Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо
№22 (9396), 4 июни соли 2015
Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад
e-mail: javonontj@mail.ru
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
ҲАФТ РӮЗ 28.05.2015 Ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар Маркази таълимии «Пойтахт» маросими ботантана баргузор ва 150 нафар сарҳадбонони нав қасам ёд карданд. 29.05.2015 Дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии сарони ҳукуматҳо - сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ доир шуд. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок кард. Қарор шуд, ки ҷаласаи навбатии шӯрои сарони ҳукуматҳо - сарвазирони кишварҳои узви ИДМ октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. 30.05.2015 Дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Фонди хайриявии “Дили кӯдак” марафони хайриявӣ таҳти шиори “Бетараф набош” баргузор шуд. Ҳадаф ҷамъоварии маблағ аз сокинон барои ҷарроҳии беморон, аз ҷумла, кӯдакони дорои бемории дил мебошад. 31.05.2015 Ду шаҳрванди кишвар Ризвон Аҳмадов, соли таваллудаш 1993 ва Мавҷуда Сабурова, соли таваллудаш 1988, сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа, ки фиреб хӯрда ба сафи ДИИШ пайваста буданд, ба Ватан баргаштанд. 01.06.2015 Дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона баргузор гардид.
Гумроҳии “ояндаи миллат”? Омилҳои тундгаро шудани ҷавононро пешгирӣ бояд кард!
02.06.2015 Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳо барои таҷлили Рӯзи Ваҳдатро ба тасвиб расонд. Тибқи он, аз ҷумла, баргузории тӯйи арӯсии 25 ҷуфт ҷавон ва хатнасури 100 кӯдак дар назар аст. 03.06.2015 Рӯзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ аст.
СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9396), 4 ИЮНИ СОЛИ 2015
1
КАДР
ҚАДРДОНӢ
ҚАРОРИ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2015, №335 Дар бораи муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Амирбекзода Ҳ. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Амирбекзода Ҳабибулло муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Амирбекзода Ҳабибулло 7 октябри соли 1979 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Соли 1996 МТМУ №60-и ноҳияи Синои шаҳри Душанберо хатм намуда, ба факултаи ҳуқуқшиносии ДДМТ дохил шуд. Онро соли 2001 бо ихтисоси ҳуқуқшиноси байналхалқӣ хатм намуд. Соли 2001 ба Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор рафта, то соли 2008 дар вазифаҳои котиби маҷлиси судӣ, мутахассиси дараҷаи аввал оид ба парвандаҳои гражданӣ, ёрдамчии раис, мушовир, сардори шуъбаи арзу шикоятҳо, сардори шуъбаи ҷамъбасткунӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба судҳои поёнӣ фаъолият намуд. Аз соли 2008 то соли 2010 дар вазифаҳои мутахассис, сармутахассиси шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон ва сармутахассиси шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2010 то соли 2015 дар вазифаи роҳбари дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Ҳамзамон, соли 2010 ба факултаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (маълумоти дуюм) дохил шуда, соли 2013 онро хатм намудааст. Унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар мавзӯи «Санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ: ҷанбаҳои умуминазариявӣ» кор мекунад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.
2
Ҷамъбасти “Сӣ рӯзи ҷавонӣ”
зории “Шоми ҷавонӣ” буд, ки 23 май дар Боғи “Ирам” доир шуд. Сипас Аҳтам Абдуллозода муҳассилини аълохони пойтахт Шаҳнозаи Раҳмоналӣ, Шаҳроми Шамсиддин, Саидҷони Абдукарим, Мавлуда Аминова шаҳодатномаи стипендияи Президенти ҷумҳурӣ ва ба ғолибони озмуни мусаввирони ҷавон Фарҳод Шарифов, Мансур Ризоев, Меҳринисо Муҳиддинова, Зулфия Ҷӯраева, Юлдош Каримов диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супурд. Як қатор рӯзноманигорони ВАО-и ҷумҳурӣ, аз ҷумла, хабарнигорони рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Умаралии Сафаралӣ, Наврӯз Қурбонов ва Сайфиддин Суннатӣ барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва инъикоси чорабиниҳои фарҳангӣ-
29 май дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” маросими ҷамъбасти чорабиниҳои “Сӣ рӯзи ҷавонӣ” доир гардид. Дар он зикр шуд, ки тӯли як моҳ дар саросари мамлакат бахшида ба Рӯзи ҷавонон чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, конфронсу фестивалҳо баргузор гардиданд, ки ҳама баҳри равнақу худшиносиву ватандӯстӣ ва рушди фарҳангу маънавиёти ҷавонон равона шуданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла, гуфт, ки: - Аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии давлату ҳукумат эътироф шудани ҷавонон ҳамчун ояндасозони миллат, нерӯи пешбаранда ва қувваи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ идомабахши ҳадафҳои олии кишвар ҳастанд. Дар доираи “Сӣ рӯзи ҷавонӣ” ҷавонони хушзавқи диёр, шавқу тараб ва шодию нишот намуданд. Вобаста ба ин маъракаи якмоҳа як қатор чорабиниҳо, аз қабили ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ, конфронси байналмилалии илмӣ-оммавӣ таҳти унвони “Ҳифзи Ватан - модар вазифаи ҳар фард мебошад”, Форуми байналмилалии “Ҷавонон нерӯи рушди зеҳнии кишвар”, озмунҳои ҷумҳуриявии “Иншои беҳтарин” таҳти унвони “Дастовардҳои ҷавонон”, мусав-
вирони ҷавон зери унвони “Тоҷикистон - кишвари ман”, амалиёти “Биёед, китоб мехонем”, фестивали “Суруди сарбоз”, Шоми дарҳои кушоди осорхонаҳо, Дави миллӣ зери унвони “Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим”, Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ғайра баргузор гардиданд. Қуллаи баландтарини чорабиниҳо баргу-
маърифатӣ тавассути расонаҳои хабарӣ дар доираи “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар” бо “Сипоснома”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гардонида шуданд. “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”
ҲАМКОРӢ
Ташрифи ширкатҳои туристии Туркманистон ба Тоҷикистон Гурӯҳи коршиносон ва роҳбарони ширкатҳои туристии Туркманистон бо мақсади омӯхтани бозори туристии Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба 28 май ба Тоҷикистон омаданд. Дар доираи ин сафар дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” дар мавзӯи «Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи рушди туризми меҳмонхонавӣ» ҷамъомад доир гардид. Дар он намояндагони ширкатҳои туристии Тоҷикистону Туркманистон ва масъулини соҳаи сайёҳии кишвар ширкат доштанд. Меҳмонон, инчунин, аз мавзеъҳои туристиву тамошобоби кишвар, пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе, дараи Варзоб ва водии Ҳисор боздид карданд. Ин барои мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ миёни ширкатҳои туристии ду кишвар ва рушди соҳаи сайёҳии мамлакат муҳим арзёбӣ гардид. Лозим ба ёдоварист, ки дар гузашта ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон низ ба Туркманистон сафар карда буданд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9396), 4 ИЮНИ СОЛИ 2015
ПУРСИШ
МУРОҶИАТНОМАИ ҷавонони кишвар ба мардуми Тоҷикистон
АНДЕШАҲО ОИД БА МУРОҶИАТНОМАИ ҶАВОНОНИ КИШВАР БА МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН Дар Рӯзи ҷавонони мамлакат муроҷиатномаи ҷавонони кишвар ба мардуми ҷумҳурӣ Тоҷикистон нашр шуд. Вобаста ба он бо чанд нафар ҷавонон ҳамсуҳбат шудем. бад гардонда тавонем, пас, рехтани ашки модареро пешгирӣ кардаем.
23 майи соли 2015, шаҳри Душанбе
Мо - ҷавонони тоҷикистонӣ, ки дар фазои сулҳу ваҳдат, дар Ватани ободу зебо умр ба сар мебарем, худро хушбахттарин қишри ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳисобида, тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик ва таҳният мегӯем. Дар ин лаҳзаҳои шодиву нишот мо - ҷавонон изҳори минатдории бепоёни худро бо Роҳбари муаззами тоҷикони ҷаҳон, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории падарона ва дастгириҳои рӯзафзунашон баён месозем. Табрикоти Президенти мамлакатро ба муносибати Рӯзи ҷавонон мо ҳамчун дуои падар ба фарзандон қабул карда, аз ҳар як ҳарфи муқаддаси он ҳамчун шахси комил илҳоми беандоза гирифтем. Мо - насли ояндасози кишвар бошад, дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо кӯшиши худро барои он равон месозем, ки ватани маҳбубамон Тоҷикистони беназирро боз ҳам ободу зебо гардонем. Воқеан, имрӯзҳо барои мо ҷавонон аз тарафи Ҳукумати кишвар ҷиҳати илму ҳунаромӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, худташаккулдиҳӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ тамоми шароитҳои заруриву муосир фароҳам оварда шудааст. Мо - ҷавонони хушбахти даврони соҳибистиқлол ваъда медиҳем, ки ҳар як лаҳза зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста донишу малака ва ҳунару истеъдоди худро такмил медиҳем ва бо масъулияти баланди шаҳрвандию ифтихори миллӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар ва баҳри пойдориву устувории давлати соҳибистиқлоламон, таҳкими Ваҳдати миллӣ самимона ва фарзандона хизмат менамоем. Бигузор ҷомеаи тоҷикистонӣ ба ҳар яки мо итминони комил дошта бошад, зеро мо - ҷавонони саодатманди диёр дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муттаҳид буда, ҷонибдори давлати соҳибихтиёру дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягонаи Тоҷикистон мебошем. Аз ҳамаи ҷавонони зодаи даврони истиқлолият даъват ба амал меоварем, ки худро зи ҳар гуна хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла, шомилшавӣ ба равияҳои бегона, тақлидкорӣ ба фарҳанги ғайр эмин нигоҳ дошта, дар эъмори ҷомеаи ҳуқукбунёду демократӣ саҳми арзанда гузоранд! Мо гӯшаи нангем, тинҷию оромӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва муқаддасоти Ватанро бо тамоми ҳастӣ ҳифз ва гиромӣ медорем. Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!
Ибодуллои Тоҳир, хабарнигори рӯзномаи “Минбари халқ”: - Воқеан, ҷавонон нерӯе ҳастанд, ки ҳам насли калонсол ва ҳам давлату ҳукумат ба онҳо такя мекунанд. Ояндаи ин давлати орому осудаю зеборо дар нигоҳи ҷавонон мебинанд. Мо - ҷавонон бояд ҳамин эътимоду боварии насли калонсол ва давлату ҳукуматро аз даст надиҳем. Бояд ин ҷомеаи тинҷу осударо тарраққӣ дода, пеш барем. Ҳар яки мо бояд дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми арзанда гузорем. Имрӯз барои кору таҳсил тамоми шароит муҳайё аст. Ҳар рӯз дар соҳаҳои илму техника як навоварӣ рӯй медиҳад. Аз ин рӯ, дар омӯхтани илму техника набояд саҳлангорӣ намуд. Ба мо зарур аст, ки аз ин шароити мусоид самаранок истифода бурда, тамоми ҷаҳду талоши худро баҳри илму ҳунар ва забономӯзӣ сарф намоем. Ин ба мо имкон медиҳад, ки дастнигари дигарон нашуда, бо меҳнати ҳалол ва сари баланд ризқу рӯзӣ биёбем ва ҳамчун ҷавони равшанфикру ояндасоз барои кишвари соҳибистиқлол хизмати арзанда намоем. Дар муроҷиатнома даъват ба амал омадааст, ки ҷавонон бояд аз ҳамроҳшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгаро худдорӣ намоянд. Ин дар чунин давраи ҳассос бисёр даъвати саривақтӣ мебошад. Зеро ифротгароӣ ҳеҷ гоҳ ба некӣ намебарад. Имрӯз бояд на танҳо ҷавонон, балки тамоми аҳли ҷомеа зидди ифротгароӣ мубориза баранд, то афроди аз асли ислом дур фирефтаи гурӯҳҳои исёнкор нашаванд. Ҷавоне, ки фирефтаи тарғиби ифротгароён мешавад, падару модар ва дигар наздиконашро дар ғаму ғусса мегузорад. Агар мо ҷавонеро аз роҳи
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9396), 4 ИЮНИ СОЛИ 2015
Азамат ДӮСТОВ, ассистенти кафедраи туризми ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ: - Имсол таҷлили Рӯзи ҷавонон ба даврае рост омад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, ҷомеаи мо пешорӯи хатароти маънавӣ ва фарҳангиву сиёсии ҷадиде қарор гирифтаанд, ки паёмадҳои бисёр манфӣ метавонанд ба бор оваранд. Ҷумҳурии мо замони соҳибистиқлолӣ ба вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ва бӯҳрони амиқи зеҳние пешорӯ шуд, ки ахиран ба ҷанги аз хориҷ таҳмилшудаи шаҳрвандӣ оварда расонд ва мутаассифона, қисми ғолиби қурбониҳои ин фалокати миллии моро ҷавонон ташкил доданд, ки замин аз хуни ин шаҳидон гулгункафану рӯдҳо аз хуни онҳо арғувонӣ шуд... Хушбахтона, баъди ба даст омадани ризоияти миллӣ зеҳнияти волои мардуми куҳанбунёди тоҷик боло гирифт ва ӯ тавонист баҳри эҳёи дубораи Ватани харобшуда камари ҳимат бубандад. Ваҳдати миллӣ, ки бо кӯшишу заҳматҳои сарварони ду ҷониби даргир, хосатан, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, неъмати илоҳиест, ки ба қадри он мо - ҷавонон бояд бирасем. Ҳаёт собит сохта, ки дар самти дигарбора бунёд сохтани Меҳани маҳбуб саҳми ҷавонон хеле муассир буда, ки эшон дар партави ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳувияти миллӣ хидматҳои кам накардаанд. Ҷавонон дар роҳи ободии Ватани азиз ҳамеша аз дастёрони бовафои давлату
ҳукумати кишвар будаанд, ки ин гуфтаҳоро бо амалҳои созанда собит сохтаанд. Бо қаноатмандӣ зикр бояд кард, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад, ки инро мо дар мисоли бунёди макотиби оливу таҳсилоти умумӣ, варзишгоҳҳову марказҳои мухталифи фарҳангиву фароғатӣ ва монанд ба ин мебинем. Дар навбати худ мо - ҷавонон низ бояд ба қадри ин ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бирасем ва аз мудофиони ҳақиқии ин давлат ва марзу буми муқаддаси Меҳан бошем. Мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, аз хатароти ҷаҳони муосир, аз қабили гаравиш ба равияҳои мухталифи ифротӣ, тақлид ба фарҳангу маънавиёти бегона ва амсоли ин дар дуриҳои дур қарор дошта бошем, алалхусус, такя бар ин, ки дар як минтақаи ноамн ба сар мебарем. Имрӯз кишвар ба нерӯи созандаи ҷавонон ниёз дорад ва ҷавононро мебояд атрофи сиёсати пешгирифтаи раҳбарияти олии кишвар ва ҳифзи сулҳу субот ва муқаддасоту арзишҳои милливу сохти давлатдории ҳуқуқбунёду дунявӣ ва демократӣ, ки хушбахтона, имрӯз дар Ватан пойдор ҳаст, муттаҳид шуда, барои таҳкиму ҳифзи ин арзишҳо доимо омода бошанд, чун ин арсаи нангу номус ва ҳувияти мост.
ҷавонон ҷиҳати илмомӯзӣ ва таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар тамоми шароитҳо муҳайё шудааст. Ҷавонони соҳиби илму дониш дар фазои озоди кишвар бо ҷойи кор таъмин гардида, фаъолият мекунанд. Шахсан банда дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ фаъолият мекунам ва аз ҷониби табибони марказу омӯзгорони ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дастгириву кӯмакҳои зиёд расонида мешавад. Ин ҳама дастгириҳо ба мо - ҷавонон имконият медиҳад, ки беҳтару хубтар таҳсилу фаъолият намоем. Бигзор ҷомеаи Тоҷикистон ба ҷавонон итминони комил дошта бошад. Мо ба Ватани худ хизмат намуда, Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунем.
Раҳим КАРИМ, рӯзноманигор:
Аниса Мастибекова, духтури интернаи кафедраи саратоншиносии ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино: - Ҳамчун як ҷавони даврони истиқлол муроҷиати ҷавонони кишварро дастгирӣ намуда, аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ризо ҳастам. Воқеан, имрӯз барои мо -
- Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон торафт ба қишри ҷавон, ки 70 фисади аҳолии кишварро ташкил медиҳад, зиёд мегардад. Муҳайё намудани шароити хуби таҳсил дар мактабҳои миёнаву олӣ ва бунёди муассисаҳои зиёди варзишиву фарҳангӣ дар манотиқи гуногуни кишвар шаҳодати гуфтаҳои болост. Таҳсил дар муассисаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ки аксаран бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сохторҳои дахлдор пиёда мегардад, аз татбиқи шоёни сиёсати давлатии ҷавонон дониста мешавад. Ниҳоят, эълон гардидани ҳафтаи сеюми моҳи май ҳамчун ҳафтаи ҷавонон ва баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангивӣ, варзишӣ ва зеҳнӣ дар доираи ҳафтаи ҷавонон аз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишвар арзёбӣ мегардад.
3
МУҲОҶИРАТ
НИГАРОНӢ
Рафтори нописанд Ифлосиҳо аз донаки офтобпараст ва ҷӯгиҳои талбанда
Муҳоҷирон бармегарданд
Шукри тинҷию амонӣ ва истиқлолият, ки кишвари мо – Тоҷикистони азиз рӯз то рӯз ободу зеботар мегардад. Ободкориҳо боис шуда, ки сафи сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ба кишвар торафт меафзояд. Ин ҳама хуб аст, лек мақсад аз навиштани ин матлаб дигар аст.
