Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо
№26 (9400), 2 июли соли 2015
e-mail: javonontj@mail.ru
Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҲАФТ РӮЗ 25.06.2015 Як гурӯҳ олимону муҳаққиқони ҷавон аз институтҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, бо мақсади гузаронидани корҳои илмӣтадқиқотӣ, ба Маркази байналмилалии илмӣ-таҳқиқотии «Помир-Чақалтой», ки аз соли 2009 дар мавзеи Оқ-Архари ноҳияи Мурғоб фаъолият менамояд, рафтанд. 26.06.2015 Ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъадор бо ибтикори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти мамлакат, Ассотсиатсияи велосипедронони Тоҷикистон ва Академияи олимпии ҷумҳурӣ мусобиқаи велосипедронӣ доир гашт. 27.06.2015 Дар ҷумҳурӣ бо шукуҳу шаҳомат Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил шуд. Аз ҷумла, дар боғи Наврӯзгоҳи пойтахт ба ин муносибат барномаи театрӣ пешниҳод гардид.
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
МУРОҶИАТНОМАИ
ҷавонон ва донишҷӯён ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ
28.06.2015 Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Покистон 23 ифротгароро дар воҳиди тақсимоти маъмурӣмарзии Вазиристони Шимолӣ дар сарҳади Афғонистон нест карданд. 29.06.2015 Дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ, ҷамъомади тантанавӣ доир гашт. 30.06.2015 Таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Ҳукумати мамлакат баргузор гардид.
Саҳифаи
9
01.07.2015 Имтиҳоноти дохилшавӣ тавассути низоми тестӣ оғоз гардид, ки то 12 июл идома хоҳад кард. Теъдоди умумии довталабони сабтиномшуда имсол беш аз 73 ҳазор нафар аст.
АНҶУМАН
Дастпарвари “Ҷавонон...” раиси Иттифоқи нависандагон шуд Дар анҷумани чордаҳуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки 30 июн бо иштироки беш аз 400 нафар, аз ҷумла, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти ҷумҳурӣ оид ба робита бо ҷомеа ва Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири мамлакат доир гардид, Низом Қосим раиси нави ин иттифоқ интихоб шуд. Ҳамзамон, Юнус Юсуфӣ ва Ато Мирхоҷа муовинони нави ра- ҳайси директори ТВ кӯдакону наврасон “Баҳористон” фаъолият иси Иттифоқи нависандагон таъин шуданд. Инчунин, нависанда карда, аз соли 2010 то кунун ду навбат вакили Маҷлиси намоянМансур Суруш сармуҳаррири рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” ва Ру- дагон интихоб шудааст. стами Ваҳҳоб сармуҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ” таъин шуда, Мавсуф 35 сол собиқаи кории касбӣ дошта, дар гузашта ба 64 нафар аъзои раёсат ва 9 нафар аъзои комиссияи тафтишотии ҳайси мухбири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” кор кардааст. иттифоқ низ муайян гардиданд. 10 соли охир раисии Иттифоқи нависандагони кишварро «ҶАВОНОНИ №262006 (9400), 2 ИЮЛИ 2015 Бахтӣ бар уҳда дошт. Низом Қосим ТОҶИКИСТОН», 57-сола буда, аз соли то соли 2010 СОЛИ ба Меҳмон
1
ҶАШН
ОИЛАДОРӢ
Ваҳдати миллӣ - шарти асосии некӯаҳволии мардум 26 июн Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ба муносибати 18-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ, бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мулоқот намуда, доир ба арзишҳои волои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон андешаронӣ намуд.
Сарвари давлат мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, таъкид дошт, ки “барои расидан ба ин рӯзи саид мардуми тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад ва сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад”. Таъкид гардид, ки “Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии мар-
дум ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад”. Президенти кишвар аз дастовардҳои бузурге, ки Тоҷикистон дар муддати начандон тӯлонии пас аз расидан ба сулҳу салоҳ ноил гардидааст, ёдовар шуда, аз ҷавонон даъват намуд, ки ин дастоварди бузурги таърихӣ - ваҳдати миллиро гиромӣ доранд, онро эҳтирому эҳтиёт кунанд, ояндабину дурандеш бошанд, парчами ваҳдатро баланд бардоранд, ба Ватани маҳбубамон содиқу вафодор бошанд ва ҳар порчаи сарзамини аҷдодиро чун ҷони худ азизу чун модар дӯст доранд. Президенти кишвар аз шиддати ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ, ки ҳоло беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад, изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт: “... фаромӯш набояд кард, ки амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла, торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад”. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба воқеаҳое, ки вақтҳои охир дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Миср, Афғонистон ва баъзе кишварҳои дигар идома доранд, аз ҷумла, ба ҳодисаҳои қатлу куштори аҳолии осоишта, валангорсозии шаҳру деҳоти бешумор ва гурезашавию бесарпаноҳ мондани миллионҳо нафар ишора намуда, ёдовар шуд, ки чунин рӯзҳои ниҳоят сахту сангин ба сари мо ва сарзамини мо низ омада буд. Мардуми Тоҷикистон, хусусан, ҷавонони кишвар он рӯзҳои бисёр даҳшатноку фоҷиаборро, ки боиси азобу машаққати зиёд ва ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар аҳолии осоиштаи мамлакат шуда буданд, ҳаргиз фаромӯш насозанд ва аз онҳо хулосаи дуруст бароранд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз гароидани баъзе ҷавонони
ноогоҳи тоҷик ба гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ карда, тазаккур дод, ки ин ҳаракати иртиҷоӣ ҳеҷ умумияте ба дини мубини ислом надорад, балки баръакс нақшаву ниятҳои қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давлатҳои мусулмониро намехоҳанд, амалӣ карда истодааст. Дар робита ба ин, аз падару модарон даъват карда шуд, ки “муошират ва мукотибаи фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро аз таъсири манфии сомонаҳои тарғибкунандаи зӯровариву фаҳш ва дигар рафторҳои ғайриахлоқӣ, инчунин, аз ҳар гуна даъвату тарғиботи тундгароёна ҳифз намоянд”. Дар муроҷиат ба ҷавонон таъкид гардид: “Ҳангоми истифодаи интернет ва мутолиаи маводи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша ба ақлу заковат ва донишу хиради худ такя намоед, фирефтаи ҳар гуна дасисаву тарғиботи бегонаи ғаразнок нашавед, бо калонсолон ва падару модарони худ сари ҳар як масъала маслиҳат кунед, зеро шумо аз онҳо дида, машваратчии беҳтарро дар зиндагӣ пайдо намекунед”. Ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки якҷо бо сохторҳои дигари давлатӣ ва ҷамъиятӣ барои тарғиби фарҳанги миллӣ тамоми тадбирҳоро андешида, барои гирифтани пеши роҳи бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, паҳншавии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, зиёдаравӣ ва решакан кардани хурофот ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонанд. Дар фарҷом таъкид гардид, ки дар марҳалаи имрӯза мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишварро ҳифз намоем, бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон кору фаъолият кунем”.
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
СММ Муборак Рустамзодаро “Малолаи тоҷик” хонд Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши худ духтари 20-солаи тоҷик Муборак Рустамзодаро «Малолаи тоҷик» номидааст. Муборак Рустамзода, сокини шаҳри Кӯлоб буда, барои талошҳояш дар самти ҷалби духтарони деҳот ба таҳсил мавриди таваҷҷуҳи СММ қарор гирифтааст. Ӯ духтарони деҳотро ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ ва касбӣ ҷалб намуда, ин корро идома ва тақвият медиҳад. Ин духтари тоҷик иқдоми некбинонаи худро ҳанӯз пас аз хатми мактаби миёна оғоз намуда, чанд нафари фориғ ва дур аз таҳсилро ба боргоҳҳои маърифат ҷалб намудааст. Аз ҷумла, Муборак духтареро аз ноҳияи
2
Ҳамадонӣ бо номи Ҳалима ба таҳсил ҷалб намудааст, ки ӯ ҳоло дар курси дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад. Ӯ чанд нафари дигарро бо усули суҳбат бо волидонашон ва фаҳмондани муфид будани гирифтани маълумот барои духтарон ба муассисаҳои таҳсилот ҷалб намудааст, ки ин иқдом аз ҷониби СММ хушбинона қабул гардидааст. Худи Муборак Рустамзода хатмкардаи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мебошад.
Баррасии масъалаҳои оила дар Душанбе Дар КВД «Маркази равобити пойтахт» бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ба муносибати Соли оила суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Пешгирии ҳолатҳои никоҳи барвақтӣ ва танзими оила» баргузор шуд. Масъулини Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе чорабиниро ифтитоҳ бахшида, атрофи дастгириву таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, шаҳрдорӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба насли наврасу ҷавон, махсусан, оилаҳои ҷавон ва ҳадафҳои баргузории чорабинӣ сухан ронданд. Сипас, Зуҳро Мирзоева, муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе”, Валиҷон Сайёрабеков, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, муовини аввали раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати пойтахт, Абдураҳим Исмоилов, намояндаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Зубайдулло Маҳмадуллоев, директори КВД “Маркази иттилоот ва тамоюли ҷавонон”, Иззатуллои Ҳабибзод, мудири Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Муслиҳиддин Нуров, унвонҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷиистон, Оятулло Забиров, магистранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуъҳои “Никоҳи барвақтӣ ва паёмадҳои он дар ҳаёти навхонадорон”, “Ҷанбаҳои маърифати оиладорӣ дар ашъори мутафаккирони форсу тоҷик”, “Худшиносӣ дар шинохти оиладорӣ”, “Соли оила масъулияти навхонадоронро зиёд хоҳад кард”, “Оилаи солим аз нигоҳи тиб”, “Беназоратии оилавӣ сабаби сар задани ҳар гуна ҷиноят”, “Маърифати оиладорӣ, роҳҳои тақвияти он дар байни ҷавонон” маърӯза намуданд. Дар фарҷом ҷавонон ба мувофиқа омаданд, ки атрофи мавзӯъ бо таъсиси гурӯҳи корӣ аз ҳисоби ҷавонони фаъол корро бо усули «Ҳамсол ба ҳамсол» тақвият хоҳанд дод. Дар ин бора Маҳкамбой Гулов, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиши ва сайёҳии шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
ТУРИЗМ
Саёҳат ба шаҳри Роғун Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ як гурӯҳ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба шаҳри Роғун сафар карданд. Дар доираи ин сафар устодон ва донишҷӯён аз мавзеъҳои таърихию минтақаҳои сайёҳии шаҳр дидан намуда, дар чорабиниҳои тантанавию фарҳангӣ бахшида ба Ваҳдати миллӣ ширкат намуданд. Масъулин мақсад аз роҳандозӣ намудани чунин чорабиниҳоро шиносоии бештари сокинон аз мавзеъҳои сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ ва ҳамин тавр мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни ҷавонон арзёбӣ мекунанд. Чунин чорабиниҳо
дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ дар назар гирифта шудааст. Ёдовар мешавем, ки соли 2015 дар кишвар Соли муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ эълон гардида, моҳи август нахустин Конфронси байналмилалии туристии «Тоҷикистон – кишвари туризм», Фестивали сайёҳиву фарҳангии мероси Роҳи Абрешим, таҳти унвони «Рангоранг» ва Экспедитсияи байналмилалии куҳнавардӣ дар мавзеи Москвинаи ноҳияи Ҷиргатол ба нақша гирифта шудааст.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9400), 2 ИЮЛИ СОЛИ 2015
ПУРСИШ
КИТОБИ НАВ
Бемориҳо – сабаби вайроншавии оилаҳо Оиларо ячейкаи хурдтарини ҷамъият мешуморанд ва ояндаи ҷомеа ба оилаҳои солим вобастагӣ дорад. Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба инкишофи оила диққати махсус медиҳанд. Эълон гардидани соли 2015 ҳамчун Соли оила аз ҷониби Сарвари давлат шаҳодати гуфтаҳои болост. Оид ба ин мавзӯъ ва проблемаҳои оилаҳо бо чанд нафар мутахассис ҳамсуҳбат шудем.
Бибиҷон ШОИСМОИЛОВА, корманди Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рӯшон: - Оила асоси ҷомеа мебошад ва фаъолияти мо маҳз ба ин самт бахшида шуда, кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳем, ки дар ҷомеа оилаҳои солим бештар бошанд. Ба хотири ин, ҳар замон дар аснои ба қайд гирифтани ақди никоҳи ҷавонон аз боби мафҳуми оила ва оиладорӣ бо эшон суҳбат мегузаронем. Тибқи нишондод соли 2014 дар ноҳияи Рӯшон 335 оила ва дар панҷ моҳи соли равон 105 оилаи нав бунёд гашт. Мутаассифона, дар баробари бунёди оилаҳо дар дафтари қайди мо вайроншавии оилаҳо низ сабт гардидааст, ки боиси малоли хотирамон мегардад. Соли 2014, агар ҳамагӣ 19 ақди никоҳ бекор шуда бошад, дар панҷ моҳи соли равон, алаккай, 5 оила ба вайронӣ расиданд. Оила бозича нест ва ҳар ҷавон бояд бо он ба таври ҷиддӣ муносибат кунад. Асоси ҳар оиларо муҳаббат ташкил дода, он набояд дар тӯли зиндагӣ халалдор гардад. Мутаассифона, имрӯз бархе аз оилаҳо на аз рӯи муҳаббат, балки барои бойигарӣ ва пул бунёд меёбанд, ки дер давом намекунанд. Бахусус, оилаҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ бунёд шудаанд, аз ҳамин қабил мебошанд. Мардуми мо минталитети шарқиёна дорад ва набояд ин ганҷинаи ниёиро аз даст дод. Розигии волидайнро ҳатман гирифтан лозим. Зеро фотеҳаи калонсолон муҳаббати оилаҳои ҷавонро пурзӯр мегардонад ва дар ҳар хона фазои солим ҳукмфармо мешавад. Байни аҳли оила ҳамдигарфаҳмӣ
барқарор шуда, норасоиҳои маъмул садди роҳи муҳаббати оилаҳои ҷавон шуда наметавонад. Имрӯз бошад, иддае аз ҷавонон бар хилофи одатҳои мардуми мо кор карда, фикри волидайнашонро дар бунёди оила ба назар намегиранд. Худи волидайн ҳам ба ин самти зиндагии фарзандонашон таваҷҷуҳи хоса надошта, тақдири фарзандонашонро ба худи онҳо ҳавола мекунанд. Дар натиҷа, ҷавонон ба хато роҳ дода, ояндаи оиладории худро ба таври дуруст андеша нанамуда, издивоҷ мекунанд. Пас аз фурсате аз ҳам монда шуда, даъвоҳои аввалини оиладорӣ пайдо мешаванд, ки дар ҳалли он ба мушкилиҳо дучор меоянду аз маслиҳатҳои калонсолони ҳаётдида бебаҳра мегарданд, ки ин нуқс ба вайроншавии оилаҳо оварда мерасонад. Вайроншавии оилаҳо бошад, ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Аввалан аз он фарзандон зарари маънавӣ дида, аз тарбияи дуруст маҳрум мемонанд. Идае аз ҷавонони кӯтаҳфикр ғофил аз онанд, ки фарзандон насли ояндаи ҷомеаанд ва волидайнро лозим аст, ки бояд заҳматҳои зиёдеро ба харҷ дода, тарбияву таълими онҳоро дуруст ба роҳ монанд. Бунёди оилаҳои нав боиси хушбахтии аҳли ҷамъият аст, ки дар ривоҷи насли солим нақши босазое хоҳанд гузошт. Пас, ҳамагон бояд кӯшиш намоем, ки оилаҳои солим ташкил диҳем.
Аслибегим НИЁЗБЕКОВА, сарвари Маркази солимии репродуктивии ноҳияи Рӯшон: Маркази солимии репродуктивӣ махсус ба назо-
рати тиббии оилаҳо сару кор дорад. Мо кӯшиш менамоем, ки бо оилаҳои навташкил суҳбатҳо гузаронда, тарзи дурусти оиладориро фаҳмонем ва онҳоро аз ҳар гуна касалиҳо эмин нигоҳ дорем. Таваллуди фарзанд боиси пойдории оилаҳои ҷавон мешавад, вале баъзан оилаҳои ҷавон ба хато роҳ медиҳанд. Бар ҷисми худ раҳм накарда, фосилаи таваллудро риоя намекунанд. Фосилаи байни тавллудро тибби муосир ду сол маслиҳат медиҳад. Дар ин миён модар саломатии худро баъди таваллуд барқарор мекунад. Агар ин фосила риоя нашавад, модар қувваи сарфкардаашро барқарор карда наметавонад ва ба тавлиди фарзандони носолим оварда мерасонад. Беморӣ ва заифии зан сабаби ҷудошавии оилаҳо мегардад. Набояд фаромӯш сохт, ки фарзанди навтавлид бояд тӯли ду сол, бар иловаи ғизоҳои дигар, сина макад. Зеро он фоидаи зиёд дошта, ҷисми кӯчаки тифл витаминҳои заруриву лозимиро сари вақт гирифта метавонад ва аз ҳар гуна касалиҳои даврони тифлӣ ҳифз мешавад. Фишори баланди майнаи сар (черепной давлений) аз касалиҳои маъмули давр буда, алҳол дар ҷумҳурӣ хуруҷ ёфтааст. Дуруст, ки имрӯз технологияи нави тиббӣ дастраси табибон аст ва касалии фишори баланди майнаи сари кӯдакро сари вақт табобат мекунанд. Аммо сабаби хурӯҷи онро модарон пай намебаранд. Сабаби пайдоиши ин касалиро тибби муосир дар тарзи нодурусти исъемоли ғизо ва зиёд асабӣ шудани модарон дар аснои ҳомиладорӣ медонанд. Шароити зиндагӣ низ ба хурӯҷи ин касал бетаъсир намемонад. Маркази мо дар маҳалҳо низ бо бонувон суҳбатҳо гузаронда, риояи фосилаи байни таваллуд ва истифодаи ғизои дурустро ба модарон тавсия медиҳад. Модаронро лозим аст, ки ғизоҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаро бештар истеъмол намоянд. Дигар аз проблемаҳои замон бемории ВНМО аст, ки ҷавонон бояд аз он худро эҳтиёт намоянд. Солҳои охир ин касалӣ бо суръати хеле баланд паҳн шуда истодааст ва на ҳар кас аз он
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9400), 2 ИЮЛИ СОЛИ 2015
эмин аст. Барои ин ба гигиена риоя карда, дар муносибат бо одамони ношинос закӣ буданашон ҳамтист.
Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятӣбайналмилалии Фонди “Диалоги Авруосиё” чанде пеш китоби “Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо” нашр гардид. Он дар партави асарҳо, мақолаҳо ва суханрониҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст.
