Шӯро стратегияи нави сиёсати давлатии ҷавонон
Духтарон бештар ба варзиш машғул шаванд
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №25 (9451), 23 июни соли 2016
1
27 ИЮН - РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Пойдории ваҳдат устувории истиқлолият
ҲАФТ РӮЗ 16.06.2016 Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук баргузор гардид. 232 варзишгар дар намудҳои мухталифи варзиши сабук, аз ҷумла давидан ба масофаҳои кӯтоҳ ва дароз, давидан бо монеа, ҷаҳидан, эстафета, партоби саққо, диск ва ғайра байни ҳам рақобат намуданд. Ба ғолибон медал ва “Ифтихорнома”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ супорида шуд. 17.06.2016 Дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии тиҷоратии «Суғд-2016» ба кори худ шуруъ кард. Дар он намояндагони 5 минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон - «Бишкек», «Норин», «Данғара», «Панҷ» ва «Суғд» ширкат карданд. 18.06.2016 Зимни як маросим дар Академияи Вазо-
рати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 30 нафар хатмкунандаи факултаи рақами 1 бо иштироки муовини вазири корҳои дохилӣ Умарзода Икром Ислом диплом супорида шуд. 19.06.2016 Бо баргузории се бозии мавқуфмондаи даври 8-ум марҳилаи аввали чемпионати мамлакат миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. Дар ин давр “Истиқлол” бар КМВА “Помир” бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, бозӣ миёни дастаҳои “Хайр”-“Ҳосилот” ва “Хуҷанд”-“Барқчӣ” бо ҳисоби якхелаи 1:1 ба анҷом расид. 20.06.2016 Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё бо ширкати беш аз 100 шоҳмотбози номӣ баргузор гардид. Фаррух Амонатов, шоҳмотбози маъруфи тоҷик ғолиб омада,
соҳиби 30000 доллари амрикоӣ шуд. 21.06.2016 Бо ширкати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ду бинои бисёрқабатаи истиқоматӣ ва Гипермаркети “Ашан” ба истифода дода шуданд. 22.06.2016 Вакилони Маҷлиси намояндагон ба ду қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Минбаъд аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ қабл аз шуруъ ба иҷрои вазифа ба Президент, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бошанд, баъд аз таъин ё интихоб гардиданашон ба халқи Тоҷикистон савганди садоқат ёд мекунанд.
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№25 (9451), 23 июни соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
ВАРЗИШ
е-mail: javonontj@mail.ru
МАВҚЕИ “ҶАВОНОН...”
е-mail: javonontj@mail.ru
2
АХБОРИ ҲАФТА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №25 (9451), 23 июни соли 2016
Сатҳи камбизоатӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш меёбад Имрӯз, 21 июн, бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.
Дар кори ҷаласа, ки бо иштироки аъзои шӯро, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, намояндагон ва коршиносони Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд ва ташкилоту созмонҳои байналмилалию ғайридавлатӣ баргузор гардид, масъалаҳои вобаста ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 баррасӣ шуд. Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои миллии рушд Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла изҳор дошт, ки ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои миллии рушд масъалаҳои стратегӣ ва ҳамзамон рӯзмарраи мамлакат, яъне таъмини рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва то нишондоди ниҳоӣ коҳиш додани сатҳи камбизоатиро фаро мегирад. Ба таъкиди Сарвари давлат ҳуҷҷатҳои дар кори шӯро баррасишаванда дар шароите таҳия мешаванд, ки вазъи ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир торафт мураккаб гардида, дар би-
сёр кишварҳои олам буҳрони молиявию иқтисодӣ шиддат мегирад. Тавре таъкид шуд, Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи глобаливу минтақавӣ ва бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, пеш аз ҳама, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ мунтазам чораҷӯӣ намуда, азми роҳбарияти мамлакат дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, тавсеаи имконияти содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, самаранокии бозори меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили низоми идораи давлатӣ ва тақвияти нерӯи инсонӣ қавӣ ва ояндадор мебошад. Бо изҳори қаноатмандӣ таъкид гардид, ки дар заминаи ҳамин тадбирҳои амалишуда сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 53 фоизи соли 2007 то ба 31 фоиз дар соли 2015 коҳиш
дода шуда, буҷети солонаи давлатӣ аз 1,8 то 15,7 миллиард сомонӣ ё қариб 9 баробар афзоиш ёфтааст. Дар ҷаласа Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Фаррух Ҳамрализода ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Неъматулло Ҳикматуллозода муаррифӣ гардид. Доир ба муҳимияти ҳуҷҷатҳои муаррифишуда, ҳамчунин муовини раиси Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд, директори Бонки олмонии рушд дар Тоҷикистон, хонум Кристин Лаабс, ҳамоҳангсози СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ Александр Зуев, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Хидайет Бишчевич ва директори минтақавии Бонки исломии рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҳишам Маъруф баромад карданд. Шарикони рушд аз тадбирҳои то ин давра амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагию ҳавасмандии хешро барои иштирок дар татбиқи амалии ҳадафҳои рушдтаъминкунандаи Тоҷикистон таъкид намуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар интиҳои кори ҷаласаи шӯро Ҳукумати мамлакат ва дигар сохторҳои давлатиро вазифадор намуд, ки дар заминаи афзалиятҳои рушди дарозмуддат барои давраи то соли 2030 ва миёнамуҳлат барои солҳои 2016-2020 ҳамкориҳои судмандро бо соҳибкорони ватанӣ, шарикони рушд, сармоягузорони хориҷӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор васеъ ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои муайянгардида аз тамоми имконияту иқтидорҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд. Изҳори итминон карда шуд, ки саъю кӯшиш ва меҳнати содиқонаи мардуми кишвар дар амалӣ шудани ҳадафу вазифаҳои ин ҳуҷҷатҳо заминаи устувор гузошта, саҳми шарикони рушди Тоҷикистон низ дар татбиқи стратегияву барномаи мазкур назаррас хоҳад буд.
Ваҳдат бузургтарин ҷашни миллист!
www.javonon.tj
20-уми июн дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” бахшида ба 19-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” маҳфили адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳозиринро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта қайд кард, ки “Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавоноӣ бахшида, дар қалби ҳар тоҷику тоҷикистонӣ шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд. Воқеан ҳам, миллати тоҷик созандаву бунёдкор, соҳибтамаддуну сулҳхоҳ ва таҳаммулгаро буда, дар навбати худ метавонанд бо ваҳдату сарҷамъӣ ҷомеаи муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бунёд намоянд. Мазмуну моҳият ва арзиши ваҳдати миллӣ дар қалбҳои пиру барнои кишвар мақому манзалати бештар касб кардааст. Зеро маҳз ваҳдати миллӣ халқи тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва вартаи нобудӣ раҳо бахшида, заминаи мусоидеро фароҳам овард, ки мо муттаҳиду иттифоқ бошем”. Зикр шуд, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Гавҳар Шарофзода вобаста ба нақши ваҳдат ва таърихи он суханронӣ намуда, қайд на-
муд, ки “ҷашни Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин ҷашнҳо мебошад. Зеро дар олам миллатҳое ҳастанд, ки орзу мекунанд, то ваҳдат дошта бошанд. Миллатҳое ҳастанд, ки хеле парешонанду на забони ягонаву на ватан доранд. Тоҷикистони азизи мо дар ин баҳри беканор киштии бисёр зебову мусаффоеро мемонад, ки ваҳдату истиқлолият ва озодӣ дорад. Имрӯз бояд шукргузор бошем. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки ояндаи ин марзу бум ва миллат дар дасти ҷавонон аст. Кӯшиш кунед, он амонате, ки аз модар барои мо омадааст ва Президенти маҳбуби мо онро олитарин муқаддасот эълон доштааст, арҷ бигузоред ва ҳама вақт дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҳафт то ҳафтодсолаи тоҷикистонӣ бояд тӯю сур дошта бошад. Чунки ин лаҳзаҳо ба ҳама миллатҳо муяссар нагаштааст”. - Вақте ки мо дар мавзӯи нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ суҳбат мекунем, албатта ба ҳеҷ ваҷҳ набояд фаромӯш кард, ки ин нақш ва ин саҳм, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ то имрӯз мавриди амал қарор мегирад, ҳануз аз моҳи декабри соли 2015, баъд аз қабул шудани қонун дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” шуруъ нашудааст. Ин саҳм ҳануз аз баргузории Иҷлосияи 16уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри босто-
нии Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 оғоз гардида буд. Инак 24 сол аст, ки Пешвои миллат бо кӯшиш ва саҳми пайгиронаи худ дар татбиқи Ваҳдати миллӣ саҳми бузург мегузоранд, - иброз дошт зимни суханронии худ Илҳомҷон Ҳамидов, узви Шӯрои марказии кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон. Гуфта шуд, ки Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо бояд ҳамеша муқаддас ва гиромӣ бошад, онро дар радифи тамоми дастовардҳои миллӣ барои фардои дурахшони сарзамин ва амнияти халқамон ҳифз намоему пос дорем. Дар чорабинӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин дар мавзуи “Диёри ваҳдатофаринам, Тоҷикистон”, ки ҷойи аввалро Бибӣ Келдиева, ҷойи дуюмро Ваҳдат Дайхудоев, Азиза Ҳайдарова ва ҷойи сеюмро Самандари Раҷабалӣ ва Каримҷон Салимов ишғол намуданд, “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тақдим шуд. Инчунин ғолибони озмуни мусаввирони ҷавон, таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари ман!” бо сипосномаю тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар охир барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
Элизабет Миллард: Зебоиҳои Тоҷикистон маро ба ҳайрат овард 17 июн раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо сафири Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард мулоқот кард. Дар мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба дар риштаҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Аҳтам Абдуллозода аз ҷумла иброз дошт, ки имрӯз соҳаи туризм яке аз соҳаҳои ҷавон дар кишвари мо ба ҳисоб рафта, ҳамкориҳои мутақобилан судманди тамоми мақомоту идораҳо ба татбиқи босамар ва босифати сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм ва беҳтар сохтани фазои фаъолият дар ин самти муҳим ба иқтисодиёти миллӣ заминагузор хоҳад шуд. Элизабет Миллард гуфт, аз вақти омаданаш ба Тоҷикистон зебоиҳои ин сарзамин ӯро ба ҳайрат овардааст. Қайд намуд, ки дар пайи сафарҳо аз чандин минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан намуда, ният доранд, то як мутахассисеро даъват намоянд, ки ин ҳама рангорангиро мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳад. Номбурда, инчунин вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба андешаронӣ намуда, зикр сохт, ки баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо ҳамеша барои ҳамкорӣ омодаанд. Қайд гардид, ки шумораи сайёҳон аз ШМА дар семоҳаи якуми соли 2016 ба 382 нафар мерасад. Дар соли 2015 бошад 3592 нафар сайёҳ аз ин кишвар ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки нисбат ба соли 2014 1993 нафар зиёд мебошад. Изҳори бовар карда шуд, ки барои боз ҳам пурзӯр кардани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти туризм ҷалби коршиносони байналмилалии соҳаи туризми Амрико ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиат хоҳад овард.
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №25 (9451), 23 июни соли 2016
3
Ваҳдат рамзи осудагист! Умедҷон САЪДУЛЛОЕВ, номзади илмҳои филология: - Ваҳдат мафҳумест, ки ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ ва ҳамбастагиро фаро гирифта, тамоми пешравию дигаргуниҳои кишвар маҳз самараи он аст. Вале муҳим он аст, ки ифтихори миллӣ ба кибру ғурур ва ҳавобаландӣ табдил наёбад. Зеро ин гуна зуҳуроти манфӣ боиси ҷудоӣ, беҳурматӣ нисбат ба ҳамдигар дар байни халқу миллатҳо мегардад. Ваҳдат аст, ки миллат ба сомону халқ сарҷамъ аст. Воқеан, асоси ҳастии халқу миллат ваҳдат, ягонагӣ ва сулҳ аст. Муносибати боэҳтиромона, дӯстона ва бо муҳаббат асосёфтаи волидону фарзандон ваҳдат аст.
Мавҷуда КОМИЛОВА, ҷомеашинос: - Мафҳуми ваҳдати миллӣ дорои якчанд унсур аст. Яке аз унсурҳои он некӯаҳволии мардум мебошад, ки бевосита яке аз механизмҳои тақвиятбахши ваҳдат аст. Хушбахтона, имрӯз иқтисоди давлат пеш рафта истодааст. Дар ҷумҳурии мо минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис шудаанд, ки баҳри беҳбуд бахшидани иқтисодиёти мамлакатанд. Амнияти миллӣ ва дигар ниҳодҳои асосӣ ҳама дар якҷоягӣ механизми ваҳдатро ташкил медиҳанд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ низ коҳиш ёфта истодааст. Ин ҳама танҳо ва танҳо аз файзи ваҳдат аст.
Изатулло МИРЗОАЛИЕВ, муаррих-мардумшинос: - Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагӣ, дӯстӣ, рафоқат ва муносибатҳои хуби ҳар мардумро ифода мекунад. Имсол мо 19-умин солгарди Ваҳдати миллиро қайд менамоем, ки боиси ифтихор аст. Чунки дар гузашта рӯзҳои сахте ба сари миллати тоҷик омада буд. Ҳоло шукр, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат 27 июни соли 1997, баъд аз музокироти тӯлонӣ созишномаи истиқрори сулҳ ба имзо расид. Аз он замон ин саннаи таърихиро ҳамчун рӯзи накӯ ҷашн мегирем ва ман мардуми шарифи кишварро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо рӯзи якдилӣ муборакбод мегӯям.
Мухтори МЕҲРОҶ, унвонҷӯи ДМТ: - Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Ҳама шукуфоӣ ва ободиҳои имрӯзаи кишвар самари ваҳдат мебошад. Яъне, якдилӣ, иттифоқу муттаҳидӣ бошад, ободиву пешрафт ҳам ҳатман аз пушташ расида меояд. Пас барои расидан ба пешрафтҳои бештару беҳтар ва ноил гардидан ба рушду тараққиёт дар ҳама самту соҳаҳои ҷомеа бояд аз домани ваҳдат сахт бидорем. Ба ҳадде ки касе натавонад дар муттаҳидии мо рахна падид орад.
Ҷавонон роҳбарӣ омӯхтанд 16-17 июн бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин, воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, таҳти унвони «Мо роҳбарӣ меомӯзем!» семинари омӯзишӣ доир гашт. Дар он 120 нафар гирандагони Стипендияи Президенти ҷумҳурӣ, кормандони раёсату бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, олимони ҷавон, ҷавонони фаъол аз ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ширкат доштанд. нин, дар пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳм хоҳад гузошт. Сипас, Аҳлиддин Саидмуминов, раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони вилоят, Ҳақназар Маҳмуродов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қурғонтеппа, Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонони раёсат ва дигарон дар мавзӯъҳои «Роҳбарӣ ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ», «Хусусиятҳои муносибати сарвар бо пайравони ӯ», «Назарияҳо ва шаклҳои асосии сарварӣ”,“Роҳбар ва роҳбарӣ» маърӯза намуданд. Дар рӯзи дуюм бошад, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, раиси вилояти Хатлон бо наврасону ҷавонон мулоқот кард. Раиси вилоят иштирокчиёни семинарро ба фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, зикр намуд, “пешниҳоди мавзӯи “Мо роҳбарӣ меомӯзем” аз ҷониби ҷавонони хирадманд аз
он шаҳодат медиҳад, ки онҳо як қадам пеш рафтаанд. Шахс қабл аз роҳбар шудан аввал бояд кордон бошад. Барои кордон будан донишу таҷриба ҳатмӣ аст. Роҳбаре, ки кордон нест, таҷрибаи корӣ надорад, наметавонад аз ҳар зертобеаш кори дуруст талаб кунад. Тарзи муносибат бо коргаронро бояд омӯхт. Таҷрибаи зиндагӣ зиёд нишон додааст, ки нафарони таҷрибаи кофии корӣ надошта дар корбарию коргузорӣ ба хатоҳо роҳ додаанд”.
