Шӯрои миллии кор бо ҷавонон – таҳаввулот дар ҳаёти ҷавонон
Тоҷикистон дар меҳмонӣ низ Бангладешро шикаст дод
№23 (9449), 9 июни соли 2016
1
БАҲСИ “ҶАВОНОН...”
Чеҳраи бегонаро ниқоб насозем
ҲАФТ РӮЗ 02.06.2016 Дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 60-солагии донишманд ва равшанфикри тоҷик Пайванди Гулмуродзода бо номи «Масъалаҳои таҳқиқи ҷараёни маорифпарварӣ ва матбуот» конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид. 03.06.2016 Як гуруҳ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар зимни сафар ба шаҳру навоҳии ВМКБ ба табақаҳои мухталифи ниёзманд кӯмаки яквақтаи Пешвои миллатро тақдим намуданд. Ба 5 ҳазору 371 нафар дар ҳаҷми як ҳазор сомонӣ кӯмак расонида шуд. 04.06.2016 Муҳаммад Алӣ – боксёри машҳури
ҷаҳон дар 74-солагӣ бо ин ҷаҳон падруд гуфт.
баробар мегардад.
05.06.2016 Зимни паёми телевизионӣ Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанонро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон табрик гуфт.
07.06.2016 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо - сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард.
06.06.2016 Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармонеро имзо кард, ки тибқи он аз 1 июли соли равон ҳаҷми маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия аз 15 то 30 дарсад баланд мешавад. Ҳаҷми маоши ҳадди ақал бошад, 60 фисад афзуда, ба 400 сомонӣ
08.06.2016 Бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи байналмилалии «Санглох» воқеъ дар ноҳияи Данғара аз нав ба фаъолият оғоз кард. Бо он, ки соли 1932 сохта шудааст, сохти метеорҳо ва атмосфераи болоии Замин, кометаҳо ва астероидҳо, ситораҳо ва галактика ба таври амиқ таҳқиқ карда мешавад.
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№23 (9449), 9 июни соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
е-mail: javonontj@mail.ru
МАВҚЕИ “ҶАВОНОН...“
2
АХБОРИ ҲАФТА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №23 (9449), 9 июни соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
Ҳамкории мақомот бо ҷавонон мустаҳкам мегардад 3-юми июн дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷаласаи якуми Шӯрои “Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” доир гардид.
Сафари 18-уми Президент ба шаҳри Ваҳдат
www.javonon.tj
4-уми июн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат рафт. Боздиди кории Сарвари давлат нахуст аз иштирок дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави истиқоматии 5-ошёна дар маркази шаҳр оғоз гардид. Бино аз ҷониби соҳибкор Инъомҷон Файзиев дар якҷоягӣ бо фарзандони тоҷираш бунёд гардидааст. Дар ошёнаи якуми бино ошхонаи замонавӣ дар ошёнаи дуюм маркази савдо ва дар ошёнаи сеюм коргоҳи дузандагӣ барои касбомӯзии панҷоҳ нафар ҷавондухтар бунёд гардида, ошёнаҳои чорум ва панҷум ҳамчун манзили зист пешбинӣ шудааст. Сарвари давлат дар ҷашни хурсандии 10 ҷуфт навхонадорон ва хатнатӯйи 24 нафар фарзандони ятим ва аз оилаҳои камбизоат иштирок кард. Сипас, Президенти ҷумҳурӣ бинои нави Нозироти андози шаҳрро ба истифода дода, онро туҳфаи арзишманди роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, кормандонро ба меҳнати садоқатмандона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуд. Бино аз се ошёна иборат буда, бо тарҳу услуби нави меъморӣ бунёд шудааст ва муосиртарин шароити корӣ, аз ҷумла 18 утоқи кории барҳаво, толори маҷлисгоҳ ва дар таҳхона ошхона ва идораи бойгонӣ дошта, утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти навтарини хизматрасонӣ таъмин мебошанд. Дар ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи металлҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Покрӯдро ифтитоҳ намуд. Ин корхонаи саноатӣ бо дастгирии Президенти мамлакат ба хотири рушди соҳаи саноати миллии кишвар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Абуалӣ Исматов бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд шудааст. Коргоҳ идомаи хати истеҳсолии корхонаи ғанигардонии маъдани Покрӯд, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат мебошад. Дар марҳилаи аввал дар корхона дар як шабонарӯз 65 ва дар як сол 21 450 тонна кон-
сентрати флотатсионӣ коркард мешавад. Баъди ба истифода додани марҳилаи дуюм иқтидори коркарди маъдан ба 130 тонна дар як шабонарӯз ва дар як сол ба 42 900 тонна мерасад. Пас аз коркарди пурраи маъдан дар корхонаи металлҳои ранга тиллои тоза истеҳсол карда мешавад. Дар навбати аввал дар корхонаи металҳои рангаи ҶДММ “Покрӯд” дар як сол 1300 кило ва дар марҳилаи дуюм беш аз 2000 кило тиллои холис истеҳсол карда мешавад. Баъди ифтитоҳи корхонаи нав ва шиносоӣ бо иқтидори истеҳсолии он дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони коргоҳ ва шумораи зиёди фаъолони шаҳри Ваҳдат мулоқот доир кард. Президенти ҷумҳурӣ, ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи қисми низомии навтаъсиси таъиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба ҳайати шахсии он “Сипоснома” ва Байрақи ҷангӣ тақдим намуд. Ҳайати шахсии қисми низомӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд карданд. Баъд аз суханронии Сарвари давлат бо амри сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини якуми вазири мудофиа расми гузашти низомии афсарону сарбозон доир гардид. Баъдан Президенти ҷумҳурӣ дар деҳаи Архуи ҷамоати деҳоти Ромит аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахш дидан намуд. Кишоварзону ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ба номи Нуъмон Розиқ, Карим Исмоилов, Абдулло Абдулвосиев, Раҷаб Исмоилов, Симиганҷ ва Гулистон намунаи маҳсули меҳнати худро муаррифӣ карданд. Бо хушнудӣ таъкид гардид, ки кишоварзони шаҳри Ваҳдат имсол аз кишти ғалладонагиҳо, боғҳои мавҷуда ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, барои таъмини фаровонии бозорҳо бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ саҳми назаррас хоҳанд
дошт. Дар намоишгоҳ, ҳамчунин ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ ва ғайра муаррифӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки барои рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ваҳдат таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Аз ҷумла, ташкили маҳфили омӯзиши ҳунари зардӯзӣ аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии «Сайёр» дар ҷамоати деҳоти Гулистон, маҳфили тарроҳӣ ва дӯзандагӣ дар назди Маркази эҷодии кӯдакону наврасон, сабадбофӣ аз ҷониби соҳибкор Матлуба Асоева дар эҳё ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоидро фароҳам овард. Дар ин ҷо ҳамзамон гиёҳшинос ва табиби мардумӣ Маҳмадрасул Иброҳимов гулу гиёҳҳои шифобахши дараи Ромитро ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин минтақаи кӯҳӣ тақрибан 100 намуди гулу гиёҳҳои шифобахш, аз қабили кокутӣ, ҷамилак, ҳазориспанд, алпамодиён, тахач, бобуна, ишим, зирк, коснӣ, хуч, чойкаҳак, пудина ва шибити кӯҳӣ мерӯянд. Сарвари давлат изҳор дошт, ки барои ҳифз ва ҷамъоварию коркарди гиёҳҳои шифобахш бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад. Дар шаҳри Ваҳдат, ҳамчунин Фабрикаи маъданғанигардонии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Покрӯд" ба фаъолият шуруъ кард. Он барои коркарди маъдани кӯҳӣ, ки аз он тиллои хушсифат истеҳсол карда мешавад, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шуда, тибқи хулосаи мутахассисон захираи тилло дар дар он барои 35 сол пешбинӣ гардидааст. Дар марҳилаи аввал дар як рӯз 2 ҳазор тонна маъдани кӯҳӣ коркард мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои нақбканӣ аз соли 2012 оғоз гардида, то имрӯз 19 ҳазор метр нақб омода карда шудааст. Тибқи нақша ҷалби сармояи хориҷӣ барои бунёди фабрикаи ғанигардонии маъдани ҶДММ "Покрӯд" 256 миллион доллари ИМА-ро дар бар мегирад.
Дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: тасдиқи Низомномаи Шӯрои маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, ном, шиор ва рамзи маҳфил, нақшаи фаъолияти маҳфил дар соли 2016, муайян намудани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти маҳфил, мушкилот ва дархосту пешниҳодоти ҷавонони дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта. Аҳтам Абдуллозода, раиси Шӯро иброз дошт, ки ҳадаф аз таъсиси он ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, дар ин замина мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта мебошад. - Ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони ҳадафҳои олии давлат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ, ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон дар хориҷи кишвар пайи аз худ кардани илм ва техникаву технологияи муосир мебошанд. Айни ҳол беш аз 30 ҳазор нафар ҷавони соҳибистеъдоду лаёқатманди мо дар хориҷи мамлакат аз ҳисоби давлат таҳисл доранд, - гуфт А. Абдуллозода. Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки ҳамкории вазорату идораҳои давлатӣ бо ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта мустаҳкам гардида, заминаи муассирро дар таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ, ҳамгироӣ ва ватанпарастии ҷавонон баҳри хизмати шоён ба давлату миллати хеш гузорад”. Қобили қайд аст, ки бо мақсади дастгирии маънавию иҷтимоии ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2015 Шӯрои “Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” таъсис ёфта, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, корҳои хориҷӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оила узви Шӯро мебошанд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №23 (9449), 9 июни соли 2016
3
Дар пайи Комроншоҳи Устопириён Муҳаммадмурод Абдураҳмонов низ ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил мушарраф шуд.
Тоҷикистон дар меҳмонӣ низ Бангладешро шикаст дод Тими миллии Тоҷикистон дар бозии ҷавобии даври плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 бар дастаи мунтахаби Бангладеш бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Бозии аввал дар шаҳри Душанбе 2 июн бо ҳисоби 5:0 ба фоидаи тими миллии Тоҷикистон анҷом ёфта буд. Голи ягонаро дар дақиқаи 8 нимҳимоятгар Аҳтам Назаров зад. Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё2019, ки моҳи марти соли оянда шуруъ мегардад, роҳхат гирифт. Қаблан, баъд аз натиҷагирии марҳилаи дуюми интихобии чемпионати ҷаҳон-2018 ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё2019 16 даста баромада буданд – ҶХДК, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Ҳонконг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Мянма, Баҳрайн ва Афғонистон. Ба инҳо баъд аз натиҷагирии бозиҳои даври аввали плей-офф 5 дастаи дигар – Тоҷикистон, Малайзия, Камбоҷа, Ҳиндустон ва Яман ҳамроҳ мешаванд. Барои се роҳхати дигар 5 дастаи бешанси даври якуми плей-офф ва дастаи мунтахаби Бутан, ки се ҷуфтро ташкил медиҳанд, талош мекунанд. Бозиҳои даври дуюми плей-офф 6 сентябр ва 11 октябр доир мегарданд.
Дар даври гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 24 даста дар 6 гурӯҳ бозӣ мекунанд. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ (12 даста) ба даври финалии Ҷоми Осиё, ки соли 2019 дар Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Дар марҳилаи ниҳоӣ, ки 12 дастаи беҳтарини даври дуюми интихобии чемпионати ҷаҳон-2018 роҳ ёфтаанд, бори аввал 24 даста ширкат мекунанд. Ҷоми Осиё-2019 Иштирокчиёни даври финалӣ: Австралия, Арабистони Саудӣ, АМА, Қатар, Чин, Эрон, Ҷопон, Сурия, Тайланд, Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон. Иштирокчиёни марҳилаи интихобӣ: ҶХДК, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Ҳонконг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Мянма, Баҳрайн, Афғонистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа, Яман.
Бар асоси рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо нашр шудааст, Комроншоҳи Устопириён дар байни 278 ҷудочии ҷаҳон дар мақоми 11-ум қарор дорад. Вай ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 роҳ ёфтааст. Варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар рейтинг дар вазни беш аз 100 кило
дар байни 188 нафар дар зинаи 48-ум ҷой гирифтааст. Ӯ бо саҳмияи қитъавӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио2016 мушарраф шудааст. Ёдовар мешавем, дар байни варзишгарони Тоҷикистон аввалин роҳхатро ба Бозиҳои олимпии Рио-2016 гурзандози машҳур Дилшод Назаров ба даст овардааст. Ҳамин тариқ то имрӯз се варзишгари тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Олимпиада мушарраф шуданд.
е-mail: javonontj@mail.ru
Роҳхати Муҳаммадмурод ба Олимпиада
Мулоқоти раҳбарони кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Афғонистон 3-юми июн дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дабири кулли Кумита Баҳрулло Раҷабалиев бо раиси Кумитаи миллии олимпии Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар мулоқот кард. Баҳрулло Раҷабалиев гуфт, “мо бисёр мехоҳем бо кишвари ҳамсояи худ тавассути варзиш, ки қосиди сулҳ аст, ҳамкориҳоро густариш бидиҳем. Хуб мебуд, ки дар риштаҳои маъмули олимпӣ, ба мисли ҷудо, бокс, гуштии озод, гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ, теннис, бадминтон, тенниси рӯи миз, таэквондо ВТФ, футболу волейбол мусобиқоти дӯстона баргузор намоем. Барои ин маблағи зиёде сарф намешавад, зеро мо кишварҳои ҳамсояем ва роҳ хеле наздик аст. Ба мақсад мувофиқ мебуд, агар мо барои табодули таҷрибаи варзишгарону мураббиён, доварон ва мутахассисони соҳа низ ҳамкорӣ мекардем. Ба назари ман мо бояд созишномаи ҳамкорӣ байни кумитаҳои олимпии ҳар ду кишварро таҳия намуда, ба имзо расонем”. Б. Раҷабалиев, инчунин иброз дошт, ки соли равон дар Душанбе ду мусобиқаи бузург миёни наврасони синнашон то 14сола оид ба теннис баргузор мешавад: “Яке аз ин мусобиқотро Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) доир мекунад.
Дигаре мусобиқаи анъанавӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон мебошад. Мо теннисбозони навраси Афғонистонро барои ширкат дар ин ду мусобиқа даъват мекунем”, - гуфт Б. Раҷабалиев. Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар навбати худ гуфт, "ман ниҳоят хушҳол ҳастам, ки дар раъси Кумитаи олимпии кишвари ҳамсояи мо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Дар ҳар мусобиқа, вақте иттилоъ меёбем, ки як ҷавони тоҷикистонӣ медал ба даст овардааст, мо эҳсос мекунем, ки он медалро фарзанди мо ба даст овардааст. Мо талош мекунем, ки бисёр равобити ҳасана бо ҳамсояи худ дошта бошем. Орзуманд ҳастам, як тавофуқномаеро бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба имзо расонем ва дар татбиқи он тавофуқнома ҳар ду тараф гомҳои мусбат бардоранд". Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки лоиҳаи тавофуқнома ҳарчи зудтар омода карда, ҳангоми баргузории мулоқоти оянда ба имзо расонида шавад.
Кормандони мақомот дар майдони футбол Волейбол: “Душанбе-1” дар ҷойи якум
Мусобиқа, ки бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, то 31 июли соли равон миёни дастаҳои вазорату идораҳои мамлакат баргузор мешавад. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пулодҷон Юсуфӣ, муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, роҳбари дастгоҳи Федератсияи футболи мамлакат Шавкат Аҳмадов ҳузур доштанд.
www.javonon.tj
Бахшида ба ҷашни рӯзи Ваҳдати миллӣ аз 1 то 5 июни соли ҷорӣ дар Мактаби махсуси кӯдакон ва наврасони захираҳои олимпии №5 –и шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни бонувон баргузор гардид. Дар он 5 даста аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар натиҷа, дастаи волейболбозони “Душанбе-1” маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори ҷойи якум гардиданд. Ҷои дуюмро дастаи Суғд ва мақоми сеюмро дастаи ВМКБ касб намуданд. Ғолибон бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар маҷмааи варзишии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо ташабуси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти шиори «Варзиш барои ҷомеаи солим» мусобиқаи футзал идома дорад.
