ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №25 (9555), 21.06.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №25 (9555), 21/06/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Бунёди пул ба ҷои ҳаҷ саҳифаи
Кӣ ва кай ҷониби ин макон роҳ мегирад? саҳифаи
Рисолати ҷавонон дар амнияти ҷомеа
Вақте ахлоқ коста мегардад...
6
саҳифаи
7
саҳифаи
Бисёриҳо бар ин андешаанд, ки мо набояд муқоиса кунем, вале ба фикри ман ҳама чиз баҳои аслиро аз муқоиса мегирад. Дар шароити кунунӣ одоби ҷавонон каме коста аст... Аввал, дониши кифоя нагирифтани онҳо дар боғчаву макотиби тахсилоти умумӣ, дуюм, кам аҳамият додани волидайн дар тарбияи онҳо, баъдан бисёр ва бе мақсад истифода бурдани интернет, ба китоб кам рӯ оварданӣ ҷавонон, мутолиаи ками асарҳои бадеӣ аз адабиёти тоҷик ва ҷаҳонӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нос, семичка ва тамоку кашидани онҳо ва ба ин монанд камбудиҳо боиси костагии тарбия ва беодоб шудани ҷавонон сабаб мешавад, ки ахиран ба беэҳтиромӣ нисбати калонсолон оварда мерасонад.
5
саҳифаи
ТТЭ ҲНИТ-ташкилоти зиёикуш
Баррасии масъалаҳои муҳим
4
13
Ба рӯзноманигорон ҷасорат лозим саҳифаи
14
2
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №25 (9555), 21.06.2018
Иштироки Пешвои миллат дар маросими кушодашавии Чемпионати ҷаҳон - 2018 Шоми 14 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол - 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия иштирок карданд. Ҳамоиши бузурги варзишӣ дар варзишгоҳи Лужникии шаҳри Москва оғоз гардид, ки дар он дастаҳои беҳтарини футболи як қатор кишварҳои олам ва футболбозони машҳури ҷаҳон барои дарёфти Ҷоми мусобиқот байни ҳам рақобат доранд. Дар маросими кушодашавии Мусобиқоти футбол дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Боливия, Лубнон, Панама, Парагвай, Руанда, Арабистони Саудӣ ва дигарон иштирок карданд. Дар рӯзи нахустини кушодашавии мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол аввалин шуда, тимҳои мунтахаби Русия ва Арабистони Саудӣ байни ҳам қувваозмоӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки бо талошҳову ташаббусҳои Пешвои миллат ва фаъолияти пурсамари Федератсияи футболи Тоҷикистон ин навъи варзиш дар саросари мамлакат хусусияти оммавӣ касб намуда, рушд карда истодааст. Соли 2014 бо пешниҳоди Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгирии амиқи Пешвои миллат барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар кишвар 2014 - “Соли оммавияти футбол” эълон гардида, дар доираи он инфрасохтори ин навъи варзиш хеле тараққӣ кард. Дар натиҷа дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон ба чемпионатҳои Осиё роҳхат гирифта, тими мунтахаби кишвар ва дастаҳои машҳури ҷумҳурӣ борҳо бо дастаҳои пурқуввати қитъаи Осиё қувваозмоӣ карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн дар Тоҷикистон 18 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. 19 июн маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват
намуданд. Маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.
19 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис “Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2018” ва “Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шахсони масъул ҳисобот доданд. Ҳамчунин Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминотӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” гузориши шахсони масъул шунида шуд. Баъди муҳокима лоиҳаҳои қонунҳои номбаршуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ” ирсол гардид. Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумат “Дар бораи Барномаи давлатии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020”, “Дар бораи арзёбии самаранокии фаъолияти агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ” ва “Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ карда шуд. Дар охир баъди муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат ва Қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин иҷрои дигар масъалаҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои мушаххас доданд.
Ҷавонон ба омӯзиш ҷалб шуданд
ВМКБ
Роштқалъа: Иштироки 5000 нафар дар “Шоми дӯстӣ”
Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Роштқалъа ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Чорабинӣ бо ширкати 5000 нафар сокинон, ҷавонону наврасон ва меҳмонон гузаронида шуда, санъаткорону ҳофизон беҳтарин ҳунарҳои хешро пешкаши иштирокдорон намуданд. Зӯҳро Муллоҳукматова, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия гуфт, ки то рӯзи 27 июн, яъне ҷашни Ваҳдати миллӣ силсилачорабиниҳои гуногун дар ҳамаи ҷамоатҳо гузаронида мешаванд.
Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имсол моҳи май зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар баргузор гардид, дар ноҳияи Мурғоб мизи мудаввар баргузор гашт. Он бо ширкату баромади муовини раиси ноҳия Усния Раҷабова, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию шуъбаи маориф ва илм Жанпулод Қамчибеков, Закир Байназаров, Мунир Шикориев, директори маркази ВНМО Зубайда Қодирова сурат гирифт. Ҳозирин асосан масоили таҳдидҳои терроризму экстремизм, гирифтани маълумоти мазҳабӣ дар хориҷа, нақши ҷавонон дар ҷомеаи муосир, пешгирии нашъамандию ВНМО ва дигар мавзӯъҳоро муҳокима намуданд. Қайд гардид, ки чанде қабл бо иқдоми Пешвои миллат дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе ба бунёди боз як иншооти замонавии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит санги асос гузошта шуд. Яъне бунёди ин донишкада иловатан имкон медиҳад, ки ҷавонон дар Ватани хеш ба омӯзиши дуруст ҷалб гардида, соҳибмаълумот шаванд.
Кумак ба ниёзмандон дар Душанбе
ДУШАНБЕ
Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иқдоми хайриявӣ доир гардид. Дар доираи иқдом ба ятимони кулл, нимятим ва маъюбону барҷомондагони ҳудуди
шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва ноҳияҳои он кумакҳои якдафъаинаи моддӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, картошка ва пиёз расонида шуд.
Дар иқдом масъулини ҳизбии шаҳру ноҳияҳои пойтахт ширкат намуда, кумакгирифтагон барои дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат арзи сипос карданд.
Дастрасии ҳар як кӯдак ба оби тоза Дар чаҳорчӯбаи конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 20182028”, ки рӯзҳои 20-22 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, 19 июн дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии якрӯзаи пеш аз конфронс таҳти унвони “Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об” доир гашт, то ки ҳар як кӯдак дар ҳама ҷо
ба оби бехатар ва беҳдошт дастрасӣ дошта бошад. Форум дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуда, аз се бахши асосӣ иборат буд ва дар он садҳо шарикони миллию байналмилалӣ, кӯдакон ва наврасон иштирок доштанд. Дар Форум инчунин масъалаҳои таъмини об, санитария ва гигиена, инчунин таъсири он ба ояндаи беҳтар барои ҳар як кӯдак баррасӣ шуд.
ШНТМ
Ҷавонон зидди зуҳуроти номатлуб Дар ноҳияи Рӯдакӣ кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш перомуни мавзӯъҳои ифротгароӣ ва бемории ВИЧ/СПИД бо ҷавонони фаъоли ноҳия вохӯрии судманд доир намуданд. Дар вохӯрӣ доир ба паёмадҳои нохуши
мавзӯъҳои матраҳшаванда суханрониҳо сурат гирифта, гуфта шуд, ки бояд ҷавонон аз чунин зуҳуроти номатлуб дурӣ ҷӯянду роҳи солимро интихоб созанд. Дар анҷоми вохӯрӣ миëни масъулин ва иштирокчиëн саволу ҷавоб сурат гирифт.
Кумак ба оилаҳои ниёзманд Дар доираи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва арафаи иди Фитр аз тарафи бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри
3
АХБОРИ ҲАФТА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №25 (9555), 21.06.2018
Ваҳдат ва ноҳияҳои Файзободу Сангвор ба гурӯҳҳои ниёзманд кумаки яквақтаина расониданд. Ниёзмандон миннатдории
хешро баҳри ғамхориҳои доимӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.
Бохтар: Омодагӣ ба муносибати 30 - солагии Истиқлолият
ХАТЛОН
Дар театри ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим ва дигар масъулон бо мақсади нақшагузорӣ намудан барои омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад инчунин пешсафон, соҳибкорони муваффақ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳалла ва сокинони фаъоли шаҳр ширкат доштанд. Раиси шаҳр оид ба мавзӯи асосии ҷамъомад ва фаъолияту дастовардҳо дар шаҳри Бохтар баромад кард. Изҳор дошт, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни арзишмандтарини Тоҷикистон сохтмони зиёда аз 120 биною иншоотҳои муҳими иҷтимоию истеҳсолӣ ва коргоҳҳои хурду бузург дар назар буда, дар соли 2018 - 20 биною иншооти ҷашнӣ, соли 2019 - 35 иншоот, соли 2020 - 40 иншоот ва то сентябри соли 2021 – 25 иншоот сохта, мавриди истифодаи аҳолӣ дода мешаванд. Дар охир суолу ҷавоби озод бо соҳибкорон ва пешсафони шаҳри Бохтар доир гардид. Баъд аз ҷамъбасти ҷамъомад дар алоҳидагӣ бо гурӯҳҳои корӣ вохӯрӣ гузаронида, нақшаҳои минбаъдаро баррасӣ ва вазифагузорӣ карданд.
Кумак ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар вилояти Хатлон
Аз ҷониби сохторҳои зертобеи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба Шӯрои собиқадорон ва ҷанговарони интернатсионалисти шаҳри Бохтар, филиали ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон”, ташкилоти ҷамъиятии маъюбони “Шодком”-и вилояти Хатлон ва
ташкилоти ҷамъиятии маъюбони “Ғамхор” ба ниёзмандон кумаки молиявӣ расонида шуд. Дар ин росто, ба собиқадорони меҳнат ва ҷанговарони интернатсионалист 800 сомонӣ, ба кулли ятимони хонаинтернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ ба маблағи 1200 сомонӣ кумак расонида шуда, инчу-
нин аз ҷониби кормандони соҳаи тиб дар шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 11000 сомонӣ ва ҷамъ дар вилоят дар сохтори госпиталӣ ва кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба маблағи зиёда аз 34000 сомонӣ фитри рӯза ҷамъоварӣ гардида, ба камбизоатҳо ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ тақсим гардид.
Аксия ва тренинги омӯзишӣ оиди бемории ВНМО СУҒД
Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ ва махсусан ҷавонон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксияи тарғиботӣ оиди бемории ВНМО гузаронида шуд. Дар аксия ҷавонону волонтёрон иштирок намуда, варақаҳои иттилоотиро дар кӯчаву бозор ва ҷойҳои ҷамъиятии ноҳия ба мардум тақсим намуданд. Пас аз аксия дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров аз тарафи гурӯҳи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятии ВНМО БПНМ бо ҷалби беш аз 40 нафар ҷавонону наврасон, раисону ҷавонони ҷамоату шаҳракҳо доир гардид.
Аёдат ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кормандони Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ 56 нафар бошандагони хонаи пиронсолони вилоятии шаҳри Хуҷандро аëдат намуданд. Дар ҷараёни аёдат кормандони
Раёсат бошандагони хонаи пиронсолонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд. Бошандагони хонаи пиронсолон шукронаи тинҷиву амонӣ намуда, ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ миннатдории хешро ба давлату ҳукумати мамлакат иброз доштанд.
4
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №25 (9555), 21.06.2018
ИҚДОМИ НЕК
Иродаи саодатовар Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 12 майи соли ҷорӣ бо аҳли ҷомеаи кишвар доир гашт, боз як саҳифаи таърихи моро ҳарфчинӣ намуд. Дар ин мулоқот сокини диёрамон Садрӣ Файзиев ба ҳайси соҳибкор ибрози ақида намуда, шоистаи дуои Сарвари давлат ва мардуми кишвар гардид. Садрӣ Файзиев аз соли 1987 дар деҳаи Далёни ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич ба ҳайси табиби касалиҳои дарунӣ фаъолияти худро оғоз намуда, то имрӯз ба мардуми ин мавзеъ хизмати тиббӣ мерасонад. Ӯ аз дастгирии устодаш шодравон Биёс Раҳимов ёдрас гашта, таъкид менамояд, ки духтурӣ пешаи хеле мушкилу заҳматталаб асту барои омӯзиш ва соҳиб гаштан ба ин унвон солҳо лозим аст. Номбурда тавонист дар муддати кӯтоҳ маҳорати касбиашро нишон диҳад. Ӯ ба ҳама мушкилоти деҳот нигоҳ накарда, барои солимии мардум мекӯшид ва ин буд, ки зуд обрӯманд гашт. Ҳамагон Садрӣ Файзиевро дар баробари сардухтур боз ҳамчун омӯзгор, ё тарбиятгар низ мешиносанд. Ӯ аз соли 2007 инҷониб барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ва дигар хоҳишмандон дарсҳои иловагиро барои дохилшавӣ ба муассисаҳои тиббӣ ба роҳ мондааст. Таълими хусусии Садрӣ Файзиев бо сифату сатҳи баланди тайёрии хонандагонаш дар миқёси ҷумҳурӣ мавқеи хосро доро мебошад. Дар рафти суҳбат бо ин марди саховатпеша ва инсони наҷиб воқиф гаштем, ки ӯ ятимони хоҳишмандро низ дастгирӣ менамояд ва то имрӯз 342 нафар дастпарваронаш роҳи хешро дар ҷодаи тиб идома дода истодаанду 50 нафар омодаи қабулшавӣ ҳастанд. Ин ҳама далели дастовардҳои бузурги устод Садрӣ Файзиев аст, зеро барои ҷомеа мутахассиси баландихтисос тайёр кардан шараф аст. Имрӯз шогирдонаш дар саросари кишвар ва берун аз он низ фаъолияти касбӣ доранд. Аз 6 нафар фарзанд 2 нафар роҳи падарро интихоб намудаанд. Номбурда аз ёддоштҳои хеш чанде қисса карда, чунин иброз дошт: “Дар айёми бачагӣ дар беморхона табобат мегирифтам. Маро табобату дастони муъҷизаофари табибон наҷот доданду меҳрам ба ин касб зиёда гардид. Баъди шифо ёфтан ба худ қавл додам, ки дар оянда духтур мешавам ва кӯшиш мекунам, то ягон бемор аз наздам ноумед барнагардад”. Инсонҳо ҳамеша дар дил орзуҳои нек мепарваранду паи амалӣ гаштани орзуҳояшон талош мекунанд. Яке аз орзуҳои ин марди некном сохтмони беморхона дар деҳааш буд. Бо ин мақсад дар масоҳати умумии 10,5 сотиқ ба бунёди беморхонаи замонавӣ барои 50 кат шуруъ намуд, ки он иборат аз 4 шуъба (шуъбаи ҷарроҳӣ, касалиҳои дарунӣ, касалиҳои бачагона, таваллудхона) буда, 60 утоқро дар бар мегирад. Сохтмони ин иншоот бо харҷи 6 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, бояд то ҷашни Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ сохта ба истифода дода шавад. Бо мақсади дастгирии иқдоми неки ин марди саховатпеша ҳамдиёронаш аз Федератсияи Россия ба ӯ маблағи 120 ҳазор сомонӣ кумак расониданд. Воқеан, чунин икдоми хайру савобро танҳо фарзандони фарзонаи миллат, ашхоси ватанпарасту саховатманд ба анҷом мерасонанд. Тавре медонем, Худованд нафаронеро, ки дороии хешро барои аъмоли хайру савоб сарф мекунанд, бештар дӯст медорад. Ниёзи мардумро бо ин сон саховат қонеъ кардан барои як сокини деҳоти дурдасти ноҳия, дар баробари чандин корҳои савобаш, бешак қаҳрамонист. Ва ҳама гуна қаҳрамонӣ шоистаи таҳсину ситоиш аст. Маҳбуба ҶАМОЛОВА, ноҳияи Деваштич
Бунёди пул ба ҷои ҳаҷ Маҳтоб Фозилова, сокини 78-солаи деҳаи Метк, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич, бо бунёди пул барои ҳамдеҳагонаш ба гирифтани лақаби “Ҳоҷибибӣ” мушарраф шуд. Айни замон дар беморхонаи шаҳри Истаравшан бистарист. Зимни дидорбинӣ ба суоли мо ба ҷои зиёрати хонаи Худо рафтан, чаро бунёди пулро авло донистед, чунин посух гуфт: “Бо шавҳарам ҳаёти хуш доштем, гарчанде Худованд фарзандро ба мо насиб накард. Даҳ сол қабл шавҳарам оламро падруд гуфт, наздиконам маро танҳо нагузоштанд.” Ба зане, ки рӯ ба рӯи мо нишаста буд, ишоракунон “Ин хоҳари ман Асила аст. Ӯ маро ҳоло нигоҳубин дорад. Соҳиби 7 писару 2 духтар буда, фарзандонаш фарзанди ман низ мебошанд.” “Дар ҳақиқат, ҷиянҳо ба холаашон чун ба модари худ муносибат доранд. Мо, апаву хоҳар барои пешбурди рӯзгор сарубар ҳастем”, гуён ба суҳбат ҳамроҳ шуд хоҳари қаҳрамони мо Асила Фозилова. - Фарзандонам холаашонро хеле дӯстдорӣ мекунанд. Рӯзе сари дастурхон бо шавҳарам ҳоҷӣ Маҳкам Фозилов гапзанон карда нишаста будем. Апаам аз ҷайбашон як микдор пулро бароварда гуфтанд, ки ба ҷои ҳаҷ бунёди пули деҳаро маблағгузорӣ мекунам.” Се сол қабл сардори оила ҳоҷӣ Маҳкам Фозилов низ барои 250 нафар фарзандони деҳа аз ҳисоби хеш мактаб бунёд намуд. Иқдоми неки ӯро имрӯз хоҳарарӯсаш Маҳтоб идома медиҳад. Бунёди пул, яъне купрук дар арафаи анҷомёбист. Хурсандии аҳли деҳро ҳадду канор нест. Ҳама дар ҳақи бунёдгари он Маҳтоб Фозилова дуои нек доранд, то ин ки тезтар шифо ёбад. Бунёдкорӣ ва саҳм гузоштан баҳри ободии як гӯшаи диёр кори ашхоси хайрпешаю накӯкор, дар мисоли Маҳтоб Фозилова ва язнаи ӯ ҳоҷӣ Маҳкам мебошад. Умед аст, амали неки чунин нафарон барои дигарон намунаи ибрат ва сафи онҳо афзоиш ёбаду насли наврас пайрави эшон шаванд. М. ҶАМОЛОВА
