Ҷавонони Тоҷикистон, №21 (9447), 2016

Page 1

Паёми табрикии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи ҷавонон

Ду медали нуқраи Дилшод Назаров аз Чехия ва Олмон

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №21 (9447), 26 майи соли 2016

1

 НАБЗИ ҶАҲОН

Зулми ДИИШ болои занҳо

 ҲАФТ РӮЗ 19.05.2016 Дар доираи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» кормандони Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд 10 нафар ҷавони ниёзманди шаҳрро аёдат ва ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик намуданд. Ба онҳо кӯмаки яквақтаи моддӣ, иборат аз маводи ғизоӣ тақдим карданд. 20.05.2016 Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи кушод оид ба шамшербозӣ доир гардид. Ғолибон бо медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб сарфароз гардида, ба узвияти дастаи Хатлон-2 барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ шомил шуданд. 21.05.2016 Дар Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ВМКБ даври сеюми озмуни «Дастони моҳир» баргузор гардид. Хонандагон аз рӯи намудҳои

ҳунарҳои миллӣ, амсоли бофандагию кашидадӯзӣ ва мӯҳрабофӣ байни худ рақобат карданд. Ғолибон бо мукофоти пулӣ сарфароз гардида, ба даври чорум, ки дар пойтахти кишвар баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд. 22.06.2016 Дар ҷумҳурӣ раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон доир гашт. Дар он 94,7 дарсади раъйдиҳандагон ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ва 3,3% муқобили ворид кардани тағйирот ба Конститутсия раъй доданд. 23.05.2016 Дар ҷумҳурӣ Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил шуд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Лахш раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир бо донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбии ноҳия мулоқот карда, ба 10 ҷавони боистеъдоду фаъол ифтихорнома тақдим кард.

24.05.2016 Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар ба Душанбе омад, ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни суҳбат масоили вобаста ба ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия, ҳамчунин дигар ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№21 (9447), 26 майи соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 ВАРЗИШ

е-mail: javonontj@mail.ru

 АХБОРИ ҲАФТА

25.05.2016 «Корвони Ваҳдат» аз вилояти Хатлон ба Бадахшон расид. Корвон, ки аҳли фарҳанги вилояти Хатлон, адибону рӯзноманигоронро фаро гирифтааст, дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб бо мардум вохӯрӣ ва барномаҳои ҳунарӣ барпо мекунанд.


2

АХБОРИ ҲАФТА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №21 (9447), 26 майи соли 2016

е-mail: javonontj@mail.ru

Кӯмаки ҷавонон ба осебдидагон 21 майи соли равон дар доираи аксияи «Беҳдошти фазои экологӣ» аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси иттифоқ Аҳтам Абдуллозода ба кӯмаки сокинони офатдидаи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ рафтанд.

Ҳукумат ба нерӯи тавонои ҷавонон эътимод дорад!

www.javonon.tj

Паёми табрикии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон

Ҷавонони саодатманди Ватан! Фарзандони азиз! Дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ шумо - созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик менамоям. Шумо, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоред, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунед, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоед ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузоред. Шумо дар замони соҳибистиқлолӣ дар бунёди коргоҳу корхонаҳои хурду бузург, нақбу роҳҳои муосир ва иншооти мухталифи иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, на танҳо пешсафи истеҳсолот мебошед, балки бо заҳмати созанда, ташаббусҳои ободгарона ва кӯшишу талошҳои пайвастаатон мақоми ҷавонони кишварамонро баланд бардошта, дар радифи беҳтарин бунёдкорони Ватани азизамон қарор доред. Ҳукумати кишвар ба нерӯи тавонои шумо эътимод дорад, пешниҳоду ибтикороти шуморо дастгирӣ менамояд ва ҷиҳати ҳавасманд гардонидан ва муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ ва таҳсил барои шумо ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад. Барои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон Ҳукумат то ба имрӯз нақшаву барномаҳои зиёдеро татбиқ карда, барои ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ҷиҳати омӯзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Илова бар ин, ба хотири таҳким бахшидани робита миёни Президент ва ҷавонони мамлакат дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки ҳадафи асосии он татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо

мебошад. Бовар дорам, ки шӯрои мазкур барои густариши фаъолияти ҷавонон заминаи устувор фароҳам оварда, ҳар як ибтикори шоистаи онҳоро ба хотири рушди Тоҷикистони маҳбубамон пуштибонӣ мекунад. Дар ҷавоб ба дастгириҳои доимии Ҳукумат ҷавонони моро зарур аст, ки дучанд заҳмат кашанд, мунтазам ба омӯзиши донишҳои муосир машғул шаванд, корҳои илмиву пажӯҳишӣ, ихтироъкориву навсозиро дар сатҳи баланд иҷро намоянд ва дар бунёди иншооти муҳимми аср фаъолона ширкат варзанд. Дар баробари ин, ба Модар Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр будан қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бонангу номус ва далеру матин мебошад. Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд. Шумо, ҷавонони азиз, бояд хуб дарк намоед, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дасти шумост. Ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштани мулки мутамаддину пешрафта масъулияти бузург дошта, ҳар фарди бедордил, бахусус ҷавонони баору номусро водор менамояд, ки ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша кӯшишу талош намоянд. Итминони комил дорам, ки шумо, ҷавонони саодатманд, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо намуда, ба хотири рушди рӯзафзуни кишвари биҳиштосоямон ҳамчун созандагони фардои Ватан хизмати арзандаро ба ҷо меоред. Бори дигар, ҳамаи шумо, насли умеду орзуи фардои Ватанро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва дар корҳои ободониву созандагии Ватани азизамон - Тоҷикистон пирӯзиҳои тоза орзу менамоям. Рӯзи ҷавонон муборак, фарзандони хушиқболи Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Тавре хабар доред, баъд аз боришоти пай дар пайи рӯзҳои охир ва сар задани офатҳои табиӣ дар қаламрави кишвар ба хоҷагии халқи мамлакат, иқтисодиёти кишвар, соҳаи кишоварзӣ, роҳу пулҳо, махсусан, рӯзгору манзили зисти сокинони баъзе минтақаҳо, аз ҷумла ҷамоати деҳоти Зайнабобод зарар расид. Ҷавонон дар ҷамоати мазкур ба зарардидагон кӯмак ва дар якҷоягӣ бо сокинон роҳу кӯчаҳоро аз обу гил тоза карданд. Мақсад аз баргузор намудани аксия дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, тавассути ташкили ҳашари умумиҷумҳуривии бартарафкунии оқибатҳои офат,

барқароркунии хонаҳои сокинони кишвар ва расонидани кӯмакҳои моддиву маънавӣ мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки иқдоми мазкур кори хайру савоб ва пайравӣ аз сиёсати созанда ва ғамхоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат буда, бори дигар ҳамдилӣ, ягонагӣ, дустӣ ва ваҳдату якпорчагии милллати тоҷик, махсусан қишри асосии ҷомеа - ҷавонони созандаро инъикос менамояд. Ҳ. ТАЛАБШОҲ, “ҶТ”

Ғолиби озмуни “Хомаи заррин” муайян шуд Дар Кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии “Хомаи заррин”байни рӯзноманигорони ҷавон, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонон эълон гардида буд, ҷамъбаст гардид. 7 нафар рӯзноманигори барнигори телевизиони “СТВ” иш гузошта мешавад. Ин боис ҷавон, инчунин кормандони ишғол намуданд. шуд, ки донишҷӯёни кафедра ВАО-и вилоят аз рӯи шартҳои - Ҳадаф аз баргузор на- дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва муаррифинома, саволу мудани озмун дарёфти вилоятӣ ҷойҳои намоёнро ҷавоб, баромадан аз ҳолати истеъдодҳои нав ва омода на- ишғол намоянд, - гуфт Дилбар ногувор ва намоиши саҳна мудани рӯзноманигори касбӣ Самадова, аъзои ҳакамон, мубайни ҳам рақобат наму- мебошад. Баъд аз ба фаъоли- дири кафедраи журналистиданд. Дар натиҷа, Фараҳноз ят оғоз намудани студияи таъ- каи ДДХ ба номи академик Б. Алибекова, донишҷӯи курси лимии “Фуруғ” дар кафедраи Ғафуров. аввали шуъбаи журнали- журналистика ва назарияи Ғолибон бо тӯҳфаҳои стика ва назарияи тарҷумаи тарҷумаи ДДХ донишҷӯён хотиравӣ - нотбук, фотоапаДДХ ба номи академик Б. амалан маҳорати худро рат, диктафон ва сипосномаи Ғафуров пирӯз гашт. Ҷойи сайқал доданд. Онҳо бево- Раёсати ҷавонон, варзиш ва дуюмро Ҷаҳонгир Мирсали- сита гузориш ва барномаҳои сайёҳии вилоят қадрдонӣ шумов, донишҷӯи курси сеюми телевизионӣ омода менамо- данд. шуъбаи мазкур ва ҷойи се- янд, ки тариқи шабакаҳои теюмро Суҳайлӣ Шарифов, ха- левизионии вилоят ба намоСаодат ИСМОИЛӢ, “ҶТ”

Шабе дар осорхона 18 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Осорхонаи миллиии Тоҷикистон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ – фароғатии «Шабе дар осорхона» баргузор гашт. Дар баробари тамошои осорхона, инчунин намоиши кашфиёти техникии ихтироъкорони ҷавон пешкаш шуд. Дар баробари ин, маҳфили қироати шеър аз ҷониби наврасон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, рассомӣ, озмуни акси беҳтарин бо номи «Ман дар осорхона», садои ҳайвонот дар шабонгоҳ (бозӣ бо кӯдакон), барномаи консертии «Ғунчаҳои санъати Истиқлол» доир шуд. Ҳадаф аз ташкил намудани чорабинӣ ҷалби ҷавонону наврасон ва сокинони кишвар ба осорхона ва шинос шудани онҳо аз мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ маҳсуб меёбад. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №21 (9447), 26 майи соли 2016

3

Гурзандози машҳури кишвар Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон оид ба гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ҷойи дуюмро ишғол кард. Вай гурзро ба масофаи 78 метру 34 сантиметр ҳаво дод. Рақиби аслиаш Павел Файдек аз Лаҳистон бо натиҷаи 80 метру 39 сантиметр мақоми аввалро касб кард. Дилшод Назаров, ҳамчунин чанде пеш дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех низ бо натиҷаи 78,82 метр мақоми дуюмро ишғол кард. Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дуюмро ишғол кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шуд.

е-mail: javonontj@mail.ru

Ду медали нуқраи Дилшод Назаров аз Чехия ва Олмон

Аввалин холи “Равшан” дар чемпионати имсола Ғолибони мусобиқаи ҷудо байни донишҷӯён 21-22 майи соли равон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо баргузор гардид. Дар он дастаҳои вилояти Суғд, Душанбе-1, Душанбе-2 ва Хатлон-2 ширкат карданд. Варзишагарон дар вазнҳои -60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг ва +100 кг рақобат карданд. Бо гирифтани 5 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҳайати даставӣ Душанбе-1 сазовори ҷойи аввал гардид. Дастаи Душанбе-2 бо гирифтани 1 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Хатлон 2 бо гирифтани 1 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Натиҷаи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни донишҷӯён: Дар вазни -60 кг: 1. Сорбон Латифов (Хатлон-2); 2. Шабон Шабонов (Душанбе-2); 3. Идибек Убайдов (Душанбе-1). Дар вазни -66 кг: 1. Саидшо Раҳматуллоев (Душанбе-1); 2. Зиёвуддин Бозоров (Хатлон-2); 3. Парвиз Каримов (Суғд). Дар вазни -73 кг: 1. Муҳаммад Мирзоев (Душанбе-2); 2. Умед Абдураҳимов (Душанбе-1); 3. Беҳрузи Хуршед (Хатлон-2); 3. Ҳомидӣ Ризвоншоҳ (Суғд). Дар вазни -81 кг: 1. Акмал Муродов (Душанбе-1); 2. Акмал Бекназаров (Душанбе-2); 3. Мирзонабӣ Азизов (Суғд); 3. Рабонии Абдураҳим (Хатлон-2).

Дар вазни -100 кг: 1. Темур Раҳимов (Душанбе-1); 2. Аминҷон Шарифов (Хатлон-2); 3. Нурулло Раҷабов (Душанбе-2). Дар вазни +100 кг: 1. Хуршед Маҷидов (Душанбе-1); 2. Зафар Ҳайдаров (Душанбе-2); 3. Мирзоғафур Наҷмудинов (Суғд).

“Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ натавонист бар тими “Хайр”-и Ваҳдат пирӯз гардад. Бозии марказии давр мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт. Ба иттилои ФФТ, бозӣ бо сабаби ҷавобгӯи меъёрҳои баргузории бозиҳои чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ набудани варзишгоҳи “Хайр” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд ва “Хайр” ба ҳайси соҳиби майдон бозӣ кард. “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар тими КМВА “Помир” бо ҳисоби 3:2 ғалба кард. Голҳои КМВА “Помир”-ро легионери африқоитабори даста аз давлати Гана Андох Наполеон ва Давронҷон Тухтасунов дар қисми аввали бозӣ ба ҳадаф расонданд. Дар қисми дуюми бозӣ ҳамлагари тими мунтахаби Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов голи якуми қӯрғонтеппагиҳоро зад. Голи дуюмро Умедҷон Шарипов ва голи сеюмро Ҷамолиддин Зардиев ба нишон расонданд. Бозии дастаҳои “Равшан” ва “Парвоз”-и ноҳияи

ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10

ДАСТАҲО «Истиқлол» (Душанбе) «Ҳосилот» (Фархор) «Хайр» (Ваҳдат) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) КМВА «Помир» (Душанбе) «Вахш» (Қӯрғонтеппа) «Барқчӣ» (Душанбе) «Хуҷанд» (Хуҷанд) «Парвоз» (БобоҷонҒафуров) «Равшан» (Кӯлоб)

Б 7 7 7 7 7 7 7 7 7 7

Ғ 6 4 3 3 3 3 3 3 1 0

М 1 2 3 1 1 1 1 0 1 1

Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби баробари 3:3 ба итмом расид. Ҳисобро бозингари мизбон Музаффар Назаров, дар дақиқаи 6 кушод. Ҳамдастааш Далер Чолов баъд аз 4 дақиқа Ҳисобро афзуд - 2:0. Дар дақиқаи 18 меҳмонон ҳисобро тағйир доданд. Голро Аваз Норкузиев аз пеналтӣ зад. Мизбонон суст наомаданд. Ширин Наимов дар дақиқаи 25 голи сеюми “Равшан”-ро ба ҳадаф расонд. Меҳмонон низ таслим нашуданд. Руслан Таваккалов дар дақиқаи 42 ва Аваз Норкузиев дар дақиқаи 56 якголӣ зада, ҳисобро баробар карданд – 3:3. “Ҳосилот”-и Фархор дар майдони худ бар тими “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа баромад. «Регар-ТадАЗ» дар меҳмонӣ аз дастаи «Барқчӣ» бо ҳисоби 1:2 шикаст хурд. Ба ду голи бозингари “Барқчӣ” Хуршед Маҳмудов футболбози дастаи Турсунзода Фирӯз Қараев бо як гол ҷавоб гардонд.

Б 0 1 1 3 3 3 3 4 5 6

Т/Т 26-9 11-7 12-4 11-9 8-7 13-14 10-11 5-12 7-14 6-22

Х 19 14 12 10 10 10 10 9 4 1

Омодагии тими миллӣ ба бозӣ муқобили Бангладеш Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббии нави даста Ҳаким Фузайлов 23юми май омодагиро ба бозии плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 муқобили тими Бангладеш шуруъ намуд. Машғулиятҳои футболбозон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегарданд. Ба ҳайати даста ҷиҳати омодагӣ ба бозиҳо муқобили тими Бангладеш 29 бозингар – 4 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват шудаанд. Дар рӯйхат се легионер – дарвозабони «Олой»-и шаҳри Ӯши Қирғизистон Абдуазиз Маҳкамов, ҳимоятгари «Газовик»-и Оренбург Фарҳод Восиев ва ҳамлагари «Динамо»-и Брест Ҷаҳонгир Эргашев шомиланд. 26 май тими миллии футболи кишвар пеш аз бозӣ бо дастаи Бангладеш бо дастаи мунтахаби легионерҳои бошгоҳҳои футболи лигаи олии кишвар бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ин бозии дӯстона дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали тими миллии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Бангладеш дар плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 2 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 ва бозии ҷавобӣ 7 июн дар Варзишгоҳи миллии «Бангабанду» дар Дакка соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ (16:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешаванд. Ҳайати васеи тими мунтахаби миллии Тоҷикистон: Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Фатҳулло Бобоев (КМВА «Помир»); Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев («Газовик», Русия), Дороб Эргашев («Регар-ТадАЗ»), Давронҷон Эргашев, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (ҳар

се – «Истиқлол»), Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»), Табрези Давлатмир («Барқчӣ»), Эраҷ Раҷабов («Хайр»), Далерҷон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов (ҳар ду – «Ҳосилот»); Нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳар ду – «Барқчӣ»), Нуриддин Давронов, Парвизҷон Умарбоев, Фаридун Шарифов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев (ҳама – «Истиқлол»), Парвиз Қашқаров (КМВА «Помир»), Умедҷон Шарифов («Вахш»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»); Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Беларус), Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»), Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳар ду – «Истиқлол»), Комил Саидов («Барқчӣ»).

www.javonon.tj

Дар вазни -90 кг: 1. Саидҷамол Алимардонов (Душанбе-1); 2. Сулаймон Авлиёев (Суғд);

Дастаи футболи “Истиқлол”-и пойтахт дар даври ҳафтуми чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ нахустин холҳояшро аз даст дод. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бошад, дар ин давр нахустин холро соҳиб шуд.