сомонӣ тиед”, гуфта, худашро аз мо ҳеҷ дур намекард. Нахостам ӯро ранҷонам, аммо ин кораш дар даромадгоҳи донишгоҳ, ки пур аз одам буд, писандам наомад. Ӯро аз наздам дур карда, ба кунҷе истода, кору рафтори ҷӯгидухтарро назора кардам. Ҳар ҷавондухтари донишҷӯе, ки дохили донишгоҳ мегардид, ҷӯгидухтар ба онҳо мечаспид. Онҳоро нороҳат мекард. Духтарони донишҷӯ, шарм дошта, дарҳол ҳамён мекофтанд, то аз ӯ халос шаванд. Дар назди даромадгоҳ инти-
Мо – шаҳрвандони кишвар, бахусус, сокинони пойтахт аз худ рафтору кирдоре, ки гоҳо зоҳир менамоем, магар ба хориҷиён писанд аст? Кашидани носу дар ҳар куҷо туф кардани он, хӯрдани донаки офтобпараст ва дар роҳраву хиёбонҳо партофтани пӯсти он, ба фикрам, ба ҳар яки мо намефорад. Чӣ расад ба меҳмонҳо? Ин ҳама як сӯ, масъалаи ҷӯгиҳои талбандаи қади роҳу хиёбонҳо имрӯз хеле нигаронкунанда шудааст. Онҳо то ҳаде берӯ шудаанд, ки ба одамону роҳгузарон, ҳатто ба ронандагони қатори мошинҳои дар танба (пробка) монда, дарафтода, пул мепурсанд. Ин рафтори ноҷо ҳусни зебои шаҳри мо ва қадру манзалати миллатамонро пеши назари аҷнабиён хоҳу нохоҳ коҳиш медиҳад. Як рӯз бо як ҳамкорам ба факултаи иқтисоди ДМТ (бинои 7) рафтем. Чун дохили донишгоҳ шудем, як ҷӯгидухтари тақрибан 6-сола шитобон наздам омаду дастҳояро силакунон “Як
зори ҳамкорам будам. Мушоҳида кардам, ки духтараки ҷӯгӣ танҳо набудааст. Модараш дар пушти истгоҳ менишастаасту духтарча ҳамроҳи додари 3-4-солааш пул ҷамъ карда, ба ӯ медодаанд. Ҳатто то ба саҳни ҳавлии донишгоҳ даромада мерафтанд. Донишҷӯёни батангомадаю асабӣ пул дода, аз онҳо халос мешуданд. Оё чунин рафтор дар даромадгоҳи донишгоҳ, ки муассисаи таълимии давлатист, қобили қабул аст? Назди даромадгоҳи бинои донишгоҳ муҳофизон барои нигоҳ доштани тартибот меистоданд ва ин манзара пеши назари онҳо ҷараён дошт. Афсӯс, баҳри рафъи он ҳатто кӯшиш намекарданд. Дар донишгоҳ на танҳо донишҷӯёни мо, балки хориҷиён ҳам таҳсил мекунанд. Шояд дӯстону пайвандони онҳо низ ба ин ҷо ташриф оранд. Пас, чунин рафтору амалро назди донишгоҳи овозадор дида, чӣ мегӯянд? Ба фикрам, баҳои хуб нахоҳанд дод...
Буҳрони молӣ коршиносонро ба ин ақида овардааст Русия ба неруи кории муҳоҷирони кории хориҷӣ ниёз дорад ва ҳеҷ гоҳ намехоҳад, ки онҳоро аз даст диҳад. Бо сабаби камбуди ҷои кор ва вазъи пасти иқтисодӣ аз ҷумҳурии мо ҳам қариб аз ҳар оила як-ду нафар ба хориҷи кишвар, асосан, Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Вале солҳои охир вазъи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар бад мешавад. Ҳукумати Русия бо ҳар восита ба шаҳрвандони кишвари мо фишор меорад, аммо намехоҳад қувваи арзони кориро аз даст диҳад. Созмони ҷаҳонии кор гуфтааст, ки солҳои оянда мардуми кишварҳои узви 20-гонаи бузург (G20) дар пайдо кардани ҷойи кор ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Дар гузориши ин созмон омадааст, бинобар бӯҳрони ҷаҳонии молӣ эҳтимол меравад, теъдоди ҷойҳои корӣ дар ин кишварҳо то ба 40 миллион коҳиш ёбад. Ин дар ҳолест ки шумораи бекорон дар ҷаҳон зиёда аз 200 миллион гуфта мешавад. Русия низ шомили ин ниҳод аст ва коҳиши ёфтани теъдоди ҷойҳои корӣ дар ин кишвар метавонад ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон таъсир расонад. Зеро наздики миллион нафар шаҳрвандони мо дар ин кишвар кор мекунанд, ки маблағи фиристодаи онҳо барои пеш бурдани зиндагии хонавода ва иқтисоди кишвар мусоидат хоҳад кард. Кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин ҳол ба Русия бастагӣ доранд. Афзоиши бекорӣ дар ин кишварҳо низ мушоҳида мешавад. Сандуқи байналмилалии асъор дар ин робита танҳо аз кӯшишҳои Русия, Озарбойҷон ва Қирғизистон, ки роҳи босифат кардани сиёсати пулӣ ва ба нақд овардани захираҳои мавриди ниёзро пеш гирифтаанд, истиқбол кардааст. Вале ба андешаи мутахассисони ин ниҳод, кӯшиши ин давлатҳо ҳанӯз ҳам кофӣ намебошад. Созмони ҷаҳонии кор шумораи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия ва Қазоқистон то 20 фойиз ва пули интиқолнамудаи онҳоро то 30 дарсад кам ҳисоб кардааст. Коршиносон мегӯянд, ки дар ин ҳолат имконият дорад шаҳрвандони тоҷик, ки бештари онҳо дар Русия муҳоҷиранд, ба Ватан баргарданд. Тибқи иттилои расмӣ дар Федератсияи Русия, тақрибан 2 миллиону 700 ҳазор муҳоҷири қонунӣ ва 2 миллиону 900 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ кор ва фаъолият мекунанд ва вақтҳои охир рафту омади муҳоҷирони кории Тоҷикистон аз 30 то 40 фисад коҳиш ёфтааст.
4
Вале тавре мушоҳида мушавад, муҳоҷиронии кории тоҷик ба буҳрони корӣ дар Русия нигоҳ накарда, ба ин кишвар сафар мекунанд, ки афзоиши ин раванд метавонад, ба вазъи демографии кишвар таъсири манфӣ расонад. Ҷомеашинос Нозим Нурзод низ боварӣ надорад, ки муҳоҷирони тоҷик барои буҳрони молӣ ба Ватан баргарданд. Номбурда гуфт, ки бештари шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд. Русия низ ба онҳо ниёз дорад ва намехоҳад, ки онҳоро аз даст диҳад. «Аз рӯи омор аҳолии Русия сол ба сол кам шудан дорад, ки муҳоҷирони тоҷикро дар ин самт истифода мебаранд. Яъне, шаҳрвандони моро бо шаҳрвандони худ хонадор мекунанд, то насли онҳо зиёд шавад», - мегӯяд Н. Нурзод. Зариф Ширинбеков, як муҳоҷири тоҷик, ки 10 сол дар Русия кору фаъолият мекунад, мегӯяд, дар ҳолати бо ҷойи кор таъмин нагардидани муҳоҷирон хонаводаи онҳо дар Тоҷикистон фақир мешавад. Ба гуфтаи ӯ «бештари муҳоҷирон дар Русия ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд ва шояд барои онҳо мушкиле барои баргаштан ба Ватан пеш намеорад. Нисбат ба солҳои қаблӣ кору фаъолият барои муҳоҷирон мушкилтар шуда бошад ҳам, онҳо кӯшиш мекунанд, бо ҳар роҳу восита дар ин кишвар бимонанд». Дар ҷомеаи мо низ норасоии қувваи корӣ ба назар мерасад. Тибқи мушоҳидаҳо ба муҳоҷират беҳтарин кадрҳо ва ҷавонон равона мешаванд, ки ба қувваи корӣ дар кишвар мушкил эҷод мешавад. Бархе таҳлилгарон бар онанд, ки рӯз аз рӯз дар Тоҷикистон кувваи корӣ зиёд шуда бошад ҳам, вале эҳтиёҷ ба қувваи кории ҳирфаӣ зиёд аст. Зиёд гардидани муҳоҷиронро иқтисоддонҳо ба манфиати иқтисоди Тоҷикистон намедонанд. Агентии тадқиқотии ҷаҳонии «Gallup» байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар мавзӯи муҳоҷирати шаҳрвандони ин кишварҳо ба хориҷа назарпурсие гузаронидааст. Тибқи натиҷаи ин пурсиш 70 миллион нафар сокини мамолики ИДМ хоҳиши дар хориҷа кор ва фаъолият кардан доранд. Ҳар чорумин шаҳрванди болиғи (24%) 12 давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар сурати пайдо кардани имкон мехоҳанд барои кори муваққатӣ ба хориҷ сафар кунанд. Хоҳишмандони таҳсил ба хориҷро бошад, 25% ташкил медиҳад. Аз назарпурсии мазкур бармеояд, ки Тоҷикистон аз давлатҳое мебошад, ки 28% шаҳрвандонаш омодаанд барои кор, 25% барои таҳсил ва танҳо 9% хоҳиш доранд, ки барои зиндагии доимӣ ба хориҷа ҳиҷрат намоянд. Манзумаи ФИРӮЗ
Басгули ИБРОҲИМ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9396), 4 ИЮНИ СОЛИ 2015
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА Дар тӯли мавҷудияти худ инсоният инқилобу растохезҳои зиёдеро дидааст. Аммо ҳодисоте, ки имрӯз дар дунё ба вуқуъ мепайванданд, мисолашон дар таърих кам будааст. Бешубҳа, ториктарин давраро дар таърихи башарият «давраи ҷоҳилия» меноманд, вале бо вуҷуди зулмоти фикрӣэътиқодии он замон, арзишҳои умумибашарие чун ҷавонмардӣ ва қадр кардани сухан соҳибманзалат буданд. Футувват, ҳатто миёни душманон қадр дошту сухан ба ин ҳад, ки имрӯз ҳаст, беарзиш нагашта буд. Аммо ҳоло ҷойи сухани зебову фоидабахшро ҳарзаву ёва гирифта, ҷавонмардӣ бо фиребгарӣ ва макру найранг иваз шудааст. Инсони «мудерн» фиреби дигарон ва ёва гуфтанро соҳибмаърифатӣ медонад. Яъне, ҳар ки бештар сухан гӯяд ва ваъдаҳои дурӯғини зарпӯш диҳад, назди омма мақбултар аст. Ин зумра сиёсат ва робитаҳои тиҷориашонро ҳам бар асоси сифатҳои зикршуда (яъне, дурӯғу суханбозӣ) ба роҳ мемонанд ва афсӯс, ки мисли ҷомеаҳои дигар ҷамъияти мо низ гирифтори ин балост. Балое, ки барои миллати бузургу соҳибфарҳанги мо фоҷеабор аст...
ҷинояткор сабт мегардад. Мутаассифона, ҳоло як навъ фарҳанг, балки бефарҳангие дар мо шакл гирифтан дорад, ки мардуми одӣ ба таври оммавӣ тақлид ба арзишҳои бегона доранд ва бархе ба ном олимон ва ашхоси мутадайинамон бошанд пешгузаштагони худро бепарда таҳқир мекунанд...
Ҷавонмардӣ, ҳусни сухан ва як силсила сифатҳои мусбати дигар барои бисёри ҷавонон бегона шудааст, ки мисолашро дар кӯчаҳои шаҳр ҳар рӯз шоҳид мешавем. Маҳз дур будан аз ин арзишҳо ҷавононро ба далолат, ифрот, таассуб, зоҳирпарастӣ, ҳаёти беғояву мақсад равона кардааст. Ҷавононеро, ки ояндаи миллатанд. Аз ин гузашта, имрӯз ҷомеаи башарӣ бо буҳронҳои зиёди маънавӣ дасту панҷа нарм кардан дорад. Бахусус, буҳрони эътиқод, буҳрони фикрӣ, буҳрони фарҳангӣ, буҳрони ахлоқӣ, буҳрони оилавӣ, буҳрони идоравӣ, ки мутаассифона, ҷомеаи мо низ аз ин раванд истисно нест. Чунин буҳронҳои маънавӣ метавонанд барои ҳар як давлат омили хатар бошанд. Бе ягон шубҳа метавон гуфт, ҳар қадар як ҷомеа аз арзишҳои маънавӣ дур монд, ҳамон андоза ба асолат ва ҳувияти хеш бегона мегардад ва аз саодати ояндааш маҳрум мемонад. Зеро арзишҳои маънавӣ мисли решаҳои ҳаётбахши дарахтанд, ки ба ҷомеа ҷон мебахшанд ва ҳар ки ҷомеаро аз онҳо дур мекунад, дар саҳифаҳои таърих ҳамчун
такя ба ин нишондод ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои ҷавон аст. Ин ки ҷавонон нерӯи бузургу пешбарандаи ҷомеа мебошанд, ҷойи шубҳа надорад. Аммо масъала ин ҷост, ки то куҷо ин қувваи мавҷуда барои рушд ва ҳифзи ҳувияти миллӣ самаранок истифода мешавад? Зеро мо дар ин раванд аз либос ва тартиби ришу мӯйи сар фаротар ба хулосае нарасидаем. Вале, вақте мо бо зебу зинати зоҳирамон саргардонем, дигарон аллакай аз зери замин, қаъри уқёнусҳо ва сайёраҳову кайҳон... ҳарф мезананд. Воқеан, мо имрӯз бо гузаштагони бузургамон, ки шоҳкориҳои беназир анҷом додаву дар арсаи байналмилалӣ ба некӣ ёд мешаванд, мефахрем, аммо гумон аст, ки пас аз солҳо наслҳои нав «шоҳкориҳои» моро дар мавриди «зебу зинат» васф карда, бо мо ифтихор кунанд. Мушкилоти иқтисодии солҳои охир низ нишон дод, ки мо нисбат ба кишварҳои ҳамсояамон дар минтақа бештар осебпазирем. Ҳол он ки аз лиҳози сарватҳои табиӣ, захираҳои об ва қувваи корӣ яке аз пешқадамтарин кишварҳои
ҶАВОНОНИ “ЗЕБО” Бино ба нишондодҳои оморӣ ҳафтод дарсади аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бо
Осиёи Миёна ҳастем. Бешубҳа, сабаби ақибмондагии иҷтимоӣ адами эътибор ба соҳаи илм ва рушди маърифати аҳолӣ аст. Ин ҳолат беихтиёр ба иқтисод ва сиёсат низ бетаъсир намемонад. Мониторинги охири Агентии хизмати давлатӣ нишон додааст, ки бисёре аз хизматчиёни давлатӣ бинобар маъюбӣ ва ё пиронсолӣ аз уҳдаи кор намебароянд. Пас, ҷойи тааҷҷуб нест, ки чаро солҳои зиёд дар чунин вазъи ноустувори иқтисодӣ ва фарҳангӣ қарор гирифтаем. Тибқи
кишвар дар ҷои аввал қарор дорад ва танҳо соли 2014 дар ин вилоят 125 зан ба ҷони худ қасд кардааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, аксари онҳое, ки қасди худкушӣ мекунанд, ҷавонанд, вале зери бори гарони мушкилоти зиндагӣ ва ҷанҷолҳои хонаводагӣ илоҷе ба ҷуз буридани риштаи умрашон намеёбанд. Оё чунин ҳолати рӯҳие, ки шахсро ба худкушӣ водор мекунад, танҳо ба мушкилоти муносибатҳои оилавӣ ва ё фақру зарурат алоқа доранд? Чаро бештари чунин ҳолатҳо дар
Зеро ба имомхатиб саволҳое дода мешавад, ки ҷавобашро дар ҳар китоби фиқҳие ба осонӣ пайдо кардан мумкин аст. Танҳо аз вартаи танбалӣ берун шуда, осори диниро, ки дар ҳар мағозаи кишвар пайдо кардан имкон дорад, варақ задан лозим. Шахсеро, ки ба арзишҳои миллӣ, маънавӣ ва фарҳангии хеш бегона аст, метавон ба осонӣ душмани он арзишҳо гардонд. Эмиссарҳое, ки аз берун омада, идеологияи ифротии худро дар Тоҷикистон таблиғ мекунанд,
Гумроҳии “ояндаи миллат”? Омилҳои тундгаро шудани ҷавононро пешгирӣ бояд кард! минтақаи шимоли кишвар рух медиҳанд? Мутаассифона, аз ин ҳама ҷонҳои рафта танҳо ятимон ва оилаҳои пароканда боқӣ мемонад...
омори расмӣ 28 ҳазор ҷавон ҳоло бекоранд. Наздики 600 ҳазор нафари дигар дар муҳоҷират қарор доранд. Агар ин қувва ба манфиати кишвар равона нашавад, афзоиши теъдоди худкушӣ, ҷинояткорӣ ва пайвасташвӣ ба ҳаракатҳои ифротӣ дар мамлакат боз ҳам меафзояд. Бинобар маълумоти Вазорати умури дохилӣ, соли 2014 дар миқёси ҷумҳурӣ 550 ҳодисаи худкушӣ ва қасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 95 нафари онҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки аксари ҳодисаҳои мазкур дар вилояти Суғд ба амал меоянд. Ҳоло касе аз пайи тадқиқ ва таҳқиқи ин мушкили ҷомеа, ки бештар ҷавононро дунболагир аст, намешавад. Ҷавонзани 26сола дар назди фарзандонаш худро оташ мезанад. Талабаи синфи 10 худро ба дарё мепартояду ба ҳаёташ хотима бахшидан мехоҳад. Чаро? Бино ба рақамҳои оморӣ ҳар сол дар ҷумҳурӣ беш аз 400 зан ба ҷони худ қасд мекунад. Вилояти Суғд аз нигоҳи худкушии занҳо дар
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9396), 4 ИЮНИ СОЛИ 2015
ҶАВОНОНИ ИФРОТӢ Ибтидои моҳи май Худойбердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти мамлакат оид ба гумроҳ шудани ҷавонон як қатор омилҳоеро зикр намуд, ки дар ҳақиқат қобили таваҷҷуҳанд. Х. Холиқназар зимни баромадаш дар ҷамъомаде зикр кард, ки «норасоиҳои иҷтимоӣиқтисодӣ, бекорӣ, фақр, фасод ва бесаводии динӣ барин омилҳо дар ҷавонон, метавонад онҳоро ба ҳар гуна ҳаракатҳои ифротӣ бипайвандад». Ҳоло ҳудуди 400 нафар тоҷикистонӣ дар минтақаи Ховари Миёна ва Афғонистон ба ҳаракатҳои террористии ба ном исломӣ пайвастаанд. Вақте сухан сари ифротгаро шудани ҷавонон кушода мешавад, мо одат дорем, ки душманро дар берун биҷӯем. Ҳол он ки душман метавонад дар дохил бошад. Қаблан, дар рӯзнома атрофи мушкилоти ҷаҳлу бесаводӣ, фақру зарурат ва тафриқаву ихтилоф матолиб ба нашр расида буд, ки дар асл, душман ва маразҳои асосии ҷомеаи мо ҳамин се омил аст. Х. Холиқназар меафзояд, ки фақр ва маърифати заифи динию мазҳабии баъзе ҷавонон барои доираҳои манфиатҷӯ як навъ фурсати мувофиқи роҳандозии фаъолияти таблиғотию ташвиқотӣ гардидааст. Суханони масъулин дар ин бобат дуруст аст. Вақте мушкилоти номбаршуда дар ҷомеа ҳал гашт, касе аз берун омада, идеологияи бегонаро ба ҷавононамон бор карда наметавонад. Вале афсӯс, мисле ки мо ҳанӯз дар асри ХХ умр ба сар мебарем ва барои мо ба тартиб овардани сару либосамон аз тартиби мағзу майнаамон муҳимтар аст. Аз ин ҷост, ки исломро танҳо дар ришу либос, баҳсу мунозараҳои бепоёне, мисли «ҳангоми намозгузорӣ шимро бояд барзад ё не?», мебинем. Аз саволҳое, ки намозгузорон аз имомҳои масоҷид мепурсанд, метавон сатҳи маърифати исломии ҷомеаро муйян кард. Ҷомеа ҳоло дар савияи ибтидоии шинохти арзишҳои динии хеш аст.
