЛИ 2015
таври бояду шояд фароҳам овардаву раҳматашро аз ҳеҷ кас дареғ намедорад. Никоҳ амри воҷиб ва воқеӣ буда, ба шарофати он робитаҳои иҷтимоӣ густариш меёбанд. Дар ривояте омадааст, ки: «Чор чиз аз суннати паёмбарон мебошад: ҳаё, хушбӯӣ задан, мисвок кардан ва никоҳ». Дини мубини ислом бо таваҷҷуҳ ба ин ниёзи фитрии инсон ва ба манзури таъмини дигар ҳадафҳои олие, ки барои шахсияти инсон ва ҷомеа дар назар дорад, бо равишҳои гуногуне ба бинои хонавода ва барпо намудани оила тарғиб намудааст. Худованд дар “Қуръон”-и карим мефармояд: «Мардони безан ва бевазанони худро ба никоҳ бароред ва ғуломон ва канизони солеҳи худро (низ). Агар онҳо фақиру бенаво бошанд, Худо онҳоро аз фазли худ бениёз мегардонад. Ва Худо кушодафазлу доно аст». Тавре мушоҳида мешавад, Худованд дар ин оят ба шахсе, ки ба бинои хонавода иқдом менамояд, ваъдаи бениёзӣ ва кушодани дарҳои фаз-
намудааст, ки башариятро ҳам аз васвасаҳои гӯшанишинӣ, зиёнҳои гуногунҷанбаи ҳаёти бехонавода ва ваҳшатҳои танҳоӣ раҳо месозад ва ҳам аз ҳар гуна беиффатӣ, тардоманӣ ва лаззатҷӯиҳои номашрӯъ нигаҳ медорад. «Зино баракатро аз умр мебарад», - мефармояд пайғамбари ислом. Пӯшида нест, ки шахси зинокор гирифтори бемориҳои гуногун мешавад, ки ин ҳамон рафтани баракат аз умри онҳост. Агар онҳо чанд рӯзе ҳам зинда бошанд, зиндагиашон бадтар ва фалокатбортар аз марг аст ва бешак, рӯзи қиёмат дар назди Парвардигор рӯсиёҳ хоҳанд буд. Ҷомеае, ки дар он танфурӯшиву фаҳшо ва ҳар гуна тардоманӣ ривоҷ меёбад, бемориҳои сирояткунанда ва бедармон дар он зиёд мегарданд. Ҳар гуна вабоҳо ва вирусҳои ҳалокатовар ҳаёти солими ҷомеаро мавриди таҳдид қарор медиҳанд. Ин зуҳуроти номатлуб боиси пайдоиши инсонҳои мизоҷан ва рӯҳан носолим мегардад ва миллатро хатари беаслӣ ё бадаслӣ таҳдид менамояд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки “...масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва аъзои ҷомеаро тақозо мекунад... Мувофиқи мақсад аст, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад». Мақсади соли 2015-ро Соли оила эълон намудани Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои хонаводагӣ иборат мебошад, зеро тавре медонем, бунёди оилаи солим бунёди ҷомеаи солим аст. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
7
ҶАШН
Як рӯзи Ҷавонон ҷонибдори пойдорию 23 май Боғи “Ирам”-и пойтахт қабои идона ба бар дошт. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони мамлакат як қатор зерсохторҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, муассисаҳои кишоварзию фарҳангии ноҳияҳои Ваҳдат ва Рӯдакӣ фаъолияти худро муаррифӣ карданд. Аз ҳар гӯшаи боғ садои мусиқӣ ба гӯш мерасид. Меҳмонони сершумори боғи истироҳатӣ дар баробари баҳра бурдан аз манзараҳои зебои ин гӯшаи сарсабзу хуррами пойтахт бо фаъолияти муассисаҳои мазкур ошно шуданд. Сарвари Ташкилоти ҷамъиятии “Насли ҷавони Тоҷикистон” Наимҷон Мирзораҳимов иброз дошт, ки дар ин чорабинӣ намояндагони ташкилоти мазкур ва Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон варақаву китобчаҳои зиёде дар хусуси тарғиби ҳаёти солим, масъалаҳои ҳуқуқӣ, пешгирии фалокат дар роҳҳо ва ғайраро ба меҳмонон тақдим намуданд. - Боиси хушнудист, ки теъдоди ҷавонони волонтёр (ихтиёриён) сол то сол меафзояд, - гуфт Наимҷон Мирзораҳимов. – Хайру саховат танҳо дар шакли пулию молӣ нест. Кӯмак ба касе дар парешонию дармондагӣ, нишон додани роҳи наҷот аз мушкилиҳо низ хайрхоҳӣ мебошад. Ҷавонони волонтёр ҳамин амали хайрро мақсаду маром қарор додаанд. - Насли солим ҷомеаи солим месозад. Миллате, ки ҷавонони солиму нерӯманд ва илмдӯсту ҳунарманд дорад, пешрафту муваффақ мешавад, - гуфт зимни сӯҳбат муовини директори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Мирзошариф Одинаев. – Мо ба ҷавонон дастурамалҳои зиёде оид ба зарари тамокукашию нашъамандӣ ва носкашӣ тақсим кардем. Зеро тамокукашӣ яке аз сабабҳои хурӯҷи асабоният гашта, ҷавононро хашмгину бадқаҳр месозад. Тамокукашон ором хоб намераванд, дар онҳо парешонхотирӣ, суст гардидани хотира ва вайроншавии фикрронӣ мушоҳида мешавад. Ҳамчунин, 80% ҳодисаҳои саратони за-
8
бон, лаб ва дигар узвҳои дохили даҳон, инчунин, ҳалқ ба истеъмоли нос вобаста мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро огоҳ бояд кард, то аз тамокукашию нашъамандӣ ва майпарастӣ барин одатҳои бад дур шаванд. Ҷавонони мамлакат дар баробари омӯхтани илми муосир ба ҳунари аҷдодӣ низ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Яке аз идомадиҳандагони ҳунари ниёкон сокини деҳаи Камонгарони шаҳри Ваҳдат Мадина Асоева мебошад. Ин ҷавондухтари ҳунарманд дар ҳузури меҳмонони сершумори Боғи “Ирам” аз навдаҳои зарбед сабадчаю зарфҳои гуногун мебофт. Ӯ ин ҳунарашро аз модараш Мастурабону омӯхтааст. Зарфҳои аз зарбед бофтаи Мадина хеле зебо буда, на танҳо барои хориҷиён армуғон мешавад, балки ҳар як сокини кишвар онро чун зарфи аз лиҳози экологӣ тоза истифода карда метавонад. Мастурабону ба хоҳишмандон дар зарфи 15-20 рӯз ҳунари сабадбофиро ёд медиҳад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тамоми табақаҳои аҳолӣ, алалхусус, ашхоси имконияташон маҳдуд ғамхорӣ зоҳир мекунад. Дар боғ намунаи ҳунарҳои шогирдони Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шуда буд. Муаллими литсейи мазкур Раҷабалӣ Амонов зимни муаррифии дастовардҳои шогирдонаш иброз дошт, ки дар ин таълимгоҳ ба маъюбон ҳунари дӯзандагӣ, пойафзолдӯзӣ, таъмири яхдон, муҳосибӣ, кор бо компютерро ёд медиҳанд. Яъне, баъди дар ин боргоҳ 1-2 сол таҳсил кардан ашхоси имконияташон маъюб соҳиби ҳунар шуда, ба худ шуғли муносиб пайдо мекунанд. Дар ин чорабинӣ корхонаҳои либосдӯзӣ, аз қабили “Ёқут-2000”, “Сано”, “Мафтуна”, “Нассоҷии тоҷик” ва ғайра намунаҳои маҳсулоти хешро ба маъраз гузошта буданд. - Алҳол дар корхонаи мо барои хонандагони синфҳои 1-11 либоси мактабӣ медӯзанд, - гуфт Абдумавлон Абдуллоев. – Мо бо 35 муассисаи таълимӣ шартнома баста, барои 40 000 нафар кӯдак либоси мактабӣ дӯхтем. Аксар меҳмонони чорабинии мазкур зимни аз назди гӯшаи фарҳангии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат гузаштан ҳатман ба он таваҷҷуҳ менамуданд. Дар ин гӯшаи фарҳангӣ шумораҳои маҷаллаи “Бахтофарони Ваҳдат” хеле диққатҷалбкунанда ба назар мерасид. Маҷаллаи мазкур 4 сол боз бо дастгирии МИҲД шаҳри Ваҳдат нашр шуда, бештар
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9395), 28 МАЙИ СОЛИ 2015
ҷавонӣ устувории давлатанд ҳаёти бонувони шаҳри Ваҳдатро инъикос мекунад. Рубрикаҳои “Тоҷикистон ватанам”, “Кадбону”, “Лолаарӯсак”, “Мушкилоти зан мушкилоти ҷомеа”, маслиҳатҳои ҳуқуқшиносону рӯҳшиносон хеле ҷолибанд. Сардабири маҷалла бонуи хушсалиқа, донандаи забони гурҷӣ Барно Боева мебошад. Соли дуюм аст, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ маъракаи “Биёед, китоб хонем”-ро ба роҳ мондааст. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, баргузории ин маърака боиси ба китоб бештар рӯ овардани ҷавонон гардид. Чунончӣ, директори китобхонаи шаҳри Ваҳдат Дилбар Мирзоева иброз дошт, ки вақтҳои охир теъдоди ҷавонони китобхон бештар гаштааст. Дар ҳудуди деҳоти шаҳри Ваҳдат 46 филиали китобхона мавҷуд буда, теъдоди китобҳо ба 178906 нусха мерасад. Танҳо дар китобхонаи марказӣ 25000 нусха адабиёти ба забонҳои гуногун нашршуда мавҷуданд. Китобхонаи мазкур чанде пеш дар фестивали “Ҳафтаи китоби кӯдакон” соҳиби диплом гардид. Иқдоми “Биёед, китоб мехонем” дар Рӯзи иди ҷавонон низ доир гашт. Ба ҷавонон 2000 китоб ройгон тақдим гардид.
