Шӯро - намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат
Роҳ ба охир нарасидааст
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №24 (9450), 16 июни соли 2016
1
АХБОРИ ҲАФТА
Тоҷикистон биҳишти кашфношуда аст
ҲАФТ РӮЗ 09.06.2016 Бо Фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, салоҳиятҳояш ба Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. 10.06.2016 Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе суҳбати гирди миз доир гардид. Дар он, аз ҷумла масъалаҳои дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкидшуда мавриди муҳокима қарор гирифтанд. 11.06.2016 Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии
Тоҷикисон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 75-солагии ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов таҳти унвони «Истифодаи арзишҳои миллӣ дар мактаби сарварии варзишӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. 12.06.2016 Дар ноҳияи Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ кӯли «Ҷавонон» ба истифода дода шуд. 13.06.2016 Дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Пешгирии тундравии ифротӣ» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он ёрдамчии Котиби генералии СММ Ҷаҳон Султоноғлу, ки ҳамзамон директори минтақавии Барномаи рушди СММ оид ба
кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, иштирок кард. 14.06.2016 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Барак Ҳусейн Обама дар робита ба амали террористии шаҳри Орландои ин кишвар, ки боиси марг ва маҷруҳ гардидани даҳҳо нафар гардид, барқияи тасаллият ирсол намуд.
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№24 (9450), 16 июни соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
ВАРЗИШ
е-mail: javonontj@mail.ru
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“
15.06.2016 Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бо мақсади ободу зебо гардонидани атрофи муассисаҳо ва гулгашту хиёбонҳо дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ҷавонон - ҷонибдори тарзи ҳаёти солим» ҳамоиши экологӣ баргузор шуд.
2
АХБОРИ ҲАФТА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №24 (9450), 16 июни соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
Сафоратҳо бояд фаъолтар шаванд Солҳои охир туризм ба яке аз манбаъҳои асосии даромади буҷети кишварҳо табдил ёфтааст. Аз рӯи маълумоти омор барои 83% кишварҳо туризм яке аз 5 манбаи асосии воридшавии буҷет ба шумор меравад. Имрӯз ҳар 12-умин ҷойи корӣ дар ҷаҳон ба соҳаи туризм рост меояд. Агар соли 1998 дар соҳаи туризм 115 миллион нафар сокини сайёра фаъолият карда бошад, ин рақам соли 2020 ба 550 миллион нафар хоҳад расид.
Толиб РИФОӢ: Тоҷикистон биҳишти кашфношуда аст 9-уми июни соли равон котиби генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид Толиб Рифоӣ бо сафари кории дурӯза ба Тоҷикистон омад. Ӯро дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд. Толиб Рифоӣ зимни сафараш ба Тоҷикистон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, донишҷӯёни риштаи туризми мактабҳои олӣ мулоқот карда, аз чанд мавзеи сайёҳии кишвар дидан кард. Дар мулоқот бо Сарвазири мамлакат масоили рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин ташкилоти ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Толиб Рифоӣ аз рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, хусусан соҳаи сайёҳӣ изҳори хушнудӣ карда, изҳор дошт: «Тоҷикистон дар Ташкилоти умумиҷаҳонии туристӣ мақоми шоиста ва ҳамчун кишвари афсонавии сайёҳӣ дар дили роҳбарияти ташкилот ҷойгаҳи хоса дорад» Таъкид гардид, солҳои охир аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбуд бахшидани соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои шоиста анҷом дода шуда, дар ҳамин замина нишондиҳандаҳои рушди соҳаи туризм батадриҷ боло рафтаанд. Аз ҷониби Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати муаррифии бештари имконоти сайёҳӣ дар соли 2017 баргузории як конфронси байналимлалӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба нақша гирифта шавад. Дар мулоқот бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба дастовард, мушкилот ва имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Толиб Рифоӣ Тоҷикистонро
ҳамчун биҳишти кашфношуда арзёбӣ намуда, мақсади ташрифашро ба Тоҷикистон кӯмак, дастгирӣ ва мусоидат намудан дар рушди туризм ва воридшавии сайёҳони хориҷӣ, баланд бардоштани имиҷи Тоҷикистон ва тавонмандии ширкатҳои туристӣ рабт дод. Қайд гардид, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон бо нишондоди ҷалби сайёҳони хориҷӣ дар ҷойи аввал меистад ва ин нишондод ба 55 фисад баробар аст, ки Тоҷикистонро дар ин самт ба кишварҳои соҳаи туризмашон пешрафта баробар мекунад. Гуфта шуд, соли 2015 ба кишвар нишондиҳандаи баландтарини ташрифи сайёҳон ба қайд гирифта шудааст, ки 414 ҳазор сайёҳро ташкил дода, нисбат ба соли 2014 ду маротиба зиёд мебошад. Дар фарҷоми мулоқот Аҳтам Абдуллозода изҳори умед намуд, ки сафари Толиб Рифоӣ ба рушди соҳаи туризм дар кишвар такони ҷиддӣ бахшида, имкони баланд шудани имиҷи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои манзараҳои зебои тамошобоб дар арсаи ҷаҳон мегардад. Толиб Рифоӣ дар мулоқот бо донишҷӯёни шуъбаву факултаҳои туристии муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон иброз дошт, ТҶС бо донишгоҳу донишкадаҳои ҷаҳон дар тамос ва ҳамкории доимӣ қарор дорад. 132 донишгоҳу донишкадаҳои ҷаҳон ба донишомӯзии “Нетворк”-и ташкилот, ки барои рушди туризм таъсис ёфтааст, пайвастаанд. Ӯ аз ректори до-
нишкада хоҳиш кард, ки барои пайваст шудани Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба ин донишомӯзӣ дархост пешниҳод намояд. “Ин иқдоми нек аст барои таҷрибаомӯзӣ байни донишҷӯёни тамоми дунё. Ҳар сол ба Мадрид, ки қароргоҳи талкилот он ҷо воқеъ аст, аз тамоми ҷаҳон 150 нафар донишҷӯ даъват мешаванд ва барои онҳо вобаста ба туризм тренингҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад. Шумо ҳам метавонед ба он ҷо рафта, муддати ду-се моҳ таҷриба омӯзед. Инчунин 3-4 донишҷӯи беҳтарини соҳаи туризмро ба ин барнома ҳамроҳ карда, таклиф менамоем, ки таҷрибаомӯзӣ ва нозукиҳои соҳаи сайёҳиро омӯзанд. Ин шароити мусоид барои донишҷӯён аст”, - гуфт Т. Рифоӣ. Бо назардошти ҳамкории пайваста дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи туризм ва меҳмондорӣ барои Тоҷикистон Толиб Рифоӣ, дабири кулли Ташкилоти умумиҷаҳонии туристии СММ бо унвони Профессори фахрии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат қадрдонӣ карда шуд. Толиб Рифоӣ баъд аз мулоқоти расмӣ аз мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Норак - НБО “Норак”, истироҳатгоҳи “Пули сангин”, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт, Кохи Наврӯз ва кохи “Малика” воқеъ дар дараи хушманзараи Варзоб дидан намуд. Ӯ ба мавзеъҳои сайёҳии кишвар баҳои баланд дода, қайд кард, ки ҳамаи онҳо бо таври замонавӣ ва сатҳи байналмилалӣ сохта шудаанд.
Моҳи феврали соли равон зимни мулоқоти намояндагони меҳмонхонаҳои Туркия бо доираҳои туристии Тоҷикистон таъкид шуд, ки солона ба Ҷумҳурии Туркия 30 миллион сайёҳ ворид мешаванд. Захираҳои туристии Туркия тавассути чанд шабакаи телевизионӣ, интернет, рӯзномаю маҷаллаҳо ва сафоратхонаҳои ин кишвар дар мамолики гуногун тарғиб мешавад. Аз ин рӯ, Туркия дар намудҳои туризми фарҳангӣ, табиӣ ва табобатӣ мақоми шоиста дорад. Чанде пеш як шумораи рӯзномаи “Правда Востока” ба дастам афтод. Дар он мақолае оид ба захираҳои туристии Ӯзбекистон дар шаҳри Тулузаи Фаронса нашр шуда буд. Баъди хондани мақола саволе пайдо шуд, ки оё намояндагони дипломатии Тоҷикистон низ дар хориҷа чунин иқдом мекунанд? Хуб аст, ки ҳар сол намояндаҳои ширкатҳои туристии мамлакат бо роҳбарии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ ширкат варзида, иқтидори туристии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд. Аммо барои муаррифии доимии захираҳои туристии кишварамон сафоратҳои ҷумҳуриамон бояд фаъолтар бошанд. Мисли сафоратҳои мамолики ҳамсоя ташаббус нишон дода, захираҳои туристии кишварамонро васеъ тарғиб намоянд. Шояд баъзе сафирони фаъоламон чунин иқдомро анҷом медиҳанд, вале дар ин бобат дар рӯзномаҳои кишварамон иттилоот кам аст. Алалхусус дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар баргузории чунин чорабиниҳо айни муддао мебуд.
P.S:
Дар ҳафтаномаи “Азия плюс” (№43 аз 6 июни соли равон) оид ба мулоқоти Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев бо сардабири маҷаллаи “IMAGE.UA” Алла Алимова хабар ба табъ расид. Алла Алимова ваъда дод, ки бо мақсади ошно сохтани хонандагон бо таърих, фарҳанг, анъана, имкониятҳои иқтисодӣ ва фазои сармоягузории Тоҷикистон шумораи махсусеро ба ин диёри офтобӣ хоҳад бахшид. Боварӣ дорем, ки ташаббуси Ф. Холбобоевро дигар сафирони кишварамон низ идома медиҳанд.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
www.javonon.tj
Таваҷҷуҳи вакилон ба рушди туризми дохилӣ Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҷаласаи навбатии гуруҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди туризми дохилӣ” доир гашт. Бо қарори Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон аз 21 декабри соли 2015 дар назди муовини Раиси Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби мутахассисони масъули вазорату идораҳои адлия, руш-
ди иқтисод ва савдо, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, андоз, Академияи илмҳо, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Агентии миллии “Ховар” ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои ёрирасон ба инкишофи рушди туризм гуруҳи корӣ таъсис дода
шудааст. Зимни таҳрири нахустини лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди туризми дохилӣ” қайд гардид, ки он аз 11 боб ва 65 модда иборат буда, тамоми муносибатҳои ҳуқуқии танзим-
ро дар самти рушди туризми дохилӣ фаро мегирад. Дар шароити имрӯза яке аз усулҳои муассир ва мувофиқ, бахусус барои кишварҳои рӯ ба таррақӣ чун Тоҷикистон, ин ташаккул ва рушди туризми дохилӣ ба ҳисоб меравад. Бо
С. АМИНИЁН ин роҳ метавон дар муддати кутоҳ ва сарфаи маблағ хадамоти (инфрасохтори) зиёди туристӣ ташкил намуд ва маърифат, маданият ва фарҳанги шаҳрвандонро дар самти хизматрасонии туристӣ баланд гардонд. Гуруҳи корӣ аз рӯи ҳар як модда назари худро баён дошта, лоиҳаро комилгашта баҳогузорӣ намуданд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №24 (9450), 16 июни соли 2016
3
Шӯро - намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ҷавонон Шаҳбоз ШАКИРОВ, донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон: - Таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон, ки бо мақсади ҳалли мушкилот ва дастгирии ибтикороти мо – ҷавонон таъсис ёфтааст, иқдоми неку созанда мебошад. Тавре зимни сухарониашон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини шӯро зикр
корҳои илмӣ, озмоишӣ, ихтироъкорӣ, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ, тақвият бахшидани фаъолияти маҳфилҳои илмиву пажуҳишӣ ва марказҳои ихтироъкорӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Раиси Шӯро, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Дар доираи Фонди захиравии Роҳбари давлат таъсис ёфтани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ боиси афзун шудани шавқу рағбати мо - ҷавонон барои аз худ намудани илму донишҳои замонавӣ аст.
асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ ноил шудан ба таваҷҷуҳ ва эътимоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба онҳо мебошад. Ин аст, ки новобаста ба вазъи душвори таърихӣ ва давраи гузариш, ки бо ташаккули низоми сифатан нави иҷтимоию иқтисодӣ алоқаманд мебошад, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷойи кор гардидани онҳо ва мавқеи хос пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон намунаи олии таваҷҷуҳ ва боварии Пешвои миллат ба ҷавонон аст ва ин иқдом имкон медиҳад, ки масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, вазъи воқеии онҳо, такмили қонунгузории мамлакат вобаста ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва бартараф кардани мушкилоти ҷавонон дар кишвар, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, андешидани тадбирҳо барои таъмини манфиатҳои ҷавонон ва фаро гирифтани онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни алоқаманд ба худамалисозӣ дар шароити ҷомеаи муосир, таъсиси муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон ва баррасии дигар масъалаҳои муҳими сиёсати давлатӣ нисбат ба ҷавонон ҳал гардад.
намуданд, “ҷавонони мо имрӯз таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, техника ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро самаранок истифода мекунанд, дар таъсиси марказҳои ҷавонон, корхонаҳои хурду миёна, бунёди муассисаҳои варзишиву фароғатӣ фаъолона иштирок менамоянд. Дар баробари ин, барои омӯзиши илму донишҳои муосир кӯшиш намуда, ба забономӯзӣ машғул мебошанд ва дар мусобиқаву озмунҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат карда, барои гирифтани шаҳодатномаҳои муаллифӣ доир ба ихтироъкорӣ саъю талош менамоянд”. Имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу субот дар ҷомеа ва ҳамин дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ҷавонони мо бо мақсади аз худ кардани ихтисосҳои замонавӣ, ки барои давлату миллати мо лозиманд, дар мактабҳои олии кишварҳои гуногуни олам таҳсил карда истодаанд. Ин аз ояндаи дурахшони мо дарак медиҳад.
Дар натиҷаи самараи хуби таълиму тарбия ва бинобар ҷавобгӯ будан ба тамоми талаботи пешниҳодшуда аз миёни қариб 2 миллион хонанда дар қатори 300 нафар беҳтаринҳо ман низ сазовори номи баланду бошарафи “Гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” муаррифӣ гардидам. Ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон моро ба саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол водор мекунад. Моҳира ОДИНАЕВА, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: - Ман ҳамчун ҷавони хушиқболи даврони соҳибистиқлол ва иштирокчии нахустин ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба ҳаёт ва фаъолияти мо - ҷавондухтарон ифтихорманду сарбаландам. Зеро, маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва пойдории сулҳу субот аз миёни ҷавондухтарон хизматчиёни давлатӣ, хусусан вазир, вакили мардумӣ, олим, муҳаққиқ, варзишгари маъруф баромада, дар мақому мартабаҳои баланд кору фаъолият доранд. Ин имкониятҳо маҳз бо заҳмату талошҳо ва сиёсати созандаву хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст ома-
Саъдулло ЮСУФОВ, гирандаи стипендияи Президенти ҷумҳурӣ: - Ман ҳамчун иштирокчии ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон хушбахт аз онам, ки масъалаи ҷалби наврасону ҷавонон ба
дааст. Зимни баргузории ҷаласа масъалаи ташкили корҳои хонагӣ, аз қабили ресандагиву бофандагӣ, қолинбофиву зардӯзӣ ва дигар намудҳои косибӣ, таъсиси марказҳои нави касбомӯзӣ, дастгирии фаъолияти соҳибкории хурду миёна мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки дар амал татбиқ гардидани масъалаҳои мазкур боиси бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани ҷавондухтарон мегардад. Шаҳло ТӮРАЕВА, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон: - Боиси ифтихор ва сарбаландии мост, ки Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, тамоми масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти мо бевосита дар назди Роҳбари давлат баррасӣ мешавад. Хурсандиовар он аст, ки аз натиҷаи ҷаласаи нахустини шӯро таваҷҷуҳ ба масъалаи тарғибу ташвиқи ғояҳои давлати демократӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонони кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни ҷавонон ва ҳамчун насли заҳматдӯсту қавиирода ба камол расонидани наврасону ҷавонон дучанд гардида, ҷиҳати муқовимат ба ақидаҳои ифротиву тахрибкорона ва дигар зуҳуроти хатарноки замони муосир тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Мубориза алайҳи экстремизму терроризм дар ҷомеа вазифаи ҳар фард аст, ки дар ҷаласа бори дигар таъкид шуд. Шоҳрух ЗАБИРОВ, гирандаи стипендияи Президенти ҷумҳурӣ: - Мо - ҷавонони саодатманди кишвар баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавононро интизор будем. Зеро баррасии масъалаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҳар яки моро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш ҳидоят менамояд. Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин аъзои Ҳукумати мамлакат, мақомоти ваколатдори кор бо ҷавонон ва аъзои шӯро вазифадор гардиданд, ки иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонон ҳаматарафа дастгирӣ шавад. Мо сарбаландем, ки сазовори боварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем. Андешаҳои ӯ ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавононро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, ки ба қадри Истиқлолият, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии миллати хеш бирасем. “Ҷавонони ТОҶИКИСТОН”
www.javonon.tj
Дилноза АҲМАДЗОДА, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ: - Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар остонаи ҷашни бузургу шукуҳманди 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир гардид, фоли нек аст. Бешубҳа, яке аз дастовардҳои
е-mail: javonontj@mail.ru
Тавре иттилоъ доред, чанде пеш ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти кишвар, ки роҳбарии онро бевосита Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда дорад, баргузор гашт. Дар он масоили марбут ба ҳаёту фаъолияти ҷавонони мамлкат матраҳ гардид. Дар ҳамин ҳошия мо бардошти чанд иштирокчии ин ҷаласаро пурсон шудем.
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
4
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №24 (9450), 16 июни соли 2016
Фасли тобистон айёми фароғату истироҳат аст ва аксари одамон дар ин мавсим ба рухсатии меҳнатӣ мебароянд. Дар ин фасли сол хонандагону донишҷӯён ҳам ба таътил мебароянд. Вале дар ҷомеаи мо айёми таътил чӣ гуна сипарӣ мешавад ва истироҳати шаҳрвандон чӣ навъ мегузарад? Зеро дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ мардум, махсусан, мардуми фарҳангӣ, онҳое, ки ба корҳои илмӣ машғуланд, тобистонро фасли истироҳат ва мусофират медонанд. Бо оғози фасли тобистон нақшаҳои истироҳатӣ ва сафарии худро барномарезӣ мекунанд. Онҳое, ки тавони молиашон хуб аст, ҳатман ба ягон кишвари дигар барои истироҳат ва саёҳат мераванд, аммо онҳое, ки тавони молиашон пасттар аст, ҳатман ба сафарҳои дохилӣ мебароянд. Онҳо ҳадди ақал як моҳи тобистон ба истироҳат ва тарбияти зеҳни худ мепардозанд. Дар Тоҷикистон чунин имкониятҳо магар вуҷуд дорад? Бештари аспирантон, донишҷӯён, хонандагони мактаб ва кормандони сохторҳои давлатӣ ба ҷойи истироҳат ба маҳалли зисти худ рафта, гандумдаравӣ ва ё ба кори сохтмон машғул мешаванд. Аксари онҳо барои фасли зимистон коҳу алафу ҳезум ҷамъ ва захира мекунанд. Албатта, ба истиснои шаҳрнишинон. Вале онҳо низ вақти худро бо корҳои дигар мегузаронанд, фоизи ками онҳо барои истироҳат ба хориҷа мераванд. Ҳамаи ин ифодагари он аст, ки фарҳанги истироҳат дар ҷомеаи мо ҳануз дуруст ташаккул наёфтааст. Имрӯзҳо мардуми мо хеле кам ба истироҳатгоҳҳо мераванд ва ба саломатии худ камтар аҳамият медиҳанд. Ҷомеашинос, Мавҷуда Камолова мегӯяд, дар ҷомеаи мо истироҳат тафриқабандӣ шудааст. Яъне он ба истироҳати кормандони корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ ҷудо мешавад. Дар Тоҷикистон 20 фоизи ташкилотҳо давлатӣ, боқимонда хусусӣ, инфиродӣ ва коллективӣ мебошанд, ки дар ин гуна ташкилотҳо истироҳат ба тобеин, яъне коргар камтар дода мешавад, гарчанде Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама баробар дахл дорад. Корхонаҳои худхизматрасон имкони коргари сазоворро ба истироҳат равон карданро шояд надошта бошанд. Вале дар ташкилотҳои давлатӣ ба назар мерасад, ки коргарон аз ҳаққи рафтан ба истироҳату осоишгоҳҳо бархурдоранд. Барои рафтан ба фароғатгоҳҳо ё ин ки марказҳои табобатӣ, мисли санатория 20-30 фоиз маблағ аз тарафи коргар дода мешавад ва боқимонда аз тарафи ҳамон корхона, ки ин ҳам яке аз воситаҳои
Оё мо истироҳат мекунем? Ба ақидаи коршиносон дар Тоҷикистон фарҳанги истироҳат ташаккул наёфтааст ҳавасмандкунист. Аммо шумораи чунин одамон дар ҷомеа аққалиятро ташкил медиҳад. Дар давлатҳои капиталистӣ барои табақаи болоӣ ҷойҳои махсуси фароғатию истироҳатӣ мавҷуд аст ва шахсони мансабдор ба он ҷо барои истироҳат мераванд. Барои табақаи миёна ва поёнӣ ҳам чунин ҷойҳо сохта шудааст. Дар ҷомеаи мо бошад, мутаассифона қишрҳои иҷтимоӣ ба назар гирифта намешавад. Чунин амал метавонад шахси камбизоатро ба стресс биорад ва худашро дар ҷомеа бегона ҳис кунад. Масалан, ноҳияи Варзоб як макони оддии истироҳатӣ дар кишвар мебошад. Лекин мутаассифона он ҷо барои истироҳат ба ҳама қишри ҷомеа қобили қабул нест. Муаалиме, ки 700 сомонӣ маош мегирад, ба Варзоб рафта истироҳат карда метавонад? Албатта, не, чунки истироҳат дар он ҷо бениҳоят гарон аст. Аммо дар хориҷа як бинои истироҳатӣ барои қишри миёна ва як истироҳатгоҳ барои қишри болоии ҷомеа сохта мешавад, то ки ҳар ду табақа истироҳат кунанд ва хастагиашонро рафъ намоянд.
