Ҷавонони Тоҷикистон, №26 (9452), 2016

Page 1

Ёқуб Салимов: Бозичаи дигарон не, бозичаи дасти худамон шудем

Анвар Юнусов – соҳиби роҳхати олимпӣ. Даврон низ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №26 (9452), 30 июни соли 2016

1

 ҶАШН

Ваҳдати миллӣ -

арзишмандтарин бозёфти тоҷикон

 ҲАФТ РӮЗ 23.06.2016 Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки зиёда аз 800 ҷавон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия таҳти шиори «Ваҳдат бақои миллат аст» роҳпаймоӣ баргузор гардид. 24.06.2016 Дар госпитали шаҳри Норак бо ташаббуси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр дар ҳамкорӣ бо кормандони беморхонаи марказӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар ва муомилоти ғариқонунии он таҳти унвони «Мубориза бо нашъамандӣ - масъулияти ҳамагон» маҳфили оммавӣ-маърифатӣ доир гардид.

25.06.2016 Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ҳудуди деҳаи Деҳқозии ноҳияи Ш. Шоҳин кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ намуданд.

шаҳомати хоса таҷлил гардид.

26.06.2016 Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии дӯстона аз дастаи “Локомотив”-и Маскав бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин вохурӣ дар варзишгоҳи марказии пойтахт доир гашт.

29.06.2016 Виталий Левченко, ёвари сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи кишвар таъйин гардид. Левченко ҷавононро ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2016, ки 1330 октябр дар Баҳрайн доир мегардад, омода мекунад.

27.06.2016 Дар ҷумҳурӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо

28.06.2016 Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни духтарони соли таваллудашон 20002001 барои дарёфти Ҷоми Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Одинаев ба анҷом расид. Дастаи Суғд дар бозии ниҳоӣ тими Душанбе-1-ро шикаст дода, соҳиби ҷом шуданд.

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№26 (9452), 30 июни соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 ВАРЗИШ

е-mail: javonontj@mail.ru

 МУРОҶИАТ БА ҶАВОНОН


АХБОРИ ҲАФТА

е-mail: javonontj@mail.ru

2

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №26 (9452), 30 июни соли 2016

Ҳиндустону Покистон низ узви СҲШ шуданд

www.javonon.tj

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 24 июн дар пойтахти Узбекистон – шаҳри Тошканд доир гашт, Покистон ва Ҳиндустон низ ба узвияти ин созмони минтақавӣ пазируфта шуданд. Ҳамоиши навбатӣ ба 15-умин солгарди таъсисёбии СҲШ рост омад. Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои созмон нахуст дар теъдоди маҳдуд ҷараён гирифт, ки дар он роҳбарони аввали Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон иштирок карданд. Дар ҷаласаи теъдоди васеъ бошад, сарони давлатҳои нозир - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Белорус, Муғулистон ва намояндагони воломақоми як зумра созмонҳои байналмилалию минтақавӣ низ ҳамроҳ шуданд. Ба кишварҳои шарики муколама Туркия, ШриЛанка, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Непал, Камбоҷа ва Ҷумҳурии Озарбойҷон шомил мебошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иштирокчиёнро ба муносибати 15-умин солгарди таъсисёбии созмон ва сарони давлатҳои Покистону Ҳиндустонро барои шомил шудани кишварашон ба узвият табрику таҳният гуфт. Зимни суханронӣ вобаста ба фаъолияти созмон ва таҳияву қабули барномаҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кард, ки татбиқи Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025 барои дурнамои рушди созмон заминаи воқеӣ мегузорад ва Тоҷикистон қабули нақшаи амалро оид ба татбиқи ин стратегия давоми 5 соли оянда ҷонибдорӣ мекунад. Барнома имкон медиҳад, ки кишварҳои аъзо ҳамкориро ба сатҳу сифати нав бароварда, нақши созмонро дар

ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ боло баранд. Аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақшаи амали кишварҳои аъзои созмон пешниҳодҳои мушаххас ба миён гузошта шуд. Тақвияти муборизаи дастаҷамъона бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир ба хотири таъмини амнияту субот дар минтақаву ҷаҳон ва тезонидани раванди таъсиси бонк ва Фонди рушди Созмони Ҳамкории Шанхай баҳри таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии дорои аҳамияти минтақавӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷонибдории кишварро барои ҳарчи зудтар қабул шудани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризми байналхалқӣ баён намуд. Эмомалӣ Раҳмон оид ба дигар паҳлуҳои ҳамкории кишварҳои аъзо дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетика, нақлиёту транзит ва фарҳангию гуманитарӣ андешаронӣ карда, бори дигар мавқеи устувори Тоҷикистонро барои таҳкими он муайян кард. Пас аз анҷоми суханрониҳо аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо як зумра санадҳо ба имзо расид. Дар доираи сафараш ба Тошканд, Президенти мамлакат бо сарони як қатор давлатҳо мулоқот кард. Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин маҷмуъи васеи ма-

соили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай баррасӣ гардид. Аз сатҳи рушду густариши ҳамкорӣ, ки бо талошҳои муштарак ба даст меоянд, изҳори қаноат карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки таҳкими муносибатҳои стратегию шарикӣ бо Ҷумҳурии Чин аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати мо боқӣ хоҳад монд. Таъкид гардид, ки гардиши мол байни кишварҳо дар семоҳаи аввали соли 2016 беш аз 200 миллион долларро ташкил дод ва изҳори умед карда шуд, ки бо талошҳои якҷоя мумкин аст, ин нишондод то соли 2020 то ба 3 миллиард доллар расонда шавад. Зимни мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардида, оид ба дарёфти роҳҳои нави рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун табодули афкор сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон рушди манфиатбахши муносибатҳои дӯстию ҳамкории байни ҷумҳуриҳоро, ки аз қаъри асрҳо маншаъ мегиранд, дар сиёсати хориҷии Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ намуд. Ҷонибҳо аз раванди таҳкими судовари робитаҳо, аз ҷумла болоравии ҳаҷми гардиши мол ва фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ изҳори қаноат карданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Прези-

денти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот кард. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки муносибот дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай имкониятҳоро баҳри густариши ҳамкории судманд ва созандаи бисёрҷонибаю минтақавии давлатҳо афзуну фарохтар хоҳад гардонд. Масъалаи васеъ намудани доираи ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои муҳими энергетика ва нақлиёту транзит, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, баррасӣ гардида, оғози сохтмони лоиҳаи минтақавии сохтмони хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи СASA-1000 дар ҳудуди Тоҷикистон дар таърихи муносибатҳои ҳамкорӣ руйдоди муҳим маънидод карда шуд. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки бо истифода аз зарфиятҳои бузурги мавҷуда имкон аст, ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ солҳои наздик то ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонда шавад. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Тошканд Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ низ мулоқот карда, маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд. Дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, таъкид дошт, “мо ҷонибдори тақвияти бештари низоми нави сиёсӣ ва таъмини субот ва амният дар Афғонистони бародар мебошем ва онро гарави амнияти пойдор дар Тоҷикистон ва

кулли минтақа медонем”. Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки барои татбиқи ҳадафҳои ба ҳар ду ҷониб судовар фаъолияти пурсамари Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ метавонад нақши муҳим дошта бошад. Тақвияти ҳамкории муштарак вобаста ба хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ки хусусияти умумиминтақавӣ ва ҳатто глобалӣ доранд, зарур шумурда шуд. Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуд. Ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳо, барномаҳои мушаххаси муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, рушди муносибатҳо дар бахшҳои энергетика, саноат, илму технология, сайёҳӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва фарҳангию гуманитариро аз самтҳои афзалиятноку манфиатбахши робитаҳо арзёбӣ карданд. Таклиф шуд, ки барои ба сатҳи зарурӣ баровардани муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҷоннок карда шавад. Масъалаҳои таҳкими суботи минтақавӣ, мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои глобалӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқоти дуҷониба буд ва сарони давлатҳо нисбат ба ҳалли он мавқеи ягонаи худро баён карданд.


НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №26 (9452), 30 июни соли 2016

3 е-mail: javonontj@mail.ru

Анвар Юнусов – соҳиби роҳхати олимпӣ. Даврон низ Анвар Юнусов, муштзани машҳури кишвар дар мусобиқаи кушоди литсензионӣ оид ба бокс, ки 16-25 июн дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор шуд, соҳиби медали нуқра ва роҳхати олимпӣ гашт. Дар мусобиқа 469 варзишгар аз 105 кишвари дунё барои 39 роҳхат ба Рио-де-Жанейро мубориза бурданд. Аз Тоҷикистон дар мусобиқа, ҳамчунин Ф. Раҳматшоев дар вазни 52 кило, Баҳодур Усмонов (56), Шавкатшо Раҳимов (64), Бахтиёри Мирзомуҳаммад (69), Шаҳбоз Неъматуллоев (75), Меҳрубон Сангинов (81) ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни 91 кило иштирок доштанд. Анвар Юнусов то давраи ниҳоӣ бо панҷ ҳарифи худ Эдгарас Скурделис (Литва), Алӣ Аҳмад (Покистон), Доменеко Валентино (Италия), Волкан Гоксек (Туркия) ва Ҷун Шан (Чин) бо ҳисоби якхелаи 3:0 ғолиб омад. Дар давраи ниҳоӣ аз Энрико Лакруз (Нидерланд) бо ҳисоби 0:3 мағлуб гардид. Бахти дигар варзишгарони кишвар барои дарёфти роҳхати олимпӣ омад накард. Анвар Юнусов дорандаи медалҳои биринҷии чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни калонсолон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ва тиллои чемпио-

нати Осиё дар Кореяи Ҷанубӣ аст. Дар Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин ба мақоми панҷум расида буд. Соли 2011 дар рейтинги ҷаҳонӣ дар ҷои якум қарор гирифт. Панҷум роҳхати олимпиро Даврон Атабоев ба даст овард. Даврон дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1980 Татяна Колпакова, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек доир гашт, масофаи 200 метрро дар зарфи 20:50 сония тай намуд. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки меъёри литсензияи олимпиро иҷро кунад. Даврон Атабоеви 23-сола дар бисёр мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ, ба мисли аввалин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон соли 2010-ум дар Сингапур ва Бозиҳои XVII Осиё соли 2014-ум дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ шарафи варзиши Тоҷикистонро ҳимоя кардааст. Вай таҳти раҳбарии мураббиён Ӯлмас Олимов ва Галина Карамишева

тамрин мекунад. Ҳамин тариқ, то имрӯз панҷ варзишгари тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразил мушарраф шудаанд. Ёдовар мешавем, варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров аввалин шуда аз байни варзишгарони Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 гардид. Баъдан ду паҳлавони тоҷик - Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар риштаи ҷудо ҳуқуқи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016-ро ба даст оварданд. Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигарон гуфтааст, ки ба Тоҷикистон дар риштаи шиноварӣ 2 квота (1 мард ва 1 зан) ва дар намуди варзиши сабук 1 квота (зан) ҷудо мешавад. Инчунин, дар риштаҳои гуштии озод, тирандозӣ ва вазнабардорӣ низ ба Тоҷикистон ихтисоси квота дар назар аст.

Варзиши сабук: 30 варзишгари беҳтарин муайян гардид 25-28 июн дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ оид ба варзиши сабук байни наврасони соли таваллудашон 2000-2002 доир шуд, ки дар он 200 нафар иштирок намуданд. Мусобиқа аз рӯи намудҳои давидан, ҷаҳидан ба баландӣ ва ҳаво додани норинҷак миёни духтарон ва писарон баргузор шуд. Дар натиҷа ба 30 нафар варзишгари беҳтарин туҳфаҳои хотиравии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд тақдим карда шуд. - Имрӯз ки аз тарафи Ҳукумати киш-

ВМКБ - ғолиби мусобиқаи гуштини миллӣ

вар ба соҳаи варзиш аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад, мо низ кӯшиш дорем варзишгарони касбиро аз байни духтарон ва писарон омода кунем. Ба ин хотир, мо дар мусобиқаи мазкур бештар духтаронро ҷалб намудем, то аз байни онҳо беҳтаринҳояшонро тарбия намоем, - гуфт Зариф Мирдадо, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят.

Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бахшида ба 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини миллӣ баргузор гардид. Дар он варзишгарон дар ҳайати дастаҳои ВМКБ, Хатлон-1, Хатлон-2, ШНТМ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Ғолибон ба тариқи зайл муайян шуданд: Дар вазни 60 кг: 1. Комрон Мамадназаров – ВМКБ 2. Далер Қурбонҷонов – ВМКБ 3. Бахтовар Каримов – Душанбе 3. Фурқат Муборакқадамов – ВМКБ Дар вазни 65 кг: 1. Наврӯзшо Чоршанбиев – ВМКБ 2. Азизулло Икромов – ШНТМ 3. Самандар Қаландаров – Хатлон-1 3. Исмоил Лутфишоев – ВМКБ

Дар вазни 75 кг: 1. Акмал Сайнаков – ВМКБ 2. Ғулом Амадбеков – ВМКБ 3. Муяссар Халилов – ВМКБ 3. Анбиё Шуков – ВМКБ Дар вазни 80 кг:

Дар вазни 90 кг: 1. Рашид Зиёбеков – ВМКБ 2. Бунёд Навбаҳоров – ВМКБ 3. Файзиддин Абдуллоев – Хатлон – 1 3. Бахтовар Замиров – ВМКБ

Ҷамъбасти мусобиқаи "Тӯби чармин-2016"

Дар вазни 100 кг: 1. Шакармамад Мирмадов – ВМКБ 2. Руслан Зарифбеков – ВМКБ 3. Назармамад Назаров – Душанбе

Аз 23 май то 23 июни соли ҷорӣ дар варзишгоҳи Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №1»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи футбол барои дарёфти "Тӯби чармин-2016" байни наврасони солҳои таваллудашон 1999-2000, 2001-2002 ва 2003-2004 баргузор гардид.

Дар вазни + 100 кг: 1. Рауф Зиёбеков – ВМКБ 2. Ардашер Мирзоев - ВМКБ

Дар мусобиқа 10 даста аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Хуҷанд ширкат намуда, барои гирифтани мақомҳои ифтихорӣ байни ҳам мубориза бурданд. Миёни футболбозони соли таваллудашон 1999-2000 ҷойи якумро Гимназияи №4, ҷойи дуюмро МТМУ №9 ва ҷойи сеюмро дастаҳои МТМУ №14 ва Литсей №1 ишғол намуданд. Байни тимҳои солҳои таваллудашон 2001-2002 ҷойи якум боз ҳам насиби футболбозони Гимназияи №4, ҷойи дуюм насиби МТМУ №5 ва ҷойи сеюм насиби Литсейи №1 ва МТМУ №14 гардид. Байни дастаҳои соли таваллудашон 2003-2004 ғолибиятро футболбозони Гимназияи №4 ба даст оварданд. Дар ҷойи дуюм дастаи Гимназияи №24 ва дар ҷойи сеюм дастаҳои Гимназияи №1 ва МТМУ №9 қарор гирифтанд. Ғолибони мусобиқа, бозингарони беҳтарин ва мураббиён бо ҷом ва ифтихорнома аз ҷониби Шуъбаи маориф ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ шуданд. Саодат ИСМОИЛӢ, “ҶТ”

Дар ҳайати даставӣ: 1. ВМКБ 2. Хатлон -1 3. Душанбе Ба ғолибон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Шералӣ ҶАЛОЛОВ, “ҶТ”

www.javonon.tj

Дар вазни 70 кг: 1. Асад Собиров – ВМКБ 2. Хуршед Мавобулоӣ – Хатлон-2 3. Маснавӣ Дастамбуев – ВМКБ 3. Тошбек Тошбеков – ВМКБ

1. Валӣ Қулмамадов – ВМКБ 2. Рустам Душанбиев – ВМКБ 3. Бахитёр Чоршанбиев – ВМКБ 3. Носир Зайниддинов – Хатлон – 1


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

4

МАВЗӮИ РӮЗ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №26 (9452), 30 июни соли 2016

Ҳасан АЗИЗОВ Баробари баланд гаштани ҳарорати ҳаво дар миқёси ҷумҳурӣ сокинон, махсусан, ҷавонону наврасон ба оббозӣ машғул мешаванд. Мутаассифона, ҷавонон ва наврасон аз шавқи зиёд доштанашон ба оббозӣ ба хатарнок будани баъзе мавзеъҳо ва ё баъзе кӯлу дарёҳои ҷараёнашон тез аҳамият намедиҳанд, ки аксари ҳолат ба оқибатҳои нохуш меанҷомад. Ориф Нозимов, сардори Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зикр намуд, ки бо сабаби оббозӣ кардани шаҳрвандон дар ҷойҳои хавфнок ҳар сол ҳодисаҳои нохуш рух медиҳанд. “Сабабҳои асосии ба ҳалокат расидани шаҳрвандон дар обҳои Тоҷикистон риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, садамаҳои нақлиёт, худкушӣ, беэҳтиётӣ, лағжидан дар об, бемориҳои рӯҳӣ, беназоратии падару модарон нисбат ба фарзандон мебошад. Бештари фавтидагон шаҳрвандони то 35-солаанд. Соли 2015 дар миқёси ҷумҳурӣ, 183 нафар дар натиҷаи чунин ҳолатҳо ба ҳалокат расиданд, ки аз инҳо то 10-сола 40 нафар, аз 10-сола то 17-сола 32 нафар ва аз 17-сола боло 111 нафар мебошанд. Барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ҳарсола аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ҳамоҳангӣ бо намояндагони ВАО пайваста чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва корҳои профилактикӣ гузаронида меашванд”, - афзуд О. Нозимов. Бо вуҷуди корҳои фаҳмондадиҳӣ сафи аз беэҳтиётӣ ғарқшавандагон сол ба сол бештар мешавад. Масалан, дар панҷ моҳи соли равон дар шаҳру навоҳии кишвар дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, дар натиҷаи мастӣ ва дигар ҳолатҳо 47 нафар ба ҳалокат расидаанд. - Ҳамаи ин мушкилотро ба назар гирифта, ҷиҳати наҷот додани шаҳрвандон КҲФМГ дар мавзеъҳое, ки кӯлу ҳавзҳо ва дарёҳо ҷойгиранд, дастаҳои махсуси наҷотдиҳӣ ташкил намудааст. Ин дастаҳо аз ҳисоби наҷотдиҳандагони ғаввос