Санъати рассомӣ яке аз ҳунарҳоест, ки ба инсонҳо лаззати маънавӣ мебахшад. Намунаи эҷоди шогирдони Мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Ваҳдат, ки дар як гӯшаи Боғи “Ирам” ба маъраз гузошта шуда буд, аз завқи баланди таълимгирандагони муассисаи мазкур дарак медод. Расмҳои кашидаи наврасон диққати ҳар бинандаро ҷалб мекард. Ба гуфтаи директори мактаби мазкур Фарҳод Саидов 36 сол аст, ки дар ин боргоҳи ҳунар наврасони боистеъдод ба воя мерасанд. Чанде аз дастпарварон алҳол дар Донишкадаи давлатии санъат, Донишкадаи санъати рассомӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Шогирдони Мактаби бачагонаи рассомӣ солҳои 2011 ва 2014 дар озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби диплом гаштаанд. Ба наздикӣ рассомони ҷавон дар озмуни расмҳо бахшида ба 20-солагии кишвари бетараф шудани Туркманистон ҷои аввалро гирифтанд. Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар гӯшаи дигари боғ озмуни мусаввирони ҷавон таҳти унвони “Тоҷикистон – Ватани ман” доир гашт. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна бо завқ манзараҳои диёрро тас-
ҶАШН вир карда, ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Назди гӯшаи МД “Биржаи меҳантии ҷавонон” низ хеле серодам буд. Ҷавонони зиёде бо ҷойҳои кории мавҷуда шинос шуда, чанд нафарашон муассисаи барояшон мақбулро интихоб карда, бо шароити кор ошно гаштанд. Директори муассиса Абдурозиқ Кабутов, ҳамчунин, ба ҷавононе, ки хоҳиши берун аз ҷумҳурӣ кор карданро доранд, оид ба тартиби гирифтани иҷозат барои кор ва патент маълумот дод. Ба ҷавонон иттилооту маълумотномаҳои гуногун барои пешгирии тиҷорати шаҳвонӣ ва одамрабоӣ тақсим гардид. Дар қатори дигар зерсохторҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” низ гӯшаи махсус дошт. Мухлисони сершумори рӯзнома меҳмони гӯша шуда, бо аҳли эҷоди нашрияи дӯстдоштаашон мулоқот намуданд. Ба меҳмонони гӯша 1000 нусха шумораи ба Рӯзи ҷавонони мамлакат бахшидашудаи рӯзнома тақдим шуд. Бегоҳи рӯз Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири мамлакат, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳо, Маликшо Неъматов, сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Олмон, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг, Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм, Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ректорони мактабҳои олӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе намоишгоҳро тамошо карда, дар барномаи фарҳангии “Шоми ҷавонӣ”, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо клуби футболи “Истиқлол” доир кард, иштирок намуданд. Ҳозиринро Марҳабо Ҷабборӣ ва Аҳтам Абдуллозода ба муносибати Рӯзи ҷавонон шодбош гуфтанд. Марҳабо Ҷабборӣ аз дастгириву ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, таъкид кард, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар рушди кишвар ба ҷавонон такя мекунад. Сипас, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба ғолибони Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии мамлакат, ки даври ниҳоии он 2-23 май аз рӯи 10 намуди варзиш доир гардид, диплом ва ҷому медал супорид. Ҷои аввалро бо ба даст овардани бештари медалҳои дастаи “Душанбе-1” сазовор гашт. Мақоми дуюм насиби донишҷӯёни вилояти Хатлон ва ҷои сеюм насиби донишҷӯёни дастаи “Душанбе-2” гардид. Ҳунарнамоии сарояндагони ҷавон – Нобовар Чаноров, Нигина Амонқулова, Ситораи Кароматулло, Шаҳроми Абубакр, Остон Азизов ва дигарон хотимабахши чорабиниҳои Рӯзи ҷавонон буд. У. САФАРАЛӢ, С. СУННАТӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9395), 28 МАЙИ СОЛИ 2015
9
СЕМИНАР
ҶАШН
«Шабе дар Осорхона» Осорхонаи миллии Тоҷикистон 18 майи соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо силсила - чорабиниҳо доир намуд.
Кӯдак бад ба дунё намеояд... Кӯдакон яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа буда, бештар аз дигарон ба ҳимоя ниёз доранд. Бо назардошти ин, ҳар сол 1-уми июн дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байнулмилалии муҳофизати кӯдакон таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон низ ҳамасола ба ин муносибат бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятиву байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак семинару конфронсҳо доир мегарданд. Аз ҷумла, рӯзҳои 25-27 майи соли равон дар Душанбе барои кормандони низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои пӯшида ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар доираи лоиҳаи “Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои маҳрумият аз озодии Осиёи Марказӣ” давраи омӯзишӣ баргузор шуд. Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати коҳиш додани ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида, манъи ҳабси инфиродии ноболиғон, инчунин ҷудо нигоҳ доштани кӯдакон аз калонсолон ва духтарон аз писарон дар тамоми муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ амалӣ мешавад. Дар доираи лоиҳа воридсозии меъёрҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба қонунгузории миллӣ, таъмини кӯмаки ҳуқуқӣ ба кӯдаконе, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд, роҳандозии барномаҳои таълимӣ барои кормандони муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона, таҳияи барномаи тавонбахшии равонии кӯдаконе, ки аз хушунату зӯроварӣ осеб дидаанд ва як қатор чорабиниҳои дигар пешбинӣ шудаанд. Дар расми ифтитоҳи ин давраи омӯзишӣ ноиби раиси Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ Рената Винтер, роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Люсия Элми, нозири масоили сиёсии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Аквил Нормантин ва сарвари Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) Азамат Шамбилов суханронӣ карданд. Тавре коршиносони ин давраи омӯзишӣ иброз доштанд, муҳофизати кӯдакон аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона масъалаи муҳим аст. Зеро беҷазо мондани шиканҷа нисбат ба кӯдакон боиси он мегардад, ки барои кӯдакони ҳимоянашуда истифодаи зӯроварӣ, на роҳу усули ҳуқуқӣ, балки воситаи ягонаи ҳалли мушкилот ва расидан ба ҳадаф дар зиндагӣ мешавад. Ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон аксаран аз мадди назар дур монда, ба қайд гирифта намешаванд.