аз ин заъфи ҷомеа ба хубӣ огоҳанд ва аз он хеле хуб истифода мекунанд. Ҳоло пешниҳод шудааст, ки дар мактабҳои миёна аз нав дарсҳои маърифати исломӣ ба роҳ монда шавад. Таҷрибаҳои солҳои гузашта нишон дод, ки ворид кардани дарс ба барномаи мактабӣ кори мушкил нест, аммо кӣ онро ба талабагон меомӯзонад? Боз ҳамонҳое, ки худ дониши мукаммали динӣ надоранд? Дар ин раванд, сохторҳои дахлдори кишвар бояд нақшаҳои дурбини дарозмуддат ба роҳ монанд. Нақшаҳое, ки ҷомеаро ба созиш оварад. Нақшаҳое, ки боварӣ ва эътимоди халқро дар ин самт барпо кунад. Зеро душманҳои берунае, ки аз онҳо гиламандем, заифиҳои ҷомеаро истифода бурда, даҳ-бистсолаҳо аз мо пештар қадам мезананд. Ба қутбҳо ҷудо намудани ҷомеа хатари азим дорад. Ҳоло ки хатар ба фарҳангу маънавиёт вуҷуд дорад, танҳо шуури зинда ва иттиҳоди ягона метавонад ҷомеаро аз ин варта наҷот диҳад. Ҷавонони аз худ бехабар, ки эҳтимоли пайвастанашон ба ҳар гуна созмону ҳаракоти ифротӣ бештар аст, ба рӯҳи тозаи сиёсати миллӣ ва эҳёи маърифати маънавӣ эҳтиёҷ доранд. Ҳарчанд ҷомеа ҷавонони ба ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаро танқид мекунад, аммо дар мавриди ин ки “чаро ҷавонон ифротгароиро интихоб мекунанд?” ҷиддӣ андеша намешавад. Бояд қайд кард, ки то вақте падарону мардони ин ҷомеа барои дарёфти қути лоямут дар ғарибӣ саргардонанд, фарзандон тиҳӣ аз одоб, ахлоқу фарҳанги тоҷикӣ ба воя мерасанд. Ҳол он ки ҷомеа ба насле эҳтиёҷ дорад, ки уфуқи васеи ояндабинро соҳиб бошад. Насле, ки орӣ аз таассуби миллӣ, орӣ аз таассуби динӣ ва орӣ аз таассуби илмист. Насле, ки маориф, иқтисод, робитаҳои иҷтимоӣ ва байналмилалиро муассиртар ба роҳ мемонад. Аз ин ҷост, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерӯи ояндасози давлат ва умеду орзуи Ватан хонда, аз роҳбарони вазоратҳо талаб намуд, ки сафи кадрҳои ҷавон дар ҳама самту соҳа бештар шавад... Башир УСМОНОВ, “ҶТ”
5
НАБЗИ ҶАҲОН
Дар бораи беназмиву ваҳшонияти ҳаракати террористии “Давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ) дар рӯзнома матлаби зиёде нашр шуд, ки дар онҳо як нукта бештар таъкид меёфт: ДИИШ ҳаракати сохтаи Ғарб аст, ки аз пуштибонии молии чанд кишвари Ховари Миёна (хоса, Арабистони Саудӣ) бархурдор буда, бо Туркия ҳамкории бевосита дорад. Хусусан, масъалаи ҳамкории зич доштани Ҷумҳурии Туркия боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида буд. Ҳатто иттилоъ пахш гардид, ки Хадамоти истихборотии Олмон – BND бо сабаби ҳамкории Туркия бо ДИИШ телефонҳои мобилии мансабдорони туркро махфиёна гӯш мекунад. Он замон Ангела Меркэл, канслери Олмон, чунин иброз дошт: “То он даме, ки ҳукумати Туркия бо ДИИШ ҳамкорӣ дорад ва ҷангиёни захмии ин созмони террористӣ дар Истанбул бемамониат ба табобат фаро гирифта мешаванд, мо гӯш кардани телефонҳои мобилии мақомдорони туркро идома медиҳем”... Зимнан, 30 май расонаҳои русӣ аз ҳамдастии Ташкилоти миллии истихбороти Туркия – MIT бо ДИИШ бори дигар маълумот доданд. Чунончӣ, рӯзномаи «Московский комсомолец» хабар дод, ки «Дар Туркия бо иттиҳоми терроризм алайҳи рӯзномаи тур-
17 майи соли равон, шабакаҳои хабарии олам аз шикасти неруҳои ҳарбии давлати Ироқ дар вилояти Анбор хабар доданд. Дар гузоришҳо омадааст, ки гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» ва ё ДИИШ маркази вилояти Анбор, шаҳри Рамодиро тақрибан бидуни рақобат ба даст оварда, дар боми ҳукумати вилояти Анбор парчами сиёҳи худро овехт. Чи гуна як артиши мусаллаҳи давлатӣ метавонад бидуни мубориза ақибнишинӣ кунад ва яке аз вилоятҳои калидии минтақаро ба дасти ДИИШ-иён биспорад? Баъд аз гузашти чанд соат сарони қабоил ва роҳбарони музофотӣ ба расонаҳои хабарӣ гуфтанд, ки ақибнишинии онҳо бо дастури хосаи Ҳукумати Ироқ сурат гирифтааст. Шайх Алӣ Ҳотам, роҳбари қабилаи Дайлами вилояти Анбор, ба матбуот изҳор дошт, ки «музофоти Мосул бо супориши мустақими Нурӣал-Моликӣ таслими ДИИШ шуд». Расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ин нуктаро пайгирӣ намуда, гуфтаанд, шаҳри Рамодӣ бо иҷозаи Амрико ба дасти ДИИШ-иён супорида шуд.
6
Ҳомиёни ДИИШ Ё муқовимат бо ДИИШ маъно надорад, агар... кии «Ҷумҳурият» парванда боз шудааст. Парвандаи мазкур баъд аз чанд соати нашри аксҳои яроқу муҳимот, ки мошинҳои боркаш ба Сурия интиқол медоданд, боз шудааст». Асли қазияи мошинҳои боркаш, ки ҳомили муҳимоти ҷангӣ буданд, чунин аст: Моҳи январи соли 2014 шахси номаълуме ба прократураи шаҳри Аданаи Туркия занг зада, иттилоъ медиҳад, ки тавассути мошинҳои боркаш ба Сурия ғайриқонунӣ силоҳу аслиҳа интиқол меёбад. Дар пайи маълумоти мазкур бо фармони прокурори шаҳр полис мошинҳои боркашро, ки аз қаламрави шаҳр мегузаштанд, бозмедорад. Тахмин мерафт, ки аслиҳаи мазкур барои ҷангиёни ДИИШ-анд. Баъди гирифтани мактуб аз директори MIT дар шаҳри Адана ва имзои губернатори шаҳр мошинҳои боркаш, ки маъмурони амниятии MIT ҳамроҳӣ доштанд, баргардонида мешаванд ва роҳашонро ба самти Сурия идома медиҳанд. Губернатори шаҳри Адана мегӯяд, «мошинҳои боркаш бо фармони сарвазир (Раҷаб Тайиб Эрдуғон) ҳаракат доранд». Баъд аз ин ҳодиса, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки он вақт сарвазири Туркия буд, дастур медиҳад, ки нашри ҳама гуна матолиб дар расонаҳо ва пахши наворҳои бардошташуда оид ба интиқоли бор ба Сурия манъ шавад. Инчунин, чор прокурореро, ки барои боздошти мошинҳо фармон дода буданд, ҳамзамон, сардори полиси шаҳри Аданаро бо ҷурми “табаддулоти давлатӣ ва фошсозии маълумоти марбут ба амният ва фаъолияти
сиёсии давлат” ба маҳбас мекашанд. Нисбат ба 13 сарбози дигар барои мошинҳои ҳомили аслиҳаро кофтукоб кардан парвандаҳои ҷиноятӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ боз мекунанд. Воқеан, дар аксҳое, ки рӯзномаи туркии «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввалаш нашр кардааст, дида мешавад, дар қуттиҳои доруворӣ яроқҳои миномёт ва снаряд ҷой дода шудааст. Дар сомонаи рӯзнома, инчунин, навори видеоӣ, ки кормандони полис бардоштаанд, низ мавҷуд аст. Ба иттилои рӯзномаи туркӣ дар контейнерҳо ҳазор снаряд, ҳазор миномёт, 50 ҳазор тирдони пулемёт ва 30 ҳазор муҳимот барои аслиҳаи калон мавҷуд будааст. Мухолифони ҳукумати Туркия гуфтаанд, ки агар ин амалиёт қонунӣ мебуд, пас, чаро мансабдорони ҳукумати Туркия аз он огоҳ набуда, барои боздошташ фармон доданд? Воқеан, саволи мантиқие пайдо мешавад, ки агар он амалиёт, воқеан, қонунӣ мебуд, барои чӣ силоҳу аслиҳаро дохили қуттиҳои доруворӣ ҷо кардаанд? Як нуктаро борҳо дар матолиби вобаста ба ДИИШ ва ҳамкории пиноҳонии Туркия бо ин созмони террористӣ нашркардаамон таъкид кардем: Туркия гузаргоҳе барои интиқоли аслиҳа ва ҷангиён аз кишварҳои Ғарбу Шарқ ба сафи ҳаракати террористии ДИИШ аст ва инро Хадамоти истихборотии ин кишвар медонад. Ҳукумати ин кишвар иддаои кишварҳо, инчунин, институтҳои шаҳрвандии Туркияро дар мавриди ҳамкорӣ доштанаш бо ДИИШ ҳамеша рад мекард.
Ҳатто, бо ҷурми иттиҳом ба ҳукумат садҳо рӯзноманигор паси панҷара шуданд. Вале ба назар мерасад, ки ин дафъа масъала фаротар аз доираи як ё ду кишвар ё институтҳои дохилии Туркия аст. Балки интиқоли силоҳ ба ДИИШ масъалаест, ки онро бояд Суди байналмилалӣ муҳокима кунад. Дар сурати муҳокима кардан, ҳукумати Туркия ногузир маҳкум ба содир кардани ҷинояти байналмилалӣ мешавад. Чаро ки терроризми байналмилалиро кӯмак кардааст. Онеро, ки мисли ҳаракати «Толибон» на танҳо ба як кишвар ё як минтақа хатар дорад, балки барои тамоми ҷаҳон мояи хатар ва ноамнист! Бале, муқовимат бо ДИИШ ва таъсису созмон додани эътилоф алайҳи он маъно надорад, вақте Ҳилларӣ Клинтон дар ёддоштҳояш навиштааст, ки «Мо давлати исломии Ироқу Шом (Сурия)-ро барои тақсими Шарқи Миёна эҷод кардаем»; вақте ки Исроил аз мавҷудияти он манфиатдор аст; вақте ки Фаронса изҳор медорад, ки 18 миллион доллар ба ДИИШ пардохт кардааст; вақте ки ҷангиёни ДИИШ дар Истанбул табобат мегиранду ҳукумати ин кишвар чашм мепӯшад; вақте ки Туркия ба террористони ДИИШ муҳимоти ҷангӣ мефиристад... Инчунин, муқовимат бо ин ҳаракати террористӣ маъно надорад, вақте кишварҳои номбаршуда бо ДИИШ ҳамкоранду мо хушбоварӣ нишон дода, онҳоро ҳомии сулҳу амнияти дунё меҳисобем..! Маҳмуд УСМОНОВ, “ҶТ”
Мавҷудияти ДИИШ ба нафъи кист? Найрангҳои сиёсӣ ва фиреби ҷавонон ДИИШ ё “Толибон”-и сонӣ Баъд аз қатли рӯзноманигорони амрикоӣ дар хоки Ироқ соли гузашта талаби афсари собиқи Амрико Ҷеймс Дайн аз Кунгураи умумии Амрико барои таҳқиқи мустақили қазияи ин рӯзноманигорон ва ҷавоби рад гирифтани ин разманда аз хадамоти махсуси Амрико сохтакориҳоро дар фаъолияти ДИИШ ба вуҷуд овард. Баъд аз ин, ташхиси суратҳои Абӯбакри Бағдодӣ ва мушаххас шудани чеҳраҳои афсарони Исроил дар атрофи “халифаи” худхонда, ба нуқтаҳои муҳими ДИИШ зарба назадани ҳавопаймоҳои Эътилоф, фармони ақибнишинӣ дар муборизаҳои низомӣ, дар ҳолатҳои ҳассос нафиристодани кӯмакҳои низомӣ ба размандагони ҳукуматӣ ва монанди инҳо нишон медиҳанд, ки дар қаламрави кишварҳои Ироқ ва Сурия бозиҳое роҳандозӣ шудаву ҳадафи кишварҳои бузурге чун Амрико ва кишварҳои аврупоӣ на мубориза бо ДИИШ, балки нигоҳдоштани он дар ҳолати ҷангӣ мебошад. Имрӯз мушаххас мешавад, ки мавҷудияти ДИИШ дар минтақа бар нафъи кишварҳое чун Амрико, Исроил ва давлатҳои Аврупо
мебошад. Чунки ин кишварҳо ва махсусан Амрико натавонист, дар хоки Ироқ таъсири мустақим дошта бошад, чунки ба дор овехтани Саддом Ҳусейн на танҳо хашми мардумро хомӯш накард, балки ҷангҳои партизанӣ ва усулҳои интиҳориро дар ин кишвар эҳё кард. Вале имрӯз Амрико мехоҳад ба воситаи ДИИШ оламиёнро битарсонад ва ҳузури худ дар минтақаро мантиқӣ баён кунад. Ҳамон гуна, ки гуруҳи Толибонро дар Афғонистон рӯйи кор оварданд баъд аз гузашти чанд сол артиши Амрико ба Афғонистон ворид шуд. Лаҳза ба лаҳза сохтагии сиёсӣ ва найрангҳои бузург дар пушти калимаи «ҷиҳод» аён мегардад. Вале бо таассуф дар баробари фош шудани сохтагии ин гуруҳҳои зери унвони «ИСЛОМ» рӯз то рӯз ҷалби ҷавонон ба сафи ин дастаҳо бештар ва бо усулҳои гуногун сурат мегирад. Тибқи маълумотҳо, имрӯз танҳо аз Тоҷикистон шумори кушташудагон дар ин набардҳои бемаънӣ аз 50 нафар гузашта, сафи ҷавонони фирефташуда дар ин набардҳо беш аз 300 нафар гуфта мешавад. Хатарноктар он аст,
ки имрӯз ҷалби оилаҳои ҷавон ба ин ҷангҳо сурат гирифта, шумори оилаҳои ҷавони тоҷик дар ин набардҳо ба 40 мерасад. Бозори одам ё кабобҷиҳод Имрӯз дар қаламрави Ироқ ва Сурия бозори фуруши одам аз шумори занону бонувон ва асирони қаламравҳои ҷангзада ба вуҷуд омадааст. Сарварони гуруҳҳо баъд аз ҳар муҳориба базму тараб ороста, занону духтарони асирафтодаро байни ҳам тақсим мекунанд ва баъд аз истифодаи дилхоҳу шаҳватзадагӣ онҳоро туҳфа мекунанд ва ё ба фурӯш мегузоранд. Имрӯз бонувон низ ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҷалб мешаванд. Аз сафи донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон канда шудани ҷавондухтари тоҷик ва ба ҷангҳои Ироқу Сурия ҷалб намудани он далели он аст, ки дастгоҳи махсусу пуриқтидори таблиғотиву идиолегие дар хизмати ин гуруҳ аст. Писаронро ба воситаи ишқу навозишҳои духтарона ва духтаронро ба воситаи маҷнунсозиҳои дурӯғин ба ҷангҳо ҷалб мекунанд. Вале аксари он бонувоне, ки ба ҷангҳо ҷалб мешаванд ва
заноне, ки шавҳарҳояшон дар муборизаҳо ба ҳамхобагии амирону сардорони гуруҳҳо ва ба ҳамбистарӣ бо ҷанговарони террорист муваззаф мешаванд. Вале имрӯз ин гуруҳхои терористиву ифротӣ дар усулҳои таблиғотии худ дигаргунӣ дароварда, ҷавононро ба воситаи неъматҳои моддӣ ба доми худ даровардан мехоҳанд. Яке аз наворҳои таблиғотии он, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз 25 май пайдо шудааст, ҷавони тоҷикеро нишон медиҳад, ки бо ишора ба тафдон, ки болои он чандсих кабоб гузошта шудааст, мегӯяд, ки инҷо зиёфат асту шароити хубу хурданиҳои лаззиз. Дар навори дигар ҳам худи ҳамин ҷавон боз бо таоми болои миз ишора намуда, аз шароити мусоид таъриф намуда, бинандагонро ба «ҷиҳод» мехонад. Вале ҷавонон бояд бидонанд, ки ин гуруҳҳо ва ин ҷавонони фирефта на танҳо ба дини мубини ислом ва фармудаи Худованд риоят мекунанд, балки онҳо дар хизмати иблису душманони башарятанд. Муҳаммадиқбол АТОЕВ, рӯзноманигор
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9396), 4 ИЮНИ СОЛИ 2015
ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ХОРИҶИЁН
СОЛИ 2015 – СОЛИ ОИЛА
Тарбия аз оила сарчашма мегирад Фарзанди нек - меваи босамари волидайн!
Себи тоҷикӣ лаззати дигар дорад Пиёр Кабанёлс собиқ профессори Донишкадаи идоракунии муассисаҳои Донишгоҳи Сорбоннаи Фаронса мебошад ва се моҳ аст, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад. Дар мусоҳибаи зер ӯ доир ба таассуроташ аз Тоҷикистон ба мо нақл намуд. - Аз он ки маҳз дар Тоҷикистон фаъолият доред, қаноатманед ҳастед? - Албатта. Қаблан низ ду бор ба Тоҷикистон омада будам. Ин навбат ба муддати дароз барои кор кардан ин ҷо қарор дорам. Сафари аввалинам чор сол пеш сурат гирифта буд. Дар муддати чор сол дар Тоҷикистон дигаргуниҳои ҷиддиро эҳсос намудам. Иқлими ин кишвар хеле мусоид аст. Душанбе шаҳри сарсабз ва сердарахт мебошад ва меъмории хос дорад. Аз нигоҳи ман, солҳои охир ҳисси миллӣ ва зебоипарастии меъморон баланд шудааст. Биноҳое бунёд меёбанд, ки меъмории миллиро таҷассум месозанд. Мардуми тоҷик нисбат ба оила ва дӯстони худ ҳамеша ғамхоранд ва муносибатро мустаҳкам нигоҳ медоранд. Анъанаҳо нигоҳ дошта шуда, он ба пешрафти илмию техникӣ халал намерасонад. Кӯлу дарёҳо ва кӯҳҳои Тоҷикистон мафтункунанда мебошанд. Дар муқоиса ба солҳои пеш ин ҷо шумораи автомобилҳо афзудааст. Аз як тараф ин нишондоди некӯаҳволии мардум бошад, аз тарафи дигар он боиси ифлосшавии ҳаво мегардад. Тоҷикон дар бораи кишвари ман - Фаронса маълумоти бисёр доранд. Аз он шодам, ки дар донишгоҳҳои ин ҷо забони фаронсавӣ низ омӯзонида мешавад. Зеро беш аз 400 миллион одам дар кишварҳои гуногуни дунё бо забони фаронсавӣ гап мезананд. Инчунин, бештари ҷавонони тоҷик ба варзиш майл доранд.