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
4
БАҲСИ “ҶАВОНОН...”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №23 (9449), 9 июни соли 2016
Мегӯянд, ки занон чеҳраи оинанамои миллату давлат мебошанд. Пас, чаро мо чеҳраи бегонаро ба рӯи хеш ниқоб месозему аз беҳтарину хубтарин дастовардҳои фарҳангии миллати худ, ки тӯли садсолаҳо андӯхта шудаанд, даст мекашем? Хоҳарони азиз, биёед, бо фарҳанги либоспӯшию маърифати гуфтор ва покии рафтор воқеан ҳам чеҳраи ин миллати соҳибтамаддуну куҳанбунёд бошем. Тоҷикон аз азал ошиқи хуршеду моҳ ва зебоиҳои табиат буданд. Чун ба нақшҳои куртаҳои чакану сӯзанию бардевориҳо менигарем мебинем, ки дар онҳо табиат бо ҳама зебоиҳояш ба ҷилва омадааст ва нақши моҳу хуршеди нурафшон рамзи асосии гулдӯзиҳои мо гаштаанд. Имрӯз ҷойи атласи хушрангу гулдӯзиҳои зебо духтарони мо либосҳои сиёҳеро ба бар мекунанд, ки дар дигар манотиқи ҷаҳон рамзи мотаманд. Бовар кунед, тоҷик ҳатто дар рӯзи мотам ҳам либоси сиёҳ ба бар намекард. Дар кӯҳистони Тоҷикистон то ҳол мардум ба рамзи азодорӣ рӯймоли сафед ва куртаҳои одии сабзу кабуд ба бар мекунанд, зеро сиёҳ рамзи бадӣ, ваҳшату ҷангу моҷаро аст. Имрӯз баъзе ҷавондухтарон сар то ба по сияҳпӯшанд, ки хеле зишт ба назар мерасад. Ёд дорам, модаркалонҳои мо ба арӯсакони ҷавон пӯшидани либосҳои кабуду сабзи сияҳфомро низ иҷозат намедоданду онро хоси занони калонсол медонистанд. Имрӯз касоне ёфт мешаванд, ки худро тарроҳу мудшинос унвон карда, матоъҳои миллии моро таҳқир мекунанд. Чун мебинам, ки ҳунарманди ҷавоне бо куртаи остинкандаю эзорчаи почакандаи атлас рӯи саҳна мисли бузаки ҷингилапо аз ин тараф ба он тараф медавад, сахт малӯл мешавам, зеро ин на тарроҳӣ, балки таҳқири ин матои зебост. Атлас куртаи миллии тоҷикист ва танҳо дар ҳамин дӯхт ба ҳусни дилбарони тоҷик ҳусни дигар зам мекунад. Байни тарроҳон озмунҳои зиёде гузаронида мешаванд ва дар аксар ҳолат ба ин гуна озмунҳо либосҳое пешниҳод мешаванд, ки бӯйи миллияту тоҷикият надоранду боз онҳо сазовори ҷоиза ҳам мегарданд. Гумон мекунам, ки занони ҳунарманд дар минтақаҳои гуногуни кишвар хеле зиёданд, вале онҳо имкони пешниҳоди либосҳои офаридаи худро надоранд. Аз ин рӯ, масъулини шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба ин гуна соҳибҳунарон ёрии худро дареғ надошта, намоиши либосҳои дӯхтаи онҳоро ташкил кунанд. Ин ҳам кӯмак ба як ҳунарманд мешаваду ҳам ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, ки ташкили корхонаҳои хонагиро як омили аз байн бурдани бекорӣ байни бонувони кишвар арзёбӣ кардааст. Дар ин бора яке аз тарроҳони ҷавон Нигина Икромова ҳангоми суҳбат чунин иброз дошт: “Имрӯз он талаботе ки худи бонувони тоҷик доранд ва ба хости дилашон либос мепӯшанд, моро вазифадор мекунад, то тибқи гуфтаи онҳо кор кунем. Ҳастанд духтаракони ҷавон, ки матои тоҷикиро ба тарзи аврупоӣ дӯхта мепӯшанд. Метавон аз худи атлас чанд намуди либос дӯхт. Аз он мо шим,
юбка ё куртаи дарози беостин дӯхта, пешкаши мардум мекунем”. Баъд аз нигаронии Президенти кишвар аз либоспӯшии бонувони тоҷик зимни суханрониаш дар арафаи таҷлили Рӯзи модар, ки гуфта буд, “танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест”, барои пешгирӣ аз пӯшидани либосҳои арабӣ мақомот даст ба кор шудаанд. Дар пайи ин нигаронии Президент мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирӣ аз урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллии занони кишвар корҳои фаҳмондадиҳиро шуруъ карданд, ки имрӯз баъзе ҷавонони мо ба фарҳанги бегона гаравида, урфу одат ва либосҳои зебои ниёкони хешро фаромӯш кар-
сатру ришу дастор дар ҳамин аст. Вақте аввалин сатрбандҳоро дар кӯчаҳои кишвар медидаму маҳфуми сатри авратро мешунидам, ростӣ он қадар сарфаҳм намерафтам, вале баъдтар ба луғатҳо муроҷиат кардаму дарёфтам, ки маънӣ куҷост. Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ сатр ба маънои ҳиҷоб, парда, пӯшидан ва аврат бошад, чун андоми пинҳонӣ, шармгоҳ, андоми шарм маънидод шудааст. Яъне сатри аврат пӯшонидани андоми шарм ё шармгоҳ будааст. Акнун ба ёд оред, он сатрпӯшҳоеро, ки дар кӯчаю нақлиёт ё дигар ҷойҳо вохӯрдаед. Оё андоми шарми онҳо аз зери чодарони ҳариру шиму куртаҳои танги туркиву эронӣ наменамояд? Акнун пеши назар биёред духтаракеро, ки дар ӯ пӯшидани либоси миллӣ бо тамоми санъаташ
мегӯем, ки момою модарҳои мо сатри авратро бо тамоми нозукиҳояш риоя мекарданду то ҳол мекунанд, манаҳи бастаю пироҳанҳои ба тан часпида ҳаргиз сатри аврат набуду нест. Ин ҳама тақлид асту аз тамошои як зумра филмҳои хориҷие, ки тарғибкунандаи фарҳанги ғайранд, пайдо шудаанд. Волидони моро, хусусан, модаронро лозим аст, ки дар масъалаи либоспӯшии фарзандон, бахусус духтарон назоратро пурзӯр кунанд. Духтарони ҷавон дар аксар ҳолатҳо ба санъаткорон тақлид мекунанд ва ҳунармандонро зарур аст,
да истодаанд. Ба фарҳанги ғайр гаравидани ҷавонон оқибати бад дорад, зеро оҳиста-оҳиста аз ёд бурдани урфу одати наҷиби ниёкон ва омехташавии миллатҳо низ аз ҳамин ҷо сарчашма мегираду нигаронии мардуми огаҳ низ аз
риоя шудааст… Куртаҳои кушоду зебои миллӣ, поҷомаҳои шерозадори зебо, сарбандҳои хушгули рангоранг… Оё ягон айбу нуқсонеро дар эшон мушоҳида кардан мумкин аст? Албатта, не. Даҳҳо бор гуфтаанду бори дигар
ки тарзе либос пӯшанд, то тарғибгари либоси миллии хеш байни миллату халқиятҳои дигар гарданд. Зеро либос як ҷузъи асосии фарҳанги миллат аст. Кӣ гуфта метавонад, ки либоси модарони мо хилофи талаботи шариат буд? Ҳеч кас! Имрӯз дар ҷомеаи мо раванди бегонапарастии кӯр-кӯрона ба назар мерасад, ки хоси мардуми шарифи тоҷик нест. Имрӯз бошад занон ба тарзи либоспӯшии бемантиқ тақлид мекунанд. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд. Мувофиқи маълумот вақтҳои охир баъзе занону духтарони сиёҳпӯш дар ҷанозаи одамони тамоман бегона ҳозир шуда дар байни заноне, ки дар ҷаноза иштирок доранд, ба ҳар гуна тарғиботи дур аз таъриху фарҳанги деринаи халқи мо даст мезананд. Умуман либоспӯшӣ дорои фарҳанги хос аст. Ба ғайр аз занон имрӯз ҷавонписарон низ либосҳое ба бар мекунанд, ки агар аз аслу таърихи он огоҳ шаванд, ору номус мекунанд. Масалан, байни ҷавонон пӯшидани шими танг, ки ба соқу рони пой часпида бошад, расм аст. Дар байни мардум чунин шимҳоро «сигаретка» мегӯянд. Намуди дигари либоси ҷавонон он аст, ки ҳатман бояд таҳпушаш аз зери шим намоён бошад. Чунин либосҳоро бошад асосан сиёҳпӯстони минтақаи Ню-Йорк мепӯшанд, ки бе хонаву дар ва оворагарду ҷинояткоранд. Бинобар ин, падару модарон аснои харидани либос ба фарзандони худ таъкид намоянд, то дар интихоби либос бодиққат бошанд. Гузашта аз ин, ҳар кас бояд дар кор либосеро ихтиёр кунад, ки кас тавонад фурӯшандаро аз харидор, хизматрасонро аз мизоҷ фарқ кунад.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА
Чеҳраи бегонаро ниқоб насозем
МАВҚЕИ “ҶАВОНОН...“
мина барои ба корҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ бештар ҷалб кардани онҳоро дошта, муносибат бо ҷавонон, роҳандозии усулҳои боз ҳам муассири ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият мебахшад”. Агар ба сохтори дигар давлатҳои ҷаҳон назар андозем, дармеёбем, ки дар ягон кишвари олам на танҳо чунин таваҷҷуҳ ба ҷавонон нест, балки ниҳоди махсуси давлатии кор бо ҷавонон надоранд. Вақте мо мушкилоти ҷавонон мегӯем, бояд бевосита мушкилоти ҷомеаи Тоҷикистон дар назар дошта шавад, чунки беш аз 70 фисади аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд ва мафҳуми ҷомеа бо ҷавонон ҳаммаъно мегардад. Агар мушкилоти ҷавонон ҳал шавад, маънои онро дорад, ки ҷомеаи мо дигар проблема надорад ва барои мо хушбахтӣ аст, ки раҳбарияти олии давлату ҳукумати кишвар ин масъаларо амиқан дарк мекарданд ва то имрӯз баҳри ҳалли проблемаҳои ҷавонон пайваста талош мекунанд. Зери роҳбарии Пешвои миллат амал намудани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон намунаи олии эътимоду боварӣ ва эҳтироми роҳбарияти сатҳи олии мамлакат нисбат ба ҷавонони саодатманди кишвар буда, ин тадбир имкон медиҳад, ки пешниҳодоти онҳо ҳарчи бештар дастгирӣ ёбад ва мушкилоти дар ин самт мавҷуда сари вақт баррасию роҳу усулҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон боз ҳам дақиқу мушаххас карда шаванд”. Ҷанбаи аз ҳама муҳими ин шӯро мактаби омодакунии кадрҳои хизмати давлатӣ аст. Чунки дар баробари баррасии мушкилоти ҷавонон шунидани саргузашти Пешвои миллат, ки дар марҳилаҳои гуногуни роҳбариашон ба он рӯ ба рӯ шуда, бе эҳсоси хастагиву даст кашидан аз масъулияти сангин тамоми мушкилотро паси сар кардаанд, барои ҷавонон як мактаби бузурги омодагӣ барои хизмати давлатӣ маҳсуб мешавад. Ба андешаи профессор Назрӣ Офаридаев, Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Пешвои миллат, инчунин шахсияти байналмилалӣ аст. Ӯ дар давоми фаъолияти роҳбариаш тамоми имтиҳони давлатдориро гузашт ва ҳамчун як сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи зиёд андухт. Барои ҷавонон омӯхтани аққалан як ҷузъе аз таҷрибаҳои Пешвои миллат бас аст, ки онҳо ҳамчун шахсиятҳои баркамоли миллат тарбия ёбанд. Бовар дорем, ки ҳар як ҷавони тоҷик аз дарсҳои Пешвои миллат баҳраманд шуданро мехоҳад. “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”
Ё аз фурсати дастрасе, ки давоми як моҳ дар ихтиёр дорем, чӣ гуна истифода мебарем?
Инак, моҳи мубораки Рамазон ҳам фаро расид. Моҳи Рамазонро миёни 11 моҳи дигари тақвим султони моҳҳо ном мебаранд. Ин моҳест, ки мусулмонҳо ба рӯза доштан амр шудаанд. Подоши рӯзадории онҳоро, тавре ваъда додааст, Худованд худаш медиҳад. Ба ин шубҳа нест. Вале мехостем дар хусуси имкониятҳои дигаре ҳам бигӯем, ки дар ин моҳ пеши мо қарор мегиранд.
Моҳи шарифи Рамазон фурсати қулай аст, то мо худ, ҷисму рӯҳи худ ва саломативу зиндагии худро ба низом дарорем. Имкон дорем, ки як моҳи тамом ҳама паҳлуҳои ҳаётамонро мураттаб созем. Инчунин, имконест, барои рушду равнақ додани худ. Алабатта, метавон дар ин моҳ ҳам кор кард, ҳам ба тарбияи фарзандон машғул шуд ва машғулиятҳои ҳаррӯзаро сомон дод. Азбаски мо намехӯрему наменӯшем, ба қадри кофӣ вақти холӣ дар ихтиёр дорем. Аз ҳисоби сарфаи вақти хӯроки нисфирӯзиву наҳор метавонем барои иҷрои корҳои дигар вақти бештар дошта бошем. Агар дар ин моҳ кори барои худ муҳимеро муайян карда, пайи анҷомаш камар бандем, эҳтимоли муваффақ шудан хеле баланд аст. Кадом кор ё нақша барои мо муҳимияти бештар дорад, ба худи мо вобаста аст. Хусусан дар моҳе, ки пур аз файзу баракат аст. Барои мисол машғул шудан барои инкишофи интеллектуалӣ, яъне зеҳнӣ дар ин мавсим айни муддаост. Агар шумо ба навиштани рисолаи илмӣ машғулед, ё кадом кори дигари эҷодӣ доред, пас як моҳи Рамазон беҳтарин фурсатест барои анҷоми нақшаҳоятон, зеро вақти бароятон даркорӣ дар ихтиёри шумост. Бисёриҳо кӯшиш мекунанд, дар моҳи Рамазон ба рухсатӣ ё истироҳат бароянд. Албатта, ин хуб аст, вале дар назар бояд дошт, ки рухсатӣ маънои онро надорад, ки мо бекор нишинем. Рухсатӣ бекорӣ нест. Он, албатта, як муддат фориғ шудан аз кори расмии шумост ва метавон истироҳат кард, вале дар айни замон фурсате барои татбиқи нақшаҳо ва барномаҳои дигар низ ҳаст. Рӯзҳои Рамазонро ҳам дар баробари ибодату тоъат, ки қарзи ҳар як мусулмон аст, инчунин мешавад барои амалишавии барномаҳои нав истифода бурд. Бинобар ин, “Ман рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро, ки дар гармои зери 40 дараҷа рост омадааст медорам, вале аз иҷрои корҳои бар дӯшамбуда бояд мураххас шавам” гуфтан чандон ба манфиат нест. Ба ибораи дигар Рамазон беҳтарин фурсатест барои раҳо шудан аз қайди танбалӣ. Танбалӣ – бадтрин хислат, ки моро имкони пешрафт намедиҳад. Намегузорад, ки ин ва ё он кореро ба анҷом расонем, ки ба нафъи мо ва барои рушди моддиву маънавии мост. Бисёриҳо мегӯянд, аз он ки соатҳои тӯлонӣ дар Рамазон аз нӯшидану хӯрдан маҳруманд, хаста мешаванд. Хусусан онҳое, ки ба кор машғуланд. Албатта, машғул шудан ба кори эҷодӣ ва дилхоҳ коре, ки тибқи он шумо муддати дароз менишинед, метавонад шуморо хаста кунад. Чун хун дар бадани инсон дар ин ҳолат ғафс мешавад. Барои ин танҳо зарур аст, ки ҳар панҷ дақиқаи ҳар соат аз ҷой хеста, ба машқи сабуки бадан машғул шавед. Ин имкон медиҳад, ки хун дар бадан боз беҳтар ҳаракат намояд. Ба майнаи сар оксиген беҳтар расад. Ҳам фаъолнокии баданро таъмин намуда, шуморо “зинда” нигоҳ медорад. Вагарна барои инсони рӯзадор қарору беҳаракат нишастан, хусусан дар гармои тобистон бисёр азиятовар менамояд. Танҳо бояд танбалиро аз зеҳни худ рӯфта партоем. Бигӯем, ки мо қодирем худро муътадил ва фаъол нигоҳ дорем. Дар ин моҳ дар ҳаракат будан беҳтар аст, вагарна ба қавли Бедил осудагӣ метавонад боиси адам гардад. Ё ҳадди ақал корро душвор ва ҳалнопазир гардонад. Башир УСМОНОВ, “ҶТ”
www.javonon.tj
Вақте 18 июли соли 2015 бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд, дар ҷомеа андешаҳои гуногун ба вуҷуд омад. Ҷавонони кишвар таъсиси онро ҳамчун як муждаи навбатии Пешвои миллат дар ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ ва иқтисодиву маънавии ҷавонони кишвар қабул намуданд. Аксари коршиносон низ бар ин назар буданд, ки ин иқдом ба беҳтар шудани ҳаёти ҷавонон такони ҷиддӣ бахшида, дар оянда байни Роҳбари давлат ва ҷавонон боз ҳам қаробат фароҳам меорад. Аз ҷониби масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ изҳор гардида буд, ки ин мужда кулли ҷавонони саодатманди Тоҷикистонро фараҳманд кардааст: “Мулоқотҳои пайвастаи Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони кишвар собит месозанд, ки Сарвари давлат ба нерӯи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиб ва маҳорати пешвоёнаи ҷавонон боварии комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат як самти фаъолияташон маҳсуб меёбад. Боиси хушнудист, ки ҳар як мулоқоти Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон ба манзур сохтани як падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб ба анҷом мерасад. Таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ, стипендияи Президент барои хонандагон, Квотаи Президент барои ҷавонони ноҳияҳои дурдаст, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, Грантҳои Ҳукумати кишвар дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, Ҷоизаи Президент барои варзишгарон, инчунин баргузории конфронсу форумҳо, анҷуману фестивалҳо, семинарҳои омӯзишиву мизҳои мудаввар, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, илмиву маърифатӣ, ҳарбиву варзишӣ ва ҳоказо аз дигар иқдомҳои наҷиб ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Роҳбари муаззами мамлакат маҳсуб меёбанд”. Вале як гурӯҳ чун ҳамеша ташкил шудани ин шӯроро зери танқид гирифтанд ва бовар доштанд, ки он ба ном боқӣ мемонад. Аммо баргузории ҷаласаи нахустини он дар таърихи 27 майи соли ҷорӣ нишон дод, ки Шӯрои миллии кор бо ҷавонон на дар рӯйи коғаз, балки амалан аз дигар иқдому шӯрову созмонҳо ба куллӣ тафовут дорад. Пеш аз ҳама, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таҳти раёсати Пешвои миллат “ҳадафи мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ин за-
Моҳи низому тартиб
5 е-mail: javonontj@mail.ru
Шӯрои миллии кор бо ҷавонон – таҳаввулот дар ҳаёти ҷавонон
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №23 (9449), 9 июни соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
6
ДОВТАЛАБ - 2016
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №23 (9449), 9 июни соли 2016
Воситаи ягонаи донишҷӯ шудан дониш аст Тайи чанд соли охир дохилшавии ҷавонон ба муассисаҳои олии кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ (ММТ) сурат мегирад. Имрӯзҳо марказ баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани имтиҳоноти қабул омодагӣ мебинад. Ҷавонон ояндаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд, бинобар ин аз тарафи Ҳукумати кишвар ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати саводнок гардидани онҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешавад, ки тариқи ММТ қабул гардидани ҷавонон ба донишгоҳҳои олии кишвар яке аз онҳост. Абдувосид Юлдошев, ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, тибқи таҳлилҳо довталабони имсола нисбат ба солҳои пешин боз ҳам фаъолтар гардидаанд. Ҳамаи ин далолат бар он мекунад, ки довталаби имрӯза дарк кардааст, ки кафили ягона барои сазовори номи донишҷӯ шудан танҳо дониш ва маҳорату малакаи ӯ шуда метавонаду халос. Дар баробари ин, боварии ҷомеа низ нисбат ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ афзудааст. Далели ин гуфтаҳо сол аз сол зиёд шудани шумораи довталабон аст, ки ба-
рои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур сабти ном мешаванд. Агар шумораи довталабон дар соли 2014 52408 нафар ва дар соли 2015 73735 нафарро ташкил дода бошад, шумораи довталабони имсола танҳо тибқи омори даври якуми бақайдгирӣ ба 83597 нафар расид. Яке аз масъалаҳои мубрам дар ин самт масъалаи таъмини шаффофият дар имтиҳонҳои қабул мебошад. Бино ба гуфтаи Абдувосид Юлдошев, масъалаи таъмини шаффофият ва адолат дар низоми имтиҳонҳои мар-
дар навбати худ, ба он оварда мерасонад, ки баъзе аз довталабон ва падару модарони онҳо бо мақсади кӯмак дар дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимӣ ба гапҳои шахсони нопоку қаллоб бовар карда, ба амалҳои номатлуб даст мезананд. “Марказ барои таъмини шаффофият ва адолат дар имтиҳонҳо тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст ва ҳар довталаб бояд аз ин шароиту имкониятҳо истифода карда, фирефтаи суханони беасоси ашхоси қаллоб нагардад, - афзуд. А.