Тибқи пажӯҳише, ки СММ дар соли 2006 анҷом дода буд, исбот шудааст,ки кӯдакони дар муассисаҳои парасторӣ ва маҳрумият аз озодӣ ҷойдошта назар ба тамоми кӯдакони дигар амалан бештар дучори зӯроварӣ мешаванд. Мониторинги муштараки Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон додааст, ки сарфи назар аз кӯшишҳои давлат, паҳншавии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи ҷумҳурӣ зиёд аст. Ноиби раиси Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ Рената Винтер гуфт, ки мақсад аз ҷамъомад табодули таҷрибаҳои пешрафта дар самти ҳимояи ҳуқуқи кӯдак аст. “Ягон кӯдак бад ба дунё намеояд, балки ӯ баъдан муҳри “бад”-ро ба пешониаш мегирад. Барои бад шуданаш ҳам муҳит, ҳам оилаву мактаб ва рафиқон сабаб мешаванд... Мутаассифона, аксари маврид ва дар тамоми ҷаҳон кӯдаконе, ки бо қонун мушкил доштаанд, яъне бо ягон амали ғайриқонунӣ дар муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ нигоҳдорӣ мешаванд, мавриди хушунат қарор мегиранд.Зӯроварӣ нисбат ба кӯдакони маҳрум аз озодӣ нақзи ҳуқуқи кӯдак аст”,- афзуд хонум Винтер. Дар навбати худ, сарвари созмони PRI дар Осиёи Марказӣ Азамат Шамбилов гуфт: “Кӯдаконе, ки дар муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ қарор доранд, назар ба кӯдакони дигар бештар дучори зӯроварӣ мешаванд. Алҳол дар Осиёи Марказӣ наздики 30 ҳазор кӯдак дар муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ нигаҳдорӣ шуда, қонунгузории ин кишварҳо ба меъёрҳои байнулмилалӣ пурра мувофиқат намекунанд”. Созмондиҳандагони давраи омӯзишӣ бар ин боваранд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандони муассисаҳои пӯшида оид ба масоили ҳуқуқи кӯдак ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, ҳамчунин истифодаи меъёрҳои байнулмилалии муносибат бо кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида мусоидат мекунанд. Маҳмуд УСМОНОВ, “ҶТ”
10
Дар ин рӯз маротибаи сеюм иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» ба роҳ монда шуд. Мақсади ташкили иқдоми мазкур пешбурди сиёсати фарҳангии ҷумҳурӣ дар самти ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба осорхона, муаррифии осори ниёгон, баргузор намудани чорабинии бузурги оммавӣ-маърифатӣ, муаррифии осорхона ҳамчун макони маърифатӣ мебошад. Чорабинии мазкур имкон фароҳам овард, ки осорхона барои қишрҳои гуногуни ҷомеа дастрас ва ҳамчун макони ҷамъиятиву баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ муаррифӣ шавад. Иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» дар ду бахш – рӯзона ва шабона доир гашт. Дар бахши рӯзона Конфронси ҷумҳуриявии «Истиқлолияти давлатӣ ва Осорхонаҳои Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони осорхонаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар ин рӯз чорабинии «Ятимон дар оғӯши Осорхонаи миллӣ» баргузор шуда, 417 нафар бошандаго-
ни ятимхонаҳои шаҳри Душанбе толорҳои намоишии осорхонаро ройгон тамошо карданд. Дар рафти боздиди ятимон аз осорхона аз ҷониби кормандони илмии осорхонаҳо бо онҳо бозиҳои маърифатии рушди зеҳнӣ (викторинаҳо) ташкил гардида, ба ғолибон туҳфаҳо тақдим шуд. Инчунин, намоиши «Пайравони Камолиддин Беҳзод» доир гашт, ки дар он 50 асари эҷоднамудаи минокорон Камоловҳо ба маъраз гузошта шуд. Қисмати дуюми чорабиниҳои “Шабе дар осорхона” (чорабиниҳои шом ва шабона) бо садои карнаю сурнай ва дойрабазм оғоз гардида, мутрибону ҳунармандон бо санъати асили навозандагӣ хотири ҷамъомадагонро шод намуданд. Намоиши либосҳои миллӣ, таҳти унвони «Ҳар миллатеро фарҳанги хосе”, ки аз ҷониби тарроҳону чеварони либос пешниҳод гардид, бори дигар собит намуд, ки миллати тоҷик дар интихоб ва пӯшидани либос тамаддуну анъанаҳои хос дорад. Умуман, аз соати 18 то 22 11 ҳазор нафар ройгон толорҳои намоиши Осорхонаи миллиро тамо-
шо карданд. Бояд гуфт, баргузор намудани иқдоми «Шабе дар Осорхона» бори аввал соли 1997 аз шаҳри Берлини Олмон оғоз ёфта, баъдан соли 1998 дар Фаронса, Англия ва Русия таҷлил шудааст. «Шабе дар Осорхона» иқдоми байналмилалӣ буда, ҳадаф аз он ҷалби бештари тамошобинон, хусусан, ҷавонон ба тамошои осорхона мебошад. Айни замон 30 000 осорхона дар 120 кишвари олам ҳар сол ин чорабиниро таҷлил менамоянд. «Шабе дар осорхона» чорабинии хос ва касбии осорхонавист ва он танҳо тамошои муқаррарии толорҳои намоишӣ нест. Дар доираи он тибқи рисолати осорхонавӣ бояд дигар маҳфилҳо, аз қабили викторинаҳо, маҳфили «устодшогирд», саҳнаҳои театрӣ, намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ, бозиҳои зеҳнии гуногун низ ташкил шаванд. Зафаршо ИБРОҲИМОВ, муовини аввали директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Маҳфили ҷавонӣ дар Кӯлоб 21 май дар доираи чорабиниҳои "30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таҳти унвони "Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар", дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гашт. Давлат Суфиев, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳри Кӯлоб, чорабиниро кушода, ҷавононро ба рӯзи идашон табрику таҳният гуфта, даъват кард, ки бо Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ҳамкорӣ намоянд. “Бузургӣ ва нерӯи мо - ҷавонон дар якҷоягист. Бо ҳамин сабаб аз як гиребон сар бароварда, баҳри ободии Ватан камари ҳимат бандем”. Сипас, Хайрулло Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб, суханронӣ карда, тамоми ҷавононро бо идашон табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки “мо ба
қувваи бугурги ҷавонон боварӣ дорем, аз ин рӯ, ояндаи неку дурахшони ватанро аз ҳозир фикр кунем ва ҳар лаҳзаи умрро баҳри ободии он сарф намоем”. Ба як қатор ҷавонони фаъол, корхонаҳо, коллеҷу донишгоҳҳо туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуда, баҳри болидагии ҷавонон барномаи фарҳангии хотирмону гуворо пешкаш гардид. Дар ин бора Муҳаммадҷон Ҳайитзод, ихтиёрии назди Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб иттилоъ дод.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9395), 28 МАЙИ СОЛИ 2015
ҶАВОНОНИ ВАТАН
Ба корафтода коромӯз мебош Чанде пеш аз тарафи Ҳукумати ноҳияи Данғара ба ман қитъаи замини наздиҳавлӣ ҷудо карданд. Зарур шуд, ки ҳуҷҷат ба тартиб орам. Бо ин мақсад ба Бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ рафтам. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дафтари кории Бахтиёр Ашӯровро нишон доданд. Пеш аз ман ду нафар - зани миёнасол ва мӯйсафеди нуроние дар навбат меистоданд. Ба онҳо салом дода, пурсидам, ки дар дохил касе ҳаст ё не? Ҳанӯз ба саволам ҷавоб нагирифта, ҷавони миёнақади зебое бо чеҳраи кушода намудор шуд.
