javononi tojikiston/#25/2015

Page 1

Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо

№25 (9399), 25 июни соли 2015

e-mail: javonontj@mail.ru

Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯДА БОД!

Чеҳраҳо шукуфону шодӣ падидор аст

ҲАФТ РӮЗ 18.06.2015 Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 73-юми Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ИДМ баргузор гашта, 8 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи онҳо беш аз 20 қарор қабул шуд. 19.01.2015 Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии тетарҳои касбӣ “Парасту-2015” анҷом ёфт. Шоҳҷоиза насиби Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ, барои намоиши «Сияҳпӯш»-и С. Аюбӣ дар таҳияи Умед Хисравов гашт. 20.06.2015 Дар ноҳияи Файзобод танга ва кӯзачаеро бозёфт намуданд, ки тақрибан мутааллиқи асри 10 мебошанд. 21.06.2015 Дар шаҳри Душанбе 10 нафар ғолиби озмуни телевизионии “Овози тиллоӣ”, ки бо ташаббуси шабакаи телевизионии “Баҳористон” соли шашум баргузор гашт, барномаи ҳунарӣ пешниҳод карда, соҳиби туҳфа шуданд. 22.06.2015 Дар шаҳри Душанбе конфронси IV-уми ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» доир гардида, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси ин ташкилот интихоб шуд. 23.06.2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ)-ро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва дастгирии техникии сохторҳои дахлдори Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.

Саҳифаи

4

24.06.2015 Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати панҷум доир гардид. Бо пешниҳоди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

БАРОИ ҶАВОНОН

8-9

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9399), 25 ИЮНИ СОЛИ 2015 Саҳифаҳои

Буни инсон инсон аст 1


ШОДБОШӢ

ТУРИЗМ

Саёҳати донишҷӯёни ДДҚ ба Душанбе Бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон 20 донишҷӯи риштаи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии воқеъ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Мо миллати созандаем

Зимни ошноӣ бо фаъолияти ширкати сайёҳии «Ҷавоҳир» донишҷӯён оид ба заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии таъсиси ширкат, додани раводид, таҳияи хатсайрҳои сайёҳии байналмилалӣ ва дохилӣ, маркетинг ва тарғибот дар соҳаи сайёҳӣ маълумот пайдо карданд. Онҳо, ҳамчунин, бо фаъолияти Ассотсиатсияи туризми дар ҷомеаи асосёфтаи Тоҷикистон шинос гаштанд. Ассотсиатсияи мазкур навтаъсис буда, бештар дар ҳудуди ноҳияҳои Ҷиргатол

ва Муъминобод фаъолият менамояд. Ба донишҷӯён оид ба корҳои анҷомдодаи ассотсиатсия дар рушди соҳаи туризм, таҳияи маълумоти сайёҳӣ, таҳлил ва баҳодиҳӣ, доираи ҳамкориҳои байналмилалии ассотсиатсия ва таҷрибаи ҷалби волонтёрон маълумот дода шуд. Баъдан, донишҷӯён аз фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти сайёҳӣ ошно гаштанд. Муовини раиси кумита Р. Назарзода бо донишҷӯён мулоқот

карда, ба суолҳои онҳо посухҳои мушаххас дод. Баъдан, аз тариқи дастгоҳҳои наворпахшкунанда маълумот оид ба захираҳои сайёҳии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ҳамчунин, саёҳати ҷавонон ба боғҳои Парчами миллӣ, Рӯдакӣ, муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, боғи “Ирам” ва Осорхонаи миллӣ ташкил карда шуд. Дар ин бора Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон иттилоъ дод.

Табрикоти Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ҷавонони мамлакат Ҷавонони азиз! Ба хушбахтии мову шумо ва шукргузории беҳад рӯзҳои иду ҷашнвораҳои арзишманду муқаддас дар тақвими Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо хеле зиёданд, ки сарчашмаашон санаи муҳими таърихӣ, 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки ин ҳама дастоварду пешравиҳои дар муддати кӯтоҳ бадастовардаи моро бо роҳбарию сиёсати хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бидуни ин мафҳуми мубораку шариф тасаввур кардан имкон надорад. Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми аз худ бузургтар, таҳаммулу дурандешию қаноатпешагӣ, садоқату муҳаббат ба миллату Ватан аз фазилатҳое ҳастанд, ки ҳар яки моро бо хун омадааст. Аз азал дар ҳар хонадони тоҷик ин ҳама ҳидоятҳо беҳтарин василаи тарбияи фарзандон ба шумор мераванд, ки дар эҷодиёти бузургмардони адабиёти хоса классикамон ба таври возеҳу равшан ифода ёфтааст. Тифоқию дӯстӣ, ваҳдати томи хонаводагию ҷомеа ҳам маҳз аз ҳамин арзишҳо маншаъ мегиранд. Таъкид бояд кард, ки таҷрибаи талхи гузаштаи миллатамон нишон дод, ки бидуни арҷгузорӣ ба арзишҳои хосатан миллию аҷдодӣ, фарде, миллате ба ҷое намерасанд. Табиати одамӣ чунин сохта шудааст, ки шояд ба хотири тобу тавони дидану шунидан надоштан, рӯзҳои сахтро ба зудӣ фаромушӣ мекунад. Вале вазъи кунунии ҷаҳони муосир, ҷангҳои бемаънӣ дар як қатор мамолики дунё ба мо ҳуқуқи маънавӣ намедиҳад, ки масъулияти шаҳрвандию ватандорӣ, зиракию ҳушёрӣ, заковати азалиро лаҳзае аз даст диҳем. Баръакс, боз ҳам зичтар бояд дар атрофи Сарвари давлат муттаҳиду сарҷамъ гардида, ин дастоварди бузург, ҳадяи худовандӣ – Ваҳдати миллиро чун гаҳвараки чашм нигаҳбону арҷгузор бошем ва нагузорем, ки дубора душманону хоинони миллат дар пиёдасозии ҳадафҳои нопокашон дар сарзамини мо комёб гарданд. Пӯшида нест, ки чунин кӯшишҳо

2

бараъло ба чашм мерасанд ва гурӯҳу доираҳои муғриз, бахусус, бо ҷалби ҷавонон ба доми тазвири худ нақшаҳои ифлосу даҳшатеро ба сар ҷой кардаанд. Мутаассифона, кам ҳам бошад, ёфт мешаванд ҷавонони сустиродае, ки фирефтаи ваъдаву суханҳои бепояи онҳо гардидаанду бархе аллакай куштаву бархе пушаймонанд. Душманон бо сӯистифода аз нишон додани камбудию нуқсонҳои ҷойдоштаи ҷомеа, ки ҳатто дар дилхоҳ пешрафтатарин давлати дунё ба мушоҳида мерасанд, аз худ дӯсту ғамхори мо тарошиданӣ мешаванд. Мавҷудияти камбудию норасоиҳо, мушкилҳои муваққатӣ дар ҷомеаи ҷавону ҳанӯз камтаҷрибаи мо як амри табиист ва муҷиби инкор нестанд. Аммо як чиз мусаллам аст, ки бо гузашти муҳлати муайян ба ҷуз худи мо касе онҳоро бартараф карда наметавонад ва дар фикрашон ҳам нест. Дигар ин ки шукр, ба қадри кифоя аллакай дар ин ҷода донишу таҷриба касб кардаему муҳтоҷ ба дастуру маслиҳати «дилсӯзон» нестем. Ҳадафи нотавонбинон миллатро низоъ андохтану пароканда кардан ва давлатро барҳам задану сарзамину боигариҳои моро соҳибӣ намудан асту бас, ки инро мову шумо бояд ҳамеша дар хотир нигоҳ дошта бошем. Бо боварии том гуфта метавонам, ки ҷавонони кишварро дил саршори меҳри бузурги Ватану миллат асту сар банди нақшаҳои созандагию ободкорӣ. Мо миллате ҳастем аз пайдоиш созанда, на сӯзанда. Ҳанӯз Рустами таҳамтани мо дар «Шоҳнома» пас аз бо дасти худ бо дасисаи душманон куштани ҷигарбандаш Суҳроби Ял ба ҷангу ҷангҷӯён нафрати беохир хондааст. Пас, биёед, дар нафрин ба ҷангу ҷангҷӯён ва дар ҳифзи марзу бум, сулҳу осоиштагии мулк, ваҳдати миллат Рустамҳои замони худ бошем. Бо як ҷаҳон орзуҳои нек Рӯзи Ваҳдати миллиро ба ҷавонон ва онҳое, ки ин ҷавононро офарида, тарбияву камол бахшидаанд, муборакбод мегӯям! Зиндаву поянда бод Ваҳдати миллӣ!

ҲАМКОРӢ

Гардиши мол миёни Тоҷикистону Полша афзуд Новобаста аз мушкилоти иқтисоди ҷаҳонӣ соли 2014 гардиши мол миёни Тоҷикистону Лаҳистон нисбат ба соли 2013 қариб 25% афзуда, ба 20 миллион доллар расид. Мушовири Сафорати Ҷумҳурии Лаҳистон Ятсек Михалски дар нишасти матбуотӣ, ки бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар толори «Шарқи Озод» доир гардид, гуфт, аз ин миқдор 19 миллион доларро содироти Полша ба Тоҷикистон ташкил медиҳад. Қариб 23% ҳаҷми содиротро мошину таҷҳизот, 20% маҳсулоти металҳои ранга, 13% масҳсулоти хӯрока ва 10%-ро маҳсулоти саноати химия ташкил дод. Соли гузашта аз ҷониби ширкатҳои Полша ба Тоҷикистон 18 номгӯи маҳсулот содир шуда буд. Аз Тоҷикистон ба Полша асосан (86%) пахта ва маҳсулоти пахтагӣ содир гардид. Дар маҷмуъ, ҷумҳурии мо 11 номгӯи маҳсулотро ба харидорони Полша пешниҳод намуд. - Ятсек Михалски ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ҳар сол соҳибкорони Полша дар намоишгоҳи саноати сабуки «Интерлекпром» дар шаҳри Душанбе ширкат меварзанд. Аз ҷониби шуъбаи мусоидат ба тиҷорат ва сармоягузории Сафорати Ҷумҳурии Полша барои намоишгоҳи навбатӣ каталог тартиб дода шуд, ки дар он оид ба 80 ширкат маълумот мавҷуд аст. - Тирамоҳи соли равон мулоқоти соҳибкорони Тоҷикистону Полша пешбинӣ шудааст. Соли равон соҳибкорони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмиллалии маҳсулоти озуқаворӣ “POLAGRA FOOD-2015”, ки дар шаҳри Познан баргузор мегардад, иштиро хоҳанд кард. Ҳамчунин, иштироки намояндагони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи туристии Варшава дар назар аст. - Полша яке аз кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаи Аврупо ба шумор рафта, танҳо дар саноати истеҳсоли матоъ 12,3 ҳазор корхона дорад.

ШИНОСОӢ

Сафари ҷавонон ба минтақаи Рашт 23 июн бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ як гурӯҳ ҷавонони фаъоли кишвар баҳри дидорбинӣ, пайдо намудани риштаи дӯстӣ, шиносоӣ аз ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон ба минтақаи Рашт сафар намуданд. Дар даромадгоҳи ноҳияи Рашт ҷавононро масъулин ва намояндагони ҷавонони минтақа бо шаҳомати хоса ва нону намак истиқбол гирифтанд. Дар доираи ин сафар ҷавонони фаъол, ки аз тамоми кишвар гирди ҳам омадаанд, бо анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои дастӣ, мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии минтақа аз наздик шинос гардиданд. Масъулин мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳоро мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни ҷавонони тамоми минтақаҳои кишвар арзёбӣ мекунанд. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

С. СУННАТӢ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9399), 25 ИЮНИ СОЛИ 2015


МАВЗӮИ РӮЗ

ПУРСИШ

Набарди иттилоотӣ Дар ҷустуҷӯйи фатво рӯ ба шабакаҳои хориҷӣ? Табиати инсон чунин аст, ки ба чизе эътиқод доштан мехоҳад. Ин эътиқод ё бовар барои инсон як ниёзи фитрист. Ҳамин аст, ки дар тӯли таърих то имрӯз инсоният ба арзишҳои дурусту нодуруст, равою нораво бовар дошта омадааст. Агарчӣ ин бовар гоҳо инсонҳоро ба марг ҳам рӯ ба рӯ кардааст, вале боз ҳам натавонистаанд аз он даст кашанд... Зимнан, ба назар мерасад, ки ҳоло алайҳи кишвари мо ҷанги иттилоотӣ шиддат ёфтааст. Ҷанге, ки пайванд ё иртибот бо буҳрони эътиқодиву мазҳабӣ дорад. Аз як тараф ҷавонони ноогоҳе, ки ба сафи ДИИШ пайвастаанд, зуд-зуд аз тариқи интернет “паём” расонда, аз ҳузурашон гӯё дарак медиҳанд. Аз ҷониби дигар шабакаи телевизионии “Висоли ҳақ”, ки ба гуфтаи таҳлилгарон аз ҷониби Британияи Кабир сарпарастӣ мешавад ва мубаллиғи ақидаи салафист, дар барномаҳояш алайҳи Тоҷикистон ошкоро таблиғоти ғоявӣ мебарад. Албатта, доду фарёди ҳар ду - ҳам тундгароёни ДИИШ, ҳам телевизони “Висоли ҳақ” “равиши корвонро халал намерасонад”. Вале бо вуҷуди ин, бояд дар назар дошт, ки ҳама ҷонибҳое, ки сӯи мо санг мепартоянд, бештар як нуктаро эрод мегиранд: маҳдудият дар озодиҳои эътиқодӣ. Бешубҳа, масоили эътиқод дар ҳама давру замон аз масъалаҳои ҳассос ба ҳисоб меравад. Ба ҳамин хотир, онро зайле бояд ҳал кард, ки даҳони хасму душманони миллат пӯшида гардад. Вагарна эътирозу таҳдид ва дар пушти он таблиғи ғояи ғайр барои мардуми мо идома меёбад. Дар иртибот ба ҳамин масъала, дар суҳбате Ҳаким Абдуллои Раҳнамо, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ иброз дошт, ки як роҳи эмин доштани ҷавонон, мусаллаҳ кардани онҳо бо дониши дурусти динист. А. Раҳнамо мегӯяд, ҳамин таҷриба, ки ҷавон ҳеҷ чиз аз дин надонад, аз шарри тундгароён эмин мемонад, натиҷа надод. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон инро гузаштанд, бенатиҷа анҷом шуд. “Манзур ин аст, ки агар ҷавонон, як маълумоти исломӣ дар бораи мазҳаби ҳанафӣ, таълимоти маорифпарваронаву фарҳангдӯстона, инсондӯстонаву сулҳпарварона ва таҳаммулпазирии исломӣ дошта бошанд, аз теъдоди зиёди иттилову таҳдиди беруна эмин мемонанд. Ин барнома бояд зери назари давлат, Шӯрои уламо бошад. Агар дониши муътадили динӣ дар чорчӯби мазҳаби ҳанафӣ ба ҷавонон дода нашавад, онҳо ягон шакли ифротиро соҳиб мешаванд”,- таъкид мекунад таҳлилгар. Ба қавли А. Раҳнамо фазои иттилоотӣ дар дохили кишвар бояд тарзе бошад, ки баъзе масъалаҳо ҳалли худро ёбанд. Ӯ мегӯяд, масалан, агар мо як шабакае медоштем, ки дар он баъзе масоили динӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ, на дар шакли ғоявӣ, балки дар шакли таълимӣ ироа мешуданд, ҳеҷ эҳтиёҷе набуд, ки мо фатворо аз Қатар, Саудиву Эрон бигирем. Набудани чунин шабака бинандаи ҷавонро ба суроғи шабакаҳои хориҷӣ мебарад. Ба шабакаи хориҷӣ ки рӯ овард, хоҳ он маърифативу фарҳангӣ аст ё динӣ, дар баробари иттилои муфид иттилои зарарнокро ҳам ҳатман мегирад. Чунки иттилоъ ба бинандаву шунаванда дар шакли баста (пакет) дода мешавад. Як шабака ҳам барномаи ахбор дорад, ҳам барномаи фарҳангиву маърифатӣ. Миёни ин барномаҳо ҳатман иттилои пӯшидаи ҳадафнок ҳам дорад, ки бинанда онро ноогоҳона мегирад. Ҳоло зарур аст, ки ҳамин гуна як шабака дар дохил вуҷуд дошта бошад, то ҷомеа барои таъмини эҳтиёҷоти динии худ ба тамошои шабакаҳои хориҷӣ наравад. Боиси хурсандист, ки масъулини Вазорати маориф ва илм гуфтаанд, аз соли нави таҳсил фанни “Таърихи дин” ҷорӣ хоҳад шуд. Вале як нукта боз ҳам чандон қаноаткунанда нест. Онҳо иброз доштаанд, ки фанни “Таърихи дин”-ро адабиётшиносон таълим хоҳанд дод. Шарифмуроди Исрофилниё, мудири Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Вазорати маориф ва илм вобаста ба ин масъала чунин иброз доштааст: “Устодони фанҳои забону адабиёт ба сурати умум, аз дин бохабаранд, чунки касе даъво мекунад, ки адабиётро мефаҳмад, бояд аз дин бохабар бошад. Саропои адабиёти мо аз “Қуръон”-у суннат аст. Аз тарафи дигар, дар донишгоҳҳо риштаи фалсафа дорем, метавонем хатмкардаҳои ин риштаро ҷалб кунем. Донишкадаи исломӣ ҳам дорем, ки кадрҳои зиёде тарбия кардааст, вале онҳо бояд дар баробари дини ислом пиромуни динҳои дигар ҳам иттилоъ дошта бошанд”. Аз ин гуфтаҳо метавон хулоса кард, ки сари ин масъала дастҷамъона бояд андеша намуд, то ҷавонони мо аз рисолати ҳақиқии дини мубини ислом огоҳ бошанд ва пайи дарёфти фатво рӯ ба шабакаҳои бегона наоранду побанди ҳар гуна ақидаҳои нолозиму зарарнок нагарданд. Инчунин, бояд коре кард, ки ба оташи душманон ва мубаллиғони идеологияи ғайр, ки аз берун истода, таҳдид мекунанд, ҳезум напартоем. Б. УСМОНОВ, “ҶТ”

Барои бардавом нигоҳ доштани рӯҳу ҷисм истироҳат кардан нақши муҳим мебозад. Аксар кормандони идораву муассисаҳо дар фасли тобистон ба рухсатӣ баромада, ба қадри имкон дар давлатҳои хориҷ ё мавзеъҳои истироҳатии кишвар фароғат мекунанд. Мо аз чанде аз шаҳрвандони дорои синну сол ва касбу кори гуногун пурсидем, ки:

Шумо дар куҷо истироҳат мекунед?

Фатҳиддин ҲАЙДАРОВ, сокини ноҳияи Ҳисор: - Ман дар як ширкати воридкунандаи сӯзишворӣ фаъолият мекунам. Маоши ман барои Дубаю Истамбул, Ҳиндустон ва ё Малайзия рафтан намерасад. Аз ин рӯ, дар кишвари худамон истироҳат мекунам. Ҳашт сол мешавад, ки соле 2-3 маротиба ҳамроҳи 4-5 нафар ҳамсояҳо ба балантарин деҳаи доманакӯҳи ноҳияи Ҳисор, деҳаи Арҷинак меравем. Ҳавои тоза, оби мусаффо, меваҳои шакарин, асали кӯҳӣ, чакаю ҷурғоти яхнӣ ва тамошои арчазори кӯҳистон ба кас қувваю дармон мебахшад. Ба касоне, ки ҳар сол барои истироҳат берун аз кишвар мераванд, тавсия медиҳам, ки бо сарфи чанд баробар камтари маблағ дар кишвари худамон истироҳат кунанд. Ҳам маблағ аз кишвар берун намеравад, ҳам бо маблағи кам беҳтар ва табъи дил истироҳат карда, буҷети хонаводаро сарфа мекунед. Аъзам ЭРГАШБОЕВ, духтури бемориҳои дарунӣ: - Ҳар сол дар фасли тобистон рухсатӣ гирифта, ба зодгоҳам, ноҳияи Ҳамадонӣ меравам. Дар он ҷо ба корҳои кишоварзӣ машғул мешавам. Чидани ҳосили боғу киштзор ба кас як навъ ҳисси қаноатмандӣ мебахшад. Аммо меҳнати ҷисмонӣ бояд тоқатфарсо набошад, вагарна ҷисмро абгор

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9399), 25 ИЮНИ СОЛИ 2015

месозад. Баъзан бо ҳамкорон соле як ду бор ба дараи хушманзараи Варзоб меравем. Дар шаҳри Душанбе низ боғу гулгаштҳои замонавӣ, аз қабили «Наврӯзгоҳ», «Боғи Ирам», «Боғи Рӯдакӣ», «Боғи Ғалаба», ҳастанд, ки хастагиро рафъ намуда, асабро ором ва ҷисмро нерӯ мебахшанд. Барои самаранок гузаштани таътил ё рухсатӣ шарт нест ба соҳили ягон баҳр ё шаҳрҳои серғавғо рафтан. Ба назари ман, агар истироҳат дуруст барномарезӣ карда шавад, дар кишвари худамон низ табъи дил дам гирифтан мумкин.