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

4

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №21 (9447), 26 майи соли 2016

Ҳасан АЗИЗОВ 16-20 майи соли равон дар шаҳри Душанбе 5-умин ҷашнвораи байналмилалии театрии ҷавонон “Нигоҳи нав” бахшида ба 80-солагии ҳунарманди мардумии ИҶШС Ҳошим Гадо доир гардид. Дар он намоиш ва дарсҳои устод-шогирд манзури бинандаҳо шуд. Дар ин ҷашнвора ҳунармандони театрҳои кишварҳои Қазоқистон ва Қирғизистон низ иштирок карданд. Яке аз намоиши хубу ҷолиб дар ин ҷашнвора “Журналист” буд, ки муаллифу таҳиягараш С. Ҷаводӣ мебошад. Дар ин намоиш ҳунармандони ҷавони “Нигоҳи нав” рӯзгори як журналистро бо тамоми нозукиаш ба саҳна гузоштанд. Дар рӯзи охири ҷашнвора дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов бо иштироки ҳунармандони варзидаи кишвар, аҳли “Нигоҳи нав” ва хабарнигорон мизи мудаввар баргузор шуд. Орзумурод Шарифов, коргардони филмҳои мустанад ҳунармандони “Нигоҳи нав”-ро барои баргузории 5-умин ҷашнвора таҳният гуфта, зикр намуд: “Ба ман ҷашнвораи имсола хеле мақбул гашт. Асарҳое, ки ҷавонон ба саҳна гузоштанд, гуногунранг ва хеле ҷолиб буданд. Дар намоишҳо нигоҳи нави ҷавонон ба менталитет, психология ва ба зиндагии имрӯзаи мо бениҳоят наздик буд. Бовар дорам, ки театри ҷавонони “Нигоҳи нав” ояндаи дурахшон дорад. Аз солҳои қаблӣ то имсол дар баргузории ҷашнвора фарқияти зиёде ба чашм мерасад. Ҷавонони боистеъдод кӯшиш карда истодаанд, ҳар сол намоишҳои нав ба навро барои тамошобинон пешкаш намоянд. Афзалияти дигари ҷашнвораи имсола дар он буд, ки он байналмилалӣ гардид. Дар баробари ҷавонони тоҷик, боз ҷавонони ба мо ҳамсояи Қазоқистон ва Қирғизистон низ иштирок доштанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки “Нигоҳи нав” сол ба сол рушд карда истодааст ва аз ин мо - ҳунармандон хеле шодем. Хуб мешуд мо муҳитро аз ин ҳам зиёдтар солим гардонем, онҳоро каме бовар кунонем, ниёзҳояшонро барорем, то боз зиёдтар ҳавасманд шаванд. Ҳеҷ набошад як ду нафари онҳоро дар берун аз кишвар ба хондан фиристем, то ҳунари худро сайқал дода, баргашта дигаронро низ омӯзонанд”.

намехоҳӣ. Барои ҳамин эҳтиёт шавед. Ҳоло шумо ҳеҷ коре накардаед, бачаҳо. Инсон дар муддати панҷ сол чӣ кореро анҷом дода метавонад? Ман медонам, кори саҳл нест. Аммо ин панҷ сол хеле кам аст. Барои ба қуллаҳои баланди ҳунар расидан солҳои зиёд меҳнат кардан лозим аст. Мо имрӯз аз минбари баланд баромад карда гуфтем, ки мо ташнаи коргардонҳои ҳирфавием, ташнаи коргардонҳои асилем. Аммо худамон коргардонҳои асилро пеш кардем. Султон Усмон ҳашт сол аст дар Қазоқистон кор мекунад. Барзу Абдураззоқов берун аз Тоҷикистон кору фаъолият дорад. Султон Усмон дар ҳамин театр дар 5 моҳи соли 2008 нуҳ ҷоизаи байналмилалӣ овард, лекин мо ӯро аз ин театр берун кардем. Барои ҳамин, омода бошед, ҳар гуна зарбаҳо мешаванд, дурӯғҳо мешаванд. Агар танқид мекарда бошед, ба

чунин рафтор намекарданд. Онҳо андеша намекунанд, ки ин ҷо сухан на танҳо дар бораи як театр меравад, балки сухан дар бораи миллат меравад. Охир фарҳанг як қисми миллати мо, рӯҳи миллати мо аст, чунки моро аз рӯйи фарҳанг, театр, синамо, адабиёту мусиқӣ дар ҷаҳон мешиносанд. На танҳо Тоҷикистонро, дигар миллатҳоро низ аз рӯйи фарҳангу тамаддунашон мешиносанд. Намояндагони Вазорати фарҳанг ва дигар сохторҳои марбута на дар кушодашавии ҷашнвора иштирок доштанд ва на дар пӯшидашавӣ. Бовар кунед, ман дар саҳна ҳунари волои ин ҷавонони боистеъдодро дида, дар ҳайрат мондам. Ман бовар дорам, ки ҷашнвораи имсола як таккони ҷиддӣ ба театр ва тамоми ҷомеа медиҳад ва меҳру муҳаббати ҷавононро ба театр аз ин ҳам зиёдтар мекунад. Ин ҷавонон бо чунин

умеди созандагӣ кунед. Ин Ватан Ватани мо ва ояндаи Ватан ояндаи мост. Агар хароб мекунем, мо мекунем, каси дигар не. Гуноҳро ба сиёсат, Давлату Ҳукумат назанед. Ҳамаи ин ба мо вобаста аст. Пеш аз ҳама, худи мо гунаҳкорем. Ҳарчӣ коштем, ҳамонро медаравем”. Султон Усмонов, ҳунарманди машҳур ба саволи рӯзноманигорон, ки “Чаро то имрӯз театри ҷавонони “Нигоҳи нав” аз тарафи касе дастгирӣ намеёбанд ё ба онҳо таваҷҷуҳ намекунад?” чунин ҷавоб гуфт: “Шахсоне, ки дар сохторҳои марбут ба фарҳанг кору фаъолият мекунанд, аз театру фарҳангу ҳунар безоранд. Агар онҳо дилсӯз мешуданд, бо ин ҷавонони боистеъдод

рафтори мардонаашон чизеро ба ҳамагон нишон додан мехоҳанд. Дар дили ҳар яки онҳо орзуву ҳавасе ниҳон аст. Онҳо ояндаи нек доранд. Мо бояд ҳамаи қувваи худро сарф намоем, то барои ин ҷавонон тамоми шароитро муҳайё кунем, то ки иқдоми некашонро идома диҳанд. Ин танҳо моликияти як-ду нафар нест, ин моликият, ин сарвати маънавии миллат аст. Агар мо - бузургон имрӯз инҳоро тарбия ва дастгирӣ накунем ва дар дилашон муҳаббат ба ҳамин кишвар, нисбат ба ҳамин саҳна пайдо нашавад, онҳо бегона мешаванд. Ин танҳо мушкили як Вазорати фарҳанг нест, балки мушкили тамоми ҷомеа мебошад. Барои он ки ҷомеае, ки фарҳангиёни худашро тарбия кардан намехоҳад, оянда надорад”. Ҳамин тариқ, шоми 20 май барномаи 5-умин ҷашнвораи байналмилалии театрии ҷавонон “Нигоҳи нав” ҷамъбаст гардид. Лозим ба ёдоварист, ки ҷашнвора-озмуни “Нигоҳи нав” соли 2012 аз ҷониби донишҷӯёни соҳибистеъдоди шуъбаи актёрӣ ва коргардонии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Далери Эмомалӣ ва Шоҳҷамшед Умарӣ ташкил гардида, ҳар сол дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) баргузор мегардад. Ҳадаф аз ташкили ин ҷашнвора-озмун дарёфти нигоҳи нав дар театри тоҷик ва сарҷамъ кардану кашфи истеъдодҳо дар соҳа мебошад.

Мо зинда аз онем, ки дар саҳна бимонем...

Ҳунарманд Моҳпайкар Ёрова гуфтхушҳолам, ки ин гуна ҷавонон дорем ва муҳимтарин чизе, ки хеле назаррас аст, ҷуръати онҳост. Агар кор кунанд, ноумед набошанд комёб мешаванд. Ноумедӣ бадтарин чизест, ки инсонро шикаста мекунад. Ояндаи театр дар дасти чунин ҷавонони боистеъдод аст. Лекин агар онҳо мубориза набаранду хомӯш биншинанд, муроде ҳосил намешавад. Онҳо бо кӯшишу ғайрати худ тавонистанд ин ҷашнвораро байналмилалӣ гардонданд. Ин албатта комёбии беназир аст. - Далери Эмомалӣ ва Шоҳҷамшед Раззоқзода, ки аз ҳунармандони болаёқат миёни ҷавонон муаррифӣ шудаанд ва аз ташаббускоро-

ну роҳандозони ҷашнвораи «Нигоҳи нав» мебошанд, дар ин чанд сол шикасти зиёд хӯрданд, аммо аз роҳи худ нагаштанд ва то имрӯз мубориза бурда истодаанд. Шахси бузурге беҳуда нагуфтааст: Мо зинда аз онем, ки дар саҳна бимонем, На қисса, на афсона - ҳам инему ҳам онем, - афзуд М. Ёрова. Ба андешаи ҳунарманди маъруф Абдулмуъмин Шарифов, ҷавонон дар панҷ сол намоишҳои худро манзур гардонданд, ки хеле хуб аст. “Таъриф инсонро мекушад. Аммо вақте танқид мекунӣ, мекӯшӣ, ки коре кунӣ. Вақте таъриф мекунӣ, куллан хомӯш мешавӣ, мемирӣ, дигар ҳеҷ чиз


НАБЗИ ҶАҲОН

“Ғолӣ ва Шоҳои ноболиғро то саҳар мавриди таҷовуз ва истисмори ҷинсӣ қарор доданд. Садои ҷонхароши онҳо ба гӯшам мерасид, вале коре аз дастам намеомад. Ноздор ном дугонаам бар асари таҷовуз аз ақл бегона шуд. Духтарчаи нуҳсола бо номи Шилон бо баҳонаи омӯзиши Қуръон борҳо таҷовуз шуд...”

“ЗЕРИ ҶАСАДИ ПАДАРАШ ПИНҲОН ШУДА, РАҲО ЁФТ”

Тибқи гузориши мазкур З. Х. ном ҷавонзани 23-сола, ки аз асорати ДИИШ фирор кардааст, дидаҳояшро чунин ҳикоят мекунад: “ДИИШ ба дохил ворид шуда, занҳо ва кӯдаконро ба берун баровард. 27 тан мардро бошад, дар ҳуҷра маҳкам кард. Сипас, занҳои солхурда ва кӯдаконро алоҳида, ҷавонзанҳоро алоҳида ба ду гурӯҳ ҷудо намуданд. Занҳое, ки издивоҷашонро аз як то се сол шу-

рӯз нигоҳамон доштанд, сипас 27 нафарамонро интихоб карда, ба деҳаи Тил Қаср бурданд. Дар ин ҷо занҳоро зуд-зуд иваз мекарданд. Садҳо зан ва духтари хурдсол буданд. Теъдоди духтарони аз 6 то 9-сола хеле зиёд буд. Дар ин деҳа яке аз амирҳо маро барои хӯрокпазӣ харид. Баъд аз даҳ рӯз ба як сокини деҳаи Вардияи ноҳияи Тил Озир фурӯхта шудам. Чанде ин ҷо мондам ва як рӯз ҳамоне, ки маро ба сокини деҳаи Вардия фурӯхта буд, ба ӯ занг зада гуфт, ки чанд духтари ҷавони дигар харидааст ва маро бозпас талаб намуд, то барояшон хӯрок пазам. Манзур аз “духтарони ҷавон” кӯдакони хурдсол аст. Яке аз онҳо духтарчаи ҳафтсолаи безабон буд ва пайваста таҷовуз мешуд”. “КӮДАКРО БО БАҲОНАИ ОМӮЗИШИ ҚУРЪОН БОРҲО ТАҶОВУЗ КАРДАНД” Лаҳзаҳои мудҳиши дидаашро З. Х. ба забон оварда, ба гузоришгарон гуфтааст: “Бо духтарҳои хурдсол 5 рӯз мондам. Сипас маро

безабони ҳафт ва ҳаштсола будаанд. Ҷангиёни ДИИШ онҳоро пайваста мавриди таҷовуз қарор медоданд. “Духтарамаки кӯдакони лол ҳам бо мо буд ва чанд дафъа кӯшиши монеа шудан кард, вале чунон латукӯбаш карданд, ки сараш аз чанд ҷой кафида, хуншор гашт. Баъд аз чанд муддати он ҷо мондан ман ва як духтарчаи 13-соларо ба як макони дигар бурданд, ки он ҷо духтарҳои хурдсоли дигар нигоҳдорӣ мешуданд. Пайваста мегуфтанд, “шуморо бурда дар Сурия ва Арабистони Саудӣ мефурӯшем”. Аз ин ҳама бадахлоқиву таҷовузу истисмор ва харидуфурӯш безор шуда, як бегоҳ роҳи гурез кофтам. Чи хел шуд, худам ҳам намедонам, аммо як роҳи гурез пайдо кардам ва хостам бисанҷам. Ҳамроҳам як духтарчаи 13-соларо ҳам гирифта гурехтам. Кӯдакони дигарро натавонистам бо худ бигирам, онҳо монданд. Тозон худро ба назди дари як хона гирифтем. Он оила моро то саҳар пинҳон кард. Аз тарси он ки мабодо саҳар ДИИШ онҳоро аз дами теғ нагузаронад,

эмин мемонанд... Ман як дафъа бо нархи 700 доллар фурӯхта шудам. Дар умум 30 дафъа хариду фурӯш шудам. Пасттарин нархе, ки маро фурӯхтанд, 10 доллар буд. Хоҳарам ҳоло ҳам дар Сурия зери асорат аст, ӯро наҷот дода наметавонем. Ҳар боре, ки нияти гурехтан мекунад, боздошт мешавад. Ҳар рӯз зарб мехӯраду таҷовуз мешавад. Дар он ҷо инчунин шоҳиди он шудам, ки занҳоро бо усули сӯзондан шиканҷа медоданд. Дар шоҳидии ман кӯдакони шашсоларо таҷовуз карданд. Чанд дафъа қасди худкушӣ кардам. Вале ҳамроҳи ман кӯдакони хурдсол буданд, ҳарчанд аз дастам чандон коре намеомад, вале кӯдакҳои хурдсолро бо он дарандасуратон гузоштан намехостам. Ҳанӯз дар ҳолати шок ҳастам”.

“ДИГАР НЕ ПАДАР ДОРАМ, НЕ ОРЗУВУ НЕ МАКТАБ...”

Дар гузориши Платформа ҳикояти В. Х. ном ҷавонзани 17сола низ дарҷ шудааст: “Дар як хонае нигоҳдорӣ мешудем, ки

Зулми ДИИШ болои занҳо

Разолате, ки ин бешарафон содир мекунанд, ҳатто ҳайвон намекунад! дааст, низ ба гурӯҳи мо ҳамроҳ карданд. Ба болои гурӯҳи дигар, ки дар он модар ва зани амакам буд ва занҳои солхурдаву кӯдакони зиёди дигар бензин рехтанд. Гурӯҳи мо аз 23 зан, гурӯҳи модарам бошад, аз 12 зан иборат буд. Вале дар он гурӯҳ кӯдакони хурдсол хеле зиёд буданд, ки теъдодашонро дар хотир дошта натавонистам. Акнун ба сӯзондани гурӯҳи модарам шуруъ мекарданд, ки телефонашон занг зад ва нафаре дар телефон амр кард, ки “занҳои ҷавонро ба деҳаи Сибо Шайх Хидир биёред ва пасон рафта, кори занҳои солхӯрдаро тамом кунед”. То он даме, ки моро ба деҳаи номбурда оварданд, модарам ва занҳои дигар тавонистанд, ки фирор кунанд. Вале 27 нафар мард, ки падарам бо онҳо буд, бо сабаби баста будани дари ҳуҷра имкони фирор наёфтанд. Сипас ҳамаро сар буриданд. Танҳо як амакбачаам зери ҷасади падараш пинҳон шуда, аз марг наҷот ёфт”.