- Ба дарун дароед, ки ин ҷо хунук аст, - гуфт ӯ ғамхорӣ намуда. Дар воқеъ, корафтодагони аз ман пештар омада, хунук хурда буданд. - Худо ба ту баракат диҳад, писарам, - гуфт мӯйсафед бо хушҳолӣ, ки аз роҳи дур омада буд. Ҷавони хушмуомила нахуст аз аҳволи ҳар яки мо пурсид. Пасон, ба зан рӯ овард: - Чи хизмат буд, модар? Зан мақсадашро арз кард. Суҳбати самимии ҷавон маро ба андеша бурд. Хушҳол шудам, ки ҳарчанд ҷавон аст, тарзи дуруст ва бо эҳтиром муомила карданро бо корафтодагон хуб омӯхтааст. Чаро ки имрӯз ба ҳамаи мо муносибату муомилаи бархе аз ҷавонон бо нафарони аз худашон калонсол маълум аст. Бо ҷавононе вомехӯрем, ки бо майдатарин вазифаю мансаб мағрур мешаванд. Гузашта аз ин, роҳбароне ҳам ёфт мешаванд, ки не одоби муоширатро медонанду не муомилаи дурустро. Бе сабаб нест, ки бузургон ченаки бузургиро ба ақл муайян кардаанд,
на ба сол. Бешак, дар симои ин ҷавон мардеро дидам, ки бо рафтору кирдори шоиста ва лаҳни гуворо ба корафтодагон дасти ёрӣ дароз менамояд. Ӯ фармудаи “Ба корафтода коромӯз мебош, Ба ҳар дилсӯхта дилсӯз мебош!”-ро дастури кори хеш қарор додааст. Ба хулоса омадам, ки Бахтиёр ҳарчанд дар мактаби миёнаву донишгоҳ бо рафтори намуна ва хониши хубу аъло таҳсил карда бошад ҳам, дар оилаашон фазои солим ҳукмрон будааст, вагарна дар ин синну сол ба ӯ вазифаи масъулиятнокеро бовар намекарданд. Сирати зебо маънои бисёр дорад. Он, қабл аз ҳама одамият, ҷавонмардӣ, меҳнатдӯстиро ифода мекунад. Соҳиби чунин арзишҳои олии инсонӣ шудан шарафи бузургест барои ҳар нафар. Қаҳрамони мо Бахтиёр ҳам, бешубҳа, аз зумраи соҳибони сирати зебост. “Акаҷон, шумо чӣ хизмат доштед”, гуфтани ҷавон маро аз банди фикру хаёл
берун овард. Сабаби ба коргоҳаш омаданамро гуфтам. Ба ман фаҳмонд, ки корат ба зудӣ иҷро мешавад. Хушҳол шудам. Муносибати ӯ дер боз аз хотирам намеравад. Роҳбарон, онҳое, ки соҳиби вазифаву мансабанд, агар мисли Бахтиёри ҷавон розшунаву ба халқ хизматгор бошанд, ҳама аз онҳо розӣ мешавад: халқ ҳам Худованд ҳам! Гар тавозуъ пеша гирӣ, эй ҷавон, Дӯст дорандат ҳама халқи ҷаҳон. Давлат ҒУЛОМОВ
МУРОҶИАТ
Сӯхтор ба ҷони одамон низ таҳдид мекунад! Соли хониши имсола низ анҷом меёбад. Мактабиён ба таътили тобистона мебароянд. Тобистон барои бачаҳо фасли хушу хуррам аст. Зеро онҳо истироҳат мекунанд, ба оббозӣ машғул мешаванду обутоб меёбанд, ба сайру саёҳат мебароянду китобҳои бадеӣ мехонанд. Баъди се моҳи тобистон онҳо бо нерӯю қувваи тоза бояд боз ба мактаб баргарданд. Вазифаи мо – калонсолон он аст, ки бехатарии онҳоро дар фароғатгоҳҳо нигаҳбон бошем. Бояд ин фасли зебо барои бачаҳо танҳо таассуроти хушу нек боқӣ гузорад. Хусусан, таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар фароғатгоҳҳову истироҳатгоҳҳои бачагона дорои аҳамияти муҳим мебошад. Аз ин рӯ, бо супориши роҳбарияти Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД кормандони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор баҳри пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб дар иншооти фароғати тобистона корҳои профилактикӣ-оташнишонӣ ва фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда истодаанд. Мутаассифона, бархе аз роҳбарону мутасаддиёни фароғатгоҳу истироҳатгоҳҳо нисбат ба ин чорабинии муҳим бемасъулиятиву хунукназарӣ зоҳир намуда, амрномаҳои Назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхторро сари вақт иҷро наменамоянд. Онҳо дарк карда наметавонанд, ки сӯхтор дар
ҳоли сар заданаш на танҳо ба молу манзил, балки ба ҷони одамон низ таҳдид мекунад. Ҳодисаи мутҳиши 8 январи соли 2006 дар хона-интернати «Чорбоғ»-и шаҳри Душанбе рух дода, то ҳол аз ёдҳо нарафтааст. Дар натиҷаи он бинои интернат валангор гардида, 13 кӯдак дар алангаи оташ ба ҳалокат расиданд. Чунин ҳодисаҳои нохуш 26 декабри соли 2007 дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва 26 январи соли 2009 дар кӯчаи Майдони нави шаҳри Роғун дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №9 низ рух дода буд. Шаби 6 майи соли 2009 дар хобгоҳи №7 ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар натиҷаи риоя накардани одитарин қоидаҳои бехатарӣ сӯхтор ба амал омад, ки
номи Б. Ғафурови вилояти Суғд, дар масоҳати 160 метри мураббаъ ба амал омад, ки зарари он зиёда аз 70000 сомониро дар бар гирифт. Шаби 10 майи соли 2013 дар Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар масоҳати 810 метри мураббаъ сӯхтор рух дода, зарари он ба 226 858 сомонӣ баробар мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии сар задани сӯхтор беэҳтиётӣ, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, қасдан оташ задан ва ғайра мебошанд. Аз ин лиҳоз, эмин нигоҳ доштани фароғатгоҳу истироҳатгоҳҳо, хусусан, дар вақти таътили тобистона вазифаи ҷонии
хушбахтона сари вақт аз тарафи оташнишонон хомӯш шуд. 23 марти соли 2010 дар боғчаи №3-и ноҳияи Ғончӣ сухтор ба амал омад, ки бинои боғчаро ба тамом сӯхта, валангор намуд. Ҳамин гуна ҳодисаи нохуш 12 апрели соли 2011 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба
ҳар як масъули соҳа мебошад. БАҲРИ ПЕШГИРӢ НАМУДАНИ ЧУНИН ҲОДИСАҲОИ НОГУВОР ЧӢ БОЯД КАРД? Нахуст, ҳар як корманди муассисае, ки дар ихтиёраш кӯдакон ҳастанд, вазифадор аст қоидаҳои
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9395), 28 МАЙИ СОЛИ 2015
бехатарӣ аз сӯхторро донад ва қатъиян риоя намояд. Дигар, ҳангоми сар задани сӯхтор ҳамаи чорабиниҳо, ки барои наҷот додани одамон ва хомӯш кардани сӯхтор ба ӯ вобастааст, иҷро намояд. Дар муассисаҳое, ки кӯдакон шабонарӯз сокин мебошанд, навбатдорӣ ташкил кардан лозим. Навбатдор бояд чароғи дастӣ дошта бошад ва дар ҳолати зарурӣ аз он исифода бурда тавонад. Сари ҳар чанд вақт дониш ва вазифаи навбатчиёнро санҷидан лозим. Биноҳо бояд бо олоту асбобҳои сӯхторхомӯшкунӣ, воситаҳои автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда ва алоқа таъмин бошанду дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта шаванд. Ба шахсони навкор дар бораи риояи чорабиниҳои бехатарӣ аз сӯхтор, даъват намудани гурӯҳи оташнишонҳо дастур додан зарур аст. Онҳо, инчунин, бояд воситаҳои сӯхторхомӯшкуниро истифода бурда тавонанд. Гирду атрофи муассиса, роҳҳо ва гузаргоҳҳоро банд кардан мумкин нест. Муассисаҳои истироҳатӣ бояд бо об таъмин бошанд. Агар қубури обии зиддисӯхтор набошад, ҳавзҳои табиӣ ё обанборҳои сунъии ҳаҷмашон камаш 50 метри кубӣ сохтан лозим. Фосилаи байни катҳои хобгоҳҳои истироҳатӣ бояд 0,8 метр, барои гузаргоҳи марказӣ камаш 1,2 метр бошад. Лавозимот бояд роҳрав ва гузаргоҳҳоро банд накунонад. Дарҳои баромадгоҳҳои эҳтиётӣ бояд озод ва осон кушода шаванд, чунин роҳҳоро мех зада, маҳкам кардан қатъиян манъ аст. Калидҳои хонаҳои муҳим бояд дар ҷойҳои муайян, ки ҳангоми зарурат фавран гирифтан мумкин аст, нигоҳ дошта шаванд. Қисмҳои
чӯбини чортоқу рафҳо ва гӯшаҳо бояд бо хокаи ба оташ тобоварандаи махсус коркард карда шаванд. Дар биноҳҳои муассисаҳои бачагон ва профилактикию-табобатӣ кафшергарӣ ва дигар корҳои ба оташ вобаста танҳо бо иҷозати роҳбарони ин муассисаҳо ё шахсоне, ки ба ҷои онҳо кор мекунанд, мумкин аст. Корҳои кафшеркуниро бояд мутахассисони баландихтисос бо шарти риояи чораҳои зарурӣ ва бо воситаҳои сӯхторхомӯшкунӣ таъмин кардани ҷои кор иҷро намоянд. Барои хомӯш кардани сӯхтор дар хонаҳои истироҳатии кӯдакон ва бӯстонсароҳое, ки дар деҳаҳо ҷойгиранд, бояд дар ихтиёрашон ҳатман мотопомпа ё насосҳои доимии сӯхторхомӯшкунӣ дошта бошанд. Нигоҳубини мотопомпа ва насосҳо бар зимаи шахсони масъул, ки қоидаи бо он кор карданро омӯхтаанд, бояд гузошта шавад. Барои эҳтиёҷоти хоҷагӣ ва ғайра истифода бурдани воситаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва асбобҳои зиддисӯхтор қатъян манъ аст. Танҳо дар ин ҳолат, мо исироҳати бофароғати фарзандонамонро ба пуррагӣ таъмин намуда метавонем. Хотирасон мешавем, ки ҳангоми ба амал омадани сӯхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман ба хадамоти оташнишонӣ бо рақами 01 занг задан зарур аст. Муштариёни ширкатҳои: “Вавилон” бо рақами 101, “Tcell” – *01, “Билайн” – 101, “М-Теко” – 01, МЛТ – 0101 ва “ТК мобайл” - 01 бо ХДО дар тамос шуда метавонанд. Кароматулло АБДУЛЛОЕВ, Толиб ҲАЁТОВ, кормандони СХДО ВКД ҶТ
11
Дилшод Назаров - соҳиби аввалин роҳхат ба Олимпиада - 2016
ВАРЗИШ
Дилшод Назаров, гурзпартои маъруф аз миёни варзишгарони кишвар аввалин шуда, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил гардид. Ӯ дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро ишғол кард. Ин натиҷа ба ӯ имкон медиҳад, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки 22-30 августи соли равон дар Пекин (Чин) баргузор мешавад ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразил) ширкат варзад. Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Чех Павел Файдек аз Лаҳистон бо натиҷаи 80,75 метр ғолиб шуд. Кристиан Парс аз Маҷористон бо натиҷаи 77,71 метр мақоми сеюмро соҳиб гардид. Дилшод Назаров ҳоло ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки 3-7 июн дар шаҳри Ухани Чин баргузор мешавад, омодагӣ мебинад. Бояд гуфт, Олимпиадаи соли 2016 барои Дилшод Назаров чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд. Вай аввалин бор соли 2004 дар Бозиҳои олимпии Афина (Юнон) ширкат кард. Дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин ҷойи 11ум ва дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон ҷойи 10-умро сазовор шуд. Дилшод қаҳрамони дукаратаи Осиё (солҳои 2009 ва 2013) мебошад. Соли 2013 дар Чемпионати ҷаҳон (Маскави Русия) ҷои панҷумро ишғол кард.