Номбардорони Ватан Истиқлолияти давлатӣ шароит фароҳам овард, ки ҷавонони мо ҳунару истеъдоди худро такмил диҳанд ва ҳамчун фарзандони саодатманди Тоҷикистони азиз обрӯи Ватани худро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоранд. Донишҷӯи соли панҷуми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Фирӯз Убайдов аз зумраи чунин ҷавонони кӯшо ва ватанпараст аст. Ба варзиш, ҳунар ва адабиёти бадеӣ завқи беандоза дорад. Аз комёбиҳои ҳамватанони худ ифтихор мекунад. Эътиқоду садоқаташ ба Ватан-Модар самимӣ аст. Натиҷаи чунин садоқат аст, ки ӯ аз соли 2016 дар шаҳри Пекин Ҷумҳурии халқии Хитой ба тарғиби сирки тоҷик машғул аст. Дар оғоз ӯ ва ҳамватанонаш дар ҳайати ҳунармандони Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият доштанд. Баъдтар бо пайдо шудани шароит онҳо гурӯҳи сиркбозони аспсавори тоҷикро ба номи "Сомон" ташкил карданд. Имрӯз ҷавонони серғайрати тоҷик Муҳаммадалӣ Раҳмонзода, Зайниддин Наҷмиддинов, Бобоҷон Неъматов, Фирӯз Наҷмиддинов ва украиндухтар Кристина Трушенко дар зери раҳбарии Фирӯз Убайдов дили дӯстдорони ҳунари аспсавориро тасхир кардаанд. Ҳунарнамоии ҳамватанони моро мухлисони ҳунари аспбозӣ дар шаҳрҳои Пекин, Сиян, Шанхай, Синхуандао, Да-
тун ва Нингбо бо кафкӯбиҳои пурмавҷу гулдастаҳо қадр карданд. Вақте ки аз Фирӯз Убайдов доир ба нақшаҳои ояндаи аспбозон - вазишгарони гурӯҳи "Сомон" пурсидем гуфт: "Ман соли ҷорӣ донишкадаро хатм мекунам. Мо ният дорем, ки дар саҳнаҳои бузурги сирки ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ карда, обрӯи миллат ва варзиши тоҷикро боз ҳам баландтар бардорем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро "Соли ҷавонон" эълон карда буданд. Ин боварии Президент ба мо нерӯву қувваи тоза бахшид. Дар ҳама ҷо саъй мекунем, ки фарзандони вафодор, номбардор ва бообрӯи Тоҷикистони азиз бошем. Асбобу абзоли шаш сар
аспи гурӯҳи мо ҳама тоҷикона аст. Дипломи махсусе, ки чанде пеш ба мо доданд, далели маҳорати баланд ва истеъдоди табиӣ доштани варзишгарони гурӯҳи мо аст. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 ҳам моро вазифадор мекунад, ки боз ҳам масъулиятшиностар бошем. Давлати ҷавони худ ва фарҳангу ҳунари миллатро ба таври шоиста тарғиб кунем". Рости гап, аз чунин фаъолияти пурсамар ва фидокориҳои ҳамдиёрони азизи худ, вуҷуди касро ҳисси ифтихор фаро мегирад. Мо ба онҳо тандурустӣ ва комёбиҳои бузургтар хоҳонем. Убайдулло АКРАМЗОДА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №25 (9555), 21.06.2018
МУЛОҲИЗА
5
Нақши “ҷанги сард” ва қудрати иттилоотӣ дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Кӣ ва кай ҷониби ин макон роҳ мегирад? Мардуми ҷаҳон театрро ҷои муқаддас медонанд ва барои рафтан ба он ҷо ҳеҷ чизе садди роҳи онҳо шуда наметавонад. Театр барояшон макони тафреҳу ахлоқу андеша аст ва дар он саҳнаҳое, ки намоиш медиҳанд, маънии зиндагии худро меҷӯянд. Дар шароити феълӣ мардуми мо, аз ҷумла ҷавонон ба тамошои намоишҳои театрӣ чандон завқманд нестанд ва ҷалб кардани эшон ба театр ба душворӣ сурат мегирад. Ба бовари аксар мардум сабаби ба театр рӯ наовардани эшон аз ноогоҳӣ ба саҳнаҳои он аст. Аксари ҷавонон ба дунёи театр ошно нестанд ва моҳияти онро хуб дарк намекунанд. Чуноне ки Мавлуда Гулмочозода, донишҷӯйи ДДФСТ гуфт: "Мо, тамошогарон, мисли оҳан ҳастем, ки дар як ҷо истодаем. Театр ва кормандони он бояд оҳанрабо бошанд ва моро ба худ ҷазб намуда тавонанд. Биёянд, бо мо вохӯрӣ гузаронанд, рекламаву таблиғи спектаклро кунанд. Мавзӯъ куҳна ё нав, муҳим нест, бояд, ки ҷолиб бошад, бо тарзи басаҳнагузорӣ, иҷрои нақшҳо аз тарафи ҳунарпешаҳо." Абдуллоҳи Солеҳ, як сокини пойтахт сабаби ба театр рӯ наоварданашро чунин шарҳ медиҳад: "Ман ба театр намеравам. Зеро намедонам дар он ҷо чиро намоиш медиҳанд. Шояд чизе бошад, ки ба ман писанд наафтаду вақтам беҳуда гузарад. Агар намоишҳо ба воситаи радио, телевизион, тахтаҳои рекламавӣ тарғиб мешуданд, шояд мерафтам. Мо ба кино бештар меравем, чунки он аҷибтар аст ва қаблан рекламаву таблиғ мешавад, мо пешакӣ медонем, ки филм дар бораи чӣ ё давоми кадом воқеа аст. Аммо ҷои театр, бозии зиндаи актёрро, чизе дигар намегирад. Вале ба тамошои театр, тайёр нестем, зеро дар бораи он чизе ки дар саҳна намоиш медиҳанд, кам маълумот дорем". Хоҷазода Назари Назрӣ, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомоли лаби Амури Федератсияи Руссия низ ин андешаҳоро тақвият бахшида мегуяд: - Банда сабаби имрӯзҳо ниҳоят кам будани дӯстдорони театр аз ҳисоби ҷавононро аввалан ба дер-дер гузоштани намоишномаҳо аз ҷониби намоишкорон ва пайравию дил бастани шумораи зиёди ҷавонони имрӯз нисбат ба тамошои филмҳои бемаънию бемантиқ, ки ҳангоми гуфтугӯ куллан дар онҳо меъёрҳои забони тоҷики поймол мешавад хулоса мекунам. Театр дар таассуроти ман акси зиёдаи таърихро бармекашад. Театр аз зиндагии воқеӣ сухан мегӯяд. Хуб мешуд таҳиякунандагони намоишҳо тез-тез намоишҳои нав ба навро пешкаши ҷавонон ва диққати онҳоро ба театр ва тамошои он ҷалб менамуданд. Аммо ҳунармандону коргардонҳои театр сабаби камтамошобин будани театрҳоро дар кам таблиғ ёфтани саҳнаҳои он надониста, онро ба пастии завқи бинандаҳо рабт медиҳанд. Чуноне ки Далер Мирхонов ҳунарманди ҷавони Театри давлатии “Ҷавонон" ба номи М.Воҳидов зикр намуд: “Театр як манбаъ ва макони ахлоқ аст ва ҷавонони мо ин нуқтаро ҳанӯз дарк накардаанд, аз ин рӯ ба тамошои намоишҳои театрӣ завқ надоранд, зеро чуноне гуфтем, театр ҷои аҳли завқу дарк аст, на ҷои бебасару бехабарон. Ҳар як намоиши театрӣ як китоб аст”. Ҳунарпешаи дигари ҳамин театр Саёҳат Боева низ андешаҳои Мирхоновро тақвият бахшида, мегӯяд: “Агар ба ҷавонон ройгон ҳам чипта диҳанд, ба театр намераванд, донишҷӯёнро аз дарсҳо иҷборан ба театр равон мекунанд, вале онҳо ҳавсалаи он ҷо рафтанро надоранд. Банда борҳо мушоҳида кардаам, ки тамошои намоишҳои театрӣ, ки толори театр ягон бор пур аз тамошогар ба назар намерасад. Ба ғайр аз худи ҳунармандон ва чанд тани дигар аз доираи мардуми аҳли хирад ва баъзе аз ҷавонони ташнаи театр дигар касеро намебинӣ ва толори театрҳо ҳамеша холӣ аст. Аз сӯи дигар маълум нест, ки ҷавонон бештари вақти худро бо кадом машғулият сипарӣ мекунанд ва чаро хоҳишманди рафтан ба театру синамо нестанд. Тамошогарро маҷбурӣ ба театр оварда намешавад.” Инак замони он расидааст, ки сари масъалаи ҷалби бештари мардум ба театр андеша кунем. Калонҳо гӯянд, ки театр ҷои ҷавонон асту ҷавонон онро ба пирон вогузоранд. Пас кӣ ва кай роҳ ҷониби ин макон мегирад? Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
“Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид”. Эмомалӣ Раҳмон Дар воқеъ, фазои густурдаи ланд бардоштани асосҳои зерин ёфта, тартиби фаъолияти худро иттилоотӣ имрӯз аз як тараф ба қабулкунандаи иттилоъ кумак ба низом дароварда истодааст. огоҳӣ ва рушди ҷаҳонбинии мар- намоянд: Дар ду соли охир кушода шудумро фароҳам оварда бошад, аз -дониши фарох (ба тариқи дани шабакаҳои телевизионии ҷониби дигар бо роҳу василаҳои муъҷазу нишонрас) роҷеъ ба “Синамо”, “Варзиш”, “Футбол”, гуногун ба таҳрики мағзҳо ҷиҳати халқу миллати хеш, шинохти “ТМТ Шаҳнавоз” паҳлуи мусбати эътимод бастан ва анҷом до- шахсияҳои таърихӣ; масъала аст. Аммо услуби таҳияи дани амалҳои номуносиб низ -малакаи ташхисдиҳӣ ва мавод ва расонидани он ба дарсабаб гардидааст, ки паёмадҳои баҳогузори бо далелҳо асосёфта ки тамошобин такмилу густариш ногувореро дар пай дошта мета- дар вокуниши ахбори нашргарди- мехоҳад. Масалан, дар барномаи вонад. Илова бар ин, аз маҷрои да; “Ахбор”-и телевизиони Тоҷикистон номаҳдуди ахбори хориҷӣ, ки -ҷуръатнокӣ дар баёни анде- ва “Навид”-и Муассисаи давлашаҳрвандон ба он тавассути ша- ша ва монанди ин; тии телевизиони “Сафина” ба бакаи умумиҷаҳонии интернет Асри 21 асри иттилооту маъ- масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, ки ва шабакаҳои моҳвораии теле- лумот аст. Дар воқеъ, агар мо ба дар он манфиати Тоҷикистон низ визиониву радиоӣ дастрасӣ до- вазъи имрӯзаи ВАО-и ҷаҳонӣ на- ҷой дорад, таваҷҷуҳи кам зоҳир ранд, таъсир мепазиранд, ки он зар андозем, маълум мегардад, мегардад. Ва ё ин ки дар ахбори ахбор бешак ҳимояткунандаи ки тамоми қудратҳо дар роҳи барои нашр пешбинигардида дар манофеи кишварҳои онҳост ва расидан ба ҳадафу нақшаҳои бу- мавриди нишон додани мавқеъ дар ин замина нодидагирӣ кар- зург нахуст тавассути расонаҳои ва манфиати Тоҷикистон журнадани манфиату ташаббусҳои иттилоотӣ таблиғот бурда, ауди- лист – шореҳон мушкилӣ мекамамолики дигар мебошад. Ба торияро барои қабули табадду- шанд. Барои мисол, масъалаи гунаи мисол дар намоишҳои идо- лот омода менамоянд. Пасон, дар боло зикршуда – муҳоҷирати нае, ки аз шабакаҳои гуногуни тарҳҳои худро амалӣ месозанд. меҳнатӣ, ки садҳо муаммо дар телевизионҳои Руссия бахшида ба Барои мисол, ҳаракатҳои эъти- пай дорад ва қисми назарраси 73 - юмин солгарди ҷашни ғалаба розии шаҳрвандони Қрим дар аҳолии Тоҷикистон дар муҳоҷират мустақиман пешниҳод карда шуд, ҷараёни моҳҳои ноябр – декабри қарор доранд, дар барномаҳои талошу ҷонбозиҳои мамлакатҳои соли 2013 барои журналистони мазкур тавзеҳ намеёбанд ва ин дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аксари телевизионҳои давлатӣ масъала ба таври бояду шояд бахусус ҷанговарони тоҷик ва ғайридавлатии Федеретсияи баррасӣ намегардад. Ин ба он норӯшан боқӣ монд. Руссия, бахусус шабакаи теле- оварда расонидааст, ки ахбори Ин дар ҳолест, ки тибқи визионии “Россия” асос гардид, таблиғотии расонаҳои хориҷӣ, мушоҳидаҳои анҷомшуда дар ки минбаъд дар қолаби жанрҳои ки муҳоҷиронро аксар вақт сиёҳ шароити феълӣ тамошоби- гуногун – назарпурсӣ, шарҳ, гузо- мекунанд, аз ҷониби расонаҳои нони шабакаҳои телевизионӣ риш, мусоҳиба ва дигар жанрҳои ватанӣ бевокуниш боқӣ мемонад. ба барномаҳои иттилоотии таҳлилӣ ба таври мунтазам Ҳамин тариқ, дар ҷомеаи кишварҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи зиёд (шабонарӯз дар ҳар нашри ахборӣ кунунӣ нақши ВАО дар ташаккул дошта, ба сифат ва муҳтавои ва барномаҳои сиёсӣ) таблиғот ва дигаргуниҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва ин барномаҳо баҳои баланд бурда, табаддулоти ба хоки Рус- фаъолияти сиёсии ҷаҳони муосир медиҳанд. сия пайвастани минтақаи Қримро назаррас буда, ВАО-и имрӯзаи Шароити ҷаҳонишавиро низ наздик оваранд. Таблиғоти пеш аз мо, бахусус телевизиони тоҷик ВАО, аз ҷумла шабакаҳои иттило- эътирозии шаҳрвандони Қрим аз ба журналистони таҳлилгар ниёз отии муваффақ вусъат бахшида, намоиши вазъияти аз ҳад зиёд но- дорад. “Дар баробари фаъолидар тамоми самтҳои фаъолиятку- ороми кишвари Украина ва норозӣ яти шаклҳои гуногуни расонаҳо, нанда таъсири назаррас мегузо- будани шаҳрвандон аз ҳукумати усулҳои иттилоърасонӣ, таҳлилу рад. Чунон ки муҳаққиқон М. Имом- ин кишвар иборат буд. баррасии муаммоҳо тағйир ёфзода ва С. Гулов дар мақолаашон Мисоли дигар ин пешниҳоди тааст. Дар навбати худ ин яке “Манфиат ва арзишҳои миллӣ дар амалҳои ғайриқонунӣ ва шарҳи аз омилҳои таъсири бештари мадди аввал ё баъзе масъалаҳои якҷонибаи журналистон боиси расонаҳо ба ҷомеа мегардад” - меамнияти иттилоотӣ ва фазои итти- он гардидааст, ки шаҳрвандони нависад муҳаққиқ Сангин Гулов. лоотии Тоҷикистон” зикр менамо- кишвари Руссия муҳоҷирони Дар факултети журналистиянд: “Ҷаҳонишавӣ дар баробари меҳнатиро бо назари манфӣ нигоҳ каи ДМТмаҳфили “Хабарнигорони дастовардҳо паҳлӯҳои манфӣ кунанд. Ба ин васила манфиат- ҷавон” таъсис дода шудааст, ки дар низ дорад, ки мубрамтаринаш дорон ба ҳадафи аслӣ – гарон тайёр намудани мутахассисони тавассути ВАО таъсир ба ахлоқ, ва мураккаб намудани раводид ҷавобгӯ ба талаботи ззамон саҳм гуанъана ва арзишҳои миллии мо миёни муҳоҷирони меҳнатӣ бира- зошта метавонад. Студияи телевимебошад. Дар шароити муосир, ки санд ва бо истифода аз сатҳи па- зион ва радиои факултет низ кӯшиш муборизаву талошои геополитикӣ сти дониши ҳуқуқии ҳадди аксари менамояд, ки бо ҷалби донишҷӯён шаклу усулҳои навро касб кар- муҳоҷирон даромади зиёдтар аз дар атрофи мавзӯъҳои муҳим ва даанд, расонаҳои ҳар кишвар ҳисоби ҳаққи заҳмати онҳо ба даст ҳалталаб, ки сиёсати замонро фаманфиатҳои миллии кишвари ху- оваранд. Ҳол он ки муҳоҷирони рогир аст, журналистони фаъолро дро дифоъ мекунанд.”. корӣ амалан ба корҳои сиёҳ ҷалб ба воя расонад, зеро замона журВобаста ба ин, воситаҳои гардида, дар аксари мавридҳо налистони донишманду фаъол ва электронии имрӯза ба кадрҳои ҳуқуқҳояшон поймол мегардад. ҳамадонро тақозо менамояд. журналистие ниёз доранд, ки дар Дар фазои иттилоотии бархӯрди манфиатҳо аз арзишҳои Тоҷикистон низ ин мушкилот ба Муслима МАНОНОВА, мудимиллӣ дифоъ карда, ба аудитори- назар мерасад, зеро дар кишри студияи таълимии телеяи фаъол эътимод бахшида таво- вари мо васоити электронии ахвизион ва радио, факултети нанд. Дар баробари ин, барои ба- бор марҳила ба марҳила рушд журналистикаи ДМТ
6 Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҷавононро ҳамчун самти калидӣ ва дурбинона пеша намудаанд ва ҷавононро ҳамчун қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа маҳсуб медонанд. Аммо дар баробари рушду тавсеа ва комёбиҳо дар самти фаъолияти ҷавонон ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки аз тамоюли манфию ғайриахлоқӣ миёни ин қишри аҳолӣ дарак медиҳад. Дар солҳои 2015 ва 2016 ба қайд гирифта шудани 11692 ҷиноят аз ҷониби ҷавонон содиргардида ва ба 1293 нафар расидани шумораи шомилшудагон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ дар соли 2016 ҷомеаи моро ором гузошта наметавонад. Мавҷудияти муаммои зикргардида дар пешрафти ҷомеа ва ояндаи дурахшони халқи тоҷик халал ворид мекунад. Дар шарҳи ин муаммоҳо костагии ахлоқи ҷавонон, нашъамандӣ, тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона, тамокукашӣ, оворагардӣ, ба марказҳои дилхушӣ рафтан, шабгардиҳо, даст ба ҳуқуқвайронкуниҳо задан, дур шудан аз анъанаҳои неки илмомӯзӣ ва гаравиш ба экстремизму терроризмро номбар намудан мумкин аст. Ин муаммоҳо ҳамчун доғи рӯз дар ҷаҳони имрӯза муаррифӣ гардида, аз ҳама хавфноку хатаровари он шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз амалҳои террористиву экстремистӣ муаммои сатҳи байналмилалӣ маҳсуб ёфта, беш аз 100 давлати дунёро ба ташвиш овардааст. Бо дарки муҳиммияти ин масоил Пешвои миллат зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” зикр доштанд, ки дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. “Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд”, - таъкид доштанд, Президенти мамлакат. Рӯ овардан ба ин муаммои муҳим дар самти мубориза ва пешгирии таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар ҳама сатҳу зинаҳо хосса байни ҷавонону наврасон хеле зарур арзёбӣ мешавад. Аз ин лиҳоз, яке аз ин муаммоҳо ва доғи рӯзи ҷаҳони муосири кишварҳоро экстремизму терроризм метавон унвон кард. Ин мафҳумҳоро ҳар инсони поктинат ва эҳсоси давлатдориву ватандӯстӣ дошта, ҳамчун “зӯроварӣ”, “сӯхтору таркиш”, “қатлу ғорат”, “кушторҳои бераҳмона”, “даҳшату ваҳшоният”, “гумроҳӣ”, “тарсу ҳарос”, “амалҳои ғайриинсонӣ”, “фиреб” ва “беимо-
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №25 (9555), 21.06.2018
МАВЗӮИ РӮЗ ниву бевиҷдонӣ” фаҳмида, онро маҳкум мекунанд. Ин ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундрави экстремистиву террористӣ худро бо номҳои “Алқоида”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҷараёни ифротии Салафия”, “Ҳизби экстремистиву террористии наҳзати ислом”, «Давлати исломӣ» ДИИШ, «Ҷабҳат-ун-Нусра», “Бародарони мусулмон”, “Ҳизби исломии Ӯзбекистон” (собиқ ҳаракати исломии Ӯзбекистон), “Лашкари тайба”, “Ҳаракати толибон”, “Гурӯҳи 24”, «Гурӯҳи исломӣ», “Тоҷикистони озод”, “Ансоруллоҳ”, «Ҷамъияти таблиғ», «Созмони таблиғот» ва ғ. байни қишрҳои гуногуни ҷомеа муаррифӣ карданӣ мешаванд ва бо ҳар роҳу усул (тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, иштирок дар тӯю маъракаҳои оилавӣ, шабнишинию сайру гаштҳо, суҳбатҳои инфиродию дӯстона ва ғайраҳо) тарғибу ташвиқ намуда, ҷавонони бегуноҳ, заифирода ва дар чорроҳаи зиндагӣ муаллақро бо
