Ҷавонони Тоҷикистон, №26, 2018

Page 1

ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №26 (9556), 27.06.2018

javonon.tj

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №26 (9556), 27/06/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

Иттиҳоди мо Ваҳдати мост! Мо аз рӯзҳои аввал давлатдориро аз паёми сулҳ оғоз намудем ва ин сиёсатро ба хотири оромиву осоиши кишварамон, хушбахтиву сарбаландии халқи азизамон ва наслҳои ояндаи мардумамон минбаъд низ идома медиҳем. Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем... Ман бо халқи сарбаланд ва бунёдкори Тоҷикистон ифтихор менамоям ва эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии мардуми соҳибмаърифатамон мо ҳама гуна мушкилоти рӯзгорамонро бартараф мекунем, нияту нақшаҳои неки оғозкардаамонро бо заҳмати аҳлонаву содиқона амалӣ мегардонем, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафти кишвари соҳибистиқлоламонро таъмин менамоем.


2 Субҳи рӯзи 24уми июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим, шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 21умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташриф оварданд. Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд. Пазироии Сарвари давлат аз ҷониби сокинони касбу кори гуногуни ноҳияи Айнӣ дар мавзеи Кончоч гарму самимӣ сурат гирифт. Нахуст дар ин мавзеъ Сарвари давлат аз намоиши дастовардҳои сокинони ноҳияи Айнӣ дидан намуданд. Дар ин намоишгоҳ маҳсули заҳмати сокинони ноҳия, хоса маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра ба таври васеъ ба маъраз гузошта шуда буд. Дар ин ҷо ба Сарвари давлат лоиҳаҳои сармоягузории Ширкати алюминийи тоҷик, аз қабили сохтмони корхонаи истеҳсоли соддаи каустикӣ ва поливинилхлорид бо иқтидори 50 ҳазор тонна содаи каустикӣ ва 50 ҳазор тонна поливинихлорид дар ноҳияи Ёвон, сохтмони корхонаи истеҳсоли алюминий бо тавоноии 100 ҳазор тонна маҳсулот дар шаҳри Турсунзода ва корхонаи бойгардонии ноҳияи Айнӣ дар асоси кони Қазнок муаррифӣ карда шуд. Ҳамчунин дар ин ҷо намоиши дастовардҳои КВД «ТАЛКО Кемикал»-и ноҳияи Ёвон, ки ба истеҳсоли криолит, фториди алюминӣ, каогулянт ва кислотаи сулфат машғул мебошад баргузор карда шуд. Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ояндаи ҶСК «ТАЛКО Голд», ки аз ҷониби муттахассисон тавассути видеоролик намоиш дода шуд, шинос шуданд. Баъди шиносои бо лоиҳаи ҶСП «ТАЛКО Голд» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхонаи бузурги саноатӣ санги асос гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ як солу шаш моҳ ба нақша гирифта шудааст. Дар асоси нақшаи тарҳрезигардида истеҳсоли 1,5 тонна тилло ва беш аз 16 ҳазор тонна сурма дар ин корхона аввали соли 2020 ба роҳ монда мешавад. Дар заминаи бунёди ин корхонаи азими саноатӣ марҳила ба марҳила аз 1000 то 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Президенти Ҷумҳурии

ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №26 (9556), 27.06.2018

Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ва эҳёгарӣ 2 миллион сомонӣ харҷ гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Маҳорат" ва "Қасри замон" иҷро намуданд. Зимни боздид аз бинои иловагӣ ва суҳбат бо табибону кормандони соҳа, Пешвои миллат табибонро ба истифодаи дурусти имконияти фароҳамовардашуда, муносибату муомилаи хуб бо беморон ва иҷрои содиқонаи масъулияти доштаашон ҳидоят карданд.

Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба масъулони ширкат дастур доданд, ки ба истихроҷи самараноку оқилонаи захираҳои табии ин мавзеъ аҳамияти аввалиндараҷа зиҳир намоянд. Сарвари давлат зикр намуданд, ки бунёди чунин иншооти бузурги саноатӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат муҳим мебошад, зеро дар ин замина ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад. Ҳамчунин баробари ба фаъолият шуруъ намудани корхонаҳои истеҳсолӣ шумораи зиёди шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, ба зиндагии арзанда шарафёб мегарданд. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ШУЪБАИ ҶАРРОҲӢ ВА ЭҲЁИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд. Сарвари давлатро сокинон ва

аҳли ҷамоатчигии ноҳия бо самимият ва меҳру муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани бинои нави Шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёи Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон иштирок карданд. Сарвари давлат бо шароит ва имкониятҳои ташхисиву табобатии бинои иловагӣ шинос шуда, бо ҳайати кории он аз наздик суҳбат карданд. Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ бинои иловагии тозабунёд дорои 46 кат буда, дар баробари утоқу озмоишгоҳҳои соҳавӣ, ҳамчунин дорои ошхонаи муосир барои хизматрасонӣ ба беморону аёдаткунандагон мебошад. Сохтмони иншооти мазкур соли 2016 оғоз ёфта, то имрӯз бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ мутобиқ ба стандартҳои муосир бунёд ёфтааст. Бино ба маълумоти масъулин, барои анҷоми корҳои сохтмонии бинои иловагии Шуъбаи ҷарроҳӣ

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ ХОБГОҲИ ИНТЕРНАТИ НАЗДИМАКТАБӢ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти бинои хобгоҳи интернати наздимактабии ба номи Додоҷон Бойматов оғози расмӣ бахшиданд. Хонандагону омӯзгорон ва аҳли маорифи ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни хобгоҳ бо самимияти хосса ва рӯҳияи созанда истиқбол гирифтанд. Бинои нави дуошёнаи хобгоҳи наздимактабӣ аз 26 ҳуҷра, аз ҷумла, 20 ҳуҷраи хобӣ, ҳуҷраи роҳбари муассиса, ҳуҷраи сармуҳосиб, ҳуҷраи дарстайёркунӣ, посбонхона, ҳуҷраи тиббӣ, китобхона ва ошхона иборат мебошад. Хобгоҳи мазкур бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Инчунин дар назди бинои хобгоҳ ошхонаи тобистона ва ҷиҳати ба варзиш ҷалб намудани тарбиятгирандагон варзишгоҳи хурди футбол низ бунёд карда шудааст. Дар интернати наздимактабӣ 50 нафар тарбиятгиранда бо шумули 13 нафар ятим ва боқимонда фарзандони оилаҳои ниёзманд аз деҳаҳои дурдаст ба таълиму тарбияи ҳамаҷониба фаро гирифта шудаанд. Хобгоҳ дар масоҳати қариб 2 гектар қомат афрохта, дорои шароити муосири истироҳату фароғат ва таълиму тарбия барои насли наврас мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо хонандагон онҳоро барои таҳсил бо баҳои хубу аъло, омӯхтану аз бар намудани забонҳои хориҷӣ ва дар оянда хидмат ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд. Ҳамчунин аз тарафи Пешвои миллат ба тарбиятгирандагон 20 адад компютер ҳамчун туҳфа аз номи роҳбари давлат тақдим карда шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми тақдими туҳфаҳо таъкид доштанд, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд таваҷҷуҳи хосса дорад ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо ҳамасола тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд. Ифтитоҳи Қасри фарҳанг Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлил аз ҷашни бузури давлатӣ - 21-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳия бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Қасри фарҳанг расман оғоз бахшиданд. Бинои Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дорои 600 ҷойи нишаст мебошад. Зимни шиносоӣ бо шароити ин бинои тозабунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аҳли санъату ҳунари ноҳияро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони иншооти бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон моҳи августи соли 2017 дар собиқ заминҳои Ҷамоати деҳоти Шаҳристон ва Кумитаи идораи замини ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №26 (9556), 27.06.2018 давлатии вилояти Суғд оғоз гардида буд. Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар толору ҳуҷраҳои Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон роҳбари давлат суханронӣ намуда, аҳли ҳунару санъати ноҳияро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт. Зимни суханронӣ Пешвои миллат ба сокинону фарҳангиёни ноҳияи Шаҳристон дар кору фаъолияташон барору комёбиҳо таманно намуданд. Сипас, аз ҷониби аҳли ҳунар барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ пешниҳод карда карда шуд. Дар интиҳои барномаи фарҳангӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ

ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ фароҳам мебошад. Дар иншооти нав ҳамчунин утоқҳои кории иҷрочиёни Суд, мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Идораи нотариалии давлатӣ ҷойгир карда шудаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат расондан ба сокинону шаҳрвандон дастуру ҳидоятҳо доданд. Пас аз мавриди истифода қарор додани бинои нави Маркази адлияи ноҳияи Шаҳристон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба шаш ҷуфт оилаи ҷавон

Истаравшан ва пудратчӣ ширкати сохтмонии “Уротеппа” мебошад. Маблағи умумии сохтмони бинои меҳмонхона 2 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз ҳисоби даромади софи соҳибкорон сарф гардид. Корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхона соли 2012 оғоз ёфта, он дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки Сарвари давлат ифтитоҳ ёфт. Масоҳати умумии меҳмонхона наздики 1 гектарро ташкил дода, аз 5 ошёна иборат мебошад. Баъди ба истифода супоридани иншоот 25 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ ва бо маоши хуб таъмин гардиданд, ки иқдоми хуб барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум ва дастирии сиёсати

бунёди иншооти муосири милии тиҷоратӣ муаррифӣ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи мазкур аз 16 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои он маркази савдо, маъмурият, утоқҳои корӣ ва толорҳои конфронс барои гузаронидани ҳамоишҳои тиҷоратӣ бунёд мегардад. Баъди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот беш аз 150 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ба соҳибкорони ватанӣ арзи сипос карда, онҳоро барои боз ҳам бештар дӯст доштани Ватан ва идомаи бунёдкорӣ ҳидоят карданд.

бахшида ба 21-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ

Раҳмон ба фарҳангиёни ноҳияи Шаҳристон 20 адад асбобҳои мусиқӣ тақдим гардид. ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ МАРКАЗИ АДЛИЯ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Маркази адлия иштирок намуданд. Бинои маъмурии Маркази адлия аз ду ошёна иборат буда, бо харҷи зиёда аз як миллиону дусаду шаст ҳазор сомонӣ бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд ёфтааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити арзандаи фаъолият дар ин бинои хуштарҳи замонавӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Бинои нави Маркази адлияи ноҳияи Шаҳристон бо таҷҳизоти низоми пешгирӣ ва огоҳкунандаи зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дигар шароити зарурӣ дар он барои кормандони соҳа

шаҳодатномаи ақди никоҳ, ҳамчунин ба ҳар як навхонадорон як ададӣ телевизор, яхдон ва мошинаи ҷомашӯйӣ тақдим намуда, дар ҳаёти якҷояи хонадорӣ таманниёти нек баён доштанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол аз сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНАИ “КИРОПОЛ” Дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи замонавии “Киропол”- ро дар хиёбони “Истиқлол” дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд. Фармоишгари бунёди меҳмонхона соҳибкори ватанӣ Эргашев Бурҳон буда, лоиҳакашон - Корхонаҳои Воҳиди Давлатии “Меъмор”, “Лоиҳакаш”-и шаҳри

иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мебошад. Баъди шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ дар меҳмонхонаи замонавӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд доданд ва онҳоро ба идомаи анъанаи накуи мардуми тоҷик меҳмоннавозии сатҳи баланд ба мизоҷон ҳидоят карданд. ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНИИИ МАҶМААИ МИЛЛИИ СОҲИБКОРИИ “РОҲИ АБРЕШИМ” Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории “Роҳи Абрешим” санги асос гузоштанд. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мазбут Бойҷонов бо харҷи 60 миллион сомонӣ, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад. Дар маҳалли сохтмони иншоот нахуст ба Сарвари давлат лоиҳаи

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ “ФАРОВОН” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Маркази савдо ва хизматрасонии “Фаровон” оғози расмӣ бахшиданд. Маркази савдо ва хизматрасонии “Фаровон” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шукрулло Ашӯров бо харҷи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сохта шуда, он аз чор ошёна иборат мебошад. Дар ин Маркази хизматрасонӣ ошхонаи миллӣ бо омода кардани таъомҳои миллию аврупоӣ ва таъсиси 20 ҷойи нави корӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода шудааст. Дар ҳаминҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар ятимони кулли шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Деваштич туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Пешвои миллат бо ин кӯдакон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд аз нахустин рӯзҳои ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар маркази диққати роҳбарияти олии давлату ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи зисту зиндагонӣ, таҳсил ва кору фаъолият тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. Пешвои миллат иброз доштанд, ки баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва ҷалби аҳолӣ хусусан шахсони имконияташон маҳдуд бо шуғли доимӣ марҳила ба марҳила тадбирҳои заруриро дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат амалӣ намуда истодааст. Дар ин коргоҳ 36 дастгоҳи муосири дӯзандагӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии соҳавӣ, аз

3 ҷумла буррандагӣ ва дарзмолкунӣ васлу насб гардида, маоши миёнаи кормандон аз 800 то 1000 сомониро ташкил медиҳад. Ифтитоҳи ин Маркази нави хизматрасонӣ дар шаҳри Истаравшан дар самти ҷалби шахсони бе шуғл заминаи мусоид фароҳам овард. Аз ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат занону бонувон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид медоранд, ки маҳз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳибкорони ватандӯст аст, ки онҳо чунин коргоҳу марказҳои хизматрасониро сохта мавриди баҳрбардорӣ қарор медиҳанд. ИФТИТОҲИ ПАРЧАМ ВА НИШОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ширкат намуданд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои "Маркази ҷавонон ва наврасон"-и шаҳр сохта шуда аст, ки каблан ин мавзеъ ҷойи нообод буд. Иттилоъ дода шуд, ки баландии пояи Парчам 52,4 метр буда, масоҳати майдони он 3989,0 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншооти мазкур ба масъулон дастуру ҳидоят доданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ намуданд. Сохтмони Нишони давлатӣ моҳи марти соли 2018 оғоз шуда, моҳи июни соли ҷорӣ пурра ба анҷом расонида шудааст. Нишони давлатӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ бунёд гардида, баландии он 24 метрро ташкил медиҳад. Нишони давлатӣ дар маркази шаҳри Истаравшан бо усули хоси меъмории миллӣ бунëд карда шуда аст, ки дар қатори дигар иншооти бунëдгардида ба симои шаҳр ҳусни дигар зам намудааст. Саҳни ин рамзи давлатӣ тибқи талаботи меъморию шаҳрсозӣ навсозӣ гардида дар бунëди роҳравҳо ва ҳудуди ин мавзеъ аз масолеҳи сохтмонии босифат истифода карда шудааст. Қомат афрохтани нишони давлатӣ дар маркази шаҳри Истаравшан нишонаи возеҳи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ буда, бо ин васила дар ниҳоди насли имрӯзу оянда ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро бедор хоҳад сохт. Таҳияи Шодихони НАЗАР, “ҶТ”


4

27 ИЮН - РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Низоъ ва мақоми сухан

Нақши адабиёт дар сарҷамъии ҷомеа аз ҳама бориз аст. То ҷое, ки хизма- ё чаро Ваҳдати миллӣ то ҳанӯз дар адабиёт пурра инъикос нагардидааст? ти адабиётро баҳри адибон ҳамин аст, ки воқеаҳои гузашта ва воқеаҳое, ки эҳтимоли ба вуҷуд овардани рух додан доранд ба таври бадеӣ ғояи ваҳдатофарӣ ба мардум расонанд. Эшонро ба воситаи ҳамон асарҳояшон паём аз тамоми дидиҳанд, ки кадом кореро бояд гар институтҳои анҷом диҳанду аз иҷрои кадом иҷтимоӣ болотар амале канорагирӣ кунанд. Имрӯз низ дар мо асарҳое пайдо мешамедонанд. Чун ба ванд, ки воқеаҳои ҳамон давраро таърихи башарият ба таври бадеӣ инъикос доранд. Аммо дар ин ҷо як мушкил аст, назар кунем, аксар ки наметавон тамоми воқеаҳоро мақомдорони воқиф рӯирост ба қалам дод. Зеро ҳамон аз ин асрор ғояву қумандонҳо ва чеҳраҳои манфуру манфии давр ҳануз зиндаандешаҳои хешро ба анд. Вақте ман асари “Дар орзуи воситаи адабиёт ба падар”-ро таълиф кардам баъди нашраш инсонҳое пайдо шуданд, ҷомеа интишор карки дар образҳои асар худро дадаанд. Ва дар аксар рёфтанд. Чандин бор аз ман гилаҳолат муваффақ низ манд шуданд, ки шумо маҳз ҳаёти моро ба қалам додед. Аз ин лиҳоз гаштаанд, ки далели вақте адибе хоҳад дар бораи равшани он баҳри воқеоти он давр асаре таълиф кунад, каме ба мушкилӣ мувоҷеҳ барҳамдиҳии тафакмегардад. Масалан Л. Н. Толстой кури арабгароӣ ва асари “Ҷанг ва сулҳ”-и худро, ки ба вуҷуд овардани воқеаҳои ҷанги байни Русия ва Фаронсаро дар бар мегирад, пас афкори миллатсозӣ аз 50 сол таълиф кард. Агарчанде таълиф гаштани имрӯз дар ин мавзуъ асарҳо эҷод мешаванд, аммо наметавон ба “Шоҳнома” бо фартаври комил асаре эҷод кард, ки мони амирони давдарбаргирандаи тамоми воқеоти лати Сомониён аст. он давр бошад. Дар барқарор кардану ба вуҷуд овардани ваҳдати миллӣ дар кишвари мо низ адабиёт чун дигар институтҳои иҷтимоӣ нақш ва мақоми хосаеро соҳиб буд. Аз ин лиҳоз хостем бо нависандаи халқии Тоҷикистон ва дорандаи чандин унвону ҷоизаҳои давлатӣ, аз ҷумла барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи адабии ба номи Л. Н. Толстой, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, дорандаи ордени “Шараф”, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо доир ба нақши адабиёт дар бавуҷудорӣ, барқарорӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ суҳбате доир намоем: - Дар бораи аҳамият, таҳким ва таърихи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар арафаи ҷашни он дар ВАО зиёд менависанд. Ин маънои онро дорад, ки дар бораи Ваҳдати миллӣ сухани нав ёфтану гуфтан, душвор аст. Аммо ҳамеша доир ба Ваҳдати миллӣ нагуфтаҳо ҳанӯз ҳам зиёд ҳаст. Устод Кароматуллоҳи Мирзо чӣ андешаҳои тоза дорад, перомуни Ваҳдати миллӣ? - Аслан вақте мехоҳем дар бораи Ваҳдати миллӣ чизе гӯем, бояд фаромӯш накунем, ки ин ваҳдат ва ба ҳамоии миллат сарчашма мегирад, аз истиқлолият ва иҷлосияи 16-ум. Пас аз байн рафтани давлати пуриқтидори