казонидаи дохилшавӣ имрӯзҳо таваҷҷуҳи шахсони зиёдеро ҷалб менамояд. Дар робита ба низоми мазкур маводу матлабҳои зиёде низ нашр мегарданд, ки қисме аз онҳо боиси барангехтани шубҳаҳо нисбат ба низоми ягонаи имтиҳонсупорӣ ва фаъолияти марказ мегардад. Ин ҳолат,
Юлдошев. - Барои бовар ҳосил кардан дар ин хусус, ки касе ба натиҷаи имтиҳонсупории довталаб таъсир расонида наметавонад кофист, ки аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардида истифода шавад. Ҳар довталабе, ки ин шароиту имкониятҳоро истифода менамояд, ба натиҷаи
воқеии кори (имтиҳони) худ шинос шуда, бовар ҳосил мекунад, ки касе дар ин ҷараён ба ӯ ё ба каси дигар кӯмак карда наметавонад, ба ҷуз аз донишу маҳорат ва малакаи ӯ”. Саъдӣ Бобоев соли гузашта тавассути дониши худ пас аз супоридани имтиҳоноти қабул дар ММТ ба донишгоҳ дохил шуд. “Як сол мешавад, ки донишҷӯям. Ман ҳаминро фаҳмидам, ки ҳар касе ба худу дониши худ бовар дорад, ҳатман донишҷӯ мешавад. Ин чиз шояд барои баъзе аз ҷавонон боварнокарданӣ бошад, вале рост аст. ММТ як роҳест, ки ҳар нафари шавқманди роҳи дониш метавонад бо истифодаи донишаш ба дилхоҳ донишгоҳ дохил шавад ва маълумоти олӣ бигирад”, - мегӯяд Саъдӣ. Дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои чанд гурӯҳи довталабон имтиёз пешбинӣ шудааст. Ин гурӯҳҳо ятимони кулл, бепарасторон, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм, ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юмро ишғол намудаанд, ғолибони озмуну фестивалҳои тахассусии соҳаи санъат, аъзои дастаҳои яккачини варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандагони дараҷаи номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ё унвони Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ ё Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки хизмати ҳарбиро дар
Кӯчаи эҷодкорон мақбули сайёҳон хоҳад гашт
www.javonon.tj
Чанде пеш дар “Кохи Борбад”-и пойтахт Намоиши маҳсулоти корхонаҳои Ноҳияи автономии Нинсяи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд. Пеш аз оғози намоишгоҳ як гурӯҳ карнайнавозони тоҷик дар тан хилъати зардӯзӣ чанд оҳанги миллиро навохтанд. Меҳмонони чинӣ пурра ин барномаи мусиқиро сабт намуда, сипас бо навбат хилъати навозандагонро пӯшида, ҳамроҳи онҳо акс гирифтанд. Барои онҳо либос ва мусиқии миллии мо ҷолиб буд. Чунин муносибатро мо дар аксар меҳмонони хориҷӣ мебинем. Яъне, ҳар меҳмоне, ки аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистон меояд мехоҳад, ки як нишонаи фарқкунандаи миллиамонро бубинад.
Дар аксар шаҳрҳои кишварҳои соҳаи туризмашон пешрафта кӯчаҳои махсуси эҷодкорон ҳаст, ки ҳар рӯз дар онҳо навозандагон дар ҳавои кушод ягон асбоби мусиқӣ менавозанд, сарояндагон суруд мехонанд, рассомон расм мекашанд, кулолгарону заргарон маҳсулоти худро ба фурӯш мегузоранд. Чунин кӯчаҳо дар шаҳрҳои Алмаато, Бишкек ва Тошканд низ ҳастанд. Як гурӯҳ ҷавонони ташаббускори шаҳри Душанбе тасмим гирифтаанд, ки барои дар пойтахти мамлакат таъсис додани чунин як кӯча ба раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев муроҷиат намоянд. Яке аз чунин ҷавонони фаъол Маина Швартс мегӯяд, ки дар кӯчаи эҷодкорон ҳар шахси эҷодкор имкони оянда нишон додани ҳунару истеъдоди худро дорад. Ин иқдом туристонро ҷалб мекунад, барои беҳтар шудани имиҷи пойтахт мусоидат менамояд ва майдончаи ҷолибе барои эҷодкорӣ ва истироҳат мешавад. - Таъсис додани чунин як кӯча дар оян-
да метавонад боиси пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ гардад, - мегӯяд Маина Швартс. - Иқдоми мазкур ба шаҳри Душанбе симои ҷалбкунанда ва замонавӣ будан хоҳад бахшид. Дар ин сурат аксар соҳибистеъдодҳое, ки паси парда мондаанд, ба аҳли ҷомеа муаррифӣ хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Маина Швартс, таъсис додани кӯчаи эҷодкорон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, пешрафти эҷодкории муосир ва ба сатҳи нави фарҳанги шаҳрӣ баромадани пойтахти кишварамон мусоидат хоҳад намуд. Дар ин сурат маданияти насли наврас ва ҷавонон низ боло меравад. Зеро муошират ва ҳамнишинӣ бо аҳли эҷод ба ҷаҳонбинию тафаккури ҷавонон таъсири мусбат мерасонад. Ба гуфтаи директори Гурӯҳи театрии “Нигоҳи нав” Шоҳҷамшед Умарӣ қулайтарин мавзеъ барои кӯчаи эҷодкорон майдони назди Театри опера ва балет аст. Зеро он ҷо хиёбони марказӣ маҳсуб ёфта, ба театр на-
здик буданаш эҷодкоронро ҷалб месозад. Мардум ба мавзеъҳои дур аз марказ намераванд. - Мавҷуд будани чунин марказ ба ҷавонон чи гуна самаранок истифода бурдани вақти холиро меомӯзонад, - мегӯяд Шоҳҷамшед Умарӣ. Директори радиои “Ватан” Субҳон Ҷалилов идеяи таъсиси чунин кӯчаро ҷонибдорӣ намуда мегӯяд: - Ман дар шаҳри Варшава (Полша) шоҳиди он шудам, ки бастакори номие роял менавохт. Мардум дар атрофи ӯ ҷамъ шуда, навозиши ӯро ботамкин гӯш мекарданд. Ҳеҷ кас шавқун намекард. Ҳозирин то поёни роялнавозӣ пароканда нашуданд. Чанд ҷавони волонтёр барои овардану бурдани роял ба он бастакор ихтиёрӣ кӯмак мерасониданд”. Эраҷ ном дӯстдори ҷаҳонгардӣ нақл кард, ки дар шаҳри Ню-Йорк шоҳиди тавассути қадаҳҳо мусиқинавозии марде шуда-
Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намудаанд. Мувофиқи тартиби муқарарнамудаи Вазорати маориф ва илм довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо аттестати универсалӣ ва медали тилло ё нуқра, инчунин аттестати аълои равиявӣ ва медали тилло ё нуқра хатм намудаанд, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо тариқи суҳбат қабул карда мешаванд. Мавҷуда Шарифова ба имтиҳоноти қабул тайёрӣ дида истодааст: “Ҳар кас мехоҳад, ки пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳи дилхоҳаш дохил гардаду донишҷӯ шавад. Аз мушоҳидаҳо гуфтан мумкин, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмомӯзӣ бештар гардида истодааст, ки падидаи нек аст. Ман низ чун дигар ҷавонон мехоҳам донишҷӯ шаваму соҳибмаълумот. Ҳоло ба имтиҳонҳо омодагӣ дида истодаам. Воқеан, ММТ шароитеро барои мо - ҷавонон муҳайё сохтааст, ки метавонем озодона тавассути дониши худ ба муассисаҳои олӣ дохил гардем”. Метавон гуфт, ки роҳи ягонаи расидан ба ҳама гуна мақсадҳои наку танҳо дониш аст. Пас, бояд ҳар ҷавон дар роҳи андӯхтани донишҳои замонавӣ доим дар талош бошаду баҳри соҳибмаърифату соҳибкасб гардидан кӯшиш намояд ва дар пешрафту шукуфоии меҳан саҳм гузорад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
аст. Қадаҳҳо вобаста ба андозаи аз об пур шуданашон садои ҳархела мебароварданд. Бинандагон аз ҳунари навозанда ба ҳайрат омада буданд. Эраҷ ҳам дар танҳоӣ ин амалро машқ карда, боварӣ ҳосил намуд, ки чунин кор имконпазир будааст. Бартарии мавҷуд будани кӯчаи эҷодкорон боз дар он аст, ки меҳмонони шаҳр дар муддати кӯтоҳ бо расму оин ва эҷодиёти халқи мо ошно мешаванд. Вақте дар наздикӣ мусиқии зинда садо медиҳад, рассом ба майли хотир зинда расм мекашад, шуъбадабоз ҳунари худро нишон медиҳад, армуғон ва намунаи ҳунарҳои дастии ба фурӯш гузошташуда барои сайёҳ рангу таровати дигар мегирад. Ӯ кӯшиш мекунад, ки ин лаҳзаҳои ҷолибро ба навор бардорад, бо ҳунармандон акс бигирад, тоқию либосҳои миллии моро харидорӣ кунад. - Хулоса, таъсиси кӯчаи эҷодкорон сайёҳонро чун оҳанрабо ҷалб мекунад, мегӯяд Маина Швартс. - Зеро имрӯз технология рушд кардаасту сайёҳи хориҷӣ аксу навори сабткардаашро фавран тавассути интернет ба дӯстонаш мефиристад. Он гоҳ дар як лаҳза садҳо нафар аз набзи фарҳангии пойтахти Тоҷикистон огоҳ хоҳанд шуд”. Гурӯҳи ташаббускор пешниҳод мекунанд, ки хуб мешуд барои ба маҷрои дуруст даромадани ин лоиҳа Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги мамлакат барномарезии чорабиниҳои чунин кӯчаро роҳандозӣ намоянд, то ки шахсони тасодуфию дур аз эҷодкорӣ ҷои истеъдодҳои ҳақиқиро танг накунанд. Албатта, ҳузури кормандони мақомоти дохилӣ бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб (дуздӣ, авбошӣ) зарур аст, то нохалафе истироҳати меҳмонону сокинони кишварро халалдор насозад.
С. АМИНИЁН
НАБЗИ САЙЁРА
Инсоният аз давраи пайдоиш то имрӯз дар назди ҳодисаҳои табиат оҷиз будааст ва ин тарсу ҳаросро ба мавҷудияти нерӯи фавқуттабиӣ иртибот дода, бо ҳамин масъулияти худро дар назди табиат сатҳӣ маънидод мекунад. Табиат бошад, пайваста бо инҷиқиҳои худ инсонро ба оризаҳои гуногун мубтало менамояд, ки барои рафъи он чорасозӣ кардан амали ниҳоят сангин ва имконнопазир аст.