Аслибегим МУЗОФИРОВА, табиби КАТС-и ноҳияи Рӯшон: - Солҳои охир камхунии модарон хеле зиёд шудааст, ки сабаби он камкалория будани ғизо мебошад. Солҳои охир аксари мардум аз ғизоҳои генопродуктивӣ истифода мекунанд. Албатта, шароити имрӯз талаботи дигар дорад. Маҳсулот ғизоии аз давлатҳои дигар воридгардида сифати хуб доранд ва чашми одамӣ онро бештар талаб мекунад. Вале набояд фаромӯш сохт, ки гушти мурғ, равғанҳои ба ном аз растанӣ тайёршуда, обҳои ба ном минералии рангоранги нӯшокӣ, ҳасиб ва ғайра ҷойи хӯрокҳои маҳаллиро гирифта наметавонанд. Маҳз аз истеъмоли чунин ғизоҳо дар ҷисмашон оҳан кам шуда, ба камхунӣ оварда мерасонад. Аксари занони ҳомила, ки ба мо муроҷиат мекунанд, дар натиҷаи ташхис маълум мегардад, ки асоси касалии онҳо камхунист. Ин ҳолат дар занони сокини водиҳо бештар ба назар мерасад. Занони деҳоти водиҳои Бартанг, Хуфу Баҷув ба камхунӣ гирифтор нестанд ва нисбат ба бонувони муқими водиҳо ҷисман солимтаранд. Сабаб он аст, ки онҳо ғизоҳои аз қабили нони гандуми маҳалӣ, боқло, ҷав, нахӯд, гӯшту шири маҳаллиро бисёртар истеъмол мекунанд. Пурсишро омода кард: Мамадалӣ БАХТИЁРОВ
Дар боби аввали китоб зери унвони “Ваҳдат – омили муттаҳидсози миллат” суханрониҳои Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ваҳдат, сулҳ ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҷой гирифтааст. Чунончӣ, дар суханронии Президенти мамлакат дар Конфронси байналхалқӣ бахшида ба панҷумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва намунаи ибрати он барои Афғонистон омадааст: “Яке аз манбаъҳои асосии терроризми байналхалқӣ, моҷароҷӯӣ ва ҷинояти муташаккилона, ки имрӯз ба сулҳу осоиши тамоми мамлакатҳои ҷаҳон таҳдид менамоянд, шароити бади зиндагӣ, қашшоқӣ ва гадоӣ дар баъзе мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон мебошад. То рӯзе, ки давлатҳои мутараққӣ тамоми хавфи чунин фарқиятро пурра дарк намуда, ба ислоҳи он кӯшиш ба харҷ надиҳанд, дар бораи таъмини сулҳу суботи саросари ҷаҳон сухан рондан душвор аст”. Дар боби дуюми китоб мақолаҳои олимони тоҷик оид ба нақши барҷастаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарғибу тавсифи ваҳдат, таҳаммулгароӣ ва фарҳанги сулҳ ҷой дода шудаанд. Мақолаҳои Нодир Одилов “Роҳбаре бо хиради хусравонӣ”, Мирзошоҳрух Асрорӣ “Ваҳдат – арзиши муқаддасу азиз”, Меҳмон Бахтӣ - “Файзи истиқлол ва ваҳдат” ва дигарон дар ин бобат хеле хонданибоб таҳия шудаанд. Роҳбари Ташкилоти байналмилалии фонди “Диалоги Авруосиё” Эмсал Коч дар муқаддимаи китоб навиштааст: “Кӯшишҳои Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи расидан ба сулҳу ваҳдат манзури оламиён гардид. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистон мактаби таҷрибаи сулҳофарӣ гаштааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҷрибаро омӯхта, дар ҳалли бӯҳронҳои сиёсӣ истифода менамояд”. Китоб ба 18-умин солгарди Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. С. АМИНИЁН, “ҶТ”
3
БЕПАРВОӢ Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба чунин хулоса расидааст, ки таваллуди кӯдакони норасид дар ҷумҳурӣ аз нишондиҳандаи омори ҷаҳонӣ 10 ҳазор маротиба бештар будааст. Ба иттилои ин созмон ҳар сол дар ҷаҳон аз даҳ як кӯдак норасид таваллуд мешавад. Инчунин, дар гузориши ба тозагӣ нашркардаи созмон омадааст, ки ҳар сол дар ҷаҳон 15 миллион кӯдаки норасид таваллуд шуда, аксари онҳо баъди таваллуд мефавтанд ва ё аз бемориҳои гуногуни ҷисмиву равонӣ ранҷ мебаранд. Дар ин гузориш, ҳамчунин, гуфта мешавад, ки ба ҳисоби миёна ҳар 100-умин кӯдак дар Тоҷикистон норасид таваллуд мешавад. Аз теъдоди умумии кӯдакони норасид таваллудшуда ҳудуди 700 нафари онҳо кӯдаконе будаанд, ки камтар аз як кило вазн доранд. Ин дар ҳолест ки агар вазни кӯдак аз 1 кило камтар бошад, имкони зинда монданаш низ кам аст. Яъне, ба ҳисоби миёна 90 дар сади ин кӯдакон мефавтанд. Ба гуфтаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, то кунун дар тамоми ҷаҳон ба масъалаи таваллуди кӯдакони норасид, беэътиноӣ зоҳир мешавад. Ҳол он ки дар сурати муносибати хуб нисбат ба занони ҳомила имкони наҷот додани беш аз 75 дарсади онҳо мавҷуд аст. Тавре гуфта мешавад, дар Покистон аз миёни ҳар 100 кӯдак 16 нафари онҳо норасид таваллуд мешудаанд, ки болотарин нишондиҳанда дар ҷаҳон маҳсуб
мешавад. Ба гуфтаи табибон, кӯдаконе, ки пеш аз ҳафтаи 38-уми ҳомиладорӣ таваллуд мешаванд, норасиданд. Сабаби асосии ба дунё омадани тифли норасид, инкишоф наёфтани бачадон, ба бемориҳои инфексионӣ гирифтор будани модар, сигоркашӣ,
тисно нест. Дар ҳоле ки дар ҷисми занҳо табаддулоти ҳормонҳо зиёд аст, йоди дар ҷисмашон бударо бой медиҳанд. Аз ин лиҳоз, табибон истифодаи 200 миллиграмм йодро дар ғизо ба занон тавсия медиҳанд. Тавре гуфта мешавад, дар обу хок ва ҳатто моҳиҳои кишвари мо йод мавҷуд нест, пас, яго-
аҳамияти зарурӣ надодан ба саломатии тифл медонад. Мавсуф мегӯяд, дар яке аз деҳаҳои шаҳри Роғун иқомат мекунад ва беморхона аз манзили онҳо дуртар қарор дорад. Дар деҳот, ки ба кори хона асосан занон машғул мешаванд, фурсати ба беморхона барои муоинаи саривақтӣ рафтан надоранд.
нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайра мебошад. Инчунин, бархе аз табибион бар онанд, ки агар зан гирифтори маризии ҷоғар бошад, дар мадди аввал ӯро безурётӣ таҳдид мекунад, аммо таваллуди фарзанди мурда, норасид, камақл, дорои шунавоӣ ва биниши сусту дорои иллатҳои ҷисмонӣ низ ис-
на роҳи халосӣ истеъмоли намаки йоддор мебошад, ки модаронро аз гирифторшавӣ ба маризии ҷоғари эмдимикӣ нигоҳ дошта, фарзандони онҳоро аз норасид, камақлӣ ва дигар бемориҳо эмин медорад. Хуршед, ки як моҳ пеш ҳамсараш тифли норасид ба дунё овардааст, сабабашро дар сари вақт нарафтан ба беморхона ва
Хуршед, инчунин, илова намуд, ки табибон гуфтаанд, бештари тифлони норасид нуқсондор мешаванд. «Тифламонро табобати зиёд карда истодаем, вале чи қадар инкишоф ёфтанашро намедонем. Ҳоло дасту пойҳои тифл хурд аст ва сари калон дорад», - гуфт Хуршед. Сюзана Шокирова, муди-
Ҳар садумин кӯдак норасид таваллуд мешавад
ри Шӯъбаи септикии навзодони Маркази тиббии шаҳрӣ низ зимни суҳбат гуфт, ки сабаби асосии норасид таваллуд шудани тифлон бемориҳои инфексионӣ дар батни модар мебошад. Ба гуфтаи ӯ рӯза доштан ва зӯроварӣ дар хонавода низ боиси кӯдаки норасид таваллуд кардани занон мегардад. - Кӯдаконе, ки камтар аз 2500 грамм вазн доранд, норасид мебошанд. Бештари вақт кӯдакони норасиде, ки 800 грамм вазн доранд, баъди таваллуд мефавтанд. Кӯдаконе, ки ба шӯъба оварда мешаванд, аз онҳо 20 фисадашонро кӯдакони норасид ташкил медиҳанд, ки бояд ҳамеша таҳти назорати духтурон бошанд. Модарон пеш аз ҳомила ва дар вақти ҳомила будан бояд ба духтур муроҷиат намуда, аз машварат ва муоинаи саривақтӣ гузаранд, таъкид кард С. Шокирова. Ба гуфтаи табибон, занон бояд пеш аз ҳомилашавӣ ба духтури минтақавӣ муроҷиат кунанд, зеро дар ин марҳила тавсияҳои заруриву муфиди мутахассисонро гирифтан барои давраи ҳомиладорӣ ва таваллуди тифли солим мусоидат мекунад. Инчунин, гуфта мешавад, ки назорати тиббии саривақтӣ бемориҳоеро, ки то вақти ҳомила шудан ноаён буданд ва дар замони ҳомиладорӣ ва зоиш мумкин аст авҷ бигиранд, муайян мекунад. Вале бештари модарон ба духтур муроҷиат намекунанд ва фосилаи байни таваллудро риоя наменамоянд. Ин аст, ки дар давраҳои ҳомила будан, таваллуд ва баъди таваллуд худашон ё тифли навзодашон мефавтанд. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”
АНДЕША
Дини ислом ба пуштибон ниёз надорад Ҳифзи манфиатҳои милливу мазҳабӣ вазифаи муқаддаси ҳар яки мост Асри 21 бо вуҷуди пешравиҳо ва эволютсияи илмӣ-техникӣ барои башрият як қатор хатарҳоеро ба вуҷуд овард, ки боиси марги зиёди одамон, парокандашавии давлатҳо, вайрону валангор гардидани деҳаву шаҳрҳо ва гуреза шудани миллионҳо нафар гардида истодааст. Таври маълум, дар ин дигаргуниҳои сиёсии ҷаҳон ва муноқишаҳои дохилӣ бештар мардуми мусулмон қурбон гардида истодаанд, зеро хатаре, ки дар симои терроризм ва экстремизми байналмилалӣ зоҳир мешаванд, мутаассифона, ба дини ислом нисбат дода мешавд, чунки ҳодисаҳои ифротгароӣ ва ҷангҳои мазҳабӣ дар давлатҳои исломӣ ё давлатҳое, ки аҳолии он аксаран мусулмон мебошанд, рух дода истодаанд.
4
Ватани мо низ солҳои 90уми асри гузашта ба гирдоби чунин нооромиҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ печида буд, ки ҳазорон ҷавонмард қурбон гардида, оилаҳои зиёд бесаробон ва кӯдакони онҳо ятим монда, пешравии ватанамонро ба 20-солаҳо қафо кашид, ки ин барои ҳар яки мо сабақи таърихӣ бояд бошад. Таҷрибаи сиёсии ҷаҳони муосир собит сохт, ки иқтисодиёти ғаниву устувор ва ҳатто артиши пуриқтидори замонавӣ наметавонад амнияти давлат ва осоиштагии мардумро ба таври бояду шояд таъмин намояд. Дар ин дигаргуниҳои сиёсӣ ва хатарҳои умумибашарӣ танҳо давлатҳое амнияти худ ва осоиштагии мардумро аз чунин ҳодисаҳои фоҷиабор эмин дошта метавонанд, ки сиёсати озмудашударо бо пуштибонии халқи дорои хиради азалӣ ва зиракии сиёсӣ амалӣ намоянд. Хушбахтона, дар Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субот ҳукмфармо буда, мардуми сарбалнди он дар фазои орому осоишта зиндагӣ доранд, ки ин
бузургтарин дастоварди миллат ва неъмати бебаҳо мебошад. Мутаассифона, имрӯз низ бархе аз ҷавонони торикфикр ва маҳдудиродаи мо чунин амалҳои номатлуб, ба монади ифротгароӣ ва хусумати мазҳабиро пайравӣ карда, бо даъвати ашхоси иғвогару ҷиноятпеша барои иштирок дар муқовиматҳои мазҳабӣ ба хориҷа рафта, мехоҳанд дигаронро низ ба ин роҳи бад раҳнамун намоянд. Ҷавонон бояд дар хотир дошта бошанд, ки пуштибонӣ аз чунин афрод хатои бузург ва хиёнат ба давлату миллат мебошад. Баракс, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои милливу мазҳабиамон, сохти конститутсионӣ ва Истиқлолияти Ватани азизамон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номус мебошад. Ҳодисаҳои ваҳшатборе, ки зери ниқоби ислом бо қатли ваҳшиёнаи одамон ҳатто зани мусалмон рух дода истодааст, бори дигар исбот намуд, ки чунин аъмоли ваҳшиёна ба дини ислом, умуман, иртибот
надорад ва шариати ислом онро дар ҳама шакл ва ба чи хотире набошад, қатъиян маҳкум мекунад. Ба ибораи дигар, дини муқаддаси ислом ба чунин «пуштибонҳои» ҷоҳилу разил эҳтиёҷ надорад. Бинобар ҳамин, ҳар як фарди солимфикр ва равшаниродаро зарур аст, ки баҳри ҳидояти ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои милливу мазҳабӣ ва инсондӯстӣ бетараф набошанд. Волидон бошанд, дар тарбияи дурусти фар-
зандон ҳамеша бодиққат бошанд, зеро беэътиноиву беназоратӣ нисбат ба фарзандони ноболиғ метавонад онҳоро ба доми ҳар нохалаф ва хоини миллат афтонад. Аз ин лиҳоз, бояд ҳама вақт тарбияи фарзандон дар мадди аввал ва назорат аз болои рафтору гуфтори онҳо доимӣ бошад. Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА, судяи Суди ноҳияи Тоҷикобод
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9400), 2 ИЮЛИ СОЛИ 2015
МАВЗӮИ РӮЗ
Кӯлҳои одамхӯр Волидон фарзандонашонро ҳангоми оббозӣ ҳамроҳӣ кунанд Бо фарорасии фасли гармо шаҳрвандон барои шиноварӣ ба кӯлҳо мераванд. Аз ҷумла, тавре мушоҳида гардид, «Кӯли ҷавонон» ҷойи асосии шиноварӣ барои бисёриҳо, хоса наврасон аст. Зимнан, ҳар сол дар мавсими оббозӣ дар кӯлу дарёву каналҳо ва ҳавзҳои ҷумҳурӣ даҳҳо нафар ба ҳалокат мерасанд. Афзоиши маргу мири сокинон бар асари ғарқшавӣ, масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро низ ба ташвиш овардааст. Мақомоти ҳолатҳои фавқулодда сабабҳои аслии зиёд сурат гирифтани ғарқшавии шаҳрвандонро риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ меноманд. Бино ба маълумоти расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, аз аввали соли равон то имрӯз 54 нафар шаҳрванд дар дарёву кулҳои ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳолат бештар буда, 22 нафари онҳое, ки соли 2014 ғарқ шудаанд, кӯдакони аз 10-сола поён, 15 тани дигар аз 17-сола поён мебошанд. Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод, ки як писари 7-сола ва ду духтари 9 ва 11-сола дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳавзи як ҳавлӣ ғарқ шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, кӯдакон болои шохаи дарахт нишаста буданд, вале шохаи дарахт вазни онҳоро бардошта натавониста, шикастааст. Дар натиҷа, ҳар се кӯдак ба ҳавзи чуқуриаш 2 метр афтодаанд. Азбаски ҳеҷ кадоми ин кӯдакон шино карда наметавонистанд ва аз калонсолон низ нафаре дар он ҷо ҳозир набуд, ба ҳалокат расиданд. Салима Алишерова, ки омӯзгор аст, мегӯяд дар баъзе ҳолатҳои ғарқшавии наврасон дар кӯлу обанборҳо худи волидон гунаҳкоранд. Волидон бояд нагузоранд, ки фарзанди онҳо танҳо ба ҳавзи шиноварӣ ё ҳавзҳои ҳавлӣ оббозӣ кунанд. Ҳамеша бояд фарзандонашонро дар чунин ҳолат ҳамроҳӣ кунанд, чун ҳангоми шиноварӣ ҳар воқеа рух доданаш мумкин. «Вале имрӯз мебинем як навараси 9-10-сола танҳо ба шиноварӣ ба кӯл ё ҳавзҳои шиноварӣ меравад. Волидон барои гузаронидани вақташон боз ба онҳо маблағ низ медиҳанд. Беҳтар мешавад, ки худи падар ё модар фарзандашро ҳамроҳӣ кунад. Дар чунин ҳолат шояд ғарқшавии наврасон коҳиш ёбад. Соли равон зиёд мешунавем, ки фарзанди фалонӣ ба об рафтааст, вале боре намепурсем, ки чаро чунин ҳолат рух дод? Бешубҳа, ин ҳолатҳо аз бепарвоии волидон сурат мегиранд». Кумитаи ҳолатҳи фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ низ бо мақсади пешгирӣ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истироҳат дар назди иншооти обӣ падару модарон фарзандони худро беназорат нагузоранд. Инчунин, даъват намудааст, ки тамоми сокинон ва меҳмонон ҳангоми шиноварӣ дар наздикии дарёву каналҳо қоидаҳои бехатарии рафтор дар обро риоя намуда, аз шиноварӣ дар ҷойҳои манъшуда худдорӣ намоянд. Зулайхо Аминова, истиқоматкунандаи маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе андеша дорад, ки аз шиноварӣ дар кӯлҳои имрӯза беҳтар аст, ки дар назди биноҳо махсус ҳавзҳои хурди ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ сохта шаванд. Вай дар ҳоле чунин таклиф мекунад, ки дар маҳаллаи онҳо чунин ҳавз вуҷуд дорад ва бар ивази 1 сомонӣ фарзандонашон метавонанд оббозӣ кунад: «Як сомонӣ медиҳем, фарзандонамон шиноварӣ мекунанд. Бовар кунед, дар ташвиш нестем. Не хавфи ғарқшавӣ ҳаст, не гирифтор шудан ба бемории пӯст. Боз оби ҳавзи хурде, ки барои наврасон аст, ҳар рӯз тоза карда мешавад ва мо волидон ҳамеша фарзандонамонро ҳамроҳӣ мекунем». Бештари сокинон тарафдори чунин ҳавзҳо дар назди биноҳои истиқоматӣ буда, ба масъулон муроҷиат мекунанд, ки агар имкон бошад, барои фарзандони навраси онҳо низ чунин ҳавзи хурд сохта шавад. Онҳо бовар доранд, ки баъди сохтани ҳавз ғарқшавӣ дар кӯлҳо коҳиш меёбад, чун бештари ғарқшудагон наврасон мебошанд. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9400), 2 ИЮЛИ СОЛИ 2015
МАОРИФ
