Ҷавонони Тоҷикистон, №22, 2018

Page 1

ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №22 (9552), 31.05.2018

javonon.tj

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН

Кӯдакон муҳимтарин воситаи бақои оила

№22 (9552), 31/05/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

Эй сорбон, оҳиста рон! саҳифаи

5

Бунёди майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди пойтахт Худкушӣ - эътироз?

саҳифаи

6

саҳифаи

7

Анастасия: Беҳтарин хотираам бозӣ бо Пешвои миллат аст саҳифаи

9

Вохӯрии тасодуфии ду шахси таърихӣ саҳифаи 10 Террори миллӣ ё воқеияти қатли Олимпур бо “силоҳи бародар”

Дар навбати худ занон ҳам бояд сустирода нашаванд, бояд дарк кунанд, ки мақсад аз омаданашон ба ин дунё чист, ба куҷо бояд раванд. Ва аз ҳама муҳим дар сурати ба ҷони худ қасд кардани зан оё зиндагии пайвандонаш, агар фарзанддор бошад, ояндаи фарзандонаш чи гуна шакл мегирад... Таманно мекунем, ки ҳамеша ақли инсон мунаввар бошаду худи ӯ дурандеш, то мабод зане, модаре ба худкушӣ даст занаду фарзандони худро бемодар гузорад. Зимнан, аз ҷавонон, мардон ва падарон ҳам даъват мекунем, ки бар ғазаби худ ҳоким бошанд, ба хотир дошта бошанд, ки занҳо низ ба дасти эшон амонатанд ва ҳар амонатнигаҳдоре рӯзе пурсида хоҳад шуд.

саҳифаи

13


2

ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №22 (9552), 31.05.2018

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти Донишкадаи исломии Тоҷикистон шуруъ шуд 30 майи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит оғози расмӣ бахшиданд. Иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд карда мешавад. Бинои асосии ин муассисаи олии таълимӣ аз 5 қисми (блок) ҳафтошёна иборат буда, лоиҳаи он ба таври замонавӣ дар доираи меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ таҳия шудааст. Тибқи лоиҳа се қисми иншоотро асосан биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ ва ду қисми дигарро хобгоҳҳои замонавӣ, толори муоси-

ри варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва китобхона ташкил медиҳад. Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки хобгоҳ барои 1500 нафар, ошхона бо 490 ҷой, толори варзишӣ бо 260 ҷой ва маҷлисгоҳ бо 550 ҷойи нишаст сохта мешаванд. Бунёди китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ин ҷо як бинои дуошёна, майдончаи варзишии универсалӣ, ҷойи истироҳат бо фаввора ва айвонҳо, таваққуфгоҳ барои нақлиёт ва дигар иншооти

ёрирасон бунёд мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корҳои сохтмонӣ дастур доданд, ки барои бо сатҳу сифати баланд ва мувофиқ ба талаботи лоиҳа сохтани иншооти таълимию ёрирасони донишкадаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ёдовар мешавем, ки биною иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми АъзамАбӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар шафати «Масҷиди калон», ки айни замон сохтмонаш идома дорад, бунёд мегардад.

Дар шаҳри Душанбе ду муассисаи нави таълимӣ бо 4800 ҷойи нишаст бунёд мешавад 30 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо тарҳи лоиҳаи “Бунёди бинои таълимӣ барои 1200 хонанда дар як баст дар ҳудуди қитъаи замини Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова” шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар ду муассисаи таълимӣ ҳар кадоме бо 1200 ҷойи нишаст дар як баст санги асос гузоштанд.

Комиссияи озмун барои интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» таъсис меёбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 майи соли 2018 дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишро ба имзо расониданд. Дар асоси ин фармоиш тартиб ва ҳайати Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузарони-

дани озмуни кушода тасдиқ карда шуданд. Дар Тартиб ҳадафу мақсад, ваколату вазифаҳои Комиссия, шартҳо ва талаботи озмун ва дигар муқаррарот муайян гардидаанд. Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар қисмати марказии пойтахт, дар қитъаи замини масоҳаташ 29,0 гектар ҷойгир карда мешавад. Акси кайҳонии ҷойгиршавии боғ аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе омода карда шудааст. Тартиби гузаронидани озмун ва ҳайати Комиссияи байниидоравӣ дар сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.tajsohtmon.tj) ва воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ интишор мешаванд. Дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ ба зиммаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст. Барои дастрасии маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, то 30 сентябри соли 2018 лоиҳаи ангоравии худро бо қайди «Барои озмун» бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода, 36 ва ё почтаи электронии info@tajsohtmon. tj пешниҳод намоянд.

Фармоишгари бунёди иншоотҳои нав Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, лоиҳакаш Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ ва лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” мебошад. Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 аз 6 бинои 4 - ошёна бо таҳхона ва 50 синфхона, аз ҷумла 4 синфхонаи лингафонӣ, 4 адад синфи компютерӣ, синфхонаҳои озмоишгоҳи физика, кимиё, ҷуғрофия, биология, синфҳои мусиқӣ, хореографӣ, нақшакашии техникӣ, тайёрии ҳарбӣ, таълими меҳнат, устохонаи коркарди матоъҳо, устохонаи умумии коркарди фулуз ва чӯб, толори варзишӣ бо 190 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд. Ҳамчунин барои кори роҳбарият ва омӯзгорон утоқҳои кории замонавӣ бунёд мешавад. Дар муассиса хуҷраҳои духтурон, равоншинос, китобхонаи электронӣ, толори китобхонӣ, толори маҷлисгоҳ бо 560 ҷойи нишаст, ошхона барои синфҳои поёнӣ бо 255 ҷой ва барои синфҳои болоӣ бо 145 ҷой, дуконҳо, ҳуҷраҳои ёрирасон ва техникӣ мавҷуд аст. Иқдоми бунёди Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе, таҳти рақами 203 аз 19 марти соли 2018 ва бо маблағҳои буҷетӣ амалӣ мегардад. Муассисаи таълимии миёнаи умумии нав, ки дар шафати Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 бо дастури Пешвои миллат бунёд мешавад, барои 1200 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ мегардад. Ин муассисаи нави таълимӣ низ аз чор ошёна иборат буда, дар он барои ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ тамоми шароитҳои муосир ба инобат гирифта хоҳад шуд. Дар мактаби нав низ синфхонаҳои барҳавои лингафонӣ, компютерӣ, озмоишгоҳҳои физика, кимиё, ҷуғрофия, биология, синфҳои мусиқӣ, хореографӣ, нақшакашӣ, тайёрии ҳарбӣ, таълими меҳнат, толори варзишӣ, хуҷраҳои духтурон, китобхонаи электронӣ, толори китобхонӣ, толори маҷлисгоҳ, ошхона, ҳуҷраҳои ёрирасон ва техникӣ бунёд карда мешавад. Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи бунёди муассисаҳои таълимӣ барои 4800 хонанда дар як баст дар ҳудуди қитъаи замини Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе барои назорати корҳои сохтмонӣ ва ба сохтмончиён баҳри иҷрои босифати корҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.


Баҳри Мусобиқаи солимгардонӣ бояд теннис дар камари ҳиммат баст Ишкошим ВМКБ

Бо ширкати 207 нафар ҷавонону наврасон ва собиқадорону варзишгарон дар ноҳияи Роштқалъа зери унвони “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат” роҳпаймоӣ доир гардид. Инчунин пешопеши ҷавонон раиси ноҳия Юсуф Султонноёбов, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Зуҳро Муллоҳукматова, кормандони идораву муассисаҳои маҳаллӣ аз дарвозаи маркази ноҳия то назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳаракат доштанд. Пас аз баромаду суханрониҳои ҷавонон барномаи рангини консертӣ баргузор шуд. Ҳамзамон, дар варзишгоҳи “Медон” миёни шаш даста аз ҳисоби идораву сохторҳои ноҳияи Роштқалъа мусобиқаи волейбол оғоз ёфт, ки рӯзҳои наздик ҷамъбаст мегардад.

Дар ноҳияи Ишкошим бахшида ба “Моҳвораи ҷавонон” ва Рӯзи ҷавонони кишвар мусобиқаи тенниси рӯи миз гузаронида шуд. Дар он ҷавонону хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии маркази ноҳия байни ҳам рақобат намуда, ғолибон аз ҷониби ташаббускори чорабинӣ, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо ифтихорномаву мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд. Гулнора Шердилова, мудири бахш гуфт, ки мусобиқа ҳамчунин ба хотири рушди теннис миёни ҷавонон, ҳар чӣ бештар ташкил кардани чорабиниҳои оммавӣ - варзишӣ ва ҷалби мардум ба онҳо роҳандозӣ шудааст.

12 медали мактаббачагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ ДУШАНБЕ

20 – 26 майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Амитии шаҳри Ноидаи Ҳиндустон 7-умин Олимпиадаи байналмилалӣ байни мактаббачагон аз фанҳои математика, физика, химия ва биология баргузор гардид, ки дар он дастаи миллии

мактаббачагони Тоҷикистон сазовори ҷои аввал шуд. Дар Олимпиада толибилмон аз 15 кишвари олам, аз ҷумла, аз Ҳиндустон, Тоҷикистон, Афғонистон, Индонезия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Бангладеш, Непал, Туркия, Туркманистон,

Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Руминия иштирок намуданд. Дастаи миллии Тоҷикистон дар ин санҷиши донишу маҳорат бо 27 мактаббача иштирок намуда, 12 медали тилло ба даст овард.

Сокини 9-миллионаи Тоҷикистон ба дунё омад Субҳи 26 майи соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе» тифле ба дунё омад, ки аҳолии мамлакатро ба 9 миллион расонид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падару модари тифли 9-миллионаи тоҷикро табрик гуфта, ба Раиси шаҳри Душанбе дастур доданд, ки оилаи тифли бадунёомадаро бо хонаи истиқоматӣ таъмин намояд. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарори дахлдори худро доир ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ аз маркази пойтахт ба Назира Муллоҷонова, модари

3

АХБОРИ ҲАФТА

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №22 (9552), 31.05.2018

тифл имзо намуд. Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, модари тифл сокини шаҳри Душанбе, истиқоматкунандаи кўчаи Асадулло Ғуломов, М2, ҳуҷраи 14 Назира Муллоҷонова, соли таваллудаш 1990 мебошад. Вазни духтарча 3 киллограму 600 грамм буда, қадаш 51 сантиметр мебошад. Ҳолати кўдаки навзод ҳангоми таваллуд аз ҷониби мутахассисон аз рўи ҷадвали Апгар 8/9 хол баҳо дода шудааст.

Ҳашари дастаҷамъона дар Кӯлоб ХАТЛОН

Бахшида ба фарорасии ҷашни Вахдати миллӣ дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯзҳои истироҳат ҳашари дастаҷамъона гузаронида мешавад. Рӯзи шанбе аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида шуд, ки дар он 4,5 ҳазор шаҳрвандон иштирок намуданд Ба таъкиди масъулин ҳадаф аз гузаронидани ҳашарҳо тозаву озода нигоҳ доштани гулгашту хиёбонҳо ва саҳни идораву ташкилотҳо мебошад.

Мо насли хушбахти замон Дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”-и шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон чорабинии идона таҳти унвони “Мо насли хушбахти замон” баргузор гардид. Дар чорабинии

СУҒД

мазкур раиси ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” Х. Сармисоқова иштирок намуда, кӯдакону наврасонро бо рӯзи идашон табрик намуда, иброз дошт, ки кӯдакон ҳамеша зери ҳимояи давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Дар чорабинӣ

кӯдакон маҳсули меҳнати худро ба маърази тамошо гузошта, дар озмунҳои “Шоҳмотбозӣ”, “Рассомӣ” ва “Дастони моҳир” ширкат варзида, дар интиҳо бо барномаи фарҳангӣ қалби ҳозиринро шод намуданд.

Аёдати ятимони кул дар Суғд

Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд, ятимони кулл, ҷавонони бемор ва ҷавонони камбизоат доир гардид. Дар доираи дидорбинӣ намояндагони Раёсат аз ҳолу аҳволи ин қишри ҷомеа огоҳ гардида, ба онҳо кӯмаки яквақтаина ва тӯҳфаҳои Раиси вилояти Суғдро расониданд. Зимни дидорбинӣ таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамеша дар зери таваҷҷуҳи ҳамарӯзаи давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати рушди ин қишри ҷомеа пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст Дар вилояти Суғд бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ, 26 май, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!” баргузор гардид. Машқҳои мазкур дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғҳои фарҳангӣ-

фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷалби беш аз 5300 нафар наврасону ҷавонон, донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят, варзишгарон ва сокинони вилоят (2000 нафар духтарон) доир шуда, иштирокчиён дар тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми худро гузоштанд.

Нуробод: Вохӯрӣ бо 1340 Вохӯрӣ бо толибилмон дар ноҳияи Рӯдакӣ нафар ҷавонони фаъол

ШНТМ

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон вохӯрии раиси ноҳия бо ҷавонони фаъол баргузор гардид. Дар вохӯрӣ беш аз 1340 нафар ҷавонон иштирок намуда, зимни баромадҳо гуфта

шуд, ки бояд ҷавонон имрӯз илму дониш омӯзанду саҳми худро дар пешрафти кишвар гузоранд. Дар интиҳои вохӯрӣ ғолибони соҳаи варзиш ва ҷавонони фаъол бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Бо ташаббуси гуруҳи ҷавонони “Авангард”-и ноҳияи Рудакӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи А.Деҳотӣ бо толибилмони синфҳои болоӣ дар мавзуъҳои “Гара-

виши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб” вохӯрӣ доир гардид. Зимни вохӯрӣ гуфта шуд, ки ҷавонон қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа ба ҳисоб рафта, бояд онҳо омӯзанду

зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Зеро имрӯз маҳз дар паи бесаводӣ баъзе аз ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил шуда, ҳаёти худро ба боди фано додаанд.


4 Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳамзамон ташвишовари ҷомеа маҳсуб меёбад. Таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандии наврасону ҷавонон аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар таъминоту тарбия ва риояву ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак басо муҳим аст. Падару модарон, ки сутуни хонавода ва оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба ин масъала диққати доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд. Онҳо бояд як нуктаро ба инобат гиранд, ки кӯдаки солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар ва самари умри одамизод мебошад. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, ӯ набояд аз тарбияи кӯдак канораҷӯӣ намояд. Тақрибан 30 фоизи аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил медиҳанд. Ҳимояи ҳуқуқ ва кафолатҳо оид ба вазъи ҳуқуқии кӯдак ин дар назди падару модар, ҷомеа ва давлат на танҳо ҳуқуқ, балки уҳдадорӣ низ мебошад. Ҳукумати кишвар муҳиммияти масъалаи таълиму тарбияро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дарк карда, ҳамеша онро дар мадди назари худ қарор медиҳад. Ин аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади пуштибонии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва ҳавасманд гардондани кӯдакону наврасон ба раванди таълим санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои зиёде қабул шудаанд, ки онҳо барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон заминаи мусоиди ҳуқуқӣ гузоштаанд. Яке аз ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ҷабҳаҳои гуногуни таълиму тарбияи кӯдаконро дар бар мегирад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мебошад. Дар қисми якуми моддаи 5 қонуни мазкур зикр шудааст, ки “Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад”.

ҲУҚУҚИ ШУМО Пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба суботу оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобастагии бевосита дорад. Эмомалӣ Раҳмон Мутахассисон қабули чунин санадро амри зарурӣ шуморида, таъкид менамоянд, ки он дар мавриди пурзӯр намудани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд нақши муҳим дорад. “Дар муддати амали ин қонун як маротиба ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, - гуфт Анушервони Исрофил, корманди Маркази миллии қонунгузории назди Президенти мамлакат. – Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2017 5139 нафар волидон барои риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки ин нисбати соли қаблӣ 800 адад зиёдтар мебошад. Ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки дар мавриди вайрон намудани талаботҳои қонун аз ҷониби ноболиғон қабл аз ҳама падару модар масъулият доранд. Ҳамчунин, дар Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Тоҷикистон низ барои вайрон кардани уҳдадориҳо дар таълиму тарбияи фарзанд ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст”. А. Исрофил дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ворид намудани ҷазои маъмуриро мувофиқи мақсад мешуморад. Бешубҳа, волидон дар тарбия ва таълими кӯдакон ва таъминоти ҳамаҷонибаи онҳо масъулияти асосӣ доранд. Кӯдакон муҳимтарин воситаи бақои оила мебошанд. Аз ин рӯ, барои тарбияи дурусти онҳо дар оила муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро

Кӯдакон муҳимтарин воситаи бақои оила фароҳам овардан зарур аст. Ҳамсуҳбати мо - собиқадори соҳаи маориф Ҳ. Турсунов мегӯяд, вазифаи муҳимтарини волидон муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи муътадил ва тарбияи ҳамаҷонибаи атфол аст, чун кӯдакон танҳо дар муҳити оила ба таври муътадил такомул меёбанд. “Вақте наврасон берун аз мактабу оила дар кӯчаҳо ба оворагардӣ машғул мешаванд, ин барои даст ба ҳар гуна ҷиноят задани онҳо замина фароҳам меорад, - гуфт номбурда. - Албатта, тавассути қонуни муайян ба танзим даровардани фаъолияти рӯзмарраи кӯдакону наврасон ва масъулияти волидон дар таълиму тарбияи онҳо амри зарурӣ ва талаби замон буд. Хушбахтона, баъди мавриди амал қарор гирифтани ин қонун сол то сол шумораи кӯдакону наврасони бекору оворагард, мошиншӯю салафанфурӯш ва амсоли инҳо нисбатан камтар ба мушоҳида мерасад. Албатта, кӯдак танҳо дар муҳити оила ҳамчун шахсият ташаккул меёбад. Кӯдакистону мактаб ва муассисаҳои таълимӣ бошанд, дар ин самт ба оилаҳо мусоидат карда метавонанд. Кӯдакон бояд ҳамеша ба таълим ва ба корҳои манфиатнок машғул бошанд, чун бекорию оворагардӣ яке аз сабабҳои асосии аз таълиму тарбия дур мондан ва ба роҳи хато қадам гузоштани онҳо мегардад. Хуб мешавад, агар мисли даврони шӯравӣ дар тамоми макотиби миёна маҳфилҳои фанниву клубҳо, чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, шабнишиниҳои фарҳангӣ амал намуда, хонандагон ба таври ройгон ба онҳо ҷалб карда шаванд. Кадом падар ва ё модар мехоҳад, ки фарзанди ӯ дар оянда душвортарбияву каҷрафтор гардад? Ба ғайр аз ин, дар даврони шӯравӣ ҳангоми таътили тобистона қариб,