шӯравӣ дар ҳаёти миллати тоҷик, яке аз паси дигар чанд воқеаҳои таърихӣ, фаромӯшношуданӣ рух дод. Ин се рӯйдоди муҳим, ки дар таърихи миллати мо ба амал омад, занҷираеро ташкил мекунанд, ки агар яке аз инҳо сар намезад, мо ҳеҷ гоҳ ба чунин рӯзҳо расида наметавонистем. Аз замоне, ки чеҳраи Пешвои миллат дар арсаи сиёсати Тоҷикистон зуҳур мекард, дар дили мардум бовариеро нисбати сулҳу салоҳи миллат бедор менамуд. Бори аввал муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳангоми “ба Тоҷикистон сулҳ меоварам”,- гуфтанаш тамоми мардум аз телевизион ва радио медиданду мешуниданд. Аз ҳамон лаҳзаҳои аввал суханронии Сардори давлат ба дилҳо гармӣ ва ба оташи ҷанг сардӣ меовард. Шиддати оташи ҷанг паст мешуд. Симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯё нуре буд ё офтобе, ки дар осмони Тоҷикистон аз паси абрҳо тулӯъ менамуд. Равшанӣ дар рӯзҳои тираю тори ҷумҳурӣ. Ба гуфтаашон вафо карданд, тамоми саъю талоши Сарвари далват баҳри паст нишондани оташи ҷанг равона буд. Гурезаҳо аз давлати исломии Афғонистон ба Ватан баргардонида мешуданд. Комиссияи оштии миллӣ дар ҳайати шахсиятҳои маълуму машҳур таъсис ёфт. Ниҳоят рӯзи фирӯз 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав байни ҳукумат ва мухолифин Созиш-

номаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин рӯзи фирӯз дар ҳаёти Тоҷикистони азиз рӯзи ид ва рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. - Маҳз ҷанги шаҳрвандӣ сабаб шуд, ки мо ба Ваҳдат бирасем ва қадри онро донем. Мехостем, чанд сухан дар бораи воқеаҳои он давр баён кунед. - Соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар ибтидо бахти баландро соҳиб шуда натавонистем. Соҳибистиқлол шудани миллат ба душмани мо нафорид, худамонро ба худамон душман сохтанд. Воқеаҳои нохуш ва нангини солҳои навадуми охири асри ХХро бояд аз хотир набарорем, ки рӯзҳои мудҳишро аз cap гузарондем, мамлакатро оташи ҷанг фаро гирифт. Ватан дар дами фано буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гоҳе таъкид намуда мегӯянд, ки мо бояд аз хотир набарорем, ки аз чӣ рӯз ба ин рӯзҳо расидем. - Ҳамагон медонем, ки то имрӯз перомуни ваҳдат асарҳои зиёде таълиф шудааст. Ба андешаи Шумо дар ҳоли кунунӣ шоирону нависандагони мо мафҳуми “Ваҳдати миллӣ”-ро ба таври бояд дар эҷодиёти худ тасвир карда тавонистаанд? - Аслан вазифаи адабиёт ва

- Дар кашмакашиҳои ҷанги шаҳрвандӣ иддае зиёиён, аз ҷумла рӯзноманогорону адибонро то андозае гунаҳкор мешуморанд, ки онҳо натавонистанд дар ҳамон овон афкореро ба миён оранд, то мардумро аз вартаи ҷанги дохилӣ берун кашонад. Андешаи Шумо бобати ин. - Ин масъаларо аз чанд ҷиҳат ба қалам додан ва мардумро аз як роҳ ба роҳи дигар гардонидан кори осон нест, махсусан замоне, ки низоъ сар мезанаду мардум дар кашмакашу даргириҳо овораанд. Вақте ҷанг сар мезанад, аллакай сухан ва қалам мавқеи худро гум мекунанд. Назди садои тир садои насиҳат паст мешавад. Аммо бадбахтии асосӣ он буд, ки дар ҳар ду ҷониб низ аҳли қалам иштироки фаъол доштанд ва вазифаи худро то андозае тағйир дода буданд. Ба ҷои по ба по хизмати адабиёту халқро ба ҷо овардан, эшон дар хизмати гурӯҳҳо буданд. Ба он нафароне, ки мехостанд мунсифона ва беғараз воқеаҳоро ба тасвир кашанд, таҳдидҳои зиёде думболагир мешуд. Аз ин лиҳоз хизмати адабиёт дар он давр то андозае чашмнорас буд. Мо хуб медонем, ки чи қадар адибону рӯзноманигорон дар ин кашамакашҳо қурбон шуда буданд. Дар ин масъала аз адибону зиёиён гила кардан нашояд, зеро тавони хизмат кардан надоштанд. - Дуруст аст, ки миллати

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №26 (9556), 27.06.2018 тоҷик адабиёти бою ғанӣ дорад. Чуноне Шумо ҳам гуфтед, бо истифода аз ин адабиёт халқи тоҷик тарбияи хуби маънавӣ низ гирифтааст. Савол ин ҷост, ки қатли писар аз сӯи падар дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба таври барҷаста нишон дода шудааст, ки чӣ бадиҳо дорад. Аммо чаро баъзеҳо аз ин панд нагирифтанду дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо дасти худ онро амалан иҷро намуданд? - “Шоҳнома” ва гуфтаҳои онро ману шумо мегӯем. Аммо омма ҳама аз он бохабар нест. Дар он давра ҳам ва ҳоло ҳам аз тақдири Рустаму Суҳроб бохабар нестанд. Вале ин идеяи асари безаволро ба мардум фаҳмондан даркор буд, то аз он ибрат гиранд. Гузашта аз ин ҳоло мардум дигар китоб намехонанд. Вақте мутолиа набошад, огоҳӣ аз куҷо пайдо мешавад? Дигар, ҳоло насли нав ба воя мерасад. Дар гӯши онҳо чизҳои дигар талқин мегардад. Ба мисли техника ва таҷҳизоти навин. - Шумо гуфтед, ки ҳоло насли нав ба воя мерасад. Табиист, ки ин насл фаҳмиш ва тафаккури дигар дорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки насли нав бояд аз муҳимият ва аҳамияти ваҳдат бехабар бошад. - Бохабар шудани ҷавон аз ваҳдат ва муҳимияти он низ аз тарғибу ташвиқи он ба вуҷуд меояд. Худ аз худ дар ботини касе фаҳмиши ваҳдат пайдо намешавад. Аз минбарҳо бояд фаҳмонид, ки на ҳама ваҳдат, ваҳдат аст. Ҷавононро бояд роҳнамуд сохт, ки дар чӣ чиз ваҳдат кунанд. Дар кадом масъала ва маром бояд аз ваҳдат кор гирем. - Дар андешаи баъзеҳо арзишҳои маҳал аз арзишҳои миллӣ то ҳанӯз боло меистанд. Барои бартараф кардани ин фаҳмиш чӣ бояд кард? - Сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ҳам аз тарафкашиҳои маҳал сар зада буд. Созмонҳои ҷамъиятии ҳар маҳал пайдо шуд. Ҳар маҳал бо роҳбару сардор ва қоидаҳои хоси худ. Бартараф кардани ин дард танҳо вазифаи адабиёт ё матбуоту телевизион нест. Бояд тамоми сохтору идораҳо ва дар маҷмӯъ ҳама шарҳвандони кишвар паи давои он бошанд. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ин фаҳмиш хеле коста гардид, аммо набояд ба ин иктифо кард, балки барои ба пуррагӣ нест кардани он бояд мубориза бурд. - Ташаккур устод барои суҳбати хубу самимӣ. - Рӯзи Ваҳдати миллиро ба тамоми мардуми Тоҷикистони азиз таҳният мегӯям. Таманнои онро дорам, ки ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвари мо ҳамеша пойдору ҳукмфармо бошад. Хуршед МАВЛОН, Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №26 (9556), 27.06.2018

27 ИЮН - РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Бо дарназардошти он ки ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад. Эмомалӣ Раҳмон

ато намояд ва ғунчаҳои ханда дар лабони мардум гул кунад. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуда буданд, ки «Даҳсолаҳо лозим мешавад то захму ҷароҳатҳои ин фалокатҳо муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар як хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад». Солҳои навадуми асри гузашта. Замоне буд, ки аксари минтақаҳои кишвар дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт ва гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ шабакаҳои иттилоотиро ба тобеияти худ дароварданд ва тамоми шохаҳои давлатдорӣ фалаҷ гашта, заводу фабрикаҳо аз фаъолият бозмонда буданд, аксари мутахассисони соҳавӣ Тоҷикистонро тарк карданд. Ин ҳама муноқишаҳои дохилӣ ба он оварда расонид, ки мардум ба ояндаи нек бовар намекард. Аз таърих аён аст, ки душманони миллат борҳо бар сари ин миллати тамаддунофар теғ кашидаву аз дасти фарзандони содиқи миллати тоҷик маҳв карда шудаанд. Ва дубора ҳамон душмани аҳриманӣ буд, ки ба сари ин миллати азияткашида бадбахтӣ оварда, сабабгори даргириҳо ва захми қалби модарону уқубати тифлони бегуноҳ гардид. Хушбахтона, ба бахти миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон, фарзанди фарзонаи миллат, зимоми давлатдориро ба даст гирифт. Ӯ ба ояндаи неки Тоҷикистон боварии комил дошт. Ин боварӣ аз иродаи мустаҳкам, ҷасорати худодод ва заҳмату талошҳои ин сиёсатмадори худогоҳу худшинос шаҳодат медод. Баъди ҳашт музокироти сулҳи тоҷикон рузи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Пешвои миллат далеронаю шуҷоатмандона, ба нооромии вазъи сиёсӣ ва дигар қатлу кушторҳои он замон нигоҳ накарда, аз баҳри ҷони худ гузар намуда, масъулияти якпорчагии ин давлат ва осудагии ин миллати ҷафокашидаро ба уҳда гирифт. Ин дар ҳоле буд, ки он лаҳзаҳо касе ин вазифаи сермасъулиятро ба души хеш гирифтан намехост. Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин баромадаш дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар қасри Ар-

Ваҳдат – сарчашмаи хушбахтиҳо

боби вилояти Суғд гуфта буд: “Ман ба шумо сулҳ меорам”. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири миллати тоҷик ҳал гардида, қадами нахустин ба сӯи сулҳ, оромӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон гузошта шуд. Он замон Сарвари давлат таъкид намуда буд: «Танҳо ваҳдату муттаҳидӣ ҷумҳурии моро аз бӯҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ бароварда метавонад… ». Солҳо мегузарад, вале таърих то абад гувоҳ боқӣ мемонад, ки сиёсат ва меҳру муҳаббати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати миллати хеш беназир ва нотакрор аст. Сарзамини куҳанбунёди мо дар домони худ қаҳрамонони бемисл, абармардони роҳи сулҳу салоҳ ва фарзандони фарзонаро ба монанди Темурмалику Восеъ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ба воя расонидааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомадиҳандаи кору пайкори онҳост. Имрӯз хурду бузург заҳматҳои беназири Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду нумӯъ ва эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз шоҳу амирони гузашта боло мегузоранд, чун ҳамагон шоҳиданд, ки дар як муддати кутоҳи таърихӣ дар сар то сари кишвар бо ташаббуси ин марди оқилу дурандеш корҳои бузурге ба анҷом расонида шуд, ки таърих мислашро ёд надорад. Бешак, сулҳу ваҳдат ганҷи бебаҳо буда, ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани он вазифаи муқаддаси ҳар як сокини диёр, махсусан ҷавонони баору номус ва бошараф, ба шумор меравад. Ҷои шубҳа нест, ки мардуми шарифи ҷумҳурӣ ҳамаи нерӯю кӯшиш, ақлу хиради худро барои боз ҳам устувор гардидани дӯстию рафоқат, ваҳдати миллӣ ва ба қуллаҳои баланди рушду нумӯъ расидани Тоҷикистони азиз равона кардаанд. Бигзор, сулҳу Ваҳдати миллии мо, тоҷикон, ҳамеша побарҷо бошад ва миллати мо бо фарҳанги куҳантаърихи хеш ҳамеша зери ливои ваҳдату дӯстӣ ва ягонагӣ сарҷамъ бошанд.

Имрӯз ҳама насли даврони соҳибистиқлолӣ чӣ будани сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа хеле хуб медонанд. Зеро ҳамин орому осуда зистан, бо табассуми самимӣ аз ҳоли ҳамдигар огаҳ гардидан ва бепарвоёна пайи кору пайкор машғул будани мо самараи ваҳдат аст. Хуб дар ёд дорам, як лаҳзаи умри замони наврасиамро, ки марбут ба ҳодисаҳои солҳои аввалини соҳибистиқлолист. Бо воқеае дар ҳамин ҳангом рӯ ба рӯ гардидаму ҳис намудам, ки тинҷиву оромӣ чисту барои зиндагии осуда доштан чи қадр муҳим аст. Бегоҳ буд. Табиат майл ба торикӣ дошту мардуми деҳа майли гурехтан. Ҳамаи ҳамсояҳо чароғҳои хонаҳоро хомӯш карда, тамоми аҳли оилаҳо иборат аз волидону фарзандон дар болои деҳ ҷамъ шуда буданд. Бузургсолон бо ҳам сухан мегуфтанду падару модарон кӯдаконашонро ба оғӯши гарми хеш мегирифтанд. Аз чеҳраҳои зиндагидидаву ғаму шодӣ таҷрибакардаашон аён буд, ки нороҳатанд. Аз гуфтаи бузургони онҷобуда маълум гардид, ки гурӯҳи ношиносе ба деҳа ворид гардидаанду ҳамаи мардуми деҳа ба тарсу ваҳм афтода, омодаи роҳи гурез буданд... Ин ҳодиса охирҳои соли 90-ум буд, ки дар ин ҳангом кулли кишвари азизамон дар ҳолати вазнин қарор дошт. Чун пас аз истиқлолият ба даст овардан, кишвари мо ба кашмакашиҳои дохилӣ рӯ ба рӯ гардид, ки танҳо он пас аз имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар санаи 27 июни соли 1997 комилан бартараф гардида, Тоҷикистон сӯи ободонӣ ва пешрафт роҳ пеш гирифт. Ҳамин санаи тақдирсози миллат буд, ки маҳз он таҳкурсии кулли корҳои созандагӣ гардида, ба рушди тамоми соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат мусоидат намуд. Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои волое мебошад, ки бо талошу заҳматҳои зиёд ба даст омадааст. Дар роҳи расидан ба ин неъмати бебаҳо роҳи тӯлонии пурпечутоб паси сар гардидааст. Он чун офтобе дар фазои сулҳбори Тоҷикистон ба рӯҳу равони мардум ҷони тоза мебахшаду ба сӯи фардои дурахшони зиндагӣ раҳнамун месозад. Ваҳдат мафҳумест, ки ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳод ва ҳамбастагиро фаро гирифта, тамоми пешравию дигаргуниҳои кишвар маҳз самараи он аст. Ваҳдат аст, ки миллат ба сомону халқ сарҷамъ аст. Воқеан, асоси ҳастии халқу миллат ваҳдат, ягонагӣ ва сулҳ аст. Муносибати боэҳтиромона, дӯстона ва бо муҳаббат асосёфтаи волидону фарзандон ваҳдат аст. Чӣ хубу зебо ва боиси фараҳмандист, ки имрӯз ҳама дар фазои орому осудаи меҳан, ки ҳама сарчашма аз ваҳдати миллист пайи кору фаъолиятанду бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ҷаҳд месозанд, то дар таҳкими ин неъмати арзишманди таърихӣ саҳмгузор бошанд. Дар барқарор гардидани сулҳи тоҷикон ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ нақши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Зеро маҳз талошҳои шабонарӯзии ин марди миллат буд, ки сулҳ дар кишвар пойдор гардид, ваҳдати миллӣ ба даст омад ва Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардид. Пешвои миллат аз нақши Ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, чунин иброз доштаанд: “Ин санаи воқеан таърихӣ барои халқи азизи мо бисёр муҳим мебошад, зеро он давлати ҷавону соҳибистиқлоли тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо намуд ва ибтидои раванди барқарорсозии харобиҳои ҷанги таҳмилӣ ва созандагии Ватани маҳбубамон гардид. Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем”. Мо имсол 21-умин солгарди Ваҳдати миллиро қайд менамоем, ки боиси ифтихори ҳар яки мо мардуми тоҷик мебошад. Чунки дар гузашта рӯзҳои сахте ба сари миллати тоҷик омада буд. Мо имрӯз Рӯзи Ваҳдати миллӣ - ин санаи таърихиро ҳамчун рӯзи накӯ ҷашн мегирем ва нақши таърихӣ доштани онро дар таърихи давлатдорӣ боз ҳам бештар дарк менамоем. Боиси хушнудист, ки имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмонҳои ҷаҳонӣ ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Ҳама шукуфоӣ ва ободиҳои имрӯзаи кишвар самари ваҳдат мебошад. Яъне, якдилӣ, иттифоқу муттаҳидӣ бошад, ободиву пешрафт ҳатман хоҳад шуд. Пас барои расидан ба пешрафтҳои бештару беҳтар ва ноил гардидан ба рушду тараққиёт дар ҳама самту соҳаҳои ҷомеа бояд аз домани ваҳдат сахт бидорем. Ба ҳадде ки касе натавонад дар муттаҳидии мо рахна падид орад. Имрӯз ҷавонон бояд талошҳои бузурги мардуми кишварамонро дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ ҳаргиз фаромӯш насозанд. Воқеан, Ваҳдати миллӣ дар саҳифаи таърихи Меҳан бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, ки аз ҳар яки мо баҳри ҳифзу гиромидошти он масъулияти баландро тақозо менамояд. Дар ин росто ҳар яки мо бояд баҳри таҳкими он ва рушду инкишофи ин сарзамини зархез саҳм гузорем ва ин неъмати бебаҳоро хуб нигоҳ дорему чун ҳадяи беҳтарин ба наслҳои минбаъда ба мерос гузорем. Чунки ваҳдат сарчашмаи кулли хушбахтиҳои инсоният буд, ҳаст ва то абад хоҳад монд.

Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

Ваҳдат ганҷи бебаҳост Зиёда аз бист сол аст, ки мардуми озодандеши тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҳамчун иди умумихалқӣ ботантана ҷашн мегиранд. Ваҳдат мафҳумест, ки муттаҳидӣ, ягонагӣ, сарҷамъӣ, якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию ҳамбастагиро ифода намуда, тамоми рушду нумуъ ва пешрафту дастовардҳои мамлакат аз самараи он мебошад. Он беҳтарин неъмат, орзуву ормон, наҷоти миллат, рушду нумуи даврон ва ҳастии инсон дар ҳама давру замон маҳсуб меёбад. Танҳо ваҳдат шароит фароҳам овард, то дар кишварамон заминаи мусоид барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум муҳайё карда шавад. Танҳо бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ тавонистем истиқлоли кишварро пойдор ва ягонагии мардумро устувор нигоҳ дошта бошем. Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвару миллати моро ҷавонони созанда бо нишондоди дастовардҳои назаррас дар байни дигар мамлакатҳои ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Имрӯз ҷавонони накӯкору созандаи ин миллат ба истиқлолият ва ваҳдати миллии давлату миллати хеш ифтихор мекунанд ва шукрона аз он менамоянд, ки соҳибватану соҳибистиқлол ҳастанд. Воқеан, ваҳдат калиди ҳамаи хушбахтиҳост ва агар сулҳу ваҳдат набошад, ҳатто орзуи хушбахтиро намудан ғайриимкон аст. Дар замони соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба як давлати ободу озод ва рӯ ба тараққӣ табдил ёфта, тавонист истиқлолияти худро аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мукаммал гардонад. Бернард Шоу, донишманди аврупоӣ, дар хусуси шинохти миллат чунин мегӯяд: «Симои миллатро олими беҳамто, варзишгари ногузир ва сиёсатмадори вораста муаррифӣ мекунад». Бо лутфи илоҳӣ ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нерӯи ваҳдат дар кишвари мо алайҳи ҷудоӣ имкон фароҳам овард, то рӯзгори хуш боз нафаси тоза бигирад, андуҳ аз диёр по кашад, баҳори нозанин ба бӯстони зиндагӣ рангорангӣ

5


6 ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

ҲИЛОЛИДДИН НАЗАРОВ, корманди соҳаи тиб, ихтироъкор: - Яке аз беҳтарин неъматҳое, ки Худованд ба мо мардуми тоҷик арзонӣ доштааст, оромӣ ва сулҳу субот аст, ки бо шарофати он мо ҳам оромона зиндагӣ ва фаъолият менамоем. Маҳз Ваҳдати миллӣ аст, ки мо ҳар кореро, ки мехоҳем - чӣ барои худ бошаду чӣ барои ҷомеа - метавонем ба анҷом расонем. Вақте ки Ваҳдати миллӣ мегӯем, зери ин мафҳум пеш аз ҳама сулҳу субот, осоиштагӣ ва якдилию муттаҳидии халқ фаҳмида мешавад. Ваҳдати миллӣ барои ҳар халқу миллат чун обу ҳаво зарур аст. Танҳо дар сурати ваҳдату якдил будан душвориву монеаҳо паси cap мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафту тараққиёт ноил мегардад.

ХУШДИЛ РАҲИМҶОНОВ, олими ҷавон: - Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки зарурати ҳифзу таҳкими он ҳамвора вуҷуд доштаву дорад. Вақте доир ба яке аз мафҳумҳои муқаддаси ҳастии миллат – Ваҳдати миллӣ андеша мекунам, беихтиёр як лаҳзаи хотироти кӯдакӣ ёд меояд, ки диққати маро ҷалб намудаву барои идрок талош карданро ба вуҷуд оварда буд. Порае аз тасаввуроти кӯдакӣ, ки аз навиштаҷоти хеле бошукӯҳи “Ободии Тоҷикистон дар Ваҳдат...” иб-

тидо гирифта буд, имрӯз низ вақте доир ба Ваҳдати миллӣ андеша мекунам, дар зеҳнам мечархад ва моҳияту зарурату аҳамияти беназири Ваҳдати миллиро бори дигар ба таври барҷаста дар лавҳи хотир зинда месозад. Агар бевосита доир ба моҳияти ҳамин суханвора изҳори назар намоем, дармеёбем, ки ба таври мушаххас мазмуну аҳамияти Ваҳдати миллиро бозгӯ мекунад. Дар ҳақиқат, ман имрӯз ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи давлати соҳибистиқлоли миллии тоҷикон, ҳамчун як ҷавони парвардаи замони истиқлол ба хубӣ эҳсос мекунам, ки ободии Ватани азизи мо – Тоҷикистон дар ваҳдат аст, зеро Ваҳдати миллӣ асоси рушди устувори ҷомеа, таҳкими унсурҳои давлатдории миллӣ, зиндагии шоистаи мардуми сарзамини ганҷхезу гуҳаррези тоҷик аст. Танҳо тавассути ин неъмати бузург, ки вуҷуду устувории минбаъдааш низ ба мо вобаста аст, метавонем ба дастовардҳои боз ҳам бузургтаре ноил шавем.

Ваҳдати миллӣ дар иштибоҳу хатоҳои онро тасҳеҳ кунанд. Дар ин росто мо яқинан Ваҳдати миллиро ҳифзу бегазанд то ҷовидонаҳо нигаҳ хоҳем дошт. Ҷашни Ваҳдати миллӣ ба пиру ҷавони кишвар хуҷаста бод!

ЗОҲИРИ САЙФУЛЛО, аспиранти Академияи илмҳои ҶТ: - Ваҳдати миллӣ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омад ва тарафҳо ба ҳам аҳду паймон бастанд, ки дигар хуни якдигарро намерезанд. Шояд ҳамнаслони мо аз ин бештар зери мафҳуми “Ваҳдати миллӣ” чизи дигаре донанд, аммо аксарият ба таври бояду шояд маълумоти кофӣ доир ба аҳамияти Ваҳдати миллӣ ва таҳкими он дар фазои давлатдорӣ надошта бошад. Насли ҷавон, ки аз ҷанги нангину бародаркуш дақиқан чизеро намедонанду танҳо тариқи назариявӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ иттилоъ пайдо кардаанд, донистаашон, фикр мекунам, басанда нест. Аҳамияти он ки чаро ҷавонон бояд дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ ва зиёни он ба миллати тоҷик донанд, дар он аст, ки маълумот ва огоҳии бештар ҷавононро водор месозад, ки мафҳуми Ваҳдати миллиро бо нозуктарин ҷузъиёташ дарк намоянд. Аз ҷавонони кишвар даъват ба амал меорам, ки худ мустақим аз паи омӯзиш ва тадқиқоти он давраи таърихӣ шаванду

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №26 (9556), 27.06.2018

АТО СОБИРЗОДА, мутахассиси Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба корҳои муолиҷавӣ: - Гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик ин ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад. Сулҳи тоҷикон натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки он буд. Сулҳ эътимоди садҳо ҳазор ҳамватанон, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки ноилоҷ тарки Ватан карда буданд, ба ҳаёти сазовор эҳё намуд. Вақт гувоҳ гашт, ки устувории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ комёбии беназир ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар

натиҷаи якдилию якдигарфаҳмии мардуми кишвар ва фарзандони қавииродаи халқамон бо сарвари оқил Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид. Моро зарур аст, ки ин дастоварди бебаҳо ва муқаддасро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар бошему дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифз намоем, зеро Вахдати миллӣ ҳастии миллат ба шумор меравад.

СИЁВУШ БЕРДИЗОДА, роҳбари Маҳфили “Ҳаҷвнигорони ҷавон”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ: - Аввалан мо - ҷавонон шукронаи амну осоиш ва ваҳдату истиқлолият менамоем. Аз ҳама асос шукри Яздони пок мекунем, ки асосгузори ин вожаҳои муқаддас - Эмомалӣ Раҳмонро ба сари ҳокимияти Тоҷикистон овард. Гарчанде, мо - ҷавонон он рӯзҳои

сангин ва пур аз хиёнатро аз наздик надидем, лекин филмҳое, ки тавассути телевизион пахш мешавад, ба мо маълум менамояд, ки он солҳо Ватани азизи мо дар кадом вазъ буд. Ҳамчунин имрӯзҳо мо шоҳиди он гаштем, ки чандин нафарони ҳамон солҳо ба Ватан хиёнаткарда аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат бахшида шуданд, ҳатто ба ҳабс гирифта нашуданд. Аммо баъзе аз он табақаҳо баъди расидан ба истиқлолият боз оромии давлати моро халалдор сохтанд ва хушбахтона ба мақсади нопоки худ нарасиданд.

МУҲАММАДАЮБ ЁРОВ, ДОНИШҶӮИ ДДОТ: - Ваҳдат яке аз арзишҳои олии ҳар миллат ба ҳисоб меравад. Чун бидуни ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин амрест маҳол. Имрӯзҳо кишварҳоеро дар сайёра мебинем, ки барои


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №26 (9556), 27.06.2018 расидан ба ваҳдату якдилӣ ба ҷангу кушторҳо даст мезананд. Чораҳои зиёд барои соҳиб шудан ба онро меандешанд. Мо – тоҷикон, ки дар партави ин неъмати бебаҳо ба сар мебарем, моро месазад, ки дар рӯҳияе таълим ва тарбия гирем, ки пос ва нигоҳдорандаи Ваҳдати миллӣ бошем. Маҳз ҳамин ваҳдату якдигарфаҳмӣ буд, ки миллати тоҷбарсари тоҷикро ба тамоми дунё муаррифӣ намуд. Ҳамзамон, халқиятҳои гуногун ба мамлакати мо сафар намудаву ин диёри ваҳдатофаринро ба тамоми мамлакатҳои хориҷ муарррифӣ менамоянд. Ман чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор метавонам гӯям, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст ва мо онро то ҳастем нигоҳ медорем.

ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

Зеро кӯдак дар муҳити орому осуда, сулҳу субот ба воя мерасад ва бо истифода аз ин ба ҳама орзуҳои худ мерасад. Асри ХХI аcри абарқудратҳо ва эҳтимоли нестшавии миллату давлатҳои хурд аст. Ҷаҳонишавӣ худ омили гаравидан ва итоат кардан ба “хоҷа” мебошад, ки ҷаҳонро байни худ, бехабар аз он ки замин барои тамоми инсоният халқ шудааст, тақсим мекунанд. Дар ин ҳол пос доштани Ваҳдати миллӣ, ки ганҷи ноёб дониста мешавад, барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон шарт ва зарур аст. Махсусан ҷавононро зарур аст, ки барои истиқрори сулҳ камари ҳиммат банданд ва онро бо ҳастии хеш нигоҳ доранд. Мо медонем, ки 70 фисади аҳолии кишварамонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Одитарин чиз хизмат кардани онҳо дар сафи Қувваҳои Муссалаҳ нишонаи бузургӣ ҳимояи Ватан аз бегонагону ҷангҷӯён мебошад, ки Ваҳдати миллиро халал-

ҳар касе пой гузорад, дар баробари тинати бардагию ғуломӣ рушд мекунад. Ба атрофиён бо назари шубҳа менигарад. Аммо Ваҳдат таҳкимгари муҳаббати байни инсонҳост. Ваҳдат аст, ки одамӣ дар паи кору пайкору эҷод аст, дар паи рушду такомул аст. Ваҳдат аз калби инсонҳо кинаву адоват, тарсу ҳарос, беномусиву номардонагиро бадар месозад. Ваҳдат аст, ки инсоният ба таърихи дури хеш менигараду аз як батн пайдо шудани бани одамро эҳсос мекунад ва то андозае аз шайтонату васвасаву ноҷавонмардӣ дурӣ меҷӯяд. Тардиде нест, ки пойдории миллат дар аввал агар ба истиқлолият марбут бошад, баъдан аз ваҳдат низ вобастагии зиёд дорад. Зеро ҳар давлат баъди оне, ки соҳибистиқлол мегардад, маҳз дар сурати ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ эҳё мешаваду рушд мекунад. Чун фазои ваҳдат талқингари дӯстиву бародарист. Мо метавонем дар оҳанги

дор мекунанд. Зимнан набояд фаромӯш кард, ки саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ниҳоят бузург аст. Мо бояд дар ҳар нафаси осуда аз ҳавои сулҳ кашидаамон бо ин марди Худо шукрона гӯему ҳеҷ гоҳ нагузорем, ки чашми зархаридони дохиливу хориҷӣ ба сулҳу субот ало гардад.

ваҳдат ба як сураъати ниҳоят зиёд рушд кунем. Гузашта аз ҳама халқу миллатҳо мо кишвари худро мисол меорем, ки аз як вартаи нобудию нестӣ бадар омад. Маҳз дар натиҷаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироӣ по ба арсаи рушд гузошт. Дар як муддати кутоҳ ҳама харобаҳои ҷанг бо ҷорӯби ваҳдат рӯфта шуду аз он вайронаҳо нишоне намонд. Дар ҳақиқат месазад, ки имрӯзҳо ҷавонон ба сиёсати сулҳофаронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намоянд. Ваҳдатро муқаддас шуморанд. Бо тамоми ҳастӣ дарк намоянд, ки сар аз хонаи ободу ором то Ватани маҳбубамон дар заминаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ падид омадааст ва шоиста аст, ки аз он ба қимати ҷон ҳифз кунем.

фаҳмиши ҷавонон

САМАРИДДИН КАРИМОВ, омӯзгори ДТҶТ: - Зери ибораи “Ваҳдати миллӣ” мо пеш аз ҳама тинҷиву осудагии кишварро мефаҳмем, ки ин нишонаи сулҳу субот дар кишвар аст. Албатта, роҳи расидани Тоҷикистон ба Ваҳдати миллӣ саҳлу осон набуд, зеро мухолифони дохиливу аҷнабӣ аз чор гӯшаи кишварамон барои ба дарозо кашидани ҷанги шаҳрвандӣ ва аз байн бурдани бисёре аз нишонаҳои миллӣ, ки он пеш аз ҳама ба гумони ғолиб нестшавии миллат буд, саф ороста буданд. Ваҳдати миллӣ - ободӣ ва тараққиёти кишвар, нуфузи аҳолӣ, хандаи беғаши кӯдак дар оғӯши гарми пурмеҳри модар мебошад, ки айни ҳол исботи ин гуфтаҳоро дар ҷомеаи Тоҷикистон мебинем. Инчунин, барои инкишофи хуби равонии кӯдакону ҷавонон Ваҳдати миллӣ аҳамияти калон дорад.