Ба гуфтаи Д. Гулмаҳмадзода, роҳбарӣ касб нест. Дар таҷрибаи корбарию коргузорӣ коллектив худаш маълум мекунад, ки кӣ роҳбар шуда метавонад. Вазифаи асосии роҳбар дар кадом сохторе, ки бошад, пеш аз ҳама риояи талаботи қонунгузорӣ ва муҳайё кардани шароити мусоиди корӣ барои кормандон мебошад. Ҳар коргаре, ки шароити хуб дорад, масъулиятро бештар ҳис мекунад. Роҳбар бояд андеша ва хулосаи худро дошта бо-
Сабоҳат ҚАДАМЗОДА, рӯзноманигор: - Вақте ки ваҳдати миллӣ мегӯем, зери ин мафҳум пеш аз ҳама сулҳу субот, осоиштагӣ ва якдилию муттаҳидии халқ фаҳмида мешавад. Ваҳдати миллӣ барои ҳар халқу миллат чун обу ҳаво зарур аст. Агар фазое, ки имрӯз мо - тоҷикон зиндагӣ ва кору фаъолият дорем, бо баъзе давлатҳои ҷангзада муқоиса намоем, мебинем, ки мо дар воқеъ хушбахт ҳастем. Танҳо дар сурати ваҳдату якдил будан душвориву монеаҳо паси cap мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
шад. Роҳбаре, ки андешаи худро надошта бошад, ҳеҷ гоҳ роҳбари хуб шуда наметавонад. Манижа Эсавулова, хонандаи синфи 10-и МТМУ рақами 11-и ноҳияи Шаҳритус, гирандаи стипедияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, минатдории худро ба роҳбарияти вилоят ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои баргузории семинар расонд. “Дар муддати ду рӯз мо нозукиҳои роҳбариро то дараҷае аз худ кардем. Мутахассисони таҷрибадор ба мо тарзи дурусти роҳбарӣ карданро омӯзонданд. Хуб мешуд чунин семинарҳо бештар шаванд, то ҷавонон сабақ омӯхта, дар фаъолияти ояндаашон истифода баранд”. Дар рафти семинар бо наврасону ҷавонон машғулиятҳои гуногун вобаста ба роҳбар кисту роҳбарӣ чист гузаронида шуд. Инчунин иштирокчиён осорхонаи таърихиву кишваршиносии вилоятии “Авасто”, осорхонаи “Биби хонум”-ро тамошо карда, бо тарзи фаъолияти китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Раёсати маориф ва илми вилоят ошно гаштанд. Дар фарҷом миёни иштирокчиён ва раиси вилоят маҳфили саволу ҷавоб доир гардид.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
www.javonon.tj
Дар рӯзи аввал Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, зимни суҳбат нозукиҳои роҳбарӣ карданро ба наврасону ҷавонон омӯзонд. - Насли ҷавон нерӯи бузурги созандаю бунёдкор, фардои миллату давлат, умеди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Роҳбари давлат пайваста дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки рушду нумуъ, пешрафту шукуфоии мамлакатамон ба ҷавонон вобастагии калон дорад. Ин бошад, пеш аз ҳама, ба меҳнат, дониш, ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ, нангу номуси ватандории наврасону ҷавонон вобаста аст, - гуфт М. Хидирзода. - Ҳадаф аз баргузории семинар фароҳам овардани муҳит барои рушди малакаҳои ҷавонони фаъол дар самти роҳбарӣ, муттаҳидии ҷавонон, мубодилаи таҷриба миёни онҳо мебошад, - гуфт Шаҳзод Раҳимов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят. - Инчу-
е-mail: javonontj@mail.ru
Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои волое мебошад, ки бо талошу заҳматҳои зиёд ба даст омадааст. Дар роҳи расидан ба ин неъмати бебаҳо роҳи тӯлонии пурпечутоб паси сар гардидааст. Он чун офтобе дар фазои сулҳбори Тоҷикистон ба рӯҳу равони мардум ҷони тоза мебахшаду ба сӯйи фардои дурахшони зиндагӣ раҳнамун месозад. Саннаи 27 июн дар саҳифаи таърихи Меҳан бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, ки аз ҳар яки мо баҳри ҳифзу гиромидошти он масъулияти баландро тақозо менамояд. Дар ин росто ҳар яки мо бояд баҳри таҳкими он ва рушду инкишофи ин сарзамини зархез саҳм гузорем. Доир ба нақш ва мақоми Ваҳдати миллӣ дар таҳкими сулҳу субот назари чанде аз фаъолони ҷомеаро пурсон шудем:
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
4
ИБРАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №25 (9451), 23 июни соли 2016
Хуршед МАВЛОНОВ Ватан ин ҳамон сарзаминест, ки аҷдодони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шумурда, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангида, хун рехта ва барои он ҷон додаанд. Тоҷикон сар аз бузургони он то ба кӯчактарин фардаш ҳама вақт дар дил меҳри ватандориро меомӯхтанд ва меомӯзанд. Ин аст, ки Президенти кишвар зимни як суханронии худ изҳор дошта буд: «Ватан дар баробари Модар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Бе Ватан инсон бесарнавишт ва беқадру манзалат аст. Бесабаб нест, ки арзишҳои волои ватандорӣ ҳанӯз аз даврони ориёиҳо зуҳур кардааст... Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ нест. Ватан пайванди ногусастании наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо, муҳофизати истиқлолият ва дастовардҳои он, пос доштани хотираи неки аҷдодон, ҳифз ва гиромидошти мероси таърихиву фарҳангӣ ва саъю талоши доимӣ ба хотири пешрафти давлату миллат ва шукуфоии Ватани аҷдодӣ аст». Фарзандони бо нангу номуси Ватан дар замири худ ҳисси вандандориро мепавариданд, дар роҳи ҳифзи он хешро шаҳид гардониданд ва дар қаламрави меҳрпарвари он, ки имрӯз Тоҷикистон ном дорад, ба хоби абадӣ рафтаанд. Ворисони ин Ватан баъд аз батни модар берун омадан, ҳама афтодану хестанҳоро дар синаи он диданд. Ин аст, ки онро ҳамеша бо чунин шакл “Модар-Ватан” ном мебаранд. Ба дӯст доштани Ватан, ҳимояи марзу буми он, ояндаи Истиқлолияти миллию давлатӣ, шукуфоии киш-
вар, ободии мамлакат ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ин Ватан баъд аз қаҳрамононе, чун Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ чандин тан фидоиёни дигарро барои ҳифзи марзу бумаш тарбия кардааст. Яке аз ин қаҳрамонон, ки номашро таърихи тоҷик дар саҳифаҳои худ бо ҳарфҳои заррин ҳакокӣ кард, Сафолов Суҳроб Зардович мебошад. Ӯ 6-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, дар оилаи коргар ба воя расидааст. Соли 1995 ҳангоми сесола будани Суҳроб модараш аз дунё мегузарад ва Суҳроб дар тарбияи падар ба воя мерасад. Бемодарӣ Суҳроби хурд-
писаронаш пайваста пурсон мешуд. Суҳроб бо бародараш Фирдавсӣ дар як синф таҳсил мекард. Ин ҳам сабаби худро дошт. Фирдавсӣ соли 1988 тавваллуд шуда буд. Суҳроб дар сол аз ӯ хеле хурд буд. Аммо падари Суҳроб ба хотири он ки писараш ранҷ накашад ва ба мушкилиҳо мувоҷеҳ нашавад, ҳардуро дар як сол ба мактаб дод. Ҳам Фирдавсӣ ва ҳам Суҳроб дар як синф таҳсил намудаанд...” Аз суҳбати муаллима маълум гардид, ки ӯ ба Суҳроб меҳри хоса дорад. Ҳангоми суҳбат кардан сари ҳар як калима эҳсоси махсус зоҳир мекард. Кӯшиш мекард оғози
Суҳробро чунин қисса кард: “Мо ҳар сол ҷавононро ба таври ихтиёрӣ ба кор қабул мекунем. Чанд муддат онҳоро месанҷем. Масъалаҳои коромӯзӣ, меҳру садоқат ба Ватан, дониш, фаъолият ва ғайра. Вақте ки Суҳроб барои кор ба ин ҷо омад, ҳамин шартҳоро дар ӯ низ ба назар гирифтем. Суҳроб аз рӯзҳои аввали омаданаш аз дигарон фарқ дошт. Вақте ки ман ба онҳо дарс медодам, Суҳроб одатан хомӯш буд. Умуман табиатан сухани зиёдатӣ намегуфт. Ин ҳолат баъзан маро хавотир мекард. Фикр мекардам, ки ӯ аз нодонияш хомӯш меистад. Лекин вақте чизеро аз ӯ мепурсидам,
Дар хуни мо ғурури ниёгон нуҳуфтааст солро озурда нагардонид. Чун дар дунёи кӯдакии худ аллакай эҳсоси онро дошт, ки пас аз модар тарбиятгараш Ватан хоҳад буд. Бо ҳамин умед роҳи зиндагии ояндаашро дар оғӯши Ватан ва тарбияи падар медид. Соли 1997 ба муассисаи таҳсилоти умумии №1-и ба номи В. П. Чкалови шаҳри Кӯлоб ба синфи якум рафта, соли 2008 онро хатм кард. Делпанаева Маҳтовбӣ роҳбари синфи Суҳроб бо ифтихор аз он ки қаҳрамонписаре, чун ӯро дарс додааст, чунин мегӯяд: “Ҷиҳатҳои фарқкунандаи Суҳробро сари ҳар қадам мушоҳида мекардам. Баъзан вақт ҳатто дар ҳайрат меафтодам, ки як кӯдаки хурдсол чунин як хислатҳои хуби инсониро дорост. Суҳроб бисёр писари оромтабиат буд. Ҳеҷ надида будам, ки ӯ боре ҳарзагӯӣ карда бошад. Хурд буд, аммо ақли калонсолҳоро дошт. Вақте ки беодобии ҳамсинфонашро медид, дарҳол изҳори норозигӣ менамуд. Ман надида будам, ки ӯ дар ягон танаффус ба саҳни мактаб баромада бошад. Ҳама вақт ба ҳама чиз бо тафаккур ва нигоҳи хоса назар меафканд. Ман дар баробари он ки муаллимаи Суҳроб будам, ҳамчунин аз хурдияш дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ мекардам. Дар кӯча намунаи ибрати ҳамсолонаш буд. Ҳама вақт дар тан либоси сафед дошт. Бо вуҷуди он ки модар надошт, аммо доимо либосҳояш дар тозагӣ аз ҳамсолонаш фарқ мекарданд. Чун табиаташ чиркиниро намеписандид. Ҳамчунин падари Суҳроб дар тарбияи фарзандонаш бисёр сахтгир буд. Ҳар вақте ки аз тарафи мактаб барои китоб, таъмир ва ё ягон кори дигар пул лозим мешуд, субҳи дигар аввалин шуда падари Суҳроб ба мактаб меомад. Аз хониши
қаҳрамонии Суҳробро, ки ахиран ибрати чандин тан ҷавонони ҳамсолаш гардид, ба пуррагӣ ва якмаром фаҳмонад. “Дар масъалаи хондан Суҳроб аз ҳамсинфонаш ба куллӣ фарқ дошт. Ҳатто аз бародараш Фардавсӣ пешсаф буд. Ҳамеша ҳамсинфонашро ёрӣ мерасонд. Одати бо ҳамсолонаш ҷанг карданро надошт”. Орзуи ҳамешагии Суҳроб ин буд, ки оянда фаъолияти худро дар дилхоҳ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монад. Бо сабаби он ки падараш дар ширкати “Барқи тоҷик” фаъолият дошт, ҳам Суҳроб ва ҳам Фирдавсиро ба ин соҳа ҷалб намуд ва ҳуҷҷатҳои ҳардуро дар як муассиса, ки ба соҳаи барқ мутаалиқ буд, супорид. Бо тавсияи падар Суҳробу Фирдавсӣ баъди хатми мактаби миёна соли 2008 ба факултети электроэнергетикии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дохил шуданд. Соли 2013 онро бо ихтисоси “Таъмиргари барқ” хатм намуд. Бо сабаби он ки Суҳроб фаҳмиши хуби техникӣ дошт, ӯро баъди хатми донишкада ба ширкати “Мегафон” ба ҳайси муҳандис ба кор қабул намуданд. То соли 2014 ҳамроҳи бародараш дар ин ҷо кор кард. Дар ин сол падари Суҳроб аз дунё гузашт ва ӯ аз кори ширкат даст кашид. Суҳроб мехост орзуи деринаашро амалӣ созад. Аз ҳамин хотир моҳи августи соли 2015 дар Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар ба таври ихтиёрӣ ба кор даромад. Полковник Афғонов аз рӯзи ба кор омадани Суҳроб ба ӯ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуд. Зеро Суҳроб нисбат ба ҳар гуфтаи кормандони КДАМ бо ҷиддияти том муносибат мекард. Полковник Афғонов чӣ тавр ба кор шуруъ кардани
бе ягон дудилагӣ ҷавоб медод. Баъзан барои он ки ӯ то кадом андоза сабру таҳаммул дорад, дар назди бинои КДАМ мунтазираш мемондам. Ҳатто баъзе рӯзҳо то бегоҳ. Аммо вақте ки рӯзи дигар меомад, гӯё ҳеҷ чиз нашудааст. Ӯ дар КДАМ худро ба зудӣ ҳамчун як афсари намунавӣ байни дигарон нишон дод. Вақте ки дарс дар бораи таърихи тоҷикон мерафт, бо ҳаяҷони зиёд таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Дар бораи қаҳрамониву қаҳрамон будан зиёд сухан мегуфт. Аз қаҳрамониҳои Темурмалик бисёр тавсиф мекард. Таъкид менамуд, ки “ватандор бояд ҳамеша қаҳрамони Ватан бошад. Муҳим нест, ки ӯ дар набард бо кӣ аст. Қаҳрамон як ҷон медиҳад, аммо садҳо ҳазор ҷонро наҷот мебахшад”. Баъзан аз шуҷоаташ дар ҳайрат мемондам. Аз худ мепурсидам, ки: “Чаро шумори чунин афсарон кам аст?”. Суҳроб ҷисман хурд буд, аммо ин ба кораш монеъ намешуд. Ӯ ҷисман солим ва устувор буд. Корҳоеро анҷом медод, ки дигарон наметавонистанд. Вақте ки ӯ афсари тайёр шуд, аз ӯ пурсидам, ки ба куҷо барои кор фиристамат? Ҷавобаш маро дар ҳайрат гузошт. Чун одатан аз ҷавонон пурсон мешавем, ки дар куҷо кор кардан мехоҳед? Ҳатман ҷоеро интихоб мекунанд, ки ё ба хонаводаашон наздик бошад ва ё ҷое, ки кор нисбатан барояшон осон бошад. Суҳроб гуфт: “Ҳама ҷои Ватан барои ман азиз аст ва ман фарзанди ин Ватан ҳастам. Ҳар куҷое, ки Ватан ба ман эҳтиёҷ дорад, ҳамон ҷо меравам”... Ҳамин тавр Суҳробро бо рутбаи прапоршик барои ҳифзи сарҳад ба марзи “Панҷ”-и ноҳияти Панҷи вилояти Хатлон барои адои вазифа фиристоданд. Тайи чанд моҳ дар марз
бо Афғонистон содиқона хизмат карда, 5-уми марти соли 2016 ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврии ҷангӣ барои дастгир ва безарар гардонидани аъзои гурӯҳҳои терористӣэкстремистӣ қаҳрамонона ба ҳалокат расид. Ӯ дар рафти ҷанг аз ҳамяроқони худ муҳофизат карда, худро сари роҳи тири душман гузошт. Нафарони бо Суҳроб ҳузурдошта қисса кардаанд, ки: “Ҳангоми аланга задани оташи ҷанг Суҳроб худро ба хотири мо қурбон кард”. Мирафзал валади Арбоб Шерафзал, шаҳрванди Афғонистон, роҳбари гурӯҳи 9-нафараи терористӣ субҳи 5-уми март ба марзбонони тоҷик дар “Панҷ” ҳуҷум оварданд. Суҳроб ки роҳбарии гурӯҳи марзбононро бар уҳда дошт, зимни даргирӣ афсарони зертобеашро ба ақибнишинӣ амр кард. Чун мебинад, ки қувваашон басанда нест, танҳо худро ба пеш меандозад. Ҳамин тавр Суҳроб танҳо бо ин гурӯҳи террористӣ дар ҷанг шуда, мардонавор дар роҳи Ватан ҷонашро таслим кард. Баъди даргирӣ ҳамкорон ҷасади прапоршик Суҳроб Сафоловро барои дафн ба суроғаи зисташ шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев оварданд. Рӯзи дигар маросими ҷанозаи ин қаҳрамонписари Ватан доир гашт. Пас аз маргаш бо фармони раиси КДАМ ба Суҳроб рутбаи лейтенант дода шуд. Ҳамчунин, барои абадӣ нигоҳ доштани ном ва корнамоии ӯ Ҷоизаи ба номи “Сафолов Суҳроб Зардович” таъсис ёфт. Ин корнамоии Суҳроб нишон дод, ки шермардони миллати тоҷик дар иттиҳод бо ҳам доимо дар канори Ватан ҳастанд. Имрӯзҳо садҳо ҳамсолони Суҳроб барои пайравӣ ба мардонагӣ ва ҷасорати ин қаҳрамони Ватан ихтиёрӣ ба КДАМ барои адои хизмат мераванд ва кӯшиш мекунанд, ки чун Суҳроб худро намунаи барҷаста дар роҳи хизмати Ватан нишон диҳанд. Воқеан ин ҷасорати Суҳроб бори дигар собит намуд, ки «дар хуни мо ғурури ниёгон нуҳуфтааст» ва ин ғурур намегузорад, ки ягон бадхоҳи аҷнабӣ пойи наҳси худро бо нияти бад ба ин хоки муқаддас гузорад.
27 ИЮН - РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №25 (9451), 23 июни соли 2016
Расидан ба Истиқлолияти давлатӣ умеду ормони ҳазорсолаи тоҷикон буд, ки санаи 9-уми сентябри соли 1991 амалӣ гардид. Халқи тоҷик соҳиби кишвари озоду соҳибихтиёри Тоҷикистон шуд. Аммо, дар марҳилаи солҳои аввали Истиқлолият, бо дахолати душманони хориҷӣ ва ҳамдастии нотавонбинони дохилӣ дар мамлакат оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга гирифт. Хатари нобудӣ, парокандагӣ ва маҳвшавӣ ҳар лаҳза ба ҷони халқу Ватан таҳдид мекард. Тоҷикистони маҳбубамон дар байни оташу хун қарор дошт. Дилҳои мардумро пардаи сиёҳу тираи ноумедӣ фаро гирифта буд. Дар ҳаёти ҷомеа танҳо биму таҳлука, садои тиру туфанг, майдондорию майдонтозиҳои камондорони ҷоҳилу бехирад ва ҳисси қасосу ваҳшат ҳоким буд. Беш аз як миллион мардуми кишвар, аксаран аҳолии қисмати ҷануби мамлакат ба кишвари ҷангзадаи Афғонистон ва дигар мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳиҷрат карда, номи гурезаи иҷбориро гирифтанд. Дар чунин вазъият шохаҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида
буданд. Дар он давра ягона умеди мардум барқарор шудани ҳукумати қонунӣ, хатми ҷанг ва таъмини сулҳу оромӣ дар мамлакат маҳсуб мешуд. Адибон бо дарду алам орзу мекарданд, ки «Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?». Чунин вазъи сангину ниҳоят вазнин фарзандони ҷасури халқ, бахусус вакилони Шӯрои Олии Тоҷикистонро бетараф нагузошт. 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз бахшид. Ин Иҷлосияи тақдирсоз Ҳукумати қонуниро дар мамлакат барқарор кард. Қарорҳои қабулнамудаи он барои таъмини сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ заминаи мустаҳкам гузошт. Гузашти замон нишон медиҳад, ки бузургтарин дастоварди Иҷлосияи бахтофарин Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Сарвари давлат интихоб намудани фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали роҳбари давлат интихоб шуданаш ба тамоми мардуми киш-
вар таъкид намуд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва «То охирин гурезаи иҷборӣ ба Ватан барнагардад, ман худро орому осуда ҳис намекунам». Сарвари давлат ба қавли ҷавонмардонаи худ содиқ монда, онро дар амал татбиқ намуд. Ҷасоратмандона ба сӯи мухолифин шитофта, дасти сулҳу созишро дароз кард. Ба тасвиб расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27.06.1997) беҳтарин ҳадяи таърих ва дастоварди беназири Истиқлолият мебошад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ дар мамлакат сулҳу Ваҳдатро барқарор намуд. Кинаҳоро дар синаҳо ба меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат табдил дод. Барои ободию оромӣ, рушду шукуфоии Тоҷикистон ва таъмини саодати сокинони он асос гузошт. Аз ин ҷиҳат, ба андешаи тамоми сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳон ва кулли ҳамватанони азизамон Асосгузори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳақиқатан «роҳбари ваҳдатофарин», «меъмори сулҳ», «наҷотбахши миллату давлат» ва «қаҳрамони воқеии сулҳу ваҳдат» мебошад. Моро лозим аст, ки дар муттаҳидию якдилӣ ҳамеша барои ҳифзи сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ саъю талош намоем, дастуру супоришҳои Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз сидқи дил иҷро кунем ва бо ин кор дар пешрафту ободии хонаву диёр ва Ватани азизамон саҳм гузорем.