“Истиқлол” дар чорякфинали Ҷоми КФО-2015 Шоми 26 май тими “Истиқлол”-и Душанбе дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми КФО-2015 (Конфедератсияи футболи Осиё) дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ дастаи “Ваҳда”-и Сурияро мағлуб сохта, ба даври чорякфинал роҳ ёфт. Вақти асосӣ ва иловагии бозӣ мусовӣ - 1:1 анҷом ёфт. Ғолиб баъд аз Задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра маълум шуд. Бозигарони “Истиқлол” чор тӯб ба нишон расонданд, “Ваҳда” ҳамагӣ ду гол зад. Дарвозабони “Истиқлол” Никола Сташич дар бозӣ маҳорати
хуб нишон дод. Дар ду бозии дигари даври ҳаштякфиналии Ҷоми КФО-2015, ки шоми дирӯз доир гашт, «Ваҳдат» (Урдун) аз «Қудсия» (Кувайт) бо ҳисоби 0:1 ва «Бенгалуру» (Ҳиндустон) аз «Соут Чайна» (Ҳонконг) бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуданд.
Чор бозии дигар имрӯз доир мегардад. «Ҷайш» (Сурия) бо «Ҷазира» (Урдун), «Персиб Бандунг» (Индонезия) бо «Китчи» (Ҳонконг), «Шорта» (Ироқ) – СК «Кувайт» (Кувайт) ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Айявади» (Мянма) вомехӯранд.
“Хуҷанд” дар ҷои дуюм
Далери Ватан
Рӯзҳои истироҳати гузашта 4 бозии даври ҳафтуми Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ доир гаштанд. Натиҷаи вохӯриҳо чунин аст: «ПАРВОЗ» — «ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» — 0:1 «ВАХШ» — «БАРҚИ ТОҶИК» — 0:0 Гол: Шероз Абдуллоев, 78 – ба даравозаи дастаи худ. «ХУҶАНД» — «ХАЙР» — 3:0 КМВА «ПОМИР» — «РАВШАН» — 2:3 Голҳо: Бахтиёр Чориев, 21 (1:0). Иброҳим РабиГолҳо: Наврӯз Рустамов, 14 (0:1). Ҳусейни Суҳробӣ, мов, 57 (2:0). Фарҳод Тоҳиров, 90+2 (3:0). 43 (0:2). Ҳусейни Суҳробӣ, 50 (0:3). Давронҷон Тухтасунов, 60 (1:3). Давронҷон Тухтасунов, 69 – аз пеналтӣ Бозии охирини ин давр 29 май миёни дастаҳои (2:3). «ИСТИҚЛОЛ» — «РЕГАР-ТАДАЗ» доир мегардад.
Агар сангеро аз роҳ гирифта канор гузоштан хидмат ба Ватан бошад, пас парчами ӯро дар миёни дигар давлатҳо боло бардоштан далерии фарзандони фарзонаи ӯст.
ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Хайр” (Ваҳдат) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) “Равшан” (Кӯлоб) “Далерон-Уротеппа” (Истаравшан) КМВА “Помир” (Душанбе) “Вахш” (Қӯрғонтеппа) “Барқи тоҷик” (Душанбе) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров)
Б 6 7 7 6 7 6 7 7 6 7
Ғ 6 4 4 3 3 2 2 1 1 0
М 0 2 1 3 1 2 1 3 1 0
Б 0 1 2 0 3 2 4 3 4 7
Т-Т 27-2 12-5 12-11 11-6 10-15 7-5 5-11 2-7 3-11 0-16
Х 18 14 13 12 10 8 7 6 4 0
Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳусейни СУҲРОБӢ («Равшан») – 4-тӯбӣ, Наполеон АНДОХ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Комил САИДОВ, Комрон ТУРСУНОВ («Регар-ТадАЗ»), Блед РОДРИГЕС («Истиқлол»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (КМВА «Помир») – 3-тӯбӣ.
Зӯрозмоии универсалӣ: Темурмалик дар ҷои аввал Дар доираи чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 23-24 май бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Темурмалик мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба зӯрозмоии универсалӣ доир гашт. Ба иттилои Шамсиддин Шукуров, сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, дар мусобиқа 110 варзишгар дар ҳайати шаш даста – Душанбе, Рӯдакӣ, Турсунзода, Ёвон, Шӯрообод ва Темурмалик –
12
қувваозмоӣ карданд. Сабур Каримов, президенти Федератсияи зӯрозмоии универсалии Осиё, зимни суханронӣ дар ифтитоҳи чорабинӣ ба варзишгарон барор хост. Варзишгарони ноҳияи Темур-
малик, таҳти роҳбарии сармураббӣ Маҳмуд Раҳматов бо ба даст овардани бештари медалҳо сазовори ҷои аввал гаштанд. Дастаи Душанбе мақоми дуюм ва варзишгарони шаҳри Турсунзода ҷои сеюмро сазовор гаштанд.
Солҳои охир Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста пайи дастгирии онҳост. Ҳамин аст, ки сафи варзишгарон афзуда, дастовардҳояшон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ беҳтар мегардад. Некрӯз Шарифов аз зумраи ҷавононест, ки ба варзиш шавқу рағбати беандоза дошта, айни ҳол донишҷӯи соли чоруми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошад. Ӯ дар чанд мусобиқа ширкат варзида, ба ифтихори ғолибияташ парчами Тоҷикистон партавфишон гардидааст. Аз ҷумла, аз намуди гӯштини тарзи озод соли 2008 дар Ӯзбекистон ҷои сеюм ва соли 2010 дар Қирғизистон ҷойи дуюмро сазовор шудааст. Соли 2014 иштирокчии Чемпионати Осиё дар Тайиланд буд. Некрӯз дар донишкада миёни
ҳамсабақон намуна буда, дар мусобиқаҳои дохили кишвар низ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардааст. Аз ҷумла, соли 2015 дар чемпионати ҷумҳуриявӣ, ки дар Душанбе баргузор гардид, сазовори ҷои дуюм шуда, чанде пеш дар Спартакиадаи донишҷӯён ҷои якум-
ро ноил гашт. Некрӯз мақсад дорад, ки оянда дар мусобиқаҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат карда, ба ифтихораш Суруди миллии кишвар садо диҳад. Шоиста САНГАЛИЕВА, корманди АИ Тоҷикистон
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9395), 28 МАЙИ СОЛИ 2015
ЭЪЛОН
КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
КОЛЛЕҶИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНИИ ТОҶИКИСТОН
ДИҚҚАТ, ОЗМУН!
