Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо
№23 (9397), 11 июни соли 2015
e-mail: javonontj@mail.ru
Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КОНФРОНС
Дар ҷаҳон 750 миллион нафар аз оби тозаи нушиданӣ бенасибанд
ҲАФТ РӮЗ 04.06.2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиш ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд. 05.06.2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои СҲШ, ки барои иштирок дар ҳамоиш ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот кард. 06.06.2015 Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ «Занги камолот» садо дод. Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илм дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 836 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ вуҷуд доранд, ки дар онҳо 1 миллиону 741 ҳазору 628 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. 07.06.2015 Дар Китобхонаи миллӣ Форуми об вобаста ба кӯдакон доир гашт. 08.06.2015 Дастаи мунтахаби Урдун оид ба футбол барои вохӯрӣ бо тими миллии Тоҷикистон дар доираи бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018, ки 11 июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ доир мегардад, ба шаҳри Душанбе омад. 09.06.2015 Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 8-солагии қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Саҳифаи КӮМАК
2
10.06.2015 Рӯзи ҷаҳонии кормандони саноати сабук аст.
ФЕСТИВАЛ
Кӯмаки Президент ба ятимону маъюбони ВМКБ
“Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!”
Бо супориши Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади дастгирии иҷтимоии ятимону маъюбон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 76 мошини пурбор кӯмак расонда шуд.
Таҳти ҳамин шиор 11-17 июни соли равон, бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар вилояти Суғд Фестивали дӯстии ҷавонон доир мегардад.
Тибқи маълумот ба 8597 оилаи камбизоат ва ниёзманди вилоят дар ҳаҷми умумии 1100 тонна маводи ғизоӣ расонида мешавад. Илова бар ин, ба 670 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернатҳои вилоят ва 77 нафар ятими кул сару либос ва пойафзол, инчунин, ба маъюбон аробачаҳои маъюбӣ ва дигар воситаҳои техникии тавонбахшӣ кӯмак карда мешавад. Арзиши умумии молу маҳсулоте, ки ба сокинони ниёзманди вилоят фиристода шуд, панҷуним миллион сомониро ташкил медиҳад. Бо мақсади ба таври шаффофу мақсаднок дастрас намудани молу маҳсулот аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гурӯҳи «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9397), 11 ИЮНИ СОЛИ 2015 корӣ таъсис ёфтааст.
Дар он 300 нафар ҷавон аз шаҳру навоҳии мамлакат иштирок мекунанд. Инчунин, дар ин ҳамоиш намояндагон аз давлатҳои Федератсияи Русия, Қирғизистон, Украина, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳои хориҷӣ даъватианд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”
1
КОНФРОНС
ҲАМКОРӢ
Дар ҷаҳон 750 миллион нафар аз оби тоза бенасибанд 9 июн дар Кохи “Сомон”-и Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати ҷумҳурӣ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 оғоз гардид, ки имрӯз ҷамъбаст мешавад. Конфронс таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Сарвари давлат натиҷаҳои ҷараёни иҷрои нишондодҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”-ро баррасӣ намуда, ҳамзамон, пешниҳод намуд, ки барои 10 соли оянда даҳсолаи нави байналмилалӣ, таҳти шиори “Об барои рушди устувор” эълон шавад. Зикр шуд, ки дар рӯзномаи ҷаҳонии муосир масъалаи об, чун пештара, аз ҷумлаи масъалаҳои хеле мубрам боқӣ мемонад. Ҳарчанд дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола оид ба оби нӯшокӣ натиҷаҳои ҷиддӣ ба даст омадаанд, вале ҳадафҳо дар самти беҳдоштӣ иҷро нашудаанд. Аз рӯи баъзе маълумот, ҳанӯз тақрибан 750 миллион нафар дар ҷаҳон ба оби тоза ва дуюним миллиард нафар ба шароити кофии беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд. Тақрибан як миллиарду сесад миллион одам бо нерӯи барқ таъмин нестанд. Офатҳои табиии марбут ба об ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи беш аз 60 миллиард доллари ИМА хисорот оварда, хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба сарчашмаҳои василаҳои зиндагии зиёда аз як миллиарду дусад миллион одам дар тамоми ҷаҳон таҳдид мекунанд. - Тибқи арзёбии коршиносон, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Интизор меравад, ки бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 фоизи аҳолии ҷаҳон бо мушкили норасоии об рӯ ба рӯ мегардад, - зикр намуд Э. Раҳмон. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба ташаббусҳои Тоҷикистон ва пешсафии он дар баррасии глобалии масоили вобаста ба об баҳои баланд дод ва пешниҳоди навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро барои эълони даҳсолаи нави байналмилалӣ, таҳти шиори “Об барои рушди устувор” дастгирӣ намуд. “Ман пешсафии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои марбут ба об ва беҳдошт ва эҳтиёҷоти кишварҳое, ки роҳи баромад ба баҳр надоранд, хеле арзишманд медонам”. Дар маросими ифтитоҳи конфронс, ҳамчунин, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариев, Роҳбари Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, доктор Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Габон Даниэл Она Ондо, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахтижон Сагинтаев, муовини раиси кабинети вазирони Туркманистон Аннагелд Язмуродов, муовини Дабири кулл/мудири барномаи рушди СММ Ҳелен Кларк, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Демократии Конго Матадӣ Ненга, директори Дафтари минтақавии СММ – Занҳо доир ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ингибджорг Гисладоттир, хонандаи синфи 8-и Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе Комила Муҳаббатова сухан ронданд. Дар чаҳорчӯби конфронс ду ҷаласаи сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи даҳсола, шаш суҳбат дар гирди мизи мудаввари сатҳи баланд доир ба муҳокимаи амалҳои минбаъда барои азхудкунии устувори захираҳои об, ҳамчунин, 9 чорабинии мавзӯӣ, намоиши байналмилалии “Об барои ҳаёт” доир гардиданд.
2
Пан Ги Мун Эмомалӣ Раҳмонро ба Ню-Йорк даъват кард Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 бо як қатор меҳмонон мулоқот кард. Дар вохӯрӣ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун масоили вобаста ба ҳамкории бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд. Аз ҳамкории Тоҷикистон бо 23 ниҳоди СММ, аз ҷумла, дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва обрасонӣ изҳори қаноат карда шуд. Тавре зикр гардид, солҳои 2010-2014 дар ҳамкорӣ бо ин ниҳодҳо бо маблағи умумии 346 миллион доллари амрикоӣ тақрибан 100 лоиҳа дар Тоҷикистон амалӣ шудааст. Аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват шуд, ки ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба об, энергетика, гармшавии иқлим ва таъмини рушди устувор, аз ҷумла, аз тариқи истифодаи васеъ аз иқтисоди сабз, имсол дар иҷлосияи навбатии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намояд. Дар мулоқот бо Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки ҳамчунин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла, дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, маориф ва ғайра баррасӣ шуданд. Сарвари давлат дар оғоз изҳор дошт: “Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба бо кишвари дӯсту бародари Афғонистон буд, ҳаст ва хоҳад монд”. Доктор Абдулло Абдулло ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар робитаҳои хориҷии Афғонистон басо баланд арзёбӣ карда, аз ҷумла, изҳор дошт, ки “ин аввалин сафари хориҷии ӯ пас аз интихоботи президентии кишвараш ва ба мақоми Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон расиданаш мебошад, ки ба Тоҷикистон рост омадааст”. Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили амниятӣ, аз ҷумла, таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зоҳир гардид. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариев, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд вобаста ба Даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт” ташриф овардааст, суҳбат кард. Тавре зикр гардид, гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар се моҳи соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 4,3 баробар афзудааст. Барои боз ҳам афзун гардидани нишондодҳои тиҷоратӣ ва боло бурдани иқтидори транзитии ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла, додани мақоми байналмилалӣ ба гузаргоҳи сарҳадии “Қарамиқ” зарур дониста шуд. Таъкид гардид, ки корҳо барои муайянсозӣ ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Қирғизистон бояд бо назардошти манфиатҳои ҳар ду ҷониб бомаром идома дода шаванд. Дар мулоқот бо вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳомид Читчиён зикр шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолияти босамар доранд. Мубодилаи молу колои миёни Тоҷикистону Эрон соли 2014 зиёда аз 228 миллион долларро ташкил дод, ки баробар ба 4,3% тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аст. Изҳори бовар карда шуд, ки ҷониби Эрон дар бунёди нерӯгоҳҳои дигари Тоҷикистон ҳам саҳм хоҳад гузошт. Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин, ба густариши робитаҳои сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон, аз ҷумла, сохтмони роҳи оҳан ва кашидани хатти барқи баландшиддат ва лӯлаи оби ошомиданӣ миёни се кишвар зоҳир гардид. Президенти ҷумҳурӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, ки ҳамчунин, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд. Бо изҳори қаноат аз суръати рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар, аз ҷумла, тазаккур дода шуд, ки тайи 10 соли охир ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон аз 100 ҳазор то 100 млн. доллари амрикоӣ расидааст. Ҳар ду ҷониб изҳори бовар намуданд, ки бо чунин суръат ҳаҷми табодули тиҷоратӣ дар се соли оянда то ба зиёда аз 500 млн. доллари амрикоӣ афзоиш хоҳад ёфт. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Габон Даниэл Она Ондоро низ ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ба рушди муносибатҳои сиёсӣ, аз ҷумла, дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва робитаҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, кӯҳкорӣ ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Чунонки зикр гардид, ин нахустин боздиди як ҳайати расмӣ аз Габон ба Тоҷикистон аст ва изҳори шуд, ки минбаъд робитаҳо вусъат хоҳанд ёфт.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9397), 11 ИЮНИ СОЛИ 2015
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
ПУРСИШ
Қисми бештари аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мусаллам аст, ки ҷомеа бе камбуд намешавад ва аз ин бештар ҷавонон осеб мебинанд. Бинобар ин, “Ҷавонони Тоҷикистон” аз мусоҳибонаш пурсид:
Се мушкили асосии ҷавонон кадоманд? рихи дин ё таърихи ислом таълим дода шавад, то наврасону ҷавонон аз исломи суннатӣ бохабар шаванд.
Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо ҷавонони ВМКБ Дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бо ҷавонони фаъол, варзишгарон ва сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот кард. Зимни мулоқот ба масъалаи баланд бардоштани ҳиси миллию ватандӯстии ҷавонон, нагаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва бештар ба китобхонӣ машғул гардидани онҳо таваҷҷуҳ карда шуд.
«Шоми дӯстӣ»-и ҷавонон дар Хоруғ Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Боғи фарҳангу истироҳатии шаҳри Хоруғ, ба истиқболи 18-солагии Ваҳдати миллӣ «Шоми дӯстӣ»-и ҷавонон баргузор гардид. Ҳозиринро Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Рудобаи Мукаррам, муовини раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, котиби шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, шоирон Лаълҷубаи Мирзоҳасан ва Рудобаи Мукаррам аз ашъори хеш шеърҳо қироат намуданд. «Шоми дӯстӣ»-ро баромади ҳунармандон Аҳмад Саидиков, Акобир Саидбеков, Хурсанд
Шакарбеков, Некқадам Муборакқадамов, Ҳаким Дамдоров, Асад Асалбеков ва дастаҳои ҳунарии «Помир», «Хирад», «Само», «Чашмаи Носир» ва «Назр» дилнишину гуворо гардонд. - Баргузории чунин чорабиниҳо ҷавононро аз корҳои ношоиста ва қонуншиканиҳо барканор, онҳоро бо ҳам қарин, меҳру муҳаббати онҳоро ба Ватану ватандорӣ ва ҳифзи истиқлолияту ваҳдат боз ҳам қавитар мегардонад, - иброз намуд Расо Раҷабов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ. К. ШАРИФЗОДА, “ҶТ”
Саёҳати ҷавонони Суғд ба Душанбеву Кӯлоб Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 5-7 июн 150 нафар ҷавони вилояти Суғд ба саёҳати шаҳри Душанбе ва минтақаи Кӯлоб баромаданд. Ин иқдом баҳри татбиқи «Барномаи рушди туризм дар давраи солҳои 2015-2017» ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рушди туризми дохилӣ амалӣ гардид. Ҷавонони суғдӣ зимни саёҳат аз Боғи устод Рӯдакӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Осорхонаи миллии Тоҷикистон (Душанбе), Қалъаи “Ҳулбук” (Восеъ), оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва як зумра иншооти таърихию фарҳангии шаҳри Кӯлоб дидан карданд.
Холиқназар ХУДОЙБЕРДИЕВ, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ: - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Маркази тадқиқоти стратегӣ баҳри рафъи мушкилоти ҷавонон нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, барои ҳалли онҳо кӯшиш мекунанд. Яке аз мушкили асосии ҷавонон дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дур будан аз маркази тамаддун ва бо ҷойи кор таъмин набудани онҳост. Бояд барои ҷавонон барномаҳои хуби солимгардонӣ таҳия шаванд. Яъне, сохтани клубҳо ва марказҳои фарҳангӣ, ки дорои толори варзишӣ, китобхонаҳои муосир ва китобҳои беҳтарин бошанд. Қисми зиёди ҷавонони деҳот бекор ҳастанд. Зеро пайдо намудани кор дар деҳот нисбат ба шаҳр мушкил аст. Ба ҳамин хотир, Ҳукумати кишвар нақшаҳои бузург дорад ва баъзеаш амалӣ гашта истодаанд. Масалан, сохтани пулҳо. Агар дар ноҳия маъданҳои зеризаминӣ, чашмаҳои нодир, фазои хуб барои рушди туризм вуҷуд дошта бошад, бо истифода аз имкониятҳои маҳаллӣ бояд инфрасохторҳои зарурӣ муҳайё шаванд, ки ҷавнон бо ҷойи кор таъмин гарданд. Масъалаи дуюм аз даст надодани толибилмони болаёқат дар деҳот мебошад. Толибилмоне, ки дорои лаёқати хуби зеҳнӣ ҳастанд, пайдо намуда, ба мактабҳои лаёқатмандони маркази ҷумҳурӣ бояд овард. Чунин хонандагон дониши худро ба дараҷаи олӣ сайқал диҳанд ва дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва хориҷ таҳсилро идома дода, дар оянда ба кишвар хизмат кунанд. Сеюм, мушкилоти зеҳнии ҷавонон аст. Тавре имрӯз мушоҳида мешавад, фиристодаҳо аз кишварҳои мухталиф бо баҳонаҳои гуногун ҷавонони моро фиреб медиҳанд ва ба равияю ҷараёнҳои ифротӣ ҷалб мекунанд. Азбаски ин ҷавонон аз лиҳози зеҳнӣ омода нестанд, тасаввуроте дар бораи таърихи ислом надоранд, исломи суннатиро намедонанд, онҳоро бо роҳи фиреб ба равияҳои гуногун ҷалб намуда, ба Ироқу Сурия мебаранд. Мутаассифона, дар ин кишварҳо ҷавонон ҳалок мешаванд. Роҳи ин гуна фиристодаҳоро бояд гирем. Зеҳни ҷавонон, иродаи онҳоро бояд муккамал кунем. Пешниҳод низ шудааст, ки дар мактабҳои миёна таъ-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9397), 11 ИЮНИ СОЛИ 2015
МЕҲРИНИСО, шоира: - Аввалин мушкиле, ки имрӯз ҷавонони мо доранд, мушкили иқтисодӣ аст. Яъне, мушкили иқтисодӣ ба ҷавонон имконият намедиҳад, ки ҳар чизе рӯи даст аст, истифода баранд. Гарчанде имкониятҳои фаровон барои омӯзишу таҳсил доранд. Ба илм таваҷҷуҳ надоштани ҷавонон мушкили дигар аст. Гарчанде барояшон майдони омӯзиш фарох аст, вале намехоҳанд бештар мутолиа бикунанд. Сеюм, ба роҳҳои гуногуни номатлуб рафтани ҷавонон. Ин гурӯҳи ҷавонон ба тарбияи бештари волидайн ва ҷомеа ниёз доранд. Чунин ҷавонон бояд роҳнамоӣ карда шаванд. Агар онҳо устувор набошанд, метавонанд ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шаванд. Барои ҳалли мушкилот, албатта, ҷойҳои корӣ фароҳам ва ба онҳо диққати махсус дода шавад. Хушбахтона, Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷойҳои кориро бештар ба ҷавонон пешниҳод карда истодааст, то дар ҷомеа мавқеи худро пайдо кунанд. Таълиму тарбия ба ҷавонон бояд хоса бошад, ҳангоме ки мушкилоти иқтисодӣ пешорӯ меояд, одам ба ҳар роҳ рафта метавонад. Гарчанде барои ҷавонон марказҳои фарҳангиву варзишӣ фаъол бошанд ҳам, вале назди мушкилоти иқтисодӣ ҳеҷ аст.
Мӯътабари РАШТӢ, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Оштии миллӣ»: - Мушкили аввали ҷавонон он аст, ки вақте бузург мешаванд, зиндагиро бояд худ пеш баранд, аммо аз нигоҳи
иқтисодӣ шароит муҳайё нест. Ҷойи кори мувофиқ пайдо намекунанд. Аз ҳамин хотир баъди хатми мактаб аксари ҷавононе, ки қобилияти корӣ доранд, рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд. Татбиқи барномаҳои давлатии соҳаи ҷавонон бояд аз мактаб шуруъ шаванд. Дуюм, роҳҳои кам кардани муҳоҷирати меҳнатӣ бояд дарёфт карда шаванд. Муҳоҷирати меҳнатӣ дар тамоми кишварҳо ҳаст, аммо бояд кӯшиш намоем, ки аҳолӣ, аз ҷумла, ҷавононро дар дохили кишвар бо шуғл таъмин намоем. Тоҷикистон кишвари аграрӣсаноатӣ аст ва дар ин бахшҳо ҷавонони тоҷик мавқеъ пайдо карда метавонанд. Танҳо барномаи муккамали давлатӣ лозим аст. Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, андешаманду технократ ҳастанд. Онҳоро, мутаассифона, ҷалб намекунем. Ин ҷавонон бояд ба Ватан баргардонда шаванд. Онҳо тавонанд стратегияи ояндаи кишварро аз нигоҳи нав таҳия кунанд. Барои ҷавонон бояд имкониятҳои васеъ дода шавад. Ба онҳо бояд бовар кунем.
Шафақ ҚИМАТШОЕВ, аспиранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: - Се мушкили ҷавонон таҳсил, аз худ кардани касбу дониш, мушкили иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Мушкили аввал, набудани боғча дар деҳоти дурдасти кишвар аст, ки гурӯҳи муайяни кӯдакон аз оилаҳои камбизоат наметавонанд маълумоти пурра гиранд. Инчунин, дур мондани бархе аз ҷавонон аз мактабҳои олӣ ва баъди хатм наёфтани ҷойи кор. Мушкили дигар, норасоии ҷойи кор ва кам будани музди меҳнат. Аз ин ҷиҳат ҷавонон барои дарёфти маблағи бештар ва доштани зиндагии хубу роҳат ба роҳҳои гуногун рӯ меоранд. Масъалаи дигар набудани маҳфил ва кружокҳои фарҳангӣ мебошад. Ин боис мегардад, ки ҷавонон ба таблиғи дигарон дода шуда, суннатҳои ғайрро қабул кунанд. Ҷопон аз қашоқтарин давлатҳои ҷаҳон буд, вале дар муддати кӯтоҳ ба яке аз пешқадамтарин давлатҳо табдил ёфт. Сабаб дар он буд, ки тақрибан 90 фисади буҷаи давлатро дар соҳаи маориф масраф намуданд. Мо низ таваҷҷуҳро ба соҳаи мариф боз ҳам бештар бояд кунем.
