Ҷавонони Тоҷикистон, №27 (9453), 2016

Page 1

Ба исрофкорӣ роҳ надиҳем!

Субҳони Саид ин ҷаҳонро тарк кард

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №27 (9453), 6 июли соли 2016

1

 НАБЗИ ҶАҲОН

Террор ва дин

 ҲАФТ РӮЗ 30.06.2016 Маҳмадамин Маҳмадаминов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ба вазифаи муовини Раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ интихоб шуд. Ба ин вазифа номзадии Чин, АМА ва Ҷумҳурии Корея низ пешниҳод шуда буд. 01.07.2016 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати «Салини Импреҷило» Пиетро Салинӣ мулоқот кард. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар соҳаи гидроэнергетика, хусусан ҳамкорӣ дар сохтмони НБО “Роғун” баррасӣ шуд.

02.07.2016 Дар шаҳри Душанбе миёни Тоҷикистон ва Олмон Шартнома оид ба пешниҳоди кӯмаки молиявӣ (грант) аз ҷониби Олмон ба соҳаи тандурустии кишвар ба имзо расид. Тибқи он Ҳукумати Олмон барои татбиқи давраи 5-уми лоиҳаи «Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ» ба Тоҷикистон кӯмаки молиявӣ пешниҳод менамояд. 03.07.2016 Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи мамлакат оид ба футбол тайёриро ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё, ки моҳи октябри соли равон дар Баҳрайн баргузор мегардад, дар шаҳри Норак оғоз кард.

04.07.2016 Дар шаҳри Еревани Арманистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор шуд. Зимни он масоили мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№27 (9453), 6 июли соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 АФСӮС

е-mail: javonontj@mail.ru

 АХБОРИ ҲАФТА

05.07.2016 Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар арафаи Иди саиди Фитр ба 20 оилаи ниёзманди ноҳия кӯмаки яквақта, аз қабили орд, равған, биринҷ ва картошка расонид. 06.07.2016 Дар ҷумҳурӣ Иди Рамазон таҷлил шуд.


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

2

АХБОРИ ҲАФТА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №27 (9453), 6 июли соли 2016

Ба исрофкорӣ роҳ надиҳем! Паёми табрикии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди Рамазон

Ҳамватанони гиромӣ! Моҳи шарифи Рамазон поён ёфта, Иди саиди Фитр фаро мерасад. Ба ин муносибат кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони кишвар осоишу ободӣ ва хайру баракат орзу менамоям. Мардуми Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ба эҳёи суннату анъанаҳои неки гузашта ва таҷлили иду маросим ва анъанаву суннатҳои милливу динӣ муяссар гардиданд. Ҳар ҷашну маросим ва суннати неки аз ниёгон ба ёдгормонда, ки аз умқи таърих бо беҳтарин хислату арзишҳои инсонӣ ва ҳамроҳ бо рӯҳи устувори миллатамон то ба рӯзгори мо расидааст, нишонаи фарҳанги пурғановат ва рамзи орзуву ормонҳои халқи бостониву фарҳангсолорамон мебошад. Моҳи мубораки Рамазон ва иди саиди Фитр аз ҷумлаи суннатҳои бисёр муқаддаси мардуми мусулмони мо буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ — сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат, бахшиши гуноҳ ва аъмоли хайру созандаро дар худ таҷассум кардаанд. Мардум дар рӯзи ин иди муборак ба анҷоми амалҳои хайр даст мезананд, аз ҷумла ба аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кӯмак мерасонанд ва ба хешу наздикон саломативу хонаободӣ, бахту саодат ва ба ҷомеаву давлати худ суботу оромӣ орзу мекунанд. Одамон иди саиди Фитрро баъди иҷрои яке аз фаризаҳои ислом — рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бо нияти нек истиқбол мегиранд ва кӯшиш мекунанд, ки хурсандии идона насиби ҳама бошад ва файзу савоби он низ ба ҳама баробар расад. Зеро Худованд пас аз як моҳи имтиҳону омурзиш ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон чун рӯзи хурсандиву шодӣ ва шафқату меҳрубонӣ муқаррар кардааст. Моҳи Рамазон рамзи ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа буда, дар масири садсолаҳо дар амри тақвияти эҳсоси дӯстиву бародарӣ, эҳтирому самимият ва ҳамбастагиву ҳамраъйӣ дар байни мардум нақши арзишманд бозидааст. Ин моҳ ва иди Фитр одамонро ба иҷрои корҳои хайру савоб, риояи одобу ахлоқи ҳамида ва дароз кардани дасти кӯмаку ёрмандӣ ба якдигар роҳнамоӣ месозад. Дар ин рӯзи саид аз Парвардигори олам барои мардум ва кишвари худ оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаро-

вониро талаб намудан, нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии ҳамдигар ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохтан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми мусулмони мост. Аз ин рӯ, ҳар яки мо ҳамчун пайравони дини поку мубини ислом, бояд дар ин рӯзи саид бо андешаву нияти нек барои Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон сулҳу субот, амнияту ободӣ, рушди устувор ва барои мардуми он хушҳоливу хушбахтӣ ва зиндагии орому осударо сидқан орзу намоем. Ба даргоҳи Худованд дуо кунем, ки то моҳу иди Рамазони дигар кишвари биҳиштосо ва мардуми шарифи моро дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад. Дар шароити давлати озоди демократӣ ва дунявӣ мо имрӯз имкон дорем, ки таълимоти созандаи дини мубини исломро, бахусус, доир ба тарғиби дӯстиву муҳаббат ва кӯмаку дастгирии байниҳамдигарӣ дар байни тамоми афроди ҷомеа густариш диҳем. Расидан ба қадри неъмат ва ба ҷо овардани шукронаи он аз ҷумлаи фазилату ҳикматҳои ҷовидонии фарҳанги милливу динии мардуми кӯҳанбунёди мо мебошад. Яъне ҳамаи маросиму ойинҳои миллии мо, ба шумули иди саиди Фитр бароямон рамзи барҷастаи шукрона аз неъматҳои истиқлолияту озодӣ, сулҳу субот, оромиву ободии кишвар ва аз рӯйи имону эътиқод дӯст доштани Ватан ба шумор мераванд. Дар ҳақиқат, бузургтарин дастоварди миллату давлати мо, ки албатта, сазовору арзандаи ҳама гуна шукргузорӣ ва қадршиносист, истиқлолияту соҳибихтиёрӣ мебошад. Зеро маҳз ба туфайли он халқи Тоҷикистон имконият пайдо кард, ки Ватани хешро бо дасти худ ва бо заҳмати софдилонаи хеш обод гардонад. Итминони комил дорам, ки ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бо нангу номус дар рӯзҳои иду айём ва ҳамеша бо дарназардошти суннатҳои неки аҷдодӣ ва дар асоси фармудаҳои дини ислом барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу субот, густариши ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ободиву оромии Ватани озодамон ва осудагии ҳар хонаводаи тоҷик кӯшиш менамояд. Ҳар фарди мусулмони мамлакат бояд дар доираи имкон ба шукронаи неъматҳои атокардаи Худованд, аз ҷумла зиндагии орому осудае, ки имрӯз насиби сокинони кишвари соҳибистиқлоламон гардидааст, доим барои анҷом додани амалҳои солеҳу шоиста талош намояд. Масалан, ҳар

як инсони савобҷӯ метавонад дар арафаи иди саиди Фитр ва дар рӯзи ид то адои намоз хайри худро ба бародарону хоҳарон ва хешу таборони наздики ниёзманд, ҳамсояҳо, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муҳтоҷон расонида, соҳиби савобу самараи дучанд гардад. Зеро тибқи фармудаҳои Қуръони маҷид ва пайғамбари ислом маҳз чунин шахсон ба қабули хайру садақа ҳақ доранд. Ҳамчунин, дар дини мубини ислом, бахусус дар байни пайравони мазҳаби ҳанафӣ саъю талош барои сулҳу оромии ҷомеа ва густариши инсофу адолат мақоми баланд дорад. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди мусулмон вазифадор аст, ки зиндагии худро бо эҳсонкориву хайрхоҳӣ ба сар барад, ростқавлу росткор, кушодадилу кушодачеҳра ва саховатпешаву ҳимматбаланд бошад ва ҳамеша аз аъмоли зишт, зулму ситам, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғорат канораҷӯӣ карда, ин амалҳои носавобу ғайриматлубро маҳкум намояд. Бинобар ин, ҳар як фарди мусулмони кишвари соҳибихтиёри моро зарур аст, ки дар баробари иҷрои воҷиботи динӣ, ҳамеша ба хотири таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ саъю талош намояд, ободии Ватани маҳбуб, пешрафти давлати соҳибистиқлол ва оромиву осоиши рӯзгори ҳамватанонро қарзи виҷдониву имонии худ шуморад. Инчунин, зарур аст, ки ҳамватанони мо ва ҳар фарде, ки тақдири сарзамини аҷдодӣ барояш азиз аст, дар навбати аввал, падару модарони арҷманд, аҳли зиё ва шахсони рӯзгордидаву соҳибтаҷриба дар шароити бисёр ноорому пуртазоди ҷаҳони муосир бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Чунонки ҳамватанони азизи мо хуб огоҳанд, вақтҳои охир дар як қатор минтақаву кишварҳои ҷаҳон бо истифода аз номи дини ислом аъмоли даҳшатноки террористиву экстремистӣ ва содир намудани кирдорҳои фоҷиабори асримиёнагӣ вусъат гирифта истодааст. Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ созем ва барои омӯзиши илму дониш, касбу ҳунарҳои замонавӣ ва эҳтирому риояи қонуният ташвиқ намоем. Ҳамчунин, мехоҳам таъкид намоям, ки мо бояд ҳангоми гузаронидани маъракаҳои милливу динӣ, аз ҷумла иди Фитр, ҳамеша сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва ба ҷои оростани дастархони серхарҷу пурдабдаба дастархони маънавӣ ороем. Яъне барои анҷом додани амалҳои нек, панду насиҳати наврасону ҷавонон, кӯмак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайр кӯшиш намоем. Бори дигар тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро ба муносибати фаро расидани иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хурду бузурги кишвари соҳибистиқлоламон тандурустиву хушбахтӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва ободиву рушди Ватани азизамонро орзу менамоям. Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Ихтисоси нав дар Консерваторияи миллӣ Соли ҷорӣ аз 44 нафар хатмкунандаи таҳсили рӯзонаи буҷетии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ба 43 нафарашон дархост ворид гардидааст. Муовини ректор оид ба таълими Консерваторияи миллии Тоҷикистон Бурҳон Сайфиддинов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аз оғози соли таҳсили 2016-2017 консерватория ба низоми нави таҳсилот - кредитӣ мегузарад. Дар консерватория 3 факулта - иҷрокунандагӣ, мусиқии суннатии тоҷик ва санъати мусиқии эстрада мавҷуд аст. Алҳол аз рӯйи 13 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. Аз соли нави таҳсил ба ихтисоси «Бастакории суннатӣ» низ довталабон қабул карда хоҳанд шуд. Бо ин мақсад дар консерватория кафедраи нави «Бастакории суннатӣ ва эҷодиёти халқ» таъсис ёфтааст. Аспирантону устодони консерватория ҳар сол дар макотиби олии касбии Федератсияи Русия, аз қабили Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги шаҳри Москва, Консерваторияи шаҳри Новосибирск, Консерваторияи давлатии Урал, Донишгоҳи гуманитарии иттифоқҳои касабаи Санкт-Петербург ихтисосашонро такмил медиҳанд. - Тамоми устодону донишҷӯён ба консертҳои расмии шаҳри Душанбе, ҷашнҳои ҳукуматӣ ва ҷумҳуриявӣ даъват шуда, бо барномаҳои махсус баромад мекунанд, - гуфт Бурҳон Сайфиддинов. - Инчунин мутахассисон, мусиқишиносон, бастакорон, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён дар барномаи фарҳангии махсуси телевизионӣ низ фаъолона ширкат меварзанд. Иштирок дар чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла ташкили барномаҳои консертӣ дар Боғи «Ирам», майдони «800-солагии Москва», боғи «Дӯстӣ» ва ғайра фаъолияти консерваторияро беҳтар карда, ба баланд бардоштани сатҳи дараҷаи касбии омӯзгорону устодон ва сайқал додани маҳорати донишҷӯён мусоидат менамояд. С. АМИНИЁН


НАБЗИ ҶАҲОН

Ин се мараз ба олами мусулмонӣ бештар асар гузоштааст. Ботлоқи ҷаҳолат барои ташаккули "Алқоида", "Боко ҳаром"-у "Шубоб" ва "Толибон" барин шабакаҳои бадӣ замина муҳайё кардааст. Дардовар он аст, ки фаҷоъати ин гурӯҳҳои террористӣ ба ислом нисбат дода мешавад. Вале оё вақти он нарасидааст, то бипурсем: ҳар нафаре, ки ба сар тоқӣ мегузорад мусулмон аст? Риш ки монд, муъмин мешавад? Ё ҳар зане, ки сатр пӯшид, диндор аст? Не, албатта. Зеро гургро агар пӯсти гӯсфанд ҳам пӯшонанд, гург хоҳад монд. Қассоб, агар хилъати сафед пӯшид, маънои онро надорад, ки табиб аст. Ё хилъати кории муҳандисро ба бар кардани байтор далели ба кори дастгоҳу таҷҳизот сарфаҳм рафтани ӯ нест... Мусулмони террорист (!) Чунин аст, ки агар касе гӯяд, "ман мусулмонам", мусулмон аст. Яъне дар масъалаи ҳувияти динӣ баён ё ифода асос аст. Пас амали ғайриинсонии ҳар мусулмони “расмӣ”-ро ба ислом нисбат додан дуруст аст? Магар террорист мусулмон буда метавонад? Ҷоҳилу мутаассиберо, ки аз аслу арзишҳои дин хабар надорад, аммо шиносномаи мусулмонро ба худ сипар карда гаштааст, мусулмон номидан

Террор ва дин мумкин аст? Фарз кардем 500 гург либоси гӯсфанд пушида, ба даст байрақи гӯсфандонро бигиранд, метавон онҳоро галаи гӯсфандон гуфт? Пас чаро маҷбур мешавем, он авбошҳои бераҳму хунхореро, ки "Ло илоҳа иллаллоҳ"-ро байрақ карда гаштаанд, мусулмон гӯем? Ба ибораи дигар, ҳар киро бунёдаш бад аст, ӯро либоси зебо зиннат намебахшад. Зимнан, ҳаводиси солҳои охири Ховари Миёна баёнгари он аст, ки ин минтақа аз рӯҳи дин батамом бехабар аст. Балки он ба майдоне табдил ёфтааст, ки гоҳе инсонҳо мунофиқвор амал мекунанд, гоҳи дигар дасташон ғарқи хун беибо мегарданд. Вақте мусулмонии зердастон чунин аст, забардаст ҳатман ба Фиръавн ё Намруде табдил меёбад... Барои онҳое, ки бо тақозои сарнавишт дар ин ё он кишвари Ховари Миёна ба дунё омадаанд, дин танҳо як одат ҳисоб мешавад. Одате, ки аз шакл ва зоҳир иборат аст. Яъне онҳо дин гуфта танҳо ба шаклу зоҳир диққат медиҳанд, на ба рӯҳу маънӣ. Барои он ки бодиягарди ҷоҳиланд. Инҳо агар дар ягон мамлакати дигар ба дунё меомаданд, бегуфтугӯ, бо ин хислатҳояшон дузду роҳзан, ғоратгарони бонк ва авбошҳои кӯчагард мешуданд. Вале чун

дар ботлоқи ҷаҳлу бенавоии Ховари Миёна таваллуд шудаанд, танҳо ДИИШ-ӣ мешаванд. Дар Африка ки таваллуд шудаанд, пайрави “Боко Ҳаром” ва авбошиашонро бо дин мепӯшонанд. Акнун бипурсем, ки кадом рафтори ин касалмандони бедаво дар дин ҷой дорад? Оё дар ояҳои Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар (с) муҷозоти бе пурсу пос ҳаст? Ба инсонҳо зулмро раво дидан ҳаст? Оё қатли дастаҷамъонаи инсонҳо ҷо дорад? Худкушӣ ё ин ки худро инфиҷор додан дида мешавад? Оё куштан ва зинда сӯзондани инсонҳоро сарфи назар аз зан ё кӯдак буданашон шоҳид шудаем? Албатта не! Бо ин фармудаи Паёмбар (с) - ҳатто “дар ҷанг ба барҷомондагон, занҳо, кӯдакон, рӯҳониён ва маъбадҳо зарар нарасонед. Дарахтонро насӯзонед! Ҳайвонҳоро озор надиҳед! Ва сарватҳоро хароб насозед”, кадом қатлиоми “Алқоида”-ро шарҳ додан мумкин аст? Паёмбар (с), ки “Ба фасодкории сарбозонатон монеъ шавед. Онҳоро аз зино кардан нигоҳ доред” гуфтааст, ба он дарандаҳои ДИИШ, ки шаҳрҳои зери даст гирифтаашонро хароб, занҳоро таҷовуз мекунанд, чӣ иртиботе дошта метавонад? Он харобкороне, ки

 ФАРҲАНГ

Ҷавондухтарон рӯзгордорӣ меомӯзанд

Фаллуҷаи ин кишвар бо силоҳи кимиёвӣ 5 ҳазор сокини осоиштаро бо шумули кӯдакон, занону пиронсолон ба қатл расонданд, миссиёнерҳои насронӣ набуданд. Миллионҳоро қатл кардани Гитлер ба насроният ҳеҷ дахле надорад. Онҳое, ки бо афкандани бомбаи атомӣ дар Хирошима ва Нагасакӣ риштаи умри 250 ҳазор нафарро канданд, ин бешарафиро ба дастури “10 фармон” (Таврот) анҷом надоданд. Агар ин барои насроният чунин бошад, пас ҷинояти дар дискоклубе дар Орландои ИМА 53 танро қатл кардани як пайрави ДИИШ-ро, ки худаш ҳам муштарии доимии ҳамон дискоклуб будааст, ба ислом алоқаманд гардондан мумкин аст магар? Агар алоқаманд созем, маҳзи беинсофӣ аст! Бале, чунон ки ҷангҳои салибӣ ҳеҷ иртиботе ба ҳазрати Исо (а) надоранд, терроризм ҳам ба ҳазрати Муҳаммад (с) дахле надорад. Хуласи калом ин аст: Он гуна ки дар рӯи Замин инсонҳои фариштахӯ мавҷуданд, қаллобу роҳзантабиатон ҳам ҳастанд. Ҳангоми даст ба ҷиноят задани қаллобу роҳзанҳо ҳар китобе, ки ба дасташон афтод аз он сӯистифода мекунанд. Бетардид лаънат бояд хонд! Агар харобкорони “Боко Ҳаром”, “Алқоида” ва “ДИИШ” дар замони Паёмбари акрам (с) мешуданд, бо эҳтимоли зиёд, дар қатори мушрик ва ё мунофиқон ҷо мегирифтанд. Чаро ки мақсади инҳо на дин, балки истисмори сиёсӣ аст. Балои бузургтарин дар сари исломият ба хотири манфиатҳои худ динро олоти сиёсат кардани инсонҳост. Бетардиду дудилагӣ амалҳои террористиро лаънат хондан бошад вазифаи аслии мусулмонон аст. Мутаассифона, то мусулмонҳо ба арзишҳои ислом мувофиқ зистанро дар умум асос қарор надиҳанд, амали зишти ҳар як мутаассиби харобкор ҳамчун ханҷаре ба синаи исломият халиданро идома медиҳад. Б. УСМОН, “ҶТ”

Даври аввали Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» ҷамъбаст гардид Даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» дар шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ҷамъбаст гардид. Бо сабаби зиёд будани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаҳои ҳунарии шаҳру навоҳии ВМКБ то 20 июл тамдид гардид.