гуруснагӣ фаро гирифтааст, ки олимону мутахассисон оқибати инро ногувор арзёбӣ менамоянд. Камшавии пиряхҳо дар як қатор мамлакатҳо боиси нигаронии олимон гардидааст. Тибқи тадқиқоти анҷомдодаи олимон дар Арктика тайи 35 соли охир яхҳо 3 баробар, яъне 5,5 км2 кам шудаанд. Дар Гренландия бошад, беш аз 80 яхи азим об шудааст. Олимон тайи даҳ соли охир обшавии яхҳоро дар Антарктида низ зиёд мушоҳида намудаанд. Вазни ин
таъкид мекунанд, ки моҳҳои октябр ва ноябри соли 2015 нисбат ба солҳои қаблӣ ниҳоят гарм буданд. Олимон собит месозанд, ки гармшавии иқлим ба саломатии инсон низ таъсири манфӣ мерасонад. Ғайр аз ин гармии зиёд ҳосили зироатро нобуд карда, хушксолиро ба миён меорад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) доир ба мушкилоти сокинони сайёра ҳангоми нафаскашӣ аз ҳавои ифлос бонги изтироб задааст. Тибқи маълумоти ин созмони
бо таъсири тағйирёбии иқлим имрӯзҳо дар тамоми сайёра ба вуқуъ мепайванданд, боз ҳам тақвият бахшидани робитаҳои байналмилалӣ, кӯшишҳои дастаҷамъона ва ҳамкориҳои самарабахши минтақавию байналмилалиро тақозо менамоянд. Масъалаи ҳифзу беҳдошти муҳити зист борҳо аз минбарҳои баланди сатҳи байналмилалӣ аз тарафи Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, ҷомеаи ҷаҳониро барои
Дар шаҳри Мехико бонги экологӣ зада шуд Тағйирёбии иқлим ва хатарҳои глобалии он
бесобиқа ба қайд гирифта шудааст. Бар асари гармии зиёд, ки нисбат ба боришот бештар ба қайд гирифта мешавад, сӯхтори бешазорҳо авҷ гирифт. Тибқи нақшаи тартибдодаи олимони бритониёӣ тағйирёбии иқлим дар охири асри ХХI дар назар аст. Аз ҷумлаи чунин офатҳои табиие, ки боиси тағйироти иқлимӣ гардидаанд, ин офатҳои Эл-нино ва Ла-нино мебошанд. Айни замон ин офатҳо аз соҳилҳои Перу то ба ғарбу шарқи Амрико ва ҷанубу шарқи Осиёро фаро гирифтаанд, ки дар баъзе мавзеъҳо хушксолӣ, дар баъзе ҷойҳои дигар обхезиро ба миён меоранд. Олимони соҳа иброз медоранд, ки соли ҷорӣ ин офатҳо боиси обхезиҳои шадид ва хушксолиҳои бесобиқа хоҳанд гашт. Хушксолие, ки чанд моҳ боз дар Эфиопия ҳукмфармост, боиси талафи чорвои сокинон заминҳои кишт гардидааст. Айни ҳол ин кишварро
яхҳо то ба садҳо миллиард тонна мерасад. Онҳо пешгӯӣ менамоянд, ки чунин раванд боиси дар сайёра ба вуҷуд омадани гирдбодҳо ва тӯфонҳои харобиовар хоҳад гашт. Тибқи мушоҳидаҳои олимон рӯз то рӯз миқдори боришот дар сайёраи замин кам шуда, ҳарорат баланд мегардад. Айни замон тағйирёбии иқлим боиси гуруснагӣ дар баъзе кишварҳои дунё гардидааст, зеро хушксолӣ ба кам шудани маҳсулот оварда мерасонад. Олимони бритониёӣ пешгӯӣ намудаанд, ки то соли 2060 беш аз 1 млрд сокини сайёраро хатари офатҳои табиии даҳшатбор таҳдид мекунад. Чунин хатарҳо бештар ба 3 кишвари сераҳолии дунё – ИМА, Чин ва Ҳиндустон таҳдид мекунанд. Мутахассисони яке аз донишгоҳҳои Мексика иттилоъ додаанд, ки чор моҳи соли равон нишондодҳои рекордии ҳавои гарм ба қайд гирифта шудаанд. Онҳо ҳамчунин
бонуфуз 80 дар сади сокинони дунё дар шаҳрҳои олуда ба ҳавои ифлос умр ба сар мебаранд. Аз ин ҳолат беш аз ҳама кишварҳое ранҷ мебаранд, ки иқтисодашон заиф аст. Яке аз чунин кишварҳое, ки дар он олудагии ҳавои ифлос зиёд аст, Мексика мебошад. Вобаста ба ин дар Мексика ҳаракати воситаҳои нақлиёти шахсӣ маҳдуд карда шуд. Алҳол шаҳрҳои Деҳлӣ, Қоҳира ва Дакка аз ҷиҳати олудагии ҳаво дар сатҳи баландтарин қарор доранд. Тибқи маълумоти СҶТ ду сол қабл дар ҷаҳон шумораи шаҳрҳои ҳавояшон ифлос ба 1600 адад мерасид. Имсол бошад, ин теъдод ба 3000 расидааст. Яъне сатҳи олудагии ҳаво дар аксар кишварҳои дунё рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Тадқиқоти олимон дар ин самт нишон медиҳанд, ки аз соли 2014 олудагии ҳаво ду баробар афзудааст. Ин нишондиҳанда хатарнок ва нигаронкунанда арзёбӣ мегардад. Ин вазъият ҳукуматдорони Мексикаро водор сохт, ки дар шаҳри Мехико ҳолати фавқулодда эълон намоянд. Мутахассисон сабабҳои асосии ғуборолудшавии ҳаворо ихроҷи газҳои гулхонаии корхонаҳои саноатӣ ва истифодаи нақлиёти хусусӣ медонанд. Бар асари ифлосшавии ҳаво дар моҳи марти соли ҷорӣ нахустин маротиба дар 14 соли охир дар шаҳри Мехико бонги экологӣ зада шуд. Тибқи иттилои мутахассисон, дар Мехико аз таъсири ҳавои ифлос ҳар сол 2 ҳазор нафар ба ҳалокат мерасанд. Мувофиқи маълумоти СММ тайи чанд соли охир зиёда аз чоряки пиряхҳои Осиёи Марказӣ кам гардидаанд. Кам шудани захираҳои обӣ дар Сирдарё низ мушоҳида мешавад. Офатҳои табиии тайи чанд соли охир баамаломада ва қазияҳои ногуворе, ки
пешгирӣ ва мутобиқгардонии самтҳои гуногуни муҳити табиӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим даъват намудааст. Ӯ 30 ноябри соли 2015 зимни суханронӣ дар Нишасти сарони давлатҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим дар Париж таъкид намуд, ки “Ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад. Имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо паёмадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд”. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор пирях вуҷуд дорад, ки аксарияти онҳо дар ҳоли обшавӣ қарор доранд. Дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бошад, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат якчанд санади муҳим таҳия ва тасдиқ гардидаанд. Ин санадҳо, ки ба беҳдошти муҳити зист, идоракунии обхезӣ, ҳифзи қабати озон, тарбияву маърифати экологӣ ва амсоли инҳо бахшида шудаанд, бо мақсади пешгирӣ ва ҳарчи бештар коҳиш додани оқибатҳои офатҳои табиӣ роҳандозӣ гардидаанд. Тадбиру чорабиниҳои дар доираи даҳсолаи нави байналмилалӣ зери унвони “Об барои рушди устувор” таҳиягардида, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидаву аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт, метавонанд боиси ноил гардидан ба комёбиҳо дар ҳалли масоили вобаста ба об дар дунё гарданд. Ин иқдом то як андоза барои пешгирии офатҳои табиӣ созгор хоҳад буд.
www.javonon.tj
Раванди мубталошавии башарият ба бемориҳои табобатнашаванда дар тӯли таърих ҳаргиз қатъ нагардида, балки рушд меёбад. Оризаи дигаре, ки имрӯз ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст, тағйирёбии иқлим мебошад, ки дар илоҷи он марказҳои илмию донишкадаҳои тадқиқотии ҷаҳон дар давоми 80 соли охир пайваста кор мебаранду то ҳол ин мушкилотро ҳал накардаанд. Дар ин робита сабаби асосии тағйирёбии иқлим фаъолияти худи инсон ва паст будани фарҳанги экологӣ мебошад, ки ба ифлосшавии атмосфера боис мегардад. Тибқи хулосаи мутахассисон дар давоми 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар кишвари мо то 1 дараҷа баланд шуда, шумораи рӯзҳои боришоти сел афзудааст ва офатҳои табиии марбут ба об, ки зиёни иқтисодии онҳо дар навбати худ имкониятҳои кишварро барои ноил шудан ба рушди устувор коҳиш медиҳад, зиёд гардидаанд. Ин ҳолат на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми сайёра амри воқеӣ буда, боиси ба амал омадани ҳодисаҳои номатлуби экологӣ мегардад. Иқлимшиносон иброз медоранд, ки имрӯзҳо дар аксари кишварҳои дунё номусоидии обу ҳаво ба назар мерасад. Тез-тез ба амал омадани офатҳои табиӣ, обшавии босуръати пиряхҳо, обхезиҳо, хушксолиҳо ва ҳодисаҳои фалокатовари гидрометеорологӣ таъсири манфии худро ба амнияти озуқаворӣ, захираҳои обӣ ва энергетикӣ, солимии аҳолӣ расонида истодааст. Агар гирдбодҳои азиму харобиовар як қатор мавзеъҳои ИМА-ро фаро гирифта бошад, сокинони Аморати Муттаҳидаи Арабро боридани ғайричашмдошти барф ва яхбандӣ мутаассир на-
муд. Дар ин кишвари иқлимаш мудом гарм, ки одатан ҳарорати ҳаво то ба 50 дараҷа гармӣ мерасад, боридани борону барф ҳодисаи ғайримуқаррарӣ аст. Ҳамчунин бар асари боришоти зиёди моҳи гузашта дар кишвари Парагвай сатҳи оби дарёҳо аз меъёри муқаррарӣ 7 метр баланд шуда, дар натиҷа ба аҳолӣ ва иқтисодиёти ин кишвар хисороти молии зиёд ворид гардид. Баракси ин дар Сибир, ки яке аз мавзеъҳои сардтарини Федератсияи Русия маҳсуб меёбад, гармии
7 е-mail: javonontj@mail.ru
Шаҳло ЭШОНОВА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №23 (9449), 9 июни соли 2016
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
8
СУҲБАТИ “ҶАВОНОН...”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №23 (9449), 9 июни соли 2016
Хуршед МАВЛОНОВ Турдиалӣ Бойбобоев соли 1936 дар ноҳияи Ашт, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи №1-и ба номи Умари Хайёмро дар зодгоҳаш хатм карда, ба Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ба факултаи таъриху филология дохил шудааст. Моҳи августи соли 1962 корро дар рӯзномаи “Ифтихори Вахш”-и шаҳри Қӯрғонтеппа шуруъ мекунад. Сипас, ба рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) ба кор даъват мешавад. Дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) ҳам аввал хабарнигори махсус, минбаъд ба ҳайси мудири кишоварзӣ 21 сол ифои вазифа намудааст. Соли 1988 маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” таъсис ёфт, ки Турдиалӣ Бойбобоев аввал муҳаррири шуъба ва аз соли 1993 то апрели соли 2012 вазифаи сардабирии онро бар уҳда дошт. Собиқаи беш аз 50-солаи кор дар матбуотро дорад. То ҳол навиштаҳояш дар 17 китоб нашр шудаанд. Соли 2006 китоби аввалинаш “Қулла” ва минбаъд ду китоби дигараш “Теғи шифо” ва “Ангушти шашум” аз чоп баромадаанд. Т. Бойбобоев дорандаи ордени “Нишони фахрӣ”, медалҳои “Барои меҳнати шуҷоатнок”, “Собиқадори меҳнат”, Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва дорандаи тахассуси олим-агроном мебошад. Ба мо шарафи суҳбат бо ин марди хирад ва таҷрибадори арсаи матбуот насиб гашт.
Турдиалӣ БОЙБОБОЕВ:
оғоз шуд. Ба “Комсомоли Тоҷикистон” чӣ гуна роҳ ёфтед? - Албатта, дар нашрияи “Ифтихори Вахш” имкониятҳои васеъ доштам. Маҳдуд набудам. Тӯли панҷ моҳ, ки дар ин нашрия кор мекардам, ҳамчунин бо “Комсомоли Тоҷикистон” ва “Тоҷикистони советӣ” низ ҳамкорӣ доштам. Гоҳ-гоҳ ба Душанбе меомадам. Он вақт дар “Комсомоли Тоҷикистон” нависанда Ғанӣ Ҷӯразода кор мекард. Бо он кас “салому алейк” будем. Таҳти унвони “Арзандаи забон бош” матлабе дар бораи як зан бо номи Қумрихон аз совхози боғу токпарварии шаҳри Сарбанд дар “Комсомоли Тоҷикистон” ба нашр расонидам. Муҳаррир Мутеулло Наҷмиддинов ҳамон навиштаамро дида, ба кормандони нашрия гуфтааст, ки “ҳар нафаре Турдиалӣ Бойбобевро шиносад, ҳатман ба назди ман ҷеғ занад. Мо бояд ӯро ба кор гирем”. Баъд, як рӯз ба идораи нашрия барои супоридани мақолаи навбатиам омадам. Ғанӣ Ҷӯразода маро дидан баробар гуфт, ки ба мо супориш
карда будам. Ҳоло ҳайрон мешавам, ки дар он вақт чӣ хел камбудиҳоро ошкоро мегуфтанд. Ҳамчунин ба тарҷумаи ҳикояҳо аз забони ӯзбекӣ ва русӣ машғул мешудам. - “Комсомоли Тоҷикистон” дар солҳои 60-ум новобаста ба он ки бояд ҳаёти ҷавононро тарғиб мекард, қариб ҳама гуна масъалаҳоро аз соҳаҳои гуногун инъикос менамуд. Бешубҳа, серхонанда будани нашрия ҳам ба ҳамин алоқамандӣ дошт. Дар ин давра Шумо ҳамчун як корманди “Комсомоли Тоҷикистон” инъикоси кадом мавзӯъҳоро авлавият медодед? - Ҳоло ман аз якчанд навиштаи худам, ки ҳангома ба бор оварда буданд, ёдовар мешавам. Давраи котиби якуми Кумитаи марказии комсомол Бобосодиқ Холов буд. Маро ба ноҳияи Панҷ фиристоданд. Дар колхози “Сарҳадчӣ” аз узви комсомол пурсидам, ки ту узви комсомол ҳастӣ? Гуфт: - Не. Гӯё ташкилоти комсомолӣ
аз муҳаррир аст, ки шуморо ба кор бигирем. Ба назди Мутеулло Наҷмиддинов даромадам ва он кас маро ба кор қабул карданд. Аз моҳи январи соли 1963 дар “Комсомоли Тоҷикистон” ба кор даромадам.
вуҷуд ҳам надоштааст. Аз ҳамон ҷой як мақолаи танқидии бисёр сахт навиштам. То ҷое ки Бобосодиқ Холов муҳаррир Абдулло Зокировро барои ин мақолаи ман ҳушдор додааст. Дигар, як мактуб аз Донишкадаи Кӯлоб омада буд. Дар бораи ҳамон як мақолаи дигар бо сарлавҳаи “Ғаммоз” ба чоп додам, ки он ҳам бисёр тарафдор пайдо кард. Аз Норак ҳамин хел матлаб навишта будам. Яъне мушкилиҳои ҳамаи соҳаҳо, хоҳ саноату кишоварзӣ, хоҳ ҳаёти ҷавонону дигар бахшҳоро пайгирӣ ва инъикос менамудам.
Ҷавонон аз худ бехуд БА КОРИ ОМӮЗГОРӢ ЗАВҚ НАДОШТАМ - Шумо хатмкардаи факултаи таъриху филология ҳастед. Аз рӯи ихтисос бояд ба омӯзгорӣ машғул мешудед, вале тамоми фаъолияти худро ба маслаки рӯзноманигорӣ бахшидед. Сабаб дар чӣ буд? - Дарвоқеъ, ман хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод ба номи С. Киров мебошам. Вақти тақсимот ба ҷойи кор пешниҳод кардам, ки маро ба Душанбе фиристед. Дар газета кор мекунам, журналист мешавам. Гуфтанд, ки ба Душанбе роҳхат нест, лекин ба он ҷо наздиктар, ба шаҳри Қӯрғонтеппа метавонем туро фиристем. Ҳамин тавр, аз тарафи давлат барои ман ҳазору сад сум ҷудо шуду ман бо ҳамсар ва кӯдаконам ба шаҳри Қӯрғонтеппа омадем. Худи ҳамон рӯз аз шуъбаи маорифи шаҳр барои омӯзгор шудан дар интернат фармон гирифтам. Бисёр руҳафтода будам. Дилам намекашид, ки муаллим шавам, чун завқ надоштам. Дар назди боғ як бинои бисёр назарногир воқеъ буд. Аз шуъбаи маориф начандон дур хондам, ки навишта шудааст: “Редаксияи байниноҳиявии “Ифтихори Вахш”. Дар дастам як мактуб барои шоир ва журналист Пиримқул Сатторӣ доштам ва барои супоридани он назди ҳамин шахс даромадам. Ин мактуб аз куҷо ба дасти ман расид? Вақте ки ман аз Ашт ба Душанбе омадам, Фозилҷон Зокирӣ ном шиносам аз Конибодом дар “Комсомоли Тоҷикистон” кор мекард.
Ба ӯ гуфтам, ки роҳхатам ба шаҳри Қӯрғонтеппа аст. Баъд ба ман ҳамин мактубро дода гуфт, ҳаминро ба ҳамкурси ман Пиримқул Сатторӣ бурда мерасонӣ. Хуллас, редаксияро дидаму даромада гуфтам: - Сатторӣ кӣ? Як марди зардина гуфт: - Ман. Вақте мактубро дид, ба ман хитоб кард. - Шумо Турдиалӣ Бойбобоев? Гуфтам: - Ҳа, ман. Боз гуфт: - Дар “Ҳақиқати Ленинобод” ҳамон очерку лавҳа ва мақолаҳо менавиштагӣ Шумо? Гуфтам: - Бале, ман. Гуфт: - Ин тавр бошад, Шумо бо мо кор мекунед. Гуфтам: - Фармони муаллим шуданамро даҳ дақиқа нашудааст, ин як. Дуюм ин ки давлат барои ман ҳазору сад сум ҷудо кардааст... Хулоса, ҳама корро тахт карда, манро чун журналист ба кор гирифтанд. Аз ҳамон рӯз сар карда, ман пурра ба кори рӯзноманигорӣ пардохтам. МУТЕУЛЛО НАҶМИДДИН МАРО ДАР “КОМСОМОЛИ ТОҶИКИСТОН” БА КОР ГИРИФТ Маълум, ки кори рӯзноманигориро пештар, яъне замони донишҷӯӣ дар “Ҳақиқати Ленинобод” оғоз кардаед. Ҳамчун корманди расмии нашрия бошад фаъолиятатон аз “Ифтихори Вахш”
ОЧЕРК АҲАМИЯТАШРО ГУМ КАРДААСТ - Аксари навиштаҳои Шуморо очерк ташкил медиҳад ва қаҳрамони очеркҳо низ нафарони оддианд: говҷӯш, пахтачин, тракторчӣ, токпарвар... Чаро? - Ман аслан очеркнависам. Очеркнависиро вақти донишҷӯӣ, ки бо рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” ҳамкорӣ мекардам, оғоз кардаам. Аз давраи аввали фаъолиятам ба очеркнависӣ бисёр завқи баланд доштам. Ҳудуди панҷоҳ очеркамро дар китоби махсусе ҳам аз чоп баровардам. Дар мавриди қаҳрамони очеркҳо ҳаминро бояд гуфт, ки мо онҳоро ҳамчун намуна барои дигарон нишон медодем. Аммо мебинем, ки имрӯз очерк рисолати худро қариб ки аз даст додааст. Масалан, имрӯз дар бораи ҳамон нафарони номбурдаи шумо очерк нависем, ҳеҷ аҳамият надорад. Ҳол он ки очеркро аслан барои ҳамин гуна нафарон менависанд. - Дар қолабҳои дигар ҳам навиштаҳоятон нашр шудаанд ё не? - Аввалҳо бештар лавҳа менавиштам. Ёдам ҳаст, ҳангоми донишҷӯӣ ба як навиштаи Ҷалол Икромӣ тақриз ҳам навишта будам. Бисёр сахт танқид
ДАР “КОМСОМОЛИ ТОҶИКИСТОН” ҲАР КИ КӮШИШ КАРД, ШУҲРАТ ЁФТ Нашрия “Ҷавонони Тоҷикистон” аз рӯзи таъсисаш дар назди худ як мактаби бузурги тарбия ва ташаккули кадрҳои болаёқатро ба миён овард. Ба ибораи дигар, дар нашрия шахсиятҳои барӯманде, чун Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев фаъолият доштанд. Шумо дар ташаккули касбатон саҳми ин мактабро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Воқеан, “Комсомоли Тоҷикистон” бисёр нафарони намоён ва барҷастаро тарбия намудааст. Як нафар, Мирзо Турсунзода барои мисол бас аст. “Комсомоли Тоҷикистон” маро соҳиби ҳама чиз гардонид, қалам, шуҳрат, хонаву дар, обрӯ... Дар ин радиф ташаккули ҳар кас ба худи ӯ низ вобастагии калон дорад. Ҳар
СУҲБАТИ “ҶАВОНОН...”