Соҳаи муҳиму афзалиятнок Эълон гардидани соли 2018 чун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” яке аз иқдомҳои дурандешонаи Ҳукумати кишвар аст, ки он барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Бешубҳа, ин иқдом барои муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва баҳри боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ шароити бештар муҳайё мекунад. Соҳаи туризм нисбат ба саноати мошинсозӣ, ва доруворӣ баҳри баланд бардоштани буҷаи кишварҳо дар сафи пеш аст. Дар

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №22 (9552), 31.05.2018

воқеъ, давлатҳое, ки табиати зебо ва таърихи қадима доранд, аз ин дастоварди худ васеъ истифода бурда, ба буҷаи давлат даромади зиёд меоваранд. Боиси ифтихор аст, ки дар Тоҷикистон имкони хуби дарёфти мавқеи арзанда дар сохтори ҷаҳонии туристӣ пайдо мегардад. Дар Тоҷикистон имкони мушоҳидаи иқлим ва табиати мухталиф вуҷуд дорад. Сайёҳон имкон доранд, дар як замон ҳам аз табиати зебои водӣ ва ҳам аз манзараҳои дилнишини доманакуҳҳо ва ҳамзамон аз қуллаҳои барфпуши иқлими

куҳистон баҳравар бошанд. Масалан, тӯли як соати парвоз бо чархбол сайёҳ имкон дорад, ки аз иқлими гарми водии Вахш ба марзи сарди барфҳои ҷовидонаи куҳҳои Помир ташриф орад. Чунин имкониятро сайёҳон танҳо дар Тоҷикистон баҳравар мегарданд. Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон барои рушди тамоми намудҳои туризм ҳам сайёҳии экологӣ, ҳам куҳнавардию таърихӣ ва ҳам варзишӣ-куҳӣ имконияти васеъ дорад. Бо шарофати татбиқи мунтазами сиёсати дарҳои кушода ва

ки тамоми муҳассилини макотиби миёна ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта мешуданд, то ки тӯли ин муддат онҳо беҳудагардӣ накунанд. Аммо имрӯзҳо танҳо миқдори ночизи хонандагон ба фароғатгоҳҳо фаро гирифта мешаванду халос”. Мутаассифона, то ҳол баъзан аз субҳ то шом дар кӯчаву хиёбонҳо гаштугузор намудани кӯдакону наврасон ба мушоҳида мерасад, ки аксари сокинон инро натиҷаи бемасъулиятиву беназоратии падару модарон мешуморанд. Ба таъкиди ҷомеашиносон коста гардидани ахлоқи бархе аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои гуногун, пеш аз ҳама натиҷаи беаҳамиятӣ ва бемасъу-

лиятии падару модарон мебошад. Имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯдак аз лаҳзаи таваллуд гирифтори як қатор хатарҳо мегардад, ҳол он ки ӯ ба ғамхорӣ ва таъминоту ҳифз ниёзманд аст. Мавҷуд набудани ҳимояи дахлдор ба ташаккули минбаъдаи шахсияти кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, ҳар як фардро мебояд, ки ба донишандӯзӣ ва таълиму тарбияи дурусти кӯдакон диққати ҷиддӣ дода, нагузорад, ки онҳо ба роҳи нодуруст раванд. Кӯдакон ояндаи дурахшони миллату давлатанд. Пас, мо ҳамон вақт дилсӯзи миллату давлат шуда метавонем, ки кӯдаконро дар роҳи илму ҳунар ва касбомӯзӣ таълиму тарбия намоем. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

ба амал баровардани ислоҳоти бозорӣ дар ҷумҳурӣ айни замон ҳама намудҳои зикргашта рушд ёфта истодааст. Тибқи таҳлили коршиносон Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати захираҳои таҷдиди саломатӣ ва сайёҳӣ мақоми пешсафро дорост. Чунин ҳудудҳо дар Тоҷикистон 5%, Узбекистон 0,7%, дар Туркманистон 0,25% -ро ташкил медиҳад. Бояд зикр намуд, ки Шӯрои ҳабдаҳуми Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки 27 ноябри соли 2008 дар шаҳри Картахена-деИндиаси Колумбия баргузор шуд, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин ташкилот интихоб гардид. Узвият

Тоҷикистонро ӯҳдадор намуд, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сайёҳиашро ба санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ намояд. Дар ин асос санадҳои зиёд дар соҳаи сайёҳӣ қабул гаштанд, ки заминаи мусоидро барои рушди соҳа фароҳам оварданд. Хурсандиовар аст, ки заминаи меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ васеъ гашта истодааст. Кароматулло РОЗИҚОВ, омӯзгори кафедраи назария ва методикаи тарбияи ҷисмонии ДТҶТ ба номи С.Раҳимов


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №22 (9552), 31.05.2018 Имрӯз дар ҷаҳон баробари дигар мушкилоту масъалаҳо ба амал омадани ҳодисаҳои нақлиётӣ ба масъалаи муҳими рӯз табдил ёфта, ҳар сол дар натиҷаи рух додани садамаҳои нақлиётӣ миллионҳо нафар ба ҳалокат расида, ҳазорҳои дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд. Бино ба таъкиди Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар натиҷаи садамаҳои автомобилӣ дар саросари ҷаҳон ҳар сол тақрибан 1,25 миллион нафар мефавтанд. Агар дар ин ҷода тадбирҳои фаврӣ андешида нашавад, то соли 2030 шумораи фавт дар садамаҳои нақлиётӣ се маротиба зиёд гардида, он ба 3,6 миллион нафар хоҳад расид. Дар саросари олам имрӯзҳо ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ тадбирҳои гуногун андешида мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ҳалли масъалаи мазкур қонуни мушаххас қабул гардида, кӯшиш ба харҷ дода мешавад, то шумори ҳодисаҳои нақлиётӣ рӯ ба коҳиш ниҳад. Дар соли 2017 дар ҷумҳурӣ 1302 ҳодисаи нақлиётӣ рух дода, дар натиҷа 436 нафар ба ҳалокат расида, 1337 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногунӣ ҷисмонӣ бардоштаанд. Имрӯз шумораи воситаҳои нақлиёт дар ҳоли афзоиш буда, мусаллам аст, ки рондани он низ душвор мебошад. Зеро дар шароити имрӯза мошин рондан хеле мушкил, чунки ҳар лаҳза бо хатар рӯ ба рӯ шудан мумкин аст. Як камбудии ночиз метавонад, ки ронандаро ба ҳодисаи нохуш расонад. Ба-

5

МУЛОҲИЗА рои ба ҳодисаи нохуш рӯ ба рӯ нашудан, ронандаҳоро мебояд пеш аз ҳама ҳушёр бошанду аз ҳолати нақлиёти хеш бархурдор ва зимни идораи воситаи нақлиёт суръатро аз меъёри муқаррарӣ баланд нанамоянд. Зеро аксари ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ маҳз дар ҳолати бо суръати тез рондани он ба вуқуъ пайвастаанд. Бино ба иттилои Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли 2018 то ҳол дар қаламрави кишвар 452 садамаи нақлиётӣ рух дода, 139 нафар ба ҳалокат расида,

кам гардидааст. Кам гардидани шумораи ҳодисаҳои нақлиётӣ ин пеш аз ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки сохторҳои дахлдор дар ин самт кору фаъолияти пурсамар намуда, ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешанд. Аммо ин ниҳояти кор набуда, шумораи ҳодисаҳои нақлиётӣ ва паёмадҳои марговари он боиси нигаронии ҷомеа мебошад. Тибқи маълумоти Раёсати бозрасии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ аз соли 2010 то ҳол, ба истиснои қонунвайронкуниҳое,

мурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда, муҳлати аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан, аз 2 то 10 сол зиёд карда шудааст. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷазо вазнин шуда, ҷарима ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол таъин карда мешавад. Ҷавобгарӣ барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт низ пурзӯр шуда, ан-

дор бошад, шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Инчунин мувофиқи тағйироте, ки ба моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, барои дар ҳолати мастӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати 10 сол пешбинӣ шудааст.

ЭЙ СОРБОН, ОҲИСТА РОН!

Дар саросари ҷаҳон ҳар сол тақрибан 1,25 миллион нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ мефавтанд

466 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (январ то 27 майи соли 2017482 ҳодисаи нақлиётӣ, 150 адад ба ҳалокат расида, 513 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд) шумораи садамаҳо 30 адад, шумораи ҳалокшудагон 11 нафар ва ҷароҳатбардоштагон 47 нафар

ки тавассути низоми “Шаҳри бехатар” ба қайд гирифта шудааст, қариб ҳафтуним миллион ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби вайронкунандагони қоидаҳо 173 миллион сомонӣ ҷарима рӯёнида шудааст. Мувофиқи тағйиротҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъ-

Таърихи куҳан дорему давлати ҷавон Мебинам, мешунавам ва мехонам, ки афкори баъзе нисбат ба давлату миллати тоҷик хушунатомез буда, зери мафҳумҳои “Озодӣ” ва “Истиқлолият” ҳадафҳои ғаразноки худро ниҳон кардаанд. Ба ин қатор Кабирию пайравонаш, ҷавонони гумроҳи бурун аз марз дар назар аст. Дар зери ниқоби касе ё чизи маъруф сухан гуфтани афроди палид ё ҳизбу ҳаракати манфӣ бисёр нангин аст. Коваи оҳангар тахаллуси ном ҷавони гумроҳи бурунмарзи тоҷик, ки дар сомонаи Фейсбук амал мекунад, монанд ба дигар гумроҳон аз сиёсати кунунии давлати тоҷик гиламанд аст. Ӯ ба Коваи оҳангари А. Фирдавсӣ номувофиқ тахаллус гирифтааст. Зеро Коваи оҳангар дар достони “Шоҳнома” – и Фирдавсӣ муқобили шоҳи золим бархостааст.

Тоҷикистон таърихи куҳан дорад ва истиқлолияти ҷавон, ки онро 26 сол аст. Давлати Федератсияи Русия, ки 1156 сол боз инҷониб арзи вуҷуд дорад, дар замони истиқлоли мо, яъне соли 1991 ба озодии матбуоти комил ноил гардидаст. Муқоисаи давлати истиқлолияти куҳандоштаи Русия ба Тоҷикистони тозаистиқлоли 26-сола содалавҳона буда, берун аз хирад аст. Барои расидан ба истиқлолияти куҳан давлату Ҳукумати ҷумҳуриро мебояд роҳҳои пурэътимодро истифода барад ва ин чун дар амал аст, мухолифин ба дод омадаанд. Таҳти сензур қарор доштани матбуоти даврӣ низ дар ин давра ба манфати кор аст... Чун касе, ки хиёнат ба давлату миллат кард, дигар бо ӯ баҳсу музокира нашояд. Чунки он ба касе вафо нахоҳад кард. Ин нуқта ба Кабирию пайравонаш бармехӯрад. Оне, ки озодӣ гуфту аз Ватан дур шуд, оё он озодие, ки гуфтед, ба шумо чӣ дод? Ғурбат! Дар асл шаҳди озодиро мардуми тоҷик баъди соли 1992, ки аз вартаи нобудшавӣ раҳид, чашид! Саидҷон БАҲРОМОВ, рўзноманигор

дозаи ҷарима аз 150- 250 сомонӣ то 12500 сомонӣ, барои идора намудани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, ҷарима аз 2500 сомонӣ то 20 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, барои такроран дар давоми сол баъди таъйин намудани ҷазои маъмурӣ содир намудани ин кир-

Пурзӯр гардидани қонунҳо дар ин самт баҳри он аст, то ронандаҳо эҳтиёткор бошанду сабабгори маргу ҷароҳат бардоштани дигарон нашаванд. Зеро ҳар инсон ба зиндагӣ ҳақ дошта, набояд ҳаёти онҳоро зери хатар андохт. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудан сари масъалаи мазкур боис гардид, ки бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонунҳои дахлдор шумораи садамаҳои нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ рӯ ба коҳиш оварад. Ин, албатта қадами ҷиддӣ дар самти пешгирии садамаҳои нақлиётӣ мебошад. Баробари он ки воситаҳои нақлиётӣ мушкилоти моро осон месозад, дар пайи беэҳтиётӣ он метавонад, ки ба ҳодисаҳои гуногуни нохуш мувоҷеҳ созад. Пас, бояд кӯшиш кард, то ҳангоми ронандагӣ тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя карду ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузошт. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


6 ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №22 (9552), 31.05.2018

Бунёди майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди пойтахт Имрӯзҳо дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Душанбе майдончаҳои варзишии замонавӣ бунёд меёбад. Тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои оммавигардонии варзиш ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон мусоидат менамояд. Танҳо соли 2017 дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 70 майдончаи варзишӣ бунёд гардида, соли равон бунёди 92 майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Корҳои ободонию созандагӣ имрӯзҳо қариб дар ҳар гузару маҳаллаҳои пойтахт тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонӣ, бунёди гулгаштҳо ва кабудизоркунӣ, сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба назар мерасад. Эмомалӣ Раҳимов, муҳофизи майдончаи варзишӣ иброз дошт, ки дар маҳаллаи Сино 1-и пойтахт майдончаи варзишии хубу замонавӣ сохта шуда, дар арафаи кушодашавист. Майдончаи варзишии масоҳаташ 588 метри мураббаъро дар ноҳияи Фирдавсӣ КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” маблағгузорӣ ва ба истифодабарӣ омода намуд. Инчунин дар қисмати ҷанубию шарқии буриши хиёбони Борбад, кӯчаҳои Ҷомӣ ва М. Назирбекови ноҳияи Сино “Амонатбонк” майдончаи варзиширо дар масоҳати 3540 метри мураббаъ маблағгузорӣ намуда, онро ҶСК “СТСиншоот” барои истифода омода кардааст. Варзишгари ҷавон Амирҷон Қосимов иброз дошт, ки ҳамроҳи ҳамсолонаш ба майдончаи варзишии воқеъ дар хиёбони Борбад 88-и ноҳияи Фирдавсӣ омада пайваста ба тамрин машғул мегардад. - Аз чунин ғамхориҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар нисбати мо – ҷавонон басо мамнунем, - изҳор намуд Амирҷон Қосимов. – Наврасону ҷавонони маҳаллаи мо ба ҷои оворагардӣ, вақтҳои холии худро маҳз дар майдончаҳои варзишӣ гузаронда, рӯҳан ва ҷисман обутоб меёбанд. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”

“Пайравони Пешвои миллат” шаҳодатнома гирифтанд Бахшида ба рӯзи ҷавонони кишвар дар толори Кумитаи миллии олимпӣ ба 30 нафар хатмкунандагони курси “Пайравони Пешвои миллат” шаҳодатномаи хатм супурда шуд. Дар супоридани шаҳодатномаҳои хатм раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Аҳтам Абдуллозода, муовини раиси КҶВ, Дилноза Аҳмадзода, сардори раёсати кор бо ҷавонони КҶВ, Дилошуб Раҳимов, як гурӯҳ ҷавонони фаъол аз муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд. Аҳтам Абдуллозода аз мутахассисони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо даъват намуд, ки бояд дар партави сиёсати Пешвои миллат дар раванди ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамзамон воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа, роҳи дурусти тавсияи тафаккури миллӣ, таҳкиму устуворгардонии пояҳои давлатдории навини тоҷик ва рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеаро пеша намоянд. Ҷавононро мебояд дар кору пайкори хеш ба таври ҳамешагӣ пайравӣ аз Пешвои миллат кунанд ва ҳар гуфтаи Пешворо сармашқи кори хеш қарор диҳанд. Ҷавонон зимни баромади хеш аз ин дастггирӣ ва иқдоми роҳбарияти кумита изҳори хушнудӣ намуда ваъда доданд,

ки мекӯшанд сазовори боварии эшон гарданд. Ёдовар мешавем, ки курси “Пайравони Пешвои миллат” се моҳ қабл бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон бо мақсади фаъолнокии сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон дар ҷомеа роҳандозӣ гардида буд. Дар он ҷавонони фаъолу ташаббускор аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ аз ҷумла кормандони вазорату идораҳо, олимону муҳаққиқон ва таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбии мамлакат фаро гирифта шудаанд. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”

Ҳамоиш баҳри рушди фаъолияти волонтёрӣ Бо ташаббуси созмони ҷамъиятии “Манзили ҷавонон” ва ҳамкории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазоратҳои фарҳанг ва адлия дар истироҳатгоҳи Явроз, воқеъ дар дараи Ромит, ҳамоиши байналмилалии ҷавонон дар мавзӯи “Волонтёрӣ баҳри ҳифзи мероси фарҳангӣ дар фазои ИДМ” доир гардид. Дар он намояндагони ҷавонон аз 8 кишварҳои пасошӯравӣ ширкат намуданд. Мақсади баргузории ҳамоиш коркарди барномаҳои якҷоя бобати дастгирии ихтиёриён дар ҷодаи ҳифзи мероси фарҳангӣ, ташкили механизми пешбурд ва оммавӣ намудани арзишҳо ва амалияи волонтёрӣ миёни ҷавонони кишварҳои ИДМ ва дар ин замина дар рӯҳияи инсонпарварию ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас маҳсуб меёфт. Дар рафти ҳамоиш, ки якчанд рӯз идома ёфт, ташкили гӯшаҳои гуногун бобати муаррифии фаъолияти амалии волонтёрии созмонҳои ҷамъиятӣ ва гурӯҳҳои ташаббускор ба роҳ монда шуд.