мавҷудаи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, ки пешорӯ ё дар баъзан ҳолат садди роҳи ҷавонон гардида истодааст, чанде аз масоили роҳҳои пешгирии онро аз ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа мувофиқи мақсад шуморидем: Якум. Омӯзиши асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”, силсилаи китобҳои “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, “Чеҳраҳои мондагор” ва истифодаи матни суханрониҳояшон аз ибтидои солҳои истиқлолият то ба имрӯз, ки пур аз таърихи воқеияти ҳаёти инсонии миллати тоҷик, таҳлилу муқоиса ва нишондодҳои бурду бохти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвари Тоҷикистонро инъикос намудааст, назару меҳру муҳаббати ҷавонони моро ба Ватан ва оила куллан тағйир хоҳад дод. Зеро, ҷавонон аз ибтидои
ми Аъзам (соли 2009) аз зумраи тадбирҳои муҳимтарини тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маънавияти мардум, бахусус, таҳкими фарҳанги исломӣ ба шумор меравад. Дар ин асно, даҳҳо ва садҳо асарҳои илмию оммавӣ ва зиндагиномаи худи Имоми Аъзам таҳияю нашр гардиданд, ки мутолиаи онҳо аз ҷониби ҷомеаи имрӯза савияи дониши динию дунявӣ ва ҳуқуқии моро баланд мебардорад, аз роҳҳои ифротӣ бозмедорад, иродаи моро дар ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амният ва пойдории сулҳу ваҳдат боз ҳам мустаҳкамтар месозад. Чорум. Дигар муаммои асосӣ, ки роҳи ҳалли он бештар аз оила ва худи ҷавонон алоқаманд аст, таҳсилоти динии ҷавонони мамлакат дар донишгоҳҳои ғайриқонунии хориҷи кишвар мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ то ҳол аз 3800 нафар таҳсилкунандагони ғайриқонунии
роҳи фиреб ба доми худ мекашанд. Новобаста аз ному барномаҳои гуногун ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон манъгардида, мақсаду маром ва ҳадафҳои муғризонаи ягона доранд. Мақсад ва мароми асосии терроризм, ё ҳизбу ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои зикргардида пеш аз ҳама халал ворид сохтан ба амнияти ҷамъиятӣ, бедор сохтани тарсу ваҳм, ба воҳима овардани аҳолӣ ва ниҳоят тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатӣ мебошад. Ин ҳолатро танҳо шахсони ҳушёру зирак, соҳибмаърифат, инсони аз нишебиҳои зиндагӣ бархӯрдор ва аз таҷрибаи рӯзгору маслиҳатҳои волидайн, олимону шахсони муътабар, донишмандон ва пирони барнодил метавонанд эҳсос намоянд. Масалан, агар ҳадафи ҷараёни «Салафия» инкор кардани мазҳабҳои чоргона, куфр донистани Конститутсия, нест кардани урфу одат, анъанаҳои миллии дигар қавмҳо ва фарҳанги бузургу таърихи мо бошад, мақсади ҳаракати ифротгарои Ҳизби таҳрир «бунёди хилофати исломӣ» аст... Созмони дигари «Давлати исломӣ» (ДИИШ) бошад, аз даҳшатангезтарин ташкилот ба ҳисоб рафта, бо зӯрӣ ишғол намудани давлатҳои мусулмоннишин ва тобеи худ кардани онро ҳадафи худ қарор додааст. Таҷрибаҳои фаъолияти Ҳизби экстремистиву террористии наҳзати ислом нишон дод, ки бо тафриқаандозии хеш мардумро ба гумроҳӣ бурда, боиси ба кишварҳои ҷангзада раҳсипор шудани баъзе шаҳрвандон, ҳатто бо аъзои оилаашон гардид. Зимнан, баъзан муаммоҳои
ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаҳои шадиди давлату ҳукумат дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва омилҳои пайдоиши терроризму экстремизм дар Тоҷикистон сабақ гирифта, дар решакан намудани он тасмим хоҳанд гирифт. Дуюм. Мусаллам аст, ки ба доми ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ асосан бекорон, ҷавонони сатҳи пасти маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва динидошта, аз оилаҳои камбизоат ва амсоли инҳо меафтанд. Аз ин лиҳоз, фаъолияти мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, оила ва дигар шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ба он бояд нигаронида шавад, ки дастаҷамъона пеш аз ҳама мафкураи ҷавонони худро солим нигоҳ дорем то ҷавонони мо ақидаҳои бегонаро напазиранд ва дар ҳизфи оила, ҷомеа ва давлати худ устувор бошанд. Сеюм. Барои рафъи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ моро зарур аст аз якчанд омилҳо ва адабиёти илмиву адабӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқиву динӣ истифода намоем. Масалан, бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони тоҷикӣ таҳия ва нашр гардидани китоби муқаддаси «Қуръони карим» ва ройгон дастрас шудани он ба оммаи васеи мардум дар шинохти асолати дини мубини ислом нақши муҳим бозид. Ҳамчунин бо назардошти хизматҳои таърихии фарзанди барӯманди халқи тоҷик Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ва аҳамияти калон доштани мероси динӣ-ҳуқуқии ӯ баргузории Соли бузургдошти сарвари мазҳаби ҳанафӣ Ҳазрати Имо-
динӣ дар хориҷи кишвар қариб 400 нафари дигар боқӣ мондаанд, ки бояд ба Тоҷикистон баргардонида шаванд. Дар ин амали онҳо, хатари ҷавонон бештар мушоҳида гардида, имкони фирефта шудан, таъсири аз худ намудани фарҳанг ва ҷорӣ намудани ғояю идеологияҳои бегонаро пайдо намуданашон мумкин аст. Ҷавонон аз сабаби нокифоя будани дониши динӣ эҳтимоли ба гурӯҳҳои тундрав шомил шуданро доранд. Ҷорӣ намудани фанни «Таърихи дин» барои хонандагони мактабҳои маълумоти миёна ва фанни “Диншиносӣ” барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ маҳз ба хотири бархӯрдор гаштан аз таърихи дин ба ҷавонон кӯмак мерасонад. Ин тадбирҳои амалишудаистодаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро ҳушдор месозад, ки бо зуҳурот ва ақидаҳои экстремистӣ, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ғайриқонунӣ амал менамоянд, муқовимат нишон диҳанд, аз равияҳои бегона худдорӣ намоянд ва мавқеи худро муайян созанд. Аз ин сабаб, ба мақсад мувофиқ аст, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соати фанни таълими “Таърихи дин” дар мактабҳои маълумоти миёна ва ҳаҷми соатҳои фанни “Диншиносӣ” дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар карда шуда, ҳаҷми он зиёдтар карда шавад. Барои тайёр кардани мутахассисони соҳибтаҷриба низ дар заминаи яке аз Донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ё Академияи таҳсилоти Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани
Рисолати ҷавонон дар амнияти ҷомеа
мутахассисон бо ҷалби коршиносони варзидаи соҳаи диншиносӣ роҳандозӣ карда шаванд. Панҷум. Барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ низ мавҷуд буда, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, № 776 дар бораи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ таҳия ба тавсиб расидаанд, ки барои мустаҳкам намудани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд. Шашум. Тибқи маълумоти таҳлилгарон солҳои охир 1,6 миллион ё 19 % аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд, ки тавассути он маводи зиёди дорои хусусияти ифротӣ ва таблиғкунандаи терроризму экстремизм дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд паҳн мешаванд. Аъзои ин ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъшуда пинҳонӣ ё тариқи ошкоро тавассути шабакаҳои иҷтимоии “фейсбук”, “вайбер”, “одноклассники”, “твиттер” ё дигар сомонаҳои ғайрирасмӣ ҷавононро бо роҳи фиреб ва бо истифода аз қишри ҷавонони камсавод, бекор, муҳоҷирони меҳнатӣ, заифирода ва маърифати пасти диниву дунявӣ доштаро даъват намуда, ба гумроҳӣ ва хиёнаткорӣ мебаранд. Бештари ҷалб шудани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо тариқи воситаҳои интернетӣ сурат мегирад. Аз ин лиҳоз, дар ин самт шаклу усулҳои нави корбарии мубориза бо гурӯҳҳои тундравро дарёфт намуда, ба суханҳои иғвоангези онҳо ҷавоби сазовор бояд дод. Ҳафтум. Таҳлилҳо бозгӯи он ҳастанд, ки шомилшавии ҷавонони бекор, дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда ва сатҳи пасти маърифат дошта бештар ба чашм мерасанд. Ба мақсад мувофиқ аст, ки баробари ҷалби хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии кишвар ва ташкилоту муассисаҳое, ки зери назорати доимӣ ҳастанд, дар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо ин қишри ҷомеа, махсусан, бекорон, аз маҳбас озодшудагон, ҷавонони душвортарбия, аз таълиму тарбияи волидайн ва муассисаи таълимӣ дурмонда ва ҷамоату маҳаллаҳои осебпазир ҷалб карда шаванд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҳамсол ба ҳамсол, ҳамкасб ба ҳамкасб ва амсоли инҳо бо паҳн намудани варақаҳои иттилоотии пешгирикунанда ва огоҳкунандаи терроризму экстремизм натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод. Фаридун ҲОДИБОЕВ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири шуъбаи тарбияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №25 (9555), 21.06.2018 Чанд кӯдак дар дохили нақлиёт бо овози баланд гап мезаданд. Суханони қабеҳ ва гапгардониашон ба калонсолон мусофирони нақлиётро водор кард, ки сари масъалаи эҳтиром ва коста шудани одобу ахлоқи ҷавонон баҳс кунанд. Зани тақрибан панҷоҳсола шикваомез гуфт: “Баҷои он ки кӯдакон дар мактаб таълим гиранду одобу ахлоқро омӯзанд, рӯз аз рӯз рафторашон ба авбошон монанд мешавад. Кӯдаки тоҷик аз куҷо ин хел рафтору одобро омӯхтааст, ки мани солдида, бо дасту пои дардманд, нисфи роҳро дар нақлиёт ростистода омадам, аммо як бор хотири эҳтироми мани калонсол таклифи ҷои нишаст накард. Бар замми ин, чаро инҳо дарк намекунанд, ки ҷои ҷамъиятӣ ҷое нест, ки бо тамоми ҳастӣ дод занию дашному ҳақорат намоӣ. Мо ҳам кӯдак будем. Ҷавон будем. Аммо барои дасти мадад ба калонсолон дароз кардан, ба ҷо овардани эҳтироми эшон, ҳамеша саъй мекардем ва барои ин амал пайваста аз ҷониби волидону устодон насиҳату панд мешунидем...” Мӯйсафеди солхӯрда, ки аз фарти пирӣ овозаш меларзид, ба ҳарфи зан ҳамроҳ шуд: “Рост мегӯед, хоҳар. Ман пештар аз шумо ба нақлиёт савор шудам. Ҳамин чанд кӯдаке, ки мебинед, аз аввали роҳ бо амалҳои нохуб одоб надоштани худро исбот карданд. Сари худро аз тирезаи нақлиёт бароварда роҳгузарҳоро бадгӯӣ мекунанд. Дод зада таклифи ин ё он ҷо рафтан мекунанд. Бори чандум аст, ки ба онҳо мегӯям, шумо бо ин бадахлоқиатон симои волидону устодони худро муаррифӣ мекунед “кори худатро кун,”-мегӯянд. Ба бадрафтории онҳо ҳам мактаб, ки риояи одобу ахлоқро ба муҳассилин намеомӯзонанд, ҳам падару модарон гунаҳгоранд, ки дар тарбияи фарзандон саҳлангорӣ мекунанд. Набошад, то чанд соли қабл дар куҷо чунин амалҳои ношоиста ба чашм мерасид? Ҳоло ин як амали кӯчак аст. Ин рӯзҳо ба ҳодисаҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки ба ақли кас рост намеояд, ки наход то ба ҳамин ҳад ҷавонон бадрафтор шуда бошанд”. Марди қоқинаи дароз то ба охир сухани мӯйсафедро гӯш карду бо иҷоза лаҷоми суханро ба даст гирифт: “Албатта, дар умум баҳо додан беинсофӣ мешавад. Имрӯзҳо гурӯҳи ками ҷавонон аз ин қабиланд. Хушбахтона, кам нестанд ҷавононе, ки дар баробари боилму босавод буданашон, эҳтироми калонсолонро низ як ҷузъи фаъолият ва рафтори худ медонанд. Ва ин гурӯҳе, ки дар чашми мардум бо рафтори худ чун хоре ба назар мерасанд, бо таъсири муҳит бадрафтор шудаанд. Набошад, ҳама волидон мехоҳанд, ки фарзанди онҳо хушахлоқ бошаду ба калонсолон эҳтиром гузорад. Ва дар мактабҳо низ ин нукта пайваста таъкид мегардад, ки ҷавонон бояд ҳамеша дар эҳтироми калонсолон қоим бошанд...” Ҳамин тавр, ҳар нафари дар дохили нақлиётбуда фикру андешаҳои худро мегуфт. Ва аксрият аз он таассуф мехӯрд, ки дар масъалаи эҳтироми калонсолон вақтҳои охир костагӣ зиёд ба назар мерасад.
7
НИГОҲИ ДИГАР
Вақте ахлоқ коста мегардад... ...ҷамъият зарар мебинад Расму оин ва суннати зиндагии шарқиёна эҳтиром ба калонсолонро ҷузъи асосии одобу ахлоқ ва рафтори ҳамидаи инсонӣ медонад. Ҳамин аст, ки аз асрҳои пеш донишмандон ва шоирони классики мо барои талқини он ба мо панду андарзҳо ба мерос монда, таъкидҳо кардаанд. Хушбахтона, падару бобо ва гузаштагони мо ин таъкидҳоро ба худ чун шиор пазируфта, тибқи фармудаи он амал мекарданд. Аз ҷумла ин панди Аттор, ки фармудааст: Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз, То азизи дигарон бошӣ ту низ. Фирку андешаҳо доир ба коста шудани одобу ахлоқи баъзе ҷавонон гуногунанд. Агар як гурӯҳ онро аз вазъи номураттаби кунунӣ донанд, дигарон сабабгор волидон ва омӯзгоронро мешуморанд. Шариф Муллоев, омӯзгори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия чунин андеша дорад, ки ҷавонони имрӯза аз ҷавонҳои давраи шӯравӣ фарқи калон доранд: - Бисёриҳо бар ин андешаанд, ки мо набояд муқоиса кунем, вале ба фикри ман ҳама чиз баҳои аслиро аз муқоиса мегирад. Дар шароити кунунӣ одоби ҷавонон фикр мекунам, ки каме коста аст, - мегӯяд ӯ. - Албатта ин сабабҳо дорад. Аввал, дониши кифоя нагирифтани онҳо дар боғчаву макотиби тахсилоти умумӣ, дуюм, кам аҳамият додани волидайн дар тарбияи онҳо, баъдан бисёр ва бе мақсад истифода бурдани интернет, ба китоб кам рӯ овардани ҷавонон, мутолиаи ками асарҳои бадеӣ аз адабиёти тоҷик ва ҷахонӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нос ва сигор кашидани онҳо ва ба ин монанд камбудиҳо боиси костагии тарбия ва беодоб шудани ҷавонон мешавад, ки ахиран ба беэҳтиромӣ нисбати калонсолон
оварда мерасонад. Шоир Рустам Ваҳҳоб бошад, баръакс чунин мепиндорад, ки дар ҳама ҳол эҳтироми калонсолон вобаста ба худи онҳост: “Агар калонсолон виқор ва сатҳи лозими худро дар иртибот бо ҷавонон риоя кунанд, аз тарафи ҷавонон ҳам мартабаи онҳо риоя мешавад. Дар акси ҳол не,” – таъкид мекунад ӯ. Нурӣ Муҳаммади Истам, варзишкор аст. Ӯ, ки худ ҷавон аст, ба мавзуъ ва мушкилоти он бештар ошноӣ дорад. Ба фикри ӯ дар ҷомеаи мо ҷавонон гуногун ба воя мерасанд. Аз лиҳози ахлоқӣ онҳо бо калонсолон ҳам бархурди хуб доранд ва ҳам бад. Чуноне Нурӣ Муҳаммади Истам мегӯяд: “Одитарин одоби эҳтироми ҷавононро мо метавонем, дар дохили нақлиётҳо ҳамарӯза мушоҳида кунем. Ҷавононе ҳастанд, ки ҳангоми ворид шудани аз худ бузургтарҳо зуд ба онҳо ҷо медиҳанд. Баръакс ҷавононе ҳастанд, ки вақте солмандонро ростистода мебинанд, парвое надоранд, гӯё онҳоро надидаанд. Ва низ ронандагони ҷавони ин нақлиётҳо, ки бо мусофирони солманд бархурдҳои носолим доранд. Ҳолоти дигар дар бозор, роҳҳо, мактабу донишгоҳҳо низ ба чашм мерасад. Сабаби аслиашро аз тарбияи хонаводаву мутоилаи китоб, ки дар инсон маърифатро ба вуҷуд меоранд, дур афтодани ҷавонон медонам”. Саидшоҳ Акрамов бо умри 71сола ва таҷрибаи кории 47-солаи худ гарму сарди зиндагиро зиёд дидааст. Аз он ки ӯ табиб аст, ҳамарӯза ба муносибат ва одобу ахлоқи ҷавонон рӯ ба рӯ мешавад. Саидшоҳ Акрамов мегӯяд маҳз огоҳ набудан аз ашъори классикон ва фармудаҳои онҳо ба одоби ҷавонон костагиҳо ворид гардидааст. Аз ҷумла ӯ мегӯяд:
“Низомӣ мефарояд: Ҷавон гарчи шоҳи далерон бувад, Гаҳи чора муҳтоҷи пирон бувад. Як ҷаҳон маънӣ дар ин панд ниҳон аст. Аммо каманд он ҷавононе, ки инро аз худ ва маърифат кунанд. Сабаби асосии эҳтиром наёфтани пирон аз тарафи ҷавонон ин пастии маърифат ва ноогоҳии онҳо аз адабиёти форс – тоҷик аст. Бузургони мо ба монанди Мавлоно, Саъдӣ, Ҷомӣ, Унсурмаолии Кайковус, Ҳофиз ва даҳҳо шоирони бузург, ки назирашон дар адабиёти Ғарб дида намешавад, ҳазорҳо чунин панд ба мо мерос мондаанд. Ғарбзада гаштани ҷавонон, рӯ гардондани онҳо аз ин дурри камёфт ва майл намудан ба мусиқиҳои ғайриахлоқӣ, ба монанди рок ва поп мебошад. Ҳамчунин, дар зиндагонӣ рӯ ба рӯ шудан ба ноадолатиҳои мавҷуда, ки боварии онҳоро ба одаму одамгарӣ коста месозанд, пастии сатҳи зиндагонӣ, падидаҳои нохубро аз мусофират овардан, пастии маърифати миллӣ ва динӣ, тарбияи нодуруст дар мактаб ва хонавода, тамошои филмҳое, ки фаҳш ва зӯровариро талқин мекунанд ва даҳҳо омиле вучуд дорад, ки сабаби аслӣ шуда метавонанд”. Барои рафъи мушкилиҳои зикршуда мебояд, дар ҳама муассисаҳо устодони соҳибилму соҳибтаҷриба фаъолият карда, робитаи мактаб бо оила мустаҳкам карда шавад. Чизи дигар ба ҷавонон фаҳмондани боигарии маънавӣ мебошад. Ҷавонони имрӯза пешрафта буда, қисми зиёдашон дониши хуб доранд. Вале дар ин росто онҳо бояд дар фикри хуб ва намунавӣ намудани одоби хеш низ бошанд. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №25 (9555), 21.06.2018
Ифтитоҳи аввалин майдончаи “Юка” дар кишвар Дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе майдончаи варзишии “Юка”, гулгашт ва мавзеи истироҳатию фароғатӣ барои кӯдакону наврасон ва сокинони маҳал сохта ба истифода дода шуд.