Ба кори мо аз лаёқати дастпарваронамон баҳо медиҳанд Баҳри мутахассиси варзидаю комил ба воя расонидани донишҷӯёни имрӯза дар баробари таълим вусъат додани корҳои тарбиявӣ низ хеле муҳим аст. Сӯҳбати мо бо муовини директор оид ба тарбияи Коллеҷи тиббии ноҳияи Ҳисор Дилшод Васихов дар ҳамин мавзӯъ сурат гирифт. - Коллеҷи тиббӣ кай таъсис ёфт ва дар он аз рӯи кадом ихтисос мутахассисон тайёр карда мешаванд? - Таърихи таъсиси Коллеҷи тиббии ноҳияи Ҳисор ба соли 1986 рост меояд. Ҳамон сол омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Ҳисор аз филиали омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ҷудо шуда, муассисаи таълимии мустақил гардид. Алҳол омӯзишгоҳ ба коллеҷи тиббӣ табдил ёфтааст. Ин муассисаи таълимӣ аз замони таъсисаш то ин дам ҳазорон нафар мутахассиси миёнаи соҳаи тибро тайёр кардааст. Имрӯз дар коллеҷ се шӯъба – кори ҳамширагӣ, корҳои лабораторӣ, кори момодоягӣ фаъолият мекунад. Теъдоди донишҷӯёни коллеҷ ба 1534 нафар мерасад. Дар ин ҷо ғайр аз сокинони ноҳия, инчунин, аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва дигар ноҳияҳои тобеи марказ низ донишҷӯён таҳсил мекунанд. Коллеҷ дорои лаборатория аст, ки дар он корҳои озмоишӣ сурат мегирад. Дарсҳои назариявӣ дар омӯзишгоҳ ва дарсҳои амалӣ мувофиқи шартнома дар беморхонаю дармонгоҳҳо мегузаранд. - Корҳои тарбиявӣ дар коллеҷ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? - Дар коллеҷ корҳои тарбиявӣ мувофиқи Консепсияи миллии тарбия сурат мегирад. Рӯзҳои шанбе дар тамоми гурӯҳҳо дарсҳои тарбиявӣ мегузарад. Бо мақсади баланд бардоштани руҳияи хештаншиносию ватанпарварӣ роҳбарони гурӯҳҳо донишҷӯёнро дастаҷамъона ба тамошои қалъаи бостонии Ҳисор, Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ ва ғайра мебаранд. Мувофиқи нақша ҳар сол дар коллеҷ чорабиниҳои дар мавзӯъҳои махсус бахшидашуда, аз қабили “Рӯзи муаллимон”, “Рӯзи Ғалаба”, “Наврӯз”, “Ваҳдати миллӣ”, “Рӯзи
дониш”, “Рӯзи Сарқонун”, “Рӯзи Парчами миллӣ”, “Мубориза бар зидди ВИЧ/СПИД” ва ғайра доир мегарданд. Ҳамчунин, мо маҳфилҳои варзишию адабӣ ва илмӣ дорем, ки муҳассилон дар он фаъолона ширкат меварзанд. Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба гурӯҳҳои ҷинояткору ифротӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯриҳо доир мекунем. Сардори ШВКД-и ноҳияи Ҳисор, подполковник С. Неъматов, муовини ӯ М. Азизов борҳо ба коллеҷ омада, бо донишҷӯён дар мавзуъҳои гуногун суҳбат кардаанд. Чанд донишҷӯи мо аъзои дружиначиёни ихтиёрии ШВКД-и ноҳия мебошанд. Соли гузашта бо дастгирии директори коллеҷ, номзади илмҳои тиб Рустам Муҳаммадзода ва коллективи омӯзгорон тӯйи хатнасури 12 нафар дустрӯякон баргузор шуд. Баргузории чунин амалҳои хайр ҷанбаи тарбиявӣ дошта, ҷавононро ба башардӯстӣ ва дастгирии муҳтоҷон роҳнамоӣ мекунад. - Донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ таъминанд? - Солҳои пеш воқеан ҳам мо аз китобҳои дарсӣ танқисӣ мекашидем. Китобҳо ба забони русӣ буданду теъдодашон чандон зиёд набуд. Хушбахтона, ҳар сол мо аз Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ китобҳои дарсиро бо забони тоҷикӣ дастрас мекунем. Сол то сол шумораи китобҳо бештар шуда, таъминот беҳтар мегардад. Ҳамчунин, айни ҳол се синфхонаи компютерӣ дорем. - Иштироки донишҷӯёни коллеҷ дар озмунҳои
ҷумҳуриявӣ чӣ гуна аст? - Ҳар сол бахшида ба Рӯзи ҷавонони мамлакат аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ спартакиада ва олимпиадаҳои илмӣ баргузор мешаванд. Соли гузашта донишҷӯёни коллеҷи мо дар шаҳри Хуҷанд соҳиби 2 ифтихорнома гаштанд. Яке аз онҳо Амиршо Бобоалиев мебошад, ки имтиҳонҳои тестиро бомуваффақият супурда, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон гардид. Ҳар сол теъдоди зиёди дастпарварони коллеҷ ба макотиби олии ҷумҳурӣ, алалхусус, ДДТТ дохил мешаванд. Донишҷӯёни мо Тӯтихон Маҷидова, Фирдавс Зуҳуров ва Умеда Кӯчарова дар Рӯзи Дави миллӣ дар ноҳия соҳиби ҷойҳои якуму дуюм гардиданд. Имсол низ 12 нафар донишҷӯ дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзиданд. Мо бо волидайни донишҷӯён ҳамеша дар робита буда, баҳри тарбияи мутахассисони варзидаю дорои ахлоқи хубу ҷаҳонбинии баланд ҳамкорӣ мекунем. Агар самараи фаъолияти муассисаҳои кишоварзӣ гирифтани ҳосили баланд, самараи фаъолияти корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли молҳои хушсифат бошад, самараи кори мо тарбия кардани кадрҳои болаёқати соҳаи тандурустӣ аст. Ба кори мо аз донишу лаёқати дастпарваронамон баҳо медиҳанд. Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”
5
МИНТАҚА
Туркманистон: бист соли сиёсати бетарафӣ ИНТИХОБИ ДУРУСТ Ҳарчанд соли 1991 аксари аҳолии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар раъйпурсӣ ба ҷонибдории боқӣ мондан дар давлати ягона овоз дода бошанд ҳам, худи ҳамон сол ин кишвари абарқудрат фурӯ пошид. Дар натиҷа, ҳар яке аз ҷумҳуриҳои бародарӣ яке паси дигар истиқлолияти худро эълом намуданд. Барои Ҷумҳурии Туркманистон давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ бинобар шикасти қолаби муносибатҳои байналмилалӣ чандон осон набуд. Ҳама чизро қариб аз сифр оғоз кардан лозим меомад. Яке аз масъалаҳои муҳим ва мушкилтарини давраҳои аввали истиқлолият интихоби самти сиёсати хориҷии мамлакат ба шумор мерафт. Корманди Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон Сардор Дурдиев дар сомонаи “Info-abad.com” навиштааст, ки “он замон аз дурустии интихоби самти сиёсати хориҷӣ тақдири минбаъдаи давлати Туркманистон ва истиқлолияти он вобастагии калон дошт. Бемуболиға, таърих гувоҳ аст, ки баъзе кишварҳо зимни хато кардан дар интихоби модели сиёсати хориҷӣ ба гирдоби манфиатҳо кашида шуда, аз ҳадафҳои ҳақиқии рушди миллӣ хеле дур гаштанд. Давлати мо сиёсати нейтралитет (бетарафӣ)ро пеш гирифт, ки пояҳои асосии онро сулҳдӯстӣ, дахолат накардан ба кори дигар давлатҳо, эҳтироми истиқлолият ва тамомияти арзии кишварҳо, ширкат наварзидан дар шартномаву ташкилотҳои байналмилалии ҳарбӣ ташкил медиҳад”. Интихоби чунин роҳ ба манфиатҳои миллии сокинони мамлакат мувофиқат мекард. Давлати ҷавони Туркманистон хоҳони ҳамзистии осоишта бо ҳамсоягон, ҳамкории баробарҳуқуқ намудан бо тамоми кишварҳо буд. Туркманистон бо ягон мамлакат даъвои таърихию марзӣ надошт. Кишвари тозаистиқлоли Туркманистон ҳадафмандона сиёсати мустақили дохилию хориҷии худро ба роҳ монда, бо боварӣ ба пеш қадам гузошт. Сиёсати бетарафии Туркманистон барои амалисозии нақшаҳои пешгирифтаи ҳукумати ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Ин сиёсатро аввал кишварҳои ҳамсоя ва баъдан Ҳаракати ҳамроҳнашаванда дастгирӣ карданд. Дар натиҷа, 12 декабри соли 1995 Ассамблеяи генералии СММ дар шаҳри Ню-Йорк якдилона Эъломияи “Нейтралитети Туркманистон”-ро қабул намуд. Он рӯз намояндагони 185 кишвари узви СММ, ки дар нишаст иштирок доштанд, ба ҷонибдории қабули эъломия овоз доданд. Бояд қайд кард, ки санади мазкур то имрӯз дар таърихи СММ ягона аст. Зеро агар дар гузашта бетарафии баъзе кишварҳо тавассути қарордоди чанд давлат ҳосил шуда бошад, статуси бетарафии Туркманистон натиҷаи интихоби мустақилона ва азму иродаи ихтиё-
6
рии ин давлати тозаистиқлол буд. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов чунин гуфтааст: “Ин қарори хирадмандонаву дурандешона буд. Гузашти айём ба ҳадафҳои дарозмуддати СММ, манфиатҳои рушди давлату халқҳои сайёра дар шароити сулҳу бехатарӣ мувофиқ будани онро нишон дод. Нейтралитети Туркманистон омили муҳими кӯшишҳои байналмилалии сулҳхоҳ дар минтақаи мо гардид. Биёед, ба хотир орем, ки маҳз дар Ашқобод зери сарпарастии СММ силсилаи мулоқоту музокираҳо баҳри барқарории сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд. Пойтахти кишвари бетарафи мо ҷои баргузории гуфтушунидҳо оид ба ҳалли ҷанги дохилии Афғонистон дар солҳои 90-и асри гузашта, гардида буд. Туркманистон ба иттифоқчии боэътимоду шарики пурсамари СММ дар роҳи нигоҳ доштани суботи сиёсӣ дар минтақа, рушди ҳамҷавории дӯстӣ ва ҳамкорӣ табдил ёфт”. Дарвоқеъ, имрӯз Туркманистон дар умури байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар бобати ҳифзу устуворсозии сулҳу амният, халъи силоҳ, муқовимат ба таҳдидҳои нав, ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҳифзи муҳити зист, мушкилоти озуқаворӣ, паси сар кардани оқибатҳои бӯҳрони молиявӣиқтисодӣ, масоили пешрафти илм, фарҳанг ва маориф роҳи муайянро пеш гирифтааст.
ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркманистон, арбоби намоёни сиёсӣ Акбаршо Искандаров. – Санадҳои дар Ашқобод қабулшуда барои ҳалли муҳимтарин ва мураккабтарин масъалаҳои музокирот кӯмак расонда, баҳри имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ аввалин заминаҳоро гузошт. Як нуктаи дигарро таъкид кардан бамаврид аст, ки вазъи гурезаҳои тоҷик дар Туркманистон нисбат ба дигар кишварҳо беҳтар буд. Аз як тараф хайрхоҳию дилсӯзии Сафармурод Ниёзов, аз тарафи дигар фаъолияти хуби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркманистон боиси ба ғамхорӣ фаро гирифта шудани гурезаҳо гашта буд. Ҳамин тавр, бо миёнаравии СММ, кишварҳои дӯст ва сиёсатмадорони хайрхоҳ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Санади мазкур ба раванди тақвияти сулҳ, амнияти воқеӣ дар мамлакат, ноил гаштан ба дастовардҳои бузурги иқтисодӣ роҳ кушод. Муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили сиёсӣ К. Прендергарт кӯшишҳои Туркманистонро дар роҳи расидан ба сулҳи тоҷикон муҳим арзёбӣ намуд. Халқи тоҷик хизмати кишварҳои дӯсту ҳамҷавор, аз ҷумла, Туркманистонро баҳри мусоидат намудан дар роҳи расидан ба сулҳу оштӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.
НАҚШИ ТУРКМАНИСТОН ДАР БАРҚАРОРШАВИИ СУЛҲУ РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ
Туркманистон паноҳ бурданд. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 августи соли 1993 ҳангоми мулоқоти сарони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва намояндаи президенти Туркманистон дар шаҳри Москва изҳор намуд, ки бо мақсади пешгирии идомаёбии амалиёти низомӣ ва ҳалокати мардуми осоишта ва баҳри барқароркунии сулҳу субот хостори гуфтушунид бо пешвоёни мухолифи ҳукумати қонунӣ мебошад. Мулоқоти нахустини ҷонибҳо зери сарпарастии СММ аз 5 то 10 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва доир гардид. Баргузории ин гуна мулоқот кори осон набуд, зеро баъзе доираву нерӯҳо барқароршавии сулҳу субот дар Тоҷикистонро намехостанд. То рӯзи имзои созишнома (27.06.1997) дар давоми 8 даври музокирот, ки қариб 4 сол идома ёфт, ҳар ду ҷониб 21 вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ баргузор намуданд. Се марҳилаи тӯлонии даври панҷуми гуфтушуниди сулҳи тоҷикон дар зимистони соли 1995 ва тобистони соли 1996 дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ашқобод доир шуд. Президенти онвақтаи Туркманистон Сафармурод Ниёзов баҳри пурсамар гузаштани гуфтушунидҳо тамоми кӯшиши худро ба кор бурда, борҳо бо роҳбарону намояндагони ҳар ду ҷониби музокиракунанда мулоқот намуд. Ӯ, ҳамчунин, бо намояндагони СММ вохӯрда, дар рафти гуфтушунид бо роҳбарони дигар кишварҳои нозир машварат менамуд ва ҷонибҳоро ба сулҳу оштӣ фаро мехонд. Туркманистон бо риояи принсипҳои бетарафӣ чун дигар кишварҳои минтақа гоҳ ба як ҷониб ва гоҳ ба
Тоҷикистон дар вазъияти мушкилтарин қарор дошт. Бӯҳрони сиёсӣ, дахолати нерӯҳои бадхоҳ ҷумҳурии тозаистиқлоли моро ба ҷанги дохилӣ кашид. Дар натиҷаи афзудани нооромиҳо қариб 150000 нафар ба ҳалокат расида, бештар аз 1 миллион нафар гуреза шуда, қисми зиёд ба Афғонистон, боқӣ ба Федератсияи Русияву Қазоқистон ва Қирғизистону
дигар ҷониб майл накарда, чунин меҳисобид, ки мардуми тоҷик худаш бояд ба қарори мушаххас омада, аз ин вазъияти ногувор барояд. - Дар шаҳри Ашқобод бори аввал дар таърихи гуфтушуниди сулҳи тоҷикон баррасии масоили сиёсӣ оғоз ёфт, ки барои расидан ба оштии миллӣ нақши ҳалкунанда бозид, мегӯяд онвақта Сафири фавқулодда
сати нейтралитети доимии он аст. Зеро барои сармоягузорон кафолати суботу оромии кишвари интихобнамудаашон аввалиндараҷа мебошад. Бо ин мақсад барои азхудкунии захираҳои баҳри Хазар (Каспий), содироти захираҳои энергетикӣ ба бозори ҷаҳонӣ сармоягузорон ба Туркманистон таваҷҷуҳи зиёд доранд. Дар “Барномаи иқтисодии Тур-
ШАРИКИ БОЭЪТИМОД Пеш гирифтани сиёсати бетарафӣ ба Туркманистон имкон дод, ки аз лиҳози иқтисодӣ-ҳуқуқӣ низ ба пешрафтҳо ноил гардад. Як сабаби ҷалби сармоя низ маҳз сиё-
кманистон то соли 2020” зикр шудааст, ки Туркманистон содироти барқро ба Эрону Туркия, Афғонистону Покистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ вусъат хоҳад бахшид. Солҳои охир лоиҳаҳои кашидани хати лӯлаи гази “Туркманистон-Чин” ва “Туркманистон-Эрон” амалӣ шуд. Моҳи майи соли 2013 Ассамблеяи генералии СММ лоиҳаи пешниҳодкардаи Туркманистонро таҳти унвони Эъломияи “Транзити боэътимоду бардавоми васоити энергетикӣ ва нақши он дар таъмини рушди босуботу ҳамкориҳои байналмилалӣ” якдилона қабул намуд. Бо пешниҳоди президенти Туркманистон Г. Бердимуҳаммадов октябри соли 2007 сарварони кишварҳои Эрону Қазоқистон ва Туркманистон Эъломияи муштаракро дар бораи сохтмони роҳи оҳани Узен-ЭтрекГургон ба имзо расониданд. Ҳамин гуна Созишнома оид ба бунёди роҳи оҳани ТуркманистонАфғонистон-Тоҷикистон низ ба имзо расидааст ва Туркманистон ба сохтмони ин роҳ оғоз намуд. Ба гуфтаи Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ишонқулӣ Аманлиев “Барои Туркманистон, ки дорои мавқеи қулайи географӣ мебошад, рушди инфрасохтори нақлиётӣ-транзитӣ аҳамияти хос дорад. Фаъолнокии кишвари мо ба он равона шудааст, ки ба робитаҳои байниминтақавӣ такони ҷиддӣ дода, таҳкурсии бинои фазои нави геоиқтисодии Авруосиё гузошта шавад. Дар ин ҷода Туркманистон ба сифати пули иқтисодие миёни Осиёву Аврупо хизмат хоҳад кард”. Оғози ҳамкориҳои ду кишвари дӯст 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол дар бораи барқароркунии робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон шуруъ гардид. То ин муддат миёни ин ду ҷумҳурии Осиёи Марказӣ зиёда аз 60 санади ҳамкорӣ имзо шудааст, ки соҳаҳои гуногунро дар бар мегиранд. Туркманистон дар давраи зимистони душвори соли 2008 ба Тоҷикистон 600 тонна сӯзишворӣ (мазут) барои нерӯгоҳи ҳароратӣ ройгон дод. Ҳамчунин, бо мақсади иродаи нек ҷониби Туркманистон соли 2010 барои хонаҳои бачагона 60 тонна либоси кӯдакона ба Тоҷикистон туҳфа намуд. Гардиши мол миёни Тоҷикистону Туркманистон дар соли 2013 119 миллион долларро ташкил дод. Ҳоло дар макотиби олии Тоҷикистон зиёда аз 200 нафар донишҷӯёни туркман таҳсил мекунанд. Барои саҳм гузоштан дар рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ миёни ду кишвар ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони профессори фахрии Донишкадаи давлатии иқтисод ва идоракунии Туркманистон дода шуд. Президенти Туркманистон Г. Бердимуҳаммадов, ҳамчунин, Президенти Тоҷикистонро бо мукофоти олии кишвараш ордени “Битараплик” (“Бетарафӣ”) сарфароз гардонид. Мардуми Тоҷикистон дар симои Ҷумҳурии Туркманистон кишвари хайрхоҳ ва шарики боэътимодро мебинанд. Умед аст, ки миёни ду кишвари дӯст ҳарчи зудтар роҳҳои ҳавоӣ ва оҳан ифтитоҳ ёфта, робитаҳои иқтисодӣ ва илмӣфарҳангӣ боз ҳам густариш меёбанд. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9400), 2 ИЮЛИ СОЛИ 2015
СОЛИ 2015 – СОЛИ ОИЛА
Ояндагони миллат аз тарбия дур намонанд Ҳеҷ падару модар намехоҳад, ки фарзандаш фардо ба кору кирдори ношоям даст занад. Орзуи ҳама падару модар аст, ки фардо фарзандаш инсони хуб ба воя расида, номбардори онҳо дар ҷомеа шавад. Аммо, на ҳама падару модар ба чунин нияти худ мерасанд ва фарзандашон на тавре бузург мешавад, ки онҳо интизор доштанд.