3
ХИЗМАТРАСОНӢ
Муаммои сарбаста
Норавшаниҳо дар ҷодаи хизматрасонии нақлиётӣ ба мардум боиси боз ҳам печида гаштани масъала шудааст РОҲИ ДУР МЕҲРРО ҲАМ ДУР КАРД... Яке аз дӯстон ба маъракаи тӯйи писараш ба навоҳии ҷануби кишвар даъват кард. Хостем ёру наздикон, нафарони сокини пойтахт дар маъракааш ширкат кунем. Якдигарро аз тариқи телефон огоҳ намуда, хостем вақти сафарро муайян намоем. Маълум шуд, ки аксар мехоҳанд дар тӯй ширкат варзанд, лек имкон надоранд. Имкони молӣ. Имрӯз нақлиёти мусофирбар хеле зиёд аст. Аз ҳисоби нақлиёти шахсӣ. То кадом нуқтае, ки мусофир хоҳад, бурда мерасонанд. Танҳо имкони пардохти роҳкиро бошад. Маҳз бо сабаби набудани имкони молӣ қисме аз рафиқони мо аз сафар худдорӣ намуданд. Маоши имрӯзаи аксар кормандони идораҳои буҷавӣ барои рӯзгузаронӣ кифоят намекунад. Зеро нарху навои бозор ва хизматрасониҳо гарон аст. Аз ин ҷост, ки аксаран аз ноилоҷӣ сарфакориро пеш мегиранд. То зарурат пеш наояд, ба ягон ҷо сафар намекунанд. Аз сару либос, истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳатто истеъмоли хӯроки нисфирӯзӣ дар ҷойи кор, ҳадалимкон сарфакориро пеш мегиранд. Пас, ҳине ки дӯстон бо ҳам вомехӯранд, яке гила мекунад, ки ба тӯйи ҷигарбанд даъват кард, вале дӯсти наздикаш ширкат надошт. Яъне, дӯсташ бемеҳр шудааст. Дӯст бошад, ҳар баҳона пеш оварда, худро сафед мекунад. Лек сабаби аслии нарафтанро шарҳ намедиҳад. Шарм медорад. Шарм медорад, гӯяд, ки маҳз набудани маблағ ӯро аз сафар боздошт. Ҳамин тавр, роҳи дур меҳрро ҳам дур кард...
ронандагон-соҳибкорони инфиродӣ аз гирифтани сертификати техникии «Маркази сертификатсиякунонӣ»-и Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт (бо маблағи солонаи 160 сомонӣ) озод гардиданд. Қарори 702-и Ҳукумати кишвар ба ронандагони бо ширкату ҷамъиятҳои шартномадошта иҷозат дод, ки мувофиқи иҷозатномаи онҳо фаъолият намуда, варақаҳои назоратӣ ройгон ба онҳо дода шавад. Аз ин ҳисоб низ ронандагон соле 232 сомонӣ фоида хоҳанд дид. Аммо айни замон иҷрои ин навгониҳо дар кадом сатҳ аст? Тағйиру иловаҳои номбаршуда бо қонуну қарорҳои амалкунанда пурра амалӣ мегарданд? Тавре аз суҳбат бо роҳбари ассотсиатсияи мазкур Сафаралӣ Гулов аён гашт, вазъи ронандагони нақлиёти мусофирбар имрӯз чандон хуб нест. Беҳбудиро мехоҳад. Ба анде-
дар соҳаи нақлиёт ҷумлаи аввали қисми 9-уми боби 38-и низомнома: «Ронандагонсоҳибкорони инфиродӣ мустақиман тавассути иҷозатнома фаъолият менамоянд»-ро ба инобат гирифта, ҷумлаи дуюми он: «...Ронандагоне, ки тибқи шартнома бо корхонаҳо ва муассисаҳои нақлиётии мазкур ҳамкорӣ менамоянд, дар асоси иҷозатномаи ин муассиса ва ташкилот фаъолият менамоянд»-ро сарфи назар кардаанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки тартиби муқаррарнамудаи Вазорати нақлиёт хилофи муқаррароти қисми 9-и боби 38-и низомнома мебошад. Аз ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки дар хадамот, пеш аз ҳама, манфиати худро ба инобат гирифтаанд, на манфиати ронандагони соҳибкорро. Вазъи имрӯзаи мусофир ва ронандагони мусофиркашро бо солҳои пеш муқоисакунон Сафаралӣ Гулов дар идома чунин гуфт: - Даврони шӯравӣ ронанда ба парк раф-
ҚАРОРИ 702: ЗЕРИ СУОЛ РАФТАНИ ТАТБИҚИ ОН Ба он нигоҳ накарда, ки қисме аз сокинони кишварро набудани маблағ аз сафарҳо бозмедорад, истифодабарӣ аз нақлиёти мусофирбар ниҳоят зиёд аст. Зеро танҳо тавассути ин намуди нақлиёт мардум, яъне, мусофирон аз ҷое ба ҷойи дигар сафар мекунанд. Рафтуо байни шаҳрро, асосан, тавассути сабукравҳо сурат мегирад. Дохили шаҳр ва навоҳии атроф бештар тавассути микроавтобусҳо. Чунки арзиши роҳкирои микроавтобусҳо арзонтар аст. Танҳо «Корпоратсияи мусофирбар» чун узви Ассотсиатсияи нақлиёти автомобилии мусофирбари ҷумҳурӣ хизматрасониро дар хатсайрҳои атрофи пойтахт ба ҷо оварда, 410 микроавтобус ва 324 таксиро муттаҳид намудааст. Ин ронандагон дар 73 хатсайр ба мардум хизмат мерасонанд. Дар чор моҳи аввали соли равон 3 миллиону 710 ҳазор мусофир ба манзил расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 195 ҳазор нафар зиёд аст. Дар назар аст, ки аз ҳисоби фаъолияти ронандагон 110 ҳазор сомонӣ ба буҷа ворид гардад, ки 50 ҳазор сомонӣ барои Хазинаи нафақа пешбинӣ шудааст. Ассотсиатсия саъй дорад, баҳри беҳдошти кору фаъолияти ронандагон шароити мусоид фароҳам оварад. Бобати кам кардани ҳуҷҷатҳои такрори соҳибкории ин соҳа, бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардид. Аз ин ҳисоб ронандагони мусофирбар фоидаи иқтисодӣ мебинанд. Масалан, ба моддаи 19-и Қонун «Дар бораи нақлиёт» тағйирот ворид шуда,
шаи Сафаралӣ Гулов, ронандагон маҷбуранд аз ҳад зиёд харҷи беҳуда намоянд. Барои тасдиқи гуфтаҳои худ ҳамсуҳбатам рӯйхати маблағҳоеро нишон дод, ки супурдани онҳоро нолозим медонад. Напардохтанашон боиси паст шудани нархи роҳкиро мегардад. Аз ҷумла, пардохти маблағҳо барои сертификати сифат, варақаи назоратӣ, ташхиси ҳатмии техникӣ, гирифтани иҷозатнома (литсензия) ва ғайра. Ба андешаи ӯ, ронандаи мусофирбар дар як рӯз 153 сомонӣ харҷ мекунад - Ронандагони мусофирбар барои корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» моҳе чор сомонӣ ҳақ месупоранд, - мегӯяд Сафаралӣ Гулов. - Агар дар кишвар 10 ҳазор ронандаи мусофирбар фаъолият дошта бошад, пас, ҳисоб кунед чӣ қадар маблағ мешавад. Дар як моҳ 40 ҳазор сомонӣ. Ҳамаи маблағҳоро ин корхона ғайриқонунӣ аз худ намуда, то ҳол ягон мушкилоти ронандагонро ҳал накардааст. Супурдани ҳаққи иҷозатнома (литсензия), ки барои панҷ сол муқаррар шуда, 560 сомониро дар бар мегирад, низ нолозим аст. Вобаста ба ин масъала қарори Ҳукумати кишвар, таҳти рақами 702, аз 31 октябри соли 2014 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудааст. Аз ҷумла, дар «Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият». Ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар аз қабули чунин қарор барои мусоидат ва сабукиҳо дар ҷодаи соҳибкорӣ шод шуданд. Мутаассифона, дар зерсохтори Вазорати нақлиёт - Хадамоти давлатии назорат ва танзим
та, роҳхат мегирифт, саломатиашро духтур месанҷид, мошинашро пури бензин мекарданду аз пайи кор мешуд. Ҳоло ҳамаи хароҷот аз ҳисоби ронанда аст. Аз ин хотир, як проблемаи ҷиддӣ ба вуҷуд омадааст. Аз вазири пешинаи нақлиёт хоҳиш намудам, ки яке аз кормандони масъули вазорат ба нақлиёти мусофирбар нишаста, чун мусофир аз Душанбе то Турсунзода рафта, биёяд. Азоби ронандаи мусофирбарро бо чашми сар бинад. Дар роҳ корманди бозрасии давлатии автомобилӣ ва кормандони хадамот ронандаро манъ карда, литсензия мепурсанд. Ассотсиатсияи мо қариб 7 ҳазор ронандаро муттаҳид сохта буд. Аз ноилоҷӣ, яъне, сарфи зиёд ва беҳудаи маблағ боис гашт, ки беш аз 300 нафар ронанда корро партофта Русия, ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Тасаввур кунед, сесад оила бесаробон. Агар дар ҳар оила камаш се фарзанд бошад, нуҳсад фарзанд аз тарбияи саробони оила, яъне, падар то муҳлатҳои номуайян бенасиб монданд. Сариштаи рӯзгор бар дӯши занони муштипар мемонад. Магар бе шавҳар барои онҳо душвор нест? Ба андешаи Сафаралӣ Гулов, ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 50 ҳазор ронандаи мошинҳои сабукрав ба мусофиркашонӣ машғул буда, аз идораҳои андоз патент нагирифтаю ба ягон ташкилоту ҷамъият шомил нестанд. Агар ҳар як ронандаи нақлиёти сабукрав барои фаъолият дар як моҳ 100 сомонӣ ҳаққи патент супорад, 5 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ворид мешавад. Дар як сол 60 миллион сомонӣ. Кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт якҷо бо кормандони Кумитаи андоз сари ин масъала бояд чора андешанд.
4
Вобаста ба вазъи баамаломада раиси иттифоқи касабаи ассотсиатсияи мазкур Т. Тошев чунин изҳори ақида кард: - Дар хусуси амалӣ намудани Қарори 702 ба Ҳукумати кишвар, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва ҳатто борҳо ба худи Вазорати нақлиёт ва зерсохтори он – Хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт нома навиштем, то дар ҳалли масъалаи мазкур мусоидат намоянд. Охир, барои ронандагон сабукӣ ҳам лозим будагист? Маблағсупориҳои барзиёд хоҳу нохоҳ ба сифати корашон таъсир мерасонад. Маҷбур мешаванд, нархи роҳкироро боло бардоранд. Боз кӣ зарар мебинад? Мардуми одӣ. Оид ба ин масъала дар яке аз ҷаласаҳои Вазорати нақлиёт муовини Сарвазири кишвар Азим Иброҳим моро ҷонибдорӣ кард. Зикр намуд, ки патенту иҷозатнома дар асл ҳар ду як чиз аст. Ронандаи мусофирбар танҳо патентро соҳиб шавад, кифоя. Афсӯс, гуфтаҳои муовини сарвазирро дар хадамот то ҳол ба эътибор нагирифтаанд. ВАЗЪИ МУСОФИРКАШОНӢ ДАР ПОЙТАХТ Дар хатсайрҳои пойтахти кишвар муассисаҳои бешумор, аз ҷумла, Автоколоннаи 2927, ҶСК «Нақлиёт», ҶДММ-ҳои «Роҳи каҳкашон-1», «Сомон-транс»», «Сорбон-4», «Осиё экспресс сервис», «Автобус-2» ва ғайра машғули мусофиркашонианд. Дар ин ҷода низ бенизомиҳои зиёд ба назар мерасанд. Ҳар субҳгоҳон дар истгоҳҳои назди бозори «Саховат» ва маҳаллаи 46 нақлиёти бешумор, микроавтобусу таксиҳо то се қатор саф кашида, мусофир мекобанд. Пулчинакҳои микроавтобусҳо ва соҳибони таксиҳо бо овози баланд сухани якдигарро бурида, мусофиронро ба нишастан даъват мекунанд. Ронандагонро парво нест, ки ба ҳаракати нақлиёти дигар халал мерасонанд. Нозирони роҳ низ дар ҳалли ин масъала саъй намекунанд. Онҳо, бисёр вақт дар чунин ҳолатҳо, умуман, ба назар намерасанд. Ҳаракати нақлиёти мусофирбар аз рӯйи як реҷаи муайян сурат намегирад. Ин аст, ки дар як хатсайр паси ҳам якбора се-чор нақлиёт ҳаракат мекунанд. Ҳарчанд дар оғози хатсайр, аз ду ҷониб нафарони масъул роҳхати ронандагонро қайд ва ҳаракати нақлиётро гӯё назора мекунанд. Даруни «Старекс»-ҳо ба ҷойи шаш нафар, ҳаштнафарӣ мусофир савор мекунанд. Баъзе ронандагон «ихтироот» намуда, ба ҷойи ду, се қатори нишаст сохтаанд. Чунин ҳолатҳо ба як вазъи маъмулӣ табдил ёфта, гӯё ҳама одат кардаанд. Боре даруни микроавтобуси «Старекс», тариқи хатсайри рақами 52 ҷониби коргоҳ равон будам. Аз ронанда бобати кору фаъолияташ пурсон шудам. - Ҳар роҳи Душанбе соҳиб дорад, - ба нақл даромад ронанда ва хоҳиш намуд ному насабашро ошкор насозам. – Яъне, ба ҳар хатсайр нафаре вобаста аст. Шахсан ман ҳар рӯз дар автобаза 14 сомонӣ маблағ месупорам. Ҳаққи автобаза, ҳақи духтуру муҳандис ва ду нозири хатсайр. Ба ягон ҷо шикоят карда намешавад. Даҳон кушоӣ, «ҷавоб» мегӯянд. Агар аз кор равӣ, рақамҳои супоридаатро боз ба ягон нафари хоҳишманд 500-600 доллар мефурӯшанд. Ин ҳам як воситаи пулкоркунист. Ҳоло бисёр ронандагон, умуман, аз баҳри мусофиркашӣ мебароянд. Ин буд баёни чанд лаҳзаи норавшаниҳо дар ҷодаи хизматрасонии нақлиёти мусофирбар, ки гӯё ба як муаммои сарбаста мубаддал шудааст. Ҳалли он саъю кӯшиши якҷоя ва амали софдилонаро тақозо дорад, на сарватғундорию манфиатҷӯиро. Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9397), 11 ИЮНИ СОЛИ 2015
НИГАРОНӢ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
Вазъи нокифояи иқтисодӣ дар шароити кунунӣ на ба ҳама имкон медиҳад, ки соҳиби манзили зист бошанд. Алалхусус, донишҷӯён ва сокинони деҳот, ки барои таҳсилу кор ба пойтахт меоянд, мехоҳанд барои муддати муайян дар хонаи иҷора зиндагӣ кунанд. Аммо дар бисёри ҳолатҳо нархи пардохти иҷора барояшон гарон афтода, ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд.
як нафар масъули Раёсати ташкили андозбандии соҳибкорони инфироди Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гуфт, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки соҳибкорони инфиродӣ метавонанд дар асоси шаҳодатнома ё тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолият намоянд. «Ин намуд соҳибкорон дар асоси патент фаъолият мебаранд. Маблағи патент барои онҳое, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд дар як моҳ 58 сомонӣ муқаррар шудааст». Ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон, дар гирифтани ҳама намуди иҷора худи
над: «Ҳар моҳ пули барқ, партов ва ғайраро пардохт мекунем, вале соҳиби манзил пули иҷораро кам намекунад. Барои ҳамин маҷбур мешавем, ки дар як хонаи майда шаш нафар зиндагӣ кунем. Барои иҷорагирони маҳаллӣ соҳибхонаҳо бисёр вақт лавозимти хонаро таъмин намекунанд. Баракс, барои хориҷиён тамоми шароит муҳайёст, чунки аз онҳо ду-се баробар бештар маблағ мегиранд». Ҳуқуқшиносон низ мегӯянд, ки байни иҷорадеҳу иҷорашин бояд шартнома баста шавад. Бояд ҳар ду тараф дар идораи нотариалӣ шартномаро тасдиқ кунанд. Ба таври шифоҳӣ шартнома
Нуриддин Қаландаров, яке аз ҳамсуҳбатони мо чунин иброз дошт: «Ман як моҳ пеш аз ноҳия ҳамроҳи оила ба шаҳр омадам. Барои дарёфти манзили иҷора ба эълонҳои рӯзномаҳо муроҷиат кардам. Ниҳоят, бо нархи 200 доллар хона пайдо намудам. Тибқи маслиҳат бояд шаш моҳ дар он зиндагӣ мекардам. Аммо як моҳ пур нашуда, соҳиби хона омада, талаби аз хона баромаданро дорад, ки гӯё манзилашро ба фурӯш мондааст. Чун хона якҳуҷрагӣ аст, харидори зиёд дорад. Баъди омада дидани харидор ва маъқул накардани хона соҳиби хона боз хоҳиш мекунад, ки дар манзилаш иқомат кунем. Ҳоло маҷбурам манзили дигар ёбам, чунки бо харидор ёфтани хонаи иҷора дар кӯча мемонам». Номбурда мегӯяд, ки барои гирифтани хонаи иҷора ягон санади ҳуқуқие тартиб надодааст. Бо ҳамин сабаб маҷбур аст, манзили дигар ёбад. Соҳиб Шарифов, донишҷӯи ДМТ низ соли 2013 ба воситаи тахтаи эълонҳо 160 сомонӣ дода, хонаи иҷора гирифт: «Баъди тахминан ду моҳ соҳиби хона гуфт, ки дигар хонаашро ба иҷора намедиҳад ва моро аз хонааш пеш кард. Дигар ба суроғи 160 сомонӣ ба тахтаи эълонҳо нарафтам», - мегӯяд ӯ. Соҳибони «Тахтаи эълонҳо» мегӯянд, ки онҳо дар асоси патент фаъолият карда, бар ивази манзил ёфтанашон аз муштариён 150 сомонӣ музд мегиранд. Мирзо Саидов, ки дар тахтаи эълонҳои «Гулистон» кор мекунад, иброз дошт, чанд сол боз ба ин кор машғул аст. «Бисёр ҳолатҳое мешавад, ки соҳибхона баъди як ё ду моҳ манзилашро бозпас гирифта, маблағи аз иҷоранишин гирифтаашро бармегардонад. Сипас, манзилашро ба нафари дигар бо маблағи бештар ба иҷора медиҳад. Мо дар ин ҳолат коре карда наметавонем, чунки манзил моликияти шахсии ӯст». Ба қавли номбурда, ба чунин мушкилӣ бештар донишҷӯён мувоҷеҳ мегарданд. Инчунин, дар сурати бозпас гирифтани хона аз тарафи соҳибмулк ба иҷоранишин маблағе, ки ба тахтаи эълонҳо додааст, баргардонида намешавад. Дар робита ба ҳамин масъала
иҷорадеҳ ва иҷорагиранда бояд шартнома имзо намоянд, ки ба ин тахтаи зълонҳо масъул нест: «Тахтаи эълонҳо танҳо барои маълумот додан аст. Ҳаққи додани хизматрасонии тахтаи эълонҳо дар асоси маслиҳати тарафайн бояд сурат гирад». Инчунин, масъалаи дигаре, ки иҷоранишинонро ба ташвиш овардааст, боло бурдани нархи хонаҳои иҷора мебошад. Феълан, барои хонаи якҳуҷрагӣ аз 100 то 200 доллари ИМА талаб мекунанд. Дар ҳоле ки бештари иҷоранишинон донишҷӯ ё афроди камбизоат буда, имкони пайдо карда-
бастан ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад ва иҷоранишин ба кадом мақомоте муроаҷиат намояд, ӯро бо роҳи қонунӣ ҳимоя карда наметавонанд. Дар робита ба ҳамин масъала, ҳуқуқшинос ва раиси ташкилоти «Преспектива плюс» мегӯяд, ки ҳангоми бастани шартнома бояд ҳар ду тараф хуб аҳамият диҳанд, ки он чӣ гуна баста мешавад. - Дар шартнома, агар навишта шуда бошад, ки муддати як сол соҳибмулк ҳақ надорад, ки иҷоранишинро аз хона пеш кунад, соҳибмулк ҳукуқ надорад, ки бе ризогии иҷоранишин ӯро пеш ку-
ни ин миқдор маблағро надоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи соҳибони эълонҳо, дар чанд моҳи охир нархи манзилҳои истиқоматӣ тақрибан 30 фоиз арзон шудааст. Яъне, манзиле, ки 80 ҳазор доллари ИМА нарх дошт, акнун бо 70-65 ҳазор доллар фурухта мешавад, аммо пардохти нархи иҷора то ҳол тағйир наёфта, балки рӯз то рӯз гаронтар мешавад. Ҳамсуҳбати дигари мо донишҷӯ аст, ки дар манзили якҳуҷрагӣ ҳамроҳ бо панҷ донишҷӯи дигар иҷора меши-
над. Гоҳе дар шартнома навишта мешавад, ки дар баъзе ҳолатҳо соҳибмулк хонаашро бозпас мегирад. Шартномае, ки даҳонӣ баста мешавад, ҳукми қонунӣ надорад. Шартнома бояд хаттӣ бошад», - меафзояд О. Бобоназарова. Воқеан, раванди иҷора додани манзилҳои истиқоматӣ ҷиддӣ зери назорат қарор нагирад, мушкили иҷора ва саргардониҳои иҷоранишин ё ба ибораи дигар “беинсофии соҳибмулкон” то дер боқӣ мемонад. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”
Нархи иҷораро кӣ назорат мекунад?
