Ҷавонони Тоҷикистон, №27, 2018

Page 1

ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №27 (9557), 05.07.2018

javonon.tj

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН

Ҷавонон ба ҳифзи дастовардҳои ваҳдати миллӣ омода бошанд

№27 (9557), 05/07/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

Бо фейсбук ба куҷо равонаем? саҳифаи

Кӯдакону наврасон ва масоили об саҳифаи

4

6

Миллатдӯстӣ аз маҳалдӯстӣ сар мешавад саҳифаи

7

Қувваозмоии таърихӣ саҳифаи

9

Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт… саҳифаи

Ифтихор саҳифаи

13

14

Имрӯз мебояд фаҳмиши мардум нисбат ба маҳал ва маҳалдӯстӣ дигар шавад. Зеро ҷомеа ҳамеша механизме дорад, ки онро аз олудагиҳо пок мекунад. Маҳалли худро дӯст доштан метавонад ба он сабаб шавад, ки фаротар аз ин тафаккур намоӣ ва дар баробари маҳал миллат ва Ватанро қадр кунӣ. Аммо агар тавони дӯст доштани зодгоҳи худро надошта бошем, кай метавонем ба дарки миллат ва Ватан бирасем? Ин саволест, ки маҳалситезон ва он нафароне, ки тамоми бурду бохти хешро ба маҳал рабт медиҳанд ва нотавониҳои худро низ баъзан ба маҳал вобаста медонанду аз рушду инкишоф канор мемонанд, бояд ҷавоб гӯянд. Бояд бар ин андеша қоим буд, ки ҳар нафаре мегӯяд фалонӣ бо сабаби аз фалон маҳал будан соҳиби мақому манзалат аст, худ маҳалгарост ва тавони дидани бурду бохти он нафарро надорад, зеро тафаккураш дар ҳамон сатҳ аст.


2 Ҳамватанони азиз! Муҳтарам сокинони шаҳри бостонии Конибодом! Ин лаҳзаҳо ҳамаи мо ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳам омадаем. Бинобар ин, ба хурду бузурги кишвар, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ин санаи таърихиро самимона табрик мегӯям. Бисту як сол қабл, яъне 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат марҳалаи нав оғоз гардид. Дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки Тоҷикистон акнун ба истиқлолият расида буд ва мардуми мо нахустин пояҳои бинои давлатдории муосири худро мегузоштанд, бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низоъи дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва мухолифати мусаллаҳона гирифтор карда, дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Борҳо гуфтаам ва бори дигар таъкид месозам, ки душманони миллати тоҷик бо дасти хоинону зархаридорони худ нақшаи ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳангу мазҳаби бегона ва дар Тоҷикистон бунёд кардани давлати исломиро доштанд. Бадхоҳони миллати мо мехостанд бо ҳидояту раҳнамоӣ ва маблағгузории хоҷагони хориҷии худ сохти конститутсионии давлатро тағйир диҳанд. Дар он рӯзҳо Конститутсия ва қонунҳои мамлакат зери по шуда буданд ва ҳеҷ кас ба шаҳрвандон кафолати зинда монданро дода наметавонист. Ҷанги даҳшатноки таҳмилӣ, ки қариб панҷ сол идома ёфт, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони мо, гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар ҳамватанонамон ва харобу валангор шудани даҳҳо ҳазор манзили зист, мактабу беморхона ва дигар муассисаҳои иҷтимоиву иншооти ҳаётан муҳим гардид. Бефарзанду бесаробон мондани даҳҳо ҳазор нафар модарону занон ва ятим шудани даҳҳо ҳазор кӯдакон зарбаи даҳшатноку ҷуброннопазири он фоҷиаи ба сари мардуми мо омада буд. Дар он айёми фоҷиабор афроди воқеан дурандешу ватандӯсти миллат амиқ дарк карда буданд, ки роҳи ягонаи наҷот аз хатари ба сари халқи тоҷик омада қатъи ҳарчи зудтари хунрезӣ ва таъмини сулҳ тавассути созишу ҳамдигарбахшӣ буд. Он рӯзҳо тамоми мардуми кишвар, аз хурд то бузург, танҳо ҳамин орзуро доштанд. Маҳз бо талабу дархост ва майлу иродаи мардуми кишвар ва танҳо ба хотири аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест нашудани давлати соҳибистиқлоламон ва пароканда нагардидани миллатамон мо бо

ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №27 (9557), 05.07.2018

сафарбар намоем. Ҳозирини гиромӣ! Имсол ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри бостонии Конибодом баргузор мегардад. Конибодом ҳамчун яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон дар пос доштани анъанаву суннатҳои пурғановати халқи тоҷик нақши намоён дошта, ба сифати шаҳри ҳунармандону тоҷирон, олимону адибон ва зиёиёну санъаткорон шуҳратёр мебошад. Дар тӯли садсолаҳои зиёд Канди бостонӣ дар масири Роҳи бузурги абрешим қарор дошт. Чунонки дар яке аз вохӯриҳои худ бо мардуми ин шаҳри бостонӣ изҳор дошта будам, Конибодом бо табиати зебову обу хоки зархез ва меваҳои шаҳдбори худ яке аз гӯшаҳои дилпазири кишвари азизамон ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат доир ба таъмин намудани руш-

сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, дар таъмини бозори истеъмолии кишвар саҳми арзанда гузоштанд. Мо имрӯз якчанд иншооту биноҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатиро дар майдони марказии шаҳр, мактаби таҳсилоти умумии рақами 29 барои 1200 нафар хонанда, иншооти хизматрасонӣ дар деҳоти ба номи Эргаш Шарифов, роҳи Конибодом - Патар ва КИМ-Исфара-Гулистонро баъди таҷдиду азнавсозӣ ба масофаи 20 километр ва ба маблағи умумии зиёда аз 120 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардории сокинон қарор додем. Дар иртибот ба ин, ба мутахассисону сохтмончиён, шарикони рушд ва ҳамаи онҳое, ки барои дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом додани сохтмони иншооти имрӯза заҳмат кашидаанд, миннатдорӣ баён ме-

ди иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла шаҳри Конибодом қисми даромади буҷети шаҳр аз 600 ҳазор сомонии соли 1997 қариб ба 60 миллион сомонӣ дар соли 2017 расидааст. Яъне дар бист соли охир ҳаҷми он сад баробар афзудааст, ки ин рақам гувоҳи равшани пешрафти босуръати шаҳри Конибодом дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Агар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 1997-ум 8 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин рақам соли 2017 ба 194 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нишондиҳанда низ далели возеҳи тараққиёти устувору босуръати соҳаи саноати шаҳри Конибодом мебошад. Ҳоло мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Конибодом барои солҳои 2016-2020 дар қаламрави шаҳру деҳоти Конибодом татбиқи 48 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 780 миллион сомонӣ идома дорад. Бо оби нӯшокии босифат таъмин намудани аҳолӣ, ки то имрӯз дар шаҳри Конибодом яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор мерафт, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тавассути таҷдиду азнавсозии шабакаи обрасонӣ ба масофаи дувоздаҳуним километр ва бунёди инфрасохтори зарурии захираву интиқоли об бо сарфи беш аз 40 миллион сомонӣ ҳаллу фасл карда шуд. Мо имрӯз ин иншоотро низ ба истифода супоридем. Деҳқонони асили шаҳри Конибодом дар парвариши меваю сабзавот, ташкили гармхонаҳо, ниҳолпарвариву боғдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаву шуҳрати зиёд доранд. Соли гузашта кишоварзони шаҳр ба маблағи 353 миллион

намоям. Имрӯзҳо татбиқи яке аз лоиҳаҳои бузурги коммуникатсионии мамлакат - таҷдиди шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом - Исфара босуръат идома дорад. Тавре дар Паёми соли гузаштаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудам, корҳои лоиҳакашиву омӯзиши таҷдиду азнавсозии қитъаи Хуҷанд - Конибодоми роҳи Хуҷанд – Исфара ба масофаи 130 километр идома доранд ва мо тасмим дорем, ки вақтҳои наздик сохтмони ин қитъаро низ оғоз намоем. Қобили зикр аст, ки соли гузашта аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом, соҳибкорони саховатманд ва аҳолӣ 160 километр ва дар чор моҳи соли равон 20 километр роҳҳои дохили шаҳр ва деҳот таъмиру азнавсозӣ карда шудаанд. Ҳамватанони азиз! Солҳои охир бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсондӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон, таваҷҷуҳи ҳарчи бештар ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар бунёди марказҳои истироҳату фароғат ва майдону толорҳои варзишӣ барои наврасону ҷавонон торафт вусъат гирифта истодааст. Варзишгоҳи марказии “Ҷавонӣ” дар шаҳри Конибодом бо зиёда аз 10 ҳазор ҷойи нишаст, ки имрӯз ба истифода супорида шуд ва ҷашни Ваҳдати миллӣ дар он баргузор гардида истодааст, аз ҷумлаи онҳо мебошад. Ҳоло дар шаҳри Конибодом вобаста ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёди инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мон-

Ҷавонон ба ҳифзи дастовардҳои ваҳдати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин музокиротро оғоз кардем. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ, ки дар гӯшаву канори гуногуни олам зиёда аз чил моҳ идома ёфтанд, мо чил санади барои миллат муҳимро ба имзо расонидем. Ниҳоят, баъд аз мухолифати мусаллаҳонаи зиёда аз панҷсола Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ин рӯ, санаи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи тантанаи оромиву ҳадафҳои наҷиби халқи тоҷик дар роҳи душвори барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва амалӣ намудани қарорҳои Иҷлосияи таърихии ХУI – уми Шӯрои Олӣ ба ҳисоб меравад. Бори дигар бо қатъият иброз медорам, ки агар дар натиҷаи фитнаву дассисаи ангехтаи бадхоҳону душманон давлати тоҷикон аз байн мерафт ва миллати тоҷик пароканда мегардид, наслҳои оянда ҳаргиз моро намебахшиданд. Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик имзо кард. Мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд. Баъди имзои созишномаи сулҳ мо қариб як миллион нафар ҳамватанони гуреза ва дур аз Ватан мондаамонро ба маҳалли зист ва хонаву манзилашон баргардонидем, онҳоро бо маводи ғизоӣ ва шароити аввалияи зиндагиву рӯзгор таъмин кардем ва ба корҳои барқарорсозии харобиҳои баъдиҷангӣ оғоз намудем. Фаъолияти зиёда аз

даҳсолаи Ҳукумати мамлакат ба барқарорсозии шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатӣ, таъмин намудани сохти конститутсионӣ, қонунияту тартибот ва амният, манзилҳои зист ва иншооти сӯхтаву валангоршуда равона гардид. Баробари барқарор гардидани сулҳу субот дар ҷомеа мо имконият пайдо кардем, ки тарҳрезиву татбиқи барномаву нақшаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоиро бо мақсади таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат оғоз карда, чорабиниҳои муҳимми сиёсиву фарҳангиро дар фазои озоду демократӣ баргузор намоем. Таҷрибаи дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани алангаи фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ минбаъд аҳаммияти байналмилалӣ касб карда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ман дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоям ва имрӯз низ бо эътимоди комил иброз медорам, ки «сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад». Аз ин лиҳоз, ба наслҳои наврас ва ҷавонон ҳамчун сабақи ибратомӯз фаҳмонидани моҳият ва арзиши сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ниҳоят муҳим мебошад. Дар баробари ин, ҳар яки мо, яъне насле, ки ҳамаи даҳшату маҳрумиятҳои он айёми пурфоҷиаро аз сар гузаронидаем, бояд тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро барои таҳкими сулҳу субот ва устувории пояҳои давлатдории миллиамон


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №27 (9557), 05.07.2018 дани хизматрасонӣ дар онҳо ва андешидани чораҳо дар самти инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ босуръат идома дорад. Дар қаламрави шаҳри Конибодом ёдгориҳои зиёди таърихӣ мавҷуданд, ки имрӯз макони боздиди сайёҳону меҳмонон буда, ҳамзамон бо ин, ба густариши ҳунарҳои миллӣ дар ин гӯшаи диёрамон мусоидат мекунанд. Илова бар ин, ҳоло ду гузаргоҳи байнидавлатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон амал мекунад ва ин имконият медиҳад, ки сокинони шаҳри Конибодом додугирифту ҳамкорӣ ва робитаҳои неки дӯстиву ҳамсоягиро бо халқҳои бародари Ӯзбекистону Қирғизистон боз ҳам тақвият бахшанд. Ҳозирини арҷманд! Бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо дар роҳи

хиамон - истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллиро гиромӣ дорем, онҳоро ҳифз намоем, ояндабину дурандеш бошем ва Ватани муқаддасамонро ба мисли модари азизи худ дӯст дорем. Се сол баъд, яъне 9-уми сентябри соли 2021 Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо сисола мешавад. Ба хотири истиқболи шоиставу арзандаи ин ҷашни мубораку муқаддас чанде пештар дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат қарор қабул карда шуд, ки бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо дар тамоми қаламрави кишвар - аз маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то деҳаву маҳалҳои аҳолинишин корҳои ободониву бунёдкорона вусъат бахшида шаванд. Дар ин кори хайр бояд ҳамаи мардуми кишвар – аз аъ-

эъмори он бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем, далели равшану возеҳи тантанаи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон ба шумор меравад. Ин дастоварди нодир ҳоло ба сифати ҷузъи таркибии ҳаёти мардуми мо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дошта, моро вазифадор месозад, ки барои ҳифзу гиромидошти он бештар кӯшиш намоем. Зеро мураккаб шудани вазъи геосиёсии минтақаву ҷаҳон ва осебпазир гардидани истиқлолияту озодии давлатҳои миллӣ масъалаи зиракиву ҳушёрии сиёсии шаҳрвандони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ҳифзи давлату давлатдориро торафт мубраму муҳим мегардонад. Дар чунин шароит мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонон ба қадри неъмати бузурги истиқлолияту озодӣ расанд, ваҳдати миллиро ҳамчун самараи даврони соҳибистиқлолӣ гиромӣ доранд ва барои ҳифзи ин дастовардҳои таърихӣ ҳамеша омода бошанд. Чунки дар ҷаҳони ноорому пурҳаводиси муосир ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ барои мардуми мо омили бунёдии дастовардҳои навин, татбиқи нақшаҳои стратегӣ, кафили боэътимоди амнияти давлат ва ҷомеа, зербинои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва шарти асосии пешрафту ободии кишвари азизамон мебошад. Барои ноил шудан ба рӯзгори босаодати мардум ва иҷрои нақшаҳои муҳими пешрафти кишвари маҳбубамон ҳамаи мо, яъне хурду бузурги Тоҷикистон вазифадорем, ки дастовардҳои бузурги таъри-

зои Ҳукумат сар карда, то раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолону зиёиён, соҳибкорону тоҷирон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ходимони дин ва ҳар фарди худогоҳу ватандӯст бояд саҳм гузоранд. Дар давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхона барои 10-15 кат, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, пулҳо ва роҳҳои дохилӣ, ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, дӯзандагиву ресандагӣ, косибӣ ва дар маҷмӯъ, рушди ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода шавад. Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони бонангу номус ва сарбаланди шаҳри Конибодом минбаъд низ ба хотири созандагии Ватан, барои таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон саъю талош мекунанд ва дар ин ҷода низ намунаи ватандӯстиву ободгарӣ нишон медиҳанд. Дар ин лаҳзаҳои идона бори дигар кулли мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, сокинони заҳматдӯсту соҳибмаърифати вилояти Суғд, шаҳри Конибодом ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, орзу менамоям, ки дар сарзамини куҳанбунёди мо сулҳу ваҳдат, суботу оромӣ, файзу баракат ва хушбахтиву осудаҳолӣ то абад поянда бошад. Бигзор, Тоҷикистони азизи мо то ҷовидон маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ бошад! Ҳамеша саломату саодатманд бошед, ҳамватанони азиз!

ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

3

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд 29 июн дар рӯзи шашуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот карда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва фаъолияти бахшҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳоро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ва панҷ моҳи соли 2018 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки дар зарфи қариб 27 соли истиқлолияти давлатӣ дар вилоят беш аз 500 корхонаи истеҳсолӣ, 700 мактаби нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои 165 ҳазор ҷойи нишаст ва 53 муассисаи соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода супорида шудааст. Дар ин давра дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ беш аз 750 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст. Дар замони истиқлолият аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ беш аз 4 миллиард сомонӣ равона шудааст. Илова бар ин, дар се соли оянда ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ зиёда аз 3 миллиард сомонӣ ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба маблағи сеюним миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида, соли 2017 ҳиссаи вилоят дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 27 фоизро ташкил кардааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 32 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7 фоиз ва дар панҷ моҳи соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 9 ва 6 фоиз афзоиш ёфтааст. Тайи солҳои 2017-2018 ба вилояти Суғд ба маблағи 2,1 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ворид гардида, асосан ба соҳаҳои саноати коркард, истихроҷи маъдан ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона шудааст. Содироти мол аз вилоят дар зарфи солҳои 2000-2017 аз 109 то 505 миллион доллари амрикоӣ ё қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст. Аммо ин нишондиҳанда, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест. Қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят дар соли 2017ум 109 фоиз иҷро шудааст, вале иҷрои нақшаи андоз аз арзиши иловашуда таъмин нагардида, илова бар ин, ҳаҷми бақияпулии андоз то моҳи июни соли ҷорӣ ба 110 миллион сомонӣ расидааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки вобаста ба талаботи замони муосир, нишондиҳандаи мазкур ҳоло ҳам кам аст ва аз роҳбарияти вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо фаъолияти бештар талаб карда мешавад. Таъкид доштанд, ки айни ҳол Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020 амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он таъсиси даҳҳо корхонаи нав ва ташкил намудани ҳазорҳо ҷойи нави кор, инчунин, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки ба афзудани иқтидори иқтисодӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд, пешбинӣ гардидааст. Дар барномаи мазкур татбиқи 188 лоиҳа ба маблағи беш аз 11 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, вале то ба имрӯз ба ин самт ҳамагӣ 2 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки ин хеле кам мебошад. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд амалӣ кардани корҳои дар барнома пешбинишуда тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд. Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин натиҷаҳои рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетикаро таҳлилу баррасӣ карда, баҳри ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъминоти оби босифати ошомиданӣ ба аҳолӣ, обёрии заминҳову истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, истифодаи оқилонаи неруи барқ ва дигар хизматрасониҳо ба аҳолӣ, ба роҳбарияти вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Супоришҳои дигар ба раиси вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, роҳбарони Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ҷойдошта, андешидани тадбирҳои иловагӣ баҳри барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва содироти он, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, бо воридоти технологияҳои муосир бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои иловагии корӣ, дода шуд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишвари мо ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар ҷараёни сафари ҷавобии ҷониби Тоҷикистон ба ин ҷумҳурии ҳамсоя намоиши маҳсулоти саноатии истеҳсоли Тоҷикистон баргузор мегардад. Вобаста ба ин Президенти мамлакат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав,

миллӣ омода бошанд

роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои саноатӣ супориш доданд, ки ба ин чорабинӣ аз имрӯз ҳамаҷониба ва ҷиддӣ омодагӣ бинанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба зарурати ташкили инфрасохтори муосири сайёҳӣ, рушди сайёҳии таърихиву фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ҷалб карданд. Таъкид гардид, ки бунёди меҳмонхонаҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ дар шафати роҳҳо, инчунин, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим дар ин самт буда, метавонанд ҳазорҳо нафар аҳолии кишварро, махсусан, дар деҳот бо шуғл таъмин намоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар вилоят, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳамагуна қонуншиканиҳо ва амалҳои номатлуб, мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, падару модарон, аҳли маориф, зиёиён, ходимони дин ва ҳар фарди солимфикри ҷомеа даъват ба амал оварданд, ки барои ба роҳ мондани корҳои пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ бо мардум, алалхусус, дар байни ҷавонон бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории зичу пурсамар дошта бошанд. Имсол ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳрҳои Истаравшан ва Конибодоми вилояти Суғд бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷашни Ваҳдат ду сол баъд, яъне моҳи июни соли 2020 дар ноҳияи Мастчоҳ доир карда шавад. Роҳбарияти вилоят ва ноҳия, вазорату идораҳо ва дигар сохтору мақомот вазифадор карда шуданд, ки аз ҳозир барои дар сатҳи баланди омодагӣ гузаронидани ин ҷашн корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшанд. Соли 2021 дар Тоҷикистон 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба хотири арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ, бо заҳмати содиқонаву пурсамар, нишондиҳандаҳои баланди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободу зебо намудани ҳар як гӯшаи Ватани биҳиштосоямон таҷлил кардани ин иди умумимиллӣ, Президенти мамлакат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш дода, мардуми ватандӯсти кишварро ҳидоят карданд, ки аз имрӯз омодагии ҷиддӣ гиранд. Барои ин бояд дар давоми се соли дарпешистода дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад. Инчунин, бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода мешаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки дар ин кори хайр мардуми заҳматқарину соҳибмаърифати вилояти Суғд ва роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳо минбаъд низ пешсафу намуна хоҳанд буд. Баъди суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ соҳибкорони ватандӯст бо иқдомҳои созанда баҳри истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, ба Пешвои миллат барои дастгирии соҳибкории хурду миёна изҳори сипос карданд. Ҳамчунин дар мулоқоти имрӯза ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти бахшҳои вилоят давоми 5 моҳи соли 2018 шунида шуд. Раиси вилоят аз номи сокинони вилоят ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи дастгириҳо ва ташаббусҳои созанда баҳри беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии мардум арзи сипосу миннатдорӣ намуданд. www.president.tj