шан, Кӯлоб, Кӯрғонтеппа ва Душанбе низ ба нақша гирифта шудааст, - гуфт Исмоил Шерхонов, сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ. Шералӣ ҶАЛОЛОВ, “ҶТ”

Ба даври дуюми озмун, ки моҳи август дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе баргузор мегардад, шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Кӯлоб, Вахш, Рӯдакӣ, Файзобод, Ҳисор, Тоҷикобод, Роғун ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе роҳ ёфтанд. Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб» чанд сол боз бо ташаббуси Вазорати фарҳанг дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» баргузор мегардад. Соли равон мавзӯъҳои асосии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»-ро намоиши дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил додааст.

www.javonon.tj

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавонон, ҳидояти онҳо ба роҳи рости зиндагӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ташаббуси ҷамъиятии ҷавонон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омода намудани хӯрокҳои миллӣ, маҳорати рӯзғордорӣ ва дигар намудҳои ҳунармандӣ дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар маркази ҷавонони шаҳри Хоруғ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии қаннодӣ ташкил карда шуд, ки 15 нафар духтари ҷавон ҷалб гардиданд. - Иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин чунин курсҳои омӯзишӣ дар марказҳои ҷавонони шаҳрҳои Истарав-

ҳайвонҳоро пахш карда, биноҳоро сӯзонда, марказҳои савдоро таркондаанд, ҳеҷ мумкин аст, ки ба он дастури муқаддаси Қуръон - “Касе ки як нафарро ба ҳалокат мерасонад, гӯё тамоми инсонҳоро куштааст. Касе ки ҳаёти як нафарро наҷот диҳад, гӯё ҳаёти тамоми инсонҳоро наҷот додааст” (5/32) бовар дошта бошанд? Онҳое, ки ба ояти “Ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро намекашад.”(17/15) бовар доранд, ҳеҷ мумкин аст, ки худро “фидоӣ” гуфта, ба баданашон бомба гузоранду инсонҳои бегуноҳро аз зиндагӣ маҳрум созанд? Вале агар рафту худкуш насронӣ бошад чӣ?.. (Албатта, террор ва террорист дин надоранд. Ин нукта борҳо зикр шудааст) Аз ин лиҳоз агар як насронӣ ба террор даст занад, амали зишту нангини ӯро наметавон бо дини насронӣ рабт дода, “террори насронӣ” ё “террористони насронӣ” номид. Брейвик, ки дар Норвегия 77 нафарро ба ҳалокат расонд, ин амалро ба хотири эътиқодаш ба дини насронӣ анҷом надод. Ҳайвонсуратони сербие, ки 50 ҳазор занро таҷовуз намуданд, пайрави ҳазрати Исо (а) набуданд. Онҳое, ки “ба Ироқ демократия меорем” гуфта, ба марги миллионҳо нафар боис гаштанд, онҳое, ки дар шаҳри

3 е-mail: javonontj@mail.ru

Тамоми бадбахтиҳое, ки имрӯз ба сари мардуми сайёра омадан дорад, аз ҷаҳолат, бенавоӣ ва ихтилоф аст. Ба ибораи дигар имрӯз инсоният се душмани асосӣ дорад, ки бояд муқобилаш бо санъат, маърифат ва иттифоқ мубориза барад. Вале афсӯс, ки муборизаҳо чандон чашмрас нестанд ва барои рафъи ин се душмани инсон саъю талошҳо нокифоя мондаанд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №27 (9453), 6 июли соли 2016


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

4

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №27 (9453), 6 июли соли 2016

Шабакаи байналмилалии интернет айни замон як махзани бузургест, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонро дар бар гирифтааст. Ҳар шахс метавонад бо роҳи ҷустуҷӯ аз системаҳои ҷустуҷӯкунанда маълумотеро пайдо намояд, ки соатҳо дар китобхонаҳо дар ёфтани он ранҷ мекашид. Мо имрӯз метавонем дар бораи ҳар як сиёсатшиноси барҷаста, олиму шоир, нависандаҳо ва ҳатто лашкаркашону давлатҳои гуногун ба осонӣ ва бе ҳеҷ харҷи иловагӣ дар ҷои нишасти худ маълумоти заруриро пайдо намоем. Имрӯз деҳқон барои ҳосили хуб гирифтан аз замин, кишоварз барои фурӯхтани ҳосили ғундоштааш дар вақти мувофиқ аз он истифода мебаранд. Нафақагир аз он шод аст, ки мактуби набераи дӯстдоштаашро тавассути почтаи электронӣ аз роҳи дур бе мушкилӣ мехонад. Сайёҳ барои ба як давлат сафар кардан аввал ба воситаи интернет аз вазъият ва боду ҳавои он кишвар огоҳ мешавад баъд тасмими рафтан мегирад. Модар барои тарбияи фарзандаш, кӯмак расондан ба дарсҳои иловагӣ, вазифаи хонагии фарзандаш аз интернет истифода мебарад. Омӯзгор барои гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ маълумотро аз интернет дастрас мекунад. Табиб барои сайқал додани дониши худ рӯ ба интернет меорад. Тоҷир моли худро ба воситаи интернет савдо мекунад... Имрӯз дар дунё 600 миллион нафар аз интернет истифода мебаранд. Магар ин инқилоби воқеӣ нест? Хусусан, ба як қисми муҳими ҳаёти ҷавонони имрӯза табдил ёфтааст. Аксари ҷавонон, хусусан донишҷӯён интернетро ҳамчун сарчашмаи асосии манбаъ, маълумот ва ахбор истифода мебаранд, ҳатто онро ба китобхонаи худ тағйир додаанд. Ҳақиқатан, дар ҷомеаи муосир шабакаи интернет ҳамчун як рукни зарурӣ барои инсонҳост. Аён аст, ки воситаи алоқа ҳар қадар боқувват бошад, барои инсон ҳамон андоза хатарнок мебошад. Бо арраи барқӣ кори зиёдеро метавон иҷро кард, нисбат ба дастарра, аммо ҳангоми кор бо арраи барқӣ боэҳтиёт будан лозим аст. Ба ин монанд, интернет воситаи хеле нерӯманд ва муфид аст. Ин аст, ки интернет низ хатари ҷиддӣ дорад, барои ҳамин, то қадри имкон онро эҳтиёткорона бояд истифода бурд. Инро ба назар гирифта, 40 давлати узви Шӯрои Аврупо шартномаи байналмилалӣ бар зидди ҷинояти кибернетикиро барои ҳифзи ҷомеаи худ тартиб доданд. Кадом омилҳо чунин нига-

рониро ба вуҷуд овардаанд? Аз интернет кадом хатарҳоро метавон интизор шуд, то ки тамоми дунё онро ба назар гирифта, дар хотираи худ нигоҳ доранд? Оё ин маънои онро дорад, ки онҳо дигар аз интернет истифода набаранд? Бо шарофати пешравии техника дар ҷаҳон одамони осӣ домҳои навбаромад ва муосирро истифода бурда истодаанд. Диққат диҳед, имрӯз баъзе аз онҳо барои мусулмонони ҷаҳон хатари ҷиддиро пешниҳод менамоянд. Ин хатар ба Тоҷикистон низ рабт дорад, барои он ки 99 фоизи аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд. Як хатари бениҳоят ҷиддӣ

амалӣ ва чашмӣ» зиёдтар намоянд. Бо ин восита касро чунон устокорона фиреб медиҳанд, ки бехабар мемонад. Боз ҳам ҳамон хориҷиҳо иқрор мешаванд, ки ҳар рӯз наздики 2 миллиард мактубҳои электроние, ки мазмуни порнографӣ доранд, паҳн мешаванд. Баъзе ҳолатҳо ба почтаи электронии шумо мактубҳо бо сарлавҳаҳои ҷолибу диққатҷалбкунанда бе иҷозати шумо ворид мешаванд, ки ба мазмуни ҳақиқии он сарфаҳм рафтан имконнопазир аст. Аммо ҳангоми кушодани мактуб зуд ба чашми шумо аксҳои урёну нимурён намоён мешаванд ва хоҳед нахоҳед онҳоро тамошо

таассуфангез мегардад. Виктор Клайн, табибе, ки садҳо нафари ба ин дом афтодаро табобат кардааст мегӯяд: “Онҳое, ки ба аксу наворҳои порнографӣ зиёд таваҷҷуҳ мекунанд, дар натиҷаи паҳлӯи торики зиндагиашон рӯ мезанад, ки оқибат онҳоро бегона ва аз арзишҳои умуминсонӣ маҳрум месозад”. Ҳамзамон, табибони (гинекологон) машҳури дунё дар натиҷаи таҳқиқоту санҷишҳои чандинсолаи худ ба хулосае

Ҳасан АЗИЗОВ

Хатари интернет Чӣ тавр онро бояд пешгирӣ кард?

ва асосӣ пахши филмҳои бадахлоқӣ (порнография) дар шабакаи интернет мебошад. Ин навъ филмҳо ба соҳибонашон дар як сол 2,5 миллиард доллари амрикоӣ фоида меоранд. Дар давоми панҷ соли охир сайтҳо ва саҳифаҳои веб-порнографӣ қариб 19 маротиба афзудаанд. Тибқи баъзе маълумот, ҳоло саҳифаҳои порнографӣ зиёда аз 260 миллионро ташкил медиҳанд ва шумораи онҳо бо суръати баланд зиёд шуда истодаанд. "Фисқу фуҷур дар интернет чунон паҳн шудааст, ки аз шиносии тасодуфӣ дурӣ ҷустан гумон аст. Ин бошад, вобастагиро ба шаҳвониҳои киберӣ (интернетӣ) боз ҳам бештар мегардонад", - чунин мепиндорад равоншинос Кимберли Янг. Аксар ҳолат шахс фирефтаи ҳаваси шаҳвонии худ мегардад. Барои ҳамин, ба ҳар истифодабарандаи компютер, хусусан, интернет эҳтимоли қурбоншавӣ таҳдид мекунад. Ин нуктаро тоҷирони филмҳои порнографӣ хуб медонанд. Аз ин рӯ, онҳо ҳиллаҳои гуногуни техникиро моҳирона истифода мекунанд, то ки ба воситаи он «майли шахсӣ»-и инсонро ба «майли

мекунед. Дар ин ҳолат инсон дарк намекунад, ки ба он чиз оҳиста-оҳиста дода мешаваду одат мекунад ва баъдан қурбон мешавад. Масалан, чанде пеш дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” чунин номаҳои бадахлоқона пайдо шуда, шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз хидмати “Фейсбук” истифода мебаранд, нороҳат карданд. Шикорчӣ барои ба дом даровардани паранда рӯйи замин донаҳои гандум мепошад. Парандаи зудбовар ҳеҷ чизро дарк накарда, барои хӯрдани донаҳо ба замин мефарояду ба дом меафтад. Тоҷирони бадхоҳ мисли шикорчӣ дар аввал аксҳои зебою диққатҷалбкунандаи урёну нимурёнро ба почтаи электронӣ ва дигар сомонаҳои интернетӣ мегузоранд ва ба ин васила одамони зиёдеро ба дом мекашанд. Фикр мекунанд, ки онҳоро ҳеҷ кас дида наметавонад ва маломату муҳокима намекунад. Вақти дидани аксҳо шаҳват зиёд мешавад ва баъзе касон зуд-зуд ба тамошои аксҳои урёну нимурён мепардозанд. Дар аввал онҳоро эҳсоси гуноҳ нороҳат мекунад, аммо бо гузашти вақт чизе, ки ба назари онҳо даҳшатовар метофт,

омадаанд, ки тамошои зиёди филмҳо ва аксҳои порнографӣ мардро безуриёт мекунад. Яъне, ҳар лаҳзаи тамошои он шаҳвати мард кам шудан мегирад, ки ин дар охир ба безуриётӣ оварда мерасонад. Таъсири тамошои чунин филмҳо, мисли тамошои ҳаррӯзаи бонувоне ҳаст, ки дар тан либосҳои тангу ҷаззоб ва урёну нимурён доранд. Академик Леонид Китаев– Смик дар мусоҳибааш ба нашрияи электронии “Россия барои ҳаёт” (Россия за жизнь) навиштааст: «Яке аз аслиҳаи тавонои қатли ом имрӯз тани урёну нимурён ва тарзи либоспӯшии занон барои мардон аст. Занон дар тан либосҳои тангу ҷаззоби урёну нимурёнро мепӯшанд ва ба ин васила мардонро ҷалб менамоянд. Онҳо ба ин роҳ мехоҳанд мардон бештар ба онҳо таваҷҷуҳ намоянд. Мардон бошанд фирефтаи найранги онҳо гашта, чунин занонро бештар нигоҳ мекунанд ва аз тани урёни онҳо «ҳаловат» мебаранд. Лекин огоҳ нестанд, ки тамошои чунин манзара мардро ба бемориҳои вазнин, бахусус захмҳои табобатнашаванда (аденома), ки баъдан ба бемории саратон оварда мерасонад, гирифтор мегардонад. Ин сафсата ё ин ки нақли як романи ишқию афсонавӣ нест. Ин ҳақиқати ҳол аст. Дар даҳсолаи охир бемории саратон ва аденома дар давлатҳои Аврупо ва Амрико ҳамчун вабо барои мардон гаштааст. Табибон ҳангоми тадқиқот ва таҳлилҳои чандинсолаи худ ба чунин натиҷа расидаанд, ки 80 фоизи мардони аз 60сола болои Амрико аз ин беморӣ фавтидаанд”. Ин олим таъкид кардааст, ки дар ҷаҳони ислом чунин бемориҳо бениҳоят дар мардон кам дида мешаванд. “Медонед барои чӣ ин намуд бемориҳо дар ин давлатҳо қариб ба назар намерасад?, –менависад олим. – На барои он ки дар ин мамлакатҳо тиб рушд кардааст ё сатҳи паст ва баланди зиндагӣ доранд. Хубӣ ё бурди мардони ин давлатҳо дар он аст, ки

бонувони онҳо либосҳои тангу ҷаззоби урёну нимурёнро ба бар намекунанд ва тани нозуки занонаи худро ба намоиши умум намегузоранд. Бо ин роҳ саломатии мардони худро аз гирифтории беморӣ ҳифз менамоянд». Занони Аврупо ва Амрико бошанд, либосҳои кӯтоҳ ва тангро мепӯшанд, ки бадани онҳо намоён аст. Ҳамаи он ба мардон ва шаҳвати онҳо таъсири бениҳоят сахт мерасонад. Тамошои чунин манзара шаҳвати мардро зиёд мекунад. Шаҳвати миёнаи мард дар як рӯз 120 маротиба боло мешавад. Мардон ба ин он қадар аҳамият намедиҳанд. «Аммо вақте мард шаҳваташ боло меравад, ҳаракати хун ҳам дар бадан баланд шуда, андрагенро ба худ қабул менамояд, – мегӯяд академик. – Дар ин ҳолат андрагенҳо бо шумораи зиёд дар хун паҳн мешаванд, ки ба саломатии мард зарари зиёд дорад. Вақте ки шаҳвати мард зиёд мешаваду онро дар ҳамон лаҳза қонеъ накунад, ин оҳиста-оҳиста ба бемории саратон оварда мерасонад». Тани урёну нимурёни намоёни зан имрӯз тамаддуни Аврупо ва Амрико ва ҳатто аҳолии ҷаҳонро ба нестӣ бурда истодааст, ки инро ҷомеа ҳоло чандон дарк накардааст. Ин дар ҳақиқат вабо аст ва барои ҷоемаи тоҷик низ хавф дорад. Зеро пӯшидани либосҳои танг ва нимабраҳна гаштан миёни ҷавондухтарони тоҷик ҳам, ба қавле мӯд шуда истодааст. Пас ҳангоми истифодаи интернет домҳоро фаромӯш накунед! Ҳамеша ҳангоми истифода устувор бошед ва аз ҳар гуна мактубҳои мароқангез ва ҷолиб дурӣ ҷӯед. Агар қатъӣ қарор диҳед, метавонед эмин бимонед. Аз тамошои филму аксҳои порногарфӣ дурӣ ҷӯед! Баъзе одамон тамошои филмҳои бадахлоқӣ хаёл мекунанд, ба онҳо аз тамошои он зараре намерасад. Аммо фаромӯш набояд кард, тамошои чунин филмҳо пардаи эҳсоси гуноҳ ва шармро медаронад. Имрӯз дар ҷомеаи мо аксарияти наврасону ҷавондухтаронро интернет, хусусан, тамошои чунин саҳнаҳо бешарм кардааст. Бархеи онҳо бешармона дар боғ ва дигар ҷойҳои истироҳативу фароғатӣ бо писарон дар рӯзи равшан ба корҳои бадахлоқӣ машғуланд. Чанд сол қабл 4 нафар хонандаи мактаби пойтахт рафторҳои бадахлоқонаи худ (сигор кашидан, бӯсидани ҳамдигар ва ғайра)-ро сабт карда, ба интернет гузошта буданд, ки сарусадоҳои зиёдеро ба бор овард... Падару модар, вақте ба хона интернет мегузаронанд, аз он истифода бурдани фарзандонашонро бояд зери назорати ҷиддӣ бигиранд. Аз зинаи аввал, аллакай аз овони мактабхонӣ бояд ба онҳо этикаи истифодаи дурусти интернетро омӯзонем. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, шумо интернетро оқилона истифода баред ва роҳи бехатарии онро ҷустуҷӯ намоед. Аз ҳар гуна хатарҳо, ки ба ахлоқи шумо таъсири бад мерасонад, худро дур нигоҳ доред. Ба вебсайтҳои порнографӣ ҳеҷ гоҳ дил набандед, ки ба саломатӣ ва рӯҳи шумо таъсири бад мерасонад.


ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №27 (9453), 6 июли соли 2016

Гулбаҳор РАҲМОНОВА

Дар таътил ба куҷо меравед? Фурқати НИЗОМ, донишҷӯ: - Бисёриҳо мехоҳанд, ки истироҳати худро дар беҳтарин осоишгоҳҳои кишвар гузаронанд. Барои ман беҳтарин истироҳат ҳузури волидонам аст. Ҳар тобистон кӯшиш мекунам вақти муайянеро ҷудо намуда, ба деҳ баргардам. Сайру гашт дар кӯҳсорон беҳтарин истироҳат аст бароям. Ба ҳамин васила ҳам хотираҳои кӯдакиро варақ мегардонаму ҳам аз боду ҳавои зодгоҳам нафас мекашам.

Мавҷуда СОҲИБНАЗАРОВА, корманди ташкилоти “Истиқбол”: - Пеш аз ин суолро гузоштан як тадқиқот дар хусуси сабади истеъмолии мардум бояд анҷом дод, то маълум кард, ки маоши мардум ба чӣ мерасаду ба чӣ намерасад. Оё онҳо барои истироҳати худу фарзандонашон маблағи захиравӣ доранд? Аз ин лиҳоз имрӯз дар Тоҷикистон бо вуҷуди он ки манзараҳои зебо дорад ва биҳишти воқеии рӯи замин аст, истироҳат кардан душвор аст.

Фариддун ХАЙРУЛОЗОДА, корманди радио: - Ман табиати Тоҷикистони азизамро зиёд дӯст медорам. Ҳар сол дар ҳамин вақт бо аҳли оила барои истироҳат ба дараи зебоманзари Ромит меравем. Баъзан истироҳатамонро дар Варзоб ҳам мегузаронем. Вале ду соли охир дар тобистон ба хориҷа меравам ва камтар фурсати истироҳат кардан бо волидон дар Ватанро дорам. Имсол ният дорам, ки сафарамро кутоҳтар – ду ҳафта гирам, то барои истироҳат бо волидон фурсат ёфт шавад.

Фарангиcи ФАРМОН, хабарнигор: - Дар хонаводаи мо ҳар нафар мавзеи писандидаи истироҳатии худро дорад. Масалан, падарам дӯст медорад, ки дар осоишгоҳи “Баҳористон” дам гирад, модарам хуш дорад рӯзҳои истироҳатияшро дар деҳаи зебоманзари Ромит гузаронад. Барои ман аслан ҳамаҷои Тоҷикистони азизам писанд аст, аммо бештар дӯст дорам рухсатии меҳнатиамро дар зодгоҳи падарам - деҳаи зебоманзари Каздон гузаронам. Каздон бениҳоят деҳаи зебост, обу ҳавои тоза дорад.

е-mail: javonontj@mail.ru

Ҳамаи мо медонем, ки истироҳат чӣ манфиат дорад. Рӯзҳои дароз мо ҳамеша дар такудав ҳастем. Аз ин рӯ ҷисму рӯҳи мо ба истироҳат ниёз дорад, то қувватамон барқарор шавад. Бисёри кормандону донишҷӯёни дорои касбу кори гуногун дар таътил дар мавзеҳои истироҳатии кишвар ва берун аз он фароғат мекунанд. Аз мусоҳибон пурсидем:

5

Хушдил РАҲИМҶОНОВ, аспиранти ДМТ: Нафарони зиёд истироҳатро мехоҳанд дар мавзеъҳои намоён гузаронанд. Баъзеҳо мехоҳанд, ки таътилро дар мавзеъҳои зебоманзари кишвар ё ягон давлати хориҷа, масалан АМА, Туркия ва ғайра сипарӣ кунанд. Аммо ба назари ман Тоҷикистони азизи мо, ҳама гӯшаву канораш истироҳатгоҳеро мемонад, махсусан кӯҳистонаш. Аз ин рӯ, сафар ба кӯҳистон ҳам сайр аст ва ҳам истироҳат. Агар имкон пайдо шуд ва корҳоям сабуктар гардиданд, кӯшиш мекунам ба зодгоҳам биравам ва чанд рӯзе он ҷо бошам.