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд: №
НОМГӮИ МАНСАБҲО
МАОШИ ВАЗИФАВӢ
барои соли хониши 2015-2016 ба шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона қабули донишҷӯёнро эълон менамояд
1
Сардори Раёсати рушди туризми дастгоҳи марказӣ
1709.1
2
Сармутахассиси Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказӣ
855
3
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент
738
Ба шӯъбаи рӯзона довталабон аз рӯи ихтисоси муаллими тарбияи ҷисмонӣ бо тахассусҳои баскетбол, волейбол, футбол, гимнастика, намудҳои гӯштин (гӯштини миллӣ, самбо, дзюдо, тарзи озод), якҳарбаи шарқӣ, бокс ва варзиши сабук қабул мешаванд. Муҳлати таҳсил дар шуъбаи рӯзона барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ (синфи 11) - 3 сол, барои хатмкунадагони таҳсилоти асосӣ (синфи 9) - 4 сол.
4
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара
738
5
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истаравшан
738
6
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус
702
7
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар
702
8
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара
702
9
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ишкошим
702
Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд: - ариза ба номи директор; - ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот: умумӣ, асосӣ; - маълумотномаи тиббӣ (шакли 086У); - 6 дона расми андозаи 3х4; - дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад); - шиноснома, ҳуҷҷати ҳарбии даъватшаванда; - маълумотнома аз ҷои зист; - маълумотномаи оилавӣ; - тавсифнома.
10
Мутахассиси пешбари Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказӣ
697,5
11
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд
603
12
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
603
13
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ғончӣ
576
14
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ
576
15
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус
576
Довталабон аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд: 1. Намуди варзиши интихобнамуда (амалӣ). 2. Тайёрии умумии ҷисмонӣ (амалӣ). 3. Забони модарӣ (хаттӣ). 4. Асосҳои давлат ва ҳуқуқ (шифоӣ). Ҳуҷҷатҳо ба шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона аз 20 июн то 10 августи соли 2014 қабул мешаванд.
16
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ
576
17
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
576
18
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб
576
19
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод
576
Ба шуъбаи ғоибона аз рӯи ихтисосҳои муаллими тарбияи ҷисмонӣ ва мураббӣ (тренер) бо тахассусҳои баскетбол, волейбол, варзиши сабук, футбол ва намудҳои гӯштин (гӯштини миллӣ, самбо, дзюдо, тарзи озод), якҳарбаи шарқӣ довталабон қабул мешаванд. Мӯҳлати таҳсил дар шуъбаи ғоибона 3 солу 6 моҳ.
20
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тавилдара
576
21
Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара
495
22
Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб
495
23
Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
472.50
Довталабон дар шуъбаи рӯзона аз чунин имтиёзҳо бархурдор буда метавонанд: 1. Ҳангоми таҳсил донишҷӯён ба хизмати ҳарбӣ даъват намешаванд. 2. Донишҷӯён бо стипендия таъмин мегарданд. 3. Ба бепарасторон ва духтарон имтиёз дода мешавад. 4. Донишҷӯёни аълохон баъди хатми коллеҷ бо тариқи суҳбат ба курси дуюми шуъбаи рӯзона ва курси сеюми шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қабул мешаванд. 5. Донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона бо хобгоҳ таъмин мешаванд. 6. Устодон ва номзадҳо ба устоди варзиш, аъзои дастаи яккачини ҷумҳурӣ бо тавсияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бе озмун тариқи суҳбат қабул карда мешаванд. Нишонӣ: шаҳри Душанбе, маҳаллаи Меҳробод (Калинин), кӯчаи Авесто-27 (Охири мусофиркаши хатсайри №52). Телефон: 237 7788
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9395), 28 МАЙИ СОЛИ 2015
ТАЛАБОТ АЗ ДОВТАЛАБОН: - таҳсилоти олии касбӣ, собиқаи корӣ (барои мансаби сардори раёсат, муовини сардори раёсат, мудир, сармутахассис ва мутахассиси пешбар); - таҳсилоти олӣ, олии нопура ва миёнаи махсус (барои мутахассис); - доштани маълумоти соҳавӣ (варзиш); - донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад.
ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА: - ариза ба номи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (анкета); - 2 дона расми андозаи 4х6; - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ): - нусхаи шиноснома; - нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва эъломия аз вазъи мол; - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ); - маълумот аз ҷои истиқомат. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс: 734026, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6 (рӯ ба рӯи “Кохи Борбад”). Тел: 236-41-87, 235-10-23 (Бахши кор бо кадрҳо).
13
1 ИЮН – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОФИЗАТИ КӮДАКОН
Роҳи ҳалли муваққатӣ - Ман нисбат ба кӯдаконам хеле дурушт рафтор мекунам. Вақте ягон хато карданд, зуд асабӣ шуда, нисбаташон зӯровариро раво мебинам. Акнун зӯроварӣ, ки ман истифода мебарам, ба ҳадде расид, ки дигар не кӯдакон аз “задан” метарсанд ва не ман худро дошта метавонам. Бештари вақт асабҳоямро идора карда натавониста, мебинам, ки аз таъсири зарбаҳоям даҳону бинии кӯдаконро хуншор кардаам. Танҳо баъд аз хобондани фарзандон ба худ меоям, вале ин дафъа аз азоби виҷдон ранҷ мебарам... Вақте хобашон мебарад ба чеҳраҳои маъсумашон менигарам, либосҳояшонро бӯй мекунам, бозичаҳояшонро ба сина пахш карда, мегирям. Аммо рӯзи дигар боз ҳамон “даранда” дар вуҷуди ман зинда мешавад. Ҳарчанд “дигар нисбат ба кӯдакон зӯроварӣ намекунам” гӯям ҳам, боз мебинам, ки дар ҷое худро идора карда натавонистам”, - шикоят мекунад модаре. “Ҳар гоҳе бо ҳамсарам ҷанҷол кунем, ғазабамро ба сари кӯдакон мерезам. Ҳол он ки медонам, ин рафтор чандон мантиқӣ нест. Аммо наметавонам худамро идора кунам. Ҳатто ин кор маро маҷбур мекунад, ба кӯдакон зӯровариро раво бинам”, - иброз медорад зани тақрибан 40-сола. Ин аз нақли ду модар зимни як семинари омӯзишист. Тавре мебинем, зӯроварӣ, ҳамин ки як маротиба раво дида шуд, пешашро гирифтан душвор мегардад. Агар модар тавсияи ягон мутахассисро нагирад ва ё ҳангоми муносибат бо кӯдак огоҳона ва бошуурона рафтор накунад, метавон гуфт, ба қаърӣ
