Ҷавонони Тоҷикистон, №22 (9448), 2016

Page 1

Ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон

Ҳамроз Раҷабов қаҳрамони Осиё оид ба самбо

№22 (9448), 2 июни соли 2016

1

 НАБЗИ ҶАҲОН

Фоҷиаи навбатӣ дар баҳри Миёназамин

 ҲАФТ РӮЗ 26.05.2016 Дар Боғи “Ирам”-и пойтахт бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Фестивали истеъдод ва ҳунарҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид.

мазон эълон гардид. Шӯрои уламо нисоби закотро 17 ҳазору 400 сомонӣ муқаррар кард, ки аз ин миқдор 435 сомонӣ бояд закот дода шавад. Садақаи фитр 5 сомонӣ ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ 600 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардид.

ирсол намуд. “Ҷаноби Олӣ, аз хабари бемории Шумо ва амали ҷарроҳии қалб, ки бояд анҷом диҳед, бисёр мутаассир шудам. Аз даргоҳи Худованди муттаол ба Шумо, бародари гиромӣ, шифои комил хоҳонам”, - омадааст дар барқия.

27.05.2016 Ҷавонони фаъоли ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба аёдати кӯдакони маъюбу барҷомонда ва аз оилаҳои камбизоати ҷамоати деҳоти Исфисор рафтанд.

29.05.2016 Дар Душанбе иҷлосияи якҷояи маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт баргузор гардид, ки дар он роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

31.05.2016 Таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аъзои Ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳоро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол намуданд.

30.05.2016 Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқия

01.06.2016 Дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил шуд.

28.05.2016 Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои кишвар, ки таҳти раёсати раиси Маркази исломии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдуқодирзода дар шари Хуҷанд баргузор шуд, 6 июн рӯзи аввали моҳи шарифи Ра-

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№22 (9448), 2 июни соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»  НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

е-mail: javonontj@mail.ru

 АХБОРИ ҲАФТА


е-mail: javonontj@mail.ru

2

Ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таҳти раёсати Пешвои миллат 27 майи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт, ки дар он Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард.

Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2015 таъсис ёфта аз 43 нафар, аз ҷумла раис, муовини раис, котиби масъул ва аъзои шӯро иборат аст. Таъсиси шӯро иқдоми навбатии мақоми олии сиёсии мамлакат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар оянда робитаи бевосита ва самарабахши ҷавононро бо роҳбарияти кишвар таъмин менамояд. Сарвари давлат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ изҳор дошт, ки таъсиси шӯро таҳти раёсати Президенти мамлакат ҳадафи мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ин замина барои ба корҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ бештар ҷалб кардани онҳоро дошта, муносибат бо ҷавонон, роҳандозии усулҳои боз ҳам муассири ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият мебахшад. Тавре таъкид гардид, зери роҳбарии Сарвари давлат амал намудани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон намунаи олии эътимоду боварӣ ва эҳтироми роҳбарияти сатҳи олии мамлакат нисбат ба ҷавонони саодатманди кишвар

www.javonon.tj

АХБОРИ ҲАФТА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №22 (9448), 2 июни соли 2016

буда, ин тадбир имкон медиҳад, ки пешниҳодоти онҳо ҳарчи бештар дастгирӣ ёбад ва мушкилоти дар ин самт мавҷуда сари вақт баррасию роҳу усулҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон боз ҳам дақиқу мушаххас карда шаванд. Президенти кишвар бори дигар аз нақш ва мақоми ҷавонон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар шуда, аз намояндагони ин қишри ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал овард, ки аз кирдорҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз ҷумла узвият ба ҳар гуна ташкилоту созмонҳои терористию ифротгароӣ ва нашъамандию ҷинояткорӣ худдорӣ карда, бештар ба донишандузӣ, корҳои илмию озмоишӣ, ихтироъкорӣ ва тарбияи маънавию варзишӣ машғул шаванд ва дар корҳои муҳими сиёсию ҷамъиятӣ ва таҳияи лоиҳаҳои нави инноватсионӣ ба нафъи давлату миллат фаъолона иштирок намоянд. Сарвари давлат ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат барои беҳтар гардонидани шароиту имкониятҳои ҷавонон, вусъати бунёди майдону толорҳои варзишӣ бо мақсади солимгардонии ҷомеа ва оммавигардонии варзиш, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ, тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим, таъмини пешрафти сайёҳӣ ва муҳайё намудани ин-

фрасохтори замонавӣ барои он, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ, ҷудо кардани маблағҳои грантӣ ба ҷавонон барои пешбурди соҳибкории хурду миёна ва дар ин замина ташкили корҳои хонагӣ, аз қабили ресандагиву бофандагӣ, қолинбофиву зардӯзӣ ва дигар навъҳои косибӣ, таъсиси марказҳои нави касбомӯзӣ, тарбияи хизматчиёни давлатии ҷавони фаъол ва ташаббускор бо мақсади ба корҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани онҳо, пурзӯр намудани корҳои таблиғотӣ дар миёни ҷавонон, бахусус ҷавонони деҳот ва ба шуғл фаро гирифтани онҳо, инчунин мусоидат ба пешгирии роҳи бегонапарастӣ ва гаравидани ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои ифротиву террористӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Пас аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои шӯро ва дигар иштирокчиёни ҷаласа – Аҳтам Абдуллозода - раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳзод Раҳимзода - сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, Сураҷ Чоршанбиев - мудири Бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Фатҳиддин Солеҳов - директори Маркази миллии имконоти ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Дилрухсор Фармонова - олимаи ҷавон ва Гулафзо Пирова - хонандаи синфи 10-и мактаб - гимназияи давлатии ноҳияи Бохтар, гирандаи стипендияи Президенти ҷумҳурӣ баромад намуда, ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароитҳои муосири илмомӯзӣ ва ташаббусу ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба ҷавонон изҳори сипос карданд. Аъзои шӯро дар ҷаласаи нахустин тамоми масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласа воридгардидаро баррасӣ намуда, мавзуъҳои ҷаласаи оянда ва вазифаҳоро муайяну мушаххас карданд.

РБДА беҳтарин нозири наврасро муайян мекунад 31-уми майи соли равон дар Комплекси сайёҳии «Варзоб» ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маросими тантанавии кушодашавии озмуни шашуми “Нозирони навраси ҳаракат” баргузор гардид. Дар он Саидзода Маҳмадсаид, сардори Раёсати БДА ВКД, Мавсума Муинӣ, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Давлатзода Тахмина, муовини директори генералии КВД “Тоҷиксуғурта” иштирок доштанд. Пеш аз оғози озмун аз тарафи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Варзоб паради тантанавӣ намоиш дода шуд. Инчунин, дар доираи барномаи фарҳангӣ кӯдакону наврасон шеъру сурудхонӣ намуда, ба иштирокчиён руҳияи хушҳолӣ бахшиданд. Саидзода Маҳмадсаид, сардори Раёсати БДА ВКД, баргузории озмунро падидаи неку судманд арзёбӣ намуд. “Иқдоми пешгирифтаи Вазорати корҳои дохилӣ метавонад наврасонро ба омӯзиши бештари қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳидоят намуда, дар пешгирӣ намудани садамаҳои роҳу нақлиёт, ҷалб намудани таваҷҷуҳи идораю ташкилоти марбута оид ба масъалаҳои пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани донишу маърифати назариявӣ ва амалии хонандагон оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҷамъбасту инкишоф додани таҷрибаи пешқадам оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ таъсири ҷиддӣ хоҳад расонд”. Озмуни шашуми ҷумҳуриявии “Нозирони навраси ҳаракат” то 2-юми июн идома меёбад. Дар он панҷ даста бо фарогирии 50 нафар аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ аз рӯи шартҳои гуногун, мисли “Пурдонҳо”, “Санитари наврас”, “Танзимгари наврас”, “Донишмандони қоидаи ҳаракати роҳ”, “Чархи амонӣ”, “Хабарнигори наврас”, “Ташвиқгарони наврас” рақобат менамоянд. 1 июн – дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон – бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба саёҳати шаҳри Душанбе баромада, биноҳои “Душанбе Плаза” ва “Наврӯзгоҳ”-ро тамошо мекунанд. Қобили қайд аст, ки дастаи Нозирони навраси Тоҷикистон ғолиби озмунҳои байналмилалӣ низ мебошад. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №22 (9448), 2 июни соли 2016

3

26-27 майи соли ҷорӣ дар Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Се медали нуқраи Дилшод дар як моҳ Варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров дар даври чоруми мусобиқоти “Лигаи бриллиантӣ” оид ба варзиши сабук дар Юҷини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар гурзандозӣ сазовори ҷойи дуюм гашт. Дилшод ин дафъа гурзро ба масофаи 78 метру 12 сантиметр ҳаво дод. Рақиби аслиаш Павел Файдек аз Лаҳистон бо натиҷаи 80 метру 28 сантиметр мақоми аввалро ишғол кард. Намояндаи дигари Лаҳистон Войсех Новитский бо натиҷаи 76,86 метр мақоми сеюмро ба даст овард. Ин сеюм медали нуқраи Дилшод Назаров дар як моҳи охир мебошад. Ҳафтаи гузашта Дилшод Назаров дар мусобиқоти ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ва аз он пештар дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех низ медали нуқра гирифта буд.

Ғолибони мусобиқаи гуштии озод байни донишҷӯён 28-29 майи соли равон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии озод байни донишҷӯён баргузор гардид. Дар мусобиқа 35 нафар донишҷӯ аз мактабҳои олии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе дар вазнҳои -61 кг, -65 кг, -70 кг, -74 кг, -86 кг, -97 кг ва -125 кг байни худ рақобат намуданд. Дар ҳайати даставӣ Душанбе-1 ҷойи якум, дастаи Суғд ҷойи дуюм ва Хатлон-2 ҷойи сеюмро ба даст оварданд.

Ҳамроз Раҷабов - қаҳрамони Осиё оид ба самбо Дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё, ки 27-29-уми май дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашхобод баргузор шуд, варзишгарони тоҷик оид ба самбои варзишӣ соҳиби панҷ медал (як тилло, як нуқра ва се биринҷӣ) гардиданд. Ҳамроз Раҷабов дар вазни -74 кило дар финал миёни мардон бар гуштигири қирғиз Урмат Мабетжан Уулу пирӯз шуда, ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Ин аввалин ғалабаи Ҳамроз дар мусобиқоти бузурги самбо миёни бузургсолон аст. Садам Каримов дар сабқати наврасон дар вазни то 75 кило медали нуқра ба даст овард.

Гуштигири пуртаҷрибаи тоҷик Дилбар Султонова дар сабқати занон дар вазни -72 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Мирзошариф Исматов дар сабқати наврасон дар вазни -74 кило ба дастаи Тоҷикистон медали биринҷӣ овард. Нозила Каримова дар сабқати духтарон дар вазни -56 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Пирӯзии тими миллӣ бар дастаи легионерҳо Тими миллии футболи кишвар дар бозии санҷишӣ бар дастаи мунтахаби легионерҳои бошгоҳҳои лигаи олии кишвар бо ҳисоби 5:2 ғолиб омад. Ин вохӯрӣ пеш аз бозиҳои плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 муқобили тими миллии Бангладеш 26 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Дар ин бозӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби легионерҳо, инчунин чанд бозигари тими миллии кишвар – Абдуазиз Маҳкамов, Дилшод Восиев, Фаридун Шарифов, Дороб Эргашев, Ромиш Ҷалилов ва Парвиз Қашқаров ҳунарнамоӣ карданд. Нимаи аввал бо пирӯзии легионерҳо хотима ёфт – 2:0. Ҳамлагари «Ҳосилот»-и Фархор Соломон Течи дар дақиқаи 25-ум ҳисобро кушод. Баъди панҷ дақиқа нимҳимоятгари КМВА “Помир” Андох Наполеон голи дуюмро зад. Баъди танаффус дастаи мунтахаби Тоҷикистон ташаббусро ба даст гирифта, ба дарвозаи легионерҳо панҷ гол зад. Ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов се гол зад. Ду тӯби дигарро Умедҷон Шарифов ва Парвизҷон Умарбоев, ки дар нимаи дуюми бозӣ ба майдон омаданд, ба дарвозаи легионерҳо равон карданд. 2 июн тими мунтахаби Тоҷикистон бозии аввали плей-оффи Ҷоми Осиё-2019-ро муқобили тими миллии Бангладеш анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 шуруъ мешавад.

www.javonon.tj

Натиҷаи сабқатҳо: Вазни -61 кг: 1. Комрон Холов, Душанбе-1 (ДТҶТ ба номи С. Раҳимов) 2. Ҷамшед Умаров, Хатлон-2 (ДДК ба номи А. Рӯдакӣ) 3. Муҳаммад Латифов – Суғд (ДИСДТ) 3. Фариддун Саидиброҳимов, Душанбе-1 (ДТҶТ ба номи С. Раҳимов) Вазни -65 кг: 1. Аминзода Хайём, Душанбе-1 (ДТҶТ ба номи С. Раҳимов) 2. Мурод Юсуфов, Суғд (ДДХ ба номи Б. Ғафуров) 3. Майддини Юсуфалӣ, Хатлон-2 (ДДК ба номи А. Рӯдакӣ) Вазни -70 кг: 1. Амирҷони Саидҷон, Душанбе-1 (ДТҶТ ба номи С. Раҳимов) 2. Хизирулло Беков, Суғд (ДДХ ба номи Б. Ғафуров) 3. Раҳмоналӣ Қувваталӣ, Хатлон-2 (ДДК ба номи А. Рӯдакӣ) Вазни -74 кг: 1. Фирдавс Cаидов, Душанбе-1 (ДТҶТ ба номи С. Раҳимов) 2. Мақсуд Набиев, Суғд (ДОТП) 3. Тураҷон Сардоров, Душанбе-1 (ДТҶТ ба номи С. Раҳимов) 3. Рамазон Нуралиев, Хатлон-2 (ДДК ба номи А. Рӯдакӣ) Вазни -86 кг: 1. Сафарзода Маъруф, Душанбе-1 (ДТҶТ ба номи С. Раҳимов) 2. Собирҷон Бозоров, Суғд (ДОТП) 3. Арҷуманд Нафасов, Хатлон-2 (ДДК ба номи А. Рӯдакӣ) Вазни -97 кг: 1. Яқуб Наимов, Душанбе-1 (ДТҶТ ба номи С. Раҳимов) 2. Салим Наимов, Душанбе-1 (ДТҶТ ба номи С. Раҳимов) 3. Исоқҷони Ҳасан, Хатлон-2 (ДДК ба номи А. Рӯдакӣ) 3. Сӯҳроб Бобоҷонов, Суғд (ДДХ ба номи Б. Ғафуров) Вазни -97 кг: 1. Ҷаҳонбек Аъзамқулов, Суғд (ДОТП) 2. Бобораҷаб Шафиев, Душанбе-1 (ДТҶТ ба номи С. Раҳимов) 3. Суҳроб Аҳмадов, Хатлон-2 (ДДК ба номи А. Рӯдакӣ)

Дар мусобиқа, ки ба поси хотири Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, профессор А. Бобоҷонов доир гашт, 64 нафар дар ҳайати се даста аз вилояти Суғд, як даста аз вилояти Хатлон ва як даста аз шаҳри Душанбе ширкат намуданд. Миёни ҷавонон дар масофаи 4000 метр Юсуф Шарифзода – намояндаи вилояти Суғд – ғолиб омад. Байни наврасони соли таваллудашон 2000-2002 дар масофи 2000 метр Далер Савостянов ва байни наврасони соли таваллудашон 2003-2004 Бахтивар Зикриёев – ҳар ду аз вилояти Суғд ҷои аввалро ба даст оварданд. Миёни бонувон дар масофаи 2000 метр намояндаи вилояти Хатлон Аннасултон Амонова пирӯз гашт. Ғолибон бо диплом ва медалҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гардонида шуданд.