Шамимаи НОДИР, донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия: - Истироҳатро ҳар шахс ҳар гуна мефаҳмад. Масалан, баъзеҳо

истироҳатро дар як гӯшае танҳо нишастан, дигаре бо дӯстон ё наздиконашон дар соҳили дарё вохӯрдан ё ба китобхонаю осорхона рафтан, сеюмин бошад, сафар кардан ба давлатаҳои хориҷ медонанд. Бештари ҷавонон мехоҳанд ба Туркия ё Дубай рафта истироҳат кунанд. Яъне, ҷойе, ки баҳр асту фазои хуб. Истироҳат беҳтарин табобат аз ранҷуриҳову хастагиҳо маҳсуб мегардад. Шахсан ман мехоҳам дар деҳот истироҳат кунам. Гарчанде истироҳат дар дигар давлатҳо хуб бошад ҳам, вале ба ақидаи ман ҳеҷ яке аз онҳо беҳтар аз Тоҷикистон нест. Вақти зиёд мешавад, ки ба деҳот сафар накардаам ва ҳар як гӯша, буттаву дарахт ва хокашро пазмон шудаам. Ба дигарон низ тавсия медиҳам, ки ҳатман ба деҳоти кишвар рафта, истироҳат намоянд, чун фаромӯшношуданист.

Ирода АШӮРОВА, сокини шаҳри Душанбе: - Чанд сол мешавад, ки баъди хатми макатаби миёна кору фаъолият мекунам. Вале боре ҳам ҷойе истироҳат нарафтаам. Аз хурдӣ орзу мекардам, ки ба ягон давлати дигар сафар намуда, истироҳат кунам. Барои ман истироҳат дар давлатҳои хориҷӣ хеле шавқовар аст. Масалан, мехоҳам ба Туркия ё Дубай раваму истироҳат намоям ва бо фарҳангу расму оини ин мардум шинос шавам.

3


27 ИЮН - РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Дар ибтидои солҳои навадум халқи тоҷик ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид. Дар ин давра ҳазорон нафар ҳамдиёронамон кушта, қариб як миллион нафар гурезаю муҳоҷирони иҷборӣ шуданд. Ваъзи иқтисоду иҷтимоии ҷумҳурӣ паст ва фалаҷ гардид. Хатари маҳв ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ҳақиқати воқеӣ шуд. Дар ин ваъзият барои мамлакат сарваре лозим буд, ки барои сулҳу ваҳдати миллӣ ҷони худро дареғ надорад ва манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои қавму маҳал ва минтақа болотар донад. Аммо дар Тоҷикистони оғуштаи оташи ҷанг ва хуну мотамзада касе ҷасорат намекард, ки вазифаи басо сангину масъулиятнокро бар дӯш гирад. Моҳи ноябри соли 1992 намояндагони мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро доир намуда, аз миёни бисёр шахсиятҳои шинохта Эмомалӣ Раҳмонро ба сарварии Тоҷикистон пазируфтанд. Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон шахсе ба маснади давлат баромад, ки аз миёни мардуми заҳматкаш ва орзуву ормонаш дарди миллат буд. Яке аз омилҳои санҷида ва бадастовардаи мардуми Тоҷикистон дар ин рӯзҳо ноил шудан ба сулҳи бебаргашт ва ба ҳам овардани қувваҳои мухолифи кишвар, аз ҷанги бемаънӣ берун кашидани нерӯҳои ҳар ду ҷониб ва дар миёни тарафҳо наҷустани гунаҳкор ва билохира, оғӯши бародарӣ ба рӯи ҳам боз намуда-

Чеҳраҳо шукуфону шодӣ падидор аст ни дастаҳои даргир ба шумор мерафт. Зеро мавқеъҳо ҳанӯз ниҳоят дур ва ранҷишҳо басо зиёд буданд. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали интихоб шуданаш роҳи ҳалли ихтилофро дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро зимни машварат ва гуфтушуниди мусолиҳатомези Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид. Баҳри амалӣ кардани ин нақша саъю талошҳо меварзид. Бо ҳамин сабаб, раванди ҷустуҷӯи сулҳ аз охири соли 1993 оғоз ёфт. Табиист, ки дар рафти мулоқоту гуфтушунидҳо ҳар тараф шартҳои манфиатноки худро пешниҳод менамуд. Билохира, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав мулоқот баргузор гардид, ки бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ анҷом пазируфт. Дар лаҳзаҳои шодиву сурур, ки миллати парешони мо 27 июни соли 1997 ба ҳам меомад, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамватанони мо муроҷиат намуда, чунин таъкид дошт: «Бо назардошти ин рӯҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни мудаост, ки рӯзи 27уми июнро дар кишварамон Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ид кунем». Бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки

моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд, мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш кашиданд. Ашки шодӣ дар ҳалқаҳои чашми азизон ҳувайдо буд, зеро тайи ин солҳо он қадар мушкилот, он қадар нофаҳмиҳо ва он қадар гирифториҳову хунҷигариҳо ба ҳам печидагӣ дошт, ки кушоишу ворастагии онҳо ба ҷуз аз муаммои сарбаста чизе наменамуд. Президенти ҷумҳурӣ ва роҳбарияти мухолифин мувофиқа ҳосил намуданд, ки бо имзои ҳамин созишнома марҳилае шуруъ мешавад, ки иҷрои мувофиқатномаҳои бадастомада ба таври пурра ва дар алоқамандӣ бо ҳам сурат мегирад ва он ба низои бародаркушӣ абадан хотима мегузораду ҳамдигарбахшӣ ва афвро таъмин мекунад, муҳоҷиронро ба маҳалли зисташон бармегардонад, барои инкишофи ҷомеаи демократӣ, баргузории интихоби озод ва барқарор кардани иқтисодиёти кишвар шароити мусоид фароҳам месозад. Бояд тазаккур дод, ки дар ин марҳила нерӯҳои гуногуни сиёсӣ пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат аст ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра мақоми дуюмдараҷа до-

ранд. Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму покзинату миллатдӯст буданро ифода мекунад. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои ҷаҳонӣ гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ

Ҷавонон – ҷонибдори ваҳдат 27 июни соли 1997 фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони ватанпараст, меҳандӯст ва сулҳхоҳи тоҷик ба кашмакашҳои беъманӣ хотима гузошта, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо гузоштанд. Ин санади сарнавиштсоз Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дода, ба миллати тоҷик рӯҳу илҳоми нав бахшид ва дар сарҷамъ кардани мардум нақши бебаҳо гузошт. Бо имзо шудани ин санади таърихӣ давлати соҳибистиқлоли мо ҳувият ва ҳастии хешро дубора ҳифз кард ва ба ҷаҳониён исбот намуд, ки миллати тоҷик Ватанро муҳимтарин муқаддасоти хеш медонад. Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавон умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд. Шукронаи сулҳу ваҳдати миллӣ, ки фазои озоду обод саросари кишварро фаро ги-

4

рифтааст. Офтоби дурахшони истиқлолият шуълаҳои ваҳдату сулҳро то минтақаҳои дуртарини кишвар партавфишон сохтааст. Мо ҳамагон гувоҳи он ҳастем, ки созандагиву навовариҳои бепоён моро фаро гирифтааст ва мо аз он бемамоният истифода мебарем. Инчунин, таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон, ки имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гаштааст, ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои худодод истифода намуда, худро наҷот дода метавонад. Ба қавли собиқ котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан, тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд. Хуб мешуд, ки бо кӯмаку мусоидати Созмони Милал дар Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи низоъшиносӣ ва фарҳанги сулҳ, ки бевосита дар даҳсолаи наздик барои амалӣ намудани манфиатҳои миллии мо зарур мебошад, таъсис дода шавад. Ҷаҳони имрӯз омилҳо ва имкониятҳои инсониятро ба ҳам даромехта, суръати ҷаҳонишавиро афзудааст. Бешак, дар ин омезиш соҳибони имконият барои ба даст овардани афзалият ба ҳамдигар мубориза бурда истодаанд. Аз ин рӯ, ҷаҳонишавӣ бо-

иси пайдоиши нооромӣ ва сар задани ҷангу кашмакашҳо гардидааст. Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти давраи ҷаҳонишавӣ ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ворид гардидааст. Вусъат бахшидани ислоҳот, таъмин намудани самаранокии татбиқи он, рушди устувори иқтисодӣ ва бо ҳамин роҳ зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароит барои рӯзгори шоистаи шаҳрвандон вазифаҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ гардидааст. Ҳукумат пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ қарор додааст. Сиёсати хориҷии созанда ва ба ҳамкории густурдаву васеъ равонагардидаи Тоҷикистон ба муносибати ҳамаҷониба ба рушди устувории кишвар, таъминоти амнияту оромӣ ва сатҳи олии зиндагии мардум равона карда шуда, барои фардои ободи Тоҷикистон замина гузошта истодааст. Маҳз арзишҳои миллӣ - Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро нек доштани мардуми шарифи Тоҷикистон барои рушди бомаром ва пайдо карда тавонистани мавқеи хоса дар ҷаҳони имрӯза мусоидат намуда истодааст. Бешак, ин ҳама муваффақиятҳои даврони

истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор нигоҳ дошта метавонем. Воқеан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пешрафтаю шукуфон гашт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ, сулҳу ваҳдат падидор аст. Абдуҷамил ВАЛИЕВ, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон

истиқлолият тавассути сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Сиёсати ваҳдатсозии Сарвари давлат шуруъ аз даврони ба даст овардани истиқлолият таҷассум гардида, монеаҳои нобудсозандаи сулҳу суботро пай дар пай бартараф сохт ва ба ҳар як хонадони миллати тоҷик нури умед ҳадя намуд. Дар шароити имрӯза ба ҳар шахси соҳибватан зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, ба доми фиреби бадхоҳони миллати тоҷик гирифтор нагардад ва ҳамеша барои ҳифзу пойдории манфиатҳои олии миллат ва давлат ҳушёру омода бошад. Ҷавонон бояд дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ иштирок намуда, ташаббускору навовар ва дар ҷусутҷӯи имконияту роҳҳои нави тараққиёти Ватан бошанд. Бояд ба омӯзишу такмили донишу малакаҳои худ диққати ҳамаҷониба диҳанд, барои инкишофи маънавию ҷисмонӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, зеро солимии онҳо солимии миллат мебошад. Бо итминони комил гуфта метавонам, ки маҳз ҷавонон муносибати боэҳтиромонаи хешро ба фазои орому осудаи кишвар, дӯстию рафоқати байниҳамдигарии халқу миллатҳои гуногуни диёр зоҳир сохта, тарафдори Ваҳдати миллӣ будани хешро собит месозанд ва баҳри ба қуллаҳои баландтари саодат ва хушбахтӣ расидани Ватан ҳисса мегузоранд. Сулаймонхон СУЛТОНОВ, сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «ШОТО»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9399), 25 ИЮНИ СОЛИ 2015


ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА Ихтирои антибиотикҳо яке аз дастовардҳои илми тиб дар асри гузашта ба шумор меравад. Соли 1945 барои ихтироъ ва ба роҳ мондани истеҳсоли “Пенитсиллин” (нахустин доруи антибиотикӣ) олимони варзида Александр Флеминг, Ховард Флори ва Эрнст Чейн сазовори Ҷоизаи Нобел дар бахши физиология ва тиб гардиданд. Доруҳои намуди пенитсиллин тӯли чанд сол зимни муолиҷаи бемориҳои сироятӣ антибиотикҳои асосӣ дар тамоми ҷаҳони мутамаддин ба шумор мерафтанд. “Пенитсиллин”, махсусан, зимни муолиҷаи ҷароҳатҳо дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ба зудӣ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифта, ҳаёти бисёриҳоро наҷот дод. Бо истифодаи он сироятёбии хун пешгирӣ шуда, захмҳо шифо меёфтанду пеши авҷгирии гангрена гирифта мешуд. Бо ёрии антибиотикҳо табибон бемориҳои варами шуш, сепсис ва ҳатто сифилисро табобат мекарданд.

фурӯхтани антибиотикҳо аст. Баъзе шаҳрвандон аз ВАО дар бораи ягон дору маълумот мегиранду онро бе тавсияи духтур истеъмол мекунанд. Ё ин ки истеъмоли антибиотикро бо мушоҳида кардани андак беҳбудӣ қатъ мекунанд. Олимони соҳа муайян кардаанд, ки ҳангоми худсарона кам ё зиёд намудани воя (доза)-и антибиотикҳо барои бемории муайян низ сабаби тобоварии микроорганизмҳо шуда метавонад. Зиёд истифода бурдани антибиотикҳои дорои таъсири баланд ва нодуруст истифода бурдани антибиотикҳои дорои таъсири паст низ метавонад боиси тобоварии микроорганизмҳо шаванд. Олимон то ин дам як қатор бактерияҳои ба доруҳои зиёд то-

Аммо бо гузашти солҳо маълум шуд, ки на ҳама микробҳои бемориовар бо таъсири “Пенитсиллин” нест мешудаанд. Масалан, барангезандаҳои сил ва домана ба “Пенитсиллин” хеле устувор будаанд. Аз ин рӯ, бисёр олимони шинохта фаъолона дар ин самт кор бурда, антибиотикҳои нав ба нав ихтироъ намуданд. Имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 100 номгӯи антибиотикҳо мавҷуданд, ки ба гурӯҳҳои доираи таъсирашон васеъ ва маҳдуд ҷудо мешаванд. Хеле кам одамон ёфт мешаванд, ки дар давоми умри худ, аққалан, як бор аз антибиотикҳо истифода набурда бошанд. Мутаассифона, ихтирои антибиотикҳои нав ба нав ба он оварда расонд, ки доираи истифодаи дигар доруҳо танг шуда, дар баъзе ҳолат микробҳо ба доруҳои муайян тобовар шуданд. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) тобоварии бактерияҳо ба антибиотикҳо мушкили ҷиддӣ ба вазъи саломатии ҷомеа дар Аврупо мебошад. Дар аксар кишварҳо тайи 5 соли охир нишондиҳандаи сатҳи тобоварӣ ду маротиба афзудааст. - Яке аз сабабҳои асосии тобоварии микроорганизмҳо ба антибиотикҳо нодуруст ва бемавқеъ истифода бурдани онҳо мебошад, - мегӯяд муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров. – Сабаби дигар бе дорухат дар дорухонаҳо

боварро муайян кардаанд. Чунончи, “Стафилококки зард” (MRSA) ба “Метитисиллин”, “Энтерекокк” (VRE) ба “Ванкомитсин” ва “Псевдомонас аэругиноза” ба доруҳои зиёде тобоваранд. Ба гуфтаи муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Аъзамҷон Мирзоев, микроорганизмҳои ба антибиотикҳо устувор на танҳо бо таъсири доруҳо тобовар мешаванд, балки аз ҳисоби истеъмоли маҳсулоти чорвою паранда ва моҳӣ низ ба ҷисми инсон роҳ меёбанд. Зеро дар парвариши чорвою паранда, моҳӣ ва ҳатто баъзе зироатҳо антибиотикҳо истифода мешаванд. - Дар мамолики Иттиҳоди Аврупо истифодаи антибиотикҳо бо мақсади зудтар вазн гирифтани чорво аз соли 2006 манъ шудааст, - мегӯяд А. Мирзоев. – Аммо то ҳол кишварҳое низ ҳастанд, ки дар соҳаи чорводорию парандапарварӣ аз антибиотикҳо истифода мекунанд. Аз номашон маълум аст, ки антибиотикҳо доруҳои зиддимикробӣ буда, танҳо ба муқобили бактерияҳо истифода бурда мешаванд. Антибиотикҳоро ҳеҷ гоҳ барои муолиҷаи зуком, бемориҳои шадиди роҳи нафас, шамолкашӣ тавсия намедиҳанд. Зеро ба бемориҳое, ки барангезандааш вирусҳо мебошанд, таъсир намебахшанд.

- Як қисм беморон бе тавсияи духтур доруеро, ки замоне ягон наздикашон аз он шифо ёфта буд, истеъмол мекунанд, - мегӯяд ҷонишини сардори Маркази саломатии №10-и шаҳри Душанбе, духтури дараҷаи олӣ Қувваталӣ Тешаев. – Онҳо сарфаҳм намераванд, ки антибиотикҳо дар сурати шамолкашӣ ва зуком фоида надоранд. Антибиотикҳоро танҳо дар сурате, ки аз тарафи мутахассис муқаррар шудаанд, истеъмол бояд кард. Бемор набояд аз пеши худ меъёру вақти истеъмоли доруро каму зиёд намояд. Аз ин рӯ, антибиотики ба як нафар фоидарасондаро, ҳарчанд нишонаҳои беморӣ дар назар як хел намоянд ҳам, ҳеҷ гоҳ ба шахси дигар бе тавсияи духтур набояд дод. Зеро ҳассосияти

ҷойи сӯзандору, баъди даст расонидан ба дигар беморон, пас аз ташноб рафтан ҳатман дастонашро бишӯяд. Умуман, гигиенаи даст дар назар як иқдоми оддӣ намояд ҳам, риояи он хеле муҳим аст. Маълум аст, ки вазъи солимии рӯҳию ҷисмонии зани ҳомила ба тифли дар батнашбуда таъсир мерасонад. Агар зани ҳомила зимни табобат аз антибиотикҳо истифода барад, таъсири он ба ҷанин низ хоҳад расид. Ҳангоми истифодаи антибиотикҳо на танҳо фақат микробҳои зараровар нобуд мешаванд, балки дар баробари микроорганизмҳои патогенӣ микрофлораи фоидаовар низ нобуд мешавад, ки ба организм таъсири ногувор мерасонад, - мегӯяд муо-

саи тиббӣ зимни табобат бемаврид антибиотик истифода шуда бошад, дараҷаи духтур ва ҳамон муассиса паст хоҳад шуд. - Дар мо тасаввуроти нодурусте ҳаст, ки “пеши табиб чӣ меравӣ, пеши корафтода рав”, – мегӯяд сардухтури Беморхонаи касалиҳои гӯш, гулӯ ва бинии ноҳияи Ҳисор, духтури дараҷаи олӣ Тоҷиддин Халилов. – Беморон ба ҷои ба назди духтури соҳавӣ рафтан маслиҳати ашхоси аз соҳа дурро мегиранд. Масалан, мегӯянд, ки антибиотикро дар шиками холӣ хӯрдан фоидаи бештар дорад. Ҳол он ки баръакс, антибиотикро пас аз каме ғизо хӯрдан истеъмол бояд кард, то ки ғизои пардаи луобии меъдаю рӯдаро аз робитаи мустақим бо дору эмин

Антибиотикҳо бетаъсир мешаванд Тобоварӣ ба антибиотикҳо чӣ хатар дорад?