- Аз нигоҳи Шумо барои рушди туризм дар Тоҷикистон кадом омилҳо таъсир мерасонанд? Аз лиҳози ҷуғрофӣ Тоҷикистон дар ҷои басо мувофиқ воқеъ гаштааст. Яъне, дар чорроҳаи 6-7 кишвари ҷаҳон. Ин омил метавонад боиси ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ гардад. Барои ҷалби шумораи бештари сайёҳони хориҷӣ бояд гирифтани раводидро соддатар намуд. Масалан, Қазоқистон барои шаҳрвандони Фаронса ва дигар кишварҳо раводидро бекор намудааст. Инчунин, хуб мешуд яке аз ширкатҳои хавопаймоии маҳаллӣ хатсайри мустақим бо кишварҳои Аврупо боз мекард. Ҳоло ба Аврупо танҳо ширкати «Сомон Эйр» ҳафтае як маротиба ба шаҳри Франкфурти лаби Майн парвози мустақим дораду халос. Масалан, барои даъват намудани бародарам ҳуҷҷатҳои зиёдро бояд омода созам. Ба ғайр аз ин, наметавонам худам мустақилона ӯро даъват намоям. Барои ин бояд дастгирии расмӣ аз муассиса ё ширкат лозим аст. Дар маҷмӯъ, новобаста аз ин имкониятҳои Тоҷикистон барои рушди туризм васеъ мебошад. Ҳамсарам низ ба Тоҷикистон омада, бо тассуроти нек ба Фаронса баргашт. - Таомҳои тоҷикӣ бароятон писанд омад? - Бале, шӯрбоҳои тоҷикӣ ва оши паловро дӯст медорам. Вақте ба бозор медароед, манзараи хеле зеборо мебинед. Ҳамеша меваю сабзавоти тару тозаро харидорӣ мекунам. Вале афсӯс, ки на ҳама меваҳои Тоҷикистонро дар бозор пайдо мекунӣ. Масалан, ман мехоҳам аз бозор себи тоҷикӣ харам, лекин себи чинӣ ҷойи онро гирифтааст. Ҳол он ки себи тоҷикӣ назар ба себи воридотӣ лазизтар ва сервитаминтар мебошад. Мусоҳиб Насрулло ТӮЙЧИЗОДА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9396), 4 ИЮНИ СОЛИ 2015
Имрӯз масъалаи тарбияи фарзанд ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа табдил ёфтааст. Он бошад, аз оила сарчашма мегирад. Аз ин рӯ ақидаю ҷаҳонбинӣ, расму одатҳои оила ва волидайн дар ташаккули минбаъдаи равонӣ ва шахсияти кӯдак замина мегузорад. Ин аст, ки коршиносон тарбияи оилавиро аз қисматҳои аслии тарбияи ҷамъиятӣ донистаанд. Воқеан ҳам, ҳадафи тарбия оқилона ташкил кардани ҳаёти кӯдакон аст. Агар ба воқеият нигарем, маҳз таълиму тарбияи оилавӣ бо анҷом додани амалҳои хос дар марҳалаҳои гуногун сурат гирифта, бо дуруст ба роҳ мондани онҳо сабаби рушду нумӯи фарзанди солеҳ мегардад. Яъне, роҳандозии тарбияи оилавӣ боис ба он мегардад, ки фарзанд дар оянда чун фарди дорои ахлоқи ҳамида ва шахсияти масъулиятшинос ба камол расида, ҳамчунин, заминаи тараққӣ ва пешрафти ҷомеа хоҳад шуд. Гузашта аз ин, тарбияи фарзанд монанди парвариши ниҳол аст, ки боғбон бо ранҷи фаровон онро ба воя мерасонад, то дигарон аз соя
ва самараи он истифода намоянд. Агар волидайн дар тарбияи фарзанд саҳлангорӣ намуда, ҷаҳду талош ба харҷ надиҳанд, на танҳо аз чашидани самараи он дар оянда маҳрум мегарданд, балки ба чандин мушкилот ва оқибатҳои ногувор гирифтор мешаванд. Набояд фаромӯш кард, ки оилаи имрӯза аз оилаҳои панҷоҳ соли пеш аз нигоҳи диду фаросат фарқ мекунад. Пешрафти илму техника, радио, телевизион, таъсири матбуоти даврӣ, дастрасӣ ба шабакаи умумиҷаҳонӣ (интернет) сатҳи фаҳмиши онҳоро хеле боло бурдааст. Мувофиқи нишондоди ЮНЕСКО кӯдакони 3-5-сола дар як ҳафта то 28 соат вақти худро дар назди телевизион мегузаронанд, ки ба вазъи саломатии ҷисмонию равонии онҳо бетаъсир намемонад. Вақти он расидааст, ки волидайн вақт ва барномаҳои тамошобоби кӯдаконро муайян намуда, тамошои телевизору кинофилмҳоро на барои воситаи вақтгузаронӣ, балки чун воситаи тарбия, истироҳату фароғати онҳо истифода баранд. Қонун дар назди волидон ва шахсони онҳоро ивазкунанда вазифаҳои масъулиятнокро пеш гузоштааст ва дар сурати беэътиноӣ ба он ё мухолифи он амал кардан, ҳатто ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Азбаски сатҳи зиндагӣ ва
масъулиятнокии падару модарон гуногун аст, тарбияи кӯдакон низ дар оилаҳо як хел нест. Оилаҳое ҳастанд, ки ба шароити зиндагӣ нигоҳ накарда, дар тарбияи фарзанд саҳми фаъол доранд. Равоншиносон бар он назаранд, ки ба эътибор нагирифтани фикру андешаи кӯдак чун шахсият дар оила оид ба баъзе масъалаҳо ва ҳукмравоии аз ҳад зиёди калонсолон кӯдакон аз тарс мустақилияти хешро гум мекунанд. Дар чунин вазъият майлу рағбат, озодии онҳо зери фишор мемонад. Оила макони муқаддасест, ки одоб, ахлоқ, муоширати иҷтимоӣ низ аз ин ҷо сарчашма гирифта, инкишоф меёбад. Калонсолонро иззату эҳтиром кардан, ба хурдсолон шафқату меҳрубонӣ нишон додан, ба рафиқон самимию дилсӯз буданро дар оила меомӯзанд. Кӯдаке, ки дар оилаи солим ба воя мерасад, ҳам барои падару модар, ҳам барои ҷомеа фоидаовар мебошад. Муҳимтарин воситаи тарбияи кӯдакон ва муваффақ шудан дар ин раванд риояи амали сегона: муҳаббат, интизом ва ҷиддият мебошад. Падару модароне, ки ин роҳро пеш мегиранд, ҳамеша бе ташвиш ва осуда хоҳанд буд, ҷомеа бошад, ободу бехавфу хатар мешавад. Беҳуда нагуфтаанд: «Фарзанди хуб - боғи падар, фарзанди бад доғи падар». Тарбия намудани насли давронсоз дар замоне, ки ҷомеаи мо роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтааст, муҳимтарин воситаи расидан ба ин ҳадафи волою муқаддас мебошад. Ниёзбӣ ШОЕВА, омӯзгори МТМУ №98-и шаҳри Душанбе
ИҚДОМ
10 000 cомонӣ ба ғолиби олимпиада Аз соли хониши оянда хонандагони макотиби таҳсилоти умумии вилояти Суғд, ки дар олимпиадаю озмунҳои байналмилалии фаннии кишварҳои берун аз қаламрави давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат намудаву ғолиб мешаванд, мукофотпулӣ дар ҳаҷми то 10 000 сомонӣ дарёфт хоҳанд кард. Ин иқдом аз ҷониби раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар мулоқот бо ҷавонони лаёқатманд, ки чанде қабл доир гардид, пешниҳод шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, раиси вилоят изҳор дошт, ки барои ҷои аввал 10 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм – 5 ҳазор сомонӣ ва барои ҷои сеюм 3 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ ҷудо мегардад. Ба ғолибони олимпиадаю озмунҳои фаннии байналмилалӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои ҷои якум 5 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм - 3 ҳазор ва барои ҷои сеюм ҳазор сомонӣ
мукофотпулӣ муқаррар карда хоҳад шуд. Иқдоми мазкурро хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ хуб истиқбол намуданд ва ба таъкиди омӯзгори МТМУ рақами 13-и ноҳияи Айнӣ Мирҷумъа Нуров, ин ташаббуси раиси вилоят имконият медиҳад, ки хонандагон бештар вақти худро ба мутолеа ва аз бар намудани донишҳо масраф намуда, барои ғолибият кӯшиш ба харҷ диҳанд. Суҳроб КАЁНӢ, “ҶТ”
7
БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА Ҳувайдост, ки мақсаду мароми эҷодии тамоми ҳунарварон тасвири ҷанбаҳои гуногуни рӯзгори инсонӣ, тавсифи зебоиву дороиҳои зиндагӣ, танқиди рафтору гуфтору пиндори разилаву номақбули ҳамагонӣ, ҳимояти мазлуму бечорагон, ҳидояти ҳамзодони раҳгумзада ба ҷодаи матлубу маҳмуди зиндагӣ буда, ҳар яке ҷониби манзили мурод роҳ мепаймояд. Сафари Амирхон, ки нафаре аз ҳамин раҳсипарони кишвари шоириву суханварист, мувофиқи тавону имкони худ қадам барниҳода, муносиби маҷолу таҳаммули худ ҷодапаймоиву вожапардозӣ намуда, корвони кору рӯзгорашро дар паҳнои саҳрои мушкилписанду душворгузари эҷоду иршод сорбонӣ кардааст: Монанди хати раҳи бари пуштаи деҳ, Дар рӯю ҷабини ман хати чин афтод. Умрам ба мисоли корвоне бигузашт, Гарди раҳи он ба мӯйи мушкин афтод. Барҳақ, корвони умри шоёни Сафари Амирхон, ки дар остонаи Наврӯзи оламафрӯз шарафи маҳмилбандӣ ёфтааст, бори аввал аз забони пирони боумеди ҳамин остони хушнувед дуои неку сафед оварда, нахустин маротиба аз домони шафақату муҳаббату марҳамати ҳамин гӯшаи диёри биҳиштосоямон ба сифати пайку пайғоми наврӯзӣ рахти сафар барбастааст: То ки чун Хуршед орам рӯзи нав, То ки дарбахшам ба дилҳо сӯзи нав, Сабз гардад сабзаи армони дил, Бишкуфам аз хандаи Наврӯзи нав, Навбаҳорон ман ба дунё омадам! Панду насиҳати судманди падару модари арҷманд ва саъю талошу ибтикори фарзанди заҳматписанд ӯро шогирди мактаби таҳсилоти ҳамагонии ноҳия ва дарсомӯзи муаллимони дилсӯзе мегардонад ва дар вуҷуди муҳассили раҳпӯи навҷӯй шавқу завқи омӯзгоршавиро бедор месозад, ки Сафари Амирхон заҳмати беминнати эшонро дар шеъри «Муаллим» самимона чунин ба қалам овардааст: Бигзарад посе зи шаб, аммо туро Менаояд хоб андар дидагон. Ҷумла мардум рафта андар хоби ноз, Чашми ту бедор мисли ахтарон! Баъди хатми муваффақонаи мактаби миёна шарафи донишҷӯии факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дармеёбад. Аслан, Сафари ҷавон, албатта, ногузир илҳом аз фолклори ғановатманди мардуми диёр, гуфтаву навиштаҳои суханварони соҳибҳунари қаламрави Хатлон, барномаҳои адабии радиову телевизион, китобҳои дарсии фаровон ва тадрису маҳфилҳои анъанавии муаллимон бардошта, ҳанӯз дар овони мактабхонӣ, тарсону ларзон ва ниҳониву пинҳонӣ, ба эҷоди таронагунаҳои шогирдона ва хабарномаҳои сардастона шуруъ карда, намунае аз онҳоро дар газетаи деворӣ ва рӯзномаи ноҳиявӣ ба чоп расонда бошад ҳам, баъдан, дар мактаби олӣ, дар иҳотаи устодону ҳамсабақони донишандӯхтаву ҳунаромӯхта, дилгармона ба кори шеъру мақоланависӣ пардохтаву корвони ҳаёташро ҷасурона бар ҳамин ҷодаи мушкилписанд андохтааст: Ай даргаҳи илму фазлу дониш, Дунёи умеду навҷавонӣ, Аз меҳру садоқати бузургам Дар хонаи дида ҷовидонӣ! Махсусан, дар инҳисори маҳфили машҳури «Адибони ҷавон»-и донишгоҳ, ки дар даврони фаъолият суханварони шуҳратёри кишварро ба воя расонда, дар
8
Шеъри ӯ равону сода
он овон сарвариашро донишманди маъруфи соҳа Аламхони Кӯчар ба зима дошт, дар қатори як идда ҷавоншоирони ояндадор, монанди Муҳаммад Ғоиб, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Насри Сарфароз, Карими Давлат, Мираҳмади Амиршоҳ, Садрӣ Умар ва чанди дигар, ки аз макотибу маҳофилу навоҳии гирду атроф ҷамъ омада буданд, басо кӯшиду ҷӯшиду омӯхту андӯхт. Аз маслиҳату машварати пешаварона ва суҳбату муоширати ҳунармандонаи мураббиёни мумтозаш баҳра бардошта, сарои армони худро аз нури маърифату ирфонашон нурониву чароғон гардонд: Ҳамрадифи авҷи гардун шеър бояд гуфт, Дар сипоси нони гандум шеър бояд гуфт, Бар давои дарди мардум шеър бояд гуфт! Баъди хатми донишгоҳ Сафари Амирхон муддате дар омӯзишгоҳу макотиби таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ муаллимӣ карда, соҳиби малакаву таҷрибаи рӯзгор, обрӯву эътибор ва медали «Барои заҳмати сазовор» гардидааст. Баъдан дар Кумитаи радиову телевизиони мамлакат адои вазифа карда, барои заҳмати пурбаракаташ сазовори ановини ифтихории «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии радиову телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» шудааст. Дар ин ҷода ҳам дуои фариштаи иқболи Сафари Амирхон мустаҷоб мегардаду ғунчаи бахту омолаш механдад ва дар радифи шоирони баркамоли вилояту мамлакат Ашӯр Сафар, Саидҷон Ҳакимзода, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Муҳаммад Ғоиб, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва дигарон қарор гирифта, шарафи ҳамкориву ғамхориҳои
эшонро дармеёбад ва мактаби сахтгиру меҳрубону ғамхорашон дасти шогирдии ӯро росту қавитар мегардонад, ки Сафари миннатдору сипосгузор аз ин рафтори падарвори мардони омӯзгори худ дар ашъору гуфтораш борҳо самимонаву содиқона ёдовар мешавад: Аввалин ҳарфи саводу зиндагӣ Аз ту бишнуфтам, аё устоди ман! Мушкиле пеш оварад гар рӯзгор, Мешавӣ ту дар пайи имдоди ман! Бемуҳобо, ҳамин ангезаҳои айниву зеҳнии сухангустарӣ, ангораҳои тамомиталаби саҳнаҳои суханофарӣ, андоваҳои пурдошту пурбардошти суханоҳарӣ ва дарвозаҳои баркушоди олами сухандоварӣ омилу соҳими қавибунёди равнақи кори эҷодӣ ва майдони мусоиди тавфиқи Сафари Амирхон гардида, ҳосилашон дар авроқи маҷмӯаҳои «Гули Наврӯз» (1989), «Чашмаи Толеъ» (1993), «Хоку оташ» (1993), «Ҷилваи хаёл» (2003), «Чатри гул» (2010), «Чароғи меҳр» (2014) ва саҳоифи васоити ахбори умуму маҷмуаҳои дастаҷамъӣ дар дастраси ҳаводорони шеъри ноби дарӣ қарор гирифтаанд. Аёнтараш, Сафари Амирхон аз ин ҳама мактабу машрабҳои эҷодкорӣ ва ангезаҳои бунёдкорӣ сабақи даркорӣ бардошта, тарафу ҳадафи сухангустарӣ ва тамсилаву василаҳои суханварии худро муайян сохтааст ва манзури ҳамсухану ҳамватанонашон доштааст: Шоирӣ ишқ асту бунёд аст, Шоирӣ табъи Худодод аст. Шоирӣ бечоранолӣ нест, Шоирӣ дард асту эҷод аст! Сафари Амирхон, монанди тамоми шоирони деҳотибунёд, аз ҷумла, устод Айниву Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотиву Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакару
Мӯъмин Қаноат, Қутбӣ Кирому Мастон Шералӣ, Лоиқу Гулрухсор, Бозор Собиру Гулназар ва дигарон, ки об аз чашмаҳои зулоли шеъри нобашон хӯрдааст, пештару бештар аз ҳама ва ҳақдоронаву ҳақшиносона муҳассаноту муборакоти остону ошён ва осмону хокдони азизи худу ниёконашро ба дафтари тасвиру тамҷид оварда, баъдан, аз баландиҳои кӯҳсори пурасрори худ, шабеҳи Моҳи Нахшаби офаридаи Муқаннаи диловар аз Кӯҳи Сиём, олами берунаро дар фарохои чашмандози хаёли шоирона қарор медиҳад, ёду эроди шаҳристону хиёбони вайронаву дурафтода, шукронаву ифтихори обидиву маъмураҳои боқимондаи Тоҷикистони кунуниву бостонӣ мекунад. Аз ҷумла, дар «Оҳномаи харобаҳои Ҳулбук» ашки талху сӯзоне бар вайронаҳои шаҳри қадим мебораду навҳаи дареғу надомати ҷӯшоне бар харобаҳо мешорад ва дар ғуссаномаи «Бухоро», ки «кӯҳнаёронаш, дар он даргоҳу дар хобидаанд, гӯё, аз даргаҳи тифлӣ ҷудо афтодаанд», ғаму ҳасрати деринасоли ҳар тоҷики бедори дунёро басо ҳазину дилхарошу хотирнишин ифода карда, мегӯяд: Ҳастӣ, ай шаҳри Бухоро, аз барои ман шариф, Лаҳзае бо ёди ту бошад барои ман шараф! Бе Бухоро хори ғам озор бидҳад ҷону тан, Бе Бухоро ҳамчунон афгона меёбам талаф! Дар ашъори дигараш ободиву шодобиҳо ва зебоиву дороиҳои кишварамон, аз ҷумла, Зарафшону Бадахшон (Кӯҳи Муғону Боми Ҷаҳон), Хуталони Бостону ҳозира Мулки Хатлон, Мӯминободу Ҳамадон, Кӯлобу Вахшу Балхоб, Сечароғу Роғон ва амсоли он, хулоса, тамоми рӯдбору чашмасор, гиёҳу риёҳ ва гӯшаву канори тоҷикдиёри нотакрорамонро ситоиш мекунад, ки мақсад аз ин ҳама тасвиру тавсифкориҳо вонамои симову баҳову бақои Инсони созандаву барозанда мебошад. Барои мисол, дар шеъри «Кӯлоб» андешаҳои фарзандонаи худро дар банде чунин изҳор доштааст, ки басо шоиронаву ҳадафрас иттифоқ афтодааст: Байни гулпуштаҳои хамдархам, Шаҳри ман, гулфишону зебоӣ! Ҳамчу ангуштарин агар дунёст, Ту ба сони нигини дунёӣ! Дар шеъри «Нусхабардор», ки нусхае аз худи шоир буданаш аён аст, Сафари Амирхон лаҳзае ёд аз зодбуми худ, ки «бӯйи гулхору гияҳ ояд аз он, накҳати пӯшу бияҳ ояд аз он; ёди коҳу боди саҳрои кушод, гирдбоди рӯйи раҳ ояд аз он», мекунаду хоксорона, вале омиронаву фохирона менигорад, ки тавсифномаи мухтасари эҷодиёти ӯ буда метавонад: Шеъри ман монанди деҳам сода аст, Чун дари деҳотиён бикшода аст. Байтҳо ҳамчун пайи ҷуфти сипор Бар замини дафтарам афтодааст... Дигар аз оби чашмаҳои зулолу шароби чеҳраҳои бемисоли русто, ки зодгоҳу додгоҳи кӯчаки ӯст, хумори ҷавонӣ бишкаста, мурғи хаёли суханвари ширинмақол боли парвозашро дар фазову самои густардатаре ҳунари пароварӣ мебахшад ва дар силсилаи дигари ашъораш Ватани бузурги худ – Тоҷикистони ҷафодидаву ба сарҳади саодату ҳуррияту ваҳдат расида, шаҳру навоҳии шӯҳратманду дилписанд ва марду занони ҷасоратманду иззатбаландашро меситояду месарояд, посдору ободкору ҳимоятгаронашро дар маърази ситоиш, вай-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9396), 4 ИЮНИ СОЛИ 2015
аст...
БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА
ронкору дилозору хиёнатгаронашро дар маркази накӯҳиш қарор медиҳад. Чунончи, дар таронаи «Ватан» ифтихормандонаву сарбаландона Ватанеро, ки «зарраи хокаш барояш зар бувад, пахтаи бишкуфтааш ахтар бувад; духтаронаш марди майдони набард, бар мисоли Кӯҳи Чилдухтар бувад», бад-ин гуна ситоишу навозиш мекунад: Ифтихори ман ту ҳастӣ, ай Ватан, Навбаҳори ман ту ҳастӣ, ай Ватан! Дур аз хоки ту ман бечораам, Иқтидори ман ту ҳастӣ, ай Ватан! Дар яшти «Тоҷикистон» ин «қиблаи армон»-и тамоми тоҷикону тоҷикистониёнро аз самими дил чунин ниёиш мекунад: Тоҷикистон, сарзамини мардуми бонанги ман, Тоҷикистон, сози армону дилу оҳанги ман! Ҳамчу Кони Хоҷа-Мӯъмин мерасад баҳри ҷаҳон Ҳикмати аҷдоди олишону бофарҳанги ман! Дар ғаму аламномаҳояш ӯ ҳамроҳи ҳамтабору ҳамдиёронамон азодоронаву сӯгдорона мегӯяду тасаллояшон мебахшад, дарду ғаму аламашонро дарду ғаму алами хештан медонад ва ҳар яки моро дар кӯраи одамгариву одампарастӣ обутоби дигаре мебахшад. Аз ҷумла, дар марсияномаи «Ҳасрат (Дар мотами устод Ашӯр Сафар)» ӯ, гӯё, ки тобути сангини суханвари Ватанро бар дӯши хештан оварда бошад, шиддати ҳамон издиҳому иҷтимои хосу омро дар сухан устодонаву уҳдабароёна эҳёву ҷо ба ҷо карда тавонистааст, ки камтар шоири замонаро муяссар мегардад: Хуршеди фараҳ пушти саҳоби олам афтод, Хун дар ҷигари хастаи аҳли қалам афтод, Дар ойинаи чашми ҳама гарди нам афтод, То гӯши фалак нолаи «Э, во, балам!» афтод! Хуласи калом, шеъри Сафари Амирхон аз ҷиҳати шумора кам бошад ҳам, аз лиҳози мазмуну муҳтаво ва авзону қолабҳои шеърӣ ғановатманд буда, дар ҳукми пиёлаест, ки таъми оби баҳреро ба комҳо расонида метавонад. Шеъри Сафари Амирхон шеъри асили деҳистониву деҳқонӣ, шеъри салиси кӯҳистониву тоҷикистонӣ буда, ҳар банду байту сатри он насими анбарафшони баҳорӣ ва шамими абирэҳсони диёриро ба машоми хосу ом расонида, пайкари бунёдкори худро дар қатори пайравони пештози мактаби сабку усули шеъри Лоиқу Бозор ва Гулназару Гулрухсор қарор медиҳад. Бемуҳобо: Аз ду-се шеъраки бинваштаи ӯ Бӯйи каҳ ояду гулхору бияҳ! Вожаҳо сар зада аз мазраи дил, Чун гули печаку пӯдинаи раҳ! Маҷмӯаи нави ашъори ӯ «Чароғи меҳр», ки барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода пешбарӣ гардидааст, бидуни шакку шубҳа, сазовори чунин мукофоти воло буда, барои пешрафти минбаъдаи эҷодиёти ӯ мусоидат хоҳад намуд. Асрори РАҲМОНФАР, шоир ва адабиётшинос, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Деҳаи Тусён дар сукути гарон буд. Оромии деҳаро хишир-хишири ба ҳам расидани шохаҳои дарахтон ва суруди дилангезу бардавоми рӯди кӯҳӣ халалдор мекарду тамом. Чароғи ҳамаи хонаҳо хомӯшанду мардум хоби роҳат доранд. Фақат рӯшноии чароғи барқӣ аз як хонавода ба чашм мерасад. Он ҳам хонаи шоир аст. Хонаи шоир, омӯзгори варзида ва олими шинохта Лаълҷубаи Мирзоҳасан.
истаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушарраф гардид. Вақте соли 1992 дар шаҳри Хоруғ Донишгоҳи давлатӣ таъсис ёфт, Лаълҷубаи Мирзоҳасан чун омӯзгори шинохта ва соҳибтаҷриба ба кор даъват гардида, омӯзгори кафедраи адабиёт таъин шуд. Алҳол мудири ин кафедра мебошад. Вай аз соли 1993 то соли 2000-ум роҳбарии маҳфили адабии донишгоҳро бар зима дошту моҳе як маротиба маҳфил барпо карда, чакидаҳои хомаи навқаламонро дар рӯзномаи «Чашмасор» дарҷ мекард. Дар баробари омӯзгорӣ ба кори илмӣ низ даст зада, соли 2003 дар Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Ҳунари шоирии шуарои асрҳои 10-11
Мирзоҳасан бо номи «Сафинаи мурғи шабоҳанг» аз тариқи нашриёти «Адиб» бо теъдоди 1000 нусха нашр шуд. Дар ин китоб зиёда 170 шеъру ғазал ва рубоиёту дубайтиҳои ӯ ҷо дода шудаанд. Аҳли адаби Бадахшон якдилона ин китобро барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода пешниҳод намуданд. Бояд зикр намуд, ки китоб аз шаш қисмати алоҳида, аз ҷумла, «Ватан бинои тан зи сангу хоки туст», «Сабз гардад зиндагонӣ дар кафи хоки Ватан», «Аз равзанаи дида ҷаҳон ранг ба ранг аст», «Дар шашдари дунёи худ бо зиндагӣ дар гуфтугӯ» ва амсоли инҳо, иборат аст. Шеърҳои ин маҷмӯа аз нигоҳи мавзӯъ гуногун буда, бештар васфи Ватану зебоиҳои
Шеъри баланд, аз кӯҳи баланд
Лаълҷубаи Мирзоҳасан дар ҷодаи эҷод аз як қулла ба қуллаи баландтаре баромадааст... Шаб аз нисф кайҳо гузашта бошад ҳам, вале шоир ҳамоно болои мизи корӣ аст. Қалам болои саҳфаҳо меронаду сатрҳои ширину гуворо ва мисраҳои баландмазмуну баландпоя рӯйи дафтар меоянд. Шоир қатрае аз хуни ҷигар кам карда, шеър меофарад... Лаълҷубаи Мирзоҳасанро ҳоҷат ба муаррифӣ нест. Зеро зиёда аз 40 сол аст, ки дар майдони адабиёт гомҳои устувор мебардорад. Дар ҷодаи эҷод хеле комёб шуда, аз як қулла ба қуллаи баландтаре баромадааст... Лаълҷубаи Мирзоҳасан дар деҳаи Тусёни ноҳияи Роштқалъа, дар оилаи зиёии бофарҳанг ба дунё омадааст. Падараш Мирзоҳасан Шоиков ва модараш Қимат Алиназарова омӯзгор буданд. Соли 1969 мактаби миёнаи зодгоҳашро хатм намуда, ба факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро соли 1973 бомуваффақият хатм мекунаду ба ҳайси омӯзгор дар макотиби ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон ва Роштқалъа адои вазифа намудааст. Устод Лаълҷубаи Мирзоҳасан аз давраи ҷавонӣ шахси боғайрат, илмдӯст ва эҷодкор буд. Соли 1985 бо шогирдони мактабаш бори аввал бо забони тоҷикӣ дар асоси эҷодиёти давраи ҷангии устод Абулқосим Лоҳутӣ ва устод Мӯъмин Қаноат клуби ҳозираҷавобони хуштабъ ташкил кард, ки он дар хонаи маорифи сиёсии вилоят (ҳоло бинои Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Нарашоев) намоиш дода шуд. Соли 1985 Институти такмили ихтисоси ҷумҳурӣ маҳорати баланди омӯзгории устод Лаълҷубаи Мирзоҳасанро ба назар гирифта, таҷрибаи омӯзгориашро дар мактабҳои ҷумҳурӣ паҳн намуд. Соли 1990 дар озмуни ноҳиявӣ ва вилоятии «Муаллими сол» соҳиби ҷойи аввал гардида, ҳуқуқи дар озмуни умумиттифоқӣ иштирок карданро пайдо кард. Моҳи майи соли 1990 аз Тоҷикистон дар озмуни умумиттифоқии «Муаллими сол» дар шаҳри Москва ду нафар омӯзгори варзида Лаълҷубаи Мирзоҳасан (ВМКБ) ва Юлдошҷон Рустамов (аз вилояти Суғд) бомуваффақият ширкат намуда, аз ҷумлаи 28 нафар довталаби собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар ду дар қатори 6 нафар беҳтарин иштирокчиёни озмун мақом гирифтанд, ки барои Тоҷикистон дар соҳаи маориф муваффақияти калон буд. Пас аз анҷоми озмун дар шаҳри Москва устод Лаълҷубаи Мирзоҳасан аз тарафи Вазорати маорифи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи СССР» сазовор гашт. Моҳи июни соли 1991 бо фармони Президенти ҷумҳурӣ, вай бо унвони «Корманди шо-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9396), 4 ИЮНИ СОЛИ 2015
дар тасвири табиат» бомуваффақият ҳимоя намуда, номзади илмҳои филологӣ гардид. Вай, ҳамчунин, дар чанд конфронси ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, симпозиумҳои байналхалқӣ иштирок намудааст. Дар баробари ин ҳама устод Лаълҷуба аз давраи мактабхонӣ ва донишҷӯӣ ба навиштани шеър машғул буда, баъдҳо намунаи ашъораш дар рӯзномаю маҷаллаҳои вилоятӣ ва ҷумҳурӣ ба табъ мерасиданд. Соли 1986 бо роҳбарии устод дар деҳаи Тусён клуби адабӣ-маърифатии «Шарора» таъсис ёфт, ки дар он ҷавонони соҳибистеъдод, мухлисони шеъру адаб гирд оварда шуданд. Аъзои маҳфил соли 1988 дар озмуни умумииттифоқии Ҷамъияти китобдӯстон ғолиб дониста шуда, роҳбари он Лаълҷубаи Мирзоҳасан бо нишони «Аълочии ҷамъияти китобдӯстони умумиттифоқ» қадр гардид. Соли 1989 дафтари аввалини шеърҳояш бо номи “Рӯзи баҳор” дар маҷмӯаи дастҷамъӣ нашр гардида, баъдан соли 1995 дафтари дигараш бо унвони “Ҷилои шишаи шабнам” дар маҷмӯаи дастҷамъӣ зери рубрикаи «Навниҳолони боғи ададбиёт» аз чоп баромад. Соли 1997 Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоири ширинкалом ва адиби нуктасанҷ Лаъҷубаи Мирзоҳасанро ба узвият қабул намуд. Соли 2007 китоби алоҳидааш бо номи «Суруди дарё» ва соли 2011 китоби дигараш бо номи «Накҳати субҳ» аз тариқи нашриёти «Адиб» ба табъ расиданд. Мақоми устод Лаъҷубаи Мирзоҳасан дар ҳавзаи адабии Бадахшон назаррас мебошад. Ӯ дар шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба як гурӯҳи шоирони ҷавон роҳбарӣ карда, дар маҳфилҳо шеърҳои онҳоро баррасӣ ва ба чоп тавсия медиҳад. Ҳамчунин, ашъори навқаламони Донишгоҳи давлатии Хоруғро таҳрир ва барои чоп ба рӯзномаи донишгоҳ «Фурӯғи маърифат» пешниҳод менамояд. Соли 2005 китоби калонҳаҷми «Тазкираи адибони Бадахшон» дар нашриёти «Адиб» чоп гардид, ки яке аз мураттибони он устод Лаълҷуба мебошад. Ҳамчунин, вай муҳаррири маҷмӯаҳои зиёди ашъори шоирони ҷавон буда, ба чандин китобҳо муқаддима навиштааст. Феълан Лаълҷубаи Мирзоҳасан дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлати Хоруғ ва котиби шӯъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Моҳи сентябри соли 2014 маҷмӯаи нави шоири ширинсухан ва рангинхаёл Лаъҷубаи
он, ваҳдату истиқлолият, Наврӯз ва ободии рӯзгори мардуми тоҷикро дар бар мегиранд. Аз нигоҳи шакл низ шеърҳои шоир гуногун буда, маъниҳои тоза ва андешаҳои ҷолиб дар қолабҳои мухталифи шеър – ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ ва шеъри озод ҷойгузин шудаанд. Дар маҷмӯа васфи Ватан-Модар, фарзандони номдори он бештар ба чашм мерасад, ки меҳру муҳаббати беандоза доштани шоирро ба модару Ватан нишон медиҳад. Масалан, вай дар шеъри «Ту модарӣ барои ман, Ватан» васфи Ватанро чунин сурудааст: Ту, ай Ватан, чу модари манӣ, Ту модарам маро нахуст меҳанӣ Зи домани ту модарам, чу раҳравон шудам Ба хокдомани Ватан, чу тифли он калон шудам. Ё худ дар шеъри «Пора-пора аз туям ман, эй Ватан» чунин тасвирҳоро овардааст: Эй Ватан, ман аз тани ту пораи нокандаам, Бо ту ман андар канори хулдсо зиндаам. Пораам аз пайкари ту, Пораам андар бари ту. Шеърҳои «Боғбони шеър» (ба Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода), «Шаҳуқоби кӯҳи шеъри кӯдакон» (ба Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирсаид Миршакар), «Сухан дар шеъри ӯ вазни замин дорад» (ба Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мӯъмин Қаноат», «Ман туро дарёфтам аз ашки ҳасрат» (ба шоири ду соҳил Адими Шуғнонӣ) маҷмӯаи шоирро хеле пурқувват гардондаанд. Дар қисмати «Сухан шуд дар замини дил ғазалдарёи шайдоӣ» (аз силсилаи «Ғазали дарё» шоири ширинсухан зиёда аз 15 ғазал офаридааст, ки ҳар яки онҳо бо мазмуну мундариҷа ва банду басти шеърӣ аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ доранд. Умуман, китоби нави Лаълҷубаи Мирзоҳасан «Сафинаи мурғи шабоҳанг» сазовори гирифтани Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода асту мо аминем, ки адибони шинохта ва мунаққидони мо ба ин асар баҳои ҳаққонӣ медиҳанд.
Кӯйбек ШАРИФЗОДА, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
9
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН
Эҳтироми забон ҳатмист Забонро ҳастии миллат, пойдории давлат меноманд. Забон калиди дониш ва силоҳест, ки мо ҳақро аз ноҳақ, некро аз зишт ҷудо месозем. Донише, ки меомӯзем ва малакае, ки ба даст меорем, аз тариқи забон баён менамоем.
Салафия – таҳдид ба амнияти миллӣ Салафия як ҷараёни диниест, ки ҷонибдорони мазҳаби ибни Ҳанбалро муттаҳид месозад. Номи ҷараёни мазкур аз калимаи арабии «ас-салаф ас-солеҳ», яъне, гузаштагони накӯкор маншаъ мегирад. Онҳо бовар доранд, ки ислом ба софкорӣ ниёз дорад. Софкорӣ гуфта, онҳо орӣ намудани дин аз навовариҳо ва тафсирҳои мухталифро дар назар доранд. Баъд аз барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон роҳ барои фаъолияти мазҳабу шохаҳои мухталифи динӣ боз гардид. Тӯли чанд соли охир дар масоҷиди Тоҷикистон афроде ҳам пайдо шуданд, ки оминро бо садои баланд мегӯянду (дар мазҳаби Имоми Аъзам бо садои паст гуфта мешавад) даст рӯи сина намоз мегузоранд. Онҳо худро «эҳёгарони аҳли суннат» унвон кардаанд ва ҷараёни худро салафия. Ба қавли таҳлилгарон, пайравони шохаи салафия ҷавонони навпайдое ҳастанд, ки дар мадориси давлатҳои Арабистони Саудӣ ва Покистон таҳсил намудаанд. Ин давлатҳое мебошанд, ки мазҳаби салафия ба қадри зарурӣ нуфуз дорад... Тибқи ҳадисе касоне, ки дар се қарни аввали ислом зиндагӣ кардаанд, «салафи солеҳ» номида мешаванд. Вале дар асл салафиҳои имрӯза ба он «салафи солеҳ»-и асрҳои VII-IX кору алоқае надоранд. Салафия ҷараёни мазҳабиест, ки ҳадафаш «бозгашт ба асл» ва асри миёна мебошад. Дар замони муосир бозгашт ба қафо маънии маргро дорад. Аз ин нуктаи назар, кӯҳнапарастӣ ҳам як навъ беморист, ки ба фарҳанги тоҷик созгор нест. Аммо шумораи салафиҳои Тоҷикистон зиёд нестанд ва ҳамагӣ панҷ-шаш сол мешавад фаъолият мекунанд. Онҳо дар Душанбеву Хуҷанд ва навоҳии тобеи пойтахти Тоҷикистон фаъол ҳастанд ва бинобар ихтилофу ғавғои худ салафиҳо аз будани худ дар кишвар дарак медиҳанд. Салафиҳо дар Тоҷикистон зери таъсири доираҳои махсуси сиёсию динии хориҷии Арабистони Саудӣ ва Аморати Араб пайдо шудаанд. Яке аз назариётчиёни асосии ин равия Носириддини Албонӣ (асри XX) мебошад. Мабдаи асосии назариявии салафиҳоро инкори ҳамаи мазҳабҳои аҳли суннат, хусусан, шиа ташкил медиҳад. Албонӣ ҳамчун ваҳҳобиҳо талаб мекунад, ки бояд ба исломи тозаи се асри аввали он бозгашт. Нафақат дар ин масъала, балки дар масоили дигари фаровон, аз қабили зиёрат накардани мазорҳо, оятҳои “Қуръон”-ро нахондан дар сари қабрҳо, хайру садақа накардан ба арвоҳи гузаштагон ва ғайраҳо низ мисли ваҳҳобиён амал менамоянд. Ба ҳамагон маълум аст, ки шахси камсавод доимо зери тассаруф ва истисмори шахсони ҳадафҳои ғаразнокдошта қарор мегиранд, ки гуфтаҳои болоро ба зудӣ қабул карда, дар натиҷа, ҳамчун роҳгумзада ба хулқу атвори ғайри инсонӣ, аз қабили терроризму экстремизм машғул мегарданд, пиру ҷавон ва хурду калонро қатл мекунанд, ки ин нишони ноҷавонмардӣ ва аз нигоҳи ислом нафратовар мебошад. Чи хеле ки Паёмбарамон Муҳаммад (с.а.в) дар яке ҳадисашон фармудаанд: «Ман аз кофир шудани умматам не, балки аз нодонии умматам метарсам». Хулоса, зиёд шудани гурӯҳу ҷараёни исломӣ, равияҳои ақидатӣ ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ хатар дорад, зеро ҳар қадар ки равияҳои динӣ зиёд шаванд, ҳамон андоза ихтилоф миёни ҷонибдоронашон бештар мегардад.