аҳолӣ, тобистон фасли истироҳат аст. Барои боқимонда тобистон фасли кор ва ҷустуҷӯи ризқу рӯзист. Мардуми кишоварз дар ин фасл бештар ба ҷамъоварии ҳосил машғул мешаванд. Муҳоҷирон дар Русия кор мекунанд. Истироҳат ҳамон вақте мешавад, ки одам камбудии зиёд надошта бошад. Аз рӯи принсипҳои зиндагии мо мавсими истироҳат фасли зимистон аст, ки аксари мардум дар ин фасл корҳои саҳроӣ надоранд. Абдураззоқ Ризоев, мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқ, манфиатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вобаста ба истироҳати кормандон чунин ибрози андеша кард: “Оид ба истироҳати кормандон ва аҳлу оилаи онҳо, қарор таҳти рақами 648 аз 2-юми ноябри соли 2015 “Дар бораи хараҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, таъмини ғизоҳои парҳезӣ ва дигар чорабиниҳои беҳдошти пешгирикунанда барои соли 2016” қабул гардидааст. Дар он зикр мешавад, ки он маблағҳои 1,4 фоизае, ки аз ҳисоби андозҳои
тар, моҳи декабр ба мо мегузаронанд, ки дигар истифода бурда намешавад. Мо маблағи онҳоро ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ баргардонида медиҳем ва кормандони онҳо аз роҳхат маҳрум мемонанд. Мақсад аз ибрози ин ақида дар он аст, ки иттифоқҳои касаба бояд ҳамаи он маблағҳо, ки аз ҳисоби ҳифзи иҷтимоӣ ҷудо карда мешаванд, сари вақт ба мо ирсол намоянд”. Номбурда аз он изҳори норозигӣ кард, ки имрӯз яке аз мушкилоти асоси истироҳати шаҳрвандон дар он аст, ки маблағи 1,4-фоиза андози ҳифзи иҷтимоӣ ба нархи роҳхатҳое, ки ба санаторияҳо ва истироҳатгоҳҳо муайян шудааст, мувофиқат намекунад. Нархи роҳхатҳо бениҳоят гарон аст. Бештари корхонаҳо наметавонанд, ки дар як сол барои аъзои иттифоқи касаба ё корманди худ якто роҳхат харидорӣ намоянд. Баландшавии нархи роҳхатҳои санаторияву истироҳатгоҳҳо вобаста ба баландшавии нархи бозор аст, чунки аксари онҳо маҳсулоти ғизоиро аз бозорҳо мехаранд. Аз ҳамин лиҳоз аз Ҳукумати Тоҷикистон ва
Дар кишвари мо на сармоягузорон инро ба назар мегиранду на дигарон. Барои ҳамин, имрӯз шумораи истироҳаткунандагон дар мо хеле каманд. Агар ин мушкилот бартараф шавад, бовар дорам, ки мардум бо майли тамом ба истироҳат мераванд...” Ба ақидаи ҷомеашинос аз байн рафтани фарҳанги истироҳат дар ҷомеа низ як омили чандон дуруст шакл нагирифтани истироҳат аст. Истироҳат ҳам як ҷузъи фарҳанг аст. Бояд ниҳодҳои фарҳангӣ мисли дигар кишварҳо ба ин масъала таваҷҷуҳ намоянд. Аз рӯйи мушоҳидаҳо оилаҳое ба назар мерасанд, ки бо вуҷуди доштани вазъи хуби иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба истироҳат намераванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин амал барои онҳо бегона аст. Дар Тоҷикистон ба назар мерасад, ки танҳо барои 10 ё 15 фоизи
иҷтимоӣ муқаррар мегарданд, корхона дар асоси таъсис ё ташкили дуруст ва ҷобаҷогузории маблағҳо аз тарафи иттифоқҳои касаба ба кормандон, хусусан, мӯҳтоҷон ҳар сол медиҳад. Агар инро ба назар гирем, ҳар сол дар ҷумҳурӣ як миқдори ками аъзои иттифоқи касаба ё ин ки кормандон ба истроҳат фаро гирифта мешаванд. Зеро маблағҳои суғуртаи иҷтимоии 1,4-фоиза ниҳоят кам аст ва мо наметавонем ҳама онҳоеро, ки хоҳиши истироҳат кардан доранд, бо роҳхатҳои имтиёзноки истироҳатӣ таъмин намоем. Дигар ин ки миқдори маблағҳое, ки аз тарафи корхонаҳо ва кумитаҳо барои истироҳати кормандон гузаронида мешавад, то моҳи ноябр истифода бурда мешаванд. Баъзе аз иттифоқҳои корхонаҳову кумитаҳо ва вазоратҳо 1,4 фоизи ҳифзи иҷтимоӣ андози худро дер-
дигар сохторҳои марбута хоҳиш карда мешавад, ки барои ба як маром ва ба як танзим даровардани нархҳои истироҳатгоҳҳо ва санаторияҳо чора андешанд. Зеро ҳама истироҳатгоҳҳову санаторияҳо, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, табобаташон қариб якранг аст, аммо нархашон гуногун. Дар ҳақиқат мардуми тоҷик на он қадар пули бисёр дорад, ки тавонад истироҳат бикунад. Ҳастанд нафарон, оилаҳое, ки ҳар сол барои истироҳат ба хориҷа мераванд ва ё дар ҷойҳои махсуси истироҳатии Тоҷикистон тобистонро мегузаронанд. Аммо афсус, шумораи ин нафарон кам аст ва асосан сокинони шаҳри Душанбе ва ё шаҳрҳои калони кишвар мебошанд. Лекин аксар мардуми шаҳру ноҳияҳои дурдаст аз ин неъмат маҳруманд.
Ҳасан АЗИЗОВ
Нурулло Раҳимов, роҳбари ширкати сайёҳии “Зигана тур” вобаста ба саёҳат рафтани шаҳрвандони кишвар ба хориҷа қайд кард, ки нисбат ба соли 2014 таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар барои истироҳат ва саёҳати берун аз кишвар бениҳоят кам гаштааст. Сабаб бӯҳрони молиявӣ мебошад. “Имрӯз ба ширкати мо бештар шахсони сарватманд ва тоҷирон барои рафтан ба хориҷи кишвар муроҷиат мекунанд, аммо хеле кам. Кормандони корхонаҳои давлатӣ ва шаҳрвандони сатҳи зиндагиашон миёна хеле каманд Аён аст, ки бо маоши 800-1000 сомонӣ, ки ба пешбурди рӯзгор базӯр мерасад, намешавад рафта дар хориҷи кишвар, ба мисли Дубай, Миср, Туркия истироҳат намуд. Аз кам гаштани муштариён бархе аз ширкатҳои туристӣ кори худро қатъ карда истодаанд. Ширкати мо бошад, ин мушкилиро дида, рӯ ба қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон овардааст. Мо агар зиёдтар хориҷиёнро дар кишвар қабул намоем, ин хубтару қулайтар аст. Бо ин роҳ мо хараҷоти худро пӯшонида метавонем”, - афзуд роҳбари ширкати “Зигана тур”. Нуралӣ Ҷумъабоев, донишҷӯи ДМТ, вобаста ба ин масъала чунин гуфт: “Ман 13-уми июн имтиҳони охирини худро супорида, сипас ба деҳа меравам. Дар саҳро ба алафдаравӣ машғул мешавам. Дигар корҳои хоҷагидориро низ анҷом медиҳам. Барои аксари донишҷӯёни тоҷик, ки аз деҳаанд, ягон фасли сол истироҳат вуҷуд надорад”. Бояд гуфт, ки солҳои охир Ҳукумати ҷумҳурӣ бештар таваҷҷуҳ ба насли наврасу кӯдакон дода истодааст. Соли ҷорӣ барои истироҳати кӯдакону наврасон дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 837 лагеру мавзеъҳои истироҳатӣ ташкил карда шудааст. Дар онҳо 318 ҳазору 373 нафар хонанда, хусусан кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони лаёқатманд, ки қобилияти фавқулодда дошта, бо баҳои хубу аъло таҳсил кардаанд ба истироҳати солимгардонӣ фаро гирифта мешавад. Лагерҳо дар ду-се баст фаъолият хоҳанд кард. Коршиносон бар он назаранд, ки донишҷӯ ва ё коргарон, ки тамоми сол машғули таҳсил ва фаъолият ҳастанд, бояд истироҳат кунанд, то қувваҳои зеҳнии масрафкардаашонро бозёбанд ва барои минбаъда омода шаванд. Равоншиносон бар он ақидаанд, ки фишорҳои зиёд ва беаҳамиятӣ яке аз сабабҳои пайдоиш ва зиёд шудани бемориҳои равонӣ аст. Барои ҳамин, таътили тобистонаро ба гунае бигзаронед, ки ҳам ҷисматон ва ҳам зеҳну равонатон истироҳати кофӣ дошта бошад.
МАВҚЕИ “ҶАВОНОН...“
Дугонаашон Малоҳат духтари дар таҳсил фаъол аст. Дигар дугонаҳояшро ҳам дар хониш дастгирӣ менамояд. Ҳатто, ҳар боре ки дугонаҳояш дарсгурезӣ карданӣ шуда, боғ тамошо мерафтанд, онҳоро бармегардонд ва ба дарс мебурд. Дугонаҳо ба як қарор меоянд: - Пагоҳ вақти ифтор ба хонаи Малоҳат меравем... Духтарони ҷавон дар сар нақшаи фардоро мекашанд ва аз ҳоло шодӣ доштанд. Рӯзи дигар ба хонаи дугонаашон мераванд. Баробари дарро кушодани Малоҳат хаёлҳои ширинашон дар як лаҳза нопадид мегардад. Чаро ки Малоҳат аз дидани дугонаҳояш чандон шод набуд. Ҳолати ногуворе ӯро фаро гирифта, ба чеҳраи ҳамсабақҳояш мутаҳайир менигарист. Яке аз духтарон барои тағйир додани ҳолати баамаломада мегӯяд: - Оҳо, Малоҳат, аз хона бӯйи
Ҳар ки як эҳтиёҷи бародари муъминашро бартараф созад, Худованд ҳам як эҳтиёҷи ӯро рафъ хоҳад кард. (Ҳадиси шариф)
бо чашмони пур аз қаҳру ғазаб як ба модар нигарист ва гузашта ба сари дастархон нишаст. Он рӯз се ҳамсабақ аз сари дастархон чӣ гуна хестанд, чӣ тавр ба хонаашон рафтанд, номаълум. Ҳини ба хонаи Малоҳат рафтанашон мисле ки ба тӯй мерафтанд, хеле шод буданд, вале дар бозгашт гӯё аз ҷаноза бармегаштанд, хеле ғамгину парешон. Дар хонаҳои худ вақте ба саҳархӯрӣ хестанд, аз гулӯяшон ҳеҷ чиз намегузашт. Ҳатто ашки чашми яке аз онҳо ба косаи хӯрокаш рехт. Маълум, ки аз ҳолати дирӯза хеле мутаассир шудаанд... Субҳ ба мактаб рафтанд ва
5
ро дода, хоҳиш намуданд, ки маҳсулотро тавассути ягон дастёраш бурда супорад. Муаррифӣ кунад, ки гӯё нафаре маҳсулотро расондааст, дар ширкате фаъолият мекунаду дар Рамазон қарор додааст, кӯмак намояд. Фурӯшанда ҳам марди хайрхоҳе будааст. Нияти духтарҳои ҷавонро зуд фаҳмида, розӣ шуд ва маҳсулотро ба суроғаи даркорӣ расонд. Рӯзи дигар вақте ба мактаб рафтанд, Малоҳатро хеле хурсанд ёфтанд. Ӯ гуфт: - Азбаски он рӯз омадани шумо ногаҳонӣ буд, натавонистем дуруст меҳмондориатон кунем. Вале агар пагоҳ ба хо-
е-mail: javonontj@mail.ru
Чор тан ҷавондухтари донишҷӯ дугонаҳои хеле самимианд. Як рӯзи Рамазон се нафарашон, ки ҳамроҳ буданд, мегӯянд, биёед ин бегоҳ якҷо ифтор мекунем. Дар хонаи якеашон ҷамъ шуда, хӯрок пухта, ифтори хуб ташкил карданд. Дугонаҳо он бегоҳ вақташонро бисёр хуб гузаронданд, шод шуданд аз сарҷамъ шуданашон. Вале мегӯянд, ҳама бисёр хуб буд, танҳо як камбудӣ доштем: Малоҳат бо мо набуд. Кош ӯ ҳам меомад...
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №24 (9450), 16 июни соли 2016
Моҳи аёдату ёрмандӣ
Ё моҳи Рамазон он вақт зебост, ки баробари худ фикри дигаронро ҳам бикунем! бисёр бомазза мерасад модарат оши палав пухтааст? Ҳамин вақт модари Малоҳат ба дами дар меояд. Малоҳат хиҷолатомезу ғамгин ба рӯи модар нигариста: - Оча, ҳамкурсонам хонаи мо ифтор омадаанд, - мегӯяд. Модар дугонаҳои духтарашро хуш пазируфта, ба хона даъват мекунад. Ҳамсабақҳо ворид шуда, ба манзараи аҷибе рӯ ба рӯ меоянд, ки он ҳама хаёлоти ширину гувороеро, ки то омадан доштанд, маҳв месозад. Дар ҳуҷра рӯи палоси рангпаридае, ки дар миёнаҷои хона меистоду ҷойҳои дигари онро намепӯшонд, дастархон ороста шуда буд. Рӯи дастархон нон буду дар табақе шӯрбо. Вале шӯрбо танҳо об дошту пиёз. Гирди дастархон бошад чор кӯдак нишаста. Кӯдакон баробари дидани меҳмонон, тозон ба хонаи дигар гурехта рафтанд. Шояд аз либоси куҳнаву рангбохтаашон шарм
Масалан, вақте ки кӯдаки навзод дар гаҳвора асту мо бо овози баланд сухан мегӯем, дар он ҳолат тарси кӯдак мушоҳида мегардад. Ин ҳолат барои
дар танаффуси дарси аввал ҷамъ шуда, вазъиятро ба якдигар нақл карданд. Вазъи хонаи дугонаашон ба онҳо сахт таъсир карда буд. Кӯдакони хурдсоли он хонадон, додарчаҳои Малоҳат ҳеҷ аз пеши назари се ҳамсабақ намерафт. Чӣ бояд кард, гуфтанд ҳамсабақҳо. Бояд ба Малоҳат ёрӣ расонем. Шояд пул ҷамъ карда диҳем? Не, намешавад. Малоҳат духтари бонанг аст. Бо ин корамон мо ба иззати нафсаш мерасем, ба дилаш сахт мерасад ин рафтори мо. Ниҳоят дугонаҳо ба як қарори ғайриодӣ омаданд. Ба як фурӯшгоҳе, ки дар наздикии маҳаллаи Малоҳат воқеъ аст, рафта, маҳсулоти хӯрокворӣ хариданд ва дар халтаҳои махсус ҷо ба ҷо карданд. Чунон зебо ва ботартиб, ки гӯё маҳсулот аз мағоза неву рост аз кадом ширкате омадааст. Баъд ба фурӯшанда суроғаи хонаи дугонаашон-
наи мо биёед, ҳамроҳ ифтор мекунем... Фардо вақте ҳамсабақҳо ба хонаи дугонаашон рафтанд, додарчаи хурдсолаш, ки он рӯз ба ошхона даромада, аз набудани маҳсулот дар қаҳр шуда буд, шодона гуфт: - Очам ош пухтаст... очам шӯрбои богӯшт пухтаст... торту печенӣ ҳам пухтаст... ... Шояд дар атрофи мо ҳам оилае ёфт шавад, ки айнан ҳамин гуна вазъ доранд. Шояд кӯдаке мехоҳад шодӣ кунад, мехоҳад модараш хӯрокҳои лазиз бипазад. Шояд модаре мехоҳад пеши фарзандонаш рӯи дастархон анвои гуногуни хӯрданӣ гузорад. Вале... Ва Рамазон он вақт зебост, ки мо ҳам ба дари хонаи нафаре рафта, аз ҳолаш бохабар шавем. Он вақт зебост, ки мо дар баробари худ фикри дигаронро ҳам бикунем. Башир УСМОНОВ, “ҶТ”
Бадсуханӣ меҳрро дур кард... Ё чаро одоби сухан ин қадар зарур аст? тифл нороҳаткунанда асту ба камолоти баъдинаи ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Лек вақте бо сухани хубу чеҳраи моили табассум сӯяш менигарему бо забони кӯдакона бо вай суҳбат мекунем, мебинем, ки дар лабонаш табассум пайдо мешавад. Гӯё тифл сухани хубро фаҳмидаасту механдад. Яъне хушзабонӣ ва муомилаи хуб ба ташаккули кӯдак ва таълиму тарбияи вай таъсири сахт мерасонад. Чунонки Бедил гуфтааст:
Хомӯшнафасе, ки табъи мавзун дорад, Сад ғунча баҳор аз дили пурхун дорад. Тасхири паризоди сухан осон нест, Ин ҷо нафаси сӯхта афсун дорад.