Ҳокимбек ТИЛЛОЕВ, корманди дастгоҳи Суди ноҳияи Фирдавсӣ
Ваҳдат - таҳкурсии боэътимоди пешрафт да, сарзамини аҷдодии хешро ободу зебо гардонад. Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқ ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аст, ки Ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ пос ва гиромӣ дорад. Раванди пурпечутоби гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон 27 июни соли 1997 дар Москва бо имзои Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Ба санаи тақдирсози таърихи навини халқамон Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бисту панҷ сол пур мешавад. Бо хотири истиқболи арзандаи ин ҷашни бузург бояд ҳар фарди тоҷик омодагии ҷиддӣ бинад, содиқонаву софдилона заҳмат кашад ва ҳар соату ҳар рӯзро барои ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва осоиши рӯзгори мардуми шарифамон самаранок истифода намояд. Ваҳдати миллӣ миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшида, моро боз ҳам муттаҳидтар сохт. Чун сулҳу субот пойдор гашт мо ба истиқлолияти ҳақиқӣ расидем.
Мухтор ИСОЗОДА, судяи Суди шаҳри Душанбе, Олеся НИМАНОВА, корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе
Ваҳдат - саҳифаи сафеди таърих Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Вале афсӯс, ки иддае аз одамон соҳибистиқлолиро дигаргуна фаҳмиданд. Баҳманмоҳи хунини соли 90-уми асри ХХ дили садҳо тоҷикони ҷаҳон ва тоҷикистониёнро ба ларза оварда буд ва дарак аз он медод, ки ҷанги бемаънои бародаркуш оғоз ёфтааст. Ҷанги нангини шаҳрвандӣ ҳамчун саҳифаи сиёҳ ба таърихи халқи тоҷик дохил шуд, ки дар рафти он ҳазорҳо мардуми бегуноҳ қурбон шуданд ва ҳазорҳои дигар фирории Ватан. Байни бародарон низоъҳои бемаъно оғоз гардида, гурӯҳҳо ташкил ёфтанд. Бархе аз мардум дар кунҷаке пинҳон шуда намедонистанд, ки агар бурун оянд, ба кадом гурӯҳ бояд ҳамроҳ шаванд. Баҳри таъмини сулҳ ва оштии миллӣ Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон бо иттиҳодияи мухолифин, гуфтушунидҳо гузаронд. Ин музокираҳои байни тоҷикон дар Қирғизистон, Русия, Туркманистону Эрон, Покистону Афғонистон барпо гашта буданд. Созишнома дар бораи «оташбаси муваққатӣ ва қатъи дигар амалиёти душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар», ки 17 сентябри соли 1994 дар Теҳрон ба имзо расид, таъсис ёфтани «комиссияи оштии миллӣ» тибқи созишномаи 23 декабри соли 1996 дар Маскав ба имзо расида аз ҷумлаи инҳоянд. Соли 1993 зиёда аз 800 ҳазор мардуми аз Ватан фирорнамуда ба замини аҷдодии худ баргардонида шуданд, ки яке аз омилҳои мустаҳкамгардонии пояи сулҳ ба ҳисоб мерафт. Ҳангоми пой ниҳодан ба хоки Ватан чи пиру чи барно чун кӯдак мегиристанду хоки Ватанро мебӯсиданду ба дидагон мемолиданд. Шунидани ибораи «Ваҳдати миллӣ» барояшон суханони муқаддас буданду ба каф гирифтани хоки Ватан аз зар қиматтар ҳисоб мешуд. Дар натиҷаи талошҳои зиёд дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия 27 июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» қабул гардид. Пас аз имзои созишнома мардуми Тоҷикистон ба фардои мавҷудияти миллати тоҷик умед бастанд. Дар Тоҷикистони аз ҷанги бародаркуш азиятдида офтоби сулҳ дурахшид. Нерӯи аҳриманӣ оҳиста-оҳиста аз кишвари тоҷик берун мешуд. Инак, аз он рӯз 19 сол сипарӣ мешавад. Моро вазифадор мекунад, ки аз гузаштаи начандон дур сабақ бигирем ва шукргузорӣ кунем. Шукргузорӣ мебояд аз он ки мо озодона зиндагӣ мекунем орӣ аз ваҳм, зери хуршеди сулҳу оштӣ. Нагузорем, то душманони Ватан ва миллат боз донаи низоъро ба сарзамини сулҳпарвари мо партоянд. Баҳри ободии Ватан ҳам ҷавону ҳам калонсол бикӯшем. Шукр гӯем, ки тавонистем нақбҳо, нерӯгоҳҳои хурду бузург, роҳҳо сохта, кишвари офтобиамонро обод кардан дорем. Шукр гӯем, ки ятимону бепарасторон меҳри падаронаи Пешвои миллат ва аҳли ҷомеаро пайваста ҳис мекунанд. Ҷавонони солим соҳибкасбу ихтисосманд, давомдиҳандаи кори насли калонсол, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд ва ин аст, ки ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат дастгирӣ меёбанд. Бигзор шахсоне, ки аз нони Тоҷикистон сер шудаву онро пешпо зада, хостанд боз донаи низоъро байни мардуми хушбахт пошанд бидонанд, ки халқи тоҷик дар атрофи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда намегузоранд, ки чархи таърих боз ба қафо тоб хӯрад ва сулҳу ваҳдат халалдор гардад.
М. ҒАНИЕВА, мудири шӯъбаи таърихи Осорхонаи ба номи Рӯдакии шаҳри Панҷакент
www.javonon.tj
Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва нерӯҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он давлат фаъолият менамоянд. Ваҳдати миллӣ сатҳи баланди рушди шуур ва фарҳанги сиёсиро тақозо менамояд. Ҳадафи Президенти кишвар низ ба мисли роҳбарони давлатҳои аврупоӣ дар таърихи давлатдории навин аз он иборат буд, ки аввал ин миллатро ҳамчун миллати тому комил бо ҳам оварад, зеро таҳти таъсири арабу муғулу турку манғит қарор гирифтани сарзамини аҷдодӣ боиси он гашт, ки на танҳо қисмате Ватанро тарк гуфта, марказҳои фарҳангии онро барои садсолаҳо ба иҷоранишинон додем, балки равону тафаккури миллиро низ коста кардем. Шукр, ки қисмате аз сарзаминҳои бобоии худро соҳиб гаштем ва шукр аз даврони истиқлол, ки мо соҳиби ваҳдати миллӣ гаштем. Имрӯз ҳар фарди ҷомеаи мо мехоҳад давлати миллӣ дошта бошад ва ҳамчун зинаи аввали гузор ба демократия появу бунёд ва решаи давлатдорӣ дар кишвар мустаҳкам гардад. Озодии сухану матбуот, афкору андеша ва ҳадафҳои сиёсӣ, парастиши динҳо, гирдиҳамоию раҳпаймоиҳо ва монанди инҳо. Ҳамаи аслҳои демократия, ки дар Конститутсия ифода ёфтаанд, таҳкурсии оштии миллӣ, ризоияти миллӣ ва вахдати миллӣ мебошад. Барои расидан ба ин рӯзи саид халқи тоҷик аз бисёр рӯзҳои сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид. Ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бур-
е-mail: javonontj@mail.ru
Пешвои миллат ба қавлаш содиқ монд
5
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
6
27 ИЮН - РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №25 (9451), 23 июни соли 2016
Пойдории ваҳдат устувории истиқлолият 27 июн аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 сол пур мешавад. 19 сол мешавад сулҳи деринтизор дар партави ризоияти ваҳдати миллӣ дар саросари кишварамон тантана дорад. 19 сол боз сулҳу ваҳдат пойдору устувор ва ба ин васила Истиқлолияти давлатӣ барқарор аст. Пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва устувории Истиқлолияти давлатиро дар ҳар қадам ва дар ҳар самт ба хубӣ эҳсос мекунем. Осудагию оромӣ, тинҷию амонӣ, шукуфоиву сарсабзӣ, ободониву фаровонӣ, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, сол ба сол паст шудани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти миллӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳо, таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ, риоя ва иҷрои талаботи Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун ва ба ин васила ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ ва амсоли инҳо мафҳумҳое мебошанд, ки маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ба даст омада, зина ба зина ташаккул ва рушд ёфта истода, Истиқлолияти давлатиро устувортар гардонида истодаанд.
ро танҳо сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамдилӣ метавонист ором ва истиқлолиятро пойдор созад. Фосилае, ки аз эълони Истиқлолияти давлатӣ то ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гузашт, фарогири шаш марҳалаи муҳиму сарнавиштсози таърихӣ аст: - марҳалаи аввал - аз моҳи сентябри соли 1992 то моҳи ноябри соли 1992 (то Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) - муборизаи қувваҳои гуногун барои ба даст овардани ҳокимият, оғози ҷанги шаҳрвандӣ, беҳокимиятӣ ва бесарусомонӣ дар кишвар; - марҳалаи дуюм - солҳои 19921993 гирифтани пеши роҳи оташи ҷанги шаҳрвандӣ, пайдо шудани фазои боэътимоди якдигарфаҳмӣ ва оштии миллӣ; - марҳалаи сеюм - соли 1994 - гузоштани пояҳои низоми нави давлатдорӣ, баргузор шудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, аҳамияти амалии музокироти миёни тоҷикон
- ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон - Рӯзи Ваҳдати миллӣ то имрӯз. Заминаи асосӣ ва боэътимоди фарҳанги сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъсиси Ҳукумати қонунӣ ва ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани фарзонафарзанди халқ, Қаҳрамони Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ва таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол асолату рисолати таърихии иҷлосияи мазкур пеш аз ҳама он аст, ки ба ду омили муҳиму асосӣ хатари ҳамчун давлати мустақил аз харитаи ҷаҳон аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз миён рафтани тоҷикони куҳаннажод пешгирӣ карда шуд. Барқарор намудани сулҳ дар кишвар аввалин иқдоми ҷиддӣ дар ҷодаи ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад, ки дар ин иҷлосия аз номи Сарвари давлат баён гардид.
Лаҳзае нобасомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандиро пеши назар овардан кофист, то ба қадри сулҳу ваҳдат бирасем. Нофаҳмиву зудбоварӣ, гаравишу пайравӣ, мазҳабпарастӣ, эътиқоду эътимоди ноҷо, таъсири мафкураи пасти қолабии баъзе руҳониёни аз бартариҳои дунявият ноогоҳ ба зеҳни мардум сабаби сарзании муноқишаҳо шуданд. Муноқишаҳое, ки хисороти зиёди ҷониву молӣ ва иҷтимоиро ба дунбол дошт. Кишвар ба гирдоби туфону кашмакашиҳо ва нофаҳмиву нобасомониҳо кашида шуд. Авзои ноороми онвақтаи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию маънавии кишвар-
ва баргардонидану ҷо ба ҷо кардани фирориён ба маҳалли зисти доимиашон, ташаккули пояҳои давлатдорӣ, ташкили неруҳои мусаллаҳи миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ, тезонидани раванди оштии миллӣ, ташаккулёбии сиёсати хориҷии кишвар, болоравии нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ; - марҳалаи чорум - соли 1995 то нимаҳои соли 1996 - оғози дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ба анҷом расонидани раванди бозгашти иҷбории фирориён; - марҳалаи панҷум - солҳои 1996-1997 вусъат гирифтани сулҳу ваҳдат; - марҳалаи шашум - аз 27 июни соли 1997
Дар муроҷиатнома аз 12 декабри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ изҳор намуд: «…Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи дурахшони Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Дар вохӯрӣ бо олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (феврали соли
Ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон шаҳодати хиради волои халқи тоҷик буд. Дар ин рӯз хираду таҳаммулпазирӣ ва андешаи бикр бар кинаву адоват боло гирифт. Ба ҳам омадану ба ваҳдату оштии миллӣ расидани тоҷиконро муҳаққиқон чун намунаи ибрат арзёбӣ кардаанд. Бешак, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар раванди музокироти сиёсии ҳазорсолаи сипаришуда падидаи беназир аст ва барои тамоми аҳли башар омӯхтанист. Зеро ин сулҳи деринтизор яку якбора ва ба осонӣ ба даст наомадааст, балки натиҷаи музокироту муколамаҳо, оини беназири сарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва гузашт карданҳои ҳамдигар ин неъмати бебаҳоро ба бор овард. Мусаллам аст, ки дар эъмори сулҳи тоҷикон ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ хизмати шоёни Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Сарвари давлат ҳамчун кафили сулҳ ҷомеаи Тоҷикистонро ба ин роҳи нек раҳнамун сохта, аз ҳамдилии миллии тоҷикон ба ҷаҳониён мужда расонд.
1996) Сарвари давлат ҳамбастагии «Ваҳдат» ва «Истиқлолият»-ро ёдовар шуда, изҳор дошт: «Ин ду мафҳум, яъне истиқлолият ва ваҳдат дар ягонагӣ буда, бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд». Муждаи дар шаҳри Маскав миёни тоҷикон ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро тамоми мардуми кишвар бо хушҳолӣ истиқбол гирифтанд. Дар он шабу рӯз ин муждаи фархундаро шоири маҳбуби миллат, вассофи сулҳу ваҳдат ва якпорчагии кишвар, зиндаёд Лоиқ Шералӣ бо ҳисси баланди миллӣ ва дарку эҳсоси сулҳдӯстӣ, хушҳолона баён карда буд: Раҳми Парвардигори мо омад, Нури ҳақ бар диёри мо омад. Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт, Сулҳи деринтизори мо омад… Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки айни замон сулҳи тоҷиконро ҳамчун сабақи таърихӣ барои расидан ба сулҳ ва пойдории он дар баҳамоии қавму мазҳаб, муноқишаҳои қисме аз кишварҳои рӯи олам истифода мебаранд. Сулҳи тоҷикон барои ҳар сокини солимфикри кишвар азизу гиромӣ буда, пойдору устувор нигоҳ доштани он вазифаи шаҳрвандии ҳар як соҳибватан аст. Сулҳи тоҷикон дар сафҳаи таърихи милливу байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ пойтахти кишвари маҳбубамон - Душанбе ҳамчун «Шаҳри сулҳ» эълон шуд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо “Ситораи тиллоии Сулҳ” шарафёб гардид, ки далели равшани асолати ваҳдатофарӣ аст. Маҳз ба шарофати пойдорӣ ва танинандозии ваҳдати миллӣ дар ҷомеа ҳувияти миллӣ, асолати миллӣ, андешаи миллӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ побарҷо буда, бедории ифтихори миллии шаҳрвандон хуб эҳсос мешавад. Пойдорӣ ва устувории ваҳдатӣ миллӣ, эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, муттаҳидии нерӯи созандаву бунёдгароёна, иқдомҳои неку навоварона ба хотири бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва мутараққӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар соҳибватан буда, метавонад кишварро ба саодати иҷтимоӣ бирасонад. Муҳтавои таъкиди Президенти ҷумҳурӣ дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ он буд ки вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон, ки ба он буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ таъсир мерасонанд, бояд дастовардҳои таърихии халқамон бештар тарғиб карда шуда, тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллиамон ҳамчун омили муҳимтарин ҳифз, Истиқлолияти давлатӣ таҳким ва ваҳдати миллӣ устувор гардонида шаванд. Ба масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, ба ин васила равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа пешгирӣ карда шаванд. Ваҳдату ризоияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, ки нодиртарин дастоварди мардуми кишвар маҳсуб меёбад, густариш дода шуда, решаҳои таърихӣ ва маънавии он боз ҳам фарохтар ва устувортар гардонида шавад.