Медали биринҷии Дилшод Назаров дар Лаҳистон
Майдончаи мазкур дар арафаи таҷлили 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷибонаву созандаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи майдонча Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи Сино ва сокинони маҳалла иштирок намуданд. Майдончаи варзишии унверсалии бозии “Юка” аввалин маротиба дар кишвар дар масоҳати 144 м2 дар намуди доирашакл бунёд ёфта, барои баргузории ҳама намуди бозиҳои варзишӣ басткетбол, волейбол ва футбол мусоид аст. Сохтмони майдонча бо маблағи 352 559 сомонӣ дар масоҳати 1850 метри мураббаъ дар муддати се моҳ бунёд гардида, дар атрофи майдончаи варзишӣ гулгашт, ҷои истироҳату фароғат барои сокинон, ҷои бозӣ барои кӯдакон ва навиштаҷотҳо аз ашъори адибони шинохтаи тоҷик
ҷойгир шудаанд. Бозии “Юка” яке аз бозиҳои маъмулӣ дар Иттиҳоди Аврупо, аз қабили давлатҳои Украина, Италия, Испания, Дания ва дигарон ба ҳисоб рафта, дар он хурду калон метавонанд ширкат кунанд. Маврид ба зикр аст, ки дар партави сиёсати оқилона ва варзишпарваронаи Роҳбари давлат ва иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе дар соли 2018 зиёда аз 95 адад майдончаҳои варзишӣ, гулгашт ва мавзеъҳои истироҳатию фароғатӣ барои сокинони шаҳри Душанбе сохта ба истифода дода мешавад. Шаҳбоз КАРИМОВ, “ҶТ”
Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио –2016 дар мусобиқаи навбатии силсилаи “IAAF Hammer Throw Challenge” мақоми сеюмро касб намуд. Мусобиқаи 64-ум ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосинскӣ (“Janusz Kusocinski Memorial”) 8 июн дар шаҳри Чорзуви Лаҳистон доир гардид. Ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии кишвар Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,18 метр ҳаво дода, ҷои сеюмро ишғол кард. Ҷойҳои аввалу дуюм насиби лаҳистониҳо Войсех Новитский (80.63) ва Павел Файдек (80.04) гардид. Силсилаи мусобиқаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии варзиши сабук дар соли равон 10 ададро ташкил медиҳад. Якум мусобиқа дар Ямайка доир гашт. Баъдан Осакаи Ҷопон мизбони мусобиқаи варзиши сабук буд (Seiko Golden Grand Prix Osaka-2018), ки Дилшод Назаров бо натиҷаи 75.01 ҷои чорумро ишғол кард. Дилшод Назаров, ҳамчунин дар мусобиқаи “Paavo Nurmi Games” (Финландия) низ ширкат карда, бо натиҷаи 76.16 сазовори ҷои панҷум шуд. Феълан дар раддабандии беҳтарин гузандозони ҷаҳон Дилшод Назаров бо 229.35 хол дар ҷои сеюм аст. Павел Файдек (237.41) дар ҷои аввал, Войсех Новитский (236.70) дар ҷои дуюм, Бенс Халаж аз Маҷористон (228.66) дар ҷои чорум, Марсел Ломнитский аз Словакия (222.95) дар ҷои панҷум қарор доранд.
Рақобатҳо дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов маротибаи 21-ум доир гашт. Дар он 320 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпӣ, варзишгарони мо дар ин мусобиқа 3 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Кристина Пронженко дар қувваозмоии дав ба масофаи 400 метр бо монеа миёни занон (1.00,08), Григорий Дерепаскин дар қувваозмоии дав ба масофаи 400 метр миёни мардон медали тилло ба гардан овехтанд. Тими мардонаи варзиши сабуки кишвар дар ҳайати Атабоев Даврон, Гри-
8 медали варзишгарони тоҷик дар Бишкек 16-17 июни соли равон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон мусобиқаи анъанавӣ оид ба варзиши сабук ба ифтихори қаҳрамони олимпӣ Татяна Колпакова баргузор шуд, ки варзишгарони мо сазовори 8 медал гардиданд. горий Дерепаскин, Алишер Пулотов, Исломҷон Холиқов дар эстафетаи 4х400 (3.20,01) ҷои аввалро ишғол кард. Медалҳои нуқраро Кристина Пронженко дар қувваозмоии дав ба масофаи 400 метр миёни занон (55,02) ва тими занонаи кишвар дар ҳайати Кристина Пронженко, Меҳрангез Назарова, Нодира Мирзоева, Гулсунбӣ Шарифова дар эстафетаи 4х400 (4.11,97) сазовор шуданд. Одилшоҳ Исматов дар қувваозмоии дав ба масофаи 800 метр миёни мардон
(1.51,88), Алишер Пулотов дар дав ба масофаи 400 метр бо монеа миёни мардон (54,11) ва тими мардон дар ҳайати Фавориз Музрапов, Григорий Дерепаскин, Илдар Ахмадиев, Даврон Атабоев дар эстафетаи 4х100 метр (42,14) соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон дар Ҷоми кушоди Ӯзбекистон оид ба варзиши сабук, ки 9-10 июн дар шаҳри Тошканд доир гашт, сазовори 12 медал (3 тилло, 4 нуқра, 5 биринҷӣ) шуда буданд.
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №25 (9555), 21.06.2018
Гӯштини самбо яке аз маъмултарин намудҳои варзиш дар кишвар маҳсуб ёфта, рушди он дар ҷумҳурӣ аз солҳои 70 қарни 20 сарчашма мегирад. Аз соли 1975 инҷониб паҳлавонони тамоми ҷаҳон дар бораи корнамоиҳои ҷавонпаҳлавонони тоҷик, ба мисли Саидмуъмин Раҳимов ва Хоҷазода Беҳрӯз ҳарф мезананд. 19 сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Белорусия, бо ширкати паҳлавонони давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар давлатҳо Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов муаррифӣ намуд. Паҳлавони тоҷик чунин корнамоӣ нишон дод, ки рақибон ангушти ҳайрат газиданд. Баъди ин ғалаба ҷавонони тоҷик ба гӯштини самбо тавваҷуҳи бештар намуданд. Аммо 42 сол барои варзишгарони мо қаҳрамонии ҷаҳон муяссар нагардид. Билохир, 11 ноябри соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон машъали корнамоиҳои самбочиёни тоҷик аз нав фурӯзон гардид. Дар ин рӯз Беҳрӯз Хоҷазода пас аз 42 сол таърихро такрор намуда, миёни 82 кишвари дунё Парчами Тоҷикистонро боло бардошт ва паҳлавонии ҷаҳонро дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳиб гашт. Дар он мусобиқа ҳайати тими мунтахаб маҳорати баланд нишон дода, мақоми ифтихориро касб намуданд. Носир Бозор сармураббии тими мунтахаби кишвар оид ба самбо ин чорабинии варзиширо чунин ёдовар мешавад: “Дар Чемпионати ҷаҳон тими мунтахаби кишвар бо гирифтани 1 медали тиллову 2 ҷои дуюм ва 2 ҷои сеюм миёни 82 кишвар мавқеи дуюмро сазовор шуд, ки ин дастовард дар таърихи
Наҳтуллозода Давлатмурод:
бо Наҳтуллозода Давлатмурод анҷом доданд, масъалаҳои утоқи корӣ, сомонаи расмӣ, суратҳисоб, рамзи федератсия ва дигар мушкилиҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Боиси хушнудист, ки роҳбарияти нав ин мушкилиҳоро дарк намуданд ва дар ду моҳ ҳамаи ин камбудиҳо бартараф шуд. Ҳоло Федератсияи самбои Тоҷикистон сомонаи расмии худро бо номи www.fsambo.tj фаъол намуда, барои мураббиён утоқи кории замонавӣ муҳайё кард ва рамзи Федератсияро таъсис дод”. Баъди фароҳам овардани шароити мусоид, фаъолияти федератсия низ густурда гардида, роҳбарият нақшаҳои бештарро барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо роҳандозӣ намуда истодааст. Аз ҷумла бахшида
Тоҷикистону Федератсияи самбо бори нахуст ба даст омад”. Бо назардошти чунин дастовардҳо Федератсияи самбои кишвар ба мушкилӣ рӯ ба рӯ гашт. Барои эҳё ва бартараф намудани ин мушкилиҳо, моҳи апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи Маҷлиси умумии Федератсияи гӯштини самбои Тоҷикистон баргузор гардид ва дар ин ҷаласа Наҳтуллозода Давлатмурод, директори генералии КВД “Ташкили фурӯши амволи давлатӣ”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ раиси Федератсияи самбо интихоб шуд. Роҳбари тозаинтихоб дар ҷаласа барои боварӣ ва интихоб шуданаш ба ҳайси раиси Федератсияи самбо ба вакилон изҳори сипос карда, ваъда дод, ки барои рушди бештари гӯштини самбо ҳамаи имкониятҳоро истифода хоҳад кард: “Мо кӯшиш менамоем, ки сиёсати варзишпарваронаи Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, варзишгаронро дар сатҳи байналмилалӣ тайёр ва дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ чеҳраҳои навро муаррифӣ намоем,”- гуфт Наҳтуллозода Д. Маҳмуд Абдуллоев, ноиби аввали раиси Федератсияи самбо мегӯяд, ки бо сабаби мушкилиҳои молиявӣ се сол федератсияи киш-
ба ҷашни 21-солагии Ваҳдати миллӣ Федератсияи самбои кишвар тасмим дорад, ки мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни ҷавонон барои дарёфти Ҷоизаи ёдбуди Саидмуъмин Раҳимов баргузор намояд. Мусобиқаи мазкур 24-25 июн дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида мешавад. Дар назар аст, ки Федератсияи гӯштини самбо аз ин ба баъд зимни гузаронидани мусобиқаҳо аз таҷҳизоти замонавӣ ё худ системаи нав истифода барад. Маҳмуд Абдуллоев, довари дараҷаи байналмилалӣ дар мавриди гузаронидани мусобиқаҳои ҷумҳурӣ системаи навро чунин шарҳ медиҳад: “Роҳбарият дар яке аз мусобиқаҳои шаҳрӣ ширкат доштанд ва аз сатҳу сифати паст гузаштани мусобиқа эрод гирифта, қайд намуданд, ки талаботи гузаронидани мусобиқаҳо ба стандарти байналмилалӣ бояд ҷавобгӯ бошад ва дар кори доварон шаффофият дида шавад. Дар мусобиқаҳо табло (лавҳаи электронӣ) бошад ва варзишгар ҳар як сонияи мондаро дар он бинаду тамоми қувваи худро ба рақобат бахшад. Ва вақте дар рафти мусобиқа паҳлавон, ё мураббиаш доир ба ношаффофии ҷараёни гӯштингирӣ норизо бошанд, наворҳои такрориро нигоҳ намуда,
Пешравиҳо назаррасанд вар ба Федератсияи байналмилалии самбо аъзоҳаққиро пардохт карда наметавонист. Паҳлавонони тоҷик барои роҳхат гирифтан ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Наҳтуллозода Давлатмурод баъди роҳбари нав таъин гардидан, аввалин коре, ки анҷом дод, ин пардохти аъзоҳаққӣ ба Федератсияи байналмилалии самбо буд, ки барои бемамониат иштирок намудани паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мусоидат намуд. Бештари федератсияҳое, ки дар кишвар фаъолият менамоянд, на сомонаи расмӣ ва на дафтари кории худро доранд. Бештари сомонаҳои федератсияҳои кишвар фаъолият наменамоянд. Дар аввал Федератсияи самбо низ дорои чунин мушкилиҳо буд. Дар маҷлиси нахустин роҳбарият барои бартараф намудани ин камбудӣ чораҳои мушаххасро пешниҳоди кормандон намуд. Маҳмуд Абдуллоев, ноиби аввали раиси Федератсияи самбо баъди ба вазифа омадани роҳбарияти нав дигаргуниҳои ин соҳаро чунин қайд намуд: “Фаъолияти дилхоҳ ташкилот аз утоқи корӣ шуруъ мешавад. Мутаассифона, тӯли даҳсолаҳо Федератсияи самбо утоқи корӣ надошт ва дар аввалин маҷлисе, ки мураббиён
Хуҷанд - мизбони байналмилалӣ оид ба шиноварӣ Аз 19 то 24 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ байни дастаҳои шиноварии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Ин мусобиқа дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” доир гардида, варзишгарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Туркманистон ва Федератсияи Россия дар он ширкат менамоянд. Маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ 21 июн ва маросими ҷамъбасти он 23 июн гузаронида мешавад. Маврид ба зикр аст, ки Муассисаи давлатии “Ҳавзи шиноварӣ”-и шаҳри Хуҷанд соли ҷорӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, мавриди азнавсозӣ қарор гирифт.
9 аз ҳақиқати ҳол бохабар шаванд. Ин система имконият медиҳад, ки мусобиқаҳои ҷумҳурӣ ба монанди мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ бо шаффофият баргузор гардида, варзишгар аз рақобати худ қаноатманд мешавад”. Дар ҷаласаи Маҷлиси умумии Федератсияи гӯштини самбои Тоҷикистон қайд гардид, ки гӯштини самбо ба барномаи 18уми Бозиҳои Осиё, ки моҳи августи имсол дар Индонезия баргузор мешавад, ворид гардидааст ва аз мураббиёни ин намуди варзиш даъват карда шуд, ки ба бозиҳо таҳти роҳбарии раиси нави федератсия ҷиддӣ омода шаванд. Носир Бозор сармураббии тими мунтахаби ҷумҳурӣ аз омодагиҳо дар ин мусобиқа чунин гуфт: “Дар асоси нақшаи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар ва якҷо бо Федератсияи гӯштини самбо нафароне, ки барои иштирок дар бозиҳои осиёӣ аз тарафи Кумитаи миллии олимпӣ ба қайд гирифта шудаанд, аллакай нақшаи корӣ ҷиҳати омодагӣ, рафта истодааст”. Ҳамчунин Федератсияи самбо тасмим дорад, фаъолияти ҷавондухтаронро ба ин намуди варзиш бештар гардонад. Зеро бо вуҷуди он ки гӯштини самбо дар кишвар тадриҷан рушд меёбад, таваҷҷуҳи духтарон ба он камтар ба назар мерасид. Мутахассиси соҳа Носир Бозор дар шарҳи ин масъала чунин гуфт: “Мутаассифона, имрӯз ҷавондухтароне, ки барои мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд, дар тими мунтахаб дида намешавад. Федератсияи самбо тасмим дорад, барои равнақ ёфтани тими мунтахаби занонаи кишвар чораҳои зарурӣ андешад ва ба ҷавондухтарон дар рафти тамринҳову иштирок дар мусобиқаҳо бартарӣ диҳад”. Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки имрӯз барои мутахассисон ва варзишгарони самбо шароити хуби корӣ муҳайё гардидааст. Умед бар он дорем, ки самбочиёни тоҷик дар ду мусобиқаи ҷаҳонӣ фаъолона ширкат намуда, дастовардҳои назаррасро соҳиб мегарданд ва самбои тоҷикро аз ин бештар ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
10 Касби муваффақият чандон содаву осон нест. Барои ноил шудан ба он чандин шебу фароз, пастиву баландӣ ва кулфату дардро мебояд сипарӣ кард. Ҳамин аст, ки бисёриҳо то ба дарвозаи муваффақият нарасида аз қадамзанӣ бозмеистанд. Муваффақиятро танҳо нафароне ба даст меоранд, ки ин ҳама шикастурехтро таҳаммул мекунанд ва аз ҳар пешпое ҳикматеро ҷӯё мешаванд. Дар ҳар афтише бархостану дигарбора қадам барниҳоданро меомӯзанд. Ва дар баробари ҳар муште пушт намегардонанду бар муқобили маҷроҳои бузург ҳаракат карданро шиори худ сохтаанд. Чун аслан зиндагӣ саҳнаи набарду мубориза аст ва ҳар кас, ки дар он ғолиб шуд соҳиби ҳама чиз хоҳад гардид. Мегӯянд бало ду тараф дорад: ё инсонро мешиканад ё боло мебардораду ба баландиҳо мерасонад. Аз зумраи чунин афрод рӯзноманигор Бобоҷон Меҳтоҷиён аст, ки алҳол худро дар ҷодаи коргардонӣ ҳам месанҷад. Ӯ шояд аз зумраи камтарин ҷавононест, ки ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда чандин зинаҳоро тай кардааст. Ҳар шикастеро дар зиндагӣ оғози бархостанҳову дарталош буданҳо медонад. Чандин шикастурехтро бо муваффақият пушти сар кардаву дар чандин набардҳои рӯҳиву равонӣ бо тезбиниву нозукнигарии хеш истодагариву аз ҳар яки он ҷӯёи ҳикмате гаштааст. Дар шинохти аксар ҳамсабақону рафиқонаш ӯ намунаи аслии як тоҷики кӯҳистонии пурғурур ва мубориз аст. Чуноне ки Қурбон Аҳмадзод, ҳамсабақаш дар бораи ӯ мегуяд: “Замоне, ки бо “ҷурм”-и ҳақталошиаш, аз донишгоҳ хориҷаш карданд, чӣ қадр бархостану дар талош буданро на танҳо омӯхт, балки ба мо низ омӯзонд, тасаввур нокарданист”.
