ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №24 (9554), 14.06.2018
1
javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН
Вақт ва муваффақият заминаи ташаккулёбӣ ва худшиносии ҷавонон
№24 (9554), 24/06/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Ҷавонон - чашми бедори Ватан саҳифаи
5
Хайрхоҳӣ шараф аст, биёед волонтёр мешавем! саҳифаи
6
Ҷаласаи навбатии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ИДМ саҳифаи
9
Ба сол ҷавону ба таҷриба бузург саҳифаи 10 Гургзода оқибат гург шавад саҳифаи
13
саҳифаи
14
Ифтор
Дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуда буданд: “Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд”. Ин суханҳо собитгари онанд, ки кору фаъолияти ҷавонон - ин қишри ояндасози ҷомеа ҳаргиз аз мадди назари давлату ҳукумати мамлакат дур набуд ва нест. Ин ҷавононро уҳдадор месозад, ки ташаббускори амалҳои созанда буда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, алайҳи ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа мубориза баранд, дар ҳифзи амнияти кишвари маҳбуб ҳамеша омода ва посдори таъриху фарҳанги ғании халқамон бошанд. Чун онҳо дар радифи тамоми мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.
2 10 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок ва суханронӣ карданд. Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ин навбат дар ҳайати 8 кишвари аъзо - Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ҷаласа масъалаҳои рӯзномаи корӣ, ки асосан аз дарёфти роҳҳои муҳиму муштараки муқовимат бар зидди терроризми байналмилалӣ, рушди ҳамкории давлатҳои аъзо дар самтҳои гуногуни амният, иқтисодиёт, ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин дигар мавзуъҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ иборат буд, мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҳукумати кишвари мизбон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ омода ва доир кардани Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва пазироии самимии иштирокчиёни ҳамоиши навбатӣ изҳори сипос намуданд. Сарвари давлат ба нақши Чин дар давраи раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва натиҷаҳои кори он баҳои баланд доданд. Президенти мамлакат таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҳайатҳоро ба масъалаи таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон ҷалб карда, таъкид доштанд, ки мо бояд бо талошҳои муштарак мунтазам ҳамбастагии худро баҳри пойдории сулҳ, амният ва субот, инчунин рушди
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №24 (9554), 14.06.2018
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ
Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай
равобити тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ дар чаҳорчуби Созмони Ҳамкории Шанхай, равона намоем. Барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, пешгирии паҳнкунии идеологияи радикалӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таҳкими ҳамкории муштарак зарур шумурда шуда, пешниҳод гардид, ки сохтори алоҳида - стратегияи зидди маводи нашъаовари Созмони Ҳамкории Шанхай ва Барномаи амал оид ба иҷрои он таъсис дода шавад. Зимни баромади пурмуҳтаво ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мавқеъи устувори ҷониби Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ, рушди ҳамкориҳои судманд бар нафъи кишварҳои аъзо, густариши робитаҳои зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, неруҳои мудофиавӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли низоъҳои ҳарбӣ дар Афғонистон ба хоти-
ри таъмини амнияти минтақа, андешаронӣ карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҳайатҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истифодаи имкониятҳои нақлиётию транзитӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои гидроэнергетикӣ, татбиқи лоиҳаҳои таҷдид ва сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан, таъсиси долонҳои нақлиётии минтақавӣ бо дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ, ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлими сайёра, коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳаво, таъмини кишварҳои минтақа бо барқи аз лиҳози экологӣ тозаро ба миён гузоштанд. Дар охир Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки баҳри таъмини амнияти озуқавории кишварҳо дар соҳаи кишоварзӣ ворид кардани технологияҳои инноватсионӣ, барои ваҳдату ҳамбастагии мардумони минтақа таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва муаррифии
имкониятҳои сайёҳиро ба роҳ монанд. Пас аз анҷоми суханрониҳо аз тарафи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар маҷмуъ 22 санади нави ҳамкорӣ қабул гардид. Ҳамин тавр баъди анҷоми кори ҷаласаи навбатӣ раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2018-2019 ба ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон гузашт. Дар ҳошияи Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карда, вазъи феълии муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷавориро баррасӣ карданд. Ёдовар мешавем дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои аъзо ва нозири Созмони Ҳамкории
Шанхай Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқотҳои судманду самимӣ доир карда, муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд. Пас аз иштирок дар Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҷенҷоуи вилояти Хэнани Чин ташриф оварданд. Дар доираи сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Губернатори вилояти Хэнан Чен Рунер мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки мо аз рушди ҳамкории гуногунҷанба бо кишвари дӯсту ҳамсояи Чин қаноатмандем ва дар байни онҳо ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо ҷойгоҳи муҳим дорад. Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ вазъи ҳамкории шарикию стратегиро баррасӣ карда, ба масъалаи амалисозии пурсамари Ёддошти татбиқи муштараки ташаббуси Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим, ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ”, “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2030” ва Барномаи ҳамкории байни Тоҷикистону Чин таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Боздид аз пажӯҳишгоҳ дар музофоти Хэнан 11 июн дар шаҳри Ҷенҷоуи музофоти Хэнан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзӣ ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадами олимони соҳа шинос шуданд. Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, масоҳати умумии заминҳои ин маркази илмӣ наздики 400 гектарро ташкил дода, аз Майдони озмоишиву тадқиқотии илмии кишоварзӣ, Майдони намоиши кишоварзии муосир ва Майдони натиҷаҳои тадқиқотии кишоварзии озмоишҳои санҷишиву саноатии инкубатсионӣ иборат мебошад. Дар майдони озмоишиву тадқиқотии илмии кишоварзӣ барои бунёд ва парвариши
зироатҳои кишоварзӣ, ҳифзи растаниҳо, хок ва нуриҳо, корҳои тадқиқотӣ аз болои лоиҳаи эмбриони ҳайвонот, киштукори дақиқ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зироати ғалладона, ҷуворимакка, пахта, лубиё, кунҷид ва ғайраҳо таҷриба гузаронида мешавад.. Дар қитъаҳои алоҳидаи озмоишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, пахта, ангур ва полезӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, олимони чиниро ба ҳамкорӣ даъват карданд. Тавре маълум шуд, дар ин ҷо 66 навъи ангур, 96 намуди харбуза ва 68 навъи тарбуз парвариш меёбад. Олимон навъи тарбузи зардро дар гармхонаҳо шинонидаанд, ки аллакай пухта расидааст. Дар як қитъаи замини озмоишгоҳ баъди
дарави ғалла бо даст пахтаи навъи “Юмен 88” шинондаанд ва он ба таври қатрагӣ обёрӣ мешавад. Ҳамин тухмии пахта дар шароити Тоҷикистон то 50 сентнерӣ ҳосил медодааст ва тухмии он аллакай дар хоҷагиҳои пахтакори кишвар истифода мешавад.
Зимни шиносоӣ бо таҷрибаи коргарон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳову комёбиҳои олимони соҳа баҳои баланд дода, изҳор доштанд, ки мақсади ташриф омӯхтани таҷрибаи якдигар баҳри рушди соҳаи муҳими иқтисодиёт дар бахши кишоварзӣ мебошад.
ВМКБ
Намоиши Ҳаёти солим ҷавонони боис- интихоби мост! теъдоди Мурғоб
Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Мурғоб дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” семинару намоиши ҷавонони боистеъдод баргузор гардид. Семинар дар мавзӯи “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ дар Мурғоб” бо ширкати раиси ноҳия Мурзабай Ҷоошбаев, мудирони бахши иқтисод ва сармоягузорӣ, инкишофи сайёҳӣ Акималӣ Ниёзбеков ва Канатбек Колчокбаев доир шуда, ҳозирин асосан таҳкими риштаи сайёҳии ноҳия, ҷалби бештари ҷаҳонгардон, таъмини шароити маишию фароғат ва дигар масоили мубрамро муҳокима намуданд. Жанпулот Қамчибеков, мудири бахш қайд кард, ки дар рафти семинар иштирокдорон аз намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои ҷавонон дидан намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд роҳандозӣ шудани он, роҳбарияти ноҳия ба ҷавонон изҳори сипос гуфт.
ДУШАНБЕ
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ, бахши он дар шаҳри Хоруғ ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷавонон” – и вилоят дар назди бозори марказии шаҳр таҳти унвони “Ҳаёти солим интихоби мост!” аксияи тарғиботӣ баргузор намуданд. Аксия дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Кохи Борбад зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар баррасӣ шуданд, рӯи кор омад. Сураҷ Чоршанбиев, муовини сардори раёсат иттилоъ дода гуфт, ки дар ҷараёни он аз тарафи намояндагони Клуби волонтёрони раёсат ба ҷавонону сокинони вилоят маводҳои ташвиқотӣ оид ба пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ, ВНМО/БПНМ ва дигар касалиҳои сироятӣ тақсим гашт.
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки раиси ноҳия ва муовини раиси шаҳри Душанбе, раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими бо-
тантанаи ифтитоҳи майдончаи нави варзишӣ баргузор гардид. Майдончаи мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуда,
гуфта шуд, ки ҳадаф аз сохтани ин майдонча тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари кӯдакону наврасони ноҳия ба варзиш ва пешгирии кӯдакону наврасон аз ҳар гуна амалҳои ношоиста мебошад.
Кӯмак ба оилаҳои ниёзманд дар ноҳияи Шоҳмансур Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии оилаҳои ниёзманд дар арафаи моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аксияи хайриявӣ таҳти унвони “Барои зиндагии
ШНТМ
шоиста” доир карда шуд. Дар аксияи хайриявӣ ба оилаҳои ниёзманди 17-шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия кумакҳои яквақтаинаи озӯқаворӣ расонида шуд. Сокинон иқдоми мазкурро бо хушҳолии зиёд истиқбол намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҷавонон зидди зуҳуроти номатлуб
Дар ноҳияи Рӯдакӣ мулоқоти кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ҷавонони фаъоли ноҳия доир гардид. Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Сатторӣ хабар дод, ки зимни мулоқот доир ба мавзӯъҳои доғи рӯзи ҷомеа, яъне ифротгароию тундгароӣ ва пайвастани бархе аз ҷавонон ба ин равияҳо,
бемориҳои масунияти бадан ва ғайра суҳбатҳои ҷолиб сурат гирифт. Дар рафти мулоқот ва суҳбат ҷавонон ба меҳмонон суолҳо дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Ҳамчунин, ҷавонони ноҳия изҳор доштанд, ки онҳо зидди пайвастани бархе аз ҷавонони ноогоҳ ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои тундрав мебошанд. Ва чунин амали онҳоро маҳкум месозанд.
Вохӯрӣ дар шаҳри Ваҳдат Сафари кории масъулини Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Вахдат доир ба аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон расондани муҳтавои
3
АХБОРИ ҲАФТА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №24 (9554), 14.06.2018
мулоқоту суҳбатҳои Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар самти пешгирии ифротгароӣ ва тундравӣ, бемориҳои вазнини сироятӣ, аз ҷумла масунияти бадан ва
ғайра доир шуд. Масъулини кумита дар якчанд минтақаи шаҳр бо шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, мулоқот доир намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро ба сомон расонданд.
Ташрифи гурӯҳи корӣ ба Кӯшониён
ХАТЛОН
Бо мақсади таҳлилу баррасӣ, натиҷагирӣ ва дар амал татбиқ намудани суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷамоатчигии кишвар, ки санаи 12 майи соли 2018 сурат гирифта буд, гурӯҳи корӣ ба муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои Кӯшониёни вилояти Хатлон сафарбар гардиданд. Гурӯҳи корӣ бо кормандони беморхонаи марказии ноҳия, КАТС-и Маркази стоматология, Маркази тибби оилавӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ва Маркази пӯсту сирояткунандаи ҷинсӣ, Беморхонаи ҷамоати деҳоти “Заргар” ва дигар муассисаҳо вохӯрӣ анҷом доданд. Гуфта мешавад, ки меҳвари аслии ташкили гурӯҳи корӣ, натиҷагирӣ ва татбиқи чорабиниҳои Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва глобалии замони муосир мебошад.
Оилаҳои ибратомӯз мактаби намунавӣ барои ҷавонон
9 июни соли ҷорӣ бо ибтикори Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант маҳфили “Оилаҳои ибратомӯз” бо иштироки се ҷуфт оилаҳои собиқадор ва намунавии деҳаи Хуррамдеҳи ҷамоати деҳоти “Гулистон” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 доир гардид, ки дар он зиёда аз 60 нафар ҷавондухтарон ва ҷавонписарон иштирок намуданд. Дар маҳфил сӯҳбат дар мавзуъҳои пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, пӯшидани либосҳои ба фарҳанги либоспӯшии мо бегона, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои
ифротгароӣ, нашъамандӣ, ҷинояткорӣ аз тарафи ҷавонон доир гашт. Инчунин, муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” баррасӣ гардид.
СУҒД
Мулоқотҳои “Маҳал ба маҳал” ва “Деҳа ба деҳа” дар Айнӣ Дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд вобаста ба расонидани муҳтавои мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки 12 майи соли 2018 бо фарогирии зиёда аз 900 нафар ҷавонону наврасон ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид, мулоқоти “Маҳал ба маҳал” ва “Деҳа ба деҳа” доир гардид. Тавре иттилоъ доданд, дар ҷамоати деҳоти Зарафшон, деҳаи Дардар ва дар маркази ноҳияи Айнӣ мулоқоти масъулини Кумита ва волонтёрон бо сокинони фаъоли ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ, варзишгарону мураббиён ва омӯзгорони ноҳия баргузор шуда, ҳамзамон, дар маркази ноҳия семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Солимӣ мароми мост” бо ҷалби ҷавонону наврасон гузаронида шуд.
Мусобиқаи волейбол миёни бонувон Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дастгирии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи волейбол байни бонувон баргузор гардид. Дар мусобиқа 90 нафар бонувон аз 7 дастаи шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон
Ғафуров, Хуҷанд, Конибодом, Ҷ.Расулов, Спитамен ва Ашт ширкат варзиданд. Мусобиқа хубу хотирмон баргузор гардида, ҷои аввалро дастаи ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷои дуюмро дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷои сеюмро бошад, дастаи ноҳияи Ашт соҳиб гардида, ба ғолибон медал ва ҷоми мусобиқа супорида шуд.
4
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №24 (9554), 14.06.2018
ҲУҚУҚИ ШУМО
Рӯзҳои 22-23 июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии Данғара форуми байналмилалии ҷавонон баргузор мегардад. Форуми мазкур “Идораи вақт ва муваффақияти ҳаёт дар асри ХXI” унвон гирифтааст, ки дар он хоҳишмандон – донишҷӯён, олимони ҷавон ва пажӯҳишгарон метавонанд иштирок ва суханронӣ намоянд.
давлатҳои ҷаҳон ба онҳо бештар такя мекунанду ояндаи миллату давлатро ба онҳо мебинанд. Хушбахтона, имрӯз фаъолияти ҷавонони кишварамон дар як марҳилаи кӯтоҳ дар самтҳои гуногун ба назар мерасад, ки ин ҳама шаҳодат аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад. - Рушди фаъолияти соҳибкории ҷавонон чӣ тавр мактаби комёбиҳо барои эшон шуда метавонад?