4 Пӯшида нест, ки имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ як бахши асосии ҳаёти моро ташкил медиҳанд. Бо онҳо мо ҳамарӯза сару кор дорем. Навигариҳои оламро мехонем, аксу навор мебинем, агар онҳо маъқуламон шуданд, ба дӯстонамон мефиристем. Ягон рӯйдоди нави зиндагиамонро кӯшиш мекунем, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ёру рафиқонамон пешкаш намоем. Ба ибораи дигар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти мо торафт ҷойгоҳи муайянеро соҳиб мегарданд. Алалхусус шабакаи фейсбук имрӯз ба як майдони фарохе табдил ёфтааст, ки ба қавле “ҳар чи хостем мекорем ва ҳар чи хостем медаравем”. Албатта, мавҷудияту фаъолияти Фейсбук бо ин дастрасӣ ва содагӣ моро, яъне истифодабарандагонро хушҳол месозад. Дилхушӣ мекунем, завқ мебарем. Аммо фаромӯш кардан ҳам даркор нест, ки ҳар чиз баробари фоида зарар ҳам дорад. Вақте истифодаи он аз меъёр гузаштаву ба ифрот расид, ҳатман зарараш бештар мегардад. Чунончи, назар ба гуфтаи кормандони худи фейсбук, “ин шабака метавонад сохти ҷамъиятро халалдор созад”. Барои шинохти дуруст доштан ва ташхис карда тавонистан, ки то куҷо фейсбук қодир аст, ритми зиндагии моро дигар кунад ё моро “асир” гирад ва ё ба як “робот” табдил диҳад, аввал бояд доир ба ташкил ва заминаҳои пайдоиши худи шабака ва тадриҷан эътирофу шуҳрат ёфтани он маълумот дошта бошем. ФЕЙСБУК. ПАЙДОИШ ВА МАҲБУБИЯТИ ОН Тибқи иттилои сарчашмаҳо ва маълумотномаи худи Фейсбук он чоруми феврали соли 2004 аз ҷониби донишҷӯи Донишгоҳи Ҳарвард – Марк Зукерберг бо номи “The Facebook” ташкил карда шудааст. Дар ибтидо он барои байни ҳам иртибот намудани донишҷӯёне, ки дар Ҳарвард таҳсил мегириф-

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №27 (9557), 05.07.2018

МАВЗӮИ РӮЗ

Бо фейсбук ба куҷо равонаем? танд, сохта шуда, як барномаи ройгон буд. Лек дар як муддати кӯтоҳ ба истифодабарандагон писанд омада, берун аз Ҳарвард низ таваҷҷуҳи зиёд ёфт. Сипас, роҳбари фейсбук пеши худ мақсад гузошт, ки аз тариқи ин сомона бо дӯстонашон пайваста робита намудани инсонҳоро таъмин мекунад. Истифодабарандагони фейсбук барои робита барқарор кардан бо дӯстонашон аз матнҳо, хотирот, баёни аҳвол, аксу навор ва ғ. истифода бурданд. Ин ҷиҳат мафҳуми “додугирифти иҷтимоӣ” (share)-ро ба миён овард. Ва соли аввали пайдоишаш адади истифодабарандагони фейсбук 5,5 миллионро ҳам гузашт. Соли 2008 фейсбук шуҳраташро нигоҳ дошт. Ин ҷиҳат ба роҳбарони шабакаи иҷтимоӣ бо роҳандозии якчанд хидмат ва “FarmVille” ном маҷмӯи бозиҳои машҳур муяссар гашт. Дар баробари ин истифодабарандагони фейсбук ба дӯстони худ онро тарғиб карда мегуфтанд, ки “аз фейсбук истифода баранд” ё “ба фейсбук дароянд”. Ин боис гардид, ки ҳамон сол (2008) шумори пайра-

ки LIKE як ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги иҷтимоии муосир аст. Тибқи омори созмони машҳури Alexa соли 2010 фейсбук дар дунё дуюмин сомонае будааст, ки аз ҳама бисёр (аз ҷониби одамон) дида шудааст. Бо далели рӯи ҳам ба муваффақиятҳо ноил шуданаш худи ҳамон сол Марк Зукерберги ҷавон аз тарафи маҷаллаи “Time” “Одами сол” интихоб шуд. Дар интиҳои соли 2010 бошад шумори истифодабарандагони фейсбук аллакай ба як адади ҳайратовар, яъне ба 500 миллион расид. Соли 2013 қисми зиёди аҳолии дунё аз фейсбук истифода мебурданд. Акнун фейсбук на танҳо диққати истифодабарандагони қаторӣ, балки таваҷҷуҳи рекламадиҳандагон ва ширкатҳои муътабареро, ки мехостанд обрӯяшонро боз ҳам боло баранд, ҷалб карда буд. Нуқтаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки фейсбук бар иловаи як майдони робитаи байниҳамдигарии одамон ва додугирифти матну аксу навор, инчунин паҳну интишори маълумот ба маҷрои муносибе ҳам табдил ёфта буд. Маҷрои муносиб барои

ро аз тариқи шабака ба дигарон хабар диҳанд. Ё ҳангоми ба миён омадани офатҳо аз тариқи ин ҷамъиятҳо (ҷамъиятҳои фейсбукӣ – “сообщество”) ба сокинони минтақаи офатзада кӯмаку хайрияҳо ҷамъ овардан мумкин. Ба ин шева он як навъ муттакои дармондагон низ мегашт. Хулласи гап, фейсбук ба одамон нишон дод, ки сарфи назар аз миқёси фарогирӣ ва минтақаи ҷойгиршавии ҳодисаҳо ба он бетараф нест, аммо барои истифодабарандагон оқибату натиҷаи ин самимияту қаробати фейсбук ва роҳбаронаш ҳанӯз маълум набуд... Зимнан, соли 2012 фейсбук эътиборашро болотар бурд ва барномаи машҳури Instagramро, ки он ҳам як майдони додугирифт ва паҳну интишори аксу навор мебошад, бо маблағи як миллиард доллар харидорӣ намуд. Баъдан соли 2014 мессенҷэри Whatsapp-ро, ки 450 миллион истифодабаранда дорад, бо маблағи нуздаҳ миллиард доллар ба худ ҳамроҳ кард. Аз пушти ин ду хариди бузург фейсбук барномаи TBH (To Be

қимату эътибор фейсбук охири моҳи марти соли ҷорӣ яку якбора 50 миллиард доллар зарар дид. Бинобар таъкиди расонаҳои ғарбӣ ин зарари бузурги ширкат аз се ҷониб сурат гирифтааст. Яъне секунҷаи зараровар чунин будааст: Тарафи аввал худи Фейсбук, ҷониби дуюм Президенти Амрико Доналд Трамп ва ниҳоят тарафи сеюм ширкати таҳқиқотии англисӣ Кэмбриҷ Аналитика. (Гап сари он ки баҳори имсол расонаҳои олам

***

Роҳбарони ин шабака бо гузоштани тугмаи “маъқул шуд” ё худ LIKE дар зери ҳар як маълумот (матн, сурат, навор, шеър, ҳикоя ва ғ...)-и пахшкардаи истифодабарандагон бузургтарин заъфи инсоният - ОРЗУИ БА ДИГАРОН МАЪҚУЛ ШУДАН-ро кашф карданд. Воқеан, ҳар кас мехоҳад, ки ба дигарон мақул бошад. Ва “команда”-и фейсбук ин ҷиҳатро хеле хуб пай бурданд. Акнун ҳар истифодабарандаи фейсбук ҳар як амали худро ба намоиш мегузошт, то бинад ки он ба киҳо писанд афтодааст.

***

вони шабака ба 10 миллион нафар баробар шавад. Соли 2009 низ барои фейсбук соли шуҳрати боварнокарданӣ омад. Роҳбарони ин сомона бо гузоштани тугмаи “маъқул шуд” ё худ LIKE дар зери ҳар як маълумот (матн, сурат, навор, шеър, ҳикоя ва ғ...)-и пахшкардаи истифодабарандагон бузургтарин заъфи инсоният - ОРЗУИ БА ДИГАРОН МАЪҚУЛ ШУДАН-ро кашф карданд. Воқеан, ҳар кас мехоҳад, ки ба дигарон мақул бошад. Ва “команда”-и фейсбук ин ҷиҳатро хеле хуб пай бурданд. Акнун ҳар истифодабарандаи фейсбук ҳар як амали худро ба намоиш мегузошт, то бинад ки он ба киҳо писанд афтодааст. Фейсбук ҳаводоронашро бо махсусияти наваш, яъне LIKE шинос кард. Ва бо ин нишон дод,

ширкатҳое, ки мехостанд аз лиҳози иқтисодӣ ғанӣ гарданд. Агар ба омори ду соли охир (2016 ва 2017) таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки фейсбук бо беш аз як миллиард истифодабарандагонаш дар рӯйхати сомонаҳои “серодам”-и дунё дар ҷои сеюм қарор дорад. Агар хадамоти ибтидоии фейсбук додугирифту пахшу нашри маълумот, аксу навор бошад, хадамоти баъдии он ташкили гурӯҳу ҷамъиятҳои алоҳидае гардид, ки метавонист истифодабарандагонашро гурӯҳ-гурӯҳ муттаҳид созад. Хусусан платформа ё ҷамъиятҳое, ки дар ҳолатҳои душвор, масалан дар ҳолатҳои буҳронӣ ё офатҳои табиӣ ба кор меомад. Барои мисол сокинони минтақаҳои офатзада метавонистанд аз ин тариқ зинда ё дар кадом ҳолат қарор доштанашон-

Honest)-ро ҳам ба “сабадаш” гузошт. Ва акнун Зукерберги ҷавон яке аз ширкатҳои бузурги дирӯзу имрӯзи ҷаҳонро идора мекунад, ки қимати умумии он 50 миллиард долларро ташкил медиҳад. ҶАҲИШИ ҚИМАТУ ЭЪТИБОР ВА БАРЪАКС Тобистони соли гузашта ширкати фейсбук яку якбора арзиши худро боло бурда, ба 497 миллиард доллар расид ва аз ширкати машҳури АМАЗОН (482 миллиард доллар қимат дорад) ҳам пеш гузашта, чорумин ширкати бузурги дунё гардид. То ин вақт тартиби ширкатҳои бузурги дунё чунин буд: ширкати машҳури Apple, ширкати Alphabet-и тобеи Google, ширкати Microsoft ва ширкати энергетикии ExxonMobil. Бо вуҷуди ин афзоиши

аз моҷарои бузурге дар атрофи фейсбук, балки бадахлоқие, ки сабабгораш худи фейсбук будааст, ҳарф заданд. Зикр мешуд, ки фейсбук маълумоти истифодабарандагонашро ҷамъоварӣ намуда дар ихтиёри Кэмбриҷ Аналитика ном ширкати дигар гузоштааст ва дуюмӣ маълумотро коркард карда, дар арафаи интихоботи президентӣ ба командаи интихоботии президент Доналд Трамп фурӯхтааст, то вай аз набзи интихобкунандаҳои эҳтимолиаш бохабар шуда истад...) Лек агар аз ҷониби дигар нигарем, мебинем, ки омили асосии ин моҷарои бузург аслан худи инсонҳо, яъне истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоианд... (давом дорад) М. УСМОН, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №27 (9557), 05.07.2018

МУЛОҲИЗА

Осоиштагӣ неъмати бузург аст

Бо пайдоиш ва рушди интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи Замин ва кайҳон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва имкониятҳои фаровони интернетро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намуд. Дар Тоҷикистон низ шурӯъ аз солҳои аввали асри 21 интернет пайдо гардида, рушд намуд. Ҳарчанд нақш ва аҳамияти интернет барои инсоният бебаҳс аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро ба он водор мекунад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет бошем.

Тоҷикистони азизи мо аз ид то иду аз ҷашн то ҷашн ободу зеботар мешавад. Ҳамагон шоҳидем, ки ҳар сол бо шарофати Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва ғ. дар манотиқи алоҳидаи кишвар муассисаҳои нави иҷтимоӣ бунёд мегарданд. Мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, боғу гулгаштҳои зебову замонавӣ аз қабили иншоотеанд, ки ҳамасола дар ноҳияҳои гуногуни кишвар сохта мавриди истифодаи умум қарор мегиранд.

Шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷавонон Бо дарназардошти унсур, авомил ва хатарҳои маъмулии воқеҳ ва эҳтимол ба истиқлолияти давлат, истифодаи ғайримақсаднок ва нодурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳамчун хатари муосир шинохта шудааст. Дар баробари рушд ёфтани истеҳсоли компютерҳои кисагӣ ва телефонҳои дастӣ шумораи муштариёни хизматрасониҳои интернетӣ, махсусан иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоӣ низ бештар гардид. Шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз ҷузъи таркибии рушдёфтаи интернет ба шумор меравад. Маҳз дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдиду хатарҳои муосир нуҳуфта ва ё аёнанд. Рушд накардани як фарҳанги муайян дар истифодаи интернет дар байни истифодабарандагони он, ки аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд эҳтимолияти ин хатарҳоро бештар менамояд. Дар ҳар як шабакаи иҷтимоӣ ҳазорон гурӯҳҳои алоҳида созмон дода мешавад, ки аксарияти онҳо бо номҳои мустаор ва иттилооти дурӯғ ба қайд гирифта мешаванд. Маъмурияти шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба хотири манфиатҳои тиҷоратӣ ба муҳтавои суҳбатҳои гурӯҳ кам аҳамият медиҳанд ва қариб, ки онро назорат намекунанд. Дуруст аст, ки дар аввал баъзе саҳифаву гурӯҳҳои дохилии шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади мусоидат ба забономӯзӣ, таблиғи арзишҳои фарҳангиву сайёҳӣ, муколамаҳои ҳамсинфон, ҳамкасбон, ҳаммиллатон ва ба ин монанд самтҳо таъсис дода мешавад, вале бо бештар гардидани аъзоёну иштирокчиёни он ҳадафҳои гурӯҳ тағйир меёбад. Аз ин имконият гурӯҳҳои манфиатҷӯ истифода намуда, идеяҳои худро таблиғ мекунанд. Маҳз дар ин марҳила шабакаҳои иҷтимоӣ хатарзо мегарданд. Яке аз хатарҳои асосии саҳифаву гурӯҳҳои баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ дур намудани инсон аз асли иҷтимоиаш мебошад. Инсон ҳамчун мавҷудоти иҷтимоӣ дар доираи ҷомеа рушд мекунад. Берун аз ҷомеа ва бидуни муносибатҳои маъмулии инсонӣ ӯ аз асли худ дур мешавад. Бо пайвастан ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар асоси муносибати виртуалӣ ва ғайримаъмулӣ ба монанди шиносоиву суҳбату бозиву алоқаҳои виртуалӣ ва ғайра амал мекунад, инсон оҳиста-оҳиста аз муносибатҳои маъмулӣ даст мекашад. Дур шудани инсон аз асли иҷтимоиаш боиси пайдо гардидани ихтилоф дар муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳагӣ ва динии ӯ мегардад. Чунин инсон нисбат ба падидаву ҳодисаҳои ҷомеа бетафовут мешавад ва дар худ маҳдуд мегардад. Хатари дигари баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар рӯзҳои мо бештар ба назар мерасад, тавассути гурӯҳҳои ифротӣ мағзшӯӣ шудани ҷавонон мебошад. Бо ин васила ҷавонон иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоӣ ба шабакаҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷалб гардида, барои содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ ва ғайра осебпазир мегарданд. Бо маҳдуд гардидан ва таҳти назорат қарор гирифтани дигар роҳу усулҳои таблиғ ва ташвиқӣ идеяҳои иртиҷоӣ ва ифротгароёна гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ

5

аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд. Гузоштан ва паҳн намудани маълумот, махсусан сурат ва наворҳо низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад мушкилсоз гардад. Дар натиҷаи чунин амалкард дахолат ба ҳаёти шахсӣ сурат мегирад, сирри оилавӣ, хизматӣ ва ғайра фош карда мешавад. Маълумоте, ки дар назари аввал содаву одӣ менамояд бо гузашти вақти муайян ва тағйир ёфтани вазъ метавонад, мушкилсоз гардад. Яке аз хатарҳои дигари шабакаҳои иҷтимоӣ ин ташвиқ ва таблиғи фарҳанг ва расму оини бегона мебошад. Дар ин замина, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводу наворҳои зиёд паҳн карда мешавад, ки метавонад ба тарзи муошират, муносибат, ботину зоҳири инсон ва арзишҳои он таъсир гузорад. Ва ё инсонҳоро вобаста ба ин амалкардашон таҳқир намояд. Ҳамаи ин ба ахлоқи инсоният таъсир мегузорад ва боиси сар задани ихтилоф дар худшиносӣ, муносибатҳои хешутаборӣ, урфу одатҳои таърихан асосёфта мегардад. Маводу маълумотҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта мешаванд, маҳз аз тариқи иштирокчиёни он паҳн мешаванд. Шабакаҳои иҷтимоӣ маъмулан ба иштирокчии худ имкон медиҳанд, ки дар зери маводи чопшуда фикри худро нависад, тугмачаи «ба ман писанд аст»-ро пахш намояд ва ё ин маводро аз номи худ ба дӯстонаш дар доираи гурӯҳ ва ё дигар шабакаҳои иҷтимоӣ фиристонад. Агар дар аввал шахс ба мазмуни муҳтавои мавод шинос шуда, нисбат ба он мавқеъгирӣ кунад, бо бештар гардидани маводҳо, бо мазмуни мавод шинос нашуда, мавқеъгирӣ мекунад. Имрӯзҳо ҳолатҳои зиёдеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоӣ маводу маълумоти хусусияти экстремистидоштаро паҳн мекунанд ва ё ҳамон тугмаи маъмулии «ба ман писанд аст»ро пахш менамоянд, ки ин баёнгари мавқеъгирии онҳост. Дарки иттилоот аз инсон маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва таҳаммулпазириро талаб мекунад. Одамони сатҳи маърифату ҷаҳонбинии гуногун иттилоъро ба тарзи худ мефаҳманд ва бархурд мекунанд. Албатта атрофи масъалаҳои таҳдид ва хатарҳои эҳтимолӣ ва воқеии шабакаҳои иҷтимоӣ метавон соатҳо баҳс намуд ва мақсади мо низ инкор намудани аҳамияти интернет ба инсоният нест. Фақат бо пешниҳоди тавсияҳое ба монанди таблиғи фарҳанги истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ пурзӯр намудани муқаррароти қонунгузорӣ дар ин самт, таблиғи оқибатҳои манфии истифодаи нодуруст ва ғайримақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ, назорати оила, ҷомеа ва давлат дар ин самт, маҳдуд намудани имкониятҳои ноболиғон барои дастрасӣ ба унсурҳои номатлуби интернет мехоҳем муносибат дар ин самт ба куллӣ тағйир дода шуда, аз дониш, тафаккур ва ақл кор гирифта шавад. С. ҚОДИРӢ, корманди мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Лекин бисёр ҳайратовар аст, вақте мешунавем, то ҳол нафароне ҳастанд, ки ба ин бунёдкориҳо розӣ нестанд ё ин ҳамаро бо чашми ғараз менигаранд. Ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ чандин барномаҳоро дидем, ки дар онҳо нафарони дар гузашта маъруфу номдор иқрор гаштаанд, ки дар ҳақиқат то ҳамин чанде пеш дар пайи халал ворид кардан ба оромии кишвар будаанд. Яке аз он барномаҳо, ки ҳафтаи гузашта намоиш дода шуд, барномаи “Решаҳои ноаён” ном дошт. Дар он нафаре (Қиёмиддин Ғозӣ), ки дар даҳаи охири асри 20, замони нооромиҳои Тоҷикистон фаъолу майдондор будааст, сухан ронда бо таъкид мегӯяд, ӯ аз аввали хунрезиҳо дар Тоҷикистон будааст ва ҳама ҳодисаҳоро дидаву шоҳид шудааст. Ва аз мардуми тоҷик даъват мекунад, ки огоҳ бошанд ва фирефта нагарданд... Дар барнома инчунин аз он хусус сухан рафт, ки баъзе аз шаҳрвандони кишвар бинобар сустиродаву заифмиҷоз буданашон ба доми нафарони алоҳидае аз кишварҳои хориҷа афтода, нақшаву ҳадафҳои харобиовари онҳоро амалӣ месохтаанд. Ин зумра ба ҳадде бадбину бадхоҳ гаштаанд, ки ҳар як навгониву пешрафти дар муддати солҳои гуногун дар Тоҷикистон баамаломадаро таҳаммул карда наметавонанд. Ва ҳар чи талош мекардаанд, то чун ақрабҳои бадният заҳр афканда, зарар расонанд. Албатта, инсон якзайл намемонад ва бо мурури замон дигар мешавад ва миёни ин тоифаи бадхоҳ ҳатман нафароне ҳам ёфт шуда ба аъмоли зишти худ нигариста ва афсӯс хӯрдаанд. Хостаанд, ки пасгарданд ва тавба кунанд, аммо ба ин ё ҳамсафони шайтонхислату шайтонсифаташон розӣ нашудаанд ё ҳамон хӯҷаинҳои хориҷиашон монеъ гаштаанд. Аммо ягон амал, ягон кирдори ношоиста пинҳон намемонад. Бадхоҳони осоиштагии Тоҷикистон ҳатман дер ё зуд сарафкандаву шармсор мегарданд. Инро мо намунаҳояшро дар чанд соли охир шоҳид шудем. Боз ҳам аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ҳамон гунаҳкорони даҳ солу бист соли муқаддам баромад карда, иқрор шудаанд, ки воқеан дар қатлу куштори чеҳраҳои номдор, зиёиву рӯшанфикрони Тоҷикистон даст доштаанд. Назди мардуми Тоҷикистон тасдиқ намуданд, ки фармоишгари аъмоли зишти онҳо, ки буд ва онҳо бар ивази чӣ ва ба хотири кадом ғоя ва ҳадаф ба роҳи харобиовар рафтаанд. Хушбахтона, ҳоло дар кишвари мо – Тоҷикистон оромиву суботи мутлақ ҳукмрон аст. Мардум дар фазои осоишта зиндагиву кору фаъолият дорад. Осоиштагӣ ҳам дар ниҳоди худ неъматест. Неъмате бузург ва худовандӣ, ки ҳар яки мо бояд қадр намоем, дӯст дорем ва муҳофизат кунем! Садбарг САЛИХОВА, омӯзгори МТМУ №2 ш.Кӯлоб