Барои ҳар миллат забони модариаш азизу шариф аст. Аз ҷумла, барои тоҷикон. Агар чунин аст, пас, барои рушду нумӯи он мо чӣ корҳо мекунем ва ё карда метавонем? Мутаассифона, дар кӯчаҳои шаҳр давр зада, аз даҳони соҳибони забон, бахусус, ҷавонон суханҳоеро шунидан мумкин аст, ки ба тоҷик будани онҳо дар дил шубҳа пайдо мешавад. Кас осори класикони форсу тоҷикро хонда, чӣ қадар ғизои маънавӣ бурда метавонад. Ба бузургию ғановати забони ноби тоҷикӣ қоил мегардад. Лекин гуфторе, ки аз забони бархе ҷавонон шунида мешавад, бовари кас намеояд. Бовар намеояд, ки ин тоифа меросбарони забони зебою гуворои тоҷикӣ бошанд. Гуфтори қабеҳ, омехта намудани вожаҳои тоҷикӣ бо калимаҳои забони бегона барои ин гуна ҷавонон гӯё мӯд шудааст. Ҳар яки моро зарур аст, ки неъмати бебаҳо, забони модарии хешро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва нагузорем, ки нисбат ба он беэҳтиромӣ зоҳир гардад. Моҳрухсор ҲАБИБУЛЛОЕВА, донишҷӯи ДМТ
Орзуи таҳсил дар мактаби олӣ дорам Ман зодаи кӯҳистонам. Аз хурдӣ шавқам нисбат ба мактабу илмомӯзӣ хеле зиёд аст. Ростӣ, қариб ки тамоман аз дарсҳо қафо намемонам. То ҳадди имкон ба дарсҳо омода шуда, пеш аз ҳамсинфон ба даргоҳи маърифат, яъне, мактаб ҳозир мешавам. Баъзан омӯзгорон аз дер намондану ба дарсҳо тайёрии хуб диданам, назди ҳамсабақон таърифам мекунанд. Баъзе ҳамсифон, ки баъзан ба дарс қафо мемонданд, маро сарзаниш мекунанд: “Чӣ, олима мешавӣ, аз пушти ту мо ҳар рӯз гап мешунавем. Дар хонаатон ту дигар кор надорӣ, ки ин қадар барвақт ба дарс меоӣ!?” Ҳоло хатмкунанда ҳастаму мехоҳам баъд аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро дар ягон донишгоҳ супорида, таҳсилро идома диҳам. Ин ният дар дилам замоне боқувват ва шуълаи умеде дар дилам фурӯзон шуд, ки 6 марти соли равон мулоқоти Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо бонувон аз тариқи оинаи нилгун тамошо кардам. Суханони ӯро гӯш медодаму завқ бурда, шодӣ мекардам. Ҳатто ашки чашмонам беихтиёр ҷорӣ гашт. Сарвари давлат батакрор мегуфтанд: “Духтаронатонро монед хонанд, илм омӯзанд...” Ҳангоми суханронии Президенти кишвар худамро паси мизи донишҷӯӣ тасаввур мекардам. Чунон диққатам ба оинаи нилгун банд буд, ки ҳатто овози модарамро нашунидам. Модарам омада, ба китфам даст монда, бо ҳарос пурсид: “Чӣ гиря мекунӣ?” - Ҳеҷ гап не, модарҷон. Шинед, гӯш кунед, ки Президенти мамлакат дар бораи таҳсили духтарони деҳот сухан гуфта истодаанд, – бо ҳасрат гуфтам ман. - Духтарам, медонам ту орзуи духтур шудан
дорӣ. Ба ҳамаи ҳамдеҳагон маълум аст, ки дар деҳаи мо, ҳатто ақаллан як духтури занона нест. Ба занҳои деҳаамон душвор аст, аммо чӣ илоҷ? Худат нағз медонӣ, ки шароити таҳсил кардан надорӣ. Ту духтарӣ, азоб мекашӣ, ҷигарам, - гуфта модарам тасалло медод. Ашки шодиям бошад, ба ашки андӯҳ мубаддал гашта, то дергоҳ гиристам. Дар бораи “Квотаи президентӣ” бисёр шунидаам. Бо ташаббусу ғамхориҳои Президенти кишвар солҳост барои ҷавонону ҷавондухтарони деҳаҳои дурдаст квота медиҳанд. Мутаассифона, ба ман маълум нест, ки киҳо ба он қабул мешаванду киҳо ба таҳсил фиристода мешаванд. Бо ин ҳама умедворам, ки рӯзе худамро дар паси мизи донишҷӯӣ мебинаму таҳсили хуб карда, соҳибихтисос гашта, ба халқу ватани азизам, хусусан, ба занҳои деҳаамон хизмати арзанда мекунам... Шоҳбии АБДУРАЗЗОҚ, хатмкунандаи МТМУ рақами 16-и деҳаи Мулёби ноҳияи Шӯрообод
Асадбек АҲАДОВ, аспиранти Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
10
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9396), 4 ИЮНИ СОЛИ 2015
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ҚОНУН ВА ҶОМЕА
Риояи қонун – роҳи расидан ба ҳадафҳо Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохти ҷомеа ва шакли давлатдориро муайян мекунад ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон ба шумор меравад.
Ҳайфи умри ҷавон Як рафтори ношоям се ҷавонро паси панҷара бурд Хизмат ба Ватан барои ҳар нафар фарз аст. Ҷавонон хизмати ҳарбиро сарбаландона адо мекунанду ба пеши падару модарашон бармегарданд. Аммо ҳастанд нафароне, ки ҳангоми хизмат даст ба ҷиноят мезананду умри ҷавони худро зоеъ месозанд. Чунончи, хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 23441 Вазорати мудофиа, қаториҳо Ш. Шарипов, О. Ҳайдаров ва Баҳодурҷони Латифзода дар рафти хизмати ҳарбӣ қоидаҳои Оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро вайрон намудаанд. 30 октябри соли 2011, тахминан соатҳои 15:30 дақиқа, ҳангоми дар хобгоҳи сарбозон будани қаторӣ Ш. Шарипов ба наздаш қаторӣ Нурҷаҳони Нуриддинзода, ки зодаи вилояти Суғд аст, омада, бардурӯғ хабар додааст, ки қаторӣ С. Ҳусейнов ӯро “будик” гуфта, таҳқир кардааст. Ш. Шарипов ба ғазаб омада, ҳамон рӯз, тахминан соатҳои 17:00 қаторӣ С. Ҳусейновро аз ҳамоми сарбозон ба наздаш даъват намуда, сабаби “будик” гуфта, таҳқир кардани қаторӣ Н. Нуриддинзодаро пурсидааст. Қатори С. Ҳусейнов инро қатъин инкор намудааст. Ба ин нигоҳ накарда, Ш. Шарипов Ҳусейновро ба хобгоҳи сарбозони ротаи дуюм, назди қаториҳо Нурҷаҳони Н., О. Ҳайдаров ва Баҳодурҷони Л., бурда, оид ба киро “будик” гуфтанаш пурсидааст. Қаторӣ Нурҷаҳони Н., қатори С. Ҳусейновро нишон дода, бардуруғ гуфтааст, ки маҳз ӯ ӯро “будик” ном бурдааст. Новобаста аз ин суханонро инкор кардани С. Ҳусейнов қаторӣ Ш. Шарипов ҳамроҳи қаториҳо О. Ҳайдаров ва Баҳодурҷони Л., ки зодагони вилояти Суғд мебошанд, қаторӣ С. Ҳусейновро ба синфи таълимии рота дароварда, бар хилофи талаботи моддаҳои 4, 6 Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, моддаҳои 13, 16 ва 64-и Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳ амал намуда, бо дағалона вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати дар байни онҳо набудани тобеияти хизматӣ қаторӣ С. Ҳусейновро таҳти лату кӯб қарор дода, ҳар яке бо мушт ду зарбаӣ ба сару рӯйи С. Ҳусейнов задаанд. Аз бинии қаторӣ С. Ҳусейнов хун ҷорӣ шудааст. О. Ҳайдаров ба ин қонеъ нашуда, курсича (табуретка)-ро гирифта, бо он ду зарба ба сари С. Ҳусейнов задааст, ки аз ин зарбаҳо қаторӣ С. Ҳусейнов ба замин афтидааст. Тибқи хулосаи коршиноси судӣ-тиббӣ қаторӣ С. Ҳусейнов баъд аз лату кӯб ба бемории халалёбии рӯҳӣ гирифтор гаштааст. Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 6 майи соли 2015 яке аз гунаҳкорон Баҳодурҷони Латифзода бо моддаи 373, қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати панҷ соли зиндон махкум шуда, дар асоси банди 4, моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 29 октябри соли 2014 муҳлати адонагардидаи ҷазои Баҳодурҷони Латифзода се сол кам карда шуд. Ду нафар ҳамроҳонаш дар ин рафтори нангин низ ҷазо диданд. Хулоса, як амали нодуруст чанд соли умри ин ҷавононро паси панҷара бурд. Агар онҳо аҳлона хизмат мекарданд, бо сари баланд ба хона баргашта, зиндагии хуррамона медоштанд. Шарифҷон НАРЗУЛЛОЗОДА, судяи Суди ҳарбии Гарнизони Душанбе, подполковники адлия
Конститутсия, барҳақ, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст. Ин санади муқаддас Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият дароварда, орзую ормони мардуми барӯманди моро амалӣ сохт. Инчунин, маҳз Конститутсия роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар менамояд. Дар лаҳзаҳои барои миллату давлати мо тақдирсоз таҳияи Конститутсия асоси муаррифии давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ гардид. Бо ҷалби нерӯҳои ақлонии ҷомеа, бо назардошти манфиатҳои миллӣ, таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик ва истифода аз таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон Конститутсия ҳамчун шаҳодатномаи миллат қабул гардида, дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ заминаи мустаҳкам гузошт. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқии соли 1994 ба тарафдории қабули Конститутсияи нав овоз дода, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуданд. Конститутсияи тозабунёди мо
эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд. Ин санади тақдирсоз бо изҳори иродаи тамоми мардуми кишвари азизамон қабул гардид ва он поягузори Истиқлолияти давлатии тоҷикон, таъминкунандаи низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар ва муайянкунандаи самтҳои асосии таҳкими давлатдории навини тоҷикон гардид. Сарқонуни мамлакат заминаи ҳуқуқии ҷомеаи моро муайян намуда, рушду инкишофи устувори онро кафолат медиҳад. Дар Конститутсия арзишҳои олӣ ба сифати рукнҳои бунёдии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шудаанд ва меҳвари фаъолияти давлатро ташкил мекунанд. Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри татбиқи ин арзишҳо пайваста корҳои зарурӣ ба сомон расонида мешаванд. Дар Конститутсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Аз ҳамин нукта бармеояд, ки
ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон маҳаки қонунии Конститутсияро ташкил медиҳад. Қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва дар ин замина пешрафту созандагии он аст. Бинобар ин, яке аз талаботи муҳими Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Танҳо дар сурати эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо мо ба ҳадафҳои олии худ - эъмори давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона, ки дар Сарқонуни мамлакат дарҷ гардидаанд, муваффақ хоҳем гардид. Конститутсия, ки дар асл шоҳсутун, шиносномаи миллат ва санади тақдирсоз аст, барои ноил шудан ба ҳадафҳои бунёдкорию созандагӣ, рушду нумӯи ҷомеаи навини тоҷикон мусоидат хоҳад намуд. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки риояи Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон меъёри халалнопазири зиндагиву фаъолияти ҳар як фарди ҷомеа хоҳад буд. Умедҷон ТУРАХОНЗОДА, корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе
МУЛОҲИЗА
Пойпӯшҳои гигиенӣ кай ройгон мешаванд? Агар шумо ба аёдати ягон наздикатон, ки дар беморхона бистарист, рафта бошед, медонед, ки бе пойпӯши гигиенӣ ё «бахил» ворид шуданатон комилан манъ аст. “Бахил” бошад, ройгон нест, балки барои он аз шумо як сомонӣ талаб карда мешавад. Дуруст аст, ки масъалаи тозагӣ ё гигиена яке аз шартҳои аввали саломатӣ аст ва ҳангоми ба назди беморон даромадан ҳам бояд ин шарт риоя шавад. Вале бемороне ҳастанд, ки наздиконашон маҷбуранд дар як рӯз чанд маротиба ба беморхона раванд. Яъне, бо ҳар ворид шудан ба беморхона онҳоро зарур аст, пойпӯши гигенӣ бо худ бипӯшанд. Ин бошад, маънои ҳар навбат як сомонӣ супурданро дорад. Ҳоло нархи “бахил” дар беморхонаҳо аз як сомонӣ ҳам бештар шудааст. Чанд маротиба масъалаи аз байн бурдани ситонидани маблағ аз аёдаткунандагон ва беморон дар муассисаҳои тиббӣ ба миён гузошта шуда, аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ талаб гардид, ки пойпушҳои гигиенӣ ройгон дода шаванд, аммо масъала ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мондааст. Бино ба иттилои Раёсати ташкилоти хизматрасонии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пойпушҳои гигиении «бахил» дар тамоми давлатҳо мавриди истифода қарор доранд ва агар хоҳем, ки фазою муҳити бехдоштии бемориҳои сироятии дохили беморхонаҳоро пешгирӣ намоем, бояд ҳамин шароитро (пойпушҳои гигиениро) муҳайё созем. Албатта, дар шароити имрӯза як сомонӣ чандон
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9396), 4 ИЮНИ СОЛИ 2015
маблағи зиёд нест, вале чанд маротиба омаду рафт ба беморхона, илова бар ҳаққи табобат метавонад ба аёдаткунанда ё соҳибони бемор гарон бошад. Бинобар ин, агар ҳадди ақал Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пойпӯшҳои гигении “бахил”-ро ба ройгон тақсим мекард, кӯмаке ба бемордорону аёдаткунандагон мешуд. Саида ХОҶАЕВА
11
ВАРЗИШ
Ғалабаи ҳафтуми “Истиқлол” пеш аз танаффус Чемпиони феълии мамлакат - “Истиқлол”-и пойтахт дар бозии мавқуфгузоштаи даври ҳафтуми Чемпионати кишвар оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 29 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд. Голи ягона- сафиашро дар ҷадвали Баҳри омодагӣ ва ишро ниммуҳофизатгар мусобиқа мустаҳкамтар тироки тими миллии кишФатҳулло Фатҳуллоев дар кард. Зинаи дуюми вар дар марҳилаи дуюми дақиқаи 64 ба самар ра- ҷадвалро “Хуҷанд” ишғол интихобии ЧҶ-2018 дар сонд. Баъди ин ғалаба кардааст, ки нисбат ба Чемпионати Тоҷикистон “Истиқлол” бо 21 хол аз “Истиқлол” ҳафт хол кам- то 20 июн танаффус эълон ҳафт бозӣ мавқеи пеш- тар дорад. шуд.
ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
ДАСТАҲО «Истиқлол» (Душанбе) «Хуҷанд» (Хуҷанд) «Хайр» (Ваҳдат) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) «Равшан» (Кӯлоб) КМВА «Помир» (Душанбе) «Вахш» (Қӯрғонтеппа) «Барқи тоҷик» (Душанбе) «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)
Б 7 7 7 7 7 7 7 7 7 7
Ғ 7 4 4 3 3 3 2 1 1 0
М 0 2 1 3 2 1 1 3 1 0
Б 0 1 2 1 2 3 4 3 5 7
Т-Т 28-2 12-5 12-11 11-7 9-5 10-15 5-11 2-7 3-13 0-16
Х 18 13 13 12 11 10 7 6 4 0
Аввалин мусобиқаи самбо барои дарёфти Ҷоизаи Исмат Абдуллоев 30-31 май дар шаҳри Душанбе аввалин мусобиқаи кушод оид ба самбо барои дарёфти Ҷоизаи Исмат Абдуллоев, поягузори ин намуди варзиш дар кишвар, баргузор шуд. Мусобиқа бо ширкати беш аз 250 навраси 17-18-сола дар 10 вазн баргузор шуд. Дар шаш вазн варзишгарони Душанбе Маҳмадризо Қувватов (48 кило), Зафар Алиев (56), Раҳматулло Фарҳодов (70), Ёқуб Назиров (75), Меҳрнӯши Иззатшо (81) ва Хуршед Маҷидов (+ 87) ғолиб шуданд. Дар чаҳор вазни дигар намояндагони вилояти Хатлон Фирдавс Мирзоев (52), Баҳром Сӯфиев (60), Умед Муҳиддинов (65) ва Аминҷони Насим
Блаттер боз президенти FIFA интихоб шуд
Бозиҳои ду даври боқимондаи марҳилаи якум: Даври 8-ум. 20 июн (шанбе). Оғоз - соати 18:30 «Далерон-Уротеппа» — КМВА «Помир» «Регар-ТадАЗ» — «Парвоз» «Хайр» — «Истиқлол» «Вахш» — «Хуҷанд» «Барқи тоҷик» — «Равшан» Даври 9-ум. 27 июн (шанбе). Оғоз - со-
ати 18:30 «Хуҷанд» — «Барқи тоҷик» «Парвоз» — «Хайр» КМВА «Помир» — «Регар-ТадАЗ» «Равшан» — «Далерон-Уротеппа» 28 июн (якшанбе). Оғоз - соати 18:30 «Истиқлол» — «Вахш»
Дар Конгресси навбатии FIFA Йозеф Блаттери 79-солаи швейтсариягӣ, ки аз соли 1998 ниҳоди мазкурро роҳбарӣ мекунад, бори панҷум президент интихоб шуд.