ИБОД ФАЙЗУЛЛОЕВ БИСЁР ШАХСИ ДОНИШМАНД БУД - Тӯли фаолияти чорсолаатон (1963-1967) дар “Комсомоли Тоҷикистон” се муҳаррир иваз шуд. Аввал бо Мутеулло Наҷмиддинов кор кардед, сипас Ибод Файзуллоев ва Абдулло Зокиров. Табиист, ки ҳар роҳбар бо идея ва фикри нав корро шуруъ мекунад. Ба фикри шумо кадоме аз муҳаррирон дар кори рӯзнома муваффақ буданд? - Дар давраи Мутеулло Наҷмиддинов хеле кам кор кардаам. Тақрибан як сол. Ӯ ба мактаби Олии Партиявии Маскав рафт ва ба ҷояш Ибод Файзуллоев муҳаррир шуд. Ибод Файзуллоев бисёр шах-
таам. Камбудӣ буд, фарқ надошт, то ҳади ниҳоӣ танқидаш мекардам. Арзандаи таъриф аст, таърифаш мекардам. Ман коммунист будам, аммо аз Худо, аз партия ва аз халқ метарсидам. Дурӯягиро аслан намеписандам. ЖУРНАЛИСТОН БАРОИ ОН КИ СИЁҲРО САФЕД НАГУФТАНД, КУШТА ШУДАНД - Ба фикратон имрӯз рӯзноманигорони мо то куҷо сафедро сафеду сиёҳро сиёҳ мегӯянд? - Рӯзноманигороне, ки ҳоло фаъолият доранд, чандон намедонам. Аммо дар як давра барои он ки журналистони мо сиёҳро сафед нагуфтанд, кушта шуданд. Барои ҳамин зиёда аз 70 нафарашонро несту нобуд карданд. Баъзеҳо бо виҷдони худ кор мекарданд, баъзеҳои дигар порахӯр буданд. Маҳалгароҳо буданд. Барои чанд танга шуда, таърифи дурӯғ мекарданд... Яъне ҳастанд рӯзноманигороне ҳам ки ҳақиқатро намегӯянд. Шояд
шудаанд
барои муҳофизаташон бошад, ки баъзан баръакс ягон нафарро мадҳ мекунад. - Ҳақиқатро гуфтан ин худ муҳофизат мебошад. Охир чӣ даркор аст? Одам пеши Худо чӣ ҷавоб медиҳад? Зиндагӣ худ ҳақиқат аст ва аз ҳақиқат маншаъ мегирад. Ҳақиқат бошад, ором зиндагӣ ва хоб мекунем. Тарсу ваҳм нест. “Инсулт” ё “инфакт” намешавем. Барои чӣ? Чун ҳақиқат гуфта мешавад. Аз ягон нафар дар ҳарос ва ё забонкутоҳ намешавем. Ё чизи дигар ҳамон мадҳияҳо. Барои ман лозим нест, ки як нонро бо азоби ҷон хурам. Ҳамин нимаш бас, аммо бе мадҳу дурӯғ. - Чанд соли охир сардабири маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” будед. Кор дар маҷалла чӣ гуна буд? - Вақте ки ҳамин маҷалла ташкил шуд, маро ба кор даъват карданд. Дар аввал мудири шуъба будам. Баъди он ки муҳаррирро аз кор пеш карданд, ба ҷояш муҳаррир шудам. Бисёр давраи сахт ва ҳассос буд. Соли 1993, давраи ҷанг, ҳама нооромӣ. Маблағгузории маҷалларо ҷамъияти “Дониш” ба уҳда дошт. Ин ҷамъият муфлис шуд ва аз сарпарастӣ даст кашид. Бо “гадоӣ” маҷалларо чоп мекардем. Се сол сафорати Эрон бепул чоп кард. Соли 1996 як шумора ҳамагӣ аз чоп баромада буд. Давраи шӯравӣ 80 ҳазор тираж дошт. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо теъдоди 2500 нусха аз чоп мебаромад. Ҳоло бошад аз ҳазор нусха кам аст ададаш. Аз ҳама лаҳзаи ҳассос дар фаъолияти рӯзноманигориатон кадом
ЖУРНАЛИСТОНЕРО МЕДОНАМ, КИ ХАБАР НАВИШТА НАМЕТАВОНАНД - Шояд омӯзгор мешудед, ин вазниниҳоро намедидед? - Агар омӯзгор мешудам, ба ҳамин мартаба ҳеҷ гоҳ намерасидам. Ҳарчанд ки кӯшиш мекардам, яке аз омӯзгорони намунавӣ шавам. Аммо ин роҳро Худо муайян мекунад. Шумо таззодро бубинед, ки
духтарамро ба факултаи журналистика мондам, аммо муаллима шуд. На ҳама нафароне, ки дар донишгоҳ журналист мехонанд, журналист мешаванд. Бисёр журналистонеро медонам, ки ҳатто як хабар навишта наметавонад. Дар ин баробар журналистони хуб ҳам дорем. Ба таври мисол метвонам Барнои Қодирдухт, муҳаррири маҷаллаи “Истиқбол”-ро ном барам. Бисёр хуб менависад. Рӯзноманигор бояд тарзе нависад, ки хонанда шароб нанӯшида маст шавад. НАВИСАНДАҲОЕ ҲАСТАНД, КИ ЯГОН МАҲСУЛ НАДОРАНД - Дар аввал қайд намудед, ки навиштаҳоятонро дар 17 китоб ҷамъоварӣ намудед. Воқеан, вақте ки ба навиштаҳои Шумо менигарем, арзандаи он ҳастанд, ки имрӯз онҳо дар дасти хонандаи худ бошанд. Пайи ҳам чанд китобатон аз чоп баромад, оё Шумо узви Иттифоқи нависандагон шудаед? - Ман узви Иттифоқи нависандон нестам. Дар як навиштаам, бо номи “Баҳс”, ки дар шакли ҳаҷвия буд, Иттифоқи нависандагонро сахт танқид
КОНФРОНС
Бо "Ҷавонон..." ҳамеша ҷавон мемонем Дар Коллеҷи политехникии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом дар мавзӯи “Инъикоси масъалаҳои ҳаёти ҷавонон дар ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” конференсия доир гашт. Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии Коллеҷ Розия Ниёзматова нақши ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”ро дар инъикоси масъалаҳои ҳаёти ҷавонон аввалиндараҷа донист. Ӯ гуфт, ҳафтанома дар таърихи фаъолияташ тӯли 86 сол масъалаҳои мубрами кишварро дарҷ намудааст. Дар саҳифаҳои ҳафтанома имрӯз мушкили ҷавонон, сабаби аз таҳсил дур мондан ва пайвастани онҳо ба равияҳои тундрав дарҷ мегарданд. Дар шароити имрӯз, ки масъалаи террористӣ ва экстремистӣ ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар тарбияи ҷавонони кишвар нақши бориз дорад. Ҳамчунин, дигар намояндагони Коллеҷ суханронӣ намуда гуфтанд, ҳафтанома худшиносӣ, садоқат ба Ватан ва ҳифз намудани арзишҳои миллиро ба ҷавонон меомӯзонад. Донишҷӯёни Коллеҷ иброз доштанд, ки бо “Ҷавонони Тоҷикистон” мо - донишҷӯён ҳамеша ҷавон мемонем. Саодат ИСМОИЛӢ, “ҶТ”
кардам. Бе дудилагӣ метавонам гуфт, ки нависандаҳое ҳастанд, ки ному фамлияашонро бе хато навишта наметавонанд. Ягон маҳсул надоранд. Ман метавонам як нависандаро мисол орам, ки 3 мақола ба маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” овард. Яктоашро хуни ҷигар шуда, аз нуҳ саҳифа ду саҳифа карда ба чоп додам. Дар болои дутои дигараш навиштам, ки “мақолаҳоят бисёр хуб, аммо барои газетаи деворӣ”. - Ба нафароне, ки минбаъд ин касбро интихоб мекунанд ва ё дар арафаи таҳсил қарор доранд, чӣ тавсия медиҳед? - Рӯзноманигорӣ бисёр касби олӣ аст. Ман ҳама вақт аз ҳамин нафарон хоҳиш мекунам, ки ин касб пок аст ва онро пок нигоҳ доред. Журналист бояд пок бошад. Боз ҳамон гуфта, сафедро сафеду сиёҳро сиёҳ гӯяд. Ҳақиқатро пинҳон накунад. Кӯшиш кунад, ки дар як доира маҳдуд нашавад. Аз хабару мақола сар карда, дар жанрҳои калонтари адабӣ ҳам нависад. Ҳамон бузургон низ аз навиштани хабару мақола шуруъ намудаанд. “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН” БАДРО БАДУ НАҒЗРО НАҒЗ ГӮЯД - “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро чӣ гуна дидан мехоҳед? Ба фикри Шумо аҳли эҷоди рӯзнома бештар кадом масъалаҳоро маврди таҳқиқ қарор диҳанд, ки имрӯз ба нафъи ҷавонон бошад? - Пеш аз ҳама мавзӯи рӯзро ҳақиқатнигорона ба хонанда пешкаш кунанд. Бадро баду нағзро нағз гӯяд. Имрӯз бо ҳама бузургӣ ва дастгириҳо ҷомеаи мо пур аз ҷавонҳои бадахлоқ шудааст. Баъзе ҷавонҳо аз худ бе худ шудаанд. Дар давраи шӯравӣ ба ин ҳад набуд. Ба назди маҳбас мегузаштам, одамҳо қаттор шудаанд, барои дидани хешу ақрабояшон вақт мепоянд. Чунон зиёд. Дар аввал кам буд. Панҷ даҳ нафар, ҳоло наздики сад. Хулоса мекунанд? Не! Дил пора мешавад. Он вақтҳо ҷомеа коммунистӣ буд, мардум коммунист буданд, аммо аз Худо метарсиданд. Хуб мешуд, бештар мавзӯъҳои ахлоқиро ба чоп медоданд. Ҳаёт пур аз таззод аст. Бояд онҳоро ба ҷавонон содда карда фаҳмонем. - Шояд чизе монда буд, ки напурсидам? - Фирк мекунам, дафтари ҳаётамро як бори дигар аз аввал то ба охир варақ гардонидам. - Саломат бошед. АЗ ИДОРА: Турдиалӣ Бойбобоев, собиқадори рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, ба синни мубораки 80 мерасанд. Устодро самимона шодбош гуфта, барояшон тани сиҳат, сарбаландӣ ва беҳтарин лаҳзаҳои даврони пириро таманно мекунем.
www.javonon.tj
си донишманд буд. Ҳамчунин бисёр қалами хуб дошт. Ибод Файзуллоев дар “Тоҷикистон советӣ” мудири шуъбаи маданият шуд ва ба ҷояш Абдулло Зокиров омад. Ин кас аввал дар радио кор мекард. Зокиров сиёсати кории хуб дошт, аммо чандон қалами хуб надошт. Ӯ аслан тарҷумон буд. “Доғистони ман”-и Ғамзатовро ҳамин шахс тарҷума кардааст. Лекин дар ҳамин давра газета шуҳрати худро аз даст дод. Дар миёни аҳли эҷод баъзан нофаҳмиҳо сар мезад. Гурӯҳбозиҳо ба миён омаданд. Дар давраи муҳарририи ҳамин шахс ман аз “Комсомоли Тоҷикистон” ба “Тоҷикистони советӣ” рафтам. - Оё барои ягон навиштаатон таҳдидатон кардаанд? Ё дар фаъолияти кориатон буданд лаҳзаҳое, ки аз тарс ва ё фармони касе аз навиштани чизе худдорӣ карда бошед? - Як вақт ба колохози “Каленин”-и ноҳияи Ашт рафтам. Ин колхоз бисёр номдор буд. Дар ҳама ҷо аз меҳнати онҳо ёд мекарданд. Аммо, баръакси ҳол, вақте ки ман он ҷо рафтам, ҳамаи ин гуфтаҳо дурӯғ будааст. Иқтисодиёташ бисёр суст будааст. Як мақолаи танқидии иқтисодӣ аз он ҷо навиштам. Барои ҳамин мақолаам сардори Раёсати шаҳри Душанбе фармон додааст, ки Бойбобоевро нест кунед. Сабабаш ин буд, ки ба ҷуз ман касе ин колхозро то он вақт танқид накарда буд. Хушбахтона, ба ман ягон зарар нарасониданд. Ман то ҳол сафедро сафед, сиёҳро сиёҳ гуф-
вақт буд? - Замони дар “Тоҷикистони советӣ” кор карданам, бо супориш ба колхози “Ленин”-и ноҳияи Пролетар рафтам. Масъала бисёр ҷиддӣ буд. Ҳатто котиби якуми райком нахост, ки бо ман суҳбат кунад. Дигар аз шаҳри Кӯлоб аз номи мухбири махсуси “Тоҷикистони советӣ” Аловуддин Давлатов шикоятнома омада буд, барои ин ҳам маро фиристоданд. Дар хотирам ҳаст, ҳашт соат дар ҷоям шиштаму асли масъаларо тафтиш кардам. Ба ҳамин монанд аз болои мухбири дар вилояти Ленинобод буда, Узоқ Мавлонов низ шикоят омада буд. Дар ин ҷо даҳ соат сари масъала тафтиш бурдам. Инҳоро фаромӯш карда намешавад, албатта.
9 е-mail: javonontj@mail.ru
нафаре ки кӯшиш дорад, ба дараҷаи нависандагӣ, шоирӣ ва журналистӣ мерасад. “Комсомоли Тоҷикистон” бошад ҳар нафаре, ки каме дар худ кӯшиш дошт, тарбия мекард. Ҳамин мактаб буд, ки ман дар “Тоҷикистон советӣ” бе ягон мушкилӣ минбаъд корро идома додам.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №23 (9449), 9 июни соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
10
Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз... Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ Кордсозӣ шуғле мебошад, ки аз замонҳои дур ашхоси муайян ба он машғул мешуданд. Ин анъана то имрӯз идома ёфта, нафароне айни ҳол ба сохтани корд сару кор доранд. Дар ин ҷода ҷавонон низ фаъолият менамоянд, ки аз соҳибҳунариву маҳоратнокии онҳо дарак медиҳад.