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9397), 11 ИЮНИ СОЛИ 2015
Зӯр паси панҷара нишаст Меҳру муҳаббат, муносибати хуб ва самимият миёни ҳамсарон фазои оиларо муътадил нигоҳ дошта, боиси хушбахтии аҳли хонавода мегардад. Ҷангу ҷидол, зӯроварӣ ва пастзании ҳамсар бошад, осудагии оиларо барҳам зада, ба дилхунукӣ ва ҷудошавӣ мерасонад. Моҳтобгул Қодирова соли 1997 ба Шариф Қурбонов ба шавҳар баромад. Умед дошт, ки аз ин издивоҷ соҳиби фарзандони солеҳ гашта, онҳоро соҳибҳунару ватандӯст ба воя мерасонанд. Муносбати ӯву ҳасараш то соли 2007 хуб буд. Новобаста аз мушкилоти рӯзгор зиндагии орому қаноатбахш доштанд. Баъди вафоти хусураш Партов Алиев муносибати шавҳараш бо ӯ оҳиста-оҳиста бад шуд. Сабаб рӯ овардани Шариф ба нӯшокиҳои спиртӣ буд. Шарифи аз таъсири машрубот маст ҳамсарашро зери мушту лагат мегирифт. Моҳтобгул борҳо аз шавҳараш хоҳиш намуд, ки арақнӯширо бас кунад. Зеро арақ илова бар он ки ба буҷаи оила зарар мерасонад, боиси дилхунукӣ ва ранҷу озори аҳли оила мешавад. Чанд маротиба хешовандонаш Шарифро насиҳат карданд, ки тарки майнӯшӣ кунад. Зеро май файзу баракати хонаводаро мебарад. Аз майнӯшии Шариф ҳамсару се фарзандаш мудом дар азоб буданд. Чанд маротиба Шарифро барои ҷангу ҷанҷол ва зӯровариаш кормандони милитсия 10-15-рӯзӣ ҳабс карданд. Баъд аз ҳабс Шариф боз ба Моҳтобгул ҷангу ҷидол мекард. Шахсе, ки синну солаш аз 50 гузаштааст, мебоист неку бадро фарқ карда, аз одатҳои бад даст кашад. Мутаассифона, Шариф тарки одати бад накард. Ҳамсареро, ки модари фарзандаш буда, тамоми корҳои хонаро анҷом медод, ҳамоно зери лату кӯб мегирифт. Зарбу лат, дашному бадзабониҳои Шариф ба асаби Моҳтобгул таъсир расонд. Ӯ аз чунин зиндагии пур аз азобу кулфат безор шуда, ба кори гуноҳ, яъне, қасди худкушӣ даст зад. 14 марти соли равон Шариф аз хона ба маркази ноҳияи Вахш рафта, соати 10 боз маст ба хона омад. Чою ғизои омодакардаи ҳамсарашро хурду “тарки одат амри маҳол” гуфтагӣ барин боз забон ба дашном кушод. Моҳтобгул дар ҳолати асабоният аз рафтори бади шавҳараш ба ҷон расида, 10-12 дона кулчадоруҳои «Паратсетамол-Лекта» ва «Сетимед»-ро ба мақсади худкушӣ фурӯ бурд. Баъди 15-20 дақиқа аз таъсири доруҳо вазъи саломатиаш бад шуда, дилаш беҳузур шуд. Пас аз қай кардан бо хавоси парешон бе ҳолу бемадор ба хонаи модараш рафт. Дар хонаи модараш хост каме ғизо хӯрда, қувват бигирад, вале боз доруҳои хурдаашро қай кард. Ӯро фавран ба беморхонаи марказии ноҳия бурда, меъдаашро шустанд. Духтурони варзида тавонистанд, ки таъсири доруҳои аз меъёр зиёд хӯрдаи Моҳтобгулро рафъ намоянд. Аз рӯи ин амал парванда боз шуду кормандони милитсия Шариф Қурбоновро ба ШВКД-и ноҳияи Вахш бурданд. Суди ноҳияи Вахш гуноҳи Ш. Қурбоновро дар содир намудани ҷинояти ба худкушӣ расонидан тибқи моддаи 109 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол таъин кард. С. ФАЙЗУЛОЗОДА, судяи Суди ноҳияи Вахш
5
ҶОМЕА
Ҳақиқатан вақт довари асосии зиндагист. Батадриҷ пардаро аз болои ҳама асрори пӯшида мебардорад. Ҳар касеро дар нусхаи асли худаш нишон медиҳад. Тарафҳои аёну ноаёни зиндагиашро барои атрофиён боз месозад. Муайян мекунад, ки пушти суханҳои фасеҳу зебо ва ваъдаҳои болохонадор кадом ҳадафҳое пайгирӣ мешаванд. Замоне интихоб шудани Муҳиддин Кабирӣ ба симмати раиси Ҳизби наҳзати исломӣ қисматеро умедвор кард, ки акнуни ӯ ҳизбро аз маҳлули омехтаи ҷаҳлу ришу ҷелак берун мекашад ва бо симову замири зиёӣ, пайрави исломи муътадилу хоси тоҷикона дар ҷомеа муаррифӣ месозад. Вале ин умедҳо мисли саробе дар дидаҳо ҷило додаву зуд маҳв гаштанд. Маълум гашт, ки барои Муҳиддин Кабирӣ, ин ҳизб танҳо дастгоҳест барои боло бурдани имиҷи шахсияти хеш, муҳайё сохтани заминаҳои иҷроиши супоришҳои фармондеҳону маблағгузорони беруна, сарватғундорӣ ва нигаҳдошти моликияти худӣ. Чун саҳифаи фаъолияти сиёсии Муҳиддин Кабириро варақ мезанем, мебинем, ки он саропо боздиду вохӯриҳо бо намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон асту ширкат дар симпозиуму конфронсҳои мухталифи дохилӣ, минтақавӣ ва монанди инҳо. Дар Теҳрону Истанбулу Мисру Қатар аз «бедории исломӣ», таъқибу таҳвину таҳқири ислом, ниёзҳои он ба ҳифзу ҳимоя шиор мепартояду дар Вашингтону Мюнхену Парижу Лондон ба он «озодию демократия»-и ғарбӣ арҷ мегузорад, ки имрӯз ними машриқзамин
Асрорҳои пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ «мазза»-ашро мечашад. Муҳиддин Кабирӣ аз нисф бештари давраи ваколаташро дар Парлумони кишвар сарфи сафарҳо кард. Соле беш аз 250 рӯзашро дар хориҷ аз Ватан мегузаронду мегузаронад. Гоҳе ба ғарбу шарқ дар парвоз асту гаҳ ба шимолу ҷануб. Ҳар куҷо, ки меравад, шиква ҳамсафари ӯст. Дар умраш аз пешрафту рушди кишвараш забон накушодааст. Боигарии луғавии каломаш танҳо аз вожаҳои «фишор», «таъқиб», адами «озодбаёнӣ»-ю «демократия», «режимҳои худкома» ва монанди инҳо иборат асту халос. Зеро медонад, ки ин ҳарфҳо барояш фоида меоранд. Зери пӯшиши фаъолияти ҳизбӣ садҳо ҳазор доллар ба ҳазинаи шахсиаш мерезад, фарзандонаш дар макотибу донишгоҳҳои бонуфузтарини дохилу хориҷ мехонанд, ҳанӯз аз паллаи як тайёра дар фурудгоҳ пойин нашуда, дар дигараш боло меравад. Орзуи бардоштани фоидаи шахсӣ ва аспи маснад Кабириро дар паҳнои серҷанбаи бозиҳои сиёсии идеологҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба гирдобе кашиданд, ки торафт дар он амиқтар меравад. Бозиҳояш гоҳе бо шарқу гаҳе бо ғарб боиси он гаштанд, ки натавонист вазифаҳои дар наздаш аз ду ҷониб гузошташударо иҷро намояд. Баракс, созишҳои духӯрааш бо ҷаҳолати исломию найрангҳои дунявии имрӯза, обрӯи ӯву ҳизбашро дар ҷомеаи тоҷик ончунон коста кард, ки аз ду курсии парлумон низ халос шуд. Мардум дар интихобот ба ҲНИТ овоз надод. Омили дигаре, ки боиси пастравии нуфузи Муҳиддин Кабирӣ дар
ҷомеа ва пеш аз ҳама дар миёни ҳамҳизбонаш гардид, тақсимоту истифодаи маблағҳои ҳизбист. Дар сатҳи болоӣ ва ҳайати шӯрои сиёсии ҳизб, қисмате аз тақсимот ва ғайримақсаднок истифода шудани кӯмакҳое, ки аз берун ба номи ҲНИТ ворид мешаванд, эътироз намуданд. Зеро ба ақидаи онҳо, ин маблағҳо тавассути наздикони худи Кабирӣ ба Тоҷикистон интиқол меёбанд ва дар амалӣ кардани лоиҳаҳои тиҷорати инфиродии раиси ҲНИТ истифода мешаванд. Баҳсҳо даври бозори Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Турсунзода тарафи дигари фаъолияти ӯро барои сокинони ҷумҳурӣ боз кард. Ин қазия собит сохт, ки номбурда аз адолати иҷтимоию дастгирии бечорагон танҳо суханбозӣ мекунад, дар асл гуфтори ӯ бо амалаш ҳамеша дар ҷанг аст. Бозори «Саховат» дар ҷое бунёд шуда буд, ки қаблан майдони варзиши бачагона будааст. Яъне, раиси ҲНИТ садҳо наврасу ҷавонро аз рушду такомули варзишӣ боздоштааст. Кабирӣ хеле зуд аз бозор даст кашид ва мехост ба ин васила нишон диҳад, ки ӯ иштибоҳ кардааст ва акнун онро ислоҳ мекунад. Аввал мегуфт, ки хешу таборашро талқин кардаву тиҷораташонро аз Русия кӯчонида, бо пули худашу онҳо ин бозорҳоро харидааст. Бо пули аробакашҳои “Черкез”, бозореро бо нархи як миллион доллар метавон харид? Агар чунин имкон мебуд, чаро имрӯз мо - тоҷикистониҳо соҳиби як миллион бозор нестем? Раҳматат Кабирӣ, эй «ҳомии миллат»! Пули аробакашӣ агар барои бозорхарӣ кофӣ буд, чаро як мактабе, боғчаи
ТОБИСТОНИ БАЧАҲО
«Чайка» оғӯш мекушояд
Чанде пеш бо баргузории як чорабинӣ истироҳатгоҳи «Чайка»-и Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ барои кӯдакону наврасон дар мавсими имсола ба фаъолият шуруъ кард. Дар ин рӯз, ҳамчунин, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии соҳа аз рӯи чанд намуди варзиш доир гашт. Чорабиниро Рамазон Одинаев, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илм оғоз бахшида, даъват кард, ки мавсими истироҳату солимгардонии кӯдакону наврасон бояд дар сатҳи баланд ташкил шавад, зеро бачаҳо ояндагони Ватану миллат мебошанд. Зикр гардид, ки мавсими навбатии истироҳату солимгардонии бачаҳо дар истироҳатгоҳи «Чайка» 16 июн оғоз гардида, дар чор басти ҳар кадоме иборат аз 320-нафарӣ ба роҳ монда мешавад. Барои расонидани хизмат ба истироҳаткунандагон 50 нафар мутахассис ҷалб мегарданд. Сипас, Спартакиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳа аз рӯи чанд намуди варзиш баргузор шуда, ғолибон бо мукофот ва диплому сипоснома сарфароз гаштанд. Мирзо НУРАЛИЕВ, «ҶТ»
6
кӯдаконае, беморхонае насохтӣ? Баракс, раванди таҳқиқи баъзе иншооти хусусигардонидашуда аз ҷониби идораҳои марбута нишон дод, ки Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли бо қонун мухолифатдошта на як бору ду бор даст задааст. Чунончӣ, ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба далели хусусигардонии ғайриқонунӣ маълум шуд, ки соли 1999 раиси ҲНИТ сохтмони нотамоми беморхонаи касалиҳои сироятиро, ки барои 500 ҷой пешбинӣ шуда буд, бо 10 гектар замини атрофаш дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, бо маблағи ночиз харидорӣ намуда, тавассути созишномаҳои сохтаи ҳадясозӣ, бо истифода аз дасти дуюм ба сифати замини наздиҳавлигӣ барои дигарон фурӯхтаанд. Ин амали қаллобона аз ҷониби мақомоти судӣ ошкор шуд ва ашхоси дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳама ба истиснои соҳибмулки асосӣ, Муҳиддин Кабирӣ. Аз рӯи шартномаи хусусигардонии иншооти мазкур, ки 50 дар сади сохтмони он қаблан анҷом ёфта буд, Кабирӣ уҳдадор буд, ки бинои беморхонаро пурра сохта, мавриди истифодаи сокинони шаҳри Душанбе қарор диҳад. Тибқи ахбороти як манбаи муътамад аз мақомоти зидахли тафтишотӣ, тақаллубкориҳои сарвари ҲНИТ ҳангоми хусусигардонии иншооти зикргардида, такроран аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ гардида, далелҳои шайъӣ собит шуданд ва дар доираи парвандаи алоҳидаи ҷиноӣ тибқи қонун баҳогузорӣ хоҳанд шуд. Тавре мебинем, роҳбари ҲНИТ
аз молу сарвати чашмрас бархӯрдор аст ва ҳатто шарикони ҳизбиаш ҳамаи инро маҳсули маблағҳои ба номи ҳизб аз тарафи кишварҳои манфиатдор ҷудошуда мешуморанд. Аз ҷумла, дигар бозору тиҷоратгоҳҳои Муҳиддин Кабирӣ, ширкатҳои сохтмонии ӯ, хонаҳои бешумораш дар шаҳри Душанбе ва сарваташ дар қаламрави Туркия, таҳсилу истиқомати оила ва фарзандонаш дар ҳудуди ин кишвар. Шояд вақти санҷидани ҷанбаҳои қонунии пайдоиши ин ҳама боигарӣ аз тарафи мақомоти марбутаи масъули давлатӣ расида бошад?! Аз тарафи дигар, сарвати роҳбарони имрӯзаи ҲНИТ, хонаҳои боҳашамати меросмонда аз пешвоёни собиқи ҳизб, бинои мағозаи «Олами кӯдакон», ки аз тарафи меросхӯрон ба маблағи 2 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА фурӯхта шуд, сири «мубориза»-ҳои дирӯзаю имрӯзаи ҲНИТ-ро кушоданд, ки ҳама танҳо барои манфиати шахсӣ будаанд, на аз ин бештар. Имрӯзҳо Муҳиддин Кабирӣ боз дар сафар аст. Пар-паракҳое дорад, ки дигар суръату самташонро гум кардаанд. Танҳо маълум аст, ки судеро дар онҳо барои мардуми тоҷик пайдо кардан мушкил аст. Ӯ ҳаргиз ва дар ҳеҷ куҷо забон ба дастгирии манфиатҳои миллӣ накушодааст. Ҳар ҷое сафар анҷом диҳад, зарбаи нахустинаш бар решаи ҳайсияти миллии мо мерасад. Кӯшишаш ҳарчӣ бештар бечоранолию ҳақир нишон додани худу миллаташ аст. Мисоли гадое, ки ҳарчанд сер аст, аз табиати ғуломи нафс гаштаи замираш, бо ниҳояти зорӣ худро ҳарчӣ нотавону афтодатар пешкаш месозад. Барои гадо фарқе надорад, новобаста аз миллату қавму нажод, дину ойин, аз ҳама металабад. Дар Эрону Туркия, Мисру Қатар, ИМА, Англия, Исроилу Русия... Анвари КОМИЛ
ҲАМКОРӢ
Таваҷҷуҳи соҳибкорони қазоқ ба Тоҷикистон Ҷумҳурии Қазоқистон баъд аз Федератсияи Русия ва Чин сеюмин шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тавре мушовири сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтжан Айдашев дар Анҷумани панҷуми соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон иброз дошт, гардиши мол миёни ду кишвар аз соли 2010 рӯ ба афзоиш овардааст. Соли 2014 ин нишондиҳанда ба 700,5 миллион доллар расид, ки нисбат ба соли 2013 23% зиёд аст. Дар анҷуман намояндагони 24 ширкати муваффақи Қазоқистон ширкат доштанд. - Ин ширкатҳо дар соҳаҳои мошинсозӣ, химия, сохтмон, фарматсевтӣ, хӯрокворӣ ва ғайра фаъолият дошта, хоҳони ҳамкорӣ бо соҳибкорони Тоҷикистон мебошанд, - гуфт сарвари Агентии миллии содирот ва сармоягузории «kaznex Invest» Аскар Аринов. - Баргузори чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба замина хоҳад гузошт. Дар анҷуманҳои собиқ, ки зиёда аз 60 ширкати истеҳсолкунандаи Қазоқистон иштирок доштанд, ба маблағи 35 миллион доллари ИМА бо соҳибкорони тоҷик шартнома ба имзо расид. Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид таъкид намуд, ки
Қазоқистон муҳимтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Қазоқистон баъди Федератсияи Русия дуюмин шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон мебошад. Дар ин чорабинӣ аз ҷониби Тоҷикистон қариб 100 нафар соҳибкору намояндаҳои бонку муассисаҳои давлатӣ ширкат варзида, бо ҳамтоёни қазоқистониашон дар бораи дурнамои ҳамкориҳо суҳбат намуданд. Соҳибкорони қазоқ дар доираи анҷуман бо минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар карда, бо имкониятҳои нави ҳамкорӣ аз наздик ошно шуданд. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9397), 11 ИЮНИ СОЛИ 2015
СОЛИ 2015 – СОЛИ ОИЛА
Солҳои охир афзудани ҳодисаи вайроншавии оилаҳо боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст. Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба ин мавзӯъ чунин таъкид намудаанд: “...Пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол то сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2014 аз 95500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013 9,5% зиёд аст”.