6 Кишвари азизи мо – Тоҷикистон яке аз ташаббускорони масоили вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳон мебошад. Тӯли даҳсолаи охир Тоҷикистон баҳри муттаҳид намудани кӯшишҳои кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати таъмини оби бехатар ва тозагию беҳдошт барои ҳамаи сокинони сайёраи Замин саҳми назаррас гузоштааст. Ҳадафи Рушди Устувор 6: “Таъмини дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи об ва беҳдошт барои ҳама” тасдиқи ин уҳдадории байналмилалӣ буда, амалисозии он афзалияти глобалии рушд ва заминаи асосӣ барои ҷомеаҳои устувор, баробарҳуқуқ ва пешрафта мебошад. Рӯзҳои 20-22 июн дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” баргузор шуд. Як рӯз қабл аз оғози он, яъне 19-уми июн дар бинои Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) чорабинии пеш аз конфронс таҳти унвони “Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об” гузаронида шуд, ки дар он беш аз 350 нафар шарикони миллию байналмилалӣ, кӯдакон ва наврасон иштирок карданд. Ҳамоиши мазкур яке аз чорабиниҳои муҳими вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳон ба шумор меравад. Он аз се бахш – «Садои кӯдакон: Мизи гирд бо писарону духтарон», «Беҳтарин сармоягузорӣ дар ҷаҳон: Баррасии масоили рушди барвақтии кӯдакон, об, санитария ва беҳдошт» ва «Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ» иборат буд. Дар ин Анҷуман вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта ва дигар намояндагони мақомоти давлатию созмонҳои байналмилалӣ, инчунин кӯдакону наврасон ва ҷавонони фаъол суханронӣ карданд. Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ иброз дошт, ки 21-уми декабри соли 2016 бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ва иқдоми шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи Умумии СММ Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”ро қабул намуд, ки он идомаи

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №27 (9557), 05.07.2018

ТАШАББУС

Кӯдакону наврасон ва масоили об мантиқии Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт 2005-2015” буда, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор – 2030 мусоидат хоҳад кард. Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини барои баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳар рӯз дар рӯйи олам беш аз 700 кӯдак аз бемориҳое ҷон медиҳанд, ки ба оби ифлосу вазъи ногувори тозагию беҳдоштӣ рабт мегиранд. Ҳамзамон зиёда аз 250 миллион нафар барои пайдо кардани оби тоза ҷойи зисташонро иваз мекунанд. Ба иттилои ЮНИСЕФ, дар ҷаҳон 2,1 миллиард нафар ба оби тозаи бехатар ва ҳар нафари 9-ум то ҳанӯз ба хати обтаъминкунӣ дастрасӣ надоранд. Пизишки кӯдакон Шералӣ Раҳматуллоев дар суҳбат ба журналистон зикр намуд, ки ҳанӯз ҳам кӯдакон дар самти дастрасӣ ба оби поку безарар мушкил доранд. Як пажӯҳиш, ки соли 2017 дар Тоҷикистон анҷом шуд, муайян кардааст, ки дар шаҳрҳо 95 дарсад ва дар деҳот 71 дарсади аҳолӣ ба оби безарар дастрасӣ доранд. Номбурда бо такя ба ин пажӯҳиш афзуд, ки аксари мактабу беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ дар кишвар бо лӯлаҳои оби ошомиданӣ таъмин нестанд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид доир ба ин масъала иброз дошт, ки кӯдакону наврасон аз нигоҳи тиббӣ осебпазиранд ва ба оби тоза зарурати бештар доранд. “Мо ҳар сол зиёда аз 100 то 130 мактаб сохта, ба истифода дода истодаем. Ба масъалаи обрасонӣ ва таъмини хонандаҳо бо оби ошомиданӣ диққати ҷиддӣ медиҳем ва ҳамаи мактабҳои то имрӯз сох-

ташударо бо об таъмин мекунем. Он рӯз дур нест, ки тамоми 3 ҳазору 876 мактаби кишвар пурра бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳанд шуд”, афзуд номбурда. Дар идомаи Анҷуман таъкид гардид, ки бо истифода аз принсипҳои ҳуқуқи инсон, шарикии инноватсионӣ ва технологияи дастрас, шахсони масъул дар сатҳи қабули қарор метавонанд уҳдадориҳо оид ба густариши дастрасӣ ба оби бехатар ва шароити зарурии беҳдоштӣ барои ҳамаи кӯдакон дар ҷаҳонро ба зиммаи худ бигиранд. Дастрасии оби бехатар ба таҳсили кӯдакон низ кумак мерасонад: агар онҳо ба обкашонӣ машғул набошанд, барои иштирок дар дарсҳо вақти бештар хоҳанд дошт. Агар дар мактабҳо оби тоза, ҳоҷатхона ва собуни дастшӯйӣ мавҷуд бошад, кӯдакон аз муҳити солими таълимӣ баҳравар хоҳанд шуд. Анҷуман барои шунидани садои кӯдакон ва наврасон, духтарон ва писарон аз тамоми қаламрави Тоҷикистон оид ба масоили таъмини об, санитария ва беҳдошт фазои мусоид фароҳам овард. Парчами Обии Кӯдакон, ки фарогири даҳҳо тасвири кашидаи кӯдакону наврасон аз 68 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аст, ҳамчун рамзи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд истифода гардид. Дар ҷараёни ҳамоиш ғолибони озмуни ҷумҳуриявии иншо дар мавзӯи “Аҳамияти дастрасӣ ба об, санитария ва беҳдошт барои таҳсилоти босифат” доир ба ин масоили муҳим табодули назар карданд. Зимнан Мирфозил Назаров, муҳассили синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Турсунзода гуфт: «Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди оби нӯшокӣ мебошад. Моро лозим аст, ки ба

қадри оби зулолу ширини диёри худ бирасем, ба ифлосшавии он роҳ надиҳем ва маърифати экологии худро баланд бардошта, аз исрофи об парҳез кунем». Ҳамзамон Зебонисо Мирзокаримова, хонандаи синфи 11-и Муассиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 аз шаҳри Бохтар чунин ибрози назар кард: «Имрӯзҳо олимони дунё бонги изтироб мезананд, ки аз сабаби гармшавии иқлим пиряхҳои ҳазорсола босуръат об мешаванд. Агар ин аҳвол давом ёбад, мардуми сайёра бо хатари беобӣ рӯ ба рӯ мегарданд». Дар навбати худ Олимхон Аҳроров, хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 аз ноҳияи Деваштич таъкид дошт: «Имрӯз муаммое ҳаст, ки дар атрофи он андеша бояд кард: ҳифзи об ва расидан ба қадри ин неъмати интиҳоёбанда. Ман ҷумаки кушодамондаи оби кӯча, ба ҷӯйборҳо партов партофтани мардум, дар ҳавзҳои ифлос оббозӣ кардани кӯдаконро пеши назар меорам. Хулоса мебарорам, ки об метавонад сабабгори ҳам солимӣ ва ҳам беморӣ шавад». «Об яке аз сарватҳои табиат буда, сарсабзиву шукуфоӣ ва пойдории олам ба он марбут аст. Агар мо обро сарфа кунем ва тозагии онро таъмин созем, ҳаёти солим хоҳем дошт», - афзуд Шаҳноза Фазлоншоева, толибилми синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 аз ноҳияи Шуғнон. «Муносибати сокинони сайёраи Замин нисбат ба сарватҳои табиӣ чунон аст, ки гӯё ин захираҳо ҳаргиз тамом намешаванд. Мо ба дараҷае оби нӯшокиро масраф мекунем, ки баъзан даҳшат фаро мегирад – дар оянда моро чӣ интизор аст?» - изҳори нигаронӣ кард Милана Бердникова аз шаҳри Душанбе,

хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Дар бахши “Беҳтарин сармоягузорӣ дар ҷаҳон: Баррасии масоили рушди барвақтии кӯдакон, об, санитария ва беҳдошт” муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода зикр кард, ки норасоии микронутриентҳо (витамину минералҳо) яке аз сабабҳои асосии беморӣ ва фавти кӯдакон мебошад. Ғизои солим аз рӯзи якуми ҳомиладорӣ ва то ду соли аввали ҳаёти кӯдак, яъне 1000 рӯз муҳим аст. Намояндаи Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) Герда Вербург гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 узви Ҳаракати глобалӣ гардидааст. Айни замон 60 кишвари олам аъзои ҳаракати номбурда мебошанд. Бахши сеюми Анҷуман фарогири намоишгоҳе буд, ки дар он 14 лоиҳаи беҳтарини озмуни ҷумҳуриявии “Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ” ба маърази тамошо гузошта шуданд. Онҳоро духтарон ва писарони наврас бо мақсади дарёфти роҳу воситаҳои навоваронаи таъмини об, санитария ва беҳдошт тарҳрезӣ карданд. Аз ҷумла, як гурӯҳ хонандагони ноҳияи Рӯдакӣ дар ин намоишгоҳ бо ихтирои собуни кисагӣ ширкат варзиданд. Ба гуфтаи онҳо, айни замон дар мактабҳо кӯдакон аз як собуни умумӣ истифода мебаранд, вале на ҳама инро мехоҳанд. Аксари онҳо баъд аз ҳоҷатхона ва пеш аз даромадан ба ошхона дастонашонро бо собун намешӯянд. “Мо собунҳое дар шакли доручаҳо сохтем, ки онро мешавад дар қуттии хурд ҷой карда, дохили ҷузвдон гузошт”, - афзуданд толибилмони ихтироъкор. Мутахассиси Барномаи наврасони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Хушбахт Ҳоҷиев зикр кард, ки баъдан лоиҳаҳои беҳтарини кӯдакон барои ҳалли мушкилоти марбут ба об дар амал татбиқ мешаванд. “Масалан, оид ба истеҳсоли собун ду лоиҳа пешниҳод шудааст, ки маблағи хурд талаб мекунанд ва метавонанд дар мактабҳо фарҳанги истифодабарии собун ва дастрасии онро барои хонандагон боло баранд”. Дар ҷамъбаст маросими супоридани мукофотҳо ба 3 лоиҳаи беҳтарин доир гардид. Зимнан дастаи “Муъҷиза” аз ноҳияи Ашт дар натиҷаи овоздиҳии пӯшидаи худи наврасони иштирокдори озмун сазовори мақоми аввал дониста шуд. Ҳамзамон дастаҳои “Истиқлол” аз ноҳияи Рӯдакӣ ва “Мутафаккирони хайрхоҳ” аз шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд. Туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳоро муовини якуми вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини ва дигар меҳмонони расмӣ ба ғолибон тақдим карданд. Х. ШАРИФОВ, “ҶТ"


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №27 (9557), 05.07.2018 Ваҳдати миллии моро инак беш аз ду даҳсола мешавад. Он дар натиҷаи хомӯш гардонидани ҷангу даргириҳое, ки солҳои 90уми асри гузашта дар кишвар сар зада буданд, ба даст омадааст. Тамоми таърихнигорону таҳлилгарони масоили сиёсиву таърихии кишвар ин андешаро ҷонибдорӣ мекунанд, ки ҷанги шаҳрвандии мо дар натиҷаи маҳалбозии гурӯҳҳои алоҳида сар зада буд. Аммо ба андешаи бархе аз коршиносон то кунун қишре аз ҷомеа маънии ваҳдатро ба таври бояду шояд дарк накардаанд. Далели инро эшон дар арзи мавҷудияти гурӯҳҳои зиёде бо номҳои маҳал ва минтақҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ медонанд, ки дар онҳо аксу видеороликҳо ва мақолаву гузоришҳо аз арзишҳо ва дастовардҳои чӣ маънавию чӣ моддии он маҳаллаҳо дар гардиш аст, ки ба андешаи онон ин метавонад сабабгори ихтилоф дар маҳалҳо гардад. Эшон гурӯҳҳоеро, ки дар шабакаи иҷтимоии facebook бо номҳои “Ванҷи ману ту”, “Афсонаҳои раштон”, “Истаравшанмарвориди шарқ”, “Кӯлоби ман (мой Кӯлоб)”, “Ганҷи Исфара”, “Зарафшон” арзи ҳастӣ доранд, мисол меоранд. Ба андешаи профессор Шариф Муллоев ҳанӯз ҳам ҷавонони мо дар меҳвари як идеяву андеша ва ливо муттаҳид нестанд, зеро гурӯҳсозиву гурӯҳбозии эшон дар сомонаҳои интернетӣ метавонад сабаб бошад. Ӯ мегӯяд: “Тӯли ин 21 сол пайваста аз ваҳдату якдилӣ мегӯему аммо мафҳуми ваҳдатро мутаассифона то ба ҳол қишре аз ҷомеа маърифат накардаанд. Маҳалбозӣ аз ҳамин гурӯҳҳои хурд маншаъ мегирад. Маҳалбозӣ ин як заҳрпечакест, ки имрӯз мо дар амалҳои бисёре аз ҷавонон мушоҳида мекунем. Ин гурӯҳбозиҳо ба арзишҳои миллӣ латмае мезанад. Пешгирии ин амалҳо амали хубе мешуд”. Вале бояд гуфт, ки сомонаву гурӯҳҳои номҳои маҳал дошта, муаррификунандаи диёр дар сатҳи шуури миллатанд; ошнокунандаи фарҳанги гуногун, дастовардҳо, захираҳои

7

НИГОҲИ ДИГАР

Миллатдӯстӣ аз маҳалдӯстӣ сар мешавад ё дасти ҳамдеҳаи худро гирифтан маҳалгароӣ нест! интеллектуалӣ мебошанд, ки вуҷуд доштани онон набояд барои ҷомеа ҳамчун фоҷиа қабул карда шавад. Ва ин андеша набояд пазируфта шавад, ки дар чархиш будани чунин гурӯҳҳо ва таблиғ гаштани дастовардҳои маҳалҳои алоҳида ҷомеаро аз андешаи ваҳдат канор барад. Як нукта қобили таваҷҷуҳ аст, ки ҳарф задан перомуни маҳал ба яке аз мушкилтарин падидаҳо табдил гаштааст, ки ҳеҷ кадом як коршиносе то ба ҳол наметавонад перомуни ин мафҳум назари хоси худро ироа кунад ё дар воқеъ ақидаи фалон як донишманди дигареро бипазирад. Зеро ба андешаи нимае аз афр о д маҳалгароӣ ҷомеаро ба самти нобудиву парокандагӣ мекашад ва иддаи дигар даъво менамоянд, ки баръакс, маҳз маҳалгароӣ омили ватандӯстиву патриотизми миллӣ мегардад. Зеро ба андешаи эшон агар шахс маҳалли худро, ки дар он ҷо зода шудаасту одаму одамгариро аз ҳамон ҷой омӯхтааст, дӯст дошта натавонад, ҳеҷ гоҳ миллату давлати худро дӯст нахоҳад дошт. Доир ба ин масъала мо тасмим гирифтем бо чанде аз аҳли зиё ва равшанфикрони ҷомеа дар робита бошем ва ин масъаларо аз ҳар дидгоҳи лозима мавриди баҳс қарор диҳем. Равоншинос Маҳмудшоҳ Кабирӣ

Пайдост, ки амалҳои террористӣ таърихи куҳан доранд, вале агар ба заминаи пайдоиши онҳо таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки омили якхела боиси ба миён омаданашон гаштаанд. Ба ибораи дигар, тамоми бадбахтиҳое, ки имрӯз ба сари мардуми сайёра омадаву то ҳол меоянд, аз ҷаҳолат, бенавоӣ ва ихтилоф аст. Агар ба таври дигар ифода карданӣ шавем, имрӯз инсоният се душмани асосӣ дорад, ки бояд муқобилаш бо санъат, маърифат ва иттифоқ мубориза барад. Вале афсӯс, ки муборизаҳо чандон чашмрас нестанд ва барои рафъи ин се душмани инсон саъю талошҳо нокифоя мондаанд. Ин се мараз ба олами мусулмонӣ бештар асар гузоштааст. Ва ботлоқи ҷаҳолат барои ташаккули ҳаракатҳои ғайрибашарии “Алқоида”, “Боко ҳаром”-у “Шубоб” ва

зимни суҳбат бо мо гуфт: “Ҷои таассуф аст, ки баъди ба даст омадани Ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ низ дар андешаи аҳолии кишвар як мафҳуми наве, ки то ин давра бо истилоҳи “картаи маҳал”дар чархиш буд, аз гардиш боз наистод...”

Баъзан шоҳиди он мешавем, ки иддае аз маҳал гап заданро ор медонад ва касоне, ки ҳамшаҳриҳои худро ёд кунанд ё ба онҳо кӯмак кунанд “маҳалгаро” гуфта туҳмат мекунанд ва роҳҳои рушди иҷтимоии ӯро мебанданд. Агар дар идорае роҳбаре як ҳамшаҳрии худро кор гирад, ҳатман тамғаи “маҳалгаро”-ро ба пешонааш мезананд. Инҳо ҳодисаҳоеанд, ки ҳамеша бо онҳо рӯ ба рӯ мегардем. Ба андешаи баъзе коршиносон ба бархурд овардани ҷомеа нисбати маҳалдӯстӣ яке аз “ретсепт”-ҳои тарафдорони глобализатсия ҳаст, ки “да-

рахти миллат”- ро аз дарун мепӯсонад. Журналист ва нависандаи маъруфи рус Петр Вайл перомуни ишқи маҳал ва дилбастагии шахсон ба маҳал гуфта буд: “Одамон вақте зодгоҳи худ ё шаҳру деҳеро дӯст медоранд, пеш аз ҳама на барои зебоӣ ё вижагиҳои он аст, балки ба хотири инсонҳоест, ки шахс дар ин ҷо дидааст, ҳамнишин шудааст, бо онҳо хуш гузарондааст. Ин эҳсосоти онҳо ба таври нохудогоҳ ба рӯи маҳалли ҷуғрофӣ кӯчонда мешавад ва маҳал мақоми асосӣ мегирад.” Равоншиноси тоҷик, Маҳмудшоҳ Кабирӣ низ дар таҳлили ин масъала Петр Вайлро дастгирӣ

м е кунад. Ӯ зимни суҳбат бо мо гуфт: “Ин плюрализми биогеографист. Зерсохтори миллат аз маҳал сарчашма мегирад ва дар мисол сиришти одамро овардан мумкин аст, ки иборат аз ҳуҷайраҳои гуногун аст; ҳуҷайраҳои устухон, ҷигар, мағз, бофтаи дил, мушак ва ҳоказо, ки агар яке аз онҳо аз фаъолият бозмонанд, ҳатман сохти инсон низ номуназзам

Бадхоҳони башар ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд “Толибон”-у ДИИШ барин ҳаракатҳои террористӣ замина муҳайё кардааст. Дардовар он аст, ки фаҷоъати ин гурӯҳҳои террористӣ ба ислом нисбат дода мешавад. Ва террористонро мусулмону мусулмононро террорист муаррифӣ мекунанд. Ҳол он ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид кардаанд, ки “Террорист ватан ва миллат надорад ва террорист мусулмон буда наметавонад!” Воқеан, агар харобкорони ҳаракатҳои террористии “Боко Ҳаром”, “Алқоида”, ва “ДИИШ” дар замони Паёмбари акрам (с)

мешуданд, бо эҳтимоли зиёд, дар қатори мушрикон ва ё мунофиқон ҷой мегирифтанд. Чаро ки мақсади инҳо на дин, балки истисморӣ сиёсӣ аст. Ва мақсади онҳо бадном кардани дин асту тарғиби терроризм ва густариш додани шабакаҳои бадӣ, қатлу ғорат. Балои бузургтарин дар сари исломият он аст, ки инсонҳо ба хотири манфиатҳои худ динро олоти сиёсат мекунанд. Дар ин миён вазифаи ҳар як шаҳрванди соҳибхиради Тоҷикистон ва ҷомеаи тоҷикистонӣ он аст, ки бетардиду дудилагӣ амалҳои террористиро лаънат хонем ва ҳамвора барои осоиштагии кишвари азизамон ва умуман ҷомеаи ҷаҳон талош на-