www.javonon.tj
СОҲИБКАСБ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №23 (9449), 9 июни соли 2016
Назирҷон Аюбов, зодаи шаҳри Истаравшан, аз ҷавонҳое мебошад, ки ба кордсозӣ машғул гардида, имрӯз ба яке аз ҳунармандони чирадаст табдил ёфтааст. Пешаи кордсозӣ барои ӯ авлодӣ буда, аз бобокалонаш боқӣ мондааст. Падару бародаронаш низ дорои ҳунари мазкур мебошанд. Муҳаббат ба касб ӯро доим баҳри расидан ба орзуҳо нерӯи тоза мебахшад. Аз як ҷисми сахт ба монанди оҳан офаридани ҳар гуна асбоб кори осон нест. Онро гарм кардану бо қувваи бозӯ зада ҳамвор намудан аз инсон маҳорати махсусро тақозо мекунад. Дар ин росто танҳо нафаре ба натиҷаи лозимӣ мерасад, ки агар меҳру муҳаббат ва шавқу завқе нисбат ба ҳунар дошта бошад. Агар саҳланкорона ба ин ҳунар сару кор гирад, дар кутоҳтарин муҳлат онро тарк хоҳад гуфт. - Аз 12-солагӣ ба кордсозӣ машғулам. Ин касбро аз падар омӯхтам. Ҳар гоҳ ки ба назди дӯкони кордсозии онҳо рафта менишастам, заҳмату меҳнат ва дар натиҷа сохта шудани намудҳои гуногуни кордҳои зебову мунаққашро медидам, дар ботинам як хоҳише пайдо мешуд, то ки оҳанпораеро ба даст гираму корд созам. Вақте падарам таваҷҷуҳамро пайхас намуданд, маро ба шогирдӣ гирифтанд, - мегӯяд Назирҷон. Гуфтаи “Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз”-ро шиор намудааст. Гарчанде ки дигарон касбу кори гуногунро интихоб намуданд, вале ӯ аз барои ба ягон муассисаи олӣ дохил нашуданаш рӯҳафтода нашуда, баҳри омӯхтани ин ҳунар камари ҳиммат баст. Дар назараш сохтани корд осон менамуд, вале пас аз машғул гардидан ба он дарк кард, ки ҳар чизи дида шуда, ба
гуфтан рост намеояду заҳмати бисёреро талаб мекунад. Ин буд, ки аз рӯзи аввалин бо ишқи тамом машғули омӯзиш гардид. Дар ибтидо бо маслиҳати дигарон кордҳои шогирдона месохт, вале пас аз чанд муддати омӯзиш ӯ худ дар танҳоӣ ба офаридани кордҳои гуногун машғул шуд. - Ҳар инсон аз хурдӣ дар дил орзуҳои бисёре дораду бо бузург шуданаш орзуҳо низ бузургтар мегарданд. Ҳамин орзуст, ки моро ба қуллаҳои мурод мерасонад. Интихоби ҳунари мазкур низ яке аз орзуҳоям буд ва бо ба даст оварданаш бениҳоят хушҳоламу сарфароз. Барои он ки маҳсули дастамон хубу мақбули ҳар муштарӣ гардад, сидқан фаъолият намуда истодаем”, - мегӯяд Назирҷон Аюбов. Ба суоли “Кордро чӣ гуна месозед?” чунин посух дод: “Дар ибтидо оҳани обутоб ёфтаро мегирем ва ба он зарбаҳои сахт мезанем. Агар оҳани мулоим бошад, ба он шакли муайян додан мушкилтар аст, агар оҳани сахт (пӯлод) бошад, он вақт ба он додани шакли муайян осонтар мебошад. Такроран боз онро тасфонида бо болғаи хурдтар зарбаҳо мезанем. Баъд корди нимтайёрро дар об ба муддати 5 -10 сония нигоҳ медорем, то оҳан боз ҳам обутоб ёбад. Баъдан кордҳои нимтайёрро барои рост ва зебо гардонидан, аввал дар санги сахти соишдиҳӣ, пасон барои ҷило гирифтанаш дар санги мармар соиш медиҳем. Дастаашро аз чӯби дарахт тайёр карда, бо нақшу нигор оро медиҳем. Чунин амал мушкил буда, вақти зиёдро низ талаб мекунад”. Ӯ намудҳои гуногуни кордро бо истифода аз шохҳои ҳайвоноти нодир месозад, ки ҳар бинандаро ба ҳайрат меорад. Дар дӯконе, ки суҳбат мекардем, шохҳои ҳайвоноти гуногуни мавҷуд буд, ки аз он омода намудани даста барои кордро ӯ басо мушкил арзёбӣ менамояд. Дар баробари шаҳрвандони кишвар кордҳои сохтаи ӯро
шаҳрвандони хориҷӣ низ харидорӣ намуда, ба ватани хеш ҳамчун намунаи ҳунари волои мардуми тоҷик мебаранд. – Шаҳрвандони хориҷӣ низ ба назди мо омада, кордҳои моро, ки бо нақшу нигор ва бо шохҳои ҳайвонҳои гуногун, ба монанди оҳуву бузи кӯҳӣ сохта шудааст, чун армуғон харидорӣ менамоянд. Пас аз тамошои кордҳо ба мо аҳсант мехонанд, ки дорои чунин ҳунарем. Ҳамин чиз барои мо басандааст, ки моро арзандаи таҳсин медонанд, - бо хушнудӣ меафзояд ҳамсуҳбати мо. Ҳоло чун устои кордсоз кордҳои гуногун меофарад. Маҳсулоти омоданамудаи ӯро бештар савдогарони пойтахт мехаранд. Мегӯяд, то ҳол аз ҳеҷ мизоҷе шикоят нашунидааст, балки ҳар вақти бо ӯ вохӯрдан, бо гармӣ пазироӣ менамоянду ба корҳояш барор мехоҳанд. Айни ҳол дар бозори “Панҷшер”-и шаҳри Душанбе дӯкон дорад. Дар ин дӯкон кордҳои гуногунро дарёфтан мумкин. Онҳо чунон зебову дилнишин офарида шудаанд, ки ҳар бинанда пас аз тамошояшон ба усто офарин мехонад. Ба омода намудани шогирдон низ машғул мебошад. То имрӯз ба чандин нафар нозукиҳои сохтани кордро омӯзонда, соҳибҳунар намудааст. Аз роҳи интихобкардаи хеш розиву сарфароз аст. Ҳар бори сохтани корди навбатӣ бо истифода аз малакаву маҳорати сайқалёфтааш як навгониеро дар он ворид месозад, то корди омоданамудааш аз пештара дида, беҳтар бошаду боз ҳам бештар мавриди таваҷҷуҳи мизоҷон қарор гирад. Пеши худ мақсадҳои зиёд дораду баҳри амалӣ гардидани онҳо дар талош аст. Мехоҳад, ки ҳунари худро боз ҳам инкишоф бахшаду дар рушди ин ҳунари мардумӣ саҳм гузорад. Дар ин роҳи пурифтихор мо ба ин ҷавони соҳибҳунар барор хоҳонем!
Зебоиофар Санъати наққошӣ, ки гузаштагони мо ба он машғул буданд, дар замони муосир хеле пеш рафтааст. Ҳунармандони гулдаст ин ҳунари аҷдодиро аз даст ба даст то замони мо расондаанд. Имрӯз низ наққоширо васеъ истифода мебаранд. Аз тамошои нақшҳои Кохи Сомон, Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, “Хуррамшаҳр” дар ноҳияи Данғара, меҳмонхонаи «Серена-Душанбе”, Кохи Наврӯз ҳаловат мебарем ва дар гумонамон одат шудааст, ки бигӯем ҳатман устоҳои хориҷӣ дар сохтани он саҳм доранд. Аммо хато мекунем. Ин ҳама зебоиҳоро устоҳои тоҷик офаридаанд. Аниқтараш ҳунарманд ва наққоши маъруфи кишвар Маҳмадкарим Рақибов. Ҳунар ба инсон бузургию шоҳомат бахшида, ӯро болидаруҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хурданибоб аст. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ. Маҳмадкарим Рақибов соли 1956 таввалуд шудааст. Мехост рассом ва наққоши хуб шавад. Бо шавқу рағбати беандоза рӯи авроқи сафед зебоиҳои диёрро тасвир мекард. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов мебошад. Баъд аз хизмат дар сафи Қувваҳои муссалаҳ соли 1979 дар ноҳияи Вахш фаъолиятро оғоз намуда, бо хоҳиши худ ба Фонди бадеии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. М. Рақибов дар давоми фаъолияти худ чандин биноро бо тарзу услуби қадимаи тоҷикӣ наққошӣ намудааст. Ороиши Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб (соли 1982), бинои маъмурии колхози Победа дар Душанбе (1985), чойхонаи ноҳияи Ванҷ (1986), клуби ноҳияи Панҷ (1987-1988), колхози Москва дар Ҷумҳурии Узбекистон (1988-1989), Театри Лоҳутӣ (1991), бинои 8-уми Шурои вазирон (1996), бинои кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе (1997-1998) маҳсули дастони ӯ ба ҳисоб мераванд. Дар баробари ин ҳама кӯшишу заҳматҳо устод дар ҳамаи намоишҳои фарҳангӣ бо асар ва корҳои эҷодӣ иштирок на-
мудааст. Соли 2012 дар Фаронса, соли 2013 дар Қазоқистон, соли 2014 дар Туркманистон ҳунару санъат ва фарҳанги ғании тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Инчунин, соли 2015 дар Осорхонаи миллӣ, дар бинои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, соли 2014 дар Кохи Борбад, 12 марти соли 2016 дар Китобхонаи миллӣ, 18 марти соли 2016 дар Кохи Борбад, ҳамчунин дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ва Рӯзи Истиқлолият асарҳояшро ба намоиш гузошта, аз тарафи бинандагон баҳои баланд гирифтааст. М. Рақибов имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба шогирдон дарс мегӯяд, инчунин дар Академияи бунёди мусаввирии Тоҷикистон нозукиҳои ин ҳунари аҷдодиро ба шогирдон ва хоҳишмандон меомӯзонад. Писари хурдии устод Каримзода Комрон касби падарро интихоб кардааст, бо роҳи падар меравад, дуои падарро мегирад. Ҳоло дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн таҳсил дорад. Албатта, дуруст аст, ки ҳунар инсонро воломақом месозад. Устод ин ҳунарро аз худ ба фарзанд, аз фарзанд ба фарзанд, ба ояндаҳои дигар бурда мерасонанд. Корҳои эҷодии устод дар китоби санъати тасвирии Тоҷикистону Туркия чоп шудааст. Асарҳои машҳури устод «Рамзи ишқ», «Чакан дар наққошӣ» ва ғайраҳо ба шумор мераванд.
ДИДГОҲИ “ҶАВОНОН...”
Аз ҷумла Ҷоана Ҳоаре, намояндаи Созмони афви байналмилал (Аmnesty International), мисли он ки аз қабл омодагӣ гирифта бошад, ҳанӯз ҳукмнома то охир хонда нашуда буд, ки нигаронии худу идораашро ироа намуд. Ба гуфтаи ӯ, «Дар маҷмуъ, мурофиаи додгоҳӣ ҷавобгӯи меъёрҳои додгоҳи одилонаи байналмилалӣ набуд» ва тақозо ҳам кард, ки «дар сурати талаби бозбинӣ шудани ҳукми додгоҳ аз ҷониби маҳкумшудаҳо, мурофиаҳои баъдиро одилона баргузор кунанд». Барои ин ҷанобон рафти мурофиаи ҷинояткорон аз кирдори содирнаму-
Грантхӯракҳо ба ҳимояи террористон бархостанд даи онҳо аҳамияти бештар дорад. Намояндагони ин созмон яроқбардории наҳзатиҳоро алайҳи оромию осудагии мардуми Тоҷикистон ва куштори 27 корманди ҳифзи ҳуқуқро дар воқеаҳои сентябри соли 2015 аз тарафи аъзои собиқу амалкунандаи ҲНИТ дида наметавонанд ва намехоҳанд далели собитшудаи маблағи ҷудокардаи сарварони ҳизбро барои анҷом додани табаддулоти давлатӣ қабул доранд ва он ҷонҳои тариқи зӯроварӣ гирифташуда, садҳо тифли сағиргаштаю ҳамсари хонавайроншуда, волидайни пиру бесарпаноҳмондаро ҳатто дар хаёлашон ба тасвир намекашанду дилашон ба ҷинояткоре «месӯзад», ки ин бадбахтиҳоро тавлид кардааст. Зеро барои онҳо шеваи пешбурди ҳаёти инсон аз худи ҳаёти ӯ волотар ҳисобида мешавад. Барояшон мафҳумҳои забонзадаи «демократия» ва «озодии инсон» аз ҷони ӯ нархи гаронтар доранд. «Демократия»-и интиқолдодаи онҳо то ҳол дар Яману Тунис, Сурияву Ироқ, Украинаву Афғонистон ҷони ҳазорон нафарро рабудан дорад. Нифоқу хунрезӣ, ранҷу гуруснагӣ, ваҳшату
даҳшатафканӣ маҳсули тавлиднамудаи «озодӣ»-ҳои овардаи онҳост. Онҳо дар шикасти ҲНИТ, ошкоршавии ниятҳои террористонаи сарварони ин ҳизб ва хунсо шудани табаддулоти давлатӣ аз ҷониби онҳо шармандагии худро мебинанд ва табиист, ки мехоҳанд ба рӯйи сиёҳгаштаи ин гурӯҳи раҳгумзадаашон пардаи сафед бикашанд. Мисли об рӯшан аст, дар ин амал маззахӯракҳои хони чунин институтҳои ба ном «ҳомии демократия ва озодӣ», ки тӯли солҳо маблағи садҳо грантро ба ҷиғилдон задаанд, зери он оҳанге ба рақс медароянд, ки ин институтҳо хоҳанд навохт. Шокирҷони Ҳаким, Саймуддин Дӯстов, Зафар Абдуллоев, Ойниҳол Бобоназарова якбора ба рақси умумӣ баромада, ҳар яке дар тақвияти фармудаҳои “Аmnesty International” ҳукмномаро «бениҳоят шадид», «сангин», «ношаффоф», «шубҳанок» ва «хеле зиёд» арзёбӣ карданд. Шояд чунин амр гирифтанд. Вагарна он ҳодисаҳои хунин дар пеши чашми худашон гузашт ва эҳсоси тарс низ дар як гӯшаи қалбашон пайдо шуда буд (агар сулҳу ваҳдату оромӣ, амнияти аҳли хонавода бароя-
11
шон қимате дошта бошад). Саймуддин Дӯстов ҳатто тарс ҳам медиҳад, ки «баъди ин ҳукм шояд бори нахуст дар 15 соли ахир заминаҳои молӣ барои фаъолиятҳои экстремистӣ дар Тоҷикистон бунёд шавад». Маблағгузории дастаи Назарзода аз ҷониби раиси ҲНИТ бо мақсади амалӣ кардани табаддулоти давлатӣ, магар исломи сиёсӣ ва заминаи молии фаъолияти экстремистӣ-террористӣ набуд? Ё С. Дӯстов кадом як маълумоти хосеро вобаста ба ин масъала дар ихтиёр дораду аз оварданаш худдорӣ мекунад? Ойниҳол Бобоназарова бошад, мегӯяд «ҳеҷ фикр намекунам, ки онҳо террорист бошанд». Яъне барои номбурда террорист танҳо онест, ки худро дар байни одамон метарконад. Гурӯҳе, ки мехост як кишварро битарконад, як миллатро ба нестӣ барад, террорист нест. Зеро ӯву ҳамандешони фавқуззикраш танҳо ба далеле бовар мекунанд, ки худашон шоҳиди он шуда бошанд. Ҳамлаҳои мусаллаҳи ба қисмҳои ҳарбӣ ва шуъбаи корҳои дохилӣ дар Душанбею Ваҳдат суратгирифта, ҳазорҳо силоҳу лавозимоти ҷангии ба хотири бори дигар дар хоку хун кашидани Тоҷикистон тақсимшуда, кормандони бо дасту силоҳи ин гурӯҳи террористӣ кушташуда, барояшон «шубҳанок» асту ба андешаи ин хонуми ҳуқуқшинос амали террористӣ нестанд.
е-mail: javonontj@mail.ru
Ҳукми аъзои cатҳи болоии ҳизби фаъолияташ мамнуъгаштаи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки бар асоси он муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳаит ба ҳабси абад ва боқимонда аз 2 то 28-солӣ маҳкум гаштанд, вокунишҳои мухталиферо ба бор овард. Табиист, ки дар ин ҳошия ҳаводорону ҳидоятгарони ҳизб аз дохилу хориҷи кишвар ҳукмномаро ноодилона хондаву зери суол хоҳанд бурд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №23 (9449), 9 июни соли 2016
Фазлиддини МУРОД
www.javonon.tj
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
12
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №23 (9449), 9 июни соли 2016
Шодихони НАЗАР Эмомназар Қарчиев орзу дошт, ки фарзандаш писар ба дунё меояду ормонҳои деринаашро амалӣ мегардонад. Ӯ зиёд мехост фарзандаш варзишгар шаваду номбардори падару модар ва миллату давлат бошад. Бо амри тақдир ӯ соҳиби шашум духтар шуд. Ӯ аз ин неъмати Худованд рӯй нагардонида, духтараки зеборо Шукрона ном ниҳод. Шукрона барои алҳи оила писар буд. Бо чолокию ҷасорат миёни апаҳояш фарқ мекард. Бисёриҳо феълу рафтор ва чолокию ҳушёрии ин духтаракро дида ҳасад мебурданд. Баъди мулоқоти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон (декабри 2010) дар соҳаи варзиш тағйироти ҷиддӣ ба миён омад. Сохтани толорҳои варзишии замонавӣ дар дурдастарин ноҳияҳои кишвар низ ба роҳ монда шуд. Барои Шукрона барин духтарону писарони ташнаи варзиш имкони хуби тамрин ба миён омад. Баъди кушода шудани толори варзишӣ дар ноҳияи Дарвоз касе дигар садди роҳи ин духар шуда натавонист. Ӯ якумин бонуе буд, ки аз рӯи намуди ҷудо по рӯи гилеми варзишӣ ниҳод. Баъдан сару садоҳо миёни сокинони деҳаашон зиёд гардид. Тангназарон ҳар гуна туҳмату бӯҳтон мебофтанд. Шукрона ин андешаи хурофотпарастону тангназаронро нодида мегирифт ва барои орзуҳои падарро амалӣ гардонидан аз роҳаш нагашт. Баъд аз шаш соли тамрин ва муваффақиятҳои назаррас ӯ гули сари сабади оила ва мардуми деҳа гашт. Бо Шукрона Қарчиева, варзишгаре, ки дар як ноҳияи дурдасти кишвар ба гӯштини ҷудои занона асос гузошт, ҳамсуҳбат шудем. - Барои Шумо мушкил набуд миёни писарон танҳо тамрин намудан? - Дар аввал мушкилиҳо буданд. Писарон аз чиҳати ҷисмонӣ қувваашон зиёдтар аст. Баъди аз худ намудани нозукиҳои ин намуди варзиш мушкилиҳо бартараф гардиданд. Буданд лаҳзаҳое, ки ҳангоми муҳориба бо писарон лат мехурдам, вале ин варзиш аст. Варзиш бе ҷароҳат намешавад. Баъдан дар толор дугонаам Баҳригул барои тамрин маро
Шукрона ҚАРЧИЕВА:
худ мақсад гузоштаам, ки баъди дар шаҳри Душанбе тамринро давом додан бо муаллимони соҳибтаҷриба барои олимпиада омодагӣ мегирам. - Дар ҷодаи варзиш кадом мушкилиҳои ҷиддие буд, ки пушти сар шуд ва кадом нақшаҳои амалиногашта дар пеш аст? - Мушкили мо ҳамин буд, ки замоне дар як деҳаи дурдаст ба варзиш машғул шудам, сару садоҳо гирди номам зиёд буд. Тангназарон барои пешравии мо дар ин ҷода халал мерасонданд. Аз ин рӯ, азоби рӯҳӣ мекашидам. Вале дар ягон ҳолат варзишро тарк нагуфтам. Ин замоне буд, ки ман дар ин ҷода ба дилбардорӣ эҳтиёҷ доштам. Ягона нерӯе, ки маро дубора вориди майдон мекард, боварии падару модарам буд. Баъдан мушкили асосӣ набудани рақобат миёни духтарон буд.