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”

АНВАР РӮЗИЕВ: омӯзгори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ Ваҳдат дар фарҳанги мардуми форсу тоҷик маънои ягонагӣ, тифоқӣ, дӯстӣ ва сулҳу оромиро инъикос мекунад. Ҳар нафаре, ки аз ин маънои воло кор бигирад, сазовори эҳтироми ҷомеа ва давлат мегардад. Берун аз ҳудуди мафҳуми ваҳдат, дар инсонҳо худкомагӣ ба кор меояд. Яъне, берун аз марзи ваҳдат

7

Ваҳдат кафили пойдорӣ ва рушди ҷомеа Ваҳдат таҷассумгари ормону ҳадафҳо ва орзуҳои деринаи мардуми сайёра буда, тавассути он саодати башарият таъмин мегардад. Далели ин гуфтаҳо вазъи кунунии ҷаҳони муосир мебошад, ки аксари мамолики олам дар вартаи ҷангҳои дохилӣ ва низоъу кашмакашҳои шахрвандӣ тавассути дахолату манфиатҷӯиҳои абарқудратон қарор гирифта, ваҳдату осоиштагӣ, суботу оромӣ дар ин кишварҳо барҳам зада, ҳатто хавфи он аст, ки ин мамолик истиқлолияти комили сиёсӣ ва иқтисодии худро аз даст дода, ба кишварҳои ҷангзадаву харобу нообод мубаддал шаванд. Ба монанди Ироқ, Сурия, Либия, Афғонистон ва ғайраҳо. Ин кишварҳое буданд, ки як вақтҳо орому осоишта ва тинҷу босубот, ҳатто аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шароити баланди зисту зиндагии мардум, нишондиҳандаҳои умумиро дар минтақа ва дар миқёси ҷаҳон мавқеи баландро соҳиб буданд. Аммо агар имрӯз ба ҳолати кунунӣ ва вазъи ба амал омада дар ин кишварҳо назар афканем, бидуни муҳобот мушоҳида кардан мумкин аст, ки сабаби асосии ба чунин аҳвол гирифтор шудани ин мамолик ин аз даст додани ваҳдату якпорчагӣ, якмаромию ҳамдигарфаҳмӣ байни тамоми мардуми ин кишварҳо ба ҳисоб меравад. Зеро арзиши гаронбаҳотаринро аз даст дода ба чунин вазъи ногувору ташвишовар гирифтор шудаанд. Хушбахтона кишвари азизи мо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми шарафманду сарбаланди он тавонистем, ки баъди нобасомониҳои зиёд ва ҷанги таҳмилию хунрезиҳои тӯлонӣ ба сарзамини биҳиштосоямон бори дигар тинҷию оромӣ, сулҳу субот ва осоиштагиро баргардонида таъмин созем, ва тавассути ваҳдат кишвари худро дар як муддати кӯтоҳ ба сарзамини осоиштаи минтақа табдил диҳем. Ба ин восита нуфузу эътибор ва мавқеи кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем. Имрӯз аксари ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони миллали муттаҳид таҷрибаи сулҳи кишвари моро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, онро барои кишварҳои ҷангзада ҳамчун дастурамал тавсия карда, пайравӣ намудан аз онро маслиҳат медиҳанд, ки ин албатта боиси ифтихору сарбаландии мост. Албатта, мардуми сарбаланди кишвари маҳбуби мо имсол бисту якумин солгарди ваҳдати миллиро дар як фазои софу беғубор, ободии Ватан ва озодии сокинони он таҷлил менамоянд. Оид ба ваҳдати миллӣ нақш, моҳият ва арзиши бебаҳои он агар васфро идома диҳем порчаҳои тӯлонии қоғаз ва баҳри ранг камҳ намуда, мо васфи онро ба итмом намерасонем. Фақат дар интиҳо ҳаминро гуфтанием, ки ваҳдат ин сарчашмаи асосии тамоми дастовардҳо ва пешравиҳои мардуми мо ба ҳисоб рафта, асоси худшиносии миллӣ, ҳуввият ва асолати миллиро мо танҳо тавассути ин неъмати гаронарзиш ба даст овардем. С. АБДУЛЛОЕВ, устоди кафедраи фаъолияти гумрукии ДДМИТ


8

27 ИЮН - РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №26 (9556), 27.06.2018

Ба қадри рӯзгори осуда бояд расид Соҳибватану соҳибдавлат будан барои ҳар як фард шарафи бузург аст. Ваҳдати миллӣ хамчун рамзи муттаҳидию сарбаландӣ, якдилию якдгирфаҳмӣ сарҷамъии ҳар як халқу миллат аст, аммо ба даст овардани он кори саҳлу осон нест. Соли 1991, баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ, Тоҷикистон низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳо истиқлолияти давлатии худро соҳиб гардид. Аммо ин на ба осонӣ, балки бо мушкилиҳои зиёди сиёсӣ, ба даст омад. Зумрае аз ноҷавонмардону нотавонбинони дохилию берунӣ тавонистанд миллатеро, ки таърихи беш аз ҳазорсола дорад, бо ҳар роҳу восита, бо дастгирии баъзе аз фарзандони ноқобили ин миллат, тухми кинаву бадбиниро дар байни мардуми бегуноҳ пош диҳанд. Онҳо то ҳаде ба ниятҳои нопоки худ расиданд. Халқро сарсону саргардон, сохторҳои давлатиро фалаҷ намуда, аз худ роҳбару сиёсатмадор месохтанд. Аммо дар асл мақсад дигар буд. Давлати таъриху фарҳанги куҳанбунёд доштаро байни хоҷагони худ тақсим кардан. Соли 1994 барои мардуми тоҷик соли бениҳоят тақдирсоз буд. Зеро дар кишвар аввалин маротиба Конститутсияи давлати мустақилро қабул намуда ва бо тариқи овоздиҳӣ интихоботи президентӣ баргузор гардид. Бо овози аксарияти интихобкунандагон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Боварии мардум ба роҳбари интихобкардаи хеш зиёд гашта, мардуми азияткашида ба зиндагӣ бо нигаҳи дигар менигаристанд. Аммо қувваҳою

гурӯҳҳои манфиатҷӯе буданд, ки сулҳу суботи мардуми тоҷикро намехостанд. Пайваста кӯшиш мекарданд, ки тинҷиву оромии мамлакатро халалдор созанд. Хушбахтона, мардуми сарбаданду фарҳангсолори миллати тоҷик бо иродаву матонати худ исбот кард, ки сулҳу ваҳдатро аз ҳама гурӯҳҳои ифротҷӯву ҳангомасоз боло дониста, аз рӯзҳои аввал аз сиёсати ҳукумати қонунӣ ҷонибдорӣ мекарданд. Ҳамин тариқ, марҳилаи таърихии гуфтушунидҳо бо мухолифон аз соли 1994 оғоз гардид. Ахиран дар шаҳри Москави Федератсияи Русия, 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Имсол аз имзои ин санади сарнавиштсоз 21 сол пур шуд. Воқеан дар ин давра мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бисёр дастоварду комёбиҳои чашмрас ноил гаштаанд. Бояд зикр намуд, ки саҳми ин абармарди майдони сиёсат бобати ба даст овардани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ бениҳоят бузургу таърихист. Мо насли ҷавону ояндасози миллат кору пайкори Пешвои миллатро мактаби бузурги мардонагиву созандагӣ хонда, аз он дарси садоқатмандию шуҷоатмандӣ омӯхта, баҳри устувор намудани сулҳу субот кӯшишҳои худро дареғ намедорем. Пӯшида нест, ки имрӯзҳо хатари терроризми байналмилалӣ тамоми оламро фаро гирифтааст. Мардуми тоҷик дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мавқеи устувор дошта, ҳама гуна амалҳои ифротгароиву

террористиро, ки ба раванди сулҳу субот дар ақсои олам монеа эҷод мекунад, қатъиян маҳкум намуда, хоҳони тинҷиву оромӣ дар тамоми сайёра мебошанд. Мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки рӯзи 14-уми майи соли равон баргузор гардид, моро боз як бори дигар ба гузаштаи начандон дури таърихи ватанамон мебарад. То ин ки боз як бори дигар ба қадри сулҳу ваҳдату оромӣ бирасем ва шукрона аз ҳаёти осоиштаи ватани азизамон намоем. Мо мардуми шарифи тоҷик таърихан мардуми сулҳхоҳу ваҳдатсаро ҳастем. Маҳз ҳамин якдилию якдигарфаҳмии мардум буд, ки мо ба ин рӯзҳои нек расидем. Аз ин рӯ, шукрона аз ин неъмати бебаҳо намуда, баҳри ҳифз ва ҳимоя аз дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангии кишварамон талош меварзем. Акбар АБДУСАМАДОВ, корманди Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон

Ваҳдатат ҷовидон Аз азал мардуми тоҷикро ҷаҳониён бо фарҳанги оламшумул, ҳамчун муҳофизони арзишҳои милливу давлатӣ, дорои ахлоқи ҳамидаву наҷиб, ғояҳои инсондӯстиву рафоқат, ҳимоятгарони марзу бум, тараннумгари сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ҳамзистӣ мешинохтанд. Ин рисолати бузург дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон бори дигар бо талош ва кӯшишҳои пайвастаи Асосугзори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун идомаи мантиқии ҳидоятномаҳои бузургони илму адаби кишвар баҳри ҳамдиливу якмаромӣ ва ваҳдатмеҳвариву ҳамзистӣ исботи амалии хешро дарёфт. Тавре аз таърихномаи начандон тӯлонии кишвар маълум аст, ҳанӯз дар рӯзҳои аввал ҳамчун орзуву омоли деринаи халқ ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва соҳиби кишвари мустақили навини миллӣ гардидани мардуми шарифи кишвар, бо баҳонаи хайрхоҳиву ҳамҷаворӣ ва таҳкими муносиботи ҳасанаи бародаронаву некбинона бо маблағгузории бархе аз кишварҳои ба мо дӯсту ҳамзабон ва бо истифода аз мафкураи ғаразолуди бархе аз фарзандони гумроҳ кишвари мо ба алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар қалби пиру ҷавон, модарону хоҳарон ва сокинони Ватан эҳсоси яъсу ноумедӣ падид омад. Маҳз бо даъват ва истифодаи нерӯву тавони ҷавонони бетаҷрибаву сустиродаи кишвар дар майдоннишиниҳо, ки ба доми хоҷагони хориҷ ва дохил афтида буданд ва ба мураккаб гардидани вазъ дар кишвар боис мегардид раванди ба ҳам овардану сарҷамъии мардум ва аз чанги беназмиву бенизомиҳо раҳонидани давлат масъалаи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт. Зеро маҳз авҷ гирифтани алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ, дар кишвари тозаистиқлол ва аз ҳар лиҳоз тозаинкишоф ба раванди иҷборан тарк намудани макони зист

ва гуреза шудани як миллион нафар ҳамватанони мо оварда расонид. Дар кишвар аз байн рафтани кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, ва аз тири фарзандони нохалаф ваҳшиёна ба қатл расидани зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат, ки дар байни онҳо арбобони илму ҳунар, нобиғаҳои айём, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ ва пирони хираду ашхоси барӯманд низ буданд, кишварро ба буҳрони маънавӣ рӯ ба рӯ гардонид. Раванди ваҳшонияти ҷанги шаҳрвандӣ, ки на барои кӯдак ва на барои пиру барно раҳму шафқат заррае ба назар намерасид, боиси ятим мондани 55 ҳазор кӯдак гардид. Оила, ки дар ҳама давру замон ба сифати рукни муҳими ҷомеа маҳсуб меёбад, он замон арзиши аслии хешро гум карда, бефарзанду бесаробон мондани 25 ҳазор нафар занону модарон яке аз хисороти навбатии рӯҳиву маънавии модарон гардид. Ин ҷанги бемаъниву таҳмилӣ, ки оқибат ба харобии миллат ва парокандагии мардум оварда мерасонид, бениҳоят ба рушди босуботи Тоҷикистон зарба ворид намуда, кишвари моро аз роҳи пешрафтҳо ба даҳсолаҳо ақиб кашонид. Дар маҷмӯъ, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллар хисороти молӣ расид. Хушбахтона, дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, бо эҳсоси гарму самимии ватандӯстона, ҷуръату тавони оянданигарона ва андешаву омоли наҷибу некбинона фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳодурона ба минбари Иҷлосия баромада, иброз доштанд, ки “Ман ба шумо сулҳ меоварам ва дар ин роҳ лозим шавад ҷони ҷавони хешро дареғ намедорам”. Ин буд, ки дар ҳамин иҷлосия қадамҳои аввалини


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №26 (9556), 27.06.2018

27 ИЮН - РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

сулҳу субот байни қувваҳои мухолиф гузошта шуданд ва онҳо дар ҳамин иҷлосия ба мувофиқа расиданд. Маҳз бо баргузории 8 давраи музокироти байни тоҷикон ва зиёда аз 6 мулоқоту гуфтушунидҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва, Теҳрон, Исломобод, Алма-Ато, Ашқобод, Душанбе, Кобул, Машҳад, Бишкек ва амсоли инҳо ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ва изҳороти Маскав бо иштироки намояндаи махсуси Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид ба имзо расид. Ин рӯзи фархундаву ҳумоюнӣ дар қалби ҳар фарди худогоҳу хештаншинос ва вориси ниёгон шодиву сурур ва шуълаи сулҳу ваҳдатро барафрӯхта, барои рушди босубот

меёбад. Чун мову шумо мардуми саодатманди кишвар дар остонаи таҷлили 21-умин солгарди ҷашни ҳамдиливу иттиҳод ва осудагиву сарҷамъии мардум, Рӯзи ваҳдати миллӣ қарор дорем, бо боварии комил гуфта метавонам, ки мардуми саодатманди мо, сулҳу ваҳдате, ки бо талош ва кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо баҳои ҷони ҳазорон тан аз фарзандони фарзонаву сарсупурдаи миллат ба даст омадааст ҳифз намуда, баҳри ба насли оянда мерос гузоштани кишвари ободу пешрафта аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем намуд. Зеро ба ибораи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини

ва таҳияи нақшаҳои дурнигаронаи давлатдории навини миллӣ заминаи мусоид гузошт. Вазифаву мақсадҳои мушаххас ва ба ҳайси ҳадафҳои стратегии давлат муқаррар намудани масоили раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлативу ҷамъиятиро ба маҷрои муайяну мушаххас равона намуда, бори дигар иродаи давлатсозиву соҳибтамаддунии мардуми моро дар симои Пешвои оқилу ғамхор, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оламиён муаррифӣ намуд. Ташаббусҳои неку наҷиби Пешвои миллат дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамовозии аксари кишварҳои олам бори дигар аз овози ҳалкунандаи давлати мо дар ҳалли масоили минтақа ва ҷаҳон хеле калидӣ буда, бори дигар аз соҳибдавлативу соҳибтамаддунии мо дар ақсои олам дарак медиҳад. Бо соҳибистиқлоливу иродати наҷиби Пешвои миллат дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар инфрасохтори иҷтимоиву марказҳои муосири хизматрасонӣ, муассисаҳои муҷаҳҳази соҳаи маорифу тандурустӣ ва амсоли инҳо таҷдид, бунёд ва азнавсозӣ гардида, бунёд ва шуруи фаъолияти коргоҳҳои хурду бузург баҳри таъмини сокинон бо ҷойҳои кории доимиву мавсимӣ мусоидат намуд. Бахусус дар шаҳри азизи мо Бӯстон низ бо ҳузури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода додани мактаби Президентӣ ва хобгоҳ барои хонандагони болаёқат, хобгоҳ барои устодон, иншоотҳои таъиноти гуногун, коргоҳу муассисаҳо ва амсоли инҳо шаҳодати таваҷҷуҳи бемайлони Роҳбари давлат ба ин гӯшаи диёрамон дар марҳилаи танинандозии Ваҳдати миллӣ маҳсуб

аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад”. Бо чунин орзуҳои наҷиб Рӯзи ваҳдати миллиро ба кулли ҳамватанони азиз таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандиву саодати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизу муқаддас осмони софу ваҳдати ҷовидонӣ таманно дорам.

бод, Тоҷикистон!

Раъно ҲОШИМЗОДА, раиси шаҳри Бӯстон

9

Баргу сози коинот аз ваҳдат аст... Соҳиб шудан ба истиқлолият барои ҳар як халқу кишвар кори осон нест, вале ҳифз ва таҳкими он мушкилтар аз он аст. Ваҳдат пеш аз ҳама, ба инсонҳо умед мебахшад ва онҳоро ба оянда дилгарм месозад. Оре, ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ, ҳисси баланди масъулият ва қотеияту матонат ба роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, таҳкими сулҳу сафо ва ваҳдати ростин миёни мардуми кишвар комёб гардад. Хираду заковати суннатӣ боло гирифта, роҳ ба сӯи созандагӣ ва шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони азиз ҳамвор гардид. Барои расидан ба ин рӯз душвориҳои зиёде пушти сар шуданд, вале ниҳоят гавҳари мақсуд ба даст омад. Ҳоло таҷрибаи сулҳи тоҷикон миёни аҳли башар чун намунаи ибрат шинохта мешавад. Сиёсатмадорону коршиносон ҳангоми суханрониҳо аз минбарҳои гуногун, гуфтушунидҳо, баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муноқишаву низоъҳои ҳаммонанд, ба кор бурдани нақшаи тоҷикии ҳаллу фасли масъаларо салоҳ медонанд. Аз ин лиҳоз, идеяи риояи қатъии нигоҳдошти адолати иҷтимоӣ дар ҳама давру замонҳо чун пойдевори бузурги давлатҳо, бахусус давлати миллии мо дорои зарурати аввалиндараҷа мебошад. Дар шароити кунунӣ Ваҳдати миллӣ дар заминаи таъмини оромӣ ва рушди ҷомеа чун омили муҳим аҳамияти нав пайдо карда, моҳияти иҷтимоию сиёсии он кушода шуда, дар радифи истиқлолияти давлатӣ, таъмини якпорчагии ҷомеа ва ҳифзи ватани азиз, ягонагии забону фарҳанг ва сулҳу суботи ҷомеа, ки арзишҳои муҳим мебошанд, густариш меёбад. Ҷавононро зарур аст, аз ғамхориҳои Сарвари давлат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар ин раванд пешсафи ҷомеа бошанд. Ваҳдати миллӣ асоси пойдорӣ ва бақои миллат буда, аҳли ҷомеаро хушбахту комгор месозад. Аз ин ҷост, ки барҳақ, Пешвои миллат ваҳдат ва истиқлолиятро ду боли як иқболи миллати тоҷик унвон кардаанд. Шинохт ва дарки дурусти ин матлаб пеш аз ҳама баёнгари он аст, ки расидан ба Ваҳдати миллӣ маҷмӯи пешрафтҳои навини давлатро дар ҳамаи самтҳо таъмин намуд. Дар кӯтоҳтарин фурсат дар Тоҷикистон ду нақби бузург бунёд гардида, ваҳдати воқеии ҷуғрофияи таърихии Тоҷикистон дар заминаи эҳёи қисмати бузурги шоҳроҳи таърихии абрешим аз марзи Исфараи вилояти Суғд то минтақаи Хоруғу Мурғоби