е-mail: javonontj@mail.ru

Ғолибони веломарафон муайян шуданд


е-mail: javonontj@mail.ru

4

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №22 (9448), 2 июни соли 2016

Манзумаи ФИРӮЗ Вақтҳои охир мушоҳида мегардад, ки сокинон аз дуздидани ҳамёнашон дар дохили нақлиёти мусофирбар ё бозор шиква мекунанд. Баъзеҳо сабабашро дар буҳрони ҷаҳонӣ ва надоштани ҷойи кори доимӣ медонанд. Моҳира ки ба доми дуздон афтодааст мегӯяд, танҳо дар хона пай бурдааст, ки ҳамёнашро дуздидаанд. Ба хотир меорад, ки дар хатсайри рақами 2 се ҷавон рафторҳои ғайриодӣ доштанд, вале гумон накард, ки онҳо диққати мусофирро ҷалб намуда, дуздӣ мекунанд. Моҳира ба кормандони милитсия шикоят накард, чун бовар дорад, ки ҳамёнашро пайдо кардан ғайриимкон аст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон кисабурон се-чор нафаранд ва дар ҳолати фош шуданашон бо ҷабрдида даст ба гиребон мешаванд. Шоҳиди чунин ҳодиса дар дохили нақлиёти мусофиркаши хатсайри рақами 13 гардидем. Се ҷавон бо ҳамидигар танҳо бо ишора суҳбат мекарданд. Яке аз онҳо мехост ҷайби мусофиреро бибурад. Мусофири дигар, ки ин ҳолатро пай бурд, якбора аз ҷой бархост ва дасти гумонбарро дошт. Дузд якбора худро пас гирифта гуфт, “ман ягон чиз надуздидам, сар те дастама”. Ин суханон дар ҳоле буд, ки ҷавон аз ӯ чизе напурсида буд. Ду нафари дигар, ки кисабурро ҳамроҳӣ мекарданд, ба даъво кардан оғоз карданд. Ҷавон низ бо онҳо баҳс мекард ва кисабурон дигар беилоҷ монда, аз нақлиёт берун шуданд. Ба ҷавон дағалона фармон доданд, ки ҳамроҳашон фарояд ва ба ӯ кӣ буданашонро нишон медиҳанд. Ҷавон мехост аз паси онҳо равад, вале

як мусофири синну солаш калонтар ӯро нагузошт. Ин марди таҷрибадор гуфт, бо чунин нафарон ҳеҷ гоҳ муноқиша накунед. Онҳо бо мақсади нопок ба нақлиёт даромадаанд ва ҳатман бо худ корд доранд. Агар бо онҳо сарбасар мешудӣ, шояд фоҷеае сар мезад. Гарчанде мард дуруст қайд мекард, аммо бетарафӣ ва тарс метавонад сафи чунин одамонро дар ҷомеа афзояд. Онҳо боварӣ ҳосил мекунанд, ки аз онҳо мардум ҳарос доранд ё дар ҳолати дидани дуздии онҳо хомӯширо ихтиёр мекунанд. Ин гурӯҳ одамон дар як рӯз метавонанд чандин нафар, ки

маблағи ночизро бо заҳмат ба даст овардаанд, ғорат кунанд. Ҷабрдидагонро лозим аст, ки дар чунин мавридҳо ҳатман ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд. Ороишоти тиллои бонувон низ диққати ғоратгаронро ҷалб кардааст. Баъди овозаи зиёд шудани дуздӣ акнун занону духтарон бештари маврид аз ороишоти оддӣ, ки ба тилло ё нуқра шабоҳат доранд, истифода мебаранд. Мавҷигул, истиқоматкунандаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гуфт, тақрибан ду ҳафта пеш дар назди хонааш шахси номаълум гарданбандашро дуздид. Ӯ

гуфт гарданбандаш тилло набуд, аммо дар рӯзи равшан ба дуздӣ машғул шудани ҷавонон нигаронаш кардааст. Вазорати корҳои дохилӣ чанде пеш иттилоъ дода буд, шахси номаълум дар кӯчаи Неъмат Қарабоев бо тариқи ошкоро ва зӯрӣ аз гардани шаҳрванд Холова Махфират Шомаҳмадовна гарданбанди тилло, ки арзишаш 1000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Аз ҷониби кормандони мақомоти мазкур гумонбар дастгир шудааст. Ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ зани 30-сола

Ин амал сокинонро ба ташвиш овард ва баъзе модарон аз гӯши фарзандонашон гушвораҳоро гирифтанд. Дар боғча ва мактабҳо ба модарон тавсия дода шуд, ки беҳтар мебуд ба гӯши фарзандонашон ҳалқаҳои нуқрагин овезанд. Сабзина Алиева, омӯзгор ин пешниҳодро дастгирӣ мекунад ва борҳо ба волидон онро тавсия додааст. С. Алиева ба ин андеша аст: “Бештари нафароне, ки даст ба ҷиноят, аз ҷумла дуздӣ мезананд, тарбияи дуруст надидаанд. Вақте тифл дар оилаи солим ба воя мерасад ва тарбияи дуруст мегирад, дар ягон ҳолат даст ба чунин амал

Ҷабр дидед? Ба милиса муроҷиат кунед! Ё шикори бебарори дуздон ба ҷабрдидагон вобаста аст муроҷиат намудааст, ки 9-уми апрели соли равон, тахминан соати 14:00 шахси номаълум аз ҳолати кушода будани дари хона истифода бурда, вориди он мешавад. Аз дохили ҷевон ҷавоҳироти тиллоӣ ва нуқрагӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 5300 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Бархе занон бошанд ба хотири ба даст овардани маблағи муфт роҳи дигари дуздиро пеш гирифтаанд. Онҳо бо суханҳои хуш духтаракони хурдсолро фиреб дода, гӯшвораҳои тиллояшонро медузданд. Чанд нафар зан барои чунин кирдорашон аз ҷониби кормандони милитсия дастгир низ шудаанд.

намезанад. Тавре таҳлилҳо нишон доданд, бештари ҷинояткорон дар вақти наврасӣ аз таҳсил дур монда, тарбияи дуруст нагирифтаанд”. Сабзина илова мекунад, занону духтарон бояд эҳтиёткор бошанд ва аз ҷавоҳироти қиматбаҳо истифода набаранд. Метавонанд ҷавоҳироти нуқрагин ва оддӣ истифода кунанд. Тарроҳи шинохта Мукарамма Қаюмова мегӯяд, манбаъҳои таърихи гузаштаи халқи тоҷик нишон медиҳад, ки бонувони тоҷик бештар ба ороишоти нуқрагин таваҷҷуҳ доштанд: «То ҷое, ки аз таърих огоҳ ҳастам, ин зеварҳоро занон барои он истифода мекарданд, ки нуқра рӯйро тоза ва инсонро аз тамоми чизҳои ифлос эмин нигоҳ медорад. Ҳамчунин, нуқра барои раҳми зан (бачадон) фоидабахш буда, ҷиҳати ба дунё овардани насли солим таъсири хуб дорад”.

 СЕМИНАР

Зӯроварӣ дар тарбияи кӯдакон манъ аст

www.javonon.tj

25-27 май дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” дар ҳамдастӣ бо Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон зери унвони “Пешгирии зӯроварӣ ва дигар муносибатҳои бераҳмона нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида” семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Гулчеҳра Раҳмонова, роҳбари Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” зимни ифтитоҳи семинар иброз дошт, ки дар семинар иштирокдорон механизмҳои байналмилалӣ ва миллии пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳо, инчунин усули муайянсозии муносибати бераҳмона вобаста ба кӯдаконро баррасӣ карда, дар самти офиятбахшии ҳамаҷониба табодули таҷриба менамоянд. Зикр шуд, ки дар пайи пажуҳиши “PRI”, ки зери унвони “Садои кӯдак” соли

2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, 43%-и кӯдаконе, ки дар он иштирок намуданд гуфтаанд, ки онҳо худро дар шуъбаи милитсия амну бехатар ҳис кардаанд. Бо нигаронӣ гуфта шуд, ки дар роҳи тарбияи кӯдакон набояд аз роҳи зӯроварии ҷисмонию равонӣ истифода кард. Қайд гардид, ки гузоришгари вижа оид ба шиканҷа дар соли 2015 гузориши иловагӣ тартиб дод, ки дар он идома доштани нигарониҳо оид ба ҳисобот дар бораи он ки кӯдакони дар

низоъ бо қонун қарордошта ҳангоми ҳабс ва зинаҳои гуногуни боздошт бо муносибати бераҳмона дучор мешаванд. Дар ҷараёни чорабинӣ атрофи мушкилоти ҳуқуқӣ ва поймол гардидани

ҳуқуқҳои кӯдакон андешаронӣ шуда, вобаста ба роҳҳои пешгирӣ намудани проблемаи мазкур аз тарафи иштирокчиён баҳсҳо сурат гирифт. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


НАБЗИ ҶАҲОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №22 (9448), 2 июни соли 2016

5

Муҳоҷирон гӯё барои мурдан навбат мепоянд

Симои аслии сӯзандагон Ҳаводиси якуним - ду соли охири кишвар нишон дод, ки мардуми Тоҷикистон ба мавҷудияти ҳизби хусусияти динидошта зарурат надоранд. Чаро ки бе ин ҳам беш аз навад дарсади аҳолӣ мусулмонанд ва ба дин ва арзишҳои динӣ эътиқодашон қавист. Боз барои он мардуми кишвар ба ҳизби сиёсие, ки зери номи ислом фаъолият мекард, ҳусни таваҷҷуҳ нишон надоданд, ки пеши рӯяшон ҳамеша нооромиҳои солҳои навадуми асри гузаштаро меовард. Мардуми тоҷик нек медонанд, ки омили аслии бесуботии даҳаи охири асри 20 дар кишвар ҳамин исломгароҳо буданд, ки мехостанд шеваи идораи давлат исломӣ шавад...

Нозими МИРЗО, омӯзгор

Ҳалли масъалаи муҳоҷирон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон ҳар қадар бештар тӯл бикашад, ҳамон андоза фоҷиаҳои мудҳишу марговар муҳоҷирони кишварҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои Африқоро таъқиб мекунад. Ҳафтаи гузашта расонаҳои Ғарб хабари дар баҳри Миёназамин ғарқ шудани боз се қайиқи муҳоҷиронро нашр карданд.

Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид дар ин фоҷиа 700 нафар ба ҳалокат расид. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон теъдоди фавтидагонро 900 нафар арзёбӣ кардаанд. Қайиқҳои муҳоҷирон мутаносибан рӯзҳои чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъаи ҳафтаи гузашта ғарқ шудаанд. Бино ба маълумоти Шарлотта Сами, сухангӯи Комиссариати олии СММ оид ба паноҳандагон, дар пайи ғарқшавии қайиқ дар рӯзи аввал ҳудуди 100 нафар ҳалок шудаанд. Қайиқи дуюм, ки аз соҳили Сабратҳаи Либиё ба роҳ баромадааст, рӯзи панҷшанбе чапа шуда, 550 нафарро ба қаъри дарё бурдааст. Фоҷиаи сеюм рӯзи ҷумъа рух дода, дар ними роҳ ба дохили қайиқе, ки муҳоҷиронро аз Либиё ба Итолиё мебурд, об даромада, ба ғарқшавиаш боис мегардад. Дар ин фоҷиа 135 нафар наҷот дода шуда, теъдоди зиёде ба ҳалокат мерасанд. Алҳол танҳо ҷасади 45 нафари фавтидагон ёфт шудааст. Дар ҳоле ки ҳайсияти фавтидагон маълум карда нашудааст, маллоҳон гуфтаанд, муҳоҷирони зиёде ҳамарӯза аз кишварҳои Сомалӣ, Эфиопия, Эритрея, Судон, Миср... тавассути баҳри Миёназамин ба Аврупо рафтан мехоҳанд. ДАВОМИ ЯК ҲАФТА 13 ҲАЗОР НАФАР НАҶОТ ДОДА ШУД Баробари гарм шудани ҳаво ва паст гардидани тӯфону шамол дар баҳрҳо муҳоҷирон боз тавассути баҳри Миёназамин азми расидан ба Аврупоро доранд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки тайи як ҳафта 13 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ аз ҷониби маллоҳони итолиёвӣ, ирландӣ ва олмонӣ наҷот дода шуданд. Вале бо вуҷуди корҳои наҷотдиҳии Иттиҳоди Аврупо ва НАТО чанд соли охир ҳазорҳо нафар дар баҳрҳо қурбон шудаанд. Чунончи моҳи апрели соли равон расонаҳо хабари ҳалокати 400 нафарро нашр карданд, ки аз Либиё гуреза шуда ба самти Аврупо мерафтанд. Апрели соли 2015 низ дар соҳили Либиё 800 нафар ғарқ шуда буданд. Бино ба омори Созмони байналмилалии муҳоҷират давоми солҳои 2014-2015 320 ҳазор паноҳанда ба соҳили Итолиё расида, 7 ҳазор нафари дигар дар баҳри Миёназамин ғарқ шудаанд. Соли равон теъдоди ғарқшудагон аллакай 1500 нафарро гузаштааст. Сабаби маҳз аз Либиё вориди Баҳри Миёназамин шудани муҳоҷирон дар он будааст, ки бар асари ҷангу нооромиҳо дар Ховари Миёна ва Африқо, инчунин бо сабаби камбизоатӣ беш аз 800 ҳазор паноҳанда аз манотиқи мазкур дар Либиё қарор доранд. Онҳо умеди расидан ба Аврупоро доранд ва ҳамзамон гӯё барои мурдан навбат мепоянд, ки бо камтарин фурсат тавассути киштиву қайиқҳо ба баҳр медароянд, то ба соҳили мурод бирасанд. Вале, тавре маълум аст, дар роҳ ин муҳоҷирони бадбахтро воқеаҳои нохуш пеш меояд, ки хеле аламоваранд. Бо дарназардошти ин мушкили муҳоҷирон созмонҳои ҳуқуқи инсон аз ҷомеаи ҷаҳон талаб доранд, ки баҳри наҷоти паноҳандагон кори бештаре бикунанд. Зимнан, ҳафтаҳои гузашта вакилони парлумони Англия лоиҳаи қабули 3 ҳазор кӯдаки бепарастор ва зери хатарро, ки дар лагерҳои муҳоҷирони ин кишвар қарор доранд, рад кард. Ҳангомаи зиёдро раъйи рад додани вакил Лорд Дубс ба миён овард, ки худи ӯ ҳам замони ҷанги дуюми ҷаҳон ҳамчун паноҳанда ба Англия омада будааст. Дар ҳамин ҳол рӯзномаи маъруфи “The Daily Mail”, ки сиёсати редаксиониаш зидди паноҳандагони хориҷист, низ Лорд Дубсро сахт мазаммат кард. Дар сармақола ё “Гӯшаи муҳаррир”-и ин рӯзнома чунин дарҷ шуд: “The Mail ҳама вақт зидди муҳоҷират ва паноҳандагони берунист, вале мо бояд ба ин кӯдакони раҳгумзада сарпаноҳ шавем”. Қаблан Европол ё полиси Аврупо иттлоъ дода буд, ки соли 2015 85 ҳазор кӯдак вориди Аврупо шуда, аммо аз ин теъдод беш аз 10 ҳазорашон бенишон гаштаанд. Рӯзномаи мазкур дар навиштаҳояш пайваста таъкид мекунад, ки барои напазируфтани муҳоҷирон аз ҷониби Аврупо ҳеҷ як маҷбурият вуҷуд надорад. Аммо ин кӯдакон бояд соҳибӣ карда шаванд. Баъд аз рад шудани лоиҳаи қабули кӯдакони бесаробон аз ҷониби парлумони Англия матбуот расман ин қарорро “бевиҷдонӣ” ном бурд ва ин рафтори Англия, ки замони Ҷанги дуюми ҷаҳон ба гурезаҳои олмонӣ паноҳгоҳ дода буд, “дурӯягӣ” хонда шуд. Б. УСМОН, “ҶТ”

www.javonon.tj

Пас аз рӯйдодҳои хунини сентябри соли гузашта, ки маълум гашт тарроҳи он ҲНИТ будааст, фаъолияти ин ҳизб дар ҷумҳурӣ расман мамнуъ ва он террористӣ эълон гашт. Яъне фаъолияти ҳизби махсусияти динидошта, дақиқтараш динро барои расидан ба хоҳишҳои худ истифодабаранда бояд хеле пештар аз ин қатъ мегашт. Чаро ки эҳтиром ба арзишҳои динӣ кори эътиқоду бовари шахс аст ва ин фитрист. Пас, ҳамин назокатро, яъне эътиқоди мардумро ба хотири ҳадафҳои худ истифода кардани гурӯҳ, равия ё ҳизбе аз рӯи ахлоқ нест. Вале ҲНИТ айни ҳамин амалро мекард, балки аз ҳассосияти ба дин қоилбудаи мардуми мо ба нафъи худ истифода карданӣ мешуд. Ҳарчанд фаъолияти ҳизби мазкур қатъ гашта бошад ҳам, ба назар мерасад, ки роҳбари он берун аз қаламрави ҷумҳурӣ афроди ҳаммаслаку ҳамандеши худро сарҷамъ карда, ҳамвора сӯи Тоҷикистон сангандозӣ мекунад. Чунончи ҳизби мамнуъ рӯзҳои 29-уми апрел ва 2-юми май дар Аврупо ҷаласаи чаҳоррӯза барпо кардааст. Дар баёнияе, ки пас аз баргузории ҷаласаашон нашр шудааст, онҳо вазъи кишварро буҳронӣ ва натиҷаи сиёсати ғалати ҳукумати кишвар арзёбӣ намуда, ба қавли худашон “масъулияти осебпазирии иқтисодӣ, амниятӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро бар дӯши ҳукумат мегузоранд”. Аҷаб даъвое! Магар моҳи сентябри соли гузашта ҳаминҳо набуданд, ки хостанд амнияти кишвар халалдор шавад? Ин баёния дар ҳоле пахш гардидааст, ки аллакай чанд тан аз роҳбарияти ҳизби мамнуъ, онҳое, ки мисли роҳбари ҳизб имкони фирор пайдо карда натавонистанд, дар боздоштгоҳ қарор дошта, чанде аз онҳо аллакай иқрор шудааст, ки дарвоқеъ ҳизби мазкур мехост дар кишвар табаддулот анҷом диҳад... Ҷаласабарпокардагон нигоштаанд, ки “душмантарошӣ аз қишрҳои гуногуни ҷомеа,

муқобили ҳам гузоштани арзишҳои динӣ ва дунявӣ огоҳона ба самти ифротгароии мазҳабӣ ва сиёсӣ равон кардани ҷавонони миллат ба хотири идомаи сиёсатҳои саркӯбгароёна ва сиёсатҳои рӯзмарраи ниҳодҳои давлатӣ мебошад”. Воқеан, дар шароите, ки мардуми кишвар дар фазои амният умр ба сар мебарад, даъво кардан, ки ҳеҷ амнияте таъмин нест ё худ дар ҳоле ки мардуми шарифи кишвар дар интихоби ақидаву эътиқод озоданд, иддао кардан, ки арзишҳои диниву дунявӣ ба ҳам муқобил гузошта мешаванд, камоли беақлӣ ва маҳзи бемантиқист. Ин даъворо боз онҳое мекунанд, ки худ барои мақсаду манфиатҳои ғализашон исломро ва эътиқоди мардуми кишварро истифода мекарданд. Гузашта аз ин, дар ҳамин шабу рӯзе, ки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи Тоҷикистон, умуман тамоми ниҳодҳои ҷомеаи мо ҳамвора талош доранд пеши роҳи ифротгароии ҷавонон гирифта шавад, ба забон овардани ҳарфе чун “огоҳона ба самти ифротгароии мазҳабӣ ва сиёсӣ равон кардани ҷавонони миллат” хеле шармовар мебошад. Бемуҳобо, ин ҳарфҳо аз сари ғараз ва тафриқа афкандан миёни ҷавонон, умуман мардуми кишвар гуфта мешаванд. Шак нест, ки душманон дигар тоби истиқрору амнияти кишвари моро надоранд. Аз ин рӯ, мехоҳанд бо роҳҳои гуногун ва макру найрангҳои нав ба нав осоишамонро таҳти хатар гузоранд. Шунидани ин даъвоҳои беасос аз як тараф дардовар бошад, аз ҷониби дигар бисёр хандаовар низ ҳаст. Зеро онҳое, ки ҷониби ҳукумати кишвари мо, ҷониби амнияту суботи ҷамъияти мо санг меафкананд, агар нек бингарӣ ё дар оғӯши Аврупо қарор доранд ё дар бағали роҳбарони Туркияву Эрон нишастаанд. Ин ба мо ҳушдор медиҳад, ки бояд бо ҳукуматҳои кишварҳои мазкур боэҳтиёт муомила кунем ва ҳушманд бошем, то фирефтаи меҳрубониву табассуми дурӯғинашон нагардем. Як нуктаи қобили таъкид ин аст: Душманони миллати мо ҳамвора моро бо заъиф будани пояҳои иқтисодии кишварамон муттаҳам мекунанд. Хусусан, дар ҳамин шабу рӯзе, ки тамоми ҷаҳон даргири буҳрони иқтисодист, иттиҳом бастан ба кишвари мо, ки “вазъи иқтисодӣ осебпазир” аст, навигарӣ нест. Зеро имрӯз вазъи иқтисодӣ дар тамоми дунё осебпазир мебошад ва ҳукумати кишвари мо роҳи берунрафт аз ин ҳолатро андешида истодааст. Чунончи зина ба зина татбиқи лоиҳаҳои аҳамияти стратегиву байналмилалидошта дар кишвари мо (Яке аз онҳо Лоиҳаи CASA-1000) далели рӯшани он аст, ки барои беҳбуд бахшидани вазъи иқтисодиамон корҳои самарабахш сурат гирифта истодаанд. Як чизи дигарро мешавад дар назар гирифт: душман агар айбе наёбад, мегӯяд думи сагат каҷ. Ё ин ки дар ҷамъият созандагон ҳарчанд бисёр бошанд ҳам, сӯзандагон ҳам кам нестанд.