аз ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд. Ҳар рӯз 7 нафар ҳайати даста хизмати шабонарӯзӣ карда дар мавзеъҳои хавфнок ба роҳ мемонанд. Омили дигари ғарқшавӣ дар мамлакат он аст, ки дар истироҳатгоҳҳо ва дар минтақаҳои гарм мавзеъҳои оббозӣ мувофиқ ба синну сол муқаррар нагардидааст ин ҳолот бештар ба ғарқшавии кӯдакону наврасон оварда мерасонад. Масъулини истироҳатгоҳу фароғатгоҳҳо ва шаҳру навоҳӣ бояд мувофиқ ба синну сол ва қаду басти кӯдакон кӯлу ҳавзҳои махсус созанд. Дар шаҳри Душанбе, ба ақидаи сокинони пойтахт, аз ҳама ҷойи оббозии хуб дарёи Душанбе, кӯли «Ҷавонон», «Варзоб» ва «Чорбоғ» аст. Аммо бо қарори сардухтури давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе бо сабаби ба

да шудааст, то шаҳрвандон бинанду эҳтиёт кунанд. Вале шаҳрвандон нисбат ба худ бепарво ва беаҳамиятанд, ки бо вуҷуди овезаҳои огоҳикунанда аз хавфпазирӣ оббозиро дар он нуқтаҳо ихтиёр мекунанд. Ба қоидаҳои бехатарӣ умуман диққат намедиҳанд ва ғарқ мешаванд. Масалан, мо ба онҳо мегӯем, ки ҳангоми шиноварӣ ба байни кӯл наравед, чунки он ҷо чуқур аст, ғарқ шуданатон мумкин. Вале гӯш намекунанд. Онҳо дарк намекунанд, ки дар оби истода шино кардан душвор аст. Барои он ки оби истода ҳама чизро ба замин мекашад. Ҳатто шахсоне, ки оббозиро хуб метавонанд, ғарқ мешаванд”. Проблемаи дигар он аст, ки ба кӯл бештар кӯдакону наврасон бе падару модар ва ё ягон хеши калонсолашон меоянд. Ягон нафари боақле нест, ки онҳоро назорат кунад, то бетартибӣ накунанду ба байни кӯл нараванд. “Солҳои охир

хаёл кардем, тамом кардааст. Ба ҳар ҳол ёрии аввалинро, ки ба ғарқшудагон расонда мешавад (яъне зер кардани қафаси сина) расондем. 5-6 маротиба қафаси синаи ӯро зер кардем, ногаҳон аз даҳонаш об париду ба худ омад. Баъд аз муоинаи духтур мо ба хешу табори вай занг зада хоҳиш кардем, омада ӯро баранд. Маълум гашт, ки писарак аз вилояти Суғд буда, ба шаҳри Душанбе, хонаи холааш меҳмонӣ омадааст”. Ин корманди кӯли “Ҷавонон” мегӯяд, онҳо рӯзи дароз аз ин гӯшаи кӯл ба гӯшаи дигари он мегарданд, то наврасонро аз беэҳтиётӣ огоҳ кунанд. Кӯли “Ҷавонон” қариб 17 гектар масоҳат дорад. Ҳар рӯз ба он ҷо 300-400 нафар барои оббозӣ меоянд, назорат кардани ин теъдод дар алоҳидагӣ ҳам кори осон нест, балки худи кор кардан бо мардум дар ин ҷо хеле душвор аст. Чаро ки сухани хубро намефаҳманд. Барои

дари ӯ ҳам машғули оббозӣ буд. Дар ин ҳолат хоҳем нахоҳем кӯдакон ғарқ мешаванд. Падару модар бояд, ки фарзандони худро зери назорати қатъӣ бигиранд”. Дар ҳақиқат дар таътили тобистона кӯдакону наврасон бештар ба оббозӣ машғул мешаванд ва аз беаҳамиятиву беназоратии волидон ба ҳодисаҳои гуногун гирифтор мешаванд. Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар об аз шумо - сокинони ҷумҳурӣ ва меҳмонон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои ҳимояи ҳаёти худ ва наздиконатон, диққати ҷиддӣ дода, ҳангоми истироҳату шиноварӣ дар наздикии дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоед. Аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ намуда, ҳангоми истироҳат дар наздикии иншооти обӣ ноболиғонро

талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набудан шиноварӣ дар ин кӯлҳо манъ аст ва оид ба ин дар ҳамаи кӯлҳо овеза насб шудааст. Вале ба ин нигоҳ накарда сокинони пойтахт, махсусан кӯдакону наврасон дар онҳо оббозӣ менамоянд. Шиноварӣ кардан дар кӯлҳо барои кӯдакон ва наврасон хеле хатарнок аст. Алишер Азизов, мутасаддӣ ва наҷотдиҳандаи кӯли “Ҷавонон” гуфт, дар ҳақиқат шиноварӣ дар кӯл манъ шуда буд. “Соли гузашта кӯлро пурра тоза намуда, обашро иваз кардем, - гуфт А. Азизов. - Ҳоло дар кӯл шино кардан мумкин аст, ба ҷуз чанд ҷойи муайян. Ҷойҳое, ки хеле чуқуранд. Дар баъзе ҷойҳои кӯл овезаҳои қоидаҳои шиноварӣ дар кӯл насб кар-

кӯдакону наврасон як ҳилаи нав омӯхтаанд, - афзуд Алишер Азизов. - Онҳо дар миёни худ ду-се бақлашкаро баста, оббозӣ мекунанд ва ба ҷойҳои чуқури кӯл шино карда мераванд. Вақте бақлашкаро дар миён мебандӣ, бақлашка шуморо ба боло мебардорад ва ғарқ шудан намемонад. Лекин Худо накарда, банди бақлашка канад... Соли гузашта, як писари 10-сола, бо бақлашка шино карда байни кӯл рафт. Ногаҳон банди бақлашка канду ғарқ шуд. Хушбахтона, мо сари вақт ӯро наҷот додем. Аз лаби кӯл то байни он рафтем, ки қариб 5-10 дақиқа гузашт, кӯдак то расидани мо аз ҳуш рафта, об ӯро ба зер кашида буд. Ман ба дохили кӯл даромада, ӯро баровардам. Ҳоли наврасро дида

ҳамин хуб мешуд, падару модарон фарзандони худро ҳини ба оббозӣ омаданашон ҳамроҳӣ кунанд. Гулсифат, сокини шаҳри Душанбе, ки бо ду фарзандаш - яке Ҷамшеди 5-сола ва дигаре Ҷамилаи 7-сола ба кӯли “Ҷавонон” ҳафтае ду маротиба оббозӣ меоянд гуфт: “Ман тӯли як моҳ шуд ҳамроҳи фарзандонам ба ин ҷо меоям. Дар ин муддат мушоҳида кардам, ки бештари волидон нисбат ба фарзандони худ бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Ман кӯдакони худрсолеро дидам, ки шиноварӣ мекарданд ва касе онҳоро назорат надошт. Аз якеаш пурсидам, ки ҳамроҳи кӣ ба ин ҷо омадааст. Гуфт, бо бародари 9-солааш. Вале баро-

беназорат нагузоред. Агар дар ҳамоҳангӣ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон барои таъмини бехатарӣ худу наздикону пайвандон, кӯдакону наврасон аз як гиребон сар барорем, фикр мекунам, ки ҷиҳати кам намудани ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва дигар фалокатҳо мусоидат менамояд. Ҳамзамон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба диққати сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бо баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва оғози мавсими шиноварӣ дар дарёҳо, кӯлу ҳавзҳо, ки ба таҳдиди эҳтимолияти ғарқшавии шаҳрвандон оварда мерасонад, аз ҳамагон ҳушёрӣ ва эҳтиёткориро талаб менамояд.

Беаҳамиятӣ то ба кай?


ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №26 (9452), 30 июни соли 2016

Гулбаҳор РАҲМОНОВА

Мехоҳед, занҳо ронанда бошанд?

Амрулло НИЗОМОВ, журналист: - Дар замоне, ки дунё ҳар рӯзу соату сония дар ҳоли пешрафт аст, табиист, ки як қисми бузурги ин пешравиҳо бо дасти занон анҷом мешаванд. Ҳоло агар касе ояду ин ҳамаро аз онҳо ғасб карда бигирад, камоли бехирадист. Илова бар ин, замони мо асри шуғлу бебандуборист, агар зан тавони мустақилона ва бехатар рондану роҳрафтанро дошта бошад, ӯро зарур аст, ки ба хотири ҳифзи вақту ҳифзи домани номуси худ бояд ронандагиро омӯзаду худро аз баъзе хатарҳои эҳтимолӣ (назири дастдарозии баъзе булҳавасони шаҳватпараст) эҳтиёт кунад. Аммо агар ҳадаф аз омӯхтану ронанда шудан касби шуҳрату таҳқири дигарон ва ҳамчун василае барои бадрафториҳо бошад, ин касб ҳам бар зарари худи ҳамон занҳои ронанда ва ҳам бар зарари ҷомеа хоҳад буд.

Ёқуб ҲАЛИМОВ, сокини пойтахт: - Ман мехоҳам занҳо ронандаи бо ҳушу гӯш бошанд. Мошин ҳам як дастгоҳ аст, мисли дастгоҳи ғизопазӣ, ҷомашӯӣ ва ғайра. Яъне дастгоҳест, ки барои идораи одам сохта шудааст. Занҳо дастгоҳҳое мисли ҷомашӯӣ, ғизопазӣ, дарзмол, яхдон ва ғайраву ҳоказоро хуб истифода мебаранд, вале дар истифодаи мошин каме дасту поча мешаванд. То кунун ман ҷанбаи илмии ин нуктаро нахондаам, ки чаро занҳо дар рондани мошин ба саросемагӣ роҳ медиҳанд. Занҳо мошинро бо суръат намеронанд, вале дар айни ҳол қоидаҳои ҳаракати роҳро бисёр поймол мекунанд. Ба ҳар ҳол ман зидди ронандагии занҳо нестам. Чаро занҳо, фарз кардем, дипломи мактаби олиро дошта бошанду ҳуҷҷати ронандагӣ надошта бошанд?

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, шоир: - Чаро не?! Ронандагии занҳо бадӣ надорад, агар тамоми қоидаи ронандагиро донанду риоя бикунанд. Дар давлати мо занҳои ронанда зиёд нестанд ва барои ҳамин дар назарамон ронандагии занҳо аҷиб менамояд. Аммо дар ояндаи наздик ин аҷибӣ бартараф мешавад, зеро сафи занҳои ронанда бо гузашти вақт зиёд мешавад. Вақте ки зиёд шуд, дигар мо ба ронандагии занҳо ҳамчун ҳангома нигоҳ намекунем. Зане, ки инсонро парвариш карда, ба роҳ медарорад, чаро нақлиётро ба роҳ дароварда натавонад?! Албатта, метавонад. Барои ин танҳо лозим аст, ки мард ба зан бовар бикунад ва имконият бидиҳад. Зан метавонад корҳои шоёне кунад, ки марди тавоно ҳатто барои тасвири он нотавонӣ мекашад.

Одили НОЗИР, журналист: - Чаро нахоҳам? Модом ки зан, муаллима аст, табиб аст, роҳбари корхона аст, шаҳр ё ноҳияву вилоят аст ва ҳатто вазир аст, ягон айб дорад, ки ронанда бошад? Ҳанӯз ҳам миёни баъзе мардон ва ҳатто ағлаби занҳо андешае чарх мезанад, ки гӯё зан ронанда буда наметавонад. Ман ҳайронам ба чунин муносибат. Воқеан, дар як маҷалла хондам, ки занҳо дар ронандагӣ боэҳтиёттар аз мардҳо ҳастанд ва шумораи садама аз ҷониби онҳо дар муқоиса ба мардон хеле кам аст. Модом, ки мо ба ҷомеаи мутаммаддин гузаштем, занро дар тамоми соҳаҳо ба сифати роҳбару сарвар роҳ додем, набояд монеи ронанда шуданашон бошем. Зани ронанда роҳат метавонад, кӯдаконашро боғча барад, харид кунад ва ба дигар корҳои хона расидагӣ кунад.

е-mail: javonontj@mail.ru

Вақтҳои охир сафи ронандагони нақлиёт аз ҳисоби бонувон афзудааст. Ҳатто бонувонеро вомехурем, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба кашондани мусофирон машғуланд. Мушоҳида шуд, ки баъзеҳо бо сабаби зан будани ронанда ба нақлиёт нанишастанд. Аз мусоҳибон пурсидем:

5

Фариддун УМАРБЕК, корманди Вазорати маориф ва илм: - Дар кишварҳои пешрафта доштани мошин барои занҳо ва ҳамчунин дар сари чамбари мошин нишастани занҳо чандон мавзӯи таваҷҷуҳбарангез нест. Аммо ин масъала дар кишваре чун Тоҷикистон ҳанӯз боиси таваҷҷуҳ шуда метавонад. Чаро ки бештари маврид мардон на ҳамеша ҷонибдори дар сари чамбари мошин нишастани занон ҳастанд. Вале ба ҳар сурат дар ҷомеаи имрӯза ман фикр мекунам, ки нишастан дар сари чамбари мошин барои як зан ҳамоно чун мояи ифтихор ва қобили дастгирӣ аст. Ман шахсан бо чанд хусусияти занони ронанда аз онҳо ҷонибдорӣ мекунам. Чаро ки занон дар қиёс ба мардҳо ҳам эҳтиёткоранд ва дар риояи қоидаҳои ҳаракти роҳ низ масъулияти бештареро эҳсос мекунанд.

 МУРОҶИАТ БА ҶАВОНОН

Ёқуб Салимов: Бозичаи дигарон не, бозичаи дасти худамон шудем (Муроҷиати Ё. Салимов ба мардуми Тоҷикистон ба муносибати иди Ваҳдат) Суханҳои зиёди гуфтанӣ дорам, вале миёни онҳо дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ як ҳарфи муҳиме ҳаст:

кишвари моро ғуборолуд созанд. Вале мо акнун роҳҳои парешон кардани ин абрҳоро медонем. Ин ҳам бошад, аз ангуштони парешон ба бор авардани мушти қавист, ки номи он Ваҳдат мебошад. Меҳвари ин Ваҳдат бояд миллат ва Пешвои он бошад. Ман дар ин рӯзи муқаддас ба зиёиёни кишвар рӯй меорам. Онҳо дар рӯзҳои вазнин натавонистанд пешоҳанги миллат ва мардуми Тоҷикистон бошанд, бозичае дар дасти гурӯҳҳо, ҳизбҳо, мазҳабиён, ифротгароён ва давлатҳои манфиатдор шуданд. Ҳоло ҳам ба гӯш мерасад, ки мегӯянд: “Мо бозичаи дасти дигарон шудем”. Ин ғалат аст. Мо ба хотири мансаб, манфиатҳои иқтисодӣ, ҳизбӣ, мазҳабӣ бозичаи дасти худамон гаштем. Моро тақсим кардан мехостанд ва ин кӯшишҳо имрӯз ҳам ҷой доранд. Ба ёд оред сухани Юлиус Сезарро, ки 2,5 ҳазор сол пеш гуфта буд: “Ҷудоӣ андоз ва ҳукмронӣ кун”. Миллати оқил ҳаргиз гирифтори доми фиреби дигарон намегардад. Мо бояд дар гуфтор ва кирдори худ аз ақл кор гирем. Ақле, ки моро барои расидан ба орзуҳои миллиамон мерасонад. Ман ҳамчун шахсе сухан мегӯям, ки

дар рӯзҳои вазнин дар паҳлуи мардуми ҷафокашидаам қарор дорам. Агар Худованд насиб дида бошад, умед дорам то нафаси охирин дар паҳлуи он бошам. Аз ин дидгоҳ назар меандозам ва ба мардуми азизам муроҷиат мекунам: “Ба қадри миллат ва давлати озадомон бирасем, дигар ба ҷудоиандозӣ роҳ надиҳем, даст ба кор бошем, кишварамонро чун модарамон дӯст дорем ва ба хотири пешрафти он дар атрофи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем”.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон», №25 (1171) аз 22-юми июни соли 2016

www.javonon.tj

— Ҳамватанон, мардуми шарифи Тоҷикистон! Ҳеҷ неъмате муқаддастар аз осудагӣ, оромӣ, Ваҳдат ва якпорчагии миллату давлат нест. Мо ҳазор сол баъд аз суқути давлати Сомониён машаққати бедавлатӣ кашидем, миллати мо ғуломи ҳалқабаргӯши ғосибони мулкамон буд. Ба шарофати Истиқлолият мо соҳиби давлати миллӣ шудем, вале Истиқлолияти моро хостанд оғӯштаи хуну хок созанд. То андозае чунин ҳам карданд. Тоҷикистони азизамон дар марзи парокандагӣ қарор дошт, мехостанд онро қисмат кунанд. Сездаҳ сол дар ғурфаи танг, пушти панҷара ҳамеша фикр мекардам, сари ғалатҳо, кардаҳо, каҷравиҳо андеша мерондам. Дуруст аст, ки интихоби худро мо аллакай соли 1992 карда будем. Ин интихоб сари шахсияте, ки имрӯз шуҳрати ҷаҳонӣ ва маҳбубият дорад - абармард, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта буд. Ин роҳи дурусте буд, ки он вақт мо ба

он қадам гузоштем. Тӯли 25 сол ӯ тавонист қадам ба қадам, зина ба зина миллати парешонгаштаро ба ҳам оварад, давлатеро, ки тифли навзодро мемонд, ба марди баркамолу тавоно табдил диҳад. Мардуми мо бояд бо чунин абармард ифтихор кунанд. Мо, мардуми тоҷик ғалат кардем ва дуруст аст, ки ғалат ислоҳпазир аст. Мардуме, ки иштибоҳ кард ва онро ислоҳ намуд, дар роҳи ҳақ қарор дорад. Имрӯз Пешвои миллат ва мардуми шарифи Тоҷикистон роҳи дурустро пеш гирифтанд. Ин роҳи Ваҳдат аст ва ин иди Ваҳдатро ман ба тамоми мардуми Тоҷикистон табрик мегӯям. Ман шоҳиди рӯзҳои вазнини ба сари миллатомада будам. Дигар дидани гиряи ба фалак печидаи модарон, дар сӯги ҳамсар либоси мотам ба бар кардани занон, дар ҳасрати дидори падар ҳалқа задани об дар чашмони тифлонро дидан намехоҳам. Намехоҳам бубинам, ки давлати ман дастнигари давлатҳои дигар бошад ва ба хотири манфиатҳои гурӯҳӣ, ҳизбӣ, мазҳабӣ боз ғӯтта бар хуну хок занем. Ман, ҳарчанд дар паси панҷара будам, вале чашм аз хондани рӯзномаҳо накандаам, огаҳӣ аз вазъи ҷаҳон доштам. Абрҳо ҳанӯз ҳам мехоҳанд осмони софи