Дар тарбияи фарзанд устодон гунаҳкор нестанд Ё тарбияи кӯчагиро ҳам муаллимон бар дӯш гиранд? Дар бораи тарбияи фарзанд, тарзи муносибати онҳо қариб ҳар рӯз барномае ба воситаи оинаи нилгун мебинему мақолае аз рӯзномаҳо мехонем. Дар ҳама ҳолат ба мо таъкид менамоянд, ки фарзандонро тарбияи дуруст карда, онҳоро беназорат нагузорем. Мутаасифона, афроде, ки ба таълиму тарбияи кӯдакони худ аҳамият намедиҳанд, онҳоро беназорат мегузоранд ё дидаву дониста гуноҳҳояшонро рӯйпӯш мекунанд, хеле зиёданд. Як рӯзи офтобӣ аз кор ба хона омадам. Дидам, ки дар назди хона як гурӯҳ мактаббачаҳо либосҳои мактабӣ дар бар, якдигарро дашном дода, бо ҷузвдонҳо ба сари якдигар зада, ба қавле, бо ҳам бозӣ доштанд. Доду фарёд ва гуфторашон ба гӯш нофорам мерасид. Дар ин ҳолат дари хонаи ҳамсоя ба шаст кушода шуда, соҳибхоназан аз он берун гашт. Бо нигоҳи пурғазаб ба онҳо гуфт: “Бар падари муаллимонатон лаънат! Куҷост таълиму тарбияатон?! Ба шумо намегӯянд, ки аз дарс баромадед, рост ба хонаҳоятон равед?! Кӯдакам хоб аст, бедораш мекунед. Зуд ба хонаҳотон дароед!” Модарони онҳо дар назди бино нишаста, саргарми “ғайбат”-и дигарон буданд. Ба шӯру валвалаи фарзандҳои хеш, умуман, аҳамият намедоданд. Овози ҳамсоязан, ки
баланд шуд, яке аз занҳо ба тӯдаи бачаҳо нигариста: “Бачам, ба хона биё! Ин ношудҳо шуморо чашми дидан надоранд”, - гӯён овоз баланд кард. Ҳамсоязани дигар бошад, бо зарда: “Намемонанд, ки кӯдакон бозӣ кунанд. Ман барои бачаам сад фоиз гарантӣ метиям, ки бачаи хуб аст, дашном намекунад, ҳатто бо овози баланд гап намезанад”. Ман ба ҳамсоязан гуфтам: “Апаҷон, дар ин ҷо муаллимон чӣ гуноҳ доранд, дар ҳоле ки бачаҳо аз мактаб баромадаанду назди модаронашон ҳузур доранд. Муаллим дар мактаб таълиму тарбия медиҳад ё ҳар як хонандаро то ба хонаашон бурда расонад?” Дар ҷавоб занаки ҳамсоя гуфт: “Ҳар рӯз ҳоламон ҳамин аст, дигар чӣ хел карда фаҳмонам? Ин “ғайбатчиёни собиқадор” гӯё чизе нашуда, ба ғайбати худ машғуланд. Мақоли тоҷикие ҳаст, ки “Дарро гуфтам, девор гӯш дор”. Аммо инҳо баръакс. Ба ҷои он ки фарзандонашонро насиҳат кунанд, ки ин рафторашон нодуруст аст, ҳамааш бо қавоқҳои овезон ба ман менигаранд. Гӯё, ки ман душман ва аз онҳо қарздор бошам...” Ба суханони ҳамсоязан ноху нохоҳ бояд розӣ шуд. Мутаассифона, волидон ба тарбияи фарзандон аҳамияти дуруст намедиҳанд. Ин ҷо овардани суханҳои мутафаккири турк Фатҳулло Гюленро, ки дар бораи тарбияи кӯдак иброз доштааст, мувофиқ медонем. Ӯ менигорад: “Башарият ва рафтори ношоистаи кӯдак бозгӯи муҳити носозгорест, ки ӯ дар канори он ба воя расидааст. Номуназзамӣ, ҷаҳолат ва рақобат дар оила ба дили кӯдак таъсир гузошта, чун тухмие реша медавонад ва фардо афзоиш ёфтаву бо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9400), 2 ИЮЛИ СОЛИ 2015
нерӯи дучанд рӯ мезанад”. Ин гуфтаҳо моро водор месозад, ки дар тарбияи тифли худ эҳтиёткор бошем. Дар бораи падару модар ва оила дар тарбияи кӯдак Фатҳулло Гюлен чунин мегӯяд: “Нахустмактаби кӯдак, ки дили поки чун оина дорад ва ҳар дидаву шунидаашро дарзамон ба хотир мегирад, хонаводаи ӯст, нахустин омӯзгораш модари ӯ. Аз ин рӯ, тарғиби муҳити созгори оилавӣ ва тарбияи модарони фазилатманду соҳибмаърифат омили муҳимест, ки ба фардои дурахшони миллат вобастагии қавӣ дорад...” Мутаассифона, ҳолатҳои нохуб аз ҷониби фарзандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бисёр ба чашм мерасанд. Яке ба воситаи телефони мобилӣ, дигарӣ бо овози баланд гап зада, ҳузури дигаронро ба инобат намегиранд. Рӯзе ду ҷавонписар, ки хонандаи мактаби миёна ва ё донишҷӯ буданашон аён буд, дар дохили мусофиркаш қоҳ-қоҳ хандида, суҳбат мекарданд. Якеаш духтари дӯстдоштаашро таъриф мекард: - Харай, ба Худо, у ай аввал ҳамихелӣ буд, бачасифатай... - Ҳо, рост мегӣ, ма ура мешиносум. Як девоначаи дигаша ма ёвум, баъд жит карда мегардем, - мегӯяд дигарӣ. Мусофирон хомӯш буданд. Мӯйсафеде хост камбудии онҳоро гӯяд ва дар ҷои ҷамъиятӣ чӣ гуна муносибат карданро ба онҳо фаҳмонад. Аммо онҳо бепарвоёна гӯё чизе нашуда бошад, фаромада рафтанд. Биёед, биандешем, дар ин ҳолат ҳам омӯзгорон гунаҳгоранд ё падару модар, оила ва ё ҷамъият?.. Басгули ИБРОҲИМ, “ҶТ”
Чун ба таҷрибаи баҳсҳои судӣ назар кунем, вақте фарзанд ҷиноят содир мекунад, волидайн ҳамеша талош мекунанд, ӯро бегуноҳ донанд ва ҳеҷ бовар кардан намехоҳанд, ки воқеан фарзандаш ҷиноят содир кардааст. Вақте ҷинояти тасдиқ мешавад, боз ҳайрон мешаванд, ки чаро чунин кардааст, чун аз нигоҳи онҳо то замони содир кардан “бачаи хуб буд”. Аммо чун ба таҳқиқ ба решаҳои содир кардани ҷинояти ноболиғон назар кунем, дармеёбем, ки оғози вайрон шудани тарбияи ноболиғон аз оила сарчашма мегирад, ки масъулияти онро падару модар ба ӯҳда доранд. Мутаассифона, на ҳама падару модар раванди тарбияи фарзандро зери назар доранд ва ё агар ҳис ҳам кунанд, ки тарбияи фарзандаш бад шудааст, барои беҳ шудани он талоши ҷиддӣ намекунанд. Дар ростои афзоиш ёфтани қонуншиканиҳо ва ҷиноятсодиркунии ноболиғон Ҳукумати кишвар лоиҳаи Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон”-ро пешниҳод кард, ки он соли 2009 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид. Ҳоло бо гузашти чанд сол эҳсос мешавад, ки ин қонун дар самти ҷилавгирӣ аз ҷинояткории ноболиғон нақши босазоеро иҷро мекунад. Вақте як бор волидайн барои қонуншикании фарзандаш ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, талош мекунад, то тарбияи фарзандашро хуб ба роҳ монад. Соли 2014 судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 7 ҳазору 454 волидайни ноболиғон барои хунукназарӣ дар тарбияи фарзандон парвандаи маъмурӣ боз кардаанд. Аз ин ҳисоб, 5 ҳазору 428 волидайн ҷарима шуда, ба буҷаи давлат 251 ҳазору 460 сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Боз кардани парванда нисбат ба зиёда аз ҳафт ҳазор волидайн бар асоси Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” ҷанбаи бузурги тарбиявӣ дорад. Ҳар нафаре, ки боре аз пушти фарзандаш ба мақомот даъват шавад, кӯшиш мекунад, дигар ин ҳолат рух надиҳад. Фарзандони ноболиғи ин 7 ҳазор волидайн дар қонуншиканиҳои хурд гумонбар дониста мешуданд, аммо бо даъвати онҳо ба прокуратура ва шуъбаҳои милисаву минбаъд баррасии парвандаашон дар суд аз ҷинояткори эҳтимолӣ шудани онҳо дар оянда ҷилавгирӣ мекунад. Агар ин ҳафт ҳазор падару модар ба ҳисоби миёна дуфарзандӣ дошта бошанд, пас, метавон хулоса кард, ин волидайни ҷаримашудаву ба мақомот даъватшуда, талош мекунанд, то ҳеҷ гоҳ фарзандашон ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд. Аз ин рӯ, метавон хулоса кард, ки бо баррасии ин парвандаҳо дар судҳои ҷумҳурӣ аз эҳтимоли дар оянда ҷинояткор шудани 14 ҳазор ноболиғ ҷилавгирӣ шудааст. Наврасону ҷавонон ояндаи миллатанд. Пас, месазад, ки аз ҳоло талош кунем, то ояндагони миллати мо ба роҳи дуруст бираванд ва ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд. Дар ин росто, мантиқан вазифаи бузургро падару модар бар дӯш доранд ва ба хотири ояндаи худу фарзанд ва ояндаи миллат набояд як лаҳза аз тарбияи фарзанд дур бимонанд. Шарора ШЕРХОНОВА, корманди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
7
ДИН ВА ҶОМЕА Таҷрибаи 1400-солаи салтанати исломӣ гувоҳи он аст, ки он дар тамоми самтҳои ҳаёт як навъ фалаҷшавии иҷтимоӣ, фикрӣ ва фарҳангиро ба вуҷуд овард, ки низоми яккатози истибдодро дар қолаби монархияи динӣ-мазҳабӣ роҳандозӣ карда буд ва ин собиқаи даҳшатбори таърихӣ дар зоҳиру ботини низомҳои давлатдории динии муосир мисли офтоб ҳувайдост. Илова бар ин, донишмандону коршиносони масоили иҷтимоию динӣ чи дар асри миёна ва чи имрӯз заъфи идеологияи диниро, ки бар пояи хурофоту таассуб сохта шудааст, таъкид кардаанд. Мутаассифона, ин гуна заъфҳои фикрӣ ва салтанатӣ, ки озодиҳои иҷтимоиро латма зада, боиси пай дар пай ба вуҷуд омадани буҳронҳои ахлоқӣ, фикрӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ гардидаанд, дар шароити имрӯза низ қасдан нодида гирифта мешаванд. Намунаи ин гуна нодидагириҳо изҳорот, гузоришот ва вокунишҳои мунтазами раёсати ҲНИТ ва доираҳои ба он наздик маҳсуб меёбанд. Мусоҳибаи журналист Абдуқаюми Каюмзод бо муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит давоми даъво ва баҳсҳои бузургманишии ин ҳизби ба истилоҳ, нуфузманди қаламрави ҷумҳурӣ мебошад. Муовини раис мисли ҳампешагони худ даъво пеш меоварад, ки ба номаҳои расмиашон мақомоти марбутаи давлатӣ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир менамоянд ва фишору зургӯиҳоро болои ҳизб нодида мегиранд. М. Ҳаит бечоранолӣ менамояд, ки бегуноҳ ва пок ҳастанд ва бидуни ягон далел мавриди бозпурсӣ ва фишор қарор мегиранд. Чаро ӯ дидаю дониста ду қазияи пуровозаро, ки ҳар ду шахсиятҳои баландмартабаи ҲНИТ мебошанд, нодида мегирад. Инҳо ба тариқи ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ аз ҷониби Ҷалолиддини Маҳмуд ва навори фаҳше, ки ба Саидиброҳими Назар тааллуқ дорад, мебошанд. Ин дар ҳолест ки ҳар дуи онҳо амалҳои ғайриқонунии хешро тасдиқ карданд. Оё ин ҳодисаҳо барои намояндаи ҳизби номбурда аҳамият надоранд?
Дар асл, раёсати ҲНИТ дар шахсияти Маҳмадалӣ Ҳаит худро ҷабрдида меҳисобанд, саҳми масъулини ҳизбро дар ҷилавгирӣ аз тундгароии динӣ бориз қаламдод мекунанд. Аммо воқеияти ҷомеаи тоҷик нишон медиҳад, ки тасмимгириҳои бебандубор ва мухолифатҳои нобаҷои ҳизб дар фазои
ҳукуматҳост, барои сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки рушди демократияро дар худ дорад, сиёсӣ шудани он халал ворид сохта, ҷавобгӯи меъёрҳои инсонӣ нест, зеро тамоми қавонин ва меъёрҳое, ки дар ҷомеаи демократӣ мавҷуданд, иродаи инсон ва дар маҷмӯъ, мардумро дар бар мегирад, ки ҳеҷ рабте ба
ва тақвиятбахши демократиро пайгирӣ мекарданд, воқеан, барои аз буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ раҳонидани ҷомеаи мо мусоидат карда метавонистанд. Аммо, афсӯс, то ба ҳол ин иштибоҳоти худро мисли «зоҳиди худбин» нодида гирифта, танҳо ба таҳқиру тавҳин, иттиҳомоти нобаҷо, фузулигарӣ,
иттилоотӣ заминаи ниҳодӣ шудани ҳассосияҳои ифротикунандаи диниро тавсеа бахшида, билқувва ба дастгоҳи бавуҷудоварандаи зиддиятҳои иҷтимоӣ ва нафрат доштан ба ҳукумату давлат ва миллату ватан табдил ёфтааст. Ҷаҳони ватании (космополитизм) тафаккури якбуъдаи дини сиёсишуда тайи қарнҳо ҳувиятҳои миллиро масмум карда, инсонро ба як бардаи худбохтаи биороботӣ табдил сохтааст. Дар ҳоле ки тӯли солҳои мавҷудияташ ҲНИТ метавонист бо барномаҳои ақлониву стратегӣ саноатигардонии кишвар, роҳҳои бурунрафт аз буҳронҳо, ҷалби ҷавонон ба илму дониш, пуштибонӣ аз мактабу маориф ва ҳамкориҳои тавъам бо онҳо, рушди деҳот ва мушкилоти сардаргуми онҳо, роҳҳалҳои таноқузоти иҷтимоӣ ва фарҳангии қишрҳои ҷомеа ва ташаккул бахшидан ба ҳувиятҳои миллӣ-мазҳабӣ ва амсоли инҳоро мусоидат карда, дар ҳамоҳангӣ бо давлату ҳукумати вақт рушди бемайлони ҷомеаро тақвият бахшад. Агар ба таърихи бистсолаи ин ҳизб иҷмолан таваҷҷуҳ кунем, ба хубӣ дармеёбем, ки тайи фаъолият ҳамеша зидди дониш ва тафаккури интиқодӣ буда, танқидро танҳо дар доираи манофеи маҳдуди худ матраҳ месохт ва дар ин замина, тариқи расонаҳои хабарӣ ва гурӯҳӣ ҳангомасозиро ҷур карда, имрӯз ҳам дар ин масир гом мебардорад. Инчунин, ин ниҳоди динӣ-сиёсӣ ҳамеша аз шеваи таҳқир ва тавҳин кор гирифта, алайҳи дунявият ва аққалиятҳои озодандеш иттиҳомот мезанад. Низоми давлатдории мо дунявист ва дин ҳамчун як виҷдони мустақил аз тамоми сиёсатҳову
қавонин ва суннатҳои динӣ надорад. Даъвои ҲНИТ дар мавриди сохтани ҷомеаи дунявӣ таноқузест, ки воқеият ёфтани он ғайриимкон аст, зеро ҳар ҳизби динӣ аз ормонҳои худ бояд пайравӣ кунад ё ин ки аз ин ормонҳо даст кашад ва ормонҳои демократиро амалӣ созад, ки ҳеҷ муносибате ба ормонҳои динӣ надорад. Дар ин ҳол бояд мавқеи худро тағйир диҳад. Дин ба масобаи бовару эътиқодоти инсонӣ падидаи фардӣхусусӣ буда, ҷиҳати бароварда сохтани эътиқоду боварҳо ва ҳамчун ҷубронсози ҷомеа нақш дорад. Ҳамин аст, ки дар ҷомеаҳои мадумсолор дин бештар хусусияти инфиродӣ дорад ва дар ин ҳангом хасоиси қудсии дин бештар муҷаллост, вале ҳар гоҳ ки дин сиёсатзада мешавад ва чун фишанги сиёсӣ сӯистифода мегардад, дигар ҷавҳарияти қудсии хешро аз даст медиҳад ва ба олати муборизоти гурӯҳҳои манфиатхоҳ бадал мешавад. Ин нуктаро аллома Иқболи Лоҳурӣ ҳанӯз дар замонаш зиракона пай бурда, таъкид карда буд:
бегуноҳтарошӣ, бечоранолӣ овораанд, дар ҳоле ки имрӯз метавон аз садҳо роҳи дигари оптималӣ ба миллат ва давлат хидматҳои сазовор анҷом дод. Агар шумо, роҳбарияти ҳизб, воқеан, қудрат ҳастед, садҳо роҳ ва барномаҳое вуҷуд доранд, ки метавон тавассути онҳо ба ин миллати ҷафодида хидматҳои шоён кард ва ин миллатро дар самти муваффақиятҳои созанда раҳнамун сохт. Мо дар шароити бархӯрдҳои тунди геосиёсӣ гирифтор ҳастем ва фурсате нест, ки дар дохил ба ин гуфтумонҳои беҳуда ва сардаргум худро овора ва фазои дохили кишварро машғул сохта, барои қудратҳои ночиз қурбониҳои ҳангуфтеро, ки монеаи ҳазорсолаи рушди миллӣ хоҳанд гашт, пардохт кунем. Ин ҷаҳли мураккаби намояндагони ҳизби номбурда аст, ки арзишҳои диниро бо арзишҳои демократӣ ҳамсон медонанд ва худро пуштибони ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ қаламдод менамоянд. Ҳол он ки ҳеҷ як арзиши динӣ тавони дар худ ғунҷонидани арзишҳои дунявии демократиро надорад. Олитарин арзиши дар контексҳои динӣ дар мавриди инсон истифодашуда ин «муъмин» мебошад, на «шаҳрванд» ва олитарин арзишҳо дар мавриди ҷомеа истифодашуда ин «аморат», «хилофат» ё «ҷомеаи исломӣ» мебошад, на «ҷомеа», ки ба маънии имрӯза истифода мешавад. Оё онҳо мардумро дониста гул мезананд ва ё надониста? Воқеоти солҳои навадуми асри гузашта бозгӯкунандаи онанд, ки ҳизби динӣ аз шеваҳои мухталифи муборизаи хашин истифода намуда, тамоми неруҳои сиёсии вақтро
Муҳаббати ислом ва фосидкунандагони он
Дини поке, ки пайи хидмати халқ омада буд, Шуд фаромӯшу аз он зоҳиди худбине монд. Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки агар ҲНИТ, воқеан, барои демократикунонии ҷомеа саҳм мегузошт, ба ҳеҷ ваҷҳ, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои рӯшанфикрро ба манфиати ноҷавонмардонаи худ сӯистифода намекард. Агар роҳбарияти сиёсии ҳизб ҷавонмардона мубориза мебурданд ва сидқан (на зоҳиран) ҳадафҳои миллатсоз
бо мақсади ҳадафҳои сиёсӣ истифода намуда, дар нимароҳ онҳоро тарк ва ба гирдоби фалокат партоб кард. Чунин навъи бархӯрд, пеш аз ҳама, аз сиёсӣ кардани имону эътиқод ва аз он сӯистифода намудан сарчашма мегирад. Имрӯз ҳам яке аз даъвоҳои пайвастаи ҲНИТ он аст, ки гӯё ин ҳизб аз имону эътиқоди мардум ҳимоят мекунад ва зарурати вуҷуд доштани худро дар он мебинад. Вале воқеият ин аст, кишваре, ки зиёда аз 90 дар сади он мусалмонанд ва барои ба ҷо овардани аркон ва шаръиёти исломӣ ҳеҷ монеае онҳоро пайгирӣ намекунад, ин ҳарфҳо танҳо ба хотири ба чолиш андохтани мардум ва дар зеҳни онҳо аз худ нишон додани як пуштибон ироа мешаванд. Аққалиятҳои дунявӣ, ки ононро ҳизбиён аз тариқи таҳқир «ифротӣ», «мулҳид», «кофир» унвон мекунанд, дар ҷомеаи боз ва дунявӣ, бар асари фишорҳои иттилоотӣ, қариб ки ҳуқуқи озодона сухан гуфтан надоранд. Мо ҳаррӯза аз тариқи васоити ахбори омма таҳқиру тавҳини аққалиятҳои дунявиро аз ҷониби соири ифротиёни динӣ-мазҳабӣ, ки аксаран, дар домони ҲНИТ паноҳ мебаранд, шоҳид ҳастем ва ин раванд дар солҳои охир таҳкиму тақвият ёфта истодааст. Бархе аз расонаҳои хабарӣ низ танҳо ба таблиғи идеяҳои кӯҳнашуда ва маънибохтаи онҳо машғуланд ва ин шева дар ҷомеа машруият касб карда истодааст, дар ҳоле ки низоми давлатӣ ва ниҳоятан, миллӣ моро ба тарғиби идеяҳои таҷрибашудаи башарӣ ва мардумсолорӣ, ки бар пояи озодии виҷдону андеша бунёд шудаанд, раҳнамун месозад. Таҷрибаҳои сиёсии динӣ дар асри муосир дигар наметавонанд, на дар шакли ҳизб ва на дар шакли ҳокимият кафил ва бозгӯкунандаи як низоми сиёсии пешрафтаи муосир ва ояндасози ҳар ҷомеа қарор бигиранд. Аз ин рӯ, ҷомеаи мо, аслан, ба ҳеҷ ҳизб ва ҳокимияти динӣ ниёз надорад. Зеро мо таҷрибаҳои сиёсии динӣ дар Ховари Миёна ва Покистону Афғонистонро мушоҳида мекунем, ки натиҷаи дилхоҳ ва созандае ба инсоният, ба ҷуз муноқишоту тафриқаангезӣ, надода истодаанд. Таҷрибаҳои сиёсии динӣ ин кишварҳоро ба дузахи рӯи замин табдил дода, ба тамоми ҷаҳон ин даҳшатафканиро интиқол медиҳанд. Шарифҷон ҚУРБОНОВ
ТАНДУРУСТӢ
Ҳафтаи сипаришуда дар меҳмонхонаи “Комфорт”-и пойтахт суҳбати гирди миз дар мавзӯи “Инъикоси масоили пешгирии бемории ВНМО аз модар ба кӯдак дар ВАО” баргузор гардид.