ЧЕҲРАИ ОШНО
Бобоҷон Меҳтоҷиён:
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №25 (9555), 21.06.2018
Ишқи синамо дар вуҷуди ман, метавон гуфт, аз кӯдакӣ буд. Агар чанде пас аз хатми таҳсили мактаби миёна бо таъсири омилҳои гуногун ба факултети журналистика роҳ ёфтам, аммо чунон ки мегӯянд, эҷод рӯзе худнамоӣ мекунаду рӯ мезанад. Ва ҳамин буд, ки бо тавсияи устодоне мисли Абдурофеъ Рабизода ва Саъдулло Раҳимов роҳи банда ба ин самт кушода гардид ва инак самари аввалини он низ ба бор омад. - Телевизиони “Синамо” то андозае фазои синамогариро дар худ дорад. Бо вуҷуди ин чаро Шумо тарки ин муассиса карда ба филмофарӣ рӯй овардед? Чун дар он ҷо метавонистед, дар баробари робита доштан бо синамо аз журналистика низ канор наравед? - Ман худро дар журналистика надидам. Ҳарчанд кӯшиш кардам, аммо қариб ки бенатиҷа
Синамо ва журналистика рисолати якхела доранд
Ба андешаи худи ӯ инсон бояд дар миёни балову офат ва мушкилиҳо зистанро ёд гирад. Инсон ҳамон вақт комил мегардад, ки мушкилоти печидаи ҳаётро худ ҳаллу фасл карда тавонад. Замин мудом дар тобхӯрӣ ва ҷунбиш аст, аз ин боис рӯи он зиндагии пур аз ҷунбиш сар задааст. Чанде пеш нахустин филми таҳиякардаи Бобоҷон бо номи “Хонаи меҳр” пешкаши бинандаҳо гардонида шуд. Ин филм мақбули тамошобинон гардида, аз ҷониби филмсозони кишвар низ баҳои баланд гирифт. Бо ӯ мо доир ба фаъолияти эҷодияш ва нақшаҳои ояндаву роҳи ҳанӯз тайнакардааш дар соҳаи киносозӣ ё худ синамо суҳбате доштем. - Бобоҷон, нахуст шуморо барои таҳияи филми аввалинатон табрик мегӯем ва сониян
мехоҳем дар он мавриде пурсем, ки шумо хатмкардаи факултаи журналистика ҳастед ва дар баробари ин дар ВАО низ фаъолият доштед, чӣ чизе шуморо ба соҳаи синамо кашонд? - Аслан синамо ва журналистика бо ҳам пайвандӣ доранд. Зеро ҳарду аз эҷод маншаъ мегиранд ва мақсади ҳар ду ҳам ба вуҷуд овардани афкор аст. Яъне рисолати якхела доранд. Агар журналистика ба воситаи иттилоъ, хабару гузоришу барномаву маводҳои таҳлилӣ афкорро ба вуҷуд орад, синамо ин корро ба воситаи образи барҷаста, нақшофарии баланд ва сенарияи ҷаззоб анҷом медиҳад. Агар ба таърихи эҷоду кори нависандагону шоирон ва драматургҳову филмофарони бузург нигарем, қариб аксарият аз журналистика ба соҳаҳои гуногун роҳ ёфтаанд.
буд. Шояд дар ин соҳа кор карда тавонам, вале вақте инсон ба кораш муҳаббат надораду ба он ишқ варзида наметавонад, ҳеҷ гоҳ муваффақ нахоҳад шуд. Аз ҳамин лиҳоз, ҳарчанд таҳсилкардаи факултети журналистӣ ҳам бошам, синаморо афзалтар донистам, чун метавонам дар кори синамо истироҳат кунам ва бо он ишқ варзам. -Аз синамо чӣ чизеро дарёфтед, ки дар журналистика дарёфт карда натавонистед? -Фазо. - То ҷое мо медонем, шуморо боре аз донишгоҳ низ хориҷ кардаанд, яъне дар давраи донишҷӯӣ низ фазои шуморо танг карда буданд. Он ба шумо чӣ таъсири мусбату манфие гузошт? - Донишманди чиние гуфтааст, то мушт қафо наравад, ба сахтӣ
пеш рафта наметавонад ё то дар замин нанишинӣ баланд парида наметавонӣ. Инсон то пастиҳоро набинад, шикаст нахӯрад ҳеҷ гоҳе муваффақ намешавад. Ман ҳеҷ гоҳ ноумед намешавам. Ман вақте аз донишгоҳ хориҷ шудам, ҳиссе пайваста маро такон медод, ки дар пушти ин шикаст ҳатман рамзеву асроре ниҳон аст. Хориҷ шудан аз донишгоҳ барои ман як имтиҳоне буд, ки ба гумонам маро то андозае тағйир дод. Ман дар ин муддат он қадар адабиёти фалсафиву китобҳои илмиву бадеиро мутолиа кардам, ки шояд дар ягон давраи ҳаётам ба чунин адабиёт дастрасӣ надоштам. Шикастан ҳамеша инсонро ба сӯи пеш раҳнамоӣ мекунад ва метавон гуфт, ки он ҷузъе аз муваффақият аст. Он марҳилае аст, ки барои инсон ҳам андеша карданро меомӯзонад ва ҳам таҷриба медиҳад. - Метавонед гӯед, ки ин давраро чӣ гуна сипарӣ кардед? - Вақте як ҳавопаймо дар болои яхи уқёнус суқут мекунад, рӯзноманигоре аз як мусофири наҷотёфта мепурсад, ки шумо дар лаҳзаҳои садамаи ҳавопаймо, ки наздик буд қурбон шавед, чӣ эҳсосе доштед? Мусофир мегӯяд, ки ман ҳаминро эҳсос кардам, ки то ин лаҳза зинда будааму зиндагӣ намекардам. Ман бояд аз ин пас зиндагӣ кунам ва ин суқути ҳавопаймо барои ман зиндагӣ карданро ёд дод. Барои ман низ хориҷ шудан аз донишгоҳ марҳилаи наверо кушод. Бароям он на давраи ҳассос, балки даврае буд, ки ман маҳз дар он самти худро тағйир додам. Худбахширо дар вуҷуди худ ташаккул додам. Ба худ бовар карданро омӯхтам. Чӣ будани эҷодро дарк намудаму сайқал додани онро ҳис кардам. То ин давра тамоми хонишу омӯзиши ман барои мактабу муаллиму донишгоҳ буд. Маҳз ҳамин марҳила марҳилае буд, ки ман барои худ хондан ва барои худ зиндагӣ карданро ёд гирифтам. - Дар оянда чӣ нақшаҳо доред? - Пеш аз ҳама мехоҳам дар синамои тоҷик таҳаввулоти наве ба вуҷуд орам. Чеҳраҳоеро кашф созам, ки то имрӯз барои тамошобини тоҷик ноошност. Дар синамои кишвар мехоҳам қаҳрамонҳоеро ба саҳна кашонам, ки тавонмандиву ҷасорат ва далериву шуҷоатмандиро дар байни наврасон тавонад тарғиб кунад. Мехоҳам ба воситаи синамо дар миёни ҷомеа афкореро ба вуҷуд орам, ки ҳувияти миллиро боло барад. Имрӯз синамои кишвар дар сохтани чунин образҳо то андозае муваффақ нест. Ва ҳамин чиз ба он оварда мерасонад, ки ҷомеа ба ҳар чизи нолозиме гароиш пайдо кунад. Вақте чунин афкор ба вуҷуд меояд, хоҳу нохоҳ ҷомеа ба гароиши миллӣ бештар майл мекунад. - Ба корҳои эҷодиятон барор хоҳонем! - Сипос ба Шумо. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №25 (9555), 21.06.2018 Дар раванди зиндагии ҳаррӯза бо дилхоҳ мушкилот ва ҳолати ногуворе, ки интизорашон нестем, рӯ ба рӯ шудан мумкин аст. Ҳар як шахс бояд дар ҳама ҳолат ҷиҳати рафъи ҳолатҳои баамаломада, ба худ ва ба нафарони дигар омодаи расонидани ёрии аввалин бошад. Зеро ибтидои раҳоӣ ёфтан ва ё бартараф сохтани ҳамин гуна масоил маҳз амалӣ кардани ёрии аввалин мебошад. Ёрии аввалин тадбирҳои одитарин ва таъҷилиест, ки барои наҷот додани ҳаёти инсон, пешгирии оқибати ногувори фалокат ва бемории ногаҳонӣ то омадани корманди тиб ё то ба муассисаи табобатӣ бурдан ба зарардида расонда мешаванд. Дар ин росто худёрирасонӣ низ ҳаст, ки онро дар ҳолати имконпазирӣ худи зарардида мегузаронад. Ба монанди гузоштани бандина ҳангоми захм бардоштан ё шустани меъда бо роҳи қай овардан. Ёрии таъҷилӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои барои ҳаёт хатарнок (хунравӣ, заҳролудшавӣ, ғарқ шудан, шок, осеби электрикӣ, шикастан ва ғ.) зарур аст. Натиҷаи минбаъдаи ёрии тиббӣ ба дуруст расондани кӯмаки аввалин вобастагӣ дорад. Чунончи зуд ва дуруст бастани захм ҳангоми шикастани устухон аксар вақт оризаи хатарнок (шок, сироят ва ғ.)-ро пешгирӣ мекунад. Мутахассисон иброз медоранд, ки ҳангоми ногаҳон бемор гаштан ё бинобар фалокатҳои гуногун сахт осеб дидан (дар нақлиёт, ҳангоми сӯхтор ва ғ.), фавран даъват намудани духтури ёрии таъҷилӣ зарур аст. Дар ин ҳолатҳо на фақат дар ҷои фалокат, балки ҳангоми ба муассисаи табобатӣ бурдани ҷабрдида низ вазъияти барои ҳаёт хатарнок метавонад рух диҳад. Барои рафъ сохтани он фақат духтури ёрии таъҷилӣ, ки дар ихтиёр мошини махсус дорад, қодир аст. Дар
САЛОМАТӢ - ГАНҶИ БЕБАҲО
Эҳтиёткор ва муҳофизи солимӣ бошед
мавридҳои зарурӣ аз дигар намуди нақлиёт низ метавон истифода бурд. Дар ҳолатҳои фавқулодае, ки инсон нафасгир мешавад ва ё аз ҳуш меравад, ёрии аввалин дар ин маврид нафаси сунъӣ додан мебошад. Нафаси сунъӣ ҳангоми ёрии аввалин ба одамони ғарқшуда, аз ҷараёни барқ, раъду барқ, гази ангиштсанг ва дигар ҳодисаҳои ногувор зарардида истифода бурда мешавад. Ҳангоми ёрӣ расонидан ба шахси ғарқшуда пеш аз ҳама роҳи нафас ва шуши ӯро аз об фавран холӣ кардан зарур аст. Барои ин шахси ёрирасон якзону нишаста, ҷабрдидаро болои зону чунон мехобонад, ки сар ва қисми болои бадани ӯ ба поён овезон бошад. Сипас даҳони ғарқшударо кушода, ба тахтапушташ мезананд ва аз роҳи нафасаш обро мебароранд. Баъд ҷабрдидаро рӯболо хобонда, гардан, қафаси сина ва шикамашро аз қисми танги либос халос мекунанд (тугмаи гиребон, галстук ва камарбандашро мекушоянд). Зери шонаҳояш ягон лулаи нарм гузошта, сарашро ба қафо хам ва ҷоғи поёнашро ба пеш кашидан лозим аст. Баъд ба даҳон ва бинии бо дастрӯмол пӯшонда ба ҷабрдида
Эҳсон Каримов фаъолияти худро дар соҳаи тиб чун санитар соли 1989 оғоз намуда, сипас баъди хатми омӯзишгоҳи тиббӣ бародари шафқат ва соли 1993 пас аз хатми ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҳайси духтури ҷарроҳи умумӣ дар беморхонаи шаҳрии №3-и шаҳраки тиббӣ фаъолият мекунад. Аз соли 2001 то соли 2005 мудири шуъбаи гардиши сунъии хун кор карда, ҳамзамон солҳои 2005-2010 дар докторантураи Донишгоҳи тиббии Токио таҳсил ва рисола ҳимоя намудааст. Аз моҳи сентябри соли 1999 то моҳи августи соли 2000 дар Донишгоҳи шаҳри Ҳумбунт ва бемористони Шаритеи Германия гардиши сунъии хунро омӯхт.
ҳаво додан лозим аст. Дар як дақиқа тахминан 16 маротиба ҳамин тавр ҳаво медиҳанд. Ба он назорат кардан лозим аст, ки баъд аз ҳар як “нафас”-и сунъӣ қафаси синаи ҷабрдида поён шавад. Бояд давомияти ин хел “нафасбарорӣ” нисбат ба “нафасгирӣ” тахминан ду маротиба зиёд бошад. Агар дил кор накунад, ин усулро якҷоя бо молиш додани мавзеи дил давом додан зарур аст. Баъди ба шуш як бор ҳаво фиристодан ба сеяки поёни сари сина ба муқобили сутунмӯҳра 4-5 фишори таконмонанд медиҳанд. Сари синаи калонсолонро дар масофаи 4-5см ва бачагони хурдсолро дар масофаи 1,5-2см дар ҳар дақиқа 7-9 маротиба фишор медиҳанд. Пас аз 4-5 маротиба фишордиҳӣ боз ба даҳон ё бинии ҷабрдида ҳаво фиристодан лозим аст. Агар гавҳараки чашмони ҷабрдида хурд, пӯсти баданаш сурхчатоб ва набзаш пайдо шавад, пас ин натиҷаи хуби додани ёрӣ аст. Ба ғарқшуда то мустақилона нафас гирифтан ва ба ҳуш омаданаш ёрии аввалин расондан лозим аст. Ва ниҳоят, ба бемор чойи гарм дода, ба ягон матоъ печонида, ба беморхона мебаранд. Мутахассисон ёрии аввалинро дар вақти ёзидани пойҳо, ши-
кастани устухон ва баромадани буғумҳо чунин баён намудаанд: Дар натиҷаи ҳаракатҳои ноҷо ё зарбхӯрӣ мумкин аст пайҳои пайвасткунандаи устухонҳои буғум зарар бинанд. Дар натиҷа атрофи буғум варам карда дардманд мешавад. Чунин ҷои зарарёфтаи баданро ёзиш меноманд. Ҳангоми расонидани ёрии аввалин ба ҷои зарбхӯрда халтачаи ях ё латтаи ба оби хунук тар кардаро гузоштан лозим аст. Хунуккунии ҷои зарардида дардро сабук карда, варамкуниро нигоҳ медорад ва хунравии дохилиро кам мекунад. Ҳангоми ёзиши пойҳо ҷойи латхӯрдаро сахт докапеч кардан лозим аст. Дасту пойи зарардидаро ёзондан, кашидан ё гарм кардан мумкин нест. Баъди ёрии аввалин ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Ҳаракатҳои ноҷо боиси беҷошавии устухонҳо ва баромадани онҳо мегарданд. Дар ин ҳолат сараки устухон аз холигии дигар баромада, боиси ёзидан ва баъзан канда шудани бандакҳо мегардад, дар натиҷа дарди сахт пайдо мешавад. Ҳангоми баромадани устухонҳо ёрии аввалин аз он иборат аст, ки буғуми зарардидаро дар ҳолати оромии том нигоҳ доштан лозим аст. Дасти баромадаро бо рӯймолча ё дока
Дармонбахши мардум Эҳсон Каримов тӯли фаъолияти кориаш ба ҳазорҳо нафар беморон шифо бахшидаву пайваста саъю талош менамояд, ки ба мардум хизмат расонад ва дили касеро озурдаву хотирашро мушавваш набинад. Вазифае, ки ӯ ба уҳда дорад, хеле заҳматталаб буда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, то беморон пурра сиҳат ёбанд. Мавсуф айни ҳол дар маҷмааи тандурустии “Истиқлол” фаъолияти худро идома медиҳад. Эҳсон Каримов иброз дошт, ки “агар шахс бо самимият кор кунаду барои рушди миллату
Ватан саҳми худро гузорад, дар ин роҳ барояш ягон монеа ё мушкилот набояд бошад. Мо шогирдонро тарбия карда, касбро хуб меомӯзонем, то ки онҳо оянда мустақилона фаъолият намуда, ба ниёзмандон кӯмак расонда тавонанд.” Ба суоли он ки дар бораи омӯхтани таҷҳизоти муосири тиббӣ ва таъмини он дар муассисаҳои тандурустӣ чӣ андеша доред, ӯ чунин гуфт: «Сол аз сол ҷиҳати таъмину омӯзиши техникаву технология ва таҷҳизоти муосир дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла тандурустӣ
11
ба гардан овезон кардан даркор аст. Пойро бошад, аз воситаҳои мавҷуда (тахтача, картони сахт) истифода бурда, тахтабандӣ кардан зарур аст. Барои сабук кардани дард ба буғуми зарардида халтачаи ях ё оби хунук монда, баъд осебдидаро ба духтур бурдан лозим аст. Кормандони соҳаи тиб меафзоянд, ки устухонҳо сарфи назар аз боқувватиашон баъзан ҳангоми захмдоршавӣ, сахт лат хӯрдан, афтидан мешикананд. Бисёртар устухонҳои дасту пойҳо мешикананд. Агар ба шикастани устухон гумон пайдо шавад, танҳо пурра беҳаракат бастани ҷойи зарардида дардро сабук мекунад ва беҷошавии устухонпардаҳои шикастаро пешгирӣ менамояд, зеро онҳо метавонанд бо канорҳои тезашон атрофро захмин созанд. Даст ё пойи шикастаро бо тахтабанди беҳаракат нигоҳ доштан мумкин аст. Тахтаҳои махсуси шикастабандӣ дар табобатхонаҳо мавҷуданд. Дар ҷойи воқеа онҳоро метавонанд аз тахтача, навдаи дарахтон ва картон тайёр кунанд. Тахтачаро натанҳо дар ҷойи шикастагӣ, балки дар қисми сиҳати пой ҳам ҷойгир мекунанд. Дар ин ҳолат устухонпораҳои шикаста беҷо намешаванд. Тахтачаро ба дасту пой бо докаи сербар, сачоқ ва ғайра маҳкам мебанданд. Агар тахтача набошад, дасти шикастаро ба тан ва пойи шикастаро бо пойи сиҳат докапеч кардан мумкин аст. Расонидани ёрии аввалин вобаста ба ҳар ҳодиса гуногун аст. Агар раваду чунин ҳолатҳои дар боло ишорашуда, дар ҳаёти шумо ва ё наздиконатон ба амал омад, пас шуморо лозим аст, ки ёрии аввалинро бо риояи қоидаҳояш ҷиҳати рафъи ҳолати мавҷуда иҷро намоед. Ҳама вақт ва дар ҳама ҳолат худро эҳтиёт намоед. Зеро роҳи ягонаи рӯ ба рӯ нашудан ба ҳолатҳои фавқулода ин ба худу саломатии хеш аҳамияти аввалиндараҷа додан аст. Пас, эҳтиёткор бошеду саломатии хешро ҳифз созед. Таҳияи Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
ва таъмини он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешида мешавад.” Як нафар хешованди мо Суҳроб Умаров, ки дар беморхонаи «Истиқлол» чанд муддат бистарӣ шуда буд, духтури кордида Эҳсон Каримов ба ӯ шифои комил бахшид. Суҳроб ва аҳли оилаи ӯ аз табиб ва дигар кормандони шуъбаи ҷарроҳии дил миннатдоранд. Мо низ аз духтури дармонбахш ва ҳозиқ миннатдор буда, ҳазор ташаккур ва аз номи шоир мегӯем: Ҷуз ин дуот нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта, Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ. Нозим ҶАМОЛОВ, рӯзноманигор
12 Душанбе бузургшаҳрест, ки тоҷиконро чун миллати бузургу номдор, маркази умеду ормон аст. Он макони мардони хирад, занони баору номус ва тифлакони дилшоду бахтиёр аст. Шаҳрест, саросар дилфиребу дилоро ва мафтункунанда. Макони мардумони меҳмоннавоз, олиҳиммат ва сарбаланду номдор. Биноҳои баландошёна, қасру толорҳои барҳаво, театру донишгоҳҳои бузург, биноҳои маъмуриву фарҳангӣ ва сохтмони истгоҳҳои замонавӣ ба он ҳусни зиёдатӣ зам мекунанд. Натиҷаи тадбирҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе аст, ки бо гузашти ҳар рӯз дар пойтахти мамлакат иншооти наву муосир мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд. Ин дигаргунӣ бештар дар бунёди иншооти нав, майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва ба низом даровардани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ба мушоҳида мерасад. Имрӯзҳо дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби шахсони ташаббускор дар назди биноҳои истиқоматӣ майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода додаанд. Танҳо дар соли 2017 зиёда аз 70 майдончаи варзишӣ бунёд гардида, сохтмони чунин майдончаҳо дар соли 2018 низ идома дорад. Ин тадбир дар оммавӣ гардонидани варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, махсусан ҷавонон саҳми беандоза дорад. Сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе Дилрабо Мирзоева аз сохтмони чунин иншоотҳо хушҳол аст. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт: “Фарзандони мо дар аввал аз набудани ҷойҳои варзишӣ танқиси доштанд ва бештари вақти худро дар бозиҳои компютерӣ мегузарониданд. Боиси хушҳолии мо аст, ки баъди ба истифода додани чунин майдончаҳои варзишӣ фарзандони мо аз бозиҳои компютерӣ ва беҳудагардӣ дур шуда, бештар ба варзиш машғул мешаванд”. Бо бунёди иншооти варзишӣ дар шаҳру маҳаллаҳои шаҳри Душанбе дар баробари фароҳам овардани шароити арзандаи истироҳату фароғати сокинон, ба тамрину варзиш машғул шудани ҷавонону наврасон ва бозию дилхӯшии кӯдакон, гӯшаҳои гуногуни пойтахт ободу зебо мегарданд, ки ин аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти мутобиқ намудани пойтахти кишвар ба меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ ба шумор меравад.