дар замири онҳо ифтихормандӣ аз дарёфти 1, 3 ва 5 сомонӣ бедор карда шавад. Инро мо ба шакли фанни таълимӣ зери номи “Рақобатпазирӣ ва худташаккулёбии шахсӣ” ба роҳ мондаем. Дар асоси фанни мазкур донишҷӯ бояд фикр кунад, ки “агар хоҳӣ миллионер бошӣ, мисли миллионер фикр намо”... Мақсади ташкили чунин форумҳо аз он иборат аст, ки мо бояд дар якҷоягӣ ба ҷавонон алиф-
донишгоҳи мо ҷавонон аз 45 шаҳру ноҳия таҳсил доранд ва дар доираи сиёсати давлатии ҷавонон мақсади аввалиндараҷаи мо ин дарки ваҳдати миллӣ аз ҷониби донишҷӯ, муттаҳид кардану дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо мебошад. Вақте донишҷӯёни мо худро як фарди муҳими ҷомеаи кишвар ҳисобида, пешравии давлатро барои худ шарафмандӣ донанд, пас мо худро қаноатманд
Дар ин ҳамоиши сатҳи ҷумҳуриявӣ масоили гуногун, вобаста ба дастовардҳои ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ, ҳамкориҳои ҷавонони тоҷик бо ҳамтоёни хориҷии хеш, рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон ва ғайра муҳокима мегардад. Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Данғара дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, иштироки ҷавонони фаъол аз кишварҳои гуногун бо истифода аз технологияҳои фосилавӣ дар назар аст. Перомуни ташкилу баргузории форум ва нақши ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон суҳбате доштем бо ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ Набот, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони азиз мегардонем. - Устоди муҳтарам, аз форуме, ки доир мегардад, чиро интизор шудан мумкин аст? - Агар мо аз нуқтаи назари эътимоднокӣ ва пойдории давлат, пешравии инноватсионии ҳар як кишвар назар афканем, нақши ҷавонон беназир аст. Аз ҳамин ҷиҳат Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд, ки ғояи ташкил намудани форум аз соли сипаригардида сарчашма мегирад. Бузургони мо дар бораи қадр кардани вақт таъкидҳои зиёде кардаанд, ки ҳамаи онҳо дар шакли панду андарз то ба мо омада расидааст. Яке аз мақсадҳои ҳамоиш пеш аз ҳама саҳме дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, баланд бардоштани нуфузи донишҷӯ ҳамчун заминаи боэътимоди идораи ақлҳо ва донишҳо дар ҷомеа мебошад. Форуми “Идораи вақт ва муваффақияти ҳаёт дар асри XХI” водор месозад, ки ҷавон назди худ мақсад гузорад ва фикр кунад, ки оянда корфармо аз вай чиро интизор аст. Мо бовар дорем, ки ин форум барои ташаккулёбии ҷавонон ёрӣ мерасонад. - Ҷавононро ояндасози миллат мегӯянд, мушаххасан гуфта метавонед, ки ҷавонони мо дар кадом самти фаъолияти иҷтимоии кишвар нақши назаррас доранд? - Қарни ХХI асри омӯзиши навгониҳо ва татбиқи онҳост. Моро зарур аст, ки технологияҳои ҷаҳониро дар сатҳи баланд омӯзем ва дар самтҳои фаъолияти иқтисодиёти кишвар татбиқ намоем. Нерӯи ақлонии ҷавонон имкони бештари қабул ва азхудкунии иттилову навгониҳоро дорад, аз ҳамин хотир дар тамоми
- Шартнома ин сармоягузорӣ ба нерӯи инсонист. Донишҷӯёне ҳастанд, ки тариқи шартнома ва қисмате тариқи ройгон таҳсил мекунанд. Барои ҳар як ҷавон падару модар сармоягузорӣ мекунад, ба умеде ки дар оянда фарзанд соҳиби касбу ҳунар гардад. Дар ин асос мо “Биржаи озоди меҳнат ва рушди фаъолияти соҳибкории донишҷӯён”-ро ташкил намудем, ки ба донишҷӯ имкони дар як вақт ҳам таҳсил намудан, ҳам асрори соҳибкориро омӯхтан ва дороии молиявии аввалини ҳаёти худро ба даст оварданро омӯзад. Кӯшиш карда истодаем, ки ҷавонон дар баробари таҳсил на танҳо дар шаҳр, балки дар деҳаҳои дурдаст низ корхонаҳои хурдро таъсис диҳанд, ки ин асоси мактаби комёбиҳои онҳо мегардад. Боиси хушнудист, ки аз замони таъсиси биржаи номбурда зиёда аз 300 донишҷӯи мо дар баробари таҳсил асосҳои соҳибкориро омӯхтанд ва дороии аввалини молиявии худро ба даст оварданд. Ин ба онҳо имкон дод, ки дар супоридани шартномаҳои донишгоҳ ба падару модари худ ёрӣ расонанд. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки агар ба ҷавонон мафҳуми соҳибкорӣ аз нуқтаи назари саҳм гузоштан ба пешварии зиндагии шоиста фаҳмонида шавад, ҷавонон дар баробари зиндагии худро ба шакли дуруст даровардан, инчунин барои ободонии кишвар саҳм мегузоранд. Нақша дорем ин иқдомро дар сатҳи маҳал низ роҳандозӣ кунем. Барои ин моро зарур аст, ки аз ҳаёту фаъолияти он ҷавонони маҳал, ки гӯшаеро обод, ниҳолеро парвариш мекунанд ва ба буҷаи оилаи худ маблағи ночизе ҳам бошад ворид месозанд, филмномаҳо омода кунем, ки барои дигарон намунаи ибрат шавад ва дар баробари маблағи бо меҳнат ба даст овардаи худ, инчунин соҳиби грантҳои Биржаи озоди меҳнат ва рушди фаъолияти соҳибкории донишҷӯён гардад. - Аз нигоҳи Шумо ҷавонон маблағи бадастовардаашонро то куҷо самаранок истифода бурда метавонанд? - Он донишҷӯёне, ки дар баробари таҳсил ба соҳибкорӣ машғуланд, барои онҳо дарёфти як сомонӣ арзиши бузург дорад. Мушкил дар он аст, ки аксар ҷавононе, ки вақти худро ҳангоми таҳсил бе ягон машғулиятҳои иловагӣ мегузаронанд, баъди хатми донишгоҳ ба корхонаҳо рафта кор намекунанд ва сабабашро дар кам будани маош медонанд. Дар доираи ҳамин форум мо идораи дороиҳои фардӣ барои расидан ба саодатмандии ҳаётро ба роҳ мондаем, ки ба ҷавонон роҳҳои осони он фаҳмонида мешавад ва
бои дарёфти дороии аввалини зиндагиро ёбем. Худро нотавон ҳис кардан, дилмонда шудан аз маоши кам, солҳо ба коре машғул нашудан ин мушкилоти ҷавонон аст, ки аз тариқи чунин форумҳо бояд бартараф карда шаванд. Тибқи нақша мо форумро давоми 3 сол аз сатҳи шаҳр то ба сатҳи маҳал бояд барорем. Манзур дар ҳар як кӯчаву маҳалла ҳам ҷавонон бояд роҳҳои ба даст овардани маблағ ва истифодаи самараноки онро ёд гиранд. Мирсаид Миршакар агар “Қишлоқи тиллоӣ”-ро дар хаёл оварда бошад, имрӯз моро зарур аст, ки бо такя ба ҷавонон ин дарахти орзуи шоири шинохтаро ба “деҳаи дилрабои воқеи” амалӣ гардонем. Боиси қаноатмандист, ки дар донишгоҳ аз соли таҳсили гузашта якумин донишҷӯёнро аз рӯи ихтисоси “сохтмони деҳот ва беҳсозии муҳит” ба донишгоҳ қабул намудем, ки онҳо дар як соли таҳсил зиёда аз 30 лоиҳаи назардиди нави деҳаҳоро пешниҳод намуданд, ки дар доираи форум аксарияти онҳо хоҳанд шуд. Чунин омодагии донишҷӯён заминаи боэътимоди дар амал татбиқ намудани масъалагузориҳои Пешвои муаззами миллат оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи навсозиҳои деҳот мебошад. Мо ният дорем, ки барои расидан ба ҳадафи мазкур новобаста аз ихтисос ва равияҳои фарогирии таҳсил ҳайати муваффақи донишҷӯёнро ба шаҳру ноҳияҳо ҳамчун “дастаи донишҷӯёни созанда” фиристем то ки ҳар яки онҳо дар рушди инноватсионии кишвар саҳм гузошта тавонанд. Аз ин нуқтаи назар мо бояд дар мафкураи донишҷӯ эҳсоси онро, ки “таҳсил дар донишгоҳ ин гузашти фиреби вақт нест” ва дар баробари гирифтани донишҳои зарурӣ, инчунин замони лоиҳакашии нақшаи зиндагии шоиста низ мебошад. - Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар донишгоҳ чи гуна ба роҳ монда шудааст ва ин сиёсати пешгузошта Шуморо қаноатманд мекунад? - Ин саволест, ки бояд аз худи ман сар карда то охирин корманди донишгоҳ ҳар рӯз бояд ба худ диҳад. Мо дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҳафт талаботи рақобатпазирии донишҷӯро муайян кардем ва дар банди якуми он навишта шудааст, ки таҳсил дар донишгоҳ ин фиреби гузашти вақт нест. Ин донишҷӯро водор месозад, ки бо ҳама дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат бояд ба дониш ва созандагии худ ҷавоб гардонад. Дар
меҳисобем. - Дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон кадом камбудиҳо вуҷуд доранд ва ҷиҳати бартараф намудани онҳо чи чораҳо андешида мешавад? - Дар замири донишҷӯён имрӯз бовар надоштан ба худ эҳсос мешавад. Онҳо баъди интихоби касб тариқи Маркази миллии тестӣ бояд дар замирашон боварӣ ба худ ва худтарбиянамоиро бештар зинда гардонанд. Ин давраест, ки ҷавон аз оғӯши падару модар берун мешавад ва бояд устувор бошад. Барои устувор қадам задану устувор иқдомеро роҳандозӣ кардан ба худ бовар доштан нақши калон мебозад, ки мутаассифона дар мафкураи аксар ҷавонон ин ҷой дорад. Мо нақша дорем, ки худпурсӣ, худташаккулдиҳӣ ва дар ҷомеа худро шахси зарурӣ шумориданро дар замири ҷавонон бештар намоем. Барои ин моро зарур аст, ки корро аз мактабҳои миёна оғоз кунем. Пешравии ҳаётро шахс бояд аз чи гуна дур намудани мушкилиҳо бинад, на дар он пайроҳае, ки доим муваффақият дорад. Ҳар гуна муваффақият дар худ душворӣ дорад, ки ҷавонон бояд инро дарк кунанд ва барои бартараф намудани мушкилот ҳамеша омода бошанд. Ин асоси кори мост. - Аз нигоҳи Шумо зиракии сиёсии ҷавонон дар кадом сатҳ қарор дорад? - Тоҷикистони азизи мо аз мактаби созандагию шарафмандӣ, ҷасоратмандию хирадмандии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат ифтихор менамояд, чунки ин намунаи ибрат ба ҷаҳониён гардидааст. Ба қадри ана ҳамин зинаҳои таърихӣ бо муваффақият расидан ва онро омӯхтану паҳн намудан, ба насли оянда поку беолоиш расонидан - ин аз зиракии сиёсии ҷавонон вобастагии калон дорад. Маҳз ба ҳамин хотир дар Донишгоҳи давлатии Данғара Парламенти донишҷӯён таҳти унвони “Омӯзиши асрори муваффақият, сифатҳои пешвоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди инноватсионии кишвар”, ташкил гардидааст ва дар асоси он дар ҳамаи зинаҳои таҳсил озмунҳои озод, дарсҳои тарбиявӣ ва маҳфилҳои рушди зеҳнии донишҷӯён ташкил гардидаанд. Шукронаи Истиқлолият, ки имрӯз ҷавонони мо ин мафҳумҳоро дарк намуда истодаанд ва пайравони сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат мебошанд.
Вақт ва муваффақият - заминаи ташаккулёбӣ ва худшиносии ҷавонон
- Дар донишгоҳ кадом корҳои дигаре ба нақша гирифта шудаанд, ки метавонад дар оянда мавзӯи форум бошад? - Тибқи қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Данғара соли таҳсили 2018-2019 “Соли донишҷӯ ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯэгор дар раванди татбиқи навгониҳои педагогӣ эълон гардидааст. Дар доираи пешниҳоди мазкур, донишгоҳ ният дорад, ки донишҷӯён тавонанд дар ҳамкорӣ бо хонандагони муассисаҳои ТМУ, коллеҷҳо, гимназияҳо ва дигар марказҳои рушди зеҳнӣ лоиҳаҳои эҷодӣ ва инноватсионӣ таҳия намоянд, ба омӯзгороне, ки бо донишҷӯён дарси адаб ва донишҳои гуногун омӯхтаанд, татбиқи технологияҳои навинро ёрӣ расонанд, маҳфилҳои забономӯзӣ ва технологияи компютериро ташкил намоянд, барои ёрӣ ба падару модар аҳдномаи якҷояи пешравии ҳаётро амалӣ созанд, нақшаи зебосозӣ ва беҳсозии деҳотро, натанҳо пешниҳод намоянд, балки кори курсӣ ва дипломӣ иҷро намоянд, инчунин тавонанд гӯшаеро дар доираи имкониятҳо обод созанд, нуқтаи рушди соҳибкориро ташкил диҳанд (сартарошхона, кошонаи ҳусн, коркарди меваҷот, маркази мӯди нави либосҳо, таъмири техникаи компютерӣ ва дигар фаъолият). Вобаста ба муваффақияти донишҷӯён ректорати донишгоҳ ҷоизаҳои махсус ва инчунин холҳои ҳавасмадгардонӣ зимни натиҷагирӣ аз сессияҳои имтиҳониро ба нақша гирифтааст ва омӯзгорону роҳбарияти донишгоҳ боварӣ дорад, ки ин иқдом ба рӯҳияи созандагӣ, ифтихор аз ватандорӣ, худташаккулёбии донишҷӯён ва дарёфти ҷои кор дар бозори озоди меҳнат мусоидат хоҳад кард. -Дар охир ба ҷавонон чӣ гуфтаниҳо доред? - Ба ҷавонон мегуфтам, ки “ҳамеша ба пеш - ба сӯи муваффақиятҳои беназир бояд ҳаракат намуд” ва дар ҳаёт доимо завқманду ва аз ҳама муҳимаш болидахотир бошанд, ба худ бовари дошта бошанд, омодаи заҳмат кашидану ба муваффақият расидан бошанд он чи ки бузургони ҷаҳон, аз он ҷумла, Симона де Бовуар - нависандаи фаронсавӣ файласуф фармудааст: Ҳаёти худро маҳз ҳамин рўз тағйир диҳед, ба умеди оянда нашавед. Ба фаъолият бе ягон дермонӣ шуруъ намоед. Шахс доно ба дунё намеояд, одам барои доно шудан заҳмат мекашад! Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №24 (9554), 14.06.2018
5
МУЛОҲИЗА
Дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуда буданд: “Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо “Соли ҷавонон” маҳдуд намешавад. Ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд”. Ин суханҳо собитгари онанд, ки кору фаъолияти ҷавонон - ин қишри ояндасози ҷомеа ҳаргиз аз мадди назари давлату ҳукумати мамлакат дур набуд ва нест. Ин ҷавононро уҳдадор месозад, ки ташаббускори амалҳои созанда буда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, алайҳи ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа мубориза баранд, дар ҳифзи амнияти кишвари маҳбуб ҳамеша омода ва посдори таъриху фарҳанги ғании халқамон бошанд. Чун онҳо дар радифи тамоми мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Тибқи маълумоти оморӣ беш аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон ҳамон қишре мебошанд, ки аз 14 то 30 сол доранд. Аз назари равонӣ ва динӣ ин синну сол ҳамон марҳилаест, ки дар доираи он шахсият аз ҳама ҷиҳат ба камол мерасад ва муҳимтар аз ҳама мафкураи ҷавон ташаккул меёбад. Мисоли рӯшани ин зиндагиномаи адибону олимони маъруфи гузаштаамон аст, ки дар синни 25-30-солагӣ бузургиву шаҳомат ёфта буданд ва боқии умрро ба эҷодиёт ва ихтироъ, яъне дар амал татбиқ намудани самараи диду бозёфтҳояшон, сарф намуданд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим ҳокимону сиёсатмадорон, донишмандону лашкаркашон ба ақлу зако-
Ҷавонон - чашми бедори Ватан ват, бозую соҳибҳунарии насли ҷавон эътимоди зиёд доштанд. Ба таъкиди корманди собиқи Вазорати корҳои дохилӣ С. Мирзозода “Давраи ҷавонӣ давраи талоши инсон барои пайдо намудани шуҳрату ном, касбу кор ва фаъолияте мебошад, ки барои ояндаи ӯ зарур аст. Маҳз дар ҳамин давра шахсияти инсон шакл гирифтаву минбаъд чӣ гуна рушд кардани он аз мо, волидон, устодон, мураббиён, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дар маҷмуъ ҳар як узви ҷомеа вобастагӣ дорад”. Вазъи мураккаби ҷаҳон ва минтақа имрӯз пешорӯи насли ҷавон имтиҳони сангин, вале пуршараферо гузоштааст, ки он бар дӯш доштани масъулияти тақдири ояндаи Ватан, муҳофизати марзу буми он, пешбурди кулли соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад. С. Абдулқодирзода - раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониаш дар конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” аз ҷумла гуфта буд: “Бе ахлоқи ҳамида ва рафтори дурусти инсонӣ ҳеҷ гоҳ шахсиятҳои комил тарбия карда намешавад. Агар ахлоқ комил набошад, ҳатто мутахассиси олидараҷа наметавонад барои ватан ва миллаташ манфиате биёрад”. Номбурда сабаби афзоиши ҷинояткории ҷавонон, ноустувории оилаҳои ҷавон, майли иддае аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву экстремистӣ ва амсоли инҳоро ноогоҳӣ аз таълимоти асили исломӣ дар заминаи мазҳаби ҳанафӣ унвон намуда, омилҳои асосии ба ин мушкилот мувоҷеҳ гаштани ҷавононро номбар намуда буд. “Баланд бардоштани ахлоқу маънавият, пурзӯр намудани кори идеологӣ тавассути созмон додани сомонаҳои махсус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва таваҷҷуҳи хосса ба таълимоти асили динии ҷавонон аз омилҳои асосии баланд бар-
доштани маърифатнокии ҷавонон маҳсуб меёбанд, - мегӯяд ӯ. - Дар шароити имрӯза пеши роҳи ҳуҷуми фарҳанги оммавӣ ва пурзиёни ғарбиро, ки идеологияи барои миллати мо бегонаро таблиғ мекунанд, гирифтан то ҳадде имконнопазир шудааст. Акнун интернет мавқеи китобҳои коғазӣ ва минбари суҳбату муколамаҳоро хеле танг кардааст. Ба созмонҳои ҷамъиятии ташаббускор ҷалб намудани ҷавонон низ мушкил шудааст. Ба қавли дигар гӯем, дар сатҳи мафкуравӣ халои маънавӣ пайдо шудааст, ки онро пур кардан лозим меояд”. Хушбахтона, тафаккури имрӯзаи аҳли ҷомеаи навбунёди мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта нест. Мардум оқибатҳои нанговари ҷанг ва ҳар гуна тарғиботи ғаразнокро дарк мекунанд. Муттаҳид гардидан дар атрофи Сарвари давлат, риоя ва эҳтироми қонунҳо, худшиносӣ ва худогоҳӣ ин омилҳои асосии рушди ҷомеаи имрӯза мебошанд. Ҳамагон медонем, ки талошҳои пайвастаи Пешвои миллатро ҷиҳати ободиву сарсабзии кишвар бояд эҳтиром гузошт. Имрӯз миёни мо ҷавонони бедордиле ҳастанд, ки дар партави сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари мамлакат кору фаъолият намудану ба Ватану миллати худ содиқ буданро қарзи фарзандии хеш мешуморанд. Яке аз чунин ҷавонони шуҷоъ ва содиқи кишвар, донишҷӯи Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ Расулҷон Пиров андешаҳояшро перомуни ин мавзуъ чунин баён намуд: “Насли боҳуши имрӯз хуб медонад, ки оромиву осудагии Ватани азизамон, ки имрӯз мо дар фазои суботи ҳамешагӣ ба сар мебарем, дар натиҷаи заҳматҳои беназири Пешвои миллат, инчунин дар баҳои ҷони наслҳои гузаштаи мо ба даст омадааст. Мо медонем, ки чунин дасисаҳои беруна ва
зудбоварии падарони мо солҳои навадуми асри гузашта чӣ гуна талафоти бузургеро ба сари миллати мо овард. Ин насли ҷавон, ки дар даст парчами сулҳ дорад, ҳеҷ гоҳ онро бо силоҳу дастгоҳҳои сиёсии ғаразноки ифротиён иваз намекунад. Ягон силоҳи бузургтарини олам дар муқобили парчами сулҳи ҷавонони тоҷик истода наметавонад. Зеро ҷавонони имрӯз ба муқобили бадӣ бо некӣ пирӯз шуданро омӯхтаанд!” Беҳрӯз Сироҷиддинзода, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ аз дастгириву ғамхориҳои Сарвари мамлакат бо як ҷаҳон эҳсоси фараҳмандӣ сухан меронад. Ӯ мегӯяд: “Бешубҳа, тамоми кишварҳои олам Тоҷикистонро ҳамчун мунодии сулҳу дӯстӣ эътироф намуда, аз таҷрибаи сулҳи он истифода менамоянд. Имрӯз ҷаҳониён медонанд, ки тоҷикон аз азал дорои хиради фавқулода буда, ҳеҷ равияи ифротӣ наметавонад иттиҳоди моро маҳву ҷамъи моро парешон намояд. Ва дар ягон кишвари дунё мисли Тоҷикистон аз дастовардҳои илмиву назариявии ҷавонон чунин дастгириву пуштибонӣ намешавад. Имрӯз ҷавонони зиёде аз ҳисоби буҷаи давлат дар кишварҳои хориҷ таҳсил намуда, соҳиби маълумоти ҷаҳонӣ мешаванд, ки ҳама натиҷаи заҳмату талошҳои бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад”. Албатта, боварӣ ба ояндаи нек, боварӣ ба худу ба дигарон дар зиндагии одамон нақши муҳим мебозад. Хушбахтона, ин ҷавҳар дар муҳити Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дар замири ҷавонони бонангу ори он вуҷуд дорад. Хушо, ба ҳоли давлату миллате, ки чунин Сарвари ғамхору чунин ҷавонони бедор дорад! Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
Фаъолияти ҷавонони илмдӯст аз лиҳози миқдору сифат хуб шудааст Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба масъалаи илму дониш назари махсус зоҳир гардида, ҷиҳати рушду инкишоф ва баробар будани он ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҷавонон, ки қишри созандаву ояндаи кишвар маҳсуб меёбанд, бо таваҷҷуҳ ба раванди рушди соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба фаъолияти илмӣ машғул буда, ба дастовардҳои хубе ноил гардида истодаанд. Яке аз механизмҳое, ки имрӯз ҷавонони соҳибилмро гирди ҳам овардааст, ин дар фазои илмии кишвар фаъолият намудани Шӯрои олимони ҷавони (ШОҶ) ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Шӯрои олимони ҷавон солҳои 50-уми асри гузашта таъсис ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ, аниқтараш соли 2015, низомномаи он аз нав қабул шуд. Ҳоло он дорои 18 бюро буда, 200 нафар олимону муҳаққиқони ҷавон аъзои Шӯроянд. Тибқи Низомнома ШОҶ ҳар моҳ на кам аз ду маротиба семинарҳои илмӣ-амалиро баргузор менамояд. Инчунин барои дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани ҳафтаи ҷавонон ҳар сол аз ҷониби ШОҶ конференсияи байналмилалӣ зери унвони “Нақши
ҷавонон дар рушди илм, инноватсия ва технология” гузаронида мешавад, ки ҳадаф аз он саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар мебошад. Имрӯз дар радифи фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии олимону муҳаққиқони ҷавон, ки ба илм сару кор доранд, корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст, ки яке аз онҳо таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон мебошад. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, бо мақсади рушду инкишофи иқтидори илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии олимони ҷавон мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998, №301 “Оид ба тасдиқ намудани Низомнома дар бораи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд” таъсис дода шудааст. Шумораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ 12 (дувоздаҳ) адад буда, маблағи ҳар кадоми он баробар ба 1000 (ҳазор) долари ШМА мебошад.