ҳар организм ба антибиотикҳо инфиродӣ буда, аз ҳам фарқ мекунад. Барои зарурат наафтодан ба истифодаи антибиотикҳо тавассути парҳез, тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ воридшавии манбаи сироят (инфексия)-ро пешгирӣ бояд кард. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бемороне, ки дар беморхона бистарӣ мешаванд, дорои эҳтимолияти баланди қабули антибиотикҳоро доранд ва қариб нисфи теъдоди истифодаи антибиотикҳо дар беморхонаҳо метавонад бемаврид бошад. Яъне, нодуруст истифода бурдани антибиотикҳо дар беморхонаҳо яке аз омилҳои асосие мебошанд, ки ба тобоварӣ ба антибиотик боис мешаванд. - Пешгирии инфексияҳо дар самти назорати самараноки пайдошавии микроорганизмҳои ба антибиотикҳо тобовар нақши муҳим мебозад, - мегӯяд корманди Маркази тиббии идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, духтури дараҷаи олӣ Ҳайдар Раҷабов. – Бинобар ин, тамоми кормандони соҳаи тандурустиро зарур аст, ки ба аҳолӣ риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиениро тарғиб намоянд. Алалхусус, риояи тозагии дастон зарур аст. Бемор бо тоза нигоҳ доштани дастон ба боздоштани паҳншавии бактерияҳои ба антибиотикҳо тобовар кӯмак мерасонад. Масалан, пеш аз даст расонидан ба атрофи ҷароҳат ё

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9399), 25 ИЮНИ СОЛИ 2015

вини директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмӣклиникии педиатрӣ ва ҷарроҳиҳои кӯдакона”, номзади илмҳои тиб Обидҷон Аминов. – Истифодаи бемавриди антибиотикҳо дар кӯдакон боиси заиф шудани масуният (иммунитет), аллергия ва вайроншавии микрофлораи онҳо мегардад. Мувофиқи таҳқиқоти микробиологи шинохта, профессор М. Блейзер истифодаи ҳамагӣ як давраи табобат бо антибиотикҳо метавонад шумораи бактерияҳои фоидаоварро дар ҷисми кӯдак то 30-50% кам кунад. Бинобар ин, духтур бояд пеш аз тавсияи дору ҳолати беморро ҳамаҷиҳата ба назар гирад. Олимони соҳаи тиб огоҳ менамоянд, ки агар пеши истифодаи бемавриди антибиотикҳо гирифта нашавад, солҳои наздик антибиотикҳо дар муолиҷаи беморон, умуман, таъсир нахоҳанд расонд. Яъне, бо вуҷуди дар дорухонаҳо пур будани антибиотикҳо таъсири мусбати онҳоро нахоҳем дид. Ҳоло ки фурсат ҳаст, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни кормандони соҳаи тиб ва аҳолӣ вусъат бояд дод. Масалан, олимони Чин зарари антибиотикҳо ба солимии миллатро эҳсос намуда, барномаи давлатии назорат аз болои фаъолияти духтурон ва муассисаҳои тандурустиро таҳия намуданд. Тибқи ин барнома тамоми беморхонаҳо аз назорати ҷиддӣ мегузаранд. Агар маълум шуд, ки дар ягон муасси-

гардонад. Ҳамчунин, доруро на бо чой, шир ва ё шарбат, балки бо оби тоза бояд нӯшид. Зеро об беҳтарин ҳалкунандаи табиӣ буда, моддаи зарарнокро аз ҷисм берун мекунад. Зимни муолиҷа бо антибиотикҳо аз ғизоҳои серравғану бирёнӣ ва машруботи спиртӣ худдорӣ бояд кард, то ки ба ҷигар вазнинӣ наояд. Дар бисёр ҳолат ба ҷои антибиотикҳо истифода бурдани иммуномодулятор (доруҳои тақвиятдиҳандаи иммунитет) самараашон бештар аст. - Мувофиқи иттилооти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, вақте шахс антибиотикҳоро истеъмол мекунад, одатан бактерияи бавуҷудоварандаи инфексия кушта мешавад, вале бактерияи тобовар метавонад дар организм афзоиш ёбад, – мегӯяд намояндаи Бюрои минтақавии СҶТ дар Аврупо Хадича Бойматова. – Ин гуна инфексияҳо метавонанд ба саломатии инсон зарари зиёд расонида, ҳатто боиси марг шаванд. Ҳамчунин, бактерияҳои ба антибиотикҳо тобовар ба осонӣ метавонанд ба беморони осебпазир, аъзои оила, ҳамсинфу ҳамкорон, умуман, атрофиён паҳн шаванд. Фаромӯш набояд кард, ки бактерияи ба антибиотикҳо тобовар вориди организми нафаре шуда, ба ӯ зарар нарасонад, аммо барои дигарон метавонад боиси ба вуҷуд омадани инфексия гардад. Бо ҳамин сабаб, тобоварии бактерияҳо ба антибиотикҳо боиси нигаронии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва олимони соҳа гаштааст. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд аҳли оила ва дӯстони худро огоҳ созем, ки танҳо дар сурати зарурат қатъиян бо тавсияи духтур аз антибиотикҳо истифода намоянд. Ҳатто дар сурати худро беҳтар ҳис намудан ҳам, доруро пеш аз муҳлати муайянкардаи духтур қатъ накунанд. Сайфиддин СУННАТӢ, «ҶТ»

5


ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир ҷавонони мамлакат дар баробари намудҳои гуногуни варзиш дар озмунҳои илмӣзеҳнии байналмилалӣ низ ғолиб меоянд. Чанде пеш ҳамватани мо Аврангзеб Асрориён дар озмуни иншонависони ҷаҳон бо номи “Ман одами ҷаҳонам” ғолиб омада, сазовори ҷоизаи пулии 5000 евро гардид. Рӯзномаи амрикоии “Игл трибун” (“Минбари уқоб”) 13 майи соли равон дар саҳифаи якум мусоҳибаеро бо Аврангзеб Асрориён дарҷ намуд. Ин ҷавони хушзеҳну бозаковат ба наздикӣ меҳмони ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” гардид. Мо бо ӯ дар бораи ҷараёни таҳсил ва нақшаҳои ояндааш сӯҳбат кардем.

зиёдтар менамоянд. Дар натиҷа, ба муҳити зист ва саломатии одамон таъсири манфӣ расонда, боиси нобудшавии занбӯри асал ва дигар фоидарасонҳо мегашт. Илова бар ин, зимни харидани заҳрхимикатҳо маблағи зиёд сарф мешуд. Аз ин рӯ, мо тавсия додем, ки аввал хосияти об санҷида, баъд ба он дору омехта карда шавад. Мутаассифона, ширкатҳои доруистеҳсолкунанда ба хотири бештар фурӯхтани маҳсулоташон дар тавсияномаҳояшон дар ин мавзӯъ чизе наменависанд. Мо таҳқиқотамонро бо забони англисӣ ба ширкати олмонии “Бейеринг” фиристодем. Онҳо бо

- Аврангзеб, мехостем донем, ки роҳ аз Душанбе ба Амрико чӣ гуна сурат гирифт? Яъне, чӣ гуна ба он тарафи уқёнус рафта, ғолиби чунин як озмуни ҷаҳонӣ гардидӣ? - Ман аз синфи 7 то синфи 11 дар Литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии иқтисодии шаҳри Душанбе таҳсил кардам. Ҳанӯз ҳангоми дар синфи 8 хонданам дар олимпиадаи “Лоиҳасозони ҷавон” ширкат намудам. Соли якум дар ҷумҳурӣ ҷои аввалро гирифтам. Сипас, ба олимпиадае, ки дар шаҳри Сунио-Свегои иёлати Ню Йорки ИМА баргузор гардид, роҳхат гирифтам. Моҳи июни соли 2011 ҳамроҳи шарикдарсону устодонам ба он ҷо сафар кардем. Азбаски мо дар литсей тамоми фанҳои дақиқро ба забони англисӣ мехондем, бомуваффақият дар назди ҳакамон лоиҳаро муаррифӣ карда, сазовори ҷои сеюм гардидем. Мавзӯи лоиҳаи пешниҳодшуда чӣ буд? - Лоиҳаи пешниҳодкардаи мо проблемаи глобалӣ буда, мавзӯи пешгирӣ ва кам кардани таъсири заҳрхимикатҳоро дар бар мегирифт. Зеро Тоҷикистон чун дигар кишварҳои минтақа кишвари аграрӣ ба шумор меравад. Ҳадафи лоиҳа пешниҳоди мушаххас баҳри кам кардани таъсири заҳрхимикатҳо ба муҳити зист ва саломатии одамон буд. Мо тавсия додем, ки пеш аз истифодаи заҳрхимикатҳо хосияти оби ба онҳо ҳамроҳмекардаро санҷанд. Зеро ҳар як пестисид (заҳрхимикат) ба худ миҷоз (РН)-и муайян дорад. Вақте хосияти обро насанҷида, дар он пестисидро маҳлул мекунанд, дар сурати вазнин будани таркиби об (баланд будани дараҷаи РН) таъсири заҳрхимикат ба зараррасонҳо кам мешавад. Аз ин рӯ, кишоварзони аз ин нозукиҳо бехабар бо мақсади қавитар кардани таъсири дору меъёри онро

каме иловаҳо пешниҳодоти моро қобили қабул донистанд. - Дар дигар озмунҳо ширкат наварзидӣ? - Соли 2013 дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни химия ҷои якумро гирифтам. Ҳоло ҳам химияро дӯст медорам, вале майлам ба омӯхтани забони англисӣ бештар гардид. Баъдан ба тими миллии Тоҷикистон оид ба баҳсу мунозираҳо (“Дебат”) дохил шудам. Ҳамон сол дар Форуми ҷавонони Осиё, ки дар Исиқкӯли Қирғизистон доир гардид, иштирок кардам. Дар ин форум миёни 9 нафар беҳтарин спикерони Осиё дар забони англисӣ ҷой гирифтам. Аз он ҷо ба мо ба шаҳри Генлуи Ирландия роҳхат доданд. Бо сарпарастии ширкати “Фароз” 7 нафар моҳи августи соли 2013 ба Ирландия рафтем. Дар ин форуми ҷаҳонӣ аз забони англисӣ сазовори медали биринҷӣ гардидам. Бартарии ғолибият дар ин форумҳо аз он иборат аст, ки барои дигар

6

озмунҳои ҷаҳонӣ роҳ кушода ва осонтар мешавад. Масалан, ман баъдан дар барномаи амрикоии FLEX ширкат варзида, барои як сол дар оилаи амрикоиҳо зистан роҳхат гирифтам. Маро ба шаҳри Метувени иёлати Масачусетс даъват намуданд. - Оилае, ки тӯли як сол туро меҳмон карданд, оё дар бораи Тоҷикистон маълумот доштанд? - Сарвари оила афсари мустаъфии артиши ИМА буд. Ҳамсараш дар ширкати “Делта” ба ҳайси муҳандис кор мекард. Мард аз сулолаи ирландиҳои муҳоҷир ва зан олмонитабор буданд. Онҳо соҳиби се фарзанд буданд, ки яке

гӯш мерасида бошад (Шояд хабарнависон садои “хлопушка”-ҳоро ба таркиш нисбат дода бошанд). Ман инро шунида гуфтам: “17 сол мешавад, ки ман дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам, шукри Худо,

Аврангзеб АСРОРИЁН:

таанд. Дафтари марказии Созмони ҷаҳонии савдо низ дар ҳамин шаҳр аст. - Таҳсил дар Донишгоҳи Гаага чанд сол аст? - Ду соли таҳсил дар донишгоҳ буда, соли сеюм таҳсил дар дигар кишвар мегузарад. Соли чорум донишҷӯ аз тариқи шартнома ба Австралия, ИМА, Канада ва ё яке аз мамолики Аврупо барои таҷрибаомӯзӣ меравад. Дар охири соли чоруми таҳсил донишҷӯ кори дипломӣ навишта, баъди ҳимоя соҳиби диплом мешавад. - Кадом забонҳоро медонӣ? - Илова ба забони модариам забонҳои русӣ, англисӣ ва туркиро медонам. Ҳангоми дар ИМА буданам ба омӯзиши забони испанӣ шуруъ кардам. Ҳоло бо ин забон

“Донишгоҳи Гаагаро интихоб кардам” дар Брюссел (Белгия), дигаре дар соҳаи авиатсия ва сеюмӣ (духтар) дар соҳаи заргарӣ кор мекунанд. Аз Осиёи Марказӣ танҳо дар бораи Қазоқистон каме маълумот доштанд. Оид ба Тоҷикистон тасаввурот надоштанд. - Ба мизбонон аз Тоҷикистон чӣ тӯҳфа бурдӣ? - Либосҳои тоҷикӣ, гулдӯзӣ ва сӯзании тоҷикӣ, ки ба онҳо хеле писанд омад. Тӯли як сол мо дар бораи таърих, фарҳанг ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон хеле сӯҳбат кардем. Онҳо чунон шефтаи Тоҷикистон шуданд, ки Худо хоҳад ин тобистон ба кишвари мо ҳамчун сайёҳ меоянд. Мутаассифона, вақте амрикоиҳо аз харита Тоҷикистонро дар паҳлӯи Афғонистон мебинанд, каме хавотир мешаванд. Баъзан дар сомонаҳои англисизабон дар бораи Тоҷикистон хабарҳои манфӣ ҷой медиҳанд. Соҳибхона аз якеи онҳо хабареро ёфт, ки гӯё дар Душанбе гоҳ-гоҳ садои таркиш ба

боре ҳам садои тиру таркишро нашунидаам”. Онҳо ба суханонам бовар карданд ва қарор доданд, ки се нафар тӯли 15 рӯз ба Тоҷикистон меоянд. Ҳангоми дар ИМА зистанам, соҳибхона сафари маро ба Аврупо ташкил намуданд. Ман ба Олмон, Белгия, Люксембург, Ҳолланд сафар кардам. Дар Белгия бо писари соҳибхона мулоқот доштам. Ӯ тоҷир аст ва ҳар сол ба бисёр кишварҳо сафар мекунад. Соли гузашта Мексика рафта буд. Имсол нақша дошт, ки ба яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ равад. Ман ба ӯ дар бораи ёдгориҳои таърихию манзараҳои зебои Тоҷикистон нақл кардам. Вай бо 10 нафар дӯстонаш тасмим гирифт, ки имсол ба Тоҷикистон биёяд. - Барои таҳсил дар мактаби олӣ кадом донишгоҳро интихоб намудӣ? - Аввал донишгоҳҳои Шведсия, Ҳолланд, Чехия ҳуҷҷат супурдам. Билохира, интихоб ба донишгоҳи Гаагаи Ҳолланд афтод. Ҳамин тавр, донишҷӯи бахши менеҷмент дар соҳаи аврупоишиносии ҳамин донишгоҳ шудам. Ҳукумати Ҳолланд озмунеро таҳти унвони “Стипендияи Ҳолланд” дар мавзӯи “Ман одами ҷаҳон” эълон карда буд. Ман дар он иштирок намуда, ба забони англисӣ иншо навиштам. Ҳакамон маро ғолиб шумурданд. Маблағи ҷоиза 5000 евро аст, ки моҳи август пеш аз оғози соли нави таҳсил ба ман медиҳанд. Яксола маблағи таҳсил 7900 евроро ташкил медиҳад. Ширкатҳое ҳастанд, ки маблағи таҳсили як қатор донишҷӯёнро ба ӯҳда мегиранд, аммо ба шарте ки донишҷӯ баъди хатм чанд сол дар он ширкат кор кунад. Сипас, ӯ соҳибихтиёр гашта, дар кишвари дилхоҳаш кор хоҳад кард. Гаага шаҳри сиёсии Ҳолланд мебошад. Тамоми мақомоти давлатӣ дар ин шаҳр ҷой гириф-

низ фикрамро баён карда метавонам. - Ҳамчун писари адиб (Аврангзеб писари Ҷонибеки Асрориён, директори радиои “Фарҳанг” аст ба адабиёти тоҷик низ майл дорӣ? - Ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик таваҷҷуҳи зиёд дорам. Шояд таъсири муҳити хонаводагӣ бошад, ки ба адабиёт низ таваҷҷуҳ дорам. - Робитаат бо варзиш чӣ гуна аст? - Дар тими шиноварии иёлати Массачусетс чанд муддат машқ мекардам. Вақте ба ин варзиш машғул шудам, эҳсос кардам, ки он ба системаи роҳи нафас таъсири хуб дорад. Ман чанд моҳ дар намудҳои 50-метраю 100-метраи шиноварӣ, инчунин, теннис машқ кардам. Мутаассифона, ба ин намудҳои интихобкардаи ман дар Тоҷикистон аз лиҳози молиявӣ дастрасӣ пайдо кардан каме мушкил аст. - Дар ИМА аз навигариҳои Тоҷикистон чӣ гуна огоҳ мешудӣ? - На танҳо шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон, балки шабакаҳои телевизионии Русияро дар ИМА тамошо кардан мушкил аст. Аз ин рӯ, танҳо тавассути интернет аз сомонаҳои “Озодӣ”, “Озодагон”, “Тоҷнюс” ва “Азия плюс” ахбори вобаста ба Тоҷикистонро мутолиа мекардам. Робитаам бо аҳли хонавода тавассути “Скайп” сурат мегирифт. Дар кадом кишваре набошам, ҳамеша меҳри Тоҷикистон маро ба сӯи худ мекашад. Орзу дорам, ки соҳиби дипломи менеҷмент гашта, ба Тоҷикистони азизам хизмат кунам ва онро миёни кишварҳои мутараққӣ бубинам. Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9399), 25 ИЮНИ СОЛИ 2015


СОЛИ 2015 – СОЛИ ОИЛА

Оилаи фарҳангӣ ҷомеаро фарҳангӣ мекунад Омода будани ҷавонон ба ташкили оила омили асосии шаклгирии ҷомеа аст. Ин омодагиро ақл, дониш ва ҷаҳонбинии фарҳангиву маънавӣ ташкил медиҳанд. Дар навбати дигар омодагӣ ба ҳаёти оилавӣ як бахши аъзами фарҳангу маънавиёти ҷомеа мебошад. Дар ҳама давру замон оила заминаи нахустини ташаккули шахси солим эътироф гаштааст. Инсон дар ҳаёт ниёзмандӣ ба муҳити созгори тарбия дорад. Ин ҷиҳат дар мадди назари роҳбарияти давлату кишварамон қарор дорад, ки хеле хушоянд аст. Махсусан, дар замоне ки ҷаҳони муосир ба як бӯҳрони маънавию фарҳангии ноаёне гирифтор шудааст. Ҳарчанд дар тафсири мушкилоти имрӯзаи ҷаҳонӣ фарзияву ақидаҳои гуногун вуҷуд дошта бошанд ҳам, вале асоси онро ҳамин омили дар боло зикршуда ташкил медиҳад, ки дер ё зуд ҳама ба дарки амиқи он мерасем. Пас, барои як навъ пешгирӣ кардани ин зуҳуроти номатлуб ва монеа сохтан дар муқобили ҷараёнҳои пуршиддати имрӯза оила нақши умда дорад. Бесабаб набуд, ки дар Паёми имсола Роҳбари кишвар соли 2015-ро Соли оила эълон карданд. Ҷаҳони пуртаҳаввулу зудзуд тағрёбанда водор менамояд ва чунин як шароитеро ба миён овардааст, ки ҷомеаҳои ғофил ва дур аз фарҳангу маънавиёт дар гирдоби буҳронҳои амиқи сиёсиву иҷтимоӣ қарор гиранд. Аксар вақт дар байни қишрҳои муайяни ҷомеаи ҷаҳонӣ чунин ақида ва фаҳмише вуҷуд дорад, ки дар замон ва ҷамъияти сармоядорӣ нақши асосиро тавонмандиву дороӣ мебозад. Мутаассифона, ин гумон имрӯз низ дар ҷомеаи мо чун патакрешаи заҳрдор доман васеъ карда истодааст. Дар ҳақиқат, сармоя барои эҳтиёҷоти инсон чун

як чизи аввалиндараҷа истисно намебошад. Хеле осон аст, ки ҷамъияту кишварҳо дар роҳи ҷамъи сармоя бо роҳҳои мухталиф тавонистааанд, ки ба абарқудратони иқтисодӣ табдил ёбанд. Ба қавле, серу пур шудаанд. Манзури мо ҷомеаҳои ғарбӣ, дар мисоли мардуми Аврупо мебошанд, ки аз асри 16 дар пайи тағйири низоми иқтисодиву сармоядорӣ талош доранд ва дар ин ҷабҳа муваффақ ҳам ҳастанд. Аммо биёед як маротиба сари он андеша намоем, ки оё одамият дар зинаҳои инкишофи ҳазорсолаҳо бо