 ҶАШН

РБДА 80-сола шуд 2 июли соли равон дар Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии РБДА чорабинии тантанавӣ доир гашт. Дар он Раҳимзода Рамазон, вазири корҳои дохилӣ, Саидзода Маҳмадсаид, сардори РБДА ВКД, Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сардорони раёсат ва хадамоти Дастгоҳи марказии ВКД, собиқадорон, ҳайати шахсии бозрасии давлатии автомобилӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар иштирок доштанд. Саидзода Маҳмадсаид кормандони РБДА-ро ба рӯзи касбиашон таҳният гуфта иброз дошт, ки БДА аз рӯзи таъсисёбиаш то кунун баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, амнияти шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ саҳми босазо гузоштааст ва хоҳад гузошт. Рамазон Раҳимзода низ ҳайати шахсӣ ва собиқадорони Бозрасии давлатии автомобилиро бо ҷашни касбиашон табрик намуда қайд кард, ки “Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳамчун яке

аз шохаҳои муҳими мақомоти корҳои дохилӣ вазифаҳои пурмасъули таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба зимма дорад. Сол то сол бо назардошти рушди ҷамъият, афзун гаштани аҳолӣ ва зиёдшавии шумораи воситаҳои нақлиёт талабот ба таъмини бехатарии ҳаракат дар кӯчаву роҳҳо ва ташкили назорат аз ҳолати техникӣ ва истифодаи дурусти онҳо низ бештар мегардад”. Зикр шуд, ки аз замони таъсисёбӣ то имрӯз БДА боз ҳам рушду такмил ёфта, бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва тамоми шароити корӣ таъмин гардидааст. Дар давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар сохтор, шакл ва тарзи фаъолияти БДА тағйироти куллӣ ворид карда шуда, масъулияти кормандон дучанд гардидааст. Зинатулло Исмоилзода низ кормандони БДА-ро таҳният гуфта, дар кори

кишвар эълон карда буданд, эълон ва бо “Диплом”-и Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва мукофотпулии РБДА қадрдонӣ шуданд. Тавре Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси ИЖТ изҳор дошт, имсол намояндагони 27 васоити ахбори умум маводи худро роҷеъ ба таъмини ҳаракати бехатари нақлиёт дар роҳҳои кишвар ба озмун пешниҳод сохтанд, ки ҳайати ҳакамон 12 нафари онҳоро ғолиб донист: Абдумуъмин Қутбиддинов, Бузургмеҳри Баҳодур аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», Юсуф Дӯстов аз рӯзномаи «Народная газета», Сайфиддин Суннатӣ, хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум», Умаралӣ Сафаралӣ, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», Аҳмадулло Нарзикулов аз рӯзномаи «Паёми Душанбе», Абдумаҷид Ҳакимзода аз шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо», Умари Шерхон аз ҳафтаномаи «Чархи гардун», Абдумудассир Аҳмадзода аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон», Шаҳбоз Норов аз нашрияи «Навниҳол», Кароматулоҳи Аҳмад аз ҳафтаномаи «Нақлиёт» ва Ашраф Одинамадов, сармуҳаррири маҷаллаи «Хорпуштак». Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

www.javonon.tj

пурмасъулашон комёбиҳо таманно намуд. Баъдан аз номи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ва Саидзода Маҳмадсаид, сардори РБДА ВКД барои ҳамкории судманд ва ҳамешагӣ бо ВАО “Сипоснома”-и ИЖТ тақдим кард. Бо фармони вазири корҳои дохилӣ ба як қатор кормандони пешқадами БДА рутбаҳои навбатӣ, медалҳои ҷашнӣ, “Ифтихорнома”-ву “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Инчунин, ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии маҳорати касбии кормандони хадамоти роҳбонии БДА бо унвони «Бозраси беҳтарини Тоҷикистон» сарфароз гардиданд. Дар озмун ҷойи аввалро Бахтиёр Файзуллоев, прапоршики калони милитсия, мақоми дуюмро Фирдавсҷон Назаров, старшинаи милитсия ва ҷойи сеюмро Фаррух Хушвахтов, старшинаи милитсия ишғол намуданд. Миёни дастаҳо бошад, дастаи шуъбаи БДА дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал гардид. Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Роҳи бехатар-2016” низ, ки Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон байни намояндагони ВАО-и


е-mail: javonontj@mail.ru

6

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №27 (9453), 6 июли соли 2016

Одатан дар ҳаёти ҳаррӯзаи хеш маҳсулоти гӯштии хом ё шири ҳайвоноти хонагиро харидорӣ мекунем. Ҳолатҳое мешаванд, ки дар паскӯчаҳо ҳам хӯрданиҳои шириро бевосита аз дасти сокинони чорвопарвар мегирем. Лекин боре ҳам фикр намекунем, ки онҳо то кадом дараҷа барои организми мо хавф доранд. Дар тӯли таърихи башарият мутахассисони соҳаи тандурустӣ касалиҳои зиёдеро ошкор сохтанд, ки маҳз аз ҳайвонот ба инсон мегузаранд. Мувофиқи ақидаи коршиносони тиб брутселёз низ яке аз 100 касалии зооантропонозӣ ё бемориҳое аст, ки аз давраҳои пеш то ҳозир аз ҳайвон ба инсон сироят мекунад. Яъне он дар қатори касалиҳои лихорадкаи эбола, чума, ҳорӣ ва ғайра, ки аз ҳайвон сарчашма гирифтаанд, ба ҳисоб рафта, агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, оқибати ногувор доштанаш аз эҳтимол дур нест. Солҳои охир Ҳукумати кишвар барои аз байн бурдани бемории мазкур дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор муборизаи беамон мебарад. Оид ба пешгирӣ кардани касалӣ, бавижа дар ВМКБ масъулин чораҳои муассиреро ба кор бурда истодаанд. Вале масъала минбаъд ҳам беҳбудии куллиро тақозо дорад. Баҳодурбек Баҳодурбеков, коршиноси Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят аз хусуси сироятёбии брутселёз бо мо иброз дошт, ки ин беморӣ ҳаргиз аз одам ба одам намегузарад. Аммо таҳдиди сироятёбии онро аз тариқи истеъмоли маҳсулоти дар боло зикргардида аз эҳтимол дур намедонад. - Чорводориву молпарварӣ аз фаъолиятҳои хусусии хоҷагидорӣ дар сатҳи вилоят башумор меравад. Вале дар

баъзе ҳолатҳо чорвопарварон амсоли говдӯшзанон, чупонҳо ва ашхосе, ки бо ҳайвоноти хонагӣ сару кор доранд, дастуру қоидаҳои санитарӣ ва беҳдоштиро мувофиқи матлаб иҷро намекунанд. Яъне ҳаррӯза дар вақти ворид шудан ба фермаҳои чорво ё оғилхонаҳо соҳибони ҳайвонот бояд пайваста аз либос ва пояфзоли махсуси гигиенӣ – беҳдоштӣ истифода кунанд. Чаро ки бактерияи касалии брутселёз зарраи микроскопӣ буда, хавфи вижагии он дар вақти наслгирӣ аз ҳайвоноти хонагӣ аст. Дар ин айём, агар чорво сироятёфта бошаду инсон бидуни дастпӯшакҳои резинӣ аъмоли наслгириро иҷро кунад, ӯ бе-

доранд. Дар ҳолатҳои зиёд онҳо мӯинаро бо усули аҷдодӣ, тариқи камонаки дастӣ тоза мекунанд. Маҳз дар ин ҳангом бояд аз айнакҳои махсус ва дигар воситаҳо истифода карда шавад, то ки бактерияи ин беморӣ тавассути чангу ғубор ба пардаи нозуктарини босира ва ҳамчунин узвҳои нафаскашӣ роҳ наёбад. Аммо аз чӣ бошад, ки баъзан сокинон чунин ҳолатҳои пешгирикунандаро нодида мегиранд. - Беморӣ ҳамчунин нишона ё худ аломатҳои сироятёбӣ дорад. Аввалан ҳарорати инсон баланд мешавад ва ӯ аз иштиҳои таомхурӣ мемонад. Дарди банду мушакҳо, дилбеҳузурӣ, сардард бемадорӣ эҳсос мегардад. Дар

ба банду мушакҳо рабт доранд. Ба хотири он ки брутселёзро аз онҳо комилан фарқ кунем, бояд ба духтур муроҷиат намоем. Яъне ба ин касалӣ мубталошудагонро метавон танҳо тавассути гирифтани хун дар озмоишгоҳҳо муайян сохт, тавзеҳ дод Б. Баҳодурбеков. Солҳои пеш мутасаддиёни соҳаи ҳифзи саломатӣ занони ҳомиладору кӯдаконро ба хотири сироят наёфтан бо касалӣ аз чорвопарварӣ эмин нигоҳ медоштанд ва роҳ намедоданд, ки онҳо ба чунин кор банд бошанд. Лекин, мутаассифона, ҳоло дар баъзе хоҷагидории хусусӣ аз кӯҳансолон то кӯдакон ба чунин фаъолият машғуланд ва ҳолатҳое мушоҳида мешавад,

Барои беҳзистӣ талош бояд кард

Ҳангоми истифодаи гӯшту шир эҳтиёт кунем

восита мубталои брутселёз мегардад”. Бар замми ин, гарчанде ки қисми зиёди аҳолӣ дар деҳоту ноҳияҳои вилоят зиндагӣ доранд, ба коркарди пӯсти чорво ё пашми он бештар шуғл

ин вақт лозим аст, ки сироятёфта ҳатман ба духтур муроҷиат кунад. Мисоли бемории мазкур дигар касалиҳо, аз қабили бурсит, артрит, полиартрит, острахандроз, радикулит ва ғайра низ чунин нишонаҳо доранд, ки

ки тифлакон ҳам аз брутселёз сироят меёбанд. Ба гуфтаи Юсуфбек Юсуфбеков, сардори Хадамоти бойтории вилоят, феълан дар ВМКБ ҷиҳати безараргардонии ҳайвоноти сироятёфта кушторхонаҳои махсус бояд фаъолият намоянд. Ҳоло фақат барои сохтмони онҳо аз ҷониби мақомоти маҳаллии шаҳру навоҳӣ ҷой ҷудо гардидааст ва дар ояндаи наздик чунин хонаҳои махсус бунёд хоҳанд шуд. Азбаски чорвои калону майда хусусӣ аст, ҳар нафар ҳайвонро дар ҳавлии худ забҳ мекунад ва дар ин вақт хун ва бозмондаҳои дарунии он рӯи замин мерезанд. Агар чорво қаблан сироятёфта бошад, инфексияи он ба гирду атроф паҳн мегардад. Сипас, дигар ҳайвоноти хонагӣ аз наздикиҳои ин ҷой алафро истеъмол мекунанд ва бо ҳамин ҷода ҳам бемории брутселёз реша медавонад.

 АФСӮС

www.javonon.tj

Субҳони Саид ин ҷаҳонро тарк кард Субҳони Саид, сарояндаи маъруфи кишвар, имшаб дар синни 56-солагӣ ин дунёро падрӯд гуфт. Субҳон Саид чанд соли охир аз бемории қанд ранҷ мекашид. Ӯ соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, таълими 8-соларо дар зодгоҳ мегирад. Таҳсилро дар Омӯзишгоҳи санъати ноҳияи Рӯдакӣ идома медиҳад. Солҳои 1979 то 1981 хидмати сарбозиро дар шаҳри Маскав адо мекунад. Фаъолияти меҳнатиро баъд аз аскарӣ дар шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор ба ҳайси киномеханик оғоз менамояд. Солҳои 1983 то 1985 дар ҳайати ансамбли эстрадии “Суғдиён” ба фаъолият мепардозад. Соли 1986 барои кор ба дастаи ҳунарии “Ганҷина”-и Филармонияи давлатӣ даъват мешавад. Аз соли 1993 то соли 2008 роҳбарии дастаи ҳунарии “Гулшан”-ро бар уҳда дошт. Муаллифи даҳҳо оҳангу сурудҳои эстрадӣ ва мардумист. Соли 2003 дар озмуни сартосарӣ миёни овозхонҳои эстрадаи тоҷик бо касби мақоми аввал “Ситораи сол” эълон мешавад. Оиладор, соҳиби 7 писар.

Машҳур ИМОМНАЗАРОВ Ҳамзамон дар вилоят чарогоҳи алоҳида барои чорвои касал нест, ки дар он ҳайвоноти сироятёфта зуд ошкор карда шаваду нигоҳубини махсуси онҳо аз ҷониби мутахассисон сурат гирад. Агар солҳои пеш ҳолатҳои сироятёбӣ аз касалии мазкур танҳо дар ноҳияҳои Дарвоз, Мурғоб ва Шуғнон ба қайд гирифта шуда буд, феълан ғайр аз Ишкошиму Рӯшон вазъи мубталошавӣ ба он қариб дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят аз ҷониби коршиносон ошкор гардидааст. Дар шаҳри Хоруғ теъдоди чорво кам бошад ҳам мутахассисон онро сари вақт аз ташхис мегузаронанд. Аммо бо вуҷуд воридоти маҳсулоти хоми шириву гӯштӣ аз деҳаҳои дуру наздик беҳбудӣ ва назорати ҷиддиро тақозо дорад. Яъне агар дар дохили бозори марказии вилоят ва дукону мағозаҳои гирду атрофи он назорати масъулин аст, дар кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр низ фурӯши чунин маҳсулот бояд сахт зери назорат қарор гирад. - Камбуди дигари масъала он аст, ки бештари сокинон ҳайвоноти хонагиро мувофиқи муқаррарот ба қайди суғуртаи давлатӣ номнавис намекунанд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки оид ба ин паҳлӯи заминаи ҳуқуқӣ бояд механизми мушаххас аз ҷониби масъулин роҳандозӣ шавад, - мегӯяд Б. Баҳодурбеков. - Ҳоло нафароне ҳам ҳастанд, ки ҳатто дар давраи собиқ шӯравӣ сироят ёфтаанду тасодуфан бо нияти бемории дигар ба касалхона даромаданӣ мешаванд. Фақат баъди гирифтани хун ва ташхиси тиббӣ муайян мегардад, ки шаҳрванд дорои бемории брутселёз асту он ба касалии музмин табдил ёфтааст. Аз соли 2010 пойгоҳи муқтадири маълумотиро рӯи кор овардем ва тамоюли болоравии беморӣ воқеан мушоҳида шуд. Лекин ҳозир дар қиёс бо солҳои пеш агар гирем, сатҳи сироятёбӣ аз брутселёз ба андозае коҳиш ёфтааст, - хулоса кард Баҳодурбек Баҳодурбеков.


КИШВАРШИНОСӢ баробари ин, пурра аз товасанги яклухт иборат мебошад, ки хеле мушкилгузару хатарнок аст. Ба ҷуз ин, ҳайбату ваҳмангезии ғор албатта ба рӯҳияи кас бетаъсир намонда, ӯро зуд хаста мегардонад. Дар чунин ҳолату ҷой ба кас ҳар воқеа рух доданаш мумкин. Он асосан аз ду товасанги сафед ва андаке сурхчатоби азим иборат аст. Товасангҳо байни худ тарқиш – ковокии баландиаш дар чашм аз 2 то 5 метр доранд. Ман товасанги болоиро шартан «шифт» гуфтаму поёниро «фарш». Паҳлӯҳои «шифт» пасттару байнаш баландтар аст. Кас гумон мекунад, ки он махсус ҳамин тавр сохта шудааст. Рӯйи «фаршу шифт» нақшҳои пушти сангпуштро ба ёд меоранд, аммо, пастию баландиҳояшон -

ғор ҳам қатраҳои бисёр зулоли об мечаканд. Ғор аз даромадгоҳ то дарунтар гӯё пешайвони баланд дорад. Аз ҷиҳати васеъгии даромадгоҳаш ба он равшании хеле зиёд медарояд. Аммо, он равшании хеле зиёд ҳам қудрат намекунад, ки то охири ғор рафта бирасад. Бо ин сабаб фаҳмида намешавад, ки тӯли он чӣ қадар бошад. Аммо арзаш, ки тақрибан 80100 метр аст, хуб дида мешавад. Дар тарафи чапи ғор хоки намноки сурхчатоб аст, ки зоҳиран хоки такшоншудаи селобаро ба ёд меорад. Миқдори он хеле зиёд буда, аз қисми болои ғор, ки охираш номаълум аст, қад-қади «девори» чап то даромадгоҳ тӯл кашидааст. Дар хусуси қатраҳои оби аз «шифт» чаканда ва шояд аз онҳо

Чилтан

об табдил ёфта, ба поён мечаканду хоки қад-қади девор ҷамъшударо намнок мегардонад. Агар ин ду тахминро дар мизони ақл гузорем, охиринаш вазнинтар шуда, ба воқеият наздикӣ мекунад. Ман бо машаққат аз болои хоки тасвиршуда гоҳ ба таёқ такя кардаю гоҳ гаҳваккашон то қисмати чапи ғор, яъне то он ҷое, ки рушноӣ мерасад, рафтаму халос. То андозае, ки имкон буд, суратгирӣ ҳам кардам. Аммо, бо сабаби бисёр мушкилгузару хатарнок буданаш ба ҷойҳои дигари он, аз ҷумла ба қисмати росташ рафта натавонистам. Қувватам нарасид. Вале, қисме аз бачаҳо – Абдусалому Қурбонмурод ва Муҳаммадзоҳир рафтанд. Бо хоҳиши ман суратгирӣ ҳам кар-

Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ

Чаро ҳазорон сол боз мардум аз он бим мекунанд? (пажӯҳиш)

намнокшавии хоки даруни ғор андеша чунин аст: Азбаски дар болои боми ғор – рӯйи товасанги хеле азим камубеш хок мавҷуд аст ва дар он сабзаю гиёҳҳо ва буттаю дарахтон сабзидаанд, гумон дорам, ки обҳои табиӣ аз қабати хок мегузаранд ва ба тарқишҳои тоба дохил шуда, баъд аз тагаш ба шакли қатраҳо мечаканд. Лекин, боз фикри дигар он аст, ки муқобили ин фикр мебошад: Агар обҳои табиӣ аз қабати хок гузашта, ба тарқишҳои тобасанг дароянд, дар он сурат имкон дорад, ки на ҳамаи онҳо аз таги тоба гузашта, ба «фарш» ё рӯйи хок бичаканд. Дар ин сурат обҳои боқимондаи даруни тарқишҳо дар зимистон ях карда, тобаро мекафонанд ва ҳатто пора-пора мекунанд. Чун ягон хел кафишро аз таги тоба, яъне дар танаи «шифти» ғор мушоҳида накардем, ногузир тахмини дигар пайдо шуд: Шояд, ки «шифти» ғор дар натиҷаи аз берун даромадани ҳавои гарм ва салқинии, ҳатто хунукии танаи санг («шифт») арақ мекунад ва баъд он арақ ба қатраҳои

Шукр, мо ҳама аз ғор баромадему дар даромадгоҳи он хеле дам гирифта, атрофи дидаҳоямон ибрози андеша намудем. Бачаҳои ба қисми рости ғор рафта нақл карданд, ки даруни тангнои дидаашон кӯршабпаракҳои калон-калон ва парастуҳои даштии бисёрро мушоҳида кардаанд. Аммо аз он 40 нафар одам (чил тан), ки гӯё замоне даруни он ғор даромада нопадид шуда бошанд, ягон нишоне ба чашмашон нарасидааст. Ман бошам, ҳаққонияти қиссаеро, ки гӯё зане ҳар сари чанд вақт шабонгоҳ ба ин ғор омада, дарунаш медаромадаасту тоату ибодат мекардааст ва аз он 40 тан 39 нафарашро медидааст, рад кардам. Охир, он зан агар бо «ҷину париҳо»-и афсонавӣ алоқамандӣ надошта бошаду парвоз карда, то ғор наояд, аз он роҳе, ки мо гузаштем, (дигар роҳ надорад) шаб куҷо, ки ҳатто рӯз ҳам чанд қадам пеш рафта наметавонад. Дар даруни ғор бошад, аз тарс бешакку шубҳа «шах» мешавад. Чилтан, Чилчашма, Чилчанор, Чилчароғ, Чилдухтарон, Чилшикан, Чилкокул, Чилбур, Чилбанд, Чилбуғум, Чилгаза, Чилгазамӯ, Чилдара, Чилёсин, Чилсутун, Чилпо, Чилтор ва боз даҳҳо мафҳумҳои дигар, ки бо рақами «чил» оғоз мешаванд ва ё дар таркиби худ ин рақамро доранд. Чӣ сиррест дар ин «чил», ки дар табиат, дар наботот ва дар ҳаёти мардум ин қадар мавқеъ дорад? Ман нияти маънидод кардани ҳамаи ин мафҳумҳоро надорам. Вале, чун нигоштаҳоям ба ғори Чилтан бахшида шудаанд, атрофи ҳамин вожа чанд андешае баён мекунам. «Чилтан» гуфта асосан чиҳил нафареро дар назар медоранд, ки мувофиқи ривоёти динӣ ҳамроҳи Мӯсо-пайғамбар ба Кӯҳи Тур рафтаанд. Ҳамчунин чилтанҳо «мувофиқи таълимоти дини ислом, гурӯҳе аз солеҳон ва хосони Худованд, ки ҳеҷ гоҳ ҷаҳон аз онҳо холӣ нест ва замин ҳамеша бо онҳо барпост ва ҳар гоҳ, ки яке аз онҳо бимирад, Худованд дигареро ба ҷои ӯ вогузорад». («Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», ҷилди 2, саҳ. 552). Дар байни мардуми мусулмон, аз ҷумла мусулмонони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, «Чилтан» ва «Чилтанҳо» чун рамзи ҷасурӣ, паҳлавонӣ, пурқувватӣ, бузургӣ, мардонагӣ, ҳақталошӣ дониста мешавад. Масалан, ҳамон ривояти «ҳамроҳи Мӯсо-пайғамбар ба Кӯҳи Тур рафтани чил нафар» ва «гурӯҳе аз солеҳон ва хосони Худованд» будани Чилтанҳо, ҳамчунин «ҳеҷ гоҳ холӣ набудани ҷаҳон аз онҳо ва ҳамеша барпо будани замин бо онҳо» мисоли равшани ин ақида буда метавонад. Ба ҷуз ин, аз рӯйи қиссаҳои афсонаосои солмандон, ки аз солҳои 80-уми асри гузашта то имрӯз гирд овардаам, он чил нафари ба ғори Чилтан даромада нопадид шуда ҳам одамон ё навкарони фавқулодда тануманд, ҷасур ва муборизи шоҳ Ғозӣ Малик будаанд. Маҳз онҳо нерӯи асосии ин шоҳи муборизро ташкил мекардаанд. Маҳз онҳо бо сарварии шоҳи ҳақиқатпарвар ва муборизи худ - Ғозӣ Малик мардуми ин кӯҳистонро аз зери ҷабру зулми аҷнабиёни ғоратгару роҳзан, ғосибу қотили кӯчманчӣ озод кардаанд. Бубинед, ки ноаён омадем ба сари масъалаи шоҳ Ғозӣ Малик. Аммо гапу гуфтор пиромуни номи ӯ, кору пайкор ва муборизаи адолатхоҳонаи ӯ, қалъаю тахту тоҷу зиндони ӯ ва таҷрибаи лашкардории ӯ дар мавриду фурсати дигар…

www.javonon.tj

роҳҳои бо қайроқсанг (санги дарё) пӯшонидашудаи яхбастаро. Вақте, ки рӯйи шифту фаршро бо ҳам қиёс мекунӣ, гумоне пайдо мешавад, ки шояд «фарш» дар азал бо «шифт» пайваст будаасту баъд бо ягон сабабе аз тани он канда гаштааст. Аммо чун мебинӣ, ки онҳоро сутунҳои сангии гӯё махсус гузошта аз ҳам ҷудо мекунад, аз ин гумонат мегардӣ. Аҷоибот дар он аст, ки сутунҳо байни худ тақрибан дар як хату дар як масофа ҷойгир ҳастанд. Ин ҳолатро дида, ақл бовар намекунад, ки бе таъсири ягон қувваи ғайб чунин шуданаш мумкин бошад. Охир, агар он сутунҳо набошанд ё байни ҳам дар як хату дар як масофа ҷойгир нашуда бошанд, яқин муозинати «шифт» – товасанги болоӣ вайрон мешавад ва ба рӯйи «фарш» – товасанги поёнӣ меафтад, ки дар натиҷа ковокии азими байни онҳо барҳам мехӯрад. Мисле, ки шифти хонаҳо арақ мекунаду он арақ ба қатраҳои об табдил ёфта, ба поён сарозер мешаванд, аз ҷо-ҷойи «шифти» ин