Бояд ёдрас шуд, ки Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои тадқиқоти илмию амалӣ дар самтҳои зерин – барои тадқиқоти илмие, ки ба инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб мусоидат менамояд ва барои коркард ва азхудкунии техника, материалҳо ва технологияи пешқадам, ки суръати афзоиш ва самаранокии пешрафти иқтисодиёту иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам менамоянд, дода мешавад. Барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ҳар сол Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмун эълон менамояд ва дар доираи озмун ғолибони ҷоиза муайян ва мукофотонида мешаванд. То имрӯз даҳҳо нафар олимони ҷавон бо ҷоизаи мазкур сазовор гардида, он аз ҷониби Пешвои миллат ба ғолибон супорида шудааст. Чун имрӯз ҷавонон бо дасту дили гарм ба илм машғуланд, ояндаи илм низ тобнок хоҳад буд. Аҳлиддин Саидмуминов, яке аз олимони ҷавон ва дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ин нуктаро таъқид намуда гуфт: “Мо мушоҳида мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо чӣ гуна ба илм таваҷҷуҳ
доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ояндаи илми Тоҷикистон умедбахш аст. Илми мо ҳатман ба қуллаи мурод рафта мерасад, ки ин, албатта, ифтихори мост”. Ба таъкиди Фаридун Давлатов, олими ҷавони дигар ва дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ бошад, “дар қиёс ба солҳои пешин машғул шудани ҷавонон ба корҳои илмӣ ҳам миқдоран ва ҳам сифатан бараъло фарқ мекунад”. “Аслан машғул шудан ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ кори осон нест. Чун вақте ки шахс ба фаъолияти илмӣ сару кор мегирад, бояд дар ҳамон соҳа ва ё самте ки интихоб намудааст навоварӣ намояд. Аз ин хотир, албатта ин чиз мушкилоти худашро дорад. Нафаре мегӯяд, ки илм ба осонӣ ба даст меояд, ин комилан нодуруст аст. Дар ин самт мушкилӣ ба он маъное, ки мо пештар мефаҳмидем, албатта нест, лекин дигар душвориҳо ҷой дорад, ки танҳо заҳмат кашидан лозим
аст, то ҳамаи он бартараф гардаду ба ҳамон ҳадафи аслии худ рафта расем. Имрӯз шароит барои инкишофу рушд ва машғул шудан ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар ҷумҳурӣ дар доираи фаъолияти ҳам муассисаҳои олӣ ва ҳам муассисаҳои таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Танҳо истифода бурдан лозим аст”, - гуфт Фаридун Давлатов. Дар воқеъ, фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон ва таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм аз ҷониби Ҳукумати кишвар аз намунаҳои олии таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат нисбати ҷавонони моил ба илм маҳсуб ёфта, дар ин росто танҳо олимону муҳаққиқони ҷавонро мебояд то аз ин ҳама имкониятҳо самаранок истифода намоянду бо фаъолияти илмии хеш саҳми худро дар рушди илми кишвар гузоранд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
6 ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ Фаъолияти волонтёрӣ дар замони муосир барои ҷавонон мактаби бардошти таҷрибаҳову имкониятҳо ба шумор меравад. Ҷавононе, ки имрӯз фаъолияти волонтёрӣ доранд, метавонанд худро дар дилхоҳ самт санҷишу озмоиш намоянд. Маҳз волонтёрӣ дар ҳамаи самту соҳаҳо имкони бардошти таҷриба гаштааст. Фаъолияти волонтёрӣ барои ҷавонони зиёд баҳри такмилу ташаккул имконоти мусоидро фароҳам овард. Волонтёрон дар баробари хизмати содиқона ба ҷомеаву халқ истеъдодҳои худро нишон дода, Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Аз рӯи ҳисоботҳо дар кишвари мо зиёда аз 4252 нафар ҷавонону наврасон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш ба ҳайси волонтёр кор ва фаъолият намуда истодаанд, ки аз ин шумора 1162 нафар дар вилояти Хатлон, 896 нафар вилояти Суғд, 630 нафар ВМКБ, 854 нафар шаҳру навоҳии тобеи марказ ва 613 нафар дар шаҳри Душанбе мебошад. Гузашта аз ин, нафароне, ки аз ин мактаби бузург гузаштаанд, имрӯзҳо бо донишу малака ва таҷрибаи аз худ карда дар вазифаҳои гуногуни хизматчии давлатӣ аз рӯи касбу кори мухталиф фаъолият доранд. Дар зимн аз чанд нафар кормандони касбу кори гуногун, ки аз мактаби волонтёрӣ гузаштаанд, бо як савол муроҷиат намудем: “Волонтёрӣ ба Шумо чӣ дод?”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №24 (9554), 14.06.2018
Хайрхоҳӣ шараф аст, биёед
Амирҷон Урунов, сафири ҷавони Бозиҳои олимпии наврасон Буэнос Айрес 2018: Фаъолияти волонтёрӣ беҳтарин имкониятҳоро барои ман фароҳам овард. Муҳимтаринаш бо ҷавонони фаъолу ташаббускори ҳамаи манотиқи кишвар шиносоӣ пайдо кардам ва дӯстони зиёде дарёфтам, ки бароям як ҷаҳон сарфарозӣ аст. Ҳамарӯза мо истеъдоду малакаҳои худро рушд медодем. Орзуям маҳз дар ҳамин ҷо амалӣ гашт. Волонтёрӣ дар ҳақиқат ба ҷавон имконият медиҳад, ки дар ҳама гуна ҷода ва соҳаҳаи интихобнамуда худро санҷад. Умуман, маҳорати дипломатияро, ки аз хурдӣ дар вуҷудам буд, дар ҳамин ҷо рушд додам. Бо ифтихор иброз менамоям, ки дар муддати се соли охир волонтёри Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошам. Бешак бароям иштирок дар конфронсҳову семинарҳо, тренингҳову форумҳо қобилияти ташкилотчигиву сухангӯиямро рушд дод. Фаъолияти самараноки волонтёрӣ то имрӯз маро ду маротиба ба давлатҳои хориҷа ҷиҳати муаррифӣ ва бардошти таҷрибаҳои дигар давлатҳо дар самти фаъолияти ихтиёрӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин - "Лагери ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ" ва Федератсияи Русия - "Фестивали ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён"
расонид. Омӯзиши малакаи кор бо компютер ва тарзи самараноки истифодаи сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ, бо фаъолияти волонтёрӣ ба ман робитаи зич дорад. Маҳз тариқи волонтёрӣ ҷавон метавонад худро бо ҷамъияту ҷамъиятро бо худ шинос намояд. Айнан чунин имконияти бузург ба ман дарёфт шуд. Намояндаи Тоҷикистон ва сафири ҷавони Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос Айрес - 2018 дар кишвари Аргентина интихоб шуданам, дастоварди бузургест, ки шарафёбӣ ба ин унвони баланд низ маҳз тариқи фаъолияти хайрхоҳӣ ва ихтиёрии волонтёрист.
Шукрона ҲАКИМОВА, мутахассиси шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии КМОТ: - Муваффақ буданам дар зиндагӣ ин худ аз волонтёрии ман аст. Қаблан ҳамагӣ як донишҷӯ будам, ба дарс ва китобхона мерафтаму халос. Вақте ки ба фаъолияти волонтёрӣ шуруъ намудам, қабл аз ҳама дӯстони зиёд пайдо намудам, ки бо ҳар яки онҳо ифтихор дорам. Кор дар идораҳои давлатиро аз худ намудам. Фаъолияти волонтёрӣ ба ман имкон дод, ки дониш ва маҳорату малакаи худро такмил диҳам. Ҳамзамон аз ҳунари пазандагӣ, кор бо барномаҳои компютерӣ, омӯзиши забонҳои хориҷиро низ
аз худ созам. То машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ аксари мавзеъҳои сайёҳиву таърихии кишвари маҳбубамонро надида будам. Фаъолияти волонтёрӣ ба ман имкон дод, ки ба тамоми шаҳру навоҳии кишвар сафар намуда, бо расму оин, маконҳои таърихию сайёҳии кишварамон аз наздик шинос шавам. Волонтёрӣ ба ман ташаббускориву ташкилотчигиро омӯзонид. Иштироки ҳамарӯза дар конфронсу мизҳои мудаввар ва семинару вохӯриҳои гуногун диду таҷрибаамро васеъ кард. Маҳз фаъолияти волонтёрӣ буд, ки имконияти иштирок дар форуми "Волонтёри сол" миёни давлатҳои ИДМ шаҳри Маскави Федератсия Русия пайдо кардам. Волонтёриам сабаб шуду ба ҳайси мутахассис оид ба коргузорӣ дар КВД "Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе" қабул шудам.
Руҳангез ПИРМАҲМАДОВА, хабарнигори нашрияи “Оинаи Рашт”: - Ман соли 2014 ҳамчун волонтёр ба Клуби волонтёрони ноҳияи Рашт ворид гардидам. Аз соли 2014 то соли 2017 ба ҳайси роҳбари шӯрои духтарон дар Клуби волонтёрон фаъолият намудам ва аз 1 январи соли 2018 инҷониб роҳбарии Клуби волонтёронро дар минтақаи Рашт ба уҳда дорам. Дар муддати фаъолияти 4 солаи худ дар Клуби во-
лонтёрон ба комёбиҳои назаррас ноил гардидам. Аз рӯзе, ки ба Клуби волонтёрон ворид гардидам, зиндагиам куллан тағйир ёфт. Дарк намудам, ки ҳар инсон дар зиндагӣ мавқеъ ва вазифаи худро доштааст. Ҳар яки мо аз лаҳзаи таваллуд ҳамчун волонтёр ба дунё меоем, яъне ихтиёран кӯмаку дастгириро, аввал ба наздикону волидони худ, баъдан бо тавони доштаамон нисбати дигарон дареғ надорем. Имрӯзҳо масъулияти худро дар вазифаи ба уҳда доштаам дучанд эҳсос намуда, баҳри ободии кишвар ва осоиштагии аҳолӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба клуб ва тарбияи онҳо дар роҳи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва ба воя расонидани ихтиёриён, ташкилотчиён ва кадрҳои соҳибилми ҷомеа талошҳо карда истодаам. Аз волонтёр будани худ ифтихор дорам, зеро Клуби волонтёрон маро дар чунин рӯҳияе тарбия намудааст, ки шодиву ғам ва озодии худро дар чеҳраи дигарон мебинам. Яъне ихтиёран ба ғаму шодии онҳо ҳамроҳ гардида, ихтиёран ҳамнафасашон мегардам. Ин мақсади асосии зиндагии ман гардидааст ва то охирин нафас талош мекунам, ки волонтёр боқӣ бимонам.
Шодмон НУРМАТОВ, роҳбари хадамоти матбуоти Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд:
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №24 (9554), 14.06.2018
ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ
- Фаъолияти волонтёрӣ барои ман имкон фароҳам овард, ки хислатҳои накӯи инсонии хешро барои аҳли ҷомеа расонида бошам. Зимни фаъолияти волонтёрӣ имкон пайдо намудам, ки дар меҳмониҳо, лагерҳо, форум ва фестивалҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва берун аз он дӯстони зиёд пайдо намоям ва ба ин восита аз фарҳанги дигар минтақаҳои кишвари азизам ва хориҷа бохабар бошам. Умуман, доир ба фаъолияти волонтёриам агар маълумот диҳам, ранги қалам камӣ мекунаду, сатрҳо кутоҳӣ. Ман ҳамагӣ қариб 4 соли фаъолияти волонтёрӣ дораму танҳо афсӯс аз он мехӯрам, ки фаъолияти худро андак дер оғоз намудам. Чаро? Чун ин фаъолият ба ман бисёр чизҳо омӯзонид, чӣ гуна хайрхоҳ
- Ҷавон он вақт такмил меёбад, ки ҷамъияти зиёдеро бубинад ва дӯстони зиёде дошта бошад. Мактаби волонтёрӣ дунёи ташаккули ҷавон аст. Аз овони мактабхонӣ ба фаъолияти волонтёрӣ шуруъ намудаам. Тақрибан синфи 7 будам. Фаъолияти волонтёриро дар доираи лоиҳаи "Пешгирии ВНМО/ БПНМ миёни ҷавонони деҳот", ки лоиҳаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (имрӯза Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш) буд, оғоз кардам. Аслан, хайр кардану дар хидмати ҷомеа будан бузургтарин манфиати маънавиро меорад. Аз амали хайру савоб инсон роҳату ҳаловати равонӣ мегирад. Фаъолияти волонтёрӣ бароям имкон дод, ки мушкилоту проблемаи ҷомеаро дарк кунам ва то ҳадди имкон ёриамро дареғ надорам". Фаъолияти волонтёриро дар ташкилоти ҷамъиятии "Ҷавонони
масъалаҳои умумӣ ва робита бо ВАО фаъолият менамоям. Бояд гӯям, ки маҳз мактаби волонтёрии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш буд, ки имрӯз дар фаъолияти кориам бе ягон мушкилӣ аз ӯҳдаи мансабиам сарбаландона баромада истодаам.
буданро дар қалбам ҷой намуд. Дар баробари ин ҳама, ҳамчунин дар ҷодаи ихтисосам таҷрибаи бузургро дар ин муддати кӯтоҳ ба ман дод. Ин фаъолият ба ман воқеан, шахси ватандӯсту хештаншинос, меҳанпарвару накӯкор буданро омӯзонид. Дӯстони нав, шахсиятҳои бузург ва хирадманд, ҷавонони соҳибистеъдоду ихтироъкорро пайдо ва шинос шудам. Ман фикр мекунам, ин фаъолият барои ҷавонон аст. Ҷавононе, ки дар асл, накӯӣ ва ватандӯстиро дарк мекунанду мехоханд, дар пешбурди ҷомеа ҳиссагузор бошанд. Ҷавононе, ки худро пайравони асили Пешвои муаззами миллат меҳисобанду мехоҳанд мактаби бузурги хирадмандонаашро омӯзанд. Ман ба тамоми ҷавонони хештаншинос ва ватандӯст муроҷиат карда гуфтаниям: Ҳамсолони гиромӣ худро шахси ватандӯст ҳисобед, агар мехоҳед, нафари комилан ҳимоятгари таъриху фарҳанги аҷдодонамон бошад дар ҷомеа саҳмгузорӣ намоед, биёед, ҳама даст ба дасти ҳам мегузорему ба мисли гулҳои як чаман, ангуштони як даст, шохаҳои як дарахт, шохобҳои як рӯд ва ниҳоят, фарзандони як модар шуда, волонтёр мешавем.
ташаббускори Тоҷикистон", як муддат дар ТҶҶ "Насли ҷавони Тоҷикистон", Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе ва Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон анҷом додам. Ҳамчунин дар вазифаи ҷамъиятии ёрдамчии Котиби Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон фаъолият намудам. Дар ҷараёни фаъолияти волонтёрӣ дар баргузории лагерҳо, барномаҳову чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба ҳайси ихтиёрӣ саҳми худро гузоштам. Дар форуми ИТҶТ, ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз Даҳсолаи байналмилалии амал - "Об барои ҳаёт", Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таҳти унвони "Ташаббусҳои волонтёрӣ", ҷаласаҳои Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай иштирок намудам. Вақте ки соли 2013 ба шаҳри Душанбе омадам, фаъолияти волонтёриамро хостам, идома бидиҳам. Ба Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе муроҷиат намудам ва қабул гаштам. Волонтёр буданам дар пойтахт бароям ифтихори баланд гардид. Маҳз дар пойтахт имкону шароити фарохтари фаъолият намуданро дарёфтам. Боиси ифтихори ман аст, ки ғолиби аввалин озмуни ҷумҳуриявии "Волонтёри сол" шудам. Ин ғолибият бароям баландтарин қулла гардид. Фаъолияти волонтёрӣ бароям имкон дод, ки мақоми устуворро дар ҷамъият пайдо намоям. Воқеан ҳам, фаъолияти волонтёрӣ барои ҷомеа, хусусан барои қишри асосӣ имкониятҳои зиёдеро дар роҳи бедор кардани истеъдод, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву ҳувияти миллӣ, ташаккулёбӣ ва муаррифии ҷавон фароҳам меоварад. Дар мактаби волонтёрӣ истеъдоди журналистиамро такмил дода, имрӯз ба ҳайси ёрдамчии раиси шаҳри Истаравшан оид ба
Рафоҳати ФАЙЗАЛӢ: мутахассис - коргузори КВД “Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе”: - Волонтёр кист ва чӣ вазифа дорад? Маҳз ҷустуҷӯи посух ба ин савол маро ба ҳаёти волонтёрӣ ворид намуд. Чанд сол қабл ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коромӯзӣ омадам. Мехостам дар баробари таҳсил ба худ таҷрибаи корӣ низ гирам. Намедонистам, ки кумита ба ман натанҳо таҷриба, балки хислатҳои нав, дӯстони нав, муҳити
волонтёр мешавем!