ВМКБ, ки Тоҷикистонро аз роҳи заминӣ ба Чин мепайвандад, таъмин карда шуд. Дар идомаи ин барномаи бузург сохтмон, таҷдиду тармими роҳҳои хурду бузург давом намуда, баробари бунёди роҳҳои бузург нақбҳои Шаршар, Хатлон, инчунин роҳҳои Кӯлоб-Хоруғ-Қулма сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Зимнан таҷдиди роҳҳои бузурги ДушанбеХуҷанд-Чаноқ, Душанбе-Ҳисор-Турсунзода, Душанбе-Айнӣ-Панҷакент ба анҷом расида, дар ин замина амалкардаи дурнамои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ тақвияти муҳим ва дорои аҳамияти таърихӣ касб намуд. Ҳоло бошад аз рӯи ин барнома таҷдиду тармими шоҳроҳи Хуҷанд-Исфара, Душанбе – Бохтар, Кӯлоб – Ховалинг ва ғайраҳо идома дошта, дар маҷмӯъ таҷдиди 2000 километр роҳҳои мошингарди кишвар ба нақша гирифта шудааст. Маҳз бо ташаббус ва сиёсати сулҳпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷии дуру наздик густариш ёфтанд. Натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат буд, ки кишвари мо узви як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, Созмони ҳамкории Шанхай ва ғайра мебошад. Айни ҳол Тоҷикистонро зиёда аз 160 давлати дунё шинохтаанд. Тоҷикистон бо 150 давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ дорад. Сафирҳои беш аз 25 давлатҳои олам дар мамлакати мо фаъолият дошта, 68 давлати дунё сафирони худро ба тариқӣ ғайримуқим таъин намудаанд. Дар навбати худ, дар мамлакатҳои хориҷӣ 25 сафорат, 5 консулгарии генералӣ ва 3 консулгарии Тоҷикистон фаъолият дорад. Тавре ки ишора шуд, ваҳдат неъмати беҳтарин, умеду орзу, таҳкими давлат, роҳи наҷоти миллат, рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон мебошад. Сулҳу ваҳдат мафҳумҳои дилчаспу дилнишин ва барои ҳар фард муқаддас буда, онҳо дар ҳамбастагӣ бо лаҳни шево садо медиҳанд ва шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Агар сулҳ, оштиву якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро ифода кунад, ваҳдат ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан ва ҳамдигарфаҳмию ҳувияти миллиро ифода мекунад. Сулҳу салоҳ дар сиришту ниҳод, табиату хислат ва дину имони миллати тоҷик аз дер боз мақоми марказиро дорост. Ваҳдати миллӣ воқеан ҳам роҳи инкишофи имрӯзу ояндаи дурахшон ва пешрафти ҷомеаи моро муайян ва самтҳои ба мақсад расиданро равшан сохта, тамоми шаҳрвандонро баҳри амалӣ гардонидани онҳо ҳидоят мекунад. Ҳамин тавр, истеъдоду ҳунари волои сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароиту имконот ба вуҷуд оварданд, ки дар ватани азизамон-Тоҷикистон фазои сулҳу ваҳдат ва оромиву осоиштагӣ танинандоз гардад. Мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Тоҷикистону тоҷиконро дар арсаи умумибашарӣ тавассути амалҳои наҷиби ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанду эътироф менамоянд ва хушбахтона Тоҷикистон бо сиёсати сулҳпарварона ва ватандустонаи ин марди бузург ба суи комёбиҳо ва пешравиҳои бузург қадам мезанад. Асомуддин АЗИЗОВ, саромӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ, рушди маҳал ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Данғара


10

НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №26 (9556), 27.06.2018

Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё дуюм шуд

Таҷлили Рӯзи олимпӣ 23 июн дар шаҳри Душанбе Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил шуд. Чорабиниҳо бахшида ба ин рӯз субҳи барвақт аз машқҳои пагоҳирӯзӣ оғоз ёфт. Дар чорабинии марказӣ, ки бо иштироки кормандони кумитаҳои миллии олимпӣ ва кор бо ҷавонон ва варзиш дар Боғи фарҳангу фароғати “Ҷавонон” доир гашт, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева иштирок карда, ҳозиринро шодбош гуфтанд. Мавзуна Чориева паёми президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бахро ба самъи иштирокчиёни чорабинӣ расонд. Дар паём, аз ҷумла омадааст: “70 сол инҷониб Рӯзи олимпӣ ҳамчун пойдевори Ҳаркати олимпӣ дар сар то сари олам ҷашн гирифта мешавад ва ин маъракаи варзишӣ ба ҳар сокини сайёра имкон медиҳад, ки аз варзиш баҳраманд гардад. Дар шароити зудтағйирёбандаи ҷомеаи муосир Рӯзи олимпӣ яке аз беҳтарин васила барои тарғибу ташвиқи ҷомеа ба тарзи ҳаёти солим ва зиндагии фаъол ба ҳисоб рафта, бо ин роҳ ҷиҳати баланд бардоштани нақши варзиш дар ҷамъият мусоидат менамояд”. Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва федератсияҳои варзиш ба муносибати Рӯзи олимпӣ дар тамоми ҷумҳурӣ мусобиқаву бозиҳои гуногуни варзиширо ба нақша гирифтаанд, ки давоми рӯз баргузор гардид. Аз ҷумла дар мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ миёни ҷавонони соли таваллудашон 1998-2001 оғоз гардид, ки дар он варзишгарон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ширкат намуданд. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бошад, мусобиқаи кушод оид ба варзиши сабук ва мусобиқаву бозиҳои футбол доир гардиданд. Зикр гардид, ки аз соли 1948 ҳар сол 23 июн, ба муносибати барқарор шудани ҳаракати олимпӣ дар шакли муосир, дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад. Моҳи июни соли 1894 дар шаҳри Парижи Фаронса Конгресси байналмилалӣ оид ба проблемаҳои тарбияи ҷисмонӣ доир гашт, ки дар он намояндагони 12 давлат иштирок карданд. 23 июн бунёдгузори ҳаракати олимпии муосир Пйер де Кубертен суханронӣ намуда, ҳозиринро бо асосҳои Бозиҳои олимпӣ шинос кард. Маҳз ҳамин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ интихоб шуд, ки мақсад тарғиби варзиш дар тамоми ҷаҳон ва ҷалби одамон, новобаста аз синну сол, ҷинс ва имконияти онҳо ба варзиш мебошад.

Варзишгарони кишвар дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонон сазовори 6 медал (2 тилло, 3 нуқра, 1 биринҷӣ) шуданд. Ин мусобиқа рӯзҳои 23-24 июн дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон ҷараён гирифта, дар он 159 варзишгар (59 духтар, 100 писар) аз 9 давлат ширкат карданд. Тоҷикистонро дар он 18 варзишгар муаррифӣ намуд. Суҳроб Боқиев дар вазни 60 кило, марҳилаҳои аввалро бо маҳорати хуб хотима дода, дар даври ниҳоӣ ба ҳамдастаи худ Далер Қурбонҷонов ғалаба карда, медали тиллоро сазовор шуд. Суҳроб то даври финалӣ се ҳарифро аз сари роҳаш дур кард – Артур Апишов (Қирғизистон), Нармандах Баянмункх (Муғулистон), Манучеҳр Ширинов (Ӯзбекистон). Медали дуюми тиллоро Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 81 кило соҳиб гардид. Ҷаҳонгир дар даври аввал озод буд. Баъдан, ба варзишгари Қирғизистон Амантур Жумалиулу дастболо гардида, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар ин давр Санҷар Балгимбекови қазоқистониро

шикаст дода, дар финал варзишгари рус Павел Берлинро мағлуб кард. Се медали нуқра насиби Далер Қурбонҷонов - дар вазни 60 кило, Давлаталӣ Назаралиев - 55 кило, Хайёмиддин Ҷабборов -73 кило гардид. Далер дар марҳилаҳои аввал ба ду варзишгари Қирғизистон - Асан Айбекулу, Бексултон Эркинбеков ғалаба намуда, дар даври ниманиҳоӣ Даврон Сюкенови ӯзбекистониро шикаст дод. Давлаталӣ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Қирғизистон Талгат Кенжебеков ғалаба карда, ба нимниҳоӣ баромад. Дар даври нимфинал варзишгари Ӯзбекистон Фирӯз Уклоновро шикаст дод. Дар мубориза барои ҷои аввал аз варзишгари тоҷиктабори Русия Шаҳзод Амонов мағлуб шуд. Хайёмиддин низ дар даври аввал озод буд. Дар даври дуюм Фурқат Набиеви ӯзбекистонӣ, дар нимфинал Хамзат Аҳмарови русиягиро мағлуб кард, вале дар финал аз Ғолибҷон Сулаймонови ӯзбекистонӣ шикаст хурд.

Медали биринҷии тими мунтахаби кишварро Хуршед Маҷидов дар вазни +100 кг ба гардан овехт. Ӯ дар даври муқаддамотӣ Ойбек Сайталиеви қирғизистониро мағлуб намуда, дар нимфинал аз варзишгари Русия Камол Каитов шикаст хурд. Сипас дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Қазоқистон Ерсаин Нияз ғолиб омад. Ҳусейнзода Муҳаммадраҷаб дар вазни 66 кило ҷои панҷум, Шоҳрух Ҳусайнов дар вазни 55 кило, Меҳрзод Суфиев дар вазни 60 кило, Муҳаммадулло Лоиқов дар вазни 90 кило ва Шоҳида Қаландарова дар вазни 57 кило миёни духтарон ҷои ҳафтумро ишғол намуданд. Дар ҳисоби даставӣ тими мунтахаби Тоҷикистон бо 6 медал (2 тилло, 3 нуқра, 1 биринҷӣ) мавқеи дуюмро ишғол кард. Ҷои аввал бо 7 медали тилло, 5 нуқра, 5 биринҷӣ насиби дастаи Русия гашт. Мизбонони мусобиқа тими Қазоқистон бо 2 медали тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ зинаи сеюмро сазовор шуданд.

Пирӯзии футболбозони навраси кишвар дар Ҷопон Тими футболи наврасони кишвар (U-16) дар доираи ҷамъомади тамринӣ-таълимӣ дар Ҷопон аввалин бозии санҷишӣ баргузор кард. 24 июн футболбозони навраси кишвар дар майдони тамринии Касиме бо ҳамсолонашон аз дастаи "Ибараки" вохурда, бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд. Голҳоро дар ҳайати дастаи наврасони Тоҷикистон Суннатулло Исмоилов ва Умедҷон Халилов заданд. 26 июн – дастпарварони Зайниддин Раҳимов бо дастаи наврасони “Касима Антлерс” ва 28 июн бо дастаи “Урава Редс” бозии озмоишӣ мегузаронанд. Ёдовар мешавем, ки ҷамъомади машқӣтаълимӣ дар Ҷопон ҷиҳати омодагии дастаи футболи наврасони кишвар ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2018, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия доир мегардад, нигаронида шудааст. Тими наврасони Тоҷикистон дар ин мусобиқа дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Малайзия, Ҷопон ва Тайланд рақобат мекунад.


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №26 (9556), 27.06.2018

27 ИЮН - РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

11

Ду болу як иқбол

Ваҳдат ғояи пурарзиш аст Тавре ба ҳамагон маълум аст, баъд аз анҷоми раванди мушкили музокироти байни тоҷикон имзои 27 июни соли 1997 дар Маскав “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид ва ҳар сол ин рӯз ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мамлакат таҷлил мегардад. Ба даст овардани ризоияти миллӣ, сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Президенти кишвар муҳтарим Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт мебошад. Мавриди зикр аст, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ тамоми талошу пайкори давлат дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ба таҳкими пояҳои истиқлолият, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ равона шуда буд. Роҳи бунёди соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ буда, заҳмату талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон, аз ҷумлаи сабақҳои пурарзишест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди эътирофи ҳамагон ва тадқиқу омӯзиши васеъ қарор гирифт. Яъне таърих бори дигар собит намуд, ки заҳмату талошҳои Сарвари давлати тоҷикон беҳамто буда, кӯшишҳои босуботи Пешво баҳри таҳкими Ваҳдати миллӣ асрҳо дар дилу дидаи мардуми тоҷик ба таври абадӣ боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандест, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ, дӯстиву ҳамбастагӣ ва ҳамраъйиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Бинобар ин, Ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро ҳифз намоем. Ғояи Ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи тақдирсози таърихии кишвар ҳамчун омили нерӯманди муттаҳидшавии ҷомеаи мо хизмати бузургу пурарзишро иҷро намуд. Имрӯз вақти он расидааст, ки омӯзиши Ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ, худогоҳӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба тадқиқу тарғиб карда шавад. Дар ин замина, мо бояд дар шуури наслҳои имрӯзу оянда ғояҳои саодатбахши расидан ба қадри истиқлолият ва сабақҳои сулҳу ваҳдатро тавассути барномаҳои фарогир дар байни мардум, алалхусус насли ҷавони кишвар беш аз пеш таблиғ намоем. Дар замони пуртазоди имрӯза, ки минтақаҳои мухталифи ҷаҳонро нооромиву бенизомӣ, ихтилофоти сиёсиву иқтисодӣ фаро гирифтааст, масъалаи гиромидошту ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти хоса касб кардааст. Дар ҷодаи расидан ба ин ҳадафҳои воқеан олӣ моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони истиқлолиятамонро ҳамаҷониба таҳлил намоем, ба рӯйдодҳои таърихии замони муосир баҳои воқеӣ диҳем. Ҳодисаҳои мураккаби дунёи муосир гувоҳи равшани онанд, ки зиддиятҳои абарқудрати ҷаҳонӣ торафт авҷ гирифта, зуҳуроти даҳшатангези терроризм ва экстремизми диниву сиёсӣ беш аз пеш вусъати бештар пайдо мекунанд ва дар минтақаву кишварҳои алоҳида хатари ба вуҷуд омадани низоъҳои пурфоҷиа пайдо шуда истодааст. Ба шарофати истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва ғамхориву дастгириҳои пай дар пайи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои тамоми минтақаҳои Ватанамон ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфта, сатҳи зиндагӣ ва шароити рӯзгори мардум нисбати солҳои пештара хеле беҳтар гардидааст. Имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва Ваҳдати миллии мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои дурахшони ватани азизамон қадам мезананд. Итминони комил дорем, ки муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор боқӣ мемонад ва мардуми моро дар роҳи татбиқи нақшаву ҳадафҳои миқёсан бузург ва тақдирсози Ҳукумати мамлакат ғайрату тавонмандӣ ва рӯҳу илҳоми тоза мебахшанд. Манучеҳр РАСУЛОВ, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар ба саҳифаҳои таърих нигарем, мебинем, ки яке аз муқаддасоти даврони истиқлолият ин сулҳу ваҳдат дар кишварамон ба шумор меравад. Сулҳе, ки халқи парокандаро муттаҳид ва боиси осудаву пешрафти кишвари азизамон гардид. Имрӯз мо дар оғӯши Ватани азизамон умр ба сар мебарем ва аз шаҳди Истиқлол ком ширин менамоем. Бисту шаш сол мешавад, ки насли ҷавони миллат дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба камол расида, ҷаҳду талош менамоянд, то Ватани азизи мо боз ҳам пешрафта гардад. Андешаи миллатсозии ваҳдат ҳамон вақт самараи дилхоҳ меорад, ки қабл аз ҳама моҳият ва мафҳуми Ватану ватандорӣ, қадру манзалати истиқлолияти давлатӣ, худшиносиву худафрӯзӣ, ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои волои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қалбу шуури ҳар як шаҳрванди кишвар ҷой гирад. Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо беш аз пеш дарк ва қадр менамоем. Барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош меварзем ва ҳар сол Рӯзи ваҳдати миллиро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомоти хоса ҷашн мегирем. Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳвари фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо мебошанд, ки ҳамдигарро нерӯи тоза ва тақвият мебахшанд. Сулҳу ваҳдат ибораҳоест, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозад. Сулҳ оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан аст. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳо, мавқеву макони онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ

гӯё пандест, аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Мо танҳо бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо бо ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад.” Дар ҳақиқат ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст. Зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гулгул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан рушд мекунад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ, ваҳдату сулҳ падидор аст. Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон бисту як сол сипарӣ мешавад. Ба шарофати ба имзо расидани ин созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нав, гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди он оғоз намоем. Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлоли мо дар партави парчами сулҳу ваҳдат ба сӯи ободӣ, шукуфоӣ, пешрафт, тараққиёт ва ояндаи дурахшон равона аст. Бигузор осмони нилгуни Тоҷикистон мунаввар аз нури ваҳдат, байрақи сулҳ партавафшон болои сари халқи Тоҷикистон, меваи дарахти ҳамешасабзи дӯстӣ насиби оламиён бошад. Абдузуҳур ҲАСАНЗОДА, мутахассиси коллегияи ҳарбии Суди олии ҷумҳурӣ

Неъмати бебаҳо Инак боз як ҷашнвораи барои мардуми Тоҷикистони азизамон басо муҳиму тақдирсоз – Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро расад. Бешубҳа, истиқлоли комил барои миллатамон бузургтарин неъмат ба шумор меравад, ки хушбахтона таърих насибамон гардонид. Мутаассифона, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гашта, мардум дар ҳолати басо ногувор қарор дошт. Ба бахти миллати азияткашидаамон таърих абармард, марди оқилу доно Эмомалӣ Раҳмонро ба сари давлат овард. Инак, тавре имрӯз ҳамагон шоҳидем, ки ҳадафҳои стратегии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ

Раҳмон барои муҳайё намудани шароити ҳар чи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад. Чун омӯзгор барои мо боиси ифтихор аст, ки аз файзи истиқлолу ҳуввияти миллӣ, кӯмаку дастгирӣ ва ғамхориҳову сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва варзиш дар қатори дигар соҳаҳо имрӯз рушд ёфта истодааст. Дар давоми бистуҳафт соли соҳибистиқлолӣ мактабу маориф, вазъи иҷтимоӣ ва сиёсию иқтисодии мамлакат густариш ёфт. Дар мисоли Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон гуфтан бамаврид аст, ки бо ба

даст омадани истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти донишкада чун дигар соҳаҳои кишвар саҳифаи нав оғоз гардид. Муҳимтар аз ҳама мо бояд шукри онро кунем, ки мо аз зумраи хушбахттарин маскунони рӯи оламем, ки дар чунин як гулшани обод, озоду сарсабз зиндагӣ мекунем. Мо сокинони кишвар, бахусус ҷавонон чун ҳамеша бояд пурра ҷонибдори Сарвари хирадманди кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем, ки пайваста чунин таъкид менамоянд: «Мо бояд шукр гӯем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидаем…» Муродмад ОЙДӮСТОВ, муаллими калони Донишкдаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов


12

27 ИЮН - РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ваҳдати ҷомеа имконият фароҳам овард, ки халқи Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорад ва дар кӯтоҳтарин муддат натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардад. Эмомали РАҲМОН

Сарчашмаи ободию оромӣ Имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дорои аҳамияги байналмилалӣ буда, пеш аз ҳама барои таъмини сохибистиқлолии ҷумҳуриямон, ваҳдати миллӣ ва ба минтақаи сулҳ табдил ёфтани Тоҷикистони азиз мусоидат кард. Он лаҳза қабл аз созишномаи сулҳ амалан ҳал намудани масъалаҳои ҳаёти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсии ҷумҳурӣ меистод ва барои ҳар чи зудтар бартараф кардани сохтори фалаҷгаштаи идораҳои давлатӣ, пеш аз ҳама ҳарбӣ кӯшиш ба харҷ мерафт. Яке аз омилҳое, ки пояи сулҳро ба мустаҳкамшавӣ наздик месохт, ин ба ватан баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборие, ки садҳо ҳазар нафар худро ба шимоли Тоҷикистон ва хоки Афғонистон афканда буданд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсилаи тадбирҳо андешида шуданд, ки онҳо барои таъмини сулҳу субот ва бозгаштани ҳамватанон мусоидат намуданд. Баъди имзо шудани созишномаи умумӣ 27 –уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва заминаи сулҳ ва ваҳдат дар Тоҷикистон амалӣ гардид. Пас аз ин воқеаи таърихӣ дар мамлакат тадбирҳои ба сохтори ҳукуматӣ шомил кардани намояндагони мухолифин, ба ҷумҳурӣ баргардонидани қувваҳои мусаллаҳи онҳо, таъмини фаъолияти озоди ҳамаи азҳоб ва ҷараёнҳои сиёсӣ, ки фаъолияташон ба қонунҳои ҷумҳурӣ мухолифат намекард, андешида шуданд. Сулҳ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле гарон ва бо роҳи мушкилу тӯлонӣ ба даст омад. «Ваҳдати миллӣ – зикр менамояд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, - бояд аз ҳама гуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра болотар ва даҳлнопазир бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, эҳтиром ва якпорча созад." Дар чунин шароити тақдирсоз баҳри ҳар чи зудтар аз нав барқарор намудани ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, нигоҳ доштани соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ, ходимони намоёни давлатӣ, илму маданият ва собиқадорони ҷангу меҳнат бо ташаббуси наҷиб оид ба ташкили Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баромад намуданд. Рӯзи 18 июли соли 1997 қариб 600 вакилон аз тамоми ҷумҳурӣ дар Театри опера ва балети ба номи Са-

дриддин Айнӣ ҷамъ омада Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро таъсис доданд. Вакилон якдилона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси он интихоб карданд. Дар оинномаи ин ҳаракат чунин зикр шудааст: “Ҳадафи асосии ҳаракат муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва неруҳои Тоҷикистон дар мавриди барқарор намудани сулҳу суботи доимӣ, боварии тарафайну ризоияти шаҳрвандӣ, аз буҳрон раҳо додани ҷомеа, таҳкими якпорчагии давлат ва омезиш ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, устуворӣ ва вусъат бахшидани демократия, комёб шудан ба риояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мебошад.” Имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ, боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки манзил карда буданд, ба зиндагӣ ва ояндаи гул-гулшукуфоии Ватан гарм намуд. Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарони миллати тоҷик ва иродаи неки ҳар ду ҷониб буд. Далели гуфтаи боло чандин давлат аллакай бо истифода аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба сулҳи деринтизорашон расиданд. Дар дарсҳои макотиби оливу миёна аз сулҳи тоҷикон бо хубӣ ва ҳамчун соатҳои ибратбахши зиндагияшон ёдовар мешаванд. Бинобар ин моро лозим аст, ин неъмати бебаҳо ва муқаддас, ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд. Дар муддати 21 сол Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд. Ба хулосае омадем, ки ваҳдат зеботарин ва бузургтарин баҳори зиндагии мост. Бигузор Ваҳдати миллӣ сарчашмаи ободӣ, озодӣ, оромӣ ва зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон бошад. Вафоҷон ҚУЛДОШЕВ,мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич, Маратҷон ҶАББОРОВ мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №26 (9556), 27.06.2018

Рӯзгоре шоистаи ибрат Ба ҳамагон маълум аст, ки 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни намояндагони ҳукумати кишвар ва мухолифини он дар шаҳри Маскави Федератсяи Русия ба имзо расид. Ва инак 21 сол аст, ки пас аз имзои ин ҳуҷҷати тақдирсоз мардуми кишвар дар фазои сулҳу оромӣ рӯзгори худро пеш бурдаю кору пайкор дорад. Албатта, чунин рӯзҳои фараҳбахш ба осонӣ даст надодааст. Дар ин ҷода саҳми фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро набояд фаромӯш кард. Маҳз ҷаҳду талошҳои пайгиронаи ин марди наҷиб боис гардид, мардуми азиятк кашидаи тоҷик ба чунин рӯзҳои пурсаодат расад. Дастоварду комёбиҳои имрӯзаи мардуми кишвар маҳз бо заҳмати ӯ насиби ҳамагон гардидааст. Пас мо, насли ҷавонро лозим аст, кору пайкори Пешвои миллатро чун намунаи ибрат ва мактаби мардонагӣ, садоқат ба меҳан ва мардуми он дониста, баҳри ободиии кишвар пайваста саъю кӯшиш ба харҷ диҳем. Нафаре, ки баҳри ягонагӣ ва якпорчагии кишвари хеш саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, бешубҳа боиси ифтихор ва сар-

баландии мардумаш хоҳад буд. Таваҷҷуҳ ба гузаштаи таърихии миллати хеш, саъй баҳри рушд ва пешрафти давлат, даъват баҳри омӯзиш ва донистани асолати фарҳангию маънавии миллӣ боис шуда, ки номи Пешвои миллат вирди забонҳо гардад, шӯҳрат пайдо намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори тафаккури навини давлатсозии миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бо нерӯи созанда ба халқу Ватани маҳбуби хеш хизмати шоиста карда, эътимоди ҳамагонро соҳиб шудааст. Дар он солҳои душвори навадуми қарни гузашта ин сарсупурдаи миллат ҷони худро зери хатар гузошта, ба мулки Афғонистон сафар намуд. Баҳри ба Ватан баргардондани гурезагони иҷбории тоҷик. Ва бобати ин масъала ҷое иброз намудааст, ки то охири гуреза ба ватан бар нагардад, ором нахоҳад дошт. Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди сарсупурдаи миллат ба ин қавли худ устувор донд. Маҳз бо саъю талошҳои ӯ тамоми гурезагони тоҷик ба ҷойҳои зисти хеш баргардонда шуданд. Манзилҳои вайронаро дубора обод намуданд. Ва имрӯз дар фазои тинҷию оромӣ

осоишта зист дошта, шукри давронро доранд. Шукрона аз он ки бо саъю талошҳои мардоне чун Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин рӯзҳои босаодат насибашон гаштааст. Ман худ омӯзгорам ва насли наврасро мекӯшам дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ тарбия намоям. Кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳам, ки онҳо инсони комил, заҳматкашу ростқавл ба воя расанд. Барои мисол аз гузаштагон, мардони баору номуси кишвар, ки баҳри якпорчагии ватан, осоиштагии мардуми он ҷоннисориҳо кардаанд, барояшон ҳикоятҳо мекунам. Аз ҷумла, аз рӯзгори наҷибу ибратангези Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар ҳақиқат маҳз ин родмард саъю кӯшиши зиёд ба харҷ додааст, ки мардуми тоҷик ба чунин рӯзҳои пурсаодат расанд. Пас омӯхтану донистани ҳаёт ва пайкори ин марди наҷиб барои насли наврас чун намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин аст. Балхияи МИРЗОПУР, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт

Ваҳдат баҳори зиндагии имрӯзи мост!

Солҳои 90-ум барои миллати тоҷик давраи сангину вазнин ва пурфоҷиа буд. Ҷанги шаҳрвандӣ давом мекард. Ин ҷанги бародаркуш ва хонамонсӯзро душманони миллат тарҳрезӣ карда буданд. Пошхӯрии давлати Шӯравӣ ба ин ҳодиса сабаб шуд. Мо ба ҷои ҳамдилон ҳамзабонон суроғ мекардем. Имрӯз муайян гашт, ки хатои маҳз будааст. Ба сари мардуми тоҷик даҳшат омад. Мардум ба ду гурӯҳ ба майдонҳои "Озодӣ "ва " Шаҳидон " ҷудо шуданд. Ҳисси кинаву адоват боло гирифт. Ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ëфт. Панди бузургони миллат, ки онҳо муаллими башарият буданд, фаромӯш шуданд. Мо агар "Шоҳнома"- и Фирдавсиро пурра медонистем ва аз қувваҳои аҳриманӣ огаҳ мешудем, шояд ин бадбахтӣ ба сарамон намеомад ва писар аз дасти падар кушта намешуд. Ин солҳои мудҳиш барои ҳама торикиву бадбахтӣ буд. Ба ибораи устод Лоиқ гӯем зистан аз мурдан ҳам мушкилтар буд. Ë ба гуфти шоири ваҳдатсаро Ашӯр Сафар: Як бори дигар ханда ба лаб, мешуда бошад, Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад. Хушбахтона, дар кишвари ғам тавассути фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон базму тараб шуд. Бисёр хушҳолам, ки шоҳиди ҳодисаи таърихии ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Иди Ваҳдати миллӣ будам. Баъди имзои Созишномаи сулҳ дар Москва рӯзи дигар дар пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ ва хотирмон гузаронида шуд. Ман бо кӯмаки бародарам Суҳайлӣ дар ҷашни Ваҳдати миллӣ иштирок намуда, бо чашми худ дидам, ки одамон аз шодию хурсандӣ гиря мекарданд. Махсусан тоҷикон, ӯзбекон ва русҳо, аксарашон калонсолон буданд. Аз дидаҳои ман низ

беихтиëр ашки шодӣ равон шуд. Сипас, Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сухан баромада, ҷамъомади аввалини Рӯзи Ваҳдати миллиро табрику таҳният гуфтанд. Иброз доштанд, ки сулҳ ба чӣ қадар мушкиҳо ба даст омад, мо ба шумо, ба миллат сулҳ овардем, дар оянда Худо хоҳад нон мешаваду ҳама серу пур мешаванд. Ин беҳтарин сухан ба ташнагони сулҳу нон буд. Мардум дар симои Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши Ватану миллатро баръало медид. Устоди зиндаёд Лоиқ дасти Ҷаноби олиро фишурда, “Сулҳи деринтизори мо омад”-гӯëн ҳамаро муборакбод гуфтанд.. Солҳои зиëде сипарӣ шуданд. Маҳз аз файзи Ваҳдати миллӣ аст, ки мо бо чунин рӯзҳои неку босаодат расидем. Сулҳу Ваҳдат кӯю манзили моро мунаввар сохт. Эмомалӣ Раҳмон, ки дар оғоз меъмори Ваҳдат буданд, аз ҷониби халқ якдилона ба ҳайси Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат эътироф гардиданд. Ҳамчун омӯзгоре, ки бештар аз 30 сол собиқаи корӣ дорам, ба ҷавонон муроҷиат мекунам, ки ҷавонони соҳибиқболи Ватан, ваҳдат баҳори зиндагии имрӯзи мост, аз ин рӯ, бояд ба қадри он расед, онро азиз донед, ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки осоиштагии кишвар бузургтарин неъмат аст. Инро ман, намояндаи насле, ки маҳрумиятҳои ҷанги шаҳрвандиро дидааст, ба шумо мегӯям. Ба қадри осоиштагӣ пас аз даст додани он мерасанд, аммо ман ба таъкид ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ гоҳ барои аз даст рафтани он имкон надиҳед, зеро ба даст овардани он ниҳоят мушкил аст. Ғолиббек ҒАФУРОВ, омӯзгори МТМУ № 12-и деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №26 (9556), 27.06.2018

E - MAIL: javonontj@mail.ru

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар 12 майи соли 2018 аз фаъолияти тахрибкорона, хиёнат ба давлату миллат ва ҷиноёти сангини роҳбарон ва аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ изҳори нигаронӣ карданд. Сарвари давлат зимни суханронии ҳикматбори худ бо такя ба далелҳои муътамад ва мисолҳои дақиқ ишора бар он доштанд, ки пайравони ҳизби наҳзат мазҳаби бегонаро қабул карда, дар хизмати доираҳои махсуси идеологии он қарор гирифтаанд.

Шӯравӣ то имрӯз худро муриди роҳбари Инқилоби исломии Эрон Оятулло Хумайнӣ дониста, ӯро бо эҳтиром «Ҳазрати Имом» меномиданд. Наҳзатиҳо ҳоло ҳам Хумайниро ҳамин тавр номида, ба ҷойи Қуръону ҳадис китобҳои мазҳаби шиаро мехонанд. Баъзе роҳбарони наҳзатӣ, аз ҷумла С.А.Нурӣ, Эшони Қиёмиддин, Саъдиддини Рустам, Бобоҷон Қаюмов ва ғайра дар васфи Хумайнӣ чандин мақолаю шеъру рубоию достон навиштаанд, ки дар рӯзнома ва маҷаллаҳои ҲНИ чун «Наҷот» ва «Сафина» ба таври муназзам чоп шудааст. Дар ин бора ҳар кас метавонад саҳифаҳои ин нашрияҳоро варақ занад. Шиорҳо ва даъватҳое, ки пайравони ТТЭ ҲНИ дар митингҳои солҳои 1991-1992 истифода мекарданд, иртиботи қавии наҳзатиҳо бо Эрон ва мазҳаби шиаро нишон

Пас аз ифшои ин ҳақиқат роҳбарони фирории ҲНИ ва хоҷагонашон ба изтироб афтода, боз як маъракаи иттилоотиро барои инкори ин воқеият ба роҳ монданд. Аз ҷумла, роҳбари ташкилоти террористӣ - экстермистии ҲНИ М. Кабирӣ аз тариқи сомонаҳои дурӯғпарокану ифротгарои зери назораш ба ин мавзӯъ пардохта, дар мусоҳибаҳои худ талош намудааст, ки наҳзатиёнро аҳли мазҳаби ҳанафӣ нишон дода, шиа шудани онҳоро пинҳон намояд. Вале, тавре дар масали халқӣ мегӯянд: «Офтобро бо доман пӯшондан намешавад». Албатта, мазҳаби шиаро қабул кардани наҳзатиён дигар бидуни шубҳа аст. Далелҳои бешумор, шоҳидии аъзои ҳизб, санаду навору суратҳои зиёд исбот мекунанд, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ мазҳаби аслии худро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд. Раванди гароиши наҳзатиҳо ба мазҳаби шиа ҷараёни тӯлонӣ дорад. Ин раванд нахуст аз таваҷҷуҳи роҳбарони ҲНИ ба Инқилоби исломии Эрон оғоз шуда, дар шакли робитаҳои сиёсию вобастагии молиявии онҳо аз доираҳои шиапараст ва зиндагию таҳсили як насли пурраи наҳзатиҳо дар мактабҳои махсуси динии Ҷумҳурии Исломии Эрон идома ёфта, дар ниҳоят, ба пайравӣ ва қабули мазҳаби шиа аз тарафи роҳбарони ин ҳизб анҷомид. Бинобар ин, ҳамчун яке аз шоҳидони бевоситаи раванди шиашавии роҳбарияти ин ҳизб, мехостам чанд далели раднашавандаро дар ин бора пешниҳод намоям. Ин ҷо масъаларо баррасӣ накарда, фақат факту далелҳои ошкорро пешкаш менамоем, то худи хонандаи ҳушманд дар ин маврид хулосаи зарурӣ барорад. Санадҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки аксари роҳбарияти ҲНИ ҳанӯз аз даврони Иттиҳоди