ПОЙТАХТ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №25 (9555), 21.06.2018
Шаҳри гулҳо Аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар ва раиси шаҳри Душанбе ба насли наврас аст, ки дар ин росто ба ғайр аз сохтани иншоотҳои варзишӣ, инчунин аквапаркҳо низ сохта ба истифода дода шуданд. Яке аз онҳо аквапарки “Обшорон” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошад, ки моҳи июли соли 2017 ба истифода дода шуд. Ин макони назаррабо диққати ҳазорон сайёҳро ба худ ҷалб кардааст. Аквапарки “Обшорон” ҷои обозикунию дилхушӣ буда, ба он кӯдакону ҷавонон омада ба шиноварӣ ва хуш гузаронидани вақти истироҳатӣ дар фасли гарми тобистон машғул мешаванд. Чанде пеш дар пойтахти мамлакатӣ лоиҳаи нави меъморӣ бо номи “I Love Dushanbe” (Ман Душанберо дӯст медорам) ифтитоҳ гардид, ки ин лоиҳаи нави меъморӣ дар дохили маҷмааи “Диёри Душанбе” воқеъ дар назди “Кули ҷавонон” устувор карда шудааст. Обидаи “I Love Dushanbe” аз ҷониби ширкати “Қатар- диёр-Тоҷикистон” ҳамчун як
навъ рамзи изҳори муҳаббат ба пойтахти кишварамон гузошта шуд. Дар наздикии ин обида фаввора насб гардидааст, ки тӯли рӯз фаъол аст. Дар давоми ин рӯзҳо зиёда аз садҳо нафар тамошобинон ба ин маҷмаа омада лаҳзаҳои зебои худро дар “Диёри Душанбе” мегузаронанд. Гузашта аз ин давоми ду соли охир дар симои зоҳирии пойтахт тағйироти зиёде ба вуҷуд омадааст. Бунёди биноҳои нав, васеъ кардани роҳҳо, аз байн бардоштани биноҳҳои кӯҳна ва бунёди иншооти нав симои шаҳрро дигаргун кардааст. Бунёди Осорхонаи миллӣ, Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, меҳмонхонаҳои “Serena” ва “Hayyat Regency”, аз ҷумлаи бузургтарин иншооте ҳастанд, ки дар симои пойтахти азизамон дигаргунӣ овардаанд. Ҳамчунин, яке аз мавзеъҳои дилнишини сайру саёҳати сокинон ин Боғи Наврӯзгоҳ мебошад, ки дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт воқеъ гардида, дар баробари Боғи устод Рӯдакӣ, гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ,
Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишонии давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусну ҷамоли тоза зам кардааст. Дарахтони зебою нодири ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз дохил ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шинонда шуданд, аз ороишоти асосии ин боғи биҳиштосо ба шумор меравад. Ороишоти асосии дигари ин боғи навбунёд шаршараи боҳашамати он мебошад, ки бо 12м баландӣ ва фаввораҳои назди он бо рангҳои гуногун ҷиллодиҳанда дар шабонгоҳ мебошад. Дар Боғи Наврӯзгоҳ ҳамчунин майдончаи бозию дилхушии кӯдакон бо атраксионҳои гуногун мавриди истифода қарор дорад. Дар гӯшаҳои гуногуни Боғи Наврӯзгоҳ ҳамчунин як тарабхона бо 150 ҷои нишаст, қаҳвахонаи яхмос бо 40 ҷои нишаст, ошхона бо 20 ҷой ва чойхона бо 60 ҷои нишаст бунёд ёфтаанд. Боғи Наврӯзгоҳ як макони зебою дилоро барои сайру тамошо ва истироҳату фароғат аст, ки ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мекунад. Солҳои охир ба сохтмони роҳҳои пойтахт аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, якчанд роҳҳои кӯчаю хиёбонҳо таъмиру азнавсозӣ шуданд. Чанде қабл дар Душанбе сохтмони боз як чорсӯи нақлиётии сесатҳа оғоз гашт, ки ин дар буриши ҳалқаи хиёбони И.Сомонӣ бо хиёбони А. Сино, дар буриши хиёбону кӯчаҳои И.Сомонӣ, А.Сино, Н.Махсум, Баҳоваддинов ва Маяковский ноҳияи Сино мебошад, ки (сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н.Махсум бо кӯчаи Маякрвский, сохтмони пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н.Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов) бо маром идома дорад. Пойтахти азизи мо – шаҳри Душанбе маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусу ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулуҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму талоши роҳбари ҷавону кордони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сол аз сол ободу зебо ва ба як шаҳри гулҳо табдил ёфтааст. Душанбе дар қалби тоҷикону тоҷикистониён монанди нигинест, ки дар ҳар нигоҳ шуълапошӣ мекунад ва сокинонро низ мебояд, ки баҳри ҷиллои ин нигин онро пайваста тоза нигоҳ доранд. Малоҳат ХОЛМУРОДОВА, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №25 (9555), 21.06.2018
E - MAIL: javonontj@mail.ru
ТТЭ ҲНИТ-ташкилоти зиёикуш Ман зодаи даврони истиқлолам ва пӯшида нест, ки ҳар чи дар бораи ҳаводиси солҳои аввали соҳибистиқлолӣ медонам, натиҷаи шунидаҳо, мутолиаи навиштаи рӯзноманигорону муаррихон ва ё тамошои наворҳои видеоӣ аст. Чанде пештар дар шабакаи интернетӣ навореро тамошо кардам, ки аз ваҳшонияти хоинону меҳанфурӯшон ва душманони миллати тоҷик, яъне террористони наҳзатӣ парда бардошт. Дар он бераҳмию кушторҳои наҳзатиҳо баръало ба назар мерасид. Дар навори дигар дида мешавад, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ болои кати пурнозу неъмат нишастаанду «амри маъруф» мекунанд. Диққати ҳар бинандаро дар навор ҳузури чеҳраҳои ба истилоҳ саршинос - як идда журналистон ҷалб менамояд. Ҷолиб он аст, ки инҳо рӯзноманигорони кисагии ТТЭ ҲНИ маҳсуб мешуданд ва ба ин созмони экстремистию террористӣ таваҷҷуҳи хос доштанд. Бе ягон муболиға тамошои чунин наворҳо ҳар бинандаро мегирёнад ва ба он водор менамояд, ки дар бораи бархурди ТТЭ ҲНИ ба аҳли қаламу фарҳангиён ва умуман, аҳли зиё сухан ронад. Зеро дар навори мазкур амалҳои ваҳаштангезу даҳшатбор ва пасту разилонаи террористони наҳзатӣ чунон таҷассум ёфтааст, ки бо диданаш ҳар инсон ангушти ҳайрат мегазад. Чунки ҳеҷ як инсони пасттарину ноогоҳ ва камақлу бефаросат ҳам ба миллату меҳани хеш чунин бадкирдорӣ, хиёнаткорӣ, душманӣ ва ноҷавонмардиро раво намебинад. Вале нисбат ба мардуми кишвари мо экстремистону террористони наҳзатӣ тавонистанд, ки чунин амалҳои зишт ва кирдорҳои разилонаро анҷом диҳанд. Баъди дидани ин наворҳо дилхоҳ бинанда дарк мекунад, ки ТТЭ ҲНИ қотили аслии олимону зиёиён ва душмани бунёдии илму дониш ва умуман мардуми мо буду ҳаст. Экстремистону террористони наҳзатӣ ба ҳеҷ ваҷҳ арзишҳои дунявиро, ки озодии сухан ва ҷаҳонбинии илмӣ рукне аз онҳост, чашми дидан надоранд. Дар марҳилаи муайян, хосса дар арафаи наздик омадани интихоботу соҳиб гардидан ба курсиҳои парлумонӣ онҳо баъзе олимону рӯзноманигоронро танҳо бо мақсади шарҳу тавзеҳ додани амалҳои пинҳонию кирдорҳои асроромезашон истифода мекарданд. Имрӯз зарур ва ногузир аст то аҳли ҷомеа дарк намоянд, ки беш аз 100 нафар донишмандон, фарҳангиён, рӯзноманигорон ва дигар шахсиятҳои соҳибноми меҳанро маҳз бо дастури ТЭТ ҲНИ ба қатл расонида буданд. Санаду далелҳои собитшуда, аз он шаҳодат медиҳанд, ки куштори сиёсатмадорону олимон ва фарҳангиёну рӯзноманигорони шинохта, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, Карим Юлдошев, Абдураҳим Раҳимов, Нурулло Ҳувайдуллоев, Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Сайф Афардӣ, Моёншо Назаршоев, Кароматулло Қурбонов, Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Хушбахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Муродулло Шерализода, Сергей Ситковский ва Виктор Никулин аз ҷониби намояндагону пайравони ТТЭ ҲНИ амалӣ шудааст. Масалан, 5 майи соли 1992, дар саҳни ҳавлии бинои Шӯрои Олӣ рӯзноманигори варзида Муродулло Шерализода кушта шуд. Тафтишот собит намуд, ки дастури нобуд кардани М.Шерализодаро яке аз роҳбарони ТТЭ ҲНИ Абдуғаффор Худойдодов («мулло Абдуғаффор») додааст. Чунин амали даҳшатбори террористӣ нисбат ба котиби масъули рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло
«Ҷумҳурият») Хушбахти Ҳайдаршо субҳи 19 майи соли 1994 низ содир карда шуд. Илова бар ин, ҳамагон иттилоъ доранд, ки Директори барномаҳои телевизиони Тоҷикистон Давлаталӣ Раҳмоналиев санаи 18 августи соли 1994 ба қатл расонида шуд. Бино ба далелҳои мавҷуда, қатли номбурдаро бо дастури Назарзода А. (яке аз роҳбарони ТТЭ ҲНИ), дастпарварони марказҳои террористии баъзе аз кишварҳои хориҷӣ бо номҳои «Садир» ва «Муслиҳиддин» содир намудаанд. Мудири бахши форсии радиои «Би-БиСи» дар Тоҷикистон Муҳиддин Олимпур низ аз дасти ин тӯдаи бадхоҳон ба қатл расид. Далели бебаҳс аст, ки 12 декабри соли 1995 дар назди Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе аз ҷониби узви фаъоли ТТЭ ҲНИ Аҳтам Тоиров бо супориши бевоситаи Назарзода А. кушта шудааст. Куштори роҳбари Маркази матбуоти ВКД ҶТ Ҷумъахон Ҳотамӣ ва корманди Маркази матбуоти Хадамоти гумрук Сергей Ситковский, ки дар соли 1999 содир гардид, ба фаъолияти касбии қотилону сархӯрони наҳзатӣ алоқамандии зич дорад. Ҳамчунин, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Моёншо Назаршоев 10 марти соли 1994, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Раҳимов 8 сентябри соли 2001, раиси Анҷумани «Пайванд» Муҳаммад Осимӣ 29 июли соли 1996, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Юсуф Исҳоқӣ ва сарвари клиникаи асабшиносӣ Минҳоҷ Ғуломов 6 майи соли 1996, раиси Кумитаи телевизион ва радио Сайф Раҳимзод Афардӣ 20 майи соли 2000, аз дасти экстремистону террористони наҳзатӣ ба қатл расидаанд. Дар баробари ин олимону фарҳангиёни саршиноси кишвар террористони наҳзатӣ тавонистанд, ки риштаи ҳаёти чанде аз сиёсатмадорони таъсиргузори вақт Сафаралӣ Кенҷаев (30 марти соли 1999) ва Нурулло Ҳувайдуллоевро (24 августи соли 1992 ) баркананд. Дигар сарварони ин ташкилоти экстремистию террористӣ низ аз А.Назарзода «ибрат» гирифтанд, ки намунаи «олитарин»-и он куштори корманди радиои Тодикистон Саидшо Саидов, 4 феврали соли 1996 дар ноҳияи Сангвор аз тарафи яке аз ҷангиёни фаъоли ТТЭ ҲНИ Мирзо Зиёев («Мирзо Ҷага») аст. Намунаи дигараш, куштори мухбири телевизиони Русия (ОРТ) Виктор Никулин, дар дафтари кории шабака, воқеъ дар маҳаллаи 82 шаҳри Душанбе мебошад. Ҳамаи ин қурбониҳо ва хусусан куштори журналистонро, ки аз ҷониби наҳзатиҳо содир гардидаанд, ба назар гирифта, имрӯз бояд намояндагони расонаҳои хабарӣ ва умуман зиёиён ба ватану миллати худ содиқ бошанду дар мубориза бар зидди ин ташкилоти террористии зиёикуш муттаҳид гарданд. Эътироф бояд кард, аксар маврид донишмандону рӯзноманигорон дар муқобили давлатҳову ташкилот ва шахсиятҳои алоҳида аз ҷониби рақибон маҳз силоҳи идеологӣ истифода меша-
13
Наҳзатиён террористони касбианд, ки дар кишвари хоҷагонашон ба камол мерасанд...
вад. Табиист, ки донишмандону журналистон метавонанд дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини ҷомеа бо иттилооти боэътимод, ҳифзи ҳуқуқҳои шахсӣ ва ҷомеа, паҳнкунӣ ва истифодаи иттилоот беш аз дигарон саҳмгузор бошанд. Метавон гуфт, озодии сухане, ки дар Тоҷикистон айни ҳол вуҷуд дорад, дар бисёр кишварҳои минтақа дида намешавад ва он ба бандҳои дахлдори тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқат мекунад. Бояд зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар ва байналмилалӣ барои фаъолияти мақсадноки нашрияҳои давлатӣ ва мустақил ягон монеа эҷод накардааст. Баҳсҳои ҷудогонае, ки бинобар норозигии тарафайн, яъне нашрия ва объекти танқидшаванда ба миён меоянд ва аз тариқи судҳо ҳаллу фасл карда мешаванд, аслан ба Ҳукумат рабте надошта, таҷрибаи тамоми давлатҳои демократӣ мебошад. Аз тарки меҳан кардани як идда олимону рӯзноманигорон низ фоҷиа сохтан мантиқан нодуруст аст. Аввалан, ин нафаронро пайгирии хостаҳояшон ба хориҷа бурдааст, ки дар ҷаҳони имрӯза падидаи маъмул маҳсуб мешавад. Сониян, қисмати дигарро хоҷаҳояшон ба истилоҳ ротатсия намуданд ва онҳо дар дигар макон ҳамон рисолати хешро иҷро хоҳанд кард. Ахиран, ба тарки ватан кардан ва паноҳгоҳи сиёсӣ хостани рӯзноманигорон баъзе ташкилоту созмонҳои хориҷӣ ҳавасманд ва манфиатдоранд. Зеро мехоҳанд, ки хоставу ҳоҷатҳои хешро тариқи онҳо бароварда карда, манфиатҳояшонро бо дасти ин қабил олимону рӯзноманигорон пиёда кунанд. Ин аст, ки қисмати сеюми ин қабил олимону рӯзноманигорон маҳз бо роҳнамоии чунин ташкилоту созмонҳо ба хориҷа рафтаанд. Ҳоло вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, хосса онҳое, ки ба пешниҳод ва паҳни иттилоъ машғуланд, расидан ба қадри озодии сухан бидуни сӯиистифода аз ошкорбаёнию озодандешист. Дар ин маврид бояд муқаррароти моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки роҳ надодан ба сӯиистифода аз озодии сухан ва ҷавобгарии воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва ахбори аз ҷониби онҳо паҳншавандаро пешбинӣ намудааст, риоя карда шавад. Дар ҷомеаи демократӣ ҳадафи асосӣ аз таъсису ташкили воситаҳои ахбори омма тавассути воқеъбинона инъикос намудани фикру мулоҳиза мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории амният ва ваҳдати миллӣ мебошад. Умед дорем, ки рӯзноманигорону олимон нерӯи зеҳнии хешро минбаъд низ барои созандагӣ, ободиву осудагии Ватан ва таҳкими неъмати бебаҳо барои миллати соҳибтамаддуни мо - сулҳу вахдат равона менамоянд.