Ин имкон дод, иштирокчиёни ҳамоиш аз фаъолияти якдигар, тарзи ташкили кор дар ин ҷода ва ғайра шинос шуда, барои худ бозёфте пайдо намоянд. Ҳамчунин, дар рафти ҳамоиш мизи мудаввар ва суҳбатҳо сурат гирифт. Дар рафти чунин чорабиниҳо ҳозирин аз кору фаъолияти худ нақл ва ба суолҳои якдигар посух гуфтанд. Шомгоҳон бошад, чорабиниҳои фарҳангӣ ба роҳ монда, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии кишварҳо ширкатдошта, созу суруд ва рақсҳои миллии худро пешкаши якдигар намуданд. Инчунин таомҳои миллии ҳар кишвар барои ҳозирин

омода карда шуд. Баъдан иштирокчиёни ҳамоиш барои тамошои қалъаи Ҳисор, ки як ҷузъи мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, сафарбар шуданд. Тамошои қалъаи Ҳисор ба иштирокчиёни ҳамоиш басо писанд афтод. Дар фарҷоми ҳамоиш ба иштирокчиён сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ, ки таҷассумгари мавзеъҳои дилкаши Тоҷикистон маҳсуб меёфтанд, супурда шуд. Зиёда ХӮҶАНАЗАРОВА, роҳбари созмони ҷамъиятии “Манзили ҷавонон”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №22 (9552), 31.05.2018 “Озодии ҳақиқӣ он нест, ки ҳар чӣ майл дорем, анҷом диҳем, балки он аст, ки ончиро ҳақ дорем, анҷом диҳем”, – гуфтааст файласуфи аврупоӣ Карзон. Пӯшида нест, ки яке аз хостаҳои асосии инсон расидан ба озодӣ мебошад, аммо кӯшиш бар ин озодӣ набояд ба гунае бошад, ки ба фоҷиа анҷом бипазирад. Мувофиқ бар боварҳои диниамон яке аз сабабҳои аз биҳишт хориҷ шудани Ҳазрати Одам низ ин хоҳиши расидан ба озодии мутлақ буд, ки аз биҳишт маҳрумаш карданд. Яъне ба фоҷиа анҷом пазируфта буд. Мувофиқи маълумоти расмӣ ҳамасола дар Тоҷикистон беш аз 400 зан қасд ба ҷони худ мекунанд. Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар кишвар масъалаи худкушии занонро хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда арзёбӣ карда, мегӯянд, ки зиёд гаштани хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад. Ҳукумати кишвар барои аз байн бурдани зуҳуроти мазкур ба ҳамкории мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони ҷомеа корҳои зиёдеро ба сомон расонида истодаанд. Чунончи соли 2013 аз ҷониби парлумони кишвар баҳри пешгирии хушунатҳои оилавӣ Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” қабул гардид. Дар шарҳи хушунатҳои хонаводагӣ мегӯянд, ки ин фишор ба ҳуқуқу озодиҳои инсон дар муҳити хонаводагист. Мутаассифона дар бештари оилаҳои мо танҳо занон мавриди хушунату зуроварӣ қарор мегиранд ва ҳуқуқҳои эшон пайваста аз ҷониби дигар аъзои оила (бештар хонаводаи шавҳар) поймол мешавад. Дар натиҷа бархӯрдҳои равонӣ ба вуҷуд меоянд ва занон дар натиҷаи ин бархӯрдҳо баъзан ба худкушӣ даст мезананд. Ба гуфтаи коршиносони соҳа пас аз чунин муноқишаҳо даст ба худкушӣ задани занон як навъ эътирози носолим ҷиҳати поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои онҳост. Парвона Мирзобекова, муаллимаи фанни таъриху ҳуқуқи як мактаби миёнаи шаҳри Душанбе бар ин андеша аст, ки “занони тоҷик акнун ба озодиҳо даст ёфта истодаанд, ки то кунун аз ҷониби баъзе афроди ҷамъият ин чиз ба таври хуш пазируфта намешавад”. Дар воқеъ, занони тоҷик то нимаи аввали асри XX ва пасон давраи ҷаҳонишавӣ дар зери таъсири танҳо як фарҳанг ва

НИГОҲИ ДИГАР расму оин ба сар мебурданд. Дар даврони шӯравӣ низ, ки ба озодии занон дар мамолики Осиёи Марказӣ бисёр заҳматҳое ба харҷ дода мешуд, занони тоҷик ба истиснои табақаи алоҳидаи аҳолӣ ҳамоно дар зери таъсири оинҳои милливу мазҳабӣ қарор доштанд. Аз солҳои 60-ум ин тараф то ба пошхӯрии ИҶШС занҳои тоҷик андак-андак бедортар мешуданд ва раванди ба макотиби олӣ рӯй овардану таҳсили олӣ намудани эшон низ то андозае авҷ мегирифт. Инро худи намояндагон, аз ҷумла занони дар ҳамон давр тарбияву камолёфта низ тасдиқ мекунанд. Ҳуринисо Ализода яке аз намояндагони ҳамон насл аст, ки мегӯяд: “Мо аз аввалин духтароне будем, ки ба шаҳр барои хондан омадем ва тариқи гаштугузори мо дар шаҳр комилан ҳамранги деҳотиён буд. Агар мо худро каме тағйир медодем, ин аллакай носипосӣ ва беэҳтиромӣ нисбати суннату қавонини деҳот ҳисоб мешуд. Дар шаҳри Ду-

ҷӯш задани ин бедорӣ мутахассисон чанд омилро боис медонанд, ки умдатарини онҳо шиносоии мардуми тоҷик бо зиндагӣ ва менталитети давлатҳои ғарбӣ ва кинофилмҳои онҳост. Дар бештари филмҳову сериалҳои хориҷӣ аксаран занонро ҷасур, қаҳрамон ва нотарс муаррифӣ мекунанд, ки ин бо фаҳмиши баъзеҳо, ки занро “паршикаста”, “заифа”, “муштипар”, “оҷиза” ва монанди инҳо ном мебаранд, созгор нест. Бо вуҷуди ин аксари занони мо мехоҳанд ҳамранги аврупоиҳо ва дигар мамолики пешрафта зиндагиеро дошта бошанд, ки саршор аз озодӣ бошад. Ин хостаҳои эшонро қонунгузории кишвар низ дар тамоми зинаҳо мепазирад ва арҷ мегузорад. Аммо бар хилофи ин ҳама қисме аз мардҳои кишвар, ки дар пояи фаҳмишҳои куркуронаи динӣ мондаанду рӯи андешаҳои хурофотӣ, ба ин чиз комилан зиданд. Баъзе ҷавонон зиддияти хешро ба ин масъала ошко-

дуни моҷаро дар асоси қонуну қавоиди қабулгардида ҳастанд. Масалан, Маҳина Султонова донишҷӯи бахши забони англисии яке аз донишгоҳҳои кишвар чунин андеша дорад: “Ман, албатта, ҷонибдори он нестам, ки дар натиҷаи ҳақталошӣ одам то ба худкушӣ расад. Вале баъзан одамҳо чунон беэътиноӣ мекунанд, ки тамоми дарҳо ба рӯи занон баста мешавад ва ягона роҳро дар худкушӣ мебинанд. Аъмоли инсон дар зиндагӣ набояд аз мадори инсоният хориҷ шавад. Ба ин масъала бояд мардон бештар аҳамият диҳанд”. Аммо Маҳмадулло Давлатов, равоншиноси тоҷик бар ин андеша аст, ки дар ҳолати ба танг омадан даст ба худкушӣ задан амали ношоистаест ва қабл аз ин кор бояд андеша кард. “Дар ҳар ҳолат зани батангомада бояд пеш аз даст задан ба фоҷеа фикр кунад, ки бо чӣ мақсад зиндагӣ мекунад? Чаро фарзанд бузург мекунад. Дар ҳолатҳои зиёд мешавад аз роҳи таҳлилу бозбинӣ

Худкушӣ - эътироз? ё сабаби даст ба худкушӣ задани занон дар Тоҷикистон чист? шанбе таҳсил кардани худи ман барои ҳамдеҳагонам сенсатсия (ҳангома) буд”. Аз ин бармеояд, ки дар арафаи пошхӯрии Итиҳоди Шӯравӣ дар вуҷуди занон ҳисси худшиносиву озодихоҳӣ бештар аланга мезад ва давра ба давра мекӯшиданд барои расидан ба он марҳилаҳои муайянро пушти сар кунанд. Бо ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ он ба шакли нисбатан нав намудор гардид. Дар ин давра аллакай дар фарҳанги либоспӯшиву гашту гузор ва мӯди занон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Занони шаҳрнишин бошад дар масъалаи ҳақталошӣ баъзан аз мардон дида пешқадамтар шуданд. Дар

ро баён медоранд. Чунон ки Сафармуҳаммад Олимов як ҷавони тоҷик дар суҳбат бо мо гуфт: “Фарҳанги мардуми хориҷа, махсусан аврупоиён дар ҳеҷ даврае ба фарҳанги мардуми мо ҳамранг набуду нест. Ин аст, ки мо ҳамеша аз ҷомеаи аврупоӣ ҷудо шуда меистем. Занони моро мебояд дар бисёр масъалаҳо таҳаммулпазир бошанд, зеро тақлиди кӯркӯронаи эшон ба фарҳанги ғайр дар аксар вақт метавонад ба фоҷиа анҷомад. Аз нигоҳи дигар ин метавонад беэҳтиромӣ нисбат ба фарҳангу тамаддуни мардуми мо бошад”. Бар холофи назари ин ҳамсуҳбати мо аксари духтарон ҷонибдори озодиву зиндагии би-

ва сабр дар қабули қарор аз фоҷеа ҷилавгирӣ кард”, - мегӯяд равоншинос. Равоншиносони аврупоӣ дар моҷароҳои ҳалнопазири хонаводагӣ ҷудоиро авлотар мепазиранд. Онҳо машварат медиҳанд, ки беҳтар аст зан хонаи шавҳарро тарк карда зиндагии мустақилонаро шуруъ кунад ва ба ҳеҷ сурат даст ба худкушӣ ё куштор назанад. Аммо зиндагии мустақилона ва дур аз оиларо ба ҳеҷ ваҷҳ ҷомеаи мо қабул надорад ва аслан ин шеваи кор ба расму оини мо созгор нест. Аз тарафи дигар занҳое, ки аз хонаи шавҳар берун омаданд, дар хонаи падару модар намеғунҷанд. Агар ғунҷанд ҳам, осуда буда

7 наметавонанд. Бинобар ин роҳи зудтар аз зери ин кулфат растанро дар нуқта гузоштан ба зиндагии хеш мебинанд. Инчунин, бештари заноне, ки ҷудо мешаванд бо сабаби вазъи ноҷури иқтисодӣ имкони мустақилона пеш бурдани аробаи зиндагиро надоранд... Албатта, вақте ин мушкилот рӯи ҳам ҷамъ мешавад, гиреҳе ба дил ва буғзе дар гулӯи зан пайдо мегардад ва ӯро пахш мекунад. Зан ки табиатан мавҷуди заифу латиф аст, ба вазниниҳо тоб оварданаш душвор мешавад. Дар ин масъала, ки хеле мушкил ва мураккабу печида аст, роҳҳои гуногуни ҳалро метавон пайдо кард. Муҳимтарин роҳ он аст, ки озодии занон дар кишвари мо набояд дар пояи тақлиди кӯркӯрона ва ҷаҳонбинии маҳдуд амалӣ шавад. Балки озодии занонро дар доираи эътиқодоти динӣ ва мувофиқ бо талаботи ҷомеаи суннатии тоҷикона ба роҳ монем ва бо роҳи фаҳмондадиҳӣ аз андешаи занон “озодии ғарбиёна”-ро рафъ созем. Баид аст, ки ин усул ба кам гаштани шумораи худкушии занон дар кишвар оварда мерасонад. Дар навбати худ занон ҳам бояд сустирода нашаванд, бояд дарк кунанд, ки мақсад аз омаданашон ба ин дунё чист, ба куҷо бояд раванд. Ва аз ҳама муҳим дар сурати ба ҷони худ қасд кардани вай оё зиндагии пайвандонаш, агар фарзанддор бошад, ояндаи фарзандонаш чи гуна шакл мегирад... Таманно мекунем, ки ҳамеша ақли инсон мунаввар бошаду худи ӯ дурандеш, то мабод зане, модаре ба худкушӣ даст занаду фарзандони худро бемодар гузорад. Зимнан, аз ҷавонон, мардон ва падарон ҳам даъват мекунем, ки бар ғазаби худ ҳоким бошанд, ба хотир дошта бошанд, ки занҳо низ ба дасти эшон амонатанд ва ҳар амонатнигаҳдоре рӯзе пурсида хоҳад шуд. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”


8

НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №22 (9552), 31.05.2018

Нокомии Саидҷалол Саидов дар Гран-Прии Ҳоҳҳотои Чин Саидҷалол Саидов, паҳлавони тоҷик ки дар мусобиқаи байналмилалии Гран-Прии ҷудо ширкат дошт, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.

Қадами ҷиддии тими “Хуҷанд” дар роҳи қаҳрамонӣ

Мусобиқаи мазкур 25-27 дар шаҳри Ҳоҳҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида, Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кг бо варзишгари амрикоӣ Л.А. Смит вориди майдони рақобат шуд. Сабқат байни онҳо муддати 5 дақиқаву 12 сония идома ёфта, ба фоидаи варзишгари амрикоӣ анҷом ёфт. Мағлубият Саидҷалолро аз идомаи иштирок дар ин мусобиқа маҳрум кард. Хотиррасон менамоем, ки мусобиқаи мазкур аввалин мусобиқаи литсензионист, ки варзишгарон барои роҳ ёфтан ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 имтиёз ба даст меоранд. Барои ба даст овардани медали тиллоии мусобиқа ба ғолиб 700, барои медали нуқра 490 ва барои медали биринҷӣ 350 имтиёз дода мешавад. Дар мусобиқаи мазкур 381 нафар варзишгарон (213 мард, 168 зан) аз 49 давлати дунё ширкат варзиданд.

Даври даҳуми чемпионати кишвар оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ бо бозии пешсафҳои ҷадвал дастаҳои “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе оғоз гардид. Бозии мазкур рақобати марказии ин давр маҳсуб ёфта, 24-уми май дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки 8500 тамошобин баргузор шуда, бо ғалабаи соҳибони майдон 4:3 хотима ёфт. Бозӣ барои мухлисон серголтарин рақобат дар мавсими имсола дониста шуд. Зеро тамошобинон аз ҳафт голи ба самар расида, панҷтоашро дар нимаи аввал шоҳид шуданд. Нахустин шуда дар дақиқаи 21-ум аз зарбаи ҷаримавӣ, ҳамлагари меҳмонон Николай Зенко тӯбро вориди дарвозаи Алексей Матросов намуда, дастаашро пешсаф намуд. Чанде нагузашта пас аз се дақиқа душанбегиҳо голи дуюмро ба сомон расониданд. Муаллифи гол Нозим Бобоҷонов дониста шуд. Пас аз голи дуюм дастпарварони бошгоҳи “Хуҷанд” бартариро ба даст гирифтанд ва дар муддати чор дақиқа ду гол зада, ҳисобро баробар карданд. Дар дақиқаи 26-ум Ҳасан Рустамов ҳимоятгари хуҷандиҳо пас аз зарбаи ҷаримавие, ки дарвозабон Никола Стошич баргардонид бо як усули акрабатик Николаро маҷбур намуд, ки тӯбро аз тӯри дарвозааш гирад. Баъдан дар дақиқаи 26-ум Фарҳод Тоҳиров голи дуюмро ба ҳадаф расонида, ҳисобро баробар кард. Ромиш Ҷалилов футболбози дастаи “Истиқлол” дар дақиқаи 35-ум голи сеюмро ба номаш сабт намуда, дастаҳо дар қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2-3 ба танаффус баромаданд. Нимаи дуюми бозӣ бо ғалабаи футболбозони “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд поён ёфт. Дар ин қисм хуҷандиҳо ду гол зада, пирӯзии дастаашонро таъмин намуданд. Ҳикматулло Расулов дар дақиқаи 64-ум ҳисоби бозиро баробар намуд ва Дилшод Бозоров

дар лаҳзаҳои охир аз иштибоҳи ҳимоятгарон истифода бурда, бо дарвозабон як ба як баромад ва тӯбро ба дарвоза ворид намуд. Бозӣ бо ҳисоби 4-3 ба фоидаи мизбонон анҷомид. Ёдовар мешавем, ки ин аввалин шикасти дастаи “Истиқлол” дар мусобиқаи имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошад. Пас аз шикасти бошгоҳи “Истиқлол” дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё) Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими "Истиқлол" аз вазифааш барканор шуда, ба ҷои ӯ Алишер Тухтаев иҷрокунанда таъин гардид. Дар ин бозӣ қаҳрамони Тоҷикистон зери роҳбарии Алишер Тухтаев ба майдон омад. Се бозии даври даҳуми лигаи олӣ рӯзҳои 26-27-уми май доир гардиданд. Дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ 26-уми май дар майдони худ тими “Хатлон”-и шаҳри Бохтарро пазируфта, бо ҳисоби 4-2 шикаст дод. Нодирбек Иброҳимов легионери “Кӯктош” дар дақиқаи 38-ум аз зарбаи 11-метра дастаашро ба пеш бароварда, дар дақиқаи 45ум ба Азизбек Султонов муяссар гардид, ки ҳисоби бозиро 2-0 намояду ба танаффус бароянд. Чор ҳазор мухлис дар қисми дуюм шоҳиди 4 гол гардиданд. Муҳаммадшарифи Саидхуҷа ва Идан Окран легионерҳои тими “Кӯктош” дар дақиқаҳои 68-71-ум дарвозаи ҳарифро рахна намуда, ҳисобро 4-0 карданд. Худойдод Узоқов дар дақиқаи 78-ум нахустин голи дастаашро ба номаш сабт намуда, пас аз ду дақиқа ҳамдастааш Парвиз Охунов ба задани голи дуюм мушарраф гардид. Бозии дигари даври даҳум миёни дастаҳои ССКА “Помир”-и шаҳри Душанбе ва “Барқчӣ”-и

шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Дидори мазкур дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ҷараён гирифта, бо ғалабаи бошгоҳи ССКА “Помир”-и шаҳри Душанбе поён ёфт. Ягона голро нимҳимоятгар Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 50-ум ба ҳадаф расонд. “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода меҳмони тими “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шуда, бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Аввалин шуда дар дақиқаи 7-ум Фирӯз Қараев нимҳимоятгари меҳмонон ҳисоби бозиро 1-0 намуда, Хайрулло Азизов дар дақиқаи 78-ум пирӯзии дастаашро таъмин намуд. Хулоса, тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо раҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсупов дар ҷадвали мусобиқа бо касби 23 имтиёз дар зинаи аввал қарор гирифт. Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо 20 хол, (9 бозӣ) дар зинаи дуюм ва дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бошад, бо 15 имтиёз мақоми сеюмро касб намудааст. Дар ҳоли ҳозир Ҷаҳонгир Эргашев аз тими “Хуҷанд” бо задани 6 гол ва Наврӯз Рустамов ҳамлагари дастаи “Хатлон” бо 5 тӯб садрнишини нишонзанҳои лигаи олӣ мебошанд. Бозиҳои даври 11-ум 2 июн (шанбе) “Хатлон” – ССКА “Помир” 3 июн (якшанбе) “Кӯктош” – “Истиқлол” “Регар-ТадАЗ” – “Хуҷанд” 9 июн (шанбе) “Барқчӣ” – “Панҷшер” Бозии мавқуф гузоштаи даври 8-ум 10 июн (якшанбе) ССКА “Помир” – “Истиқлол” Оғози бозиҳо – соати 17:30 Шаҳбоз КАРИМОВ, “ҶТ”

Мақоми сеюми Моҳрӯ Ҳалимова дар Чемпионати Осиё 26-28 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хошимини Ветнам Чемпионати Осиё оид ба таеквондо (WT) доир гардид, ки дар он Моҳру Ҳалимова, варзишгари тоҷик медали биринҷиро ба гардан овехт. Моҳру Ҳалимова, ягона намояндаи Тоҷикистон, дар вазни -73 кило миёни бонувон иштирок намуда, дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Индонезия Нанда Фернандиа ва варзишгари Камбоҷа Сеавмей Сорн пирӯз шуда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври ниманиҳоӣ аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҳйери Оҳ, мағлуб гардида, ҷои сеюмро сазовор шуд. Дар ҳисоби даставӣ тими Кореяи Ҷанубӣ бо 6 медали тилло ва 6 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор гашт. Варзишгарони Чин, ки 2 медали тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд, ҷои дуюм ва варзишгарони Узбекистон бо 2 медали тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ мақоми сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар ҷои 10-ум мавқеъ гирифт


Ҳама ҷо ором буд, танҳо садои зарбаҳои Анастасия Турсунова ба гӯш мерасид. Ӯ дар майдон бо шавқу ҳаваси беандоза тамрин дошт. Мекӯшид аввалин зарбаҳои аз тарафи рақиб меомадаро ба хубӣ бартараф намуда, зарбаи ҷавобӣ занад. Ду мусобиқаи байналмилалӣ (Tajikistan Open) ва Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон (Tajikistan Tennis Federation Cup), ки 5-12 май дар шаҳри Душанбе доир шуд беш аз 210 теннисбози то 18-соларо аз 36 кишвари ҷаҳон ҷамъ оварда буд. Мусобиқаҳои мазкур барояш на он қадар мушкил гузашт, дар мусобиқаи “Tajikistan Open” мағлуб гардида бошад ҳам, нагузошт Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистонро аз кишвар берун баранд. Дар ин мусобиқа ба ҳарифҳои пурзӯраш, ки аз Русия буданд ғалаба намуда, ғолибиятро ба даст овард. Анастасия бо фаъолияти даҳсолааш имрӯз теннисбози рақами яки кишвар маҳсуб меёбад. Зиёда аз 5 сол мешавад, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, чор маротиба соҳиби ҷом гардидааст. Соли 2017, ки дар ин мусобиқа 80 (аз ҷумла 27 духтар) варзишгар аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Туркия, Ӯзбекистон, Украина, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доштанд, соҳиби мавқеи аввал гардида, буд ва дар кушодашавии мусобиқаи мазкур аз ҷониби сохторҳои марбута бо унвони Устоди варзиши Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст. Зимнан хостем бо ӯ, ки намунаи асили қаҳрамонӣ дар соҳаи тенниси кишвар дониста мешавад сӯҳбате дошта бошем. - Аввалан ғалаба муборак бошад. Мегуфтед, ки барои ба зинаи қаҳрамонӣ баромадан чӣ мушкилиҳоро паси сар кардед? - Ташаккури зиёд. Рости ягон кор бе мушкилӣ намешавад, варзиш ҳам чунин аст. Фикр мекунам дар варзиш мушкилӣ зиёдтар аст. Зеро вақте дар ягон мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ширкат мекунӣ масъулияти аввалиндараҷаи варзишгар муаррифии миллату Ватани хеш аст. Мусобиқаи байналмила-

9

АНДЕША

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №22 (9552), 31.05.2018

Анастасия: Беҳтарин хотираам бозӣ бо Пешвои миллат аст лии Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон (Tajikistan Tennis Federation Cup) ба дараҷаи 5-уми ITF (Федератсияи байналмилалии теннис) дохил мегардад ва соли дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Барои баромадан ба даври ниҳоии мусобиқаи мазкур бо варзишгарони қавӣ рӯ ба рӯ мегардӣ ва имсол беш аз 95 теннисбози то 18сола аз 16 кишвари дунё ҷамъ омада буданд. Дар мусобиқаи мазкур нахустин шуда бо варзишгари сингапурӣ Линелли Эн Тонг Лим вориди сабқат гардидам ва бо ҳисоби 5:7, 6:3, 6:3 ғолиб омадам. Баъдан дар даври чорякниҳоӣ бар Ириса Турсуноваи ӯзбекистонӣ (6:1, 6:1) пирӯз шуда, дар даври ниманиҳоӣ Дана Шокироваро аз Федератсияи Русия (7:6, 6:1) мағлуб кардам. Дар даври ниҳоии мусобиқа бо ҳарифи пурқувват аз Федератсияи Русия Алёна Кубанова рӯ ба рӯ гардида, бо натиҷаи (6:2, 7:5) ғолиб омадам. Ба варзиш кӣ роҳнамоиятон кард? - Падарам, ки варзишгар ва қаҳрамони Тоҷикистон аз намуди гӯштини тарзи озод мебошанд, ҳамеша дастгириам мекунанд. Аммо маро ба саҳнаи варзиши теннис роҳбалад модарам буд. Он кас дар синни 7 солагиам ба ман пешниҳод намуданд, ки ба варзиши теннис тамрин намоям ва то имрӯз барои муваффақиятҳоям саҳми хонаводаам беканор аст. - Хотирмонтарин лаҳза дар ҳаёти варзишиатон кадом аст? - Дар ҳар мусобиқае, ки ширкат намудаам, аз он дар ҳаёти варзишиам як хотироти аҷиб боқӣ мондааст. Аввалин хотироти варзишиам, ин соли 2013 дар мусобиқаи байналмилалии шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Дар ин мусобиқа, ки 12 сол доштам нахустин маротиба дар берун аз

√ САЙЁҲӢ

Боиси ифтихор аст, ки дар зарфи 26 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон зина ба зина дар самти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба комёбиҳо ноил гардид. Аз ҷумла, дар қатори дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 намунае аз ин таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат аст.

Воқеан, туризм яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, дар бисёри мамлакатҳо

кишвар муарифгари миллати тоҷик будам ва хушбахтона мавқеи аввал насибам гардиду ба ватан бо сари баланд баргаштам. Хотироте, ки дар тамоми фаъолияти варзишиам фаромӯш намегардад ин 3-юми сентябри соли 2014 аст. Он рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе иншооти нави варзишии “Майдони теннис”-ро, ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон сохта шуда буд ба истифода доданд. Дар кушодашавии “Майдони теннис” бо Роҳбари давлат бозӣ намудам, ки бароям мояи ифтихор аст. Худи ҳамон рӯз дар ҳузури Президенти кишвар бо иштироки 3000 мухлис дар даври ниҳоии мусобиқаи теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон баромад намуда, дар миёни духтарони то 16-сола қаҳрамон гардидам ва аз дасти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷом ва ҷоизаи пулиро соҳиб шудам. - Оё дар касби интихобнамудаатон идеал доред? - Идеали варзишиам теннисбози амрикоӣ Серена Уилямс аст. Зеро ӯ чор маротиба қаҳрамони бозиҳои олимпӣ буда, зарбаҳои қавӣ ва партофтҳои хуб дорад. Бозиҳояшро ҳамешвақт тамошо мекунам. Дар нигоҳи ман ӯ беҳамтост. - Аз назари Шумо барои тайёр намудани варзишгарони касбӣ чӣ корҳоро бояд анҷом дод? - Пеш аз ҳама барои варзишгар шароити хуби тамрин фароҳам овардан лозим. Дар баробари давлат соҳибкорон ҳам варзишгаронро сарпарастӣ намоянд. Дар Тоҷикистон мураббиёни касбӣ фаъолият доранд, аммо варзишгарони мо таҷрибаи

кам доранд. Барои омода гардидан ҳамчун варзишгари касбӣ мебояд бештар дар давлатҳое, ки ин намуди варзиш дар онҳо пеш рафтааст, тамрин намуда, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат кард. - Пешравии теннис дар кишвар дар кадом сатҳ қарор дорад? - Барои боз ҳам рушд ёфтани ин намуди варзиш дар шаҳри Душанбе Маҷмааи универсалии варзишӣ бунёд ёфта истодааст, ки дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ мебошад. Аз ҷумла, ҳ а ф т

Рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши арзанда мебозад. Ба ибораи дигар, дар шароити ҷаҳонишавӣ туризм мавқеи устуворро касб намуда, ба одати мардумони сайёра мубаддал гаштааст. Агар ба таҳлили коршиносони соҳа назар афканем, раванди босуръати илму техника ва дар ин замина тараққиёти мамолики ҷаҳон афкори мардуми сайёраро низ дигаргун намуд. Дар ин замина мақсади ҳар як сайёҳ аз сафар нахуст истироҳат, беҳтар кардани саломатӣ, ошноӣ бо ёдгориҳои таърихӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинӣ мебошад. Дар ин раванд кишварҳои зиёде тавонистанд, худро ҳамчун макони сайру сайёҳӣ муаррифӣ намоянд. Бояд ёдрас шуд, ки бо талошҳои пай-

вастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина ба шарофати татбиқи мунтазами сиёсати дарҳои кушода ва ба амал баровардани ислоҳоти бозорӣ, дар ҷумҳурӣ айни замон хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ ба вуҷуд омада, тадриҷан рушд мекунад. Дар қатори дигар намудҳои туризм имрӯз барои рушди туризми варзишӣ дар Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳо тадбирҳо роҳандозӣ гашта истодаанд. Аз ҷумла, тибқи таҳлили коршиносон, солҳои охир дар бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон талабот ба туризми варзишӣ-кӯҳнавардӣ хеле афзудааст. Дар шароите, ки 93 фоизи ҳудуди кишварамонро кӯҳсор ташкил медиҳад, барои рушди варзиши кӯҳнавардӣ тамоми шароит мавҷуд аст. Инчунин, шароити Тоҷикистон барои рушди намудҳои

майдони омӯзишии теннис ва қасри теннис, ки барои пешрафти варзиши тоҷик саҳми бузург мегузорад. - Дар оянда чӣ нақшаҳо доред? - Мақсад гузоштаам, ки бештар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, таҷрибаву маҳорати варзишиамро бой намуда, парчами давлатамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ парафшон кунам. Ва нуфузамро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло бурда, дар бозиҳои олимпӣ ширкат намоям. - Ба ҷавонони кишвар чӣ гуфтаниед? - Ба ҷавонони кишвар аз ҷумла духтарон гуфтаниям, ки ба варзиш машғул гарданд ва солимиву бардамии худро нигоҳ дошта, ҳамеша барои баланд бардоштани парчами давлати худ талош варзанд. Ташаккури зиёд барои суҳбат Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”

лижаронӣ, велосипедронӣ, қаиқронӣ, мототсиклронии кӯҳӣ, аспдавонӣ ва қаиқронӣ хело мувофиқ буда, рушди ин намудҳо барои ҷалби бештари туристон заминаи мусоид мегузорад. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик бо андешидани тадбирҳои судманд, аз қабили боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи туризм; ва ҷорӣ намудани таҷриба ва усулҳои пешқадами давлатҳои хориҷӣ; ташкили системаи нав ва замонавии тайёрӣ, азнавтайёркунӣ ва баланд бардоштани кадрҳои соҳа; ба амал татбиқ намудани барномаҳои дурнамо ва тадқиқотҳои ояндадор дар соҳаи туризм; баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар Тоҷикистон соҳаи туризм чун соҳаи муҳими ояндадори иқтисодиёти кишвар рушд мекунад. Бахтиёр КАМОЛОВ, директори Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон


10

ОДАМОНИ НАҶИБ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №22 (9552), 31.05.2018

Табиби ҳозиқ Зиндагӣ инсонро ба маҷрои гуногуне равона месозад. Яке ба ободие даст мезанад, то нақши дасти ӯ дар он бимонад, дигаре ниҳолеро месабзонад, то роҳгузаре зери сояи он кӯфти роҳ барорад, сеюмӣ ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз мекунад, чорумӣ мекӯшад, то дар беҳдошти саломатии мардум саҳме дошта бошад.

Вохӯрии тасодуфии ду шахси таърихӣ Миёнаҳои моҳи сентябри соли гузашта тақрибан соати 10-и пагоҳӣ ба дафтари кории сардабири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Мансур Суруш бе иҷозат даромадам. Меҳмони ношиноси пушт ба даромадгоҳ дар курсии чармини мулоим нишста, ба адиб саргузашти шавқовареро қисса мекард, ки муҳаррир бо завқ механдид ва ба коргоҳ ворид шудани маро ҳатто пайхас накард. Ба онҳо наздик шуда бо овози баланд салом додам. Марди сарсафед гардан тофт ва гӯё маро барқ зада бошад, ки дар ҷоям лолу пакар мондам. Ба чашмонам бовар намекардам. Дар рӯ ба рӯям устоди азизу гиромиқадр Мирзо Турсунзода (руҳашон шод бод) меистод. - Шинос шавед, - овози соҳиби дафтари корӣ маро аз ҳолати карахтӣ баровард. - Писари бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири машҳури машриқзамин Мирзо Турсунзода Мақсудҷон. Айни ҳол якчанд саргузашти мароқангези қиблагоҳашонро қисса карда, хотири маро шод гардониданд. Ба маълумоти шумо расонам, ки баъзе хотираҳояшонро ман аллакай дар саҳифаҳои матбуот ба табъ расондаам. Ман бо Мақсудҷон гарму ҷӯшон ва самимӣ дастфишорӣ кардам ва ӯ бо лаби пурханда гуфт: - Ҳоло ман ба шумо дар бораи чи тавр падарам тасодуфан бо Тигран Петросян шинос шудану бо вай шоҳмот бозӣ карданашонро нақл мекунам. Ду тан ҳушу гӯш шудем. Ман, ки кайҳо бо яке аз фарзандони устод шинос шуданро орзу доштам, бо майли том дар паҳлӯи писари шоир ҷой гирифтам. - Ин ҳодиса тобистони соли 1965 рӯй дода буд. Падарамро ба ҷаласаи раёсати Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ ба шаҳри Москва даъват менамоянд. Чун одати муқаррарӣ қиблагоҳ дар меҳмонхонаи «Россия» ҷой гирифта, ба соати дастӣ менигарад. То оғози ҷаласа ҳоло вақти бисёре будааст. Қарор медиҳад, ки хамсуҳбате ёфта, ба шоҳмотбозӣ машғул шаванд. Бо ин мақсад ба роҳрави ошёна мебарояд. Мебинад, ки марди миёнақади кавказсимо, эҳтимолан ба аёдати кадом шиносаш ба меҳмонхона ташриф оварда будааст, рӯ ба рӯяш меояд. Падарам сари роҳи мардро гирифта, бо нармӣ мепурсанд: - Шумо шоҳмот бозӣ карда метавонед? - Кам - кам метавонам, - марди ношинос падарамро мешиносад, вале сир бой надода, бо лаҳҷаи мардуми қафқозӣ посух медиҳад. Бо таклифи мизбон меҳмон ба ҳуҷра даромада, онҳо дарҳол ба бозии шоҳмот машғул мешаванд. Падар ҳарчанд саъю талош намоянд ҳам ҳарифро мағлуб карда наметавонад ва пайваста се бозиро бой медиҳанд. Пасон бо табассум эрод мегиранд. - О, шумо гуфтед, ки бозии шоҳмотро хуб намедонам. Ин бохти пай дар пайи маро чи тавр шарҳ диҳем? - Охир, ман Тигран Петросян мебошам, - бо ханда ҷавоб медиҳад ҳариф. Падар бо шунидани номи чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот аз ҷояш парида, ӯро гарм ба оғӯш мегирад ва ҳамон замон аз ҷомадон коняки арманӣ бароварда, ба қадаҳҳо рехта, дар бораи анъанаи дӯстии ду халқи бародар ва саҳми намояндагони миллати арманро дар рушди иқтисодиёт ва маданияти халқи тоҷик бо ифтихор қайд намуда, нӯшбод мегӯяд. Ва падар гоҳ - гоҳе ба мо фарзандон дар сари дастурхон лаҳзаи тасодуфан шинос шуданашро бо шахси таърихӣ Тигран Петросян қисса карда, хислати хоксорию фурӯтании чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмотро ҳамчун намунаи ибрат мисол меовард. Ҳикояи Мақсудҷон боз як саҳифаи барҷастаи ибратомӯзе аз ҳаёти фарди дигари таърихӣ, сарвари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мунодии сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзода ба шумор меравад, ки ӯ одатан аз хурдтарин имконият барои ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани хислати меҳмоннавозии миллати тоҷик истифода мебурд ва хонандагони ҷавонро дафъатан даъват менамоям, ки аз таърихи пурҷилою дурахшони фарзанди баруманди тоҷик, шоири шаҳири миллат ҳамеша фахр намоянд, зеро ки эшон худ гуфта: Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир, Расми хуби тоҷиконро гум макун. Зариф ҒУЛОМ, адиб

Мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи ба номи А. Ҳакназарови шаҳри Кӯлоб Латофат Рустамова аз зумраи нафаронест, ки хислатҳои наҷиби инсониро дорост. Аз рӯзе, ки ба ҳайси мудири шуъбаи ҷарроҳӣ ба фаъолият оғоз намуд, ғаму шодии беморонро ғаму шодии худ донист. Ин аст, ки дар мушкилтарин лаҳзаҳои бо халқ буданаш ӯро байни омма соҳиби иззату эҳтиром ва манзалати баланд гардондааст. Ҳамчун ҷарроҳи дараҷаи олӣ, Латофат Рустамова усулҳои тозаю навтарини ҷарроҳиро кашф намудааст. Ҳар як амали ибратбахшу пандомӯз ва нигоҳе, ки дар он маънии хизмат ба халқу Ватан ифода меёбад, дар саҳфаи дурахшони таърихи халқу миллат сабт мегардад. Латофат Рустамова зодаи шаҳри Кӯлоб мебошад. Соли 1989 мактаби миёнаи зодгоҳро бо баҳои аъло тамом намуда, моҳи июли ҳамон сол бо фотиҳаи неки модараш ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуд. Вай аз ҷумлаи донишҷӯёни толеъбаланде буд, ки бахт ба рӯяш хандида буд. Дар ҳамон солҳо аз устодон дониши хуби тиббӣ гирифт. Олимони машҳур Комил Тоҷиев, Ҳомид Мансуров, Яҳё Раҳимов, Кибриё Ҳасанова, Зиёдулло Хоҷаев, Неъматулло Усмонов ва дигарон ба ӯ муолиҷаву санъати баланди илми тибро омӯхтанд. Латофат Рустамова донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд. Пас солҳои 2001-2002 Донишгоҳи такмили ихтисосро бо ихтисоси ҷарроҳӣ поён бурд. Солҳои 2002-2003 дар госпитали ҳарбии шаҳри Кӯлоб ба ҳайси духтур ҷарроҳ хидмат намуда, ба сарбозони тоҷик ёрии худро расонд. Солҳои 20042015 дар маркази «Ёрии таъҷилӣ»-и шаҳри Кӯлоб фаъолияти арзишманде дошт. Солҳои 2007-2009 дар ординатураи клиникии Пажӯҳишгоҳи илмӣтадқиқотии дилу рагҳо ба номи А.Н. Бакулев, ки дар миёни донишкадаҳои дигари илмӣ-тадқиқотӣ ва муолиҷавӣ мақому эътибори бузургро соҳиб аст, таҳсил намуд. Латофат Рустамова дар ин донишгоҳи пурқуввати илмӣҷароҳӣ, дар ҳалқаи олимони забардасти тиб илм омӯхту амал кард. Табибони бузург дар ҳаёти ӯ нақши бузург гузоштанд. Корномаи олим ва ҷарроҳи номӣ олимони донишгоҳро ба ҳайрат овард.

Дар долонҳои кафедраҳо, лавҳа ва номгӯи мақолаҳои илмии ин олими ҷавон сабт гашта буд. Тадқиқоти илмии вай, ки усулҳои тозаю навтарини ҷарроҳиро кашф намудаву борҳо соҳиби ҷоизаҳои баланди донишгоҳ гашта, қадру эътибори бузургро соҳиб шуд. Соли дуюми ординатура махсусан ҷустуҷӯйҳои пайдарҳами илмӣ самараи хуб дод. Натиҷаи тадқиқоти муҳими Л. Рустамова, усули нигоҳ доштани хунравии меъда ва бинӣ дар маҷаллаи «Трудная хирургия» соли 2009 нашр гардид, ки он олимони донишгоҳро ба ҳайрат овард. Вай даҳҳо рисолаҳои илмии устодонро омӯхт ва садҳо маризони пардаи дил, нуқсони шуш, печиши рӯдаҳо, рагҳои хунгард, кӯрруда, нуқсони талхадон, маризонро аз чанголи беамони беморӣ ва марг наҷот дод. То имрӯз даҳҳо мақолаҳои илмии Латофат Рустамова дастраси аҳли илми тиб гардидааст: «Газаки шадиди меъда ва пешгирии он», «Пешгирии пардаи дил», «Газаки талхадон ва пешгирии он», «Сабабҳои печиши рӯдаҳо», ки бо ҳамкории олимони тиб рӯйи чоп омадаанд, аз тарафи донишмандони илми тибби ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон баҳои баланд гирифт. Дар ин тадқиқот Л. Рустамова аз роҳҳои хубтар муайян кардани маризиҳои дилу рагҳои хунрав ва касалиҳои маъмулӣ паҳншудаи дилу рагҳои хунгард сухан рондааст. Нахустин таҳқиқоти тиббиаш ба имконияти асосноки манъ кардани хунравӣ тавассути компрессияи берунии пневматика бахшида шудааст. Натиҷаи кори илмии вай дар маҷаллаи соҳавии «Экспериментальная хирургия и анестезиология» аз чоп баромад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки: «Зиёиён хазинаи тиллоӣ ва чароғи равшану роҳи фардои миллатанд». Оре, ҷарроҳи номвар Латофат Рустамова аз зумраи табибонест, ки хазинаи тиллоиро ташкил медиҳанд, шамъи илму фазилату заковаташ роҳи фардои беморонро равшану мунаввар месозанд. Саттор ТОҶИДДИНОВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №22 (9552), 31.05.2018

11

ТАШАББУС

Истифодаи самараноки об Давраи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ тақозо менамояд, ки беҳдошт ва тағйиротҳои куллӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ва ба он алоқаманд, амалӣ карда шаванд. Дар ин маврид яке аз ин самтҳо - бехатарӣ ва беҳдошти ҳолати истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ мебошад. Зикр намудан ҷоиз аст, ки шароити табиӣ ва иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои заминаи мусоид ва имконоти лозима ҷиҳату истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ дар кулли соҳаҳои иқтисоди миллӣ мебошад. Барои расидан ба чунин дараҷаи инкишоф ҳангоми интихоби самараноки истифодаи захираҳои обию энергетикӣ, мақоми асосиро масъалаҳои бехатарӣ ва истифодаи оқилонаи ин захираҳо, ба истифода додани нерӯгоҳҳои обии барқӣ, пешгирӣ намудани муаммоҳои экологию иқтисодии истифодаи захираҳои обию энергетикӣ, ифлосшавии захираҳои об аз ҳисоби партовҳо аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолӣ, ҳифзи муҳити атроф ва нигоҳдории тандурустии аҳолӣ мебозанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар аз рӯйи масоҳат дар ҷаҳон ҷойи 85-умро ишғол намояд ҳам, аз рӯйи захираҳои умумии имконпазири барқии энергетикӣ дар ҷои 8 меистад ва имконоти истеҳсолии қуваи барқ, чи тавре ки дар боло зикр шуд, тақрибан дар ҳаҷми 527 млрд кВт- соат арзёбӣ мегардад. Аз рӯйи ин нишондиҳанда Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал буда, 70 фоиз захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба ҳудуди он рост меояд. Аз ин ҷост, ки дар шароити камчинӣ ва норасоии захираҳои обӣ мақомоти роҳбарии ҳар кадом кишварро лозим аст, ки перомуни ин масъалаи ҳамзамон мубрами рӯз дар сатҳи ҳукуматӣ барномаҳоеро пешниҳод намоянд, то ин ки сари роҳи буҳрони обро гирифта тавонанд. Дар ин хусус ҷумҳурии мо, аз ҷумла Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, бо фармони худ созишномаи байниҳукуматии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро аз 17 июни соли 1999 дар бораи истифодаи захираҳои обию энергетикии ҳавзаи дарёи Сир тасдиқ намуд. Ҳолати ҳозираи истифодаи захираҳои обию энергетикиро таҳлил намуда, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки яке аз сабабҳои асосӣ, ин талафёбии об маҳсуб ёфта, он дар вазъияти ниҳоят мураккаб қарор дорад. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, барои беҳбуди вазъияти истифодаи захираҳои обӣ чораҳои зерин, аз қабили ҷорӣ кардани меъёрҳои иқтисодӣ, азнавсозии шабакаҳои обёрӣ, амалӣ намудани технология ва роҳҳои пешқадами обрасонӣ, истифодаи оқилона ва бехатарии захираҳои об, мукаммал намудани фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва ғайраҳо ба мақсад мувофиқ аст. Абдукарим МУЪМИНОВ, мудири кафедраи фаъолияти биржавии ДДМИТ

Ташаббусҳои Пешвои миллат ҷиҳати пешгирии норасоии об Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои байналмилалиро оид ба ҳалли масоили об пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтаанд. Аз ҷумла, бо пешниҳоди Ҳукумати кишвар соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. Солҳои 2005-2015 бошад, ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон карда шуд. Пешниҳоди охирине, ки аз ҷониби СММ қабул гардид, ки ин Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” мебошад, ки аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ин чорумин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин иқдом аст. Даҳсолаи мазкур дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқ ва пешбарии лоиҳа ва барномаҳо дар соҳаи об, таҳкими ҳамкорӣ ва ширкат ҷиҳати татбиқи аҳдофи рушди устувори марбут ба захираҳои об мусоидат намуда, масъалаҳои таҳкими самаранокии истифодаи захираҳои об ва ҳамгироӣ байни захираҳои об, ғизо, энергия ва муҳити зистро фаро мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2016 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро бо ин дастоварди муҳими Тоҷикистон, табрик намуда, зикр карданд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст”. Қабули қатъномаи мазкур саривақтию зарурӣ буда, он аҳамияти умумибашарӣ дорад. Ҳоло ба ҳар сокини ҷумҳурӣ соле 12000 м3 об рост меояд. Суръати баланди афзоиши аҳолӣ ва дар ин асос зиёд намудани маҳсулоти кишоварзиро талаб менамояд, ки меъёри истифодаи об бояд дуруст ба роҳ монда шавад. Айни замон зиёда аз 76 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Бинобар ин, масъалаи дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ яке аз ҳадафҳои муҳими Рушди ҳазорсола маҳсуб мешавад. Сарфакоронаю самаранок истифода бурдани захираҳои обии кишвар яке аз масъалаҳои мубрами самти иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад. Таъминоти оби нушокӣ ба воситаи шабакаҳои обрасон дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 30 дарсадро ташкил медиҳад. Бинобар ин истифодаи оқилона, тоза нигоҳ доштани оби ҷӯю дарёҳо ва ҳифзи манбаъҳои он яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як сокини мамлакат мебошад.

Истифодаи нодурусти об дар соҳаи кишоварзӣ, ки 70 фисади захираҳои обро ташкил медиҳад, ба шуршавии тақрибан 20%-и заминҳои обёрӣ оварда расонидааст, ки дастёбии бехатарии озуқавориро дар оянда зери шубҳа мегузорад. Зеро айни замон наздик 60 фисади захираҳои озуқаи ҷаҳонӣ маҳз тавассути обёрии кишоварзӣ истеҳсол карда мешаванд. Бинобар ин об барои рушди устувори оянда, таъмини мувозинати инкишофи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ муҳим арзёбӣ мегардад. Мушкилоти дигари мубрам дар соҳаи об ин дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани ҳамкории байнидавлатӣ оид ба истифодаи обҳои фаромарзӣ мебошад. Бояд изҳор дошт, ки ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ 45 фисади кисмати хушкии дунёро фаро гирифта, дар ҳудуди онҳо зиёда аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҳавзаҳо 145 кишвари дунё ҷойгир буда, бе ҳамкории зич ҳалли масъалаҳои марбут ба об ва дар ин замина таъмини сатҳу сифати муносиби зиндагӣ барои аҳолии онҳо мушкил мегардад. Мо мутмаин ҳастем, ки даҳсолаи мазкур дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқ ва пешбарии лоиҳаҳо ва барномаҳо дар соҳаи об, таҳкими ҳамкорӣ ва иштирок ҷиҳати татбиқи аҳдофи рушди устувори марбут ба захираҳои об мусоидат намуда, масъалаҳои таҳкими самараноки истифодаи захираҳои об ва ҳамгироӣ байни захираҳои об, ғизо ва муҳити зистро фаро мегирад. Ин омил боз як нишонаи муҳими он аст, ки ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавии ҷаҳони имрӯза оид ба об аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Барои тақвият бахшидан ба ин раванд ва нигоҳ доштани сатҳу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ Ҳукумати кишвар, сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла кормандони Саридораи геологияро низ мебояд бо ҳисси ифтихор ва масъулият ҷиҳати ҷалби бештар ва фарогири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати татбиқи ибтикороти глобалии Тоҷикистон саъю талош варзанд. Бо пуштибонӣ аз иқдоми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд зикр намоем, ки қабули муваффақонаи қатъномаи мазкур боиси ифтихори мо – тоҷикистониён буда, ҳар яки мо вазифадорем, моҳияти ин амали бузургро ба аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон фаҳмонем.

Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”


12 САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №22 (9552), 31.05.2018

Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз Тоҷикон аз қадимулайём миллати бофарҳанг буда, анъана, расму оин, касбу ҳунарҳои миллӣ ва суннатҳои мардуми хешро фаромӯш накарда, балки ҳамеша бо ҳунару маҳорати волои хеш машҳури ҷаҳон гардидаанд.

Заминаи хуб барои шуғли аҳолӣ Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва рушдёфтаи хоҷагии ҷаҳонӣ буда, он дар рушди дараҷаи даромаднокӣ нақши бузург дорад. Айни замон қариб 7 фоизи сармоягузориҳои ҷаҳонӣ ба ҳиссаи ин соҳа рост омада, дар навбати худ барои бештар ташкил намудани ҷойи кор шароит фароҳам меоварад. Зеро туризм яке аз падидаҳои мураккаби иқтисодию иҷтимоии замони муосир маҳсуб ёфта, вобаста ба беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ рушд меёбад. Ин бахш чун дигар соҳаҳои хоҷагии ҷаҳонӣ дар баробари рушди тамаддуни инсони тағйирёбанда буда, он навгониҳои ҳаёти муосирро таҷассум менамояд. Соли 2008 Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ иттилоъ дод, ки сайёҳӣ дар содироти молу хадамот мақоми аввалро касб намудааст. Гузашта аз ин, дар баробари ташкили зерсохтори сайёҳӣ нақши мутахассисони соҳибкасб дар рушди соҳа хеле бузург аст. Дар замони муосир сайёҳиро ба намудҳои гуногун ҷудо менамоянд. Чунки сайёҳӣ ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, беҳбуди вазъи зербинои нақлиёту коммуникатсия, афзоиши ҳаҷми савдо ва сохтмон мусоидат намуда, дар баъзе кишварҳо ҳаҷми даромад аз сайёҳӣ беш аз 50 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Бояд ёдовар шуд, ки дар аксар кишварҳо сайёҳӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба рушди соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт, коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз соҳаҳои рушди иқтисодии кишвар, ки дар солҳои охир босуръат рушд дорад, маҳз бахши сайёҳӣ ба шумор меравад. Зеро Тоҷикистон дорои фарҳанги беназир, ҷойгиршавии мусоид, гуногунии манзараҳои табиӣ, олами набототу ҳайвонот, кӯлу дарёҳои бешумор, кӯҳҳои осмонбӯсу пиряхҳои азим ва умуман, мавқеи ҷуғрофии ба худ хос ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар имкони воқеӣ дорад. Бо назардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии ҷумҳурӣ эълон кардааст. Мусаллам аст, ки Тоҷикистон дар Осиёи марказӣ беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардида, дар рўйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон додаанд, алоҳида зикр шудааст. Дар ин рўйхат Тоҷикистон, пас аз Ҷопон ва Озарбойҷон дар зинаи сеюм қарор гирифт. Маҳз ба хотири тақвият бахшидани рушди сайёҳӣ, истифодаи босамари захираҳои дар ин самт мавҷуд будаи кишвар, инкишофи зерсохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохилию хориҷӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт соли 2017 дар сохтори Ҳукумати кишвар сохтори ҷадид, Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис ёфт. Барои рушди соҳаи сайёҳӣ ҳоло дар кишвар ҳамаи шароит фароҳам оварда шуда, дар ин ҷода аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бисёр тадбирҳои мушаххас ва иқдомҳои наҷиб амалӣ мегардад. Бо дарназардошти шароити мусоид ва муҳити кишвар метавон шумораи сайёҳонро даҳчанд афзун намуд, ки дар баробари соҳаҳои сердаромад сайёҳӣ низ чун бахши асосӣ дар рушди иқтисодии кишвар нақши муҳим хоҳад дошт. М. МЕНИҚУЛОВА, мураббии ширхоргоҳ - кӯдакистони рақами 89-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Содиқова Эркамоҳ яке аз чеварони моҳир ва устоди ҳунар дар ноҳияи Восеъ маҳсуб меёбад. Ӯ 58 сол дораду дар ноҳия мақоми хосеро пайдо намудааст. Содиқова Эркамоҳ мегӯяд, ки ҳунари дӯзандагиро дар 15-солагӣ аз модараш омӯхтааст ва то кунун онро сайқал додааст. Ин зани ҳунарманд ҳунаромӯзиро аз шерозбофӣ оғоз намуда, дар давраҳои душвори ҳаёт ба он шуғл варзидаву роҳи зиндагиашро пеш бурдааст. - Ҳастанд ҳунарҳое, ки талаботу ниёзи мардум ба онҳо намондааст, - мегӯяд вай. Дар ҷараёни суҳбат бо ин зани ҳунарманд аз тарзи бофтани шероз пурсон гаштем ва чи тавре, ки худи вай зикр кард: - Ҳунари шерозбофӣ як навъ ҳунари анъанавии мардуми мо мебошад, ки то ба ҳол дар баъзе ноҳияҳои кишвар боқӣ мондааст. Бофтани шероз аз риштаҳои рангоранг дар дӯконҳои махсуси шерозбофӣ сурат мегирад. Шерозбофӣ яке аз ҳунарҳои нафис ва такмилёфтаи санъати қадима мебошад, ки намунаҳои гуногуни он то инҷониб ба мо расидааст. Ин ҳунар бештар дар байни мардуми куҳистон мавқеи муҳим дорад. Дар аксар ноҳияҳо шерозро дар либосҳо ба таври махсус истифода мебаранд. Шероз вобаста ба тарзу усули худ ба дарозиву бар ва нақшу нигораш фарқ мекунад. Инчунин шерозро барои ороиши доман, гиребон ва остини сару либоси занонаву мардона низ истифода бурда, дар он нақши занҷира, тасвири гулу мева ва ситораҳоро илова менамоянд. Дар шерозбофӣ аз риштаҳои сурху сиёҳ истифода