хоҳад шуд...” Алиҷони Сарбандӣ, як корбари фаъоли фейсбукӣ низ дӯст доштану муаррифӣ кардани маҳалро дар сатҳҳои фаротар аз он қобили қабул ва сутуданӣ медонад. Ӯ мегӯяд: “Ба андешаи ман дӯст доштани маҳал маънои маҳалгаро буданро надорад. Ҳар кас зодгоҳи худро дӯст медорад ва онро як пораи хоки ватан мешуморад. Ба андешаи равоншиносон одаме, ки шуураш дар сатҳи маҳал аст, барои ӯ мушкил аст, ки шуури ӯро ба сатҳи миллат бурд. Ягона чизе, ки шуури ӯро ба дигар сатҳ мегузаронад, донишу маълумоту савод аст. Оғози Ватан аз зодгоҳ аст. Ҳар ки маҳали худро обод мекунад, гӯшае аз Ватанро обод кардааст ва дар маҷмӯъ кишвар гулгулшукуфон мешавад. Хулоса бар ҳамаи ин гуфтаҳо ин аст, ки имрӯз мебояд фаҳмиши мардум нисбат ба маҳал ва маҳалдӯстӣ дигар шавад. Зеро ҷомеа ҳамеша механизме дорад, ки онро аз олудагиҳо пок мекунад. Маҳалли худро дӯст доштан метавонад ба он сабаб шавад, ки фаротар аз ин тафаккур намоӣ ва дар баробари маҳал миллат ва Ватанро қадр кунӣ. Аммо агар тавони дӯст доштани зодгоҳи худро надошта бошем, кай метавонем ба дарки миллат ва Ватан бирасем? Ин саволест, ки маҳалситезон ва он нафаро-

не, ки тамоми бурду бохти хешро ба маҳал рабт медиҳанд ва нотавониҳои худро низ баъзан ба маҳал вобаста медонанду аз рушду инкишоф канор мемонанд, бояд ҷавоб гӯянд. Бояд бар ин андеша қоим буд, ки ҳар нафаре мегӯяд фалонӣ бо сабаби аз фалон маҳал будан соҳиби мақому манзалат аст, худ маҳалгарост ва тавони дидани бурду бохти он нафарро надорад, зеро тафаккураш дар ҳамон сатҳ аст. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”

моем. Мутаассифона, то мусулмонҳо ба арзишҳи ислом мувофиқ зистанро дар умум асос қарор надиҳанд, амали зишти ҳар як мутаассиби харобкор ҳамчун ханҷаре ба синаи исломият халиданро идома медиҳад. Ва террору куштори бераҳмонаи занону кӯдакон ва пирони барҷомондаву мардуми осоишта дар гӯшаҳои гуногуни олам идома меёбад. Вале ҳеҷ як бадкору бадандеш ба мақсад намерасад ва ҳар кӣ ба осоиштагии ҷомеа халал мерасонаду инсонҳоро дар азобу уқубат мешинонад, дер ё зуд ба сазои кардаҳои хеш мерасад. Зеро ки гуфтаанд: Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр, Зуд бошад ки сари хеш чу гирдоб хӯрад. Муслимҷони САЙМУРОД, ассистенти кафедраи забони англисии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ


8

НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

Муҳтарам журналистони риштаи варзиш, Шуморо бо Рӯзи ҷаҳонии хабарнигорони соҳаи варзиш самимона шодбош мегӯям. 2-юми июл аз соли 1995 ин тараф бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии журналистони варзиш таҷлил мешавад. Дар ин рӯз соли 1924 дар шаҳри Парижи Фаронса Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ таъсис ёфтааст ва ҳоло 159 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон аз соли 2011 узви ин ассотсиатсия мебошанд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириву ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи журналистика, хусусан журналистикаи варзишӣ таҳаввулоти бузург ба миён омад. Маҳз пуштибонии Сарвари давлат буд, ки аз 1 марти соли 2016 аввалин маротиба дар кишвар шабакаи телевизионии махсуси соҳа – ТВ “Варзиш” ва баъд аз як сол шабакаи телевизонии “Футбол” ба фаъолият оғоз карданд ва шабонарӯзӣ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №27 (9557), 05.07.2018

Паёми табрикии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии хабарнигорони соҳаи варзиш аҳолии кишварро аз навгониҳои соҳа чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷ огоҳ менамоянд. Ҳамчунин, дар кишвар рӯзномаҳои махсуси соҳавӣ – “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Варзиш-спорт” амал доранд ва қариб ҳамаи расонаҳо саҳифаи махсуси варзишӣ нашр мекунанд. Хабарнигорон дар ҷомеа рисолати бузург доранд. Хусусан, дар соҳаи варзиш. Намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳастанд, ки дастоварди варзишгаронро саривақт ба ҷомеа мерасонанд ва ифтихори варзишгаронро миёни ҷомеа қисмат мекунанд. Ба ин восита

ҳисси қаҳрамон будан, ҳисси ғалабаро дар ниҳоди мухлисону ҳаводорони варзиш бедор менамоянд. Онҳо бо ин амалашон дар тарғиби ҳаракати олимпӣ миёни ҷомеа нақш мегузоранд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар бори аввал Тоҷикистон тавассути ТВ “Варзиш” имкон пайдо кард, ки бозиҳои чемпионати ҷаҳонии футболро мустақиман аз макони баргузории он бо забони тоҷикӣ пешкаши аҳолии кишвар намояд, ки дастоварди бузурги соҳа мебошад. Имсол барои мо ва варзишгарон

соли муҳим аст. Моҳи август парчамбардорони кишвар дар 18-умин Бозиҳои Осиё дар Индонезия ва моҳи октябр дар 3-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Буэнос Айреси Аргентина ширкат хоҳанд кард ва умед мекунем, ки хабарнигорон дар инъикоси ин чорабиниҳои муҳими варзишӣ мисли ҳарвақта фаъол хоҳанд буд. Бори дигар хабарнигорони соҳаи варзишро бо иди касбӣ таҳният гуфта, дар иҷрои ин рисолати муҳим дар назди ҷомеа бароятон барор мехоҳам. Ид муборак!

Ҷамъбасти аввалин мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ Тавре иттилоъ дода будем, 21 июн дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ оғоз гардид, ки варзишгарон давоми се рӯз миёни ҳам рақобат карданд. Мусобиқаи мазкур бо иқдоми Федератсияи шиноварии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 80 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Туркманистон ва Беларус ширкат намуданд.

Рақобатҳо миёни мардону занон аз рӯи 23 навъи қувваозмоӣ суръат гирифт. Дар ҷамъбасти мусобиқа Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар, раиси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, ба ғолибону ҷоизадорон ҷом, ифтихорнома ва медалҳои мусобиқаро супоридаанд.

Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд: 50 метр, батерфляй (бонувон) 1. Корчагина Олеся, Русия 2. Жумабоева Муслима, Узбекистон 3. Василева Алëна, Ӯзбекистон 50 метр, батерфляй (мардон) 1. Шавкатов Ҷалолиддин, Ӯзбекистон 2. Саъдуллоев Мурод, Ӯзбекистон 3. Аплевич Сергей, Белорус 100 метр, озод (бонувон) 1. Базарова Елизавета, Русия 2. Исломова Гуландом, Ӯзбекистон 3. Ниëзова Афсона, Ӯзбекистон 100 метр, озод (мардон) 1. Мерзляков Алексей, Русия 2. Лебедев Игор, Русия 3. Хуҷаев Ойбек, Ӯзбекистон 50 метр, брасс (бонувон) 1. Корчагина Олеся, Русия 2. Базарова Елизавета, Россия 3. Собирова Гузал, Ӯзбекистон 50 метр, брасс (мардон) 1. Адаменя Антон, Белорус 2. Абдулазизов Зуфар, Ӯзбекистон 3. Асевич Алексей, Белорус 400 метр, озод (бонувон) 1. Ниязова Афсона, Ӯзбекистон

2. Тюрина Анастасия, Тоҷикистон 3. Климик Карина, Тоҷикистон 400 метр, озод (мардон) 1. Хуҷаев Ойбек, Ӯзбекистон 2. Стенпаничев Алексей, Белорус 3. Рамзиёрзода Саддам, Тоҷикистон 200 метр, пуштнокӣ (бонувон) 1. Собирова Гузал, Ӯзбекистон 2. Василева Алёна, Ӯзбекистон 3. Султонова Муслима, Ӯзбекистон 200 метр, пуштнокӣ (мардон) 1. Адаменя Антон, Белорус 2. Абдулазизов Зуфар, Ӯзбекистон 3. Ясевич Алексей, Белорус 50 метр, пуштнокӣ (бонувон) 1. Исмомова Гуландом, Ӯзбекистон 2. Султонова Муслима, Ӯзбекистон 3. Бордачёва Екатерина, Тоҷикистон 50 метр, пуштнокӣ (мардон) 1. Атаев Мердан, Туркманистон 2. Лебедов Игор, Русия 3. Мерзляков Алексей, Русия 200 метр, озод (бонувон) 1. Базарова Елизавета, Русия 2. Ниязова Афсона, Ӯзбекистон 3. Тюрина Анастасия, Тоҷикистон

200 метр, озод (мардон) 1. Хуҷаев Ойбек, Ӯзбекистон 2. Лебедов Игор, Русия 3. Мерзляков Алексей, Русия 100 метр, батерфляй (бонувон) 1. Ҷумабоева Муслима, Ӯзбекистон 2. Султонова Муслима, Ӯзбекистон 3. Тюрина Анастасия, Тоҷикистон 100 метр, батерфляй (мардон) 1. Саъдуллоев Мурод, Ӯзбекистон 2. Шавкатов Ҷалолиддин, Ӯзбекистон 3. Хуҷаев Ойбек, Ӯзбекистон 100 метр, брасс (бонувон) 1. Корчагина Олеся, Русия 2. Василева Алёна, Ӯзбекистон 3. Собирова Гузал, Ӯзбекистон 100 метр, брасс (мардон) 1. Адаменя Антон, Беларус 2. Абдулазизов Зуфар, Ӯзбекистон 3. Таҷмуратов Батир, Турманистон 4х100 метр, эстафета, озод (омехта) 1. Русия Мерзляков Алексей Лебедев Игор Корчагина Олеся Базарова Елизавета

2. Ӯзбекистон Маринбаев Азизбек Василева Алёна Исломова Гуландом Саъдуллоев Мурод 3. Тоҷикистон Боев Шодмон Хайруллоев Алиҷон Климик Карина Тюрина Анастасия 200 метр, хазидан (крол) (бонувон) 1. Собирова Гузал, Ӯзбекистон 2. Ҷумабоева Муслима, Ӯзбекистон 3. Султонова Муслима, Ӯзбекистон 200 метр, хазидан (крол) (мардон) 1. Лебедов Игор, Русия 2. Абдуҷалилов Ҳоҷиакбар, Ӯзбекистон 3. Саъдуллоев Мурод, Ӯзбекистон 200 метр, брасс (бонувон) 1. Собирова Гузал, Ӯзбекистон 2. Василева Алёна, Ӯзбекистон 3. Султонова Муслима, Ӯзбекистон 200 метр, брасс (мардон) 1. Адаменя Антон, Белорус 2. Абдулазизов Зуфар, Ӯзбекистон 3. Ясевич Алексей, Белорус


АНДЕША

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №27 (9557), 05.07.2018 Шумораи навбатии рӯзномаи дӯстдоштаам «Ҷавонони Тоҷикистон»ро аз 7 июни соли 2018 № 23 (9553) мутолиа карда, дар саҳифаи 8-и рӯзнома чашмам ба рӯйхати 69 нафар варзишгарони собиқадор ва ҷавон афтод: «КҶВ ба 69 варзишгар стипендия медиҳад». Ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистаи таҳсину офарин аст. Махсусан, қадр намудани собитқадамони варзиш, ки имрӯз синну солашон ба ҷойе расидааст, аз иқдомҳои наҷиби роҳбарони масъули варзиши Тоҷикистон ба шумор меравад. Боиси афсӯс аст, ки дар рӯйхати 29 нафар собиқадорон – гирандагони Стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2018 номи паҳлавони шинохтаи тоҷик Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, қаҳрамони 18 каратаи Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод ва гӯштини миллӣ Сангалӣ Наврӯзбековро дучор нашудем. Шояд наслҳои имрӯза ӯро нашиносанд, вале устодони гӯштин Амирсултон Наботов, Ғиёс Қаюмов, Саймаҳмуд Маҳмадрасулов, Исмат Абдуллоев ва шореҳи шинохтаи варзиш Мирзосафар Шамсиддинов ва дигарон борҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, бо ғолибият ба Ватан баргаштаанд. Сангалӣ Наврӯзбеков алҳол 83- сол дорад ва дар зодгоҳаш ноҳияи Рӯшон зиндагӣ мекунад. Ба синну солаш нигоҳ накарда дар чорабиниҳои варзишии ноҳия фаъолона иштирок мекунад. Барои он ки ҷавонони имрӯза аз ҳаёти варзишии ӯ ошно шаванд, маводи зеринро пешкаши хонандагон мегардонем. Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба гӯштини тарзи озод,

Саломатӣ ва беҳдошт ин боигарии беҳамтои миллии кишвари мо мебошанд. Донистани беҳдошт, бахусус барои омӯзгорони варзиш, мураббиён, ҳамчунин барои ҳар як варзишгари оянда аҳамияти муҳим дорад. Кор карда баромадани меъёрҳои гигиенӣ вобаста ба хусусиятҳои анатомию физиологии организм як шарти асосии беҳдошт аст. Риояи ҳолати гигении муассисаи варзишӣ, шароитҳои гигиении толорҳои дарсӣ, тартиби рӯз ва ғизогириро ҳамеша бояд назорат кард. Донистани асосҳои беҳдошти умумӣ вақти кор карда барома-

9

Қувваозмоии таърихӣ ё ҳарбу зарби паҳлавони ҷавони тоҷик Сангалӣ Наврӯзбеков бо Алӣ Алиев барандаи медали тиллои мусобиқаи байналмилалии гӯштини тарзи озод дар Афғонистон (1963), Чемпиони 18-каратаи Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод ва гӯштини миллӣ Сангалӣ Наврӯзбеков ба синни 83 қадам гузошта, ҳанӯз ҳам қаду баст ва ҳаракатҳои чандири варзишиашро нигоҳ медорад. То соли 2011 мураббии гӯштини Мактаби варзиши деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон буд. Ҳоло дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад. Кас ба ҳолпурсияш равад, аз суҳбатҳои ширину зарофатҳои намакинаш ҳаловат мебарад. Нақлу қиссаҳои зиёде дорад дар бораи паҳлавонони шинохта Азалшоҳ Олимов, Саидмӯъмин Раҳимов, Амирсултон Наботов, Девлох Шолиев, Назармаҳмад Мералишоев, Нодил Лифаев, Шанбе Навҷавонов, Тағойгелдӣ Ҳайдаралиев ва дигарон. Чун ба иҳотаи ҷавонон афтад, ҳатман аз қувваозмоияш бо паҳлавони машҳури ҷаҳон, Устоди хизматнишондодаи варзиши СССР, панҷ карат Чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод Алӣ Алиев суол мекунанд. - Бале, дар асл ҳам ман бо ин паҳлавони машҳури ҷаҳон қувваозмоӣ кардаам. Ин соли 1958 буд. Ҳамаи ин бо шарофати устодам Азалшоҳ Олимов ба амал омад. Азалшоҳ дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат карда, ҳам гӯштини тарзи озодро машқ мекарду ҳам самборо. Дар Тоҷикистон бошад, ин ду намуди гӯштин он қадар маълум набуд. Албатта, гӯштингирон буданд, лекин бештар осетинҳо ва арманҳо. Ҳангоме ки Азалшоҳ Олимов аввалин маротиба соли 1955 оид ба гӯштини самбо аз Осиёи Марказӣ қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шуда, ба Тоҷикистон баргашт, масъулини соҳа ба ин ду намуди варзиш бештар диққат медодагӣ шуданд. Ба бахти мо Азалшоҳ Олимов солҳои 1958-1960 дар вазифаи

сардори Раёсати кор бо ҷавонон варзиши (раиси кумитаи физкултура ва спорти ) ВМКБ кор кард ва бо ташаббуси Ӯ дар шаҳри Хоруғ маҳфили гӯштини тарзи озод ташкил шуд. Ба маҳфил ҷавонони зиёде аъзо шуда,намуди нав -гӯштини тарзи озодро машқ мекарданд. Дар муддати кӯтоҳ паҳлавонон Назармаҳмад Мералишоев, Асайнӣ Шоқаландаров, Мамадорис Асаншоев, Шанбе Навҷавонов, Шамшербек Ҷурбонбеков ва банда назар ба дигарон бартарӣ нишон дода, дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро соҳиб мешудем. Вақте ки дар шаҳри Москва ё ҷумҳуриҳои бародар мусобиқаҳо оид ба гӯштини тарзи озод мегузашт, дастаи яккачини гӯштингирони ВМКБ дар он ширкат меварзид ва аксар вақт дастболо мешуд, - ба суҳбат даромад бобои Сангалӣ. Қувваозмоии таърихии ману Алӣ Алиев, паҳлавони машҳури ҷаҳон баъдҳо ҳам бо шарофати ин намуди гӯштин ба амал омад. Соли 1958 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод ман дар вазни 52 кило ҳамаи ҳарифонамро мағлуб карда, ба Спартакиадаи умумииттифоқии халқҳои СССР, ки дар шаҳри Ставрополи РСФСР мегузашт, роҳхат гирифтам. Ҳамроҳи ман аз шаҳри Душанбе Тағойгелдӣ Ҳайдаралиев, Назармаҳмад Мералишоев, Асайнӣ Шоқаландаров, Шанбе Навҷавонов ва боз чанд нафар осетинҳои муқими Душанбе ҳам буданд. Дар ин Спартакиада, ки баробари Чемпионати Иттифоқи Советӣ қурб дошт, ман дар вазни 52 кило. ҳамаи ҳарифонамро мағлуб сохта, ба финал роҳхат гирифтам. Паҳлавони шинохтаи доғистонӣ Алӣ Алиевро бори нахуст дар ин Спартакиада дидам. Вай ҳам дар вазни 52 кило ба финал баромад, лекин он ваҷт Чемпиони ҷаҳон набуд. Танҳо унвонҳои Устоди варзиши СССР, Чемпиони Доғистон, Чемпиони Спартакиадаи умумииттифоқии

халқҳои СССР ва Чемпиони СССР буд. Мисли ман дар вазни сабук 52 кило гӯштин мегирифт. Ман бошам, як ҷавони 23-солаи кӯҳистонӣ, ки танҳо шаш моҳ ин намуди гӯштинро машқ карда, ба чунин як мусобиқаи бонуфузи умумииттифоқӣ роҳ ёфтам. Ваҷте ки сардовари мусобиқа унвонҳои варзишии Алӣ Алиевро хонд, каме дасту по гум кардам, зеро ман он вақт ягон унвони баланди варзишӣ надоштам. Дар часпу талоши нахустин ҳис кардам, ки ҳарифам паҳлавони пурқувват аст, зеро пружина барин хаму рост мешуд. Бисёр кӯшиш кардам, ки боре ӯро маҳкам дошта, ба замин хобонам, аммо ҳар дафъа мисли бабри кӯҳӣ халос мехӯрд, гӯё аз бағалам мелағжид. Ҳангоми қувваозмоӣ бештари бартариҳо ба ҷониби ӯ буд. Маро гоҳ зер карда медошту гоҳ бардошта рӯи гилем мезад. Ба ҳар ҳол, ба ҷавонӣ ва бетаҷрибагиям нигоҳ накарда, ман ҳам хеле муқобилият ва истодагарӣ нишон додам. Вақти ҷудокарда ба охир расиду бо бартарии холҳо ғолибиятро ба Алӣ Алиев доданд. Ман соҳиби диплом, медали нуҷра ва ҷойи дуввум шудам. Аз қувваозмоиям он қадар розӣ набудам, вале устодам Азалшоҳ Олимов ва мураббиёнам аз шаҳри Душанбе, мураббии хизматнишондодаи Иттиҳоди Шӯравӣ Асланбек Захаров маро дилбардорӣ карда: - Ба ҳаминаш ҳам шукр, ҷойи дуввум баъди Алӣ Алиев ин шӯхӣ нест. Ту бояд фахр кунӣ, ки танҳо бо бартарии холҳо мағлубат сохт. Ғалабаҳои оянда дар пешанд. Вале ҳарбу зарб бо Алӣ Алиевро дер гоҳ фаромӯш намекунӣ, - гуфт вай. Дар Спартакиада қарор шуд, ки касе аз паҳлавонон ҷойҳои I, II ва III-ро гирифта бошад, ба шаҳри София, ба Булғория меравад. Аз ин рӯ, дастаи яккачини гӯштингирони тарзи озоди Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳисоби ғолибон ташкил шуд. Моҳе дар шаҳри Ставропол машқ карда, ба мусобиқаи

Беҳдошт ва талаботи он дар варзиш дани чорабиниҳои бехатаркунӣ, аз он ҷумла вақти машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш зарур мебошад. Ҳар як намуди варзиш, барои якҷоя амал намудани таъсири варзишӣ ва беҳдошти машғулият ва мусобиқа андешакорона ташкил карда шуда, ба талаботҳои гигиенӣ бояд пурра ҷавобгӯ бошад. Машқи варзишӣ шакли асосии тайёрии варзишгарон буда, мунтазам истифодабарии машқҳои ҷисмонӣ, қобилият ва имконияти вазифаҳои организмро мукаммал мегардонад. Дар ҷараёни машқкуниҳо вазифаҳои

умумӣ ва махсуси мукаммалшавии организм барои комёбии натиҷаҳои баланди варзишӣ равона карда мешавад. Баробари ин, машқкунии варзишӣ бояд хусусиятҳои беҳдоштиро доро бошанд, яъне ба беҳтар шудани саломатӣ ва афзоиши ҷисмонӣ мусоидат намоянд ва муқовимати организмро ба таъсирҳои номусоиди беруна баланд гардонад. Инчунин дар тартиби рӯз вақти муайян кардани реҷаи умумии ҷисмонӣ меъёрҳои гигиенӣ зарур мебошанд. Ҳамин тавр, надонистан ва ё дар амал истифода набурда-

