javononi tojikiston/#27/2015

Page 1

№27 (9401), 9 июли соли 2015

E-MAIL: JAVONONTJ@MAIL.RU

WWW.JAVONON.TJ

АЗ 5 АПРЕЛИ СОЛИ 1930 НАШР МЕШАВАД

Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо

ҲАФТ РӮЗ 02.07.2015 Дар қисми низомии 07017и Вазорати мудофиа 22-юмин солгарди таъсиси қӯшунҳои хушкигард таҷлил шуд. 03.07.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар робита ба ҷашни миллии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА

04.07.2015 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои таъмиру тармим ва навсозии нақби мошингарди «Истиқлол» шинос шуд. Дар нақб корҳои бастани маҷрои об дар мавзеъҳои алоҳида, бетонрезии қабати болоии роҳ, равшаннамоӣ ва ҳавотозакунӣ идома дорад. 05.07.2015 Ҳунарманди шинохтаи кишвар Ҳасан Ҳайдар дар Фестивал-озмуни умумирусиягии сурудҳои муаллифии «Гренландия» бо суруди «Ғалаба», ки ба ифтихори 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълон гардида буд, ғолиб шуд. 06.07.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев телефонӣ суҳбат карданд. Эмомалӣ Раҳмон Нурсултон Назарбоевро бо ҳафтодупанҷумин солгарди ҳаёти бобарокаташ самимона табрик гуфта, барояш саломатии қавӣ ва комёбиҳои нав орзу кард.

Андеша кун, то пушаймон нашавӣ!

саҳифаи

7

07.07.2015 Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки Рамазон имсол 29 рӯзро дар бар мегирад. Дар ин сурат Иди саиди фитр дар ҷумҳурӣ 17 июл таҷлил мегардад. 08.07.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бо як ҳайати расмӣ ба шаҳри Уфаи Федератсияи Русия сафар кард.

БИЁЕД, КИТОБ МЕХОНЕМ!

саҳифаи

4

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9401), 9 ИЮЛИ СОЛИ 2015

1


ҚАДРДОНӢ

МАОРИФ

Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии CERIS сарфароз гардид

Норасоии хобгоҳ барои донишҷӯёни ДСХТ

Бо қарори Шӯрои академии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) (шаҳри Брюссел), муассисаи таҳсилоти олии Иттиҳоди Аврупо, дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин марказ сарфароз гардид.

Зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Диловар Қодиров зикр намуд, ки бо мақсади боз ҳам хубтар ба роҳ мондани раванди таълим ва ҷиҳати таъмини сифати таҳсилот, дар нимсолаи аввали соли равон як қатор корҳо ба сомон расонда шуд.

Маркази мазкур унвони профессори фахриро бо назардошти аҳамияти байналмилалии таҷрибаи нодири сулҳи байни тоҷикон ва нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи кишварамон додааст. Боиси зикр аст, ки Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ соли 1985 бо ташаббуси профессорони донишгоҳҳо, дипломатҳо ва хизматчиёни давлатии аршад, бо мақсади пешбурди тадқиқот ва додани маълумоти пурраи олӣ дар соҳаи сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати рушд таъсис ёфтааст. Марказ ба хоҳишмандон курсҳои яксолаи магистратураро дар соҳаи “Сиёсати байналмилалӣ” ва “Сиёсати рушд” пешниҳод менамояд. Дар ҳоли ҳозир сафирон, дипломатҳои ҷавону собиқадор, намояндагони сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва дигар ташкилоту созмонҳои байналхалқии муқими Аврупо донишҷӯёни он Марказ мебошанд.

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ

Тавре ректор зикр намуд, бо ин мақсад китобҳои зиёди дарсӣ аз рӯйи фанҳои гуногуни таълимӣ бо забони тоҷикӣ таҳия ва нашр шудааст, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи таълим ва малакаи касбии донишҷӯён нақши назаррас доранд. Ҳамчунин, баҳри беҳдошти сифати таълим синфхонаҳо ҳарчи бештар бо компютерҳо муҷаҳҳаз гардонда шуда, қабули санҷишу имтиҳонот тариқи электронӣ сурат мегирад. Ин ҳолат ба вазъи баҳогузории дониши воқеии донишҷӯён мусоидат намуд. Муҳайё намудани шароити хуби таълим боис гардид, донишҷӯён дар озмунҳои гуногун фаъолона ширкат варзанд. Аз ҷумла, дар озмуни байналмилалии барномаҳои инноватсионӣ донишҷӯёни донишкада бо 4 лоиҳа ширкат варзида, ба гирифтани ҷойҳои сазовор ноил шуданд. - Соли ҷорӣ дар самти фаъолияти илмию тадқиқотӣ корҳои зиёд анҷом дода шуд, - гуфт ректори донишкада Д. Қодиров. – Панҷ рисола, 2 китоби дарсӣ, 18 дастури методӣ, 34 васоити таълимӣ, 167 мақолаи илмӣ, 41 мақолаи илмию оммавӣ ва ғайра ба нашр расид. Ҳафт нафар донишҷӯи донишкада дар даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни макотиби олии кишвар барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои ҷумҳурӣ» ширкат варзида, се нафари онҳо бо “Ифтихорнома”-и Академияи улум сарфароз гардиданд. Ректор ба масоили шароити зисти донишҷӯён дахл намуда зикр намуд, ки мутаассифона ҳоло донишҷӯён пурра бо хобгоҳ таъмин нестанд. - Барои таъмини донишҷӯён бо хобгоҳ айни замон якчанд хобгоҳро аз макотиби олии дигар иҷора гирифтаем, - зикр намуд ректор Д. Қодиров. – Дар баробари ин, корҳои сохтмониро вусъат дода, мекӯшем донишҷӯёнро пурра бо хобгоҳ таъмин намоем. Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»

ДИН ВА ҶОМЕА

Ҷавонони ноогоҳ фирефтаи равияҳои мамнуъ мешаванд Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксар вақт тарғибгарони равияву ҷараёнҳои ифротӣ маҳз ҷавонони дониши кофии динӣ надоштаро ба доми худ меафтонанд.

Бахтовар Каримов – сармуҳаррири нави рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” 6 июл Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳоро, ки ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ва ба корҳои роҳбарӣ дар як қатор вазорату идораҳо таъин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Самариддин Асоев, муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъин шуд. Ӯ то ин вақт сармуҳарририи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро бар ӯҳда дошт. Ба ҷои ӯ бо фармоиши раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Каримов Бахтовар Абдураҳимович, ки то ин вақт сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе” буд, таъин гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои пурмасъулият таъингардидаро ба кору хизмати софдилонаю содиқона, тарғибу ташвиқи ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва ба ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлати Тоҷикистон ҳидоят намуд.

2

Зуҳри ҳамон рӯз дар идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” маросими муаррифии сармуҳаррири нав, миннатдорӣ ва гусели Самариддин Асоев баргузор шуд. Дар он Шарифҷон Ҳакимзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҷумҳурӣ оид ба кадрҳо, Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ширкат доштанд. Шарифҷон Ҳакимзода аз рисолати журналситон ва вазифаи бар дӯшашон гузошташуда ёдовар шуда, ба Самариддин Асоев ва Бахтовар Каримов дар вазифаҳои нав муваффақият хост.

Раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Сулаймон Давлатзода дар нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки имомони масҷидҳои панҷвақтаву ҷомеъ салоҳияти ба намозгузорон додани маълумоти саҳеҳ дар доираи мазҳаби Имоми Аъзамро доранд. Яъне, имомони масоҷид метавонанд пеш аз ҳар намоз ба намозгузорон дар бораи ақида ва масоили фиқҳи ҳанафӣ маълумот дода, ҳар гуна ихтилофоти мазҳабиро пешгирӣ намоянд. - Кумита тавассути кормандони бахшҳо дар маҳалҳо маълумотро оид ба теъдоди шаҳрвандони мамлакат, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, дастрас намуд, - гуфт Сулаймон Давлатзода. – Маълум шуд, ки 3360 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил мекардаанд. Дар маҷмӯъ, 3008 нафари онҳо баргаштанд. Аз теъдоди умумии баргаштагон 64 нафарашон ба ҷиноят даст зада, 5 нафарашон узви ҷараёни салафия мебошанд. Моҳи майи соли равон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Душанбе озмуни интихоби роҳбаладони ҳоҷиён барои мавсими “Ҳаҷ-2015” баргузор гардида, роҳбаладони арзанда интихоб шуданд. Роҳбаладон дар шаҳру ноҳияҳо бо гурӯҳҳои зоирин дарсҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Тайи 6 моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳо 51 971 маърака барпо гашт. Хароҷоти маъракаҳо дар ин давра 189 миллиону 33 ҳазору 653 сомониро ташкил дод. Агар ин нишондиҳандаро бо хароҷоти маъракаҳои давраи қабули Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” муқоиса кунем, дар ин муддат 265 миллиону 712 ҳазору 597 сомонӣ ба манфиати мардум сарфа шудааст. С. СУННАТӢ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9401), 9 ИЮЛИ СОЛИ 2015


ҶОМЕА

ҲНИТ-ро мардум қабул надорад

НАБЗИ ҶАҲОН

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст, ба фаъолият доштани ҳизби сиёсии дорои хусусияти динӣ зарурат нест. Хушбахтона, мардуми мо ҳоло вобаста ба раванди инкишофи вазъияти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа ин нуктаро хуб дарк кардаанд. Исботи чунин нуктаи назар интихоботи парламентии соли ҷорӣ мебошад, ки зимни он ҲНИТ ҳамагӣ 1,5 фоиз овоз гирифт.

Нооромӣ ба хотири манфиат Ба он ки Осиёи Ҷанубӣ захираҳои истифоданашудаи зиёд дораду як минтақаи сирф стратегист ва хеле вақт боз мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои абарқудрат аст, ҷойи шубҳа нест. Агарчи ин кишварҳо ҳузури низомиву ғайринизомиашонро дар ин қисмати қитъаи Осиё ба гунаи дигар тавзеҳ медиҳанд, вале тӯл кашидани нооромиҳо дар Афғонистон ва барои “таъмини амният” аз он сӯи уқёнус омадани ИМА ифодагари рӯшани он аст, ки ҳомиён ҳадафҳои дигар ҳам доранд. Мутаассифона, нотинҷӣ дар Афғонистон баъди даҳаи аввали асри ХХI бештар шуд ва эҳтимол меравад, ки то тамаъгарон ба хостаҳояшон ноил нагарданд, вазъ номуътадил боқӣ мемонад.

Албатта, аҳолии кишвар хуб дарк менамояд, ки ҳизби мазкур вобаста ба идеология, назари сиёсӣ, мақсаду маром, қобилияти ақлонию зеҳнии аъзояш барои инкишофи Тоҷикистон мусоидат карда наметавонад, балки ба ин раванд монеа эҷод месозад. Аслан, аз даст додани таъсиру обрӯ дар кишвар, мағлуб шудан дар интихобот ва ҳатто барҳам хурдани ҲНИТ ҳамчун як ҳизби сиёсӣ набояд боиси ҳайронию нигаронӣ бошад. Бо аз байн рафтани ҲНИТ ягон тағйироти ҷиддие дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуқуъ нахоҳад омад. Мутаассифона, роҳбарияти ҲНИТ ин воқеиятро нодида гирифта, баҳри ҳифзи манфиатҳои шахсию гурӯҳии худ бо беасос айбдор сохтани сохторҳои давлатӣ ба ташкилотҳои байналхалқӣ ва кишварҳои хориҷӣ шикоят бурдааст. Зиёда аз ин, ҲНИТ худро “як ҷониби сулҳ” ҳисобида, аз номи собиқ ИНОТ (Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии тоҷик) баромад мекунад. Чунин амалҳои роҳбарияти ҳизби мазкур кори хеле бад ва нооқилона мебошад. Зеро санаду далелҳо ва шахсоне, ки бевосита дар раванди гуфтушунидҳо ва ба имзо расонидани созишномаи сулҳи байни тоҷикон ширкат доштанд, нодуруст будани ин гуна даъвоҳои ҲНИТ-ро собит менамоянд. Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназарзода, ки яке аз иштирокдорони бевоситаи раванди гуфтушунидҳо ва барқарории сулҳ мебошад, зимни нишасти матбуотӣ маҳз ҳамин масъаларо таъкид карда, фармуд, ки “ҲНИТ ҳуқуқи аз номи ИНОТ гап заданро надорад”. Ба гуфтаи Х. Холиқназарзода, намояндагони ҲНИТ дар раванди гуфтушунидҳо дар қатори намояндагони неруҳои сиёсии дигари аъзои ИНОТ иштирок доштанд ва танҳо аққалиятро ташкил медоданд. Аз ин бармеояд, ки ҲНИТ ба хотири расидан ба ҳадафҳои худ, кӯшиш дорад, то воқеияти таърихӣ ва санаду далелҳоро сарфи назар карда, мардуми тоҷик, созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои хориҷиро ба иштибоҳ барад. Аммо ин гуна амалҳои роҳбарони ҲНИТ барояшон манфиате нахоҳад овард. Ба ақидаи аксари коршиносон, аҳолии кишвар ба ҳизби мазкур умуман эътимод надорад. Ташкилотҳои байналхалқӣ ва кишварҳои хориҷии минтақа низ бо дарки дурусти вазъият ва фаъолияти ҲНИТ, ба муроҷиатномаи ин ҳизб таваҷҷуҳ нахоҳанд кард. Роҳбарону масъулони ҲНИТ бояд вазъияти имрӯзаро хуб таҳлил намуда, иқрор шаванд, ки ҷомеаи Тоҷикистон дигар фаъолияти ҳизби мазкурро қабул надорад ва ин воқеият аст. Дигар бардоштани ҳар гуна ҳангомаю барангехтани иғвоҳо, муроҷитаҳо ба ташкилотҳои байналхалқию роҳбарони кишварҳои хориҷӣ вазъятро тағйир нахоҳад дод. Зеро фаъолияти ҲНИТ-ро худи мардуми Тоҷикистон солҳои охир дар таҷрибаи амалӣ дида, онро қабул надорад. Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9401), 9 ИЮЛИ СОЛИ 2015

Таассуфовар он аст, ки дар ин ҷо манфиати қудратҳо ба ҳам бархурда, домани низоъро васеу вазъиятро печидатар кардааст. Ҳоло ИМА аз нуфуз пайдо кардани Чин дар ҷануби Осиё сахт нигарон аст. Аз ин рӯ, кӯшиш дорад, ки дуюмӣ ба хостаҳояш ноил нагардад. Бояд зикр кард, тайи беш аз даҳ соле, ки Нерӯҳои Атлантикаи Шимолӣ бо роҳбарии ИМА дар Афғонистон бар зидди толибон меҷангиду Усома “мекофт”, Чин ба роҳандозии лоиҳаҳои гуногуни иқтисодӣ дар ин кишвар ноил гашт ва муваффақ шуд. Яъне, чиниҳо бо туфанг ва бо мақсади ҷанг вориди Афғонистон нашуданд, балки омаданд, то доду гирифти иқтисодӣ кунанд. Ин, албатта, ба ИМА намефорид, вале аз он ки ИМА саргарми ҷанг буд, наметавонист ба татбиқи лоиҳаҳои Чин монеъ шавад. Чун амрикоиҳо диданд, ки Чин метавонад ба фазои тиҷорӣ-иқтисодии Ҳинд ҳам ворид шавад, нороҳатиашон бештар шуд. Ҳамин буд, ки январи соли ҷорӣ Барак Обама, президенти ИМА ба Ҳинд рафт ва бо Нарендра Модӣ, сарвазири Ҳиндустон, ки тайи 10 соли охир вурудаш ба ИМА мамнуъ буд, самимона вохӯрд. Аз ин вохӯрӣ бармеомад, ки сарвазири Ҳиндустон бо Обама ба ҳадде наздик аст, ки метавонад бо вай шухӣ кунад, ҳар вақт хост тамоси телефонӣ бигирад ва ғайра. Таваҷҷуҳи ИМА ба Ҳинд, хоса ба сарвазир Нарендра Модӣ чаро дигар шуд, қобили мулоҳиза аст. Маврид ба таъкид аст, ки бо омадани Обама ба сари қудрат дар ИМА маркази стратегии сиёсати хориҷии ин кишвар, ки замони Ҷорҷ Буш Ховари Миёна буд, ба минтақаи Осиё - Уқёнуси Ором кӯчид. Ва нақши Ҳинд, ки қаблан дар мувозинат нигоҳ доштани нуфузи ислом дар ин минтақа буд, низ иваз шуд. Яъне, тибқи муносиботи нави Вашингтон ва Ню Делҳи ҳоло Ҳинд бояд мувозинатро дар минтақа, ки Чин босуръат нуфуз пайдо кардан дорад, таъмин кунад. Аз ин лиҳоз, агар қаблан ба Ҳинд ягон бартарият дода намешуд, (масалан, иҷозат набуд, ки бо яроқи ҳастаияш мувофиқи салоҳдиди худ амал кунад), ҳоло дар ин самт ин кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Барои ИМА манфиатҳояш дар ҷануби Осиё дар ҷойи аввал аст. Яъне, бояд иҷозат надиҳад, ки Чин бозорҳоро дар ин минтақа соҳиб шавад ва нуфузи иқтисодиашро пурзӯр кунад... Ин дар ҳолест, ки равобити сегонаи Русия-ЧинҲиндустон ва ҳамкории стратегиро миёни онҳо дар самти ҷаҳони бисёрқутба хубу мусбат арзёбӣ мекунанд. Аммо коршиносон мегӯянд, Осиёи Ҷанубӣ чандин сол аст, ки нуқтаи бархӯрди манфитаҳои ИМА, Русияву Чин гаштааст ва барои халал наёфтани манофеашон ин кишварҳо талош хоҳанд кард. Дар ҳамин радиф вазъияти печидаи Украина ва дахо-

лати Русия ба кори дохилии ин кишвар, ки оқибат боиси ҷорӣ шудани таҳрими иқтисодӣ алайҳи Русия гардид, бо эҳтимоли зиёд ба ин масъала бастагӣ дорад. Яъне, андармон кардани Русия боиси он мегардад, ки таваҷҷуҳаш ба Осиёи Ҷанубӣ камтар гардад. Аммо дар назар аст, зимни нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Уфаи Бошқирдистони Русия (8-10 июли соли равон) Ҳиндустон ва Покистон ба узвияти ин созмон пазируфта шавад. Зимнан, коршиносон авҷ гирифтани нооромиҳоро дар шимоли Афғонистон низ ба масоили геополитикӣ иртибот медиҳанд. Ҳамон геополитикае, ки кишварҳои дар боло зикргардида солҳост барояш бозиҳо ба роҳ мемонанд. Чунончи, 6 июл зимни нишасти матбуотӣ Худойбердӣ Холиқназарзода, директори маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар иброз дошт, ки вазъият дар шимоли Афғонистон рӯз ба рӯз бад мешавад. “Нерӯҳое, ки он ҷо ташаккул меёбанд, метавонанд ба таври қатъӣ вазъиятро дар шимоли Афғонистон ноустувор созанд. Қатъан ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, инчунин, ба таври қатъӣ ба вазъияти Осиёи Марказӣ низ таъсир расонанд. Ин, албатта, як раванди мураккаб аст ва бо сиёсати калон, бо геополитика иртибот дорад...”, - мегӯяд Х. Холиқназарзода. Ин нукта, ки номуътадил гаштани вазъият дар шимоли Афғонистон метавонад ба вазъи Осиёи Марказӣ сахт таъсир расонад, бори дигар он андешаро қувват мебахшад, ки нооромиҳо дар минтақа ба хотири манофеи қудратҳост. Чунки дар Осиёи Марказӣ ҳам усулан Русия нуфуз дорад ва чанде аз кишварҳои ин минтақа бо Чин ҳамсарҳад аст. Яъне, ин ҷо тактикаи заиф гардондани рақиб ва аз байн бурдани нуфузи вай мушоҳида мешавад. Барои Чин ҳам ҷон гирифтани гурӯҳҳои террористӣ дар Туркистони Шимолӣ ба манфиат нест. Ин гурӯҳҳо, ки қаблан аз гапи Толибон намебаромаданд, бо эҳтимоли зиёд моиланд бо Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), ки барои таъсиси бахши Афғонистониаш 70 миллион доллар ҷудо мекардааст, ҳамкорӣ кунанд. Чун хуҷаини ДИИШ маълум аст, метавон ҳадс зад, ки аз гурӯҳҳои террористии Туркистони Шимолӣ ҳам барои таҳдиди Чин истифода мешавад. Яъне, он задухурду низое, ки дар ҷануби Осиё, хоса дар шимоли Афғонистони ҳамсояи мо ҷараён дорад, бо эҳтимоли зиёд бозие беш нестанд. Бозӣ барои халал наёфтани манифатҳо, бозӣ барои заиф кардани рақибон, бозӣ барои тарс додани кишварҳои майда... Маҳмуд УСМОНОВ, “ҶТ”

3


БИЁЕД, КИТОБ МЕХОНЕМ!