намуда, он аслан аз 3 ва 5 рах бофта мешавад. Нақши серахаи шерозро секӯка ва нақши панҷрахаашро чашми булбулак меноманд. Баъзе ҳунармандон ҳангоми бофтани шероз маҳсулоташонро мувофиқи завқашон бо тасвирҳову навиштаҷот ороиш медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Восеъ ҳунари шерозбофӣ дар баъзе маҳалҳо мавқеи хоси худро дорад, зеро ин ҳунарро ҳар як ҳунарманди асил хуб медонад ва бо тарзу усули хеш истифода мебарад. Метавон гуфт, ки Содиқова Эркамоҳ дар шерозбофӣ ҳунармандест, ки ҳамто надорад. Ҳангоми суҳбат бо ин зани меҳрубон аз ҳунарҳои дастии он кас дидан намудем. Ӯ тасвирҳоро худаш меофарад, рангро низ худ интихоб намуда, дар бофтани он аз тахайюлоти рангину гуворои хеш истифода мебарад. - Ин ҳунар хеле нозуку мураккаб буда, маҳорати баландро талаб мекунад, - иброз дошт холаи Эркамоҳ. Бояд қайд кард, ки тӯли солиёни зиёд ӯ ба шерозбофӣ машғул аст ва шогирдони зиёдеро ба ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, бо масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстӣ ба шуғл фаро гирифтааст. Ӯ дар манзили истиқоматиаш занону бонувони маҳаллаашро ба ҳунари шерозбофӣ, дӯзандагӣ, курпадӯзӣ, рафидадӯзӣ ва дигар намуди ҳунарҳои дастӣ ҷалб намуда ва ба ин васила бонувони ҳунарманд аз маҳсули дасти худ рӯзгорашонро пеш мебаранд. Вақте бо ин ҳунарманди хоксору меҳрубон, ширинсухану ширингуфтор ҳамсуҳбат шудем аз бисёр ҳунарҳои дигари

ӯ бархурдор гаштем, ки ин зани ҳунарманд натанҳо дар дӯхтан инчунин дар пӯхтани нону кулча низ ҳамто надорад. Холаи Эркамоҳ бо рафидаҳои духтаи худ дар ҷашну маросимҳо барои мардуми ноҳия нонҳои калон ва кулчаҳои болаззат омода мекунад. Тамоми мардуми маҳалла дар тӯю маъракаҳои худ барои пӯхтани нон ба ин зани ҳунарманд муроҷиат мекунанд, зеро ҳунарманд ба таври махсус дар болои нонҳо ороишоти гуногун истифода намуда мепазад. Инчунин, Содиқова Эркамоҳ барои занону модарони ноҳия ва хешу наздикон либосҳои миллии тоҷиконаро вобаста ба тахайюлоти рангини худ медӯзад. Ӯ бо доштани ҳунарҳои худ дар байни мардуми ноҳия ва маҳал мавқеи муҳим дорад, тамоми ҳамсояву наздикон ва онҳое, ки ин ҳунармандро мешиносанд, эҳтиромаш мекунанд ва дӯсташ медоранд. Маҳз дастони муъҷизаофари ин зани ҳунарманд зиндагиашро рангину фараҳбахш намудааст. Дарвоқеъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълон намудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бори дигар халқи заҳматкаш ва ҳунармандро ба меҳнати софдилона ва такмили ҳунарҳои мардумӣ ҳидоят карда, роҳи ҷомеаро барои расидан ба зиндагии арзанда равшан намуд. Мо бовар дорем, ки ин сол омили асосии пешрафти иқтисодиёти миллӣ мегардад. Ҳунарманд ҳар ҷо бувад, сарфароз аст. Мастона ҲАЙДАРОВА, донишҷӯи ДМТ


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №22 (9552), 31.05.2018 Чанде пеш, дар Душанбе ҳамроҳ бо гурӯҳе аз хабарнигорон дар суҳбати таҳлилгари афғон Наҷиб Ҳамиди Накукор будем. Ӯ маълумоти аҷибе изҳор дошт. Тамоми солҳои нооромӣ дар Афғонистон дар муқоиса бо замони нооромиҳои Тоҷикистон шахсиятҳои миллии он кишвар ба маротиб камтар террор шудаанд. Тақрибан 7 соли нооромии Тоҷикистон он қадар зиёиёну фарҳангиён террор шуданд, ки бо дарназардошти тӯлонияти ҷанг дар Афғонистон хеле зиёданд. “Сабаб ин буда, ки дирижёрҳои ҷанги 40-сола дар Афғонистон як ҳадаф доранд – истифодаи қаламрави ин кишвар ба ҳайси майдони набард ё майдони санҷиши қудрат. Дар ин ҳолат тару хушк месӯзад, на он тавре ки ба ғуломӣ табдил додани кулли мардум, қатли чеҳраҳои саршинос дар мадди аввал бошад. Воқеияти ҷанги Тоҷикистон дар он аст, ки ин ҷо фарҳангиёну равшанфикрон террор шуданд ва ҳадаф ба як тӯдаи бе равшанфикр табдил додани мардуми тоҷик буд, ки дар ин ҳолат идора кардану ба сӯйи ҷаҳлу истибдод ва зулму торикӣ равона сохтани одамон осонтар аст”,-андешаронӣ кард ин таҳлилгар. “Ин ҳатто фаҷеътар аз таркиши бомбаҳост, ки дар ниҳоят метавонад боиси решакан шудани фарҳангу тамаддун ва таърихи миллат шавад”,изҳор дошт ӯ. Аз дидгоҳи аввал, агар ба воқеияти замони ҷанги Афғонистон назар андозем, дарк кардани мазмуни ин гуфтаҳо душвор нест: ҷангу паронидан аст, таркиш аст, одамон кушта мешаванд, хоҳ алоҳида бошад, хоҳ ба таври тӯдаӣ. Ҳар куҷое ҷанг аст, ин ҳолат ногузир аст. Аммо агар воқеияти ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро ҷустуҷӯ кунем, ба мафҳумҳое дучор мешавем, ки сирф хосси ҳамин нооромиҳо дар ҷумҳуриамон буданд: террори миллӣ, ҷанги мазҳабӣ, шиакунонӣ, қатли саросарии олимон, хабарнигорон, афроди маъруф... Мазмуни ниҳоӣ аз гуфтаҳои он таҳлилгарро дар ҳамин ҷо дарёфтам, ки “Дар Афғонистон мардуму миллатро мекушанд, то элитаи сиёсиро тобеи худ созанд, дар Тоҷикистон олимону чеҳраҳои саршиносро куштанд, то мардуму миллатро ғулому таъриху фарҳангашро маҳв созанд”. Дар мисоли ҳаводиси Тоҷикистон ин андешаронӣ воқеият дорад. Дастандаркорони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хуб медонистанд, ки то замоне мардуми тоҷик Олимпуру Исҳоқиҳо, Осимиву Латифиҳо до-

E - MAIL: javonontj@mail.ru

13

Террори миллӣ ё воқеияти қатли Олимпур бо “силоҳи бародар” рад, наметавон ин миллатро шикаст дод. Аммо нуқси асосӣ дар тасаввуроти ғалати эшон ин буд, ки вақте барои қатли Олимпур дастур доданд, ҳеҷ мунтазир набуданд, ки Олимпуре дигар, Исҳоқиву Осимиву Сайфу Латифиҳои дигар меоянд. Чанд вақти охир мехоҳам дар бораи воқеияти қатли хабарнигороне, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо супоришҳои махсус кушта шудаанд, огоҳӣ пайдо кунам. То замоне ки гузориши ВКД Тоҷикистон оиди бо маблағгузории хориҷиён кушта шудани ин чеҳраҳои маъруфро надидам (августи соли 2017), хаёлан меандешидам, ки чаро маҳз олимону мутафаккирон, хабарнигорони шинохта ҳадафи тир қарор дода шуданд? Пушти ин ҳама кӣ меистод? Чаро маҳз зиёиёну донишмандон кушта шуданд? Вақте дар гузориш гуфта шуд, ки инҳо бо сарпарастии хориҷу супориши роҳбарони наҳзат кушта шудаанд, ҳама чиз маълум гардид: барои мутеъву ғулом гардонидани мардум зарур нест, ки нисфашон сар бурида шаванд. Аз байн бурдани шахсиятҳои маъруф роҳро барои расидан ба ҳадаф ҳамвор мекунад. Чизе ки аз суҳбати он таҳлилгар шунидам. Дарёфтам, ки ин олимону зиёиён, хабарнигорону дигар неруҳои пешбарандаи ҷомеа аз ҳамин хотир ҳадафи террор қарор гирифтанд. Инро қаблан дар суҳбати ҳамдеҳаҳои хабарнигори маъруфи терроршуда Муҳиддин Олимпур ҳам шунидам будам... Мазмуни “силоҳи бародар”-ро дарк кардед? Сафари мо ба Мастчоҳи куҳӣ ва шаберо дар деҳаи Шамтичи ноҳияи Айнӣ ба рӯз бурдан ба рӯзҳое рост омад, ки Тоҷикистонро хабари бо сарпарастии хадамоти махсуси яке аз кишварҳои “дӯст” кушта шудани чеҳраҳои маъруф, аз ҷумла Муҳиддин Олимпур, такон дод. Олимпур зодаи ҳамин деҳа асту мавриди ифтихору эҳтироми мардум. “Дар асл, пештар ҳам мардум шунида буданд, ки размандагони таҳти роҳбарии Ҳизби наҳзати исломӣ аз кадом як кишвари ба ном “дӯст” супориши аз байн бурдани Олимпурро гирифтаанд. Ва барои ин аз сӯйи фармоишгар маблағ ҳам пардохт шудааст. Аммо он солҳо мардум ба хотири ин ки имкон дорад ин гуфтугуҳо ба муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо он кишвари “дӯст” халал расонад, дар ин маврид хомӯширо авлотар медонистанд. Аммо бо гузашти солҳо расман хабар дода шуд, ки маҳз кишвари ба ном дӯсти мо – Эрон барои қатли маъруфтарин ҳамдеҳаамон супориш додаву сарпарастӣ кардааст, ҳама дар ҳолати шок афтоданд. То ҳанӯз одамон мехоҳанд ба ин ха-

бар бовар накунанд, аммо имкон надорад, зеро шоҳидони ҳодиса, таҳқиқоти муфаттишон ва ҳуҷҷатҳои воқеӣ тасдиқ кардаанд, ки воқеият ҳамин аст. Ба ҳар сурат, ин воқеияти ҷанги Тоҷикистон буд, ки бародар ба сари бародар силоҳ бардошт. Мо фикр доштем, ки кишвари ҳамзабон бародари мост, акнун ба мазмуни “силоҳи бародар” сарфаҳм рафтем”, - мегӯяд Сафармуҳаммад, хабарнигори тоҷики муқими Маскав, ки он шабу рӯз рухсатияшро дар деҳа мегузаронид. Чун дар маҳфилу нишастҳои замони донишҷӯӣ гап сари Муҳиддин Олимпур ва террори ӯ мерафт, ҳатман дар ҷое ишора мекарданд, ки “кишвари дӯсту бародар корашро кард”. Дар донишгоҳ устодони бегонагаро кам набуданд (ва фикр мекунам, ҳанӯз ҳам ҳастанд), ҳолатҳое буд, ки ин ё он ҳамкурсамон зимни дарсҳо бо чунин устодон хархаша мекарданд. Сабабашро акнун дарк кардам... Нақли як хабарнигори украинӣ, ки баъди қатли Олимпур ба ҷустуҷӯи мадфани ӯ омадааст, маҳз боиси он шудааст, ки ин се нафар то андозае ҳақиқати террори ҳамдеҳаи маъруфашонро донанд. Ва ҳамон сол қавл медиҳанд, ки журналист шудаву кори Олимпурро идома медиҳанд. Охирҳои тобистони соли 2017... Мо, ки қаблан ҳам борҳо Шамтич рафта, дар маъракаҳояшон иштирок кардаем, барояшон ба қавле “худӣ” будем. Бинобар ин, суҳбат дар дилхоҳ мавзуъ ба осонӣ метасфид. Чун суҳбат дубора сари мавзӯи қатли Олимпур ва сарпарастии хориҷиён дар террори ӯ рафт, марде, ки он ҷо ҳузур дошту баъзан ба суҳбат ҳамроҳ мешуд, аз як хабарнигори украинӣ ном гирифт, ки ба ҷустуҷӯи хонаводаи Олимпур омадааст. Ин мард Ҳоҷӣ Амон буд. Айнан ҳамоне ки тобистони соли 2006 ба маъракае ба Шамтич рафтему барои он ки ҳамчун “меҳмон аз Душанбе” шабро дар манзили ӯ гузаронем, то соати 2-и шаб мунтазирамон истода буд. Аз он шабу аз он сафар хотироти аҷибе мавҷуданд, ки марбут ба мавзӯи ин матлаб нестанд, аммо, ана ҳамин Ҳоҷӣ-Амон ҳодисаеро нақл кард, ки фикр мекунам, онро муфассал ин ҷо ҷой додан ҷоиз аст: - Солҳои 2000 ё 2001 буд. Як журналист бо номи Володя Михайлов (шояд дигархелтар бошад) аз Украина омада, қариб даҳ рӯз дар ҳамин ҷо монд. Ӯ ё ҳамкурс ё дӯсти наздики Муҳиддин будааст. Чун анъанаи неки гузаштагон ӯро меҳмондорӣ кардем, ба маъракаҳо даъват мекардем, сайру саёҳат бурдем, то нигоҳаш, фикру андешааш дар мавриди ҳамдеҳаҳои Муҳиддин Олимпур тағйир наёбад.

Аммо баръакс, ӯ аз аввали омаданаш бо як меҳру муҳаббат суҳбат мекард, вақте ба касе муроҷиат мекард, эҳтиромро ба ҷо меовард. Ростӣ, барои мардуми деҳот як андоза шубҳаовар буд, ки чаро вай ин қадар худро одами наздик мегирад. Яке аз рӯзҳо, вақте хӯроки нисфирӯзӣ ба анҷом расиду бояд суҳбатро шуруъ мекардем. Гӯё ӯ ин ҳолатро пай бурда бошад, ки худ ба худ ба сухан даромад: “Чаро шумо нисбат ба ман, ки номи Муҳиддинро гирифта ин ҷо омадам, ин қадар бо эҳтирому муҳаббат муносибат мекунед? Шояд бароятон хешу табор ё ҳамдеҳа аст, барои ҳамин? Аммо шумо бояд инро ҳам донед, ки вай қурбони дасиса ё иғво нашудааст, ӯро дидаву дониста куштанд. Ҳизбиён (он вақт наҳзатиҳоро ҳамин хел мегуфтанд) ба ду пули пучак ӯро куштанд. Вақте Муҳиддинро куштанд, ман дар Афғонистон будам. Медидам, ки муҳоҷирони тоҷик барояш чӣ хел мегиристанду силоҳбадастон онҳоро таҳдиди паронидан мекарданд. Кӣ буданд он силоҳбадастон, ки дар ғурбат болои ҳаммеҳанони худ силоҳ мебардоштанд? Саркардаҳои ҷанг кист, медонед? Фармоишгари қатли зиёиҳоятон кист, медонед? Вақти дар Афғонистон будан, ки қариб то сарҳади Тоҷикистон омада будам, дарк кардам, ки ин ҷанг ҳадафҳои мушаххас дорад. Ёдатон бошад, Тоҷикистон ягона давлати форсизабони собиқ шӯравӣ буд. Баробари соҳибистиқлол шудан аввалин коре, ки бародари ҳамзабону ҳамфарҳангамон анҷом додан мехост, зери таъсири “акнун соҳибистиқлол шудани

Тоҷикистон” шуморо зери султаи худ дароварданӣ буд. Аз нигоҳи замонӣ дуруст ҳадаф гирифта шуда буд, аммо аз нигоҳи ақлониву тактикӣ бадтарин сенария буд. Ҳамин олимону зиёиёне, ки баъдтар кушта шуданд, монеаи ҳадафи берун буданд. Ба ҳамин хотир, онҳоро як-як аз миён бардоштанд. Яъне, онҳо барои ба кишвари манфиатдор “пайвастан”-и Тоҷикистон мушкил пеш оварданд, исбот карданд, ки миллати шумо як миллати алоҳида асту давлати алоҳида дорад. Нерӯҳои мухолифин бошанд, комилан дар итоати Теҳрон қарор доштанд... Аммо ба Муҳиддин ҷабр шуд, барои он ки ӯ на ба сиёсат кор дошту на сиёсатмадор буд, аммо чун равшанфикр буд, барои ақлҳои тира нодаркор буд...” Аз ин суҳбати мо бо сокинони Шамтич як солу аз сафари журналисти украинӣ ба он деҳа 16-17 сол гузашт. Аҷиб ин ки идеяи исломӣ оид ба ҷисман нобудсозии олимону зиёиёни тоҷикро ҳамон вақтҳо дар ҳазорҳо километр он тараф медонистаанд, ҳушдорамон медодаанд, мо бошем, бо умеди ин ки ҳама гумонҳо нодурустанду “бародарони ҳамдину ҳамфарҳанг” нақшаҳои вайрон надоранд, ба онҳо ва дар симои онҳо бо қотилони миллат – наҳзатиҳо оғӯш кушодем. Аммо қатли Олимпуру мисли ӯ даҳҳо равшанфикри тоҷик натавонист идеяи шиасозии тоҷиконро амалӣ созад. Нақшаҳо вайрон шуданд, сирҳо фош гардиданд, думҳоро зери пордум кардаву фирор карданд. Довуд ИСМАТӢ


14 Имсол ба зодрӯзи яке аз фарзандони фарзонаи тоҷик, алломаи Машриқзамин, муаллифи шоҳасари «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров 110 сол пур мешавад. Бобоҷон Ғафуров баробари олими забардаст, арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятӣ будан ҳамчунин адиб ҳам аст. Аз зери қалами ӯ ҳамчунин қиссае бо номи «Маҳмуд» рӯи коғаз омадааст. Ин қисса асари тарҷумаҳолӣ буда, бисёр лаҳзаҳояш аз зиндагиномаи худи эшон гирифта шудааст.