медиҳад. Масалан, «Роҳи мо роҳи Алист, бирав гум шав, коммунист!», «Амрико, Амрико, марг ба найранги ту, хуни шаҳидони мо, мечакад аз чанги ту!», «Ҳам шиаю ҳам суннӣ, роҳбари мо Хумайнӣ», «Аллоҳу Акбар, Хумайнӣ раҳбар!», «Атри гули муҳаммадӣ, Вилоятӣ хуш омадӣ!» ва монанди инҳо. Афроди огоҳ хуб медонанд, ки шиорҳои наҳзатиҳо такрори шиорҳои ҳаракатҳои мазҳабии шиаён аст. Фаъолони наҳзатӣ - Қорӣ Муҳамамдҷон, Эшони Қиёмиддин ва Саъдидини Рустам ин шиорҳоро дар майдони Шаҳидон ҳар рӯз бо баландгӯяк мехонданд ва аъзои ҲНИ онро такрор мекарданд. Сабти ин саҳнаҳо барои таърих боқӣ мондааст. Далели дигаре, ки дараҷаи олии пайравию пойбандии наҳзатиён аз мазҳаби шиаро исбот мекунад, ин аст, ки аксари роҳбарони ТТЭ ҲНИ фарзандони худро бо номи имомони мазҳаби шиа, охундҳои машҳури шиа ва махсусан, роҳбарони инқилоби исломии Эрон мисли Меҳдӣ, Ҷавод, Боқир, Муртазо, Хумайнӣ, Биҳиштӣ, Мутаҳаррӣ, Рӯҳуллоҳ, Ҳусайнӣ, Боҳунар, Чамрон, Ҳоирӣ, Заҳро ва ғайраҳо номгузорӣ кардаанд. Масалан, фарзандони худи асосгузори ҲНИ С. А. Нурӣ - Биҳиштӣ ва Ҳусайнӣ, фарзандони роҳбари феълии ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ - Рӯҳуллоҳ, Муртазо, Биҳиштӣ ва Меҳдӣ, писарони муовини якуми раиси ҲНИ Саидумар Ҳусайнӣ - Саидмеҳдӣ, Саидҷавод ва Биҳиштӣ, фарзандони узви раёсати ТТЭ ҲНИ Шамсидин Саидов - Рӯҳуллоҳ, Биҳиштӣ, Боҳунар ва ғайра ном доранд. Инҳо ҳамаашон номҳои пешвоёни Инқилоби исломии Эрон аст, ки ба таври анъанавӣ барои тоҷикон хос нест. Илова бар ин, он роҳбарони ҳизби наҳзат, ки дар аввал номҳои хоси аҳли суннат доштанд, пас аз пазируфтани мазҳаби шиа номҳои

худро бо номҳои «шиагӣ» иваз карда, ё тахаллусҳои шиагӣ гирифтанд. Соли 2000 дар хонаи яке аз аъзои ҲНИ Абдусаттор Каримов (Махсуми Сатторча) меҳмон будем. Саидумар Ҳусейнӣ, ки он вақт вазифаи дабири кулли ҲНИ - ро ба уҳда дошт, нав аз сафари Эрон баргашта буд. Ӯ нақл кард, ки пеш аз вохӯрии роҳбарияти ҲНИ бо роҳбари мазҳабии Эрон Сайидалии Хоманаӣ намояндагони ӯ ба наҳзатиён гуфтаанд, ки «ин чӣ тур мешавад, ки исми шумо «Сайидумар» бошад? Магар Умар ҳам сайид мешавад? Роҳбари инқилоб аз ин ном хеле бадашон меояд. Онро бояд фавран иваз кунем, вагарна мулоқот доир намешавад.» Он вақт, ба гуфтаи С. Ҳусайнӣ, номи ӯро эрониён фавран аз «Сайид Умар» ба «Сайид Алӣ» табдил доданд ва дар мулоқот ӯро Сайид

фи Суди Олии Тоҷикистон ҳизби экстремистию террористӣ эълон шудани он, боз ҳам зиндагӣ ва таҳсили аъзои оилаи роҳбарон ва пайравони ТТЭ ҲНИ дар марказҳои динии ҶИЭ идома дорад. Рӯйхате, ки дар зер пешниҳод мешавад, на ба гузашта, балки маҳз ба имрӯз, яъне ба миёнаи соли 2018 тааллуқ дорад; 1. Абдуллоева Шаҳриниссо Сабурхоновна, ҳамсари С.А.Нурӣ, истиқоматкунандаи маҳалаи Рисола, Болошаҳри Теҳрон; 2. Саидов Муҳаммад Абдуллоевич, писари С.А.Нурӣ, соли таваллудаш 1974, бо ҳамсар ва фарзандонаш, истиқоматкунандаи маҳаллаи Рисолаи Болошаҳри Теҳрон; 3. Саидова Руқия Абдуллоевна, духтари С.А.Нурӣ, соли таваллудаш 1972, бо аъзои оилааш,

13

1976; 13.Фаризаи Шоҳнаим, духатри узви Раёсати ҲНИ Кузов Шоҳнаим, соли таваллудаш 1994; 14. Бурҳонов Юнус Аббосович, идеологи ТЭТ ҲНИ, бо зану фарзандони хурдсолаш дар шаҳри Занҷони вилояти Занҷон зиндагӣ мекунад. 15. Бурҳонов Маҳмуд Аббосович, ширкати хусусии “Бухорои Шариф” - ро дошта, ба тиҷорати хушкмева аз Эрон ба Русия машғул аст. Дар шаҳри Қум, шаҳраки Пардисон, хиёбони Оқо Юсуфӣ, кӯчаи 22, бинои рақами 9 бо аҳли хонаводааш зиндагӣ мекунад. 16. Бурҳонов Муҳаммадалӣ Юнусович (писари Бурҳонов Ю.А.), муҳассили «Ҷомеат- ул-Мустафо ал-оламия», дар шаҳраки Пардисони Қум зиндагӣ мекунад. Ӯ тарроҳ, таҳиягар ва масъули тех-

Мазҳабфурӯшии наҳзатиён

Ҳақиқате, ки инкор карданаш ғайримумкин аст Алии Ҳусайнӣ муаррифӣ карданд. Роҳбари мазҳабии ҶИ Эрон аз ин номи ӯ хеле хушҳол шуда гуфтааст: «Баҳ - баҳ, худи исми шумо ихлоси шуморо ба «аҳли байт» нишон медиҳад»… Далели дигари гароиши бевоситаи роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ба мазҳаби шиа дар он аст, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ садҳо нафар фаъолон ва пайравони ин ташкилот дар мадрасаҳои динии Эрон дарс хонда, мазҳаби шиаро қабул намуданд. Таъминоти молии худ ва оилаҳои роҳбарони ҲНИ пурра аз тарафи марказҳои мазҳаби шиа таъмин мешуд. Баъд аз барқарории сулҳ дар Тоҷикистон алоқаҳои аъзои ҲНИ бо мазҳаби шиа боз ҳам бештар шуд. То манъ шудани фаъолияти ҲНИ, беш аз 800 нафар ҷавонон, ки асосан фарзанд ва хешу табори аъзои ин ҳизб мебошанд, дар мадрасаҳои мазҳабии Эрон дарс мехонданд. Аксари онҳо дар шаҳри Қум (маркази оламии мазҳаби шиъа), шаҳри Гургон ва дигар ҷойҳои Эрон таҳсил мекарданд ва ба мазҳаби шиа дохил шуда буданд. Вақте қарор дар бораи баргардодани донишҷӯёни тоҷик аз мадрасаҳои динии хориҷ қабул шуд, фиристодаҳои наҳзат аз иҷрои он сарпечӣ карда, аз мадрасаҳои Эрон барнагаштанд. Онҳо таҳсили худро то имрӯз ҳам давом дода истодаанд. Манбаъҳои муътамад тасдиқ мекунанд, ки ҳоло беш аз 480 нафар фарзандон ва хешу табори аъзоёни ҲНИ дар мадрасаҳои динии шаҳри Қум ва Гургон дар назди домуллоҳои мазҳаби шиа дарс мехонанд ва ё дар ин кишвар аз ҳисоби буҷети давлатии Эрон зиндагӣ мекунанд. Шояд баъзе аз ин мисолҳоро ба гузашта мансуб донем, аммо имрӯз, яъне пас аз дар ҳудуди Тоҷикистон манъ шудани фаъолияти ҲНИ ва аз тара-

истиқоматкунандаи маҳаллаи Рисолаи Болошаҳри Теҳрон; 4. Абдусатторов Абдусамад Ҳакимович, домоди С.А.Нурӣ, соли таваллудаш 1974, бо ҳамсар ва фарзандонаш, истиқоматкунандаи маҳалаи Рисолаи Болошаҳри Теҳрон; 5. Бобоев Абдусаттор Хоҷаевич, узви раёсати ТТЭ ҲНИ, соли таваллудаш 1968, истиқоматкунандаи шаҳри Теҳрон, маҳаллаи Саодатобод, шаҳраки Посоргод, бинои №31; (ба Аврупо рафта меояд) 6. Кабиров Маҳмадсолиҳ Тиллоевич, бародари М.Кабирӣ, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи шаҳри Теҳрон 7. Гадоев Файзулло Саидович, соли таваллудаш 1986, толибилми риштаи сиёсии Донишгоҳи Ҷомеат ал Мустафои шаҳри Қум, бо ҳамсараш Одинаева Бунафша ва фарзандонаш Муҳаммад, Марям, Мустафо ва Райҳона, истиқоматкунандаи шаҳри Қум, писари Саид Иброҳими Назар; 8. Руҳуллои Саид, толибилми риштаи сиёсии Донишгои Ҷомеат ал Мустафои шаҳри Қум бо ҳамсараш Бобоева Моҳистон ва фарзандонашон Алӣ, Фотима ва Тайиба, писари Саид Иброҳими Назар; 9. Саидов Руҳулло Шамсиддинович, истиқоматкунандаи шаҳри Машҳад, толибилми риштаи пизишкии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, домоди Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва писари Шамсиддини Саид; 10.Саидов Ҳикматуллоҳ Абдуллоевич, писари С.А.Нурӣ, соли таваллудаш 1982; 11.Саидова Оиша Абдуллоевна, духтари С.А.Нурӣ, соли таваллудаш 1980; 12.Ваҳҳобов Азимҷон Азизович, раиси ҲНИ дар минтақаи Қурғонтеппа, соли таваллудаш

никии сомонаи “Кимиёи саодат” аст. Айни замон ному насаби 328 сокини вилояти Хатлон муайян шудааст, ки дар мадрасаҳои динӣ ва донишгоҳҳои ҶИЭ ба таври ғайриқонунӣ таълим гирифтаанд. Аксари онҳо бевосита дар мадрасаҳои динии шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Хош, Гургон ва Машҳад, ки дар онҳо пурра аз рӯи мазҳаби шиа дарсҳо ба роҳ монда шудааст, таълим гирифтаанд. Илова ба таҳсил дар мадрасаҳои динӣ, барои паҳн кардани ақидаи шиа дар байни наҳзатиён курсҳои кутоҳмуддату дарозмуддати таълимоти сиёсию мазҳабӣ ташкил мешаванд. Масалан, рӯйхату факту далелҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои 2000 - 2015 ҳар сол даҳҳо нафар аз роҳбарони ТТЭ ҲНИ барои гузаштани курсҳои мазҳаби шиа ба Эрон бурда мешуданд. Пули чиптаҳо ва меҳмонхонаҳои қимматбаҳоро барои онҳо марказҳои мазҳаби шиа аз ҳисоби хумси мазҳабӣ медоданд. Як қисми ин гуна курсҳои мазҳабӣ дар худи Тоҷикистон дар қароргоҳи маркази ҲНИ ё дар ҷойҳои махсуси дигар мегузаштанд. Масалан, моҳҳои апрел - майи соли 2012 мубаллиғи мутаассиби машҳури шиа Ҳасани Раҳимпур ба Тоҷикистон омада, дар идораи марказии ТТЭ ҲНИ чандин дарси мазҳаби шиа гузаштааст. Навори видеоии дарсҳои Раҳимпур дар дафтари ҲНИ дар Душанбе дар интернет мебошад. Дар он навор дида мешавад, ки чӣ хел роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар сафи пеши дарси ин мубаллиғи шиа нишаста, суханҳои ӯро зидди мазҳаби аҳли суннат тасдиқ карда, сар меҷунбонанд. давом дорад Нозим НУРОВ, ходими калони илмии АИ ҶТ


14

МАЪРИФАТАФРӮЗ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №26 (9556), 27.06.2018

Гурез САФАР Нуруллоҳи ОРИФ

ФУРӮҒИ ВАҲДАТ Аз Ваҳдати худ давлати дунё дорем, Рухсораи сурху сари боло дорем. Ваҳдат, ки бақои ману ту буду бувад, Подории он ба дил таманно дорем.

ШУКРОНА Шукрона мекунам аз Ваҳдати Ватан, Шукрона мекунам аз халқи хештан. Шукрона мекунам аз бахти пойдор, Шукрона мекунам з-ин боғ, з-ин чаман.

Ваҳдат, ки бинои*** меҳр бунёд ниҳод, Қуфли дари сад ҳазор уммед кушод. Ҳарфи шакари Ваҳдати мо мешунавӣ? Ширинтар аз ин ҳарф дигар ҳарф мабод!

Шукрона, ки Ватан, ҳамчун биҳишт гашт, Шукрона, ки чу ҷон, ҷо дар сиришт гашт. Шукрона, ки ба мо омӯхт дарси Сулҳ, Шукрона, ки Ватан, як cарнавишт гашт.

***саҳар баҳра баред. Ёрон зи дами субҳи Аз партави умри даргузар баҳра баред. Доред ба дил ҳавои гулхандаи шеър, Аз суҳбати хуби Гулназар баҳра баред.

Шукрона мекунам аз Ваҳдати Ватан, Шукрона мекунам аз халқи хештан. Шукрона мекунам аз бахти пойдор, Шукрона мекунам з-ин боғ, з-ин чаман.

Модар, зи аёдати*** ту дур афтодам, Бе моҳи рухат ба қаъри гӯр афтодам. Ту зиндаиву надидамат се сари сол, Инро бинигар, ки ранги кӯр афтодам.

Шукрона, ки манам тоҷики тоҷдор, Шукрона, ки манам марди ҳалолкор. Шукрона, ки манам пайгири Рӯдакӣ, Шукрона, ки манам фарзанди ин диёр.

***сухан мебошам, Ман шефтаи шеъру Ошиқ ба дами мурғи чаман мебошам. Асло ҳаваси мулки дигарро нахӯрам, Як шукргузори ин Ватан мебошам.

Шукрона мекунам аз Ваҳдати Ватан, Шукрона мекунам аз халқи хештан. Шукрона мекунам аз бахти пойдор, Шукрона мекунам з-ин боғ, з-ин чаман.

***вафо меояд, Чун аз нигаҳат бӯи Боде ба муроди дили мо меояд. Ҳар зарраи ҷони рафта кайҳо зи танам Баргашта ба тан ҷудо-ҷудо меояд.

ИФТИХОР

*** замон мехоҳад, Дил ҳусни таваҷҷуҳи Бечора, ба худ нигоҳбон мехоҳад. Чун навданиҳоли зи назар дуршуда Парвою нигоҳи боғбон мехоҳад. ***

Моро ба ҳунар завқи назар афтодаст, Боло зи ҳама касб ҳунар афтодаст. Авҷи “Фалак”-у сӯзи ғамомӯзи фалак Дар хониши Гулчеҳра дигар афтодаст.

***

Дар кишвари ишқ ҷонфишон бояд буд, Дилдаркафу сарбози замон бояд буд. Хоҳӣ, ки Ватан хурраму обод шавад, Дунболи раҳи сарвари он бояд буд.

ШАШ ДУБАЙТӢ Дубайтӣ, дарди дилҳоро даво кун, Дубайтӣ, душманонро ошно кун. Ба сони хун ту дар шарёни Одам, Чу чокар хидмати дилҳои мо кун. Маводи дил, маводи дил, дубайтӣ. Саводи дил, саводи дил, дубайтӣ. Барои зодагони бетааммул Тазоди дил, тазоди дил, дубайтӣ. Дубайтӣ, раҳнамо дар бандагӣ бош, Тараннумсози ҳусни зиндагӣ бош. Сабақгирам зи панди байтҳоят, Панаҳдоранда шармандагӣ бош. Дубайтӣ, қалби бедорам ту бошӣ, Дубайтӣ, ҳусни ашъорам ту бошӣ. Барои ваҳдати дилҳо шиорӣ, Дубайтӣ, номбардорам ту бошӣ. Дубайтӣ, бадри ашъорам ту бошӣ, Дубайтӣ, садри ашъорам ту бошӣ. Нишоне дар дили мардум бимонӣ. Дубайтӣ, қадри ашъорам ту бошӣ. Дубайтӣ, раҳ ба дилҳо мекушоӣ, Дубайтӣ, нози дилҳо мефизоӣ. Зи дилҳо дур месозӣ кудурат, Дубайтӣ, ози дилҳо мерабоӣ. Пирмуҳаммад ИСЛОМӢ

СУБҲИ ВАҲДАТ Сулҳу ваҳдат парчами созандагист, Шамсу кавкаб дар самои зиндагист. Мамлакат обод мегардад, шараф, Мурғи дил озод мегардад, шараф. Хандаи тифлон гувоҳи бахти мо, Гунбади ақлу хирад дар тахти мо. Ҳар нафас аз сина ояд бемалол, Аз гули ободҳои бемисол. Дидаро ҳусни Ватан равшан кунад. Хонаи дилро, бале, гулшан кунад. Тоҷикистон Каъбаи рӯи замин, Хоки покаш махзани ганҷу нигин. Осмони софи он армони мост, Меҳри покаш дар дилу дар ҷони мост. Амни давлат шуд шиори Сарвараш, Наҳси кайвон шуд бурун аз кишвараш. Пора-пора дил ба ҳам якҷо намуд, Қалби миллатро, чӣ хуш, эҳё намуд. Тири душман ҳамчу сайде шуд ба хок, Эмин аз хавфу хатар шуд мулки пок. Тоҷикон дар тӯли таърихи кӯҳан, Ҷон ба каф буданд дар ҳифзи Ватан. Парчами нанги Ватан дар дасти мост, Заррахокаш тӯтиёи чашми мост.