е-mail: javonontj@mail.ru

Фоҷиаи навбатӣ дар баҳри Миёназамин


е-mail: javonontj@mail.ru

6

МУСОҲИБАИ “ҶАВОНОН...”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №22 (9448), 2 июни соли 2016

Ихроҷи 5845 ҳазор нафар аз Русия дар се моҳ Таври маълум, чанд соли охир депортатсияи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи Русия афзоиш ёфтааст. Дар робита ба ин ва масоили дигари марбут ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони кишвар бо сармутахассиси Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷон Умаров суҳбат оростем.

консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давлат ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Русия, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва ҳаллу фасл намудани дигар масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ равона карда шудааст. Кормандони намояндагӣ дар 8 шаҳру вилояти Федератсияи Русия бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии муҳоҷирон ҳамкории мунтазам дошта, барои ҳалли мушкилоти онҳо пайваста мусоидат менамоянд. - Шумо ояндаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандонро чӣ гуна арзёбӣ карда метавонед? - Муҳоҷирати шаҳрвандон метавонад воситаи умумии инкишофи маънавии намояндагони мухталифи миллию этникӣ гардад. Ҳар як муҳоҷир намояндаи ин ё он миллат, халқият ва ё гурӯҳи этникӣ мебошад. Аз ин хотир, вай ифодакунандаи забони муайян, хусусият, худшиносӣ ва маданияту анъанаҳои миллӣ аст ва ҳамзамон дар ташаккули маданияти сиёсӣ таъсир мерасонад. Шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар пеш аз ҳама ба худи онҳо вобастагӣ дорад. Ҷавонони мо дидаву дониста аз уҳдадориҳои онҳо даст мекашанд. Пӯшида нест, ки муҳоҷирати аҳолӣ дар рушди иқтисодии давлатҳо саҳми муҳим мебозад. Тавре дар боло қайд намудем, агар ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз ворид гаштан ба Федератсияи Русия ҳуҷҷатҳои лозимаро ҳаматарафа омода намудаву тибқи қонун ба расмият дарорад, ба мушкил дучор намешавад.

- Ташаккур барои суҳбат.

Ҷалби дастовардҳои зеҳнии ҷавонон барои рушди маҳал 28-уми майи соли ҷорӣ бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷалби дастовардҳои зеҳнӣ ва лоиҳаҳои инноватсионии ҷавонон барои рушди маҳалҳои Тоҷикистон” форуми байналмилалӣ доир гардид.

www.javonon.tj

КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД ДАСТГОҲИ МАРКАЗӢ 1. Сармутахассиси Раёсати рушди туризм – 1 ҷой, маоши мансабӣ 855 сомонӣ. 2. Мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилоот - 1 ҷой, маоши мансабӣ 697 сомонӣ. 3. Мутахассиси Раёсати рушди туризм - 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 1. Мудири Бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 854 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 702 сомонӣ. 3. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён – 1 ҷой, маоши мансабӣ 702 сомонӣ. 4. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд – 1 ҷой, маоши мансабӣ 603 сомонӣ. 5. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. 6. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. 7. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Восеъ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. 8. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хусрав – 1 ҷой, маоши мансабӣ 472.50 сомонӣ.

Наҷиба МУРОДБЕКОВА - Айни ҳол шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Русия чӣ қадар аст? - Масъалаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони кишвар зери назорати доимӣ ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти давлат қарор дорад. Муҳоҷирати меҳнатӣ ба яке аз масъалаҳои глобалии ҷаҳони имрӯза мубаддал гаштааст. Мутобиқи маълумот ва дурнамои Созмони Милали Муттаҳид шумораи муҳоҷирон, ки то соли 2010 ҳамагӣ 214 миллион нафарро ташкил медод, дар соли 2015 ба 405 миллион нафар расид. Натиҷаҳои баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандони кишвар ба хориҷа дар семоҳаи аввали соли 2016 164 ҳазору 641 нафарро ташкил медиҳад, ки аз рӯи самтҳои гуногун, аз ҷумла кор, тиҷорат, таҳсил, саёҳат, шахсӣ ва хизматӣ сафар намудаанд. Бояд қайд намуд, ки аз шумораи умумии муҳоҷирон, ки ба мақсади кор ба хориҷа рафтаанд 144 ҳазору 319 нафарро занон ва мардони аз 18-сола то 50-сола ва 62 ҳазору 382 нафарро ҷавонони аз 18 то 29-сола ташкил медиҳанд. - Дар соли 2016 чанд нафар шаҳрванди Тоҷикистон депортатсия шудаанд ва сабаби ин дар чист? - Солҳои охир бо мақсади батанзимдарории ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ дар қонунгузории Федератсияи Русия нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ин давлат фаъолияти муваққатии меҳнатӣ менамоянд, як қатор талаботи нав ҷорӣ гардида истодааст. Яке аз мушкилоти асосие, ки муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ҷавонон дар давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирон ба он дучор мегарданд, надоштани касбу ихтисос, надонистани забон ва риоя накардани талаботи қонунгузории ин давлат мебошад. Тибқи маълумоти гирифтаи мо дар се моҳи охир 5845 ҳазор нафар шаҳрванди мо бо сабабҳои гуногун аз Русия бо муҳлати аз 3 то 5 сол хориҷ гардиданд. Бо назардошти ин дар муассисаҳои таълимии вазорат феълан дар 42 барномаи таълимӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла омӯзиши забони русӣ ба роҳ монда шудааст. - Барои пешгирии ин раванд аз тарафи Вазорат кадом корҳои мушаххас анҷом дода шуда истодааст? - Фаъолияти намояндагиҳои Вазорат дар Федератсия Русия дар ҳамкорӣ бо сафорат ва

 ЭЪЛОН

Дар он маърӯзаҳои илмӣ ва лоиҳаҳои инноватсионии намояндагони Федератсияи Русия, Украина, Иттиҳоди Аврупо, Чин ва Тоҷикистон манзур ва мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мавсума Муинӣ - муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни баромад, аз ҷумла иброз дошт, ки дар марҳилаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷалби нерӯи ҷавонон, хусусан дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ниҳоят муҳим мебошад, чунки танҳо ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод, бонангу номус ва дорои ҷаҳонбинии муосир метавонанд ҳамчун ворисони сазовори таъриху фарҳанги миллӣ рисолати ватансозиро бар дӯш гирифта, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан сарбаландона иҷро намоянд. Баргузории чунин форум дар шароити муосири ҷомеа саривақтӣ ва амри зарурӣ буда, барои ҷавонон ҷиҳати баланд гардидани сатҳи маърифатнокӣ, ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва ҳисси меҳанпарастӣ, ҳамчун як омили зарурӣ хизмат менамояд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

ВИЛОЯТИ СУҒД 1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 738 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 702 сомонӣ. 3. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 702 сомонӣ. 4. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Б. Ғафуров – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ 1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сангвор – 1 ҷой, маоши мансабӣ 702 сомонӣ. ШАҲРИ ДУШАНБЕ 1. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи И. Сомонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 522 сомонӣ. 2. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – 1 ҷой, маоши мансабӣ 522 сомонӣ. Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад: - ариза ба унвони роҳбари мақомот; - варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо; - шарҳи ҳол; - нусхаи диплом; - 2 дона расми 3х4; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - нусхаи шиноснома; - маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ; - нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда); - маълумотнома аз ҷои истиқомат; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 086 УЕ; - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН); - маълумотнома (справка-объективка). Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ Барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар: - таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис: - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бахши кор бо кадрҳо). Телефон: 236-41-87, 235-10-23. Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.


МИНБАРИ АНДЕША

Шаҳром ба ҳуш омада дид, ки болои сараш чанд нафар хилъатсафедон машварат менамуданд. Онҳо табибон буданд. Кӣ ӯро ба беморхона овард? Ба ӯ чӣ воқеа рух дод? Ин фикрҳо дар сараш давр мезаданду хира-хира ба ёд меовард, ки чӣ гуна бемадор шуду сараш чарх зад…

инсони солим табдил диҳад. Табибони силшинос агар аз як ҷониб бо дорую даво ба бемор шифо бахшанд, аз ҷониби дигар суханони хуш ва муомилаи самимиро нисфи шифоёбии ранҷурон меҳисобанд. Албатта, ин аз онҳо маҳорату малака ва ҳунару истеъдоди хоссаро тақозо менамояд, зеро ғолибан бемории сил қабл аз ҳама ба асаби инсон таъсир гузошта, ӯро рӯҳафтодаву нотавон месозад. Аксари чунин беморон муолиҷаро, ки одатан тӯлонӣ сурат мегирад, то ба охир анҷом надода, ба тақдир тан медиҳанду худро бо дасти худ ба коми нобудӣ меандозанд. Мушкили дигар он аст, ки чунин беморон ба хотири он ки мардум аз онҳо канораҷӯӣ ва ё ҳазар накунанд, қаблан худро аз ҷомеа канор мегиранд, ки чунин канораҷӯӣ ба ҳолати равонии онҳо бетаъсир

мории сироятӣ ва комилан табобатшаванда аст. Мутобиқи хулосаҳои мутахассисони силшинос, яке аз роҳҳои пешгирии сироятёбӣ аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ, хоса бемории сил, ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим мебошад, ки кафолати асосӣ ва эътимодбахши сироятнопазирӣ маҳсуб меёбад. Хӯроки серғизо ва саривақтӣ низ метавонад дар баробари ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим барои пешгирии ин гуна бемориҳо мусоидат намояд. Вақте масунияти бадан суст мешавад, имкониятҳои мубтало гаштан ба ин беморӣ бештар мегардад. Яъне омили асосии сироятёбӣ аз ин беморӣ камбизоативу нодорӣ, вазъи ногувори иқтисодӣ, паст будани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Зафар, ҳамсуҳбати дига-

аз вартаи ҳалокат наҷот дод. Дар муддати шаш моҳ ман ба пуррагӣ шифо ёфтам. Ҳамагон медонем, ки таботату ташхиси бемориии сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи ройгон ба роҳ монда шудааст ва чунин беморон то ба пуррагӣ шифо ёфтан зери назорати пайвастаи табибон қарор мегиранд. Мутахассисони соҳа низ инро собит сохта, изҳор медоранд, ки танҳо сабру таҳаммул, маълумотнокии комил ва эътимод ба ояндаи нек метавонад шахсро аз кӯи ноумедиҳо берун овардаву ба

намемонад. Шаҳром аз муомилаи хуби табибон сипосгузор асту ба дигар мубталоёни ин беморӣ сидқан таъкид менамояд, ки онҳо набояд руҳафтода бошанд ва набояд канораҷӯиро аз мардум ихтиёр намоянд, зеро ин танҳо ба зарари онҳо хоҳад буд. Шаҳром қаблан гумон мекард, ки бемории сил ирсӣ аст ва метавонад минбаъд ба наслҳои ӯ низ таъсир расонад. Вале баъди он ки ӯ дар беморхона муолиҷа гирифт, боварӣ ҳосил намуд, ки ин танҳо бе-

ри мо донишҷӯ буд. Ӯ ки дар оилаи серфарзанд ва камбизоат ба воя расида буд, шароити иҷтимоии оила имкон намедод, ки ҳар рӯз хӯрокҳои серғизо истеъмол намудаву тарзи ҳаёти солим дошта бошад. Баъзан аз субҳ то бегоҳ бо шиками гурусна аз пайи дарсу тамринҳо мешуд. Рӯз то рӯз лоғар гардида, пайваста месулфид. Боре яке аз дӯстонаш ба ӯ маслиҳат дод, ки ба беморхона рафта, аз ташхис гузарад. Ташхис муайян намуд, ки Зафар мубталои бемории сил шудааст. Ӯ фавран дар бе-

Дард дар ман аст, шифо ҳам дар ман

морхона бистарӣ ва ба табобат фаро гирифта шуд. Баъди як моҳи табобат ӯро ба хона ҷавоб доданду ду моҳи дигар табобатро дар хона идома дод. Оиладор асту маслиҳатҳои худро оид ба шифоёбӣ аз беморони руҳафтода ва ноогоҳ дареғ намедорад: - Ман дар бораи ин беморӣ чандон иттилоъ надоштам, аммо вақти дар беморхона буданам доир ба бемории сил пурра огаҳӣ пайдо намудаму он тарсу ҳарос ва даҳшате, ки эҳсос мекардам, тадриҷан аз байн рафт, - гуфт Зафар. - Ман қаблан оилаеро мешинохтам, ки панҷ нафар аъзои он аз асари ин беморӣ фавтида буданд. Вақте фаҳмидам, ки мубталои ин беморӣ гаштаам, даҳшате маро фаро гирифт. Оқибат дарк кардам, ки сабаби асосии шифо наёфтан аз ин беморӣ маҳз иродаи заифи худи беморон мебошад. Беаҳамиятиву бепарвоӣ ва бештар аз ҳама маълумоти нокифоя доштан дар бораи ин беморӣ, ки оқибати ногувор низ дошта метавонад, мушкилиро афзун мегардонад”. Таҷрибаҳо собит сохтаанд, ки ғайр аз доруву даво, ки ҳатмист, кӯмаки моддиву равонӣ ба чунин беморон хеле манфиатнок аст. Зеро чунин беморон ба дастгирии равонӣ хеле эҳтиёҷ доранд. Чӣ қадар ки ҳолати равонии шахс мусоид ва иродаи ӯ қавӣ бошад, ҳамон андоза табобат осону шифоёбӣ кӯтоҳмуддат мегардад. Вақти хушу рӯзгори осуда барои бемор хеле муҳим аст. - Ман мехоҳам имрӯз то ҷое ки имкон дорам, ба беморони сил кӯмак расонам. Ба онҳо аз таҷрибаи худ маълумот диҳаму бовар кунонам, ки ин беморӣ табобатшаванда аст ва ҳатман шифои бемор дар дасти худи ӯст, - бо қатъият изҳор медорад Зафар. Бемории сил на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷаҳон ҳамчун оризаи сирояткунанда боиси нигарониҳои зиёд гардида, масъулияти мутахассисон ва ниҳодҳои барои пешгирӣ ва рафъи ин беморӣ вазифадорро афзун месозад. Ҳамасола барномаҳои мушаххаси байналмилалӣ таҳия мегарданд, ки маҳз ба ин мақсад нигаронида шудаанд. Олимони соҳа роҳу усулҳои наву замонавии ташхису табобати ин бемориро ҷустуҷӯ намуда, эътимоди мардумро ба табобатшаванда ва безарар будани бемории сил тақвият мебахшанд. Донишкадаву донишгоҳҳо, марказҳои илмии байналмилалии силшиносӣ пайваста матолиберо интишор медиҳанд, ки барои огоҳонидани мардум ва пешгирии ин ориза муфиду созгоранд. Аммо болотар аз ҳама ин иродаи қавӣ ва муборизаи беамони ҳар аъзои ҷомеа, хоса беморон, алайҳи чунин маризиҳо мебошад, зеро беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар кас худи ӯст.