8
Пешгирии сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак Мудири шуъбаи назорати диспансерии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) Зуҳро Нурляминова иброз дошт, ки танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар мамлакат 25 нафар кӯдаки сироятёфта ба қайд гирифта шудааст, ки аз модарони мубталои ВНМО ба дунё омадаанд. - Инҳо кӯдаконе ҳастанд, ки модаронашон зимни ҳомиладорӣ ба марказҳои хизматрасонии тиббӣ саривақт муроҷиат накардаанд ва ё аз хизматрасониҳо даст кашидаанд, - гуфт З. Нурляминова. – Шумораи мубталоёни ВНМО дар ҷумҳурӣ аз соли 1991 то имрӯз 6944 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ин 69 дарсадашон мардон мебошанд. Боиси ташвиш аст, ки 10,6%-и мубталоёнро кӯдакони то 14-сола ташкил медиҳанд.
Сатҳи паҳншавии ВНМО бештар дар мамлакатҳои Африқо, алалхусус, минтақаи Саҳрои Кабир ба қайд гирифта шудааст. Аксари мубталоён бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гирифтори бемории мазкур мешаванд. Дар ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, дар маҷмӯъ, 386 нафар сироятшуда ба қайд гирифта шудаанд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли сипаришуда 91 ҳолати сироятёбӣ зиёд мебошад. Агар солҳои 2002-2006 шумораи гирифторони ВНМО соле аз 100 то 300 нафар зам мешуд, аз соли 2007 ҳар сол то 800 нафар сироятёфтагон ба қайд гирифта мешаванд. Аз рӯи таҳлилҳо солҳои охир қисми зиёди гирифторони ин беморӣ бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд, ки аксарияташонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бояд бо роҳи вусъат додани
корҳои таблиғотӣ пеши роҳи паҳншавии ВНМО гирифта шавад. Чунки дар сурати идома ёфтани ҳолати мазкур ташхису муайян ва назорат кардани мубталоёни ин беморӣ мушкил хоҳад гашт. Ҳамчунин, занонро лозим аст, ки дар давраи ҳомиладорӣ ҳатман аз муоинаи духтур гузашта, то таваллуд аз маслиҳати мутахассис баҳравар шаванд. Чорабинии мазкур бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Бонки исломии рушд ва Гурӯҳи ҳамоҳангсозии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ оид ба татбиқи лоиҳаи “Пешгирии бемории ВНМО аз модар ба кӯдак” баргузор шуд. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9400), 2 ИЮЛИ СОЛИ 2015
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
МУРОҶИАТНОМАИ
ДАР АРЗҲОИ ДӮСТӢ
ҷавонон ва донишҷӯён ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ Мо - ҷавонон ва донишҷӯёни мамлакат муроҷиати Шӯрои сиёсии ҲНИТ-ро ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиш қарор дода, ба хулосае омадем, ки ба Шумо муроҷиат намоем ва гуфтанием, ки 27 июни соли 2015 мардуми сарбаланди Тоҷикистон 18-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҷашн гирифт. Аз ҷониби бархе аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз сари нав бод додани шартҳои «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» мо - ҷавонон ва донишҷӯёни мамлакатро хотирпарешон кардааст. Мардуми Тоҷикистон ҳоло медонанд, ки шартҳои ин Созишнома пурра ба иҷро расидаанд: бо дастгирии Ҷаноби Олӣ ҳамаи гурезагон, асосан, аз Афғонистон ва дигар кишварҳои дуру наздик пурра баргардонида шудаанд; ҳамаи хонаҳо ва деҳаҳои ба тамом сухташуда пурра барқарор гардиданд ва дар ин деҳаҳо аз ҷанги бародаркуш бӯйе ҳам намондааст (бояд шукр кард); мардум ба ҳаёти осоишта гузашта, дар фазои тинҷиву оромӣ умр ба cap бурда истодаанд; аз забони мардум ибораҳои «мухолифин», «опозитсия» «30-фоиза» дур шуд, ки ин ҷудоиандозиҳоро аз миён бурд; кинаву адовати байни якдигар, ки дар он марҳила мардум байни якдигар доштанд, махсусан, маҳалгароӣ аз байн рафт ва он доғи сиёҳи бародаркуширо мардум қариб фаромӯш кардаанд, ки ин асоси тинҷиву амонӣ мебошад; мутахассисоне, ки дар Ҳукумат аз ҳисоби мухолифин шомил шуда буданд ва кадоме, ки уҳдабаро буд, то имрӯз дар вазифаҳо кор карда истодаанд ва инҳо аз садҳо нафар кам нестанд; ҳамаи мухолифин, ки яроқ дар даст доштанд ва дар гурӯҳҳои муташаккил аъзо буданд, афв ва аз ҷавобгарӣ озод шуданд; баъди сулҳу ризоият Тоҷикистонро дар тамоми ҷаҳон шинохтанд, инчунин, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид. Гарчанде сохтори давлатдории мо исломӣ набошад ҳам, дар Тоҷикистон аксарият мусалмонанд ва рукнҳои дини мубини исломро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст. Аз ҷумла, доштани рӯзаву ба ҷо овардани намоз, ҳаҷ, мавҷуд будани Донишгоҳи
исломӣ, бо забони тоҷикӣ тарҷума кардани китоби муқаддаси “Қуръон” ва дигар китобҳои динӣ, азназаргузарониҳои қироати “Қуръон”-и карим, ҷаноза, никоҳ, хатнасур, маросими дафн ва мавҷуд будани беш аз 4 ҳазор масҷид ва сохтмони калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ барои 50 ҳазор намозгузоранда дар шаҳри Душанбе шаҳодати дастгирии дини ислом аст. Бинобар пайгирона пеш бурдани сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии дини мубини ислом Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори 500 нафар шахсони бонуфузи ҷаҳон дохил гардид. Озодии сухан, виҷдон ва ибрози ақида барои мардуми Тоҷикистон, новобаста аз минтақа ва маҳал, пурра таъмин карда шудааст. Аз тарафи давлат ҷашн гирифтан ва гиромидошти пешвои мазҳаби Ҳанафия Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит ва ғайраҳо. Асос он аст, ки Созишномаи истиқрори сулҳ пурра дар хонадони тамоми тоҷик амалӣ гардидааст. Дини ислом, ки тарафдори ғамхории доимӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва беморон аст, дар симои Сарвари давлат чунин ғамхорро ёфт. Бо ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат даҳҳо интернат ва хонаҳо барои нигоҳубини чунин нафарон бунёд гардида, ҳамаи чунин шахсон зери ғамхории давлат қapop доранд. Шахсан Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафари ҳаҷ намуда, ба мардуми мусулмони ҷумҳурӣ намунаи ибрат гардиданд, ки ин ҳам нишонаи он аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба дини ислом таваҷҷуҳи хоса дорад. Мавҷуд будани ҲНИТ нишонаест аз низоъандозӣ ва барпо намудани муноқиша барои ба даст овардани курсӣ ва мансаб, на чизи дигаре. Илова карданием, ки мақсади ҲНИТ тақсим кардани мардум ба мусалмонон дар Тоҷикистон аст, ки аз ҳодисаҳои солҳои 1992 дарак медиҳад. Маҳз ақлу заковат ва дурандешии мардуми тоҷик тавонист миллати моро аз парокандагӣ ва нест шудан аз харитаи сиёсии чаҳон раҳонад. Имрӯзҳо мо - ҷавонон, ки дар он давраҳои ҳасос қарор доштани миллат, кӯдакони хурдсол будему аз ин санади тақдирсози миллат - «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» аз саҳифаҳои таърих огоҳӣ ёфтем, акнун фаҳмида истодаем, ки бо чӣ қадар ҷонбозиҳо мардуми тоҷик бо сарварии бевоситаи Президенти мамлакат, ки ҷони худро дар хатар монда, барои ба ҳам омадани миллат ҷонбозиҳо карданд, ин сулҳ ва ризоият ба даст омадааст. Имрӯз Ҳукумати ҷумҳурӣ ба-
рои мо - ҷавонон ва донишҷӯён шароити хубу мусоид фароҳам овардааст, ки мо дар фазои сулҳу субот таҳсил ва кору фаъолият намоем. Ҷавонон ояндасози миллату давлатанд. Имрӯз 70 фисади аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил дода, дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, иқтисодиёт, мактабу маориф ва фарҳангу варзиш ширкат доранд ва ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардида истодаанд, ки боиси ифтихор аст. Мо - ҷавонон ва донишҷӯён аз саҳифаҳои таърих огоҳем, ки агар Созишномаи сулҳу истиқрор намешуд, шаҳрвандони мо, ки дар мамлакатҳои дуру наздик азоби ғарибиро кашида буданд, бисёрашон наздикон ва пайвандони худро аз даст дода, то имрӯз ёди онҳоро мекарданд, ба Ватан баргардонида намешуданд. Аз талхии рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ падарону бобоёни мо бо сад аламу ормонҳо ба мо ҷавонон нақл карда, ашк мерезанд, даст ба гиребон гирифта, шукронаи сулҳу осоиштагии имрӯзаи Ватани азизамон Тоҷикистонро мекунанд ва моро ҳидоят мекунанд, ки ба қадри оромиву осоиштагии давлати соҳибистиқлоламон бирасем. Бояд аъзои ҲНИТ фаромӯш накунанд, нафароне, ки имрӯз аъзои ин ҳизбанд ва худро ҳомии дини мубини ислом меҳисобанд, донанд, ки дар қатори онҳо дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳам мусалмонанд. Мо, ҷавонон имрӯзҳо мешунавем, ки гӯё касе узви ҲНИТ набошад, мусулмон нест. Ин ақидаҳо баръакс мақому манзалати ҲНИТ-ро паст кардааст, на баланд. Мо - ҷавонон ва донишҷӯён ба дастандорони ҲНИТ, махсусан, ба Шумо мегӯем, ки дигар бас аст тафриқаандозӣ ва иғвоангезӣ дар байни мардуми Тоҷикистон, ҷудо кардани мардум ба мусулмону ғайримусулмон. Таърих инро исбот кардааст, ки дар ягон давру замон ҷангу ҷидол ва рехтани хуни ноҳақ кишвареро ба тараққиёт ва пешрафт набурдааст, ба ҷуз расонидан ба харобиву кашшоқӣ. Аз ҳамин нуктаи назар мо ба ҳамаи аъзои ҲНИТ гуфтанием, ки дар ягон давлати дунё ҳизби исломӣ вуҷуд надорад, агар вуҷуд дошта бошад ҳам, дар он ҷо оромиву осудагӣ нест. Барои ҳамин, ба хотири оромиву осоиштагӣ, ободии Ватани азизамон биёед ин ҳизбро барҳам дода, зери шиори «Мо тоҷикон ҳама яктану якҷон ҳастем ва Тоҷикистонро ободу зебо мегардонем!» амал намоем ва ин ба манфиати тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Мо - ҷавонон ва донишҷӯён мутмаинем, ки ин муроҷиатнома аз тарафи мардуми Тоҷикистон дастгирӣ меёбад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9400), 2 ИЮЛИ СОЛИ 2015
Наврасон олмонӣ меомӯзанд Винфрид Шпан зодаи Олмон буда, 4 сол боз барои омӯзонидани забони олмонӣ дар Тоҷикистон кор мекунад. Айни замон дар МТМУ №89-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва гимназияҳои ба номи Гёте ва “Сафинаи Хуҷанд” ба шогирдон дарс медиҳад. - Аз нигоҳи Шумо то кадом андоза наврасони тоҷик ба омӯзиши забони олмонӣ иштиёқ доранд? - Хурсандиовар аст, ки наврасони тоҷик нисбат ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ шавқи беандоза доранд. Чун дар мактаби №89и ноҳияи Сино заминаи хуби омӯзиши забони олмонӣ мавҷуд буд, омӯзиши он ба таври фарох роҳандозӣ шудааст. Бо кӯмаки созмони ZfA дар мактаб имкониятҳои мусоид барои омӯзиши забон фароҳам омад. Ин ҷо тахминан ҳазор нафар хонандаи синфҳои 3-11 забони олмониро ҳамчун забони хориҷӣ бо усулҳои нави таълим меомӯзанд. Интихоби забон дар мактаб бо хоҳиши волидон сурат мегирад. Бисёре аз муҳассилини мактаб дипломҳои дараҷаи 1 ва 2-ро соҳиб шудаанд ва бо ин васила ба донишгоҳҳои Олмон роҳхат гирифтанд. Чанде аз онҳо пас аз хатми донишгоҳҳо ба Тоҷикистон баргашта, фаъолият бурда истодаанд. - Барои ҳавасмандии толибилмон кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд? - Соли дуюм аст, ки бо дастгирии Сафорати Олмон дар Тоҷикистон, DAAD, Донишгоҳи Гёте ва маркази забони олмонӣ олимпиадаи забони олмонӣ доир мегардад. Дар он тамоми мактабиёни Тоҷикистон, ки забони олмониро меомӯзанд, ширкат меварзанд. Дар ин озмун ду хонандаи мо ҷои аввалро соҳиб шуданд ва ин тобистон ба Олмон фиристода мешаванд. Ҳамзамон, бо бародаршаҳри Душанбе - Ройтлинген робитаи қавӣ дорем ва маъмурияти ин шаҳри олмонӣ ба хазинаи мактаб китобҳо туҳфа намуд. Барои баланд бардоштани сатҳи дониши омӯзгорон низ тадбирҳо андешида, барои таҷрибаомӯзӣ ба Олмон сафарбар мешаванд. - Забони олмонӣ дар арсаи ҷаҳонӣ чӣ манзалатеро соҳиб аст? - Он барои 100 миллион нафар мардуми сайёра забони модарӣ буда, 15 миллиони дигар онро ҳамчун забони хориҷӣ меомӯзанд. Албатта, барои ҷавонони тоҷик, ки забони олмониро медонанд, имрӯз имкониятҳои зиёд мавҷуд аст. Яъне, метавонанд бо ин васила дар Аврупо таҳсили ройгон ва босифатро соҳиб шаванд. - Аз он ки дар Тоҷикистон фаъолият мебаред, розӣ ҳастед? - Албатта. Қабл аз ин дар Чин кор мекардам. Табиати кӯҳсори Тоҷикистон маро мафтун кардааст. Дар пеши назари мо рӯз то рӯз кишвар ободу зебо гашта истодааст. Албатта, ин тараққиёти босуръат моро хушҳол мегардонад. Мавзеъҳои Искандаркӯл, Хоҷа Оби Гарм, Ҳисор, Хоруғ барои сайёҳон хеле ҷолиб аст. Оши палав ва хуришҳои гуногуни тоҷикиро зиёд меписандам. Умуман, мардуми тоҷик дорои фарҳанги воло мебошанд. Мусоҳиб Насрулло ТӮЙЧИЗОДА
9
МУШКИЛИ РӮЗ
Ҳар мавсим бо худ форамиву нофорамиҳо дорад. Баҳор бо он, ки фасли сарсабзиву шукуфтанҳост, ба руҳу тан фараҳ мебахшад, аммо дар ин фасл шиддати боронгариву омадани сел низ истисно нест, ки ҳамчун офати табиат бехисорот буда наметавонад. Тобистонро аксаран, вақте сахт пазмон мешавем, ки агар зимистон сарду тӯлонӣ омада бошад. Вале бо вуҷуди он ки ин фасли зебо ба хонаву дар ва ҷону тани инсонҳо гармӣ меорад, инчунин, ҳолатҳое ҳам дорад, ки эҳсоси нороҳатӣ мекунем...