данд. Баъд аз бозгашт таассуроташонро гуфтанду ман сабт кардам. Аз рӯйи гуфтаи онҳо тарафи рости ғор ҳам то он ҷое, ки рӯшноӣ мерасаду чашм мебинад, ба тарафи чап монанд мебошад, фақат бештар хатарноку мушкилгузартар аст. Боз як тангнои нақбмонанд ҳам дорад, ки аз даромадгоҳи асосӣ дар масофаи тақрибан то 100 метр воқеъ аст. Дар рӯшноии ҷароғи дастии пурқувват онҳо даруни он нақб даромада, суратҳои бисёр ҷолиб гирифтаанд, ки аллакай моли бойгонии камина мебошанд. Он тангно мисли қисмати асосии ғор аз пастӣ ба баландӣ намерафтааст, балки тақрибан дар як сатҳ будааст. Дарозиаш тақрибан 35-40 метр, баландиаш 12-15 метр, бараш 5-6 метр будааст. Ҷойҳои нисбатан ҳамвортари нишаст доштааст, ки масалан чилланишинӣ кардан мумкин будааст, ҳарчанд, ки одами солимақл ҳеҷ гоҳ дар чунин ҷойҳо чилланишинӣ намекунад. Дар тагаш ҷо-ҷо хоке доштааст, монанд ба ҳамон хоки дар тарафи чапи ғорбуда. Тангно ё нақб бо тадриҷ тангтар мешудааст ва бачаҳо ошкор карда натавонистаанд, ки он аз ягон ҷояш сурохӣ дорад ё на. Лекин, ҳавои даруни он тозаю салқин будааст. Чун сухан аз ҳаво рафт, ба ҷо мешавад агар дар бораи ҳавои бисёр роҳатбахши умуман даруни ғор бигӯям, ки гӯё аз ҷониби болои он меояд. Вале аниқ нест. Шояд дар ягон ҷойи нонамоёни ғор роҳи ҳавогузар бошад, (масалан, дар ҳамон тангнои дидаи бачаҳо), ё шояд ин гуна ҳаво дар натиҷаи омезиши ҳавои гарми беруну ҳавои хунуки даруни ғор ҳосил шуда, қад-қади деворҳо чарх занаду дар назари одам чунин намояд, ки вай аз боло меояд. Ба ҳар ҳол агар илоҷ бошаду аз ҳамин гуна ҳаво чанд соате нафас бигирӣ, ҷон роҳат мекунад, тан ҳузуру ҳаловат мебинад ва асаб ором мегардад. Зеро он ҳаво на танҳо серун аст, балки бо накҳати гулу гиёҳҳои кӯҳӣ омезиш дорад. Аммо, агар тақдир созгор нашавад ва ё Худо нахоста фалокате рух диҳад (масалан, дар натиҷаи заминларза) бемуболиға ҷуссаи одам дар байни «фаршу шифт», яъне он тобаҳои азими дар боло нигошта мисли коғаз мегардад.

7 е-mail: javonontj@mail.ru

Чилтан ғори азим ва басо ҳайратоварест дар мавзее, ки «Кӯҳистони Ғозималик» гуфтанаш маъмул гаштааст, гарчи номи ҷуғрофиаш чунин нест. Бештари мардуми ҳазорсолаҳост, ки аз ғор тарсу ваҳм доранд, аммо дар баробари ин макони муқаддасаш медонанду тоату ибодат ва қурбониҳо мекунанд. Ба чӣ хотир? Зеро он ғорест, ки гӯё: - ҳар бегоҳи рӯзи ҷумъаи солҳои пеш аз даруни худ се маротиба монанд ба садои тӯпи ҷангӣ ё раъди ғуррон садо мебаровардааст; - ҳар бегоҳи рӯзи ҷумъа ҳатто шер ҳам ба зиёраташ меомадааст; - чил тан марди ҳузарбро ба коми худ фурӯ бурда будааст; - аз даҳонаш ҳатто тайёра даромада метавонистааст; - шоҳ Ғозӣ Малик онро чун зиндон истифода мекардааст; - одамони нопоку бенамозро ба дараш наздик шудан намемондааст: - аммо як зан шабонгоҳҳо ба он медаромадаасту тоату ибодат мекардааст ва 39 нафари чилтанҳоро медидаасту танҳо як нафарашонро не. Оё дар асл ҳамин тавр аст? Ҷавоби ин савол дар нигоштаҳои зер ниҳон аст. Барои он ки то дари ин ғор биравӣ, донистаю фаҳмида ҷонро дар кафи даст мегузорӣ. Зеро бо ду чашми худ мебинӣ, ки роҳи он то чӣ андоза хатарнок аст. Ҳама мушкилиҳои роҳ пушти сар шуданду мо расидем то даромадгоҳи ғори Чилтан. Лекин, зарур аст, ки ба хотири қиёс, аввал дар бораи ғорҳои дигар бигӯям. Ман тақозои кору вазифа ва шуғли сайёҳиам бисёр ғорҳоро дидаам - на танҳо дар ҷумҳурии худамон балки дар хориҷ аз он ҳам. Вале, то кунун ягон ғореро надида будам, ки мисли Чилтани кӯҳистони Ғозималик бошад. Қисме аз он ғорҳои дидаам мисли чоҳ буданд, даҳонашон на он қадар васеъ. Тӯлашон бо тариқи амудӣ, яъне рост сӯйи қаъри замин ба чандин метр мерасид. Танҳо баъди ба тагаш расидан маълум мегашт, ки он боз ба ҳар тарафи дигар ба шакли рост ё каҷу килеб гӯё, ки нақбҳо дорад. Ғорҳоеро низ дидаам, ки даҳонашон хурд, тӯлашон амудӣ, вале чун ба тагаш мерасидӣ, хонаи чоркунҷае ба назарат намоён мегашт. Бале, хона, яъне истиқоматгоҳ. Ба ҳамин монанд ғори дигареро низ дидаам, ки қабристон – мазорати воқеӣ буду одамон онро зиёрат мекарданд. Ғорҳои дар танаи теппаҳо, баландиҳо ва кӯҳҳо воқеъбударо низ бисёр дидаам, ки ҳамаашон шакли нақбҳои рост (уфуқӣ, горизонтӣ) ё баръакс каҷу килебро доштанд. Аммо ғори Чилтан ба ягонтои ин ғорҳо монандӣ надорад. Даҳонаш баробари тамоми паҳноиаш васеъ мебошад, аз болои даромадгоҳаш мисли сарпӯшҳои дар замони мо мӯдшуда (кепкаҳо) соябон дорад ва гӯё, ки аз рӯйи савлат каҷ гузошта шудааст. Дидани даруни ғор воқеан бимнок, ваҳмангез ва даҳшатовар аст. Гумон намекунам, ки ягон одами солимақл ҷуръати дар танҳоӣ даруни он даромадан мекарда бошад. Лекин мо чунин ҷуръатро кардем, чунки бисёрӣ будем – 9 нафар. Хеле бимноку ваҳмангез ва тарсовару даҳшатбахш будани ғор як чиз асту мушкили ҳаракат дар даруни он тамоман чизи дигар. Зеро ғор мувофиқ ба сатҳи кӯҳ аз пастӣ ба баландӣ тӯл кашидааст ва фарозиаш хеле зиёд буда, дар

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №27 (9453), 6 июли соли 2016


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

8

МИНБАРИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №27 (9453), 6 июли соли 2016

Маъмулан, на танҳо Тоҷикистон, балки дар аксарияти кишварҳои олам, чи дар гузаштаи таърихӣ ва чӣ имрӯз, масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Хоссатан, дар давраҳои қадим масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа дошт ва ба ҷавонон ҳамчун нерӯи азими ҷисмонӣ диққат медоданд ва онҳоро аз лиҳози руҳиву равонӣ барои таъмини амнияти кишвар ва ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои стратегияи ҳарбии давлатӣ омода ва истифода мекарданд. Аз ин рӯ, ҷавони аз лиҳози ҷисмонӣ қавиву боирода яке аз захираҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеа ба шумор мерафт.

зарад. Ё ба қавли Абулқосим Фирдавсӣ «Пароканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор». Танҳо доштани лашкари зиёд кофӣ нест, балки муттаҳид, боазму иродаи матин, ҷасур ва соҳиби маърифати баланд будани ҷавонон мавриди ифтихор ва шарафмандӣ мебошад. Ғайри он, ин нерӯи бузург метавонад омили қафомонӣ, бенизомиву бетартибии ҷомеаву давлат ва паст фаромадани обрӯву нуфузи давлат дар минтақа ва арсаи ҷаҳон гардад. Албатта, барои он, ки як давлат соҳиб ва барандаи нерӯ ва захираи муайяни ҷисмониву зеҳнии ҷавонон бошад, аввал вақт, дуюм барномаи мушаххас, сеюм – иқтисодиёти тараққикарда ва ниҳоят иродаи сиёсии роҳбарияти кишвар лозим аст. Аз сабаби он ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, давлат дар ин муддат аз як тараф вақти лозимаро аз даст дод ва аз ҷониби дигар рушди иқтисодии кишварро таъмин карда натавонист, ки ин ҳама боиси чандсолаҳо қафо мондани тамоми соҳаҳои хоҷагии

тоҷик шумораи муайяни наврасону ҷавонон ба ҷои ба таҳсил машғул шудан, ба аробакашиву савдогарӣ овора буданд. Дар ин давра рушди илму технологияи иттилоотӣ ва ҷаҳонишавӣ ба меъёру арзишҳои ҷомеа, ба равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ба ҳаёти ҷавонони тоҷик ҳам таъсири манфӣ ва ҳам мусбат расонд. Як қисме аз ҷавонони тоҷик бо истифода аз имкониятҳои замони худ соҳиби илму фарҳанг ва донишу тахассуси баланд гардиданд ва баъзеи онҳо дар донишгоҳҳои кишварҳои Аврупову Амрико ва Русия таҳсили худро идома дода истодаанд. Қисме аз ҷавонон то имрӯз дар пешрафти соҳаи варзиш, илму фарҳанг, технологияи коммуникатсионӣ саҳми назарраси худро расониданд. Махсусан, заҳмати Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар дар соҳаи варзиш солҳои охир натиҷаҳои хуб бор овард. Чи тавре ки маълум аст, ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, медалҳои

гурӯҳҳои сиёсиву динӣ ба хотири амалӣ намудани манофеи сиёсиву геополитики хеш аз ин гурӯҳ самаранок истифода менамоянд. Чихеле ки муҳаққиқи тоҷик Шаъбонов Н.Н. қайд менамояд: «Ҷавонон ҳамчун гурӯҳи муайяни ҷамъиятӣ барои ҳокимият ва ҳукумат метавонад ҳамчун қувваи ҳимоятгар, таҳрикдиҳанда ва ё муқовиматкунанда аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳо ва ҳатто шахсони алоҳида истифода гарданд». Инқилобу бетартибиҳое, ки вақтҳои охир дар давлатҳои гуногун ба вуқуъ омада истодааст, на аз ҷониби бузургсолон, балки қисми асосии онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ё қисми азими ҳайати бо ном «давлати исломи»-ро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки сабаби асосии воридшавии онҳо ба чунин созмонҳои ифротии динӣ паст будани саводи динӣ ва ҷаҳонбинии тангу торик мебошад. Сабабҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ ва паҳн гардидани таассуб дар байни ҷавонон омили иҷтимоӣиқтисодӣ, маърифатӣ, динӣ ва ғайра дорад, ки умуман хатари созмонҳои ифротиро барои

Аммо, баъди рушди илму технология ва кашф гардидани яроқу аслиҳа ва муҳимоти ҷангии модели навину замонавӣ мувозинат байни нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон тағйир ёфт. Дар ҷаҳони муосир нисбат ба нерӯи ҷисмонӣ нерӯи ақливу зеҳнии ҷавонон баратарият пайдо намуд. Бинобар ин, кишварҳои алоҳида ва ҳукуматҳо дарк намудаанд, ки дар ҷаҳони муосир идеяву назарияҳои нав яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат мебошад, ки дар ин қатор Тоҷикистон низ истисно нест. Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70% аҳолиро шахсони то 30 сола) дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерӯи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд. Чунонки ишора намудем, дар шароити муосир танҳо доштани нерӯи ҷисмонии холис барои рушди як кишвар кифоя нест, балки баръакс, баъзан мавриди истифодаи нодуруст қарор гирифтани он, дарди сари як давлату ҳукумат шуда метавонад. Аз ин рӯ, нерӯи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад. Яъне, вақте ин маҷмӯи бузург аз миқдор ба сифат гу-

халқи кишвар гардид. Вале, баъди ба вуҷуд омадани оромӣ дар кишвар аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба рушди иқтисодиёт ва ҳам ба беҳтар намудани сифати илму донишомӯзии ҷавонон корҳои зиёд ба анҷом дода шуданд. Аз ҳамин лиҳоз бояд ҷавонон ҷавобан ба ғамхориву дастгирии давлату ҳукумат барои ватану миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Чуноне, ки сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баромади хеш қайд намудаанд: «Ҷавонони кишвар бояд рисолати таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми нерӯи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиямон сафарбар созанд». Чи тавре маълум аст, аз сабаби ба вуҷуд омадани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар оилаҳои зиёд вайрон, чанд ҳазор кӯдакон ятим монданд ва падару модарони зиёд ба хотири дарёфти сарчашмаи зиндагӣ рӯ ба муҳоҷират бурданд, ки чунин вазъият хоҳу нохоҳ ба раванди солими таълиму тарбияи наврасону ҷавонон мушкилиҳои гуногунро ба вуҷуд овард. Бо сабаби набудани мактаб, шароити хуби зиндагӣ дар оилаҳои

зиёдро соҳиб гаштанд ва обрӯи Ватани худро дар байни дигар кишварҳои ҷаҳон боло бардоштанд. Ба андешаи мо, агар дар оянда низ ба ин соҳа мароқи бештар зоҳир карда шавад ва сиёсати мавҷуда тақвият ёбад, он метавонад омили рушди солими ҷисмиву рӯҳии наврасону ҷавонон ва сабаби раҳоӣ пайдо кардан аз баъзе бемориҳо дар байни сокинони кишвар гардад. Имрӯзҳо ҷавонони тоҷик бо мушкилиҳои гуногуни зиндагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ки аз ҷумла, надоштани ҷои кори муносиб, маоши кам, мушкилоти манзил ва паст будани маърифати онҳо маҳсуб меёбанд. Бо сабаби мавҷуд будани чунин мушкилиҳо қисме аз ҷавонон ба хотири пайдо намудани зиндагии хуб ба давлатҳои хориҷа рафта истодаанд. Гурӯҳе дигар бо сабабҳои гуногун худро вориди ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ намуда, то андоза аз ҷомеа бегона ва аз равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ берун монда истодаанд. Яъне, ҷузъе аз нерӯи ҷавонон на ба роҳи созандагӣ, балки рӯ ба самти бесуботкунии фазои ороми ҷомеа майл доранд. Мушкилоти асосӣ ин ҷо, яке ноумедӣ аз ояндаи хеш бошад, дуюм набудани орзуву нақшаҳои воқеӣ дар байни ҷавонон ба шумор меравад.

миллати тоҷик, ҷомеаи тоҷик, давлати Тоҷикистон ва умуман аҳли башар бисёр ҷиддӣ буда, бетарафӣ ва бепарво будан нисбат ба ин падида оқибатҳои ниҳоят бад дорад. Хосатан бо дарназардошти фарҳангу анъана, шакли диндорӣ, шароити иҷтимову иқтисодӣ, сиёсиву геополитикӣ, мушкилоту хатарҳои минтақаи Осиёи Марказӣ паҳн гардидани ифротгароии динӣ мушкилоти зиёдро ба миён меорад. Бо ҳамин маънӣ, пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оиди соли 2016-ро эълон намудани «Соли ҷавонон» дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай бисёр бамаврид ва муҳим мебошад. Имрӯз дар ҳақиқат вақти он расидааст, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад, то ин қишри ҷомеа ба самти созандагӣ, бунёдкорӣ, суботофарӣ ва рушди ҷомеа сафарбар бишаванд ва ба сӯи харобкорӣ, ифротгароиву тундгароӣ ва терроризм майл намудани онҳо пешгирӣ карда шавад. Барои ин кор, албатта заҳмату кӯшиши бештар, барномаи таълимӣ-маърифатии пухтаву санҷида ва сармоягузории зиёд лозим мебошад. Бояд қайд намуд, ки масъалаву мушкилоти ҷавонони кишварро ба таври умумӣ дар якҷоягӣ хулоса ва баҳогузорӣ кардан душвор ва нодуруст аст. Зеро, имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамонҳое ҳастанд, ки дар мактаб мехонанд, дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, дар соҳаҳо ва сохторҳои давлатию

ғайридавлатӣ кор мекунанд ва ниҳоят, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Ин тақсимбандиҳо аз як тараф зинаҳои алоҳидаи камолоти ҷавонон буда, ҳар яки ин бахшҳо масъалаҳо ва мушкилоти худро доранд, ки ҳаллу баррасии ҷудогонаро мехоҳанд. Зимнан, ҳалли мушкилоти як соҳа бевосита ё бавосита таъсири худро ба соҳаҳои дигар мерасонад. Агар мушкилоти ҷавонон имрӯз қадам ба қадам ҳалли худро наёбанд, ҳукумат ба он диққат надиҳад, баъди чанд сол метавонад он ба сари ҷомеа мушкилоту масъалаҳои сангинро ба миён орад. Зеро ҷавонон ва умуман инсонҳо, маъмулан вақте дар зиндагӣ муваффақ шуданд, дар бешта-

Ҷавонон - захираи миллат

ҶАВОНОН ВА ХАТАРИ ИФРОТГАРОӢ Бояд қайд намуд, ки ҷавонон яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ва

ри ҳолат худро сабабгор медонанд ва агар рафту соҳиби зиндагии хуб нашуданд, на худро, балки ҳукумату давлатро сабабгор мешуморанд ва қаҳру ғазаби худро бо роҳҳои гуногуни қонуниву ғаёриқонунӣ ифода мекунанд. ҶАВОНОН ВА МАОРИФ Дар масъалаи таълиму тарбия дар мактабҳои миёна ва донишгоҳҳои олӣ ба хотири беҳтар шудан ё баланд бардоштани саводу маърифати насли ҷавон муқаррар намудани талаботи сахт ва ба роҳ мондани низоми нав аз корҳои муҳимтарину аввалиндараҷа ба назар мерасад. Зеро бе роҳандозии низоми нав, раванди таълими имрӯза натиҷаҳои нек ба бор нахоҳад овард ва заҳматҳои чандинсола барбод хоҳад рафт. Ҳамзамон хизмати ҳарбии ҳатмӣ дар муддати як сол бо ҷорӣ намудани хизмати алтернативӣ (хизмат дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, сохтмон, ободу зебокунии ин ё он минтақаи кишвар ва ғ.) барои ҷавонон баъди хатми мактаби миёна метавонад, боиси рушди солимии камолоти ҷисмиву руҳӣ ва ватандӯстии онҳо гардад. Имрӯз яке аз мушкилоти асосии ҷавонони тоҷик сатҳи пасти дониш, бемарифатӣ буда, боқӣ дигар мушкилиҳо ба он сахт вобастагӣ дорад ва роҳи ҳаллӣ ин соҳа аз чӣ гуна идома ёфтани раванди таълиму тарбия дар мактабу донишгоҳҳо бисёр вобаста аст. Вале ба-


МИНБАРИ “ҶАВОНОН...“

ити кунунӣ номуносиб ба чашм мерасад, вале баъди амалӣ кардани он, натиҷаи кори низоми нав ҳатман ба манфиати давлату ҷомеа хоҳад буд. Ва ғайри он, дигар роҳҳо танҳо аз даст додани вақт, нодида гирифтани мушкилоти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар дар шароити торафт доман пахн намудани ҷаҳонишавӣ мебошад. Дар шароити кунунии иҷтимоию иқтисодӣ, дастгирии маънавӣ ва муносибати содиқонаи давлат, аҳли ҷомеа, волидайн ба ҷавонон ин камтарин хизмат ба ин насл буда метавонад. Дар ин маврид таъкиди Президенти кишвар дар Паёми имсола худ оиди дастгирии шогирдон (ҷавонон) аз ҷониби устодон ва насли калони ҷомеа бисёр нуқтаи бомаврид ва саривақтист ва меарзад, ки насли бузургсол аз ин гуфтаҳо хулосаҳое дуруст бароварда бошанд, то насли имрӯза дар оянда бо некӣ аз гузаштагони худ ёд бикунанд.