www.javonon.tj

Шаҳром бо чанде аз ҳамдеҳагонаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт. Ӯ рӯзу шаб заҳмат мекашид, то маблағе ба даст биёраду барои эҳтиёҷоти хонавода ба Ватан фиристад. Вале як муддат ӯ худро хаставу бемадор эҳсос намуд. Шабҳо баданаш арақ мекарду табаш баланд мешуд. Рӯзона бошад, дарди қафаси сина азобаш медоду рӯз то рӯз лоғар мегардид. Рӯзҳои аввал ӯ инро бар асари кори зиёд ва хасташавӣ медонисту чандон эътибор намедод. Вале рӯз то рӯз вазъи сиҳатиаш бадтар шуда, оқибат ба беморхона афтид ва табибон ташхис гузаронида, бемории ӯро муайян намуданд. Шаҳром мубталои бемории сил гашта буд. Бо сабаби он ки дар Русия табобати чунин бемориҳо барои шаҳрвандони кишварҳои хориҷ маблағи зиёдро талаб мекунад, Шаҳром қарор дод, ки муолиҷаро дар Тоҷикистон идома медиҳад ва дарҳол ба Ватан баргаштаву ба беморхонаи махсус муроҷиат намуд. Ӯро бистарӣ намуданд ва муддати муайян бо табобат фаро гирифта шуд. Ду моҳ дар беморхона ва чор моҳи дигар дар хона табобат гирифт. - Вақте бори нахуст фаҳмидам, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаам, маро як ҳиссиёти ногуворе фаро гирифт, - мегӯяд Шаҳром. – Ман, бе он ки ягон нафарро огоҳ кунам, ба беморхона рафтаму пеши худ мақсад гузоштам, ки алайҳи ин дард бояд мубориза барам. Ҳама ёру ошноҳо гумон мекарданд, ки ман то ҳанӯз дар Русия ҳастам, ман низ ба

касе хабар надодам. Танҳо модарам ба аёдатам меомад. Шаҳром бемории худро аз шиносу наздикон пинҳон медошт. Сабаби ин, албатта, маълум буд. Ӯ намехост, аз ӯ ҳазар кунанд, ё мавриди раҳму шафқати атрофиён қарор бигирад. Дар ҳақиқат ҳам дар байни мардум ақидаҳои нодуруст дар бораи чунин бемориҳо вуҷуд дорад, ки дар ниҳоди шахс ҳар гуна эҳсосоти ногувореро бедор месозад. Шаҳром бошад, ба иродаи худ умед баста буду Худоро тавалло мекард, то барояш шифои комил бубахшад. - Ман асло намехостам, ки мардум худро аз ман канор бигиранд ва маҳз ҳамин ваҳшати танҳо мондану ради маърака шудан маро водор месохт, ки бо тамоми нерӯ ва ҳастӣ барои шифо ёфтан талош кунам. Маҳз ҳамин талошҳо маро

7 е-mail: javonontj@mail.ru

Шаҳло ЭШОНОВА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №22 (9448), 2 июни соли 2016


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

8

РАҲОВАРД

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №22 (9448), 2 июни соли 2016

ни издиҳоми мардум, ки ҳама мерақсиданд, диққати моро рақси ду зани аврупоипӯш ҷалб намуд. Онҳо ҳарчанд мисли дигарон хуб намехиромиданд, вале шодишарики мардум буданд. Ин ду бону Ҷасмин ва Риса аз Швейтсария буданд. Онҳо қатори мардум шодикунон бо сарбозон рақсу бозӣ намуда, бо онҳо акси хотиравӣ мегирифтанд. Баъди суханронии чанде аз сокинони маҳаллӣ Ҷасмин, бонуи сайёҳ хоҳиш намуд, ки ӯ ҳам мехоҳад сухан кунад. Навбати сухан ба ӯ дода шуд: - Номи ман Ҷасмин, аз Швейтсария омадам. Чандест, ки мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистонро тамошо мекунам. Тоҷикистон диёри афсонвиро мемонад. Чун ман огаҳӣ пайдо кардам, ки бахшида ба ҷашни

Шодихони НАЗАР Саёҳати мо дар доираи сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ рост омад. Лаб лаби дарёи Панҷ роҳи мо аз миёни кӯҳҳои сар ба фалак мегузашт. Аз он тарафи дарё деҳаҳои ҳамсоякишвари мо Афғонистон намоён аст. Фарқият аз ин тарафи дарё то он тарафи дарё, ки тақрибан 200 метрро дар бар мегирад, хеле зиёд аст. Аз ҷойгир шудани хонаҳо дар деҳа сар карда, то шароити зиндагӣ. Роҳе, ки лаб лаби дарё мо ба он равон ҳастем, баъзе қисматҳояш аз офатҳои табиӣ зарар дида, ба таъмир ниёз дорад. Аз ин рӯ, нақлиёти мо ором ҳаракат намекунад. Баъди пушти сар шудани тақрибан 370 клометр роҳ аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи зебоманзари Дарвоз расидем. Мардуми меҳмоннавози Дарвоз бо як чорабинии фарҳангӣ, ки инъикосгари расму оини ин ноҳияи кӯҳистони кишвар аст, моро пешвоз гирифтанд. Ҳангоми ворид шудан ба дарвозаи ин диёри кӯҳсор пайкараи Борбади Марвазӣ рӯ ба рӯямон намоён гардид. Мардуми ноҳия ҳамчун рамзи эҳтиром ва ҳифз намудану муаррифии ин шахсияти соҳаи санъат ба насли наврас пайкараи ӯро дар дарвозаи ноҳия сохтаанд. Боду ҳавои софу беолоишаш баъди боридани борони баҳорӣ ба машом бӯйи гулу гиёҳро меорад. Ворид шудан замон ба дарвоза пули тақрибан 30-35-метра моро аз болои дарёи Хумбов вориди шаҳраки Дарвоз намуд. Дар ин минтақа ки тақрибан 99 фоизашро кӯҳ ташкил медиҳад, лаб лаби дарё ҷойҳои истироҳатӣ барои сайёҳон сохта шудааст, ки диққати бинандаро ҷалб мекунад. Диққати моро гурӯҳи сайёҳоне, ки дар тарабхонаи “Ориёно” бо дӯстони тоҷикашон нишаста чой менӯшиданд, ҷалб намуд. Оби мусаффои дарёи Хумбов ба харсангҳо бархурда, садои баланду форамеро ба гӯш мерасонд. Боди оби дарё ҳар лаҳза рӯйю мӯйи истироҳаткунандагонро мепалмосид. Дар канори дигари дарё сайёҳон ба аксбардорӣ машғул буданд. Мардуми меҳмоннавози Дарвоз, аз хурд то бузург, ҳангоми аз назди

Биё, ёр, мерем сайёҳон гузаштан бо чеҳраи хандон салом медоданд. Аз ҷониби муқобил гурӯҳи гулдухтарон бо либосҳои атласу тоқичаҳо бо писарон якҷо хандакунон меомаданд, ки аз чеҳраи онҳо метавон осудагиву оромишро эҳсос намуд. Ин манзараи тоҷикона аз мадди назари сайёҳон дур намонд. Сайёҳи босниягӣ Дадо Дилиҷ дарҳол худро миёни ҷавонон гирифта, бо онҳо акси хотиравӣ гирифт. Таассуроти ӯро дар бораи Тоҷикистон пурсон шудем: “Бо манзараҳои Тоҷикистон ба воситаи интирнет ошно гардидем, ки диққати моро ҷалб намуд. Айни ҳол дар ин мавзеъ қарор дорем ва онро аз тасаввурамон зиёд дарёфтем. Ин ҷо чизи сохтаро намебинем. Ҳама табииянд, мардумаш меҳмоннавоз, диёри амну субот аст. Мо хеле хурсанд ҳастем”, - гуфт Дадо Дилиҷ. Кӯдакон дар мавзеъҳои истироҳатӣ аз назди падару модарашон канортар бозӣ мекунанд. Моро дидан замон ҳама ҷониби мо “ҳело, ҳело” гӯён давиданд. Онҳо аксбардории моро дида, сайёҳи хориҷӣ гумон карданд. РАҚСИ САРБОЗ ДАР ДАРВОЗ Баъди тамошои шаҳраки Дарвоз ва ошноӣ бо мавзеъҳои таърихӣ бегоҳи 9 май ба хотири пос доштани хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ консерти шоми дӯстӣ ороста шуд. Сарбозон дар ҳалқаи мардум рақсу бозӣ мекарданд. Ҳар сарбоз барои ҷавонони ҳузурдошта идеал буд. Ҷавонон бо сарбозон аксбардорӣ мекарданд. Маҳфилро фарзанди ҳамин диёр Ҳақназари Ҳукумзод гарм нигоҳ медошт. Сокинон бо раиси ноҳия мерақсиданд. Миё-

Ваҳдат ин ҷо барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегардад, кӯшиш мекунам, ҳар шоми шанбе бо шумо бошам. КАРОН - НИШОНА АЗ НИЁГОН 10-уми май. Табиат баъди боридани борон диёри афсонвиро ба хотир меорад. Қисмате аз кӯҳҳои сарбафалакро абрҳои сафеди осмонӣ ҷо-ҷо печонидаанд. Қисмати дигари кӯҳҳо аз ҷониби муқобил, баъди боридани борон ва расидани нурҳои офтоб мисли лаъли Бадахшон ҷило медоданд. Чанги оби дарёи Хумбов лабу рӯи моро палмосида, ба мо нерӯи дигар мебахшид. Дар лаби дарё Абдумудасир Аҳмадзода, муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” чашм аз мавҷҳои дарё наканда, дар фикр фурӯ рафта буд, ки садои Расулҷон Шокиров, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз ӯро ба худ овард: “Устод, тибқи нақша имрӯз мо бояд ба шаҳри қадимаи Карон сафар намоем”. Масъулин гуфтанд, ки баъд аз боридани борони шабона баромадан ба Карон камтар хатаровар аст. Ҳар лаҳза санг хамиданаш мумкин. Бо мошин рафтан хатари зиёд дорад. Сайёҳон мехостанд ба ҳар воситае, ки бошад ин шаҳри таърихиро бинанд. Масъулин ба хулосае омаданд, ки мо ба воситаи квадротсикл ба роҳ бароем. Ин нақлиёт аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ пешниҳод мешавад, ки барои сайёҳон қулай ва мувофиқ аст. Карон дар баландии 1700 метр аз сатҳи баҳр, дар болои кӯҳи Зоғиқ воқеъ аст. Бино ба гуфти археологон, дар гузашта роҳи корвонгузар ба сӯйи Бадахшон ва дигар самтҳои минтақа аз канори ҳамин шаҳр


РАҲОВАРД

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №22 (9448), 2 июни соли 2016

мулки Дарвоз дид аз ин мавзеъ дар рӯзномаи “European Times” менависад, ки “ҳангоми сафарам ба Карон, ман бо чашми худ бузургии ин ёдгории бостониро дидам, ки ҳамагӣ як сол пеш аз ҷониби доктор Ю. Яъқубов кашф шуда буд. Ин ёдгорӣ таърихи дуру дарозеро доро буда, ба давраҳои биринҷ ва ҳазораи 3-2-и қабл аз мелод рост меояд. Ин майдони бузурге будааст, ки аз чанд маҷмуа иборат аст. Карон ҷавобдиҳандаи бисёр суолҳо аз таъриху тамаддуни Тоҷикистон буда, маркази таҳқиқоти бостоншиносони зиёд хоҳад гардид”. Ба қавли бостоншиносони тоҷик, ки аз забони мардуми

маҳаллӣ навиштаанд, шаҳри Карон миёни мардум бо номи қалъаи Шаҳшаҳа ва дар Ишкошим бо номи Қаҳқаҳа то ҳанӯз ёд мешавад. Худи калимаи Карон дар луғатҳо ба маънои “бузург”, “неру”, “тавоноӣ” ва “баланд” зикр шудааст. Дар забони мардуми тоҷик ин вожа ба маънои “кару фар”, “карсанг” - санги бузург, “каргас” - парандаи бузург ва дигар истилоҳҳо истифода шудааст. Баъди тай намудани роҳи пурбечутоб, ки гирди кӯҳ давр мезад, мо ба шаҳри Карон расидем. Дар аввал диққати моро олоту ашёҳои истифодамекардаи мардуми он давр ҷалб намуд, ки ҳама бо ороиши

ЮСУФ ҶӮРАЕВ

дар ҳамин минтақа зиндагӣ мекардаанд. Ба гуфтаи археологон барои пурра кашфи ин мавеъ ва ошноӣ пайдо намудан бо тарзи зиндагии мардум дар ин минтақа корҳои зиёди анҷомнаёфта боқӣ мондааст. РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ДАРВОЗ Дар маркази ноҳияи Дарвоз меҳмонхонаи замонавие бо номи “Карон” қомат афрохтааст. Барои ошно гардидани шароитҳои фарҳамовардаи мутасаддиён вориди меҳмонхона гаштем. Меҳмонхона ба таври замонавӣ бунёд гардида, хизматрасонӣ дар сатҳи баланд аст. Директори меҳмонхона Юсуф Ҷӯраев зимни суҳбат гуфт, барои сайёҳон турпакетҳо ташкил намудаанд. Меҳмонхона сайёҳонро барои баромадан ба мавзеъҳои таърихӣ, ба монанди шаҳри қадимии Карон, қаълаи Хумб бо квадротсикл таъмин менамояд. Дар баробари ин, тирпаронӣ, фотосафария ва моҳигириро ба роҳ мондаанд. Инчунин барои ҷавононе, ки нав оила барпо мекунанду мехоҳанд ба саёҳат бароянд, дар мавзеи Чорчаман махсус

www.javonon.tj

махсус аз санг сохта шудаанд. Харобаҳои шаҳр бошанд, дар масоҳати 100 гектар ҷой гирифтааст, ки барои пурра кашф шудани онҳо омӯзиш ва вақти зиёд лозим. Яке аз бозёфтҳои муҳими ин шаҳр, ки қадима будани ин мавзеъро исбот мекунад, бурҷи бузургдошти оташ аст. Ба қавли бостоншиносон, он хоси меъмории давраи пеш аз ислом мебошад, ки ба давраи оташпарастӣ рост меояд. Бозёфти дигар “Лавҳи китоб” аст, ки аз санг сохта шудааст. Лавҳ дар болои меҳроби рӯди Дойтиё ҷойгир буда, 3 метр дарозӣ, 1 метр паҳно ва 60 сантиметр ғафсӣ дорад. Ҳангоми пайдо намудани ин нигораи таърихӣ лавҳ пора шуда, аз болои таҳкурсӣ ғеҷида буд. Яке аз бозёфтҳои ин шаҳри қадима майдони чавгонбозӣ мебошад, ки 300 метр дарозӣ ва 65 метр паҳноӣ дорад. Ба гуфтаи бостоншиносон ин майдони чавгонбозӣ куҳантарин дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, ки то имрӯз бетағйир побарҷост. Баъди тадқиқот маълум гардидааст, ки шоҳони Дарвоз то асри 19

РАСУЛҶОН ШОКИРОВ

ҷой омода шудааст ва барои моҳи асал тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. - Баъд аз бештар тарғиб кардани меҳмонхона ва ташкили турпакетҳо омаду рафти сайёҳон зиёд шудааст. Истироҳати як шабонарӯз дар меҳмонхонаи “Карон” аз 355 то 850 сомониро дар бар мегирад, - гуфт Ю. Ҷӯраев. - Аксари сайёҳон баҳри дидани шаҳри Карон ба ноҳияи Дарвоз сафар мекунанд. Баъдан боду ҳаво анҳоро ба ин мавзеъ меорад”. Дар баробари пешрафт камбудиҳо низ ҷой доранд. Ба гуфтаи масъулин сайёҳон асосан аз суръати пасти интернет шикоят мекунанд. Баъдан барқ зуд-зуд хомӯш мешавад, ки норозигии сайёҳонро ба бор меорад. Масъулин гуфтанд аз пайи ҳалли онҳо шудаанд ва дар кутоҳтарин муҳлат мушкилиҳо бартараф мешаванд. Юсуф Ҷӯраев мегӯяд, дар ноҳия мавзеъҳое ҳастанд, ки тарғиб нашудаанд. Ба монанди Дараи Гушум, Мазори Зев, Пшогид, Вастан. “Дар нақшаҳои баъдинаи худ мо инро ҳам ҷой додаем ва дар солҳои наздик ин мавзеъҳо низ тарғиб мешаванд. Бовар дорам, ки баъди тарғиби ин мавзеъҳо сафи сайёҳон боз ҳам зиёд мегардад”, - афзуд Ю. Ҷӯраев. Директори меҳмонхона аз камбудиҳои соҳаи сайёҳӣ низ суҳбат кард. Ба гуфтаи ӯ, азбаски аксар мавзеъҳои моро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, кӯҳнавардиро бояд вусъат дод. Бисёр сайёҳон ҳам барои ташкили сайёҳати кӯҳнавардӣ пешниҳодҳо мекунанд. Агар ин самтро фаъолтар гардонем, фоидаи зиёд ба даст меояд. Зеро аз як сайёҳ 500-600 долари ИМА фоида ба даст меорем. Баъдан бетаъмир будани роҳҳо. Вақте онҳо то ин ҷо меоянд, бо сару рӯйи пур аз гарду чанг аз шароити роҳҳо шикоят мекунанд. Хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо дар сатҳи паст қарор дорад. Бо сайёҳон муносибати хуб намекунанд. Аксар сайёҳон аз муомилаи онҳо шикоят мекунанд. Дар ҳоле ки меҳмон фуруд омадан баробар дар симои онҳо меҳмонавозии мардуми тоҷикро баҳо медиҳанд. Ба кормандони фурудгоҳҳо тарзи меҳмоннавозӣ ва қабулу гусели мусофирон омӯзонда шавад. Хуб мешуд, ки нархи раводид ҳам ба инобат гирифта шавад. Дар бисёр кишварҳо бо як бор гирифтани раводиди семоҳа чанд маротиба метавонӣ ба ватани худ рафта боз баргардӣ. Дар мо вақте сайёҳ ба ягон мушкилӣ дучор мешаваду мехоҳад ягонрӯза барояду боз баргардад, дуюмбора раводид гирифтанаш лозим аст. Ин ҳолатҳо сайёҳро мегурезонад. Баъд аз ислоҳи чунин камбудиҳо, ки ба худи мо вобаста аст, фикр мекунам сафи сайёҳонро дучанд зиёд мегардонем, - афзуд Ю. Ҷӯраев.

