Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо
ҲАФТ РӮЗ 11.06.2015 Ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон доир гашт, ки 18 июнро рӯзи аввали моҳи Рамазон таъин карданд. 12.06.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои якуми Аврупо дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон иштирок кард.
№24 (9398), 18 июни соли 2015
e-mail: javonontj@mail.ru
Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
13.06.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумати кишварро дар бораи тағйири номи бархе маҳаллаҳо дар навоҳии Вахш ва Варзоб ба имзо расонда, барои баррасӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод кард. 14.06.2015 Вазорати корҳои хориҷии Қатар иттилоъ дод, чор сарбози тоҷикро аз дасти “Толибон”, ки моҳи декабри соли гузашта гаравгон гирифта шуда буданд, раҳо ва ба Тоҷикистон фиристода шуданд. 15.06.2015 Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивалозмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ - «Парасту-2015», бахшида ба 100-солагии Артисти халқии ИҶШС Аслӣ Бурҳонов оғоз гардид, ки то 20 июн идома меёбад.
7-10 Фестивал ҳисси ватандӯстии ҷавононро бештар мекунад Саҳифаи
16.06.2015 Дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғиби фарҳанги зебопарастӣ, рӯзгордорӣ ва ҳамзамон, корҳои ободониву созандагӣ, бахшида ба 18умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ нахустин бор Фестивали “Гулҳо” ва “Оши палав” доир гашт. 17.06.2015 Дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ доир ба таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2015» машварати корӣ баргузор шуд.
РАМАЗОН-2015
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9398), 18 ИЮНИ СОЛИ 2015
Саҳифаи
11
1
БАРОИ ҶАВОНОН
КӮМАК
Меҳр асту муҳаббат асту... 9 июн бо ташаббуси магистрантҳои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Соли оила, дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси ноҳияи Ҳисор, таҳти унвони «Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ» чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.
Тағйирот дар ҳаёти ҷавонони Бадахшон 11 июн бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи нашриёти «Шарқи Озод» лоиҳаи «Тавсеаи ваколатҳои ҷавонон оид ба рушди устувор ва тағйирот» муаррифӣ гардид. Он бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо, Муассисаи ҳамкориҳои байналмилалии Ассотсиатсияи таъмини калонсолони Олмон (DVV International) амалӣ мешавад. Ташкилотҳои ҷамъиятии «Нур», «Мадина» ва намояндагии Маркази миллии таълими калонсолон дар ВМКБ шарикони иҷроиши лоиҳаи мазкур мебошанд. - Ин лоиҳа дар доираи барномаи «Ширкат дар сулҳофаринӣ»-и Иттиҳоди Аврупо, бахши «Бокортаъминкунии ҷавонон ҳамчун сулҳофаринӣ ва роҳи пешгирии низоъ» амалӣ мешавад, - гуфт намояндаи Иттиҳоди Аврупо Андрес Ҷурфелдт. - Аз давраи ифтитоҳи дафтари намояндагии Иттиҳоди Ав-
рупо дар Тоҷикистон ин нахустин лоиҳа дар ВМКБ мебошад. Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа пешгирии низоъҳо ва барқарории сулҳ дар минтақа аст. Роҳбари барномаи дафтари минтақавии DVV International дар Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатов изҳор дошт, ки тавассути касбомӯзӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷавонон муҳити созандаву муташаккил фароҳам оварда мешавад. Зимни амалишавии лоиҳа 1500 ҷавони аз 15 то 29-сола ба машғулиятҳо оид ба маърифати шаҳрвандӣ, соҳибкорӣ, курсҳои касбомӯзӣ ва маҳфилҳои муколима ҷалб хоҳанд шуд. - Дар доираи лоиҳа омода кардани 16 нафар тренери нав (му-
ИҚТИСОД
НИШАСТ
Кумитаи миллии соддасозии тиҷорат таъсис хоҳад ёфт Вазифаҳо, сохтор, самтҳои фаъолият ва ҳадафи Кумитаи миллии соддасозии тиҷорат, ки таъсисаш ба нақша гирифта шудааст, 13 июн зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд. Ниҳоди нав бо ҳадафи соддасозӣ ва ҳамоҳангии равандҳои миллии марбут ба тиҷорати байналмилалӣ таъсис хоҳад ёфт. Роҳандозии фаъолияти чунин як ниҳод талаби ҳатмии Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) дар чаҳорчӯбаи Созишномаи СТҶ доир ба соддасозии тиҷорат мебошад. Барои таъсиси ин ниҳод Маркази тиҷорати байналмилалӣ кӯмак мекунад. Вазифаҳои асосии Кумитаи миллии соддасозии тиҷорат аз иттилоърасонӣ аз сиёсатҳои соддасозии тиҷорат; мусоидат дар иҷрои уҳдадориҳои марбут ба Созишномаи СТҶ доир ба соддасозии тиҷорат; ба эътибор гирифтани мушкилоти бахши хусусӣ ҳангоми таҳияи сиёсати соддасозии тиҷорат; иҷрои нақши пайвандгар миёни ниҳодҳои давлати Тоҷикистон ва Кумитаи СТҶ доир ба соддасозии тиҷорат; мусоидат ба ниҳодҳои давлатӣ дар муайян кардани самтҳои бартар барои маблағгузорон; таҳияи қоидаҳои раҳнамоӣ барои ниҳодҳои марбута, аз ҷумла Девони вазирон; боло бурдани сатҳи огаҳии ҷомеа аз масоили марбут ба соддасозии тиҷорат; назорати иҷрои уҳдадориҳои марбут ба созишномаҳои дуҷониба ва
2
тахассисони соҳаи касбомӯзӣ) ва ҷалби 12 нафар мушовирони соҳаи таъсиси соҳибкории хурд, 25 нафар таълимдиҳандагони ҷавонон, 50 нафар кормандони сохторҳои соҳибкории мавҷуда ҷалб мешаванд, - гуфт Леван Кавачидзе масъули дафтари намояндагии DVV International. - Лоиҳаи пешниҳодшуда ба ҳадафҳои умумиҷаҳонии «Таҳкими зарфияти созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба иштироки онҳо дар муколамаи васеи сиёсии марбут ба масоили ҷавонон» мутобиқат мекунад. Амалишавии лоиҳа 36 моҳро дар бар гирифта, соли 2018 ба анҷом мерасад. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
ғайра иборат хоҳад буд. Амир Зафар Дурронӣ, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба равандҳои тиҷорат, дар таъсиси Кумитаи миллии соддасозии тиҷорат ёрӣ мерасонад, мегӯяд: «Равандҳои тиҷорат аз фаъолияти ниҳодҳои гуногуни давлатӣ ва бахши хусусӣ иборат аст ва аз ин рӯ, ба мавҷудияти як сохтори вижа ҷиҳати ҳамоҳангӣ ва ҳамкории муассир ниёз дорад. Ин Кумитаи махсус иқтидори сохторӣ ва назоратии ниҳодҳои миллиро ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳояш дар баробари СТҶ дар мавриди соддасозии тиҷорат боло мебарад. Ниҳоди мазкур, ҳамчунин, ба кишвар имкон медиҳад, то мустақилона равиши муассиртаринро дар самти таҳияи сиёсатҳо ва қонунгузориҳои нав муайян карда, бо ҳамкорони тиҷоратӣ гуфтушунидҳои муассиртар доир кунад. Бахши хусусӣ низ имкон пайдо хоҳад кард, то дар гирифтани тасмимҳои сиёсӣ ҷиҳати соддасозии тиҷорат, аз ҷумла, таҳияи қонунгузориҳо, равандҳо ва василаҳои назорат, ибтикорҳо ҷиҳати рушд, иштироки фаъолтар бикунад». У. САФАРАЛӢ, «ҶТ»
Нақши “Хоки Ватан” дар Ваҳдати миллӣ назаррас аст 16 июн дар Вазорати фарҳанг суҳбати гирди миз таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ: асолат ва дастовардҳои он” доир гардид. - Ваҳдату ягонагӣ дар кишвар оташи хонумонсӯзи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш карда, барои тантанаву дастболо гаштани сулҳ бар ҷанг, субот бар хунрезиву куштор, созандагӣ бар сӯзандагӣ ва ақли солим бар ҷаҳолату ваҳшоният заминаи боэътимод гузошт, - иброз дошт Абубакр Зубайдов, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти вазорат. Дар ҳамоиш кормандони пажӯҳишгоҳ, муаррихон ва дигар шахсони масъул оид ба нақши ваҳдати миллӣ дар пешрафти ҷомеа маърӯза намуданд. - Нақши барномаи «Хоки Ватан»-и Радиои Тоҷикистон дар таъмини ваҳдати миллӣ хеле муҳим арзёбӣ гардид. Ба гуфтаи Саидмурод Хоҷазод, номзади илмҳои филологӣ, барномаи «Хоки Ватан» пуле буд миёни гурезагон, ҷомеа ва Ҳукумати кишвар.
Чӣ тавре ки ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ Лутфия Абдухолиқзода зикр намуд, мақсад аз баргузории чорабинӣ бедор намудани ҳисси меҳру муҳаббат, боварӣ ба ояндаи нек, афзудани умеду дилбастагӣ ба зиндагӣ ва дур сохтани эҳсоси танҳоӣ аз зеҳни тарбиятгирандагони ин муассиса мебошад. Номбурда, инчунин, аз татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар оид ба дастгирӣ ва ғамхориҳои пайваста нисбат ба кӯдакони бепарастор ва имконияташон маҳдуд ёдовар шуд. Дар доираи чорабинӣ магистрантҳо барои тарбиятгирандагон як қатор бозиҳои шавқовар ва мусобиқаҳои саргармкунанда, аз қабили бозиҳои варзишӣ, расмкашӣ, шеърхонӣ ва ғайраро ташкил намуданд. Ҳамзамон, барномаи консертии ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳияи Шаҳринав ва намоишномаи театри “Лӯхтак”-и шаҳри Душанбе пешкаш шуд, ки боиси хушҳолии иштирокчиёни чорабинӣ гардид. Дар охир ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ аз ҷониби магистрантҳои Донишкадаи идоракунии давлатӣ зиёфат ороста шуда, зиёда аз 100 нусха китоби дарсиву бадеӣ, бозичаҳо ва ашёи саргармкунанда тақдим гардид. Насрулло ТЎЙЧИЗОДА
ҚАДРДОНӢ
Ҷоизаи Иван Бунин ба муҳаққиқи тоҷик Тибқи қарори Шӯрои муассисони Донишгоҳи гуманитарии шаҳри Маскав мукофоти ба номи нависанда ва шоири рус Иван Бунин ба устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, профессор Бароат Ҳоҷибоева – модари Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона тақдим шуд. Инчунин, Б. Ҳоҷибоева унвони профессори фахрии донишгоҳи номбурдаро сазовор гашт. Ба ин муносибат дар маҳалли зисти профессор Бароат Ҳоҷибоева маросими тантанавии тақдими мукофотҳо доир шуд, ки дар он муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва шогирдону ихлосмандони ин муҳаққиқи соҳибназар иштирок намуданд. Ин ҷоиза ба Бароат Ҳоҷибоева барои анҷоми тадқиқоти муфид дар заминаи пайванди Иван Бунин бо адабиёти машриқзамин, хоса китоби “Чекан души”, хидматҳои бузурги ӯ дар тарғиби фарҳангу адабиёти рус тақдим шудааст. Ҷоизаи ба номи Иван Бунин соли 2004 аз ҷониби Донишгоҳи гуманитарии Маскав, Ҷамъияти дӯстдорони забони русӣ, Иттиҳоди муассисаҳои таълимии олии ғайридавлатӣ, До-
нишкадаи миллӣ-тиҷоратӣ ва Донишкадаи санъати муосири Русия таъсис ёфта, соле як маротиба аз тариқи озмун ба беҳтарин муҳаққиқон дода мешавад ва Бароат Ҳочибоева аввалин муҳаққиқ аз Осиёи Марказӣ ин ҷоизаро дарёфт намуд. Профессор Бароат Ҳоҷибоева айни замон 87 сол дошта, бештар аз 60 сол ба шогирдон аз забон ва адабиёти рус тадрис намудааст. Мавсуф дар канори тарбияи шогирдони зиёд дар заминаи таҳқиқи пайвандҳои адабиёти форсиву русӣ таълифоти фаровон дорад, ки “Пушкин и Восток”, “Голубокая Родина Фирдавси” аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд. Қаблан барои китоби “Пушкин и Восток”, ки бо ҳаммуаллифии духтараш – профессор Матлуба Хоҷаева бо медали ба номи Пушкин низ тақдир шуда буд. Суҳроб КАЁНӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9398), 18 ИЮНИ СОЛИ 2015
АНДЕША Вақтҳои охир масоили ҷавонон дар ҷомеа зиёд шудааст. Дар баробари мушкилоти иҷтимоӣиқтисодӣ, бекорӣ ва камбудиҳо ақидаҳои ифротӣ ва ғояҳои иртиҷоии хориҷӣ низ мафкураи ҷавонони моро табоҳ менамоянд. Ба ин амр як қатор омилҳо мусоидат мекунанд. Яке аз мушкилоти асосии ҷавонон дар ҷомеаи муосир паст рафтани меъёрҳои ахлоқӣ ба шумор меравад. Вақте муомилаи ҷавонон пур аз алфози фаҳшу қабеҳ бошад, вақте сухани дурӯғ меъёри муқаррарӣ бошад, вақте ришва одати маъмулӣ ба шумор равад, вақте дар назди сомонаҳои иҷтимоӣ вақти зиёд ва қимати ҷавонон сарф шавад, пас, бонги хатар бояд зад. Дар замоне ки тағйироти бунёдӣ ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ҷаҳонишавӣ хатари омезиши фарҳангҳо ва аз байн бурдани асолати миллиро таҳдид месозад, ягона умеди наҷоти миллат ҷавонони бофарҳанг ва баномус мегарданд. Хатари дигаре, ки ба ҷомеа, алалхусус, ба ҷавонон таҳдид мекунад, густариши фаъолияти ҷараёнҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ мебошанд. Созмонҳои ифротӣ, аз қабили Ҳизби Таҳрир, «Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ», «Қоида» ва акнун “Давлати исломӣ” фаъолияти тахрибкоронаашонро бо шиорҳои исломӣ рупӯш намуда, ҳадафи шикасти сохти конститутсионӣ дар кишварҳои минтақаро доранд. Хатари таҳдиди онҳо бо ғояи таъсиси Хилофати ягона, аз байн бурдани режимҳои мавҷудаи давлатҳо, бо даъват ба ҷиҳод ва амалҳои зуроварӣ алоқаманд мебошад. Барои ҷалби ҷавонон ҷараёнҳои мазкур аз тамоми василаҳо истифода менамоянд. Дар баробари ҳавасманд намудани ҷавонони ноогоҳ, ҷалби ҷавонон ба марказҳои махсуси таълимии динӣ, «кӯмак»-ҳои молиявӣ, тарғиби ғояи мубориза алайҳи бединон ва соҳибмазҳабон татбиқ мегарданд. Иқдоми Ҳукумати
ҷумҳурӣ дар самти баргардонидани толибилмоне, ки дар макотиби динии хориҷӣ таҳсил менамоянд, яке аз чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ маҳсуб мегардад. Мутобиқи дастури Сарвари давлат сафоратҳои ҷумҳурӣ дар хориҷа
зада, пеш аз ҳама, ваҳдати мусулмононро барҳам мезананд. Ғояи зарурат надоштани мазҳаб барои пайравони огоҳ маҳз ин ҳадафро пайгирӣ месозад. Аз ин рӯ, пайравони “Салафия” мазоҳиби дигарро, хоҳ суннӣ бошад, хоҳ шиа,
Тоҷикистон 8 январи соли 2009 равияи «Салафия»-ро ба рӯйхати гурӯҳҳои динӣ-ифротии фаъолияташон мамнуъ дар кишвар ворид намуд. Боиси таъкид аст, ки яке аз омилҳои гароиши ҷавонон сатҳи
Президенти кишвар дар суҳбат бо ҷавонон 23 майи соли 2013 қайд намуд, ки барои таълим ва тарбия тайи солҳои 2001-2012 зиёда аз 1500 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, аз ҷумла, 37 гимназия барои кӯдакони лаёқатманд, 49 литсей
Ватандӯстӣ - роҳи эҳёи ҷомеа Рушди кишвар бо сиҳатии маънавии миллат муайян мегардад
ба баргардонидани донишҷӯён пардохта, дар маҷмуъ, тақрибан 3000 шаҳрванди ҷумҳуриро баргардониданд. Возеҳ аст, ки дар сурати таъхир густариши ақоиди ифротӣ дар кишвар суръати баландро касб менамуд. Фаъолияти густурдаи ҷараёни «Салафия» низ ба пояи ваҳдати мазҳабии аҳолии кишвар зарба зада, ақоиди иртиҷоиро дар мафкураи ҷавонон паҳн месозад. Онҳо аз риояи аркони исломи ноб ҳарф
эътироф намесозанд. Танҳо тайи ду соли аввали фаъолият (солҳои 2007-2008) равияи мазкур зиёда аз 20 ҳазор нафарро (тибқи маълумоти расонаҳои ғайрирасмӣ) ба дом кашида, ба пояҳои амнияти мазҳабӣ, иҷтимоӣ ва равонии ҷомеа зарба зад. Мардуми кишвар, ки бо арзишҳои таҳаммулпазирӣ шуҳрат доранд, дар рӯ ба рӯи хатари муассир бо пардаи динӣ қарор гирифтанд. Бо назардошти хатари ин ҷараён Суди олии
пасти маърифати зеҳнӣ, надонистани арзишҳои ватандорӣ ва унсурҳои асосии динӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон, сатҳи баланди бекорӣ, сатҳи пасти иҷтимоӣ ва шароити зиндагӣ, сарҳад бо Афғонистон ба ташаккули иртиҷоият миёни наврасон мусоидат мекунанд. Аслан, ақидаҳои иртиҷоӣ ва усулҳои фишору зуроварӣ аз замони ҷанги шаҳрвандӣ миёни аҳолӣ роиҷ гаштанд. Айни замон зиёда аз нисфи аҳолии кишварро насли ҷавон ва наврас ташкил медиҳад. Ҷавонон дар заминаи равобити баъдиҷангӣ ташаккул ёфта, тарзи муносибат ва усулҳои зӯроварии рафторро шоҳид буданд. Аз ин рӯ, барои расидан ба ҳадаф аз усулҳои зӯроварӣ истифода менамоянд. Мушкилоти дигаре, ки дар зеҳни ҷавонон ҷой гирифтааст, нархи гарони манзили зист, хизматрасонии тиббӣ ва таҳсил, миқдори ками ҷойҳои кори арзанда ва бо маоши хуб ба шумор меравад. Дар чунин шароити ҳассос чӣ кор бояд кард, то нерӯи муқтадири ҷавонон ба самти созандагӣ ва рушд равона гардад? Таври маълум рушди кишвар на танҳо бо муваффақиятҳои иқтисодӣ, балки бо сиҳатии маънавии миллат муайян мегардад. Яке аз арзишҳои суннатии мардуми мо фарҳанги ғанист, ки бо таърихи миллат ва унсурҳои ислом ташаккул ёфта, ҷомеаи моро ҷузъи тамаддуни исломӣ мегардонад. Аз ин рӯ, масъалаи тарбияи ҷавонон дар руҳияи меъёрҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва динӣ яке аз масоили муҳим дар кишвар ба шумор меравад. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои соҳаи иҷтимоӣ ва таълиму тарбия диққати махсус медиҳад.