“ДУХТАРЧАИ ҲАФТСОЛАИ ЛОЛ ПАЙВАСТА ТАҶОВУЗ МЕШУД”

Бино ба гуфтаи З. Х. пасон гурӯҳи онҳоро ба деҳаи Бааж ва баъд аз ду соат ба шаҳри Мосули Ироқ бурдаанд. “Моро ба як таҳхонае дароварданд. Бо шумули кӯдакон - духтарчаҳои ноболиғ 500 нафар будем. Аз байнамон оиладоршудаҳоро алоҳида ва онҳоеро, ки ҳанӯз оиладор нашудаанд, алоҳида ҷудо карданд. Яке аз духтарони амакам ҳамроҳи мо буд. Азбаски ҳомила буд, парасториашро ман бар уҳда доштам. Ин боис шуд, ки маро ба бозори ғуломон набаранд. Боқимондаро барои фурӯхтан ба бозори ғуломон бурданд. Мо аз рафтан эмин мондем, вале ҳар рӯзамон бо озору шиканҷа мегузашт. Бисёр мезаданд. Як рӯз амирашон омаду яке аз дӯстони ҳамроҳамон - Ҷилони 24-соларо барои худ интихоб намуд. Ҷилон ба ин тоб оварда натавонист ва пеш аз он ки ба дасти он даранда бирасад, худро дар ҳамом ба ҳалокат расонд. Дар деҳаи Бааж 8

як амир омада бурд. Дасту чашму даҳонамро баста дар роҳ таҷовуз кард. Сипас як нафар омада, маро бо Ғолии 12-сола, Ҷаҳон ва Шоҳои 14-сола ном духтарҳои хурдсоли ҳамроҳам ба як ҷои бароямон ношинос бурд. Ӯ моро фиреб дода, гуфт, “шуморо ба ноҳияи Шингол мебарем”. Вале ҷое, ки қарор доштем, Шингол набуд. Ҳар бор мегуфт, роҳҳо харобанд, рафтанатонро ба дигар вақт гузоштем. Пасон яке аз шабҳо чанд ҷавон омада, Ғолӣ ва Шоҳоро гирифтанд. Гуфтанд: “Инҳо имшаб бо мо мехобанд...” Ман қабул накардам. Онҳо дасту пойҳоямро бастанд ва аъзои гурӯҳҳои Абӯаббос ва Абӯакрами ДИИШ маро соатҳои зиёд латукӯб карданд. Аз зарби ҳамонрӯза то ҳол дуруст роҳ гашта наметавонам, сарамро зада хуншор карданд. То саҳар Ғолӣ ва Шоҳо мавриди таҷовуз қарор гирифтанд. Овози ҷонхароши онҳоро мешунидам, аммо коре аз дастам намеомад. Субҳи рӯзи дигар Шоҳо ва Ғолиро бо худашон ба шаҳри Мосул бурданд. Ману Ҷаҳонро дубора ба ноҳияи Тил Қаср равон карданд. Аз онҳо дигар ҳеҷ хабаре наёфтем. Ноздор ном духтари ҳамроҳи мо, ки 15 сол дошт, аз истисмори зиёди ҷинсӣ ҳолати руҳиаш вайрон шуд. Шилон ном духтарчаи нуҳсоларо бошад, бо баҳонаи омӯзиши Қуръон чанд дафъа таҷовуз намуданд. Як мард мегуфт, “ман ӯро Қуръон меомӯзам” ва ба ҳуҷра дароврда, дарро мебаст. Яке аз ҳамқисматонамон духтарчаи хурдсолро танҳо гузоштан нахост. Вале он нафар баъд аз се рӯз духтари нуҳсоларо танҳо дар ҳуҷра маҳкам карда, дасту пояшро баста бадахлоқӣ намуд. Сипас ба як суриягии солманди сокини Мосул фурӯхт. Аз вай ҳам дигар хабар наёфтем.

“ШУМОРО БА СУРИЯ ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ БУРДА, МЕФУРӮШЕМ...”

Бино ба ҳикояти шоҳиди ҳодисаҳои нангин – З. Х. дар яке аз ҷойҳое, ки нигоҳдорӣ мешуданд, ҳамроҳашон ду духтарчаи

моро зиёд ёрӣ расонда натавониста, ба кӯча сар доданд. Дар кӯчаҳо ташнаву гурусна ду шабу ду рӯз давон-давон то минтақаи Пешмаргаи Курдистон расидем. Худро ба гурӯҳи қумондони минтақа Қосим Шошо расондем ва ҳамин тавр наҷот ёфтем”.

“БОРИ АВВАЛ БА 700 ДОЛЛАР БОРИ ОХИР БА 10 ДОЛЛАР ФУРӮХТА ШУДАМ”

“Боварам намеояд, ки он рӯзҳоро паси кардаам, - мегӯяд З. Х. – Вақти он ҷо буданам дидам, ки тақрибан 5 ҳазор зан дар асоратанд. Чанд вақт пеш яке аз духтарҳои ҳамроҳамонбуда занг зада гуфт, ки ҳоло ҳам дар ноҳияи Тил Алфар қарор доранд. Айни ҳол қатъан ва дақиқ медонам, ки занҳои ҷавон дар шаҳру навоҳие чун Тил Алфар, Баас, Усайба, Робиа, Шингол, Кочо, Тил Озар, дар Арабистони Саудӣ ва аз Раққа сар карда, дар як қатор шаҳрҳои Сурия ва Қатар фурӯхта мешаванд. Онҳое, ки бокираанд, 2500 доллар фурӯхта мешаванд. Чанде аз занҳо худро ҳомила гуфта, аз фурӯхтан

кӯдакон-духтарони зиёде низ буданд. Ду моҳ дар он ҷо асир будам ва пайваста мавриди истисмори ҷинсӣ қарор доштам. Борҳо аз ҷониби марди 45-солае таҷовуз шудам. Дастонамро мебаст, имкони муқовимат надоштам. Зиёд кӯшиши гурехтан кардам, аммо муваффақ нашудам. Бо ман духтарчаи 10-солае низ буд, ки аз ҷониби марди 40-сола истисмор мешуд. Шабҳо овози ҷонхароши кӯдакро мешунидам. Пеш аз асир афтодан ҳаётам дар ноҳияи Шингол бисёр хуб мегузашт. Таҳсил мекардам, орзуву ҳавасҳо доштам, падар доштам. Ҳоло ки падарам нест, ҳам орзуҳоям маҳв шудаанду ҳам мактабу таҳсилам. Аз лиҳози равонӣ худро хеле бад ҳис мекунам. Аз тамоми мардоне, ки ба онҳо монанданд, нафрат дорам. Ҳар шаб дар хобам чеҳраҳои манфури онҳоро чун кобус мебинам. Аз онҳо ҳатто вақти дар бораашон сухан гуфтан ҳам метарсам...” Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ” Бо ихтисор аз маҷаллаи “НОКТА”, 23 майи соли 2016

www.javonon.tj

Ин пораҳои ҳузнангезу ҷонхарош аз забони занони язидие садо додааст, ки ба асорати гурӯҳи террористии ДИИШ афтода, сипас ба гурехтан муваффақ шудаанд. Зимнан, язидиҳои Ироқ ақалияти мазҳабиеанд, ки пайваста мавриди бераҳмии гурӯҳи террористии ДИИШ қарор доранд. ДИИШ ошкоро гуфта буд, ки мехоҳад мазҳаби язидиро ҳамчун “куфр” аз байн барад. Ин аст, ки ба онҳо зулму тааддӣ ва рафторҳои ғайриинсониро раво мебинад. Аксари мардонашонро кушта, занҳоро ҳамчун ғулом харидуфурӯш мекунанд. Гуфта мешавад, язидиҳо ба Худои ягона эътиқод доранд ва мазҳаби онҳо бештар аз суннатҳои қадимаи Эрон бармеояд... Гурӯҳи террористии ДИИШ, ки тайи чанд соли охир шиканҷаву кушторҳои берун аз ақли инсониро ба роҳ мондааст, инчунин занон ва кӯдакони ноболиғро аз ақалиятҳои туркман, шиаҳо, язидиҳо, насронӣ ва курд дар манотиқи ишғолкардааш асир гирифта, сипас дар бозорҳои ғуломон ба фурӯш мебарорад. 3 августи соли 2014 ДИИШ ба минтақаи Курдистони Ироқ ҳамла оварда, мардуми зиёдро асир гирифт. Зулми гурӯҳи террористӣ то ҳол болои заноне, ки аз минтақаҳои ишғолкардааш асир гирифтааст, идома дорад. Дар рафти ҳамлаҳои ДИИШ он шабу рӯз даҳҳо ҳазор нафар дар пеши чашми модар, зан ва фарзандонашон бо усулҳои мудҳиши сарбурӣ ба қатл расонда шуданд. Шумори кушташудаҳо то ҳол мушаххас нест. Алҳол 400 нафар язидӣ ба фирор кардан маҷбур шуда, ҳанӯз дар сангинтарин шароит дар лагерҳои кишварҳои Аврупо қарор доранд. Вале то ҳол беш аз 4 ҳазор зан ва кӯдакони язидӣ дар асорати ДИИШ қарор доранд. Гурӯҳи террористии ДИИШ муомилаҳои ғайриинсониеро, ки ба зан ва духтарон - кӯдакони ноболиғи язидӣ анҷом медиҳад, инчунин ба занҳои суриягӣ, туркман, шиаҳои минтақа ва арабҳои аз табори худашон набуда низ раво мебинанд. Занҳо

ва духтарбачаҳои ноболиғ, ки бо номи “ғанимати ҷанг” рабуда шудаанд ва аз даст ба даст ба нафарони зиёд фурӯхта шудаанд, имрӯз дар як масоҳат ё қаламрави густардае чун Ироқ, Сурия, Қатар, Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб нигоҳ дошта мешаванд. Дар ҳамин ҳол Платформаи “Мубориза барои раҳоии занҳои иҷборан боздоштшуда” бо чанде аз занҳои аз асорати ДИИШ фироркарда вохӯрӣ анҷом дода, гузорише таҳия кардааст.

5 е-mail: javonontj@mail.ru

“Дар ҳуҷраҳои нигоҳдории ДИИШ садҳо зан ва кӯдакон дар асорат буданд. Шумори кӯдакони шаш ва нуҳсолае, ки ба фурӯш бароварда мешуданд, хеле зиёд буд. Яке аз кӯдакон ҳанӯз ҳафтсола ва лол буду пайваста таҷовуз мешуд...”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №21 (9447), 26 майи соли 2016


е-mail: javonontj@mail.ru

6

МИНБАРИ АНДЕША Дар оғӯши “Кайҳон”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №21 (9447), 26 майи соли 2016

Тавре маълум аст, супоридани ҳуҷҷати довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таввасути Маркази миллии тестӣ анҷом ёфта, довталабон ба супоридани имтиҳон омодагӣ мебинанд. Дар хусуси ҳуҷҷатсупорӣ ва то кадом андоза шаффоф баргузор гардидани имтиҳонҳо дар маркази мазкур суҳбате доштем бо ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувосид Юлдошев.

Дар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, ки дар кишвари мо низ ҷашн гирифта мешавад, ба кӯдакистони “Кайҳон”, ки тобеи Фурудгоҳи байналмилалии Дешанбест, рафтем.

Абдувосид ЮЛДОШЕВ:

Паси курсии донишҷӯӣ ҷавони бомаърифат хоҳад нишаст

www.javonon.tj

Наҷиба МУРОДБЕКОВА - Супоридани хуҷҷати довталабон кай шуруъ гардид ва кадом моҳ имтиҳонҳоро бояд супорид? -Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таввассути мутамарказонии имтиҳонҳои дохилшавӣ ва таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон дар ҷодаи ворид шудани соҳаи маорифи кишвар ба низоми байналмилалии таҳсилот шароити мусоид муҳайё сохт. Маъракаи “Довталаб-2015-2016” нишон дод, ки хатмкунандагон дар муқоиса бо солҳои қаблӣ ба имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ хубтару ҷиддитар тайёрӣ дидаанд. Ҳар довталаб дуруст дарк кард, ки бо роҳандозӣ шудани системаи нав паси курсиҳои донишҷӯӣ танҳо ҷавонони ба ору номус ва саводноку маърифатпарвар хоҳанд нишаст. Барои довталабони солҳои 2016-2017 давраи якуми корҳои иттилоотию таблиғотӣ барои омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳуҷҷатсупорӣ аз моҳи март оғоз ёфта, то 30 апрели соли ҷорӣ идома ёфт. Довталабон ҳуқуқ доранд дар имтиҳонҳои давлатӣ, ки моҳи июн оғоз меёбад, иштирок намоянд. - Имсол чанд нафар довталаб ба низоми ягонаи тестӣ хуҷҷат супоридааст? - Бо мақсади шаффоф, дастрас ва озод доир намудани бақайдгирии довталабон дар 48 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ маркази қабул ташкил шуд. На фақат хатмкунандагони имсола, балки хоҳишмандоне, ки ҳаваси хондан доранд ва лаёқатманд ҳастанд, ҳуҷҷат супориданд. Аз шумораи умумии довталабони

бақайдгирифташуда 48053 нафар писар (57,48%) ва 35544 нафарро духтарон (42,52%) ташкил медиҳанд. Мувофиқи натиҷаҳои таҳлили оморӣ таносуби духтарони дар соли ҷорӣ бақайдгирифта аз шумораи умумии довталабон нисбат ба ин нишондиҳанда зиёдтар аст. - Баҳое, ки довталаб дар шаҳодатномаи мактабӣ мегирад, нақш мебозад? - Не. Дар рафти супоридани имтиҳони давлатӣ барои ҳар довталаб мизу курсии махсус омода шудаааст. Саволу супоришҳои тестӣ дар асоси талаботу қоидаҳои муайян омода карда шудаанд. Довталаб кори иҷрокардаи худро тавассути сиёҳнавис метавонад ба волидон ва муаллимони худ нишон диҳад. Инчунин онҳо ҷавобҳои дурустро тариқи сомонаи ММТНПҶТ “www.ntc.tj” дида, ба амали иҷрокардаашон муқоиса менамоянд. Ҳамин тавр, маълум мешавад, ки баҳои мондаи муаллимони мактабиашон дуруст аст ё на... - Низоми ягонаи имтиҳони тестӣ тавонист ба довталаб сабукӣ орад ва омодагии онҳо чӣ гуна аст? - Дар ин хусус марказ борҳо таъкид карда буд, ки ҳар довталаб бояд вобаста ба донишаш ихтисосҳоро интихоб намояд ва барои чунин ихтисосҳое, ки шумораи довталабонашон баробари шумораи ҷойҳои нақшавӣ аст, кофист, ки холҳои гузаришро ба даст оранд ва донишҷӯ шаванд. Яке аз шартҳои муваффақияти довталаб низ дуруст интихоб кардани ихтисос бо назардошти сатҳи дониш аст. Чунин довталабон дар озмуни тақсимот муваффақ хоҳанд шуд. - Бархе бар он назаранд, ки супоридани имтиҳон ба таври тестӣ барои довталабоне, ки дониши кофӣ надоранд, имконияти бештар медиҳад. Масалан, таваккалан донишҷӯ мешаванд. - Чуноне, ки дар боло зикр на-

мудем довталабе, ки бо дониши мукаммал вориди ин даргоҳ мешавад, сазовори номи донишҷӯ мегардад. Қабл аз ҳуҷҷатсупорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо хатмкунандагон суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешавад. Ин хатост, ки довталаб ба имтиҳон омода набуда, ба номи пуршарафи донишҷӯ мушарраф мешавад. Мо ба довталабон маслиҳат медиҳем, ки бе тайёрӣ ҳуҷҷат насупоранд. - Система то кадом ҳад метавонад шаффоф бошад ва коррупсияро бартараф намояд? - Ҳадафи асосӣ аз таъсиси Маркази миллии тестӣ холисона, одилона ва ба таври шаффоф ба роҳ мондани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ аст. Таҷрибаи кишварҳое, ки чунин тартиби қабули имтиҳонҳоро ҷорӣ кардаанд нишон медиҳад, ки низоми мазкур барои интихоби шогирдони дар ҳақиқат болаёқат, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва сатҳи азхудкунии дониш нақши муҳим мебозад. Тақсимоти довталабон аз рӯи холҳои бадастовардаашон ба ихтисос ва мактабҳои олии интихобкарда, ки бе омӯзгорон тавассути компютер сурат мегирад, шаффоф ҷараён гирифтани имтиҳони дохилшавиро таъмин менамояд. Низоми нави имтиҳонсупорӣ тавре таҳия гардид, ки тамоми имконияти дахолати беруна ва тақаллуб аз миён бардошта шуд. Санҷиши натиҷаҳо, ҷамъбаст ва баҳогузорӣ аз ҷониби барномаҳои компютерӣ бе дохолати инсон анҷом дода мешавад. Шахсони масъули назораткунанда низ ба ягон довталаб кӯмак расонида наметавонанд, зеро дар варақаҳои имтиҳонӣ ному насаб ва ё ягон маълумоти дигар дар бораи довталаб навишта нашудааст. Ба ҷойи ному насаб танҳо штрихкод часпонида шуда, ба кӣ тааллуқ доштани варақаи имтиҳонӣ танҳо пас аз баҳогузории компютерӣ маълум мешавад. - Ташаккур барои суҳбат.