е-mail: javonontj@mail.ru

мегузашт. Ин шаҳр монанди қалъаи Аламут фатҳнопазир буд. Он диққати шарқшиносони шинохтаи ҷаҳон, ба монанди И. Маркварт, В. Бартолд, Б. Ғафуров ва дигаронро ҷалб намуда буд. Инҳо макони Каронро дар ҷануби Бадахшон, Дарвозу Рӯшон ва маркази Дарвоз пешгӯи мекарданд. Соли 2012 дар такя ба навиштаҳои Бобоҷон Ғафуров ба археолог Юсуфшоҳ Яъқубов муяссар гардид, ки ин мавзеъро кашф намояд. Баъдан ин бозёфти таърихӣ диққати бостоншиносони тамоми ҷаҳонро ҷалб намуд, ки аксари онҳо барои аз наздик ошно гардидан бо ин мавзеи таърихӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Бруно Оверлает, доктори илми бостоншиносӣ, профессори Донишгоҳи Гентии Шоҳигарии Белгия зимни боз-

9


е-mail: javonontj@mail.ru

10

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №22 (9448), 2 июни соли 2016

 СОҲИБКАСБ

Муҳаббат ба касб ибтидои комёбист Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ Ҳангоми таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Боғи “Ирам”-и пойтахт назарам ба як гурӯҳ духтарон афтод, ки бо шавқ рубоб менавохтанд. Замзамаи оҳангу суруди дилнишини онҳо чунон фораму рӯҳбахш буд, ки ба кас фараҳ мебахшид. Ба чеҳраи бинандагон нигариста, дарк намудам, ки вақте ҳунар ба авҷи аълояш мерасад ва он сидқан омӯхта мешавад, ҳатман рӯзе мерасад, ки ҳаводорони худро пайдо месозаду мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.

www.javonon.tj

5 ИЮН - РӮЗИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Анора Нигматуллоева аз хурдсолӣ ба мусиқӣ майл намуда, ҳар маротибаи бархурд бо ин санъати нотакрору рӯҳангез дар замираш шавқу шӯре пайдо мегардид ва ӯро барои ворид шудан ба ин роҳ таҳрик медод. Ҳар ҳаракату рафтори ҳунармандонро мушоҳида намуда, хубашро меомӯхт. – Вақте хурд будам, овозхон шудан мехостам. Вале пас аз чанд муддат ба навозандагӣ дилбастагии амиқ пайдо намудам. Модарам низ мехост ман навозандаи дутор бошам. Ба дуторнавозӣ бисёр таваҷҷуҳ доштанд. Дар баробари шавқу завқи худам, инчунин дастгирии модарам буд, ки ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ба навозандагӣ низ машғул мегардидам. Чунин ҷараён гирифтани кор боис гардид, ки пас аз хатми мактаби миёна роҳ сӯйи Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқуловро пеш гирам, - мегӯяд Анора. Ҳангоми таҳсил доим дар талоши он буд, ки омӯзаду тамоми нозукиҳои пешаашро аз бар намояд. Ҳеҷ гоҳ аз хаста гардидану бо монеаҳо дучор шудан рӯҳафтода намегардид, балки ҳамеша баҳри расидан ба аҳдофи асосиаш саъю кӯшиш менамуд. Пас аз чор соли таҳсил бо дуои устодон роҳ сӯйи мактаби мусиқии шаҳри Турсунзодаро пеш гирифт. Беш аз 20 сол мешавад, ки дар ин даргоҳи маърифат ба таълиму тарбияи шавқмандони ин ҳунари мардумӣ машғул аст. Солҳои аввали ба кор шуруъ карданаш сафи шогирдонаш хеле кам буданд. Вале пас аз заҳматҳои шабонарӯзӣ таваҷҷуҳи ҷавононро ба дуторнавозӣ бедор кард. Айни ҳол ӯ ба чил нафар дуторнавозиро меомӯзад. Шогирдонаш дар ансамблҳои ҳунарӣ фаъолият доранду соҳиби обрӯ ҳастанд. Пас аз чанд соли фаъолият дар мактаби мусиқии шаҳри Турсунзода ансамбли дуторнавозони шаҳри Турсун-

зодаро таъсис дод. Ин ансамбл бо иҷрои оҳангҳои халқӣ дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ иштирок мекунад. Иштирок дар чорабиниҳои гуногун ба ӯ илҳом мебахшиду баҳри боз ҳам хубтару беҳтар омода сохтани шогирдон нерӯи тоза мебахшид. – Соли гузашта Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода шоҳиди ҳунарнамоии ансамбли мо гардида, ба ҳунари духтарон баҳои баланд доданд, - ба ёд меорад Анора. – Сарвари давлат ба ансамбли мо чанд дутор туҳфа намуда таъкид карданд, ки бояд баҳри ташвиқу тарғиби ин ҳунари мардумӣ фаъолияти худро васеътар ба роҳ монда, дар пешрафти ин намуди санъат саҳм гузорем”. Ансамбл дар чандин фестивалозмунҳо ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаву бо диплому сипосномаҳо қадрдонӣ шудааст. Анора Нигматуллоева аз уҳдаи навохтани дойираву фортапиано низ ба хубӣ мебарояд. Суруд ҳам мехонад. Ӯ ин ҳама пешравию шукуфои Меҳан ва дар баробари он ривоҷ ёфтани ҳунарҳои мардумиро файзи истиқлол медонад. “Бо шарофати истиқлолият

нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафт. Беш аз 180 давлати дунё ҷумҳурии моро мешиносанду ҳамкорӣ доранд. Қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки баҳри боз ҳам рушд ёфтани кишвари азизамон ва боло рафтани мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ саъю талош намоем. Моро лозим аст, ки дар соҳаи хеш самаранок фаъолият ва содиқона меҳнат намоем”. Ду фарзанди Анора Нигматуллоева низ пайрави роҳи ӯ буда, имрӯз дар омӯзишанду мехоҳанд мисли модарашон соҳибҳунар бошанд. Ба таъкиди ӯ муҳаббат аст, ки дар тамоми ҷода инсонро муваффақ месозад, зеро маҳз муҳаббати самимӣ нисбат ба касб ибтидои комёбист.

Таваҷҷуҳ ба энергияи сабз меафзояд Солҳои охир дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) таваҷҷуҳ ба истифодаи энергияи офтоб зиёд шудааст. Дар шаҳри Дубайи ин кишвари сернефт тасмим гирифтаанд, ки бо мақсади тоза нигоҳ доштани муҳити зист сад истгоҳи автобусро бо панелҳои офтобӣ муҷаҳҳаз созанд. Ин таҷҳизот шабона чароғҳои истгоҳ ва таблоҳои рекламавиро бо нерӯи барқ таъмин мекунад. Ғайр аз ин дар ду тарафи роҳҳо таҷҳизоти офтобиро бо шакли “нахл” (дарахти хурмо) сохтаанд, ки рӯзона нерӯи барқи офтобиро дар аккумуляторҳо захира намуда, шабона пешкаши истифодабарандагони интернет, зарядпуркунандагони телефон ва камераҳои назоратӣ менамоянд. Ҳамчунин дар ин кишвар тавассути таҷҳизоти офтобӣ оби шӯри баҳрро ба оби ширин табдил медиҳанд. Чанде пеш Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ Ассисӣ изҳор дошт, ки ҳукумати кишвараш тасмим гирифтааст силсилаи нерӯгоҳҳои офтобию шамолӣ бунёд намояд. Иқтидори умумии ин манбаъҳои барқароршавандаи энергия 4300 мегаваттро ташкил хоҳад дод. Дар доираи ин барнома ҳукуматдорони Миср ба нақша гирифтаанд, ки то соли 2020 ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар истеҳсоли нерӯи барқ 20 дарсадро ташкил хоҳад дод. То ин дам 175 ширкат барои сохтани нерӯгоҳҳои офтобию шамолӣ дар Миср дархост пешниҳод кардаанд. Дар нақша аст, ки дар мактабу бемористон ва як қатор корхонаҳои шаҳри Искандария таҷҳизоти офтобӣ насб намоянд. Барои хоҳишмандони бунёди таҷҳизоти офтобӣ ҳукуматдорон ба муддати 25 сол ва нерӯгоҳҳои шамолӣ 20 сол замин ба иҷора медиҳанд. Алҳол дар Миср ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар таҷҳизоти офтобӣ 50 мегаваттро ташкил медиҳад. Кишвари дигари арабӣ, ки ба рушди энергияи офтоб таваҷҷуҳи зиёд медиҳад, Марокаш мебошад. Соли гузашта нахустин нерӯгоҳи офтобӣ бо номи “Нур” дар ин мамлакат ба фаъолият оғоз намуд. Иқтидори он 60 мегаватт буда, оянда тавоноияш ба 500 мегаватт расонида хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ то соли 2020 иқтидори тамоми нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Марокаш ба 2000 мегаватт хоҳад расид. Дар салтанати Уммон бошад, барои бунёди нерӯгоҳҳои шамолии 50 мегават 125 миллион доллар ҷудо намуданд. Ин нерӯгоҳ соли 2017 ба кор медарояд. Ҳоло дар ин кишвари содиркунандаи нефт сохтмони боз 5 нерӯгоҳи офтобӣ ва 2 нерӯгоҳи шамолӣ идома дорад. Яке аз бузургтарин кишвари дорои захираи нефт Арабистони Саудӣ мебошад. Ширкати “KACARE” дар шаҳри Ҷиддаи ин мамлакат нерӯгоҳе месозад, ки аз партов нерӯи барқ истеҳсол менамояд. Иқтидори ин нерӯгоҳ 10 мегаватт мебошад. Дар Арабистони Саудӣ соле барои истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ ва ба ҳайси сӯзишвории нақлиёт қариб 1 миллиард баррел нефт истифода мебаранд. Ҳоло яке аз калонтарин нерӯгоҳҳои офтобии ҷаҳон дар АМА мебошад, ки “Шамс-1” ном дорад. Барои бунёди ин нерӯгоҳи иқтидораш 100 мегаватт ҳукумати АМА 600 миллион доллар маблағгузорӣ намудааст. Аз рӯи маълумоти Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист (UNEP) маблағгузорӣ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар соли 2014 дар ҷаҳон 17% афзуда, ба 270 миллиард доллар расид. Дар бисёр кишварҳои аврупоӣ аксари бомҳо панел ё обгармкунакҳои офтобӣ доранд. Хушбахтона, сол то сол дар ҷумҳурии мо низ теъдоди истифодабарандагони таҷҳизоти офтобӣ зиёд мешавад. Масалан, соли гузашта дар шоҳроҳи ДушанбеТурсунзода ба тамоми чароғҳои роҳнамо таҷҳизоти офтобӣ насб карданд. Якчанд мавҷпахшкунакҳои ширкати мобилии “Мегафон” низ бо таҷҳизоти офтобӣ кор мекунанд. Тоҷикистон кишвари офтобӣ буда, барои истифодаи энергияи он имконияти васеъ дорад. Хуб мешуд, ки соҳибкорони тоҷик низ обгармкунаку таҷҳизоти офтобиро истифода бурда, дар рушди “энергияи сабз” ва тозагии муҳити зист ҳисса гузоранд. Қобилҷон НОРМАТОВ, муаллими фанни физикаи Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор


ДИДГОҲ

Ҳирси пулу моли зиёд дар дилаш ҷо гирифта буду оромаш намегузошт. Ӯ пайваста дар фикри пайдо кардани роҳу усулҳои ба даст овардани фоидаи муфт буду андешаи ҳамсару шаш нафар фарзанди ноболиғ ва шармандаву шармсор гаштан дар байни хешу ақрабо ва ёру дӯстон низ наметавонист ӯро аз ин роҳи хато баргардонад. Гумон дошт, ки бо роҳи ғайриқонунӣ маблағи калон ба даст оварда, соҳиби давлату савлати зиёд мешавад, бехабар аз он ки ҳеҷ як амали ғайриқонунӣ ва ҳеҷ як ҷиноят аз назари қонун ва ҷомеа пинҳон намемонаду қонунгузории ҷорӣ барои ҳама гуна ҷинояти содирнамуда ҷазои мувофиқ пешбинӣ намудааст. Содиқов Қурбоналӣ як давраи муайян бо мақсади аз муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар фоидаи муфт ба

11

Ҷазо бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои нав даст овардан, ба кирдорҳое, аз қабили ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон, ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои машғул шудан ба фаъолияти ғайриқонунӣ ва бо роҳи қочоқ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тавассути сарҳади давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани воситаҳои нашъадор аз ҷониби гурӯҳи муташаккил, инчунин ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил машғул мешуд. Ҳамин буд, ки моҳи августи соли 2015 Содиқов Қурбоналӣ дар деҳаи Дараи Калоти ноҳияи Ҳамадонӣ бо Саидов Искандаршо Ҷаъфарович вохӯрдаву дар хусуси аз Суҳроб ном шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ғайриқонунӣ соҳиб шудани воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш” ва “афюн” дар ҳаҷми махсусан калон маслиҳат намуданд. Баъди чанд рӯз Қурбоналӣ ба Суҳроб занг зада, аҳд намуданд, ки мавод ва як адад туфангчаи тамғаи ПМ-ро бо панҷ дона тир тавассути шарикони ҷиноятии Суҳроб – Холиқ валади Ахтар ва Нурулло валади Алонур ғайриқонунӣ интиқол дода, ворид-

шавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сарҳади давлатӣ ташкил менамоянд. Тавре аз нишондоди Содиқов Қурбоналӣ дар мурофиаи судӣ маълум гардид, ӯ солҳои 2012-2013 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доштанаш бо шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон ҳоҷӣ Савлат шиносоӣ пайдо намудааст ва ӯ ба Қурбоналӣ ҷиҳати тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан аз он ҷо ба Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол додани маводи нашъадор таклифи ҳамкорӣ намудааст. Онҳо бо маслиҳату машварати дуҷониба ва кӯмаки қочоқчии афғон - Суҳроб чор маротиба чунин амали ғайриқонуниро анҷом доданд ва ӯ маводи нашъадорро аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол дода, ба ҳоҷӣ Савлат супоридааст ва бар ивази ин соҳиби 4500 доллари ИМА гардидааст. Онҳо минбаъд низ чунин додугирифти худро идома дода, тавассути телефон дар хусуси дастрас намудани воситаҳои нашъадор маслиҳат мекарданд. Ҳамин тариқ, додугирифти онҳо чандин маротиба дар ҷой ва вақтҳои гуногун сурат мегирифту ба қавле кордашон болои равған буд. Аз ҳар як амали анҷомдодаашон маблағи калон ба даст оварда, бо ҳам қисмат менамуданд. Рӯзе Қурбоналӣ бо рафиқи ҳамхизмати худ Саидов

Искандаршо вохӯрд. Дар рафти суҳбат Қурбоналӣ ба Искандаршо дар хусуси “даромад”-ҳои худ ҳарф зада, ба ӯ низ таклифи ҳамкорӣ намуд. Ӯ ба Искандаршо барои хизматаш маблағи калон ваъда кард. Искандаршо бошад, бо мақсади огоҳии бештар пайдо намудан аз амалҳои ғайриқонунии Қурбоналӣ розӣ шуду баъдан бо мақсади пешгирӣ ва ошкор кардани созиши ҷиноятии бо Содиқов Қурбоналӣ бастааш дар ин хусус ба кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. 21 августи соли 2015 Қурбоналӣ ва Искандаршо бо мақсади дастрас намудани маводи нашъадори навъҳои “ҳашиш” ва “афюн” ва туфангчаи тамғаи ПМ ба ноҳияи Ҳамадонӣ омада, ҷои вохӯриро дар минтақаи сарҳадии №34-и дидбонгоҳи сарҳадии №6-и “Сайёд” таъин намуданд. Шаби 22 августи соли 2015, тахминан соати 01:30 дақиқа, аз тарафи кормандони КДАМ дар минтақаи сарҳадии №34-и дидбонгоҳи сарҳадии №6-и «Сайёд» вобаста ба ҳолати дастгиркунии гурӯҳи иборат аз 13-15-нафараи шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар ин гурӯҳ Суҳроб, Холиқ валади Ахтар, Нурулло валади Алонур ва дигар шахсони ба тафтишот номаълум шомил буданд, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида

Нобиғае, ки писанди ҳамаи халқҳост Бахшида ба 160-солагии драматург, нависанда, дорандаи Ҷоизаи Нобел Ҷорҷ Бернард Шоу

Уоррен” ва “Кашолакорӣ” дохил мешаванд. Онҳо моҳияти истисморчигии ҷамъияти буржуазиро фош карда, ба марг маҳкум кардани капитализмро пешгӯӣ мекарданд. Дар пиессаи “Ихтисоси хонум Уоррен” Шоу қонунҳои қалбакии ҷамъияти буржуазиро танқид намуда, ба муқобили беҳуқуқии занҳо баромад мекунад. Ӯ нишон медиҳад, ки зан дар ҷамъияти капиталистӣ тамоман беҳуқуқ буда, ба ашёи хариду фурӯш табдил ёфтааст. Ҳамчунин, арҷ гузоштани бевоситаи Шоуро дар сохтори Иттиҳоди