ни донишҳои гигиенӣ ба ҳолати саломатӣ таъсири манфӣ мерасонад ва комёбиҳои варзиширо халалдор месозад. Барои ба машқ машғул шудан, ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаштан лозим аст. Дар натиҷаи он маълум карда мешавад, ки бо кадом намуди варзиш бояд машғул шуд. Тибқи таҳлили мутахассисон принсипҳои асосии гигиении банақшагирии машқкунӣ инҳо мебошанд: Аввалан мунтазам гузаронидани машғулиятҳои машқкунӣ ва такроран иҷро кардани машқҳои ҷисмонӣ. Дуюм, оҳиста-оҳиста зиёд намудани

байналмилалӣ тайёрӣ медидем. Як ҳафта ба мо ҷавоб доданд. Тими гӯштингирони Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Ман ба зодгоҳам Помир, ба деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон рафта, аз бепулӣ натавонистам, ки гашта ба пойтахт биёям ва дар мусобиқаи бонуфуз, дар Булғория иштирок намоям. Баъди ин мусобиқа мураббиям Асланбек Захаров хеле афсӯс хӯрд: - Наход, роҳбарони вилоят натавонистанд, ки роҳпулии як варзишгарро пайдо кунанд? Баъди чанд муддат дар шаҳри Душанбе мураббиям маро дида, хеле сарзаниш кард: - Ман тайёр будам, ки туро аз ҳисоби худам ба ин мусобиқа барам. Охир, аз нарафтанат ҳатто Алӣ Алиев ҳам афсӯс хӯрд. Вай гуфт, ки ҳарифам, паҳлавони тоҷик дар ин мусобиқа, дар ҳайати дастаи яккачини гӯштингирони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳатман ғалаба мекард. Афсӯс, ки наомад…. Бо мурури солҳо Алӣ Алиев нуҳ карат Чемпиони СССР, се карат Чемпиони Спартакиадаи умумииттифоқии халқҳои СССР, Чемпиони Аврупо, панҷ карат Чемпиони ҷаҳон, соҳиби унвони Устоди хизматнишондодаи варзиши СССР ва яке аз паҳлавонони пурзӯртарини ҷаҳон гардид. Инак, аз он қувваозмоии таърихӣ 60 сол гузашт. Ман ҳар дафъа ин ҳарбу зарбро кисса карда, ҷавониамро ба хотир меорам. Охир, на ба ҳар кас муяссар мешуд, ки бо Алӣ Алиев ба финал баромада, қувва озмояд, - гуфт дар хотимаи суҳбат Сангалӣ Наврӯзбеков. Тиллои НЕКҚАДАМ, рӯзноманигор реҷаи умумии машқҳои ҷисмонӣ. Сеюм, якҷоя кардани меҳнат ва истироҳат. Чорум, тайёрии ҷисмонии ҳаматарафа. Дар ин замина, машғулиятҳо одатан ба се қисм тақсим мешаванд. Қисми тайёрӣ, қисми асосӣ ва қисми хотимавӣ, ки давомнокии онҳо ба давраҳои машқкунии варзишӣ, хусусияти машқҳо ва мақсади онҳо вобаста аст. Пас аз мусобиқаҳои варзишӣ ба истироҳати хуб бо варзиши пагоҳӣ ва сайру гашт машғул шудан боманфиат аст. Сафархони ҶУМЪАХОН, омӯзгори фанни физиологияи Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон


10

ҶОМЕА

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №27 (9557), 05.07.2018

Муҳимияти забономӯзии ҷавонон Дар замони муосир забондонӣ ё донистани чанд забон болотар аз мафҳуми “муҳим” меистад. Донистани забонҳои хориҷӣ пеш аз ҳама хубу беҳтар донистани забони худиро инкишоф медиҳад ва инчунин нишони дараҷаи дониши забони модарӣ мешавад. Оиди омӯзиши забонҳои хориҷӣ бахусус русӣ ва англисӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз суханрониҳои худ гуфта буданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ин ду забонро дар даҳсолаи оянда дар сатҳи забони модарӣ-тоҷикӣ бидонанд. Албатта, дар шароити тараққиёти илму техника танҳо миллати босавод, бофарҳанг ва донандаи технологияҳои муосир пешрафт карда метавонад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки дар баробари касб омӯхтан забонҳои хориҷиро ҳам донад.

Коҳиш бахшидан ба нашъамандӣ миёни ҷавонон Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъадор баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои гуногун ва ҷавонони фаъол иштирок намуда, вобаста ба вазъи нашъамандӣ миёни наврасону ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он ибрози андеша намуданд . Аз ҷумла, зимни сухани ифтитоҳӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Дилноза Аҳмадзода зикр намуд, ки дар давоми солҳои охир нашъамандӣ ва майзадагӣ ба саломатии мардуми сайёра, аз ҷумла аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ҷавонон таҳдиди ҷиддӣ пеш овардааст. - Имрӯз касоне, ки ба ин кор даст мезананд, ниҳоят зиёданд, зикр намуд Д. Аҳмадзода. - Онҳо шояд бо сабабҳои дур гаштан аз ғаму дард, камбудиҳои ҳаёт ё аз нодонӣ, огаҳ набудан аз оқибатҳои он ё бо сабаби айшу роҳат ба ин амали номатлуб даст мезананд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ 22 декабри соли 2017 доир ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуд, ки он ҳамчун сарчашмаи маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад ва мо бояд масъулияти худро дар самти пешгирии ин амали номатлуб, бахусус миёни ҷавонони тоҷик ҳар чи бештар ҳис намоем. - Тибқи малумоти расмии Созмони Миллати Муттаҳид соли 2017 майдони кишти зироатҳои маводи мухаддир 63 фоиз зиёд шуда, майдони кишти он ба 328 ҳазор гектар расидааст, - ибрози андеша намуд муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода. - Дар назар аст, истеҳсоли маводи мухаддир 9 ҳазор тоннаро ташкил намояд. Х. Ҳасанов, директори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зикр намуд, ки оқибатҳои фоҷиабори иҷтимоии маводи мухаддир хатарноктарини зарарҳо маҳсуб меёбад. Зеро он домангири фард, хонавода ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. - Истеъмоли маводи мухаддир аз ҷониби фарди як хонавода сабаб мегардад, ки боқимонда аҳли оила ба сӯи ин вабои хонумонсӯз кашонда шаванд. Бахусус, дар мавриде, ки дар хонавода истеъмолкунанда падар бошад. Зеро фарзандон ба ӯ тақлид карда, бар пояи ахлоқи ӯ рушд мекунанд. Пешгирии паҳншавии нашъамандӣ, дар баробари мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиши талабот ба маводи мухаддир маҳсуб меёбад. Дар ин самт ҳуҷҷати калидӣ оид ба банақшагирии чорабиниҳои зарурӣ дар доираи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ба шумор меравад, ки ҳамкориҳои самараноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ ба роҳ мондааст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки нисбати ин амал бетараф набошем, фарзандонро дар рӯҳияи солим тарбия намоем ва ҳар як фарди ҷомеа бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум, ободонии Ватани азиз саҳмгузор бошад, - гуфт Х. Ҳасанов. Дар рафти конфронс, ҳамчунин дигар намояндагони идораву ташкилот, созмонҳо бо маърӯзаҳои хеш бобати пешгирии ин вабои аср андешаҳои худро баён намуданд. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”

Имрӯз муҳимияти забони англисӣ ягон шарҳро талаб намекунад. Забони англисӣ забони байналмилалӣ ба шумор меравад. Бо сабабҳои гуногун забони мавҷуда мақоми забони байналмилалиро гирифта, омӯзиши он баҳри пешрафти шахс ва давлат зарур аст. Дар замони ҳозира ҳар он чи ки дар ягон қисмати ҷаҳон истеҳсол ё ихтироъ карда мешавад, хосият ё шинохти ҷаҳонӣ мегирад. Бо ҷараёни ҷаҳонишавӣ моро лозим меояд, ки забони англисиро омӯзем, чунки ҷараёни ҷаҳонишавӣ фақат як забонро барои муоширати байналмилалӣ талаб мекунад ва он забони англисӣ мебошад. Дар тиҷорат ё соҳибкорӣ ин забон аз тарафи ҷомеаи савдои байналмиллалӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Гуфтугӯ бо сарҳадҳои дигар миллатҳо ва нигаҳдории ҳамкории дутарафа муҳимияти забониро талаб мекунад. Дар ҷомеаи имрӯза бисёр одамон талабгорони кори хуб мебошанд, аммо мутахассиси хуб, донандаи хуби забонҳои хориҷӣ ба кор даъват карда мешавад, чунки алоқаманди корхонаҳо фақат дар як ҳудуд нест, онҳо шартномаҳо бо дигар корхонаҳои хориҷӣ доранд, ки ба роҳ мондани тамоми масъалаҳо ибро-

зи сухану дониши забониро талаб менамояд. Барои нигаҳдории муносибатҳои байналмиллалӣ ва гуфтугузорҳо забони мазкур забон муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати байналмилалӣ, вохӯриҳо ва конфронсҳо мебошад. Дар ҷаҳони имрӯза дар як лаҳза ҳазорон дигаргуниҳову хабарҳо мешаванд, ки осон дастрас кардани онҳо ба ин забон мебошад, зеро забон забони технологияи информатсионӣ ва интернет аст. Дар охир мехоҳам бигӯям, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ фикррониро васеъ менамоянд. Ва ононе, ки дар соҳаҳои гуногуни илм, технология, сиёсат ва савдо машғул ҳастанд, барои онҳо донистани забони англисӣ хеле муҳим мебошад. Зеро забондони ба рӯи мо дари ҷаҳонбиниро мекушояд ва пеши мо имкониятҳоеро фароҳам месозад, ки бо фарҳангу маданияти дигар халқҳо ошноӣ пайдо мекунем. Пас, метавон ба ин натиҷа расид, ки забондонӣ ҳамзамон инсонҳоро, халқҳоро ба ҳам қарин мегардонад. Василаи дӯстӣ мешавад ва дари ҳамкориҳоро ба рӯи одамон мекушояд. М. САИДМАМАДОВА, омӯзгори коллеҷи техникии ба номи академик М.Осимӣ.

Технологияи муосир дар раванди таълиму тарбия Асри ХХI давраи пешравии босуръати насли наврасати илму техника ва технология мебошад. Агар ба таърихи фарҳангу адаби миллат бо дидаи таҳқиқ назар кунем, дармеёбем, ки ниёгони мо ба таълим ва тарбияи инсон таваҷҷуҳи хоссае зоҳир мекарданд. Дар асрҳои миёна тарбияи инсон ва такомули маънавии он ба ҷойи аввал баромад. Ҳоло равиши тарбиявии қисми зиёди падару модар ҳамон равиши тарбиявии суннатиест, ки дар гузашта дар фазоӣ худашон тарбия ёфтаанд. Бо ин равиш намешавад фарзандро барои замони муосир тарбия кард. Дар ин маврид, дар шароити ҷахонишавӣ моро зарур аст, ки на танҳо тарҳи тарбия, инчунин тарҳи таълимро ба таври куллӣ

таҷдиди назар намоем. Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари дигар омилҳо ба таълиму тарбия низ таъсири худро расонида истодааст. Имрӯз, ки технологияи ҷадид ва интернет вориди хар як оила мегардад, волидайн бояд дониши замонавӣ дошта бошанд, то ки тавонанд аз таъсири манфии интернет кӯдакро эмин нигоҳ доранд. Маълум аст, ки имрӯз дар интернет маводи фаҳшу характери зӯроваридошта низ ба табъ мерасад. Кӯдакон бошанд, бештар ин маводҳоро тамошо менамоянд, ки ба мафкураи онҳо беасар намемонад. Аз ин чиҳат ҳамаи мо, чӣ муаллим ва чӣ волидайнро зарур аст, ки барои ояндаи дурахшони фарзандонамон ва нақшгузорӣ дар рушди ҷомеа онҳоро ба омӯзиши

забонҳои русию англисӣ ва технологияи нав сафарбар намоем. Тарбияи кӯдакро бояд бо назардошти табиати ӯ ва муҳит анҷом дод. Мувофиқи таҳқиқотҳои муосир кӯдакон то синни хафтсолагӣ асосан дар канори падару модар ҳастанд ва бештари таассуротро аз онҳо гирифта, ташаккул меёбанд. Ба ҳамин далел тарбия дар ин давра бояд комилан ба уҳдаи хонавода бошад. Агар волидайн дар ин давра дар тарбияи фарзанд саҳлангорӣ намоянд, аз кӯдак рафтори дуруст, тани солим, ахлоқи ҳамидаро интизор шудан муҳол мегардад. Мақсуда РАМАТУЛЛОЕВА, омӯзгори коллеҷи техникии ба номи академик М.Осимӣ.


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №27 (9557), 05.07.2018

Бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккули роҳҳои нави самаранок ҷиҳати пешгирии паҳншавии Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе Конференсияи миллӣ оид ба масъалаҳои мубрами мубориза бо ВНМО ва БПНМ доир гардид. Конференсия тӯли ду рӯз, (25-26 июн) баргузор гардида, дар он зиёда аз 120 намоянда аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҷомеаи дин, мутахассисони соҳаи ВНМО аз муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин аз ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ дар муқовимат бо сирояти ВНМО фаъолона мубориза мебаранд, мутахассисон ва экспертҳо аз давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо иштирок намуданд. Умарзода Саида, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, конференсияро ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла иброз дошт: “Бақайдгирии ҳодисаҳои нави сирояти ВНМО дар байни аҳолии умумӣ, хусусиятҳои паҳншавии ВНМО дар солҳои охир вобаста ба роҳҳои сироятёбӣ, шумораи беморони ниёзманде, ки ба онҳо кӯмаки мо вобаста ба ВНМО лозим мебошад, сабаби асосии баргузории Конференсия маҳсуб меёбад”. Баргузории конференсияи миллӣ оид ба пешгирии ВНМО дар кишвар бори аввал буда, доир гардидани онро коршиносону мутахассисони соҳа яқ қадами ҷиддӣ дар самти пешгирии ин навъи беморӣ меҳисобанд. Дар баробари ин дар кишвар “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20172020” қабул гардидааст, ки он барномаи хеле мукаммал буда, тамоми самтҳои мубориза алайҳи ВНМО-ро дар бар мегирад. Он аз шаш самти афзалиятнок иборат буда, масъалаҳои пешгирии сироят, тесткунонӣ, табобат ва нигаҳбонии беморон, беҳтар намудани заминаи моддӣ- техникӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба

САЛОМАТӢ - ГАНҶИ БЕБАҲО онро дар бар гирифтааст. Ҳадафи асосии барнома ин то соли 2020 паст кардани шумораи сироятёфтагон буда, яъне таъсир гузоштан ба он ки дарёфт хеле зиёд шавад ва шумора дар солҳои минбаъда коҳиш ёбад. Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Декларатсияи сиёсии СММ оид ба ВНМО ва БПНМ (солҳои 2001, 2006, 2011, 2016) пайрав буда, Тоҷикистон ба амалисозии Стратегияи Барномаи муштараки СММ оид ба ВНМО ва БПНМ (ЮНЭЙДС) барои солҳои 2016-2021 “Пурзӯр намудани чорабиниҳо барои барҳамдиҳии эпидемияи БПНМ” шурӯъ кардааст. Ҳадафҳои асосии стратегияии мазкур ин барҳамдиҳии эпи-

Нашъамандӣ яке аз омилҳои асосиест, ки ба паҳн шудани ин сироят дар ҷумҳурӣ сабаб шудааст. Муҳоҷирати меҳнатии солҳои охир низ нақши бузург дорад. Инчунин шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ низ метавонанд сарчашмаи сироятёбии ВНМО бошанд. Солҳои пешин асосан роҳи гузариши ВНМО дар Тоҷикистон роҳи тазриқӣ буд, ки беш аз 80%-ро ташкил мекард. Аз соли 2004 инҷониб ин роҳ коҳиш ёфт ва айни замон зиёда аз 20%-ро дар бар мегирад. “Бисёр муҳим аст, ки хизматрасониҳои баландсифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ ба ҳамагон ва барои ҳар як фард дастрас

ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад. Дар конференсия иштирокчиён натиҷаҳои чорабиниҳоро оид ба муқовимат бар зидди эпидемияи ВНМО дар ҷумҳурӣ баррасӣ намуда, масъалаҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии ЮНЭЙДС-ро то соли 2020 дар Тоҷикистон дида баромаданд. Инчунин масъалаҳои вазъи сироят ва мушкилот вобаста ба ВНМО, аз ҷумла муаммоҳои ҳуқуқӣ, ки дар ҷараёни фаъолият ба миён меоянд, муҳокима гар-

11

ки “ВНМО вақтҳои охир яке аз мушкилоти глобалии кишварҳои ҷаҳон гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нисбати бемории мазкур аз соли 1991 инҷониб чораҳои зарурӣ, аз қабили таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои миллӣ, ба роҳ монда шудааст”. Номбурда ҳамчунин таъкид намуд, ки “Бемории ВНМО барои ҷумҳурии мо бемории нав аст. Аввалин ҳолати гирифторшавӣ ба ин беморӣ соли 1991 ба қайд гирифта шудааст. Аз соли 1991 сар карда, бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)” ташкил

Баргузории Конференсияи миллӣ оид ба ВНМО ва БПНМ дар ҷумҳурӣ

демияи БПНМ дар сатҳи ҷаҳонӣ то соли 2030 мебошад. Ба таъкиди мутахассисони соҳа гирифтор гардидан ба ВНМО омилҳои гуногун дорад. Дар ин ҷо роҳҳои гузариш аст. Яке аз роҳҳояш тавассути алоқаи ҷинсӣ мебошад, ки зиёда аз 55%-и ҳолатҳои гирифторшавӣ аз ин роҳ аст. Баъдан тавассути роҳи тазриқӣ, ки асосан ҳангоми истифодаи маводҳои нашъадори тазриқӣ дар байни нашъамандон ба қайд гирифта шудаанд.

бошад, ҳеҷ кас бе таваҷчуҳ намонад... Расидан ба ҳадафҳои амбитсионӣ, бе риояи ҳуқуқҳои инсон ва пеш аз ҳама ҳуқуқ ба солимӣ номумкин аст” - қайд намуд директори ЮНЭЙДС дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Виней Салдана зимни суханронии хеш дар конференсия. ВНМО бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки

дида, ҳадафҳои нав ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии муқовимат бар зидди сирояти ВНМО дар ҷумҳурӣ муайян карда шуданд. Дар доираи конференсия барои намояндаҳои васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Камолзода Мирҳамуддин, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ иброз дошт,

шуд ва имрӯз дар сатҳи ҳама шаҳру ноҳияҳо чунин марказҳо фаъолият мекунанд ва барои муайяну муолиҷа намудани гирифторони ин беморӣ саъю кӯшиш намуда истодаанд”. Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат тайи моҳҳои охир нисбати масъалаи мазкур таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, тамоми сохторҳои давлатӣ нисбати пурзӯр намудани корҳои оммафаҳмонӣ, саривақт муайян намудани беморон ва ба табобат фаро гирифтани онҳо вазифадор гардидаанд. Ҷиҳати пешгирии ин беморӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо дигар вазорату идораҳои дахлдор нақшачорабиниҳо тасдиқ гардида, миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст. То имрӯз бо дастгирии Ҳукумат ва шарикони рушд нисбати муайян ва ба муолиҷа фаро гирифтани беморон ягон мушкилӣ дида намешавад. Зеро имрӯз дар кишвар озмоишгоҳҳои муосир фаъолият мекунанд, инчунин маводҳои дорувории зарурӣ низ ба миқдори кофӣ захира гардида, ҳамаи он нафароне, ки муайян мешаванд, ба табобат фаро гирифта мешаванд. Дар охир иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 дар ҷумҳурӣ 1207 ҳодисаҳои нави сирояти ВНМО дарёфт гардида, аз моҳи январ то моҳи марти соли 2018 - 321 ҳодисаи нави ВНМО муайян гардидааст. Аз ҳар 3 ҳодисаи сироятёбӣ бо ВНМО 2 ҳодисаи сироят бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сурат гирифта, то 90%-и сироятёфтагон бо ВНМО асосан шахсони дар синни репродуктивӣ (15-49 сола) мебошанд. То 1 апрели соли 2018 шумораи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда дар ҷумҳурӣ 7 827 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 5 220 нафарашон табобати зиддиретровирусӣ мегиранд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