ва 37 интернат, бо маблағи умумии 2,7 млрд. сомонӣ сохта шуданд. Маҳз таҳкими ватандӯстӣ яке аз роҳҳои эҳёи ҷомеа ва кишвари Тоҷикистон мегардад. Ватандӯстӣ бунёди сохтори иҷтимоии кишвар буда, асоси маънавӣ-ахлоқии ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Айни замон дар ҷомеа зарурати фаъолшавии муштараки созмонҳои давлатӣ, динӣ ва ҷамъиятӣ дар самти тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ахлоқи ҳамида фаро расидааст. Ҳар як шаҳрванд бо шарофати худшиносӣ метавонад ба татбиқи идеологияи давлатӣ, ки барои ҷомеа муҳим мебошад, мусоидат кунад. Имрӯз вазифаи асосии ҳар шаҳрванди кишвар доштани тасаввуроти возеҳ оид ба аҳамияти таърихии ғояҳои ватандӯстӣ ва дӯстии халқҳои Ватани худ ба шумор меравад. Масъалаи мазкур, бахусус, дар шароити Тоҷикистон, ки дар он намояндагони 80 миллату халқият зиндагӣ менамоянд, аҳамияти хоса дорад. Вазъи ҳозираи кишвар тақозо менамояд, ки миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри дарки амиқи моҳият ва мундариҷаи ватандӯстӣ ҷоннок гардад. Ҳалли ин масъала аз фаъолияти мунтазами ғоявии мақомоти давлатӣ, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятиву динӣ вобаста мебошад. Амриддин ШАРИФОВ, дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷии ДМТ, Субҳон ҚУРБОНОВ, унвонҷӯи кафедраи илмҳои гуманитарии ДДОТ
ҲАМКОРӢ
Ифтитоҳи намояндагии “Пирамид лоҷистик” дар Тоҷикистон Солҳои охир ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон меафзояд. Агар соли 2011 додугирифти солонаи ду кишвар 15 миллион долларро ташкил дода бошад, соли сипаришуда ин рақам ба 100 миллион доллар расид. Ба наздикӣ дар меҳмонхонаи “Серена”-и пойтахт муаррифии ифтитоҳи намояндагии ширкати “Пирамид Лоҷистик ва Трейдинг” дар Тоҷикистон баргузор шуд. Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро аз афзоиши ҳаҷми робитаҳои тиҷоратии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки ин раванд минбаъд низ идома меёбад. - Муддатест, ки ширкати “Пирамид Лоҷистик ва Трейдинг” ба кашонидани маҳсулоти гуногун аз Покистон тавассути Афғонистон ба Тоҷикистон машғул аст, -
гуфт Тариқ Иқбол Сумро. – Ҳаҷми интиқоли бор моҳе то ба 100 контейнер мерасад. Ҳар қадар, ки интиқоли борҳо бо сифати беҳтар ба роҳ монда шавад, ҳамон андоза ҳаҷми тиҷорат меафзояд. То солҳои наздик нархи интиқоли бор аз Покистон ба Тоҷикистон каме гарон буд. Бо вуҷуди ин, нархи маҳсулоти аз Покистон воридшуда ба арзоншавии баъзе маҳсулот (картошка, пиёз, шакар, мандарин, семент ва ғайра) дар бозорҳои кишварамон мусоидат кард. Баъди ба фаъолияти пурра шуруъ намудани ширкати “Пирамид Лоҷистик
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9398), 18 ИЮНИ СОЛИ 2015
ва Трейдинг” арзиши хизматрасонӣ боз ҳам камтар шуда, боиси арзоншавии маҳсулот хоҳад гашт. Сарвари ширкати “Пирамид Лоҷистик ва Трейдинг” Муҳаммад Яъқуб Шайх зимни муаррифии муассисааш гуфт, ки Покистон дорои бандарҳои замонавӣ мебошад. Истифода аз ин бандарҳо ба нафъи Тоҷикистон хоҳад буд. Ҳадди аксар интиқоли бор аз нуқтаҳои дурдасти Покистон ба Тоҷикистон дар 8 рӯз сурат мегирад. Аз ин рӯ, рӯзаш дар навбатпойии гумруку гузаргоҳҳои сарҳадӣ мегузарад. Интиқоли коло аз минтақаҳои
наздимарзии Афғонистон то ба Тоҷикистон 3-5 рӯзро дар бар мегирад. - Қаблан содироту воридоти маҳсулот бо роҳи Покистону Афғонистон ба Тоҷикистон каме душвориҳо дошт. – гуфт Муҳаммад Яъқуб Шайх. - Умедворем баъди ифтитоҳи намояндагии ширкати “Пирамид Лоҷистик ва Трейдинг” соҳибкорони тоҷик ҳамкориро вусъат дода, ба афзудани ҳаҷми содироту воридот ноил мегарданд. Дафтари намояндагии ширкати боркашонии мазкур дар Тоҷикистонро Муҳаммад Билол сарварӣ мекунад. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
3
МУШКИЛИ ҶОМЕА Солҳои охир, бо вуҷуди корҳои фаҳмондадиҳӣ, сатҳи худкушӣ миёни занон меафзояд. Бархе бар он ақидаанд, ки дар баъзе оилаҳо ҳуқуқи занон поймол мегардад, ки боиси ба худкушӣ даст задани бонувон мегардад. Тавре мушоҳида мешавад, занон аз надонистани ҳуқуқҳои худ ба хушунати оилавӣ дучор мегарданд, ки то ба марг оварда мерасонад. Маҳз зӯроварӣ дар муҳити оила яке аз омилҳои умдатарини даст ба худкушӣ задани занон мебошад. Бино ба рақами омор ҳар сол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 400 зан ба ҷони худ қасд мекунанд. Вилояти Суғд аз нигоҳи худкушии занҳо дар ҷумҳурӣ дар ҷойи аввал меистад. Танҳо соли 2014 125 ва соли 2013 128 нафар зан ба ҷони худ қасд кардаанд. Ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ соли 2014 дар ҷумҳурӣ 550 ҳодисаи худкушӣ ва қасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 95 нафари онро ноболиғон ташкил медиҳанд. Бештари ҳодисаҳои мазкур дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст. Аз аввали соли равон дар қаламрави ин вилоят хабари бо роҳи овехтан худкушӣ кардани беш аз 20 нафар расонаӣ шудааст. Ҳатто ҳодисаи дар як рӯз ба худкушӣ даст задании се нафар дар ин минтақа ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои ин ниҳод 28 майи соли равон як марду ду зан бо роҳи худовезӣ даст ба худкушӣ задаанд. Дар мавриди сабаби даст ба худкушӣ задан ин афрод феълан таҳқиқи қазияҳо идома дорад. Вале бештари маврид занҳо дар миқиёси кишвар бо роҳи худсӯзӣ даст ба худкушӣ ё сӯиқасд ба ҷони худ мекунанд. Масалан, чанде пеш сокини 26-
солаи шаҳри Сарбанд Партовбӣ Боронова бо роҳи худсӯзӣ ҳалок гашт. Ба иттилои шуъбаи ВКД-и шаҳри Сарбанд сабаби худкушии зани 26-сола дар назди фарзандони ноболиғ бо истифода аз бензин муноқиша бо ҳамсоя, шароити вазнин зиндагӣ ва доштани қарз мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, аксари онҳое, ки худкушӣ мекунанд, ҷавонону занон мебошанд, зеро барои ҳалли мушкили иқтисодиву хушунати хонаводагӣ илоҷи дигар намеёбанд. Равоншинос Маҳмуд Кабирӣ бар он аст, ки худкушӣ сабабҳои
Дучор шудан ба бемориҳои эҳсосӣ, яъне, эҳсоси шахс чунон баланд мешавад, ки ақлро идора карда наметавонад. Инчунин, филмҳо. Дар филм худкуширо воситаи баромад аз мушкилоти худ медонанд ва бештари ҷавонон, ки ишқи ноком доранд, ба ин амал даст мезананд», - мегӯяд М. Кабирӣ. Тибқи як тадқиқоти фаъолони дифои ҳуқуқи ҳаракати занҳо низ беш аз 80 фоизи занони тоҷик қурбони шиканҷаи оилавӣ мегарданд. Дар ҳамин ҳол, дар ҷомеаи мо баррасии ошкорои ин масъала то ҷойе ғайриахлоқӣ дониста ме-
Осон таслим нашавем Худкушӣ аз нигоҳи шариат гуноҳи кабира аст
зиёд дорад: маънавиёти сусти одамон, муноқишаҳои хонаводагӣ, гирифтори бемориҳои эҳсосӣ, филмҳо ва дигар мушкилот. “Маънавиёти суст. Дар ин ҳолат одам гӯё ба ҳамон ҳодиса эътироз мекунад ва диққати мардумро ба проблемаҳои худ ҷалб мекунад.
шавад, зеро муносибатҳои оилавӣ ҳаёти шахсии ҳар фард дар ҷомеа шинохта шудааст. Қурбониёни ин гуна ҳаводис аз шикоят ба мақомот то ҷое худдорӣ мекунанд. Равоншинос Маҳмуд Кабирӣ низ аз он нигарон аст, ки ҷомеа аз надонистани механизмҳое, ки
МУЛОҲИЗА
Ҳашт сонияе, ки ба ҳаёт хатар дорад Имрӯз қариб тамоми чароғакҳои роҳнамои пойтахт бо ҳисобкунакҳои рақамӣ муҷаҳҳаз гаштаанд. Ин барои мувофиқи вазъият чора дидани ронандагону пиёдагардон хеле қулай мебошад. Мутаассифона, баъзеҳо то ҳол қоидаи чароғакро пурра риоя намекунанд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, баъзе пиёдагардон, дар ҳолате ки то фурӯзоншавии чароғаки сабз 7-8 сония боқист, роҳро убур мекунанд. Онҳо гумон намекунанд, ки шояд ин 7-8 сония баҳои ҷонашон гардад. Зеро агар аз ҷониби пиёдагард чароғак сурх бошад, аз самти мошингард ҳанӯз 7-8 сония барои гузаштан вақт боқист. Акнун тасаввур кунед. Дар ин 7-8 сония ронанда кӯшиши зудтар дар чароғаки сабз гузаштанро мекунаду, пиёдагардон дар ин лаҳзаи ҳассос пеш аз муҳлат, интизори чароғаки сабз нашуда, ба роҳ мебароянд. Ҳол он ки мошини босуръат раванда дар як сония метавонад баъди тормоз кардан ҳам 17 метр ба пеш равад. Пас, чӣ лозим барои 7-8 сония бесабрӣ кардан? Мирзо Абдулқодири Бедил фармудааст: Як қадам роҳ аст Бедил, аз ту то домони марг, Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош!
4
инсонҳоро шояд аз худкушӣ ҳифз мекунанд, истифода намебаранд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳолати гирифтор шудан ба мушкилот, аз нигоҳи равонӣ шахс бояд ба падару модар, домуллои маҳалла дарди дил кунад ва роҳи ҳалли онро ҷӯяд. “Мардум бояд донанд, ки роҳи ҳалли бисёр мушкилот вуҷуд дорад. Аҳолии вилояти Суғд нисбат ба аҳолии дигар минтақаҳо ба ҳаёти муосир наздиктаранд, вале маънавиёти суст доранд. Дар чунин ҳолатҳо бояд ба мутахассис муроҷиат кунанд. Нафаре, ки ба мо муроҷиат мекунад ва ҳадафи худкушӣ кардан дорад,
мо аз ин роҳ ӯро бармегардонем”, гуфт М. Кабирӣ. Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, чанде пеш, зимни нишасти матбуотӣ аз худкушии занон ҳарф зада, гуфт, соли 2014 299 ҳолати худкушии занҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2013 12 ҳолат зиёд мебошад. Мувофиқи маълумоти маркази бӯҳронӣ дар Тоҷикистон ва ВКД-и кишвар тақрибан 80 фоизи занҳо ба зӯроварии оилавӣ дучор мешаванд. Дар ҳамин ҳол 5 фоизи занҳо баъди муноқиша бо ҳамсар ё оилаи ӯ кӯшиши сӯиқасд ба ҷони худ мекунанд. Мавҷуда Комилова, сотсиолог, изҳор медорад, ки сабабгори асосии ба худкушӣ ё сӯиқасд ба ҷони худ мушкили иқтисодӣ, никоҳи хешутаборӣ, камбизоатӣ ва бемориҳои стоматикие, ки аз асаб пайдо мешаванд, мебошанд. Яъне, бемории ҷоғар сабабгори худкушӣ мегардад. Инчунин, никоҳи хешутаборӣ омили хурдтарини худкушӣ ё сӯиқасд ба ҷони худ арзёбӣ мегардад. Яъне, ба хотири низоъ дар оила зан наме-
тавонад ба хонаи волидайн баргардад, чун баргаштани ӯ ба хонаи падар моҷарои ду авлод мешавад. Ба ҳамин хотир, занон тоқат ва ояндаи наздиконро фикр намуда, ба худкушӣ даст мезананд. Чунин ҳолатҳо дар Суғд ба қайд гирифта шудаанд. Соли 2011 тадқиқоти ҷумҳуриявӣ дар мавриди худкушӣ ва қасд ба худкушӣ гузаронида шуд. Маълум гашт, ки бештари занону ҷавонон бо роҳи дор кашидан ва худсӯзӣ мефавтанд. Аз тадқиқот маълум гардидааст, ки ҳар сол дар Маркази ҷумҳуриявии сӯхтор 25-30 нафар зан, ки бо роҳи худсӯзӣ қасд ба ҷони худ мекунанд, ба ҳалокат мерасанд. Ин намуди худкушӣ танҳо дар давлатҳои Шарқ ва Осиёи Марказӣ ба қайд гирифта шуда, дар Аврупо ба назар намерасад. Ба гуфтаи Мавҷуда Комилова, вақтҳои охир худкушӣ байни ҷавонон зиёд ба назар мерасад. Танҳо 13 феврал, яъне, дар як рӯз чор нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки ҷавонони аз 18 то 24-соларо ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи мавсуф, соли гузашта дар панҷ мактаби миёнаи шаҳр байни хонандагони синфҳои болоӣ анкетаҳои беимзо пур карда шуд. 14 фоизи толибилмони мактаб худкуширо ғайриахлоқӣ ва аз нигоҳи шариат нодуруст арзёбӣ намуданд. Танҳо 4 фисад андеша доранд, афроде, ки ба кори ношоям даст задаанд, худкушӣ мекунанд. Даҳшатовараш ин будааст, ки 5 нафар хонандаи мактаб нияти даст ба худкушӣ задан доштаанд. Равоншиносон мегӯянд, ки дар синну соли ҷавонӣ иродаи кас мустаҳкам нест. Дар ин айём ҷавонон орзупарвар ва хаёлпараст мешаванд ва албатта ҳар як худкушӣ дар пушти худ сабаби махсус дорад. Аз ин рӯ, дар ҳолати ноумедӣ ё пайдо шудани мушкил беҳтараш ба равоншиносон муроҷиат кунанд ё ба ягон шахси наздик дарди дил намоянд. Роҳи ҳал ҳатман пайдо мешавад. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”
ВАО
Баррасии гузариш ба пахши рақамӣ дар Қӯрғонтеппа Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки муовинони раисони навоҳии минтақа, намояндагони филиали ҶСК «Телерадиоком» дар вилояти Хатлон ва васоити ахбори умум, дар мавзӯи «Ҳамкории мақомоти давлативу ҷамъиятӣ дар марҳалаи гузариш ба пахши рақамӣ ва иттилоотони аҳолӣ оид ба мавзӯи гузариш ба пахши рақамӣ» суҳбати гирди миз доир гардид. Зиннатулло Исмоилов, раиси Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ, оид ба масъалаи гузариш ба пахши рақамӣ ва паҳлуҳои мухталифи ин раванд иттилоъ дод. Қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо боло бурдани маърифати итилоотии мақомоти давлативу ҷамъиятӣ оид ба мавзӯи гузариш ба пахши рақамӣ мебошад. Муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Қумсангир, Ҷилликӯл, Хуросон, Бохтар ва Вахш аз хусуси фарогирии аҳолии навоҳиашон бо барномаҳои телевизионӣ, аз ҷумла, тавассути пахши рақамӣ мулоҳиза ронданд. Таъкид гардид, ки дар самти боло бурдани маърифати аҳолӣ ва вусъати
маъракаи иттилоотонӣ бояд тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ кард, то муштариён аз ин раванд дар канор намонанд. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки дар рӯзномаҳо, радио ва телевизионҳои маҳалливу минтақавӣ оид ба мавзӯи пахши рақамӣ барномаҳо омода шаванд, то муштариён иттилои бештар дар ин маврид дошта бошанд. Сармуҳандиси маркази интиқоли мавҷҳои телевизион ва радиои вилоят Абдуҷаббор Қурбонов ҳозиринро бо вазъи фарогирии пахши рақамӣ ошно намуда, таъкид сохт, ки дар масъалаи огоҳонидани аҳолӣ бояд мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кӯмак намоянд. Иштирокдорони чорабинӣ, ҳамчунин, таъкид намуданд, ки агар
мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба аҳолии камбизоат бобати дастрас намудани мавҷқабулкунакҳои рақамӣ мусоидат кунанд, доираи фарогирии пахши рақамӣ бештар хоҳад шуд. - Чорабинии мазкур аз силсилаи чорабиниҳоест, ки Ассотсиатсияи мо бо мусоидати намояндагии ташкилоти “Интернюс Нетуорк” дар Тоҷикистон баргузор менамояд, гуфт Зиннатулло Исмоилов, раиси Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ. - Дар назар аст, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Хоруғ низ суҳбатҳои гирди миз доир гарданд. У. САФАРАЛӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9398), 18 ИЮНИ СОЛИ 2015
КИШОВАРЗӢ Аз рӯи маълумоти ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FАО) 72 кишвар ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола оид ба ду маротиба кам кардани теъдоди гуруснагон ноил гаштанд. Шумораи ашхоси аз гуруснагӣ азияткашида нисбат ба солҳои 19901992 216 миллион нафар кам шуда, то моҳи майи соли равон 795 миллион нафарро ташкил дод. Баҳри беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурии мо чӣ тадбирҳо андешида мешаванд? Дар ин мавзӯъ мо бо намояндаи FАО дар Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Виорела Гутсу мусоҳиб шудем.