зӯроварӣ ва шиддат жарфтар меравад. Зӯроварӣ мисли побанди маводи мухаддир будан аст. Албатта, нафари вобастаи мухаддирот яку якбора ба он побанд намешавад, балки оҳиста-оҳиста ва зарра-зарра ба ин бало гирифтор мешавад. Зинаи аввали зӯроварӣ нисбат ба кӯдак ҷазо додан аст. Ҷазо ҳам мисли маводи мухаддир як навъи вобастагиест, ки дар ибтидо кам-кам истифода мешавад, вале рӯзе мерасад, ки мегӯем “Кошкӣ аз он истифода намекардам!” Чунки он, яъне, ҷазо ҳам вобастагӣ дорад. Мисли вобастагии мухаддирот ҷазо ва зӯроварӣ ҳам дар бунияи инсон вобастагии психологиро ба вуҷуд меорад. Ягон муътод ё побанд аз ҳоли худ розӣ нест. Аммо аҷиб аст, ки модар аз як тараф зарари ин вобастагиро дар худ ва фарзандони худ дида пушаймон мешавад, аз сӯи дигар худро идора карда натавониста, зӯровариро идома додан мегирад. Мутаассифона, имрӯзҳо усули ҷазо ва зӯроварӣ дар тарбияи кӯдак ба як методи маъмул табдил ёфтааст. Аксарият гумон мекунем, балки бовар дорем, ки кӯдак тавассути ҷазо дигар мешавад, яъне, беҳ мегардад. Аммо биёед, як ба атрофамон нигарем, оё ягон кӯдакеро мебинем, ки тавассути ҷазо “одам” шудааст? Ба гумон аст, ки бубинем, зеро ҷазо додан ва ҷазо гирифтан бар иззати нафс мерасад, рӯҳияро мешиканад. Ҷазо як усули фишор аст, ки барои тағйири ягон рафтори кӯдак амалӣ мешавад. Аммо онро дигар намекунад, балки ин рафтор муваққатан дар вуҷуди кӯдак пинҳон мешавад. Таассуфовар аст, ки дар тарбияи кӯдак бароҳат ва фаровон истифода мегардад. Модаре, ки нисбат ба фарзандаш ҷазоро истифода мебарад, агар воқеан медонист, ки ҷазо фарзандашро ба чи ҳолат гирифтор мекунад, аз он тамоман истифода намекард. Бояд гуфт, хоҳ ҷазои ҷисмонӣ ва хоҳ моддиву ҳиссӣ таъсири аслиашро ба руҳи кӯдак мерасонад. Кӯдаке, ки аз модар шаппотӣ хурдааст, барои он гиря намекунад, ки бари рӯяш аз дард месӯзад, балки барои ҷароҳате, ки дар руҳаш падид омад ва зарбае, ки ба ҳиссиёташ расид, мегиряд. Мисли зане, ки аз ҳамсараш шаллоқ хурдааст... Фарз кардем, занеро, ки ҳамсараш як шаппотӣ
задааст, оё аз шиддати дард нисбат ба шавҳараш сардӣ эҳсос мекунад? Ба хотири шаллоқи задаи шавҳараш бо вай тӯлонӣ ногап мешавад? Не, зане, ки шаллоқ мехӯрад, барои помол шудани шараф ва ба эътибор нагирифтани шахсияташ аз ҷониби шавҳар бо вай сард мешавад. “Ҳамагӣ як шаппотӣ задам, барои чи ин қадар воҳима мекунӣ” - гуфтани шавҳар ба ҳамсараш ҳар қадар сарду беҳиссиёт ё сангдил будани вайро нишон диҳад, “Чи доду вой мекунӣ, танҳо як шаппотиат задам!?” гуфтани модаре, ки фарзандашро шаллоқ задааст, низ сангдилист. Ҷазо дар луғат ҷавоб ба муқобили рафтори бад аст. Аммо ба назари мо он номи қувваи ҷисмонӣ, равонӣ ва ҳиссиест, ки барои содир кардани қабоҳате ба содиркунандаи он истифода мешавад. Ҷазо ҳалли муваққатист. Кӯдаке, ки хато кардааст, тавассути ҷазо ба таври муваққатӣ аз рафтори ноҷояш боз меистад, аммо бозистодани кӯдак асло маънои онро надорад, ки ӯ аз амали орзукардааш комилан даст мекашад. Он ду модари дар боло ёдоваршуда, ки нисбат ба кӯдаконашон зӯровариро истифода мебаранд, миёни онҳо ва фарзандонашон мушкили муҳаббат ё дӯстнадоштан мавҷуд нест. Ҳар ду модар ҳам фарзандони хешро дӯст медоранд. Яъне, модарон фарзандони худро барои дӯст надоштанашон не, балки барои зиёд дӯст доштанашон мезананд. Ҳар ду модар ҳам дар ибтидо зӯровариро бо ҷазои содаву начандон сахт шуруъ карданд. Вале тадриҷан ҷазои содаву начандон сахт ба ҷазои нисбатан сахт ва ҷазои нисбатан сахт ба ҷазои аз он ҳам сахттар табдил шуд. Савол пайдо мешавад, ки агар ҷазо ба ин ҳад силоҳи таҳлукаовар аст, чаро қариб ҳар яки мо, бахусус, модарон дар тарбия аз он истифода мебарем? Барои он ки таъсир ва оқибати ҷазо дарҳол дида намешавад, модарон ҳам аз оқибати ҷазо бехабар аз ин усул кӯмак ҷустанро идома медиҳанд. Бешак, агар модар буҳронеро, ки ҷазои ба фарзандаш раводидаи вай дар вуҷуди кӯдак тавлид месозад, медид, дар ҷазо додани фарзандаш ба ин ҳад роҳат рафтор намекард... Башир УСМОНОВ, “ҶТ”
НАЗМ
Ҷавонӣ кун!
Абдуалими САИДЗОД
Ба 60-солагии зодрӯзи Қудрат Шарифов мебахшам
Ману ту дар шитоби зиндагонӣ, Ба ҳам будем, з-овони ҷавонӣ. Ба ҳам будему мемонем бо ҳам, Чӣ ғам бошад, чӣ рӯзи шодмонӣ. Ҳазорон шукри номи он Худованд, Ки моро ӯ нагардонд ормонӣ. Расида ҳар ду бар ҷашни камолот, Насиби мост, шодӣ, комронӣ. Ману ту чун бародар то қиёмат, Набояд буд, мо ёри забонӣ. Машав ранҷур, дар шаст аст солат, Ҷавонӣ кун, ҷавонӣ кун, ҷавонӣ. Ҳамин бошад дуои ман бароят, Илоҳо бекасу танҳо намонӣ! Нуруллоҳи ОРИФ
Фархунда
Ду сӯгсуруд ба ҷавондухтари афғон Фархунда Фархундаи бечорае, Рӯ чун анори порае. Дар мулки ноороми хеш Аз пушти бахт оворае.
Бархе чу гурге ҷастаанд, Туҳмат ба номат бастаанд. Бо калтаку мушту лагад Пову парат бишкастаанд. Фархундаи бечорае, Рӯ чун анори порае. Дар мулки ноороми хеш Аз пушти бахт оворае. Аз растахези ҷоҳилон Кардӣ дар оташ тан ниҳон. Гашт, эй шаҳиди роҳи сулҳ, Ҷовид номат дар ҷаҳон. Фархундаи бечорае, Рӯ чун анори порае. Дар мулки ноороми хеш Аз пушти бахт оворае.
Зиндасӯз
Эй дил, дили саршори дард, Фархундаи ноком ку? Фархундаи нодидабахт, Рӯзаш сияҳ чун шом ку? Дар ҳавзи хуни хеш ғарқ, Фархундае, Фархундае, Гаштӣ маҷақбод аз задан, Бо санг рӯи кундае. Бигзор ҷамъи қотилон, Бе бозпас зиндон шаванд. Бо чеҳраи дар лахча тар Пеши зани афғон шаванд. Гар зиндасӯзат сохтанд, По вориди ҷаннат шудӣ. Дар дидаи аҳли башар Бас фарди боиззат шудӣ. Дар ҳавзи хуни хеш ғарқ, Фархундае, Фархундае. Гаштӣ маҷақбод аз задан Бо санг рӯи кундае.