Шӯравӣ дар фаъолият ва суханонаш мушоҳида кардан мумкин аст. Cоли 1931 Бернард Шоу аввалин маротиба ба ИҶШС омада, аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумат изҳори қаноатмандӣ намуд. Он замон ӯ изҳор дошта буд, ки ягона ҳокимиятеро мебинад, ки на барои бо тилло пур кардани ҷайбҳои худ, балки барои халқ, барои орзуву ҳавасҳои он кор мекунад. Шоу нафаре буд, ки ба ҳама дину оин эҳтиром дошт. Махсусан, гуфтаҳои ӯ дар бараи дини ислом ва пайғамбари он Муҳаммад (с) хеле таъсирбахшу ҷолиб аст: “Ман ҳамеша дини Муҳаммад (с)-ро бо эҳтироми бисёр олӣ нигаристаам. Чаро ки фаъолият ва шодоби шигифтангез дар он вуҷуд дорад. Ба назари ман танҳо дине аст, ки бо ҳар давра созгор аст. Ман башорат додам, ки дини Муҳаммад (с) фардо барои дунё қобил хоҳад буд ва имрӯз оғози қабули он аз тарафи Аврупост. Ман ин марди шигифтомезро мавриди мутоила қарор додам ва ба ақидаи ман на танҳо ӯ зидди масеҳият нест, балки наҷотдиҳандаи олами башарият аст. Тасаввур мекунам, агар марде назири ӯ бипазирад, ки раҳбарии дунёи ҷадидро ба уҳда бигирад, хоҳад тавонист масоили онро тавре ҳал кунад, ки сулҳу сафоро дар ҷаҳон барқарор созад. Аврупо кам-кам оғоз намуда, ки бо имони муҳаммадӣ музайян гардад. Дар қарни баъд қадаме фаротар хоҳад гузошт ва фоидаи ин имонро дар ҳали масоил хоҳад донист ва шумо ба ин тартиб метавонед пешгӯии маро дарёбед”. Ё дар ҷои дигар чунин мегӯяд: “Дар замони мо, ки мушкилоти

Намоз АМОНЗОДА, судяи Суди вилояти Хатлон

Хуршед МАВЛОНОВ беҳисобе рӯи ҳам омадаанд, инсоният ба ҳазрати Муҳаммад (с) барин шахсияте, ки мушкилиҳоро ба осонии нушидани қаҳва ҳал мекард, чӣ қадар муҳтоҷ аст”. Инчунин Бернард Шоу дар сухандонӣ ва ҳозирҷавобӣ ҳамто надоштааст. Дар хусуси ҳозирҷавобии ӯ ривоят мекунанд, ки дар меҳмонӣ марди хеле фарбеҳ ба назди Шоу, ки марди борикандом буд, омада гуфт: - Ҷаноби Шоу! Вақте ки ман шуморо мебинам, фикр мекунам дар Аврупо қаҳтӣ омадааст. Бернард Шоу ҳам ҳозирҷавобӣ кард: - Бале! Ман ҳам ҳар вақт шуморо мебинам, фикр мекунам, ки далели аслии ин қаҳтӣ шумо ҳастед! Ё дар ҷои дигар чунин меоранд, ки рӯзе нависандаи ҷавоне аз Бернард Шоу пурсид: - Устод, шумо барои чӣ ба навиштан машғулед? Бернард ҷавоб дод: - Барои касби як луқма нон. - Нависандаи ҷавон бо ошуфтагӣ гуфт: - Бароятон мутаассифам! Ман бошам барои фарҳанг менависам! Бернард ин ҷо низ ҷавоби омодае дошт: - Хеҷ гап не, писарам, ҳар кадоми мо аз барои чизе менависем, ки надорем! Имрӯз дар кишвари мо низ осори Бернард Шоуро мутолиа менамоянд. Бо вуҷуди он ки асарҳои ӯ дар шакли пурра ба забони тоҷикӣ тарҷума нашудаанд, аммо порчапорча гуфтаҳо, панду насиҳат ва андарзҳои ӯ бештари вақт мавриди мутолиаву истифода қарор доранд.

www.javonon.tj

«Сазору Килопатр», «Духтараки сиёҳ дар ҷустуҷӯи Худо», «Пайрави шайтон», «Силоҳҳо ва инсон», «Башар вуқуфи башар», «Ҷазираи дигар ҷонпул» қисмате аз шоҳкориҳои дилнишин ва фанонопазири Ҷорҷ Бернард Шоу - нависанда ва намоишноманависи бузурги англис аст. Ӯ 26 июли соли 1856 дар шаҳри Дублини кишвари Ирландия ба дунё омада, 2 ноябри соли 1950 фавтидааст. Соли 1925 ӯ бе таълифи ягон асари нав, бо дарназардошти асарҳои офаридааш ба Ҷоизаи Нобел мушарраф гардид. Дар ин бора худи Бернард Шоу чунин гуфтааст: “Ҷоиза ба банда барои он супурда шуд, ки дар ин сол баҳри хурсандии оламиён асаре таълиф накардаам”. Бернард Шоуро асосгузори драмтургияи реалистии Англияи замони нав мешуморанд. Зеро драматургияи англис баъд аз Шекспир оҳиста-оҳиста рӯ ба инқироз ниҳода, характери миллии худро гум кард. Дар театрҳои Англия аз рӯи романҳои аз нав коркардашудаи авантюристии франсузӣ пиессаҳо намоиш дода мешуд, ки онҳо дар бораи замонҳои кайҳо гузашта нақл мекарданд ва фактҳои таърихиро дағалона пешкаш менамуданд. Ин пиессаҳои мазмунан холӣ танҳо ба табъи тамошогари дворянӣбуржуазӣ мефориду халос. Бернард Шоу, ки тарафдори равияи реалистӣ буд, ба муқобили ин равияи драматургияи ангилис баромад ва кӯшиш кард, ки драматургия ба манфиати халқи меҳнаткаш хизмат намояд. Пиессаҳои аввалини ӯ дар маҷмӯаи “Пиессаҳои нохуш” ҷамъ оварда шудаанд. Ба он пиессаҳои “Кулба”, “Ихтисоси хонум

шуд. Дар натиҷа, гурӯҳи бо яроқ мусаллаҳи мазкур дар вақти дастгиркунӣ бо истифода аз яроқи оташфишон ба кормандони КДАМ муқобилият нишон доданд, ки ду нафарашон - Холиқ валади Ахтар ва Нурулло валади Алонур захм бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Суҳроб ва дигар шахсони номаълум аз ҷои ҳодиса ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ғайб заданд. Содиқов Қурбоналӣ бошад, садои тирпарониро шунида, бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз ҷазои ҷиноятӣ аз ҷои ҳодиса ба самти шаҳри Душанбе фирор кард. 22 августи соли 2015, соати 07:00 ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса ду адад борхалтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон “афюн” (11 килову 105 грам) ва “ҳашиш” (47 килову 329 грам) буд ва як адад туфангчаи тамғаи «ПМ» таҳти силсилаи ХМ 6055, соли бароришаш 1988 бо як тирдону панҷ дона тири қутрашон 9 мм. дарёфт карда шуд. Содиқов Қурбоналӣ ва Саидов Искандаршоҳ аз тарафи кормандони КДАМ дар шаҳри Душанбе дастгир шуданд. Ҳамин тариқ, Содиқов Қурбоналӣ бинобар ҳолатҳои ба иродааш вобаста набуда ба мақсади ниҳоии ҷиноятиаш расида натавонист.

е-mail: javonontj@mail.ru

Дар маҷлиси навбатиии Суди вилояти Хатлон, ки дар бинои Суди шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Содиқов Қурбоналӣ Воҳидович, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба номбурда бо моддаи 200 қисми 4 бандҳои “г”, “д”, 289 қисми 3 ва 335 қисми 2 бандҳои “б”, “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати 24 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шуд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №22 (9448), 2 июни соли 2016


е-mail: javonontj@mail.ru

12

ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №22 (9448), 2 июни соли 2016

Медали навбатии Қурбоншо Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии классикӣ (юнонию-римӣ) миёни кӯдакону наврасон баргузор шуд. Дар вазни 32 кг гуштигири наврас Қурбоншо Коналиев бар ҳарифон ғолиб омада, сазовори ҷойи аввал гардид. Ӯ дар нимфинал бар ҳарифи қирғизистониаш ва дар финал бар рақиби хуҷандиаш бо ҳисоби якхелаи 8:0 ғолиб омад. Соли равон ин ғолибияти чоруми Қурбоншо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.

Қурбоншо соли ҷорӣ дар чемпионати ҷаҳон миёни кӯдакону наврасон, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд, маҳорати хуб нишон дода, сазовори медали нуқра гардид. Ҳамчунин дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки дар шаҳри СанктПетербург ва Москваи Федератсияи Русия баргузор шуданд, иштирок карда, медали тилло ба даст овард. Қурбоншо зодаи шаҳри Душанбе (9-уми декабри соли 2002) буда, дар мактаби таҳсилоти умумии №88-и пойтахт таҳсил менамояд. Ӯ чанд сол боз дар толори варзишии “Динамо” назди Субҳониддин Абдукаримов тамрин мекунад. Ӯ ҳафтае 6 рӯз баъд аз дарс 2-3 соатӣ дар толори варзишӣ тамрин карда, маҳораташро такмил медиҳад. Бори аввал Қурбоншо соли 2008 дар шаҳри Душанбе дар мусобиқаи

кӯдакону наврасони 6-7-сола ширкат варзида, ҷойи дуюмро гирифт. Аз камбудиҳои гузашта хулоса бароварда, дар мусобиқаи навбатӣ ҷойи якумро гирифт. Соли 2010 дар шаҳри Санкт-Петербург дар финал бо ҳарифи таҷрибадори русиягиаш қувваозмоӣ намуда, аз рӯи хол мағлуб гардиду ҷойи дуюмро ишғол кард. Медали нуқраю ифтихорномаи Қурбоншоро баъди аз СанктПетербург омадан дар мактаб тақдим карданд, ки барояш хеле гуворо буд. Муаллимонаш Қурбоншоро барои ахлоқи намунавию хониши хубу аълояш дӯст медоранд. Қурбоншо аллакай дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҷрибаи бой дорад. Ӯ соли 2012 дар Қирғизистон ва соли 2013 дар Федератсияи Русия ҷойи якумро сазовор гашт. Баъди ғолибият дар шаҳри Санкт-Петербург Қурбоншо тавассути қатора ба шаҳри Москва рафта, баъд аз як рӯз дар он ҷо низ чемпион шуд. Паҳлавони тоҷик дар финал бо гуштигири москвагӣ бо ҳисоби 8:0 ғолиб омада, сазовори медали тилло шуд. Соли 2014 низ Қурбоншо дар шаҳри Санкт-Петербург миёни 11-14-солаҳо ҷойи аввалро гирифт. Пас аз як сол ӯ дар Ҳолланд соҳиби медали тилло гашт. Дар финал рақиби полшагиашро бо ҳисоби 8:0 мағлуб кард. Мо ба Қурбоншо Коналиев зафарҳои нав ба нав орзу карда боварӣ дорем, ки оянда ӯ ба Тоҷикистони азизамон медали олимпӣ меорад.

Ғолибон стипендия мегиранд Чанде пеш дар шаҳри Кӯлоб мусобиқа миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ оид ба ҷудо баргузор шуд. Дар ин қувваозмоӣ аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов панҷ нафар ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Донишҷӯёни соли сеюми факултаи варзиши донишкадаи мазкур Саидшо Раҳматуллоев (дар вазни 66 кг) ва Саидҷамол Алимардонов (дар вазни 90 кг) сазовори ҷойи якум гардиданд. Донишҷӯи соли чоруми факултаи омодагии дифои ҳарбӣ Умед Абдураҳимов дар вазни 73 кг ҷойи дуюмро ишғол намуд ва Хуршед Маҷидов бошад, донишҷӯи соли якуми факултаи мазкур дар вазни +100 кг медали тиллоро соҳиб гашт. Темур Раҳимов - донишҷӯи соли аввали факултаи сайёҳии кӯҳӣ дар вазни 100 кг миёни ҳарифон аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, мақоми аввалро касб намуд. Мусобиқа дар се марҳила доир гашт. Донишҷӯёни зикршуда дар ҳама марҳилаҳо ҷойи аввалро ишғол намуданд. Танҳо Умед Абдураҳимов дар марҳилаи сеюм ҷойи дуюмро касб на-

Фестивали футболи наврасони КФО бо ғалабаи Эрон поён ёфт

www.javonon.tj

Фестивали минтақавии футболи КФО (Конфедератсияи футболи Осиё), ки аз 26 то 30 май дар Академияи «Истиқлол»-и Душанбе, воқеъ дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, бо пирӯзии тими мунтахаби наврасони Эрон ба поён расид. Фестивал бо ширкати шаш дастаи мунтахаби наврасони то 14-солаи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ – Афғонистон, Қирғизистон, Непал, Тоҷикистон, Ҳиндустон ва Эрон барпо гардид. Дар ҷадвали ғайрирасмии мусобиқот тими наврасони Эрон, ки дар ҳамаи панҷ бозӣ бар рақибонаш ғолиб омад, бо 15 хол мақоми аввалро ишғол кард. Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 12

хол ҷои дуюмро соҳиб шуд. Дастаи мунтахаби Ҳиндустон бо шаш хол ҷойи сеюмро ба даст овард. Ширкаткунандагони фестивал - доварон ва ҳамаи бозигарону мураббиён бо медалҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Ҷоизаи “Fair play” ба тими мунтахаби наврасони Ҳиндустон тақдим гашт. Носир Ҳамидов, сармураббии тими мунтахаби наврасо-

ни Тоҷикистон, аз бозии шогирдонаш дар ин мусобиқот изҳори қаноатмандӣ карда гуфт, “соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон Фестивали футболи КФО баргузор мешавад. Мо дар ин мусобиқот хуб бозӣ кардем. Бозингарони мо таҷрибаи бозиҳои байналмилалӣ касб карданд. Агар чунин мусобиқот ҳарчи бештар доир шавад, маҳорати бозингарони наврас сайқал меёбад”.

муд. Варзишгарони ҷавону умедбахш Хуршед Маҷидов ва Темур Раҳимов Устоди дараҷаи байналмилалӣ мебошанд. Соли гузашта Хуршед дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 10 медал ва Темур соҳиби 8 медал гардиданд. Панҷ нафар варзишгари зикршуда узви дастаи “Душанбе-1” мебошанд. Баъд аз ин пирӯзиҳо масъулини Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки барои сайқали маҳорати варзишии донишҷӯён онҳоро ба машқҳои дастаҷамъӣ ҷалб намуда, ба мусобиқаҳои байналмилалӣ омода мекунанд. Ректори донишкада Шодӣ Сафаров донишҷӯёнро бо ин комёбӣ табрик гуфта, онҳоро ба рӯйхати гирандагони стипендия шомил намуд. Алишери САЙФИДДИН, “ҶТ”

Мусобиқаи футболи наврасон ба хотираи Генадий Черевченко оғоз гардид 1 июн, дар Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи сеюми анъанавии футбол ба хотираи ҳимоятгари машҳури дастаи “Помир”-и Душанбе, Устоди варзиши ИҶШС Генадий Черевченко миёни наврасони соли таваллудашон 2003-2004 оғоз ёфт. Дар мусобиқа 8 даста дар ду гурӯҳ бо ҳам рақобат мекунанд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои “Локомотив”, МҶМОВ, “Авиатор”-и Душанбе ва мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба футболи Хуҷанд дохиланд. Гурӯҳи “Б” аз дастаҳои мактаби футболи Шариф Назаров, “Солор” (ҳар ду аз Душанбе), “Орзу” (Шаҳринав) ва “Вахш” (Қӯрғонтеппа) таркиб ёфтааст. Тибқи низомномаи мусобиқа аз ҳар ду даста чор тими беҳтарин ба нимфинал роҳхат мегиранд. Дар мусобиқа писари Генадий Черевченко Игор Черевченко, сармураббии дастаи “Локомотив”-и Маскав ширкат дорад.


ПОЧТАИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №22 (9448), 2 июни соли 2016

Ашки ҳасрат Имрӯзҳо ҷигарбандон ва пайвандони доктори илмҳои техникӣ, профессор, шодравон Абдулҳақ Оев ашки ҳасрату надомат мерезанд. Ӯ зодрӯз дорад. Сад афсӯс, ки марги нобаҳангом дар айёми хушиҳои ҳаёт, дар 51-солагӣ ӯро аз наздикон ҷудо кард ва дилҳоро порапора намуд. Ӯ инсоне буд, ки дили касеро озор додан намехост, марде буд ростқавл, дурандеш, ҳамеша дар фикри ободии диёр. Шодравон пойтахти ватанамон – шаҳри Душанберо бениҳоят дӯст медошт ва ҳаракат менамуд, ки пойтахт дар дили тамоми сокинон ва меҳмонон зебо ва дилписанд ҷой дошта бошад. Вай ҳамеша муниси бародарон, падари ғамхори фарзандон, ғамгусор ва тасаллодеҳи модари ба ҷон баробараш буд. Ҳамеша кӯшиш мекард ба касе некӣ ва барои арвоҳи гузаштагон хайр кунад. Пайвандонаш дар рӯзи сӯгвориаш чунин мисраҳоро хондаву ашк мерехтанд: Ту аз мо меравию ёди некӯи ту мемонад, Ба ёдҳо то қиёмат акси дилҷӯи ту мемонад. Дубайтии устод Лоиқ Шералӣ маҳз ба шодравон Абдулҳақ Оев нисбат мегирад: Ин умр ба абри навбаҳорон монад, Ин дида ба сели кӯҳсорон монад. Эй дӯст чунон, бизӣ, ки баъд аз мурдан, Ангушти газиданӣ ба ёрон монад. Руҳат шоду хонаи охиратат обод бод!