Оилаеро медонам, ки дар деҳа зиндагӣ мекунад. Дар вақти хурд будани фарзандон падари онҳо бо сабабе ба муҳлати чандин сол аз озодӣ маҳрум гашт. Ҳамин тавр, чор тифл аз хурдсолӣ меҳри падарро надиданду модар бо кори саҳро онҳоро ба воя расонида, хӯронду пӯшонд. Дар ин муддат яке мактаби миёнаро хатм карду дигаре маъюб ва дуи дигар талабаи мактаби миёна буданд. Фарзандон пайваста орзу доштанд, ки саробони оила, яъне падарашон зудтар аз ҳабс озод шаваду наздашон ояд. Бо анҷоми муҳлати ҷазо мард ба хонааш баргашт. Хурсандии фарзандон ҳадду канор надошт. Зеро муддате, ки падар аз онҳо дур буд, худро чун парандаи беболу пар ҳис мекарданд. Пас аз озод шудани падар
Басгул САФАРЗОДА фикр мекарданд, ки акнун рӯзгорашон хушу гуворо хоҳад гузашту дар зиндагӣ дигар танқисӣ намекашанд. Падар кор карда, онҳоро мехӯронаду мепӯшонад. Лек акси ҳол рӯй дод. Бо суханҳои қабеҳу рафтори бад муддати чанд моҳи дар озодӣ буданаш фарзандон дигар аз ӯ безор шуданд. Назди ҳама эҳтиромашро гум кардаву дуои бади ҳамсар пайваста ба сараш мерехт. Фарзандон акнун бепадариро авлотар медонанд. Ҳамин тавр, надоштани одоби муоширату таъсири сухани бад меҳри фарзандонро аз падар канд...
www.javonon.tj
Бузургони мо дар бораи одоби сухан панду ҳикмат, ҳикоёти хуби тарбиявӣ бисёр гуфтаанд. Аз ин хотир, инсон дар ҳама ҳолат бояд одоби сухан гуфтанро риоя намояд. Зеро сухани нофорам на танҳо бад будани инсонро нишон медиҳад, балки зебоии ӯро низ коста мегардонад. Гуфтори бад инсонро аз дӯстону наздиконаш ҷудо созаду зиндагии хушашро ба вайронаҳо кашонад. Аз ин рӯ, одоби муошират, нек сухан гуфтанро аз айёми тифлӣ бояд тарбия намуд.
доштанд. Духтарон бо расидани вақти ифтор рӯзаашонро кушоданд, вале бисёр бо мушкилӣ. Бурдаи нони мулоим аз гулӯяшон бо душворӣ мегузашт. Аз омаданашон ба ин хона ҳазор бор пушаймон буданд. Модар барои бартараф кардани вазъ гуфт: - Хуш омадед, духтаронам Ман аслан имрӯз шавла тайёр карданӣ будам. Сабзиву биринҷ гирифтам, вале дидам ки дер мешавад, ба фардо мондам шавлапазиро. Аммо шумо нороҳат нашавед. Як бурда нон ба ҳамаи мо басанда аст. Хуш омадед, духтарони ширин, марҳамат кунед. Сухани модарро шунида, яке аз кӯдакон аз ҷо хесту ба ошхона рафт. Мазмун, дар ҳақиқат мо имрӯз сабзиву биринҷ харида будем? Вале кӯдак дар ошхона маҳсулоти гуфтаи модарашро надида, дари ошхонаро сахт пӯшиду
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
6
МАСЛИҲАТИ “ҶАВОНОН...”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №24 (9450), 16 июни соли 2016
Бо фарорасии фасли тобистон меваву сабзавот фаровон гардида, мавсими захираи маҳсулоти хӯрокворӣ барои фасли зимистон шуруъ мешавад. Дар ин давра хоса бонувони мо хеле сертараддуд мешаванд. Кадбонуҳо аз меваҳои шаҳдбор ва сабзавоти тару тоза анвои гуногуни хӯришҳову шириниҳо омода ва барои зимистон захира менамоянд. Аммо суоле ба миён меояд, ки оё ҳама аз тарзу усулҳои дуруст ва бехатар омода намудани маҳсулот дуруст огаҳӣ доранд? Дар шароити хона омода намудани маҳсулоти ғизоии консервашуда то куҷо метавонад ба саломатии инсон созгор бошад? Ба ин ва чанд суоли дигари мо мутахассисони соҳаи тандурустӣ посух гуфта, аз ҷумла аз риоя нагардидани қоидаҳои коркарду безараргардонӣ ва санитарию гигиенӣ аз ҷониби кадбонуҳо, ки баъзан ба оқибатҳои нохуш низ анҷом меёбанд, изҳори нигаронӣ намуданд. Онҳо мегӯянд, дар натиҷаи истифодаи маҳсулоти нодуруст ё нокифоя тамизгардидаи дар шароити хона консервашуда, риоя нагардидани шароити нигоҳдории он хатари гирифторшавӣ ба бемории ниҳоят вазнин ва хатарнок, аз қабили ботулизм ба миён меояд. Ботулизм бемориест, ки ба системаи асаб таъсири манфӣ расонида, қобилияти биноӣ, нутқ, фурӯбарӣ ва дигар узвҳои нафаскаширо халалдор месозад. Борҳо мо шоҳиди чунин ҳолатҳое шудаем, ки дар баъзе минтақаҳои кишвар одамон аз истифодаи маҳсулоти сироятёфта, масалан хӯришҳои сабзавотии дар шароити хона консервашуда гирифтори ин бемории хатарнок гардидаанд. Ҳолатҳои фавти одамон низ ба қайд гирифта шудаанд. Маҳсулоти гӯштии сироятёфта низ метавонад сарчашмаи пайдоиши бемории ботулизм гардад. Беш аз ҳама ботулизми ғизоӣ ҳангоми истеъмоли хӯришҳои консервашуда аз маҳсулоти сабзавотии туршиашон паст, аз қабили помидор,
бодиринг, боимҷон, лаблабу, нахуди сабз ва занбурӯғҳо, ки нокифоя пухта ва тамиз карда намешаванд, мушоҳида мегардад. Хастагиву бемадорӣ, сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ, дарди сар, тирашавии пеши чашмон, хушкшавии даҳон, душворшавии фурӯбарӣ ва сухангӯӣ ва фалаҷшавии мушакҳо аз аломатҳои нахустин ва асосии ин беморӣ маҳсуб меёбанд. Аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дастурамали таълимие таҳия гардидааст, ки тибқи он риояи панҷ усули асосии таъминоти бехатарии маҳсулоти ғизоӣ ҳангоми тайёр намудани хӯришҳои консервашуда тавсия дода шудааст. Инҳо риоя намудани тозагӣ, ҷудо намудани маҳсулоти хом аз пухта, нағз пухтани маҳсулот,
кил медиҳад. Ба бадан ҷабида шудани миқдори 0,001 мг токсин метавонад ба бемории вазнин ва ҳатто марг оварда расонад. Аз маҳсулоти дар шароити хона консервашудае, ки зиёда аз як сол нигоҳ дошта шудааст, истеъмол кардан хатарнок аст. Беҳтар он аст, ки чунин маҳсулотро танҳо дар як мавсим истеъмол намоед. Дар натиҷаи нигоҳдории тӯлонӣ ғизонокии маҳсулот низ кам мегардад - Мутаассифона, ҳарсола дар ҳудуди мамлакат ҳодисаҳои заҳролудшавии одамон аз маҳсулоти ғизоӣ, хоса маҳсулоти дар шароити хона консервашуда ба қайд гирифта мешаванд, - гуфт дар суҳбат мутахассиси Хадамоти мазкур Аҳлиддиншо Қандаков. - Қабл аз ҳама занон, ки асосан ба коркарду тайёр намудани маҳсулоти консервашуда дар шароити хона машғул меша-
онҳо ба саросемагӣ роҳ дода, аз маҳсулоти муҳлати истифодааш сипаригашта ва заҳролудшуда истифода намуда, саломатии худ ва аъзои оилаашонро зери хатар мегузоранд. Мо аксаран дар фасли тобистон шоҳиди он мегардем, ки дар бозору ҷойҳои серодам шахсони алоҳида бе сару либоси махсуси санитарӣ, бе гузаштан аз муоинаи тиббӣ ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили нишолло ва дигар маҳсулоти қаннодӣ машғуланд. Ба касе аён нест, ки ин гуна маҳсулот дар куҷо ва дар кадом шароит тайёр карда шудаанд. Ҳол он ки чунин маҳсулот ва маҳсулоти гӯштиву ширӣ низ бояд ҳатман зери назорати доимии мақомоти марбута қарор дошта бошад, то ки ба мардум маводи хушсифат ва безарар пешкаш гардад. Дар хусуси то кадом андоза ба талабот
Эҳтиёт: Ботулизм! Ё як қатраи заҳр ҳам заҳр аст!
дар ҳолати бехатар нигоҳ доштани маҳсулот, истифодаи об ва маҳсулоти хоми бехатар мебошанд. Мутахассисон ҳамчунин ба кӯдакони то яксола додани маҳсулоти консервашудаи дар шароити хона тайёршуда ва асалро тавсия намедиҳанд. - Вақте ба бехатарии чунин маҳсулот андаке шубҳа дошта бошед ва ё дар ҳолати мушоҳида намудани ин ки сарпӯши зарф варамидаасту ҳангоми кушодани он моеъ бо фишори баланд ҷорӣ мешавад, инчунин бӯйи ғализу нофорам дорад, ҳатто онро начашида, дарҳол партоед, - мегӯяд Зоиршо Ишратов, мутахассиси Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат. Зеро як қатраи заҳр ҳам заҳр аст. Токсини ботулинӣ ба бадани одам тавассути ғизои сироятёфта ворид мегардад. Миқдори камтарини токсини ботулинӣ хатарнок ва марговар аст. Вояи миёнаи марговар барои одам 1 микрограм (0,001мг)-ро таш-
ванд, бояд аз тарзу усулҳо ва қоидаҳои оддитарини коркарду тайёр намудани ин маҳсулот хабардор бошанд. Шарти асосӣ ва аввалиндараҷа ҳангоми кор бо маҳсулоти ғизоӣ пеш аз ҳама риоя намудани тозагӣ мебошад. Маҳсулоте, ки истифода мешавад, бояд бо оби тоза дуруст шуста ва аз ҳар гуна ифлосиҳо пок карда шавад. Баъдан он бояд хуб коркард шавад ва хуб пухта шавад, ҳама зарфҳои истифодашаванда низ бояд тоза нигоҳ дошта шаванд ва хуб тамиз карда шаванд. Маҳсулоти консервашуда бояд ҳатман дар ҷои хунук ва ҳавои муътадилдошта нигоҳдорӣ шавад. Ҳангоми риоя нагардидани ҳамин қоидаҳо, ки дар назари аввал хеле одӣ менамоянд, хатари заҳролудшавии аҳли хонавода ва ҳамаи нафароне, ки аз чунин маҳсулоти ғизоӣ истифода менамоянд, ба миён меояд”. Одатан мардуми мо ба сифат ва муҳлати нигоҳдории ин ё он маҳсулоти аз бозору мағоза харидаи худ кам эътибор медиҳанд. Аксар вақт
ҷавобгӯ будани чунин маҳсулот А. Қандаков чунин ибрози ақида намуд: - Албатта, ҳама маҳсулоти ғизоӣ бояд ҳатман бо риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, қабл аз ҳама гигиенаи шахсӣ, ба фурӯш бароварда шавад ва дар шароити хона низ тартибу қоидаҳои нигоҳдории онҳо ҳатман риоя гарданд. Масалан, дар яхдон дар як ҷо нигоҳ доштани гӯшту шир ва дигар маҳсулоти ғизоӣ мумкин нест. Ду омиле вуҷуд дорад, ки сатҳи афзоиши микробро дар таркиби маҳсулоти ғизоӣ паст мекунад, ки инҳо намак ва қанд мебошанд. Агар меъёри намак ва қанд зиёд шавад, афзоиши микроб кам мегардад. Ин аст, ки ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз маводи қаннодӣ камтар ба мушоҳида мерасад. Дар ин радиф ба шахсоне, ки хӯрдани бодирингҳои дар оби камнамак хобондашударо дӯст медоранд, тавсия дода мешавад, ки чунин маҳсулотро дар ҳолати кушода нигоҳ доранд ва дар муҳлати кӯтоҳ истеъмол намоянд, зеро кам будани намак дар таркиби
Шаҳло ЭШОНОВА чунин хӯриш боиси зуд вайроншавии он мегардад. Ҳама маҳсулоти ғизоие, ки барои истеъмол пешбинӣ мешаваду ба фурӯш бароварда мешавад, бояд ҳатман аз ташхиси марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ гузаронида шаванд. Тибқи қонунгузории ҷорӣ кафолати бехатарии маҳсулотро худи истеҳсолкунанда медиҳад. Аммо вақте маҳсулот дар шароити хона тайёр карда мешавад, барои бехатарии он касе кафолат дода наметавонад. Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ, ки истифодаи ғизои солим аз муҳимтарин шартҳои тандурустии мардум ҳисобида мешавад, мутахассисон маҳсулоти дар шароити хона омодашударо ба навъи маҳсулоти носолим дохил намуда, риояи ҳатмии қоидаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти онҳоро зарур мешуморанд. Ба ақидаи мутахассисон яке аз шартҳои одии риояи бехатарии ғизо ин аст, ки бояд корд ва дигар зарфҳои нигоҳдорандаи ҳар
гуна маҳсулот алоҳида бошанд. Масалан, бо як корд дар як вақт реза кардани ҳам нон, ҳам гӯшт ва ҳам сабзавот қатъиян манъ аст. Шустани дастҳо бо собун аз шартҳои муҳимтарини бехатарии ғизо мебошад. Аслан маҳсулоти консервашуда, ки бори нахуст аз ҷониби ошпази фаронсавӣ Ноколя Франсуа Аппер ихтироъ гардидааст, барои истифода ба муҳлати тӯлонӣ ва барои сабукӣ овардан ба сайёҳон пешбинӣ шуда буд. Аммо имрӯз аз он васеъ истифода мебаранд. Бо дарназардошти кам будани ғизонокии таркиби чунин маҳсулот олимон онро на танҳо дар саноати хӯрокворӣ, балки дар соҳаҳои дигари фаъолияти одамон низ ҳамчун нуқсони ҷиддӣ маънидод намуда, бо меъёри муайян истифода намудани онро тавсия медиҳанд. Ҳар яки моро мебояд, ки ҳангоми истеъмоли чунин маҳсулоти ғизоӣ эҳтиёткор буда, дар мавриди пайдошавии аломатҳои нахустини беморӣ таъҷилан ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намоем.
РУШДИ САЙЁҲӢ
- Лутфан бигӯед, ки ширкати мазкур бо кадом ҳадафҳо таъсис дода шуд? - Ассотсиатсияи сайёҳӣ - экологии фарҳангии Помир соли 2008 дар ҳамкории тарафайни Ҳукумати ҷумҳуриву Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон (БҶИИМК) ва бо дастгирии молиявии Иттиҳодияи Аврупо таъсис ёфт. Солҳои қабл дар тамоми ҷумҳурӣ ба узвияти АСЭФП 12 ширкати туристӣ шомил буданд. Феълан ассотсиатсия дорои 21 аъзо аст, ки аз он 13 ададаш ширкатҳои сайёҳианд. 9 иттиҳодияи туризм, меҳмонхонаҳо бо теъдоди ашхоси касбу кори гуногун амсоли роҳбаладон, кӯҳнавардон, ассотсиатсияи ронандагон ва дигар нафароне, ки ба сайёҳон тариқи музднок ва ройгон хизматрасониро роҳандозӣ мекунанд. Мақсади асосии АСЭФП таъсис ва инкишофи соҳаи муосиру зудрушдёбандаи туризми ҷаҳонӣ аст, ки ба ҳифзи захираҳои табиӣ, фарҳангӣ ва таърихии минтақаи ВМКБ мусоидат менамояд. Дар ин замина фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои афроде, ки дар ин соҳа фаъолият доранд, аз вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳудуди ВМКБ ҳоло зиёда аз 86 адад
7
Водии Вахон - машҳуртарин мавзеи туристӣ Машҳур ИМОМНАЗАРОВ
меҳмонхонаҳои типи ҳархела фаъолият доранд ва АСФЭП бо ҳамаи онҳо ҳамкориҳои судманд дорад. Яъне матлаб аз таъсис додани меҳмонхонаҳо аз тарафи БҶИИМК якҷо бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, қабл аз ҳама дарёфти ҷойҳои нави корӣ ва ба ин тартиб тақвият бахшидани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад. Имрӯзҳо сайёҳон имконияти пурра доранд, то дар меҳмонхонаҳои мисоли “Ноmestay”, ки дар дохили хонаҳои муқаррарии мардуми кӯҳистон мустақаранд, бо урфу одат ва фарҳанги сокинони таҳҷоӣ пурра шиносоӣ пайдо кунанд. - Водии Вахон нисбат ба дигар мавзеъҳо
дар самти туризм пешсаф аст, бартариашро дар чӣ мебинед? - Аз рӯи маълумоти археологи маъруфи Тоҷикистон Мира Алексеевна Бубнова аксари мавзеъҳои таърихии вилоят (120-тоашон) дар ноҳияи Ишкошим ҷойгузинанд. Яъне 70 фисади онҳо ба водии Вахон рост меоянд, ки асосан қалъаҳо ва силсилакӯшкҳо (дижҳои бостонӣ) мебошанд. Қалъаҳои бешумор, аз қабили Абрешимқалъа, қалъаи Ҳисор, қалъаи Ракм, Қаҳ-қаҳа, Ямчун ва дигарҳо муҳофизони роҳи абрешим ба ҳисоб мерафтанд. Дар баробари онҳо чандин ёдгории беназир ҳам, ба мисли маъбади Буддо, петраглифҳои Лангар ва ғайра водии Вахонро ҳамчун осорхонаи
е-mail: javonontj@mail.ru
Аз рӯи таҳлилҳои мутахассисони сайёҳӣ ВМКБ яке аз минтақаҳои диққатҷалбкунанда ва зебоманзари Тоҷикистон буда, асосан ба рушди туризми экологӣ имконоти васеътар дорад. Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва фазои босубот теъдоди сайёҳон, ки орзуи тамошои мавзеъҳои дилчаспи вилоят, аз ҷумла водии Вахони ноҳияи Ишкошимро доранд, ҳаррӯза афзуда истодааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ низ дар талоши он аст, ки ба хотири равнақ додани соҳаи туризм дар ҳамаи гӯшаҳои кишвар ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, сатҳи камбизоатиро поён барад. Ба ин хотир тайи чанд соли охир дар ҳамбастагии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Ассотсиатсияи сайёҳӣ экологии фарҳангии Помир (АСЭФП) ва мақомоти маҳаллии ВМКБ сатҳи туризми вилоят ба марҳилаҳои нав роҳ ёфт. Рӯзҳои наздик, дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ бинои нави замонавии АСЭФП аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳарабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Оид ба имконоти сайёҳии вилоят, нақши фаъолияти АСЭФП дар рушди он ва дигар паҳлуҳои самти туризм бо роҳбари асотсиатсияи мазкур Асадшо Зоолшоев ҳамсуҳбат шудем.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №24 (9450), 16 июни соли 2016
бузурги зери осмони кушод маъруф менамоянд. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ сайёҳони хориҷию ватанӣ аз тамошои ин муъҷизот маҳрум буданд. Бо соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон бисёр монеаҳо барҳам дода шуда, ҳарсола садҳо нафар сайёҳ аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд. Ба ақидаи муаррихон давлати пурқудрати Кушониён, ки дар асри II то милод арзи ҳастӣ намуд, қалъаҳоро барои муҳофизати сарҳади шарқии худ ва таъмин намудани амнияти ҳаракат дар роҳи трансмиллии абрешим, ки аз кишвари Чин тариқи ағбаи Сарикул ба Помири хурд, аз он ҷо ба водии Вахони Зебоки Афғонистони ҳозира, Файзобод, Киж, Бағлон ва ба Балх расидаву аз Эрон ба Ғарб тӯл кашида то Рум мерасид, сохтааст. Ин шоҳроҳ аз асри II то асри VII солшумории мелодӣ арзи ҳастӣ намудааст. - Бузургтарин дастоварҳои Шумо дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ? - Дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар сохторҳои давлативу созмонҳои байналмилалӣ ба хотири пешрафти туризм солҳои охир барнома ва пружаҳои зиёдеро пиёда кардем. Барои ба сатҳи ҷаҳонӣ ва маданӣ бардоштани сифати хизматрасонии сайёҳӣ вақтҳои охир корҳои зиёде кардаем. Намояндагони АСЭФП, ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ барои андӯхтани таҷриба ва беҳтар аз худ кардани равияи сайёҳӣ, ки дар ВМКБ нисбатан модели нав аст, дар намоишу ярмаркаҳои умумиҷаҳонии Олмон, Лондон, Тошканд ва ҳамчунин дар вохӯрии сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат карда, имконоти сайёҳии Помирро дар ин маъракаҳо муаррифӣ намуданд. Азимтарин натиҷаи фаъолияти мо дохил кардани водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, Вахони ноҳияи Ишкошим ва Шоҳроҳи Помир ба рӯйхати «100 ҷои беҳтарини сайёҳии олам» мебошад. Ин ангезаи навест барои ҷаҳонгардоне, ки майли дидорбинии мавзеъҳои кӯҳсори Помирро доранд ва ба ин восита туризми дохилӣ дар кишвар боз ҳам тақвият меёбад. - Барои суҳбат ташаккур. Мо бовар дорем, ки шумораи саёҳон сол то сол зиёд мешавад.