14
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9395), 28 МАЙИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ Модда барои муолиља
Маллоњ
... Сулаймонова, шоира
Номи маъмули русї
Зоти тўтї
Воситаи ќатл
Дарё дар Олмон
Рўйхати хўрокњо дар ошхона
Маликаи гурљї
Тараќќї, нумўъ
Номи яке аз ќартањои бозї
Чиз барои савдо
«Њоло …», филми тасвирї Мотосикли шањри Шањри Ижевск (ФР) ќадимаи
Фурудгоњи Париж
Домулло дар Тибет Воњиди пули Молдова
Ќисми сахту ѓафси дарахт
Карамшурбои русї
Гулоб
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9395), 28 МАЙИ СОЛИ 2015
Анљом
Намади дохили пойафзол
Муаллифи «Ромео ва Љулйетта»
Борбар
Љароњати фасоддор
Макони Оллоњ
Ќавми ўзбектабор
Номи дигари Хитой
Њуљраи вагон
Салла La - металли сафед
Ким ... Сен, Забон, роњбари собиќи Кореяи Шимолї лањља
арманї
… Шералї, шоир
Духтури њалќу гўшу бинї
... ТАСС «Стиморол» ё «Орбит»
Офати табиї
…-ю торољ
Асосгузори адабиёти классикии форсу тољик
Пеш аз соли гузашта
Замон
Чашмаш каљ
Гунањгор Номи мардонаи тољикї
Чўби такя
Њарфи дуюми алифбои славянї
Њаракат дар об
Бародари калон
Шањр дар Швейтсария
Муайян, сањењ Русї – «новый», англ. – «new», тољ.-…
Калонсол
Номи кўтоњи Людмила
min, аз њама кам
Ќомат
Яке аз манбаъњои маълумот
Ќисми Евразия
Фигураи геометрї
Зидди «равшанї», зулмат
Аз офтоб чашмро њимоя мекунад
… «Новости» агентии иттилоотии Русия
Далели бегуноњї
ИМА ба русї
Ќитъаи олам
Асо
Занбур
Онро ба абрў мекашанд
Садои гўсфанд
Устухони фил Садаќа ...и бало
Шоир Мирсаид …
Тамокуи тољикон
Лаљом, Шарљилав му њаё
Дар нимкураи љанубї - як моњи зимистон
Унсури кимиёвї ва дору
Тамѓаи … Девган, лимоактёри њиндї над
Иёлот дар ИМА
Хати якљояшавии осмон ва замин
Нота ё тамѓаи чархбол
Яке аз мазњабњои Ислом
Њарфи Н дар кимиё
«Дониш … дил чароѓи равшан аст»
Сернашуда, гурусна
Боздоштан, дастгир кардан
Наргов
Эътибор, иззат
Пайвандак Одина …, фалаксарои номї
Сарояндаи тотор аз Россия
Шахсе аз диёри бегона
Футболбози машњури бразилиягї
Кризис
Доранда, молик
…у осуда зиндагї кардан
Халос, озод
Нам
Канали №1 дар Русия
... ву ишора
… Ѓафуров, муаллифи китоби «Тољикон»
Њайвони алафхўр - сайди шикор
15
АКСИ РӮЗ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Мард бо қаҳр мушташро ба миз зада, мегӯяд: - Дар ин хона кӣ хуҷаин аст? Зан, ду даст дар миён: - Ман, чӣ буд? Мард оромона: - Чизе не, танҳо пурсидам.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
***
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралӣ САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Маҳмудҷон УСМОНОВ
(муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (хабарнигор, Душанбе),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),
ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА
(муовинони котиби масъул)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 8224 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
16
Рӯзҳои ҷашни Рӯзи ҷавонон – 23-24 май 3319 нафар толорҳои намоиши Осорхонаи миллии кишварро тамошо карданд, ки 2719 нафарро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, 125 нафар наврасони футболбоз аз дастаҳои мунтахаби футболи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки барои ширкат дар Фестивали байналмилалии Конфедератсияи футболи Осиё (U-14) ба Душанбе омада буданд, меҳмони Осорхонаи миллӣ шуданд.
Гунҷишкак Падари солхӯрда бо писараш ба сайру гашт баромаданд. Азбаски нури чашмони пирамард хираву мадораш кам буд, дар боғ рӯи хараке нишаста, аз ҳавои фораму накҳати гулҳои атрогини баҳорӣ ҳаловат мебурданд. Падар дафтари хотироташро варақ мезаду писараш атрофро тамош мекард. Ҳамин вақт гунҷишкаке, ки шояд нав парончак шуда буд, парида омаду чир-чиркунон назди мӯйсафед нишаст. Падари пири сустбин аз писараш пурсид:
АНДАРЗ
- Писарҷон, дар он ҷо чист? Ин дафъа писар бо ғазаб ҷавоб дод: - Охир, гуфтам, ки гунҷишк аст! Ҷонварак боз ҷояшро иваз кард. Ин дафъа овозаш аз болои дарахт меомад. Падар шояд писарашро имтиҳон мекард, ки бори дигар саволашро такарор кард: - Ин чист? Ин навбат овози писар баланд ва дағал садо дод. - Падар, ҳамин як саволро такрор ба такрор пурсидан шарт аст? Мемонед, ки боғро тамошо кунем!? Падар чизе нагуфт. Ором аз ҷояш хеста, ба сӯи хона рафт ва пас аз чанде дафтарчае дар даст назди
писарак баргашт. Пирамард дафтарро ба писараш дода, хоҳиш кард, ки саҳифаи шашро кушояду бо овози баланд хонад. Писар ҳайрон шуда, дафтарро аз дасти падар гирифту кушод ва ба хондан сар кард: “Имрӯз бо писари хурдсолам, ки хеле кунҷков аст, ба боғ рафтем. Ӯ хеле хурсанд шуда, ҳар чизи дидаву шунидаашро аз ман мепурсид. Вақте мо нишаста будем, гунҷишкаке аз ҷое ба ҷое парида, бо садояш диққати писарамро ҷалб кард. Писарам “ин чист?” гуён расо бисту як бор аз ман пурсон шуд. Аммо ман аз ин пурсишҳои ӯ хаста нашуда, гаштаю баргашта ҷавоб медодам: “Ин гунҷишк аст, писарам”. Бо хондани ёддошти падар чашмони писарак пури об шуд. Ӯ падарро сахт ба оғӯш гирифта, узр пурсид. Рухсора КАРИМОВА, “ҶТ”
- Ҷони падар, ин чӣ аст? - Гунҷишк аст, - кӯтоҳ ҷавоб дод ӯ ва боз саргарми тамошо шуд. Пас аз чанд лаҳза гунҷишк ҷояшро иваз кард ва садои гушнавозаш ҳамоно шунида мешуд. Падар боз пурсид:
Пирамарди донишманд аз роҳ мегузашт ва аз тамошои табиати зебоманзар лаззат мебурд. Мардеро вохӯрд, ки бори вазнинро ба пушташ бардошта мерафт. Аён буд, ки аз таъсири ин бори гарон мадори пойҳояш рафтаанд. - Ту барои чӣ чунин бори гаронро бардошта, худро азоб медиҳӣ? – пурсид пирамард. - Ман барои он заҳмат мекашам,
Тимсоҳ тарзи шикор кардани одамҳоро ба бачааш мефаҳмонд: - Вақте одамеро дар дарё дидӣ, бо суръат наздаш рав ва гирдаш якбор чарх бизан, ба чашмонаш нигоҳ карда, баргард. Боз бо суръат наздаш рав, гирдаш чарх бизан, ба чашмонаш нигоҳ карда, шикораш кун. Бачаи тимсоҳ: - На, ман вақтро талаф намедиҳам, бори аввал мехурамаш. Тимсоҳ: - Ман танҳо маслиҳат додам, агар одамро бо ахлоташ хӯрдан хоҳӣ, ихтиёрат.
***
Марде дар сари гӯр нишаста, бо алам гиря дорад: - Чаро ин қадар барвақт дунёро падруд гуфтӣ... Аз ӯ мепурсанд: - Ин ягон хешат ҳаст? - Не, шавҳари аввали занам.
***
Духтаре бо нозу карашма худро таъриф мекунад: - Аз пушти ман 100 бача медавад. Писар: - Дар гирди моли арзон ҳамеша харидор зиёд ҷамъ мешавад.
***
Зан ними шаб аз ҷой хеста, мебинад, ки шавҳараш рӯи миз нишастааст: - Чӣ кор мекунӣ? - Шаҳодатнома дар бораи ақди никоҳро мехонам. - Барои чӣ? - Муҳлати истифодаашро меҷӯям!
***
Зан бо писари хурдсолаш назди банкомат омада, кортро мегузорад ва пул мегирад. Кӯдак: - Оча, онҷо падарам шиштааст, ки пул медиҳад?
***
Хушбахтӣ ки фарзандону наберагонам хушбахт бошанду роҳат бизиянд, - посух дод мард. – Бобокалони ман ба хотири хушбахтии бобоям, бобоям ба хотири падарам, падарам ба хотири ман ва ман бошам, ба хотири роҳати фарзандонам заҳмат мекашам. - Оё ягон нафар аз аъзои оилаи шумо хушбахт буданд? – мароқ зоҳир намуда, пурсид донишманд.
- Не, аммо шояд фарзандону наберагони ман хушбахт шаванд! – андешамандона нидо баровард мард. - Мутаассифона, шахси бесавод ба касе хондану навиштанро омӯзонда наметавонаду кӯрмуш ба уқоб парвоз карданро! – гуфт пирамарди донишманд. – Нахуст бояд ҳар кас худаш хушбахт буданро омӯзад, фақат ҳамон вақт ба фарзандон хушбахт буданро омӯзонда метавонӣ ва ин туҳфаи арзишманди ту хоҳад буд. Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
Писарчаи шашсола ба нохунҳои мураббӣ нигоҳ карда, мегӯяд: - Муаллима, нохунҳоятон ин қадар дароз... - Аҳа, маъқул шуд? - Ҳо, ба фикрам бо онҳо ба дарахту девор баромадан осонак аст-а?
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Номаи камоли гумшудаи №0543357, ки МТМУ рақами 56-и шаҳри Душанбе соли 2010 ба Ҳасанов Муҳаммадсобир Абдулазизович додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи ТАТУ 0051490, ки МТМУ №48-и ноҳияи Қубодиён соли 2014 ба Алимардонов Фозил додааст, эътибор надорад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9395), 28 МАЙИ СОЛИ 2015