Шералӣ АЗИМӢ, ёрдамчии раиси шаҳри Истаравшан оид ба масъалаҳои умумӣ ва робита бо ВАО:
наву оилаи муттаҳид дода, дар ин радиф малакаи нуҳуфтаамро низ бедор месозад. Хотиротамро варқгардон намуда, пеши рӯ лаҳзаҳои нотакрори ҳаёти волонтёриро меорам. Нафърасонӣ ба ҷамъият шиори волонтёрист. Маҳз бо ҳамин мақсад дар тӯли фаъолияти волонтёрӣ ба мактаб - интернатҳои тамоми гӯшаву канори мамлакат рафта, миёни кӯдакон бозиҳо ташкил намуда, ба онҳо дунёи умед мебахшидем. Моҳи июли соли 2017 ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бо мақсади расонидани кӯмаки моддӣ ба дастпарварони мактаб - интернати ноҳия сафар доштем. Ин сафар дар ҳаёти ман дигаргунии куллиро ба бор овард. Баъди ин сафар дарк кардам, ки ҳоло ҳам фаъолияти хайрхоҳиам нокифоя аст. Ба худ азм кардам, ки бояд бештар сарсупурдаи ин роҳ бошам. Бо мақсади дилбардорӣ ва заррае шод намудани хотири ошуфтаи пирони аз навозиши фарзандон ва аҳли оила дарканор буда, дар якҷоягӣ бо волонтёрон ба хонаи бепарасторон рафтем. Онҳо мерақсиданд, қисса мегуфтанд, лаҳзаҳои ширини ҳаёташонро пеши назар меоварданд, ашк мерехтанд. Як рӯзе, ки бо онҳо будем, бо амалу рафтори худ тавонистем ба онҳо хурсандӣ ва меҳри фарзандӣ бахшем. Дар дили шахсони бекасу танҳо шуълаи умед афрӯхтан, аз зиндагӣ дилсард набудан ва худро яккаю танҳо наҳисобиданро ин замон волонтёрӣ ба ман омӯхт. Муттаҳидӣ хусусияти аслии волонтёрист. То давраи волонтёр набуданам дӯстонам ангушт-
7
шумор буданд, дар лаҳзаҳои холигӣ аксар вақт танҳо будам. Имрӯз ман дӯстони бешумор дорам, онҳо ҳам дӯстони дуру наздик, тоҷикистониву бурунмарзӣ, ҳамсолу калонсол, хуллас як оилаи бузурганд. Он ҳам аз фаъолияти волонтёрист. Имрӯз натанҳо дар лаҳзаҳои бекориам танҳо нестам, балки ба кадом гӯшаи ватанамон сафар кунам, камаш 5 дӯст, 5 оила ва хешу табор дорам. Ҳар куҷое, ки равам дилам пур аст, ки дар он ҷо маро ҳатман бесаброна интизоранд. Ғайр аз ин, як оилаи ҷавону бузург дорем, он ҳам оилаи волонтёрон, ки “Клуби волонтёрон” ном дорад. Фарзандони ин оила агар хислату қобилияту истеъдодҳои гуногун дошта бошанд ҳам, хайрхоҳӣ мақсаду ҳадафи ягонаи онҳост. Фаъолияти волонтёрӣ самт ва ҷанбаҳои зиёдро фаро гирифта, то имрӯз мутахассисони ҷавонро барои соҳаҳои гуногун омода намудааст. Дар ин росто ба онҳо хилсатҳои неки инсонӣ, ба мисли инсондӯстӣ, якдигарфаҳмӣ, дастгирии ҳамдигар, меҳру шафқат нисбати якдигар, ростию накукорӣ ва ғайраро омӯзонидааст. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки сафи мо - волонтёрон рӯз то рӯз дар ҳоли афзоиш аст ва шаҳодат аз он медиҳад, ки кори мо, амали мо неку омӯхтанист. То ҳастам, дар кадом соҳае, дар кадом синну соле, ҳамеша волонтёр ҳастам ва хоҳам буд. Чун андешаи ман ин аст, ки рисолати ҳар инсон пеш аз ҳама ба мардум некхоҳ будану ба онҳо ҳамвора дасти сахо дароз кардан аст. Таҳияи Хуршед МАВЛОН, “ҶТ”
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №24 (9554), 14.06.2018
Ифтитоҳи майдонча дар маҳаллаи Шафақ барои бозии наврасону ҷавонон шароити мусоид муҳайё кард Субҳи 13 июн дар маҳаллаи Шафақи шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд, баскетбол ва волейбол ба истифода дода шуд. Ин иқдом бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ободкоронаи раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ободу зеботар гардонидани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе амалӣ гардид. Дар маросими ифтитоҳи майдонча, ки аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар доираи барномаи “Олимп Осиё”-и Шӯрои олимпии Осиё сохта шуд, Абдуллозода Аҳтам, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф ва сокинони маҳалла иштирок доштанд. Барои сохтмони майдонча дар доираи
барномаи “Олимп Осиё”-и Шӯрои олимпии Осиё 882188 сомонӣ хароҷот шуда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Муҳайё” дар муддати 5 моҳ ба анҷом расонида шуд. Дар сохтмон 20 нафар коргарони маҳаллӣ ва 10 техникаи сохтмонӣ ҷалб шуд. Дар атрофи майдонча гулгашти зебое ташкил гардида, дар он тариқи ҳашар 300 ниҳоли дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва 26 дарахти 10-солаи ороишӣ шинонида шудааст, ки барои фароғати сокинони маҳалла мусоид аст. Замине, ки барои сохтмони майдонча ҷудо шудааст, қаблан қамишзор буда, наврасону ҷавонони маҳалла дар як гӯшаи он дар шароити номувофиқ ба бозиҳои варзишӣ машғул мешуданд. Акнун барои бозии наврасону ҷавонон шароити мусоид муҳайё гардид.
ФИФА: Тоҷикистон як қадам ба пеш Дар пайи интишори раддабандии навбатии Федератсияи футболи байналмилалӣ (ФИФА) дастаи миллии Тоҷикистон аз миёни 211 кишвар дар мавқеи 119 ҷой гирифт. Раддабандии мазкур, 7 июн, дар сомонаи расмии ФИФА нашр шуда, дастаи миллии кишвар бо касби 264 хол як зина мавқеашро боло бурд. Тими мунтахаби Олмон бо 1558 имтиёз садрнишини феҳрист шуда, бошгоҳи Бразилия дар ҷои дуюм бо 1431 хол истодааст. Инчунин дастаҳои Белгия (1298) ва Португалия (1274) ҷойҳои ифтихориро ишғол намудаанд. Дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, тими яккачини Австралия бо 718 имтиёз дар мақоми аввал мебошад (дар умум зинаи 36). Дастаи Эрон, ки то имрӯз миёни дастаҳои Осиё пешсаф буд, 10 хол кам аз Австралия дар зинаи дуюм (дар умум 37) ва Кореяи Ҷанубӣ бо 544 имтиёз дар ҷои сеюм қарор гирифтанд.
“Истиқлол” дар мавқеи якум қарор гирифт Бошгоҳи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар бозии мавқуфгузоштаи даври ҳаштуми чемпионати кишвар оид ба футбол тими ССКА “Помир”-и шаҳри Душанберо пазируфта, бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва садрнишини ҷадвали лигаи олӣ гардид. Дидори мазкур, 10 июн, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Рақобати ҷолибу диданӣ барои мухлисон аз дақиқаҳои 18 оғоз ёфт. Дар ин дақиқа нимҳимоятгари тими “Истиқлол” Аҳтам Назаров голи аввали бозиро ба сомон расонида, дастаашро пешсаф намуд ва пас аз панҷ дақиқа тамошобинон шоҳиди голи дуюм гардиданд. Муаллифи ин гол Муҳаммадҷон Раҳимов футболбози “Истиқлол” дониста шуд. Қисми аввал ба фоидаи соҳибони майдон 2-0 хотима ёфт. Ҳарчанд қисмати дуюми бозӣ барои дастпарварони Тоҳир Муминов, сармураббии бошгоҳи ССКА “Помир”, бобарор хотима ёфта бошад ҳам, натавонистан дмонеаи ғалабаи рақиб гарданд. Ягона голи меҳмононро Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 85 вориди тӯри дарвозаи рақиб намуд. Ёдовар мешавем, бозии охирони даври 11 миёни дастаҳои “Барқчӣ”-и шаҳри Ҳисор ва “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ рӯзи 9 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид. Дар ин рақобат
тими “Панҷшер” ҳарифро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Пас аз ин пирӯзӣ бошгоҳи “Истиқлол” дар ҷадвали мусобиқа бо 26 имтиёз мавқеи якумро касб намуд. Довталаби дигари қаҳрамонӣ тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо 24 хол дар ҷои дуюм қарор дорад. Зинаи сеюмро ССКА “Помир”-и шаҳри Душанбе бо 17 имтиёз дар ихтиёр дорад. Бо ҳамин, дастаҳои лигаи олӣ ба таътили тобистона баромаданд. Дар ҳоли ҳозир Ҷаҳонгир Эргашев (“Хуҷанд”) – 6 тӯб ва Наврӯз Рустамов (“Хатлон”) – 5 тӯб довталаби нишонзани беҳтарини лигаи олӣ ҳастанд. Бозиҳои даври 12 28 июл (шанбе) “Кӯктош” – ССКА “Помир” “Панҷшер” – “Хатлон” 29 июл (якшанбе) “Хуҷанд” – “Барқчӣ” “Регар-ТадАЗ” – “Истиқлол” Оғози бозиҳо – соати 17:30 Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №24 (9554), 14.06.2018
9
Ҷаласаи навбатии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ИДМ 7-8 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Арманистон – шаҳри Ереван ҷаласаи навбатии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид. Дар ҷаласа роҳбарони соҳаи варзиши кишварҳои узви ИДМ: Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Руссия ва Тоҷикистон иштирок карданд. Ҷумҳурии моро дар ин ҷаласа раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам намояндагӣ кард. Яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа коркарди Стратегияи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2021-2030 буд. Аъзои иттиҳод, ки гурӯҳи кориро ташкил медиҳанд, уҳдадор шуданд, то 15 сентябри соли равон пешниҳодҳояшонро дар робита ба ин масъала ба Кумитаи иҷроияи ИДМ манзур намоянд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин лоиҳаи Низомнома оид ба базаи ташкилотҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баррасӣ гардид. Чунин мақомро Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, ҷавонон ва туризми Руссия дарёфт кард. Ба нақша гирифта шуд, ки Низомнома оид ба базаи ташкилотҳо то 15 октябри соли ҷорӣ омода карда шавад ва аз 1 ноябр корҳои созмондиҳии Шӯрои ҷамъиятии базаи ташкилотҳо шурӯъ мегардад. Ҳамчунин, иштирокчиён рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солимро дар кишварҳои аъзои ИДМ тайи солҳои охир таҳлил карда, масъалаҳои вобаста ба тибби варзишӣ ва мубориза бо допингро дар қаламрави иттиҳод баррасӣ намуданд.
Ҳидоят ба варзиш Дар сиёсати имрӯзаи ҷумҳуриамон масоили солимии миллат, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш беш аз пеш мавқеъ пайдо мекунад. Дар ин замина барои пешрафту камолот ва равнақу инкишофи тарзи ҳаёти солим тадбирҳои зиёд анҷом меёбад Албатта, ин ҳама барои сиҳатии омма, алалхусус ҷавонон нигаронида шудааст. Аз ҷумла, ҳамарӯза дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иншооту маҷмааҳои муҳташами зиёди варзишӣ бунёду азнавсозӣ мешавад. Имрӯзҳо мо шоҳиди боз як иқдом ва тадбири муфид, яъне баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ бо ҷалби сокинони касбу кори гуногун дар шаҳру ноҳияҳои кишвар гаштаем, ки албатта бобати рушду инкишоф додан ва оммавигардонӣ дар байни табақаҳои васеи омма аҳамияти муҳим дорад. Албатта, ин тадбир хело иқдоми муҳиму саривақтист, вале ҷалби доираи боз ҳам васеи аҳолӣ, бахусус насли ҷавон боз ҳам самараовар аст. Яъне мо бояд ба он ноил гардем, ки доираи васеи сокинон ҳарчи бештар бо хоҳишу майли худ ба варзиш чун як пешаи ҳамарӯза шуғл варзанд. Тавре медонем, солҳои пеш кӯдакону наврасон бештар фароғати худро бо машғул шудан ба бозиҳои варзишии коллективӣ, аз қабили футболу волейбол, баскетболу теннис ва ғайра мегузарониданд. Имрӯз низ ин анъанаи неки варзиширо бояд идома диҳем. Барои ин, тавре дар боло зикр шуд, шароитҳои зарурӣ муҳайё гаштаанду танҳо майлу хоҳиши худи ҷавонон басанда аст. Имрӯз мо қисми бештари ҷавононро дар толорҳои компютерӣ мебинем, ки албатта истифодаи оқилона аз компютер ба манфиат асту мо ҳеҷ гоҳ мухолифи омӯзиши илму технологияи муосир нестем, вале қисме аз ҷавонон ба бозиҳои компютериву телефон дода шуда, ба солимии баданашон беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Илму технологияи муосир барои андӯхтани дониш ва баланд шудани сатҳи ҷаҳоншиносии наврасону донишҷӯён ҳидмати бузург мекунад. Ба шарте ки онҳо аз ин имконот оқилона ис-
тифода кунанд, вале дар баробари ин ҷавонон бояд аз варзиш дар канор набошанд. Мо, волидону омӯзгорон бояд ҳар чи бештар ба ҷавонону наврасон аҳамияти ба варзиш машғул шуданро фаҳмонему онҳоро ба ин роҳнамоӣ намоем. Масалан, ҳар субҳгоҳон, вақте шахс ба варзиш машғул мешавад, яъне он машқҳое, ки баъд аз хоб иҷро карда мешаванд, ба рӯҳу равону ҷисму ҷон нерӯи зиёд мебахшанд. Машғулиятҳои ҷисмонӣ мушакҳои баданро ба ҳаракат медарорад. Барои варзиши пагоҳӣ аз маҷмӯи машқҳое, ки аз тарафи мураббиён ва муаллимони фанни тарбияи ҷисмонӣ тарҳрезӣ мешаванд, оқилона истифода намудан муносиб аст. Агар ин кор ғайриимкон бошад, лоақал худи шахс бояд маҷмӯи машқҳои нисбатан одиро тартиб дода, истифода намояд. Ва ё ин ки субҳогон чанд дақиқа ба роҳгардӣ машғул шудан ба манфиат аст. Чунки роҳгардӣ рӯҳияи инсонро қавӣ мегардонад ва барои саломатӣ нақши муҳим мебозад. Умуман, имрӯз аз кӯдакистон то мактабҳои олӣ, дар хонаву маҳалла ҷавононро барои ба варзиш машғул гаштан бояд ҳидоят намоем. Зеро ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина саломатии аҳолӣ ин боигарии беҳамтои миллат ба шумор меравад. Ба ибораи дигар, саломатӣ барои инсон ва ҷомеа беҳтарин неъмат ба шумор меравад. Саломатии хуб инсонро боқувват намуда, барои вай умри дароз ва пурбаракатро муҳайё мекунад. Хулоса аз навиштаҳо он аст, ки инсон бояд тарзи ҳаёти солимро пеша кунаду саломатии худро худаш бисозад ва барои он мубориза барад, мунтазам ба варзиш машғул шавад. Тарбияи насли солим ва ҷисман обутобёфта масъулият нисбат ба фардои Ватан аст, аз ин рӯ, дар ин боб хеҷ фарде набояд бетарафу беҳадаф бошад.
Фарҳод МАҚСУДОВ, омӯзгори Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи бузургу сарвати гаронарзиш ба шумор мераванд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд. Ҳамин аст, ки бо дастури бевоситаи Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали ба эътидол омадани вазъ дар кишвар сиёсати давлатии ҷавонон, маориф ва варзиш дар қатори дигар соҳаҳо аз самтҳои афзалиятноки инкишофи давлат қарор гирифтааст. Ҳанӯз дар яке аз вохӯриҳои аввалинашон бо ҷавонони кишвар мавқеи давлатро нисбати ин қишри ояндасози ҷомеа чунин муайян карда буданд: «Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ба истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи дастовардҳои беназир мебошад». Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерӯи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навини мо мешуморанд.