Дарахтони сабз ва гулҳои хушбӯю рангоранг ҳусни ин кӯдакистонро дучанд мегардониданд. Чун вориди бинои дуошёна гаштам, диқатамро расмҳои афсонавии деворҳо ҷалб намуд. Дар толори варзишӣ кӯдакон ба варзиш машғул буданд ва мураббӣ ба онҳо тарзу усулҳои намудҳои варзишро меомӯзонд. Кӯдакон бо шавқи зиёд гуфтаҳои ӯро иҷро мекарданд. Дар толори дигар мураббиҳо бо тарбиятгирандагон ба Рӯзи кӯдакон омодагӣ медиданд. Онҳо барномаи хуби фарҳангиро иборат аз савту наво, шеъру суруд дар рӯзи идашон пешкаши меҳмонон хоҳанд кард. Мудири кӯдакистон Шафоат Саидметарова зимни суҳбат иброз дошт, ки айни ҳол “Кайҳон” 166 кӯдакро фаро гирифтааст. Синну соли онҳо 3-7-ро дар бар мегирад. “Мо онҳоро аз рӯи синну сол ба гурӯҳҳо ҷудо мекунем ва бо онҳо машғулиятҳои гуногун мегузаронем, - гуфт мудири кӯдакистон. – Баъзе машғулиятҳо бо забонҳои русию англисӣ низ баргузор мешаванд”. Суман ГАДОЕВА, коромӯзи “Ҷавонони Тоҷикистон”


1 ИЮН - РӮЗИ МУҲОФИЗАТИ КӮДАКОН

Дар кадом рӯҳия ва дар кадом шароит ба воя расондани кӯдакон ба ояндаи онҳо ва ба ояндаи ҷомеа таъсири амиқ гузошта метавонад. Имом Ғазолӣ дар “Насиҳат-ул-мулук” фармудааст: “Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад буд”. Муҳимияти ин масъаларо Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз аввалин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дарк карда, ҳамеша онро дар мадди назар қарор медиҳад. Ин аст, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади пуштибонии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва ҳавасманд гардондани кӯдакону наврасон ба раванди таълим санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои зиёде қабул шудаанд, ки онҳо барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон заминаи мусоиди ҳуқуқӣ гузоштаанд. Тарбияи фарзанд дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, пеш аз ҳама аз муҳити хонавода сарчашма мегирад. Агар фарзанд аз овони кӯдакӣ дар муҳити орому солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъда ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ мегардад ва дар ҷомеа мақоми худро пайдо карда наметавонад. Фарзанд меваи умр ва маънии рӯзгори ҳар яки мост. Ҳар сол 1 июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Дар арафаи ин ид мо кӯшиш намудем, то андозае мушкилоти ҷомеаро дар ин самт бозгӯ намоем. Хушунату зӯроварӣ ба кӯдакон дар ҳама ақсои олам ба шаклҳои гуногун зуҳур намуда, дар маҷмуъ буҳрони оилавиро ба миён меорад. Мутаассифона, ношукрии бархе аз волидон аз фарзандони худ касро ба даҳшат меандозад. Куштори фарзанд аз ҷониби мо-

дар вақтҳои охир зиёд ба чашм мехӯрад. Модарони худобехабар куштори худ ва кӯдакони бегуноҳро василаи қасосгирӣ аз нобарориҳои зиндагӣ ва ё бераҳмиҳои тақдир қарор дода, бо ин роҳ гӯё аз тақдир “қасос” мегиранд. Зан барои “ҷазо додани” шавҳари хиёнаткор худ ва фарзандонашро ба дарё андохта, ғарқ мекунад ва ё баракс мард барои гуноҳи зан фарзандашро

дад. Тақрибан нисфи аҳолии Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд. Бо вуҷуди он ки ҳамарӯза ташкилоту созмонҳои хориҷиву дохилӣ аз ҳуқуқи кӯдакон, истифодаи меҳнати кӯдакон изҳори нигаронӣ кардаву барномаҳои зиёде дар ин самт қабул ва роҳандозӣ менамоянд, аммо то ҳол мо кӯдаконро дар кӯчаву бозору истгоҳу мағозаҳо дар

ро бар дӯш доранд. Коршиносон мегӯянд, сатҳи пасти зиндагӣ, шароити бади иқтисодӣ, зиёд шудани бекорӣ боис шудааст, ки кӯдакону наврасон ба кӯчаву бозор баромада, барои пайдо намудани ризқу рӯзӣ ба меҳнати вазнини ҷисмонӣ машғул шаванд. Кӯдакон аз осебпазиртарин қишри ҷомеа маҳсуб ёфта, новобаста аз вазъияту шароит ва давру замон ба кӯмаку дастгирӣ ва

ҳоли машғул будан ба меҳнати вазнини ҷисмонӣ мебинем. Ҳаррӯза кӯдакон мошинҳои моро мешӯянду, пойафзоламонро тоза мекунанд, сумкаҳои пурбори моро бардошта мебаранду дар нақлиёт дарро ба рӯи мо мекушоянд. Дар деҳот бошад, бешак меҳнати вазининтарин, аз қабили нигоҳубини гову мол, чарондани онҳо, кишту кори замину бетонрезиву алафдаравӣ ва амсоли инҳо бар зиммаи кӯдакон аст. Дар чунин аҳвол кӯдак чӣ гуна метавонад аз олами кӯдакиву беғамӣ баҳраманд шаваду орзуҳои беҳтарин дошта бошад? Онҳо ҳанӯз ба синну соли наврасӣ нарасида, аллакай масъулияти пешбурди зиндагии хонавода-

ғамхорӣ эҳтиёҷ доранд. Бадбахтона, қурбонии ҷангу хунрезиҳои бераҳмона низ, ки имрӯзҳо дар кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Сурияву Ироқ идома доштаву оламро ба таҳлука андохтааст, қабл аз ҳама аҳолии осоишта ва боз ҳам кӯдакон мебошанд. Имрӯзҳо зиёда аз 4 млн нафар кӯдаки Сурия бар асари нооромиҳо аз хонаву манзили худ маҳрум ва овораи дигар минтақаҳо гардидаанд ва аз нисф зиёди онҳо аз таҳсил дур мондаанд. Тибқи маълумоти коршиносон, барои муътадил гардондани вазъият дар ин самт ва пур кардани ин холигоҳ барои Сурия ҳаррӯза 1,4 млрд доллар лозим аст. Тавре маълум аст, Сурия яке аз давлатҳои қадимиву тараққикардаи сайёра буд, ки таърих ва тамаддуни зиёда аз панҷҳазорсола дорад. Он дар тамоми давраи мавҷудияти худ садҳо ҷангу хунрезиҳоро аз сар гузаронидаву бо садҳо хиёнату бадкориҳои душманон бархурд намудааст. Аммо он амалҳои даҳшатборе, ки тӯли солҳои охир ин кишварро ба доми худ кашидааст, беҳамтову беназир ва хеле хунину бераҳмона мебошанд. Ҳамарӯза аз ҷониби ВАО-и ҷаҳонӣ маълумот доир ба куштору қатли бераҳмонаи кӯдакон дар ин маҳали ҷангзада интишор мегарданд, ки аз андозаи тасаввури инсонӣ берунанд. Тайи чанд соли охир аз ҷониби бедодгарон

Кӯдакиро аз кӯдакон нагирем

ба қатл мерасонад, то ба ин васила занро “ҷазо” дода бошад. Равоншиноси рус Ирина Мошкова буҳрони оилавиро дар қатори буҳронҳои дигар хеле хатарнок арзёбӣ мекунад. Ӯ омили бадбахтиҳои зиёди инсонро марбут ба оила ҳисобида, яке аз нишонаҳои буҳрони оилавиро афзоиши хушунат нисбат ба кӯдакон медонад. Муомилаи дағалона ва истифодаи хушунат нисбат ба кӯдакон дар шакли ҷазодиҳии бераҳмона ва дашному латукӯб зоҳир мегардад. Дар натиҷа, кӯдакони чунин оилаҳо бераҳму шафқат ба воя мерасанд ва эҳтироми онҳо нисбат ба волидону наздикон ва умуман аҳли ҷомеа коста мегар-

7

Шаҳло ЭШОНОВА зиёда аз 3000 мактаб хароб гардидаанд, ки дар натиҷа ҳудуди 60 фисади кӯдакон аз таҳсил маҳрум мондаанд. Зиёда аз 3 млн кӯдак ба кӯмакҳои башардӯстона, аз қабили хӯрока, доруворӣ, манзили зист ниёзманданд. Зиёда аз 1 млн нафари онҳо дар муҳосираи доимӣ қарор дошта, ба гирифтани кӯмаке умед баста низ наметавонанд. Масалан, танҳо дар соли 2014 дар Сурия зиёда аз 10 ҳазор кӯдак қурбон шуданд. Ин танҳо он кӯдаконе мебошанд, ки фавти онҳо расман тасдиқ шудааст. Суханони як кӯдаки 3-сола, ки қурбонии ҷанги Сурия гашта буд, қабл аз марг ҷаҳонро ба ларза овард. Вақте ӯро бо ҷароҳати вазнин ба беморхона оварданд, ӯ марги худро эҳсос намуда, бо дидаҳои гирён ин суханҳоро ба забон овард: “Ман аз шумо дар назди Худованд шикоят мекунам, ҳамаашро ба ӯ мегӯям...” Ин суханҳои кӯдаки 3-сола табибони беморхонаро, ки ҳамарӯза шоҳиди чунин фоҷиаҳо мегардиданд, чандон ба риққат оварда буд, ки то чанд муддат ба худ омада натавонистанд. Тавре аз маълумоти Шӯрои назоратии Сурия оид ба ҳуқуқи инсон (Syrian Observatory For Human Rights, SOHR) маълум мегардад, танҳо бар асари як амалиёти ҷангии аз ҷониби неруҳои ҳавоии Русия анҷом додашуда зиёда аз 1380 нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд, ки аз онҳо 195 нафарро занҳо ва 332 нафарро кӯдакон ташкил дода буданд. Ё бар асари як амалиёти ҷангии дигар, ки шаби 26 ба 27 январи соли 2016 ба амал омад, 56 нафари қурбониёнро занон ва 127 нафарро кӯдакон ташкил дода буданд. Аз кӯдакон кӯдакии онҳоро рабудан гуноҳест азиму нобахшиданӣ... Биёед, ба кӯдакон на танҳо соле як маротиба, дар рӯзи идашон ғамхору муҳофиз будани худро нишон диҳем, балки барои онҳо шароити мусоиди зисту таҳсилу истироҳату фароғатро муҳайё созем, то аз зинаи орзуҳо ба зинаи амал барояшон як қадам роҳ боқӣ бимонад.

е-mail: javonontj@mail.ru

Кӯдакон оянда ва идомадиҳандаи наслҳои моянд. Онҳоро ба варақҳои тозае шабоҳат додан мумкин аст, ки бо мурури замон ба китоби зебои пур аз қиссаҳои аҷибу мароқовар табдил меёбанд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №21 (9447), 26 майи соли 2016

 ИҚТИСОД

44 дарсади аҳолии ҷаҳон аз кортҳои пластикӣ истифода мекунанд Ҳафтаи гузашта дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Асосҳои пардохтҳои электронӣ” барои намояндагони васоити ахбори омма семинари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Маҷид Худҷаир, роҳбари калони ширкати “Schoolof Pablic Policy” нозукиҳои истифодаи корти пластикиро ба рӯзноманигорон омӯзонд. Вай аз он ки имрӯз дар Тоҷикистон истифодаи кортҳои пластикии бонкӣ хеле суст рушд мекунад, изҳори нигаронӣ намуд: “Махсусан, истифодаи он дар мағозаю бозорҳо ва тарабхонаю осоишгоҳҳо хеле кам ба назар мерасад. Ҳар меҳмони хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд, маҷбур мешавад бо худ пули нақд гирад, чунки бо корти пластикии бонкӣ дар Тоҷикистон саёҳат кардан мушкил аст. Агар пардохтҳои электронӣ бештар шаванд, ба инкишофи туризм мусоидат хоҳад кард”, - гуфт М. Худҷаир. Дар ҳақиқат имрӯз истифодаи кортҳои пластикии бонкӣ дар Тоҷикистон мувофиқи мақсад нест. Қариб ҳамаи кормандони идораву ташкилот корти бонкӣ до-

www.javonon.tj

Дар семинар масоили инъикоси қисматҳои гуногуни системаҳои пардохтҳои электронӣ, дарки фарқи байни бонкҳо-элемент ва эквайрен-бизнесҳо ва дурнамои рушди онҳо, фаҳмиши дурусти инфрасохтор ва чӣ гуна нигоҳ доштани пардохти электронӣ, афзоиши шумораи иштирокчиёни шабакаҳо ва ҳамкориҳои мутақобила дар дохили система, маълумот дар бораи хатарҳо ва фаҳмиши аҳамияти стратегияи манфиатнокии идоракунии онҳо, шинос шудан ба афзалиятнокии воситаҳои пардохтҳои электронӣ ва роҳу усулҳои истифодаи онҳо, таъсири пардохтҳои электронӣ ба иқтисодиёти миллӣ ва фароҳам овардани шароите, ки барои рушди барномаҳои таъминкунандаи ташаккули минбаъдаи система дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

ранд, аммо дар марказҳои савдою бозору марказҳои хизматрасонӣ истифода бурдани корт номумкин аст. Бо ин сабаб соҳибони корт пулашонро аз банкоматҳо гирифта, ба таври нақдӣ истифода мекунанд ва зарурати доштани корт боқӣ намемонад. - Дар Миср, ки яке аз давлатҳои рушдкардаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад, корти пластикии бонкӣ ба таври васеъ истифода карда мешавад. На танҳо дар меҳмонхонаю тарбхона ё ин ки мағозаҳои бузург, балки дар мағозаю дӯконҳои хурдаш ҳам корти пластикӣ ба кор меравад. Хуб мешуд, дар Тоҷикистон ҳам чунин низом ба роҳ монда шавад. Аз ин ҳам буҷаи давлат фоида мебинад ва ҳам хатари гум шудани пул аз байн меравад,- афзуд М. Худҷаир. Қайд гардид, ки имрӯз дар ҷаҳон 44 фоизи аҳолӣ истифодабарандагони пардохтҳои электронӣ (кортҳои пластикӣ) мебошанд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


е-mail: javonontj@mail.ru

8

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №21 (9447), 26 майи соли 2016

23 МАЙ - РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

“Шоми ҷавонӣ” – анҷомбахши 23 майи соли ҷорӣ бо баргузории маҳфили фарҳангии “Шоми ҷавонӣ” дар Амфитеатри Боғи “Ирам”-и пойтахт чорабиниҳои “20 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» ба анҷом расид.

www.javonon.tj

Давоми рӯзи 23 май силсилаи чорабиниҳо, аз қабилӣ роҳпаймоии осоиштаи ҷавонон таҳти шиори «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат» аз даромадгоҳи шарқӣ то даромадгоҳи марказии боғ баргузор гашт. Дар он зиёда аз 1000 наврасу

ҷавон бо рӯҳи болида иштирок намуданд. Инчунин, намоишҳои варзишӣ, савғои туристӣ ва дастовардҳои ҷавонони кишвар дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузошта шуда, озмуни мусаввирони ҷавон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари ман!» баргузор шуд. Дар Рӯзи ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тӯйи арӯсии як ҷуфт ҷавон барпо гардид. Шаҳодатномаи ақди никоҳро ба навхонадорон раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Қосимзода Идигул супорид. Намоишро дар баробари сокинону меҳмонони пойтахт роҳбарияти баъзе вазорату кумитаҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва намояндагони сохторҳои давлатӣ тамошо карда, дар маҳфили фарҳангии “Шоми ҷавонӣ” ширкат намуданд. Меҳмонону ҷавонон дар маҳфил шоҳиди ҳунарнамоии сарояндагони ҷавон, ба монанди Нигина Амонқулова, Шаҳроми Абубакр, Ҷаъфари Ҷалол, Шӯҳрат Сайнаков, Ҷамшед Низомов, Толиби Абдулло ва дигарон шуданд. Дар оғози маҳфил Адҳам Маъмурзода, муовини сардори Раёсати илм ва маъри-


23 МАЙ - РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №21 (9447), 26 майи соли 2016

9

фати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баромад намуда, кулли ҷавононро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфтанд. Зикр шуд, ки: “Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд. Дар замони муосир рӯ овардан ба ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад”. Ба ин мазмун 22 май бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар Боғи Устод Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ доир шуд.