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

6

МАВҚЕИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №26 (9452), 30 июни соли 2016

Тақрибан 80 фоизи аҳолии дунё камбизоатанд. Аксари одамон сабабҳои ин гуна вазъи иҷтимоиро дар ҷомеаи муосир ҷӯё мешаванду ҳанӯз посухи аниқу ягона дарёфт нагардидааст. Албатта осудаҳолӣ ва некӯаҳволии шаҳрвандон ба сиёсати молиявӣ ва иҷтимоии ҳар давлат вобастагӣ дорад. Аммо сабаби асосии камбизоатии як фарди алоҳида ва ё як оила аз афкори нодуруст нисбат ба неъматҳои моддӣ ва тақсимоти нодурусти даромади худи ӯ мебошад. Мардум агар касеро дуои бад кардан хоҳад, мегӯяд: “Илоҳӣ ба як танга зор шавӣ!”. Надоштани маҳорати банақшагирии буҷа, хароҷоти беҳуда, исрофкорӣ, хасисӣ, бо дигарон қисмат карда натавонистан ва баъзан танбалӣ ин ҳама ҳатто сарватмандонро низ метавонад ба бенавоӣ оварда расонад. Ашхосе, ки бо чунин сабабҳо камбизоату нодор мешаванд, ҳатто аз раҳмати Худованд низ бебаҳра мемонанд. Аммо агар шахс бар асари вазъи саломатӣ ва гум кардани қобилияти коршоямии худ камбағал шавад, ба ӯ дасти кӯмак дароз кардан ҳатмӣ аст. Равоншиносон бар он назаранд, ки агар дар оила мушкилоти моддӣ зиёд бошад, ин ба руҳияи кӯдакон таъсири манфӣ мегузорад. Дар чунин оилаҳо волидон ҳамеша сарфаю сариштакорӣ намуда, ҳар як пули майдатаринро низ бо ҳисобу китоби махсус хароҷот мекунанд. Кӯдакони чунин оилаҳо камҷуръату эҳтиёткор ва тарсончак мешаванд. Маҳз ҳамин хислатҳо барои пешрафту ташаккулёбии онҳо, мустақилият ва соҳибмақому соҳибобрӯ гаштанашон монеъ мегардад. Шахсияти кӯдак дар оила ташаккул меёбад. Волидон дар шуури ӯ муносибатҳои муайянеро ба зиндагӣ ва муҳити онҳоро иҳотанамуда ҷо мекунанд, ки дар тӯли ҳаёт аз он истифода менамоянд. Албатта ҳар як падару модар мехоҳад, ки фарзандаш бовиҷдону олиҳиммат ва нексиришт ба воя расад. Аммо беихтиёр дар шуури онҳо дар муҳити нодорию кашшоқӣ зистанро меомӯзонем ва ноаён онҳо ба ҳаёти камбағалона одат мекунанд. Аз ҳамсуҳбатон суол намудем: Оё камбағалӣ ирсӣ аст? - Бале, - мегӯянд баъзеҳо. Фарзандони оилаҳои камбағал ба камбағалӣ маҳкум шу-

даанду вақте ба воя мерасанд, ҳатман бо мушкилоте аз қабили бекорӣ, ҷинояткорӣ ва қашшоқӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ба ақидаи онҳо, кӯдакон ҳанӯз аз панҷсолагӣ сарфаҳм мераванд, ки кадом одамон камбағаланду кадоме сарватманд. Ҳамзамон кӯдаконе, ки дар оилаҳои миёнаҳол зиндагӣ мекунанд, нисбат ба камбағалон калимаҳои «чиркин», «мумсик» ва монанди инҳоро истифода менамоянд. Онҳо ҳатто инро низ тасдиқ мекунанд, ки кӯдакони оилаҳои камбағал дар хонишу таҳсил низ ақибмондаанд. Онҳо одитарин имкониятҳои амалӣ сохтани орзуҳои худро надоранд. Мувофиқи тадқиқоти олимони яке аз донишкадаҳои Аврупо, камбағалӣ ирсӣ буда, аз насл ба насл мегузарад. Нафарони дар чунин оилаҳо ба воя расида асосан ҳассосу асабонӣ мешаванд, ки ин ба ояндаи онҳо бетаъсир намемонад. Мушкилоти нодорӣ ва ҳамеша дастнигар будан онҳоро ба

аввал рӯйхати орзуҳои худро навиштам, 12 саҳифа шуд, ки он аз харидани курткаи чармин, хона, мошин, ҷиҳози хона ва ғайраҳо иборат буд. Бодо Шеффер, устоди ман, гуфт, ин рӯйхати камбағалии туст, на орзуҳо. Ман имрӯз медонам, ки ин суханон ҳақиқатанд. Аксарият хароҷоташон аз даромадашон зиёд аст, пули ёфтаашонро барои харидани сару либос ва дигар ашёи нолозим сарф мекунанд ва захира надоранд. Ба мардуме, ки воқеан ҳаёти худро дигар кардан мехоҳанд, орзу доранд, кор кардан мехоҳанд, бояд сабақ омӯзем. Пул бошад воситаест, ки орзуҳоро амалӣ мегардонад. Имконият - аввал, баъд пул, ақл - аввал, баъд бойигарӣ меистад. Нодон пулдор шавад, онро баъди муддате тамом мекунад, доно бошад, аз пул пули дигар меёбад. Саидмурод Давлатов, доктори илмҳои психологӣ, шогирди донишманди олмонӣ Бодо Шеффер, дорандаи 21

ҷойгир аст. Вақте инсон сарфакорона истифода кардани вақт ва дороии худро меомӯзад, ӯ ҳаргиз ба сатҳи камбизоатӣ намерасад. Рӯҳафтодагиву дилшикастагӣ ва ҳаросу беҷуръатӣ касро ба мақсуд намерасонад. Ҷасорат доштан, аз шикасту афтиданҳо натарсидан ва ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва такопӯи омӯзиш будан аз шартҳои асосии раҳо шудан аз нодорӣ аст. Якчанд омилҳое мавҷуданд, ки ба камбизоатӣ боис мегарданд. Агар яке аз онҳо бекорӣ ва набудани даромади муайян бошад, омили дигар истифодаи нодурусти моликият аст. Яке аз омилҳои дигари камбизоатӣ роҳ додан ба исрофкорист. Масалан, оилаҳое вомехӯранд, ки барои фарзанди мактабхони худ китоб, дафтар, сару либоси дуруст, ки аз талаботи аввалияи ҳар як оила мебошанд, намехаранд, вале як маъракае меороянд, ки маблағи зиёде дар он сарф мешавад. Ё ҳар аъзои чунин оилаҳо телефонҳои

Аксари мардуми мо имрӯз ба қишри камбизоат мансубанд ва бешак фарзанди камбағал на таҳсили дуруст карда метавонаду на ҷои кори мувофиқ пайдо мекунад. Мутаассифона, аксари он нафароне, ки даст ба ҷиноят мезананд, аз оилаҳои камбизоатанд. Таҷрибаҳо собит сохтаанд, ки сабаби ба ҳар гуна бемориҳо, масалан бемориҳои сирояткунанда, аз қабили бемории сил, табларза, саратон, қанд, фишорбаландӣ ва амсоли инҳо гирифтор шудани одамон низ маҳз ҳамин камбизоатӣ ва мавҷуд набудани тарзи ҳаёти солим дар муҳити оила мебошад. Бо вуҷуди ҳамаи ин инсон ҳамеша бояд майл ба дороӣ, майл ба беҳбудӣ дошта бошад. Ба андешаи равоншинос М.

Шаҳло ЭШОНОВА

Камбағалӣ айб аст?! ё камбағалӣ дар ҷайбҳо ва дастархонҳо нест, он дар майнаҳои мост! ашхоси буздилу беҷуръат ва зудранҷу тарсу табдил медиҳад. Агар онҳо дорои қобилияти хуб бошанд ҳам, вақте мебинанд, ки атрофиён ба иқтидору истеъдоди онҳо бо назари шубҳа менигаранд, онро дар ниҳоди худ буғӣ мекунанд. Натиҷаи тадқиқоти дигар нишон додааст, ки он қисмати майнаи сари наврасони 11-12-солаи оилаҳои камбизоат, ки барои қобилияти омӯзиш ҷавобгӯ мебошад, нисбат ба дигар ҳамсолонашон тунуктар аст. Бар хилофи ин таҷрибаи ҳаётии миллионери тоҷик, доктори илмҳои психологӣ Саидмурод Давлатов бисёр ибратомӯз аст. Ӯ дар оилаи серфарзанди яке аз навоҳии дурдасти Тоҷикистон ба дунё омадаву дар муҳити қашшоқиву нодорӣ ба воя расида, фарзанди даҳуми оила буд, ки дар яксолагӣ аз падар маҳрум монд. Бо сабаби нодорӣ донишгоҳро нотамом гузошта, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишвари Русия рафта, мехост дар яке аз донишгоҳҳои олии ин кишвар таҳсили илм намояд. Ба ӯ гуфтанд, аввал бояд забони русиро ёд мегирифтӣ, баъд ба хондан меомадӣ. Ӯ бошад, дар ҷавоб гуфт, агар шумо забони хитоиро намедонед, ин маънои онро надорад, ки шумо бесавод ҳастед. Ман воқеан хондан мехоҳам. Ин ҷавоби ӯ ба ректори донишгоҳ хеле писанд омаду ӯ донишҷӯ шуд. Ӯ дар яке аз мусоҳибаҳои худ бо рӯзноманигори тоҷик чунин қисса карда буд: Ман дар хотир дорам, вақте бори

фурӯшгоҳ дар 6 кишвари дунё: Русия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Тоҷикистон, донандаи 4 забони хориҷӣ ва муаллифи китоби “Ман ва пул” мебошад. “Охирин сентро ба дониш сарф кунед, он доллар шуда бармегардад” ин аст хулосаи ин миллионери тоҷик. Коршиносон барои раҳо шудан аз камбизоатӣ дигар кардани мафкураи одамонро ҳатмӣ мешуморанд. Вақте инсон худро барои нодор будан ва ё баръакс барои сарватманд будан талқин мекунад, ин албатта ба вазъи рӯзгори ӯ бетаъсир намемонад. Барои ақидаи камбизоатиро аз мафкураи худ дур кардан чӣ бояд кард? Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки меҳнати шабонарӯзии ҷисмонӣ метавонад касро аз ин ҳолат берун орад. Аммо дар баробари ҷисм мафкураи ӯ низ бояд дар ҳоли ҳаракат бошад. Бархе дигар бар он назаранд, ки ризқу рӯзии инсон азалист ва ба нерӯи инсон вобастагӣ надорад. Камбағалӣ модари бадбахтиҳо аст, - мегӯяд равоншинос М. Давлатова. - Фарзанде, ки дар оилаи нодор калон мешавад ва барои беҳдошти рӯзгори минбаъда талош намекунад, ӯ ба чизе ноил шуда наметавонад ва дар ҳамон сатҳи нодории худ боқӣ мемонад. Вақте хароҷот аз даромад зиёд аст, мо аз доираи танги нодорӣ берун баромада наметавонем. Камбағалӣ дар ҷайбҳо ва дастархонҳо нест, балки камбағалӣ дар майнаҳои мо

гаронарзиш доранду дар умри худ китобе нахондаанд ва ё шеъре аз бар накардаанд. Тарзи хароҷот намудан ва муносибат бо маблағ ҳунару маҳорати хосаро тақозо менамояд. Ҳамагон медонем, ки аксари аҳолии кишвари мо дар муҳоҷират қарор доранд ва нафаре бо заҳмати дандоншикан маблағе пайдо намудаву барои беҳдошти рӯзгори хонавода ба аҳли оилаи худ мефиристад. Аммо на ҳама вақт он маблағ барои беҳдошти зиндагӣ сарф карда мешавад. Масалан, маблағи дар муддати шаш моҳ ё як сол ҷамъовардаи як нафарро дар як маъракаи оилавӣ дар муддати як рӯз сарф мекунанду боз қарздор ҳам мешаванд. Аз ҷониби дигар, мумсикии аз ҳад зиёд низ воситаи нодорӣ мегардад. Масалан, оилаеро медонам, ки волидон барои харидани мошин солиёни зиёд маблағи пайдонамудаи худро сарфа мекарданду ба фарзандон на хӯроки дуруст мехариданд, на либос. Писарону духтарони ин оила ба сару либоси ҳамсолони худ бо ҳавас менигаристанду ба бар кардани чунин либосро ҳамеша орзу мекарданд. Бо ҳамин тарз солҳо сипарӣ гардиду кӯдакон дар муҳити фақру нодорӣ калон шуданд ва вақте оқибат волидон бо маблағи муайяни сарфанамудаи худ мошин хариданд, фарзандони аллакай бавоярасидаи онҳо майлу хоҳиши ба ин мошин нишастану аз он хушҳолӣ карданро надоштанд.

Давлатова мақоли “Камбағалӣ айб нест” барои мардуми доро гуфта шудааст, то ки муносибати онҳо ба камбағалон ва онҳое ки аз нигоҳи дороӣ ба сатҳи онҳо нарасидаанд, одамвор бошад. Вале барои онҳое ки дасту пойи сиҳат ва қобилияту имкони кор кардан доранд, камбағалӣ айб аст. Вақте одам нерӯи худро барои ба ҳадди даркорӣ зистани худ истифода намекунад, айб аст. Инсон бояд кӯшиш кунад, ки дар доираи фақр дуру дароз набошад. Албатта давраҳое мешаванд, ки шахс имкони қонеъ кардани талаботи худро надорад. Аммо вақте ки талаботи аввалия, яъне хӯрока, пӯшок, сарпаноҳ ва монанди инҳо таъмин мешавад, бояд барои иҷрои талаботи баъдӣ қадами навбатӣ гузошта шавад. Вобаста ба омилҳои мавҷуда камбизоатӣ метавонад доимӣ ва муваққатӣ бошад. Ҳар шахс худ метавонад сатҳи зиндагиашро муайян сохта, аниқ намояд, ки ӯ камбизоат аст ё не. Сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барҳам додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Барномаҳои зиёде таҳия гардида, институтҳои махсусе барои дарёфти роҳи ҳалли масъалаи камбизоатӣ фаъолият намуда, сиёсати давлатро дар ин самт амалӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз, ҳар нафарро зарур аст, дар ин росто қадамҳои устуворе гузошта, худ ва ҷомеаро аз ин буҳрон раҳоӣ бахшад.


ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №26 (9452), 30 июни соли 2016

Ҳеҷ кас бовар намекард, ки «Бонк андаруни бонк» афсона аст. Вале чунин усули сармоягузориро Хиробон Маҳмадалиева дар ноҳияи Ховалинг кушод. «Ҳақиқат»-и ин ҳолро гузориши расмии Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ тасдиқ менамояд. Тафтишот муайян кард, ки Хиробон Маҳмадалиева дар асоси фармони сардори филиали ҶСК “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Ховалинг аз 23-юми ноябри соли 2006 дар вазифаи мудири хазинаи филиал таъин гашта, дар рафти фаъолияти худ тахминан аз соли 2013 бо мақсади ба даст даровардани фоида мунтазам аз шиносони худ Маҳмудов Сарваршо, Қаҳрамони Саидҷаъфар, Саидова Фирӯза ва дигарон, ки аксарашон сокинони ноҳияи Ховалинг буданд, бо фоиз маблағи қарз гирифта, онро ба дигар шиносоаш Бобоназаров Саъдулло дода, соли 2015 аз шахсони алоҳида маблағи махсусан калон қарздор гардид. Сипас, Хиробон Маҳмадалиева давоми соли 2015 бо мақсади таллофӣ намудани қарзи шахсии худ пинҳонӣ, қисм-қисм аз хазинаи филиал бидуни тартиб додани ҳуҷҷатҳои хазинавӣ

маблағҳои пулии нақдӣ гирифта, қарзи худро дар назди шиносонаш пардохт мекард. Дар натиҷа, ӯ то 25-уми декабри соли 2015 дар маҷмуъ 1 239 843, 84 сомонӣ, 2 450 699 рубли русӣ, 44 635 доллари ИМА аз хазинаи филиали ҶСК “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Ховалинг ва 10950 доллари ИМА пасандози мизоҷ Мирзоев Комил Аҳёровичро, ки мутаносибан ба 1 881 061, 18 сомонӣ баробар мебошад, тасарруф намуд. Хазинадор Хиробон Маҳмадалиева моҳи августи

соли 2015 баъди тасарруф намудани маблағи хазинаи филиали ҶСК “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Ховалинг роҳбари он Раҷабхуҷа Бозоров, сармуҳосиб Шариф Муродов ва мутахассиси кор бо амонатҳо Меҳриддин Саидовро бовар куонд, ки аз хазинаи филиал маблағи пулӣ гирифта, ба шиносонаш бо фо-

Колегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои Суди шаҳри Кӯлоб парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Усмонова Файзинисо Артикалиевна баррасӣ намуд. Ф.А. Усмонова зодаи ноҳияи Фархор буда, бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б, в, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба додгоҳ кашида шудааст. Номбурда бо моддаи 32 қисми 3-247, қисми 2 бандҳои “б, в, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 150 (як саду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 6 (шаш) ҳазор сомонӣ, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шуд.