Тарбияи насли соҳибмаърифат Он вазифаи муҳими ҷамъият аст Имрӯз ҳамагон шоҳиди бунёди иншоотҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, варзишию солимгардонӣ, сохтмони осорхонаву китобхонаҳои бошукуҳ, бунёди нақбҳо ва садҳо иқдомоту ташаббусҳои дигари созанда гашта истодаем, ки барои кишварамон на танҳо аҳамияти бузурги иқтисодӣ доранд, балки нақши ниҳоят бузург дар ташаккули маърифатнокӣ ва инкишофи зеҳнӣ, фароҳам овардани ташаккули шахсият ва ба вуҷуд овардани ифтихори ватандориву ҳуввияти миллӣ ва худшиносӣ доранд. Албатта, ин навгониҳо моро ба ояндаи боз ҳам нек роҳнамоӣ мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, ҷавонон набояд фаромӯш намоянд, ки ин ҳама барои онҳо нигаронида шудааст. Дар баробари ин, қайд намудан зарур аст, ки имрӯз бинобар камтаҷрибагӣ далелҳое кам нестанд, ки ҷавонони мо бо таъсири омилҳои гуногун ба калавишҳо дучор меоянду гоҳо ба ҷараёнҳои ифротӣ мепайванданд. Дар ин замина тарбияи насли солим, соҳибмаърифат ва худшиносу
худогоҳ як шарти муҳими инкишофи ҷомеа ба шумор меравад. Бинобар он, миёни ҷавонон тарбияи ватандӯстиро бояд ба таври густурда ба роҳ монему онҳоро ба зиракию таҳаммулгароӣ даъват намоем. Дар шароити имруза омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсии насли наврас аҳамияти махсусро касб намудааст. Дар мисоли муассисаи №29-и деҳаамон бомаврид аст зикр намоям, ки дар муассиса озмуну маҳфилҳои доимамалкунандаи фаннӣ, кишваршиносию сиёсӣ, мубоҳисавию фарҳангӣ, адабию варзишӣ бо ҷалби доираи васеи хонандагон амал мекунанд, ки яке аз ҳадафҳои асосиашон ба касбу ҳунарҳои замонавӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва зираки сиёсии насли наврас равона гаштааст. Бо мақсади кадрҳои ҷавони болаёқат айни замон аз нисф зиёди омӯзгорони муассисаамонро мутахассисони ҷавон ташкил медиҳанд, ки аксарият
дорои қобилияти баланди корӣ мебошанд. Боиси ифтихор аст, ки соли сипаригашта аз 19 нафар хатмкунандагони мактаб 14 нафарашон шомили муассисаҳои олии кишвар гаштанду имсол бошад 16 нафар хатмкунандагон ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус ҳуҷҷат супориданд. Соли сипаригашта хонандагони муассиса на танҳо дар озмунҳои байнимактабиву ноҳиявӣ, балки дар озмунҳои вилоятӣ ширкати фаъолона варзиданд. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз омӯзгорони муассиса ба хубӣ дарк намудаанд, ки барои тарбияи насли соҳибмаърифат ва худшинос омӯзгорон масъулияти зиёдеро бар дӯш доранд. Дар интиҳо ҳамчун омӯзгор бовар дорам, ки ҳар як нафар сокинони кишвари азизамон ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, бо амали неку шоиста дар ободии кишварамон саҳми муносиб мегузоранд. Муҳаммадӣ МУҲАММАДИЕВ, сарвари МТМУ №29-и деҳаи Гузарибоди ноҳияи Айнӣ
10 Ҷавон будан ҳама вақт маънои камтаҷриба буданро надорад. Баъзан зиракиву дониши баланд ва диди нозук сабаб мешаваду як ҷавон дар муддати кӯтоҳ аз тамоми ҷузъиёт ва назокати касбе баҳравар мегардад. Албатта, барои ба ин мақом расидан касро иродаи матин ва омӯзиши пайваста мебояд. Гузашта аз ин, дар ҳаёти мо кам нестанд нафароне, ки дар баробари кордонию дониши баланд хислатҳои ҳамида ва хушмуомилагиашон боиси вирди забонҳо гаштани номашон мешавад. Хурду калон, шиносу ношинос, ёру дӯст ва ҳамнишину ҳамкор аз онҳо дар ҳозиру ғоиб бо хушӣ ёдовар мешаванд. Рафтору гуфторашонро намунаи ибрат ҳисобида, ба онҳо пайравӣ менамоянд. Чунин нафаронро на касбу вазифа баландмартаба мегардонад, балки онҳо ба касбу вазифа обрӯ бахшида онро баландтар месозанд. Бахтиёр Каримов аз зумраи чунин нафарон мебошад. Бахтиёр дандонпизишк аст. Ё ба таъбири мардум – духтури дандон. Ӯ ҳоло ҷавон буда, дар зиндагӣ покӣ, дар гуфтор ростӣ, дар рафоқат ҷонфидоӣ, дар кор масъулияти баланд, дар ҳаёти оила вафову садоқат, дар ободгароӣ иқдомпазирӣ ва дар миёни ҳамкорон ҳамгироиро шиори худ кардааст. Ба таъкиди ҳакими Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино дарди бемор пас аз суҳбати нахустин бо табиб мебояд сабук шавад. Ин нуктаро Бахтиёр ба хубӣ дарку фаҳм кардааст. Зеро дар нахустин дидор ҳар касалманд аз хушгуфторию хушрафторӣ ва дилбар-
ЧЕҲРАИ ОШНО
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №24 (9554), 14.06.2018 дар назар аст, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя кунад. Бахтиёр Каримов таҷрибаи амалиро низ баробар бо донишҳои назариявӣ мегузорад. Ба андешаи ӯ ҳар нафаре, ки табиб мешавад, бояд аз овони донишҷӯӣ худро ба корҳои амалӣ ҷалб созад. Аз рӯзҳои аввали таҷрибаомӯзии худ Бахтиёр чунин қисса кард: “Аввалин бор ҳангоми донишҷӯи курси сеюм буданам ба корҳои амалӣ оғоз кардам. Устодам дандони беморро сӯзандору гузарониду ба мо шогирдон супориш дод, ки онро биканем. Хушбахтона дар аввалин таҷрибаи амалиам муваффақ шудам ва шавқу ҳавасам ба касб дучанд гашт...” Бахтиёр зиёда аз даҳ сол мешавад, ки ҳамчун дандонпизишк фаъолият дорад. Баъди хатми Донишгоҳи давла-
Ба сол ҷавону ба таҷриба бузург дории хубаш дардро ба гӯшаи фаромушӣ месупорад. Чуноне ин табиби ҷавон мегӯяд: “Гоҳо бемороне, ки аз дарди дандон шикоят карда барои кандани он ба наздам меоянд, баъди чанд лаҳза суҳбат аз фикрашон мегарданд. “Ин дафъа ки дарди дандонам хуруҷ кард, омада табобат мекунам”, - мегӯянду бо ман хайру хуш мекунанд”. Аз нигоҳи қаҳрамони мо табиб ҳамонест, ки ба зоҳиру ботин зебо ва ҳамеша аз паи омӯзишу такмили дониши худ аст: “Табиб бояд дасти навозишкор, дили пок, чеҳраи кушода, забони хуш дошта бошад ва дарк намояд, ки ҳамаи ин тавъам бо доруву даво ба таъҷилан шифо ёфтани бемор мусоидат мекунад”, - мегӯяд Бахтиёр Каримов. ТАБИБӢ ФИРЕБРО НАМЕПИСАНДАД Ҷуз саломатӣ дар зиндагӣ метавон ҳамаро ба даст овард. Саломатӣ гавҳари ноёб асту онро ба ҳеҷ қимате наметавон харид. То замоне, ки тану ҷисми мо солим аст, ин нуктаро дарк намекунем. Даме ки бемор мешавем, баъд ба қадри саломатӣ мерасему паи ҷустуҷӯи табиб мебароем. Маҳз ҳамин давра табибро мушкилкушои хеш мебинему ба фикр фурӯ меравем: ба кадом табиб муроҷиат кунем, ки ботаҷриба бошаду донишманд, то тавонад моро ба хубӣ табобат кунад. Ин замон дарк мекунем, ки танҳо табибон пайваста барои сиҳатии мардум кӯшиш ба харҷ дода, ҳаёти ҳазорон бемори дар дами маргро наҷот медиҳанд. Бешак ҳар як касбу кор барои беҳбуд бахшидани зиндагии мост. Аммо андешаҳои Бахтиёр Каримов дар бораи пешаи табибӣ ин касбро бо баъзе хусусиятҳо авлавият медиҳад.
Ӯ андеша дорад, ки вақте инсон касби табибиро интихоб мекунад, дигар ба касеву чизе муҳтоҷ намешавад. Балки бе миннат ва бо роҳи ҳалол метавонад касби ризқ намояд. Ҳамчунин, шояд ягона касбест, ки аз инсон дониш ва таҷрибаи ғаниро талаб мекунад, чун дар табибӣ ҳеҷ гуна роҳи фиребу тақаллуб ба кор бурда намешавад: “Барои як табиб лозим нест, ки барои дарёфти ҷои кор овора шавад. Пеши касе ҳам барои ин муҳтоҷ намешавад. Агар табиб хоҳад, аз дари хонааш берун нарафта ризқу рӯзиашро пайдо мекунад. Табиб агар натиҷаи хуби корӣ нишон диҳад, танҳо ду-се соли фаъолият басанда аст, ки ӯро то охири умр касбаш хӯронаду пӯшонад. Ҳамчунин, ягона пешаест, ки соҳиби он ҳамеша паи хизмати мардум аст. Ба мушкилии мардум расидагӣ мекунад. Вақте табиб ба дарди як бемор, бо хости Худо даво мебахшад, хурсандиаш беҳудуд мешавад ва лаззати ин ҳолро танҳо онҳое ҳис мекунанд, ки табибанд. Ҳамин хусусиятҳоро ба инобат гирифта касби табибиро интихоб кардам. Аммо бояд инро ҳам донист, ки барои табиб шудан пеш аз ҳама меҳру муҳаббат ба касб лозим аст. Шахсе, ки табиб мешавад, бояд маърифати баланд, дониши мукаммали касбӣ, лаёқати суханварӣ, дили пок дошта бошад. Бемор агар зан бошад ӯро чун модару хоҳар ва агар мард бошад чун падару бародар бидонад”, - таъкид мекунад ӯ. Бахтиёр мегӯяд табиб дар кадом ҳолате набошад бояд қарзи касбии худро ба ҷо орад. Ба ибораи дигар, ба савганди Гиппократ содиқ бимонад. Хусусан дар ҳолатҳои садамаву офатҳои табиӣ ҳатман ба расонидани ёрии аввалин омода бошад. Зеро ин агар аз як та-
раф қарзи касбии табиб бошад, аз ҷониби дигар қарзи инсонии вай аст. Тавре ба мо маълум гардид, қаҳрамони мо, табиби ҷавон Бахтиёр Каримов борҳо ба чунин ҳолатҳо дучор омадааст ва як зарра ҳам таваққуф накарда, дасту остин барзада ба имдоди маҷруҳон шитофтааст. Ба ин, албатта, худи вай иқрор шудан нахост, ки нишони хоксории ӯст ва хислати шоистаи дигаре барои ҳар як табиб. Ба ҷои он чунин гуфт: “Дар зиндагӣ бар ҳар як инсон муяссар мешавад, ки ба дигарон дасти мадад дароз намояд, хоҳ он нфар кадом шиносаш бошад ва ё ягон нафари бегона. Муҳим ин аст, ки ёрӣ беминнат бошад ва бидуни намоишкорӣ. Пеши Худованд ҳам ҳамин навъи некӣ мақбултар аст...” РОҲ СӮИ МАҚСУД Дар аксар ҳолатҳо волидон касбу кори худро ба фарзандонашон меомӯзанду ба ин васила онро ба мерос мегузоранд. Аз ҷумла ба касби табибӣ низ дар бисёре аз ҳолатҳо ҷавонон ба василаи падару модар ва бародару хоҳари бузургашон майл мекунанд. Сабабаш ҳам аён аст, вақте ки кӯдак дар хона китобу дастурҳоро доир ба тиб мебинад, табиист, ки ба он аввал майл ва рафта-рафта шавқ пайдо мекунад. Аммо Бахтиёр баъди хатми синфи даҳум тасмим гирифт, ки табиб мешавад. Ва маҳз бо таъкидҳои пайвастаи амакаш ӯ духтури дандон шуд. Ҳамин тавр соли 2005 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2010 ба итмом расонид. Баъди хатми донишгоҳ ба зинаи дуюми илм - риштаи магистрӣ шомил шуда, соли 2012 дипломашро ба даст овард. Аз соли 2013 инҷониб ҳамчун аспиранти ДДТТ фаъолияти илмӣ намуда,
“Шахсе, ки табиб мешавад, бояд маърифати баланд, дониши мукаммали касбӣ, лаёқати суханварӣ, дили пок дошта бошад. Бемор агар зан бошад ӯро чун модару хоҳар ва агар мард бошад чун падару бародар бидонад”. тии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар кафедраи стомотологияи муолиҷавии донишгоҳ ба кор даромада, таҷрибаи амалии худро бой гардонидааст. Баҳри такмили дониш ва ҷаҳонбинии васеъ мавсуф соли 2011 ба Ҷумҳурии халқии Чин, соли 2016 ба давлатҳои Олмон, Фаронса, Белгия ва Ҳоланд сафар кардааст. Айни ҳол Бахтиёр Каримов дар Муассисаи давлатии маркази саломатии шаҳрии №10 кору фаъолият дорад. Ҳамчунин дар Донишгоҳи тиббӣ ба донишҷӯён дониш ва таҷрибаи хешро меомӯзад. Ба ин табиби ҷавон ҳам дар роҳи табибӣ ва ҳам дар ҷодаи илм комёбиҳо таманно намуда, умед дорем, ки бо таҷрибаву муносибати намунавиаш баҳри халқи азиз хидмат мекунад. Хуршед МАВЛОН, “ҶТ”
САЛОМАТӢ - ГАНҶИ БЕБАҲО
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №24 (9554), 14.06.2018 Солимии ҷавонон, ояндаи солимии кишвар ва яке аз омили муҳими рушди ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Дилхоҳ шахс танҳо дар ҳолати комилан солим будан метавонад ба қуллаҳои баланди зиндагӣ ва ба комёбиҳои назаррас ноил гардад. Дар асл, солимӣ сарвати бебаҳост. Пас месазад, ки нисбат ба саломатии ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоем. Лозим ба ёдоварист, ки мубориза бар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии ҷомеа дар кору пайкори мо вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Имрӯз падидаҳои номатлубе бо номи нашъамандӣ, вируси норасоии масунияти бадан ва дигар омилҳои номатлуби хатарафзо ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтаву таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб кардааст. Мутаассифона кишвари мо низ чун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин вабо дар канор нест. Дар баробари дастёбӣ ба дастовардҳои назаррас баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатару мушкилотҳои наве ҳаёти наврасону ҷавонони кишварамонро таҳдид мекунад, ки муборизаи дастаҷамъона ба муқобили онҳо вазифаи аввалиндараҷаи сохторҳои дахлдор ва ҳар
√ ҚОНУН
Пешравӣ аз солимист
як шаҳрванди солимақлу соҳибмаърифат мебошад. Қобили зикр аст, ки зиёд будани дарсади ҷинояткорӣ, касалиҳои сирояткунанда, нашъамандиву нашъаҷалобӣ ва оворагардию кӯчагардӣ дар байни ҷавонон имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат баҳри беҳдошти вазъи саломатии ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон тавассути мақомоти дахлдор як силсила тадбирҳоро роҳандозӣ намуда, дар самти мазкур санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонидааст. Дар ин радиф, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ба саломатии ҷавонон алоқамандро ба мисли ҳамешагӣ дар маркази таваҷҷӯҳи худ қарор дода, дар ҳамкорӣ бо дигар вазора-
Мақсади асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ин таъмини шароити рӯзгори арзанда ва инкишофи озодонаи иқтисодии буҷаи ҳар як хонавода аст. Гузашта аз ин метавон иброз дошт, ки қонуни мазкурро имрӯзҳо давлатҳои ҳамсарҳаду ҳамсоя чун намуна дар кишварҳои худ қабул намудаанд. Ҳатто бархе аз кишварҳои Аврупо (Фаронса) қонуни моро дар кишвари худ қобили қабул пазируфта, шаҳрвандонаш чун китоби рӯи мизии худ қарор додаанд. Ин далолати натиҷаи дилхоҳ ва самараи судманд бахшидани сарфаи буҷаи оила, ҷомеа ва давлатро шаҳодат медиҳад.
ту идораҳои дахлдор силсилаи чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотиро миёни наврасону ҷавонон ҷиҳати нигоҳдошти тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа баргузор менамояд. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо ин мусоидат намудан ба пойдориву устувории тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон, эмин нигоҳ доштани ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи солим, роҳ надодан ба ақидаю фарҳанги бегона, дӯст доштан ва эҳтиром намудани арзишҳои миллию давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, баланд бардоштани сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии ҷавонон, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии
Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудан ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, гирифтории ҷавонон ба бемории нашъамандӣ мебошад. Пӯшида нест, ки чунин ҳолат агар ангуштшумор бошад ҳам, дар Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шудааст. Агар имрӯз мо пеши ин мушкилиро нагирем пас аз чанд соле мушкилот метавонад яке аз мушкилотҳои аввалиндараҷа гардад. Сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ тамоми аҳолӣ, хусусан ҷавононро ба кӯчаи сарбастаи зиндагӣ мебарад, ки он натиҷаи ногувореро ба бор меоварад. Шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ тақозо дорад, ки ба ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги сиёсии ҷавонон диққати аввалиндараҷа диҳем. Дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як нерӯи пуриқтидори бунёд-
11
кор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Ҷавонон фақат гурӯҳи муқаррарии демографӣ набуда, қишри аз нигоҳи идеологию сиёсӣ ҳассосу қобили меҳнати ҷамъиятие маҳсуб мешаванд, ки дар ояндаи наздик раванду тақдири ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, яъне сурату сирати фардои ҷомеаро муайян хоҳанд кард. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «Даврони истиқлол ба ҷавонони соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқатманд, дорои нангу номуси ватандорӣ ва худшиносии миллӣ ниёз дорад». Фаъолгардонии маърифати ҳуқуқии ҷавонон, ки онро ҷомеаи муосир тақозо менамояд барои Тоҷикистон аз лиҳози мавқеи иқтисодӣ ва демографии он бисёр муҳим арзёбӣ мегардад. Тибқи омори расмӣ беш аз 70 фисади аҳолии кишварро шахсони то 30 сола ташкил медиҳанд, яъне аҳолии Тоҷикистон ҷавон аст ва воқеист, ки аҳолӣ дар кишвар ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад. Аз ин нуқтаи назар, мо ҷавононро мебояд бо дарки баланди масъулият ба ин боварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор бошем ва баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва пойдории давлати азизамон – Тоҷикистон дар асл саҳмгузор бошем. Маҳинабону ШАРИПОВА, корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Татбиқи қонун ва рӯзгори арзанда Дар партави ин гуфтаҳо метавон тағиру иловаҳои суратгирифтаро ба қонуни мазкур дар соли 2017 ёдовар шуд. Комиссияҳои ҷамъиятӣ ва фаъолияти онҳо мушахастар гардонида шуд. Дар маросими маъракаи хатнасур бо иштироки 60 нафар бо додани як навъ таом илова дар доираи оила гузаронидан бо хоҳиши маъракадор, ворид карда шуда, хизматрасонии санъаткорон манъ шуд. Маъракаҳои аъзодорӣ қаблан аз тағироту дигаргуниҳои охирин дар маросими чил то ҳаштод нафар бо додани як таом ва маросими сол шумораи то сад нафар бо додани як навъ таом иҷозат буд. Баъди тағиру иловаҳо ин маъракаҳои иброзшуда бе забҳи чорво ва додани таом муайян шуда, танҳо дуову фотиҳа бахшидан раво гардид. Зеро аз рӯи таҳлилу назарсанҷиҳои мутахассисони соҳа, буданд ҳолатҳое, ки соҳибони маит барои гузаронидани маъракаҳои аъзодорӣ шароити модии хуб надоштанд. Барои баргузории маъракаҳо қарз мегирифтанд. Ин боиси боз ҳам мураккаб гардидани вазъи моддии эшон мегардид. Бе забҳи чорво ва бе додани таом дар маъракаҳои аъзодорӣ ба манфиати аҳли ҷомеа равона гардида, шаҳрвандон низ ин меъёр ва дигар дигаргуниҳои воридшударо ба қонуни мазкур хуб пазируфтанд. Ҳамзамон иловаҳо доир ба маъракаҳои хурсандӣ на-