Раиси ноҳия Аъламхон Қурбонов ҷавонони кишварро таҳният гуфта, ба як гурӯҳ ҷавонони фаъоли ноҳия ва хабарнигорон барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлаии ҷавонон ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон як гурӯҳ хабарнигорони ҷавон, аз ҷумла, 5 корманди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”ро бо “Ифтихорнома” қадрдонӣ кард. Ҳамзамон, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикист аз ҷониби намояндагони ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба иштирокдорони ҷашн наздики 1000 нусха шумораи ҷашнии ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ройгон тақсим карда шуд.

е-mail: javonontj@mail.ru

чорабиниҳои “20 рӯзи ҷавонӣ”

“Ҷавонони Тоҷикистон”

www.javonon.tj


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

10

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №21 (9447), 26 майи соли 2016

 СОҲИБКАСБ

Сарв дар боғ месабзад Субҳ шудан замон ба панҷаҳои нурҳои офтоб, ки муждаи рӯзи нав медод, нигариста, бисёр мехост, ки рӯзе хостаҳои ӯ низ ҷомаи амал пӯшанду самои зиндагиаш нуронию рангин гардад. Дар ботин аҳдофҳои бузург мепарварид. Чӣ бояд кард, то дар роҳи расидан ба он ҳама ниятҳо муваффақ шуд? Ба худ амр медод, то дар ҷустуҷӯ бошаду серталаб. Ҳамин иродаи қавиаш буд, ки ӯро барои андӯхтани донишҳои замонавӣ раҳнамун сохт. Ин ҷавони муваффақи роҳи дониш Раҷабалӣ Бобохонов мебошад. Ӯ 4-уми январи соли 1994 таваллуд шудааст. Баъд аз хатми литсейи таббиию риёзии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба факултети иқтисод ва идораи ҳамин донишгоҳ дохил шуд. Баъд аз як моҳ донишгоҳро хатм хоҳад кард. Аз соли аввали таҳсил дар донишгоҳ устодон эҳсос менамоянд, ки ӯ дар баробари донишҷӯ буданаш боз метавонад, ки аз ӯҳдаи роҳбарии ҷавонон низ барояд. Ин буд, ки аз соли аввал вазифаи раиси Созмони ҷавонони факултетро бар дӯш мегирад. Соли чорум аст раисии ин созмон, инчунин, Шӯрои донишҷӯёни хобгоҳи №3-и донишгоҳро бар уҳда дорад. Дар баробари ин, роҳбарии намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон “Созандагони Ватан”-ро дар ноҳияи Шоҳмансур ва донишгоҳ бар дӯш дошта, инчунин котиби ҳизбии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Дониш»-и ДМТ, раиси Комиссияи тафтишотии Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ ва раиси ҷавонони маҳаллаи Чехови ноҳияи Шоҳмансур аст. Дар натиҷаи фаъолияти намунавӣ узви чанд маҳфилу созмонҳои дигари ҷавонон гардида, бо ин роҳ маҳорату малакаи хешро ғанӣ гардонидааст. Айни ҳол узви маҳфили «Сарварони сиёсӣ»-и Раёсати ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳри Душанбе, Ассотсиатсияи ҷавонони Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон мебошад. Бо ифтихорномаю сипосномаҳои донишгоҳ, ноҳия ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ сарфароз шудааст. – Дар шароити кунунӣ ҷавонони мо дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ ва гиромидошти обу хоки Ватан мебошанд. Дар баробари ин, онҳо барои ободу зебо гардонидани ин ватани аҷдодӣ саъю кӯшишҳои беандоза доранд. Иштироки ҷавонон дар олимпиада ва мусобиқаҳои гуногуни дохилию хориҷӣ ва ба ҷойҳои намоён сазовор гардидану ба ифтихорашон баланд гардидани парчами мо дар байни дигар парчамҳои давлатҳои дунё боиси ифтихор аст. Бовар дорем, ки дар оянда ҷавонон дар

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ самти ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи балналмилалӣ ва тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳангӣ саҳм мегузоранд, бо итминон гуфт Раҷабалӣ. Вақте аз як навгонии соҳааш бохабар мегардаду як чизи тозаеро кашф менамояд, аз пайи омӯзиш мешаваду вобаста ба нақшу вазифаи он мақолаҳои илмӣ навишта чоп менамояд, то дигарон низ бохабар шаванду дар фаъолияти хеш аз он истифода намоянд. Чун Раҷабалӣ дар риштаи иқтисод таҳсил мекунад, вобаста ба бӯҳрони иқтисодӣ суол намудем. Дар посух иброз дошт, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ кишвари мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт.

Нур Табаров 75-сола шуд Шоми 18 майи соли равон дар толори Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 75-солагии адиб, рӯзноманигор, публисист ва драматурги шинохта Нур Табаров маҳфили эҷодӣ баргузор гардид. Дар он шоирон, нависандагон, ҳунармандони театр, намояндагони сохторҳои давлатӣ, омӯзгорону донишҷӯён, хешу табор ва ёру дӯстони Нур Табаров ширкат доштанд. Бояд гуфт, ки Нур Табар рӯзноманигор, драматург, нависанда, ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ аст. Ӯ баъди хатми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1962) ва бахши журналистикаи Академияи фанҳои ҷамъиятии шаҳри Москва (1976) ба кори мудирӣ ва роҳбарӣ дар рӯзномаҳои муътабари ҷумҳурӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пардохтааст. Аз ҷумла замоне муҳаррири рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" (ҳоло "Ҷумҳурият"), ҷонишини муҳаррири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷкистон”), хабарнигори махсуси рӯзномаи марказии “Комсомолская правда” дар Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи “Комсомолец Таджикистана”, “Навиди бозаргонӣ”, “Помир” ва ҷонишини якуми сармуҳаррири маҷаллаи “Тоҷикистон” буд. Мудирияти шуъбаи тарғиботи Кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе, шуъбаи фарҳанги Кумитаи марказии Ҳизби

комунисти Тоҷикистон, вазири фарҳанги Тоҷикистон ва дигар вазифаҳои муътабарро бар дӯш дошт. Барандаи ҷоизаҳои хабарнигорӣ ва адабии ба номи Лоҳутӣ ва Айнӣ, Корманди шоистаи ҷумҳурист. Нур Табаров муаллифи беш аз понздаҳ маҷмӯаи ҳикояву намоишнома ва очерку мақолаҳост. Метавон дар ин радиф асарҳои "Вагони охирин", "Тарс", "Паёми Зардушт", "Суробҳо", "Шикасти ташнагӣ", "Чашмони бародари қиёматӣ"-ро зикр намуд. Дар ин миён драммаи "Дар чорсӯ" аз тобноктарин осори саҳнавии Нур Табаров маҳсуб мешавад, ки дар театрҳои Душанбеву Хуҷанду Кӯлоб ва Бухорову Ашхобод намоиш дода шудааст. Ӯ барои драммаи таърихии “Шикасти ташнагӣ” ба гирифтани ҷоизаи олии драмманависони Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар фестевали театрҳои касбӣ (Алмаато-2010) гардидааст. Нур Табаров узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷкистон ва Иттиҳодияи театр мебошад.

Ҳ. АЗИЗОВ, “ҶТ”

Золим кист? Дар ҳоле ки ашки чашми наздикони дар воқеаҳои сентябри соли гузашта қурбоншуда ҳанӯз хушк нашудаасту онҳо пайваста гунаҳкорони аслии ин қазияро аз мақомоти кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ талаб доранд, имрӯз роҳбари ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо пуррӯии зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаҳои видеоӣ пахш намуда, аз номи миллат баромад мекунад.

Тамоми таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки айни ҳол ба мушоҳида мерасад, аз он мо худро канор гирифта наметавонем. Бӯҳрони молиявие, ки имрӯз тамоми давлатҳоро фаро гирифтааст, таъсираш ба мо низ мерасад. Барои аз бӯҳрони молиявӣ баромадан, пеш аз ҳама сатҳи соҳибкории истеҳсолиро ривоҷу равнақ бояд дод. Чунки бе истеҳсолот мо наметавонем, ки аз як гиреҳи печидаи иқтисодӣ ба фазои озоди иқтисодӣ бароем. “Бо талоши Ҳукумати ҷумҳурӣ солҳои охир сафи корхонаҳои истеҳсолӣ меафзояд, ки бешак ба иқтисодиёти кишвар таъсири хуб мерасонад. Бо рушди истеҳсолот ва соҳибкории хурду миёна мо метавонем, ки дар оянда сатҳи камбизоатӣ, бекорӣ ва таваррумро кам намоем”, - мегӯяд Раҷабалӣ. Ба назари ӯ ҳар як кас бояд дар баробари соҳиби ихтисос будан ягон ҳунари дигарро низ дошта бошад. Зеро дар шароити кунунӣ бо як ҳунар наметавон хуб зист. Ҳунар инсонро ҳеҷ гоҳ хор намекунад. Ӯ бе тавсияву роҳнамоиҳои устодон дар самте комёб гардиданро ғайриимкон дониста аз ҳамаи онҳое, ки чизе омӯхтааст, миннатдор мебошад.

Кайҳо собит шудааст, ки амалҳои террористии аз ҷониби генерали хоин Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода рухдода дар паси пардаи ҳизби мамнуъшудаи наҳзати ислом тарҳрезӣ шуда, мақсад табаддулоти давлатӣ дар кишвар буд. Созмондиҳандаи он ҳамин Муҳиддин Кабирӣ буд, ки имрӯз худро мусичаи бегуноҳ шуморида, таҳти ҳимояи Иттиҳоди Аврупо қарор дорад. Дар баробари ифшо шудани чеҳраи ҳақиқии ҳизби мазкур, ахиран андешаҳои ошкору ниҳони раҳбари собиқи он низ намоён мешавад. Масалан, Кабирӣ референдумро, ки ҳамчун ниҳоди бевоситаи демократия, ифодагари иродаи мардум аст, саҳнаи мазҳака номида, мафҳуми «қонун»-ро таҳмили ақидаву афкор шуморида мегӯяд, ки бо анҷом ёфтани референдум шаҳрвандон ҳуқуқи фитрӣ ва қобилияти тасмимгирии худро аз даст медиҳанд. Албатта, ҷои тааҷҷуб нест, барои раҳбари як ҳизби бо ном исломӣ, ки дар шахси ӯ метавонад як муллои бесавод ҳам бошад, аз ин зиёд тафсирро интизор шудан. Вақте ки мақсаду мароми инсон танҳо дар ғасби ҳокимият асос ёфта, барои ӯ хуни ноҳақ рехтан амри маъмулӣ бошад, аз чунин фарди манфиатхоҳ сар задани иштибоҳоти дигар низ дур нест. Аммо рӯирост аз номи халқ баромаду таҳдид ва таҳқир намудан камоли пуррӯиву ҳангоматалабист. Кабирӣ миллатро соддаву зудбовар хонда, тамоми иллатҳои ҷомеаро ба ин сифатҳои мардум мансуб донистааст. Шояд иддае аз онҳо, ки то ин замон ба имони Кабирӣ итминон доштанд, аз ҷумлаи онон бошанд, вале дар навбати хеш норасоии барқро мисол оварда, мардуми Афғонистонро аз мо дида зираку ҳақталаб хондан бори дигар гувоҳи даъватҳои таҳрикомези ӯ мебошанд. Чунин нисбат доданҳо ба аудиторияи аҳли масҷиди як деҳ, масалан деҳоти Файзобод шояд рост ояд, яъне «шумо 6 моҳ бебарқ тоқат мекунед, аммо дар Афғонистон садамаи чандсоата боис шуд, ки мардум хостори истеъфои ҳукуматашон гарданд». Мақсад тафриқаандозӣ ва барангехтани кинаву адоват аст. Ҳамчунин, Кабирӣ дар бораи «пешво» андешаҳои ғаразноки худро иброз дошта, онро хоси миллати мустақил намедонад. Ба ақидаи Кабирӣ амри пешвосозӣ танҳо дар қабилаву тӯда ва дигар сохтори издиҳом аст. Бо ин шарҳи ғаразнок роҳбари созмони террористӣ Муҳиддин Кабирӣ на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки мардуми Қазоқистон ва дигар миллатҳоеро, ки соҳиби пешвои сазоворанд, таҳқир кардааст. Суоле ба миён меояд, ки оё вақте Кабирӣ аз фосилаҳои дур ҳар чизеро, ки мехоҳад ба забон меорад, дар мавриди аъзои ҳизбаш, ки дар маҳбас қарор доранд, дар назди виҷдони худ чӣ посух медиҳад? Оё ӯ ба худ мақоми золимиву худхоҳиро нагирифтааст, ки танҳо барои худ дар қалби Иттиҳоди Аврупо қароргоҳ пайдо карда, мунтазам домони наҳзатиҳои маҳбусро бо чормағзи пуч пур мекунад? Дар сурате ки гуноҳи ӯ аз дигарон дида бузургтар аст, пас золим кисту аз кӣ бояд интиқом гирифт?

Зиёвиддини АВЛИЁПУР


ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №21 (9447), 26 майи соли 2016

Гулбаҳор РАҲМОНОВА

Чаро аз меҳнати кӯдакон истифода мебаред?

Давлатмоҳ ҲАМИДОВА, фурушанда: - Не, ҳеҷ гоҳ аз меҳнати кӯдаконам истифода накардаам. Шахсан ман аз субҳ то бегоҳ ба савдо машғулам, то музде ба даст ораму фарзандонамро таъмин намоям. Ҳамеша мекӯшам, бо меҳнати ҳалол фарзандонамро тарбия намояму онҳо худро дар пеши ҳамсинфону дӯстонашон бекас ҳис накунанд. Имрӯзҳо дар бозорҳо, махсусан дар бозори “Корвон” мо бештар ба кӯдаконе дучор мегардем, ки бо вуҷуди хурдсолӣ ба ҳар гуна кор машғуланду синну солашон ба синну соли мактабӣ рост меояд. Бояд онҳо имрӯз хонанд, илм омӯзанд, на ин ки салафан дар даст, бозор ба бозор гарданд.

Аҳтам ҚУРБОНОВ, сокини пойтахт: - Имрӯз ҳар кӯдаке, ки даст ба салафанфурӯшию аробакашӣ мезанад, пеш аз ҳама худи мо волидайн гунаҳкорем. Чун онҳо бояд дар ин синну сол мактаб хонанд. Ин як сабабаш. Сабаби дигараш он аст, ки шояд ин кӯдаконро норасоиҳои зиндагӣ маҷбур кардааст. Шояд падар ё модарашонро аз даст додаанд. Шояд падару модари дардманд доранд. Хулас, “зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад”.

Муҳаббат ИСМАТОВА, сокини пойтахт: - Дар ин масъала падару модарон гунаҳкоранд. Чун сабабгори бадбахтии бисёри фарзандон мо - падару модарон ҳастем. Оё падару модарон андешидаанд, ки ин кӯдакон, ки имрӯз аз таҳсил дур мондаанду роҳ сӯйи бозор гирифтаанд, фарзандони киҳоянд? Албатта, фарзандони падару модаронеанд, ки онҳо барвақт аз ҳамдигар ҷудо шудаанд. Имрӯз ҷазои падару модарро фарзандон мекашанд. Рӯз то бегоҳ дар бозор ароба мекашанду дар роҳравҳо ба испандуд машғуланд. Ба ҷойи он ки мактаб хонанду илм омӯзанд.