Дар ҳама давру замон китоб яке аз воситаҳои расонанда ё маҳфуздорандаи шинохти ҳарҷонибаи масоили илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсию динӣ ва нигоҳдорандаи таърихи башарият дар ҷаҳон ба ҳисоб мерафт. Инсон маҳз ба воситаи китоб илму маърифат омӯхта, фарҳанг ва ҷаҳонбинии худро ташаккул медиҳад. Агар ба таърих назар афканем, китоб заминаест барои рушду нумӯи ҷомеаи башарӣ. Зеро баъд аз пайдоиши китоб оҳиста-оҳиста ҷомеа рӯ ба рушд ниҳод ва ҳамзамон донишмандон андешаҳои худро барои баланд бардоштани илму фарҳанг ба китобат кардан оғоз намуданд. Имрӯз китоб бениҳоят аҳамияти бузург дорад, ки бидуни он пешрафти ҷомеа имконнопазир аст. Зеро китоб сарчашмаи илму дониш ва равшангари роҳи ҳаёти инсонҳост, ки ин нуктаро адибони калассику муосири тоҷик ва ҷаҳон борҳо зикр кардаанд. Устод Мирзо Турсунзода китобро сарчашмаи рушди фарҳанги миллатҳо медонад, хусусан, китобдӯстии ҳалқи тоҷикро таъкид намуда, мегӯяд: “Аз хурдӣ дар ёд дорам, ки мардуми тоҷик дар байни ҳамаи китобҳо девони Ҳофизро китоби муқаддастарин шуморида, ҳатто дар гаҳвора онро ба зери сари тифли навзод мегузоштанд, то фарзанди онҳо хушбахт ва ҳамчун одами назаркарда бузург шавад ва монанди Ҳофиз азизи мардумон гардад”. Расул Ғамзатов китобро сарчашмаи худшиносӣ дониста, таъкид мекунад, ки: “Барои худшиносӣ китоб зарур аст. Барои шинохти дигарон ҳам китоб муҳимтар менамояд. Халқи бекитоб ба одами нобино монанд аст, ки ҳусни дунёро намефаҳмад. Ҳамчунин, халқи аз китоб маҳрум ба инсоне шабоҳат дорад, ки бе оина рӯи худро дида наметавонад”. Дар баробари он ки олимон ва мутафаккирон китобро равшангари роҳи ҳаёти инсонҳо тавсиф кардаанд, боз аз сарчашмаҳои таърихӣ огоҳ мегардем, ки аксари бузургон маҳз аз мутолиаи ягон китоби шахсияти бузурги дигаре ба инқилоби фикрӣ дучор гардида, роҳи дурусти амалӣ кардани идеяҳои худро пайдо кардаанд. Мавриди зикр аст, ки аксари олимону адибон дар бораи осори якдигар андешаронӣ кардаанд, аммо жарфтар андеша намоем, шахсиятҳои бузурги илму адаб

4

Бо китоб худро мешиносед Нақши китоб дар ташаккули фарҳангҳо

тадқиқот ё кашфиётеро анҷом дода, дар воқеъ, бо осори хеш дигар шахсиятҳои илму адабро мафтун кардаанд, ки сабаби кашфиёти наву тоза гардидаанд. Ин далели нақши бузург доштани китоб дар рушди илму маърифати башарият мебошад. Бардошти бузургон аз осори оламшумули бузургон гуногун аст. Барои яке илҳоми эҷод ва ишқи ватану ватандорӣ оварда бошад, барои дигаре заминаи кашфиёт ё идеяи тозае бахшидааст. Масалан, устод Садриддин Айнӣ бо ин ҳама бузургӣ қоил аст, ки он проблемаҳоеро, ки бо чашм медид ва ислоҳи онро дарк намекард, пас аз мутолиаи “Наводирул-вақоеъ”-и маорифпарвари тоҷик Аҳмади Дониш он ҳамаро дарк намуд ва инқилоби фикрие дар ӯ ба вуҷуд омад. Ӯ дар китоби “Ёддоштҳо” мегӯяд: “Ҷоҳои ба ман таъсирбахши “Наводир-улвақоеъ” он ҷойҳо буданд, ки ман он ҳодисаҳоро дар зиндагӣ дида будам ва аз он аҳвол дилтанг мешудам, аммо ҳеҷ гоҳ ислоҳ кардан ва ислоҳ шудани он аҳвол дар хотирам намегузашт ва гумон мекардам, ки “дунё ҳамин тарз омадааст, ҳамин тарз ҳаст ва ҳамин тарз ҳам меравад, чӣ бояд кард?”... Аммо, вақте ки ман он аҳволро дар мундариҷоти “Наводир-ул-вақоеъ” бо тасвири реалӣ, бо тасвире, ки худ дар зиндагӣ дида будам, хондам, ба ман ҳолати дигар рӯй дод. Ман дар дили худ гуфтам: “Ин

аҳволро ислоҳ кардан лозим, модом ки ман ислоҳ карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст...” Ё ин ки Исаак Нютон (16421726) офарандаи физикаи классикӣ қоил шудааст, ки ӯ ба шарофати мутолиаи осори илмии Галилео Галилей олими итолиёӣ ба кашфиёти тозаи илмӣ соҳиб гаштааст. Лев Толстой нависандаи бузурги рус бошад, иброз медорад, ки ӯ дар қироат намудани осори Ҳомер сарчашмаи ҳақиқии ҳавасмандиро ба эҷод кардан дарёфта буд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки таъсири осори лирикии шоири Юнони қадим Сафо (Солҳои тахминии зиндагиаш 612-572-и то мелод) ба фаъолияти шоирони римӣ Горасио ва Катулла бузургу бесобиқа аст. Страбон (Юнон) пас аз мутолиаи ашъори Сафо иброз доштааст, ки “шоиреро аз саҳифаҳои таърих ёфтан ва бо Сафо муқоиса кардан амрест маҳол”. Суқрот бошад, пас аз шиносоӣ бо ашъори Сафо ӯро “мураббии муҳаббатварзӣ”-ҳояш номидааст. Солон пас аз шиносоӣ бо лирикаи Сафо дарк кард, ки мурдан намехоҳад, то даме ки шеърҳои ӯро пурра аз ёд надонад. Осори олимон ва адибони форсу тоҷик, ки дар шакли китоб мунташир шудаанду дар китобхонаҳо маҳфузанд, дар бедории ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши бузург доранд. Адиби бузурги рус Чернишевскийро

хирмани дониш, ишқи сӯзони ватан ва дар ниҳоят кӯҳи андӯҳ аз бадбахтии миллати рус аз ҷавонӣ ба роҳи мубориза кашонд. Аммо ӯ шарбати заҳри дарди ватан, ишқ ба озодиву истиқлоли ватанро аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ нӯши ҷон кард. Маврид ба ёдоварист, ки соли 2013 дар Теҳрон китоби яке аз адибони шинохтаи тоҷик Валӣ Самад бо номи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернишевский», бознашр шуд. Китоби мазкур аз 11 боб иборат буда, дар он лаҳзаҳои хотирмон аз ҳаёти донишманди рус Чернишевский дарҷ гардидааст, ки чи гуна ӯ ба адабиёти форс рӯ овардааст ва Фирдавсӣ аз нигоҳи Чернишевский (Николай Гаврилович Чернышевский 1828-1889) хеле хуб нақл карда шудааст. Китоб пас аз нашри аввалаш дар Теҳрон дар қатори «Китоби сол»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон шинохта шуд ва аз нодиртарин навиштаҳои адибони тоҷик аст, ки дар кишвари ҳамзабони мо чунин қадршиносӣ ва истиқболи шоиста дошт. Метавон гуфт, ки “Шоҳномаи”-и безаволи Фирдавсӣ яке аз асарҳое дар ҷаҳон мебошад, ки ба садҳо нафар илҳом ва садҳо андешаро ба таҳрик овардааст. Дар маҷмуъ, осори олимону адибони форсу тоҷик ганҷинаи бебаҳои рӯйи олам мебошанд. Маҳз бузургии абармардони шарқ ва осори гаронбаҳои онҳо буд, ки адиби олмонӣ Гёте (1749-1832) пас аз мутолиаи осори адибони

машриқзамин асари оламшумулаш “Девони ғарбию шарқӣ”-ро таълиф намуд... Аз гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки китоб чароғест моро аз зулмат ва доруест, ки аз ҷаҳолат мераҳонад. Имрӯз зарур аст, ки ҷомеа ҳарчи бештар рӯ ба китоб биёрад, то ҷаҳолат болои инсонҳо ғалаба накунад. Хушбахтона, баланд бардоштани фарҳанг, худшиносӣ ва ватандӯстии ҷомеа, хусусан, ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳим дар раванди сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат маҳсуб мешавад. Ин нуктаҳои муҳим дар Паёми солонаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ низ ба таври возеҳу равшан инъикос гардидааст. Сарвари давлат ба он таъкид намуданд, ки он зуҳуроти номатлубе, ки хавф бар рахнасозии фарҳанги ҳазорсолаи миллати тоҷикро доранд, бояд бо ҳар роҳу восита ҷилавгирӣ шаванд. Зеро ҷангҳои иттилоотӣ ва таҳоҷуми фарҳангӣ барои аз байн бурдани фарҳангу тамаддунҳои қадима аз ҷониби иддае аз давлатҳои абарқудрат мавриди амал қарор гирифтааст. Албатта, имрӯз равандҳои ҷаҳонишавӣ шиддат мегиранд, ки метавонад ба тафаккур ва зеҳни насли наврас, алалхусус, ҷавонон таъсири манфӣ гузорад. Феълан, зарурат пеш омадааст, ки кормандони муассисаҳои илмию фарҳангӣ барои дар амал татбиқ намудани супоришҳои додашуда, фаъолиятро ҷиддӣ ба роҳ монанд. Дар навбати худ мардуми кишвар, бахусус, ҷавононро лозим аст, ки аз шароити фароҳамкардаи Ҳукумати мамлакат самаранок истифода намуда, баҳри ободӣ ва сарсабзии Ватан кӯшишу талош намоянд. Имрӯз яке аз муассисаҳое, ки дар тарбияи насли наврас ва боло бардоштани худшиносию фарҳанги ҷавонон саҳми арзанда дорад, Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. Хушбахтона, се сол мешавад, ки ин боргоҳи маърифат дар бинои бошукӯҳу замонавӣ, дар фазои сулҳу ваҳдат ба хонандагон ва дӯстдорони худ, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, хизмат мерасонад. Ин ҳама талошҳои ҳукумат баҳри соҳибилм ва соҳибмаърифат гардидани ҷавонон мебошад, то онҳо аз ин ганҷинаи миллат, донишу ҷаҳонбинии худро ғанӣ намоянд ва дар оянда барои осудагию ободии Тоҷикистони азиз саҳм гузоранд. Муҳаммаднабӣ БАЁНӢ, мудири Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9401), 9 ИЮЛИ СОЛИ 2015


ВОКУНИШ Аз ибтидои асри 20, баъди таҷдиди ислом аз тарафи донишмадон ва шореҳон, дар ин росто исломи сиёсӣ ҳамчун фишанги истеъмор дар кишварҳои мусулмоннишин дар шакли дигар бо дасти худиҳо истифода шуд. Ин фишанг аввал дар кишварҳои Ховари Миёна, Ҳинд ва Афғонистон пиёда гардида, бо муваффақият таҷриба шуд ва баъдан солҳои 60 ва 70-ум дар Осиёи Миёна аз тарафи маҳфилҳои пинҳониву ошкоро густариш пайдо карда, дар пошхурии низоми Иттиҳоди Шуравӣ мусоидат кард. Чунин фаҳмиши таҷдид ва ислоҳотхоҳии исломӣ дар шакли содда аввал дар Узбекистон ба воситаи донишҷуёни араб ва баъдан дар Тоҷикистон аз тарафи руҳониёни нимаогоҳ ва шарқшиносон ташаккул ёфта, оҳиста-оҳиста ба исломи сиёсӣ табдил шуд. Гарчанде дар Узбекистон баъдан он пешгирӣ шуд, аммо дар Тоҷикистон шакл гирифта, дар бозиҳои сиёсӣ ҷойгоҳ пайдо кард ва дар зери пардаи «ормонҳои мардумӣ» мавқеи сиёсӣ гирифт.

дар масҷидҳо, сохтани масҷидҳо, обод кардани мазорҳо, рафтан ба ҳаҷ, доштани рӯза ва умуман иҷрои озодонаи маросимҳои динӣ - ислоҳотхоҳӣ буд. Мафҳуми озодиро, низ аъзои ин ҳизб дар иҷрои озодонаи маросимҳои динӣ мефаҳмиданд ва имрӯз низ бо сароҳат чунин сӯитафоҳумҳо дурӯғпароканӣ мекунанд. Дар ҳоле ки фаҳмиши озодӣ дар Аврупо ва махсусан дар даврони эҳё, озод гаштан аз ҳукуматҳои динӣ ва аҳкоми динӣ буд, ки Аврупоро ба зулмату бадбахтӣ ва ақибмондагӣ гирифтор карда буд ва имрӯз мо «бо ташаббуси эҳёгарон ва ислоҳотхоҳон» чунин ҳолро дорем. Инчунин, он заминаи демократие, ки дар замони ҳокимияти шӯравӣ ташаккул ёфта буд, ба бадномкунӣ ва шӯрависитезии аъзои ин ҳизб аз байн рафта, ба ҷойи сохтмони корхонаҳои истеҳсолии хурду бузург масҷидсозиву қасрсозӣ ба анъана даромад. Ҳамзамон, он ормонҳои миллӣмардумие, ки созмони “Растохез”, Ҳизби демократии Тоҷикистон ва дигар созмонҳои миллӣ доштанд, хафа карда нобуд шуданд. Ислохотхоҳӣ ва таҷаддудпарастии ин гурӯҳ

ҳувиятҳои таърихан мафкурасоз (идеологиясоз), мисли зардуштия, ислом ва коммунизм маҳдуд карда шуда, арзишҳое мавриди амал қарор мегиранд, ки манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии рушду густариши моро кафолат диҳанд, махсусан, аҳзоб ва расонаҳо ин хатти қирмизро набояд убур кунанд. Ин хатти қирмиз кафили оромиш ва сулҳу субот мебошад. Бо ин сабаб ҳамчун шартномаи иҷтимоӣ ё ҳамагонӣ беҳтар аст риоя шавад. Аммо ин шартномаи иҷтимоӣ мутлақ набуда, ҳамеша бознигарӣ ё таҷдиди назар мешавад ва ҳудудҳои он вобаста ба манфиатҳои имрӯзу ояндаи кишвар муайян карда мешавад. Дар ин росто, як идда арзишҳое ба вуҷуд меоянд, ки муайянкунандаи низоми сиёсиву фарҳангии кишвар мебошанд. Яъне, имрӯз ва оянда мо дар воқеъ ба ислоҳоти пай дар пай ва доимӣ ниёз дорем ва ҳукумати вақт низ аз ибтидо аз ин ислоҳоти пай дар пай кор мегирад. Дар мафҳуми ислоҳот ва ислоҳотхоҳии динӣ, он чи ки Муҳаммад Иқбол дар ибтидои асри 20 мехост, таҷрибаи динӣ буд. Таҷрибаи диниро ӯ барои мусуламонон дар баро-