заррас аст, ки тибқи моддаи 10-и қонуни мазкур навхонадоршавандагон яке аз ин маъракаҳоро бояд гузаронанд. Оростани зиёфат то 150 нафар ё ин ки додани оши тӯй то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад. Ва ҳамзамон баланд намудани муҷозоти маъмурӣ (ҷарима), ки барои иҷро ва риоя накардани талаботи қонуни мазкур барои шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдор бо иловаҳои дахлдор ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боз ҳам зиёд карда шуд. Ин омил баҳри пешгирӣ ва роҳ надодан ба харҷи беҳуда
буда, аз аҳамият холӣ нест. Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки қонуни мазкур баҳри паст намудани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи исрофкорӣ ва харҷи беҳуда ва муҳимтараш, баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон нигаронида шудааст. Муҳсинҷон ҒАНИЕВ, аспиранти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
12
ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Яке аз ҳунарҳои мардумӣ ин намадбофист. Ба таъкиди фарҳангшиносон тақрибан ҳашт ҳазор сол пеш ниёгони тоҷикон ба намадбофӣ шуруъ кардаанд. Тайёр намудани намадҳо баъд аз хонагӣ кардани гӯсфандони ваҳшӣ ба вуҷуд омадааст. Дар кишвари мо низ аз замони пеш ин ҳунар маъмул мебошад. Намад бештар дар қисмати деҳоти Тоҷикистон рушд ёфта, онро намадмолӣ низ мегӯянд. Намад як навъи гилем ё палоси хона буда, барои истифода дар рӯи фарш тайёр карда мешавад. Намад хеле палоси гарм ва мулоим буда, ба болои он кӯрпача партофтан ҳоҷат надорад. Намад ғафс, сабук ва бисёр гарм аст, ки дар фасли сармои кӯҳистон истифодаи он хеле роҳат дорад. Намадро бештар дар минтақаҳое, ки чорвои хурд парвариш мекунанд, тайёр менамоянд. Намадро аз пашми чорвои хурд (буз, гӯсфанд, бузи ангорӣ ва ғайра) омода месозанд. Намадмолӣ кори осон набуда, асосан онро мардҳо тайёр мекунанд. Дар замони пеш чунин анъана буд, ки барои омода сохтани намад мардҳои деҳа ҷамъ шуда, баъдан бо навбат гилемро молиш медоданд. Ҷараёни истеҳсоли намад дар байни сокинони вилояту ноҳияҳои кишвар аз ҳамдигар тафовут доранд. Омода кардани намад то ҳол дар байни сокинони Бадах-
шон мавҷуд буда, тарзи тайёр намудани он дар ин минтақа чунин аст: аввал як чодари васеъро ба замин паҳн намуда, дар болои он мувофиқи завқу тахайюлашон пашмҳои рангкардашудаи гуногунро ҳамчун нақшу нигор гулпартоӣ мекунанд. Сипас аз болои нақши сохтаашон пашмҳои сиёҳ ё кабуд, яъне пашмҳои рангаш торикро яклухт мепартоянд. Аз болои пашмҳои сиёҳ, ҳатман пашмҳои рангашон сафед, зардча ё умуман равшантарро паҳн мекунанд, ки дар натиҷа ғафсии намад беш-
шакли уреб мебанданд, то ки лӯла кушода нашавад. Лӯларо ба фарши ҳамвор гузошта, сари дузону нишаста ҳунармандон бо банди дастҳояшон ғел дода мемоланд. Дар вақти молидани намад бояд аз 5 нафар намадмол кам набошад. Баъди як қадар молидан онро кушода аз пушти намад собунро нам карда мемоланд, ки часпак шуда, пашмҳои намад устувор шаванд ва онро дубора лӯлапеч карда, боз ба молидан шурӯъ мекунанд. Ҳамин тариқ 3-4 соат ҷараёни молидан давом мекунад. Баъди анҷом ёф-
тар мешавад. Баъдан оби гармро бо зарфи тагаш монанди ғирбол сӯрох аз болои пашмҳои чодар мерезанд. Пасон чодари пашмдорро эҳтиёткорона лӯлапеч карда, аз нӯгҳояш ва танааш бо бандҳо бо
тани намадмолӣ лӯларо кушода, ба офтоб мегузоранд ва пас аз хушк шудан, намад барои истифода тайёр мешавад. Намад бо дастгоҳ низ бофта мешавад. Дар ин ҳолат аз ин
Намадбофӣ
Эҳёи ҳунарҳои азбайнрафта Сайёҳӣ ин муаррифгарӣ, ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин рушди соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, шиносонидани таъриху фарҳанг ва табиату анъанаҳои миллӣ ба ҷаҳониён маҳсуб меёбад. Агар лаҳзае ба сайри таърих бароем мебинем, ки халқи тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддун аз замонҳои қадим то ба ин рӯз қадамҳои устувор гузоштааст. Ба ин мисол шуда метавонад ҳунарҳои зебое, ки тайи чандин ҳазорсолаҳо то ба мо омада расидааст. Имрӯз Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ин имкон медиҳад ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби ашхоси гуногун бештар рушду ривоҷ ёбанд. Зеро таваҷҷӯҳ ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ торафт меафзояд. Дар тамоми суҳбатҳо ин мавзуъ вирди забони аҳли ҷомеа гардидааст. Пештар мегуфтанд, ки дар фалон ҷо ҳунаре аз байн рафта истодааст, ё ҳунарманде маҳсулоти истеҳсолиашро ба фурӯш бароварда наметавонад. Имрӯз бошад, ин мушкил аз байн рафта ва барои осон шудан барои ҳунармандон роҳе кушода гардид, ки маҳсулоти офаридаи худро на танҳо дар Тоҷикистон, балки барои хориҷиён низ муаррифӣ намоянд. Баъди ҳамаи ин ғамхориҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар эҳсос мегардад, ҳунармандонро лозим аст, ба майдон бароянд. Ҳунарҳои қадимаеро, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодаанд, аз нав эҳё намуда, таҷрибаи касбу кори бобоёни худ истифода баранд. Маҳсулотҳои шоистаи давронро истеҳсол намоянд. Ҳамин тавр, ба сайёҳоне, ки вориди кишвар мешаванд мероси бойи тоҷиконро нишон диҳанд. Ва ҷаҳониён огоҳ шаванд, ки мардуми тоҷик чи қадар осору фарҳанги қадимаро дорост. Нигинамоҳ РИЗОЕВА, корманди Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ
матоъ чакман, ҷелак, беостин ва дигар намудҳои либос дӯхта мешавад. Ин навъи намадбофӣ дар Бадахшон ва деҳоти Айнӣ (Фалғар) хеле маъмул буд. Бисёр сокинони он афсӯс мехӯранд, ки ин намуди ҳунари мардумӣ қариб ба фаромӯшӣ рафтааст. Новобаста аз ин оилаҳои намадбофе ҳастанд, ки то ҳол ин намуди ҳунармандии гузаштагонро пос медоранду ба намадбофӣ машғуланд. Дар баъзе минтақаҳои Бадахшон оилаҳое мавҷуданд, ки асбоби намадбофии онҳо таърихи зиёда аз 300-сола дорад. Намадбофии бадахшонӣ асосан дар фасли зимистон сурат мегирад. Зеро мардум аз кори саҳро фориғ мешаванд. Пашми гӯсфандро ресида шуда, барои матоъбофӣ омода мегардад. Дар бофтану ранг кардани матоъ ягон маводи кимиёвӣ ва сунъӣ истифода намешавад. Намад фарши ғафс, сабук ва гарму мулоим буда, андозаи он одатан 2х3м ва баъзан каму беш аз ин буда, ғафсиаш 0,5-1 см мешавад. Барои ранг кардан пашмҳоро дар дегҳои калоне, ки ранги лозимаро дорад, чанд маротиба дар рангобаи ҷӯшон тар карда мегиранд ва дар офтоб мехушконанд. Дар замонҳои пеш рангҳоро аз гиёҳ, маъданҳои табиӣ тайёр мекарданд. Масалан, аз пӯсти пиёз ранги норанҷӣ, аз пӯсти чормағ ранги сиёҳ, аз пӯсти дарахти зардолу ранги сурхча, аз барги дарахти сафедор ранги қаҳвагӣ, аз ҷорӯби кӯҳӣ ранги сабз ва ғайраҳо ҳосил менамуданд. Аз рӯи суннатҳои мардуми Бадахшон дар ҳар як хонаи онҳо ҳади ақал яктогӣ аз ҳамин гуна намадҳои пашмин бояд бошад. Азбаски зимистони Бадахшон
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №24 (9554), 14.06.2018 хеле сард аст, намадро зери гилем паҳн мекунанд, ки он хунукиро боздошта ва ба саломатии инсон хеле муфид аст. Одате ҳаст, ки тифли навзодро аввал рӯи намад мегузоранд. Инчунин агар шахсе вафот кунад, дар нардбон намадро гузошта, аз болояш матое мепартоянд ва мурдаро болои он барои дафн кардан мебаранд. Ин амалро чунин шарҳ медиҳанд, ки инсон пас аз ба дунё омадан болои он гузошта мешавад ва ҳангоми аз дунё рафтан дар болои намад меравад. Дар ноҳияи Ишкошим расми махсусест, вақте барои арӯс намад омода мекунанд, барои гулпартоии намад зани солхӯрдаеро новобаста аз он ки ӯ ҳунарманд аст ё нест даъват мекунанд. Муҳим ин аст, ки ӯ шавҳармурда набошад, ба он хотире, ки фардо арӯсе, ки дар болои он намад хоб меравад, вай ҳам мисли ҳамон зан хушбахту серфарзанд шавад. Инчунин намадмолӣ дуои махсусе низ доштааст, ки онро хонда, сипас корашонро шурӯъ мекардаанд. Ҳангоме, ки домоду арӯс ба хонаи домод мераванд, ҳамроҳи худ ҳатман намад мебаранд ва дар хонае, ки ворид мешаванд, намадро ба шакли лӯла печонида, дар болояш менишинанд. Вақте ки тӯй ба охир расиду ҳамаи меҳмонон рафтанд, домоду арӯс намадро паҳн карда ба болояш қадам мегузоранд. Имрӯзҳо ҳунармандон бо истифода аз дастгоҳҳои нав рангҳои гуногуни химиявӣ шаклҳои гуногуну мураккаби намадро бо тарҳу ороишҳои замонавӣ истеҳсол мекунанд. Таҳияи Муниса ДОДОВА, “ҶТ”
√ ТАШАББУС
Захираҳои обӣ ва истифодаи самараноки он
Тоҷикистон кишварест, ки дар саргаҳи обҳои мусаффои минтақа, яъне Осиёи марказӣ қарор дорад. То ҳафтод фоизи обҳои минтақа маҳз аз дарёҳои кишвари тоҷикон сарчашма мегирад. Вазъи торафт душвори таъминот бо оби нӯшокиро дар сайёраи Замин ба инобат гирифта, сарвари давлати тоҷикон, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони миллати муттаҳид баҳри истифодаи оқилонаю самараноки об ва бо ин васила таъмини аҳолии кишварҳои аз беобӣ азияткашида, таклифҳои судманд пешниҳод намудааст. Чунончи, баҳри муҳофизати захираҳои оби ошомиданӣ дар рӯи замин солҳои 2005 – 2015 ҳамчун даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” маҳз бо таклифу пешниҳодоти Сарвари давлати тоҷикон эълон шудааст, ки ин мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Сарвари тоҷикон баробари ҳалли масоили байналмилалӣ вобаста ба дастрасии мардуми сайёра ба оби нӯшокӣ, ҳамчунин баҳри беҳтару хубтар бо об таъмин намудани сокинони Тоҷикистон тадбирҳои судманд меандешад. Андешидани чунин тадбирҳо имкон дод, беш аз як миллион нафар сокинони кишвар, махсусан дар деҳот, бо оби нӯшокии босифат таъмин карда шаванд. Ҳамчунин, роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар баҳри истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ тадбирҳои судманд меандешад. Зеро Тоҷикистон дар худ чунин захираҳоро зиёд дорад. Аз рӯи захираҳои умумии имконпазири обию барқӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро соҳиб гаштааст. Мувофиқи ақидаи коршиносони соҳаи энергетика захираҳои кишварамон дар ин самт, дар ҳаҷми 527 миллиард кВт-соат арзёбӣ мегардад. Ин нишондиҳанда Тоҷикистонро дар Осиёи марказӣ ба ҷои аввал бароварда, ҳафтод фоизи захираҳои ги-
дроэнергетикии минтақа ба ҳудуди он рост меояд. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки дар минтақа, яъне Осиёи марказӣ масъалаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани сокинон ба масъалаи муҳим табдил ёфтааст. Зеро тӯли солҳои зиёд кишварҳои поёноб заминҳои навро корам намуда, обро бебаркаш ва нооқилона истифода намудаанд. Чунин вазъ боис гашта, ки яке аз обанбори нодири обӣ – баҳри Арал рӯ ба хушкӣ орад. Боз дар ин масъала роҳбари давлати тоҷикон бо сарони кишварҳои минтақа дар гуфтугӯ шуда, созишномаеро ба тасвиб расонд, ки баҳри самаранок истифода шудани обҳои минтақа мусоидат менамояд. Андешидани чунин тадбирҳо имкон медиҳад, дар ҳудуди минтақа захираҳои обӣ самаранок истифода шавад. Сокинон аз нарасидани оби нӯшокӣ азият накашанд ва баҳри Арал ҳадалимкон аз хушкшавӣ эмин монад.
Бибинисо САИДОВА, омӯзгори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №24 (9554), 14.06.2018
E - MAIL: javonontj@mail.ru
Шри М. Ҷ. Акбар: Ин наҳзати қалбакӣ кори одамони гумроҳ аст Суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез
Ҷаноби Сироҷидин Аслов, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷанобон, муҳтарам ҳамкасбон. Иҷозат фармоед ба Ҳукумати Тоҷикистон, Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо барои ташкили конфронси мазкур изҳори миннатдорӣ намоям. Афзоиши таҳдиди ин вирус ба ҳаёт ва арзишҳои мо чунон аст, ки ин ҷамъомад қариб дар тамоми ҷаҳон муҳим маҳсуб мешавад. Тоҷикистон муваффақона мубориза бурд, ғалаба кард ва мавҷи терроризмро барҳам дод ва ин корро дар даврае, ки яке аз даҳсолаҳои хатарноктарин мешуморам, ба анҷом расонид. Ин даврае буд, ки манфиатҳои пурқувват, ки аксар вақт аз ҷониби давлат пуштибонӣ меёфтанд, барои омӯзишҳо ва гурӯҳҳое ба монанди «Толибон», «Ал-Қоида» ва филиалҳо, барои паҳн кардани бесарусомонӣ дар минтақаҳои мавриди ҳадаф сафарбар карда мешуданд. Тоҷикистон бо чолиши худ ба ном Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки миёни он ҳизби наҳзат буд, рӯ ба рӯ шуда буд. Мо бояд маънои ин дастовардро эътироф ва дарк намоем. Ҳамин тариқ Тоҷикистон пеши роҳи сироятёбиеро, ки метавонист тамоми Осиёи марказиро мубтало карда, бо шарикони идеологӣ то баҳри Каспию Сиёҳ ва Левантеву Ироқ мепайваст, гирифт. Ман нозукписанд нестам. Таърих моро сабақи ҷиддӣ меомӯзад. Вақте ки ягон чиз ғалат меравад метавонад аз назорат барояд. Мо бояд Президент Эмомалӣ Раҳмон, қудрати қувваҳои амниятии ӯ ва рӯҳияи мардуми тоҷикро барои роҳ надодан ба табдилёбии чолиши хатарнок ба фоҷиаи идоранашаванда, ки талафоти зиёд диданд, табрик намоем. Дар баробари ин, мо бояд эътироф намоем, ки гарчанде ду даҳсола қабл дар ҷанги бузург ғалаба ба даст омада бошад, он ҳоло ҳам ба охир нарасидааст. Гурӯҳҳои нав дар пешоҳанг пайдо шуданд. Гирдбоди ин муноқишаи ҷаҳонӣ Афғонистон, ки мардуми он ҳамарӯза далерии қаҳрамонона дар воқеаи баъди ҳодисаҳои доимӣ нишон медиҳанд, ки чӣ гуна онҳо бо душмане, ки аз ҷониби роҳбаронашон дастгирӣ ва паноҳгоҳ меёбанд, дар муборизаҳои беамон мубориза мебаранд, боқӣ мемонад. Дунё бояд касонеро ҷонибдорӣ намояд, ки бо хуни худ онро муҳофизат мекунанд. Ҷанги дарозмуддатро бар зидди терроризм мебояд дар се ҷанба бурд. Ҷанбаи якум шиносоӣ; дар майдони ҷанг, ман метавонам бо итминон илова намоям, ки хадамоти амният ва иктишофии ҳар як ҳукумати ҳуқуқбунёд дар ин самт ба ҳадди қобилияташон сафарбар шудаанд. Ҷанбаи дуюм нозуктар аст. Ин майдони ҷанг дар шуур аст, ки дар он тухми ифротгаро шудан бо
инкори зиёд аз ҷониби шахсони ба гумроҳӣ оваранда, ки худро ҳамчун роҳбар мешуморанд, кошта мешавад. Мо бояд ба ин ҷонибдорони миссияҳои худкушӣ ва ҳимоятгарони бесарусомонӣ бо далерии эътиқодамон ҷавоб диҳем. Канорагирӣ, гузашт ва ҳатто овози паст танҳо терроризмро бардурӯғ сафед мекунанд. Иҷозат фармоед бори дигар аз таҷрибаи мизбононамон, ки дар фикру рафтори худ равшании намунавӣ нишон доданд, мисол орам. Тоҷикистон ҳизби наҳзатро бидуни шарту шароит ҳамчун ташкилоти террористӣ манъ кард. Иҷозат диҳед, ин қарорро ба вокуниши диалектикӣ қиёс намоям. Идеологияҳои ин ҳизб зери мафҳуми «наҳзат» чӣ маъно доранд? Чун мусулмон ман ба таваллуди Ислом бовар дорам, зеро ки таваллуд аз Худованд омадааст. Ин наҳзати қалбакӣ — кори одамони гумроҳ аст. Худованд Исломро қосиди сулҳ офаридааст. Ин одамони бадгумонанд, ки Исломро ба воситаи асбоби ҷанг табдил додаанд. Худованд Исломро ба эътимоди плюрализм табдил дод: Қуръони Карим мефармояд: «Лакум диникум вал ядим» (Имони Шумо барои Шумо ва имони ман барои ман). Роҳбарони гумроҳи наҳзатӣ имонро ба зулми одамони дигар дину эътиқод табдил додаанд. Ҷанбаи сеюм иқтисодӣ аст. Кӯшиши марказии ҷавонон дар асри 21 некӯаҳволии баробар мебошад. Агар баробарии иқтисодӣ набошад, бояд ҳадди ақал адолати иқтисодӣ бошад. Ин ҷавоби дақиқ ба радикализатсия аст; дар суханони сарвазир Нарендра Модӣ мухтасар ифода шудааст: «Саб ки саас, саб ка викаас» (Якҷо мемонем ва якҷо рушд мекунем) Ин фалсафа ба сиёсати хориҷии мо низ дахл дорад. Мо бо терроризм дар Афғонистон бо тамоми роҳҳо мубориза мебарем, вале асоситарини онҳо ба рушди инсоният нигаронидашуда мебошад. Кумаки мо ба Афғонистон беш аз 3 миллиард долларро ташкил медиҳад ва ҳоло 116 лоиҳаи нав 31 музофотро дар бар мегирад. Роҳҳои кӯтоҳ вуҷуд надоранд. Террористҳо ва сарпарастони онҳо бо роҳи фиреб одамони аз ҷиҳати иқтисодӣ заифро ба фабрикаи худкушии худ ҷалб мекунанд, чи гунае ки ман дар эссе ҳамчун «хаёлпарастии таназзул» тавсиф намудам. Мо дар Ҳиндустон тавассути рӯҳияи фарҳанги муштаракамон ва пайравии пойдори баробарии эътиқод ва имкониятҳои баробари иқтисодӣ бо таҳдидҳои радикализатсия рӯ ба рӯ мешавем. Дар Ҳиндустон ҳар субҳ бо азон оғоз меёбад, баъдан зангӯлаи маъбади мандир, хониши Гурӯ Грант Соҳиб дар Гурдвара ва рӯзи якшанбе зангӯлаҳои маъбадҳо садо медиҳанд. Дӯстон, мо ба он хотир ин ҷо ҷамъ омадаем, ки ҳаёт ва тамаддунамонро муттаҳид ва муҳофизат намоем. Мо бояд на танҳо душманони алоҳида, балки ҳамаи системаҳои дастгирии онро ошкор созем. Мо бояд ба саволҳои ошкоро ҷавобҳои дуруст дошта бошем. Террор аз куҷо маблағгузорӣ мешавад? Мо бояд маблағи гардиши маводи мухаддирро назорат кунем. Иқдомҳое, ки алҳол аз ҷониби гурӯҳи мақсаднок оид ба амалиёт амалӣ мешаванд, қобили қабуланд ва мо дар муборизаамон бар зидди маблағгузории терроризм устувор хоҳем буд. Мо бояд барои нест кардани терроризми фаросарҳадӣ ҳамкорӣ намоем. Дар ҳақиқат, террористон ба давлати миллӣ ва миллат бовар надоранд. Онҳо ба фазое, ки бар эътимод асос ёфтааст, бовар доранд. Имрӯз мо дар марзҳои инсондӯстӣ нишастаем. ваҳшиҳо паси дар истодаанд. Ташаккур.