Чунонки яке аз собиқ президентҳои ИМА Франклин Рузвелт дар ин маврид фармудааст: «Мо наметавонем ҳама вақт барои ҷавононамон ояндаеро бунёд кунем, вале метавонем ҳамеша онҳоро барои оянда омода созем». Аз ҳамин нуқтаи назар, беҳтар ва хубтар он аст, ки имрӯз давлат, ҷомеа, падару модарон имкониятҳои иқтисодии хешро барои рушди маънавию ҷисмонии насли наврасу ҷавон сарф намоянд, то онҳо барои замони оянда ҳамчун парчамбардори миллат омода бошанду зиндагии хешро мутобиқ ба диду назар, хоставу ормони хеш бунёд намуда, обрӯву эътибори Ватани худ - Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоранд ва мояи ифтихори налсҳои оянда бошанд.

ва ояндаи давлат

Шуҳрат САИДОВ, дотсенти ДДҲБСТ

Ватандӯстии ҷавонон Масъулияти адибони насрнавис дар тарбияи онҳо

Аслан нависандагон барои насли наврас, ки ояндаи дурахшони миллат мебошанд, асарҳои бадеӣ эҷод менамоянд. Дар баробари тасвири паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии ҷавононро дар мадди аввал мегузоранд. Воқеан, ғояҳои номбурда таърихи куҳан дошта, аз осори классикони номдору шуҳратёби мо маншаъ мегирад. Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Мисраъҳои ҷовидонаи Ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ дар тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии наслҳои гузаштаву ҳозира саҳми арзанда бозидаву ҳанӯз ҳам мебозад. Аз ин хотир адибе нест, ки оид ба вежагии ҳаётан муҳими муносибатҳои ҷамъиятӣ асар наофарида бошад. Боиси тазаккур аст, ки ғояҳои номбурда маҳз дар солҳои охири асри XIX ва XX бо тобишҳои аслии худ арзи ҳастӣ намуд. Зеро ки бо ҳаракати зиёиёни Бухоро, ки ҷадид ном гирифтанд, ин ҷараён иртиботи қавӣ гирифта, ғояҳои ватандӯстӣ боиси таҳаввули фарҳанг ва завқи эстетикии ҷомеа гардид. Талошҳову ҷонбозиҳои фарзандони бедоршудаи миллат қадами устуворе дар шинохти хештаншиносӣ дар адабиёти бадеӣ буд. Равшанфикрони ибтидои асри XX-и Аморати Бухоро аксаран аҳли адаб буданд ва онҳо дар ривоҷи ғояҳои ватандӯстиву хештаншиносӣ ва тарбияи ҷавонон дар ин самт нақши амиқ бозиданд. Дар ҳамин давра мафҳумҳои Ватан ва миллат бештар маънои иҷтимоӣ гирифта, хусусияти миллии адабиёт афзуд ва адибон бештар сарнавишт ва тақдири имрӯзу фардои миллатро ба риштаи тасвир кашиданд, ки ин кӯшишҳову заҳматҳои онҳо ба ташаккули худшиносии миллии ҷавонон мусоидат намуд. Марҳилаи адабиёти шуравӣ 70 сол давом кард ва танҳо пас аз анҷумани 20-уми Ҳизби коммунистӣ (соли 1956) дар наср тасвирҳои андешапарварона ва таҳлилӣ мавқеъ пайдо карда, мавзуъҳои таърихӣ мавриди истифодаи бадеӣ қарор гирифт. Дар ҳамин давра насрнависон дар бораи таърих ва сарнавишти шахсиятҳои бузурги сиёсиву фарҳангӣ мулоҳиза ронда, ҷавононро ба худшиносию ифтихори миллӣ раҳнамоӣ карданд. Асарҳои маъруфи С. Айнӣ “Исёни Муқаннаъ”, “Қаҳрамони халқи торҷик - Темурмалик”, нигоштаҳои рӯзноманигорони ҷасур Ғ. Сафарзода “Номи зебо - ҳусни шаҳр”, асари оламшумули Аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” дар ҳаёти бадеӣ ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҷавононро бо тобиши нав арзёбӣ намуда, дар наср арзишҳои умумишиносӣ ва масъалаҳои одобу ахлоқ, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандории ҷавонон мавқеъ пайдо карданд. Баробари пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ Ватани азизамаон Тоҷикистон соҳибихтиёр гашта, истиқлолият дар як муддати кутоҳ тамоми соҳаҳои ҳаёти халқи тоҷикро фаро гирифт. Аз ҷумла дар ҳаёти адабӣ низ як қатор тағйирот ва таҳаввулот ба амал омаданд, ки бевосита ба ташаккули ғояҳои ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон таъсир расонда, дар осори қаламкашони шинохта руҳи истиқлол ва эҳёи Ватани муқаддасамон – Тоҷикистон, ҳифзи анъанаҳои таърихии ҷомеа ва бунёдкориҳои азими кишвар басо равшан ифода ёфтанд. Боз як хусусияти муҳими адабиёти пасошуравӣ дар он зоҳир гардид, ки адибони тоҷик бештар хусусияти ватандӯстӣ, миллӣ ва худшиносии ҷавононро инъикос намуданд. Фаъолияти эҷодии нависандагони ботаҷрибаву боистеъдоди тоҷик Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Урун Қӯҳзод, Сорбон, Саттор Турсун, Сайф Раҳим, Абдулҳамид Самад, Ҷонибек Акобир, Юнус Юсуфӣ, Баҳманёр, Абдурофеъ Рабизода ва амсоли онҳо ба инкишоф ва вусъатёбии тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ такон бахшид. Ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нависандаи маҳбубамон Абдумалик Баҳорӣ дар қиссаи “Субҳи козиб” масъалаи мавқеи бетарафонаи ҷавононро нисбат ба кирдорҳои гурӯҳҳои авбошу тахрибкор ба миён гузошта буд. Баъдан Абдулҳамид Самад дар романи “Гардиши девбод” ва қиссаи “Асрори Хуҷамуъмин”, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар романи “Талош”, Саттор Турсун дар ҳикояи “Лаб-лаби ҷар”, Ато Ҳамдам дар романи “Зинаҳои дӯзах”, Шералӣ Мӯсо дар қиссаи “Падар” ва ҳикояи “Тобути хурофот”, Урун Кӯҳзод дар ҳикояи “Кирои гиря нест”, Равшани Махсумзод дар қиссаи “Лавҳи сангин”, Тоҳири Маҳмадризо дар романи “Рӯзҳои Худо гузарандаанд” оқибати фалокатовари бетарафӣ, таассуби динӣ ва зиёдравию ифротгароиро тасвир намуда, ҷавононро аз фоҷеаҳои муҳими ба сари инсоният овардаи гурӯҳҳои ситезаҷӯ ҳушдор дода, насли наврасро даъват намуданд, ки Ватан, миллат, сарзамин ва хоки поки диёри азизамонро на танҳо дӯст дорем, балки баҳри ҳифзи он камари мардонагӣ бубандем. Зариф ҒУЛОМ, нависанда

www.javonon.tj

Мутаассифона, яке аз мушкилоти мо ин аст, ки баъзе падару модарон ба ҷои он ки ҳоло захираҳои молӣ ва моликияти худро барои рушди ҷисмиву маънавии фарзандони хеш сарф бикунанд, баръакс молу мулки худро солҳо ҷамъ намуда, баъдан вақте фарзандонашон ба камол расиданд, онро барои оиладории онҳо, ба донишгоҳҳо дохил кардан ва ё барои хариди мошину манзил сарф мекунанд. Шояд камтар фикри онро мекунанд, ки вақте имрӯз кӯдакону наврасон дар раванди сабзишу ба камол расидан таълиму тарбияи дуруст нагиранд, баъдан дар вақти бузург шудан, онҳо қобилияти соҳиб будан ба мошину манзил ва ё ба донишгоҳ дохил шуданро пайдо нахоҳанд кард, чунки натиҷаи рушди рӯҳиву равонӣ ва маънавии онҳо омодаи соҳиби моликият ва таҳсил карданро намедиҳад. Вале, баръакс, агар имрӯз падару модарон, ҳукумату давлат моликияту захираҳои иқтисодии лозимаро дар вақти зарурӣ дар раванди ба воя расидани наврасон сарф намоянд, дар оянда онҳо худ омодаи пайдо намудани ҳамаи он моликият мегарданд. Яъне, дар як ҳолат ояндаву шароит омода шудааст, вале ҷавон аз лиҳози рӯҳиву маънавӣ ва ахлоқӣ мутобиқ ба он шароит нест. Дар ҳолати дуввум ҷавони соҳиби маърифати баланду ҳушманд ҳам аз лиҳози рӯҳиву равонӣ омодаи шароиту воқеият ҳаст ва бештар аз он, худ ба таври мустақилона дунболи орзуву мақсадҳояш меравад.

9 е-mail: javonontj@mail.ru

робари ин ҳоло як қисми ҷавононе, ки соҳиби донишу саводи баланд ҳастанд, дар кишвар кори арзанда пайдо намекунанд ва ё аз сабаби паст будани маош дар ҷое адои вазифа намекунанд. Бояд гуфт, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш бисёр бамаврид таъкид намуданд, ки Ҳукумату давлат барои рушди соҳаи маориф чизеро дареғ намедорад. Ва агар нигоҳ кунед, солҳои охир дар воқеъ сиёсати давлат дар соҳаи маориф беҳтару хубтар шуда истодааст. Тибқи маълумот дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла як донишгоҳ ва 12 донишкада фаъолият дошт, ки дар онҳо ҳамагӣ аз рӯи 82 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд. Ҳоло дар мамлакат 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 300 ихтисос мутахассис омода месозад. Шумораи умумии донишҷӯёни мактабҳои олӣ зиёда аз 156 ҳазор нафар буда, ҳар сол муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро беш аз 30 ҳазор нафар хатм мекунанд. Аммо, баробари ин то замоне агар мо низоми таълиму тарбияро ҷиддӣ ва сахт нагирем, ҳамаи ин меҳнатҳо натиҷаю самараи хуб ба бор намеорад, яъне масъулини соҳаи маориф ва устодони азиз бояд содиқона меҳнат намуда, вазифаи муқаддаси хешро дар назди насли имрӯзу фардои ватан иҷро намоянд. Албатта, аз як нигоҳ ба роҳ мондани низоми нав кори бисёр душвор ва дар шаро-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №27 (9453), 6 июли соли 2016


е-mail: javonontj@mail.ru

10

Танурсозӣ - ҳунаре, ки аз замонҳои хеле дур миёни мардум маъмул буда, то ҳол побарҷост. Танӯр дар миёни мардум бо се ном маъмул аст. Онро дар шимол танӯр, дар ҷануб чагдон, дар марказ дегдон меноманд. Он шаклҳои гуногун дорад ва дар бари девор, болои замин, зери замин сохта мешавад.

Ҷавонӣ беҳтарин айёми ҳунаромӯзист Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ

www.javonon.tj

СОҲИБКАСБ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №27 (9453), 6 июли соли 2016

Азиз Иброҳимов ҷавонест, ки бо меҳру ихлоси зиёд пайи сохтани танӯр машғул аст. Дар ин роҳ аллакай таҷрибаи даркорӣ андӯхтааст. Ӯ ин ҳунарро аз устоҳои моҳиру соҳибтаҷриба омӯхта, дар муддати муайян ҳамчун як устои ҷавону умедбахш ном мебарорад. Азиз ҳама гуфтаҳои устодро бечуну чаро иҷро мекарду барои дониста гирифтани дигар паҳлуҳои касбаш бо суолҳои гуногун устодашро маҷбур месохт, то нозукиҳои дигарро ба ӯ омӯзонад. - Барои сохтани танӯр заҳмати зиёд лозим аст. Ҳар гоҳ ки ба сохтани он машғул мешавем, кӯшиш менамоем, ки бе нуқсон тайёр шаваду пешкаши муштарӣ гардонида шавад. Агар маҳсулоти омоданамудаи мо ба талаботи мардум ҷавобгӯ набошад, пас мо боварии мизоҷонро аз даст медиҳем. Ин албатта, бар зарари мо хоҳад буд, - мегӯяд Азиз. Ба андешаи ӯ ягона чизе, ки ҳамеша инсонро дар ҳама давру замон ҳамроҳӣ намуда, барои ба қуллаи баланди орзуҳо расидан кӯмак намудааст ҳунар мебошад. Қадру манзалати ҳунарро бузургони гузаштаи мо ба хубӣ дарк намуда, онро чашмаи зояндаву давлати поянда номидаанд. Ин аст, ки имрӯз низ барои зинда нигоҳ доштан ва ба наслҳои оянда ба мерос мондани ҳунар нафарони дорои шавқу завқ онро омӯхтаву мавриди амал қарор додаанд, ки аз ин ҳисоб ҳам зиндагии хешро пеш мебаранд ва ҳам дар рушди он саҳм мегузоранд. Бори аввал ҳини сохтани танӯр ӯ бо мушкилиҳои бисёре рӯ ба рӯ гардида, намедонист корро аз чи оғоз намояд. Гарчанде аввалин маҳсули дасташ мувофиқ ба талабот набуд, вале онро барои фаъолияти минбаъдаи худ қадами муҳим меҳисобад. - Танӯрро дар даруни замин месозанд. Барои сохтани чагдон заминро конусшакл кофта, деворҳои онро бо лойи махсус (омехтаи регу сементу хок) андова намуда, устувор мегардонанд. Аз об, сафедхок ва коҳи майдакардаи гандум коҳлой тайёр мекунанд. Онро нағзакак мешӯранд. Баъди нағз омехтан дам медиҳанд. Чуқурии конусшакли заминро бо коҳлой ба андозаи 1,2-2 см андоваи тунук мекунанд. Баъд аз хушк шудан ба он рег (сангча) мезананд. Регро бо сафедхоки боқувват, ки шикастанаш осон нест, омехта, реглой тайёр менамоянд. Агар регро аз соҳили дарё гиранд, чагдон сертасф (тафсон), яъне пушти чагдон ниҳоят гарм мебарояд. Ба он маъно, ки ҳезум кам

истифода мешавад, - иброз дошт ҳамсуҳбати мо. Ба таъкиди ӯ танӯр дар бари девор ва чагдон дар боло ва даруни замин шинонида мешавад. Онҳоро аслан дар тирамоҳ ё баҳор месозанд, чунки дар тобистон аз гармии зиёд мекафад. Дар фасли сармо бошад, усто ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегардад. Яъне чагдон бисёр дер хушк мешавад. Чагдон бо сурххок ва семент дар шаклҳои қолабӣ низ тайёр ва ба фурӯш бароварда мешавад. Баъди харидан онро дар ҷойи даркорӣ шинонида, танҳо девори берунашро месозонанд. Онро баъди дамдуд кардан истифода мебаранд. Ҳамсуҳбати мо танӯрро дар шакли қолабӣ бештар месозад. Чунки дар шароити кунунӣ ба ин навъи танӯр талабот бисёр аст. Пас аз он ки ҷиддан ба кори танӯрсозӣ машғул шуд, лозим омад, то дуконеро низ ташкил намояду маҳсулоти хешро пешкаши харидорон гардонад. Ин мақсади худро низ пиёда намуда, ҳоло дорои дукон асту дар баробари дигар маҳсулоти аввалия ба фурӯши танӯрҳо машғул мебошад. Ҳангоми суҳбат аён гардид, ки барои омода намудани як танӯр дӯ рӯз лозим аст. Бар замми ин ба ҳунарманд низ вобастагии калон дорад, ки онро дар чанд муддат омода месозад.

Ба таъкиди ӯ, ҳунар доштан барои инсон маҳзи хушбахтӣ аст. Дар шароити кунунӣ ҳар шахсе, ки бидуни ҳунар умр ба сар мебарад, бо мушкилиҳои бисёр рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Аз ин рӯ, бояд ҳар инсон касб омӯзад. Махсусан, ҷавонон бояд имрӯз дар роҳи илмомӯзӣ саъю талоши бештар намоянд. Зеро аз худ намудани донишҳои гуногун маҳз дар ин айём қуллай ва муфид асту ҷавонӣ бошад, беҳтарин айёми ҳунаромӯзист. Ҳар нафаре ки бо ишқи тамом дар роҳи ҳунар талош менамояд, ҳатман комёб хоҳад шуд. Ӯ низ чун як ошиқи пешаи хеш доим дар такопӯ асту метавон гуфт, ки ҳамеша муваффақ хоҳад буд. Зеро муваффақият аз талоши зиёд ба даст меояд.