Шамсулло САДРИДДИНОВ, фурӯшанда: - Ман ки фурӯшанда ҳастам, мебинам кӯдакони зиёди 8-12сола ба чунин кор машғуланд. Махсусан дар вақти таътил шумораи чунин кӯдакон зиёд мешавад. Бисёри волидайн аз меҳнати кӯдакон истифода бурда, рӯзашонро мегузаронанд. Худи кӯдакон гуноҳе надоранд. Бисёри падару модар дар он андешаанд, ки аз бекорӣ рафта меҳнат кунанд хубтар аст.

е-mail: javonontj@mail.ru

Шояд бо сабаби сатҳи зиндагӣ мо дар кори хонаву саҳро ва дар бозору кӯча аз меҳнати кӯдакон истифода мебарем. Мутаассифона, сафи наврасоне, ки дар бозор ба аробакашию халтафурӯшӣ, дар кӯчаҳо ба мошиншӯӣ ва ба кори саҳро машғуланд, кам нест. Дар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон аз мусоҳибон пурсидем:

11

Моҳираи БАҲРУЛЛО, хабарнигор: - Дар Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак омадааст, ки ҳар кӯдак ҳуқуқи хондан ва истироҳат карданро дорад. Дар ин радиф қонунҳои худи мо низ ҳамин меъёрро тасдиқ мекунанд. Аммо дар бораи ба меҳнат ҷалб намудани кӯдакон ҳаминро бояд бигӯям, ки он аз маҷбурист. Яъне, дар кишвари мо кӯдакон ба шустани нақлиёт ва ё ба кори саҳро машғул шаванд, он пеш аз ҳама аз норасоии зиндагӣ мебошад. Ҷиҳати дигар камии маоши волидон низ ҳаст. Фикр мекунам, агар маош барои зиндагӣ кифоя кунад волидон ҳеҷ гоҳ аз меҳнати кӯдакон истифода намебаранд.

Баррасии нақши ВАО дар ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ 19-20 майи соли равон бо ибтикори кафедраи байналхалқии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Маркази фарҳангии ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода конфренсияи илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Нақши ВАО дар ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ” доир гардид. дастаҷамъӣ дар ин самт фаъол мебошанд. Маълум аст, ки ВАО дар масъалаҳои ҳамгироии кишварҳои минтақа ва баъзе мавридҳо баръакси он нақши муассир дорад”. Наҷмиддин Шоҳинбод, котиби масъули Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, зимни суханронӣ нақши муҳими факултети журналистикаи ДМТ-ро дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос таъкид намуда, баргузории конфронси байналмилалиро далели барҷастае барои мубодилаи афкор ва васеъ гардидани доираи ҷаҳонбинии донишҷӯён арзёбӣ кард. Сипас, Сангин Гулов, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи ДМТ дар мавзӯӣ “Расонаҳои Тоҷикистон ва робитаҳои минтақавӣ” маърӯза намуда, нақши ВАО-ро дар рушду пешрафти ҷомеа баланд арзёбӣ кард. Аз ҷумла иброз дошт: “Дар ҳақиқат матбуот ва дигар ВАО ба

ташаккули афкори ҷомеа таъсир мерасонанд. Хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии ҷомеа, бадалшавии идеология ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Агар мо ба равобити байниҳамдигарии кишварҳои минтақа аз диди расонаҳои Тоҷикистон назар андозем чунин манзар пайдо мегардад, ки онҳо ҳам гуногунсамтанд ва ҳам гуногунмавзӯъ, шуруъ аз масоили сиёсӣ то масоили иҷтимоиро фаро мегиранд. Хубии кор дар он аст, ки расонаҳои Тоҷикистон робитаҳои минтақавиро ба таври муназзам аз мавқеъ ва дидгоҳи гуногун, вале ҳамеша бо назардошти манфиатҳои ватанамон инъикос ва таҳлил мекунанд”. Масъалаҳои геополитикии Оси-

ёи Марказӣ аз нигоҳи коршиносону шореҳон, нақши расонаҳо дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳои минтақа, инъикоси масъалаҳои марзӣ дар ВАО, инъикоси Тоҷикистон дар расонаҳои кишварҳои дигари минтақа, нигоҳи расонаҳои русӣ ба кишварҳои минтақа, радио ва таблиғи арзишҳои умумибашарӣ, интернет ҳамчун манбаи нави иттилоот ва иртибот дар фаъолияти рӯзноманигорӣ, ташаккули интернет-журналистика дар Осиёи Марказӣ, бозтоби фарҳанги рус дар матбуоти маҳаллӣ аз тарафи омӯзгорону аспирантони факултети журналистика ва меҳмонон баррасӣ ва муҳокимаронӣ шуданд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

www.javonon.tj

Онро муовини ректори ДМТ оид ба илм Сафармамад Сафармамадов ифтитоҳ бахшида, иброз дошт: “Дар раванди ҷаҳонивашӣ кишварҳо ва минатақаҳои мухталифи сайёра дар пайи тағйиру таҳаввулот қарор доранд. Осиёи Марказӣ ҳамчун як минтақаи бузурги аз нигоҳи стротегӣ муҳим дар ин раванд хоҳу нохоҳ зери таъсири идеология ва ҳадафҳои мухталиф қарор мегирад. Панҷ ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар ин минтақа мавқеи ҷуғрофӣ доранд, баъд аз ба даст овардани истиқлолият роҳу шеваи инкишофу созандагиро ихтитиёр карданд. Сарфи назар аз мустақилият дар ин минтақаҳо чунин як фазову муҳите ҳаст, ки онҳо бояд дар аксар ҷабҳаҳо муттаҳид бошанд ва дар муқобили ҷараёнҳои хатарноки иҷтимоию сиёсӣ якҷо мубориза баранд. Дар ин самт қадамҳои устувор гузошта шудаанд ва паймону аҳдномаву созмонҳо, ба мисли Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

12

СУҲБАТИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №21 (9447), 26 майи соли 2016

Дар раванди ҷаҳонишавӣ омилҳое пеш омадааст, ки барои инсоният хатарзо маҳсуб меёбад. Яке аз чунин омилҳои хавфнок, ки боиси нигаронии ҳамагон гардидааст, ифротгароист. Мутаассифона, ин «вабои аср» ба ҷомеаи тоҷик ҳам таъсири манфӣ расондааст. Аз ҷумла, ба ҷавонон. Дар хусуси омилҳо ва оқибатҳои ногувори он суҳбате доштем бо муаллими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, номзади илми таърих Шодибек Собирӣ. – Метавон гуфт, ки дар низоми нави ҷаҳонӣ яке аз ҷараёнҳои пуриқтидор – ифротгароии сиёсӣ торафт мақоми махсус пайдо намудааст? Ҳама гӯё баҳри пешгирии он саъй доранд, лек дар ҳалли масъала мубориза ва ҷонбозиҳои торафт бештар пеш омада, ин зуҳурот ба дарди бедаво табдил ёфтааст... – Дар шароити кунунӣ, яъне раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ифротгароӣ ё бо вожаи маъруф экстремизм яке аз масоили номатлуби ҷаҳон маҳсуб меёбад. Пас ифротгароӣ чист? Мафҳуми «экстремизм» аз лотинӣ буда, маънояш канораро дорад. Дар сиёсат бошад, экстремизм маҷмӯи ғояҳо, андешаҳо ва чораҳои радикалӣ ё қатъиест, ки асосан тавассути зӯроварӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Ифротгароии сиёсӣ асосан аз солҳои 70уми асри ХХ авҷ гирифта, ба зинаи хеле баланд расид. Он ҳама гуна низоми сиёсию ҳуқуқиро сарфи назар намуда, новобаста аз меъёрҳои конститутсионӣ амалҳои худро маҷбуран ҳақ бароварданӣ мешавад. Ба гарав гирифтани одамон, кушторҳои сиёсӣ, ҳуҷумҳои мусаллаҳона ба мақомоти гуногуни давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва ғайраро ба худ касб кардааст. Ҷараёни ифротгароӣ бештар ба ишораҳо ва даъватҳои авомфиребонаю ҷоҳталабона сурат мегирад. Онҳо бештар ба эҳсосоти одамон таъсир мерасонанд. Мехоҳанд, ки дар байни мардум нооромиҳоро ба вуҷуд оранд. Одамонро ба саркашӣ ва шаклҳои дигари эътирози сиёсӣ даъват намоянд. Дар мавриди зарурӣ даст ба сӯиқасд мезананд. Ифротиён ба одамон авомфиребона иҷрои камбудӣ ва норасоиҳои ҳаёт ва мушкилоташонро дар таъминоти иҷтимоӣ ваъда медиҳанд ва қисми зудбовари аҳолиро ба доми тазвир медароранд. Онҳо ҳар гуна дигарандешӣ ва ваҳдату якпорчагиро ба хотири сулҳу салоҳ инкор намуда, фақат арзишҳои

матлуб дар ҳаёти ҳаррӯза зиёд рух медиҳад. Пас аз чунин тарбияи фарзанд оянда чиро интизор шудан мумкин? – Аз гуфтаҳои Шумо бармеояд, ки тарбия дар муҳити оила айни ҳол чандон мувофиқи талаби замон нест? – Албатта, на дар ҳамаи оилаҳо чунин муҳити бепарвоӣ нисбат ба тарбияи фарзандон вуҷуд дорад. Лек мутаассифона, чунин оилаҳо низ кам нестанд. Воқеоти вақтҳои охири дар чандин гӯшаю канори кишвар барафрохтани парчамҳои давлати ба ном исломии ДИИШ гувоҳ аз он аст, ки волидон дар тарбия саҳлангорӣ кардаанд. Пас аз он

Шодибек СОБИРӢ:

фоҷиаи 11-уми сентябри соли 2001 аллакай аз минбари СММ таъкид карда буд. Аҳли ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки бо тамоми шаклҳои зуҳуроти экстремизм ва терроризм мубориза барад. – Боиси нигаронист, ки ҷавонони тоҷик ҳам фирефтаи ваъдаҳои авомфиребонаи саркардаҳои ДИИШ гардида, ба сафҳои он мепайванданд... – Бале, ин раванд боиси нигаронии сахт буда, ҷомеаи тоҷикро ҳаргиз набояд бетараф гузорад. Мо бояд пеши роҳи чунин амалҳои ношоямро бигирем ва ин кирдорҳо бояд қатъиян маҳкум гарданд. Чунин амалҳо ба тарбияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, эҳтиром ба хоки муқаддаси Ватан, волидон, хешу пайвандон, ҳамватанон халали ҷиддӣ мерасонад. Барои рафъи ин зуҳурот муборизаи беамон бурдан вазифаи на танҳо дав-

сиёсӣ ва мафкуравии хешро меписанданд. Ифротгароии сиёсӣ ба ду навъи асосӣ тақсим мешавад: ифротгароии чап ва рост. Дар аксари мамлакатҳои олам ташкилот, иттиҳодияҳо ё гурӯҳҳоеро дарёфт намудан мумкин аст, ки аз ин ё он ҷиҳате назария ва амалияи иртиҷоиро ҷонибдорӣ менамоянд. Ифротгароӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад, махсусан ифротгароии сиёсӣ, динӣ ва миллӣ бештар намоён мебошанд. Ифротгароии миллӣ талаботу манфиатҳои миллату қавми хешро ҳимоя намуда, манфиатҳо ва ҳуқуқҳои дигари миллию этникиро сарфи назар месозад. Дар бисёр ҳолатҳо вай ба ҷараёнҳои ҷудоихоҳон пайваста, ҷудо намудани ноҳияҳо, минтақаҳои алоҳидаро мақсади худ медонад. Муқовиматҳо дар Ҳоланд, Ҳиндустон, масъалаҳои Ирландияи Шимолӣ дар Британияи Кабир, баскҳо дар Испания, бретинҳо ва корсиканҳо дар Фаронса, музофоти Квибек дар Канада, Чеченистон дар Русия ва ғайраҳо шаҳодати онанд. Ифротгароии динӣ ҳам кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифтааст. Бадбинӣ ва тоқатнопазирӣ нисбат ба динҳои дигар ҳатто муқовимати дохилидинӣ хосияти асосии онро ташкил медиҳанд. Дар бисёр ҳолатҳо ифротгароии динӣ характери сиёсӣ пайдо намуда, барои ҳокимият мубориза мебарад. Махсусан дар мамлакатҳои исломии Шарқи Наздик, бахусус Ироқу Сурия имӯз дар фаъолияти вайронкоронаи давлати ба ном исломии ДИИШ бештар мушоҳида мегардад. Амалҳое содир менамоянд, ки хилофи рафтору кирдори инсонӣ буда, боиси фавт ва сарсон гардидани даҳҳо ҳазор сокини осоиштаи ин кишварҳои арабӣ гардидаанд. Ифротгароии сиёсӣ дар Амрико, ки мақоми бо ном «демократӣ»-ро гирифтааст, пурра дида мешавад. Ҳуҷум ба Ветнам, Косово, Югославия, Ироқ,

лату ҳукумат, балки кори ҳамаи шаҳрвандон, пеш аз ҳама падару модарон аст. Пайвастан ба чунин гурӯҳҳо шаҳодат аз он аст, ки тарбияи насли наврасу ҷавон, махсусан аз ҷониби волидон чандон хуб ба роҳ монда нашудааст. Онҳо худогоҳ нестанд, саводи дунявӣ ва диниашон чандон кофӣ нест. Маҳз ноогоҳӣ оқибат касро ба гумроҳӣ мебарад. Дар ҳолатҳои ба корҳои ношоиста даст задани фарзандон афсусхӯрӣ мекунанд, ки дигар суде надорад. «Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ» гуфтаанд. Пас сари тарбияи насли ҷавон на танҳо як оила, балки ҷомеа масъул мебошанд. Имрӯзҳо баъзан шоҳиди он мешавем, ки ҷавонон дар кӯчаву бозор, ҷойҳои ҷамъиятӣ рӯирост ба корҳои ношоям даст мезананд. Рафтору гуфтори онҳоро дида, дар аксар маврид калонсолон худро бетараф мегиранд. Нодида гирифтани раванди тарбияи насли ҷавон оқибати хуб надорад. Дар солҳои охир, чуноне ки дар боло зикр гардид, далелҳои беаҳамиятии оила ва ҷомеа нисбат ба ҷавонон ошкор шуда, баъзеи онон ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро шомил гардидаанд. Ин гувоҳи бетарафию беаҳамиятии оилаҳост. Ҳолатҳое мушоҳида мешавад, ки волидайн фарзандро эрка калон карда, ҳангоми мактабхонӣ, ҳатто мошини сабукрав туҳфа мекунанд. Чунин фарзандони «эрка» ҳуҷҷати ронандагӣ нагирифта, худнамоӣ мекунанд. Дар роҳ ба духтарон дарафтида, ба иззати нафси шаҳрвандон мерасанд. Ҳатто ҳангоми ба дасти корманди бозрасии давлатии автомобилӣ афтидан ба нозири роҳ дағалӣ намуда, зуд ба волидайнаш занг зада, арз менамояд, ки нозири роҳ ӯро доштааст. Падари ин гуна фарзанди «эркатулфор» ба нозир телефон карда, ӯро барои гуноҳи содиркардаи фарзандаш таҳдиди аз вазифа ронданро менамояд. Аз афти кор падар шахси мансабдорест. Мутаассифона, чунин ҳолатҳои но-

ки ин гуна «парчамбардорон» ба дасти кормандони ҳифзи ҳуқуқ афтида ва барои кирдорҳояшон бояд ҷавоб гӯянд, волидон гӯё «бедор» мешаванд. Ашк дар дида, назди идораҳои дахлдорро охурча месозанд. Афсӯс мехӯранд, ки дар тарбияи фарзандон ба саҳлангорӣ роҳ додаанд. Саҳлангорие, ки оқибаташ боиси паси панҷара гардидани фарзанд шуда метавонад. Ватандӯстии воқеӣ характери умумиҷамъиятӣ дошта, барои амалӣ шудани он саъю кӯшиши сокинони кишвар бояд равона бошад. Маҳз муҳити созгори тарғиби арзишҳои ватанпарастӣ метавонад кулли шаҳрвандонро ба корҳои бунёдкорӣ, ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва машғул шудан ба меҳнати барои ҷомеа манфиатбахш раҳнамун созад. Чуноне ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқоту суханрониаш ёдрас мешавад, халқи тоҷик танҳо дар ҳоли ҳамбастагӣ ва ваҳдату ягонагӣ метавонад ормонҳои ҳазорсолаи соҳибватану соҳибфарҳанг буданро амалӣ созад. Барои амалӣ гардидани ин мақсадҳо беш аз пеш арзишҳои ватандорию ватанпарастӣ бояд миёни мардум, бахусус ҷавонон тарғиб карда шаванд. Зеро ғояҳои зӯроварӣ, қатлу ғорат, фиребу бӯҳтон, коштани тухми адовату нобоварӣ, тафриқаандозӣ ва амсоли инҳо миёни мардуми тоҷик дар ҳеҷ давру замон роҳ намеёфт. Имрӯз низ мо ҳамчун сипар пеши роҳи паҳншавии ин ғояҳои ба давлату халқамон бегонаро бояд қотеона бигирем ва барои наслҳои оянда давлати ободу пешрафта мерос гузорем. Тарбияи ғояҳои нек, аз ҷумла ватандӯстию инсондӯстӣ пеш аз ҳама дар муҳити оила сурат мегирад. Дар ин маврид волидон набояд ба саҳлангорӣ роҳ диҳанд. Такрор шавад ҳам боз мегӯям, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд. Зеро ноогаҳӣ касро ба гумроҳӣ мебарад… - Саломат бошед.