кӯдак, ёд гирифтани сарфакорӣ, дарк намудани масъалаҳои танзими оила, бохабар шудан аз қоидаҳои гигиенаи шахсӣ маърифати насли ҷавонро баланд бардошта, пеши вайроншавии оилаҳоро хоҳад гирифт. Маҳз аз бемаърифатӣ, камсаводӣ, омода набудан ба тасмимгириҳои мустақилона боиси он мешавад, ки бархе аз ҷавонон бо таъсири падару мо-
Президенти мамлакат сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавонро баён карда, таъкид намуданд, ки пеш аз ҳама, ҷавонони навхонадор ба ҳаёти оиладорӣ омода нестанду дарси оиладорӣ нагирифтаанд. Агар ба мушкилот чуқуртар назар афканем, мебинем, ки аксари падару модари навхонадорони ҷудошуда худ дар оилаҳои носолим ба воя расида, ба фарзандон сари вақт тарбияи дуруст надодаанд. Аз таҷрибаву муқоисаҳо бармеояд, ки дар оилаҳои муҳити маънавиашон хуб фарзандони солиму ботарбия ба воя мерасанд. Аммо дар оилаҳое, ки яке аз волидайн фавтида бошад, ё падару модар аз ҳам ҷудо бошанд ва ё дар оила хушунат рӯй диҳад, рӯҳан осеб дидани фарзандон бештар ба мушоҳида мерасад. Муносибати носолими оилавӣ ба фарзандон таъсири манфӣ расонида, ахлоқашонро коста мегардонад. Бинобар ин, аз воситаву имкониятҳои зиёди тарбиявӣ истифода карда, насли ҷавонро аз мушкилоте, ки дар ҷодаи оиладорӣ бо он рӯ ба рӯ мешаванд, огоҳ бояд кард. Аз ин рӯ, ба роҳ мондани дарси “Маърифати оиладорӣ” метавонад дар пешгирии проблемаҳои хонадорӣ кӯмак расонад. Зеро огоҳ шудан аз одоби муошират, донистани ҳуқуқҳои зану шавҳар, тарзи нигоҳубини
дар, хоҳару бародар ва дигар наздиконашон аз ҳамсари худ ҷудо шуда, ӯро дар нимароҳи зиндагӣ танҳо мегузоранд. Кӯдакони оилаҳои ҷудошуда дилшикаставу рӯҳафтода ба воя мерасанд. Доғи ҷудоии волидайн як умр дар хотири онҳо нақш хоҳад баст. Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳои нохуш чи писар ва чи духтар бояд босаводу маърифатнок бошанд. Чунончӣ, дар бандҳои 1 ва 2 моддаи 32 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Зану шавҳар дар интихоби шуғл, касб, намуди фаъолият, иқомат ва маҳалли будубош озоданд. Масъалаҳои падариву модарӣ, тарбияи фарзанд, маълумотноккунӣ ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя бо назардошти принсипи баробарии зану шавҳар ҳал менамоянд”. Мутаассифона, баъзе волидайн дар хонадории фарзандон ба саросемагию шитобкорӣ роҳ дода, бе доштани ягон шуғл ва ҳунар онҳоро оиладор мекунанд. Борҳо шоҳиди он шудаем, ки як қисми ҷавонон бо сабаби бекорию надоштани касбу ҳунар аз уҳдаи оиладорӣ набаромада, ҷудо мешаванд. Агар писару духтар аввал соҳиби касбу ҳунару ҷои кор шуда, баъдан оиладор шаванд, кашидани бори зиндагӣ барояшон осонтар мегардад. Аз тарафи дигар фаъолият на-
мудан дар коллективи меҳнатӣ боиси баҳравар шудан аз панду насиҳатҳои ҳамкорони калонсолу рӯзгордида мешавад. Яке аз ҳодисаҳои номатлубе, ки боиси дилсиёҳиву бадбахтии як қатор оилаҳои ҷавон гаштааст, талоқ тавассути телефон мебошад. Шавҳар зану фарзандони худро дар хона монда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераваду ба ҷои аҳли хонаводаро аз лиҳози
мегиранд. Чунончӣ, дар сураи “Нисо” таъкид шудааст: “Ва занон аз шумо (мардон) паймони устувор гирифтаанд”. Яке аз олимони муътабари ҷаҳони ислом Имом Ғаззолӣ дар китоби “Кимиёи саодат” дар боби фоида ва офатҳои никоҳ навиштааст: “Ҳар киро моле ё меросе набошад ё касбе ҳалол набошад, вайро никоҳ нашояд кардан. Офат дар он бошад, ки аз та-
шавад, ин пушаймонӣ дучанд хоҳад шуд. Зеро дар чунин ҳол робитаҳои хешовандӣ халалдор мегардад. Бо ҳамин сабаб ниёконамон мегуфтанд: “Бегонаро ба худ хеш созу ба писарат аз бегонагон зан бидеҳ. Ба хонаи худӣ хостгорӣ марав, ки худӣ бе ин ҳам аз худ аст”. Яке аз сабабҳои дигар ҷудошавии оилаҳо нозпарвард (эркатулфор) ба воя расонидани фарзандон мебошад. Ҷавонони нозпарвард, ки то хонадоршавӣ бе ягон дарди миён аз ҳисоби падару модар бепарво зиндагӣ мекарданд, баъди хонадоршавӣ низ ин одати хешро тарк кардан намехоҳанд. Дар натиҷа, бо пеш омадани андаке мушкилӣ ва сар задани ҳамдигарнофаҳмии ночиз зуд ҷудо мешаванд. Дар таҷрибаи кориам борҳо дидаам, ки нозпарвард ба воя расонидани фарзанд оқибат дарди сари падару модар мешаванд. Ба тайёрхӯрӣ одат кардан натиҷаи манфӣ бор оварда, касро дар зиндагӣ дучори мушкилиҳои зиёд мегардонад. Солҳои пеш дар устувории оилаҳо атрофиён нақши муҳим мебозиданд. Як насиҳати пири рӯзгордида кофӣ буд, ки зану шавҳар оштӣ шуда, боқии зиндагиро ба хушӣ гузаронанд.
Ҷомеа – иморат, оила – хишти он Ободии Ватан аз ободии ҳар оила ибтидо мегирад иқтисодӣ ва маънавӣ дастгирӣ кардан, бе ягон азоби виҷдон ҳаёти занеро месӯзонад. Зани аз шавҳари бемаърифаташ зарбаи рӯҳидида бе ягон кӯмаки иқтисодӣ дар нимароҳ мемонад. Аз ин рӯ, навхонадоронро зарур аст, ки ҳангоми дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) аз қайди давлатии ақди никоҳ гузаштан, бастани аҳднома (шартнома)-и молумулкиро аз якдигар хоҳиш ва талаб намоянд. Дар ин хусус дар моддаҳои 40 ва 14 Кодекси оилаи ҷумҳурӣ омадааст: “Аҳдномаи никоҳ – созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулкӣ ва уҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ва ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамоянд. Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ҳам дар ҳар вақти давраи заношӯӣ баста шавад”. Дар ҷумҳурии мо, ки аксари аҳолиро пайравони дини мубини ислом ташкил медиҳанд, бунёди оилаи солим на танҳо ба ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, балки ба баланд будани маърифати динии оиладорон низ ниёз дорад. Аз нигоҳи талаботи дини мубини ислом никоҳ кардан, оиладор шудан чун аҳду паймони устувор дониста мешавад. Баъди никоҳ хонадоршудагон масъулиятҳои зиёдро ба дӯш
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9397), 11 ИЮНИ СОЛИ 2015
лаби (ризқи) ҳалол оҷиз ояд ва бошад, ки ба (ҷои) талаби ҳалол дар талаби ҳарому шубҳат афтад ва он сабаби ҳалоки дин бувад вайрову аёли вайро”. Ҳангоми хондани хутбаи никоҳ ба мард таъкид мешавад, ки “завҷаи худро 6 моҳ бе нафақа монда ғайбат нанамояд (ғоиб нашавад)”. Вале имрӯз як қисми ҷавонон баъди як моҳи никоҳ арӯси худро танҳо гузошта, барои кандани қарзи тӯй ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Пас, ӯҳдадории дар вақти никоҳ ба зимагирифтаашон чӣ мешавад? Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки никоҳи хешутаборӣ дар бисёр мавридҳо боиси ба дунё омадани кӯдакони маъюбу нуқсондор мегардад. Бо мақсади пешгирии таваллуди кӯдакони маъюбу нуқсондор пеш аз никоҳ ба хонадоршавандагон лозим аст, ки аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Ин нукта дар моддаи 15 Кодекси оилаи ҶТ таъкид шудааст. Яъне, издивоҷкунандагон бо розигии худ метавонанд пеш аз ақди никоҳи давлатӣ аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Мутаассифона, бисёриҳо ба ин амали муҳим хунукназарӣ карда, баъдан пушаймон мешаванд. Алалхусус, ҳангоми издивоҷи хешовандон, вақте ки баъдан аз нигоҳи тиббӣ мувофиқат накардани хешовандон ошкор ме-
Мутаассифона, имрӯз бархе аз ҷавонон гӯш ба насиҳати падару модар ва хусуру хушдоман надода, зуд ба фикри ҷудошавӣ меафтанд. Агар ба сухани пирони рӯзгордида гӯш андозанд, аз бисёр шикастҳо эмин мемонанд. Оиларо адабгоҳ, мактаби тарбияи шахсиятҳои бузургу номбардорони Ватан меноманд. Ҳадафи олии оиладоршавӣ тарбияи нек ва ҷисману рӯҳан солим ба воя расонидани фарзандон мебошад. Аз ин рӯ, Президенти мамлакат дар яке аз мулоқоти хеш бо бонувони кишвар гуфта буданд: “Мо ҳама бояд хуб эҳсос ва дарк намоем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадону ҳар як оила ибтидо мегирад”. Пойдориву солимии муҳити оила, мавҷуд будани низоми мустаҳкам дар хонадон ба сатҳи маърифати падару модарон вобастагӣ дорад. Бинобар ин, ҳар яки мо, новобаста аз синну сол ва касбу корамон бояд ҳамеша баҳри баланд бардоштани маърифати хеш кӯшиш намоем. Агар ҷомеаро ба иморати бузурге ташбеҳ диҳем, ҳар як оила ба манзалаи хишт аст. Пас солимию мустаҳкамии ҷомеа ба мустаҳкамии оила вобастагӣ дорад. Хуршед МАҲМАДЗОДА, судяи Суди ҳарбии Гарнизони Душанбе, майори адлия
7
МУҲОВАРА
- Устод, мехостам суҳбати мо, ки сари рӯзгору эҷоди Шумо сурат мегирад, аз талошу ҷустуҷӯҳои айёми ҷавонӣ ва лаҳзаҳои вуруду қадамҳои нахустинатон ба дунёи зебои шеъру шоирӣ шуруъ шавад. - Айёми мактабхонӣ монанди ҳама ҷавонон машқи шеър мекардам. Аввалин шеърам, ки дар рӯзномаи ноҳиявӣ чоп шуд, “Қоилии Вахш” ном дошта, ба оғози сохтмони НБО “Роғун” бахшида шуда буд. Ин соли 1967 буд ва дар курси якуми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил мекардам. Аз қадамҳои нахустин нерӯгоҳи “Роғун”-ро ситоиш мекардам. Сипас, сисилаи шеърҳои Роғунро навиштам. Имрӯз ба эҷоди достони “Нурофарон” машғулам, ки порчаҳои алоҳидаи он дар нашрияҳои “Ҷумҳурият”, “Минбари халқ”, “Нури Нуробод” ба табъ расиданд. Яъне, ман тамоми умр ба ситоиши нерӯгоҳи “Роғун” машғулам, ки бесабаб нест. Роғун орзую омоли миллат, хун дар шарёни тоҷик аст ва иншоаллоҳ, ки рӯзи мурод, соати нурафшонии нуристони Роғун фаро мерасад. - Дар эҷодиёти Шумо, асосан, мавзӯъҳои “нони гандум”, “Ваҳдати миллӣ” ва ҳаёти гузаштаву имрӯзи диёри Нуробод мавқеи хоса доранд. Ашъори ибтидои шоириатон бештар фарогири мавзӯи “нони гандум” буда, бо баракати он боғи эҷодатон зебову пурсамар гардидааст. Агар хато накунам, нахустин маҷмӯаатон ҳам солҳои донишҷӯӣ бо номи «Нони гандум» ба табъ расида, суруди машҳури «Нони гандум», ки ҳанӯз ҳам тавассути радио ва телевизион пахш мегардад, Шуморо ба ҳаводорони шеъру суруд бештар муаррифӣ карда буд. Дар оғози эҷод ин қадар таваҷҷуҳ ва муҳаббату самимият нисбат ба ин мавзӯъ, ки дар он давраи ба қавли мардум серию пурӣ ба гӯшаи хаёлу афкори касе ҳам намеомад, аз чӣ буд? - Оре, давраи ҷавонии мо ба замони серию пурӣ рост омад. Кор ба ҷое расида буд, ки нонро ба партовгоҳҳо мепартофтанд. Ҳурмати нон ба мулки фаромӯшӣ рафта буд. Дар мактаб, агар аз мактабиён мепурсидӣ, ки нон аз чӣ тайёр мешавад, онҳо ҳайрон мешуданд, дар бораи гандуму орд тасаввуроте надоштанд. Эҷоди “Нони гандум” як навъ ҳимоя намудани қадру қимати нон, ҳурмату эҳтиром ба ин асоси зиндагӣ буд. Солҳои ҷавонии мо Иттифоқи нависандагон ба тарбияи ҷавонон пайваста диққат медод. Устод Боқӣ Раҳимзода моҳе як бор шоирони ҷавонро дар оинаи нилгун ҷамъ мекард. Ҷавонон шеър мехонданду устод Боқӣ мулоҳизаҳояшонро баён мекарданд. Ҳамаи ин мустақиман ба воситаи телевизион намоиш дода мешуд. Дар яке аз чунин маҳфилҳо шеъри “Нони гандум”-ро хондам. Устод Боқӣ ба шеър баҳои баланд дод. Рӯзи дигар муовини декан маро ба утоқи кориаш ҷеғ зада, гуфт, ки туро муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Мӯъмин Қаноат даъват мекунад. Шеъри “Нони гандум”-ро бо худ бигир. Шитобан ба назди устод Мӯъмин Қаноат рафтам. Устод хеле хуш қабулам кард. Баъди насиҳати зиёд шеъри “Нони гандум”-ро талаб кард. Шеърро ба дасташон додам. Шеър дар шумораи 1-уми соли 1970и маҷаллаи “Садои шарқ” чоп шуд. Он солҳо дар “Садои шарқ” чоп кардани шеър осон набуд. Устод Мирзо Турсунзода шахсан ба асарҳои дар ин маҷалла чопшаванда назорат мекарданд. Хулоса, “Нони гандум” соли 1972 дар “Китоби хониш”-и синфи 3 ва китоби “Меҳнат”-и синфи 4 дохил шуд. Аз соли 1973 ба фонди тиллоии радио дохил шудааст. Ҳоло дар китоби «Забони модарӣ»-и синфи 1 омӯзонда мешавад. - Дигар мавзӯи меҳварии эҷодиёти Шумо Ваҳдати миллӣ аст, ки шукри Худо
8
Ситояндаи Ваҳдати ҷовидон Суҳбати журналист Валиҷон Баёнӣ бо шоири ваҳдатсаро, сармуҳаррири рӯзномаи «Нури Нуробод» Ҷумъа Қувват
18 сол боз мурғи зебояш дар кишвари мо пару бол мезанад. Дар он рӯзҳои мушкил чӣ гуна эҳсосу ҳолате Шуморо фарогир буд, ки бо як сӯзи ватандӯстию ташнагӣ ва садои шоирона «Ваҳдат, эй мардум, ки вақти ваҳдат аст!», - мегуфтед? - Силсилаи рубоию дубайтиҳои «Ваҳдат, эй мардум, ки вақти ваҳдат аст»-ро соли 1993 иншо намудам. Иттифоқан хабарнигори Радиои Тоҷикистон ба идораи рӯзномаи «Нури Нуробод» омада, хоҳиш намуд, ки чанд шеъри навамро барои хонандагони радио бихонам. Ман пораеро аз ҳамин силсила қироат намудам ва фавран пешкаши шунавандагон шуд. Чун бори дигар Додарҷони Мирзо бо ман вохӯрд, изҳори қаноатмандӣ намуд, ки барои сабти он шеърҳо сазовори мукофот гаштааст. Соли 1994 Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод сафар карданд. Дар вохурие, ки дар Кохи фарҳанг баргузор шуд, ба ман муяссар гардид, ки яке аз аввалин шеърҳои ба мавзӯи ваҳдат бахшидаамро қироат намоям. Он шеър мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки ба ман баҳри эҷоди асарҳои нав илҳом бахшид. Боварам ба расидан ба Ваҳдати миллӣ қавӣ гардид
ва баъди ҳамин вохурӣ шеъри «Парешонӣ намонд»-ро иншо намудам, ки соли 1995 дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп шуда, он лаҳзаҳо вирди забони мардум гашт. Он солҳо ман барои тарғиби Ваҳдати миллӣ ҳамчун шоир ва узви Раёсати Кумитаи сулҳ ва ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайатҳои гуногун сар то сари мамалакат сафар мекардем, бо халқ вомехӯрдему, суҳбатҳо меоростем ва медидем, ки ҳамагон ташнаи сулҳу ваҳдат, ҳамбастагианд ва ин хиради волои халқи соҳибтамаддунамон боис мешуд, ки дар ин мавзӯъ асарҳои нав ба нав эҷод намоям. Ваҳдати миллӣ, ҳамин тариқ, мавзӯи асосии эҷодиёти ман гардид. Бисъёр шеърҳо ва асарҳои публитсистӣ эҷод намудам, ки дар китобҳои «Ваҳдатистони Раштонзамин», «Ваҳдатистон» ва «Найсони Ваҳдат» гирд оварда шудаанд. Бисёр шеърҳои ба ин мавзӯъ бахшидаи мо аз ҷониби устодони санъати мамлакат ба оҳанг дароварда шуданд. Рости гап, вақте санъаткороне, ки ҳоло аз наздик шинос нестам, шеъри маро месароянд, хеле шод мешавам. Вақте соли 2012 консерти ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шеъри «Тантанаи Ваҳдат»-и ман ҷамъбаст шуд, хеле шод шудам. Эҳсос кардам, ки шукр, беҳуда заҳмат накашидаам. Ё овозхони шинохта Луҳира Муъминова шеъри «Шукри Ваҳдат»-и маро бо оҳанги марғубе хеле хушу гуворо месарояд. Маълум мешавад, ки ӯ шеърро аз рӯзномаҳо хондааст, писандаш шудааст, бинобар онро ин қадар самимона месарояд. - Давраи фаъолиятам дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» боре бастаи шумораҳои солҳои гуногун нашршудаи онро варақ задаму чашмам ба чанд шеъри ба ҷавонию ҷавонон бахшидаи Шумо афтод. Мақому маҳбубияти ин рӯзнома солҳои ҷавонию донишҷӯии Шумо дар кадом поя буд ва ба он чӣ гуна ҳамкорию ошноӣ доштед? - Агар гӯям, ки рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (собиқ “Комсомоли Тоҷикистон») назар ба ҳамаи нашрияҳои дигар эҷодиёти маро бештар чоп кардааст, хато нахоҳад буд. Зеро ин рӯзнома ба эҷодиёти шоирони ҷавон диққати махсус медод, ки яке аз онҳо ман будам. Дар ёд дорам, вақте манзумаи «Рӯҳи бешикаст»-и мо дар ин рӯзнома чоп шуд, дар байни ҷавонон ҳамовозии калон ба миён омад ва муассисон аз рӯзнома барои чопи чунин асар изҳори
қаноатмандӣ намуданд. - Дар ашъори зиёдатон садову сафо ва навою нози дарёи Вахш ҷилва мекунад ва баъди ба бор омадани самараи бузурги он - НБО «Роғун» ҷилваю ҷавлони ин мавзӯъ дар майдони эҷодатон бештар шуд. Агар гӯям, ки муҳаббати Вахши зебо ҳанӯз аз бачагӣ дар дили Шумо ҷо гирифтаву равнақи илҳому эҷодатон гардида буд, хато нахоҳам кард? - Меҳри ин дарёи хурӯшон аз кӯдакӣ дар дили ман ҷой дорад, зеро ин дарё аз зодгоҳи ман ибтидо мегирад ва чунонки мегӯянд, ман чашм кушода, Вахшро дидаам ва аз он софию ҷӯшу хурӯши зиндагӣ омӯхтаам. Чунонки пештар зикр намудам, нахустин шеъри ман «Қоилии Вахш» ном дошт. Шумо гуфтед, ки солҳои охир Вахш дар ашъори ман мавқеи бештар дорад. Ин дуруст аст ва достони «Нурофарони Вахш» бо чунин сатрҳо оғоз мешавад: Вахш! Рахши шоҳвору роҳвор, Неъмати парвардаи Парвардигор, Хуштарин ганҷинаи тоҷик туӣ, Дил даруни синаи тоҷик туӣ. - Дар зиндагӣ аз ин пас бо чӣ орзуву ормонҳо ва нақшаву ниятҳои эҷодӣ қадам хоҳед зад? - Орзую омоли мо имрӯз ва ҳамеша он аст, ки Тоҷикистон Ваҳдатистон бошад ва мо ситояндаи он. Чанде пеш аз Паёми Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, манзумае бо номи «Низоми мулкдорӣ» иншо намудам, ки бо ин байт поён меёбад: Манам бо умеди бақои замин, Ситояндаи сулҳи бахтофарин! Хизматҳоям дар равнақи адабиёт ва таҳкими Ваҳдати миллӣ бо Ордени «Шараф», медали «Хизмати шоиста», медали тиллои Кумитаи сулҳ ва ризоият ва ғайра қадр шудаанд. Вазифаҳои ҷамъиятии муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви раёсати Кумитаи сулҳ ва ризоияти Тоҷикистон, узви комиссияи тафтишоти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бар уҳда дорам. - Ташаккур. Таманнои тансиҳатӣ, эҷоди асарҳои тозаву сарбаландии Шуморо мекунем.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9397), 11 ИЮНИ СОЛИ 2015
АНДАРЗ
РОҲИ БЕХАТАР Мирзо ФАЙЗАЛӢ
Оқибати кори ду нафар, ки яке об гирифту дигаре зар Ду нафар гаштанд рӯзе ҳамсафар Баҳри рӯзӣ ҷониби мулке дигар. Роҳашон аз кӯҳу саҳроҳо гузашт, Аз канори ҷӯю дарёҳо гузашт. Як биёбони махуф омад падид, Рӯзу шаб боди самумаш мевазид. Ноилоҷ он ду нафар рафтанд пеш, Ҳар кадом андар кадуе оби хеш.