муяссар нашудааст. Дар ривояте дар боби зиндагонии Имоми Аъзам хонда будам, ки муаллими аввалини ин шахсияти оламшумул оила ба шумор мерафт. Порсоӣ, покизагӣ, парҳезкорӣ, росттинатӣ, таҳаммулгароӣ ва даҳҳо сифатҳои дигари олии инсониро ин шахсият дар муҳити оила таълим гирифтаву дарк карда буд. Яъне, волидайни покзамир ва боодобу боахлоқи воқиф аз олами фарҳангу маънавиёт метавонанд, ки аз худ фарзандони шоистаро ба ҷомеа мерос гузоранд. Ин фарзандони шоистаи таҳсин ҷомеаро обод

тай кардани марҳилаҳои душвор ба фатҳи қуллаҳои ниҳоии фарҳангу маънавиёт расидааст? Ҷавоб хеле содаву осон аст, ки фатҳи ин қуллаҳо фақат дар ҷомеаҳои хаёлӣ вуҷуд дошта метавонад, ки яке аз онҳоро Ҷомии бузургвор дар «Хирадномаи искандарӣ» васф намуда буд. Яъне, бо вуҷуди он ки ҷомеаву кишварҳои алоҳида дар ин самт васф мешаванд, алҳол инсониятро фатҳи ин қулла

ва бунёд месозанд. Ҳамин ҷиҳат аст, ки дар Паёми имсолаи Президенти ҷумҳурӣ чунин ишораи хос вуҷуд дошт: «Оилаи солим омили муҳими пойдории давлат ва фарзандони соҳибмаълумоту бомаърифати он номбардори кишвару давлат ба шумор мерванд». Яъне, оила ҳато асоси бунёди ҳамон ҷомеаи афсонавӣ низ ба шумор рафта метавонад, ки онро шоирону орифон дар осори худ махсус

таъкиду васф кардаанд. Аммо афсус, ки ташкили чунин як оилаи мутафовут кори осон нест. Бахти оилавӣ ва фарҳанги оиладорӣ як чизи моддӣ нест, ки аз ҷониби давлат ва ё масъуле ба оилаҳо тақдиму муҳайё шавад. Ин ганҷест, ки онро ҳар нафар худ барои худ месозад. Ба ҳар сурат, ҳар як ҷомеаи мутамаддин дар ин роҳ қадами устувор гузоштан мехоҳад. Ҳамин аст, ки оила ҳамеша дар зери ҳимояи давлат қарор мегирад. Дар моддаи 33-и Сарқонуни кишвар чунин зикр шудааст: «Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дорад. Мардон ва заноне, ки ба синни никоҳӣ расидаанд, ҳуқуқ доранд, ки озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ занону мардон ҳуқуқи баробар доранд». Дар Паёми имсола омилҳои вайроншавии оилаҳо ва дар ҷомеа зиёд гаштани шумораи кӯдакону наврасони маъюб зикр гардид. Чун ба сарчашмаи ин таъкиди Сарвари давлат муроҷиат кардан хоҳем, боз ҳам нақши масъалаи маънавиёту фарҳанги оиладорӣ барои мо рӯ мезанад. На пул, на сармоя ва на тавонмандиҳо ҷои маънавиёту фарҳангро иваз карда наметавонанд. Маълум гаштааст, ки барои рафъи бӯҳронҳои иқтисодиву моддӣ андаке талошу заҳматҳо мусоидат карда метавонанд. Аммо афсӯс, ки барои рафъи бӯҳронҳои маънавию фарҳангӣ даҳсолаҳо кифоят намекунанд. Феълан, аҳли башарият дарк карда истодааст, ки дар маҷмуъ, тамоми ҷомеаи инсонӣ ниёз ба як таҳаввули домангустурдаи фарҳангиву маъанавӣ дорад. Фарҳангу маънавиёти коста ба таври хеле осон ҷомеаҳоро гирифтори ҷангу хунрезиҳо, ташаннуҷу ихтилоф ва нотавонбиниҳо гардонидааст, ки оқибатҳои боз ҳам баду ногуворе дар пеш доранд. Таҳоҷуми фарҳангиву маънавии ғайр фарҳангу маънавиёти асили миллатҳоро нест гардонида истодааст. Пас, моро зарур аст, ки дар ҳамоҳангӣ ба идеологияи имрӯзаи давлат ва роҳнамоиҳои роҳбарияти кишвар дар ҷодаи фарҳангу маънавиёт қадамҳои дониставу устувор гузорем. Ин қадамҳо сохта буда наметавонанд. Ин қадамҳо бояд асил бошанд ва омили асосиву мусоидаткунанда дар самти бунёди фазои созандаи фарҳангӣ гарданд. Оилаи солим ва фарзандони шоистаи он сипари устувор дар ин ҷаҳони пуртаҳаввулу пуртаззод дар муқобили зуҳуроти ногувор буда метавонад. Фахриддин ҚУТБИДДИНОВ, ҳуқуқшинос

АЗ ТОЛОРИ СУД Бераҳмиҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият дар хотираи бисёриҳо боқӣ мондааст. Дар баробари задухӯрди гурӯҳҳои даргир нафароне ҳам буданд, ки ҷангро дастак карда, соҳиби яроқ гаштанду аз касоне, ки кина доштанд, “қассос” гирифтанд.

Ҷиноят бе ҷазо намемонад Тоҳирҷон Тешаев аз зумраи чунин нафарон аст. Бо мақсади амалӣ гардондани мақсадҳои нопокашӯ ба сафи Фронти халқӣ ворид шуд ва соҳиби силоҳ гардид. 25 феврали соли 1993 ба хотири ба никоҳи худ даровардани шаҳрванд Муҳаббат Сафарова ҳамроҳи се нафари дигар ба ноҳияи Қумсангир рафт. Муҳаббат ҳамроҳи оилааш аз Қӯрғонтеппа ба Қумсангир гуреза шуда буданд. Модари Муҳаббат Гулистон Сафарова садди роҳи ин кор мешавад. Тоҳир ба ғазаб омада, бо бераҳмии махсус, бо истифода аз яроқи “Калашников” Гулистон Сафароваро ба қатл мерасонад. Бо ҳукми Суди ноҳияи Бохтар соли 2007 ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум мегардад, аммо соли 2009 дар асоси Қонун “Дар бораи афв” ба озодӣ мебарояд. Маҳбас ӯро ислоҳ накард. Баъди як моҳи озод шуданаш бо сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Мария Бишоф Антоновна, хонандаи синфи 9 шинос шуда, бо ӯ муносибатҳои ошиқонаро ба роҳ мемонад. 10 феврали соли 2010 бо мақсади сайругашт дар кӯчаҳо Марияро аз хо-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9399), 25 ИЮНИ СОЛИ 2015

наашон мегирад. Бо фиреб ӯро ба манзили воқеъ дар кӯчаи Ваҳдат-180, хонаи 12 бурда, дидаву дониста, ки Мария (соли таваллудаш 1995) ҳанӯз ба синни 16 нарасидааст, алоқаи ҷинсӣ мекунад. 19 марти соли 2014 дар заминаи хусумат бо оилаи Зокировҳо, истиқоматкунандагони шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Ф. Саидов-22, онҳоро (Аъзам, Фаридун Шаҳзод Зокировҳо) ба ҷанги тан ба тан даъват мекунад. Ба ин хотир як гурӯҳ таъсис медиҳад. Ҳатто чанд шиносашро аз шаҳри Душанбе даъват мекунад. Тахминан соатҳои 21:00 дар ҳудуди бинои “Актед”, ки ба Т. Тешаев тааллуқ дошт, ҳозир мешаванд. Оилаи Зокировҳо низ меоянд. Байни онҳо сангпартоӣ мешавад, аммо сангҳо ба ягон кас нарасидааст. Ногаҳон Т. Тешаев ва ҳамроҳонаш аз яроқи тамғаи “Макаров” тир паронда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд. Аз ин амали онҳо шаҳрванд Миҷгонаи Ҳалим, ки дар даҳлези хонааш либос овезон мекард, зарар дид. Тир ба ангуштони дасти росташ расида, дар беморхона бистарӣ мешавад.

Тибқи нишондоди гумонбаршудагон, шоҳидон ва хулосаи тиббӣ бо ҳукми Суди вилояти Хатлон Тешаев Тоҳирҷон Аҳмадович бо моддаҳои 104, 237 қисми 3 ва 195 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, 18 сол бо адо намудани ҷазо дар колоннияи ислоҳии низомаш сахт аз озодӣ маҳрум шуд. Ҳамчунин, ҳамроҳонаш Низомов Маҳмадсафӣ Аброрович ба муҳлати се сол, Боев Баҳодур Амонович ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум гаштанд. Нисбат ба Боев Баҳодур ҷазо шартан татбиқ нагашта, як сол муҳлати санҷишӣ ва 8 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин гардид. Гумонбари тарафи дигари воқеаи 19 марти соли 2014 Зокиров Фаридун Султонович низ ба муҳлати се сол аз озодӣ маҳрум шуда, аммо ҷазо шартан таъин нагардида, ду сол муҳлати санҷишӣ ва 8 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин шуд. Намоз АМОНЗОДА, судяи Суди вилояти Хатлон

7


БАРОИ ҶАВОНОН Муҳит, ки пойдевори он ҳастӣ ба шумор меравад, дар ташаккули инсон нақши муҳим дорад. Дар навбати худ ин масъалаест ниҳоят мураккаб, серпаҳлӯ ва баҳснок. Зимнан, нақши худи инсон низ дар ин раванди ҳаётӣ бисёр муҳиму зарурӣ буда, омӯзишу таҳқик, тафаккури доимӣ ва табиатан шарҳу баёнро талаб менамояд. Махсусан, дар шароити имрӯз чунин ба назар мерасад, ки зарур аст бахши асосии масъулият ба уҳдаи худи инсон вогузор гардад. Зеро танҳо худи инсон аст, ки мавзӯъ ё субъекти амалу фаъолиятҳои хеш қарор мегирад. Агар волидайн, ҷомеа дар доираи имконот дар ташаккули унсурҳои ибтидоии шахсияти наврасон иқдомоти нахустинро анҷом диҳанд, он гоҳ худи наврас, афроде, ки ба синну соли муайян расидаанд, уҳдадоранд мутобиқ ба ин иқдомот вокуниши муносиб нишон диҳанд. Маълум аст, ки ҷомеаро наметавон ҳамчун муҷтамеи «ягонаи органикӣ» ба расмият шинохт. Дар ҳеҷ ҷомеа чунин набуда ва наметавонад бошад. Воқеияти мавҷуд ба дӯши афрод бори сангини масъулиятро ҷиҳати ташаккули шахсият вогузор месозад, ки ҳадафи аслиаш дар чаҳорчӯби манфиатҳои иҷтимоӣ созгорӣ бо манфиатҳои хеш аст. Дар ташаккули муносибати инсон бо ҳастӣ нақши марказиро хирад (шуур) мебозад. Он чи барои хирад муҳим ба назар мерасад, иборат аст аз истеъдоди фард дар шинохти сабабу заминаҳои воқеият, интихоби арзишҳои матлуби он, таъмини робитаҳои умумии ашё ва бар асоси онҳо имкони натиҷагирии муносиб. Маҳз ҳамин натиҷагирӣ аз нигоҳи назарӣ ва амалӣ ҳамчун асосу бунёди ҳаракати вуҷудии инсон дар ҷомеа хизмат мекунад. Ташаккули хирад амали мураккаб, пурҷанба ва тадриҷист. Бо назардошти ин, моҳияти аслии асари мутафаккири бузурги тоҷик Унсурулмаолии Кайковус «Қобуснома» иборат аз он буда, ки мафҳумҳо ва дидгоҳҳои мавриди назарро мантиқан дуруст, асоснок, бо зикри далелҳои қонеъкунанда ва қобили мулоҳиза баён намуда, дар зимн хонандаро барои натиҷагирии муносиб омода созад. Моҳияти ин натиҷагириҳо бояд асосу пояи шаклгирии амалии хиради насли ҷавонро ташкил диҳад. Дар иртибот бо ин комилан мантиқист, ки Кайковус яке аз бобҳои нахустини асари машҳури худ «Қобуснома»-ро «Дар шинохти ҳаққи падару модар» меномад ва китобро бо бахши «Дар ойини ҷавонмардпешагӣ» ба поён ме-

8

расонад. Тавре маълум аст, китоб комилан ба масоили хирад ва хирадварзӣ бахшида шудааст. Вале дар бобҳои ёдшуда масъалаи мазкур ҷойгоҳи хоса дорад. Дар ин мақола сухан роҷеъ ба ин масъала дар миён аст. ДОИР БА ЭҲТИРОМИ ПАДАРУ МОДАР Равшан аст, ки дар адабиёти Шарқ масъалаи мавриди назар яке аз масъалаҳои калидии низоми арзишҳои маънавӣ ба шумор меравад ва маҳз бо ҳамин хосияташ аз адабиёти Ғарб фарқ мекунад. Эҳтироми волидайн, аслан, дар матну батни ҷаҳонбинӣ ва сиришти миллии мо нуҳуфтааст. Аз сӯи дигар, чунин муносибатҳо ҷанбаи мутақобила, дуҷонибаро доро мебошанд. Аз ҷумла, зуҳури «Қобуснома» ва нашри он гувоҳи чунин муносибатест. Кайковус равоншиноси бузург аст. Ӯ чунин мешуморад, ки масъалаи аҳамияту ҷойгоҳи хирадро дар зеҳни мардум метавон ба осонӣ, аз роҳи талқину амалисозии ҷойгоҳи пураҳамияттарин эҳсоси наҷиби инсонӣ - эҳтироми падару модар ҷойгузин сохт, зеро «ҳар як нерӯе бо пазириши ашёе хушоянд аст, ки онро ба гунаи табиӣ мепазирад. Ҳамчунин, равшан аст, ки ҳеҷ чизе хушояндтар аз ҳадафи имконпазир нест. Гузашта аз ин, хушояндии ҳадафи имконпазир бештар аз хушояндии ҳадафест, ки эҳсос мешавад. Метавон гуфт, ки ин ҳар ду ҳолат қобили қиёс нестанд». [Ибн Сина, Избранные философские произведения, М., 1980, стр. 222] Қобили зикр аст, ки муносибат бо авлод, наслҳои гузашта ва анъанаҳои хонаводагӣ барои муаллифи асар ниҳоят муҳтарам ва мавриди таваҷҷуҳи хосанд. Маҳзи хотири ин, ӯ аксар вақт ба фарзанди худ аз бобову бобокалонҳояш ёддовар мешавад, то ӯ гузаштагони хешро бидонад, хонадони худро бишносад ва ба онҳо эҳтиром бигузорад ва аз расму усулҳои хонаводагӣ пайравӣ намояд. Бо ин мақсад мутафаккир бо такя ба онҳо саъю талош меварзад дар дастёбӣ ба ҳадафи худ боварибахшу қобили эътимод бошад. Ӯ чунин менигорад: «Пас, ҳамедун аз муъҷиби хирад бар фарзанд воҷиб буд падару модари худро ҳурмат доштан ва асли ӯ падару модар аст». [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома» Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 ...саҳ.24] Барои Кайковус инсон як ҷараёни доимӣ, ҳамешагист. Ӯ ба қонунмандии қотеияти меросии аҳкоми (қарорҳои) сохторӣ ва корбурдӣ рӯй меоварад. Мехоҳад дар вуҷуди фарзанди худ онтогенези ҷараёнҳоеро ҷустуҷӯ ва пайдо намояд, ки аз ҷониби хусусиятҳо, рамзҳои генетикӣ (авлодӣ) ҳидоят мегарданд. Вай мехоҳад нишонаҳои бобояш Қобусро, аққалан нишонаҳои худро дар ниҳоди меросбараш пайдо намояд, тавре ки волидони муваффақу комёб чунин орзуро нисбат ба фарзандон дар худ мепарваранд. Бо назардошти ин, ӯ ба фарзандаш аслу насаби ҳақиқиашро бар ме-

шуморад. Ҳеҷ як аз гузаштагони хешро аз мадди назар дур намегузорад. Чунин саъю талош дар саросари «Қобуснома» сурат гирифтааст. Ӯ мехоҳад, ки фарзанди ӯ, қабл аз ҳама, решаву асли хешро бишносад. Воқеан, ба гуфтаи К. Маркс «Решаву буни як инсон худи инсон маҳсуб мешавад». Мутафаккири бузург саҳлангорӣ дар муносибати баъзе фарзандон ба волидайнашонро пай бурда, ба хотири сари ақлу хирад овардани онҳо ёдовар мегардад, ки волидайн ҳамеша омода-

мояд. Тавре ки Гегел хотирнишон мекунад: «Иддаои дигар ба таври мустақим аз он чи гуфта шуд, бармеояд, яъне, инсон набояд он гуна ки ҳаст, бимонад, бояд мустақиман аз доираи табиии худ берун биёяд. Ин аст шинохти воқеии руҳ. Ин берун рафтан аз доираи табиии хеш, худии худ, ҳастии хеш, ба ин маънӣ аст, ки дугонагиро сабабгор мешавад. Ин дугонагӣ ба маънии берун рафтан аз ҳолати табиӣ, аз мустақимият аст». [Гегель В. Ф., Философии релегии, М., 77 стр. 2.] Аз ин рӯ, Кайковус бо такя ба таҷрибаи ҳазорсолаи халқи худ, ки

дақиқона аз нигоҳи илмҳои ҳуқуқ ва мантиқ андешаи шахсии худро бар асоси аҳкоми қуръонӣ, он чи ки дар матни ҳуқуқу уҳдадориҳои инсонҳо ба манфиати онҳост, баён медорад: «Ин оятро тафсир кардаанд, аз чанд рӯй ва як ривоят чунин хондаанд, ки аввалуламр падару модаранд, ки ба ҳақиқат (калимаи) амр ба тозӣ (арабӣ) (ба маънии) дӯст ё кор аст. Ё фармон ва аввалуламр он бувад, ки ӯро ҳам фармон бувад ва ҳам тавон ва падару модарро тавон аст ба пар-

Буни инсон С. ЯТИМОВ

Шарҳи баъзе аз масъалаҳои мавзӯи хирад дар

анд барои фарзандон ҷони худро қурбон созанд. Хитобан ба онҳо чунин мегӯяд: «Аз баҳри ту худро ба шикастан супоранд». Кайковус бо далелҳои мазкур қонеъ нашуда, дар таъсири ҳиссӣ-эстетикии қавонини мазҳабӣ такягоҳ меҷӯяд ва бо ин восита ба ҷойгоҳи волову қудсии падару модар ишорат мекунад. Азбаски дар асрҳои миёна падидаҳои адабӣ ва динӣ бо ҳам алоқаи зич доштанд, муаллифи «Қобуснома» кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ин вазъиятро барои пурқувват намудани ҷанбаи тарбиявии асари худ истифода кунад. Шубҳае нест, ки Кайковус табиатан инсони боимону диндор будааст. Вале ҳамзамон бо доштани дониши энсиклопедӣ роҷеъ ба самтҳои бунёдии илмҳои замони худ, ба илми фалсафаи табиат тамоюл доштааст. Новобаста аз он ки ӯ муътақид буд, табиати мавҷуд сарчашмаи руҳонӣ дорад, саъю талош менамуд, ягонагии табиати инсонро дар муносибат бо ин сарчашмаи руҳонӣ дарк намояд. Мутафаккири бузург талош менамояд, асли масъаларо, ки мавзӯъҳои душворбаён ба кӯмаки олами боло (улвӣ) ниёз доранд, дар усулҳои дугонаи муносибати инсон бо падидаҳои фаротабиӣ ҷустуҷӯ на-