2013 Саъдулло Бобоназаров ном соҳибкори ноҳияи Ховалинг, ки ба корҳои сохтмонӣ машғул будааст, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки барояш 75 000 доллари ИМА қарз дастрас намояд. С. Бобоназаров ваъда кардааст, ки барои 1000 доллари ИМА-и қарзи гирифтааш ба ӯ 300 сомонӣ ҳар моҳ маблағ медиҳад. Таклифи С. Бобоназаровро қабул намуда, ӯ аз сокинони ноҳия Сарваршо Маҳмудов 17 000 доллари ИМА, Қаҳрамони Саидҷафар 20 000 доллари ИМА, Фирӯза Саидова 5000 доллари ИМА, Саидвалӣ Саидов 7000 доллари ИМА, Маҳмадисо Умаров 6200 доллари ИМА ва дигарон ҷамъ 75 000 доллари ИМА бе муҳлат маблағ гирифта, ба онҳо ваъда додааст, ки ҳар моҳ барои 1000 доллари ИМА-и гирифтааш 200 сомонӣ медиҳад. Ӯ 75 000 доллари ИМА-ро ба С. Бобоназаров дода, дар ин бора аз номбурда забонхат гирифтааст. С. Бобоназаров аз ин маблағҳои гирифтааш ба ӯ то лаҳзаи пурсиш ягон маротиба маблағ надода, аввал имрӯзу пагоҳ гуфта, баҳона мекардааст, дар охир бошад, изҳор кардааст, ки аз ӯ қарздор намебошад. Ӯ ба онҳое, ки 75 000 доллари ИМА қарздор буд, то моҳи сентябри соли 2015 ягон маротиба фоиз надода, қарзашонро низ барнагардонида будааст. Ҳар вақте ки ин шахсон аз ӯ маблағ талаб мекарданд, ӯ ба

М.Қ. ҒАНИЗОДА, муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими назди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1

Ҷазои қаллобӣ – 6000 сомонӣ баров ба адвокат Содиқов Абдухолиқ барои навиштани аризаи даъвоӣ оид ба бекор кардани ақди никоҳи байни М. Табаров бо ҳамсараш Атоева Майсара Ҳакимовна маслиҳат намудаанд. Дар давоми ин маслиҳат М. Табаров аз А. Содиқов мепурсад, ки рафиқаш А. Амонов ба ҷой ӯ дар суд иштирок карда метавонад ё не? Ф. Усмонова ба суҳбати онҳо ҳамроҳ шуда, мегуяд, ки агар ба А. Амонов ваколатнома диҳад, ӯ аз номаш дар суд ба сифати намоянда баромад карда метавонад. Дар асоси тавсияи Ф. Усмонова ва А. Содиқов 4 августи соли 2015 М. Табаров бо А. Амонов ба идораи нотариалии давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рафта, ба номи А. Амонов, таҳти №Ғ-330 ваколатнома барои иштирок намудан дар баррасии баҳси оилавӣ дар мурофиаи судӣ мегиранд. Рӯзи дигар Ф. Усмонова А. Амоновро ба ноҳияи Фархор даъват намуд. Бо ҳам ба назди А. Содиқов рафта, дар он ҷо аризаи даъвогии шаҳрванд Табаров Меҳробудин Ҳусейнбоевичро оид ба бекор кардани ақди никоҳ бо ҳамсараш Атоева Майсара Ҳакимовна нависонда, якҷоя маслиҳат намудаанд, ки бе иштироки М. Табаров ақди никоҳи онҳоро бо ҳамсараш бекор мекунанд. А. Амонов аз рӯи тавсияи А. Содиқов ариза ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои бекор кар-

дани ақди никоҳ ба Суди ноҳияи Фархор месупорад. Дар ин давом А. Амонов барои ҳарчи зудтар бекор шудани ақди никоҳи М. Табаров бо ҳамсараш М. Атоева, ки ваколатдор буд, чанд маротиба ба назди Ф. Усмонова ва А. Содиқов омада, хоҳиш кардааст, то корашонро зудтар ҳал кунанд. Ф. Усмонова аз ин фурсат истифода карда, бо мақсади дар оянда ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ба боварии А. Амонов даромада, ӯро бовар мекунонад, ки дар сурати додани маблағи 600 доллари ИМА ва 1050 сомонӣ дар кутоҳтарин муҳлат ақди никоҳ бекор карда мешавад. Ф. Усмонова барои боварии А. Амоновро нисбат ба худ мустаҳкам намудан, ки ӯ ин амалҳои ғаразноки ӯро эҳсос накунад, мегӯяд, ки судя Х. Аҷиков рӯзи мурофиаро таъин карда, лекин 600 доллари ИМА талаб дорад, то корро ба фоидаи тарафи онҳо ҳал намояд. Инчунин барои рӯзи мурофиаро барвақт карданаш ба корманди ҳамин суд 650 сомонӣ ва дигаре 400 сомонӣ додааст. Ф. Усмонова ба А. Амонов мегӯяд, ки маблағҳои талабнамудаи судяро ёфта додааст. А. Амонов ба пешниҳоди ӯ розӣ шуда, 26.08.2015 ба назди А. Содиқов ва Ф. Усмонова омад. А. Содиқов мегӯяд, ки ӯ рафта бо судя маслиҳат мекунад ва ба А. Амонов мегӯяд, ки агар боз каме пул

диҳад, ҳамсари М. Табаров наояд ҳам, ақди никоҳро бекор мекунанд. Тахминан соати 8:30 дақиқаи 27 августи соли 2015 Ф. Усмонова ҳамроҳи А. Содиқов дар утоқи кориашон нишаста будаанд, ки дар асоси маслиҳати пешакӣ А. Амонов ба назди онҳо меояд ва ба Ф. Усмонова 600 доллари ИМА ва 1050 сомонӣ медиҳад. А. Содиқов бошад, 200 доллари талабнамудаашро гирифта, мегӯяд, ки гӯё бо судя маслиҳат намуда, то нисфирӯзӣ ҳалномаи судиро оид ба бекор кардани ақди никоҳи байни М. Табаров ва М. Атоева оварда ба ӯ медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ, дар асоси аризаи А. Амонов 27.08.2015, соати 08:50 Ф. Усмонова ва А. Содиқов баъд аз бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ гирифтани 800 доллари ИМА ва 1050 сомонӣ аз А. Амонов дар ҳуҷраи кориашон дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ аз А. Содиқов - 200 доллари ИМА ва боқимонда маблағ 1050 сомонӣ ва 600 доллари ИМА аз Ф. Усмонова, ки мехост бо ҳар восита маблағи дар дасташ бударо нобуд созад, аз дохили ҳоҷатхонаи бино дарёфт шуд. Н. АМОНЗОДА, судяи Суди вилояти Хатлон

www.javonon.tj

Усмонова Файзинисо Артикалиевна дар вақтҳои бекории худ дар маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Фархор ба мудири ин маслиҳатхона Содиқов Абдухолиқ ёрдам медод. Тахминан 3-юми августи соли 2015 дар утоқи кории мудир бо Амонов Абдурауф Шукурович ва рафиқи ӯ бо номи Табаров Меҳробудин Ҳусейнбоевич вохӯрда, дар рафти суҳбат А. Амонов ва М. Та-

изи баланд ҳамчун қарз дода, онро рӯзҳои наздик барқарор менамояд. Сипас, ӯ бо мақсади ошкор нашудани ҷинояти исрофкории худ аз Бозоров Р. А., Муродов Ш. М. ва Саидов М. Б. хоҳиш намуд, ки ҳолати мазкурро бо сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ ва хазинавии бонк пинҳон намуда, бо ин роҳ вазифаҳои хизматии худро нигоҳ доранд. Минбаъд, Хиробон Маҳмадалиева бо маслиҳати Раҳмонхуҷа Бозоров ва Шариф Муродов мунтазам, бе нишон додани камомад хазинаро махкам карда, дар ин бора дар китобҳои хазинавӣ маълумоти таҳрифшуда дарҷ карданд. Аз ҷумла, онҳо ордерҳои хароҷотии мансуб ба мизоҷон Комил Мирзоев, Замира Ҳакимова, Низомиддин Ҳакимов, ҶДММ “Агросервис” ва супоришномаи пардохтии №132947 мансуб ба мизоҷ ҶДММ “Агросервис”, барои рӯйпуш намудани камомади ҷойдоштаи хазинаи филиал истифода бурданд. Баъзе сокинони ноҳияи Ховалинг, ки аз Федератсияи Русия хешовандонашон ба онҳо маблағ ирсол мекарданд, аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки пули онҳоро ба ягон нафар бо фоиз қарз диҳад. Ӯ барои ба даст даровардани фоида ба ҳар кас маблағҳои онҳоро бо фоиз дода, барои худ ҳаққи хизмат мегирифтааст. Тахминан моҳи июли соли

С. Бобоназаров занг зада, илтимос мекардааст, ки маблағи фоизи онҳоро диҳад, аммо С. Бобоназаров моҳи дигар гуфта, ваъдаҳои холӣ медодааст. Аз ин хотир, ӯ низ ба қарздорон ваъда медодааст, ки моҳи дигар маблағашонро медиҳад. Дар ин ҷиноят Меҳриддин Саидов, мутахассис дар филиали ҶСК “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Ховалинг низ шарик мебошад. Ӯ моҳи августи соли 2015 дидаю дониста камомади хазинаро бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ва муваққатан истифодаи бурдани маблағҳои пулии шиносони Хиробон Маҳмадалиева пинҳон намуд. Дар натиҷаи чунин амалиёти «Бонк андар бонк» Раҳмонхуҷа Бозоров, Шариф Муродов то 25-уми декабри соли 2015 маблағи 1 881 061, 18 сомонии аз тарафи мудири хазина М.С. Маҳмадалиева тасарруфгардидаро пинҳон намуда, ба бонки мазкур зарари ҷиддӣ расонидаанд. Бо ҳукми Суди ноҳияи Ховалинг аз 9 июни соли 2016 Хиробон Маҳмадалиева ба муҳлати 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум шуда, ба Раҷабхӯҷа Бозоров, Шариф Муродов ва Меҳриддин Саидов ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 20 000 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима таъин гардид.

е-mail: javonontj@mail.ru

«Фиреббонк» дар Ховалинг

7


е-mail: javonontj@mail.ru

8

Шоми 27 июн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи ваҳдати миллӣ бо тантанаҳои бошукӯҳи идона таҷлил карда шуд. Сарвари давлат зимни суханронӣ мардуми ҷамъомада ва кулли сокинони Тоҷикистонро бо солгарди 19-уми ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, ҳамагонро ба пос доштани арзишҳои волои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиш, оромию субот ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳидоят намуд. Дар суханронӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки “Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад. Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад. Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт”.

www.javonon.tj

ҶАШН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №26 (9452), 30 июни соли 2016

Сарвари давлат, ҳамчунин аз иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъат бахшидани бунёдкориву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки танҳо дар се соли охир барои рушди вилоят беш аз як миллиарду ҳафтсад миллион сомонӣ масраф гардидааст. Солҳои наздик дар вилоят татбиқи даҳҳо лоиҳаи давлатии сармоягузории нав бо маблағи садҳо миллион сомонӣ барои таҷдиди роҳҳо, бунёди нерӯгоҳҳо ва таҷдиди шабакаҳои обрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бешубҳа, боиси боз ҳам беҳтар гардидани некӯаҳволии сокинони вилоят хоҳад шуд. Тантанаҳои бошукӯҳи иди Ваҳдати миллӣ бо барномаи театрии саршор аз саҳнаҳои арҷгузорӣ ба фазои сулҳу осоиши Ватани азиз ва базму тарабу дилхушӣ идома

гектар масоҳат дорад, тибқи нақша сохтмони 38 манзили истиқоматӣ идома дорад ва онҳо бояд то таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба соҳибонашон супорида шаванд. Сипас, Президенти мамлакат дар маркази ноҳияи Рӯшон бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва бинои нави Нозироти андозро ба истифода дода, бо мардуми сершумор ва фаъолони ноҳияи Рӯшон мулоқот кард. Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти пурсамари мардуми ватандӯст давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки сокинони ноҳияи Рӯшон бо ростқавлию меҳнатдӯстӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Рӯшон аз ҳисоби буҷети давлат ва тавассу-

Ваҳдати миллӣ -

арзишмандтарин ёфт. Дар чорабинӣ аҳли зиё, намояндагони фаъоли шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҳамчунин меҳмонон аз 17 давлати дунё иштирок намуданд. Тантанаҳои ин ҷашни муқаддас дар

ВМКБ бо ба истифода додани иншооти таъиноташон гуногун ва суҳбату мулоқоти Пешвои миллат бо сокинон ду рӯз пештар оғоз гардид. Аз ҷумла, 25 июн Роҳбари давлат бо рафти корҳои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Мотравн” дар ноҳияи Ванҷ дидан кард. Нерӯгоҳ аввалин иншооти энергетикӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, ки маҷроӣ буда, тавлиди барқ ба оби равони дарё вобастагӣ дорад. Он бо иқтидори 300 киловат/соат дар Ҷамоати деҳоти Язгулом дуюмин нерӯгоҳи хурди обӣ ба ҳисоб меравад. Президенти ҷумҳурӣ бо шумораи зиёди аҳолии водии Язгулом, ки ҷамъ омада буданд, суханронӣ карда, оид ба вазъи корҳои ободонию созандагӣ, дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқ, комёбиҳои мардуми меҳнаткаши ин водӣ, ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаю бобарори Ҳукумати мамлакат андешаронӣ намуд. Зикр шуд, ки водии Язгулом тайи солҳои охир ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар рӯзҳои истиқбол аз солгарди навбатии ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ин водӣ бинои бунгоҳи тиббии деҳаи Будун ва бинои шуъбаи минтақавии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла сохтмони толори варзишӣ бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, муассисаи таҳсилоти ибтидоии рақами 45 ва таҷдиди пурраи Нерӯгоҳи барқи обии деҳаи Андарбак бо маблағи 1 миллион доллари амрикоӣ бо иқтидори 500 киловат/соат идома дорад. Дар идомаи сафар Президенти ҷумҳурӣ дар деҳаи Ғудараи Ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рушон бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминҷунбии мудҳиши 7-уми декабри соли 2015 дар 11 деҳаи водии Бартанг ҷамъ 132 манзили истиқоматӣ пурра хароб гардида буданд. Танҳо дар деҳаи Ғудара дар пайи ин офат аз 71 манзили истиқоматӣ 38-тои он пурра ва 26-тои дигар қисман вайрон шуданд. Аз 16 неругоҳи барқи обие, ки сокинони ҷамоати Савнобро бо барқ таъмин мекард, 11 ададаш хисорот дид. То ташрифи Президенти мамлакат ба Ҷамоати деҳоти Савноб барои мардуми аз офат зарардида, ҷиҳати беҳдошти сатҳи зиндагии онҳо 2 адад техникаи роҳсозӣ, 1 трактор дастрас шуда, сокинон бо алоқа, бунгоҳи тиббӣ, стансияи қабули мавҷҳои барномаҳои телевизионҳои давлатӣ, маводи озуқаворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, сӯзишворӣ, инчунин дигар маҳсулоти ниёзи аввал таъмин карда шуданд. Сарвари давлат бо буридани лентаи рамзӣ нахуст хати оби нӯшокиро, ки аввалин маротиба ба деҳа кашида шудааст, ба истифода дод. Қаблан сокинони деҳа оби нӯшокиро аз масофаи дур меоварданд, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза набуда, бо усули таҳшин намудан истифода мекарданд. Хати нави оби нӯшокӣ аз масофаи наздики шаш километр оварда шудааст ва маблағи умумии сохтмони хати обрасонӣ 286 ҳазор сомониро ташкил дод. Бо пахши тугмачаи рамзӣ, Пешвои миллат дар маҳаллаи навбунёд ҳамзамон хати нерӯи барқро, ки низ аввалин маротиба ба деҳа оварда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Назар ба иттилои масъулин бошандагони деҳа бинобар мавҷуд набудани нерӯи барқ аз батареяҳои офтобӣ истифода мекарданд, ки танҳо барои равшанӣ кифоят мекард. Сипас, Сарвари давлат калиди якчанд манзили истиқоматии сохтмонашон анҷомёфтаро ба соҳибонашон супорид. Сокинон инро ҳамчун тӯҳфаи арзанда дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дониста, барои дастгирию ғамхориҳои рӯзафзунаш нисбат ба онҳо, ба Пешвои миллат арзи сипосу миннатдорӣ карданд. Чуноне иттилоъ дода шуд, ҳоло дар маҳаллаи навбунёди аҳолинишин, ки 2,5

ти ташаббусҳои бахши хусусӣ 200 иншооти нави иқтисодиву иҷтимоӣ, роҳу пулҳо ва инфрасохтори энергетикӣ бо маблағи 106 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Дар маҷмуъ барои рушду тараққиёти ноҳия беш аз 480 миллион сомонӣ равона гардида-

аст. Имсол низ барои пешрафту шукуфоии ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо намудани 40 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин татбиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯшон барои солҳои 2016 - 2020 оғоз гардида, дар доираи он амалисозии як қатор лоиҳаҳои нав ба маблағи умумии 130 миллион сомонӣ дар назар аст. Баъдан Президенти ҷумҳурӣ дар доираи ин сафар бо тарзи зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони деҳаи навбунёди Раҳмонободи ноҳияи Шуғнон шинос шуд. Ёдовар мешавем, ки 16-17 июли соли 2015 дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бо сабаби боришоти зиёди пай дар пай сел омада, манзили зисти 82 оилаи деҳаи Барсем корношоям гаштанд. 29 июли соли 2015 Президенти мамлакат дар ноҳияи Шуғнон ба маҳалли аз офати табиӣ зарардида омада, бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд. Дар рафти суҳбат бо мардуми зарардида аз мушкилоти эшон хабардор гашта, ба вазорату идораҳои дахлдор баҳри бароварда кардани мушкилии зарардидагон дастуру супоришҳои мушшахас дод, ки то ба имрӯз ҳамаи он иҷро гашт. Имрӯз 82 хонаводаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Барсем дар хонаҳои нав, дар маҳаллаи Питовдашт, ки дар муҳлати кӯтоҳ деҳаи зебое қомат афрохт, истиқомат мекунанд. Дар шаҳрак ғайр аз манзилҳои истиқоматӣ, иншооти маишӣ низ бунёд ёфтаанд. Барои таъмини деҳа бо оби ошомиданӣ дар чуқурии 40-50 метр чоҳ канда, қубурҳои интиқоли об ба шаҳрак насб шудаанд. Бунёди муассисаи таълимӣ барои 240 ҷои нишаст имкон додааст, ки муҳассилини ин деҳаи навбунёд таълими мактабиро дар наздикии манзили зисти худ гиранд.