як усули нав омӯзад. Баъди сазовори ҷои дуюм гардидан дар бозиҳои Аврупо тули як моҳ бо варзишгарони дигар кишварҳо машқҳои дастаҷамъона гузаронидем. Вақте ман ба толори худамон омадам, ҳангоми тамрин усули буғӣ карданро истифода намудам, ки як писари мо қариб аз ҳуш рафт. Баъди ин писарон ҳангоми муҳориба маро ҳарифи асосӣ қабул намуда, бо эҳтиёт муҳориба мекунанд. Танҳо як иштирок дар машқҳои дастаҷамъонаи варзишгарони хориҷ дар ҳаёти варзишии ман хеле тағйирот ворид намуд. - Барои дар ин ҷода пурра обутоб ёфтани Шумо чӣ намерасад? - Имрӯз барои мо - варзишгарони даврони истиқлол тамоми шароит муҳайёст. Духтаронро зарур аст, ки дар баробари писарон ба намудҳои гуногуни
Мо - варзишгарони даврони истиқлол аз ҷиҳати шароит ва толори варзишӣ барои тамрин ягон мушкил надорем. Танҳо тамрин намудан миёни писарон каме мушкил буд. Ин мушкилиҳое буданд, ки бартараф гардиданд. Имрӯзҳо сафи духтарон ҳам ба варзиш зиёд шуда истодааст, ки ин ҳама шарофати истиқлолияти кишвар аст. Тинҷию амонӣ бошад, моварзишгарон ваъда медиҳем, ки барои парчами Ватанро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштан муҳорибаро идома медиҳем. - Писароне, ки ҳамроҳи Шумо тамрин мекунанд, шуморо чӣ гуна қабул доранд? - Барои мо - духтарон таҷрибаи мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ намерасад. Барои он ки дар ҷумҳурӣ то ҳол мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз ин намуди гӯштӣ миёни духтарон доир нагардидааст. Дар аввал мо ки ба ягон мусобиқа сафар намекардем, танҳо ба тамрин маҳдуд шуда будем. Аз ин рӯ, писарон ҳам ҳамроҳи мо кор карданро хуш надоштанд, зеро ҳама варзишгар мехоҳад ҳариферо дар вақти тамрин интихоб намояд, ки аз ӯ
варзиш бештар машғул шаванду рақобат миёни духтарон зиёд гардад. Ғамхории Пешвои миллат аст, ки барои варзишгарон Ҷоизаи Президент таъсис ёфт. Аз нигоҳи ман ҳамчун як варзишгар таъсиси ин ҷоиза дар ояндаи варзиши кишвар навгониҳои зиёд ба бор меорад. Ба варзишгарон имкон пайдо шуд, ки аз ҳисоби касби худамон ҳам зиндагии худро пеш барем ва ҳам давлату миллати худро муаррифӣ намоем. Ин як такони бузург аст дар ҷодаи варзиши кишвар. - Лаҳзаи фаромӯшнашаванда дар ҳаёти варзишиатон кадом аст? - Соли 2010 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мо толори варзиширо ба истифода доданд, ки боиси хурсандии тамоми варзишгарон гардид. Вақте соли 2013 Сарвари давлат ташриф оварданду дар ҳузури тамоми мардум унвони Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ман супориданд, ин лаҳзаи фаромӯшнашавандаи ҳаёти ман аст. Ман худро хушбахтарин духтари варзишгар меҳисобам, ки унвони Устоди варзишро аз дасти Пешвои миллат гирифтам. Хулоса, дар ду сафари Пешвои миллат ба ноҳияи Дарвоз дар ҳаёти ман тағйироти ҷиддӣ ба миён омад. Ин фурсатро истифода намуда, аз номи тамоми варзишгарони ноҳияи Дарвоз ба Пешвои миллат барои хизматҳои падаронаашон миннатдорӣ баён мекунам. Ман ҳамчун як варзишгардухтари деҳотӣ ваъда медиҳам, ки баҳри парчами миллатро дар олимпиада парафшон намудан то охирин нафас мубориза мебарам. - Мо ҳам барои расидан ба мақсадҳои дарпешгузоштаатон комёбӣ таманно дорем.
Барои медали олимпӣ то охирин нафас мубориза мебарам
ҳамроҳӣ намуд, ки мушкилиҳо то андозае бартараф гардиданд. - Чӣ боис гардид, ки варзишро пеша кардед? - Соли 2010 дар ноҳия Дарвоз бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори варзишии “Вастан” ба истифода дода шуд. Ман дар ин чорабинӣ иштирок доштам. Сарвари давлат зимни баромадашон таъкид намуданд, ки духтарон ҳам ба варзиш машғул шаванд. Баъди шунидани ин суханҳо ман ба падару модарам муроҷиат кардам, ки маро ба толори варзишӣ баранд. Суханҳои Пешвои миллат сабаб гардид, ки варзишро интихоб намудам. Вақте ба толор қадам ниҳодам, дар бораи гӯштии ҷудо тасаввурот надоштам. Вақте фаҳмидам, ки Расул Боқиев ҳам ба ҳамин намуди варзиш машғул аст, шуълаи гуштии ҷудо дар дилам аланга зад. - Ҳолатҳое буд, ки аз варзиш дилмонда шуда бошед? - Варзиш бе бохт намешавад. Ҳолатҳое буданд, ки баъди бохт дилмонда мешудам, аз ҷониби дигар миёни писарон танҳо тамрин мекардам, дар ҷумҳурӣ миёни духтарон дар ин намуди варзиш рақобат нест. Вале дил-
мондагии мо ду ё се рӯз идома меёбад. Баъдан боз соати тамрин фаро мерасад, беихтиёр вориди толори варзишӣ мешавем. Ягона роҳе, ки тамоми мушкилиҳои моро бартараф мекунад, ба варзиш машғул шудан аст. Рӯзе, ки тамрин кунам, худро ором ҳис мекунам. То имрӯз дар ҳама ҳолатҳои дилмондагӣ ва хушбахтӣ ҳаминро дарк кардам, ки аз варзиш дур шудан бароям душвор аст. -То ин дам ба кадом натиҷаҳо ноил гаштед ва ин дастовардҳо Шуморо қаноатманд мекунад? - То имрӯз натиҷаи балантарини бадастовардаи ман соли 2015 дар бозиҳои Аврупо буд, ки дар шаҳри Твери Русия миёни 27 давлат сазовори ҷои дуюм гардидам. Дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон миёни 16 варзишгари писар ман - як духтар танҳо Тоҷикистонро муаррифӣ намудам. Дастовардҳои то имрӯз бадастовардаам маро қаноатманд намекунад. Имсол мактаби миёнаро хатм мекунам ва тасмим гирифтаам, ки ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, дар шаҳри Душанбе дар баробари таҳсил ба тамрин машғул шуда, барои мусобиқаҳои ҷаҳонӣ омода шавам. Дар назди
ПОЧТАИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №23 (9449), 9 июни соли 2016
Моҳи августи соли сипаришуда аз ҷониби як гурӯҳ зиёиён дар бораи ба Президенти кишвар додани унвони Пешвои миллат пешниҳод сурат гирифт ва дар заминаи ин пешниҳод парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат»-ро пас аз баррасӣ қабул намуд.
Асомуддин БОБОХОНЗОДА, муовини раиси Суди шаҳри Душанбе, Маҳмадҷон РАҲМОН, судяи Суди шаҳри Душанбе
Ватандӯст бошему хештаншинос
Ба ҳамагон маълум аст, ки сулҳу суботи Тоҷикистон бар ивази ҷонфидоиҳои ҷавонмардони шуҷои Ватан ба даст омада, барои расидан ба чунин вазъи мусоид халқи тоҷик кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода, даврони мушкили иқтисодиву иҷтимоиро паси сар карда, рӯзҳои даҳшатноку фоҷиаборро сипарӣ намудааст. Дар ин раванд нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ басо намоёну бузург аст. Ӯ ҳамчун меъмори сулҳи тоҷикон, пешвои ваҳдатофар ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима гузошта, бунёди сулҳу ризоияти миллиро бо такя ба арзишҳои таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии осоишта ба воқеият табдил дода, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам тақвият бахшид. Нодида гирифтани чунин хизматҳои арзандаи Сарвари давлат, пос надоштани арзишҳои муқаддаси соҳибистиқлолии давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ амали баръало равшани носипосӣ ва ношукрист. Дар ҳоле ки аз Ватан ношукрӣ кардан гуноҳ буда, ватандӯстӣ аз имондорист.
Таърих исбот намудааст миллатҳое, ки баҳри рушду нумуи давлати миллии худ мубориза мебаранд, ҳадафҳои худро дар доираи мафкураи миллӣ асоснок менамоянд. Имрӯз вақти он расидааст, ки мафкураи миллиро дар байни оммаи васеи шаҳрвандон таблиғу ташвиқ намуда, онро ҳамчун ғоя ба хислати ҳамагонӣ табдил диҳему барои инкишофи босуръати Ватани азиз саҳм гузорем. Ҳамчунин Ваҳдати миллӣ дар баробари андешаи миллӣ моро ҳидоят менамояд, ки дар бораи рушди соҳаҳои муҳими афзалиятноки иҷтимоии ҷомеа, аз ҷумла соҳаи маориф зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир кунем. Масъулияти бештарро дар тарбияи насли худогоҳу худшинос, ватандӯсту пурифтихор ва бедордилу зираку ҳушёр эҳсос намоем. Эҳсос ва талқин кунем, ки ҷавҳари худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ, пеш аз ҳама дӯст доштани модар, забон, Ватан, таърих ва арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад. Дар ин маврид зарур аст, ки арзишҳои ахлоқӣ мукаммал гардонида шаванд. Дар ҳамаи динҳо, алалхусус дини мубини ислом, тамоми ибодатҳо бар ахлоқ асос меёбанд. Ҳадафи ибодат низ соҳиб гаштан ба ахлоқи нек аст. Ин ҷо фармудаи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ёдовар шудан бамаврид аст: «Мусулмон танҳо касе аст, ки аз дасту забони ӯ ҳамаи мусулмонон дар саломат бошанд ва ба касе азият нарасад. Муъмин касе аст, ки мардум дар хуну моли худ аз дасти ӯ дар ҳифзу амният қарор гиранд». Тазаккур бояд дод, ки ахлоқ яке аз масъалаҳои мураккабтарини ҷомеа ба шумор рафта, роҳи осони ҳал надорад. Одамизод танҳо туфайли ислоҳи ахлоқи худ ба ҳадди инсонӣ мерасад ва бояд гуфт, ки омӯхтани ахлоқ нисбат ба дигар илмҳои замонавӣ осонтар, аммо амал ба он мураккаб аст. Ҳоло вақти он расидааст, ки тарзу воситаҳои дурусту муассири тарбияи ахлоқро ба кор барем. Дар хотир бояд гирифт, ки таъсири ахлоқи бад зиёд аст ва баъзан онро тарғиб низ мекунанд. Аз китоб – роҳнамои беминнат, дур шудаем. Натиҷа ҳамин аст, ки бархе аз ҷавонон ба дасисаву ангезаҳои хаёлии аҷнабиён ва душманони миллат
ихлос намуда, ҳатто пайрави онҳо мегарданд. Илми ҷомеашиносӣ инро ба бемавқеъ будани ҳамон ашхоси “ихлосманд” иртибот медиҳад. Ҳар гуна рафторро кӯр-кӯрона қабул мекунад. Тобеи фикрҳои дигарон, ё худ одамони норизо аз ҷомеа мегарданд. Дар ҳамин ҳол вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа ва пеш аз ҳама ҷавонон мустаҳкам намудани мафкураи миллӣ дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Ҷавонон бояд соҳибилм, эҷодкор, бомаърифат, бофарҳанг, меҳнатдӯст ва солимфикр бошанд. Ҳамзамон ташаккули зеҳнӣ, илмӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллии ҷавонон, муҳаббати беандоза ба Ватан, парҳез аз бегонапарастиву таассуби динӣ, моҷароҷӯйӣ, терроризм ва экстремизм вазифаи тамоми сокинони мамлакат маҳсуб меёбад. Моро зарур аст, ки ба қадри субботу оромӣ бирасем ва аз пайи омӯзишу бунёдкорӣ, рушди иқтисодиёт ва пешрафти дигар самтҳои кишвари азизамон – Тоҷикистон бошем. Ҷавонон бояд бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ дарк намоянд, ки истиқлолияти давлатӣ бо заҳмату фидокориҳои зиёд ба даст омадааст. Аз ин хотир, насли ҷавон бояд бештар мутолиа намоянд, мушоҳидакор бошанд ва бо диди наву назари нек барои ҳимояи ватани хеш ҳамеша омода бошанд. Онҳоро ҳушёрӣ ва ору номуси меҳандорӣ мебояд, ки ин ҳама фақат бо шиорпартоӣ не, балки дар заминаи илму маърифат, омӯзиш, заҳмату эҷодкорӣ ва созандагиву ободкорӣ пайдо мешавад. Дархости ҷомеа аз таълим ҳам асосан ҳамин аст, ки ба он шаҳрвандони дорои тафаккури баланди эҷодиро пешкаш намоем. Он гоҳ ҷомеа метавонад аз таълим қаноатманд бошад. Қ. МУҚИМОВ, дотсент, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
www.javonon.tj
Барои ба хонандаи гиромӣ рӯшан намудани хизматҳои шоёни фарзанди фарзонаи миллат дар рушди иқтисдиёти кишвар, пойдор намудани сулҳу саодат, барқарор намудани амнияти кишвар зарур донистем, ки заҳматҳои кашидаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зикр намоем. Замоне ин қаҳрамони миллат, наҷотдиҳандаи давлат ба курсии роҳбарӣ нишаст, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорҳо мардуми бегуноҳро ба коми худ мекашид. Занону мардон, пирону ҷавонону кӯдакон барои як бурда нон зору нолон буданд. Низоми давлатдорӣ фалаҷ буда, кишвар на артиш дошту на милисаву на ҳимоятгар. Қисмати зиёди мардум сарсону гуреза шуда, ба Афғонистону дигар кишварҳо фирорӣ шуданд. Сарзамини азияткашидаи тоҷикон ба пораҳо тақсим шуда, дар ҳар гӯша хонҳои ғоратгару ҷиноятпеша ҳукмронӣ мекарданд. Намояндагони халқу миллатҳои дигар, ки солҳои зиёд дар ободонии Тоҷикистон саҳми сазовор гузошта буданд, ба диёри аҷдодиашон кӯч бастанд. Қариб аз боқӣ мондани Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон умедамонро канда будем. Дар ҳамин давраи пурошӯбу тақдирсоз ба бахти миллат фарзанди баруманду содиқ, бо ҷасорату мардонагӣ, бохираду тавоно Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат қадам монд. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ зимоми давлатдориро ба даст гирифта, бо сари баланд эълон намуд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Мардуми овораву сарсон ва кулфатзада ба ин ҷавонмарди шердил умед баст ва ӯ воқеан ба ваъдааш вафо кард. Дар натиҷаи кӯшишу заҳматҳои пайваста 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо мухолифин қарордоди сулҳ ва истиқрори миллиро ба имзо расонд. Таҳкурсии сулҳ гузошта шуда, фирориён ба Ватан баргаштанд. Аз ҳама асосӣ Тоҷикистон соҳиби артиши худ гашт. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат Конститутсияи ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ қабул шуд. Кишвар соҳиби Парчам, Нишон, Суруд ва пули миллӣ гардид. Сохти конститутсионӣ пурра барқарор гардида, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба низом даромад. Аз ҳама муҳим, ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ шинохта шуд. Соли оянда халқи куҳанбуёди тоҷик 20-умин солагарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллиро бо тантана қайд хоҳад кард, ки он самараи хизматҳои шоёни Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Барои ҳамин, мо аҳли ҷомеаи судяҳо ба сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат арҷ гузошта, баҳри пойдор намудани сулҳу субот ва амнияти кишвар адолати судиро аз рӯйи талаботи Конститутсия ва қонунҳои мавҷуда ба маънои томаш ба амал бароварда, ҷиҳати ҳифзу ҳимояи озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлату ташкилоту муассисаҳо қарорҳои қонунӣ ва асоснок қабул менамоем.
е-mail: javonontj@mail.ru
Асосгузори сулҳу ваҳдат
13
е-mail: javonontj@mail.ru
14
Мирзо САЪДӢ
Ватан гар набошад... Ватан олами бошу буди ман аст, Тану ҷисму ҷону вуҷуди ман аст. Ватан гар набошад, маро марг беҳ, Дарахти қадам бе тану барг беҳ. Ки модар дар ин ҷо фурӯ монда сар, Дилу дида дар он нуҳуфта падар. Ба ҳар пуштааш ҳафт пушти ман аст, Зи ҳар пушта хоке ба мушти ман аст. Зи ҳафтод пуштам, чӣ ҷойи сухан, Ки сар монда дар оғуши ин Ватан. Маро гарди хоку пари коҳи ӯ, Хасу хору хошоки даргоҳи ӯ, Сафедии ҳар сахраи мармараш, Сиёҳии хоки самарпарвараш. Талу теппаву дашти сарсабзи ӯ, Шабу моҳу гаҳвораи сабзи ӯ, Зи ҳар чӣ ба дунё бувад, беҳтар аст, Маро ин Ватан олами дигар аст. Маро мулки Хатлони бе дар бас аст, Зарафшони бо ҷон баробар бас аст. Бадахшон маро хуштар аз ҷон бувад, Ҳисораш маро ҷузъи имон бувад. Зи Раштонзамин дидаам равшан аст, Дилу ҷон фидои чунин Меҳан аст. Ватан гар набошад, маро марг беҳ, Дарахти қадам бе тану барг беҳ.