ҳамзамон дар “Қуръон”-и шариф бозтоб гардидааст, бо истифода аз шеваҳои мантиқиву забонӣ чунин мегӯяд: «Ва камтар ҳурмати падару модар он аст, ки ҳар ду воситаанд, миёни туву Офаридгори ту. Пас, чандон ки Офаридгори худро ва худро ҳурмат дорӣ, воситаро низ дархури ӯ бибояд дошт». Танзими муносибатҳои иҷтимоӣ танҳо дар самтҳои муносибу мусбат дар рӯи Замин бо истифодаи имконоти осмонӣ (улвӣ) барои андешаманди бузург ба наҳви олӣ муяссар мегардад, ки барои ҳамзамонони мо ниҳоят ибратомӯз аст. Вуҷуди хиради инсониро Кайковус дар вобастагии мустақим аз шинохт ва амалишавии ҳуқуқи волидайн медонад: «Ва он фарзанд, ки модом хирад раҳнамуни ӯ бувад, аз ҳаққи меҳри падару модар холӣ набошад». Баъзе аз воқеияти замони моро аз қабили нодида гирифтани талаботи волидайн, пушти по задани манфиати онҳо, тамоюли ҷавонон ба терроризм ва экстремизм, суханони зерини Кайковус тасдиқ мекунанд: «Ва Худои таоло ҳамегӯяд дар муҳками танзил (“Қуръон”-и карим)-и худ: «Худованд, Фиристодаи ӯ ва фармонравоёни худро итоат кунед». Дар идомаи сухан, мутафаккири бузург ниҳоят

вардани ту ва фармон аст ба хубии омӯхтан». Кайковус сидқан хоҳони он аст, ки навҷавононро мавриди ризову итоати волидайн бубинад. Маҳз дар ҳамин нукта ӯ оромишу боландагии хонавода ва мутаносибан ҷомеаро мебинад. Замоне ки муносибатҳои хонаводагӣ ва дигар шаклҳои муносиботи иҷтимоӣ дар санадҳои мавҷуди ҳуқуқӣ-меъёрӣ ҳаллу фасл намеёфтанд, ӯ шеваҳои роҳи ҳалро дар навиштаҳои мазҳабӣ ва динӣ ҷустуҷӯ менамуд. “Қуръон” ва ҳадис барои Кайковус такягоҳи ягонае буданд, ки миёни муносиботи падарону фарзандон фазои софу покиза эҷод менамуданд. Ӯ тавонист чунин аҳкоми диниеро пайдо намояд, ки дар онҳо нақшу ҷойгоҳи волидайн болотар аз Паямбар гузошта шуда буд: «Ва дар хабар аст, ки Амирулмуъмининро (алайҳуссалом) бипурсиданд, ки ҳаққи падару модар бар фарзанд чист ва чанд аст? Гуфт: Ин адаби Худои таоло дар ҳаққи падару модар, Паямбарро (алайҳуссалом) бинамуд, ки агар эшон рӯзгори Пайғомбар дарёфтандӣ, бар Пайғомбар воҷиб будӣ бартар аз хештан доштан ва ҳаққи эшон бишнохтанд ва дар эшон тавозуи кеҳтариву фарзандӣ намудан. Он гаҳ ин сухан заиф омадӣ, ки гуфт:

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9399), 25 ИЮНИ СОЛИ 2015


БАРОИ ҶАВОНОН «Ман бузургтарин фарзанди Одамам ва дар ин ифтихоре нест». Тамоми таърихи сиёсат ва бахши таркибии адабиёти он, фарогири низоми ҳадафманди амалҳои тадриҷан иҷрошавандааст, яъне, ахлоқи фарди иҷтимоъ. Мавзӯи аслии чунин муносибот алоқаи бошууронаи инсон бо муҳити атроф аст. Муҳит барои афрод нақши миёнаравро дар макони зист ҷиҳати эҷоди фазои муносиб мебозад. Фазое, ки дар домани он ҳар ширкаткунанда бояд зиндагии мураффаҳ, шоиста ва асосан қобили қабул дошта бошад. Ин ки Кайковус ба

дайн бар сари ақл биёрад. Бо такя ба сабабияти падидаҳо чунин қайд мекунад: «Бингар, ки падару модар минбати некиву асли парвариши нафси туанд». Шоистатарин шахс касе шинохта мешавад, ки қобил аст ба некӣ бо шеваи муносибу мутобиқ посух гӯяд: «Он кас, ки ҳақшиноси некии асл набошад ё фаръро ҳам ҳақ надонад ва бо носипосон некӣ кардан аз хирагӣ бувад». ДАР АҲАМИЯТИ ХИРАД Дар адабиёти асримиёнагии Шарқ ба маҳдудияти мавҷуд дар

хирад аст». Кайковус зимни тафсири мафҳуми «ҷавонмардӣ» низ хирадро аз ҳама афзал медонад: «Агарчи ин се чизро Худои таоло кам касро додааст ва ҳар киро ин се чиз бувад, аз хосагони Худои таоло бувад. Аз ин сегона яке хирад аст ва дуюм ростӣ ва сеюм мардумӣ». Зимни баёни андешаҳо Кайковус дониши айниву фарохи хеш ва мушоҳидаҳояшро дар бораи равони инсонҳо ба намоиш мегузорад. Ба ин маънӣ, ки танҳо шахсиятҳои комилан баду манфӣ вуҷуд надоранд. Андозагириҳои сифатҳои

инсон аст

«Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус масъалаи муносибати фарзандон бо волидайн таваҷҷуҳи хос дорад ва дар ин замина тамоми зарфияти зеҳнӣ, илму дониши худро истифода мекунад. Аз дидгоҳи ӯ таъмини фаъолиятҳои ҳадафмандонаро, ки аз онҳо рафъи ниёзҳои муфиди иҷтимоӣ ба хотири хонавода ва мутаносибан ҷомеа вобаста аст, мустақиман ба масъалаи мазкур бастагӣ дорад. Кайковус ба зиндагӣ аз мавқеи орзуву омоли бузурги инсонӣ, оқилона нигоҳ мекунад. Дар осори ӯ хирад ҳамеша бар эҳсосот ғолиб аст. Дар «Қобуснома» қаҳрамони асосӣ худи нависанда аст. Ӯ аксар вақт бе кӯмаки дигарон, шахсан худ андешаҳояшро манзури хонандагон мегардонад. Ҷараёни иҷрои мавзӯи ҳунарӣ низ мутааллиқ ба худи муаллиф аст. Дар андешаҳои ӯ унсурҳои ошкори диалектикаи руҳи нависандаи бузург ба мушоҳида мерасад. Вобастагии тамоми мавҷудот аз ҳастӣ ва воқеияти айнӣ эҳсос мешавад. Дар ин маврид ӯ марди воқеӣ, далер, мавқеъшинос, равшанфикри якрӯ ва зеҳнгаро аст. Дар умқи ҷони нависанда хирад ва инсоният ба имону эътиқод афзалият доранд. Ӯ бар ин назар аст, ки ниҳоятан ин ду унсур бояд ҳар касеро бохирад созанд. «Пас, ҳаққи падару модарро агар аз рӯи дин нангарӣ, аз рӯи мардумиву хирад бингар». Чунин тамоюл ҳамчун муҳимтарин бахши афкори иҷтимоӣ ва шуури иҷтимоии мардуми мо чун хатти сурх дар саросари адабиёти классикии тоҷик ҷилвагар аст ва онро ҳамчун унсури мутараққӣ, самтдиҳанда, пандомӯз, созанда ва охири охирон ҳамчун нишони миллӣ мунъакис менамояд. Маҳз чунин мавқеият дар шароити тору зулмонии асримиёнагӣ ҷойгоҳеро барои эътимоди бениҳоят ба хиради инсонӣ ва умедро ба ҳамоҳангии ҷомеа ва рушди сарчашмаи эҷодии он ҷудо намуда буд. Мутафаккири бузург бо тамоми шеваҳои мавҷуд талош меварзид, то ҷавононро дар таъини муносибаташон бо воли-

бахши расмкашӣ нигоҳ накарда, симои инсони ҳақиқӣ ба таври кофӣ ҷаззобу дилкаш тасвир шудааст. Дар он зебоии ҷисмонии зоҳирӣ барҷастагӣ дошта, зимнан мувофиқи он ба сифату мундариҷаи худи шахсият низ таваҷҷуҳи хос шудааст. Дар сохтори он ба қисмати дуюмӣ афзалияту бартарии бузурге додаанд. Маҷмуи комили дастуру таълимот дар иртибот бо инсони комил таҳияву коркард шудааст, ки дар маҷмуъ ҷавобгӯи талаботи шахсияти ҳамаҷонибаанд. Аз ҷумла, миёни ақидаҳои Кайковус дар комёбиву пешрафти инсон ба хирад мақоми асосии сабабият дода шудааст: «Ва агар ба мол дарвеш гардӣ, ҷаҳд кун то ба хирад тавонгар бошӣ, ки тавонгарии хирад аз тавонгарии мол беҳтар бошад ва ҷоҳил аз мол зуд муфлис шавад ва моли хирадро дузд натавонад бурдан ва обу оташ ҳалок натавонад кардан». Мутафаккири бузург зимни омӯзиши масъалаи хирад, баррассии худи мафҳуми хирад дар чаҳорчӯби мавзӯи баҳси он ба ҳадди камол даст меёбад. Ба назар чунин мерасад, ки маҳз дар чунин мавқеиятҳо И. Кант ибораҳои «мувофиқати гуногуни ба ягонагӣ расондашуда» ва «салоҳдиди айнӣ»-ро ҳамчун арзёбии сатҳи шоистагӣ ва покизагӣ медонанд. Кайковус дар назариёташ роҷеъ ба хирад масъалаҳои муҳими мафҳуми хирад ва ҷанбаи фалсафии сабабияту натиҷаро дар корбурди он ва натиҷаи мусбати иҷтимоии онро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад. Яке аз шароитҳои асосии амалишавии хирадро Кайковус дар зарурати фарогирии донишҳои зарурӣ, касбу ҳунар, ба даст овардани тахассусу малакаҳои лозим медонад. Талошҳои амалии корсозро дар ба даст овардани ин сифатҳо, мутафаккири бузург нишонаҳои хирад медонад: «Пас, агар хирад дорӣ, бо хирад ҳунар омӯз, ки хирад бе ҳунар чун тане бошад бе ҷома ва шахсе бувад бе сурат. Чи гуфтаанд: адаб сурати

инсонӣ ҳамеша нисбианд. Дар ҷаҳон инсонеро наметавон пайдо намуд, ки даъвои доштани хираду воқеияту инсонияти комилро дошта бошад. Ин донишманди равони инсонӣ, ки қобил буд сифатҳо ва жарфои истеъдоди афродро дар заминаҳои эҳсосу отифа идроку андеша бозкушоӣ намояд, мутаассифона, чунин хотирнишон месозад: «Кундии олату тирагиву тундии роҳ асли ин дар бар бештари халқ бастааст». Новобаста аз маҳдудияти донишу таҷрибаи инсонӣ дар шароити асримиёнагӣ мутафаккири бузург чунин мешуморад, ки ташаккули хирад вобастаи ду омил - генетикӣ ва омили андухташуда бар асари муҳити иҷтимоӣ мебошад. Омилҳои табиӣ, генетикиро муаллиф комилан дуруст омилҳои асосӣ ва таъинкунанда мешуморад: «Ва бидон, ки ақл аз ду гуна аст. Яке ақли ғаризист ва дуюм ақли муктасиб (касбшуда, андухташуда) аст». Нависанда хоҳони он аст, ки хирад ғаризӣ бошад. Ӯ инро ҳадяи бузурги Худованд мешуморад: «Аммо ҳарчи муктасиб аст, битавон омӯхтан. Валекин ақли ғаризӣ ҳадяи Худост, он ба таълим аз муаллим бинатавон омӯхт». Вале зимнан ин андешманди бузург боварӣ дошт, ки хиради ғаризӣ метавонад ва бояд бо унсурҳое, ки ҷанбаи табиӣ, меросӣ надоранд, рушд дода шавад. Нависанда дар воқеияти ин андеша ба мавқеияти фардии шахсият нисбат ба фаъолияташ, ҳолати равониаш, ниёзҳои рӯзафзунаш ва тамоюлаш ба худсозиву камол такявар аст: «Агар чунон ки ақли ғаризии туро Худои таоло дода буд, беҳу беҳ (хушбахтии туст). Ту дар ақли муктасибӣ ранҷ бар ва биёмӯз. Муктасибиро бо ғаризӣ ёр кун то бадеуззамон бошӣ». Дар ҳар сурат, Кайковус бар ин назар аст, ки хиради инсонӣ аз материяе, ки зодаи табиат аст ва номи омми он Инсон, вобастагӣ дорад. Вай офаридгори воқеӣ аст. Чунин натиҷаро ӯ пойдору

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9399), 25 ИЮНИ СОЛИ 2015

ҷунбоннопазир мешуморад. Муаллиф бар нуқтаи заъфи муҳимтарин офаридаи табиат, хирад, ки сабабашро низ вобастаи худи он мешуморад, андешида, зеҳнан ба руҳафтодагӣ майл мекунад: «Ва бидон эй писар, ки ман дар ин китоб 44 боб дар ҳар маънӣ, ки донистам, чунон ки маро табъ даст дод, бо ту сухан гуфтам ва дар ҳар бобе насиҳате кардам ва панде додам магар дар боби хирадмандӣ, ки ҳеҷ наметавонам гуфт, ки: «Ба ситам оқил бош, аз он ки оқилӣ ба ситам натавон омӯхт». Дар ҷои дигар ӯ пусткандатар бо зуҳури афсурдагиву ноумедӣ мавқеияти худро баён месозад: «Пас агар ғаризӣ набуд, ману ту ҳеҷ натавонем кардан». Яъне, барои муддати кӯтоҳе. Дар чунин ҳолат шеваи адабии муаллифи «Қобуснома» мисли ин ки таъбироти «Авасто»-ро ба хотир меоварад, ки тамоюлашро ба он андеша замоне Е. Э. Бертелс дар муқаддимае, ки барои «Қобуснома» навишта буд, хотирнишон сохта буд: «Кош мо касоне мешудем, ки ин ҷаҳонро солиму дуруст мекардем». [Авасто, Душанбе, «Бухоро» 1914, стр. 105] Вале ин хирадманди бузург фарзанди худро, ки дараҷаи хирадмандиаш ҷавобгӯи талаботи падар набуд, танҳо намегузорад. Ҳамчунин, миллионҳо хонандаашро, ки мафтуни «мактаби ахлоқии эстетикӣ»-и (Гертсен) нависанда гашта буданд ва дар ҳолати сардаргумиву номуайянӣ қарор доштанд, фаромӯш намекунад. Бо назардошти ҳамин вазъият дар идомаи андешаҳояш чунин пешниҳод менамояд: «Боре ба муктасибӣ тақсир макун, чандон ки тоқат бошад, биёмуз, то агар аз ҷамъи хирадмандон набошӣ, боре аз ҷамъи доноён бошӣ, аз дугона яке бо ту ҳосил бошад беҳ, ки ҳеҷ набошад, ки гуфтаанд: чун падар набошад, ҳеҷ беҳтар аз шӯйи модар нест». Кайковус аз зумраи андешмандони бузурги замон, муътақид буд, бо саъю талош метавон хостаҳоро дар амри ташаккул, рушд ва камоли шахсият ба даст овард. Дар таълимоти ахлоқии «Қобуснома» ҷойгоҳи марказиро «масъалаи бузурги» ҳама давру замонҳо – донишандӯзӣ, ҳадафҳои нек пешорӯ гузоштан, ба пеш ҳаракат кардан ва худсозиву камолоти маънавӣ ташкил медиҳад. Мухотаби ӯ қабл аз ҳама ҷавонон, онҳое мебошанд, ки зиндагии шоиста бисозанд. Зимни баёни андешаҳои хеш дар атрофи хирад ва хирадварзӣ нависанда аз хонанда чунин даъват мекунад. «Акнун агар хоҳӣ, ки хирадманд бошӣ, ҳикмат омӯз, ки хирад ба ҳикмат тавон ёфт. Аристотолиро пурсиданд, ки қуввати хирад аз чист? Гуфт: ҳама касро қувват аз ғазо бошад ва ғазои хирад ҳикмат аст». ХУЛОСА «Хирад» масъалаи ҷовидонӣ ва бекарони улуми фалсафӣ ва ҳастии инсонист. Шуур ҳамеша дар шинохти он талош намудааст. Ин ҷараён то замоне ки инсоният вуҷуд дорад, идома пайдо мекунад.

Бархурди Кайковус ба ин масъала ҷаҳонбинии ӯ нисбат ба зуҳур, инкишофи сохторӣ ва корбурдии хирад дорои аҳамияти тарбиявӣ, амалӣ ва ҷиҳатдиҳанда мебошад. Ӯ дар симои хирад асосу бунёди ташаккули муносибати созандаи инсонро ба ҳастӣ, нақши фаъоли онро дар инкишофи иҷтимоӣ мебинад. Дар ҷаҳон формулаҳои «ягонаву пок» ё ахлоқи бидуни ангеза, гузашта аз ин, аъмоли омода барои шахсият мавҷуд нест. Асоси сохтор ва табиати шуурро сабабияти он ташкил медиҳад. Моҳияти аслии андешаи мутафаккири бузург маҳз дар ҳамин нукта хулоса мешавад. Инҳо зуҳуроти бонизоми мураккабе ҳастанд, ки Кайковус бо бадеияти хос, забони вижа баён медорад. Ӯ аксар ба шеваи адабие, ки метавон аз он ҳақиқати бадеӣ ном бурд, такявар аст. Бисёр нодир ба назар мерасад, ки дар шароити асримиёнагӣ адабиёт ба бунёди биокимиёии шаклгирии моҳияти мафҳумҳои фалсафӣ ва тақсимбандиҳои ҳунарии пажӯҳишҳои илмҳои мавриди назар руҷӯъ намояд. Кайковус ба хотири мустанад, муътамад сохтан ва ба умқи андешаҳо расидан ба чунин шева даст мезанад. Ин адиби бузург ҳанӯз дар замони худ дарк карда буд, ки «агар ҳадафи донишҳо омӯзандагӣ бошад, мутаносибан бояд асосманду ҳадафманд бошанд, агар онҳо ҳамзамон иддаои кашандагиву саргармкунандагӣ дошта бошанд, бояд бештар зебову ҳунармандона бошанд». [Кант и., Трактаты и письма, Масква., 1980, стр. 345] Маҳзи хотири ин, Кайковус танҳо ба муҷассам сохтани воқеияти рӯз маҳдуд намешавад. Омезиши тахайюли бадеӣ бо тамоюлоти илмии муаллифи «Қобуснома» яке аз сабабҳои дилчаспиву боэътимодии асари мазкур аст. Он чиро, ки Кант ҳамчун шарту талаби «ҳадафмандӣ» ва «машғулдорӣ» баъд аз чанд садсола пас аз ҳамватани бузурги мо пешниҳод намуд. Истифодаи бохирадонаи муҳтавои китобҳои муқаддас, гуфтаҳо ва истифодаи эҷодкорона аз онҳо, ҳамчунин, созгор намудани онҳо ба андешаи иҷтимоӣ, ниёзмандиҳои ҷомеа ба манфиати ҳастӣ ба суди мардум барои ҳамзамонони мо ниҳоят омӯзандааст. Зимни фароҳамсозии хирад муаллифи «Қобуснома» ба истеъдоди табиии инсон, ки бо заҳмату талоши ҳадафмандона рушду камол пайдо мекунад, такявар аст. Зеро ин талош ба худкомилсозиву худсозии шахсият нигаронида шудааст. Ин ки Кайковус дар оғози китоб ва дар боби панҷуми он «Дар шинохти падару модар» масъалаи асосии эҷодиёти хеш «хирадро» ба намоиш мегузорад, зимнан талош меварзад мавзӯи мазкурро аз даричаи азизтарин касони мо, мисли волидайн инъикос намояд. Ӯ мафҳумҳои осмониро бо манофеи заминӣ мутеъ месозад ва асарашро мардумӣ мегардонад. Ин шева «инъикоси зиндагии инсонӣ ҳамчун зиндагии мардумӣ» (Пушкин) яке аз сабабҳои ҷовидонагии «Қобуснома» ва номи муаллифи он гардидааст.