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №26 (9452), 30 июни соли 2016

бунёд ёфтааст. Баъди ифтитоҳи мактаб дар маркази ноҳия бо гузоштани санги асос ба сохтмони Қасри фарҳанг оғоз бахшида шуд. Президенти кишвар бо тарҳи сохтмон, ки мутобиқ ба стандартҳои муосири шаҳрсозӣ омода шудааст, шинос шуда, барои татбиқи бо сифати лоиҳа дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Зимни мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Шуғнон Сарвари давлат таъкид намуд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша барои беҳтар кардани шароити зисту фаъолияти мардум аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Натиҷаи ҳамин буд, ки тайи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ барои таъмини тараққиёти ноҳия 630 миллион сомонӣ сарф карда шудааст. Дар ин давра барои дастгирии буҷети ноҳия аз буҷети давлат беш аз 270 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат то имрӯз шаҳраки зебову хушсохти Ваҳдат, яъне маркази маъмурии ноҳия бо тарҳи муосир бунёд гардида, дар деҳоти Навобод мактаби нави рақами 28 барои 460 нафар хонанда бо толори варзишӣ, ҳамчунин беморхонаи марказии ноҳия ва манзилҳои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Бо мақсади пурра бо орди хушсифат таъмин кардани сокинони вилоят соли гузашта дар деҳаи Боғеви ноҳия бо сарфи 13 миллион сомонӣ маблағи буҷети давлатӣ аввалин корхонаи коркарди орд дар вилоят бо иқтидори 60 тонна дар як шабонарӯз ва ду анбор барои нигоҳдории шаш ҳазор тонна ғалла ва ҳазор тонна орд ба истифода дода шуд. Ҳоло дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи

Дар идомаи сафар Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ барои сохтмони бинои 12 ошёна санги асос гузошт. Лоиҳаи бинои мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Меъмор-2002" омода гардида, дар он филиали Ҷамъияти саҳомии "Ориёнбонк", меҳмонхона барои 200 ҷой, толори ороишӣ, ҳавзи шиноварӣ, толорҳо барои гузаронидани нишастҳо ва тарабхона ҷойгир карда мешавад. Ҳамчунин тибқи лоиҳа, дар бинои мазкур утоқҳои махсуси замонавӣ барои қабули меҳмонони олимақом ва намояндагони давлатҳои гуногун низ бунёд мегардад. Ба иттилои масъулин, ин нахустин бинои 12-ошёна хоҳад буд, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд мешавад. Дар шаҳри Хоруғ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохта, ҳозиринро бо ин рӯйдоди фараҳбахш шодбош гуфт. Пояи Парчами давлатӣ 30 метр, дарозӣ ва паҳноии матоаш 8х4 метрро ташкил медиҳад. Майдони парчам бо сангҳои ороишӣ ва гулҳои рангоранг зебу зиннат ёфтааст. Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар шаҳри Хоруғ ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи Истиқлолияти давлатӣ ба симои шаҳр зебоии тозаро зам намуда, гирду атрофи он ба яке аз ҷойҳои дилфиреб ва писандидаи сайру гашти сокинони шаҳр мубаддал гардид. Дар шаҳри Хоруғ, ҳамчунин бинои Маркази сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкорӣ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур дар давоми як сол бо харҷи 2 миллиону 630 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ бунёд гардида, дар ин ҷо шароити муосири хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки маркази мазкур метавонад дар як сол ба зиёда аз 5 ҳазор нафар сайёҳ хизмат расонад. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти хати обгузари Боғевдара-Хоруғ расман ифтитоҳ бахшид. Хати обгузар аз Боғевдара то шаҳри Хоруғ ба масоҳати 13 километру 250 метр сохта шуда, мушкилоти сокинони шаҳри Хоруғ дар самти таъминот бо оби ошомиданӣ ба пуррагӣ ҳалли худро пайдо намуд. Сарвари давлат дар ноҳияи Ишкошим аз Отряди сарҳадии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд. Хабар дода шуд, ки соли равон бо кӯмаку дастгирии Президенти ҷумҳурӣ мавзеъҳои пешбурди хизмат, бинову иншооти таълимии Отряди сарҳадии Ишкошим пурра аз таъмир бароварда шуд. Ҳамчунин, бо мақсади таъмини амният, пурзӯр намудани дидбонгоҳу

бозёфти тоҷикон

Шуғнон барои солҳои 2016-2020 татбиқи 148 лоиҳа бо маблағи умумии 263 миллион сомонӣ идома дорад. Бо заҳмати софдилонаи сокинони ноҳияи Шуғнон дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам афзоиш ёфта, соли 2015 маблағи 116 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2000ум 7 баробар ё беш аз 100 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

бо зеристгоҳи 35 киловолтаи Птуп-Вранг, азнавсозии зеристгоҳҳои Андаробу Ишкошим, хатти интиқоли барқ аз зеристгоҳи Бизмичи шаҳри Хоруғ то зеристгоҳи Андароби ноҳияи Ишкошим ва дигар иншооти навбунёд аз ҷумлаи дастовардҳои ноҳия дар даврони соҳибихтиёрии кишварамон ба ҳисоб мераванд. Барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ 230 миллион сомонӣ сарф шуда, дар се соли оянда аз ҳамин ҳисоб бо мақсади идомаи корҳои ободониву созандагӣ боз 100 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин ба маблағи қариб як миллион сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ амалӣ гардидаанд. Дар маҷмуъ дар биступанҷ соли сипаришуда аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, 325 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қабули Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошимро барои солҳои 20162020 аз тадбирҳои муҳим дар самти таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон маънидод кард. Барномаи зикршуда 134 лоиҳаро дар бар гирифта, барои татбиқи онҳо 220 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 67 миллиони он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо карда мешавад. Дар чаҳорчӯбаи сафар ба ноҳияи Ишкошим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо гузоштани санги асос ва

нома ба наслҳои оянда, ба сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 оғоз бахшид. Мактаб аз 16 синфхонаи таълимӣ, лингофонӣ-компютерӣ ва синфхонаи технологӣ барои писарону духтарон иборат хоҳад буд. Китобхонаву толорҳои хониш, толори варзишӣ бо 300 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳ барои 260 ҷой низ дар доираи ҳамин лоиҳа бунёд мешаванд. 28 июн Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот карда, аз пазироии самимии сокинон ва вусъати корҳои созандагии мардуми заҳматкаши вилоят изҳори қаноатмандӣ намуд. Таъкид шуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои пешрафти вилоят зиёда аз 7 миллиард сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлатӣ 2,8 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст. 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингард, рушди соҳаҳои энергетикаву кишоварзӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ислоҳот ва рушди соҳаи маориф бошад, татбиқи 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии як миллиард сомонӣ идома дорад. Аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент аз соли 2007 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 414 миллион сомонӣ корҳои бунёду барқарорсозии 75 иншооти муҳимро ба роҳ монда, аз ин ҳисоб то имрӯз 59 иншоотро бо харҷи 337 миллион сомонӣ ба истифода супоридааст ва корҳо дар иншооти дигар идома доранд. Дар маҷмӯъ, тайи 25 соли истиқлолият ба буҷети вилоят 914 миллион сомонӣ маблағҳои субвенсионӣ дода шудаанд ва барои солҳои 2016-2018 иловатан дар ҳаҷми 486 миллион сомонӣ ҷудо кардани маблағ пешбинӣ гардидааст. Дар доираи татбиқи “Барномаи руш-

ди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015” дар вилоят 48 корхона ва 62 коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият дошта, илова бар ин, дар давоми соли 2016 бунёди 20 корхонаву коргоҳҳои нав бо садҳо ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири суханронӣ раиси вилоят, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти марбутаро вазифадор кард, ки барои иҷрои ҳатмии ҳадафҳои созандаи Ҳукумат бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, хусусан сарватҳои табиии ҳудуди вилоят барои бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Ихтисоран аз president.tj

www.javonon.tj

Сипас, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ бинои толори муосири варзиширо ба истифода дод. Маркази мазкур аз толори барҳавои дорои 60 ҷойи нишаст барои тамошобинон ва биноҳои ёрирасон иборат аст.

е-mail: javonontj@mail.ru

Сафари Президенти кишвар ба ноҳияи Шуғнон 26 июн идома ёфт. Бо иштироки Сарвари давлат дар деҳаи Кушки ноҳия мактаби наву замонавӣ барои 464 хонанда дар як баст мавриди истифода қарор гирифт. Мактаб дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ

шуъбаҳои назорати сарҳадӣ ва расонидани кӯмаки саривақтӣ дар хати сарҳади давлатӣ гурӯҳҳои махсус таъсис ёфт. Барои сари вақт ва моҳирона иҷро кардани вазифаҳои ҷангӣ ҳайати шахсӣ бо аслиҳа ва техникаи муосири ҳарбӣ, ки ба шароити кӯҳистон мувофиқ аст, таъмин гардид. Бо иштироки Роҳбари давлат дар маркази ноҳияи Ишкошим бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамин ҷо Президенти ҷумҳурӣ бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуд. Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз тадбирҳои анҷомдодаи Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри пешрафту тараққиёти ноҳия таъкид намуд, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия 155 иншооту биноҳои таъиноти гуногун ба маблағи умумии 70 миллион сомонӣ сохта шудааст. Бунёди мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ барои 1800 ҷойи нишаст, зиёда аз 51 километр хатти оби нӯшокиву полезӣ, нерӯгоҳи барқи обӣ дар деҳаи Лангар, таҷдиди таҷҳизоти нерӯгоҳи барқи обии Намадгут, хатти интиқоли барқ

9


е-mail: javonontj@mail.ru

10

ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №26 (9452), 30 июни соли 2016

 СОҲИБКАСБ

 НАБЗИ ҶАҲОН

Замони хурдсолӣ ҳар гоҳ ҳангоми бозӣ худро табиб муаррифӣ мекарду олами кӯдакии хешро бо орзуҳои накӯяш рангин менамуд. Бисёр мехост, то хилъати сафед ба бар намояду дар роҳи солимгардонии аҳолӣ қадам ниҳад. Ин ҳама шавқу ҳаваси ӯро дида, модараш низ бисёр мехост, духтараш табиб шавад. Аз ин рӯ, дар соҳибмаълумот гардидани фарзандаш бисёр кӯмак мерасонд. Ҳар чизи нофаҳморо фаҳмонда медоду ҳангоми дучор шуданаш бо душворие кӯшиш менамуд, ки дилшикаста нашавад ва бо мароқи зиёд пайи донишандӯзӣ бошад.

www.javonon.tj

Вориси воқеии Сино будан орзуи ӯст Ин ҷавондухтари табиб Фарангис Аҳмадӣ мебошад. Ӯ соли 1993 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Чун шавқу завқи хондан ӯро ба худ тобеъ намуда буд, аз шашсолагӣ ба мактаби миёна меравад. Дар мактаби миёна ҳамеша кӯшиш ба харҷ медод, то бештар ба фанҳои дақиқ таваҷҷуҳ намояду барои дар оянда муваффақ шудан донишҳои заруриро аз бар кунад. Доим аз устодон баҳри сайқал додани донишҳо ва барои расидан ба қуллаи баланди дониш маслиҳатҳо мегирифту дар раванди донишандӯзӣ аз он истифода менамуд. Ин ҳама такопӯ ва ҳисси кунҷковияш буд, ки аз синфи ҳафтум таҳсилро дар гимназия идома дод. Муассисаи мазкурро соли 2010 бо муваффақият хатм намуда, барои табиб, вориси ҳақиқии Сино шудан ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино супурд. - Саҳм гузоштан дар солимии инсонҳо орзуи даврони кӯдакии ман аст. Аз вақте ки либоси сафеди поку зиннатбахшро дар тани табибон медидам, орзу мекардам, ки ман низ чунин либос пӯшам. Дар ибтидо танҳо шакли зоҳирии онҳо агар писандам омада буд, бо мурури замон табиби комил шуданро мақсади худ қарор додам. Аз ин рӯ, бе дудилагӣ пешаи мазкурро ба худ муносиб донистам, - мегӯяд Фарангис. Ба назари ӯ табибӣ касби мушкил аст. Зеро табиб бо тақдири инсонҳо сару кор дорад. Бинобар ин, ҳар табиб бояд меҳрубонона бо бемор муошират намояд. Ҳеҷ гоҳ намешавад, ки бо дуруштӣ бемореро муоина карду барои беҳтар гардидани саломатиаш тавсияҳо дод. Аз ин рӯ, ҳар нафаре, ки дар роҳи солимгардонии ҷомеа равона аст, бояд сабур бошаду ҳамеша бар он кӯшад, то як бемор ҳангоми ҳамсуҳбат шудан бо ӯ каме ҳам бошад, дарди худро сабук ҳис кунад. Барои ин чиз мебояд, то бисёртар омӯхту аз таҷрибаи дигарон сабақ гирифт. Ҳангоми соли аввали таҳсил дар донишгоҳ пайваста пайи аз худ намудани донишҳои зарурии соҳа буд. Боре пас аз наҳорӣ ба донишандӯзӣ машғул буду вақти холӣ надошт, то аз сари мизи дарсӣ лаҳзае дур гардад. Чунки санҷишҳову имтиҳонҳо наздик буданд. Дар баробари ин соли аввали таҳсил буду бисёр чизҳоро ме-

боист аз бар кард. Дар ин ҳангом яке аз ҳамсояҳо, ки бемор буд, барои гузаронидани сӯзандору ба назди ӯ омад. Ӯ то ин дам боре ҳам сӯзандору нагузаронида буд, аз ин рӯ бисёр ҳаяҷонӣ шуд, ки чӣ тавр ин корро ба анҷом расонад. Чун табиатан ишқи ҳақиқии ин касб дар қалбаш буд, ҳамаи таваҷҷуҳи худро ҷамъ намуда, бо истифода аз донишҳои азбаркардааш сӯзандоруро мегузаронад. Бемор аз чолокии ин табиби ҷавон хурсанд шуда, изҳори миннатдорӣ менамояду барояш барои кор мехоҳад. Ин аввалин манзараест, ки дар дунёи касбии ӯ саҳифаи аввалро гирифтаасту онро ҳаргиз аз хотираш бароварда наметавонад, зеро он рӯзро ибтидои фаъолияти табибии хеш медонад. Барои соҳибкасби муваффақ шудан баробари таҳсил ба кори амалӣ машғул шудан ҳам мебояд. Инро Фарангис хуб медонад. Гарчанде ки ба ҳайси таҷрибаомӯз ба бисёре аз марказҳои саломатӣ рафта бошад ҳам, вале ин чиз ӯро қаноатманд карда наметавонист.

Чаро ки мехост дар майдони корзор бошаду амалан табибӣ намояд. Бо ин мақсад аз соли сеюми таҳсил ба марказҳои саломатӣ ҳамкорӣ намуданро оғоз менамояд. - Пас аз таҷрибаомӯзиҳо пеши худ мақсад гузоштам, то ба муассисаи тиббие рафта, донишҳои назариявии худро бо амалия пайваст намоям. Бинобар ин, бори аввал ба беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло дар бинои ҳаштуми

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ он дар шуъбаи “Дармонгоҳи қалб” ба кор шуруъ намудам. Дар ин ҷо тӯли як сол фаъолият намуда, бисёр чизҳоро омӯхтам. Пас аз ин дар Маркази саломатии 11 низ ба ҳайси ёрдамчии духтур кор кардам. Дар ин муассиса бисёр нозукиҳоро фаҳмида, тарзи дуруст муносибат намудан бо беморро омӯхтам, - бо хушнудӣ гуфт ҳамсуҳбати мо. Ба андешаи Фарангис, соҳаи тиб дар ҳоли рушд қарор дорад. Имрӯз ба кадом муассисаи тиббие, ки наравед, ҳатман бо технологияҳои замонавӣ вомехуред. Ин аз он дарак медиҳад, ки ин соҳа рӯ ба инкишоф аст. Дар ҷумҳурӣ дар давоми чанд соли охир беморхонаҳои нав сохта ба истифода дода. Ин баёнгари он аст, ки талабот сол то сол ба тиб бештар мегардад. Бинобар ин, табибонро зарур аст, то аз ҳама гуна таҳаввулоти соҳа пайваста огоҳ бошанду онро аз бар намоянд. Фарангис имсол донишгоҳро бо ихтисоси табиби бемориҳои занона бо баҳои аъло хатм намуда, мехоҳад, то ба интернатура дохил шаваду боз ҳам донишҳои худро сайқал диҳад ва дар пешрафти соҳаи тандурустӣ хизмат намояд. - Пас аз хатми донишгоҳ пеши худ мақсад гузоштаам, ки барои идома додани таҳсилу сайқал бахшидани донишҳои азбарнамуда, дар интернатура таҳсилро идома диҳам. Имрӯз ҳама гуна шароит баҳри донишомӯзӣ муҳайёст, ки танҳо аз нафари донишандӯз шавқманду серталош буданро тақозо менамояд. Ҳар нафаре ки мехоҳад ояндаи хешро пурҷило бубинад, бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки роҳи расидан ба орзуҳои наку наздиктар гардад”, - иброз дошт Фарангис Аҳмадӣ. Ба назари ӯ вақте ки шахс донандаи хуби соҳаи хеш аст, ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ба чизеву касе муҳтоҷ намегардад. Нафароне ки соҳаи тибро хатм намудаанд, бо истифодаи донишу малакаи хеш метавонанд, ки дар қатори дигар табибони дунё фаъолият намоянду дар илми тиб боиси ба вуҷуд омадани тағйирот ва кашфиёти тоза гарданд. Ин ҳама албатта аз донишу малака сарчашма мегирад, ки ҳар нафари дорандаи ин гуна сифатҳо дар ин росто муваффақ хоҳад шуд, агар ки вориси ҳақиқии Абӯалӣ ибни Сино буданашонро исбот кунанд. Ба ҷавонон - ҳамсолони хеш мегӯяд, ки бояд имрӯз ҷиддӣ хонанд. Зеро заминаи кори дурусту нафърасон будан ба ҷамъият аввалтар аз ҳама дониш аст.

Иттиҳоди Аврупо бе Англия Ояндаи он чӣ гуна хоҳад буд?

Бо баргузории раъйпурсии умумихалқӣ рӯзи панҷшанбеи гузашта Британияи Кабир аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд. Ин тасмим барои Аврупо аҳамияти буҳронӣ дорад. Агар бо чанд ҷумла баён кардан мумкин бошад, метавон гуфт, ки мақсади таъсиси Иттиҳоди Аврупо барҳам додани ҷанге буд, ки садсолаҳо боз миёни кишварҳои Аврупо ҷараён дошт ва дар ҳамин радиф ба вуҷуд овардани ҳамкорӣ миёни ин кишварҳо.