Парчами кишвар Парчами кишвар дурахшон, Мерасад дасташ ба кайҳон. Парчами бахту саодат, Парчами уммеду армон Парчаматро дӯст дорем Тоҷикистон, Тоҷикистон А.САЛМОН, хонандаи МТМУ №36. н. Мастчоҳ

Шукри Ваҳдат, шукри бахти пойдор, Пешво дорем, дорем ифтихор. Бемалол аз заҳмати пайвастааш Гулгулафшон аст Меҳан чун баҳор. Ҳамраҳаш аз Зулҷалол астем мо Хуррамиро баҳри ҳар кас интизор. Мо Ватанрову Ватан моро бувад, Бо туфайлаш ҷовидона дӯстдор. Субҳи нобат нест бе ӯ хандарез, Тоҷикистон, мулки мардони баор. Бо чунин як Пешвоят ҳеч гоҳ Хор дар дунё нагардӣ, эй диёр.

ШУКРОНА Шукрона менамоям аз Ваҳдати диёр, Шукрона менамоям аз Сулҳи пойдор. Шукрона менамоям аз рӯзгори нек, Шукрона менамоям аз халқи тоҷдор. Шукрона менамоям, шукронаат Ватан, Шукрона менамоям з-ин боғ, з-ин чаман. Шукрона менамоям аз бахти беназир, Шукрона менамоям аз ҷони дар бадан. Шукрона менамоям, шукр аз Худои ҷон, Шукрона менамоям аз мулки гулфишон. Шукрона менамоям аз шеъру аз қалам, Шукрона менамоям аз умри бехазон.

ШУКРИ ВАҲДАТ Шукри Ваҳдат, мо ҳама пиру ҷавон Мулки худ бо кор зебо мекунем. Ханда бар лаб, дур аз тарсу ҳарос Дар ба рӯи дӯстон во мекунем.

ДИЁРИ ВАҲДАТ (Бадеҳаи дуқисма) 1. Писар: Зулфат чапу чор, Куртат гули хор. Ошиқ ба ту ман, Ҳамсоянигор. Духтар: Ҳамсояҷавон, Ҳарфат ба даҳон. Серам, зи ту сер, Аз роҳ намон. Писар: Не, не, санамо, Абрӯт хамо. Аз ман магурез, Ҷонат манамо. Духтар: Дил масти ту ҷон, Пайвасти ту ҷон. Нӯшам майи ишқ Аз дасти ту, ҷон. 2. Бо ҳам: Шукри Ваҳдат, ёр,ёр, Шукри мулки зарнисор. Эй фалак, садсолаҳо Ишқи моро зинда дор. Ёр, ёри Ваҳдатем, Дӯстдори Ваҳдатем. Шукри Яздон, шукри бахт, Дар диёри Ваҳдатем.

ДИЛБАР (Иборат аз ду қисм) 1. Омад, ба пешвозам Гесу танида дилбар. Гесу танида, аз боғ Гул чида, чида дилбар. Гул чида, чида омад Холе ба кунҷи лаб дошт. Мижгони тобхӯрда, Танпӯши беқасаб дошт. Аз зери шоли гулдор Чун моҳ ноз мекард. Гулҳои чидаашро Сӯям дароз мекард. Гулҳои чидаашро Молидаам ба дида. Гуфтам ба доди ман рас, Эй кавгаки рамида. 2. Эй кавгаки рамида, Хушрӯи сад ҷаҳонӣ. Аз сина доғи армон Бо ғамза меравонӣ. Дур аз ту то ба имрӯз Дидам азбу хорӣ. Шодам ба чанг, ҷонам, Овардамат ба зорӣ.

Дарси меҳнат, дарси Ваҳдат, дарси Сулҳ Дод бар мо Пешво, шодем мо. Нест моро кина дар дил ҳеч гоҳ, Аз азал халқи худододем мо.

Шодам, ки байнамон боз Ваҳдат ба бор омад. Ин Ваҳдате, ки бархост, Ҳар ҷо ба кор омад.

Ваҳдати ҷовидро ҷовидтар Кард бояд, то Ватан ором бод. Гирди хони пур зи файзи орзу Халқро базму тараб ҳар шом бод!

Хуш омадӣ, дигар ҳеч Аз пеши ман марав дур. Ваҳдат муборакат бод, Хуршеди чеҳрапурнур.


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №26 (9556), 27.06.2018

15

НАВҚАЛАМ

Аз як даст садо намебарояд Ё чаро сокинон одоби шаҳрнишиниро риоя намекунанд

Сайр кардан ҷаҳон дидан аст Имсол бо ташаббуси Сарвари давлат “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Аз ин рӯ мо донишҷӯёни курси 3 ихтисоси иттилоот ва робитаи факултети журналистикаи ДМТ бо роҳбарии куратори гурӯҳ, дотсент Илҳомҷон Ҳамидов тасмим гирифтем, ки ба ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ сафар намуда, бо ҷойҳои сайёҳии кишварамон аз наздик шинос шавем. Аввалин сафарамон ба ноҳияи Тоҷикобод буд. Ин ноҳия 240км дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Тоҷикобод аз ноҳияҳои зебоманзари ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии сафари мо тамошои ноҳия ва аз наздик шинос шудан бо урфу одати мардуми он буд. Ин сафар барои мо - донишҷӯён бисёр хотирмон шуд, зеро дар роҳ шӯхию хурсандии зиёд мекардем, дар назди кӯҳҳо ва манзарҳои дилкаш расм мегирифтем. Ба ин васила, дурии роҳ ва хастагиро кам эҳсос менамудем. Вақте ба самти ноҳияи Тоҷикобод раҳсипор шудем, манзараҳо ва талу теппаҳои аҷоиби табиат моро ба ҳайрат меовард. Ҳавои тоза ва роҳҳои пурпечутоб ҳар як бинандаро ба худ мафтун мекард. То ба ин ноҳия расидан мо аз маркази чандин ноҳияҳои дигар гузаштем ва дар назди даромадгоҳи ҳар яки онҳо аксҳои хотиравӣ гирифтем. Аҳли гурӯҳи мо ба чандин ноҳияҳо сафар кардааст, аммо манзараҳое, ки дар роҳи ин ноҳия дида мешавад, дар дигар ноҳияҳо надида будем. Шояд ноҳияи Тоҷикобод дар ҷумҳурӣ ягона ноҳияе бошад, ки роҳаш аз аввал то охир лаб - лаби дарё тӯл кашидааст. Сафари мо панҷуним соат идома кард. Албатта, бисёриҳо аз гуруснагӣ ва роҳи дароз каме хаста шуданд. Аммо мо медонистем, ки дар ноҳия ҳамкурсамон Абунаср моро интизор аст. Вақте ки мо ба хонаи эшон расидем, ҳама аҳли оила, ҳатто ҳамсояҳо моро бо як самимияти хоса пешвоз гирифтанд. Аҳли хонадон бисёр инсонҳои зиндадил ва шӯхтабиат мебошанд. Ҳама ҳамкурсонро чун фарзанди худ ҳурмату эҳтиром мекунанд. Кас дар чунин хонадон меҳмон буданашро эҳсос намекунад. Он ҳама меҳмоннавозӣ, меҳру муҳаббат ва самимияте, ки нис-

бат ба мо иброз карданд, тоҷикона буд. Беҳуда намегӯянд, ки халқи тоҷик меҳмоннавоз аст. Дар воқеъ, он ҳама садоқатро бо сухан баён кардан бисёр мушкил аст. Чунки мо дар ноҳия натанҳо дар як хонадон, балки се хонавода меҳмон шудем. Айнан чунин лутфро дар оилаи акаи Ғайбулло, хонадони ҳамкурсамон Исматулло, ки феълан дар Ҷумҳурии мардумии Чин таҳсил дорад ва аҳли байти ҳамкурси дигарамон Абдураҳмон рӯ ба рӯ шудем. Гарчанде Исматулло ва Абдураҳмон ҳузур надоштанд, лекин падару модар ва хешовандони онҳо моро бо як меҳмондӯстии самимона истиқбол гирифтанд. Пас аз он мо аз манзараҳои зебо ва табиати деҳаи “Гулистон”, кӯҳҳои сарбафалак ва кӯчаҳои ноҳия дидан намудем. Дар ноҳияи Тоҷикобод шахсони донишманду соҳибэҳтиром хеле зиёданд, ки донишҷӯён дар ин сафар аз суҳбати онҳо низ лаҳзае лаззат бурданд. Рӯзи дуюми сафар, пас аз нисфирӯзӣ мо бо таъби хушу болида ба шаҳри Душанбе баргаштем. Дар ин сафар мо – донишҷӯён бори дигар фаҳмидем, ки ҳар як ноҳияи Тоҷикистон беҳтарин манзараҳо ва беҳтарин шахсиятҳоро дорост. Халқи тоҷик аз қадим бо меҳмондӯстиву меҳондорияш шинохта шудааст. Мо - ҷавонон низ шукрона аз он мекунем, ки чунин Ватани азизу маҳбуб ва чунин мардуми бузург дорем. Маҳз чунин шахсиятҳои соҳибэътибор ва оилаҳои меҳмондӯст метавонанд, миллати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Умедҷони КАРИМХОН, донишҷӯи ДМТ

√ ЭЪЛОН

Номаи камол, ки онро муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ноҳияи Данғара соли 2014 ба Мирзоев Исматулло Саидович додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

√ СӮГВОРӢ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун ба муовини якуми Раиси ҲХДТ Фаттоҳзода Саидмурод Самад нисбати даргузашти ҲАМСАРАШ изҳори ҳамдардӣ намуда, ба наздикону пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонанд.

Шаҳри мо ин хонаи якуминдараҷаи мо мебошад. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имсол бисёр чораҳои аҷибу бамавридро баҳри беҳбудии пойхатхи азизамон пешбарӣ намудааст. Ҳама навовариҳо дар соҳаҳои гуногуни шаҳрамон баҳри пешравии давлату давлатдории мо - тоҷикон аст. Дар урфият мегӯянд, ки “аз як даст садо намебарояд”. Мо - сокинони шаҳри Душанбе на фақат истифодакунандаи шароиту имконоти муҳайёгардида, балки нигоҳдорандаю ташаккулдиҳанда ва ҳифзкунандаи он бошем. Дар тамоми гирду атрофи шаҳрамон биноҳои наву баландошёна бунёд шуда истодаанд. Гулҳову дарахтони аз кишварҳои хориҷ вуруд шуда табиати шаҳрамонро боз ҳам зебову дилработар намуданд. Баҳри батартибоварии роҳҳои мошингарду мусофиррав чораҳои махсус пешбинӣ шуд. Моро зарур аст, ки ба қадру қиммати тинҷию оромӣ ва ин зебоиҳо расем. Мутаассифона, дар бисёр маврид ба назар мерасад, ки қисмате аз шаҳрвандон ин ободиву созандагиро қадр накарда, ба корҳое даст мезананд, ки номи дигар ҷавононро низ доғдор мекунад. Аз меҳру муҳаббат ва навозиш ҳама чиз обод мегардад. Барои он ки шаҳрамон ободу зебо бошаду писанди ҳамагон, бояд бо ҳар гули роҳрави он, ки бо машаққатҳои модаронамон инкишоф меёбанд, муомилаи раҳмдилона дошта бошем. Модарам айёми донишҷӯияшонро чунин нақл мекунад, - Мо баъди дарсҳо бо ҳамроҳии ҳамкурсон ба кинотеатр мерафтем.

Донишгоҳ доимо тоззаву озода буд ва надида будем, ки ҳангоми хуроки нисфирӯзӣ дар ошхонаамон бетартибӣ бошаду одамон дар қатор нооромона рафтор кунанд. Мусофирон дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ роҳату озодона менишастанд. Имрӯзҳо ҷаҳон пеш рафта истодааст, аз даврони пеш дида шароиту пешравиҳо ба ҷавонон зиёд муҳайё аст, аммо мушкилиҳои кучаки ҷамъиятӣ зиёд шуда истодааст, - мегӯяд модарам. Дар Рими қадим шахсонеро бомаданият мешумориданд, ки ӯ худро ҳангоми сафар ё дар байни ҷамъият бо гуфтору кирдор ҳамчун намуна муаррифӣ карда тавонад. Файласуфи олмонӣ Гегел шахси бомаданиятро бо тавоноии универсалиаш, барои дигарон намунавӣ буданаш фарқ мекард. Таърих гувоҳ аст, ки бисёри одамони машҳур шахсиятҳои бомаданият буданд. Онҳо дорои дониши энсиклопедӣ буда, маҳорати онҳо бо қобилиятҳои комилан бузург фарқ карда мешуд. Имрӯзҳо имконоти шахсиятҳои бофарҳангу бомаданият ба таври кофӣ афзоиш ёфтааст. Аммо хусусиятҳои асосии он имрӯзҳо ба чунин аксиомаҳо дахл доранд: илм, маҳорат, дониш, маҳорати ҳунармандӣ ва тарбияи ахлоқиву эстетикӣ. Нишонаҳои асосии шахси бомаданият: -Пеш аз ҳама, ин намуди зоҳирӣ мебошад. Шахси бомаданият ҳамеша ба намуди зоҳирии худ аҳамият медиҳад. Ӯ ҳама вақт мутобиқи ҳолату макон мепӯшад, бо маданияти баланд гап мезанад ва меъёрҳои рафтори этикии ҷомеаро

риоя мекунад. -Хислатҳои хоси чунин шахсиятҳо доимо эҳтиром, меҳрубонӣ, масъулият, самимият, саховатмандӣ, худнигоҳдорӣ ва қобилияти идоракунии эҳсосот мебошад. Ӯро бо хислатҳои таҳаммулпазирӣ, дилсӯзӣ ва омодагӣ ба наҷот ва ғайраҳо метавон аз дигарон фарқ кард. -Касоне, ки таваҷӯуҳ доранд, ки шахси бомадданият бояд чӣ гуна бошад, бояд ҷавоб дод, ки онҳо бояд таҳсил ва маълумоти хуб дошта бошанд Ӯ барои ҳама чиз кушода ва омода аст, то боз ҳам омӯзиш ва инкишоф ёбад. Ӯ медонад, чӣ тавр зебогиро эҷод ва қадр кард. -Чунин шахсиятҳо қобилияти ко кунӣ дар гурӯҳ ва ҳамкорӣ бо дигаронро доранд.Ӯ метавонад барои ба қуллаҳои балани мақсадаш расидан талоши бепоён варзад. -Ба Ватан ва фарҳанги худ содиқода хизмат карда, таърихи он, одамон ва анъанаҳои миллиро муқаддас дорад. Ҳамин тариқ, шахси бомадданият нафаре ҳисобида мешавад, ки меъёрҳои рафтори худро дар ҷомеаи мутамаддин риоя кунад, вале худаш як шахсияти индивидуалӣ боқӣ монад. Пас ҳамаи ин гуфтаҳоро ба назар гирифта, Ватану шаҳри азизи худро бо маданияти баланди шахсии хеш ҳифзу зеботар намуд, то онро ба шаҳрҳои пешқадаму машҳури ҷаҳон баробар карда тавонист.

Шукуфа ЁРБЕКОВА, аспиранти соли якуми АИҶТ

Ваҳдати миллӣ – маншаи дастовардҳои даврони истиқлолият Тинҷию оромӣ, сулҳу субот ва дӯстию иттифоқ кафили муваффақият, рушди давлату ҷомеа, манбаи амалишавии орзую ормонҳои нек ва ҳадафҳои созанда мебошад. Ваҳдат низ аз зумраи чунин омилҳои ноилшавӣ ва заминавист, ки бе он муваффақ шудан дар дилхоҳ самт ғайриимкон аст. Ваҳдати миллӣ ба осонӣ муяссар нагардидааст. Дар шароити ниҳоят вазнин ва моҷароҳо дар давлат зарурати баҳамоии мардум ва барқарор кардани сулҳу салоҳ ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ба миён омада буд. Дар он вазъияти сиёсие, ки кишвар қарор дошт, агар Ваҳдати миллӣ ба даст оварда намешуд, ояндаи Тоҷикистонро касе гумон карда наметавонист. Вақте ки ин гавҳари бузург ба даст омад, роҳи ояндаи Тоҷикистон равшан гардид. Он дар натиҷаи заҳматҳо ва дастгириву якдилии шаҳрвандони бо нангу номуси ҷумҳурии азизамон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва имзо гардидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 Тоҷикистони соҳибистиқлол бо суръати баланд рушд кард. Ин саннаи муборак дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Дар бораи рисолати таърихии созишномаи сулҳ ва Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат хеле хуб гуфтаанд: “Созишномаи сулҳ ва оштии миллӣ роҳи рушду такомули минбаъдаи Тоҷикистонро равшан сохт. Ман дар радифи Истиқлолияти давлатӣ Ваҳдати миллиро яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихи миллати куҳанбунёди хеш медонам”. Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти комил буд, ки давлати мо дар қатори дигар давлатҳои сайёра эътироф карда шуд. Маҳз сабаби эътироф ёфтан ин Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолият мебошад. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Истиқлолу Ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдорию давлатсозии мо мебошанд”. Аз ин рӯ, ҳар яки мо шаҳрвандонро лозим аст, ки ин неъматҳои бебаҳоро ҳифз созем ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёту муҳофизат намоему ба наслҳои оянда мерос гузорем. Зеро наслҳои оянда аз мо муҳити осоишта ва шукуфонро интизоранд. Суҳроб ТОИРЗОДА, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара


16

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №26 (9556), 27.06.2018

СУРАТГУЗОРИШ

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4111 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.