кил карда шавад, зеро ин ниҳодҳо тасодуфӣ набуданд. Балки барои таҳким бахшидан ва устувор нигоҳ доштани идеологияи замони худ унсури ҷомеасоз буданд. Дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик яке аз ниҳодҳое, ки худташаббускории мардумро ба худ тобеъ сохтааст, масҷидҳо ва рӯҳониёни кишвар мебошанд. Аз роҳи амру наҳи динӣ эҳсосоти мардумро барангезонда, онҳоро ба корҳои дастаҷамъӣ раҳнамун месозанд, ки метавонад хатар ва зиддиятҳои зиёдеро барои ифротӣ шудани ҷавонон ва умуман шаҳрвандони кишвар ба вуҷуд оваранд ва ҷомеаи кишварро бештар осебпазир гардонад. Аз ин рӯ, зарурат пеш омадааст, ки рӯҳониёни кишвар мардумро ба сохтани мактабҳову боғчаи бачагон, таъмири роҳҳо ва дигар корҳои ҷамъиятӣ, ки барои ободии як гӯшаи диёр аст, даъват намоянд. Яъне, ин амалҳо, ки дар ислом бисёр мартабаи баландро соҳибанд ва ҳамчун садақаи ҷория дониста мешаванд, таблиғ карда шавад, то мардум низ дар ба вуҷуд овардани ҷойҳои кор ва бартараф кардани мушкилоти хеш пушти кор бошанд ва нагузоранд, то ҷомеаи

Аз ибтидои солҳои истиқлолият, то имрӯз он «ормонҳои мардумӣ» аз тарафи ҲНИТ ва ҳукумат дар Тоҷикистон воқеият ёфтанд. Махсусан, худташаббускории мардумие, ки яке аз ҳастаи демократия мебошад ва дар мардуми тоҷик барои иҷрои корҳои дастаҷамъӣ ё ҷамъиятӣ ташаккул ёфта буд, дар ин солҳо, на барои ташаккули раванди демократикунонии кишвар, балки барои бароварда сохтани ормонҳои динӣ равона шуда буду имрӯз низ идома дорад. Яъне, сохтмони масҷидҳо, мазорҳо, ҳаҷ кардан, қурбонӣ кардан, додани худоӣ ва нон, хондани намози панҷвақта дар масҷидҳо ва дигар расмиёти динӣ. Аммо имрӯз он таҷрибаи ғофилгири гузаштаро, ки бо номи демократия ҲНИТ ба исломикунониву ифротикунонии кишвар роҳандозӣ кард, бо муроҷиатҳои тавтеаангези худ пушонида, боз ба номи демократия мехоҳад ҷомеаи тоҷикро ба ихтилофу зиддиятҳо гирифтор кунад. Фаҳмиши ҷомеа ва мавҷуд будан дар ҷомеаро низ имрӯз мардуми мо танҳо «бо пиёда кардани ормонҳои ҲНИТ» дар иҷрои аҳкомҳои динӣ ва худро бештар дар иҷрои корҳои динӣ масъул медонанд, то риояи қонунҳои иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ. Заминаи чунин фаҳмишҳоро аз ибтидои солҳои истиклолият, то имрӯз дастандаркорони ҲНИТ тақвият бахшиданд. Махсусан, дар ин маврид ҷидду ҷаҳди ба воқеият табдил додани ормонҳои худ аз номи мардумро дар мусоҳибаҳои саркардагон ва аъзои ин ҳизб аз китоби «ҲНИТ зодаи ормони мардум» (Ба ифтихори 30- солагии таъсиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон. Душанбе, 2003) мутолиа карда, ба чунин хулосаҳо мерасем, ки ҳадафҳои гузоштаи ҲНИТ ба таври ошкоро аз тарафи мардум ва ҳукумат ҷонибдорӣ шуда, дар тули солҳои истиқлолият марҳала ба марҳала амалӣ шуда воқеият ёфтанд. Ин ҳадафҳо ва ормонҳо кадомҳо буданд? Ин ормонҳои диние, ки дар маҳфилҳои пинҳониву ошкорои ҲНИТ матраҳ шуда буданд ва барои ин ормонҳо бештарашон худ ва дигаронро дар ҷанги шаҳрвандии дохилии «таҳмилӣ» қурбон сохтанд, иҷрои маросимҳои динӣ, мисли озодона хондани намози панҷвақта

пурра истеҳсолоти дохиливу хориҷиро аз байн бурда, робитаҳои ҳамсоягиву минтақавӣ ва ҷаҳониро ба нобудӣ расонд ва заминаи ифротигароиву тахрибкориро ба вуҷуд овард. Магар чунин ислоҳотхоҳӣ ва эҳёгарӣ барои мо зарурат дошт? Чаро аққалан кишварҳои ҳамсоя, ки заминаи ин ислоҳотхоҳиро ба вуҷуд оварда буданд, ба чунин «ислохотхоҳиву эҳёгарӣ» даст назаданд ва тамоми кишвари худро ба дузахи рӯи замин табдил насохтанд? Оё ин ислоҳгарӣ буд ё истилогарӣ, истеъморгарӣ ва ё аз нав бардасозӣ? Имрӯз кишвари тозаистиқлоли мо ба хатарҳои зиёди дохиливу хориҷӣ рӯ ба рӯст. Махсусан, баъди ин қадар «ислоҳотхоҳиву эҳёгарӣ»-е, ки ба дасти хеш анҷом додем ва ҷомеаеро, ки саноати қудратманд дошт ва соҳаи кишоварзӣ дар ҳоли рушд буд, ба тамом вайрон шуд. Пас, чӣ бояд кард? Роҳҳои бурунрафт ва ҳалли мушкилоти овардаи «ислоҳотталабон» кадом аст? - Ҷомеаи моро, ки идеологияи динӣ фаро гирифтааст ва тамоми аҳкоми динӣ дар тамоми ҷомеа, ҳам ба тарзи дуруст ва ҳам ба тарзи таҳрифшуда ё хурофотӣ ривоҷ ёфтаанд, бояд аз тарафи муаллимону олимон ва рӯҳониён огоҳона баррасӣ шуда, ҷанбаҳои заъфу норӯшан ва мутобиқнабудаи бештари аҳкоме, ки моли гузаштаанд ва ба имрӯз мувофиқ нестанд, ҷомеа ва тарзи тафаккури имрӯзаро сардаргум месозанд, таҷдиди назар шаванд ва ҷойгузини онҳо, агар дар робитаҳои иҷтимоӣ зарурат доранд, коркад шаванд. - Имрӯз дар ҷаҳон аз модели давлатҳои миллӣ кор мегиранд. Шинохти миллат дар низоми демократӣ ҷойгузини тамоми ҳувияти низомҳои таърихан ташаккулёфта ва сипаришудаи тоҷик, мисли зардуштия, ислом ва идеологияи коммунистӣ мебошад. Фаҳмиши имрӯзии миллат, ки дар матни сиёсӣ фаҳмида мешавад, бештар дар доираи манфиатҳои миллист ва тамоми фарҳанги пуртазод ва зиддиятноки гузаштаро наметавонад дар воқеият амалӣ созад. Дар доираи манфиатҳои миллӣ-сиёсӣ, ки муайянкунандаи воқеияти имрӯзи Тоҷикистон аст,

бари таҷрибаи илмӣ қарор дода, онро эҳё кард, ки ин берун рафтан аз худбегонагӣ, худфиребӣ ва даст кашидан аз афсонаҳову қисса ва достонҳои гузашта ва машғул шудан ба сохтмони худ ва соҳибқудрат шудан ва ба худтаъмириву худсозӣ машғул шудан ва рушду густариш додани кишвари хеш аст. Чист таърих? Эй зи худ бегонае, Достоне, қиссае, афсонае. ё Пайкари фарсударо дигар тарош, Имтиҳони хеш кун, мавҷуд бош. Инчунин мавҷуд маҳмуд асту бас, Варна нори зиндагӣ зуд асту бас.

худро бо дасти хеш хароб ва валангор созанд. Хулоса, воқеияти имрӯзи ҷаҳон ва кишвари мо нишон медиҳад, ки сиёсӣ шудани дин ва мавҷудияти ҳокимиятҳои динӣ дар ҷомеа хатарот ва зиддиятҳоро бештар месозад. Таҷрибаи ҳокимиятҳои диниро мо дар ҷанги шаҳрвандӣ дида будем, ки ҳар як пешвои динӣ ба худ пайрав ва муридоне дорад, ки онҳо дар масоили динӣ ихтилофи назар дошта, яке дигареро ба ҳукме муттаҳам карда, фатвои худро бартар мешуморад. Зеро бо пешрафти ҷомеа мушкилоте рӯи кор меояд, ки барои онҳо ҷавоб ва ҳукмҳои нав зарурат дорад. Бо ин сабаб гурӯҳе худро аҳли суннат гирифта, муҳофизакор мешавад ва гурӯҳе худро модернисти ислом гуфта, ҳукми нав содир месозад. Дар натиҷа, гурӯҳе гурӯҳи дигарро ба мулҳид, бидъаткор ва фосидкунандаи дину диёнат муттаҳам карда, то муборизаҳои хунин даст мезананд, ки ин воқеиятро паси сар гузаронидем ва имрӯз метавон ба осонӣ ин воқеиятро дар кишварҳои мусулмоннишин низ мушоҳида кард. Чунин воқеиятҳои талхи ҳокимиятҳои динӣ сабаб гашт, ки дар низоми сиёсӣ сохтори демократӣ ба вуҷуд ояд, то ҳокимият манфиатҳои мардумро, ки аз иродаи мардум бармеояд, пуштибонӣ кунад. Аз ин рӯ, ба ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи Тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон – Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон пешниҳод мекунам, ки ҷомеаи тоҷик ба демакратикунонии қадам ба қадам ниёз дорад, на диникунониву ифротикунонии кишвар.

Ормонҳои воқеиятёфтаи ҲНИТ ва муроҷиат ба СММ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9401), 9 ИЮЛИ СОЛИ 2015

Дар мафҳуми худӣ Иқбол шинохти ҷомеа ва кишвари худро медонад, ки ҳар як фарди ҷомеа таъмиргари он бошад. Инсон дар фаҳмиши Иқбол ҳамчун мазҳари Худо буда, ифодакунандаи қудрат ва шинохти худии худоии инсон аст. Мо дигар дар кишвар мушкилот ва маҳдудиятҳои динӣ надорем. Маҳз аз тарафи Президенти мамлакат масоили динӣ матраҳ, баррасӣ ва пуштибонӣ мешавад. Дар тамоми маросимҳои дини ислом маҳз худи Президенти кишвар табрикоти худро арза мекунад. Дар ҳоле ки дар кишвар пайравони дигар динҳо ва мазҳабҳо мавҷуданд ва ҳуқуқ ба пуштибонӣ ва тарғиб низ доранд. Агар дар ҷомеаи мо ҳизбҳои сиёсии динӣ тавсеа ёбад ва пайравони ҳар дин ҳизб дуруст кунанд, аз воқеият дур нест, ки мо мисли кишварҳои исломии Ховари Миёна ва Афғонистону Покистон танҳо ба кашмакашҳои диниву мазҳабӣ рӯ ба рӯ шуда, ҳамеша дар ҳоли ақибуфтодагӣ қарор мегирем. Инчунин, қобили қайд аст, ки чеҳраи сиёсии исломи муосир бештар кишварҳои мусулмоннишинро бори дигар ба истеъмори навин маҳор карда, ҳамчун кишварҳои истеъмолгару дастнигар ва истеҳсолгари ашёи хом барои озмоишҳои дастаҳои тахрибкор истифода мешаванд. Бо ин сабаб имрӯз зарурат пеш омадааст, ки аз роҳи худташаббускории аҳли деҳот, ноҳия, вилоят ва шаҳрҳо мисли колхозҳову совхозҳои даврони шуравӣ ниҳодҳо ё иттиҳодияҳои дастаҷамъӣ таш-

Ёрмаҳмад НИЁЗОВ, корманди пешбари Маркази омӯзиши равандҳо ва оянданигарии илмии АИ

5


ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

Ҷавонони соҳибистеъдод – созандагони Ватан Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯшон сиёсати давлатии ҷавононро дастгирӣ намуда, дар ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, баланд бардоштани мақоми ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст. Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони ноҳия дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт, ба монанди илму техника, фарҳангу варзиш, маорифу тиб фаъолияти хуб доранд.

Шабакаҳои иҷтимоӣ – воситаи ривоҷи ифротгароӣ Имрӯз шояд пайдо нашавад нафаре, ки бо истилоҳи “шабакаи иҷтимоӣ” шинос набошад. Аз нигоҳи техникӣ шабакаи иҷтимоӣ иттиҳодияи як гурӯҳи одамонеро гӯянд, ки дар як платформаи интернетӣ матлаб гузошта, онҳоро бо дигар аъзои шабака додугирифт менамоянд. Имкониятҳои муоширати аъзои платформа оид ба маълумоти нашршуда далели он аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ аз дигар сомонаҳои интернетӣ фарқ доранд. Интерфейси шабакаи иҷтимоӣ аз истифодабарандагон бақайдгириро талаб менамояд, ки пас аз он метавонанд матлабашонро озод интишор намоянд, оид ба ин ё он хабар ё маълумот, расм ё навор озодона баҳсу мунозира барпо кунанд, блогҳои шахсӣ ташкил намуда, маълумоти гуногунро пешкаши дигарон созанд. Аксари шабакаҳои иҷтимоӣ дорои функсияи «чат» мебошанд, ки имконияти муошират дар вақти дилхоҳро медиҳад. Табиист, ки чунин як василаи пуриқтидори ВАО имкониятҳои хос дорад ва барои паҳн намудани матолиби ифротгароӣ васеъ истифода мешавад. Дар ин ҳолат бартарии дигари истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар он аст, ки воситаҳои анъанавии танзим ва мониторинги мундариҷаи матлабҳо на ҳама вақт барои пешгирии чунин ҳолатҳо фаъоланд. Агар сомонаи интернетӣ чунин матолибро дар саҳифаҳои худ ҷой диҳанд, мақомоти дахлдор метавонанд дастрас будани

6

ин ё он сомонаро барои истифодабарандагони шабакаи интернет маҳдуд созанд. Аммо назорати шабакаҳои иҷтимоӣ душвор аст. Шабакаи иҷтимоии русии «ВКонтакте», мувофиқи хадамоти матбуоти худ, фаъолона бо мақомоти дахлдори кишварҳои истифодабаранда оид ба бартараф кардани матлаби ифротгароӣ аз саҳифаҳои электронии худ ва ҷустуҷӯи одамони ғайбзада, ҳамкорӣ менамояд, вале бо вуҷуди ин дар саҳифаҳои ин шабакаи иҷтимоӣ гурӯҳҳои зиёде ба нашр ва паҳн намудани ташвиқоти кушодаи ифротгароӣ машғуланд. Аз ҷониби роҳбарияти шабака ҳаррӯза блог ё саҳифаи чунин гурӯҳҳо баста мешавад, аммо онҳо баъди чанд рӯз боз ба фаъолият мепардозанд. Аз ҷониби мақомоти дахлдор шахсоне, ки чунин саҳифаҳоро ташкил ва ривоҷу равнақ медиҳанд, борҳо ошкор ва аз озодӣ маҳрум шудаанд. Боиси қайд аст, ки шабакаҳои иҷтимоии хориҷӣ аз чоҳорчӯбаи қонунгузории кишварамон берунанд, бо ин сабаб онҳо як майдони озоди таблиғи маълумоти ифротгароӣ ба ҳисоб мераванд. Бо вуҷуди ин аъзошавӣ ба чунин гурӯҳҳо ва кӯмак намудан дар бобати паҳн намудани матлабҳо аз тарафи ҷавонони кишварамон кам ба чашм мерасад. Илова бар таъмини маълумот, шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд вазифаҳои ташкилот ва ҳамоҳангсозии амалҳои оммавиро низ иҷро намоянд. Барои мубориза бар зидди самаранок ташвиқ намудани ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мо бояд механизми самарабахши мониторинги доимӣ ва назорати матлаби воридшударо ба роҳ гузорем, амалиёти шубҳанокро бартараф намоем ва тибқи қонунгузории кишвар нисбат ба шахсоне, ки ба чунин корҳо даст мезананд, чораҳо андешем. Ҳамаи ин амалиёт бояд мувофиқи

қонунгузории ҷории кишвар оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва помолшавии озодиҳои шаҳрвандон сурат гиранд. Бастани саҳифаҳои алоҳидаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз нуқтаи назари техникӣ бояд дуруст ба роҳ монда шавад. Ҳолатҳое буданд, ки бо сабаби бартараф намудани матлабҳои ифротгароӣ видеохостинги “Youtube.com” ва шабакаи иҷтимоии “facebook.com” барои истифодабарандагон маҳдуд гардиданд. Дар натиҷа, мо бо мушкил рӯ ба рӯ шудем. Оё ин муносиб аст, ки тамоми шабакаро барои шумораи майяни матлабҳои хусусияти ифротгароидошта маҳдуд созем? Ҳол он ки танҳо бо ҳамкории мақомоти дахлдор, роҳбарияти шабакаи иҷтимоӣ ва худи истифодабарандагон метавон миқдори чунин матлаб ва маълумотро аз нигоҳи ҷавонон дур кард. Ниҳоят, метавон хулоса баровард, ки барои фазои интернетии ҷумҳурӣ бояд сохторҳои махсусе фаъолият намоянд. Танҳо онҳо метавонанд мониторинги шабакаҳои иҷтимоиро доимо ба роҳ монанд ва ба мақомоти дахлдор оид ба ҳолатҳои таблиғи ифротгароӣ ва пешгирии онҳо хабар диҳанд. Ин самаранокии муборизаро зидди ифротгароӣ эҳё намуда, пеши роҳи шахсоне мегардад, ки ба паҳн намудани чунин матлабҳо машғуланд. Ошкор аст, ки омӯзгорон ва донишҷӯён низ истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии гуногун мебошанд ва дар ҳолатҳои рӯ ба рӯ шудан бо матлабҳои ифротгароӣ дар саҳифаҳои электронии гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида бояд то ҳадди имкон саҳм гузоранд.