Дар биёбон гашт озим бар сафар. Марди дигар бе ягон шарҳу баён, Бо кадуи об шуд аз пас равон. Пеш мерафтанд дилҳо пурумед, Рӯз шаб мегашт, шаб рӯзи сафед. Он биёбон гӯиё охир надошт, Ноумедӣ лона дар дил мегузошт.
Роҳ паймуданд онҳо рӯзу шаб, Аз кадуҳо кам-камак тар карда лаб.
Он, ки бо худ об нею зар гирифт, Ташна монду ҳалқу нойаш даргирифт.
Рӯзи сеюм оби ҳар ду шуд тамом, Ҳар нафас чун оташе омад ба ком.
Ин, ки бо худ як кадуи об дошт, Оқибат он дашт пушти сар гузошт.
Рӯзи чорум қоқ ҳалқу нойашон, Қуввате не дар тану дар пойашон.
Зар гирифт он, мурдааш дар дашт монд, Обро бигрифт ин, ҷонаш раҳонд.
Аз тамоми моли дунё зери лаб Буд қулти об онҳоро талаб. Ҳар ду афтоданд, рафта аз мадор, Маргро дар он биёбон интизор. Чанд гоҳе хуфта аз худ бехабар, Як нафар з-он ду чу боло кард сар, Дар бараш як чашмаи сероб дид, Аз чунин эъҷози Яздон лаб газид. Худ ба худ гуфто, ки ин лутфи Худост, Имтиҳоне дар биёбон баҳри мост. Қулти обе илтиҷо з-ӯ доштем, Шукр, ки подоши он бардоштем... 3-оби чашма нуш карду ҷон гирифт, Пайкари афсурдааш дармон гирифт. Он рафиқи хешро бедор кард, Об зад бар рӯяшу ҳушёр кард. Гӯиё бо об омад ҷонашон, Гашт пайдо қуввату дармонашон. Рӯзи дигар чун зи ҷо бархостанд, Хешро баҳри сафар оростанд. Он яке шукрона бо одоб кард, Пур кадуи хешро аз об кард. Об чун кам гашт, зери чашма дид, Тангаҳои зар ҳаме омад падид. Гуфт: "Мо будем дар он ҳоли зор, Бин, ки ногаҳ бо атои Кирдигор Чашма пайдо гашт дар паҳнои дашт, Марг бо лутфи Худо аз мо гузашт. Шукри оби раҳмати Парвардгор, Ман ба ин зарҳо надорам ҳеч кор". Он дигар гуфто ба ӯ: "Эй бехабар, Рез обатро, каду пур кун зи зар. Дар ҳама ҷо зар ҳамеояд ба кор, Одамиро зар бувад ҳоҷатбарор". Пас, кадуяшро, ки буд аз баҳри об, Лаб ба лаб пур кард аз он зарри ноб. Шоду хуррам бо кадуи пур зи зар
Қимати обе, ки з-ин дарвеш буд, Аз ҳазорон кӯзаи зар беш буд. Ин ҳикоят кардаам аз баҳри он, К-обро қимат бидонед, одамон! Об - ободӣ, мадори зиндагист, Зиндагӣ бе об ҳаргиз нест, нест! Обро бояд муқаддас доштан, Пок бар ояндагон бигзоштан. То ҳаёт андар Замин ёбад давом, Об лозим, об! Қисса шуд тамом.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9397), 11 ИЮНИ СОЛИ 2015
28 ҷавон – нозири ҳаракат дар роҳ Риоя кардани ҳаракат гарави эминӣ аз фалокат аст Ҳарчанд нақлиёти автомобилӣ сифати зиндагиро беҳбуд бахшида, боиси зуд ва бароҳат ба манзили мақсуд расидани одамон гашта бошад ҳам, сол то сол теъдоди ашхоси аз фалокати автомобилӣ фавтида меафзояд. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол дар ҷаҳон 1,2 миллион нафар одамони синну соли гуногун дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расида, садҳо нафари дигар маъюбу иллатӣ мегарданд. Қариб 30 дарсади аҳолии ҷаҳонро наврасону ҷавонони 10-14-сола ташкил медиҳанд. Ҷароҳатҳои роҳу нақлиётӣ яке аз сабабҳои асосии маъюбшавию фавти ин гурӯҳи аҳолӣ ба шумор меравад. Аз рӯи маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ солҳои 20042013 дар натиҷаи ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар мамлакат 4544 нафар ҳалок ва 17 709 нафар маҷруҳ шудаанд. Бо назардошти он ки 70 дарсади аҳолии кишварро кӯдакону ҷавонон ташкил медиҳанд, дар 56,4% ҳолатҳо маҳз ин гурӯҳи аҳолӣ сабабгор ва ҷабрдидаи садамаҳои нақлиётӣ гаштаанд. Тайи Солҳои 2009-2013 дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 454 нафар (20,2%) фавтидагони то 16-сола рост меояд. Яъне, ҳар чорумин нафари аз садамаи нақлиётӣ фавтида кӯдакону наврасони то 16-сола мебошанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ лоиҳаи “Шаҳри бехатар”-ро амалӣ намуд, ки дар самти бехатарии роҳҳои
пойтахт натиҷаҳои назаррас дод. Аммо дар ин ҷода танҳо кӯшиши кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ нокифоя аст. Бояд дар мавзӯи бехатарии роҳ кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ВАО ва иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолона бо БДА ҳакорӣ намоянд. - Ҷароҳатҳои дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ бардошта миёни сабабҳои асосии фавти одамон ҷои 11-умро ишғол мекунад, - мегӯяд сардабири маҷалаи «Даво» Бибихонум Дарвешзода. - Ин ҷароҳатҳо миёни сабабҳои гирифторӣ ба бемориҳои гуногун дар ҷои 9-ум меистанд. Бинобар ин, дар оила, боғча, мактаб, радио ва телевизион дар мавзӯи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳҳо маълумот додан ҳатмист. Яке аз ташкилотҳои дар ин самт фаъол ТҶ «Насли ҷавони Тоҷикистон» мебошад. Ташкилоти мазкур бо кӯмаки «Иттиҳоди шарқӣ барои нақлиёти бехавф ва устувор» (EAST) аз сентябри соли 2014 то апрели соли равон лоиҳаи «Паст кардани сатҳи афзоиши маҷрӯҳшавӣ ва фавти кӯдакону наврасони то 16-сола ҳангоми ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе»-ро амалӣ намуд. Кормандону ихтиёриёни ташкилот дар ҳамкорӣ бо РБДА Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳафтаномаи «Вечёрка» маъракаи тарғиби қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба роҳ монданд. Вобаста ба ин озмуни ҷумҳуриявии «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак» доир гардид. Ба озмун аз тамоми навоҳии мамлакат 250 расм фиристода шуд. - Дар дораи лоиҳа мо давраи омӯзишии «Нозирони ҷавони ҳаракат дар роҳ»-ро баргузор кардем, - гуфт сарвари ТҶ
“Насли ҷавони Тоҷикистон” Наимҷон Мирзораҳимов. - Аз миёни хонандагони 5 мактаби ноҳияи Фирдавсӣ 28 нафар нозири ҷавони ҳаракат дар роҳ шуданд. Оянда ин нозирон дар тарғиби бехатарии ҳаракат дар роҳҳо саҳм хоҳанд гузошт. Вобаста ба ин мавзӯъ 18-19 апрели соли ҷорӣ дар Боғи “Ирам” намоишгоҳ доир кардем, ки кӯдакону волидайни онҳо ширкат карданд. Аз рӯи маълумоти ВКД танҳо 27 майи соли ҷорӣ садамаҳои нақлиётӣ боиси фавти 3 кӯдак шудааст. Ронандаи 23-солаи автомошинаи тамғаи «ВАЗ-2106» ҳангоми ҳаракат дар роҳи Исфара-Ворух, дар ҷамоати деҳоти Сурх аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар самти муқобили ҳаракат духтарчаи 5-соларо зер намудааст. Духтарча дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин, садамаи нақлиётӣ боиси марги писараке дар ноҳияи Бохтар ва духтарчаи 12-сола дар ноҳияи Румӣ гаштааст. Волидайн, мураббиҳои боғча ва омӯзгоронро зарур аст, ки ҳар рӯз чанд дақиқа ҳатман дар бораи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ба кӯдакон маълумот диҳанд. Алалхусус, таъкид намоянд, ки ҳеҷ гоҳ аз пеши роҳи мошини босуръат омада нагузаранд. Зеро ронанда дасту по хӯрда, мошинро фавран боз дошта наметавонад. Танҳо аз ҷойҳои барои пиёдагард ҷудошуда роҳҳои сермошинро убур кунанд. Бо самокату велосипед ва конкиҳои чархдор дар роҳҳои мошингард нагарданд. Назди роҳҳои мошингард бозӣ накунанд. Пеш аз гузаштан ду тарафи роҳро нигоҳ кунанд. Риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гарави эминӣ аз фалокат аст. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
9
ТУРИЗМ
Таҳсилот захираи асосии рушди ҷомеа буда, дар бисёре аз мамлакатҳо ба ҳайси пойгоҳи ҳалкунандаи рушди иқтисодӣ, воситаи паст кардани нобаробарии иқтисодӣ ва мубориза алайҳи бекорӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари ин, таҳсилот барои ҷомеа манфиати зиёди иҷтимоӣ, аз қабили паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ, поён бурдани шиддат дар муносибати байни қавму миллатҳо ва амсоли инро дорад. Соҳаи таҳсилот ба самти аз ҳама афзали сиёсати давлат мубаддал гардидааст. Иқтисоди бозорӣ, ки охири садаи XX ва ибтидои асри XXI дар ҷомеаи мо зуҳур кард, системаи таҳсилоти даҳсолаҳо муназзамгардида, ҳамзамон, бо ҷои кор таъмин гардидани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилотро комилан тағйир дод. Дар натиҷа, зарурати ворид кардани ислоҳот дар мазмуну мундариҷаи таҳсилот, инчунин, ҷорӣ кардани таҳсилот дар тахассусҳои нав ба миён омад. Пешбиниҳои устуворе низ ҷой доранд, ки сохтори тахассусҳо вобаста ба пешрафти ҳаёти ҷомеа ва ба миён омадани талаботи пайваста рушдкунанда минбаъд низ тағйир хоҳанд ёфт. Вобаста ба ин, муҳити берунаи системаи таҳсилот, яъне, бозори меҳнат бояд мунтазам таҳлил гардида, талабот ба ин ё он ихтисосу ҳунарҳо, самтҳои омода намудани мутахассисон муайян шаванд. Таҳлилҳо дар мавриди пешбинии эҳтиёҷот ба мутахассисони дар сатҳҳои гуногун омодашаванда гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ин маврид бештар эҳтиёҷот танҳо бо назардошти соҳаҳои мушаххас ба назар гирифта шуда, талаботи бозори меҳнати шаҳр, минтақа нисбат ба мутахассисони соҳаҳои зарурӣ сарфи назар мегарданд. Туризм дар тамоми ҷаҳон ба ҳайси соҳаи афзалиятноки иқтисодиёт шинохта шуда, ҳамчун
Корро мутахассис мекунад Сифати тайёр намудани мутахассисони соҳаи туризми мамлакат беҳбудӣ металабад раванди мураккаб ҷавҳари асосии онро илм, фарҳанг, таҳсилот ташкил медиҳанд. Аз ибтидои солҳои 90-и садаи XX дар пояи системаи кӯҳнаи экскурсионӣ ташкилотҳои туристии шакли моликияташон гуногун созмон ёфта, асосан, ба туризми содиротӣ машғул гардиданд. Таҳлили таҷрибаи чаҳонӣ нишон медиҳад, ки 6 дарсади қувваи қобили меҳнат маҳз дар соҳаи саноати туристӣ машғули коранд. Ба гуфтаи ноиби президенти Шӯрои умумиҷаҳонӣ оид ба туризм (WTTC) Ричард Миллер, нишондиҳандаи кору машғулият дар соҳаи туризм мутаҳаррики муҳим барои иқтисодиёт маҳсуб меёбад, зеро ҷойҳои нави корӣ дар саноати туристӣ рушди соҳаҳои ба туризм аз ин ё он ҷиҳат алоқамандро, аз қабили сохтмон, инфрасохтор ва тамоми бахшҳои марбут ба хизматрасонӣ (нақлиёт, муассисаҳои савдою тиҷорат, хӯроки умум, фарҳангу фароғат, варзиш, алоқа, молия, суғурта...)ро низ таъмин хоҳад кард. Бо гузаштан ба муносибатҳои иқтисодӣ дар ҷумҳурии мо аён гардид, ки бидуни тайёр кардани мутахассисони баландпояи дорои донишу малакаи баланди тахассусӣ, ворид намудани тағйироти куллӣ ва ба манфиати пешрафти иқтисоди миллии мамлакат истифода намудани иқтидорҳои соҳаи туризм ғайриимкон мебошад. Ҳамин аст, ки аз соли 1999 дар ҷумҳурӣ тайёр намудани мутахассисони баландпояи соҳаи туризм бо ихтисоси «Менеҷмент дар соҳаи туризм» роҳандозӣ шуд. Минбаъд, аз соли 2003 дар ҷумҳурӣ филиали Академияи байналмилалии туризми Русия ба фаъолият оғоз намуда, бо ташкили пояи моддӣтехникии ба таҳсилоти тахассусии соҳаи туризм созгор ба тайёр намудани мутахассисон дар ин ришта камар баст. Ҳамзамон, дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, аз қабили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С. Раҳимов ва амсоли инҳо ихтисосу тахассусҳои марбут ба туризм боз шуда, ба тайёр намудани мутахассисон дар ин ришта оғоз намуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки на ҳамаи хатмкардагони риштаҳои туризми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо ҷои кор таъмин мешаванд. Бо вуҷуди он ки дар риштаи таҳсилоти тахассусии соҳаи туризми мамлакат аз ҷониби олимону коршиносон, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мешаванд, вале сатҳу сифати тайёр намудани мутахассисон беҳбудӣ металабад. Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии марбут ба соҳаи туризм ва барномаҳои таълимӣ чандон ба эҳтиёҷоти воқеии саноати туристӣ мувофиқат намекунанд. Ин санадҳо бештар характери академӣ дошта, ба амалия ва воқеияти фаъолияти туристӣ равона нашудаанд. Ҳамзамон, ин норасоӣ дар адабиёти соҳавӣ, китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ низ ба хубӣ эҳсос мешавад. Зарур аст, ки дар кори омода намудани стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва дастуру нишондодҳои методӣ кормандону коршиносони варзидаи соҳаи туризм ҷалб шаванд. Дар ин ҳолат таваҷҷуҳ бештар ба нозукиҳои фаъолият дар амалияи соҳа равона гардида, санадҳо бо назардошти талаботи феълӣ ва воқеии бозори меҳнат ва махсусиятҳои тарбияи малакаю маҳорати амалӣ дар муҳассилин омода мегарданд. Мушкилоти дигар дар сам-
ти омодасозии мутахассисони соҳаи туризм бархӯрдор набудан аз таҷрибаи тамоюлҳои тарбияи мутахассисон дар кишварҳои дар ин ҷода пешрафтаи ҷаҳон мебошад. Албатта, таҷрибаи пешқадам дар ҳама давру замон дастёру кӯмакрасон мебошад. Бо назардошти иқтидорҳои бениҳоят зиёди туристии Тоҷикистон, ба андешаи мо, доираи ихтисосу тахассусҳое, ки аз рӯи онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мутахассис тайёр карда мешавад, бениҳоят каманд. Бахусус, набудани тахассусҳои марбут ба менеҷменти сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои хӯроки умум (равияи туризм) менеҷменти сифати хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт (равияи туризм) хоҷагии меҳмонхонаҳо (равияи туризм) менеҷменти меҳмонхона технологияи информатсионӣ, тиҷорати электронӣ ва индустрияи туризм тарҷумонҳо (равияи туризм) саёҳатшиносӣ кормандони мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ (равияи туризм) кормандони осоишгоҳҳо (равияи туризм) идоракунии паркҳо ва захираҳои табиии миллӣ аниматорҳо ва амсоли инҳо ба хубӣ эҳсос мешавад. Зарур аст, ки дар риштаҳои таҳсилоти олии тахассусии соҳаи туризм зертахассусҳои зикршуда ворид карда шуда, тибқи он мутахассисон тайёр карда шаванд. Дар ин ҷода аз таҷрибаи муассисаҳои таҳсилотии кишварҳои пешрафта баҳрабардорӣ намудан ба манфиати кор мебошад. Ташкил ва баргузории машғулиятҳои омӯзишии амалӣ дар ширкатҳои туристӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, мавзеъҳои истироҳату фароғат, осоишгоҳҳо, ширкатҳои нақлиётӣ ҳамчун раванди воқеии робита бо амалия метавонанд ба болоравии малакаву маҳорати тахассусии муҳассилини ихтисосҳои туризми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мусоидат кунанд. Зеро омезиши
назария ва амалия хусусияти асосии таҳсилот дар риштаи туризм ва меҳмондорӣ мебошад. Такмили ихтисоси кормандони соҳаи туризм, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии марбут ба туризм низ аз масъалаҳое мебошанд, ки бояд дар наздиктарин мӯҳлат ҳалли худро ёбанд. Бозори туристии ҷаҳон ҳар лаҳза дар ҳоли пешрафт ва рушд қарор дорад. Вобаста ба ин, талабот ба салоҳиятҳои касбии мутахассисон низ бояд пайваста дар ҳоли рушд қарор дошта бошад. Такмили ихтисоси кормандони соҳа ва омӯзгорон дар ин ҷода омили муҳими пайваста аз дастоварду навгониҳо ва технологияҳои муосири таълиму тарбияи мутахассисон бархӯрдор гардидани онҳо буда, муҳассилин бо ин васила бо донишҳои наву замонавӣ мусаллаҳ мегарданд. Дар маҷмӯъ, раванди таҳсилоти тахассусии соҳаи туризм дар мамлакат ҷиддан беҳбудӣ металабад. Ҷорӣ намудани низоми муназзами тарбияи мутахассисони соҳаи туризм кори якҷояи субъектҳои хоҷагидори соҳаи туризм, олимону коршиносон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мақомоти идоракунии давлатии соҳаи туризм мебошад. Танҳо мутахассисони варзидаю кордон метавонанд рақобатпазирии маҳсулоти туристии мамлакатро дар бозори туристии ҷаҳон таъмин намоянд ва Тоҷикистонро ба як кишвари аз лиҳози туризм пешрафта мубаддал созанд. Ба ибораи дигар, туризм дар Тоҷикистон интизори мутахассисони кордону варзида ва дорои малакаву маҳорати баланди касбӣ мебошад. Фазлиддин ҚОДИРОВ, сардори шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, коршиноси масоили туризм
БА ПЕШВОЗИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Вақте дар мактаби миёна мехондам, муаллимон ҳамеша аз ваҳдати миллӣ, сулҳ, суботу оромӣ ҳарф мезаданд. Аммо ба дарки он камтар мерасидам. Зеро меҳру навозиши волидайн ин ҳамаро зери соя қарор медод.