Раҷабалӣ САНГОВ
Ваҳдати миллӣ аз оила Дастоварди беназири ваҳдати миллӣ баргардондани ҳазорон муҳоҷири иҷборӣ ба Ватани маҳбуб ва таъмини ҳаёти муътадилу осоишта ба мардуми кишвар ва бехатарии бардавом дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар 30% вазифаҳои баланди роҳбарикунандаи давлатӣ ҷо додани намояндагони мухолифин буд. Дар арафаи иди ваҳдат ду сол пайи ҳам (1999-2000) бо ибтикори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди миллии «Шоҳроҳи абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат» маъракае бо номи «Корвони сулҳу ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат» баргузор гардид. Аз ҳар як ноҳияи ҷумҳурӣ дунафарӣ намоянда аз ағбаи Кулма ба Хоруғу Кӯлобу Кофарниҳону Душанбе ва сипас аз Анзобу Истаравшану Хуҷанду Исфара гузашта, тамоми манотиқи
Тоҷикистони азизро, дилҳои пурумеди умедворони миллатро ва билохира риштаҳои гусастаро ба ҳам пайвастанд. Корвониён аз ҳар минтақаи кишвари азизамон, ки убур мекарданд, як мушт хоки он маҳалро бо худ мегирифтанд ва дар охир аз ҳамаи хокҳои ҷамънамуда кӯзае чун рамзи ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ сохтанд. Дар муддати чанд рӯзе, ки ин корвон раҳ паймуд, дар чеҳраи мардуми Тоҷикистон шодиву нишот ҳувайдо буд. Касе аз якдигар намепурсид, ки ту намояндаи кадом минтақа ҳастию куҷоиӣ, муҳим ва асос он буд, ки ҳама тоҷиканду тоҷикистонӣ ва соҳибватан. Умуман як фазои ваҳдатофарину тантанаи дӯстиву рафоқат ҳукмрон буд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони аҳли корвонро ба ҳузур пазируфта, ба ин ташаб-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №25 (9451), 23 июни соли 2016
Инак қариб бист сол боз дар фазои сулҳу оромӣ миллати тоҷик дар пайроҳаи тақдир қадам мезанад. Фалсафаи ҳаёт аст, ки чун дар таҳлили андешаву фикре дармемонем, раҳоии нахустин бароямон аз ин печидагии андеша қиёс мебошад. Оғози солҳои навадумро бо ҷараёни ҳаёти имрӯза қиёс менамоем. Он давраҳо бо ҳарос ба манотиқи гуногуни кишвар сафар менамудем ё умуман аз сафар даст мекашидем. Чӣ ҷойи пӯшида, ки силоҳбадасту ғоратгар ҳам аз пеши роҳ мебаромад, маҳалгаро ҳам моро дар ҷое бо дилозорӣ пешвоз мегирифт ва аз ҳама асосӣ - эътимоди байниҳамдигарӣ вуҷуд надошт. Ҳар шахси солимфикр боре андешад, ки чӣ суд буд аз чунин як фазои пур аз ҳаросу ҳаром? Бо қазоват ва ҳукми виҷдону имон бояд иқрор гашт, ки феълан ин маризиҳову касифиҳо дар ҷомеаи мо нест. Шукр мегӯем, ки миллат бо сипари ваҳдат дар ҷодаи ваҳдат баъди садсолаҳо камоли нав меёбад. Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта раҳмати худовандӣ буд, ки Эмомалӣ Раҳмон масъулияти саробонии миллатро бар дӯш гирифт. Он рӯзҳо мулки тоҷик дар коми оташ буд. Аз дарҳо садои оҳу фиғон меомад ва додгаре вуҷуд надошт. Ҳокимиятҳову ҳокимиятдорон зуд-зуд иваз мегаштанд. Ғаразмандҳое, ки дар сари ҳокимият қарор мегириф-
Пешво наҷотбахши миллат танд, бо умри кӯтоҳи салтанати худ ҳатто ҷисман нест мешуданд. Миллатро бо силсилаи саҳнаҳои сохта бадхоҳони аҷнабӣ ба фанои комил бурдан мехостанд. Он айём нафари ҷонфидое барои наҷоти миллат лозим буд. Ин фард Эмомалӣ Раҳмон шуд. Аз забони муйсафедони рӯзгордидаву дар чанд сохт зиндагикарда мешунидем ва мешунавем: «Ин фарзанди як деҳқони хокпош дилу нияти пок доштааст. Ризои Худост, ки ӯ ба ин маснад сазовор гашт ва тавонист, ки кори хайр - миллатро сарҷамъ карданро анҷом диҳад». Ба андешаи боло ҳар яки мо бояд қоил бошем, ки дар ҳақиқат хости худовандист, ки ин фард рисолати бузургеро ба иҷро расонида тавонист. Ӯ миллат, давлат ва халқи овораву сарсонро наҷот дода тавонист. Садриддин Айнӣ бо сад озор дар асри гузашта оҳанги ҳастии миллатро баланд нигоҳ медошт, Бобоҷон Ғафуров ба ҷаҳониён ҳуҷҷати тоҷиконро пешниҳод кард ва ахиран Эмомалӣ Раҳмон ин миллатро аз миёни тӯфон наҷот бахшид. Ӯ мардонавор дар қавли худ истод. Дар давоми зиёда аз бист сол садҳо асноди меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Аммо барномаи кории ӯ аз оғоз як ҷумла буд, ки дар иҷлосияи таърихии соли 1992 иброз гардид: - Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳама гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро
оғоз мегардад
диёр давомдошта ҳеҷ гоҳ ҷанги афғонҳо нест. Ангезаи оташи низоъ дар ин мулк аз берун аст, чунонки дар кишвари мо низ замоне ҳамин ҳадаф пайгирӣ мешуд. Ин миллати азияткашидаро низ дар роҳи сулҳу субот як чунин пешвое лозим аст, ки нахуст аз баҳри ҷону манофеи фардӣ гузашта бошад. Фарде бошад, ки ҳамаи мардумро ба ҳам орад ва ҳамаро дӯст дораду бо як чашм нигарад. Танҳо ин гуна дилу ният наҷоти онҳо буда метавонад. Имрӯз миллати тоҷик Пешвои худро эътироф дорад. Касе ӯро пешво насохт, балки ӯро сулҳу ваҳдати сохтааш пешво намуд. Як нигоҳ моҳияти мафҳуми пешворо ба мо собит менамояд. Миллати тоҷик дар миёни оташу даргирӣ қарор дошт ва ниёзманди сулҳу сафо буд. Сулҳ бо миллат ҷамъ гашту миллат сарҷамъ гардид. Ин сулҳро маҳз Эмомалӣ Раҳмон сабаб гашт. Баъди ин эъмори бинои ваҳдат ҷараён ёфт, ки он ҳам сиёсати пешгирифтаи ин абармард аст. Чун миллату сулҳу ваҳдат ба ҳам меояд, табиист, ки дар саргаҳи он як нафар бо номи Пешво қарор мегирад, ки ин пешво Эмомалӣ Раҳмон аст. Акнун ин Пешво миллатро ба сӯи қуллаҳои баландтари мурод мебарад. Мардуми Тоҷикистон бояд мутмаин бошад, ки файзи ин сулҳу ваҳдат давомдор аст. Марҳум Қаҳҳор Маҳкамов – ав-
Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини мо дар асоси дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои пешрафта таълиму тарбияи наслҳои соҳибмаърифату баландихтисос ва закиву ҳушёр аст, то онҳо дар оянда манзалати худро соҳиб шуда, тақдири давлату миллати хешро ба даст гирифта тавонанд. Созишномаи истиқрори сулҳ барои аҳли ҷомеа як дарси ибрат аст. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки хотираи қавӣ дошта бошему он рӯзҳои сангини гузашта ва ҷонбозиҳои падарону ҳамкешони худро фаромӯш насозем ва ваҳдати миллиро поянда нигоҳ дорем. Ин арзиши миллӣ ва неъмати бебаҳоро барои наслҳои оянда мерос гузорем. Дар замони раванди ҷаҳонишавӣ дар фаҳмиши ҷавонон табаддулоти фикрию зеҳниро ба вуҷуд меорад, ки
Сангин ГУЛОВ, Бахтиёр ҚУТБИДДИНОВ, муаллимони факултети журналистикаи ДМТ
он ҳаргиз наметавонад барои ҳифзи шарафу муқаддасоти миллӣ дар ҷомеаи солим халал ворид созад. Чун ҷомеаи мо низ дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ қарор дорад, пайравии ҷавонон ба ҳар гуна мафкураҳои носолим барои амну суботи мамлакат нигаронкунанда аст. Аслан илму маърифат қуфлкушои ҳама дарҳост ва инсон дар натиҷаи омӯзиши пайваста ба камолоти ақлу хирад мерасад ва дари худшиносиро барояш боз менамояд. Дар ҷаҳони кунунии пуртазод ҳар фарди худогоҳ барои устувории мавқеи хеш мекӯшад, то ки боэътибор ва донишу малака бошад, бо мавқеи иҷтимоӣ онро собит намояд. Имрӯзҳо ба гурӯҳҳои ифратгаро ва террористӣ пайвастани бархе аз ҷавонон барои аҳли ҷомеа ташвишовар буда, боиси нанг аст. Аз рӯи таҳлил ва мушоҳидаҳо дар он мамолике, ки пояи ваҳдати миллӣ суст аст, даргириҳо ва задухӯрдҳои хунин авҷ гирифта, мардум саргардону гуреза гаштаанд. Шоҳини ШАМСИДДИН, ёрдамчии прокурори ноҳияи Сино
www.javonon.tj
буси наҷиб баҳои сазовор дода иброз намуд, ки шумо, намояндагони шаҳру ноҳияҳо тавонистед, ки ба ҳам муттаҳид шуда, асари ягонаи бузурге офаред, ки номаш Ваҳдати миллӣ ва ягонагии Ватан аст. Маълум аст, ки зуҳуроти номатлуби рахнасозандаи ваҳдати миллӣ маҳалгароист ва ҷои пинҳон нест, ки дар ҷомеаи мо то ҳол ин зуҳуроти номатлуб каму беш зоҳир мегардад. Барои муҳит ва халқи мо, ки ин қадар азобу шиканҷаи таърих дидааст ва аз маҳалгароӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шудааст, чунин амали номатлуб аслан бояд бегона бошад. Мо таҳкими ваҳдати миллиро аз ваҳдати оилаи худ оғоз карда, то ба маҳаллаву ҷомеа онро талқин кунем, ки якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ аслан аз оила маншаъ гирифта, сипас дар ҷомеа рушд меёбад.
нисор намоям. Ӯ ин ваъдаи худро амалӣ намуд. Ба миёни обу оташ рафт, чандин бор ба пояш оташ ангехтанд ва аз баҳри худ, ки гузашта буд, аз чизе натарсид. Ҳама зинаҳоро бо ҷасорат паси сар намуд ва ба ҳадафҳои накӯву хайраш муваффақ гашт. Андешае дар қонунҳои сиёсатсозиҳо матраҳ аст, ки «зӯру тавон омили аслии ҳокимиятро дар даст доштан аст». Аммо аз ин шева болотар маҳбубият аст, ки вақте як нафар эътимоди як халқро сазовор мешавад. Дар таърих шахсиятҳое буданд, ки яроқу артиши тавоно ва захоири бузурги иқтисодиро дар ихтиёр доштанд. Бо ин ҳама натавонистанд, ки пойдории ҳокимияташонро таъмин намоянд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳое зимоми ҳокимиятро ба даст гирифт, ки на артиши комил вуҷуд дошту на имконияти иқтисодӣ, ки ба он такя намояд. Низом фалаҷ буду ба нестӣ расида буд. Ӯ бо дили поку нияти нек оташи ҷангро хомӯш намуда, миллатро ба ҳам овард. Душманони дохиливу аҷнабӣ тибқи сенарияҳо бояд ҳама чизро ба коми нестӣ мебурданд ва Тоҷикистонро ба Афғонистони дуюм табдил медоданд. Ҳамин ҷо қиёси дигар барои мо Афғонистони ҳамсояи ҷангзада аст. Халқи мазлуми Афғонистон дар ягон давру замон гунаҳкор нест ва ҷангу мухолифати дар ин
валин Президенти Тоҷикистон ва чун як сиёсатмадори бузург ҳамагӣ як сол пеш аз марги худ дар яке аз маҳфилҳо иброз дошта буд, ки агар ҳамин ҷараёни сулҳу созандагӣ халалдор нагардаду идома ёбад, як-ду даҳсола баъд Тоҷикистони моро дар роҳи пешрафту тараққиёт шинохта намешавад. Ин таъбир умеди беканори ҳар як оилаи тоҷик аст. Татбиқи ғояҳои миллии мо дар дарки амиқи ҳамин сулҳу салоҳест, ки онро як нафар чун кафил бар дӯш дорад. Миллати тоҷик пешвои худро чун як шахсияти маҳбуби дилҳо эътироф менамояд. Ин миллат ҳанӯз ба ӯ ниёзмандиҳои зиёд дорад. Бахусус, дар чунин як шароити ҳассоси тираи сиёсатҳои ҷаҳонӣ, ки миллату халқиятҳои алоҳида ба осонӣ ҳама чизро аз даст дода истодаанд. Ғафлатҳо кишварҳоро ба нобудӣ бурда истодаанд, ки дар ин қисматҳои сохта аксаран роҳнамоёни бидуни масъулияти ин кишварҳо муҷриманд. Чӣ суд аз фирефташавиҳои бепоя, ки худ бо дасти худ мулки худро оташ мезананд... Аммо пешвои садоқатманди тоҷикон сулҳи тоҷиконро бо масъулияти том ҳифз намудааст ва менамояд. Андешаҳои пасипардагӣ дар бобати имону эътиқод нисбат ба Пешвои сарсупурда бесуботу бепоя аст. Ӯ садду монеаи ягон дину эътиқод нест, балки ӯ садди устуворест, ки намехоҳад ба мазҳабу дину эътиқоди аҷдодии ӯ халал ворид шавад ва дар зери сояҳо бори дигар ҳастии миллати тоҷик бо хатар мувоҷеҳ гардад. Ӯ фарди мусалмонест, ки ҳар кадом кору икдомаш бо «бисмиллоҳ…» оғоз меёбад ва аз баракати он «бисмиллоҳ» кори нотамом надорад. Акнун аз мо - ҳар як фарзанди миллати тоҷик танҳо як рисолат тақозо мешавад, ки эҳтирому ҳифзи ин ваҳдату сулҳи гаронарзиш аст. Он чи аз Эмомалӣ Раҳмон барои сохтани як фазо вобаста буд, барои мо муҳайёст. Бояд мо ҳамагӣ дар таҳкими ин фазову ин бино, ки сулҳу ваҳдат ном дорад, мусоидат намоем. Дӯстиву рафоқату бародарии мо, ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми қавмиву диниву мазҳабии мо ва меҳнати софдилонаву дилсӯзона садоқати мо нисбат ба пешвои миллату бақои ояндаи миллат аст. Миллати тоҷик ҷонибдори сулҳу ваҳдат аст ва ин сулҳу ваҳдатро як нафар кафил буда метавонад, ки ӯ Пешвои ин миллат аст.
е-mail: javonontj@mail.ru
Ба гӯшаҳои гуногуни кишвар сафар менамоем. Суғду Рашт, Хатлону Бадахшон ва соири шаҳру навоҳии кишвар ҳамагӣ хонаи озоду оростаи мост. Аз чизе бим надорем. Роҳҳои ҳамвору кӯтоҳшудаи камхатар, деҳоту қасабаҳои обод ва мардуми дар пайи меҳнату зиндагӣ машғулро мебинему дар дил шукронаи ҳастии худ менамоем. Таровате, накҳате ва қаноатмандие дар вуҷуди худ эҳсос менамоем. Хотири ҷамъу осуда аҷаб неъмати бебаҳоест. Чун ба маҳзари маҷмуи ин ҳама неъматҳо менигарем, саволе аз мо посух меҷӯяд, ки муҷиби ин ҷараёни босуботро сабаб чист? Ҷавоби кӯтоҳе дари андешаҳоро мекӯбад: Ин ҳама файзу баракат аз сулҳу ваҳдат аст.
7
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
8
27 ИЮН - РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №25 (9451), 23 июни соли 2016
Имсол аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 19 сол пур мешавад. Ин санаи фархунда 27 июн дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Бинобар ин, тамоми мардуми вилоят имрӯзҳо дар тараддуд ва кӯшиши он ҳастанд, ки Рӯзи Ваҳдати миллиро дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронанд. Раиси вилоят Шодихони Ҷамшед дар ҳузури хабарнигорон аз ин сана ба унвони падидаи нодир ва рукни муҳими давлатдории миллӣ ёдовар шуда, афзуд, ки: “мардуми Бадахшон имрӯзҳо бо илҳоми тоза пайи созандагиву бунёдкорӣ ҳастанд. Мақсади асосии мардуми вилоят дар соли равон истиқболи сазовори Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар аст. Мо ин санаҳои фархундаро бо армуғонҳои фархунда пешвоз мегирем”.
дод ва ҳамдигарро намешинохтем”. Ба иттилои раиси шаҳр пас аз ба даст овардани истиқлолият ва хусусан баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ дар соли 1997 симои шаҳри Хоруғ оҳиста-оҳиста дигаргун гардида, имрӯз аз 10 соли пеш ба куллӣ фарқ дошта, созандагиву бунёдкорӣ бо суръат пеш меравад. Тавре Қиматгул Алибердиева афзуд, айни ҳол дар вилоят сохтмони беш аз 50 иншооти таъиноташон гуногун бо маром идома дошта, аксари онҳо дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ва боқимонда дар рӯзҳои пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ифтитоҳ меёбад. “Мо талош дорем, ҷиҳати бунёди иншооти таъиноти истеҳсоливу маърифатӣ, маорифу тандурустӣ ва фарҳангиву
Ба муносибати таҷлил шудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон тайи ду моҳи ахир беш аз 15 гуруҳ аз шаҳру навоҳии кишвар ва самту соҳаҳои гуногун бо армуғонҳои идона ба ин вилоят сафар намуда, ҳамзамон бо зисту зиндагии мардум аз наздик ошно шуданд. Чанде пеш як гурӯҳи калони рӯзноманигорони кишвар низ ҷиҳати баргузории як конфронси ҷумҳуривӣ дар мавзӯи “Нақши воситаҳои ахбори омма дар ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва таҳкими он” ба ин вилоят сафар доштанд. Рӯзноманигирон дар баробари ширкат дар конфронс ба шаҳру навоҳии ВМКБ сафар намуда, бо зиндагиву машғулияти мардуми вилоят аз наздик шинос шуданд.