13
Дар дунё ӽеҷ сирре пинӽон намемонад, як рӯз не як рӯз ошкор мегардад. Ва ӽеҷ амале беподош намемонаду ӽеҷ киште бедарав. Дар ҷумӽурии азизу соӽибистиқлоли мо замоне ТТЭ ҲНИ вуҷуд дошт, ки мақсадӽои нопоки худро аз чашми мардум пинӽонӣ амалӣ менамуд. Худро назди мардум дӯст нишон дода, аммо дар асл бар зидди давлату миллат душманӣ меварзиданд.
Гургзода оқибат гург шавад Аз рӯзӽои ташкилёбии ТТЭ ӼНИ то қатъи фаъолият якчанд маротиба сабаби бесару сомон гардидани мардуми кишвар гардида зарарӽои ҷиддӣ ба ин давлату миллат расонидааст. Ҷанги шаӽрвандии соли 1992-ро ӽеҷ кас аз ёд набаровардааст, ки сабабгори ин ҷанги хонумонсӯз ӽамин “ҳизби наӽзат” буд, ки бо кӯмак ва тавсияи хоҷагони хориҷиашон сурат гирифт. Гузашта аз ин, дар чандин ҷиноятӽои хурду бузург, ки бар зарари халқ буданд даст доштанд. Ташкил намудани ӽар гуна равияӽо, сохтани масҷидӽои ғайриқонунӣ, таъсис додани мактабӽои ғайриқонунии динӣ, зарба задан ба тафаккури миллат ва дигаргун кардани идеологияи миллат бо тариқи гузаронидани маҷлисӽои пинӽонӣ ва амсоли инӽо. Имрӯз чун дар ҷаӽон симои разилонаи ТТЭ ӼНИ ошкор гардида ҷаӽониён ба даст доштани ин ӽизб ба терроризм эътироф доранд. Агарчӣ далелӽо зиёд буданд ва гувоӽӣ медоданд, ки ин ӽизби мамнӯъшуда дар ӽақиқат як ӽизби террористӣ ва экстремистӣ аст, аммо онӽо худ инро рад менамуданд, ки ин сухан рӯи мо туӽмат аст. Бо гузашти вақт ошкор шуд, ки ин ӽизби мамнӯъшуда бо дигар гурӯӽӽои террористиву экстремистӣ ӽамкории зич дошта ҷавононро ба кишварӽои ҷангзада сафарбар менамудааст. Ва чуноне дар боло зикр шуд, дар бисёре аз ҷиноятҳо даст доштааст. Аъзоёни фаъоли ин ӽизб агарчӣ фирор намуданд, аммо то ӽанӯз пайравони худро пайгирӣ намуда, пинӽонӣ бо онӽо дар алоқа шуда, супоришӽои худро баӽри нобудии ин давлат ба онӽо медиӽанд. Аҷабо, нафареро дӯст мепиндорӣ бехабар аз он, ки санг дар бағал дорад. Миллати тоҷик халқи сулӽпарвар, бофарӽангу боирода буда, барои якдигарфаӽмӣ ва дӯсту тифоқ гаштани ӽар ду ҷониб кӯшишӽои зиёдеро ба харҷ дод, аммо онӽо дӯст нашуданд, чуноне мегӯянд: Гургзода оқибат гург шавад, Гарчӣ бо одамӣ бузург шавад. Инҷо ӽикояи “Сангпушт ва каждум” ба ёд меояд, ки сангпушт мехост ба каждум некӣ кунад ва ӯро аз ӽалокат наҷот диӽад. Аз рӯи дилсузӣ ва тараӽӽум каждумро ба пушташ савор кард то аз об гузаронад, аммо каждум, ки бадсиришт буд ва аз хӯи зишт неши худ бар пушти сангпушт ӽамезад. Сангпушт чун аз нияти бади вай огоӽ шуд ӯро дар об ғарқ кард то аз шарри ӯ ӽам худ ва ӽам дигаронро наҷот бахшад. Ин гумроӽоне, ки худро ӽамчун ӽизби исломӣ медонистанд ва ба мардум муаррифӣ мекарданд, имрӯз душмании худро ошкор намуданд. Ӽарчанд давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мехост бо онӽо ӽамкорӣ намуда, бо онӽо бепарда бошад, аммо ин ҷоӽилон ба умеди хоҷагони худ, ба қадри нону намак нарасида кӯрнамакӣ карданд. Бегонагӣ бо оин, ахлоқ одоб ва суннатӽои миллӣ бузургтарин осеби фарӽангии ӽар миллат аст. Агар ин бегонагӣ дар сарзамини хотир андеша ва фарӽанги мардуме реша бигирад, самараи хубе нахоӽад дошт. Ин асри 21 аст, асри илму техника, асри пешрафту тараққиёт дар ин аср мо дигар фиреб карда наметавонем, мо наметавонем бо ӽиллаву найранг ва бо зулму ситам сухани худро гузаронем. Тафаккури мардум боло рафтааст, зеӽни мардум дигар чизӽои қалбакиро қабул намекунад, имрӯз ӽаққу ботил ошкор шуд ва мардум донистаанд, дарк кардаанд, ки мафӽуми Ислом чи маънӣ дорад. Ӽамин тариқ Тоҷикистони азизи мо тавонист симои террористонаи наӽзатиӽоро ба ҷаӽониён ошкор намуда онӽоро ба мардум муаррифӣ намояд. Хулоса, мо метавонем бо дилпурӣ бигӯем Тоҷикистони азизи мо ва миллати сарбаланди тоҷик аз як ташкилоти террористӣ – экстремистӣ ва хатари он хеле саривақтӣ халос шуда, бо ақли расо ва иродаи қавии мардуми тоҷик ин ӽизби бо ном исломӣ барӽам хӯрд ва ӽамчун ташкилоти террористӣ эълон гардид. Агар кор чунин сурат намегирифт, ки медонад барои теша бар решаи миллат задан боз чи нақшаӽо доштанду чи қадар қурбониӽои дигар аз худ боқӣ мегузоштанд. Маӽваши ЯЪҚУБЗОД
14
МАЪРИФАТАФРӮЗ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №24 (9554), 14.06.2018
Тарҷумони ашъори олмонӣ
Ифтор Моҳи шарифи Рамазон ҳам пас аз чанд рӯзи дигар ба поён мерасад. Аз ин моҳи муборак имсол ҳам хотироту мушоҳидаҳои аҷибе доштам. Аз ҳама рӯйдоди хотирмон он буд, ки як нимрӯзӣ дар бозори “Меҳргон” дӯстам Фарҳодро дидам. Дӯсти ман, ба қавле сухандони моҳир аст. Дар шинохти мани оддӣ бошад, халтаи гап! Ҳамин ки ба гап даромад, ба касе навбат надода соатҳо суҳбат мекунад. Аз ҳар боб ҳарф мезанад, аз зиндагии шахсиаш, аз тиҷорату бозаргониаш, ҳатто аз зина-зина боло рафтани падараш дар мансаб. Он рӯз ҳам дар бозор чун одат тӯлонӣ аз ину он нақл карду вақти рафтан гуфт: - Бегоҳ, ҳатман хона биё ҳамроҳ ифтор мекунем. - Ягон вақти дигар меравем, албатта, – ҷавоб додам ман. - Не, ин хел намешавад! Дар сад сол як бор мебинему даъватамро рад мекунӣ? Меоӣ, ҳатман меоӣ! – қатъӣ гуфт дӯстам. Ман чораи дигар надоштам. Бегоҳ танҳо ҳангоми ба хонаи Фарҳод наздик расидан дидам, ки телефони мобилиамро фаромӯш кардаам. Гап сари он ки нимрӯзӣ Фарҳод суроғаи хонаашро ба ман гуфта дод, лекин ман аз ғояти саросемагӣ онро дар хотир нигоҳ дошта натавонистам. Дилам пур буд, ки ба кӯчаи лозима, ки рафтам, ҳатман ба ӯ занг зада суроғаро дақиқ мекунам. Аз суҳбати нимрӯзӣ ҳамин қадар дар ёдам монда буд, ки гуфта буд: “Хонаам дар пеши бозорча, даромадгоҳи ду, ошёнаи сеюм, ҳуҷраи бист.” Ман бозорчаи дӯстам гуфтагиро ёфтам. Вале чанд дақиқа ин тараф он тараф нигоҳ карда бошам ҳам, аз ду бинои ранги зоҳирашон якхела фарқ карда натавонистам, ки манзили дӯсти ман дар кадомаш воқеъ аст. Таваккалан ба бинои аввалӣ, даромадгоҳи дуюм ва ошёнаи сеюм баромадам. Пушти дар рақами 20-ро дида, яқин кардам, ки суроға ҳамин аст. Дарро задам. Ҷавонзани мавзунқаде онро кушод. - Фарҳод дар хона? – савол додам ман ба ҷавонзан ва беибо попӯшиҳоямро дар даҳлез бадар карда, даромада рафтам. - Ҳа, биёед, гузаред, - гуфт вай яқин ба густохии ман барин меҳмон ҳайрон шуда. Хона ду ҳуҷра дошт. Ман ба ҳуҷраи тарафи рост, ки дараш кушода буд, даромадам. Он ҷо марди тақрибан шастсолае, ки риши кабудфом дошту ба чашм айнак рӯи диван нишаста рӯзномаеро мутолиа мекард. - Ассалому алейкум, амак, - гуфтам ман. Баробари саломамро шунидан рӯзномаро як сӯ монда: - Ваалекум салом, писарам, - гуфт. Мард бо муҳаббат ва чеҳраи кушода бо ман суҳбат менамуд, тахмин кардам, ки Фарҳодро пурсидани маро ӯ шунидааст. Ӯ аз ман гарму самимӣ ҳолпурсӣ мекарду ман аз вай. “Падараш будагист”, гуфтам ба дил. Дастархони пурнозу неъмате дар миёна густурда буданд, то ифтор камтар аз даҳ дақиқа монда буд. - Ин бегоҳ ба Фарҳод каме кор фармудам...
Монда шуд ба фикрам, “дам мегирам” гуфт. – афзуд марди хонадор.– Ҳеҷ гап не мо ифтор кардан мегирем ӯ меояд. Ниҳоят вақти хӯрокхӯрӣ фаро расид. Ба косаҳо шӯрбои гарм оварданд. Дар рафти хӯрокхӯрӣ аз ман пурсид: - Бо Фарҳод ҳамсабақ ҳастед? - Ҳамсабақ нею донишгоҳамон як. - Чи хел шинос шудед? - Дар футбол. Дар дастаи яккачини донишгоҳ. Баъд ман бас кардам, ӯ идома дод. Ҳоло ҳам узви даста аст, ба фикрам. - Уҳу, нобакоре, бо он шиками дам футбол ҳам бозӣ мекардааст- а? - Бале, яке аз бозингарони хуби даста мебошад. – илова кардам ман, вале ҳайрон шудам, ки ин дӯсти лоғарбадани ман ҳеҷ гоҳ шиками калон надошт-ку... - Як даҳон гап намезанад, ношуд. – бо табассум мегуфт мард. – Ба фикрам, ҳунарҳои дигари пинҳон ҳам дорад, ин шармгин. - Чанд вақт буд ҳамдигарро надида будем. Имрӯз нохост дучор омадем, маро ба ифтор даъват кард... - Бисёр кори хуб кардӣ, писарам. Мо хӯрок мехӯрдему суҳбат мекардем. Вале ҳеҷ не, ки Фарҳод барояд. “Ин гаранги Худо имрӯз дар бозор маро ба ҷонам намонда ба ифтор даъват карду хадаш намебарояд.”, - гузаронидам ба дил. Пас аз он ки хӯрок хӯрда тамом кардем, дилам тоқат накарду гуфтам: - Ман, як Фарҳодро бинам... - Майлаш, писарам. Ба ҳуҷраи дигар даромадам, ки чароғ хомӯш ва нафаре рӯи диван хобида аст. Чароғро равшан накарда рафтаму ба бари рӯи хобида чанд торсакӣ задам. - Шарм намедорӣ, маро ба ифтор даъват мекуниву худат хобӣ? Ҳа? – Фарҳодвор беист гап мезадам ман. Ин рафтори ман, албатта, аз рӯи шӯхӣ ва самимият бо дӯстам буд. Вале аз торсакиҳо он нафари хобида бо чашмони хоболуд бедор шуду гилаомез гуфт: - Эээ, чи гап аст, мемонӣ, дам гирем? Яке чашмашро кушода ба рӯям нигоҳ карду гуфт: - Ту кӣ? Ман дигар ҳарфи мегуфтагӣ надоштам, даҳонам кушода монд. Воқеан, як ҷавони тақрибан 19-20-солаи шикамкалону кулӯлае буд ӯ. Пай бурдан душвор набуд, ки аз фарти хастагӣ аз бистар боло шудан намехоҳад. Дид, ки ба саволаш ҷавоб надодам, рӯйпӯши тунукашро ба болояш кашиду боз ба хоб рафт. Ман саросема аз ҳуҷра баромадам. Як ба ҳуҷраи аввала сар даровардаму гуфтам: - Нағз монед, амак. Ман равам, ки як кори зарур баромад. - Куҷо меравӣ, писарам? Исто ҳамроҳ намози таровеҳ мехонем. - Ташаккур, амак, каме саросемаам... Башир УСМОН, “ҶТ”
Бо амри тақдир Шералӣ Раҳим дар мактаби миёна аз омӯзгори олмонитабор аввалин бор оид ба адиби оламшумули олмонӣ, мутафаккир ва шоири бузург Йоҳанн Волфганг Гёте ва «Девони ғарбӣ-шарқӣ»-аш огаҳӣ меёбад. Ҳисси кунҷковияш афзуда, ҳаёти ояндаашро бо забон ва адабиёти Олмон якумра мепайвандад. Баъди хатми мактаби миёна бо роҳнамоии он омӯзгори олмонитабор соли 1961 ба бахши забону адабиёти олмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, аллакай дар давоми таҳсил ба тарҷумаи ҳикояву шеърҳои олмонӣ мепардозад. Нашри аввалини тарҷумаҳои ашъори адибони олмонӣ дар матбуоти даврӣ, бахусус шеъри шоири маъруфи ҷаҳонӣ Ҳайнрих Ҳайне «Модар» истеъдоди фавқулодда ва волои суханофарии ӯро ифшо кард: «Чу боре бо ғуруру ҷаҳл таркат гуфтам, эй модар, Ба дуриҳо сафар кардам, ки шояд андар ин олам, Дили пурмеҳр ёбам, то қаринам гардаду ҳамдам, Шавад дилшод як умру нагардам гирди ғам дигар. Биҷустам ман варо аз пастиҳову аз баландиҳои ин дунё, Фитодам рӯи роҳи нокасон бо лобаву зорӣ. Фақат як зарра меҳри покро будам харидоре, Вале чизе надодандам ба ҷуз макру адоватҳо. Биҷустам меҳр аз мардум басе сарсону саргардон, Накардам лек пайдову сипас бо дидаи гирён, Ва бемору ҳазин, навмед сӯи хона баргаштам. Ба монанди тулуъи офтоб он дам, ки эй модар, Ба истиқболи ман биштофтӣ, бигрифтиам дар бар, Бидидам шуълавар дар чашми ту меҳре, ки меҷустам». Дар даврони шуравӣ имкони нашри тарҷумаҳояш дар шакли китоб набуд. Барои рушди забон ва адабиёти миллӣ монеаҳо вуҷуд дошт. Тарҷумаи асарҳои классикони олмонӣ ба забони тоҷикӣ ҳамчун чизи зиёдатӣ ба ҳисоб мерафт. Чунки тарҷумаҳои мазкур аллакай дар забони русӣ мавҷуд буданд. Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ нашрияҳо аз маҳдудиятҳои идеологӣ озод гардиданд ва Шералӣ Раҳим ду китоби аввалини тарҷумаҳои худро ба нашр расонд. Баъд аз вафоташ дар соли 2011 куллиёти тарҷумаҳояш дар 408 саҳифа бо номи «Намунаҳои беҳтарин аз адабиёти классикии Олмон» аз чоп баромада дастраси ҳаводорони адаб гардид. Дар ин куллиёт тарҷумаи беҳтарин ҳикояҳо, шеърҳо, ҳикмату панду андарзҳо ва масалҳои донишмандони номвари олмонизабон гирд оварда шудаанд. Шералӣ Раҳим на танҳо истеъдоди хуби истифодаи забони хориҷиро доро буд, ки аз он тарҷума мекард, балки забони модарӣ ва адабиёти оламшумули тоҷику форсро низ дар сатҳи олӣ аз худ карда буд. Дар замони шуравӣ Шералӣ Раҳим ҳамчун мутарҷими ҳарбӣ дар Афғонистон низ фаъолият кард, ки имкони мусоид барои табодули донишу таҷриба бо донишмандони ин кишвар фароҳам омад. Баъд аз бозгашт аз Афғонистон ӯ бо худ китобҳои зиёде, аз ҷумла 20 луғату фарҳангҳои нодири форсӣ-олмонӣ-ро бо худ оварда, дар пешаи тарҷумониаш фаровон истифода мебурд. Шералӣ Раҳим кӯшиш мекард, ки маводи интихобкардааш сараввал хастакунанда набошад, сипас ҳатман ҷанбаи тарбиявӣ дошта бошад. Ӯ мехост хонандаи тоҷикро бо мардуми барӯманди дорои идеалҳои баланди инсонӣ ва бузургии ин миллати озода ошно намуда, тасаввури дурусти ҳаёт, машғулият ва эҳсоси мардуми олмонитаборро пешниҳод намояд. Бояд кайд кард, ки аз созмонёбии ҷоизаи Нобел дар соли 1901 то ба имрӯз бо ҷоизаи мазкур дар бахши адабиёт 13 нафар адибони олмонизабон сарфароз гардидаанд. Шералӣ Раҳим ҳамчун забондони таҷрибадор аз рӯзи аввали кушодашавии сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ба фаъолияти дипломатӣ шурӯъ намуда, дар муддати 9 сол роҳбарии бахши фарҳангиии онро ба уҳда дошт. Бо ташаббуси вай табодули мунтазами фарҳангӣ бо донишмандону шарқшиносони шинохтаи олмонизабон, аз ҷумла марҳум профессор . Манфред Лорентс, профессор Берт Фрагнер ва профессор Лутс Ржеҳак ва дигарон ба роҳ монда шуд. Шералӣ Раҳим дар тӯли зиндагӣ мартабаи хешро аз хизмати ҳалол, донишу ҳунар пайдо намуд. Ӯ бо тарҷумаи асарҳои адибони номвари олмонизабон ба забони ноби тоҷикӣ барои баланд бардоштани сатҳи маънавияти хонандаи тоҷик, мустаҳкам кардани робитаҳои фарҳангиву адабии ду кишвар хизмати шоистаеро ба анҷом расонд. Донишмандони тоҷик Шералӣ Раҳимро ҳамчун беҳтарин забондон, мутарҷими заҳматкашу пурҳунар, инсони наҷибу меҳанпарасти беҳамто эътироф карданд. Анъанаҳои пештараро давом додан, хонандаи тоҷикро бо адабиёт ва эҷодиёти шоиру нависандагони олмонизабон шинос кардан ва бад-ин васила робитаҳои илмиву фарҳангиро мустаҳкам намудан вазифаи муқаддаси тарҷума буд ва хоҳад монд. Агар умр вафо мекард, Шералӣ Раҳим рӯзи 15 июн ба сини 75-солагӣ мерасид. Ба мисли ҳар инсони равшанфикр ва донишманди миллати озодаи тоҷик ӯ барои пасояндагон аз худ асари барҷастаеро ба мерос гузошт. Ёдат ба хайр, марди кору ҳунар! Наврӯз РАҲИМЗОДА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №24 (9554), 14.06.2018
15
НАВҚАЛАМ
Нақши сайёҳӣ дар рушди иқтисод Аз солҳои 80 -ум ин тараф соҳаи сайёҳӣ ба қисми асосии занҷираи умумиҷаҳонӣ шомил шуда, дар ҳамин росто фоизи гурӯҳҳои сайёҳӣ хеле афзудааст. Соли 1995 дар дунё зиёда аз 600 млн сайёҳ ба қайд гирифта шудааст, ки қисмати зиёди он ба мардуми Аврупо тааллуқ доранд. Афзалияти соҳаи сайёҳӣ дар кишварҳои мутараққӣ он аст, ки бо сармояи нисбатан кам фоидаи зиёд ба даст оварда, шумораи зиёди мардумро бо ҷойҳои корӣ таъмин менамоянд.