Холисамо Саидхонова, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯшон иброз дошт, ки ҳар сол шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар олимпиадаҳои фаннӣ дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ ширкат варзида, ба комёбиҳо ноил мегарданд. Соли ҷорӣ Низори Фозил (хонандаи МТМУ № 8), Мадинаи Мамадёр, Озода Амонуллоева (хонандагони МТМУ №7), Лашкахтун Саркориева (хонандаи МТМУ №5) дар озмуни фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ғолиб шуданд. Онҳо ба ноҳия 1 медали нуқра ва 3 медали бринҷӣ оварданд. Панҷ нафар навраси ноҳия дар озмуни ҷумҳуриявии «Овози тиллоӣ» ширкат намуда, Амонсултон Хуҷамова ва Мамадзамон Худоназаров, дастпарварони мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳия сазовори шоҳҷоизаи озмун гардиданд. Варзишгари наврас, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 Салман Раҳмхудоев соли гузашта дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Тошканд, Душанбе ширкат варзида, соҳиби медали тилло гардид. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо кӯшишҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия дар бинои Маркази ҷавонони ноҳияи Рӯшон намоиши суратҳои тозаэҷоди узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Алиназар Мавлоназаров ва қаламкашони наврас аз муассисаҳои таълими миёнаи умумии №8, №9, мактаби санъати ноҳия ва мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ манзури ҳаводорон гардид. Дар намоиш маҳсули дасти шогирдони муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, расмҳои кашидаи Муизи Алиназар, аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 диққати ҳозиринро ҷалб намуд. Раиси ҳакамон, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Алиназар Мавлоназаров оид ба истеъдоди ин рассоми наврас иброз дошт, ки “дар ҷодаи рассомӣ ояндаи басо дурахшон дошта, расмҳои шогирдонаи вай ҳамтабори расмҳои муҳассилини Коллеҷи рассомии ҷумҳурӣ мебошанд. Рассоми ҷавон Мири Мамадалӣ, ки алҳол дар курси сеюми Коллеҷи рассомии кишвар таҳсил дорад, расмҳои солҳои мактабхониашро пешкаш гардонд. Эҷоди вай аз он дарак медиҳад, ки сафи рассомони тоҷик аз ҳисоби ҳамин қабил истеъдодҳо рангин хоҳад шуд. Истеъдодҳои ҷавон Маснавӣ Мафтун, Азиз Барамбеков, Иззатшо Фармонбеков аз мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, Аноил Абдулмаинов аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 низ қобилияти хуби расмкашӣ дошта, дар оянда рассомони хубе хоҳанд шуд. Иштирокчиёни намоиш, ки асарҳои худро пешкаши ҳаводорон гардонида буданд, дар фарҷоми намоиш аз ҷониби Холисамо Саидхонова бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия мукофотонида шуданд. Мамадалӣ БАХТИЁРОВ, ноҳияи Рӯшон

Б. ҚАРАБОЕВ, устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9401), 9 ИЮЛИ СОЛИ 2015


СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА Ҷавон ба ҳусну ҷамоли духтар, ки бо вай дар як муассиса кор мекард, мафтун гашт. Бо вай суҳбат карда, арз кард, ки оиладор шаванд. Ин қарори ҷавон ҳамкорони дигарашро як каме ҳайрон намуд. Чунки ӯ ба зудӣ ва зоҳиран чандон хуб андеша накарда, ба ин хулоса расид. Яке аз ҳамкорони ба мисли худаш ҷавон бо саросемагӣ қарор доданашро хуш напазируфт. Чанд бор таклиф кард, ки саросема нашавад. Мақсадаш дигар буд: ӯ ҳамкоронашро ба ҳам мувофиқ надид. Дид, ки суханаш беасар аст, гуфт:

тар ҳарфи хилоф шунавад. Пасон, ба хотири маслиҳати тағои дӯсташ ва ба хотири худи дӯсташ ба волидон ҳам масъаларо гузошт. Вале онҳо ҳам чандон ба ин азми вай розӣ нашуданд. Модар боре омада, духтари ҳамкори писарашро дид. Гуфт: - Писарам, биё ту фикри издивоҷ бо ин духтарро аз сарат дур кун. Ман бароят духтари боз ҳам зеботар меёбам. Ҷавон розӣ нашуд. Ду моҳ ҳамин минвол гузашт. Ниҳоят,

онҳо издивоҷ карданд, аммо дили модар ки розӣ набуд, ин оиладорӣ дер напоид. Не, модар келинашро таҳқир накард, носазо нагуфт, балки иҷозат дод, ки ҷуфти ҷавон мустақилона зиндагӣ кунанд, шаҳди навхонадорӣ бичашанд. Бо вуҷуди ин, яъне, дар манзили алоҳида онҳо ба зӯр шаш моҳ зиндагӣ карда тавонистанд. Ҷавон дид, ки зиндагии баъди оиладориаш он гунае тасаввур мекард, ҷараён надорад ва ҳамсараш ҳам оне нест, ки қаблан буд. Аз

ин номувофиқатӣ ҳайраташ меомад. Акнун, байнашон зуд-зуд ихтилофи фикрӣ сар мезад. Ҳар қадар кӯшиш мекард, ҳамсарашро фаҳмида ва худро фаҳмонда наметавонист. Аҷабаш меомад. Хориаш мегирифт. Хоҳишу илтиҷои модараш ҳар лаҳза пеши рӯяш ҷилва мекард, маслиҳатҳои омӯзгор ба ёдаш мерасид. “Додарам, ту на танҳо барои худ ҳамсар, инчунин, барои падару модарат келин ҳам мегирӣ. Ҳамсари мегирифтаи ту бо падару модар, хоҳару до-

Андеша кун, то пушаймон нашавӣ!

дар ва апаву акаҳоят ҳам як умр ҳамхонаву ҳамтабақ ва оила мешавад. Ту бояд ин ҷиҳатро ҳам ба инобат бигирӣ”, - гуфтани омӯзгор ба хотираш меомад. Афсӯс мехӯрд... Оқибат, пас аз шаш моҳи дигари оиладорӣ, пас аз моҷароҳои тӯлонии оилавӣ ин оила вайрон шуд. Ҷавонон ҳар яке дар роҳи печидаву ноҳамвори зиндагӣ мустақилона қадам заданро авло шумурданд. Ҷавон ба хориҷ аз кишвар рафт. Баъди ду сол баргашт. Акнун ӯ дар бораи оиладорӣ комилан дигар хел фикр дорад. Аммо ҳоло ҳам эҳсоси пушаймонӣ мекунад. Аз он ки дар бунёди муҳимтарин муассисаи ҳаёт ба саросемагӣ роҳ дод, аз он ки як бахши ҳаёти худу ҳамсари собиқашро бо қароре, ки аз рӯи эҳсос сурат гирифт, ба бод дод... - Мо ҳанӯз фарзанддор нашуда, ҷудо шудем. Ҳоло оилаҳое ҳастанд, ки ду, се ва чор фарзанд доранду ҳаёти оилавиашонро хотима мебахшанд. Рӯи зиндагии муштаракашон хат мекашанд.

- Биё туро назди як шинос мебарам. Суҳбат мекунем, ба ту атрофи оилаву оиладорӣ маслиҳат медиҳад. Аз он ки миёни ин ҳамкорони ҷавон риштаи дӯстӣ ҳам буд, рад накард. Рафтанд. Ҳамкораш ӯро ба назди тағояш бурд. Тағои омӯзгораш. Омӯзгор ҳам чандон солрафта набуд. Аз ҷавонон 10-12 сол калонтар. Онҳо хеле суҳбат карданд. Омӯзгор бисёр суҳбати ширину гуворое дошт. Нақлҳои ҷолиб мекард. Ба ҷавон мегуфт, ки хуб фикр кунад, то мабодо пушаймон шавад. Зеро оиладорӣ кори саҳлу шухӣ нест, он хуб андеша карда, пасон ба хулоса омаданро талаб мекунад. - Додар, ту ҳоло хуб андеша кун, як ками дигар биист. Аз пеши волидонат гузар. Розигии онҳоро ҳам бигир. Агар розӣ шуда, дуоят диҳанд, аз умр барака меёбӣ, зиндагиат бофайзу саодат мегузарад. Ҷавон ҳама маслиҳатҳои омӯзгорро шунид. Ба ҳамааш сар ҷунбонд, тасдиқ кард. Аммо намехост дар бораи издивоҷаш бо дух-

Тифлаконро ятим месозанд. Вой бар ҳоли кӯдакони бегуноҳ, ки қурбони моҷароҳои оилавӣ, қурбони қарорҳои нодурусти замоне аз саросемагӣ қабулкардаи падару модар мешаванд, - мегӯяд ҷавон ва меафзояд: - Ҳоло ҳам шукр, ки мо фарзанддор нашуда, ҷудо шудем. Ҳукми тақдир буд ва албатта раҳмати илоҳӣ, ки моро фарзанддор накарда, ҷудо кард. Вагарна зомини кӯдакон мешудем. Аммо ман аз он шод нестам, ки мо ҷудо шудем, балки издивоҷи мо аз ибтидо нодуруст буд, саҳлангорӣ кардам. Агар ақли ҳозираам мебуд, шояд ин тавр намешуд... Бале, ҷавон дар ибтидо ба ҳусни ҳамсараш шефта гардида, издивоҷ кард. Аз он ки ҳусн тағйирёбанда аст, инсон фиреб мехӯрад. Оила ё хонадон, ки метавонад ба мисли яке аз боғҳои ҷаннат зебову муаттар ва бо файзу осоиш бошад, агар рӯи арзишҳои фанопазир ва тағйирпазир бунёд шавад (яъне, ба ҳусну зебоӣ, пулу мол...), мумкин аст ба яке аз чуқурҳои дӯзах табдил ёбад. Бинобар ин, барои давомнок будани ҳузуру осоиши оилавӣ зарур аст, ки миёни ҳамсарон мутобиқату мувофиқат мавҷуд бошад. Яъне, барои саодати давомнок, пеш аз ҳама, арзишҳои муштараке лозиманд, ки тавонанд ҳамсаронро давомнок дар як муҳит нигоҳ доранд. Инчунин, қарори издивоҷ бояд бар асосҳои мустаҳкаме чун ақлу мантиқ ва машварату маслиҳат қабул гардад... Зимнан, инсон мавҷуди танҳо аз ҷисму ҷасад иборат нест. Балки рӯҳу қалбу ҳиссу шуур, мантиқу идеал ва нисбат ба оянда интизориҳо дорад. Гузашта аз ин, аз оиладорӣ насл ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, касе, ки дар раванди оиладоршавӣ ё издивоҷ қарор дорад, бояд ҳамаи инро ба инобат бигирад. Ба инобат гирад, то мабодо пушаймон шаваду ангушти надомат бигазад. Башир УСМОНОВ, “ҶТ”

Ҳар ки дар поёни коре нангарад... Роҳи зиндагӣ пурпечутоб аст. Баъзан аз рӯи нофаҳмӣ ва ё фитнаву дасисаҳои дигарон миёни зану шавҳар ҷои улфату муҳаббатро нафрату бадбинӣ мегирад. Агар ашхоси дурандешу рӯзгордида ба миён даромада, ҳамсаронро оштӣ диҳанд, хуб, вагарна ин бадбахтиҳо билохира ба ҷудоӣ оварда мерасонад. Гулчеҳра соли 2006 тақдирашро бо Хайриддин пайваст. Ақди никоҳашонро бошад, танҳо соли 2009 дар шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба қайд гирифтанд. Ҳар ду аз зиндагӣ розӣ буда, соҳиби ду духтараки дустрӯяк - Лайлову Шарифа шуданд. Мутаассифона, ба зиндагии онҳо чашм расидагӣ барин, дилхунукие миёнашон пайдо шуду соли 2014 Хайриддин тавассути

телефон Гулчеҳраро талоқ дод. Гулчеҳра баъди чунин ранг гирифтани кор ба хонаи волидонаш ба ноҳияи Сино омад. Дар асоси ҳалномаи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 6 январи соли равон барои таъмини фарзандонаш аз Хайриддин алимент ситонида шуда, ҳалнома мавриди иҷро қарор дорад. Хайриддин ба Гулчеҳра ваъда дод, ки молу мулкашро бе муроҷиат намудан ба суд ба ӯ бармегардонад. Дар маҷлиси ошкорои судӣ, ки моҳи марти соли равон дар бинои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо даъвои Гулчеҳраи Бадриддин оид ба бекор кардани ақди никоҳ баргузор гардид, Хайриддин изҳор намуд, ки дар аввал муносибатҳои оилавии онҳо хуб буда, баъдан байни онҳо якдигарнофаҳмӣ ба миён омад. Хайриддин хоҳиш намуд, ки ақди никоҳи онҳо бекор карда шавад. Ниёкони мо дар ҷудошавии оила шитоб карданро амали нописанд шумурдаанд. Зеро бо андаке хато аз ҳамсаре, ки чандин сол ба як болин сар монда, тақдири худро ба

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9401), 9 ИЮЛИ СОЛИ 2015

ӯ пайвастаӣ, ҷудо шудан на аз оқилист. Дар ин сурат фарзандон аз меҳрубонии яке аз волидон маҳрум мешаванд, яъне, зиндаҷудо мегарданд, ки умре доғи ҷудоӣ дар дилашон мемонад. Аз ин рӯ, маслиҳат додаанд, ки набояд дар ҷудошавӣ шитоб кард. Чунончӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ фармудааст: Шитобу бадӣ кори Аҳриман аст, Пушаймонию ранҷи ҷону тан аст. Нигоҳ доштани солимии оила, ҳифзи ҳуқуқи зан-модар ва кӯдак яке аз масъалаҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Мутобиқи моддаи 22 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баррасии парвандаҳо дар бораи бекор кардани ақди никоҳ суд барои оштӣ додани зану шавҳар тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ 6 моҳ муҳлат диҳад. Аз ин рӯ, Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ваҷҳҳои тарафҳоро муҳокима намуда, бо таъинот аз моҳи марти соли равон

ба ҳамсарон муҳлати шашмоҳаи оштишавӣ пешниҳод намуд. Ҳамчунин, ба иттилои мудири Бахши занон ва оилаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе расонида шуд, ки баҳри оштӣ додани ҳамсарон Гулчеҳраи Бадриддин ва Хайриддин Зарифов тадбирҳо андешад. Фаридуддини Аттор фармудааст: Ҳар ки дар поёни коре нангарад, Оқибат рӯзе пушаймонӣ барад. Умед аст, ки хираду дурандешӣ ғолиб меояду оилае аз пошхӯрӣ ҳифз шуда, кӯдакон аз меҳру навозиши волидайн баробар баҳравар мешаванд. Дилшод АМИНЗОДА, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

P.S.

Ному насаби ҳамсарон тағйир дода шудааст.

7


ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

Ҷои кор ваъда карду кор наёфт Мардуми тоҷик мақоле доранд: «Қавл додӣ, вафо кун, ваъда додӣ, иҷро кун!” Вақте ба ягон шахс кореро ваъда медиҳӣ, ӯ боумед мешавад, ки ту ба аҳдат вафо мекунӣ. Акбар Саломов низ умед дошт, ки шиносаш Мансур Каримов ба ваъдааш вафо намуда, бар ивази маблағи гирифтааш ба ӯ ҷои кор меёбад. Мансур командири шуъбачаи муҳофизати ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буду Акбар дар назди собиқ бозори фурӯши автомашинаҳои шаҳри Душанбе, воқеъ дар шаҳраки Гипроземи пойтахт бо хариду фурӯши автомашинаҳо машғул буд. Моҳи декабри соли 2014 Мансур муайян кард, ки Акбар автомашинаи рангаш сафеди тамғаи “ДЭУСиело”-ро фурӯхтанист. Шиносномаи техникии ин автомашина ба номи Т. Ҷумъаев ном шахс буда, он аз қайди РБДА-и ВКД-и ҷумҳурӣ бароварда шуда буд. Ин имкон медиҳад, ки шахси дилхоҳи ин автомашинаро харидоринамуда онро ё дар РБДА ба номи худ ба қайд гузорад ё бо ҳамин тариқе, ки харид, ба шахси дигар фурӯшад. Мансур бо мақсади бо роҳи фиреб тасарруф намудани ин автомашина ба Акбар гуфт, ки мошин хариданӣ асту ин автомашинаро ба ӯ ба тариқи нася фурӯшад. Акбар, ки аз фиреби ӯ бехабар буд, ба ин пешниҳоди ӯ розӣ шуд. Мансур ваъда дод, ки автомашинаро гирифта, баъди як моҳ арзиши онро ба маблағи 1500 доллари амрикоӣ медиҳад. Баъди чанд рӯз Мансур ба ин мошин харидореро ёфта, онро ба маблағи 700 доллари нақд фурӯхта, маблағи гирифтаашро барои эҳтиёҷи худу рӯзгораш сарф намуд. Дар натиҷа ба А. Саломов бо маблағи 1500 доллари ИМА зарари махсусан калони моддӣ расонд. Пас аз чанд рӯз Мансур боз назди Акбар рафта, хоҳиш мекунад, ки автомашинаи дигари тамғаи “ДЭУСиело”-ро ба ӯ диҳад. Зеро ба ин мошинаш харидор ёфтааст. Акбар ба ӯ бовар намуда, мошинашро ба Мансур дода, арзиши онро 2500 доллари ИМА гуфтааст. Мансур дар Идораи давлатии нотариалии ноҳияи Сино боваринома гирифта, ба маблағи 800 доллари ИМА ба шаҳрванд Ф. Раҳимов фурӯхтааст. Ин маблағро низ ба Акбар надода, барои эҳтиёҷоташ сарф намудааст. Дар натиҷа, ба шаҳрванд А. Саломов ба маблағи 2500 доллари ИМА зарари махсусан калони моддӣ расонд. Илова бар ин, Мансур аз боварии Акбар сӯистифода намуда, ба ӯ ваъда додааст, ки бо пешниҳоди як миқдор маблағ метавонад тавассути шиносҳояш ба вай дар системаи Хадамоти давлатии муҳофиза (ХДМ)-и ВКД-и ҷумҳурӣ ҷои кор ёбад. Барои ин ӯ аз Акбар маблағи умумии 1250 сомониро гирифта, ба ӯ зарари ҷиддии молиявӣ расонд. Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кирдорҳои Мансурро бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ, яъне, тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ, такроран, бо расонидани зарари махсусан калон пешбинӣ менамояд, бандубаст намуд. Суд ҳолатҳои бори аввал содир кардани ҷиноят, кӯдакони хурдсол доштани гунаҳкор, бо сабаби вазнинии шароити зиндагӣ содир кардани ҷиноят, сидқан пушаймон шудан, фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани ҷиноят, бевосита пас аз содир намудани ҷиноят зарари ба ҷабрдида расонидашударо дар давраи тафтишоти пешакӣ пурра барқарор намудааст, аз ҷои зист тавсифномаи мусбат доштан, ягона таъминотчии оила будан, ҷабрдида нисбаташ ягон даъво надоштанашро ба инобат гирифта, ба хулоса омад, ки нисбат ба М. Каримов ҷазоро дар намуди ҷарима ба андозаи 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 58400 сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба мансабҳои давлатӣ дар мақомоти ВКД-и ҷумҳурӣ ба муҳлати се сол таъин намуд. Абдулҳамиди ИСКАНДАРЗОД, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