ВОКУНИШ
Бепарвоӣ дар Парлумони Аврупо
Бояд тазаккур дод, Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 25 сол аст, ки дар роҳи рушди ҷомеаи демократӣ ва эҳёи сулҳу ваҳдат қарор дорад. Тоҷикистон ба сатҳи кунунии
ҳамкорӣ бо шарикони аврупоӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динӣ баҳои баланд дода, бовар мекунонад, ки таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт густариш меёбанд. Мутаассифона, қабули қарорҳои гузашта ва махсусан, изҳороти Парлумони Аврупо вазъи воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос намекунад ва нисбат ба далелҳои қотеъ беэътиноӣ зоҳир менамояд. Қайд кардан зарур аст, ки дар натиҷаи фаъолиятҳои зидди конститутсионии қувваҳои тахрибкори динӣ-мазҳабӣ дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум зиёда аз сад ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла аҳолии осоишта, занон ва кӯдакон кушта шуданд. Наздик ба 1,5 миллион нафар барои чандин сол гуреза шуданд, садҳо ҳазор кас бесарпаноҳ монданд. Зарари иқтисодие, ки гурӯҳҳои иф-
ротии динӣ ба Тоҷикистон расониданд, беш аз 7 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. То ҳол Тоҷикистон наметавонад он зарарро пурра барқарор созад. Аммо, дар ин қатънома дар бораи фаъолияти ғайриқонунӣ ва масъулини гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба талафоти инсонҳо оварда расонд ва то рӯзҳои охир идома дошт, чизе гуфта нашудааст. Воқеаҳои Рашт (соли 2010), Хоруғ (2012) ва кӯшиши табаддулоти мусаллаҳона дар моҳи сентябри соли 2015-ро Иттиҳоди Аврупо ба назар нагирифтааст. Ҳеҷ яке аз ин воқеаҳо дар қарорҳои ИА ба таври кофӣ арзёбӣ намешаванд ва нақши ташкилкунандагони нооромии вазъи иҷтимоӣ ва сиёсӣ тасвир намеёбанд. Дар давоми сол борҳо ҳамла ба бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, пулис, амният, прокуратура, суд, кормандон ва оилаҳои онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ сурат гирифт, вале
боз созмонҳои байналхалқӣ муҳри хомӯширо бар лаб заданд. Лекин, ҳоло бошад, даъвоҳои беасос мекунанд. Мувофиқи моддаи 19-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966, ҳар кас ҳуқуқи озодона баён кардани фикру ақидаро дорад. Бо вуҷуди ин, истифодаи ин ҳуқуқ вазифа ва масъулиятҳои махсусро пеш меоварад. Аз ин рӯ, он метавонад мавриди амали маҳдудиятҳои муайяне, ки қонун муқаррар кардааст, қарор гирад ва барои ҳифзи амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатии аҳолӣ равона шавад. Дар моддаи 20-и Паймон гуфта мешавад, ки ҳар гуна ташвиқоти ҷанг бояд аз тарафи қонун манъ карда шавад. Ҳар амали адовати миллӣ, нажодӣ ё динӣ, ки аз иғвоҳои тафриқаандозӣ, душманӣ ва зӯроварӣ иборат мебошад, қонун иҷозат намедиҳад. Мутобиқи моддаи 10-и Конвен-
Рустам РАҲИМОВ
www.javonon.tj
Парлумони Аврупо бо истинод ба Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои он амали мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба боздошт ва маҳкумияти шахсони ҷинояткори террорист ва экстремистро зери интиқод қарор додааст.
сия оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои он аз 04.11.1950, дар татбиқи ҳуқуқ ба озодии баён, вазифа ва масъулиятҳо метавонад мавриди амали маҳдудиятҳо ё ҷаримаи муайяне, ки қонун пешбинӣ намудааст, амалӣ гардад ва ин дар ҷомеаи демократӣ зарур мебошад. Чунки ба манфиати амнияти миллӣ, тамомияти арзӣ ва ё амнияти ҷамъиятӣ, барои пешгирии бетартибиҳо ё ҷиноятҳо равона шудааст. Ба мисоли ҳуқуқвайронкуниҳои дар боло зикршуда метавон аз Додоҷон Атовуллоев ном бурд, ки ба таври мунтазам бо сӯистифода аз озодии сухан барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ даъватҳо мекунад ва дар Олмон паноҳанда аст. Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо намехоҳанд зикр кунанд, ки дар он айём, бисёре аз гурӯҳҳои ғайриқонунӣ аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ буданд, вале, баръакс имрӯзҳо аз онҳо муҳофизат мекунанд.
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
8
СУҲБАТИ “ҶАВОНОН...”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №24 (9450), 16 июни соли 2016
27 июн аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон 19 сол пур мешавад. Ҳарчанд аз рӯзи имзои ин санад солҳои зиёд сипарӣ шавад ҳам, ҳамон андоза қимати ин падида барои миллати мо азизтару муҳимтар мегардад. Чунки имрӯз ҷавҳари асосӣ ва моҳияти истиқлолияти мо маҳз Ваҳдати миллӣ аст ва ба таъкиди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “истиқлолиятро бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад”. Коршиносон ба Ваҳдати миллии тоҷикон, нақшу манзалат ва аҳамияти он баҳои баланд дода, онро барои муттаҳидсозии миллати тоҷик омили муҳиму беназир медонанд. Пешвои миллат равшантару возеҳтар фармудааст: “Ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ кардем”. Ба даст овардани Ваҳдати миллӣ як масъалаи хеле муҳим ва мураккаб аст, вале мавзӯи муҳимтар аз ин ҳифзу таҳкими он мебошад. Бинобар ин, ҷомеаи кишвар, бахусус Сарвари давлат ба хотири бақои ин дастовард пайваста талош мекунанд. Яке аз омилҳои таҳкимбахши Ваҳдати миллӣ воситаҳои ахбори умум – рӯзноманигорон ҳастанд. Дар ҳошияи ин мавзуъ чанде пеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки имсол тантанаҳои асосии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ин вилоят доир мешавад, бо иштироки доираи васеи хабарнигиорону коршиносон суҳбати мизи гирд баргузор шуд. Мо дар хусуси дурнамои ҳифзи дастовардҳои Ваҳдати миллӣ дар фазои иттилоотии мамлакат бо яке аз иштирокчиёни фаъоли ин ҳамоиш, олими ҷавон Шералӣ Ризоён, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар мусоҳиб шудем.
иттилоотӣ заминаи қавиро ба вуҷуд меорад. - Имрӯз кадом омилҳои хатарзо ба бақои Ваҳдати миллии мо таҳдид мекунанд? - Дар фазои иттилоотӣ як силсила омилҳои хатарзо мавҷуд ҳастанд, ки таҳдиди эҳтимолӣ ва воқеии онҳо ба дастовардҳои Ваҳдати миллӣ то андозае эҳсос мешавад. Чунин шароит ба таври табиӣ ба вуҷуд омада, бештар ба омилҳои беруна рабт дорад ва таҳкими пойгоҳҳои ватании иттилоотиро тақозо мекунад. Яке аз чунин таҳдидҳо густариши васеи ҷанги иттилоотӣ байни давлатҳои абарқудрат перомуни тафсири ҳодисаҳои ҷаҳонӣ ва бо ҳамин усул ҳифзу татбиқи манфиатҳои миллии онҳо дар фазои иттилоотӣ мебошад. Ҷанги иттилоотӣ аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барои расидан ба манфиатҳои стратегӣ
Шералӣ РИЗОЁН:
ВАО дар таҳкими Ваҳдати - Дар замони ниҳоят пуртаззоди авзои сиёсии ҷаҳон нақши созандаи Ваҳдати миллӣ барои бақои Истиқлолияти давлатӣ ба шиддат эҳсос мешавад. Мехостам, нақши ҷомеаи иттилоотиро дар ҳамин ҳошия шарҳ диҳед? Ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ дар шароити имрӯза барои рушди давлатдории миллӣ, муаррифии фарҳангу арзишҳои миллат ва барои рақобатпазир намудани ҳувият дар асри ҷаҳонишавӣ имконияти фарохеро ба вуҷуд овардааст. Фарогир шудани ҷомеаи иттилоотӣ дар назди давлат ва ҷомеа як силсила масълаҳоеро мегузорад, ки ҳаллу фасли онҳо барои таҳкими давлатдории миллӣ ва дастовардҳои он мусоидат мекунанд. Ҳамзамон, истифодаи ғайримақсадноки абзорҳои ҷомеаи иттилоотӣ ба дастовардҳои Ваҳдати миллӣ ва умуман давлатдории соҳибихтиёр таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунанд. Зеро бо густариши он масъалаи ҳифзи фарҳанг, ҳувият, арзиш ва ваҳдати миллӣ мазмуни комилан дигарро касб кардааст. Аз ин рӯ, бо дарназардошти таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолие, ки ҷомеаи иттилоотӣ ба вуҷуд меорад, такмили сиёсати давлатӣ ва фаъолияти босамари воситаҳои ахбори омма метавонад дар ҳифзи ваҳдати миллӣ таъсири мусбат гузорад. Суҳбати мизи гирди ҷумҳуриявӣ бо унвони «Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими Ваҳдати миллӣ», ки дар шаҳри Хоруғи
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир шуд, хусусияти рамзӣ дорад ва собит месозад, ки воситаҳои ахбори омма дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши калидӣ доранд. Бинобар ин, чунин тарзи нигоҳ ба ВАО масъулияти кормандони соҳаро дар таҳкиму рушди ваҳдати миллӣ дучанд намуда, ҳифзи суботу амнияти давлатиро ба нуктаи муҳими фаъолияти онҳо табдил медиҳад. - Ҳоло ВАО ба ҳайси абзори “нерӯи нарм” шинохта шудааст. Мехостам ҳамин масъаларо каме шарҳ диҳед? - Имрӯзҳо дар назарияҳои навини сиёсӣ масъалаи таъсир ба афкори ҷамъиятӣ бо тавру усули нав коркард шуда, дар амалия васеъ истифода мешавад. Дар умум, ВАО ба ҳайси абзори қавии «нерӯи нарм» баромад мекунад ва дар дарозмуддат барои ба воқеият мубаддал намудани ғояҳои тарҳрезишуда заминаи мусоид ба вуҷуд меорад. Масъалаи истифодаи ВАО дар чорчуби иқдомҳои нерӯи нарм имрӯз ба таври касбӣ омӯхта мешавад. Худи мафҳуми «нерӯи нарм» дар солҳои 90-уми асри ХХ аз ҷониби сиёсатшиноси машҳури амрикоӣ Ҷозеф Най пешниҳод шуда буд, ки дар баробари «нерӯи дурушт» дар сиёсатгузориҳои давлатӣ васеъ истифода мегардад. Ҷанбаи мусбати нерӯи нарм дар он аст, ки бе талафоти ҷонӣ ва истифодаи ками имконоти молиявӣ, бо истифодаи васеи абзорҳои интеллектуалӣ иқдомҳои стратегии давлат амалӣ шуда, барои ҳифз ва татбиқи манфиатҳои миллӣ мусои-
дат мекунад. Бинобар ин, ба таври васеъ истифода шудани ВАО-и ҷаҳонӣ дар шакл додани афкори ҷамъиятӣ, тафсири ҳодисаҳои сиёсӣ, эҷоди «продукт»-ҳои гуногуни муосир ва умуман ҷанги иттилоотӣ осебпазирии давлатҳои миллиро ба вуҷуд оварда, дар дурнамои дарозмуддат ба фарҳангу ҳувият таъсири манфӣ мерасонад. Яъне, истифодаи касбии ВАО ба ҳайси абзори «нерӯи нарм» дар ба вуҷуд овардани дӯстдорони фарҳангу ҳувият, завқ ва дидгоҳи лозимӣ мусоидат карда, пеш аз ҳама ақлҳоро тасхир мекунад. - Ҳадафу мақсади аслии ҷангҳои иттилоотии имрӯза аз чӣ иборат аст ва расонаҳои миллии мо кадом корҳоро бояд анҷом диҳанд? - Яке аз ҳадафҳои асосии ҷанги иттилоотӣ ташаккули қишри «ҷонибдорон»-и сиёсат ва амалкардҳо, зиёд намудани теъдоди «соҳибони дидгоҳ ва завқ»-и мавриди назар ва гурӯҳи «шаҳрвандони виртуалӣ» мебошад, ки дар дарозмуддат барои роҳандозии иқдомҳои васеи сиёсию идеологӣ метавонад ҳамчун шароити зарурӣ истифода шаванд. Дар чунин марҳила, ба таври касбӣ идора шудани ВАО-и чопӣ ва электронии ватанӣ, новобаста аз шакли моликият дар ҳифзи суботу амният, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва умуман фарҳангу ҳувияти миллӣ муҳим шуморида мешавад. Маҷмӯи ин иқдомҳо барои таҳкими ваҳдат ва ягонагии миллии мо мусоидат карда, барои муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар фазои
ҳадафмандона ба роҳ монда мешавад. Ҳар давлат мутобиқ ба манфиатҳои миллии худ хостори пурзӯр намудани таъсирро ба равандҳои минтақавӣ дорад. Бо ҳамин усул баррасии фазои иттилоотии давлатҳои алоҳида ба роҳ монда мешавад ва имкони таъсир ба равандҳои дохилии онҳо бо истифода аз ВАО тарҳрезию амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, бо сабаби мувофиқат накарани ҳадафҳои давлатҳои манфиатдор, ҷанги иттилоотӣ густариш ёфта, дар як вақт дар чандин сатҳ идома мекунад. Яъне, ба майдони ҷанги иттиллотӣ фазои иттилоотии ҳамаи давлатҳо дохил шуда, Тоҷикистон низ аз он берун нест. Фазои иттиллоотӣ дар асри ҷаҳонишавӣ ва таҳкими ҷомеаи иттиллотӣ осебпазирии ҷиддӣ дорад. Зеро ҳар қадаре, ки бозингарони хориҷӣ нуфузи хешро дар фазои иттилоотии як давлат пурзӯр мекунанд, таъсирпазирии манбаъҳои афкори ҷамъиятӣ аз омили хориҷӣ зиёд мегардад. Чунин шароит таҳдиди ҷиддиро ба тафсири дохилидавлатии сиёсатгузорӣ ба вуҷуд оварда, ба суботу амният, дастовардҳои давлатдории миллӣ ва ҳамчунин ба ваҳдату ягонагии миллӣ хатар эҷод мекунад. Барои рақобатпазир намудани манбаъҳои шаклдиҳандаи афкори ҷамъиятии ватанӣ дар баробари хориҷӣ, махсусан муҳим аст, ки фаъолияти онҳо мутобиқ ба талабот ва равандҳои замон бошад. Агар давлат абзорҳои иттилоотии дохилии худро устувору
СУҲБАТИ “ҶАВОНОН...”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №24 (9450), 16 июни соли 2016
ба сафи худ ҳамчун таҳдид ба дастовардҳои Ваҳдати миллӣ баромад мекунад. Таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон ва умуман минтақаҳои низоъзада нишон медиҳад, ки маводи аудиовизуалӣ барои шакл додани афкори лозимаи ҷамъиятӣ ва ҳамзамон барои муаррифии ғояҳо васеъ истифода мешавад. Дар шабакаи интернет роликҳои кӯтоҳи гуногуне вуҷуд доранд, ки бо ҳадафи муайян барои аудиторияи мушаххас таҳия шуда, қадам ба қадам ғояи меҳварии худро ба «гумони ғолиб» табдил медиҳад. Бинобар ин, истифодаи ҳамин имконият дар муаррифӣ ва ҳифзи дастовардҳои Ваҳдати миллӣ бисёр муҳим мебошад. Фаъолияти студияҳои истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ ва истифодаи мақсадноки он дар шакл додани афкори ҷамъиятӣ ба манфиатҳои дарозмуддати кишвар ҷавобгӯ буда, манбаъҳои дохи-
бо тафсири ҳодисаҳои дохилии Тоҷикистон афкори ҷамъиятии ғайриқобили қабулро дар кишвар ба вуҷуд оварда, дар дурнамои дарозмуддат ба Ваҳдати миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Тавре дар нуктаи аввал зикр кардем, воситаҳои ахбори оммаи беруна дар доираи ҷанги иттилоотӣ ба афкори ҷамъиятӣ ва фазои иттилооти ватанӣ таъсир намуда, тафсирҳои ғайриқобили қабули сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва мазҳабиро интишор медиҳанд. Ин иқдом барои ба вуҷуд овардани нобоварии шаҳрвандон нисбат ба давлат равона шуда, пеш аз ҳама барои боло бурдани нерӯи эътирозӣ нигаронида шудаанд. Ҳамарӯза дар воситаҳои ахбори оммаи минтақавӣ ва ҷаҳон теъдоди муайяни иттилои манфӣ дар бораи Тоҷикистон паҳн мешавад, ки онҳо ғаразнок буда, бинобар мухолифатҳои геополитикӣ ва геоиқтисодӣ нисбат ба