Ҳар киро устод набвад… Субҳи зебо дамида буд. Деҳаи хушманзараи дилфиреби Ҳофизкада худро ба оғӯши накҳатомези насими субҳ андохта буд. Аз ҳар ҷо-ҳар ҷои деҳ овози кӯдакон шунида мешуд. Овозашон аз садои мурғони саҳарӣ дида, баландтар ба гӯш мерасид. Шодиву хурсандиашон саршор аз меҳр, муҳаббат ва самимият буд. Ин рӯзро бештар аз ҳама мактаббачагон интизор буданд. Вале ба кӯдаконе, ки бори аввал чун банда ба макони маърифат ворид мегардиданд, ин рӯз беҳтарин рӯзашон буд. Ҳама бо сару либоси пероставу озода ба сӯйи мактаб мерафтанд. Мо ҳама дар қалби кӯчаки бекинаи хеш танҳо як мақсад доштем: хуб хондану доно шудан ва дар пешрафти Меҳан саҳм гузоштан. Вақте ки бори аввал ба саҳни дабистон ворид гардидем, гӯё ба дунёи дигаре рӯ ба рӯ шудем. Бо ҳайрат тез-тез ба ҳар тараф менигаристем. Ногоҳ дари синфхонае кушода шуда, марди қоматбаланде берун баромад. Ӯ либоси хуб дарзмолдида ба бар дошт. Баромадан замон ба мо нигариста, ором-ором пеш омад. Бо чеҳраи кушод ба назди мо - ғунчаҳои умед расида, ба ҳар кадомамон бо меҳр менигарист ва номи ҳар якеро пурсида, “Боракалло, офарин!” мегуфт. – Хуб, канӣ ҳама як қатор шавед! – хитоб кард ӯ. Аз ин амраш мо ҳама яқинан пай бурдем, ки ӯ муаллими мост. Зуд саф кашидем, баъд ба синфхона ворид гардидем. Бо супориши устод ҳама ба курсиҳо нишастем. Аввалин чизеро ки устод фаҳмонд, тарзи дуруст нишастан буд. Сипас худро муаррифӣ кард: – Ман, муаллими синфҳои ибтидоӣ, яъне айни ҳол муаллими шумо Султонмурод Наимов. Сипас, муаллим нутқашро идома дод: – Аз ин пас мо бо ҳам кор мекунем. Бо ҳам ба омӯхтани “Алифбо” машғул мешавем. Агар хоҳед, ки зираку доно шавед, пас бояд ҳар супоришро иҷро намоед. Аз ҳамин рӯз сар карда, ман устоду шумо, шогирдони ман. Агар аз ҳамин рӯз фаъол бошед, пас то охир фаъол хоҳед монд. Ин аввалин хотираест, ки дар саҳифаи зиндагии ман аз замони таҳсилам дар синфи авал боқӣ мондааст. Ҳар гоҳ ки ин хотиротро ба ёд меорам, лаҳзаҳои ширини даврони мактабхониам пеши назар ҷилвагар мешавад. Чӣ лаҳзаҳои хубе буданд он рӯзҳо. Воқеан, мактаб комилан дигар асту аз даврони кӯдакӣ бисёр фарқ дорад. Агар мантиқан биандешем, зиндагӣ такрорнашаванда ва умр бебозгашт аст. Ҳар лаҳзаи умри инсон дорои хотироти неку бадест. Лек, на ҳамаи онҳо ба ёд мемонад, танҳо ҳамонаш ба некӣ ёд мешавад, ки агар аз ӯ инсон ба худ чизи хубе гирифта бошад. Хотироти дар боло зикр намудаам, аз сад якеаш мебошад, ки дунёи маънавии маро зебо ва рангин намудааст. Зимнан, заминаи ин ҳама хотироти нек заҳматҳои устоди аввалин аст, зеро танҳо ба василаи ин шахси обрӯманд мо соҳиби дониш гардидем. Зи ҳар нигоҳаш нури маърифат меборад. Ба мисли кӯҳ мустаҳкаму матин аст. Гӯё танҳо барои чунин пеша тавлид шуда бошад. Донандаи сирри касби хеш аст. Оромтабиату дурандеш ва бо шогирдон самимиву меҳрубон аст. Маҳз, чунин хислатҳои неки инсониаш буд, ки дар дилу дидаи шогирдон ҷо шуд. Аз зиндагии хеш розист, чунки шебу фарозҳои зиндагиро тай кардаву аз шарбати умр, ки гоҳ талху гаҳ ширин аст, чашидааст. Ҳастиро бо ҳама гуна сахтиҳояш, душвориҳояш, заҳматҳояш ва баду некиҳояш дӯст медорад. Сафедии мӯйи сараш нишона аз ғаму андӯҳи зиндагӣ не, балки ҳар як тори он баҳри он табдили ранг кардаанд, то наврасе дар роҳи дониш ворид шаваду тавассути илм ба сӯйи фардои дурахшон равона гардад. Султонмурод Наимов дар МТМУ №31-и шаҳри Ҳисор муддати тӯлонист, ки дарс мегӯяд. Дар байни коллективи омӯзгорон ва хонандагони мактаб дорои обрӯю эътибори махсус мебошад. Бисёре аз шогирдонаш имрӯз дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд, ки ҳар яке аз онҳоро дида, худро хушбахт меҳисобад. Чанд рӯз қабл он меҳру муҳаббати самимие, ки ҳамаи моро вориди руди равони дониш намудааст, қалбамро такон доду ёди ширини даврони мактабхонӣ, бахусус ҳангоми таҳсил дар синфи ибтидоӣ водорам сохт, то ба дабистони аввалини хеш раваму аз ҳоли устоди нахустинам хабар гирам. Дар дохили синфхона як гурӯҳ ташналабони дониш, ки бо ҳаракоти хеш касро ба ёди лаҳзаҳои ширини хурдсолӣ меандозад, нишаста аз муаллими хеш дарс меомӯхтанд. Устод ҳар маротибаи ҳарф задан, баҳри хубтар аз худ намудани дарс шогирдонашро бо суханони меҳромез навозиш мекард. Устод Султонмурод Наимов маро дидан замон бо хушнудии ғайриодие ба даромадан даъват намуд. Пас аз пазироӣ аз аҳволи устод пурсон шудаму лаҳзаҳои чун дурдона қиммати ҳаёти хешро баҳри шогирдони навроҳаш баён намудам. Лаҳзае паси мизи мактабӣ нишастаму гӯш ба суханҳои устод ниҳодам. Бо ҳар суханаш танро ҷони тоза мебахшиду барои зиндагии шоиста умеди фардоро тақдим месохт. Аз нигоҳаш ҳаминро хондан мумкин буд, ки пеши худ танҳо як мақсад дорад: саводнок намудану ба роҳи рост ҳидоят намудани шогирдон. Бо иҷозаи устод аз синфхона баромадаму ба корҳояш барор таманно намудам, то садҳо нафари дигарро бо муҳаббати самимӣ ба роҳи дониш ворид созаду аз накҳати бехазони маърифат бархурдор намояд. Ҳангоми баромадан аз дабистон байти зерин ба ёд омад, ки дар ҳақиқат ба маврид гуфта шудааст: Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест, Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН

Гул ҷони худ абас ба шикастан намедиҳад!

11 е-mail: javonontj@mail.ru

Хоҳишҳои дили инсон на ҳамеша бо хостаҳои зиндагӣ рост меоянд

ҷони худ, хиёнат ба амонати Худованд аст. Агар аз ҷодаи маънавӣ ба иҷтимоъ рӯ орем, пеш аз ҳама сабабҳои худкуширо пурсон мешавем. Аз таҳлили мутахассисон бармеояд, ки вазъи ноҷури рӯҳию равонӣ омили асосӣ аст. Яъне, мушкилоти иҷтимоӣ, ахлоқӣ, тандурустӣ ва муҳити хонаводагӣ рӯҳу равонро носолим месозад. Дар натиҷаи каҳру ғазаб, ноумедӣ, таҳдид ва бемориҳои рӯҳӣ ин зумра одамон роҳи наҷотро дар худкушӣ, яъне марг мебинанд. Мутаассифона, дар байни чунин шахсон теъдоди мардон сол аз сол бештар мегардад. Чаро? Шояд яке аз сабабҳо он бошад, ки мард, ҳамчун сарпаноҳи оила, солҳои охир мавқеи иҷтимоии худро аз даст додааст. Шумораи зиёди мардон дар шароити кунунӣ баҳри қути лоямут роҳ ба сӯи муҳоҷирати меҳнатӣ мегиранд ва гоҳо қисме аз онҳо муддате чанд бе ному нишон ва аз ҳаёти хонаводагӣ барканор мегарданд. Гурӯҳи дигар мушкилоти зиндагӣ ва равонии худро бо роҳи майнӯшиву нашъамандӣ ҳал карданӣ мешаванд. Як қисми дигар роҳи наҷотро пайдо карда натавониста, ба худкушӣ даст мезананд. Яъне тобу тавони паси сар кардани таъсироти касодии маънавӣ ва иқтисодии муҳити кунуниро надоранд. Қисми дигар бо сабаби қарздорӣ даст ба худкушӣ мезананд. Ҳарчанд ки ин кор роҳи ҳалли масъала нест, зеро аз рӯи анъана қарзи гирафтаро бояд ворисон пардохт намоянд. Дар чунин лаҳзаҳои буҳронӣ баъзе шахсон худро заифу танҳо эҳсос менамоянд ва дӯсте ё воситае пайдо карда наметавонанд, то рози дил бигӯянд, маслиҳат пурсанду роҳи ҳалли мушкилоташонро дарёбанд. Худкушии занон дар ҷомеа сабабҳои дигар дошта, муҳокима мешавад. Зане, ки худкушӣ кардааст, дар аксар ҳолат боиси танқид, ғайбат ва сарзаниш қарор мегирад ва аксари вақт сабаби аслии худкушии ӯро пинҳон мекунанд. Ҳол он ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо бори зиндагиро занон ҳам бар дӯш доранд. Аз ҷумла, шароити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маишии ҷомеа ба мехнату фаъолияти занону духтарон робитаи зич дорад. Ҳамчунин, пеш бурдани рӯзгор ва

тарбияи дурусти фарзандон аз занон масъулияти ҷиддиро талаб мекунад. Хастагии ҳолати рӯҳию равонӣ ва касодии иқтисодию иҷтимоӣ ба худкушӣ оварда мерасонад. Солҳои охир мардум бисёр эҳсосӣ шудаанд ва ҳатто барои масъалаҳои ночиз ҳам асабонию руҳафтода мегарданд. Чун эҳсос ба ақл таъсир мерасонад, андешаҳои мубҳам рӯз аз рӯз тира мешаванд. Дар интиҳо танҳо андешаи раҳоӣ аз ҳама мушкилот пеш меояд. Умеду орзуҳо дар қалбҳо мемиранд ва дигар тоқати сабру таҳаммули дарду ранҷҳои равонӣ намемонад. Омори расмӣ чӣ мегӯяд? Тибқи иттилои маркази матбуоти РВКД дар ВМКБ соли 2015 дар каламрави вилоят 33 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2014 17 ҳолат зиёд аст. Аз ин шумора 24/4 мардон ва 9/1 зан ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи прокурори ВМКБ, мушовири адлияи дараҷаи 1 Асозода Дороб, то ҳанӯз сабабҳои аксари ин ҳодисаҳои номатлуб нокушода монда, чораҳои андешидашуда нокифоя мебошанд. Прокуратураи ВМКБ ва кормандони ВКД аз он изҳори таассуф намуданд, ки ҷомеа дар ин самт бетараф аст. Зеро дар бештари ҳолатҳо кормандони моро барои аз назар гузаронии ҷасад роҳ намедиҳанд. Истеъмоли моддаҳои нашъаовар ва майпарастӣ низ хатари худкуширо зиёдтар мекунад, зеро ин моддаҳо ба шуури инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Нозири калони маркази иттилооти шуъбаи нозироти ташкилии раёсати ВКД дар ВМКБ, капитани милитсия Далер Чоршанбиев зимни суҳбат қайд кард,

ки тадқиқот дар самти ба худкушӣ даст задан нишон медиҳад, ки 60% дар байни нашъамандон, 10% дар байни истеъмолкунандагони машруботи спиртӣ ва 30 % дар асоси мунокишаҳои оилавӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳақиқатан ин масъала вабои аср, доғи рӯз гардидааст, ки ба забон овардани он чун номи дардҳои бедаво аз қабили саратон даҳшатнок аст. Муносибати некбинона нисбат ба якдигар волотарин хислати инсонӣ мебошад. Вале бархе дар муомила, рафтор, ахлоқ ва эҳтироми ҳамдигар таҳқиру таҳдид ва зулмро шеваи доимӣ қарор медиҳанд. Вақте рӯҳу равони инсон носолим мегардад, подошаш амалҳои ислоҳнопазир хоҳад буд. Қасд ба ҷони худ гуноҳест азим ва нобахшиданӣ! Аммо оё гурӯҳе, шахсе, ки ӯро ба ин ҳол овардаанд, гунаҳкор нестанд? Дар ин маврид ҳар кас гуноҳро бар дӯши дигаре бор мекунад, ҳар нафар кӯшиш мекунад, то худро бегуноҳ пиндорад ва гуноҳро ба он шахс бор мекунад, ки аллакай аз ҳаёт маҳрум шудааст. Оре, ба як матлаб ӯ гунаҳкор аст, зеро натанавонист бегуноҳии худро исбот созад, бераҳмию бетарафию бадбинии дигаронро таҳаммул намояд, ба мушкилоти зиндагӣ тоқат кунаду ба ҳама пирӯз бошад. Гарчанде ки ҳолати воқеии афроди худкушу сӯиқасд ба ҷони худ карда комилан омухта нашудааст, ҷомеа бояд ба ин зуҳурот яктарафа назар накунад. Як суҳбати самимӣ бо дӯсти худ дар бораи мушкилоти ҳаёти ӯ, мушкили касеро ҳал кардан, ё нигоҳи пур аз меҳр ба шахсе, ки дар симояш осори ғаму андӯҳ ҳувайдост, ин ҳама метавонад пеши роҳи нохушиеро бигирад. Мақомоти маҳаллӣ, шӯрои уламои дин (халифаҳо), мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ бо ҷомеа кор кунанд. Вохӯрию чорабиниҳо бобати пешгирӣ аз ин ҳодисаҳо гузаронида шаванд. Ҳамчунин, афкори умумро дар мавриди сабабҳои воқеии даст ба худкушӣ задани одамон мавриди омӯзиш қарор бидиҳанд. Худкушии инсон осон нест ва он ҳеҷ гоҳ бесабаб рух намедиҳад. «Гул ҷони худ абас ба шикастан намедиҳад» - мегӯянд. Ҷони инсон ширин асту ҳеҷ касе бесабаб онро аз даст намедихад… Рафоат Қудратбекова, донишҷӯи курси 4-и ДДХ

P.S. Ҳамаи динҳои ҷаҳон худкуширо сахт маҳкум менамоянд. Худкушӣ дар дини буддоӣ ва масеҳӣ низ гуноҳ ҳисобида мешавад. Дини масеҳӣ худкуширо сӯиқасд ба муқаддасоти умри одамӣ меҳисобад. Православҳо худкуширо гуноҳи дукаратаи азим мепиндоранд ва ин гуноҳ шуста нахоҳад шуд. Яъне шахсе, ки худкушӣ мекунад, бо маросими анъанаи динӣ ба хок супурда намешавад. Олим ва ҷомеашинос Эмил Дюркгейм ин мафҳумро аввалин маротиба ба риштаи илм кашид ва ин масъаларо ҳимоя карда, дар рисолаи илмии худ овардааст: «Худкушӣ амалест, ки инсон мақсаднок худро ба қатл мерасонад». В. Франкел гуфтааст: «Шахси худкуш аз марг наметарсад, аз зиндагӣ метарсад». Ақидаи Карл Менинчер ин аст, ки ҳамаи амалҳои худкушӣ 3 сабаби ба ҳамдигар марбути бешуурона доранд: қассос - нафрат (хоҳиши куштан), афсурдагӣ (депрессия) - беилоҷӣ (хоҳиши мурдан) ва ҳисси гунаҳкорӣ (хоҳиши кушта шудан).

www.javonon.tj

Қадамҳои инсон дар зиндагӣ гоҳ бебароранду гоҳ бобарор. Зиндагӣ ҳамеша бо як маром ҷараён надорад. Мисоли дарёи пуртӯғёнест, ки баъзан шахсро ба гирдоби худ фурӯ мекашад. Зеро хоҳишҳои дили инсон на ҳамеша бо хостаҳои зиндагӣ рост меоянд. Ана, ҳамин аст зиндагӣ. Он бо мурури замон мушкилтар мешавад. Роҳати домони модар аз ёдҳо фаромӯш мешаваду ҷодаҳои мушкил аз пеш меоянд. Ба қавли Саъдии бузургвор: Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст, Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем. Дар ҷомеа душвориҳои зиндагӣ кам нестанд. Асосаш он аст, ки насли имрӯза ба зиндагӣ, ба паси сар кардани душвориҳое, ки садди роҳаш мегарданд, омода нест. Худи волидайн низ ҷигарбандҳояшонро ба зиндагӣ ва паси сар кардани мушкилиҳо омода намекунанд. Кӯшиш мекунанд, ки фарзандҳояшон аз ҳеҷ чиз камӣ надошта бошанд… Ин ба зуҳури хислати якравию ҳамахоҳӣ дар вуҷуди ҷавонон боис мегардад. Вақте онҳо мехоҳанд ба зиндагӣ бо нигоҳи дигар бингаранд ва бо марому ҳадафҳои худ роҳеро интихоб намоянд, пеши худ саддеро мебинанд дар симои наздикон ва ноумед мегарданд. Яке баҳри барпо намудани оила, дигаре ҳангоми интихоби касб, сеюмин вақти дарёфи кор ба монеаҳои зиёде рӯ ба рӯ мегарданд. Ҳаёти инсон, ки маншаъ аз се пояи асоси - иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маънавиёт мегирад, дар заминаи ин се поя ташаккул меёбад. Маънавиёт пояест, ки зуҳуроти камоли инсон ба он вобаста аст. Инсоният кӯшиш мекунад, то маънии зиндагиро хуб дарк намояд. Ҳамаи мавҷудоти табиат пас аз эҳё рӯзе боз фано хохад ёфт. Гарчанде ҳаёт ҷовидона аст, умри инсон роҳгузар. Ҷон ширин аст, аммо марг ногузир. Вақте аз ҷон мегузарему қасд ба ҷони худ мекунем ва марг металабем, пас чӣ гуна метавон инро таҳаммул кард? Қасд ба ҷони худ ва худкушӣ кардан аз зуҳуроти номатлуб хонда мешавад ва имрӯз ҷомеаро бисёр нигарон сохтааст. Ҳам равоншиносон, ҳам табибон ва дигарон кӯшиши дарёфти сабабҳои худкуширо мекунанду аниқ касе онро шарҳ дода наметавонад. Вале набояд аз хотир баровард, ки ҳамаи динҳои ҷаҳон амали худкуширо маҳкум менамоянд. Дини мубини Ислом худкуширо сахт маҳкум мекунад. Дар ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: «Ҳеҷ яке аз шумо талаби марг накунед, ҳеҷ гоҳ маргро пеш аз фаро расидан орзу нанамоед. Зеро агар ҷаҳони фаноро (маҷбуран) падруд гӯед, умед ба таманнои подош низ нобуд мегардад». Ё Имом Ҷаъфари Содиқ (р) фармудааст: «Касе, ки амдан (қасдан) худро бикушад, ҳамеша дар оташи ҷаҳаннам хоҳад буд». Яъне шахсе, ки қасдан худро бикушад, фикр мекунад, ки худро аз ғаму азоби ин дунё раҳо мекунад, аммо аз азоби ҷаҳаннам намеандешад. Дар Қуръони маҷид омадааст: «Ҳар кас ҳаётеро наҷот диҳад, гӯё кулли башариятро наҷот додааст». Халифа Ашратшо Ақдодшоев оид ба ин масъала чунин ибрози ақида намуд: “Худованд бар бандаи худ зулмро раво надидааст. Ӯ ба бандагони хеш ақлро ато кардааст”. Дар «Маснавии Маънавӣ» омадааст: «Худованд дӯст намедорад, қавми золимонро». Яъне инсон дар давоми ҳаёт аз тарафи парвардигор имтиҳон карда мешавад. Ҷон амонати Худованд аст, танҳо Худованд метавонад онро бигирад. Бо дасти хеш қасд намудан ба

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №27 (9453), 6 июли соли 2016


е-mail: javonontj@mail.ru

12

МАСЛИҲАТИ “ҶАВОНОН...”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №27 (9453), 6 июли соли 2016

Мавлоно Муҳаммад Олим Қуссарӣ дар китоби “Роҳи беҳтари зистан дар партави одоби шаръӣ” овардааст, ки хоб аз неъматҳои Ҳақ таъолост. Хоб боиси роҳати ҷисм ва рафъи хастагӣ мешавад. Ҳақиқатан, хоб дар инсон нишот меофаринад, хастагӣ ва кӯфтагии тӯли рӯзро ба нишоту осоиш мубаддал месозад. Қуръон дар боби хобидан чунин мефармояд: “Худованд шабро барои шумо парда, хобро воситаи осоиш ва рӯзро вақти сафарбар шудан қарор додааст”. Ҷисми хаставу кӯфта то истироҳат накунад, наметавонад аҳкоми илоҳиро анҷом диҳад. Олимони дин ва пизишкон ақида доранд, ки сеяки шабонарӯз, яъне 8 соатро ба хоб бахшидан лозим. Хоби камтар аз 8 соат мумкин аст барои рӯҳу ҷисм зиёновар бошад. Росттарин хоб хоби саҳаргоҳӣ аст. Хобҳои хуби дидаи шахси мусулмон ҳаҷ буда, таъбири онҳо рост ва мусаллам мебошад. Барои чӣ ман инро хоб дидам? Беъзеҳо таъбири хоби худро дар китобҳо ҷӯё мешаванд, дигарҳо бошанд, кӯшиш менамоянд худашон таъбир намоянд. Бисёриҳо ин хобҳоро ҳамин хел ба гӯшаи фаромушӣ месупоранд. Аммо мо медонем, ки таъбири баъзе хобҳои дидаи мо аз давраи қадим то мо расидааст. Мисол, агар дар хоб морро бинед, гӯё дар зиндагиат одами душмандор ҳастӣ ё хоб дидаӣ, ки дандонат ғалтидааст, гӯё зиндагиат ноором аст. Агар дар хоб ифло-

Хоби дидаи мо воқеият дорад?