аз воридоти озуқаворӣ бо ёрии дастгирии барномаҳои ҳукуматии ислоҳоти бахши аграрӣ баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ. - Зиёд кардани дастрасӣ ба маблағгузориҳои соҳаи кишоварзӣ ва барқароркунии системаи кишоварзӣ. Пурқувват намудани захираҳои дохилӣ ва барқароркунии робитаҳо дар сохтори кишоварзӣ. - Дастгирии раванди ислоҳоти кишоварзии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва кӯмак баҳри фароҳам овардани фазои мусоид дар самти фаъолияти бахши хусусӣ дар соҳаи кишоварзӣ. Баҳри ноил гаштан ба ин
Бо мақсади ҳифзи хок аз шусташавию бодхӯрдашавӣ бояд ҷангалу дарахтзорро ҳифз намоем. Решаи дарахтон ҷаршавию шусташавии хокро пешгирӣ менамоянд. Дар мавзеъҳое, ки анбӯҳи дарахтон мерӯянд, хеле кам ҳодисаи омадани ярч ба мушоҳида мерасад. Бо роҳи барқарор кардани ҷангал маҳсулнокии чарогоҳро низ баланд бардоштан мумкин аст. Моҳи майи соли равон бо ташаббуси FАО ва кооперативи “Сароб” дар хоҷагии деҳқонии ба номи Абдурауф Юсуфови ноҳияи Ҳисор бо иштироки 30 нафар фермери тоҷик “Рӯзи саҳроӣ” баргузор шуд. Дар он фарқи миёни коркарди анъанавӣ ва усули “коркарди сифри замин”-ро ба фермерон нишон
маи ҳимояи наботот аз бемориву зараррасонҳо дар Тоҷикистон мавҷуд аст, вале ҳанӯз самаранок ва барои ҳама дастрас фаъолият намекунад. Ҳимояи наботот аз бемориву зараррасонҳо мисли тухмии хушсифат, системаи обёрӣ, техникаи кишоварзӣ, нуриҳои органикию минералӣ, технологияи нигоҳдошти ҳосил аз омилҳои муҳимтарини баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Усули биологии мубориза бо зараррасонҳои зироатҳо ба муҳити зист зарар намерасонад. Барои истифодаи он аввал заминаи ҳуқуқиро фароҳам овардан лозим меояд. Сипас, маблағ лозим то лабораторияву таҷҳизоти
- Дар оғоз мегуфтед, ки FАО фаъолияташро дар кадом самтҳо ба роҳ мондааст? - Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FАО) фаъолияти худро баҳри ноил гаштан ба бехатарии озуқаворӣ барои сокинони сайёра ба роҳ мондааст, то ҳама инсонҳо ба ғизои баландсифат дастрасӣ пайдо намуда, тарзи ҳаёти солимро пеш гиранд. Мандати FАО баланд бардоштани сатҳу сифати озуқа, маҳсулнокии соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани зиндагии мардуми деҳот ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисодиёти ҷаҳон мебошад. Фаъолияти FАО чор бахши асосиро дар бар мегирад: 1) Таъмини дастрасии иттилоотӣ. Ташкилоти мазкур мисли як шабакаи иттилоотӣ мебошад. Мо таҷрибаи кормандони баландихтисосамонро дар бахшҳои агрономия, хоҷагии ҷангал, моҳипарварӣ, чорводорӣ, хӯрокворӣ, илмҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, омор ва ғайра барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва нашри иттилоот бо мақсади мусоидат ба рушд истифода мебарем. 2) Табодули таҷриба дар масоили сиёсат. FАО бо кишварҳои узв дар бахшҳои таҳияи сиёсати кишоварзӣ, дастгирии банақшагирӣ, таҳияи қонунгузории самаранок ва стратегияи миллӣ барои расидан ба ҳадафҳо оид ба рушди деҳот ва ҳалли мушкилоти гуруснагӣ табодули таҷриба мекунад. 3) Таъмини баргузории форумҳо. 4) Додани маълумот (дониш) дар маҳалҳо. - Ҳамкории FАО дар Тоҷикистон кадом самтҳоро дар бар мегирад? - Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ 16 октябри соли 1945 таъсис ёфта, 189 кишвар узви он мебошанд. Самтҳои асосии фаъолияти ташкилот дар Тоҷикистон инҳоянд: - Кам намудани вобастагӣ
ҳадафҳо FАО фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз рӯи ин принсипҳо ба роҳ мондааст: 1. Дастгирии таҳияи Стратегияи кишоварзӣ. Замин, об ва мустаҳкам кардани иқтидори соҳа. 2. Беҳтар кардани дастрасии фермерҳои хурд ба тухмиҳои баландсифат. Парвариши зироатҳои сердаромад ва ба роҳ мондани маркетинг. 3. Мусоидат ба рушди парвариши чорвои калони шохдор тавассути таъсиси ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон, ба роҳ мондани омӯзиш ва хизматрасонӣ, дастрасӣ ба хӯроки хушсифати чорво, паҳн кардани таҷрибаи муосири чорводорӣ ва усулҳои идоракунӣ. 4. Мусоидат ба беҳтар шудани солимии бузу гӯсфандон тавассути ташхиси бемориҳои роҳи нафас, назорат ва камкунии маргу мири чорво, зиёни молӣ аз беморшавии чорво ва ғайра. 5. Лоиҳаи “Дастгирӣ оид ба таҳкими низоми миллии иттилоотӣ баҳри амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ шуд. - FАО имсолро соли байналмилалии муҳофизати хок эълон кардааст. Дар ин самт чӣ тадбирҳо амалӣ мешаванд? - Дарвоқеъ. хок яке аз муҳимтарин захираҳои табиии сайёра ба ҳисоб меравад, ки мо онро бояд барои наслҳои оянда нигоҳ дорем. Аз рӯи маълумоти ташкилоти мо қариб 45 дарсади минтақаҳои кӯҳии ҷаҳон барои кишоварзӣ нобоб ва ё қисман бобанд. Барои фермерҳои мавзеъҳои кӯҳистон мушкилот зиёд аст. Якум, кӯтоҳ будани давраи парвариши зироатҳо. Дуюм, нишебии зиёди замин, ки хавфи шусташавии хокро меафзояд. Сеюм, хатари омадани селу ярч. Чорум, камобӣ. Бо мақсади гирифтани ҳосил фермерҳоро зарур аст, ки заминро новобаста аз типи хок дар баландиҳои гуногун самаранок истифода баранд.
додем. Онҳо диданд, ки бе шудгор ва пешакӣ тайёр кардани замин ҳам киштукорро гузаронидан мумкин аст. Сарфаи маблағ барои техника ва сӯзишворӣ боиси бештар шудани даромади деҳқонон мегардад. Бо ин усул намии замин самаранок истифода шуда, боиси зиёдшавии ҳосил мешавад. - Шумо дар бораи нигоҳ доштани намӣ сухан рондед. Оё намешавад, ки бо усули обёрии қатраӣ ҳосилнокии заминҳоро бештар кунем? - Тоҷикистон аз рӯи манбаъҳои об дар қатори 10 кишвари захираҳои обиаш фаровон дохил мешавад. Аммо таъмини об дар ҳама минтақаҳои мамлакат як хел нест. Ҳар як мавзеъ вобаста ба мавқеи географиаш, миқдори боришот, структураи хокаш ба миқдори муайяни обёрӣ ниёз дорад. Мо бояд пеш аз ҳама чунин ақидаро тарғиб намоем, ки ҳифзи захира (манбаъ)-ҳои об ҳаётан муҳим аст. Дуюм, технологияи сарфакунандаи обро истифода барем, ки яке аз онҳо обёрии қатраӣ мебошад. Обёрии қатраӣ талафёбии обу нерӯи барқро пешгирӣ мекунад. Онро технологияи “боҳуш” низ мегӯянд. Аммо барои ба роҳ мондани он аввал хароҷоти калон кардан лозим меояд. Аз ин рӯ, то ба роҳ мондани обёрии қатраӣ шояд технологияи навтаринро истифода намудан осонтар бошад. Масалан, кишти навъҳои ба хушкӣ (камобӣ) тобовари зироатҳо, харидани тухмии хушсифату серҳосил метавонад дар баъзе минтақаҳо камобиро ҷуброн намояд. Дар ин бобат метавон аз таҷрибаи дигар мамлакатҳо самаранок истифода бурд. - Яке аз заминаҳои самарабахш гардидани соҳаи кишоварзӣ ҳимояи наботот аз зараррасонҳо ба шумор меравад. Оё FАО дар самти муборизаи биологӣ бо зараррасонҳои зироатҳо ба кишоварзони мамлакат кӯмак мерасонад? - Аз рӯи таҳлили мо систе-
зарурӣ харида шавад. Баъдан, мутахассисони соҳаро зарур аст, ки бо ин таҷҳизот кор карда тавонанд. Ғайр аз ин, барои нигоҳ доштани лабораторияи биологӣ маблағ зарур аст. Илова бар ин, мутахассисоне даркоранд, ки энтомофа (ҷонваракони фоиданок)ро дар муҳлати зарурӣ бар зидди зараррасонҳо истифода бурда тавонанд. Инҳо ҳама чун ҳалқаи як занҷиранд, ки агар яке аз онҳо канда шавад, усули биологии мубориза бо ҳашарот манфиат расонида наметавонад. - Аз нигоҳи Шумо деҳқонону боғдорони Тоҷикистон аз содир кардани кадом маҳсулоти кишоварзӣ бештар даромад гирифта метавонанд? - Вақте ман бо соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ошно шудам, бисёр фикр мекардам, ки кадом маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон барои содирот беҳтар аст? Чун барои худ рӯйхате тартиб додам, дидам, ки номгӯи чунин маҳсулот зиёд аст. Масалан, лимӯ. Таъму бӯйи гуворои лимӯи Тоҷикистон ҳамто надорад. Пиёзи барвақтӣ, анори ширину сероб, зардолую ангури Тоҷикистон ҳар яке ҷойгоҳи худро доранд. Ман аз Молдова ҳастам. Молдоваро дар ҷаҳон бо соҳаи токпарвариаш мешиносанд. Аммо дар он ҷо навъҳои винобоби токро парвариш мекунанд. Қанднокии ангури Тоҷикистон бошад, хеле баланд аст. Аз ин рӯ, ангури Тоҷикистон барои содирот дурнамои хуб дорад. Як бартарии Тоҷикистон дар он аст, ки 11 минтақаи агроиқлимӣ дорад. Дар як ҷо баҳор фаро расида бошад, дар ҷои дигар ҳанӯз зимистон аст. Аз ин рӯ, бо истифода аз ин гуногунии иқлим муҳлати содироти маҳсулоти мавсимиро метавон тӯлонитар кард. Масалан, зардолу дар Шаҳритус моҳи май, Ҳисор моҳи июн, водии Зарафшон моҳи июл, Дарвоз моҳи август ва Ишкошим моҳи сентябр мепазад. Ин иқтидорро низ истифода кардан лозим. Пиставу бодом, чормағз
Тоҷикистон иқтидори бузурги содиротӣ дорад
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9398), 18 ИЮНИ СОЛИ 2015
ва ғӯлингу мавизи Тоҷикистонро бошад, тамоми сол метавон содир кард. Мо барои ҳамин фаъолият мекунем, ки аз ҳама кишварҳо беҳтарин таҷрибаҳои барои Тоҷикистон мусоидро гирифта, дар амал татбиқ намоем, то сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад. Яке аз захираҳои ҳанӯз пурра истифоданашудаи Тоҷикистон туризм аст. Вақте турист ба Тоҷикистон омад, ӯ ниёз ба хӯрдану нӯшидан дорад. Вақте аз меваю сабзавоти лазизи Тоҷикистон чашиду аз оби чашмаҳои шифобахшаш нӯшид, меҳру муҳаббату ихлосаш ба ин диёр меафзояд. Вақте ба ватанаш баргашт, меваю хушкмеваи Тоҷикистонро бо худ
МУАРРИФӢ Доктори илмҳои иқтисодӣ Виорел Гутсу аз 9 июни соли 2014 ба ҳайси намояндаи FАО дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Ӯ нахустин шаҳрванди Ҷумҳурии Молдова мебошад, ки сарвари намояндагии ин ташкилот таъин шудааст. То ба Тоҷикистон омаданаш муовини вазири кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Молдова буд. Қаблан дар вазифаи афсар оид ба масоили иқтисодии Ҳукумати муваққатии Тимори Шарқӣ фаъолият намудааст. Тӯли 10 сол Гутсу идораи лоиҳаҳои байналмилалии Иттиҳоди Аврупо, FАО, USAID, JICA ва МФСР-ро ба зимма дошт. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд. армуғон мебарад. Ин ҳам имкон медиҳад, ки деҳқону боғпарварон аз соҳаи туризм фоида ба даст оранд. Масалан, мо соли гузашта дар Мурғоб мағозае кушодем, ки мардум дар он маҳсулоти ширии қӯтосро ба фурӯш мегузоранд. Чорводорон чӣ гуна дурудароз нигоҳ доштани гӯшти қӯтосро омӯхтанд. Бароямон мояи хурсандӣ буд, ки фикрронии мардум тағйир ёфт, то зиндагии худро хуб созанд. Ҳадафи ниҳоии мо низ ҳамин аст. Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”
5
СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА
Ману ҳамсарам “тую ман” намекунем ё асрори хушбахтии оилавӣ Муҳаққиқон бар ин ақидаанд, ки комёбию муваффақияти аксар шахсиятҳои бузург ба ҳамсари шоиста доштанашон вобаста аст. Воқеан, хушбахтии оилавӣ аз ҳама гуна молу сарвати дунё болост. Молу сарват бошаду хушбахтии оилавӣ набошад, он боигарӣ ба дарди соҳибаш даво намешавад. Сокини ноҳияи Файзобод Аҳмадҷон Ҳоҷиев аз ҷумлаи афродест, ки хушбахтии оилавӣ насибаш гашта. Чанде пеш, аниқтараш 9 майи соли равон, Аҳмадҷон Ҳоҷиеву ҳамсараш Сония 50-солагии тӯяшонро таҷлил намуданд. Аҳмадҷон Ҳоҷиев зодаи шаҳри Ваҳдат мебошад. Баъди хатми мактаби ҳафтсола, соли 1959 ба Техникуми омори ин шаҳр дохил шуда, соли 1962 онро хатм намуд. Он солҳо дар ноҳияҳои дурдаст мутахассисон намерасиданд. Аз ин рӯ, Аҳмадҷонро ба ноҳияи Нуробод фиристоданд. Дар ин ноҳияи кӯҳистон 6 моҳ ба ҳайси муовини сармуҳосиб фаъолият намуду ӯро ба калонтарин ноҳияи ҷумҳурӣ – Рӯдакӣ гузаронданд. Моҳи октябри соли 1963 Аҳмадҷонро ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд. Чанд моҳ дар шаҳри Владивосток хизмат карда, бо таъсири сармои шадид бемор шуд. Баъди як моҳи дар госпитал табобат гирифтан, ӯро моҳи апрели соли 1964 аз хизмат ҷавоб доданд. Дар роҳи ба хона омадан, дар қатора бо Сония ном тотордухтар шинос шуд, ки аз вилояти Кемеровои Русия барои аёдати хешовандонаш ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон меомад. Ҳар ду суроғаи якдигарро гирифта, як сол мукотиба карданд. Вақте Аҳмадҷон бо волидонаш дар бораи муҳаббаташ бо Сония лаб кушод, онҳо ба тӯй ризоият доданд. Маросими никоҳ соли 1965 дар шаҳри Беловои вилояти Кемерово баргузор шуд. Дар шаҳри Ваҳдат 9 майи соли 1965 тӯй карданд. Ҳамон сол бори аввал 9 май рӯзи истироҳатӣ эълон гардид. То он дам 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешуду аммо истироҳат набуд. Баъди тӯй Аҳмадҷону арӯсаш то соли 1969 дар ноҳияи дурдасти Ҷиргатол фа-