9


НАБЗИ ҶАҲОН

Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз олам, махсусан, ҷаҳони исломро таҳдид мекунад, ҷараёни такфирӣ (кофир хитоб кардани дигарон), ифротгароӣ ва терроризм аст. Фарҳанги гурӯҳҳои такфирӣ ва ифротӣ фарҳангест, ки ба далели ихтилофҳои кӯчак ва ҷузъӣ хун, мол ва номуси дигар мусалмононро мубоҳ медонад. Ин ҷараён бо ақидаҳо ва афкори хушку палиди худ исломро бадном сохтаанд. Аз ислом таъбиру таърифи нодуруст карда, онро дини хушунат, ваҳшигарӣ, ифротӣ муаррифӣ мекунанд. Дар ҳоле ки ислом дини муҳаббат, меҳрубонӣ, ақлоният, эътидол ва сулҳу сафо буда, ҷону номус ва молу обрӯи на фақат мусалмонон, балки тамоми башариятро муҳтарам шумурдааст. Ин гурӯҳ аз ҳар гуна улуми исломӣ ва инсонӣ бехабару бегона буда, хамирмояи ононро ҷаҳлу нодонӣ ташкил додааст. Лашкаркашӣ ба кишварҳо, нооромгардонӣ, харобгарӣ, таҷовуз ба ҷону моли инсонҳо, куштани кӯдакону занон, овора намудани миллионҳо нафар, аз байн бурдани тамаддун ва осори бостониро ҷиҳод меноманд. Бешарафҳо хабар надоранд, ки исломи азиз ҷиҳоди илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, низомӣ ва санъатӣ низ дорад. Ислом рифоҳи оила, ободкуниву амниятибахшии сарзамину Ватан ва дасти ёрӣ ба бенавоёну маҳрумонро низ ҷиҳод меномад. Бузургтарин ҷиҳод, ки ҷиҳод бо шаҳвату ҳавасу нафс аст, дар ҳеҷ кадом аз ин ба ном муҷоҳидҳо дида намешавад. Вақте ба инсони ҷоҳил ва бегона аз ақл, аслиҳа, қудрат ва шамшер дода шавад, қатъан ҷаҳони башариятро ҳар гуна хатар таҳдид мекунад ва бовар дошта бошем, ки ин ҷараён ва гурӯҳҳо ба ҳеҷ касу ҳеҷ мазҳабу эътиқоду тамаддун раҳм намекунанд. Бисёр ҷавонҳое, ки дар ин гурӯҳҳо фаъолият мекунанд, ба номи дину мазҳаб фиреб хӯрдаанд. Вазифаи уламои исломӣ, кишварҳои исломӣ аст, ки ҷавонҳоро огоҳ кунанд ва аз инҳироф, каҷравӣ ва гумроҳӣ пешгирӣ намоянд. Метавон дар баробари ин гурӯҳҳо ду навъ муқобиларо дар назар гирифт: муқобилаи физикӣ, яъне, ҷанг бо аслиҳа ва мубориза ҳамон гуна, ки дар Сурияву Ироқ ва ғайра мушоҳида мешавад ва тарзи дигари мубориза, ки бисёр аҳамият дорад, муборизаи илмӣ ва фарҳангӣ. Яъне, бояд дар донишгоҳҳо, мадрасаҳо, мактабҳо, масҷидҳо, намозҳои ҷумъа, шабакаҳо, созмонҳо, идораҳо ва ғайра хатарҳо ва осебҳои ин гурӯҳҳо ва ин ҷараён таълим ва омӯзиш дода шавад. Ин ҷараён ва тафаккур барои ҳадафҳои шуми худ абзор ва василаҳои зиёде дорад, ки яке аз муҳимтарини онҳо моҳвора ва шабакаҳои интернет аст. Шабакаҳои таблиғӣ ба ин

10

гурӯҳҳо ва ҷараён кӯмакҳои бисёр карда, шояд битавон гуфт, бо фаълиятҳои ҳамин шабакаҳо буд, ки гурӯҳҳое ҳамчун ДИИШ, “Ан-Нусра”, “Бокоҳаром”, “ҶайшулАҳрор” ва ғайра таваллуд шуданд. ШАБАКАИ “ВИСОЛИ ҲАҚ” Фаъолияти расона, шабака ва моҳвора шеваи фавқулодда таъсиргузор буда, шояд осонтарин, каммасрафтарин, наздиктарин ва сареътарин роҳи мумкин барои расидан ба ҳадафҳои зиддиинсонӣ

дак шабакаи “Висол” ё дурусттараш, шабакаи “Фисол” аст, ки чанд вақт боз барномаҳои харобгару вайронгар ва лабаи тези шамшери заҳролуди худро бо ҳадафҳои палид бар рӯи миллату давлати Тоҷикистон танзим кардааст. Фикру зеҳни мардумро дучори ташвиш, амнияти рӯҳӣ, равонӣ ва ахлоқии ҷомеа карда, мардумро бо барномаҳои фиребандаи худ мехкӯб ва афсун намудааст. Миёни мардум тухми нифоқу ҷудоӣ, дугонагиву чандгонаӣ, душманӣ ва ху-

Сурия, Ироқ ва ғайраро ноамн кардааст. Кормандони ин шабакаҳо лашкар ва сарбозони шайтонанд, ки барои лабханди ризояти шайтон талошу кӯшиш мекунанд. Масъулони ин шабакаҳо (чи шиа ва чи суннӣ) қатъан дилсӯзи ислому мусалмонон нестанд. Агар дилсӯзанд, чаро ба кӯмаки мусалмонони кишвари Мянмар ва Фаластин намешитобанд?! Агар дилсӯзанд, чаро бо истифода аз шабакаҳои худ сулҳу оромиш ва амниятро дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон ва

матлаб зарурате барои навиштан намебинам. Маълуму равшан аст, ки аз назари “Қуръон”-у ривоят ва сираву тақрири Паёмбари Акрам (с) ва саҳоба, ҳамчунин, аз нигоҳи ҳар инсони боинсофу соҳибақлу хирад фаъолиятҳои ин шабакаҳо маҳкум аст. ВАЗИФАИ МО ЧИСТ? Дар ин шароити пурталотуму ғуборолуди фитнаҳову ҷангҳо вазифа ва масъулияти мо - миллати тоҷик, махсусан, олимон,

Мо масъулият дорем

Хатари шабакаҳои таблиғӣ ва гурӯҳҳои такфирӣ

бошад. Имрӯз мушоҳида мешавад, ки шабакаҳои телевизионии зиёде ба номи дин, ба номи мазҳаб ва ба номи таблиғ аз суннӣ ва шиа фаъолият мекунанд ва ҳар кадом барои исботи ҳаққонияти худ аз “Қуръон”-у суннат ва сираи Паёмбари акрам (с) далелу бурҳон меоваранд. Дар як фазои комилан ғайриахлоқӣ ва инсонӣ ба бадгӯӣ, ифтиро ва тӯҳмат задан ба мазҳабҳо, боварҳо ва эътиқодҳои ҳамдигар фаъолияти худро ба пеш ҳидоят мекунанд. Шабакаҳои ҳамчун “Аҳли байт”, “Калима”, “Висоли форсӣ” ва ғайра. Бахши зиёде аз барномаҳои ин шабакаҳоро ҳатто ҳақорат бо забонҳои бисёр газанда ва мушаввашгардонии зеҳнҳо ва заифкунонии боварҳову эътиқодоти мардум ташкил медиҳанд. Ҷои афсӯс аст, ки баъзе аз мусалмонон аз шиа ва суннӣ умри азизу вақти боарзиши худро ва ҳатто гоҳо сармояҳои молии худро, ки бо ҳазорон заҳмат ба даст овардаанд, ба ин шабакаҳо кӯмак мекунанд ва ба тамошои ин чанд шабакаи фитнагару иғвогар ва нифоқафкан беҳуда сарф мекунанд, дар ҳоле ки аксари олимон ва донишмандони ҷаҳони ислом тамошои барномаҳои нифоқафканонаи шабакаҳои мазбурро мамнӯъ, мардуд ва ҳаром эълон кардаанд. Чунки ҳифзи ваҳдат ва иттиҳод дар шароити сахти кунунии ҷаҳони ислом аз муҳимтарин воҷибот ва фаризаҳо буда, ҳеҷ кас иҷоза надорад ба нифоқ ва тафриқаафканӣ миёни мусалмонон нидо диҳад. Мухотаби аслии ин навиштаи ан-

сумат кошта истодааст. Ошкор аст, ки бори дигар бадхоҳони миллати тоҷик хоҳиши дидани оромишу амният ва самимияту пешрафти моро надоранд ва дар пайи ҳараҷу мараҷ ва иғвогарӣ дар сарзамини обод ва ҷомеаи пурнишоти мо ҳастанд ва бӯи мутааффини он боз ба машом мерасад. ҲАДАФҲОИ ИН ШАБАКАҲО Ҷои ҳеҷ шакку шубҳа намондааст, ки моҳияти ин шабакаҳо моҳияти тафриқаафканона ва иғвогарона аст, чӣ шиа ва чӣ суннӣ ва ҳадафи асосии инҳо эҷоди ихтилоф дар миёни мусалмонон ва нооромгардонии ҷомеаҳои исломӣ ба номи ислом, дин, мазҳаб ва таблиғ мебошад. Ҳадафи охирини инҳо даъвати суннӣ ва шиа аст барои ҷангу хунрезӣ ва нобудии ҳамдигар. Ба назари мо, исломе, ки аз тариқи ин шабакаҳо таблиғ мешавад, на барои мо - аҳли суннат манфиат дорад ва на барои бародарони аҳли шиа. Аслан, ҳар қаламу ҳар садое, ки барои тафриқаандозии ҷомеаҳои исломӣ бошад, он садо ва он қалам шайтонӣ аст. Ба фармудаи “Қуръон”, фитна шадидтар ва бадтар аз қатл аст. Шабакаҳои таблиғӣ миллатҳо ва бинандаҳои худро ба сӯи хубиҳо, ахлоқу тазкия, илму маърифат, амнияту пешрафт ва иттиҳод даъват намекунанд, балки ба тарафи тафриқа, ифротгароӣ, терроризм, муҷодала, кина ва ноамнӣ даъват мекунанд. Натиҷаи фаъолияти ҳамин шабакаҳо буд, ки кишварҳои бузурги исломӣ, мисли

ғайра барқарор намесозанд!? Агар нисбат ба ислому мусалмонҳо дил месӯзонанд, чаро дар пайи тавсеаи илму маърифат ва фарҳангу ҳунар дар ҷомеаҳои исломӣ нестанд? Ҷои ҳазорон афсӯс аст, ки ин шабакаҳо иддаои ислоҳ доранд, аммо фасад мекунанд, иддаои васл шудан доранд, аммо фасл шуданро тарвиҷ мекунанд. Бидонем, ки хатари шабакаҳои таблиғии фитнагар аз шабакаҳои зиддиахлоқӣ зиёдтар аст. Тоҷикистон давлати муқтадир, миллати пурифтихор дорад, олимони барҷаста ва ҷавонони боҳиммат дорад. Қатъан, мо худ тавоноии онро дорем, ки мушкилотамонро ҳал кунем ва инро бо ба имзо расидани созишномаи сулҳ дар соли 1997 ба дунё собит кардем. МАҲКУМИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ИН ШАБАКАҲО Ин гуна фитнаҳо дар замони аввали ислом низ рух дода буданд, аммо мусалмонон бо тадбири дуруст масҷиди Зирорро бар сарашон хароб карданд. Дар он замон низ мунофиқон барои эҷоди тафриқа миёни мусалмонон аз “Қуръон”-у ривоят ва масҷид барои фиреби авом истифода мекарданд. Қатъан, ин шабакаҳои вайронгар идомаи масҷиди Зирор буда, конуни гарму фазои маънавии ҷомеаҳои исломӣ, махсусан, кишвари моро масмум ва олуда месозанд. “Қуръон” дар сураи “Анъом”, ояи 108 мефармояд: «Ба маъбуди касоне, ки ғайри Худоро мепарастанд, дашном надиҳед, мабодо онҳо низ аз рӯи нодонӣ Худоро дашном диҳанд». Худованди мутаол боз дар сураи “Анъом”, ояи 121 мефармояд: «шайтонҳо ба дӯстони худ матлабҳое махфиёна ваҳй мекунанд, то бо шумо ба муҷодала бархезанд, агар аз онҳо итоат кунед, шумо ҳам мушрик хоҳед шуд». Ҳамчунин, ҳазрати Алӣ (к) дар хутбаи 127 “Наҳҷул-Балоға” фармудаанд: «Касе, ки дар миёни уммат тафриқа эҷод кард, ӯро бикушед, агарчи зери аммомаи ман бошад». Бояд ҳам шиа ва ҳам суннӣ ин ҷумлаи пурмуҳтаворо сарлавҳаи зиндагии худ қарор диҳанд. Даҳҳо оя ва ривоят дар маҳкумияти фаъолияти ин гуна шабакаҳои Зирорсифат вуҷуд доранд, ки ба хотири равшан будани

қаламбадастон, хатибон ва насли ҷавони донишҷӯ чист? Қатъан мо дар баробари мамлакату сарзамини боамнияти худ ва дар баробари ояндагон масъулият дорем. Ҷои шакку дудилагӣ нест, ки ҷавонони тоҷикистонӣ дар баробари ҳарбаҳо ва фитнаҳое, ки аз беруни марзҳо барои миллат таҳмил мешавад, масъулият доранд. Олимону донишмандон, хатибону донишҷуён ва масъулони давлатӣ масъулият доранд, то бо парҳезкорӣ, илму дониш ва огоҳӣ мардумро аз хатарҳои феълӣ ва ояндаи ин гуна шабакаҳо огоҳ кунанд, ҳушёр созанд, бедор намоянд ва душманшиносиро таълим диҳанд. Душманшиносӣ эҳтиёҷи аввалини имрӯзи ҷавонон аст. Ҷавони тоҷик бояд муҷаҳҳаз ба силоҳи илму маърифат ва огоҳӣ бошад ва душмани худро дар ҳар либосе бишиносад. Роҳи худ ва мақсади худро аз ҳар гуна гурӯҳҳо ва шахсиятҳои ифротӣ, тундрав ва мутаассиб ҷудо созем. Миллати азиз низ ҳар хабару ҳар масъалаеро, ки аз шабакаҳо ва шахсиятҳо шуниданд, зуд бовар накунанд, балки перомуни ин масъала таҳқиқ, тафаҳҳус ва ҷустуҷӯ кунанд. “Қуръон”-и карим дар сураи “Ҳуҷурот”, ояи 6 мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, агар фосиқе хабаре барои шумо оварад, пас ҷустуҷӯ кунед, мабодо, ки дар асари пурсупос накардан ба қавме озор расонед ва аз кардаи худ пушаймон шавед». Мо бо дидани шабакаҳо ва истифодаи технологияи рӯз мухолиф нестем, балки ҳарфи мо он аст, ки бубинед, вале зуд бовару қазоват накунед ва маҳву нобуд ва сеҳру ҷодуи ин шабакаҳо нашавед. Бубинеду бисанҷед, муқоиса кунед ва беҳтарини онро пайравӣ кунед. Дар “Қуръон”-и карим, ояи 17-и сураи “Зумар” омдааст: «Онон, ки ба сухан гӯш мекунанд ва беҳтарини онро пайравӣ мекунанд, онҳоро Худованд ҳидоят фармуда, онҳо соҳибони хираданд». Боз фармуда: «Пас, инсон бояд ба хӯроки худ бингарад». (“Абаса”, 24). Бубинем, аз куҷо рӯҳи мо, андешаву фикри мо ва қаламто тағзияву обёрӣ мешавад. Муҳаммад ҒУЛОМОВ, таҳлилгар

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9399), 25 ИЮНИ СОЛИ 2015


ЭЪЛОН

ВОКУНИШ

ДИҚҚАТ, ОЗМУН! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд: №

НОМГӮИ МАНСАБҲО

1

Сардори Раёсати рушди туризми дастгоҳи марказӣ

2

Мудири Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд

3

МАОШИ ВАЗИФАВӢ 1709.1 854.55 855

4

Сармутахассиси Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказӣ Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент

5

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара

738

6

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истаравшан

738

7

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус

702

8

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар

702

9

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара

702

10

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ишкошим

702

11

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд

603

12

603

14

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ғончӣ

15

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ

576

16

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб

576

576

22

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тавилдара Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара

23

Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб

495

24

Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

472.50

25

Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ёвон

472.50

13

17 18 19 20 21

738

603 576

576 576 576

576 495

ТАЛАБОТ АЗ ДОВТАЛАБОН: - таҳсилоти олии касбӣ, собиқаи корӣ (барои мансаби сардори раёсат, муовини сардори раёсат, мудир, сармутахассис ва мутахассиси пешбар); - таҳсилоти олӣ, олии нопура ва миёнаи махсус (барои мутахассис); - доштани маълумоти соҳавӣ (варзиш); - донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад.

ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА: - ариза ба номи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (анкета); - 2 дона расми андозаи 4х6; - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ): - нусхаи шиноснома; - нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва эъломия аз вазъи мол; - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ); - маълумот аз ҷои истиқомат. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс: 734026, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6 (рӯ ба рӯи “Кохи Борбад”). Тел: 236-41-87, 235-10-23 (Бахши кор бо кадрҳо).

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9399), 25 ИЮНИ СОЛИ 2015

Мулоҳизаҳо воқеиянд Ҷавоб ба мақолаи «Истеҳсоли мошинҳои барқӣ 500% меафзояд», «Ҷавонони Тоҷикистон», №2, 8 январи соли 2015 Чун дар дигар кишварҳои ҷаҳон дар Тоҷикистон низ миқдори нақлиёти автомобилӣ зиёд шуда истодааст. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ шумори зиёди нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки аз рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардум шаҳодат медиҳад. Дар ҷумҳурӣ барои гузариш ба воситаҳои маводи сӯхти алтернативӣ баъзе корҳо ба сомон расонида шудаанд, аз ҷумла, қисми зиёди воситаҳои нақлиёт ба сӯзишвории гази моеъ таҷҳизонида шудаанд, ки партови моддаҳои заҳрнокро ба ҳавои атмосфера нисбатан кам мекунад. Вобаста ба ин, дар ҷумҳурӣ ба рушди коммуникатсияи нақлиёт ва кабудизоркунӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Қайд намудан зарур аст, ки миқдори ками энергияи равшании офтоб дар ҷумҳурӣ 30-35 рӯз дар як сол мушоҳида мегардад. Шиддатнокии умумии максималии гармии офтоб ба моҳҳои май ва июл рост меояд. Дар ҷумҳурӣ сохтани фотоэлементҳои бо технологияи замонавӣ тайёркашуда бинобар сабаби нархи гарони онҳо маҳдуд гаштааст, аммо бо мурури замон дар ин самт барои баланд бардоштани самаранокии табдилдиҳии энергияи офтоб ба энергияи барқ ва кам шудани арзиши он, истифода аз панелҳои офтобӣ зиёд мешавад ва бо кам шудани арзиш ин панелҳои фотоэлемент дастраси ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мегардад. Яке аз омилҳои рушди устувор истифодаи босамари манбаъҳои энергетикӣ мебошад. Тоҷикистон аз рӯи иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ таъмин карда мешаванд, ки аз ҷиҳати таъсир ба муҳити зист безара буда, партовҳои газҳои парникӣ надоранд. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ зиёда аз 300 нерӯгоҳи барқи обии хурд бо иқтидори аз 50 то 2500 кВт мавҷуд аст. Дар баробари ин, бо назардошти амалигардонии Барномаи сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ то соли 2020 иқтидори умумии онҳо ба 90 МВт бо истеҳсоли солонаи 40 млн, кВт хоҳад расид. Мулоҳизаҳои дар мақола дарҷгардида воқеӣ буда, бо тараққӣ ёфтани соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ, мушкилоти дар мақола дарҷгардида бо мурури замон ҳалли худро меёбанд ва дар ҷумҳурии мо, ки бо таъмиру тармими роҳҳо диқатти ҷиддӣ дода истодааст, барои кам кардани партовҳо аз воситаҳои нақлиёт ба ҳаво шароити хубтар муҳайё мегардад. Х. ИБОДЗОДА, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

11


ВАРЗИШ

Чемпионати Тоҷикистон: 8 корти сурх дар даври 8

Медали биринҷии Дилшод дар Марокаш Гурзандози машҳури кишвар Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалии «IAAF Hammer Throw Challenge”, ки дар шаҳри Работи Марокаш бо иштироки нуҳ варзишгари беҳтарини дунё баргузор шуд, бо натиҷаи 76 метру 95 сантиметр мақоми сеюмро касб кард. Бино ба иттилои Кумитаи гаштанд. миллии олимпии кишвар дар ин Ёдрас мешавем, ки Дилшод Намусобиқа Павел Файдек аз Лаҳистон заров аз байни варзишгарони кишбо натиҷаи 79 метру 90 сантиметр вар аввалин шуда, соҳиби роҳхат ҷойи аввал ва Кристиан Парс аз ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Маҷористон бо натиҷаи 77 метру Рио-де-Жанейрои Бразил гардида81 сантиметр ҷойи дуюмро сазовор аст.