варзишӣ аз маблағгузории давлатӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва сармояҳои хориҷӣ васеъ истифода барем. Мо - мардуми шаҳру вилоят омадани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизорем”. Ба истиқболи ҷашнҳои фархунда танҳо дар шаҳри Хоруғ қариб 10 иншоот ба истифода дода мешавад, ки иншооти варзишӣ, хати обгузари Боневдара-Хоруғ, меҳмонхонаи панҷошёна, бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, сехи коркарди
БЕШ АЗ 50 ИНШООТИ ҶАШНӢ Раиси шаҳри Хоруғ Қиматгул Алибердиева ҳангоми дидор бо хабарнигорон изҳор намуд, ки “ҳар як вохӯриву дидор сабаб дорад ва сабаби дидору мулоқоти мо Ваҳдати миллӣ ва омодагӣ ба таҷлили ботантанаи 19-умин солгарди он дар ВМКБ мебошад. Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамойиву сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ аст. Агар Ваҳдат намешуд, шояд чунин шароит бароямон даст наме-
картошка (чипс), бинои сеошёнаи Ассотсиатсияи фарҳангӣэкологии саёҳии вилоят аз ҷумлаи онҳо мебошад. Хоруғ ҳамчун шаҳр соли 1932 ташкил шудааст. Масоҳати умумии он 19,4 км мураббаъ буда, дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст ва аҳолиаш 29 ҳазор нафаррор ташкил медиҳад. Иртиботи ин вилоят бо пойтахти кишвар шаҳри Душанбе тавассути ағбаи Хубурубот (527 км) ва роҳи Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе (640 км) ба роҳ монда шудааст. Мардуми ВМКБ асосан ба соҳибкорӣ, сохтмон, чорводорӣ, боғдорӣ ва ҳунармандӣ машғул аст. Дар маркази маъмурии вилоят - шаҳри Хоруғ варзишгоҳи 6000-нафараи замонавӣ ва фурудгоҳ мавҷуд аст. Раиси шаҳр Қиматгул Алибердиева мегӯяд, “барои мо аз
Қиматгул АЛИБЕРДИЕВА:
Омадани Пешвои миллатро
ҳама муҳимаш тинҷиву оромӣ бошад. Дар он сурат созандагиву бунёдкорӣ ба маҷрои мусоиди худ ворид мешавад”. КАЛОНТАРИН ДОНИШГОҲ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ Дар вилоят калонтарин муассисаи илмӣ - Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, ки сохтмонаш идома дорад. Он бо ибтикори Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 87 гектар сохта мешавад, ки пас аз бунёд дар Осиёи
Марказӣ калонтарин донишгоҳ маҳсуб мешавад. Дар ин ҷо сохтмони хобгоҳу озмоишгоҳ, биноҳои таълимӣ ва дигар иншооти ёрирасони ба талаботи байналмилаӣ ҷавобгӯ низ ҷараён дорад. Таълим низ тибқи стандарҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳоло дар донишгоҳ 40 ширкати ватаниву хориҷӣ машғули кор аст. Бузургтарин китобхона бо дарёфти шакли электронии китобҳои нодир аз китобхонаҳои сернуфузи чаҳон дар ин донишгоҳ таъсис дода мешавад. Дар марҳилаи аввал ба донишгоҳи мазкур 125 донишҷӯ ва баъдан шумораи зиёди довталабон қабул карда мешавад. Нархи шартномаи солона айни ҳол барои як донишҷӯ 8 ҳазор доллари амрикоӣ гуфта шудааст. Имтиёз дода мешавад, ки барои донишҷӯёни фаъол дар давоми таҳсил қисме аз ин маблағ бахшида мешавад. Ҳамчунин донишҷӯён имкон доранд, ки қисме аз маблағи шартномаро пас аз хатми донишгоҳ дар он ҷо кор карда, тавассути як ҷузъи маоши худ пардохт намоянд. Дар ин донишгоҳ довталабон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Покистон имкони донишҷӯ шудан доранд. Сохтмони донишгоҳ тибқи нақша
соли 2018 ба анҷом мерасад. ШАҲРАКИ НАВ БАРОИ 15 000 ХОНАВОДА Ин шаҳраки Тем аст, ки дар соҳили Панҷруд воқеъ мебошад. Пас аз бунёд ёфтан 15 ҳазор хонавода соҳиби манзили зист мешаванд. Тавре иттилоъ дода шуд, имрӯз беш аз 11 000 оила аз шаҳри Хоруғ ба манзили зист эҳтиёҷ доранд. Сохтмони шаҳраки Тем марҳила ба марҳила то соли 2020 ба анҷом мерасад. Аллакай сохтмони иншооти инфрасохтории он оғоз шуда, бомаром идома дорад. Тавре масъулин иттилоъ доданд, пас аз ба охир расидани сохтумон дар навбати аввал ҷавонон соҳиби манзил мешаванд. Ҳамзамон бо мақсади бо кор таъмин кардани ҷавонон дар ин шаҳрак сохтмони сеху корхонаҳои истеҳсолӣ оғоз шудаанд. Сехи истеҳсоли картошкабирён (чипс) дар ҳамин ҷо воқеъ аст. Шаҳраки Тем дар паҳлӯи бозори наздисарҳадӣ бо Афғонистон воқеъ мебошад. Бозор фаъол аст ва мардуми ҳар ду тарафи марз бе ягон мушкилӣ машғули тиҷорат ҳастанд. Мутахассисони вилоят тавассути пули болои дарёи Панҷ ба он тараф гузашта, ба корҳои табобату таълим
27 ИЮН - РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №25 (9451), 23 июни соли 2016
Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа ба бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори лоиҳавии 10 мегаватт асос гузошта шудааст. Барои таъмини соҳаи илму маориф, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят зиёда аз 52 миллион сомонӣ ва таъмиру нигаҳдории роҳҳо 30 миллион сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо барои сохтмони иншооти гуногун дар ҳудуди вилоят 208 миллион сомонӣ ва дар давоми чор соли охир аз ҳисоби буҷети давлат барои рушди соҳаи тандурустӣ 142 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ сехи коркарди ангат бо харҷи 167 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби гранти Ҳукумати ҷумҳурӣ барои занони соҳибкори Вилояти Мухтори
ВМКБ куллан зебо ва намуди нав гирифт. Маркази ноҳияи Дарвоз - шаҳраки Қалъаи Хумб бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва супоришҳои пайвастаи Пешвои миллат рушд ёфт. Дар ноҳия аз ҳисоби маблағҳои давлат нерӯгоҳи барқи обии «Ширг-1» ва «Ширг2», бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ корхонаҳои саноатӣ, ба монанди корхонаи коркарди санги «Карона-мармар», коргоҳи замонавии «КаронаГавҳарнигор», Маркази омӯзиши ҳунар, Кохи бонувон бо номи «Меҳри модар» барои 500 нафар бунёд шуд. Имсол дар ноҳияи Дарвоз бинои филиали бонки Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Тоҷиксодиротбонк», шуъбаи маориф, меҳмонхонаи «Карон Палас» кушода шуданд. Дар ноҳия Рӯшон санги асоси бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оғоз ёфт, ки арзиши лоиҳавии сохтмон 8 миллион сомонӣ мебошад. Ҳамчунин Қасри фарҳанги ноҳия бо 460 ҷои нишаст мавриди баҳрабардорӣ
кӯтоҳ ба шаҳри Душанбе ва берун аз кишвар бе ягон мамониат сафар кунанд. Бояд гуфт, ки барои фаъолияти соҳаи энергетикаи вилоят ду даҳсолаи охир ба андозаи 320 миллион сомонӣ маблағ сарф шуда, иқтидори энергетикии вилоят ба 31,2 мегаватт ва тавоноии умумии нерӯгоҳҳо ба 432 мегаватт расидааст. Ҷиҳати суръат бахшидан ба рушди ин соҳа бо иштироки Сарвари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ
Кӯҳистони Бадахшон бунёд шудааст. Дар деҳаи Вишхарваки ҷамоати Рованди ноҳияи Ванҷ ҳамчунин маҷмааи турустию истеҳсолии «Ванҷи Боло» бо харҷи беш аз 1 миллиону 750 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, ки дар он ошхона, толори конфронс бо 30 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 20 ҷойи хоб ва 1 истироҳатгоҳ мавҷуд аст. Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз симои шаҳру ноҳияҳои
қарор гирифтааст.
“ПОМИР ЭНЕРҶӢ” – БАРҚИ НОМАҲДУД Агар дар дигар шаҳру навоҳии кишвар ҳудуди 4-5 моҳ ба мардум тариқи лимит нерӯи барқ дода шавад, мардуми ВМКБ аз ин лиҳоз ягон мушкилӣ надоранд. Тавре масъули ширкати “Помир энерҷӣ” дар суҳбат изҳор дошт, нархи қувваи барқ барои аҳолӣ 2,7 сенти амрикоиро ташкил медиҳад. Аммо мардум тамоми фасли сол, шабу рӯз бо нерӯи барқ таъмин ҳастанд. Балки дар фасли тобистон ба деҳоти назлдисарҳадии Афғонистон ҳам ин ширкат барқ медиҳад”. Мо дидем, ки аллакай симчӯбҳои чӯбини куҳнашуда бо оҳанин иваз карда шудааст.
Президент қабул карда мешаванд.Тавре ректори донишгоҳ изҳор намуд, имрӯз ин муассиса бо тамоми шароити замонавӣ таъмин буда, имкониятҳои васеи илмиву таълимӣ дорад. ЧАШМАИ ҲАКИМ НОСИРИ ХУСРАВ Корвони рӯзноманигорон, зимни сафари худ Чашмаи Ҳаким Носири Хусравро тамошо карданд. Ҳар сайёҳу тамошогаре, ки ба ин вилоят омада, ин чашмаро нодида равад, гуё аз манзараҳои ин макон бебаҳра мондааст. Чунки ин макон яке мавзеъҳои зеботарини шаҳри Хоруғ ба шумор меравад. Аз ин макон тамоми шаҳр ба хуби намоён аст. Оби чашма мусаффо ва лазиз буда, дармонбахши ҳазору як дард аст. Ҳамчунин, корвони рӯзноманигрон аз Осорхонаи ин абармарди миллат, ки дар шафати чашма ҷойгир аст, дидан намуданд. Осорхона пур аз китоб, аз ҷумла асарҳои мутаффакир, осори тадқиқотӣ, ёдгориву нақшу нигор роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти ӯст, ки хеле диданӣ буд. Тавре иттилоъ дода шуд, тамоми осори Ҳаким Носири Хусрав аз ҷониби Академияи илмҳои кишвар ба пуррагӣ кашф, таҳқиқ ва бо хати кириллӣ ба нашр расидааст. Вақте мо ин ҷо будем, ҳаво офтобиву боронӣ буд, ки ин манзара бамаротиб назаррабо ба чашм мерасид. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА БАДАХШОН Дар давоми солҳои истиқлолият ба рушди самтҳои гуногуни вилоят зиёда аз 6 миллиард сомонӣ равона шуда, дар маҷмуъ дар давоми ду даҳсолаи охир дар ҳудуди вилоят 25 лоиҳаи давлатии
ВОХУРӢ БО РАИСИ ВИЛОЯТ ШОДИХОНИ ҶАМШЕД Тоҷикистон бо Афғонистон 900 км. марзи муштарак дорад, ки онро дарёи Панҷ аз ҳам ҷудо мекунад. Дар даврони истиқлолият, бахусус пас аз соҳиб гаштан ба Ваҳдати миллӣ дар болои дарё 6 пул сохта шуд, ки барои беҳтар шудани равобит ва зиндагии сокинони ҳар ду ҷониби соҳили дарё мусоидат мекунад. Раиси вилоят Шодихони Ҷамшед дар вохурӣ бо рӯзноманигорон аз Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба унвони ду ҷашни аз ҳама пурарзиш ёдовар шуда, иброз дошт, ки агар яке моро соҳибистиқлолу соҳибдавлат гардонда бошад, дуюмӣ давлату миллати моро аз парокандагӣ эмин доштааст. Барои ҳамин, ҳифзу таҳкими ин ду падида дар назди виҷдони мо қарзу шараф аст. Шодихони Ҷамшед дар анҷоми суҳбати худ афзуд, ки “мардуми афғон ва худи тоҷикон аз муқоисаи ду тарафи Панҷруд дида истодаанд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо чӣ армуғонҳоеро ҳадя оварда истодааст”. “Ҷавонони Тоҷикистон”
www.javonon.tj
ДДХ Донишгоҳи давлатии Хоруғ соли 1992 таъсис шудааст. Ҳоло дар он 5300 донишҷӯ аз рӯи 35 ихтисос дарс мехонанд. Дар ин муассиса 8 факултет ва 20 кафедра амал мекунад. Ба шогирдон 12 доктор ва 55 номзади илм таълим медиҳанд. Дар ин ҷо аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар донишҷӯён таҳсил доранд. Ҳар сол дар ин донишгоҳ ҳудуди 50 нафар тариқи квотаи
е-mail: javonontj@mail.ru
сармоягузорӣ бо маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор гирифта, бо маблағи умумии 800 миллион сомонӣ 1200 иншооти гуногун бунёд гардиданд. Танҳо барои сохтмони роҳҳои вилоят 5 лоиҳа бо маблағи зиёда аз 600 миллион сомонӣ татбиқ шудааст. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз болои дарёи Ванҷоб дар роҳи машингарди Душанбе-КӯлобХоруғ соли 2015 бо маблағи 27 миллион сомонӣ пули мошингузар бо иқтидори борбардории 100 тонна ва дарозии 146 метр бунёд шудааст. Шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаи Хумб-ХоруғКулма аз ҷумлаи онҳо буда, яке аз шоҳкориҳои азими даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб мешавад. Сохтмони ин роҳ ба афзоиши ҳаҷми тиҷорати давлат бо кишварҳои дуру наздик мусоидат намуда, сокинони вилоят дар ҳама фасл имкон доранд, ки дар муддати
бесаброна интизорем машғул мешаванд ва бар ивази корашон соҳиби маош мегарданд. Аҳамияти ин рафтуомад, бунёди бозори наздисарҳадӣ ва пули мошингузар дар он аст, ки мардуми ҳамсоякишвар дар ҳама фасли сол ба тамоми намуди хизматрасонии нисбатан арзон таъминанд ва сокинони Тоҷикистон низ дар он тарафи марз ҳам ҷойи кор меёбанд. Имрӯз танҳо барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар марзи шаҳраки Тем бо дарёи Панҷ беш аз 11 млн. сомонӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷудо шудааст.
9
10
СОҲИБКАСБ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №25 (9451), 23 июни соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
МАСЛИҲАТИ “ҶАВОНОН...”
Аз ифтор то субҳ 2 литр об истеъмол намоед Ҳунар сарчашмаи саодатмандист
www.javonon.tj
Яке аз ҳунарҳое, ки аз замонҳои дур то имрӯз аз насл ба насл гузашта омадааст, табақтарошӣ мебошад. Офаридани табақҳои гуногун кори осон набуда, басо мушкил асту заҳматталаб. Вале бо вуҷуди ин нафароне ҳастанд, ки бо муҳаббати зиёд пойбанди ин ҷодаанд. Барои баъзе машғул шудан ба ин ҳунар шояд на он қадар писанд бошад, аммо барои баъзе дигар басо хушоянду фараҳбахш аст. Табақҳо аз ҷиҳати сохту андоза гуногун буда, калону хурд, паҳн ё чуқур мешаванд. Масолеҳи он чӯб, сафол, чинӣ, филизот ва баъзан мармар мебошанд. Бозёфтҳои бостоншиносон собит менамоянд, ки анвои гуногуни табақ (хусусан табақи чӯбӣ ва сафолӣ) ҳанӯз аз замонҳои қадим маъмул будаанд. Ҳунари табақтарошӣ танҳо ба табақи чӯбин тааллуқ дорад. Имрӯз ба ин ҳунар ҷавонон ҳам машғуланд, ки Аҳмад Исматов яке аз онҳост. Аҳмад равонаи ин роҳ асту бо тамоми нерӯ баҳри инкишофи ҳунари худ машғул. Умуман, ӯ интизор надошт, ки табақтарош мешаваду навъҳои гуногуни онро чун мусавваре меофарад. Аммо ишқи ҳунар ки дар ботинаш маҳфуз буд, ӯро барои комёб гардидан дар ин роҳи сеҳрангез мисли нури хуршед равшанӣ бахшид, то тавониста бошад як қадам ба пеш гузорад. - Сохтани табақҳои гуногун аз масолеҳи чӯбин кори осон нест. Аз ин ки аз чӯб чизе сохта бошед, пеш аз ҳама наққош будан зарур аст. Зеро дар ибтидо шаклу андозаро бояд донист, баъд ба офаридани табақ машғул шудан лозим меояд, мегӯяд Аҳмад Исматов. Мусаллам аст, ки дар ибтидои омӯхтани дилхоҳ ҳунар душвориҳо ҷой дорад, ки ин чизро ҳамсуҳбати мо низ таъкид дошт. Вале ба гуфти ӯ то кадом андоза ва дар кадом муддат аз бар намудани пешаи
мавриди назар танҳо ва танҳо ба худи шахс вобаста аст. Агар барои омӯхтан ва ё аз худ сохтани ҳунар ва ё пешае шавқи зиёд набошад, ҳеҷ гоҳ калиди хушбахтиҳо ба даст намеояд. Ҳавасро низ баъзан ибтидои расидан ба ҳадаф меҳисобанд, вале пас аз ҳавас намудан дар паси он меҳр, муҳаббат ва хоҳиши амиқ набошад, наметавон то ба ҷое расид. - Дар шароити кунунӣ табақи чӯбӣ дар бисёре аз минтақаҳои ҷумҳурӣ то ба ҳол маъмул буда, ҳаҷму андоза ва шакли гуногун дорад. Онро дар дастгоҳҳои махсус ё бо даст метарошанд. Табақҳоро аз анвои гуногуни чӯб (чӯби бед, чормағз, тут, зардолу ва ғайра) метарошанд. Ҳоло коргоҳҳои махсус табақҳои сафолӣ, чинӣ, филизӣ истеҳсол мекунанд. Онро бо нақшҳои каҷак, гули бодом, товус, чашми булбул зеб дода, ба рӯяш сир медавонанд. Аммо табақи чӯбин танҳо бо заҳмати дасти инсони ҳунарманд пайдо мегардад, - иброз дошт ҳамсуҳбати мо. Имрӯз ба куҷое ва ба кадом минтақае ки равем, ҳатман бо табақҳои чӯбин рӯ ба рӯ мешавем. Гарчанде техникаву технологияҳои замонавӣ ба майдон омадаасту офаридани чунин зарфҳоро осонтар гардондааст, вале нафарони алоҳида бо ишқи тамом баҳри аз байн нарафтани ин ҳунари мардумӣ ҷаҳду талош доранд, то он боз ҳам сайқал ёбаду ба
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ наслҳои оянда ба мерос гузошта шавад. - Солҳои пеш аз табақҳои калон дар тӯю маъракаҳо истифода мешуд. Имрӯз ҷойи онро табақҳои чинию сафолӣ гирифтааст. Ҳоло дар баробари табақҳои калон барои бачаҳо табақчаҳои хурдакак низ метарошанд. Барои истифодаи ҳаррӯза дар рӯзгор табақҳову косаҳои гуногун лозим мешаванд. Дар бештари хонаҳои мо дар табақҳо бештар таомҳои миллӣ истеъмол мекунанд. Ба монанди шакароб, қурутоб, шӯрбо. Вақте аз онҳо пурсида мешавад, ки чаро дар ин гуна табақ хӯрок истеъмол менамоед, дар посух мегӯянд, ки таом дар он болаззаттар мешавад,гуфт дар идомаи суҳбат Аҳмад. Ба таъкиди ӯ барои хӯрдани оши палав ё ягон кабоб, ки якҷоя бо хӯриши сабзавот истеъмол мешавад, табақҳои махсуси дуқабата месозанд. Дар поин, ки васеъ аст, таомро ва дар боло, ки майда аст хӯришро мегузоранд. Дар истифода чунин табақҳо хеле қулай аст. Аз ҷиҳати иқтисодӣ истифодаи табақҳои чӯбин ба манфиат мебошад, чунки он намешиканад. Аҳмад дукони махсус дорад, ки тамоми маҳсули дастони сеҳрангези хешро барои ҳаводорони ҳунари мазкур дар он ҷой додааст. Ҳар нафари хоҳишманд метавонад мувофиқи табъу завқ табақи мақбули худро харидорӣ намояд. Ана, ҳамин истеъдоди ҳунармандиаш аст, ки имрӯз соҳиби обрӯю эътибори хоса буда, дар баробари ин ба нафарони шавқманд нозукиҳои пешаашро фаҳмонида, баҳри соҳибҳунар гардидани онҳо тавсияҳо низ додааст. Ӯ бо маҳорати хеш ба кашфи навгониҳои беҳтару беҳтар машғул аст, ки албатта дар ин ҷода боз ҳам муваффақ хоҳад шуд.