Толибшоҳ ДАВЛАТ

Оқибати ноогоҳӣ гумроҳист Афғонистон, Либия, Сурия ва ғайра - оё ин амали ифротгароӣ нест? Мамлакатҳои зикргардида ягон гуноҳе надоштанд, вале бо мақсадҳои ғаразнок ин давлати таҷовузкор бо ёрии блоки истибдодгари «НАТО»-и худ дар ин кишварҳо амалиёти ифротгароӣ гузаронида, хилофи Қонуни ҳимояи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид рафтори зишту ғоратгаронаро раво дид. Баъд аз заволи Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз байн рафтани низоми сиёсии сотсиалистӣ, дар кишварҳои мустақили собиқ ҳудуди иттиҳод ифротгароии сиёсӣ ҳам реша давонд. Намояндагони он зери шиорҳои гуногун бо фармони хоҷаҳои бурунмарзӣ, ки оромии ин кишварҳоро дидан намехостанд, аз хатою иштибоҳҳои роҳбарияти сиёсӣ истифода бурда, зидди сохти сиёсии нав ва мақомоти гуногуни он мубориза мебурданд. Дар ин байн дар Тоҷикистони кӯчаку офтобӣ ҳизбҳои сиёсии вазифахоҳе пайдо шуданд, ки мардумро ба ду қисмати бо ҳам муқобил тақсим намуданд. Дар натиҷа, ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад. Дар ин ҷанг хуни ҳазорҳо одамони бегуноҳ рехта шуд. Ҳазорҳо нафар ятиму бева шуда, ҳазорҳо хона вайрон гардид. Сессияи тақдирсози XVI, ки дар Хуҷанд доир шуд, ба сари давлат марди шуҷоъ Эмомалӣ Раҳмонро овард. Бо шарофати ӯ ҷомеа аз нооромиҳо эмин гардида, сулҳу салоҳ пойдор гардид. Вай мунодии сулҳу амонӣ гашта, ҳар ду гурӯҳро ба ҳам овард. Ифротгароӣ дар кадом шакле, ки набошад, ба сари одамон даҳшат ва мусибат оварда, онҳоро мутеи сиёсатбозиҳои бемаънӣ мегардонад. Дар сиёсати ҷаҳонӣ ифротгароӣ мақоми махсус пайдо намуда, ба шакли мудҳиши зӯроварӣ табдил ёфтааст. Аз ин одамони бегуноҳи бисёре қурбони амалҳои террористӣ мегарданд. Инро Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз пеш аз


БА ИФТИХОРИ 25-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ умумии рақами 32 дар деҳаи Курӯд барои 160 ҷойи нишаст аз ҳисоби маблағҳои Бонки Саудии Рушд, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47 дар деҳаи Пасрӯд аз ҳисоби фонди Каталитикӣ, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи уммии рақами 60 барои 100 ҷойи нишаст ба мабалағи 489000 сомонӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давла-

дар ин марказҳо натиҷаи хуб дошта, фаъолияти мураббиён низ назаррас аст. Соли хониши 2012-2013 дар 11 муассисаи таълимӣ гурӯҳҳои шашсола бо дарбаргирии 248 нафар кӯдак фаъолият кард. Ҳамин тариқ, солҳои минбаъда низ ин гурӯҳҳо инкишоф ёфта, шумораи зиёди кӯдакони шашсоларо барои тайёрӣ ба мактаб фаро гирифтанд. Масалан, дар давраи таҳсили соли 2014-

13

Эшонқул ва Шодиев Сафар мебошанд, ки мутаносибан аз фаннҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих ва химия сазовори ҷойҳои якум ва сеюм гардида, дуи аввал соҳиби медали тилло ва дигарӣ соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Соли гузашта 21 нафар хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии ноҳияи Айнӣ соҳиби квотаи Президент гардидаанд, ки 11 нафарашон духтарон

е-mail: javonontj@mail.ru

Давлати пойдор хоҳӣ рӯй бар мактаб биёр

тии ноҳияи Айнӣ, сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43 бо маблағи 552 ҳазору 500 сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳия идома дошта, дар назар аст, ки ҳамаи иншооти зикршуда то якуми сентябри соли равон ба истифода дода шаванд. Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 20112015 низ дар ноҳия дар сатҳи хуб амалӣ шуда, шумораи умуии компютерҳо дар ин давра ба 522, принтерҳо 133, генераторҳо 51 ва кабинетҳои фаннӣ ба 63 расонида шуд, ки 114 фоизро ташикл медиҳад. Дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва умумии ноҳия гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб амал мекунанд, ки ҳанӯз соли 2011 дар базаи 5 мактаб 7 гурӯҳи шашсола ташкил карда шуд, ки 116 нафар кӯдакро фаро мегирифт. Маблағгузории он аз ҳисоби падару модарон ба роҳ монда шуда, санҷишҳо нишон доданд, ки фарогирии кӯдакон

2015 дар базаи 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 23 гурӯҳи омодагӣ ба мактаб бо фарогирии 493 кӯдак фаъолият кард. Соли хониши ҷорӣ бошад, дар 27 муассисаи таълимӣ 624 кӯдак дар 30 гурӯҳи омодагӣ ба мактаб ҷалб карда шудаанд. Заҳмати аҳли маорифи ноҳия самар оварда истодааст, зеро сол то сол шумораи зиёди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар олимпиадаҳо иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор шуда истодаанд. Давоми панҷ соли охир хонандагони ноҳия соҳиби 14 медал, аз ҷумла 3 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ гардидаанд. Масалан, дар соли хониши имсола 428 нафар хонанда дар олимпиадаҳои минтақавӣ иштирок намуда, аз онҳо 133 нафар ба олимпиадаи ноҳиявӣ, 24 нафар ба вилоятӣ ва 4 нафар ба ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Хушбахтона, се нафар аз иштирокчиёни олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Инҳо Қодирова Гулҷабин, Қулов

мебошанд. Ин миқдор квотаро хатмкунандаҳои ноҳия барои соли хониши 2016-2017 низ соҳиб шудаанд, ки 12 нафарашон духтаронанд. Таъсис ёфтани Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун иқдоми саривақтии Роҳбари давлат ба рушди соҳибмаълумот шудани насли ҷавон бешак мусоидат кард. Зеро бо ба фаъолият шуруъ кардани Маркази миллии тестӣ сатҳи ҳуҷҷатсупорӣ ва дохилшавии хонандагони ноҳияи Айниро низ ба мактабҳои олӣ хеле беҳтар намуд. Агар соли хониши 2014-2015 аз 1247 нафар хатмкунанда 603 нафар (48 фоиз) ҳуҷҷат супорида бошанд, пас соли хониши 2015-2016 аз 1144 нафар хатмкунанда 717 нафар (62 фоиз) ҳуҷҷат супоридаанд, ки 14 фоиз зиёд аст. Ба таҳсил фаро гирифтани духтарону писарон аз масъалаҳое мебошад, ки зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад. Дар ноҳияи Айнӣ низ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад

ва ба ин мақсад муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба асосӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ба муассисаҳои миёна табдил дода мешаванд. Ҳанӯз аз якуми сентябри соли 2014 муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии деҳаҳои Утоғар, Чоре ва Пои Мазор ба муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ табдил дода шуд. Бо ин амал имрӯз дар ноҳия муассисаҳои ибтидоӣ барҳам дода шуда, ҳамаи хонандагони синни мактабӣ ба таҳсили асосии конститутсионӣ фаро гирифта шудаанд. Бо назардошти имконоти биноҳои таълимӣ, пояи моддӣ-техникӣ, базаи кадрӣ ва афзоиши шумораи хонандагон ба нақша гирифта шудааст, ки ин амал мунтазам давом ёфта, дар назар аст, ки имсол муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии №53, 62 ва 50 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шаванд. Ин иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ боиси дастгирӣ ва қаноатмандӣ аст, зеро дар шароити кӯҳистон беҳтарин роҳи ҷалби насли наврас ба таълим, воқеан ҳам таъсис додани муассисаҳои миёнаи умумӣ мебошад. Чунки деҳаҳо аз ҳамдигар дар масофаи дур ҷойгир буда, ҳангоми хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи ибтидоӣ ва ё асосӣ, хонандагон, махсусан духтарон, аксаран бекору хонашин мешаванд. Зикр кардан бамаврид аст, ки мо - маорифчиён таваҷҷуҳу ғамхории доимии давлату Ҳукумати ҷумҳуриро пайваста эҳсос намуда, барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбия ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба воя расонидани насли ҷавон кӯшиш ба харҷ медиҳем. Қулмаҳмад ҒАФУРОВ, омӯзгори МТУА №53-и ноҳияи Айнӣ

www.javonon.tj

Мактабу маориф дар ҳама давру замон аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор мераванд, зеро маҳз ин соҳа барои рушди соҳаҳои дигар замина мегузорад. Аз ин ҷост, ки бузургони илму адаби миллати тоҷик мақому манзалати мактабу маорифро дар эҷодиёташон хеле хуб нишон додаанд. Байти машҳури Пояи давлат набошад бе маориф устувор, Давлати пойдор хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр ва садҳо чунин шоҳбайтҳову қитъаҳо дар ин мавзуъ бозгӯкунандаи он аст, ки аҷдодони мо - тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои пеш мактабу маорифро чун соҳаи калидии давлат мешинохтанд ва барои рушди он кӯшишҳо ба харҷ медоданд. Хушбахтона, имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд ва ин соҳа зери таваҷҷуҳ ва ғамхории бевоситаи роҳбарияти давлату ҳукумат қарор дорад. Гувоҳи ин гуфтаҳо ҳамасола сохта ба истифода додани иншооти зиёди соҳа, аз қабили биноҳои мактабу кӯдакистонҳо мебошад. Ноҳияи Айнии вилояти Суғд низ аз ин раванд дар канор нест. Танҳо давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин ноҳияи кӯҳистони кишвар чандин мактаби нав сохта шуданд, ки ин омил, бешубҳа дар баланд шудани сатҳи таълиму тарбия ва дарсазхудкунии хонандагон муосидат намояд. Аз ин ҷост, ки сол то сол иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмун ва олимпиадаҳои сатҳи гуногун, инчунин дохилшавӣ ба мактабҳои олии дохил ва хориҷи кишвар тамоюли афзоишро касб кардааст. Айни замон дар ноҳияи Айнӣ 66 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 49 муассисаи таҳислоти миёна ва 17 муассисаи таҳсилоти асосӣ бо дарбаргирии 16 936 нафар хонанда фаъолият доранд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас зиёда аз 1500 нафар омӯзгор машғул мебошанд. Давоми чанд соли охир барои муҳайё намудани шароити таҳсил ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо ҷойҳои нишасти иловагӣ чанд бинои таълимӣ сохта шуда, инчунин сохтмони боз чанд бино ва синфхонаҳои иловагӣ идома дорад, ки аксараш дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Аз ҷумла, то имрӯз дар мавзеи Қарғтӯдаи деҳаи Шамтуч барои 120 ҷой, Каздон - 160 ҷой, Рарз-Хоки сафед - 120 ҷой, Сангистон - 320 ҷой ба маблағи 1181943 сомонӣ, Дашти Хушекат барои 160 ҷой дар ду баст ва Вота барои 160 ҷойи нишаст ба маблағи 416 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шудааст. Инчунин, корҳои сохтмонии биноҳои нави муассисаи таҳсилоти

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №21 (9447), 26 майи соли 2016


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

14

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №21 (9447), 26 майи соли 2016

АЗ ИДОРА: Баъди пош хурдани давлати абарқудрати шӯравӣ робитаҳои адабӣ миёни кишварҳои узви ин иттиҳод ба куллӣ канда шуданд. Муддати бист сол мо намедонистем, ки дар мамолики дуру наздик муҳити адабӣ дар кадом поя қарор дорад, чӣ асарҳое рӯйи кор омаданд, тарҷумаи осори адибони муосири ин кишварҳо чӣ сон ба роҳ монда шудааст. Кор ба дараҷае расид, ки дар нашриёти адабии мо шуъбаҳои тарҷумаро «чизи зиёдатӣ» гуфта аз байн бурданд. Адиби шинохта, ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, собиқ сармуҳаррири пурхонандатарин рӯзномаи Тоҷикистон - «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) Ато Ҳамдам моҳи марти соли 2004 бо дастури Президенти кишвар ба интишороти «Адиб» ба сифати директор ба кор омад ва дере нагузашта бо ибтикори ӯ дар нашриёт шуъбаи тарҷума аз нав ба фаъолият шуруъ намуд. Устод Ато Ҳамдам сипас ба кори аз нав пайвастани риштаҳои кандашудаи адабӣ миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуруъ кард. Аввалин коре, ки ӯ оғоз намуд, иштирок дар Намоиши байналмилалии «Китоби Белорус - 2008» буд. Дар шаҳри Минск ӯ бо роҳбарияти Иттиҳодияи нависандагони Белорус вохӯрд ва онҳоро даъват кард, ки робитаҳоро аз нав барқарор созанд, ба тарҷума ва нашри асарҳои адибони тоҷик ва беларус шуруъ намоянд. Чунонки мегӯянд, ях ба ҳаракат даромад, пиряхҳо ба об шудан оғоз карданд. Баъди як моҳи он сафар дар Тоҷикистон китоби «Панду андарзҳо»-и адиби машҳури Белорус Георгий Марчук ба нашр расид. Мо имрӯз аз хотираҳои устод Ато Ҳамдам он пораеро, ки ба робитаҳои адабии миёни Тоҷикистону Белорус дар даврони истиқлол бахшида шудааст, пешкаш намуда, умедворем, ки эшон ба ҳайси мудири бахши робитаҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ин кори некро босамар идома медиҳанд.