12 РУҶӮЪ Субҳ чашм накушода тариқи худрав аз як гӯшаи шаҳри Душанбе ба гӯшаи дигари он рафтем. Шамолак маҳин-маҳин мевазиду ҳанӯз хоб аз дида бидруд нагуфта буд. Худравҳо дар роҳ камтар ба назар мерасиданд. Ниҳоят, ба минтақаи 7-ум километри пойтахт, ки онҷо таксиҳои ноҳияи Муъминобод ва дигар манотиқи вилояти Хатлон меистоданд, расидем. Чанде нагузашта атрофро артиши рӯшноӣ ба муҳосира гирифт... Худраверо барои сафар ба ноҳияи Муъминобод ба киро гирифтем. Ҳайати мо аз як гурӯҳ рӯзноманигорон иборат буд. Банда, ки бори нахуст ба ин ноҳия сафар доштам, бароям ин макон ба сурати гуногун пеши назар меомад... Аммо бо умеди он ки ҳама чизи нахустин хуб аст ва дар ёд монданӣ, навори хотирамро аз суръати худрав дида бештар ба пеш мебурдам. Раҳораҳ гӯё дида зебоиҳои гирду атрофро барои фиттаи хотир ба навор мегирифт, то барои рӯзе дар он маҳфуз бимонанд. Ҳамин тариқ, дидаҳо наворгирон то ноҳияи Муъминобод расиданд. Ноҳияи Муъминобод 29-уми декабри соли 1973 таъсис ёфта, дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ҷойгир аст. Он бо ноҳияҳои Ховалинг, Тавилдара, Ш. Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати ноҳия 880.6 км2 буда, аз пойтахти ҷумҳурӣ 252 км дур аст. Ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 1400-1800 метр ҷойгир мебошад. Ноҳия дорои беш аз 100 ёдгории таърихӣ ва мавзеъҳои тамошобоб, аз ҷумла масҷид ва мақбараи Шоҳи Хомӯш (асрҳои 11-12), мақбараи Мир Сайид Ҷалолиддини Гулдаста (асрҳои 11-12), Қалъаи Муъминобод (асрҳои 11-12) ва мақбараи Хоҷаи Нур (асри 10) мебошад. Дар ин ҷо чашмаҳои қундузиҳо, Бобои Раҳматулло, регӣ, рӯбаҳак ва шифо ҳастанд, ки дар мавриди онҳо қиссаву ривоёти гуногун миёни мардуми маҳаллӣ боқӣ мондааст. Нақшаи генералии маркази ноҳияи Муъминобод дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми августи соли 2015 тасдиқ гардид, ки мутобиқи он ба соҳаҳои рушди туризм, саноати сабук, хӯрокворӣ ва сохтмонҳои муосир ҳамчун самтҳои афзалиятнок диққати асосӣ дода мешавад. Тибқи дурнамо шумораи аҳолии шаҳраки Муъминобод то соли 2032 25 хазор нафарро ташкил медиҳад. ШОҲИ ХОМӮШ КӢ АСТ? Имсол, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, таваҷҷуҳи моро бештар мавзеъоте ба худ кашиданд, ки аҳамияти таърихӣ доранд. Нахуст, роҳи мо ба сӯи рустои Лангар барои зиёрати марқади Шоҳи Хомӯш ва Домулло Икромча буд. Раҳораҳ мо аз рустои Навбаҳор гузашта то рустои Лангар расидем. Роҳҳо қисман мумфарш буда, қисми дигар дар ҳолати ногувор қарор доштанд. Аммо манзараҳои дилфиреби кӯҳистон ҳамчун сипар ин ҳолатро аз назарҳо пинҳон мекарданд. Ниҳоят, ба наз-

САЙЁҲӢ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №27 (9557), 05.07.2018

Чидаҳо аз дидаҳои Муъминобод ё сафаре пур аз зебоӣ... ди масҷид ва марқади Шоҳи Хомӯш расидем. Нахуст, чизе ки моро ба худ ҷалб кард, ин Шоҳи Хомӯш будани номи ин бузургвор буд. Вақте аз даромадгоҳ ворид шудем, хомӯшӣ ҳукмрон ва касе дар ин миён набуд. Масҷид бо тарҳи меъмории миллӣ бино ёфта, деворҳои он гачкорӣ шуда буданд. Бинои онро 12 сутуни чӯбии бо кандакориҳо ороёфта нигоҳ медоштанд. Дар назди он чанори муҳташаме қомат афрохта, аз солор будани худ гувоҳӣ медод. Дар танаи чанор шиоре овезон ва бозгӯкунандаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буд. Баъд аз тамошои масҷид роҳраве, ки дар ду тарафи он дарахтони сафедор саф кашида буданд, моро ба назди марқади Шоҳи Хомӯш бурд. Он ҷо бо тиловати оёте аз Қуръони маҷид даст ба дуо бардоштем. Ногоҳ солхӯрдамарде дидем, ки аз марқад дуртар ба даравидани алафҳо машғул буд. Даъваташ намуда, аз ӯ пурсон шудем, то иттилое бароямон аз рӯзгори ин ориф бидиҳад. Дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки гузаштагони Шоҳи Хомӯш аз Исфаҳон ҳастанд. Шоҳи Хомӯш аввал ба Шуғнони Бадахшон омада, духтари шоҳи Шуғнонро, ки бемор буд, табобат мекунад ва баъдан аз он ҷо ба ин мавзеи Хатлон омада, корвонро боз дошта лангар мепартояд. Аз ин рӯ, номи деҳа низ Лангар мешавад. Он чӣ ин мард гуфт, мутаассифона, кам аст... Зиёда аз он касе набуд, ки хабаре ба мо бидиҳад. Суолҳо ҳанӯз зиёданд ва посух мехоҳанд. Вобаста ба ин, ба сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод муроҷиат кардем. Дар он маълумоти зерин дарҷ ёфтааст: “Мақбараи Саид Ҳасаншоҳ Шоҳи Хомӯш тахминан ба асрҳои XI-XII рост меояд. Ин орифи бузург марди Исфаҳонӣ буда, бо мақсади таблиғи таассуф ба ин сарзамин тариқи Шуғнон ба Чорсӯ (Муъминободи имрӯза) меояд, ки баъди чанд муддат Шоҳи Хомӯш аз Дарвоз гузашта, ба мулки Хатлони Доруламон ташриф намуда, ба Чорсӯи шаҳри Муъминобод расида, ба ҳазрати Мир Сайид Ҷалолиддини Гулдаста мулоқот менамояд...” Чанд дақиқа, ки мо он ҷо ҳузур доштем, 15 нафар аз минтақаҳои гуногуни вилояти Хатлон ба зиёрати мазори ин бузургвор омаданд. Ин гувоҳи он буд, ки мардуми маҳаллии манотиқи гуногун ба ин бузургвор эътиқод доранду эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Сипас, мо ба сари турбати Домулло Икромча (Икромҷон) раҳсипор шуда, даст бар дуо бардоштем. Тибқи гуфтаҳои мардумони маҳаллӣ ин шахс яке аз устодони Садриддин Айнӣ мебошад... БОЗДИД АЗ ОБАНБОР ВА ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ НОҲИЯ

Идомаи роҳи сафар моро ба оғӯши обанбори ноҳияи Муъминобод бурд. Масоҳати умумии он 364 м2 ва ғунҷоиши обаш 25 миллион м3 - ро ташкил медиҳад. Дар ин обанбор намуди бисёри моҳиҳоро вохӯрдан мумкин аст. Он ҷо манзараҳои дилфиреб касро ба олами руъё бурда, шамолак насими обро вазон-вазон ба машом меовард. Дар назди обанбор нуқтаҳои гуногуни хизмати маишӣ ва хизматрасонӣ амал мекарданд, ки барои қабули сайёҳони дохилу хориҷ омода буданд. Сарой ва суҳбатҷойҳо бо тарҳи меъмории миллӣ бунёд ёфта, гувоҳи чирадастии устоҳои ин минтақа буданд. Вақте вориди ин мавзеъ шудем, масъулини истироҳатгоҳ моро гарму самимӣ пазироӣ намуданд. Дар ин миён, мо аз шароити хизматрасонӣ ва обанбори ин мавзеъ дидан кардем. Ҳарчанд зебоиҳо ва худкориҳои табиати афсункор моро болида кард, аммо мушкилоте ҳам буд, ки бояд бартараф карда шаванд. Аз ҷумла дар ин макон заврақҳои хурд набуданд, то мо чанд лаҳза дар болои обанбор сайр намоем. Ҳарчанд моро обанбор беихтиёр ба сӯи худ мекашид, аммо чорае набуд... Аз ин рӯ, сохтани истироҳатгоҳ дар болои обанбор ва фаъол намудани қаиқҳо барои сайр дар болои об ба манфиати кор буда, барои ҷалби сайёҳони дохилу хориҷ заминаи хубе мегузорад. Баробари ин, чанд нафар ба ҷои кор таъмин шуда, варзиши қаиқронӣ низ рушду нумӯ мекунад... Ҳангоми боздид аз Варзишгоҳи марказии ноҳияи Муъминобод ғайричашмдошт рӯзгор моро ба дидори раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршозода расонд. Дар ин миён, сармуҳаррири нашрияи “Мароми пойтахт” Ҳақназар Каримзода низ бо мо пайваст. Варзишгоҳи марказии ноҳия барои беш аз 7 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, аз нишастгоҳҳои шарқӣ, ғарбӣ, ҷанубу шарқӣ, шимолушарқӣ ва шимолу ғарбӣ иборат мебошад. Дар зери нишастгоҳҳо, 2 толори варзишӣ, меҳмонхона, мағоза ва шароити муосири корӣ, аз ҷумла ҳамом, ҳуҷраи либосивазкунӣ барои мураббиёну варзишгарон фароҳам оварда шудааст. Масоҳати умумии варзишгоҳ 11 ҳазору 485 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Баъди пазироӣ суҳбати сарироҳӣ бо раиси ноҳияи мазкур доштем. Мавсуф зимни он бо мо аз корҳои анҷомдода ва дарнақшабудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод сухан кард. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки “дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба таҷлили сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони хонаҳои истиқоматии панҷошёна ва беш аз 30 иншооти гуногуни маишию хизматрасонӣ бомаром ҷараён дорад. Инчунин, тармиму мумфаршкунии роҳҳои

марказии ноҳия ва миёни шаҳраку маҳаллаҳо оғоз шуда, марҳила ба марҳила амалӣ хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ, тибқи дурнамо 29 километр роҳҳои марказии ноҳия мумфарш ва чароғон хоҳанд шуд.” Суҳбати раиси ноҳия самимӣ ва муносибати ӯ бо мо намунаи ибрати дигарон буд, зеро ба мақоми худ нигоҳ накарда, моро то Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров ҳамроҳӣ кард. ГАНҶИНАИ НАҚДИ АДАБИИ СОҲИБ ТАБАРОВ Ганҷинаи нақди адабии С. Табаров дар маркази ноҳия мустақар буда, атрофи даромадгоҳи он бо лавҳаҳо, ки дар онҳо сухану пандҳои бузургон ва гуфторҳои мунаққиди шинохтаи тоҷик Соҳиб Табаров дарҷ гардида буданд, оро ёфта буд. Дар пешайвони он акс ва маълумоти Роҳбарияти олии ҲХДТ насб шудааст, ки ҳини ворид шудан ба он дар пеши назар намудор мешавад. Ганҷина аз толорҳои хониш, китобхона ва утоқи кории шахси масъул иборат буда, дар он аксу китоб, дастхат ва ифтихорномаву мукофотҳои устод Соҳиб Табаров ба маъраз гузошта шудаанд. Тавре ба мо Олимҷон Табаров иброз дошт, “Ганҷинаи нақдии адабии Соҳиб Табаров соли 2006 аз ҷониби ҳукумати ноҳияи Муъминобод сохта ба истифода дода шудааст, ки то имрӯз дар хизмати аҳли илму адаб қарор дорад. Ҳамасола 10-15 нафар олимону аспирантон ба ин макон омада, аз маъхазҳои он истифода мекунанд. Ҳоло ганҷина 312 нафар хонандаи доимӣ ва зиёда аз 7 600 китоб дорад. Аз теъдоди китобҳо 6 754 нусаи онро китобҳои аз хонаи устод Соҳиб Табаров овардашуда ташкил медиҳанд.” Баъд аз шинос шудан ба шароити кории ин даргоҳ ба зиёрати мазори устод ва ҳамсарашон, ки дар пушти ин бино, дар назди ҳавлӣ буд, рафтем. Марқади онҳоро гулу гиёҳ ва дарахтони ороишиву мевадиҳанда иҳота карда буданд. Атрофи дафнгоҳ сангҳои мазори онон монда шуда буд. Он сангҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод оварда шуда, дар назар аст, баъди гунбад сохтан гузошта шаванд. Воқеан, қадрдонии устод Соҳиб Табаров, ки яке аз мунаққидони шинохтаи тоҷик ҳаст ва нақше мондагор дар илми адабиётшиносии тоҷик дорад, аз ҷониби роҳбарияти ноҳияи мазкур боиси таҳсину офарин аст. ЧИЛДУХТАРОН – НИШОН АЗ РОСТОН Баъди баромадан аз Ганҷинаи нақди адабии С. Табаров моро роҳбарияти ноҳия ба деҳаи Чилдухтарон гусел карданд. Сарпарастии ин сафарро раиси ноҳия ба уҳда

дошт. Аз ин иқдоми он фараҳ беканор ва қалби мо аз эшон сипосгузор шуд. Чун ба соат назар кардам, дари онро 9:52 мекӯфт. Мутобиқи гуфтаи ронанда аз маркази ноҳия то он ҷо 28-29 километр роҳ будааст. Аз ин рӯ, моро зарур буд зудтар ба он ҷо расида, боз ба Душанбе бармегаштем. Муовини якуми раиси ноҳияи Муъминобод Довуд Идиев моро он ҷо мунтазир буд. Ду тарафи роҳ сабзу хуррам ва каме роҳи пурсангу хоку чанг дарҳамбарҳам буд. Азбаски шефтаву шайдои ин биҳиштманзар гашта будем, бехабар аз роҳи ноҳамвор ба ҳузури Чилдухтарон расидем. Ронанда бо хушҳолӣ гуфт: “давоми як соат то ин ҷо расидем”. Аз дил гузарондам, ин пайкро хайрест. Чун аз худрав бурун шудем, бо ҳамон ғурури пур аз шаҳомат чиҳил духтари Чилдухтарон дар рӯбарӯямон намоён шуданд. Назди онҳо як ҳамворӣ бо паҳмии бару канор маскан гирифта буд. Ин ҳамворӣ ба гуфтаи муовини якуми раиси ноҳия миёни мардум бо номи Қабри Суҳроб шуҳрат дорад. Баъди ин гуфта беихтиёр ёдамон ба он рафт, ки ин ҷо филми Рустаму Суҳроб ба навор гирифта шуда, Суҳроб аз дасти Рустам кушта мешавад. Воқеан, ин минтақа бо боду ҳавои хубаш макони ҷалби сайёҳон буда, роҳи он ба бозсозӣ ниёз дорад, ки аллакай дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳо андешида шудааст ва дар назар аст, ки аз маркази ноҳия то деҳаи Чилдухтарон сангфарш шавад. Дар ин росто, хушбахтона, барои қабули 50 нафар меҳмонону сайёҳон дар як баст дар пояи кӯҳи Чилдухтарон аз тарафи соҳибкор Амонуллоҳ Саъдуллоев сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ, нуқтаҳои хизмати маишӣ ва ҳавзи шиноварӣ идома дорад. Аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ маълум шуд, ки масъулин ният доранд, имсол ин иншоотро ба истифода дода, сайёҳони дохиливу хориҷиро пазироӣ намоянд. Тибқи гуфтаҳои масъулини дахлдор дар маҷмӯъ соли 2017 6 ҳазору 800 сайёҳ ба ноҳияи Муъминобод ташриф овардааст, ки нишондиҳандаи хуб аст. Тӯли чаҳор моҳи соли 2018 бошад, 2 ҳазору 820 нафар сайёҳону меҳмонон аз ин ноҳия дидан кардаанд, ки аз ин миқдор 185 нафари онро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳад. Охирин чизе, ки хотири моро шод кард, ин боғи муаллим Мирзоширин ҚУРБОНОВ буд, ки дар пояи кӯҳи Чилдухтарон қарор дошт. Ин пирамард, ки дар ин боғи пур аз зебоӣ умр ба сар мебурд, барои бунёди он тонна-тонна сангҳоро аз ин сангзор тоза карда, бо меҳнати ҳалолаш ин зебоиҳоро офаридааст. Роҳраве, ки моро ба назди ҳавлии эшон бурд, дар муҳосираи гулҳои садбарг буд. Манзили ӯ дар баландии 1840 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин охирин нафас аз сафар буд, ки ба ҷон нерӯ, ба завқ зебоӣ ва ба қалбамон шукуфоӣ мебахшид. Яъне, сафаре буд, пур аз зебоӣ... Шаҳриёр ОЛИМӢ, Душанбе - Муъминобод - Душанбе


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №27 (9557), 05.07.2018

E - MAIL: javonontj@mail.ru

Таҷлили Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд ва дигар гӯшаву канори ҷумҳурӣ бори дигар собит сохт, ки мардуми шарифи тоҷик ба қадри сулҳу оромӣ ва тинҷиву осудагии ватани азизамон расида, ҳар як пораи хоки онро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд. Бинобар ин ҳам рӯз то рӯз баҳри ободии кишвар ҷаҳду ҷадал намуда, ин хоки азизро ба макони биҳиштосои ҷаҳон мубаддал сохтаанд. Барои иқтидори ин ободиҳо сабақи таърих мадад мекунад. Замоне ин хоки муқаддас дар зери тӯпу туфанг монда, ба ҷои бӯи муаттари гулҳо дуди борут чашмҳоро хира мекард, танҳо саркардагони ин ҷанги нангин хушҳол буданд, ки бо сӯиистифода аз дини ислом тавонистанд нақшаҳои нопоки хешро роҳандозӣ намоянд. Аъзои ҳизби наҳзати ноком, ки имрӯз рӯ ба Ғарб оварда, ҷониби хоҷагони хориҷиашон дасти гадоӣ дароз мекунанд, ин ободиву осудагии Тоҷикистонро дидан намехоҳанд. Ҳамин аст, ки дар сомонаҳои мисли худашон беарзишу фурӯхташуда гоҳу ногоҳ ва бемаврид, бо чашму қалбҳои кӯрашон ҷониби Тоҷикистон сангпартоӣ мекунанд. Саропои онҳо аз бухлу кина ва сиёҳӣ сохта шудааст:

Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт… Бухл шохе аз дарахти дӯзах аст, В-он бахилак аз сагони маслах аст. Рӯи ҷаннатро куҷо бинад бахил, Пашшае афтода андар пойи пил. Таҳрифи ошкорои таърих ва ба номи худ задани корномаҳои дигарон дар ягон дину равия ва қавму нажод ҳаргиз қобили қабул нест. Ин амали пасту разилонаи инсонӣ, ки ба хотири манфиатҳои ғаразноку нопоки сиёсӣ аҳёнаҳён дар таърихи башарӣ сурат гирифтааст, аз оғози фаъолият то имрӯз дар рафтору кирдори наҳзатиҳо мушоҳида мегардад. Онҳо аз оғоз то имрӯз танҳо ба хотири бароварди манофеи худ, ки иборат аз сарватхоҳиву мансабталошӣ ва айшу ишрати берун аз фарҳанги милливу исломист, ҳодисаҳои таърихиеро, ки ба онҳо рабте надорату саҳми аҳли ҷомеа аст, ба номи хеш мезананду ба чашми ҷомеаи милливу байналмилалӣ хок мепошанд. Аз ҷумла, раванди гуфтушунидҳои сулҳи тоҷикон ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 миёни иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифт, саҳми хеш медонанду дар ҳеҷ ҷое аз дигар аъзои ИНОТ ёде намекунанд. Ин албатта, таҳрифи таърих ва фиреби ҷомеа асту бас. Ҳол он ки дар раванди сулҳи тоҷикон саҳми дигар ҳизбу ҳаракатҳои узви ИНОТ калон аст ва онҳо то имрӯз дар татбиқи ин созишномаи умумимиллӣ содиқанд, вале наҳзатиён, ки ҳадафҳои зишту нопокро бо роҳандозӣ намудани найрангҳои ба худ хос аз ин созиш интизор буданд, хушбахтона амалӣ карда натавонистанд ва бо ҳар роҳу усул ва маблағгузориҳои хоҷагони худ, ки душманони давлатии Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар арсаи байналмилалианд, мехоҳанд ҳаводиси таърихиро ба манфиати хеш рақам зананд. Албатта, ҷомеае, ки раванди сулҳи тоҷиконро мушоҳида менамуд, аксаран имрӯз дар қайди ҳаётанд ва воқиф аз тамоми гурӯҳҳову ҳизбҳо ва ҷанбаҳои мухталифи рафтору кирдори аъзои онҳо ҳастанд. Эшон ба хубӣ дарк намудаанд, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳақиқат миёни тоҷикони асилу ватандӯст ба имзо расидааст, на миёни ягон ҳизб ва наҳзат. Чунки рафтору амалҳои шоистаи нафарони дар ҳақиқат ҳувияти миллидошта ва ватандӯст шаҳодат дод, ки фарзандони содиқи миллат баҳри ободу зебо гаштани диёр ва ваҳдату ҳамбастагии миллати тоҷик пайваста саъю талош доранду созишномаи сулҳро низ маҳз ба ҳамин хотир имзо намудаанд. Наҳзатиён бошанд, он вақт, ки як ҷузъи ИНОТ буданд, аслан бо кирдорҳои зишту манфиатхоҳона, фаҳшу наҷосат ва кушторҳои бераҳмона миёни аҳли ҷомеа ва ҳатто аъзои ИНОТ нафратзада буданд. Ин рафторҳои хабиси онҳо дар фаъолиятҳои минбаъдаашон низ падидор гардид, ки нафрати на танҳо ҷомеаи Тоҷикистон, балки аҳли башарро ба эшон даҳчанд кард. Аз ҷумла, фаҳшу фуҷур, бадмастию бангзанӣ ва ҳатто куштору ғоратгариҳои узви раёсати олии ҳизби террористиву ифротгарои наҳзат дар наворҳои дар шабакаи интернетӣ солҳои охир нашршуда ботини ин ҷоҳилону аҳли куффори дар ниқоби дини мубини Ислом мардумро ба гумроҳӣ ҳидоятгар ошкор гардид. Гаҳ бода, гаҳе чакида, гаҳ банг задӣ, Дар рӯи замин ба осмон ҳанг задӣ. То ҳарзагии туро набинад аҳаде, Бар шишаи чашми ахтарон санг задӣ. Дар ҳақиқат аҳли наҳзат бо зиштрӯиву ризолаткорӣ ва амалҳои ғайриисломии худ аз оғози фаъолият то имрӯз миёни ҷомеа нафратзадаанд, лек бо ин ҳама, мутаассифона бо пуштибонии хоҷагони хориҷии сиёсатҳои «дугона» дошта, боз ҳам мехоҳанд ба чашми ҷомеа хок пошанду аз хеш фаришта тарошанд. Хушбахтона, таърих собит месозад, ки сулҳхоҳ ки буд ва тинати зиштсириашта куҷо шуд. Ҳукумати Тоҷикистон, ки бо ҳадафи сарҷамъии миллати тоҷик, рушди давлатии Тоҷикистон ва боло рафтани некуаҳволии мардуми он ин созишномаро имзо карда буд, ба ҳамон ҳадаф содиқ монду Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари пешрафта ва пешбарандаи масоили ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, Ватанро ободу миллатро сарҷамъу зиндагияшро обод намуд. Вақт довари ҳақ аст ва худ нишон дод, ки ҳар чи, ки мекорӣ, оқибат ҳамонро медаравӣ. Боварии комил аст, ки пас аз саҳнаҳои «кору пайкори наҳзатӣ» ҷомеа ба хубӣ сиёҳро аз сафед фарқ мегузораду худ қазоват мекунад, ки сулҳу субот чист ва сулҳхоҳу сулҳофар кист. Амирбеки ХУСРАВ