6
ъолият намуданд. Аҳмадҷон сармуҳосиб буду Сония дар идораи молияи ноҳия котиба. Соли 1969 онҳо ба ноҳияи Файзобод омаданд. Солҳои минбаъда Аҳмадҷон Ҳоҷиев дар раёсати бонки ноҳия ва баъдан дар “Агроинвестбонк” фаъолият намуда, соли 2008 ба нафақа баромад. Зимни дар бонк фаъолият карданаш борҳо Байрақи сурхи сайёри Иттиҳоди Шӯравиро ноил гардидааст. Хонаводаи Аҳмадҷон Ҳоҷиеву Сонияро дар ноҳияи Файзобод оилаи намунавӣ меноманд. Ин ҷуфти муносиб тайи 50 соли оиладорӣ 5 фарзандро
тоҷик меҳисобанд. Дар хонаводаи онҳо боре ҳам ҷангу ҷидол рух надодааст. - Агар дар хонавода якдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат ва эҳтироми тарафайн набошад, бинои оила рӯ ба вайронӣ меорад, - мегӯяд Аҳмад Ҳоҷиев. – Ману ҳамсарам муддати 50 сол боре ҳам “тую ман” накардем. Зеро рамузи ҳамдигарро фаҳмида, ақидаи якдигарро эҳтиром мекунем. Ба ҳамдигар “шумо” гӯён муроҷиат менамоем. Аз ин рӯ, бисёриҳо ба зиндагиамон бо ҳавас нигоҳ мекунанд. Гуфтаҳои Аҳмадҷон Ҳоҷиев
ба камол расонда, ҳамаашонро соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар карданд. Духтари калониашон Зулфия мисли падар муҳосиб буда, соҳиби ду фарзанд аст. Рашид солҳои зиёд дар соҳаи низомӣ фаъолият карда, соҳиби рутбаи подполковник аст. Ҳоло дар Федератсияи Русия зиндагӣ мекунад ва ду фарзанд дорад. Гулнора низ соҳиби ду фарзанд буда, дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ фаъолият дорад. Рустам низ мисли падараш дар соҳаи бонкдорӣ фаъолият карда, соҳиби 5 фарзанд мебошад. Илҳом бошад, се фарзанд дорад. Ҳар боре, ки фарзандон гирди дастурхони падар ҷамъ меоянд, хона идгоҳро мемонад. Фарзандону келинҳову набераҳо гирди сарвари хонадон парвона мешаванд. - Ихтисоси ҳамсарам пазанда аст, - мегӯяд Аҳмад Ҳоҷиев. – Дар муддати кӯтоҳ пӯхтани нону чаппотиву кулча, палаву самбӯсаву манту ва ҳалвою шириниҳои тоҷикро ёд гирифт. Бо сабаби муомилаи хуб ва маданияти баланд доштанаш раҳматӣ падару модарам аз ӯ ҳамеша ризову қаноатманд буданд. Сония дар муддати кӯтоҳ забони тоҷикиро ёд гирифта, доимо либосҳои миллӣ ба бар мекард. Аз ин рӯ, ҳама ӯро
ҳаққанд. Шоире фармудааст: Чу коре барояд ба лутфу хушӣ, Чӣ ҳоҷат ба тундию гарданкашӣ? Вақте зану шавҳар бо суханони ширину пур аз лутф матлабашонро ба ҳамдигар фаҳмонанд, ҷои хархашаву дилсиёҳӣ намемонад. Абулқосим Фирдавсӣ дар хусуси заноне, ки маърифати баланди оиладорӣ доранду фазои осудаи оиларо нигоҳ медоранд, чунин фармудааст: Беҳини занон дар ҷаҳон он бувад, К-аз ӯ шӯй ҳамвора хандон бувад. Имрӯз баъзе ҷавонон бо вуҷуди доштани ҳамсар дар пайи гирифтани зани дуюму сеюм мешаванд. Дар ин хусус фикри Аҳмадҷон Ҳоҷиевро пурсидем. Ӯ бо ин байти Фахриддини Гургонӣ ҷавоб дод: Набошад ёр чун ёри нахустин, На ҳар маъшуқ чун маъшуқи пешин. Кош ҳама оилаҳо мисли оилаи Аҳмадҷон Ҳоҷиев аҳлу тифоқ ва бомаданияту хушмуомила бошанд. Он гоҳ пеши роҳи дилсиёҳиву ранҷу озорҳои зиёде гирифта мешавад. Мирзо АСОЗОДА, Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”
Бонувон бояд хонанд Пойдории оила ба сатҳи маърифати занон вобаста аст Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқоташон бо бонувони кишвар чунин изҳор намудаанд: «Пойдорӣ ва солим будани муҳити оилавӣ, инчунин, мавҷудияти низом ва сатҳи зарурии зиндагӣ дар ҳар хонадон ба сатҳи маърифати занон марбут аст. Модари соҳибмаърифат соҳиби саломатӣ, фарзанду оилаи солим ва зиндагии шоиста буда метавонад». Мутаассифона, дар баъзе хонаводаҳо ба саводноку соҳибмаърифат намудани бонувон аз паси панҷа менигаранд. Ҳанӯз ҳам ақидаи «духтара чию хонданаш чӣ»-ро ҷонибдорӣ карда, барои соҳибкасбу ҳунарманд кардани духтарон кӯшиш ба харҷ намедиҳанд. Вазифаи худро танҳо ба сари вақт шавҳар додани духтарон медонанд. Ҳамагон шоҳидем, ки маҳз бонувони аз таҳсилу ҳунаромӯзӣ дурмонда дар зиндагӣ ба мушкилот мувоҷеҳ мешаванд. Бисёр вақт духтарони маърифати ҳуқуқидошта, дучори намудҳои гуногуни хушунати оилавӣ шуда, дар зиндагӣ азоб мекашанд. Падару модароне, ки садди таҳсилу ҳунаромӯзии духтаронашон мешаванд, ба бахти онҳо зомин мегарданд. Оила асоси давлат ва ҷамъият ба шумор меравад. Аз ин рӯ, давлат барои бунёди оилаи устувор ба воя расидани насли солим кӯшиш ба харҷ медиҳад. Сардори давлат моҳи январи соли равон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз афзоиши ҳодисаҳои издивоҷи хешутаборӣ изҳори ташвиш намуданд. Воқеан ҳам, издивоҷи хешутаборӣ аз нигоҳи илми тиб зараровар буда, метавонад боиси ба дунё омадани фарзандони маъюбу носолим гардад. Барои ҳар як падару модар дидани фарзанди маъюб дарднок буда, боиси як умр кашидани азоби рӯҳӣ мегардад. Агар Худо накарда хислати арӯсу домод ба ҳам мувофиқ наояд, он гоҳ муносибати деринаи хешутаборӣ аз байн меравад. Бинобар ин, пешгирии ақди никоҳ байни хушу табори наздик ҷанбаи тиббӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ дорад. Баъзеҳо бо он мақсад ба хешдухтар издивоҷ мекунанд, ки молу мероси хонавода «бегона» нашавад. Яъне, мақоли «девор дарун афтад беҳтар»-ро пеши назар меоранд. Мутаассифона, онҳо ҷонибҳои манфии издивоҷи хешутабориро ба назар намегиранд. Агар зан соҳибмаърифат бошад, ҳеҷ гоҳ ба издивоҷи хешутаборӣ роҳ намедиҳад. Мустаҳкам будани оилаи ҷавон аз тарбия дар хонавода сарчашма мегирад. Дар ин хусус Сардори давлат ба муносибати Рӯзи модар чунин таъкид намуданд: «Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеъ пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва ҷомеа зиёдтар мерасад». Баъзе падару модарон таълиму тарбияро танҳо вазифаи мактаб медонанд. Тӯли 11 соли таҳсили фарзанд боре ҳам ба мактаб рафта, аз ҷараёни таҳсилу одоби фаразандашон огоҳ намешаванд. Аммо, вақте фарзандашон дар таҳсилу кор муваффақ нашуд, аз мактаб домангир мешаванд. Президенти мамлакат маҳз ба хотири баланд бардоштани солимии ҷомеа соли 2015-ро Соли оила эълон карданд. Баҳри беҳтар шудани маданияти оиладорӣ ва пешгирии фурӯпошии оилаҳо аз соли таҳсили 2015-2016 дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ фанни “Маърифати оиладорӣ” таълим дода мешавад. Умед аст, ки ҷавонон бо ин роҳ аз ҳуқуқи зану шавҳар огоҳ шуда, ҳурмати ҳамсар, падару модар, хусуру хушдоман ва хешовандонро ба ҷо меоранд. Аз китоби «Маърифати оиладорӣ», инчунин, дар бораи сарфаю сариштакорӣ, тарбияи фарзанд, пешгирии хушунати хонаводагӣ маълумот мегиранд. Дар бисёр кишварҳои пешрафта ҷавонон соҳибмаълумот ва соҳиби ҷои кору манзил шуда, сипас, оила барпо мекунанд. Мутаассифона, аксар ҳамватанони мо аз замони донишҷӯӣ хонадор шуда, баъди гирифтани диплом ҷои кори муносиб намеёбанд. Аз ин рӯ, аз падару модар ва ҳамсари худ гап шунида, дар ҳолати ногувор мемонанд. Хуб мешуд, ки ҷавонон пеш аз хонадоршавӣ соҳиби ҷои кор ва шуғли муносиб шаванд. Агар зану шавҳар ҳар ду кор кунанд, боз беҳтар. Баъзеҳо ба волидайни духтар ваъда медиҳанд, ки дар сурати келин кардани фарзандашон ба таҳсили ӯ мусоидат хоҳанд кард. Аммо баъди тӯй ин ваъдаи худро фаромӯш карда, ба ҳар восита садди хондани келин мешаванд. Ҳол он ки келин ҳам фарзанд аст. Агар келин бо писараш созгор бошанду дар оила фазои ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон, барои хушдоман (модар) низ мояи осудагӣ мешавад. Вақте писар бо келин бо хархашаву низоъ бошанд, волидайни ҳар ду ҷониб азоби рӯҳӣ мекашанд. Дар оилаи носолим фарзандони носолим ба воя мерасанд. Оилае, ки дар он миёни калонсолону хурдсолон дӯстиву рафоқат ва меҳру шафқат набошад, онро наметавон хушбахт гуфт. Оилаи солим доштан баъзан гузашт карданро низ тақозо мекунад. Агар ҳар ду ҷониб якравӣ карда, худро ҳақ шуморанд, ин гуна нозу нописандӣ ба ҷудоӣ оварданаш мумкин. Зиндагии ширину осудаи оилавӣ аз ҳар ду ҷониб донишу малака ва ҳунару маҳорат талаб мекунад. Бинобар ин, бояд тарбияро дар мадди аввал гузорем, то насли солиму бомаърифатро ба воя расонем. Ҳабибулло АКРАМОВ, судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9398), 18 ИЮНИ СОЛИ 2015
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 11-17 июни соли равон бо иштироки беш аз 300 нафар ҷавон аз тамоми манотиқи кишвар Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти шиори “Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!” доир гардид. Фестивал аз шаҳри Душанбе оғоз гардида, субҳи 11 июн ҷавонон дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷамъ омаданд ва бо роҳбаладии намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ба самти шимоли мамлакат раҳсипор шуданд. Зуҳри ҳамон рӯз дар маркази ноҳияи Айнӣ иштирокчиёни фестивалро Неъматулло Раҳматуллозода, раиси ноҳияи Айнӣ, Зариф Мирдадоев, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтанд. Неъматулло Раҳматуллозода меҳмононро ба диёри шоири тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, ки охири соли равон 150-солагиаш таҷлил мешавад, хайрамақдам гуфт. Номбурда ташкили ҳамоиши ҷавононро амри хайр унвон карда, ёдовар шуд, ки баргузории ин гуна чорабиниҳо барои мустаҳкам кардани риштаи дӯстӣ ва ваҳдату якдилии ҷавонони манотиқи гуногуни кишвар мусоидат мекунанд. Неъматулло Раҳматуллозода ба ҷавонон барори кор, ваҳдату дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватани азизро таманно кард. Сипас, барои иштирокчиён зиёфати идона ороста шуда, барномаи рангини ҳунарии ҳунармандони ноҳия пешкаш гардид. Баъд аз зуҳр ҷавонон ба самти шаҳри Панҷакент равон шуданд. Дар даромадгоҳи шаҳр меҳмононро бо самимияти хоса, нону намак ва садои танбӯру карнай пешвоз гирифтанд. Дар яке аз тарабхонаҳои барҳавои шаҳр барои иштирокчиёни фестивал чорабинии фарҳангӣ, таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” бо иштироки ҳунармандони Кохи фарҳанг баргузор шуд. Дар он, инчунин, Ислом Зиёзода, раиси шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ширкат варзида, ҷавононро ба зодгоҳи сардафтари адабиёти классики тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шодбош гуфта, зикр кард, ки Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро ҷиҳати насли ояндасозу ватанпараст тарбия ёфтани ҷавонон муҳайё сохтааст ва мо баҳри амалии сиёсати давлатии
Фестивал ҳисси ватандӯстии ҷавононро бештар мекунад кишвар саъй менамоем. Ислом Зиёзода гуфт, бовар дорад, ки Фестивали дӯстии ҷавонон ифодагари татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва ташаккулдиҳандаи насли на-
врас хоҳад гашт. Баъд аз барномаи фарҳангӣфароғатӣ ва хӯроки шом меҳмонон дар меҳмонхонаҳои шаҳри Панҷакент ҷой гирифтанд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9398), 18 ИЮНИ СОЛИ 2015
Субҳи 12 июн иштирокчиёни ҳамоиш мавзеъҳои таърихии шаҳри бостонии Панҷакент, аз ҷумла, хона-музейи шаҳр ва мақбараи Сардафтари адабиёти классики тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар деҳаи Панҷрӯд зиёрат карданд. Баъд аз нисфирӯз иштирокчиён ба самти ноҳияи Истаравшан раҳсипор шуданд. Қабули ниҳоят самимиву пур аз шодиву сурур дар даромадгоҳи шаҳри Истаравшан сурат гирифт. Меҳмононро бо нону намак ва ҳунарнамоии санъаткорони ноҳия пешвоз гирифтанд. Шоми 12 июн дар шаҳри Истаравшан ба иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонон барномаи рангини фарҳангии «Шоми ҷавонӣ» пешкаш гардид. Дар ин чорабинӣ Наим Набизода, раиси шаҳри Истаравшан ва Амирбекзода Ҳабибулло, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ суханронӣ намуданд.