Бӯйи бад зарар дорад Тобистон ва бӯйи ғализи партов ҳамроҳ меоянд Бале, бо фаро расидани фасли гармо, дар назди биноҳои истиқоматӣ сокинон бо бӯйи ғализи партов дучор мегарданд, ки нороҳаткунанда ва ба саломатӣ зараровар аст. Аслан, ба ин тобистон ҳам айбдор нест, балки мо худ бояд тадбир андешем. Ба ҳар ҳол ин мушкил вуҷуд дорад. Яъне, саривақт тоза нашудани партовҳо дар маҳаллаҳо ба мушоҳида мерасанд. Чунончи, Нигина Раҳимова, истиқоматкунандаи кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, аз он нигарон аст, ки дар фасли гармо қуттиҳои партови назди бинои истиқоматиашон сари вақт тоза намешаванд. “Ман ҳангоми ба кор рафтанам, - мегӯяд вай, - ҳар саҳар
қуттиҳо ва гирду атрофи онро пур аз партов мебинам, ки аз бӯйи бадаш, на танҳо ман, роҳгузарони дигар низ нороҳат мешаванд”. Номбурда мегӯяд, бештари маврид ба ифлос будани гирду атрофи қуттиҳои партов худи сокинон гунаҳкоранд, барои он ки партовро дар дохили қуттиҳо не, дар гирду атрофи он мепартоянд. Бино ба иттилои Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, дар шаҳр зиёда аз як ҳазору яксаду чил нуқтаи партовҷамъкунӣ мавҷуд аст, ки мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе ҳар рӯз аз тарафи сохторҳои коммуналӣ бароварда мешаванд. Сокини ноҳияи Сино, кӯчаи Нусратулло Махсум Мавҷуда Фо-
ҚОНУН ВА ҶАЗО
Умри дурӯғ кӯтоҳ аст Ҷудо кардану вобаста намудани қитъаҳои замин ба шаҳрвандон ба салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дохил мешавад. Сокини ноҳияи Рӯдакӣ Назир Зубайдов бошад, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ, бо баҳонаи он ки дар маҳаллаи Авули шаҳри Душанбе қитъаи замини наздиҳавлигӣ дорад, барои фурӯш ба шаҳрванд Муродқул Пиров пешниҳод намуд. Ӯ Муродқулро бовар кунонид, ки қитъаи замин дар маҳаллаи Авули шаҳри Душанбе дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба ӯ тааллуқ дорад ва бо ҳамин тарзу усул 25 феврали соли 2012 аз Муродқул маблағи пулӣ ба миқдори 10 000 доллари ИМА гирифт. Баъди ғайриқонунӣ додани 0,05 гектар қитъаи замин Назир Зубайдов ба Муродқул иброз намуд, ки фавран ба сохтмони манзили истиқоматӣ шуруъ намояд. Зеро бе бунёди манзили истиқоматӣ ба номи вай ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаи замин ғайриимкон мебошад. Муродқул фирефтаи суханони бардурӯғи Назир шуда, дар қитъаи замини мазкур ба маблағи 5000 сомонӣ иншооти ёрирасон бунёд намуд. Моҳи августи соли 2012 қитъаи замини мазкур аз тарафи гурӯҳи кории Идораи хоҷагии коммуналии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бинобар ғайриқонунӣ буданаш, бартараф карда шуда, ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Назир Зубайдов бо роҳи сӯистифодаи боварӣ аз М. Пиров ва ҳамсари вай З. Пирова ба миқдори 17 000 доллари ИМА (баробари 81 950 сомонӣ) гирифта, бо мақсади ошкор нагардидани кирдори ҷинояткоронааш ва минбаъд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур сохтани худ дар Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт шартномаҳои қарз бастааст. Гӯё аз онҳо ин маблағи пулиро ҳамчун қарз гирифта бошад. Бо ин роҳ маблағҳои тасарруфнамудаашро ба манфиатҳои худ сарф карда, ба ҷабрдида М. Пиров ба миқдори махсусан калон зарар расонид. Бо ин кирдори худ Н. Зубайдов ҷинояти қаллобӣ, яъне, тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ ба миқдори махсусан калон ва ҷинояти ғайриқонунӣ додани қитъаи заминро содир намуд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “умри дурӯғ кӯтоҳ аст”.
10
Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дарназардошти асосҳои зикршуда ба хулосае омад, ки гуноҳи судшаванда Н. Зубайдовро бо моддаи 247, қисми 4, банди “б” КҶ ҶТ барои ҷинояти қаллобӣ, яъне, тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ ба миқдори махсусан калон ва бо моддаи 338, қисми 1 КҶ ҶТ барои ҷинояти ғайриқонунӣ додани қитъаи замин, ки дар рафти тафтиши пешакӣ ва тафтиши судӣ исбот ёфт, бандубаст намояд. Суд бо татбиқи моддаи 67, қисми 3 КҶ ҶТ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда, ҷазои ниҳоиро нисбат ба Назир Зубайдов дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзӯр, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати се сол таъин кард. Суд ҳукм намуд, ки аз ҳисоби Назир Зубайдов ба фоидаи ҷабрдида Муродқул Пиров зарари моддии расонидашуда ба андозаи 17 000 доллари ИМА мутаносибан бо асъори миллӣ дар рӯзи рӯёниш рӯёнида шавад. Бо татбиқи банди 2 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” аз 29 октябри соли 2014 муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии Назир Зубайдов аз се як ҳисса кам карда шуд. Ҷ. АБДУЛЛОЗОДА, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
зилова дар бинои баландошёна зиндагӣ мекунад. Вай изҳор намуд, ки партовҷое, ки дар бинои онҳо мавҷуд буд, тайи чанд сол аст фаъолият намекунад, сокинони ошёнаи поёниву болоӣ партовро дар нуқтаи муайян мепартоянд. “Ин ҳам хуб аст, чунки гирду атрофи бино тоза меистад ва бӯйи ғализи партов сокинонро нороҳат намекунад. Ба ҳар сурат, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли худ вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини шаҳр аст. Аммо ба назар мерасад, ки бештари маврид худи сокинон дар иҷрои ин вазифаи худ саҳлангорӣ мекунанд. Ҳатто бархе комилан беаҳамиятанд. Албатта, ин гуна муносибат ҳусни шаҳрро
доғдор намуда, ба саломатии аҳолӣ низ бетаъсир намемонад. Саида ХОҶАЕВА, рӯзноманигор
ХИЗМАТРАСОНӢ
«Фарҳанг” акнун шоистаи номаш шудааст Моҳи январи соли равон бинобар корафтода шуданам аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба шаҳри Душанбе омада будам. Азбаски ҷои хоб надоштам, ба меҳмонхонаҳои “Пойтахт” ва “Фарҳанг” муроҷиат кардам. Ҳарчанд хоҳиш намудам, ки аз ошёнаи якум ба мани якпой ягон ҳуҷраи гарм ҷудо намоянд, хоҳишамро иҷро накарданд. Дар меҳмонхонаи “Фарҳанг” хоҳиш намудам, ки ба хотири маъюбиам аққалан нархи будубошро 10 сомонӣ арзон кунанд, арзон накарданд. Моҳи май писарам ихтиёрӣ ба сафи Горди миллӣ ба хизмати ҳарбӣ омаду барои ширкат дар маросими савгандёдкунии ӯ ман ба пойтахт омадам. Ин дафъа низ ба хотири нисбатан арзон будани нархи хизматрасонӣ ба меҳмонхонаи “Фарҳанг” омадам. Хушбахтона, саҳни ободу гулкоришуда ва муомилаи ҳайати нави кормандонро дида, табъам хуш шуд. Ман дар бораи нархи будубош даҳон накушода, ходими меҳмонхона бо чеҳраи кушод ва меҳрубонона гуфт, ки “аз Шумо танҳо нисфи
маблағи шабонарӯзӣ ҳаққи хизмат мегирем”. Маълум шуд, ки сарвари нави меҳмонхонаи “Фарҳанг” – Муборакшо Мирзоев иқдоми Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба дастгирии маъюбон дастгирӣ намуда, ба ходимонаш супориш дода будааст, ки аз ашхоси имконияташон маҳдуд маблағи кам бигиранд. То тахт шудани ҳуҷҷатҳо ходими меҳмонхона ба ман чой овард. Чойро нӯшида, ба худ андеша кардам, ки дигаргунӣ то чӣ андоза аз роҳбарон вобастагӣ доштааст. Ба меҳмони меҳмонхона чою шарбат пешкаш намудан дар хориҷа як амали оддист, аммо ҳаминро ман қаблан дар меҳмонхонаҳои “Пойтахт” ва
“Фарҳанг” надида будам. Ба андешаи ман, меҳмонхонаи “Фарҳанг” бо маданияти баландаш акнун шоистаи номаш шуд. Муборакшо Мирзоев маро намешиносад. Ман номи ӯро аз ходими меҳмонхона пурсидам. Бо табъи болида аз пойтахт рафта, дуо кардам, ки сафи чунин сарварони кордону хушмуомила дар ҷумҳурӣ зиёд шаваду теъдоди меҳмонони дохиливу сайёҳони хориҷӣ дар меҳмонхонаҳо зиёд. Азиз АЗИЗОВ, маъюби гурӯҳи 1, сокини деҳаи Пастиғави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9400), 2 ИЮЛИ СОЛИ 2015
ТУРИЗМ Туризм имрӯз дар ҷаҳон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва манбаи асосии даромади буҷаи ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон кишвари нодири дорои минтақаҳои гуногуни иқлимӣ, ҳудудҳои муҳими фарҳангию таърихӣ ва табиӣ мебошад. Ҳамагӣ дар муддати чанд рӯз дар ин ҷо метавон аз баландкӯҳҳои барфпӯш то даштҳои офтобию пиряхҳои кӯҳиро сайр намуд. Кӯҳҳои афсонавӣ, шаршараҳо ва кӯлҳои нилгун, мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангӣ диққати онҳоеро ки маротибае дар кишвари мо будаанд, ҷалб намудааст. Солҳои охир сафи сайёҳоне, ки ба кишвари мо мароқ зоҳир менамоянд, зиёд гардида истодааст. Бо мақсади рушд ва ба танзим даровардани соҳаи сайёҳӣ ҳамчун соҳаи муҳими иқтисодиёти кишвар аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор қонуну қарорҳо ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла, Қонун «Дар бораи туризм», қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ ва фаъолияти сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи оддӣ гардонидани тартиби бақайдгирӣ ва додани раводиди сайру сафари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Ҷопон”. Мавзеъҳои сайёҳӣ эълон шудани дараҳои Варзобу Ромит ва ба маркази туризми байналмилалӣ табдил додани мавзеи Сари Хосор аз он гувоҳанд, ки Ҳукумати мамлакат ба ин соҳаи сердаромад аҳамияти хоса медиҳад. Ҳамзамон, аз 27 ноябри соли 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид (UNWTO) мебошад, ки имкон медиҳад соҳаи сайёҳии мамлакатро ба меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ намуд. Одатан сайёҳон ба он кишварҳое мераванд, ки табиати зебою афсонавӣ, мавқеи қулайи географӣ, мероси бузурги таърихию фарҳангӣ, минтақаҳои рекреатсионӣ (истироҳатӣ, табобатӣ), олами бойи наботот ва ҳайвонот, имкониятҳои табиии машғул шудан ба шикор, варзиш ва ғайраро дошта бошанд, ки кишвари мо ин гуна шароитро барои сайёҳон фароҳам месозад. Дар баробари туризми лижаронии кӯҳӣ, кӯҳнавардӣ, рекреатсионӣ ва шикорӣ, ки дар кишвари мо хело машҳур мебошанд, туризми фарҳангӣ низ яке аз соҳаҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳии кишварамон ба шумор меравад. Туризми фарҳангӣ яке аз намудҳои саёҳате мебошад, ки дар он як ё якчанд сайёҳ берун аз кишвари худ бо мақсади ошноӣ пайдо намудан бо таърих, фарҳанг, расму ойини мардумӣ, зиёрати ҷойҳои муқаддас, тамошои мавзеъҳои таърихию археологӣ
ва ғайра саёҳат менамоянд. Ҷомеашиносони амрикоӣ муайян намудаанд, ки сайёҳони дӯстдори мероси таърихӣ-фарҳангӣ аз лиҳози дониш, хирад ва таъминоти моддӣ нисбат ба дигар сайёҳон тафовути бештар доранд. Тайи чанд соли охир теъдоди сайёҳоне, ки ба кишварамон бо мақсади тамошои мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва зиёрати ҷойҳои муққадас меоянд, хеле зиёд гардида истодааст. Қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон аз давраҳои қадим дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим, ки пайвандгари Шарқ ва Ғарб ба ҳисоб мерафт, ҷойгир буд, дорои ёдгориҳои
анд нақши пойтахтамонро ҳамчун шаҳри сулҳу ҳамдилӣ ва макони тасмимгириҳои ҷаҳонӣ ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ муаррифӣ намоянд. Далели ин гуфтаҳо бунёди бинои муҳташаму зебои Осорхонаи миллии Тоҷикистон мебошад, ки бо тарҳи меъмории миллӣ ва аврупоӣ сохта шудааст. Қисми гунбазшакли бинои осорхона, ки дар болояш Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, диққати сайёҳон ва меҳмонони хориҷиро ҳатто аз тайёра ҷалб менамояд. Ба ақидаи муҳаққиқи рус Е.В. Середина, ки инкишофи фаъолияти туризм ва осорхонаҳои Ру-
мор меравад. Диарамаҳои Помир, Чилдухтарон, Дашти Ҷум, мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” ва расмҳои рангоранги деворӣ табиати зиндаи Тоҷикистонро пеши назар меоранд. Толори махсуси геологии шуъбаи мазкур бо сангҳои қиматбаҳо ороиш ёфта, гӯшаи инкишофи ҳаёт дар рӯи замин ва дарахти сангие, ки бо 18536 адад санги ороишиву қиматбаҳо оро дода шудааст, макони дустдоштаи хурду бузург мебошад. Шуъбаи таърихи қадим ва асрҳои миёна калонтарин шуъбаи осорхона ба ҳисоб меравад, ки маълумоти муфассали таърихи халқи тоҷикро аз асри санг то
дидааст. Дар навбати худ иқдоми мазкур ширкатҳои сайёҳиро ҳавасманд ва корашонро осон мегардонад. Барои боз ҳам баланд бардоштани саҳми осорхона дар инкишофи соҳаи сайёҳӣ дар аввал мо бояд ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳӣ ба роҳ монем. Чунки аскари сайёҳон ба ҷумҳурии мо таввасути ширкатҳои сайёҳӣ меоянд. Бо аксари сайёҳон ва меҳмононе, ки оид ба осорхона суҳбат доштам, тақрибан 60% онҳо иброз доштанд, ки онҳоро касе ба осорхона овардааст, 25% бо пешниҳоди дӯстон ва наздикон ва 10% мустақилона ё тасодуфан ба осорхона омада-
Осорхона ба автобус ниёз дорад Нақши Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар инкишофи туризми фарҳангӣ
муҳими таърихию монименталӣ ва меъморию фарҳангӣ мебошад. Панҷакенти қадим, қалъаи Бунҷикат, қалъаи Ҳисор, Тахти Сангин, мадрасаи Хоҷа Машҳад, Дайри буддоии Аҷинатеппа, қасри Ҳулбук ва қалъаи Ямчун ҳамчун силсилаёдгориҳои шоҳроҳи бузурги Абрешим барои номнавис шудан ба Феҳристи ёдгориҳои мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО интихоб шудаанд, ки бори дигар аз муҳим будани ин ёдгориҳо шаҳодат медиҳад. Албатта, ҳар як сайёҳе, ки ба Тоҷикистон меояд, аввал аз пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дидан хоҳад кард. Дар тӯли чанд соли охир Душанбе ба яке аз марказҳои муҳими чорабиниҳои минтақа ва ҷаҳон табдил ёфта, дар он як қатор маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ ва илмӣ баргузор шуда истодаанд. Дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмонпазироӣ бошад, дар Душанбе тӯли бисту чор соли истиқлолият дигаргуниҳои ҷиддие ба вуқуъ пайвастаанд. Бунёди ҳайкалу муҷассамаҳои қаҳрамонони халқи тоҷик, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, биноҳои муҳташаму замонавӣ бо сохти меъмории миллӣ, меҳмонхонаю тарабхонаҳои муосир тавониста-
сияро таҳқиқ намудааст, “маҳз осорхонаҳо дар бисёр маврид хатсайрҳои туристиро ташкил ва муайян менамоянд”. Вақте сайёҳ дар осорхона оид ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, бозёфтҳо ва ғайра маълумот мегирад, алакай худаш муайян менамояд, ки ба куҷо рафтанаш лозим. Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ барои сайёҳон ин гуна имкониятҳоро фароҳам овардааст. Экспозитсияи Осоронаи миллии Тоҷикистон аз чор шуъба, аз ҷумла шуъбаи табиат, шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, шуъбаи таърихи нав ва навтарин ва шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ иборат мебошад, ки дар он ҷо кас метавонад бо табиати бойи Тоҷикистон, олами набототу ҳайвонот, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, таърихи пурғановати халқи тоҷик аз асри санг то замони нав ва навтарин ва бо маҳсули эҷоди мусаввирони мардуми тоҷик чун портрет, пейзаж, натюрморт, ҳайкалтарошӣ, санъати кандакорӣ ва ғайра аз наздик ошноӣ пайдо намояд. Толорҳои намоишии осорхона хеле бойю рангин мебошанд. Шуъбаи табиати осорхона яке аз шуъбаҳои серодамтарини осорхона ба шу-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9400), 2 ИЮЛИ СОЛИ 2015
асрҳои XХ-и мелодиро барои тамошобинон пешниҳод менамояд. Дар шуъбаи номбурда нигораҳои беҳтарини осорхона, ки бештар диққати меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ҷалб менамояд, ба маъраз гузошта шудаанд. Монанди нусхаи бозёфтҳои Хазинаи Амударё, ки ба асрҳои IV–III то мелод тааллуқ доранд ва меҳроби Искодар, ки ягона меҳроби чубини олам, мутааллиқ ба асрҳои IX - X мебошад, ба намоиш гузошта шудаанд. Дар Шуъбаи таърихи нав ва навтарин толори туҳфаҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон фаъолият дорад, ки дар он ҷо нигораҳои тиллоӣ, ки аз лиҳози таърихӣ баъди Хазинаи Амударё дар ҷои дуюм меистанд, пешкаши тамошобинон гардонида шудааст. Шубаи санъати тасвирӣ ва амалӣ ба ҳунари кандакории мардуми тоҷик бахшида шудааст. Ҳаррӯза садҳо нафар меҳмонони дохилию хориҷӣ аз тамошои санъати кандакорӣ ҳаловат мебаранд. Ҳамзамон, дар осорхона барои меҳмонон ва сайёҳон роҳбаладони махсус бо 4 забони хориҷӣ, аз ҷумла, русӣ, англисӣ, хитоӣ ва арабӣ сайри осорхонавӣ мегузаронанд, ки яке аз роҳҳои ҷалб намудани сайёҳон ба осорхона гар-