Ҳулбук нишонае аз соҳибтамаддунии тоҷик Тоҷикистони биҳиштосо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз буда, меваҳои шаҳдбор, обҳои шифобахш, боду ҳаво, табиати зебо, кӯҳҳои осмонбӯс ва урфу одатҳои мардуми меҳрубони ин кишвар макони беҳтарину нотакрор барои сайёҳони хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар як минтақаи ин кишвари ободу зебо дорои мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва фароғатӣ мебошад, ки ҳазорҳо сайёҳони хориҷӣ мафтуни ин кишвари афсонавӣ гардиданд. Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон бо ҳама мавзеъҳои таърихии худ аз қабили қалъаи Ҳисор, қалъаи Ҳулбук, Чилучорчашма, Гармчашма, Чилдухтарон, Хоҷаобигарм, Хоҷамуъмин, Зумрад, Ромит, Сари хосор ва ғайра ба минтақаи сайёҳӣ табдил ёфтааст. Танҳо дар пойтахти Ватани мо ҳазорҳо ҷойҳои тамошобоб, аз ҷумла боғҳои дилпазир, осорхонаву қалъаҳо, китобхонаву маҷмааҳои боҳашамат ба истифода дода шудааст, ки ҳусни шаҳрро боз ҳам зеботар намудааст. Имрӯзҳо ҷумҳурии мо ба як кишвари ободу зебо, пур аз дӯстӣ ва саропо ба як мамлакати гулҳо табдил ёфтааст, ки барои ҳар як сайёҳ ҳаловати наҷибу руҳи тоза мебахшад. Бояд гуфт, ки пойтахти кишвари азизамон дарвозаи асосии қабули садҳо сайёҳони хориҷӣ ба шумор меравад. Натанҳо пойтахти кишвар, балки ҳар як гӯшаи Тоҷикистон минтақаи сайёҳӣ маҳсуб меёбад, ки марҳила ба марҳила он ободу зебо гардида, таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ҷалб намудааст. Ҷумҳурии мо дорои як қатор ёдгориҳои нодири таърихӣ буда, боиси ифтихор аст, ки нишонае аз таъриху фарҳанги кӯҳан то имрӯз ҳифз шудаанд. Табиати зебову муҳити тоза ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ, ҷойҳои истироҳативу дараҳои Ромиту Варзоб яке аз мавзеъҳои сайру сайёҳат ба ҳисоб меравад. Яке аз мавзеъҳои таърихӣ қалъаи Ҳулбук мебошад, ки он таърихи чандинҳазорсола дорад. Ин қалъа дар ноҳияи Восеъ воқеъ аст. Бояд қайд кард, ки дар ин ноҳия миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва мардуми хеле меҳмондӯсту меҳмонавоз ва меҳрубон мебошанд. Мардуми ноҳияи Восеъ дар тӯли соҳибистиқлолии давлат саъю кӯшиш намуда, барои ободониву созандагӣ ва расидан ба арзишҳои миллӣ саҳми арзанда гузоштанд. Бо дастгириву ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми заҳматкаши ноҳия ба як қатор пешравиҳо ноил гардида, бо шукрона аз сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати миллӣ софдилона кору фаъолият мекунанд. Қалъаи Ҳулбук таърихи қадима дорад. Ин қалъа нишонае аз таърихи тамаддуни миллати тоҷик миёни мавзеъҳои дигар мақоми шоистаро касб кардааст. Дар рӯ ба рӯи қалъа осорхонаи таърихии он воқеъ аст. Ин осорхона имрӯз ба макони сайёҳӣ табдил ёфта дар он тамоми ёдгориҳои таърихӣ ва осори гаронбаҳо боқӣ мондааст. Дар осорхонаи Ҳулбук тамоми бозёфтҳои нодири қадимӣ, аз ҷумла асбобҳои рӯзгор, зарфҳои шишагиву сафолӣ, ороишоти занона, кӯзаҳои сафолию биринҷӣ, маҳсулотҳои оҳангарӣ косиби заргари, тангаҳову китобҳои таърихӣ ва дигар олоте, ки аз санг офарида шудааст дар онҷо нигоҳ дошта мешавад. Ҳар як гӯшаи ин қалъа бо сабку усули хоса ва маҳорати баланди меъморӣ бунёд ёфтааст, ки аз завқи баланди ҳунармандони он замон гувоҳӣ медиҳад. Қалъаи Ҳулбук ороишоти наҷибу фаровоне дорад. Яке аз суннатҳои ниёгони ин қалъа инъикоси санъати меъморӣ мебошад, ки ёдгоре аз таърихи гузаштаи миллати тоҷик ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир тасвирҳову зебоӣ ва шукӯҳи санъати қалъаи Ҳулбук беҳамтост. Дар ҳақиқат, қалъаи Ҳулбук яке аз бозёфтҳои фарҳанги халқи тоҷик ва ҷаҳон мебошад. Хушбахтона, тавассути истиқлолияти давлатии миллати тоҷик ва дастгириҳои Пешвои миллат баъди ҳазорсолаҳо Ҳулбук имрӯз аз нав бунёд гардидааст, ки маҳз ба хотири арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ва эҳё намудани ҳисси баланди ватандорӣ ҳамчун як минтақаи сайёҳӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба шумор меравад. «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 барои беҳтар ва бештар намудани ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳони хориҷӣ ба қалъаи Ҳулбук имконоти зиёде фароҳам овардааст. Мастона ҲАЙДАРОВА, донишҷӯи ДМТ
Таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки аз ҳисоби ривоҷ додани ин соҳа андозаи 40-50 фоизи даромади буҷаи кишварҳояшонро ба даст меоранд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ аз рӯи шумораи қабули туристон ноҳияҳои наздибаҳрӣ баъд аз шаҳрҳои машҳури туристӣ ҷойи дуюмро ишғол мекунанд. Дар ҳудуди кишвари мо низ тақрибан 1300 кӯл мавҷуд буда, масоҳати онҳоро зиёда аз 700 км мураббаъ ташкил медиҳад. Ҷумҳурии мо дорои сарватҳои бебаҳо буда, қисми зиёдашро баландтарин қаторкуҳҳо ишғол кардаанд. Аз рӯи тадқиқоти
олимон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 900 га комплекси табиӣ ва 40 намуди манзараҳои дилфиреб мавҷуд аст. Кишвари мо бо чашмаҳои шаффофу гарму табобатӣ ва бо олами растаниҳои шифобахшаш дар ҷаҳон машҳур гаштааст. Қисматҳои алоҳидаи Тоҷикистон дараи Варзоб, Ромит, мавзеъҳои Балҷувон ва кӯҳҳои сарбафалаккашидаи барфпӯши Бадахшон барои ташкили истироҳату фароғат, табобат, варзиш ва кӯҳнавардӣ фароҳамкунандаи заминаи мусоиданд. Инчунин шароитҳои хуби иқлими соҳили Баҳри тоҷик, чашмаҳои шифо-
бахш ва ёдгориҳои таърихӣ ва меъмории шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд, Исфара ва Истаравшан аз ҷумлаи ҳамин мавзеъҳоеанд, ки хусусиятҳои зиёдеро дороанд. Дар робита ба рушди инфрасохтори зарурӣ ва бо назардошти таҷрибаи байналхалқӣ, ташкил намудани сайёҳии экологӣ ва ҳавасмандкунии соҳаи туризм имконият медиҳад, ки таи солҳои наздик кишвари мо ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ноил гардида, ба ҳадафҳои стратегияи рушди иқтисодии кишвар расад. Меҳрангез ТУРСОНОВА, донишҷӯи ДДМИТ
Забони мо тоҷикӣ Забони тоҷикӣ забонест, ки таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Далели ин асарҳо, маъхазҳо, дастхатҳо ва катибаҳои асри Х пеш ё баъди он мебошад, ки онро агар гирифта хонед, мебинед, ки дар ҳамон давр ҳам бо забони тоҷикии имрӯза гуфтугӯ мекарданд. Мисле ки имрӯз мо бо ҳам гуфтугӯ мекунему мукотибот дорем, даҳ аср пеш низ гузаштагони мо тоҷикон бо ҳамин забон муошират ва мукотиба доштанд. Забон дар як солу як аср ба вуҷуд намеояд. Касе гӯяд, ки забони тоҷикӣ дар ибтидои асри бист ба вуҷуд омадааст, ӯ куллан хато кардааст. Дигар ин ки бо ин забон на танҳо халқи Тоҷикистони имрӯза, балки тоҷикони Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон сухан мекарданду мекунанд. Доираи муошираткунандагони забони тоҷикӣ кам нестанд. Нозукии масъала дар ин ҷост, ки эрониён хешу табор ва мардуми форс гузаштагони моянд. Аз ҳамин ҷо решаи фарҳангу забон, адабиёт, илму фан, дин ва таъриху тамаддуни мо тоҷикон ва эрониён якест. Дар арсаи байналмилалӣ агар калимаи форс гуфта шавад, дар тасаввуроти онҳо халқи Эрон дар назар дошта мешавад, ки дар он тоҷику афғон дохил нест. Мо забонамонро форсӣ гӯему ба расмулхати арабиасоси форсӣ гузарем, ин гусастани пайванди садсолаҳо бо аҷдоди ниёгони худро дар пай дорад. Мо чаро аз гузаштагони худ даст мекашидаем, ҳеҷ гоҳ! Мо хиёнат ба аҷдодон карда, аз асли худ бегона гардем, азизи кӣ мегардем? Гузаштан ба расмулхати арабиасоси форсӣ аз расмулхати кириликӣ ин бераҳмона панҷоҳ сол ба
ақиб партофтани кишвар аст. Пайванд миёни насли бузургсол ва ҷавонон гусаста мегардад. Тағйири хат танҳо гузаштан аз як хат ба хати дигар нест. Он мушкилоти зиёдеро эҷод мекунад. Муҳимтар аз ҳама ба чунин кор мардуми тоҷик худ намегаравад, чунки ин дарсро кайҳо аз худ кардааст. Ин амалро метавон маҷозан кӯр кардани дидаи маънавиёти миллат баҳо дод. Чӣ гуна ба ақидае, ки чунин паёмадҳо дорад, метавон муқобил набаромад. Мо ифтихор аз он дорем, ки имрӯз бо ҷоннисориҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии Асасгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчами халқи мо дар қатори парчами дигар халқҳои куҳанбунёд баланд қомат афрохтааст ва дар сатҳи ҷаҳонӣ, махсусан аз минбари баланди СММ Пешвои миллати мо бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ менамоянд, ки ин худ аз бузургии забони тоҷикӣ дарак медиҳад. Аз ин чиз мо ҷавонон бояд дарси ибрат гирему баҳри ободии ин меҳан, таҳким ва ҳифзи забони хеш талош варзем. Дилмурод ЮСУФӢ, донишҷӯи ДМТ
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №24 (9554), 14.06.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
ФАЙЗАЛӢ ҲАСАН
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Чун киштӣ ғарқ шуд, иқрори гуноҳ бефоида аст.
√ ЛАВҲАИ
ЛИРИКӢ
Интизорие ба дарозои сад сол Бону бо ҳазор шакку тардид ва дудилагӣ компютерро рӯшан карду калимаву вожаҳои қаблан дар зеҳну дил ҷамъовардаашро бо шитоб рӯйи саҳифаи он чиндан гирифт: “Бе ман чунӣ, АЗИЗ??? Оё ба ёди ман ҳастӣ, боре аз гӯшаи хаёлат мегузарам? Ҳарчанд ба ин суолҳоям ман ҷавоби омода дорам, лекин боз ҳамон ҳисси содагиям бар ман зафар мекунад ва ин пурсишҳои бепосухам рӯйи саҳифаи вордӣ “тайп” мешавад... Ҳоли маро пурсидан ҳоҷат надорад... Ту аз ман беҳтар медонӣ, ки чӣ ҳол дорам. Ҳоли беҳолӣ. Ҳама чиро дорам, аммо туро на. Ва ин набуданат ҳама доштаҳоямро ба нобудӣ мебарад. Дунё чӣ қадар холист бе ту. Пури одам аст, аммо онҳо бароям бегонаанд, маро намефаҳманд... Эҳсос надоранд ин мардуми бепарво... Медонӣ, бидуни ТУ олами атрофам, зиндагиям рангу таровате надорад, фақат хатҳое мебинам, сиёҳу сафед, ки хеле дилгиркунандаанд, якмароманду дилбазан. Ёдат ҳаст давраҳои қадим мардум чӣ гуна акс мебардоштанд? Дар албоми хотираҳои волидонамон ҳанӯз ҳам ҳастанд ин аксҳо, ки ҷуз ду ранг ранги дигаре надоранд, рангҳои дилгиру дилбазан... Ва рӯзу рӯзгори ман имрӯзҳо дақиқан мисли ҳамон аксҳои қадимиянд: сиёҳу сафед, албатта, сиёҳаш бештар... Муддати тӯлонӣ аз ҳам дурем, намебинамат, ҷуз аксе, ки ба ёдгор
фиристодаӣ, бо ханда, шоду масрур ба сӯям менигарӣ, албатта, ба ман не, ба нафаре, ки аксатро гирифтааст, бахшида шудаанд хандаҳои зебоят. Медонӣ, чӣ қадар зебоӣ? Медонам, ки ин ҳарфҳоро агар бишнавӣ, мазамматам карда мегӯӣ: Зан бояд чунин нагӯяд, айб аст. Аммо мехоҳам ин қолаби шахшударо бишканам. Чаро мард ҳамеша бояд ҳаққи ибрози эҳсос дошта бошаду зан не? Чаро эҳсоси поку беолоишро иброз намудан ба зан, ба як бонуи саропо меҳр “айб аст”, “хуб нест”? Хайрият, ки дурему имкони мазамматкунӣ надорӣ... Дурем, тайи ин ҳама муддат бояд кайҳо туро ба сандуқи хотира месупурдам, вале рӯзе, соате, лаҳзае набуд, ки бе ёдат бошам. Чӣ қадар сахт аст, ки бидонӣ азизат дар як гӯшаи олам шояд канори дигаре нафас мекашад, бо ӯ механдад, меҳру муҳаббаташро нисори дигаре мекунад, аммо ту аз дидораш маҳрумӣ. Сахт аст, хеле... Вале бо ин ҳама дил дӯсташ медорад ва мехоҳад бигӯяд: Ин сафаркарда, ки сад қофила умр ҳамраҳи ӯст, Ҳар куҷоест, илоҳӣ, ба саломат дораш... Бидон, ки дар як гӯшаяки дигари олами беканор диле ба ёди ту метапад, азизе ба ёди ту нафас мекашад...” Садои гиряи тифл бонуро аз навиштан бозмонд, зеро андешаҳояш ба ҳадде парешон гашт, ки дигар ҷамъ карданашонро ғайриимкон донист.
Хастаҳолонаву саросема он сатрҳоро дар зеҳни дастгоҳ ҳифз карду ба тарафи тифлак шитофт. Фариштачаи беқарорро ба даст гирифту ба қафаси синааш бо меҳр пахш кард ва аз атри бадани тифлонааш ҳаловат бурд. Бо хомӯш гаштани ҷигарпора дубора ба худ андешид, ки сатрҳои иншокардаашро ба ӯ ирсол кунад ё не? Ҳич посух намеёфт ба ин суолаш. Мушкилӣ мекашид ва касеро ҳам надошт, ки машварат кунад. “На, бо ин шакли хом равон намекунам, то маро заифу нотавон наҳисобад. Хуб таҳрир карда, табъи дил мекунамаш... Ғурурамро ман бояд аз даст надиҳам. Бе ӯ азоб кашиданамро бояд нафаҳмад, то баъдан таънаам накунад. Мардон ҳамин хеланд, дар таънакунӣ устод шудаанд. Ҳа, айнан ҳамин тавр мекунам”,мегуфт бону дар ҳоле, ки ҳамроҳи тифлак худашро ҳам хоби ширин ба оғӯш гирифта буд. Бехабар аз он ки матнро саросема шуда, кайҳо ирсол кардааст. Аммо дар як гӯшаи дигари ин олами хурдакак ҷавонмарде сатрҳои ба тозагӣ ба компютераш воридшударо мутолиа мекард ва ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад. Ин сатрҳои самимиро ӯ чӣ қадар интизор буд, худаш медонисту Худояш. Қариб сад сол интизорӣ кашид ва инак, лаҳзаи деринтизор фаро расида буд. Дилафрӯз ҚУРБОНӢ, рӯзноманигор
******** Андешаи онро накун, ки ту чиро метавонӣ, балки дар фикри он бош, ки ту вазифадорӣ. ******** Иҷрокунандаи аввалини фармоишҳои худ бош. ******** Ғалабаи воқеӣ ҳамон аст, ки душманон мағлубияташонро эътироф кунанд. ******** Ҳузур шарафро коста мекунад. Клавдиан Миёни хоҷаву ғулом ҳеҷ гоҳ дӯстӣ нест. ******** Азоби гуноҳи аҷдодро авлод мекашад. ******** Зимни ғалабаву гурез кӣ лашкар меҳисобад? ******** Аккоси баланду сахт нагазидан хоси саги тарсуст. ******** Саросемагӣ маътал мекунад. Ҳама чиз дар вақташ.
********
******** Аз тақдир гила кардан беҳтар аст, аз оне ки аз ғалаба шарм дорӣ. Куртсий Руф
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
√ ЭЪЛОН
Шиноснома бо силсилаи А ва рақами 00594990, ки онро ШВКД-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли 2016 ба Умрон Халифазода додааст, бинобар гум шудан аз эътибор соқит дониста шавад. Шаҳодатномаи нафақавӣ таҳти рақами 12344, ки онро Раёсати молия ва иқтисоди Вазорати корҳои дохила соли 2015 ба Насрулло Сафаров додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Дипломи гумшуда (силсилаи № 0082931), ки онро соли 2016 Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе ба Азимов Фирдавс Абдураҳмонович додааст, эътибор надорад. Аттестати гумшудаи (силсилаи 0395003), ки онро соли 2010 Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоёни шаҳри Душанбе ба Бурҳонов Руслан Раҷабалиевич додааст, эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4181 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»