10
Шукри ваҳдату соҳибистиқлолӣ бояд кард Ҳоло, ки соли аввали таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба охир мерасонам, ба андозаи фаҳмиши худам, ба қадри ваҳдату субот мерасам. Суол ҳам медиҳам, ки агар 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо намерасид, оё ман донишҷӯ мешудам? Оё метавонистам, чунин бароҳату осуда дар Душанбе гардам? Албатта, ҳамаи ин бо талошу заҳмати Ҳукумати ҷумҳурӣ, бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Давраи мактабхонӣ ҳамеша меандешидам, ки чӣ тавр ба мактаби олӣ
дохил мешавам? Зиёд мегуфтанд, ки бе маблағ ба мактаби олӣ дохил шудан имкон надорад. Дӯст медоштам, ки донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забони англисӣ бошам. Бо ин сабаб ба ҷуз дарсҳои мактаб дарси иловагӣ мехондам. Ба бахти мо аввалин маротиба бо супориши Президент қабули довталабон ба мактабҳои олӣ дар соли таҳсили 2014-2015 аз тариқи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шуд. Дар қатори нахустин довталабон ман ҳам барои дохил шудан ба мактаби олӣ ҳуҷҷат супоридам. Андешаи он ки бидуни пораву ришва ба мактаби олӣ дохил шудан имкон надорад, ҳамеша азиятам медод. Аммо, аз он ки ҳамеша ба хон-
дан такя мекардам, ба имтиҳон ворид шудам. Имтиҳонҳоро супоридам. Баъди чанд рӯз муайян шуд, ки бо гирифтани 467 хол унвони бошарафи донишҷӯиро гирифтаам. Лаҳзаҳои аввали ба донишгоҳ омада, ҳуҷҷат супориданам низ бароям фаромӯш нашуданист. Ҳуҷҷатҳоямро супоридам, гуфтанд, ки ба факултаи забони англисӣ рафта, номнавис кун. Вақте ба назди як омӯзгор рафтам, пурсид, ки шартномавӣ мехонӣ ё буҷавӣ ва бо чанд хол гузаштаӣ? Посух додам, ки буҷавӣ ва бо 467 хол гузаштаам. Устод, мисле ки дар рӯ ба рӯяш як нафари наздикаш истода бошад, ба китфам дасташро гузошта, “офарин” гуфт. Баъдан, фаҳмидам, ки ин нафар муовини декан будаанд.
Фазои имтиҳонсупорӣ, пешвоз дар донишгоҳ ва як соли таҳсил бароям мафҳуми ваҳдатро азизтар кард. Ҳоло дар ҳамин сатҳ ваҳдатро дарк кардам, ки ваҳдату сулҳу субот ва соҳибистиқлолӣ аст, ки оромонаву осуда дар пайи таҳсилам. Ваҳдат аст, ки азми моро ба хондан бештару барои ояндаи дурахшон дилгарм мекунад. Ҳар рӯз, вақте аз телевизору дигар расонаҳо вазъи ҳамсолонамонро дар кишварҳои ҷангзадаву ноором мебинем, ба бузургии ин неъмат бештар мерасем.
Маҳмадулло РАҲМАТУЛЛОЕВ, донишҷӯи ДДОТ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9397), 11 ИЮНИ СОЛИ 2015
НИГОҲИ ДИГАР Дар интихоби сарлавҳа хеле истиҳола кардам. Вале беҳтар аз ин истилоҳе пайдо карда натавонистам, ки хислати қаҳрамони матлабро пурра инъикос кунад. Зиндагиаш саропо бо ҳамин сифат тавъам аст. Ҳамеша дар ҳаёт хешро дар зоҳир яку дар ботин дигар нишон додааст. Талош дорад худро тавре ба атрофиён муаррифӣ созад, ки умри худро сарфи хизмати мардум карда. Маҳз ҳамин кӯшишҳои мунҳарифсозаш таҳрикам доданд, ки қалам ба даст бигираму бо ин навишта чеҳраи аслашро барои онҳое бикшоям, ки ӯро намешиносанд ва худашро низ ҳушдор диҳам: «инро ба касе гӯй, ки туро нашносад». Манзур аз навишта Абдулло Ҳабибов мебошад ва мусоҳибаи ӯ бо радиои «Озодӣ» аз 1-уми майи соли 2015. Акнун бо чанд далеле собит хоҳам кард, ки дар нисбат додани сифати болоӣ ба номбурда иштибоҳ накардаам. ДАЛЕЛИ ЯК Албатта, ҳар як шаҳрванди кишвар ҳаққи ибрози назар дорад, вале фикру андеша бояд такя бар мантиқ дошта бошад ва ҳамзамон хонандаро ҷониби раҳгумӣ набарад. Ин амал хоси генерали мустаъфии мост, чун ҳаёташро ҳамеша бо дарназардошти набзи замон тағйир додааст. Баъди хатми факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳамчун мутахассиси ҷавон ва давомдиҳандаи касби устодон, чанде ба кӯдакони деҳаи Даштиҷум дарс мегӯяд ва сипас қадамҳои нахустинро дар мансабҳои комсомолию коммунистӣ мегузорад. Аниқтараш даъваташ мекунанд. Дар кумитаҳои ноҳиявӣ, марказӣ ва ҷумҳуриявии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият карда, ҳама ҷо худро ленинчии содиқ ва тарғибгари вафодори ғояҳои ҳизби коммунист нишон медод. Ҳатто барои таҳсил ба аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода мешавад. Котиби вақти КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Раҳмон Набиев шахсан ӯро ба вазифаи роҳбари ҳизбии Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод карда буд. Вале соли 2011 дар мусоҳибааш бо хабарнигори ҳафтаномаи «Азия-Плюс» Абдулло Ҳабибов намояндагони шимоли ҷумҳурӣ, хусусан Раҳмон Набиевро, шадидан ҳамчун маҳалгаро маҳкум кард. Нафаре, ки худро интернатсионалист ва дӯсти Русия мехонад, ҳамватанони худро ба ду
тараф, шимолу ҷануб тақсим кардаю дар муқобили ҳам мегузорад. Тухми нифоқро дар байнашон мекорад. Онҳоро дар қавмпарастию маҳалпарастӣ гунаҳгор мекунад. Онҳоеро, ки ӯро то пояҳои баланди роҳбарӣ бардошта буданд. Сабабаш чӣ буд? Сабабаш аз байн рафтани низоми коммунистӣ буду фарорасии даврае, ки Абдулло Ҳабибов барин ашхос мисли бӯқаламун ранги худро бояд иваз мекарданд. ДАЛЕЛИ ДУЮМ Ҳеҷ кас интизор набуд, ки садоқати коммунисти матин Аб-
хассиси касбӣ ва дипломдор дар соҳаи кадрҳо (маълум нест дар кадом ришта) муаррифӣ мекунад. Танҳо шогирду пайраве надорад, ки бо камоли ифтихор дар борааш боре ёд карда бошад. Аз куҷо ҳам метавонист, вақте дар оилаи серфарзандаш натавонистааст як хизматгори содиқи миллату давлатро ба воя расонад. Панҷ писари ӯ бо истифода аз ҷойгоҳи падар дар маснадҳои олӣ, тавонистаанд дар вазорату идораҳои мухталифи ҷумҳурӣ ба курсиҳои мехостаашон соҳиб шаванд. Лекин ҳар яки онҳо ҳатман бо гурӯҳу амалҳои ҷиноӣ омезиш доштаву нисбаташон
(Радиои «Озодӣ» аз 1-уми майи соли 2015), имрӯз нафақахӯри буҷаи дигар кишвар аст. Ӯ худро «дӯст»-и Русия эълон кардаасту теъдоди тобути муҳоҷирони тоҷик, ки бо амалҳои ғайридӯстона дар
пасту торики ҳамсояҳояш ҳарф мезанаду масҷиди сеошёна сохтанист. Магар савоби бештаре нест, агар як хонаи серҳуҷраи барҳавои сеошёна месохту ин қадар бечораро, ки ба гуфти худаш «дар хонаҳои хеле пасту торик» зиндагӣ доранд, аз чунин азоб раҳоӣ мебахшид. Инро ҳам медонад, вале намехоҳад. Зеро боз вобаста ба замона ранг тағир дода истодааст. Ин дафъа дар назди муллоҳои маҳалла. Тавре мебинем, Абдулло Ҳабибов дар ин майдон мисли як бозигари моҳир хеле ҷавлон задаст. Гоҳе дар як тиму гаҳи дигар дар тимҳои муқобил. Танҳо муяссараш нагашта, ки тиннату замири худро барои ҳамешагӣ пинҳон созад. Он чӣ овардем танҳо як шаммаест дар ошкор кардани зиндагиномаи ҳақиқии ӯ.
парвандаҳо бозу баста шудаанд. Дастдорӣ дар тиҷорати маводи мухаддиру моддаҳои психотропӣ, воситаҳои радиоактивӣ, ташкили дастаи муташаккили ҷиноӣ, куштор ва таҷовуз ба номус, «разборка»-и яроқноки масъалаҳои баҳсӣ дар миёни гурӯҳҳои ҷинояткор, сӯиқасд ба ҷони ашхоси алоҳида ва монанди онҳо, рӯйхати нопурраи ҷиноятҳое мебошанд, ки писарони Абдулло Ҳабибов, ҳар яке ба таври алоҳида, ҳамчун гумонбар дониста шудаанд. Албатта, шояд онҳо бегуноҳ баромада бошанд, вале гумонбаршавӣ дар чунин ҷиноятҳои вазнин аз он далолат мекунад, ки фарзандони генерал бо гурӯҳҳои шубҳаноки ҷиноӣ сару кор доштаанд. Писарон аз вазифаҳои баланди падар ифтихори беинтиҳо доштанд ва гумон мекарданд, ки барои онҳо қонун вуҷуд надорад. Ин дарахти сершоху барги бесамар парвардаи генерали «кадршинос» на танҳо сокинони пойтахти кишвар, балки Тоҷикистонро муддате ба дод оварда буд ва таҳлили рафтору кирдори аъзои ин оила дар байни сокинон ҳанӯз идома дорад. Аз ин ҷо метавон ба хулоса расид, ки агар инсон натавонад фарзанди лахти ҷигари худро бо тарбияи шоиста ба воя расонад, аз куҷо қодир аст шогирди солеҳе бипарварад?
он ҷо кушта мешаванд, ҳеҷ коҳиш намеёбад.
...ВА БА ҶОИ ХУЛОСА Дурӯяву серӯяҳо миллаткушанд. Дар паҳлуи Спитамену Темурмалику Восеъ маҳз ҳамин абдуллоҳабибҳо худро ҷой карда буданд. Бо ҳазор тамаллуқ ҳарф мезаданд, ҳазорон тавбаву савгандҳо мехӯрданд. Бо дастони пеши бар. Дам мепойиданду фурсат меҷустанд. Ҳамеша зарбаро ногаҳонӣ ва аз пушт мезаданд. Чун замона дигар шуд, симо иваз кардаву мекунанд. Ҳама муқаддасотро фурӯхтаанд. Навиштаи банда Абдулло Ҳабибов ва чеҳраи аслии ӯро фош накардааст. Ӯ худаш, бо дасти худаш, бо забони худаш, бо амалу рафтору кирдорҳояш кӣ будани худро фош кардааст. Аҳсанту офарин ба чунин забондарозиву кӯтоҳандешӣ. Ин гуногунзабонии як мансабдори собиқ барои курсинишинони имрӯза як дарс аст. Сабақест аз таҷрибаи ҳаёт. Ҳаёте, ки қурбони нафсу мансаб гаштаю борҳо боиси иваз кардани принсипҳо шуда. Он ки дунё ноорому мардум сарсону саргардон аст, аз оғози таърихи инсоният айби худи инсонҳост. Сабаби фоҷиаҳои заминиро набояд дар осмонҳо ҷуст. Зеро онҳо аз худи мо сар мезананд. Бубинед, ки як инсон, як шаҳрванд, як ҳаммиллати мо, зодаи ҳамин сарзамин аст, бо ному нони замони шӯравӣ ба воя расидааст. Барои коммунист шудан ва баъдан вазифа гирифтан ҷон кандааст. Дар бозори маънавиёти инсонӣ чӣ қадар харидаасту фурӯхтааст, фурӯхтаасту харидааст. Хушбахтона, аъмолаш борҳо ошкор шудаанд. Худи тарҷумаи ҳоли Абдулло Ҳабибов, бидуни таҳлил ва баҳогузорӣ, дар як ҷумла аз кадом матоъ бофта шудани шахсияти ӯро ошкор мекунад: комсомол, коммунист, корманди ҳизбӣ, атеист, идеологи якуми коммунистони ВКД, демократ, мулло, ҳомии дини мубини Ислом.
Мунофиқ дулло Ҳабибов ба ҳизбе, ки ӯро дар канораш парвардаю ҷойгоҳи бофароғатеро дар ҷомеа барояш ато карда буд, ин қадар зуд дар ҳам мешиканад ва дар лаҳзаҳои ҳассостарин аз мардуме, ки ҳамеша фармонбардораш буданд ва аз ҳукумати нондодааш пушт мегардонад. Дар рӯзҳои баҳманмоҳи соли 1990, аз мансаби баландаш сӯистифода намуда, ба дасти омилони бетартибиҳо баландгӯяк медиҳад ва оғозбахшони ҷанги шаҳрвандиро таҳти ҳимоят мегирад. Ҳолост, ки эълом медорад дар он рӯзҳо аз вазифа «барканор гардида буд». Ҳолост, ки узвияти худро дар «кумитаи 17-нафара», дар гурӯҳе, ки истеъфои роҳбари ҷумҳуриро талаб карда буданд, рад мекунад. Пинҳон доштанист, ки дар он рӯзҳо амнияти яке аз сарварони ин «кумита»-ро таъмин мекард. Амали онвақтаи «кумита»-и мазкур ҳамчун таҳаввулоти давлатӣ баҳогузорӣ шуд. Имрӯз собиқ коммунисти содиқ худро дар воқеаҳои февралӣ мусичаи бегуноҳ мешуморад. Гарчанде барои ширкати фаъолонааш дар ин воқеаҳо аз вазифаи ишғолкардааш озод ва аз сафҳои Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ронда шуд буд. ДАЛЕЛИ СЕЮМ Ёрони майдониашро Абдулло Ҳабибов хеле зуд фаромӯш кард. Дақиқтараш зуд эҳсос кард, ки бо эшон роҳи фардояш наметавонад дурахшон бошад. Худро ба оғӯши нерӯҳое партофт, ки ҳукумати қонуниро дар ҷумҳурӣ барқарор карданд. Бидуни сурх гаштани рӯяш дар баробари вазифаҳои дирӯзаи коммунистӣ, узвияти ҲХДТ-ро қабул кард. Соҳибмансаби коммунист, демократи мухолиф акнун намояндаи ҳизби ҳоким гашт. Сараввал ҷои гармеро дар ҳукумати шаҳри Душанбе соҳиб шуд. Сипас вазифаҳои баландеро дар Вазорати дифоъ, Кумитаи гумрук, дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва парлумони кишвар ишғол кард. Дар бораи ин мансабҳояш зиёд ҳарфҳо мезанад, вале аз корҳои амалие, ки ба манфиати умум анҷом дода бошад, мушкил аст нишоне пайдо кард. Абдулло Ҳабибов худро мута-
ДАЛЕЛИ ЧОРУМ Чанд вақте сипарӣ шуду вақти бознишаста шудани генерал Абдулло Ҳабибов омад. Акнун оне, ки аз вафодорӣ ба истиқлолияти ҷумҳурӣ ҳарф мезаду ҳамаро даъват ба сабру таҳаммул дар айёми мушкилӣ мекард, якбора худро дар ҷустуҷӯи панаҳгоҳи нав зад. Созмонеро таъсис дод, бо номи «Дӯстони Русия». Яъне ҳамин ҷо ҳам миллатро ба дӯстону ғайридӯстони кишваре ҷудо кард, ки бе чунин созмоне ҳам бо Тоҷикистон равобити ҳасанаи дӯстона доштаю шарики стратегии рақами якаш мебошад. Аз ин созмон то имрӯз чӣ нафъе барои миллати мо расидааст? Шахсан банда намедонам. Вале инашро медонам, ки Абдулло Ҳабибов ҳарчанд мегӯяд: «…ҳар қудрату тавоноӣ ва донише, ки доштам, барои давлату миллатам сарф кардам»
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9397), 11 ИЮНИ СОЛИ 2015
ДАЛЕЛИ ПАНҶУМ Оне, ки умре аз ғояҳои баланди ленинӣ вазъ мегуфту ваъдаи сохтмони коммунизмро ба мардум дода, бо шиорҳои доҳии пролетарҳои ҷаҳон давлату савлат меронд, оне, ки худро ленинчии содиқу вафодор, коммунисти матин ва давомдиҳандаи кори падару бобои худ дар ин роҳ муаррифӣ мекард, оне, ки дар воқеаҳои хунини февралӣ зидди Москва ва ҳузури сиёсии Русия дар кишвар буду имрӯз хешро «дӯст»-и онҳо эълон кардааст, акнун зери навою мусиқии дигар каломпардозӣ дорад. Дирӯз динро афюни халқ меномиду имрӯз мегӯяд: «…бобои ман домуллои хеле калон буд. Мадраса дошт. Падарам дар назди бобоям хондагӣ буд. Пинҳонӣ намозашро мехонд. Албатта, моро ҳам тарбия мекард…». Барои чӣ мунофиқӣ? Ҳар касе мехост дар ҳамон давра ҳам намозашро мехонд. Фақат ҳаққи таблиғи ҳар гуна равияю ҷараёнҳоро надошт. Тақсими ҷомеаи исломии мо ба ҳар гуна ҷараёну фирқаву мазҳабҳои мухталиф танҳо собит месозад, ки роҳандозии чунин чораҳо дар он замон сад дар сад дуруст будааст. Ва он ки падари А. Ҳабибов пинҳонӣ намоз мехондааст, шояд дастури худаш буда. Аз тарси вазифа. Нишонаи олии мунофиқ будан ҳам ҳамин аст. Дар забон як афкору дар қалб дигар андеша. Акнун худро сафед карданист, ки «мо ҳоло масҷид бунёд карда истодаем». Дар назди кӣ? Барои чӣ? Ва шарҳу тафсирашро бинед: «…шаҳрчаи моро гирем, мардум дар хонаҳои хеле пасту торик намоз мехонанд. Масҷиди мо сеошёна мешавад». Абдулло Ҳабибов то ҳол намедонад, ки пазириши намоз аз ҷойи гузоштани он вобастагӣ надорад, дар сари санг гузошта мешавад, дар даруни ғор, ё дар масҷиди Маккатуллоҳ. Сухан аз сидқ мераваду эътиқод. Аз боби сохтани масҷиди сеошёна бошад, хеле ҷолиб аст донистани он ки аз ҳисоби кадом маблағҳо бунёд мешавад? Нуктаи аҷибаш дигар аст. Абдулло Ҳабибов дар бораи хонаҳои
Назирмади САФАР, бознишаста, бознашр аз ҳафтаномаи “Минбари халқ”, №23 (1002), аз 3 июни соли 2015
11
ВАРЗИШ
Тоҷикистон дар феҳристи FIFA чор зина боло шуд Дар феҳристи нави FIFA тими мунтахаби миллии кишвар чор зина боло шуда, бо 173 хол дар зинаи 139-ум қарор дорад.