сиро бинӣ, бой мешавӣ, ё агар хоб бинӣ, ки касе ба ту чизи гаронбаҳо додааст, пас бе ҳеҷ чиз мемонӣ ва амсоли инҳо. Бисёриҳо ба ин гуна хобҳо бовар мекунанд. Яъне ҳар чизе ё ҳодисае сабаби худро дорад. Ягон сабабе шуда чизи дигар пайдо мешавад. Хоббинӣ бе ягон сабаб вуҷуд дошта наметавонад. Яъне он чизе ки инсон рӯзи дароз фикр мекунаду хоҳад онро амалӣ кунад, аммо агар иҷро нашуд, албатта шаби дароз онро дар хобаш мебинад. Ин гуна хобҳо таъбир надоранд. Исломиддин Низомов, фолклоршинос иброз намуд, инсон ки хоб мебинад, хоби ӯ сабаб дорад ва ба маврид мебошад. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки 90%-и инсонҳои рӯи замин хоб мебинанд ва ба он бовар мекунанд. Кӯшиш мекунанд, то зудтар таъбири хобашонро бифаҳманд. Шахсе пайдо мешавад, ки дар як шаб то 4-5 намуд хоб мебинад, аммо аз беаҳмиятӣ ё фаромӯшхотирӣ дар ёдаш намемонад. Ин хуб аст, зеро шахс фикр намекунад ва нахоҳад фамид, ки чӣ буду чӣ мешавад. Бисёр вақт занҳо ба хоб бовар дошта, аз пайи таъбир

мешаванд. Барои мисол, духтараке бародарашро дар хоб мебинад, ки ба садама дучор шудааст. Хеле гиря мекунад, боз мегӯяд, ки эй Худованди бузург кош ин дар хобам бошад. Ҳамин гуна ҳолат дар ҳамаи инсонҳо мешавад. Дар афсонаву ҳикояҳо низ хоббиниву таъбири он ба назар мерасад. Масъалаи хоббинӣ аз як ҷиҳат одӣ менамояд, вале аз ҷиҳати дигар мушкилу печида. Чаро? Чунки равандҳои физиологиву биологие, ки дар майнаи сари инсон мегузаранд, бетаъсир нестанд. «Аз ҳеҷ чиз, ҳеҷ чиз ба вуҷуд намеояд». Барои ҳамин, масъалаи хоббинӣ сабабҳои гуногун дорад. Бо ҳамин сабаб аз даврони куҳан китобҳое дар бораи таъбири хоб менавиштанд. Вале навиштаҳои даврони қадим зери таъсири ҷаҳонбинии асотирию таърихӣ буданд. Асоси илмиашон камтар буд. Ҳар кас ба қадри фаҳмиши худ шарҳҳо медод. Ҳоло, ки асри 21 аст, баҳсҳо оид ба масъалаи хоббинӣ давом доранд. Ҳар донишманде таъбири хобҳоро ба таври худ ва аз диди фалсафаи худ шарҳу эзоҳ медиҳад ва дар назди инсоният баъзе аз чунин саволҳое

беҷавоб мемонанд: Оё хобҳое, ки мо мебинем, ҳақиқат доранд? Оё хобҳои мо моро аз ягон ҳодисае огоҳ месозанд? Оё хобҳои мо моро дар ҳал намудани мушкилиҳои зиндагиамон кӯмак мерасонанд? Яке аз олимоне, ки оид ба хоббинӣ диққати махсус дорад, психологи англис Гоббс Томас мебошад. Ин донишманд дар бисёр китобҳои худ масъалаи хоб ва хоббиниро ба таври воқеӣ ва объективона шарҳ додааст. Аслан, ҳақиқати мутлақ дар илм вуҷуд надорад. Гоббс Томас ҳақиқатро дар масъалаи хоб ба қадри имкон ошкор карда, нишон додааст. Ба гуфтаи ӯ, дар қадим китобҳое вуҷуд доштанд дар бораи таъбири хоб, ки аз оянда хабар медоданд. Одамон дар қадим бисёр ба хоб бовар доштанд. Барои рафъи хатар аз хобҳое, ки медиданд, қурбонӣ мекарданд. Масалан, юнониҳову мисриҳо барои он ки хоби хуб бинанд, дуо мекарданд. Амрикоиҳо худро шуставу пок намуда, дуо мехонданд. Гоббс Томас мегӯяд, ки дар хоб ҳуш ва огоҳӣ кам кор мекунад. Дар хоб инсон фақат дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мушкиле мебошад, ки онро дар бедориаш дорад. Аз назари Томас, байни бедорӣ ва хоб пайвастагӣ вуҷуд дорад. Ӯ мегӯяд, ки агар мо ба ягон мушкил гирифтор шавем, роҳат хоб карда наметавонем. Гоҳе мешавад, ки хобҳои даҳшатангез мебинем. Мумкин аст аз тахти хоб афтем. Ин далели робитаи пайвастаи байни бедорӣ ва хоб мебошад. Инсон он гоҳ хуб хоб мекунад, ки асабаш ором ва ягон ташвишу изтироб надошта бошад. Яке аз сабабҳо ва омилҳое, ки ба хоби роҳати шахс халал мерасонад, хаёлҳо мебошанд. Гоббс Томас мегӯяд, ки агар

Маслиҳат барои волидон

www.javonon.tj

ё якчанд усулҳои нодурусти тарбия ва ҳавасмандкунӣ Ҳар кӯдак дар назди волидони худ нозу нуз ва ба қавле эркагиҳо мекунад. Аммо агар барои нафаре ин гуна эркагиҳо рафтори баду нораво ва истисно бошанд, мутаассифона барои нафари дигар инҳо аз қоидаҳои маъмулианд. Якчанд роҳу усулҳои тарбияи нодуруст ва ҳавасмандкунӣ вуҷуд доранд, ки барои рафтори бади кӯдакон мусоидат мекунанд.

НОМУРАТТАБӢ Шумо ба кӯдак мегӯед, ки имрӯз ӯ дигар набояд ширинӣ хӯрад. Кӯдак шӯру мағал барпо мекунад ва шумо иҷозат медиҳед, ки ӯ боз як дона қанди дигар хӯрад. Ҳамин тариқ, шумо дар майнаи ӯ ҳаминро ҷо мекунонед, ки вақте ӯ доду фарёд ва мағал бардорад, ба ҳама чизи мехостагиаш комёб хоҳад шуд.

ИҶРО НАКАРДАНИ ВАЪДАИ ХУД ДОИР БА ҶАЗОДИҲӢ Ҳамаи мо ақаллан боре волидонеро вохӯрдаем, ки ба кӯдакони худ чунин таҳдидҳо мекунанд: “Агар бори дигар ин коратро такрор мекунӣ, бароят телефон намехарам/туро ба тамошои боғ намебарам/яхмос намехарам...” ва монанди инҳо. Вале баъдан ин ваъдаҳояшонро фаромӯш месозанд. Кӯдакон бошанд, ҳамон рафтори худро идома додан мегиранд, зеро фикр мекунанд: “Чаро накунам? Охир, ҳеҷ гап нахоҳад шуд”. ТАҲДИД Таҳдид ва тарсондани кӯдак, ба ақидаи равоншиносон, усули мувофиқи тарбия набуда, онро ҳатто ҳалокатовар низ номидан мумкин аст. Олимон ҳангоми як тадқиқоти худ муайян на-

муданд, ки кӯдаконе, ки барои дурӯғгӯӣ мавриди таҳдиди шадиди ҷазо гирифтан қарор дода шудаанд, ба дурӯғ гуфтан майлу рағбати дучанд пайдо мекунанд. ДОДУ ФАРЁД Ба сари кӯдак бо овози баланд дод гуфтан маънои онро надорад, ки кӯдак шуморо шунида, хоҳишатонро иҷро мекунад, балки ин усул таъсири хеле кутоҳмуддат дошта, ба вайрон шудани муносибатҳои шумо оварда мерасонад. ҶАЗОИ ҶИСМОНӢ Тадқиқот нишон додааст, ки агар кӯдак зуд-зуд мавриди ҷазои ҷисмонӣ, яъне латукӯб қарор дода шавад, ӯ бештар бадкору таҷовузкор ва одамгурез шуда, қобилияти худбаҳодиҳиаш аз байн меравад. Ӯ ба ҷои ислоҳ шудан чӣ

Наҷиба

МУРОДБЕКОВА мо дар рӯз дучори коплекси худбузургбинӣ бошем, ҳатман шаб ҳам дар хобамон дар бораи худбузургбинии худамон хоб мебинем. Масалан, инсоне шоир аст, аммо он қадар шоири машҳур ва маъруф нест. Шояд шоири хуб бошад. Шоир худро аз ҳама бузург тасаввур мекунад. Вале чизи асосӣ ин аст, ки бузургии ӯ фақат дар фикру хаёлу тасаввури худи ӯ мебошад. Ҳамин хел падидаро дар психология маҷмӯи худбузургбинӣ меноманд. Аз хаёлҳои шахс метавон фаҳмид, ки ӯ чӣ орзу дорад. Хоб як купруке байни мушкили зиндагӣ ва тарзи фикри инсон мебошад. Аксар шахс хоб мебинад, ки парвоз мекунад, таъбир ва маънии хоб ин аст, ки он шахс мехоҳад аз ҳама мушкилот фирор кунад. Шахсест мансабталош ва баландпарвоз. Ӯ ҳатто дар хоб ҳам наметавонад худро аз дасти мансабталошӣ озод кунад. Баъзе аз одамон хоб мебинанд, ки аз ҷое афтодаанд. Ин хоб нишон медиҳад, ки шахси хоббинанда ҳамеша нигарони шикасти худ аст ва қудрати рӯ ба рӯ шудан ва аз байн бурдани мушкилоти худро надорад. Ин қабил хобҳо аксар барои шахсоне пеш меоянд, ки дар кӯдакӣ ҳамеша таҳти назар ва муроқибати зиёд буда, онҳоро аз анҷоми ҳар амал тарсондаанд. Масалан, даст назадан ба чизе, он ҷо нарав, ки мемирӣ, наздики оташ нарав, месузӣ ва ғайра. Ин гуна бачаҳоро ҳамеша аз хатар тарсондаанд. Ҳақиқат он аст, ки ҳамеша дар зиндагӣ бо хатарҳое рӯ ба рӯ аст ва ҳеҷ кас ба ӯ кӯмак накардааст, ки чӣ гуна худро наҷот диҳад.

гуна аз дарду ранҷ гурехтану халос шуданро меомӯзад. ФАҲМОНДАНИ АМАЛИ ХУБ Вақте фарзанди шумо дар курсӣ тоб мехӯраду бо овози баланд суруд мехонад ва ё ҳангоми хӯрокхӯрӣ ангуштонашро мелесад, ӯ ба назари шумо беҳтарин аст. Аммо ба гумон аст, ки чунин рафтори ӯ ба атрофиён писанд бошад. Ҳамин тавр, агар ба кӯдак чӣ гуна рафтор карданро наомӯзонед, ӯ ҳама кори дилхоҳашро анҷом додан мегирад. Бешубҳа, ҳама чиз ба синну сол вобаста аст. Кӯдакони хурдсол ҳанӯз намедонанд, ки чӣ хуб асту чӣ бад ва бадкирдориву нозу нуз карда, оқибати амалу кирдори худро андеша намекунанд. Агар дар хурсолӣ онҳо дарк намоянд, ки кадом кор хуб асту кадом не, дар оянда азоб намекашанд. Аз нав тарбия намудани онҳо бошад, сангин асту заҳматталаб. Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”


ПОЧТАИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №27 (9453), 6 июли соли 2016

е-mail: javonontj@mail.ru

Ҷавонони солимфикр кафили амнияти давлат

13

Бо дарназардошти он ки терроризм ҳамчун яке аз таҳдидҳои глобалӣ барои амнияти сайёра ва кишварҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод менамояд, вазъи зудтағйирёбандаи ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳон моро низ водор месозад, ки баҳри ҳифз ва таъмини сулҳу субот дар кишварамон доимо омода бошем, сохторҳои қудратии худро ба воқеиятҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мутобиқ созем. Имрӯз ҳодисаҳои шомил гаштани ҷавонону наврасон ба чунин ташкилоту созмонҳои терростӣ на танҳо боиси хавотирии кишварҳои дигари олам, балки боиси хавотирии мардуми тоҷикистонӣ низ гаштаанд. Ин ба он хотир аст, ки мақсаду ҳадафи чунин ҷамоату созмонҳо барои миллат ва мардуми Тоҷикистони осоишта хеле хатарзо мебошанд. Зери мақсади ин гуна созмону ҷамоатҳои тахрибкору ифротгаро сарнагун кардани сохти имрӯзаи давлати конститутсионӣ ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ дар Тоҷикистон мебошад. Бояд гуфт, яке зуҳуроте, ки барои мардуми мо паёмади нангбор дорад, ҷалби занону духтарон ба чунин созмонҳо мебошад. Ба хотири он ки занон бештар зудбоваранду онҳоро метавон ба осонӣ ба ин ё он кор моил кард, онҳо бештар ба аъзогии чунин созмонҳо ҳамчун тарғиботчиёни фаъол ҷалб карда мешаванд. Афзун намудани сафи аъзои ин қабил ҷамъиятҳо маъмулан аз ҳисоби занон, модарон, хоҳарони аъзои дигари онҳо амалӣ карда мешавад. Баъзан аз ҳисоби омӯзгорони ғайрирасмии таълимоти динӣ ба мисли «бибиотун»-ҳо низ ҳамчун тарғибгарон ва ҷалбнамояндагони одамон ба сафи созмонҳое, ки равияи ғайриқонунӣ ва ифротгароёна доранд, истифода карда мешаванд. Бо назардошти фаъолияти тахрибкорӣ ва террористӣ ва ба хотири таъмини ҳимояи сохти конститутсионӣ, амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани фаъолияти террористӣ, экстремистӣ, ҳолатҳои барангехтани кинаву адоват, низои миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ дар асоси ҳалномаи Суди Олии ҶТ аз 3 майи соли 2012 фаъолияти чунин ҷамоатҳо ва ташкилотҳое, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуданд. Мақсаду мароми чунин ҳизбу ҳаракатҳо ба як самт нигаронида шудаанд: барҳам задани сохти давлатдории қонунӣ. Мантиқан чунин созмонҳо ҳадафҳояшонро бо роҳи барангехтани фитна миёни мардум ва давлат, истифодаи роҳу усулҳои ифротгароёна ва тахрибкорона, истифодаи силоҳ ва марги гурӯҳии мардум амалӣ менамоянд. Ҳар яки моро мебояд бо мақсади шомил нашудани фарзандон ва пайвандонамон ба ҳар гуна равияҳои экстремистӣ, ки онҳоро ба гумроҳӣ мебарад, назари зиракона дошта бошем. Моро мебояд дар мавриди ҳама гуфтаҳои боло хулосаҳои шахсии худро дошта бошем. Муҳимтар аз ҳама тавонем, ки фарзандони худ, наврасону ҷавононро аз гаравидан ба ҳар гуна созмону ҳаракатҳои ифротгаро эмин нигоҳ дорем. Ин ҳама бо он хотир аст, ки пояндагиву устувории миллату давлат аз ояндаи онҳову аз мафкураи солими онҳо вобастагӣ дорад. Мо бояд кӯшиш намоем, то шарафёб ба он гардем, ки ҷавонони имрӯзаро дар фазои омӯзиш ва арҷгузории анъанаҳои беҳтарини ниёгон, дӯстиву рафоқат, посдорӣ ва эҳтиром ба қонун тарбия намоем, то муваффақ ба он шавем, ки онҳо нисбат ба ояндаи миллату ватани хеш масъулият эҳсос намоянд, барои таъмини амнияти он, афзун гардонидани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ талош варзанд. Беҳрӯз МИРЗОЕВ, котиби маҷлиси судии Суди шаҳри Турсунзода

Берун олӣ, дарун холӣ Ҳама хушбахтиҳо аз оилаи солиму бофарҳанг сарчашма мегиранд. Оила қувваи бузургест, ки инсонро ба зиндагӣ кардан водор месозад. Пас, лозим аст баҳри пойдории оила пайваста мубориза барем. Барои як оилаи солимро ташкил кардан қувваи бузург лозим аст. Ин қувва савод, ақл, фарҳанг ва якдигарфаҳмии марду зан ва волидон ба ҳисоб меравад. Инсоне, ки саводи кофӣ надорад, ҳеҷ гоҳ хушбахт шуда наметавонад. Чунки бо ақидаҳои хом метавонад монеи пешрафти зиндагии оилавии худ гардад. Имрӯз ҷавононро мебояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму фарҳанг бошанд. Илм метавонад андеша ва тафаккури шахсро васеъ ва барои интихоби ҳамсари хуб кӯмак расонад. Солҳои охир ҷудошавии оилаҳои ҷавон зиёд ба назар мерасад. Аз ин ҷудошавиҳо бештар кӯдакони хурдсол ҷабр мебинанд. Ҳамдигарнофаҳмӣ, рашку бадбинӣ ва носозӣ бо волидони домод боис мегардад, ки бисёр ҷавонзанон бо як ё ду кӯдак ба хонаи падар баргашта, бори гарон бар сари волидон шаванд. Бисёр ҷавонон орзуҳои зиёд дар дил оила барпо мекунанд. Лек аз чӣ бошад, ки бисёр чунин оилаҳои ҷавон зуд пароканда мегарданд. Ҷавонеро ғамгин ва бо ду дидаи пурнам назди идораи суд дидам. Ҳисси кунҷковиам боло гирифту сабаб пурсон шудам. Маълум шуд, ки дар интихоби оилааш хато карда, акнун аз ҳам ҷудо мешаванд. Ҷавон ки Дилшод ном дошт, чунин нақл кард: «Бо Мадина дар як донишгоҳ таҳсил карда, аз курси якум мисли Лайлию Маҷнун будем. Дар тӯли панҷ соли бо ҳам будан боре ҳам ғуруру худписандиашро надидам. Хоксор, меҳрубону ғамхор буд. Аммо баъд аз издивоҷ рафтори аслиаш равшан шуд. Ончунон мағруру худписанд будааст, ки ҳеҷ касро одам намеҳисобад. Афсӯс, сахт хато кардам. Чашми ошиқ кӯр гуфтаанд, ки рост будааст. Акнун аз ҳам ҷудо мешавем…» Бисёре аз наварӯсон хушдоманро рӯи хуш надода, сухани ӯро ба эътибор намегиранд. Насиҳат кунад, дарҳол қаҳр карда, буғчаро тори сар ниҳода, хонаи модар меравад. Яке аз сабабҳои дигар ин бармаҳал ба шаваҳар додан ва надоштани саводи кофии духтарон аст. Ҳоло ҷавондухтарони зиёд ба шабакаҳои интернетӣ пайваст шуда, оламу одамро аз ёд мебароранд. Рӯзи дароз бо телефони худ банд, ба кори манфиатноке даст намезананд. Модарон низ дар тарбияи фарзанд беаҳамиятӣ зоҳир намуда, сипас духтари зебои дохилаш холиро ба шавҳар медиҳанд. Мисли китобе, ки ҷилди зебо дораду дарунаш маводи хуб нест ва то охир хонданаш маънӣ надорад... Насиба НАЗАРЗОДА, рассом

www.javonon.tj

Беҳуда намегӯянд, ки Ватан аз остонаи дари хонаамон оғоз мегардад. Мантиқан сарзамине, ки моро мехӯронаду мепӯшонад, обу ҳавояш омили ҳаёти мост ва қонуну қоидаҳои он кафолати ҳама гуна ҳуқуқҳои моро медиҳад. Имрӯз ҳар фарди бохирад бояд бо ифодаи шукргузориҳо ба қадри ҳама он неъмате, ки аввалан Худованд барояшон арзонӣ намудааст, расидаву, сониян, тартиботу низомеро, ки дар ҷамъият ба хотири амнияти мардум муқаррар гардидааст, риоя намоянд. Моро зарур аст, ки ба хотири нигаҳдошти амну амнияти хонаву хони хеш, марзу буми кишварамон ба тафриқасозиҳо роҳ надода, ҷиҳати ягонагиву иттиҳоди ҷомеаи тоҷикистонӣ боз бо ҳам муттаҳидтар шавем. Мантиқан, пайдо шудани ҳар гуна таззоду ихтилофҳои назар оҳиста-оҳиста ба тафриқаву даргириҳо ва ниҳоят ба низоъ дар ҷомеа оварда мерасонад. Ба миён омадани ҳар гуна ихтилофҳои назар бошад, чи ба таври андеша ва чи ба тарзи амал, ки имрӯз дар ҷомеаи мо ба миён меоянд, бешак, таҳдидест дар суст гардидани пояи давлатдорӣ ва бақои Истиқлолияти давлатӣ. Зеро имрӯз мо дар давлате зиндагӣ дорем, ки он худро миёни дигар давлатҳои дунё ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намудааст. Сарқонуни кишварамон бошад, ифодакунандаи ҳуқуқҳои мардуми кишварамон буда, беҳтарин арзишҳои ҳуқуқии миллиро инъикос менамояд, ки иҷрои ҳар нуктаи он барои мардуми мо чун риояи аҳкоми шариат барои ҳар яки мо муқаддас аст. Зеро ҳангоми тарҳрезӣ ва қабул намудани Қонуни асосии давлатдории мо - Конститсия аз қонунҳои сирф миллии худ, ки табиати мардуми моро инъикос менамояд ва дар тӯли таърихи бисёрсолаи мавҷудияти мардуми мо хуб суфтаю коркард шудааст, истифода шудаанд. Дар чунин сохти давлатдорие, ки моро эътироф намудаанд, имрӯз ҳар гурӯҳ ва ё ҷамъияте мехоҳад ҳизбе ё созмоне таъсис диҳад ва фаъолияти худро ба роҳ монад. Вале ин ҳам дар ҳоле ки ин гурӯҳ ё ҷамъият тибқи муқаррароти меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қонугузориҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон оинннома ва барномаҳояшонро, ки бо қонунгузориҳои давлат хилофат надоранд, таҳияву пешниҳод намоянд. Мутаассифона, имрӯз ҳастанд баъзе ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуние, ки оиннома ва барномаи мушаххасу ошкор надоранд ва бадтар аз ҳама он аст, ки бо мақсади ҷалби аъзои бештар ва ба роҳ мондани фаъолияти хеш ба фитнаву тахрибкориҳо рӯй меоранд. Бояд гуфт, ки барномаҳои ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо самти муайяни фаъолият надоштаву ғаразнок ва на ба меъёрҳои ҳуқуқӣ рост меоянду на ба меъёрҳои шариати исломӣ. Чунин ҳизбҳо ғайриқонунӣ буда, аз ин лиҳоз фаъолияташон низ махфиёна ва бештар маврид тахрибкорона ва на ба самти пуштибонӣ аз манфиатҳои мардум, балки бештар ба фитнаандозиҳо миёни мардум ва тахрибкориҳо, ки маъмулан бо фавти мардуми бегуноҳ, ҳатто занону кӯдакон меанҷоманд, нигаронида шудаанд. Онҳо ба мақсадҳои ғаразноки хеш аз ҳар воситаи дастрасашон истифода менамоянд ва барои ҷалбу зиёд намудани сафи аъзои худ бештар ҷавононро ба доми худ мекашанд, афкори мардумро бо ғояҳои ифротгароёнаи худ олуда месозанд.