Ҷоми Ғалаба насиби “Ориёнбонк” шуд Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Ғалаба, ки давоми ду ҳафта идома ёфт, бо ғалабаи дастаи “Ориёнбонк” ҷамъбаст шуд. Дар мусобиқа 18 даста ширкат карданд. Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои футболи хурди “Ориёнбонк” ва “Амонатбонк” вохӯрданд. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи аввалӣ анҷом ёфт. Голҳои ғолибонро Муҳсин Қурбонзода ва Хуршед Саломов ба самар расониданд. Медалҳои биринҷиро “Вавилон” ба даст овард. Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Ҷоми Ғалабаро ба капитани дастаи ғолиб Хуршед Саломов, директори шӯъбаи техникии ФФТ Шавкат Ахмедов супорид. Инчунин, ба дастаи ғолиб мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 3000 сомонӣ ва ба ҷоизадори медалҳои биринҷӣ 1000 сомонӣ тақдим шуд.
(87) ҷойҳои аввалро гирифтанд. Ба гуфтаи сардовари мусобиқа Носир Бозоров, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мусобиқаи кушод оид ба самбо барои дарёфти Ҷоизаҳои Мураббии шоистаи Тоҷикистон Исмат Абдуллоев минбаъд анъанавӣ гардида, ҳар сол моҳи май бо ширкати гӯштингирони ҷавони мамлакат баргузор хоҳад шуд.
Пирӯзии Анвар Юнусов дар Қазоқистон Анвар Юнусов, муштзани маъруфи кишвар, дар мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, генерали артиш Сагадат Нурмагамбетов, ки 23-29 май дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, сазовори медали тилло гашт.
Баъди ба вазифаи соли 2017 дар Куалапрезиденти FIFA интихоб Лумпур доир гашта, дар шудан, Йозеф Блаттер ба он макони баргузории иштирокчиёни конгресс ЧҶ-2026 муаёян барои бовариашон мешавад. изҳори сипос намуда, Дар Конгресси 65баён кард, ки ният дорад уми FIFA дар Сюрихи “киштиеро, ки номаш Швейтсария президенти FIFA аст, ба маҷрои Федератсияи футболи дуруст баргардонад”. Тоҷикистон Рустами Конгресси навбатии Эмомалӣ ва ноиби FIFA 12-13 майи соли аввали президенти 2016 дар Мехико доир ФФТ Хуршед Мирзоев мешавад. Когресси 67- иштирок карданд. уми ин ниҳод бошад, P.S. Баъд аз 4 рӯзи интихоб Йозеф Блаттер аз мақомаш истеъфо дод. Ӯ аз масъулини FIFA хост барои интихоби президенти нав ҷаласаи фаврӣ доир намоянд.
Анвар Юнусов дар вазни 60 кило бар чаҳор рақибаш аз Қазоқистон ғолиб омад. Ҳамчунин, ду муштзани дигари кишвар - Наврӯз Ҷафоев дар вазни 81 кило ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни 91 кило бо медалҳои биринҷӣ шарафёб шуданд.
12
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9396), 4 ИЮНИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ ҶАҲОН
Бозиҳои нахустини Аврупо 12-18 июни соли равон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Бозиҳои нахустини Аврупо баргузор мешавад. Қарор дар бораи баргузории Бозиҳои нахустини Аврупо 8 декабри соли 2012 дар Ассамблеяи генералии Кумитаи олимпии Аврупо дар шаҳри Рим қабул шуд. Мутобиқи натиҷаҳои овоздиҳии пинҳонӣ аз 48 кишвари аъзои Кумитаи олимпии Аврупо 38 давлат ба тарафдории номзади ягона – шаҳри Боку, 8-то муқобил ва 2-то бетараф овоз доданд. Бо фармони Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, 17 январи соли 2013 Кумитаи тадорукоти Бозиҳои нахустини Аврупо таъсис ёфт. 12 июли соли 2013 Кумитаи тадорукоти бозиҳо сайти расмии бозиҳо (www. Baku2015. com)-ро фаъол кард, ки манбаи расмии ахбор оид ба чорабинии мазкур гардид. Барои омодагӣ ба Бозиҳои нахустини Аврупо дар соли 2014 аз буҷаи давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон 6 млн. 19 ҳазор манат ҷудо гардид. 25 январи соли 2013 вазири ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Озарбойҷон ифтитоҳи озмунро ҷиҳати коркарди логотипи Бозиҳои нахустини Аврупо-2015 эълом дошт. Фонди ҷоизавии озмун мутаносибан барои ҷойҳои I, II ва III 5000 (6410 доллар), 3000 (3846 доллар) ва 2000 (2564 доллар) манатро ташкил дод. 23 ноябр дар меҳмонхонаи “Hyatt Regenci”-и Боку муаррифии логотипи Бозиҳои нахустини Аврупо, ки муаллифи он Адам Юнисови 35сола буд, баргузор шуд. Мувофиқи тахайюли рассом ин аломат 5 рамз: оташ, об, мурғи самандар, унсурҳои қолин ва меваи асосии миллӣ – анорро дар худ таҷассум менамояд. 25 ноябри соли 2014 Кумитаи амалиётии Бозиҳои Аврупо-2015 дар Боку дар маросими расмӣ тимсоли Ҷейран (оҳу) ва Нор (анор)-ро ба сифати туморҳои расмии мусобиқаҳо ба таври мутантан пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки Ҷейран ва Нор таърихи Озарбойҷон ва ояндаи дурахшони онро таҷассум менамоянд. Ҷейран сафири фарҳангии бозиҳо шуда, ба меҳмонон доир ба мероси пурғановати Озарбойҷон маълумот медиҳад. Нор бошад, рамзи ягонагии фолклор дар Озарбойҷон буда, дар бренди рангаи Боку2015 ба таври васеъ истифода мешавад. Ҷейран рамзи таннозӣ,
зебоию назокати табиӣ ва иффат дар Озарбойҷон буда, аз ҷониби давлат муҳофизат мешавад. Дар навбати худ Нор меваест, ки нури офтобро дӯст медорад ва рамзи ҳаёт ва нерӯ ба ҳисоб меравад. Ватани ин мева дар Озарбойҷон Гейчай мебошад, ки дар он ҷо ҳар
сол иди анъанавии анор таҷлил мешавад. 4 марти соли 2015 муаррифии медалҳои Бозиҳои Аврупо баргузор гардид, ки ба оғози сарҳисоби 100 рӯзи охир то ибтидои бозиҳо бахшида шуд. Дар он Қаҳрамони олимпӣ, гӯштингир Намик Абдул-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9396), 4 ИЮНИ СОЛИ 2015
лоев, Қаҳрамони ду олимпиада оид ба дзюдо Илҳом Закиев ва ғолиби Олимпиадаи ҷавонон, гӯштингир Теймур Мамедов иштирок намуданд. Медалҳо аз тарафи ширкати «Азерсувенир»-и Озарбойҷон тайёр шудаанд. Дар қисмати болои медалҳо логотипи Бозиҳои Аврупо ва дар ақиби онҳо тамға ва аломати луғавии молии Кумитаи олимпии Аврупо тасвир ёфтаанд. Дизайни медалҳо аз тарафи ширкати заргарии «Адамас» дар ҳамкорӣ бо рассоми озарбойҷонӣ Наргис Гусейнова таҳия шуд. Вазни ҳар як медал 380 граммро ташкил медиҳад. Афрӯхтани оташи Бозиҳои нахустини Аврупо дар маҷмааи осорхонаи таърихии «Атешгях» ба нақша гирифта шудааст. Баъди ин эстафета «саёҳат»-и оташи Бозиҳои Аврупо дар Озарбойҷон 48 рӯзро дар бар мегирад. Эстафета аз 60 шаҳру ноҳияи Озарбойҷон мегузарад. Тибқи суханони вазири ҷавонон ва варзиши Озарбойҷон Азад Рагимов маҷмааи осорхонаи таърихии «Аташгях» барои он макони афрӯхтани машъали бозиҳо интихоб шуд, ки макони идеалӣ ва олӣ барои чунин ҷашнвора мебошад. Ба қавли директори департамент оид ба ташкили маросимҳои “BEGOC” Кетрин Угву, машъали Бозиҳои Аврупо 7 июн ба Боку расонида мешавад. Масофаи умумии хатсайри ҳаракати он зиёда аз 5,5 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Ба қавли Угву, дар эстафетаи машъали зиёда аз ҳазор варзишгар иштирок намуда, 130 воситаи нақлиёт ҷалб мешаванд. Дар барномаи Бозиҳои Аврупо 20 намуди варзиш (16 олимпӣ, 4 ғайриолимпӣ) ворид шудааст. То охири соли 2012 13 намуди варзиш маъмул буд, ки дар бозиҳо пешниҳод мегардиданд. Инҳо намудҳои тирпаронӣ аз камон, бадминтон, бокс, белзан дар каноэ, шамшербозӣ, гандбол, дзюдо, регби-7, тирпаронӣ, таэквондо, тенниси рӯи миз, триатлон ва волейбол буданд. Ҳамчунин, декабри соли 2012 бо сабаби ба барномаи бозиҳо шомил намудани карате созишнома ба мувофиқа расид, инчунин, аҳднома оид ба мақсадҳои байни Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи умумиҷаҳонии карате ба имзо расид. Ғайр аз ин, пешбинӣ гардид, ки навъи дуюми ғайриолимпии варзиш рақси варзишӣ хоҳад буд. Январи соли 2013 мусобиқаҳо оид ба гимнастика ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дар соли 2015 шомил шуданд. Моҳи марти соли 2013 ба барномаи бозиҳо гӯштин дохил шуд. Бо сабаби ба барномаи Бозиҳои нахустини Аврупо шомил намудани
гӯштин Чемпионати Аврупо оид ба гӯштин дар соли 2015 баргузор нахоҳад шуд. Майи соли 2013 Ассотсиатсияи байналмилалии ҳаваскорони бокс (AIBA) иштироки худро дар бозиҳо тасдиқ намуд. Моҳи сентябри соли 2013 аз ҷониби Кумитаи олимпии Аврупо ва Кумитаи амалиётии Бозиҳои Аврупо-2015 дар Боку қарор дар бораи ба бозиҳо шомил намудани мусобиқаҳо аз рӯи ду фан дар гимнастика – акробатика ва аэробика қабул гардид. Дар мусобиқаҳо оид ба акробатика ҷуфтҳои гуногун ва гурӯҳҳои занона худро муаррифӣ намуда, дар мусобиқа оид ба аэробика, ҳамчунин, дуэтҳо ва гурӯҳҳои муштарак дар ҳайати панҷ нафар гимнаст баромад хоҳанд кард. Мавриди зикр аст, ки таснифоти бозиҳои соли 2015 оид ба аэробика дар чемпионати ноябрии Аврупо дар Фаронса оғоз гардид. Ҳамин тариқ, гимнастика дар Бозиҳои Аврупо дар Боку гимнастикаи бадеӣ, гимнастикаҳои варзишии мардонаву занона, ҷаҳиш дар батут, акробатика ва аэробикаро муаррифӣ хоҳад кард. Ноябри соли 2013 намудҳои шиноварӣ - ҷаҳидан ба об, шиноварии синхронӣ ва тӯббозӣ дар об расман ба барномаи Бозиҳои нахустини Аврупо дохил гардиданд. Феврали соли 2014 ба барномаи Бозиҳои Аврупо варзиши сабук шомил гардид. Мусобиқаҳо оид ба варзиши сабук дар як вақт бо мусобиқаҳои лигаи 3-юми чемпионати дастаҳои Аврупо баргузор мегарданд. Бо сабаби ба барномаи бозиҳо шомил намудани варзиши сабук шумораи иштирокчиён ба беш аз 6000 расид. 29 августи соли 2014 эълон гардид, ки ба барномаи Бозиҳои Аврупо самбо шомил аст. Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки дар ёздаҳ намуди варзиш (велосипедронӣ, тирпаронӣ аз камон, варзиши сабук, бокс, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таэквондо, триатлон, волейболи соҳилӣ, дзюдо ва тирпаронӣ) барои ба даст овардани литсензияи Бозиҳои олимпии соли 2016 қуръапартоӣ сурат хоҳад гирифт. Гузашта аз ин, дар доираи Бозиҳои Аврупо мусобиқаи дзюдои паралимпӣ доир мегардад. Мусобиқа дар ду вазн +100 кило миёни мардҳо ва -48 кило миёни занҳо баргузор хоҳад шуд. Дар Бозиҳои нахустини Аврупо иштироки наздики 7 ҳазор варзишгар аз 49 мамлакати Аврупо, ки узви Кумитаи олимпии Аврупо мебошанд, дар назар аст. “Ҷавонони Тоҷикистон”
13
МАОРИФ
Маорифчиёни аввалин
Одоби омӯзгор
Машъалафрӯзони илму дониш Солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ дар шароити муборизаҳои синфӣ курсҳои маҳви бесаводӣ, маълумотгирӣ, мактабҳои ибтидоӣ дар кишвар фаъолият доштанд, ки ташкили онҳо кори осон набуд. 27 декабри соли 1925 рӯзномаи «Бедории тоҷик» навишта буд: «Дар Ғарм мактаби ибтидоӣ кушода шуд, ба вай 25 касро қабул карданд. Ба ҳар як хонанда яксарӣ собуни ҷомашӯӣ дода шуд, то онҳо мактабро тарк накунанд... Барои бесабаб нарафтани бачаҳо ба мактаб аз волидайн ва ё шахсони масъули онҳо ва тариқи шӯроҳои маҳалла дар ҳаҷми аз 5 то 100 сӯм ҷарима ситонида мешуд ё онҳоро ба муҳлати як моҳ ба меҳнати маҷбурӣ сафарбар мекарданд». Курсҳои маҳви бесаводӣ дар ҳавлиҳо ва меҳмонхонаҳо баргузор мешуданд. Курсҳо барои занҳо аз соати 16 ва барои мардон аз соати 18 оғоз мегардиданд. Ҳанӯз солҳои сиюм мактабҳои ибтидоӣ ташкил шуда, дар синфи якум аз 8-сола то 16-сола таҳсил мекарданд. Як қисм шогирдон аз устодони хеш калонсол буданд. Курсҳои маҳви бесаводӣ то давраи ҷанг идома дошт. Дар вилояти Ғарм чун дигар гӯшаву канори кишвар баҳри барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ ва савод омӯхтан ба аҳолии кӯҳистон омӯзгорони зиёд омада буданд. Масалан, Каримҷон Ҳусейнзода (аз Конибодом), Яҳё Олимӣ (аз Хуҷанд), А. Розенфелд, Л. Успенская (аз Ленинград) ва ғайраҳо. Каримҷон Ҳусейнзода ба сафи ҳизби коммунист пайваст ва дар кори пурмасъулияту душвор, яъне, масъули Кумитаи инқилобии Конибодом ба иҷрои вазифа пардохт. Пасон, ӯро ҳамчун омӯзгор ба он ҷо равон карданд. Аз ин пас фаъолияти педагогии Каримҷон Ҳусейнзода оғоз ёфт. Дар бойгонии марказии кишвар вобаста ба фаъолияти бародарон Ҳусейнзодаҳо ҳуҷҷатҳои муҳим дарёфт гардид. Яке аз онҳо фармони Комиссариати халқии маориф аз 5 сентябри соли 1926 аст, ки тибқи он Каримҷон Ҳусейнзода ҳамчун сарпараст ва муаллими мактаби ноҳияи Ҳоит таъин мегардад. Дар қисмати дуюми фармони дигар, таҳти шумораи 169, аз таърихи 22 декабри ҳамон сол аён гашт, ки аввали январи соли 1927 Каримҷон Ҳусейнзода чун мудири шуъбаи маорифи вилояти Ғарм таъин шудааст. Пасон, дар бораи ҳаводиси вилояти Ғарм маҷаллаи «Роҳбари дониш», шумораи 5, соли 1929 мавод ба табъ расонд. Дар яке аз мақолаҳои маҷалла ба таври фаврӣ роҷеъ ба ҷинояткориҳои босмачиён, ки душманони давлати шӯравӣ ва зиндагии нав буданд, иттилои зайл дида мешавад: «Моҳи апрели соли 1929 Каримҷон Ҳусейнзода ба тарафи ноҳияи Ҳоит дар ташкил ва гузаронидани кишти зироат ҳаракат кард. Дар он ҷо 21 апрели соли 1929 ба дасти гурӯҳи ғоратгари Фузайл Махсум меафтад. Ӯро шиканҷа дода, баъд ваҳшиёна куштанд. Номи ӯ бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаи таърихи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон абадӣ сабт гардидааст». Он солҳои душвор на танҳо Каримҷон Ҳусейнзода, балки даҳҳо нафари дигар аз равшанфикрон дар минтақаи Рашт гирифтори асорати роҳзанони Фузайл Махсум шуда буданд. Рӯзе, ки се нафар зан - омӯзгорро дар Ҳоит ба дор кашиданд, Каримҷон бо дастҳои баста дар назди чӯби дор меи-
14
стод. Чаҳорумин зани маҳкум Чиллабибӣ Ҳакимова, масъули шӯрои маҳалларо, ки дар батн тифл дошт, аз марг наҷот дод. Каримҷон, дар ҳоле ки ба чашмони хунбори қотилон нигоҳ мекард, гуфт: «Дар ҷаҳон қонуне, ки иҷозати қатли ҷони зани ҳомиларо бидиҳад, нест!» Фузайл Махсум, ки зоҳиран худро риоятгари қонунҳои иҷтимоӣ меҳисобид, бо ин далел аз қатли зани ҳомила сарфи назар кард. Рӯзи дигар дар назди масҷид, пас аз азобу шиканҷа ва бозпурсиҳои зиёд Фузайл Махсум бо ҳаракати даст ба яке аз навкаронаш бо номи Абдуллобек ба куштани Каримҷон Ҳусейнзода, Яҳё Олимӣ, Слоев ва чандин нафари дигар ишора кард. Ду нафари онҳо фавран ҷон доданд. Нафари сеюм муаллим Слоев зинда монд ва баъдан наҷот ёфт. Бақияи зиндониёнро артиши сурх баъди ба маҳали ҳодиса расидан, озод кард. Чандин сол кормандони илмии бойгонии марказии ҷумҳурӣ Чиллабибӣ - зани инқилобиро ҷустуҷӯ доштанд. Ӯро бо насаби Заргарова меҷӯстанд, вале бо насаби Ҳакимова рӯйи об баромад. Падараш Ҳакими заргар ном доштааст. Билохира пажӯҳиш ба ҳадаф расида, ҷустуҷӯ бомуваффақият анҷом ёфт. Ӯ солҳои ҳафтодуми қарни гузашта, дар ноҳияи Панҷ дарёфт шуд. Достони Чиллабибӣ Ҳакимова як саҳифаҳои тозаест аз корнамоиҳои зиёиён, фаъолони мубориз дар ҷодаи барпо намудани ҳокимияти шӯравӣ дар таърихи ҷумҳурии мо. Ӯ дар суҳбате чунин иброз доштааст: «Ба Ҳоит ду нафар омаданд, ки Иззатшоҳ ва Абдухолиқ ном доштанд. Онҳо бо хашму ғазаб аз мардум тақозо менамуданд, ки духтарҳояшонро ба мактаби шӯравӣ надиҳанд, зеро мактаби шӯравӣ духтарҳоро аз роҳи шаръи шариф дур месозад. Ёд дорам, ки дар маҳаллаи мо одами бегонаи сарватманд ва тоҷир пайдо шуд. Маро ба ӯ, ки сӣ сол аз ман калон буд, ба занӣ доданд. Ногаҳон ӯ ғайб зад. Маро, ки ҳомила будам, танҳо гузошт. Ибтидои соли 1929 дар Ҳоит ҷаласаи ташкил ва интихоби мақомоти ҳокимияти шӯравии ноҳия баргузор гардид. Рафиқони роҳбар, аз ҷумла, Каримҷон Ҳусейнзода бо исрор кӯшиш дошт, ки ширкати занонро дар ин ҷаласа таъмин кунанд. Аммо шавҳарон, бародарон, падарон қатъан монеи рафтани занон мешуданд. Ман тасмим гирифтам, ки ҳамкорони хубе барои худ пайдо кунам. Сайрамбибӣ, Маълумбибӣ ва Оламбибиро даъват кардам. Духтарони меҳрубон ва қобил дасти ҳамкорӣ ба ман заданд. Мо дӯст шудем ва роҳи тӯлониро тай кардем. Моҳи апрели соли 1929 Фузайл Махсум аз нав дар Тоҷикистон пайдо шуд. 21 апрели соли 1929 иддаи зиёде аз босмачиҳои роҳзан ба Ҳоит ҳуҷум карданд. Фузайл тамоми аҳолиро дар майдони бозор ҷамъ кард. Исми фаъолонро аз мардум хост, аммо мардум пурсишҳоро беҷавоб мегузоштанд. Рафтори мардум ӯро ба ғазаб овард ва бо овози баланд эълон кард: «Агар шумо хиёнаткорони дини исломро муаррифӣ накунед, ман тамоми шуморо ба ҷаҳаннам мефиристам!» Маро ва дӯстонамро гирифта, бо лагад мезаданд, дашном медоданд ва ниҳоят, моро ба зиндон бурданд. Рӯзи дигар ғоратгарон барои мо мурофиа ташкил карданд. Фузайл дар болои намад нишаста, бо чашмони хунбору чеҳраи ваҳшиёнааш ба мо менигарист. Ӯ аз мо пурсид: - Чаро шумо сурататонро кушодед, чаро ба корҳое пардохтед, ки мар-