8

Ҳирс бахбахтӣ овард Дар шароити иқтисоди бозорӣ ҳар кас меҳнат карда, рӯз мегузаронад. Аммо ҳастанд баъзе нафароне, ки мехоҳанд осон соҳиби пулу мол шаванд. Оқибати корро фикр накарда, ба корҳои ғайриқонунӣ даст мезананд. Сайдамир валади Раҳматулло шаҳрванди Афғонистон буда, тахминан миёнаҳои моҳи ноябри соли 2014 дар шаҳри Қундуз бо Саидмирзо вохӯрда, изҳор кард, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор машғул шудан мехоҳад. Бо мақсади ба Тоҷикистон интиқол додани воситаҳои нашъадор хоҳиш намуд барои ӯ аз Тоҷикистон шахси боваринок пайдо намояд. Саидмирзо ба ӯ рақами телефони Эшон ном шаҳрванди Тоҷикистонро, ки тахминан дар ноҳияи Восеъ истиқомат мекунад, дод. Сайдамир бо Эшон дар тамос шуда, мақсадашро баён кард. Эшон, ки мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣҷустуҷӯӣ” ба сифати харидори шартӣ вориди амалиёт шуд, изҳор намуд, ки худ ба муомилоти маводи нашъадор машғул мебошад ва маводро худаш харидорӣ мекунад. Тахминан аввалҳои моҳи декабри соли 2014 Сайдамир аз Амин, сокини улусволии Янгиқалъаи вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, хоҳиш намуд, ки барояш як миқдор маводи нашъадори навъи “ҳашиш” ба тариқи ғайринақдӣ пайдо намояд. Тахминан 10 декабри соли 2014 Амин оид ба дарёф-

ти воситаҳои нашъадор хабар расонд. Сайдамир маводро гирифта, дар манзили истиқоматиаш пинҳон намуд. Бо мақсади амалӣ намудани нияти ғаразноки худ ва созмон додани гурӯҳи ҷиноятпешаи муташаккил ба Ақзар ва Ҳоҷӣ ном шахсони ба тафтишоти пешакӣ номаълум, сокинони улусволии Янгиқалъаи вилояти Тахор, ки бо яроқи оташфишон мусаллаҳ будаанд, муроҷиат карда, оид ба ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо роҳи қочоқ интиқол додани воситаҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон аҳд баст. Сипас, 14 декабр, бо мақсади амалӣ намудани ҷиноят, ду халтаи полиэтилении маводи нашъадорро ба соҳили дарёи Панҷ интиқол дода, дарёро тавассути камера гузашта, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз минтақаи сарҳадии совхози Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ ғайриқонунӣ гузаштанд. Ба ҷои шартии додугирифт ҳозир гардида, аз рӯи нақшаи пешакӣ Сайдамир додугирифти маводи нашъадорро амалӣ намуданӣ шуда, Ақзар ва Ҳоҷиро дуртар дар камин нишонда, таъкид намуд, ки дар сурати вуҷуд доштани хавфу хатар ба

қафо баргаштани ӯро бо истифодаи яроқи оташфишон таъмин намоянд. 15 декабри соли 2014, тахминан соати 2:00 аз ҷониби кормандони ШОҶ РАНМН-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар ҳудуди совхози Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, Сайдамир валади Раҳматулло дастгир шуда, Ақзар ва Ҳоҷӣ муқовимати мусаллаҳона нишон дода, аз ҷои ҳодиса фирор намуданд. Ҳангоми кофтуков аз шаҳрванди Афғонистон Сайдамир валади Раҳматулло 21 килову 632,2 грам воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” ва 605,3 грам “бангдона” ёфт ва мусодира гардид. Тибқи гуноҳи содиркарда ва нишондоди шоҳидон Суди вилояти Хатлон Сайдамир валади Раҳматуллоро бо моддаҳои 200 қисми 4, 335 қисми 2, 289 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 21 (бисту як) сол таъин кард.

Намоз АМОНЗОДА, судяи Суди вилояти Хатлон

Қарздор бародари миёнаравро корд зад Ба аҳди худ устувор будан, ваъдаро вафо кардан, ба некӣ бо некӣ ҷавоб гардондан нишонаи ҷавонмардист. Мутаассифона, дар ҷомеа ашхосе ёфт мешаванд, ки некиро бо бадӣ посух мегардонанд. Сокини маҳаллаи Бини Ҳисораки пойтахт Файзалӣ Одинаев моҳи майи соли 1998 ба воситаи ҳамсинфаш Амриддин Сафаров аз ҳамсояаш Тошбибӣ Раҳимова ба муддати як моҳ 200 доллари ИМА қарз гирифт. Аммо Файзалӣ ин маблағро дар муҳлати муқарраршуда баргардонида натавониста, 9 декабри соли 1998 дар вақти вохӯрӣ бо Т. Раҳимова тариқи хаттӣ бо додани забонхат ваъда намудааст, ки маблағро то фардо бармегардонад. Дар сурати то ин муҳлат надодани қарз барои ҳар рӯзи таъхир 100 доллар хоҳад дод. Баъди ин ваъда низ Ф. Одинаев маблағи қарзро баргардонида натавониста, то моҳи майи соли 1999 ғайб зад. Дар ин муддат Т. Раҳимова аз Амриддин Сафаров, ки дар ин муомила миёнарав шуда буд, баргардонидани маблағашро тақозо намуд. Амриддин ҳамроҳи бародараш Холмурод аз Русия омадани Файзалиро фаҳмида, ӯро дар хонаи тағояш Пирмаҳмад Зайдуллоев ёфтанд. Файзалӣ гуфт, ки маблағи қарзро аз Русия фиристода буду он ҳоло дар хонаи тағои дигариаш дар шаҳри Ваҳдат мебошад. Бояд маблағро аз он ҷо гирад. Амриддин ва Холмурод Дилшод ном шиносашонро, ки мошин дошт, барои ба Ваҳдат рафтан даъват карданд. Азбаски шом фаро расида буд, қарор доданд, ки фардо субҳ ба он ҷо раванд. Аз ин рӯ, қарор доданд, ки ҳар чорашон шаб дар манзили зисти иҷоравии Холмурод, воқеъ дар кӯчаи С. Шерозии пойтахт истанд. Баъди хӯрок хӯрдан то соати 2-и шаб бо ҳам сӯҳбат намуданд. Дилшод ба хонааш рафту пеш аз хоб Холмурод ба Файзалӣ гуфт, ки барои нагурехтанаш дастонашро бо тасма дар сандуқ мебандад. Соати чори субҳи 29 майи соли 1999 Холмурод бо хоҳиши Файзалӣ дастонашро кушод, то барои ҳавои тоза гирифтан ба берун барояд. Файзалӣ дар даҳлез бо корде, ки пинҳонӣ бо худ дошт, ногаҳон ба Холмурод ҳамла оварда, бо 6 зарбаи корд ӯро аз по афтонд. Амриддин, ки дар дохили ҳуҷраи зист хоб мекард, аз садои бародараш бедор шуда, ӯро дар хун оғӯшта дид. Файзалӣ ӯро низ як зарба корд зада, маҷрӯҳ намуд.

Амриддин дари ҳамсояи бародараш Бобохонро, ки духтур буд, кӯфта, ӯро барои расонидани ёрии тиббӣ даъват кард. Бобохон набзи Холмуродро санҷида, маълум кард, ки ӯ бо сабаби захмҳои зиёди дар қисмати дил, шуш, гулӯ ва ғайра гирифтааш фавтидааст. Файзалӣ бошад, аз ҷои ҳодиса гурехт. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Файзалӣ тӯли 15 сол дар Федератсияи Русия гашта, гумон дошт, ки ҷинояти содиркардааш фаромӯш шудааст. Вақте 26 декабри соли 2014 ба Тоҷикистон баргашт, ӯро кормандони милитсия дастгир карданд. Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳаракатҳои Файзалӣ Одинаевро бо қисми 1 моддаи 104 КҶ ҶТ, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои одамкушӣ, яъне, қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар ва моддаи 112 КҶ ҶТ, ки ҷавобгариро барои расонидани зарари сабук ба саломатӣ, ки боиси ба муҳлати кӯтоҳ хароб шудани саломатӣ ё андаке ба таври устувор аз даст додани қобилияти меҳнат гардидааст, пешбинӣ мекунад, бандубаст намуд. Хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршударо аз тарафи судшаванда Файзалӣ Одинаев ба инобат гирифта, суд лозим донист, ки дар асоси моддаи 104, қисми 1 КҶ ҶТ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва бо моддаи 112 КҶ ҶТ ҷазоро дар намуди корҳои ислоҳӣ таъин намояд. Бо татбиқи моддаи 67 қисми 3 ва 69 қисми 1 КҶ ҶТ ба Одинаев Файзалӣ ҷазои ниҳоӣ 10 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шуд. Файзалӣ изҳор намуд, ки аз кардааш пушаймон аст, вале кош ин андешаро пештар мекарду даст ба ҷиноят намезад. Он гоҳ зане аз шавҳар маҳруму кӯдаке аз навозиши падар як умр бенасиб намегашт. Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ фармудааст: Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт, Наздики Худованд бадӣ нест фаромӯш.

А. ҲАМДАМЗОДА, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9401), 9 ИЮЛИ СОЛИ 2015


НИГАРОНӢ

- Тақрибан ду сол пеш дар хонаи мо як намуди шабзод (клоп) пайдо шуд, ки шабона сару рӯй ва бадани одамони хоббударо неш мезанад. Дар натиҷа, ҷои нешзада варам карда, ба хориш медарояд. Ин хориш чанд рӯз идома ёфта, ҷои нешзада дардманд ва доғдор мешавад. Дар аввал шумораи ин ҳашароти хунмак кам буд, вале рӯз ба рӯз зиёд мешуд. Онҳоро дар ҳолати хомӯш будани барқ дар рӯи фаршу гилем, даруни мебелу сандуқ ва ҷевонҳои хона дидан мумкин аст, - мегӯяд Шаҳрбону Эшонова, сокини шаҳри Душанбе, хиёбони Нусратулло Махсум, хонаи 89/3, ҳуҷраи 7. Хонум Шаҳрбону, дар ҳоле чунин мегӯяд, ки дигар наметавонад барои нест намудани ин ҳашарот мубориза барад, чун баъди хокаи махсус задани манзили истиқоматиаш аз ҳашарот раҳоӣ наёфтааст. Ду сол мешавад, ки дигар ба ягон муассисаи дахлдор муроҷиат накард. Ба гуфтаи ӯ, ба ширкатҳое, ки муроҷиат кардааст барои раҳоӣ аз кана ба маблағи аз 100 то 250 сомонӣ талаб намудаанд, вале ин мусоҳиби мо боварӣ ба нестшаваии шабзодро надорад. Зеро имрӯз сатҳи зиндагӣ ва вазъи иқтисодӣ ба ҳама маълум аст ва имконияти пардохти ин миқдор маблағро наёфта, то имрӯз аз заҳри ин ҳашароти хунхор азоб мекашанд. «Бори дуюм, вақте ман ба яке аз масъулони корхонаҳои масъули шаҳр барои кӯмак муроҷиат намудам, бояд маблағи муайян пардохт намоям, ки ин вобаста ба миқдори ҳуҷраҳои хона ҳисоб карда мешавад. Мушкили дигар дар он будааст, ки бо як бор дору пошидан (дезинфексия кардан) шабзод пурра нест намешудааст ва ин амалро бори дуюм низ анҷом додан лозим аст, ки пардохташ 500 сомонӣ мешавад. Барои нест шудани ин ҳашарот омодаам ин маблағро пардохт намоям, вале ба шарти он ки ба пуррагӣ нест шавад. Баъдтар ман огоҳ шудам, ки онҳо кайҳо боз хонаи ҳамсояҳоро зер кардаанду ҳамсояҳо низ аз заҳри ҳашароти хуношом азият мекашанд. Ҳатто як ҳамсоя курпаву болишт ва ашёи зарурии хонаашро, ки дарунашонро кана зер карда буд, бароварда партофт. Ман бо ёрии ҳамсоя

Душанбегиҳо: Дод аз дасти шабзод!

ба як идораи дахлдор муроҷиат намудам. Онҳо ба хонаи мо дору заданд ва гуфтанд, ки дигар ин ҷонвар моро азоб нахоҳад дод. Дар ҳақиқат як муддати муайян нест шуданд, вале боз аз нав паҳн гардиданд», - гуфт Шаҳрбону. Аз гуфтаи истиқоматкунандагони пойтахт бармеояд, ки солҳои охир бархе биноҳои истиқоматии шаҳри Душанберо шабзод (клоп) зер карда, сокинонро ба дод овардааст. Ин ҳашарот дар чанд бинои истиқоматӣ, ки бо сокинонаш сӯҳбат кардем, паҳн гардидааст. Шабзод (клоп) ҳашароте мебошад, ки хун хӯроки асосии ӯ буда, умри дароз дорад, ки ба ин васила босуръат афзоиш меёбад. Мутахассисон мегӯянд, ки маҳви ин ҳашарот бо чанд усул - ҷисмонӣ, механикӣ ва кимиёвӣ ба роҳ монда мешавад. Танҳо усули кимиёвӣ метавонад 100 дар сад ин ҳашароти хунмакро нобуд созад. Дар ҳолати пайдо шудани ин ҳашарот дар манзили зист ё корхона ҳатман ба мутахассисон муроҷиат бояд кард, то онҳо бо роҳи коркарди кимиёвӣ ҳашаротро нест кунанд. Хавфнок он аст, ки шабзод метавонад тариқи хун шахси дигарро сироят намояд. Аксар ҳолатҳое мешавад, ки сокинон бо ҳар усул мехоҳанд ҳашаротро нест кунанд. Вале ба ақидаи мутахассисон беҳтар он аст, сокинони ба афроди махсус, ки ба ин кор сару кор доранд, муроҷиат намоянд, чун дастрас кардани ин доруҳо барои сокинон мушкил ё номумкин аст ва танҳо ба шахсони ҳуқуқӣ иҷозати фурӯши он ҳасту халос. Усмон Ҷумъаев, сармутахасси-

си соҳаи мазкур мепиндорад, ки шабзод на танҳо хуни одамон, балки хуни парандагонро низ макида, умри тӯлонӣ мебинад. Номбурда афзуд, ки шабзод аз рӯшноӣ тарсида, бинобар ин, шабона барои ғизогирӣ ба одамон ҳуҷум мекунад. Ҷумъаев, ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи дезинфексионии ҶДММ «ФАВЗ» солҳои зиёд фаъолият мекунад ва барои маҳви ин ҳашарот чораҳои зарурӣ меандешанд. Аз таҷрибаи кори худ, ки ҳар рӯз ба онҳо даҳҳо сокинон барои раҳоӣ ёфтан аз ин ҳашароти хунмак муроҷиат мекунанд, гуфт, ки бештар вақт шабзод дар ҷойи хоби одамон, паси зертахтаҳои фаршу шифт, гулкоғазҳои даридаву ковок, зери гилему мағзии кӯрпачаҳо, дивану курсӣ, гаҳвора, сандуқ ва дигар ҷойҳои ҳуҷраҳо тухм мемонанду афзоиш меёбанд. Бархе аз истиқоматкунандагон андеша доранд, ин ҳашарот бо ҷиҳоз барои манзили истиқоматӣ вориди хона мешавад. Мутахассисон низ бар онанд, ки шабзод аз як хона ба хонаи дигар ба воситаи мебел, бистар, либос ва дигар ашёе, ки дар онҳо шабзод ё тухми онҳо мавҷуд аст, паҳн мешаванд. «Барои маҳви шабзод химикатҳо ва инсентисидҳои зиёд мавҷуд аст. Ба монанди “Сиперметрин”, “Зетасиперметрин”, “Алфасиперметрин”, “Малатион”, “Лямдосиголотрин” ва даҳҳо номгӯи дигар. Ин доруҳо аз ширкатҳои Русия, Чин, ИМА, Ҳиндустон ба ширкати мо ворид мегарданд, ки аз ҷониби агентии “Тоҷикстандарт” ташхис карда мешаванд ва баъдан барои дезинфексия намудани манзили зисти сокинон иҷозат дода мешаванд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9401), 9 ИЮЛИ СОЛИ 2015

Ширкати мо кафолати нест гардидани ҳашаротро дар манзили зист медиҳад», - гуфт сармутахассиси ширкати мазкур. Сокини дигари пойтахт, Салима Худораҳматовна, истиқоматкунандаи кӯчаи Саъдии Шерозӣ, 75, ҳуҷраи 91, низ аз афзоиши ин намуди ҳашарот нигарон аст. Вай мегӯяд, тақрибан ду сол мешавад, ки шабзод дар бинои онҳо «меҳмон» шудааст. Барои маҳви ин ҳашарот ба мутахассисон муроҷиат намуда, бо доруи махсуси хокамонанд манзили онҳо дезинфексия шудааст, вале баъди чанд муддат ин ҳашарот аз нав пайдо мегардад. Баъди натиҷа надодани дору хонум Салима бо фарзандонаш аз мағоза доруи махсус барои маҳви ҳашарот, манзили худро аз шабзод нест карданӣ мешавад, мутаассифона, ин амал низ натиҷа надодааст. Ду фарзанд, ки ҳамроҳи модар иқомат мекунанд, мегӯянд: «аз дасти ин ҳашарот не шаб хоб мекунем, не рӯз. Тамоми ҷиҳози хона, ки аз чӯб сохта шуда буд, партофтем то хонаи ҳамсояро аз шабзод пур накунем. Вале ҳамсояҳо низ ҳама шабзод доранду аз гуфтан худдорӣ мекунанд. Таҳхонаҳои бино низ пур аз ин ҳашарот аст. Ҳукумати шаҳр бояд дар ин маврид чора андешад ва барои дастгирии сокинон тамоми таҳхонаҳо дезенфексия шавад, он гоҳ шояд ин ҳашарот гум шавад. Вагарна имкони дучори ҳар гуна беморӣ шудан хеле зиёд аст». Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, аҳамияти эпидемиологии ҳашарот, яъне, шабзод аниқ нест, вале дар бадани шабзод барангезандаи касалиҳои хавфноки