Дилшод бори сеюм Қаҳрамони Осиё шуд
Миёни тимҳои мунтахаби Осиё шогирдони Муҳаммадиев як зина боло шуда, ҷои 21-умро ишғол мекунанд. Рақибони мунтахаби мо дар марҳилаи дуюми интихобии ЧҶ-2018 дар гурӯҳи “В” дар раддабандии FIFA ба ин тартиб ҷойгир шудаанд: Австралия – зинаи 63юм, Урдун - зинаи 103, Бангладеш - зинаи 166 ва Қирғизистон дар ҷои 177-ум.
Дар даҳгонаи аввали феҳристи FIFA чанд тағийрот ба амал омад. Белгия Аргентинаро пеш гузашта, ба зинаи дуюм баромад. Тими мунтахаби Фаронса ба даҳгонаи аввал шомил гардид. Ин тим айни ҳол мақоми нуҳумро ишғол мекунад. Швейтсария ду зина поён - ба ҷои 11-ум фаромад. Дар ҷои аввал, чун пештара, тими мунтахаби Олмон қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои расмии тими мунтахабии миллии кишвар дар доираи марҳилаи дуюми интихобии ЧҶ-2018 11 июн дар Душанбе бо дастаи мунтахаби Урдун ва 16 июн дар Доҳа бо Бангладеш баргузор мегардад. Дар сурати муваффақият имкон дорад дар феҳристи ояндаи FIFA, ки 9 июл нашр мешавад, мавқеи тими миллии мо боз беҳтар гардад.
Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи кишвар, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук медали тилло ба даст овард. Ин мусобиқа дар шаҳри Ухани пии соли 2016 (Рио-де-Жанейро) Чин доир гашта, Дилшод дар на- роҳхат гирифт. Ӯ дар мусобиқаи муди гурзандозӣ бо натиҷаи 77 анъанавии ҷаҳонии силсилаи метру 88 сантиметр ғолиб шуд. Гран-При “Оstrava golden spike” Ӯ дар гузашта ҳам ду маротиба оид ба гурзандозӣ дар Чехия Қаҳрамони Осиё шудааст. бо натиҷаи 79,36 метр мақоми Ёдовар мешавем, ки Дилшод дуюмро ишғол карда, соҳиби Назаров аввалин варзишгари роҳхат ба олимпиадаи соли 2016 кишвар аст, ки ба Бозиҳои олим- шуд.
Нокомии дзюдочиён дар Ҷоми Аврупо Дастаи мунтахаби мамлакат оид ба дзюдо дар Ҷоми Аврупо, ки 6-7 июн дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск баргузор шуд, ноком шуд. Дар мусобиқа 274 варзишгар (180 мард ва 94 зан) аз 34 кишвар барои 14 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд. Ба ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар шомил буд: Хушқадам Хусравов (60 кг), Умед Абдураҳимов (66 кг), Кароматулло Ҳакимов, Муҳаммад Мирзоев (ҳар ду - 73 кг), Саидҷалол Саидов (100 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг). Ба ҷуз Саидҷалол Саидов, панҷ нафари дигар дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хурданд. Саидҷалол баъди ду пирӯзӣ бар Александр Романюк (Украина) ва Арчӣ Волфман (Исроил), дар даври сеюм аз Дмитро Лучин (Украина) ва дар даври нимниҳоӣ аз Ниёз Билолов (Русия) мағлуб гашта, мақоми панҷумро соҳиб шуд. Дар ҳисоби даставӣ Фаронса бо 8 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ғолиб омад. Дастаи Олмон бо 10 медал (3 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми дуюмро соҳиб шуд. Тими мунтахаби Куба бо 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар мақоми сеюм қарор гирифт. Тоҷикистон бо 1 ҷойи панҷум аз 11 кишвар пеш гузашта, ҷойи 23-юмро ишғол кард.
Испания рақиби тими мунтахаби наврасони кишвар Тими мунтахаби наврасони кишвар (U-16), зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, 2226 июн дар 8-умин мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Қазоқистон ширкат мекунад. Шогирдони Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои мунтахаби наврасони Испания, Қазоқистон ва Қирғизистон рақобат хоҳад кард. Дар гурӯҳи “В” дастаҳои мунтахаби наврасони Русия-2, Белорус, Озарбойҷон ва Гурҷистон дохиланд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо бо ҳамдигар якбозигӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ дар бозии ниҳоӣ барандаи ҷомро муайян мекунанд. Дигар дастаҳо барои муайян кардани ҷойҳои боқимондаи
мусобиқа рақобат менамоянд. Ҷоизапулии мусобиқа 20 ҳазор доллари ИМАро ташкил медиҳад. Барандаи ҷом бо 10 ҳазор, ҷои дуюм бо 6 ҳазор ва барандаи медалҳои биринҷӣ бо 4 ҳазор доллари ИМА мукофотонида хоҳанд шуд. Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби наврасони кишвар зери роҳбарии Салоҳиддин Ғафуров соли гузашта дар ин мусобиқа зинаи ифтихории 3-юмро ишғол карда буд.
Тақвими бозиҳо Даври 1-ум. 22 июн (душанбе) 10:00. Белорус – Озарбойҷон 12:00. Русия-2 – Гурҷистон 14:00. Испания – ТОҶИКИСТОН 18:30. Маросими ботантанаи ифтитоҳи мусобиқа 19:00. Қазоқистон – Қирғизистон Даври 2-юм. 23 июн (сешанбе) 10:00. Белорус – Гурҷистон 13:00. Русия-2 – Озарбойҷон 16:00. ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон 19:00. Қазоқистон – Испания Давр 3-юм. 25 июн (панҷшанбе) 10:00. Гурҷистон – Озарбойҷон 13:00. Русия-2 – Белорус 16:00. Испания – Қирғизистон 19:00. Қазоқистон – ТОҶИКИСТОН Бозиҳои финалӣ. 26 июн (ҷумъа) 10:00. Бозӣ барои ҷойҳои 7-8 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 5-6 14:00. Бозӣ барои ҷойҳои 3-4 19:00. Бозии ниҳоӣ
12
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9397), 11 ИЮНИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШГАРОНИ ҶАВОН
Раҳматулло Фарҳодов 18 сол дорад. Донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошад. Беш аз панҷ сол аст, ки ба дзюдо машғул ва як қатор муваффақиятҳоро комёб гаштааст. Зимни суҳбат доир ба дастовардҳои хеш варзишгари ҷавон чунин нақл кард:
Раҳматулло ФАРҲОДОВ:
“Ширкат дар мусобиқаҳо бароям имтиҳони ҷиддист” - Ҳангоми таҳсил дар синфи чорум якҷоя бо дигар наврасони ҳамсолам ба мактаби махсуси варзишии кӯдакону наврасони назди мактаб-интернати ҷумҳуриявии ба номи Иброҳим Ҳасанов, воқеъ дар маҳаллаи Лучоби пойтахт омадем. Худро дар гурӯҳи дзюдочиён номнавис карда, ба машқ пардохтам. Он вақт ба машғулиятҳои варзишӣ фарогир шудани мо шояд аз рӯйи ҳавою ҳавас буд. Вале нахустустоди мо Аҳмад Салимов аз рӯзҳои авввал саъй мекард, ки ҳузури мо дар толори варзишӣ танҳо аз рӯйи ҳавас набошад. Бо мо - шогирдон на танҳо машқ гузаронда, ин намуди варзишро меомӯхт. Балки суҳбатҳои таъсирбахш низ ташкил мекард. Саъй менамуд, ки ба варзиш сидқан машғул шавем. Кӯшишҳои устод самари нек ба бор овард. Ширкати мо дар машқҳо ба таври ҷиддӣ сурат мегирифт. Дастовардҳои варзишгарони тоҷикро дар мусобиқоти гуногун шунидаю дида, мо ҳам орзу мекардем, мисли онҳо бошем. Айёми наврасӣ як гурӯҳ наврасон аз мактаби варзишии кӯдакон барои идомаи машқ ва сайқали маҳорат ба мактаби варзишии «Вастан» омадем. Дар ин ҷо ба гурӯҳҳои нисбатан калонсол вобаста ва таҳти роҳбарии мураббӣ Рустам Назаров ба идомаи машғулиятҳо пардохтем. Рустам Назаров чун нахустустодам шахси кордону сахтгир аст. Диққат медод, ки ҳангоми машқҳо ҷузъиёти ин ё он усули муҳорибаро дуруст аз бар намоем. Шояд чунин сахтгириҳои устод боис шуд, ки баъдан дар мусобиқоти гуногун ширкат варзида, ба ҳарифони худ дастболо ва ғолибият ба даст орам. - Нахустин комёбиро чӣ тавр ноил шудед? - Дафъаи аввал дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти унвони қаҳрамони ҷумҳурӣ ширкат варзидам. Дар ин мусобиқа ҷойи панҷумро ба даст овардам. Ин бароям гӯё муваффақияти бузург буд. Устодам Рустам Назаров ҳам хушҳол гашт. Таъкид дошт, ки ҳарчи бештар машқу тамрин намоям. Оянда ҳатман ғалаба насиби ман хоҳад гашт. Ҳамин тавр ҳам шуд. Аз рӯйи фармудаҳои устод амал намуда, ба мусобиқаҳои минбаъ-
да тайёрии ҷиддӣ дидан гирифтам. Дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар пойтахти кишвар сурат гирифт ва варзишгарон аз 15 кишвар ширкат доштанд, ба гирифтани ҷойи дуюм ноил шудам. Сипас, дар шаҳри Чирчиқи Ҷумҳурии Узбекистон боз мусобиқаи байналмилалӣ доир гардид. Он ҷо ба гирифтани ҷойи панҷум муваффақ шудам. Соли ҷорӣ барои яке аз поягузорони гӯштини миллӣ, устод Исмат Абдуллоев мусобиқаи ҷумҳуриявӣ сурат гирифт. Дар ин мусобиқаи хотирмон дар вазни 70 кило ҷойи аввалро ба даст овардам. Ҳоло дубора ба шаҳри Чирчиқи Узбекистон равонам. Дар ин ҷо мусобиқа байни дзюдочиён барои дарёфти Ҷоми Осиё сурат мегирад. Умед дорам, ҳамроҳи дигар варзишгарони кишвар комёбиро ноил шуда, ба шарафи мо Парчами кишвар баланд бардошта хоҳад шуд. - Аввал дар мактаби варзишии хурдсолону наврасон ҳамроҳи чанд нафар ҳамсолон ба машқҳо пардохтед. Аз ҳамсолонат низ касе ба комёбиҳо муваффақ гашт? - Албатта. Масалан, ҳамроҳи Хусрав Хушқадамов дар клуби варзишии «Вастан» машқ мекардем. Хусрав зинаҳои боз ҳам баланди комёбиҳои варзиширо тай карда тавонист. Вай унвони қаҳрамони ҷаҳонро байни ҷавонон ба даст овард. Муваффақияти Хусрав дигарон, аз ҷумла, маро ҳам руҳбаланд намудааст. Тирамоҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Абудабии Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқоти ҷаҳонӣ доир мегардад. Пас аз ширкат дар Ҷоми Осиё, барои роҳхат гирифтан ба ин мусобиқаи бонуфуз дар кишвар мусобиқа оғоз меёбад. Мекӯшам яке аз ин роҳхатҳоро ба даст орам. Ҳангоми ширкат дар мусобиқоти гуногун шуморо чӣ эҳсосот фаро мегирад? - Намедонам, дигарон чӣ ҳолатро ҳис мекарда бошанд, лек барои ман ширкат варзидан як имтиҳони ҷиддист. Аз ин хотир, мекӯшам ба «имтиҳон» бо тайёрии ҷиддӣ ҳозир ва онро бо сари баланд паси сар намоям. Мусоҳиб Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9397), 11 ИЮНИ СОЛИ 2015
ТАВАҶҶУҲ!
Ҷадвали қабули имтиҳонҳои маҳорат дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов барои довталабони соли таҳсили 2015-2016 РАМЗИ ИХТИСОС 1030202 1030202 1030202 1030202 1030202 1030202 1030202 1030202 1030202 1030202 1030202 1030202 1030202 1030202 1030202 1030202
НОМИ ИХТИСОС Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ
1030201
Тарбияи ҷисмонӣ
1030201
Тарбияи ҷисмонӣ
1030201
Тарбияи ҷисмонӣ
1030201
Тарбияи ҷисмонӣ
1880201 1880201
Фаъолияти варзиши омӯзгорӣ Фаъолияти варзиши омӯзгорӣ
1880201
Фаъолияти варзиши омӯзгорӣ
1880201
Фаъолияти варзиши омӯзгорӣ
1890201 1890201
Фаъолияти варзишии сайёҳатӣ (сайёҳии кӯҳӣ) Фаъолияти варзишии сайёҳатӣ (сайёҳии кӯҳӣ)
1890201
Фаъолияти варзишии сайёҳатӣ (сайёҳии кӯҳӣ)
1890201
Фаъолияти варзишии сайёҳатӣ (сайёҳии кӯҳӣ)
ҶОИ БАРГУЗОРӢ
ВАҚТ
РӮЗ
Давидан ба масофаи 3000 метр
Майдони варзиши сабук
8-00 то 17-00
20.06.2015
Давидан ба масофаи 3000 метр
Майдони варзиши сабук
8-00 то 17-00
21.06.2015
Давидан ба масофаи 3000 метр
Майдони варзиши сабук
8-00 то 17-00
22.06.2015
Давидан ба масофаи 3000 метр
Майдони варзиши сабук
8-00 то 17-00
23.06.2015
Давидан ба масофаи 100 метр
Майдони варзиши сабук
20.06.2015
20.06.2015
Давидан ба масофаи 100 метр
Майдони варзиши сабук
21.06.2015
21.06.2015
Давидан ба масофаи 100 метр
Майдони варзиши сабук
22.06.2015
22.06.2015
Давидан ба масофаи 100 метр
Майдони варзиши сабук
23.06.2015
23.06.2015
Толори гимнастика
8-00 то 17-00
24.06.2015
Толори гимнастика
8-00 то 17-00
25.06.2015
Толори гимнастика
8-00 то 17-00
26.06.2015
Толори гимнастика
8-00 то 17-00
27.06.2015
Толори гимнастика
8-00 то 17-00
24.06.2015
Толори гимнастика
8-00 то 17-00
25.06.2015
Толори гимнастика
8-00 то 17-00
26.06.2015
Толори гимнастика
8-00 то 17-00
27.06.2015
8-00 то 17-00
28.06.2015
8-00 то 17-00
28.06.2015
Толори гимнастика
8-00 то 17-00
29.06.2015
Толори гимнастика
8-00 то 17-00
29.06.2015
8-00 то 17-00
29.06.2015
8-00 то 17-00
29.06.2015
Толори гимнастика
8-00 то 17-00
28.06.2015
Толори гимнастика
8-00 то 17-00
28.06.2015
8-00 то 17-00
29.06.2015
8-00 то 17-00
29.06.2015
Толори гимнастика
8-00 то 17-00
28.06.2015
Толори гимнастика
8-00 то 17-00
28.06.2015
НАМУДИ ИМТИҲОН
Дар турник овезон шуда, дастҳоро қад ва рост кардан Дар турник овезон шуда дастҳоро қад ва рост кардан Дар турник овезон шуда дастҳоро қад ва рост кардан Дар турник овезон шуда дастҳоро қад ва рост кардан Дар турник овезон шуда бо дастҳо кашида чапгардон шудан Дар турник овезон шуда бо дастҳо кашида чапгардон шудан Дар турник овезон шуда бо дастҳо кашида чапгардон шудан Дар турник овезон шуда бо дастҳо кашида чапгардон шудан Давидан ба масофаи 3000 метр Давидан ба масофаи 100 метр Дар турник овезон шуда дастҳоро қад ва рост кардан Дар турник овезон шуда бо дастҳо кашида чапгардон шудан Давидан ба масофаи 3000 метр Давидан ба масофаи 100 метр Дар турник овезон шуда дастҳоро қад ва рост кардан Дар турник овезон шуда бо дастҳо кашида чапгардон шудан Давидан ба масофаи 3000 метр Давидан ба масофаи 100 метр Дар турник овезон шуда дастҳоро қад ва рост кардан Дар турник овезон шуда бо дастҳо кашида чапгардон шудан
Майдони варзиши сабук Майдони варзиши сабук
Майдони варзиши сабук Майдони варзиши сабук
Майдони варзиши сабук Майдони варзиши сабук
13
БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ
Дар шароити мураккаби иҷтимоии давр асарҳое, ки мундариҷаи онҳо дар асоси ҳуҷҷат, воқеият, рӯйдодҳои ҷолиб, ҳодиса ва шахсиятҳои шинохта корбаст шуда, хонандаро ба ҳушёрӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти ватандорӣ ҳидоят мекунанд, зарур мебошанд. Китоби нави нависанда Раҷаб Мардон «Қаҳрамони замони мо» (Душанбе: Балоғат, 2014. 304 с.) аз ҷумлаи чунин асарҳо мебошад. Асар ҷанбаи таърихӣ дошта, аз зиндагӣ, муносибат ва кору пайкори яке аз шахсиятҳои барҷаста дар даврони шӯравӣ - Анвар Қаландар баҳс мекунад, ки умри азизи худро сарфи некӯаҳволии халқ ва ободии кишвари маҳбуб намудааст ва дар дилу дидаи ҳамдиёрон чун ҳомӣ, роҳнамо ва инсони поксиришту далер ҷой гирифтааст. Ҷолиб аст, ки Анвар писари Қаландаршоҳ (1987-1931), марди ғаюре аз деҳоти Кӯли Миҷангӣ ва Қалъаи Лабиоби Раштонзамин мебошад, ки дар ибтидои садаи XX ба Фарғона, Тошканд ва Боку мардикорӣ рафта, бо рӯҳияи инқилобӣ ба Ватан бармегардад ва меҳнаткашони Қалъаи Лабиоб ва гирду атрофи онро бар зидди золимону амалдорон бармехезонад. Диловариҳои Қаландаршоҳ дар таронаҳои халқӣ низ васф шудааст. Аз Қаландаршоҳ чор писар ва як духтар ба дунё меоянд, ки аз байни онҳо Анвар дар зӯри бозу ва ғайрат ба падар монанд буд. Боре, ҳангоми дар Ғаравутии водии Вахш бо сел мубориза бурдан, сел либосҳои Анварро мебарад ва ӯ худро бо чодари фарсудае печонда, ба хона меояд. «Кампири модараш Давлатхонум ба ҳоли парешон дар таги долон роҳи ӯро мепоид, Анвар дар ҷои торики ҳавлӣ ӯро дид ва нидо кард: - Очаҷон, чароға кушу хона даро. Нимэзорма ов бурд. - Бовомонанд, - гуфт кампир ва чароғро хомӯш кард. Анвар хушҳол шуд. Давлатхонум аз байни чор писараш - Аслон, Муҳриддину Амриддин, танҳо ӯро падармонанд мегуфт. Ӯ ҳам мехост ҳамеша шабеҳи падар бошад». Фаъолияти образи асосӣ - Анвар Қаландар аз водии навкорами Вахш оғоз мегирад. Баъди вафоти падар, вақте ки Анвар мактаби ҳафтсоларо хатм мекунад, хонадони онҳо аз деҳаи Қалъаи Лабиоби Ҳоит ба хоҷагии
14