Барои он ки таҷрибаҳои Ҷанги якуми ҷаҳон ва Ҷанги дуюми ҷаҳон такрор наёбад ва барои бартараф кардани эҳтимолияти низоъҳои доманадор лидерҳои кишварҳои Аврупо водор шуданд, ки ҳамкории миёни давлатҳояшонро ба роҳ монанд. Нахуст миёни ду душмани ашадӣ – Фаронса ва Олмон дар соҳаи энергетика ҳамкорӣ сурат гирифт. Ҳамин тавр, Аврупо кӯшиш ба харҷ дод, ки аввал дар масъалаи энергетика, сипас дар ҳама бахшҳои иқтисод ягонагӣ ва иттиҳодро миёни кишварҳои минтақа ба вуҷуд орад. Гумруки ягона ва асъори ягона барои иқтисоди ягона дар Аврупо хизмат кард. Яъне аввал иттиҳоди иқтисодӣ ба миён оварда шуд, аз паси он иттиҳоди сиёсӣ. Дар натиҷаи ин ҳар ду Иттиҳоди Аврупо. Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои минтақа ҳам тарафи мусбат дошту/дораду ҳам ҷанбаи манфӣ. Мусбат ин ки давлатҳои узв ба асъори ягона гузашта, минбаъд тамоми додугирифт ва муомилоти хариду фурӯшро бо евро ба роҳ монданд (Албатта асъори миллии давлатҳо дар дохили худашон амал мекунад...), ки ин корро осон гардонд. Инчунин миёни кишварҳои узви иттиҳод як қатор барномаҳои таълимӣ ҷорӣ гашт, ки табодули толибилмонро дар байни донишгоҳҳои кишварҳои узви иттиҳод ба роҳ монд. Барои мисол, Барномаи таҳсилотии Эрасмус, ки хеле маъмул аст. Тарафи манфии масъала он аст, ки баробари ташкили асъори ягона ҳар кишвари узви Иттиҳоди Аврупо назоратро аз болои иқтисоди худ аз даст дод. Яъне, тақрибан дар ҳар кишвари Аврупо дар масъалаи нарху наво ва масоили иҷтимоӣ баъзе ноадолатӣ ё нобаробариҳо рух доданд. Масалан, вақте бо евро гузаштанд, маоши кормандони иҷтимоӣ аз пештара дида паст гашт, вале дар ҳамин ҳол нархи нону об ва дигар маводи аввалия боло рафт. Инчунин, лағв шудани сарҳадҳо дар дохили ИА ба бозори меҳнат низ асар кард. Як шаҳрванди Африқои Шимолӣ (масалан, зодаи Алҷазоир ё Тунис), ки бино ба муносибатҳои мустамликавии пешин фаронсавӣ ё испаниявӣ ҳам маҳсуб мешуд, имкони дар дигар кишварҳои Аврупо ҳам кору фаъолият карданро соҳиб гашт. Ин ҳама тадриҷан эътирозу нигарониро нисбат ба Иттиҳоди Аврупо ба миён овард. Агар ба масъалаи Англия баргардем, ҳаминро мешавад афзуд, ки ин кишвар ба иттиҳоди пулӣ ё худ асъори ягона ва созишномаи Шенген аз ибтидо ҳамроҳ нашуд, балки бо фарқ аз минтақаи Шенген сиёсати раводиди худро ҷорӣ кард. Ба ифодаи дигар, Англия дар Иттиҳоди Аврупо ҳамеша мухторияташро нигоҳ доштааст. Аз он ки англисҳо ба асъори ягона ҳамроҳ нашуданд, нисбат ба фаронсавию олмониҳо камтар зарар диданд. Албатта, вақте ки созмонҳое чун Иттиҳоди Аврупо аз он чи ки ваъда кардаанд, барои шаҳрвандони кишварҳои узв камтарашро иҷро мекунанд, хориҷ шудан аз онҳо амри ногузир мегардад. Шаҳрвандон ҳам, агар ба онҳо имкон дода шавад, аз пайи ёфтани алтернативаҳо мешаванд. Эҳтимол ин ҳоло ибтидои беруншавиҳо аз иттиҳод аст ва минбаъд ҳам давом карданаш мумкин. Вале ба ҳар ҳол будани Иттиҳоди Аврупо аз парокандашавиаш беҳтар аст. Зеро ки он ба хотири хотима бахшидани низои байни давлатҳои минтақа таъсис ёфта буд. Башир УСМОН, “ҶТ”


МАОРИФ

Литсейи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2009 дар асоси қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар заминаи ДМТ бунёд ёфта, дорои шароити муосир мебошад. Ҳарчанд аз таъсиси он вақти зиёд нагузашта бошад ҳам, ҳарсола теъдоди зиёди хонандагонаш шомили донишгоҳҳои кишвар ва берун аз он мегарданд. Роҳбарияти литсей ва коллективи коргарон бо доштани донишҳои хуби замонавӣ ва фаҳмиши баланди корӣ хонандагонро барои таҳсил дар литсей фаро хондаанд. Аз соли 2009 то соли 2013 роҳбарии литсейро Шарифзода Асадулло бар уҳда дошт. Сипас, Шоҳрух Ғаффоров роҳбарии литейсро ба зимма гирифта, то имрӯз фаъолият дорад. Литсейи ДМТ фаъолияти худро дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии таҳсилот», «Консепсияи миллии тарбия», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара ва фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи литсей ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда аст. Мо бо Шоҳрух Ғаффоров оид ба фаъолияти литсей суҳбат оростем. - Таълиму тарбия имрӯз дар литсейи ДМТ бо кадом ҳадафу мақсад роҳандозӣ шудааст? - Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон дар як ҳолати бисёр ҳассос қарор дорад. Аз тарбияи кӯдак дар боғча то тарбия дар хона ва мактаб таваҷҷуҳ ва ҳассосияти хосро талабгор аст. Ҳадафу мақсади мо ҳам ҳамин аст, ки наврасонро дар руҳияи хуби ватандӯстӣ тарбия кунем. Пеш аз ҳама рисолати ҳар омӯзгор ҳамин аст. Ҳар шахс, вақте ки ба касби омӯзгорӣ майл мекунад, ҳадафу

11

мақсадаш бояд ҳидояти кӯдак дар роҳи рост бошад. Ҳар омӯзгоре, ки ба тарбияи дигарон машғул мешавад, пеш аз ҳама бояд дорои идроки баланд бошад, одоби баланд дошта бошад. Зеро ҳар амале, ки омӯзгор дар худ дорад, табиист, ки кӯдак ҳам ба он пайравӣ мекунад. Барои ҳамин, аз рӯзе, ки роҳбарии литсейро бар дӯш гирифтем, ҳадафу мақсади асосии мо тарбияи ҷавонон дар роҳи ватандӯстию меҳанпарастист. Чизи дигар сиёсате, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ҷорӣ кардаанд, мо онро асоси кори худ қарор додаем. - Шароити таҳсил дар литсей дар кадом

бол ва ҳам майдонча барои бозии футбол гаштааст. - Комёбиҳои литсейро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Соли шашум аст, ки литсей фаъолият дорад. Давоми фаъолияташ ба як қатор комёбиҳо мушарраф гаштааст. Хонандагони литсей дониши хуби фанҳои гуногуни дақиқ, ба мисли физика, биология, ҳамчунин фанҳои гуманитарӣ - забон ва адабиёти тоҷик, таърих ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ баҳраманд мебошанд. Солҳои 2014, 2015 ва 2016 дар сатҳи ноҳия иштироки хонандагони литсейи ДМТ дар олимпиадаҳо

- Ҳади ниҳоии қабули хонандагон ба чанд нафар мерасад? - Мувофиқи литсензияи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ то 350 нафарро ҳуқуқи қабул кардан дорем. Дар соли таҳсили 2015-2016 320 нафар хонанда дар 17 синф, ки таълимашон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аст, ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Аз ин миқдор 71 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Ҳадафи мо тарбияи теъдоди кам бо сифати баланд мебошад. Қариб 40 дарсади хонандагони мо иштирокчиёни озмунҳо ҳастанд. - Тақрибан чанд фисад аз ин миқдори қабулшуда шомили донишгоҳҳо мегарданд?

сатҳ қарор дорад? - Бо дастгирии раёсати ДМТ ва кӯмаки падару модарон дар назди литсей майдончаи варзишӣ сохта шуд. Литсей айни замон дорои ошхонаи замонавӣ, майдончаҳои васеи варзишӣ ва синфхонаи лингофонӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва лабораторияҳои физикаву химия ва биология аст. Бояд гуфт, ки майдончаи варзишии хонандагон беҳтарин ҳадя ба бачаҳо ба шумор меравад. Ҳоло литсей соҳиби ҳам майдонча барои бозии волей-

бисёр назаррас буд. Соли сипаригашта аз литсейи мо 62 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар олимпиадаи шаҳрӣ 15 нафар сазовори ҷойҳои намоён шуданд, ки аз ҷониби сардори Раёсати маориф ва илми шаҳр қадрдонӣ гардиданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ се нафар иштирок намуда, як нафар хонандаи мо - Азизабону Иброҳимова аз фанни биология сазовори ҷои дуюм гардид. Мо метавонем инҳоро муваффақияти литсей арзёбӣ кунем. Соли гузашта 7 нафар хонандагони синфи 9-уми литсей ба гирифтани аттестати аъло мушарраф гардиданд. Имсол бошад, як нафар хатмкунандаи литсей барои гирифтани медали тилло пешниҳод шудааст. Муваффақияти дигари литсей дар ҷодаи таълим дар он аст, ки имсол хонандаи дигари мо Хайруллоев Муҳаммадшариф аз фанни математика дар озмуни байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷои дуюм гардид. Соли ҷорӣ дар олимпиадаи ноҳиявӣ 127 нафар хонанда иштирок намуданд, ки аз онҳо 55 нафар ғолибони ҷойҳои 1,2,3 гаштанд ва ба олимпиадаи шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Диловар Бобоев аз фанни таърихи халқи тоҷик дар даври чорум иштирок карда, сазовори ҷои 2-юм шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт. - Пешравии литсейи ДМТ-ро дар чӣ мебинед? - Пешравии асосии литсейи мо дар он аст, ки роҳбарият ва омӯзгорони литсей бевосита бо ҳар як хонанда кор мекунанд. Зеро теъдоди хонандагон дар литсей ҳамагӣ 325 нафар аст. Вақте теъдод кам бошад, таълим низ хуб ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин назорат дар сатҳи олӣ аст.

- Ба унвони донишҷӯи мокотиби олии кишвар ва берун аз он сарфароз гардидани шогирдони литсей яке аз омилҳои баҳодиҳӣ ва сатҳи таълиму тарбия дар он мебошад. Шумораи хонандагони литсей, ки ҳар сол ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил мегарданду умеду орзуи омӯзгоронро амалишуда муаррифӣ менамоянд ва барои хонандагони синфҳои поёнӣ чун намунаи ибрат хизмат мекунанд, зиёд шуда истодааст. Соли сеюм аст, ки тариқи Маркази миллии тестӣ хонандагони мо имтиҳон месупоранд ва метавон гуфт, ки сад дар сад аз имтиҳон гузашта, шомили ин ё он донишгоҳ мегарданд. Дар се соли охир ягон нафар аз хонандаҳои мо аз имтиҳони ММТ наафтидаанд. Масалан, дар соли хатми соли 2013-2014 аз литсейи мо 46 нафар унвони донишҷӯиро сазовор гардиданд. Ин шумора дар соли хатми 2015-2016 ба 53 нафар расидааст. - Ҳангоми таҳсил самти минбаъдаи таҳсили хонандагон муайян карда мешавад? - Литсейи мо равияи табиӣ ва риёзӣ мебошад. Дар ин ҷо ба фанҳои физика, математика, химия ва биология афзалият дода шудааст. Хонандагон метавонанд, баъд аз хатми литсей дар доираи ҳамин фанҳо самти худро муайян кунанд. Ҳамчунин барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониши хонандаҳо баъди нисфирӯзӣ дарсҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст, ки аз рӯи равияи табиӣ ва риёзӣ хонандаҳо дарсҳои иловагӣ меомӯзанд. - Ташаккур, барои суҳбати самимӣ. Ба Шумо дар ҷодаи таълими насли наврас муваффақиятҳои бештарро таманно дорем. - Саломат бошед!

е-mail: javonontj@mail.ru

Хуршед МАВЛОНОВ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №26 (9452), 30 июни соли 2016

Ҳадаф - тарбият дар рӯҳияи ватандӯстӣ

САФОРАТИ ПОКИСТОН ДАР ДУШАНБЕ ДАЪВАТ БАРОИ ТЕНДЕРИ КУШОДА Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе хоҳишмандонро ба тендери кушода барои фурӯши мошини “MITSUBISHI PAJERO” бо қувваи муҳаррик 3500 см3, соли истеҳсол - 2006, даъват менамояд.

Шахсоне, ки ба шартҳои зерин ҷавобгӯ ҳастанд, метавонанд пешниҳодҳои молиявии худро дар лифофаҳо ба суроғаи дар поён зикршуда на дертар аз 28 июли соли 2016 то соати 15:00 пешниҳод намоянд. ШАРТ ВА ҲОЛАТҲО 1. Барои фурӯши мошин нархи баландтарини пешниҳодшуда баррасӣ карда мешавад.

2. Мошин дар кадом ҳолате ҳаст, фурӯхта мешавад. Сафорат барои дилхоҳ зарар\харошёфта, нобасомониҳои техникӣ, интиқоли маблағ, дигар маблағситониҳо барои тахт намудани ҳуҷҷатҳо масъул нест. 3. Пардохт барои мошин танҳо бо роҳи интиқоли бонкӣ ба суратҳисоби расмии сафоратхона дар Бонки миллии Покистон дар Душанбе амалӣ мешавад. 4. Сафорат ҳақ дорад дилхоҳ пешниҳод ва нархро мавқуф гузорад ва ба ҳар гуна эродҳо масъул набошад. Шаҳид Алӣ Сиҳар, муовини роҳбари намояндагии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Азизбеков-20а (пушти меҳмонхонаи “Азия Гранд”). Тел: +992 (37) 2276255, 2230177

www.javonon.tj

Хусусиятҳои техникӣ ва лавозимоти он “ MITSUBISHI PAJERO ” бо қувваи муҳаррик 3,0 литр, 6 силиндра ва 24 сарпӯш, ранги сафеди моил ба кабуди осмонӣ, ғунҷоиш - 7 мусофир, имконот: тақвиятдиҳандаи чамбарак, шишабардораки барқӣ, рейлингҳои сиёҳ дар болои мошин, ҳар 4 чархи мошин ба ҳаракат медароянд, калиди марказӣ, дискҳои литийдор, оинаҳои бо барқ танзимкунанда, системаи зиддиблокировкаи тормозҳо (ABS) ва типи гидравликии тормозҳо, сардкунии автоматикии қисматҳои пешу қафои мошин, болиштчаҳои бехатарӣ барои ронанда ва мусофири паҳлӯи ронанда типи SRS, ҳаҷми баки сӯзишворӣ 90 литр, танзимкунандаи суръати 4-дараҷадор, покришкаҳои бидуни камер.


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

12

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №26 (9452), 30 июни соли 2016

Толибшоҳи ДАВЛАТ Шоҳигарии Юнону Бохтар яке аз давлатҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, пас аз Осиёи Марказиро забт намудани Искандари Македонӣ таъсис ёфтааст. Чун давлати ғуломдорӣ (асрҳои 250 – 140 ё 130 то солшумории милодӣ), ибтидо дар ҳудуди давлатҳои Бохтару Суғд, Марғелон, шояд қисман Чоч (Тошканди имрӯза) ва Фарғона ба вуҷуд омадааст. Доир ба сохти давлати Юнону Бохтар, нақши он дар рушди тамаддуни мардуми Осиёи Марказӣ суҳбате доштем бо сайёҳи ҷаҳонгарди тоҷик Саидаҳмади Давлаҳмад, ки зимни сафарҳои пайваста ба ақсои олам, дар ҳама ҷо изи мардуми хешро меҷӯяд. Саҳифаҳои таърихро варақгардон карда, пай бурдан душвор нест, ки Юнону Бохтар дар натиҷаи сустшавии давлати Селевкидҳо – соф юнону македониҳо ва авҷ гирифтани ҳаракатҳои озодихоҳонаи мардуми ин сарзамин рӯи саҳнаи сиёсӣ омадааст. Шумо чӣ назар доред? - Бале, дар асл ҳамин тавр аст. Волии Бохтар Диодот маҳз ба норозигии мардум нисбат ба зулму ҳукмронии юнону македониҳо такя намуда, худро шоҳ эълон мекунад. Аммо баҳри зери итоати худ даровардани давлати Парфия боз бо селевкидҳо наздик мешавад. Писараш Диодоти II ҳини ба сари ҳокимият омадан, хилофи рафтори падараш амал мекунад. Диодоти II баръакс, бо парфиягиҳо наздик шуда, зиди селевкидҳо мубориза мебарад. Соли 230 Диодоти II аз ҷониби волии Суғд Евтидем аз тахт дур карда мешавад. Евтидем аз ҷониби ҳокимони юнону македонӣ дастгирӣ меёфт. Чунки онҳо аз наздикшавии Диодоту парфиягиҳо норозӣ буданд. Вале ба ин нигоҳ накарда, солҳои 208-206 Евтидем ба муқобили селевкиҳо муборизаҳои сахт мебарад. Селевкиҳо бо сарварии шоҳи худ Антиохи III саъй доштанд, мулкҳои аз дастрафтаи худро аз нав соҳиб шаванд. Соли 208 шоҳ Антиохи III лашкари савораи Евтидемро дар назди рӯди Ох, ки ҳоло Теҷен ном дорад, торумор намуда, пойтахти давлати Бохтар, шаҳри Зариаспро ба муҳосира мегирад. Аммо аз

АЗ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХ

Пайдоиши давлати Юнону Бохтар натиҷаи сустшавии ҳукмронии истилогарон буд

тарси ба ёрӣ даъват намудани қабилаҳои кӯчӣ аз ҷониби Евтидем, аз муҳосира даст кашида, соли 206 сулҳ мебандад. Замони ҳукмронии Евтидем ва валиаҳди ӯ, писараш Демитрий давлати Юнону Бохтар ба авҷи аълои рушду тавоноӣ мерасад. Қаламраваш аз ҳисоби қисматҳои гуногуни Афғонистону Ҳиндустони имрӯза хеле васеъ карда мешавад. Аммо ин давлати ташкилёфта чандон устувор набуд. Соли 175 то милод ҳангоми лашкаркашиҳои Демитрий ба Ҳинд, дар Бохтар таҳти роҳбарии сипоҳсолор Евкратид исён рӯй медиҳад. Ин лашкаркаш ҳамроҳи тарафдоронаш ҳокимиятро ба даст меоранд. Дар мубориза бо Евкратид ва тарафдорони ӯ Демитрий ба ҳалокат мерасад. Вориси Демитрий танҳо дар водии Инда ҳукмронӣ дошту халос. Пойтахташ шаҳри Деметриада ё Сакала (Слалкети имрӯза) дар минтақаи Панҷоб ҷойгир буд. Кашмакашиҳо баҳри ҳокимият ба он оварда расонд, ки давлати Юнону Бохтар ба ду шоҳигарӣ: Юнону Бохтар ва Юнону Ҳинд ҷудо гардад. Лашкаркаш Менандр, ки вориси Демитрий маҳсуб меёфт, яке аз ҳокимони бузурги мулкҳои юнониҳо дар Ҳинд ба шумор меравад. Метавон гуфт, ки замони ҳукмронии Евкратид давлати Юнону Бохтар давраҳои охирини мавҷудияти хешро аз сар мегузаронд. Соли 162 ӯ Парополисад ва Панҷобро забт мекунад. Лек пешравии Евкратид ба даруни Ҳинд аз ҷониби