сироятӣ нигоҳ дошта мешавад. Ин намуди ҳашарот ба саломатии инсон зарари ҷиддие мерасонад, ки пас аз макидани хун инсон метавонад ба бемории табларза, тиф ва бемориҳои алергетикӣ дучор гардад. Аломатҳои сироятёбӣ аз шабзод, дарди сар, табларза, варамкунӣ дар ҷойи газида мебошад. Сироятёбӣ дар давоми аввали хунмакӣ ба вуҷуд омада, ин заҳр дар бадани шабзод то ду сол боқӣ мемонад. Тавре маълум аст, зиёда аз 30 000 намуди ҳашароти шабзод мавҷуд аст ва аз ҳама зиёд имрӯз шабзоди бистарӣ дучор мегардад. Дар аввал исбот нашуда буд, ки шабзод (постельный клоп) метавонад барангезандаи бемориҳои сироятӣ бошад. Вале чанде пеш кормандони Маркази клиникии эпидемиологӣ ва биостатистикии Мактаби тиббии Прелман Пенсилвани ва Маркази тадқиқотии бемориҳои аз ҳайвонот ба одамон гузаранда дар шаҳри Арекипаи Перу таҳқиқотеро анҷом доданд. Дар таҳқиқоте, ки дар маҷаллаи «American Journal of Tropical Medicine and Hygiene» нашр гардидаст, олимон нақл мекунанд, ки бар асари неши шабзод ба организм барангезандаи бемории “шагас”, бемории хатарноке, ки дар Амрикои Марказиву Ҷанубӣ паҳн гаштааст, ворид мешавад. Ҳар сол аз ин беморӣ аз 10 то 12 ҳазор нафар одамон дар ҷаҳон ба ҳалокат мерасанд. Қаблан чунин меҳисобиданд, ки бемории “шагас” тавассути неши шабзод ва чанде аз намудҳои дигари он ба организм мегузарад, ки онҳо асосан ба атрофи пардаи луобии даҳон неш мезананд ва аз ин рӯ онҳоро «шабзоди бӯсакунанда» меноманд. Мутахассисон барои нест намудани шабзод дар манзили зист пешниҳод мекунанд, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар хона риоя карда шавад. Мунтазам ҳуҷраҳои хона таъмир гардад. Ин як намуди раҳоӣ аз ҳар гуна ҳашарот мебошад. Ин шаҳрвандоне, ки ба редаксияи рӯзнома муроҷиат намуданд, аз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллев ва масъулини шаҳрдорӣ хоҳиш доранд, то дар ҳалли ин мушкилӣ бо ёрии хизматрасонии идораҳои дахлдор ҷиҳати несту нобуд сохтани ин шабзоди хуношом тадбирҳои фаврӣ андешанд. Зеро ин вабое, ки сарчашмааш маълум нест, бошиддат дар шаҳр паҳн шудан дорад ва аз эҳтимол дур нест, ки боиси сар задани бемории сироятие миёни аҳолии пойтахт гардад. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”

9


ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

Корҳои бузург дар пеш аст Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бо назардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2015 ва таъкиди афзалиятҳо барои давраи миёнамуҳлат пешниҳод гардид. Ҳамчунин, дар паёми имсола масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷа баҳри беҳдошт ва некӯаҳволии мардуми кишвар вазифагузорӣ шуд. Дар стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ислоҳоти идораи давлатӣ, пешрафти бахши хусусӣ, ҷалби сармоя ва рушди нерӯи инсонӣ ҳамчун афзалиятҳои миллӣ муайян шудааст, ки барои тавсеа ёфтани озодиҳои иқтисодӣ, густариши ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ, инчунин, афзоиши ҳаҷм ва сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ амалӣ гардонида мешавад. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо назардошти таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи глобаливу минтақавӣ ва бо мақсади пайгирӣ намудани вазифаҳои дар паёмҳои Президенти кишвар муайяншуда, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, пеш аз ҳама, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ мунтазам чораҷӯӣ мекунад. Бинобар ин, зарур аст, ки мушкилоту камбудиҳо сари вақт бартараф гардида, баробари натиҷагирӣ аз иҷрои барномаҳо нақшаи фаъолияти Ҳукумати мамлакат мушаххас гардонида шавад. Зеро соли 2015 шиддат гирифтани вазъи сиёсии минтақаҳои гуногуни олам, таъсири бӯҳрони иқктисодиву молиявии ҷаҳон, ноустувории бозорҳои ҷаҳонии молия ва ашёи хом, инчунин, дигар мушкилот ҳамчун омилҳои манфӣ ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ таъсиррасонанда пешбинӣ мегардад. Сиёсати буҷавии давлат дар давраи миёнамуҳлат баҳри таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии давлат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст. Тавре дар паёми имсола зикр шуд, танҳо дар ҳафт соли охир даромади буҷаи давлат беш аз 4 баробар афзоиш ёфта, пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми он соли 2015 ба 15,3 миллиард сомонӣ расонида шавад. Вобаста ба ин, ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода, имсол бо ин мақсад қариб 8 миллиард сомонӣ равона мешавад, ки ин рақам зиёда аз 50 фоизи хароҷоти буҷаи давлатиро ташкил медиҳад. Инчунин, бо мақсади таъ-

10

мини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла, пардохти музди меҳнат, нафақа, ҷубронпулию кӯмакпулиҳо дар соли 2015 аз ҳисоби буҷа зиёда аз 6 миллиард сомонӣ равона мегардад. Танҳо дар 5 соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷавӣ, аз ҷумла, илму маориф, тандурустиву фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз дуюним то се баробар зиёд гардидааст. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1 сентябри соли равон марҳалаи навбатии зиёдшаваии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷавӣ амалӣ мегардад. Президенти мамлакат дар паёми худ зикр намуд, ки танҳо барои маблағгузории ин чорабиниҳо аз буҷа дар як сол 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ равона мегардад. Энергетика яке аз соҳаҳои афзалиятноку муҳими иқтисодиёти кишвар ба шумор меравад. Солҳои охир барои инкишофи он як қатор тадбирҳо, аз ҷумла, азнавсозиву барқароркунии иқтидори истеҳсолии шабакаҳои интиқоли нерӯи барқ амалӣ шудааст. Тоҷикистон айни замон дар ҳоли рушд қарор дошта, масъалаи пайдо шудани истифодабарандагони нави нерӯи барқ ба миён омадааст. Дар давраи истиқлолият шумораи аҳолии кишвар беш аз 65 фоиз афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаи нав ба вуҷуд омада, садҳо ҳазор манзили истиқоматии нав бунёд шудааст. Илова бар ин, дар ин давра корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ба кор оғоз кардаанд, ки истеҳсоли нерӯи барқи иловагиро тақозо дорад. Пас, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки қувваи барқро самаранок ва сарфакорона истифода намояд. Мувофиқи дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имсол аз 27 феврал реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар минтақаҳои кишвар комилан бекор шуд, ки далели навбатии расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Инкишофи минбаъдаи соҳаи саноат, аз ҷумла, соҳаҳои коркард ҳамчун таъминкунандаи рушди иқтисод аз сатҳи таъминот бо ашёи хоми маҳаллӣ ва истифодаи технологияи муосир вобастагии амиқ дорад. Нақш ва саҳми соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имконияти содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ басо муҳим аст. Дар чунин марҳалаи созандаи кишвар ҳар яки моро лозим аст масъулияти шаҳрвандии худро дучанд намуда, дар раванди ободонии Ватан азму талош намоем. Баҳри иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва самтҳои асосии паёми имсолаи Президенти кишвар тадбирҳои самарабахш андешем. П. МИРЗОЗОДА, судяи Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕҲРНОМА Афлотуни бузург фармуда, ки “андеша самимитар аз ҳарф аст” ва бузургмарди дигаре дарёфта: “Баъзан инсон ба ҳолате дучор мешавад, ки сухан бо ҳама қудрати беназираш наметавонад эҳсосу ҳолати равонии инсонро дар худ биғунҷонад...” Вақте доир ба устод ва шахсияти нотакрорашон мехоҳам тасаввуре кунам, беихтиёр ҳамин андешаҳо зеҳнамро машғул медоранд. Воқеан, андеша самимитар аз ҳарф аст... Он меҳру муҳаббати шогирдона, самимияту эҳтироми беинтиҳоро наметавон бо сухан ифода кард, чун имкон надорад...

Пайкараи садоқат Ба устод ва шахсияти нотакрорашон чун ба пайкараи садоқат муносибат мекунам... пайкараи шукӯҳманде, ки ҳангоми рӯ ба рӯ гардидан эҳсоси гарму гуворое, ҳаяҷону ҳиссиёти саршори эҳтирому арҷгузорӣ ва як навъ кӯшиши эҳтиёткорӣ фарогирам мешавад... Пайкараи бошукӯҳе, ки рамзи садоқат – садоқат ба арзишҳои волои инсонӣ, ойини ҷавонмардӣ, ҳақиқат, принсипи ҳаёт, одамият, муқаддасоти миллӣ, шахсиятҳои барҷаста, касб, устодон... аст. Устод Сангин Гулов. Номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Наздики 25 сол аст, ки ба таълиму тарбияи шогирдон дар факултети журналистика шуғл меварзанд. Ибтидо чун ассистенти кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ ба фаъолият оғоз намуда, пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ вазифаи муовини декан, солҳои 2007-2009 декании факултетро бар ӯҳда доштанд. Устод омӯзгори ба камолрасида ҳастанд, чун ба истилоҳи адиби бузург Толстой: “омӯзгоре, ки ба шогирдон монанди падар муҳаббат дорад, муаллиме, ки дар худ нерӯи муҳаббат ба кору шогирдонро омезиш медиҳад, муаллими комил аст”. Муносибати самимона ва садоқати устод ба касбашон аст, ки маҳбуби қалби ҳазорон ҳазор шогирдон гардидаанд ва ҳеҷ гоҳ симои пурнурашон, ки чун рамзи даврони тиллоии ҳаёт – донишҷӯӣ дар лавҳи хотири онҳо нақш бастааст, зудуда нахоҳад шуд. Ин аст, ки устод тамоми умр барои шогирдон рамзи ҷавонӣ, шодмониву сурур ва хотироти беҳтарини рӯзгор мемонанд... Ҳар як дарси устод олимона, орифона, ошиқона ва ниҳоят зебову хотирмон сурат мегирад. Ҳангоми таҳсил, вақте чӣ гуна ба охир расидани 90 дақиқаро эҳсос намекардем ва ба гумонамон лаҳзаи зебоеро мемонд, фикр мекардам, Худованд устодро маҳз барои омӯзгорӣ офаридааст. Хуш аст, ки ин пешаи басо азиз, муқаддас ва пурмасъулиятро имрӯзҳо низ сарбаландона идома медиҳанд. Устод равоншиноси бузурге ҳастанд, ки дар лаҳзае метавонанд ҳамовои қалбҳо шаванд ва ҳарферо изҳор доранд, ки ҳар нафаре, махсусан, оне, ки қалби пуршӯри ҷавонӣ дорад, дар алоҳидагӣ гумон мекунад, ки ин хостаи қалби ӯст. Хотираи қавию устувор ва шавқу рағбати беандоза имкон дода, ки дунёи маълумот бошанд; пешниҳоди иттилои тозаву аҷиб, ёддоштҳо аз рӯзгори одамони наҷиб, зикри рӯйдодҳо бо санаи дақиқ аз махсусиятҳое ҳастанд, ки дарсҳои устодро ҷолиб мегардонанд. Вақте мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавии устодро мутолиа мекардам, чунин эҳсосе пайдо мегардид, ки устод маҳз ба хотири муҳаққиқӣ ба дунё омадаанд, зеро асосҳои устувор ва мантиқан пурқувват дар дастурҳои таълимиву ёрирасон ва маҷмӯаву мақолаҳои алоҳидаашон равшан ба назар мерасанд... Замоне ки як сухани устод василаи раҳоӣ аз бунбаст ва боз гардидани нуктаҳои сарбаставу чигил мегардид, ба хубӣ дарёфтам, ки устод чӣ сон рисолати бузурги роҳнамоӣ доранд ва онро содиқонаву сарбаландона ба иҷро мерасонанд. Дар назария ва амалияи касб собиқаи зарурӣ доранд ва ин боис гардидааст, ки пайванди амиқи унсурҳоро ба ҳам оварда, меҳри касбро дар қалбҳои шогирдон дучанд гардонанд. Чун парвардаи мактаби профессорон Асадулло Саъдуллоев ва Иброҳим Усмонов журналистикаро чун ниҳоди воҳид мешиносанд ва барои устувории он талош меварзанд. Бузургии устод аст, ки бо фаъолияти бевосита собит намуданд, журналистикаро ба шохаҳои алоҳидаву аз ҳам ҷудо тақсим намудан дуруст нест; эҳёи рӯзномаи донишгоҳӣ ва барқарор намудани нуфузи мақоми собиқаи он, саҳми муносиб дар таъсиси яке аз марказҳои журналистӣ ва маҷаллаҳои муваффақи имрӯз гувоҳи он аст, ки сухани назариявии устод ба амалия пайванди амиқ дорад ва аҳамияту таъсирнокии онро бештар мегардонад. Дар остонаи 50-умин солгарди мавлудашон, ки яке аз зинаҳои камолоти умри инсонист, барои устод танҳо саломатӣ мехоҳам, то ифтихори шогирдӣ насиби ҳазорон ҳазор донишҷӯи дигари факултет гардад ва онҳо тамоми умр ҷилову зебоии даврони тиллоии ҳаётро ба шарофати дарсҳои хотирмону фаромӯшнопазири устод батамом эҳсос намоянд. Боз ҳам... Ифтихори шогирди устод будан бароям як умр беҳтарин эҳсосе хоҳад буд...

P.S.

Хушдил РАҲИМҶОНОВ

Устод Сангин Гуловро ҳайати эҷодии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” низ ба муносибати 50-солагиашон табрику таҳният гуфта, ба ӯ саломатӣ ва умри бобаракат хоҳонанд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9401), 9 ИЮЛИ СОЛИ 2015


ТУРИЗМ

Қалъаи Ҳисор ба Зангибор тааллуқ дорад Сайре дар макони нур Мақбараи Имом Зайналобиддин ба макони сайёҳӣ табдил ёфтааст Дер боз мақбара ва осорхонаи Имом Зайналобиддин ба макони саёҳат табдил ёфтааст. Ҳаррӯза сокинону ихлосмандон аз минтақаҳои кишвар, ҳамчунин, меҳмонони хориҷӣ аз он дидан мекунанд. Дар китоби «Хазинатул Асфиё» омадааст: «Ҳазрати Имом Зайналобиддин соли 659 мелодӣ дар Мадинаи Мунаввара таваллуд шудааст. Волидайнаш Ҳазрати Имом Ҳусайн, соҳибзодаи Алӣ ва набераи Расули акрам Муҳаммад (с.а.в.), модараш Шаҳрбону, духтари шоҳи пеш аз исломи Эрон Кисро Яздигурд буд. Имом Зайналобиддин давраи шаш подшоҳи уммавиро дидааст. Давраи имоматиаш пур аз воқеаҳои муҳими сиёсӣ буд. Мардум ӯро борҳо ба сиёсат ҷалб карданӣ шуданд, вале қабул накард. Дар вақти ҳодисаи Карбало синни ҳазрати Зайналобиддин ба 22 расида, ҳамроҳи падар дар Карбало қарор доштанд, вале бо сабаби носоз будани табиаташон дар ҷанг ширкат карда натавонистанд. Халифаҳои Араб аз пурқувватшавии Имом ба хавф афтида, аз пайи нобуд кардани ӯ мешаванд. Соли 713-и мелодӣ Ҳазрати Имом Зайналобиддин аз тарафи подшоҳ Валид бини Абдумалик бини Марват ба қатл расонида мешавад». Мафҳуми исми Зайналобиддин чунин шарҳ ёфтааст: Зайнал – зиннат ва обиддин - фарде, ки ибодатҳои зиёд мекунад. Аз ин рӯ, ӯро Зайналобиддин мегуфтанд. Ба гуфтаи Назр Қурбонов, директори мақбара ва осорхонаи «Имом Зайналобиддин»-и ноҳияи Ҷиликӯл, пиронсолони макон ривоят мекунанд, ки марқади бузургвор аз асри X то имрӯз расидааст. Вале пажӯҳишу тадқиқоти махсус дар ин самт гузаронида нашудааст. Гунбази мақбара солҳои қабл дар ҳолати нобудшавию аз байнравӣ қарор дошт. Хушбахтона, бо ташаббуси Вазорати фарҳанг соли 2006 тармиму азнавсозӣ оғоз ёфту корҳои реставратсионӣ ба роҳ монда шуд. - Солҳои пеш ҳатто ҷойи нишаст вуҷуд надошт. Аз маблағҳои хайриявии воридшавандаи худи мақбара тавонистем чанд нишастгоҳ барои истироҳат омода созем, - иброз дошт Н. Қурбонов. Барои нигоҳ доштани ёдгориҳои таърихии мақбара осорхона ифтитоҳ ёфт, ки дар он зиёда аз 600 бозёфту нигораҳо ҳифз карда мешаванд. Дар канори рости мақбара масҷид ва пойдевори меҳмонхонаю чойхона ҷойгир аст. Дар канори чап бошад, таҳоратхона ва нишастгоҳҳои истироҳатӣ мавҷуданд, ки дар он метавонанд зиёда аз 70–80 нафар зиёраткунанда истироҳат намоянд. Ба қавли маъмурияти мақбара ихлосмандон аз Эрону Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ба ин макон зиёд ташриф меоваранд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон борҳо мақбараи «Имом Зйналобиддин»ро зиёрат кардаанд. Дастурҳои ӯ буд, ки ин макон ободу зебо гардида, то кунун ободсозиҳо аз ҷониби ашхоси саховатпеша идома дорад. Арчазори сабзу роҳравҳои мумфаршу тоза касро рӯҳбаланд ва хуштабъ менамояд. Дар поёни марқад қабристони бузурге воқеъ аст. Дар қисмати поёнии он кӯлҳо мавҷуд буда, парандагони зиёд меоянд. Саодат Назарова, сокини ноҳияи Ҷ. Румӣ ба макони Имом Зайналобиддин солҳои зиёдест, ки ба зиёрат омадаву бо ихлоси зиёд бармегардад. Саодат иброз намуд, ин ҷо бо нияти дуо гирифтану фотеҳа хондан қадам ранҷа намудаанд. Ҳаррӯза дарвозаи зиёратгоҳ ба рӯи ихлосмандону дӯстдорони мавзеъҳои таърихӣ кушода аст. Мавзеъ мақоми давлатӣ гирифта, аз маркази ноҳияи Ҷиликӯл чандон дур нест.