бути мардон аст? Ман нисбат ба дигарон калонсолтар будам ва ҷавобашро бояд медодам. Гуфтам: Ин духтарҳо аз ман намуна ва сармашқ бардоштаанд ва агар мехоҳӣ бидонӣ, маро ҳам халқ интихоб кардааст. Хуб, агар ту бо халқ мувофиқ нестӣ, маро бикуш. Суханони ман Фузайлро ба даранда табдил дод. Ӯ фармон дод, ки маро фавран ба дор бикашанд. Ҷаллод тарафи мо омад ва мехост, ки чашмҳоямонро банданд. Мо духтарҳо рад кардем. Каримҷон Ҳусейнзода дар поёни пои мо бо дастони баста мехобид. Сарашро бардошта гуфт: - Дар дини ислом гуфта нашудааст, ки зани бегуноҳро ба қатл расонед. Маълумбибӣ бо садои баланд гуфт: «Мехоҳам, бо чашмҳои боз бимирам!» Ҷаллод шаллоқе ба сари ӯ зад, чеҳраи зебои духтар аз хун гулгун гардид. Яке аз иштирокчиён ишора ба тарафи ман чизҳое гуфт, ки ман дар он ҳолат натавонистам бишнавам. Аммо ҳамин қадар фаҳмидам, ки аз ман дифоъ мекунад. Фузайл ангушти ишорат сӯи ман кард ва гуфт: «Акнун бигузоред бо чашмҳои боз маргро аз наздик бубинад ва аз сарнавишташ биҳаросад». Се духтарро рӯи чаҳорпояи баланд шинонданд ва сарашонро ба дастмол баста, ҳалқаи дорро ба гарданашон андохтанд. Маълумбибӣ аз сараш дастмолро канд ва ба рӯи ҷаллод туф кард. Ҳамон лаҳза босмачиҳо чаҳорпояҳоро аз зери пойҳояшон канор заданд. Қалбам аз дард фишурда шуд. Ман сарамро ба зер афканда, ашк мерехтам. Вақте ҷуръат намуда, сарамро боло бардоштам, дидам, ки баданҳои овезони духтарон дар чӯбҳои дор алвонҷ мехӯранд. Баъдтар фаҳмидам, ки он рӯз босмачиҳо иддаи зиёде аз фаъолон ва кормандони шӯравиро куштаю мағозаҳои ҳукуматиро ғорат кардаанд. Маълум буд, ки мехостанд бо ин васила ҳамаро битарсонанд. Аммо баръакс, дигар тарсе дар қалби ман набуд. Рӯзи дигар хабар расид, ки сарбозони сурх наздик мешаванд. Дастаи роҳзанҳо бо шитоб ба самти Қалъаи лаби об фирор кардаанд. Сарбозони сурх ба Ҳоит расиданд. Соҳибони духтарони ҷабрдида ҷасадҳоро аз чуқурӣ берун кашиданд. Рӯзи дигар онҳоро бо иззат ва икром ба хок супурданд». Аз 15 то 19 октябри соли 1929 дар шаҳри Душанбе кунгураи фавқулоддаи шӯроҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Масъалаи асосӣ иборат аз табдили Тоҷикистони худмухтор ба ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии соҳибихтиёр буд. Яке аз иштирокчиёни он кунгураи таърихӣ Чиллабибӣ Ҳакимова буд. «Омӯхтани таърихи халқамон танҳо ба хотири донистани гузашта нест. Балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушду такомули таърихи наслҳои оянда хизмат мекунад», - таъкид дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои хеш. Хештаншиносӣ омӯхтани илму дониш, аз бар намудани таърихи миллат, яъне, забони модарӣ ва дастовардҳои он мебошад. Таърихи маорифи халқ як ҳиссаи таърихи халқи тоҷик, илму фарҳанги он маҳсуб меёбад ва донистани он барои ҳар фарди солимфикри ҷомеа зарур аст.
Балхияи МИРЗОПУР, омӯзгори МТМУ №71и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
«Муқаддимаи одоби омӯзгор ҳамроҳи ба вуҷуд омадани фаъолияти омӯзгорӣ ҳамчун вазифаи махсуси ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Дар ин раванд ба омӯзгор нақши муҳим дода мешавад». Бомуваффақият иҷро намудани барномаи ислоҳот, ки аз ҷониби омӯзгорони муассисаҳои умумии таълимӣ ва ихтисосие, ки таҷассумгари шахсияти хушахлоқ мебошад, ба шумор меравад. Омӯзгори ҳақиқӣ инсонпарвар буда, аз муносибат бо дигарон воқиф бошад, на бо восита балки бо мақсад ва ба тарбиятгирандагон ва шахси таҳти васоят буда инро омӯзад. Ба ин хотир ҷиддӣ ва озод бояд бошад. Бешубҳа омӯзгори беҳтарин худи инсон мебошад ва ӯ ҳам метавонад ба хатоӣ роҳ дода, иштибоҳ намояду ноомади таассуфангез шавад. Бо вуҷуди ин, ӯ бояд аз ҳама ҳолат бе мушкилӣ баромада тавонад. Ҳар нафаре, ки ин касбро пеша мекунад, бояд дорои хулқи бетамаъ, одилона, хайрхоҳона ва набояд манфиатҷӯю ҳавобаланд ва интиқомҷӯй бошад. Муррабии ҳақиқӣ бояд хубиро тавре омӯзонад, ки на танҳо дар гуфтор, балки дар рафтораш низ дида шавад. Одоби омӯзгорӣ ҳангоми фаъолияти корӣ, дар шакли амаликунии ахлоқ бояд дар фикр ва рафтори ӯ мувофиқ бошад. Одоби омӯзгорӣ яке аз тартиби ба вуҷуд овардани ахлоқи накӯ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, дар тарбия намудани насли наврас на ҳама муваффақ мешаванд. Таркиби асосии риояи одоби омӯзгор инҳо мебошанд: - серталабӣ ва эҳтиром нисбат ба тарбиятгиранда; - маҳорати дидан ва шунидани хонанда ва ғамхор будан нисбат ба ӯ; - тарзи расмии муносибат; - таваҷҷуҳ ва зиракии муаллим. Риояи касбият дар ҳолатҳои зер ифода меёбад: - қиёфаи андоми омӯзгор; - маҳорати фаврӣ ва дуруст дарк намудани вазъияти баамаломада, ҳамзамон, оид ба рафтор ва қобилияти хонанда шитоб накардан зимни хулосабарорӣ; - ҳиссиёти худро нигоҳ доштан ва дар вазъияти мушкил худдорӣ намудан; - дар мувофиқа бо идроки талабнамуда ва бо муносибати ҳасос нисбат ба таълимгиранда; - дар дониши хуби синну солӣ ва фардияти хислати хонанда; - худтанқидкуниву баҳодиҳии меҳнати худ. Одоби омӯзгорӣ қисмати асосӣ барои ахлоқу маданияти муаллим ҳисоб меёбад. Бо ҳамин сабаб мизони маънавии муаллим виҷдони омӯзгории ӯ қарор дошта, дар дараҷаи зиёд ҳассос бошад. Наргиза БОЗОРБОЕВА, омӯзгори фанни химияи гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9396), 4 ИЮНИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ Шахшуда, бењис
... и Шодиев, сароянда
Номи пурраи Миша
Њайвони дар Россия хонагї Шакли пурраи номи Оля
Онро ќонун барќарор мекунад
Навъи њаљ
Мардум
Паррандае, ки ќаќра мезанад
Дарё, ќисми калимаи «Мовароуннањр»
Zn, моддаи кимиёвї
Шакли кўтоњи номи Юрий
Њафтаномаи љумњуриявї
Ќишлоќ не «Лаббай»-и телефонї
Сохти давлатии ќисмњои АМА (ОАЭ)
Шишаи акснамо
Шањри ќадими Осиёи Миёна Љоизаи синамогарони Амрико
Бемории гўш
Моњи тобистон Рангубори рўи актёр
Ќарори ќатъї
Офат, нохушї
Шоир ... Сафар … Деви, актрисаи њиндї
Бемории бењаракатї
ГАИ (тољ.)
Ќош Пойтах- Офаташ Киев рин!
Ќисми аз зону болои пой
Дарёи дарозтарини Африќо
Реша, бунёд
Оби дида
… Делон, актёри машњури фаронсавї
Одамчаи афсонањои аврупої
Овози ѓафс, бам
Бо он дандонро таъмир мекунанд (русї)
«Асос»и нон
Маркази кинои Амрико
Ањсант, офарин Он аз њарфњо иборат аст
Квадрат чорто дорад
Тамѓаи яроќи Калашников
Узви баданрамзи ишќ
Асбоби мусиќии зарбї
Зани падари Сиёвуш («Шоњнома»)
Араќи љопонї
Воњиди ќувваи љараёни барќ
Њайвони дарранда, паланг
Як ё ду
Мањбус
Љои равоншавии оби дарё
Хеши модарї
Номи Ибн Сино
Шарм, њаё
Абуалї …и Сино
Мамлакат дар Африќо
«Бародар»и мандарин
Ќисми китоб
Пораи кўњ Номи мардона
Сад сол
Санги ќимматбањои Бадахшон
Сурат, расм
Маршали бањрї
Пайвандак
20х20:4=?
Тамѓаи мотосикли љопонї
"Ёр ... бошад, кор сањл аст"
...Анљелес, шањр дар ИМА
Пањнои сабзапўш
Сењр
Шањр дар вил. Хатлон
…хонаресторан ба тољикї
Рол дар кино ва расми рўи гилем
Миллати В.В.Путин
Аз 1 сар мешавад
Пойтахти Непал
Унсури кимиёвї
Боќадр, ба дил наздик Дарё
Шањраки офатзада дар Њисор
Металли сафеди ќимматбањо
Њарфи алифбои форсї
Шањри машњур дар Эрон
«... маѓзи ибодат»
Гепард
Воњиди пули Япония
Ноњияи дар байни Дарвозу Рўшон
Нуќтаи баланди мусиќї
Фанни мактабї
Нидои љангї аз феъли «задан»-и туркї
Номи мардона, «ягона» (арабї)
Замима, зам
Тими варзишии њарбиён (русї)
Меваи хориљии калон
Рўзномаро аз он месозанд
Монанд, назир
Леонардо ... Винчи
Мактабхон, ки «занги камолот» дорад
Њиссачаи тасдиќї
Варзиш дар корт
Дарахти ростќомат
Манту ё самбўсаи …гї
Љонишини шахси якуми танњо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9396), 4 ИЮНИ СОЛИ 2015
… Азизова, сароянда
Шашу беш, бозии рўимизї
15
АКСИ РӮЗ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Аз суҳбати ду ронанда: - Шунидӣ, ки як қисмати роҳҳо пулакӣ мешаванд? Ин роҳҳо аз роҳҳои бепул хеле арзонтаранд. - Чӣ хел? - Дар роҳҳои пулакӣ кормандони БДА нестанд.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
***
Директори тарабхона бо духтаре, ки мехоҳад пешхизмат кор кунад, суҳбат мегузаронад. Ҳангоми азназаргузаронӣ дасти худро ба миёни духтар бурда, аз ӯ як шаллоқ мехурад. Директор ба ғазаб омада: - Барои чӣ ту маро фиреб дода, гуфтӣ, ки таҷрибаи корӣ дорӣ?
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралӣ САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
***
- Азизам, агар ман дар дарё ғарқ шавам, чӣ кор мекунӣ? - Давида то деҳа барои кӯмак пурсидан меравам. - Охир, деҳа хеле дур аст. - Азизам, ман барои ту аз ин ҳам дуртар давида рафта метавонам.
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Маҳмудҷон УСМОНОВ
(муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),
***
Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (хабарнигор, Душанбе),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),
ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА
(муовинони котиби масъул)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 8224 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
16
Тими миллии кишвар дар Академияи клуби футболи “Истиқлол”, воқеъ дар шаҳраки Алмосииy ноҳияи Ҳисор ба бозии аввали марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 бо дастаи мунтахаби Урдун, ки 11 июн, соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир хоҳад шуд, омодагӣ мебинад. Сармураббӣ Муҳсин Муҳаммадиев ба машғулиятҳои таълимиву тамринӣ 22 футболбоз даъват кардааст. АНДАРЗ
Нерӯ
Дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ду бемор бо ҳам суҳбат доранд: - Китобе, ки ба ту барои хондан додам, маъқул шуд? - Ҳа, бисёр китоби аҷоиб, аммо қаҳрамонҳояш хеле зиёданд. Фаррош: - Эй девонаҳо, канӣ рӯйхати телефонҳоро баргардонед!
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Падар даст бар шонаи писараш гузошт ва аз ӯ пурсид: - Писарам, агар набард кунем, ман туро мезанам ё ту маро? Писар ҷавоб дод: - Ман мезанам. Падар нобоварона дубора саволро такрор кард, вале боз ҳам ҳамон ҷавобро шунид. Бо нороҳатӣ аз канори писар дур шуд ва баъди чанд қадам дубора саволро такрор кард, шояд ҷавоби беҳтаре шунавад: - Писарам, ман мезанам ё ту? Инбор писар ҷавоб дод: - Шумо мезанед, падар. Падар гуфт: - Чаро ду бори аввал инро нагуфтӣ? Писар ҷавоб дод: - То вақте, ки дасти Шумо болои шонаи ман буд, оламро ҳариф будам, вале вақте ки дастатонро аз шонаам гирифтед, қувватамро бо худ бурдед.
Номаи камоли гумшудаи АБ №262853, ки МТМУ рақами 17-и ноҳияи Нуробод соли 2003 ба Юсупов Асадулло Аҳлиддинович додааст, эътибор надорад.
Ғафлат Рӯзе пирамарде ҷавонеро дид, ки бисёр ранҷидахотир менамуд. Аз ӯ пурсид: - Чаро ранҷидахотир менамоӣ? Ба ту чӣ шудааст? Ҷавон дар ҷавоб гуфт: - Дар роҳ шиносамро дидам ва салом кардам. Вале ӯ ба саломи ман ҷавоб надод ва беэътиноӣ намуда, гузашта рафт. Аз ин рафтори ӯ ранҷидам. Пирамард гуфт: - Агар дар роҳ касеро медидӣ, ки дар замин афтода, аз дард ба худ мепечад, дар он ҳолат туро чӣ
эҳсос фаро мегирифт. Яъне, чӣ кор мекардӣ? Ҷавон гуфт: - Эҳсоси дилсӯзӣ мекардам. Дар фикри ёрӣ расондан ба ӯ мешудам, то доруе ва ё табибе барояш пайдо кунам. Пирамард гуфт: - Ту ҳамаи инро ба хотири он мекардӣ, ки ӯро бемор медонистӣ ва ба хотири бемориаш ба ӯ ёрӣ мерасондӣ. Пас, ба фикри ту дӯстат, ки рафтори нописанд анҷом дод, бемор нест? Ӯ мубталои бемори фикрӣ ва равонӣ аст, ки номаш «ғафлат» аст. Пас, бояд ту аз ӯ наранҷӣ ва нороҳат нашавӣ, баракс, дар фикри ёрӣ расондан ба ӯ бошӣ то аз ин беморӣ раҳояш кунӣ.
ШОДБОШӢ
Зодрӯз муборак!
Азаматбибӣ Шарифова, корманди Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон зодрӯз дорад. Ӯро ба ин муносибат Анзурат, Раъно, Саёҳат, Мавҷуда, Нигина, Марворид ва дӯстону ҳамкорон шодбош гуфта, барояш хушиҳои зиндагиро таманно мекунанд ва аз забони шоир мегӯянд: Ҳамеша шоду хуррам бошу хушнуд, Ҳамеша хурраму масруру масъуд. Барои мо ба дунё омадӣ гар, Муборак бошадат рӯзи таваллуд!
Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигии №0487922, ки КДФ “Қубодзамин”-и ноҳияи Қубодиён соли 2008 дар майдони 0,14 га. ба шаҳрванд Сафаралӣ Забиров додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи силсилаи АБ095066, ки МТМУ №5-и ноҳияи Қубодиён соли 1984 ба Маҳмуд Сафаров додааст, эътибор надорад. Билети донишҷӯии гумшудаи №81, ки филиали Донишкадаи энергетикии Маскав дар Душанбе соли 2013 ба Тоджаков Парвиз додааст, эътибор надорад. Ҳуҷҷати гумшудаи хонаи якҳуҷрагӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Федина-11/7, утоқи 59, ки ба шаҳрванд Муродова Фирӯза Рӯзибоевна тааллуқ дорад, эътибор надорад.
ФУРУШӢ
Суди ноҳияи Қубодиён барои ба фурӯш мондани амволи ба ҳабс гирифташуда дар намуди манзили истиқоматӣ, масоҳати умумиаш 14,58 сотих, иборат аз 9 ҳуҷра, воқеъ дар деҳаи Қизилнишони деҳоти 20-солагии истиқлол музояда эълон мекунад. Нархи ибтидоии манзил – 147 ҳазор сомонӣ. Музояда 1 июли соли 2015, соати 10:00 дар деҳоти мазкур баргузор мешавад. Тел.: 93 464 9999
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9396), 4 ИЮНИ СОЛИ 2015