Менандр боздошта мешавад. Пасон аз шоҳигарии Юнону Бохтар шоҳи давлати Парфия Митридот Суғду Хоразм ва Марғиён (Марви имрӯза) ва дигар минтақаҳоро кашида мегирад. Соли 155 Евкратид аз ҷониби писари худ Гелиакл кушта мешавад. Ҳукмронии Гелиакл танҳо дар заминҳои мулки Бохтар маҳдуд шуда буду халос. Ӯ охирин ҳокими давлати Юнону Бохтар маҳсуб меёбад. Афзудани ҳаракатҳои озодихоҳӣ зиди ҳокимони юнону бохтарӣ ва юриши қабилаҳои бадавии юҷӣ ба минтақа аз ҷониби шимолу шарқ, солҳои 140-130 то солшумории милодӣ боиси аз саҳнаи сиёсӣ дур шудани ин давлат мегардад. - Аз маълумот бармеояд, ки ин давлат каме бештар аз сад сол вуҷуд доштааст. Лек маҳз дар ин давра мулки Бохтарро «кишвари ҳазор шаҳрҳо» ном бурдаанд. - Дар марҳилаи каме бештар аз як қарн давлати Юнону Бохтар дар таърихи мардуми Осиёи Марказӣ нақши муҳиме дорад. Ҳарчанд дар идораи он ҳокимони юнону македонӣ ҳамроҳи волиёни маҳаллӣ ширкат доштанд. Дар ин давра муносибатҳои ғуломдорӣ ҳамоно ривоҷ меёбад. Дар баробари он хунарҳои гуногун рушда ёфта, шаҳрҳо боз ҳам ободу зебо мегарданд. Шумо дуруст зикр намудед, дар ҳақиқат аз рӯи маълумоти бадастомада мулки Бохтар чун «кишвари ҳазор шаҳрҳо» ёдовар мешавад. Бохтар (Балх ё Вазирободи имрӯза), Антиохия (Марғелон,

Марв), Деметриас (Тирмиз), Мароқанд (Самарқанд), Каниса (Бағром) аз ҷумлаи шаҳрҳои калону обод, сернуфус ва сабзу хуррам дар он замон маҳсуб меёфтанд. Барқарор намудани муносибатҳои гуногун бо кишварҳои ҳамсоя низ ба пешрафту рушди ҳар давлат, албатта таъсири нек мерасонад. Маҳз дар ин давра тиҷорат бо кишварҳои Эрон, Ҳиндустону Чин хеле ривоҷ меёбад. Воҳаҳо бо заҳмати кишоварзон боз ҳам сарсабз гашта, навъҳои гуногуни меваҷоту сабзавот парвариш мегардид. Дар саҳроҳои доманфарох боғоту токзорон доман паҳн карда буданд. Чорводорӣ ҳам хеле ривоҷ ёфта буд. Ҳамаи ин имкон медод, ин сарзамин гарчанд дар ҳамкорӣ бо аҷнабиён идора мегардид, рушд ёбад - Бозёфтҳои бостоншиносон гувоҳ аз он аст, ки санъат дар ин давра хеле ривоҷ ёфтааст. Лек чаро муаррихони ғарбӣ ин ҳамаро бо омадани юнону македониҳо, дақиқтараш истилои онҳо вобаста медонанд? - Албатта, тамаддунеро сарфи назар намудан натиҷаи сабукандешӣ ё хубтараш бехирадист. Ман ҳайронам, ки муаррихони ғарбӣ чиро ба назар гирифта, чунин хулосаҳои беасос мебароранд. Як мисол. Вақте ки юнону македониҳо Самарқандро ишғол мекунанд, дар ин шаҳр қубурҳои сафолини обпарторо дида, ангушти ҳайрат мегазанд. Ҳамин тавр, гузаштагони мо ҳанӯз пеш аз солшумории милодӣ, бо ибо-

раи маъмули имрӯз «системаи канализатсионӣ» доштаанд. Чунин хулосабарории олимони Ғарб аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамаро ба мардуми Аврупо нисбат додан мехоҳанд. Дар асл чунин нест. Албатта, ба пешрафти тамаддуни Шарқ юнону македониҳо таъсир расондаанд. Вале дастовардҳои худи ин мардумро нодида гирифтан, ҳамаро ба дигаре нисбат додан аз рӯи инсоф нест. Чунин баҳогузории яктарафа афродеро, ки ба омӯзиши таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик майлу рағбат доранд, дар кӯчаи сарбаста мегузорад. Давлати Бохтар заргароне дошт, ки санъати эшон оламгир буд. Ҳунари онҳо ҳар бинандаро ба ҳайрат меандохт. Нафарони зиёд баҳри дидани санъати заргарии мардум маҳз ба ин мулк ташриф меоварданд. Зеро ҳунару маҳорати заргарони бохтарӣ ҳамаро қоил карда буд. Бостоншиносон тангаҳоеро дарёфт намуданд, ки дар он аксҳи шоҳони юнону бохтарӣ сабт шудааст. Тасвири олиҳаи шикор, расмҳои ҳайвоноти гуногун дар зарфҳои нуқрагину заррин гувоҳи таъсирасонии ду фарҳангу тамаддун ба якдигар аст. Чунин таъсиррасонӣ аз бозёфтҳои қалъаи шоҳ Қайқубод дар Қубодиён, Тирмиз, Балху Бағроми Афғонистон баръало мушоҳида мегардад. Хулоса, дар натиҷаи омезиши фарҳанг, санъати мардуми маҳаллӣ бо эллиниҳо, яъне юнону македониҳо, ҳамчунин эрону ҳиндӣ санъати юнону бохтарӣ тавлид ёфтааст, ки пасон дар рушди фарҳанги мардуми ин сарзамин нақши муҳими он баръало мушоҳида мегардад. Аз ҳама муҳимаш набояд фаромӯш кард, ки юнону македониҳо истилогар буданд. Онҳо ба ин минтақа на ҳамчун сайёҳ, балки истилогар ворид шудаанд. Чи қадар мардуми таҳҷо куштаю шаҳру деҳоти сабзу хуррам ба харобазор табдил ёфт. Аз дасти лашкариёни юнону македонӣ. Мувофиқи маълумот, танҳо дар шаҳри Уструшана, яъне Истаравшани имрӯза, ки истилогарон онро Киропол номгузорӣ карданд, пас аз пахши муқовимати сокинони шаҳр ва ғасби он беш аз ҳашт ҳазор мардум ба қатл расонда шудааст.


ПОЧТАИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №26 (9452), 30 июни соли 2016

13

Ҷавонон нерӯи пешбари ҷамъиятанд Таълиму тарбия ва ба камол расонидани насли дилсӯзу ғамхори Ватан ва халқу ҷамъият кори душвор, вале пурифтихор аст. Барои тарбия ва ба воя расонидани созандагони ояндаи ҷомеа миллати мо тамоми имконоту заминаҳои маънавӣ, равонию ахлоқӣ ва таърихиро дорост. Сиёсати давлатии ҷавонон қисмате аз рукнҳо дар ҷомеаи шаҳрвандии мо маҳсуб мегардад, ки нақши ҷавононро дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Сайалӣ ШАҲОБОВ, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Аз замони баёни ин муроҷиатнома тақрибан 19 сол сипарӣ гардидааст. Аз ин ҷиҳат хостам бо фаъолияти имрӯзаи наҳзатиҳо муқоиса кунам. Бояд донем, ки то кадом андоза суханони устодони гузаштаи худро наҳзатиҳо имрӯзҳо иҷро кардаанд. Аз ин ҷиҳат лозим донистам, ки ҳар як панди Нуриро ба шароити имрӯза дар ҳолати муқоиса гузорем. Саид Абдуллои Нурӣ, собиқ роҳбари наҳзатиҳои тоҷик барои пайравонаш насиҳат карда гуфтааст, ки: «Дигар танҳо хоинон ва душманони миллат ва дастнишондагони бегонапараст бо ин ё он баҳона дар кишвар нооромӣ эҷод мекунанд». Акнун назар меафканем ба амалҳои роҳбарон ва пайравони наҳзатиҳои имрӯза. Воқеаи 4-уми сентябр ягона ҳолате набуд, ки аз ҷониби наҳзатиҳои тоҷик сар зада буд. То ҳодисаҳои 4-уми сентябр борҳо шогирдону муридони Нурӣ талош намуданд, ки дар кишвар нооромиро эҷод намоянд. Ҳодисаҳои шаҳри Хоруғ дар соли 2012, ки боиси марги даҳҳо тан афсарону шаҳрвандон гардид, кори наҳзатиҳои тоҷик буд. Ғайр аз ин ҳуҷуми Мулло Абдулло, дар дараи Камароб, дар соли 2010, ки дар натиҷаи он 20 тан наваскарони тоҷик ба ҳалокат расида буданд, ҳамаашро наҳзатиҳо анҷом дода буданд. Чунин мисолҳоро метавон бисёр рӯйи коғаз овард. Аз ин ҷиҳат метавон ҳадс зад, ки ин нооромиҳои дар кишвар баамаломада аз сӯи наҳзатиҳо маҳз аз хоинӣ, бегонапарастӣ, душманӣ ба миллат ва дастнишондагони хориҷӣ будани ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон далолат мекунад. Нурӣ аз ёрони худ тақозо кардааст, ки: «Аз ин ба баъд мо - тоҷикистониҳо бояд даври ҳам биншинем ва мушкилоти худро худамон ҳал намоем». Аммо, наҳзатиҳо пас аз сари устоди худ ин пандҳоро ба гӯшаи фаромӯшӣ супорида, вобаста ба диду назари худ амал карда истодаанд. Наҳзатиҳои тоҷик ба ҷои дар дохили кишвар ҳал намудани мушкилиҳои дохилӣ баръакс аз дур истода, мудом талош ба он менамуданд, ки бо дигар роҳу восита ва бо дигарон мушкилиҳои доштаашонро ҳалу фасл намоянд. Вохӯриҳои пай дар пайи Муҳиддин Кабирӣ бо сафирони Амрикову Британияи Кабир ва дигар намояндагиҳои ин кишвар дар Тоҷикистон, пайваста гилагузорӣ кардан аз Ҳукумати Тоҷикистон ба як одати муқаррарии ӯ мубаддал гашта буд. Нурӣ хеле хуб гуфтааст, ки «Набояд моро касе аз хориҷи кишвар таҳрик диҳад». Вале, хуб медонем, ки тамоми фаъолияти ташкилоти экстремистӣтеррористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз хориҷи кишвар идора ва назорат мегардиду имрӯз вазъ идома до-

рад. Мувофиқи нишондоди шоҳидон дар тамоми нақшаҳои наҳзатиҳо иззи хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ хеле назаррас мебошад. Маҳзи сарфи назар кардани ҳамин пандҳои Нурӣ буд, ки айни замон наҳзатиҳо дар Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ эълон гардид. Даст ба террор задани онҳо дар солҳои гуногун ва ҳодисаҳои 4-уми сентябр, ки ҳатто Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар қарор дошт, далели гуфтаҳои боло мебошанд. Агар наҳзатиҳо ба ҷои такя задан ба хориҷиҳо ба ҳаммилатони худ такя мезаду умедашро ба шаҳрвандони тоҷик мекард, имрӯз чунин шармандаву сарафканда намегардид. Аммо афсӯс бахташро аз хориҷиҳо дида, назари мардумро ба инобат нагирифт. Аз ҳамин ҷиҳат, ин нуқтаи заъфро хориҷиҳо пайдо карданду мисли бозича аз он истифода намуданд. Кабирӣ низ шефтаи суханони аҷнабиҳо гашта, ҳар сухану маслиҳати онҳоро чун ҳақиқати кул медонаду аз рӯйи он амал мекунад. Шояд хислати наҳзатиҳо барои Нурӣ маълум буд, ки барои онҳо падарвор насиҳат намуда буд, ки: «Набояд барои манфиатҳои дигарон вазъи ороми ҷумҳуриро вайрон кунем, набояд барои курсӣ ва мансаб фарзандони мардумро ба куштан бидиҳем, занҳоро бева, фарзандонро ятим намоем». Нурӣ гуфтааст, ки «Бояд он маблағе, ки барои ҷанг ва муҳимоти ҷангӣ сарф мешавад, барои созандагии мамлакат ва беваю бечора, барои ятимон ва бенавоён сарф намоем». Аз афташ барои Муҳиддин Кабирӣ ва тими ҳозирааш чунин суханон корае накарда буд, ки 1,5 миллион долларро барои ошӯби мусаллаҳона ба Ҳалим Назарзода, муовини вазири мудофиа тавассути фарзандаш дода буд. Кабириву ёронаш дар якҷоягӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим ин маблағро барои ҷанг кардан бо сохти конститутсионӣ сарф намуд. Ҳоло он ки мувофиқи панди устодаш бояд онро «барои созандагии мамлакат ва беваю бечора» сарф мекард. Аммо, баръакс инсонҳоро ба қатл расониду занҳоро бешавҳару фарзандони онҳоро ятим намуд. Тасаввур кардан мумкин аст, ки дар 1,5 миллион доллар ба ҷои қатлу куштор имкон буд, корхонае бунёд намуду чанд нафарро ба ҷои кор таъмин кард. Ҳам манфиат ба мардум буду ҳам фоидаи ба худи ӯ. Афсӯс ҳеҷ кадоме аз онҳо инро дарк накарданд. Думболи пиёда кардани аҳдофи кишварҳои дигарро доштанд. Чунин думрав будан оқибат баъзе роҳбарони онро ба ҳукми абаду баъзеи дигарро ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон намуда, баъзе дигарро маҷбур ба ғурбат бурд.

Асад АҲЛИДДИНОВ

www.javonon.tj

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2016 вобаста ба масъалаи ҷавонон оварда шудааст: “Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд. Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар - Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”. Воқеан, таҳия ва татбиқи амалии барномаҳои дар самти сиёсати давлатӣ миёни ҷавонон тарҳрезигардида барои рушди минбаъда ва такомули шахсият, ниҳод ва худшиносии миллии насли ҷавон натиҷаҳои мусбатро ба бор хоҳад овард. Қабул ва давра ба давра амалӣ гардидани тадбирҳои мунтазами дар ин самт андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саропо фарогирии манфиатҳои ин қишри ҷомеа мебошад, дар навбати аввал ба беҳтар гардонидани шароити иҷтимоӣ ва зисту зиндагии ҷавонон, коҳишидодани сатҳи бекорӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавонон равона карда шудааст. Дар ин замина бояд қайд кард, ки созмонҳои ҷавонон қувваи асосӣ ва ҳаракатдиҳандаи сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб мегарданд ва ҳадафи фаъолияти онҳо устуворгардонии иқтидори ҷавонон, саводнокии сиёсӣ, мустақилияти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, фарҳангии онҳо, боло бурдани ҳисси худшиносии миллии насли имрӯза мебошад. Ҳадафи асосии ин барномаҳо фароҳам овардани шароити мусоид ва имконоти муассир ҷиҳати худташаккулёбӣ, худамалигардонӣ, тарбия ва маърифатнокии комили ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таъминоти ҳуқуқӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад. Дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон кишварҳои муайян ҷавоникунии идораи давлатиро пазируфтаанд ва ин раванд таввасути ташаккул додани институтҳои такмили ихтисоси мутахассисони кор бо ҷавонон, кушодани кафедраҳои сиёсати давлатии ҷавонон, марказҳои дастгирии методию амалии сарварони ҷавон ва ғайра кор бурда истодаанд. Дигар он ки, ҷомеаи муосир тақозо бар он дорад, ки ҳамарӯза сатҳи дониш, малакаи корӣ, таҷрибаи андӯхта ва малакаҳои муоширату робитаҳо такмил дода шавад ва дар сатҳи сифатан мувофиқ ба кору коргузории муосир ба роҳ монда шавад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ сатҳи таҳсилоти ҷавонон дар хориҷи кишвар афзоиш ёфта истодааст. Айни замон дар маҷмуъ дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷ беш аз 35 ҳазор нафар ҷавони мо таҳсил доранд. Дар ҳамин раванд бо Фармони Президенти мамлакат фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахасисон дар давлатҳои хориҷа таъсис дода шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони ҷавон имтиёзҳо муқаррар карда шудааст. Айни ҳол 8000 хизматчии давлатии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин ҳама тадбирҳо ва ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо - ҷавононро водор менамояд, ки боз ҳам бештар хонем, омӯзем, ба фарҳанги хеш арҷгузорӣ намоем, марзи муқаддаси худро дифоъ намуда, барои пешравии давлат ва ҷомеа ба таври ҳамеша талош варзем.

Чанде пештар брошурае ба дастам афтод, ки дар он муроҷиатномаи собиқ Раиси Комиссияи Мусолиҳаи миллӣ марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ нашр шуда буд. Замони нашр ва паҳн намудани ин муроҷиатнома ба 6-уми августи соли 1997 рост меояд. Дар муроҷиатномаи мазкур аз ҷумла омадааст: «Дигар танҳо хоинон ва душманони миллат ва дастнишондагони бегонапараст бо ин ё он баҳона дар кишвар нооромӣ эҷод мекунанд. Аз ин ба баъд мо тоҷикистониҳо бояд даври ҳам биншинем ва мушкилоти худро худамон ҳал намоем. Набояд моро касе аз хориҷи кишвар таҳрик диҳад. Набояд барои манфиатҳои дигарон вазъи ороми ҷумҳуриро вайрон кунем, набояд барои курсӣ ва мансаб фарзандони мардумро ба куштан бидиҳем, занҳоро бева, фарзандонро ятим намоем. Бояд он маблағе, ки барои ҷанг ва муҳимоти ҷангӣ сарф мешавад, барои созандагии мамлакат ва беваю бечора, барои ятимон ва бенавоён сарф намоем».

е-mail: javonontj@mail.ru

Панди Нурӣ як тарафу Кабирӣ тарафи дигар


ДАРСИ КИШВАРШИНОСӢ

е-mail: javonontj@mail.ru

14

Нуруллоҳи ОРИФ

САРВАРИ МО Сарвари созандаву ғамхори мо, Сарвари дилсӯзи шуҳратёри мо. Ҳотами Тай нест, аммо беш аз он Даст дорад, даст дар ҳар кори мо. Ӯ ба мо ин иззату иқбол дод, Ӯ ба мо ин Сулҳу Истиқлол дод. То расем аз остон бар осмон Ӯ ба мо бо амри Яздон бол дод. Баҳри халқаш ҷоннисорӣ мекунад, Бекасонро ғамгусорӣ мекунад. Қудраташро дида, бе ҳеҷ иштибоҳ, Кӯҳ наздаш шишта, зорӣ мекунад. Дар ҳақиқат беҳтарин созанда аст, Шаҳсутуни давлати поянда аст. Қалби пурмеҳраш набинад дардро, Вориси имрӯз, ҳам оянда аст. Сарваре, ки месазад номаш яқин З-оби тилло дар равоқи дил навишт. Номи ӯро з-оби тилло нав ба нав Дар равоқи дил ба ҳар маҳфил навишт.