Дар фасли тобистон ва илова бар ин дар моҳи шарифи Рамазон талаботи организм ба об бамаротиб зиёд мешавад. Аммо истеъмоли об низ меъёрҳои худро дорад. Дар таркиби хуни инсон 83%, устухон – 22, мушакҳо – 76 ва майнаи сар 85 дарсад об мавҷуд аст. Қариб тамоми фаъолияти организми одам ба об вобастагӣ дорад. Инсон танҳо барои нафас кашидан дар як рӯз қариб 1,5 литр обро сарф мекунад. Об тамоми минералҳо, сафедаҳо, оҳар ва дигар компонентҳоро ҳал намуда, сипас онро ба таркиби хун дар тамоми организм тақсим мекунад. Об ҳуҷайраҳоро аз ифлосиҳо тоза намуда, моддаҳои заҳрнокро аз организми инсон берун мекунад. Шарбатҳо, нӯшокиҳои газдор, чой ва қаҳва оби муқаррариро иваз намекунанд ва организмро бо моеъ таъмин карда наметавонанд. Ин аст, ки аз нӯшидани чунин нӯшокиҳо ташнагӣ намешиканад, балки талабот ба об боз бештар мегардад. Агар организми инсон мунтазам норасоии обро дар организм эҳсос намояд, ин барои кори баъзе узвҳои муҳими организм мушкил пеш меорад. Пеш аз ҳама кори гурдаҳо, сипас кори шушҳо номуътадил мегардад. Аз норасоии об равғани бадан дуруст таҷзия намешавад, ки ин ба фарбеҳшавӣ оварда мерасонад. Дар давраи Рамазон баъзе одамон аз дарди сар шикоят мекунанд. Дарди сар аз нахустин аломатҳои норасоии об дар организми инсон аст. Тавре гуфтем, майнаи сари одам аз 85 фоиз об таркиб ёфтааст ва вақте одам обро кам истеъмол мекунад, майнаи сар онро аз ҳама сарчашмаҳо, аз ҷумла аз рӯдаву меъда низ ҷабида мегирад, ки ин аксар вақт боиси қабзият ва заҳролудшавии организм мегардад. Ҳангоми кам шудани моеъ дар бадан қобилияти инсон барои берун кардани моддаҳои заҳрдор тавассути роҳҳои пешоббарор суст мешавад. Аз ин рӯ, организм ин моддаҳои заҳрнокро тавассути пӯст берун мебарорад, ки бар асари ин дар пӯсти рӯй ва бадан гармича (рихинак) пайдо мешавад. Як нафари дорои вазни 65 кило бояд аз давраи ифтор то субҳ ду литр об истеъмол намояд. Ин миқдори камтарини об барои кори муътадили организм маҳсуб меёбад ва обро набояд бо як нафас нӯшид, чунки меъдаро аз об пур кардану барои ғизову нафаскашӣ ҷой нагузоштан низ беинсофӣ ва ҷабр кардан ба саломатӣ аст. Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
МАВҚЕИ “ҶАВОНОН...”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №25 (9451), 23 июни соли 2016
Марҳалаи якум аз моҳи марти соли 1992 бо қабули Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» оғоз гардида, то баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ идома меёбад. Қабули қонуни мазкур саҳифаи навро дар инкишофи ҳаракати ҷавонон боз намуд. Ташаккул ва муайянсозии роҳу равиши минбаъдаи сиёсати давлатии ҷавонон баъди Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олӣ сурат гирифт. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 феврали соли 1993 бо ҷавонон мулоқот намуд, 4 сентябри соли 1993 дар ҷамъомади Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонон, 17 марти соли 1994 дар анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ширкат варзида, ҷавононро вазифадор кард, ки манфиати халқу давлатро нисбат ба ҳадафҳои рӯзмарраи гурӯҳҳо, ҳизбҳо ва созмонҳои алоҳида болотар гузоранд ва чун як тан барои ягонагии Тоҷикистон, осоиш ва некӯаҳволии халқ саъю талош намоянд. Воқеаи фаромӯшнашавандаи таърихии ҳаракати сиёсии ҷавонон мулоқоти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 1997 буд. Ин мулоқот ба даврае рост омад, ки раванди расидан ба оштии миллӣ ба фарҷоми мантиқии худ расида буд. Ҷараёни нобоварию мухолифат бар марҳилаи ҳамкорӣ дар роҳи бунёди давлати демократии Тоҷикистон табдил ёфт. Бо мақсади амалӣ гардонидани Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» Президенти кишвар 23 майи соли 1997 Фармон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон»-ро имзо намуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ 27 майи соли 1997 дар бораи таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати
гардид: «Вобаста ба тақозои замон, - қайд намуда буд Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, - Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав қабул гардид, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҷавонон заминаи боэътимод фароҳам овардааст…» 23-юми майи соли 2013 мулоқоти навбатии Президенти мамлакат бо ҷавонони кишвар доир гардид, ки ҳамчун идомаи марҳалаи амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои татбиқи «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ
Шӯро - стратегияи нави сиёсати давлатии ҷавонон Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард. Ҳамчунин дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат шуъбаи сиёсати ҷавонон ба фаъолият шуруъ кард. Таъсис ёфтани Кумитаи кор бо ҷавонон дар ҳалли масоили сиёсати давлатии ҷавонон оғоз гардидани марҳилаи нав буд. Марҳалаи дуюми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ то қабули Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири навро (2004) дарбар мегирад. Бо имзошавии Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳилаи муҳими тақдир¬соз шуруъ шуд ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти сохторҳои давлатӣ баҳри татбиқи сулҳ, ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани обрӯи байналхалқии кишварамон кӯшишҳои арзандаю назаррас ба харҷ доданд. Самти дигари сиёсати ҷавонон дастгирии соҳибистеъдодҳои ҷавон мебошад, ки 26 феврали соли 1998 Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо», 20 марти соли
1998 «Дар бораи таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд» ба тасвиб расид. 16 майи соли 1998 мулоқоти Сарвари давлат бо ҷаво¬нони лаёқатманд баргузор гардида, рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» баъди танаффуси тӯлонӣ ба фаъолият оғоз намуд. Омили муҳими марҳилаи мазкур ба корҳои роҳбарикунанда ва ба мандати вакилӣ пешбарӣ кардани ҷавонон буд. Дар ҳамин сол бо ташаббуси Президенти кишвар 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд. Марҳалаи сеюм аз қабули Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав (июли соли 2004) ибтидо гирифта, то таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат идома ёфтааст. Бо мақсади ба танзим даровардани муноси¬батҳои нави ҷамъиятӣ, такмили қонунгузории кишвар ва дар ин замина қувватгирии сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани фазои мусоидаткунандаи меъёрию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон зарурати ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосии ҷавонон ба миён омад. Бинобар ин 9 июни соли 2004 Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав қабул
Ҷавонон зидди ифротгароӣ Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34-и шаҳри Душанбе миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавзӯи “Ҷавонон бар зидди ифротгароӣ” озмуни иншои беҳтарин баргузор гардид.
ти истеъдодҳои ҷавон, рушди сифати таҳсилот, тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва ҳавасмандии моддию маънавии онҳо мебошад, - гуфт Сайалӣ Шаҳобов, мудири Бах-
ши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Номбурда афзуд, ки рисолати наврасону ҷавонон имрӯз пеш аз ҳама қабули арзишҳои миллӣ, муқовимат
дар маҷмуъ 840 миллион сомонӣ равона кардааст. Марҳалаи чорум аз таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (18 июли соли 2015) оғоз меёбад. Таъсиси Шӯро иқдоми навбатии мақоми олии сиёсии мамлакат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар оянда робитаи бевосита ва самарабахши ҷавононро бо роҳбарияти кишвар таъмин менамояд. Тағйиру иловаҳои ба Конститусияи мамлакат воридшуда (22 майи соли 2016) барои фаъолияти ҷавонон майдони боз ҳам фарох кушода, ҷиҳати иштирок дар идоракунии давлат ва интихоб ба мақоми роҳбарии шохаҳои ҳокимият заминаи мусоид фароҳам овард. Иштирок ва суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон (27 майи соли 2016) саҳифаи зарринро дар таърихи ҳаракати ҷавонони кишвар ибтидо гузошт. Дастуру супориш ва вазифагузориҳои Роҳбари давлат дар ҷаласа барномаи стратегии вазорату кумитаҳои дахлдор, наврасону ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳри амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон хоҳад шуд.
бо андешаҳои тундгаро ва терроризму экстремизм мебошад: “Онҳо бояд дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз созандагиву бунёдкорӣ тарбия ёбанд ва ҳамеша пайрави андешаҳои солиму солеҳ бошанд”. Сипас, Анзорат Нурова, директори МТМУ №34 доир ба сатҳи илмомӯзии наврасону ҷавонон ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки наврсону ҷавонон омӯзиши илмро вазифаи аввалиндараҷаи худ донанд ва фирефтаи андешаҳои хоми ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро нашванд. “Озмуни мазкур бори дигар ҳисси хештаншиносии наврасону ҷавононро дар дили онҳо бедор месозад. Дар замони бисёр мушкили вазъи ҷаҳон баргузории чунин озмунҳо ва ҳар гуна мулоқоту вохӯриҳо
Ваҳҳоб НАБИЕВ, профессор наврасону ҷавононро ба сӯи созандигӣ раҳсипор менамояд. Мо бояд нисбат ба тақдири наврасону ҷавонон бетараф набошем ва дар ҳама ҳолат онҳоро ба роҳи дурусту созанда ҳидоят намоем”, - афзуд директори мактаб. Баъд аз натиҷагирӣ ҷойи аввал насиби Саъдулло Юсуфов, хонандаи синфи 10-и гимназияи №53 гардид. Ҷойи дуюмро Меҳронаи Фахриддин, хонандаи синфи 10-и МТМУ №26 ва ҷойи сеюмро Зарнигори Алишер ва Нигора Боқиева, хонандагони синфи 10-и гимназияи №53 ишғол намуданд. Ба ғолибон ва 10 нафари дигар барои навиштани иншои беҳтарин “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои хотиравии Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи И.Сомонӣ супорида шуд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
www.javonon.tj
Онро баҳри баланд бардоштани ҳисси хештаншиносии ҷавонон, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонону наврасон, нагаравидани онҳо ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 гузаронд. - Ҳадаф аз баргузории озмун рушди фаъолияти эҷодии хонандагон, дарёф-
е-mail: javonontj@mail.ru
Дар бунёди давлати демократию дунявӣ мақоми ҷавонон бағоят бузург аст. Зеро ҷавонон ба сифати як нерӯи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Омӯзиш ва таҳлили татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон тақозо менамояд, ки онро ба чор марҳала ҷудо намоем.
11
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
12
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №25 (9451), 23 июни соли 2016
Шодихони НАЗАР Моҳру Ҳалимова шаш сол аст, ки барои парчами кишварро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парафшон кардан талош дорад. Вазнаш 73, қадаш 1 метру 90 сантиметр. Ягона фарзанди хонадон аст, ки ба варзиш машғул мебошад. Замони хурдӣ ҳамроҳи дугонааш ба тамрингоҳ рафта, варзишгардухтаронеро, ки карате-до машқ мекарданд тамошо мекард. Он тамошои якрӯза дар дили Моҳру ҳаваси варзишгар шуданро бедор намуд... Суҳбати мо бо Моҳру Ҳалимова дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе иттифоқ афтод. - Салом алейкум, Моҳру. Сафар ба хайр...? - Воалейкум ассалом. Насиб бошад, ба Корея меравам. - Ҳамроҳатон...? - Ҳа, шинос шавед, ин кас Чон Чон Фи, мураббии ман. - Саломат бошед, аз шиносоӣ шодам. - Ташаккур. - Солҳои охир Шуморо дар Тоҷикистон хеле кам мебинем. Мегуфтед, ки барои корҳои шахсӣ ба Корея сафар мекунед ё барои омода шудан ба мусобиқаҳо? - Соли дуюм аст, ки дар Донишгоҳи Корея таҳсил мекунам. Дар баробари таҳсил барои омода шудан ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ тамрин мекунам. Корея, ки асосгузори таэквандо ба ҳисоб меравад, ин намуди варзиш дар он ҷо рушд кардааст. Зинаҳои аввали тамринро дар Тоҷикистон гирифта, давоми ду соли таҳсил тавонистам, ки узви яккачини дастаи Донишгоҳи Корея гардам. Дар мусобиқаҳои дохили Корея аз номи донишгоҳ ҳунарнамоӣ мекунам ва дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бошад аз номи Тоҷикистон, ки барои омода шуданам ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ёрӣ мерасонад. Гуфтед, ки дар мусобиқаҳои дохили Корея аз донишгоҳ баромад мекунед. Рақобат миёни варзишгарони онҳо чӣ гуна аст, оё бароятон мушкил нест?
- Дар Корея аз намуди таэквандо миёни варзишгаронашон рақобат бисёр сахт аст. Зеро таваҷҷуҳи мардум ба ин намуди варзиш зиёд аст. Мусобиқаҳои дохилӣ дар ин кишвар мисли мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мегузаранд. Зеро дар ҳар шаҳру ноҳияи ин давлат базаҳои калони варзишӣ сохта шудааст, ки аз хурд то бузург ба таэквандо машғуланд. Дар аввал бароям мушкил буд. Вале ин зинаҳо пушти сар гардид. Мо - варзишгарони тоҷик аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфтаем ва ин ба мо имкон медиҳад, ки дар дилхоҳ намуди варзиш зуд мутобиқ шавем. Ман дар кӯтоҳтарин муҳлат шомили дастаи якачини донишгоҳ гардидам. Ин барои таҷрибаи варзишиям як навгонии хуберо ба бор овард. Дар ба-
таэквандо ВТФ бо ҳисоби калон муҳорибаро бохта бошанд. Холи баланди баланд ду ё серо ташкил мекунад, ки ин холҳо барои ҳарифон ба осонӣ ба даст намеояд. Дар муқоиса бо дигар кишварҳо дастовардҳои варзишгарони тоҷик нисбат ба шароити доштаашон бештар аст. Нисбат ба солҳои пеш иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зиёд шудааст, вале ин барои натиҷаи хуб ба даст овардан хеле кам аст. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кутимитаи миллии олимпӣ варзишгаронро ба мусобиқаҳо сафарбар мекунанд, вале хеле кам. Саҳми федератсияҳои мо барои омода намудани варзишгарон бисёр суст аст. Масалан, Федератсияи таэквандо ВТФ чунин шароите надоранд, ки
Моҳру Ҳалимова:
Духтарон бештар ба варзиш машғул шаванд робари муаррифии донишгоҳ барои муаррифии миллату давлатам дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ омодагии ҳамаҷониба мегирам, ки бароям мояи ифтихор аст. - Аксар варзишгарони ҷаҳонӣ дар ин намуди варзиш рақиби асосӣ варзишгарони Кореяро меҳисобанд, Шумо чӣ? - Дар аввал ман низ ҳангоми муҳориба бо ин варзишгарон ҳарос доштам. Ҳоло не, дигар ҳарос аз ман дур шудааст, зеро ҳар рӯз миёни онҳоям, бо онҳо зиёд муҳориба мекунем, тактика ва усулҳои онҳоро аз худ намудаам. Бартарияти ҳарифони ман дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар он аст, ки таҷрибаи онҳо зиёдтар аст. Ман агар шаш сол ба ин намуди варзиш машғул бошам, ҳарифони ман 15-20 сол мешавад, ки тамрин мекунанд. Ба ғайр аз мусобиқаҳои байналмилалӣ дар ду ё се олимпиада иштирок кардаанд, ки ин таҷриба барои ғолиб омадани онҳо дар муҳорибаҳо замина фароҳам меорад. - Варзишгарони тоҷикро дар ин риштаи варзиш чӣ гуна қабул доранд? - Албатта, баробари варзишгарони кишварҳои дигар. Бачаҳои мо аз ҷиҳати ҷисмонӣ бисёр обутобёфтаанд, танҳо таҷриба намерасад барояшон. То ҳол ман во нахурдаам, ки дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ варзишгари тоҷик дар намуди
варзишгарро аз хурдӣ тарбия карда, то сатҳи олимпиада расонанд. Баъдан мураббиҳои таҷрибадор надорем. Дар омода намуди варзишгарон сарпараст низ саҳми калон мебозад. - Ҷоизаи Президент барои ғолибони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ таъсис ёфт. Аз нигоҳи Шумо ин иқдом чӣ саҳм мегузорад дар рушди варзиши кишвар? - Беҳтарин иқдом дар соли 2015 барои варзишгарон таъсиси ҳамин ҷоиза буд. Баъди таъсиси ин ҷоиза умеди мо ба ояндаи варзиши кишвар бештар шуд. Ҳолатҳое буданд, ки аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо медал ба Ватан баргаштем, аммо дар фурудгоҳ касе моро пешвоз нагирифт. Касе намегуфт, ки ҳамин варзишгар чунину чунон дастовард дорад. Ин муносибат барои мо - варзишгарон бисёр аламовар буд. Шукри Худо, солҳои охир варзишгарон худро танҳо эҳсос намекунанд. Вақте мо дар мусобиқаҳо мақомҳои ифтихориро ишғол мекунем, на танҳо бар он умедем, ки моро дар Ватан нағз пешвоз мегиранд, инчунин ифтихор мекунем, ки меҳнати моро худи Пешвои миллатамон қадр мекунад. Агар чунин ҷоизаҳою дастгириҳо дар соҳаи варзиш минбаъд ҳам идома ёбад, бо боварии комил метавон гуфт, ки иштироки варзишгарони тоҷик дар олимпиада, ки қуллаи баландтарини варзиш аст, бештар ме-
шавад. - Омодагиҳоятон дур аз Ватан ва канори пайвандон сипарӣ мешавад. Ин ба ҳолати равонии Шумо таъсир намерасонад? - Ҳолатҳое мешавад, ки пазмони Ватану наздикон мешавам, вале омода шудан ба мусобиқаҳо он ҷо бароям беҳтар аст. Дар хона бошам, баробари тамрин боз дигар мушкилоти оилавӣ пеш меояд, ки барои онҳо низ бояд фикр кунӣ. Дар Корея бошад, дар наздам як ҳадафу як мақсад аст: ҷоизадор шудан дар олимпиада. Аз мушкилиҳои дигар фориғам. Соле як-ду маротиба ба хабаргирии пайвандон меоям. - Оиладор шавед, аз варзиш меравед? - Айни ҳол фикри оила барпо карданро надорам, зеро нақшаи тамринии чорсоларо бо мураббиям Чон Чон Фи тартиб додаам, ки аз моҳи июл тамринҳо дар 2 ва 3 баст оғоз мегарданд. Ҳадафи асосӣ иштирок дар олимпиадаи 2020 мебошад, ки аз ҳозир омодагиҳоро шуруъ мекунем. Бо мураббиёни кореягӣ шартнома бастаем, тӯли ин муддат бояд ҳамаҷониба тайёр шавам. Инчунин бо донишгоҳ низ шартнома бастаем, ки дар баробари таҳсил ба тамрин машғул мешавам ва барои тамринам бояд, ки ягон мушкилӣ пеш наояд. Насиб, баъди олимпиада фикри оила барпо карданро мекунам.