Дини мубини ислом ҳамеша мардум ва пайравонашро ба некиву накӯкорӣ, ваҳдату ҳамзистӣ, осоиштагиву ҳаммаромӣ даъват намуда, ҳамагуна бадтинативу бадкорӣ, хиёнату разолат ва ноадолатиҳоро шадидан маҳкум мекунад. Маҳз меҳвари ин дини мубинро тарбияи насли ояндасоз ва ҳидояти ҷомеа ба сӯи ободкориву субот, якдиливу бародарзистӣ ташкил медиҳад. Мутаассифона, бархе аз роҳбарони кишварҳо ва баъзе аз роҳбарони ташкилоту созмон ва ё ҳизбҳои сиёсӣ фаъолияти худро бо омезиш ба дини мубини ислом ба роҳ монда, мехоҳанд ғаразҳои нопок, андешаҳои ифторгароёна ва ё сиёсати духӯраи хешро дар доираи арзишҳои ин дини босаодат татбиқ намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати дарҳои кушодаро пеша намуд ва бо ҳамаи кишварҳои олам дар масири ҳусни тафоҳум ва эҳтироми ҳамҷавор ҳамкориву робитаро ба роҳ монд. Аммо чун ошкор гардид дар замони ҷанги шаҳрвандӣ бо роҳнамоии раҳбарону нухбагони кишвари ба мо "дӯсту бародар" ва маблағгузории онҳо бо дасти фарзандони нохалафи миллат - хиёнаткорони наҳзатӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар фазои Тоҷикистон барафрӯхта шуд ва даҳҳо нафар шахсиятҳои маъруфу муътабар, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, нобиғаҳои давру айём ва чеҳраҳои сиёсӣ кушта шуданд. Инчунин, ин ҷанги хонумонсӯз хонаи ҳазорон нафар мардумро сӯзонида, пирони хирад ва рӯзгордидаро аз кишвар гуреза кард, кӯдакони ба оянда бо чашми умед нигаристаистодаро аз волидон маҳрум намуд, садҳо оилаҳои ҷавонро бехонаву дар кард. Дар маҷмуъ ба Тоҷикистон чи қадар харобиву мушкилӣ рӯи кор омад. Замоне, ки алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ бо дастдории хоҷагони хориҷӣ ва амалкарди роҳбарону ТТЭ ҲНИТ шуъла меорост, пешвоёни наҳзат худро аз мардум дур гирифта, аз паи ғами ҷону нафси хеш шуданд. Саволе ба миён меояд, ки чаро худи нухбагони наҳзатӣ, ки қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ мардум ва бахусус ҷавононро ба ҷиҳод ва ё ба истилоҳи наҳзатиён ба "ҷанги муқаддас" даъват менамуд дар ҷиҳод иштирок накардаву паси сояи хоҷагонашон паноҳ бурдаанд? Бо авф гардидани наҳзатиҳо ва ба мақомҳои давлативу ҷамъиятӣ дубора роҳ ёфтани онҳо, ба ҳаёти осоишта баргаштани мардуми кишвар ва бо талошҳои пайгиронаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танинандозии сулҳу ваҳдат боз наҳзатиҳои намакзада даст ба ошӯбҳои мусаллаҳона зада, хостори ҷангу хунрезиҳо дар мамлакат гардиданд. Пас аз содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва дар Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинохта шудани наҳзат боз роҳбарону пайравони он чун дар замони шаҳрвандӣ Муҳиддин Кабириву Сайидюнуси Истаравшанӣ ва дигарон дар паноҳи хоҷагони хориҷияшон паноҳ бурда истодаанд. Аз ин рафтору кирдори кишвари бо ном ба мо дӯсту бародар баръало мушоҳида мешавад, ки онҳо зидди сохти конститутсионии Тоҷикистон буда, барои дубора ба оташи ҷанг кашидани он кӯшиш менамоянд, террористони касбиро дар ин самт омода ва ба воя расонида, бар муқобили амнияту суботи кишвари мо равона намуда истодаанд. Бо дарки ин нуктаи муҳим шаҳрвандони кишвари маҳбуб ва бахусус аз ҷавонони созанда даъват ба амал меорем, ки баҳри ҳифзу ҳимояи хоки муқаддаси Ватан ва марзу буми он пеш аз ҳама аз фарзандони нохалаф-хиёнаткорони наҳзатӣ, гумроҳони гуруҳи террористии 24 ва дигар созмону равияҳои иртиҷоӣ ҳамеша омода бошем!
Нодири ҚОДИР
Фарҳод ВОҲИДОВ
14
МАЪРИФАТАФРӮЗ Ба муҳоҷират рафту ба ҷиҳод пайвастан хост
Ҳусниддин хост назди модараш, Федератсияи Русия равад. Модараш он ҷо қатори дигар муҳоҷирони меҳнатӣ заҳмат мекашид. Ҳамин тавр, Ҳусниддин тобистони соли 2013 озими шаҳри Маскави Федератсияи Русия гардид. Дар он ҷо бошад, бо сокини ноҳияи Шаҳритус Нуралӣ Бухориев ошноӣ пайдо кард. Нуралӣ риш монда буду доимо панҷ вақт намозро сари вақт мехонд Ҳамчунин, тиловати Қуръон намуда, ҳадисҳои Паёмбари исломро дар назди ҳамроҳонаш, ки дар як ҳуҷра зист доштанд, баён мекард. - Ошно, бояд ту ҳам намоз хонӣ, - боре гуфт Нуралӣ ба Ҳусниддин. – Одами муслумон бояд ҳар як фармудаи Худоро ба ҷо орад. - Охир ман хонда наметавонам, - иқрор шуд Ҳусниддин. - Ҳеҷ гап не, агар хоҳишат бошад, ман ёд медиҳам. Ҳамин тавр, бо мадади Нуралӣ дар муддати кӯтоҳ якчанд сураҳоро аз ёд намуда, Ҳусниддин низ ба намозхонӣ пардохт. Рӯзҳои ҷумъа бошад, бо дигар ҳамкорон ва Нуралӣ барои адои намози ҷумъа масҷиди ҷомеъ мерафтанд. Нуралӣ пайваста барои иҷрои фармудаҳои Худо Ҳусниддинро талқин мекард. Ӯ бошад, мекӯшид, ҳар фармудаи ба қавле “устод”ашро бе каму кост ба ҷо орад. Нуралӣ торафт яқин мекард, ки “шогирд”-аш ҳамеша дар иҷрои ҳама гуфтаҳояш аст. Пас дар пайи амалӣ намудани нақшаҳои дар дилаш ниҳода гардид. - Мо, мусулмонон дар куҷое, ки набошем бояд ҳатман дасти якдигарро бигирем, - боре аз дур оғози сухан кард ӯ. – Ҳамин тавр, не бародари аҳли ислом? - Албатта, - бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд Ҳусниддин.
- Бинед, дар кишварҳои арабии Ироқу Сурияи арабӣ бародарони мусулмони моро қир доранд. Рафта ба онҳо ёрӣ расондан лозим. Кас дар ҷиҳод иштирок кунаду ҳалок гардад, ҳатман шаҳид шуда, ҷояш ҷаннат мешавад. Нуралӣ чун наттоқи ҳунарвар бо ҳарорат сухан мегуфту Ҳусниддин ҳушу гӯш, фирефтаи гуфтаҳои ӯ буд. Ва аз куҷо медонист, ки “устод”-аш бо содири ҷиноят дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад? Нуралӣ чун ҳис кард, ки тираш ба ҳадаф рафта мерасад, сари мақсад омад: - Агар аз худат хоҳиш кунанд, ки рафта ба он бародарони мусулмон ёрӣ расонда шавад, оё омода ҳастӣ? - Ман тайёр! - Офарин, ман ҳам аз худат чунин ҷавобро интизор будам, - ба китфи Ҳусниддин тап-тапзанон изҳори қаноатмандӣ кард Нуралӣ ва дар дил шод буд, ки суханонаш ба ҳадаф расидааст. Пас таълимоти бо роҳи «ҷиҳод» несту нобуд кардани «кофирон», вайрон кардани сохти конститутсионии давлатҳои демократӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва дар ин замина бунёди давлати исломии "Хилофат"-ро баёнкунон, ақидаҳои ифротгароёнаи худро ба Ҳусниддин талқин намуд. Ҳусниддин бо нишондоди Нуралӣ тариқи шабакаи интернетии “Одноклассники” ба сомонаи гурӯҳи ба ном "Давлати исломии Ироқу Шом" ворид шуда, бо яке аз роҳбарони он «Абу Молик» шиносоӣ мекунад. Маҳз тавассути ӯ ақидаҳои ифротгаронаи худро боз ҳам “қавӣ” мегардонад. Сипас бо даъвати "Абу Молик" барои ба давлати Сурия рафта, дар “ҷиҳод” иштирок намудан, моҳи ноябри
соли 2015 ба Туркия сафар мекунад. Дар он ҷо ӯро одамони “Абу Молик” пешвоз гирифта, ба шаҳри Ғазиантеп, ки бо Сурия ҳамсарҳад аст, гирифта меоранд. Мебоист сарҳадро пинҳонӣ убур намуда, вориди Сурия мешуданд. Аммо ба дасти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия меафтад. Муддате пас ӯро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд. Модари зор Моҳира Ғозиева чанд муддат аз бедарак шудани ҷигарбандаш Ҳусниддин ҳисобашро гум мекунад. “Охир куҷо шуд, ин бачаи сарсахт дар мулки бегона?”, - худ ба худ меандешид модари зор. Ниҳоят ба ӯ аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон занг заданд. Ба модар фаҳмонданд, ки писараш нияти ба Сурия рафтан дошт ва дар Туркия боздошт ва ба ватан бозпас фиристода шудааст. Ҳангоми мурофиаи судӣ Ҳусниддин ба гуноҳаш иқрор ва аз карда сахт пушаймон гашта буд. Модараш Моҳира Ғозиева низ ашкрезон изҳор дошт, ки писараш аз камтаҷрибагӣ ба чунин кирдори ношоям даст задааст. Ва аз суд хоҳиш намуд ҷавонӣ ва пушаймонии ӯ ба инобат гирифта шавад. Вале ҷиноят ҷиноят аст. Ва суд нисбати ӯ аз озодӣ маҳрум сохтанро ба муддати 15 сол муайян намуд. Ҳамчунин, суд сохторҳои марбутаро вазифадор намуд, ки кирдори ношоями Ҳусниддин Ғозиеви аз карда пушаймонро дар маҳалҳо, бахусус миёни ҷавонон, фаҳмонанд. То ин ки ба дигарон намунаи ибрат шавад ва ба роҳи хато по наниҳанд.
Ба рӯзноманигорон ҷасорат лозим
Тибқи далелҳо Н. Қурбонов суръати мошинро аз 120 км соат боло ронда, ба ишораи “Ист!” – и нозирони роҳ намеистад. Мусофирон аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки оҳиста ронад. Лекин хоҳиш мешикастаасту боз ҳамон суръат мегирифтааст. Магар ӯро барои ин амалҳояш мошини нав медиҳанд, ҳайронам?! Чаро ӯро барои ҷиноятҳояш ба ҷавобгарӣ намекашанд ё аз ҳуқуқи рондани мошин маҳрум намекунанд?! Ё ин ки ин ҷо ҳолатҳои коррупсионӣ дида намешавад?! Чанде пеш ҷавони 24-сола Тилло Муъминов, сокини ноҳияи Муъминободро дар шаҳри Душанбе боз як ронандаи белаҷоме дар роҳи пиёдагард пахш мекунад, ки дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Дар миёни шахсиятҳои ба марги нобаҳангом дучор шуда, шахсони маъруф, ҷавонони навхату навбахт зиёданд ва мумкин дар миёни онҳо нафарони зиёде ҳам буданд, ки бо ватандӯстӣ дар оянда муаррифгари миллату давлат шуда метавонистанд. Ҳайрон аз он ки чаро ҳар рӯз бо сабаби тез рондани бархе аз ронандагон дар роҳҳо нафарони зиёд ба ҳалокат дучор мешаванд, маъюб мегарданд, лек барои дигарон ибрат намешавад?
Айёми бачагию наврасии Нарзибой Ашӯров дар зодгоҳаш, деҳаи зебоманзари Ворухи Исфара паси сар шуд. Мактаби миёнаро хатм намуда, озими пойтахт гардид. Ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи омӯзгории пойтахт (ҳоло Донишгоҳи омӯзгорӣ) супурда, лоиқи номи донишҷӯ гардид. Ба навиштан шавқу рағбати беандоза дошт. Пас ҳамкориро бо нашрияҳои даврӣ, бахусус “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) ба роҳ монд. Маҳз айёми донишҷӯӣ котиби кумитаи марказии комсомоли ҷумҳурӣ ӯро наздаш даъват намуда гуфт: - Ту аллакай дар нашрия бояд фаъолият дошта бошӣ. Чунки ба ҷавонию донишҷӯият нигоҳ накарда, мақолаҳои хуб менависӣ. Туро барои кор ба идораи рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” мефиристем. Котиб инро гуфта гӯшаки телефонро бардошта, ба муҳаррири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” дар тамос шуд. Ҳамин тавр, пас аз хатми курси чорум фаъолияти рӯзноманигории ӯ дар ин нашрия, ибтидои солҳои шастуми қарни пешин оғоз ёфт. - Муҳаррири онвақтаи “Комсомоли Тоҷикистон” Бобоҷон Худойдодов ниҳоят одами сахтгир, аммо адолатпарвар буд, - рӯзҳои аввали фаъолияти меҳнатияшро ба ёд оварда нақл кард Н. Ашӯров. – Аввал чун ходими адабӣ маро ба кор қабул карданд. Доир ба рӯзгори ҷавонон як саҳифаи махсус омода намудам. Саҳифа ба муҳаррир писанд афтод. Дарҳол фармон бароварда, мудири шуъбаи мактубҳо таъин намуд. Беш аз бисту панҷ сол дар рӯзнома, маҳз дар ҳамин вазифа заҳмат кашидам. Ӯро прокурори рӯзнома ном мебурданд. Чунки дар ин нашрия фаъолият намуда, маҳз бо навиштани фелетон ва мақолаҳои танқидӣ ном баровард. - Гоҳ рӯз ҳатто то се маротиба маро ба прокуратураю кумитаи комсомол, горкому райком ҷеғ мезаданд, - ба нақлаш идома бахшида гуфт Н. Ашӯров. – Барои мақолаҳои танқидии навиштаам. Пас барои ҳар мақола маводҳои лозимаро гирд оварда, дар ду нусха омода мекардам. Яктояш барои худам, дуюмаш барои кумитаи комсомол. Ҳамин тавр, афроди танқидшуда агар шикоят мекарданд, дар кумита бо ҳамкорӣ бо кормандони прокуратура ва дигар сохторҳо, аз рӯи маводҳои ба онҳо супурдаам, масъаларо дида мебаромаданд. Баъдтар чун ҳис намуданд, ки беасос касе мавриди танқид қарор намегирад, дигар барои муҳокимаю санҷидан даъватро бас, карда аз рӯи навиштаҳоям ҷазо муайян мекарданд. Нарзибой Ашӯров рӯзноманигори варзида, хабарнигори рӯзномаи даврони шӯравӣ “Правда” дар Тоҷикистон, шодравон Ғоиб Қаландаров ва хабарнигори “Известия” Виктор Сурковро ба некӣ ёд меорад. Ҳине ки шикоят барои навиштаҳояш аз болояш бисёр мешуд, маҳз назди ҳар ду мерафт. Онҳо суханашро ба замин нагузошта, ба куҷое ки лозим меомад, сар халонда, дастгирияш мекарданд. - Агар ҳар ду намебуданд, шояд шикоятчиён маро паси панҷара мебурданд, - он рӯзҳоро ба ёд оварда мегӯяд Н. Ашӯров. – Метавон гуфт, зери сояи он ду нафар ба танқид машғул будам. Ба андешаи собиқадори матбуот Нарзибой Ашӯров нашрияҳои имрӯза, бахусус “Ҷавонони Тоҷикистон” аз он солҳо хеле фарқ дорад. - Албатта, замона дигар ва талабот ҳам дигар шудааст, мегӯяд Н. Ашӯров. – Лекин мавзӯъҳое, ки ҳоло ҳам дар бораашон мақолаҳои танқидӣ метавон омода кард, хеле зиёд аст. Маҳз навиштани мақолаҳои танқидӣ боис мегашт, рӯзҳои истироҳат “Комсомоли Тоҷикистон” аз дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ ёфт нашавад ва теъдоди нашраш афзоиш ёбад. Ҳоло дар пойтахт, дар ҳар кӯча даҳҳо дорухонаҳоро дидан мумкин. Дар ҳар кадом нархи як навъ дору гуногун. Охир ин ҳам проблема аст ва чаро онро бардоштан мумкин набудааст? Ё ин ки гаронии нархи бозорҳо. Дар ин мавзӯъ ҳам навиштан мумкин. Вақте аз ӯ хоҳиш намудем, ки ба рӯзноманигорони ҷавон маслиҳат диҳед, чунин посух дод: - Дониши хуб ва каме ҷасорат лозим, то ин ки баробари дигар масоил мавзӯъҳои танқидӣ ҳам фаромӯш нашавад.