Ба ақидаи бостоншиносон ва археологон дар минтақаҳои Помири Шарқӣ лашкаркашиҳои азим ба вуқӯъ наомадааст, аммо аз ин минтақа дар замонҳои қадим роҳи калони тиҷоратӣ, яъне Роҳи Абрешим мегузашт, ки муносибати тиҷоратиро байни Осиёи Марказӣ, Ҳиндустону Чин ва Тибет мустаҳкам мекард. Қалъаҳои минтақаи Помири Шарқӣ бо мақсади таъмин намудани бехатарии корвонҳои тиҷоратӣ, ҳимоя ва ҳифз намудани ин роҳ сохта шудаанд. Яке аз онҳо қалъаи Зангибор мебошад, ки дар деҳаи Ҳисор (Асор)-и Ишкошим воқеъ аст. Қалъа ба монанди дигар қалъаҳои асримиёнагӣ дар баландии мушкилгузар қарор дошт. Дар мобайни деҳа кӯҳпора, ки баландии он зиёда аз 20 метрро ташкил медиҳад, ҷойгир мебошад. Қалъаи Зангибор дар баландии ин кӯҳпора қарор дошт. Аз рӯи маълумоти бостоншиноси англис О. Олуфсен, қалъа дар атрофи худ девори ҳимоявӣ бо бурҷу тиркашҳои барои тирандозӣ муҷаҳҳаз дошт. Баландии девори ҳимоявӣ 7 метр ва паҳноии он як метрро ташкил медиҳад. Инчунин, қалъа дорои 12 манора (дидбонгоҳ)-и доирашакл ва росткунҷа будааст, ки дар чор тарафи манораҳо тиркашҳо сохта шуда буданд. Болои кӯҳпора ноҳамвор буда, тарафи шимолу шарқӣ роҳи қалъаро мушкилгузар мекард. Даромадгоҳи қалъа дар тарафи ҷанубу ғарб ҷойгир буда, аз ду тарафи он манораҳо сохта шуда буданд, ки дар он муҳофизон қарор гирифта, даромадгоҳро ҳифз мекарданд. Аз даромадгоҳ то қалъа роҳи борик мерафт ва он ҳам аз ҷониби посбонон муҳофизат мешуд. Аз далелҳо ва маълумоти бостоншиноси рус Зелинский маълум мегардад, ки

дар қисмати ҷанубу ғарби қалъа майдон ва чанд хонаи якранг сохта шуда буд. То солҳои 60-и асри XX боқимондаҳои истиқоматгоҳҳои росткунҷа ва дидбонгоҳҳое, ки дарвозаро муҳофизат мекарданд, намоён буд. Се чоҳи на он қадар чуқур барои нигаҳдории об низ то солҳои наздик вуҷуд дошт. Зеленский аз боқимондаҳои деворҳои ин қалъа дар солҳои 60-уми асри гузашта ба хулосае меояд, ки масоҳати қалъа 450 метри мукаабро ташкил медод. Масолеҳи сохтмонии қалъа сахт ва маҳлули гил ба ҳисоб мерафт. Мутаассифона, имрӯз аз қалъаи Зангибор, ғайр аз нақша ва аксе, ки соли 1899 аз тарафи бостоншиноси англис О. Олуфсен ба навор гирифта шудааст, дигар чизе боқӣ намондааст. Аммо ашёҳои рӯзгордорӣ, ба монанди косаҳои гилин, зарфҳои дегмонанд (9 адад), ҷомҳо (8 адад), зарфҳо (10 адад), хурмаҳои дугӯшаи бо хати уфуқӣ орододашуда (2 адад), лаганчаҳо (5 адад), тағора (3 адад), шоҳкосаҳо ва зарфҳои дудаста (5 адад), косаҳои сирдор (5 адад) боқӣ мондааст, ки ин бозёфтҳо бо рангҳои сиёҳ, сурх, сабзи равшан ва сурхи равшан оро дода шудаанд. Нақл мекарданд, ки Зангибор бародари Қаҳқаҳа ва Замри оташпараст мебошад. Баъд аз шикасти Қаҳқаҳа ва Замр, Зангибор дини исломро бе ҷанг қабул кардааст. Дар бисёр маврид ин қалъаро қалъаи Замр мегӯянд, ки хатост. Чунки аз насли Зангибор ҳоло ҳам дар деҳаи Зонг бо номи авлоди “Бекмамад” зиндагӣ мекунанд ва номи Зангибор дар авлоди онҳо ҳаст. Инчунин, дар деҳаи Ҳисор то омадани сел соли 1988 хонаи авлоди Зангибор вуҷуд доштааст ва дар он хона устоди чорвопарвар Маъруф Сарқаев зиндагӣ мекард. Ин далелҳо исботи онанд, ки қалъаи деҳаи Ҳисор ба Зангибор тааллуқ доштааст. Неъмат МИРБОЗХОНОВ, сокини ноҳияи Ишкошими ВМКБ

ТАРАФИ ҶАНУБИ ҚАЛЪАИ ЗАНГИБОР, КИ АЗ ТАРАФИ О. ОЛУФСЕН СОЛИ 1899 АКСБАРДОРӢ ШУДААСТ

ТАРАФИ ШИМОЛИ ХАРОБАИ ҚАЛЪАИ ЗАНГИБОР, КИ АЗ ТАРАФИ Н. МИРБОЗХОНОВ 9. 01. 2015 АКСБАРДОРӢ ШУДААСТ.

Шаҳноза МИРЗОЕВА, донишҷӯи ДДҚ ба номи Носири Хусрав

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9401), 9 ИЮЛИ СОЛИ 2015

11


ВАРЗИШ

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аз “Равшан” рафт Сармураббии тими “Равшан”-и Кӯлоб Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аз вазифааш даст кашид. Дар ин бора худи ӯ ба торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба қавли ин мутахассиси 50-сола, ҳоло шартномаи фаъолияти ӯ бо ризояти ду тараф пеш аз муҳлат қатъ карда шуд. Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар нимаи моҳи феврали соли ҷорӣ сармураббии дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб таъин шуда буд. Истеъфои Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар чемпионати имсолаи футболи мамлакат нахустин мебошад. Зери роҳбарии ӯ “Равшан” дар қисми аввали чемпионат нуҳ бозӣ кард, ки дар чортои он ғолиб ва дар сетояш мағлуб шуда, ду вохӯриро мусовӣ анҷом дод. Дастаи шаҳри Кӯлоб баъди қисми якуми чемпионат бо 14 хол дар зинаи панҷуми ҷадвал қарор дорад.

Оғози курси FIFA оид ба идорадорӣ 7 июл дар Академияи футболи клуби “Истиқлол”, воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор, курси байналмилалии FIFA оид ба идорадорӣ ва менеҷментӣ оғоз шуд. Дар он роҳбарону мутахассисони шуъбаҳои Федератсияи футболи мамлакат ва намояндагони федератсияҳои футболи минтақавӣ – Душанбе, Хатлон, Суғд, Рашт ва ВМКБ ширкат доранд. Роҳбарии курсро офитсери идораи рушди FIFA дар Деҳлӣ Нодар Ахалкатсе бар уҳда дорад. Нодар Ахалкатсе писари собиқ мураббии машҳури “Динамо”-и Тбилиси ва тими мунтахаби ИҶШС Нодар Ахалкатсе мебошад. Нодар Ахалкатсеи хурдӣ таҷрибаи бойи роҳбарии сохтори футболиро до-

шта, замоне Федератсияи футболи Гурҷистонро сарварӣ мекард. Курсро директори шуъбаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Шавкат Ахмедов оғоз карда, аз ҷумла, чунин қайд кард: “Ба Федератсияи байналмилалии футбол барои дар Тоҷикистон ташкилу баргузор гардонидани чунин курсҳои муфид изҳори миннатдорӣ мекунам. Боварӣ дорам, ки кормандони мо таҷрибаи касбии худро зиёд мекунанд”.

"Мерс" - монеи сафари варзишгарон ба Кореяи Ҷанубӣ 3 июл дар шаҳри Кванҷоуи Кореяи Ҷанубӣ XXVIII Универсиадаи ҷаҳонии тобистона оғоз шуд, ки то 14 июл идома меёбад. Дар универсиада 20 000 донишҷӯ - варзишгар аз 170 давлати дунё аз рӯи 21 намуди варзиш – гимнастикаи бадеӣ, варзиши сабук, баскетбол, ҷаҳиш ба об, фехтование, дзюдо, футбол, гимнастикаи варзишӣ, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, теннис, волейбол, футбол дар об, камонварӣ, бадминтон, бейсбол, голф, гандбол, қайиқронӣ, тирпаронӣ, таэквандо – миёни ҳам рақобат мекунанд. Сафари 73 варзишгари кишвари мо, ки ба универсиада бо

сабаи хуруҷи бемории "Мерс" дар Куриёи Ҷанубӣ лағв гардид. Тибқи хабарҳо аз моҳи май то кунун дар Кореяи Ҷанубӣ вируси "Мерс" ба 184 нафар сироят карда, 33 нафарро куштааст. Варзишгарони мамлакат бори аввал соли 2013 дар Универсиадаи 27-ум, ки дар шаҳри Казани Федератсияи Русия доир гардид, иштирок карда буданд. Ҳайати варзишгар-донишҷӯёни моро 50 нафар ташкил медод. Онҳо дар ин мусобиқа соҳиби 5 медал – 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гардида буданд.

Медалҳои тиллои бародарон Неъматовҳо дар АМА Ёсин ва Абдуллоҳ Неъматовҳо, шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Аморати Муттаҳидаи Араб дар Фестивали варзишии AFOCHS соҳиби медали тилло шуданд. Ин фестивал 3 июл дар шаҳри ҳар сол дар моҳи шарифи Рама- тахти Юнон - шаҳри Афина баранАбудабии АМА баргузор шуда, дар зон аз рӯи чанд намуди варзиш, даи медалҳои тилло шуда буданд. он Абдулло Неъматов дар вазни аз ҷумла, дзюдо баргузор меша- Инчунин, аввали моҳи апрели то 60 кило ва Ёсин Неъматов дар вад. соли равон дар сабқати дзюдо дар вазни 66 кило бар рақибонашон Бародарон Неъматовҳо қаблан Копенҳагени Дания “Copenhagen пирӯз шуданд. низ дар Мусобиқаи ҷаҳонии judo open” соҳиби медалҳои нуқра Фестивали варзишии AFOCHS "ILIOUPOLIS JUDO CUP" дар пой- ва биринҷӣ гаштанд.

Нокомии Муҳаммадмурод дар Муғулистон 3-5 июл дар шаҳри Улан-Батор – пойтахти Муғулистон Гран при оид ба дзюдо миёни мардон ва занон баргузор шуд. Дар он 201 гӯштингир (102 марду 99 зан) аз 35 давлат ширкат карданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа як варзишгар – Муҳаммадмурод Абдураҳмонов намояндагӣ кард. Мутаассифона, ӯ дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал аз паҳлавони Гурҷистон Онис Бугудзе шикаст хурд.

12

Дар ҳисоби даставӣ Муғулистон бо ба даст овардани 18 медал (5 тилло, 3 нуқра, 10 биринҷӣ) ғолиб шуд. Ҷопон бо 8 медал (3-2-3) дар ҷои дуюм ва Чин бо 6 медал (2-2-2) дар мақоми сеюм қарор гирифтанд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9401), 9 ИЮЛИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ ҶАҲОН

Дар олами варзиши №1 хабари аз ҳама муҳим интихоби президенти нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) аст. Ҳоло ҳама гӯш ба қиморанд, ки дар олитарин курсии ин ниҳод кӣ такя мезанад. Расонаҳои варзишии ҷаҳон ахиран аз қасди Диего Марадона, бозингари дар гузашта машҳур ва мураббии футбол барои президенти FIFA шудан хабар доданд. Виктор Моралес, хабарнигори уругвайӣ мегӯяд, “Диего дар FIFA тағйирот карданист, аз ин рӯ, барои президенти ин федератсия шудан талош мекунад. Ӯ дар низоъҳои атрофи FIFA дохил шуданӣ нест, балки бо он мубориза бурданист”. Дар пайи қазияҳои пурсарусадои марбут ба ришвахорӣ дар FIFA 2 июни соли равон Йозеф Блаттер, президенти ин ниҳод аз истеъфои худ хабар дод. Ин истеъфо дар ҳоле буд, ки ӯ тоза барои панҷумин маротиба курсиашро дар ин мақом ҳифз кард. Блаттер аз соли 1998 президенти FIFA буд ва панҷ маротиба дар интихоботҳо пирӯз шуд. Йозеф Блаттер ба дунболи истеъфояш таъкид кард, ки дар қазияҳои коррупсионии FIFA рабте надорад. “Ман танқидҳои боадолатонаро, ки кӯмак мекунанд андеша намоям, ки зарур аст дар оянда тағйир ёбам ё не, хуш қабул дорам. Аммо агар касе маро бар ин асос, ки FIFA фасодзадааст, ришвахор гӯяд, танҳо бо аломати инкор сарамро меҷунбонам. Касе чунин иддао мекунад, бояд дар маҳбас биншинад”, -гуфтааст собиқ президенти FIFA. Қазияи мансабдорони коррупсионери FIFA хеле шӯру шар барангехт ва сабаби истеъфо ва фирори чандин мансабдор гардид. Ин мавзӯъ ҳатто ҳадсу гумонҳоеро бунёд кард, ки умри ниҳоде ба ин бузургӣ поён ёфтааст ва гумон аст, ки он дубора нуфузи қаблиашро соҳиб шавад. Моҳи сипаришуда Интерпол ё полиси байналмилалӣ бо дархости Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастури боздошти шаш масъули FIFA-ро содир кард. Расонаҳо хабар доданд, ки барои боздошти ду мансабдори воломақоми FIFA ва чор корманди аршади он “дастури сурх” дода шудааст ва бахшҳои Интерпол дар ҳама кишварҳои олам масъуланд, ин афродро ҷустуҷӯ ва билофосила дастгир кунанд. Ба феҳристи Интерпол муовинони пешини раиси FIFA Ҷек Уорнер аз Тринидад ва Тобаго ва Николас Леоз аз Парагвай, ҳамчунин, кормандони аршад Алехандро Бурсако, бародарон Ҳюго ва Мариано Хинкис ва Хосе Маргулис шомил шудаанд. 27 май Додситони кулли Швейтсария хабар дод, ки алайҳи чанд нафар аз раҳбарони FIFA бо гумони сӯистифода аз мақом ва шустушӯи пул дар робита ба пардохти “ҷоизаҳо” дар ивази ба даст

FIFA дар интизори роҳбари нав

овардани ҳаққи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар Русия ва Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Аз ин пеш идораи адлияи Швейтсария (FOJ) аз боздошти 7 мақоми FIFA бо дархости мақомоти ИМА хабар дода буд. Инчунин, дар мавриди боздошт ё таҳти пайгард қарор додани чандин масъули дигари FIFA хабарҳо нашр гардид. Моҳи майи соли равон ду тан аз мақоми раҳбарии FIFA парвандаи ИМА алайҳи ришвахории ин ниҳоди варзиширо кори интиқомҷӯёна хонда, гуфтанд, Амрико барои он ин парвандаро боз кардааст, ки FIFA онро мизбони бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2022 интихоб накард. Ҷек Ворнер - муовини пешини раиси FIFA, ки барои ришвахорӣ дар ҷараёни баргузидани кишварҳои мизбони бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар солҳои 1998 ва 2010 боздошт шуд, изҳор дошт, Амрико “талош дорад ба FIFA зарар расонад, зеро мизбони бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2022 на-

шуд”. Йозеф Блаттер, президенти FIFA низ он замон гуфта буд, Амрико ва Британия интиқомҷӯӣ мекунанд. Ӯ зимни як суханронӣ дар Сюрих (Швейтсария) гуфт, “онҳо бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар солҳои 2018 ва 2022-ро зери суол бурдаанд”, зеро худи онҳо низ мехостаанд, ки мизбони ин бозиҳо бошанд. Ба қавли вай, “агар номи ду кишвари дигар аз лифофа берун меомад, мо имрӯз ба ин мушкил рӯ ба рӯ намешудем”. Моҳи майи соли равон Виллиам, шоҳзодаи Британия аз FIFA хост, ислоҳот анҷом диҳад ва ин ислоҳот “ба нафъи бозиҳои одилона бошад ва варзишро дар мадди аввал бигзорад”. Ӯ аз сармоягузорон даъват кард, ба FIFA фишор оваранд, то ислоҳот анҷом бидиҳад. Шоҳзода Виллиам буҳрони FIFA-ро ба моҷарои бозиҳои олимпии Солт Лейк Ситии Амрико муқоиса кард, ки ба дунболи он дар Кумитаи байналмилалии олимпӣ ислоҳот анҷом гирифта буд. Соли 1998 Марк Ҳолдер, узви Кумитаи байналмилалии

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9401), 9 ИЮЛИ СОЛИ 2015

олимпӣ аз Швейтсария чанд нафар узви ин кумитаро ифшо кард, ки барои раъй додан ба ҷонибдорӣ аз шаҳри Солт Лейк Ситӣ дар бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2002 тӯҳфаҳо гирифта будаанд. Аммо баргардем ба номзадҳои мақоми президенти FIFA. Диего Армандо Марадона, ки моҳи октябри имсол ба синни 55 мерасад, ягона номзад ба мақоми президенти Федератсияи байналмилалии футбол нест. Панҷ нафари дигар ҳам қабл аз ӯ изҳор доштанд, ки барои ин курсӣ мубориза мебаранд. Инҳо футболбози собиқи тими миллии Фаронса Давид Жинола, бозингари бразилиягӣ Зико, президенти пешини Анҷумани футболи Кореяи Ҷанубӣ Чон Мончун, шоҳи Урдун Алӣ бин Ал-Ҳусейн ва президенти Анҷумани футболи Либерия Мусо Билитӣ мебошанд. Бино ба хабарҳо интихоботи президенти FIFA моҳи декабри соли равон баргузор мешавад. Дар ҳоле ки ҳадсу гумонҳо дар бораи “кӣ президент мешавад?” гуногун аст, идораҳои букмекерӣ гуфта-