13

Мазҳабфурӯшии наҳзатиён Ҳақиқате, ки инкор карданаш ғайримумкин аст Идома аз шумораи гузашта Ҳамзамон, намояндагони хадамоти махсуси ҶИЭ зери пӯшиши кормандони марказҳои мазкур фаъолият бурда, шумораи зиёди ҷавонони ҷумҳуриро ҷалб ва барои таҳсил ба донишкадаву мадрасаҳои ин кишвар равон намудаанд. Фақат дар моҳи сентябр ва октябри соли 2012 ду гурӯҳ иборат аз занону духтарони фаъоли ҷумҳурӣ бо ташаббуси муовини раиси ТТЭ ҲНИ Муҳаммадкарими Орзу ва сардори шуъбаи кор бо занони он Парвина Иброҳимзод аз ҳисоби Ройзании фарҳангии Эрон барои таълим дар курсҳои даҳрӯза ба мадрасаи «Ҷомеат- ул-Мустафо ал-оламия» ва ба шаҳри Теҳрон фиристода шуданд. Ҳамин тавр, оҳиста - оҳиста ТЭТ ҲНИ пурра ба зери мазҳаб ва сиёсати байналхалқии ташайюъ даромада, ҳатто ба таври расмӣ узви «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» шуд. Соли 2013 раиси он М.Кабирӣ дар Теҳрон муовини роҳбари ин ҳаракати байналхалқӣ интихоб шуд. Бояд гуфт, ки «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» як ҳаракати динӣ ва сиёсии ифротгарои мазҳаби шиа буда, қувваҳои динию сиёсии шиа ва ё шиагароро дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон бо ҳам муттаҳид мекунад. Он як тарҳи бузурги сиёсӣ, идеологӣ ва геополитикии Эрон буда, роҳбарии онро собиқ вазири корҳои хориҷии ҶИЭ ва ҳоло мушовири роҳбари мазҳабии Эрон дар масъалаҳои байналхалқӣ, доктор Алиакбари Вилоятӣ ба уҳда дорад. «Бедор кардани мусулмонон» дар ин ташкилот ба маънои бар зидди давлату миллатҳои худашон шӯрондану хезондани мусулмонон дар ҳар кишвари олам аст. Роҳбари ҲНИ ягона намоянда аз кишварҳои суннимазҳаб аст, ки аъзо ва муовини раиси ҳаракати ҷаҳонии шиаён шуд. Ин далел ҳам нишон медиҳад, ки роҳбарияти ҲНИ амалан мазҳаби шиаро қабул карда буд, чунки дар ин ҳаракати махфии сиёсии ифротӣ ҳаргиз намояндагони аҳли суннатро қабул намекунанд. Гароиши ТТЭ ҲНИ ба мазҳаби шиа дар ин ҳам дида мешавад, ки дар рӯзномаи ҳизбии «Наҷот» ва нашрияҳои он ҳар ҳафта мақолаҳои тарғибкунандаи мазҳаби шиа чоп мешуд. Масалан, рӯзномаи «Наҷот» ҳамаи баромадҳои Оятулло Хоманаӣ, роҳбари мазҳабии Эронро чоп мекард ва он дар байни аъзои ТТЭ ҲНИ хонда, чун «паёми валии амри муслимин» таблиғ мешуд. Марҳилаи дигари раванди шиашавии наҳзатиён дар он ифода мешавад, ки аз солҳои 2000 то имрӯз дар байни аъзои қатории ҲНИ ҳам гароиш ба мазҳаби шиа пурзӯр шуд. Дар ин давра, аз ҷумла дар деҳаи Кӯли шаҳри Кӯлоб, дар маҳаллаи Хоҷаи Пири шаҳри Истаравшан, дар қитъаи 2-юми ноҳияи Мастчоҳ, дар маҳаллаҳои 34, 35, 18 - и шаҳри Хуҷанд даҳҳо оилаи наҳзатиҳо аз мазҳаби ҳанафӣ рӯ тофта, мазҳаби шиаро қабул карданд. Бо даъвату ташвиқи бевоситаи яке аз роҳбаладони шиашудаи наҳзатӣ М.Раҳимҷонов бо лақаби «Домулло Маъруфҷон», то имрӯз зиёда аз 120 нафар сокини вилояти Суғд, аз ҷумла аз шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд ва ноҳияи Мастчоҳ ба таври ғайриқонунӣ дар мадрасаи шаҳри Қуми Эрон таҳсил намуда, мазҳаби шиаро қабул кардаанд. Номбурда дар ин давра тавассути шогирдони худ маводи тарғибкунандаи мазҳаби шиъаро дар ҷумҳурӣ паҳн менамояд. Чунончи, соли 2009 сокинони шаҳри Истаравшан Акрам Зиёдуллоев, Увайдулло Хусейнов (бо тахаллуси «Субҳӣ Ҷавҳаризода»), бо истифода аз имкониятҳои сафорати Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври пинҳонӣ адабиёти динии «Марворид» ва «Ғазза» - ро, ки ба мазҳаби шиа мансуб буда, ғояҳои ҷангҷӯёнаи ҷунбиши «Ҳамос» (Ҳаракати муқовимати исломии Фаластин) - ро дорад, ворид намуданд. Шогирди асосӣ ва домоди М.Раҳимҷонов – Юнус Бурҳонов маъруф ба «Сайидюнуси Истаравшанӣ»,

аз соли 1994 то соли 1999 дар мадрасаи динии шаҳри Қум таҳсил карда, мазҳаби шиаро қабул намудааст. Ӯ бо ҳамаи бародарҳо, хоҳарон, фарзандон, хешу таборҳо мувофиқи мазҳаби шиа зиндагӣ карда, тибқи он намоз мехонад. С.Истаравшанӣ ҳоло ҳам дар ҶИЭ истиқомат дошта, бо сарпарастии мақомоти махсуси он сомонаи интернетии «Кимиёи Саодат» - ро таъсис дода, бар зидди давлату миллати Тоҷикистон фаъолияти мебарад. Аъзои дигари ҲНИ, сокинони ноҳияи Мастчоҳ бародарон Мирзоюсуф Фозилов (вафот кардааст) ва Абдурашид Фозилов низ дар марказҳои динии Эрон таълимоти динӣ гирифта, мазҳаби шиаро қабул намуданд ва баъди ба Ватан баргаштан, дар байни сокинони ноҳияи Мастчоҳ тарғибу ташвиқоти мазҳаби мазкурро бурда, аз ҳисоби ҳамдеҳагони худ сафи шиамазҳабонро зиёд менамуданд. Аз соли 2007 Абдурашид Фозилов ба Федератсияи Русия фирор намуда, айни замон бо роҳнамоии хадамоти махсуси Эрон фаъолияти ифротгароёнаи худро байни муҳоҷирони тоҷик идома дода истодааст. Инчунин, мунтазам ба Эрон ташриф оварда, бо дастгирии молиявии хадамоти махсуси Эрон дар Русия як фермаро харидорӣ намудааст. Моҳи майи соли 1994 наҳзатиён дар Афғонистон ҳатто фатвои қатли бузургтарин олими ҳанафии Тоҷикистон, мухолифи асосии ҳизбсозию мазҳаббозии наҳзатиҳо, Мавлавӣ Муҳаммадии Қумсангириро содир карда, барои аз байн бурдани ӯ амалиёт гузаронда буданд. Дар он амалиёт 6 муриди Мавлавӣ кушта шуданд. Дар ниҳоят, бояд қайд шавад, ки як аломати хоси пайравии мазҳаби шиа, дар ангушти дуюми дасти чап андохтани ангуштарин бо нигини сангии калон аст. Нигини ин ангуштари шиаӣ аз санги сиёҳ ва тираранг мебошад. Агар суратҳо ва наворҳои аксари роҳбарони ТТЭ ҲНИ - ро бинед, онҳо ин рамзи шиаро риоят мекунанд. Дар ангушти Эшони Қиёмиддин, Шамсиддин Саидов, Саъдиддини Рустам, Саидиброҳим Назар, Зубайдуллои Розиқ ҳатто дуто ё сетои ин хел ангуштаринҳои нигиндорро мебинед. Ногуфта намонад, ки яке аз «ҳикматҳо» - и ин ангуштар дар мазҳаби шиа ин аст, ки агар онро чаппа тоб диҳӣ, яъне нигини он аз тарафи даруни даст ояд, ба шиаён дурӯғ гуфтан иҷозат аст. Ин як эътиқоди қадимии мазҳаби шиа аст, ки дар китобҳояшон омадааст. Борҳо дида шудааст, ки роҳбарони шиашудаи ТТЭ ҲНИ ҳам ин қоидаи мазҳаби шиаро бисёр истифода мекунанд. Бо фатвои оятуллоҳои мазҳаби нави худашон нигини ангуштарашонро дарун тоб дода дурӯғ гуфтан мегиранд. Ба касе, ки бошад, ба падар, модар, зан, фарзанд, халқ, дурӯғ гуфтан мегиранд. Ҳамаи ин далелу ҳақиқатҳо нишон медиҳанд, ки роҳбарони ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ дар ивази молу манфиат мазҳаби шиаро қабул карда, аз доираи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат берун шудаанд. Номҳои оилавӣ, гапу шиорҳо, рафтору амал, ҷойи хондан, паноҳгоҳ, макони зиндагии наҳзатиҳо нишон медиҳад, ки онҳо аз мазҳаби аҷдодии худ даст кашида, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд. Пас, суханони асосноки Пешвои миллат, мақомот ва уламои исломии Тоҷикистон дар бораи мазҳаби бегонаро қабул кардани пайравони ҳизби наҳзат ҳақиқатест, ки инкори он ҳаргиз имкон надорад. Ин аст, ки ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон ва дар миёни халқи тоҷик, ки пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, дигар эътибор ва эҳтиром надорад. Зеро халқи тоҷик ҳаргиз мазҳабфурӯшонро намебахшад. Ҳар тоҷике, ки имоми мазҳаби худаш – Имоми Аъзам Абу Ҳанифа ва мазҳаби ҳанафии худашро дӯст медорад, наҳзатиҳои мазҳабфурӯшро маҳкум мекунад. Нозим НУРОВ, ходими калони илмии АИ ҶТ


14

МАЪРИФАТАФРӮЗ

Ҳарчанд мусофиркаш пур аз одам буду Низом рост меистод, худро нороҳат эҳсос намекард. Ҳар яке бо фикру бори зиндагии худ андармон буд. Гузашта аз ин мусофиркаши наппа-нави зебову замонавӣ, ки овозаш қариб шунида намешуд, зоҳиран ба дилаш рӯшноӣ мебахшид. Пагоҳӣ «Худоё! Ба одами бад рӯ ба рӯям макун» - гӯён бо пои рост аз хона берун шуд. Ҳаво чеҳраи худ даркашида, боди серуне мевазид, ки ба дили одамон торикӣ меандозад. Аз ин тазод Низом фоли бад набардошт, танҳо таҳи дил гуфт: «Кори табиат аст». Дар истгоҳи Гулистон ҷавони зардинае, ки ришу мӯйҳояш расида буданду дар тан либоси варзишӣ дошт, бо садои дурушт «Роҳ диҳед!» - гӯён пирамардеро як сӯ тела дода, ба мусофиркаш ворид шуд. Ба эътирози пирамард дағалона гуфт: – Мемурӣ дар хонаат шинӣ? Ба сари пулчин, ҷавони 18-20 сола, бо ҳамчунон оҳанг дод зад: – Пул-мул нест! – Чаро? – Ҳуҷҷат дорам. – Канӣ? – Дар сари қаври очат! Дили Низом якбора сиёҳу табъаш хира гашт. Ин манзара дигаронро низ нороҳату нигарон намуд. Вале ҳеҷ кас марди пир ва пулчинакро тарафдорӣ накард. Табъи ҷавони зардина хуш буд, худбовар ва ба зоҳир ғолиб менамуд. Чунин ашхос ба Низом бегона набуд. Онҳоро ӯ «бодича» меномид. Ин дам овози оҷизонаи зане баланд шуд: – Вой!.. Поямро зер кардӣ… – Холашка, ин автобус аст, – гуфт бодича. – Автобус аст гуфта одамро мекӯшӣ? – эътироз намуд зан. – Мурдан нахоҳӣ ба таксӣ савор шав! – ба сари зан дод зад бодича. Бодича бо рафтори ношоиста ва табассумҳои бемаънӣ ба духтари зебое наздик шуд. – Бай-бай, ин духтар кӣ бошад? Ана қаду мана қомат. Ана рӯю мана мӯй. Зебу зината бин. Духтар не, парӣ. Дарду балота гирам-е!.. Духтар, дам ба дарун, ин суханҳои ба назараш беҷои ҷавонро ношунида ангошт. Ин ба бодича сахт расид, ки мӯяшро кашид. Духтар норозиёна ба чапу рост чашм давонд. Баъзе мусофирон пиқ-пиқ хандиданд. – Кӣ буд ин бефаросат. Аз он ки беадабӣ менамуд миҷааш хам намехӯрд. Боз мӯи духтарро кашид. – Охир кист?! – нолид духтар. Гӯё ҳеҷ чиз нашуда бошад, ба вай хитоб кард: – Ман, духтари хола. Духтар ба ӯ як назар андохта, ҷиддӣ гуфт: – Ман туро намешиносам. – Ҳеҷ гап не, ҷони ширин. Шинос мешавем. Номи ман Қӯчқор. – Аҷабо?! Ин чӣ гуна ном аст? – ангушти ҳайрат газид духтар. – Маънояш йигити нари гарени, – бо виқор гуфт бодича. – Не, – ба гап ҳамроҳ шуда, эътироз намуд Низом. – Маънояш гӯсфанди нари шохдор – Ҳм! – бо табассуми малеҳ гуфт духтар. – Акнун фаҳмидам. – Ҷиро фаҳмидӣ? – Онро, ки барои чӣ ҳамаро шох мезанӣ. – Ҳо, касеро хоҳам шох зада мекушам, – гуфт бодича ва қоҳ-қоҳ хандид. – Аз худ марав, – танбеҳомез гуфт Низом.

– Э, ту хап кун! – Аз одамон шарм намекунӣ? Бодича боз қоҳ-қоҳ хандид: – Э, ман ба одамон чӣ кор дорам? – Аз қаду бастат чӣ? – Ифтихор мекунам, ки Худо ба ман чунин қаду баст ва ҳусни зебо додааст. – Дуруст, – тасдиқ кард Низом. – Агар шукри доди Худоро ба ҷо оварда, боодоб мебудӣ, олам гулистон мешуд. Зеро «ҳусн, ҳусн нест, одоб ҳусн аст», гуфтаанд. – Ин ту беодобӣ карда, ба суҳбати мо дахолат карда истодаӣ. Мо озодем, ту ҳақ надорӣ аз бинӣ боло гап занӣ. – Ҳоло ту озодиро ҳамин хел мефаҳмӣ? – пурсид Низом. – Ҳо! – нидо зад бодича ва афзуд: – Ҳар коре хоҳам мекунам. – Баръакс, озодӣ ғуломи қонун будан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва расму

– Чӣ хел кори ман чӣ? – пурсид Низом ва афзуд: – Ман узви ин ҷомеа ҳастам. – Узви аз ҳама безебаш будаӣ, – писханд зад бодича. Касе бо ваҷд нидо намуд: – Ҳозирҷавоб будааст! Ин ҳарф ба ҷавони зардина чунон форид, ки бо завқ хандиду хандид. Мусофирон якдилона ба ӯ пайравӣ намуданд. – Ин ҷо ҷои ҷамъиятӣ, эҳтиромро ба ҷо биёр, – гуфт Низом. – Насиҳати бузургонамонро фаромӯш накун: Одамият эҳтироми одамӣ, Бохабар шав аз мақоми одамӣ. Бодича дам назад, Низом идома дод: – Чӣ хуб гуфтааст Абдураҳмонӣ Ҷомӣ: “Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасад, зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст”. Шералӣ МӮСО, нависанда

Ифтихор ҳикоя

оин мебошад… – Оҳ, зӯр гуфтӣ – сухани Низомро бурид бодича. – Ман аз паи расму оинам. Худо ҳеҷ каса тоқ наофаридааст. Аз ин рӯ, ман ҷуфти худро меҷӯям. – Аҷаб ҷуфтҷӯие, – гуфт Низом ва ба умед ба мусофирон нигарист, аммо ягон нафар ӯро дастгирӣ кардан намехост. Гӯё дасту по ва даҳони онҳоро баста буданд, ки ба духтар ёрӣ расонида наметавонистанд. Оҳ, чӣ аламовару дарднок ва нангин аст ин ҳолат! Баъзеҳо «аз бало ҳазар» - гӯён ба даҳон об гирифта буданд. Бисёриҳо музтару ҳайрон менамуданд. Ангор, гӯш ба қимор буданд, ки ин муноқиша оқибат бо чӣ меанҷомида бошад. Дили Низом сахт метапад. Виҷдонаш азоб медиҳад. Ғаму андӯҳ дар чеҳрааш соя меафканад, чин бар абрӯ мепечад. Боз овози духтар баланд шуду ҷони Низом ба лаб омад. Тоқат накарда, ҷиддӣ гуфт: – Гуфтам-ку: беодобӣ накун. – Э, кори ту чӣ?! – дағалона эътироз намуд бодича.

Бодича бо худнамоиву оҳанги дурушт гуфт: – Э, ту, таға, маро бо Ҷомиат натарсон. Ман аз он мегуфтагиҳоят не. Ва ду-се сухани обдор «туҳфа» намуда, таҳдид ҳам кард. Низом якбора қатъӣ амр кард: – Узр пурс! – Чӣ-ӣ?! Узр пурсам?! – Ҳа! – Аз ту?! – Не, аз духтар. Дар лабони ҷавон табассум падид омад. Пиндошт ки Низом шӯхӣ мекунад. – Узр пурс гуфтам! – Э, таға гузарондӣ-ку. Усу рав, соята набинам. Мусофирон қоҳ-қоҳ хандиданд, гӯё бодича барояшон латифа гуфта бошад. – Замона намебардорад, набошад ман туро ба дуэл даъват мекардам. – Дуэл? Ин чӣ? – Ҷанги тан ба тан! – луқма партофт касе. – Не, – гуфт дигаре. – Як ба як. Марди зиёинамое доногиашро намо-

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №27 (9557), 05.07.2018

иш дода, гуфт:– Ҳо, Пушкини рус Дантеси фаронсавиро дар пойтахти Русия СанкПетербург кушт-ку… – Э, ҳа-а, заб медонистаӣ-да, – эрод гирифт марди дигаре. – Дантеси фаронсавӣ Пушкини русро кушт. – Ҳа-ҳа-ҳа…– базарда хандид бодича. – Чӣ ҷои ханда?! – Аҷаб шудааст! – ба ваҷд омада нидо кард бодича. – Ҳоло Дантес дар куҷост, ки рафта дасташро бибӯсам. – Дар он дунё. Садои ханда баланд шуд. – Шуд, фаҳмидам, – гуфт бодича ва бо заҳрханда афзуд: – Ҳоло ман ин тағара ба назди ӯ мефиристам. Ин сухани бодича риштаи сабри Низомро бурид. Ва яқин фаҳмид, ки аз вай некиро интизор шудан хатост. – Мақоли «Дарди бадро давои бад»-ро шунидаӣ? – Неъ! – масхара намуд бодича. – Набошад ҳоло мебинӣ, – гуфт Низом ва аз гӯшаш дошт. – Вой! – дод зад бодича. – Гӯшамро меканӣ? – Узр напурсӣ меканам. Садои ханда мусофиркашро фаро гирифт. Яке бо шавқи тамом нидо намуд:

– Шохи қӯчқорро шикаст! Дигаре бо ҳамчунон оҳанг афзуд: – Ахтааш кард! Сеюмӣ гуфт: –То умре дорад ин гӯшмолро фаромӯш намекунад. – Рост! – Дуруст! Бодича аз духтар узр пурсиду ҳамчунон бо сари хам дар истгоҳи боғи ҳайвонот саросема аз мусофиркаш фуруд омад Гӯши варамидаи сурх дошт. Марди тоссари бумчашме, ки чанде пеш «беадаб» гӯён бо фахр рӯяшро дигар сӯ тофта буд, гӯё фикри ҳамаро ифода мекарда бошад, ба рӯи содаву фарохи Низом нигариста, хитоб кард: – Мо аз шумо ифтихор мекунем! Аз ҳар тараф садоҳои тасдиқкунанда баланд шуданд: – Оре! – Бале! Қабл аз он ки аз мусофиркаш хориҷ шавад, Низом гуфт: – Ман аз шумо не...