Саидҷон БАҲРОМОВ, рӯзноманигор
Толиби ФОЗИЛ, “ҶТ”
Лоиқ ЗИКИРЗОДА, раиси Суди ноҳияи Спитамен
“...Ороми ҷонам меравад” Дар ҳошияи мақолаи Беҳрӯз Холмуродзода “Эй сорбон, оҳиста рон!”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, 31.05.2018 Таваҷҷӯҳи хосаи Ҳукумати кишвар ба масъалаҳои пешгирии терроризм аст, ки сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ тавонистанд то ин муддат шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористиро ба қадре коҳиш диҳанд. Ва агар ин гуна тааҷҷӯҳ дар масъалаҳои пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ ба роҳ монда шавад, имкон аст, дар солҳои наздик дар ин масъала низ муваффақ гардем. Маълум аст, ки дар пайи ин ҳодисаҳои нақлиётӣ чандин нафарон ҳалок ва маъюб мегарданд. Дар оилаҳои фавтидагон боиси пайдошавии хушунатҳои зиёд ба сабабгорони ҳодисаҳо мешавад. Сабабгоронро дар он ҳангом чун мусалмонем, ҳамдарди эшон мебояд буд, на ин ки ғайб задан. Зеро ин номардию пасттарин сифати инсонист. Сокини шаҳри Кӯлоб Нурмаҳмад Қурбонов аз зумраи чунин шахсонест, ки баъди ҳодисаи нохуш ( 28.04.18) аз он рӯз баъд ғайб задааст. Ӯ ҳангоми садама (хатсайри Кӯлоб – Душанбе) дар гардишгоҳи ноҳияи Данғара 1 нафарро ҳалок гардонду 4 захмӣ бар ҷой гузошт. Номбурда як моҳ ғайб зада акнун, ки пайдо шудааст, аз ронандаи ноҳияи Данғара Зафар Шарипов (қонунан гунаҳкор, валекин бе шикояти тараф) мошини нав талаб карда гирифтааст.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №25 (9555), 21.06.2018
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №25 (9555), 21.06.2018
15
НАВҚАЛАМ
Охирин рӯзи донишҷӯии мо
Тарғиби ҳунарҳои мардумӣ амри муҳиму зарурист Бояд мо дарк кунем ва ба асли масъала дуруст сарфаҳм равему донем, ки чаро бояд ҳунарҳои мардумӣ таблиғ шаванду онҳоро зинда нигоҳ дорем? Магар барои ин зарурате ҳаст? Ё дар замоне, ки ҳама шароит муҳайёст ва ҳама чизро дарёфтан мумкин, нигоҳдошти ҳунарҳои мардумӣ, ки аз қадим сарчамша мегиранд, барои чӣ лозиманд? Дар асл дуруст аст, ки дар замони кунунӣ бо пешрафти илму техника дар тамоми соҳоти зиндагӣ тағйироти куллӣ ба миён омадааст. Имрӯзҳо пешрафти технология сабаб шудаасту ҳама амалҳо бидуни фаъолияти ҷисмонии инсонҳо иҷро карда мешаванду ашёи рӯзгори мардум таъмин. Дар аввалҳо бошад, маҳз ҳунару ҳунармандӣ мардумро аз вартаи гуруснагӣ мераҳонид, онҳоро мехӯрониду мепӯшонид, муаррифӣ месохт. Дар айни ҳол, дар замони пешрафт ва тараққиёти ҳама соҳот ҳунарҳои мардумӣ аз чӣ рисолате бархурдоранд, баёнаш осон аст. Чун дар замони ҷаҳонишавӣ, ки хатару манфиаташ дар ростои ҳам меистанд, нигоҳ доштани ҳунарҳои мардумӣ ва таблиғи ҳамешагии онҳо аҳамияти беш аз пеш ба худ касб мекунад. Зеро ин раванд дар худ хусусиятеро дорост, ки ҳар чизи мурдаву камарзиш ва аз аҳамият дурро дар худ фурӯ бурда, бе ному нишон месозад. Нозидан хуб аст, ки мо - тоҷикон, чунончи аз таърих бармеояд, мардуми меҳнатдӯст, ҳунарманду санъаткорем ва таърихи ғанӣ дорем. Гузаштаҳои мо барои зиндагии хубу ҳаёти хушбахтона талош варзиданд, дар мушкилтарин шароит аз касбу ҳунари худ истифода карда, ҳаёт ба сар бурданд. Касбу ҳунарҳои фоидаовари зиёдеро мутобиқи тамоюли табиӣ ва истеъдоду лаёқат аз худ карда, онҳоро аз насл ба насл интиқол додаанд. Пурдонию лаёқати баланди эшон мақоли машҳури “Ба як мард чил ҳунар кам аст”-ро ба миён овард, ки гувоҳи аз худ кардани як нафар чанд ҳунарро дорад. Аммо шароити феълӣ барои пос доштани ин арзишҳо, ҷовид нигоҳ доштани таърихи бою ғаниамон бо ҳама ҷузъиётҳояш, ҳар яки моро вазифадор мекунад, ки тарғибгару нигоҳдорандаи ҳамешагии касбу ҳунарҳои гузаштаи хеш бошем. Ин нуктаро қабл аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуданд. Бо эълони “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Пешвои миллат ба рушди ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба касбу ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи фарҳанги миллатамон умри дубора бахшид. Президенти кишвар дар заминаи эълони “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба беҳтаргардонии фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангӣ, ҳарчи бештар ҷалб кардани аҳли ҷомеа ба ин муассисаҳо ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар пайравӣ аз Пешвои миллат моро месазад, ки фарҳанги қадимаи худро, ки аз ҳунарҳои мардумӣ ғанӣ аст, пос дорем. Дарк кунем, ки миллати соҳибтамаддуни мо новобаста аз мушкилоти давру замон ва ҳуҷуми истилогарони аҷнабӣ, тавонист фарҳангу маданияти худро беолоиш нигоҳ дошта, онро то ба мо оварда расониданд. Фахри мо низ имрӯз аз он аст, ки гузаштагони мо дар тӯли таърих ҳунарҳое ба мисли бофандагӣ, наққошӣ, ресандагӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, зардӯзӣ, гулдузӣ ва ғайраро бо тамоми нозукиҳояш аз худ ба мерос гузоштанду дар тамоми масири таърих халқи моро бо ҳунарҳои волои худ муаррифӣ намуданд. Пас мебояд, мо низ ҳамвора дар паи нигоҳдошт, таблиғу ташвиқ ва муаррифии ҳунар ва халқи худ дар раванди тезутунди ҷаҳонишавӣ бошем. Садбарг САЛИХОВА, омӯзгори МТМУ №2, шаҳри Кӯлоб
Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна орзу доштам, ки курсии донишҷӯӣ насибам гардад. Аммо намедонистам, ки ба куҷо муроҷиат кунам. Рӯзҳоро бо ин ҳадаф ба дасти шаб месупоридаму субҳро бо хондани китобҳои дарсиву бадеӣ пешвоз мегирифтам.Он лаҳзаҳо ба назарам хеле дарднок менамуд. Вале ҳоло фаҳмидам, ки ширинтарин айёми зиндагиам маҳз он замон оғоз ёфтааст. Чун аввалин гомҳоро ба хотири сабзонидани орзуҳои модарам мегузоштам, зеро ӯ бештар аз худам мехост, ки донишҷӯ шавам. Вақте дар синфи 11 мехондам, директори мактабамон Дустмурод Ҷамолов бароям мужда расонид, ки имсол ҳама довталабон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил мешаванд. Мавсуф ба мо - хатмкунандагон такрор ба такрор мегуфт, ки дониш омӯзед, интизор нашавед, ки бо ягон роҳи дигар донишҷӯ мешавед. Дар аввал суханҳои директор бароям чун муаммо менамуд. Намедонистам, ки то куҷо ҳақиқат доранд. Баъди прусуҷӯ фаҳмидам, ки гуфтаҳои устод ҳақиқатанд. Пас аз он рӯз бештар аз ҳарвақта ба худомӯзӣ машғул шудам. Ҳар қадам чизеро аз худ мекардам. Модарам аз ҳама корҳои хона озодам карда гуфт: “Аз имрӯз сар карда кори ту мутолиаи китобҳои дарсиву супоришҳои омӯзгоронатро сари вақт иҷро кардан аст. Бовар дорам, ки фарзанди ман донишҷӯ мешавад”. Маҳз эътимоди модарам ва роҳнамоии устодонам сабаб шуд, ки моҳи августи соли 2014 бо гирифтани 370 хол донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гардида, бори аввал ба шаҳри умеду орзуҳоям - Душанбе ворид шудам. Замоне ки бори дуюм вориди донишкада шудам, 1 сентябр - Рӯзи дониш буд. Тамоми атрофи таълимгоҳро донишҷӯёни соли аввал иҳота карда, яке ба дигаре бо тааҷҷуб менигарист. Чун ман садҳо ҷавони дигар аз минтақаҳои гуногуни кишвар ҷамъ омада, қадамҳои нахустини хешро ба боргоҳи маърифат мениҳоданд. Дар рӯзҳои аввали донишҷӯӣ фаҳмидам, ки дар интихоб хато накардаам. Рӯзҳо паси ҳам мегузаштанд. Дигар дар ин шаҳр худро танҳо ҳис намекардам, чунки ҳамсабақонам дар паҳлӯям буданду омӯзгорон роҳнамоям. Пас аз сарбаландона супоридани ду имтиҳони давлатӣ эҳсос намудам, ки давраи тиллоии ҳаёт - донишҷӯӣ маро барои ҳамеша тарк гуфт. Рӯзи 1 июни соли 2018 ҳама ҳамсабақонам дар донишкада ҷамъ
шуда, бо нигоҳҳои пур аз муҳаббат ба ҳамдигар менигаристем, чунки он рӯзи охирини донишҷӯии мо буд. Ҳама дар назди ҳуҷраи декани факултет (филологияи рус) Мавлуда Товбаева ҷамъ шуда, бо иҷозат вориди он шудем. Ғайр аз салом чизи дигаре ба забонамон намеомад, зеро воқеан ҳам мо ба ҳам унс гирифта будему ҷудоӣ сахттарин рӯз бароямон ҳисоб меёфт. Чун ҳамеша лаҷоми суханро ба ман доданд, то ҳарфҳои дили худ ва ҳамсабақонамро ба модари мушфиқу муаллимаи гиромиамон бигӯям… - Модарҷон бубин, 13 фарзандат барои вопасин дидор ба назди ту омадааст. Бубин, ки ҳар яке бо чашмони пур аз ашку дили лабрез аз муҳаббат ба ту менигаранд. Мо, борҳо хато кардем, гоҳо аз дарсҳо гурехтем, гоҳи дигар бо баҳонаи беморӣ ба донишкада наомадем, аммо ту ҳамеша аз гуноҳи мо гузашт карда, мегуфтӣ, “бори охирон бошад”. Модари азиз, мо дар ин муддат як дунё хотираҳо бо Шумо дорем, ки дар варақи дил ҳаккокӣ шудаву то зиндагист онро фаромӯш нахоҳем кард. Ҳангоме ки аз мушкилоти зиндагӣ хаста мешудем, дари Шуморо мекӯфтем. Имрӯз ҳар яки мо ба сӯи ояндаи худ раҳсипорему барои охирин бор ҳам аз Шумо хостгори роҳнамоии фардои хеш мекунем, - давоми суханам дар гулӯям дармонд. Зимоми ихтиёр аз ману ҳамсабақонам бадар рафту ашк дар чашмони ҳамсабақонам ҳалқа зад. Муаллима ҳам оби чашмони худро зуд-зуд тоза мекард. Муаллима як-як ҳамсабақҳоямро фарзандвор оғуш гирифта, такрор мекард: “Ман бо шумо ифтихор мекунам ва ҳамеша шуморо ёд хоҳам кард. Муҳаббатномаҳои шумо бароям беҳтарин ҳадя аст. Шумо тӯли чор сол исбот кардед, ки яке аз беҳтарин хатмкунандагони факултет ҳастед. Роҳи сафед, фарзандони азизам!” Ҳама бо чашмони ашколуд аз назди декан баромада, то дербоз дар кӯчаҳои шаҳр ба фикри нақшаҳои ояндаамон дар зиндагӣ қадам задем... Имрӯз бошад аз зовияи орзуҳо ба солҳои айёми донишҷӯӣ назар карда, сипос ба онҳое мегӯям, ки дар ин давраи тақдирсози ҳаёт дар канорам буданд. Фаромӯш намекунам замонеро, ки устод Маҳмадулло Раҷабзода ва Бахтиёри Абдураҳим дастамро падарвор гирифта, барои то ин зинаҳо расиданам пайваста маслиҳатҳои муҳиму муфид медоданд. Оре, ҳамаи онҳоеро, ки ҳаққи устодӣ доранд, ба хуби ёд мекунам, зеро бо сахтгириву серталабӣ ва муҳаббати беандозаашон бандаро аз душвориву сахтиҳои зиндагӣ огоҳ карда, дар роҳи илм дастгирам буданд. Д.МАҲКАМОВ, хатмкунандаи ДДЗТ
Хатари вабои аср Даҳсолаи аввали асри ХХI бо тамоми хатарҳои сатҳи умумиҷаҳонии худ ба ҷони инсонҳо ва вазъи кунунии сайёра таъсири зиёде расонидааст. Дар баробари зиёд будани хатарҳои рӯзафзуни умумисайёравӣ ва минтақавӣ яке аз он хатарҳое, ки таъсири он дар асри навин ба ҷони инсонҳо ва рушди мафкураи инсонӣ монеъ мешавад ин амалҳои экстремистию террористӣ ба ҳисоб меравад. Таъсири манфии амалҳои экстремистию террористӣ; - таъсиррасонӣ ба шуури шахс ва ҷамъият, ки фаъолияти минбаъдаи шахс ва ҷамъиятро ба норавшани тела медиҳад; - аз байн бурдани озодии сухан, ки поймол гардидани ҳуқуқи инсон ва хилофи қонунгузориҳо, санади байналмилалии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мебошад; - гирифтани пеши роҳи таълим ва таъсир расонидан ба сифати таҳсилот. Дар натиҷа ҷамъият, хусусан наврасону ҷавонон, аз таҳсилоти сифатнок дур гардида, донишҳои замонавиро аз худ карда наметавонанд, аз ихтирооту
навгониҳо бе баҳра мемонанд, ки барои ояндаи миллат рӯирост фаноёбӣ таҳдид мекунад; - таъсир расонидан ба тарбия ва масоили иҷтимоӣ. Ҷамъият аз ахлоқи инсонӣ ва фарҳанги миллӣ дур мегардад; - гирифтани пеши роҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат. Хароб гардонидани инфрасохтор ва иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда; - зарари моддиву маънавӣ ба давлату миллат ва ғ. Бо дарназардошти чунин натиҷагириҳо, ки аз таҳлилҳо ва амалҳои худхоҳонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯ бармеоянд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кӯшиш намуданд ба ғаразҳои нопоки худ расанд, аммо иродаи матини халқи ватандӯсту ватанпарвар, дорои ҳувият ва шуҷоати миллӣ таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нагузошт, ки амалҳои бадхоҳонаи худро дар ин сарзамин пиёда намоянд. Аъзои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ аз ҷумла ҳизби мамнӯи Наҳзати ислом ва Гурӯҳи
-24 новобаста аз он, ки аз кишвар фирор намуда, дар ҷустуҷӯи полиси байналмилалӣ қарор доранд, бо пуштибонӣ ва сарпарастии манфиатҷӯёни хориҷӣ аз берун ба сари давлату миллат санги маломат мепартоянд. Замоне расидааст, ки гурӯҳҳои бадхоҳи миллат даст боло бардошта, иқрор шаванд, ки ин халқу миллат ҳеҷ гоҳ сар хам намекунад ва иҷозат намедиҳад, ки пойи нохалафе ба хоки ин сарзамини аҷдодӣ ва соҳибтамаддун гузошта шавад. Аз дур истодану санги маломат партофтан ба давлату миллат ва роҳандозӣ намудани баҳсҳои иттилоотӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҳо дигар манфиатеро намеорад, зеро халқи Тоҷикистон акнун кӣ будани онҳоро медонад ва фирефта ба амалҳои онҳо намегардад, баръакс ҳар қадаре, ки онҳо тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳо санги маломат мезананд, эҳсоси ватандӯстии халқи Тоҷикистон ҳамон қадар боло меравад ва нафраташон ба онҳо зиёда мегардад. Суҳроб ТОИРЗОДА, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №25 (9555), 21.06.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
√ АНДАРЗ
Хайру эҳсони дарахт ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”
ИЗЗАТУЛЛО ҲАЁЕВ
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Шараф барои ҳама як аст. ******** Ба қуллаи шараф баромадан тӯлонию мушкил, фаромадан бо суръату осон аст. ******** Барои ҳама ҳамзамон аввалин будан имкон надорад. Лаберий Мо ба аҷдодонамон дигар монанд нашуда истодаем. ******** Воқеият камнур мешаваду хомӯш на. ******** Анҷоми корҳои бузург аксаран ба корҳои майда-чуйда вобастагӣ дорад. ******** Таъхир хатар дорад. ******** Аз ҳеҷ нашудан дертар анҷом додан беҳ. ******** Боигарӣ хасисиро тавлид мекунад. ******** Душманӣ мирандаву дӯстӣ бояд ҷовидон бошад. ******** Зарурат силоҳи охирину аз ҳама муқтадир аст. ******** Сулҳи бадастомада беҳтару боэътимодтар аст аз ғалабаи деринтизор. ******** Тарс камтар – хатар камтар. ******** Куҷое қасд нест, гуноҳ нест. ******** Қонунҳои замони сулҳро ҷанг, қонунҳои замони ҷангро сулҳ бекор мекунад. ******** Ҳарчанд меҳнату роҳат аз рӯи табиаташон гуногунанд, вале миёнашон ҳарчӣ ҳам бошад,алоқаи табиие мавҷуд аст. Тит Ливий
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
Замоне каме дуртар аз ҳавлии писарбачае дарахти бузурге қомат афрохта буд, ки меваҳои шаҳдбор дошт. Писарбача ҳамарӯза дар сояи ин дарахт бозӣ карданро хеле дӯст медошт. Ӯ то ба нӯги шохаҳои дарахт баромада, аз меваҳои он шикамсерӣ мехӯрд. Зуд-зуд дар сояи он пинак мерафт. Ӯ ин мавзеи зебову назарраборо хеле дӯст медошт. Дарахт низ бо ин писарбача унс гирифта, ҳамарӯза омаданашро мунтазир мешуд ва бо хушҳолӣ бо ӯ бозӣ мекард. Солҳо гузашту писарбача калон шуд ва бозиҳои кӯдакона низ ба охир расиданд. Ва рӯзе писарбача ба назди дарахт омад. Дарахт аз ин хушҳол шудаву хоҳиш намуд, то бо ҳам бозӣ кунанд, вале писар бозӣ кардан намехост. Писар маҳзунона гуфт, ки мехоҳад барои худ бозичаҳои наву замонавӣ харидорӣ кунад, вале барои ин маблағ надорад. Дарахт, ки хеле ба ӯ кӯмак кардан мехост, таклиф намуд, ки тамоми меваҳои ӯро ҷамъоварӣ карда, фурӯшад. Писар низ чунин кард ва дигар барнагашт. Дарахт танҳо монда, хеле маъюс ва чашм ба роҳ монд. Ӯ муддати тӯлонӣ бозгашти писарро интизорӣ мекашид. Солҳо сипарӣ гаштанд. Писар, ки ба ҷавонмарди қавие табдил ёфта буд, рӯзе ба назди он дарахт бозгашт. Дарахт хеле хушҳол шуд, вале ҷавонмард бо ӯ бозӣ карданро рад кард. - Ман барои ин вақт надорам, серкорам. Ман бояд барои аҳли хонаводаи худ хона созам. Ту ба ман кӯмак карда метавонӣ? – пурсид ӯ. Албатта дарахт хоҳиши ӯро рад карда натавонист ва ҷавонмард ҳама шохаҳои бузурги дарахтро бурида, бо худ бурд. Ӯ хушҳолона баромада рафту чандин соли дигар барнагашт. Як рӯзи гарми тобистон мард боз ба назди он дарахт омад. - Бо ман бозӣ мекунӣ? – бо умед пурсид дарахт. - На, ман аллакай калонсол шудаам ва мехоҳам заврақе дошта бошам, то каме шино карда, хастагиамро рафъ созам. Ту ба ман кӯмак мекунӣ, то барои худ заврақ бисозам? Ва ин дафъа низ дарахт бо
қаноатмандӣ изҳор дошт, ки омода аст ба ӯ кӯмак расонад. Баъдан мард шохаҳои дарахтро бурида, аз онҳо барои худ заврақ сохт. Ва рафт. Дарахт бошад, чун ҳамеша мунтазири ӯ монд. Аз байн чанд соли дигар сипарӣ гардид. Ва оқибат вақте марди солманд боз дар назди дарахт пайдо шуд, дарахт бо ҳасрату надомат изҳор дошт: - Мутаассифона, ман дигар бароят чизе дода наметавонам. Ягона чизе, ки аз ман боқӣ мондааст, решаҳои заифу фарсудаам мебошанд. - Ба ман низ дигар чизе лозим нест, чун хеле пиру нотавон шудаам. Бароям танҳо андаке ҷой барои оромиш ёфтан пайдо кун. Ва пирамард дар назди дарахт нишаста, решаҳои фарсудаи онро ба оғӯш гирифт ва қалбаш таскин
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
ёфт. Дарахт, аз он ки боз тавонист ба писари дӯстдоштааш кӯмак расонад, эҳсоси хушбахтӣ менамуд. АНДАРЗ: Ин дарахт тимсоли волидони мо дар тӯли ҳаёт мебошад. Мо ҳини кӯдакӣ мехоҳем ҳамеша дар канори онҳо бошем. Аммо вақте ба воя мерасем, онҳоро танҳо мегузорему танҳо ҳамон лаҳзаҳое ба суроғашон меравем, ки ба кӯмаку дастгириашон ниёз дорем. Ҳаргиз фаромӯш набояд кард, ки падару модар тамоми умри бобаракати хешро барои як лаҳза хушбахтии мо - фарзандон, сарф мекунанд. Ҳамеша волидони худро дӯст доред ва нисбати онҳо меҳрубону ғамхор бошед. Ба қадри падару модар бирасед, ҳоло, ки дер нашудааст.
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4141 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»