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

14

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №27 (9453), 6 июли соли 2016

“Хонаводаи солим” суд меорад Китоби «Хонаводаи солим»-и академикҳо Ф. Шарифзода, И. Каримова ва С. Сулаймонӣ, ки нашриёти «Ирфон» соли 2015 бо теъдоди 200 нусха аз чоп баровард, масъалаҳои гуногуни зиндагии хонаводаро дар бар мегирад. Он аз ду боб иборат буда, муаллифон дар боби аввал, ки «Меъёрҳои хонаводаи солим» ном дорад, меъёрҳои хонаводаро ёдрас шуда, зикр мекунанд, ки зан ва шавҳар байни худ ва фарзандон набояд фарқ гузоранд. Онҳо якдигарро бо дигарон муқоиса накунанд, рафтору ахлоқи хуб дошта бошанд. Онҳо хонаводаеро, ки аз ахлоқи хуб бархурдор нестанд, мазаммат карда, онро ба мошини гаронбаҳое, ки дар биёбон бесӯзишворӣ мондааст, монанд кардаанд. - Дар ин гуна хонавода, - қайд мекунанд муаллифон, - фарзандон дучори афсурдагию бадахлоқӣ мегарданд. Аммо дар хонаводае, ки дар он хушахлоқӣ ҳаст, фарзандон дорои саломатӣ ва амнияти равонианд ва бо далелҳо собит кардаанд, ки баъзе рафторҳо дар хонавода, аз ҷумла таҳқир, озор, сухани дурушт оқибати бад дорад. Ин ҷо таъкид мекунанд, ки зану шавҳар бояд бо ҳам иртиботи муассир дошта бошанд. Онҳо бояд эҳтиёткор бошанд ва бо забон озори якдигарро раво набинанд. Озору таҳқир, бадзабонӣ, тамасхур ба фарзандон низ сироят мекунад. Рӯзе онҳо ягон узви хонавода ё ҷомеаро мавриди тамасхуру таҳқир қарор хоҳанд дод, вале агар хонавода солим бошад, ҳеҷ гоҳ фарзандон чунин рафтор намекунанд. Зану шавҳар, - мегӯянд мусаннифон, - дар хона ба хараҷу мараҷ, бесуботӣ роҳ доданашон лозим нест, бояд барои худ ва фарзандон ҳудуди озодӣ ва назму тартибро муайян кунанд. Дар хонаводае, ки назму тартиб нест, дар он аз фарзандон одоби хуб интизор шудан амри маҳол аст. Масъалаи рашку бадбинӣ чи аз тарафи мард, чи аз тарафи зан ё худ аз тарафи волидайн нисбат ба фарзандонро низ муаллифон мавриди баррасӣ қарор дода, қайд кардаанд, ки ин амалҳо гармии хонаводаро ба сардӣ табдил медиҳанд”. Бадин минвол дар ин боб 48 мавзӯъ таҳлилу баррасӣ гардидааст. Хуб мешуд, хонандагони арҷманд китобро хонда, ба муҳтавои ҳар як мав-

зуъ, ки ҳар кадом маънои як китоби алоҳидаро дороанд, шинос мегардиданд. Боби дуюм «Эҳтиром ба падару модар» ном дошта, 16 мавзуро дар бар мегирад ва муаллифон дар пешгуфтор чунин қайд кардаанд: «Дар бораи падару модар сухан гуфтан ончунон дорои аҳамият аст, ки шояд чизе дар дунё аз ин муҳимтар набошад. Зеро яке аз муҳимтарин авҷ ба парвози инсонҳо ва инчунин сукут ва набудани онҳо вобаста ба ҳамин шахсонанд...» Аз ин гуфтаҳо баландтар сухане нест. Кофист бигӯем, ки хонандагон аз мутолиаи ин боб, аз ҷумла мақолаи «Накӯӣ ба падару модар» хоҳанд фаҳмид, ки ранҷу азобҳои волидайн бахусус модар беҳисоб аст. Барои он ки фарзанд таваллуд гардаду беосеб ба воя расад, чӣ қадар машаққат мекашад. Аз ин рӯ, гиромӣ доштани модар вазифаи ҳар як фарзанд аст. Дар охир чунин нукта қобили қайд аст, ки дар китобҳои дарсии макотиби кунунӣ дар бораи ҳурмати падару модар ками андар кам мавод дарҷ гардидааст. Аз ин рӯ мутолиаи китоби мазкур аз тарафи волидайн, омӯзгорон, роҳбарони синфу маъмурияти мактабҳои таҳсилоти умумии ҳамагонӣ шарт ва зарур аст. Онҳо ме-

тавонанд аз маводи он дар суҳбатҳо, соатҳои тарбиявӣ истифода бурда, дар ташаккули шахсияту хештаншиносии кӯдакону наврасон замина гузоранд. Инчунин агар баъзе нуктаҳои каломи худованд аз «Қуръони карим», суханони пайғамбари ислом (с) ва исломшиносонро дар мавзӯи ҳурмати падар ва модар навишта, дар хона дар утоқи дарстайёркунӣ, дар мактаб, дар деворҳои синфу долонҳо насб кунанд, аз мутолиаи онҳо толибилмон танҳо бурд хоҳанд кард. Хайрулло РАҲИМОВ, Аълочии маорифи Тоҷикистон, омӯзгори собиқадор

Ғ. Тағоймуродов: “Ҷавониро азиз доред” Ғолиб Тағоймуродов. Бо ин марди сартопо аҷоибу ғароиб 40 сол аст, ки тавасути касби рӯзноманигорӣ ошно, дӯст ва бародар ҳастем. Ҳамеша бо корҳои ҳақиқатнигорию навоварии вай сари таъзим фурӯд оварда, саламно мехонам. Ҳеҷ вақт ҷои таваллуди ӯро намедонистам ва дар андешаам ҳам фикри аз кадом шаҳру ноҳия буданаш пайдо намешуд. Соли 2003 китоби қомуси «Данғара» аз чоп баромаду баъдан донистам, ки дӯсти ман аз қишлоқи Оқсӯи ноҳияи Данғара будааст. Дар омӯзишгоҳҳои педагогии Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб хонда, онҳоро бо дипломи аъло хатм менамояд ва дар давраи дар ин муассисаҳои касбӣ хонданаш ба узвияти Иттифоқи ҷавонон пазируфта мешавад ва аз пешоҳангони ҳаракати ҷавонӣ маҳсуб меёфт. Баъди хатми омӯзишгоҳ ду сол дар мактаби ба номи В.И. Ленини ноҳияи Данғара омӯзгор шуда, дар чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ пешоҳанг мешавад. Соли 1959 ба Институти кишоварзӣ дохил шуда, дар машқҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ иштирок менамояд. Дар мусобиқаи гӯштингирӣ дар Боғи Ленин, ҳоло Боғи Рӯдакӣ иштирок карда, се нафарро ба тахтапӯшт мехобонад ва соҳиби Ифтихорнома мешавад, ки то имрӯз ин санад дар манзилаш маҳфуз аст. Ғолиб факултаи меллиоратсияобёриро низ аъло хатм намуда, ӯро барои омӯзиш ба иншооти муҳими сиёсӣ - Нерӯгоҳи барқи обии «Норак» ҳамчун мутахассис мефиристанд ва дар ҳаракати «Эстафетаи коргарӣ» фаъолона иштирок мекунад. Қисмати ин марди шариф минбаъд дар соҳаи кишоварзӣ, дар Вазорати меллиоратсия ва хоҷагии об, дар Кумитаи «Агропром», дар Вазорати кишоварзӣ ҳамчун сардори Раёсати обёрии замин ва беҳбудгардонии замин то нафақа рафтанаш кор кард. Маслиҳатгари тамоми деҳқонон ва ҳамаи онҳое, ки ба замин, пахта ва офарандагони неъматҳои моддианд, ба ҳисоб рафта, тамоми замини шаҳру ноҳияҳоро ҳамчун мутахассис қадам задаву бо даст палмосидаву намунаи хоку об гирифта, ба лаборатория овардааст. Ӯро дар ҳама ҷо хурду калон эҳтиром ва иззат менамоянд. Ҳангоми дар Вазорати кишоварзӣ кор кардан ӯ ҳамзамон худро ба соҳаи рӯзноманигорӣ бахшид. Ба қалами ӯ садҳо мақолаҳои таҳлилӣ оид ба замину эрозияи он дар матбуоти замони шӯравию замони Истиқлолияти давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма чоп шуданд. Ҷаҳонгашта, аз ҷумла давоми ду ҳафта дар Исроил буд ва оид ба самаранок истифода кардани замин, об, нурӣ, техника ошно шуд ва ба Ватан баргашта, давоми 20 сол ба воситаи радиову телевизион бо ҷалби мутахассисони беҳтарин вобаста ба афзудани неъматҳои моддӣ, пахта, сабзавот, хӯроки чорво, мева, шолӣ, зироатҳои полезӣ, картошкаву пиёз, сабзӣ маслиҳатҳои муфид додааст. Аз ин рӯ, ӯро ба аъзогии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфтанд ва мукофоти баланди ин соҳа - ба номи Абулқосим Лоҳутиро ба вай насиб донистанд. Хизматҳои Ғолиб Тағоймуродовро бо унвони баланди давлатӣ - Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр кардаанд. Ҳамин тавр, Ғолиб Тағоймуродов аввалин шуда, дар соҳаи журналистика, мактаби махсуси худ - журналистики соҳаи кишоварзиро ба вуҷуд овард. Ба назари ҳамсӯҳбатам масъалаи меллиоратсия ва кадрҳои меллиоративӣ коҳидааст. Ғолиб Тағоймуродови 76-сола ба ҷавонони имрӯза рӯ оварда мегӯд: “Ҷавониро азиз доред, хонед, мамлакатро ба давлатҳои пешқадам, мисли Олмон, Амрико, Исроил, Голландия пешқадам гардонед ва варзишро, аз ҷумла бозии футболро мисли онҳо тараққӣ ва зебо гардонед, шараф, нангу номӯси миллӣ доштан даркор, зеро мо ҳам ҷавон будему намегузоштем, ки Тоҷикистони азиз аз дигар ҷумҳуриҳо поён бошад, илм ҳам пешсаф буду ҳунару варзиш ҳам. Кароматуллоҳи АҲМАД, рӯзноманигор


САЙҚАЛИ ХОТИРА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №27 (9453), 6 июли соли 2016

Рафиќ, шинос

… Рай, актрисаи њиндї

Беозор, дилсўз

Махлуќи калонљуссаи афсонавї

Сокини тањљоии Норвегия

… Чакраборти, актёри њинд Асбоб барои ченкунии чуќурии об

Бохти шоњ дар шоњмот

Тамом, анљом

Нозири роњ коркуни ин бозрасї аст

Ќарз

Оби чашм

Нокас

Манора дар ш. Москва

Дараља дар карате

... Николаев, овозхони рус

… Рампал, актёри њиндї

Континенти "сиёњ"

Муаллифи "Дон Кихот"

Лагери машњури пионерон дар Ќрим

Хоњари падар

Номи ќаторкўњ дар Осиёи Миёна

Бузи нар

Дарёњои Панљу Вахш баъди якљояшавї

Зот, бунёд

Яке аз аъзо Асъори Хитой

Драматурги тољик Файзулло ...

Харидор

Даста, команда

Навъи таъм Љазира дар архипелаги Малай

... Холова, овозхон

Камонвари тољик Зебуннисо ...

«… кунї, аз ѓўра њалво мепазад»

Муфтхўрї

Рангинкамон

е-mail: javonontj@mail.ru

Ноњия дар вилояти Хатлон

15

Яке аз чор мушкетдорони Дюма

Тахти подшоњон

Сарвари донишгоњ

Мал«Падар» ба лоњ, лањљаи Дарвоз моряк

Инсоф, адолат

Сурх, сафед ё сабз

Як намуди варзиши сабук

Сами ..., овозхон

Муќобилмаънои нест … Рейган

Боѓи шафтолу

Шамсиддин ..., шоири тољик Садои миёнаи мардона дар мусиќї

Ватани кенгуру

Йошкар-...

Ѓам, Меваи андўњ ширин

Ишора, рамз

Полотенса

Њиссачаи ифодакунандаи њайрат

Лижа Контрабанда

Бафурља, асабї нашуда

Ќисми растании барои шинондан гирифташуда

«Чупа-…» Зањрханд, писханд

Ранги нилобї, кабуд

... Тзе Дун

Муќобили «бад»

Бонозу карашма Тасмим, ният

Хирадманд Хайр! (итолиёї)

Дањр, дунё Шакли дигари «не»

Додар (лањља)

Бад, њавои …

…и Саидалї, овозхон

www.javonon.tj

Бунафша …, овозхон

Ноумедї, маъюсї

Тамѓаи автомобили фаронсавї

Сабаб барои бахшиши гуноњ


е-mail: javonontj@mail.ru

16

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №27 (9453), 6 июли соли 2016

Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016, озмуни соҳавии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30.03.2016, таҳти №61, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо мақсади муайян намудани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмун эълон менамояд.

Шартҳо: 1. Ҷавонон: - дастгирии ҷавонон; - ҷалби ҷавонон ба маҳфилҳои илмӣфарҳангӣ; - баргузории озумунҳо, чорабиниҳо, аксияҳо ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ; - иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. 2. Рушди варзиш: - дастоварди варзишгарон (шумораи медалҳо ва ҷоизадорон); - баргузор намудани мусобиқаҳо; - теъдод ва шароити толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ.

3. Рушди сайёҳӣ: - ташрифи сайёҳон; - рушди инфрасохтори соҳа; - ба роҳ мондани усулҳои муосири ҷалби сайёҳон. Ҳайати эҷодии рӯзнома имкон дорад, ки ҳар шумора дар бораи фаъолияти пурсамари бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии муваффақ маводи муфассал (то як саҳифа) интишор намояд. Озмун охири соли ҷорӣ (2016) анҷом меёбад. Хонандагон метавонанд беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва роҳбари онро интихоб намуда, дар анкетаи зерин сабт намоянд ва онро бурида, ба суроғаи нашрия фири-

АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) _______________________ Барои чӣ беҳтарин аст?_______________________________________________________________ Ному насаби пуркунанда_____________________________________________________________

 АНДАРЗ

Рӯҳоние вориди қасре гашту пойи истироҳат нишаст. Аз байн чанде нагузашта, подшоҳ барои сайёҳат ба қаср баромад ва чашмаш ба рӯҳонӣ афтод. Шоҳ дар ҳоле ки дар ғазаб шуда буд, назди рӯҳонӣ омад ва пурсид: - Оё медонӣ, ки дар куҷо нишастаӣ? Рӯҳонӣ гуфт: - Бале, дар меҳмонхонае, ки барои мусофирон сохта шудааст. Ва чун мусофир истироҳат дорам. Подшоҳро ғазабаш бештар гардида, дод зад: - Ақлатро хурдаӣ, магар ки меҳмонхонаи одиро аз қасри боҳашмати подшоҳ фарқ намекунӣ? Рӯҳонӣ аз подшоҳ пурсид: Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

Мард: занам гум шудааст. Ӯ бегоҳӣ мағоза рафта, то ҳол барнагаштааст. Милиса: Гӯед, ки қадаш чанд метр буд? Мард: Ман ягон вақт ба қадаш аҳамият надодам. Милиса: Хароб буд ё фарбеҳ? Мард: На харобу на фарбеҳ. Милиса: Ранги чашмонаш? Мард: Аҳамият надодаам. Милиса: Ранги мӯй? Мард: Ҳар ҳафта иваз мекард. Ҳоло намедонам кадом ранг буд. Милиса: Чӣ либос дошт? Мард: Аҳамият надодаам. Милиса: Бо мошин рафта буд? Мард: Бале. Милиса: Тамғаи мошин? Мард: Аудӣ А8, рангаш кабуд, двигателаш V6, ҳаҷмаш 3,0 литр, тавоноияш – 333 қувваи асп, муҷаҳҳаз бо коробкаи шашскорости навъи типтропик. Оптика бо лампаи каммасрафи LED. Ҳамчунин, дари тарафи чапи пеш камтарак харош ёфта буд. Дар ин ҳолат мард гиря мекунад. Милиса: Ғам нахуред, мо меёбем... мошинатонро.

станд. Дар анҷом се нафар: соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм бо ҷойизаҳои махсуси рӯзнома сарфароз гардонида мешаванд. Теъдоди овозҳо ҳар ҳафта тавассути рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хабар дода мешавад. Имрӯз фурсат расидааст, бояд онро аз даст надиҳед ва беҳтарин роҳбар будани худро ифшо намоед. Фурсати худро муаррифӣ кардан расид! Натиҷаи рейтинг ба озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъсир дошта метавонад. Анкетаҳои пуршуда бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ-16, КТН “Шарқи озод”, ошёнаҳои 1 ва 4, идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” қабул карда мешавад. Анкетаҳои нусхабардоришуда эътибор надоранд. Масъули озмун: Шаҳбози Асомиддин. Тел: 985 48 26 48, 238 53 03, 238 54 14

***

Телевизор

Меҳмонхона

www.javonon.tj

Лутфи ҷавонӣ

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

- Пеш дар ин қаср кӣ зиндагӣ мекард? Подшоҳ гуфт: - Падарам, пеш аз вай бобоям, пеш аз бобоям бобокалонам. Айни ҳол он ба ман таллуқ дорад ва баъд аз сари ман писарам соҳиби ин қаср мегардад. - Пас ин қаср барои мусофирон нест? Дунё ҳам мисли меҳмонхонае барои мусофирон аст. Мо таваллуд мешавем ва дунё ҳамчун мусофирхонаест барои мо, то ки чанд муддат дам гирему боз ба макони аслиамон бармегардем... Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

***

Муаллима аз шогирдонаш хост, дар бораи он ки онҳо аз Худо чӣ мехоҳанд, диктант нависанд. Шом, вақте ки дафтарҳои бачаҳоро аз назар мегузаронд, навиштаи яке аз онҳо ӯро ба ваҷд овард. Ин ҳангом шавҳараш ба наздаш даромада, дид, ки гиря мекунад. - Чӣ шуд? - пурсид ӯ. - Бихон, - диктантро ба шавҳараш дароз кард муаллима. “Худоё, имрӯз ман аз ту як чизи муҳим металабам: маро ба телевизор табдил деҳ. Мехоҳам ҷои онро гирам. Мехоҳам ҳамон тарзе зиндагӣ кунам, ки телевизор дар хонаи мо мезияд. Мехоҳам мақоми махсус дошта бошам ва оиларо гирди худ ҷамъ кунам. Вақте гап занам, бе халал расондан ва савол додан маро гӯш кунанд. Мехоҳам дар маркази диққат бошам. Мехоҳам бо ман тарзе рафтор кунанд, ки ҳангоми фаъол буданаш бо телевизор мекунанд. Мехоҳам бо падарам бошам, ҳатто вақте ки аз кор бисёр хаста бармегардад. Мехоҳам модарам, вақте ғамгину танҳост, ба ҷои маро аз наздаш пеш кардан, ба наздам ояд. Мехоҳам падару модарам гоҳо ҳамаро як тараф монда, каме вақташонро бо ман гузаронанд. Худоё, ман чизи бисёр намехоҳам, фақат мехоҳам тарзе зиндагӣ кунам, ки ҳар як телевизор мезияд”. - Бечора бача, - хитоб кард мард. – Ин чӣ гуна падару модарӣ аст?! Муаллима бо чашмони пуроб гуфт: - Ин диктанти писарамон аст!

- Доим ту аз паша фил месозӣ. - Ман ҷодугарам.

***

Мурча назди фил рафта ба гӯшаш чизе мегӯяд, ки фил аз ҳуш меравад. Дигар ҳайвонҳо филро ба ҳуш оварда, мепурсанд: - Мурча чӣ гуфт, ки беҳуш шудӣ? - Гуфт, ки ман аз ту ҳомилаюм.

 ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Ҳуҷҷатҳои гумшуда (шиносномаи АО №980040, ки ШКД ҳукумати ноҳияи Ленин аз 22.08.2000 додааст ва ҳуҷҷати ронандагӣ аз октябри соли 1997)-и Бобоҷонов Баҳром Анварович бо сабаби гум шуданашон эътибор надоранд. Шиносномаи техникии ҳавлидории №150/6 аз 11.04.1992 бо суроғаи ноҳияи Сино, кӯчаи Сино-130, хонаи 22, ки ба шаҳрванд Аслиддинов Туғрал Шукурович мутаалиқ аст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад. Шартномаи хариду фурӯши манзил таҳти №8Ш-1737 аз 7 апрели соли 2006 бо суроғаи ноҳияи Сино, кӯчаи Сино-130, хонаи 22 ба номи Аслиддинов Туғрал Шукурович бинобар гум шуданаш эътибор надорад.

Таҳияи С. УМАРАЛӢ, “ҶТ”

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

- Дар чунин ҳавои гарм духтурон маслиҳат додаанд, ки дар як рӯз 2 литр нӯшидан даркор. - Ҳммм, об будагист на пиво. - Э, бас кун, ту чӣ-духтурӣ?

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6509 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.