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №27 (9557), 05.07.2018

15

НАВҚАЛАМ Мо ҷавонони некиқбол

Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ заданд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд. Эмомалӣ Раҳмон

Тағйирёбии иқлим боиси хавф аст Яке аз мушкилоти ҷиддии байналмилалии асри XXI, ки диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст, ин тағйирёбии иқлим аст. Тибқи пешгӯиҳо, олимон аз рӯйи илми ситорашиносӣ дар асри XX ин равандро мушоҳида карда буданд. Олимон тағйирёбии иқлимро дар чунин омилҳо мебинанд: тағйиротҳо дар ҳаҷми уқёнусҳо, равшании офтоб, хосиятҳои ҳаҷми ҷирмҳои осмонӣ ва замин, шаффофияти атмосфера ва таркиби он дар натиҷаи ҷараёни вулқонҳо, афзоиши таъсири газҳои партов ба фазо ва ғайра. Дар ҳолати тағйирёбии иқлим равандҳои зерин рух доданаш мумкин: зиёд шудани сел ва обхезӣ; ба вуқӯъ омадани тарма ва ярч; аз ҳад зиёдшавии гармӣ ва хунукӣ; камшавии захираҳои барф дар ҳудуди ҷумҳурӣ; паст шудани ҳосилнокии маҳсулотҳои кишоварзӣ ва ғайра. Ин омилҳои тағирёбии иқлим ба аҳолӣ таъсири зиёд мерасонад. Инсоният дар давоми ҳаёт баҳри зистан мубориза бурда, худро ба шароит мутобиқ мекунад. Тоҷикистон аз давлатҳое мебошад, ки хатари офатҳои табиӣ зиёд ба қайд гирифта мешавад. Чунки сарзамини тоҷиконро 93 фоиз кӯҳҳо ташкил намуда, танҳо 7 фоизи он аз ҳамвориҳо иборат аст. Вобаста ба тағийрёбии иқлим хавфи офатҳои табиӣ низ зиёд мегардад. Соли пешин дар кишвар 883 зуҳурот ва равандҳои хатарноки табиӣ ба қайд гирифта шудааст. Чунончи, 720 ҳодисаи фаромадани тарма, 41 ҳодисаи омадани сел, 32 ҳодисаи баландшавии об дар дарёҳо, 23 ҳодисаи ярч, 33 ҳодисаи заминларза, 21 ҳодисаи сангрезӣ ва 13 ҳодисаи шамоли шадид ба вуқуъ пайвастааст. Аз шумораи умумии ҳодисаҳои бақайдгирифташуда, дар 56 ҳолат зарари моддии ҷиддӣ ба хоҷагии халқ ва аҳолӣ расонида шудааст. Бо мақсади коҳиш бахшидан ба зарари ҳодисаҳои табиӣ зарур аст дар миқёси ҷумҳурӣ чорабиниҳои иловагии муҳандисию техникӣ ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ дар ҳудуди кишвар таҳия ва татбиқ шаванд. Аз ҷумла, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодаи вобаста ба тағйирёбии иқлим; гузаронидани омӯзишҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода; тоза нигоҳ доштани сарчашмаҳои обӣ ва захираи оби нӯшокӣ; дар теппаҳо, лаби ҷӯйборҳо шинонидани дарахтон; кишти растаниҳо дар ҷойҳое, ки замин ба эрозия гирифтор шудааст; дар минтақаҳои хавфнок бунёд накардани манзилҳо барои зист. Чунин тадбирҳои имкон медиҳад, пешгирии ҳодисаҳои нохуши табиӣ имконпазир ва ҳаёти одамон аз хатар эмин нигоҳ дошта шавад. Ҷалол ХОЛОВ, аспиранти Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИҶМ

Кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи мо, ҷавонон, умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон

Бино ба маълумотҳои оморӣ имрӯз дар тамоми самтҳои хоҷагии кишвар 4/1 ҳиссаи аҳолии кишварро ҷавонон ташкил дода, онҳо барои беҳдошти зиндагии осудаи мардум фаъолият бурда истодаанд. Ба ғайр аз ин саҳми ҷавонон дар инкишофи илму фарҳанги кишвар бағоят калон аст ва барои пешрафти он ҳамаҷониба талош намуда истодаанд. Имрӯз дар донишгоҳҳои олии кишвар зиёда аз 137 ҳазор нафар аз рӯи садҳо тахассусҳои зарурӣ таҳсил карда истодаанд. Бо такя ба дастгирию ҳидоятҳои Сарвари давлатамон ҷавонони кишвар кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки тамоми қувваи худро баҳри аз худ намудани донишу ҳунарҳои замонавӣ ва дар ин росто ҷиҳати ободии диёру амну осудагии он сафарбар намоянду соҳиби ихтисосҳои замонавӣ

низ барои фаъолияти озодона ва ибтикори онҳо шароити васеъ фароҳам меорад. Мо дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ, ба мо ҷавонони соҳибиқбол лозим аст, дар пешрафту гул-гулшукуфоии ватани маҳбуби худ бо меҳнату пайкори ҳалол саҳмгузор бошем. Нагузорем, ки ягон қувваи бадхоҳ оромию осоиштагии мардуми кишвари азизамонро халалдор намояд. Хушнудаи ФАЙЗУЛЛО, донишҷӯйи курси 3-и Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон пешбари миллату давлат Ҷавонӣ давраест, ки инсон бо ҷӯшу хӯруш ба камол мерасад. Инро давраи тиллоӣ ҳам гӯем хато намекунем. Ҷавонӣ мисли баҳри беканор пурталотум аст, ки дар он киштии бойтарини баҳри инсон шино мекунад. Мо ҷавонон, ки ояндасози миллату давлат ба шумор меравем, бояд кӯшиш намоем, ки дар ин киштии бой бо як хотироти нек ва корҳое, ки ба ояндаи миллату давлат муфид аст, анҷом диҳем. Аз ин рӯ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ оиди дастгирии ҷавонон таъкид менамояд, ки ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ дастгирӣ карда шаванд. Пас, мо ҷавонон бояд ояндасоз бошем, барои ободии кишвар аз самими қалб хизмат намоем, нагузорем, ки душмани халқи мо санги маломатро ба сарамон занад ва тавре бояд рафтор кард, ки фардо аз мо номи неку кори неке боқӣ монад. Агар ҳамаи ҷавонон доимо аз паи омӯхтани илму дониш бошанд ва доимо бикӯшанд, ки Ватани хешро обод кунанд, албатта ба ҷомеа нафъи хубе хоҳад расид ва кишвари азизамон ба хориву зорӣ рӯ ба рӯ нахоҳад шуд. Имрӯзҳо ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар саросари кишварамон ҳаргуна курсҳо ва тамоми имкониятҳо барои илм ва касб омӯхтан фароҳам оварда шудааст. Онҳо метавонанд озодона аз ҳамаи ин имкониятҳо истифода баранд ва ҳунару истеъдоди худро нишон диҳанд, чуноне, ки мегӯянд “амал каме саъю кӯшиш

Терроризму экстремизм – вабои аср Терроризму экстремизм аз зуҳуротҳои номатлуби ҷомеаи имрӯза буда, он сарчашмаи нафрату ҷудоиафканӣ, қатлу куштор, тарсу ҳарос ва даҳшату ваҳшоният мебошад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани мазмун ва мӯҳтавои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризу экстремизм барои солҳои 2016 – 2020 мо ҷавононро зарур аст, ки пайрави ғояҳои Пешвои миллат бошему ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намоем. Имрӯз қисми асосии аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа равона гардида, ҳамеша таъкид мешавад, ки ҷавонон дар устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд.

масъулияти бузурге бар дӯш дорем. Дар чунин шароит давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷиро ҷавҳари асосии худ эълон карда, барои амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда дар ин самт ҳамаи захираҳову имкониятҳоро сафарбар намудааст. Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобастааст. Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон

гашта, ояндаи Тоҷикистонро боз ҳам дурахшон созанд. Гарчанде ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвари азизамон дар раванди бунёдкориҳо ва ободу зебогардонӣ ҳиссаи ҷавонон калон бошад ҳам, вале мутаассифона ҳастанд ҷавононе, ки шукронаи ин давлати соҳибистиқлол, ватани ободу осуда ва аз ҳама муҳим фикри ояндаи хеш, модарону хоҳарон, кӯдакону пайвандон накарда, бо мақсади ғаразноки худ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро дохил шуда, барои халалдор сохтани амнияту суботи ватани худ мекӯшанд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин суханрониашон таъкид намуданд: “Терроризму экстремизм ватан, мил-

талаб менамояд”. Як самти дигари фаъолияти ҷавонон варзиш мебошад. Варзишгарони фаъол дар кишварамон бисёранд, ки баъзеашон дар хориҷа ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Дар ҳар ғалабаи онҳо парчами ватани азизамон миёни давлатҳои дигар баланд бардошта мешавад. Албатта чунин ҷавонон фахри миллату давлат мебошанд, ки мо метавонем бо чунин ҷавонони бонангу номус фахр кунем. Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки ҷавонони имрӯз аз ҷавонони солҳои пеш фарқи калон доранд. Замони қабл ҷавонон бештар китоб мутолиа мекарданд ва вақти зиёди худро бештар ба китобхонӣ сарф мекарданд. Имрӯзҳо бошад ҷавонон вақти пурқимати худро бо ҳар гуна сайтҳои интернетӣ, ки аз онҳо хонанда ягон баҳрае намегирад мегузаронанд. Мо медонем, ки ҷаҳон дар пешравӣ аст, интернет ҳам яке аз воситаҳои илмомӯзии асри нав мебошад. Мутаассифона, баъзе мо ҷавонон онро танҳо барои гузаронидани вақт истифода мебарем, ки аз он баҳра нахохем гирифт. Қисми бештари ҷавонон лаҳзаҳои холиашонро танҳо ба бозиҳои гуногуни компютерӣ мебахшанд. Агар барои бозӣ пул надошта бошанд, омодаанд, ки ба ҳар гуна аъмоли номатлуб даст бизананд. Мо - ҷавонон бояд ба ин ҳама хотима диҳем, ҳамагонро ба росткорию ростқавлӣ ва илмомӯзӣ даъват намоем. Майсара ГУЛЗОРОВА, аспиранти АИ ҶТ

лат, дин, мазҳаб, надорад”. Ин гуна шахсоне, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистӣ дошта, дохил мешаванд, ҷавононеанд, ки саводи казоии динию дунявӣ надоранду моҳияти ҳаракатҳои худро дуруст дарк карда наметавонанд. Ин ашхоси фирефта ва гумроҳгашта даст ба амале мезананд, ки сабаби марги мукаррамтарин мавҷудоти рӯйи олам – инсон мегардад, таркишу харобиҳо ва тарсу ҳаросро дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд оварда, ҳамчун вабои асри ХХ1 амнияти ҷаҳонро халалдор месозанд. Имрӯзҳо аз воситаҳои ахбори умум, рӯзномаю маҷаллаҳо бараъло ба назар мерасад, ки дар Сурияву Ироқ, Яману Фаластин чи хел ҳодисаҳои даҳшатбор сар зада истодаанд. Мутаассифона, дар байни онҳо ҷавонони гумроҳгаштаи тоҷик низ ҳастанд, ки дар ин ҷангҳои бемақсаду бемаънӣ иштирок карда, ба ғайр аз худ зану фарзандонро бурда, ба доми

бало гирифтор шудаанду ҷони ширини худро қурбон карданд. Фаромуш набояд сохт, ки ин гуна фоҷиаро қувваҳои қудратталаби хориҷӣ дар солҳои 90 – уми асри гузашта дар Тоҷикистони мо низ ташкил карданд, давлати мо дар вартаи ҳалокат қарор дошт, ки он боиси фавти зиёда 150 ҳазор шаҳрвандон гардида, кӯдакони зиёде ятим монданд. Аз ин рӯ, бояд ҳамаи ин ҳодисаҳои таърихӣ барои мо - ҷавонон сабақ бошад. Мо-ҷавонони соҳибилму соҳибмаърифат бояд дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанги миллии худро ҳифз намуда, сиёсати пешгирифта ва дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳему ҷиҳати рушду нумуи ватани азизамон ҷаҳду талош созем.

Ҷаҳонгир МАҲКАМОВ, донишҷӯ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”


16

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №27 (9557), 05.07.2018

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”

√ АНДАРЗ

Деҳқон ва заминдор ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ” Рӯзе деҳқоне ба назди заминдори сарватманд омада пурсид, ки барои чӣ ба ивази меҳнаташ ҳамарӯза ба ӯ ҳамагӣ 1 дирҳам, вале ба рафиқаш - Аҳмад, ки айнан ҳамин миқдор корро дар ҳамон як шабонарӯз ба анҷом мерасонад, 10 дирҳам дастмузд медиҳад. Сарватманд ба тиреза чашм дӯхта, андешамандона гуфт: - Ба фикрам, чанд нафар ба ин самт омада истодаанд. Аз афташ онҳо бо худ ҷав оварда истодаанд. Канӣ рафта бин. Деҳқон берун рафт ва баъди чанд дақиқа баргашт. - Онҳо тоҷиронанд ва бо худ ҷав доранд. - Ҷавро аз куҷо оварда истодаанд? - Ман намедонам, ҷаноб. - Давида рав ва аниқ кун!- амр дод заминдор Корманд рафт ва баъди чанде баргашта гуфт: - Ҷав аз заминҳои кишти ноҳияи ҳамсоя аст. - Онро кай ғундоштаанд? - Намедонам, ҷаноб. - Рав, фаҳмида биё!- бо хашм гуфт заминдор Корманд аз нав берун рафту баъди муддате баргашт. - Онро як ҳафта қабл ғундоштаанд, ҷаноб. - Хуб, онро бо кадом нарх мефурӯшанд, намедонӣ? - Не, ҷаноб, намедонам.

НУРИДДИН РАҲМОН

√ САЙҚАЛИ

АНДЕША

Ҳамон меҳнате беҳ, ки манфиату шараф оварад. ******** На ҳар кас тавони иҷрои ҳама корро дорад. ******** Пеш аз ҳама дар фикри манфиати Ватан бошу баъдан дар фикри хешу пайвандон. Табиат тамоми кайҳонро ғизо медиҳад. ******** Ҳама чизро меҳнат мағлуб менамояд.

Лутсилий

Макробий Инсон ба қадри неъматҳое, ки ба ӯ дода шудааст, намерасад. ******** Ҳақиқат бас амик пинҳон аст. ******** Тавлид шудан пас, мо мемирем, интиҳои моро ибтидоямон пешгӯйӣ мекунад. Манилий Дӯст дор, то дӯстат доранд. ******** Андӯҳи воқеӣ пинҳонист. ******** Сухани баъди марг расида каломи мутааххир аст. ******** Инсони ботарбия ҳамеша оддӣ мемонад. ******** Аз умр баҳра бурда тавонистан ду бор зистан аст. ******** Дар ҳама ҷо зистан зиндагӣ нест. Мартсиал Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР

Қиссаи уштурҳо Дар замонҳои қадим шахсе буд, ки уштурони зиёд дошт ва аз ҳисоби парваришу фурӯши онҳо рӯз мегузаронд. Ӯ тамоми умр меҳнат карду вақте пир шуд, писаронашро ба наздаш хонда, гуфт: - Фарзандони азизам, ман пиру нотавон шудаам ва рӯзе ин дунёро тарк хоҳам кард. Мехоҳам, баъди маргам уштурҳои боқимондаамро байни худ аз рӯи дастури ман тақсим кунед. Ту, писари калонӣ, бештар бо ман кор кардаӣ, аз ин рӯ, нисфи уштурҳо моли туст. Ту, писари миёна, ки танҳо нав бо ман кор карданро омӯхтаӣ, аз се як ҳиссаи уштурҳоро ва ту, писари хурдӣ, аз нуҳ як ҳиссаашро бигиред. Баъди чанд муддат пирамард вафот кард ва писаронаш қарор доданд, ки ин молҳои падарро тибқи васияти худаш байни ҳам тақсим мекунанд. Онҳо уштурҳоро шумурданд. Молҳо

ҳамагӣ 17 сар буданд ва маълум шуд, ки ин шумораро на ба 2, на ба 3 ва на ба 9 тақсим карда намешавад. Чӣ бояд кард? Касе намедонист. Нафаре ба онҳо маслиҳат медод, ки уштурҳоро мероси умумӣ ҳисобанд, дуюмӣ мегуфт, ки онҳоро фурӯшанду пулашонро байни ҳам тақсим кунанд, сеюмӣ бошад, чунин меҳисобид, ки васиятномаи пирамард эътибори қонунӣ надорад, чун шартҳои онро иҷро кардан ғайриимкон аст. Миёни писарон муноқишаву баҳсу талош бархост, чун ҳар кадоме сухани худро ҳақ мешумориду гапашро гузарондан мехост. Онҳо аз баҳсу муноқиша хаста шуданд, вале ҳамоно роҳи ҳалли мусолиҳатомези ин мушкилро пайдо карда наметавонистанд. Ин замон роҳгузаре савори уштури худ аз роҳ мегузашт. Ӯ баҳсу пархошро шунида, аз роҳаш бозистод ва

√ ЭЪЛОН

Дафтари ҳавлӣ, ки ба Бурҳон Ҷабборов, сокини кӯчаи Чинори Эмом, хонаи рақами 44, ноҳияи Шоҳмансури пойтахт тааллуқ дорад, бинобар гум шудан эътибор надорад. Шаҳодатномаи хизматии афсарӣ, ки Вазорати мудофиаи кишвар ба майор Саъдӣ Абдуллоев додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Дарфтарчаи имтиҳонӣ, ки онро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2017 ба Фарангез Толибова додааст,

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

- Рафта пурс, охир! – ба шур омад заминдор. Корманд рафт. Баъди чанд дақиқа аз нав баргашту ба заминдор гуфт: - Ман фаҳмидам, онҳо барои як халта 60 дирҳам мепурсанд. - Бо нархи арзонтар намедиҳанд? – бо тааҷҷуб пурсид заминдор. - Охир, ман аз куҷо медонам? – дарқаҳр шуд корманд. Ин лаҳза рафиқи ӯ Аҳмад вориди утоқ шуд. Ӯ ба хуҷаинаш муроҷиат намуда, гуфт: - Ҷаноб, тоҷирон ҷави фурӯшӣ овардаанд. Ман бо онҳо ҳамсуҳбат шудам. Дарвоқеъ, ҷави барои аспҳои шумо захиранамуда қариб ки тамом шудааст. Ҷав аз замини ноҳияи ҳамсоя ва навъи хуб аст, онро ҳамагӣ як ҳафта қабл ҷамъоварӣ намудаанд. Онҳо барои як халта 6 дирҳам пурсиданд, вале ман бо онҳо машварат кардам, ба 5 дирҳам розӣ шуданд. Шумо чӣ фикр доред, мехарем? Заминдор маънидорона ба деҳқони аввала, ки бо тааҷҷуб ба рафиқаш менигарист, рӯ оварда, гуфт: - Хӯш, акнун фаҳмидӣ, ки барои чӣ ман ба ту дар як рӯз 1 дирҳам ва ба Аҳмад 10 дирҳам медиҳам?

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

пурсид: - Чӣ мушкил доред? Бародарон ҳама воқеаро ба ӯ нақл карданд. Роҳгузар аз уштури худ пиёда шуда, онро ба миёни галаи бародарон раҳо карда, гуфт: - Акнун уштурҳоро аз рӯи нишондоди падар тақсим кунед. Ҳамин тариқ, вақте шумораи уштурҳо 18 сар шуда буд, писари калонӣ нисфи онҳо, яъне 9 – то, писари миёна сеяки онҳо, яъне 6 –то ва писари хурдӣ аз нуҳ як ҳиссаи онҳо, яъне 2-тоашро соҳиб шуданд. Вақте онҳо галаро миёни ҳам бо чунин усул тақсим карданд, дар майдон боз як уштур боқӣ монд, чунки 9, 6 ва 2 ин шумораи умумии ҳамон 17 сар уштур буд. Роҳгузар бошад, ба уштури худ савор шуда, роҳашро идома дод. АНДАРЗ: Дар зиндагӣ ба ҳама воқеаву ҳодисаҳо аз самти ҷадид нигаристан муҳим аст. Танҳо дар ин сурат ҳамфикриву ҳамраъйиро ба даст овардан осон хоҳад шуд.

бинобар гум шудан эътибор надорад. Шиноснома бо силсилаи А ва рақами 00709365, ки онро ШВКД-1-и ноҳияи Синои пойтахт 21.12.2016 ба шаҳрванд Ғозиев Шаҳриёр Мамадёрович додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Дафтари ҳавлӣ, ки ба Худоёр Каримов, сокини хиёбони Неъмат Қарабоев 15, хонаи 10, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, бинобар гум шудан эътибор надорад. •

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4039 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.