МАЪРИФАТАФРӮЗ ба ин ҷо меорам. МАҲМУД. Не, раҳмат. Ман сер… (Зан эътибор надода меравад. Ба хона як духтараки чашмкабуд тохта медарояд. Дар тан куртаи маҳини гулобиранг дорад). ЛЕНА. Салом, номи ту чист, бача? МАҲМУД. Маҳмуд. ЛЕНА. Номи ман Лена (Даст дода, вохӯрӣ мекунад). Ту аз куҷо омадӣ?

(Маҳмуд хомӯш). Ба кору бори ман ошно мешавӣ. Дар ин сарзамини зархез устохонаҳои қадим, ёдгориҳои таърихӣ бисёранд, ки ман ба омӯзиши онҳо машғулам. Нобакорон ин мӯъҷизаҳои дасти инсонро туъмаи оташ гардондаанд. Боқимондаи онҳоро ман аз нестшавӣ эмин медорам. Медонӣчӣ, ман чанд рӯз пеш аз бозор як табақи аҷибе харидам. Чизи антиқа будааст. Мария, он чизро ба мо нишон деҳ.

ТАБАҚ

Самарқанд. Манзили бостоншинос Андреев. Ба таври одӣ ҷиҳозонида шудааст. АНДРЕЕВ (баъди шунидани нақли Маҳмуд). Исаев… Исаев… Ман як одамро медонистам. Фамилияаш Исаев. Вай ҳам командир буд. Шояд шахси ту мекофтагӣ ҳамон бошад. МАҲМУД. Бале, худи худаш. АНДРЕЕВ. Аз афташ, маҳз ҳамин кас ба мо даркор. МАҲМУД. Бале, амак. АНДРЕЕВ. Пас мекобем. Ман инро пагоҳ аниқ мекунам. Ту ҳозир хоб кун. МАҲМУД. Не, амак. Ман то Миша-амакамро набинам, хоб намеравам АНДРЕЕВ. Ихтиёрат. Метавонӣ то рӯз нахобида, маро интизор шавӣ. МАҲМУД. Интизор мешавам, амак. АНДРЕЕВ. Хуб. Ин тавр ки бошад, ман рафтам, як пурсуҷӯ карда биёям. (Меравад. Фосилае нагузашта, Мария Александровна - ҳамсари Андреев медарояд). МАРИЯ АЛЕКСАНДРОВНА. Афту андоматро бина-а. Ту чунон ифлос, ки… Шояд ягон касалӣ дошта бошӣ? МАҲМУД (ранҷида). Не, ман касал не, ман сиппа-сиҳат. МАРИЯ АЛЕКСАНДРОВНА. Кӣ медонад? Ба ҳар ҳол рафтем, ба ошхона. Ман хӯрок тайёр кардагӣ. Аммо аввал нағзакак шустушӯй карданат даркор (Маҳмуд аз ҷой намеҷунбад). Канӣ, зуд биё (Маҳмуд сар боло карда, ба зан менигарад. Чашмонаш пурашк. Зан суп-сурх шуда, ба хиҷолат мемонад ва ифодаи чеҳрааш тағйир меёбад. Овозаш нарму меҳрубон мешавад). Биё охир, ман маътал. МАҲМУД. Ман… дасту рӯямро шустагӣ. МАРИЯ АЛЕКСАНДРОВНА. Хайр, ихтиёрат. Пас ман хӯрокатро

Ато ҲАМДАМ нам. МАҲМУД. Илтимос, гиря накун. Ман ҳозир. Лекин эҳтиёт мешавӣ. Як бину зуд ба ман те, дар ҷояш монам. ЛЕНА. Майлаш. Маҳмуд ба рӯи курсӣ баромада, табақро боэҳтиёт аз ҷояш гирифтанӣ мешавад. Ин дам курсӣ алвонҷ хӯрда, табақ ба як сӯ, Маҳмуд ба як сӯ меафтанд. Табақ

ё дидор баъди панҷоҳ сол намоишнома

Рӯзноманигор ва адиб Ато Ҳамдам дар асоси ин қисса бо номи «Дидор» намоишномае эҷод кардааст, ки порае аз он пешкаши хонандагони рӯзнома мегардад.

МАҲМУД. Аз Хуҷанд. ЛЕНА. Оҳ, аз ин қадар роҳи дур. Ба чӣ кор омадӣ? МАҲМУД. Амакамро мекобам. ЛЕНА. Амаки ту кист? МАҲМУД. Миша, Миша-амак. ЛЕНА. Эҳ, дар байни тоҷикон ҳам Миша ҳаст? МАҲМУД. Лекин амаки ман урус аст. ЛЕНА. Ҳа, ҳамту гӯй. Яъне ошноятро мекобӣ? МАҲМУД. Миша-амак ба ман амаку ба дадом ошно мешавад. ЛЕНА. Фаҳмо (Андреев медарояд. Маҳмуд Ленаро фаромӯш карда, ба истиқболи ӯ шукуфон аз ҷо мехезад). МАҲМУД. Амак, шумо ягон… МАРИЯ АЛЕКСАНДРОВНА (даромада). Хуш, чӣ навигарӣ? Исаевро ёфтетон? АНДРЕЕВ (ба Маҳмуд). Гап ҳамин ки ҷӯраҷон, Исаев дар шаҳр нест. Ба ҷои дур рафтааст. МАҲМУД (зиқу малӯл шуда). Кай меомада бошад? АНДРЕЕВ. Инро намедонам. Ҳеҷ кас кай гашта омаданашро намедонад. Шояд ба қарибӣ омада монад. Аммо ту зиқ нашав. Ҳукумат ба шумоҳо бе вай ҳам мадад мерасонад. Одамони худро ба қишлоқатон мефиристонад. Зӯри онҳо ба Раҳимбой ва одамонаш мерасад. Ту алҳол дар хонаи мо мемонӣ. Андак шифо меёбӣ… МАҲМУД. Ман касал не. АНДРЕЕВ. Медонам, ту касал не. Лекин худатро хеле гиронда мондаӣ. Ба ту истироҳат лозим. Мария Александровна, Лена бо ту машғул мешавад, савод меомӯзонад. Магар ин бад даст?

МАРИЯ АЛЕКСАНДРОВНА. Таъриф боз сар шуд. АНДРЕЕВ. Чизи пурарзишро таъриф мекунанд-а, занак. МАРИЯ АЛЕКСАНДРОВНА. Боз чашм нагирад. АНДРЕЕВ? Туф, туф, аз забонат шамол барад (Мария Александровна табақро аз ҷевон гирифта, ба шавҳараш дароз мекунад. Андреев онро ба Маҳмуд нишон дода). Инро бубин. Табақи қадима бо мурури замон мутлақо тағйир наёфтааст. Ана, ин аст ҳунари волои халқ. Офарин ба офаридгораш! (Табақро боз ба ҷои аввалааш мегузорад). Хайр, ман дар берун боз каме кор дорам. Шумо чақ-чақ карда истетон. (Андреев меравад. Мария Александровна ҳам меравад. Лена медарояд). ЛЕНА. Падарам дар чӣ хусус ба ту ин қадар чақ-чақ кард? МАҲМУД. Дар хусуси табақ. ЛЕНА. Кадом табақ? МАҲМУД. Ана вай. ЛЕНА (ба ҷевон нигоҳ карда). О, чӣ хел нағз. Табақро гирифта, ба ман нишон деҳ. Бозӣ мекунам. МАҲМУД. Бозӣ? Ту чиҳо гуфта истодаӣ? Медонӣ, ин чизи қадима аст. Қиматаш ҳам баланд будагист? ЛЕНА. Подумаешь. Ин хелӣ табақ дар бозор бисёр. Агар дадам хоҳад, ҳар рӯз даҳташа харидорӣ мекунад. МАҲМУД. Не-да. Ин хелаш нест. Вай камёб. ЛЕНА. Хайр, гирифта деҳ. Аққалан бинам. Ба таъриф меарзад ё не. МАҲМУД. Не, мумкин не. ЛЕНА. Набошад, гиря меку-

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №22 (9552), 31.05.2018

ба фарш бархӯрда, пора-пора мешавад. Маҳмуд аз тарс дар ҷояш шах мешавад. Вай шикастпораҳоро саросема ғундошта, ба ҳам пайванд карданӣ мешавад, вале бе натиҷа. Гиря гулӯгираш мекунад. Як вақт мебинад, ки Лена он ҷо нест. Маълум, ки аз тарс гурехта, ба куҷое панаҳ бурдааст. МАҲМУД (ба худ омада). Корро бало зад. Андреев чӣ мегӯяд? Акнун ба рӯи вай чӣ хел нигоҳ мекунам? Ягона роҳ аз ин ҷо гурехта рафтан, дигар роҳе нест! (Тозон аз хона баромада, роҳи гурезро пеш мегирад. Садои ҳуштаки боду борон ба гӯш мерасад). *** Аз байн панҷоҳ сол мегузарад. Шаҳри Санкт-Петербург. Хонаи олими маъруфи шарқшинос Андреев. Дар ин хона омодагиҳо ба тӯи арӯсӣ ҷараён дорад. Саҳна бо нақшу нигори русию тоҷикӣ оро дода шудааст. Дар рӯи мебели канори саҳна чизҳои барои академик қиматбаҳотарин истодаанд. Инҳо зарфҳои қадимаи Машриқзаминанд, ки олим дар тӯли умр аз ҳар экспедитсияи худ ба Осиёи Марказӣ гирд овардааст. Ҳамсари академик Мария Александровна, ки як пиразани чусту чолок аст, гаштаю баргашта мизҳоро давр зада мебарояд. МАРИЯ АЛЕКСАНДРОВНА (ба Андреев). Дилам чунон дар такопӯ, ки гӯё ин тӯйи Надяҷон набуда, тӯйи ману ту бошад. АНДРЕЕВ (бо табассум). Хайр чӣ, тасаввур кун, ки тӯйи ману туст. Ҷавониро ба ёд овардан гуноҳ нест. МАРИЯ АЛЕКСАНДРОВНА. Илоҳӣ ба ин ҷавони сияҳмӯй хушбахту қӯшапир шавад, набераяки мо. АНДРЕЕВ. Вай, албатта, хушбахт мешавад, кампир. Ман гуфтаму ту шунав. МАРИЯ АЛЕКСАНДРОВНА. Домод ба ман бисёр маъқул. Бачаи нағз, дидадаро, ғамхору меҳрубон. Ман тоҷиконро нағз медонам. АНДРЕЕВ. Ман ба нигоҳ мекунаму хаёлам ба куҷое меравад. МАРИЯ АЛЕКСАНДРОВНА.

Барои чӣ? Ба ту маъқул не. АНДРЕЕВ. Чаро? Баръакс. Фикр мекунам, ки ман ро дар куҷое, кадом соле дидагӣ барин. Лекин кай, дар куҷо ҳеҷ ба ёд оварда наметавонам. МАРИЯ АЛЕКСАНДРОВНА. Кӣ медонад. Охир, ту сар то сари Осиёи Миёнаро чандин маротиба гаштагӣ. Ба монанд бисёр будагистанд. АНДРЕЕВ. Шояд. Падари Ғолиб ба тӯй расида меояд? МАРИЯ АЛЕКСАНДРОВНА. Албатта. Надя телефон карда буд. Вай рост аз аэропорт ба қасри ақди никоҳ рафтааст. Модари арӯсу падари домод аллакай ба ҳам шинос шуданд. Ману ту вайро акнун мебинем. Вай кӣ, ту медонӣ? АНДРЕЕВ. Фақат ҳаминашро медонам, ки вай ҷарроҳи машҳури тоҷикон аст (Овози мошин). Ана, омаданд! Рафтем! Пешвоз мегирем (Дарро мекушоянд. Надя ва Ғолиб аз дасти ҳам гирифта, бо чеҳраҳои хандону чашмони саодатбор вориди хона мегарданд. Аз паи онҳо меҳмонон бо ғалоуғла, шодию сурур медароянд. Садои мусиқии тоҷикию русӣ баланд мешавад). ҒОЛИБ (ба академик падарашро муаррифӣ менамояд). Шинос шавед, падари ман Маҳмуд Шарифзода. АНДРЕЕВ (дасти Маҳмуд Шарифзодаро фишурда). О! Дасти шумо ҳақиқатан дасти ҷарроҳон барин. Дидед кори дунёро, духтури азиз. Бачаҳо хонадор мешаванду падару модар ва бобою момои онҳо бори аввал танҳо дар рӯзи тӯй бо ҳам вомехранд. МАҲМУД. Каромати асри бист дар ҳамин-дия. АНДРЕЕВ. Марҳамат, ба сари миз! Дӯстон, марҳамат, ба сари дастархон (Арӯсу домод аз боло гузашта мешинанд. Аз паҳлӯи домод Маҳмуд Шарифзода мешинад. Дар асное, ки меҳмонон бо ғалоғулаю ҳазлу шӯхӣ ҷо ба ҷо мешаванд, Маҳмуд зарфҳои қадимаро синчакорона тамошо мекунад). МАҲМУД (банохост, худ ба худ). Во, аҷабо! Не, не! Ҳеҷ мумкин не. Ин тавр шуданаш мумкин не. Ман бояд ғалат карда бошам. АНДРЕЕВ (аз ҷой бархоста, ҳамаро ба хомӯшӣ ҳидоят менамояд). Дғстон! Ман ниҳоятдараҷа хушбахтам ва сарбаландам, ки ба тӯйи арӯсии хонадони мо ин қадар меҳмонони азиз қадам ранҷа кардаанд. Хуш омадед, дӯстони азиз! Ман аз рӯи расму оини мардуми Шарқ таклиф мекунам, ки соқӣ интихоб карда шавад. Ман номзад ҳам дорам. Ин кас дӯсти деринаи ман, профессор Расулзода мебошанд, ки аз Озарбойҷони дурдаст омадаанд. САДОҲО. Офарин! -Офарин! АНДРЕЕВ. Инак, сухан ба соқӣ. (Давом дорад)


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №22 (9552), 31.05.2018 Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, терроризми байналмилалӣ мебошад. Истилоҳи террор аз вожаи лотини “terror” баромада, дар забони тоҷикӣ мазмунан маънои тарс, даҳшат, ҳаросро ифода мекунад. Дар байни муҳаққиқон оид ба замони пайдоиши терроризм гуногунақидагӣ ҷой дорад. Онҳое, ки ҳама гуна куштори сиёсиро чун терроризм эътироф менамоянд, дар асоси ин маҳак онро ба замони атиқа марбут медонанд (У.Пакер). Гурӯҳи дигар терроризмро зуҳуроти охири асри ХХ медонанд (И.Александер). Таърихнигори фаронсавӣ М. Ферро терроризмро бо фаъолияти махфии исмоилиҳо (махсусан асатинҳо) дар асрҳои 1112 алоқаманд медонад. Н. Неймарк бошад, пайдоиши ин зуҳуротро ба давраи пас аз ислоҳоти наполеонӣ вобаста медонад. А.А.Королев қайд мекунад, ки ҳанӯз 340 сол пеш аз солшумории мо падари Искандари Мақдунӣ дар натиҷаи амали террористӣ ба ҳалокат расидааст. Таҳлилгарони дигар аввалин гурӯҳи муташаккили террористиро гурӯҳи яҳудии Сикариев (ханҷардорон), ки дар асри 1 то милод дар Яҳудия амал мекард, эътироф менамоянд. Аъзоёни ин гурӯҳи террористӣ намояндагони донишманди яҳудиро, ки мехостанд бо римиҳо сулҳ баста шавад, ба дуршавӣ аз дин ва нодида гирифтани манфиатҳои миллӣ гунаҳгор дониста, ба қатл мерасониданд. Онҳо ба сифати силоҳ, ханҷар ё “сику” шамшери кӯтоҳро истифода мебурданд. Дар фаъолияти

15

НАВҚАЛАМ Терроризм: Таърихи пайдоиш ва механизми пешгирии он сикариевчиён унсурҳои фанатизми динӣ ва терроризми сиёсӣ ба чашм мерасид. Дар асрҳои миёна ташкилоти террористие, ки дар инкишофи тактикаи пинҳонкорӣ, диверсия ва истифодаи зӯроварӣ чун воситаи иҷрои мақсад нақши бориз гузоштааст, ин созмони асасинҳо мебошад. Тақрибан соли 1090-и милоди Ҳасан ибни Саббоҳ ҳалъаи Аламутро, ки дар дараи кӯҳии самти шимолии шаҳри Ҳамадон (воқеъ дар Эрон) ҷойгир аст, ишғол менамояд ва ба қароргоҳи худ табдил медиҳад. Аъзои ин ташкилот фаъолияти худро дар ҳудуди баҳри Миёназамин то халиҷи Форс густариш дода, дар муддати тӯлонии амалиётҳои худ шумораи зиёди халифаҳо, султонҳо, руҳониёни бонуфуз ва мансабдорони баландмақоми давлатиро ба қатл расонидаанд. Мисоли гуфтаҳо қатли сарвазири дарбори Салҷуқиён, олими машҳур Низомулмулк шуда метавонад. Бо ин амалҳои хеш ин ташкилоти террористӣ дар дарбори шоҳону ҳокимони он замон тарсу ҳаросро ба вуҷуд оварда буд. Сиёсатшиносон терроризмро дар замони нав ва навтарин ба чор ҷараён ҷудо менамоянд: 1. Дар робита бо паҳншавии идеяҳои инқилобӣ, ки солҳои 1880-ум дар Русия, Аврупо ва баъдтар дар Амрикои шимолӣ