Баъди оила барпо намудам кӯшиш мекунам, ки ба ҳайси мураббӣ фаъолият намояму аз иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ даст кашам. - Агар барои Шумо дубора интихобро пеш гузоранд, кадомро интихоб мекунед? - Албатта, варзишро. Он камбудиҳое, ки дар соҳаи варзиш доштам, ба монанди каме дертар варзишро интихоб намудаму дар баъзе ҳолатҳо беэътиноӣ зоҳир кардам, ҳамаи инҳоро ислоҳ намуда, барои таҷрибаи зиёд гирифтан дар варзиш мемонам. - Баъди ҷамъбасти карйераатон дар Корея мемонед ё ба Тоҷикистон бармегардед? - Дар нақша аст, ки баъди ҷамъбасти карйераи варзишиам ба Ватан баргардаму мактаби таэквандо ВТФ-ро дар шакли замонавӣ ташкил намуда, ба тарбияи шогирдон машғул шавам. Худо кунад, ки аз ин намуди варзиш медали тиллои Бозиҳои олимпӣ вориди хазинаи тиллоии варзиши кишвар гардад. - Ба ҳаводорони варзиши кишвар чӣ гуфтаниҳо доред? - Пеш аз ҳама барояшон саломатӣ мехоҳам. Парафшон шудани парчам дар арсаи ҷаҳонӣ танҳо ифтихори ман не, балки ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст. Бисёр хоҳиш мекунам, ки қатори писарон дар толорҳо духтарон ҳам бештар ба тамрин машғул шаванд.
ПОЧТАИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №25 (9451), 23 июни соли 2016
Ёвари муфтии Миср дар бораи хатари ҳизби ифротии наҳзат дар Тоҷикистон ва минтақа Миллати исломӣ шояд бемор гардад, вале асло намемирад. Ин миллат пирӯз ва омурзида аст. Миллате, ки пайрави накӯтарини Пайғамбарон — Муҳаммади Мустафо (дуруд бар ӯ бод) мебошад.
Вабое, ки ҷасади ин миллатро оҳиста-ҳиста хӯрда истодааст, асари захмҳояш дар саҳнаи имрӯза намудор гардид. Шахсони дар зоҳир мусулмон (Худованд аз ботину ниятҳои онҳо хабардор аст) баъд аз он ки миллати муттаҳиду зӯрмандро парокандаву заиф гардонида, сарзамини онро валангор карданд, мо аз онҳо умеди фардо надорем. Онҳо, ки дастпарварди душманони исломанд, қонунҳоеро дар дини Ислом ҷорӣ намуданд, ки Худовандро аз он хуш намеояд. Бо даъвои ҳамфикру ҳаммазҳаб набудан мардумро ё кофир ва ё фосиқ номгузорӣ намуда, хуну моли мардумро барои хеш ҳалол пиндориданд. Аҷиб дар он аст, ки онҳо мисли каламуш аз таги замин мебароянд, аз кишварҳое, ки дар он садои ҳақ аз садои ботил пасттар аст. Онҳо худ аҳли ботиланд ва фикрҳои пасту ботили худро мунташир месозанд. Яке аз донишмандони донишгоҳи Азҳар гуфт: “Қадами ин мардум наҳсу бебаракат аст, зеро онҳо бо дӯстони накӯкори Худованд душманӣ доранд. Онҳо худ сохтаи душманони Ислом буда, барои пора-пора намудани миллати исломӣ ва қатли донишмандони он истифода мешаванд. Худованд онҳоро ба азоби сахти худ гирифтор мекунад”. Худованди бузург мефармояд:
“ва инчунин аст (муҷозоту) гирифти Парвардигорат, ҳангоме ки фурӯ гирад ва муҷозот кунад шаҳрҳоро, ки (мардумаш) ситамгор бошад. Бегумон (муҷозоту) гирифти Ӯ дардноку сахт аст”. Пас, агар каме андеша кунем, мебинем, ки Худованди таоло онҳоро бо сабаби душманиашон ба Ислому мусалмонҳо пора-пора гардонидааст ва ҳол он ки худ сабаби пора гаштанашонро дарк намекунанд. Ин масъала дар гурӯҳҳои салафияи тундгаро бо сардории Усома бин Лодин, “Ихвон-ул-муслимин”, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Толибон равшан гашта, баъд аз пора гаштан имрӯзҳо худ ба худ меҷанганд. Дар як нишастам бо устоди бузург аллома Абдулҳодӣ ал-Қалубӣ, шогирди устод Ҳассофӣ (Худованд раҳматашон кунад), ки дар 108-солагӣ дунёро падруд гуфт, дар бораи асосгузори “Ихвон-улмуслимин” чунин гуфт: “Ман аз Ҳасан Бано хоҳиш намудам, то гурӯҳи Ихвонул-муслиминро барҳам занад. Аммо Ӯ ин хоҳишамро рад кард. Пас ба ӯ гуфтам ин гурӯҳ дер ҳам бошад, пароканда мегардад”. Бале, донишмандон бо фаросат (илми яқин)-и худ пасомади ин корҳоро хуб дарк мекарданд. Онҳо парокандашавии ин гурӯҳҳоро эҳсос мекарданд. Ҳар вақте ки “Ихвон-ул-муслимин” паси номҳои гуногун дар кишварҳои дигар ҷамоату гурӯҳҳо месохт, ба зудӣ он ҷамоатҳо пароканда мегардиданд. Намунаи онҳо Ҳизби ҳуррия ва адолат дар Миср, Ҷамоати Ихвонулмуслимин дар Тунис ва Либия, Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мебошад. Ҳамчунин, Тоҷикистоне, ки бо ёрону дӯстони Худованд ҳифз гардидааст, аз пасомадҳои нохуши ин гурӯҳ, ки худро “Ҳизби наҳзат” номгузорӣ намуда буданд, эмин ёфт. Ин гурӯҳ бо сардории Муҳиддин Кабирӣ, андешаҳои донишмандо-
ни дигарро қабул надоштанд ва ҳамчунин барои хеш муфтӣ таъйин намуда буданд. Аз навиштаҷот ва китобҳои онҳо бармеомад, ки онҳо аз ақида ва асосҳои “Ихвон-улмуслимин” пуштибонӣ мекунанд. Гурӯҳи “Ихвон-ул-муслимин” дар Миср аз байн рафт, аммо Ислом боқӣ монд. Ислом ҳеҷ гоҳ ва ҳаргиз аз байн нахоҳад рафт. Ҳамчунон ки ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон порапора гашт ва Ислом боқӣ монд, зеро онҳо сохтаи душманони Худо мебошанд. Ҳамчунон ман шукр мекунам Худовандро, ки гурӯҳи “Ваҳҳобия”-и салафӣ имрӯзҳо дар Тоҷикистон гурӯҳи мамнуъ эълон гаштааст. Худованд онҳоро баъд аз хунрезиҳое, ки дар он 14 нафар аз афроди низомӣ ба ҳалокат расид, дигарбора комёб нахоҳад кард. Фарзандони он нафарони низомӣ ятим шуданд, ҳамсаронашон бева монданд, ашки гарони модаронашон рехт ва болои корхонаҳо ҳамла намуданд… Пас суоле ба миён меояд, ки оё ин аст Ислом? Ин корро Пайғамбари Худо ба кофирҳои Макка раво надид, пас чӣ гуна болои мусалмонҳое, ки шаҳодати тавҳидро мегӯянд, ин амали зиштро раво диданд. Хотиррасон мекунам, ки онҳо гӯё бар зидди давлати кофир ҳуҷум намуданд. Пас аз он ки бар зидди кишвар ҷангиданд, мамлакатро хароб карданд ва аз Ислом сӯистифода намуданд, Худованд онҳоро хору залил намуд. Маблағҳои пулию молии воридгашта ва аслиҳаи барзиёди онҳо аз кадом сарчашма барояшон дастрас мегашт? Аз ин рӯ, воҷиби Ҳукумат аст, то барои пешгирии чунин ҳизбу гурӯҳҳо фаъол бошад.
Абу Ҳасани АЗҲАРӢ, ёвари муфтии Миср АМИТ «Ховар», 15.06.2016
“Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонаваиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд”. Аз Паёми Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Мутахассисони соҳибкасб омода месозем
Саҳми молия дар ғанӣ гардонидани Буҷети давлат хеле калон аст. Бе надонистону омӯхтани илми молия ин соҳаро пеш бурдан ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, дар ҳама давру замон дар муассисаҳои махсуси илмӣ ин фанро аз бар мекарданд. Айни замон дар кишварамон чандин донишгоҳу донишкадаҳое мавҷуданд, ки ба омӯзиши илми молия сару кор доранд. Аз ҷумла, дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат факултаи молия, бонк ва ташкили истеҳсолот дар иқтисодиёт амал мекунад, ки дар он донишҷӯён нозукиҳои ин пешаро меомӯзанд. Ин факулта соли 2013 ташкил ёфта, дар тарбияи мутахассисони соҳибкасбу ҷавобгӯи талаботи замони муосир хизмати шоёнро ба ҷо меорад. Дар факулта таҳсил аз рӯйи низоми кредитӣ ва низоми муқаррарӣ ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯён вобаста ба талаботи замони муосир ихтисосҳои андоз ва андозбандӣ, молия, иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои саноатӣ ва кори бонкиро омӯхта метавонанд. Дар факулта барои таълиму касбомӯзии донишҷӯён тамоми шароити зарурӣ муҳайёст. Аз ҷумла, ин ҷо ба онҳо устодони шинохтаю лаёқатманд ва соҳибунвон сабақи илму маҳорати касбӣ меомӯзанд. Теъдодии умумии устодон 31 нафарро ташкил дода, аз онҳо як нафар профессор, се нафар номзади илм, 8 нафар устоди калон ва се нафар ассистент мебошанд. Ғайр аз ин факултет дорои пойгоҳи хуби таълимӣ буда, синфхонаҳо ба воситаҳои аёниву методӣ, компютерҳо ва амсоли он муҷаҳҳаз мебошанд. Донишҷӯён дар толору майдончаҳои варзишӣ ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шуда, худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб медиҳанд. Умуман факулта дар омода намудани мутахассисони соҳибкасбу болаёқат ва рушду намӯи соҳаҳои молияву иқтисоди кишвар хизмати арзишмандро ба ҷо меорад. Меҳроб ҲАЙДАРЗОДА, декани факултаи молия, бонк ва ташкили истеҳсолоти Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Чаро ҷавонон бояд худшинос бошанд? “Таърихи тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки худшиносӣ ва ифтихори миллӣ пойдевори бақои миллати соҳибэҳтиром ва бофарҳанг аст”. Эмомалӣ РАҲМОН Бовар дорам, ки аксари мо, алалхусус ҷавонон мафҳумҳои худшиносӣ, ватандӯстӣ, ҳисси миллиро ҳамчун мафҳумҳои абстракт қабул кардаем. Ба ибораи дигар, ин ифодаҳоро зиёд шунидаем, ки ба онҳо унс гирифтаем ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо маъмулӣ шудаанд. Яъне одат кардаем ба онҳо. Вале кош ин одаткарданҳои мо бо сарфаҳм рафтан ба умқи масъала, ба мантиқу моҳияти ифодаҳои мазкур омехта бошад. Чунки фаҳмиши рӯякиву сарсарӣ моро ба ҷое намебарад, балки танҳо худшиносиро мо ҳамчун як ифодаи хушку қолабӣ мепиндорему меравем. Ҳол он ки “Худошиносӣ аз худшиносист” гуфтаанд. Яъне кас барои он ки дар бораи Худо, муҳити атроф, ҷомеа маълумот ва огоҳӣ ёбад, бояд аввал худашро донад. Яъне аввал бояд худашро ши-
носад. Бидонад, ки кист. Аз куҷо омадааст? Ба куҷо меравад? Масъулияташ дар ҷомеа аз чӣ иборат аст? Кадом вазифаҳоро бояд иҷро кунад? Чӣ саҳме бояд гузорад? Ин ҳама рукнҳоеанд, ки зинаҳои ибтидоии худшиносиро ташкил медиҳанд. Пасон, шахс бояд дар бораи давлату миллати худ, муқаддасоти худ, арзишҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии худ андеша кунад. Онҳоро нағз шиносад ва дӯст дорад. Чун кас ин зинаҳоро тай мекунад ва ба шинохти арзишҳои номбурда мерасад, аллакай ба фарди комили ҷомеа табдил меёбад. Барои ӯ ҳар як шикасту рехти ҷамъият, ҳар як гардишу рӯйдоди иҷтимоӣ маъноеро ифода мекунад. Ӯ дар муқобили ҳаводиси мусбату манфии ҷомеа бетафовут намегардад. Агар манфианд, бар зарари ҷамъиятанд, нафа-
ри худшинос аз онҳо нигаронӣ мекунад. Агар ҳодисаҳои шодиовару хушҳолкунанда ва ба нафъи иҷтимоанд, хушнуд мешавад. Аз ҳамин нуқтаи назар худшиносӣ барои ҳар фарди ҷомеа муҳим аст. Бе он худро фарди ин ҷамъият, шаҳрванди комили ин кишвар тасаввур кардан нашояд. Тасаввур мекунем, худшинос набошем ҳам дар ҷамъият дар қатори дигарон зиндагӣ мекунем, касе моро санг намезанад, сарзаниш намекунад. Вале ин барои худи мо мояи хиҷолатмандиву шарм бояд бошад, ки бетафовут мисли ҳар ҷонзоди дигар ба сар бурдаем. Ҳол он ки инсон беҳтарини махлуқоти худовандист. Офаридаест, ки шуур дорад, ирода дорад... Барои ҷавонон, алалхусус дар ҳамин шабу рӯз худшиносӣ, худогоҳӣ мисли обу ҳаво зарур аст. Чаро ҳамин шабу рӯз? Ба-
рои он ки ҳоло мо дар замони бисёр пуртаззод қарор дорем, дар замони хатарҳои зиёд. Ҳам хатарҳои моддӣ ва ҳам маънавӣ, ки аз ҷавонон хосатан талаб мекунад, ки барои истодагарӣ карда тавонистан, барои нашикастан дар муқобили тӯфонҳои шадиду фурӯ нарафтан ба қаъри гирдобҳои пурталотум бояд огоҳ бошанд, донишманд бошанд. Бояд дар зеҳнашон нағз ҷой кунанд, ки онҳо танҳо барои бозӣ, сарсарӣ зиндагӣ кардан ба ин дунё наомадаанд, балки ғараз аз омаданашон таъсир гузоштан ба тундбоди манфии ҳаводиси рӯзгор аст. Мақсади омаданашон саҳме гузоштан дар рушди ҷамъият ва нафъи инсоният аст. Пас бояд то имкон дорем нагузорем, ки зиндагиамон бемаъно сипарӣ шавад. Бояд барои ободии диёр коре анҷом бидиҳем ва манфиате барои ҷамъияти худ расонем ва барои ин бояд, ки аввал худшинос бошем! Гулнигор САИДОВА, омӯзгори МТМУ №176и ноҳияи Рӯдакӣ
www.javonon.tj
Имрӯзҳо дар маҳфилҳои гуногуни илмию адабӣ, дар расонаҳои хабарӣ ва суҳбатҳои шахсиятҳои номдору алоҳидаи миллат оид ба ҷавонон ва ташаккули масъалаи худшиносии миллии онҳо зиёд суҳбат мешавад. Алалхусус пас аз дарёфти истиқлолият ин масъалаҳо борҳо дар сатҳи олӣ ба миён гузошта шудаанд. Вале оё ҳар яки мо ба худ суол додаем, ки чаро инсон бояд худшинос бошад? Агар худшинос бошад, чӣ бурд мекунаду худшинос набошад чӣ бой медиҳад? Оё мо сари ин суолҳо боре андешидаем?
е-mail: javonontj@mail.ru
Миллати исломӣ намемирад
13
14
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №25 (9451), 23 июни соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
Баҳри иҷро ҳар яке омодааст, Ҳамчу амру ҳамчу қонун дар китоб. Дар нигоҳи зеҳни оламгири ӯ, Бо ҳама паҳнои ҳар таҳрири ӯ. Шарҳ дода ҳар якеро бо тамом, Аз барои ҳалли ӯ, тадбири ӯ. Кори олӣ, кори сулҳу ваҳдат аст, Кори сулҳи миллати бо давлат аст. Кори сулҳи миллати оринажод, Баҳри давлат беҳтарини сарват аст. То набошад сулҳу ваҳдат дар ҷаҳон, Ҳеҷ коре рӯ нагирад дар миён. Ғайри он боқӣ ҳама бекора аст, Нест коре дар ду олам ҳамчунон.
Эҳёи сулҳу ваҳдат аз файзи кори Пешво!
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Бо ризои зоти поки оламин, Аз барои ҳифзи халқу ин замин, Аз миёни оташу хун шуд бурун, Пешвое аз ҳама волотарин. Пешвоӣ баҳри ӯ осон набуд, Он замонро дард буд дармон набуд. То ки гардад қатъ ҷанги беамон, Ин ҳама дар фаҳму дар фармон набуд. Одамон он дам ҳама андар гурез, Аз барои ҳифзи ҷон дар ҷасту хез, То раҳонад ҷони худро ҳар яке, Мисли оҳу меҷаҳид ӯ тез, тез. Ҷанги қотил дар паю дунболи ӯ, Тир мезад дар тану дар боли ӯ, То ки созад маҳв ҷони одамӣ, Танг карда вазъи ӯ, аҳволи ӯ. Вазъи кишвар ончуноне буд танг, Аз барои ҳар ваҷаб мерафт ҷанг. Ҷанги саҳму ҷанги фаҳму ҷанги раҳм, Ҷанги оин, ҷанги номус, ҷанги нанг. Ҳеҷ касро боварии он набуд, Метавонад ҳифз кардан ҷони худ. Ҳар яке тозон ба ҳар сӯ медавид, Бо тамоми қувва, бо арзи вуҷуд… То даме, ки гашт пайдо Пешво, Буд Қонун дар ҳама ҷо зери по, Дар сари ҳар як қадам сад ҷангҷӯ, Рафта буд аз ёдҳо кайфу сафо. Бадсиголе баҳри худ мекард амал, Баҳри нафси ҷонситонаш дар ҷадал. Молу мулки одамиро мерабуд, Бо ҳазорон фитнаю ҷангу мағал.
www.javonon.tj
Пешворо фикр он буд: чун кунад, Маҳви ҷангу қатъи рафти хун кунад. Мақсадашро ӯ чи сон иҷро кунад, Ин Ватанро бо чи раҳ гулгун кунад. Даррасид аз ғайби ҳақ боре садо, Мушкилатро мекунад осон Худо. Шарт, он ки сулҳ орӣ бар ҳама, Мерасӣ бар мақсадат, қарзат адо. Бо ризои Холиқи аршу замин, То бигардад боз кишвар нозанин. Бо шаҳомат хест аз ҷо Пешво, Баҳри рушди корҳои беҳтарин. Корҳои хайру неки беҳисоб, Нақша гашта рӯйи коғаз бошитоб.