Ваҳдати миллӣ натиҷаҳои мусбат ба бор меорад. Зеро дар дарозмуддат бо васеъ ворид шудани истифодаи имкониятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба ҳаёти ҷомеа таъсири он қавитар гардида, иқдомҳои ҷиддиро талаб мекунад. Аз ин рӯ, омода намудани абзорҳои ватанӣ барои муаррифии шоистаи дастовардҳои замони истиқлол ва ташаккули афкори мусбати ҷамъиятӣ ба манфиатҳои дарозмуддати Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад. - Оё васеъ истифода шудани шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ба дастовардҳои Ваҳдати миллӣ таҳдид эҷод мекунад? - Қавӣ гардидани мақоми шабакаҳои иҷтимоӣ дар шакл додани афкори ҷамъиятӣ ва ҳамчунин ба таври касбӣ истифода шудани онҳо аз тарафи ҷонибҳои манфиатдор ва гурӯҳҳои ғайриқонунӣ (хусусан ифротию террористӣ) ҳамчун таҳдид ба дастовардҳои ваҳдати миллӣ баромад мекунад. Дар даҳсолаи охир шабакаҳои иҷтимоӣ ба манбаи ҷиддии таъсир ба афкори ҷамъиятӣ табдил ёфта, дар дарозмуддат он мавқеи худро боз ҳам устувор мекунад. Яъне густурда гардидани таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба фазои иттилоотӣ як воқеияти ногузир аст. Шинохти дурусти ин шароит имкон медиҳад, ки дастовардҳои Ваҳдати миллӣ бо дарназардошти он ҳифз карда шавад. Дар Тоҷикистон дар даҳсолаи охир боло рафтани таъсир ва васеъ гардидани истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба назар расида, сол аз сол қишри ҷавону наврас ба он дастрасӣ пайдо
силсила ҳамоишҳо баргузор шуданд, ки дар он истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ низ васеъ таҳлилу баррасӣ ёфтаанд. Баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба мафкураи ҷавонони мо то кадом андоза таъсиргузор аст ва чӣ пайомадҳо дошта метавонад? - Таҳлили фазои имрӯзаи шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки дар он баҳсҳои мухталиф ҷараён дошта, қисме аз онҳо ба суботу амнияти давлатии мо ва умуман дастовардҳои Ваҳдати миллӣ хатар доранд. Зеро, агар дар дурнамо ҳамин ҳолат густариш ёбад, яъне аз баҳсҳои виртуалӣ (маҷозӣ) ба воқеӣ мубаддал гардад, пас омили ҷиддии хатарзо ба Ваҳдати миллӣ шуда, таъсири ҷуброннопазири манфиро ба дастовардҳои давлатдорӣ мерасонад. Бинобар ин, махсусан муҳим аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар корҳои пешгирикунандаи ифротгароӣ ва тундгароӣ васеъ истифода шуда, дар доираи имкониятҳои мавҷуда шароит барои ҷавонон офарида шавад, то таъсири ғояҳои ғайриқонунӣ дар фазои виртуалӣ кам гардад. - Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз маводи аудиовизуалӣ аст, ки дар хусуси фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ қисса мекунанд. Ин наворҳо дар шаклгирии афкори ҷомеа то кадом дараҷа нақш дошта метавонад? - Истифодаи мақсадноки маводи аудиовизуалӣ дар шакл додани афкори ҷамъиятӣ ва ҳамчунин истифода шудани он аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ дар ҷалби шаҳрвандон
лии шаклдиҳандаи афкори ҷамъиятиро қавӣ менамояд. Дар ин замина, таҳия ва сабти барномаҳои кӯтоҳ бо шахсиятҳои бонуфузи таъсирнок ва паҳн намудани онҳо дар фазои иттиллоотӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Зеро ҳар қадаре, ки дар бораи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дар фазои маҷозӣ суҳбатҳои касбӣ зиёд бошад, он ба афкори ҷавонон ва умуман ба истифодабарандагони воситаҳои муосир таъсири мусбат расонида, дар дарозмуддат сармояи фикриро густариш медиҳад. Маводи аудиовизуалӣ имрӯз имконияти ҷиддии таъсир ба афкори ҷамъиятиро доранд. Хусусан, як нафар метавонад ба тадриҷ барномаҳои кӯтоҳи аз 10 то 25-дақиқаиро таҳия намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузорад. Бо васеъ паҳн шудани он ва қобили қабул буданаш ба шаҳрвандон имкони таъсири ҷиддиро ба доираҳои васеъ пайдо мекунад. Агар ҳамин усул барои ташаккули афкори солими ҷамъиятӣ, шинохти дурусти дастовардҳои истиқлолият ва ҳифзи Ваҳдати миллӣ истифода шавад, пас дар дарозмуддат барои тақвият ва татбиқи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар фазои иттилоотӣ мусоидат мекунад. - Муассисони расонаҳои хориҷӣ моро бовар мекунонанд, ки ҳадафи онҳо пешниҳоди иттилооти холис ва беғараз аст. Ин иддао то кадом андоза ҳақиқат дорад? Нақши расонаҳои хориҷии ахборро дар таъмини фазои иттилоотии Тоҷикистон ва хатари онҳоро ба амнияти мо чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Воситаҳои ахбори хориҷӣ
сиёсатгузорӣ ва тарҳҳои стратегии давлати мо таҳия ва паҳн мегарданд. Дар арафаи баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ теъдоди чунин маводи иттилоотӣ зиёд гардида, таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти иттилоотӣ ва умуман дастовардҳои Ваҳдати миллӣ доранд. - Мехостам дар хусуси баъзе овозаву ҳангомаҳо, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби баъзе гурӯҳҳои ифротӣ паҳн мешавад, ибрози андеша бикунед... Онҳо то кадом андоза ба амнияту Ваҳдати мо хатар эҷод мекунанд? Дар самти ҳифзи дастовардҳои Ваҳдати миллӣ дар дурнамои дарозмуддат ба вуҷуд овардани масунияти шаҳрвандон нисбат ба овоза муҳим мебошад. Зеро бо назардошти паҳн шудани овозаҳо дар бораи заминларзаи зимистони соли 2008, зиёд интишор шудани шубҳаву гумон тариқи расонаҳои беруна дар бораи фарорасии қиёмат (конец света) дар соли 2012 ва ҳодисаи охир дар бораи «гирҳои истеҳсоли Тула» осебпазирии ҷиддӣ доштани мардуми кишвар нисбат ба овозаро нишон медиҳад. Ҳар кадоми ин овозаҳо бо ҳадафи муайян намудани таъсирпазирии афкори ҷамъиятӣ тарҳрезӣ ва амалӣ шуда буданд. Бинобар ин, махсусан муҳим аст, ки бо истифодаи абзорҳои суннатӣ ва муосир манбаъҳои дохилии шаклдиҳандаи афкори ҷамъиятӣ ва пойгоҳҳои ватании иттилоърасонӣ боз ҳам қавӣ карда шавад. Чунин шароит ҳамчун омили муҳим дар ҳифзи дастовардҳои Ваҳдати миллӣ баромад менамояд ва дар баробари
миллӣ нақши калидӣ дорад
тақвият бахшидани иқтидори ватании истеҳсоли иттилоот, давлатмеҳварӣ, садоқат ба соҳибихтиёрии давлатӣ ва ҳифзи Ваҳдати миллӣ, инчунин эҳсоси ватанпарастии шаҳрвандонро боло мебарад. Ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, хусусан ҳифзи Ваҳдати миллӣ чӣ бояд кард? - Барои ҳифзи Ваҳдати миллӣ дар фазои иттилоотӣ, дар ҷойи якум зарур аст, ки масъалаи Ваҳдати миллӣ ва зерсохтори амалии он аз ҷониби кормандони ВАО ба таври касбӣ инъикос карда шавад ва дар ин самт истеҳсоли продуктҳои муосир ба мақсад мувофиқ мебошад. Дуюм, барои баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ, муаррифии арзандаи Тоҷикистон ва ташаккули имиҷи мусбати он фаъолияти ВАО ба он нигаронида шуда, дар ҳамин замина, баъзе иқдомҳо барои «ребрендиг»-и кишвар амалӣ гардад, ки иқдоми ҷиддӣ дар ҳифзи дастовардҳои Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Сеюм, солим намудани фазои маҷозӣ ва иттилоотӣ, ки боиси ташаккули афкори солими шаҳрвандон гардида, дар дурнамо барои боз ҳам тақвият ёфтани дастовардҳои Ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад. Яъне, бояд дарк шавад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ падидаи манфӣ набуда, танҳо воситае ҳастанд, ки гурӯҳҳои манфиатдор иттилои ғаразнокро тариқи он паҳн менамоянд. Аз ин рӯ, ба таври касбӣ истифода шудани шабакаҳои иҷтимоӣ дар умум ва дар фаъолияти ВАО ба мақсад мувофиқ мебошад. Чорум, истифодаи васеи ВАО ба ҳайси абзори ватании нерӯи нарм дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ, бунёди «продукт»-ҳои шахсиятсозу давлатмеҳвар, ки ваҳдатгароии шаҳрвандонро зиёд мекунад. Панҷум, истифодаи васеи маводи аудиовизуалии ватанӣ ва умуман зиёд намудани истеҳсоли он барои эҷоди афкору завқи муосир дар самти пешгирии бегонашавӣ, беҳувиятӣ ва худситезӣ, ки ба партови иҷтимоӣ мубаддал гардидани шаҳрвандонро пешгирӣ карда, сатҳи падидаҳои номатлубро паст мекунад. Масъалаи ҳифзи дастовардҳои Ваҳдати миллӣ дар фазои иттилоотӣ аз мавзуъҳои доманадор аст ва дар доираи як суҳбат наметавон онро бо тамоми нозукиаш шарҳ дод. Аммо умед аст, ки воситаҳои ахбори умуми ватанӣ рисолати хешро дар назди миллат ва ҷомеа ба таври касбӣ иҷро намуда, барои тақвият ва рушди давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон таъсири мусбат мегузорад. - Миннатдорем, барои як суҳбати муфассал! Мусоҳиб Бахтовар КАРИМЗОДА, “ҶТ”
www.javonon.tj
мекунанд. Таҳлилу баррасии фазои виртуалӣ (маҷозӣ) ва натиҷаҳои таҳлилҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собит менамояд, ки имрӯз фазои шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳадафҳои гуногун, хусусан барои расонидани хабару навигариҳо, оммавӣ намудани мушкилоти мавҷуда, таъсир ба раванди қабули қарор, тарҳрезии иқдоми таблиғотӣ, муаррифии дастовардҳо, рушди тиҷорат, рушди туризм ва ғайра васеъ истифода мешавад. Дар баробари ин, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва умуман шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва набардҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ низ ба мушоҳида мерасад, ки дар ин хусус маводи иттилоотии вазорату идораҳои масъул пахшу нашр шуда буд. Дар ду соли охир як
е-mail: javonontj@mail.ru
рақобатпазир кунад, барои дар ҳавзаи худ нигоҳ доштани манбаъҳои шаклдиҳандаи афкори ҷамъиятӣ шароити лозима ба вуҷуд меоварад ва ҳифзи дастовардҳои Ваҳдати миллӣ бо шеваи муосиру интеллектуалӣ таъмин мегардад. - Барои безарар ва ё ҳадди ақал кам кардани таъсири расонаҳои хориҷӣ ба мафкураи шаҳрвандон, хусусан ҷавонон чӣ бояд кард? - Барои ин муҳим аст, ки баъзе зарофатҳои ҷаҳонӣ, бо дарназардошти воқеияти дохилӣ ба таври мутавозин барои шаҳрвандон пешниҳод шавад. Зеро имрӯз танҳо ба воситаи пешниҳоди продукти пурмуҳтаво таъсири ҳадафмандона ба афкори ҷамъиятии ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ имконпазир аст. Дар умум, ҷанги иттилоотӣ ба воқеияти бебаҳс мубаддал гардида, бо дарназардошти он ҳифзи дастовардҳои
9
е-mail: javonontj@mail.ru
10
“Хостам касбам замонавӣ бошад” Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ Ҷавоҳир субҳ дамидан замон бармехезаду бо рӯҳи болида ба сӯйи кори хеш мешитобад. Ӯ шояд имрӯз бо чандин мизоҷ ҳамсуҳбат шаваду баҳри бартараф намудани мушкилоти онҳо ёрӣ расонад. Бисёре аз корафтодагон, ки ба коргоҳи онҳо меоянд, мушкилоти молӣ доранд. Аз ин рӯ, ӯ мекӯшад, то мушкили як нафарро осон намояду дар ҳалли мушкили дигаре саҳим бошад. Чунки ба нафаре кӯмак намуданро мақсади хеш қарор додааст. Замоне ки аз фаъолияти ӯ як мизоҷ розӣ мегардаду барояш изҳори ташаккур менамояд, худро саодатманд меҳисобад.
www.javonon.tj
СОҲИБКАСБ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №24 (9450), 16 июни соли 2016
Вақте дар мактаби миёна таҳсил мекард мехост пешаеро интихоб намояд, ки замонавӣ бошад. Бо ин мақсад доим ҳангоми таҳсил фаъолияти намунавӣ нишон медоду аз устодон офарин мешунавид. Ҳар гоҳ каме ба дарсҳояш бетаваҷҷуҳӣ мекард, аз устодон нармакак сарзаниш мешунид, то ҷиддиятро аз даст надиҳад. Ана, ҳамин гуна муносибати руҳбахшанда ӯро баҳри масъулиятшинос буданаш таҳрик медод. Ҷавоҳир Шодмонов зодаи ноҳияи Айнӣ буда, дар самти фаъолияти бонкӣ қадамҳои устувор мегузорад. Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дохил шуда, соли чорум аст, ки таҳсил менамояд. – Ҳар шахс ба пешае таваҷҷуҳ дорад. Ин чизро ҳеҷ гоҳ нафаре истисно карда наметавонад. Интихоби пешаи муҳосибӣ табиатан майли худам буд. Касе маро ба интихоби он тавсия надодааст. Чунки ҳанӯз аз овони хурдӣ дар худ фикри интихоби пешаи асосиро мепарваридам. Чунин ақида ба ҳар инсон бояд аз аввал дар дилаш бедор гардад. Зеро ба гуфтае “Ҳар касеро баҳри коре сохтанд”. Бисёр мехостам касбам замонавӣ бошад. Ин ҳама ниятҳои наку маро ба суйи ин касб бурд, - мегӯяд Ҷавоҳир. Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ ҳамеша мекӯшид, то донишҳои азхуд намудаашро дар амал низ татбиқ намояду бо ин роҳ таҷрибаи навро соҳиб гардад. Чунки бидуни пайвандии донишҳои назариявӣ ба амалӣ комёб шуданро ғайриимкон меҳисобид. Ин буд, ки аз соли сеюми таҳсил дар донишгоҳ бо муассисаҳои бонкӣ ҳамкорӣ менамуд. Ҳамин боис гашт, ки тариқи озмун ба Бонки “Эсхата” ба ҳайси коршиноси қарзӣ ба кор дарояд. Инак, як сол мешавад, ки дар бонки мазкур фаъолият дорад, аз пешаи интихобнамудааш қаноатманд аст. Ба андешаи ӯ, вақте шахс ба ҳадаф мерасад, худро осуда эҳсос менамояд. Ба таъкиди ӯ, ҳар ҷавон бояд аз шароите, ки мавҷуд аст, дуруст истифода барад. Инро шояд баъзе нафарон дертар дарк намоянд, вале ин ҳақиқат аст. Зеро дар ҳаёт ғайри худи шахс каси дигаре баҳри беҳбудиву комёбии ӯ кӯшиш намекунад. Фаъолияти бонкиро барои боло бардоштани сатҳи зиндагии мардум муҳим арзёбӣ карда, мегӯяд: - Вақте ба як нафар барои гузарони-
дани маросимҳои гуногуни оилавиаш маблағ лозим мешавад, ба мо муроҷиат менамоянд, ки мо ҳатман онҳоро дастгирӣ мекунем. Пас аз дарёфти маблағ онҳо хушҳол мешаванд, ки ин дар воқеъ мақсади ягонаи мост. Замоне ки мизоҷон аз мо розианд, пас дар ана ҳамон ҳолат мо худро муваффақ меҳисобем, - бо хушҳолӣ иброз дошт Ҷавоҳир Шодмонов. Ибтидои омадан ба кор тӯли се моҳ чун коромӯз тамоми нозукиҳои фаъолияти бонкиро омӯхт: - Ибтидои ҳама гуна фаъолият душворӣ дорад, - мегӯяд ӯ. - Дар аввал мушкилиҳо буданд, ки ба донишҳои иловагӣ рабт доштанд. Пас аз муддати муайян он ҳама дар гузашта монду чун коршиноси қарзӣ ҳоло фаъолият дорам. Умуман, инсоне, ки бо дили гарму самимӣ ба роҳи худ қадам мениҳад, бо боварӣ метавон гуфт, комёбӣ доим ҳамсафари ӯст”. Ҷавоҳир иброз дошт, ки ҳамон вақт метавон аз буҳрон безарар раҳо шуд, ки агар хароҷоти зиёдатӣ карда нашавад. Масалан, вақте як нафар пештар дар фасли гармӣ ду-се курта харидорӣ мекард, агар як то харидорӣ намояд ва аз ҳама ҷиҳат чунин сарфакорӣ сурат гирад, пас ӯ метавонад, ки бе зарари ҷиддӣ ин мушкилотро ҳам бартараф намояд. Бештар кӯшиш намудану ба худ гирифтани донишҳои зарурии соҳаи маври-
ди таваҷҷуҳро асоси комёбиву пешрафт меҳисобад. Ӯ мегӯяд, шояд бисёре аз шахсон пас аз хатми донишгоҳу ба кор рафтан, дигар чизе хондан намехоҳанд, ки ин, албатта, бохти аввалини онҳо мебошад. Вақте шахс дар баробари фаъолияти корӣ боз ба омӯзиши донишҳои нави вобаста ба касбаш ҷаҳд мекунад, кораш метавонад рушд ёбад. Чун дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, фикрашро вобаста ба ин ҷашни таърихӣ пурсон шудем, ки бо рӯҳияи болида чунин ибрози назар намуд: “Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Мо - ҷавонон бояд ободиеро, ки маҳз бо файзи ваҳдат насибамон гардидааст, қадрдонаш бошем, саъй кунем, ки ин неъмати бебаҳо ҷовидона бимонад. Дар ҳамон ҳолат мо худро муҳофизи ин ҳама арзишҳои воло гуфта метавонем”. Бо дили пур аз орзуҳо ба сӯйи қуллаҳои муроду мақсадҳои хеш равона асту таманнои онро дорад, ки аҳдофи накӯяш ҷомаи амал мепӯшанд. Барои амалӣ сохтани ин ҳама гуфтаҳояш пайи омӯзишу кор аст. Дар ин роҳ серҳаракат будану нисбат ба кор масъулиятшинос буданро омили асосии расидан ба мақсадҳояш меҳисобад. Мо дар ин ҷода ба ӯ барор мехоҳем.