ба миён омадааст (Халқчиёни рус, фенҳои ирландӣ). 2. Дар робита бо ҳаракатҳои зиддимустамликавии миллӣ озодихоҳии (асри ХХ). 3. Дар робита бо фаъолияти “чапҳои нав” дар солҳои 1970 –ум. 4. Дар алоқаманди бо глобализатсия, ки дар охири солҳои 70-ум ба миён омада, то имрӯз идома дорад (масалан, терроризми динии муосир). Дар замони муосир ин падида ҳамчун хатари умумиҷаҳонӣ дониста мешавад ва танҳо бо муттаҳидии тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба ин падидаи манфур мубориза бурдан имкон дорад. Бисёре аз таҳлилгарон онро бо исломи радикалӣ, фундаменталӣ мепайванданд, ки мақсади онҳоро барҳамдиҳии давлатҳо (ҳукуматҳо)-и дунявӣ ва исломие, ки ба андешаи онҳо бо ном исломианд, инчунин тамаддунҳои зеҳние, ки дар бунёди хилофати исломӣ монеъ мешаванд. Воқеан, хушунати экстремизм ва терроризм сол то сол боз ҳам васеътар гардида, дар аксар мавридҳо инкишофи ин зуҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ва номукаммал будани дониши динии ҷавонон ба амал бароварда мешавад. Мавзӯи мазкурро таҳлил намуда, ба масъалаи дигар рӯ ба рӯ мегардем, ки имрӯзҳо дар доираи матбуоти дав-

Зане ҳунардӯсту ҳунарманд Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳунару истеъдоди миллати тоҷик ва дар сатҳи байналмилалӣ нишон додани ҳунарҳои мардумӣ соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Ин иқдоми наҷиб дар баробари эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки қисмати зиёди онҳо бо мурури замон аз байн рафта буданд, инчунин барои шинохту муаррифии ҳунармандони зиёде мусоидат хоҳад кард. Чунончи, яке аз шахсиятҳои баруманди деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Рӯдакӣ Зумрад Алимардонова мебошад, ки умри худро бо ҳунармандӣ гузаронида, то ба имрӯз онро идома медиҳад. Холаи Зумрад аз даврони хурдсоливу навҷавонияш қисса карда мегӯяд: “Вақте ки ҳамсояи ҳунарманди чирадасти деҳаамон аз «Мағрут» ба деҳаи мо кӯчида омад, аз нақши зебои дастонаш ҳамагон бархӯрдор шуданд ва аз ҳунараш васеъ истифода мебурданд. Дугонаҳоям низ аз касби ин зани ҳунарманд хуб истифода намуда, онро ҳар чӣ зудтару хубтар меомӯхтанд. Маро дар дил ҳавас ва меҳру муҳаббат ба ин касби бобоӣ то чанд зиёд мегашт. Ҳавасам дучанд гашту худомӯзӣ кардам. Ин касбро аз таҳти дил дӯст доштам, нозукиҳояшро омӯхтам ва ҳар рӯз мекӯшидам то онро боз ҳам хубтар омӯзаму сайқал диҳам, чунки ин ҳунарҳо бароям ҳамчун мероси гаронбаҳо аз ниёгон, яъне гузаштагонамон чун амонат мондааст, то мо биомӯзему сайқал дода, ба дигарон омӯзонда бошем”. Дар ҳақиқат, дарк намудам, ки ҳаёти ҳунарманд бе ҳунар ҳеҷ аст ва ҳунар аст, ки ба қалбу рӯҳи кас нерӯву тавони тоза мебахшад. Ин зани ҳунарманду барнодил тӯли солҳои дароз кӯшидааст, ки ҳунарҳои мардумии чандҳазорсоларо эҳё намояд. Зимни суҳбат мо аз ӯ пурсон шудем, ки аз кай боз ба ин касби таърихию қадимӣ машғул ҳастед? Холаи Зумрад эҳтиромона ҷавоб доданд: «Аз лаҳзае, ки худро мешиносам, ба ҳама гуна ҳунарҳои мардумӣ шавқ пайдо карда будам…» Холаи Зумрад дар баробари зани ҳунарманд буданаш, модари мушфиқу меҳрубон ҳам ҳаст. Ӯ кӯшиш намудааст, то тамоми ҳунарҳои миллиро бо нозукиҳояш ба фарзандон омӯзонад, то онҳо давомдиҳандаи ҳунарҳои мардумӣ бошанд ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозанд, ки мо халқи кӯҳанбунёди тоҷикему миллати моро дар мамолики ҷаҳон бо ҳунарҳои мардумӣ мешиносанд. Холаи Зумрад дар баробари чевари хуб буданаш, боз як устоди хуб ҳам ҳаст, зеро ғайр аз фарзандонаш боз садҳо нафари дигарро тарбият намуда, ҳунар меомӯзонад. Дар ҳақиқат зиндагӣ шахсро водор менамояд, ки ба каму костагиҳо назар накарда, ба пеш қадам монад, қадами устувор ва бе хато. Беҳуда нагуфтаанд: Заҳмату кору ҳунар касро намоянд номдор, Олиҳиммат кас зи ҳастии ҳунар мумтоз шуд. Фарида КАРИМОВА, донишҷӯи ДМТ

рии Ғарб, ба таври васеъ дар мавриди бо ҳам шарик будани дини ислом ва амалиёти экстремистӣ-террористӣ менависанд. Инчунин, сурат гирифтани ҳолат, аслан амали тарғиботи ғаразноки давлатҳои Ғарб нисбати арзишҳои дини ислом буда, торафт боиси нооромӣ ва норозигии аҳолии давлатҳои исломӣ гардида истодааст, ки аксарияти онҳо аз дини ислом пайравӣ намуда, бо расму суннат ва фарҳанги ислом ҳамқаринанд. Ислом дини муқаддас аст ва ҳамеша ба дӯстиву рафоқат, ростгӯиву росткорӣ ва некхоҳӣ даъват мекунад. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самараноки кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зид-

ди равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати кишварамон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм “Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”-ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зӯроварӣ пурзӯр карда мешавад. Ҳар фарди кишвар, аз он ҷумла ҷавонон бояд ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр намуда, ба чунин арзишҳои муқаддас арҷ гузоранд. Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти реаксионии динии экстремистӣ-террористӣ, ки бехатарии давлат ва низоми демократии онро халалдор менамоянд, хеле муҳим буда, роҳу воситаҳои худро дошта, имрӯзҳо ба яке аз самтҳои сиёсати давлатии мо табдил ёфтааст. Барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон фикр мекунем, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар замири ҷавонон тарбия кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ кардани дарсҳои одоби ҳамида ва амсоли он сабаби кам шудани ҳодисаҳои нохуши ғайриинсонӣ мегардад. Атобилло РАҲИМҶОНОВ, Маъруф АШӮРОВ, донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Биҳишти рӯи замин Тоҷикистон кишварест дар Осиёи Миёна, ки бо табиати зебо, кӯҳҳои осмонбӯс, чашмаҳои шифобахш, сарватҳои зеризаминӣ ва мавзеъҳои таърихиаш машҳури дунё гардидааст. Ҷумҳурии мо бо ёдгориҳои таърихии зиёде, ба монанди қалъаи Ҳисор, қалъаи Ямчун, қалъаи Қаҳқаҳа ва даҳҳо мазеъҳои таърихии худ, ки ифодагари таъриху фарҳанги ниёгонамон мебошанд, машҳури дунё буда, барои дидан намудан аз ин ёдгориҳои

таърихӣ ҳамасола сайёҳони зиёде ба ватанамон ташриф меоранду бештари онҳо Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мусоид барои саёҳат номидаанд. Таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро на танҳо мавзеъҳои таърихӣ, инчунин кӯлу дарёҳои мусаффояш ба худ ҷалб намудааст, ки ин бешубҳа аз кишвари сайёҳӣ будани ватани азизамон –Тоҷикистон дарак медиҳад. Бешубҳа, табиати зебои Тоҷикистон ва ҳавои софу

тозаи он неъмати бебаҳост. Ҳамин аст, ки кишвари моро биҳишти рӯйи замин номидаанд ва бо дидани зебоиҳои он ҳар шахс метавонад исботи ин гуфтаҳоро пайдо намояд. Пас, бо ин ҳама зебо ва диданӣ будани кишвари азизамон метавон гуфт, ки дар оянда кишвари мо ба яке аз минтақаҳои сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт. Зеро ҳам табиат ва ҳам мардумонаш нотакроранд. Сония ҲАСАНОВА, донишҷӯи ДМТ

Ҳисор - макони сайёҳӣ Ҳар як халқ дорои арзишҳои таърихие мебошад, ки симои миллатро инъикос менамоянд ва гувоҳ аз ҳисси баланди он дар бунёди тамаддуни башар мебошанд. Аз ин муқаддасот то имрӯз ба мо шаҳру шаҳракҳои қадима, қалъаю мақбараҳо ва осори дигар боқӣ мондаанд. Яке аз онҳо қалъаи Ҳисор мебошад, ки дар шаҳри Ҳисор воқеъ гаштааст. Ин қалъа таърихи сеҳазорсола дошта, дар он бозёфтҳои пурарзиши қадимӣ кашф гардидааст. Доир ба пайдоиши қалъаи Ҳисор дар миёни мардуми тоҷик андешаҳо гуногунанд. Дар тӯли таърихи тулонӣ қалъаи Ҳисор чандин маротибаҳо ба харобазор табдил ёфта, вале бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ин ёдгории аҷдодӣ таҷдиду навсозӣ шуд. Дар рӯ ба рӯи қалъа осорхонаи таърихие мавҷуд аст, ки дар давраҳои қадим дар онҷо

мадрасае буд. Ҳоло он мадраса ба осорхонаи таърихӣ табдил ёфтааст. Дар ин осорхона як қатор бозёфтҳои нодир ва асбобу анҷоми рӯзгоре, ки дар он давра истифода мебурданд, нигоҳ дошта мешавад. Ҳар як сайёҳ ҳангоми ба ин осорхона ворид шудан аз ин макони таърихӣ огоҳӣ пайдо намуда, доир ба давлату давлатдории тоҷикон маълумоти бештаре мегиранд. Имрӯзҳо ин макони таърихӣ ба сайргоҳи пиру барно, ҷавондухтарону ҷавонписарон, меҳмонону сайёҳони дохилу хориҷ табдил ёфтааст. Ҳисор шаҳри таърихию сайёҳии қадимаи миллати тоҷик буда, бештари ёдгориҳои аҷдодонамонро то имрӯз дар худ маҳфуз доштааст. Зебониссо МУҲСИНОВА, донишҷӯй ДМТ


16

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №22 (9552), 31.05.2018

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”

√ АНДАРЗ

Сирри ду лӯхтак Зану шавҳар солҳои зиёд ҳаёти оилавии хушбахтона гузаронданд. Миёни онҳо ягон сир вуҷуд надошт. Зан аз шавҳараш фақат як чиз хоҳиш мекард,- ба қуттии кўҳнаи пойафзоли болои ҷевон ҷойгирифта нарасед. Шавҳараш низ аз ҳамсараш дар даруни қуттӣ чӣ буданашро намепурсид. Ў ҳамеша бар он назар буд, ки дар қуттӣ чизе ҳаст, ки ба занҳо тааллуқ дорад. Рўзе зан бемор шуда дар беморхона бистарӣ шуд ва аз шавҳараш хоҳиш намуд, то қуттиро ба наздаш биёрад.

Шавҳараш ба хона омада, қуттиро гирифта кушод, ки дар даруни қуттӣ дуто лўхтаки бо даст бофташуда ва 95000 доллари ИМА буд. Мард сабаби пинҳон кардани ин сирро аз зан пурсид. Занаш гуфт: «Пеш аз издивоҷи мо бибиам насиҳат карда буданд, ки ҳеҷ гоҳ ҷониби ту гапгардонӣ накунам ва ҳаргоҳе ки аз шумо сахт ранҷидам, барои бартараф намудани хашмам нишаста лӯхтак дӯзам». Мард аз шунидани ин сухан хурсанд шуда, занро ба оғуш гирифта

Тадбири шогирд САЙДАЛӢ ВАЛИЗОДА

√ САЙҚАЛИ

АНДЕША

Соатҳо бо шитоб мераванд. ******** Дар мадди назар дошта бош, ки ҳар рӯзат шояд охирин рӯзи ҳаётат бошад. ******** Дониста бош, ки умр хеле кӯтоҳ аст. ******** Кӯтаҳшавии умри ҷавонию марги зебоӣ аз шароб аст. ******** Эҳтиёткор ҳамсони мумсик нест. ******** Ғазаб девонагии кӯтоҳмуддат аст. ******** Гуфтушуниди тӯлонӣ бовариро коста мекунад. Мумсик ҳамеша эҳтиёҷманд аст. ******** Хасис ба беақл наздикӣ дорад. ******** Мекӯшам, то шароитро тобеи худ созам, на мутеи он шавам. ******** Табъи худро мутеъ кун, вагарна тобеаш мешавӣ. ******** Камбудиҳои маъшуқ аз назари ошиқ дур мемонад. ******** Дар зарфи чиркин ҳар чӣ ки нарезӣ, ҳатман турш мешавад. ******** Пул ё ҳукмрони соҳибаш мешавад ё хидматгор. ******** Ҳама аз пайроҳаи марг гузар мекунанд. Горатсий Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР

Ҷавоне мадрасаро хатм карда, пеш аз рафтан ба ҷои хизмат, ба музофоти дурдасте ба назди муаллими дӯстдоштааш медарояд, то ки фотиҳа гирад. - Ба ҳаёти мустақилона қадам мемонӣ, - мегӯяд устодаш, - ба ҷоҳои ношинос меравӣ, бо одамони ноозмуд сару кор хоҳӣ дошт. Оё дар дилат тарсу бим ё ташвиш ё шубҳае нест? - Не, муаллим, - ҷавоб медиҳад шогирди собиқ.- барои муомила бо одамони ноозмуд қаблан тадбири эътимодноке тайёр кардам. - Ин корат хуб, - мегӯяд устод. - илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ бояд кард. Вале бигӯ, тадбири ту чӣ гуна аст? - Ман сад дона таъриф ва тавсиф тайёр кардаам. Ба ҳар кадоме аз сардорони оянда яктоӣ аз он гуфта, дилашро ба даст хоҳам овард.

Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ

- Охир, писарам, ин корат хуб нест-ку. Хушомад гуфтан нанг аст. Бо тамаллуқ нон хӯрдан бешарафист, - мегӯяд муаллим хашмгин шуда. - Чӣ чора, устоди муҳтарам, - мегӯяд шогирд. – Одамоне, ки мисли шумо, қабоҳати тамаллуқкориро мефаҳманд, дар мамлакат аҳён-аҳён ёфт мешаванд. Аксари мардум хушомадпарваранд. - Ромт мегӯӣ, - розӣ мешавад муаллим, - аксари мардум хушомадпарваранд. Хайр, чораи дигар ки набошад, роҳи сафед металабам. Шогирд, ба ҳамин тариқа, фотиҳаи устодро гирифта ба кӯча мебарояд, ки он ҷо як рафиқаш ӯро нигарон будааст. - Ҳа, чӣ шуд? – мепурсад рафиқаш. - Аз сад таъриф яктоаш сарф шуд, акнун 99-то монд, - мегӯяд шогирд. Аз повести “Одамони куҳна”-и Фазлиддин МУҲАММАДИЕВ.

√ ЭЪЛОН Дипломи гумшуда, ки онро техникуми бинокории шаҳри Душанбе (ҳоло коллеҷи техникӣ) соли 1987 ба Ҷорӯбов Амирбек Ҷанобилович додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшуда, ки онро Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ) соли 1995 ба Ҷорӯбов Амирбек Ҷанобилович додааст, эътибор надорад. Шиносномаи техникӣ, ки ба номи шаҳрванд Сафаралӣ Бобоев дар корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе соли 2004 таҳти рақами 4054 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Шиносномаи техникӣ ва дафтари ҳавлӣ, ки ба Қурбонов Маҳкам Табарович, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Ховарон, минтақаи 6, хонаи 235 тааллуқ дорад, бинобар гум шудан эътибор надорад. Шиносномаи техникии ҳавлӣ таҳти рақами 1Ш17 ва дафтари ҳавлӣ, ки ба Қурбонов Рустам Табарович, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Ховарон, минтақаи 6, хонаи 236 тааллуқ дорад, бинобар гум шудан эътибор надорад.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

гуфт: «Давоми ҳаёти бо ҳам гузарондаамон ҳамагӣ ду маротиба аз ман ранҷида будаед, аммо пулҳо аз куҷо омаданд?” -Лўхтакҳоро фурўхта, ин пулҳоро ҷамъ намудам,-бо табассум гуфт зан.

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

Маълумотнома таҳти рақами 1382, ки 11 сентябри соли 2013 ба Тахмина Раҳимова дода шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонӣ, ки онро коллеҷи тибии ноҳияи Рӯдакӣ соли 2014 ба Содиқов Каримҷон Ҳасанович додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Шаҳодатнома дар бораи қонунигардони молу мулк , аз 7 ноябри соли 2008 таҳти рақами 1299, ки онро комиссияи қонунигардонии молу мулки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба калисои масеҳиёни инҷили “Эҳё”додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Аттестати гумшуда, ки онро соли 2012 Гимназияи № 9 ба номи Низомии Ганҷавии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба Саидов Беҳрӯз Шарифович додааст, эътибор надорад.

√ СӮГВОРӢ

Кормандони нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба собиқ корманди рӯзнома Сайфиддин Суннатӣ нисбати даргузашти ПАДАРАШ изҳори тасаллият намуда, ба марҳум охирати обод ва ба пайвандонаш сабри ҷамил орзуманданд.

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4161 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.