ТОҶИКИСТОН Эй олами нур, Тоҷикистон, Пирони ту зӯр, Тоҷикистон, Касро ба зиёратат бихонанд, Аз кишвари дур, Тоҷикистон. Дур аз бари ту мадори ман нест, Сабри ману ҳам қарори ман нест. Бе шуълаи санги кӯҳсорат Дар дидаи дил шарори ман нест. Молам ба ду фарқи дида хокат, Пурфайзу сахост хоки покат. Ширин ба мисоли қандалот аст Ҳар қатраи оби атрнокат. Эй Хизр, биё, биҳишт ин ҷост, Ояндаи сарнавишт ин ҷост. Бо амри Худо зи тухми ваҳдат Фарде, ки фасона кишт, ин ҷост. Эй олами нур, Тоҷикистон, Пирони ту зӯр, Тоҷикистон, Касро ба зиёратат бихонанд, Аз кишвари дур, Тоҷикистон.

МОДАР - ВАТАН Дар ту, эй Модар - Ватан, бо порсӣ, Бо забони Рӯдакӣ гап мезанам, Бо забони Рӯдакии номдор, Бемалол аз кӯдакӣ гап мезанам.

www.javonon.tj

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №26 (9452), 30 июни соли 2016

Бо забони Рӯдакии номдор, Бемалол аз кӯдакӣ гап мезанам.

ТОҶИКИСТОНАМ Эй диёрам, ифтихорам, Тоҷикистонам, Давлати овозадорам, Тоҷикистонам. Дар нигоҳи ҳар як инсон чун баҳоронат, Бо ту рангин рӯзгорам, Тоҷикистонам. Чашми кас серӣ надорад аз тамошоят, Гарчи даҳри беканорӣ, умқи дил ҷоят. Эй Ватан - Модар, гаҳи шодию ғамгинӣ Саҷда меорам ҳамеша, саҷда дар поят. Нозанинӣ, дар ҳақиқат нозанин астӣ, Чун нигинӣ, дар ҳақиқат чун нигин астӣ. Сабзу зебо, эй диёри ваҳдатободам, Зеби садҳо шеъри нобу офарин астӣ.

ДАВЛАТИ ОЗОДИ МАН Тоҷикистон, давлати озоди ман, Тоҷикистон, рӯҳ дар бунёди ман. Ҷовидон монад, нагардад дур ҳеҷ Тоҷикистон, номи ту аз ёди ман. Обҳоят ҷумла поканду зулол, Ҳар касе хоҳад, бинӯшад бемалол. Мисли шоҳин, мисли боша, мисли боз Мезанам дар зери афлоки ту бол. Кишвари бемислу беҳамто туӣ, Дар дили чун кӯҳи Қофам ҷо туӣ. Шири моҳи шаб чакад аз пайкарат, Дар ҳақиқат зеби ин дунё туӣ.

ВАҲДАТИ МИЛЛАТ Мо миллати ба сар тоҷ Аз мушти хоку обем. То ҳаст зиндагонӣ, Пайгири офтобем. Пайгири офтобем, Рахшанда чун шиҳобем. Монанди рӯди бехоб Ҳар лаҳза дар шитобем. Пайваста пиру барно, Дорем рӯ ба ваҳдат. Ҳаст аз қадим то ҳол Ваҳдат шиори миллат. Мо миллати ба сар тоҷ Аз мушти хоку обем. То ҳаст зиндагонӣ, Пайгири офтобем.

Пайгири офтобем, Рахшанда чун шиҳобем. Монанди рӯди бехоб Ҳар лаҳза дар шитобем. Бояд ки сохт имрӯз Як шаҳри ваҳдатобод. Шаҳре зи айбу иллат Озод бошад, озод. Мо миллати ба сар тоҷ Аз мушти хоку обем. То ҳаст зиндагонӣ, Пайгири офтобем. Пайгири офтобем, Рахшанда чун шиҳобем. Монанди рӯди бехоб Ҳар лаҳза дар шитобем.

ХОНИ ВАҲДАТ ТОҶИКИСТОН Хони Ваҳдат - Тоҷикистон, Нони Ваҳдат - Тоҷикистон. Баҳри ҳар як пиру барно Кони Ваҳдат - Тоҷикистон. Ҳаст Ваҳдат, ҳаст олам устувор, Ҳаст олам, ҳаст одам устувор. Ҳаст бо имдоди Ваҳдат дер боз Одаму олам фароҳам устувор. Хони Ваҳдат - Тоҷикистон, Нони Ваҳдат - Тоҷикистон. Баҳри ҳар як пиру барно Кони Ваҳдат - Тоҷикистон.

Адибаи АЗИЗ ОФТОБИ ВАҲДАТ Вақте ки офтоб аз паси қуллаҳо расид, Мурғи сиёҳи шаб зи сари шохаҳо парид. Ин пешвои миллати мо сулҳовар аст, Тоҷик баҳри ваҳдати худ ранҷҳо кашид. Дарёи Панҷ шоҳиди рӯи ҳақиқат аст, Вақте ғизоли сулҳу саодат зи мо рамид. Нақши ҳазор пой ба лабҳои соҳил аст, З-он модаре, ки аз паси тифлони худ давид. Модели сулҳи давлати мо дарси ибрат аст, Таҳсин бизад ба раҳбари давлат касе шунид. Ин ваҳдат аст, меваи шаҳди муҳаббат аст, Ин ганҷро ба қиммати сад ҷону тан харид. Борони бахт мезанад аз осмони шаҳр, Аз барги гул таронаи ҳамду сано чакид. Тирукамони ҷанг нахоҳам, ба ҷои он Тирукамон ба фазли Худо дар ҳаво дамид.

Ҳаст Ваҳдат, шӯр дар ҳар сина ҳаст, Шӯр дар ҳар синаи бекина ҳаст. Зери чархи Ваҳдати Парвардгор Дон, ки дар ҳар сина сад ганҷина ҳаст. Хони Ваҳдат - Тоҷикистон, Нони Ваҳдат - Тоҷикистон. Баҳри ҳар як пиру барно Кони Ваҳдат - Тоҷикистон.

ТОҶИКИСТОН Тоҷикистон кишвари мо, ҷони мо, Қурси нонат зеби дастархони мо. Қулти обатро зи Замзам фарқ нест, Гарди хокат сурмаи чашмони мо. Мо зи сангат қасри миллат сохтем, Парчами сулҳат баланд афрохтем. Ҳамрадифи Зуҳраву Хуршеду Моҳ, Хешро аз ваҳдатат бишнохтем. Кӯҳҳои сарбаландат ҳар замон Нардбони мост сӯи осмон. Дар ҳақиқат, эй Ватан, эй сарнавишт, Бе ту моро нест ин ному нишон.

МЕҲАНАМ

Модари хуршеддил, оташниҳод Аллаам бо ин забони ноб гуфт. Аллаам бо ин забон рӯзи дароз, Аллаам шаб ҳамраҳи маҳтоб гуфт.

Дар ту меҳан зиндагонӣ давлат аст, Кӯҳу дашту обу хокат сарват аст. Ҳар куҷо бошам, ба номат зиндаам, Аз бароям номи некат қимат аст.

Пас, чӣ сон ман рӯй гардонам зи хеш, Рӯй гардонам, шавам оқипадар. Ин замин, ин осмон, ин обу хок Аз каси оқипадар дорад ҳазар.

Ҳамрадифи шамси Ховар, Меҳанам, Хонаи бахтам чу модар, Меҳанам, Беназир астӣ ба қалбам ҳамчу ҷон, Каъбаи дил, тахту минбар, Меҳанам.

Месароям, то Ватан дорам, Ватан, Бо забони хеш шеъри обдор. Бо сари боло, дили саршори ишқ Мекунам шукронаи Парвардгор.

Модари ман, Меҳани ман зинда бош, Дар ҷаҳони бекарон поянда бош! Маскану маъвои сулҳу амният, Ҳамчу хуршеди само тобанда бош!

Дар ту, эй Модар - Ватан, бо порсӣ, Бо забони Рӯдакӣ гап мезанам,

Охон АМИНЗОДА, Аълочии маорифи Тоҷикистон, ноҳияи Ҷаббор Расулов


САЙҚАЛИ ХОТИРА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №26 (9452), 30 июни соли 2016

Њисси шунавої

Шаби равон

Хом

Даст ба ... бардоштан

Англия ба форсї

Мурѓи афсонавї

Картошкабирёни тарабхона

Моњишўрбои русї

Заводи автомобилбарории рус

Духтари калонї барои хурдињо

Тамѓаи мошини амрикої

Шањр ...у дар ишрат Љопон

Хот..., навъи бутерброд

"... ва Љерри"

Ќишлоќ

Маѓозаи айнакфурўшї

Тухми моњї (русї) «Робинзон …», асари Д.Дефо

Шинос, дўст

Нафар, одам

Тарї

Оташ

Арѓамчини ковбой

... Ланка

… Пўлодова, овозхон

Синоними рама, пода

Кофтуков

Љои бензин дар мошин

Бурљи 11уми толеънома

Маводи мухаддир аз Колумбия Дарахти калони шамшодмонанд (русї)

Суруш ..., овозхон

…мат, яроќи оташфишон Бањр дар Русия

Наботот

Зеру забар

Пойтахти Руминия

Љамъи «амал» Ба њамин наздикї, њозиракак

ИМА ба русї

Сайёраи Миррих (рус.)

Калаванда

Дарё дар Осиёи Миёна

www.javonon.tj

... Саидова, овозхон

Забони давлатии Миср

Олињаи ѓалабаи Юнони Ќадим

Воњиди индуксияи магнитї

Зодаи одамї, инсон

... Баччан, актёри њиндї

Баъди шаб

Зулм, ситам

Шахси њаљкарда

Покиза, зебо

Ба замин нишастани тайёра

…и Султон, овозхон

ШОС (тољ.)

Ному- Душворайян фањм

Олї, баланд

Тамѓаи мотосикли шўравї

Њамсабаќ

Федератсияи ... Сандал, байналхалќии овозхони турк футбол

Њиссиёти ба ошиќон хос

Мошинчаи боркашони анборњо

Муќобили рўз

Илова Барањна, урён

Ду мисраи шеър

Нидои сарбозон

Як фиќраи Ќуръон

Тезбин, тезнигоњ

Овозхони арманитабори эронї

Лаврентий…, роњбари НКВД дар замони Сталин

Поён

Асари Софокл

Тарс, дањшат

Чўбдасти домуллои "Мактаби кўњна"

Яке аз номњои Иблис

Шўриш, балво

Собиќ роњбари Чин … Тзедун

Ќањрамони "Гўрўѓлї"

Саволу љавоб аз рўи билет дар мактаб

Савобдўстдор

Беобрўшуда

Бадзот

Антоними «ќимматї»

Капиталист

Маводи мухаддир

… Ибни Сино

Хиратоб

… Шетти, актёри њиндї

е-mail: javonontj@mail.ru

Бунёд, замина

15


е-mail: javonontj@mail.ru

16

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №26 (9452), 30 июни соли 2016

Лутфи ҷавонӣ

ДИҚҚАТ, ОЗМУН! Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016, озмуни соҳавии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30.03.2016, таҳти №61, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо мақсади муайян намудани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмун эълон менамояд.

Шартҳо: 1. Ҷавонон: - дастгирии ҷавонон; - ҷалби ҷавонон ба маҳфилҳои илмӣфарҳангӣ; - баргузории озумунҳо, чорабиниҳо, аксияҳо ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ; - иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. 2. Рушди варзиш: - дастоварди варзишгарон (шумораи медалҳо ва ҷоизадорон); - баргузор намудани мусобиқаҳо; - теъдод ва шароити толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ.

3. Рушди сайёҳӣ: - ташрифи сайёҳон; - рушди инфрасохтори соҳа; - ба роҳ мондани усулҳои муосири ҷалби сайёҳон. Ҳайати эҷодии рӯзнома имкон дорад, ки ҳар шумора дар бораи фаъолияти пурсамари бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии муваффақ маводи муфассал (то як саҳифа) интишор намояд. Озмун охири соли ҷорӣ (2016) анҷом меёбад. Хонандагон метавонанд беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва роҳбари онро интихоб намуда, дар анкетаи зерин сабт намоянд ва онро бурида, ба суроғаи нашрия фири-

АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) _______________________ Барои чӣ беҳтарин аст?_______________________________________________________________ Ному насаби пуркунанда_____________________________________________________________

Афандӣ ба аскарӣ мерафт. Дар вокзал бо дӯстдоштааш хайрухуш кард. Ошиқаш гуфт: - Ман туро интизор мешавам... Афандӣ: - Не, ба хона рав. Ман дер меоям...

станд. Дар анҷом се нафар: соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм бо ҷойизаҳои махсуси рӯзнома сарфароз гардонида мешаванд. Теъдоди овозҳо ҳар ҳафта тавассути рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хабар дода мешавад. Имрӯз фурсат расидааст, бояд онро аз даст надиҳед ва беҳтарин роҳбар будани худро ифшо намоед. Фурсати худро муаррифӣ кардан расид! Натиҷаи рейтинг ба озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъсир дошта метавонад. Анкетаҳои пуршуда бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ-16, КТН “Шарқи озод”, ошёнаҳои 1 ва 4, идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” қабул карда мешавад. Анкетаҳои нусхабардоришуда эътибор надоранд.

***

Духтар ба беморхона аёдати дӯстдоштааш меравад. Дар назди дари ҳуҷраи бемор занеро бо халати сафед дида, пурсид: - Даромадан мумкин? Зан гуфт: - Мебахшед, Шумо ба бемор кӣ мешавед? - Ман хоҳараш. Зан: - Шинос мешавем, ман модараш!

***

- Дадаҷон, мумкин аст Шуморо бӯсам? - Дер кардӣ, духтарам, пеш аз ту модарат бӯсид, дигар пул надорам.

Масъули озмун: Шаҳбози Асомиддин. Тел: 985 48 26 48, 238 53 03, 238 54 14

***

 АНДАРЗ

Хизмати кӯзаи сӯрох

www.javonon.tj

Марде дар Ҳиндустон дӯ кӯзаи калон дошт, ки аз як канори деҳа ба канори дигари он ба хонаи устодаш об мекашонд. Роҳ хеле дур буд. Аммо дурии роҳро нигоҳ накарда, мард ду кӯзаро пур аз об карда, бо китфонаш мекашонд. Бо ин қадар ранҷ, боз яке аз кӯзаҳо сурох буду боиллат. Оби кӯзаи боиилат то хонаи устод нисф мешуд. Кор бо чунин тарз ду сол давом кард. Кӯзаи беиллат фахр мекард, ки обро пурра то манзил бе чакондану резондан мерасонад. Кӯзаи боиллат ранҷ мекашид, ки вазифаашро дуруст иҷро карда наметавонад ва барои он ки марди солхӯрдаро заҳмати зиёд медиҳад, бениҳоят шарм медошт. Баъд аз ду соли нокомӣ кӯзаи боиллат ба танг омада, ба обкаш гуфт: - Ман шарм медорам, ки ҳар дафъа нисфи обро мерасонам ва шуморо дар хиҷолат мегузорам. Обкаш табассуми зебое кард... Кӯзаи сурох гуфт: - Тӯли ду сол аст, ки ман нисфи обро мебарам, ту бошӣ ин қадар вақт боре ҳам аз камбуди ман ба устодат шикоят накардӣ. Марди обкаш ҳис кард, ки кӯза ғамгин аст ва худро ноҳинҷор эҳсос менамояд. Дилаш ба ҳоли кӯза сӯхт: - Вақте ки мо ба хонаи муаллим бармегардем ман мехоҳам, ту ба гулҳое, ки дар роҳ чунон зебо шукуфтаанд, диққат бидиҳӣ. Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

Дар ҳақиқат баъд аз бозгашт кӯза диққат медиҳад, ки дар як тарафи роҳ гулҳои гуногун бениҳоят зебо шукуфтаанд ва ҳусни роҳро куллан тағйир додаанд. Баъд аз дидани чунин манзара дилаш каме ором мегирад. Аммо дар охири роҳ, ӯ боз худро ноҳинҷор эҳсос мекунад, нисфи оби тани худро дида, такроран аз марди обкаш узр мепурсад. Дар ин вақт марди солхӯрда мегӯяд: - Оё ту аҳамият додаӣ, ки гулҳои

зебо танҳо дар канори роҳи ту шукуфтаанд, на дар канори роҳи дигар? Барои он ки ман тарафи норасоии туро медонистам ва инро ба маврид истифода бурдам. Тухми гулҳоро дар канори ту шинондам ва ҳар рӯз, вақте ки мо баргашта меомадем, ту онҳоро об медодӣ. Яъне обе ки аз ту мечакад, ташнагии гулҳоро мешиканад. Ман бошам, дар ин ду сол гулҳои зеборо чида, бурда болои курсии устодам мегузоштам. Устодам бошад, аз тамошои онҳо шабу рӯз ҳаловат мебарад ва ҳавои тозаи табиатро нафас мекашад.

***

Фарқ байни ду шоир. Шоири чақон: - Ба думболат равам ҳар ҷо ки бошӣ. Шоири танбал: - Сари роҳат нишинам, то биёӣ.

***

Афандӣ аз дӯстдоштааш пурсид: - Кадом рӯз ба дунё омадаӣ? Дӯстдоштааш: - Рӯзи якшанбе. Афандӣ хандиду гуфт: - Чӣ дурӯғ мегӯӣ, якшанбе рӯзи истироҳат аст.

Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Дари хонаи Афандӣ занг мезанад. Мепурсад: - Кист? - Меҳмони Худо. Афандӣ дарро кушода, меҳмонро масҷид мебараду мегӯяд: - Хонаи Худо ин ҷост.

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).

 ЭЪЛОН

БАРҲАМ МЕХУРАД

ҶДММ “Фирдавс Тоҷ” (РМА 09014044, РЯМ 0910008220) бо суроғаи шаҳри Ҳисор, кӯчаи 60-солагии Ҳисор барҳам мехӯрад.

ҲАМДАРДӢ

Аъзои Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта аз марги курсанти Донишкадаи ШарқӣСибирии Вазорати корҳои дохилии Руссия Саидшоҳ Исломов сахт андуҳгин буда, ба наздикони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд. •

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6882 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.