Мукаррама ҚАЮМОВА:
Бо мардум кор кардан мушкил аст Дар кӯчаҳои Душанбе аз сокинон пурсидам, ки кадом либос барои фарҳанги мо бегона аст? Бархе либоси аврупоиро ишора карда, баъзе либосҳои хоси давлатҳои исломиро ба фарҳанги тоҷик бегона гуфтанд. Нафароне ҳам изҳор доштанд, ки “зани тоҷик бояд пеш аз ҳама тоҷикона бипӯшад ва тарзи пӯшишаш диққатҷалбкунанда ва вайронкунандаи ахлоқу одоб набошад”. Барои боз ҳам равшантар фаҳмондани ин мавзуъ ба яке аз тарроҳони машҳури кишвар, раиси Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардуми тоҷик “Ҳафт пайкар” Мукаррама Қаюмова суҳбат намудем. - Маълум аст, ки ҷавонон ба хотири завқашон ба муди аз ҳама охирон, ба либосҳои аврупоӣ ё арабӣ майл мекунанд. Оё мумкин аст завқи ҷомеаро дар масъалаи либоспӯшӣ тағйир дод? - Имрӯзҳо дар ҷомеа сари мавзӯи сару либоси бонувон баҳсу мунозираҳои зиёд сурат мегиранд. Вале мардумро ҳам маҷбур карда намешавад, ки ин либосро пӯшу он либосро напӯш. Бояд худаш ақлу фаросаташро ба кор бурда, онеро пӯшад, ки не боиси масхаараш дар ҷомеа гардаду не шармовар бошад. Солҳои охир бархе аз бонувони тоҷик либосҳои ҳарири чок-чоки аврупоӣ ва бархе либосҳои сиёҳи танги ба ном сатри авратро мепӯшанд, ки ба маданияту маърифати халқи мо бегона аст ва табиист, ки дар ҷомеа як навъ эътирозро ба миён меорад. Албатта, дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна қонуне пӯшидани либосро барои омма ба танзим намедарорад, вале ин маънои онро надорад, ки мо ба ин масъала бетарафӣ зоҳир намоем. Танҳо
метавон низомномаи Вазорати маориф ва илмро Наҷиба дар бораи сару либоси мактабӣ ва таъкидҳои МУРОДБЕКОВА Президенти кишварро дар мавриди пӯшидани либоси миллӣ ном бурд, дукони бозорҳои ватанӣ ба ки ба ин масъала равона шуда, аҳамияти либоси милли- фурӯхтани чунин либосҳо машғул буда, соҳиби даромад ро ҷиддӣ таъкид мекунанд. Ман фикр мекунам, ки мегарданд. - Оё волидон метавонанд имрӯз бо мардуми мо кор кардар либоспӯшии фарзандонадан хеле мушкил аст, зеро мо наметавонем зоҳири онҳоро шон таъсир дошта бошанд? тағйир диҳем. Ин ба худи ҳар Умуман, дар майл кардани ҷавонон ба либоси бегона воинсон вобастагӣ дорад. - Замони имрӯз замони лидон то куҷо саҳм доранд? - Занон дар тарғиби ҷаҳонишавӣ ё глобализатсия муқаддаси аст. Дар натиҷаи глобали- арзишҳои затсия фарҳанги минтақаву оиладорӣ ва баланд бардошкишварҳои гуногуни олам тани фарҳанги хонаводагӣ ба ҳам омезиш меёбад. ҳиссаи муносиб мегузоранд Бешубҳа майл кардани ҷомеа ва ба ин восита мақоми занба фарҳанги либоспӯшии модарро, ки пешбарандаи хориҷиҳо аз ҳамин сабаб аст. ҷамъият, нуру зиёи ҳаёт ва Дар ин замони бархурду оме- асоси бахту нишот дар тарбизиши фарҳангҳо фарҳанги ху- яи фарзанд саҳми калонтар дамонро чи тавр муҳофизат мебозад, бояд ҳамарӯза аз бояд кунем, то зери таъсири хона баромадани фарзандро фарҳанги дигарон несту нобуд бинад. Тавонад ба фарзандаш бо муомилаи хуш рафнашавад? - Вақте инсон худогоҳ аст, тор кунад, то ки фарзандаш худаш ба фарқи сафеду сиёҳ аз гуфтаҳои ӯ ибрат гирад. меравад. Мефаҳмад, ки ин ё Агар ним рӯзи бача ё духтар он чиз барояш хуб аст ё бад, дар мактабу донишгоҳ гузаба ӯ мезебад ё намезебад. рад, бисёри вақти дигараш Вале имрӯз мо дар замоне дар назди падару модар мезиндагонӣ дорем, ки фаҳмиши гузарад. Аз ин лиҳоз модарон ҷавонон аз фаҳмишу ба фарзандони худ ҳам дар ҷаҳонбинии ҷавонони асри шакли зоҳириашон, яъне сару гузашта ба куллӣ фарқ меку- либосашон ва ҳам дар шакли над. Онҳо кӯшиш мекунанд ботиниашон, яъне ахлоқу одобаробари замон бираванд. башон таъсири амиқ дошта Аммо набояд фаромӯш кард, метавонанд. Онҳо бояд аз ҳар ки мо - мардуми тоҷик расму рафтори фарзанди худ огоҳ оини хешро дорем. Ман чун бошанд. Ба тарзи либоспӯшӣ, тарроҳ ба бисёр кишварҳои одобу рафтор, ахлоқи ҳамида хориҷӣ сафарҳои ҳунарӣ до- доштанаш аҳамияти хоса штам. Пештар дигарон дар бо- диҳанд. Бинобар ин, падару раи расму оини мо, фарҳангу модарон аснои харидани лисару либоси мардуми мо на- бос ба фарзандони худ таъкид медонистанд. Имрӯз мо ба намоянд, то дар интихоби ликишварҳои гуногуни олам бос бо диққат бошанд. Ногуфсафарҳои ҳунарӣ мекунем ва та намонад, ки яке аз шаклҳои аз ин тариқ фарҳангу либоси коллективона ва назариявии миллиро муарифӣ менамо- ҳамкорӣ, ки дар ҷодаи афзунем. Хушбахтона, таваҷҷуҳи гардонии фарҳанги педагогимардуми хориҷӣ ба мо зиёд ву ҳуқуқии волидайн нақши шудааст. Акнун онҳо андак- арзанда дошта, дар як вақт меандак огоҳӣ меёбанд, ки ка- тавонад фарогири доираи нисдом либоси миллии моро дар батан васеи падару модарон куҷо ва кай ба бар кунанд. бошад, маҷлиси умумимактаМутаассифона, дар худи киш- бии волидайн маҳсуб меёбад. вари мо мардум ба либоси Дар доираи ин чорабинӣ, ки миллӣ камтар таваҷҷуҳ до- дар як сол 1 ва ё 2 маротиба ранд. Зеро мардуми мо ба баргузор шуданаш мумкин аст, ҳамон либосҳои бегона одат дар баробари ҳалли як қатор карданд ва наметавонад онро масъалаҳо, инчунин ҳалли бо сабабҳои гуногун иваз на- масъалаҳои ахлоқӣ, алалхумояд. Гумон мекунам, дар ин сус шеваи либоспӯшии бачаҳо ҷо манфиати бозор низ ба на- низ матраҳ мегардад. - Ташаккур барои суҳбат. зар гирифта шудааст. Даҳҳо
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН
11
Терроризм ва экстримизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Эмомалӣ РАҲМОН
Бархе аз кишварҳо бо сабаби он ки бозиҳои интернетӣ кӯдакон ва наврасонро ба зӯроварӣ ва дағалӣ водор месозад, дастрасии эшонро ба ин сарчашмаҳо кӯтоҳ кардаанд. Ба ин васила таъсири манфии сомонаҳои гуногуни интернетӣ ба мафкураи ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба ҳар гуна гурӯҳу равияҳои тундрав то андозае пешгирӣ мешавад. Ин гуна тадбирҳо имкон медиҳанд насли наврас солимақлу бофарҳанг ба камол расида, ояндаи дурахшон дошта бошанд. Дар Тоҷикистон низ бо пешрафти илму техника интернетро ҷавонону наврасон фаровон истифода мебаранд. Албатта, бо интернет пайваст будан хуб аст. Он ҷо дарёфти иттилооти лозима осонтар аст. Кас метавонад аз ахбори ҷаҳон сари вақт огаҳ гардад. Мутаассифона, на ҳама сарчашмаҳои интернетиро барои манфиат ва саводнокӣ истифода мебарад. Беҳуда побанди сомонаҳои интернетӣ шудани бархе аз ҷавонон боиси вайрон шудани мафкураю рӯҳияи онҳо мегардад. Дар натиҷа бадхашму гапногир шуда, ҳурмати волидонро ба ҷо намеоранд. Ба дарсҳо кам аҳамият дода, ҳушашон пайваста ба сомонаҳои интернетист. Маҳз тавассути интернет бисёр ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла шомили созмони террористии ДИИШ гардида, побанди хоҷагони бегона шуда, умри ҷавони худро баҳри манфиатҳои ҷоҳу ҷалолхоҳон беҳуда хазон месозанд. Ҳоло бисёр ҷавондухтарон низ «ошиқ»-и интернет гашта, рисолати худро дар ҷомеа фаромӯш месозанд. Зан будани худро аз ёд бароварда, на пухтупазро меомӯзанду на дӯхтану шӯстанро. Вақте оиладор мешаванд, ҳеҷ коре аз дасташон намеояд ва кор то вайроншавии оила рафта мерасад. Падару модарон ҳам дар тарбияи фарзандон чандон диққати ҷиддӣ зоҳир намесозанд. «Фарзандам бо интернет дарсашро тайёр мекунад», - гӯён боре ҳам компютер ё телефони мобилии фарзандонро зери назорат гирифтан як тараф, тафтиш намекунанд. Ҳол он ки мумкин аст, аз машғул шудан ба интернет бачаҳоро ба мутолиаи китоб шавқманд гардонем. Чун китоб метавонад саводнокии шахсро баланд бардошта, ӯро бофарҳанг созад. Илова бар он, китоб ба саломатӣ умуман зараровар нест. Волидонро лозим аст аз хурдсолӣ фарзандонро бо қаламу коғаз, китобу дафтар ошно созанд. Ин баҳри камолоти ояндаи фарзанд таъсири мусбат дорад. Баъзе аз волидон аз хурдӣ ба кӯдак ҳар гуна бозичаҳое, ки ба рӯҳияи кӯдак таъсир мерасонад, туҳфа мекунанд. Масалан, таппончаи кӯдакона, телефони мобилӣ ва тамошои филмҳои даҳшатовар ба кӯдаки хурдсол зуд таъсир расонда, оянда мувофиқи он амал мекунад. Вақте ки ба камол мерасад гумон аст, ҳурмати волидонро ҳам ба ҷо орад. Аз он ки бо атрофиён муомилаи дуруст карда тавонад, ҳоҷати гап ҳам нест.
Насиба НАЗАРЗОДА, донишҷӯ, рассоми ҷавон
Одоби салом аз байн рафтааст Гузаштагони ҳаётдидаи бошарафи мо саломро алифбои одоб номида буданд. Онҳо ба ҳама - хоҳ хурд, хоҳ бузург, хоҳ шинос, хоҳ ношинос салом медоданд. Беҳуда дар урфият саломро қарзи Худованд нагуфтаанд. Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо ин одат қариб ки дида намешавад. Одоби салом аз байн рафтааст ҳам гӯем, хато намекунем. Салом кардан изҳори хайрхоҳӣ, оромӣ, саломатӣ ва самимияти байни одамон буда, ба ҷо овардани он нишони бомаданият будани ҳар шахс мебошад. Яъне, салом кардан саломат ва осудагии ҳамдигарро хостан, ба ҳамдигар тинҷию амонӣ ва сулҳу осоиштагӣ орзу намудан аст. Афсӯс, ки имрӯз дар кӯчаю хиёбонҳо касе ба касе салом намедиҳад, агар салом ҳам додӣ, ҷавобашро намешунавӣ. Дар солҳои пеш хурдсолон аз калонсолон ибрат мегирифтанд, аммо имрӯз ҳатто мӯйсафедон ба салом алейк намегиранд. Пас хурдсолон ва насли ҷавоне, ки дар ин муҳит ба воя мерасанд, аз чӣ умедвор шаванд? Имрӯз дар ҷойҳои ҷамъиятӣ афсӯс, ки дар мавриди салом
Мусои БОБОҲОҶӢ, донишҷӯи курси якуми ДМТ
Терроризм - бадтарин марази ҷомеа Терроризм аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънояш тарс, даҳшат, сиёсати тарсонидан ва фурӯ нишондани душмани сиёсӣ бо роҳи зӯрӣ, ҳатто бо ҷазоҳои ҷисмонӣ, куштор ва ғайра шарҳ дода шудааст. Имрӯз ҷаҳони муосир ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ аст, ки аз ҳама хатарноктаринаш терроризм мебошад. Хусусан шакли байналмилалии терроризм, яъне терроризме, ки ба тамоми миллатҳо ва амнияти инсоният таҳдид мекунад. Имрӯз терроризми байналмилалиро қабои динӣ пӯшонда, онро бо ибораҳои терроризми динӣ ё терроризми мазҳабӣ низ ёдовар мешаванд. Ҳаракатҳои террористии ба ном исломӣ оламро дар ваҳшоният қарор дода, аҳолии осоиштаро кушта, кишварҳоро харобу ғарқи хун кардаанд. Аламовар он аст, ки барои амалӣ кардани ғаразҳояшон гурӯҳҳои террористӣ аз нерӯи ҷавонони кишварҳо истифода мебаранд. Ҷавонон ҳам ба гуфтаҳои ашхоси алоҳида гӯш дода, бидуни таҳлилу идрок аз пайи онҳо мераванд ва умре сарсон мегарданд. Бадтар аз ин ҳам ба ҷони худ ҷабр мекунанду ҳам аҳли оилаи худро дар ғаму андӯҳ мешинонанд. Дар замони мо шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳое ҳастанд, ки мехоҳанд ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Онҳо барои ин хостаи худ иродаи бархе аз ҷавононро аз дасташон гирифта, ба қисме аз онҳо нашъаву ҳар гуна доруҳо гузаронда, аз худ бехудашон мекунанд ва барои татбиқи нақшаҳояшон истифода мебаранд. Барои мисол, ҳамин кофист, ки зиндагии чанде аз онҳои ба Сурия рафтаву даст ба сина зада “мо ҷиҳод мекунем” гӯён аз тариқи шабакаи интернет таблиғот мебаранд, шинос шавем. Бештари онҳо дар гузашта ё дузду ҷинояткор будаанд ё нашъаманд. Онҳое, ки аз ин кирдор дур будаанд, пас ба он ҳад сода будаанд, ки тавонистанд ба фиребу найранг дода шаванду аз зиндагиву мустақилияташон маҳрум гарданд. Гурӯҳҳои бадхоҳ ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳояшон аз дин моҳирона истифода мебаранд. Барои он ки медонанд, ҷавонон хоҳ нохоҳ заъфи эътиқодӣ доранд ва дар баробари ин дониши мукаммалро дар бораи эътиқод ё динашон соҳиб нестанд. Аз ин рӯ шахсони бесавод, камтаҷриба ва ноогоҳ аз илмҳои диниву дунявиро ба дом мекашад. Ҷавонон ки нерӯи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, набояд фирефтаи ташвиқоти дурӯғи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ гарданд. Ин андеша, ки ҷавонони мо дар ҷангҳои кишварҳои бегона иштирок мекунанду дар ҳолати ҳалок гардидан шаҳид мешаванд, тамоман ғалат аст. Чӣ тавр шаҳид мешаванд, вақте тифлаконро ятим, занҳоро бева, ҷигари модари нафареро, ки ба қатл расондааст, реш-реш мекунад? Ҳол он ки дини ислом одитарин шиканҷаро ба кас раво намебинад. Тавре гуфта мешавад, ҳар ки хуни як шахсро резад, ҳамчунон аст ки хуни тамоми одамонро рехта бошад. Агар як касро аз куштан наҷот диҳад, ҳамчунон аст, ки тамоми башариятро аз куштан наҷот дода бошад. Ба андешаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон террорист ватан, дин, мазҳаб надорад. Ин гуфтаҳои Пешвои миллатро тасдиқ карда гуфтаниам, ки ислом ҳаргиз тарафдори одамкушӣ набуд ва мусалмон террорист нест ва террорист ҳеҷ гоҳ мусалмон шуда наметавонад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки Расули акрамро ҳамчун ҷангҷӯ ва дини исломро ҳамчун дини зулму шиканҷа ва куштор нишон диҳад. Барои пешгирии ин амалҳои номатлуб пеш аз ҳама лозим аст, ки ҳамон мазҳабе, ки дар кишвари мо - Тоҷикистони азиз роиҷ аст ва ин қадар сол бобову бобокалонҳои мо ба он пайрав буданд, дар макотиб, донишкадаву донишгоҳҳои кишвар таълим дода шавад, то насли ҷавон баробари илмҳои дунявӣ аз улуми дин ҳам огоҳ бошад. Дар ин сурат мумкин мегардад, ки ҷавонон сиёҳро аз сафеду хубро аз бад, ҳеҷ набошад мафҳуму маънои дурусти ҷиҳодро дарк мекунанд. Ташкил намудани вохӯриҳои кормандони ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав дар омӯзишгоҳҳо бештар ба роҳ монда шавад. Гарчанде ки пешгирии ин амалҳои номатлубро кормандони ҳифзи ҳуқуқ бар дӯш доранд, лекин ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифадор аст, ки саҳми худро дар ба пешгирии ҷавонон аз гурӯҳҳои экстримистӣ гузорад. Падару модаронро зарур аст, ки фарзандони худро аз шабгардӣ, бисёр вақт гузарондан дар марказҳои интернетӣ манъ кунанд, зеро яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстримистӣ ва пайравӣ кардан ба ақидаҳои бегона ва тундрав маҳз шабакаҳои интернетианд.
Ҳусниддин ТАҒОЙҚУЛОВ, донишҷӯи ДМТ
www.javonon.tj
додан ё чӣ гуна салом кардан баҳсу мунозираҳо намешавад. Ҳамаи ин масъаларо ба мактабу омӯзгорон во гузоштаанд, ки ин нишонаи беаҳмиятии мо мебошад. Маълум мешавад, ки имрӯз дар хонаҳо ҳатто дар бораи салому алейк, нишасту хез падару модарон ба фарзандон насиҳат намекунанд, ки ин нишонаи танбаливу коҳилӣ ва бепарво будан нисбат ба ҷомеа ва тақдири миллат мебошад. Салом кардан агар аз ҷиҳати динӣ савоб бошад, аз ҷиҳати дунявӣ маданият, одобу ахлоқ ва дар кадом оила ба воя расидани шахсро мефаҳмонад… Имрӯз дар ҷамъияти мо ба ҷойи он ки бояд «Ассалому алейкум»-ро шунавем, калимаҳои ба забони мо бегона «Привет, братан», «Приветики» ва дигар суханҳои забонҳои бегонаро истифода мебарем, ки ба коста шудани забони адабии мо ва ба ояндаи кӯдакону наврасон таъсири ҷиддӣ мерасонад ва онҳо низ ба мисли мову шумо бо ҳамин калимаҳои дағалу пучу бемаънӣ байни ҳамдигар ҳолпурсӣ хоҳанд кард. Бинобар ин, қайд кардан ба маврид аст, ки дар аксари кишварҳои дунё тарзи салом додан равиши хос дорад. Аммо дар кишвари мо… Бо пайдо шудани телефони мобилӣ одати салом додан тамоман дар байни ҷавонон риоя намешавад. Саросема гапро мегӯянду бе салому алейк телефонро хомӯш мекунанд. Муҳим буд шудани кор аст, на пурсидани саломативу сиҳатии рафиқашон. Ҳарчанд аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастури одоби салом барои тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии, асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоӣ касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, дар таблоҳои мактабҳо насб шуда бошад ҳам, аммо мутаассифона тарзи салом додан ҳоло низ риоя намешавад.
е-mail: javonontj@mail.ru
Интернет эҳтиромро дур мекунад
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №24 (9450), 16 июни соли 2016
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
12
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №24 (9450), 16 июни соли 2016
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, паҳлавони машҳури тоҷик, ки миёни ҳаводорони гуштии ҷудо бо тахаллуси “Ҷага” машҳур аст, ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-деЖанейрои Бразилро пайдо кард. Ин дуюмин роҳхати варзишгарони тоҷик аз ин намуди гуштӣ мебошад. Бар асоси рейтинги охирини ҷаҳониву олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо нашр шудааст, Комроншоҳи Устопириён дар байни 278 ҷудочии ҷаҳон дар мақоми 11-ум қарор дорад. Вай ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 роҳ ёфтааст. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило дар байни 188 нафар дар зинаи 48ум ҷой гирифтааст. Ӯ бо саҳмияи қитъавӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудааст. Муҳаммад Абдураҳмонов ҳамагӣ 30 сол дорад. Ӯ 29-уми ноябри соли 1986 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад. Бо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов оид ба фаъолияти варзишӣ ва омодагиҳояш ба Бозиҳои олимпии Рио-деЖанейрои Бразил суҳбат кардем. Азбаски барои ҳаводорони варзишгар тахаллуси ӯ бештар мароқовар аст, хостем инро барояшон ифшо созем... - Муҳаммадмурод, Шуморо барои роҳхат ёфтанатон ба Бозиҳои олимпӣ муборакбод мегӯем. - Ташаккури зиёд. - Шуморо миёни мухлисонатон бо тахаллуси “Ҷага” мешиносанд. Чаро? - Аз вақте ки худамро мешиносам, ин тахаллус миёни мардум ба ҷои номи ман истифода мешавад. Онро бобоям баробари таваллуд шуданам ба ман мондааст. Дар даврони шӯравӣ як филми ҳиндӣ намоиш дода мешудааст, ки миёни мардум мухлисону ҳаводорони зиёд дошт ва бобои ман ҳам ин филмро зиёд тамошо мекард. Қаҳрамони филм Ҷага ном дошт. Ба хотири ҳунари баланди он ҳунарманди ҳинд бобоям маро Ҷага гуфта, навозиш мекард. То иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маро бо номи Муҳаммад Абдураҳмонов касе намешинохт. То ҳол дӯстону наздикон ва ҳаводорон маро Ҷага мехонанд. - Ба варзиш кӣ роҳнамоиатон кард?
Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ:
ҳакамӣ намекард. Ин барои варзишгарони мо бисёр бад буд. Бо ҳамин сабаб дар аксар мусобиқаҳо нисбати паҳлавонони тоҷик ноадолатӣ мешуд. Шукронаи Истиқлолияти кишвар мекунем, ки имрӯз доварони мо ҳам қатори дигарон дар семинарҳои бузург иштирок мекунанду аз нозукиву навгониҳои намудҳои варзиш огаҳӣ пайдо намуда, ба мо онҳоро меомӯзонанд. Имрӯз як довари тоҷик - Рамзӣ Шарифов дар мусобиқаҳои байналмилалӣ доварӣ мекунад. Ин барои варзишгарони тоҷик фахр аст. Иштироки доварони ватанӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба-
- Соли 2011 зимни як мусоҳиба дар ҳафтаномаи “Миллат” таъкид намудед, ки дар Тоҷикистон дар риштаи гуштии миллӣ ҳарифи асосӣ Набимуҳаммад Хоркашовро меҳисобеду аз намуди ҷудо рақиб надоред. Ҳоло ҳам чунин аст. Сабабашро дар чӣ мебинед? - Дар вазни беш аз 100 кило дар кишварамон миёни варзишгарон рақобат нест. Ман аз соли 2007 то ҳол қаҳрамони Тоҷикистон мебошам. Дар баробари ин, кӯшиш мекунам, ки ҳама нозукиҳои ин намуди гуштиро аз худ кунаму рейтингеро, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ дорам, нигоҳ дорам. Набудани рақобат аз паҳлуи дигар бад аст. Ин моро танбал мекунад, ки таъсирашро дар мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ бештар эҳсос мекунам. - Тайёрии пеш аз олимпиадавии худро дар куҷо мегузаронед? То имрӯз ҳамаи омодагиҳоямонро дар кишвар гузаронидаем. Тасмим гирифтем, ки пеш аз олимпиада низ омодагии худро дар Тоҷикистон гузаронем. Барои ин мо 20 рӯз тамринҳои худро дар кӯҳҳои кишвар мегузаронем, ки бисёр боду ҳавои мусоид дорад. Давоми 20 рӯз мо танҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ худро омода месозем. Баъдан барои тактикаро хуб гардонидан ба шаҳри Душанбе омада, бо мураббиён дастаҷамъона тайёрӣ мебинем. - Варзишро пешгӯӣ намудан душвор аст. Аммо боварӣ ба худ ними ғалаба аст, мегӯянд. Бовариатон чӣ гуна аст, ҷоизадор мешавед? - Албатта, ҳар варзишгар ба умеди медал ба олимпиада меравад. Ҳарифонам пуртаҷриба мебошанд. Ба олимпиада паҳлавонони тасодуфӣ намераванд. Ин иқболи варзишӣ аст. Кӯшиш мекунем, ки дар олимпиада ҳунарнамоии хуб кунему бо сари баланд ба Ватан баргардем. - Биёед, сари мавзӯи рушди варзиш дар кишвар ва бештар ривоҷ ёфтани ин соҳа сухан гӯем. Саҳми доварони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ чӣ гуна аст? - То солҳои наздик аз Тоҷикистон ягон довар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ
рои варзишгарон қуввати дил аст. - Ба фикри Шумо барои омода намудани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ таҷрибаи мураббиёни мо мерасад? - Барои як варзишгарро ба сатҳи олимпиада омода намудан аз мураббиён машаққатҳои шабонарӯзиро талаб мекунад. Мураббиёни мо аксар ҷавонанд. Онҳоро бояд зиёдтар ба семинару машваратҳои сатҳи байналмилалӣ равон созем, то аз навгониҳо дар ин ё он намуди варзиш огаҳӣ пайдо кунанд. Мураббиёни боқувват зиёд дорем, аммо таҷрибаашон барои омода намудани варзишгар дар сатҳи байналмилалӣ кофӣ нест. Бояд онҳоро зиёдтар ба курсҳо сафарбар намоем. - Барои омода шудан дар мусобиқаҳои пеш аз олимпиада бо чанд варзишгари дигар дар назди мураббии рус Владимир Елчанинов тамрин намудед, саҳми ӯро дар роҳхат ёфтанатон ба Бозиҳои олимпӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Елчанинов Расул Боқиевро ҳам ба олимпиада омода намуда буд. Мо тайи чанд вақт нозукиҳои ин намуди варзишро дар назди ӯ омӯхтем. Таҷрибаи зиёди корӣ дорад. Аз ҷиҳати равонӣ варзишгарро нағз омода мекунанд. Ӯ ҳунари варзишгарони тоҷикро эътироф мекунад ва ба онҳо боварӣ дорад. Елчанинов аз ҷиҳати равонӣ моро барои мусобиқаҳои пеш аз олимпиада нағз омода кард. Дар баробари ӯ паҳлавонони тоҷик худашон ҳам содиқона меҳнат мекунанд, ки ин рафтори варзишгарони тоҷик ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб ёфтани онҳо мураббии русро дар ҳайрат гузоштааст. Паҳлавонони тоҷик дар ниҳоди худ ҳамон маҳоратро доранд, ки мураббиёни дигар хоҳиши бо онҳо кор карданро мекунанд. - Аз соли 2013 Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо таъсис ёфт ва ҳар сол дар сатҳи баланд доир мешавад. Ташрифу омодагиҳои варзишгарони хориҷӣ ба ин мусобиқа чӣ гуна аст? - Ин як иқдоми хуб барои рушди ҷудои кишвар мебошад. Соли 2013 ман дар ин мусобиқа сазовори ҷои дуюм гардидам. Баъдан
Шодихони НАЗАР рақобат барои ин ҷом зиёд гардид ва хушбахттарин варзишгар ҳастам, ки чанд сол пай дар пай баранда мегардам. Омодагии варзишгарони хориҷӣ ба ин мусобиқа дар сатҳи баланд аст. Дар баробари ҷом ин мусобиқа мукофоти пулии нағз дорад, ки ҳар сол варзишгарони зиёд барои рақобат ба Тоҷикистон меоянд. Ҳамин гуна идома ёбад, солҳои наздик ин мусобиқа дар сатҳи мусобиқаҳои литсензионӣ
Роҳ ба охир нарасидааст - Падарам варзишгар буд. Аз рӯи намуди гуштии миллӣ дар маҳфилҳои Наврӯз ҳунарнамоӣ мекард ва маро бо худ мебурд. Ин сабаб гардид, ки шавқам ба гуштигирӣ бештар шавад. Инчунин падарам зиёд мехост, ки ман варзишгар бошаму гуштиро, ки аз гузаштагонам мерос мондааст, аз фаромӯш шудан нигоҳ дорам. Аз ҳамон вақт ба варзиш машғулам. - Варзиш ба Шумо чӣ дод? - Варзиш ба ман пеш аз ҳама шуҳрат дод. Варзиш буд, ки тавонистам то андозае Ватану миллатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоям. Гузашта аз ин, варзиш касби ман аст, аз ҳисоби он нон мехӯрам. Хулоса, варзиш як бахши асоси зиндагии ман гашт. - То роҳхат гирифтан ба Бозиҳои олимпӣ дар нақшаҳои пеш аз олимпиадавии худ кадом муваффақияту нокомиҳо доштед? - Нақшаҳо зиёд буд, вале на ҳамаашон амалӣ гардиданд. Дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз бурд дида, бохт зиёдтар буд. Мусобиқаҳое, ки барои роҳхат гирифтанам барои олимпиада замина гузоштанд, асосан инҳоянд: Ҷоми Осиё-2015, ки сазовори ҷои аввал гаштам, Гран-прии ҷудо дар Узбекистон, ки мақоми сеюмро касб кардам ва Чемпионати Осиё, ки мақоми панҷумро ишғол намудам. Ин мусобиқаҳо барои роҳхат гирифтан ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро имтиёзи даркориро таъмин карданд. - То роҳхати олимпӣ гирифтан дар мусобиқаҳои зиёд иштирок кардед, бо ҳарифони зиёд қувваозмоӣ намудед, аз миёни онҳо дар олимпиада ҳарифи асосӣ киро меҳисобед? - Дар раддабандии Бозиҳои олимпӣ дар вазни беш аз 100 кило 188 варзишгар номнавис шудаанд, ки ман дар зинаи 48-ум қарор дорам. Аз миёни онҳо варзишгари боқувват ва пуртаҷриба паҳлавони Фаронса Теди Ринер аст. Ӯ 8 сол мешавад дар мусобиқаҳои бонуфуз ва олимпиадаҳо қаҳрамон мегардад. Аз Бразил Силва Рафаел ва паҳлавонони Ҷопон ҳам бисёр боқувват мебошанд. Ман бо аксари онҳо қувваозмоӣ намудаам, ҳарчанд муҳорибаро бохта бошам ҳам, лекин онҳо пирӯзиро осон соҳиб нашудаанд.
баргузор мегардад, ки барои рушди ҷудо дар кишварамон заминаи хуб фароҳам месозад. - Соли 2015 ба хотири рушди варзиш дар кишвар аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи Президент барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ таъсис ёфт. Аз нигоҳи Шумо ин иқдом дар рушди варзиши кишвар чӣ саҳм мегузорад? - Боиси хурсандист, ки Пешвои миллат бевосита ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Баъди мулоқоти Сарвари давлат бо варзишгарон дар соҳаи варзиши кишвар як такони ҷиддӣ ба миён омад. Дар баробари сохта шудани иншооти наву замонавӣ силсилаҷоизаю мукофотпулиҳо барои варзишгарон роҳандозӣ гардид, ки як дилгармие барои варзишгарони тоҷик шуд. Таъсиси Ҷоизаи Президент иқдоме буд, ки аксар варзишгарони моро дубора вориди тамрингоҳҳо намуд. Онҳо эҳсос намуданд, ки заҳматашон аз ҷониби Ҳукумат қадр мешавад ва бо як дилу нияти гарм барои муаррифии Ватан дар арсаи ҷаҳон муборизаро идома медиҳанд. - Рио-де-Жанейро ҷамъбасти карйераи варзишиатон мешавад ё муҳорибаро барои Олимпиадаи 2020 давом медиҳед? - Давраи аз ҳама баланди варзишгар, ки имкони зиёд натиҷаи назаррас доданро дорад, то 30-солагӣ аст. Шояд ин охирин олимпиадае бошад, ки иштирок мекунам. Баъди олимпиада барои дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ муҳорибаро идома медиҳем, вале барои олимпиадаҳои навбатӣ кӯшиш мекунем, ки паҳлавонони ҷавонро тарбия намоем. - Ба мухлисон ва ҳаводорони ҷудо чӣ гуфтанӣ ҳастед? - Пеш аз ҳама барои онҳо тансиҳатӣ мехоҳам. Баъдан ба онҳо гуфтаниам, ки ҳамеша шукри тинҷию оромиро кунанд. Сулҳу субот дар кишвар побарҷо бимонад, мо - варзишгарон то охирин нафас барои муаррифии миллату давлат мубориза мебарем. - Ташаккури зиёд барои суҳбат, мо низ дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро барои Шумо ва дигар варзишгарони тоҷик муваффақият таманно мекунем.
ПОЧТАИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №24 (9450), 16 июни соли 2016
13
8-уми январи соли 2009 дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти равияи динии «Салафия» дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шуд. 8-уми декабри соли 2014 бошад, бо ҳалномаи Суди Олӣ равияи динии «Салафия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳоди экстремистӣ (ифротӣ) эътироф гардид. 14-уми апрели соли 2015 мутобиқи ҳалномаи Суди Олӣ ташкилоти «Давлати исломӣ» («Давлати исломии Ироқу Шом») экстремистӣ-террористӣ эътироф ва фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ, сомонаҳои интернетии он баста шуда, ба қаламрави ҷумҳурӣ воридоту паҳни сабтҳои аудио, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои ин ташкилот мамнуъ эълон шуд.
Фидоии касби хеш Панҷоҳ сол муқаддам, 17 июни соли 1966 аз таваллуди як тифли навзод мардуми деҳаи Сайёди ноҳияи Дарвоз шоду масрур гаштанд. Хусусан шодии падару модар, бобою бибиро ҳадду канор набуд. Бо як ҷаҳон умеду орзуҳои нек ба тифл исми Саидшо гузошта шуд. Бо ҳукми тақдир Саидшо хеле барвақт, аз семоҳагӣ аз модар ятим монд. Дар ин айём тарки оғӯши гарми модар сангин аст. Ин ҳолатро танҳо нафароне дарк хоҳанд кард, ки азоби бемодарӣ кашидаанд. Саидшо Таибов дар тарбияи бобою бибияш монд. Ӯ мегӯяд: «Агар тамоми сарвату дороии ҷаҳонро ҷамъ оварӣ, ба як тори муйи модар баробар намешавад…» Ӯ барои таскини қалб ва дур кардани эҳсоси бемодарӣ ба хондан ва сароидани шеърҳои ҳузнангез, ки мазмуну муҳтавои онҳо ифодагари мақому манзалату бузургии модар буд, оғоз кард. Чунончи гуфтааст: Агар як шаб ба хоби ман дароӣ, Ҷамоли модарӣ бар ман намоӣ, Қаноат мекунам аз зиндагонӣ, Куҷоӣ модари ҷонам, куҷоӣ? Равам пурдарду армон бар диёрат, Ба ҳасрат бингарам сӯйи мазорат. Ба серӣ шири ту модар нахӯрдам, Даме н-осудаам ҳам дар канорат. Зи сӯзи дарди модар нотавонам, Ба ғам охир гузашт умри ҷавонам. Нишаста солҳо бо ёди рӯят, Даме шодии дунёро надонам. Ё ин ки дар ҷойи дигар мефармояд: Эй сабза, бибӯс модари хоби маро, Пайғом расон давлати ноёби маро.
Мӯсо АБДУҚАҲҲОРОВ
Вале бо вуҷуди амру қарорҳои мазкур нафароне ёфт мешаванд, ки ба таблиғи ғояҳои ифротиву террористӣ ё равияҳои дар кишвари мо мамнуъ машғуланд. Чунончи Умарзода Сайбурҳони Довуд бар хилофи талаботи ҳалномаҳои Суди Олӣ амал карда, бо мақсади дар шаҳри Кӯлоб ташкили фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ-динии равияи экстремистидоштаи «Салафия» ва ташкилоти экстремистӣ-террористии «ДИИШ» тавассути телефони мобилӣ бо Ашуров Тоҳир Қурбоналиевич робитаи ҷиноятӣ барпо намуд. Ӯ тахминан аввалҳои моҳи декабри соли 2015 то 20-уми январи соли 2016 давра ба давра дар шаҳри Кӯлоб аз телефони мобилии Ашуров Тоҳир истифода бурда, маводи матнӣ, аз қабили “Ҳаром будани мусиқӣ”, “Бидъат. Муллифаш Аллома шайх Ибни Боз”, “Ҷашн нагирифтани мавлуд”, “Хатоҳо дар ақида”-ро, ки хусусияти экстремистӣ дошта, ба равияи “Салафия” мансубанд, дар хотираи телефони мобилиаш нигоҳ дошт. Умарзода Сайбурҳон ин ва дигари матлабҳои мансуб ба ҳаракати террористии ДИИШ ва “Салафия”-ро истифода бурда, ҳамчунин онҳоро миёни ҳамсолонаш таблиғ кард. Аз ҷумла, ин мавод ба телефонҳои мобилии Қурбонов Эмомалӣ Холмуродович, Юнусов Акмал Содиқxонович, Ҳусайнов Комилxон Шодиxонович ва хоҳараш Мукаррамаи Довуд гузаронда шуд. 27-уми январи соли 2016 ҳангоми азназаргузаронии телефони мобилии Умарзода Сайбурҳони Довуд маводи зикршуда ва дигар сабтҳои видеоии хусусияти динидошта ёфт гардид. Мувофиқи хулосаи коршиносон оид ба ташхиси давлатии диншиносӣ дар сабтҳои видеоӣ, аудиоӣ ва расмҳои дар хотираи телефони мобилии Умарзода Сайбурҳони Довуд ҷойдошта барангехтани кинаю адоват ва низои динӣ, экстремистӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, паст задани шаъну эътибори миллӣ ва бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудан ва тағйир додани сохти конститутсионӣ мавҷуд мебошад. Дар асоси далелҳои шайъӣ ва гувоҳии шоҳидон Умарзода Сайбурҳони Довуд бо моддаи 3073 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар соҳаи телекоммуникатсия ва машғул шудан ба фаъолияти алоқаҳои мобилии интернетӣ ба муҳлати 4 сол таъин гардид. Н. АМОНЗОДА, судяи Суди вилояти Хатлон
СӮГВОРӢ
Некандеш (Ба дӯсти тармаргам Пӯлод Ниёзов) Рафт он марде, ки бо ман ошно, Рафт он марде, ки некандеш буд. Рашку кин андар дилаш ҷое надошт, Айбаш ин, душман ба ҷони хеш буд. Рафт умраш зуд поён рафт, ҳайф, Аз диёри сабзи армон рафт, ҳайф. Бар мақоми хок, хоки мурдахӯр, Аз мақоми ҷумла ёрон рафт, ҳайф. Шаҳр бехуршед гашт аз пушти ӯ, Кай дигар печад ба килк ангушти ӯ? Баҳри шогирдон сабақ бисёр дод, Ҳеч кас зарбе нахурд аз мушти ӯ. Рафтанаш дардест, дарди ҷоншикоф, Рафт шояд сайр, сайри кӯҳи Қоф. Гуфт меоям, ғалат кард, ӯ ғалат, Омаданҳояш бувад беҳуда лоф. Нуруллоҳи ОРИФ, “ҶТ”
www.javonon.tj
Шояд дур будан аз модари ғамхор буд, ки ӯ аз хурдӣ ба ашъори шоирони классик рӯ овард. Бештар ба ашъоре, ки дар бораи модар эҷод шуда буд, таваҷҷуҳ мекард. Ӯ аз хурдӣ ба шеърхонӣ майли беандоза дошт, дар қалбаш меҳри суханро бо завқ мепарварид. Он замон миёни ҳамсолону шарикдарсону дӯстонаш ба тамошои табиати беназири зодгоҳаш мерафт ва пайваста бо садои оташину лаҳни ширинаш шеър мехонд. Ҳангоми қироати шеър бо вуҷуди хурдсол буданаш ба дунёи ашъори шоирони маъруф ворид мешуд ва бо як завқи баланду истеъдоди худододаш қироат менамуд. Агар гӯем, ки офтоби эҷоди Саидшо Таибов замони мактабхониаш
дар оғӯши табиати зебои диёраш тулуъ кардааст, иштибоҳ нахоҳем кард. Чун ӯ истеъдодашро бо ёди модар, бо дидани манзараҳои дилошуб дар қалбаш сабзонид, бо шунидани садои ширини чашмаҳои сарду мусаффо онро шодоб сохт ва бо дарки маънии оҳанги хониши парандагони хушнаво онро ба дунёи тахайюл гусел кард, то дар он ҷо комил гардад. Яъне эҷодаш мутаваллиди ҳамин табиат аст ва мурғи илҳомаш пайваста он ҷо болафшонӣ мекунад. Саидшо Таибов пас аз адои хидмати Модар-Ватан дар 20-солагӣ, соли 1986 ба шуъбаи тайёрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд ва онро соли 1992 бомуваффақият хатм намуд. Пас аз хатми донишгоҳ худи ҳамон сол фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун духтури дандон дар Беморхонаи марказии шаҳри Роғун шуруъ кард. Соли 1996 ба шаҳри Душанбе омад ва дар Маркази илмӣ-клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй ба ҳайси ҷарроҳи ҳуҷраи ёрии таъҷилии стоматологӣ то имрӯз фаъолият дорад. Соли 2015 ба вазифаи директори Маркази таълимию клиникии стоматологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъин шуда, рисолати касбии хешро иҷро мекунад. Ҳамкорон ӯро чун табиби ҳозиқу доно ва инсони ҳалиму хоксор, инсондӯсту кордон мешиносанд. Маҳз муносибату рафтори неки ӯ сабаби обрӯманд шуданаш дар ҷомеа гардид. Оид ба масъалаҳои муҳими соҳаи стоматология дар конференсияҳои илмӣ пайваста маърӯзаю баромадҳо дорад. Саидшо Таибов муаллифи як қатор мақолаҳои илмист. Маҷмӯаи шеъру таронаҳояш таҳти унвони «Қисмат» нашр шудааст. Имрӯз ин табиби ҳушманду закӣ ба донишҷӯёни соҳаи тиб дарс мегӯяд. Дар баробари омӯзонидани дарсҳои тахассусӣ боз роҷеъ ба ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ низ сабақҳои пурмазмун медиҳад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки феълан шогирдони зиёди ӯ дар муассисаҳои бонуфузи кишвар дар соҳаи стоматология фаъолият менамоянд. Ба устод дар корҳои минбаъадаашон барору муваффақиятҳо хоҳонем.