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“ Ману ӯ дар чанд машварату семинарҳои драматургон ҳамроҳ будем, баҳсҳои бисёре доштем. Гӯед, фурсат ёфта ба Белорус биёяд. Дӯстонро гум макун. Инро, агар хато накунам, шоири машҳури Шумо Турсунзода гуфтааст. - Албатта, мерасонем… Ана, ҳамин тавр ошноии мо бо яке аз адибони машҳури Белорус, нависандаи халқӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ин кишвар, номзад ба мукофоти нобелӣ дар соли 2005 Георгий Василевич Марчук шуруъ шуд. Тӯли панҷ рӯзе, ки дар намоишгоҳ будем, бо ҳам сахт унс гирифтем, суҳбатҳои зиёди корӣ доштем. Агар гӯям, ки яхи сарди хомӯше, ки тӯли ҳаждаҳ соли охир миёни адибони мову Белорус ва на танҳо Белорус, балки дигар кишварҳои муштаракулманофеъ ба вуҷуд омада буд, маҳз дар Минск, дар рӯзҳои ҳамоиши бузурги фарҳангӣ ва адабӣ бо

Мо сафар кардем... Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме Аввалҳои моҳи январи соли 2008 аз Вазорати фарҳанг занг зада гуфтанд, ки ба қарибӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус намоиши байналмилалии китоб баргузор мешавад, майли ширкат кардан надоред? Посухро интизор нашуда зуд афзуданд: «Ба умеди вазорат нашавед, пул надорем. Рафтанӣ бошед, илоҷашро худатон ёбед ва моро огоҳ намоед». Хабар хуш буд. Бори аввал ширкат намудан дар чунин як ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ албатта, барои мо - ноширони тоҷик, мояи ифтихор аст, лекин дар ибтидои сол ки ҳанӯз аз ҳеҷ куҷо маблағе ба суратҳисоби интишорот ворид нагашта буд, озими чунин як сафари дуру масъулиятнок шудан кори осон набуд, лекин чунон ки мегӯянд, бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме. Дуруст таъкид карданд, илоҷамонро худамон бояд ёбем. Илоҷи ноилоҷӣ нест мегӯянд. Мо метавонистем танҳо аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ, яъне ба фурӯш рафтани китоб ин сафарро амалӣ гардонем. Ниятамон ки соф буд, корамон омад кард. Аз идораи савдои китоб (сарвараш дӯсти қадрдонамон Саидҷаъфар Сафаров), ҳамчунин аз чанд ноҳия ва муштариёни алоҳида маблағҳо ворид шуданд ва мушкилоти сафари мо ба осонӣ ҳалли худро ёфт. Аввали моҳи феврал ман – сарвари интишороти «Адиб» ва Наҷмиддин Зайниддинов - сарвари интишороти «Маориф ва фарҳанг» то зӯрамон расидан китобҳои тозанашри ноширони Тоҷикистонро ба қуттиҳо ҷой карда, ба пойтахти Белорус - шаҳри Минск роҳ пеш гирифтем. Соҳибхонаҳо ба ширкати мо чандон бовар надоштанд. Онҳо гуфтанд, ки то лаҳзаи охир аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар бораи омаданатон иттиллои аниқ надоштем. Бо вуҷуди ин дӯстони белорус аз омадани мо шод гаштанд. Дар меҳмонхонаи боҳашамати «Планета» бароямон ҷой доданд, ба намоишгоҳ раҳнамоӣ карда ғурфаи махсусро пешкаш намуданд ва мо зуд шуруъ кардем ба ороиши ғурфа ва ҷобаҷокунии китобҳо. То оғози расми ботантанаи намоиш ғурфаи Тоҷикистон омода гашт. Китобҳои бешумор бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, расму овезаҳо, плакатҳои гуногун бо акси манзараҳои нотакрори кишвари азиз, ходимони барҷастаи илму адабиёт, ҳунар ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ боиси он гашт, ки мо дар ин гӯшаи бароямон ҷудошуда Тоҷикистони азизро ҷой

диҳем. Бесабаб набуд, ки ғурфаи мо ба зудӣ диққати муштариёнро ҷалб намуд. Рӯзи аввал, баъди ифтитоҳи намоиш Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус, дӯсти деринаи ман Амирхон Сафаров ва дигар кормандони сафорат аз ғурфа дидан ва изҳори қаноатмандӣ карданд. Амирхон Сафаров бо табассум изҳор кард, ки баъди ҷамъбасти намоиш албатта, китобҳоро ба сафорат тӯҳфа мекардагистед ё баргашта мебаред. «Ҳарчи ки овардем, ин ҷо мемонад, - гуфтем ба ӯ. – Албатта, як қисми ин китобҳоро ба онҳое, ки таваҷҷуҳ ба кишвари мо, ба адабиёти мо доранд, ҳадя мекунем, боқимонда ҳама ба сафорат супурда мешавад». Амирхон Сафаров боз шӯхиомез афзуданд: «Нашавад, ки дар фуроварди намоиш барои мо ягон чиз намонад. Маслиҳат медиҳем, тӯҳфаҳоро дар рӯзи охири намоиш тақсим кунед. Яъне ҳам ба ихлосмандон расад ва ҳам ба мо». «Ҳамин тавр мекунем» ваъдаи қатъӣ додем мо. Дар шафати ғурфаи мо маҳсулоти чопии интишороти адабиёти бадеии Иттифоқи нависандагони Белорус ба намоиш монда шуда буд. Он ҷо низ ҳамеша серодам. Марди миёнсолу миёнақади мӯйсараш мошу биринҷ баъди он ки мо корҳоямонро ба анҷом расонидем ва аз тайёр будани ғурфа ба масъулин дарак додем, наздамон омада, аввал ба навиштаҷоти пештоқи ғурфа назар андохта «Ҳо, бисёр хуб. Тоҷикистон! Хуш омадед, дӯстони тоҷик!» гуфт ва наздиктар омада, даст дароз карда, худро муаррифӣ намуд: - Георгий Марчук, нависанда, котиби Иттифоқи нависандагони Белорус. Мо ҳам худро шиносондем. Мизбон баъди пурсупоси анъанавӣ зуд суол дод: - Он ҷо, дӯсти ман Меҳмон Бахтӣ чӣ ҳол дорад? Посухаш додам: - Ҳоли дӯсти Шумо хуб аст. Марчук: - Чун пештара шӯху хандон аст? - Бале! - Чӣ кор мекунад, пиеса менависад? - Менависад, кам менависад, вале хуб менависад. Бисёр серкор. - Яъне чуноне ки пештар буд, ҳамон тавр мондааст. Қанд занад! - Бале. Шӯху ҳазлкаш, ҳозирҷавоб ва чун ҳамеша хандону шукуфон. - Пас, салому паёми маро расонед.

ширкати 20 давлати дунё шикаст, об шуд, хато намекунам. Ҳарчанд ки андешаи шикастани ин яхи хомӯшӣ чанд муддат пештар дар сари ману ҳамкоронам дар нашриёти «Адиб» пайдо шуда буд. Аз расонаҳои хабарӣ иттиллоъ ёфта будем, ки моҳи сентябри соли 2008 дар Ҷумҳурии Туркманистон ҳафтаи фарҳанги Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт. Гурӯҳи дастаҳои ҳунарӣ, ҳофизону раққосон ба ин маърака ҳамаҷониба тайёрӣ медиданд. Мутаассифона, ба ин ҳамоиш адибону рассомон, ҳунармандони театрҳо шомил набуданд. Вале дар тасаввури ман бе аҳли адаб ва эҷод гузаштани ин гуна чорабиниҳо аз рӯи инсоф нахоҳад буд. Мо бояд ба ҳар роҳе ки бошад, дар хубу хотирмон гузаштани ин чорабинӣ саҳмгир бошем. Аз ин рӯ, ман ҳамчун раиси калонтарин интишороти Тоҷикистон қарор додам, ки мушкил ҳам бошад, баёзи назму насри адибони муосири туркманро тарҷума ва чоп намуда, дар рӯзҳои ҳафтаи фарҳангӣ ба муштариён ва билхоса, ба дӯстони туркман ҳадя намоем. Барои амалӣ гаштани ин ният ба номи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Туркманистон Гулмурод Муродов номае ирсол намуда, аз ин нияти хеш эшонро хабардор кардам ва хоҳиш намудам, ки дар доираи имконият ҳарчи зудтар намунаи назму насри муосири туркманро ба нишонии мо фиристанд. Хушбахтона, ин пешниҳод ба дӯстони туркман писанд афтод ва онҳо ба зудӣ Баёзро омода карда, фиристоданд. Китоб ба зудӣ аз ҷониби беҳтарин тарҷумонҳои мо ба тоҷикӣ гардонда шуд ва мо, ноширон онро дар аввали сентябр бо номи «Насими Хазар» аз чоп баровардем. Мутаассифона, бо сабабҳои объективӣ ҳафтаи фарҳанг дар Туркманистон баргузор нагардид. Вале мо дар намоиши байналмилалии китоби Ашхобод моҳи октябри ҳамон сол ширкат намуда, намунаи назму насри Туркманистонро хеле хуб муаррифӣ кардем… Инак, Минск – пойтахти Ҷумҳурии Белорус. Намоишгоҳи 15-уми байналмилалии «Китоби Белорус-2008». Ман бисёр мехостам, ки фурсати қулай ёфта, ба Георгий Василевич дар бораи аз нав пайвастани робитаҳои кандашудаи адабӣ суҳбате дошта бошам ва таклифҳои худро пешниҳод намоям. Ато ҲАМДАМ (Давом дорад)


САЙҚАЛИ ХОТИРА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №21 (9447), 26 майи соли 2016

Барномаи хабарї дар шабакаи аввал

Суди … маќоми олии судии ЉТ

Њамсари бобо

Ќањрамони "Шоњнома"

Кифоя

Тухми моњї (русї)

Забони сокинони Лондон

Алоќа, вобастагї

Мизон, асбоби фурўшанда

Пули Литва

Њурмату эњтиром

Муќобили «кўњна»

Пойтахти Шветсия

Бањр дар Осиёи Миёна

"Мерседес-... "

Људо

Зуком (русї)

Антоними «мураккаб»

Матоъ аз нахи кирмак

Касе, ки медонад

Фаќир, ќашшоќ

Русї – «стой», англ.«stop», тољикї - ?

Њоло донишљў нест Муаллифа «Шикоят аз пирї»

Дарахти мевадињанда

Дузд (русї)

"Ёр ... бошад, кор сањл аст"

Зебу зинат

Ба моњигир лозим

Собиќ президенти ИМА

Ќиёскунии ду ва ё зиёда чиз

Онро ба мурѓон медињанд

Раги калони хунгард

Моњии барќдор

Вобаста, доир

Шеъри 4-мисраъгї

... и никоњ, ањднома Тамѓаи маргарин

... Холова, сароянда

www.javonon.tj

Маъшуќаи Бежан аз «Шоњнома»

Яке аз занњои бињиштї

«Икарус» ё «ПАЗ»

Бале, ња Сайёраи њамрадифи Замин

Матои абрешимї

Оњани нўгтез дар чўб

Додар, ака

Бародар

Сурат, тасвир

СММ ба русї

Њайвон ё ашё – «чї?», одам – ?

…и мубориза бо коррупсия (ташкилот)

Хоњари амак

Моњишўрбои русї

Бачаталаба, духтар – ?,

Ќисса, њикоя

...-Анљелес, шањр дар ИМА

Гули калони донадор

Ќисми поёни бино Њавзи нерўгоњ

Охири номи њамаи давлатњои Осиёи Миёна

Боксёри номии асри 20 Муњаммад …

Амири охирини Бухоро

Кори хатти аз фанни адабиёт

Номи маъмули русї

Мадад, кўмак

Дар он хун љорї аст

Супоришоти пеш аз марг

Суруди модарон

Миллати сокини Ереван

Илми тандурустї

Математика

Нотаи чоруми мусиќї

Фани мактабї

Модари Исо

Духтари калонї барои хурдињо

Дарунхолї, пуч

Рўзи пеш аз ид

Сарпўши миллї

Яке аз чор тарафи дунё

… Кайф, актрисаи њиндї

... Амонќулова, сарояндаи «Дар лаби об…»

Тамѓаи њавопаймои америкої

... Баччан, актёри њиндї

Њаё, ор

Додар (лањљ.)

е-mail: javonontj@mail.ru

Амрикои … - материк бо Канада

Сокини пойтахти Тољикистон

Рассом … да Винчи

15


е-mail: javonontj@mail.ru

16

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №21 (9447), 26 майи соли 2016

 ОБУНА - 2016

 ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Патенти гумшуда барои амалӣ гардондани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки Нозироти андози ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 07.08.2014 ба Сафаров Тағаймурод Ҳайдарович (РЯМ 0130107139) додааст, эътибор надорад.

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои нуҳ моҳ - 48,75 сомонӣ; - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ; - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/к 20402972316254, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

Дафтарчаи имтиҳонии донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор Саидов Абдувалӣ Сайдалиевич, ки соли 2008 гирифтааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад. Шартномаи хариду фурӯши манзил, таҳти феҳрасти 6Д-1294 аз 03.07.2009, ки дар Идораи нотариалии ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе бо суроғаи кӯчаи Мушфиқӣ-79, ҳуҷраи 26 сабт шуда, ба шаҳрванд Сафаров Зиёрат Аскарович тааллуқ дорад, аз эътибор соқит карда шавад. Дафтарчаи имтиҳонии №06-5440/13, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ соли 2013 ба Сафаров Маҳмадсаид Қудратуллоевич додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №0957855, ки онро МТМУ №45-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе соли 2013 ба Мирсаидов Баҳодур додааст, эътибор надорад.

 АНДАРЗ

Зодрӯз муборак!

Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №80112, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов соли 2012 ба Нозимов Комрон Азимович додааст, эътибор надорад.

МОДАРИ МУШФИҚУ МЕҲРУБОН ШОҲХОНИМ БОЙМАМАДОВА!

Хабари хуш

www.javonon.tj

Дар мусобиқаи ҷаҳонии голф варзишгари ҷавон ҷои якумро ишғол менамояд. Вақте ӯ аз варзишгоҳ мебарояд, зане аз вай пул мепурсад ва сабаби барои чӣ пул лозим буданашро ба ӯ ҳикоя мекунад. Маълум мешавад, ки фарзанди хурдсол ва ягонааш бениҳоят бемори вазнин будааст ва барои ҷарроҳиаш пули калон лозим. Баъди шунидани ҳикоя дили варзишгар ба ҳоли зани фақир месӯзад ва тамоми маблағе, ки аз мусобиқа ба даст оварда буд, ба вай медиҳад... Фардои он рӯз ҷавон ҳодисаи аз сараш гузаштаро ба дӯстонаш нақл мекунад. - Оҳо, дилам ба ту месӯзад, - гуфт яке аз дӯстон. - Ту ҳам ба доми фиреби ин зани маккор афтодӣ? Вай ҳикояи дилсӯзонаи худро, ки гӯё фарзанди хурдсолаш бемори вазнин аст бофтааст, то маблағ аз ту ситонад. Зан чанд нафари дигарро низ фиреб дода пул гирифтааст... - Магар зан кӯдаки бемор надорад? пурсид ҷавон аз дӯстонаш. - Надорад, - гуфтанд онҳо бо як овоз. - Шукронаи Худованд! Ин аз ҳама хабари хуш аст, ки тӯли як моҳ, ҳатто як соли охир мешунавам. Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ“ Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯем. Бароятон, қабл аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорем. Аз даргоҳи Офаридгор талаб менамоем, ки ҳамеша шуморо саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд дар паноҳаш нигоҳ дорад. Мо, ҳама, шуморо дӯст медорем. Бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат фарзандонатон Шоҳсанам, Моҳхоним, Сураҷ, ҷиянатон Ватансултон ва набераҳо Ризо, Умеда, Фариза, Насиба. Муборак зодрӯзат, модари ҷон, Набинад ғам вуҷудат, модари ҷон. Танат бедард боду хотират шод, Ки мо гӯем дурудат, модари ҷон.

Номаи камоли гумшудаи дараҷаи А №251419, ки МТМУ рақами 55-и шаҳри Душанбе соли 1995 ба Кенҷаева Назира Маҳмудовна додааст, эътибор надорад.

Дафтарчаи имтиҳонии донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ Изатов Насимҷон Ғайратович бинобар гум шуданаш эътибор надорад.

Абдуалим САИД

Шиносномаи техникии ҳавлидорӣ бо суроғаи ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ), кӯчаи Октябр-4, ҳуҷраи 2, ки ба шаҳрванд Қосимова Сурайё мутаалиқ аст ва таҳти рақами 1634 дар КДФ “Бақайдгирии молумулки ғайриманқул”-и ҳамин ноҳия сабт шудааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад.

НАҒМАИ ҶӮ Ба набераам Суҳайл

ДУОИ ВОЛИДОН БАРОИ ШАҲРБОНУ Духтарам бонуи кошонаи ман, Гавҳару ёқуту дурдонаи ман. Гулназар чашми ман аз рӯйи ту бод, Шаҳрбонуи гули хонаи ман. *** Шаҳре, ки чароғи моҳ дорад дар бар, Шаҳри дигаре нигини Бону дар сар. Аз шаҳри чароғон бигурезам сӯят, Эй шаҳрнасаб, Бонуи дилдори падар.

Суҳайли дӯстрӯям, як сухан гӯ, Забони ту бувад чун нағмаи ҷӯ! Дар ин гулшан чу булбул хушнавоӣ, Ба ҳар як шохае пар мекушоӣ! Туӣ қудрат, туӣ ганҷури ҷонам, Туӣ чун офтоби осмонам. Ба мисли шоирон ширинзабонӣ, Худо ҳифзат намояд аз хазонӣ. Милодат, эй азизи дил, муборак, Ба умрат солҳо гардад қаторак! Дуоят мекунам, поянда бошӣ, Барои ин Ватан арзанда бошӣ. Бисабзию табиби халқ гардӣ, Чу Сино ҳар касе гӯяд, ки мардӣ!

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).

Шартномаи хариду фурӯши манзил бо суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Зайнабобод, кӯчаи Октябр-4, ҳуҷраи 2, ки миёни шаҳрвандон Аминов Мустафо ва Қосимова Сурайё баста шуда, таҳти №1ш267 дар Идораи давлатии нотариалии ноҳияи Рӯдакӣ ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад.

ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ

Соҳибкори инфиродӣ Ашуров Азамат Холмаҳмадович (РЯМ 0230033275), ки аз 3 феврали соли 2012 дар Нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. •

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6848 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.