Ватан - мо ва ман... Бингарам ҳар субҳ аз айвони хона Бар шаҳоби чашмҳои мурғи пӯлодин, К-аз уфуқи субҳи козиб Сӯи чашмам мекашад хат, Бар ҷилои ахтарони субҳи козиб Чун шаҳоби сурхи рӯшан мекашад хат. Ҳар мусофир, Ҳар муҳоҷир, Ҳар каси бедор, Алғараз ҳар як ватандор, Ки нишаста дар дили ин мурғи пӯлодин, Бингаранд бар чашми ман Аз шишаҳои танги обӣ, Балки бар чашми Ватан Бо нигоҳи ишқойин. Хуб медонам, ки чашми ин Ватан Чун чашми ман Сӯи шумо боз аст. Хуб медонам, ки ишқи ин Ватан Бар ҳар яки мо, Қиссаҳои ошиқии моҳию об аст, Ки чу берунаш кунӣ аз об, мемирад, Қиссае аз қиссаи пурпечутоб аст. Хайра мақдам, эй мусофир, Хайра мақдам, эй муҳоҷир, Хайра мақдам, эй каси бедор, Хайра мақдам, эй Ватандор. Ин Ватан бе мову ту як манзили холист, Ин Ватан бе мову ту ҳаргиз Ватан нест.
www.javonon.tj
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №23 (9449), 9 июни соли 2016
Ҳастии мо бе Ватан чун як пари коҳе, Бе Ватан моро ғурур аз “мову ман” нест.
Нуриддини АМРИДДИН
Ахтаре будам Эй сабо, бо худ маро бар, То уфуқи лоҷувардӣ, Ҳамчу шогирдам биомӯз Роҳу расми раҳнавардӣ. Эй сабо, бо худ маро бар, То ба он ҷое, ки Хуршед Кушта мегардад ба нохуни ситора. То ба он ҷое, ки Хуршед Мешавад аз нав таваллуд, Пора-пора, тора- тора, Аз булури субҳи испед. Эй сабо, Эй дилбари дар атр олуда, Як нафас дар ман биовез, Бо нафасҳоям биомез Атри нобам кун, Бо дами поки Масеҳоӣ Як даме дар печутобам кун. Дар фазои ин замини вусъатобод Як замоне ахтаре будам, Медурахшидам зи тобишҳои қисмат, Дар садаф чун гавҳаре будам. Ин замон аз ман пари хокистаре монда, Як пари хокистари афсурдае монда, Чун касе озурдатар аз худ намебинам, Бо навозишҳо харобам кун. Аз замин болотарам, болотарам бар, Пораи сурхи шаҳобам кун...
Сандуқчаи тиллоии ишқи ҷавони ту Ҳамчун садои ғунча ба ҳангоми во шудан, Дарёфтам турову шудам гум зи хештан. Бар олами тилоии ишқи шарорарез, Пое фурӯ ниҳода, бирафтам зи хештан. Дар сар хаёли сабзу баҳории ишқи ноб, Дар ҷон, вале хазонии пойизи баргрез. Дар сар ҳавои шеъри тару ишқи навҷавон, Дар ҷон, вале фасонаи пирии маргхез. Ин руҳи пири хастаи ман мебарад ба зӯр, Сандуқчаи тиллоии ишқи ҷавони ту. Бар руҳи пири хаста бихандад ҷавониям, Пиронасар куҷо барад ишқи ҷавони ту. Сандуқчаи тиллоии ишқи ҷавони ту, Ин руҳи пири хастаи ман мебарад ба зӯр. Сандуқчаи тилоии ишқи ҷавони ту, Ин руҳи пири хастаи ман мебарад ба гӯр...
Як қалам
Шеъри сафеди рӯи ту Гӯё зи як садсола пеш Дар хотири ман мондааст. Шеъри баёзи гарданат, Шеъри равони қоматат, Шеъри тани дилҷӯи ту, Шеъри дарози мӯи ту, Дубайтии абруи ту Ҳаргиз нарафт аз хотирам. Холи туро, чун нуқтае Дар хотирам бинҳодаам, Чун нуқтаи шеъри сафед Дар коғазе монад қалам. Яъне вуҷудам шеъру шеър, Буду набудам шеъру шеър. Яъне туро сар то қадам, Чун шеър аз бар кардаам, Чун шеъри шево як қалам.
Суруши Ваҳдат Ба поси ҳастии миллат расидаӣ, ваҳдат, Ҳумои бахту саодат расидаӣ, ваҳдат. Ҷилои нуру сафоӣ ба рӯзгори навин, Чу пайки ҳусну малоҳат расидаӣ, ваҳдат. Бинои зиндагӣ аз иттиҳод побарҷост, Чу пуштибони ҳақиқат расидаӣ, ваҳдат. Ту дар набарди накӯномӣ омадӣ пирӯз, Ба каф парчами нусрат расидаӣ, ваҳдат. Зи тоқи, арши муалло кушода бол ба мо, Ту чун паёми набувват расидаӣ, ваҳдат. Канори зиндагии бехазони кишвари мо Баҳори сабзи муҳаббат расидаӣ, ваҳдат. Ба гӯши мардуми озодаи Ватан, ай хуш, Суруши меҳру садоқат расидаӣ, ваҳдат. Барои тоҷики фархунда бар замини каён Нишони шавкату қудрат расидаӣ, ваҳдат. Ту ганҷу марҳамату лутфи Ҳақ дар ин дунё, Бақои пояи давлат расидаӣ, ваҳдат.
Хоки Ватан Ман дар бағали баҳори ту сабз шудам, Дар гулшани гулқатори ту сабз шудам. Чун тифлаки очадор, доман пури қанд, Эй хоки Ватан, канори ту сабз шудам.
Ватандорӣ Пояи маснади давлат Ватан аст Рӯҳ дар пайкари миллат Ватан аст. Ифтихору шарафу номи баланд Мардро қуллаи шуҳрат Ватан аст. Бе Ватан файзу футуҳе набувад, Маншаи ҷумлаи нусрат Ватан аст. Хору бечора шавад марди ғариб, Одамиро ҳама қудрат Ватан аст. Бишкуфад ғунчаи армону ҳавас, Гавҳару ганҷи саодат Ватан аст. Баҳри ҳар фарди шарафманду баор Ҳайкали меҳру садоқат Ватан аст. Дар забони ҳамаи пиру ҷавон Ҳарфи ҷонбахши муҳаббат Ватан аст.
Фарзанди Ватан Кистам ман? Тифлаки парвардаи нозат, Ватан, Ҳамдаму ҳамқисмату ҳамдарду ҳамрозат, Ватан. Риштаи умрам бувад пайванд бо номи хушат, Торҳои сози дил ҳамҷӯр бо созат, Ватан. Офтоби бахти ман аз доманат сар мекашад, Ҷони ман бодо фидои сеҳру эъҷозат, Ватан. Ҳар куҷо бошам, маро ёди ту аз худ мебарад, Бишнавам аз дуриҳои дур овозат, Ватан. Табъи ман аз меҳри ту ҳар дам равонӣ мекунад, Мешавад чун андалеби нағмапардозат, Ватан. Ман ба рағми хасми бадхоҳат, агар лозим шавад, Дар само пар мекашам монанди шаҳбозат, Ватан. Кистам ман? Вориси имрӯзу фардои туам, Дар қаламроҳи сухан гардида сарбозат Ватан. Рӯзи Истиқлоли ту оғози умри тоҷик аст, Ҷовидон бодо ба олам файзи оғозат, Ватан.
САЙҚАЛИ ХОТИРА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №23 (9449), 9 июни соли 2016
Ба забон овардан
Њунарпешадухтар аз «Хандинкамон»
Њарфи арабї, сакта
Растании машњури нашъадор
... Сигал, актёри Голливуд Корди каљи даравгар
Асъори ўзбакњо Моеи сурх барои захмњо
Муќобили «рафта»
Љаннатї
Њамсари Адам
Ќаторкўњ дар Аврупо
Чемпиони љањон оид ба камонварї, тољикзан
Њамсари Муњаммад (с)
Зављаи Шрек аз филми тасвирї
Муќобилмаънои «мон»
Кишвари њамсояи Амрико
Номи президенти Ќазоќистон ... Назарбоев
Узви дохилии бадани инсон
Ноњия дар Тирагї, зулу- Суѓд, Нови сомот биќ
Мавлоно Љалолиддини …ї
Коѓази ѓафс Љилави автомобил (русї)
«Овози …»озмун дар «Бањористон»
Асбобе, ки тайёрањоро «мебинад»
Машќ, ду тараф ёзондани пойњо
Ном
Тангаи давраи СССР
... и никоњ, ањднома
«Х» дар алгебра
Оташ Инкор
… Капур, актрисаи њиндї
Навъи фурўзонак
Камар
Мављудоти зиндаи олам
Асбоби љањоннамо
Ислом …, президенти Ўзбекистон
е-mail: javonontj@mail.ru
Номи имрўзаи ш. Регар
15
Ду голи футболбоз дар як бозї
Номи Иисус ба тољикї
Сарояндаи эронї
Машњур
Пойтахти Британияи Кабир
Меваи туруш
Ашёи хом барои истењсоли бензин Сокини пойтахти Афѓонистон
Фурўшандаи металли ќиматбањо
Миёнбанд
Гирд, кулўла
Хушдоман
Актёри тољик … Муњаммадљонов
Асбо- Асъори би че- Олмон лонгар то евро
Суффаи тахтагї
Ќисми корд, ќошуќ
Каждуми толеънома
Давлати И. Сталин (ихтисораи русї) Аддис-..., пойтахти Эфиопия
Мусичаи … (беайб)
Талабаи бењтарин "... аз дўстї
ёбанд бахт"
Эшон, вайњо Нафас Муќобили «душвор»
Чўбдаст
Њиссачаи тасдиќї
«Ба хўрдан сер нашуд, ба … намешавад»
Бозии варзишї бо тўб Холї, мањрум
Асбоб барои кабобпазї
Зеб, њусн Раќами дар пеши мол навишташуда Њавопаймои « ...-24»
Шиштан
… Азизов, сароянда
www.javonon.tj
... Нињолова, сароянда ва раќќоса
10х10=?
Аз мўрї ва танур мебарояд
е-mail: javonontj@mail.ru
16
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №23 (9449), 9 июни соли 2016
Лутфи ҷавонӣ
ОБУНА - 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Марде ба дӯсташ: —Ҳар субҳ, вақте садои занги соатро мешунавам гумон мекунам, ки маро парондаанд. Дӯсташ: —Баъд якбора аз ҷой парида мехезед? Мард: —Не, мисли мурда дароз мекашам!
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ; - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/к 20402972316254, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
***
Зане дар истироҳатгоҳ ба дугонааш мегӯяд: —Вақти ин ҷо омадан дӯстписарам гуфт, ки “агар хиёнат кунӣ, мекушамат”. Дугонааш: —Баъд чӣ? Зан: —Вақте баргаштам мемирам!
***
Зан ба шавҳараш: —Ман як сари қадам хонаи ҳамсоя меравам, баъди ҳар 15 дақиқа хӯрокро хабар бигир, ки насӯзад.
ЭЪЛОН
АНДАРЗ
Бори вазнин Нахустин ҳиссиёте, ки мо ҳангоми ба олами калонсолӣ ворид шудан ошно мешавем, ранҷиш аст. Он метавонад ҳалокатовар бошад, аммо чи қадар ки мо дар хусуси сарчашмаи он, роҳҳои раҳо шудан аз он, ҳисси ноҳаққӣ ва дардро аз худ дур кардан огаҳии бештар пайдо намоем, ҳамон андоза мо солортар мешавем. Баъзан одамон ҳатто дар калонсолӣ низ дарк намекунанд, ки ранҷиш негативест (муқобилатест), ки на танҳо ба берун, ба шахси озордида, балки ба худи шахс низ равона карда мешавад. Агар шахс аз касе сахт ранҷид, ӯ қабл аз ҳама ба худ зарар мерасонад. Шахсе, ки меранҷад, бештар осебпазир аст. Ранҷиш мисли кордест, ки тарафи тезу буррои он на ба самти шахси дилозор, балки ба самти шахси ранҷида нигаронида шудааст. Чи қадар ки мо зиёдтар меранҷем, ҳамон андоза ба худ ҷароҳати бештар мерасонем. Аз ранҷидану озурдахотир шудану шиква кардани мо дар ҳаёт чизе тағйир нахоҳад ёфт. Умуман, дунё на ҳамеша
бар муроди дили мост. На касе дар назди мо уҳдадор асту на мо дар назди касе. Заҳри ранҷиш метавонад ба шахс осеби сахт расонад ва зиндагии ӯро куллан ба самти манфӣ тағйир бидиҳад. Қиссаи зерин ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки чӣ гуна оқибатҳои ранҷиш ногуворанд ва чаро мо аз он халос шуда наметавонему зиндагиамон душвор мегардад. Шогирд ба устод гуфт: - Шумо хеле оқилу доно ҳастед, ҳамеша хотиратон болида аст, ҳеҷ гоҳ Шуморо дар ҳоли хашму ғазаб намебинем. Ба ман низ кӯмак кунед, то мисли Шумо бошам. Устод розӣ шуд ва аз шогирд хоҳиш кард, ки як дона картошка ва як коғазхалтаи шаффоф биёрад. - Агар ту ба касе хашм гирифтӣ ва аз ӯ ранҷидӣ, - гуфт устод, - ин картошкаро бигиру дар болояш номи он шахсеро, ки бо ӯ ҷанҷол намудӣ навис ва картошкаро ба дохили коғазхалта гузор.
ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ
- Ҳамааш ҳамин? – бо тааҷҷуб пурсид шогирд. - Не, - ҷавоб дод устод. – Ту бояд ҳамеша ин коғазхалтаро бо худ гирифта гардӣ. Ҳар дафъае, ки аз касе ранҷидӣ, ба он боз як картошкаро илова кун. Шогирд розӣ шуд. Аз байн якчанд вақт сипарӣ гардид. Коғазхалтаи шогирд аз картошка пур шуда, рӯз то рӯз вазнинтар мегардид. Онро ҳамроҳи худ бардошта гаштан хеле ноқулай буд. Илова бар ин, он картошкае, ки аз ҳама пеш гузошта шуда буд, ба пӯсидан сар кард. Қабати болои он часпаку ғализ ва бадбӯй гашта буд. Баъзе картошкаҳои дигар сабзида калон мешуданду баъзеашон гандида, мағор мебастанд ва бӯйи нофораме доштанд. Шогирд ба назди устод омада гуфт: - Инро дигар бо худ гирифта гаштан ғайриимкон аст. Аввал ин ки коғазхалта хеле вазнин аст, дигар ин ки картошка пӯсида, вайрон шудааст. Ягон маслиҳати дигар диҳед. Устод дар ҷавоб гуфт: - Аҳволи ту низ ана ба ҳамин монанд аст. Фақат ту инро дарҳол пай намебарӣ. Рафтору кирдор ба одате табдил меёбад, ки айбу нуқсонро тавлид месозад. Ман ба ту имконият додам, ки ба ҳамин гуна раванд аз як тараф истода нигоҳ кунӣ. Ҳар дафъае, ки ту қаҳр мекуниву ба касе хашм гирифтанӣ мешавӣ ва ё баръакс касеро хафа кардан мехоҳӣ, ҳаминро фикр кун, ки барои ту чунин бори вазнин лозим аст ё не? Аз ин рӯ, вақте нафаре шуморо меранҷонад, ин ҳиссиёти ғамангезро сарфи назар кунед ва хашму ғазабро аз ниҳоди худ дур кунед.
Соҳибкори инфиродӣ Қаландаров Собирҷон Абдусаторович (РЯМ 0130116672), ки дар Нозироти андози ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 12.03.2015 ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. Соҳибкори инфиродӣ Назмишоев Вазирхон Сайдалиевич (РЯМ 0430200275), ки дар Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 24.07.2015 ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Номаи камоли гумшудаи дараҷаи А №251419, ки МТМУ рақами 55-и ноҳияи Варзоб соли 1995 ба Кенҷаева Назира Маҳмудовна додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи бақайдгирии манзил №33 бо суроғаи шаҳри Ҳисор, кӯчаи Бобоҷон Ғафуров-12, ҳуҷраи 18, ки аз 25.07.2000 ба номи Зокиров Мирзо сабт шудааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад.
СӮГВОРӢ Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз марги ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, арбоби санъати Тоҷикистон, нависандаи маъруф, узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Султон Шарифович Мирзошоев сахт андуҳгин буда, ба аҳли оилаи марҳум изҳори тасалият менамоянд. Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовини раиси кумита Абдулло Холиқов нисбат ба вафоти МОДАРАШ ҳамадардӣ изҳор намуда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил мехоҳад.
www.javonon.tj
Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ” Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6851 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»