«Мопр»-и ноҳияи Октябри вилояти Қӯрғонтеппа кӯч мебандад ва Анвар курси ҳисобчигиро дар Душанбе тамом карда, бори асосии рӯзгори хонаро бар дӯш мегирад ва ба дуои неки модар сазовор мешавад: «Шукри ҷонат, - дуо гуфт Давлатхонум дар ин соати қариби субҳ. - Қаноат шудаӣ. Шукри ҷонат, қаноти модар». Образи Анвар дар асар пайдарпай инкишоф ва такмил меёбад. Махусусан, таҳсил дар қисми таълими баталёни танкии №192-и шаҳри Тарутинои Ҷумҳурии Молдов дар соли 1940, баъд хизмати ҳарбию иштирок дар муҳорибаҳои шаҳрҳои Сталинград ва Ориёлу Курск дар қисми бригадаи дуюми гвардияи танкӣ, корномаҳо ва бо орденҳо қадрдонӣ гардидан, дар ҷабҳа, госпиталҳо, вохӯрӣ ва суҳбатҳо
паҷоҳ фашист августи соли 1942 бо фармони фармодеҳи ҷабҳаи Станлинград ордени «Байрақи Сурх» дода шуд». Дар асари «Қаҳрамони замони мо» тавассути тасвири образи Анвар Қаландар ва сифатҳои ахлоқиву маънавии ӯ бисёр масъалаҳои ҳаётӣ замону макони муайян ба таҳлил гирифта шудааст. Анвар баъди аз майдони ҷанг баргаштан дар зарфи дувоздаҳ сол ба чанд вазифа пешбарӣ шуд ва дар кадом вазифае, ки ӯро лоиқ медонистанд, софдилона, бо тамоми ҳастӣ кор мекард ва августи соли 1956 ба зимаи ӯ роҳбарии хоҷагии қафомондаи ба номи Ленини ноҳияи Қумсангирро вогузор намуданд. Ӯ корро аз беҳдошти зисту зиндагии аҳолӣ сар кард, дар дилу дидаи пиру барно ҷо ги-
ба роҳ монд, дар панҷ-шаш сол зоти серширу сергушти говҳои ҷойдориро ба вуҷуд овард, аз ҳисоби заминҳои навкорам киштгардон кардани заминҳоро ташкил ва аз фоидаи софи хоҷагӣ, ки аз сенздаҳ миллион гузашт, мактаби нав, хонаҳои замонавии муаллимон ва қасри маданият бунёд намуд. Бояд гуфт, ки симои Анвар дар души воқеаҳо ва зиддиятҳои иҷтимоӣ нишон дода шудааст. Комёбиҳои меҳнатӣ ва чашмикордониву масъалагузориҳои боҷуръатона дар машваратҳои бонуфузи ҷумҳуриявию умумииттифоқӣ ба чашми нотавонбинону ҳасудон чун хор мехалад ва онҳо «Анвар Қаландар ақлашро хӯрдааст. Ин мардак намедонад, ки пахта сиёсат аст. Ба он чун ба шамшеру думи
шта, ӯро бо муҳаббат Геркулес меномид, садди роҳи маросими ҷаноза мешавад ва аз Душанбе духтур даъват карда, муоина мекунад: - Ҷон дорад, - сар бардошта гуфт духтури аз Душане омада, дотсент Ҷовид Бобоев бо садои паст ба гӯши Исоев. - Дилаш ҷӯр монанди дили асп. Асп чӣ? Фил. - Ва ӯ ба Анастасия рӯ овард. - Шавҳарат зинда аст. Умри дароз мебинад. Анастасия то метавонад барои пойдории оила ва хушбахтии аҳли хонадон мубориза мебарад. Раҷаб Мардон баҳри ҳарчи беҳтар таҷассум намудани образҳо ва умуман мавзӯъ ва мундариҷаи асар аз обу ранги бадеӣ ва забони образнок истифода кардааст. Махсусан, панду
рифт ва дар ду-се сол хоҷагиро ба муассисаи беҳтарини ноҳия табдил дод. Симои Анвар Қаландар, махсусан, вақте ки дар қиёс ба роҳбарони хоҷагиҳои дигари вилояти Қӯрғонтеппа баррасӣ мегардад, басо барҷаста намоён мешавад. Роҳбарони аксар хоҷагиҳо танҳо ба парвариши пахта таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд, барои онҳо муҳим иҷрои нақшаи давлатии пахтасупорӣ буд. Баробари зиёд кардани заминҳои пахта тавассути мутахассисони рус соҳаи лимупарвариро
шер бозӣ кардан мумкин нест» гӯён назди котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон - Ковал бадгӯӣ карданд ва оқибат неши суханҳои таҳқиромези ин роҳбари нав Анварро ба заъфи асабу сактаи дил гирифтор намуд. Хушбахтона, мухолифони Анвар Қаландар ба мақсад намерасанд. Ӯро шахси аввали Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҷабор Расулов, котиби якуми ноҳия Исоев ва, махсусан, мардуми хоҷагӣ дастгирӣ ва ҳимоя намуданд. Баъди дувоздаҳ соли роҳбарӣ Анвар назди роҳбарони ноҳия ва ҷумҳурӣ масъала гузошт, ки ӯро барои обод кардани чӯли Ғаравутӣ рухсат диҳанд, аммо мардум аз роҳбари хоҷагӣ ҷудо шудан намехостанд. Аз ҷумла, пирамарди Сафар дар ҷаласаи хоҷагӣ гуфт: «Роҳбарияти ҷумҳурӣ, фикр мекунам, дар ғами беҳбудии халқ аст. Агар дар ҳақиқат беҳбудиву ободии моро хоҳанд, пас хоҳиш мекунем, раисамонро аз ҷояш наҷунбонед. Монед раисиашро давом диҳад». Аммо Анвар Қаландар, ки меҳнатро дар ҷои нообод меписандид, то дами ба нафақа баромадан ва баъди нафақа ба чӯли Ғаравутӣ, Данғара, Ӯртабуз ва бозорҳои ҷумҳурӣ ҳиссаи муносиб гузошт. Дар асар Анастасия дар зиндагии Анвар басе равшану возеҳ ва омӯзанда баррасӣ гардидааст. Анастасия чун табиби ҳозиқ ҳамеша ба хизмати аҳолӣ ҳозир аст, дар баробари ин бори рӯзгори оиларо бар дӯш дорад ва саломатии шавҳараш - Анварро, чун гавҳараки чашм ҳифз менамояд. Анастасия чанд бор шавҳарашро аз марг раҳонидааст. Боре, ҳангоми ҷудо кардани симҳои аз шиддати барқ сӯхтаистода дар чӯли Ғаравутӣ Анварро барқ мезанад. Мардум ӯро мурда гумон карда, ба мазор қабрканҳоро мефиристанд ва тобути ӯро тайёр мекунанд, вале Анастасия, ки бо қуввати дил ва зӯри бозуи шавҳараш бовар до-
ҳикматҳои мардумӣ, чун «Хоҷа боғ дорӣ? Дорам», «Бовар куну санҷ», «Аз хирмани холӣ сад ман шолӣ», «Аз ҳазор гап як кори амалӣ беҳтар», «Нисфи нон - роҳати ҷон», «Дар тобистон ба ҷои борон мор борад»... ва пораҳои ҳикматноке, ки гоҳ аз забони муаллиф ва гоҳ аз забони персонажҳо оварда мешаванд, бо ифоданокии фикр боис гардида, муҳтавои асарро ба муҳимтарин масъалаҳои имрӯз ҳамоҳанг месозад. Масалан, Анвар дар хусуси истифодаи оқилонаи замин сухан ронда, ба касоне, ки аз зӯри доруи пахта заминро касалӣ карданд, муроҷиат карда, мегӯяд: «Ин замин танҳо барои одамони ҳаминрӯза нест. Бояд мо онро ба хотири онҳое, ки фардо меоянд, бойтар, ҳосилхезтар, зеботар гардонем. Агар идомаи ин кор ба ҳамин дастур бошад, як рӯз не, як рӯз замин ба мо чунон ҷазо медиҳад, ки ба ҳафт пуштамон лаънат мемонад». Ҳамин тариқ, образи асосии асари публитсистии «Қаҳрамони замони мо» Анвар Қаландар чун инсони ҳалолкор, таҷрибаандӯхта ва фаъоли иҷтимоӣ ба обу хоки Ватан, ба мардуми сарбаланди он дилбастагӣ ва эҳтироми зиёд дорад ва чун роҳбари сарсупурдаи хоҷагӣ ба ҳар ҷое ки қадам гузорад, он ҷо ободӣ ва бунёдкорӣ авҷ мегирад. Халқи тоҷик фарзанди азизашро ду маротиба намояндаи хеш дар Шӯрои Олии Тоҷикистон ва як маротиба ба Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб намудааст ва боз ба ду ордени Нишони фахрӣ, орденҳои Ленину Байрақи сурхи меҳнат сарфароз гардидааст. Хонандаи имрӯз аз ин асар дарси ватандорӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба падарони барумандро меомӯзад ва муаллифи он - Раҷаб Мардон месазад, ки ба Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ сазовор бошад.
Сухан аз корномаи падарон
бо шахсиятҳои барҷастаи ҳарбие, чун генерал-лейтенант Ерёменко, Аҳмад Турдиев, сержант Павлов, Михаил Пиникако, майёр Сергеев Анварро ба дараҷаи марди рӯинтани дунёдидаву таҷрибаандухта такмил дод. Танҳо натиҷаи як амалиёти ҷангии ӯ, ки дар музейи маркази Маскав сабт гардидааст, чунин аст: «Ба командири экипажи танки баталёни дуюми бригадаи махсуси 133-юми танкҳои вазнин рафиқ Қаландаров Анвар барои қаҳрамонона нест кардани 5 танк, аслиҳаи зиддитанкӣ ва
Аламхон КӮЧАРОВ, профессор
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9397), 11 ИЮНИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ Писари бародари падар
Љои нигањдории ѓалладона
Шеъри Њофиз Духтари калонї барои хурдињо
... Шарифї, сарояндаи тољик
Онро дар кинотеатрњо намоиш медињанд
Дарёи калон дар Америкаи Љанубї
Нушокии газноки хориљї
Пўшок
... Зоњир, сарояндаи афѓон
«… одам аъзои якдигаранд» (Саъдї)
Њарфи юнонї
Пушти ин љонвар «санг» аст
Як даста алаф
«Х» дар алгебра Лањзаи оѓозёбии мусобиќа (русї)
Шакли яњудии номи Юсуф
Њарфи 16уми алифбои арабї
«Гулшан», «Зебо» ё «Падида»
Яке аз чор ёрон Њадя
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9397), 11 ИЮНИ СОЛИ 2015
Нўшокии турши ширї
Воситаи муомилоти инсон
Он дар донаки мева аст
Нуќтаи баланди мусиќї
Нидои њайрат
Пешмузд (русї)
СММ ба русї
Байни шикам ва гардан Само, осмон
Тори оњанин
Металли ќиматбањои зард ;
Ќаторкўњ дар Аврупо
Воњиди пули Япония
Фароѓат, бехавфї
Сењр
Њарфи алифбои арабї
Воњиди ченкунии кунљ ва њарорат
Ёфтани љавоби мисол … кардан
Рўи панља
"... агар аз ќибла хезад, сахт борон мешавад"
Ноњия дар Хатлон бо корхонаи кимиёвї
«Кобанда … аст» (масал)
Белибос
Аз аќиб якум
Ѓизои хамирии бурида
Асбоби суръатсанљи нозири роњ
Кўмак
Њунарпешадухтар аз «Хандинкамон»
Афту андом, рўй
Колбаса (тољ.)
12ангушта ва ѓафс мешавад
Роњбари СССР, ки зидди Сталин буд
Муќобили лалмї
Халќ дар Осиёи Марказї
Ахтар
Мўи рўй
Оташдон
Хиёбон
...Анљелес, шањр дар ИМА
Наќлкунанда, гўянда
Ќарори ќатъї
«Нимтаи нон …и љон» (маќол)
Ин хазанда ваќти хатар дум мепартояд
Ба писарї ќабулшуда
Пойтахти Норвегия
Эшон, вайњо
Буѓуми пой
Жанри шеърии Хайём
Сањрои Кабир (русї)
Дод, њадя
Зани аз озодї мањрум
…уми феврал – рўзи Валентини муќаддас
Асбоби кундакафонї
Ранљ, азоб
Кори коррупсионер
Шабакаи ТВ-и Русия «…Планета»
Автомобили «Тико»монанди русњо
Хўрок, ѓизо
Њавзи сунъии Норак ё Сангтўда
… Швартсенеггер, актёри машњур
Асбоби бурранда
«Дэу»и хурдакак
Дарёи бузурги тољикон
Оби дида Тарз, сабк
Русї«какой?», тољикї -?
Ширкати «…-Мобайл»
Парранда, чаппаи «зоѓ»
... Баччан, актёри њиндї
Бахшиши гуноњ Резини табиї аз дарахт
15
АКСИ РӮЗ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Шахси мансабдоре, ки бо мошинаш ду нафарро зер кард, аз судя пурсид: - Чӣ ҷазо пешбинӣ мешавад? Судя: - Он шахсеро, ки бо сари худ шишаи пеши мошини шуморо шикаст, ба муҳлати панҷ сол ва шахси дуюмро, ки ба байни дарахту буттаҳо парид, барои фирор намудан аз ҷои ҳодиса ба муҳлати се сол аз озодӣ маҳрум месозем.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралӣ САФАРАЛӢ
***
(котиби масъул),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Маҳмудҷон УСМОНОВ
(муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),
Наврӯз ҚУРБОНОВ
Клуби футболи “Барселона” (Испания) дар бозии финалии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо тими “Ювентус” (Италия)-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода, бори панҷум соҳиби ҷом шуд. Голҳои “Барселона”-ро Ракитич, Суарес ва Неймар заданд. Голи “Ювентус”-ро Марата ба ҳадаф расонд.
(хабарнигор, Душанбе),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),
ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА
(муовинони котиби масъул)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 8524 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
16
АНДАРЗ
Муҳаббат намемирад Дар яке аз ширкатҳои мобилӣ ба ҳайси «оператор» кор мекунам. Муштариён зиёд занг мезананд. Ҳар яке мушкили худро дорад. Яке мепурсад, ки чаро интернети телефони мобилиаш кор намекунад. Дигаре шикоят менамояд, ки тавозунашро аз меъёр зиёд гирифтаанд. Баъзеҳо ҳатто занг зада, хомӯш меистанд... Умуман, дар як рӯз зиёда аз 300 муштарӣ занг зада, талаб мекунад, ки мушкилашро ҳал кунем. Миёни ин ҳам зангҳои муштариён, ки дар як моҳ тақрибан 7500 нафарро ташкил медиҳд, зангеро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам. Рӯз бегоҳ шуда буду кори ман низ ба охир мерасид. Муштарие дар хати телефон пайдо шуд. Аз садояш марди тақрибан 50-сола буданашро тахмин кардам. - Салом алейкум, ширкати мобилии... – гӯён аз ӯ дархосташро фаҳмиданӣ шудам. - Салом духтарам, мебахшед, ҳамин рақамҳоро бинед, ки кай охирон бор аз он занг задаанд, - гуфт бо овози хаста муштарӣ рақамҳоро ба ман номбар карда. - Албатта, мебинам. Шумо каме интизор шавед. Дидам, ки чанд вақт боз аз рақами гуфтаи муштарӣ ба ҷое занг зада нашудааст. Ба муштарӣ огоҳ кардан хостам, ки “агар дар муддати 180 рӯз симкортро истифода набаред, рақаматон баста ва симкорт
корношоям мегардад”. Ӯ суханамро бурида, афзуд: - Бале, медонам, духтарам. Ин рақами телефони мобилии ҳамсари ман аст, - гуфт маъюсона ва хомӯш монд. Хомӯшӣ ки тӯл кашид, гуфтам: - Шумо маро мешунавед? - Бале, духтарам, мешунавам... Ин рақами телефони мобилии ҳамсарам аст. Гап дар он аст, ки ӯ 4 моҳ пеш аз олам даргузашт ва ман телефонашро назди қабраш гузоштаму ҳар бегоҳ, соати 21:00 ба ӯ занг мезанам ва мусиқии аз кинофилми “Бриллиантовая рука”-ро, ки аз он садо медиҳад, гӯш мекунам. Намедонам аз чи бошад, ки ба ӯ ҳамон мусиқӣ хеле писанд буд. Имрӯз телефонаш хомӯш аст, шояд қуввааш тамом шудааст!? Аз шумо илтимос мекунам, ки фаъолияти ин симкортро манъ накунед. Чунки намехоҳам, рӯзе занг зада, овоз ё мусиқии бегонаро шунавам. Мехоҳам, ки ин телефони мобилӣ ҳама вақт дар назди ӯ бошад, - гуфт ӯ ва гиря гӯлугираш кард. Ман аз ин муколама сахт мутаас-
сир шудам ва дилам ба он мард сӯхт. Хостам фаҳмонам, ки аз он рақам ҳадди аққал бояд як бор занг занад ва ё паёмак равон кунад, аммо медонам, ки ин номумкин аст. Чӣ хел ба он мард ёрӣ доданамро намедонистам... - Духтарам, шояд гумон кунед, ки ман аз ақл бегонаам. Вале ман комилан солим ҳастам. Танҳо ба хотири муҳаббате, ки нисбат ба ҳамсарам дорам, ин дархостро аз ширкати шумо кардам, ба хотири он рӯзҳое, ки бо ӯ паси сар кардам. Охир ӯро хеле дӯст медорам..., - гуфт муштарӣ ва гӯширо гузошт. Беихтиёр аз чашмонам ашк ҷорӣ шуд. Дар фикр афтодам, ки оё дар зиндагӣ муҳаббате бошад, ки ба он нигоҳ накарда, ки ҳеҷ чизро ислоҳ кардан, ҳеҷ чизро дубора баргардондан мумкин нест, аммо ту ҳазор маротиба занг мезанӣ ва умед ба он дорӣ, ки овози маҳбубатро боз як лаҳзаи дигар шунавӣ. Муҳаббат хотима намеёбад. Таҳияи Рухсора КАРИМОВА, “ҶТ”
Дар роҳ “Волга” бо “Ҷип” бархӯрданд. Аз дохили “Ҷип” ҷавони олуфтае бо ғазаб берун омад. Дид, ки аз паси тирезаи “Волга” ронанда наменамояд. Бо зарба ба тиреза задан гирифт. Тиреза поён шуд ва ҷавон дид, ки дар сари чанбарак сардори БДА нишастааст. Гуфт: - Ассалому алейкум, гуфтаниам, ки ҷаримаро ба кӣ супорам?
*** - Ман чӣ қадар сода ва беақл будам. Хушдорҳои зиёд доштаму ҳамаашонро аз даст додам, - бо ҳасрат гуфт зан. - Афсӯс, - гуфт мард, - сад ҳайф, ки ман дар байни онҳо набудам.
*** - Ман бо духтаре шинос шудам, аммо волидони духтар зидди хушбахтии мо ҳастанд. Онҳо мехоҳанд, ки ман ба духтари онҳо хонадор шавам.
***
Корманди гумрук пулҳои охирини мусофирро аз ҷомадон берун овард. Мусофир: - Ман ин пулҳоро барои гузарондани маросими дафни модаркалонам бурда истодаам... - Ин пулҳо ба модаркалони ту дигар чӣ лозиманд? Ман бошам, бояд сохтмони хонаи сеошёнаамро ба анҷом расонам.
*** Муаллима: - Чаро нақли хаттии ту дар бораи гурба бо нақли хаттии бародарат як хел навишта шудаанд? Хонанда: - Охир мо дар хона як гурба дорем.
***
Мард, ки ба дидорбинии рафиқаш ба беморхона рафта буд, ба хона баргашта, гуфт: - Ӯ ҳоло дурудароз табобат мегирад. - Ту бо духтур суҳбат доштӣ? - Не, ман ҳамшираи шафқатро дидам.
ЭЪЛОН ЭЪТИБОР НАДОРАД
Сертификати гумшудаи А№010506, ки ба минтақаи истирооҳатии шаҳрванд Тешаев Қодир, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, тааллуқ дорад, эътибор надорад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9397), 11 ИЮНИ СОЛИ 2015