е-mail: javonontj@mail.ru
Истифодаи телефон бо мақсади амалҳои бад
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
14
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №24 (9450), 16 июни соли 2016
Дар Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар муддати зиёда аз 70 сол устодон ва кормандони зиёд фаъолият намудаанд ва фаъолият доранд, ки соҳиби эҳтирому азизи ҳамагон гардидаанд. Онҳо чун аъзои фаъоли ҷомеа бо масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ ҷиддан дахолат карда, назди Ватан ва сокинони диёр масъулияти зиёд бар дӯш доранд. Аз ин рӯ, тарзи ҳаёти солимашон намунаи ибрати қишрҳои гуногуни ҷомеаи кунунӣ мебошад. 31 сол пеш аз ин, соли 1985, ки ба оғози бозсозии горбачевӣ рост меомад, марди резапайкари нуроние бо ному насаби Носиров Алӣ Шоевич мудири толори воситаҳои техникии №2-и Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб таъйин гардид ва дар андак муддат бо кордонӣ, муомилаи хуб ва рафтори нек таваҷҷуҳи ҳайати устодону кормандонро ҷалб намуд. Ин мард мутахассиси варзидаи воситаҳои техникӣ ва электронӣ буд ва, чи хеле ки мегӯянд, аз панҷ панҷааш ҳунар мерӯид. Дар муддати ду соли хидмати ҳарбӣ дар Қазоқистон, се соли таҳсил дар омӯзишгоҳи индустриалии шаҳри Душанбе, ду соли кор дар идораи алоқа ва нуҳ соли фаъолият дар идораи техникаи тиббии шаҳри Кӯлоб таҷрибаи зиёд андӯхта, чун ҳунарманди комили техникӣ ба воя расида буд. Ибтидои солҳои 70-уми садаи ХХ, вақте ки Алӣ ба идораи алоқаи шаҳри Кӯлоб ба кор омад, дар ин макон, асосан, намояндагони миллати рус фаъолият доштанд ва ба гуфти занҳои солхӯрдаи алоқачӣ, гӯё тоҷикдухтарон ба кори алоқаи телефонӣ сарфаҳм намераванд ва дар ин соҳа тоқати кор кардан ҳам надоранд. Алӣ бо тамоми ҳастӣ ба кор шуруъ карда, таваҷҷуҳи роҳбаронро ҷалб намуд. Ӯ, аз ҷумла, дар гӯшаки телефон асбоберо васл карда, бо ҳамин кори таъмиргаронро ба дараҷот осон намуд ва ба вазифаи котиби ташкилоти комсомолии коргоҳ таъйин гардид. Котиби нав сафи коргарони алоқаро аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ зиёд кардан гирифт ва, аз ҷумла, ҳафт нафар духтари маҳаллиро ба сифати алоқачӣ ба кор ҷалб намуд. Духтарони тоҷик
тоза менамудам ва бадани чиркини ӯро обшӯй карда, латтапораҳои ба дасташ басташударо мегирифтам. Атрофашро тоза рӯфта, гулҳои шинонидаамро нигоҳубин карда, об медодам. Ҳаракат мекардам, ин муҷассама симояшро мисли пештара нигоҳ дорад». Ин фаъолияти ғайримуқарарӣ, вале башардӯстонаи Алӣ 13 сол давом мекунад ва, гумон дорем, бозгӯи инсонияти баланди ин марди шариф мебошад. Оид ба хислатҳои инсондӯстонаи ин фард сухан ронда, боз як лаҳзаи муассирро қайд кардан лозим мешавад: боре, солҳои аввали ҷанги
Марде аз табори накуахтарон бо шавқи зиёд ба омӯзиш машғул шуда, нозукиҳои ин касбро зуд аз худ намуданд ва вақте ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ намояндагони миллатҳои дигар идораи алоқаи шаҳри Кӯлобро тарк намуданд, тоҷикдухтарони алоқачӣ онҳоро пурра иваз карда тавонистанд. Соли 1976 Алӣ Носиров ба идораи вилоятии «Медтехника» ба сифати сармуҳандиси соҳаи таъмири таҷҳизоти тиббӣ ба кор меояд ва дар ин ҷо ҳам норасоии мутахассисони маҳаллиро эҳсос карда, аз пайи ба таъмири асбоби тиббӣ ҷалб намудани ҷавонони соҳибкасбу соҳибмаълумоти тоҷик мешавад. Нотавонбинон ӯро ба миллатчигӣ гунаҳкор карданӣ шуданд, вале комиссияи санҷишӣ аз маҳорату кордонии чанд нафар мутахассиси ҷавони тоҷики нав ба кор ҷалбшуда изҳори қаноатмандӣ карда, ба фаъолияти сармуҳандис баҳои баланд дод. Алӣ Носиров масъулияти зиёди шаҳрвандӣ ва ифтихори миллӣ дорад ва нисбат ба худ басо серталаб мебошад. Номбурда, вақте ки ба Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба сифати мудири толори воситаҳои техникӣ ба кор омад, эҳсос намуд, ки дар ин муассисаи таълимиву тарбиявӣ касби омӯзгориро низ азхуд кардан зарурат дорад. Ин аст ки соли 1987 ба шуъбаи ғоибонаи факултети забон ва адабиёти тоҷик дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намуд. Акнун дар толори дарсии №2 баъзан вазифаи омӯзгориро низ иҷро менамояд ва дар вақтҳои фориғ аз корҳои техникӣ ба мутолиаи китобҳо ва навиштани хотираҳо аз дидаву шунида машғул мешавад, ки айни ҳол қисмате аз таъли-
фоташро тавассути китобҳои «Мушки хушбӯ», «Гардиши айём» ва даҳ мақолаи илмӣ ба оммаи хонандагон пешкаш кардааст. Ин китобҳо, махсусан асари ҳаҷман калони «Гардиши айём» (Душанбе: Маориф, 2015. – 296 с.), бо муҳтавои ёддоштӣ ва пандуахлоқии худ хонандагони ҷавонро ба меҳнатдӯстӣ, ҳалолкорӣ ва росткориву растагорӣ ҳидоят намуда, дар онҳо эҳсоси ифтихори миллӣ ва худшиносӣ бедор мекунанд. Вақте ки кас китоби «Гардиши айём»-ро варақ мезанад, шоҳиди хислатҳои наҷибу инсонпарваронаи Алӣ Носиров мегардад. Солҳои душвори 1991-1997, айёме, ки мардум ба сатҳи пасти зиндагӣ мубтало гардида буд, Алӣ борхалтаи асбоби таъмиркунӣ дар китф, таъмири ройгони телевизион ва дигар асбоби барқию алоқаи ҳамкорону ҳамсояҳоро пеша кард ва аз кори савоби хеш, аз он ки хотири озурдаеро шод намуда тавонистааст, хурсанд буд. Дар назди донишгоҳ ҳайкали барқади Ленин қомат афрохта буд ва замони шӯравӣ мардум назди он ҷамъ омада, сурат мегирифтанд ва тантанаҳо мекарданд. Баъди пош хурдани давлати Иттиҳоди Шӯравӣ одамоне пайдо шуданд, ки ин ҳайкалро таҳқир карда, ба бадани он ҳар гуна ифлосиҳо мепартофтанд ва гирду атрофашро низ ифлос мекарданд. Чунин рафтори номуносиби нохалафон ба ин ёдгории фарҳангӣ хотири Алиро ошуфта менамуд. «Бинобар ин, ман барои худ машғулияти ғайримуқаррариро пеш гирифтам: ҳар пагоҳӣ ҳини ба кор омадан, аввал ба назди ин ҳайкал меомадам ва гирду атрофи онро аз ифлосиҳо
шаҳрвандӣ, дар назди бозори марказии шаҳри Кӯлоб Алӣ мебинад, ки гурӯҳи ҷавонони авбош духтари қадрасеро кашола карда бурда истодаанд. Садои имдодталабонаи духтари сару рӯяш хуншорро гӯё касе намешунид. Алӣ ба одамони тамошогари гирду атроф бо нафрат нигоҳ карда, пайи халосии духтар мешавад ва бо як чолокӣ «сайд»-ро аз чанголи авбошони гургсифат мерабояд ва бо як азоб худро низ аз чанголи онҳо раҳо карда, мардуми бетарафро, ки чун тамошобин ҷамъ омада буданд, сахт мазаммат менамояд. Алӣ Носиров чун як фарди соҳибдил, аз бетарафӣ ва бемасъулиятии зумраи одамон озурда гашта, дар зиндагӣ ба меҳнати ҳалол ва некиву накукорӣ майл дорад ва ҳамеша ин байти шоирро такрор мекунад: Ба касби некномӣ кӯшу некӣ, Ки некиро наку бошад саранҷом. Чунин хислатҳои неки инсониро дар ниҳоди Алӣ худи зиндагӣ, муҳити хонаводагӣ ва тарбияи мактаб парвариш додааст. Алӣ соли 1946 дар деҳаи Кафтари ноҳияти Шамсиддин Шоҳин ба дунё омада, ба воя мерасад. Солҳои душвори баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ падару модар бори зиндагиро бо ҳам бардошта, фарзандонро ба хондан ва бо меҳнати ҳалол дарёфт кардани ризқу рӯзӣ талқин мекарданд. Баъди сари падар Алӣ, ки ҳамагӣ 11 сол дошт, маҷбур мешавад, ки ҳамроҳи бародарон чанд муддат ба подабонӣ машғул шавад. Дар ин айём ягона воситае, ки фарзандони аз кори вазнин дилгирро қувват ме-
бахшиду умедвор месохт, суханони рӯҳпарвари модар буд: «Бачам, мардак бояд аз сахтиҳои кор натарсад, ҳушёр бошад, номи қишлоқдориро сахт риоя кунад, то мардумони қишлоқ нагӯянд, ки сағираҳо аз уҳдаи кор набаромаданд. Очаашон бошад, ноуҳдабаро будааст, ки ба бачаҳош роҳи зиндагиро нишон дода натавонист». Дар ин миён фарзандони калонӣ (Алӣ фарзанди чорум буд) дар Кӯлоб соҳиби кор шуданд ва ин хонадон кӯч баста ба шаҳр меоянд. Давраи дигари таълиму тарбияи Алӣ дар мактаб-интернати деҳаи Саричашмаи ноҳияи Ҳамадонӣ сипарӣ гардид. Алӣ Носиров ҳамроҳи завҷаи меҳрубонаш Сафармоҳ Азизова ҳафт фарзанд – панҷ писар ва ду духтарро ба воя расондаанд, ки ҳар кадом соҳиби хонаву дар ва обрӯю эътибор мебошанд. Боре, ҳангоми шароити пасти иқтисодии кишвар, падар ҳамроҳи фарзанди калонаш Беҳрӯз ба Русия сафар мекунад ва дар ин сафар, ки ҳамагӣ ду моҳ давом меёбад, чӣ рӯзҳои сахтеро дар пайи кофтукови кор аз сар гузарондаанд. Танҳо ҳунари падар ва ҷуздони пур аз асбоби таъмиркунӣ буд, ки онҳоро дар мулки бегона аз вартаи ҳалокат раҳонид. Вақте ки тавассути қатора ба Душанбе мерасанд, чун парандагони аз қафас озодгардида, хоки Ватанро борҳо бӯсида, сурмаи чашмон мекунанд. Ҷолиб аст, ки вақти дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани падар ва бародари калонӣ бародарони хурдӣ – Хусрав, Фаррух ва Фирӯз (Темур ҳанӯз хурд буд) ба кори савдо машғул шуда, рӯзгори хонадонро таъмин мекунанд. Аз ин масъулиятшиносии фарзандон падар меболид ва шукр мекард, ки дар тарбияи ҷигарбандонаш хато накардааст. «Хушбахтии бузург аст, - гуфта мешавад дар китоби «Гардиши айём», - агар фарзандон дар роҳи рост тарбия ёбанд ва дар зиндагӣ дастгиру мададгори падару модар, бародарону ҳамшираҳо ва дигарон гашта, дар ҳама паҳлуҳои ҳаёт намунаи ибрат бошанд. Магар бахтеву шодие ва ифтихоре аз ин беш буда метавонад?» Шодиву ифтихори Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон Алӣ Носиров аз он аст, ки 70умин солгарди умри бобаракаташ ба санаи 25-солагии Истиқлолияти ҷумҳурии азизамон рост омадааст ва ҳоло дар қатори дигар устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни муборак ҷаҳду талош дорад. Эй кош, ҳамеша рӯзгораш ободу хотираш шод бошад. Аламхон КӮЧАРОВ, профессор
САЙҚАЛИ ХОТИРА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №24 (9450), 16 июни соли 2016 Ленин ва Маркс дар рўяшон доштанд
Талаба
... Муќимова, сароянда
Мусиќии эстрадии ѓарбї
Як намуди карам
Китоби муќаддаси зардуштињо
Дер ояду … ояд (маќол)
... да Винчи, мусаввири итолиёвї
Меваи маъмул
Пойтахти Ќазоќистон
Ќарн, садсола
Амрикои … - материк бо Бразилия
Душманї, бадхоњї
Автомобили немисї
Тайёр
Асбоб барои ќапидани чизе
Армия (тољ.)
Микки ... ё «муш» ба англисї
Љалол ..., нависанда
Фарёд
Ќисми китоб
«Философия» ба тољикї Ширинии сафеди миллї
Онро занњо сурх мекунанд
Амалу њараОдам кати инсон
... Собир, шоири тољик
Пойтахти Голландия
Номи дигари чойи сиёњ
Бо бинї чиро њис мекунанд?
Ќарори ќатъї Дарахти дар Тољикистон пањншуда
Аз сидќи дил
Номи мардона, «ягона» (арабї)
Сиёњї барои чашм
Камбудии мол (русї)
…тека- љои раќскунї
Ноњия дар вил. Суѓд
Муќобили «ња»
Бо суръати суст Адади хурдтарини дураќама
Шарм, изо
Навъи ѓалладона, хўроки асп
Ба чашм намудор
Нам
Њабиб ..., сароянда
Њайвон ё ашё – «чї?», одам – ?
Зиёд, бисёр
Бародар
Масолењи меъморї
Шарм
Даъватнашуда
… Исоев, журналисти ТВ «Сафина»
Номи пурраи Федя Маданият, «культура»
Бозрасии автомобилї
Навдаи ангур
Сардор, сарвар
Оњан барои мустањкам кардани бино
… Сайид Алии Њамадонї
Падар (лањљ.)
Расми хандаовар
… Фозилов, сароянда
www.javonon.tj
…и Рустам, овозхони тољик
«Лаббай»и телефонї
Мусобиќаи донанЛаќаби дагони наќлиёти мусошеър фиркаши хурд
Њарорати бадани бемор … кардан = аз ёд рафтан
Ноњия дар вил. Бадахшон
Ба назар гирифтан = ба … гирифтан
Додар (лањљ.)
Натрий - …и кимиёвї
Бо он дандонро таъмир мекунанд (русї)
Иваз (лањљ.) «Њаёт» ба забони юнонї
Маљлис, Миллати сокини љамъо- Финланмад дия
... Зоњир, сарояндаи афѓон
Мори бузургтарини дунё
«Шер» ба арабї Тухми зардолу
Варзиши Роналдо ва Месси
е-mail: javonontj@mail.ru
Фируза …, сароянда
15
е-mail: javonontj@mail.ru
16
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №24 (9450), 16 июни соли 2016
Лутфи ҷавонӣ
ОБУНА - 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Як биологу як риёзидон ба ҷангал мераванд. Ногоҳ аз пешашон хирс мебарояд. Риёзидон: —Суръати ин хирс фалон қадар аст, суръати мо бошад фалон. Гурехтан фоида надорад, аз ду сар моро медорад. Биолог бо тамоми суръат давида, фарёд мезанад: —Ҳаҷми меъдаи ин хирс фалон қадар аст, аз одам фалон миқдор. Барои ӯ як кас ҳам кифоя аст!
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ; - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/к 20402972316254, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857. ОЗМУН
***
Нозири роҳ мошинро медорад: - Қоидаи ҳаракатро вайрон кардӣ... Ронанда: —Бубахшед, командир. Имрӯз зодрӯзи ман аст, шояд аз гуноҳам мегузаред? Нозири роҳ: —Албатта, ки аз гуноҳат мегузарам. Аммо зиёд мехоҳам, ки ин шом баъди кор барои саломатии Шумо ду шиша коняк нушам...
***
“Бомж”-е аз партовгоҳ сагеро пеш карда истодааст. Ба ӯ мегӯянд: —Барои чӣ ин ҳайвони бечораро ғам медиҳӣ? Нашунидӣ, ки гуфтаанд: “Саг дӯсти одамизод аст”. “Бомж”: —Барои касе дӯст, аммо барои касе рақиб....
ТАБРИКОТ
Муборак! Ба дӯстам Меҳрубон Ақназар
***
Духтур аз бемор мепурсад: — Менушед? Бемор: — Агар шумо пешниҳод кунед, не намегӯям...
Бародар, синни панҷоҳат муборак! Басо ҳам пуршараф роҳат муборак! Чу соат бомаромею низоме, Тапиши қалби огоҳат муборак!
Иттифоқи журналистони Сафорати Туркманистон Тоҷикистон дар Тоҷикистон Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Туркманистон байни кормандони ВАО дар мавзӯи “Иқдомот ва дастовардҳои Туркманистони соҳибистиқлол ва бетараф” озмун эълон менамояд.
пахш дар рӯзнома, маҷалла, радио ва телевизионҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешаванд.
Ҳадафи озмун: 1. Рушду инкишофи Туркманистон дар солҳои истиқлолият. Аҳамияти бетарафии зоҳирии Туркманистон дар таъмини сулҳ ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ; 2. Нишон додани сатҳи баланди кунунии муносибат ва ҳамкории дуҷонибаи Туркманистону Тоҷикистон. 3. Нақш ва ҷойи Туркманистон дар таъмини сулҳу ваҳдат, инкишофи равобити дӯстии Туркманистону Тоҷикистон.
Шартҳои махсуси озмун: - маводҳои озмун бо герб ё рамзҳои давлатии Туркманистон интишор хоҳанд шуд. - ба кумитаи тадоркуот 5 нусха маводи асл пешниҳод карда мешавад.
www.javonon.tj
Талаботи озмун Ба озмун мақолаҳо мувофиқи мавзӯъҳои муосир пешниҳод карда шавад. Маводҳо пас аз интишор ва Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Мукофот барои ғолибон: Ҷойи якум - 2000 сомонӣ Ҷойи дуюм - 1500 сомонӣ Ҷойи сеюм - 1000 сомонӣ
***
Туӣ аз беҳтарин ёрони содиқ, Туӣ покизадил чун субҳи ҳозиқ. Туӣ арзандаи ҳар эҳтироме, Ба таърифу саною васф лоиқ.
Марде 120 сол умр мебинад. Ба ин муносибат нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Мард дар хусуси сирри дарозумриаш чунин мегӯяд: — Ман дар тӯли умрам ҳеҷ гоҳ бо касе баҳс накардаам. Як журналист: — Ин ҳеҷ мумкин нест. Ман бовар карда наметавонам, ки шумо бо касе баҳс накарда бошед. Мард дар посух: — Ман бо шумо сад дар сад мувофиқам.
Худо, ғам ҷонибат ҳаргиз наояд. Диҳад бахту барорею сафоят. Барои кӯдаконат умр бидҳад, Шумори дӯстонатро физояд. Ҳалиму меҳрубону Ҳақназар ту, Зи кори бад ҳамеша дар ҳазар ту. Дили бекина чун оина дорӣ, Валӣ ҳастӣ маро андар назар ту.
ЭЪЛОН
Дуогӯят Саид Абдуалимам, Рафиқи хуби бо табъи салимам. Саодат орзу дорам бароят, Зи даргоҳи Худованди каримам.
ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ
Соҳибкори инфиродӣ Мусоев Зафар Сайфуллоевич (РЯМ 0331213493), ки дар Нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 15.07.2013 ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
Абдуалим САИД
Муҳлати гузаронидани озмун: Маводҳо то 30 сентябри соли 2016 дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қабул карда мешавад.
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Билети донишҷӯии №30614, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов соли 2014 ба Муродов Ҷаҳонгир Раҳмонович додааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад.
Суроға: Хиёбони Саъдӣ Шерозӣ-16 ва кӯчаи Беҳзод-25. Телефон барои маълумот: 2217903, 919926552, 919323402, 221 84 30
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6851 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»