Раиси шаҳри Истаравшан изҳор дошт, ки 40 фоизи аҳолии шаҳр (зиёда аз 94 ҳазор нафар)ро ҷавонону наврасон ташкил медиҳанд. Ӯ аз хизмату ғамхориҳои Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, чунин гуфт: - Ҷавонони диёри Истаравшан ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат нерӯи бузурги бунёдкориву созандагиро пеша намуда, дар ҳама соҳаҳои ҳаёт софдилона хидмат намуда, тамоми донишу малака ва қувваи худро баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона месозанд. Баргузории Фестивали дӯстии ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки мустаҳкам гардидани дӯстиву рафоқати ҷавонони кишвар ва густариши ҳамкории онҳо барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафти самтҳои гуногуни хоҷагии халқ имконияти мусоид фароҳам меорад. Иштирокчиёни фестивал 13 июн аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Истаравшан, аз ҷумла, Қалъаи Муғ ва маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ, ки аз се бино – мақбараи Ҳазрати Шоҳ, мақбараи Худоёри Балъамӣ ва масҷиди Ҳазрати Шоҳ (намозгоҳ низ мегӯянд) иборат ва дар маркази шаҳр ҷойгир аст, дидан намуданд. Худи ҳамон рӯз иштирокчиёни фестивал ба шаҳри Қайроққум расиданд. Онҳоро бо гулу гулдаста ва нону намак истиқбол гирифтанд. Намояндаи Ҳукумати шаҳр иштирокчиёни фестивалро ба шаҳри саноатӣ ва дӯстии Қайроққум шодбош гуфта, барояшон барори кор хост. Сипас, меҳмонон ба самти Маркази солимгардонии кӯдакону наврасон ва ҷавонони “Шоҳин” равон шуданд. (Давомаш дар саҳ. 8-9)
7
(Идома аз саҳ. 7) Қисмати расмии Фестивали дӯстии ҷавонон, таҳти шиори “Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!”, 14 июн дар Маркази солимгардонии кӯдакону наврасон ва ҷавонони “Шоҳин” бо суханронии Назира Абдуллозода, муовини раиси вилояти Суғд, Амирбекзода Ҳабибулло, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ифтитоҳ ёфт. Назира Абдуллозода қудуми ҷавононро, ки аз ҳар гӯшаву канори мамлакат ва кишварҳои дӯсти Тоҷикистон – Қирғизистону Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ташриф оварданд, самимона хайрамақдам гуфт. Иброз дошт, ки баргузории Фестивали дӯстии ҷавонон ба Соли гулҳо ва фарҳанг дар вилояти Суғд рост омада, ин диёри зебоманзарро бо чунин ҷавонони саодатманду умедбахш боз ҳам зебу зиннат мебахшад. Баргузории фестивал шаҳодати мустаҳкамии дӯстиву рафоқат, бархурдор гардидан аз фаъолияти якдигар, аз ҳаёту рӯзгор, урфу одатҳои минтақаҳо ва таъриху тамаддуну фарҳанги миллӣ мебошад. То ин дам дар вилоятҳои Суғд, Хатлону Бадахшон, шаҳри Душанбе ва водии Ҳисору Рашт низ ин гуна чорабиниҳо ба вуқӯъ пайваста, ҷавонони соҳаҳои гуногунро ба ҳам муттаҳид сохт. Баргузории чунин ҳамоишҳои ҷавонон дар таҳкими дӯстии ҷавонони ҷумҳурӣ нақши арзанда хоҳад гузошт. Иқдоми мазкур дар шароити имрӯзи ҷомеа саривақтӣ буда, барои ҷавонон ҷиҳати баланд гардидани сатҳи ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва ҳисси ватандӯстӣ, ҳамчун як омили зарурӣ хизмат менамояд. Махсусан, ҷорӣ намудани чунин тадбирҳо дар ҳаёти имрӯза дигар ҷавононро ҳушдор месозад, ки ҳамқадами замон бошанд ва барои бунёди давлати пешрафта ҳисса гузоранду мавқеи худро дар ҷомеа устувор нигоҳ доранд, - иброз дошт Н. Абдуллозода. Номбурда афзуд, ки ҷавонон қувваи бузург буда, метавонанд барои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ва решакан намудани ҳар гуна омилҳои номатлуби иҷтимоӣ чун экстремизму терроризм ва дигар ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ саҳми бориз гузоранд. Инчунин, ёдрас шуд, ки то ин дам дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 43 маркази таълимиву омӯзишии намудҳои қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ таъсис ёфта, то интиҳои соли равон дар деҳот ташкили 230 маркази таълимиву истеҳолӣ ва таъмин намудани онҳо бо дастгоҳҳои қолинбофию адрасбофӣ ба нақша гирифта шуда, бо ҷои кори доимӣ таъмин кардани наздики 9 ҳазор нафар зану ҷавондухтари хонашину бекор дар назар аст. Сипас, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Амирбекзода Ҳабибулло зикр кард, ки: “Пеш гирифтани иқдоми шоиста ва меҳрубониҳои Роҳбари дав-
8
Фестивал ҳисси ватандӯстии лат ба миллати тоҷик, махсусан, ба ҷавонон имконият медиҳад, ки дар фазои сулҳу салоҳ илм омӯзанд, аз таъриху фарҳанги ниёгони хеш ифтихор намоянд, таҷрибаҳои пешқадам ва техникаю технологияҳои пешрафтаи ҷаҳони муосирро аз худ кунанд ва барои Ватан содиқона хизмат намоянд. Баргузории Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон, таҳти шиори «Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!», ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ шаҳодати мустаҳкамии дӯстиву рафоқат, бархурдор гардидан аз фаъолияти якдигар, аз ҳаёту рӯзгор, урфу одатҳои минтақаҳо ва таъриху тамаддуну фарҳанги миллӣ мебошад”. Баъди баргузории қисмати расмии Фестивали дӯстии ҷавонон дар “Амфитеатр”-и Маркази солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони “Шоҳин”-и шаҳри Қайроққум, барномаи фарҳангии “Шоми ҷавонӣ” доир гашт. Ҳамчунин, намояндагони Маҳфили зарифони ҷавон хотири ҳозиринро шод гардонданд. Субҳи 15 июн иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонон аз шаҳри Қайроққум ба самти ноҳияи Ҷаббор Расулов равон шуданд. Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги “Гулистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов меҳмононро бо гулу гулдаста пешвоз гирифтанд. Ҳакимзода Сангинмурод, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз ҷумла, чунин иброз дошт: “Ин гуна пайванадгариҳо бозгӯи рисолати ҷавонони тоҷикро ба вуҷуди онҳо, ки аз ваҳдату дӯстӣ ва рафоқат, меҳрубониву инсондӯстӣ офарида шудааст, инъикос менамояд. Умед дорам, туфайли ин фестивал барои Шумо - ҷавонони сарбаланди миллат як дари фатҳи қуллаи мурод боз мегардад”. Зимнан, Амирбекзода Ҳабибулло ба роҳбарият ва мардуми ноҳияи Ҷаббор Расулов барои истиқболи гарму самимиашон изҳори миннатдорӣ намуд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9398), 18 ИЮНИ СОЛИ 2015
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
ҷавононро бештар мекунад Сипас, барои меҳмонон барномаи консертии ҳунармандони ноҳия пешкаш шуд. Баъди барномаи ҷолиби фарҳангӣ иштирокчиён Муассисаи давлатии “Қасри маданияти Арбоб”-ро, ки бинои таърихист ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ он ҷо доир шуда буд, тамошо карданд. Ҷавонон иттилоъ ёфтанд, ки “Қасри маданияти Арбоб” бо ташаббуси марди некном, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Урунхоҷаев бунёд ёф-
да, ӯ мегӯяд, ки ба Ватан баргашта, ҳатман барои деҳқонон чунин як қаср месозад. Зикр гардид, ки “Қасри Арбоб” бо тариқи ҳашар соли 1957 бунёд ёфта, дар кори нақшу нигори он устоҳои моҳиру чирадаст заҳмат кашидаанд. Борои аксари иштирокчиёни фестивал ҷолиб он буд, ки нақшҳои кашидаи устоҳои наққош яке ба дигараш монанд набуданд. Яъне, як тасвир ду маротиба такрор нашудааст. Баъд аз зуҳр иштирокчиёни
МУРОҶИАТНОМАИ
иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонон ба кулли ҷавонони Тоҷикистон
Аз чап ба рост: Нурулло Зоиров, мутахассиси Маркази худидораи "Шаҳри бехатар"-и ВКД, Аҳмад Самадов, бозраси калони РБДА ВКД, Маҳмуд Ҳаитов, ронандаи шуъбаи нақлиёти РБДА ВКД, Муҳаммадиқбол Атоев, мудири шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ
тааст. Инчунин, огаҳӣ пайдо карданд, ки идеяи бунёди қасри мазкур баъд аз дидани қасрҳои зебои шаҳри Санкт-Петербург ба сари Саидхоҷа Урунхоҷаев ома-
ҳамоиш аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ба самти шаҳри Хуҷанд – маркази вилояти Суғд равон шуданд. Ҷавононро дар назди муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ раиси шаҳри
Мо, иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон, ки аз ҳар гӯшаву канори мамлакати биҳиштосо ва зебоманзар ба яке аз минтақаи шимоли кишвар – вилояти қадимаи Суғд сарҷамъ омада, бо умеди ҳифзи марзу буми кишвар ва бунёди давлату миллати мутараққӣ ба кулли ҷавонони мамлакат муроҷиат менамоем. Мо, ҷавонони ии сарзамин шукргузорӣ аз диёр, пойдории сулҳу ваҳдат, шароити мусоид аз таҳсилу фароғат, зиндагии шоиста ва аз дастгириву таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса, Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоем. Пеш гирифтани иқдомҳои шоиста ва меҳрубониҳои Роҳбари давлат ба миллати тоҷик ва махсусан, ба ҷавонон имконият медиҳад, ки дар фазои сулҳу салоҳ илм омӯзанд, аз таъриху фарҳанги ниёгони хеш ифтихор намоянд, таҷрибаҳои пешқадам ва техникаю технологияҳои пешрафтаи ҷаҳони муосирро аз худ ва барои Ватан содиқона хизмат намоянд. Баргузории Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон таҳти шиори «Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!» ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон худ шаҳодати мустаҳкамии дӯстиву рафоқат, бархурдор гардидан аз фаъолияти якдигар, аз ҳаёту рӯзгор, урфу одатҳои минтақаҳо ва таъриху тамаддуну фарҳанги миллӣ мебошад. Дар баробари ифтихормандӣ аз миллату ин сарзамин барои пешгирии ҳама гуна ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ чун экстремизму терроризм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ муборизаи беамон бурда, Ватанамонро бо меҳру муҳаббати беандоза дӯст ва аз омилҳои бегона покиза нигоҳ медорем. Бо ватандӯстиву ифтихори миллӣ обу хоки муқаддас ва ҳар як неъмати бузурги ҳадяи илоҳиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ҷавононро ба сӯи илмомӯзиву ободонӣ, бунёди кишвари солим ва бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ даъват менамоем. Мо, ҷавонони Тоҷикистон суханони таъсирбахши Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, бо ифтихор вирди забон меорему мегӯем: “Мо як Ватан, як забон ва як миллат дорем, ки номаш Тоҷикистон аст” ва ин Ватани ба ҷону дил баробарро дӯст медорему қадр менамоем. “Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9398), 18 ИЮНИ СОЛИ 2015
Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода пешвоз гирифта, дар назди муҷассамаи Сардафтари адабиёти тоҷик гулчанбар гузоштанд. Боздиди иштирокчиён аз Маркази таълимӣ-омӯзишии ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофии “Шероз”-и шаҳри Хуҷанд низ хотирмон буд. Маълум шуд, ки дар ин марказ 24 нафар кор мекунанд ва 60 нафари дигар ба омӯзиши қолинбофӣ машғуланд. Гуфта шуд, барои тайёр кардани як қолин аз 15 то 7075 рӯз вақт лозим мешавад. Сипас, иштирокчиёни фестивал Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20-солагии истиқлолият”-ро тамошо карданд. Он 9 сентябри соли 2011 бо дастгирии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда, 4 сол боз фаъолият мекунад. Дар ин ҷо 32 нафар ҳар рӯз ба шаҳрвандон ва меҳмонон хизмат мерасонанд. Шоми ҳамон рӯз барои иштирокчиёни фестивал дар “Боғи Ирам”-и шаҳри Хуҷанд зиёфати идона ороста шуда, барномаи фарҳангӣ-фароғатии “Шоми ҷавонӣ” пешкаш гардид. Дар он раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сухан карда, аз ҷумла, миннатдориашро ба роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирии Фестивали дӯстии ҷавонон, ки ҷавононро аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ сарҷамъ намуд, баён дошт. Раҷаббой Аҳмадзода ёдовар шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд барои ҷавонон тамоми имконият фароҳам оварда шуда, майдонҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, ки ҳамаашон ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқанд, инчунин, мактабҳои олии шаҳру вилоят дари худро ба рӯи ҷавонони мамлакат боз кардаанд. Ҳоло беш аз 12 ҳазор ҷавони вилоят дар дохилу хориҷи мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Субҳи 16 июн баъди субҳона иштирокчиёни фестивал ба бозиҳои варзишӣ машғул шуданд. Аз рӯи намудҳои футболу волейбол, баскетболу шоҳмот мусобиқаҳо сурат гирифт. Баъд аз анҷоми бозиҳои варзишӣ, ки то нисфирӯз идома ёфт, ҷавонон барои оббозӣ ба соҳили Баҳри тоҷик рафтанд. Бегоҳи 16 июн дар Боғи Камоли Хуҷандии шаҳр Фестивали “Гулҳо” ва “Оши палав” доир гардид, ки иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонон онро тамошо карданд. Тавре иттилоъ гирифтем, ин ҷашнвора бо ибтикори МИҲД вилояти Суғд доир гардида, дар он 40 ошпаз аз шаҳру навоҳии вилоят дар 80 дег оши палов омода намуданд. Ғолибон бо маблағҳои пулии аз 1000 то 5000 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамин тариқ, Фестивали дӯстии ҷавонон ба анҷом расид. Субҳи 17 июн иштирокчиёни фестивал бо ҳамсолонашон аз вилояти Суғд хайрухуш карда, роҳ сӯи пойтахт – шаҳри Душанбе гирифтанд. Маҳмудҷон УСМОНОВ, Толиб ФОЗИЛОВ, “ҶТ”
9
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Таассуроти иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонон
Мария ДИГА, сармутахассиси Департаменти сиёсати ҷавонии шаҳри Оренбурги Федератсияи Русия: - Ман мехоҳам аз номи губернатори шаҳри Оренбург иштирокчиёни фестивалро муборакбод гӯям. Фестивали ҷавонон, яъне, дӯстони зиёд, шарикони нави корӣ, инчунин, дӯстии байни миллатҳо ва дӯстии ҷавонони кишварҳои гуногун аст. Тоҷикистон бо табиати зебояш ба мо писанд омад. Моро бо меҳрубонӣ, меҳмоннавозии хоса ва ҷаззобияташ мафтун кард. Ин ҷо, бемуҳобо, дӯстони зиёд ёфтем ва мехоҳам ин дӯстии мо дар олами интернет маҳдуд намонад. Шумо низ ҳатман ба диёри мо ташриф оред, ки мо ҳам шуморо меҳмондорӣ кунем, то дӯстии мо боз ҳам қавитар гардад.
Расулҷон ШОКИРОВ, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз: - Бори аввал ман ба ин минтақаи пурганҷи кишвар сафар кардам. Хеле бароям хотирмон аст, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан карда, бо ёдгориҳои таърихӣ шинос шудам. Бори дигар шоҳиди ҳол шудам, ки, дарвоқеъ, миллати тоҷик, гузаштагони мо ҳам меъмори хуб буданд, ҳам санъати кандакориро хеле хуб ба роҳ мемонданд. Аз ин дастгирии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, ки мо - ҷавонони кишварро сарҷамъ кард, самимона миннатдорем. Мутмаинам, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои Давлату Ҳукумати кишвар ҷавонон - созандагони фардои ҷомеа баҳри суботу созандагии Ватан бештар талош хоҳанд кард.
10
Эҳсон ИЗЗАТӢ, намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон: - Аз давлати Тоҷикистон сипосгузорем, ки ба мо имкони ҳузур дар ин фестивалро дод. Ҷаҳони имрӯз даргири таҳдидҳои бисёр риққатоварест, ки агар барои он барномарезӣ нашавад, қатъан ҷаҳони имрӯз ва ҷаҳони фардо аз они наслҳои сулҳталаб ва инсондӯсти оянда нахоҳад буд. Аз ин лиҳоз, бо барномарезиҳои имрӯз метавон ояндаро соҳиб шуд. Ҷаҳони имрӯз дучори фоҷеаеҳое бо номи терроризм, мудпарастӣ, лоуболигарист, инчунин, ба навъе, ҷавонон аз миллатҳои гуногун дучори сардаргиребонӣ, афкори мухталиф ва инзиво ҳастанд. Ман дар ин ҳамоиш мутаваҷҷеҳ шудам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба тарзи бисёр шоиста барои ояндаи ҷавонони худ ва ҷавонони кишварҳои ҳамсоя барномарезӣ дорад. Талош дорад, ки бо барҷастасозии мабонии инсонӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва истифода аз вуҷуҳи муштарак бо кишварҳои ҳамсоя парчамдори сулҳ ва дӯстӣ дар минтақа бошад. Ҳоло кишварҳои минтақа, Ховари Миёна ва Ҷанубу Шарқи Осиё даргири буҳрони эътиқодиву мазҳабианд, ки натиҷаи он куштори ноҳақи занону кӯдакон ва пирони барҷомонда аст. Агар андаке бепарвоӣ кунем, даст рӯи даст бигзорему назорагар бошем, милҳои тӯфанг ба сару рӯи мо хоҳад расид ва дигар он рӯз рӯзи барномарезӣ нахоҳад буд. Он рӯз дигар рӯзи худоҳофизӣ бо зиндагист. Ман эътиқодам бар ин аст, ки Тоҷикистон парчамдори як ҳаракати нав дар ҳавзаи Ҷанубу Шарқи Осиё шудааст ва бо истиқболи кишварҳои минтақа метавонад ҳамин лоиҳаро дар сатҳи ҷаҳон байни миллатҳои гуногун мудирият кунад. Ин иқдом барои мо - эрониҳо ифтихор аст, чунки мо мардуми тоҷикро пораҳои тани худамон медонем. Ҳар ободоние дар Тоҷикистон иттифоқ биафтад, мисли ин аст, ки ободонӣ дар Эрон иттифоқ афтодааст ва мо шодмон мешавем. Ман ба ҷониби Эрон мегуфтам, ки Тоҷикистон як зарфияти бузург дар амри кор бо ҷавонон аст ва Эрон ҳам мебояд ба ин лоиҳа бипайвандад. Ҳикматулло АБДУКАРИМОВ, мудири Бахш оид ба корҳои
дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Восеъ: - Фестивал иқдоми хубу хотирмон буд. Аввалин самараи он бо ҳам омадан ва дӯст шудани ҷавонони минтақаҳои кишвар буд, ки натиҷа дод. Шахсан ман дар як ҳайати 16-нафара бо ҷавонони чанд минтақаи кишвар, ки қаблан ҳеҷ кадомашонро намешинохтам, ошноӣ пайдо кардам. Яъне, ба ҳам омадани ҷавонони минтақаҳои гуногун имкон медиҳад, ки доғи маҳалгароӣ, ки як дарди ҷомеаи мост, бо муҳаббату дӯстӣ аз вуҷуди ҷавонон шуста шавад. Дар ин ҳамоиш ҷавонон дарк намуданд, ки Ватан танҳо бо маҳалли таваллуди онҳо маҳдуд нест ва ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон барояшон азизу муқаддас аст...
Зарина Сатторова, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ: - Дар фестивал ман бо ҷавонони манотиқи гуногуни кишвари азизамон шиносоӣ пайдо намудам. Илова бар ин, аз макони таърихии шаҳру навоҳии вилояти Суғд дидан намуда, оид ба фарҳангу тамаддун, расму оинҳои қадимаи миллат маълумоти даркорӣ дарёфт кардам. Мақсади фестивал, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, пойдории дӯстиву рафоқат байни ҷавонон ба ҳисоб мерафт, татбиқи амалии худро пайдо намуд. Шахсан ман он дӯстонеро, ки дар ин ҳамоиш пайдо кардам, ният дорам минбаъд иртиботро бо онҳо идома диҳам.
Нургул Тухтабоева, сармутахассиси Кумитаи ҷавонони шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон: - Пеш аз ҳама, ман ҳамчун
роҳбари намояндагони ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон миннатдории хешро ба ҷониби Тоҷикистон баён медорам, ки моро даъват намуданд. Иштирок дар фестивал барои мо имкон дод, ки дӯстони зиёд пайдо кунем. Дар оянда ният дорем, ки дар ҳамкорӣ бо ҷониби Тоҷикистон фестивали дӯстии ҷавонони қирғизу тоҷикро барпо кунем. Асо Тиллоев, корманди Ҷамъияти саҳомии “Тоҷиктелеком”-и ноҳияи Роштқалъа: - Фестивал боис шуд, ки беш аз сесад ҷавон дӯстони нав ёбанд, ёру бародарҳои нав пайдо кунанд. Ин гуна чорабиниҳо, ки василаи баҳамоӣ ва қаробати ҷавонони манотиқи гуногуни кишвар мегарданд, бояд зиёд доир шаванд ва на танҳо доираи муайяни ҷавонон, балки тамоми ҷавонони кишварро фаро бигиранд. Созандагону ободгарони Тоҷикистон ҷавононанд. Вақте ин нерӯ муттаҳид бошад, яъне, идеяҳои муайян ташаббусҳои муайян онҳоро муттаҳид созад, он гоҳ сохтану обод карданро дар амал мебинем. Он вақт созанда будани ҷавонон на як ҳарфи хушк, балки ҳақиқат мегардад. Барномаи фестивал бояд хеле олӣ таҳия гардад, ба андозае ки ҳамин як ҳафтаро ҷавонон босамар гузаронанд. Масалан, агар баҳсу мунозараҳои гурӯҳӣ ташкил мешуданд, бисёр хуб мебуд. Чунки дар баҳс ҳамеша идеяи нав, фикри нав тавлид мешавад. Агар баҳсҳои гурӯҳӣ мешуданду дар доираи онҳо роҳҳои ҳифзу тарғиб кардани арзишҳои миллӣ, роҳу усулҳои пешрафт аз нигоҳи ҷавонон пешниҳод мегашт, ба манфиат мебуд. Ин, албатта, пешниҳоди ман аст. Чизи дигар ин ки фароғат танҳо рақсу сурудхонӣ нест. Фароғат бояд ҷанбаи тарбиявӣ ва илмӣ ҳам дошта бошад, то битавонем малакаи ҷавононро бисанҷем ва беҳтаринҳоро муайян кунем. Чунки ҳар касе қобилияти бештар дорад, агар дуруст роҳнамоӣ шавад, нафъаш ба Ватану миллат бештар мерасад.