Сулҳу ваҳдат кори аввал дар амал, Пешвои мо барояш дар ҷадал. Чунки он бошад ососи зиндагӣ, Дар тамоми ҷабҳаи шаҳру маҳал. Файзи Ваҳдат дар ҳама ҷо ҷилвагар, Дар ҷилои қасрҳои бар ба бар. Сабзу хуррам кӯчаҳои пур зи гул, Чун биҳишти зиндагӣ андар назар. Пешвои миллати мо бартарин, Бартарин як сарвари сулҳофарин. Сулҳу ваҳдат мақсади олии ӯст, Ӯ кафили амни кулли сарзамин. Пешвои миллати мо пуштибон, Сулҳору сулҳдору сулҳбон. Баҳри ҳифзи сулҳу ваҳдат ҳар нафас, Ӯ кафилу ӯ вакилу марзбон.
Сулҳу ваҳдатро ҳамебахшад амон, Ӯ кафили ваҳдати ҳар хонадон. Заҳмати рӯзу шабон дар роҳи сулҳ, Номи ӯро пок монад ҷовидон. Мо барои Пешвои халқи худ, Содиқона бо ҳама амри вуҷуд. Карда иҷро амри ӯро мо ҳама, Якдилу якҷону яктан, зуд-зуд.
Шаҳ, ки ояд
Дар мавриди сафарҳои кории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар
Шаҳ ки ояд боз сӯӣ ин диёр, Сӯи мулку мардуми овозадор. Аз қудумаш файз хезад аз замин, Файзи сулҳу файзи ваҳдат, файзи кор. Хайрамақдам шоҳи моро ҳар қадам, Хоки пояш нури дида дам ба дам. Ҳар қадам андар ҳама ҷо баҳрарез, Баҳрарезу баҳрахезу баҳразам. Шоҳи шоҳон, сарвари мо зинда бод! Шуҳрати ӯ шуҳрати тобанда бод! Давлати ӯ давлати созанда аст, Дар ду олам давлаташ поянда бод!
Пешвои миллати мо беназир, Корҳои хайру некаш беахир. То бисозад ин ватанро чун биҳишт, Баҳри кулли ин ҳама барнову пир.
Шукри сулҳу шукри ваҳдат бешумор, Шукри ин Давлат, ки бошад устувор. Шукри имрӯзӣ, ки моро Пешво, Суӣ фардо мебарад бо ифтихор! Пешвои миллати мо зинда бод! Мисли хуршеди само тобанда бод! Давлати ӯ Ваҳдати созанда ҳаст, Ваҳдати созандааш поянда бод!
Боз омад Боз омад лаҳзаи эҷози мо, Сӯӣ фардо мебарад оғози мо. Сӯӣ фардо, сӯӣ бахти беназир, Сӯӣ бахти рӯй бар парвози мо. Бо ризои зоти поки оламин, Тоҷи давлат дар сари марди матин. Оқилона менамояд раҳбарӣ, Вазъи кишвар карда ҳар дам ӯ амин.
Беҳтарин масканӣ Ҳар куҷое гар набошам, ту ҳамеша бо манӣ, Аз бароям беҳтар аз ҷон дар ду олам масканӣ. Ҳадяи ноёби олам, ин ягона ҷаннат аст, Ҷаннати рӯйи замину шоҳганҷи махзанӣ. Гарчи дурам ё ки наздик, аз ту дил набвад ҷудо. Ман бароят ҳамчу ҷону ту бароям чун танӣ. Аз канорат меравам дар шоҳроҳи зиндагӣ, Ҳамчу соя дар ҳама ҷо пуштибонам, меҳанӣ.
Ватан моро ҳамоне, ки ҳамонем, Ватан моро тану мо рӯҳи онем. Ватан моро чу оғозу чу анҷом, Аз онему бар онему дар онем. Ватан ҳамчун ҷаҳоне дар ҷаҳон аст, Ҷаҳони нози кулли аҳли он аст. Басо нозад ба он ҳар як ҷаҳонӣ, Ки он фахри макони ҷисму ҷон аст.
Бар ҳама ӯ мушфиқона Сарвар аст, Раҳнамою раҳкушою раҳбар аст. Нақшаҳои зеҳни пуртадбири ӯ, Раҳнамои кулли халқи кишвар аст.
Мақсади ӯ сулҳу ваҳдат дар ҷаҳон, Сулҳу ваҳдат аз барои одамон. То ки созад ҳар яке осуда кор, Зери боли парчами сулҳи замон.
Беҳтарин фарзонаи даврон бувад. Беҳтаринон дар ҷаҳон ҳастанду лек, Беҳтарини беҳтаринон он бувад. Қавми дунё гар набошад бе имом, Ӯ имом, ӯ пайрави аркон бувад. Ин ҳама неъмат, ҳама андар ҳаёт, Ҳадяе аз раҳмати Яздон бувад. То даме, ки сулҳ бошад пойдор, Офтоби зиндагӣ рахшон бувад, Зиндагӣ бо ин ҳама бошад аҷаб, Ин аҷоиб гӯшаи ризвон бувад.
Ватан моро…
Пешвои миллати мо қаҳрамон, Қаҳрамони фахрии давру замон. Номи ӯ дар саҳфаи таърихи мо, Боқӣ монад дар ду олам ҷовидон.
Сулҳу ваҳдат дар ҳама ҷо пойдор, Аҳли меҳнат ҳар яке машғули кор. Ҳарки меҳнат мекунад, файзаш зиёд, Ҳосили ҳар кори хайр авҷу барор.
Сайдаҳмади ФОЗИЛ
Ватан моро замине дар замин аст, Замини бебаҳои оламин аст. Ҳама бахту саодат баҳри моён, Ҳамин асту ҳамин асту ҳамин аст.
Поянда бод! Ҷашни истиқлоли мо фархунда бод! Давлати иқболи мо поянда бод! Ин ҳама иқболи мо аз Давлат аст, Зиндагию ҳоли мо арзанда бод! Сулҳу ваҳдат дар ҳама ҷо устувор, Давлати мо давлати овозадор. Эътибораш дам ба дам афзун шавад, Аз базебиҳош дорем ифтихор. Пуштибони мо ки ӯ доим бувад, Аз барои ҳифзи мо қоим бувад. Дар бақои раҳмати ӯ ҷони мо, Аз Худо хоҳем ӯ солим бувад. Ҷашни олӣ, ҷашни истиқлоли мо, Ҷашни истиқлоли мо, иқболи мо. Ҷашни олӣ, ҷашни шону шавкат аст, Ҷашни шони мардуми ҳамболи мо.
Сулҳу ваҳдат Сулҳу Ваҳдат гулшани хандон бувад, Бесалоҳӣ душмани инсон бувад. Ҷанг бошад нест дунё устувор, Устуворӣ дар ҷаҳон армон бувад. Ҳар ки созад кӯшиши сулҳу салоҳ, Ӯ яке аз ҷумлаи некон бувад. Ӯ агар созад амонӣ устувор,
Ватан, эй пораи хоки муқаддас, Ту ганҷи бебаҳои олами кас. Ту асли ҳастии ҳар як вуҷудӣ, Азизу бебаҳои баҳри мо бас.
Доди Яздон Ватан, ин доди яздон аст, Ватан, ин мазраи дон аст. Ватан, ин суфраи хон аст, Азиз онро ба ҷон доред! Ватан, ин ганҷи дар кон аст, Ватан, ин шуҳрату шон аст. Ватан, ин ҷаннати ҷон аст, Азиз онро ба ҷон доред! Ватан, ин ҷузъи Қуръон аст, Ватан, ин бахти хандон аст. Ватан, ин нури имон аст, Азиз онро ба ҷон доред! Ватан, ин тифлии моён, Ватан, ин рӯҳи бобоён. Ватан, ин аҳди бепоён, Азиз онро ба ҷон доред! Ватан, ин ҷову манзилҳо, Ватан, ин рӯду соҳилҳо. Ватан, ин махзани дилҳо, Азиз онро ба ҷон доред!
САЙҚАЛИ ХОТИРА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №25 (9451), 23 июни соли 2016
«Шањри њофизон» дар Италия
Сароянда … Эргашева
Дарё дар Русия
Маълумоте, ки донишгоњ медињад
Тарабхонаи хурди эстрададори аврупої
Ќарори суд Номи иловагї (дар паспорт нест)
Идораи амнияти СССР
Шањр ва дарё дар Русия
Љаноби полшагї
Некномї, иззат
Номи мардона
«…и бемаѓз агар лаб во кунад, расво шавад»
Нур, шуоъ
Маркази вилоят дар Русия
Нол, аломати њељ
Дарё дар Украина
Мисл, монанд (китобї) «… Њунартайёр!» намої «Њамеша дар дор тайёр!»
… Улуѓзода, нависандаи тољик
Роњнамо, роњдон
Ќонуни асосї
Ќисми зиёд
Фурудгоњи Лондон
Дарё дар Хорватия
Ошиќи Ширин Пуч, бемаънї (нисбати гап)
Истењкоми зерихокии њарбї Амрикои … - материк бо Канада
... ву ишора
Дигаргунї
Шохоби Волга
Бахрнавард
Фосилаи байни дарсњо
Лионел …, футболбози бењтарини љањон
Гули ёќут
Бехабар
«Зиндагї …ро мўњтољи хокистар кунад»
Хабаргирї
Рафтан – рав, хондан – хон, гуфтан -?
Буэнос…, пойтахти Аргентина
100 см
"Наводир-... ваќоеъ" (А. Дониш)
Иљрои вазифањои фарзии динї
Зоти мори печон
Шањри орзуњои О. Бендер
Домоди Расули Акрам (с)
Банд, ќапќон, тўр
Порчае аз матоъ
Шоњи Шекспир
Фоида, даромад
Падар (лањљ.)
Мева
Бахшидани гўноњ
Тирандозї
Маънидод, эзоњ Нўшокии ширини газдор
Њайвони тоќасуми хонагї
Пойтахти Бањрайн
Каљпањлу
Мошини аввалини СССР
Љонишини шахсии танњо
Мазњаб дар ислом
Ояти машњури Ќуръон
Боксчидухтари тољик … Чориева
www.javonon.tj
... и Наљмиддин, овозхони тољик
Чароѓи деворї (русї)
Љаноби англис
Эпоси миллии њинд
Нотаи дуюми мусиќї
Андом, бадан
Дониш
Пеш аз капитализм ме- Шеър дар сиояд тоиши мурда
Кушода (лањљ.) Калимаи зидмаъно
Адоват, бадбинї
Сањрои њамвори Амрикои Шимолї
Тўњфаи идона
Тамѓаи телефонњои мобилї
е-mail: javonontj@mail.ru
Жемпери гиребонбаланд
Монанд, мисл
Пурќувват
15
е-mail: javonontj@mail.ru
16
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №25 (9451), 23 июни соли 2016
Лутфи ҷавонӣ
ДИҚҚАТ, ОЗМУН! Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016, озмуни соҳавии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30.03.2016, таҳти №61, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо мақсади муайян намудани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмун эълон менамояд.
Шартҳо: 1. Ҷавонон: - дастгирии ҷавонон; - ҷалби ҷавонон ба маҳфилҳои илмӣфарҳангӣ; - баргузории озумунҳо, чорабиниҳо, аксияҳо ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ; - иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. 2. Рушди варзиш: - дастоварди варзишгарон (шумораи медалҳо ва ҷоизадорон); - баргузор намудани мусобиқаҳо; - теъдод ва шароити толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ.
3. Рушди сайёҳӣ: - ташрифи сайёҳон; - рушди инфрасохтори соҳа; - ба роҳ мондани усулҳои муосири ҷалби сайёҳон. Ҳайати эҷодии рӯзнома имкон дорад, ки ҳар шумора дар бораи фаъолияти пурсамари бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии муваффақ маводи муфассал (то як саҳифа) интишор намояд. Озмун охири соли ҷорӣ (2016) анҷом меёбад. Хонандагон метавонанд беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва роҳбари онро интихоб намуда, дар анкетаи зерин сабт намоянд ва онро бурида, ба суроғаи нашрия фири-
Дар ҷангал ҳамаи ҳайвонҳо шодӣ, рақсу бозӣ, сурудхонӣ мекарданд. Хирсро пурсиданд: - Чӣ ҳамаатон ин қадар хурсандӣ мекунед? Гуфт: - Маша шавҳар кард!
станд. Дар анҷом се нафар: соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм бо ҷойизаҳои махсуси рӯзнома сарфароз гардонида мешаванд. Теъдоди овозҳо ҳар ҳафта тавассути рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хабар дода мешавад. Имрӯз фурсат расидааст, бояд онро аз даст надиҳед ва беҳтарин роҳбар будани худро ифшо намоед. Фурсати худро муаррифӣ кардан расид! Натиҷаи рейтинг ба озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъсир дошта метавонад. Анкетаҳои пуршуда бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ-16, КТН “Шарқи озод”, ошёнаҳои 1 ва 4, идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” қабул карда мешавад. Анкетаҳои нусхабардоришуда эътибор надоранд.
АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) _______________________ Барои чӣ беҳтарин аст?_______________________________________________________________ Ному насаби пуркунанда_____________________________________________________________
***
Аз суҳбати ду дугона: - Яхдонда чӣ дорем? - Колбаса, сосиска, нон, крем, помада, туш, пудра...
***
Ба хонаи як зани фарбеҳ дузд даромад. Зан дуздро дастгир карду ба болояш нишаст ва ба духтараш гуфт, ки ба милиса занг занад. Духтараш: - Телефонам пул надорад! Дузд: - Телефони маро гирифта, тезтар занг зан!
***
Масъули озмун: Шаҳбози Асомиддин. Тел: 985 48 26 48, 238 53 03, 238 54 14
Афандӣ ду хар дошт ва онҳоро обдиҳӣ бурд. Як хараш об хӯрду гурехт, хари дигараш аз қафои он тохт. Афандӣ аз пасашон давид, расида натавонист. Харҳо ғайб заданд. Ба маҳалле расида пурсид, ки аз ин ҷо ду хар нагузаштааст? - Чӣ хел хар? - пурсиданд аз ӯ. Афандӣ: - Як хари обхӯрдагӣ, як хари обнахӯрдагӣ.
АНДАРЗ
Тани ту Хонаи чароғон муқаддас аст Боре Муҳаммад Алӣ духтарашро бо либоси гиребонкушода ва нимбараҳна дида гуфт: - Духтарам, тамоми чизи арзишноке, ки Худованд дар ҷаҳон офаридааст, дар шакли пӯшидаву ниҳон ва дастнорасанд. Алмосро аз куҷо пайдо кардан мумкин? Аз қаъри замин. Марворид дар куҷо пинҳон аст? Дар умқи уқёнусҳо, бо пардаи зебо пӯшидаву маҳфузмонда. Тиллоро аз куҷо дастрас кардан метавон? Дар нақбҳои дастнораси бо қабатҳои санг пӯшондашуда. Барои дастрас намудани онҳо заҳмати сангине мебояд... Тани ту низ чунин поку муқаддас аст ва худат аз алмосу марворид ва тиллову марҷон боарзиштар ҳастӣ. Аз ин рӯ, бояд чун асрори нокушуда ниҳон ва дастнорас бошӣ.
www.javonon.tj
Таҳияи Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ” Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Хонае, ки меҳмон шудам, дар канори роҳи оҳан воқеъ буд. Баъд аз тановули хӯроки шом ва суҳбат бо соҳибхона ҳис кардам, ки дар роҳ хеле афгор шудаам. Хоби вазнине маро ба худ мекашид. Вале ҳеҷ не ки соҳибхонаҳо чароғи ҳуҷраро хомӯш кунанд. Ман ҳам наметавонистам ба соҳибхона аз ин хусус лаб кушоям. Ба худ гуфтам, каме сабр кунам шояд ягон кор доранд... Чанде вақт гузашт, вале боз ҳам ягон ҳаракате дида намешуд. Ниҳоят дилгир шуда аз соҳибхона – Ҳанифахола пурсидам: - Холаҷон, бубахшед, дар ин ҷо соати чанд
хоб мекунанд? - Писарам, қатораро интизорем. Ҳамин ҳоло мегузарад... Ман кунҷковӣ карда, боз пурсидам: - Аз қатора ягон хешу таборатон мефарояд? - Не, ҷони хола. Ҷойи мо аз шаҳр хеле дур аст. Мумкин аст аз қатора ношиносе фӯрояд. Агар дар ин вақти шаб фӯромада чароғи ягон хонаро даргирон наёбад, дар кӯча мемонад. Барои ҳамин интизорем...
***
Аз суҳбати ду ҳамсоя: - Дугона, писартона насиҳат кунед, шабгардӣ накунад... - Ту аз куҷо медонӣ, ки писари ман шабҳо мегардад? - Духтарам ӯро ҳар шаб дар дискотека медидаст.
Таҳияи Б. УСМОНОВ, “ҶТ”
СӮГСУРИ Нуруллоҳи ОРИФ
***
Суҳбати писару духтар дар “ВКонтакте”: - Салом. - Привет. - Чӣ хелӣ? - Хорошо. - Барои чӣ тоҷикӣ гап намезанӣ? - Потому что незнаю, но понимаю. - Ранги саги мо будӣ. - Чтооооооооооооо! - Саги ман ҳам тоҷикиро мефаҳма, вале гап намезанад.
ҒУРУБИ АХТАР (ба Шарифи ШАЙДО)
Водареғо, ахтаре бар хок рафт, Ахтаре бар хок аз афлок рафт. Гарчи механдид назди дӯстон, Бо дили садпораву садчок рафт. Бо аҷал даҳ сол боз ӯ ҷанг дошт, Дар лиқо аз мушти марг ожанг дошт. Бо ҳама ранҷуриву бечорагӣ Қалби пур аз нағмаву оҳанг дошт.
ЭЪЛОН
Вақти маргаш шаҳр бехуршед буд, Дар само пар мекашид абри кабуд. Дар хаёли ҷумла ёру ошнош Хонаву бому дараш мекард дуд.
ЭЪТИБОР НАДОРАД Дипломи гумшудаи №0104975, ки онро Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ соли 2012 ба Мирзамуратов Носирҷон Игамбердиевич додааст, эътибор надорад.
Во дареғо, во дареғо, во дареғ, Зад ба қалбаш марги беандеша теғ. Монд, монд, эй дӯстон, эй дӯстон, Ахтаре як умр андар зери меғ.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7450 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»