анд. Агар шумораи ҳарчи бештари сайёҳон таввасути ширкатҳои сайёҳӣ ба осорхона оянд, дар оянда шумораи сайёҳони мустақилро метавон чандин маротиба зиёд намуд. Дигар ин ки осорхона бояд бо нақлиёт таъмин бошад, чунки кам набуданд мавридҳое, ки сайёҳон аз кормандони осорхона хоҳиши гузаронидани экскурсияро дар шаҳри Душанбе ва мавзеъҳои таърихӣ намуданд. Агар ин иқдом роҳандозӣ шавад, дар оянда осорхона метавонад хатсайрҳои мустақими туристӣ ташкил намояд. Агар хоҳем ки дар оянда осорхона як муассисаи ёрирасон барои соҳаи сайёҳии мамлакат бошад, бояд муносибати мустақимро бо макотиби олие, ки мутахассисони соҳаи туризмро омода месозанд, барқарор намуд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки масъалаҳои мазкур дар ояндаи наздик ҳалли худро хоҳанд ёфт. Ҳоло аз санаи таъсисёбиии осорхона вақти зиёд нагузаштааст ва чуноне ки мегӯянд, осорхона шуҳрати худро дар як-ду сол пайдо намекунад. Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз осорхонаҳои бузурги дунё қариб ягон тафовуте надорад, ҳол он ки баъзе осорхонаҳои дунё таърихи 3-4 асра доранд. Пеш аз ҳама, мо - кормандони осорхона бояд кӯшиш намоем, ки бо рафтору кирдори худ дар хотираи сайёҳон ва меҳмонон нақши хуб боқӣ гузорем. Ҳар сайёҳе, ки ба осорхона меояд, барои ӯ пеш ҳама ҳурмату эҳтиром, интихоби озод, фазои пазироии хуб аз ҷониби кормандони бомаҳорат ва воқиф шудан аз фаъолияти кории осорхона дар ҷои аввал меистад. Кӯшиш намоем, то ҳадде ин талаботи сайёҳонро иҷро кунем, то шумораи бештари онҳоро дар осорхона қабул намуда, бо ин роҳ дар баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти мамлакат ва буҷаи осорхона саҳм гузорем. Боқибек ҚУРБОНБЕКОВ, корманди илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон
11
ВАРЗИШ
“Истиқлол” – ғолиби марҳилаи аввал
Бокс зиракиву матонатро металабад Мамед аз хурдсолӣ ба бокс таваҷҷуҳ дошт. Аз ин рӯ, дар 10-солагиаш наздиконаш вайро ба толори варзишӣ бурданд. Мамед зери сарпарастии А. Султонов нозукиҳои боксро пайваста аз худ мекард. Машқу тамринҳои доимӣ ва маслиҳати мураббиён барабас нарафтанд. Соли 2008 дар 12-солагиаш дар шаҳри Душанбе миёни наврасон чемпион шуд. Пас аз ду сол Мамед Танибеков дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни наврасон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ғолиб омад. Мамед маҳорати худро зери назорати мураббиҳои ғамхор такмил медод. Соли 2010 дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир гардид, соҳиби медали нуқра шуд. Ҳамон сол дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Маъруф Ҳусейнов баргузор гардид. Мамед маҳорати баланд нишон дода, ҷои сеюмро сазовор гашт. Соли 2011 Мамед дар шаҳри Боку дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотири Ҳайдар Алиев ширкат варзид. Ӯ ду ҳарифро мағлуб карда, аз ҳарифи сеюм шикаст хӯрд. - Бокс зиракиву матонатро металабад, - мегӯя Мамед Танибеков. Як лаҳза дар ғафлат мондан метавонад боиси шикаст хӯрдан шавад. Аз ин рӯ, аз ҳар бохт ман хулосаи зарурӣ гирифта, кӯшиш мекунам, ки дар мусобиқаҳои навбатӣ ба камбудӣ роҳ надиҳам. Мамед ҳамон сол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Екатеринбург низ иштирок намуд. Соли 2011 Чемпиони Тоҷикистон оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон гардид. Соли равон низ Мамед ин комёбии худро такрор намуд. Аз 25 январ то 2 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни калонсолон доир шуд, ки Мамед дар он бомуваффақият ширкат варзид. Ӯ ҳоло ба мусобиқаи навбатӣ, ки аз 20 август то 1 сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд багузор мегардад, омодагӣ мебинад. Ба вай дар фатҳи қуллаҳои нави варзиш комёбиҳо мехоҳем. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
Испания бори дуюм сазовори Ҷоми Президенти Қазоқистон шуд Тими мунтахаби наврасони кишвар дар мусбиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Қазоқистон дар Остона мақоми шашумро ишғол кард. Дар бозии охир наврасони бо ҳисоби бузурги 8:1 шикаст дотоҷик бозиро бо тими мунтахаби данд. наврасони Русия бо ҳисоби миниДар бозии финалӣ наврасомалии 0:1 бохтанд. Голи ягонаро ни Испания тавассути силсилаи дар дақиқаҳои охири қисми аввали зарбаҳои ёздаҳметра бар наврабозӣ Иракли Тсаава зад. Тими на- сони Озарбойҷон бо ҳисоби 4:1 врасони Русия ҷои панҷумро сазо- дастболо шуда, бори дуюм баранвор шуданд. даи Ҷоми Президенти Қазоқистон Дар бозӣ барои ҷои сеюм на- гаштанд. Вақти асосии ин вохӯрӣ врасони Гурҷистон соҳибони май- бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. дон – тими мунтахаби наврасони Аз рӯи ҷамъбасти натоиҷи Қазоқистонро, ки бо ёрии бево- мусобиқа капитани тими мунтахаби ситаи довари остонагӣ Галимжан наврасони кишвар Зиёвуддин ФуКенжалинов бар мунтахаби навра- зайлов беҳтарин ниммуҳофизатгар сони Тоҷикистон (2:1) пирӯзӣ ёфт, эътироф шуд.
12
Рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ даври ниҳоии марҳилаи аввали Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ доир гашт. Тими “Хуҷанд” дар майдони худ бар дастаи “Барқи тоҷик” бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро дар қисми дуюми вохӯрӣ Иброҳим Рабимов ба ҳадаф расонд. Баъди ин ғалаба “Хуҷанд” бо 20 хол дар мақоми дуюми ҷадвали мусобиқа қарор гирифт. Яке аз даъвогарони дигари медалҳо – дастаи “РегарТадАЗ”-и Турсунзода дар меҳмонӣ натавонист дастаи КМВА “Помир”-ро шикаст диҳад. Қувваҳои ҳар ду даста баробар буд ва мухлисон шоҳиди гол на- Манучеҳр Ҷалилов кушод. Дар зад. Дар ин вохӯрӣ ба бозингашуданд. қисми дуюм Парвизҷон Умарбо- рони тими “Парвоз” муяссар гарДар бозии дигар тими “Рав- ев ҳисобро тағйир дод – 2:0. Дар дид, ки аввалин голро дар мавсишан” ба дарвозаи “Далерон” идома Фатҳулло Фатҳуллоев ду ми имсола зананд. Муаллифи ин 5 голи беҷавоб зад. Ду голро голи дигар зад. Голи панҷумро гол Маъруф Марифбоев гардид. легионери эронии “Равшан” боз ҳам Манучеҳр Ҷалилов ба Тими “Хайр” ва “Регар-ТадАЗ” 16Ҳусейн Суҳробӣ зад. 3 голи ди- ҳадаф расонд. Ҳамин тариқ, тими холӣ ба даст оварданд. Аммо бо гарро Наврӯз Рустамов, Индус “Истиқлол” дар нуҳ бозӣ 9 ғалаба натиҷаи беҳтар “Хайр” дар ҷои Ҳусейнов ва Шодибек Ғафуров ба даст оварда, бо 27 хол дар са- сеюм, пеш аз “Регар” мақом ёфт. ба ҳадаф расонданд. дри ҷадвал қарор гирифт. Ҳамин тариқ, дар ЧемпионаБозӣ миёни дастаҳои Дар бозии охири давр тими ти мамлакат таътили тобистона “Истиқлол” ва “Вахш” низ бо “Хайр” дар меҳмонӣ бар “Парвоз” эълон шуд, ки як моҳ идома меҳисоби 5:0 анҷом ёфт. Ҳисобро бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ду голи ёбад. Марҳилаи дуюм 1 август дар дақиқаҳои аввали вохӯрӣ ваҳдатиҳоро Алишер Улмасов оғоз мешавад.
ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Хайр” (Ваҳдат) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) “Равшан” (Кӯлоб) КМВА “Помир” (Душанбе) “Далерон-Уротеппа” (Истаравшан) “Вахш” (Қӯрғонтеппа) “Барқи тоҷик” (Душанбе) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров)
Б 9 9 9 9 9 9 9 9 9 9
9 6 5 4 4 3 3 1 1 0
Ғ
М 0 2 1 4 2 2 2 3 2 0
0 1 3 1 3 4 4 5 6 9
Б
Т-Т 34-2 16-6 14-13 14-7 17-17 7-12 10-12 3-15 5-16 1-21
Х 27 20 16 16 14 11 11 6 5 0
Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 7 тӯб, Ҳусейни СУҲРОБӢ («Равшан») – 6 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд») – 5-тӯбӣ.
“Iamdifferent” либоси тими мунтахабро омода мекунад 24 июн дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таҳти раёсати раиси кумита Аҳтам Абдуллозода ҷаласаи ситоди корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро баргузор шуд. Зикр шуд, дар айни ҳол таваҷҷуҳи ташкилотҳои варзишии кишвар бештар ба намудҳои афзалиятноки варзиш – бокс, гӯштини тарзи озод, гӯштини юнониву румӣ, дзюдо, таэквондо (ВТФ) ва варзиши сабук равона шудааст. Ҳоло 15 нафар беҳтарин варзишгари тоҷик, ки ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ мушарраф шудаанд, барои омодагӣ ва ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2016 мубориза мебаранд. Гурзандоз Дилшод Назаров дар байни варзишгарони кишвар аввалин шуда соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро гардидааст. Дар ин ҷаласа Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпӣ, зикр намуд, ки барои татбиқи “Бар-
номаи мусоидат ба омодагии номзадҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро” ҳудуди як миллион доллари амрикоӣ зарур аст. Ин маблағ аз ҳисоби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои миллии варзишӣ ва сарпарастон ҷудо хоҳад шуд. Ба иттилои Б. Раҷабалиев, дар рӯзҳои сафари президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ ба Тоҷикистон (15-16 июни соли равон) дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпӣ Маркази ташхиси тиббии варзишгарон таҳти раҳбарии мутахассиси кореягӣ Санг Унг Ли аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба кор шуруъ кард, ки аъзои мунтахаби
кишвар аз ин марказ барои ташхису табобат ба таври ройгон истифода мебаранд. Дар ҷаласа, инчунин Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон ва Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои кишвар дар бораи омодагии варзишгарони худ ба Олимпиадаи соли 2016 иттилоъ доданд. Ширкати испании “Joma”, ки дар ҷаҳон ба истеҳсоли либосу пойафзоли варзишӣ маъруф аст, инчунин, ширкати нави тоҷикии “iamdifferent” ба аъзои ситод тарҳи либосҳои миллии варзишии тими мунтахаби Тоҷикистонро пешниҳод карданд. Ширкати “iamdifferent”, ки ғолиби озмун дониста шуд, дар ҷаласаи навбатӣ ба аъзои ситод намунаҳои либосҳои дӯхтаи миллии варзиширо намоиш медиҳад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9400), 2 ИЮЛИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ ҶАҲОН
ЭЪЛОН
ДИҚҚАТ, ОЗМУН! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд: № 1 2 3
Русия – ғолиби аввалин Бозиҳои Аврупо Шаҳри Боку – пойтахти Озарбойҷон мизбони аввалин Бозиҳои Аврупо шуд. Ин мусобиқаи варзишӣ 12-28 июни соли равон доир гардид. Бозиҳоро дар беш аз 50 кишвар намоиш доданд. Дар ин бозиҳо барои 253 бастаи медалҳо аз рӯи 13 намуди варзиш 5730 варзишгар аз 50 кишвари Аврупо қувва озмуданд. КУШОДАШАВӢ Маросими ифтитоҳи Бозиҳои Аврупо 12 июн дар варзишгоҳи олимпии Боку баргузор шуд. Онро расман Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон кушод. Паради кишварҳои иштироккунандаро Юнон оғоз кард ва Озарбойҷон ба итмом расонд. Бори нахуст варзишгарони Косова ҳангоми паради ҳайатҳои кишварҳои иштироккунанда зери парчами худ қадам заданд. Дар маросими кушодашавии бозиҳо президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва президентҳои 6 кишвар, аз ҷумла, Тоҷикистон иштирок доштанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футбол, Эркинхон Раҳматуллозода, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии кишвар ҳамроҳӣ намуданд. БУҶА Буҷаи расмии Бозиҳои аввалини Аврупо 1,12 миллиард доллар гуфта мешавад. Аммо ба иттилои “Би-би-си” ин рақам хеле бештар будааст. Манбаъ мегӯяд, танҳо ҳаҷми варзишгоҳи олимпӣ марзи 600 миллион долларро убур кардааст. Барои маросими ифтитоҳи бозиҳо тақрибан 100 миллион доллар харҷ шудааст, ки бештар аз маблағи харҷшуда барои маросими кушодашавии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон аст. Озарбойҷон тамоми харҷҳои ҳайатҳои иштироккунандаро бар дӯш гирифт, аммо маблағи ҳайати Арманистонро Гагик Тсарукян, президенти Кумитаи миллии олимпии ин кишвар пардохт. БИЛЕТ Барои аввалин Бозиҳои Аврупо 600 ҳазор билет ба фурӯш гузошта шуд.
Фурӯши онлайни билетҳо тавассути сомонаи расмии бозиҳо имконпазир буд. Дар маҷмӯъ, барои фурӯши билетҳо 12 дафтар созмон ёфта буд. Кумитаи “Боку-2015” эълон кард, нархи билетҳо барои рақобатҳои варзишӣ аз 2 то 5 манат аст. Арзиши билетҳо вобаста ба давраи қувваозмоиҳо, масалан, давраҳои ибтидоӣ ва финалӣ тағйир мехӯрад. Кӯдакон ва наврасони то 16-сола ройгон ба ин бозиҳо роҳ дода шуданд, аммо танҳо ба шарте ки онҳоро шахси аз 18-сола боло ҳамроҳӣ кунад. Дар маросими кушодашавӣ ва пӯшидашавии бозиҳо арзиши билет барои ҳама синну сол якгуна буд. Як чипта дар маросими ифтитоҳи бозиҳо аз 20 манат бештар ва дар маросими пӯшидашавии он аз 10 манат бештар буд. МУҲОФИЗОНИ ОТАШ Дар ҷараёни омодагӣ ба ин Бозиҳо ҳудуди дусад ҳазор волонтёр ё дастёрҳо иштирок карданд. Ба иттилои расонаҳо бештари ин афродро ҷавонон ташкил медоданд. Кумитаи амалиётии бозиҳо (BEGOC) эълон кард, волонтёрҳои аввалин Бозиҳои Аврупо номи “Муҳофизони оташ”ро гирифтанд. Кӯмак ба варзишгарон ва шахсони расмӣ, анҷоми корҳои мушаххас ҳангоми қувваозмоиҳо, кӯмак ба тамошобинон ва намояндагони ВАО аз вазифаҳои аввалиндараҷаи дастёрҳо буд. “Муҳофизони Оташ” ҳақ доштанд, аз нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон истифода баранд. Онҳо бо либоси махсус, ғизо ва симкорт таъмин шуданд. РУСИЯ – ҒОЛИБИ БОЗИҲО Натиҷаи беҳтаринро дар аввалин Бозиҳои Аврупо тими Русия соҳиб шуд. Намояндагони 42 кишвар соҳиби медали Бозиҳои аввалини Аврупо шуданд. Варзишгарони Русия дар маҷмуъ, 164 медал (79 тилло, 40 нуқра ва 45 биринҷӣ) ба даст оварда, дар садри рӯйхати ғолибон қарор гирифтанд. Мақоми дуюмро мизбонон сазовор гаштанд. Тими миллии Озарбойҷон 56 медал (21 тилло, 15 нуқра ва 20 биринҷӣ) ба даст овард. Ҷои сеюм бо 47 медал (18 тилло, 10 нуқра, 19 биринҷӣ) насиби тими мунтахаби Бритониёи Кабир гардид. Варзишгарони 6 кишвар – Албания, Андора, Босния ва Герсеговина, Исландия, Лихтенштейн, Люксембург, Малта ва Монако аз Боку бе медал ба ватанашон баргаштанд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9400), 2 ИЮЛИ СОЛИ 2015
НОМГӮИ МАНСАБҲО Сардори Раёсати рушди туризми Дастгоҳи марказии кумита Мудири Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Сармутахассиси Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Дастгоҳи марказӣ
МАОШИ ВАЗИФАВӢ 1709.1 854.55 855
4
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара
738
5
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истаравшан
738
6
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус
702
7
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар
702
8
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара
702
9
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ишкошим
702
10
Мутахассиси пешбари Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Дастгоҳи марказӣ
697,5
11
Мутахассиси пешбари бахши кор бо кадрҳои Дастгоҳи марказии кумита
697.50
12 13 14 15 16 17
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ғончӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
603 603 576 576 576 576
18
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз
576
19
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб
576
20
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод
576
21
Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара
495
22
Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб
495
23
Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
472.50
24
Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ёвон
472.50
25
Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хусрав
472.50
ТАЛАБОТ АЗ ДОВТАЛАБОН: - таҳсилоти олии касбӣ, собиқаи корӣ (барои мансаби сардори раёсат, муовини сардори раёсат, мудир, сармутахассис ва мутахассиси пешбар); - таҳсилоти олӣ, олии нопура ва миёнаи махсус (барои мутахассис); - доштани маълумоти соҳавӣ (варзиш); - донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад. ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА: - ариза ба номи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (анкета); - 2 дона расми андозаи 4х6; - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ): - нусхаи шиноснома; - нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва эъломия аз вазъи мол; - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ); - маълумот аз ҷои истиқомат. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс: 734026, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6 (рӯ ба рӯи “Кохи Борбад”). Тел: 236-41-87, 235-10-23 (Бахши кор бо кадрҳо).