Кирилл Шмарин, корманди Вазорати рушди иқтисод, сиёсати саноат ва савдои вилояти Оренбурги Федератсияи Русия: - Ман бори аввал ба Тоҷикистон омадам. Навозишу меҳмондӯстии мардуми тоҷик маро тасхир кард.
Ҷойҳои дидании вилояти Суғд, алалхусус, шаҳри Хуҷанд сутуданианд. Ҳеҷ гумон намекардам, ки Тоҷикистон дорои чунин зебоиҳост. Бошад, ки зебоиҳои диёри офтобии Шумо бештар гарданд. Меҳмондӯстиву самимияти мардуми тоҷик ҳамеша боқӣ монад, чунки ин як нишонаест аз тоҷикон, ки дилхоҳ нафари аз беруномадаро мафтун мекунад. Дар ин ҷо дӯстони нав ёфтам. Ба ҷавонони дигар кишварҳо, хусусан, ҷавонони ҷумҳуриҳои ИДМ гуфтаниам, ки ба диёри Шумо биёянд ва бо мардум муошират дошта бошанд. Меҳру муҳаббати мардуми тоҷикро бо чашми худ бубинанд. Албатта, мо ин даъвату пешниҳодотро аз тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ низ ба роҳ хоҳем монд. Чи тавре ки шумо ҷавононатонро ба ваҳдат овардед, ба дигарон ҳам маслиҳат медиҳам, ки аз ин усул кор бигиранд. Чунки ҳоло дар як дунёе зиндагӣ дорем, ки гирдоби ҳаводиси гуногун ҷавононро ба сӯи худ мекашад ва қаъри ин гирдоб нестист ва зиёнаш ба миллатҳо бузург аст.
Дилнора Амонова, донишҷӯи Донишкадаи молия ва иқтисод: - Ман аз ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон сипосгузорам. Тайи рӯзҳое, ки фестивал идома дошт, беш аз сесад ҷавон шаҳру навоҳии вилояти Суғдро тамошо карданд. Дар Панҷакенту Истаравшан мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла, Осорхонаи шаҳри Панҷакент, Оромгоҳи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Панҷрӯд, Қалъаи Муғ ва Масҷиди ҷомеи Ҳазрати Шоҳ дар Истаравшанро зиёрат кардем. Бо дидани ин макони таърихӣ, воқеан дил гум мезанад ва кас лаҳзае ба суроғи таърих рафта, чи қадар миллати соҳибтамаддун будани тоҷиконро бори дигар дарк мекунад. Ташкил намудани ин қабил чорабиниҳо барои он зарур аст, ки донишҷӯён бо таърихи миллат хубтар ошно мешаванд. Ҷойҳои таърихиро, тамаддуни бойи миллатро бо чашми сар мебинанд, ки “шунидан кай бувад монанд дидан” гуфтаанд. Яъне, ҷаҳонбинии ҷавонон ҷиҳати шинохти таърихи миллат як зарра ҳам бошад, бештар мегардад. Чизи дигар ин аст, ки ҷавонон дӯстони нав меёбанд. Шахсан ман дӯстони зиёд пайдо намуда, аз кору зиндагиашон пурсон шудам. Ба назари ман ин чизи муҳим ва мақсади асосии фестивали дӯстии ҷавонон ба ҳисоб мерафт.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9398), 18 ИЮНИ СОЛИ 2015
РАМАЗОН-2015
МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҚВИМИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОНИ СОЛИ 2015 Ҳафта
ТАҚВИМ МУВОФИҚ БА ШАҲРИ ДУШАНБЕ АСТ.
Рӯз
Рамазон
Субҳи содиқ
Тулӯи офтоб
Шом
Панҷшанбе
18.06
01
3:05
4:45
20:05
Ҷумъа
19.06
02
3:05
4:45
20:05
Шанбе
20.06
03
3:06
4:46
20:05
Якшанбе
21.06
04
3:06
4:46
20:05
Душанбе
22.06
05
3:06
4:46
20:05
Сешанбе
23.06
06
3:06
4:46
20:05
Чоршанбе
24.06
07
3:06
4:46
20:04
Панҷшанбе
25.06
08
3:07
4:47
20:04
Ҷумъа
26.06
09
3:07
4:47
20:04
НИЯТИ РӮЗА
Шанбе
27.06
10
3:07
4:47
20:03
Якшанбе
28.06
11
3:08
4:48
20:03
АРАБӢ: “Валисавми ғаддин мин шаҳри Рамазоналлазӣ фаризатан навайту”.
Душанбе
29.06
12
3:08
4:48
20:03
Сешанбе
30.06
13
3:09
4:49
20:03
Чоршанбе
01.07
14
3:09
4:49
20:03
Панҷшанбе
02.07
15
3:10
4:50
20:03
Ҷумъа
03.07
16
3:11
4:51
20:03
Шанбе
04.07
17
3:11
4:51
20:02
Якшанбе
05.07
18
3:11
4:51
20:02
Душанбе
06.07
19
3:12
4:52
20:01
Сешанбе
07.07
20
3:13
4:53
20:01
Чоршанбе
08.07
21
3:13
4:53
20:01
Панҷшанбе
09.07
22
3:14
4:54
20:01
Ҷумъа
10.07
23
3:15
4:55
20:00
Шанбе
11.07
24
3:15
4:56
20:00
Якшанбе
12.07
25
3:16
4:56
20:00
Душанбе
13.07
26
3:17
4:57
20:00
Сешанбе
14.07
27
3:18
4:58
19:59
Чоршанбе
15.07
28
3:18
4:58
19:59
Панҷшанбе
16.07
29
3:19
4:59
19:59
Ҷумъа
17.07
30
3:20
5:00
19:59
Шаҳру ноҳияҳое, ки вақти онҳо пеш аз вақти Душанбе аст: Истаравшан, Кӯлоб - 5 дақиқа, Хуҷанд, Рашт - 7 дақиқа, Конибодом, Исфара, Ашт - 9 дақиқа, Хоруғ - 12 дақиқа, Мурғоб - 20 дақиқа. Шаҳру ноҳияҳое, ки вақти онҳо баъд аз вақти Душанбе аст: Қӯрғонтеппа - 4 дақиқа, Панҷакент, Шаҳритус, Айнӣ - 5 дақиқа. “Эй мӯъминон! Бар Шумо рӯза фарз гардонда шуд, ҳамон гуна, ки бар пешиниёни Шумо фарз шуда буд, бошад, ки Шумо парҳезгор шавед”. (Сураи “Бақара”, ояи 183)
ТОҶИКӢ: “Ният кардам, рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб”. Салмон (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) дар охирин рӯзи моҳи Шаъбон хутбае (суханроние) намуд ва дар он аз ҷумла фармуд: “Эй мардум! Инак, моҳи бузург ва мубораке бар сари шумо соя афкандааст. Моҳе, ки як шабаш (шаби Қадр) аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Моҳе, ки Худованд рӯзаашро фарз ва қиёми шабашро татаввуъ (нафл ва ихтиёрӣ) гардонидааст. Касе дар ин моҳ хислати некро ба ҷой оварад, баробари он аст, ки фаризаеро дар дигар моҳҳо анҷом дода бошад ва касе фаризаеро дар он ба ҷой оварад, баробари ҳафтод фарз дар моҳҳои дигар аст”. Ҳар кӣ дар Рамазон аз рӯи имону ихлос рӯза бигирад, ҳамаи гуноҳҳои дар собиқ кардааш бахшида мешавад. (Ҳадиси муттафақ) ДУОИ ИФТОР АРАБӢ: “Аллоҳумма лака сумту ва бика оманту ва алайка таваккалту ва ало ризқика афтарту. Бираҳматика ё арҳамар роҳимин”. ТОҶИКӢ: “Парвардигоро! Барои ризогии Ту рӯза доштам ва ба Ту имон овардам ва ба Ту такя дорам ва бо ризқи додаи Ту ифтор кардам”. Он Ҳазрат (с) мефармояд: “Рӯза ва Қуръон рӯзи қиёмат ба шафоати инсон (соҳиби худ) бармехезанд. Рӯза мегӯяд: “Парвардигоро! Ман рӯзона ӯро аз таъому шаҳавот манъ намудам, пас, маро барояш шафоъаткунанда гардон”. Ва Қуръон мегӯяд: “Парвардигоро! Ман ӯро аз хоби шаб манъ менамудам, пас, маро барои ӯ шафоъаткунанда бигардон”. Ҳамин гуна Рӯзаву Қуръон барояш шафоъат мекунанд”. ТАСБЕҲИ ТАРОВЕҲ Субҳона зил мулки вал малакут. Субҳона зил ъиззати вал азамати вал қудрати вал кибриёи вал ҷабарут. Субҳонал маликил ҳайил-лазӣ ло яному вало ямут. Суббуҳун қуддусун раббуно ва раббул малоикати ва-р-руҳ. Ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳ, насъалукал ҷанната ва наъузу бика минаннор. Бо қарори маҷлиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 12200 сомонӣ муқаррар карда шуда, аз он 305 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ 4 сомонӣ; фидяи савм дар моҳи Рамазон барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз (барои як рӯз 10 сомонӣ) муайян шудааст.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9398), 18 ИЮНИ СОЛИ 2015
11
ВАРЗИШ
Мусовӣ ва бохти тими миллии кишвар дар марҳалаи интихобии ЧҶ-2018
Томас Бах дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон Ҳафтаи равон Президенти ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ мулоқот кард. Зимни суҳбат масоили имкону захираҳои истифода- ба Кумитаи миллии олимпӣ вобаста ба рушди ҳаракати нашуда дар Тоҷикистон фа- ва варзишгарони Тоҷикистон олимпӣ дар Тоҷикистон, ровонанд. тавассути саҳмгузорӣ дар тарғибу ташвиқи васеи аҳолӣ, Доир ба роҳҳои бунёди бунёди иншооти варзишӣ, хусусан, ҷавонону наврасон марказҳои омодагии олимпӣ таъмини таҷҳизоти зарурӣ, ба варзиш ва тарзи ҳаёти со- дар Тоҷикистон гуфтугӯи суд- шиносоӣ бо сиёсати олами лим баррасӣ шуданд. Сарва- манд сурат гирифт. Чунонки варзиш ва ҳаракати ҷаҳонии ри давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, дар марҳилаи олимпӣ ва ҷудо намудани ба Кумитаи байналмилалии аввал сохтмони 5 адад чунин стипендияҳо ба варзишгароолимпӣ ва Шӯрои олимпии марказҳо дар гӯшаҳои гуно- ни умедбахш кӯмак хоҳанд Осиё, ки дар рушди ҳаракати гуни кишвар мувофиқи мат- кард. олимпӣ дар Тоҷикистон саҳми лаб аст. Изҳори бовар карда шуд, арзанда мегузоранд, арзи сиТомас Бах ва Шайх Аҳмад ки варзишгарони тоҷик оянда пос намуд. Ҳамзамон, таъкид Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ изҳор до- дар бозиҳои олимпию Осиё гардид, ки барои густариши штанд, ки Кумитаи байнал- ва дигар мусобиқоти ҷаҳонию бештари ҳамкорӣ ва ба даст милалии олимпӣ ва Шӯрои минтақавӣ ба натиҷаҳои бешовардани натиҷаҳои дилхоҳ олимпии Осиё минбаъд низ тару беҳтар ноил мегарданд.
МҶМОВ – ғолиби мусобиқа ба хотираи Мирзо Муҳаммадҷонов Дуюм ин мусобиқа оид ба футбол миёни дастаҳои кӯдакони соли таваллудашон 2002-2003 ба хотираи аввалин президенти Федератсияи футболи мамлакат Мирзо Муҳаммадҷонов бо ғалабаи МҶМОВ ба анҷом расид. Дар мусобиқа 8 даста аз шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ дар ду гурӯҳ миёни ҳам қувва санҷиданд. Тибқи низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо дар финал ва дастаҳои ҷои дуюм барои медалҳои биринҷӣ рақобат карданд. Дастаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) дар гурӯҳи “А” ғолиб шуд. Ин даста шогирдони мактаби футболи Шариф Назаровро бо ҳисоби 6:0, тими “Қаҳрамон”-и Ҳисорро бо ҳисоби 7:2 шикаст дода, бо дастаи “Авиатор”, ки ҷои дуюмро сазовор шуд, мусовӣ – 1:1 бозӣ кард. Дар гурӯҳи “Б” футболбозони навраси “Истиқлол” бар ҳамсолонашон аз “Энергетик” - 6:2, “Фирдавс” – 4:3 ва “Локомотив” – 1:0 пирӯз шуданд. Дар ҷои дуюм бо 6 хол “Городок” мақом ёфт. Ҳамин тариқ, дар финал МҶМОВ ва “Истиқлол” вохӯрданд. Бозӣ бо ғалабаи дастаи МҶМОВ – 3:0 анҷом ёфт. Голҳоро Муҳаммад Аҳмадов, Файзиддин Наҷмов ва Шерзод Дадабоев ба ҳадаф расонданд. Барои ҷои сеюм “Авиатор” ва “Фирдавс” талош карданд. Вақти асосӣ ғолибро муайян накард. Дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахт ба рӯи бозингарони “Фирдавс” хандид – 5:4.
12
Ҷоми шаҳрдорӣ насиби "Корупсия" шуд Мусобиқаи футболи хурд байни идораву муассисаҳои шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми шаҳрдорӣ, ки 16 май ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон оғоз гашта буд, 13 июн бо ғалабаи тими “Коррупсия” анҷом ёфт. Ба иттилои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, мусобиқа соли шашум баргузор шуд. Азбаски мусобиқа байни кормандони идораву муассисаҳо сурат гирифт, бозиҳо фақат рӯзҳои истироҳат доир гаштанд. 14 даста дар ду гурӯҳ бо ҳам рақобат карда, 4 дастаи беҳтарин ба даври нимфинал роҳ ёфтанд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаи “Молия” (Раёсати молияи шаҳри Душанбе) бар “Тоҷиксодиротбонк” бо ҳисоби 7:5 ғалаба кард. Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои “ҲХДТ” ва “Коррупсия” (Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе) вохӯрданд. Тими “Коррупсия” “ҲХДТ”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохта, соҳиби Ҷоми шаҳрдорӣ-2015 гардид.
Ҳафтаи сипаришуда ду даври марҳалаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё доир гашт. Тими миллии кишвар болбозони кишвар Пре- даври аввал озод буд. дар гурӯҳи “В” 11 июн зиденти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Дар даври дуюм 16 дар варзишгоҳи марка- Раҳмон ба варзишгоҳ таш- июн тими миллии кишвар зии ҷумҳурӣ аз тими Ур- риф оварда, бозиро тамо- дар меҳмонӣ бо дастаи дун бо ҳисоби 1:3 шикаст шо кард. Бангладеш мусовӣ - 1:1 хурд. Голи тими кишварро Бозии дигари гурӯҳ бозӣ кард. Голи тими милМанучеҳр Ҷалилов зад. байни дастаҳои Бангладеш лии кишварро Фатҳулло Ҳамлагари тими Урдун ва Қирғизистон доир шуд, Фатҳуллоев зад. Дар бозии Ҳасан Абдул Фаттоҳ, ки 3 ки бо ҳисоби 1:3 ба фои- дигари гурӯҳ Қирғизистон гол зад, Қаҳрамони бозӣ даи қирғизистониҳо анҷом дар майдони худ аз Авшинохта шуд. ёфт. Австралия, ки низ дар стралия бо ҳисоби 1:2 шиБарои дастгирии фут- гурӯҳи “В” мебошад, аз каст хурд. Натиҷаи ду даври марҳалаи интихобии ЧҶ-2018: Гурӯҳи «А»
ҶОЙ 1 2 3 4 5
ДАСТАҲО Фаластин Арабистони Саудӣ АМА Тимори Шарқӣ Малайзия
Б 2 1 1 2 2
Ғ 1 1 1 0 0
М 0 0 0 1 1
Б 1 0 0 1 1
Т-Т 8-3 3-2 1-0 1-2 1-7
Х 3 3 3 1 1
ҶОЙ 1 2 3 4 5
ДАСТАҲО Урдун Қирғизистон Австралия Бангладеш Тоҷикистон
Б 1 2 1 2 2
Ғ 1 1 1 0 0
М 0 0 0 1 1
Б 0 1 0 1 1
Т-Т 3-1 4-3 2-1 2-4 2-4
Х 3 3 3 1 1
ҶОЙ 1 2 3 4 5
ДАСТАҲО Ҳонконг Чин Қатар Малдив Бутан
Б 2 1 1 2 1
Ғ 2 1 1 0 0
М 0 0 0 0 0
Б 0 0 0 2 2
Т-Т 9-0 6-0 1-0 0-3 0-13
Х 6 3 3 0 0
ҶОЙ 1 2 3 4 5
ДАСТАҲО Гуам Уммон Эрон Туркманистон Ҳиндустон
Б 2 1 1 2 2
Ғ 2 1 0 0 0
М 0 0 1 1 0
Б 0 0 0 1 2
Т-Т 3-1 2-1 1-1 1-2 2-4
Х 6 3 1 1 0
ҶОЙ 1 2 3 4 5
ДАСТАҲО Сингапур Сурия Афғонистон Ҷопон Камбоҷа
Б 2 1 2 1 2
Ғ 1 1 1 0 0
М 1 0 0 1 0
Б 0 0 1 0 2
Т-Т 4-0 6-0 1-6 0-0 0-5
Х 4 3 3 1 0
ҶОЙ 1 2 3 4 5
ДАСТАҲО Тайланд Ироқ Ветнам Тайван Индонезия
Б 2 0 1 1 0
Ғ 2 0 0 0 0
М 0 0 0 0 0
Б 0 0 1 1 0
Т-Т 3-0 0-0 0-1 0-2 0-0
Х 6 0 0 0 0
Гурӯҳи «В»
Гурӯҳи «C»
Гурӯҳи «D»
Гурӯҳи «E»
Гурӯҳи «F»
Гурӯҳи «G»
ҶОЙ 1 2 3 4 5
ДАСТАҲО Кореяи Ҷанубӣ Лубнон Кувайт Лаос Мянмар
Б 1 2 1 2 2
Ғ 1 1 1 0 0
М 0 0 0 1 1
Б 0 1 0 1 1
Т-Т 2-0 2-1 1-0 2-4 2-4
Х 3 3 3 1 1
ҶОЙ 1 2 3 4 5
ДАСТАҲО Кореяи Шимолӣ Филиппин Баҳрайн Узбакистон Яман
Б 2 2 1 1 2
Ғ 2 2 0 0 0
М 0 0 0 0 0
Б 0 0 1 1 2
Т-Т 5-2 4-1 1-2 2-4 0-3
Х 6 6 0 0 0
Гурӯҳи «H»
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9398), 18 ИЮНИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШ
Дар куҷо тамрин кунем?