Аз парвоз монд

Дар сӯгвории Абдулҳақ Оев, доктори илмҳои техникӣ, профессор

Як дили пурмеҳру шавқат аз тапидан боз монд, Шоҳбозе дар фазои умр аз парвоз монд. Ахтаре боз аз самои чархи гардун канда шуд, Булбуле дар боғи гул хомӯшу беовоз монд. Нахли умри ӯ хазон гардид дар фасли баҳор, Ғунчаи армони ӯ дар хок бе ҳамроз монд.

Сад дареғу доду вовайло, ки дар айни камол, Риштаи умраш гусасту тори ӯ бе соз монд. Эй Худоё, кош ҷояш ҷаннатулмаъво шавад, Шукр, номи неки ӯ дар ин ҷаҳони роз монд. Шамсиддин МАҲКАМОВ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Варзоб

Аслан мардуми ориёӣ, ба вижа тоҷикон аз қадим миллати озодпарасту озодихоҳ будем. Хушбахтона, 25 сол муқаддам, соли 1991 мо аз нав давлати миллии худро эҳё намудем ва инак самараи истиқлолиятро пас аз гузашти чоряк аср, бараъло мушоҳида мекунем. Истиқлолият омили асосиест, ки рушди иҷтимоию иқтисодии ҳар як миллату давлатро таъмин менамояд. Ҳамин аст, ки тӯли 25 соли истиқлолият кишвари азизи мо – Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид, ки соҳаи тандурустӣ низ аз ҳамин қабил аст. Дар ин давра бо мақсади беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ - қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,

“Дар бораи тибби оилавӣ”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2008 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” ва дигар барномаҳои миллӣ-соҳавӣ таҳия ва тасдиқ шудаанд, ки амалишавии онҳо имрӯз самар ба бор овардааст. Дар давраи истиқлолият як қатор мутахассисони Беморхонаи клиникии №2-и шаҳри Душанбе, аз қабили табибони эҳёгар С. Раҷабов оид ба “Бемориҳои гурда ва гемодиализ” ва У. Гулов дар мавзӯи “Ёрии тиббӣ дар ҳолатҳои фаврӣ” дар шаҳри Москав, Х. Кароматов оид ба “Табобати боҷадали бемориҳои сироятии кӯдакона” дар шаҳри СанктПетербург, таҳлилгар Ф. Муродов оид ба “Кори озмоишгоҳӣ”, инчунин табиби ҳуҷраи муоинаи ултрасадоӣ Г. Аппас дар шаҳри Санкт-Петербург дар мавзӯи “Муолиҷаи бемориҳои гурда” ва соли 2015 дар кишвари Белорус оид ба “Муоинаи нейросонография” донишу малакаи худро такмил доданд. Истиқлолият ба мо эҳсоси худшиносӣ дод. Агар солҳои шӯравӣ ҳуҷҷатнигориҳо бо забони ғайр русӣ сурат мегирифт, акнун тамоми ҳуҷҷатнигориҳо бо забони тоҷикӣ иншо мешавад. Гузашта аз ин, яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои истиқлолият дар самти рушд бахшидани соҳаи тиб ва ба ин васила боло бардоштани хизматрасонии тиббӣ буд. Дар

ин росто низ якчанд барномаҳои ҳукуматӣ амалӣ шуданд. Аз ҷумла тавассути дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ солҳои охир дар муассисаҳои тиббӣ технологияҳои инноватсионӣ таҷҳизоти замонавӣ ворид гардида, ба ин восита сатҳи ташхису табобати беморон беҳтар шуд. Истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар Беморхонаи клиникии шаҳрии кӯдаконаи №2 низ ба таври васеъ роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷумла айни замон мутахассисони мо бевосита тариқи дастгоҳҳои муосири озмоишӣ, ба монанди дастгоҳи ултрасадои “Toshiba”, дастгоҳи муоинаи даруннигорӣ – “Pentax”, гемоанализатор, уроанализатор, статфакс, миндрей, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ барои кӯдакон ва ғайраҳо ба беморон хизмат мерасонанд. Дар маҷмуъ, 25 соли истиқлолият барои рушду нумӯи соҳаи тандурустӣ асос ва барои кормандони ҷавон нерӯи тоза бахшид. Метавон ин 25 солро 25 қадами устувори соҳа номид. Ҳамакнун моро мебояд, ки бо дарки баланди масъулият ва ба ҳайси як фарди ватандӯсту фидокор баҳри фардои дурахшони кишвар саҳм гузорему истиқлолияти кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Ислом БАДАЛОВ, сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии кӯдаконаи №2-и шаҳри Душанбе

Бақои миллат ба муаллим иртибот дорад Пешаи омӯзгорӣ кори пуршараф аст. Зеро ҳастиву бақои миллат дар ҳама давру замон ба муаллим - равшангари ақлҳо иртиботи ногусастанӣ дошт ва дорад. Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон обрӯи муаллим ва мактаб боз ҳам баланд гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан бо қатъият изҳор намуд, ки «Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам». Дар шаҳру деҳот дар замони соҳибистиқлолӣ ҳазорон мактабу боғча сохта шуд, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба маротиб афзуд, стипендияи донишҷӯён баланд гардид, барои донишҷӯёни ятиму бепарастор ва духтарони ноҳияҳои дурдаст квотаи Президент таъсис ёфт садҳо омӯзгори ҷавон соҳиби замин гардиданд. Ҳамаи ин ғамхориҳо ба хотири он аст, ки насли наврас соҳиби ҷаҳонбиниву тафаккури солим, донишу маърифати мукаммал ва ахлоқи ҳамида, ояндасози ҷамъият бошанд. Албатта, муаллим дар пиёда сохтани ин ормонҳо мақоми арзанда дорад. Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе зодаи истиқлолият аст. Он бо назардошти афзудани нуфузи техникаву технологияҳои муосир ва зиёд шудани воситаҳои гуногуни иттилоот таъсис ёфтааст. Бо ворид шудани Тоҷикистон ба фазои умумиҷаҳонии рушди техникӣ ва фановарӣ талаботи омӯзиши техника ва технологияи нав зиёд гардид. Барои мутобиқи талаботи

бозори меҳнат тайёр намудани мутахассисон ҳамеша аз дастовардҳои илмҳои муосир огоҳ ва бархӯдор будан лозим аст. Бо ин мақсад ихтисосҳои нав, ки бозори меҳнат ба он эҳтиёҷ дорад, таъсис ёфтанд. Яке аз масъалаҳое, ки ба беҳтар гардонидани сифати тайёркунии мутахассисони ҷавон мусоидат мекунад, бо хобгоҳ таъмин кардани онҳо мебошад. Хобгоҳи донишҷӯён таъмир шуда, бо мизу курсӣ муҷаҳҳаз гардид. Омӯзгорони ҷавони коллеҷ низ бо манзили зист таъминанд. Дар Коллеҷи технологӣ ба тарбияи ҷавонон ва ҷо ба ҷо намудани онҳо дар вазифаҳои масъулиятнок диққати ҷиддӣ дода мешавад. Имрӯз қариб 90 дарсади омӯзгоронро ҷавонон ташкил медиҳанд. Хурсандиовар аст, ки ҷавонон вазифаҳои бар дӯш гирифтаи худро сарбаландона иҷро менамоянд ва бо ин амалу кирдори нек аз худ номи нек боқӣ мегузоранд. Имсол аз ба истиқлолият расидани ҷумҳурии азизамон 25 сол пур мешавад. Омӯзгорони коллеҷ ба муносибати ин ҷашни миллӣ аз рӯйи шиори «Аз дирӯз имрӯз, аз пагоҳ фардо беҳтару хубтар кор мекунем!» фаълият намуда, пайи беҳтар намудани сифати таълиму тарбияаанд. Бахшида ба ҷашни мубораки 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст. Дар байни донишҷӯён иншои беҳтарин дар мавзӯи «Кишвари азизам - Тоҷикистон» гузаронида шуд. Муҳтавои ҳамаи дарсҳои тарбиявӣ ба мавзӯи «Истиқлолият - дастоварди бузурги миллат» равона гардидаанд.

Мавлуда ХОЛИҚОВА, Аълочии маорифи Тоҷикистон

www.javonon.tj

Ӯ сухандону суханвар буд байни дӯстон, Вопасин ҳарфаш ба лаб ногуфта бе овоз монд.

Таърих собит кардааст, ки азму талошҳои фидокоронаи расидан ба зиндагии шоиста аз истиқлолият маншаъ мегардад. Салтанати Сомониён, ки даврони ташаккул ёфтани миллати тоҷику эҳёи маданият, фарҳанг, иқтисодиёт ва давлатдории тоҷикон асту дар заминаи истиқлолият арзи ҳастӣ кардааст, далели гуфтаҳои болост.

е-mail: javonontj@mail.ru

25 соли истиқлолият – 25 қадами устувор

13


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

14

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №22 (9448), 2 июни соли 2016

(Идома аз шумораи гузашта) Муколамае, ки байни ману як зани воломақоми Белорус дар назди ғурфаи мо баргузор гардид, боиси он гашт ки дигар хомӯш будан ва хомӯш мондан ҳаргиз мумкин нест, вақти амал, фурсати аз хоби гарон бархостан расидааст. Муколамаи мо чунин сурат гирифт. Ман ба мушоҳида гирифтам, ки он хонум аввал ба гуфтугӯи мо бо муштариён, ки ба забони русӣ сурат мегирифт, хуб зеҳн монда, худро ҳайрону мустариб вонамуд месохт. Ниҳоят тоқаташ тоқ шуда, назди мо омад ва суоли нахустинаш ин буд: - Шумо куҷоӣ ҳастед? Наҷмиддин зуд ба сатри болои ғурфа ишора кард, яъне мо тоҷикистонием гуфт. - Ҳа, бубахшед, надидаам. Тоҷикистон. Хонум баъди ин суоле дод, ки барои мо ғайриихтиёр, худи тарошаи аз бом афтода буд. - Шумо забони русиро кай, дар куҷо, чӣ хел омӯхтед? Ману Наҷмиддин лаҳзае ҳайрон ба рӯи ҳамдигар нигаристем. Фурсате хомӯшии дилгиркунанда ба вуқуъ омад. Ниҳоят ман ба ҷои ҷавоб суол додам. - Ин суоли шумо чӣ маънӣ дорад? Хонум беибо посух дод: - То ҷое ки шунидаему хондаем, мегӯянд ки шумо мардуми ёбоиед. Барои ҳамин ман ҳайрон шудам, ки шумо чи хел забони русиро хуб ёд гирифтаед. Наҷмиддин мехост ба густохӣ ва беҳурматии ин хонум ҷавоби сазовор диҳад, вале ман садди роҳ шудам. - Хонуми муҳтарам. Аввал ин ки тоҷикон ёбоӣ нестанд. Мардуми соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг ҳастанд, таърихи бою қадима ва рангин доранд. Дуюм ин ки мо забони русиро дирӯзу имрӯз не, хеле барвақт омӯхтаем. Наход шумо аллакай он ҳафтод солеро, ки мову шумо зери як осмон зиндагӣ мекардем, як Ватан доштем, ки номаш СССР буд, фаромӯш карда бошед. Тоҷикистон низ узви ҳамон кишвари бузургу муқтадир ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байналмилалӣ забони дуюми мо буд. - Шумо – хонум, моро таҳқир кардед, - гуфт тоқат накарда Наҷмиддин – инро аз шумо интизор набудем. Зан машаи ханда карда гуфт: - Алам кард, медонам ки шуморо алам мекунад. - Набошад чӣ. Як халқи бузургро ёбоӣ гуфтан… Зан акнун ба худ намуди ҷиддӣ гирифта, гӯё аз узангӯ фаромад: - Бубахшед. Шояд аз доираи одоб каме берун шуда бошам, лекин ман ҳам инро аз алам гуфтам. Бо айби чанд нафаре аз мо - фарзандони бехирад он кишвари бузург дар як лаҳза таги хок шуд. Ҳама чиз ба боди фано рафт. Адабиёт – беҳтарин воситаи тарбияи инсон имрӯз чӣ ҳоли табоҳе дорад. 18-20 сол мешавад, ки мо намедонем, шумо ҳам намедонед, дар кишварҳоямон кадом асарҳои ҷолиб ба вуҷуд омаданд, адибони намоён киҳо ҳастанд, чӣ менависанд. Дар

дигар соҳаҳо ҳам аҳвол ҳамин аст. Ана, барои ҳамин ман ба иззати нафси шумо расидам. Сахт гуфтам, то ки алам кунад ва шумо аҳли қалам, бедор шавед, риштаҳои кандашударо аз нав ба ҳам бипайвандед, асарҳои ҳамдигарро тарҷумаву чоп намоед, то мо - хонандаҳо мутолиа карда, баҳра бардорем, муҳити адабии кишварҳоямонро эҳсос намоем. Бори дигар бубахшед. Он хонум ин суханҳоро гуфта, сари тавозуъ хам карду бирафт. Дар ғурфаи мо хомӯшии том ҳукмфармо гардид. Дигар чи ҳам мегуфтем. Ин лаҳзаҳо суханони падари бузургворам, деҳқони бесаводи хокпош ба

таҳияи баёз фаро расид. Ягон нафарро аз рӯйхат берун намондем. Вале, нигоҳ кунем, аз адибони шинохтаамон устод Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор, Бозор Собир, Фарзона чизе ворид нагаштааст. Чӣ бояд кард? Ман ҳамчун мураттиб баёзро бе намунаи осори ин адибони маъруф тасаввур кардан наметавонистам. Ба онҳо бори сеюм ба воситаи рӯзнома муроҷиат карданро ба худ эб надониста қарор додам шахсан пайи ҷустуҷӯи асарҳои тозаи ба русӣ нашршудаи ин устодон мешавам ва ин корро дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расонидам. Вақте ба Фарзона муроҷиат кардам, он кас гуфтанд, ки мутаассифона, аз эълон хабар надоранд

электронӣ онро ба ту мефиристонем. Баъди фурсате Алес Карлюкевич омад. Ману ӯ дар рӯзҳои намоиш шинос шуда будем, вале суҳбатамон кӯтоҳ буд. Инак, мо рӯ ба рӯи ҳамдигар – ду директори ду нашриёт аз ду кишвар нишастаем. Ана, аз ҳамон соату ҳамон лаҳза дӯстии мо ба маънии ҳақиқиаш оғоз ёфт. Алес хабар дод, ки охири моҳи сентябр дар кишвари Тоҷикистон ҷаласаи сеюми илмию эҷодии фарҳангиёни кишварҳои собиқ иттиҳод баргузор мегардад ва ӯ ба он маърака хабарӣ ҳаст. Инро шунида, аз ӯ хоҳиш кардам, диски баё-

мебарорем ва иншооллоҳ дар Минск муаррифии ин китобҳо баргузор хоҳанд гашт. Баёзи назму насри адибони белорус бо номи «Гулхани шабафрӯз» ба зудӣ тарҷума ва ба чоп омода гашт. Дар ҷараёни омодагиҳо миёни ману Алес бисёр гуфтугӯҳои телефонӣ, мубодилаи афкор, номаҳои электронӣ баргузор гардиданд, ки аксарияти он мавод дар ин китоб ба ҳамон шакле, ки таҳия ва фиристода шуда буданд, ҷой дода шудаанд. Нимаи дуюми моҳи январи соли 2009 «Гулхани шабафрӯз» бо теъдоди 1000 нусха аз тариқи интишороти «Адиб» бо сифати баланд ва ороиши зебо

Мо сафар кардем...

Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме

ёдам расиданд. «Бачам, гапи ман дардат кунад, рафта-рафта мардат кунад». Рӯзи дигар ҳамин ки Георгий Василевич ҳозир шуд, ӯро ба ғурфаи Тоҷикистон, ба як пиёла чой, мавизу чормағз муроот намудам. Сипас, муколамаи дирӯзаро бо он хонум барояш ҳикоят кардам ва афзудам: “Ман ба он зан пурра мувофиқам. Биёед, Георгий Василевич, ба кор шуруъ кунем, яхи хомӯширо шиканем, шиори пешин «Дӯстии халқҳо – дӯстии адабиёт»-ро зинда гардонем». Георгий Василевич бо аломати тасдиқ маро ҷонибдорӣ кард ва ман таклиф кардам, ки биёед баъди анҷоми ин ҳамоиш амалан ба кор шуруъ намоем. Баёзи назму насри адибони муосири кишварҳоямонро таҳия созем ва ба дасти ҳамдигар бирасонем ва то намоиши дигар ин китобҳо чоп шаванд. Дар доираи имконият боз чопи китобҳои дигар муаллифонро дар алоҳидагӣ ба роҳ монем, саҳфаҳои матбуоти даврӣ, маҷаллаҳои адабию публисистиро барои ташвиқу тарғиби адабиёти ҳамдигар ҳамаҷониба истифода кунем. Ҳамин тавр шуруъ намудем ба кор. Баъди бозгашт ба Душанбе аввалин коре, ки ба ҷо овардам, ин буд: Ба воситаи рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» ба ҳамаи адибони тоҷик муроҷиат кардам, ки тӯли як моҳ намунаи беҳтарини осорашонро ба забони руси тарҷума (ё таҳтулафзӣ) карда ба унвони нашриёти «Адиб» ва ё Иттифоқи нависандагон ирсол намоянд. Як моҳ гузашт. Теъдоди ками муаллифон асарҳояшонро пешниҳод намуданд. Ман аз сардабири рӯзнома Кароматуллоҳи Мирзо хоҳиш кардам, ки эълонро бори дуюм ба нашр расонанд, шояд на ҳама муаллифон аз он бохабар шудаанд. Ҳамин тавр, муҳлати қабули асарҳоро боз як моҳи дигар тамдид намудем ва барҳақ ин дафъа асарҳои бисёре аз адибон ба дасти мо расиданд. Фурсати ошноӣ, ҷобаҷогузорӣ ва

ва ваъда карданд, ки дар тӯли як ҳафта ин корро ба сомон мерасонанд. Фарзонахонум ба ваъда вафо карданд ва баъди як ҳафта шеърҳои ба русӣ гардондаи худро ба ман фиристоданд. Ҳамин тавр, бо маслиҳату машварати роҳбарияти «Адиб» ва Иттифоқи нависандагон бо сарварии устод Меҳмон Бахтӣ намунаи эҷодиёти чил шоиру нависандаи муосири тоҷикро таҳия, ҷо ба ҷо ва бо кӯшиши гулдухтарони «Адиб» чопи компютерӣ ва илова ба он акс ва тарҷумаи ҳоли ҳар як адибро омода кардем. Ногуфта намонад, баъди бозгашт аз Минск аввалин кореро, ки дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расонидем, ин тарҷума ва чопи китоби андарзҳои нависандаи маъруф, дӯсти беғарази мо Георгий Марчук «Садо ва сухан» буд. Аз фурсат истифода бурда, ба тарҷумони ин китоб Истад Қосимзода, ороишгар Ромиш Шералӣ ва ношир Сӯҳроби Раҷаб, ки дар муддати кӯтоҳ чопи ин китобро таъмин намуданд, самимона арзи сипос менамоям. Вақте ки ман аввалҳои моҳи сентябр китобчаи «Садо ва сухан» дар ҷузвдон ва баёзи назму насри адибони тоҷик дар бағал ба Минск омадам, барои дӯстам Георгий Марчук китобчаи ӯ ҳақиқатан тӯҳфаи ногаҳонӣ (сюрприз) шуд. Вай маро ба оғӯш гирифт, китобро бӯсид ва гуфт, шодам, ки як адиби Белорус имрӯз ба забони тоҷикӣ ҳарф мезанад. Вай сипас баёзро аз дастам гирифта «Уҳу, хеле вазнин-ку, инро чӣ тавр овардӣ?» гӯён шӯхӣ кард. Гуфт, ки «Ҳоли ҳозир директори нашриёти «Адабиёт ва санъат» Алес Карлюкевич ин ҷо меояд. Ман дар ҳузури ту китобро ба дасти ӯ месупорам. Беҳтарин тарҷумонҳоро ҷалб мекунем». - Баёзи адибони Белорус кай омода мешавад? - пурсидам аз Георгий Василевич. - Қариб омода аст, Ато. Хавотир нашав. Худо хоҳад, баъди як ду - ҳафта ба воситаи почтаи

зи назму насри белорусро то он рӯз омода намоянд ва агар тавонад, бо худ ба Душанбе биёрад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Охири моҳи сентябр ман Алесро дар Душанбе истиқбол гирифтам. Ҳар дуямон дар сексияи адабии он чорабинӣ, ки бо ширкати адибони маъруфи кишварҳои собиқ иттиҳод баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ кардем. Рӯзи дигар Алесу ҳамроҳонашро ба меҳмонӣ ба «Адиб» даъват кардам. Ӯ дискро ҳамроҳи худ оварда буд, ки ин барои мо беҳтарин тӯҳфа маҳсуб мешуд. Як соат қабл аз мулоқот Алес хоҳиш кард, ки мехоҳад бо ҳамдиёраш, дӯсти ҳамқалами ман Леонид Чигрин шинос шавад. Хоҳиш кард, агар зид набошам, дар ин мулоқот ширкат намояд. Леонидро ба зудӣ пайдо кардам ва ӯ дар соати муайяншуда ба дафтари кории ман ҳозир шуд. Ронандаи идора Рустам бо супориши ман ба бӯстонсарои ҳукуматӣ рафт, то Алесро гирифта ба «Адиб» биёрад. Баъди ним соат ӯ ва як рафиқаш – сармуҳаррири нашриёти «Белорус» Яков Алексейчик ба «Адиб» омаданд. Алесро бо Леонид шиносонидам. Чанд сухан миёни онҳо раду бадал шуд. Алес ҷузвдонашро кушода, як буханка нони белорусиро бароварда, ба Леонид дароз карда гуфт: «Ин барои модарат. Ман хуб медонам, ки пиразан нони ватанро ёд кардааст». Баъд бо ширкати муовинам Фарҳоди Карим ва сар¬муҳаррир Сайидалӣ Маъмур гирди мизи мудаввар ҷамъ шуда, ҳам чой нӯшидем ва ҳам роҷеъ ба хубтар ба роҳ мондани робитаҳои кандашудаи адабӣ дуру дароз суҳбат кардем. Роҳбарияти ду нашриёти давлатии ду кишвар ба мувофиқа расидем, ки то баргузории намоиши навбатии «Китоби Белорус – 2009» баёзи назму насри адибони кишварҳоямонро аз чоп

рӯи чоп омад. Рӯзе фикре ба сарам омаду ба Наҷмиддин муроҷиат кардам. - Наҷмиддин, медонам, ки шумо ҳам ба Минск меравед. Мо китобро чоп кардем. Албатта, шумо ҳам дасти холӣ рафтанӣ нестед, барои ҳамин таклифе дорам. Биёед, барои Алес «сюрприз» мекунем. Асари ӯ, ки мо онро аллакай дар баёз ҷой додаем, афсонаи бачагона аст. Чӣ мешавад, ки ҳамонро бо ороиши зебо ба таври алоҳида чоп кунеду ҳамроҳ ба Минск барем. Пешакӣ ба ӯ дар ин бора чизе намегӯем. Наҷмиддин бо табассум гуфт: - Акоҷон, гап нест, таклифатон ба ҷо. Худи ҳамин рӯз матнро ба ман диҳед. Ба рассом медиҳам, ба ороиш шуруъ мекунад. Худо хоҳад, то рӯзи сафар китобро бо сифати баланд ва ороиши зебо чоп мекунем. Ба Наҷмиддин арзи сипос намуда, гуфтагиашро ҳамон замон ба ҷо овардам, яъне матнро ба дасташ додам, чаро ки пешакӣ онро тайёр карда монда будам. Наҷмиддин ба ваъда вафо кард. Китобчаи Алес Карлюкевич «Афсонаи бобо Алес» дар тарҷумаи Истад Қосимзода бо ороиши зебои Сайёра Имоддинова бо теъдоди 5000 нусха аз чоп баромад. Каси дидагӣ онро ҳавас мекард, яъне мо аз дигарон чӣ камӣ дорем? Беҳуда нагуфтаанд: Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, Агар хоре бувад, гулдаста гардад. Ҳамин тавр, мо рӯзи панҷуми феврали соли 2009 як гурӯҳ ноширони тоҷик – ман, Фарҳод, Наҷмиддин, Ҷӯрабой, Саидҷаъфар бо сарварии сардори идораи таъбу нашри вазорат Мирзобадал Бадалов бо бастаҳои калони китоб, бо дастовезҳои хуб озими шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус шудем. Ато ҲАМДАМ


САЙҚАЛИ ХОТИРА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №22 (9448), 2 июни соли 2016

Сурат, ... и тас- Борбад (ќаср) вир

Љамшед ..., сароянда

«Марги …», асари С. Айнї

Воњиди ченкунии кунљ ва њарорат Панљ ва Вахш баъди якљояшавчї

Хоки бо об омехта, лой

Асбоби мусиќии нафасї

Љонишини шахси сеюм

Мўњтарам Духтари калонї барои хурдињо

Њол

Барнома барои матнчинї (комп.)

… Рао, актрисаи њиндї

Њабиба ..., сароянда

Мехи печдор барои болт

Танбал, бекорхўља

... и Нурзод, журналист ва сароянда

… Бандерас, актёри Голливуд

«Аъзо» – бисёр, «…» якто

Ѓизо, хўрока

Лаќаби адиб ё њунарпеша

Мизон, асбоби фурўшанда

Маъракаи пешбарии депутатњо

Бомбаи …

… Толстой, адиби рус

Дурудароз Шабакаи ТВ-и Русия «…Планета»

Кукуруза (тољ.)

Корманди БДА

Алфавит

Ай…як навъ телефони мобилї

Њавас, таманно

Рўзи пеш аз ид Амрикои … - материк бо Бразилия

Гиёњи кўњии бањории хўрданї

Њарфи алифбои арабї

Тўби аз майдон беруншуда (футб.)

Бародар (лањљ.)

е-mail: javonontj@mail.ru

Паррандаи «шим»аш сурх

15

Ситам

Асбоб барои даравидан

… Шералї, шоир

Њикоят аз њаёти бузургон ва сањобањо

ООН …и милали муттањид

Ранги лола

Амали арифметикї Бозии рўимизї бо кий

Психолог (тољ.)

Пайѓамбар, набї

Повести С. Айнї

Додар (лањљ.)

Манораи ТВ дар ш. Москва Шањркурорти машњур (Русия)

Мева барои мураббо

... Норрис, актёри амрикої

«Дар орзуи падар»тољикї, «Њомиён»?

Русї- «какой?», тољикї ?

Њодисаи табиат Давом Рўзи аввали њафта

Тири соат

Тарки он амри мањол

Коѓази ѓафс

... де Жанейро, шањр дар Бразилия

Бале, ња

«Ба хўрдан сер нашуд, ба … намешавад»

Бозї бо тўб ва тўр Боксёри номии асри 20 Муњаммад …

Њофиз эљод мекард Бахшиш, инъом

Роњи зеризаминї Ширкати «… Мобайл»

Сухани охирини ѓолиб дар шоњмот

Зарф барои моддаи шўр

… Азизов, сароянда

www.javonon.tj

Силвестр ..., актёр

Падар (лањља)

…мат, яроќи оташфишон

Аз он шамъ месохтанд


е-mail: javonontj@mail.ru

16

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №22 (9448), 2 июни соли 2016

Лутфи ҷавонӣ

 ОБУНА - 2016

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Дар шуъбаи кадрҳо: — Дар ҷойи пештараат чанд сол кор кардӣ? — Даҳ сол. — Оҳо, зӯр. Аммо чаро аз он ҷо рафтӣ? — Муҳлати ҳабс тамом шуд.

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои нуҳ моҳ - 48,75 сомонӣ; - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ; - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/к 20402972316254, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

***

Занги телефон: — Ало! Шумо муҳосиби нав меҷӯед? — Бале! Ва муҳосиби куҳнаро ҳам...

***

Олуфтасатанге ба ширкати ҳавонавардӣ барои фармоиши чипта занг мезанад. Навбатдор: — Ҳамроҳи шумо чанд кас парвоз мекунад? Олуфтасатанг: — Ман аз куҷо медонам? Ҳавопаймо аз шумо аст, худатон бояд донед!

***

Дар суд. Судя аз кӯдаке, ки падару модараш аз ҳам ҷудо шуданианд, мепурсад: — Бо кӣ будан мехоҳӣ — бо падар ё модарат? Писар: — Ин ба он вобаста аст, ки компютер ба кадомашон мемонад.

 АНДАРЗ

Марги падар аз дасти писар

www.javonon.tj

Ҷавоне дар назди қабр зор-зор мегирист. Аз садои нолаи ӯ дарахту буттаҳои қабристон ба фарёд омаданд. Пири рӯзгордидаеро, ки аз он ҷо мегузашт, назараш ба қабристон афтод. Ба ҷавон раҳмаш омаду пурсид: - Эй писар, чаро ба чунин аҳвол афтодаӣ? Ба ҷои як каф дуо нола дорӣ? Ҷавон ашки дидагонашро пок карда, ба мӯйсафед нигарист. Дар чашмонаш ғаму андӯҳи зиёд ниҳон буд. Ӯ аз зиндагии аз сар гузаронидааш шикоят дошту бори пушаймонӣ мекашид. Мӯйсафед дар канори ҷавон нишаста гуфт: - Писарам, ғами дил дар худ нигоҳ доштан нашояд, чунки он моро нобуд мекунад. Маро ҳамчун дӯст ва падарат бидону дарди дили хеш бигӯ, то бароят дармоне биҷӯям. Ҷавон баъд аз чанд дақиқаи хомушӣ гуфт: - Дар оила эркаи падар будам. Ӯ намегузошт лаҳзае ғамгин шавам, тамоми чизҳои мехостаамро муҳайё мекард. Мактаби миёнаро хатм намудаму ба донишгоҳ дохил шудам. Аз шодӣ меболидаму парвоз мекардам. Сутуни хонадонамон ҳам шод буд, ки писари хурдиаш ҳам сазовори номи пуршарафи донишҷӯ гардид. Хушбахтона, хонаи мо аз шаҳр он қадар дур набуд ва ҳар ҳафта ба дидорбинии падару модарам мерафтам. Баъди як соли таҳсили Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

ман бародарам донишгоҳро хатм намуда соҳиби кор шуд. Ман бошам дар ин мудат тамоман одами дигар шудам. Ёру дӯстони зиёд пайдо кардам ва онҳо маро ба чӣ роҳҳое, ки набурданд. Дар умрам на май нӯшида будам, на сигор кашидаам ва на нашъамандӣ кардаам. Маҳз ҳамон дӯстон ақлу ҳуши маро бо васвасаҳои шайтонӣ рабуданду ба ҳамаи он корҳо даст задам. Ҷавон будаму дар сар ҳавову ҳавасҳои зиёд доштам. Рӯзе ҳамроҳи дӯстонам дар як шабнишинӣ қарор доштем. Онҳо ба майнушӣ ва нашъакашӣ шуруъ намуданду маро низ даъват карданд. - Эй ҷӯраҷон, биё як маротиба бичаш, агар маъқул нашавад, дигар накаш. Баъди як бор чашиданам тамоми бадбахтиҳоям сар шуд. Инсон будани худро фаромӯш кардам. Дардамро ҳамон хокаи сафед дармон мебахшиду бас. Падарам зиёд дӯстам медошт. Вақте ки чанд моҳ ба дидорбиниаш нарафтам, ҳамроҳи бародарам ба хабаргириам омаданд. Он рӯз то бегоҳ дар мавзуъҳои гуногун суҳбат намудем. Падарам сабаби ба хона нарафтанамро пурсид. Зиёд будани дарсҳоро баҳона кардам. Падарҷонам сарамро сила намуда гуфт, ин қадар рангат зарду нотавон шудааӣ. Оё ягон мушкил дорию ба мо намегӯӣ? Ман чизе нагуфтам. Вақте онҳо ба деҳа баргаштанд, ман ба назди дӯстонам ши-

тофтам. Пулҳоеро, ки падарм дода буд, дар як лаҳза бар боди фано додам. Бо сабаби дар дарсҳо иштирок накарданам аз донишгоҳ хориҷ намуданд. Ҳар вақте барои харидани нашъа пул намеёфтам, даст ба дуздию қаллобӣ мезадам. Овозаи нашъаманд шуданам ба гӯши падарам расид. Ӯ аз деҳа омада, маро дар беморхона хобонд. Дӯстонам ҳар рӯз ба хабаргириам омада, бароям нашъа меоварданд. Баъди як муддати табобат падарам маро ба деҳа бурд. Он ҷо ду рӯз ҳам сабр карда натавонистам. Гурехта ба шаҳр омадам. Бегоҳи ҳамон рӯз ҷузвдони занеро дуздидам. Ӯ аз дунболи ман давида дар роҳ зери мошин монда вафот кард. Полисҳо маро дастгир карда, ба зиндон афтодам. Дар зиндон аз дарди нашъа ба худ мепечидам. Мурданро волотар медонистам, аммо дар насиб зистан будааст. Ба қадри заҳматҳои падарам нарасидам, донишгоҳро нахондам. Надонистам, ки он дӯстон аслан дӯст нестанд. Давоми се соли дар зиндон буданам ягон нафари онҳо хабаргириам наомаданд. Имрӯз аз зиндон озод шудаму ба деҳа баргашта, аввал назди қабри падар омадам, то ба хотири корҳои кардаам аз ӯ бахшиш пурсам. Барои он ки ӯ аз дарду ғами мани касофат ба бемории қалб гирифдор шуда, аз олам чашм пӯшид. Намедонам ӯ маро мебахшад ё не? Пирамард ӯро дилбардорӣ намуда, ба гӯшаш панд мегӯяду ӯро ба зиндагии осоишта даъват менамояд. Мо - ҷавононро мебояд дар интихоби дӯст эҳтиёткор бошем ва ба қадри волидон бирасем. Чуноне ки мегӯянд: “Пушаймонӣ надорад оқибат суд”.

 ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Номаи камоли гумшудаи дараҷаи А005968, ки мактаби миёнаи шабонаи ҷавонони коргари №15-и шаҳри Душанбе соли 1990 ба Назокатов Ховар Санавбарович додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшуда, ки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон соли 2007 ба Алифбеков Тоҳир Муломаликович додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии донишҷӯи соли чоруми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов Қамбаров Абдуқадир Мироҷович бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии донишҷӯи соли панҷуми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Абдуллоев Ориёнпур Абдулрашидович бинобар гум шуданаш эътибор надорад.

Фарангез ҲАФИЗОВА, донишҷӯи ДМТ

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

***

Дар автобус. Ҷавон: — Духтари зебо, агар поятро нишон бидиҳӣ, сад сомонӣ медиҳам! Духтар: — Мехоҳӣ бар ивази 500 сомонӣ ҷойи буридани “аппендикс”-амро нишон диҳам? Ҷавон: — Албатта! Духтар: — Ҳу ана дар он беморхона...

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6934 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.