13
ШЕЪР Шабе гарм дар ШаҳриТуз рӯз шуд, Ба Чилдухтарон фасли Наврӯз шуд. Ба Раштонзаминат баҳор омадаст, Баҳор дар дилу дар канор омадаст. Нишеман гирифтаст хуршеди доғ, Ба пушти талу теппаи Камчароғ.
Саъдӣ МИРЗОЕВ, корманди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баъди борон Замин оинарӯ аз ашки хуршед, Ҳаво пур гашта аз атри баҳорон. Парешон раммаҳои абри баҳман, Зи хавфи гурги раъду барқи ғуррон. Намоён карда рӯ хуршеди Ховар, Зи пушти инҳисори абри анбӯҳ. Замин болидарӯҳ аз хони хуршед, Зи дил берун кашида хори андӯҳ. Ҳама оганда аз атри баҳорон, Ҳама ҷо тозаву тар мисли духтар. Авезон шаддаи борони заррин Сари мижгони анбӯҳи санавбар. Ба рӯи майсаву себарга ҳар дам, Санавбар нур мерезад зи мижгон. Дар ин маъвогаҳи нуран ало нур, Манам як қатра аз атри баҳорон.
Тоҷикистон Тоҷикистон, Тоҷикистон. Аз замони Оли Сомон асрҳо бигзашту лек Дар хаёлам Рӯдакӣ то ҳол дар роҳи Бухорост. Гар Бухоро ҳамчу маснад рафт аз даргоҳи ту, Пайкари фарҳанги тоҷик зеби даргоҳи Бухорост. Қиблаи фарҳангиёни ҷумлаи олам, Мадфани гумноми мардони пурармон. Олами рангини шеъри ҷовидона, Модари фарҳангу тахти бегазанди ақли инсон, Тоҷикистон, Тоҷикистон. Қитъае то қитъаеву кишваре то кишваре, Набзи гетӣ дар сари ангуштҳои Бӯалӣ Синост. Пири Рӯдак Одами шеър аст бо чашмони кӯр, Балки ӯ дар қораи шеъри ҷаҳонӣ шоири биност. Тоҷикистон, Тоҷикистон. Маснади волои авранги каёнӣ, Фонди тиллоии фарҳанги ҷаҳонӣ. Арсагоҳи қавмҳои беватан, бе бум, Зодбуми сарбадорони ҳашаманҷум.
Чаҳор андаруни чаҳор Ба ҳар фасли солат чаҳор фасли сол, Кӣ дида чунин мулки некӯхисол? Бадахшонат аз барф симинкамар, Ба Суғдат дарахтон ба азми самар. Зи алмоси хуршеди фасли тамӯз, Ба Хатлон расид мавсими гармсӯз.
14
Бисӯхтанд чил кунда аҳли Ҳисор, Сипас карда падруди фасли баҳор...
То сафедори ғурурат дасти ман кутаҳ Мармари субҳи садафболин Гӯӣ аз чоки гиребонат намоён аст. Офтоби тозаи рӯ Аз уфуқи шонаҳоят шуъларезон аст. Шаб гурезонаст зи субҳу Мӯ гурезонаст аз он симинагардан. Офтоби тозаи рӯ Нур мерезад ба он гулгунадоман. Кош рӯи субҳ меафтодам аз хеш, Аз баландии сафедии баногӯш. Мешамидам кош аз атри гули хуршед, Ё ки бо хуршед мегаштам ҳамоғӯш. Қад баландасту баландасту валекин, То сафедори ғурурат дасти ман кутаҳ. Пой бар китфам бимонам то расам бар ин баландӣ, То ки бошам чун сафедори сари раҳ. То расам то моҳи чордаҳрӯзаи рӯ, То расам бар сояи зулфи шабандуд, То расам то нохуни исторакӯбат, То шавам аз хештан бехуд.
Як қалам
Шеъри сафеди рӯи ту Гӯё зи як садсола пеш Дар хотири ман мондааст. Шеъри баёзи гарданат, Шеъри равони қоматат, Шеъри тани дилҷӯи ту, Шеъри дарози мӯи ту, Дубайтии абрӯи ту Ҳаргиз нарафт аз хотирам. Холи туро, чун нуқтае Дар хотирам бинҳодаам, Чун нуқтаи шеъри сафед Дар коғазе монад қалам. Яъне вуҷудам шеъру шеър, Буду набудам шеъру шеър. Яъне туро сар то қадам, Чун шеър аз бар кардаам, Чун шеъри шево як қалам.
Расми ту
Дар кунҷи утоқи холии ман, Болои хизонаи тиҳидил, Расми ту ба шавқ ханда дорад, Бар ҳоли мани хароби бедил. Он кунҷи утоқи холии ман, Бо хандаи беғаши ту зебост. Зангӯлаи хандаи ту дар гӯш, Чун савти муғаниён гуворост. Ҳар шаб, ки танам ба раъша ояд, Аз нолаи чокаку ғами ту. Ҳар шаб, ки дилам ба ғусса хонад, Афсонаи дарди пайҳами ту, Оям ба сарои сурати ту, Он ҷо, ки ба хандаи ту зебост.
Оям ба канори сурати ту, Он ҷо, ки ба сӯзи ман гуворост. Рафтӣ тую монда сурати ту, Болои хизонаи тиҳидил. Ҳар лаҳза ба дард ханда дорад, Бар ҳоли мани хароби бедил.
Нома ба модар Салом модар, Ало парвардагори ман. Салом модар, Ало, ай навбаҳори ман. Шудам пазмонат андар гӯшаи дурӣ, Дилу ҷонам дуогӯи бақои туст. Манам лабташна дар қаъри биёбоне, Илоҷам косаи оби лиқои туст. Бидеҳам косаи обе Зи қаъри чашмаи дидори ширинат, аё модар. Канори Даҷла меоям, Ба вақти субҳу гоҳи шом. Ки гӯям хобҳоямро ба гӯши ӯ, Ки ҷӯям розҳоямро зи ҷӯши ӯ. Валекин Даҷла ором аст Ва набзаш метапад ором... Кунад парвоз мурғи ёди ман ин дам Ба сӯи пуштаҳои сабзи деҳистон, Ба шохи тути байни ҳавлӣ мешинад, Туро ёбад ба рӯи суфаи айвон.
Умеди хайр
Муродалӣ СОБИР
Ҳазину дилфигорам ман, Касе дардам намедонад. Сафоҷое надорам ман, Касе наздаш намехонад. Дилам дар сина меҷӯшад, Касе обаш намепошад. Агарчи сахт мекӯшад, Касе ёраш намебошад. Навои дилнавози ёр, Илоҳо, зиндаам созад. Зи хуршеди сари девор Дили девонаам нозад.
Аёну ноаён
Ту он ҷо ҷомаворӣ пора месозӣ, Ба дастат ришта Чашми хираи сӯзан намеёбӣ. Дилам дар ларза меояд Ба ёди дасти ларзони ту,эй модар. Ду чашмам мекашад фарёд, Ба ёди нури чашмони ту, эй модар.
Манам ошуфта ёри ту, Талабгори канори ту. Макун ёд аз каси дигар, Манам чашминтизори ту. Нигар, сӯзанда хуршедам, Саропо ишқу уммедам. Чу шоми тира гардида Ба ёдат рӯзи испедам.
Ба пирӣ тан мадеҳ модар, Фидоят бод дунёи ҷавониву ҷаҳони ман, Фидоят бод умри навҷавони ман.
Бикун ёде ту аз ман ҳам, Вагарна, мемурам аз ғам. Ҷавонию ҷамолатро Раҳо кай мекунам як дам?!
Фирорӣ
Ман фирорӣ аз баҳорам, ё баҳор аз ман фирорӣ, Бе гули рӯят фитодам дар хазони зарди хорӣ. Гаштаам пазмони базми андалебони саҳархез, Сарзамини сина холист аз ҳавои бедиёрӣ. Шаҳпаракҳо рӯи гулҳо дар хаёлам сайр доранд, Шаҳпаракҳои сабукболу сияҳхоли диёрам. Бар машомам мерасад бӯи гули хори сари роҳ, Ки баҳорон шадда мебастам барои хушнигорам. Хотиротам ин замон ишкуфаҳои навбаҳоранд, Ки парешон мешаванд аз боди серуни баҳорӣ. Кӯдакиҳоям бимонда дар хами Устои Обид1, Навҷавониям бимонда дар хами абрӯи ёре.
Биё, биё... Агар биёӣ дар барам, Шарорахез мешавам. Агар дароӣ аз дарам, Ситорарез мешавам. Фидои нози ту манам, Адои рози ту манам. Навою сози ту манам, Гадои сози ту манам. Ҳаётбахши ман тӯӣ, Саботбахши ман тӯӣ. Дар ин замони пурхатар Наҷотбахши ман тӯӣ. Биё, биё ба хонаам, Биё, шунав таронаам. Бубин, ки бенаво наям, Хизонаам, фасонаам.
Бебаҳору бедиёрам ин замон дар кишвари дур, Не касеро илтифоте, не касеро азми ёрӣ. Пеши чашмонам гирифта абри кӯҳи бегиёҳаш, Ман фирорӣ аз баҳорам, ё баҳор аз ман фирорӣ. 1. Ёнаи сабзе, ки бо ин ном дар деҳкада маъруф аст.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9400), 2 ИЮЛИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ Мусобиќаи хурўсњо
Дўсти испанї
Хубї Ташкилоти баскетболи ИМА (русї)
Зављаи Адам
… Оберой, актёри њиндї Самолёти љангии русї
Њашароти хазанда
Боду њаво
… Ѓанї, овозхони эстрадї
Камбар, борик
Гунањкори азим дар ислом
Рахш, Дулдул, Бутсефал
Хизмати МодарВатан
Мурѓи афсонавии кўњи Ќоф
... Блэр, сарвазири собиќи Бритониё
Асбоби скрипкамонанд
Охири сўзан ва арѓамчин
Навъи себ
Асбобу анљоми сафар
Шакли пурраи номи Оля
Афту ...
Љамшед ..., овозхон
Дастаи варзишгарон
... Орифов, собиќ роњбари «Гулшан»
Нотарс
Br, унсури кимиёвї
Хеш, хештан
Муќобилмаънои «биё»
Жанри шеъри чормисрагї
Пурра, том, адо
Чодир, палатка
Хатиби масљид
... Санаев, овозхони ўзбек
Ў ба йога машѓул аст
Зеб, њусн
Гови нар не
Нерв Котиби девони давлатї
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9400), 2 ИЮЛИ СОЛИ 2015
Нидои мухлисони футбол
Пойтахти Украина
Санги тарозу
Љамъи ашё ё мардум
Пизишки гўшу бинї
... Питт, актёри амрикої
Кўфта ва судаи ѓалла
Њарфи арабї
Навъи ѓалладона
Вулќон дар Туркиё
Соли равон, соли љорї
Миллати Т. Шевченко
Олоти њезумкафонї
Латиф, нозук
Фароѓатгоњи обї дар шањр (русї)
"Дар ... и олам бигаштам басе" (Саъдї)
Кайфу сафо
Ягона, якка … «Новости» - агентии иттилоотии Русия
Ризќ
Кушода (лањљ.)
Сарзамин, мамлакат
Навъи ранг
Торољгардида
Сигоркаш
Њаёт (лотинї)
Зидди «кушодї»
Лухтак
"...бонк"
Ба ду тараф ёзондани пойњо дар гимнастика
Таоми миллии тоторї
Чизи муваќќатан гирифта
Пешвої, роњбарии динї
Таълимоти рўњию љисмонии њиндуњо Истењкоми сўрохдор барои пулемёт
Санги ќиматбањо
Дарахти ангур
Чењра, рўй, симо
Хоњари модар
Пастї, нокасї
Донањои рўи нон
Кирми рўда
Хизматгорзан
… ибни Лодан
Падар (лањљ.)
Зоти зоѓ
Муќобили «бегонагї»
Садаќа мепурсад
Майда, реза
Тез, фавран
... Азизов, овозхон
...у ишрат Ришта
15
АҶОИБ
ФАРОҒАТ
Сайёҳат ба партовгоҳ Дар ноҳияи Сием Рипи давлати Камбоҷа партовгоҳе бо номи “Англонг Пи” мавҷуд аст, ки ҳудуди 200 нафар, аз ҷумла, 50 кӯдак рӯзиашонро аз он ба даст меоранд. Онҳо ҳар рӯз бар ивази 1 стерлинг дар партовгоҳ шишаву пластикаҳоро ҷудо мекунанд. Дар ҳоле ки ин 200 нафар дар фикри пайдо кардани рӯзианд, дар атрофашон лаҳзаҳои ғайримуқаррарӣ ҷараён мегирад. Мазмун, даҳҳо шаҳрванди дохиливу хориҷӣ ба ин макон омада, коргаронро акс мебардоранд. Режисёри испанӣ Дэвид Рэнгел, ки аз ҳаёти кӯдакони Камбоҷа филми мустанад бардоштанист, низ ба ин партовгоҳ омадааст. Ӯ ҳам бо “кормандони” партовгоҳ ва ҳам бо инсонҳое, ки онҳоро зуд-зуд акс мегиранд, суҳбат кардааст, аммо аз ин суҳбатҳо дида диққати Рэнгелро теъдоди зиёди туристоне ҷалб кардааст, ки ҳар лаҳза ба партовгоҳ меоянд. “Вақте ман туристони бешуморро дида, аз масъулини маҳаллӣ пурсидам,
ки оё ин танҳо хоси ҳамин рӯз аст?”, ҷавоб доданд, ки «не, сайёҳон зудзуд ба ин ҷо меоянд”, - мегӯяд режиссёр ва хулоса мекунад: - яъне, масъулини Ҳукумати Камбоҷа аз тадриҷан афзудани сайёҳон дар партовгоҳи ин кишвар хабардоранд. Ман намедонам, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро ба ин партовгоҳ чӣ чиз ҷалб кардааст, зеро барои зиёрати онҳо аз ин макон ягон
Лутфи ҷавонӣ
хел музд гирифта намешавад. Аҷиб аст, ки ҳеҷ яке аз масъулин ҳам омаду рафти сайёҳонро манъ накардааст. Вале кӯдакон, ки ба хотири ба даст овардани рӯзӣ ба чунин корҳо сафарбар мешаванд, аз зиёрати туристони дохиливу хориҷӣ бештар истисмор мегарданд”. Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”
Мард болои курпача, болишт зери бағал дароз кашида, бо телефон дар шабакаҳои иҷтимоӣ “сайр” дошт. Занаш аз ошхона наздаш омада, мегӯяд: - Халтаро гирифта, мағоза рав ва барои шом харид бикун. Мард бе он ки сарашро аз телефон бардорад: - Ин кори мардҳо нест. - Бисёр хуб, набошад, либосҳоятро каш ва хонаи хоб даро. - Эҳа, ҳатто шухӣ ҳам карда намешавад-е, канӣ халта?
***
Муаллим аз Салимҷони ҳафтсола мепурсад: - Барои чӣ лингҳои мурғҳо ин қадар кутоҳанд? - Агар лингҳояшон дароз мешуд, вақти зоидан тухмҳо мешикастанд.
*** Падар аз Салимҷон мепурсад: - Барои чӣ шикорчӣ вақти шикор як чашмашро мепӯшад? - Охир, агар ҳар ду чашмашро пӯшад, чизеро намебинад.
***
Падар ба Салимҷон: - Барои чӣ хурус вақти хоб як пояшро мебардорад? - Чунки, агар ҳар ду пояшро бардорад, меафтад.
***
Аз суҳбати ду рафиқ. Аввалӣ: - Занам барои хароб шудан, ҳар рӯз аспсаворӣ мекунад. Дуюмӣ: - Натиҷа чӣ хел? - Дар як моҳ, асп 20 кило хароб шудааст.
АКСИ РӮЗ
***
Карим Ҷамшедро як шаппотии обдор мезанад. Ҷамшед бо қаҳр: - Ин шухӣ буд ё ҷиддӣ? - Ҷиддӣ. - Хайрият, ки шухӣ набудааст, набошад ман шухиро намебардорам.
***
Ду дузд. Аввалӣ: - Ман як орзуи бузург дорам. - Чӣ? - Мехоҳам бузургтарин бонки кишварро ғорат карда, изи ангуштони хушдоманамро онҷо гузорам...
***
Муаллим ба Салим: - Барои чӣ духтаронро ба сафи артиш намебаранд: - Барои он ки дар 45 сония имкони рангу бори сару рӯ ва пушидани либос мавҷуд нест.
ЭЪЛОН
28 июн тими наврасони кишвар (U-16)-ро, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон иштирок карда, ҷои шашумро сазовор гашт, ба Ватан баргашт. Футболбозони наврасро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе масъулин ва мухлисон гарму ҷӯшон пешвоз гирифтанд. ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
16
Марҳабо Ҷабборӣ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), Бунафша ОДИНАЕВА (муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ Кооперативи тиҷоратии “Шеравгани Давлат” (РЯМ 2110000063), ки 22 феврали соли 2015 дар Нозироти андози ноҳияи Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. ҶДММ ”Матин-1” (РЯМ 2110004985), ки соли 2013 дар Нозироти андози ноҳияи Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. •
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7607 нусха ба нашр расид.
Умаралӣ САФАРАЛӢ (котиби масъул), Толибшоҳи ДАВЛАТ (муҳаррири шӯъбаи • сиёсат ва иттилоот), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Манзумаи ФИРӮЗ, • Наврӯз ҚУРБОНОВ (хабарнигорон), Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд), Раҳим РАФИЕВ, (хабарнигор, Хатлон), Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган
ХУРСАНДҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул).
Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9400), 2 ИЮЛИ СОЛИ 2015