Бемори дил доред? Машқ кунед! Барои пешгирӣ ва табобати рагҳои хунгарди дил машқҳои ҷисмонӣ муҳимтарин нақш мебозанд. Машқҳои ҷисмонӣ мушакҳои дилро пурқувват гардонда, ҷараёни хунгардиро ба низом медароранд. Девораҳои рагҳо туфайли гардиши бомароми хун чандир ва мавзун мегарданд, зеро гардиши хуни бомаром ба таври механикӣ ин девораҳоро масҳ карда, эҳтимоли пайдоиши суддаро (бастагӣ) тавассути коҳиши меъёри холестерин дар хун аз байн мебарад. Ҳамин тариқ, ташаккули дигаргуниҳои атеросклеротикӣ, ки сабаби пайдоиши бемориҳои дил мебошанд, пурра аз байн бардошта мешаванд. Мавриди зикр аст, ки машқҳои ҷисмониро танҳо бо маслиҳати духтури табобаткунанда оғоз бояд намуд. Бахусус, нафароне, ки аллаккай сактаи дилро аз сар гузарондаанд, пиронсолон ва шахсони заифу беҳол низ бояд маслиҳати духтурро гӯш кунанд. Ин ҷо мо чанд қоидаи ҳатмии иҷроиши машқҳои ҷисмониро пешниҳод мекунем. Агар комилан солим бошед ҳам, набояд якбора ва зуд
сарбориро (нагрузка) бештар намоед. Ҳангоми сарчархзанӣ, таппиши баръалои дил, нафастангӣ, пайдоиши эҳсосоти нохуш дар қисмати дил машқҳои ҷисмониро фавран хотима бахшидан лозим. Агар дар ҳамин ҳол ҳам эҳсосоти дард шуморо тарк накунад, “Валидол” ё “Нитроглетсерин” истеъмол намуда, зуд ба духтур муроҷиат кардан зарур аст. Ҳангоми машқҳои ҷисмонӣ хеле муҳим аст, ки ҳолати набз санҷида шавад. Агар набз 25-30 маротиба таппиш дошта бошад ва дар як дақиқа бештар аз 120 зарба назанад, хулоса баровардан мумкин аст, ки машқҳои ҷисмонӣ ба организми шумо таъсири мусбат расонидаанд. Пас аз 5 дақиқаи истироҳат набз бояд ба ҳолати муқаррариаш бозгардад. МАШҚҲОИ ҶИСМОНИИ САБУК: Машқи аввал. Дар ҳолати муқаррарӣ ба курсӣ менишинем. Пойҳоро якҷоя, дастҳоро сар медиҳем. Бо навбат аввал як даст ва баъдан дасти дигарро боло мебардорем, сипас, дастҳоро якҷоя боло бардошта, нафасро ба дарун мегирем, дастҳоро фароварда, нафасро берун мекунем. Ҳар дастро панҷ-шаш маротиба болову поён мекунем. Машқи дуюм. Ба курсӣ менишинем. То ҳадди имкон дастҳоро ба ҷониби мушакҳо хам мекунем, пойҳоро якҷоя нигоҳ дошта, дастҳои хатмкардашударо ба паҳнии китфон баробар карда, 5-6 маротиба ба равиши ақрабаки соат
ва 5-6 маротиба баракс давр мезанонем. Машқи сеюм. Ба курсӣ менишинем. Пойҳоро якҷоя ва дастҳоро ба ду тараф мекушоем. Нафасро ба дарун гирифта, шикам ва қафаси синаро ба зонуи пойи чапи хамкардашуда мерасонем. Дастҳо бигзор мадад кунанд. Нафасро ба берун сар дода, пойи чапро рост мекунем. 5-6 маротиба такрор намуда, айнан ҳамин амалро бо пойи рост анҷом медиҳем. Машқи чорум. Рост истода, пойҳоро баробари шонаҳо гузошта, дастҳоро ба миён мемонем. Нафасро ба дарун гирифта, танаро бо навбат ба ду тараф хам мекунем. Сарро дар ин ҳолат рост нигоҳ медорем. Ин амалро 3-4 маротиба анҷом диҳем, кофист. Машқи панҷум. Рост истода, пойҳоро баробари шонаҳо гузошта, дастҳоро ба ду тараф рост нигоҳ медорем. Нафасро ба дарун гирифта, дастҳоро боло мебардорем ва ба ҷониби зонуҳо хам мешавем. Ба ҳолати аввала баргашта, нафасро сар медиҳем. Ин амалро низ 3-5 маротиба ба субут мерасонем. Машқи шашум. Рост истода, пойҳоро якҷоя нигоҳ дошта, чӯберо гирифта, ба паҳнии китфҳо ба боло бардошта, нигоҳ медорем. Нафасро ба дарун гирифта, пойи чапро як қадам ба қафо мемонем. Нафасро сар дода, ба ҳолати аввала бармегардем. Ин амалро 3-5 маротиба иҷро менамоем. Машқи ҳафтум. Рост истода, пойҳоро баробари китфҳо мегузорем. Дастҳо ба поин. Чӯберо гирифта, ба паҳнои
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9398), 18 ИЮНИ СОЛИ 2015
китфҳо нигоҳ медорем. Нафасро ба дарун гирифта, баданро ба тарафе гардонида, чӯбро болои сар мебардорем. Нафасро сар дода, ба ҳолати аввала бармегардем. Ба ҳар ду ҷониб 3-5 маротиба баданро гардонидан кофист. Машқи ҳаштум. Рост истода, пойҳоро баробари китфҳо мегузорем. Дастҳо ба поин. Нафасро ба дарун гирифта, дасту пойи ростро ба паҳлу мебардорем. 2 сония қарор гирифта, ба ҳолати аввала бармегардем. Нафасро сар медиҳем. Ба ҳар ду ҷониб 3 ва 4 маротиба ин машқро иҷро мекунем. Машқи нуҳум. Рост истода, пойҳоро ба ҳамдигар зич мемонем. Дастҳо сар дода шуда нафас озод. Бомаром бо дастҳо ҳаракати доирашакли бо равиши ақрабаки соат ва баракси он анҷом медиҳем. Ба ҳар ҷониб 3 ва 5 маротиба ин амалро анҷом медиҳем. Машқи даҳум. Рост истода, дастҳо ба миён, пойҳо баробари китфҳо. Баданро доирашакл ба ду тараф 5 то 10 маротиба давр мезанонем. Машқи ёздаҳум. Рост истода, пойҳо якҷоя, дастҳо ба поён. Дар ҷои ист 5 то 10 дақиқа ҳаракат мекунем. Иҷрои ин машқҳо гардиши хунро ба низом дароварда, барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои дил манфиатбахш мебошанд. Ба шумо саломатӣ ва рӯзгори хушу беғам таманно мекунем! Таҳмина АБДУРАҲМОНОВА, духтури табиатшифоии Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил
Деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ дар ҷумҳурӣ машҳур аст. Зеро хокаш адибхезу олимпарвар мебошад. Аз даргоҳи муқаддаси мактабу деҳаи Кадучӣ роҳбарони маъруф Давлат Гадоев, Худоёр Раҷабов, Тоҷиддин Рауфов, Муҳаммад Давлатёров, адибон маъруф Ғоиб Сафарзода, Абдулҳамиди Самад, Шоҳмузафар Ёдгорӣ, Нозир Ёдгорӣ, Шоҳҳайдар Ёдгорӣ, Садриддин Ҳасанзода, варзишгари машҳур, ҷаҳонпаҳлавон Саймаҳмуд Маҳмадрасулов, докторҳои илм Мусамир Гулаҳмадов, Талбак Салимов, Сангаҳмад Тиллоев, Исматулло Нусратуллоев, Суҳроб Исмоилов ва мутахассисони зиёд ба шоҳроҳи хизмат ба халқу диёр қадам ниҳодаанд. Айни замон деҳаи Кадучӣ зиёда аз 12 ҳазор аҳолӣ дорад. 60 фоизи аҳолиро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон аз варзиш дур буда, вақти холии хешро беҳуда мегузаронанд. Онҳое, ки ба ин ё он намуди варзиш меҳр доранд, имкони хуби тамрин надоранд. Аз набудани шароит онҳо ҳар сол дар мусобиқаҳои гуногуни ноҳиявӣ, вилоятиву ҷумҳурӣ фаъолона иштирок карда наметавонанд. Вақте наврасону ҷавонон аз варзиш дур ҳастанд, пас, оянда ба чӣ умед бастан мумкин? - Замоне, - мегӯяд муаллими варзиш Тоҳир Ҷӯраев, - паҳлавонони номӣ Афғон Саидов, Шарбаталӣ Қурбоналиев, Ҳасан Шарифов, Раҷабалӣ Табаров, Қурбоналӣ Шарбатов, Сабзаалӣ Раҳмонов, Маъруф Кабиров ва чанде дигар номбардори деҳа буданд. Имрӯз бошад, дар риштаҳои гуногуни варзиш мисли онҳо чеҳраҳои шинохта надорем. Зеро барои ҷавонон шароити хуби тамрин вуҷуд надорад. Аз бемасъулиятӣ толореро, ки дар он ҷавонон машқ мекарданд, фурӯхтанд. Ҳукумати ҷуҳурӣ, махсусан, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш таваҷҷуҳи зиёд доранд. Аз ҷумла, мулоқоти ӯ бо варзишгарони ҷумҳурӣ дар моҳи декабри соли 2010 дили ҷавононро ба варзиш хеле гарм кард. Дар ҳамон мулоқот Сарвари давлат таъкид намуд, ки бо дастгирии роҳбарони ҳукумати ноҳияҳо дар ҳамаи ҷамоатҳо толору қасрҳои варзишӣ сохта, ба ҳаводорони варзиш пешкаш намоянд. Сад афсӯс, ки дар ҷамоати мо ягон қаср ё толори варзишӣ то ҳанӯз сохта нашудааст. Ҳамаи шахсони масъул нисбат ба ин масъала бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Вақти он расидааст, ки масъулон нисбат ба ҷавонони деҳа дилсӯзӣ зоҳир намуда, барои бунёди толор ё маҷмааи варзишӣ талош намоянд. Раҳими РАФЕЪЗОД, “ҶТ”
13
БАХШИДА БА 700-СОЛАГИИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
«Бузургон ҳаргиз намемиранд». Ин ҳикмат аз ганҷинаи ақлу заковати мардум бархостааст. Бузург будан ба он маъност, ки ҳам худро омӯзӣ, ҳам дигаронро, ҳам худро бишносӣ ва ҳам дигаронро, ҳам барои худ зиндагонию фаъолият кунӣ, ҳам барои дигарон, имрӯзро мунаввар намоӣ барои фардо. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз олимони бузурги фалсафа, илоҳиёт, адиби ширинсухани форсу тоҷик ва Ҳинду Покистон ба шумор меравад. Мутаассифона ҳаёт ва фаъолияти эҷодӣ, шахсияту мартабаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳанӯз барои ихлосмандон ва муштоқони каломаш норавшан аст. Дар хусуси соли таваллуди ӯ фикрҳои мухталиф вуҷуд доранд. Аммо дар аксар сарчашмаҳои таърихию адабӣ соли мавлуди Сайид Алии Ҳамадониро 12 моҳи раҷаби соли 714 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 12 октябри соли 1314 мелодӣ, зикр кардаанд. Дар таълими хуб гирифтан ва рушду камоли ӯ муҳити оила ва ду олими забардасти Ҳамадон - хешони наздикаш Шарофуддин Маҳмуд ибни Абдуллоҳи Маздаконӣ ва Таққиддин Алии Дӯстӣ мавқеи бузург доранд. Вай дар чунин муҳити солим таълими хуби маънавӣ ва ахлоқӣ дарёфт ва дар 16-18-солагӣ аз илмҳои мавҷудаи замонаш ко-
Ҳамадонӣ на 70, 73 сол умр дидааст милан бархурдор гашт. Қаноат накарда, пайи ҷустуҷӯи илму маърифат ва ҳақиқати асил ин муҳити барояш азизро дар 19-солагӣ тарк кард. Дар ҷавонӣ бахти нокому тақдири носозгор ин зоти шарифро овораю саргардон намуд. Бештари умри азизи хешро дар ғурбат, сафарҳои пай дар пай гузаронд. Ба ҳар сарзамине, ки пойи муборакашро мениҳод, он манзилу макон аз файзи қудуми бобаракаташ ободу зебо ва муҳташам мегашт. Ба бечораю бенавоён, заифону беморон дасти тараҳҳум ва сахо дароз мекард. Дар воқеъ, Сайид Алии Ҳамадонӣ, бо вуҷуди он ки дар сафарҳояш ӯро баъзе хешону аҳли ақрабояш, дӯстон ва муридонаш ҳамроҳӣ мекарданд, марди ғариб буд. Ба Маккаю Мадина, Миср, Покистону Ҳиндустон, Осиёи Миёна, Туркия ва дигар мамолики дунё на пайи сарвату моли дунё сафар мекард, балки ба расму русуми он халқҳо аз наздик шинос мешуд, ба қадри ҳол ба онҳо кӯмак мекард. Ӯ дар ин сафарҳо аз суҳбати авлиёҳои замон файзёб мегардид ва дар натиҷа, «Авроди фатҳия»ро эҷод кард. Ба қавли Саид Ашраф Зафар Алии Ҳамадонӣ бори нахуст соли 1373 ба Кӯлоб ташриф овард. Воқеан, дар таърихи тасаввуф ва аҳли адаби Шарқ мисли Сайид Алии Ҳамадонӣ кам шахсиятеро
дучор меоед, ки сафарҳо намуда, ба хизмати авлиёҳову дӯстони Худо камар баста, аз суҳбати онҳо бархурдор гардида бошад. Он ҳазрат худаш борҳо таъкид намудааст, ки дар касби камол одами бе назари устод ба ҷое намерасад ва мартабаеро соҳиб нахоҳад шуд: Эй Алӣ, рав назар кун зи сари сидқу сафо, Ки ба ҷое нарасид бе назари пир мурид. Ин мартаба ба Сайид Алии Ҳамадонӣ хеле барвақт дар синну соли ҷавонӣ муяссар гардид. Шайх Муҳаммадхони Азконӣ яке аз олимону орифони шуҳратманди замон ба шумор мерафт ва на ҳар кас дар назди ӯ хизмати муридӣ ба ҷо оварда метавонист. Алии Ҳамадонӣ ба туфайли заковати баланд, сабру тоқати беинтиҳо тавонист, ки ба дарбори ӯ роҳ ёбад ва ҳатто шайх либоси ифтихории худ - хирқаро ба ӯ туҳфа намуд. Ин садақаи олӣ ва боварии комили устод ба мурид аст. Он чи ки аз илму маърифат омӯхт дар саҳифоти ҷудогона сабт кард ва ахиран онҳоро дар шакли китоби алоҳида таълиф намуд, ки адади онҳо, ба қавле, аз 70 беш аст. Дар ин солҳо аз умри пурбаракати Сайид Алии Ҳамадонӣ 60 сол зиёдтар рафта буд. Қарор дод, ки чанд соли умри боқимондаро дар Ҳамадони азизаш сарфи таълифи китобҳо намояд, аммо аз қазо боз ба зарбаи сахту ҷонкоҳи
тақдир дучор омад, ки ҳама нияту ормонҳои ӯро барбод доданд. Темурланг ба Эрон лашкар кашида, ғоратгариҳои зиёд кард, шаҳрҳои мутараққии Шерозу Табрез, Исфаҳону Ҳамадонро ба хок яксон намуд. Алии Ҳамадонӣ тоқати дар ҳоли харобазор дидани ватани азизашро надошт ва таклифи Темурлангро дар хусуси дар дарбори ӯ хизмат карданро низ рад кард. Ин аст, ки соли 1379 дар синни 65 ҳамроҳи пайвандону наздикон ва беш аз 700 шогирду муридаш ҷилои Ватан кард ва Кашмири Ҳиндустонро макон қарор дод. Баҳоре, ки синну соли муборакаш ба 73 мерасид, гирифтори дарди ҷонкоҳе гардид. Сафарҳои пай дар пай, муҳоҷирати солиёни зиёд, дурӣ аз Ватани азиз, ҳиҷрони хешу пайвандони меҳрубон, ки қисмаш дар Эрону қисми дигараш дар Хатлон мезистанд, бузургворро хаста карда буд. Ӯ дар яке аз сафарҳои охирин духтараш Моҳи Хуросонро ба Хоҷа Абуисҳоқи Хатлонӣ (1314-1346), ки марқадаш дар деҳаи Хоҷаисҳоқи шаҳри Кӯлоб воқеъ аст, ба шавҳар дода, дар охири умр тану рӯҳи қавии ин марди бузург заифу нотавон ва дардманд гардида буд. Ӯ дар бистараи беморӣ афтод, аммо ҳамеша хаёлаш банди диёри Хатлон ва муриду шахсиятҳои нерӯманди ин сарзамини пурфайз буд. Ҳангоми бозгашт дар вилояти Кунари
Афғонистон ҷон ба ҳақ таслим кард ва мувофиқи васияташ тобути ӯро ба Кӯлоб оварда, ҷасадашро дар ҳамин ҷо дафн намуданд. Яке аз муридони ҳазрат рӯзи видоъ бо дарду ҳасрати ҷонгудоз таърихи фавти ӯро ба таври зайл иншо намуд: Ҳазрати шоҳи Ҳамадони карим, Ояти раҳмат зи каломи қадим. Гуфт дами охиру таърих шуд, «Бисмиллоҳир -раҳмони -раҳим». Мисраи охири порчаи шеъри боло ба 786 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 1386-и мелодӣ рост меояд. Соли вафоти Сайид Аллии Ҳамадониро баъзе муҳаққиқон 1384, қисми дигар 1385 мелодӣ гуфтаанд ва дар ин хусус баҳсу мунозираҳои зиёд аст. Мо ба ақидаи Саида Ашраф Зафар ҳамроҳ шуда, соли 1386 мелодиро ҳамчун соли вафоти Сайид Алии Ҳамадонӣ дуруст меҳисобем. Аз ин лиҳоз, Алии Ҳамадонӣ на 70 балки 73 сол умр дидааст, ки дар ин хусус муридаш Мавлоно Нуриддини Бадахшонӣ (ваф. 1393) дар «Хулосат-ул-маноқиб» маълумоти саҳеҳ додааст. Шабнам ХАЛИФАЕВА, омӯзгори МТМУ №94-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