Ҷоми КФО-2015: «Истиқлол» бо «Паҳанг» бозӣ мекунад 18 июн дар Куала-Лумпур қуръапартоии даври чорякфинали Ҷоми КФО-2015 доир гашт. Дар натиҷа, Қаҳрамони секаратаи мамлакат – тими “Истиқлол”-и Душанбе бо клуби футболи “Паҳанг”-и Малайзия вомехӯрад. Бозии аввал 26 август дар Душанбе ва бозии ҷавобӣ 16 сентябр дар Куантан баргузор хоҳад шуд. Дар сурати ғалаба “Истиқлол” дар даври нимфинал бо ғолиби ҷуфти “Кувайт” (Кувайт)-“Китчӣ” (Ҳонконг) ба майдон мебарояд. ҶОМИ КФО-2015. ЧОРЯКФИНАЛ. Бозиҳои аввал. 25-26 август «Қудсия» (Кувайт) – «Ҷайш» (Сурия) СК «Кувайт» (Кувайт) – «Китчӣ» (Ҳонконг) «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Паҳанг» (Малайзия) «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Соут Чайна» (Ҳонконг)

Бозиҳои ҷавобӣ. 15-16 сентябр «Ҷайш» (Сурия) – «Қудсия» (Кувайт) «Китчӣ» (Ҳонконг) – СК «Кувайт» (Кувайт) «Паҳанг» (Малайзия) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) «Соут Чайна» (Ҳонконг) – «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия)

Бозиҳои аввали даври нимфинал 29-30 сентябр, бозиҳои ҷавобӣ 20-21 октябр баргузор мешаванд.

Баъд аз танаффуси қариб якмоҳа, бо сабаби иштироки тими миллии кишвар дар даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018, 21 июн бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар чор бозӣ доварон ба футболбозон ҳашт корти сурх нишон доданд, ки бештараш ба тими “Хуҷанд” рост меояд. Бозӣ миёни “Равшан” ва “Барқи тоҷик” мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 4 Суннатулло Холов кушод. Баъди 4 дақиқа Сорбон Карамов, бозингари “Барқи тоҷик”, ҳисобро баробар кард. Дар миёнаҳои қисми дуюм Шодибек Ғаффоров Дар ин бозӣ довари ҳисорӣ зони истаравшанӣ дар дақиқаи “Равшан”-ро ба пеш баровард. Диловаршоҳ Орзуев ба меҳмонон 21 аз тариқи голи задаи АбдусаВале дар дақиқаи 71 Самад панҷ маротиба корти сурх нишон мад Ҳоҷибоев ҳисобро кушоданд. Шоҳзуҳуров зарбаи ҷаримавиро дод. Дар дақиқаи 25 ба хотири Дар қисми дуюм артишиҳо 2 голи ба манфиати дастааш истифода беэҳтиромӣ ба доварон мураббии беҷавоб заданд. Дар дақиқаи 60 бурд – 2:2. калони даста аз минтақаи техникӣ Рустам Толибов ҳисобро баробар Муаллифони ду гол аз ҳар хориҷ шуд. Вақти танаффус ба карда, дар дақиқаи 89 Давронҷон ду даста – Суннатулло Холов ва хотири таҳқир кардани инспек- Тухтасунов голи ғолибиятро Сорбон Карамов корти сурх ги- тори бозӣ бозингари эҳтиётии зад. Мизбонон маҷбуран бозирифтанд. меҳмонон Соҳиб Ҳакимов рӯ ба ро 10-нафар анҷом доданд. Дар Кортҳои сурх, ҳамчунин, дар рӯяш сурхӣ дид. Дар дақиқаи дақиқаи 75, ба хотири ба рақиб бозии шаҳри Қӯрғонтеппа нишон 55 аз минтақаи техникӣ мураб- зарба задан, ҳимоятгар Беҳзод дода шуд, ки тими маҳаллӣ “Вахш” бии дарвозабонҳои хуҷандиҳо Мӯсоев корти сурх гирифт. Дар бозии чоруми давр “Хуҷанд”-ро қабул кард. Миз- Фаррух Бердиев хориҷ карда бонон дар қисми аввал ҳисобро шуд. Дар дақиқаи 69 дарвоза- “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар кушоданд. Эҳсони Панҷшанбе бони “Хуҷанд” ва тими миллии майдони худ ба дарвозаи “Парзарбаи ёздаҳметараро ба Қирғизистон Валерий Кашуба аз воз” се голи беҷавоб зад. Ду ҳадаф расонд. Баъди танаффус майдон ронда шуд. Дар дақиқаи голро Комил Саидов, як голи дихуҷандиҳо бозиашонро дигар 77 Орзуев аз майдон Ҳасан Ру- гарро Комрон Турсунов ба ҳадаф карда, дар ҳашт дақиқа – 52-59 – стамовро, ба хотири таҳқири мух- расонданд. Бозии охири даври ҳаштум се тӯб вориди дарвозаи мизбонон лисон, ронд. карданд. Голҳоро Фирӯз Бобиев, Дар бозии дигар КМВА “По- шоми дирӯз - 24 июн миёни Ҷаҳонгир Алиев ва Ҳасан Руста- мир” дар сафар бар “Далерон” бо дастаҳои “Истиқлол” ва “Хайр” мов заданд. ҳисоби 2:1 ғолиб шуд. Футболбо- доир гашт.

ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10

ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) “Хайр” (Ваҳдат) «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) “Равшан” (Кӯлоб) КМВА “Помир” (Душанбе) “Вахш” (Қӯрғонтеппа) “Барқи тоҷик” (Душанбе) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров)

Б 7 8 8 7 8 8 8 8 8 8

7 5 4 4 3 3 3 1 1 0

Ғ

М 0 2 3 1 2 2 1 3 2 0

0 1 1 2 3 3 4 4 5 8

Б

Т-Т 28-2 15-6 14-7 12-11 10-7 12-17 7-12 3-10 5-15 0-19

Х 21 17 15 13 11 11 10 6 5 0

Варзишгарони тоҷик дар Бишкек Шикасти Ғалабаи футболбозони се медали тилло гирифтанд “Истиқлол” аз навраси кишвар бар “Газовик” Қирғизистон Варзишгарони кишвар дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои Татяна Колпакова, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1980 дар Маскав дар ҷаҳидан ба дарозӣ, ки 20-21 июн дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек баргузор шуд, ҳашт медал ба даст оварданд. Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки бори 18-ум доир гардид, 341 варзишгар аз 5 кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат доштанд. Ба ҳайати тими мунтахаби кишвар 11 варзишгар дохил буданд. Онҳо дар сабқати мардон қувваозмоӣ карда, 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гирифтанд. Ҳасан Ғаффоров дар давидан ба масофаи 3000 метр бо монеаҳо аввалин шуда ба марра расид ва бо медали тилло сарфароз гашт. Намояндаи дигари кишвар Александр Пронженко дар давидан ба масофаи 200 метр бо медали тилло мукофо-

12

тонида шуд. Медали сеюми тиллоро дастаи Тоҷикистон дар ҳайати Даврон Атабоев, Григорий Дерипаскин, Алишер Пӯлодов ва Азиз Абдуллоев дар эстафетаи 4Х400 метр соҳиб гашт. Инчунин, Даврон Атабоев дар давидан ба масофаҳои 100 ва 200 метр, Одилшо Исматов дар давидан ба масофаи 800 метр, дастаи Тоҷикистон дар ҳайати Даврон Атабоев, Григорий Дерипаскин, Александр Пронженко ва Алишер Пӯлодов дар эстафетаи 4Х100 метр бо медалҳои нуқра сарфароз шуданд. Медали биринҷиро Александр Пронженко дар давидан ба масофаи 100 метр сазовор гашт.

20 июн дар бозии дӯстона Қаҳрамони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе аз клуби футболи лигаи якуми Русия “Газовик”-и Оренбург бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 18 бозингари “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов кушод. Бозингари меҳмонон Марат Шогенов дар дақиқаи 40 ҳисобро баробар карда, ҳамдастаҳояш Сергей Бреев (дақиқаи 53) ва Дмитрий Кабутов (87) ду голи дигар заданд – 1:3. Дар дақиқаҳои иловагӣ Аҳтам Назаров голи дуюми “Истиқлол”-ро зад.

Тими мунтахаби наврасони кишвар (U-16) дар бозии аввалаш дар Ҷоми Президенти Қазоқистон 21 июн аз тими наврасони Испания бо ҳисоби 0:3 шикаст хурд. Ҳисоб дар дақиқаи 13 аз ҷониби Алехандро Мияна кушода шуд. Ду голи дигарро испаниҳо дар қисми дуюми вохӯрӣ заданд. Эмбола Жордин дар дақиқаи 71 ва Хуан Брандарис дар дақиқаи 79 ду тӯбро вориди дарвозаи тими наврасони мо карданд. Дар даври дуюм шогирдони Зайниддин Раҳимов 23 июн бо ҳамсолонашон аз Қирғизистон қувва санҷиданд. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи тими Тоҷикистон анҷом ёфт. Голҳои тими мунтахаби наврасони кишварро Зиёвуд-

дин Фузайлов ва Рамз Амрохонов заданд. Дар даври охири бозиҳои гурӯҳӣ футболбозони навраси кишвар имрӯз бо соҳибони майдон – тими наврасони Қазоқистон вомехӯранд. Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи Ҷоми Президенти Қазоқистон 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолиб соҳиби 10 ҳазор доллар, барандаи медали нуқра – 6 ҳазор ва барандаи ҷои сеюм 4 ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9399), 25 ИЮНИ СОЛИ 2015


ПЕШОҲАНГОНИ ВАРЗИШ - Агар хато накунам, дар зодгоҳи шумо як намуди муҳорибаи тан ба тан мавҷуд аст. Ҳамин тавр не? - Бале, рафиқ командир, мавҷуд аст. - Хуш, чӣ ном дорад? - Гӯштин. - Ҳа, дуруст. Дар бораи гӯштини шумо бисёр шунидаам. Мегӯянд, ки хеле аҷиб аст ва ба самбо монандӣ дорад. Дар бораи самбо чизе медонӣ. Сарбози ҷавон дар посухи суоли афсари либоси варзишӣ ба тан душворӣ кашид. Намедонист чӣ ҷавоб гӯяд. Мушкилашро худи афсар осон намуд. - Дарвоқеъ, ин намуди варзиш дар тарафҳои шумо, агар гӯем, ки умуман вуҷуд надорад, хато намешавад. Дар ин ҷо ба омӯхтани он машғул шудан намехоҳӣ? - Рафиқ командир, чи тавре ки шумо гуфтед, ба гӯштини мо монанд будааст. Агар иҷозат диҳед, албатта, ба омӯхтанаш мепардозам. - Қадат ҳарчанд он қадар баланд набошад ҳам, симоят баҳодуронаю бақувват. Дасту панҷаҳоят гиро. Умед аст, аз ту самбочии хуб мебарояд. Фақат ҳамин ки ҳарчи бештар кӯшиш карданат лозим. Дар зодгоҳ гӯштин мегирифтӣ? - Рафиқ командир, дар диёри мо маъракаҳо зиёд баргузор мегарданд. Онҳоро бе гӯштин тасаввур кардан душвор аст. Аксар ҷавонони мо ҳатман гӯштин мегиранд. Ман ҳам ширкат меварзидам. - Бар ҳарифон дастболо мешудӣ? - Чандин маротиба. - Офарин, пас маълум мешавад, ки аллакай маҳорат дорӣ. Дар омӯзиши самбо ҳатман лозим мешавад. Суҳбати афсари либоси варзишӣ ба бар бо тоҷикписар Исмат Абдуллоев назди як гурӯҳ наваскарони сафкашида идома дошт. Чун донист, ки Исмат гӯштингир аст, суҳбати ҳар ду хеле тӯл кашид. - Аз ҳисоби наваскарон як дастаи нав таъсис меёбад, - гуфт дар фарҷоми суҳбат афсар. – Барои омӯхтани самбо. Он ҷо номнавис мешавӣ. Исмат Абдуллоеве соли 1944 дар деҳаи Бобои Валии ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Айёми бачагияш саробони оила аз дунё мегузарад. Фавти шавҳар ба ҳамсар бетаъсир намемонад. Модар бо фарзандон кӯч мебандад. Омада, дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Рӯдакӣ макони зист мегиранд. Айёми наврасиро ин ҷо гузаронда, фарогири таҳсил мешавад. Як муддат ба зодгоҳ баргашта, дар мактаб-интернати ноҳияи Файзобод таҳсил мекунад. Пас аз соҳиби номаи камол шудан, ба техникуми политехникӣ дохил мешавад. Ҳине ки соли аввали таҳсил ба охир мерасад, нимаҳои аввали солҳои шастум ӯро ба хизмати аскарӣ даъват мекунанд. Дар аскарӣ ҳам хизмат мекарду ҳам ба омӯзиши самбо пардохт. Давоми хизмат таҳти сарварии мураббиёни сахтгир нозукиҳои ин ҳунари варзишро хуб аз бар намуд. Натиҷаи машқҳои пайваста

бозори «Баракат» мактаби варзишии бачагону наврасон фаъолият дошт. Назди сарвари мактаб омада, матлаби худро баён дошт. Аввал ба гуфтаҳои ӯ чандон бовар накарданд. Охир, сарбози нав аз хизмат ҷавобшуда, дар бораи ташкили кадом гурӯҳи варзишие ҳарф мезанад, ки ин ҷо, дар Тоҷикистон дар борааш ҳатто мутахассисони соҳа чандон маълумоти кофӣ надоранд. Вале ӯ паст намеомад. Ҳамроҳи ҳуҷҷатҳои хизмати аскарӣ, санадро дар бораи иҷрои меъёри Устоди варзиш доир ба самбо пешкаш намуд. Сарвари мактаб ҳайрон шуд. Як писари одӣ баробари хизмат тавонистааст меъёри устодориро ҳам иҷро намояд. Сарвари мактаб аз пайи ташкили гурӯҳи самбочиён шуд. Ба идораҳои болоӣ аҳамияти онро барои ояндаи кишвар фаҳмонда тавонист. Ҳамин тавр, бо дастгирии ӯ Исмати ҷавон пайи иҷрои ваъдаи ҳангоми адои хизмати аскарӣ додааш гардид. Сарвари мактаби варзишӣ низ аз ӯ хоҳиш намуд, дар рушди самбо ҳиссагузор бошад. Чунки ин риштаи варзиш дар Тоҷикистон маҳз бо саъю кӯшиши ӯ рушд бояд ёбад. Чун хизмати аскарӣ ин ҷо ҳам ваъда дод. Наврасони шавқмандро гирд оварда, чун мураббӣ ба машқу тамрини эшон пардохт. Баробари фаъолияти меҳнатӣ, ҳуҷҷатҳояшро ба техникуми тарбияи ҷисмонӣ супурда, пас аз супурдани имтиҳоноти дохилшавӣ ғоибхони ин боргоҳи касбу ҳунар шуд. Ба бахти ӯ варзиши самборо ба спартакиадаи халқҳои кишвари шӯроҳо дохил намуданд. Акнун ӯ мекӯшид илоҷе карда, шогирдонаш ба ин мусобиқоти бонуфуз роҳ ёбанд.

Ситораҳо рахшон хоҳанд монд ба ӯ имкон дод, дар мусобиқоти гуногуни қувваҳои мусаллаҳ ширкат варзида, ба як қатор ҳарифони номдор дастболо шавад. Ҳамчунин, муддати хизмати сесола тавонист меъёри Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравиро иҷро намояд. Соли 1967 мебоист аз хизмат ҷавоб шавад. Ӯро барои идомаи таҳсил даъват мекунанд. Лек розӣ намешавад. Мехоҳад ба зодгоҳ баргардад. - Охир, маҳорати хуб ёфтӣ, мефаҳмонанд ба ӯ. – Акнун бояд таҳсил намуда, донишҳои назариявиро ҳам аз бар намуданат лозим. Чунки дар зодгоҳи ту омӯзишу тамрини самбо ба роҳ монда нашудааст. Оянда аз ту мураббии хуб мебарояд. Шояд дар ин ҷода пешоҳанг шавӣ. - Хонаводаро сахт пазмон шудаам, мегӯяд дар ҷавоб Исмат. – Ватан, ки рафтам, ҳам ба таҳсил машғул мешаваму ҳам аз ҳисоби наврасон гурӯҳ ташкил намуда, самборо ба онҳо ёд медиҳам. - Мақсади мо ин аст, ки хонда соҳибҳунару мутахассиси соҳа шуда, баъд ба ватанат рафта, наврасонро машқ диҳӣ. Агар ҳамин тавр ҷавоб шуда равӣ, он ҷо ба рушди самбо машғул шуданат гумон аст. - Ман ваъда медиҳам, - ба таври қатъӣ гуфт Исмат. - Хайр, ихтиёрат... Баъди адои хизмат ба таҳсил фаро гирифтани Исматро мураббияш дар назди роҳбарияти қисми ҳарбӣ ба миён гузошт. Ӯ Исматро пайваста барои ширкат дар мусобиқаҳои байни сарбозони қувваҳои

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9399), 25 ИЮНИ СОЛИ 2015

мусаллаҳ омода мекард. Саъю кӯшиши тоҷикписар Исматро дар омӯзиши ҳунари самбо нисбат ба дигар ҳамдастаҳояш бештар эҳсос мекард. Аз ин рӯ, баҳри камолоташ донишу малакаи хешро дареғ намедошт. Натиҷаи заҳматҳояш самари хуб ба бор овард. Дар чандин мусобиқот бар ҳарифони номдор дастболо гардид. Акнун мехост шогирдаш хонда, соҳибмаълумот гардад. Аммо ӯ танҳо нияти хона рафтан дорад. Ҳини хайрухуш аз собиқ шогирдаш хоҳиш намуд, ҳатман ба ривоҷи самбо дар кишвараш ҳисса гузорад. - Фаромӯш накун, самбо барои мардуми шумо чизи нав хоҳад буд, - гуфт мураббӣ. - Кӯшиш кун, пешоҳанг бошию онро ба ҷавонони зодгоҳат ба таври лозима биомӯзӣ. Мисли худат ҷавононро ба воя бирасон. Исмат бори дигар ба мураббӣ ваъда дод. Соли 1967 Исмат Абдуллоев аз хизмати аскарӣ ҷавоб шуда, назди пайвандон бармегардад. Чун донишҷӯи техникуми политехникӣ маҳсуб меёфт, ба ӯ маслиҳат доданд, ки ба идомаи таҳсил машғул шавад. Вале ӯ дар қисми ҳарбӣ ба мураббии хеш ваъдаи қатъӣ дода буд. Мебоист дар рушди самбо ҳисса гузорад. Дар ин хусус бо модар арзи дил кард. - Ҷони модар, ба хости дилат амал кун, - пас аз шунидани нақли писар гуфт модар. Чунин гуфтор ва дастгирии модар Исмати ҷавонро рӯҳбаланд намуд. Азм кард аз пайи амалӣ намудани ваъдаи додааш шавад. Ҳарчанд соле дар техникум таҳсил ва дониш андӯхта буд. Он замон назди собиқ

Заҳматҳояш барабас нарафт. Пас аз ҳашт моҳи чун мураббӣ фаъолият намуданаш спартакиадаи халқҳои шӯравӣ оғоз ёфт. Ба ин чорабинии муҳими варзишӣ ду нафар шогирдонаш роҳхат гирифта тавонистанд. На танҳо роҳхат гирифтанд, натиҷаҳои назаррасро ҳам ноил шуданд. Шодии ӯ интиҳо надошту худро дар осмони ҳафтум тасаввур мекард. Чунин муваффақиятро, умуман, интизор набуд. Охир, ҳанӯз таҷрибаи дурусти мураббигӣ надошт. Худ ба мураббӣ эҳтиёҷ дошт. Лек саъю кӯшиш, иродаи қавӣ дар кори пешанамуда тавонист ҳамаро бартараф созад. Акнун дар борааш ҳарф мезаданд. Дар анҷуманҳо чун намунаи ибрат аз ӯ ёдовар мешуданд. Ӯ барҳақ лоиқи ҳама гуна ситоишҳо шуда тавонист. Чунки баъдан зери тарбияи ӯ шогирдоне ба воя расиданд, ки дар риштаи самбо варзиши тоҷикро дар арсаи олам маъруфу машҳур намуданд. Аз ҷумла, ҷаҳонпаҳлавони зиндаёд Саимуъмин Раҳимов. Комёбии шодравон Саидмуъмин бошад, ба ҳар як тоҷики дӯстдори варзиш возеҳу равшан, чун оина аён ва боиси ифтихори дигарон аст. Имрӯз синни Устоди варзиш, Мураббии шоистаи кишвар Исмат Абдуллоев ба ҳафтод расидааст. Лек ҳоло ҳам бекор намеистад. Дар мактаби варзишии наврасону хурдсолон ба тарбияи шогирдон машғул аст. Мекӯшад боз ҳам Саидмуъминҳои дигарро тарбия ва ба воя расонад... Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»

13


27 ИЮН - РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Зиё АБДУЛЛО

Муродалӣ СОБИР

Суруди Ваҳдат

Афсонасозӣ нест

Тоҷикистон, ҳама хешем, ки хешем ҳама, Ба намози Ватани ойинакешем ҳама. Кӯдаки мост Ватан, хез сари дӯш кунем, Обро дар даҳани кӯдаки худ нӯш кунем.