анд, шоҳзодаи Урдун Алӣ ибни Ҳусейн шонси хуби соҳиби курсии аввали FIFA шуданро дорад. Алӣ ибни Ҳусейн дар интихоботи гузашта рақиби аслии Блаттер буд. Контораҳои букмекерӣ мегӯянд, бештари мизоҷони онҳо, 52 дарсад бар инанд, ки шоҳзодаи Урдун президенти нави Федератсияи байналмилалии футбол мешавад. Шонси Мишел Платинӣ, президенти UEFA низ хуб арзёбӣ мегар-

дад. 27 дарсад бар ин будаанд, ки Платинӣ дар курсии президенти FIFA такя мезанад. ЧАНД НУКТА ДАР БОРАИ FIFA Федератсияи байналмилалии футбол, ки 209 федератсияи миллии футбол, футзал ва футболи соҳилиро муттаҳид мекунад, аз бузургтарин иттиҳодияҳои варзишии ҷаҳон аст. FIFA 21 майи соли 1904 дар Париж таъсис дода шуд. Нахустин президенти он Робер Герени фаронсавӣ буд, ки то соли 1906 FIFA-ро роҳбарӣ кард. Аз соли 1906 то 1918 Дэниэл Вулфолл (Англия), аз соли 1921 то 1954 Жюл Рим (Фаронса), аз соли 1954 то 1955 Рудолф-Вилям Селдрейерс (Белгия), аз соли 1955 то 1961 Артур Дрюрӣ (Англия), аз соли 1961 то 1974 Стэнли Роуз (Англия), аз соли 1974 то1998 Жоао Авеланж (Бразил) ва аз соли 1998 то 2015 Йозеф Блаттер президенти FIFA буданд. Нуҳумин президенти он кӣ мешавад, вақт нишон хоҳад дод. Таҳияи МАҲБУБ

13


ЗИКРИ ХАЙР

ЭЪЛОН

АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмуни кушода эълон менамояд: - мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ; - мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Реҳлатҳое ба андеша фурӯбар Нест инсоне, ки ба дунё омадаву наравад. Лекин даргузашти шахсиятҳое чун Соҳиб Табаров, адабиётшиноси маъруф, устоди ниҳоят сахтгиру серталаб, ҳамзамон, хайрхоҳ, миллату ватандӯст, донишманди фидоии илм басо дарднок аст. Дар бораи хизматҳои ӯ бисёр гуфтаанду навиштаанд. Ҳоҷат ба такрор нест. Солҳои донишҷӯӣ на ҳама вақт ҳушу ёдамон банди дарсҳо буд. Устод бошад, донишҷӯёни бепарвою камҳавсаларо хуш надошт. Бо лаҳни сахт, вале ширини куҳистонӣ сарзаниш мекард. Намеранҷидем, барои он ки дарк мекардем, барои фоида, ояндаи худамон падарвор сарзанишамон мекунад. Мехост аз мо оянда мутахассиси хуб барояд ва нафъамон ба миллат бирасад, на ин ки ба хотири диплом таҳсил дошта бошему умри ширини ҷавониамонро беҳуда гузаронем. «Шогирдони бандаи ганда!» Ин буд муроҷиати маъмулии устод. Ёд дорам, ки боре ҳангоми дарс кадоме аз ҳамсабақон ба рафти дарс халал расонд. - Шогирдони бандаи ганда! Шумо даҳ сол дар мактаби миёна, панҷ сол дар университет, ҷамъ 15 сол хонда, одам намешавед. Лекин Максим Горкий нохонда, нависандаи оламшумул гардид, - гуфта буд устод. Хато намекунам, агар гӯям, ки донишҷӯён аз ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ баробар дӯсташ медош-

14

танду эҳтиромаш менамуданд. Ба донишҷӯ аз рӯи фаҳмишу савод, хислату рафтораш баҳогузорӣ мекард. Ба бахти бади тоҷик маҳалгароӣ он замон ба нуқтаи авҷаш расида бошад ҳам, буданд устодоне бо ҳиссу ифтихори баланди миллӣ чун Соҳиб Табаров, Шарифҷон Ҳусайнзода, Мансур Бобохонов, Эргаш Шоев, Шариф Ҷалил… Гапҳое буданд, ки устод Табаровро аз боиси мансубияти маҳаллӣ ва мунаққиди сахт буданаш фишорҳо меоваранду ғам медиҳанд. Ҳоло он ки сирф бо нияту орзуҳои нек, хайрхоҳона асарҳои адибонро интиқод мекард. Онҳое, ки ба нохуни Соҳиб Табаров дар одамияту донишмандӣ баробар намешуданд, соҳиби унвонҳои илмӣ буданду ӯ ҳамоно беунвон ва бе дилсардӣ кори худро давом медод. Онҳо бо унвону асарҳои беарзишашон ба фаромушӣ рафтанду кору номи устод монд. Ба гуфтаи шоири тоҷик Гулрухсори Сафӣ, устод Табаров дар 24-солагӣ узви вобастаи фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва аз ин баъд мавриди “ҳамла”-и, ба қавли ӯ, ҳасудон қарор гирифтааст. Зоҳиран аз ҳама унвонҳову ҷоизаҳо маҳрум шуда, танҳо дар соли 2010 дар соҳаи адабиёти бадеӣ барои наврасон барандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шудааст. Хотираҳои хуби сирф хоси бузургон кам нестанд. Яъне, нисбаташон ҳазлҳои намакин, латифаҳои шӯх, ҳатто ривоятҳо мебофтанд. Ба рафтору гуфторашон тақлиду пайравиҳо менамуданд. Устод Табаров ниҳоят шахси ҷиддӣ буд, ки на ҳар кас баҳс он тараф истад, ба рӯ ба рӯ шудан ба он кас ҷуръат мекард. Бо вуҷуди ин, намехост шогирдонро бисёр эрка ва аз мақсади асосӣ - донишомӯзӣ дур кунад. Дар асл, дили бузургу васеъ дошту акса-

ран бо лабханд аз ҳолати хурсандию қаноатмандии ботинии худ дарак медод. Ҳама медонистанд, ки асари «Таърихи Табарӣ» моли Абӯ Ҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир ал Табарӣ – таърихшинос ва фақеҳи араб мебошад. Бо вуҷуд, аз устод Соҳиб Табаров пурсон мешуданд: «Устод, мегӯянд, ки «Таърихи Табарӣ»-ро шумо навиштаед?» Устод шӯхиро пай бурда, лабханде мезаду чизе намегуфт, чунки медонист, ки инро худи шогирдон хуб медонанду ҳазл мекунанд. Ба ҳамин монанд боз дар ҳаққи устод Табаров ибораи «сӯзанвору табарвор»-ро истифода бурда, бузургию азамати ӯро нишон медоданд. Дар ҳақиқат, устод Соҳиб Табаров соҳиби табари тези танқид ва шуҳрати беандоза дар адабиёти советии тоҷик дошт, ки набудани чунин мутахассисон монанд ба мақоли «Шерро дур дидану майдонро холӣ», имрӯзҳо боиси аз ҳад зиёд шудани асарҳои беарзиш гаштааст. Ҳамроҳ бо ҳамсари бовафою донишмандаш Ванда Яблонскаяи миллаташ поляк, ки тирамоҳи соли 2008 фавтидаю дар ноҳияи Мӯъминобод дафн гардид, фарзандону шогирдони сазоворро ба камол расонданд. Зиндагии якҷояи шахсиашон намунаи беҳтарини оиладорист. Яблонская ҳамчун мутарҷими пурмаҳсул барои адабиёти тоҷикон хизмати зиёд кардааст. Шуҳратӣ (шуҳратпараст) неву балки меҳнатӣ, заҳматӣ буданд. Ҳамин тариқ, 12 апрели соли равон дар 91-солагӣ рӯҳи олими барҷастаи адабиёти тоҷик Соҳиб Табаров бо руҳи ҳамсараш пайваст ва паҳлӯи қабри ӯ ҷой гирифт. Боз бо ҳам шуданд. Рӯҳат шоду манзили охиратат обод бод, устоди азиз! Мирзо РУСТАМЗОДА, «ҶТ»

1. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансабҳои мутахассиси пешбар: - таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ; - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; - кор карда тавонистан бо компютер; - донистани забони давлатӣ. Маоши мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 635 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ. Маоши мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 663 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ. 2. Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансаби мазкур дар Агентии хизмати давлатӣ ва сомонаи агентӣ шинос шаванд. 3. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: - аризаи шахсӣ ба номи директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6); - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 086У); - нусхаи шиноснома. 4. Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентӣ дар муҳлати 14 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар нашрия қабул карда мешаванд. Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33 (назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ), индекс: 734003, телефон/факс: 22402-74, почтаи электронӣ: info@аhd.tj, Веб-сайт: www.аhd.tj Бахши кадрҳо ва коргузорӣ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9401), 9 ИЮЛИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ АҚЛ Манъкардашуда Боѓ - асоси тахаллуси Абулќосими Тўсї

Христианї, насронї

Љамъи олимон

Самбўсаи бањорї

Шабакаи хабарии ТВ-и тољик

Шоир шахси … аст Чанг, ѓубор

Абулќосим ..., шоир

Асбоби нафаскашї дар зери об

Номи пешинаи ширкати Тcell

... Шахси «Нодар воскор ти», камрасотаљринаи ба хабарї

Ќуввањои пешгард

Хато, иштибоњ … Кайф, актрисаи њиндї

Домани кўњ, талу теппа

Ќарори ќатъї

Адл, инсоф Муќобилмаънои «мон»

Муќобили «ист!»

Љовид

Моњишўрбои русї

Зоти мори печон

Сихи хўшаи гандум

Кўли машњури Ќирѓизистон

Рассом, муаллифи "Кабўтари сулњ"

Расонаи хабарии Эрон

Рушд, тараќќї

Воњиди пули Япония

Ибодатгоњи насрониён

Нидои сарбозони рус

Њарфи алифбои арабї

Меваи маъмули мураббогї

Тўњфаи идона

бевиљдон

Пароканда

Онро бину њол пурс

Истиќоматкунанда, бошанда

Пойтахти латишњо

Њамсари Буш

Касе, ки некї мекунад

Абраю …

Шабакаи ТВ дар Русия

… Кароматулло, овозхон

Ќањрамони "Гўрўѓлї"

Тухми моњї Додрас, раиси суд

Саргардонї, сарсонї

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9401), 9 ИЮЛИ СОЛИ 2015

Калимањои њаммаъно

Васфу таъриф

Сарњад

Зафар ..., устоди санъат

... и никоњ, ањднома

Макр, фиреб

Давлат дар Амрикои Марказї

Хонум, бону

… Халилов, ширинкор

Забони мисриён

Зарфи шурбохўрї Тамѓаи либосњои варзишї

Дуэти духтарони овозхони рус

Мусофиркаш ба љойи «Газел»

…-Клод Ван Дамм, актёри Голливуд

Нўшокии спиртї

Атрогин, хушбў

АндоЊиссачаи заи мили яроќ тасдиќї

Садои зоѓ

Бародари Алулак аз «Бузаки љингилапо»

Дўсти испанї

Варзишгоњи №1 дар СССР (Москва)

... Азизов, сароянда

Коргардони машњури кинои шўравї

Нависанда … Истад

Муќобили «борик»

Нотаи дуюми мусиќї

Шањри ќадимаи арманњо Номи ќадимии Амударё

Майдони даврашакли велосипедронњо

Сухан

Чўлоќ

Воњиди вазн

Башарият, тамоми одамон

Обхез, шамолхез

Нобино

Хурофотпарастї

…и Мањмуд, сароянда

Ќитъаи олам

Тўббозї дар об

"Алиф"и юнонї

Бозї дар мулт. «Ну, погоди!» бо чўб

«... маѓзи ибодат»

Пеш аз капитализм меояд

15


ФАРОҒАТ

АКСИ РӮЗ

Лутфи ҷавонӣ Марде аз дӯсташ мепурсад: - Агар интихоб медоштӣ, ҳар субҳ нахуст куҷо мерафтӣ: мактаб, донишгоҳ ё кор? Ҷавоб медиҳад: - Ба боғча...

***

Профессор: - Салом. Мо семинари худро дар мавзӯи “Чӣ гуна дар як рӯз миллион доллар пул кор кардан мумкин”-ро оғоз мекунем. Савол, билети ин семинар чанд буд: Аз зал: - Ҳазор доллар. Профессор: - Дар толор чанд нафар нишастаанд? Яке аз нишастаҳо: - Ҳазор нафар. Профессор: - Умедворам, фаҳмидед. Семинар ба анҷом расид.

***

Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти кишвар соли гузашта бештар писар таваллуд шуда, сафи мардон дар кишвар ба 4 миллиону 224 ҳазор нафар расидааст. Ба иттилои агентӣ таваллуди духтарону писарон аз соли 2000-ум тақрибан баробар буд ва гоҳе духтарон бештар буданд, аммо аз соли 2010 оҳиста-оҳиста таваллуди писарон афзоиш ёфт. Занҳо дар кишвар 4 миллиону 127 ҳазор нафаранд.

Аз профессор мепурсанд: - Дар кишвари мо кай сифати таълим баланд мешавад? Ҷавоб медиҳад: - Ҳамон вақте ки профессор ба дарсҳо бо “Бентли” ва донишҷӯ бо троллейбус меояд, на баръакс.

ЭЪЛОН

АНДАРЗ

Як мушт рег Духтар се моҳ баъди тӯй назди модар омад. Вай бо нафари маъқули дилаш оила барпо карда буд. Медонист, ки шавҳараш ҳам ӯро дӯст медорад. Аммо чизе ӯро ором намегузошт, мисле ки дар зиндагиаш ким-чи ба хости худ ҷараён надошт. Модару духтар дар соҳили дарё нишаста, ғуруби офтобро тамошо карданд. Модар дуру дароз хомӯш монд. Вай медонист, ки беҳтарин ҳадя ба фарзанд гӯш кардани ҳарфи дили ӯст. Вай духтарашро гӯш мекард. Ниҳоят, вақте торикӣ парда кашиду лаппиши оби баҳр гӯё ором гардид, модар лаб ба сухан ҷуфт кард. Дар ҳоле ки нигоҳи кунҷковонаи духтараш ба ӯ духта шуда буд, модар як мушт регро, ки ҳанӯз аз ҳарорати офтоби тамуз гарм буд, ба даст гирифт: - Бубин, духтарам, - гуфт модар. - Он чи ки шумо ҳоло дар даст доред, ҳамааш ҳамин аст: муҳаббат. Мисли донаҳои рег бешумор ва айни ҳол гарм... - Бале, бешумору алҳол гарм. - ҳарфи модарро тасдиқ кард духтар. Модар афзуд: - Шумо бо оиладоршавиатон муҳаббати худро миёни панҷаҳоятон гирифтед. Хостед, ки он миёни панҷаҳои шумо бимонад. Мисли донаҳои рег бешумор бошад ва гарм биистад.

Сипас, модар кафи дасташро оҳиста кушод ва регро нишон дод. - Донаҳои рег ҳоло дар дастам ва онҳоро дошта метавонам. Вай боз дасташро пӯшонд ва реги дар кафаш бударо фишурд. Донаҳои рег аз миёни ангуштонаш рехтан гирифт. - Агар хоҳед, ки муҳаббат ҳамеша дар миёнатон бошаду гарму бешумор боқӣ монад, зинҳор кӯшиши тағйир додани хислату шахсияти якдигарро накунед. Кӯшиш накун, ки ҳамсарат ба ту монанд шавад, духтарам ё ҳамсарат ҳам кӯшиш накунад, ки туро ба худаш монанд кунад. Чун шумо ду шахс, ду хислати алоҳидаед. Вақте кӯшиш мекунед, ки ҳамсаратон ба шумо монанд шавад, ин маънои маҳви шахсият ё хислати ӯст. Бигузор шахсияти шумо, ки муҳаббатро ба каф гирифтааст, мисли пештара боқӣ монад. Дидӣ, масофаи байни ангуштон ки наздик шуд, рег ба рехтан сар кард ва кам гардид? Вақте масофаи байни шахсияти шумо ҳам наздик шуд, муҳаббатон кам мегардад. Муҳаббати шумо то он вақте ки ду шахсияти алоҳидаед, гарму бешумор боқӣ мемонад. Ҳамин ки шахсияти шумо маҳв гардид, муҳаббататон ҳам мисли манорае, ки сутунҳояш шикастааст, нобуд мегардад. Фаромӯш макун, ду сутун

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Шаҳодатномаи фаъолияти соҳибеории соҳибкори инфиродӣ Одинаева Чамангул (РМА 1530020278), ки дар Нозироти андози ноҳияи Варзоб ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи рақами Т-ШТУ №0397070, ки МТМУ №9-и ноҳияи Ҳамадонӣ соли 2010 ба Қурбонбии Ниёзмад додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин, дараҷаи А №0265706, ки 26.04.2010, таҳти №315 дар китоби бақайдгирии Кумитаи замини ноҳияи Қубодиён ба номи хоҷагии деҳқонии “Мавлон” қайд шудааст, эътибор надорад.

дар паҳлӯи ҳам то он вақте ки ба якдигар вобаста нестанд, ба кор меоянд. Дарахтон ҳам чунинанд... дар паҳлӯи якдигар бошанд ҳам, ба якдигар соя намегузоранд... Модар суханашро ба итмом расонда, кафи дасташро нишон дод. Бо фишурдани даст рег аз кафаш рехта, миқдори хеле ками он дар панҷааш боқӣ монда буд. Духтар беихтиёр гуфт: - Ин миқдор барои мо басанда нест... Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

16

Марҳабо Ҷабборӣ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), Бунафша ОДИНАЕВА (муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ

Кооперативи истеҳсолии “Азизмад” (РЯМ 2110001942), ки 28 майи соли 2010 дар Нозироти андози ноҳияи Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. Кооперативи истеҳсолии “Совети олӣ” (РЯМ 2110000714), ки 11 сентябри соли 2009 дар Нозироти андози ноҳияи Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7957 нусха ба нашр расид.

Умаралии САФАРАЛӢ (котиби масъул), Толибшоҳи ДАВЛАТ (муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), • Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Манзумаи ФИРӮЗ, • Наврӯз ҚУРБОНОВ (хабарнигорон), Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд), Раҳим РАФИЕВ, (хабарнигор, Хатлон), Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган

ХУРСАНДҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул).

Шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин, дараҷаи А №0248507, ки 11.05.2010, таҳти №380 дар китоби бақайдгирии Кумитаи замини ноҳияи Қубодиён ба номи хоҷагии деҳқонии “Шоҳназар” қайд шудааст, эътибор надорад.

Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9401), 9 ИЮЛИ СОЛИ 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.