ОДАМОНИ САРБАЛАНД
Пешаи суратгириро интихоб кардани Мирзосафар аввало аз насибу тақдир бошад, як ҷиҳати дигар ин ки касби суратгирӣ дар аҳди шӯравӣ, алалхусус, солҳое, ки қаҳрамони мо хурд буд, бениҳоят маъруфият дошт. Бисёриҳо орзу мекарданд, ки суратгир шаванд, вале на ҳама то охир ба ин касби дар назар осон, вале дар асл басо заҳматталаб содиқ монда метавонист. Ташвиши зиёд дошт ин пеша. Аз 30 нафар аъзои маҳфили суратгирони ҷавони мактабинтернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рашт танҳо Мирзосафар Ризвонов суратгир шуду халос. - Шояд бовари насли имрӯз наояд. Даҳсолаи аввали ҳокимияти шӯравӣ, ки барқ набуд, латтапораҳоро ҷамъ карда, оташ мегиронданду дар рӯшноии он сурат мегирифтанд, - давраи ҷавонияшро ба ёд оварда нақл мекунад Мирзосафар Ризвонов. - Дастгоҳҳои аккосии босифат, коғазу хокаҳои маҳлултайёркунӣ барои суратбарорӣ мавҷуд набуд. Танҳо аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта суратгирак ва маводи босифати суратгирӣ, аз қабили плёнка пайдо шуд, вале ниҳоят камчин буд. Аксбардорӣ мушкили худро дошту бароварданаш мушкили дигар. Агар сурат хира мебаромад ё қубҳе медошт, қабул намегардид. Дар рӯзномаву маҷаллаҳо он давра суратчопкунӣ аз назорати сахт мегузашт. Суратро барои дар рӯзнома чоп кардан дар рӯйи пораи оҳан қолаб, яъне, клише кардан лозим
14
Хотираҳо дар аксҳо меомад. Ин дастгоҳҳо фақат дар марказ буданд. Хулоса, меҳнати зиёд ба харҷ додаву суратгир хуни ҷигар мешуд. Ин ҳоло ҳаст, ки бо телефони дастӣ ва ҳатто бозичаҳои кӯдакона ҳам ҳар касе хоҳад, сурат мегирад. Аксар ҳангом дар зиндагӣ касею чизе сабаб мешаваду инсон дар зиндагӣ роҳашро меёбад. Чунин шахс дар ҳаёти Мирзосафар Ризвонов устоди мактабиаш Ҷумъа Юсуфов мебошад, ки шогирд як умре аз вай миннатдор аст. Хизмати инсон барои инсон магар аз ин зиёд мешавад? Ин касби пурифтихор, нозукиҳои онро маҳз бо шарофати он кас интихоб ва аз худ намудаю зиёда аз чил сол бо ин пеша аҳлу аёлашро таъмин, фарзандонашро соҳибмаълумоту оиладор ва орзуҳояшро дар зиндагӣ амалӣ намудааст. Дар он айём талаботи калон дошт ин касб. Мутахассисони маҳаллӣ ангуштшумор буданд. Суратгирони варзида асосан аз ҳисоби мардуми русзабон маҳсуб меёфт. Ин марбут аст ба Душанбе ва амсоли шаҳрҳои ободи он давр. Дар деҳотҷой, махсусан, водии Рашт барин маҳалҳои дурдаст ба суратгирону суратгирӣ бо ҳавас менигаристанду пайдо шудани суратгире баробари муъҷиза буд. Мисле, ки сурати нахустини суратгирбачаи ҳаваскори деҳотӣ Мирзосафар, ки рӯзномаи “Қаротегини советӣ” (ҳоло “Оинаи Рашт”) чоп карда, ҳамаро қоил намуд ва исбот сохт, ки муаллифи он аз ҳавою ҳавас ба ин кор даст назадааст. Акси аввалин бор пешниҳоднамудаи Мирзосафар “Ҷарроҳии саг” ном дошту ҳамаро ба ҳайрат овард. Ҳолате, ки дар шароити сахти кӯҳистон, аз нарасидани ёрии таъҷилӣ ода-
мон танқисӣ мекашиданд, сагро ҷарроҳӣ мекарданд. Сурати пурмазмуни мазкур кушоиши кори суратгири ҷавон гардиду дилбандаш сохт. Аз он санаи фаромӯшношуданӣ чил сол сипарӣ гардид. Он ҷавони серғайрату бофаросат ба пиронсолӣ расида бошад ҳам, ҳанӯз ҳам дилаш ҷавон асту завқи кор дорад. М. Ризвонов дар рӯзномаи “Оинаи Рашт”, АМИТ “Ховар” ва рӯзномаи “Садои мардум” ба ҳайси мухбир фаъолият намуда бошад ҳам, дар ҷумҳурӣ қариб рӯзномаю маҷаллае намондааст, ки ҳамкории фаъолона надоштаю ба қавле одами худӣ нашуда бошад. Дигар ин ки дар он солу замонҳои талаботаш сахт на ҳар сурату мақола дар рӯзномаҳои умумииттифоқ, мисли “Правда”, “Труд”, “Известия”, “Сельская жизнь”, “Красная звезда”, “Советское фото”, “Крестьянка” ва ғайра ба чоп мерасид. Баъзеҳо инро орзу мекарданд. Барои Мирзосафар Ризвонов бошад, аллакай ин мушкил набуд, чунки баъди хатми мактаби миёна ихтиёран ба хизмат раҳсипор гардид. Ҷавони соҳиби чунин ихтисосро дар аскарӣ болои даст мебардоштанд. Бар замми ин, тоҷикписар ҳамкориашро бо рӯзномаҳои ҳарбӣ густариш доду худаш ҳам бисёр нозукиҳои касби суратгириро аз бар намуд. Ҳарчанд баъдтар факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда бошад ҳам, вале меҳри касб зӯрӣ карду якумр суратгир монд. Суратгиракаш дар бар то имрӯз кӯҳ ба кӯҳ, деҳ ба деҳ, шаҳр ба шаҳр, гоҳо савору гоҳ пиёда, гоҳ дар гармо, гоҳи дигар дар сармо мегардаду аз ҳаёти омӯзгорону деҳқонон, зиёиён,
умуман ҳама соҳаҳо аксбардорӣ ва тавассути нашрияҳо пешкаши мардум месозад. Дар ин муддат бо он қадар одамони гуногункасбу гуногунмиллат вохӯрдааст, ки ҳисобашро кайҳо гум кардааст. Вале муҳимаш, умри пурбаракати худро ба нафъи халқу Меҳан сарф намуд. Заҳматҳояш, суратҳояш гувоҳи ин гуфтаҳо ба ҳисоб меравад. Хотираҳояш дар аксҳо боқист. Инак, ӯ ба синни мубораки ҳафтод расид. Ба Аълочии матбуоти Тоҷикистон, собиқадори меҳнат, бобои суратгир Мирзосафар Ризвонов рӯзгори бароҳатеро дар ҳалқаи фарзандону наберагон ва ёру дӯстон орзумандем. Шарифи ШАРИФЗОД, рӯзноманигор
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9398), 18 ИЮНИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ Тунду тез, асабонї
... Шодиев, њофиз
Шарм Майдон и фаъолият
Кушк, кох
Моњи толеънома
Чароѓи деворї
Аз гунљишк тарсї, … накор
Сипас
Ваъзгўянда
Памперс
Номи ќадимии Амударё
Молу мулк
Бољу хирољ Нерв
Инъом, тўњфа
Фарзанди падар
Хона
Зављаи Муњаммад (с)
Шутурмурѓи австралиягї
Ќанди машњури шўравї
Пайѓамбар, писари Марям
"..., то халќро ба кор ої"
Падар (лањљ.)
Даст ба … бурдан
Фан, дониш
Санљидашуда
Ќисми забоншиносї
Хў, одат … Рейган
Њарфи алифбои форсї
Операи Љ.Верди
Зарфи ошхона
Ќаторкўњњои Амрикои Љанубї
Антоними «даромад»
«…-биси»радиои Англия
Осоиштагї, тинљї
Маводи мухаддир аз Колумбия
Барномаи њозирљавобони ОРТ
Президенти Афѓонистон Ашрафѓанї …
Њашароти хазанда ... Кўњзод, адиби тољик
Олати дењќон
Ќабилаи њиндуњои Перу
Агар Худо хоњад Мўњраи шатранљ
Импотент
Лањљавї не
Овозхони эронї
Парфюмерия
Моњи нўњуми солшумории шамсї
Њут чист?
Дарё дар Осиёи Миёна
Мотосикли Чехия
Гилин
Чароѓи барќиро ихтироъ кард
Аввалин газетаи русии марксистї
Шохоби калони дарёи Волга
Корманди матбуот
Раќси дукасаи аврупої
Њиссачаи ифодакунандаи њайрат
Овозхон …и Абубакр
Барои чї?
Ширеш, клей
Љовид
Устои Љузъи Брикўзатанияи Кабир соз
… Саидалї, овозхон
Њайратовар
Муќобили «лалмї»
…'О – футболбози камерунї
Бахшиш
ГАИ-и Тољикистон
Шањр дар соњили дарёи Сена
Пули Литва
Таом аз гўшти ќимаву хамир
Федератсияи байналхалќии футбол
Мурѓи шабгард
"... дар кишвари мўъљизањо" (афсона)
Караоке бе он намешавад
Сардори Ватикан
Муќобили хушк
Тими футболи артиш (русї) Шахсе, ки дар басти дуюм кор мекунад
Рамзи шоњї
Суруди машњури Н. Раупова
Садои зоѓ Олати ќадимаи ресмонресї
Зарф барои хўроки чорво
Хайма
Ихтироъкунандаи радио
Мор аз китоби Р.Киплинг «Маугли»
Пешоянд Љои кори дорбозу морбоз
Киштии кайњонии Гагарин
Маркази Хакасияи Русия
Суруд (лањљ.)
Њайвони калони бањрї
Минтаќаи љуѓрофии гарм
Нуќтаи љанубтарини СССР (Туркманистон)
Њашароти хунхор
Эй, би, си, ...
Чорводор
Мубодила, бадал
Аз љинси лўбиё
Кўмак
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9398), 18 ИЮНИ СОЛИ 2015
Номи падарњои Ленин ва Брежнев
Сарояндаи эронї
Асосгузори адабиёти ќазоќ
15
АКСИ РӮЗ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Писар ба падар: - Мегӯяд, зан ними бадани мард аст, рост? - Бале, дуруст аст. - Ин тавр бошад, агар мард ду бор зан гирад, аз танаш чизе намемонад? – Бале, писарам, ҳамин хел. – Ана, акнун фаҳмидам, ки зан барои мард зарар доштааст.
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралӣ САФАРАЛӢ
***
(котиби масъул),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Маҳмудҷон УСМОНОВ
(муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (хабарнигор, Душанбе),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
Дар натиҷаи бориши боронҳои шадид ва ҷорӣ шудани сел дар шаҳри Тифлис - пойтахти Гурҷистон беш аз 13 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар бедарак шуданд. Сел даҳҳо биноро шуста, мошинҳоро бурд, хатҳои интиқоли барқро хароб кард. Боғи ҳайвоноти шаҳрро сел зер кард. Бабрҳову шерҳо ва гургон фирор карданд. Баҳмутро ба боғи ҳайвонот баргардонданд, бархеро маъмурони пулис куштанд, бақия бенишон шудаанд. Вобаста ба ин фалокат 15 июн дар Гурҷистон рӯзи мотами миллӣ эълон шуд.
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),
ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА
(муовинони котиби масъул)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 8224 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
16
ҲИКОЯ
Дарси риёзӣ - Фу, дарси риёзӣ? Нозим бо қаҳр тугмачаи компютерро пахш намуда, ба бозии дигар гузашт. - Ҳозир ҳал кардани мисол чандон кори мушкил нест. Агар хоҳӣ, бо телефон ба ҳар мисол ҷавоб пайдо мекунӣ. Хуршед, хонандаи синфи нуҳ, барои тайёр намудани дарси риёзӣ ба хонаи дӯсташ Нозим омада буд. Дар хона ҳамсинфаш Нодир низ ҳузур дошт. Ҳар ду дар компютер бозӣ мекарданд. Хуршед медонист, ки Нозим ба дарси риёзӣ чандон ҳавас надорад. Ҳамин ки лозим шуд, мисолро аз дафтари Хуршед сарсарӣ рӯбардор мекард, баъд тамоман фаромӯш менамуд. - Хуб, бо телефон ҷавоби 2+2X2ро пайдо бикун канӣ! Хуршед боз бо киноя ба савол гузашт. - Чӣ, ту маро кӯдак гумон мекунӣ? - аз ин саволи сода боз дар ғазаб шуд Нозим. - Не, кӯдак гумон намекунам, аммо мехоҳам дониши телефонатро санҷам, - гуфт Худшед. - Хайр чӣ? Ҷавоби 2+2X2 мешавад 8. - На 8, балки 6 мешавад. Баъд телефони киссагии ту қобилияти фикр кардан надорад. Ҳарчи нависӣ, монанди мошин ҳамонро ҳал мекунад. - Чаро 6 мешудааст? - Медонам, ту аввал амали ҷамъро ҳал кардӣ, баъд зарб задӣ. Риёзӣ қоида дорад. Агар ҳозир ама-
ли ҷамъу тарҳ пайи ҳам ояду баъд зарбу тақсим, аввал зарбу тақсим ҳал карда мешавад, баъд ҷамъу тарҳ. Нозим дар компютер диски тозаро гузошт. Бозии нав оғоз шуд. - Ҳамин компютерро ба қарибӣ харидӣ-а? - пурсид Хуршед. - Бале, - ҷавоб дод Нозим. - Дар мағозае, ки ту онро харидӣ, аз рӯи арзиши ашёи фӯрушӣ ҳашт фоиз тахфиф муайян шудааст. - Медонам, рӯзи харид ҳаштод сомонӣ кам карданд, - гуфт Нозим сар аз компютер набардошта. - Нархи компютер чанд сомонӣ буд? - боз пурсид Хуршед. - Се ҳазору панҷсад! - Хуб, ба назари ту ҳадди охири-
ни фоиз чанд аст? - Намедонам, шояд панҷоҳ бошад? - боз бепарвоёна ҷавоб дод Нозим. - Ана, дидӣ, аз муносибати хунукназаронаи ту ба риёзӣ, 200 сомонии ҳаққу ҳалол аз дастат рафт. - Чӣ хел? - Нозим ба ҳайрат ба Хуршед рӯ овард. - Дониста мон, ҳадди охирини фоиз сад аст. 3500-ро ба сад тақсим мекунӣ, пас, як фоизи ашёи фурушӣ ҳосил мешавад. Онро ба ҳашт зарб мезанӣ, мешавад 280. - Ман фоизро намедонистам, - Нозим сарашро хам намуд, баъд хушҳолона бардошт. - Аз ҳамин рӯз сар карда, ман шогирди ту! - Ман, ҳам! - илова кард Нодир. Дӯстон рӯи мизро аз дискҳои бозӣ ва ашёҳои компютерӣ тоза намуданду ба тайёр кардани дарси риёзӣ нишастанд. Ҳамроҳи АВЛИЁПУР
Нозири санитарӣ дар қисми низомӣ санҷиш мегузаронад. Ба ошхона даромада, аз сарошпаз мепурсад: - Барои безарар гардонидани оби нушокӣ чӣ чораҳо меандешед? - Обро меҷӯшонем. - Боз чӣ кор мекунед? - Баъд филтр мекунем. - Хуш, боз чӣ мекунед? - Баъд, барои он ки зарар накунад, мо компот менӯшему сарбозон чой...
*** Имтиҳони физика. Донишҷӯдухтар ягон саволи билетро намедонад. Муаллим: - Духтари зебо, шумо ягон шаб озод ҳастед? Донишҷӯдухтар каме шармида, бо ноз мегӯяд: - Бале муаллим, ҳамин шаб. Муаллим: - Ин хел бошад, ҳамин шабро барои омӯхтани ҳамин фан сарф кунед!
***
Мард аз шикор бармегардад. Занаш: - Шикор чи хел гузашт, азизам? - Хуб буд, як моҳ дигар гӯшт намехарем... - Ваҳ, бузи куҳӣ шикор кардӣчӣ? - Не... моҳонаамро пурра нӯшидам...
*** Мағозаи яроқфурӯшӣ. Зан ба фурӯшанда: - Ягон таппончаи хуб диҳед. - Мебахшед, барои муҳофизат лозим? - Не, барои муҳофизат адвокат мегирам...
***
Донишҷӯ ба дӯстдухтараш: - Мехоҳӣ туро то донишгоҳ бо мошини калони зебо барам? - Ҳа, бисёр мехоҳам... - Ин хел бошад, марҳамат ба автобус!
ФАРОҒАТ ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ Соҳибкори инфиродӣ Аминова Марҳабо Раҳматуллоевна (РЯМ 0330007911), ки соли 2010 дар Нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9398), 18 ИЮНИ СОЛИ 2015