Чу субҳи босафо Ваҳдат, Беҳин аз ҳадяҳо Ваҳдат. Ватанро пуштибон Ваҳдат, Ватанро посбон Ваҳдат.

Кӯҳро пайкараи ханда кунем, Бодро шаршараи ханда кунем, Лола оҳубараи ханда кунем, Ҳар дари худ дараи ханда кунем.

Ба гардунҳои дури дур, Бувад равшантаре аз нур. Адуро хасми ҷон бошад, Бихоҳам ҷовидон бошад.

Хезу бархез, фалак аз пайи мо мепӯяд, Хезу бархез, ки хуршед зи мо мерӯяд, Ба гиребони худ аз атри гули дил зану хез, Ки Худо низ гиребони туро мебӯяд. Тоҷикистон, ҳама хешем, ки хешем ҳама, Ба намози Ватани ойинакешем ҳама. Кӯдаки мост Ватан, хез сари дӯш кунем, Обро дар даҳани кӯдаки худ нӯш кунем. Кӯҳро пайкараи ханда кунем, Бодро шаршараи ханда кунем, Лола оҳубараи ханда кунем, Ҳар дари худ дараи ханда кунем.

Тоҷикистон Тоҷикистонам, шавам қурбони ту, Сабз гаштам дар кафи дастони ту. Хоки покат тутиёи чашми ман, Шукри Ваҳдат, ҳаст дар фармони ту. Дар фазои шеър мехоҳад дилам, Бошам ахтар, ахтари рахшони ту. Сад ҳазорон гушнаро нон дода, лек Кам нагардад нони дастархони ту. Тоҷикистонам, диёри нозанин, Ҷони ман, эй ҷони ман, ман ҷони ту. Васфи ту як шеъри зебое навишт, Кишварам, Бахтовари хандони ту. Бахтовар НУРАЛИЕВ, омӯзгори МТМУ №110-и ноҳияи Рӯдакӣ

Ватан Ноне ба рӯи хони ман бошад Ватан, бошад Ватан, Тобу тавони ҷони ман бошад Ватан, бошад Ватан. Чун меҳри модар дар дилам меҳри Ватан дорад макон, Ҳам шуҳрату ҳам шони ман бошад Ватан, бошад Ватан. Боли ба гардун бози ман дур аз Ватан ҳеҷ аст, ҳеҷ, Ҳар субҳ ҳампарвози ман бошад Ватан, бошад Ватан. Дар шоҳроҳи зиндагӣ афсонаи Ваҳдат ба лаб, Ранги ба ранг эҷози ман бошад Ватан, бошад Ватан. Аскаршо ЛАТИФЗОДА, корманди Шуъбаи фарҳанги шаҳри Кӯлоб

Ваҳдат Файзу осоиши дунё ин ҳама аз Ваҳдат аст, Зебу зиннатҳои воло ин ҳама аз Ваҳдат аст. Гар набошад дӯстӣ олам чӣ кор ояд ба мо, Дар сари хон шишта якҷо ин ҳама аз Ваҳдат аст. Эй бародарҳои ҷонӣ, боғрову роғро Шодмон кардан тамошо ин ҳама аз Ваҳат аст. Кинаварзии яке бар дигаре аз душманист, Кинаҳо рондан зи дилҳо ин ҳама аз Ваҳдат аст. Васфи Ваҳдат булбулосо аз сарои дӯстӣ, Қисса хондан рӯзу шабҳо ин ҳама аз Ваҳдат аст. Аз қафои илму ирфон як ҳаёт, эй Сайҷалол, Тоб хурдан мисли дарё ин ҳама аз Ваҳдат аст. Сайҷалол КАРИМЗОДА, ноҳияи Фархор, деҳаи Кӯҳдоман

14

Нуруллоҳи ОРИФ

Ваҳдати ҷовид (Дар ду вазн)

Эй Ваҳдати ҷовид, ба мо болу парӣ ту, Аз фарш ба арше, ки бувад, ҳамсафарӣ ту. Сер аз ту нагардем, нагардем, нагардем, Ширин ба даҳон Ваҳдати ҷон, чун шакарӣ ту. Ишқи ту ба дил ҷо шуда, ҷо, пайки Худоӣ, Раҳ гир ба ҳар кулба, ки чун савту навоӣ. Сар бар қадамат монда, басо шукр намоем, К-эй Ваҳдати ҷовид, ҳама рӯз ба моӣ.

Агар Ваҳдат сароӣ ту, Ба Меҳан бовафоӣ ту. Варо дар роҳи қисмат бин, Ту бо чашми ҳақиқат бин. Ба ору нанг бояд буд, Ба он ҳамранг бояд буд. Бубин, бегонасозӣ нест, Дигар афсонасозӣ нест. Ватан фирдавс шуд аз он, Ба мақсад мерасӣ осон.

Эй кишвари номат ба забон, ид муборак, Дил баст ба ту халқи ҷаҳон, ид муборак. Шукри Ваҳдат, шукри давлат, шукри мулки гулфишон, Гар набошад Ваҳдат, оре, нест инсонро тавон. Зери чархи нилгун, байни ҳазорон мамлакат Бо ту, эй Ваҳдат биболад Тоҷикистони ҷавон. Асли Ваҳдат дӯстӣ бошад, набошад фанди кас, Ваҳдат аст одам ба серӣ мекашад ҳар дам нафас. Мо ҳама фарзандҳот аз таҳти дил имрӯзҳо Ваҳдататро месароем, эй диёри додрас. Иди Ваҳдат, иди сулҳ асту амонӣ баҳри мо, Чеҳрахандон гашт аз Ваҳдат рафиқон, даҳри мо. Тоҷикистон, Тоҷикистон, ҷо ба ҷонат ҷони мост, Гарди хокат, хоки покат сурмаи чашмони мост. Эй Ватан, эй бахту тахт, эй кишвари озодагон, То даме, ки бо ту ҳастем, ишқ дар фармони мост.

Меҳнати мо Ваҳдати мо шуд... Бо суруди миллияш миллати озодам, Миллати озоди ман, халқи Худододам. Дар фазои Ваҳдату иқбол ҳар як субҳ, Мекушояд боли рангин, ман аз ин шодам. Заҳмати мо, меҳнати мо Ваҳдати мо шуд, Ваҳдати мо ҳуҷҷате бар миллати мо шуд. Дар замони ҷанг Ваҳдат ҷонфишонӣ дошт, Ғусса хӯрда, то намирад, зиндагонӣ дошт. Ҷанг буд бе қаҳрамону Ваҳдати ҷовид, Чун шиҳобе нур дода қаҳрамонӣ дошт. Заҳмати мо, меҳнати мо Ваҳдати мо шуд, Ваҳдати мо ҳуҷҷате бар миллати мо шуд. Рӯзи сахтеро набинад модари тоҷик, Доғи ҷангеро набинад хоҳари тоҷик. Орзу дорем аз ин пас то ҷаҳон боқист, Як газандеро набинад додари тоҷик. Заҳмати мо, меҳнати мо Ваҳдати мо шуд, Ваҳдати мо ҳуҷҷате бар миллати мо шуд. Муродулло ПОЧОЕВ, омӯзгори МТМУ №70-и шаҳри Душанбе

Нури Ваҳдат Зи Ваҳдат хуррамӣ бошад Ватанро, Шукуфоӣ самои соф дорад. Чунин кишвар, ки бо Ваҳдат шукуфта, Шукӯҳу обрӯ то Қоф дорад. Замин сабзу ҳавояш файзбор аст, Ҷаҳони мо ҷаҳони ваҳдатобод, Дар ин кишвар зи файзу шавкати он, Дили мардум ҳамеша хурраму шод. Агарчи дидаам рӯшан набинад, Агарчи панҷаи гиро надорам. Дилам рӯшан зи нури Ваҳдати хеш, Ватан, ҷоҳу ҷалолам, ифтихорам. Фирӯзшоҳи ФАРОБӢ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9399), 25 ИЮНИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ АҚЛ Љои воридшавї Аз валет калон (ќарта)

... Љоли, актрисаи амрикої

Зани зебои љаннат

Бањрнаварди ќаторї (русї)

Хамидаќомат

Њар чизе аз замин мерўяд

Сарояндаи тољик ... Исоев

Яке аз гурўњи ноњияњои Ѓарм

Жасмин (тољ.) ЛибоЊоким, си амир миллї Уќёнуси …и шимолї

Кўмак Насаби сарояндагон Хулио ва Энрике

Фамилияи маъмули кореягињо

Муќобили "ворид"

Пизишки гўшу бинї

"... бар сари нафси худ амриї, мардї"

... и сабук, ... и вазнин

Хуб, зебо, дилкаш

Додар (лањља) Майдони парвозу нишасти тайёрањо

Аввалин мошине, ки ба Тољикистон омад

Шутурмурѓи австралиягї

Омадан

Тамѓаи автобуси Њиндустон

Хати сарбастаи њамвор

Вобаста, рољеъ

Љимми …, президенти ИМА дар солњои 70-ум

… Степаненко, зани артист Е. Петросян

Радио Ќањрамони тадар вонои 103 FM филмњои ИМА

Покдомании зоњирї

Коѓази ѓафс

Илми тандурустї

Офати табиии бањорї

Парњезгорї

Номи президенти Ќазоќистон ... Назарбоев

Парламенти Дания

Абуали … Сино

Овозхони эронї

Дурўя

Рафтуомад

Кабоби дегї

Марг Њаворанг, кабуд

Келас, зоти хазанда

Калта Љузъи курта

Дастгоњи сунъии чўљабарорї

"... Новости"

Муњосира

Михаил ..., собиќ чемпиони шоњмот

Хирсаки австралиягї

Зиёд, беш

Ба дил наздик Тинљї, осоиштагї

Сарояндаи гурљитабори Русия

Айшвария …, актрисаи њинд ... Дункан, зављаи шоири рус С.Есенин

Њама, кулл

Тайёраи Антонов

Шањри ќадимаи арманњо ... Кўњзод, адиби тољик

Навъи якњарбаи шарќї

Мор аз китоби Р.Киплинг «Маугли»

Нафас

Овозхон аз Суѓд Фируза …

Рўйхати хўрокњо, меню

Узви њайвон

Силвестр ..., актёр

Доллари грузинњо Аз зону боло

Зављаи Рустами Зол

Муаллифи "Робинзон Крузо" Номи ќадимаи д. Волга

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9399), 25 ИЮНИ СОЛИ 2015

Кирми рўда

15


АКСИ РӮЗ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Зан ба шавҳараш мегӯяд: - Вақте ман бимирам, баъди чанд вақт зан мегирӣ? Мард: - То замоне ки хоки қабрат хушк нашавад. - Қавл медиҳӣ? - Оре, ваъда медиҳам. Зан баъди чанд рӯз вафот мекунад. Мард ҳар субҳ ба зиёрати қабри ҳамсараш меравад. Чунин ҳол як сол давом мекунад ва ҳар рӯз мард мебинад, ки хоки қабр хушк нашудааст. Аз қазо рӯзе мард хеле барвақттар аз рӯзҳои қабл гуристон меравад. Бародари ҳамсарашро он ҷо дида мепурсад: - Ту чӣ кор мекунӣ? - Васияти апаамро иҷро мекунам. - Чӣ васият? - Апаам ба ман гуфта буд, ки ҳар рӯз хоки қабри маро об бипош ва нагзор, то хушк шавад...

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралӣ САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Сайфиддин СУННАТӢ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Маҳмудҷон УСМОНОВ

(муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),

Наврӯз ҚУРБОНОВ (хабарнигор, Душанбе),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),

ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА

(муовинони котиби масъул)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 8224 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

16

Дар ҷануби Покистон – шаҳри Карочӣ аз таъсири ҳавои гарм бештар аз 1000 нафар ҷон бохтаанд ва дар бемористонҳо вазъи фавқулодда эълон шудааст. Як моҳ пеш дар Ҳиндустон низ бори дуюм дар таърих гармтарин ҳаво мушоҳида шуда, бештар аз 2000 нафар аз гармӣ фавтида буданд.

Хушнудӣ Падару духтар ба яке аз мағозаҳои калонтарини шаҳр ворид шуданд. Аз сару либоси духтарак маълум буд, ки падару модари сарватманд дорад. Баробари ба мағоза даромадан, духтарак аз дасти падар дошта, ӯро ба самте бурд, ки рафи бозичаҳои кӯдакона он ҷо воқеъ буд. Пасон, лухтаки зебову хушрангеро ба дасти росташ дошту кафи дасти чапашро кушода, аз падар пурсид: - Кифоя аст? Падар бо аломати инкор сар ҷунбонд. Кӯдак лухтаки дигареро ба даст гирифт ва ҳамон тавре ки пештар карда буд, кафи дасташро ба падар кушод. Мазмун, пули дар дасташбуда барои харидани лухтак мерасад ё не. Ин дафъа падар ишора кард, ки “мерасад”. Онҳо пайи хариди ашёҳои дигар шуданд. Аз чашми духтарак пинҳон намонд, ки мисли ӯ писараке ҳамроҳи падараш ба мағоза ворид шуданд. Аммо баракси ӯву падараш сарулибоси писару падар зебову назаррабо набуд. Писарак

АНДАРЗ

ҳам ба рафи бозичаҳо расида, бозичаи маъқулашро ба даст гирифт ва ба чашмони падар дида дӯхт. Падар ба писари рамузфаҳм бо ишора фаҳмонд, ки пулашон намерасад. Писарак бозичаи гирифтаашро ба ҷояш гузошт. Сипас, ба рафи қуттиҳои ранг рафтанд. Аз он ҷо як қуттӣ ранг ва шёткаи рангмолӣ ва ашёи дигари барои таъмири хона заруриро гирифтанд. Дар ин миён духтарак дасти падарро гирифта, ба рафи бозичаҳо омад. Падар ҳам чизе нагуфта, ба духтарак “итоат” мекард. Кӯдак лухтаки аввал гирифтаашро ба ҷояш гузошт ва ҳамон бозичаеро, ки писарак ба даст гирифта буд, гирифт. Падарашро пурсид, ки пули дасташ кифоя аст? - Кифоя аст, духтарам, - ҷавоб дод падар, ки мақсади духтарашро нафаҳмида буд. Онҳо ба назди касса ҳозир шуданд. Духтарак ба гӯши зани кассир чизе гуфт ва худаш бо падараш дуртар истод. Баъди лаҳзае ҳамон писарак ва падараш ба назди касса

омаданд. Баъди пули ашёҳои харидаашонро ҳисоб кардан кассир бо табассум гуфт: - Шуморо табрик, мекунам. Имрӯз Шумо аввалин нафаре ҳастед, ки барои харид карданатон аз мағозаи мо соҳиби мукофот шудед. Кассир дасташро ба поёни миз бурда, аз он ҷо бозичаро бароварда, ба писарак дод. Он ҳамон бозичае буд, ки ӯ маъқул карда буд. Писарак хушҳол шуда, падарашро ба оғӯш гирифт. Онҳо ҳар ду ба кассир ташаккуркунон аз мағоза бадар рафтанд. Аз чашмони падари духтарак, ки аз канор истода, ба ин манзара шоҳид мешуд, ашк ҷорӣ шуд. Ӯ духтарашро сахт ба оғӯш гирифта, гуфт: - Бо ту ифтихор мекунам, духтарам... Аммо бигӯ, ки ин фикр чӣ гуна ба сари ту омад? - Ёдатон ҳаст, дирӯз бо модарам ба ман пул дода, гуфтед бо он ҳар чизеро, ки маро хушнуд месозад, бихарам? - пурсид дар навбати худ духтар аз падараш. - Бале, ёдам ҳаст. - Имрӯз он чи ки бо пули додаатон харидам, маро хушнуд кард. Таҳияи Б. УСМОНОВ, “ҶТ”

ОЁ МЕДОНЕД?

Беҳтарин туҳфа кадом аст? Беҳтарин туҳфа барои падар иззат аст. Беҳтарин туҳфа барои модар эҳтиром аст. Беҳтарин туҳфа барои устод аҳволпурсӣ аст. Беҳтарин туҳфа барои писар меҳрубонӣ аст. Беҳтарин туҳфа барои зан муҳаббат аст. Беҳтарин туҳфа барои тифл тарбият аст. Беҳтарин туҳфа барои дӯст вафо аст. Беҳтарин туҳфа барои ҷомеа хизмат аст. Беҳтарин туҳфа барои ҳамсоя ҳамдардӣ аст. Беҳтарин туҳфа барои мурда дуо аст. Беҳтарин туҳфа барои охират намоз аст... Таҳияи С. САМАНДАР, хонандаи МТМУ рақами 60-и шаҳри Душанбе

***

Дарси гигиена. Муаллима ба хонандаҳо зарари бӯса кардани ҳайвонҳоро мефаҳмонад. Мегӯяд, чунин амал сабаби ба касалӣ гирифтор шудани одамон мегардад. Ӯ ба талабаҳо мегӯяд, ки акнун мисол биёред. Аниса даст мебардорад: - Холаам Гулрӯ сагчаашро доимо бӯса мекард... - Хуш, баъд чӣ шуд, холаат касал шуд? - Не, холаам хуб аст, сагча мурд.

***

Писарбача бибиашро то истгоҳ гусел карда, мегӯяд: - Ба автобуси 25 шинед. Баъди аз мактаб баргаштан мебинад, ки ҳанӯз бибияш дар истгоҳ. Наздаш рафта мепурсад: - Чаро ҳоло ҳам савор нашудӣ? - Нав 22 автобус гузашт, баъди сетои дигар савор мешавам.

ЭЪЛОН

ДИҚҚАТ, МУЗОЯДА! Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои ба фурӯш мондани амволи ҳабсшуда (ҳафт адад кати оҳанин бо тахтаҳо ва болопушаш бо арзиши ҳар кадомаш 20 сомонӣ, ду адад подемники автомобил, корношоям бо нархи ҳар кадоме 800 сомонӣ, вагони тахтагини истифоданашуда бо нархи 300 сомонӣ) музояда эълон мекунад. Музояда 29 июни соли 2015, соати 10:00 дар бинои Суди ноҳияи Сино, бо суроғаи кӯчаи Маяковский-32а, утоқи 34 баргузор мегардад. Хоҳишмандон барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва барасмиятдарорӣ бо мақсади иштирок дар музояда метавонанд ба суроғаи боло ё бо рақамҳои 235 2170, 235 2169 муроҷиат кунанд. МЕФУРӮШАМ Хонаи дуҳуҷрагӣ воқеъ дар кӯчаи Айнӣ-72/3, ошёнаи 3-и манзили чорқабата. Тел: 93-808-17-71

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9399), 25 ИЮНИ СОЛИ 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.